Ҷавонони Тоҷикистон, №28 (9454), 2016

Page 1

Ба Тоҷикистон гурӯҳҳои нави сайёҳон ворид мешаванд

Чӣ гуна аз бозбинии сиёсати хориҷии Туркия Исроил бурд мекунад?

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

1

 ОЛИМПИАДА - 2016

Рио-2016: аз кӣ медал интизор шавем?

 ҲАФТ РӮЗ 07.07.2016 Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ таҳти унвони «Файзи истиқлол», ки ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид. 08.07.2016 Дар ҷумҳурӣ бо доир кардани чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ Рӯзи байналмилалии маъюбон ва пиронсолон таҷлил гардид. 09.07.2016 Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ, аз ҷумла зикр кард, ки то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯзҳои башу-

мор боқӣ мондааст ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро зарур аст, ки омодагии ҷиддӣ дида, аёдати шахсони бемору барҷомондаро ба роҳ монанд ва ба оилаҳои камбизоату муҳтоҷ, маъюбону иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон кӯмакҳои моддию молиявӣ расонанд. 10.07.2016 Тими миллии Португал дар финали Ҷоми миллатҳои Аврупо дастаи мизбон – Фронсаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, аввалин бор қаҳрамони Аврупо шуд. Голро дар дақиқаи 109 Эдер зад. 11.07.2016 Бо фармон ва қарорҳои Президен-

ти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал омад. 12.07.2016 Дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва Қирғизистон (U-21) бозии рафиқона доир гашт. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№28 (9454), 14 июли соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 НАБЗИ ҶАҲОН

е-mail: javonontj@mail.ru

 ТУРИЗМ

13.07.2016 Мутахассиси 38-солаи серб Никола Лазаревич сармураббии нави дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Мубин Эргашевро иваз кард. Сармураббии собиқи дастаи “Хуҷанд” Нуъмонҷон Юсуфов ёрдамчии Лазаревич интихоб гардид.


е-mail: javonontj@mail.ru

2

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Ба Тоҷикистон гурӯҳҳои нави сайёҳон ворид мешаванд Дар нимсолаи якуми соли равон ба кишвар 209 ҳазору 511 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд, ки 163 ҳазору 988 нафарашон сайёҳ мебошанд. Ин нишодод нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 16723 нафар зиёд аст. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ иқтисодиёти мамлакат 81 миллиону 994 ҳазор доллари ШМА фоида дид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 361 ҳазору 500 доллар зиёд мебошад. Дар доираи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба содда кардани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат ва бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ барои будубоши бофароғат дар ҳудуди ҷумҳурӣ, тибқи пурсишҳо дар минтақаҳои туристӣ гурӯҳҳои нави сайёҳон ворид гар-

дида истодаанд. Ҳамзамон, иштирок дар намоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалии сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои туристии мамлакат боиси ҷалби бештари туристон ба кишвар гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита ва сохторҳои он дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, НТМ ва шаҳри Душанбе дар самти сайёҳӣ 439 чорабинӣ баргузор шуд. Дар ин давра 2 конфронси миллӣ, 2 намоишгоҳи байналмилалӣ, 156 суҳбату вохӯриҳо, 247 чорабинии гуногуни фарҳангӣ, тренинг ва семинарҳои омӯзишӣ доир гардиданд.

Маблағгузории соҳаи маориф 7,8% зиёд шуд Соли 2016 барои соҳаи маорифи мамлакат аз буҷети давлатии ҷумҳурӣ 3 млрд. 146 млн. 229 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2015 7,8% зиёд мебошад. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми мамлакат, дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар шаш моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 20 муассисаи таълимӣ барои 4643 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 116 млн. 761 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуда, инчунин тибқи нақша бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ 63 иншооти соҳаи маориф сохта мешавад.

Қонуншиканони танзим 887 760 сомонӣ ҷарима шуданд Дар шашмоҳаи аввали соли равон мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии ҷумҳурӣ 298 парванда оид ба вайрон намудани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиб дода шуда, 288 парванда баррасӣ гардиданд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ иброз дошт, ки кормандони Кумита рафти бештар аз 265 маърака ва маросимҳоро назорат намуда, беш аз 51 ҳолати қонуншиканиро ошкор намудаву вобаста ба он санадҳои дахлдор тартиб доданд: “Қонуншиканиҳо дар ВМКБ 11 адад, вилояти Хатлон 77 адад, вилояти Суғд 97 адад, шаҳри Душанбе 69 адад ва ШНТҶ 44 ададро ташкил дода, маблағи умумии ҷаримаҳо 887 ҳазору 760 сомониро ташкил медиҳад”. Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 49 ҳазору 296 маърака барпо гардид, ки бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арусӣ, чил ва сол беш аз 245 миллиону 562 ҳазор сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

«Сафина» тамошобинашро аз даст додааст Карим Азизов, муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки пас аз ба кор шуруъ намудани шабакаи телевизионии «Варзиш» то андозае тамошобини худро аз даст додаанд. - Аз вақте ки ТВ “Варзиш” ба кор шуруъ кард, пахши барномаҳои варзишӣ ва бозиҳои футбол дар дигар шабакаҳо манъ карда шуд. То ҳол ба мо занг зада пурсон мешаванд, ки фалон футболро намоиш медиҳем ё не. Мо барномаҳои хуби варзишӣ доштем. Ҳоло танҳо як барномаи варзишии “Гол” дорем, ки ҳар ҳафта як бор натиҷаи бозиҳои футболи дохилию ҷаҳониро шарҳ медиҳад, - гуфт. К. Азизов. Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ Идораи таҳияи филмҳо ва дубляжи ТВ “Сафина” силсилафилми бадеии “Духтарони гимнастбоз” (48 қисм), филмҳои бадеии “Коромӯз”, “Нисфи ғайриимкон” (2 қисм), “Падари кироя” (2 қисм)-ро ба тоҷикӣ тарҷума ва пешниҳоди бинандагон кардааст. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Усулҳои муосири пешгирии ифротгароии ҷавонон Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла, дар робита ба ҷалби ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ дахл карда гуфт, ки имрӯз таблиғгарони ДИИШ имкониятҳои бисёр васеъ доранд. Аз ҷумла, тариқи шабакаҳои интернетӣ маводи худро бо чанд забон паҳн мекунанд. Ҳамчунин бо додани маблағҳои ҳангуфт бо роҳҳои фиреб ҷавононро ба доми худ меандозанд.

www.javonon.tj

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

- ДИИШ барои ташкил кардани воҳидҳои худ танҳо дар ҳудуди Афғонистон 70 млн. доллари ИМА сарф кардааст. Ҳамаи ҳамин фаъолиятҳо нишон медиҳанд, ки бо роҳҳои классикӣ ё ин ки анъанавӣ имконияти пешгирии онҳоро ба даст оварда наметавонем, афзуд Х. Холиқназар. Мавсуф дар идома иброз дошт, ки барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мо пеш аз ҳама дар миёни ҷавонон корҳои таблиғотӣ гузаронем: “Яке аз роҳҳои пешгирии онҳо паҳн кардани варақа ва китобчаҳои

ДДОТ: ҳозиршавии 516 мутахассис ба ҷойи кор Аз 516 хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ танҳо 6 нафараш ба ҷои кори муайяншуда ҳозир нашуданд.

таблиғотӣ мебошад. Ман бо ҳамроҳии сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии марказ Абдуллоҳи Раҳнамо китобчаеро бо номи “Хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ чист?” аз чоп баровардем. Ин китобча симои аслии ДИИШ-ро нишон медиҳад. Ҳамин гуна китобчаҳо беҳтарин роҳи пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шуда метавонад”, - қайд кард ӯ.

Ректори донишгоҳ Носирҷон Салимӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, нисбат ба онҳо, ки аз буҷаи давлат таҳсил кардаанд, аризаҳои даъвоӣ ба судҳои шаҳру навоҳии маҳали зисташон фиристода шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки то 20 июни соли 2016 дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 5949 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 8469 нафар, ҷамъ 14418 нафар донишҷӯ ба қайд гирифта шудааст.

Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”


ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Гулбаҳор РАҲМОНОВА

Чаро аз танқид метарсед? Мунира АМИРХОНОВА, донишҷӯи ДДОТ: - Танқид бояд барои ислоҳ бошад ва танқиде, ки барои ислоҳ аст, ман аз он наметарсам. Ба назарам он нафароне аз танқид метарсанд, ки вазифаи бар дӯш доштаашонро ба таври бояд иҷро намекунанд. Ҳол он ки танқид ҳамеша роҳи ҳали корро нишон медиҳад. Аз танқиди созанда бошад, набояд тарсид, балки аз он танқиде бояд тарсид, ки олуда, балки саропо таҳқир аст.

Муҳаммадмусои ИДРИС, наттоқи ТВ “Ҷаҳоннамо”: - Ман танқидро қабул дорам, ба шарте ки шахси мунаққид худ сазовори танқид кардани дигарон бошад. Яъне бар пояе бошад, ки ҳарфи мунсифона бизанад. Масалан, шахсоне ҳастанд, ки дар ҳар соҳа аллакай ба дараҷаи устодӣ расидаанд, агар аз ҷониби ҳамин гуна шахсон танқид карда шавам, ҳатман ки онро на ҳамчун танқид қабул мекунам, балки аз пайи ислоҳи камбудиам мешавам.

Умедҷон АҲМАДЗОДА: муҳаррири идораи хабари ТВ “Варзиш”: - Аз танқид не, аз туҳмат бояд тарсид. Танқид, агар воқеъбинона бошад, пас набояд тарсид, балки аз пайи ислоҳи камбудӣ шуд. Танқид нафареро мекунанд, ки кадом кори боиллате анҷом додааст ва ё ноуҳдабароӣ кардааст, пас аз ин чӣ ҷои тарс? Ислоҳ бояд шуд, то касе дар шумо камбуд наёбад.

Фазлиддин АСОЗОДА, сармуҳарири ҳафтаномаи “Фараж”: - Агар танқид воқеӣ бошад, ягон зарра тарс надорам, аммо агар олудаи туҳмат бошад, тарсидан лозим. Дар умум, агар танқиди холис дар назар аст, онро бо ҷону дил қабул мекунам ва дарзамон аз пайи ислоҳи камбудиҳо мешавам. Ба танқиди туҳматомез нафрат дорам, метарсам, вале аз мунаққид ҳатман тақозо хоҳам кард, ки далел биёрад.

е-mail: javonontj@mail.ru

Танқид кардан аз ҷумлаи амалҳоест, ки ба нафси кас гарон омада, на барои ҳар нафар қобили таҳаммул аст. Бисёриҳо танқидро хуш надоранд ва намехоҳанд, ки дигарон дар бораашон андешаронӣ намуда, камбуд ё хатояшонро бигӯянд. Иддае ҳам ҳастанд, ки танқидро омили такомули худу хислату кору бори худ медонанд. Ин бор аз мусоҳибон пурсидем, ки:

3

Исматулло ХОЛОВ, корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Танқиде, ки ҳақиқӣ аст, набояд хотири моро озурда созад. Аммо дар назар бояд дошт, ки танқид бо таҳқир баъзан омехта мешавад, ки хислати душманона мегирад. “Дар Масҷиду дар Каъба ба дунболи ки ҳастӣ? Аввал ту бубин қалби касеро нашикастӣ?!” Аслан банда аз танқиде, ки дар хислату рафтори ман аз тарафи дӯстон мушоҳида шуда огоҳонида мешавад, филфавр аз пайи ислоҳ мешавам.

 НАБЗИ ҶАҲОН

Узри гарон

Ё чӣ гуна аз бозбинии сиёсати хориҷии Туркия Исроил бурд мекунад? Охири моҳи гузашта Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ирсоли баёнияе ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои зада афтондани ҳавопаймои русии СУ-24 расман узр пурсид. Ин узр ё бахшиш баъд аз он сурат гирифт, ки ба иқтисодиёти ду кишвар, хусусан Туркия хисороти ҷиддӣ расид. Дар пайи афтодани ҳавопаймо муносибати ду кишвар сард шуд. Сайёҳони русӣ аз сафар ба қаламрави Туркия худдорӣ карданд. Сохтори туризми Туркия аз коҳиши сайёҳон сахт зарар дид. Кормандони бахши сайёҳии ин кишвар бо баёнияҳои шадид амали ҳукуматашонро интиқод карданд. Ҷомеаи шаҳрвандии Туркия, алалхусус расонаҳои ахбор зиёд гуфтанд, ки қатъи равобит бо Русия кори оқилона нест. Вале барои узр пурсидан омилҳои дигаре ҳам боис гаштанд.

ҳам зичтар зери назорати НАТО қарор гирифт, ки низ ба фоидаи Исроил аст. Ин ҳама зина ба зина татбиқи Лоиҳаи Ховари Миёнаи Бузург аст, ки дар он Туркия нақши хоса дорад. Аз шартҳои лоиҳаи мазкур он буд, ки Исроил бояд ҳамчун меҳвари минтақа мустақар шавад ва Туркия бояд барои ин мусоидат ва кӯмак намояд. Зеро нақши Исроил ба ҳайси ғосиби заминҳои Фаластин вазъро дар минтақа торафт душвор сохта, ҷомеаи Ғарбро нороҳат ва нафратро нисбат ба яҳудиён шиддат мебахшад. Яке аз сабабҳои доман паҳн кардани терроризм ҳам ҳамин аст. Нақша чунин аст, ки ҳар ду кишвар - Туркия ва Исроил даст ба даст дода, мушкилоти Фаластинро ҳал мекунанд. Ба Туркия чунин нақш дар харитаи минтақа писанд омад. Вале аз хотир баровард, ки дар Ховари Миёна кишвари дигар - Ҷумҳурии Ислоии Эрон ҳам нуфузи назаррас дорад... Алҳол вазъ дар худи минтақаи Ховари Миёна моил ба тағйирёбӣ аст. Ин ки Туркия барин кишварҳо маҷбур мешаванд, сиёсати хориҷиашонро аз назар гузаронанд, табиист. Ин ҳоло аввали кор аст, чун дар Ховари Миёна дурнамои авзоъ чандон маълуму мушаххас нест. Вале, бегуфтугӯ, ҳар гардиш, ки дар сиёсатҳои хориҷиву дохилии давлатҳои минтақа сурат мегирад, ҳатман ба нафъи Исроил хоҳад буд. Кишварҳое чун Туркия бо роҳбарони духураашон ҳатман бохтҳои нав ба навро рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Б. УСМОН, “ҶТ”

www.javonon.tj

Ҳоло ҳар нафаре, ки авзои Ховари Миёнаро пайгирӣ мекунад мушоҳида кардааст, ки Туркия барои бозбинӣ кардани сиёсати хориҷиаш як қатор қарорҳои нав қабул кардааст. Аз мақоми сарвазир истеъфо додани Аҳмад Довудоғлу яке аз аввалин қадамҳо дар ин самт ба ҳисоб мерафт. Сипас, барои ҳамоҳангӣ бо давлати Исроил ва узрхоҳӣ аз Русия тасмим гирифта шуд. Аз Русия узр пурсидан маълум. Чун ҳукумати Туркия дигар чора надошт, аз ин беш бохтро таҳаммул кардан гарон буд. Вале ҳамоҳангӣ бо Исроил барои чӣ ё то ин вақт Туркияву Исроил ихтилоф доштанд? Бале, ҷомеаи байналмилалӣ борҳо шоҳиди он гаштааст, ки ҳукумати Туркия дар симои сарвазири собиқ ва президенти феълиаш Эрдуғон алайҳи давлати Исроил

бо баёнияҳои шадидуллаҳн баромад кардааст. Чунин "баромадҳо" алайҳи Исроил дар худи маҳфилҳои ҷомеаи шаҳрвандии Туркия ҳам борҳо аз номи сарвазир садо додааст. Ҳарчанд дар зоҳир ихтилофҳо вуҷуд дошт, масалан, парвози ҳавопаймоҳои низомии Исроил дар шаҳри Қуния қатъ гашта буд, вале муносибатҳои тиҷоратӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва ғайра миёни ду давлат дар сатҳи олӣ идома доштанд. (Маврид ба таъкид аст, ки дар шаҳри Қунияи Туркия майдони низомӣ ё тамрингоҳе мавҷуд аст, ки ҳавопаймоҳои низомии Исроил аз он ҷо ба Фаластин зарба мезананд. Ҳоло ин майдон аз нав дар ихтиёри Исроил аст). Ин тарзи муносибат, яъне бо Исроил худро дар бархурд нишон додан хоси тамоми ҳукуматҳои кишварҳои Ховари Миёна будааст. Онҳо барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ-сиёсӣ аз вазъи Фаластин дар минтақа сӯистифода кардаву то ҳол мекунанд. Чунин усулро ҳамаи шайхҳо, диктаторҳо ва автократҳо дар кишварҳои худ истифода мебаранд. Агар ба нутқу суханҳои шайхҳои Саъуд ва минтақаи Халиҷ, лидерҳои қораи Африқо гӯш диҳед мебинед, ки ҳамаи онҳо дар назди ҷомеа ва шаҳрвандони хеш бо шиддат аз Исроил интиқод мекунанд... Вақте кор ба ин ранг аст, (яъне вақте ки давлатҳо ба зоҳир амалҳои ғайриинсонии Исроилро алайҳи мардуми Фаластин интиқод карда, дар асл бо ин кишвар робитаи зич доранд), он бешубҳа ба нафъи Исроил аст. Аз ҳамин нуқтаи назар метавон гуфт, ҳоло Исроил даврони осоишта ва тиллоиро дар таърихи худ аз cap мегузаронад. Хатари бузургтарин барои ин давлат Сурия буд, ки ҳоло ба гирдоби мушкилоти худ ғарқ аст ва дигар барои Исроил дарди cap нахоҳад буд. Дар ин миён як давлати курдҳо ҳам шакл гирифтан дорад, ки ба фарёди Исроил «лаббай» мегӯяд. Ҷумҳурии Туркия


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

4

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Бо вуҷуди захираҳои бойи манбаи энергия пойгоҳи тавлиди неруи барқ дар Осиёи Марказӣ, кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Талабот ба нерӯи барқ дар ин ҳавза тибқи омори СММ танҳо 46 фоиз қонеъ мегардад. Аз ин рӯ барои рушди ин соҳа ва дастрасӣ ба неруи барқи сабз ҳамаи ин кишварҳо барнома ва пружаҳои калон матраҳ менамоянд. Алҳол дар минтақа Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи захираи обҳои муносиб ба тавлиди неруи барқ ва мавқеи ҷуғрофӣ дар ҷои аввал меистад. Бо ҳамин ҳадаф дар 12 соли охир ҳамаи лоиҳаҳо бо назардошти пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд. Яке аз лоиҳаҳои бузурги энергетикии қитъа хати интиқоли барқи CASA-1000 мебошад. Ҳангоми ифтитоҳи маросими оғози ин лоиҳа бо иштироки сарварони кишварҳои узв Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаро дастоварди баробари тамоми ширкатдорони лоиҳа номид. Талабот ва дараҷаи зарурати он асосан барои Покистон ва Афғонистон бештар аст. Камбуди нерӯи барқ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба зиёда аз 5000 мВт мерасад ва ин нишондиҳанда сол то сол боло рафта, аз рӯи пешгӯиҳои Вазорати энергетикаи Покистон дар соли 2030 ба 10 000 мВт мерасад. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кишвари дигари узви лоиҳа мебошад, ки камбуди нерӯи барқ дар он хеле назаррас аст. Афғонистон ба 750-800 мВт нерӯи барқ ниёз дорад ва ин нишондиҳанда аз рӯи пешгӯиҳои Вазорати энергетикаи Афғонистон то соли 2020 ба 1200-1300 мВт баробар хоҳад гашт.

Вобаста ба оғози бунёди лоиҳаи мазкур 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланд баргузор гардид, ки вазири энергетикаи Афғонистон изҳор намуд, кишвараш дар лоиҳаи мазкур на ҳамчун воридкунандаи нерӯи барқ, балки ҳамчун кишвари транзитӣ иштирок хоҳад кард. Далели чунин иқдомро вазири ин кишвар дар он овард, ки Афғонистон намеҳохад побанди кишварҳои Осиёи Марказӣ гардад ва нақша дорад, ки солҳои наздик ба истиқлолияти энергетикӣ расад. Аммо ин изҳороти

аз 700 мВт мебошад ва айни ҳол 75% талаботи худро низ ба воситаи нерӯи барқи аз берун воридшаванда таъмин менамояд. Ҳамчунин, қобили қайд аст, ки дар Ҷумҳурии Афғонистон нақшаи генералии рушди энергетикаи Афгонистон қабул гардидааст. Тибқи он, ки аз тарафи институтҳои байналмилалию молиявӣ дастгирӣ мешавад, пешбинӣ гардидааст, ки ба ҷуз аз иқтидорҳои дохилӣ лозим аст, ки аз системаи энергетикии Афғонистон, Узбекистон ва Туркманистон истифода шавад. Яъне,

маи энергетикии кишвар ба 15 млрд. кВт/соат баробар мегардад. Бинобар ин, сарфи назар аз он ки талабот ба қувваи барқ дар Покистон зиёд аст ва дар оянда шароит низ фароҳам мегардад, ки ба бозори энергетикии Ҳиндустон ва дигар кишварҳои минтақа нерӯи барқ содир кунем, мо бояд афзалиятро ба Афғонистон диҳем. Зеро дар ҳолати доштани саҳми арзанда дар бозори энергетикии ин кишвар то андозае ба бехатарии интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои сеюм таъсири мусбат мерасонад ва инчунин содир намудан ба Афғонистон

медиҳад, ки ғайриқаноатбахш аст. Аз ин лиҳоз бояд аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор барномаи мукаммали роҳ ёфтан ба бозори Афғонистон таҳия ва ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, бояд ба назар гирифт, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дорои захираи гази табиӣ мебошад, метавонад дар оянда бозорашро дар Тоҷикистон равнақ бахшад. Ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузошта хати лӯлаи гази Қарқудуқ-Мазори Шариф-Шерхон Бандар-Қумсангир кашида шуда буд. Ба тасарруфи бозори энер-

Рақобат дар бозори энергетикии Афғонистон Барои пайдо кардани мавқеъ дар он дер карда истодаем мансабдори Афғонистон афсона аст. Зеро барои истиқлолияти энергетикии Афғонистон, кишваре, ки танҳо 27 фоизи аҳолиаш бо нерӯи барқи доимӣ таъмин аст ва ду неругоҳи барқи обии камиқтидор дорад, муҳлати тулонӣ лозим аст. Дар Афғонистон як НБО бо иқтидори 42 мВт фаъол аст. Он

ҳ а м бо дастгирии Ҳиндустон дар муддати хеле тулонӣ сохта шуд. Ҳамчунин 2 зеристгоҳи барқӣ ва 3 лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба сохтмони НБО-ҳои хурду миёна бо иқтидори 150 мВт ба имзо расонида шуд. Бо назардошти ин ҳама кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар солҳои наздик имконнопазир аст. Чунки аҳолии ин кишвар хеле зиёд буда, айни ҳол танҳо 46% он ба нерӯи барқ дастрасӣ дорад ва талабот сол то сол зиёд мегардад. Бо назардошти иқтидорҳои мавҷуда дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон камбуди нерӯи барқ дар ҳаҷми зиёда

бартарӣ барои воридоти қувваи барқ дар Афғонистон ба ин кишварҳо дода мешавад, новобаста ба он ки қувваи барқи пешниҳоднамудаи ин кишварҳо ба маротиб аз қувваи барқи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон гаронтар мебошад (8-9

с е н ти ИМА аз Узбекистону Туркманистон, 3-3,5 сенти ИМА аз Тоҷикистон). Аз ин лиҳоз, муҳим иштирок кардан ё накардани Афғонистон дар лоиҳаи CASA-1000 нест, муҳим он аст, ки чаро бартарӣ дар Афғонистон, сарфи назар аз нарх, ба кишварҳои дар боло зикргардида дода мешавад. Афғонистон ҳамчун бозори муфиди ояндадори нерӯи барқ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад, зеро мутобиқи стратегия истеҳсоли қувваи барқ то соли 2030 бояд аз 17 ба 45 млрд. кВт/ соат расонида шавад. Аз рӯи пешгӯиҳои мутахассисон, ҳар сол талабот ба нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 1,6 % зиёд мегардад, яъне то соли 2030 талабот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ба 30 млрд. кВт/соат мерасад. Нерӯи барқи изофӣ дар систе-

чи аз лиҳози техникӣ-ҷуғрофӣ ва чи аз лиҳози иқтисодӣ барои мо осон ва арзон мебошад. Бинобар ин, мо бояд саҳми худро дар ин бозори ояндадор тақвият бахшем. Имрӯз ба Афғонистон Узбекистон зиёда аз 300 мВт нерӯи барқ содирот мекунад. Саҳми Туркманистон ҳам назаррас аст ва нақша дорад, ки дар солҳои наздик содироташро ба Афғонистон то 3 млрд. кВт/соат расонад. Ба ин кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан дар ҳаҷми 1,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол

гетикаи Афғонистон бахши соҳибкории миёна ва калонро низ бояд ҷалб кард. Таҷрибаи Ширкати «Памирэнерҷӣ» оид ба лоиҳаҳои хати барқи марзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба энергетика ва менеҷменти фурӯши нерӯи барқ васеъ паҳн гардад. Дар баробари тиҷорати нерӯи барқ Афғонистон барои мо бозори васеи нерӯи кориро боз мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони хуби соҳаи барқ дорад. Ҳамзамон дар Тоҷикистон яке аз марказҳои муҳими илмӣпажуҳишии Осиёи Марказӣ мавҷуд буда, ду донишгоҳи маъруфи политехникии тахассуси энергетикӣ дорад, ки соле то 300 нафар муҳандису менеҷерҳои бахши энергетикаро тайёр менамояд. Тибқи омор барои минтақа солона тахминан то 120 миллион метр кабел ва ноқилҳои калонҳаҷм зарур аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи КВД «Талко» ва се корхонаи тавлиди ноқилҳои барқию ду корхонаи трансформаторбарорӣ метавонад минтақаро бо таҷҳизоти хушсифт таъмин намояд. Ҳар рӯзи кашол додани иқдом дар бозори энергетикии Афонгонистон рақибони моро хушҳол месозад. Пушида нест, ки барои эҳёи иқтисоди Афғонистони ҷангзада СММ ва институтҳои молиявии байналмилалӣ маблағҳои калон ҷудо менамоянд. Аз ин рӯ, шитобем, то луқмаи моро аз даҳонамон нагиранд. Ҷаҳон Афрӯз ДАРИНГ, сардори Раёсати оянадбинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


РУШДИ САЙЁҲӢ

Рушди тиҷорати сайёҳии сокинон дар Ишкошим Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтаанд, аҳолии осоиштаро низ ба ин соҳа ҷалб намоянд, то аз имконоти мавҷудаи туризми дохилӣ васеъ истифода намоянд ва фоида ба даст оранд.

анъанаҳои бисёрии онҳо огоҳӣ пайдо кардем. Агарчи дар аввал ҳангоми муошират бо онҳо каму беш мушкилӣ доштем, ҳозир худам ва ҳам кӯдаконам забонҳои хориҷиро омӯхтем ва озодона бо шаҳрвандони хориҷӣ ҳарф мезанем. Дар вақтҳои холӣ маҳсулоти дастӣ тайёр мекунам. Сайёҳон чунин маҳсулотро қадр мекунанд ва дар баъзе мавридҳо бо нархи гарон мехаранд. Масалан,

5

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ ҳозир шумораи зиёди туристонро қабул намудем. Аксари онҳо аз тамошои Қалъаи Наматгут сар карда, то ба макони тупхонаи Ратм сайёҳатро давом медиҳанд. Воқеан солҳои пеш барои пазироии онҳо мушкилоти гуногун доштем. Аммо бо шарофати Истиқлолият шароити зиндагии мо ҳам беҳтар гардида, ҳоло аз қабули шаҳрвандони хориҷӣ манфиат мебинем, мегӯяд Ё. Муллоев. Мавриди зикр аст, ки шумораи зиёди сайёҳон, ки тариқи хатсайри Мурғоб - Харгӯшӣ - Лангар – Ишкошим сафар менамоянд, маҳз дар хонаи Ё. Муллоев истироҳат мекунанд. Саидбек Айдимамадов, сокини мавзеи Зонг, қаблан барои қабули меҳмонон дар хонааш ягон хел шароит надошт. Аммо баъдан хонаи бобоияшро

е-mail: javonontj@mail.ru

Хона-меҳмонхона фоида меорад

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Дар ин замина сокинони деҳоти дурдаст аз усулҳои гуногуни тиҷорати сайёҳӣ, мисли тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ, омода кардани савғотиҳои гуногун аз пашму мӯйина даромади хуб мегиранд. Ё хонаҳояшонро ҳамчун меҳмонхона дар ихтиёри сайёҳон гузошта, хизматрасониро дар онҳо мутобиқи талаботи мизоҷон ба роҳ мондаанд.

агар тоқӣ ё ҷӯроби помирӣ 50 сомонӣ арзиш дошта бошад, туристон онро 100 сомонӣ аз мо харидорӣ мекунанд. Барояшон маҳсулоти асили пашмин афзалияти бештар дорад”. Давлатхон Байрамбеков, сокини деҳаи Ҳисори ноҳияи мазкур, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ноҳиявӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ хонаи шахсии бадахшониро бо таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз намуда, ҳамчун меҳмонхона дар ихтиёри сайёҳон гузоштааст. Хонаи номбурда дорои ҳамаи шароитҳои истироҳатӣ буда, яке аз беҳтарин меҳмонхонаҳо дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим

ба ҳисоб меравад. Сайёҳон дар ин ҷо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро истеъмол мекунанд. Ба гуфтаи Д. Байрамбеков то ҳол усули киштукор ва нигоҳубини ганудуму сабзавот бо усули анъанавӣ сурат мегирад. Яъне қабл аз кишт тухмиҳои беҳтарини худӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки орӣ аз ҳар гуна гибрид мебошанд. Ба ҳамин хотир, сайёҳон аз истеъмоли меваҷоту сабзавоти хоҷагидории шахсии мавсуф қаноатманд мебошанд. Дурдастарин мавзеи Ишкошим деҳаи Лангар аст, ки дар баландии 2 ҳазору 850 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Теъ-

доди бештари аксҳои рӯи сангиву петраглифҳо маҳз дар ҳамин мавзеъ ҷой гирифтаанд. Онҳо аз рӯи хусусиятҳои хоси архелогӣ дар Осиёи Миёна ҷои дуюмро ишғол мекунанд. Ёдгоршоҳ Муллоев, бошандаи деҳаи мазкур дар меҳмонхонааш, ки дорои чор утоқи алоҳида ва як хонаи урфии бадахшонӣ аст, тайи чанд соли охир сайёҳонро қабул мекунад. Ӯ мегӯяд, ки аз солҳои пеш то ҳозир ҳар сайёҳе, ки вориди мавзеи Лангар мешавад то даме, ки ҳамаи ҷойҳои тамошобоб, бахусус аксҳои рӯи сангро набинад деҳаро тарк намекунад. - Имсол аз моҳи апрел то

бо дастгирии моддии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, ҳаммом ва ҳоҷатхонаи муосир муҷҷаҳаз сохт. Ба гуфти мавсуф, ӯ ҳар сол аз моҳи май то октябр меҳмононро дар як ҳафта чор маротиба бо теъдоди 14 нафар қабул мекунад: “Бештари сайёҳоне, ки мо пазироӣ мекунем, шаҳрвандони ҳамсоякишварҳо ё аз мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳастанд. Барои онҳо пеш аз ҳама таомҳои миллӣ ва хуришҳо писанд мебошад. Аз ин лиҳоз, чунин таомро мувофиқи фармоиши онҳо омода мекунем”.

www.javonon.tj

Авалмоҳ Ҷумъахонова, сокини Ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкошим, аз зумраи бонувоне ҳаст, ки тайи чанд соли охир аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти дастиаш нафъи зиёд мегирад. Мавсуф чанд маротиба дар курсҳои омӯзишие, ки бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳру навоҳии вилоят доир мегарданд ширкат намуда, нозукиҳои тиҷорат дар соҳаи сайёҳиро азхуд намудааст. А. Ҷумъахонова қабули меҳмононро ҳанӯз соли 2008 оғоз намуд: – Сайёҳоне ҳастанд, ки аз урфу одатҳоямон бархӯрдоранд, аммо тадриҷан мо ҳам дар навбати худ аз


е-mail: javonontj@mail.ru

6

МИНБАРИ АНДЕША

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Бо вуҷуди он ки худкушӣ яке аз кирдорҳои ношоям эътироф шудааст, лекин солҳои охир теъдоди занону духтароне, ки даст ба худкушӣ мезананд, меафзояд. Тибқи пажуҳишҳои анҷомшуда аксари онҳое, ки худкушӣ мекунанд, ба зиндагӣ ноумед буда, ба мушкилиҳои иҷтимоиву равонӣ дучор шудаанд. Равоншинос Қутбиддин Каримов мегӯяд, дар ҷаҳон мардон нисбат ба занҳо бештар ба худкушӣ даст мезананд. “Дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Эрон, Амрико, Русия бошад, баръакс занҳо ба ин амал зиёдтар даст мезананд. Тадқиқоте, ки оид ба худкушӣ миёни наврасон ҳамроҳи мутахассисони амрикоӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуд муайян намуд, ки худкушӣ дар миёни ҷавондухтарон бештар ба назар мерасад. Сабабҳои худкушии занону ҷавондухтарон низоъҳои хонаводагӣ, муноқишаҳои байни ошиқу маъшуқ, касалиҳои рӯҳӣ, бемориҳои мавсимӣ чун васвос, зиқшавӣ ва депрессия, яъне рӯҳафтодагӣ мебошад. Зеро духтарон дар 9-11-солагӣ хеле ҳассос шуда, баъзан аз фавти гурбаи худ ҳам маҳзун мегарданд ва фикри худкушӣ ба сарашон меояд. Дигар ин ки зӯроварии психологӣ - таҳқири хушдоману хоҳарони шавҳар низ боиси худкушии занон мешавад. Барои пешгирии ин бояд хадамоти иҷтимоию психологӣ, марказҳои буҳронӣ баҳри дастгирии занону духтарон ташкил шуда, фаъолияти ҷиддӣ намоянд”, - таъкид намуд равоншинос. “РИА Новости” хабар медиҳад, ки олимони амрикоӣ ба ин амали номатлуб даст задани занони синну солашон миёна ва аз 50-сола болоро омӯхта ба хулосае омаданд, ки сабаб аз дин дур будани онҳо

Боварӣ ба Худо

Ҳасан АЗИЗОВ

эҳтимоли худкуширо паст менамояд мебошад. Ба андешаи онҳо ибодат ва эътиқод ба Худо эҳтимолияти худкуширо байни занон паст менамояд. - Хуб мешуд табибон, равоншиносон ба беморони худ танҳо рафтан ба ҷойҳои хизматрасониҳои диниро бештар тавсия ва талқин на-

омаданд. Дар рафти пурсиш занон на танҳо дар бораи тарзи зист, ғизо ва одатҳои бади худ нақл мекарданд, балки дар бораи боварии худ ба Худо ва иштирок дар хидматҳои динӣ маълумот медоданд. Шумораи камтарини ҳолатҳои худкушӣ миёни он ҳамшираҳои шафқат

моянд, чунки ибодат онҳоро аз ҳама роҳҳои бад, махсусан худкушӣ эмин медорад. Онҳо ҳарчи зиёдтар ба ибодат машғул шаванд, ҳамон қадар ба зиндагии хуб боварашон зиёд мешавад. Ба ин васила ба худкушӣ камтар даст мезананд, - гуфтааст Тайлер Вандеруили (Tyler VanderWeele), намояндаи Донишгоҳи Ҳарварди Амрико ба маҷаллаи “JAMA Psychiatry”. Вандеруили ва ҳамкоронаш баъди мушоҳидаи вазъи саломатии ҷисмонӣ ва равонии зиёда аз 70 ҳазор зан дар доираи лоиҳаи мониторинги саломатӣ миёни ҳамшираҳои шафқат (NHS), ки аз соли 1992 то соли 2012 гузаронида шуд, ба хулосаи дар боло зикршуда

ба қайд гирифта шуд, ки мунтазаман ба ибодат машғуланд. Дар давоми солҳои 1992-2012 миёни занони диндор танҳо 36 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохила дар миқиёси ҷумҳурӣ 624 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 ҳолат бештар аст. Аз шумораи мазкур бештарашро занон ва ҷавонон ташил медиҳанд. Дар ҳақиқат, тибқи ҳисобҳои омор ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунанд, ки хеле ташвишовар аст. Дини мубини ислом худкуширо ҳаром ҳукм карда

аст. Чунончи дар сураи “Нисо” омадааст: «Худатонро макушед, Худованд нисбат ба Шумо меҳрубон аст ва ҳар ки ин амалро аз рӯйи таҷовуз ва ситам анҷом диҳад, ба зуди ӯро дар оташи дузах ворид хоҳем сохт ва ин кор барои Худо осон мебошад». Аз нигоҳи ислом худкушӣ далел бар адами яъс ва ноумед шудан аз Худо мебошад ва ноумедӣ аз Худованд бузургтарини гуноҳон аст, ки дар радифи ширк ва куфр қарор мегирад. - Аз таҷрибаи корӣ ба ин натиҷа расидам, ки яке аз сабабҳои худкушии занону духтарон дар Тоҷикистон мушкилоти оилавӣ мебошад. Тахминан 70-80%-и бемороне, ки ба мо муроҷиат кардаанд, занону духтарон буда аз нақли онҳо пай мебарем, ки муҳити носолими оила сарчашмаи бемориашон гардидааст. Сабаби дигар барвақт ба шавҳар додани духтарон аст. Чунки ҳангоме духтар барои оиладорӣ омода несту аз ҳаёти оиладорӣ бехабар аст, он мушкилиҳое ки пушти ҳам ба сараш меоянд қуввати бардошти онҳоро намекунад. Дар натиҷа системаи асабаш хароб мешавад ва маълум аст, ки вақте асаби ӯ хароб аст, оқилона фикр карда наметавонаду роҳи халосӣ аз мушкилоти зиндагиро танҳо дар худкушӣ мебинад, - гуфт Абдулҳай Шодӣ, духтури бемориҳои асаб. Абдуманнон Шералиев, фаъоли ҷамеаи шаҳрвандӣ дар яке аз суҳбатҳои худ ба сомонаи “Озодагон” гуфтааст, ки иллати худкушӣ ноумедист. Нафаре, ки даст ба худкушӣ мезанад, барои ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоияш роҳи ҳал пайдо намекунад ва ноумедӣ аз оянда онҳоро ба худкушӣ савқ медиҳад:

“Бояд бубинем, ки иллати худи ноумедӣ чист. Ноумедӣ аз надоштани ихлосу бовари комил ба мушкилкушои асосӣ – Худованд сар мезанад...” Ба андешаи коршинос А. Шералиев омор ҳам нишон медиҳад, ки бештари худкушиҳо дар кишварҳое сар мезананд, ки ғайримазҳабитаранд, агарчи аслан мушкили иқтисодӣ надоранд. Масалан, Швейтсария. “Чун намедонад, ё бовар надорад, ҳама тақдир – чи нек, чи бад, аз тарафи Худост, мушкилот бо рӯ овардан ба Ӯ бо беҳтарин роҳ ҳал мешавад, мушкилот агарчи мусибатанд, аҷре дар пай доранд, поёни ҳар душворие осонист (Сураи “Шарҳ”, ояҳои 5-6), набояд аз раҳмати Худо ноумед шуд (сураи “Зумар”, ояи 53) ва ғайра”. Омӯзгор Қурбони Ҳасан иллати худкушӣ кардани занҳоро ба бемаърифатии онҳо нисбат медиҳад: - Ман фикр мекунам, ки сабаби аслии даст ба худкушӣ задани занон дар камсаводии онҳост, зеро ҳангоме шахс дониши диниву дунявии кофӣ надорад, сабру таҳаммул низ аз ӯ ҷудост ва дар ҳар шикасту рехти зиндагӣ мағлуб мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд барои ҳалли ин масъала дар пайи саводнок кардани занону духтарон бошем. Ҷаҳонгири Хуршед, хонандаи мактаб, мегӯяд: “Ман сарфаҳми омилҳои худкушии занонро намеравам, аммо духтарони зиёдеро медонам, ки ба хотири ҷавоне худашонро меовезанду ба дарё мепартоянд. Аз ин лиҳоз, ба андешаи ман худкушии бархе духтарон марбут аст ба кӯтоҳандешии худи онҳо, зеро магар меарзад барои касе, ки барои шумо арзиш надорад, ҳаёти худро барбод дод?”

www.javonon.tj

Хабарнигорон бо масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ошно шуданд 11-12-уми июли соли равон дар меҳмонхонаи «Гулистон»-и шаҳри Душанбе барои намояндагони ВАО-и кишвар дар мавзӯи «Масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, хатарҳои муҳоҷират ва савдои одамон» семинари омӯзишӣ доир гашт. Ҳадаф такмили донишу малакаи шаҳрвандон доир ба масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, хатарҳои муҳоҷират ва савдои одамон тавассути расонаҳои хабарӣ ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии намояндагони ВАО-и мамлакат аз қонунгузориҳои кишвар ва конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи қурбониёни савдои одамон арзёбӣ гардид. Тӯли ду рӯз мутахассисони соҳа Абдуфаттоҳ Шафиев, мушовир дар масоили тамос бо расонаҳои хабарии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, Гулчеҳра Иброҳимова, намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират, Фаррух Рауфов, муовини сардори назорати тафтишоти пешакии ВКД, Тақдиршоҳ Шарифов, ҳуқуқшинос, Карим Солиев, муовини сардори Ака-

демияи ВКД ва равоншинос Зебо Қодирова дар мавзуъҳои “Вазъи савдои одамон ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон”, “Вазъи савдои одамон дар ҷаҳон ва Тоҷикистон”, “Нақши расонаҳои хабарӣ дар инъикоси мавзуъ ва аҳамияти мавзуъ”, “Қонунгузории Тоҷикистон. Санадҳои миллӣ ва соҳавӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон. Асосҳои ҳуқуқии эътироф намудан ва додани

мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон”, “Нишонаҳо ва роҳҳои маъмултарини гирифторӣ ба доми фиреби истисморгарон”, “Мушкилоти равонӣ ва ҷисмонӣ пас аз озодӣ. Стигма дар ҷомеа”, “Симои (портрети) қурбониёни савдои одамон ва қурбониёни имконпазири савдои одамон (муҳоҷирон, оворагардон, гадоён, кӯдакони ятим, бепарастор, беназорат), “Айнияткунонии ҚСО-и

имконпазир, усулҳо ва механизмҳои амалӣ наумдани он”, “Масоили ҳалталаб ва мушиклоти мубориза ба савдои одамон”, “Осебпазирии муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварҳои бегона” суҳбат карданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


МАВЗӮИ ДОИМӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Равоншиносон бар он ақидаанд, ки дар вақти наврасӣ шуури инсон пурра инкишоф наёфта, дар натиҷаи таълим ва намоиши филму саҳнаҳои бадахлоқӣ зиён дида, дар такрори онҳо қодир мегардад. Дар ҷомеаи имрӯза зери таъсири фарҳанги бегона бо ҳар восита ба шуури насли наврас таъсир расонида мешавад.

Дар панҷ моҳи аввали соли равон ҳаҷми умумии содироти молу маҳсулот нисбат ба воридот дар ҷумҳурӣ зиёд гардидааст. Ҳаҷми умумии содироти 0,4 (36,8 миллион доллари ШМА)-ро ташкил дод.

Валс

Шаҳу арӯси тоҷик акнун чунин рақс мекунанд, ки хеле бад аст

гона бадахлоқист. Бисёр мехоҳам, ки дар Тоҷикистон пулиси ахлоқ ташкил шавад, то сафи Лайлию Маҷнунҳо дар боғу хиёбонҳо кам гардад. Ба ин беодобон маҷбуран фаҳмондан лозим аст, ки пеши назари мардум оғӯшгирию бӯсобусӣ ҳам дар шариати Ислом ва ҳам аз нигоҳи қонун манъ аст. Он сарояндагоне, ки сурудҳои фаҳшу аз одоб берун мехонанд, бояд назди қонун ҷавоб гӯянд. Шабаҳи фарҳанги Ғарб дар кӯчаҳои пойтахт баръало эҳсос мешавад. Онро дар муносибот, пӯшидани либос ва ҳатто тӯйҳо дидан мумкин. Агар баъди намози шом барои сайругашт ба кӯча бароӣ, худатро на дар Тоҷикистон, балки дар Амрико мебинӣ. Ҳама ҷо садои мусиқии бегонаро мешунавӣ. Ба онҳо репсароёни тоҷик низ ҳамроҳ мешаванд. Аммо намедонанд, ки меҳмони аз хориҷ омада чӣ мегӯяд. Ба ҷои он ки ба репсароии онҳо тақлид кунем чаро ба илми онҳо тақлид намекунем? Як шиносам нақл кард, ки хоҳараш бо сабаби аз ҳад зиёд ғарбгаро буданаш аз шавҳараш ҷудо шуд. Аниқтараш, ӯ чанд дӯсти мард доштаасту сабри шавҳараш сар омада, «атояшро ба лиқояш бахшидааст». - Бадбахтона, хоҳарам инро гуноҳ намеҳисобаду шавҳарашро қафомонда меҳисобад, - бо таассуф гуфт ӯ. - Чӣ гуна ба ин духтарони ҷӯрабоз мефаҳмонӣ, ки бо марди бегона дӯст шудани зани шавҳардор ба табиати занони мо хос нест? Дар тӯйи арӯсӣ ба ҷойи либосҳои миллӣ, ки ҳазор ранг доранду чашм мебаранд, пӯшидани фатта ба ҳукми анъана даромадааст, аммо валс рақсидани домоду арӯс чун дарбеҳи ночаспоне ба ҷомаи тӯйи тоҷикӣ часпидааст. Ба домоду арӯси тоҷик шарму ҳаё мезебад, назди мардуми зиёд, ки аксарият хешу таборанд, ба оғӯши ҳам даромадани навхонадорон айб аст. Аз он ки рӯзе “горка” мӯд мешавад, хеле нороҳатам.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

“12 соли интизорӣ” духтаронро ба хондан ҷалб мекунад 12 июл дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон филми “12 соли интизорӣ” намоиш дода шуд. Он аз бармаҳал ба шавҳар додани духтарҳо қисса мекунад. Никоҳи барвақтиро маҳкум намуда, духтаронро ба хондан ва касб омӯхтан ҷалб менамояд. Филми мазкур ҷанбаи тахайюлӣ надошта, ҳамаи саҳнаҳо дар филм воқеӣ мебошанд. Нақши асосиро Таҳмина Раҷабова бозидааст. Ҳамчунин, беҳтарин ҳунармандони тоҷик, аз қабили Моҳпайкар Ёрова, Хуршед Мустафоев, Муҳаммадҷон Шодиев, Муҳаммадалӣ Маҳмадов нақш офаридаанд. Филми мазкур аз тарафи киностудияи “Суғдсинамо” дар ҳамкорӣ бо ТВ “Синамо” ва ширкати “Танин” ба навор гирифта шудааст. Коргардони филм директори киностудияи “Суғдсинамо” Муҳиддини Музаффар мебошад. Чанде қабл ӯ тибқи назарсанҷии нашрияи “Нигоҳ” барои коргардонӣ дар филмҳои "Ормонҳо", "Паймон", "Коса" ва "12 соли интизорӣ" коргардони сол эълон шуда буд. Х.МАВЛОНОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

донишҷӯ табъамро хира кард. Яке аз ҷавонҳо дигареро бовар кунонидан мехост, ки фардо ду дарс доранд. Чун дид рафиқаш бовар намекунад, як қасаме хӯрд, ки гӯяндааш низ гунаҳкор мешавад, шунавандааш ҳам: “Очам ба ҷойи занам, ки ду пар дорем…” Қасамҳои фаҳши ҷавонони тоҷикро шунида ҳайрон мемонӣ. Аз чӣ бошад, имрӯз мо ба гирду атроф нигоҳ накарда гапҳои ноҷо мезанем. Охир наход барои як чизи оддӣ ҳамин хел қасами зишт хуранд? Ҳақоратҳои қабеҳе, ки кӯдакону наврасон ба унвони падару модари якдигар мефиристанд касро ба даҳшат меорад. Намедонам кӣ бояд пеши роҳи ин бетамизиҳоро гирад? Он филмҳое, ки аксари наврасону ҷавонон имрӯз дастрас мекунанд, ба чӣ оварда расонд? Зуҳуроти номатлуби дигар ишқварзиҳои ошиқон дар кӯчаю гулгаштҳо, ҳатто ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад. Барои супурдани пули истифодаи барқ рафтам. Дар сари роҳи калон ҷавон ва духтараки 15-16-сола чунон ба ҳамдигар печида буданд, ки аз наздашон гузаштани роҳгузарони бешуморро пайхас намекарданд. Куҷост, нангу номуси духтарӣ? Аз сумкаи ба рӯйи роҳ партофта ва либосҳояш мактабхон будани духтар равшан буд. Дар соати 9-10-и рӯз ба ҷойи дарс хондану маърифат омӯхтан, вақти қиматашро дар оғӯши бетамизе сарф мекунад. Ин ду ошиқ аз осмон наафтодаанду падару модар доштагистанд? Пас, масъулияти волидайн чӣ мешавад? Дар матбуоти даврӣ, сохторҳои қудратӣ ва мактабҳо аз ҷангҳои байнимактабии наврасону ҷавонон ба изтироб афтода, барои пешгирии он кӯшиш мекунанд, аммо аз ахлоқи бади духтарон бепарвоянд. Ҳамин бепарвоӣ духтаракони ноболиғро ба селоби мурдори фоҳишагӣ меафканад. Имрӯзҳо аксари модарони мо сатр мебанданду намоз мехонанд, аммо ба духтаронашон намефаҳмонанд, ки даст ба даст гаштан бо ҷавони бе-

Аз ҳаҷми умумии соридот ба Туркия 23,8 фоиз, Қазоқистон 17,3 фоиз, Швейтсария 14,7 фоиз, Русия 9,6 фоиз, Афғонистон 6 фоиз, Покистон 5,8 фоиз, Чин 4,5 фоиз, Тайванд 4,3 фоиз, Эрон 3,7 фоиз, Ӯзбекистон 2,2 фоиз, Италия 1,3 фоиз, Қирғизистон ва Нидерландия 0,9 фоиз ва Латвия 0,6 фоиз рост меояд. Аз ҳаҷми умумии воридот бошад, саҳми Русия 31,6 фоиз, Хитой - 31,5, Қазоқистон - 15,1, Туркия - 3,8, Туркманистон - 3,6, Эрон - 2, Покистон - 1,6, Олмон - 1,5, Узбекистон - 1, Ҳиндустон - 0,8, Белорус, Қирғизистон ва Украина 0,5 фоизро ташкил додааст. - Тоҷикистон бештар бо 98 давлати дуру наздик ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст, - гуфт Манзура Рустамова, ноиби раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ. - Ҳамзамон, барои таҳким ва густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси созишномаҳо бо палатаҳои савдои дигар кишварҳо 180 вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо асосан содирот намудани молҳое, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, инчунин дигар масъалаҳои барои рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар равона шудаанд, муҳокима ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

е-mail: javonontj@mail.ru

Содирот нисбат ба воридот зиёд шудааст

Наҷиба МУРОДБЕКОВА

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора филму клипҳои хориҷӣ бе мамониат ба кишвари мо дохил шуда, ба равони тамошочии ноомӯхт таъсири манфӣ расонд. Ҳатто клипҳои бархе аз сарояндагони ватанӣ дар пайравӣ ба ҳунармандони хориҷӣ ба навор гирифта шуда, дар онҳо низ ҷиҳатҳои манфӣ, ки ба тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад ва берун аз ахлоқу арзишҳои миллӣ аст, дида мешавад. Ҳарчанд мегӯянд, ки сокини пойтахт будан ифтихор асту масъулият, баъзан аз кӯча ба хона баргашта, чунон хастагии равонӣ эҳсос мекунам, ки дар дилам ба мардуми деҳнишин ҳасад мебарам. Дар кӯчаю нақлиёт, истгоҳу ҷойҳои ҷамъиятӣ аз даҳони мардум ҳақорат мешунавию гумон мекунӣ, ки рӯйи шаҳр борони ҳақорат мерезад. Ҳар рӯз ҳазорон шаҳрванд аз хизмати нақлиёти мусофирбар истифода мекунанд ва аксари ронандагон одоби оддии муоширатро намедонанд. Чанд рӯз пеш дар маршрути хатсайри 33 нишаста, то ҷойи кор омадам, азбаски нишастгоҳҳои ақиб холӣ набуданд, дар нишастгоҳи паҳлӯи ронанда ҷой гирифтам. Он ҷо боз духтари ҷавоне низ буд, аммо ронанда - ҷавони тахминан 30-32сола - тамоми ронандагонеро, ки мошини ӯро мегузаштанд ё аз назари ӯ мошин ронда наметавонистанд, ҳақоратҳои фаҳш мекард. Ӯ ҳатто аз ҳузури ду нафар зан ҳам шарм намедошт. Зани дар бари ман будагӣ тоқат накарда, ба ӯ гуфт: - Ҳой бародар, андаке шарм дор ё камтар пахта деҳ, то гӯшҳоямонро маҳкам намоем. Ин чӣ гап, тамоми роҳ ҳақорат мекунӣ?! - Рост мегӯм, ҳай карда наметавонанд, чӣ сари рул мешинанд, дар дигар шаҳрҳо ин хел ронандаро дафъ мекунанд, агар Русия рафтагӣ бошен, намемонанд сари рул чунин ронанда шинад, - гуфт ронанда. Зан бо ӯ баҳсро ҷоиз надонисту аз нақлиёт фаромад. Боз дар дохили нақлиёт гуфтугӯи ду нафар ҷавони

7


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

8

ОЛИМПИАДА - 2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Олимпиада қуллаи балантарин барои варзишгарон ба ҳисоб меравад. Ин мусобиқа аз замони таъсисёбӣ то имрӯз дар чор сол як маротиба баргузор мешавад. Аввалин олимпиада соли 1896 дар Афина (Юнон) 6-15 апрел доир шуд. Бозиҳои тобистонаи олимпии навбатӣ 5-21 августи соли равон дар Рио-де-Жанейрои Бразил баргузор мегардад. Ин ХХХIум олимпиада аст. Дар он беш аз 10000 варзишгари 207 давлати ҷаҳон барои ба даст овардани медалҳо талош мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаи бадастовардаи варзишгарони қитъаи Аврупо дар олимпиадаҳо бештар аст. Дар олимпиадаи соли 1990, ки бо иштироки 1300 варзишгар дар пойтахти Фаронса - шаҳри Париж доир шуд, Осиёро аввалин маротиба Ҳиндустон муаррифӣ кард. Давлатҳои пешафтаи ҷаҳон давоми чор сол варзишгаронашонро пурра омода сохта, аз онҳо натиҷаи назаррасро интизор мешаванд. Тоҷикистон низ қатори дигар давлатҳо барои медалҳои олимпӣ зиёд ҷаҳду талош мекунад. Баъди соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дастовардҳои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба варзишгарони тоҷик муяссар гардид, ки дар Бозиҳои олимпӣ низ ҷоизадор гарданд. Барои Тоҷикистон Олимпиадаи соли 2008, ки дар Пекини Чин баргузор гашт, хотирмон буд. Зеро варзишгарони тоҷик ду медали олимпиро вориди хазинаи варзиши кишвар намуданд: аз намуди гуштии озод Юсуф Абдусаломов медали нуқра ва оид ба ҷудо Расул Боқиев медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон-2012 бошад, аз 11 варзишгаре, ки Тоҷикистонро намояндагӣ намуданд, танҳо ба бонуи муштзан Мавзуна Чориева муяссар гардид, ки соҳиби медали биринҷӣ гардад. Дар давоми соҳибистиқлолӣ варзишгарони кишвар натавонистаанд, ки медали тиллои Бозиҳои олимпиро вориди Тоҷикистон намоянд, агар медали тиллои гурзандоз Андрей Абдували-

Рио-2016: аз кӣ медал евро дар олимпиадаи соли 1992 дар Барселонаи Испания, ки аз номи ҷумҳуриҳои иттиҳод баромад карда буд, ба инобат нагирем. То Олимпиадаи Рио2016 як моҳ боқӣ мондааст. Панҷ варзишгари тоҷик - гурзандоз Дилшод Назаров, ҷудочиён Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, муштзан Анвар Юнусов ва даванд Даврон Отабоев соҳиби роҳхати олимпианд. Ба иттиллои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки барои варзишгарони тоҷик дар намуди тирпаронӣ ва шиноварӣ се квота ҷудо шавад. Дар умум, ҳудуди 10 варзишгар шарафи Тоҷикистонро дар Рио-де-Жанейро ҳимоя мекунанд. Баъди ноком шудани аксар варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиада миёни коршиносони соҳа сару садоҳо зиёд гардид. Чӣ сабаб шуд, ки варзишгарони мо натавонистанд роҳхати бештар ба даст оранд? Аз кадом варзишгари тоҷик медали олимпиро интизор шудан мумкин? Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ соли 2015 як барномаи хуб тарҳрезӣ намуда, 15 варзишгарро дар 6 намуд баҳри иштирок дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиада сафарбар намуданд. Аз миёни онҳо 5 нафарашон тавонистанд, ки соҳиби роҳхати

олимпӣ гарданд. Аз миёни онҳое, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд, коршиносони соҳа дар такя ба натиҷаҳои нишондодаи онҳо аз Дилшод Назаров, Комроншоҳи Устопириён ва Анвар Юнусов медал интизоранд. Дилшод Назаров 12 сол мешавад, ки пай дар пай ҷоизадори мусобиқоти Осиё аст. Рио-де-Жанейро чорумин олимпиада мебошад, ки ӯ иштирок мекунад. Таҷрибаи зиёди варзишӣ дорад. Анвар ҳам дар ду олимпиадаи пешин иштирок намудааст ва натиҷаи охироне, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии бокс нишон дод (медали нуқра), умедеро дар дили ҳаводорони варзиш фурӯзон намуд. Комроншоҳ, ҳарчанд якум маротиба дар олимпиада иштирок мекунад, лекин аз омодагиҳое, ки дорад, метавон гуфт, ки натиҷаи хуб ба даст меорад. Ба ақидаи коршиносони соҳа Олимпиадаи Рео-де-Жанейро-2016 бисёр мушкил мегузарад, зеро дар он ҷо варзишгарони тасодуфӣ роҳ намеёбанд. Тавре гуфтем, дар ду олимпиадаи қаблӣ натиҷаи бадастовардаи варзишгарони мо дар муқоиса ба давлатҳои ҳамсоя назаррас буд. Онҳо тавонистанд се медали олимпӣ ба хазинаи варзиши кишвар ворид намоянд. Бо такя ба ин Кумитаи байналмилалии олимпӣ Тоҷикистонро дар қатори давлатҳое ворид намуд, ки варзишашон тараққӣ намудааст ва теъдоди квотаҳоро кам кард. Бобо Тағоев, шореҳи ТВ “Варзиш” бар ин назар аст, ки Бозиҳои XXXI тобистонаи

Бобо Тағоев олимпӣ воқеан нисбат ба солҳои қаблӣ тафовут дорад: “Сатҳу сифати қувваозмоиҳо миёни варзишгарон боло меравад. Нисбат ба солҳои пеш ҳайати тими олимпии Тоҷикистон дар ин маъракаи муҳими варзишӣ хеле кам аст, ки ин албатта ҷойи таассуф аст. Агар соли 2012 16 варзишгари тоҷик аз 7 намуд дар олимпиада ширкат карда бошанд, мутаассифона имсол ин шумора як баробар кам аст. Имсол панҷ варзишгари мо дар намудҳои ҷудо, гурзпартоӣ, бокс ва давидан дар ин маърака ширкат мекунанд. Рақобат ва ба даст овардани медал дар ин намудҳо осон нест. Аммо мегӯянд “банда ба умед аст”. Мо умед дорем аз варзишгарони тоҷик ва миёни онҳо имкони бештарро Комроншоҳ, Анвар ва Дилшод доранд. Комроншоҳ дар вазни худ миёни 11 ҷудочии беҳтарини ҷаҳон ҷой дорад. Ӯ зери роҳбарии яке аз мураббиёни муваффақ Владмир Елчанинов тамрин мекунад. Соли 2008-умро хуб дар ёд дорем, ки ин нафар бо Расул Боқиев ба Тоҷикистон медали биринҷӣ овард. Анвар бошад,

Карим Бекзод бори сеюм дар олимпиада ширкат мекунад ва таҷрибаи хуб дорад. Миёни инҳо Дилшод Назаров низ шомил мешавад, ки дар мусобиқаҳои охир натиҷаҳои назаррасро соҳиб шудааст”. Ба андешаи ин хабарнигори ҷавон, бояд пас аз олимпиада хулосагирӣ кард, ки чӣ чораҳоро дар 4 соли оянда андешид, то тавонем шумораи иштирокчиёни олимпиадаро зиёд кунем. Аксар бар он назаранд, ки барои омода намудани варзишгарони тоҷик ба олимпиадаҳо саҳми мураббиён суст аст. Варзишгарони тоҷик аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфтаанд, танҳо онҳоро зарур аст, ки аз ҷиҳати равонӣ ва тактикӣ омода шаванд. Ин ду масъалае мебошад, ки дар баробари варзишгар аз мураббӣ низ таҷрибаи зиёдро талаб мекунад. Баъди соҳибистиқлолии кишвар дар толорҳои варзишӣ сафи мураббиёни ҷавон зиёд гардид. Онҳо варзишгаронро бештар аз ҷиҳати ҷисмонӣ омода мекунанд. Аз ҷиҳати равонӣ худ таҷрибаи кофӣ надоранд. Барои мураббиёни


ОЛИМПИАДА - 2016

9

"Бачаҳои Осиё": Варзишгарони навраси кишвар 5 медал ба даст оварданд Варзишгарони навраси кишвар дар Бозиҳои шашуми байналмилалии "Бачаҳои Осиё", ки дар Ёқутистони Руссия ҷараён дорад, 5 медал ба даст оварданд.

Муҳаммад Абдурозиқ Неъматзод, масъули саҳифаи “Tajik sport” дар Facebook вазъи олимпии кишварро чунин таҳлил кард: Бештари шумораи саҳмияи олимпиро мо дар олимпиадаи Лондон-2012 доштем. 15-то буд, ки 11 саҳмияро худи варзишгарон ба даст оварданд. Барои иштирок дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро мо 5 роҳхат гирифтем ва ин албатта хеле кам аст. Ҳато агар дар

дааст, ки дар олимпиада сазовори мақоми ифтихорӣ гардад. Дилшод дар якчанд мусобиқаҳои охир аз ҳарифи асосиаш Павел Файдек аз Лаҳистон мағлуб мегардад. Павели 27-сола гурзро ба масофаи 80-82 метр мепартояд. Вале дар Олимпиада Павелро наметавон ҳарифи асосӣ номид. Зеро Кумитаи байналмилалии олимпӣ 8 варзишгарро дар рейтинги ҷаҳонӣ пешниҳод намудааст, ки дар мусобиқаҳо гурзро аз

е-mail: javonontj@mail.ru

зираку тезфаҳми мо иштирок дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ва машқҳои дастаҷамъӣ намерасад. Владимир Елчанинов, мураббии рус, ки дар риштаи ҷудо чанд соли охир бо варзишгарони тоҷик кор мекунад, онҳоеро интихоб мекунад, ки алакай 70 дарсад омодаанд. Бо онҳо танҳо аз ҷиҳати равонӣ кор мекунад. Рӯзноманигор Карим Бекзод зимни суҳбат аз мулоқоташ бо Леван Суглиашвилӣ, мураббии тими мунтахаби ҷудои наврасони Гурҷистон, ки ҷиҳати иштирок дар 5-умин мусобиқаи байналмилалии Ҷоми клуби «Вастан» ба Тоҷикистон омада буд, ёдовар шуд. - Аз ӯ пурсидам, ки оё аз ҷудокорони тоҷик метавон медали олимпиро умедвор шуд? Суглиашвилӣ дар ибтидо аз ҳунари фавқулоддаи Комроншоҳ ҳарф зада, дар идома гуфт, «Дар вазни Комроншоҳ на

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Шоҳрух Саидов дар намуди гуштии озод (35 кило) ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар намуди ҷудо дар вазни 81 кило соҳиби медали нуқра шуданд. Афзалшоҳи Ҳикматулло дар намуди гуштии озод (50 кило), Сумая Қосимова (46 кило) ва Идимоҳ Холова (57 кило) бошанд, дар мусобиқаи бокс миёни духтарон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар мусобиқа беш аз 20 варзишгари навраси тоҷик дар намудҳои бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо ва ҷудо ширкат карданд. Дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачаҳои Осиё», ки 6 июл шуруъ шуда то 16 июл идома меёбад, беш аз 3300 варзишгари наврас аз 38 кишвар барои 321 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш дохил аcт.

интизор шавем? Абдурозиқ Неъматзод

шиноварӣ, варзиши сабук, бокс ва гуштии озод ба мо квота бидиҳанд ҳам, шумораи саҳмияҳо қаноатбахш нест. Мо бояд аз ин олимпиада то олимпиадаи дигар пешрафт кунем. Дар кишвари мо дар чанд соли охир толорҳои варзишии зиёде сохта шуданд. Варзишгарон бо низомҳои нави тамрин ошно мешаванд. Орзу мекунам, ки ҳамаи варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио-деЖанейро иштирок мекунанд, соҳиби медал шаванд. Аз рӯи нишондоди натиҷаҳо ва таҷрибаи хубе, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст оварданд, шонси Дилшод Назаров, Комроншоҳи Устопириён ва Анвар Юнусов барои гирифтани медал зиёдтар аст”. Дар ду олимпиадаи охир Дилшод Назаров дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастоварди баланди варзишӣ нишон медиҳад, ки тамоми коршиносони соҳа ҷоизадор шудани ин варзишгарро дар олимпиада аз эҳтимол дур намедонанд. Вале то ҳол ба ин варзишгари тоҷик муяссар нашу-

Шодихони НАЗАР, “ҶТ”

Иштирокчиёни Рио-2016 аз Тоҷикистон ба ҳафт кас расид Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, варзишгарони Тоҷикистон, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-деЖанейрои Бразил дар мусобиқоти шиноварӣ иштирок хоҳанд кард. Дар ин бора Ҳайдар Иброҳимов, раиси Федератсияи шиноварии Тоҷикистон, ба сомонаи “olympic.tj” хабар додааст. "Ба унвонии федератсияи мо аз Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) нома расид, ки дар он гуфта мешавад ба ду варзишгари Тоҷикистон - Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов барои иштирок дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-деЖанейрои Бразил иҷозат дода шудааст. Ҳар ду дар мусобиқот оид ба шиноварӣ ба тарзи озод дар масофаи 50 метр ширкат хоҳанд кард”, - гуфтааст Ҳ. Иброҳимов. Ба гуфтаи ӯ ҳар ду варзишгар қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон дар риштаи шиноварӣ маҳсуб мешаванд. Соли гузашта Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар шаҳри Қазони Русия ширкат доштанд.

www.javonon.tj

танҳо аз Тоҷикистон, балки аз кишварҳои дигар ҳам варзишгарони пурқувват ҳастанд: Бакир Машу аз Ҷопон, Гвак Донган аз Корея, Варлам Липартелианӣ аз Гурҷистон ва амсоли инҳо. Мо наметавонем гӯем, ки ҳатман Комроншоҳ медали олимпӣ мегирад ва ё садрнишини вазни 90 кило дар рейтинги ҷаҳонии ҷудо, намояндаи ҷопон Бакир Машу, - гуфт Карим Бекзод ва афзуд, - чаро аз ҷудо сар кардем, чунки дар мо гуштигирӣ чун варзиши суннатӣ дар рагу пайванди ҷавонон ҷой дорад ва нисбат ба дигар варзишҳо ҷавонони мо ба ҷудо зудтар унс мегиранд. Нахустин медали олимпӣ низ дар замони соҳибистиҳлолӣ аз риштаи ҷудо туфайли Расул Боқиев ба Тоҷикистон оварда шуд. Бо ҳамин сабаб паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириёнро метавон яке аз умедҳои медали олимпӣ дар Рио донист. Чунки ӯ ягона ҷудокоре мебошад, ки медали қаҳрамонии ҷудои Осиёро ба Тоҷикистон овард ва номаш дар саҳифаи таърихи варзиши тоҷик сабт шуд”.

Носир Бозор

85 метр боло ҳаво додаанду баъд аз дарёфти роҳхат дар мусобиқаҳо иштирок намекунанд. Ҳадафи онҳо танҳо олимпиада аст. Носир Бозор, сардори Раёсати рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзишгароне, ки роҳхати Бозиҳои олимпӣ гирифтаанд, ташаккур гуфт ва афзуд: “Инҳо варзишгароне буданд, ки давоми сол аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ ба мусобиқаҳои пеш аз олимпиада сафарбар шуданд. Варзишгарони мо марҳилаи якумро пушти сар карданд ва тӯли як моҳе, ки боқӣ мондааст, ҳамаҷониба омода мешаванд. Аз ҷиҳати таҷриба назар афканем, Дилшод Назаров, гурзандози моҳири мо имкони зиёди ҷоизадор шуданро дорад. Имрӯзҳо омодагии худро баҳри ин маракаи муҳими варзишӣ дар давлатҳое гузаронида истодааст, ки аз ҷиҳати иқлим ба Бразил мувофиқ аст. Бо сарпарастии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ин варзишгари мо дар якчанд, мусобиқаҳои пеш аз олимпиада иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро соҳиб гашт. Ин аз он далолат медиҳад, ки ин варзишгари таҷрибадори мо дар олимпиада натиҷаи назаррасро соҳиб мегардад. Мо аз ҳамаи варзишгаронамон натиҷаҳои назаррасро интизор ҳастем ва дар ин маъракаи муҳими варзишӣ ба онҳо муваффақият таманно дорем”.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

10

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

 СОҲИБКАСБ

Ҳангоме ки мо ба наздаш расидем дидем, ки нафарони зиёде аз ӯ маслиҳат мегирифтанд. Ҳар нафаре, ки ба Китобхонаи миллӣ меравад, ҳатман шоҳиди ин ҳодиса хоҳад шуд. Зеро ҳар лаҳза китобхона лабрези ташналабони дониш асту даҳҳо ин гуна воқеаҳо ба миён меоянд. Аммо ҳар нафари озими ин баҳри беканори дониш гардида ҳамеша бо рӯҳи болида ва хушҳол баромада мераваду тасмим мегирад, ки ҳатман боз хоҳад омад.

Бояд пайи дониш буд Мо дар бораи касби китобдорӣ ҳарф мезанем, ки як пешаи маърифатӣ-фарҳангист ва китобдор шахси раҳнамо. Хушбахтона, имрӯз ҷавонон муҳимияти касби китобдориро дарк карда, ба ин роҳ равонанд. Чунончи, Лутфия Оламова ҷавондухтаре мебошад, ки солҳост ба кори китобдорӣ машғул аст ва метавон гуфт ба қадри даркорӣ таҷриба андӯхтааст. Ӯ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1993 ба синфи аввали мактаби миёнаи №1-и ноҳияи рафта, баъдан синфи 10-11-ро дар литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ идома медиҳад. Соли 2005, пас аз хатми литсей ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дохил шуда, онро соли 2010 бо муваффақият хатм намудааст. Дар асри нав, ки тамоми соҳаҳо рушд намуда истодаанд, дар соҳаи китобу китобдорӣ низ навгониҳое рӯйи кор омаданд. Далели ин гуфтаҳо қомат афрохтани китобхонаҳои наву замонавӣ мебошад. Лутфия, ҳар вақте ки китоб мутолиа мекард, ба дунёи дигаре ворид мегардиду олами рангини худро боз ҳам рангинтар дармеёфт. Бисёр мехост доимо муҳити атрофаш мисли ҳар сатри саҳифаҳои варақзадааш зебою орӣ аз ҳар гуна камбудиҳо бошанд. Муҳаббати самимии дониш гирифтан аз хурдӣ дар ботинаш ҷо гирифта буд. Аз ин рӯ, бисёр кӯшиш мекард, то пешаеро интихоб ва фаъолият намояд, ки инсонҳоро ба китобу китобдорӣ раҳнамун созад. Ин орзуи накӯяш буд, ки пас аз хатми донишгоҳ ба Китобхонаи миллӣ ба кор меояду қадами ҷиддие дар амалӣ гардидани орзуҳояш мегузорад. Аз моҳи апрели соли 2012 то моҳи апрели соли 2013 ба ҳайси мутахассиси Шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии кишвар фаъолият намуда, аз соли 2013 ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи мазкур кор карда истодааст. Кори худро дӯст медорад, бо меҳри тамом пайи иҷрои он камари ҳиммат бастааст. - Ҳар шахс пешаи дӯстдоштаи худро дорад. Гарчанде донишгоҳро бо ихтисоси дигар хатм намуда бошам, вале шавқу завқи китобдор шудан доим маро ба худ моил менамуд. Ин буд, ки пас аз кӯшишҳои зиёд ба ин ҷо, ба кори дӯстдоштаи хеш омадаму сарбаландона фаъолият намуда истодаам. Касби худро аз сидқ иҷро намуда, ҳамеша талош

менамоям, то тамоми паҳлуҳои онро омӯхтаву мавриди амал қарор диҳам, - иброз дошт Лутфия Оламова. Пас аз чанд муддати кор фаъолияти назаррасу намунавиашро ба назар гирифта, барои бештар гардидани донишу малакаи касбиаш аз моҳи июн то моҳи октябри соли 2014 ӯро ба Ҷумҳурии Корея барои такмили ихтисос равон менамоянд. Ин сафар барои ӯ донишҳои гуногуни вобаста ба соҳаи китобдориро тақдим намуд.

Дар баробари фаъолият ба хондани китобҳои гуногун низ шавқ дорад, пайваста, пас аз фориғ гардидан аз кор ба мутолиа машғул мегардад. Зеро худро бе хониш тасаввур карда наметавонад. Ҳар вақте китоберо хонда ба итмом мерасонад, дунёи худро рангину зебо дармеёбад ва пайваста мекӯшад, то ин муҳити саросар муҳаббату самимият побарҷо бошад. Ба назари ӯ, дар лаҳзаҳои муайян мутолиа намудани китобҳои гуногун - чи соҳавӣ ва чи бадеӣ танҳо ба манфиати кор асту бас. Зеро китоб беҳтарин дӯсту ғамхор, нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Он манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Китоб ба инсон беҳтарин роз, маълумот ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. - Мо - ҷавонон бояд имрӯз рӯ ба китоб орему ҷаҳони маънавии хешро васеъ намоем. Чунки китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хоса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро «Фуpӯғи субҳи доноӣ» гуфтааст. Инсон метавонад ба воситаи

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсату иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд. Ҳар нафаре, ки ба мутолиаи китоб машғул мешавад, ҳаргиз пушаймон намешавад, балки танҳо рӯҳбаланду саодатманд мегардад”, - бо итминон афзуд Лутфия. Чун мутахассис дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҳар рӯз бо мизоҷони зиёде сару кор мегирад. Дар шуъбаи мазкур аслан китобҳое пешкаши хонандагон гардонида мешавад, ки бо забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Дар баробари хонандагони дохилӣ ҷавонони дигар кишварҳо, ки донишҷӯ ҳастанд, барои дастрас намудани китоби лозимиашон ба ин шуъба муроҷиат менамоянд. - Донишҷӯёни дигар кишварҳо ба мо муроҷиат намуда, китобҳои мавриди таваҷҷуҳашонро дастрас ва мутолиа менамоянд. Онҳо аз хизматрасонии шуъба изҳори қаноатмандӣ низ намудаанд. Вақте мо бо забони худи онҳо суҳбат менамоему бо осонӣ хостаҳояшон иҷро мегардад, ҳатман ба сатҳи хизматрасонӣ ва истеъдоди ҷавонони тоҷик баҳои сазовор медиҳанд, ки ин бешубҳа барои мо дастоварди хеле бузург аст, - гуфт ҳамсуҳбати мо. Бо қалби пур аз орзуҳо ба сӯйи фардои дурахшон равона асту мехоҳад, ки дар ин соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Вақте як нафар хонанда аз сатҳи хизматрасонии шуъба қаноатманд мегардаду ба кори онҳо баҳои баланд дода, барору комёбӣ мехоҳад, он лаҳза худро саодатманд меҳисобад. Тавсияи ӯ ба ҷавонон ин аст, ки онҳо бояд имрӯз пайи ҷустуҷӯи дониш бошанду баҳри соҳиби арзандаи пешае шудан ҷаҳду талош намоянд. Зеро дониш чароғи ақл ва ҷавшанест, ки касро аз хар гуна ранҷу азоб, кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ нигоҳ медорад. Ҳар донише, ки имрӯз аз худ карда мешавад, дар оянда чун дурдонаи арзишманде ҳатман ба кор хоҳад омад. Пас, дар ин роҳ бояд кӯшид, то фардо пушаймон нашавем. Чунки инсон танҳо тавассути ақлу заковат ва дониш дар зиндагӣ соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат мегардад.

Интернет наврасонро дамдузд мекунад Дар замони муосир интренет (тури анкабути ҷаҳонӣ) ба одам маълумотеро дода метавонад, ки аз ҷониби инсоният дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷамъ оварда шудаанд. Ҳар нафаре, ки каме бо кори компютер ошност, метавонад аз интернет истифода барад. Аксари одамон шабакаҳои интернетро бо мақсадҳои шиносоӣ, муошират, пур кардани бойгонии мусиқӣ ва видео-наворҳо, ҷустуҷӯи кор, хариди молу маҳсулот аз интернет-мағозаҳо истифода менамоянд. Аммо на ҳама онро ба таври муфид истифода мекунад. Истифодаи мақсадноки интернет якчанд паҳлуҳои мусбат дорад. Масалан, агар шумо ва хешу табор ва ёру наздиконатон дар масофаҳои дур аз ҳамдигар қарор доред, бо истифода аз мубодилаи сурату наворҳои видеоӣ ва номаҳои электронӣ ин масъала дар як лаҳза ҳал мегардад. Дар аввал интрнет дар миёни иддае истифода мешуд ва он ҳам бошад, дар корхонаю коргоҳҳо ба хотири масъалаҳои муайян. Аммо бо гузашти замон ва вусъати илму техника интернет ҳам ба зудӣ оммавӣ гардид. Рафта-рафта кор то ҷое расид, ки имрӯз аксари мардум дар телефонҳои мобилиашон интернети беҳудуд доранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир таваҷҷуҳи кӯдакон низ ба интернет бештар шудааст. Махсусан дар ҷойҳои нисбатан ободу пешрафта қисми зиёди хурдсолон аз интренет истифода мебаранд. Бо сабаби он ки дар ҳаёти имрӯза интернет ҳарчи амиқтар ба ҳаёти хӯдакону наврасон ворид мегардад, алҳол волидонеро пайдо кардан душвор аст, ки аз майлу рағбати барзиёди фарзандони навраси худ ба интернет изҳори нигаронӣ накунанд. Рӯз аз рӯз кӯдакон ҳарчи зиёдтар рӯ ба интернет меоранд ва ин раванд нигаронкунанда боқӣ мондааст. Бешак, кӯдакон интернетро бо мақсади омӯзиш ҳам истифода мекунанд, аммо маъмулан на ҳамеша имкони дур намудани онҳо аз таъсири манфии интернет дар ихтиёри мост. Бар замми ин ки кӯдак соатҳои тулонӣ назди экрани компютер нишаста, ба саломатии худ хатар эҷод мекунад, боз ба шабакаҳои интернетӣ бо тамоми ҳастӣ дода мешавад. Ҷиҳати мусбати онро мо метавонем дар он арзёбӣ кунем, ки аксар вақт кӯдакону наврасон аз бозиҳои интернетӣ истифода мекунанд, ки бисёре аз ин бозиҳо ба ташаккули зеҳнии онҳо муфид мебошанд ва қобилияти фикррониву таҳлил намудан ва қарор қабул карданро дар онҳо рушд медиҳанд. Рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ба кӯдакон имкон медиҳад, ки дӯстони зиёд пайдо намоянду доираи муносибату муоширати онҳо бо ҳамсолонашон васеъ гардад. Аз ҷониби дигар чунин муоширот бояд ҳатман зери назорати калонсолон қарор бигирад, то бар зарари кӯдак набошад. Дар ин баробар мо ҷиҳати манфии интернетро зиёдтар мушоҳида мекунем. Зеро дар ҳаёти кӯдак ҳар навгоние ворид шавад, монанди “нақш дар санг” ба зиндагии онҳо пайванд мегардад. Масалан, наврас дар интернет ба ҳар навъ тағйир ёфта метавонад, чун дар ин ҷо қариб ки қоидаҳои ҳаёти воқеӣ амал намекунанд. Махсусан он бозиҳои компиютерие, ки имрӯзҳо бозиашон миёни мардум роиҷ аст. Дар онҳо писарбачаи лоғарро чун ҷавонмарди чорпаҳлуи муштзӯр нишон медиҳанд, ки метавонад бар ҳама ғалаба кунад ва ё хоҳишҳои доштаашро иҷро намояд. Ё ҳар як духтарчаи малламуеро чун зани фарбеҳи модел ба намоиш гузоштан мумкин аст. Маҳз ҳамин раванд ба наврасон таъсири манфӣ гузошта метавонад. Номувофиқатии ҳаёти воқеӣ бо “ҳаёти интернет” ба ахлоқи наврас таъсири манфӣ мерасонад. Табиист, ки ӯ аз буди худ беҳтару хубтар будан мехоҳад ва дар ҳамин ҳолатҳо интернет ӯро ба коми худ фурӯ мебарад. Кӯдак саотҳои тулонӣ дар шабакаҳои интернетӣ нишаста, чӣ гуна гузаштани вақтро пайхас намекунад. Ҳама чизи дар олами интернет рухдодаро аз нав таҳия кардану ба кор андохтан мумкин аст, ҳама нуқсонҳоро дар он ҷо ислоҳ кардан имкон дорад. Дар ҳаёти воқеӣ бошад, чунин нест. Ин аст, ки имрӯз мушкилии ҷадид ба вуҷуд омадааст, ки наврасон то сер шудан аз “ҷанг бо террористон” бозӣ мекунанд, сипас барои куштори дӯстону шиносҳои худ омода мешаванд ва ин мисоли ягона нест. Интернет ба дӯсти беғараз ва содиқу вафодори одамон табдил ёфтааст, ки на шикоят мекунаду на танқиду насиҳатхонӣ ва на талқини илму донишомӯзӣ. Наврас дар интернет тамоми маълумоти барояш мароқангезро пайдо карда метавонад. Дар ҳоле ки баъзе волидон барои қонеъ кардани талаботи фарзандони худ панҷ дақиқа ҷудо карда наметавонанд. Наврасони ба интернет вобастабуда ҷаҳонбинии хосаи худро доранд. Онҳо худро назорат карда ва имкониятҳояшонро маҳдуд карда низ наметавонанд. Ҳатто чунин меҳисобанд, ки дар ҳаёт низ мисли интернет аз нав худро ба қайд гирифтан мумкин аст. Наврас ҳар қадар ки ба умқи интернет чуқуртар фурӯ равад, ҳамон андоза аз волидону наздикон ва ҳамсолони худ дур мешавад. Ӯ атрофиёнашро қабул надорад ва тадриҷан одамгурезу гӯшанишин мешавад. Мутаассифона, дар ин ҳолат интернет ба шахс аз ҳолатҳои душвори зиндагӣ чӣ гуна берун шуданро намеомӯзад...

Хуршеди МАВЛОН, “ҶТ”


ОЗМУН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ 1. Мудири Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1334,80 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Раёсати рушди туризм – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 988 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилоот - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 806 сомонӣ. 4. Мутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665,60 сомонӣ. 5. Мутахассиси Раёсати рушди туризм - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665,60 сомонӣ. ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 1. Мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 991,70 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811,20 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811,20 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шахри Сарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 696,80 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665,60 сомонӣ. 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665,60 сомонӣ. 7. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Восеъ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665,60 сомонӣ. 8. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 546 сомонӣ. 9. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ. ВИЛОЯТИ СУҒД 1. Мудири бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 991,70 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 852,80 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811,20 сомонӣ. 4. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ. 5. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 852,80 сомонӣ. 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665,60 сомонӣ. 7. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Б. Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ. ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811,20 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой маоши мансабӣ - 665,60 сомонӣ. ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии

ноҳияи И.Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ. 2. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ 572 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086УЕ); - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН); - маълумотнома (справка-объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Мудири бахш: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кор бо кадрҳо). Телефон: 236-41-87, 235-10-23.

ТАВАҶҶУҲ, ОЗМУН! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади дастгириву ҳавасмандсозӣ, тақвият бахшидани фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо кумита ва ҷоннок намудани кори мудирону раисони созмонҳои кор бо ҷавонон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин мудири шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коллеҷу литсейҳо∕Раиси созмони ҷавонони сол-2016”-ро

Дар озмун тамоми мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва раисони созмонҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коллеҷу литсейҳо метавонанд иштирок намоянд. Дархостҳо барои иштирок дар озмун то 25-уми октябр қабул карда мешаванд. Барои маълумоти иловагӣ: Рақамҳои тамос: 235 19 53, 904 06 60 74 Почтаи электронӣ: ms.javonon@mail.ru

Аломатҳои асосии сактаи дил Дар замони муосир сактаи дил яке аз сабабҳои асосии фавти ногаҳонӣ гардидааст. Донистану ташхис намудани аломатҳои он ва муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон хеле муҳим аст. Муҳимтар аз ҳама муносибати ғамхорона ва эҳтиёткорона ба организми худ аст. Реҷаи кории ҷиддӣ, ғизои носолим, надоштани хоби бароҳат организми моро заиф мегардонад. Хастагӣ Вақте рагҳои хунгард танг мешаванд, воридшавии хун ба дил нисбатан кам мегардад, ки ин кори системаҳои хунгузарро душвор мегардонад ва аз аломати нахустин хоболудӣ ва хасташавии барзиёд мебошад. Нафаскашии бемаром Агар ба дил миқдори зарурии хун ворид нашавад, ин маънои онро дорад, ки шушҳои шумо қудрати қабул намудани миқдори зарурии оксигенро надоранд. Ин ду узви инсон аз ҳамдигар вобастагии зиёд доранд, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Агар дар нафаскашии шумо мушкилие пайдо шуд, ҳатман ва бетаъхир бояд ба духтур муроҷиат намуд. Камқувватӣ Агар шумо дар тамоми бадани худ камқувватиро эҳсос намудед, пас дар рагҳои хунгарди шумо миқдори хун хеле кам шудааст. Мушакҳои шумо миқдори зарурии оксиген ва маводи ғизоиро қабул намекунанд. Агар бе ягон сабаб ҳолати бемадориву камқувватиро эҳсос намоед, ин бешубҳа аломати ҷиддии номуътадилии кори дил аст. Сарчархзанӣ ва арақи хунук кардан Норасоии хун дар майнаи сар барои ҳаёт хеле хатарнок аст. Агар шумо ҳис кунед, ки зуд-зуд баданатон арақи хунук мекунад ва саратон чарх мезанад, пас ба чунин аломатҳо бепарво набошед. Фишор дар қафаси сина Агар дар қафаси синаи шумо фишор пайдо шавад, ки боиси нороҳатӣ мегардад, ин оқибати нохуш дошта метавонад. Ин аломатҳо бо мурури замон зуд-зуд пайдо шудан мегиранд, ки ҳарчи бештар таҳаммулнопазир мегарданд. Агар бепарвоӣ зоҳир намуда онро ба эътибор нагиред, бо сактаи дил рӯ ба рӯ хоҳед шуд. Аломоти сармо Агар дар организми шумо мунтазам, бе ягон сабаби аниқ, аломатҳои зуком пайдо шаванд, ин аз наздикшавии сактаи дил дарак медиҳад. Аксари одамон баъди мубталои сактаи дил шудан мегӯянд, ки якчанд рӯз қабл онҳо ким-чӣ хел хунукхӯрӣ, яъне сарморо эҳсос менамуданд. Ба ин беморӣ чӣ гуна бояд ғолиб омад? Агар шумо ва ё ягон шахси наздики шумо аллакай ин ҳама аломатҳоро дар худ эҳсос намудаед, фавран ба духтури мутахассис муроҷиат кунед. Беҳтарин усули пешгирии сактаи дил дар сатҳи аввал ошкорсозии аломатҳои он ва шуруъ намудани муолиҷаи пешакӣ мебошад. Бешубҳа, ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим ва ҳарчи камтар асабонӣ шудан хеле муҳим аст. Аммо донистани аломатҳои он барои пешгирии беморӣ мусоидат менамоянд. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

www.javonon.tj

эълон менамояд.

 МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН...”

е-mail: javonontj@mail.ru

КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

11


е-mail: javonontj@mail.ru

12

ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиддин Бухориев 60-сола шуд. Ӯ 15 июли соли 1956 дар ноҳияи Даштиҷум (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) таваллуд шудааст. Соли 1971 мактаби миёнаро дар ноҳияи Восеъ ва соли 1975 Техникуми кӯҳӣ-геологиро хатм кардааст. Бо роҳхат ба вилояти Тюмени Русия ба кор меравад. Соли 1977 аз хизмати ҳарбӣ баргашта, ба ҳайси мураббии футбол дар дастаи “Ҳулбук” ба кор оғоз мекунад. Давоми фаъолияти худ дар дастаи “Ҳулбук” наврасони тими мазкур тавонистан ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Соли 1993 бо талошу заҳматҳои ӯ дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) дастаи “СКАДӯстӣ” ташкил шуд, ки ин даста то соли 1997 дар лигаи олӣ баромад мекард. Баъди бо сабабҳои молӣ афтидани дастаи “СКА-Дӯстӣ” аз лигаи олӣ худи ҳамон сол С. Бухориев тими “Панҷшер”-ро дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ таъсис дод, ки даста дар лигаи олӣ бозӣ мекард. Зери роҳбарии ӯ дар бозиҳои Ҷоми ҷумҳурӣ соли 1997-1998 дар бозии ниҳоӣ дастаи собиқ “Ранҷбар”(ҳоло “Ҳулбук”) бо дастаи «Хуҷанд»-и

Салоҳиддин БУХОРИЕВ:

Шодихони НАЗАР бозонро интихоб мекардем. Ҳоло ин шумора то 2 ҳазор мерасад. Барои дар сатҳи баланд рушд намудани футбол роҳи ягона таваҷҷуҳ ба насли наврас аст. Онҳоро зиёдтар ба майдонҳо ҷалб намуда, теъдоди мусобиқаҳоро зиёд намоем, ба манфиат аст. Хуб мешуд, ки миёни наврасон ҳам як лигаи дигар ташкил карда шавад. Ҷавонони сину соли гузариш - 16-17-сола мисли дастаҳои лигаи олӣ аз тамоми ҷумҳурӣ давоми сол як дар чемпионат иштирок кунанд, баҳри ғолиб шудан дар талош бошанд, - афзуд С. Бухориев. Ӯ дар охири суҳбат таъкид намуд, ки баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ояндаи футболи тоҷик дурахшон аст. Айни ҳол Федератсияи футбол як қатор чорабиниҳои варзиширо дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба роҳ мондааст,

“Хушачаи тиллоӣ”-ро эҳё кунем шаҳри Хуҷанд бозиро бо ҳисоби 2:1 бохт. Соли 2011 дастаи футболи «Рашт»-ро таъсис дод, ки дар лигаи якум бозӣ мекард. Аз соли 2012 дар Мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Восеъ фаъолият дорад. Футболбозони ин мактаб бо роҳбарии ӯ дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии шаҳри Оши Қирғизистон, солҳои 2013 ва 2015 ғолиби мусобиқа гардиданд. Салоҳиддин Бухориев таъкид мекунад, ки сабаби асосии аз лигаи олӣ афтидани дастаҳои то имрӯз таъсиснаму-

Ҳамид Каримов - сармураббии нави "Хуҷанд"

www.javonon.tj

дар кутоҳтарин муҳлат метавон футболи тоҷикро ба по хезонд. Барои ин бояд таваҷҷуҳи асосиро ба наврасон дод: “Тайи ду сол аст, ки миёни наврасон мусобиқаи “Тӯби чармин” доир мегардад, ки ин қадами нахустин аст. Пеш мусобиқаи футболи деҳот гузаронида мешуд бо номи “Хушачаи тиллоӣ”, ки дар ин мусобиқа деҳотиён иштирок мекарданд. Замони он расидааст, ки “Хушачаи тиллоӣ”-ро низ эҳё намоем. Чи қадар ки мусобиқа зиёд гардид, сатҳи футбол баланд мешавад. Футболбозони навраси мо гуруснаи футболанд. Ҳамагӣ 3-4 бозӣ дар ноҳия, 3-4 бозӣ дар вилояту ҷумҳурӣ мегузарад, ки кам аст. Наврасон бояд дар як сол на камтар аз 70-80 бозӣ кунанд”. Ба гуфти мураббии футбол, миёни тимҳои Тоҷикистон дар лигаи олӣ рақобат суст аст. Садрнишини бозиҳои футболи тоҷик “Истиқлол” аст. Барои мо бо як даста пеш рафтан мушкил аст. Агар 8 дастаи лигаи олӣ

Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат-2015, клуби футболи "Хуҷанд" сармураббии навашро эълон кард: мутахассиси 59-сола Ҳамид Каримов. Ӯ дар ин вазифа Нуъмонҷон Юсуфовро иваз кард. Ҳамид Каримов қаблан дар ситоди мураббиёни КМВА "Помир"-и Душанбе заҳмат кашидааст. Шуҳрат Умаров ёрдамчии Каримов, Анвар Норқулов мураббии бозингарон таъин шуданд. Фаррух Бердиев дар вазифааш - мураббии дарвозабонҳо - монд. Инчунин, сармураббии ҳайати дуюми дастаи "Хуҷанд" Шариф Зиёев интихоб шуд.

дааш мушкилоти молияӣ аст. Ӯ дар мавриди футболи тоҷик ҳарф зада, таъкид намуд, баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣҳам футболи тоҷик дар Осиёи Миёна пешрафта буд. Аммо дастаҳои футболи Узбекистон, Қирғизистон аз мактабҳои мо ҳайати тими худро пур мекарданд. Футболи кӯдаконаи мо дар сатҳи баланд қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ футболи тоҷикро шикаст. Айни ҳол мактаби футболи мо нисбат ба кишварҳои Осиёи Миёна дар сатҳи паст қарор дорад. Ба ақидаи С. Бухориев, мардуми тоҷик футболдӯст аст ва

Истеъфои ситоди мураббиёни “Истиқлол” Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, 10 июл роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» мураббиёни тими мазкурро ба истеъфо фиристодааст. Мубин Эргашев, сармураббии дастаи «Истиқлол” ва ёваронаш аз вазифа барканор шудаанд. “Истиқлол”-ро ба марҳилаи дуюми чемпионати мамлакат мураббии нав омода мекунад.

монанди “Истиқлол” пешрафта мешуданд, футболи тоҷик дар Осиё беҳтарин мебуд. - Омили дигари паст рафтани сатҳи футболи тоҷик дар он аст, ки соҳибмактабону кадрҳои даврони шӯравӣ дар чор панҷ соли охир аз миён рафтанд. Айни ҳол он кадрҳое фаъолият доранд, ки дар давраҳои вазнин футболи тоҷикро то имрӯз кашида оварданд. Аз ин рӯ, мо бояд, ки таваҷҷуҳи асосиро ба насли наврас диҳем. Солҳои пеш қариб 50 ҳазор наврас дар мактабҳо омода мешуданд ва аз миёни онҳо барои тимҳои лигаи олӣ беҳтарин футбол-

ки метавон ба ин умеди калон баст. Баъди амалӣ гардидани ин чорабиниҳо ва талошу заҳматҳои мутахассисони соҳа шояд беҳтарин чеҳраҳои футбол пайдо шаванд, ки футболи тоҷикро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. АЗ ИДОРА: Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиддин Бухориевро ба муносибати 60-умин баҳори умраш шодбош гуфта, ба ӯ тани сиҳат, зиндагии бардавом ва муваффақиятҳои бештарро дар корҳояш таманно дорем.

Шикасти футболбозони ҷавони кишвар аз Кореяи Ҷанубӣ Тими ҷавонони то 16-солаи кишвар оид ба футбол дар даври аввали мусобиқаи байналмилалии "Шоҳроҳи Абрешим - Хуашан-2016", ки 11 июл дар шаҳри Вэйнани Чин оғоз ёфт, аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хурд. Ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, голи дастаи моро дар дақиқаи 76 Тоҳир Малодӯстов зад. Тими ҷавонони Тоҷикистон муқобили ҳамсолонашон аз Кореяи Ҷанубӣ бо чунин ҳайат ба майдон баромаданд: Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Султоншо Мирзоев, Мубинҷон Муминов, Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев,

Фаридун Неъматов, Далер Ёдгоров, Аваз Қамчинов. Дар даври дуюм дастпарварони Зайниддин Раҳимов бо тими ҷавонони Туркманистон ва дар даври ниҳоӣ бо дастаи ҷавонони Чин вомехуранд. Тибқи низомнома мусобиқа дар як давр баргузор мешавад ва дастаҳо бо ҳам якбозигӣ мекунанд.

Теннис: Наврасон барои Ҷоми Президент талош мекунанд 23-27 августи соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон (писарону бонувон) барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Варзишгароне, ки ҷои рои мақомҳои якум, дуюм барои дарёфти Ҷоми Преаввалро ишғол менамо- ва сеюми сабқати ҷуфтӣ, зиденти Тоҷикистон соли янд, соҳиби 7000 сомонӣ, мутаносибан 3500, 2800 2005 таъсис ёфта, бори ҷои дуюм - 5600 сомонӣ ва 1750 сомонӣ мукофот ҳафтум аст, ки байни варва барои ҷои сеюм 3500 пешбинӣ шудааст. зишгарони наврас (12-15сомонӣ мегарданд. БаМусобиқа оид ба теннис сола) баргузор мешавад.


ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Пас, онҳо таваҷҷуҳро аз дигар ҷо меҷӯянд!

Омилҳое ҳастанд, ки ба калавиши ҷавонон мусоидат мекунанд ва агар мо онҳоро ошкор насозем, нодида гирем ва дар роҳи барҳам задани ин омилҳо чораандешӣ накунем, бешубҳа ҷавонони мо ба ҳар равияву ҷараёнҳои манфӣ майл карда, ба амали номатлуб даст мезананд.

Масалан, бекорие, ки имрӯз ҷавонони моро фаро гирифтааст, яке аз омилҳоест, ки онҳоро ба гумроҳӣ ва даст задан ба ҳар гуна амали номатлуб тела медиҳад. Агар барои ҷавонон шуғли писандидаашон набошад, ғолибан онҳо ҳамнишину ҳамақидаи худро ҷӯё мешаванд. Аксари вақт ҳамнишини худро аз доираи мисли худ бекорон пайдо карда, эҳтимоли ба доираи ашхоси ҷиноятпеша ва нобакор афтодани онҳо бештар мегардад. Омехтагиҳои табоҳкунанда ва рафиқони ноаҳл дар вайроншавии ахлоқи ҷавонон ва табоҳии онҳо, бешубҳа нақши хатарнок доранд. Масъулияти бузург дар аҳамият надодан ба фарзандон, ки бекору бемашғулият монда, бо рафиқони ноаҳл ҳамнишин мешаванд, асосан бар дӯши волидон аст. Зеро вазифаи падару модар аст, ки барои фарзандонашон шуғли писандида ва рафиқони некӯ интихоб намоянд, то фарзандон баробар бо соҳиби шуғл будан аз ҳамнишини неки худ ахлоқи ҳамида ва одоби олиро касб кунанд. Худованд аз ҳамнишинони ноаҳл барҳазар дошта, мефармояд: «Дар он рӯз дӯстон ҳама душмани якдигаранд, ба ҷуз парҳезгорон». (Зеро дӯсти парҳезгор ҳам дар дунё ва ҳам дар охират пойдор аст). (Сураи “Зухруф”, ояти 67). Пайғамбар дар ҳадисе, ки Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд, мефармояд: “Масали ҳамнишини нек ва ҳамнишини бад ҳамчун соҳиби мушк ва дамандаи да-

маи оҳангарон аст. Соҳиби мушк ё ба ту баҳрае медиҳад, ё аз (мушки) ӯ мехарӣ, ё аз ӯ бӯйи хуш меёбӣ ва дамандаи дамаи оҳангарон ё либосатро месӯзонад, ё аз он бӯйи бад меёбӣ)”. Дар сатҳи даркорӣ муносибат ба роҳ намондани волидон бо фарзандон боз як омили асосиест дар роҳи калавиши фарзандон. Чун фарзандон аз падару модар танҳо муомилаи бад, дуруштӣ, таҳқир, айбгирӣ, масхаракунӣ ва таъназанӣ мебинанд, табиист, ки онҳо барои ҷустани муомилаи беҳтаре, сухани хуше майл ба муҳити берун аз хонадон мекунанд. Дар сурати додани андак сухани хуш ва таваҷҷуҳ, бахусус, дар ҳолати дастгирӣ ёфтанашон аз ҷиҳати молӣ чунин ҷавонон ба ҳар гуфта розӣ мешаванд. Ана, ҳамин тавр, онҳо осонакак таҳти таъсири ҳар шахси боғараз аз ҷумлаи ифротиёну ҷиноятпешагон монда метавонанд. Бояд гуфт, ки муомилаи дурушти падару модар ба ҳолати равонии фарзандон, кору кирдор ва ахлоқи онҳо таъсири бад мегузорад ва боиси ба вуҷуд омадани аксуламал мегардад, ки оқибати он албатта ногувор хоҳад буд. Ислом бо сабки ҳакимона мураббиён, устодон ва бахусус, волидонро ба пероста шудан ба ахлоқи олӣ ва муомилаи неке, ки меҳру муҳаббат ва шафқату дилсӯзиро афзун мекунад, даъват менамояд, то ки ҷавонон бар ростӣ ва дар рӯҳияи далерӣ ва истиқлоли шахсӣ тарбия гиранд ва

саранҷоми эҳсоси каромат ва дар назди дигарон аз ҷумла дар назди падару модар эҳтиром доштанро дарк намоянд. Дар воқеъ, Ислом ба муомилаи нек доштан бо мардум, бахусус бо наздикон раҳнамоӣ мекунад. Худованди пок мефармоянд: «Ҳамоно Худо халқро ба адлу эҳсон намудан ва бахшиш ба наздикон фармон медиҳад». (Сураи “Наҳл”, ояти 90). Худованд боз мефармояд: «Ва ба забони хуш бо мардум сухан гӯед». (Сураи “Бақара”, ояти 83). Дар ҳадисе, ки Абудовуд ва Тирмизӣ аз расули Худо (с) ривоят кардаанд, омадааст: «Меҳрубононро Худои раҳмон меҳрубонӣ мекунад. Меҳрубонӣ ба касони дар заминбуда кунед, ба шумо Худои дар осмонбуда меҳрубонӣ мекунад». Бо каломи хуш ва лутфу меҳрубонӣ сухан гуфтан ва хитоб кардан муомилаи нек маҳсуб меёбад. Дар дили фарзандон ба вуҷуд овардани боварӣ, ба онҳо фурсат додан барои баён кардани майлу хоҳишот ва орзуҳояшон боис мегардад, ки онҳо дар оила ва ҷомеа ба мавқеи муҳим доштани худ эътимод пайдо кунанд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки дар ҳар ҳолат дар мавқеи худ устувор ва аз калавишҳо эмин бошанд. Умед ҲАЛИМОВ, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода

Ҳ. ИСЛОМ

Рустам РАҲИМОВ

Сол то сол теъдоди муассисаҳои таълимию касбии техникӣ дар ҷумҳурӣ бештар шуда, ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон корҳои назаррасе сурат мегиранд. Хостем оид ба фаъолияти муассисаҳои мазкур дар шаҳри Кӯлоб маълумоти бештаре ба хонандагон пешкаш намуда, маълум гардонем, ки то чӣ андоза ҷавонон майл ба касбомӯзӣ доранд? Зеро ҳар сол ҷавонони зиёде берун аз кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, аз надонистани забон ва баҳравар набудани касбу кори муайян азоб мекашанд.

www.javonon.tj

ва дигар корхонаҳои давлатӣ сурат мегирад. Дар муассиса 55 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи ҷавонон машғул мебошанд. Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «В» курсҳои семоҳаи кӯтоҳмуддат ташкил шудааст, ки маблағи он 300 сомониро ташкил медиҳад. Муассиса аз соли 1974 фаъолият намуда, чанд муддат бо сабабҳои гуногун аз фаъолият боз монда буд. Аз соли 2000 фаъолияташро аз сари нав оғоз кард”, - афзуд Ҷумахон Самадов. Ба ин монанд, Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб низ ҷиҳати омӯзиши ҷавонон фаъолияти назаррас дорад. Карим Нозимов, ҷонишини директори муассисаи мазкур ҳангоми суҳбат чунин тавзеҳ дод: - Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб асосан мутахассисони соҳаи кишоварзиро тайёр мекунад. Айни замон дар муассиса 175 ҷавон ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 12 омӯзгор таълим медиҳанд. Муассиса ҷавононро аз рӯи ихтисосҳои тракторчӣ, истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ, ҳисобчӣ бо донистани кор дар компютер, хизматрасонии таъминоти барқ ва ронандаи автомобил дараҷаи «С» тайёр мекунад. Бояд гуфт, бо вуҷуди он ки шароит яксону ҳамвор нест, вале дар ҳама манотиқи ҷумҳурӣ муассисаҳои касбомӯзӣ ва техникӣ амал мекунанд. Ҷавононро зарур аст, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи баамаломада неруву тавони худро ҳади аққал дар ҳамин муассисаҳо сарфу сафарбар намоянд. Агар чунин кунанд, умед ҳаст, ки касбу ҳунари андӯхтаашон онҳоро ҳатман ба кор меояд. Хоршавӣ намемонад. Агарчӣ барои муҳоҷират ҳам раванд, касбу ҳунар ки дошта бошанд, метавонанд кори хубу кироие пайдо намоянд. Ҳеҷ набошад, аз сарсону саргардон гаштан дар кӯчаҳои ҳиҷрат беҳтар аст...

Ҳимоят аз қувваҳои ифротии динӣ барои ҳар давлат, новобаста аз равияву намудҳо, хатарзо буда, ба қатлу куштор ва таркишу нобудсозиҳо, ноором кардани ҷомеа оварда мерасонад. Дастгирии созмонҳои ифротии динӣ дар Туркия ҳолати давлатро ба харобӣ овард. Ин аст, ки ҳукуматдорони Туркия кӯшиши ҳамдастӣ намудан ва ҳамфикр шудан бо ақидаҳои динӣ-мазҳабӣ карданд. Вале гароиши мазҳабии ҳукумати нави Туркия ва ҳизби исломгарои он хелеҳоро нигарон кард. Кӯшиши ҳимояти сиёсати динии кишвар чунин натиҷа дод, ки дар воқеаи мудҳиши террористӣ наздик ба 45 нафар куштаву бештар аз 150 тани дигар захмӣ шуданд. Сабаб ҷонибдорӣ аз дингароёни ашадӣ буд, ки дар фурӯдгоҳи байналмилалии ба номи Отатурки шаҳри Истанбули Туркия аз ҷониби аъзои «Давлати исломӣ» таркиш ба вуҷуд омад. Ҳамла дар фурӯдгоҳи Туркия - давлате сар зад, ки раҳбарияти он аз қувваҳои динӣ, исломӣ, сиёсӣ ва ифротиҳои мазҳабӣ ҷонибдорӣ менамуд. Аз рӯи ин ақида, бояд ифротиҳо дар ин кишвар даст ба ҳамлаҳои хунин намезаданд. Чунки Туркия аз онҳо муҳофизат мекард. Вале ин сиёсати динӣ ва сиёсикунонии ислом барои Туркия хатои маҳз баромад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия тайи ҳафтаи ҷорӣ гуфтааст, дар таркиши фурӯдгоҳи байналмилалии Отатурки шаҳри Истанбул зодаҳои Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон даст доранд. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо иброз доштааст, то ҳол бо иттиҳоми ҳамлаҳои террористӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Истанбул 30 нафар боздошт шудаанд. Президенти Туркия дар ин таркиш аз кишвари мо ном бурда, ки гӯё фарде дар ин ҷо даст доштааст. Вале худ қазоват намекунад, ҷавононро бо таблиғи нодуруст, бо нимчамуллоҳову таблиғотгарони ифротӣ раҳнамоӣ мекунад. Фаҳми нодурусти дингароиҳост, ки бо ҷалби ду-се гумроҳ ба ифротгароӣ мепайванданд. Ҷойи нигаронии ҷиддист, ки таблиғгари динӣ дигаронро гунаҳкор кардан мехоҳад. Лекин дар корҳои баде, ки нафрати дигаронро меоварад, худ ҳамроҳ мегардад. Агар рафту дар ин таркиш ягон тоҷике иштирок кард, ин ҳамон хизмати хирсонаи ҳукуматдрони Туркия аст, ки афроди дингароёни ашадиро ҳамеша зери қаноти хеш мегирифтанд. Ақидаи он ки арзишҳо ва меъёрҳои аслии демократия ҷузъе аз исломанд ва ислом бо онҳо мушкиле надорад, дар сиёсати имрӯзаи Туркия амалӣ нагашт. Ҳукуматдорони Туркия исбот карданӣ буданд, ки исломгароӣ на танҳо сабаби ақибмондагӣ нест, балки метавонад омили пешрафту рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳо низ бошад, вале он ҳоло натиҷаи баръакс дод. Ба ҳамин хотир, неруҳои исломиро муътадил пиндоштан ҷомеаро ба иштибоҳ мекашад ва вазъиятро ноором месозад.

Ҳунар бояд андӯхт!

Имрӯзҳо шумораи зиёди хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз норасоии вазъияти иқтисодиву молиявии оила ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуда наметавонанд. Бо ин мақсад, дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои касбомӯзӣ фаъолият мекунанд, ки ҷавонони кишвар соҳиби касб ё ҳунаре бошанд, то дар ҷамъият саҳми арзанда гузоранд. Дар ҳар баромаду суханрониҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш медиҳад, ки ҷавононро барои омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун ҷалб намоянд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, Сарвари давлат масъулини соҳаи маорифро муваззаф намуд, то ки ҳарчи зудтар нисбат ба ҷавонон чораандешӣ намуда, дар коллеҷу литсейҳои касбиву техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ марказҳои таълимии калонсолон, инчунин курсҳои кӯтоҳмуддатро ба роҳ монанд, то ҷавонон соҳиби касбу ҳунар ва ҷойи кори муносиб гарданд. Чун ояндаи ин сарзамин дар дасти ҷавонони ба ору номуси кишвар аст. Алъон дар яке аз муассисаҳои касбомӯзии шаҳри Кӯлоб - Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии сохтмон» шумораи зиёди ҷавонон аз деҳоти дурдасти кишвар барои касбу ҳунар омӯхтан ва дониши худро сайқал додан омадаанд. Бавижа ҷавонони ноҳияҳои Муъминобод, Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Балҷувон, Ховалинг. Ҷумахон Самадов, мудири Бахши кадрҳои муассисаи номбурда иттилоъ дод, ки теъдоди умумии касбомӯзони литсей ба 500 нафар расидааст. “Соли 2014-2015 190 нафар таълимгиранда курси дусоларо хатм намуда, соҳиби диплом гаштанд. Дар соли 2015-2016 ин рақам ба 350 нафар расид, ки аз рӯи касбҳои дуредгарӣ, ронандагӣ, бухгалтерӣ, барқчӣ, компютер ва дигар намуди касбҳо таълим дода мешаванд. Барои таҷрибаомӯзии ҷавонон ҳамкориҳо бо муассисаҳои Шабакаи барқи шаҳри Кӯлоб, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»

Таблиғи нодуруст ба ифротгароӣ овард

е-mail: javonontj@mail.ru

Ба ҷавонон таваҷҷуҳ намекунем?

13


е-mail: javonontj@mail.ru

14

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Дар коргоҳи китобчопкунӣ саҳифаи навбатиро дар рӯшании чароғи махсус нигоҳ мекардам, то каҷу рост будани онро муайян намоям, ки телефони дастиам занг зад. Лаҳзаи номусоид, вақти зангзаниатро ёфтӣ, дар вақти кор. Лекин ман наметавонистам ба занг ҷавоб диҳам, чунки мошини чопӣ истода буд. Бояд андозаи саҳифаи дар дастам бударо то дараҷаи даркорӣ рост мекардам. Ин камаш аз се то панҷ дақиқаро мегирифт, телефон бе ист занг мезад. Ниҳоят ман андозаи саҳифаро дуруст ва тугмачаро пахш кардам. Ба ёрдамчии худ гуфтам, ки рафти чопро назорат намояд.

аз як пояш маҳрум шуданашро қисса карда буд. Дар деҳа ҳама ӯро ҳурмат мекарданд. Бо фахр Гулмаҳмуд мегуфтанд. Ӯ дар мактаб-интернати деҳа ба сифати анборчии либос кор мекард ва боз масъули тозагии мактаб буд. Ҳама муаллимон мураббиҳо ҳатто худи сарвари мактаб аз ӯ ҳарос доштанд. Ӯ дар кори худ ниҳоят сахтгир буд, дар вақти хӯрокхӯрӣ дар пеши дари ошхона истода, ба дастҳои мактаббачаҳо нигоҳ мекард, ки нохунҳояшон тоза гирифтагӣ ва дастҳояшон шустагӣ бошад. Баъд дар дохили ошхона даромада, бо қошуқ дохили хӯроки талабаҳоро мекофт, то бинад ки миқдори муаяншудаи гӯшт дар он ҳаст ё не. Худо накарда, ҳангоми тафтиш дар хӯроки мактаббача миқдори муайяншудаи гӯшт кам бошад, ҳатман ҷазо медод. Ёд дорам, боре ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ дар паҳлуи

ман Ашуров Изатулло (ӯ ятим буд) нишаста буд. Ман хӯрок мехӯрдам, ӯ бошад, бо қошуқ косаи шурбояшро мекофт. Изатулло қошуқро ба дохили косаи шурбо андохта, пур карда, тахминан даҳ понздаҳ сантиметр бардошта, оҳиста боз ба дохили коса мерехт. Дар ҳамин вақт ногаҳон Гулов аз пушти сарамон пайдо шуда, қошуқро аз дасти Изатулло гирифта, худаш хӯрокро кофтан гирифт. Ман аҳамият додам, дар ҳақиқат дар хӯроки ӯ гӯшт набуд. Баъд ба атроф нигарист, муаллими навбатдорро мекофт, ниҳоят чашмаш ба ӯ афтод. Ӯ дар як гӯшаи ошхона рост истода, ҷониби мо менигарист. Гулов бо ишора ӯро ба сӯи худ хонд. Муаллими навбатдор ба зудӣ назди мизи мо ҳозир шуд. Гулов косаи хӯроки Ашуровро аз миз бардошта, ман гумон кардам, ки ҳозир дар сари навбатдор мезанад. Хайрият ин хел на-

зада бошад, ки шах шуда мондам. Ин ҳоли маро акаи калони Амиршоҳ - Мақсуд дида, гуфт: “Ҳайрон нашав, номи ту дар хонаи мо ҳамеша ёд мешавад. Олучае, ки Шумо ҳамроҳи падари мо тақрибан сиву панҷ сол пеш шинонда будед... Дар ҳамон вақт падарам гуфта буд, ки ин ниҳолро, ниҳоли дӯстӣ меномем, минбаъд ин бо номи “Олучаи Искандар” ном гирифта шавад... Ҳозир худат шунидӣ, ки хоҳарам ба духтараш чӣ гуфт. Он замон ин духтараш таввалуд нашуда буд, лекин номи Шуморо медонад. Хонаводаи мо ҳама номи Шуморо медонанд. Писаронам писарони хоҳарҳоям, набераҳоям, ҳарчанд, ки баъзе онҳо Шуморо надидаанд, вале қиссаи олучашинонии шумою падарамро медонанд. Чунки ҳар кадоми онҳо аз бозе худро шинохтаанд, ин саволро ба ман ё ки ба падару модарам, ба калонтарҳои худ медоданд.

шуда бо ҳамсинфон вохӯрда, бо мошини ман ҷониби деҳа равон шудем. Дар роҳ ҳамсинфон лаҳзаҳои хуби бо Гулов гузаронидаи худро ба ёд оварда, нақл карданд. Чи тавр ба деҳа расиданро ҳис накардем. Мегӯянд суҳбат роҳро кӯтоҳ мекунад, рост будааст. Моро дар назди дарвозаи калон ҳамсинфамон Амиршоҳ пешвоз гирифт. Мо бо навбат ӯро ба оғӯш гирифта, изҳори ҳамдардӣ намудем. Баъд моро ба болои кати калон, ки дар поёни долони хона буд, шинониданд. Баъди дуою фотиҳа Рустам ояте аз Қуръони карим хонда, дар ҳаққи марҳум бахшида, омин кардем. Дар саҳни ҳавлӣ занҳо ҷумбуҷӯл доштанд, овози апаи калони Амиршоҳ шунида шуд, ки мегуфт: “Амиршоҳро гӯед, либосҳояшро биёрад, шӯем”, инро маросими сиёҳбаророн мегӯянд. Ҳамин лаҳза номи худамро шунидам, ки апаи калониаш ба духтараш мегуфт. Аз таги олучаи Искандар тағораи калонро биёр. Маро гӯё барқ

“Барои чӣ ин олучаро, “Олучаи Искандар” мегӯед?” ва қиссаи олучашинонии шумою падарамро мешунаванд. Аз ман ҳам писарҳоям, набераҳоям пурсидаанд ва ман ба онҳо нақл кардаам, ростӣ, ман ба Шумо ҳасад мебарам, чунки дар ёд дошта бошед, дар паҳлӯи олучаи шинондаи Шумо чормағзе буд ӯро амакам Маҳмадалӣ шинонда буд. Лекин ягон бор нашунидам, ки боре ин чормағзро бо номи ӯ ном гирифта бошанд. Ҳамин вақт овози зани ӯ баланд шуд, ба писараш Баҳром мегуфт, торбандро аз паси “Олучаи Искандар” кашида, дар чормағз таранг кашида банд, то либосҳоро овезанд. Акаи Мақсуд ба ман нигоҳи маънидорона карда, табассум кард. Яъне, ана дидӣ, қариб номи ту аллакай ду бор ба ёд оварда шуд. Ҳамин аст зиндагӣ, яке роҳ месозад, то номаш ба ёдгор монад, дигаре ниҳол мешинонаду сеюмӣ фарзанди солеҳ ба воя мерасонад... Таҳияи Раҷаб МАРДОН

Олучаи Искандар

Даст ба тасмаи миёнам бурда, телефонро гирифта нигоҳ кардам, ки ҳамсинфам Рустам се маротиба занг задааст. Ба худ гуфтам, мумкин кори муҳиме дошта бошад, баргашта ба ӯ занг задам. Баъди саломатиашро пурсидан, хабар дод, ки Маҳмуд Гулов, падари Амиршоҳ - ҳамсинфи дигарамон аз дунё гузаштааст ва ҳозир дер шудааст, агар равем ҳам, ба ҷаноза намерасем, пасфардо, рӯзи шанбе мешавад Давлатшоҳро - ҳамсинфи дигар, ки ҳамроҳи ӯ дар корхонаи сементбарорӣ кор мекарданд, гирифта, ба фотеҳахонӣ меравем ва як шаб дар деҳа монда, пагоҳаш баъди пешин гашта меоем. Маслиҳатро пазонда, телефонро хомӯш кардам ва аз пайи кори худ шудам. Вале фикрам ба деҳа банд буд, даврони мактабхонӣ, чи хел дар рӯзи 23 феврал мӯйсафед Гулов ба минбар баромада, дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл мекард, чи тавр дар озод намудани шаҳри Берлин аз фашистон

Санҷиш www.javonon.tj

кард. Косаро ба дасташ дода, гуфт тассавур кунед, ки дар ҷои ин бача шумо нишастаед. Муаллими навбатдор косаро гирифта, бо сари хам рафт ва пас аз андак вақт як коса шурбо дар дохилаш як гӯшти калон оварда, ба назди Ашуров монд. Гулов сари Ашуровро сила карда, “хур, писарам, ошат шавад!” гуфт. Ана, ҳамин хел одам буд Гулов. Бо писараш Амиршоҳ ман дӯстӣ доштам. Ӯ инро медонист. Ногуфта намонад, ки галстуки аввалини пионерӣ дар он замонҳо анъана буд. Ҳангоми синфи сеюм, вақти ба сафи пионерӣ қабул шудан дар гирди гулхан галстуки аввалинро дар гардани мактаббачаҳо муаллимон, меҳмонони даъватшуда мебастанд ва галстуки аввалинро дар гардани ман Гулов баста буд ва гуфта буд: “Ту ҷӯраи писари ман ҳастӣ, нағз хон!” Рӯзи шанбе дар ҷои таъин-

Зане тасмим гирифт, то садоқату вафодории ҳамсари худро бисанҷад. Ӯ мехост таассуроти шавҳарашро баъди ӯро тарк кардани завҷааш бо чашмони худ бубинад. Аҷиб, оё шавҳараш ӯро бозмедошта бошад? Барои ба ин суоли худ посух пайдо намудан зан ба шавҳараш хат-

чае навишта, дар он аз анҷом ёфтани муносибатҳояшон, имконнопазир будани ҳамзистии минбаъдаашон изҳори таассуф намуда, талаб менамуд, ки бо сабаби ғайриимкон будани зиндагии якҷоя минбаъд онҳо бояд аз ҳам ҷудо шаванд. Сипас, он хатчаро болои миз гузошта, худ дар таги кат ноаён пинҳон шуда хобид, то аксуламали шавҳарашро бубинад. Инак, шавҳараш аз кор ба хона баргашт. Зан бошад, бо асабонияту ҳаяҷони зиёд интизори он буд, ки кай ӯ хатчаро мехонад. Вақте мард хатчаро хонд,

зан манзараеро мушоҳида намуд, ки боварнокарданӣ. Мард баъди хондани хатча дарҳол онро болои миз партофта, ҳуштаккашон болои курсӣ нишаст ва хушҳолона гӯшаки телефонро гирифта, рақам чид: - Салом, азизакам, ман ҳозир меоям. Ҳа, ба фикрам ӯ оқибат фаҳмид, ки ман ӯро ҳамеша фиреб медодам ва худаш баромада рафт. Дар ҳақиқат ҳам ин никоҳи мо хатои бузурге буд. Ниҳоят он лаҳзаи хуш, лаҳзаи озодӣ фаро расид! Ман мехоҳам ҳарчи зудтар туро бубинам! То боздид! Зан моту мабҳут шудаву чӣ кор карданашро намедонист. Чӣ гап мешуда бошад? - меандешид ӯ ва аз ҷой намеҷунбид. Гиря гулӯгираш карда буд. Шавҳараш каме назди миз андар-

мон шуд, сипас баъзе чизу чораашро саросемавор ҷамъ карда, аз хона берун рафт. Баъди он ки дар пӯшида шуд, зан ҳунгосзанон инони гиряро сар доду оҳиста аз паноҳгоҳи худ хазида баромад. Оқибат зан худро ба даст гирифта, ба атроф нигарист. Чашмаш ба хатчае бархӯрд, ки дар паҳлӯи хатчаи худаш меистод. Онро шавҳараш ба унвони ӯ навишта буд. Зан онро ба даст гирифту мутолиа намуд: - Ту, нодонаки ман, дафъаи дигар агар боз маро фиреб додан хостӣ, аввал боварӣ ҳосил кун, ки пойҳоят аз таги кат намудор нестанд. Ман ба мағоза рафтам, ҳозир бармегардам. Ман туро дӯст медорам” Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

15

Мафњуми математикї, D

Фамилияи маъмули русї

Штат дар ИМА

… Баччан, ситораи кинои њиндї

Хабаркаш

Пули Корея

Атомњои заряднок

Дарё дар Хорватия

Амударё то якљояшавї бо Вахш

Љаноби лањистонї

Нотавонї, сустї

«Бахтиёр» чї гуна исм аст?

Љазирањо дар шарќи Русия

Ќасри амири Бухоро Кроссворди скандинавї

Ин љонвари обї барќ њосил мекунад

Њаќиќатнигорї дар адабиёт ва санъат

Як аломат дар хатти Хитой

Касофатовар, бадтолеъ

… Яшин, дарвозабони машњури футбол

Хурўљ, нуќтаи баланд

Одам, башар

Дуои бади падар

Кайфу сафо

Хона

Аз дарвоза хурдтар

Боњуш, доно

Туро ба манзил барад

Раѓбати беандоза ба касе

Ноњия дар вилояти Хатлон

Дору барои љароњат

Тухмбирён

Ба забон овардан

Борбардори сохтмонњо

Гулў

Дарё дар Њиндустон

Эзид, Яздон

Љои китобмонї

Як навъи наќлиёти шањр

Пешгўии ѓайриилмї

Дар афсона кафши паррон дошт

Рўй, чењра

... Азизов, сароянда

www.javonon.tj

Шаршара

Хуб, наѓз

Гиёњи яксолаи хўшагї

Бозии русии рўимизї

Ниёзманд, эњтиёљманд

Шањр дар Полша

Соф, зулол

Падару модару фарзандон

Муми роњ

Унвони олии илмї

... Сандал, овозхони турк

Даррандаи хонагї

Нитроген

Нигоњ кун!

Илми дину шариат

Дарёи дарозтарини дунё

Пурра, тамом

Гузариш аз марз

Нишон додан бо ангушт

Зоти саг, булдоги хурд

... Твен, нависандаи амрикої

Илмњо

Забони давлатии Ќатар

Оташ гирифтан

СНГ (тољ.)

Оби минералї

Отряди махсуси милиса

"Ёр ... бошад, кор сањл аст"

Пойтахти Норвегия

Тар, рутубат

Рўз (арабї)

Тамѓаи тайёраи ФР

Додар Зоту зурриёт

Курорти соњили Бањри Сиёњ

50 %

... Љоли, актрисаи амрикої

"Нафси бад - ... и љон"

Таълим, тарбия

Иёлати Амрико

Тафс, њарорати баланди бадан

Махлуќи афсонавї

Ду голи футболбоз дар як бозї

Дўсти ВинниПух, хар

Амали математикї

0, 1 см

Марз

Сабзавоти палакдор

Матои кўрпаворї

Гирду пеш

Ситоиш, сано

Ранг

Зулфия ..., шоира

Устухони фил Шукўњ, дабдаба

Мўи болои чашм

е-mail: javonontj@mail.ru

Гармї, Мурѓи њаро- афсорат навї


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №28 (9454), 14 июли соли 2016

Лутфи ҷавонӣ

ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд.

Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣфарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ.

3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фири-

АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _______________________ Барои чӣ беҳтарин аст?_______________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда_____________________________________________________________

- Ман писар таваллуд кардам. Ҳафтаи гузашта. Тасаввур мекунӣ. ПИСАР. Баъд аз шаш духтар. Чи қадар хушбахтам. - Муборак бошад! Ба кӣ монанд аст? - Намедонам. Ҳоло ба рӯяш нигоҳ накардаем...

станд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад. Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд.

***

Писарак аз зане, ки гиря дорад, мепурсад: - Холаҷон, барои чӣ гиря мекунед? Зан даст афшонда: - Эҳ, бачам, ту баъзе чизҳоро намефаҳмӣ? Писарак боз пурсид: - Холаҷон, охир барои чӣ гиря мекунед? Зан бо овози баландтар гиря карда мегӯяд: - Писарҷон, маро ҳич кас дӯст намедорад, ба ҳич кас даркор нестам... Писарча ба рӯяш бодиққат нигоҳ карда мепурсад: - Холаҷон, ту ҳамаро пурсидӣ?!

Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14

***

Зан шаб маст ба хона меояд. Хомушӣ. Мард ҳам хомуш, зан ҳам. Баъд аз 10 дақиқа зан мегӯяд: - Ақаллан ту ҷанҷол кун, ки ман кати хобро ёбам!!!

 АНДАРЗ

Модар

www.javonon.tj

Аз нақли бонуе: Вақте шавҳарам баъд аз 11 соли хонадорӣ тасмим гирифт, ки аз ман ҷудо мешавад, аввалин фикре, ки ба сарам омад, фарзандонам буд. Писарам 5-сола асту духтарам 4-сола. Оё ман метавонам, онҳоро ба танҳоӣ тарбия карда, гармии оиларо диҳам? Оё метавонам, модари танҳо хонаро таъмин карда, ба фарзандон он чизеро, ки дар зиндагӣ лозим аст диҳам? Фаҳмидам, ки ман роҳи интихоб надорам. Рӯзҳои истироҳат ба қадри имкон вақтамонро якҷо мегузарондем. Миёнаҳои ҳафта ҳатман барои машғул шудан бо бачаҳо вақт меёфтам. Мо гоҳо чӣ тавр дуруст рафтор карданро баҳс мекардем. Ҳамаи ин вақт ва неру талаб мекард, ки ман на дар ҳама ҳолат онҳоро доштам. Раванди тарбия воқеан осон набуд. Ҳамин тариқ ду сол гузашт. Дар Рӯзи модар мо ба боғ – макони ҷашн рафтем. Ман ба гулҳои даруни кӯзаҳо, ки дар ду тараф оро дода шуда буданд, таваҷҷуҳ кардам. Раиси чорабинӣ борҳо таъкид кард, ки модар будан кори аз ҳама заҳматталаби зиндагист ва ҳамаи модарон сазовори ғамхорӣ ва мукофот ҳастанд. Ӯ аз ҳамаи бачаҳо хост, ки ба назди гулҳо раванд, якеро интихоб кунанд ва ҳамчун рамзи муҳаббат ва қадрдонӣ ба модарон тақдим намоянд. Фарзандони ман даст ба даст гирифта, ҳамроҳи дигар кӯдакон ба макони Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

***

Мард ба вохурӣ меравад, дер кардааст, асабонист, барои мошинаш ҷой намеёбад. Рӯй ба осмон карда мегӯяд: - Худоё, кӯмакам кун, барои мошинам ҷой ёбам. Он вақт нушиданро бас мекунаму ҳар рӯз масҷид меравам. Ҳамин вақт, муъҷиза шудагӣ барин ҷой пайдо мешавад. Мард боз рӯй ҷониби осмон мекунад: - Тамом, даркор нест. Ёфтам!

гулҳо рафтанд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки якҷо барои ман гул интихоб мекунанд. Мо рӯзҳои вазнинро бо ҳам гузаронидем, аз ин рӯ барои ман дастгирии онҳо бисёр муҳим буд. Ман ба гулҳои ҷаъфарии тиллоӣ, лолаҳои зебо ва гулҳои бунафш нигоҳ мекардам. Фикр мекардам бачаҳо кадоме аз ин гулҳоро барои ман меоварда бошанд. Фарзандони ман ҷиддӣ аз пайи вазифа шуданд. Онҳо бисёр ботаваҷҷуҳ буданд. Дигарон кайҳо модаронашонро бо гулҳои рангоранг хурсанд карданд, ҷигаргӯшаҳои ман бошанд, мисле ки дар интихоб душворӣ мекашиданд. Ахиран садои шодӣ баромад, онҳо бо табассум ва виқор наздам омада, ниҳоли интихобкардаашонро ба унвони қадрдонӣ пешниҳод карданд. Ман шигифтзада ба гули пажмурда ва бемор нигоҳ кардам. Ман худро таҳқиршуда ҳисобида, туҳфаро қабул кардам. Онҳо бе шакку тардид гули аз ҳама хурд ва беморро интихоб карда буданд. Дар ҳақиқат, он як чӯби хушке

буд, ки ягон гул надошт. Ман боз ҳам ба виқори фарзандонам шигифтзада шуда будам. Аммо барои он ки онҳо дуру дароз фикр карда, ҳамин гулро интихоб карда буданд, сӯяшон табассум намудам. Аз бачаҳо пурсидам, ки чӣ чиз онҳоро ба чунин интихоби ғайриодӣ водор кард? Барои чӣ маҳз гули бемор ва афсурда? Писарам бо боварӣ ва қатъият ҷавоб дод: “Барои он ки ба ӯ Шумо лозимед, модар. Ба ӯ парастории Шумо даркор аст”. Аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд. Фарзандонамро ба оғӯш гирифтам. Ҳамин ҳоло онҳо ба ман беҳтарин туҳфаро дар Рӯзи модар тақдим карданд. Ман ҳатто чунинашро орзу намекардам. Фаҳмидам, ки фидокории ман дар тарбияи онҳо барабас нарафтааст. Ман акнун дилпурам, ки фарзандонам ҳамчун инсонҳои лоиқи ҷомеа ба воя мерасанд.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Номаи камоли гумшудаи Ҳаитова Заррина Зоировна, ки МТМУ рақами 49-и шаҳри Душанбе соли 1996 додааст, эътибор надорад. Шиносномаи хориҷии шаҳрванди Узбекистон Назарова Мастура (соли таваллудаш 15.04.1968), таҳти №АА1562147, ки 21.05.2013 гирифтааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ-162-33, ки ба шаҳрванд Алиева Моҳистон тааллуқ дошта, таҳти №13752 аз апрели соли 1993 дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Фирдавсӣ ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Шартномаи хариду фурӯши манзили зист, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ-162-33, ки байни шаҳрвандон Гавдулминова Разина ва Алиева Моҳистон баста шудааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

Таҳияи С. УМАРАЛӢ, “ҶТ”

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

 ЭЪЛОН

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6509 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.