javononi tojikiston/#29/2015

Page 1

Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№29 (9403), 23 июли соли 2015

E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU

WWW.JAVONON.TJ

АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА ғ

ҲАФТ РӮЗ 16.07.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт. Тағйироти кадрӣ дар мақомоти Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ ва Хадамоти гумрук сурат гирифт. 17.07.2015 Бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони офати табиии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон кӯмаки ғизоӣ расонда шуд. 18.07.2015 Як ҳайати баландпояи Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ВМКБ рафт. Ҳайат бо рафти оқибатҳои офати табиӣ ва корҳои бартарафсозии он шинос шуданд. 19.07.2015 Нашриёти “Ирфон” маҷмӯи осори шоир ва мутафаккир Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо номи “Ганҷи ирфон” дар ду ҷилд чоп кард.

“Мо Бадахшон меравем” Таҳти ҳамин шиор 150 нафар ҷавон аз минтақаҳои кишвар дар ВМКБ ҷамъ омада, ба ҳамсолонашон ҳушдор доданд, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ нагараванд ЧОРСӮИ ЗИНДАГӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015

20.07.2015 Дар майдони назди КВД «Ширкати алюминии тоҷик» бо ташаббуси Кумитаи иттифоқҳои касаба ва шӯрои мутахассисони ҷавони корхона гирдиҳамоӣ доир гардида, кормандони ширкат зидди ифротгароии динӣ ва терроризм садо баланд карданд. 21.07.2015 Дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид. Дар он беш аз 30 масъалаи фарогири ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар матраҳ шуд. 22.07.2015 Таҳти раёсати Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ хисороти моддии офатҳои табиии рӯзҳои охир дар манотиқи кишвар 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Хабар дода шуд, ки аз ҳисоби Президенти мамлакат ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ ба ҳар як оила ва ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман вайрон шудаанд, 6 ҳазор сомонӣ ба ҳар як оила кӯмаки яквақта расонида мешавад.

1


РУШДИ МАҲАЛ

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

“Роғун” барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст 15 июл Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун сафар кард.

Бо иштироки Сардори давлат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун мавриди истифода қарор гирифт. Мактаб аз 4 ошёна иборат буда, аз тарафи маъмурияти Муассисаи зериобшавандаи Роғун бо харҷи беш аз 22 миллиону 460 ҳазор сомонӣ сохта шуд. Баъд аз шиносоӣ бо шароити муосири таълим дар саҳни ҳавлии мактаб Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони

шаҳр ва устодону хонандагон мулоқоти самимию судманд доир кард. Сардори давлат бунёди мактабро, ки барои 1500 хонанда бунёд ёфтааст, туҳфаи арзанда ба фарзандони сокинони шаҳр арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ин иқдом аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ба хотири рушду пешрафти соҳаи маориф ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати фарзандон амалӣ шудааст.

Сипас, Президенти кишвар дар маркази шаҳр Озмоишгоҳи марказии сохтмониро ба истифода дод. Зарурати бунёди озмоишгоҳ ханӯз аз рӯзҳои нахустини оғози корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонию васлгарии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барои назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ ва сифати иҷрои ҳамаи корҳо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Озмоишгоҳ аз панҷ шуъба ва бахшҳои алоҳида, аз ҷумла, шуъбаи озмоиши металҳо, шуъбаи назорати геотехникӣ, шуъбаи кимиёвӣ, бахши ташхисгоҳи спектралӣ, шуъбаи бетон ва бахши озмоиши хосиятҳои физикию механикии семент иборат аст. Сарвари давлат, ҳамчунин, бо рафти корҳои барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуда, бо бинокорон мулоқот кард. Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ, идомаи сохтмон ва табъу руҳияи баланди бунёдкорон аён гашт, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амалро сармашқи кори худ кардаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт: «Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи “Роғун” барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад. Он бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиён надошта бошад».

ИҚТИСОД

“Меҳмонии ҷавонон” иқдоми нав аст Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва ватандӯстии ҷавонон 25 лоиҳаро амалӣ кардааст. Танҳо аз ҷониби дастгоҳи марказии кумита 49050 нафар ҷавон бо иттилоот, донишу малака ва таҷрибаи алоқаманд фаро гирифта шудаанд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зимни нишасти матбуотӣ аз ҷумла гуфт, барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаркакатҳои иртиҷоиву ифротӣ тибқи барномаҳои тарҳрезигардида дар 50 шаҳру ноҳияи кишвар зиёда аз 103 вохӯрӣ дар сатҳи баланд доир шуд. Дар ин вохӯриҳо зиёда аз 200000 нафар намояндагони ҷавонон, занон, собиқадорони ҷангу меҳнат, ходимони дин, омӯзгорон, варзишгарон ва дигар табақаи ҷомеа ширкат варзиданд. Ба гуфтаи раиси кумита дар чорабиниҳои маърифативу сиёсӣ барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, асосан, ҷавонони бекор ҷалб мешаванд. «Мо аз тамоми минтақаҳои кишвар на танҳо ҷавонони фаъол, балки ҷавононе, ки дар асл бекор буданд, ба чорабиниҳои махсус дар бораи пешгирии пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намудем”, - гуфт А. Абдуллозода. Дар асосои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба «Меҳмонии ҷавонон» ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, ташкил ва баргузории суҳбату вохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом тоза буда, дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат миёни ҷавонони манотиқи мамлакат мусоидат менамояд. Аз ҷумла, 23-25 июн таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ мароми мост» меҳмонии ҷавонони кишвар ба ноҳияи Рашт ва 27-30 июн дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ки ҷавонон ба ин минтақаҳо сафар намуда, бо расму оинҳои маҳаллӣ, фарҳангу маънавиёт ва дастовардҳои ҳамсолонашон ошноӣ пайдо намуданд. Ин иқдом то охири сол дар минтақаҳои Хатлону Бадахшон ва Ҳисору Душанбе низ роҳандозӣ мешавад. - Ояндаи наздик дар минтақаи Рашт як семинари ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст, ки эҳтимоли ҷалби ҳудуди 300 ҷавон дар назар аст, - иттилоъ дод раиси кумита. Манзумаи ФИРӮЗ, «ҶТ»

РОҲИ ОҲАН

Ба ҷумҳурӣ дар шаш моҳ як миллиарду 162 миллион доллар ворид шудааст

Хатсайри Душанбе – Конибодом мавсимист

Ноустувории нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ, хатарҳои молиявӣ ва низоъҳои геополитикӣ ба суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфӣ расонд. Новобаста ба ин омилҳо раванди рушди иқтисодиёти мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон тамоюли нисбатан муътадил дошт.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ тариқи Роҳи оҳани Тоҷикистон 2 миллиону 860 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 364 ҳазор тонна кам аст. Сабаби ин ҳолатро муовини роҳбари Роҳи оҳани Тоҷикистон Баҳром Шодиев ба кам шудани талаботи хизматрасонӣ тавассути ин намуди нақлиёт донист.

Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар 6 моҳи сипаришудаи соли равон ҳаҷми ММД ба 19,2 миллиард сомонӣ баробар шуд. Рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 дарсадро ташкил дод. Моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ сатҳи таваррум (инфлятсия) ба 2,6% баробар буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 1,9% кам мебошад. Таварруми ҳосилшуда, асосан, аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,1%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,7% ва хизматрасонии пулакӣ 2,8% ба вуқуъ пайваст. - Аз нимсолаи дуюми соли 2014 дар ҷумҳурӣ афзоиши фишорҳои қурбии берунӣ мушоҳида мегардад, ки пеш аз ҳама ба омилҳои берунӣ – иқтисодӣ, алалхусус, вазъи шадиди геополитикӣ дар Русия ва ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии сав-

2

до вобастагӣ дорад, - гуфт Ҷамшед Нурмуҳаммадзода. – Ин ҳолат дар навбати худ боиси номувозинатии ҳаракати сармояи хориҷӣ ва лапишҳои қурбӣ дар иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф гардидааст. Новобаста ба чораҳои андешидашуда, дар нимсолаи якуми соли равон тамоюли пастравии бемайлони қурби сомонӣ дар ҷумҳурӣ ҷой дошта, қурби расмии он нисбат ба доллари ИМА аз 5,3074 сомонӣ то 6,2602 сомонӣ (18,0%) поён рафт. Ҳаҷми умумии қарзҳои дар 6 моҳ додашуда 6,8 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 28,7% зиёд мебошад. Қарзҳои додашуда ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, саноат– 24,5%, сохтмон – 18,6%, кишоварзӣ – 9,6%, нақлиёт – 7,6% равона шудаанд. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи бонкҳо 56,4 дарсади он ба соҳибкорони истеҳсолӣ рост меояд, ки ба зиёд

шудани ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад. Дар 6 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 52 миллиард рубли русӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиард рубл зиёд аст. Ҳаҷми умумии маблағи воридшуда 1 миллиарду 162 миллион доллари ИМА мебошад. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

Ҳоло роҳиоҳанчиён дар ихтиёри хеш 2072 қатораи боркаш, 441 қатораи мусофирбар ва 56 тепловоз доранд. Корҳои сохтмонӣ дар бунёди роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа тавассути шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон босуръат идома дорад. Бунёдагарони ин шоҳроҳ азм доранд, дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвар онро барои истифодабарӣ супоранд. Баҳром Шодиев аз натиҷаи сафари ҳайати расмии кишвар ба Тошканд ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, он ҷо асосан ду масъала - барқарор намудани роҳи оҳани Тирмиз - Қӯрғонтеппа, тавассути Амузанг ва паст намудани тарифҳои хизматрасонӣ аз ҳар ду ҷониб дида шуданд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки чанд сол пеш роҳи оҳани Тир-

миз - Қӯрғонтеппа пайвандгари қисматҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбекистон маҳсуб меёфт. Аз ҷониби ҳамсоякишвар бо кадом сабабе баста гардид. Фаъолияти он барои иқтисодиёти ҷануби кишвар басо муҳим аст. – Айни замон ба самти Русия қатораҳои мусофирбари Душанбе – Маскав ҳафтае се маротиба ва Хуҷанд – Маскав ҳафтае як маротиба ҳаракат мекунанд, - гуфт Баҳром Шодиев. – Хатсайри Душанбе – Конибодом мавсимист. Танҳо ҳангоми даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ баҳору тирамоҳ бо дархости Вазорати мудофиа фаъол мешавад. Бо ин хатсайр ҳаракат накардани қатораҳоро Б. Шодиев ба набудани мизоҷон марбут донист. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ИҚТИСОД

ҲОЛОТИ ФАВҚУЛОДДА

Муҳоҷирон бештар рубл мефиристанд

Қулфу занҷир сабаби марги шиноварон

Буҳрони молиявии Федератсияи Русия то андозае ба Тоҷикистон низ таъсир расонидааст. Агар дар 6 моҳи соли 2014 аз муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” 288 миллион доллар ворид шуда бошад, ин рақам дар 6 моҳи соли 2015 17,7 миллион долларро ташкил дод.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов, сол ба сол афзоиш ёфтани ҳодисаҳои ғарқшавии одамон боиси ташвиш гардидааст, ки ба ин масъала се соли охир диққати махсус дода мешавад. Тавре мавсуф илова кард, аз 54 нафаре, ки дар кӯлу дарёҳо ғарқ шудаанд, 22 нафарашро ҷавонони то 17-сола ташкил медиҳанд. Раиси кумита сабаби асосии ғарқшавии сокинонро дар беаҳамият будани волидон ва риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ медонад.

Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки пастшавии ҳаҷми воридоти маблағ ба поёнравии қурби рубли русӣ низ вобастагӣ дорад. Зеро бештар маблағҳои воридшуда бо рубли русӣ аст. -Имрӯз “Амонатбонк” ба зиёда аз 5000 муассисаи соҳаи буҷавӣ, 12 ҳазор корхонаи ғайрибуҷавӣ, 640 ҳазор нафақагири мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 872 ҳазор амонатгузор тавассути 513 маркази хизматрасонӣ, 228 нуқтаи интиқоли пул, 66 нуқтаи мубодилаи асъор, 75 филиал бо шумораи 2868 корманд хизмат мерасонад, - гуфт Руҳулло Ҳакимзода. – “Амонатбонк” дар низоми бонкии ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷалби муштариён ба хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ бо фарогирии 60%-и хизматрасонӣ дар ин самт мавқеи аввалро соҳиб

Дар шаш моҳи соли равон дар кӯлу дарёҳои кишвар 54 нафар ғарқ шудаанд, ки нисбат ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳолат зиёд мебошад.

гашта, шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкии он ба 739 ҳазор нафар расидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 300 ҳазор нафар (71%) зиёд мебошад. Дар нимсолаи аввали соли равон ба соҳаи кишоварзӣ 22%, саноат 20,9%, сохтмон 25,5%, истеъмолӣ 9,3%, тиҷорат 21,1 фоиз қарз ҷудо шуд. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини барномаи озуқаворӣ дар мамлакат ба соҳаи кишоварзӣ дар ҳаҷми 11 миллион сомонӣ дастрас карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 миллион сомонӣ (290%) зиёд мебошад. Ҳамчунин, зиёда аз 4200 нафар зани хонашин ҷиҳати пеш бурдани соҳибкории хурд, рушди косибию ҳунармандӣ соҳиби қарзҳои имтиёзнок шуданд. Барои баҳрабардорӣ аз қарзҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бештар ба соҳибкороне имтиёз дода мешавад, ки ҷойҳои корӣ таъсис диҳанд.

КИШОВАРЗӢ

Майдони кишти такрорӣ зиёд шуд Дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабарнигорон изҳори қаноатмандӣ карданд, ки соли равон дар моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти кишоварзӣ муътадил буд. Вазири кишоварзӣ Муҳаммадтоҳир Зокиров иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли равон истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 547 147, картошка - 163 543, сабзавот - 410 660, полезиҳо - 145 497, шир 327 463 тонна ва тухм 165,3 миллион дона расид. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладона 59 346, картошка – 26286, сабзавот - 62 638, полезиҳо - 16 607, ангур 554 тонна ва тухм 13,3 миллион дона зиёд шудааст. - Аз рӯи маълумоти фаврӣ дар нимсолаи аввал ба хориҷи кишвар 99 000 тонна пиёз, 553 тонна лӯбиёву мош, 91 тонна офтобпараст, 962 тонна биринҷ, 1954 тонна меваи тар ва 37 248 тонна меваи хушк содир шудааст, - гуфт Муҳаммадтоҳир Зокиров. – Бо мақсади самараноку оқилона истифода намудани ҳар ваҷаб замини обӣ ва аз як майдон гирифтани ду ҳосил имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва ҷамоавии мамлакат кишти такрорӣ идома дорад. Майдони кишти такрорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 10 512 гектар зиёд шудааст ва ин ҳадди ниҳоӣ нест. Як сол аст, ки мутахассисони Вазорати кишоварзӣ бо Созмони байналмилалии озуқа ва кишоварзии СММ (ҒАО) оид ба парвариши зироати барои ҷумҳурии мо нав – квиноя дар майдонҳои санҷишӣ таҷриба мегузаронанд. Зироати мазкур дорои ғизонокии баланд буда, дар шароити обу ҳавои кишварамон ҳосили хуб медиҳад. Дар натиҷаи амалишавии Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 220 адад расонида шуд, ки нисбат ба то давраи қабули барнома 212 адад зиёд аст. Соҳаи занбӯри асалпарварӣ низ рушд ёфта истодааст. Аз рӯи маълумоти оморӣ то якуми июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 209,5 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба соли 2014 7,4 ҳазор оила зиёд мебошад.

- Баъд аз ба дарё ё кӯлҳо ғарқ шудани нафаре бояд ҷасади ӯ пайдо шавад. Ҳангоми кофтуко-

МЕЪМОРӢ

би ҷасад аз каналу дарёҳо қулф ва занҷирҳои зиёд пайдо мешаванд, ки боиси нигаронӣ аст. Шаҳрвандон ҳангоми паридан ба об ба ҳамин оҳанпораҳо бархӯрда, осеб мебинанд, - афзуд Хайриддин Абдураҳимов. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 43 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷа 28 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар натиҷаи раъду барқ ва зарбазанӣ бошад, дар ҷумҳурӣ 10 нафар фавтида, 7 кас маҷрӯҳ гардиданд. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”

МОЛИЁТ

Нақшаи андоз барзиёд иҷро шуд Дар нимсолаи аввали соли равон мақомоти андози кишвар тавонист нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро барзиёд иҷро намояд. Ба буҷаи кишвар илова ба нақшаи пешбинишуда 450 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.

Муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Нуралӣ Саидзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки тайи 6 моҳи соли равон дар мамлакат ба масоҳати умумии 418,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 136,2 дарсад зиёд аст. - Алҳол аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаҳои генералии 29 шаҳру ноҳия таҳия гардидааст, – гуфт Нуралӣ Саидзода. – Таҳияи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ (15%), Бобоҷон Ғафуров (35%), Зафаробод (60%), Турсунзода (45%), Кӯҳистони Мастчоҳ (30%), Шаҳристон (60%), Панҷ (60%) ва Ховалинг мавриди тасҳеҳ қарор дошта, корҳо идома доранд. Аз рӯи иҷрои талаботи Кодекси шаҳрсозии ҷумҳурӣ барои ба вазифа таъин намудани сармеъморони ноҳияҳо, дар натиҷаи озмун 65 нафар ба мансаби роҳбари мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъин карда шуданд. Аз ҷониби Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон ҳангоми аз ташхиси давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои сохтмони иншоот масъалаҳои истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ бо технологияҳои сарфакунандаи захираҳо ва энергия дар асоси маводи баландсифат, ҳифзи гармӣ, қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ бо манзили истиқоматии дастрас ва гуногундараҷа бо ҳузуру ҳаловати мухталиф, ҳуҷраю ошхонаҳои масоҳаташ калон, утоқҳои гигиении васеъ ба назар гирифта шудааст. Хабарнигори “Ҷавонони Тоҷикистон” пешниҳод кард, ки бо мақсади сарфаю сариштакорӣ минбаъд дар ҳуҷраҳои иморатҳои навсохт якбора таҷҳизоти обченкунӣ ва фурӯзонакҳои “боҳуш” (ки дар сурати холӣ набудани ҳуҷра ё воридгоҳ худ аз худ хомӯш мешаванд) насб карда шаванд. Нуралӣ Саидзода ин пешниҳодро қобили қабул дониста гуфт, ки дар таҳияи лоиҳаҳои нав ба эътибор гирифта мешавад.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки ҳарчанд буҳрони шадиди молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар таъсир расонда бошад ҳам, кормандони мақомоти андоз аз нақшаи ба зимаашон вогузошта баромада тавонистанд. Раиси кумита иҷрои нақшаро ба афзоиши корхонаҳо нисбат дод. Тавре ӯ зикр намуд, ҳоло дар кишвар 290 корхонаи нав фаъолият дорад. Нусратулло Давлатзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки воридоти молҳои кочоқӣ ба ҳудуди кишвар хеле зиёд аст. Ин гуна мол дар ягон ҷо ба қайд гирифта намешавад. Аз ин ваҷҳ ба иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ ворид мегардад. - Сари ин масъала бо мақомоти гумрук ҳамкорӣ дорем, - гуфт Н. Давлатзода. – То ин ки пеши роҳи қочоқчиён гирифта шавад. Зикр шуд, ки то 25 фоиз нафарони дар соҳоти гуногун фаъолиятдошта, умуман, дар қайди мақомоти андоз вуҷуд надоранд. Ба ин восита аз супоридани андоз саркашӣ мекунанд. Лек қисме аз коршиносон саркашии афроди алоҳидаро бобати ба қайд гирифтан дар мақомоти андоз ба зиёд будани ҳаққи пардохти он вобаста медоданд. Чунин омил боис шуда, ки бисёр ашхоси фаъолиятдошта бо ҳар роҳу восита мекӯшанд аз мақомоти андоз дурӣ ҷӯянд. - Дар Кумитаи андоз чанд муддат аст, ки телефони боварӣ фаъолият дорад, - гуфт Н. Давлатзода. – Он хеле фаъол аст. Мутаассифона, корафтодагон аз он кам истифода мебаранд. Бевосита барои фаҳмидани масоили ночиз ҳам ба мақомоти андоз ташриф меоранд. Ҳол он ки чунин масъалаҳоро маҳз тавассути телефони боварӣ метавон ҳал кард. Н. Давлатзода рақами телефони бовариро 151 ном бурд ва гуфт, ки корафтодагон метавонанд дар вақти дилхоҳ бо кормандони мақомоти андоз дар тамос шуда, оид ба масоили барояшон лозима маълумоти заруриро пайдо намоянд.

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

Т. ДАВЛАТ, “ҶТ”

Иморатҳои навбунёд зеботаранд Иморатҳое, ки солҳои охир дар пойтахти кишвар қомат афрохтаанд, дар муқоиса бо иморатҳои солҳои пеш хеле назаррабоянд.

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015

3


МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ

ХИЗМАТРАСОНӢ

Географияи парвозҳои “Тоҷик эйр” васеъ мешавад Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли равон дар заминаи ҶСК “Тоҷик эйр” ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” таъсис додани Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи “Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон” мебошад. Алҳол оид ба ташаккули сохтори ташкилӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки фаъолияти ҷамъиятро танзим менамояд, корҳо идома доранд.

Ба раванди муҳоҷират хотима бахшидан душвор аст Ҳоло тибқи омори ғайрирасмӣ то якуним миллион нафар шаҳрвандони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ, махсусан, Русия қарор доранд. Зимни нишасти матбуотӣ, ки бо роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар сурат гирифт, бештар дар атрофи ин мавзӯъ сухан рафт. - Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, мувофиқи нишондоди натиҷаҳои баҳисобгирӣ аз ҷумҳурӣ 336 ҳазору 655 нафар ба хориҷа ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар намудаанд, - зикр намуд вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода. – Аз ин 300 ҳазору 521 нафар мард ва 36 ҳазору 104 нафар зан мебошанд. Вазир иброз дошт, ки бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират дар қонунгузории кишвари Русия нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, тоҷикони дар ҳудуди ин давлат муваққатан фаъолиятдошта як қатор талаботи нав ворид гардид. Дарёфти патент, маълумотномаи тиббӣ, имтиҳони донистани забони русӣ ва таърихи кишвари Русия аз зумраи талаботест, ки аз оғози соли ҷорӣ роҳандозӣ шуд. Дар маҷмӯъ, ба муҳоҷирон лозим омад, баҳри тахт намудани ҳуҷҷатҳои лозима муддати нимсолаи сипаришуда то 35 ҳазор рубли русӣ сарф намоянд. Ҳамин тавр, дар ин давра 95 ҳазор нафар муҳоҷири тоҷик баҳри дарёфти иҷозатномаи корӣ ба буҷаи танҳо шаҳри Маскави пойтахти Русия беш аз як миллиард рубл ворид кардаанд. Ҳарчанд Русия шарики стратегии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, пойгоҳи низомии он дар се минтақаи кишвар мустақар ва барои ҳузури хеш маблағ намесупорад, лек барои муҳоҷирони тоҷик ягон чораҳои сабукӣ намеандешад. Баръакс, ҳатто бо баҳонаҳои ночиз ҳам муҳоҷирони тоҷик аз ин кишвар ба муҳлатҳои гуногун берун карда мешаванд. Аз ҷумла, барои сари вақт напардохтани ҳақи хизмати телефони дастӣ. Ҳоло қариб 400 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи ба ин кишвар ворид шудан надоранд. Зимни нишасти матбуотӣ, ҳамчунин, зикр гардид, ки ҳарчанд дар кишвар ҷойҳои нави корӣ муҳайё шаванд ҳам, ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ хотима бахшидан душвор аст. Зеро аҳолӣ пайваста афзоиш меёбад. Танҳо аз ҳисоби хатмкунандагони макотиби миёна ҳар сол то сад ҳазор қувваи нави корӣ ба бозори меҳнат ворид мегардад.

ФАРҲАНГ

Оши палав ба феҳрасти ЮНЕСКО пешниҳод мешавад Бобати беҳдошти фазои ягонаи фарҳангӣ, ғанӣ гардондани дунёи ботинии ҳамзамонон, донистани таърихи пешину имрӯзи миллати хеш, таҳкими эҳсоси худшиносӣ ва ватанпарастӣ Вазорати фарҳанг як қатор чорабиниҳоро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад чорабиниҳои густурда, аз қабили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, ки байналмилалӣ гардидааст, баргузории фестивалҳои «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон», ансамблҳои оилавии «Дунёи саодат» ва ғайра сурат мегиранд.

Ба гуфтаи муовини директори генералии ҶСК “Тоҷик эйр” Икромҷон Мавлонов дар нимсолаи аввали соли равон 828 парвози рафтуомад анҷом гирифт, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 34 парвоз бештар аст. Тайи ин муддат ҳиссаи “Тоҷик эйр” дар ҳаҷми умумии мусофиркашонии ширкатҳои ватанӣ 43,9%-ро ташкил дод, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 9,7% зиёд мебошад. - Ширкат 34 тайёра дошта, аз онҳо 29 адад дар ҳолати нигоҳдорӣ қарор доранд, - гуфт директори техникии ҶСК “Тоҷик эйр” Азизмамат Қурбонов. – Аксари онҳо ҳавопаймоҳои истеҳсоли шӯравӣ мебошанд. Аз рӯи меъёрҳои ҳавопаймоӣ аксари ин тайёраҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Масалан, “Ан-28”-ро дар дигар кишварҳо қариб ки истифода намебаранд. Зеро он ҳавопаймоест, ки танҳо бо дидан (на тавассути таҷҳизоти электронӣ) парвозро анҷом медиҳад. Айни замон дар ширкат баҳри харидории ҳавопаймоҳои ҳозиразамони навъи “Боинг” кӯшиш мекунанд. Барои нигоҳдории коршоямии ҳавопаймоҳову чархболҳои ширкат, хизматрасонии техникӣ, таъмири ҷории онҳо ва иваз кардани қисмҳои эҳтиётӣ зиёда аз 7 миллион сомонӣ сарф шудааст. - Мо тавассути лизинги амалиётӣ мақсад дорем то се ҳавопайморо харидорӣ кунем, ки муҳлати пардохти арзиши онҳо аз 3 то 12 солро ташкил медиҳад, - гуфт директори парвози ҶСК “Тоҷик эйр” Файзулло Сатторов. – Ҳадафи асосии фаъолияти мо таъмини бехатарии парвоз ва хизматрасонии босифат ба мусофирон аст. Дар нишасти матбуотӣ дар хусуси муроҷиатҳои бешумори як қисми аҳолии мамлакат вобаста ба номураттаб будани парвозҳо дар хатсайри Душанбе

– Хоруғ – Душанбе савол шуд. Икромҷон Мавлонов гуфт, ки ин масъала ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти ширкат мебошад. Новобаста аз мушкилоти молиявӣ ҷиҳати иҷрои супориши Президенти мамлакат оид ба таъмини мунтазами парвозҳо ба ВМКБ ширкат барои дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани ҳавопаймоҳо ва иҷрои парвозҳо дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳад. Алҳол нархи чиптаи ин хатсайр аз нархи аслӣ 15 доллари ИМА арзон аст. Файзулло Сатторов вобаста ба ин масъала чунин гуфт: - Хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе аз рӯи шароити табиӣ ва обу ҳаво яке аз вазнинтарин хатсайрҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳавонавардон дар ин масири душвор парвозро бо диди озод анҷом медиҳанд. Аз ин рӯ, бо сабаби камабрӣ миқдори парвозҳо дар фаслҳои тобистону тирамоҳ нисбатан зиёд мешаванд. Дар фурудгоҳи Хоруғ танҳо аз як тараф иҷозати нишаст мавҷуд аст. Алҳол аз лиҳози норасоии таҷҳизоти муосир низ мушкилот вуҷуд дорад. Ду сол қабл бинои фурудгоҳи Хоруғ бо маблағи зиёда аз 1,2 миллион сомонӣ навсозӣ ва таҷдид гардид. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар масири Душанбе – Хоруғ аз ҷониби ширкат дар муқоиса бо 6 моҳи соли 2014 41 нафар зиёдтар мусофир интиқол дода шуд. Ширкат аз ҳисоби иҷрои парвозҳо дар ин хатсайр 48,7 ҳазор доллар зарар дид. Зарари мазкур аз ҳисоби даромади парвозҳои байналмилалӣ пӯшонида шуд. Мувофиқи иттилои муовини директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Азиз Иброҳимов, дар 6 моҳи соли равон оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 670 эрод ворид шудааст, ки аз онҳо 663 эрод қонеъ гардо-

нида шуда, 7 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд. - Тавассути васоити ахбори омма ба мусофирон муроҷиат карда гуфтаниам, ки ҳангоми дар даруни бағоҷ ниҳодани ашёи қиматбаҳо онро дар ҳуҷҷат (декларатсия) сабт намоянд, - гуфт Азиз Иброҳимов. – Агар инро сабт накунанд, ҳангоми гум шуданаш дарёфти ашёи қиматбаҳо мушкил мешавад. Бештар гумшавии бағоҷ дар дигар фурудгоҳҳо сурат мегирад. Ҳоло тақсими бағоҷи мусофирон дар терминали нави “ФБД” хеле зуд ва босифат сурат мегирад. Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир мондани парвозҳо дар нимсолаи аввал 406 ададро ташкил дод, ки аз он 273 адад бо сабаби дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи парвозкарда рӯй додааст. Сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо ба кадрҳои баландихтисос вобастагӣ дорад. Бо ин мақсад мутахассисони фурудгоҳи Душанбе барои таҳсил ва такмили ихтисос ба муассисаҳои авиатсионии кишварҳои пешрафта фиристода шуданд. ҶСК “Тоҷик эйр” дар нимсолаи аввал ба 4 шаҳри Федератсияи Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон, Чин ва Ҳиндустон парвозҳои мунтазам анҷом дод. Аз фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳрҳои Федератсияи Русия парвозҳо сурат гирифтанд. Чанде пеш бо ширкати ҳавопаймоии “Азербайджан ҳаво йоллари” оид ба иҷрои парвозҳо ба шаҳри Боку дар асоси шартномаи иҷрои якҷояи парвозҳо (кодшеринг) мувофиқа ба даст омад. Ҳамин тавр, “Тоҷик Эйр” географияи парвозро васеъ карда, оянда ба дигар шаҳрҳои Осиёву Аврупо низ хатсайрҳои мустақим мекушояд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

- Ҳоло дар кишвар 17 муассисаи театрии касбӣ, 5 муассисаи консертӣ, 12 ансамбли шашмақом, як ансамбли бачагонаи шашмақом, 51 ансамбли оилавӣ, 23 театри халқӣ, 23 ансамбли тарона ва рақс ва 6 филармонияи халқӣ фаъолият доранд, - гуфт вазири фарҳанг Ш. Орумбекзода зимни нишасти матбуотӣ. – Ин муассисаҳои фарҳангӣ баҳри ғанӣ гардондани олами маънавии ҳамзамонон хизмати шоистаеро ба ҷо меоранд. Тавре вазир зикр намуд, айни замон аз ҷониби Вазорати фарҳанг корҳои омӯзишии илмӣ, таҳия ва пешниҳоди чанд номгӯй (номинатсия), аз ҷумла, «Оши палав», «Фалак», мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО анҷом дода шудааст. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

4

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015


Сиёсисозии ислом ба ифротгароӣ мебарад

СИЁСАТ

Муроҷиатномаи фаъолони Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони муқими Қирғизистон ба роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Тоҷикистон на танҳо меҳан ва ҷойгоҳи онҳоест, ки дар ин хоки муқаддас зиндагӣ мекунанд, балки хонаи умеди тоҷикони дунё мебошад. Аз ин рӯ, рушду тараққӣ, ободиву пешрафти ин сарзамин мояи хушҳолӣ ва сарфарозии ҳамзабонони бурунмарзӣ гаштааст. Тоҷикони Қирғизистон, ки беш аз 55 ҳазор нафаранд, бо шукргузорӣ аз сулҳу субот дар кишвар, аз раванди бебозгашти бунёдкорӣ дар ватани таърихӣ ифтихор мекунанд. Зеро маҳз дар партави пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, ки пас аз барқарории сулҳ ва пойдор шудани ваҳдати миллӣ имконпазир гардид, таваҷҷуҳ ба ҳамзабонони берунӣ зиёд шудааст. Профессор Абдуҳалим Раҳимҷонов, академики Академияи илмҳои Қирғизистон, ки дар раванди музокироти миёни тоҷикон дар шаҳри Бишкек шахсан ҳузур доштааст, дастоварди мазкурро иқдоми беназир медонад. Ин шахсияти шинохтаи илмӣ ва ҷамъиятии Қирғизистон изҳор медорад, ки таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон ба худи мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони минтақа хидмат менамояд. Халалдор намудани ин раванди миллатсоз ба нафъи ҳеҷ кадом аз қишри ҷомеаи Тоҷикистон набуда, балки ба осиёби нотавонбинони хориҷӣ об рехтан аст. Академики тоҷиктабори Қирғизистон сару садоҳоеро, ки имрӯзҳо аз ҷониби масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба гӯш мерасанд накӯҳиш намуда, онро иқдоми нодуруст ва иғвогарона медонад. Ба ақидаи Шарифҷони Учқурғонӣ, узви Иттифоқи нависандагони Қирғизистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шаҳрванди ифтихории деҳаи Учқурғони вилояти Боткан, ваҳдати миллии тоҷиконро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Дар шароите, ки кишварҳои минтақаи Шарқи Наздик, Афғонистон дар оташи низоъҳои мазҳабиву нажодӣ месӯзанд, таҳкими

пояҳои давлатдории Тоҷикистон беш аз пеш қобили аҳамият мегардад. Фаъолияти ҲНИТ бошад, барои Тоҷикистон заминаи ноамнӣ эҷод мекунад. Донишҷӯён ва тоҷикони муқими шаҳрҳои Бишкек ва Ош низ бо таҳлили равандҳои нигаронкунандаи кишварҳои арабӣ ва Афғонистони ҳамсоя, пешгирии ҷалби ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон ба ҷараёнҳои экстремистӣ ва террористиро кори аввалиндараҷа ва ҳаётӣ мешуморанд. Ин ҷавонон, ки ба омӯзиши илму маърифат машғул мебошанд, аз иқдомоти охири Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳори норозигӣ намудаанд. Ба ақидаи онҳо дини ислом ба ҳизб муҳтоҷ нест. Сиёсисозии ислом ба ифротгароӣ мебарад. ҲНИТ бошад, маҳз бо сӯистифода аз эътиқоди динии мусалмонон мақсади ба сари ҳокимият омаданро дорад. Имрӯзҳо бо дар назар гирифтани авзои ҳассоси ҷаҳон ва барои ба бозичаи дасти абарқудратҳо ва гуруҳҳои фурсатталаб табдил нашудани кишварамон ҳамаи афроди солимро зарур аст, ки дар паҳлӯи Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифта, корҳои бунёдкориро равнақ диҳанд. Ҷомеаи Тоҷикистон дар оғози расидан ба истиқлоли миллӣ зарбаи муҳлики афрод ва гуруҳҳои вобастаи хориҷиро дар пайкари хеш имтиҳон кард. Ин зарбаи ҷонгудоз кишварамонро аз раванди пешрафту бунёдкорӣ барои чандин сол қафо андохт. Танҳо аз баракати хирадпешагии миллати шарифи тоҷик, ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари ҷонбакафи худ, Тоҷикистон тавонист ин ҷароҳатҳояшро шифо бахшад ва дубора худро дар қатори кишварҳои мутамаддини дунё қарор бидиҳад. Тоҷикистон ватани бобоӣ, манзили умеди тоҷикони дунёст ва вазифаи ҳар кадоми мост, ки ин замини пурсаховату биҳитшосоро аз ҳар гуна газанду бало ҳифз намоем.

Гуфтумони суқути ҲНИТ Лаҷоми сиёсатбозиҳои ягона ҳизби динӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ бо номи Ҳизби наҳзати исломӣ бо шарофати ваҳдати назари ватанхоҳонаи мардуми тоҷик гирифта шуд. Агар ба ин қазия аз зовияи илми сиёсатшиносӣ бингарем, ин ягона роҳи мусолиматомез ва ба ҳошия савқ додани ҳизби диниест, ки бинобар мулоҳизаҳои дохилӣ ва минтақавӣ, мавқеи расмӣ дар саҳнаи сиёсии кишвар пайдо накардааст. Таҳлили сатҳии ин раванд нишон медиҳад, ки нерӯҳои худҷӯши миллӣ бо дарки масъулияти сарнавиштсозии оянда ба қарор омаданд, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ барои кишвар аз ҳад зиёд такондани сафинаи миллат равои кор нест ва сарҷамъии саросарӣ дар гирди роҳбари ягона ва мудирияти касбӣ, ки салоҳият ва касбияти худро дар тули 23 соли Истиқлолияти давлатӣ собит сохтааст, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳам миллӣ ва

ҳам ормонҳои динӣ мебошад. Наҳзатиҳо дар ин ҳолат дар ҷойи ба ин ҷунбиши умумиҷумҳуриявӣ шарик шудан дарвозаҳои хориҷиро мекӯбанд, ки муродашон ҳосил шавад. Дар зеҳни ин мулоҳо, бинобар адами эҳсоси хатар аз гирду атрофи минтақа ва набуди тиннати созгори миллӣ ба сӯйи вожгун сохтани ғояҳои миллӣ ва барҷаста сохтани васвасаи динӣ гаравидаанд. Дар тасаввури ин навмусулмонони наҳзатӣ мансубият ба ормони тоҷикият як амри зиёдатӣ ва берун аз эътиқодашон шакл гирифтааст. Ҳайати роҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҷойи таҳкими бунёди давлатдорӣ ба ҳуввиятсозии мазҳабӣ даст зада, бо як эҳтиёткории ба онҳо хос омили бегонапарвариро дар ниҳоди миллати давлатсоз ба вуҷуд оварданд. Ақидасозӣ бар хилофи ҳақиқати таърихӣ дар бораи мансуб будани тоҷикон ба миллати «иброҳимӣ» инкор намудани таърихи 8-ҳазорсолаи миллӣ ва ба боди фано тела додани мафкураи ҷавонон тавассути таноқузҳои мантиқӣ ҲНИТ-ро ба пешоҳанги амалисози ақидаҳои тахрибии хориҷӣ табдил дод. Дар ин бобат як нуктаро бояд зикр намуд, ки надоштани пуштибони маънавӣ дар ҷомеа

чеҳраи носозгори миллии наҳзатиҳоро ба бор овард. Шоҳидони ҳол бар онанд, ки ҳисоботдиҳии пайваста ба кормандони сафоратхонаву консулгариҳои хориҷи муқими шаҳри Душанбе наҳзатиҳоро ба фишор болои ниҳодҳои давлатӣ вонамуд кард, ки хоставу нохоста дахолати хориҷиҳоро бар умури дохилии кишвар ҳамвор сохт, барҷаста кард ва тилисми виқори миллиро коста гардонд. Бо таваҷҷуҳ ба ин таҳлил саволе ба миён меояд, ки оё метавон ба ҲНИТ дар лаҳзаҳои буҳронӣ ва ба гуфти худи онҳо «изтирорӣ» такя кард? Омӯзиши вазъияти имрӯза далолат ба он дорад, ки ҳаргиз не! Зеро таҳкурсии ақидатии ҲНИТ бар пояи умумияти уммаи мусулмонӣ сохта ва бофта шуда, ин бофтори маснӯӣ, мутаассифона, сиришти миллии худро гум кардааст. Тавонмандии ҲНИТ дар соли 2015 бо он хулосагирӣ мешавад, ки аз васвасаву дағдағаи хурофот ба ҷониби тақвият бахшидани ҳадафҳои бунёдии миллатсозӣ баргарданд. Ин аст ҳадафи аслӣ ва тақозои шаклгирии афкори умумимиллӣ. М. СОҲИБОВ, омӯзгор

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азизулло Исматзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони агентӣ ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар шоҳроҳҳои ДушанбеВаҳдат-Кӯлоб, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Қӯрғонтеппа ба миқдори 6200 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда шуд. Алҳол сабзиши онҳо муътадил буда, нигоҳубини онҳо аз ҷониби кормандони ҷангал хуб ба роҳ монда шудааст. Дар нимсолаи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои тобеи агентӣ 671 гектар ҷангалзори нав бунёд гардида, 873 гектар ҷангалзори куҳна барқарор карда шуд. - Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз боиси ташвиши роҳбарияти агентӣ гаштааст, ҷойгир кардани

Ҳаҷми фурӯши маҳсулоти ҷангал афзуд Тавре ҷамъбасти нишондодҳои молиявӣ гувоҳӣ медиҳад, дар 6 моҳи соли равон ҳаҷми фурӯши маҳсулоти хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 1 миллиону 822 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. чорво дар чарогоҳҳои мавсимии таассифона, баъзе хоҷагиҳо дар ин ҷангали агентӣ Ҷумъахон Сафазаминҳои фонди давлатии ҷангал самт чандон таваҷҷуҳ зоҳир наме- ров изҳор намуд, ки дар хоҷагиҳои ба ҳисоб меравад, - гуфт Ази- кунанд. Аз ин рӯ, то 1 июли соли ҷангали ҷумҳурӣ майдони пистазулло Исматзода. – Новобаста ба равон шумораи оилаҳои занбӯри зор 70 ҳазор гектарро ташкил мавҷуд будани имкониятҳо соҳаи асал 3290 ададро ташкил дод, ки медиҳад. Пистазорҳо бештар дар чорводорӣ ба таври зарурӣ тараққӣ нисбат ба нақша 400 оила кам ме- вилояти Хатлон ҷой гирифтаанд. накардааст. Роҳбарони хоҷагиҳои бошад. Соли гузашта 56 тонна писта ҷамъ ҷангали шаҳру ноҳияҳо баҳри зиёд Бунёди ҷангал дар мав- оварда шуд. Имсол дар назар аст, намудани саршумор, беҳтар карда- зеи “Сайёд” идома дорад. Ба 31 ки 65-70 тонна ҳосил ҷамъоварӣ ни зот ва такрористеҳсолкунӣ фа- хоҷагии ҷангали зертобеи агентӣ шавад. ъолияти назаррас намебаранд. дар ин мавзеъ қитъаҳои муай- Хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ Соҳаи занбӯри асалпарварӣ ян ҷудо шудааст. Ҳар сол аз моҳи дар тамоми ярмаркаи фурӯши аз ҷумлаи соҳаҳои сердаромад ноябр то моҳи апрел дар ин ҷо маҳсулот, ки дар шаҳру ноҳияҳо маҳсуб ёфта, барои рушди он дар ниҳоли дарахтони гуногун шинон- баргузор мешавад, маҳсулоти ҳама хоҷагиҳои системаи агентӣ да мешавад. ҷамъовардаашонро пешкаш мекуимкониятҳои зиёд мавҷуд аст. МуСардори Раёсати хоҷагии нанд, - гуфт Ҷумъахон Сафаров.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015

– Соли сипаришуда хоҷагиҳо 97 тонна меваю хушкмева ҷамъоварӣ карда буданд. Дар назар аст, ки ин рақам соли равон ба 150 тонна расад. Дар нимсолаи аввал хоҷагиҳои ҷангали вилояти Суғд дар майдони 308 гектар ҷангал бунёд карда, нақшаро барзиёд иҷро намуданд. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

5


ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Муродҷон дар хориҷа меомӯзад ва дигаронро меомӯзонад

Таҳсил баҳри ободии диёр

Муродҷон Саймуддинов, ҷавони нуздаҳсолаи тоҷик аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар яке аз таълимгоҳҳои олии бонуфузи Аврупо - Донишкадаи давлатии техникии Швейтсария таҳсилро оғоз мекунад. То ин вақт вай муҳассили мактаби “Ecole d.Humanite”, интернати байналхалқӣ дар Алпҳои Берн (Швейтсария) буд. Дар ин бора зимни суҳбат бо падари вай, директори ҶСК «Кафолат», аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Музаффар Саймуддинов иттилоъ гирифтем. - Шукри Худо шаш нафар фарзанд дорам. Якеи онҳо ҳанӯз хурд аст. Дигарҳояш дар таълимгоҳҳои миёнаи умумӣ ва олӣ хубу аъло таҳсил мекунанд. Писарам Муродҷон бошад, бо истеъдоди фавқулодда аз хоҳару бародаронаш фарқ мекунад. Зимни таҳсил дар мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 14 аз зумраи толибилмони пешқадам буд. Илова бар ин, вақти холии худро на ба кор ва бозиҳои беҳуда, балки ба забономӯзӣ сарф мекарад. Тавассути намоишҳои телевизион, барномаю дастурамалҳо мустақилона забони олмониро аз худ кард, - бо ифтихор мегӯяд М. Саймуддинов. Баъдан Муродҷон тавассути интернет бо барномаи таълимии Швейтсария шинос шуда, санҷишҳои мактаби “Ecole d.Humanite” (Швейтсария)-ро бомуваффақият супорид. Таҳсил дар чунин таълимгоҳи пешқадами аврупоӣ даричаҳои нави донишро ба рӯяш боз кард ва ӯ ки навраси тарбиятдида ва хушахлоқу боодоб буд, зуд дар миёни ҳамсинфону устодон соҳиби эҳтироми хоса гардид. Чанде пеш аз номи роҳбарияти ин мактаб ба Тоҷикистон мактуби миннатдорӣ расид, ки гувоҳ ба гуфтаҳои болост. Вақте бо ин нома шинос шудем, воқеан, ҳисси ифтихорамон баланд шуд. Дар нома ба истеъдоди фавқулоддаи ҷавони тоҷик баҳои баланд дода шудааст. Ин номаро ба таври мухтасар манзури хонандагони арҷманд мегардонем:

6

«Мо, роҳбарони мактаби “Ecole d.Humanite”, интернати байналхалқӣ дар Алпҳои Берн (Швейтсария) ба Шумо нома навишта, аз хизматҳои шогирдамон Муродҷон Саймуддинов, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, изҳори сипос мекунем. Муродҷон аввалин ва айни ҳол ягона шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар мактаби бонуфузи мо пазироӣ шудааст. Ба қарибӣ, 9 марти соли равон дар аттестатсияи Донишгоҳи миллии Швейтсария, зимни супоридани имтиҳонҳо соҳиби бали баланд – 5 (аз ҳама бали баланд 6) гардид. Вай аз рӯи 18 фан, аз ҷумла, забонҳои немисӣ, англисӣ ва франсузӣ имтиҳонотро бомуваффақият супорид. Муродҷон на танҳо бо дониши академии фавқулоддааш, балки бо ширкати фаъол дар ҳаёти таълимгоҳи мо фарқ мекард. Вай аъзои Шӯрои талабагон ва аъзои Шӯрои боварӣ (кумитаи хонандагон ба ёрии онҳое, ки ба маслиҳат ва ёрӣ аз ҷониби толибилмони фаъол муҳтоҷанд) буд. Дар мактаб Муродҷон ба сифати тарҷумони расмии ҷаласаҳои ҳарҳафтаина аз забони англисӣ ба немисӣ ва баръакс аз немисӣ ба англисӣ буд. Вай, ҳамзамон, ба волидайни русзабонҳо, ки фарзандонашонро ба ин мактаб оварда буданд, ба сифати тарҷумон хизмат мекард. Муродҷон борҳо ба хонандагони навомада дар мутобиқ гаштанашон ба ҳаёти таълимгоҳ кӯмак расонд. Илова бар ин, ҳар як супориши ҷамъиятиро бо майли

том ба ҷо меовард ва ҳамзамон, капитани тими баскетбол ва аъзои тимҳои футбол ва волейбол буд. Муродҷон мустақилона курсҳои варзиширо пеш мебурд. Маҳз тавассути Муродҷон мо ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардем. Вай ҳаваси моро ба дидани кишвари зебои Шумо оварда, бисёр кормандону хонандагони мо хоҳиши сафар ба Тоҷикистонро кардаанд. Инак, аз моҳи сентябр Муродҷон аз рӯи ихтисоси муҳандиси мошинсозӣ дар Донишкадаи давлатии техникии Швейтсария, воқеъ дар шаҳри Сюрих ба таҳсил шурӯъ мекунад. Ин донишкада аз рӯи рейтинг дар ҷаҳон ҳафтумин таълимгоҳи олии техникӣ маҳсуб меёбад. Вай ба масъалаҳои гидроэнергетикӣ, ки ватанаш ба он эҳтиёҷ дорад, таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд, то оянда дар ҳалли масъалаҳои муҳими ин соҳа саҳм гузорад. Мо ба Муродҷон беҳтарин таманниётро орзу карда, хушҳолем, ки бо чунин ҷавони соҳибистеъдод шинос шудем. Ин ҷавони тоҷикро омӯзонида, мо худ низ аз ӯ меомӯзем. Бо эҳтиром, доктор Елизабет Вэшенфелдер”. Воқеан, ҳар яки мо аз шунидани чунин суханон дар сифати ҳамватани хеш, ҷавони ҳушманд ифтихор мекунем. Маҳз Муродҷон барин ҷавонон ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон ҳастанд. Бурҳониддин КАРИМЗОДА

Бо дастгириву раҳнамоии Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо ҷавонони зиёде дар муассисаҳои олии илмии хориҷи кишвар ба таҳсил машғуланд. Барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар макотиби олии хориҷа стипендияи “Дурахшандагон” низ таъсис дода шудааст, ки сол аз сол теъдоди барандагони он бештар мешавад. Албатта, таҳсил дар хориҷа барои ошно гаштани ҷавонон бо фарҳангу тамаддуни мардуми кишварҳои дигар низ мусоидат мекунад. Аз ҳама муҳим боис мегардад, ки ҷаҳонбинии ҷавонон васеъ шавад ва онҳо дониши хуб андӯзанд. Гузашта аз ин, таҳсил дар хоирҷа ҳисси ватандӯстии ҷавононро ҳам метавонад баланд бардорад. Чунки дар ҳолати берун аз қаламрави ҷумҳурӣ ва дур аз пайвандон қарор доштан кас ба қадри Ватан бештар мерасад ва меҳраш ба ёру диёр бештар мегардад. Нозимҷон Бобоев яке аз садҳо ҷавони тоҷик аст, ки таҳсилро аввал дар Ватан, сипас, дар хориҷа идома додааст. Ӯ 16 ноябри соли 1989 дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуд. Дастовардҳои Нозимҷон дар донишгоҳ назаррас буда, мавсуф ин даргоҳро бо дипломи сурх ва ихтисоси умури бонк хатм кард. Дониши баландаш ба вай дарҳои нав кушод. Нозимҷон ба шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Томски Федератсия Русия дохил шуда, айни замон дар риштаи «Логистика ва бонкдорӣ» таҳсил дорад. Давоми таҳсил аз се конфронси илмии умумирусиягӣ дар дутояш сазовори ҷойи якум гардидааст. Умед аст, ки дар қатори Нозимҷон ҷавонони дигар низ пайи таҳсил шуда, донишу малакаи андӯхтаашонро баҳри ободии диёр сарф хоҳанд кард. Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта “Ояндасозон”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015


СОЛИ 2015 – СОЛИ ОИЛА Ҳама чиз вобаста ба давру замон ва талаботи аҳолӣ муттасил тағйир меёбад. Аз ҷумла, анъана ва расму оинҳои миллӣ. Вале дар баробари ин анъанаҳое мавҷуданд, ки солҳову асрҳо устувору побарҷо мемонанду инъикосгари фарҳангу маданияти як халқу як миллат мебошанд. Бо мақсади ба танзим даровардани расму оин ва маросимҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Бешак, баъд аз мавриди амал қарор гирифтани ин қонун ба аксари зиёдаравиҳо ва сарфу харҷи беҳуда дар маросимҳои миллӣ хотима бахшида шуд. Новобаста аз он ки риояи талаботи қонуни мазкур аз ҷониби ашхоси масъул пайваста назорат карда мешавад, боз нафароне ёфт мешаванд, ки ба нишони худнамоӣ пардохти барзиёди маҳр ва ба намоиш гузоштани молу сарвати худро ба як навъ мусобиқаи байниякдигарӣ табдил додаанд. Ин ҷо мо тасмим гирифтем, бо такя ба чанд далел аз “Қуръон”-и карим доир ба маҳр, пардохти он, вазифа ва уҳдадориҳои тарафайн дар мавриди тақсимоти он маълумоте пешкаши хонанда гардонем. Дар аксари мамлакатҳои дунё, аз ҷумла, кишварҳои мусулмонӣ то имрӯз анъанаи пардохти маҳр барои арӯс вуҷуд дорад. Маҳр чист, андозаи он чӣ қадар аст ва он чӣ моҳият дорад? Оё пардохти маҳр барои арӯс аз ҷониби домод ҳатмист? Тавре аз сарчашмаҳо аён мегардад, ислом барои арӯс пардохти қалинро воҷиб мешуморад. Дар кишварҳои арабӣ қалин бо калимаи «маҳр» ифода карда мешавад. Вале маҳр аз қалин бо он фарқ мекунад, ки он на барои аъзои оилаи арӯс, балки танҳо барои худи арӯс пешбинӣ мешавад. Маҳр яке аз шартҳои асосӣ

ҳангоми бастани ақди никоҳ мебошад. Баъзе ҷавонон ва оилаҳои навбунёд доир ба маҳр маълумоти кофӣ надоранд ва аз ин ҷост, ки бе муқаррар намудани ҳаҷм ва андозаи маҳр ақди никоҳ мебанданд. Дар “Қуръон”-и карим омадааст: «Ба занҳои худ аз сидқи дил маҳр диҳед. Агар онҳо бо хоҳиши худ аз ягон чиз (маҳр) даст кашанд, онро ба некиву қаноатмандӣ барои эҳтиёҷоти оила масраф намоед» (Сураи “Нисо”, ояти 4). Дар ин оят таъкид мешавад, ки шавҳар барои зани худ бояд ҳатман маҳр пардохт ку-

дар як нафас сад маротиба хондани салавот аст”. Одам 70 маротиба салавот хонда, нафасашро қатъ намуд. Он вақт Худованд гуфт: “Боке нест, ин салавот хондани ту аввали маҳр аст, боқимондааш бошад, охири маҳр хоҳад буд”. Қонуни шариат барои шавҳар, аъзои оилаи ӯ ва ё аъзои оилаи зан бе иҷозати арӯс аз худ намудани маҳри ӯро ҳаром (мамнӯъ) мешуморад. Вале дар аксари кишварҳои мусулмонӣ ин ҷанбаи ҳуқуқи исломӣ сарфи назар карда мешавад ва молу амволи арӯсро бе розигии ӯ аҳли оилааш аз худ менамояд.

Маҳр чист?

ба вазъи моддӣ ва сатҳи зиндагии мард ва ё бо мувофиқаи ду ҷониб муқаррар карда мешавад. Вале андозаи маҳр бояд ки на аз ҳад кам ва на аз ҳад зиёд бошад. Маҳри аз ҳад зиёд боиси он мегардад, ки мард имкони пардохти онро пайдо накарда, аз бастани ақди никоҳ худдорӣ намояд. Муҳаммад (с) дар ҳадисе мегӯяд: “Агар дар бисотат чизе надошта бошӣ, ба арӯс миқдоре гандум ё хурмо туҳфа кун, то никоҳ ҷоиз бошад”. Андозаи камтарини маҳр ба 10 дирҳам ва ё чизи ҳамарзиши он баробар аст. Дар замони мо ин

Туҳфа барои арӯс ё нархнома? над ва занҳо ҳуқуқ доранд, ки ё аз он даст кашанд ва ё онро бо хоҳиши худ сарф намоянд. Дар замони пеш аз ислом волидон ин ҳуқуқи духтарро поймол намуда, маҳрро пурра аз худ мекарданд. Масалан, парастори арӯс ҷиҳозеро, ки барои арӯс пешбинӣ мешуд, барои худ гирифта, арӯсро чун мол ба савдо мегузошт. Ислом чунин таомулро аз миён бардошта, никоҳро ба пайванди ду шахс дар фазои мувофиқату ҳамдилӣ табдил дод. Ислом ба зан ҳуқуқ, шаъну шарафи ӯро бозгардонда, мавқеашро дар ҷамъият устувор намуд. Хушбахтона, дар замони мо низ мавқеъ ва қадру манзалати зан, модар ҷойгоҳи хосро соҳиб асту аз ҷониби давлату ҳукумат ғамхориву дастгирии доимии занону духтарон ба назар мерасад. Дар қатори дигар ҳуқуқ ва имтиёзҳо ҳангоми бастани ақди никоҳ барои арӯс маҳр муайян гардидааст, ки он имрӯз дар шакли туҳфа барои арӯс вуҷуд дорад. Вақте Худованд Ҳавворо офарид, Одам аз ӯ хоҳиш намуд: “Эй Худованд, ӯро ба ман бубахш”. Худованд гуфт: “Нахуст маҳри ӯро пардохт кун”. Одам пурсид: “Маҳри ӯ чӣ андоза аст? “Маҳри ӯ

Олимони исломӣ чунин мешуморанд, ки шавҳар бояд ҳатман маҳри зани худро пардохт кунад, аммо андозаи он муайян нашудааст. Масалан, ба маҳр молу амволи гуногун ё маблағи муайян дохил шуда метавонад. Ё агар мард ба зан хондани “Қуръон” ё ягон касбу ҳунарро омӯзад, ин низ ба маҳри ӯ дохил шуда метавонад. Андозаи маҳр вобаста

баробари 30 грам нуқра мебошад. Дар замони зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с) бо 10 дирҳам ду сар гӯсфанд харидан мумкин буд. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) маҳри барзиёдро нолозим шуморида, мегӯяд: “Маҳри беҳтарин маҳри кам ва сабук аст”. Дар ҳадисе омадааст: “Дар ҳақиқат, қурбу манзалати занҳо ин қалини

ками онҳост. Агар зан қалини зиёд талаб кунад, ин нишонаи хайру некӣ нест”. Дар ҳадиси дигаре омадааст: “Беҳтарини занҳо бонувонеанд, ки чеҳраи зебо ва маҳри кам доранд”. Ҳолатҳое мешавад, ки ҳангоми никоҳ сухане аз маҳр ба миён намеояд ва зан аз мард маҳр талаб намекунад. Вале бо вуҷуди ин, маҳр воҷиб аст ва бояд пардохт шавад. Дар мавриди пардохти маҳр вазъи молии мард ба инобат гирифта мешавад. Агар мард сарватманд бошад, маҳри боарзиштар, агар миёнаҳол бошад, ҳадяи миёнаҳолона ва агар фақир бошад, ҳадяи фақиронае воҷиб аст. Агар зан бо хоҳиши худ тамоми маҳр ё миқдоре аз онро ба шавҳараш бахшад, ҷоиз аст, вале агар шавҳар ӯро барои бахшидани маҳраш маҷбур созаду зан ноилоҷ онро бахшад, он бахшида ҳисоб намешавад. Дар сурате ки агар мард занеро бо маҳри муайян ба никоҳи худ медарораду зан миқдори маҳрашро ба шавҳараш мебахшад ва иттифоқан пеш аз он ки онҳо ҳамбистар шаванд, миёни онҳо ҷудоӣ меафтад, мард бояд ки нисфи он маҳрро аз зан бигирад. Барои маҳр чизе ки муқаррар мешавад, бояд ҳамон пардохта шавад. Масалан, агар замин, хона, ё боғе муқаррар шуда бошад, мард наметавонад, ки ба ҷои онҳо қимати онҳоро пардохт намояд. Тавре аз таҳлилҳо аён мегардад, пардохти маҳр барои арӯс як навъ василаи пойдору устувор нигоҳ доштани никоҳ буда, барои посдории муносибатҳои оилавӣ мусоидат менамояд. Ҳам қонуни шариат ва ҳам қонунҳои амалкунандаи кишвар туҳфа барои арӯсро зарур мешуморанд ва ҳамзамон, андоза нигоҳ доштанро низ таъкид менамоянд. Зеро, вақте ҳама бо маслиҳату машварат ва бо назардошти вазъи молию иҷтимоӣ сурат мегирад, мушкилиҳо ба осонӣ рафъ мегарданду ҳаёт ба назар рангину ҷолибтар менамояд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

Талоши “Занони деҳот” баҳри пойдории оилаҳо Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013 9,5 фоиз зиёд аст. Ҷудошавии оилаҳо сабабҳои гуногуни иҷтимоӣ доранд. Аз ҷумла, синну соли барвақт барои издивоҷ, хонадоршавии хешовандони наздик, никоҳи маҷбурӣ ва ғайра. Иттиҳодияи ҷамъиятии «Занони деҳот»-и ҷумҳурӣ бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи «Ҷавонон муқобили никоҳи маҷбурӣ ва хешутаборӣ»-ро дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 амалӣ кард. Лоиҳа дар ноҳияи

Дарвоз, бо фарогирии 150 нафар ҷавони 1430-сола: занон, духтарон, муаллимон, намояндагони ҳукумат, ҷамоат, табобатгоҳҳо ва уламои дин татбиқ гардид. Мувофиқи маълумот соли 2014 дар ноҳияи Дарвоз 171 оилаи нав барпо шуда, 7 оила бо сабабҳои гуногун аз ҳам ҷудо шудаанд. Яке аз он сабабҳо никоҳи хешутаборӣ мебошад. - То соли 2006 дар ноҳияи Дарвоз никоҳи хешутаборӣ ривоҷ надошт. Ҳоло ин чиз зиёд ба мушоҳида мерасад. Аз ин лиҳоз амалисозии ин лоиҳа хеле бамаврид аст, - мегӯяд мудири Бахши асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Дилором Амирбекова. Дар заминаи лоиҳа 6 семинари дурӯза ва 10 вохӯрию суҳбат дар 4 ҷамоати ноҳияи Дарвоз баргузор шуд, ки дар маҷмӯъ 500 нафар фаро гирифта шуданд. Зимни вохӯриву суҳбатҳо фаъолони ноҳия доир ба масъалаҳои никоҳи хешутаборӣ ва пайомадҳои он андешаҳо иброз намуданд. Аз ҷумла, ҷонишини раиси ноҳия Моҳхонум

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015

Нурмаҳмадова дар бораи пешгирии никоҳи маҷбурӣ дар ноҳияи Дарвоз байни ҷавонон ва камхарҷ гузарондани тӯю маъракаҳо ибрози ақида намуд. Тавре кормандони Иттиҳодияи ҷамъиятии “Занони деҳот” зимни суханронӣ қайд намуданд, тайи солҳои охир никоҳи хешутаборӣ дар ҷумҳурӣ бештар шудааст, ки ба ин худи волидайн гунаҳкоранд. Онҳо оқибати бад доштани чунин никоҳро фикр накарда, ба писаронашон аз оилаҳои хешовандонашон, ки вазъи молиявиашон хуб аст, ҳамсар интихоб мекунанд ё духтаронашонро бо писарони хешони наздик хонадор мекунанд. Дар натиҷа, аксаран фарзандони носолим ба дунё меоянд. Ақди никоҳи расмӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда оиларо аз ҳар гуна зӯроварӣ муҳофизат мекунад. Дар натиҷаи сар задани муноқишаҳои оилавӣ заноне, ки бо шавҳаронашон никоҳи расмӣ надоранд, гирифтори азобу шиканҷа мешаванд ва ин ҳатто боиси ба худкушӣ даст задани онҳо

мегардад. Солҳои охир баъзе волидайн мақоли «Қурбоқа шӯ дорад, обрӯ дорад»-ро сармашқи кори худ қарор додаанд. Мусобиқаи кӣ тезтар духтарашро ҷавон ба шавҳар медиҳад мӯд шудааст. Волидайни писарон бошанд, байни мардум таърифи келини ҷавон гирифтани онҳоро кунанд гуфта, кӯча ба кӯчаву деҳа ба деҳа барои писаронашон духтарони 16-17-сола мекобанд. Вале баъд аз муддати кӯтоҳ, бо баҳонаҳои «духтар дӯстдошта доштааст”, “ҳурмати падару модарамро накард” ё “коре аз дасташ намеояд» оилаи ҷавон ҷудо мешавад. Чунин муносибати нодуруст ва бефарҳангии волидайн дар аксар ҳолат ба корҳои ношоиста даст задани занон ва бесаробону бетарбия мондани фарзандон мегардад. Шаҳристон НАБИЕВА, роҳбари Иттиҳодияи ҷамъиятии «Занони деҳот»

7


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 12-16 июл дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мавқеи ҷавонон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуби ҷомеа: терроризм, экстремизм ва маводи нашъадор» баргузор гашт, ки дар он 150 нафар ҷавони фаъоли манотиқи кишвар иштирок доштанд. Субҳи 12 июл ҷавонон дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷамъ омада, таҳти шиори “Мо Бадахшон меравем” ба самти ВМКБ раҳсипор шуданд. Ҷавононро дар ноҳияи Дарвоз раиси ноҳия Абдурраҳмонзода Саидбурҳон ва ҷавонон бо гулдаста ва нону намак пешвоз гирифтанд. Тамошои манзараҳои афсонавии истороҳатгоҳи «Чорчаман»-и ноҳия барои ҷавонон ҷолибу диданӣ буд. Ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва аз қалби куҳҳои осмонбӯс фавора задани об ва ба як дарёи пуртӯғён табдил ёфтани он ҷаззобияти дигари ин диёри зебоманзар буд. Дар маркази ноҳияи Дарвоз бо иштироки ҳунармандони «Кохи фарҳанг»-и ноҳия чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Абдурраҳмонзода Саидбурҳон ҳузури ҷавононро ба ноҳияи Дарвоз шодбош гуфта, ба онҳо муваффақиятҳо таманно намуд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни баромадаш аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар дар самти дастгирии ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар шуда, таъкид кард, ки бояд ҷавонон аз фазои ороми имрӯза шукргузорӣ намоянд ва суботро ҳифз кунанд. Мансур Бухориев, мушовири вазири корҳои дохилӣ баргузории чунин семинарҳои омӯзиширо дар шароити тезутундшавии авзои ҷаҳон ва минтақа муҳим арзёбӣ кард. 13 июл ҷавонон ба ноҳияи Ванҷ раҳсипор шуданд. Муовини раиси ноҳия Хушқадам Холиқов меҳмононро аз номи тамоми мардуми ноҳия хайрамақдам гуфт. Баъд аз барномаи консертӣ дар ноҳияи Ванҷ иштирокчиён ба ноҳияи Рушон равон шуданд. Ҷавононро Зарина Абдулмаинова, муовини раиси ноҳия ва мардуми ноҳия бо тантана ва базму тарона истиқбол гирифтанд. Зарина Абдулмаинова қудуми

8

“Мо Бадахшон Таҳти ҳамин шиор 150 нафар ҷавон аз минтақаҳои кишвар дар ВМКБ

ҷавононро ба ноҳияи Рушон шодбош гуфта афзуд, ки ҷавонони ин ноҳия низ сиёсати харадмандонаи Президенти кишварро ҷонибдор буда, баҳри татбиқи он камари ҳиммат бастаанд. Дар шаҳри Хоруғ низ ҷавонон аз ҷониби сокинон хуш истиқбол ёфтанд. Қимматгул Алибердиева, раиси шаҳр меҳмононро хайрамақдам гуфта афзуд: “Ин ки имрӯз мо ба чор самти кишвари маҳбубамон озодона рафтуомад мекунем, нишонаи ваҳдат аст ва ҳар яки моро лозим аст, дар ҳифзу пос доштани он кӯшиш намоем”. Зимнан, ба хотири аз сатҳи зиндагии мардуми Бадахшон аз наздик шинос шудани ҷавонон, раиси ноҳия меҳмононро дар хонаҳои сокинони шаҳри Хоруғ ҷой карданд. 14 июл қисмати асосии семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мавқеи ҷавонон дар мубориза бар зидди равандҳои

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА номатлуби ҷомеа: терроризм, экстримизм ва маводи нашъадор» дар «Чойхонаи миллӣ»-и шаҳри Хоруғ доир гардид, ки дар он Шодихони Ҷамшед, раиси ВМКБ, Аламшозода Абдураҳмон, генерал-майёри милитсия, муовини аввали вазири корҳои дохила, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, Мансур Бухориев, мушовири вазири корҳои дохила ва намояндагони дигар ноҳияҳои ВМКБ ширкат варзиданд. Дар семинар масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва иштироки онҳо дар ҷангҳои Ироқу Шом баррасӣ шуд. Ҷавонон оид ба масъалаҳои доғ ва ноамниҳои ҷаҳон маърӯза карда,

Сомонии шаҳри Душанбе: - Дар сафар, вақте роҳи тӯлониро тай мекардем, бо ҷавонони дигар минтақаҳо дӯст шудем. Ҳамин чиз дар ВМКБ дар баргузории конфронс бори дигар эҳсос мешуд. Бояд гуфт, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо тасмими хеш аввалин шуда дар байни Иттиҳоди давлатҳои мустақил бар зидди ифротгароӣ, тундгароӣ ва ниҳояти он даҳшатафканӣ иқдом кардааст. Яке аз ин иқдомҳо баргузории семинарҳои илмӣамалӣ, симпозиуму конфронсҳо дар ҷумҳурӣ мебошад, ки саривақтист. Нигор ТОЛИБОВА, ҷавон аз ноҳияи Панҷ: - Бори аввал ман ба ВМКБ са-

фар кардам ва он хеле хотирмон буд. Зиёд орзу доштам, ки дарёи Панҷро аз саргаҳаш бубинам, вале имкон нашуд. Рамазон МИРЗОЕВ, саркоргардони Телевизиони давлатии Кӯлоб: - Дар шароити феълӣ, ки тамаддунҳо ба ҳам дар ҷанганд, гуруҳҳои иртиҷоӣ ва ё ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоихоҳ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, баргузории чунин семинарҳо дар пешгирии ифротгароӣ, тундгароӣ, хурофотпарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб нақши муносиб мегузорад. Шумораи ками ҷавонони мо аз надонистани урфу одат ва нозукиҳои дини ислом пойбанди

меравем”

ҷамъ омада, ба ҳамсолонашон ҳушдор доданд, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ нагараванд аз ҳамсолони худ хостанд, ки ба хотири нигоҳ доштани якдиливу сулҳу ваҳдат дар кишвар аз гаравидан ба ҳар гуна созмонҳои мамнуъ худдорӣ намоянд. Баъд аз анҷоми семинар ҷавонон ҷойҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хоруғро тамошо карданд. 15 июл ҷавонон аз шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Дарвоз равон шуданд. Дар ноҳияи Дарвоз ҷавонон шаҳри таърихӣ ва қадимаи Каронро диданд. Сипас, дар як мавзеи зебои Дарвоз “Шоми ҷавонӣ” баргузор шуд. 16 июл ҷавонон ба шаҳри Душанбе расиданд. ТААССУРОТИ ҶАВОНОН АЗ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ Самандар АБДУЛЛОЕВ, сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили

ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо мегарданд, ки таъсири худро ба ҷомеаи Тоҷикистон мерасонад. Мутаассифона, иддае гӯё арзишҳои диниро муҳофизат мекарда бошанд, дар ҷангҳои давлати Сурия иштирок доранд. Бо боварии том гуфта метавонем, ки ҷавонони бедору соҳибмаърифати кишвар баҳри муҳофизати ҳар як ваҷаб замин ва хоки диёр ҷавонмардона сина сипар мекунанд. Ҳадафи семинарҳо ҳам ҳамин аст: мусоидат дар бедории ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо. Расулҷон ШОКИРОВ, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз: - Ман аз дидори дӯстони ҷавони хеш, ки аз минтақаҳои Суғд, Хатлон, водиҳои Рашту Ҳисор омадаанд, хеле хурсандам. Мутмаинам, ки ин риштаҳои дӯстӣ то абад пойдор мемонанд. Ин конфронс ва семинарҳое, ки бо иштироки ҷавонони фаъол ҷараён доранд, албатта дар мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстии ҷавонон мусоидат мекаунанд. Ҳамчунин, моро дубора ҳушдор месозанд, ки бояд фарзандони як модар, рӯдҳои як кӯҳ, шохаҳои як рӯд баҳри гулгулшукуфоии ватани азизамон мустаҳкам бошем. Пеш аз ҳама, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро дар замони бархурди тамаддунҳо қарор дорем ва ҷаҳони муосир аз мо тақозо мекунад, ки ватанро дӯст дорем, то аз чашми бади ҳасудон рахна нагардад.

Саёҳат ҒУЛОМОВА, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, иштирокчии семинар

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015

9


ТАНДУРУСТӢ Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, иллати тақрибан 40 дар сади маргу мир дар Тоҷикистон бемориҳои дил аст. Аҳолӣ бинобар истеъмоли зиёди намак ва чарб ба ин бемориҳо гирифтор мешаванд. Бемориҳои рагу дил сабаби асосии марг дар тамоми ҷаҳон эътироф шудааст. Тибқи маълумот, аз ягон беморӣ чунин миқдори одам нафавтидааст. Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз ин бемориҳо зиёда аз 18 миллион нафар фавтидаанд, ки 30% тамоми ҳалокшудагонро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 7,3 миллион нафар аз бемории дил ва 6,2 миллион нафар бинобар сабаби фалаҷ (инсулт) ин дунёро тарк кардаанд. Табибон ин бемориро ба нафарони даромади камдошта рабт додаанд. 80% ин гуна бемориҳо ба давлатҳое рост меояд, ки мардумаш аз лиҳози даромаднокӣ камбизоат дониста мешаванд. Тибқи иттилои ин созмон, то соли 2030 қариб 23,6 миллион нафар аз бемории дилу рагҳо мефавтанд. Факторҳои асосии бемории дилу раг ва фалаҷ истеъмоли нодуруст, камҳаракатӣ, сигоркашӣ мебошад. Чунин рафтор 80 дарсад хавфи гирифторшавӣ ба ин бемориро меафзояд. Сабаби дигарашро табибон дар камбағалӣ ва стресс медонанд. «Тадқиқоти илмӣ исбот намуд, ки пайдоиши бемориҳои дил ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар бар асари пайдоиши карахш (бляшки) вобаста мебошад. Одатан рагҳои хунгузар аз дохил сатҳи хеле ҳамвору суфта доранд ва хун дар онҳо бе мамониат ҳаракат мекунад. Вале пайдоиши карахш, ки ба занг задани қубури оҳанин шабоҳат дорад, боиси халалёбии гардиши озодонаи хун мегардад. Вақте ҳаҷми рагҳо то 70% танг мешавад, норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдоршавии меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад. Норасоии кислород дар бофтаҳо гипоксия ном дорад. Дар илми тиб ин равандро ишемия меноманд. Ҳар қадар ҳаҷми карахш калон бошад, ҳамон андоза ҳаҷми рагҳои хунгузар хурдтар шуда, боиси пайдоиши бемории стенокардия мегардад», - шарҳ медиҳад кардиолог Мунира Очилова. Гузашта аз ин, фарбеҳӣ низ як мушкили ҷиддӣ дар миёни 28 дар сади занони Тоҷикистон гашта, иллати аслии гирифтории онҳо ба бемории қанд, саратон ва бемориҳои дил шудааст. Аз нуқтаи назари тахассусӣ таснифоти гуногуни бемориҳо дар кишвар ҷой доранд. Бемориҳо ба сироятӣ ва ғайрисироятӣ тақсим мешаванд. Бинобар гуфтаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, дар кишвар сабабҳои маргу мир аз бемориҳои ғайрисироятӣ нисбат ба сироятӣ

10

зиёд ба қайд гирифта шудааст. Имрӯз дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои абарқудрат сабаби фавт бемориҳои ғайрисироятӣ мебошанд. Агар ҳар сол дар дунё наздик ба 63 миллион нафар фавтанд, аз ин 36 миллион нафараш аз бемориҳои ғайрисироятӣ мефавтанд. Аз 36 миллион нафаре, ки аз бемориҳои ғайрисироятӣ мефавтанд, 80 дарсадаш дар

бошад. Ба сайругашт, меҳнати сабук ва гимнастикаи сабук машғул шавед», - маслиҳат медиҳад мутахассис. Тавре мушоҳида мешавад, солҳои охир ҳатто кӯдакон ба бемории дил гирифтор мешаванд. Дар кишвар соле ҳазорон нафар кӯдаки гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил ба қайд гирифта шудаанд, ки бештари

раш ӯро ба беморхонаи Шаҳраки тиббӣ бурд. - Писарам аз хурдӣ ба бемории дил гирифтор буд. Табибон гуфтанд, ки баъд аз 16-солагӣ бояд ҷарроҳӣ шавад. Маблағи кофӣ барои ҷарроҳӣ надоштам. Тайи чанд сол маблағ ҷамъоварӣ намудам ва хостам ӯро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ё Русия барам. Баъд аз таъсиси чунин беморхонаҳо

КАМБАҒАЛӢ

кӯҳистони ҷумҳурӣ оқилона истифода бурда нашудаанд. Ба гуфтаи табибони халқӣ сипанди тафдодашуда барои бемориҳои дил фоидаовар аст. Шахсони дилашон хаста сипандро куфта, аз ғалбер ё элаки зич гузаронанд, баъдан онро бо равғани кунҷит омехта, ҳар рӯз се мисқол истеъмол намоянд. Барои рафъи дилзанак талхаи хурӯси сафедро

- сабаби пайдоиши бемории дил давлатҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла, ба Тоҷикистон рост меояд. Дар Тоҷикистон агар ҳар сол 33 то 34 ҳазор ҳодисаи фавт ба қайд гирифта шавад, дар ҷойи аввали сабаби фавт бемориҳои дилу раг меистанд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар шаш моҳи соли равон дар муассисаҳои давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дулу рагҳо, Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемриҳои дил ва Маркази тибби хусусии «Ибни Сино», дар маҷмӯъ, 625 амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳо гузаронида шудааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 842 амалиётро ташкил медод. Нишонаҳои асосии бемории дил дар хурӯҷи шадиди дард дар қафаси сина, паҳншавии он ба даст, тахтапушт ва шона, ки онро стенокардия меноманд, зоҳир мешавад. Баъзан инфаркти миокард бо нафастангӣ сар шуда, дард ҳис карда намешавад. Инфаркти миокард яке аз намудҳои некрози мушакҳои дил буда, дар натиҷаи вайроншавии гардиши хун ба амал меояд. Ба он бештар одамони аз 45-сола боло гирифтор мешаванд. Сабаби он мондашавии зиёд, меҳнати вазнини ҷисмонию фикрӣ, тамокукашӣ ва камҳаракатӣ мебошанд. Ба гуфтаи табибон, ҳангоми пайдо гардидани ин нишонаҳо шаҳрванд бояд ба мутахассисони соҳа муроҷиат намояд ва беморони инфаркти миокардро аз меҳнати вазнини ҷисмонӣ озод бояд кард. Кардиолог Насима Мастибекова мегӯяд, ҳамаи дардҳо дар қафаси чапи сина бо дил алоқамандӣ доранд: «Агар ҳангоми нафаси чуқур гирифтан, ба чапу рост тоб додани тан, дастро ба боло бардоштан дар тарафи дил дард пайдо гардад, ҳаргиз бо саросемагӣ худро бемори дил эълон накунед. Сабаби пайдошавии дардро дар байни бемориву иллатҳои узвҳои такягоҳ ва ҳаракат ҷустан лозим. Сабаби дард метавонад ҳам бемории сутунмӯҳра (остеохондроз), ҳам илтиҳоби асабҳои байни қабурғаҳо ва ҳам мушакҳо

онҳо баъд аз таваллуд мефавтанд. Ба қавли коршиносони соҳа, дар мақоми аввал издивоҷи хешутаборӣ метавонад, ки кӯдакро ба нуқсони модарзодии дил гирифтор кунад. Тибқи таҳлили мутахассисон, ин беморӣ дар солҳои охир зиёд шуда истодааст ва 60% кӯдаконе, ки ба ин нуқсон гирифтор мешаванд, аз издивоҷи хешовандон мебошад. Ҳамчунин, сабаби зиёд шудани ин беморӣ дар алоқаи ҷинсии гузаранда мебошад, чунки имрӯз ба ғайр аз бемории оташак, гонорея ва ВИЧ/СПИД боз бемориҳои ситемоголия ва дигар сироятҳое ҳастанд, ки ин бемориҳо кӯдакро ба бемории нуқсонҳои дил оварда мерасонад. Ҳамчунин, истеъмоли доруҳое, ки ба инкишофи кӯдак зарар доранд, ба ин чиз боис гардидааст. Ба андешаи табибон, агар дар вақти ҳомиладории то 3-моҳа модар аз доруҳои аспирин ё парасетамол истеъмол кунад, мумкин аст, ки ягон ҳуҷайраи организми кӯдакро ин доруҳо кушанд. «Имрӯз бисёре аз занони мо ба бемории ҷоғар гирифтор мебошанд. Доруҳое, ки бар зидди бемории ҷоғар ҳастанд, барои занони ҳомила ё заноне, ки шир медиҳанд, иҷозат нест, вале мутаассифона, бисёри занони мо бе тавсияи духтур, ин доруҳоро истеъмол мекунанд, ки сабаби гирифтории кӯдак ба бемории нуқсони модарзодӣ шуда метавонад», - мегӯяд Мунира Очилова. Солҳои пеш барои ҷарроҳӣ намудани қалби бемор ҳатман бояд беморро ба хориҷи кишвар мебурданд. Барои ҷарроҳӣ намудани қалби бемор хароҷоти зиёд лозим аст, ки аз 15 то 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Имрӯз бошад, дар Беморхонаи «Ибни Сино» ва Шаҳрчаи тиббии шаҳри Душанбе ин намуди беморонро ҷарроҳӣ мекунанд. Тибқи маълумоти масъулини ин муассиса, як бемор метавонад бо 7-8 ҳазор доллар ҷарроҳӣ шавад. Зарина, омӯзгори мактаби миёна, барои ҷарроҳӣ намудани қалби писараш дар хориҷ маблағ пайдо накард. Тақрибан се сол маблағ ҷамъоварӣ мекард, вале баъд аз вазнин шудани саломатии писа-

дар ҷумҳурӣ хостам писарамро ҷарроҳӣ намоям, вале барои шифо ёфтанаш бовар намекардам. Дар фасли баҳор бемории писарам авҷ гирифт ва табибони беморхонаи «Сино» тавсия доданд, ки бояд ҷарроҳӣ шавад. Қалбашро дар беморхонаи шаҳраки тиббӣ бо 7 ҳазор доллари ИМА ҷарроҳӣ намуданд. Ҳоло фарзандам сиҳату саломат аст ва дар донишгоҳ таҳсил мекунаду аз саломатиаш шикоят надорад, - мегӯяд Зарина. Қаблан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иқдомеро бо номи «Аз дил ба дил» пеш гирифта буд. Тибқи он бояд кӯдаконе, ки дорои нуқсони модарзодии дил мебошанд, аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳо ба ҷарроҳӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, касоне, ки гирифтори бемории қалб мебошанд, метавонанд бо ташхиси бемории худ ба муассисаҳои ин вазорат муроҷиат намоянд. Дар ҳолати муайян гардидани марҳилаи бемории қалб ба бемор имтиёзҳо дода мешавад. Табибони халқӣ ақида доранд, ки ҳоло ба сифати доруҳо кафолат додан мушкил аст ва харидорон аз арзиши дорувориҳо нигаронӣ мекунанд. Дар ин бобат, ба гуфтаи бархе табибони халқӣ, захираҳои растаниҳои шифобахши ноҳияҳои

бо равғани бодом омехта намуда, истеъмол намоянд. Инчунин тухми мурғи кушташударо бо шакар якҷоя ҷӯшонида, истеъмол кунанд. Зардолу аз ҷумлаи меваҳоест, ки аз қадим барои бемориҳо истифода бурда мешавад. Дар тибби мардумӣ барг, мева ва донаки зардолу истифода мешавад. Меваи тару тоза ва хушконидаи зардолу барои одамони гирифтори бемориҳои ҷигар, дил, ҳамчунин, ашхоси хунашон каму хароб муфид аст. Дар тибби мардумии Покистон зардолу баҳри муолиҷаи камхунӣ, мағзи донаки он бошад, барои табобати бемориҳои музмини дил истифода мегардад. Ҳатто олимони ин сарзамин бар он ақидаанд, ки мунтазам истеъмол кардани зардолу боиси дарозумрӣ мешавад. Дар Ҳиндустон бо зардолу фишори хунро паст мекунанд. Бо ин мақсад дар як рӯз се маротиба 8-20 донаи зардолу истеъмол кардан тавсия дода мешавад. Зардолуро дар шиками гурусна, ҳамчунин, баъд аз истеъмоли ғизои душворҳазм истифода бурдан хуб нест. Аз болои зардолу нӯшидани об боиси дарунравӣ мешавад. Манзумаи ФИРӮЗ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015


МУҲОҶИРАТ

Шодиву ғами муҳоҷирати меҳнатӣ Муҳоҷиратӣ меҳнатӣ, ки маъмулан баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуд, барои мардуми Осиёи Марказӣ, хусусан, барои мардуми Тоҷикистон як манбаи даромад ва рӯзгузаронӣ арзёбӣ мегардад. Ҳоло ин раванд барои ҳар як хонаводаи тоҷик як ҳолати муқаррарӣ шудааст. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, азобу машақат, ҳато маргу нопадид шуданҳо беш аз ду даҳсола мешавад, ки мардуми тоҷик ба Русия сафар менамоянд. Онҳо барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори осоишта розиянд ба ғарибиву хорӣ дар кишвари бегона тоқат кунанд. Агар ба оилаҳое, ки падару модар ё яке аз фарзандонашон дар Русия бо мақсади муваққатан меҳнат намудан ё ин ки истиқомати доимӣ рафтаанд назар афканем, ба хулосае меоем, ки бештари даромади иқтисодии онҳо аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатии пайвандони дар Русия будаашон аст. Дар ҳақиқат, аз ин ҳисоб зиндагии маишии аксари мардуми ҷумҳурӣ андаке ба эътидол омадааст. Дар ватани бегона на ҳамаи онҳо соҳиби кори дилхоҳ мегарданд. Шумораи зиёди муҳоҷирон ба корҳои

душвору миёншикан дучор мешаванд, ки гоҳе боиси воқеаҳои нохушу садамаҳо мегардад. Бешак, ин гуна меҳнати вазнин аксар вақт ба бемориҳо бурда мерасонад. Агар шахс андаке бепарво бошад, шубҳа нест, ки бемориҳо то ба марг бурда мерасонанд. Ғайр аз ин, воқеаҳои нохуш, ба монанди маъюби доимӣ ва ё ҳалок гардидан низ кам нестанд. Умуман, муҳоҷирон аз ин воқеаҳои нохушу даҳшатнок дур буда наметавонанд. Ҳукумати Русия барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ сол то сол қоидаҳои нави мушкил ҷорӣ мекунад. Аз ҷумла, гирифтани 9 намуди ҳуҷҷат. Ҳуҷҷат гирифтан ҳам саргардонӣ ва маблағи зиёдро талаб мекунад. На танҳо дигаргуниҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия муҳоҷиронро азият медиҳад, балки зиёд гардидани муҳоҷирони меҳнатӣ, аз мамлакатҳои дигар, ба монанди Ветнам, Чин, Украинаву Молдова имкон намедиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик соҳиби корҳои муносиб гарданд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуд, ки танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад. Хуб аст, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар, бахусус, Президенти ҷумҳурӣ ба ин раванд таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Тавре ба ҳама маълум аст, дар ин бобат борҳо миёни президентҳои Федератсияи Русия В. Путин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон гуфтушунид доир

шуд. Масъалаи дигаре, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро берун аз марзи кишвар дар ҳар қадам пешпо медиҳад, надонистани забони русӣ мебошад. Аксар муҳоҷироне, ки аз деҳот ба Русия сафар менамоянд, аз одитарин ҳуқуқҳо бехабаранд. Чунин нафарон пеш аз сафари меҳнатӣ ба Федератсияи Русия бояд дар ин бобат маълумоти саҳеҳ пайдо намоянд, яъне, ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, маълумоти лозимаро гиранд. Бояд гуфт, ки вазифаи асосии Хадамоти муҳоҷират паҳн намудани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни сокинони кишвар дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Аз ҷониби ин ташкилот нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шудааст, ки кормандони дастгоҳи марказӣ ҳамроҳи масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар идораҳои дахлдор дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳо баргузор намуданд. Ба аҳолӣ доир ба тағйироти нав дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, зарурати касбомӯзӣ, гузаштани тест, доир ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, гирифтани сертификат иттилоъ доданд. Албатта, дар ғарибӣ кор кардану қутти лоямут пайдо намудан, чуноне ки мепиндорем, кори осон нест. Бинобар ин, ҳар як ҷавонро лозим меояд, ки дар ватани худ соҳиби кори арзанда шавад. Барои ин бояд пайваста омӯзад, соҳиби ихтисоси замонавӣ гардад. Парвиз АМИНОВ

БОҒДОРӢ

Шуғле, ки зебоӣ мебахшад Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои қадимтарин буда, дар натиҷаи таҷрибаи миллионҳо нафар ривоҷу равнақ ёфта, то ин замон расидааст. Мувофиқи гуфтаи муаррихон нахустин давраи пайдоиши боғдорӣ аз ҷамъияти ибтидоӣ сарчашма мегирад. Одамони ҷамъияти ибтидоӣ дар ҷангал ва ё дашт зиндагӣ карда, меваҳои худрӯи бомаззаро ҷустуҷӯ мекарданд. Аз миёни дарахтони ёбоӣ беҳтаринашро интихоб карда, дар гирду атрофи ҷои зисташон мешинонданд. Ҳар як насл дар ин хусус дониши нав ҳосил карда, таҷрибаашро ба ояндагон мерос мегузошт. Боғу токзорҳои назаррабо, ки имрӯз мебинем, маҳсули таҷрибаи наслҳои гуногун аст. Боғу токпарварӣ боиси пурии дастархон ва хушманзара шудани диёр мегардад. Сокини деҳаи Ҳофизқишлоқи ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳии Ҳисор Ҳоҷӣ Сайриддин Аминов солиёни зиёд дар Муассисаи давлатии фурӯши меваю сабзавот фаъолият кардааст. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ мошини боркаши “Камаз” харида, аз ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ғончӣ ва Ҷиргатолу Рашт ба бозори марказии ноҳияи Ҳисор картошкаю мева меовард. Ӯро барои ҳалолкориаш сокинони ноҳия эҳтиром мекунанд. Азбаски вай аз овони хурдӣ ба боғу токпарварӣ майл дошт, қарор дод, ки замини бекорхобидаеро гирифта, боғу токзор бунёд кунад. Ин иқдоми ӯро роҳбарияти хоҷагии “Заркамар”-и ноҳия хуш пазируфта, мувофиқи шартнома 6 гектар заминро иҷораи дарозмуддат доданд. Тирамоҳи соли 2013 Ҳоҷӣ Сайриддин ҳамроҳи писаронаш Алишеру Фирдавс ва Муҳаммаддовуд ба тахту ҳамвор кардани майдон ва шинонидани ниҳолҳои гелосу ток шурӯъ карданд. Гирди майдони боғро симтӯр гирифта, ниҳоли дарахтони олуболуву шафтолу шинонданд. Азбаски боғу токпарварӣ соҳаи дерфоидаовар аст, ба хотири пӯшонидани як қисми хароҷот байни қаторҳои навниҳолон картошка кишт менамуд. Рӯзе, ки мо ба боғи навбунёди ӯ рафтем, картошка ғарқи гул буд. - Беҳтарин ҷой барои истироҳати фаъолу солим дар оғӯши дарахтон аст, - мегӯяд Ҳоҷӣ Сайриддин Аминов. – Агар ҳар ниҳолро бо меҳр нигоҳубин кунед, ӯ бо мевааш коми шуморо ширин менамояд. Ҳавои тозаи доманакӯҳ ва фазои ороми майдони боғ касро солиму болидарӯҳ мегардонад. Илова бар ин, дар дашти холӣ боғ бунёд намудан, ҳисса гузоштан дар зебову хушнамуд шудани табиати диёр аст. Ҳақиқатан, новобаста аз он ки бунёди боғ заҳмату хароҷоти зиёд металабад, самари меҳнати худро чашидан, ба кас эҳсоси мусбат мебахшад. Яъне, боғдорӣ дар баробари манфиати иқтисодӣ манфиати эстетикӣ низ дорад. Боғу токпарварӣ завқи зебопарастии инсонро баланд мебардорад. - Боғ бунёд кардан танҳо аз ниҳол шинонидан иборат нест, - мегӯяд Ҳоҷӣ Сайриддин. – Барои нигоҳ доштани намӣ байни қаторҳоро нарм карда, алафҳои бегонаро чидан лозим. Буридани шохаҳои беҳосилу зиёдатӣ, хомток ва нӯкток кардану нурӣ додан боиси зиёдшавии ҳосил мешавад. Шукри Худо, фарзандонам аз хурдӣ ба меҳнат одат кардаанд. Аз ин рӯ, дар паҳлӯям истода, баҳри гузоштани замина ба фаровонҳосилии майдони боғ меҳнат мекунанд. Албатта, ҳар як дарахт вобаста ба талаботаш ба обу хок нигоҳубини хосро талаб мекунад. Ҳоҷӣ Сайриддин дар ин бобат аз маслиҳати мутахассисон истифода мебарад, то самаранокии боғу токзор бештар гардад. Дараи Алмосӣ бо ангуру меваҳои шаккаринаш на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ шуҳрат пайдо кардааст. Обу ҳавои он барои боғу токпарварӣ хеле мувофиқ аст. Умед мекунем, ки боғу токзори Ҳоҷӣ Сайриддин Аминов низ ба зудӣ самаровар гашта, коми ҳазорон нафарро ширин мегардонад. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015

11


ЧОРСӮИ ЗИНДАГӢ Чанде пеш тариқи телевизион наворе намоиш дода шуд, ки як ҷавонзани тоҷик ба Сурия сафар намуда, пас аз рафтан пушаймон шудааст. Акнун нияти ба Ватан баргаштан дораду мехоҳад дар ин масъала барояш кӯмак расонанд. Пеш аз сафар ба наздиконаш мегӯяд, ки нияти сайру саёҳат дошта, мехоҳад ба Туркия равад. Дар асл ба Сурия сафар намуда, он ҷо ба шавҳар мебарояд. Маълум шуд, ки ин ҷо, яъне, дар Ватан ду шавҳар доштааст. Имрӯз дар вазъи басо нозуку ҳассос қарор дорем. Бо ҳар роҳу восита ҳамватанони моро гумроҳ намуда, ба гурӯҳҳои ифротию тундгаро ҷалб месозанд. Мутаассифона, теъдоди афроди гумроҳшуда аз ҳисоби ҷавонон хеле афзуда, боиси нигаронии ҷомеа гардидааст. Манзур аз навиштаҳо ҳар чи бештар ҷалб шудан ба сафҳои ҷангиён, аз ҷумла, ба ДИИШ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, ҷавонони тоҷик мебошад. Ҷалби бештари ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрав, махсусан, «ҷиҳод» аксар маврид ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштани онҳо сурат гирифтаю мегирад. Ҷалби ҷавонони тоҷик ба «ҷиҳод» дар муҳоҷират, махсусан, ҳини адои намози ҷумъа дар атрофи масоҷиди ҷомеъ бештар сурат мегирад. Ашхоси таблиғотчии ғояҳои «ҷиҳод» дар атрофи ҷавонони камтаҷрибаю рӯзгорнадида чун тортанак чархида, эшонро бо ваъдаҳои осмонӣ ба торҳои хеш печонда мегиранд. Ба волидони чашм ба роҳ баъд аз муддате аён мегардад, ки ҷигарбанди эшон на дар Русия, балки дар кишварҳои арабӣ, дар сафи ҷангиёни ДИИШ қарор дорад. Ҳамчунин, ҷалби ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ муддате хеле ривоҷ ёфта буд. Бо «номаҳои ошиқона» бисёр ҷавонон ба доми фиреби «хубрӯён» афтида, ба «ҷиҳод» даъват шуданд. Ин ҳолат низ аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани ҷавонони тоҷик рух додааст. Аламовар он аст, ки бисёр тоҷикписарони сода гӯлу гумроҳ шуда, ин гуна даъватҳоро «хуш» пазируфтаанд. Чун ба он ҷо рафта, вазъро бо чашми сар мебинанд, аз карда пушаймон ва нияти бозгашт мекунанд. Мисли ҷавонзани душавҳара. Лек роҳи бозгашт, мутаассифона, хеле душвор аст. Зеро аз дасти хоҷагон раҳо ёфтан кори саҳл нест. Қисме бошад, аллакай он ҷо, дар мулки бегона ба ҳалокат расидаанд. Дар кори ҷалби ҷавонони тоҷик на танҳо бегонагон, балки ҳамватонон низ «саҳм» доранд. Онҳо ба доми тазвир ва ваъдаҳои осмонии намояндагон (эмиссарҳо)-и хориҷӣ афтида, дар кори ба «ҷиҳод» ҷалби ҷавонони тоҷик «саҳм»-и зиёд доранд.

12

Сокини ноҳияи Шаҳритус Ҳусейн Содиқов, маъруф бо лақаби «қорӣ Ҳусейн» бо ҳукми додгоҳ ба муҳлати 18 сол паси панҷара рафт. «Қорӣ Ҳусейн» бо ҷурми ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия ба чунин ҷазо сазовор дониста шуд. Ӯ дар шаҳри Маскави

рози 17-сола дар ин мулки бегона аллакай ба ҳалокат расидааст. Ба назар чунин мерасад, ки ифротгаро ва ифротӣ шудан гӯё як кори саҳлу одӣ бошад. Агар гӯем, ки бархе аз ҷавонони тоҷик дар муҳоҷират қарор дошта, азобҳои мулки бегона онҳоро ба

бисёр гуфтанду навиштанд. Боиси таассуф аст, нафаре худро ба гурӯҳи ҷангиён пайваст намуд, ки дар масъалаи риояи тартиботи ҷамъиятӣ, оромию осоиштагӣ ва амнияти кишвар шахси басо масъул маҳсуб меёфт. Агар гӯем, ки иқтисоди

Баҳри пешгирии ин раванди номатлуб миёни ҷавонон аз тамоми имконот мебоист самаранок истифода бурд. Мутаассифона, дар ин масъала чандон комёб нашудаем. Яке аз сарчашмаҳои муҳими корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва ҳидояти ҷавонон ба роҳи рост ва

Ифротгаро шудани ҷавононро сабаб чист?

Бехабарӣ аз исломи ноб ва дигар омилҳо боиси ба кӯйи хато рафтани онҳо мегардад

Русия зиста, чанд тан аз сокинони ноҳияи хешро чун роҳбалад чипта харидорӣ намуда, ба Туркия фиристодааст. Онҳо чанд муддат дар яке аз масҷидҳои ин мулки бегона фарогири машқ шуда, пасон ба майдони ҷанг, ба Сурия фиристода шудаанд. Ҳини бозгашт ба Ватан «қорӣ Ҳусейн» боздошт ва аз озодӣ маҳрум гардид. Яке аз фиристодагони ӯ Парвиз Набиев рафтору кирдори ношоистаи ҷангиёнро бо чашми сар дида, аз рафтан пушаймон ва ба Ватан бармегардад. Аз ҷониби додгоҳ Парвиз Набиев барои пушаймон шудан афв карда шуд. Мутаассифона, «корҳои ташвиқотӣ» ва ҷалб ба гурӯҳҳои ифротӣ на танҳо берун аз кишвар, байни ҷавонони муҳоҷир бурда мешавад. Аз маълумот аён мегардад, ки ин фаъолият, ҳатто дар дохили кишвар низ мавҷуд аст. Маҳз бо ҷурми чунин корҳо аз дохили кишвар низ ҷавонони зиёд ба «ҷиҳод» сафарбар шудаанд. Мувофиқи маълумоти мақомоти умури дохила аҳли оила аз ноҳияи Спитамен, дар маҷмуъ 8 нафар, ба Сурия сафар намудаанд. Бародарон Шуҳрат ва Ғайрат Нозимовҳо бо аҳли байт ба ҷанг, барои «адолат» сафар кардаанд. Чӣ гуна адолат бошад, онро танҳо Худо медонаду аҳли оилаи Нозимовҳо. Тавре аз маълумот бармеояд, як узви ноболиғи оила, Ше-

ин роҳ тела дода, ҳамчунин, фирефтаи ваъдаҳои осмонии намояндагон (эмиссарҳо)-и ДИИШ боис бошад, пас нафаронеро чун оилаи Нозимовҳо ва ҷавонзани душавҳара ва бисёр нафаронро чӣ водор месозад? Тавре аз маълумот бармеояд, ҳатто аз оилаҳои доро ва рӯзгори осудаҳолона дошта низ ҷавонон ба сафҳои ҷангиён пайвастаанд. Чӣ водор месозад, ки дидаю дониста худро ба вартаи ҳалокат, дами марг тела диҳанд? Ҳисси кунҷкобӣ, бо чашми сар дидани ҳодисоти он ҷо рухдода? Ин омилҳо набояд боис шуда тавонад. Зеро тариқи васоити ахбори омма, симою садо ҳодисоти дар қаламрави кишварҳои арабӣ рухдода пайваста инъикос меёбанд. Одами закӣ, ҳушманд дарҳол дарк мекунад, ки он ҷо дар асл чӣ ҳодиса рух медиҳад. Яъне, ҳодисаи куштору қатли ом. Ҷангиёни ДИИШ дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ наворҳое гузоштаанд, ки «самар»-и заҳмати онҳост. Яъне, куштори афроди гуногун бо шакл ва усулҳои нав. Кушторе, ки бинандаро ба ваҳшат меандозад. Тасмими собиқ қумондони дастаи махсуси милиса Гулмурод Ҳалимов ҳамаро ба ҳайрат монд ва номи ӯ расонаӣ шуд. На танҳо дар ВАО-и дохила, балки берун аз кишвар низ дар борааш

Тоҷикистон нисбат ба аксар кишварҳои пасошӯравӣ нисбатан дар сатҳи паст қарор дошта бошад, лек, мутаассифона, аз кишварҳое чун Қазоқистон низ ҷавонони зиёд ба «ҷиҳод» сафарбар шудаанд. Қазоқистоне, ки мардумаш то андозае рӯзгори осуда дошта, қисме аз ҳамватонони мо он ҷо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Садҳо ҷавони қазоқ дар сафҳои ДИИШ меҷанганд. Аллакай ҳангоми муҳорибаҳо дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ беш аз 40 нафар шаҳрванди ин кишвар ба ҳалокат расидаанд. Ифротӣ шудани ҷавонон оқибати басо ногувор ва ҳатто хатар ба амнияти кишвар дорад. Инро набояд фаромӯш кард. Маҳз ин нуктаро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, дар яке аз баромадҳояш зикр намудааст: “Ба шиорҳои бардурӯғе, ки фақат дар ин набардҳо «дарёфт кардани адолат имкон дорад», фирефта мешаванд. Онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғи эмиссарҳои хориҷӣ бовар карда, ба чунин роҳи ҳалокатбор раҳсипор мегарданд. Дар робита ба ин, бори дигар ҷавононро ҳушдор доданиям, ки фарзандони азиз, бе заҳмат кашидан кас ба осонӣ соҳиби зиндагии осудаву сазовор намешавад. Бинобар ин, фирефтаю гирифтори доми тазвири таблиғотчиёни манфиатҷӯй нагардед.”

накӯкорӣ ба минбарҳо даъат намудани уламои барҳақ босаводу пайрави мазҳаби ҳанафист. Кулли мардуми тоҷик мусулмон ва аксаран дар мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа пайрави аҳли суннат ва ҷамоат маҳсуб меёбад. Бовар аст мардуми тоҷик, бахусус, ҷавонон фикру андешаҳои уламоро шунида, ҳаргиз ба роҳи хато нахоҳанд рафт. Боиси нигаронист, ки имрӯз дар маъракаҳо, ба истиснои ҷаноза уламо аз сухан гуфтан маҳруманд. Дар ин хусус имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Қӯғонтеппа эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа низ боре изҳори нигаронӣ карда буд. Лек нӯшидани шароб ва рақсу бозӣ равост. Аз дӯкону нуқтаҳои дискфурӯшӣ ба ҷойи амри маъруф ва наҳйи мункар ба таври фаровон филмҳои фаҳшу зӯроварӣ ва рақсу сурудҳои нимӯрёнро дарёфтан мумкин. Ҷорӣ набудани таълими исломӣ дар макотиби миёнаи кишвар низ боиси ба кӯйи хато рафтани ҷавонон шуда метавонад. Ҳоло Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, дар макотиби миёна омӯзиши фанни «Таърихи динҳо»ро ба роҳ монад. Хуб мебуд, агар хонандагон фарогири омӯзиши исломи ноб шаванд. Сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонанд. Зеро ислом на танҳо дин, балки ҷузъе аз таърих ва фарҳанги мост. Аз ҳама муҳим дар кишвар мардумро бештар бо ҷойи кор бояд таъмин кард. То ин ки ба муҳоҷират камтар рӯ оранд. Муҳоҷирате, ки имрӯз барои тоҷик ҳам сарчашмаи дарёфти ризқу рӯзӣ ва ҳам сарчашмаи бадбахтиҳо гаштааст. Ҳар сол аз муҳоҷират садҳо тобут ба ватан оварда мешавад. Қисме бо марги илоҳӣ, қисмате бар асари садамаҳои рухдода, нафарони дигар аз дасти гуруҳҳои навбаромади фашистии рус ваҳшиёна ба қатл мерасанд. Маҳз муҳоҷират боис гашта, аксар ҷавонони мо фирефтаи ваъдаҳои осмонии таблиғгарон шуда, аз он ҷо ҷониби кишвари Сурия роҳ мегиранд, умри ҷавони хешро беҳуда қурбони дунёхоҳону дасисабозон месозанд... Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШ

Шикасти тими ҷавонон аз “Истиқлол” Дастаҳои лигаи олии кишвар ба марҳилаи дуюми чемпионати мамлакат оид ба футбол омодагӣ мебинанд.

Пирӯзии Дилшод дар Русия Гурзандози шинохта Дилшод Назаров дар сабқати байналмилалии Русия ба хотири бародарон Знаменскийҳо ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 78,29 метр партофт. Ҷойи дуюм насиби Мартсел Ломнитский аз Словения (77,50 метр) ва мақоми сеюм насиби Сергей Литвинов аз Русия (77,00 метр) шудааст. Дилшод Назаров моҳи майи соли равон бо иштирок дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36

метр соҳиби ҷойи дуюм шуда буд. Қарор аст даҳаи дуюми августи соли ҷорӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии Пекин ва соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жайнеро иштирок кунад. Дилшод Назаров аввалин варзишгари Тоҷикистон мебошад, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Риоде-Жанейро шудааст.

16 даста барои Ҷоми Тоҷикистон талош мекунанд

15 июл дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар шаҳри Норак тамрин мекунад, бо КМВА “Помир” бозии санҷишӣ гузаронд. Бозӣ бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи дастаи шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт. Ду голи “Равшан”-ро легионери эронӣ Ҳусейни Сӯҳробӣ ва якголиро Абдурасул Раҳмонов ва Наврӯз Рустамов ба самар расониданд. Дар ҳайати мудофиачиён бошад, Рустам Толибов, Павел Калугин ва Давронҷон Тухтасунов ба задани гол муваффақ шуданд. Чепиони феълии мамлакат - “Истиқлол”-и Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бо тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар, ки ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 омодагӣ мебинад, вохӯрд. Дар ин дидор ғалаба насиби “Истиқлол” шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 14 ниммуҳофизатгари “Истиқлол”

ва тими миллӣ Фатҳулло Фатҳуллоев кушод. Баъд аз чор дақиқа ҳамлагари дастаи пойтахт, легионери испаниягӣ Мануел Бледа Родригес ҳисоби бозиро афзуд. Қисми якуми вохӯрӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом

ёфт. Дар қисми дуюм ҳар ду даста қариб ҳайатҳои худро пурра иваз карда, ба майдон бозигарони нав бароварданд. Ин қисми бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт, вале ҳисоб тағийр наёфт.

Муҳаммадиев истеъфо дод Сармураббии тими миллии кишвар оид ба футбол Муҳсин Муҳаммадиев аз вазифааш истеъфо дод.

16 июл дар қароргоҳи Федератсияи футболи мамлакат куръакашии марҳилаи якҳаштниҳоии Ҷоми миллӣ баргузор шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқа 10 дастаи лигаи олӣ ва 6 ластаи лигаи якум ширкат мекунанд. Мувофиқи куръакашӣ барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт ва ҷоизадори медалҳои нуқраи чемпионат “Хайр”-и Ваҳдат дар гурӯҳҳои алоҳида бозӣ мекунанд. Мувофиқи қуръакашӣ дар марҳилаи якҳаштниҳоӣ ҷуфтҳои зерин созмон дода шуданд: «Истиқлол» (Душанбе) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Канд» (Конибодом) «Помир» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Исфара» (Исфара) «Панҷшер» (Румӣ) – КМВА «Помир» (Душанбе) «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) – «Барқи тоҷик» (Душанбе) «Чашма» (Шаҳритӯс) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Саройкамар» (Панҷ) – «Хайр» (Ваҳдат) Бозиҳои якуми 1/8-финал 25-26 июл ва бозиҳои ҷавобӣ 4-5 август доир мешаванд. Ёдрас месозем, ки ҷоизапулии Ҷоми Тоҷикистон 65 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷом бо 40 ҳазор сомонӣ ва дастаи ҷои дуюм бо 25 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми миллии мамлакат 25 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.

- Баъд аз оғози бебарори тими мунтахаби кишвар дар бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ2018, ки мо аз ду вохӯрӣ ҳамагӣ соҳиби як хол шудем, ман қарор кардам, ки аз вазифа равам. Ман бисёр афсӯс мехӯрам, ки кори умумии мо натиҷаи хуб надод ва ба ин тарз анҷом шуд. Ҳамаи масъулиятро барои чунин натиҷа бар дӯши худ мегирам. Ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон,

бахусус, ба президенти федератсия Рустами Эмомалӣ ва ноиби аввали президент Хуршед Мирзоев барои дасгириву кӯмакашон сипосгузории самимона баён мекунам. Инчунин, ба бозигарони тими миллӣ барои фаъолияти якҷоя ва ба мухлисон барои тими мунтахаби кишварро дастгирӣ намуданашон изҳори ташаккур мекунам, - гуфтааст М. Муҳаммадиев.

Мотопойгаи «Мо - тоҷиконем» дар роҳ 15 июл мотосиклронҳои тоҷик Фарҳод Калонов, Ҷамшед Розиқов ва Фариз Нурмуҳаммедов дар доираи пойгаи ватандӯстона таҳти унвони «Мо - тоҷиконем» ба роҳ баромаданд. Иштирокчиёни пойга тариқи 428 шаҳри 8 кишвари ҷаҳон - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Абхозистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Тукрманистон 8 ҳазор километр роҳро тай карданианд. - Мо умедворем, ки ин

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015

иқдом ба афзудани нуфузу имиҷи Тоҷикистон ва муттаҳид шудани кишварҳо ва мардуми гуногун, ки қаламрави кишварашонро убур мекунем, мусоидат мекунад, - гуфтааст созмондеҳ ва иштирокчии мотопойга Фарҳод Калонов. Бо дастгирии Кумитаи

ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирокчиёни пойга бо тоҷикистониёни муқими хориҷи кишвар вохӯрӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки мотопойгаи «Мо - тоҷиконем» бори нахуст доир гардида, муддати як моҳ идома меёбад.

13


АДАБИЁТ Борон бо шиддат мерехт. Хуршеда тифлаки навзодашро ба шаршара, ки аз гӯшаи айвон мерехт, наздиктар бурд. Аз садои баланди шаршара кӯдакаш ҳеҷ амале нишон надод. Баъд бо чумчае, ки дар дасташ буд, ба сутуни оҳанини айвон сахт зад. Тифлакаш ба тарафи садо нигоҳ накард. Хуршеда зиқ шуд. Пас, кӯдакашро бо меҳр дар оғӯшаш пахш кард. Се моҳ аст, ки кораш ҳамин. Хуршеда бозичаҳои зангӯладорро дар бехи гӯши кӯдак меҷунбонид. Кӯдакаш аксар вақт ба садо эътибор намедод. Баъзан бошад, зуд ба тарафи садо тоб мехӯрд. Хуршеда то ҳол муайян накардааст, ки кӯдакаш мешунавад ё не? Бо гуноҳи шавҳараш вай ба чунин рӯз гирифтор шуд. Ӯ марди ношунаво ва безабон буд. Аз чунин ранг гирифтани кор Хуршеда аз касе гиламанд нест, ба ҷуз аз тақдир. Як давра Хуршеда дар хонаи падараш, амаки Ҳалим, бо модару хоҳаронаш зиндагии осуда дошт. Баъд дар кишвар ҷанги бародаркуш сар шуд. Дар деҳаи онҳо ҳар гуна овоза паҳн гашт. Аз дасти одамони силоҳбадаст ҷавонон тӯъмаи тир, духтаракон беномус мешаванд, гуфтанд. Аз ин чиз амаки Ҳалим бештар ба ташвиш афтид. Зеро ӯ се духтар дошт. Баъд аз ин воҳима сокинони деҳа роҳи гурезро пеш гирифтанд. Оилаи амаки Ҳалим низ бо умеди ба кишвари ҳамсоя гузаштан ба соҳили дарё расид. Аз тахта қайиқчае сохта, як гуруҳи одамон дар он нишастанд. Қайиқча бояд онҳоро мегузаронд, баъд омада, дигаронро мебурд. Аммо дар нимароҳ ғарқ шуд. Тамоми мардум зери об монданд. Хуршеда хуб дар хотир дорад. Дар қайиқча ҳамсинфаш Шамсулло низ буд. Ӯ қомати расо, мӯйҳои ҷингила ва чашмони кабуд дошт, аммо хеле шармгин метофт. Дар вақти дарс дуздида-дуздида ба Хуршеда нигоҳ мекард. Оҳ, аҷаб чеҳраи дилкаш дошт. Баъд аз чунин воқеа падари Хуршеда аз роҳаш гашт. Онҳо ба деҳа расиданд. Рӯзи дигар дар қатора нишастанд. Вагонҳо пур аз мусофир буд. Падари Хуршеда роҳкиро надошт. Он чи ки пасандоз карда буданд, дар рӯзгор сарф шуда буд. Аз ин рӯ, барои ба дасти нозирон наафтидан аз вагон ба вагон мегузаштанд. Дар вагон аз арақи тану ҷӯроби по бӯйи

14

ғализ ба машом мерасид. Аз ин дили Хуршеда беҳузур мешуд. Агар дар ҷое лаҳзае истанд, ӯ дар назди тиреза ҷо мегирифт. Шамол андак бошад ҳам, бӯро мерабуд. Ба вагони дигар мегузаштанд, боз бӯ паҳн мешуд. Дар вагони охир марде рӯ ба рӯ омад. Гулӯяш аз фарбеҳии бадан ғиж-ғиж садо мебаровард. Аз нафасаш бӯйи сир ва гӯшти танӯрӣ, ки ҳозиракак тановул намуда буд, дар атроф паҳн мегашт. Баъд ӯ чиптаро пурсид. Падари Хуршеда гуфт, ки ҷои онҳо дар вагони дигар аст. Ӯ чун сардори нозирон худро муаррифӣ намуд падараш аз ноилоҷӣ гуфт, ки маблағ надорад. Марди фарбеҳ ба модар

карданд. Се-чор нафар, ки ҳозиракак аз вагон фуромада буданду байни худ бо забони барои Хуршеда ноошно ҳарф мезаданд, дар мошини канори истгоҳ савор шуданд. Шаб аллакай доман паҳн кард. Аз нури моҳтоб ва чароғи кӯча атроф равшан метофт. Оилаи амаки Ҳалим дар хараки зери чанор танҳо нишаста буданд. Дертар марде дар даст чароғ пайдо гашт. Ӯ қомати баланд дошту андаке лоғар метофт. Либоси кабуди низомӣ дар танаш зебида буд. Аз мӯйи мошу биринҷаш нармнармак нур мехест. - Ман посбони истгоҳам, гуфт мард. – Аз роҳ мегузаштам, ки гуфтугӯи шумо ба ман ошно тофт. Маълум, ки мусо-

сӯи бозича даст дароз кард. Бечора, холаи Соҷида, хушдомани Хуршеда низ шабурӯз интизор аст. Мехоҳад шунаво будани набераашро донад. Хуршеда нағз дар хотир дорад. Панҷ сол пеш, ҳамин ки посбони истгоҳ, амаки Нуралӣ онҳоро ба хона овард, мӯйҳои холаи Соҷида андак сафедӣ дошт, акнун чун ранги пахта метофт. Хуршеда медонист, ки дар ин айби амаки Нуралию холаи Соҷида низ ҳаст. Онҳо амакбаччаанд. Фарзанди аввалашон безабон ва ношунаво ба дунё омад. Баъд, онҳо аз таваллуди фарзанди дигар даст кашиданд. Амаки Нуралӣ пагоҳ онҳоро ба ду кулбачаи бешифер бурд, ки аз падараш

Ғуссаи модар

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

(новелла)

ва хоҳаронаш як-як нигарист. Баъд нигоҳашро ба чеҳраи шукуфтаи Хуршеда бурд, боз поёнтар ғеҷонд, ба синаҳои расидаи ӯ дуру дароз нигоҳ кард. Хуршеда аз ин чизеро пай бурд, ки намедонад, аз шарм буд ё аз тарс нигоҳашро гурезонд. Баъд марди фарбеҳ аз дасти падараш қапида, ӯро ба канор бурд. Дере нагузашта амаки Ҳалим бо дашном баргашт. Дар истгоҳи Кешобод маҷбуран аз вагон берунашон

фиред? - Бале! – ҷавоб дод падари Хуршеда. ... Барқи пастаке дурахшид. Хуршеда бар осмон нигарист. Абри сиёҳ атрофро печонида буд. Боз резиши борон авҷ гирифт. - Мешунавад! Мешунавад! – холаи Соҷида, ки кӯдакро аз дасти Хуршеда гирифта, барои хобонидан бурда буд, хушҳолона аз хона берун шуд. – Ман зангӯлаи гаҳвораро ҷунбонидам, ӯ шунид ва ба

мерос монда буд. Гуфт, ки ҳар чӣ қадар дилатон хоҳад, зиндагӣ кунед. Онҳо ба зиндагии нав оғоз намуданд. Ҳарчи мушкилӣ ояд, Фирӯз, писари амаки Нуралӣ кӯмак мерасонд. Ӯ қомати баланд ва чеҳраи зебо дошт. Ба қавле аз даҳ панҷааш ҳунар мечакид. Дар зимистон ҳамин ки барф борид, ҳанӯз чашми рӯз накафида, Фирӯз болои хонаро тоза мекард. Барфи ҳавлиро низ мерӯфт. Дар рӯзи борон хона мечакид, ӯ коҳи майдаро дар фарш рехта, баъд бо бел мезад. Хонадони амаки Ҳалим ягон бор беоб намемонд. Фирӯз ду бушкаро дар болои хар баста, ҳамеша об мекашонд. Дар замини назди ҳавлӣ картошка мекорид, бодирингу помидор мерӯёнид. Хуллас, он чизе ки дар рӯзгор лозим аст, аз замини ҳавлӣ мегирифт. Дар назди ҳавлӣ дӯконча кушод. Хуршеда ва хоҳаронаш дар он маҳсулоти зиёдатиро ба фурӯш гузоштанд. Зиндагиашон хеле обод шуд. Падари Хуршеда бошад, Фирӯзро чун фарзандаш дӯст медошт. Аз байн панҷ сол гузашт. Рӯзе хабар расид, ки гурӯҳҳои муқобил бар варақаи сулҳ имзо гузоштаанд. Амаки Ҳалим ба зодгоҳаш рафтанӣ шуд. Пеш аз рафтан чун нишони эҳтиром духтараш Хуршедаро ба никоҳи Фирӯз даровард... ... Борон ба жола табдил ёфт. Хуршеда ба дастаи гаҳвора такя намуда, кӯдакашро макониданӣ шуд. Ин лаҳза барқ дурахшид. Хонаи нимторик равшан гашт. Баъд раъд ғуррид. Намедонад, аз равшании барқ буд ё аз ғурриши раъд писараш сахт гиря кард. Аз ин дар дили Хуршеда чароғаки умед рахшид.

Хонаи мо Хонаи мо бӯи нон, бӯи алов, Хонаи мо бӯи модар мекунад. Бӯи тифливу навозиши падар, Бӯи додар, бӯи хоҳар мекунад. Сабзаву гулҳои пурнақшу нигор, Кафтару гунҷишк дорад боми ӯ. Мебаранд аз гӯшае бар гӯшае Кафтаронаш гӯиё пайғоми ӯ. Хонаи мо вусъатободи мурод, Хонаи мо – хонаи бахту сафо. Волидайнам то ки он ҷо зиндаанд, Рӯи ҳавлӣ мекунад бӯи вафо.

Дӯстон Ёд кун з-он панди пешин гуфтаанд: “Дӯстон оинаи якдигаранд”. Ҷони худро дода рӯи дасти дӯст, Шодии ёрони худро мехаранд. Паршикаста гашта бошӣ, дӯстон Дар фазои зиндагӣ болу паранд. Чун баҳорон омада фасли хазон, Занги дарду ғуссаҳоро мебаранд. Дар ҳама шебу фарози рӯзгор, Ҳамдаму ҳамқисмату ҳампайкаранд. Дилнозаи ФУРҚАТ, хонандаи МТМУ №10-и ноҳияи Ғончӣ

Устод рафтӣ аз ҷаҳон (Ба хотираи неки устод Нафасбек Раҳмонӣ) Чашми умедам хира шуд, Олам бароям тира шуд. Ғам дар дилам занҷира шуд, Устод рафтӣ аз ҷаҳон. Равшангари маҳфил будӣ, Раҳҷӯ ба ҳар як дил будӣ, Фарзонаю оқил будӣ. Устод рафтӣ аз ҷаҳон. Номи накӯят бар забон, Гирад ҳама пиру ҷавон. Охир чӣ созам ман баён, Устод рафтӣ аз ҷаҳон. Дасти қалам бишкаст, вой, Бо сад алам бишкаст, вой. Чун Ҷоми Ҷам бишкаст, вой, Устод рафтӣ аз ҷаҳон.

Меҳанам Боғу роғат бас гулафшон меҳанам Рӯзгорат нурборон меҳанам, Дилрабоӣ дар баҳорон, дилрабо, Ман ба хокат саҷда орам меҳанам. Қуллаҳоят розгӯи Қаҳкашон, Лаъли ту афсонаи рӯи ҷаҳон. Чашмаҳоят ҳар яке дармони ҷон, Ман ба хокат саҷда орам меҳанам. Резасанги ту бароям гавҳар аст, Обҳоят беҳ зи оби Кавсар аст, Қалби решам аз бароят чокар аст, Ман ба хокат саҷда орам меҳанам, Сурайёи ҚОСУМШОҲ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Вай бо сиёсат машѓул аст

Гиёњи хордор

… Рай, актрисаи њиндї

Калимае, ки ѓорро мекушод (афсонавї)

«Падар» ба

Раќам лањљаи Дарвоз

Њамвории атрофи дарё

Египет (тољ.)

Мактуб ба телефони мобилї

Усули љангии тайёрањо, зарба

« … тољи сари мардон аст»

Хотирот Варзоб, Ромит

Кўмак

Асбоби кундакафонї Тамѓаи мошини олмонї

Соли љорї

Автомобили «Тико»монанди русњо

14 феврал – Рўзи …

Ќисми дарахт

… Хрушёв, роњбари Шўравї

Кумитаи амнияти СССР (ихтисораи русї)

Саховатманд

Зинапоя

Муќобили «омад»;

Дастаи варзишгарон Аз таги по то тори сар

Пойтахти собиќи Ќазоќистон

Филми бисёрсериягии кореягї

Шиноварї

Подшоњї, њокимї

Сазан, карп ё скумбрия Номи мардона

Адад

Зеб, њусн

Тамѓаи Намози мошини баъди боркаш аср

Паспорт Физик ... Эйнштейн

Захм, љароњат

СМС бо акс

Меваи маъмул

Офарин!

Тафсиру эзоњ

Пианинои пасту пањн

Картошкабирёни ѓарбї

Зид, чаппа

Лалмї не

Ду мисраъ шеър

Ансамбли сенафара

Гирду гўша

... Пўлодї, њунарпеша

Эътилофи њарбии Ѓарб

Хуршед, шамс

Муќобили шумораи љамъ

Афту андом, рўй

Эшон, вайњо

Гурўњи талабагони шарикдарс

Антоними «вайрон», «хароб»

Шиновар

Илми Абўалї ибн Сино

Орзу, хоњиш

Падар (лањља)

Ќиссањои дўстдоштаи кўдакон

Дўстон …, љонї ё забонї мешаванд

Хурдтарин зарраи модда

Овози ѓафси мардона, бам

Вобаста, доир

Ќисми рўй

Номи парранда ва њаммаънои «кушода»

Асбоб барои чўббурї

Домоди Расули Акрам (с)

Ривояткунанда, наќлкунанда

Воло, баланд

«Звонок» ба тољикї

Хати дўхтагї

Номи дигари «карат» (риёзї)

«Бе …и саре нишаста будам»

Дарёњои Вахшу Панљ баъди якљояшавї

Зиёд, беш

Шањри …-Петербург (Россия)

Ќисми панљаи даст

Кори љўгї

Гиёњи навхез, алаф Номаи камоли мактаб (русї)

Барномаи њозирљавобони ТВ-и Русия

Воњиди пули Япония

Онро тарозу нишон медињад

Урф, одат

«Дўзах» ба русї

«Њаёт» ба забони юнонї Асари номзадї ё докторї

Хондану навиштан

«… аз ресмони ало метарсад» (масал)

Нозири роњ коркуни ин бозрасї аст

Шарм, њаё

Мудом, њамеша

Муќобили «рафта»

Сигнали «Ёри дињед» аз киштї

Тамѓаи олмонии либосњои варзишї

Нидои љангии русњо ваќти њуљум

Маѓзи сурх ё зард

Њиссачаи тасдиќї

… кардан – изњор кардан

Кори хатти аз фанни адабиёт

Ќисми сергўшти пой

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015

Зуд, шитобон

Гули бањорї ва номи занона

Ашёи хом барои истењсоли бензин

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ Марде назди табиби чашм омада, гуфт: - Духтурҷон, баъд аз тӯй карданам чашмонам ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст. - Чӣ мушкил? - Пулро намебинам.

***

Навиштаҷот дар беморхонаи шахсӣ: “Пул ё зиндагӣ!” Қабл аз ҷарроҳӣ. Духтур: - Асабӣ мешавӣ? Бемор: - Кам-кам... - Бори аввал аст? - Не, ман пеш ҳам асабӣ мешудам. - Ман ҷарроҳиро дар назар дорам.

*** Духтур ба бемор: - Иштиҳоятон чӣ хел? - Ҳар хел. Баъзан ҳаст, баъзан нест. - Кадом вақт иштиҳоятон баста аст? - Одатан баъд аз хӯроки хуби нисфирӯзӣ.

ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД Аввали ҳафта бар асари сел дар Бадахшону Хатлон, Суғд ва Рашт роҳҳои мошингарди маҳаллӣ ва байналмилалӣ, хонаҳо, мактабу фурӯшгоҳҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ хароб гардида, ҳафт нафар ҳалок, панҷ тани дигар бенишон гаштаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуд.

АҶИБ

Мӯзей бо 4 ҳазор мошини қадимӣ Як дӯкони фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо дар иёлати Ҷорҷияи ИМА, ки соли 1931 ба кор оғоз карда буд, ҳоло ба як мӯзейи бузург табдил ёфтааст. Дӯстдорони автомобилҳои қадимӣ ё классик беҳтар медонанд, ки баракси мошинҳои наву боқувват ва босуръати имрӯза мошинҳои қадимӣ дар худ хотироти зиёдеро ғунҷондаанд. Нархи мошинҳои қадимӣ, ки гоҳо порчаи филмеро, гоҳи дигар кадом акси оилавиро дар хотиротамон зинда медоранд, бисёри вақт аз мошинҳои имрӯза дида гаронтар мебошад. Ин мошинҳоро баъзан шикаставу рехта ва корношоям дар гӯшаву канор дидан мумкин аст. Маъмулан, ҷоеро, ки мошинҳои куҳнаву баъд аз садама корношоямро мепартоянд, мазор меноманд. Мазори мошинҳо. Дар чунин як мазори мошинҳо, ки дар яке аз ҷангалҳои иёлати Ҷорҷияи ИМА воқеъ аст, 4 ҳазор мошини қадимӣ гирд оварда шудааст. Аниқтараш, дар шаҳри Вайти ийёлати Ҷорҷия соли 1931 Уолтер Диан Луис ном шахс мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобил таъсис медиҳад. Вале бо гузашти 80 сол он ба як музейи калон табдил ёфта, ҳар рӯз сайёҳони зиёдеро аз дохилу хориҷи ИМА ҷалб мекунад. Ҳар нафаре, ки хоҳиши тамошои музейро дорад, 15 доллар пардохт

мекунад. Онҳое, ки мехоҳанд дар музей акс бигирад, 25 доллар пардохт карданашон лозим аст. Ин музейи оҳанпораҳо солҳои 70-уми асри гузашта ҳамагӣ 40 мошин дошт. Уолтер Луис, ки тадриҷан теъдоду масоҳати онро тавсеа бахшидааст, мегӯяд: “Ба мошинҳои майдаву боркаш сахт таваҷҷуҳ доштам. Агар бигӯем, ки шабу рӯз танҳо мошинҳоро фикр мекардам, хато намешавад. Мешавад гуфт, ки ман барои фардо кор кардам, ояндаро фикр кардам. Медонистам, ки рӯзе ин оҳанпораҳои ҷамъкардаи худро истифода бурда метавонам...” Ӯ вақте мебинад, ки аз

музей бештар даромад ба даст меорад, 6 сол пеш фурӯхтани қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро бас кардааст. Ба музей бештар аксбардорон меоянд, то мошинҳои нодиру қадимиро сурат бигиранд. “Вақте дигарон мошинҳои фарсудаву кӯҳнаашонро мепартофтанд, ман онҳоро ҷамъ мекардам”, - мегӯяд Луис таваҷҷуҳи зиёд доштанашро ба автомобилҳо ифода карда. Дар музей тамошогарон бо мусиқӣ “зиёфат” низ мешаванд. Эдий ном дӯсти Луис тавассути пианино мусиқиҳои классикиву қадимиро навохта, барои муштариён фазои рангине муҳайё месозад. Гуфта мешавад, мошинҳо дар музей дар шаклҳои гуногун ҷойгиранд. Қисме аз онҳо 30-40 сол мешавад аз ҷой ҷунбонда нашудаанд. Баъзеашон аз миёни ду дарахт гузаронда шуда, бархе дар дарахт овезонанд. Миёни мошинҳо ҳатто мошини тамғаи “Форд”, ки навозанда ва ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ Ҷони Кэш соли 1983 дар филми “Murder in Coweta County” (Куштор дар ҳавзаи Коуэта) истифода бурдааст, низ мавҷуд аст.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

16

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Бунафша ОДИНАЕВА (муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Манзумаи ФИРӮЗ, Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигорон), Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд), Раҳим РАФИЕВ, (хабарнигор, Хатлон), Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).

Номаи камоли гумшудаи Т-ШТА №0204172, ки Мактаби махсуси кӯдакони душвортарбияи шаҳри Душанбе соли 2008 ба Аламшоҳи Мирзораҳим додааст, эътибор надорад. Патенти гумшудаи соҳибкори инфиродӣ Зиёдалиев Умедҷон Амруллоевич (РМА 325053385, РЯМ 3230015131), ки Нозироти андози ноҳияи Қубодиён соли 2011 додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «D», ки мактаби ронандаги Иттифоқи автомобилчиёни ноҳияи Сино соли 2014 ба Ғафоров Ҳабибулло Ҳикматуллоевич додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшуда, ки мактаби миёнаи калонсолон ва наврасони ноҳияи Ҳисор соли 2013 ба Шаҳнозаи Раҳим додааст, эътибор надорад.

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ Кооперативи тиҷоратии “Вориси Варқа“ (РМА210004586), ки соли 2015 дар Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

ДИҚҚАТ, МУЗОЯДА Иҷрочиёни Суди ноҳияи Қубодиён барои ба фурӯш мондани автомобили тамғаи “ДЕУ ЛАНОС”, соли бароришаш 1997, рангаш кабуд музояда эълон мекунад. Нархи ибтидоӣ 7512,24 сомонӣ (1200 доллар). Музояда соати 10:00-и 27 июли соли равон бо усули англисӣ дар ҷамоати деҳоти ноҳияи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён доир мегардад. Маълумоти иловагӣ: 93 464 9999

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7607 нусха ба нашр расид.

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9403), 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.