Ҷавонони Тоҷикистон, №29 (9455), 2016

Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№29 (9455), 21 июли соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ТУРИЗМ

 ВАРЗИШ

Варзоб: шумораи сайёҳон афзудааст

“Аз Дилшод натиҷа интизорем”

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

 НАБЗИ ҶАҲОН

Дар Туркия чӣ гап шуд?

 ҲАФТ РӮЗ 14.07.2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман мулоқот кард. Дар суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 15.07.2016 Дар ҷаласаи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуд. 16.07.2016 Дар шаҳри Хоруғ ҳавлии Ашратшо Ақдодшоев, сокини кӯчаи Кирмоншо Ху-

боншоев ва маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев беҳтарин дониста шуда, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Онҳое, ки дар марҳилаи вилоятӣ пирӯз мегарданд, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд. 17.07.2016 Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. 18.07.2016 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуд. Дар он масъалаи татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, масоили таъмини амнияти давлату миллат, волоияти қонун, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла бо гардиши ғайриқонунии маводи мухад-

дир баррасӣ шуд. 19.07.2016 Дар Қасри миллат Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуд. Сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сейтимов, Ҳиндустон Сомнатх Гҳош, Ҷопон Хаҷимэ Китаока, Шоҳигарии Тайланд Нат Пинёваттаначип, Ҷумҳурии Лаҳистон Петр Ивашкевич, Босния ва Гертсеговина Кемал Муфтич, Ҷумҳурии Чилӣ Хуан Эдуардо Эгигурен ва Австралия Питер Мартин Теш эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд. 20.07.2016 Тоҳир Муъминов, яке аз беҳтарин нишонзанҳо дар таърихи тими мунтахаби кишвар, сармураббии дастаи КМВА “Помир” интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Раҳматулло Фузайловро иваз кард.


2

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

АХБОРИ ҲАФТА

 АЗ НИШАСТҲОИ МАТБОТӢ

Пешниҳоди 1250 ҷойи кор ба ҷавонон Барои ҳалли масъалаҳои шуғли ҷавонон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам чораҳо меандешад.

Варзоб: шумораи сайёҳон афзудааст Ноҳияи Варзоб дар кишвар яке аз минтақаҳои сайру сайёҳат мебошад. Иқлим ва шароити мусоид имкон медиҳад, ин бахш сол то сол вусъат ёфта, шумораи бештари сайёҳон ҷалб шаванд.

Дар ин самт аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Биржаи меҳнатии ҷавонон як қатор корҳо амалӣ карда шуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, таъмин намудани ҷавононро бо ҷойи кор яке масъалаҳои муҳим ҳисобида, таъкид намуд, ки Биржаи меҳнатии ҷавонон дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар шаш моҳи аввали сол 19 (2015-18) ярмаркаи ҷойҳои холии кор доир намуд, ки дар онҳо 4500 (2015- 3800) нафар фаро гирифта шуданд. Ба ҷавонон 1250 ҷойи кор дар дохили кишвар ва 293 ҷойи кор дар

хориҷ пешниҳод гардид. Раиси Кумита, ҳамзамон, вобаста ба дастгири ҷавонони ниёзманд суҳбат кард, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоӣ Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст. Дар ҳамин асно бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонони маъюб, бепарастор ва ниёзманд дар нимсолаи аввали соли равон ба 12 ҷавони ниёзманд 10400 сомонӣ, ба 3 ҷавондухтар якададӣ мошинаи дарздӯзӣ ва ба 8 ҷавондухтар аробачаи маъюбӣ тақдим гардид. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

– Тибқи маълумоти оморӣ, агар дар нимсолаи аввали соли 2015 теъдоди сайёҳони дохила ва беруна беш аз 35 ҳазор нафарро дар бар гирифта бошад, пас дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ин рақам зиёда аз 45 ҳазор нафарро ташкил додааст, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Сабзаалӣ Назирзода. – Ин гувоҳ аз он аст, ки сайёҳӣ торафт ба соҳаи даромадноки хоҷагии халқи ноҳия табдил меёбад. Маблағи даромад аз соҳаи сайёҳӣ дар ин муддат беш аз 4 миллион сомониро дар бар гирифт, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд аст. Баҳри пешрафти соҳа ҳоло дар ноҳия 425 минтақаи истироҳати оммавӣ, 8 лагери

истироҳатии кӯдакона, 3 осоишгоҳ, 45 ҳавзи хурди шиноварӣ ва маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафеддара” фаъолият доранд. Зикр шуд, ки баҳри пешрафт ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия як воҳиди нави корӣ, муовини раиси ноҳия доир ба сайёҳӣ таъсис дода шудааст. Чунин воҳиди корӣ дар навоҳии кишвар ягона аст. – Баҳри боз ҳам ривоҷ бахшидан ба соҳа моро лозим аст маркази бақайдгирии сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳиро дар ноҳия ташкил намоем, – изҳор дошт Сабзаалӣ Назирзода. С. Назирзода ба масъалаи кору фаъолияти ҷавонони ноҳия дахл намуда зикр намуд, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ноҳияро

ҷавонон ташкил медиҳанд. – Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, роҳбарони шаҳраку ҷамоатҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳо бо мардум, хусусан ҷавонон вохӯриҳо ташкил намуда, мекӯшанд баҳри пешгирии амалҳои ношоиста ва ҷинояткориҳо аз ҷониби ҷавонон ва пайвастани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгаро ҷилавгирӣ карда шавад, – гуфт С. Назирзода. – Натиҷаи ба роҳ мондани чунин чорабиниҳост, ки ба роҳи хато рафтани ҷавонону наврасони ноҳия кам мушоҳида мегардад. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

Сатҳи дониши донишҷӯён боло рафтааст Соли равон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро 51 нафар аз ҳисоби напардохтани маблағи таҳсил ва паст будани холи миёна, 21 нафар бо сабаби иштирок накардан дар имтинҳои давлатӣ ва 6 нафар бо сабаби гирифтани баҳои ғайриқаноатбахш (2) хатм карда натавонистанд.

750 кори илмӣ дар ним сол Олимони тоҷик дар 6 моҳи аввали соли равон соҳиби 6 патент барои ихтироот гардиданд. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар шаш моҳи соли 2016 аз тарафи кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо ҳамчунин 750 кори илмӣ, аз ҷумла 45 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, 705 мақолаи илмӣ (640 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 40 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур) ба табъ расонида шуд. Гуфта шуд, ки дар ин давра дар 19 шӯрои диссертатсионии Тоҷикистон 158 рисола, аз ҷумла 16 рисолаи докторӣ ва 142 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар 5 шӯрои диссертатсионии академия ҳамагӣ 69 рисола докторӣ ва 63 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд. Аз шумораи дифоъкардагон 15 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Аз ҷониби кормандони АИ ҶТ дар умум 40 рисола ҳимоя шудааст, ки аз он 8 рисолаи докторӣ ва 32 рисолаи номзадӣ мебошанд. Ҳамзамон, муассисаҳои илмии АИ ҶТ аз рӯйи 96 мавзӯъ, 64 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва 32 мавзӯи амалӣ таҳқиқот анҷом дода, дар бисёре аз самтҳои таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ натиҷаҳои нав ба даст оварданд. Ҳ. ТАЛАБШОҲ “ҶТ”

Ба гуфтаи Шарифзода Муминҷон, ректори донишгоҳ соли таҳсили 20152016 аз 939 нафар хатмкунанда 861 нафар донишгоҳро хатм намуданд. - Имсол баҳои ғайриқаноатбахш нисбат ба соли гузашта кам мебошад. Соли таҳсили 2014-2015 35 нафар хатмкунанда баҳои 2 гирифта буданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи дониши донишҷӯён сол ба сол зиёд шуда, хатмкунандагон ба имтиҳони давлатӣ хубтар ва ҷиддитар тайёрӣ мебинанд, - гуфт Ш. Муминзода. Ректор афзуд, ки дар шуъбаи ғоибона бошад, аз 471 нафар донишҷӯ 450 нафар барои супоридани имтиҳони давлатӣ роҳ дода шуданд. 15 донишҷӯ бо сабаби қарзҳои академӣ ва насупоридани маблағи таҳсил ба имтиҳон роҳ дода нашуданд. 6 нафари дигар бо сабабҳои гуногун ба имтиҳон ҳозир нагардиданд.

Корхонаҳои хусусӣ донишҷӯёнро барои таҷрибаомӯзӣ қабул намекунанд Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ таваҷҷуҳ шуд.

Ҳайдар Одиназода, ректори ДТТ, гуфт: “Рӯзи хатми донишгоҳ мо намояндагони тамоми вазорату идораҳои ҷумҳуриро барои ширкат дар тақсимоти хатмкунандагон

даъват намудем. Тахминан 55-60 фоизи онҳо иштирок карданд ва бархеашон барои қабул намудани хатмкунандагон ба кор мактуби расмӣ фиристоданд. 35-40 фоизи ташкилоту идораву вазоратҳо дар мактубҳои худ навиштаанд, ки тибқи озмун донишҷӯёни ДТТ-ро ба кор қабул мекунанд, бархеи дигараш бошад, рӯирост иброз доштаанд, ки ба мутахассисони донишгоҳ эҳтиёҷ надоранд. 2094 нафар дар донишгоҳ тибқи буҷет таҳсил менамоянд. Яъне давлат барои таҳсили онҳо маблағгузорӣ мекунад. Ин зиёда аз 33 фоизи хатмкунандагонро дарбар мегирад. Вазорату

идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ҳадди ақал донишҷӯёнеро, ки тариқи буҷавӣ донишгоҳро хатм мекунанд, бояд бо кор таъмин намоянд”. Ба гуфтаи Ҳ. Одиназода, хатмкунандагони факултаи роҳсозӣ ҳар сол сад фоиз бо кор таъмин мешаванд. Аммо дар риштаи нақлиёт проблема вуҷуд дорад. Бисёре аз корхонаҳои хизматрасонии нақлиёт дар мамлакат хусусӣ шудаанд ва бештараш ба хатмкунандагони ДТТ таваҷҷуҳ намекунанд, ҳатто донишҷӯёни моро барои таҷрибаомӯзӣ роҳ намедиҳанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


3

119 медали варзишгарони тоҷик дар ним сол Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 8590 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон дар ҷумҳурӣ қайд гардидааст, ки аз ин 111 варзишгоҳ, 6056 майдончаи варзишӣ, 1610 толори варзишӣ, 83 ҳавзи шиноварӣ ва 730 маҷмааи махсуси варзишӣ мебошанд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки дар нимаи аввали соли 2016 245 нафар варзишгари ҷумҳурӣ ба 33 чорабинии сатҳи байналмилалӣ, бо харҷи 1 млн. 209 ҳазору 400 сомонӣ, сафарбар гардида, ба хазинаи варзишии мамлакат 119 медал (38 тилло, 34 нуқра, 47 биринҷӣ) ворид намуданд. Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввал 614 286 нафар наврасону ҷавонон ба сексияҳои варзишӣ

ва гурӯҳҳои солимгардонӣ фаро гирифта шуда, шумораи умумии наврасону ҷавонони ба тарбияи ҷисмонӣ машғулбуда дар ҷумҳурӣ 1 млн. 310 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки дар Олимпиадаи Риоде-Жанейро, ки аз 5 то 21 августи соли равон доир мегардад, Тоҷикистонро 7 варзишгар - Дилшод Назаров, Даврон Отабоев аз рӯи намуди варзиши сабук, ҷудочиён Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, муштзан

Анвар Юнусов ва шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов намояндагӣ мекунанд. Аз ҷониби Комиссияи унвондиҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба чор нафар унвони Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 27 нафар Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба 7 нафар Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ дода шуд.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

«Роҳи абрешим-Хуашан-2016»: Тоҷикистон дар мақоми дуюм Тими ҷавонони то 16-солаи кишвар дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим-Хуашан-2016», ки 11-18 июл дар шаҳри Вэйнани Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гашт, соҳиби медалҳои нуқра гардид. Футболбозони тоҷик дар вохӯрии охирини худ бар дастаи мунтахаби ҷавонони Чин бо натиҷаи 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 61 ба самар расонд. Дар вохӯрии дигари ин давр футболбозони Кореяи Ҷанубӣ бар тими мунтахаби ҷавонони Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд. Кореяи Ҷанубӣ, ки 9 хол ба даст овард, ғолиби мусобиқа гардид.

Тими футболи ҷавонони то 16-солаи кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бар ҳамсолонашон аз Туркманистон низ бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда, аз тими мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд. Дастаи ҷавонони то 16-солаи мамлакат дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон низ ширкат мекунад. Дар мусобиқа, ки 7-13 августи соли

равон дар Чимкент баргузор мешавад, 8 даста иштирок хоҳанд кард: тимҳои ҷавонони Эрон, Руссия, Озарбойҷон, Албания, Тоҷикистон ва ду даста аз Қазоқистон. Ҷоизаи Ҷоми Президенти Қазоқистон 20 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил медиҳад. Ғолиб соҳиби 10 ҳазор доллар, дастае, ки сазовори ҷои дуюм мегардад, соҳиби 6 ҳазор доллар ва барандаи медали биринҷӣ соҳиби 4 ҳазор доллар мегардад.

Дилшод Назаров – парчамбардори тими олимпии кишвар дар Рио Парчамбардори тими олимпии мамлакат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Риоде-Жанейрои Бразил Дилшод Назаров интхоб гардид.

Тими миллии Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонӣ 19 зина боло рафт Тибқи рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол тими миллии Тоҷикистон 19 зина боло рафта, дар ҷои 145-ум ҷой гирифт. Дар моҳи гузашта дастаи мунтахаби футболи кишвар таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дар доираи бозиҳои даври аввали интихобии Ҷоми КФО-2019 тими Бангладешро дар ду бозӣ (хона-сафар) бо ҳисоби 5:0 ва 1:0 мағлуб карда, 70 хол ба даст овард. Тими миллии мо ҳоло 220 хол дорад. Тими миллии футболи Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Сурия (14 август, Хуҷанд), Фаластин (6 сентябр, Ҳеброн, 3 октябр, Душанбе) ва Туркманистон (9 ноябр, Душанбе) бозиҳои рафиқона доир мекунад.

Миёни дастаҳои Осиё тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ҷои 23-юм аст. Дар Осиё Эрон пешсаф мебошад. Дар ҷои дуюм Ҷумҳурии Корея ва дар мақоми сеюм Узбекистон ҳастанд. Дар ҷаҳон тими Аргентина дар ҷои аввал аст, Белгия - дуюм, Колумбиа - сеюм, Олмон - чорум, Чилӣ - панҷум. Қаҳрамони Аврупо - Португал аз ҷои 8-ум ба шашум баромад. Фаронса, ки пеш дар мақоми 17 буд, 7-ум шуд. Испания дар ҷои 8-ум, Бразил нуҳум ва Италия дар ҷои 10-ум ҷойгиранд.

Ин тасмим дар ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гирифта шуд. Дар ҷаласаи мазкур ба варзишгарон Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо) ва Анвар Юнусов (бокс) барои ба даст овардани роҳхат ба олимпиада ҷоизаи молии ҶДММ “Ғаюр”, сарпарасти кулли КМОТ, тақдим шуд. Ҷоизаҳоро раҳбари ин ҷамъият Акбар Ғуломов, ки ҳамзамон ноиби президенти КМОТ мебошад, супорид.

Таъсиси майдони футбол ва тимҳои нав дар Хоруғ Ҷиҳати рушди футбол дар мамлакат дар маркази ВМКБ – шаҳри Хоруғ майдони нави футбол бо шароитҳои муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он дар ҳамбастагии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар маҳаллаи Дашти Боло сохта шудааст. Дарозии майдон 105 метр буда, паҳноиаш 68 метрро ташкил медиҳад, ки дар он метавон мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳониро гузаронд. Ҳамзамон, 14 тими мунтахаб аз ҳисоби варзишгарони шаҳру навоҳии ВМКБ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ташкилоти “Гӯшаи Амрико” дар Хоруғ таъсис дода шуда, сабқати вилоятӣ дар майдони нав то охирҳои моҳи июл идома меёбад. Дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим шуданд: Гурӯҳи “А” 1. С. Абдураҳмон 2. Носири Хусрав 3. Ҷавонон ва варзиш 4. Фурудгоҳ

Гурӯҳи “В” 1. Тирчид 2. Дашти Боло 3. Хуфак 4. Хичордев

Гурӯҳи “Б” 1. Селхозтехника 2. С. Абдулло 3. Заводи Нон

Гурӯҳи “Г” 1. Гулобод 2. Ниводак 3. Варзишӣ


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

МАВЗӮИ ДОИМӢ

Ҷангҳои нафтӣ

ЗАФАРИ ҚАЮМ

Бо афзоиш ёфтани теъдоди аҳолии ҷаҳон талабот ба маводи сӯхт, аз ҷумла нафту газ низ афзуд. Ҳар кишвар мехоҳад талаботи худро бо ин маҳсулоти ҳаётан муҳим қонеъ бигардонаду ба касе вобаста набошад. Кайҳост, ки махзанҳо ё конҳои газу нафти ҷаҳонро кишварҳои муайян ва ширкатҳои байналмилалӣ байни худ тақсим кардаанд ва ин раванд солҳои охир авҷ гирифта истодааст.

Дар ҳамин ҳол бо мақсади аз байн бурдани давлатҳои миллӣ ва соҳиб шудан ба сарватҳои зеризаминиву рӯизаминӣ сиёсатсозони ҷаҳон аз ҳар роҳу восита истифода мебаранд. Бисёре аз моҷароҳои ҷаҳонӣ барои мудирияти газу нафт ва ба даст овардани фоидаи муфт аз тиҷорати тиллои сиёҳ ба роҳ монда мешаванд. Агар низоъҳои Сайёраро таҳлил намоем, он чизе ки дар Ховари Миёна, шимоли Африқо ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон ба вуқуъ пайвастаанд, ҳамагӣ натиҷаи ҷанги энергетикӣ, аниқтараш барои дастёбӣ ба канданиҳои фоиданок тарҳрезӣ шудаанд. Давлатҳои қудратманди аврупоӣ ва Амрико аз як сӯ барои дастёбӣ ба манфиатҳои иқтисодиву сиёсии худ ва аз сӯи дигар барои ҷилавгирӣ аз тавсеаи нуфузи Русия ва Эрон ба минтақаи Ховари Миёна талош мекунанд. Дар ин миён он чизе ки шоёни таваҷҷуҳ ва нигаронӣ мебошад, ин аст, ки баъзе кишварҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои худ аз гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ ҳимоят ва пуштибонӣ карда, онҳоро дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии хеш қарор додаанд. Имрӯз кишварҳои муайян барои соҳиб шудан ба чоҳҳои нафту гази Ироқу Сурия бо тақдири мардуму ҳукумати ин кишварҳо бераҳмона бозӣ мекунанд. Дар натиҷаи даргириҳо дар Ховари Миёна чанде аз шаҳрҳои Ироқу Сурия ба як харобазори пур аз умеду орзуҳои бархокрафтаи мардуми ин сарзамин табдил ёфтааст. Бесуботиву ноамнӣ дар Ироқу Сурия ва чанд кишвари дигар сабаб гардид, ки миллионҳо нафар сокинон муҳоҷир шаванд, тарки Ватан кунанду дар ғарибӣ рӯзҳои сахту сангинро паси сар намоянд. Донишмандони соҳаи муҳити зисти ҷаҳон мегӯянд, ки аз талабот зиёд истихроҷ кардани нафт, ба гармшавии иқлим сабаб шудааст. Мушоҳидаҳо низ нишон медиҳанд, ки истихроҷи зиёди нафт дар Ховари Миёна боиси камбориш гардидан дар ин минтақа гардидааст. Ҳамчунин иқлимшиносон таъкид мекунанд, ки то соли 2040 оби дарёи Тигр ва Евфрат хеле кам шуда, эҳтимол меравад, ки то ба резишгоҳҳо нарасанд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои тундрав дар Сурия дар як рӯз 400 ҳазор барел нафт истихроҷ мекунанд ва қисмати зиёди чоҳҳои нафтро дар Сурияву Ироқ мудирият менамоянд. Яке аз гурӯҳҳои истихроҷкунандаи тиллои сиёҳ дар Шарқи Наздик гурӯҳи бо ном “Давлати исломӣ” мебошад. Ин созмони террористӣ ҳаррӯза аз фурӯши нафт то 4 миллион доллар фоида мебинад. “Давлати исломӣ” хазинаи худро аз фурӯши ғайриқонунии

нафт, инчунин яғмои бонкҳо, одамрабоӣ ва дигар аъмоли ношоиста пур мекунад. Бешубҳа, агар нафт намебуд, бисёре аз моҷароҳо дар ҷаҳон зуд хомӯш мешуданд ва ё ба миён намеомаданд, вале дастрасии гурӯҳҳои ситезаҷӯ ба махзанҳои нафту газ боиси соҳиб шудани онҳо ба маблағҳои калон шудааст. Онҳо бо истифода аз маблағҳои ҳангуфт худро қавӣ ва доманаашонро васеъ намуда истодаанд. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони мо идора ва тиҷорати нафту газ масъалаи ҳаётан муҳими ҳар кишвар шудааст. Имрӯз ҳаёти сокинони сайёраро бе нафту газ наметавон тасаввур кард. Дар ҷаҳони мо нафт ва газ ашёи муҳиму гарон ва сарчашмаи калидии даромади кишварҳо ва ширкатҳое ба ҳисоб меравад, ки чоҳҳои нафтро идораву истихроҷ мекунанд ва ин тиҷоратро дар даст доранд. Дар ҳақиқат даромади зиёди кишварҳое чун Ироқ, Нигерия, Русия, Судони Ҷанубӣ, Эрону Сурия аз фурӯши нафт ба даст меояд. Имрӯз ҳар касе ва ё ҳар кишваре, ки тиҷорати нафтро дар даст дошта бошад, дунёро дар даст дорад. Зеро нафт нақши стратегӣ дорад. Нафт на танҳо автомобил ва ё ҳавопайморо ба ҳаракат медарорад, балки иқтидори ҳарбиро қавӣ мекунаду сиёсатҳои байналмилалиро муайян. Нафт ҳамчунин омили фароҳамоварандаи зиндагии шоиста, ҳифзкунандаи амнияти миллӣ ва нақш гузоштан дар сиёсатҳои байналмилалист. Таҳқиқоти ҷаҳонӣ нишон додаанд, ки нафти мавҷудбуда дар зери замин талаботи аҳолии сайёраро зиёда аз 60 сол, ангишт 200 сол, гази табиӣ 50 сол ва уран 27 соли дигар қонеъ мекунаду халос. Дар робита ба ин инсониятро зарур аст, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳаёти худ тадбирҳои дидарро рӯи даст бигирад. Ҳамин аст, ки солҳои охир давлат ва ширкатҳо тавонмандиҳои худро барои истифода аз нерӯи офтоб густариш

медиҳанд. Сармоягузорӣ ба ин соҳа ба гунаи бесобиқа зиёд мешавад ва ҳамчунин нархи таҷҳизот поин рафта, фанноварӣ такомули бештар меёбад. Ҳатто чорумин кишвари тавлидкунандаи маводи сӯхт дар ҷаҳон Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хоса ба ин намудии энергия медиҳад. Ин кишвари исломӣ барои рушду тавсеаи энергияи офтобӣ дар соли 2015 5 маротиба зиёдтар аз соли 2014 яъне, 60 миллион доллар ҷудо карда буд. Ҷумҳурии Мардумии Чин бошад, аз рӯи истифода аз нерӯи офтоб ҳоло дар ҷаҳон дар ҷои аввал буда, то соли 2050 ба сатҳе хоҳад расид, ки метавонад наздик ба 40 дарсади зарфияти нерӯи офтобро аз худ кунад. Нархи панелҳои офтобӣ дар ин кишвар бо сармоягузориҳо ва имтиёзҳои давлатӣ дар як соли охир 80 дарсад камтар шудааст. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2050 офтоб ба бузургтарин манбаи нерӯи барқи ҷаҳон табдил ёфта, 30 дарсади ниёзи башарро ба барқ бароварда хоҳад кард. Ҳамчунин, донишмандон муайян кардаанд, ки 90 дақиқаи нурпошии офтоб барои ба даст овардани энергияи яксолаи тамоми ҷаҳон кофист, аммо ба иллати истифодаи маҳдуди барқи офтобӣ ҳоло одамизод бештар аз нафт, газ, ангишт ва атом нерӯи барқ мегирад. Имрӯз чизе ки ғайриимкон аст, фардо имконпазир мегардад. Бояд гуфт, ки истифода аз барқи хуршедӣ сол ба сол бештар мешавад. Бино бар гузориши Дафтари Байналмилалии Неру то соли 2050 офтоб ба бузургтарин сарчашмаи энергияи сайёраи Замин табдил ёфта, амнияти энергетикии ҷаҳонро таъмин ва пайомадҳои гармшавии иқлимро камтар хоҳад кард. Аз ҷумла партоби дуоксиди карбон ба ҳаво солона 6 миллиард тонна кам мешавад, ки баробар бо тамоми бухорҳои гулхонаии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё ҳамаи нақлиёти заминию ҳавоии

ҷаҳон аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои бисёре аз кишварҳо нархи таҷҳизот ва харҷи насбу нигоҳубини он ҳамоно баланд ва барои аҳолӣ дастнорас аст. Ин дар ҳолест ки мувофиқи нишондиҳандаҳо нархи батареяҳои офтобӣ дар панҷ соли охир 65 дарсад кам шудааст. Коҳиши нархи батареяҳои офтобӣ дар кишвари мо низ дида мешавад. Агар чаҳор сол пеш як батареяи офтобӣ, ки 1 киловатт/соат нерӯ тавлид мекунад, дар Душанбе наздики 400 доллар буд, ҳоло он бо ҳамаи таҷҳизоти ёрирасонаш ҳамагӣ 300 доллар арзиш дорад. Нафароне, ки дар манзили худ батареяҳои офтобӣ насб кардаанд мегӯянд, 1 киловатт/соат нерӯи барқ кофист, ки чароғҳои хона рӯшан шуда, телевизор, яхдон, радио ва компютер кор кунад. Ин дар ҳолест ки 280 то 330 рӯзи сол дар Тоҷикистон рӯзҳои офтобианд ва нурафшонии хуршед дар ҳар метри мураббаи кишвар 1600 киловатт/ соатро ташкил медиҳад. Дар робита ба ин дар Тоҷикистон соли 2013 “Қонуни сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки шароити истифода аз манбаҳои алтернативии нерӯро фаро мегирад. Ба қавли масъулон, истифода аз нерӯи офтоб дар Тоҷикистон ҳоло 1 дарсади ҳамаи намудҳои энергияро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи нерӯи бод низ диққати зарурӣ дода шуда, то кунун дар кишвари мо беш аз 7 нерӯгоҳи бодӣ фаълият дорад. Бояд гуфт, ки истифода аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, махсусан энергияи офтобӣ, на танҳо проблемаҳои экологии сайёраро ҳал мекунад, балки сабабгори хомӯш гаштани бисёре аз маҷароҳои глобалӣ ва дар ниҳоят ба беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолии ҷаҳон мегардад. Зеро кафолати рушду тараққиёти ҳар кишвар ва зиндагии шоистаи ҳар мардум суботу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад.


Филм ё кино ҷузъи фарҳанг аст. Он мисли китоб барои ташаккули маънавии мо кӯмак мерасонад. Агар филмҳо миллианд, яъне филмҳои ватанианд, аз тамошои онҳо дар мо меҳр нисбат ба фарҳанги миллӣ бештар мегардад... Вале имрӯз дар мо истеҳсоли филмҳои ватанӣ кам, хеле кам аст. Ба ҷои он филмҳои истеҳсоли хориҷӣ мисли сел ба бозору дуконҳои фиттафурӯшӣ ҷорӣ мешаванд. Мардум филмҳои хориҷиро тамошо мекунанд, ба онҳо ҳусни таваҷҷуҳ доранд, меписанданд, дӯст медоранд. Аз ин рӯ, бесаброна баромадани серияҳои нави силсилафилмҳоро интизор мешаванд. Ин сафар аз мусоҳибон пурсон шудем:

Чаро филмҳои хориҷӣ серхаридоранд?

Саид РИЗО, донишҷӯ: - Сабаби асосӣ он аст, ки барои сохтани филмҳои хориҷӣ на камтар аз ду-се миллион доллар сарф мешавад. Филмсозони мо бошанд, ин қадар маблағро надоранд ва бо ҳамин сабаб филмҳои серхаридор надорем. Аз қадим мегӯянд: “Поятро чени курпаат дароз кун!” Филмсозони мо ҳам чени курпаашон пой дароз мекунанду филм месозанд. Масалан, вақте ки хона месозем, пул дошта бошем барои харидории чизҳои баландсифат талош мекунем, мехоҳем зебо бошад ва касе ин хонаҳои бо маблағи зиёд сохташударо бубинад, зуд таваҷҷуҳ кунад. Филм ҳам чунин аст. Агар касе дар филмҳои мо маблағгузорӣ кунаду сенарияҳои хуб пешниҳод шавад, мутмаинам филмҳои тоҷикӣ ҳам серхаридору сердаромад мешавад.

Бобоҷон МУХТОҶИЁ, корманди шабакаи ТВ “Синамо”: - Дар Тоҷикистон дар як сол қариб 15 филми кӯтоҳу пурра истеҳсол мегардад. Ин нишондод барои як сол кам аст. Бинобар ин, бозорро филмҳои хориҷӣ пур мекунад. Дар замони ҷаҳонишавӣ техникаву технология барои аксари давлатҳо нигарониҳоеро ба бор овардааст. Зеро филмҳое, ки айни ҳол тавлид мегарданд, дар баъзе аз онҳо ҳадафҳои муғризона ба таври пардапӯшона ҷой дода шудааст, ки ин омил метавонад фарҳанги ҷомеаро коста гардонад. Табиист, ки агар дар бозор филми тоҷикӣ набошад, мардум ҳатман рӯ ба филмҳои хориҷӣ меоранд. Хушбахтона, Ҳукумати ҷумҳурӣ ин равандро сари вақт дарк намуда, ТВ “Синамо”-ро таъсис доданд. Ин мушкилӣ дар муддати кӯтоҳ ҳал хоҳад шуд.

Ҷамшед САЪДУЛЛОЕВ, устоди ДМТ: - Филмҳои хориҷӣ асоси халқӣ, яъне афсонавӣ доранд. Рустами Достон магар “супермен” нест? Бо сифати баланд ба навор гирифта шудаанд. Коргардонҳои хориҷӣ дар муҳити рақобати шадид кор мекунанд. Филмҳои ҳиндӣ, ҳарчанд сифаташон нисбатан паст аст, мухлиси бисёр доранд. Филмҳои хориҷӣ гуфта, мо пеш аз ҳама филмҳои Голливуди Амрикоро дар назар дорем. На танҳо мо, балки синамогарони Фаронсаву Бритониё бо Голливуд рақиб нестанд. Хулоса, ғалабаи некӣ дар ҳар замон мардумро хуш меояд.

Хуршеди АТОВУЛЛО, раиси Шӯрои ВАО: - Барои он ки дар Ватан филмноманависи хуб кам дорем, коргардони хуб надорем, маблағ барои филмофарӣ кам аст. Ҷавононро дастгирӣ намекунем, ба истеъдоди онҳо бо шубҳа менигарем. Роҳи наҷот ин аст, ки бояд факултаи коргардонӣ аз ҳисоби мутахассисони касбӣ ба фаъолият оғоз намояд. Филмҳои ҷахонӣ дубляж, яъне тарҷума карда шаванд ва шабакаи телевизионии “Синамо” бо мутахассисони касбӣ, бо кадр таъмин карда шавад.

5

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”

ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА

Аҳтам ИСОЕВ, дискфурӯш: - Банда тӯли чанд сол мешавад, ки ба фурӯши филмҳои тоҷикиву хориҷӣ машғулам. Аз ҳама бештар филмҳои туркӣ серхаридоранд. Ман ҳам бештар киноҳои русиву туркӣ тамошо мекунам, чунки мазмуни баланд доранд. Ҳунармандон хуб ҳунарнамоӣ мекунанд. Боз филмҳо бо сифати олӣ таҳия шудаанд. Филмҳои ватанӣ бошанд, чандон харидор надоранд. Шояд сабаб он бошад, ки мо сарпарасти хуб надорем.

 НАБЗИ ҶАҲОН

Туркия: табаддулоти ноком Баъд аз 36 сол дар Туркия дафъаи чорум табаддулоти давлатӣ сурат гирифт. Ин маротиба тақрибан 6 ҳазор низомӣ ва хизматчиёни давлатӣ дар робита ба табаддулоти нокоми давлатӣ боздошт шуда, наздик ба 300 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо ин табаддулот дар робита бо дигар табаддулотҳои гузашта ба куллӣ фарқ дошт. Фарқияти аввал пеш аз ҳама дар он дида шуд, ки табаддулоти мазкур чанд соат давом карду аз тарафи роҳбари кунинии Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба зӯдӣ пахш гардид. Бархе аз таҳлилгарон истисно намедонанд, ки натиҷаи табаддулот аз аввал маълум буд. Зеро онро табақаи миёнаи низомиёни Туркия ба миён оварданд. Он асосан бо сардории полковник Муаммер Косе ва 46 сарбоз ба вуқуъ пайваст. Инчунин дар ин табаддулот Меҳмет Оғуз, майор Эркан Агин ва подполковник Доған Уйсал кӯмак расони-

данд. Ба ҷуз сардори Ҳизби халқии Ҷумҳурии Туркия Кемал Қиличдароғлу дигар ҳеҷ ҳизб ва ниҳодҳои давлатӣ онҳоро дастгирӣ накарданд. Ҳатто ҳизби курдҳо (ҲКК) низ ин табаддулотро маҳкум намуд. Ҳамин буд, ки Эрдуғон миннатдории худро ба дигар аҳзоби сиёсӣ, ки ба тарафдории ӯ баромаданд, дар рӯзи аввали табаддулот иброз дошт. Табаддулотгарон не роҳбари хуб доштанд ва не нақшаи муайян. Он пеш аз ҳама аз тарафи халқ дастгирӣ наёфт. Ҳангоме ки бо техникаву аслиҳаи ҳарбӣ вориди бузургтарин шаҳрҳои Туркия – Анқара ва Истанбул шуданд, гумон доштанд мардум, хусусан ҷавонон онҳоро дастгирӣ мекунанд. Аммо баръакси ҳол аз миёни аҳолӣ кам нафарон ба тарафдории онҳо бархостад. Дар ҳамин ҳол бо аввалин сухани Эрдуғон даҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳо баромада, аз ӯ пуштибонӣ намуданд. Ҳатто қабл аз низомиён мардум барои шикасти табаддулотчиён кӯшиш карданд. Ҳамин тавр бо кӯмаки низомиёни ҷониби Эрдуғон табаддулотчиён боздошт шуданд. Дар ин ҷо чунин савол ба миён меояд, ки ҳадафи табадулот чӣ буд? Оё ҳарбиён чизе талаб карданду ҳукумат хоҳиши онҳоро

қабул накард? Ё чӣ низомиёнро дар Туркия ба ин кор маҷбур намуд? Албатта, тавре худашон ҳам иброз доштанд, онҳо як гурӯҳи норозӣ аз сиёсати чанд соли охири ҳукумати Туркия мебошанд. Хусусан, он бахши сиёсатбариаш, ки нахуст бо Русия муносиботашро тира сохта, ба кишвар зиёни моддӣ расонд, сипас бо Исроил, ки то ин вақт ҳамчун душмани рақами якаш ҳисоб мекард, зич муносибат барқарор кард, эътирозро ба миён овардааст. Аммо таҳлилгарон муваффақ нашудани табаддулоти низомиро гуногун шарҳ медиҳанд. Бахусус Аббос Ҷаводӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ чунин менигорад, ки қабл аз ин артиши Туркия аз соли 1960 то ба ҳол се табаддулоти низомӣ анҷом додааст ва ҳукуматро дар соли 1997 маҷбур ба тарки қудрат кардааст. Ин таҳлилгар шикасти асосии табаддулотчиёнро ба панҷ омил вобаста медонад: “а) бархӯрдор набудан аз ҳимояти мардум; б) ин бор (зоҳиран) секулорҳо омили табаддулот набуданд; в) пулис ва табаддулотчиён дар ду ҷабҳаи мухталиф қарор доштанд; г) омилони табаддулот бахши хурде аз артиш бурданд; д) имрӯз дигар хомӯш кардани расонаҳо мушкилтар аст”. Бо назардошти мубҳамиҳо дар бораи он

чи ки дар Туркия анҷом шуд, шабакаи ҷаҳонии WikiLeaks, ки бо ифшо кардани ҳуҷҷатҳои сиёсатмадорону ҳукуматдорон машҳур аст, эълон кард, ки дар рӯзҳои наздик зиёда аз 100 ҳазор ҳуҷҷатҳои гуногунро аз фаъолияти сиёсии ҳукуматдорони Туркия пешниҳод хоҳад кард. Агар ин кор сурат бигирад, парда аз рӯи табаддулоти номуваффақ бардошта хоҳад шуд ва маълум хоҳад гашт, ки он бо дасти кӣ анҷом дода шудааст. Зеро қабл аз ин ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи WikiLeaks бо забони англисӣ тавонист асли бисёре аз моҷароҳоро рӯшан намояд. Ҳоло ин ширкат эълон дошт, ки қисмате аз ҳуҷҷатҳоро акнун бо забони туркӣ нашр хоҳад кард. Дар назар аст, ки дар ин ҳуҷҷатҳои махфӣ асли қазияҳои панҷ соли охири Туркия аз ҷумла воқеаи Таксим, ҳодисаҳои соли 2013 дар ин кишвар рухдода, ҳамкориҳои Туркия бо ДИИШ ва табаддулоти нокоми 15 июл ифшо шавад. Инро вақт нишон хоҳад дод. Ҳоло мебояд интизор шуд.

Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


6

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Хариду фурӯши одамон меафзояд

ҲАСАН АЗИЗОВ

Аксари қурбониёни хариду фурӯши одамон 18-24-солаҳоянд Вақте ки соли 1941 бори аввал дар Тоҷикистон асари нависандаи машҳури Эрон Муртазо Мушфиқ Козимӣ бо номи «Теҳрони махуф» ва минбаъд асари дигари ӯ «Ёдгори як шаб» ба табъ расиданд, (дар онҳо дар бораи хариду фурӯш, истисмори шаҳвонии занон, ҳаёти талхи фоҳишаҳо сухан мерафт), хонандаи тоҷик тасаввур намекард, ки пас аз 60 сол тақдири каҳрамонони асар Ахтар, Ақдас, Иффат, Ашраф, ки мубталои ҷиноятҳои одамфурӯшӣ шуда буданд, ба сари баъзе аз занону духтарони ҳамватани онҳо меояд. Гумон намекарданд, ки чун қаҳрамони асарҳои номбурда «Ноҳидхоним» занҳое пайдо мешаванд, ки баҳри пайдо намудани фоидаи муфт занҳову духтарони тоҷикро ба хориҷа бурда, ба савдо мемонанд...(Аз гузориши Ф. Рауфов, намояндаи ВКД дар семинари омӯзишӣ вобаста ба масоили хариду фурӯши одамон)

Хариду фурӯши инсон поймолкунии ҳуқуқи инсон аст. Ё ин ки мутобиқи қонунгузории байналмилаливу миллӣ ҷиноят аст. Дастурамал оид ба хариду фурӯши одамон мафҳуми хариду фурӯши одамонро чунин тавзеҳ додааст: “Хариду фурӯши одамон яъне бо мақсади истисмор (шаҳвонӣ ва меҳнатӣ), ҷалбкунӣ (ба фоҳишагӣ), интиқол (ба кишварҳои дигар), супоридан (ба афрод ва гурӯҳҳои алоҳида барои истисмор), пинҳонукунӣ ё гирифтани одамон бо роҳи таҳдиди зурӣ ё истифодаи он ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ, дуздӣ, қаллобӣ, фиреб, сӯистифодаи мансаб ё бо роҳи ришва додан дар шакли пардохт ё фоида барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар шахсро назорат мекунад”. Зери мафҳуми истисмор истисмори фоҳишагарии дигар шахсон ё дигар шакли истисмори шаҳвоният, кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ шабеҳ, ҳолати ноилоҷӣ ё гирифтани узв ва бофта фаҳмида мешавад. Сабабҳои хариду фурӯши одамон дар бештар мамлакатҳо камбизоатӣ, бекорӣ, низоъҳо, офатҳои табиӣ буда, имкониятҳои маҳдуд миллионҳо одамро дар ҳолати ноумедӣ ва ночорӣ мегузорад. Аз ин рӯ гурӯҳҳои ҷиноятпешаи гуногун вазъияти бади онҳоро ба манфиати худ истифода мебаранд. Се марҳилаи хариду фурӯши одамонро муайян кардаанд: 1) Ҷалбкунӣ. Ин усули махсусест барои ҷалб намудан, фиреб додан ё маҷбур кардани одамон. Бештар онҳое тариқи ин усул қурбон мешаванд, ки дар ҷустуҷӯи коранд. Ба корҷӯён ҷойҳои кориеро пешниҳод мекунанд, ки дар ҳақиқат вуҷуд надорад. Онҳо ба ин фирефта шуда, таҳти истисмори меҳнатӣ ва шароити вазнини зист қарор мегиранд. Хариду фурӯши одамон дар бисёр ҳолатҳо асорати қарзиро дар бар мегирад, ки ҳангоми он қурбониро маҷбур месозанд, то қарзашро аз ҳисоби даромадаш пардохт намояд. Яъне ҳамаи даромади қурбонӣ аз

ҷониби фурӯшанда (одамҷаллоб) нигоҳ дошта мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо, хусусан вақте ки қурбониён занҳо ва кӯдаконанд, онҳо бо мақсади истисмори минбаъда рабуда мешаванд. 2) Аз як ҷо ба як ҷои дигар бурдан (интиқол) - қурбониён метавонанд тавассути нақлиёти заминӣ, баҳрӣ ва ё ҳавоӣ ба тарзи ошкоро ё пинҳонӣ, дар гурӯҳҳо ва ё дар алоҳидагӣ бо истифода аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ё шахсӣ аз як ҷо ба ҷои дигар бурда шаванд. Одамон метавонанд тавассути марз ворид гарданд, метавонанд ба кишвар тавассути нуқтаҳои назорату иҷозатдиҳии марзӣ оварда шаванд ва ё метавонанд ба таври ғайриқонунӣ аз сарҳад гузаранд. Аммо ин ҷо саволи муҳиме ба миён меояд, ки маблағи роҳкирои онҳоро кӣ пардохт мекунад? Одатан қурбониён маблағ барои пардохтани харҷи роҳкиро надоранд. Аксари вақт ба ҷойи онҳо маблағи роҳкироро ҳамон одамҷаллобон медиҳанд, ки ин ҳам як навъ стратегияи ҷалбкунӣ мебошад. 3) Истисмор. Он метавонад истисмори шаҳвонӣ (истифодабарии шахс бо мақсади анҷоми амалиёти дорои хусусияти шаҳвонӣ) бошад ё меҳнатӣ (масалан, кор дар фабрикаҳо, фермаҳо, майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, тарабхонаҳо, кори хона ва ғайра). Истифодаи одамонро бо мақсади гирифтани узвҳои баданашон (трансплантатсия) низ ба ҳамин гурӯҳ дохил мекунанд. Одатан, қурбониро маҷбур мекунанд дурудароз (шабу рӯз) кор кунад ва барои истироҳат ва ё тарк кардани ҷои кор иҷозаташ намедиҳанд ё ин ки музди меҳнаташро намепардозанд (шароити меҳнати ғуломона). Рабудани арӯс ё маҷбурӣ ба шавҳар додани духтар бо мақсади истисмори шаҳвонӣ ва ё меҳнатиро низ ҳамчун хариду фурӯши одамон маънидод мекунанд. Дар ҷомеаи имрӯза аз ҳама навъи маъмул истисмори меҳнатии одамон мебошад. Бино ба иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Осиёи Марказӣ аксарияти қурбониёни истисмори меҳнатиро мардон (69,1 фоиз) ташкил медиҳанд. Аз рӯйи хусусияташ хариду фурӯши одамон метавонад байналмилалӣ ва ё дохилӣ бошад ва метавонад дар таркиби худ муҳоҷирати қонунӣ (танзимшаванда) ва муҳоҷирати ғайриқонуниро (танзимнашавандаро) дар бар гирад. СБМ гузориш медиҳад, ки дар Осиёи Марказӣ тақрибан 1,1 миллион одам таҳти хатари ба ғуломӣ афтидан, чӣ дар дохили кишварҳо ва чӣ хориҷ аз онҳо қарор доранд. Қурбониёни хариду фурӯши одамон мардҳо, занон ва кӯдакони тамоми синну сол буда метавонанд. Қисми зиёди қурбониёни хариду фурӯши одамон шахсони аз 18-сола то 24-сола мебошанд. Тибқи иттилои дафтари СБМ дар Тоҷикистон, ҷиҳати ошкор намудани қурбониёни савдои одамон ва расонидани кӯмак ба онҳо аз соли 2005 то 1 январи соли 2016 679 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 332 нафарро мардон, 347 на-

фарро занон ташкил дода, аз шумораи умумии занон ва мардони қурбонии хариду фурӯш 108 нафарашон ноболиғон мебошанд. Савдои одамон бо ҳама шаклҳои зуҳури худ ҷинояти муташаккилонаи фаромиллӣ буда, дорои хавфи баланди ҷамъиятӣ мебошад ва он бо ҷиноятҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ дар як зина қарор дорад. Қисми зиёди ин тиҷорати ғайриқонуниву ғайриинсонӣ дар дасти ташкилотҳои ҷиноятӣ қарор дошта, амалан зидди инсоният ва амнияти ҷомеаҳо равона мешаванд. Хариду фурӯши одамон дар ҳудуди як моддаи алоҳида дар қонунгузории ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҷудо гардидааст. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид ва Протоколи иловагии он аз ҷониби Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ба тасвиб расонида шудаанд. Ҳамзамон, соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” қабул гашт. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамонро танзим менамояд. Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон” мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, аз ҷумла дар асоси принсипҳои қонуният, табъиз накардани ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, таъмини муомилаи бехавф ва одилона бо ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва ғайраҳо амалӣ карда мешавад. Қонун ҳамчунин механизми барқарорсозии иҷтимоӣ, чораҳои ҳифзи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, вазифаҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба расонидани ёрӣ ва ҳифзи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, расонидани кӯмак ба кӯдакон-ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, кафолатҳои давлатӣ ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро пешбинӣ намудааст. Гарчанде дар ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ заминаи қонунӣ барои пешгирӣ, рафъ ва додани ҷазо барои хариду фурӯши одамон эътироф гардидааст, аммо ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон аксар вақт ҳамчун дигар ҷиноятҳо, ба монанди вайрон намудани низоми муҳоҷират, дуздӣ (одамрабоӣ), асорати қарзӣ, меҳнати иҷборӣ, таҷовуз, қаллобӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, боздошти ҳуҷҷатҳо ва шиканҷа баррасӣ мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда ҳанӯз дар самти муқовимат ба савдои одамон мушкилот вуҷуд доранд. Сол

ба сол хариду фурӯши одамон зиёд шуда истодааст. Мутахассисон бар он андешаанд, ки ҳанӯз дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақсимбандии аниқи муфаттишон аз рӯи ин категорияи ҷиноятҳо мавҷуд нест. Ҳарчанд муфаттишони алоҳида оид ба тафтиши ин ҷиноятҳо дар конфронсу семинарҳо ширкат варзида, малакаи касбии худро баланд мебардоранд, вале бо сабаби набудани тақсимбандии аниқ на ҳамеша онҳо ба тафтиши ҷиноятҳои мазкур ҷалб мегарданд. Сабаби дигар тағйир ёфтани хислати қурбонии хариду фурӯши одамон мебошад. Яъне, ҷабрдидаи соли 2000-ум аз ҷабрдидаи соли 2010-2016 ба куллӣ фарқ мекунад. Ҷабрдидаи аввал мавриди фиреб ё зӯроварии одамҷаллобон қарор гирифта буд. Вале ҷабрдидаи дуюм аксаран ин роҳро худаш интихоб мекунад. Мувофиқи ҳисоботи СММ ҳарсола беш аз 4 миллион нафар дар саросари ҷаҳон барои иҷрои корҳои маҷбурӣ аз сарҳадоти кишварҳои дигар гузаронида шуда, ин кор ба ширкатҳои ҷиноятпеша соле зиёда аз 7 миллиард доллари ШМА даромад меорад. Омори айниятшудагон дар соли 2005 2015 нишон додааст, ки аз рӯйи намуди истисмори шаҳвонӣ 32 фоиз, меҳнатӣ 46 фоиз, омехтаи шаҳвонӣ ва меҳнатӣ 3 фоиз, гадоӣ 5 фоиз ва дигар намудҳо 14 фоиз будааст. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҷалби одамон ба ҳама намудҳои истисмор дар соли 2013 29 нафар, 2014 14 нафар, 2015 13 ва 6 моҳи соли 2016 6 нафарро ташкил медиҳад. Дар соли 2015 бо кӯмаки амалии намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон гурӯҳи коршиносон, иборат аз намояндагони Прокуратураи генералӣ, ВКД, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, лоиҳаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба се қонун ва як қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин лоиҳаи 6 санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла лоиҳаи Низомномаи фонди давлатии расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, Низомномаи намунавии муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ва ғайра омода карда шуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст. Қабули ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини пешрафти фаъолияти муқовимат ба савдои одамон мусоидат хоҳад намуд. Хариду фурӯши одамон одатан бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд буда, амалан аъзои оила, хешу табор ва ҳатто ҳамсояҳои онҳое, ки ба қочоқ ва мубодилаи маводи нашъаовар машғуланд, метавонанд ба осонӣ қурбонии одамрабоӣ ва ё савдои одамон гарданд. Инчунин ба масъалаи даъвати кор дар хориҷи кишвар, издивоҷ бо шаҳрванди хориҷӣ ва ё иштирок дар ягон чорабинии фарҳангӣ, ҷашну маросимҳо, тую маъракаҳо дар кишварҳои ҳамсоя бодиққат бояд буд.


Дар Туркия чӣ гап шуд? Ё нигоҳ ба ошӯби низомии Туркия аз зовияи дигар...

15 июл дар Туркия кӯшиш ё ташаббус ба табаддулоти низомӣ сурат гирифт. Барои он кӯшиш, ки ҳанӯз муваффақ нашуда, пешгирӣ гардид. Як гурӯҳ афсарони олирутбаи Вазорати мудофиаи Туркия соати 22:00-и шаби 15 ба 16-и моҳи равон мутаносибан дар шаҳрҳои Истанбул ва Анқара бо нияти сарнагун кардани ҳукумат ва ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ табаддулот анҷом доданӣ шуданд. Дар натиҷа ба бинои парлумон, дар чанд нуқта ба биноҳои пулис, бинои гурӯҳи таъиноти махсус таркиш ва ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Бинои амният дар Анқара чанд дафъа бо чархболҳои ҷангӣ бомбаборон гардид. Сарбозони зиёде бо амри генералҳосаркардагони ин ошӯб бо танку туп ва аслиҳаву маводи тарканда ба кӯчаҳо баромаданд. Иттилоъ дода шуд, ки сардори Қувваҳои мусаллаҳи Туркия дар манзили иқоматаш мавриди зарбу лати низомиён қарор гирифта, зери мили силоҳ маҷбур шудааст, ки фармонро дар бораи шуруи табаддулоти низомӣ дар кишвар имзо намояд.

Ошӯбгарон инчунин ба бинои шабакаи давлатии телевизиони Туркия “ТРТ” роҳ ёфта, аввал пахши онро боздоштанд, сипас аз тариқи он баёнияи худро қироат кардаанд. Дар баёния гуфта мешуд, ки “Ҳоло кишвар аз ҷониби “Шӯрои суботи дохилӣ” (ошӯбгарони низомӣ худро чунин ном бурданд) идора шуда истодааст... Қонуншиканиҳо, ҳуқуқпоймолкуниҳо ва риоя нагардидани меъёрҳои конститутсия аз ҷониби ҳукумат ба таври давомнок сурат мегирад... Хиёнати роҳбарияти давлат ва ноадолатии ҳукумат тамоми рукнҳои давлатро заиф гардонида, мавҷудияти Қувваҳои мусаллаҳро таҳти хатар қарор додааст...” Дар баёния инчунин аз мардуми Туркия даъват шудааст, ки ба кӯчаҳо набароянд. Дар пайи нашри баёнияи ошӯбгарон Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки дар рухсатии меҳнатӣ, дар истироҳат будааст, ба Истанбул омада, дар фурӯдгоҳ фавран нишасти матбуотӣ доир намуд. Эрдуғон мардуми кишварашро даъват кард, ки барои ҳифзи демократия ва субот ба кӯчаҳо бароянд. Мардум ба кӯчаҳо рехтанд ва ин боис шуд, ки пеши роҳи ошӯбгарон гирифта шавад. Дар ин ҳодиса садҳо нафар (ҳанӯз ҳамон шаби аввал теъдоди кушташудагон 160 нафар арзёбӣ мешуд) кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва даҳҳо нафар мардуми осоишта ба ҳалокат расида, теъдоди маҷруҳон аз ҳазор нафар ҳам гузаштааст. Ин асли рӯйдоди ду се рӯзи охири Туркия аст. Он чизест, ки шабакаҳои гуногуни телевизионӣ, матбуот ва сомонаҳои интернетӣ то

ҳол нашр мекунанд. Вале дар пасманзари ин ошӯби номувффақ чиҳо пинҳон аст? Президенти Туркия ба ошӯби низомии 15 июл дар кишвараш мутафаккири турк Фатҳуллоҳ Гюленро айбдор карда, аз ИМА дархост намуд, ки ӯро ба Туркия фиристанд. Ӯ гуфтааст, ин табаддулот кори дасти як гурӯҳест, ки дар даруни давлат давлат ташкил кардаанд. Фатҳуллоҳ Гюлен, ки дар ИМА иқомат мекунад, ошӯби низомиро маҳкум карда гуфтааст: “Ман ягон вақт ошӯбҳои низомиро ҳамчун як рафтори мусбат қабул накардам. Демократия бо ин роҳ таъмин карда намешавад...” Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор дошт, ки ошӯбгаронро саркӯб карданаш “Лутфи Худо” буд. Ин сухани ӯ дар матбуоти ҷаҳон вокуниши зиёд ба бор овард. Матбуоти Аврупо навишт, ки “Эрдуғон “Лутфи Худо” гуфта, ба таъқибу туҳмати мардуми кишвараш сар кардааст”. “Deutsche Welle” дар матлаби “Ҳамла ва ҳамлаи ҷавобӣ” чунин навиштааст: “Эрдуғон ошӯбро пахш карданашро “Лутфи Худо” хонд, ки агар ба теъдоди умумии кушташудагон назар кунед, ин ифодаи ӯ хеле нигаронкунанда аст...” “Пахши ошӯби низомиро “Лутфи Худо” номидани Эрдуғон бесабаб нест. Бо ин ӯ ба орзуяш – системаи президентӣ, ки чандест ҳадаф қарор додааст, наздиктар шуда, акнун барои беруни давра кардани мухолифонаш ва пешгирии камтарин танқид дар нисбаташ имкон пайдо кард”,- навиштааст “Frankfurter Rundschau”. Рӯзномаи “Guardian” дар тавзеҳи қазия овардааст, ки “Эрдуғон онҳоеро, ки анде-

шаи дигар доранд, аз ҳукумат дур карда, Гюленро саркардаи ошӯб муаррифӣ мекунад”. Диққати “Financial Times”ро он масъала ҷалб карда аст, ки баъди пахши кӯшиши ошӯби низомӣ теъдоди зиёди мақомдорон боздошт шудаанд. Рӯзнома навишт, ки “Боздошт шудани ёрдамчии худи Эрдуғон баёнгари он аст, ки кӯшиши табаддулотро нафарони хеле воломақом ташкил кардаанд”. Дар ҳамин ҳол Комиссари Аврупо оид ба масъалаи тавсеабахшӣ ва сиёсати ҳамҷаворӣ Хан Йоханнес гуфтааст, вақте ки дарҳол баъди пахши ошӯб аллакай ҳазорҳо нафарро боздошт карданд, ин маълум намуд, ки рӯйхати нафарони боздоштшуда аз қабл омода будааст. Ҳоло бо гузашти чанд рӯз аз ин қазия аллакай теъдоди онҳое, ки аз сафи мақомот хориҷ шуданд, ба даҳҳо ҳазор мерасад. Танҳо дар мақомоти умури дохилаи Туркия 8777 нафар ҳуҷҷат ва аслиҳаи худро супурда, аз кор озод шудаанд. Коршиносон истисно намедонанд, ки асли масъала ҳам “тоза” кардани мақомот будааст. Бархе аз сиёсатмадорони рус кӯшиши ошӯби низомиро дар Туркия кори дасти худи ҳукумати ин кишвар номида мегӯянд, ки он барои қувват бахшидани мавқеи Эрдуғон равона шудааст. Масалан, Антон Светков, раиси Комиссияи палатаи ҷамъиятӣ оид ба бехатарии Федератсияи Русия ба барномаи “Вести” гуфт: “Он чи ки дар Туркия гузашт, як шоу (намоиш)-ро мемонд. Силоҳбадастон аслан сарбозон буданд, ки муқовимат нишон надоданд... Бинобар ин, бераҳмона баромадан алайҳи онҳое, ки силоҳшонро

ба замин гузоштаанд, маъное надошт”. Дар ҳамин ҳол, Владимир Евсеев, ҷонишини директори Институти кишварҳои ИДМ, сардори Шуъбаи интегратсияи Авруосиё ва рушди СҲШ мегӯяд, ки нерӯҳои амниятии Туркия аз он чи ки рух дод, қаблан иттилоъ доштанд, вале коре накарданд. “Хадамоти истихборотии Туркия – МИТ, ки мехост, обрӯ ва садоқаташро барқарор кунад, як қатор амалиётеро роҳандозӣ намуд, ки тамоман ба манфиати Эрдуғон буд. МИТ ошӯбро фикр карда баровард, ташкил намуд, ҳатто розӣ шуд, ки дар он ширкат кунад. Ин буд, ки пахши онро зуд таъмин намуд”, - таъкид доштааст В. Евсеев. Коршиносони рус гуфтаанд, кӯшиш барои анҷоми табаддулоти низомӣ хеле хандаовар ва содалавҳона буд. Чаро ки силоҳдорон натавонистанд фаъолияти шабакаҳои телевизиониро дар Туркия қатъ гардонанд ва дастрасӣ ба интернетро маҳдуд созанд. (Ҳол он ки дар табаддулотҳои низомие, ки қаблан Туркия аз сар гузаронида, ба тағйири сохти конститутсионӣ анҷомидааст, чунин иштибоҳ рух надода буд...) Ин воқеа як силсила саволҳоеро кушода мегузорад. Баёнияи ошӯби низомӣ аз тариқи шабакаи давлатии ТРТ садо дод, чаро ошӯбгарон баёнияашонро дар шабакаҳои дигари мустақил низ, ки хеле фаъолу сербинандаанд, пахш накарданд? Оё барои роҳандозии як ошӯби муваффақ зарурашон набуд, ки дастрасии интернетро дар кишварашон қатъ мекарданд. Аз таърихи ошӯбҳои низомӣ дар ҷаҳон бармеояд, ки ошӯбгарон дар дили шаб, вақте ки ҳама дар хоби нозанд, ба кор шуруъ мекунанд, вале дар Туркия ин кор, гуфтан мумкин хеле барвақт соати 22:00 оғоз ёфт. Оё ошӯбгаронро намебоист, ки бо назардошти асорат ва истеъфои сарвазиру вазирон, депутатҳо, ки қудратро муаррифгаранд, амал мекарданд? Чаро пеш аз ҳама пахши расонаҳои иттилоотӣ, сомонаҳои интернетии ҷонибдори ҳукумати Туркия, ки аз тариқашон Эрдуғон мардумро ба кӯчаҳо хонд, пешгирӣ нашуд? Дар сурате ки ин ҳама анҷом дода нашуд, пас метавон ба хулоса расид, ки ташаббус ба табаддулот, ки садҳо нафарро аз зиндагӣ маҳрум кард, барои муваффақ нашудан роҳандозӣ гардида буд.

7

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

НАБЗИ ҶАҲОН

МАҲМУДҶОН УСМОНОВ ДУ МАЪЛУМОТ: Ба дасти Нерӯҳои ҳарбии Туркия руйхати махфии 2700 нафар афсарони олитрубаи содиқ ба идеологияи камолизм меафтад, ки ҳукумат онҳоро бояд барканор кунад. Бинобар ин ошӯби низомиеро, ки дар моҳҳои сентяброктябр дар нақша доштаанд, пештар ва саросема сар мекунанд. Ин боиси муваффақ нашудани ошӯбгарон мегардад. (Аз мақолаи академики турк Мумтозар Туркона, “Хатар дар пушти дар”) Дар Туркия рӯзи сешанбе (19 июл) иҷозатномаи фаъолияти 24 телевизион ва радио, ки гӯё марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен ҳастанд, бозхонд карда шуд. Онҳоро ҳидоятгари кӯшиши табаддулоти нофарҷом донистанд. Дар доираи маъракаи зидди ҷонибдорони Гюлен ҳуҷҷати рӯзноманигории 34 журналист бекор ва 15 ҳазор корманди Вазорати маориф, беш аз якуним ҳазор декани донишгоҳҳо, 490 корманди умури динӣ, 257 корманди дастгоҳи иҷроияи сарвазир ва 100 корманди хадамоти кашшофӣ аз симатҳояшон барканор шудаанд. ЯК АНДЕША: Мардуми турк на барои он алайҳи ошӯбгарон бархостанд, ки президенташон Эрдуғонро зиёд дӯст медоранд. Балки онҳо аз таркишу нооромиҳои як соли охири кишварашон безор шудаанд...


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

МИНБАРИ АНДЕША

Лӯлиҳо ва ҷӯгиҳо

Мардуми як қавм, лек қисме паси номи дигарон пинҳон

ТОЛИБШОҲИ ДАВЛАТ

Лӯлиҳо яке аз мардумони пайдоишашон то ҳанӯз норавшану асотирӣ дар сайёраи мо боқӣ мондаанд. Чунин вазъ муддати садсолаҳо бетағйир аст. Асрҳои миёна андешае мавҷуд буд, ки романиҳо (лӯлиҳо) баҳри фиреби сокинон ба шаҳрҳо рехта, пасон чизе ки дарёбанд, бидузданд. Ҳатто кӯдаконро. Дар бораи шаҳватпарастии занони ин мардум қиссаҳои зиёд бофтаанд. Чун ба сару либоси анъанавии онҳо назар афканӣ, пай бурдан душвор нест, ки ин ҳама гапҳои бофтааст. Сеҳру муаммо, набудани эътиқоди равшан ва давлати худ, пас дар асл кистанд ин мардум ва аз куҷо пайдо шудаанд?

Пайдоиши лӯлиҳо пурасрор аст. Ҳоло аксар муаррихон бар он андешаанд, ки ин қавм ҳанӯз дар асри 5–и солшумории милодӣ аз кишвари Ҳинд ба таври оммавӣ кӯч бастанд. Ин фарзияро ба паҳншавии Ислом вобаста медонанд, ки ҷамоати лӯлиҳо онро майли қабул кардан надошт ва мехост озодии эътиқодро мувофиқи фаҳмиши худ ҳифз намояд. Мардуми ин қавм асосан дар симои кӯчиҳои доимӣ ба назар мерасанд. Дар асл чунин тарзи зистро худ интихоб накардаанд. Аз қадимулайём лӯлиҳоро аз ҳудуди давлатҳо пеш мекарданд. Ин вазъ то имрӯз идома дорад. Сабаби асосии тарзи ҳаёти кӯчӣ саъй барои зистан аст. Аз ин хотир лӯлиҳо мардуми бе ватан маҳсуб меёбанд. Таъқиби садсолаҳо ин қавмро маҷбур сохтааст, дар ҳудуди ҳар гуна кишвар тарзи зисти ноаёнро пеша намоянд. Аксари онҳо шиноснома надоранд. Хизматрасониҳои тиббӣ барояшон дастнорас буда, фарзандони хешро ба мактаб супурда наметавонанд. Соли 1977 Созмони байналмилалии лӯлиҳо, чун кишвари ба худ хоси кӯчии дар сар то сари сайёра титу парешон ба қайд гирифта шудааст. Бо сабаби пайваста поймолкунии ҳуқуқи онҳо дар маъракаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ чандон майли ширкат варзидан надоранд. Мувофиқи маълумотҳо дар сайёраи Замин наздики 11 миллион нафар намояндагони ин қавм зист доранд. Атрофи лӯлиҳо ривояту қиссаҳои зиёде мавҷуд аст. Бештари онҳо бо сабаби сарфаҳм

нарафтан ба фарҳанги ин қавм пайдо гаштааст. Чунин мешуморанд, ки лӯлиҳо маҳорати чандинасраи соҳирӣ доранд. Ҳатто дар ҷодаи санъат ҳам онҳо чун соҳир ёдовар мешаванд. Метавон гуфт, ки ҳамаи ин тахмини беасос ва фикру андешаҳои бофтаанд. Ҳамчунин, масъалаи сарҳуйии лӯлизанҳо низ ҳарзае беш нест. Танҳо ба сару либоси анъанавии лӯлидухтарон назар афканед, ба ин гуфтаҳо метавон бовар кард. Куртаҳои дароз ба тан, сари онҳо бо рӯймолҳои гуногунранг пӯшида шудааст. Ҳатто рақси духтарони ин қавм таҷассумгари ҷойҳои бараҳнаи тани онҳо маҳсуб намеёбад. Даврони шӯравӣ қавми лӯлиҳо дар аксар манотиқи ин кишвари паҳновар чун қарнҳои пеш титу парешон зист доштанд. Касе ба онҳо кордор набуд. Рӯзгузаронӣ бошад, он замон хеле осон буд. Аз ин хотир, рӯзгори тинҷу осуда доштанд. Ибтидои солҳои ҳафтодуми асри гузашта, саристгоҳи автобусҳо дар пойтахт паҳлӯи саристгоҳи роҳи оҳани имрӯза ҷойгир буд. Боре гурӯҳи лӯлиҳо вориди толори бинои чиптафурӯшӣ шуданд. Тамоми курсиҳо банд шуд. Пиру барно бо сару либоси хоси алобуло ва ранга муддати чанд соат толорро ба бошишгоҳ табдил доданд. Ба касе ва чизе аҳамият надода, бо забони хос бо ҳам гуфтугӯ мекарданд ва овораи кори хеш буданд. Ҳатто дар чанд кунҷи толор қазои ҳоҷати тифлони худро анҷом ҳам доданд. Бӯйи нохуш фазои толорро фаро гирифт. Мусофирон

чун меҳмони пушти дар назди хазинаҳо ҳозир шуда, чипта мегирифтанду дарҳол аз толор берун мешуданд. Вазъи ногувор кормандони саристгоҳро водор сохт масъулини худро даъват намоянд. Яке аз масъулин, зани миёнсоли рус вазъро мушоҳида карда, ба зердастон дастур дод ба лӯлиҳо кордор нашаванд. То ин ки бо ихтиёри хеш аз толор берун оянд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Лек лӯлиҳо аз худ ахлоту партови беандозаро боқӣ гузоштанд. Фаррошонро лозим омад баҳри тоза кардани пасмондаи лӯлиҳо хеле заҳмат кашанд. Ҳамчунин он солҳо дар наздикии шаҳри Калининобод (ҳозира Сарбанд) аз куҷое пайдо шуда, бо аробаҳои болопӯшида хиргоҳ оростанд. Боз ноаён ғайб заданд. Ин гувоҳи он буд, ки онҳо ҳаёти кӯчиро ҳамоно меписанданд. Ҳарчанд дар гӯшаҳои гуногуни кишвари шӯроҳо намояндагони лӯлиҳо ҳаёти муқимона доштанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Қӯрғонтеппа. Қисме дар соҳоти гуногун заҳмат мекашиду қисме машғули тиҷорат буданд. «Қанди хурӯсак» тайёр намуда, деҳ ба деҳ мегаштанд.Тифлони деҳотӣ аз омад-омади лӯлиҳои қанди хурусакфурӯш огаҳ гардида, гирди онҳоро ҳалқасон печонда мегирифтанд. Зеро ин навъ маҳсулот ширинии дӯстдоштаи кӯдакон буд он солҳо. Аз 10 то 15 тин арзиш доштанд. Тиҷорат бештар тариқи ивази мол ё бо баёни имрӯза «бартер» бештар сурат мегирифт. Тифлони бешумор дар даст як ё ду тухм навбат мепоиданд. Баъзе наврасони аз

 ҶОМЕА

Ошкор шудани 232 ҳолати нодуруст ҳисоб кардани нафақа Одиназода Назокат, муовини якуми роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, имрӯз, 18 июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ зимни санҷишҳои гузаронидашуда 232 ҳолати нодуруст таъин ва бозҳисобӣ кардани нафақаҳо ошкор гардид, ки дар 126 ҳолат ба маблағи 54,8 ҳазор сомонӣ нафақа зиёд ва дар 106 холат ба маблағи 12,2 ҳазор сомонӣ нафақа кам таъин ва бозҳисобӣ шудааст. Ҳамзамон дар рафти санҷиши корхонаву ташкилотҳо ба маблағи 93,3 ҳазор сомонӣ нодуруст хароҷот гардидани маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ошкор гардидааст. 55,3 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби барзиёд таъину пардохт гардидани нафақаҳо ва 93,3 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби нодуруст ҳисоб ва пардохт гар-

дидани кӯмакпӯлиҳои иҷтимоӣ ва нафақа ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барқарор карда шуданд, ки дар маҷмӯъ 148,6 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Ба гуфтаи Н. Одиназода, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисони агентӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андози иҷтимоии инфиродӣ (1-фоиза) 232 ҳазор сомонӣ, бақияи андози иҷтимоӣ

(25-фоиза)-и корхонаву ташкилотҳо 1,5 миллион сомонӣ ва қарзи корхонаву ташкилотҳо барои таъмини пардохти нафақаҳои имтиёзнок 1,3 миллион сомонӣ ба суратҳисоби агентӣ ворид карда шуд. Зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2016, қисми даромади буҷети суғртаи иҷтимоӣ ва нафақа 88,6 фоиз таъмин карда шуда, ба буҷети суғуртаи

иҷтимоӣ ва нафақа 1 миллиарду 30,4 миллион сомонӣ ворид гардид. Қисми хараҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бошад, 1 миллиарду 10 миллион сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, барои пардохти нафақаву кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷоти баҳисобгирифташудаи корхонаву ташилотҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ 943

миллион сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 25,3 миллион сомонӣ ё 2,7 фоиз бештар мебошад. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


хурдсолон нисбатан калони худсар хурӯсакҳоро мерабуданд. Лӯлиҳо мекӯшиданд бо чунин вазъ муросо созанд. Зеро дар сурати зиддият наврасон ҳини бозгашт роҳи онҳоро поида сангборон мекарданд. Ин амал барои ҷӯгиҳо аз ҳама бадтар буд. Чунки тухмҳои ба дастовардаашон талаф меёфт. Дар бораи лӯлиҳо филмҳои зиёди ҳунарӣ эҷод шудааст. Аз ҷумла, даврони шӯравӣ. Махсусан филми «Табор сӯи осмон меравад» ҳаводорони зиёд пайдо карда буд. Аз тамошои филмҳо аён аст, ки лӯлиҳо озод зиста, бо рақсу сурудҳои дилошӯб маъракаҳои гуногуни ашхоси сарватмандро гарм карда, соҳиби дастмузд мегардиданд. Ҳоло дар ҳар минтақаи кишвари Русия лӯлиҳо зист доранд. Аксар муқимӣ шуда, дар ягон маҳалла, дар ҳамсоягии ҳамдигар сарҷамъ мезиянд. Дар шиносномаҳо чун халқият «лӯлӣ» сабти ном шудаанд. Хилофи ҷӯгиҳои Осиёи Марказӣ бо ин ифтихор доранд. Каму беш фолбинӣ ҳам мекунанд. Гадоиро қариб фаромӯш кардаанд. Корашон асосан тиҷорат аст. Мисли дигар тоҷирону соҳибкорони имрӯз аз ҳар куҷо мол оварда, ба савдо мезананд. Тиҷорати онҳо мисли рӯзгорашон озод аст. Дохили бозорҳо, кӯчаю растаҳо гашта, моли худро ба роҳгузарон пешниҳод месозанд. Бо чунин тарз аз супурдани ҳаққи андоз «саркашӣ» мекунанд. Муаллифи сатрҳо ин вазъро дар шаҳри Челябински Руссия мушоҳида карда буд. Дар шаҳри Вязникии вилояти Владимири Руссия корманди полис лӯлизанеро барои дар ҷои номумкин ба тиҷорат машғул шудан хост пеш кунад. Фасли сармо буд. Лӯлизан ба ҷои молашро ғундоштан кӯдаки хурдсолашро луб–луч намуда, болои барф партофт. Фиғони тифл ба ҳаво печид. Атрофиён ҳайрон ба лӯлизан менигаристанд. «Ана, ин кӯдак мемураду ту ҷавобгар!», ҷониби полис дод зад ӯ. Полис ин ҳолро дида, рӯ ба гурез ниҳод. Лӯлизан гӯё ҳеҷ ҳодисае рух надода бошад, бепарвоёна ба пӯшондани либосҳои тифл пардохт. Амали зан баёнгари дӯст доштани тарзи ҳаёти озод маҳсуб меёфт. Ин қавм дахолатро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад. Ҳарчанд муаррихон кӯчбандии лӯлиҳоро аз кишвари Ҳинд бо қабул надоштани Ислом нисбат медиҳанд, бо мурури вақт лӯлиҳо динро қабул

кардаанд. Махсусан дар Русия аксари онҳо ба дини насронӣ гаравидаанд. Каму беш ба Ислом ҳам. Мувофиқи навиштаҳои муаррихону бостоншиносон ҷӯгиҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ (асосан Тоҷикистону Узбекистон) низ аз Ҳинд ба минтақа ворид шудаанд. Пас бешубҳа аз қавми лӯлиҳо маҳсуб меёбанд. Дар асарҳои устод Айнӣ ба ин масъала низ ишораҳо рафтааст. Ҷӯгиҳо дар минтақа ба се қисмат ҷудо шудаанд: тоҷир, судхӯр ва гадо. Рӯзгори ин қавмро адиб Сорбон дар асараш «Ҷӯгӣ» хеле моҳирона баён намудааст. Даврони шӯравӣ барои мардуми тоҷик ҷӯгиҳо танҳо чун гадо шинос буданд. Гадоӣ барои онҳо пеша маҳсуб меёбад. Имрӯз ҳам аз он даст накашидаанд. Деҳ ба деҳ гашта, маблағ меғундоранд. Ба заргарӣ низ шуғл варзида, фолбинӣ ҳам мекунанд. Мардони ин қавм устои моҳири табақтарош маҳсуб меёбанд. Дар кӯчаҳои шаҳр ҷойҳои худро доранд. Рӯз то бегоҳ нишаста, интизоранд, ки шояд «савобҷӯ»-е хайр намояд. Баробари маблағғундорӣ аз кадбонуҳо, занҳои содаи тоҷик чун афсунгар нон ё куртаи нав мепурсанд. Нонро бурда, ба чорво дода, парвариш мекунанд. Пасон дар бозор ба савдо мезананд. Куртаҳои навро ғундошта, ба тоҷирон яклухт мефурӯшанд. Ин ҳам як навъи «бизнес» аст. Ҳамин тавр, ҷӯгиҳои Тоҷикистон худро ба замона торафт мутобиқ месозанд. Аммо ҷӯгиҳо худро ҳамқавми лӯлиҳо намеҳисобанд. Ба онҳо риштаҳои хешутаборӣ барқарор намесозанд. Лӯлиҳо низ айнан чунин рафтор доранд. Забони якдигарро намефаҳманд. Як хусусияти фарқкунандаи ҷиддии лӯлиҳо аз ҷӯгиҳо дар он аст, ки якумиҳо ҳофизу раққосаҳои хуб маҳсуб меёбанд. Миёни онҳо ҳофизони номдор ба назар мерасад. Аммо ҷӯгиҳо қариб ки ҳофизу раққоса надоранд. Ин ҷо ҷӯгиҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст. Миёни ҷӯгиҳои Афғонистону Эрон ва Қафқоз ҳофизону раққосон зиёд дида мешавад. Ҷӯгиҳо ба ҳаёти мардуми Осиёи Марказӣ чунон мутобиқ шудаанд, ки ин минтақаро ватани худ меҳисобанд ва тарзи рӯзгордории ин мардумро қабул кардаанд. Ҳарчанд гузаштагони дури онҳо аз Ҳинд ҳиҷрат намудаанд, дар бораашон ягон қиссаву ривояте қариб вуҷуд надорад. Чун тоҷикон худро пайрави мазҳаби Ҳанафия дар дини

мубини Ислом меҳисобанд. Лек то чӣ андоза эътиқодашон қавист, худ медонанду Офаридгор. Соли 1993-ро чун соли оғози муҳоҷирати меҳнатӣ метавон ҳисобид. Ҷӯгиҳо низ дар қатори аввалинҳо озими кишвари рус шуданд. Лек мақсади онҳо заҳмат набуд. Дар шаҳрҳои Русия дар пеши бадан ва пушт навиштаҷот овезон, кӯча ба кӯча, хона ба хона мегаштанд. Худро тоҷики ҷабрдидаю бехонумон муаррифӣ карда, бо сӯистифода аз мусибати мардуми тоҷик молу сарват ва бойигарии ҳангуфт ғундоштанд. На танҳо ҷӯгиҳои Тоҷикистон, балки Узбекистон ҳам. Ҳатто он солҳо рӯзномаи «Известия», чопи Маскав дар бораи муноқишаи «тоҷикон» барои минтақаи гадоӣ дар шаҳри Омск хабар дарҷ карда буд. Дар асл ҷанҷол байни ҷӯгиҳои буд. Лек ҷӯгиҳо барои тоҷик тарошидани хеш асос доранд. Охир дар шиноснома «тоҷик» сабти ном шудаандку? Аз ин рӯ муайян намудани шумори ин қавм хеле душвор аст. Ҷӯгиҳо имрӯз ҳам ба муҳоҷират мераванд. Ҳарчанд қонунҳои он кишвар нисбат ба хориҷиён торафт шадид мегардад. Баъд аз он ки фашистони навбаромади рус ба якчанд бошгоҳҳои хаймавии ҷӯгиҳо дар атрофи шаҳрҳо ҳамла оварда, чанде аз онҳоро ба қатл расонданд, ба таври оммавӣ ба гадоӣ рафтани ин қавм башиддат коҳиш ёфтааст. Шояд сафи «хайрхоҳон» дар кишвар ҳам кам гардидааст, ки занони ҷӯгӣ ба заҳмат кашидан рағбат пайдо кардаанд. Бо як зани миёнсоли ҷӯгӣ ҳамсуҳбат шудам, ки дар яке аз маҳаллаҳои пойтахт хона ба хона гашта, мӯйи сар меғундошт. Бар ивази зарфҳои пластмассии чинӣ, ки барои рӯзгор пешбинӣ шудаанд. Маълум, ки замона дигар шудааст. Солҳои донишҷӯӣ дар шаҳри Турсунзода тасодуфан суҳбати ду ҷӯгизанро шунидам. Яке ба дигарӣ шиква дошт, ки писари яке аз наздиконаш ба духтари таҳҷоӣ хонадор шудааст. Тоҷик ё узбак буданаш нофаҳмо монд. Зан ҷавони ҷӯгиро мазаммат дошт, ки бо ин амал хуни авлодро вайрон кардааст. Аҷиб, ба қавми бегона хонадор шуданро ор медоданд. Пас чаро баҳри зинда кардани номи қавми хеш нанг надоранд? Ҳоло халқияти туркзабони қарлуқ ё қаллуғи муқими кишвар саъй доранд номи худро дар шиноснома барқарор созанд. Бо ин мақсад ҷамъияти худро ташкил

ва ба ҷойҳои дахлдор муроҷиат кардаанд. Хуб мебуд мақомоти дахлдори кишвар хатои даврони шӯравиро ислоҳ намуда, дар шиноснома ҷӯгиҳоро чун халқият номнавис созанд. Охир то кай паси номи дигарон пинҳон мегарданд?

 ВЭАО

Нест кардани 20000 диск аз ҷониби “Тоҷиккино” Шабакаҳои давлатии телевизион ва радио дар баробари инъикос намудани тамоми соҳаҳо, инчунин имконияти пешниҳод кардани лоиҳаҳои навро ба тамошобинону шунавандагон пайдо карданд. Соли равон тариқи шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” барномаву лоиҳаҳои нави эҷодӣ, аз қабили “Қонун”, “Самараи истиқлол”, “Дар мавзӯи рӯз”, “Диёри файзбор”, “Роҳи мақсуд”, “Ҷаҳони паём”, “Нимшухиву нимҷиддӣ”, “Сайёҳ”, “Бизнес-таймс”, “Иқтисоди сабз”, “Тоҷикистон дар рақамҳо”, “Амал”, “Истеҳсоли Тоҷикистон”, “Адиб ва истиқлол”, “Парвози сухан” ва “Минбари сухан” пешниҳод гардиданд. Муҳаммадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар шаш моҳи сипаригаш-

таи соли ҷорӣ Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” филмҳои ҳунарии “Маро бубахш”, “Хоби маймун”, филмҳои мустанади “Созтарошӣ”, “Гурғулӣ”, “Бозиҳои наврӯзӣ”, “Достони Роғун”, “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик”, филми аниматсионии “Деви мевахур”-ро омода намуд, ки як қисми онҳо дар кинотеатрҳои шаҳр ба намоиш гузошта шуданд. Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино” дар самти фаъолияти таблиғи кино дар байни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ филмҳои таълимию тарбиявӣ, ахлоқӣ ва маърифатиро ба на-

моиш гузошт. Дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби корхона дар ВМКБ 2 корхонаи фаръии давлатӣ таъсис дода шуда, таҳхонаи кинотеатри “Баҳор”-и ноҳияи Рудакӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, пурра аз таъмир баромада, ба иҷора дода шуд. “Тоҷиккино” дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 15 рейди муштарак гузаронида, ба миқдори 20000 адад маҳсулоти аудиовизуалии истеҳсолашон ғайриқонуниро мусодира ва дар дастгоҳҳои махсус нобуд намуд. Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”

9

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Дилбастаи касби омӯзгорӣ

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

 СОҲИБКАСБ

 КИТОБИ НАВ

Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ба суханони устодон гӯш медоду дилаш об мегашт. Рафтору гуфтор ва фаъолияти намунавии омӯзгоронро дида, ба меҳнати онҳо аҳсант хонда, кӯшиш менамуд, то дар тамоми дарсҳо омода бошаду заҳмати устодонро қадр намояд. Ин рафтори ӯ устодонро бетаваҷҷуҳ намегузошт. Чунин сурат гирифтани ҷараёни дарсомӯзӣ дар мактаби миёна дар ботини ӯ шавқу завқ ва меҳру муҳаббати самимие нисбат ба касби омӯзгорӣ пайдо намуд. Ӯ пеши худ мақсад гузошт, ки пас аз хатми дабистон ба донишгоҳ дохил гардида, муаллим мешавад. Дилафрӯз Шарифова яке аз омӯзгорони ҷавонест, ки тавонистааст дар роҳи таълиму тарбия қадамҳои устувор гузораду дар босавод гардидани насли наврас саҳм бигирад. Ӯ соли 1986 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна, давоми панҷ сол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. - Дар мактаби миёна ба муаллимонам ҳавасам меомад. Мехостам мисли онҳо муаллим шавам. Ин орзуям ҷомаи амал пӯшиду имрӯз дар роҳи пуршарафи омӯзгорӣ бо ифтихор равонаам, иброз дошт Дилафрӯз. Аз замони донишҷӯӣ сар карда, барои таҷриба омӯхтану дар амал татбиқ намудани маҳорату малакаи касбии хеш дар чандин мактаб фаъолият намудааст. Солҳои 2005-2006 фаъолияти хешро дар МТМУ №88-и ноҳияи Сино ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ибтидо бахшидааст. Ин санаро ибтидои роҳе меҳисобад, ки ӯро ба сӯйи қуллаи мурод мебарад. - Дар соли чоруми таҳсил дар донишгоҳ барои дарс гуфтан ба мактаби миёна рафтам. Бори аввал вақте ба синфхона дохил шудам, нигоҳҳои кӯдакони ташнаи дониш маро аз худ бе худ намуд. Худро хеле хурсанд ҳис кардам, ки дар роҳи дурустам. Чеҳраи ҳар яки онҳо бароям нерӯи дучанд медоданд, то дар роҳи хеш устувор бошаму бо иродаи қавӣ фаъолият намоям. Бо хонандагон таълим омӯхтанро бениҳоят дӯст медорам. Шояд ҳамин дилбастагӣ буд, ки имрӯз бо сарбаландӣ фаъолият намуда истодаам, - гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба таъкиди ӯ, касби омӯзгорӣ бисёр мушкилу пурзаҳмат аст. На ҳар кас муваффақ мешавад, ки омӯзгори хуб гардад. Вале самараш ширин аст, вақте ки мебинед хонанда аз маълумот, дониш ё дарси додаи шумо қаноатманд мешавад, ин лаҳза басе қимату боарзиш мебошад. Дар тӯли ду соли фаъолият ба дастовардҳои гуногун ноил гардида, пас аз омӯзгори фанни забони русӣ будан, солҳои 2012-2013 ҷонишини директор ва аз моҳи июли соли 2013 директори МТМУ №47-и ноҳияи Сино таъин гардид. Ба андешаи Дилафрӯз дар соҳиби илму дониш ва ахлоқи ҳамида гардидани фарзандон дар баробари омӯзгорон волидайн ҳам вазифадоранд. Падару модар вақте фарзандро ба дунё меоранд, бояд масъулият ҳис намоянд, зеро онҳо дар таълиму тарбияи фарзанди хеш масъулиятноканд. Фар-

зандро бояд хононанд ва назора намоянд, ки донишандӯзиашон дар кадом поя қарор дорад. Мо - кулли ҷомеа бояд дар ин росто фаъол бошему дар саводнок ва дорои маданияти баланд гардидани насли ҷавон бетараф набошем. Аз суханрониаш пай мебарӣ, ки Дилафрӯз тасодуфан ба ҷодаи омӯзгорӣ ворид нашудааст. Дар фаъолияти корӣ муваффақ шудани ҳар инсонро дар меҳнату заҳмати зиёд меҳисобад. Зеро чунин медонад, ки бидуни меҳнат чизе ба даст нахоҳад омад. - Вақте ки муаллим вориди синфхона мешавад, бояд эҳсос кунад, ки масъулияти зиёде бар дӯш дорад. Омӯзгор дар ҳама ҳолат ва дар ҳар куҷо бояд намуна бошад: дар суҳбат бо дӯстон, хонандагон, ҳамкорон, падару модарон, умуман, ҳама ҷо. Ӯ аз он ки шогирд ба дарс бе тайёрӣ меояд набояд асабӣ ва ошуфта гардад, сухани қабеҳро ба забон орад, зеро чунин муносибат ба ахлоқи шогирдон таъсири манфӣ мерасонад. Бо лутфу меҳрубонӣ, самимият ва чеҳраи хандон муносибат кардан манфиати бештар меорад, - таъкид намуд ӯ. Айни ҳол омӯзгори фанни забони русии Литсейи касбӣтехникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин боргоҳи маърифат фаъолият намуда, дар соҳибкасбу соҳибмаълумот гардидани ҷавонон саҳм мегузорад. Чандин маротиба барои фаъолияти намунавиаш аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар ва шуъбаи маорифи ноҳия қадрдонӣ гардидааст. Таманно мекунем, ки сафи шогирдони муаллима афзун ва умри Дилафрӯз Шарипова дароз бод. Ба муаллима дар ин роҳи пурмасъулият муваффақият хоҳонем.

Даъват ба муҳаббату самимият Чанде пеш аз тариқи нашриёти “Адабиёти бачагона” китоби нависандаи хушзавқ Раҳматуллоҳи Раҳмон бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромад. Китоб “Дар домани Лоло” ном дошта, маҷмӯи ҳикояҳои солҳои охир эҷодкардаи муаллиф мебошад. Ҳикояҳои маҷмӯа басе самимиву дилнишин иншо шуда, аз зиндагии мардуми деҳот, машғулиятҳои одамони он ҷо қисса мекунанд. Раҳматуллоҳи Раҳмон андешаи хос ва сабки ғайриодӣ дорад, тасвираш зебову хаёлаш рангин аст. Дар аксари ҳикояҳои маҷмӯаи “Дар домани Лоло” танҳоии пирони барҷомонда, муносибати инсонҳо ба якдигар ва ба табиат хеле муассир ба қалам дода шудааст. Алалхусус, ҳикояҳои “Маломатзада”, “Шикор”, “Дар домани Лоло”, “Ғамкушта”, “Дӯлонаи шаҳид” ва “Кӯча” ҷолиби диққатанд. Муаллиф дар ҳикояи “Дар домани Лоло” кампири Маҳинро, ки дар ҳасрати набераи ғурамаргаш месӯзад, чунин тасвир намудааст: “Дар чашмонаш наму дар дилаш алам ва аз моли дунё дар бисоташ як бухча ғам дошт кампир. Ғамбемору аламдор буд. Аз рӯзе, ки дӯстдоштатарин наберааш, лахти ҷигараш, Умедҷонаш ғурамарг шуд, дилаш аз дунёву зиндагӣ сард шуд, орзуҳояш ҳама дард шуд. Сӯз дар дил, по дар гил, шабу рӯз бо нолаву оҳи ҷигарсӯз дар ҳасрати набераи тармаргаш месӯзаду медӯзад, медӯзаду месӯзад...” Дар ҳикояи “Кӯча” ҳасрату алами мӯйсафеди Шораҳимро чунин овардааст: “... Ҳама одамони хуб рафтанд. Ман ҳам дар ин қишлоқ як сари қоқ мондам, касе нест, ки ҳамроҳаш шиниву чорта дарди дил кунӣ. Ин одамони ҳозираро фаҳмида намешавад, ҳама овора, пиёдаву савора аз пайи кору бори худанд, касе ба дарди касе кор надорад, баъзеҳо ҳатто номусу ор надоранд, агар худое накарда мурӣ, мурдаат дар кӯча мемонад, бӯй мегирию касе мурдаатро аз замин намебардорад...” Ҷойи таъкид аст, ки ҳикояҳои маҷмӯаи мавриди назар хеле таъсирбахш хотима меёбанд, ки аз маҳорати баланди нигорандагии муаллиф дарак дода, хонандаро ба андеша водор мекунад. Б. УСМОН, “ҶТ”

 ОЗМУН

КҶВС волонтёри солро муайян мекунад Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (КҶВС) бо мақсади дастгириву ҳавасманд гардонидани волонтёрон ва ҷалби бештари ҷавонон барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ, баланд бардоштани мақоми ихтиёрӣ ва мусоидат кардан дар беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ озмуни ҷумҳуриявии “Волонтёри сол2016”-ро эълон менамояд. Ҷавонони 16-30-сола, ки аъзои гурӯҳҳои волонтёрон, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар муассисаҳои самти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, метавонанд иштирок намоянд. Барои ташкили самараноки озмун саволнома омода гардида, барои тамоми волонтёрон тавассути сохторҳои маҳаллӣ фиристода мешавад. Интихоби волонтёрони беҳтарин дар ду зина: 10 волонтёри беҳтарин (бо нишон додани номинатсияҳо) ва «Волонтёри сол- 2016»(як духтар ва як писар) амалӣ мегардад. Барои ин аз ҳисоби мутахассисони соҳа комиссия таъсис дода мешавад. Комиссия кори худро дар асоси саволномаҳои ҷамъоваригардида ба роҳ мемонад. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо “Диплом” ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд. Озмун то 1 ноябри соли 2016 давом ёфта, дар сатҳи ҷумҳурӣ тантанавӣ ҷамъбаст мегардад.

НИШОНӢ БАРОИ МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6. Тамос: (837) 236–37–26, 235-19-53. Вебсайт: www.youth.tj e-mail: ms.javonon@mail.ru


Ин ид бо заҳмат ва талошҳои ватанпарастонаи фарзандони баору номуси Ватан таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуд, агарчи ба сулҳу салоҳ ва ваҳдат омадани тоҷиконро роҳбари давлатамон аз хиради аслӣ ва азалии худи миллат ва аҷдодони бохираду бофарҳанги он арзёбӣ кардаанд. Ин хоксориву хирадмандии Пешвои миллат аз меҳру муҳаббати беандозаашон ба Ватан сарчашма гирифтааст. Ин аст, ки аз рӯзҳои аввали роҳбари давлат интихоб шуданашон парешонии ҷомеаи Тоҷикистон ва дилҳои пур аз кинаву хусумати одамони минтақаҳои гуногуни онро беҳтар аз дигарон, равшантар, дақиқтар эҳсос менамуданд ва суханони дар он лаҳза гуфтаашон, ҳамватанони ба гирдоби фоҷиа гирифторро хоҳу нохоҳ ба андеша водор сохтанд, ба андешаи рӯй овардан ба ваҳдат ва даст кашидан аз худкушӣ. Ҳамин меҳру муҳаббат буд, ки ҷомеаи парешонгаштаву ноумедгардидаи тоҷиконро зери ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девори устувору бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд. Дар ҳамон солҳои фоҷиабори 1992-1993 Сардори давлати тозабунёди Тоҷикистон бо амалҳои ҷавонмардона ва шуҷоатмандона дар дили шаҳрвандон, тоҷикистониён шуълаи умедро ба фардои нек меафрӯхтанд. Бо қаҳрамонии хос, тавассути чархболи муддатҳои дароз истифодашуда ба Хустдеҳи Афғонистон парвоз карданашон, вохӯриву суҳбатҳои самимонаву ватанпарастона ва самароварашон бо мухолифини давр, сазовори эҳтирому эътиқоди лашкаркаши маъруфи тоҷиктабори Афғонистон, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд гардиданашон чанд лаҳзаи зиндагиномаи пуршарафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

мебошад. Мутаассифона, бадхоҳони миллати тоҷик ба он ноил шуданд, ки аз 25 соли соҳибистиқлолии давлати навбунёд як миқдори муайянаш дар ин ҳодисоти нангини ба сари миллати тоҷик боркардаашон сарф шуда, нақшаҳову ниятҳои неки созандагиву бунёдкории Роҳбари давлати ҷавони Тоҷикистонро каме коҳиш диҳанд. Ба назар чунин мерасад, ки дар ин рӯзҳои наҳси ба сари халқи тоҷик омада баъзе роҳбарони давлативу ҳизбу ҳаракатҳои ҳамонвақтаро, ҳатто олимону шоиронро торикии шуур фаро гирифта буд. Ба ҷои он ки аз

неъмати худододи истиқлолият истифода кунанд, марзу буму ҳарчи ки дар он аз Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монда буд, бо маслиҳат аз диди ватандориву ватансозӣ ҳимоя кунанд, мардумро ба майдонҳо бароварданд ва ба сиёсатбозӣ сар карданд. Кошки ҳамон рӯзҳо чунин роҳбарону сарварон воқеан сиёсатбозӣ неву аққалан мисли роҳбарону рӯшанфикрони ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсатмадорӣ мекарданд ва аввал дар пайи сарҷамъ кардани буду боши давлати навбунёд мешуданд. Ҳамин буд ки душманону бадхоҳони миллат тавонистанд бо ҳар роҳе мардуми тоҷикро ба ҷангу ҷидол кашанд, ки дар натиҷа шаҳрвандони зиёде қурбон шуданд, ҳазорҳо таҷҳизоту дастгоҳҳои нодири техникии сохтмонҳои азими ҳамонвақта, аз ҷумла баъзе таҷҳизоти НБО-и “Роғун”, садҳо тепловозу ҳазорҳо вагонҳои боркашу мусофирбар, инчунин ҳазорҳо адад автомобилҳои боркаш, трактору булдозерҳо ва васоити дигари техникии ширкатҳои (трестҳои) сохтмониву заминкушоии вилояти собиқ Қӯрғонтеппаро ба давлатҳои хориҷӣ интиқол доданд. Вале амалҳои зишти душманони миллат Президент ва халқи тоҷикро рӯҳафтода карда натавонистанд. Дар он солҳои барои давлати ҷавони мо басо вазнин, вале сарнавиштсоз ватанпарстони асил таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири таъмини сулҳу салоҳ, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ба Ватан баргардонидани наздики як миллион нафар фирориён ва ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар кӯшишу заҳмати фидокорона ба харҷ доданд. Дар ин ҷода Ҳаракати ваҳдати

миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки моҳи июли соли 1997 бо ташаббусу пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ гардонидани ҳадафҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфта буд, саҳми назаррас дорад. Ҳамин тавр, 16 июли соли 1997 беҳтарин намояндагони худшиносу ватанпарасти шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки барояшон даъвати Сардори давлати ҷавони Тоҷикистон чун як рамзи озодӣ ва ободии Ватан қабул шуда буд, дар толори ҳукумати вилоят ҷамъ омада, Маҷлиси му-

ассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон барпо намуданд. Дар он шӯрои вилоятии Ҳаракат, раис, муовинони раис ва котиби он, инчунин комиссияи назоратӣ интихоб шуданд. Имрӯз метавонем бо арзи эҳтироми самимӣ аз аввалинҳое ёдовар шавем, ки бе тарсу ҳарос аз силоҳдорони ҷинояткоре, ки ҳамон лаҳзаҳо бинои ҳукумати вилоятро ғасб карда буданд, дар ин маҷлис иштирок доштанд. Инҳо Саодат Амиршоева, Шералӣ Гулов, Исмонқул Субҳонов, Бобоҷон Пираков, Турсуной Алимардонова, Ёқубҷон Исмоилов, Самариддин Каримов, Саъдулло ва Давлат Бекназаровҳо, Мирзо Бекматов, Сайдамир Розиқов, эшони Саидҷон Маҳмудзода, Соҳибназар Худойназаров, Саид Салимов, Маҳмадраҷаб Холов, Файзулло Насруллоев, Ҳалқамо Турахонова, Иноят Муродов, Мамадсолеҳ Баротов, Саъдулло Камолов, Саидумар Шоимов, Михаил Федоров ва даҳҳо дигар инсонҳои наҷибе буданд, ки сиёсати Роҳбари мамлакатро содиқона ва дар амал дастгирӣ мекарданд. 18 июл бошад, вакилони вилоят дар шаҳри Душанбе дар Маҷлиси муассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок намуданд ва хушбахтона ба ман ҳамчун аввалин раиси Шӯрои вилоятии ин Ҳаракат дар вилояти Хатлон муяссар шуд, ки номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пешниҳод намоям, ки он якдилона қабул гардид. Ба шӯрои марказии Ҳаракат олимону адибон ва арбобони маъруфи собиқадори давлату ҳукумат Султон Мирзошоев, Муъмин Қаноат, Нодир Одилов, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Лоиқ Шералӣ, Аҳрор Мухторов, Мӯсо Диноршоев, Амон Раҷаб, Фозил Тоиров, Абдуқодир

Маниёзов, Саидбой Зокиров, Атахон Сайфуллоев, Давлаталӣ Давлатов, Сайфулло Сафаров, Шодӣ Саидов, Одил Бердиев, Мирзо Бобоев, Ғоибназар Паллаев, Изатулло Ҳаёев, Рамазон Мирзоев, Назаршо Додхудоев ва дигарон шомил буданд, ки дар асоси дастуру ҳидояти раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дар қишрҳои гуногуни ҷомеа паҳну амалӣ кардани ҳадафҳои оинномавии Ҳаракат саҳми арзанда гузоштанд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки таъриху вақт баҳои воқеии хизмати ҳар яке аз ин инсонҳои ватанпарастро хоҳад дод. Аз ҳамин лиҳоз ёдовар шудан аз ин гузашти рӯзгори онҳо бояд барои насли ҷавони имрӯзу фардои Ватан як дарси худогоҳии миллӣ ва омодагӣ барои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар оянда гардад. Аз соли 1997 сар карда дар мамлакат пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ боздошта шуд ва минбаъд ба Ҳукумати Тоҷикистон муяссар гардид, ки сол аз сол вазъиятро ба эътидол оварда, аз соли 2002 ба рушди тадриҷии иқтисоди миллӣ оғоз намояд. Бо ташаббусу иқдомҳо ва ширкати бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 25 соли истиқлолият, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта шуда, ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ карда шуд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории он ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил дода шуда, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқ пайгирона амалӣ шуда истодааст. Ба истифода дода шудани неругоҳҳои барқи обии «Сангтуда-1» ва «Сангтӯда-2», корхонаҳои саноатӣ, нақбҳо ва роҳҳо, бунёди ҳазорон гектар боғу токзорҳои тиҷоратӣ, садҳо таълимгоҳҳои миёнаву олии замонавӣ, рушди пайвастаи соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг шоҳиди воқеии ин гуфтаҳост. Хулоса, аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнамо, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ мебошанд ва бо ифтихор метавон гуфт, ки бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд. Ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинанд ва ба дигарон талқин менамоянд. Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастонаро, ки ҳамдиёрону дӯстон ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ғояи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил медиҳад. Таърихан чунин ғояҳо дар садсолаҳо ва ҳато ҳазорсолаҳо як бор тавлид ва амалӣ мешаванд ва асосгузору амаликунандаи онҳо фардҳои аз ҷиҳати маънавӣ ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд. Воқеан, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои чунин хислати накӯ ва фарҳанги олӣ ҳастанд.

11

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

ИДЕАЛИ ҶАВОНОН

АҲМАДҶОН АЛИЗОДА, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Пешвои ваҳдатофар

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки агарчи бо парокандашавии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ Худованд ба миллати тоҷик соҳибистиқлолиро арзонӣ дошт, вале сад афсӯс, ки бадхоҳону душманони миллат нигоҳдориву пойдории онро бароямон тавассути кашмакашу ҷангҳои бародаркуши таҳмилӣ хеле гарон сохтанд. Хушбахтона, расидем ба рӯзи неки 27 июни соли 1997 - рӯзи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон. Баъди Иди Истиқлолият барои миллати тоҷик рӯзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Иди Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин ҷашни миллӣ ҳисобида мешавад.


12

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

ВАРЗИШ

ШОДИХОНИ НАЗАР

“Аз Дилшод натиҷа интизорем”

Носир Бозор: Баъди муайян гардидани теъдоди варзишгароне, ки ба Олимпиадаи Рио-деЖанейро роҳхат гирифтанд, алоқамандони варзиши кишвар сари он ҳарф мезаданд, ки парчами Тоҷикистонро дар олимпиада кӣ мебардорад? Ниҳоят парчамбардори тоҷик дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио Дилшод Назаров таъин шуд. Ёдовар мешавем, ки дар Олимпиадаи Пекин-2008 низ парчами кишварро Дилшод Назаров бардошта буд. Парчамбардори тими олимпии мамлакат дар Олимпиадаи Лондон-2012 бошад, Мавзуна Чориева буд. То олимпиада рӯзҳои башумор мондааст. Дар ин маъракаи муҳими варзишӣ мутахассисони соҳа аз варзишгарони тоҷик натиҷаҳои назаррасро интизоранд. Оид ба тайёрии варзишгарони тоҷик ва дигар паҳлуҳои бозиҳои олимпӣ бо Носир Бозор, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат кардем. - То олимпиада рӯзҳои башумор мондааст, ҳамчун як мутахасиси соҳа аз Олимпиадаи Рио-2016 чӣ интизоред? - Орзуи ҳар варзишгар дар олимпиада ҷоизадор шудан аст. Тамоми мутахассисони соҳа умед бар он мебанданд, ки дар ин маъракаи муҳим давлату миллати худро муаррифӣ намоянд. Аммо ба қанд гуфтан даҳон ширин намешавад. Барои ин заҳматҳои шабонарӯзӣ мебояд. Мо низ қатори дигарон олимпиадаро бесаброна интизорем ва он варзишгароне, ки имрӯз роҳхати бозиҳои олимпиро соҳиб гардидаанд, бешубҳа муаррифгари варзиши тоҷик дар ин маъракаи муҳими варзишианд. Обрӯи варзиши тоҷик дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро бар дӯши онҳо вогузошта шудааст. Мо таманно мекунем, ки варзишгарони

мо бо сари баланд ба Ватан баргарданду он нияту интизориҳои моро ҷомаи амал пушонанд. Вале як чизро набояд фаромӯш кард, ки дар қатори ҳафт варзишгаре, ки аз Тоҷикистон роҳхат доранду мо онҳоро беҳтарин меҳисобем, ба монанди инҳо дигар давлатҳо 20-30 беҳтаринҳоро ба Рио мефиристанд. Мақсади ҳар яки онҳо ҳам ҷоизадор шудан аст. Ман дар ин олимпиада натиҷаи гурзандоз Дилшод Назаровро бесаброна интизорам, зеро ин варзишгар дар рейтинги ҷаҳонӣ мавқеи дуюмро ишғол мекунад. Шояд Дилшод бо натиҷае ба Ватан бар гардад, ки номаш дар таърихи варзиши тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шавад. - Аз Лондон то Рио дар варзиши ҷаҳон чӣ тағйирот шуд ва барои роҳхат гирифтани варзишгарони тоҷик чӣ бартарию камбудӣ ба бор овард? - Сол то сол талаботи варзишгарон барои иштирок дар олимпиада зиёд гашта истодааст. Ин сабаб мегардад, ки дар соҳаи варзиш, хоса намудҳои олимпӣ қонуну қоидаҳои нав ҷорӣ гардад. Тағйироти асосӣ дар он буд, ки аксар намудҳои варзишро мисли гӯштини ҷудо бо хол натиҷагирӣ мекунанд. Яъне варзишгарон барои роҳхат гирифтан давоми чор сол дар мусобиқаҳо иштирок намуда, хол ҷамъ мекунанд. Таэквандо ВТФ-ро ҳам ба қатори ҳамин намудҳои варзиш ворид намуданд. Барои таэквандочиёни мо имконияти бисёр хуб буд ва онро босамар истифода карда натавонистанд. Аз миёни ин намудҳои варзиш мусобиқаҳои гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ ба таври анъанавӣ мегузарад, ки бисёр мушкил аст. Варзишгарони ин намудҳо танҳо метавонанд барои роҳхат дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавӣ зинаҳои якум ва дуюмро ишғол намуда, соҳиби роҳхат гарданд. Барои ду ё панҷ ҷой дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавӣ тамоми варзишгарони сайёра талош мекунанд, ки ин барои варзишгарони мо мушкил аст. Агар ин намудҳоро ҳам ба таври холҷамъкунӣ гузаронанд, варзишгарон метавонанд давоми чор сол холҳои заруриро ба даст оранд ва соҳиби роҳхат гарданд. - Сухан сари гӯштини тарзи озод рафт, мо дар олимпиадаҳои охир аз ин намуди варзиш роҳхат доштем ва ҳатто дар олимпиадаи Пекин-2008 медали нуқраро вориди хазинаи варзишии кишвар намудем, кадом

омилҳо сабаб шуд, ки дар Рио-2016 натавонистем аз ин намуд роҳхат гирем? - Деҳқон наметавонад ҳар сол аз замин ҳосили дилхоҳ рӯёнад. Вобаста ба нигоҳубини он, вобаста ба боду ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ замин ҳосил медиҳад. Имсол барои тими мунтахаби гӯштини тарзи озод соли бебарор буд. Аз он варзишгароне, ки умед доштем, бо сабабҳои гуногун натавонистанд дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавӣ ширкат варзанд. Юсуф Абдусаломов карйераи варзишии худро ҷамъбаст намуд, Зелимхон Юсупов баъди мақоми дуюми бозиҳои Осиё бо ҷурми истифодаи допинг ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавиро аз даст дод, паҳлавони дигарамон Сомиршоҳ Воҳидов бо сабабҳои гуногун дар маҳкама аст. Варзишгарони дигари мо аз ин намуд то ҳади имкон барои роҳхат мубориза бурданд, аммо натиҷаи назаррас ба даст наоварданд. - Давоми чор сол, аз соли 2012 то 2016 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои омодашавии варзишгарон дар олимпиада чӣ корҳоро анҷом дод? - Дар тамоми ҷаҳон баъди олимпиада нақшаи чорсолаи варзишӣ барои олимпиадаи навбатӣ таъсис дода мешавад ва варзишгарон аз рӯи он тайёрӣ мебинанд. Баъди олимпиадаи Лондон-2012 Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ дар якҷоягӣ нақшаи чорсолаи баъдиро омода мекарданд. Мутаассифона, ин нақша барои варзишгарони тоҷик баъди ду сол тарҳрезӣ гардид. Ин ҳам бошад бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Соли 2015 аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои миллӣ ситоде ташкил карда шуд, ки тибқи он маблағҳое, ки барои омода намудани варзишгарони тоҷик ҷудо мешавад, самаранок истифода бурда шавад ва варзишгарон ба мусобиқаҳо сафарбар шаванд. Дар асоси ҳамин ситод пешниҳодҳое, ки аз ҷониби федератсияҳо ва сармураббиён барои иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавӣ пешниҳод гардид, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сад дар сад маблағгузорӣ гардид. Аз ҷониби Кумитаи миллии олимпӣ ҳам аз ҳисоби стипендияҳои варзишгарон дар мусобиқаҳо маблағгузорӣ карда шуд... - Ба андешаи Шумо, тӯли чор сол мутасаддиёни соҳаи варзиш барои ба олимпиада омода намудани варзишгарони тоҷик кадом корҳоро анҷом дода натавонистанд? - Бисёр саволи ба маврид. Имрӯз федератсияҳое, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунанд, онҳо бо ном ҳастанд. Ягона федератсия, ки имрӯз пурра вазифаҳои ба зиммагузоштаи худро иҷро мекунад Федератсияи футбол мебошад. Аксар федератсияҳо он шартномаеро, ки бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бастаанд, мутаассифона иҷро намекунанд. Варзишгарро дар сатҳи олимпиада омода намудан вазифаи асосии федератсияҳо аст. Федератсияҳое ҳастанд, ки идораи корӣ надоранд, он маблағҳое, ки аз ҷониби ин ё он ташкилот бояд гузаронида шавад нест. Федератсия ки утоқи корӣ надорад, суратҳисоб надорад, пас мо аз он чӣ талаб кунем? Новобаста ба ин мушкилиҳо, соли 2015 барои варзишгарони тоҷик соли хотирмон буд. Барои боз ҳам натиҷаҳои сатҳи ҷаҳонию олимпиро ба даст овардан

вақти он расидааст, ки мо баъди олимпиада нақшаи чорсоларо тарҳрезӣ намоем ва варзишгарон давоми чор сол пурра омода шаванд. - Аз нигоҳи Шумо варзишгарони тоҷик дар кадом риштаи варзиш имкони бештари ҷоизадор шудан дар олимпиадаҳоро доранд, то сари ин намудҳо зиёдтар кор карда шавад? - Мо намудҳои афзалиятнокро, ки дар оянда варзишгарони ҷавони мо имкони бештари ҷоизадор шуданро доранд, интихоб намудаем. Ба монанди гӯштини ҷудо, гӯштини тарзи озод, варзиши сабук, бокс. Инҳо риштаҳое мебошанд, ки аллакай варзишгарони тоҷикро дар сатҳи ҷаҳон мешиносанд. Бо ҳамин мақсад ба ин намудҳо барои роҳхат пайдо намуданашон ба 15 нафар як миллиону панҷсад сомонӣ ҷудо намудем. Мақсади ситоди ташкилнамудаи мо ҳам аз ҳамин иборат буд, ки диққати бештар ба ин риштаҳо дода шавад ва пешгӯиҳои мо ҳам рост баромад. Бинед, ки аз ин намудҳо варзишгарони мо тавонистанд, ки роҳхат ба даст оранд ва мо дар олимпиада ҳам аз онҳо натиҷа интизорем. - Шумо иштирокчии якчанд олимпиада будед, чӣ хотироте мондааст дар ёдатон? - Олимпиадае, ки дар хотири ман нақш бастааст ва ҳар лаҳза ба ёд орам бароям фараҳ мебахшад, Олимпиадаи Пекин-2008 аст. На танҳо барои ман, балки барои мардуми тоҷик фаромӯшнашуданист. Дар ин маъракаи муҳими варзишӣ мо ду медали бозиҳои олимпиро вориди Тоҷикистон намудем. Ҷудокори мо Расул Боқиев медали биринҷӣ ва Юсуф Абдусаломов аз гӯштини тарзи озод медали нуқраро ба гардан овехтанд, ки ин мояи ифтихор буд бароям. Бо ин натиҷа Тоҷикикистон миёни давлатҳои варзишашон пешрафта шинохта шуд. Дар олимпиадаи Лондон-2012 бошад, вақте Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик бо либосҳои миллӣ медали биринҷии Бозиҳои олимпиро ба гардан овехт, қатори мо тамоми мардуми Осиё, хусусан форсзабонҳо ашки шодӣ рехтанд. Ин ҳиссиётест, ки дар тӯли таҷрибаи варзишиам ба ман муяссар гардид. Ҳар вақте ки ба ёд меорам, ба худ мегӯям, варзишгари тоҷик тавоност ва ояндаи варзиши кишвар дурахшон аст. - Баъди ҷамъбасти Рио-2016 барои олимпиадаи навбатӣ чеҳраҳои навро интихоб намудаед, то давоми чор сол бо онҳо кор кунед? - Аллакай варзишгарон дар якчанд риштаҳо омода ҳастанд. Аз намуди ҷудо Фаррухи Салим, Хуршед Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён ва дигарон. Мо тибқи нақшае, ки баъди олимпиада тарҳрезӣ мешавад, кӯшиш мекунем, ки онҳоро давоми чор сол омода намоем. Барои ин моро зарур аст, ки мураббиёни хориҷиро дар мусобиқаҳоямон даъват намоем, мураббиёни худамонро ба хориҷ барои гузаронидани курсҳо равона созем, то тавонанд, ки барои варзишгар чизи даркориро бидиҳанд. Ба ин васила мо ҳам соҳиби мураббии ихтисосманд мешавем ҳам варзишгари касбӣ. - Ба дӯстдорони варзиши кишвар чӣ гуфтаниҳо доред? - Дар баробари варзишгарон, ки масъулияти зиёдро дар олимпиада бар зима доранд, мо ҳам шарик ҳастем. Мо низ қатори онҳо ин шубу рӯз заҳмат мекашем, то ки варзиши кишварро дар ин маъракаи муҳими варзишӣ муаррифӣ намоем. Умед дорем, ки варзишгарони бо ору номуси тоҷик хотири мухлисонашонро шод мекунанд.


Исломгароиҳое, ки даҳсолаҳои охир пайдо шудаанд, як муддат давлатҳоро гирифтори ҷанги бародаркуш карданд ва ба раванди ҷомеаи муосир таъсири манфӣ расонидаанд, ки то ба ҳол натиҷаи он бедодгариҳо боқӣ мондаст. Агар дар ҳар кишваре исломгароҳо сари қудрат оянд, вазъи он мамлакат дар як олами тира қарор мегирад. Бегумон, таъсири дингароӣ ба ҷомеа ҳолати давлатҳои арабиро пеши рӯ меоварад. Тафаккури исломгароҳо сад дар сад дигар буда, кулли мардуми сайёра дар тазйиқи ифротгароиҳо зиндагӣ кардан намехоҳанд. Чунки ифротиҳо на рукнҳои мусулмониро қабул доранду на мафкураи пешсафи олами дунявиро. Қадамҳои устувор дар роҳи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи аҳдофи ҷомеаи дунявӣ мебошад. Аз ин рӯ, мардуми тоҷик хотирро ҷамъ гирифта, худро соҳиби Ватани азиз дониста, ба умеди ояндаи боз ҳам ободи он муттасил заҳмат мекашанд. Дилсӯзона, ватандорона ва миллатдӯстона пеш мераванд. Аммо, мувофиқи фаҳмиши нодурусти гурӯҳҳои ифротии динӣ, бояд ҳамаи давлатҳои мусулмоннишин ишғол шуда, ҳамчун як «хилофат» ба халифаи ягонаи ифротгароён итоат кунад. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил, истиқлолияти давлатҳои мусулмонӣ ва сохтори давлати дунявиро эътироф накарда, мехоҳанд онҳоро дар таркиби «хилофат»-и худ маҳв созанд. Чунин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, низомнома ва варақаҳои таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ ва возеҳ ифода ёфтааст. Масалан, ҳаракати ифротии «Ҳизб-ут-таҳрир» солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи «бунёди хилофати ягонаи исломӣ»- ро таблиғу ташвиқ менамояд ва созмони ифротии «Давлати исломӣ» низ харитаи сиёсии «хилофати исломӣ»-и худро тартиб додааст. Дар баробари ин, Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ дар ин ҳошия ақидаҳои болоро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекард. ҲНИТ бо пешниҳоди мамолики ҳамҷавор мехост ҷараёни ифротгароии динӣ-мазҳабиро дар кишвар пиёда кунад. Илова бар ин, Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ҳамчун пайрави гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ҳисобида мешавад, низоми демократии давлатро барои мусулмонон нолозим ҳисобида, муқобили он мубориза мебурд. Ин фикр дар тамоми варақаҳои таблиғотии наҳзатиҳо расман баён ва ба таври ошкоро таблиғ мешуд. Айнан ҳамин ақидаро ҳам созмони ифротгарои «Давлати исломӣ» ва ҳам ҲНИТ барои аз байн бурдани давлатҳои дунявӣ ва демократӣ замимагузорӣ карда, аз мақсади нопоки худ хонда буданд. Ҳатто давлатҳоеро, ки аксари мардуми онҳо мусулмонанд, меъёрҳои исломӣ эътироф ва амалӣ мешаванд, давлатҳои мусулмонӣ намеҳисобиданд. Ифротиҳои динӣ фақат ҳамон шакли маҳдуд, хашину бераҳмона ва торики фаҳмиши исломро дар минтақа ҷорӣ намудан мехостанд. Рустам РАҲИМОВ

Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии мамлакат фарзандони нохалаф ва гумроҳоне пайдо шуданд, ки бо мақсади расидагӣ ба манфиатҳои шахсӣ манфиатҳои давлатиро дар канор гузошта, даст ба сарнагункунии сохтори конститутсионӣ заданд ва сармояи муфти хоҷагонашонро аз оромиву субот, тинҷиву амонӣ боло донистанд. Ин бесарусомониҳо ва аз худ гузаштанҳои он нохалафон буд, ки дар маҷмуъ соли 1992 дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Дар ин ҷанг бародар бо бародар ва духтар бо модар, падару писар бо ҳам ҷангида, дар саргаҳи нооромиҳо ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ қарор доштанд. Дар баробари ин агар ба ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ назар афканем, муайян мегардад, ки ибтидои ҷанг ба якчанд сабабҳо рабт мегирад ва хонандаи азиз аз он омилҳо бахубӣ огаҳӣ дорад. Дар умум ҷанги шаҳрвандӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат хисороти бисёр расонида, дар ин ҷанги бемаънӣ дар баробари дигар хисорот хисорот ба нерӯи зеҳнии мардум расонида шуд. Маҳз бо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ таъин ва баъдан ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили пиру барно умед ба ояндаи некро ҳувайдо намуд. Дар ин марҳила дар 8 давра музокирот ва машваратҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон оид ба ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон ва расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз соли 1994 то соли 1997 дар кишварҳои гуногун баргузор гардид. Боиси зикр аст, ки баҳри расидан ба тавофуқ ҷиҳати барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон 6 мулоқот ва музокироти бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гадид. Албатта, дар ин марҳила бо баробари талошҳои роҳбарияти Олии мамлакат дар кишвар буданд хоиноне, ки оромии вазъ дар кишвар ва танинандозии сулҳу Ваҳдатро намехостанд ва дар ин марҳила 6 маротиба ба ҷони Президенти мамлакат сӯиқасд анҷом доданд. Дар маҷмуъ, ният ва мақсадҳои нопоке, ки ин душманони миллат доштанд, бенатиҷа анҷом дода, ақли солим ва нияти солим ғалаба кард. Хушбахтона бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми шарифи Тоҷикистон бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистон танинандоз гардида, соли равон дар канори таҷлили санаи саодати миллат – 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-солагии Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Расидан ба Ваҳдати миллиро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқ унвон дода, аз ҷумла, чунин баён доштаанд: “Барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофа-

ти хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад”. Боиси фараҳ ва ифтихор аст, ки маҳз хизматҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки орзуи деринаи мардуми кишвар, ки сулҳи деринтизор буд, ҷомаи амал пӯшид. Шоистаи таъкид аст, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ва эҳтиром ба заҳматҳои беандозаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” қабул гардида, мувофиқи он Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошад. Мо - ҷавонони замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб шукргузорӣ аз он менамоем, ки ҳамарӯза аз баракоти роҳнамоӣ ва ғамхориҳои Пешвои арзандаи халқу миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор гардида, дастуру ҳидоятҳои падаронаашонро дар амри ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва мустаҳкамии сулҳу Ваҳдати миллӣ сармашқи кори худ қарор медиҳем. Ин аст, ки мо - ҷавонони саодатманд имрӯзҳо дар канори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои таҳкими ҳамешагии сулҳу суботи ҷомеа, ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзида, барои расидан ба дастовардҳои бештар талош хоҳем варзид. Мамнур НУРЗОДА

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”

Ҷашни Истиқлолу Ваҳдат зинда бод

Ақоиди ботили ифротиҳои динӣ

Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ аз шумули ҷашнвораҳое маҳсуб меёбанд, ки бо талошҳои зиёд ба даст омада, барои дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол қомат рост кардани Тоҷикистони биҳиштосо заминаи мусоид фароҳам оварданд ва хушбахтона имрӯз кишвари маҳбуби мо дар баробари дигар кишварҳои рӯ ба инкишоф дар ақсои олам ҳамчун навҷавони 25-сола қадамҳои устувор ниҳода истодааст.


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”

Муҳаббат

УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ

Чанд вақт пеш, дар як рӯзи сард, дар роҳ чашмам ба ҳамёне афтод. Аз замин бардоштамаш. Дар дарунаш ягон ҳуҷҷат набуд. Се доллар дошту як нома. Аз ранги мактуб маълум буд, ки онро чандин сол дар як рӯз чанд маротиба кушода мехондаанд. Мактубро кушода дидам, ки он соли 1954 навишта шудааст, тақрибан 60 сол қабл. Бодиққат онро хондам, бо умеде, ки дар бораи соҳибаш ягон чиз ёбам. “Майкли азиз! Модарам бо ту вохурданамро манъ кард. Маро бубахш ва дониста бош, ки ман туро ҳамеша дӯст медоштам ва дӯст хоҳам дошт. Аннаи ту”.

Ин ба ман бисёр таъсир кард. Тасмим гирифтам, ки бо ҳар қимате суроғаи соҳиби ҳамёнро ёбам ва онро баргардонам. Аммо чӣ тавр? Ба ғайр аз номаш дигар ягон маълумот нест? Ба оператори стансияи телефон муроҷиат кардам. Шояд аз рӯи нишонии мактуб ягон рақами телефон ёбем? “Хонум, ман ба шумо як хоҳиши ғайриодӣ дорам. Ҳамён ёфтам, акнун соҳибашро ҷустуҷӯ мекунам. Шояд шумо ба ман рақами телефони нишонии мактубро медиҳед? Духтар аввал нахост ба ман кӯмак расонад. Аммо вақте ки ман дар бораи нома ба ӯ нақл кардам, пешниҳод кард, ки худаш бо муштарӣ суҳбат мекунад ва агар розӣ шавад, ӯро бо ман пайваст мекунад. Ман як дақиқа интизор шудам. Ана, ниҳоят ман садои занонаро шунидам ва пурсидам, ки оё бо Анна шинос аст? - Бале, - ҷавоб дод зан. – 30 сол пеш мо ин хонаро аз модари ӯ харидем. Чанд сол мешавад, ки модари Анна дар хонаи пиронсолон зиндагӣ мекунад. Ман рақами телефон ва нишониро ба шумо медиҳам, шояд он ҷо ба шумо ёрӣ расонанд? Ман миннатдорӣ карда, зуд ба хонаи пиронсолон занг задам. Фаҳмидам, ки мутаассифона модари Анна вафот кардааст, вале худи Анна зинда буда, дар дигар хонаи пиронсолон иқомат дорад. Вақте ки ман ба он ҷо занг задам ва фаҳмондам, ки барои чӣ ба ман Анна даркор аст, ҷавоб доданд, ки бевақт шудааст, мумкин ӯ маро қабул накунад. Аммо ман ҳис кардам, ки ба кушодани муаммои нома наздик омадаам ва аз пайи кор шудам. Ман дар ҷои лозимиам. Ҳамроҳи директор ба ошёнаи сеюм баромадем ва вориди утоқи истироҳат шудем. Ахиран Аннаро дидам: кампири базеб бо табассуми гарм ва чашмони мешии зебо. Ба ӯ қиссаро гуфтам ва номаро нишон додам. Вақте Анна номаро дид, нигоҳашро гардонд, чуқур нафас кашид ва гуфт: “Ман ӯро хеле дӯст доштам. Номаш Майкл Голдстайн. Ман 16 сол доштам ва модарам чунин меҳисобид, ки ман хеле хурдам. Майкл як ҷавони зебо буд мисли Шон Коннери ҳунарманд”. Боз ҳам нафаси чуқур кашид, ашки чашмонашро пок кард ва овозаш базӯр шунида шуд: “Агар ӯро ёбед, расонед, ки Анна ҳоло ҳам дӯсташ медорад ва то ҳозир шавҳар накардааст. Ҳеҷ кас ҷои ӯро нагирифтааст”. Ман хайрухуш карда, ба ошёнаи якум фаромадам. Дарбони навбатдор пурсид, ки оё Аннаро аёдат намуданам кӯмак расонд? Гуфтам, акнун насаби соҳиби ҳамёнро медонам. Як рӯзамро дар ҷустуҷӯ гузарондам, кофтукобро ҳамин ки бекор шудам, идома медиҳам. Инро гуфта, аз ҷайбам ҳамёни чармини рангаш зардро берун кашидам.

Ҳамин вақт дарбон нидо дардод: “Ман соҳиби ҳамёнро мешиносам! Ҷаноби Голдстайн! Ӯ дар бинои ҳамсоя иқомат мекунад ва ҳар вақте ки ҳавохӯрӣ барояд, ҳамёнашро гум мекунад. Шояд ин сеюм маротиба аст”. Инро шунида, давида назди директор рафтам. Ҳамроҳ ба бинои ҳамсоя рафтем ва аз хоҳари шафқат пурсидем, ки Майкл Голдстайн ҳоло дар куҷост. Ӯ моро ба ҳуҷрае роҳнамоӣ кард, ки марди солманде дар роҳаткурсӣ нишаста, китоб мехонд. Директор пурсид, ки оё ҳамёнашро гум накардааст? Ҷаноб аз ҷой бархоста, ҷайбҳояшро дид ва ду дасти таслим бардошт: “Шумо ҳаққед, нест”. Директор гуфт: “Мана, ин марди савобҷӯ ҳамёнатонро ёфта овардааст”. Мӯйсафед ба ман муроҷиат кард: “Ман чӣ тавр шуморо қадрдонӣ кунам, ҷавони зебо? Кадом мукофот шуморо қонеъ мекунад?” “Ба ман ҳеҷ чиз даркор нест. Аммо бояд ба шумо як чизро гӯям. Ман мутаассифам, аз он ки маҷбур шудам номаро хонам. Охир коре карда бояд соҳиби ҳамёнро меёфтам”. Табассум аз лабони мард гум шуд. “Ту номаро хондӣ?” “На танҳо хондам, акнун дар куҷо будани Аннаро низ медонам”. Ӯ ларзиду рангаш парид. “Анна? Шумо медонед, ки ӯ дар куҷост? Ӯ хуб аст? Илтимос, ба ман гӯед, бисёр мехоҳам ӯро бинам!” Марди солхурда дасти маро гирифту гуфт, “вақте ман ин номаро гирифтам, зиндагӣ бароям тамом шуд. Дигар ягон вақт бо касе хонадор нашудам. Фақат Аннаамро дӯст доштам. Хоҳиш, маро назди ӯ баред!” Мо рафтем. Анна ҳоло ҳам дар утоқи истироҳат нишаста буд, охир ба омадани мо як соат нашудааст. “Анна, - муллоим гуфт директор, - шумо ин касро мешиносед?” Майкл ва ман дар назди дар хомӯш меистодем. Ӯ лаҳзае нигоҳ кард, аммо чизе нагуфт. “Анна, ин кас Майкл. Майкл Голдстайн. Ӯро ёд доред?” “Майкл? Майкл ин туӣ!” Марди пир ашкашро пинҳон накард, дастонашро дароз карда, оҳиста ҷониби ӯ рафт. Онҳо якдигарро сахт ба оғӯш гирифтанд. Мо онҳоро танҳо гузошта, ба даҳлез баромадем. “Бале, роҳҳои мармузи Худованд!”, гуфтам файласуфона. Директор ҷавоб дод: “Агар ин рӯй доданӣ бошад, ҳатман рӯй медиҳад. Муҳим нест кай, аммо медиҳад!” Се ҳафта гузашт ва ман ба тӯй даъватнома гирифтам. Арӯсии қобили таваҷҷуҳ ва шигифтангез барои сокинони хонаи пиронсолон ба ҷашн табдил ёфт. Майкл бо костюми сиёҳу кабуд назар мерабуд, Анна дар куртаи қаҳваранг бисёр зебо шуда буд. ТАҲИЯ

Абдулвоҳид ОЕВ

Аз дафтари «Сурури ҷавонӣ» Ба ҳар як сардии дил гармие ҳаст, Зи ҳар рӯсурхие рӯзардие ҳаст. Миёни имтиҳони зиндагонӣ Бидон, ки зорию ҳам зӯрие ҳаст. Касе бе дарду ранҷу доғ набвад, Ҷудо аз хор нахли боғ набвад. Ба сӯи булбул андар чаҳ-чаҳ астӣ, Ҷавораш бе калоғу зоғ набвад. Ба ёдат мерасад шӯри ҷавонӣ? Зи оташпорае нури ҷавонӣ?! Агар хокистаре гардию гарде, Дареғ аз қуввату зӯри ҷавонӣ! Бикӯш умре, ки ёбӣ қадру қиммат, Ҷавонмардӣ намову лутфу ҳиммат! Зи умри худ биёбӣ нек ҳосил, Бихонандат накӯ фарзанди миллат! Сияҳкор оқибат дар зери чоҳ аст, Палиду зишту сарду рӯсиёҳ аст! Замин ӯро панаҳ месозад, аммо, Ҷаҳон аз кардааш пурдарду оҳ аст! Магардон рӯ зи ёрони вафодор, Ғубору дарду доғи кина бигзор! Бихоҳӣ, равнақи кору ҳаётат, Ҳазар бинмо зи чапдастони айёр! Бадон ғайр аз бадӣ коре надоранд, Ба хайли фосидон дар як қаторанд. Агарчи муфтхору нобакоранд, Барои зистан ҳангома доранд. Чаман бо ҳар гули худ ранг дорад, Табар гар нам бигирад, занг дорад. Ба пастӣ мешитобад рӯди кӯҳӣ, Бубин, мавҷаш ба мавҷе ҷанг дорад.

Соли 1992 Як ҷаҳолат шуд, ки дар аҳди ҷаҳолат ин набуд, Як разолат шуд, ки дар айни разолат ин набуд. Мегазид ангушти ҳайрат ҳар хирадманди замон, Як қиёмат шуд, ки дар рӯзи қиёмат ин набуд. Мегузашт аз баҳри модар ҳар ҷигарбанди азиз, Як фаросат шуд, ки дар аҳди фаросат ин набуд. Дар даҳону дар забону дар сару риш, дар бадан Як ҳақорат шуд, ки дар кони ҳақорат ин набуд. Қасрҳои ғарқи хун аз хишти сар эҳё шуданд, Як иморат шуд, ки дар кулли иморат ин набуд. Одаму одамгарӣ дар лаҳзае рафт аз миён, Як башорат шуд,ки дар фасли башорат ин набуд. Ҷои салла калла оварданд аз пиру ҷавон, Як ишорат шуд, ки дар зеҳни ишорат ин набуд. Дар дили ин сарзамин, дар қалби марди некбин, Як ҷароҳат шуд, ки дар қаъри ҷароҳат ин набуд. Ҳар касе бо номи ҳақ тиру камон дар шона дошт, Як сиёсат шуд, ки дар илми сиёсат ин набуд. Аз Худову аз Муҳаммад гашт мункир иддае, Як шариат шуд, ки дар илми шариат ин набуд. Маърифатро дасти таҳқир оқибат аз ёд ронд, Як ҳақиқат шуд, ки дар мағзи ҳақиқат ин набуд. Рашиди ҚОДИРИЁН, ноҳияи Шамсиддин ШОҲИН

Ёди падар Дар хоб дидам рӯи ту, Пурпечутоб абрӯи ту. Гуфтам, барор аз хок сар, Чун гул, ки бӯям бӯи ту. Дар ҳасрати рӯят падар, Чок аст, чок аз ғам ҷигар. Афсӯс, аз ҷо хеста, Пешам намеоӣ дигар. Аз сон кафан кардӣ ба бар, Дар хок мондӣ зуд сар. Чун гул, гули садбаргу ёс, Умрат кӯтоҳ, эй ҷон, падар. Рафтӣ зи дунё, вои ту, Беморам аз ғамҳои ту. Дар ҳалқаи фарзандҳот Холист акнун ҷои ту.

Дилрабо ХОҶАЕВА, табиби МСШ №1


Додари падар Номи занона, «сафедрўй»

Калта Ифтихор-

Њашароти зараррасон

"Комде ва ... "-и Бедил

Ќањрамони бадафти асари Гюго

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

нома (рус.) Калима

Лутфулло ..., актёри тољик

Хайрхоњ

Рангњояшон гуногун

Наќша, лоиња

... Назрї, шоири тољик

Минтаќаи шимоли Замин

Дењотї, шоири даврони шўравї

Тамѓаи автомобили Корея

Азоб, машаќќат

Муќобили лалмї

Њаќиќатгў

Амонї, осоиш

Падар (лањљавї)

Робен ... Асбоби ченкунии фишори атмосферї

Теппаю тал

Зинатдињандаи љањон

Модар (лањља)

Носозгорї, низоъ

Теппа, баландї

Футболбози машњури бразилиягї

… Неъматов, овозхони «Гулшан»

Маркази вил. Хоразм (Ўзб.)

Мурваттоби чароѓакдор

Номи мардона

Љаноби эронї

Маќомот (русї)

Ранги ялаќќосии пойафзол

Газе, ки дар таркиби њаво мављуд аст

Бемории илтињоби гўш

Ѓорат, яѓмо

Шарм, изо

Хоби зимистонаи њайвонот

Унвони њокими шањр дар Аврупо

Халќи оддї Христианї, насронї

Зиндагї

Дарёи муќаддаси Њинд

«Аз ... касе ба љое нарасад»

Шумораи ёрони пайѓамбар

... Пулодї, овозхон ва оњангсоз

Лаќаби арманњо ва зоти тўтї

Яке аз чор ёрон

Иёлот дар ИМА

Ифлосї

Санљиши хаттї дар мактаб

«…и кўдакон», маљалла

Карамшурбои русї

Ноњияи баландкўњ дар в.Суѓд

Таоми миллии тољикї

Каси ба кори худ моњир

Љонишини ишоратї

Ќисми телевизор

Хонавода

Ширкати «… Мобайл»

СНГ (тољ.)

Вабои Ислоњот асри 20

…атулќадр

Лаљом, љилав

"... агар аз ќибла хезад, сахт борон мешавад"

Футбол (англ.), футпой, бол-?

Воридшавї

Њаммаънои "санам" Намуди варзиши хитої

Дин

Падар (лањљ.)

Ашёи хом барои осорхонаи мадам Тюссо

Паррандаи рамзи сулњ

САНҶИШИ ДОНИШ

Нависанда Садриддин ...

Сканворд

... Ѓафурї, овозхон

Дилбохта

Лоињакаш

Духтари Кароматуллои Ќурбон

Матоъ аз пахта

Дарё дар сарњади Русия ва Хитой

Иљрокунї Унвони роњбарони рўњонї дар Эрон

Њайвон бодпои кўњї

Зўр, баќувват

Мўњтарам, арљманд

Безобита, бетоќат

Нишонгирї

15

Вобаста, рољеъ

Моњи солшумории шамсї

Амир Хусрави ..., шоир


16

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №29 (9455), 21.07.2016

Бовар

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Лутфи ҷавонӣ

 АНДАРЗ Дар як ширкати электрикии Детройт механики ҷавон бо 11 доллар дар ҳафта кор мекард. Ӯ 10 соат дар ширкат заҳмат мекашид, баъдан то ними шаб дар саройи хонааш намуди нави двигател месохт. Падараш мегуфт вақтатро беҳуда мегузаронӣ, ҳамсояҳо девонааш мехонданд, ҳич кас бовар намекард, ки аз дасти ҷавон коре меомада бошад. Ҳич кас ба ғайр аз ҳамсараш. Занаш ба корҳои шабонааш кӯмак мекард, соатҳо болои сараш лампаи керосиниро медошт. Дастонаш шах мешуданд, аз хунукӣ манаҳаш меларзид, доим бемори сармозадагӣ буд, аммо ба шавҳараш бовар дошт. Баъд аз солҳо аз сарой овоз баромад. Ҳамсояҳо диданд, ки чи хел дар роҳ бе асп, девона бо занаш савори ароба мегарданд. Номи ин ҷавон Генри Форд аст. Вақти суҳбат бо журналистон хабарнигори ҷавоне пурсид, “дар ҳаёти дигар Форд чӣ гуна мебуд?” Олим ҷавоб дод: “Ҳар касе метавонистам бошам. Фақат ҳамсари меҳрубонам ҳамроҳам мебуд”. Таҳияи У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”

Зан, вақте шавҳараш дар кор буд, бо дӯстдоштааш ба хона медароянд. Писари нуҳсолааш ба ҳуҷра медарояд ва мебинад, ки онҳо ишқбозӣ доранд, дар шкаф пинҳон мешаваду аз он ҷо наззора мекунад. Ногоҳ мард ворид мешавад. Зан дӯстдоштаашро дар шкаф пинҳон мекунад. Писар: - Ин ҷо торик аст. - Бале. - Ман тӯби футбол дорам. - Бисёр хуб. - Намехарӣ? - Не, ташаккур. - Падарам дар берун аст. - Чанд? - 250 доллар. Баъди ҳафтае писарак ва он мард боз дар ҷевон вомехӯранд. Писар: - Ин ҷо торик аст. - Бале. - Ман кросовки дорам. Мард дафъаи гузаштаро ба ёд оварда, пурсид: - Чанд? - 750 доллар. - Хуб. Баъд аз чанд рӯз падар ба писараш: - Рафтем, футбол бозӣ кунем. - Наметавонам. Тӯб ва кросовкиамро фурӯхтам. - Ба чанд пул? - 1000 доллар. - Ин даҳшат аст, ту чӣ тавр тавонистӣ ин қадар пул бигирӣ? Гуноҳ аст гуфта, падар писарро ба серков мебарад. Писар ба хонаи ибодат даромада, дарро мепӯшад ва мегӯяд: - Ин ҷо торик аст. Руҳонӣ: - Фақат боз аз ҳамин оғоз накун.

Қарз

Хирадманде ҳар рӯз шаш нон мехарид. Марде инро дида, ҳайрон шуд ва пурсид: - Сабаб чист, ки ҳар рӯз шашто нон мехаред, на кам, на беш? Он мард дар ҷавоб гуфт: - Сабаб ин ки аз он шаш нон дуяшро нафақа мекунам, бо дуи дигараш қарзамро адо мекунам дутои охирашро қарз медиҳам. Он мард гуфт: - Ман чизе нафаҳмидам. Хирадманд афзуд: - Ду нони аввалро бо ҳамсарам, ки нафақаи вай ба гардани ман аст, истеъмол мекунам. Ду нонро ба падару модарам медиҳам, ки назди онҳо қарздорам, зеро ки дар вақташ маро хӯрондаанд. Дуи охирро ба фарзандонам қарз медиҳам, онҳоро имрӯз мехӯронам, то дар пириам маро хӯронанд. Яъне қарзашонро адо кунанд. Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд. Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ. 3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фиристанд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

- Азизам, ту дар куҷоӣ? - Дар истгоҳ, автобусро интизорам. - Зудтар бош! - Хуб шудаст, ман камтар зудтар интизор мешавам.

***

Афандӣ 80-сола мешава, аммо риш надора. Мепурсанд: - Чаро риш надорӣ? Афандӣ: - Ман ба очам рафтаам.

Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14

АНКЕТА

***

Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _____ _______________________________________________________

Аз ёддошти Афандӣ: Дар кӯчаҳои Амрико нос туф кардам. Олимон то ҳол тадқиқот бурда истодаанд, ки саргини кадом паранда бошад...

Барои чӣ беҳтарин аст?___________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________

 ЭЪЛОН ЭЪТИБОР НАДОРАД Аттестати гумшудаи дарҷаи А №132373, ки мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав соли 1993 ба Аҳмадҷовид Джумахон додааст, эътибор надорад.

Ному насаби пуркунанда _________________________________

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд.

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6539 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.