№28 (9402), 16 июли соли 2015
E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU
WWW.JAVONON.TJ
АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД
Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
ҲАФТ РӮЗ 09.07.2015 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни омодагиҳо ба таҷлили 700-солагии олим ва мутафаккири машҳури Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуд. 10.07.2015 Дар шаҳри Роғун озмуни «Оила - адабгоҳи муҳаббат» барои навхонадорон, бо иҷрои шаш шарт ба анҷом расида, ғолибон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва 5160-сомонӣ сарфароз гардиданд.
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН ғ
11.07.2015 Раиси ноҳияи Нуробод Дӯстзода Ҳасан бо ҷавонону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мулоқот карда, онҳоро ба илму забономӯзӣ, аз бар намудани навгониҳои илму техника, дӯст доштани Ватан, дурӣ ҷустан аз ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҳидоят кард. 12.07.2015 Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, нимсолаи аввали соли равон беш аз 147 ҳазор сайёҳ аз 69 кишвари дунё аз Тоҷикистон боздид намудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 74 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ бо раводиди сайёҳӣ ба кишвари мо омада буданд. 13.07.2015 Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар эълон кард, ки иди саиди Фитр дар ҷумҳурӣ 17 июл таҷлил мегардад. Соати 6:30 дақиқаи рӯзи ҷумъа дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар намози иди Фитр хонда мешавад. 14.07.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Ҳасани Рӯҳонӣ дар робита ба тавофуқ расидани Эрон ва гурӯҳи “5+1” дар масоили барномаи ҳастаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Пешниҳоди Президент:
Яке аз солҳои оянда дар доираи СҲШ “Соли ҷавонон” эълон гардад
15.07.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, боздид аз маҳали барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун сафар кард.
ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК!
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
1
ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН
Пешниҳоди Президент:
Яке аз солҳои оянда дар доираи СҲШ “Соли ҷавонон” эълон гардад 10 июл дар шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид. Барои иштирок дар он саро- ҷавонон ва ба манфиати ҷавонон изҳори қадрдонӣ карда, ба раёса- ма дар СҲШ пешниҳод гардидааст. ни ҳамаи давлатҳои аъзо, нозир, бояд яке аз афзалиятҳои муҳими ти Федератсияи Русия дар созмон Натиҷаҳои асосии дигар аз шарикони муколама, давлатҳои СҲШ гардад ва пешниҳод карда баҳои баланд дод ва ҳам изҳори ин ҳамоиш тасдиқ шудани Страдаъватшуда ва намояндагони шуд, ки яке аз солҳои оянда “Соли бовар намуд, ки раёсати Узбеки- тегияи рушди Созмони ҳамкории созмонҳои зиёди байналмилалию ҷавонон” эълон шавад. стон низ давоми як соли оянда Шанхай то соли 2025, Эъломиминтақавӣ ба ҳам омаданд. Сарвари давлат бори ди- муваффақу самарабахш хоҳад буд. яи Уфа, Созишномаи ҳамкорӣ ва Нахуст ҷаласаи саро- гар аз ғояи бунёди “Камарбанди Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҳамгироӣ дар масъалаҳои сарҳад ни давлатҳои аъзои Созмони иқтисодӣ”-и Шоҳроҳи Абрешим ҷониби сарони давлатҳои аъзо як ва Барномаи ҳамкорӣ доир ба муҳамкории Шанхай дар теъдо- пуштибонӣ намуда, аз ҷумла, зикр зумра санадҳо ба имзо расид, ки бориза бо терроризму ифротгароӣ ди маҳдуд ҷараён гирифт, ки кард, ки “мо дар он имконоти зиё- муҳимтарини онҳо қарор дар бо- ва ҷудоихоҳӣ барои солҳои 2016дар он роҳбарони аввали Русия, ди густариши ҳамкории иқтисодию раи роҳи қабули Ҳиндустону Поки- 2018 буд. Чин, Тоҷикистон, Қазоқистону тиҷоратӣ дар доираи СҲШ-ро стон ба узвияти Созмони ҳамкории Дар доираи ин сафар ПрезиҚирғизистон ва Узбекистон ишти- мебинем” ва афзуд, “дар раван- Шанхай буд. Тавре зикр гардид, денти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рок доштанд. ди рушди навовариҳо робитаҳои аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар Донишгоҳи нафтию техникии Дар ҷаласаи васеъ бошад, минтақавӣ ва соҳибкории хурду барои қабул шудан ба узвияти ин Уфа бо устодону донишҷӯёни ин ҳамчунин, сарони 5 давлати нозир - миёна метавонанд нақши локомо- созмон муроҷиати расмӣ ворид муассисаи бонуфузи таҳсилоти Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, тиви пешбарандаро бар уҳда до- шудааст. Ғайр аз ин, аз як қатор олии Русия мулоқот намуд. Эрон, Муғулистон ва намояндагони шта бошанд”. давлатҳои дигар, аз ҷумла, АрмаРектори донишгоҳ Рамил воломақоми як зумра созмонҳои Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои нистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Бахтизин қарори Шӯрои илмии байналмилалию минтақавӣ низ аъзои СҲШ барои дастгирӣ аз Белорус, Шри-Ланка, Сурия, Укра- Донишгоҳи нафтию техникии Уфаҳамроҳ шуданд. номзади намояндаи Тоҷикистон ина, Ҷумҳурии Малдив, Камбоҷа ро дар бораи сарфароз гардондани Президенти кишвар Эмомалӣ - Рашид Олимов ба мақоми Коти- ва Миср дархост барои дарёфти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон зимни суханронӣ дар би генералии ин созмони бонуфуз мақоми нозир ва ё шарики мукола- Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Проҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ нахуст ба ҷониби Русия ва Владимир Путин барои созмондиҳии шоистаи ин ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи қадрдонӣ намуд. Бо таваҷҷуҳ ба он ки ин ҳамоиш дар соли таҷлили 70-солагии Ғалаба бар фашизми ҷаҳонӣ ҷараён дорад, Сарвари давлат таъкид намуд: “Қаҳрамонии онҳое, ки барои Ғалабаи Бузург ҷони худро нисор намудаанд, моро ба ҳушёрию зиракӣ ва таҳкими ягонагӣ барои ҳифзи сулҳу осоиш ва таъмини рушди устувор водор месозад. Танҳо бо хулосабарорӣ аз сабақҳои гузашта мо метавонем, ояндаи худро ба таври самарабахш бунёд намоем. Сулҳ бебаҳо аст. Вазифаи умумии мо эҳтиёт кардан, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани Дар ҳошияи ҳамоиши Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар осоишгоҳи сулҳу субот дар минтақаи масъулияти СҲШ ва афзун гардондани "Красноулсолск"-и Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҷавонони саҳми худ дар таъмини осоиш дар СҲШ доир гашт. сайёра аст”. Дар ҷаласа ҳайати ҷавонони Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, БелоСарвари давлат Эмомалӣ рус ва Тоҷикистон ширкат варзида, оид ба корҳои анҷомдодаашон ҳисобот доданд. Раҳмон, ҳамчунин, як зумра Фарух Иззатуллоев, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин ҷаласа пешниҳодҳои мушаххас ба миён вобаста ба дастовардҳои ҷавонон дар солҳои 2014-2015 ва тадбирҳои андешидашуда маърӯза намуд. гузошт, ки дастгирӣ ёфтанд. Аз Дар ҷаласа фаъолияти солонаи шӯро баррасӣ ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо барои соли 2016 тасдиқ гарҷумла, таъкид шуд, ки кор бо дид.
Ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҷавонони СҲШ дар Бошқирдистон
2
фессори фахрӣ” қироат намуд. Зикр гардид, ки “Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар рушди муносиботи ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ ва мусоидати фаъол ба густариши робитаҳои илмию таҳсилотӣ ба чунин қадрдонии олӣ ноил мегардад”. Сарвари давлат зимни суханронӣ ба донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин донишгоҳи обрӯманд таҳсил мекунанд, муроҷиат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосири соҳаи ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди нафт, ки барои ояндаи Тоҷикистон басо муҳим аст, ҳидоят кард. Президенти кишвар, ҳамчунин, бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Русия мулоқот намуд. Дар мулоқот беш аз 150 нафар ҳамватанон, аз ҷумла, зиёда аз 60 донишҷӯи тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаҳои номбурдаи Русия таҳсил мекунанд, иштирок намуданд. Сарвари давлат зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи накӯи ҳамкорӣ бо Федератсия Русия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабононро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама ба ҳушёрию зиракӣ дар муқобили тарғибгарони ғояҳои ифротию иртиҷоии нерӯҳои тахрибкор ҳидоят намуд. Мужда расонда шуд, ки шумораи квотаҳои Русия барои донишҷӯёни тоҷик афзун хоҳад гардид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиноятҳои ваҳшатноки гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ёдовар шуда, аз ҷумла, таъкид дошт, ҳадафи бунёдгузорон ва роҳбарони ин гурӯҳ бо куштани ҳазорон одамони бегуноҳ, пиронсолон ва занону кӯдакон беобрӯ кардани ислом ва дар дили инсонҳо ҷо кардани тарсу ҳарос аз ин дини муқаддас аст. Ифротгароӣ, хушунат ва даъват ба терроризм хилофи арзишҳои исломӣ ҳастанд ва боиси бадном кардани дини мубини ислом ва сабаби густариши исломҳаросӣ мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия даъват намуд, ки дар пешгирӣ аз фирефта шудану гумроҳ гардидани ҷавонони тоҷик ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз доми тазвири тарғибгарони маккори ДИИШ фаъол бошанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Хамитов мулоқот кард. Зимни мулоқот ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳо баррасӣ шуд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Ҳамкории ҷавонон ба ВКД дар бартарафсозии ақидаҳои ифротӣ 14 июл дар шаҳри Хоруғ – маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Конфронси илмӣамалӣ таҳти унвони “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ (ифротӣ)” доир гашт.
Нишони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қабул шуд Бо ризоияти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нишони (логотип)-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Ин тасмим зимни таклифу пешниҳодоти ҷавонон оид ба таҳия намудани нишони кумита ҳангоми истифода дар баргузории силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва варзишиву сайёҳӣ дар доираи таҷлили “30 рӯзи ҷавонӣ” ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май гирифта шуда буд. Вобаста ба он ки кумита масъули се соҳа: ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мебошад, нишон низ дар ҳамин замина омода гардидааст. Дар маркази нишон рамзи ҷавонон инъикос ёфтааст, ки аз давлати ҷавон будани Тоҷикистон, шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, шумораи зиёди аҳолии кишварро шахсони синну соли 14-30-сола ташкил мекунад, ки аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қишри ҷавон ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон – насли идомадиҳанда миллат, таърих, фарҳанг, анъана, расму оин, забон ва бунёдгузорандаи ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳистиқлол буда, гирифтани Парчами миллии Тоҷикистон бадаст, ҳамчун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, пойдорӣ, мустақилият, якдилӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар тарафи рости нишон рамзи пойдорӣ, бардамӣ ва солимии миллат, ақли солим, ҷисми солим ва ҳаёти солим инъикос ёфтааст, ки нишона аз таваҷҷуҳи давлат ба ин қисмати муҳими ҳаёти инсон арзёбӣ мегардад. Варзиш қосиди сулҳу дустӣ ва ваҳдати миллатҳо ба ҳисоб рафта, ояндаи дурахшони миллат ва пойдории он ба фарзандони ҷисман ва рӯҳан солим вобастагӣ дорад. Дар қисмати чапи нишон рамзи сайёҳӣ, мероси бойи таъриху фарҳанг, анъанаҳои неку
сулҳпарварона, забонҳои гуногун, фарҳангҳо ва таомҳои миллӣ, табиати нотакрор, обҳои шифобахш, кӯҳҳои осмонбӯс, қалъаву мазор ва оромгоҳи мутаффакирону донишмандон, шоирону нависандагон ва нобиғагони ҷаҳонӣ, манзараҳои нотакрору ҳаётбахш ва шифобахш ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллии кишвар инъикос ёфтааст. Ҳар се рамз дар даруни курраи замин, нишони ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани ин се соҳа ва дар маҷмӯъ, Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Аз ҷониби дигар, ин мавқегирӣ аз пешгуфтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: яъне, “Мо - халқи Тоҷикистон – қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, имрӯз ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрӣ ва рушду нумӯи онро дарк карда, истиқлолилият ва комилҳукуқии дигар давлатҳоро эҳтиром ва эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додем”, сарчашма мегирад. Ранги кабуд нишон аз рамзи ҷавонӣ, зебоӣ, осмони софу беғубор ва ваҳдату якдилии миллат шаҳодат медиҳад. Барои муаррифии ин нишон ва соҳибияти он дар гирди рамзи курраи замин номи пурраи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои калони якхела, бо се забон дар мавриди истифодаи муколама инъикос ёфтааст. Лозим ба ёдоварист, ки қаблан кумита нишон надошт ва минбаъд зимни баргузории тамоми чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва варзишиву сайёҳӣ ин рамз истифода мегардад.
Дар он раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, Аламшозода Абдураҳмон, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва 150 ҷавон аз минтақаҳои кишвар ширкат карданд. Шодихон Ҷамшед ҳозиринро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин семинарро барои ҷавонон муфид арзёбӣ кард. Сипас, Абдураҳмон Аламшозода, Аҳтам Абдуллозода маърӯза карда, таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд дар ҳар ҳолат ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, барои аз худ кардани илмҳои замона ва технологияи нав кӯшиш намоянд. Маҳбуба Қурбонова, ҷавони фаъол аз шаҳри Кӯлоб, зимни баромадаш аз имкониятҳои фароҳамоварда барои ҷавонон ёдовар гардида, изҳор дошт, ки новобаста аз зан буданаш, омодааст дар баробари ҷавонписарон барои пешрафту шукуфоӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ хизмат намояд. Донишҷӯ Марҷона Орифова низ доир ба бунёдкориву созандагӣ дар кишвар маърӯза карда, ҷавононро ба ватандӯстӣ даъват намуд. Ашратшо Ақдодшоев, халифаи
маҳаллаи С. Абдуллоеви шаҳри Хоруғ, дар мавзӯи «Ифротгароӣ аз нигоҳи мазҳаби Исмоилия ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар дину мазҳабҳо» маърӯза кард. Дар доираи конфронс беш аз 150 нафар ҷавони касбу кори гуногун аз мавзеъҳои таьрихӣ ва сайёҳии ВМКБ дидан намуданд. Ин тадбир ҷиҳати татбиқи Соли рушди туризми дохилӣ рӯи даст гирифта шуд. Ҷавонон ки аксарашон бори аввал ба Бадахшон сафар намуда буданд бо урфу одат, анъанаҳои қадимаи мардум аз наздик ошно гардиданд. Саёҳати ҷавонон аз ноҳияи
Дарвоз оғоз гардид. Иштирокчиён аз истироҳатгоҳи Чорчаман дидан карданд. Ин минтақаи зебо бо боду ҳаво ва табиати нотакрораш яке аз гӯшаҳои зебои диёрамон мебошад. Шароити мусоид барои истироҳат ва бо тарҳи наву замонавӣ бунёд гардидани он таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб кардааст. Ҳамин тавр, ҷавонон аз маркази ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон дидан карданд. Дар идома Боғи ботаникии Хоруғ, НБО “Помир энерҷӣ”, Чойхонаи миллӣ ва дигар мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Хоруғро тамошо карданд.
Барномаҳои театрӣ баҳри пешгирии ифротгароӣ Бо маблағгузории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони ҷаҳони муосир», дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, лоиҳаи “Ҳуқуқ, ҳаёт, қадр, номус ва озодиҳои ҷавононро ҳифз менамоем”-ро амалӣ мекунад. Лоиҳа се моҳро дар бар гирифта, мақсад аз он пешгирии хариду фурӯши одамон тавассути баргузории барномаҳои театри сайёр мебошад. Ин лоиҳа фарогири ҷавонони шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Вахш, Кӯлоб ва Нораки вилояти Хатлон буда, мавзӯҳои семинарро “Ифротгароӣ омили афзоиши хариду фурӯши инсон”, “Нашъаҷалобӣ - доғи ҷавонӣ”, “Танфурӯшӣ - кафили хариду фурӯши инсон” ва “Ғуломӣ дар муҳоҷират” ташкил медиҳанд. То кунун 10 ҷавони фаъол дар ин самт омода гардида, саҳначаҳо тибқи нақша дар минтақаҳои интихобӣ намоиш дода мешаванд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
Кӯмаки Кумитаи ҷавонон... ба маъюбон Ба муносибати Рӯзи маъюбон (8 июл) дар ноҳияи Файзобод чорабинӣ доир гардид. Қабл аз ҷамъомад дар саҳни Қасри Рӯдакӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор шуда, маъюбон аз ташхиси тиббии ройгон гузаштанд. Ба ду нафар маъюб аз як оила бо ташаббуси соҳибкори ҷавон Каримзода Манучеҳр ва ҷавонони ноҳия як манзили истиқоматӣ бо назардошти шароитҳои хос барои онҳо сохта мешавад. Дар оғози сохтмони ин манзил Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Сайбӣ Раҷабзода, муовини раиси ноҳияи Файзобод ширкат доштанд. Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ин ду нафар кӯмаки молиявӣ расонда шуд.
3
АЗ НИШАСТҲОИ ХАБАРӢ
Ба мутахассисони ҷавон хобгоҳ медиҳанд Тайёр намудани кадрҳои соҳаи геология ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо таҳти назорати доимии роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Нарасидани омӯзгорон мушкилтии дигар меорад... Масъалаи нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар аз ҷумлаи масоилест, ки мушкилоти зиёдеро дар пай дорад. Масалан, агар дар як муассиса муаллими ягон фанн нарасад, роҳбар маҷбур аст, омӯзгори фанни дигарро вобаста кунад. Нафаре, ки мутахассиси он фан набуда, машғулият мегузаронад, табиист, ки шогирд дониши зарурӣ гирифта наметавонад. Дар ин ҳолат масоили дигар рӯ мезанад. Шогирди дирӯза баъд аз анҷоми таҳсил кори дилхоҳ намеёбад ва ҳам барои мактаби олӣ (агар дохил шавад) дарди сармегардад. Ҳамин тавр, масъалаи дониши зарурӣ наандухтан метавонад мушкили ришваситониро дар муассисаҳо бештар кунад. Бахусус, дар муассисаҳои таълимӣ. Зимнан, он хатмкардаҳое, ки дар мактаб аз як ё чанд фанн дониши лозима нагирифтаанд, дар Маркази миллии тестӣ ҳини имтиҳонсупорӣ натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда наметавонанд. Агар теъдоди ин нафарон зиёд шуд, нақшаи қабули макотиби олӣ ҳам иҷро намегардад. (Соли гузашта аксари макотиби олии кишвар аз иҷро нагардидани нақшаи қабули довталабон шиква карданд). Ин масъала боз метавонад ба мақоми мактаби олӣ латма занад. Яъне, кам гардидани теъдоди донишҷӯён масъалаи минбаъд фаъолият кардан ё накардани ин ё он мактаби олиро ба миён меорад. Дар ҳамин ҳол 6 июл дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 2015-2016 ба 3715 нафар омӯзгор дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ эҳтиёҷ буд. Эҳтиёҷоти мазкур асосан аз фаннҳои забони англисӣ, забони русӣ, математика, забон ва адабиёти тоҷик, физика, химия, технологияи информатсионӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, санъати тасвирӣ, суруду мусиқӣ ва география мебошад. М. УСМОНОВ, “ҶТ”
42,8 дарсади хизматчиёни давлатӣ ҷавононанд Аз рӯи маълумоти оморӣ теъдоди хизматчиёни давлатӣ дар ҷумҳурӣ 18 582 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз он 4414 нафараш занон мебошанд. Ҷавонони то 35-сола 7968 нафар ё 42,8 дарсадро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Давлатов дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014 шумораи бонувон дар хизмати давлатӣ 21 нафар ва ҷавонон 136 нафар афзудааст. Дар нимсолаи якуми соли равон кормандони агентӣ дар 23 ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ ширкат намуданд. Аз рӯи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ аз 1270 нафар хизматчии давлатӣ 192 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ шуданд. Ба 176 нафар барои такмили ихтисос тавсия дода шуд.
4
Тайи 6 моҳи сипаришуда дар якҷоягӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон фаъолияти комиссияи идоракунии Барномаи JDS доир ба интихоби магистрантҳо ба донишгоҳҳои ин кишвар ба роҳ монда шуда, тариқи озмун аз 8 нафар хизматчии давлатии довталаб 5 нафар барои таҳсили солҳои 2015-2016 интихоб шуданд. Ҳамчунин, дар ин муддат аз 16 шаҳру ноҳия 27 нафар хизматчии давлатӣ барои иштирок дар озмуни магистратураи мактабҳои олии Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардиданд. С. АМИНИЁН, “ҶТ”
Мурод Хол, сардори Саридора дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар нимсолаи аввал 17 нафар корманди ҷавони ниҳоди мазкур барои такмили тахассус ва омӯзиши барномаҳои компютерии соҳавӣ ба Финландия, Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон рафтанд. Соли равон 12 нафар мутахассиси ҷавон ба кор қабул шуданд. - Солҳои пеш як қисми мутахассиси ҷавон бо сабаби надоштани манзил фаъолияти худро қатъ мекарданд, - гуфт Мурод Хол. – Хушбахтона, мо барои таъмири хобгоҳ як миқдор маблағ дарёфт
намудем. Баъди аз таъмир баровардани бинои хобгоҳ кормандони ҷавон дар он ҷой дода мешавад. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ 26 июни соли равон, таҳти сарпарастии Саридораи геология, дар Комплекси сайёҳии “Варзоб” Слёти 6-уми геологҳои ҷавони ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он 8 даста аз ҳисоби хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Ин чорабинӣ ҳар сол бо тайёрии хуб доир гашта, ғолибони мусобиқа ҳамчун узви дастаи ҷумҳуриявӣ дар Олимпиадаи ҷавонони кишварҳои ИДМ дар Фе-
дератсияи Русия ширкат меварзиданд. Дар назар аст, ки ғолибони мусобиқа 1 августи соли равон дар Олимпиадаи ҷавонони ИДМ, ки дар шаҳри Тюмени Федератсияи Русия баргузор мешавад, ширкат варганд. Мақсад аз баргузории Слёти геологҳои ҷавон роҳнамоӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ба соҳаи геология мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар Саридора 822 сомонӣ аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 87 сомонӣ зиёд мебошад. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
Намоишгоҳи маҳсулоти Туркия баргузор мешавад Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ (ПСС) дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар нимсолаи аввал роҳбарияти Палата бо доираи тиҷоратӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ 198 мулоқот доир намуд. Соли 2014 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон 106 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 10,8% камтар аст. Зимни мулоқот бо ноиби президенти Палатаи савдою саноати Афғонистон Хон Ҷон Алоказай дар Душанбе барти баргузор намудани намоишгоҳи “Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон” дар моҳи августи соли равон дар пойтахти мамлакат тавофуқ ҳосил шуд. Алҳол дар ҷумҳурии мо 85 корхона мар-
бут ба шаҳрвандони Афғонистон фаъолият доранд. Дар нимсолаи аввали соли равон намоишгоҳҳои маҳсулоти Ҳиндустон, музофоти Нинсеи Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, “Туризм, армуғон ва саноат”, “Маориф, туризм, инноватсия ва туризм” баргузор шудаанд. Дар нимсолаи дуюм баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти Покистону Русия ва Туркияву Чин дар назар аст. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
Олимони тоҷик соҳиби 7 патент шуданд Фарҳод Раҳимзода, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо 594 кори илмӣ, аз ҷумла, 44 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, 550 мақолаи илмӣ ба табъ расидаст. Дар ин давра аз тарафи олимони АИ ҶТ 7 патент ва 4 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд. Яке аз ин ихтироот ба парвариши топинамбур (ноки заминӣ) тааллуқ дорад, ки онро “зироати асри ХХ1” ном додаанд. - Мо бори аввал дар як вақт кишти се зироатро санҷидем, гуфт доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев. – Аз кишти якҷояи топинамбур, ҷуворӣ ва офтобпараст ҳам лӯндаи серғизои топинамбур, ҳам сӯтаи ҷуворӣ ва ҳам дони офтобпараст гирифтан мумкин. Баргу пояи ин зироатҳо барои чорво хеле серғизоянд, илова намудномбурдаст. Тайи 6 моҳи сипаришуда дар муассисаҳои академия 15 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, як симпозиуми байналмилалӣ, 3 конфронси байналмилалӣ, 7 конфронси илмии ҷумҳуриявӣ, 2 семинар ва як мизи мудаввар баргузор шуд. Дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ вобаста ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар ҳудуди Қалъаи Ҳисор корҳои ҳафриётӣ гузаронида
шуд. Ҳангоми таҳқиқот аз ин мавзеъ дарвозахонаи асрҳои 16 ва 18 дарёфт гардид. - Ҷомеашиносон муайян намуданд, ки равандҳои геополитикӣ ба таври бевосита ва бавосита ба вазъи динии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, - гуфт Фарҳод Раҳимзода. – Аз ин рӯ, барои пешгирӣ аз оқибатҳои ин гуна таъсирҳо барномарезии дақиқу
санҷидашуда нисбат ба муносибат ба дин, дуруст фаҳмонида додани ҳадафҳои сиёсати пешгирифтаи давлат дар ин самт зарур аст. Ф. Раҳимзода рӯзноманигоронро ба ҳамкории бештар даъват намуда таъкид кард, ки ба мардуми ҷаҳонбинии илмиро зиёдтар ташвиқ намоянд. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
АЗ НИШАСТҲОИ ХАБАРӢ
Рушди туризми муолиҷавӣ Бо беҳтар шудани таъминоти муассисаҳои табобатӣ бо таҷҳизоти муосир ва баланд гаштани малакаи табибони тоҷик теъдоди хориҷиёни дар Тоҷикистон табобатгиранда меафзояд.
Эҳтиёт: дар Рамазон маҳсулоти ғайристандартӣ мефурӯшанд Чун анъана дар арафаи иди Рамазон нарху навои маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои кишвар гарон мешавад. Аз ин амали савдогарон сокинони пойтахт изҳори нигаронӣ мекунанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, низ дар ҷаласаи корӣ бо таваҷҷуҳ ба моҳи шарифи Рамазон, ба масъулини бозорҳои пойтахт супориш дод, маҳсулоти хушсифат ба савдо бароранд. Ибодулло Қурбониён, раиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, низ аз гарон ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудани баъзе маҳсулоти хӯрока изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки дар Рамазон тоҷирон аз фурсати муносиб истифода намуда маҳсулотеро, ки дар дигар вақт фурӯхта натавонистанд, пеш аз ид ба савдо мебароранд ва ба фиреби истеъмолкунандагон даст мезананд, чун медонанд, ки истеъмокунандагон барои дастархони идона хариди зиёд мекунанд.
Ба иттилои ин ниҳод дар шаш моҳи соли ҷорӣ 84 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 2832 давр машрубот, 75 тонна орди гандум, 3 тонна равғани растанӣ, 42 тонна меваю сабзавот, 46 тонна намаки ошӣ, 11 194 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 17 тонна консерва, 11 тонна маҳсулоти ширӣ, 70 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 17 тонна маҳсулоти макаронӣ, 34 590 давр маҳсулоти ғайримашруботии ғайристандартӣ ба қайд гирифта шудааст. - Мутаассифона, чунин ҳолатҳо бештар дар моҳи шарифи Рамазон
ба мушоҳида мерасад. Дар ин давр 70 тонна хурмои ғайристандартӣ низ ба қайд гирифта шуд, ки як ширкати эронӣ мехост маҳсулоти муҳлаташ гузаштаро бо иваз намудани борҷома дар моҳи Рамазон ба савдо бароранд, - иброз дошт И. Қурбониён. Аксари харидорон аз боло рафтани арзиши маҳсулоти аввалия изҳори нигаронӣ мекунанд. Марям Ҳасанова, сокини пойтахт гуфт, чун талабот ба гӯшт, равған, тухм, шакар, биринҷ, картошка, сабзӣ ва меваҳои тару тоза зиёд аст, фурӯшандаҳо нархро баланд мекунанд, зеро медонанд, ки мардум маҷбуранд харидорӣ кунанд. Ба бозорҳои кишвар аз хориҷ низ маҳсулоти хӯрока ворид мегардад, ки бештари маврид ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нестанд. Ин амали тоҷирон солимии ҷомеаро зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ, сокинон ки барои дастурхони идона харид мекунанд, бояд ба сифати маҳсулот диққат диҳанд. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
Чунончӣ, дар бемористонҳои шаҳри Хоруғ беморон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон табобат мегиранд. Ба чанд шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон дар “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шуд аст. Аз дигар ҷумҳуриҳо низ ба кишвари мо барои табобат шахсони зиёд меоянд, ки ба рушди туризми муолиҷавӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки аз марҳилаи ифтитоҳ то имрӯз дар “Маркази миллии илмии пайвандсозии гурда” ба 149 бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 5 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд. Новобаста ба гармии ҳаво сирояти бемориҳои ниҳоят хавфнок, мисли вабо, тоун, лентоснираз ба қайд гирифта нашудаанд. Гирифтор он бемориҳои шадиди рӯдаю меъда хеле кам аст. - Дар 6 моҳи соли равон нишондиҳандаҳои бемориҳои тавассути об гузаранда, бо ваксина идорашаванда, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва аз ҳайвонот ба одам гузаранда нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 паст буда, аз самарабахшии чорабиниҳои саривақтии зиддиэпидемикӣ гувоҳӣ медиҳанд, - гуфт Нусратулло Салимзода. – Дар ин давра аз тарафи мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар иншооти зериназоратӣ оид ба риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ 24 480 санҷиш гузаронида шуд. Фаъолияти 584 иншоот муваққатан боздошта шуда, 308 нафар ҳомилони бемориҳои сироятӣ то табобат ёфтан муваққатан аз кор озод шуданд. Аз 26043 нафар кӯдаки маъюб, ки таҳти назорати диспансерӣ мебошанд, 4000 нафарашро кӯдакони волидонашон ба ҳам хеш ташкил медиҳанд. Дар 6 моҳи аввали соли равон бо мақсади барқарорсозии саломатии кӯдакони гирифтори оқибатҳои бемории фалаҷ аз тарафи Корхонаи протезию ортопедии шаҳри Душанбе ба 21 кӯдаки маъюб ортезҳо дастрас карда шуданд.
Раванди хато дар судҳо
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Ҳар сол дар кишвар ҳазорҳо оилаи нав бунёд мешаванд. Ҳамчунин, бо сабабҳои гуногун оилаҳои зиёд барҳам мехуранд. Тифлони бешумор зиндаятим монда, дар аксар ҳолат бе падар ба воя мерасанд, ки ба ҳолати рӯҳии онҳо бетаъсир намемонад. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олӣ, дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар амалияи судӣ оид ба масъалаи оилаҳо муддатҳост, ки як раванди хато давом дорад. Суд барпо шуда, зану шавҳар аз ҳам қонунӣ ҷудо мешаванд. Як муддати муайян мегузарад. Вале дубора ба судҳо муроҷиати намудани яке аз ҳамсарон, бештар занон ба қайд гирифта мешавад. Шояд бо маслиҳат ё раҳнамоии нафари дигар ин дафъа барои рӯёндани кӯмакпулӣ ё таъмини манзил аз болои шавҳар шикоят мекунанд. - Магар имкон нест, ки ҳини бекор кардани ақди никоҳ ин тарафи масъала низ баррасӣ мегардад? Мутаассифона, ин ҳолатро на судяҳо ва на шаҳрвандон сари вақт ба инобат намегиранд. Пас, сар мешавад такудавҳои беҳуда ва асабвайронкуниҳо. Илова бар ин, занҳои ҷудошуда барои дарёфти манзилҳое даъво мекунанд, ки дар бунёди онҳо на худ ва на собиқ шавҳарашон саҳм надоранд, - гуфт Ш. Шоҳиён. Раиси Суди олӣ ба суоли рӯзноманигорон оид ба ришваситонии судяҳо посух дода, чунин гуфт: - Мутаассифона, ҳолатҳои ба ришваситонӣ даст задани кормандони давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти судӣ бисёр рух медиҳад. Умуман, дар мафкураи мардуми мо имрӯз як ақидаи басо ноҷо ва ғалат ҷо гирифтааст. Гӯё бе ришва ягон корро сарришта кардан нашояд. Маҳз чунин ҳолат боиси афзудани ришваситонӣ мегардад. Оид ба ин масъала маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бояд баланд бардошт. Маҳз бо ҷурми ришваситонӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ як нафар корманди масъули Суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошт шудааст. Т. ДАВЛАТ, “ҶТ”
Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон коҳиш ёфт Дар ДДХ 119 хориҷӣ таҳсил мекунанд Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯи 73 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона ва 29 ихтисос дар шӯъбаи ғоибона таълим дода мешавад. Теъдоди умумии донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона 7914 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 7465 нафар буда, 15 379 нафарро ташкил медиҳанд. Анвар Мақсудов, ректори донишгоҳ, дар нишасти матбуотӣ ба масъалаи дастгирии муаллимони донишгоҳ, аз ҷумла, муаллимони ҷавони то 35-сола ишорат намуда гуфт, ки дар нимсолаи дуюми соли хониши 2014-2015 озмунҳои «Рушди сифати таҳсилот» ва «Муаллими сол» роҳандозӣ шуда, ғолибон қадршиносӣ гардиданд. Аз ҷумла, ба 50 нафар устоде, ки муаррифии фаннҳои таълимиро аз рӯи талабот ва меъёрҳои муосир омода карда буданд, бо ноутбук сарфароз гардонида шуданд. Зикр гардид, ки дар оғози соли равон бори аввал озмуни “Олими ҷавон-и сол” дар бахшҳои улуми дақиқ ва ҷомеашиносӣ доир гардид, ки ба 6 нафар ҷоизаҳои пулӣ тақдим карда шуд. Ба таъкиди А. Мақсудов, алҳол дар донишгоҳ 119 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамояд, ки онҳо аз кишварҳои Қирғизистон, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Туркия, Афғонистон мебошанд. Суҳроб КАЁНӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд, дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар давоми шаш моҳи соли равон аз тарафи ноболиғон 83 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҷиноят кам аст. - Ин рақам моро қонеъ намекунад. Зарурати тақвияти корҳо дар ин самт мавҷуд аст, - изҳор дошт Ҳ. Воҳидов. - Вобаста ба ин кормандони мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигар, аз ҷумла, воситаҳои ахбори умум корҳои ташвиқотиро тақвият мебахшанд. Ба таъкиди прокурори вилоят, ҳарчанд худкушӣ низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар байни ноболиғон 4 адад кам шудааст, аммо вазъият ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад. Яъне, агар дар нимсолаи аввали соли гузашта дар байни ноболиғон 20 худкушӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар шаш моҳи имсол он то 16 адад коҳиш ёфтааст. Ҳабибулло Воҳидов ба масъалаи назорати иҷрои Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ дахл намуда, изҳор дошт, ки дар
шаш моҳи соли ҷорӣ 922 нафар волидон ва 10 омӯзгор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 232 адад зиёд аст. Ба гуфтаи прокурори вилояти Суғд, аз тарафи муфаттишони прокуратура ва Раёсати амнияти миллӣ 92 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба экстремизм нисбат ба 236 нафар оғоз ва тафтиш карда шуд. Аз ин 31 парванда нисбат ба 136 нафар ба суд ирсол шуд аст. Теъдоди асосии айбдоршавандагон шаҳрвандоне ба шумор мераванд, ки барои ҷалби шаҳрвандон дар ҷангҳои кишварҳои Сурия ва Ироқ ё пайвастан ба ҳайати ДИИШ айдбор шудаанд. 3 нафар бинобар набудани кирдори ҷиноят дар рафтори онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд. Н. НУРЗОД, “ҶТ”
5
МИНТАҚА
ҶОМЕА
Ҷавонон ҳақиқатро бояд донанд! Воқеияти воруна ва тобишҳои ҳақиқати Ваҳдати миллӣ Дар раванди таҷлили 18-солагии Ваҳдати миллӣ расонаҳои дохилӣ гуфтумонҳоро доир ба саҳми ҷонибҳои сулҳ, ки аз тарафи коршиносон дар шакли мусоҳиба ва нуктаи назарҳои мухталиф изҳор шуданд, интишор намуданд. Яке аз чунин мусоҳибаҳои мунсифона ва холисона, ки воқеияти он давраро инъикос мекунад ва ҳар муҳаққиқро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад, мусоҳибаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, номзади илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар бо хабарнигори сайти “Pressa.tj” мебошад.
Ҳиндустон – бозингари нав дар минтақа? Оё Русия ва Чин розӣ мешаванд, бозингари дигареро дар минтақа қабул дошта бошанд? 6-13 июли соли ҷорӣ Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафари корӣ анҷом дод. Ҳарчанд дар ин сафар бо роҳбарони кишварҳои Узбекистон, Қазоқистону Туркманистон ва Қирғизистону Тоҷикистон Созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд, вале эҳтимол меравад, ки ҳадафи сафари Модӣ танҳо аз ин иборат нест. Бархе коршиносон гуфтанд ин танҳо як сафари расмиест, ки маъмулан роҳбарони кишварҳо дар доираи фаъолияташон анҷом медиҳанд. Аммо иддае аз таҳлилгарони ватанӣ ин андешаро ҳам истисно намекунанд, ки дар пасманзари ҳодисаҳои ахири ҷаҳон, хоса сар боло кардани ҳаракати террористии ДИИШ, ки бо эҳтимоли зиёд дар Афғонистон ҳам бахши худро таъсис доданист, Ҳинд мехоҳад мутмаъин бошад, ки дар ҳолати таҳдид ба амнияташ аз ҷониби кишварҳои минтақа дастгирӣ меёбад. Гурӯҳи дигаре аз коршиносон чунин меҳисобанд, ки Ҳинд мехоҳад дар Осиёи Марказӣ нақше фаротар аз ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ дошта бошад. Яъне, акнун ин кишвар талош дорад баробари Русия ва Чин, ки Осиёи Марказӣ, асосан, таҳти таъсири онҳост, “насиба”-ашро дар минтақа соҳиб шавад. Аз ҷониби дигар суҳбат бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои сарвазири Ҳиндустон мувофиқи мақсад аст, чун онҳо, хусусан, Президенти Тоҷикистон суботи минтақаро ҷонибдоранд ва ҳамвора мубориза бо терроризмро тарғиб мекунанд. Аммо ҳиндуҳо ҳам медонанд, ки бо назардошти хусусиятҳои таърихӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ бозингари асосии минтақа Русия аст. Инчунин, дар ин ҷо ки мавқеи иқтисодии Чин мустаҳкам аст ва ин кишвар тавассути созишномаҳои тиҷориву энергетикиву низомӣ, инчунин, тавассути СҲШ нуфуз дорад, Ҳинд маҷбур аст роҳи нави вуруд ба минтақаро ёбад. Бояд гуфт, дилхоҳ шикаст ё номуваффақӣ дар масъалаи Афғонистон, яъне, мубориза бо терроризм дар ин кишвар хатари азиме ҳам барои Ҳиндустон, ҳам барои Осиёи Марказист. Дар навбати худ суботи нисбӣ дар Афғонистон барои ҳамсоякишварҳои Афғонистон маънои имкониятҳои бузурги иқтисодиро дорад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҳиндустон дар ду даҳаи аввали аср дар “бозиҳо”-и минтақа шарик набуд ва ё чандон имкон надошт, ки ширкат кунад. Чун баромадгоҳи мустақиме ба минтақа надошт, бозори маҳаллӣ ҳам наметавонист таваҷҷуҳи ширкатҳои хусусии Ҳиндро ҷалб созад. Аммо ҳоло вазъият дигар аст. Бо қабул шудан ба узвияти СҲШ Ҳинд метавонад нуфузашро бештар намояд ва дар масъалаи татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ баробари Чин фаъол бошад. Чун миёни Ҳинду Чин баҳсҳои марзӣ вуҷуд дорад ва аз сӯи дигар Амрико ҳам хостгор аст, ки ба воситаи Ҳинд густариши нуфузи Чинро дар ин минтақа ва ҷануби Осиё пешгирӣ кунад, рақобат нишон додани Ҳинд бо Чин барояш мувофиқи мақсад аст. Қаблан русҳо табли шодӣ мезаданд, ки густариши ҳамкориҳои низомӣ миёни Русияву Ҳиндустон (соли 2014 Ҳинд ба миқдори 4,7 миллиард доллар аз Русия техникаи низомӣ ва аслиҳа харидорӣ намуд) ИМА-ро саргаранг сохтааст ва наметавонад барои мувозинати қувваҳо дар Осиё Ҳиндро истифода барад. Аммо ИМА ба ҳар ҳол талош дорад дар минтақа таъсиргузор бошад ва ҳамкор ё шарике дошта бошад. Бино ба навиштаи хабаргузории “Спутник” бо мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо Ҳинд ИМА мехоҳад
6
ба як тир ду фохта бизанад: аввал, муваффақияти дипломатии Русияро дар Осиё пеш гузарад, дуюм, ихтилофи байни Деҳлӣ ва Пекинро амиқтар намояд. Таҳлилгарони ҳиндӣ мегӯянд, дар пасманзари афзоиши нуфузи Чин ва нисбатан суст шудани ҳузури Русия Ҳинд имкон дорад дар минтақа нақши муҳим бозад. Барои ин Ҳиндро зарур аст, имкониятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии босуръат рушд ёфтаистодаашро дар Осиёи Марказӣ истифода барад, чунки ин барои аз ҷиҳати стратегӣ таъмин намудани манфиатҳояш хеле муҳим аст. Рӯзномаи “Hindustan Times” чунин нигоштааст: “Минтақаи Осиёи Марказӣ барои мо аз он ҷиҳат муҳим аст, ки фарҳангу тамаддуни қадима, захираҳои бузурги энергетикӣ ва мавқеи ҷуғрофиву стратегӣ дорад. Иншооти низомии Ҳинд дар Тоҷикистон (манзур фурудгоҳи Айнист) дар масофаи начандон дур аз пойгоҳи гурӯҳҳои террористии зиддиҳиндӣ ҷойгир ва ба нуқтае наздик аст, ки он ҷо Чин ва Покистон ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодӣ амалӣ менамоянд”. Воқеан, Ҳинд мехоҳад фурудгоҳи Айниро дар Тоҷикистон, ки бо маблағи онҳо азнавсозӣ шудааст ва расонаҳои ҳиндӣ рӯирост онро иншооти низомии кишварашон ном бурдаанд, ба иҷора бигирад. Вале дар ин хусус зимни гуфтушуниди сарвазири Ҳинд бо Президенти кишвар суҳбат нашудааст. Бо вуҷуди ин фурудгоҳи Айнӣ яке аз иншооте буд, ки зимни сафараш Нарендра Модӣ аз он дидан кард. Зимнан, захираҳои нафту гази Қазоқистону Туркманистон, ки Нарендра Модӣ дар суҳбаташ бо Назарбоеву Бердимуҳаммадов баррасӣ карданд, метавонад барои амнияти энергетикии Ҳинд хизмат кунад. Дар сурати умум Ҳинд имкони як бозингар ё қудрат будан дар Осиёи Марказиро дорад (чун ҳам аҳолии зиёд дорад, ҳам артиши пешрафта ва ҳам силоҳи атомиву сармояи ҳангуфт) ва эҳтимол ин ҳама талошҳояш ба ин хотир аст. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам будани як сармоягузор ба иқтисодашон ба манфиат аст. Вале суол ин аст, ки оё Русия ва Чин розӣ мешаванд, дар баробари худ бозингари дигареро дар минтақа қабул дошта бошанд? Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
Дар ин мусоҳиба, ки сухан дар бораи Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон меравад, аз 7 протокол, низомнома ва созишнома иборат аст. Ба гуфтаи мусоҳиб, «мутобиқи протоколҳои мазкур муҳоҷирон ва оворагон ба Ватан баргашта, зиндагии осоиштаро сар карданд. Барои дар амал татбиқ намудани протоколҳои имзошуда Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд ва раиси он роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии тоҷик (ИНОТ), шодравон Саид Абдуллои Нурӣ таъйин гардид. Аз соли 1998 намояндагони ИНОТ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи квотаи 30% ворид шуданд. Нерӯҳои низомии ИНОТ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ворид гаштанд. Ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон дар давраи даргириҳо манъ гардида буд, баъд аз пешниҳод намудани аризаҳояшон ба Вазорати адлия дубора ба фаъолияти сиёсиашон шуруъ намуданд. Ба монанди Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва дигар созмонҳо”. Чи хеле ки дар боло зикр гардид, тамоми созишномаҳое, ки иҷро гардиданд, на танҳо ба манфиати як ҷониб, балки манофеи ҷонибҳои мухолифро ба инобат мегирифт. Ин сулҳ дар асоси ризоияти тарафайн ва якдигарфаҳмӣ ба вуқуъ пайваст. Агар мо дуруст таҳқиқ намоем огоҳ мешавем, ки дар ин раванд танҳо ҲНИТ саҳмгузор набуда, балки 25 дар сади ин созишнома ба онҳо вобаста будааст. Аъзои ҲНИТ баъд аз имзои ин созишнома дар ҳукумат ҷой гирифтанд ва барои амалишавии ормонҳои худ, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳдуд ва мамнуъ буданд, воқеият пайдо карданд. Чи тавре ки имрӯз аз тасмимгириҳои ҲНИТ огоҳем, ӯ худро кафили пурраи сулҳ ҳисобида, нисбат ба воқеияти гузашта таҳрифкорӣ мекунад. Аз таҳқиқоти дар ин самт анҷомёфта маълум аст, ки сафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин фақат аз аъзои ҲНИТ иборат набуда, балки як фоизи муайяни онро ташкил медиҳад. Сару садоҳое, ки ҲНИТ тайи чанд соли охир бармехезонад, яке аз роҳҳои ба ғалат андохтани мурдум аст. ҲНИТ бо ин роҳ мехоҳад бори дигар фазои Тоҷикистонро ғуборолуд намуда, дар саҳнаи сиёсат вуҷуд доштанашро нишон диҳад. Аммо чунин муғолатаи Кабирӣ ва ҷонибдоронаш ҳангомае беш нест. Чунин ҳангома ва бағалатандозиро Худобердӣ Холиқназар ба таври возеҳ чунин баён кардааст: «Имрӯз Ҳизби наҳзат кӯшиш карда истодааст, ки аз номи Иттиҳоди оппозитсиюни тоҷик ҳарф занад, ки комилан нодуруст аст. Маълум аст, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон ИНОТ аз ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ду намояндаи Ҳизби демократ, ду намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократии Тоҷикистон, як намояндаи созмони «Лаъли Бадахшон» ва як намояндаи муҳоҷирони тоҷик иборат буд. Яъне, дар маҷмӯъ Ҳизби наҳзат дар музокирот ҳамагӣ 25% намояндагӣ дошту халос. Имрӯз даъвои аз номи ИНОТ ҳарф задани роҳбарияти Ҳизби наҳзат камоли пуррӯист». Воқеан, чунин арзишгузории Худобердӣ Холиқназар беғаразона буда, дар раванди минбаъдаи Ваҳдати миллӣ ҳамчун як таҷрибаи мондагор ҳисобида мешавад. Чунин арзишгузориҳо дар баробари хатароти имрӯз ифодагари манфиатҳои миллии мо буда, дар раванди ҳамгироӣ ва хунсо кардани зиддиятҳо ва мухолифатҳои иҷтимоии ҷомеаи мо зарурат дорад. Агар мо «коҳи куҳна»-ро бори дигар бод карданием, пас, бояд ҲНИТ ба маҳкама ва бозпурсии дубора кашида шавад. Дар ҳоле ки ба ин амал ҳоҷат нест ва мо ниёз ба ҳамдигарфаҳмӣ ва таҷдиди фикрӣ барои сохтани ҷомеаи худкифо барои имрӯзу ояндаи миллат зарурат дорем. Ҳамзамон, бояд зикр кард он нафароне, ки зинда ҳастанд, бояд ин равандро дар партави манфиатҳои миллии имрӯз ва фардои кишвар тавзеҳи дуруст диҳанд, то барои насли имрӯз сабақ шавад ва сулҳу ваҳдат заминасози зиндагии осоиштаи шаҳрвандони кишвар гардад. Ҳукумати имрӯз низ дар таҷдид ва рушду тавсеаи соҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ тасмимҳои ҷиддӣ бигирад, то насли ҷавон иштибоҳу ҳангомасозиҳои ҳизбҳои сиёсии дар гузашта бударо такрор накунанд. Ҷавонони имрӯзи ҷомеаи мо зарурат ба шинохти дурусти воқеияти ҷанги шаҳрвандиро доранд. Дар ин шинохт саҳми донишгоҳҳои кишвар ва марказҳои илмӣ-фарҳангӣ муҳим мебошад. Ёрмаҳмад НИЁЗӢ, Фирдавс НИЁЗӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
СОЛИ 2015 – СОЛИ ОИЛА
Пойтахти ватани азизамон – шаҳри Душанбе рӯз то рӯз ободу зебо мегардад. Биноҳои баландошёнаи замонавии истиқоматию маъмурӣ ва дигар иншооти чанд соли охир бунёдгашта ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам намудаанд. Аз дидани чунин ободкориҳо дили ҳар бинанда - ҳам сокинони кишвар ва ҳам меҳмонон ба фараҳ меояд. Ҳамаи ин боиси хушунудист, вале… Дар кӯчаҳои шаҳр даврзанон корҳое мушоҳида мегардад, ки боиси таассуф, нигаронии ҳар фарди солимфикри ҷомеа шуда метавонад. Яке аз чунин масоили ногувор истифодаи меҳнати кӯдакону наврасон аст. Ин ҳолатро назди бозорҳои шаҳр, марказҳои савдо бештар метавон мушоҳида кард. Дар чунин ҷойҳо дар ҳолатҳои зиёд нигоҳи чашм ба кӯдакону наврасоне меафтад, ки ба синну соли хеш нигоҳ накарда, ба корҳои вазнин машғуланд. Яке аробакашӣ мекунаду дигаре бори вазнинеро сари китф гирифта, аз қафои соҳиби он то назди мошин ё истгоҳи нақлиёт бо азаб қадам мезанад. Қисме бошад, пайи шӯстани мошинҳост. Дидани чунин холатҳо хоҳу нохоҳ касро ба андеша намудан водор месозад. Чӣ боис шуда, ки кӯдакону наврасон ба корҳои вазнин даст зананд? Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки имрӯз як қисм аҳолии кишвар, бахусус, саробони оилаҳо, яъне, мардон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Баҳри пешбурди рӯзгор. Зеро вазъи имрӯзаи иқтисодии кишвар имкон намедиҳад, ҳама бо ҷойҳои кор пурра таъмин бошанд. Ба ин
Насли солим ба воя расонем Корҳои ҷисмонӣ ба саломатии кӯдакон таъсир мерасонад
хотир, мардум аз ноилоҷӣ рӯ ба муҳоҷират меорад. Ҳарчанд дар муҳоҷират, хусусан, дар Русия, тавре аз иттилооти гуногун аён мегардад, вазъи муҳоҷирни тоҷик чандон хуб нест. Ҳукуматдорони рус тайи чанд соли охир баҳри кам шудани вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварашон пайваста монеаҳо ба вуҷуд меоранд. Ҳоло он ҷо имтиҳонот оид ба донистани забони русӣ ба роҳ монда шуда, аз муҳоҷир маълумотномаи тиббӣ талаб мекунанд. Қимати патент, яъне, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиро низ хеле боло бурдаанд. Илова бар он, бо баҳонаҳои ночизе муҳоҷиронро аз кишвари хеш берун месозанд. Тибқи маълумот, аллакай беш аз
300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳлатҳои гуногун ҳуқуқи ворид шудан ба Федератсияи Русияро надоранд. Ин гуна амалҳои норавои ҳукуматдорони рус дар ҳоле рӯх медиҳад, ки Тоҷикистон шарики стратегии Русия маҳсуб ёфта, дар се минтақаи кишвар пойгоҳҳои ҳарбии ин давлат мавҷуд аст. Дар баробари ин, нафарони зиёд низ ёфт мешаванд, ки чун ба Русия рафтанд, зану фарзандонашон ба гӯшаи фаромӯшӣ меафтанд. Албатта, барои модарони муштипар нигоҳубин ва тарбияи фарзандон дар танҳоӣ кори саҳл нест. Маҳз ин вазъ боис шуда, ки ҳоло кӯдакону наврасон баҳри кӯмак ва пешбурди рӯзгор ба корҳои душвору вазнин даст ме-
зананд. Як нуктаро ин ҷо метавон зикр кард, ки маҳз муҳоҷират боиси вайронии оилаҳо гаштааст. Бархе аз ҷавонони дар муҳоҷират қарордошта, тавассути телефон ба ҳамсарони хеш «паёмак» (СМС) фиристода онҳоро «се талоқ» мегӯянд. Бо чунин тарз вайрон шудани оилаҳо хеле зиёд шудааст. Агар дар пойтахт ва дигар шаҳрҳо кӯдакону наврасон ба корҳои гуногун ҷалб гарданд, дар деҳот бештар ба корҳои саҳро ҷалб мешаванд. Ҳамроҳи калонсолон дар нигоҳубини зироатҳои кишоварзӣ ширкат намуда, ҳангоми ғунучини ҳосили пахта рӯз то бегоҳ ба ҷамъоварии он банд мешаванд. Инчунин, ба нигоҳубини чорвои хонагӣ сафар-
бар мегарданд. Ҳамаи ин заҳмати вазнин аст. Сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба ҳар гуна корҳо, бешубҳа ба саломатии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Илова бар ин, онҳо аз таълиму тарбия дар мактабҳо дур монда, соҳиби дониши казоӣ шуда наметавонанд. Чунин омилҳост, ки қабули порсола ба макотиби олӣ ва миёнаи махсус тариқи тестӣ, сатҳи пасти дониши андӯхтаи хатмкунандагони мактаҳои миёнаи кишварро ошкор намуд. Инак, таҳсил дар макотиби миёна ба поён расид. Хатмкунандагон баҳри дохил шудан ба ин ё он мактаби олӣ ва миёнаи махсус талош доранд. Танҳо дар сурати соҳиби донишҳои мукаммал будан ба комёбӣ метавон умед баст. Аммо вазъи имрӯза, ки бештари вақт қисме аз хонандагон айёми таҳсил побанди корҳои гуногун мешаванд, гумон аст ба натиҷаи дилхоҳ ноил шудан. Ҳангоми таътил назди бозору марказҳои савдо шумори хонандагони заҳматкаш боз ҳам меафзояд. Дар саҳро ҳам зиёд ба чашм мерасанд. Баҳри солиму бардам ба воя расидани насли навраси имрӯз ва устувории оилаҳо, бахусус, оилаҳои ҷавон шароити зарурии таҳсилу истироҳатро бояд фароҳам овард. Корҳои ташвиқотиро дар маҳалҳо зиёд кард. Дар акси ҳол, гумон аст, насли наврас тарзи дилхоҳ ба воя расаду оилаҳо пойдор монанд. Манижа РАҶАББЕКОВА, донишҷӯи ДМТ
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест... Оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Нахустин пойдевори иморати муҳташами давлатдорист. Пойдевор ҳар қадар мустаҳкам бошад, иморат торафт устувору бошукӯҳ мегардад. Таълиму тарбияи насли наврас дар пайвастагии се омили муҳими ҳаёт: оила, мактаб ва ҷомеа рушд меёбад. Ин се қисмати нерӯманд он вақт комёб мегардад, ки агар ҳамбаставу ҳаммаром бошад. Оила ва ҳаёти оилавӣ бароямон мазмуни махсус дорад. Ҳар яки мо дар оила тарбия гирифта, бо меъёрҳои маънавӣ обутоб ёфтаем. Оё чӣ будани оиларо ба хубӣ дарк кардаем ва худи оила чист? Оила калимаи
арабӣ буда, маънои шакли умумӣ доштани одамон ва хешу табор будани онҳоро дорад. Оила дар луғатҳо чун хонавода, аҳли хона, зану фарзанд, сулола маънидод шудааст. Аъзои оила ҳамсарон, падару модарони онҳо ва фарзандону наберагон ба ҳисоб мераванд. Оила узви кӯчаки ҷомеа ба шумор рафта, аз ҳама бештар ба инкишофи кӯдак таъсири ҷиддӣ мерасонад. Оила гаҳвораи инсон, макони нахустини сабзишу парвариши фарзанд маҳсуб ёфта, нигаҳбонии ин гаҳвора, қабл аз ҳама, бар дӯши модар вогузор шудааст. Маҳз модар метавонад, заминаи асосие барои устувории оила бошад, аз овони тифлӣ наҷибтарин хислатҳои инсониро дар замири фарзандаш бипарварад. Падар аст, ки ба фарзанд номи накӯ мегузорад, тарбия мекунад ва бо умед калон мекунад. Дар ин маврид Тошхӯҷа Асирӣ мефармояд: Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад, Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад, Ба умеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад. Кӯдакон, асосан дар оила тарбия гирифта, ба воя мерасанд ва ахлоқи ҳамида, рафтори неки инсониро, пеш аз ҳама, аз волидайн ва аҳли оилаи хеш меомӯзанд. Сухани хуб дар оила, воситаи асосии ёрирасони тарбия мебошад. Агар фарзанд дар муҳити орому солим тарбия ёбад, оянда дар ҷомеа мавқеашро, албатта, пайдо мекунад. Кӯдак аз нуқтаи назари педагогӣ ва равоншиносӣ ба варақи тозае шабоҳат дорад. Пайдо кардани истеъдод, маҳорат, малака ва дарёфти шахсияти кӯдак ба тарбияву муносибати волидон вобаста аст. Яке аз омилҳои асосии тарбияи фарзанд дар оила муҳаббати самимӣ байни падару модар мебошад. Фарзанд меваи умри инсон аст, писандидатарин, беҳтарин неъмати дунёст. Тавре Абдураҳмони Ҷомӣ мефармояд: Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест, Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард, Зинда аз фарзанд монад номи мард. Нақши оила дар ташаккули шахсият бағоят муҳим буда, он қодир аст дар такмилу субот ва пешравии ҷомеа низ саҳми босазо дода бошад. Ташаккул ва рушди институти оила дар ҷомеа таърихи кӯҳан дошта, дар тамаддуни инсонӣ ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, устуворгардонии ҳамгироии иҷтимоӣ, василаи муоширату муносибат ва фазоест, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайраҳо дар он ташаккул ёфта, рушд кардааст. Ин аст, ки дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ба ин масъала таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад. Тасдиқи ин гуфтаҳо «Соли оила» эълон шудани соли ҷорӣ аз ҷониби Сарвари давлат мебошад, ки ин нукта дар Паёми имсола садо дод. Балхияи МИРЗОПУР, омӯзгори МТМУ рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансур
7
Ба ёдам омад, ки 13 июл зодрӯзи сарояндаи мумтози тоҷик, яке аз парчамбардорони санъати миллии мо дар Машриқзамин Одина Ҳошим аст. Давоми рӯз порахотираҳо аз рӯзгори ин марди ҳунар ёдамро ба гузаштаҳои начандон дур кашид. Хотираам гӯё тагурӯ мегашт. Пораҳо аз суҳбатҳои ин фозилмард ба хотирам меомаданд. Оре, ӯ воқеан алмоси табииест, ки дар сарзамини фарҳангбунёди мо, миёни кӯҳҳои сарбафалаки Дашти Ҷами таърихӣ пайдову дар кулли диёр сайқал ёфта, зеби даврон буд, дар ёдҳо ба ҷовидон хоҳад монд. Ҳар касе Одина Ҳошимро мешинохт, медонист, ки марди оқилест бо кулбори пур аз маонии ашъори классикони Шарқ. Он ки ӯ фазилати базлагӯиву хушсуҳбатӣ дошт, он ки ӯ шӯхиҳову гуфтаҳои мондагори хосе дошт, ки то имрӯз чун иқтибос аз Одина Ҳошим мондаанд, шояд хелеҳо огаҳӣ доранд. Вале кам касон аз ботини пурҳикмату панди ин бузургмард огоҳ буданд. Аҳёнан одамон аз дили ҳассосу пурдард ва бекинаи Одинаи Ҳошим дарак доштанд. Зеро ӯ рисолати дигаре дошт. Масъулияти хушбахт кардану базморойҳои мардумро бар дӯш дошт. Одина Ҳошимро бисёриҳо дӯст медоштанд, лаҳни ширини ширадорашро гӯш мекарданду бо ӯ ошноӣ меҷӯстанд. Орзу мекарданд, ки акаи Одина тӯйи онҳоро обод кунаду соҳиби тӯй солиёни зиёд ифтихор кунад. Он эҳсос бо тӯй, бо суруд, бо оҳанги ҷаззобе дар ёду қалбашон то дерҳо зинда бимонад. Оре, Одинаи дӯстдоштанӣ ва маънирасон, ғазалдону маонипарвар, Одинае, ки барои халқаш бозгӯ кардани адабиёти пурғановати ниёконро аз қарзҳои виҷдониву рисолати хунёгарии хеш мешумурд. Одина Ҳошиме, ки замоне ифтихори санъати як ҷумурҳурӣ буду имрӯз ифтихори миллӣ гашта. Одина Ҳошиме, ки дар замони сарбамуҳри шӯравӣ шуҳрати тоҷиконро дар Афғонистону Эрон, Порису Амрико ва қариб тамоми кишварҳои шӯравӣ муаррифгар буд. Марди ҳунаре, ки бо ҳамон шӯҳратёриаш аз соддагии кӯҳистонӣ «чак» партофтаву қисса мекард: «Дар қабули Жак Ширак будему гуфт: «Акаи Одина, Раҳматулло чӣ хелай?» Оре, барои Одинаи Ҳошим ифтихор аз писараш, аз ҷойгузини ҳунару зиндадори шуҳраташ - Раҳматуллоро пурсидани сарвари як кишвари дури аврупоӣ ба он хотир ёд карданӣ буд, ки ҷигарбандашро, нури чашмонашро, идомаи умри ҳунарашро мехост, ки шӯҳратёр бубинад. Дареғо, куҷост он Одинаи шакаргуфтор, ки имрӯз ифтихор на танҳо аз Раҳматуллои номдор, балки аз фарзандони ӯ ҳам бикунад, ки ҳамчунон шакаргуфторанд. Авроқи ёдҳоям аз рӯзгори шоду ношоди Одина Ҳошими нотакрор чун тақвими девории хотира як-як варақгардону канда мешуд ва боз ҷойи он саҳфаи тозае аз зиндагии устоди ҳунар кушода мегардид. Дар радиои «Фарҳанг» як барномаи хубе бахшида ба 77-умин солгарди мавлу-
8
ди ин марди сӯхтаву пухта дар ишқи ҳунар садо дод. Одинаи Ҳошим аз 77 соли баъди таваллудаш, танҳо 53 солашро бо вогузории мероси гаронбаҳо сипарӣ кардааст. Ӯ он қадар пурмаънӣ сурудааст, ки ту гӯӣ гулчини маонии ашъори ниёкону муосиронро на чун овозхон, балки чун соҳибкасб бо садоқати хосаи фарзандии сарсупурда дар ин марзу бум ва аз рӯйи вазифа ба гӯшу мағзи шунаванда расонидааст. Ровии радио чун қисса аз ҳаёти Одина Ҳошим мекард, мегуфт: «Одинаро падари ҳунармандаш - бобои Ҳошим барои сайқали маҳораташ ба омӯзишгоҳи ҳунару санъат медиҳад ва баъди чанде фаъолият доштан вай барои такмили дониш ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат месупорад, то аз адабиёти бойи классикӣ огаҳӣ ёбад». Вале ман иттилои дигаре дорам. Чун давраи камолоти Одинаи хушсадову хушлаҳн ба давраҳои мактабхонии мо рост омада буду дар як ноҳия зиндагӣ кардаем, шояд воқеияти рӯзгори ӯро хубтар медонем. Сухан сари он аст, ки Одина Ҳошим бо ҳамон дипломи омӯзишгоҳ ончунон шуҳратёр гашта буд, ки ба ёди касе дипломи мактаби олӣ надоштани ӯ намерсид. Вале, чуноне ки мегӯянд, шуҳрат душманони касро меаф-
Одинаи дирӯзу Шоме бо ёди Одинаи шӯридадил зояд. Нотавонбине замоне аз кадом амали ин марди ҳунар хафа шуда, таънааш мекунад, ки бо ҳамин қадар унвонҳои баланд маълумоти олӣ надорад. Ӯ ки ҷавонмарди баору номус буд, ин таънаро таҳаммул кардан барояш осон набуд. Одина мераваду ҳуҷҷатҳои хешро ба донишкадаи омӯзгорӣ месупорад. Ин замоне буд, ки Одинаро чун беҳтарин донандаи адабиёти классикии Шарқ, аллакай хуб мешинохтанд. Зеро ӯро маҳз дарки маъниву интихоби беҳтарин ғазалҳои шоирони олам шуҳратдор гардонид. Дипломи олии Одина Ҳошим як ҳуҷҷате беш набуд, зеро ҳеҷ як дипломе дар баробари он қадар донишу ҳунари худодаи ӯ арзише надошт. Инсони сермутолиа дар аввалин суҳбат дарак аз ақли комилу фаҳму хирадаш медиҳад. Одинаро низ он қадар шахсиятҳои ин марзу бум ва берун аз он хуб мешинохтанд, ки дигар ҳоҷат ба таърифи саводу фазилатҳои ӯ несту набуд. Вале расмиёт ё тангдиливу кӯтоҳназарии одамон дар ҳама давру замон буд, ҳаст ва мемонад. Мутаассифона, бузургон низ аз рӯйи заковат дар муқобили аблаҳии нокасе пуртаҳаммуланд ё дар шигифтанд. Донандаи абёти бешумор ва хонандаи хушзавқи адабиёт будани Одина Ҳошимро мероси гаронбаҳои ба ёдгор мондааш гувоҳ асту шаддаи марҷони маонии ба риштаи оҳанг кашидааш то кунун назир надорад. Албатта, борҳо перомуни паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ин марди зиндаёд иттилои зиёде тариқи расонаҳо пешниҳоди дӯстдорони ҳунараш гашта бошад ҳам, бо тақозои замон ва бардошти сиёсати замон на ҳамеша он чиро менавиштанд, ки воқеият дошт. Масалан, хеле кам мегӯянд аз он рузгорон, ки рӯзи чи сиёҳеро бар сари ин бузргмард оварда буданд. Солҳои охири султаи шӯравӣ буду нав бедории тоҷикони баору номус дар шинохти ҳуввияти хеш ва асолати миллӣ аз худ дарак медод. Он замон Одина-
ву ӯ баринҳоро беҳудаву бедалел зиёд ранҷ доданд. Имрӯзҳо кам аз он касоне ёд меоранд, ки воқеан аз шумори шаҳидони роҳи озодиву истиқлолият буданд. Одина Ҳошим ҳам на аз тири душман кушта шуду на дар майдони ҷанг қаҳрамонӣ карда буд, вале бавосита қурбонии он ҳаводис буд. Қурбони нангу номус, қурбони нодониву бехабарӣ, бесаводӣ, нотавонбинӣ, сиёсатзадагӣ ва кӯрии ботину зоҳири фарде, ки ба хотири курсии хеш дар таҳқири чунин бузургони миллат ҳам даст доранду сурх намешаванд. Устод Одина Ҳошимро соли 1991 ба нахустин Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ба Душанбе даъват мекунанду намедонанд, ки баъдан ин миллатдӯстиву ватанпарвариашро чи «подошест мардафкан». Ӯро дар зинапояи тайёрае, ки ба ноҳияи Москва (ҳозира Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) фуруд омада буд, гурӯҳе санг дар бағалу тавҳин бар лаб «пешвоз» гирифтанд. Ҳарчанд корро дигарон «ташкил» карда буданду дасти дигаре санг ба сӯйи Одина Ҳошим андохта буд ва роҳбари ин чанд нафараки гирдомада, дар утоқи кориаш менишаст, ба он ҷилваи дигар додан мехостанд. Одинаи ватандӯсту тоҷики асилу Тоҷикистонпараст, ки дили чун оина софу ҳассос дошт, ин амали таҳқиромези ғайричашмдоштро чун балои ногаҳонӣ чӣ тавр пазируфт, танҳо худаш медонаду Худованд. Вале яқин буд, ки кӯрону кӯрдилон аз ин марди шариф, аз ин ҳунарманди маънипарасту сухандон, аз ин шахсияте, ки номи тоҷиконро бо пайванд ва исми ӯ бисёриҳо дар ҷаҳон мешинохтанд, хоину душман тарошиданӣ буданд. Ӯро таҳқир карданд, ба пояш ҷурме бастанӣ шуданд, ки дар тасаввураш намеғунҷид. Вале дасти «зӯр»-и соҳибмансабони давр, дар қалби зарифу пурмеҳру ватандӯсти ин ҳунарманд кора кардаву асар ба ҷо гузошта буд. Албатта, мардуми шарифи кишвар он
замон хуб медонист, ки ин қасдгирии нафаре беш нест. Вале ин як лаҳза ҳаёти Одина Ҳошимро комилан дигар кард. Ӯ дарёфт, ки акнун замоне расида, ки аз ғазалҳои шоирони гузашта оҳанг баставу сарояд: Дар аҳди мо ривоҷ ба аҳли ҳунар намонд, Имрӯз оби рӯй ба лаълу гуҳар намонд... ...Гардуни сифла бехирадонро ривоҷ дод, Азбаски эътибор ба соҳибҳунар намонд. Оре, гӯё ки Сайидои Насафӣ ин мисраҳоро чанд аср муқаддам не, дар ҳамон рӯзҳо ба хотири Одина гуфта буд. Он сангҳои ба сари Одина Ҳошим партофта ба дилаш расида буданд. Ба рӯҳаш бархурданд, дили чун оина софашро пора карданд, шикстанд. Ӯ ба ҷурме муқассир мешуд, ки боре ҳам дар гӯшаи хаёлаш наомада буд. Ӯро чун «демократ» бадном карданд, ӯро барои вакили анҷумани тоҷикони ҷаҳон будан гунаҳкор ҳисобиданд. Вале чӣ ҷурме? Ин ҳам дар замоне, ки кам касон сарфаҳми ин вожаҳо мерафтанд. Пур бекасам имрӯз касеро хабарам нест, Оташ ба сари хок, ки он ҳам ба сарам нест ... - мешунавам имрӯз дар фиттаи сурудаҳои ин марди ҳунар, ки шояд он замон суруда буд. Оре, касе намедонист, ки он замон аз кӯрии сиёсии нафароне, воқеан ватандӯстони асил «пур бекас» буданд ва Одинае бо як дили пурмеҳру пур аз ифтихори тоҷик будан, ки чанд рӯзе аз дидори ҳаммилатони бурунмарзии хеш сархуш буд, ин ҳама эҳсосаш дар лаҳзае ба санг бармехӯрад. Одинае, ки ватану миллатро,
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
БА ИФТИХОРИ 77-СОЛАГИИ ОДИНА ҲОШИМ шояд аз ҳама бештар дӯст медошту мепарастиду ифтихор мекард, санги ватан бар сар мехӯрад? Ин дам овози Одина Ҳошимро аз фиттае, ки пур аз ашъору сурудаҳои авсофи ватанпарварист, мешунавам: Шишасози ғами ашке нашавӣ, Одам аз сангдилон кӯҳсор аст. Дили чун шиша нозук ва умри чун «ашки сари мижгон»-и ин соҳибдил он замон такон хӯрд, зарба гирифт ва дигар ба худ наомад. На, албатта, ӯ баъд аз ин ҳам солиёне чанд боз шоҳи саҳна буд. Дӯсташ медоштанд, эҳтиромаш мекарданд, аммо «шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст». Қалби шикастаи пурэҳсосаш дигар пайванд нашуд. Рӯҳафтодагии нафаре, ки ҳамеша соҳибэҳтиром буду беадолатона таҳқираш карданд, ӯро мубталои бемори қанд кард. Одинаи маҳфилорову хушчақчақ акнун сари одитарин суҳбат ашк мерехт, ашки пурҳасрат. Ашк аз нодонӣ, бесаводӣ, кӯрдилӣ, нотавонбинӣ, бадгуҳарӣ, носипосӣ, дилкушиву худкушии нафарони каме, ки миллат мекуштанду бо дилҳои сиёҳ
он қадар ба мардум танҳо маънӣ расонд, ки рисолаташ иҷрошуда аст. Беҳтарин тарғибгари забон, шеър, адабиёт ва маънигаро буд. Аз адабиёти классикӣ ба таври бесобиқа шеър азёд медонист. Ӯ беҳтарин абёти классиконро оммавӣ мекард. Мардум аз забони ӯ шеърҳои Ҳофиз, Бедил, Соиб, Мушфиқӣ, Ҷомӣ, Сайидо, Ҳилолӣ, Саъдӣ, Нодири Нодирпуру даҳҳо шоирони Эрону Афғонистонро азёд мекарданду то имрӯз дар ёд доранд. Маҳфилу консертҳои Одина Ҳошим танҳо базм набуданд, гӯё дарси адабиёт буданд, маҷлиси унс дар пайванд ба маониву шеър буданд. Зеро дар ҳар маҷолису маҳфил ӯ бо ҳофизаи беҳамто ва зиёд донистани шеъру панду насиҳат ҳамаро дар ҳайрат мемонд. Гӯё ин мард ба ҷуз шеъри асил чизе ба хотирааш роҳ намедод. Хоса кинаро. Вале, ҳасрато, ки кинатӯзони давр ҳасад ба дили покаш доштанд. Гузашта аз ин «ғамхорон»-е ҳам ёфт шуданд, ки дар васоити ахбори омма ҳангомаи «тарки ватан кардан»-и ӯро роҳандозӣ намуданд. Хоса, ки он дам ба дасти Одина Ҳошим шеъри Нодири Нодирпур мерасаду ӯ оҳанге бар он баста, месароядаш:
меҳан – Тоҷикистони азиз буд ва ранҷидаву азми ғарибикарда ҷилва медоданд гурӯҳе ӯро. Оре, дар ҳар давру замон нотавонбинон нобиғаҳоро чунин хор кардаанд, ки таърих пуропури чунин саргузаштҳост ва хонандаи азиз хуб мефаҳмад инро. Аммо чунин аст расми дунё, ки соҳибдилон дар таърих чун хатти заррин мемонанду сияҳдилони гумном он саҳафоти таърихро сиёҳ хоҳанд кард. Ин шом Одинаеро, ки дар рагу шарёнаш шеър ҷорӣ буду истеъдоди худододаш дар дарки маънӣ шуҳратёраш карда, бо як ҷаҳон лаззати маънавӣ ёд мекунам. Аз ин гулчини маонии фиттаи сурудҳояш баҳравар то суруди «Ғарибӣ» мерасам. Онро дубора бозмегардонаму андешае таконам медиҳад. Гӯё Одина Ҳошим ин марсияро маҳз барои имрӯзиён месарояд. То он ҷавонони раҳгуми имрӯз, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваставу азми тарки ватан дошта бидонанд, ки кадом пайомаде дар ғарибӣ онҳоро интизор аст. Одина бо лаҳни гӯшнавозаш месарояд: Ватан дар шаҳри Булғор аст моро, Дар он ҷо хеши бисёр аст моро. Гузорат гар фитад бар шаҳри Булғор, Магӯ аз мурданам зинҳор зинҳор.
имрӯзу фардо
Аз чап ба рост: Ҷурабек Мурод, Зафар Нозим, Одина Ҳошим зери пардаи сиёсат чеҳраи аслӣ пинҳон мекарданд. Вале дигар кор аз кор гузашта буду барои ин ҳунарманд саломатӣ аз даст рафта ва ин булбули хушхон акнун бистарӣ гаштаву худро дар қафас эҳсос мекард. Намеранҷам, агар сад сол нодон н-оварад ёдам, Вале мирам, агар як дам кунад доно фаромӯшам, тараннум дошт Одина Ҳошим дар бемористону чашм ба дар мунтазири ҳамсуҳбатони соҳибдил буд. То бигӯяду бифаҳмандаш, то даркаш кунанд, то ба умқи гуфтаҳои шоир онҳо низ чун ӯ сарфаҳм раванд, то дили Одина тар шавад, ки ҳамдиёронаш ҳамагӣ дарки маънӣ доранд. Одина Ҳошим умри кӯтоҳ дид, вале тӯли фаъолияти эҷодиаш кори садсолаҳоро анҷом дод. Он қадар суруд таҳия кард, он қадар оҳанг эҷод кард, он қадар сароид ва
Куҳандиёро, диёри ёро, дил аз ту кандам, вале надонам, Дигар гурезам, куҷо гурезам, в-агар бимонам, куҷо бимонам. На пойи рафтан, на пойи мондан, чӣ гуна гӯям, дарахти хушкам. Аҷаб набошад, агар табарзан, тамаъ бубандад, дар устухонам. ...Куҳандиёро, диёри ёро, ба азми рафтан дил аз ту кандам, Вале ҷуз ин ҷо ватан гузидан наметавонам, наметавонам. Ин суруд баҳонаи хубе буд, барои сиёҳ кардани номи ин сарсупурдамард. Ҳарчанд бе сӯд буданд ин талошҳо, вале он маъракаи иттилоотӣ ба дили Одинаи ҳассос беасар нагузашт. Одинаеро, ки зодаи деҳаи Нимдараи Даштиҷум асту ҳанӯз синни наврасӣ ба Душанбе барои хондан омадаву дар ноҳияи Москваи ҳамонвақта ва шаҳри Кӯлоб зиста, мӯйи сари хеш испед карда буд. Одинае, ки умре дар хидмати мардуми ин диёру ин
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
- зора мекунад, ҷавони ғариб. Оре, ҷавоне бо ин қадар авлоду аҷдод дар мулки дигаре бесоҳиб аст. Ин аст ғарибӣ! Агар модар кашад дар фирқатам оҳ, Биларзонад маро дар қабр ногоҳ. Бародар бишнавад дилхаста гардад, Дари ишрат ба рӯяш баста гардад. Агар он хоҳарам маргам бидонад, Басе хуноба аз мижгон чаконад. Нолаи дутори Одина дилро ба дард меораду маънии ин суруд касро об мекунад. Чӣ сахт аст ғарибӣ, ки ҷавони соддае панди падар гӯш накардаву он раҳ пеш гирфтааст. Агар марги маро донанд хешон, Шаванд аз баҳри ман зору парешон. Дар ин ҷо нест хешу ақрабоям, Ки гирянд як замоне аз бароям. Кӣ ояд нолаҳо карда ба сӯям, Кӣ шӯяд гарди ғурбатро зи рӯям? Кӣ тобути маро бардорад аз ҷой,
Кӣ гӯяд, эй дареғ аз маргу сад вой? Кӣ бардорад маро аз рӯйи бистар, Кӣ хоҳад гуфт, эй ҷони бародар? Кӣ дастамро барад бар рӯйи сина, Кӣ хоҳад кард, бар хокам дафина? Кафанро бар танам, ё Раб, кӣ дӯзад, Киро, ё Раб, ба ҳолам дил бисӯзад? Оре, ҳар як ҷавон бояд бидонад, ки дилсӯзи ӯ дар Ватан ҳасту танҳо ӯ барои ин ёру диёр ва барои волидони хеш азиз аст ва дар ғарибӣ хасе ҳам несту касе ҳам! Касе набвад, ки як дам роз гӯям, Ба ӯ аҳволи худро боз гӯям. Падар аз ҳоли ман ғофил чароӣ, Чаро дар пеши рӯи ман наоӣ? Ки фарзанди азизат хор гашта, Ғарибу хор, беғамхор гашта. Биёву чораи дардам кун имрӯз, Нигоҳе бар рухи зардам кун имрӯз. Маро як дам ба рӯи синаат дор, Бинеҳ як дам рӯи худ ба рӯям. Ки шарҳи ҳоли худ бар ту бигӯям, Агар дар хоб бинам ман Ватанро, Ҳалоки хештан созам Ватанро. Шавам аз меҳнати садсола озод, Агар манро расонад бар Ватан боз. Ҳар ҷавон бояд бидонад, ки аз раҳи ҷангу куштор ва қатлу ваҳшоният бозгашт нест ва худро ба он сахтиҳо шарик накунад! Бинолад аз ғами бемори бекас, Ғарибонро ҳамин аст оқибат бас. Ғарибафтода ҳукми мурда дорад, Ки хоки мурдаро кам мебарад бод Худоё, доду бедод аз ғарибӣ, Ҳазорон доду фарёд аз ғарибӣ. Нолаи Одина дар марги ғариби дур аз ёру диёр ва панди нарафтан ба роҳи хиёнату тарки Ватан, гӯё 40 сол қабл не, барои имрӯзиён аст. Оре, воқеан ғарибон дар кишварҳои бегона, касе, ки набошад, қадре надоранд ва мурдаашон насибаи зоғу заған аст. Инро бояд ҳар як инсони соҳибақл бидонад, ки дар оғӯши Ватан ва волидон будан чисту ғарибиву бесоҳибӣ чӣ. Ҷавоне, ки берун аз хоки диёр по нагузоштааст ва аз бағали модар берун сар нагузошта, чи медонад, ки мамлакати дигаре, хоса, ки дар он ҷанг асту одамкушӣ, чӣ маъно дорад. Одина дирӯз аз Ватан, қимати он, зарурати ба қадри он расидан сурудааст, ки имрӯз хеле актуалӣ аст ва фардо низ чунин хоҳад монд, зеро ватандориву ватандӯстӣ мавзӯи калидии ашъори шоирони пешину имрӯз буду ҳаст ва мемонад. Волидонро мебояд, ки аз майли фарзандонашон, аз тафаккури ҳанӯз хоми онҳо бохабар бошанду онҳоро сари вақт ба сӯи ростӣ ҳидоят созанд, зеро: Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад. Инро Одина Ҳошим месуруду имрӯз бояд ҳар соат садо диҳад. 13 июл зодрӯзи Одина Ҳошим буд, ки умри маргаш имсол ба 22 расид, вале қадраш чун шаробе, ки ҳар қадар солманд бошад, гаронқадртар аст, моро боз хумори сурудаҳои пурмаонӣ ва лаҳни ширину сабки хосаш мегардонад. Ёдат ба хайр, устоди калому сухан, маънирасону посдорандаи фарҳанги бойи тоҷикон, ки ту ҳам алмосе аз боигариҳои ин миллату ин Ватанӣ. Ҳуриннисо АЛИЗОДА
9
МУСОҲИБА
- Чӣ сабаб шуд, ки шумо дар баробари фаъолияти касбӣ ба тибби халқӣ рӯ овардед? - Маъмулан аз ниёгонамон як ҳикмати хеле хуб “Ба як ҷавон чил ҳунар кам”-ро модари азизам аз хурдӣ гаштаю баргашта мегуфтанд ва тафсир мекарданд. Воқеан, ҳарчанд ки банда омӯзгор будам, ба мусиқӣ, шеъргӯӣ ва гиёҳдармонӣ низ шавқ доштам. Модарам доим таъкид мекарданд ва ҳоло низ, шукрона, орзую ормонҳояшонро мегӯянд. Аз ҷумла, бо орзую умед, гаштаю баргашта мегӯянд: “Писарам, ба нозу неъмати бебаҳои Худованд - гулу гиёҳҳо эҳтиёткорона ва бомуҳаббат муомила намо. Онҳо мӯъҷизаҳои нодири шифобахшанд. Модарам ҳатто доим пудина ва райҳони кӯҳиро бо худ мегиранд, ки як навъ давои дил ва қувватдиҳанда мебошанд. Дигар сабаби ба тибби халқӣ рӯ овардани ман он аст, ки бародарам Муллозуҳур Тоҳирӣ, ки сарвари Ассотсиатсияи табибони халқии Тоҷикистон мебошад ва аз маслиҳатҳояш доимо бархурдорам. Воқеан, ӯ шомили китоби рекордҳои Гиннес мебошад. Сабаби дигаре, ки маро пурра ба тибби халқӣ тобеъ кард, пайдошавии санг ва намак дар талхадони ҳамсарам буд. Вақте соли 1990 ҳамсарамро дар беморхонаи ноҳияи Айнӣ ташхис кардем, муайян гардид, ки дар талхадонаш 4 сангча будааст. Ман бо маслиҳати бародарам бе ҷарроҳӣ ӯро табобат намудам. Пас аз табобати 28рӯза бори дигар дар беморхонаи ноҳия ташхис кардем, ки сангҳо пурра нест шудаанд. Бовар накада, ба шаҳри Душанбе омадем. Дар Маркази миллии ташхис “УЗИ” кардем, ки шукрона шаффоф баромад. Ин ба ман таккони ҷиддӣ бахшид ва пурра, бо самимият ба тибби халқӣ машғул шудам.
Аз гиёҳҳои шифобахш истифода барем Суҳбати рӯзноманигор Муҳаммадҷон Мирзошоев бо табиби халқии осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” Мирзоюсуф Тоҳирӣ Алҳол дар фароғатгоҳи машҳури “Шоҳамбарӣ” ба тибби халқӣ машғулам. - Шумо иброз намудед, ки ба шеъру шоирӣ машғул будед. Лутфан, хоҳиш дорем, ки вобаста ба ин чанд сухан бигӯед. - Ҳангоми таҳсил дар мактаб бештар шеър ва луғат азёд мекардам. Калима, ибора ва вожаҳои чандон нофаҳморо ба дафтар кӯчонда, аз пайи тафсираш мешудам. Аввалин мисраҳои шогирдонам чунин буданд: Бин сояи дашти мо, Чи сон калону зебо. Дар гармои тобистон, Биҳишт аст сояи он. Баъдтар дар синфи 9 як дубайтие ба духтари дӯстдоштаам бахшида будам, ки ҳоло шукри Худо ин дӯстдоштаам ҳамсарам мебошад. Аз хурдӣ ба ашъори шоирони классик ва муосир меҳр доштам. Хосатан, ба ашъори устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ. Осори ӯ бароям рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Ҳатто набераҳои 4-5-солаам аз ашъори устод Лоиқ чандтои ғазал медонанд. Ҳарчанд шоир набошам ҳам, орзу мекардам, ки шояд ягон мисра ё байте чун устоди шодравон Лоиқ гӯям. Аз ин рӯ, ба худ тахаллуси Шоиқро гузоштам, ки маъ-
Макарон ба ҷойи қолин
нояш ба маънои Лоиқ наздик аст. Яъне маъшуқ, шавқ, шавқдиҳанда, сазовор. Агар ҳарфи “О”-ро ба аввал гузоред, Ошиқ мешавад. Шукри истиқлолияти Ватан, ки ба ҷавонон болу пар бахшид. Боиси хушбахтист, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ғамхориҳои зиёд доранд. Маҳз дар замони истиқлолият 3 китоб бо номҳои “Падидаи ишқ”, “Гули худрӯи Зарафшон” ва “Гулшани ғазал” (бо ҳамқаламии ҳамсолон) чоп кардам ва ифтихормандам, ки ба китобчаи аввалинам Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Гулназар пешгуфтор навишт. Ният дорам, ки бахшида ба 150-солагии шоири шаҳир Нақибхон Туғрал китобчаи хотираҳо ва шеърҳои ба бузургвор бахшидаамро бо номи “Шаҳаншаҳи мулки маънӣ” нашр кунам. - Тавре маълумамон аст, Шумо дар озмунҳои зиёд иштирок кардаед. Дар ин бора чанд сухан бигӯед. - Дар ҳамаи озмунҳои табибони халқӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ гузаштаанд, ширкат доштам. Ҳамзамон, дар тамоми конфронсу конгрессҳо, ки олимони хориҷӣ иштирок доштанд, ширкат намудам. Соли 2010 унвони “Беҳтарин табиби халқии Тоҷикистон”-ро
10
Чин буда, ҳатто барои тифлон пешбинӣ шудаанд. Абдуфаттоҳи Ғоиб нақл кард, ки кормандони гумрук ҳини тафтиши нақлиёти боркаш 23 тонна пӯсти мурғро чун моли воридотӣ ошкор намуданд. - Ин бор аз Эрон ба кишварамон интиқол ёфта буд, гуфт А. Ғоиб. – Маълум шуд, ки ин миқдор пӯсти мурғ барои тайёр намудани ҳасиб ва сихкабоби мурғӣ пешбинӣ шудааст. Ҳол он ки ин пӯстҳо заҳрогин маҳсуб ёфта, истеъмолашон ҷоиз нест. Ҳамин тавр, тоҷирони мо пайи ҳарчи бештар дарёфти маблағ ва фоида давида, ба амалҳои беинсофона ва аз доираи кирдори инсонӣ берун даст мезананд. Роҳбари Хадамоти гумрук, ҳамчунин гуфт, ки баъзе кормандони хадамот бо тоҷирон «ҳамдаст»-ӣ намуда, ба во-
МУАРРИФӢ
Мирзоюсуф Тоҳирӣ зодаи деҳаи зебову хушманзараи Путхини ноҳияи Айнӣ мебошад. То соли 1971 дар мактаби 8-солаи зодгоҳаш таҳсил намуда, сипас, барои гирифтани маълумоти миёна (солҳои 1971-1973) дар мактаби миёнаи №8-и деҳаи зебоманзари Зосун (мактаби ба номи Нақибхон Туғрали Ансорӣ) таҳсилро идома додааст. Пас аз гирифтани маълумоти миёна ба факултаи таърихи Донишгоҳи милии Тоҷикистон дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ дар мактабҳои миёнаи №61 ва 59-и шаҳри Душанбе ба сифати омӯзгори фаннҳои таърих ва мусиқӣ кор кардааст. Солҳои 1980-1981 дар мактаби миёнаи рақами 6-и шаҳраки Сарвода омӯзгори фанни таърих будааст. Аз соли 1982 ба мактаби миёнаи деҳаашон рафта, ба ҳайси директори мактаб кор кардааст. Ҳамзамон, аз фаннҳои таърих ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ дарс додааст. Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳиби мукофот ва ифтихорномаҳои зиёд мебошад.
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Дурустии пешгӯиҳо бештар шуд
Зимни нишасти матбуотӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, ки гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар нимсолаи авввали соли ҷорӣ ба 2 миллиарду 5,1 доллари амрикоӣ рост омадааст. Аз ин миқдор 1 миллиарду 574,8 долларро воридот ва 430,3 миллион долларро содирот ташкил медиҳад. Ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам аст. Чунин ҳолатро роҳбари Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб ба буҳрони иқтисодӣ марбут донист. Роҳбари гумрук, ҳамчунин, иттилоъ дод, дар «ҳамдастӣ» бо бархе аз кормандони гумрук як қисм тоҷирони беинсоф ба кишвар молҳои хӯрдание ворид месозанд, ки ба саломатии сокинони кишвар хатари ҷиддӣ доранд. Дар ҳақиқат, тавассути боркашонии тоҷирони худӣ маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта хеле зиёд вориди кишвар мегардад. Ҳоло дар мағозаю дӯконҳои хӯрданифурӯшӣ ин гуна молҳоро фаровон дарёфтан мумкин, ки аксар истеҳсоли
соҳиб шудам. Соли 2013 дар озмуни “Беҳтарин табиби сол”, ки ҳафтаномаи “Оила” эълон карда буд, ғолиб омадам. Дар ҳамин сол соҳиби ифтихорномаи “Ассотсиатсияи табибони халқии Тоҷикистон” ва “Духовная медицина России” гардидам. Дар хона 3860 китоб дорам, ки пайваста мехонаму меомӯзам. - Ба хонандагон чӣ гуфтан мехоҳед? - Чӣ хеле ки дар боло зикр кардем, Ватани азизи мо дорои гулу гиёҳ ва буттаҳои зиёди табобатист. Вобаста ба ин олимони зиёд ва гиёҳшиносони шинохтаи кишвар, аз ҷумла Мақсуд Ҳоҷиматов, Ҷаҳони Азонзод, Юсуф Нуралиев, Ташрифзода, Саидҷон Нодирӣ ва дигарон бисёр гуфтаанду навиштаанд. Ҳамзамон, мехостам мутахассисони хуби тибби халқӣ дар ҳама ноҳияҳо шогирд тайёр кунанд. Барои ин онҳо бояд ба ноҳияҳо рафта, оид ба гулу гиёҳҳои шифобахш, тарзи ҷамъоварӣ ва нигоҳдориашон вохӯрӣ ва суҳбатҳо ороянд, то мардум аз ин ганҷҳои бебаҳои кишвари биҳиштосо бебаҳра намонанд. Устод Қутбӣ Киром фармуда: Намегирам дусад Руму Вашингтон, Ба як санги сиёҳи Тоҷикистон.
рид шудани молҳои пастсифат ва паст нишон додани арзиши молҳои гуногун мусоидат менамоянд. - Масалан, баъзе тоҷирони мо қолинҳоро чун макарон аз қайди гумрукӣ гузаронда, ба ин восита маблағи кам месупоранд. Бо ин амал ба буҷаи давлат зарари ҷиддӣ мерасонанд. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
Мувофиқи пешгӯии иқлимшиносон то соли 2050 мумкин аст, ки ҳарорати миёнаи солона дар ҷумҳурӣ 2 дараҷа боло равад. Гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво боиси босуръат обшавии пиряхҳо мегардад. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурии мо, ки 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар он фароҳам меояд, бунёди нерӯгоҳи обии “Роғун” ба нафъи тамоми минтақа хоҳад буд. Тавре Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, коршиносони байналмилалӣ аҳамияти экологӣ доштани бунёди ин нерӯгоҳро тасдиқ намудаанд. Имрӯз, ки гармшавии иқлим ба проблемаи умумибашарӣ табдил ёфтааст, бунёди нерӯгоҳи мазкур дар идораю тақсими захираҳои об ва кам кардани осебпазирӣ аз тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад. - Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 542 намунаи обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва 340 намунаи обпартовҳои саноатию маишӣ, 283 манбаъҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосферӣ, 167 намунаи хоки замин ташхис гардида, дар 241 нуқта дараҷаи радиатсия чен карда шуд, - гуфт Хайрулло Ибодзода. – Натиҷаи ташхисҳои лаборатории гузаронидашуда дар минтақаҳои табиӣ, аз қабили ҳавои атмосфера, объектҳои обӣ ва хок бори дигар собит сохтанд, ки дар
умум ҳолати экологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муътадил мебошанд. Солҳои охир гузаронидани аксияҳои экологӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар нимсолаи аввали соли равон бо мақсади пешгирӣ намудани ифлосшавии манбаъҳои об ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, аксияҳои ҷумҳуриявии “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳҳо” гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 175,5 ҳазор нафар табақаҳои гуногуни аҳолӣ, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаҳо иштирок намуданд. Имсол дар самти обуҳавошиносӣ пешгӯии саривақтии маълумот таъмин гардида, 181 пешгӯии шабонарӯзӣ тартиб дода шуд, ки дурустии он ба 86% баробар гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 5% зиёд мебошад. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Ҷавонӣ давраи дурахшон аст Ҷавонӣ давраи омӯзиш, саъю кӯшиш ва гузоштани нахустин хиштҳои ояндаи дурахшони ҳар як шахс мебошад. Дар ин давра инсон метавонад тавассути ҷидду ҷаҳд ва иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар омӯхта, барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад. Инчунин, ин давра айёми шӯру шавқ ва бетаҷрибагии инсон аст. Гоҳо аз сари беандешагӣ ва саҳлангорӣ ҷавонон ба роҳҳое мераванд ва аз худ амалҳое содир мекунанд, ки ғайриқобили қабул аст. Мутаассифона, имрӯзҳо намунаи ин гуфтаҳоро дар ҷавононамон бештар мушоҳида мекунем. Ҷавонони бемақсаду маром зиёданд ва нерӯи худро самаранок истифода намебаранд. Дар натиҷаи чунин ҳаёти бесару сомон ва аз сари ғафлат ба гирдоби ҷаҳолату парешонӣ афтида, аз муқаддасоти миллӣ–маънавии хеш дур мемонанд. Масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон аз қадим то имрӯз вазифаи муҳиму аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Маҳз ҷавонони соҳибилму бомаърифат, ки арзишҳои миллӣ-маънавиро шинохта ва қадр кардаанд, ояндаи умедбахши давлату миллат шуда метавонанд. Вагарна бо бегонапарастӣ ва носипосӣ ба фарҳангу арзишҳои муқаддаси миллати худ наметавон ҷавононро ояндаи миллат хонд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёмаш бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе ҷавонон ба ҷойи сайъу талоши фаъолона дар роҳи илму донишомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар ва ширкат дар корҳои ободониву созандагӣ ба амалҳои номатлуб даст зада истодаанд. Роҳбари давлат таъкид кард, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад. Албатта, омилҳои гуногуне мавҷуданд, ки хуб ё бад шакл гирифтани одобу ахлоқи ҷавонон ба онҳо вобаста аст. Барои мисол, оиларо мактаби нахустини ҳар як фард меноманд. Маҳз дар он шахс аз ҷиҳати моддию маънавӣ рушд меёбад. Тифли навзод монанди коғази сафеди холиест, ки волидон аввалин сатрҳоро дар он дарҷ мекунанд. Ҳатто Ибни Сино, ки тамоми олам бузургияшро эътироф мекунанд, таъкид медорад, ки тарбияи фарзанд аз батни модар оғоз мегардад. Ба ақидаи равоншинос Маҳмадулло Давлатов бошад “кӯдак дар оила мисли талабаи мактаб аст ва талаба аз ҳама бештар дарсро аз дидаву шунидаҳояш меомӯзад. Пас, аҳли хонадон ҳар гуна, ки тарбия ёфтани кӯдакро мехоста бошанд, худашон ҳамон гуна рафтор бояд кунанд”. Дар баробари ин, волидон мавзӯи тарбияи фарзандро бояд ҳамчун илм омӯхта, мувофиқи сини сол ба мушкилиҳои пешомадаи ҷавонон ёрӣ расонанд. Яъне, камтарин саҳлангорӣ дар тарбияи фарзандон метавонад дар оянда, ки онҳо калону шахси болиғ мешаванд, таъсир расонад. Агар дуруст тарбия ёбанд рафторашон ҳам дуруст, вале агар дар тарбияашон беаҳамиятӣ сурат бигирад, минбаъд онҳо ашхоси ахлоқашон вайрон дар ҷомеа зуҳур мекунанд. Дар рушди ахлоқии шахс омили дигар мактаб аст, ки нақш мегузорад. Мактаб метавонад истеъдоду лаёқати ҷавононро сайқал дода, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Яъне, ҳамин гуна як бартарӣ ё имтиёз доранд макотиб. Аммо баъзан аз номуътадил будани вазъи иқтисодӣ муаллим наметавонад бо хонанда ба таври бояду шояд машғул шавад. Зимнан, бояд гуфт ,ки чорабиниҳову маҳфилҳои мактабӣ бояд танҳо аз рақсу сурудхониҳо иборат набошанд, балки маҳфилҳое бояд доир гардад, ки таваҷҷуҳи хонандаҳоро ба илму донишомӯзӣ ва ҳурмати калонсолону эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бештар намояд. Як ҷанбаи манфии ҷаҳонишавӣ ин аст, ки омехташавии фарҳангҳо ба вуҷуд омада, ҷавонон қисман ё комилан таҳти арзишу фарҳанги ғайр ба камол мерасанд. Аз он ки мо наметавонем аз таҳдиди ҷаҳонишавӣ эмин бошем, пас зарур аст, ки оилаву мактаб ҷиддӣ кор кунанд, то тавонанд дар зеҳну шуури ҳар як хонанда, ҳар як ҷавон ва ниҳоят ҳар як фарди ҷомеа муҳаббат ба диёри азиз, ба Ватан ва арзишҳои муқаддаси онро бедор намоянд. Агар волидон, мураббиён, масъулини соҳа ва умуман ҳар як шаҳрванди ҷомеа барои хубу хушахлоқ ва намунавию ба халқу миллат лозим тарбия ёфтани ҷавонон заҳмат накашанд, наметавон ояндаи ҷавононро дурахшон номид. Саидмуъмин МАРДОНОВ, аспиранти ДМТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
Донишманд будани зан – наҷоти ҷомеа Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ гирифтори ҳодисаву рӯйдодҳои бузурги маънавию сиёсӣ ва инсоният дар гӯшаҳои гуногуни дунё дучори қаҳтӣ, ҷаҳолату бесаводӣ аст. Масалан, дар ҳамин шабу рӯз аз ҷумҳурии мо ҳудуди 400 нафар ҷавон дар ҷангҳои давлатҳои Сурияву Ироқ иштирок доранд ва ифтихор ҳам мекунанд. Бештари онҳо бинобар надоштани саводи кофӣ ва паст будани тафаккуру ҷаҳонбинӣ фирефта шуда, бархе побанди нафс гардида, ба он ҷойҳо афтодаанд. Мутассифона, ин ҷавонон баробари он ки барои волидон ва пайвандонашон ғуссаву ғам “ато” кардаанд, боз барои давлату миллати худ доғи сиёҳ шудаанд.
Вале бо вуҷуди ҳамин ҳодисаҳои номатлуб баъзан руйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки лоиқи дастгириву шоёни таҳсинанд. Аз ҷумла, иқдоми Муборак Рустамзода, духтари тоҷик дар хусуси ҷалби духтарон ба таҳсил, ки ахиран аз ҷониби СММ “Малолаи тоҷик” ном гирифт. М. Рустамзода бо бесаводӣ, хусусан, бо он ки баъзе волидон иҷозат намедиҳанд, духтаронашон дар мактаби олӣ таҳсил намоянд, мубориза бурда, бо роҳи суҳбат ва фаҳмондадиҳӣ бо волидонашон таҳсили чанд духтарро дар донишгоҳҳо ба роҳ мондааст. Хоса, духтарони деҳотро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ва касбӣ ҷалб намуда, ин корро идомаву тақвият доданист. Ӯ ин иқдоми наҷибро ҳанӯз пас аз хатми мактаби миёна оғоз намуда,
чанд нафари фориғ аз таҳсилро ба мактабҳо ҷалб намудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки кишварҳои дорои фарҳангу маънавиёти баланд ва афроди донову соҳибмаърифат ба пешрафти иқтисодӣ ба осонӣ ноил мегарданд. Дар баробари ин, ҳар кишваре, ки сатҳи саводнокии мардумаш паст аст, пайваста дар банди фақру нодорӣ мемонад. Мардумашро бошад, дигарон мефиребанд. Аз ин ҷиҳат, бисёр зарур аст, ки духтарони ҷавон соҳиби донишу малака бошанд... Муборак ба як масъалаи муҳими ҷомеа таваҷҷуҳ кардааст. Зеро донишманду соҳибмаълумот будани духтарон боис мегардад, ки зиндагии осоишта дошта бошанд. Боз маълумотнок будани занону духтарон боис мегардад, ки ҷомеа аз вартаи бесаводиву
қашшоқӣ берун шавад. Чаро ки зани бомаърифату донишманд ҳадди ақал метавонад тифлашро дуруст тарбия намояд. Метавонад ҷое кору фаъолият кунад ва зиндагиашро пеш барад. Илова бар ин, агар ҷавондухтарон соҳиби маълумот набошанд, аз ҳуқуқҳояшон ҳимоя карда наметавонанд. Беҳуқуқии занон масъалаи дигар аст ва чандин мушкилиҳои дигар ҳам бар асари ҳуқуқҳояшонро надонистани занон сар мезанад. Бинобар ин, месазад иқдоми “Малолаи тоҷик”-ро дастгирӣ кард ва зани тоҷикро аз ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон ба таҳсил ҷалб намуд, то ояндаи мову ҷомеаи мо рӯшан бошад. Манижа НИЁЗОВА, таҷрибаомӯзи “ҶТ”
Илму дин мисли ду боланд Илм ва дин ҳар ду ҳам дар ҷомеа таъсир доранд. Ҷомеаи аз илм дур ва ноогоҳу бехабар ҳамеша дар торикист. Шахси бе илм мудом гирифтори вартаи нодонист ва пайваста аз ҷониби дигарон фиреб мехӯраду роҳгум мезанад. Яъне, илм барои инсон ба масобаи чароғ ва раҳнамое хизмат мекунад. Нафари соҳибилм ҳеҷ набошад, хубу бадро фарқ карда метавонад. Кадом кор барои вай зарарнок асту кадомаш не, медонад. Ҷомеае, ки мардумаш аз илму маърифат бархурдор аст, ҷомеаи пешрафтаву мутараққист. Дар навбати худ илмро бе дин намешавад тасаввур кард, чунки онҳо мисли ду боланд. Яке бе дигаре ноқису нопурра мемонад. Зимнан, бовар ё эътиқод доштан ба чизе яке аз ниёзҳои фитрии инсон аст. Инсон ҳатман ба чизе бовар кардан мехоҳад. Ин эътиқод рафтору хислати касро ҳам муайян мекунад. Аз он ҷо ки дин насиҳат аст, пас, инсони диндор ё эътиқодманд шахси аз насиҳат баҳравар мебошад. Шахсе, ки на бар зарари дигарон, балки ба фоидаи эшон муносибат мекунад. Динҳо чандто мебошанд, чунончи дини яҳудӣ, насронӣ ва ислом. Албатта, ҳар як дин дар замони муайяне машруият дошт, вале Худованди муттаол дар “Қуръон”-и карим афзалият ва бартарии дини
исломро зикр кардааст. Чунончи, дар ояти 19 сураи «Оли Имрон» мефармояд: “Иннад дийна ъиндал лоҳи ислом”. (Дар назди Аллоҳ дини ягона ислом аст). Инчунин, тибқи фармудаи дини ислом «талаб намудани илм ба ҳар як мард ва зани мусулмон фарз аст». Бахусус, бояд занон илмро зиёдтар омӯзанд, чунки бузургон гуфтаанд: «Агар як мард омӯхту ислоҳ шуд, худи ӯ ислоҳ шавад ва агар як зан омӯхту ислоҳ шуд, ҷомеа ислоҳ мешавад». Ҳар фарде, ки илму динро баробар меомӯзад, маҳол аст, ки ба бадахлоқӣ роҳ диҳад. Илм ба танҳоӣ ҷомеаро ислоҳ карда наметавонад. Дин ҳам дар алоҳидагӣ ҷомеаро ба ислоҳ дароварданаш мушкил. Пас, онҳо мисли ду боланд, ки бе якдигар тасаввур намешаванд. Гулнозаи САЙМУХТОР, донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон
11
ВАРЗИШ
Тими мунтахаби ҷавонон дар Душанбе машқ мекунад Тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар оид ба футбол ҷамъомади таълимию машқии худро дар Душанбе оғоз намуд.
Бозии байни “Истиқлол” – “Паҳанг”-ро мутахассисони урдунӣ ҳакамӣ мекунанд Бозии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015 миёни қаҳрамони секаратаи кишвар “Истиқлол”-и Душанбе бо “Паҳанг”-и Малайзияро ҳайати доварон аз Урдун ҳакамӣ мекунанд. Сардоварӣ бозӣ Адҳам Муҳаммад Тумах Маҳадмеҳи 29-сола аст, ки аз соли 2013 рефери FIFA мебошад. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш, ёварони рефери FIFA Аҳмад Моаннеси 36-сола ва Файсал Муҳаммад Ав-
вал Швайри 44-сола кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётии бозӣ, рефери 30-солаи FIFA Аҳмад Яқуб Иброҳим таъин шудааст. Нозири доварон Ҳусайн Гхадханферӣ аз Кувайт ва комиссари бозӣ Сувакумар аз Сингапур мебошанд.
Ба иттилои менеҷери даста Меҳроҷиддин Холов, ҷамъомади таълимию машқии даста то 17 июл идома ёфта, дар ин давра як бозии санҷишӣ доир мешавад. Оид ба баргузории бозии санҷишӣ роҳбарияти даста бо чемпиони феълии кишвар “Истиқлол”-и пойтахт ба муфоқа расиданд. Бозӣ 16 июл баргузор мегардад. Тими мунтахаби ҷавонони кишвар моҳи октябри соли ҷорӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2016 ширкат мекунад. Даста дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои ҷавонони Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Малдив (6 октябр) барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ рақобат мекунад. Марҳилаи интихобии гурӯҳи “F” дар Душанбе доир мегардад. Ба марҳилаи ниҳоӣ, соли оянда дар Баҳрайн, ғолибони ҳамаи 10 гурӯҳ ва 5 дастаи ҷои дуюм, ки нишондиҳандаҳои баланд доранд, роҳхат мегиранд.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар, ки ба ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ даъват шудаанд: Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев, Шаҳром Исмоилов, Муродулло Саидов (ҳама аз «Вахш»). Муҳофизон: Алишер Сафаров, Наврӯз Абдул («Истиқлол»), Сироҷиддин Гулмуродов, Абубакр Азимов, Табрези Давлатмир, Алишер Баротов, Фирӯз Ризомов, Қувватбек Равшанбеков («Вахш»). Ниммуҳофизон: Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Худойдод Узоқов, Мунир Давлатбеков, Отабек Каримов («Вахш»). Ҳамлагарон: Муҳаммадҷон Шарифов, Саидҷон Шарифов, Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Ҳиматулло Малодӯстов («Барқи тоҷик»), Суннатулло Холов («Равшан»), Рустам Толибов (КМВА «Помир»).
Ёдрас мекунем, ки бозии якуми марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015 байни “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Паҳанг”-и Малайзия 26 август, соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир мегардад.
Даври дуюми санҷиш барои Парвиз Муртазоев Рефери FIFA аз Душанбе Парвиз Муртазоев барои шомил шудан ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё даври дуюми санҷишро мегузарад. Ин маротиба доварии Муртазоевро рекрутори КФО Аскари Милаҷерди Ҳусайн аз Эрон назорат мекунад. Рекрутори эронӣ ҳакамии довари моро дар бозии даври ёздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни “Истиқлол”-и пойтахт ва “Хайр”-и Ваҳдат, ки 9 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир мешавад, назорат хоҳад кард. Дар баробари кори доварӣ дар майдон, аз П. Муртазоев донистани забони англисӣ ва қоидаҳои бозии футбол ҳам пурсида мешавад. Даври аввали санҷиши рекруторӣ ҳакамии Парвиз Муртазоев дар бозии даври шашуми чемпионати Тоҷикистон байни “Барқи тоҷик” ва КМВА “Помир” (0:1), ки 17 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ баргузор гардида буд, аз ҷониби рекрутори КФО Али Аҳмад Ал-Траифӣ аз давлати Арабистони Саудӣ хуб баҳогузорӣ шуд. Барои шомил шудан ба рӯйхати доварони баргузидаи КФО Парвиз Муртазоев бояд аз се давраи санҷиш гузарад. Айни замон аз Тоҷикистон танҳо Баҳром Саъдуллоев аз Қӯрғонтеппа шомили ин рӯйхат мебошад. Доварони баргузидаи FIFA ҳуқуқи ҳакамӣ намудани мусобиқаҳои байналмилалии КФО ва FIFA-ро соҳиб мешаванд.
Барои ҳар инсон зарур аст, ки идеал ва ҳадаф дошта бошад, то зиндагиаш бемаром нагузарад. Чунки зиндагии бемақсад якранг аст ва кас аз он лаззат бурда наметавонад. Агар кас дар зиндагӣ мақсад дошта бошад ва пайи амалӣ гардидани он талош кунад, рӯзе ҳатман ба хостааш ноил мегардад. Махсусан, агар мо ҳадафу мақсадамонро аз кӯдакӣ муайян карда, то бузург шудан кӯшиш кунем, бовар ҳаст, муваффақ мешавем.
12
Тоҷикистон 9 зина поён шуд Тими миллии кишвар оид ба футбол дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) 9 зина поён рафта, дар байни 209 кишвар дар мақоми 148-ум қарор гирифтааст. Дар раддабандии қаблӣ Тоҷикистон дар зинаи 139-ум қарор дошт, вале нокомиҳои тими миллӣ дар бозиҳои охир боиси чунин уфти чашмрас дар ин раддабандӣ шудааст. Дар садри ҷадвали рейтинги FIFA Аргентина ҷой гирифт. Олмон ба ҷои дуюм фуромад. Белгия дар ҷои сеюм, Колумбия дар мақоми чорум ва Ҳолланд, ки аз Бразилия пеш гузашт, дар ҷои панҷум қарор доранд. Тими мунтахаби Чилӣ, ки ҳафтаи гузашта унвони Ҷоми футболи Амрикоро ба даст овард, мавқеи худро 8 зина беҳтар кард, вале ҳанӯз танҳо дар мақоми 11-ум қарор дорад. Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландтарро Украина (27-ум) ва Русия (28-ум) ба даст овардаанд. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон сеюм аст, чунки Қазоқистон дар зинаи 142, Туркманистон дар 152 ва Қирғизистон дар мақоми 157-ум ҷой гирифтаанд. Узбкеистон дар зинаи 75-ум қарор дорад. Рейтинги нави FIFA 6 август интишор мешавад.
Ӯ чемпиони ҷаҳон шуданист Аз шумори чунин нафарони соҳибмақсад ва орзупарвар Бахтиёр Саидов мебошад, ки бо вуҷуди наврас буданаш ба варзиш машғул аст ва нияти чемпиони ҷаҳон шудан дорад. Ӯ ҳамагӣ даҳсола аст. Ду сол пеш, яъне, дар 8-солагӣ бо хоҳиши худ ба толори варзишии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ омада, то ҳол ба варзиш машғул аст. Бахтиёр дар намуди гӯштини тарзи озод тамрин мекунад ва ба гуфтаи мураббиаш
Муҳаммадраҳим Каримзода варзишгари чолок аст. Ҳарчанд ин наврас аз мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо медали тилло ба Ватан баргашт, аммо ин барояш қонеъкунанда нест. Устоди Бахтиёр ҷоизадори ҷоми ҷаҳон мебошад. Ӯ мегӯяд, Бахтиёр дар назди худ мақсад гузоштааст, ки ба ҳар ҷое сафар намояд, бояд парчамбардори Тоҷикистон бошад ва нақша дорад, барандаи ҷоми ҷаҳон
гардад. Бахтиёр ҳамсолонашро ҳам даъват мекунад, ки ба варзиш машғул шаванд, то ҳаёташон якрангу бемақсад нагузарад. Умед дорем, ки Бахтиёр ба мақсадҳои дар пеши худ гузоштааш ноил гардида, шарафу номи кишвари маҳбубро баланд мебардорад. Марҷона ШАРИФОВА, таҷрибаомӯзи “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
Мутко президенти ИФР шуданист Виталий Мутко, варзиши спорти Русия аз омодагии худ барои муддаии президенти Иттиҳоди футболи Русия шудан хабар додааст. Ин тасмим дар пайи он гирифта шудааст, ки Дмитрий Медведев, раиси ҳукумати Русия 14 июл расман якҷоя кардани вазифаҳои вазири варзиш ва президенти ИФР-ро мумкин гардонд. Қаблан, Денис Рогачев, муовини раиси Кумитаи ҳуқуқии ИФР гуфта буд, номзадии Мутко аз сӯи 26 созмон пешниҳод шудааст, дар ҳоле ки аз номзадии Игор Лебедев ҳамагӣ ду созмон ҳимоят кардаанд. Ба қавли Рогачев, дар сурати интихоб шудани Мутко
ба ин мақом ӯ аз ИФР ҳақмузд намегирад. 7 июл чанде аз созмонҳои минтақавӣ, бо шумули Федератсияи футболи вилояти Волгоград номзадии Муткоро барои президентии ИФР пешниҳод карданд, аммо барои сабти ном розигии расмии ӯ муҳим аст. Номзади аввал ба ин мақом Игор Лебедев, муовини раиси Думаи давлатӣ буд. Номзадии ӯро Федератсияи футболи Смоленск пешниҳод кард. Ҳоло Валерий Газзаев, мутахассиси футбол низ гуфтааст, барои ин мансаб талош
хоҳад кард. Гуфта мешавад, агар Мутко номзад нашавад, бо эҳтимоли зиёд Сергей Анохина, роҳбари Федератсияи футболи Маскав ҳам барои курсии мазкур талош мекунад. Пешниҳоди номзадҳо то 27 июл идома мекунад. Интихоби президенти ИФР 2 сентябр дар Маскав сурат хоҳад гирифт. Муҳлати президентӣ дар иттиҳоди мазкур як сол аст. Мутко аз моҳи апрели соли 2005 то моҳи ноябри соли 2009 Иттиҳоди футболи Русияро роҳбарӣ кардааст.
“Ливерпул” барои Черишев 22 миллион фунт доданист
Русия дар нимфинали чемпионати Аврупо бо Юнон вомехӯрад
Клуби футболи “Ливерпул”-и Англия ба “Реал”-и Мадрид пешниҳод кардааст, ки барои гузариши Денис Черишев, нимҳимоятгари рус 22 миллион фунт медиҳад. Дар ин бора “Daily Mirror” хабар додааст.
Тими мунтахаби ҷавонони Русия оид ба футбол бори нахуст дар таърих ба даври нимниҳоии чемпионати Аврупо миёни бозингарони то 19-сола роҳхат гирифт.
Қаблан сармураббии нави “Реал” - Рафаэл Бенитес изҳор дошта буд, ки бозингари 24-соларо танҳо дар сурате раҳо мекунад,
ки ба ҷояш нафари арзанда пайдо шавад. Дар мавсими ҷорӣ Черишев дар ҳайати “Вилярреал” дар 40 бозӣ 7 гол зад.
Уилямс ҳамоно пешсаф аст
Футболбозони рус дар бозии сеюми даври гуруҳӣ бозиро бо тими наврасони Олмон мусовӣ (2:2) карда, дар гурӯҳи “В” мақоми аввалро соҳиб шуданд. Дар ин гурӯҳ ба ҷуз Олмон Испания ва Нидерланд буданд. Дар даври нимфиналӣ русҳо бо ҷавонони Юнон қувва меозмоянд. Дар бозии дигари нимниҳоӣ Испания ва Фаронса бозӣ мекунад. Ҳар дуи ин рақобат 16 июл баргузор мешавад.
Серена Уилямс мақомаш дар рейтинги Анҷумани занҳои теннисбоз (WTA)-ро ҳифз кард. Ӯ аз моҳи феврали соли 2013 дар садри рӯйхат қарор дорад. Дар рейтинги нави WTA, ки ахиран торнамои ин анҷуман нашр кард, Уилямс 13161 хол дорад. Мария Шараповаи рус бошад, бо 6490 хол ҷои дуюмро муаррифӣ мекунад. Ӯ дар рейтинги қаблӣ дар зинаи чорум буд. WTA рейтинги беҳтарин занҳои теннисбози сайёраро ҳар ҳафта нашр мекунад.
“МЮ” се бозингари нав “харид” Клуби “Манчестер Юнайтед”-и Англия давоми як ҳафта се футболбоз “харид”. Ахиран, ин бошгоҳ бо Морган Шнайдерлен, нимҳимоятгари пешини “Саутгемптон” шартнома баст. Ба иттилои “BBC Sport”, Шнайдерлени 25-сола аллакай муоинаи тиббиро анҷом дода, ояндаи наздик ба ҳайати даста мепайвандад. Маблағи ин шартнома 25 миллион фунт гуфта мешавад. Дар мавсими гузашта Шнайдерлен дар 30 бозӣ панҷ гол зада буд. Ӯ аз соли 2008 дар ҳайати “Саутгемптон” бозӣ мекунад. Ҳафтаи гузашта “МЮ” тимашро бо ду бозингари дигар комилтар кард. 10 июл клуб эълон кард, ки Маттео Дармиан, ҳимоятгари тими
мунтахаби Италияро аз “Торино” гирифтааст. Расонаҳо арзиши ин гузаришро 13 миллион фунт гуфтанд. Баъд аз як рӯз, 11 июл, “Юнайтед” аз “Бавария”-и Мюнхен Бастиан Швайнштайгерро харид. “Bild” гуфт, “МЮ” барои ин нимҳимоятгари 30сола ҳудуди 15 миллион фунт пардохт кардааст. Қаблан, бошгоҳи Англия Мемфис Депайи 21-солаи ҳолландиро аз “ПСВ” гирифт. Торнамои “Transfermarkt” арзиши ин гузаришро 19,25 миллион фунт гуфтааст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
Задухӯрди мухлисони футбол дар Босния Дар Босния дар пайи задухӯрди мухлисони футбол 27 нафар, бо шумули нуҳ пулис ҷароҳат бардоштаанд. Ин задухӯрд қабл аз оғози бозии тими “Сараево”-и Босния ва “Лех”-и Лаҳистон сар задааст.
Аршавин дар “Кубан” бозӣ мекунад Андрей Аршавин, бозингари собиқи “Зенит”-и Санкт-Петербург ба ҳайати “Кубан”-и Краснодар гузаштааст. Валерий Статсенко, сарвари кулли ин бошгоҳи футбол гуфтааст, бо Аршавин қарордоди яксола бастаанд. Андрейи 34-сола ба “Кубан” ба сифати “агенти озод” гузаштааст, зеро муҳлати қарордоди ӯ бо “Зенит” 30 июн ба охир расида буд. Расонаҳои варзишӣ мегӯянд, дар мавриди шартномаи Андрей Аршавин бо “Кубан” маълумоти аз ин бештар ироа нашудааст. Дар мавсими гузаштаи чемпионати Русия Аршавин дар 14 бозӣ ба майдон баромада, танҳо як гол зад. Ӯ се маротиба (солҳои 2007, 2012, 2015) ғолиби чемпионати Русия буда, дорандаи Ҷом ва Суперҷоми УЕФА дар соли 2008 аст. Аршавин дар мақоми нимҳимоятгар ба майдон мебарояд. Ӯ як замон бозингари “Арсенал”-и Лондон буд.
Ба иттилои “The Guardian”, табибон вазъи се тан аз захмиёнро вазнин арзёбӣ кардаанд. Манбаъ мегӯяд, бетартибиҳо шаби 14 июл дар назди меҳмонхонае шуруъ шудааст, ки мухлисони лаҳистонӣ иқомат мекарданд. Гуфта мешавад, меҳмонхона, қаҳвахона ва чанд нақлиёт аз ин задухӯрд зарар дидааст.
Чагаев - чемпиони доимии WBA Руслан Чагаеви ӯзбекистонӣ унвони чемпиони доимии ҷаҳон аз рӯи версияи Анҷумани ҷаҳонии бокс ё WBA дар вазни вазнинро ҳифз кард. Дар шаҳри Магдебурги Олмон ӯ Франческо Пянетии итолиёиро мағлуб сохт. Чагаев моҳи июли соли 21-тоаш тариқи нокаут аст. сипаришуда унвони мазкур- Дар ду бозӣ шикаст хӯрда, ро соҳиб шуд. Он замон дар як дидорро мусовӣ анҷом Грозний Фрес Окендои ам- додааст. Рақиби вай Пянети рикоиро шикаст дод. Ӯ дар 31 пирӯзӣ (17 нокаут), ду карйераи худ 34 маротиба мағлубият ва як мусовӣ додастболо шудааст, ки аз ин рад.
13
МАЪНАВИЁТ
ШИФО
Аз имтиҳони мактаби Рамазон гузаштед? 17 июл мардуми кишвар иди Фитрро таҷлил мекунанд. Ин ид ҳар сол якуми моҳи Шаввол, баъд аз поён ёфтани моҳи Рамазон баргузор мегардад. Моҳи Рамазон, ки рӯза доштани он барои мусулмони оқилу ба балоғатрасида фарз шудааст, беҳтарин фурсат барои поксозии нафс аз сифатҳои разила ва ахлоқи ношоям ба шумор меравад. Зеро рӯза доштан танҳо аз гурусна гаштану ташна мондан иборат набуда, бояд тамоми вуҷуди шахс рӯза бидорад. Ба гуфтаи Шайх Аттори Нишопурӣ: Ҳар узвро бидон, ки ба таҳқиқ рӯзаест, То рӯзаи ту рӯза бувад назди Кирдгор. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи вассаллам фармудаанд: “Рӯза танҳо ба маънои худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан набуда, балки иборат аз нигоҳ доштани нафс аз гуфтору кирдорҳои зишту беҳуда аст. Агар касе шуморо дар вақти рӯзадорӣ носазо гӯяд ва ё ғазаб кунад, дар ҷавоб гӯед: “Ман рӯзадорам!” (ва бо ту ҷангу ҷидол намекунам!)”. Дар маҷмуъ, моҳи мубораки Рамазон мисли як мактабест, ки ба мо дарси мустаҳкамии ирода, сабр, тандурустӣ, эҳсоси хайрхоҳӣ нисбат ба муҳтоҷон, покшавии ахлоқро медиҳад. Ҳар яки мо бояд ба худ савол диҳем, ки дар баробари рӯза доштан дар гармои зиёдтар аз 40 дараҷа, оё барои поксозии ахлоқ, аз ҷумла, худдорӣ аз дурӯғу ғайбат, дашному носазогӯӣ ва аъмоли ношоиста кӯшиш кардем? Имом Муслим (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳар касе ҳангоми рӯзадорӣ сухани дурӯғ ва аъмоли ношоистаро тарк накунад, Худованд ба гуруснагӣ ва ташнагии ӯ эҳтиёҷу ниёзе надорад”. Дар ҳадиси дигар он ҳазрат (с) чунин таъкид намудаанд: “Басо рӯзадорест, ки ғайри азоби гуруснагию ташнагӣ аз рӯзаи худ баҳрае намегирад. Инчунин, басо шабзиндадорест, ки аз шабзиндадориҳои худ ба ғайри бедорхобӣ самарае ҳосил намекунад”. Соли равон моҳи Рамазон ба дарозтарин рӯзҳои сол рост омад. Мусулмонони кишварамон 18 соат ба гуруснагиву ташнагӣ тоқат карда, рӯза доштанд. Акнун ҳар яки мо бояд пеши худ савол гузорем: оё 18 соат гуруснаву ташна гаштан душвор аст ё худдорӣ аз дурӯғу дашном? Наход
14
18 соат азоби гуруснагиву ташнагиро таҳаммул кунему забони худро аз фаҳшу дашном ва ғайбату дурӯғ нигоҳ дошта натавонем? Агар кӯшиш кунем, метавонем, зеро рӯза доштан ба мо мустаҳкамшавии иродаро ёд медиҳад, ки калиди муваффақиятҳост. Танҳо мо бояд назди худ вазифа гузорем, ки “аз дурӯғу фаҳшгӯӣ даст мекашам”. Бояд дар амал айёми рӯзадории мо аз берӯзагиамон фарқ кунад. Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Вақте рӯзадор ҳастӣ, кӯшиш намо, то чашму гӯшу забонат аз дурӯғу маъсият рӯза бидоранд. Аз озор додани ҳамсоя худдорӣ кун ва дар давоми рӯза бовиқору ботамкин бош! Бояд он рӯзе, ки рӯзадор ҳастӣ, аз рӯзе, ки рӯзадор нестӣ, фарқ дошта бошад”. Ҳамин тавр, рӯзадор забони худро аз гуфтани суханони ноҷоиз, монанди ғайбат, суханчинӣ, мазоҳҳои
гарм рӯза гирифтан аз кас матонат талаб мекунад. Аммо шарти қабули рӯзадорӣ чист? Чун дигар ибодатҳо шарти асосии рӯзадорӣ ихлос доштан ва ризои Худовандро дар мадди аввал гузоштан аст. Худованд рӯзаи бандагони тақводору некӯкорро мепазирад. Субҳи ид ғусл кардан, дандонҳоро мисвок намудан, либоси тоза пӯшидаву хушбӯӣ карда, ба намозгоҳ рафтан суннат аст. Аввали субҳ бо ширинӣ (хурмо, мавиз, мева) ифтор карда, садақаи фитрро ба фақирон дода (агар то ин дам надода бошад), сипас ба намозгоҳ бояд рафт. Рӯзи ид намунаи рӯзи қиёмат аст. Агар ба чашми ибрат назар кунем, мебинем, ки ашхоси доро либоси нав мепӯшанду ашхоси нодор либоси муқаррарӣ. Иддае савора ба намозгоҳ мераванду иддае пиёда. Баъзеҳо дар рӯзи ид ба хандаву хушҳолӣ машғуланду баъзеҳо ба ги-
Барги зуф бӯйи даҳонро нест мекунад Бисёриҳо аз бӯйи нохуши даҳонашон хиҷолат мекашанд. Ҳатто дар як шабонарӯз ду бор бо дандоншӯяк ва хамираи хушбӯй шустани дандонҳо низ кӯмак намерасонад. Дар ин ҳолат аз гиёҳҳо истифода бурдан ба манфиат аст. Як қошуқ барги зуфи майдакардашударо дар як истакон оби ширгарм даҳ дақиқа дам дода, онро дар даҳон 1-2 дақиқа нигоҳ доред. Ин амалро рӯзе ду бор ва шаб пеш аз хоб иҷро намоед. Як ҳафта барги зуф, як ҳафта пудина, як ҳафта ҷамбилак, як ҳафта бӯйимодарон ва як ҳафта чойкаҳак (заргулак, зверабой)-ро бо ин мақсад истифода баред. Ин ҷӯшобаҳо микробҳоро нобуд карда, бӯйи бади онро рафъ месозанд. Решаи дандонҳо пурқувват шуда, хунравии милкҳо низ кам мешавад. Ин гиёҳҳоро ҳамчун чой низ рӯзе 2-3-истаконӣ нӯшидан аз манфиат холӣ нест. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
фаҳшомез ва пургӯӣ ҳифз мекунад. Ин ба ӯ одат мешаваду минбаъд дар дигар моҳҳо низ забонашро зери назорат мегирад. Ҳамчунин, рӯзадор кӯшиш мекунад, то чашмонашро аз дидани чизҳои ҳаром ҳифз намуда, дар бештарин лаҳзаҳо чашмони худро ба тиловати “Қуръон” ва хондани китобҳои муфид машғул месозад. Рӯзаи дил он аст, ки рӯзадор фикру андешаашро ба сӯи некиҳо дошта бошад. Рӯзадори воқеӣ бояд ҳеҷ гоҳ дар бораи бадиҳо фикр накунад ва ба дигарон муҳаббату дӯстӣ варзад. Рӯзаи даст он аст, ки рӯзадор моли касеро ноҳақ ва бо фиребу дуздӣ аз худ накунаду касеро озор надиҳад. Вақте рӯзадор дасташро ба некиҳо одат кунонад, ҳатман дастгирии муҳтоҷон, афтодагону ҷабрдидагонро карда, хайру эҳсону хизмат ба ҷомеаро шиори худ месозад. Зеро медонад, ки ҳар некӣ гуноҳу хатои дар гузашта содирнамудаашро нобуд мекунад. Чунончӣ, Расули Худо (с) фармудаанд: “Некиҳо гуноҳонро маҳв месозанд”. Албатта 17-18 соат дар рӯзҳои
ряву ҳасрат. Ятимон мусибат доранду хешони фавтидагон кулфату надомат. Ба муносибати ид дар ҳар хонадон суфраи идона ороста мешавад. Аммо кӯшиш намоед, ки аз пурхӯрӣ ва омехта кардани ҳар гуна ғизо худро нигоҳ доред. Вагарна он фоидае, ки аз рӯзадории якмоҳа ҳосил шуда буд, бинобар пурхӯрӣ барбод меравад. Яъне, ҷилави нафсро гирифта, чашмро сер бояд нигоҳ дошт. Чунончӣ, Шайх Саъдӣ фармудааст: Рӯдаи танг ба як нони ҷавин пур гардад, Неъмати рӯи замин сер накунад дидаи танг. Айёми ид бо чеҳраи кушод ҳамдигарро муборакбод намудан, ба аёдати падару модар, хешовандон ва пирони барҷомонда рафтан савоб аст. Рӯзи ид, ки айёми иҷобати дуоҳост, баҳри тинҷиву осудагӣ ва пурфайзу бобаракат шудани кишварамон дуо бояд кард. Ҳоҷӣ Сайфиддини НАҶМИДДИН
Тухм хароб мекунад Муддати зиёд духтурон ба ин ақида буданд, ки зудзуд истеъмол кардани тухм ба саломатӣ зарар дорад. Тибқи яке аз назарҳо истеъмоли тухм сатҳи халестеринро баланд бардошта, сафедаи он ба организм хуб ҷалб намешавад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки дар асл овозаҳо оид ба зарар доштани тухм муболиға буда, рӯзе 1-2 дона тухм хӯрдан бештар фоида доштааст. Аз рӯи маълумоти сомонаи «medvesti.com» истеъмоли тухм бинобар доштани витаминҳои “А”, “Е”, “В12”, “В6” хатари сактаву инсултро паст мекунад. Дар таркиби тухм антиоксидантҳое мавҷуданд, ки ба организм дар ҳама синну сол зируранд. Моддаҳои мазкур ҳуҷайраҳоро аз равандҳои туршшавӣ ҳимоя карда, ҷавониро дурудароз нигоҳ медорад. Олимон тавсия медиҳанд, ки ба хотири ҳифзи шамоили зебо рӯзона якдонаӣ тухм бояд хӯрд. Зеро аминокислотаю сафедаҳои тухм ба сифати «масолеҳи сохтмонӣ»-и организм хизмат мекунанд. Колориянокии тухм чандон баланд нест, вале фоиданокиаш беҳамтост. Истеъмоли як дона тухм дар наҳорӣ колориянокии шаборӯзиро 400 килокалория кам мекунад. Дар сурати якҷоя кардани парҳези дуруст ва фаъолнокии ҷисмонӣ дар як моҳ метавон аз 1,5 кило вазни зиёдатӣ халос шуд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Танњо Љойи намоишдињии спектакл
Боксёр (тољикї)
Асбоби ѓаввосї
Ноњияи аз рўи ањолї 1-уми ЉТ
Ноутбуки майда
Бензинро аз он тайёр мекунанд
Таъна, сарзаниш
Шањр дар Гурљистон
Кўтоњшудаи номи Эдуард
Муќобили «наздик»
... Љоли, актрисаи амрикої
Дилбастагии марду зан
Муќобил
Бадан ... ву ишора
Номи кўтоњи ТВ «Бањористон»
Санги калони њамвор
Мурољиат ба мардон дар Эрон
Љойи кораш бозор ё маѓоза
Ин дарё ба бањри Арал мерезад
Номи пурраи Федя
Гиёњ, сабза Ќисса, њикоя
Дар дарси љуѓрофия лозим аст
Зуд, шитобон
Танќиди тамасхуромез
… Бобољон, шоири тољик
Зироатшинос
«ИМА» ба русї
Занбўр онро медињад
Ѓорат, талаю …
Навиштаљот, текст
«Надежда» ба тољикї
Устухонњои љуфти сина
Љавоби салом
Падар (лањља)
Дар он хун љорї аст
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015
Моеи сурх барои захмњо
Риоякунандаи рўза
... Зоњир, сарояндаи афѓон
Тарї Шери толеънома
Амири охирини Бухоро
Кўтоњшудаи номи Швартсеннегер
Њафтафањм, содда
Бомбаи …ї Касби Кова («Шоњнома»)
«... он турки шерозї ба даст орад дили моро»
Номи пурраи Володя
Хоки биёбон, ќум
…и Ѓафурї, сароянда
… Пулодова, овозхон
Гиёњи кўњии бањории хўрданї
Ширинии сафед
Иваз (лањљ.)
Њавас, таманно
Акаи Булўлак аз «Бузаки љингилапо»
Махлуќи афсонавї, дев
Дарранда, душмани мурѓњо Шеъргўи бо гул дар тўйњо
Падари гўсола
Касе медавад – даванда, касе мехўрад- ?
... Баччан, актёри њиндї
Ќисми поёнии пойи асп
Шоњ аз "Шоњнома"
Ансамбли секаса
Шакли дигари «не»
Паррандаи обї
… Баччан, Воњиди њаљми моеъњо актёри њиндї
Домани кўњ, талу теппањо
Болои торбанд гаштан
Хў, хислат
Тилло Дирами Тољикистони Шўравї
... Чехов, драматурги рус
Яке аз «з»-њои алифбои форсї
Собиќ президенти ИМА
Барои бањогузорї дар мактаб
… Шералї, шоир
Ситораи мусиќии љањонї … Иглесиас
Њарфи 16-уми алифбои арабї
Лалмї не
Ќош
Миллати сокинони Ашќобод
Муќобили «рафта»
... Абдуллоев, сарояндаи тољик
Даврашакл
Мўъмин …, шоири тољик
…и Зар, овозхон
Доимї, љовидонї
Кайфу сафо …у ишрат
Самбочї ё дзюдочї
15
АНДАРЗ
Баргҳо
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ Марде, ки субҳ ба беморхона рафта буд, хеле маъюс ба хона бармегардад. Занаш мепурсад: - Чӣ шуд? - Духтур ба ман дору дода гуфт, акнун тамоми умр бояд ин доруро истеъмол кунӣ. - Баъд, ин чӣ ҷои нигаронӣ дорад? - Нигаронӣ ҳамин ки ӯ ба ман ҳамагӣ 7 дона дору дод.
Се ҳафта мешавад, ки дар ошёнаи сеюми шуъбаи онкологии беморхона, дар ҳуҷраи 33, ҷавонзане бо номи Марям табобат мегирад. Ин ҷо беморон бо саратон дастбагиребонанд. Ҳуҷраҳои саратон бошанд, девонавор ва беисту бенизом ба шуши беморон ҳамла мекунанд.
Дар шабҳои бехобии тӯлонии беморхона гоҳо модараш ӯро ҳамроҳӣ мекунад, баъзан хоҳараш ва аҳёнан шавҳараш. Вале ҳеҷ кадоме аз онҳо дар пайдо кардани ҷавоб ба саволҳои бешуморе, ки вуҷудашро ранҷ медиҳанд, ҳамроҳ шуда наметавонанд. Марям мефаҳмад, ки поёни умраш наздик аст. Бо вуҷуди ин, ба худ дар даҳони аждаҳои вақт тасаллӣ меҷӯяд. Аёдаткунандагон барои тасаллои дилаш гулҳои рангоранги хушбӯ меоранд, аммо ҳеҷ яке аз он гулҳо ба дили дардманди Марям тасалло намешаванд. Ҳарчанд гулҳоро дӯст медошт, аз дидани онҳо ҳузуру ҳаловат меёфт, ҳоло на садбарги сурхаш мефориду на бобунаву ёсуман. Дар муқобили ҷисми беҳол, чеҳраи пажмурдаву ранги заъфарони Марям садбаргҳои тару тоза чун таззоданд. Рӯзе ба аёдати вай як дӯсташ аз роҳи дур омад. Аммо баракси дигар аёдаткунандаҳо гул не, балки як қабза баргҳои сабзи дарахтони гуногунро овард. Баракси гулҳо Марям баргҳои овардаи дугонаашро бӯй мекашад, тамошо мекунад, ламс менамояд... Баргҳо мавҷудеро тамсил мекунанд, ки аз шохи дарахт ҷудо шуда бошанд ҳам, ҳоло ҳам зиндаанд, сабзанд. Туфайли баргҳо дарк мекунад, ки марг ҳам чандон чизи бад нест. Вай бори аввал каме ҳузур ва тасаллӣ меёбад. “Агар баргҳо, ки ҳукми маргро доранд, ин қадар зебо бошанд, пас, наход худи марг ба андозаи баргҳо зебо набошад?” - суол медиҳад ба худ Марям... ...Ҷавонзан ба ҳузури духтур омада, шикоят мекунад, ки торафт фарбеҳ мешавад. Талаб мекунад, ки ба вай роҳи хароб шуданро тавсия диҳад. Духтур ҳама ҳарфҳои ӯро, ки аз тезу босуръат гап заданаш, гумон мекардӣ, ба куҷое шитоб дорад, гӯш мекунад. - Вазнатон чӣ қадар аст? - мепурсад духтур. - 90 кило. - Дишаб пеш аз хоб чӣ хӯрда будед? - Мандарин. - Чӣ гуна хӯрдед? - Мисли дигарон. Гирифтаму пуст кандаму хӯрдам. Духтур бо шитоб гап задани ӯро дида, хулоса кард, ки ҷавонзан яқин хӯрокро ҳам босуръат мехӯрад. Ӯ тасаввур мекард, ки чи гуна вай мандаринро саросема пуст канда, ба даҳон мепартояд ва шояд зинда фурӯ меба-
***
Аз ёддошти профессор: “Дар ҷавонӣ одам вақти худро сарф мекунад, то пулашро зиёд кунад, дар пирӣ пулро барои он сарф мекунад, ки умрашро зиёдтар кунад”.
ЭЪЛОН ЭЪТИБОР НАДОРАД
Шаҳодатномаи гумшудаи №0211209, ки Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ 26 декабри соли 2012 ба Кооперативи истеҳсолии “Одинаи Ёр” (РЯМ 2110004435) додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №136760, ки МТМУ №11-и ноҳияи Қубодиён соли 1988 ба Астанақулов Расул Бобоқулович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №0214321, ки МТМУ №23-и ноҳияи Қубодиён соли 2008 ба Сафарова Фарида Абдусаломовна додааст, эътибор надорад.
рад. - Охир, мандаринро ин тавр намехӯрандку, - мегӯяд духтур. Ҷавонзан ба рӯйи духтур бо ҳайрат менигарад, мазмун: “ту аз сайёраи дигар ҳастӣ?” Духтур идома медиҳад: - Мандаринро аввал дуру дароз тамошо мекунед. Пасон, бӯй мекашед. Сипас, ламс менамоед. Вале дарҳол намехӯред. Боз тамошо мекунед. Бӯй мекашед. Ламс менамоед. Ҳамин тавр, 15 дақиқа бо мандарин робита барқарор мекунед... Ҷавонзан маслиҳати духтурро қабул мекунад. Чанд дафъаи дигар ҳам барои маслиҳатпурсӣ меояд... Бори охир дар суҳбати духтур нишаста, ба гап сар мекунад. Аз рафти табобат нақл мекунад. Духтур ҳам аз он ки бемор маслиҳатҳои ӯро як ба як риоя дорад, шод, ҳатто ҳайрон мешавад... Акнун ҷавонзан хӯрокро оҳиста мехӯрад, саросема нашуда. Вай акнун на танҳо мандарин, балки хӯрокро ҳам тамошо мекунад, бӯй мекашад, пасон ба хӯрдан мегузарад. Агар дар хона касе набошад, ҳама намуди хӯрданиро ҳамин хел тамошо мекунад, бӯй мекашад ва ба дасташ доштанӣ мешавад. Духтур нақли ҷавонзанро бодиққат гӯш мекунад, аммо мебинад, ки дар чеҳрааш ҳам осори шодӣ асту ҳам андӯҳ. Мефаҳмад, ки боиси шодияш маслиҳатҳои духтурро риоя карданаш аст. Аммо намедонад, ки чаро
маҳзун аст. Ҷавонзан ҳам фаҳмидагӣ барин ба сухан мепардозад: - Як дӯсти даврони донишҷӯиям ба бемории саратон гирифтор шуд. Ҳафтаи гузашта ба зиёраташ рафтам. Ҳавлии беморхона пур аз дарахтони сабз буд. Дар умрам бори аввал дуру дароз баргҳоро тамошо кардам. Бовар мекунед, онҳоро ҳатто бӯй ҳам кашидам. Ва бори аввал фикр кардам, ки чи қадар зебо офарида шудаанд. Пасон, як қабза ҷамъ овардаму ба дӯсти беморам - Марям бурдам... Ҷавонзан дуру дароз Марямро нақл мекунад. Духтур бо шавқи тамом гӯш мекунад. Шаб духтур аз шиддати шамол бедор мешавад. Дар ёдаш ҳоло ҳам нақли ҷавонзан аст. Марям ва баргҳоро тасаввур мекунад. Аз тиреза ба берун менигарад. Барги дарахтон ба чапу рост алвонҷ мехӯранд. Бархе аз шохаҳо канда, ба замин меафтанд. Ӯ дар дил ба ҷавонзан аҳсан мехонад. Аз марҳамати илоҳӣ ҳайрон мешавад. Ҳайрон мешавад аз он ки метавон тавассути баргҳо дили бемори маҳзунеро тасаллӣ бахшид... Марям се рӯз баъд аз аёдати дӯсташ, ки ба вай як қабза барг оварда буд, тарки дунё мекунад. Ӯ дар қабзааш баргҳо мефавтад. Пеш аз фавтидан бори охир баргҳоро тамошо мекунад, бӯй мекашад ва ламс менамояд. Ӯ мефавтад, вале ҳис мекунад, ки марг чандон чизи бад нест... Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
ҲАЙАТИ МУШОВАРА: САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
16
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Бунафша ОДИНАЕВА (муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Шаҳодатномаи гумшудаи №0077256, ки Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ 17 июни соли 2010 ба Кооперативи истеҳсолии “Мазоир” (РЯМ 2110002327) додааст, эътибор надорад. Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замин, дараҷаи А №0057698, ки 6 апрели соли 2014, таҳти рақами 714 ба хоҷагии деҳқонии “Ҳосилот” дода шуда, дар Кумитаи замини ноҳияи Қубодиён таҳти рақами 1114 ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи №0077336, ки Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ 27 июни соли 2010 ба Кооперативи истеҳсолии “Сарбанди Панҷ” (РЯМ 2110002657) додааст, эътибор надорад.
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Кооперативи истеҳсолии “Шодони Машҳур” (РЯМ2110004426), ки 25 декабри соли 2011 дар Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Кооперативи истеҳсолии “Бойназар” (РЯМ2110000640), ки 1 октябри соли 2009 дар Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7607 нусха ба нашр расид.
Умаралии САФАРАЛӢ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шӯъбаи • сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Манзумаи ФИРӮЗ, • Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигорон), Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд), Раҳим РАФИЕВ, (хабарнигор, Хатлон), Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган
ХУРСАНДҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).
Номаи камоли гумшудаи рақами А 309768, ки МТМУ №97-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соли 1988 ба Яқубова Фотима додааст, эътибор надорад.
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9402), 16 ИЮЛИ СОЛИ 2015