Ҷавонони Тоҷикистон, №02 (9480), 2017

Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№02 (9480), 12 январи соли 2017/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ПУРСИШИ “ҶТ”

 ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Соли ҷавонон чӣ гуна бошад?

Асрори комёбӣ дӯст доштани Ватан ва ҳунар аст

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

 ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН

14 варзишгар сазовори Ҷоизаи Президент гардиданд  ТОҶИКИСТОН - БИҲИШТИ КАШФНОШУДА

БОҒИ РӮДАКӢ


2

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти Прокуратура ва Қушунҳои сарҳадӣ 5 январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт. Тағирот дар мақомоти Прокуратура ва Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифт. Прокуророни як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва дорои савияи баланди тахассусӣ таъин гардиданд. Сардорони Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз ҳисоби афсарони дорои таҷрибаву малакаи хуби роҳбарӣ ва хатмкардагони муассисаҳои олии таҳсилоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

√ СЕМИНАР

Соли 2016 703 нафар ноболиғ ба оворагардию талбандагӣ машғул шудаанд

9 январ бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон барои солҳои 20162018, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳия таҳти унвони “Пешгирии наврасону ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ, хатари шомилшавии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ҷалби онҳо ба муҳорибаҳои ҷангӣ дар хориҷи кишвар, оворагардӣ ва ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ” семинар-машварати корӣ баргузор гардид. Дар он раисони Шӯроҳои маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, наврасону ҷавонон ширкат доштанд. Мавҷуда Табарова, муовини раиси ноҳияи И. Сомонӣ аз ироаи Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дастгирии ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат ёдовар шуда, иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муҳими мусоидаткунанда ба рушди ҷомеа рӯйдоди сарнавиштсоз ба шумор рафта, дар назди тамоми қишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталабро мегузорад. Иҷрои саривақтии нуктаҳои он рушди устувори кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд. Дар он масъалаҳои бисёр муҳим ва рӯзмарраи соҳаҳои иқтисодиюиҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, энергетика ва сиёсати ҷавонон ба миён гузошта шудаанд, ки беҳуда нест. Тавре дар Паём зикр гардидааст, тарбияи ҷавонони кишвар дар рӯҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихор аз Ватан, худшиносию худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯстию масъулиятшиносӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии онҳо, истифодаи пурсамари иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо саривақтӣ буда, масъалаҳои муҳимтарини кишвар ҳисобида мешаванд. Камолзода Гулбаҳор, намояндаи Прократураи ноҳия вобаста ба шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба муҳорибаҳои кишварҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон маърӯза кард. “Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Чунончи, аз соли 2012 то 1 марти соли 2016 иштироки 1109 нафар шаҳрванди кишвар дар муқовимати мусаллаҳона дар сафи созмонҳои террористӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо, инчунин дар ҷалбкунӣ ба ин созмонҳо ошкор гардида, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор гирифтаанд. То ин дам зиёда аз 150 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷангҳо ба ҳалокат расидаанд. Тахминан 85 дарсади тоҷикистониёни дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи мамлакатҳои хориҷӣ иштироккунанда собиқ муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки аз ҳудуди Русия ба ин давлатҳо рафтаанд. Зеро муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи синну сол ҷавон буда, оид ба арзишҳои умумибашарии дини мубини Ислом маълумоти кофӣ надоранд ва маҳз ҳамин ҳолат боиси фирефта шудану ба доми созмонҳои террористӣ афтодани онҳо шудааст. Дигар ин ки дар радифи сабабҳои дохилӣ, ҳамзамон омилҳои

берунӣ низ бетаъсир нестанд, мисли намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет. Омилҳои дигари шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияҳои ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳровандон, аз ҷумла наврасону ҷавонон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, орому ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем”. Баҳрулло Саидов, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии миёни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба даст задани ноболиғону ҷавонон ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва оворагардиву талбандагӣ сухан карда, бо нигаронӣ иброз дошт: “Соли 2016 дар ҳудуди ноҳия 21 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 18 ҳолат дуздӣ, 3 ҳолат авбошӣ мебошад. Омилҳои содир шудани ҷиноят аз тарафи ноболиғон назорати сусти падару модар аз болои фарзандон, дар тарбияи бибӣ, холаву амма мондани худи ноболиғон ва аз мактаб дур мондани онҳо мебошад. Соли 2016 аз тарафи кормандони ШВКД ва дигар мақомоти дахлдор 72 амалиёт гузаронида шуд, ки дар натиҷа 899 нафар ноболиғону ҷавонон дастгир карда шуданд. Аз ин шумора 196 нафараш ҷавон ва 703 нафарашро ноболиғон ташкил медиҳанд. Ноболиғон ба дуд додани испанд, оворагардӣ, савдои кӯчагӣ, кондукторӣ, мошиншӯи, талбандагӣ машғул буда, дар марказҳои дилхушӣ дар вақти дарс ва 104 нафараш барои дигар кирдорҳои ношоям дастгир шуданд. Б. Саидов афзуд, ки соли гузашта баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбат ба 999 нафар падару модарон протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки 486 нафари он ба маблағи 58360 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

√ ХОСИЯТҲОИ

ЯК ҶАВОН

Бахшида тавонистан

Чаро ҷавонон ин хислатро бояд доро бошанд? Ғазаб тоҷ нест ва аз сар рафтани он шикасти давлат намебошад!

(Сайф Раҳимзоди Афардӣ)

Як хислате, ки имрӯз дар ҷавонон бештар ба мушоҳида мерасад, зуд дар ғазаб шудан аст. Камтарин гапи хилоф онҳоро ба шӯр оварда, ба моҷаро мекашад. Ба ибораи дигар хеле “сабук”-анд. Дар ғазаб шудани инсонҳо омилҳои зиёд дорад. Яке аз онҳо ин аст, ки хостаҳои мо амалӣ намешаванд. Баъзан нисбат ба ягон нафар дар ғазаб мешавем, барои он ки кадом амали мехостаи моро ба ҷо наовардааст ва ё барои амалӣ шуданаш монеъ шудааст. Мисол, ҳамроҳи дӯстамон бояд ба меҳмонӣ равем. Ба ӯ мегӯем, фалон соат омода шавад, ба роҳ мебароем. Вале соати таъиншуда кайҳо расидааст, ӯ бошад. ҳоло ҳам омода нест. Ё ин ки таъҷилӣ ба ҷое равонем, вале нақлиёт дар роҳ ниҳоят суст ҳаракат дорад. Инчунин, ҳамкор ё зердастамон дар коргоҳ вазифаи бар дӯшашбударо иҷро накардааст... Фарзандамон дарсгурезӣ кардааст, аз ин боис муаллимааш ба мо шикоят мекунад... Ба инҳо монанд ҳолатҳои зиёде ҳастанд, ки дар гирду атрофи мо сар мезананд ва моро дар ғазаб меоранд. Албатта, дар ин хел ҳолатҳо мо аз муҷримон домангир мешавем ва онҳоро айбдор меҳисобем. Боз ҳолатҳое ҳастанд, ки мо худро айбдор медонем. Масалан, донишҷӯёне, ки дуруст дарс намехонанд ё ба дарсҳо хуб омода нашуда, дар натиҷа аз имтиҳон баҳои қаноатбахш намегиранд, худашонро маломат мекунанд. Инсонҳои фарбеҳ барои он ки зиёд истеъмол мекунанд, худашонро айбдор меҳисобанд. Ронандае, ки нақлиётро идора карда натавониста, ба садама дучор шудааст, худро гунаҳкор медонад. Дар поёни ҳамаи ин ҳолатҳо инсон аввал дар ғазаб, пасон ғамгин мешавад. Аммо не ғусса хурданҳоямон, не дар ғазаб шуданҳоямон наметавонад натиҷаро тағйир диҳад. Мушкили асосӣ ин аст, ки мо ба нафаре ё ба худ ғазаб карда, хислати ҳамидаи “бахшидан”ро аз ёд мебарорем. Агар “муҷрим” амале барои бахшидан накарда бошад, қобили бахшиш ва марҳаматаш намедонем. Ё худи мо агар коре накарда бошем, ки кирои бахшишамон бошад, худро на ин ки намебахшем, балки пайваста мазаммат мекунем. Танҳо он айб (хоҳ аз мо бошад, хоҳ аз кадом наздики мо) бо гузашти вақт куҳна мешавад. Вале ҳамин ки кадом ҳолат ё ҳаракате онро ба ёдамон овард, ҳамон ҳиссиёти манфӣ боз ба мо бармегардад. Дар робита аз чандин нафар пурсон шудам: “Онеро, ки шуморо дар ғазаб кардааст, бахшида метавонед?” Ҷавобҳои зиёде шунидам, ки чунин метавон хулосаашон кард: а) Ҳаргиз бахшида наметавонам; б) Айбашонро зуд фаромӯш мекунам; в) Як хубиаш бас аст, ки айбҳояшро фаромӯш кунем; г) Вобаста ба масъала аст: баъзе масъалаҳое ҳаст, ки бахшида наметавонед; д) Вобаста ба инсон аст: баъзеро бахшида метавонам, баъзеро не. Зимнан, сарчашмаи нерӯи манфии мо инсонҳоеанд, ки замоне айбдорашон карда будем ва то ҳол набахшидемашон. Яъне, то имрӯз агар мо нисбат ба нафаре дар қаҳру ғазаб шуда ва ҳоло ҳам ӯро набахшидаем, пайваста ин борро бар дӯшу қалбу рӯҳу майнаи худ мекашем. Ҳикояти кӯтоҳе ҳаст: Ду роҳиб дар соҳили дарё зани нимбараҳнаеро мебинанд. Дар ҳоле ки роҳибон чашм аз ӯ мепӯшанд, зан аз онҳо кӯмак мепурсад. “Ман шиноварӣ балад нестам, чи шавад, ки маро ба он тарафи дарё гузаронед?” - имдодҷӯёна мепурсад зан. Яке аз он ду роҳиб чашмонашро пӯшида, занро бағал гирифта, дарёро мегузарад. Сипас, занро гузошта ба роҳашон идома медиҳанд. Ба маконашон мерасанд. Ҳамроҳаш ба маломати роҳибе, ки занро бардошта буд, шуруъ мекунад: “Ин ба кадом китоб рост омадааст, ки роҳиб зани нимбараҳнаеро бағал кунад?” Роҳиб ҷавоб медиҳад: “Ман он занро дар канори дарё гузошта омадам, ту бошӣ ҳоло ҳам дар хусусаш фикр дорӣ?!” Чанде пеш, вақте дар хусуси “бахшидан” фикр мекардам, ба сарам ин андеша омад, то рӯйхати нафаронеро тартиб диҳам, ки замоне нисбаташон дар қаҳру ғазаб шуда будам. Теъдодашон кам набуд. Дар бораи ҳар кадомашон як-як фикр кардам. Кӯшиш намудам, ки бубахшам онҳоро. Инчунин, ба ҳолатҳое, ки замоне ғазабамро оварда буданд, кӯшиш кардам аз зовияи дигар нигоҳ кунам, дар хусуси паҳлуҳои мусбаташон фикр намоям. Ҳамин тавр, ман ҳам онҳоро ва ҳам худамро аз зери бори гароне раҳо кардам. Месазад, дар ин бора фикр кард ва онҳоеро, ки аз кӯдакӣ то ҳол нисбаташон дар ғазаб шуда будем, бахшем. Дар онҳо ҷанбаҳои мусбатро суроғ кунем... Ба ин тарз метавон бори вазнинеро аз худ дур кард. ...Дар ғазаб шудани мо ба он ҳам вобаста аст, ки ҳаётро чи гуна мебинем. Оё он дар назарамон анбори бало менамояд ё анбори хушбахтиҳо. Чиро дидани мо не, чӣ гуна диданамон тамоми маънои ҳаётро дигар мекунад. Пас, биёед, тарзи нигоҳамонро ба атроф дигар намоем. Бо таманнои бахшоиш аз ҳамаи онҳое, ки қалби азизашонро замоне шикаста будем. Башир УСМОН, “ҶТ”


92 донишҷӯ ба муассисаҳои таълими динии хориҷ баргаштаанд 3493 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамуданд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то имрӯз 3210 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуда, мутаассифона, аз ин теъдод 92 нафарашон дубора бо роҳҳои гуногун ба ҷойи таҳсили пешинаашон баргаштаанд. Соли сипаришуда Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 10 рейди муштарак гузарониданд, ки дар натиҷа 41 мағоза ва дӯконҳои фурӯши адабиёти динӣ ва дигар маводи таъиноти динидошта мавриди санҷиш қарор гирифта, 388 китоб ва 2157 фитаи дорои мазмуну муҳтавои динӣ мусодира шуд.

ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА

ИСМАТУЛЛО ХОЛОВ,

муовини директори МД “Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ”-и Вазорати фарҳанг:

“ҶТ”

Соли ҷавонон чӣ гуна бошад? - Ман ҳамчун собиқадори кор бо ҷавонон аз эълон шудани соли 2017 Соли ҷавонон хушбин буда, пеш аз ҳама тамоми ҷавонони кишварро табрик менамоям. Дар ҳақиқат мо бояд ҷавононро ҳаматарафа дастгириву шуҷоатманд бигардонем. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр хуб гуфтанд, ки имрӯз талаботи ҷаҳони муосир тамоман дигару пешрафта шудааст. Он нафароне,ки дар даврони шӯравӣ хонда, ба камол расида ва имрӯз синну солашон ҳам ба ҷое расидааст, наметавонанд дар баробари ҳаракати механизми технологии инноватсионӣ, ки аксарият бо забони англисиву дигар забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст, фаъолият баранд. Банда ба хориҷи кишвар бо сафарҳои ҳунарию корӣ зиёд меравам, кору фаъолияти ҷавонони он мамлакатҳоро мебинам. Ҷавонони тоҷик аз онҳо дида боғайраттару донову зираканд. Фақат бояд мо-падару модарон тарбиятро дуруст ба роҳ монем.

- Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 бисёр иқдоми хуб аст. Барои он ки ин сол такони ҷиддӣ барои рушди ҷавонон диҳад, бояд аз сухан ба амал гузашт. Нерӯи ҷавонон дар тамоми самтҳои иқтисодиёти кишвар истифода шавад. Дар ҳар минтақа бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ корхонаҳо сохта шаванд ва ҷавононро ба кор фаро гирифта тавонанд. Дар ин сол ба чорабиниҳои фарҳангӣ камтар маблағгузорӣ карда шаваду афзалият ба барномаҳои иқтисодӣ дода шавад. Бизнес-планҳое, ки МАВҶУДА СОҲИБНАЗАРОВА, аз ҷониби ҷавонон пешниҳод мешаванд, дастгирӣ ёбад. корманди Ҷавононе, ки метавонанд корхонаҳои саноатии муштаташкилоти рак созанд ва сармояи хориҷиро ба иқтисодиёти кишвар “Истиқбол”: ҷалб созанд, як муддати муайян аз андоз озод шаванду аз баъзе имтиёзҳо бархурдор. Масалан, имрӯз дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳастанд ҷавононе, ки мехоҳанд ба соҳибкорӣ машғул шаванд, аммо мутаассифона, бо сабаби ҷой доштани як қатор монеаҳо наметавонанд, ормонҳои худро пиёда созанд. Бояд ба ҳунаромӯзии ҷавонон аз ҳар вақти дигар бештар аҳамият диҳем. Ташкил намудани отрядҳои донишҷӯён аз ҳисоби ҷавонони ҳунарманд аз манфиат холӣ нест. Ин бригадаҳоро метавон на фақат дар сохтмонҳо, балки дар хоҷагии қишлоқ ва маконҳои сайру саёҳат ҷалб кард.

РАҶАБ МИРЗО, журналист:

- Сиёсати давлатии таъсиргузор вобаста ба ҷавонон албатта ҳамеша ҷузъи муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо хоса, имрӯз, ки ҷаҳон, ҳаводиси он дар фурсати андак тағйир меёбад, ин гуна сиёсат муҳимтар ба назар мерасад. "Насли google", ки аз ҷавонони феълӣ ба ин унвон ном мебаранд, махсусиятҳои дигар доранд. Онҳо на танҳо мехоҳанд ба саволҳояшон дар зудтарин лаҳза посух ёбанд, балки ҳарфи онҳо, мавқеи онҳо низ шунида шавад. Дунёи маҷозие, ки фановариҳои навин ба вуҷуд овардаанд, шахсиятҳои дигарро фаъол мекунад. Ин имкониятҳо ва зарфиятҳои ҷавононро, аз ҳамин хотир, набояд сарфи назар намуд. Аз ҷавонон ва тавонмандиҳои онҳо низ тарсидан лозим нест. Маълум аст, ки ҷавонӣ ҳаммаънои навгонӣ, диди тоза, биниши нави рухдодҳои ватанӣ ва дунёро дорад. Бисёр хуб мебуд, агар ин раванд зери назорати одамони таҷрибадору солманд сурат мегирифт. Вагарна имкони сӯистифода аз ин нерӯ аз ҷониби дигарон барои манфиатҳои худ ҳамеша вуҷуд дорад. Танҳо дар ҳамин ҳолат қишри нави ҷомеа осебпазир хоҳад гашт, ки аз нерӯву зарфиятҳои онҳо дигарон барои баровардани манофеи худ сӯистифода мекунанд. Аммо ҷомеаҳое, ки аз ин зарфият ба манфиати худ истифода мекунанд, ҳамеша муваффақ будаанд. Фикр мекунам, агар Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 дар ҳамин доира ва аз рӯи ҳамин фаҳмиш сурат гирифтааст ва барои он консепсияи мувофиқ таҳия шуда бошад, бисёр натиҷаи хуб хоҳад дод.

√ ҶАВОНОН

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ВА ИЛМ

РАСАДХОНАИ “САНГЛОХ”

√ ПУРСИШИ

3

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ дар соли 2016 Соли 2016 кормандони Академияи имлмҳои Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона ва илмпарвонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Муҳимтарини онҳо дубора ба кор шуруъ намудани Расадхонаи байналмилалии “Санглох”-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳо мебошад. Расадхона дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба 1 метр баробар аст. Он соли 1980 аз ширкати Карл Тсейсси Олмон оварда шудааст. Телескоп обектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад. Ба кор даромадани ин таҷҳизоти астрономӣ як падидаи нек барои рушди илм маҳсуб ёфта, олимон шароити боз ҳам бештар пайдо менамоянд, ки корҳои илмиашонро дар сатҳи байналмилалӣ ба анҷом расонида, дар илми ситорашиносӣ, яъне омӯзиши ҷирмҳои кайҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Барқарории Пойгоҳи зилзиласанҷии “Симиганҷ”, ки дар Осиёи Миёна назир надорад, дастоварди дигари соҳаи илм дар соли сипаришуда мебошад. Ба гуфтаи масъулони Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Тоҷикистон, пойгоҳ ба ҷуз аз сабти доимии зилзила, ҳамчунин, ҳама гуна рӯйдоду ҳаракатҳои хурдтаринро дар табиат бо дақиқ кардани ҷойи ҳодиса ба қайд мегирад. Олимони соҳаи астрофизика Астероиди 2015ТВ145, ки ба Замин наздикшаванда мебошад, кашф намуданд. Ҳамчунин онҳо ошкор карданд, ки 32 кометаи даврашон дароз ва кометаҳои нав таҳқиқшуда қобилияти ташаккули селҳои метеороидҳоро доранд. Олимони соҳаи химия низ натиҷаҳое ба даст оварданд, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд. Аз ҷумла, дар асоси 27 намуд гиёҳи шифобахше, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон мерӯянд, малҳами табобатии “Муъҷиза” коркард шуд. Дар конҳои фосфаритдори Риват ва Қаратоғ паҳншавии минералҳои фосфордор омӯхта шуд. Муайян гардид, ки миқдори фосфарит дар такшониҳои фосфордор аз 6,75 то 14,5 фоизро ташкил медиҳанд. Коршиносону олимон такрор ба такрор мегӯянду менависанд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба соҳаи илм низ таъсир мегузорад, зеро илм соҳаи калидии рушди тамоми миллату давлатҳост. Дар чунин шароити ҳассоси ҷаҳонишавӣ кишварҳои пешрафта барои аз худ намудани бозори кадрҳои илмӣ мубориза ва рақобати

шадид мебаранд, чунки рушди ҷомеа ва давлатҳо бевосита ба дастовардҳои илмӣ тавъам аст. Ин аст, ки кишварҳои мутараққӣ ба масъала ва кадрҳои илмӣ бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ он кишварҳое зарар мебинанд, ки вазъи илм дар ҳолати рукуд аст ва дастгирӣ намеёбад ва нерӯи зеҳнӣ аз кишварҳои қафомонда ба давлатҳои пешрафта рӯ меорад, зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ илм дар марҳилаи ҳассос қарор дорад. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 таъкид доштанд: “Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд. Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд. Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад”. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

ҶАВОНОНИ МАҲАЛ

ВАҲДАТ: ҷавонон таътилро босамар мегузаронанд Бо мақсади босамар гузаронидани таътили зимистонаи хонандагон Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла дар толори Кохи “Маърифат”-и шаҳр тренинги омӯзишӣ оид ба усулхои интерактивӣ баргузор гардид. Дар тренинг 40 ҷавон иштирок намуда, аз рӯи усули интерактивӣ дарсҳои шавқовар гузарониданд. Аввал лексияи хурд аз тарафи омӯзгор манзур гардид, сипас ҳуҷуми фикрӣ, корҳои гурӯҳӣ, намоиши саҳнаҳо ва мубоҳисаҳо сурат гирифт. Иштирокчиён тасмим гирифтанд, ки аз ҳафтаи оянда чунин семинармашваратҳоро дар байни дигар наврасону ҷавонони маҳаллаҳою муассисаҳои касбомӯзии шаҳр баргузор намоянд. Лоиҳаи “Рушди потенсиали волонтёрон бо истифода аз усусли интерактивӣ” дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2016-2018 аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат дастгирӣ ёфтааст.

ЁВОН: Давомдиҳандагони ташаббусҳои Пешвои миллат хоҳем буд

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр/ ноҳия”-ро эълон дошта буд, ки дар он БҶВС-и ноҳияи Ёвон ғолиб гардид. Барои шиносоии бештар бо фаъолияти БҶВС-и ноҳияи Ёвон бо мудири бахш Эраҷ Раҷабов суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Ҷавонони ноҳия дар соли 2016 ба кадом дастоварду муваффақиятҳо ноил гардиданд? - Соли 2016 барои мо - ҷавонон ва умуман соҳаи варзиш ва сайёҳӣ соли бобарор буд. Дар озмуни “Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр/ноҳия”-и рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хонандагони рӯзнома бештар ба тарафдории Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон овоз доданд, ки яке аз беҳтарин муваффақиятҳои мо дар чанд соли охир аст. Ҷавонони мо дар ин сол қариб дар ҳама озмунҳо, мусобиқаҳо ва олимпиадаҳои фаннию варзишӣ иштирок намуданд. Варзишгарони ноҳия бо иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ноҳиявию ҷуҳуриявӣ ва байналмилалӣ 25 медали тилло, 33 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ ба даст оварданд. - Барои ҷавонон ва варзишгарони ноҳия кадом дастгириҳо аз ҷониби БҶВС ва ҳукумати ноҳия карда мешавад? - Ба ҷавонони фаъол, пеш аз ҳама стипендияи Президенти ҷумҳурӣ, стипендияи раиси ноҳия ва стипендияҳое, ки дар назди бахши ҷавонон ташкил шудааст, дода мешавад. Инчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ҷавонони фаъол ва ғолибони олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ва як қатор имтиёзҳо дода мешавад. - Дар ноҳия бештар ба кадом самти ҷавонон диққати махсус дода мешавад ва ё дар ҳоли рушд қарор дорад? - Дар ноҳия бештар ба соҳаи варзиш ва ҳаёти ҷавонон диққати махсус зоҳир мегардад. Дар чанд соли охир як қатор мактабҳои миёна, майдонҳову клубҳои варзишӣ ва дигар иншооте, ки ба беҳтар гардидани ҳаёти ҷавонон таъсиргузор аст, сохта ба истифода дода шуда истодааст, ки барои фароҳам овардани ҳаёти осоиштаи ҷавонони ноҳия мусоидат хоҳад кард. Бо вуҷуди ноҳияи саноатӣ будан, дар бахши сайёҳӣ низ ноҳияи Ёвон рушд карда истодааст. Имрӯзҳо сайёҳони хориҷӣ барои дидан намудан аз корхонаҳои азими саноатии ноҳия ташриф меоранд. Нисбат ба чанд соли пеш соҳаи сайёҳӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. - Бекорӣ миёни ҷавонон дар кадом сатҳ аст? - Сатҳи бекорӣ миёни ҷавонони ноҳия хеле паст рафтааст. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2016 дар ноҳия 3 корхонаи бузурги саноатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин замина ҷойҳои нави корӣ низ зиёд гардиданд. Танҳо дар соли 2016 барои ҷавонон 20 ҳазор ҷойи нави кор ташкил карда шуд. - Дар соли 2017, ки Соли ҷавонон эълон шудааст, БҶВС ноҳия чӣ нақшаҳо дорад? - Дар Соли ҷавонон мо нақшаҳои зиёд дорем, ки барои баланд бардоштани сатҳи меҳанпарастии ҷавонону наврасон мусоидат хоҳад кард. Чи гунае ки Пешвои миллат ба мо - ҷавонон боварӣ намуда, имсолро Соли ҷавонон эълон доштанд, мо низ сиёсати дурандешонаву хирадмандона ва бунёдкоронаи ин абармардро якдилона пайгирӣ намуда, барои гулгулшукуфоии ватанамон ҳамеша саҳм хоҳем гузошт. Мо тамоми қувва ва тавоноии худро ба он равона мезозем, ки бо баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва сиёсӣ руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавононро баланд бардорем ва ҳисси худшиносиро дар ботини ҳар яки онҳо бедор созем ва ҳамчун давомдиҳандагони ташаббусҳои неки Пешвои миллат баҳри ободкориву созандагӣ талош хоҳем кард. Мусоҳиб Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”

ВАНҶ: Ҷавонон фарҳанги миллиро муҳокима намуданд Дар доираи амалигардонии Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 дар маркази ноҳияи Ванҷ таҳти унвони «Ҷавонон ва фарҳанги миллӣ» семинар-машварат баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ ташкил шуда, дар он намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои қудратӣ, идораву ташкилотҳои маҳаллӣ ва ҷавонон ширкат намуданд. Масрур Ғайратов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ зимни баромади хеш иброз дошт, ки дар чунин вазъи ҷаҳонишавӣ пос доштани ҳувияти миллӣ хеле муҳим аст. - Гиромӣ доштани анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, муҳайё кардани шароит барои рушди дастовардҳои фарҳангӣ ва ба хориҷиён муаррифӣ кардани онҳо ба манфиати миллату давлат аст. Дар ин раванд фарҳанги либоспӯшӣ ҳам аз василаҳои бонуфуз ва муаррифии миллат маҳсуб меёбад. Мутаассифона, шоҳиди ҳол хастем, ки баъзе ҷавондухтарон ба ҷои муаррифии либоси миллии худ, баръакс, ба таблиғи фарҳанги

бегона машғуланд ва чунин тасмигирии онҳо оқибати хуб надорад, - афзуд М. Ғайратов. Таъкид гардид, ки масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва гурӯҳҳои тундрави экстримистиву террористӣ низ то ҳол аз проблемаҳои мубрами рӯз буда, танҳо бо роҳу усулҳои ҳамоҳансозии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ва сохторҳои Ҳукумат метавон онро пешгирӣ кард. Масъулини сохторҳои қудратӣ, ҷавонон ва дигар иштирокдорон оид ба пешгирии ғояҳои терроризму ифротгароӣ ибрози андеша карда, ба хулоса омаданд, ки аз ин пас набояд паҳншавии идеологияи террористиро аз доираи назар берун гузошт. Яъне барои муқовимат кардан ба чунин зуҳурот талош кардан лозим, то мағз ва вуҷуди наслҳои имрӯзу фардо аз ғояҳои харобиовар дар амон бошад. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, «ҶТ»

РОҒУН: корхонаи нави дӯзандагӣ Чанде пеш дар шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун корхонаи нави дӯзандакӣ барои бист нафар мавриди истифода қарор гирифт. Корхонаи дӯзандагӣ бо дастгири раиси шаҳр Билоли Иброҳим ва раисаи шаҳрак Соима Ширинова сохта шуда, дар он бист нафар бонувону духтарон фаъолият дошта, барои сокинону хонандагони мактаб сару либос медӯзанд. Роҳбари корхона Тахмина Ҳасанова иброз дошт, ки аз рӯзи ба фаъолият сар кардани корхона занону духтарон ҳармоҳа маошашонро мегиранд. Ин имконият медиҳад, ки шароити иҷтимоиашонро беҳтар шавад. - Алҳол дар корхона даҳ нафар занону духтарон машғули коранд. Тибқи нақша шумораи коргаронро ба 20 нафар расонданием. Ҳамчунин, шаш нафар духтарон - хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ бо хоҳиши худашон омада касби дӯзандагиро аз худ карданд, - гуфт роҳбари корхона. Ҳокими САФАР


Ҷавонони Кӯлоб ройгон забони русӣ меомӯзанд Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи амалигардонии «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикиситон барои солҳои 2016-2018» дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб курси омӯзиши забони русӣ ташкил шуд. Дар курси омӯзишӣ 20 нафар ба таври ройгон бо дастрасӣ ба китоб, дафтар, ручка, ҷувздон ва дигар ашёҳои хониш таҳсил доранд. Ҷавонон ин иқдоми пешгирифтаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хуш пазируфта, дар Соли ҷавонон онро ҳамчун туҳфаи олӣ аз тарафи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донистанд. Курси мазкур 2 моҳ идома ёфта, ҷавонон дорои “Сертификат” мегарданд.

√ МУШКИЛИ

ҶОМЕА

ҲАСАН АЗИЗОВ

Афзоиши танфурӯшӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Сабабҳо барои рушд ва паҳн гаштани танфурӯшӣ дар ҷаҳон пурра омӯхта нашудааст, аммо коршиносону равоншиносон чанд фарзияро номбар мекунанд.

Зани тоҷик боиффат аст

√ НИГОҲИ

5

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ДИГАР

Мардон нисбат ба бонувон ҳамчун модар, хоҳар, духтар муносибат кунанд Якум, сотсиологӣ. Тарафдорони ин ақида фоҳишагариро бо қашшоқӣ ва рушди шаҳрҳои калон алоқаманд медонанд. Вазъи душвори нодорӣ баҳри зист занонро ба чунин корҳои ношоям тела медиҳад. Ба ин ҳолат, ҳамчунин нобаробарҳуқуқии занон нисбат ба мардон (ҳарчанд баробарҳуқуқии эшон ба таври васеъ ташвиқу тарғиб карда мешавад) мусоидат менамояд. Баъзан фоҳиша духтароне мешаванд, ки мехоҳанд рӯзгори сарватмандона дошта бошанд, лек онро бо шакли дигар дарёфт карда наметавонанд. Дуюм, антропологӣ. Тарафдорони ин фарзия мегӯянд, ки танфурӯшӣ аз ҷиҳати генетикӣ барномарезӣ шудааст ва дар байни онҳо бисёре аз занҳо бо нишонаҳои бадҷинс ё ношуд муайянанд. Ин назария тасдиқ менамояд, ки омилҳои иҷтимоӣ танҳо таконе барои нақшаҳои қаблӣ мебошад. Танфурӯшӣ, дар ҳақиқат, ба сатҳи иқтисодиёт ва мақоми занон дар ҷомеа вобаста аст. Шумораи зиёди танфурӯшон дар Амрикои Лотинӣ ва қисмати ҷанубу шарқи Осиё ба қайд гирифта шудааст. Маҳз дар ин кишварҳо сатҳи пасти умумии зиндагӣ ва маълумотнокии занон, духтаронро ба фоҳишагарӣ чун ягона имкони зист тела медиҳад. Тибқи иттилои сомонаи “Repin. Info” имрӯз дар Ҳиндустон беш аз 6 миллион зан - духтарони аз 12сола боло зиндагии худро аз ҳисоби танфурӯшӣ мегузаронанд. Ин навъи тиҷорат дар саросари Ҳиндустон васеъ паҳн шудааст. Мутаассифона, шиддати камбизоатӣ барои кам кардан ё аз байн бурдани танфурӯшӣ имкон намедиҳад. Дигар ин ки танфурӯшон, хусусан ноболиғону ҷавондухтарон ба тақдири бад тан додаанд... Бино ба иттилои таҳқиқоти гузарондаи олимони Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳру, беш аз 80 дарсади танфурӯшони Ҳиндустон дар оилаҳои камбағал ба дунё омадаанд ва дар он умр ба сар мебаранд. Шароити пасти иқтисодӣ ва камбизоатӣ волидонро маҷбур мекунад, ки фарзандони худро ҳамчун ғуломи ҷинсӣ фурӯшанд. Дар акси ҳол онҳо наметавонанд фарзандони худро хӯронанду пӯшонанд. Лек дар Аврупои серу пур ва Амрикои Шимолӣ ҳам беҳбудӣ дида намешавад. Чунки дар ин ҷо ба хизматрасонии фоҳишаҳо талабот хеле зиёд аст. Ин ба тағйирот дар муносибати оилавӣ, тағйирёбии самтҳои муносибатҳои барорбарҳуқуқии занону мардон ва ғайра вобаста аст. Бо вуҷуди ин, дар чунин як бизнес асосан занон аз кишварҳои рӯ ба инки-

шоф ихтиёрӣ ё маҷбурӣ машғуланд. Дар Аврупо сафи занони сарватманди танҳо меафзояд, ки аз ин ҳисоб фоҳишагӣ низ рушд меёбад. Қобили зикр аст, ки дар кишварҳои мусулмонӣ, ки анъанаҳои исломӣ фаъолият мекунанд, танфурӯшӣ дар сатҳи хеле паст аст. Афзоиши танфурӯшӣ дар ҷомеаи мо - Тоҷикистон ҳам ба чашм мерасад ва бештари онҳоро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Сабабаш бошад, ҳамон ду фарзияе мебошад, ки дар боло зикр шуданд. Идигул Тағозода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, сабаби зиёд шудани танфурӯшӣ дар ҷомеаро, ба зиёд гаштани таваҷҷуҳи мардон ба он рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд: “Агар мардон ба занону духтароне, ки ба ин амали паст даст мезананд, таваҷҷуҳ накунанд, ба онҳо ҳамчун модар, ҳамсар ва духтари худ нигоҳ кунанд ва онҳоро аз ин роҳи бад гардонанд, танфурӯшӣ коҳиш меёбад ва худ ба худ аз байн меравад. Аммо мутаассифона, имрӯз бархе аз мардони пастсирати мо ба ҷои оне, ки занону духтароне, ки аз танқисии зиндагӣ ба ин кор рӯ овардаанд, дастгирӣ намоянд, баръакс аз ин истифода мебаранд. Ҳангоми дидани чунин занону духтарон хеле шод мегарданд. Чунин мардон худ танфурӯш ҳастанд. Ба андешаи И. Тағозода, фоҳиша гуфтани зан аз тарафи мардон нафрат аст. Агар мо хоҳем бо ин амали шармовар мубориза барем, пеш аз ҳама бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки калима ё мафҳуми “фоҳиша”-ро дар ҷомеа аз байн барем. Зани тоҷик боифат мебошад. Дигар ин ки бояд дар мамлакат маърифати мардҳоро нисбат ба занон баланд бардошт. Фарҳод Ҷабборов, рӯзномнигори ботаҷриба, даст задани занону духтарон, махсусан ҷавондухтаронро ба танфурӯшӣ дар беҳавсалагӣ ва танбалии онҳо мебинад. Ӯ мегӯяд: “Ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе ман ба бозори рӯзномафурӯшӣ рафта, рӯзнома тақсим мекунам. Дар он ҷо занонеро мебинам, ки синну солашон 40-50, ҳатто 60 асту бо миёни хамида, ки роҳгардиашон хеле вазнин аст, омада, рӯзнома мегиранду бурда дар кӯчаву бозорҳо ва дуконҳо мефурӯшанд ва зиндагии худро пеш мебаранд”. Ҷавондухтарон хаёл мекунанд, роҳи осони ба даст овардани маблағ фурӯхтани тани азизи худ мебошад, ки хатост. Духтароне, ки ба ин амали ношоиста даст мезананд, хуб мешуд ҳунар омӯзанд ё ба соҳибкорӣ машғул шаванд.

“Табассуми голлевудӣ” талх аст МАШҲУР ИМОМОНАЗАРОВ

Ё чаро бевафоӣ тирабахтиро пеш меорад?

Дар ҷомеаи имрӯзаи мамолики Ғарб дӯстии содиқонаю беғаразонаро хеле кам вомехӯрем. Мақоми муносибати самимонаро “political correctness” ё “табассуми голлевудӣ” (дуруягӣ) гирифтааст. Бо ҳарфи дигар дар олами муосири ғарбӣ канораҷӯиву дахолат накардан ба ғаму шодӣ ва проблемаҳои ҳамдигар ба як меъёр даромада, аз тарафи мардуми кишварҳои он эътироф шудааст. Маҳз бемеҳрӣ ва набудани муносибати самимона мардумро ба он водор намудааст, ки дар хонаҳояшон ҳайвоноти ҳархела, ба мисли саг, гурба, маймун, хазандаҳо ва ғайраро нигаҳ доранд. То ки чунин ҳайвонот соҳибонашро мисли фарзанду набераҳои онҳо дар дами пирӣ танҳо нагузоранду лаҳзаҳои охири ҳаёт барояшон вафодор бимонанд. Соли 1992 графхонуми олмонӣ Карлотта Либенштейн пас аз фавт тибқи васиятнома маблағи 145 миллион доллари америкоиро ба ҷои писари ягонааш Тонни ба саге бо номи Гюнтер мерос гузоштааст. Ғайр аз ин, ин саги сарватманд то ҳол дар шаҳри Майамии штати Флоридаи ШМА иморати хусусӣ дорад, ки нархи он 75 миллион долларро ташкил медиҳад. Патрисия Онил, як ситораи филмҳои голливудӣ, ҳайвоноташро он қадар дӯст медошт, ки пас аз марг тамоми меросашро ба номи онҳо гузошт. Номбурда ҳамаи маблағҳоро барои 10 сагу 12 гурба васият кардааст. Аммо аз ҳама беш маблағи 75 миллион евроро барои маймунаш Калу ба мерос монд. Ҳол он ки шавҳари Патрисия, шиновари шинохта Френк Онил пас аз марги ҳамсараш ягон хел мерос дарёфт накард. Ҳамин тавр ҳозир гурбаи бритониёии Блэки аз давлатмандтарин гурбаҳои олам ба ҳисоб меравад, ки соҳибаш Бен Ри баъди падрӯд гуфтани дунё ба ӯ 25 миллион доллар мерос мондааст. Номи Блэки ҳатто дар Китоби рекордҳои Гинесс ҳам сабт гардидааст. Мутаасифона, солҳои охир чунин бевафоӣ ва фирефтани ҳамдигар дар ҷомеаи мо ҳам мушоҳида мегардад. Бахусус теъдоде аз ҷавонон дар зиндагии рӯзмара ба касбу кори гуногун машғул ҳастанд ва теъдоде аз онҳо на фақат дар муносибат бо атрофиён, балки нисбат ба фаъолияти хеш низ босадоқат нестанд. Баъзеҳо фақат ба хотири худнамоӣ ё зоҳирпарастӣ кардан аз паси коре мешаванд ва чунин рафтори онҳо алабатта оқибати хуб надорад. Тавре Ёралӣ Холдоров, корманди шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар суҳбат бо мо иброз намуд: “Онҳое ки бевосита ба тарбияи маънавӣ ва маърифатии ҷавонон машғуланд, қабл аз ҳама худашон бояд намунаи ибрат бошанд. Чунин шахсон дар ҳамаи ҳолатҳо бояд росткориро пеша намоянд, то тавонанд наслҳои имрӯзу фардоро қабл аз ҳама бо рафтори худ тарбия кунанд”. Тоҳир Шодмонбеков, мудири шуъбаи бойгонии дасгоҳи раиси ВМКБ мегӯяд, ки солҳои 1888-1889, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, вақте ки бори нахуст олимону сипоҳиёни рус, амсоли Бронислав Громбчевский ва Михаил Ионов ба Бадахшон омаданд, онҳо аз соддадилии мардуми таҳҷоӣ ба ҳайрат афтоданд. Б. Громбчевкий ҳатто дар дафтари ёддоштҳояш ҳам қайд кардааст, ки “Сокинони Кӯҳистони Помир то ҳадде бечорапарвар, раҳмдил ва меҳмондӯстанд, ки ҳангоми шахси бенавотар аз онҳо ба хонаашон биёяд, онҳо нонпореро ҳам бошад, аввал барои меҳмон оварда, баъдан фикри ҷигарбандон мекунанд”. Ҳақназари Собир, коршиноси масоили иҷтимоӣ ва динӣ бар он назар аст, ки дурӯғ гуфтан аз нигоҳи ахлоқӣ, умумибашарӣ ва ҳам исломӣ одати бадтарин мебошад. Ҳатто дар китоби муқаддаси “Қуръон” низ омадааст, ки “Лаънати Худованд бар дурӯғгуён бод!” Яъне инсон ба ҳар кору аъмоле, ки даст мезанад, лафзаш бояд ҳамеша ҳалол бошад. Бо чунин кирдори ношоиста рӯзе мерасад, ки инсон дар як вазъи номусоид меафтаду шармсор мешавад ва ҳамин гуна шаъну эътиборро дар назди халқ аз даст медиҳад. Хулоса, ба хотири тарбияи маънавии ҷавонон набояд аз роҳу усулҳои дурӯғу дурӯягӣ истифода кард, чаро ки чунин роҳнамоиҳо ба ояндаи наслҳо оқибати фалокатбор доранд. Яъне нафароне, ки байни амалу гуфторашон аз замин то осмон тафовут аст, метавонанд бо як ҳарфи ноҷо ҷавононро гумроҳ созанд ва эҳтиромро низ аз даст диҳанд.


6

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

БАРОИ ҶАВОНОН

Таҳсили 168 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар ДМТ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 186 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣтаҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар робита ба таҳсили донишҷӯён ва такмили ихтисоси мутахассисон шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ бастааст. Донишгоҳ бештар аз ҳама бо донишгоҳҳои давлатҳои аъзои ИДМ робитаҳои ҳамкорӣ дорад, ки шумораи онҳо айни ҳол ба 107 адад расидааст. Аз хориҷи кишвар бошад, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон айни ҳол 168 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар зинаҳои гуногун таҳсил менамоянд.

√ ДАР

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ:

ХУРШЕД ХОВАРӢ

Суруди миллӣ моли миллат аст

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 ба дунё омадааст. Баъди хатми факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1966 фаъолияти кориро аз нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” (“Ҷавонони Тоҷикистон”) оғоз менамояд ва сипас дар маҷаллаи “Садои Шарқ” идома медиҳад. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат мекунад. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат" ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад. Шеъргӯиро дар мактаби миёна оғоз карда, соли 1969 нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Расми сарбозӣ” нашр шудааст. Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоирони Тоҷикистон аст. Ашъори ӯ дар Русия, Эрон ва Афғонистон ҳам ба табъ расидааст. Гулназар Келдӣ ба мукофот ва ҷоизаҳои зиёди давлатӣ қадрдонӣ гардидааст. Аз ҷумла, Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1985), Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода (1991), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (1994), Шоири халқии Тоҷикистон (1995). Бо қарори Палатаи Аврупо аз 17 майи соли 2016 Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо қадрдонӣ шудааст. Муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон мебошад.

- Чӣ чиз боис гардид, ки Шумо роҳи эҷодро пайгирӣ намудед? - Ман аз овони хӯрдӣ ба эҷоду эҷодкорӣ ва навиштани шеър оғоз кардаам. Вақте дар синфи 4 таҳсил мекардам, муаллими ҷавоне бо ҷӯшу хурӯш ва шавқи беандоза дарс мегузашт. Дар миёни мактаббачагон овозае паҳн гашт, ки гӯё муаллими ҷавони мо ба шоирӣ майл дорад. Ман ва як ду ҳамсабақи кунҷковам тасмим гирифтем, ки дафтарҳои муаллимро аз назар гузаронем ва пас аз дарс дар танаффус дафтарҳои муаллимро тагурӯ намуда, бовар ҳосил кардем, ки дар воқеъ муаллими мо ба эҷоди шеър майл доштааст. Тасмим гирифтем, ки муаллимро имтиҳон кунем. Ҳамроҳи як рафиқам яке аз сурудаҳои Барно Исҳоқоваро аз тариқи патифон гӯш намуда, китобат намудем ва ҳангоми дарс ман ба муаллим пешниҳод наму-

√ СОЛҲОЕ,

дам, ки ман шеър менависам ва ин шеъри навиштаи ман аст. Муаллим аз “шеъри ман” бисёр завқ бурда, офаринам хонд ва илова намуд, ки барои чунин шеъри хуб навиштан бояд Ҳилолӣ бошӣ. Ростӣ, бисёр шарм кардам ва муаллим бошад ин амали маро ҳамчун кори андаке қабул намуд ва сарзаниш ҳам накард. Аз ҳамон овон бо ҳамон муаллимам, ки исми шарифашон Қутбӣ Киром аст, робита барқарор кардам ва нахустин шеъри ман ҳамон сол аз тариқи газетаи ноҳиявӣ нашр шуд, ки чунин буд: Агар плон шавад буд Он гаҳ аз сотсиализм Бо қадамҳои калон Равем ба коммунизм Ягона чизе, ки таъсиргузор буд бар ман, аввал илҳоми шоирӣ ва баъдан робитаи ман бо ҳамин устодам мебошад. - Ба як нафар инсон эҷодкор

будан мушкил нест, чун эҷодкорӣ хоси офаридгор аст? - Эҷодкор будан мушкил аст. Ин як чизи худодод аст, ки дар натиҷаи пажӯҳишу хониш ва донишандӯзӣ такмил меёбад, вале ба вуҷуд намеояд. Агар нафаре гӯяд, ки ман вазну қофия ва илми арӯзро ёд мегираму шоир мешавам, албатта навиштан мегирад, вале дар навишатаҳои он гуна нафарҳо назмро дидан мумкин, аммо шеърро на. Мутаассифона, дар адабиёти классик ва имрӯзаи мо низ чунин нафарон вомехӯранд, ки “шеър” эҷод мекунанд, аммо шеъри онҳо аз худи онҳо дида пештар “мемирад”. Устод Эраҷ Мирзо бисёр хуб қайд мекунад, ки: На маонӣ на баён мехоҳад, Шоирӣ табъи равон мехоҳад. Барои эҷодкор будан заҳмати бисёр лозим, аммо дар баробари ин як оташаки худодод ҳам лозим, то эҷодкорро ба қуллаи мақсуд бирасонад. Ман фикр мекунам бидуни ин ҳеҷ эҷодкоре наметавонад муваффақ гардад. - Чун перомуни назм ва шеър суҳбат кардед, мегуфтед, ки инҳо аз ҳам чӣ тафовут доранд? - Миёни назм ва шеър дар гузашта фарқ набуд. Ин чиз дар асри ХХ дар Эрон ба миён омад. Фарқ дар ин аст, ки ҳар сухане, ки дорои вазну қофия бошад, назм аст, аммо шеър бояд эҳсосу таровату навгониҳоро доро бошад. Шеър эҳсос аст, аммо назм фақат суханест дорои низом. - Шеър ё эҷодро фарзанди эҷодкор унвон мекунанд, шеъри Шумо, ки Суруди миллии давлате гаштаасту аз минбарҳои баланд садо медиҳад, чӣ эҳсосе Шуморо фаро мегирад? - Суруди миллӣ моли миллат аст. Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ба Суруди миллӣ эҳтиром мегузорам ва ҳангоми суруда шудани он эҳсосе, ки ҳар

сокини ин диёр дорад, ман низ ҳамон эҳсосро мекунам. Ман инро ба миллат бахшидаам. Суруди миллӣ наметавонад моли як нафар эҷодкор бошад. - Чӣ чиз метавонад эҷодкорро маҳв кунад? Марги эҷодкор чист? - Устод Лоиқ дар ин маврид чунин мегӯяд: “То зи худ норозиям, аз худ пушаймон нестам.” Яъне эҷодкор ҳамон вақт маҳв мегардад ва мемирад, ки аз худ ризо бошад. Ҳар гоҳе, ки эҷодкоре ба қуллаҳои эҷодӣ расидани худро эҳсос кунад, аллакай ӯ маҳв гаштааст. - Нигоҳи ҷавонони имрӯза ба шеър чӣ гуна аст? - Ҷавонони имрӯза ба шеъру шоирӣ таваҷҷуҳ доранд, аммо дар эҷод ва интихоби шеъри хуб бисёр камаҳамиятанд. Агар ба сарояндаҳо назар кунем, онҳо бо оҳангҳои дилчасп ва овози маҳин суруд мехонанд, аммо дар интихоби шеър ғалат менамоянд. Шеъри онҳо ё мазмуни баланд надорад ё умуман бидуни маъние навишта шудааст, ки завқи дигар ҳаводорони адабиётро поин мебарад. Тарбия кардани завқи мардум вазифаи бисёр муҳими адибон ва он нафароне мебошад, ки эҷодиёти дигаронро интишор мекунанд. - Барои эҷодкори воқеӣ шудан чӣ бояд кард? - Барои эҷодкори хуб шудан пеш аз ҳама лозим аст, ки мутолиаи бештар дошта бошем ва адабиёти хубро аз бад фарқ карда тавонем. Имрӯз рӯзномаву маҷалла ва нашриёти мо даста-даста шеърҳову китобҳои шеъриро рӯи чоп меоранд, ки наметавон ҳамаи онҳоро шеъри хуб номид. Вақте, ки эҷодкори ҷавон ҳангоми мутолиа навиштаи хубро аз бад фарқ карда тавонист, пас месазад аз ӯ дар оянда умедвор шавем.

КИ МАН ҶАВОН БУДАМ...

АЛОВУДДИН ЭЛБОЕВ Шахси рӯзгордидаасту сардию гармии дунёро бисёр чашида. Аз гузаштаи хеш чунин қисса мекунад, ки чун ӯ Донишгоҳи педагогии Хуҷанд ба номи Кировро хатм кард, ӯро барои кор дар донишгоҳ даъват карданд, аммо бо пофишориҳои падар аз кор даст кашид ва дар деҳа монд. Чун ӯ дар риштаи омӯзгорӣ таҳсил карда буд, роҳбари мактаби деҳа аз вай хоҳиш кард, ки ба муассисаи онҳо ба ҳайси омӯзгор ба кор ояд. Ин таклиф аз ҷониби аҳли оила ва худи Аловуддини ҷавон ба хубӣ пазируфта шуд. Бо вуҷуди омӯзгори хуб будан, муаалимони калонсолтар ва ботаҷриба ба ҷои он ки дастгириаш кунанд, ба воситаи талабагон саволҳои мантиқан нодурустро ба ӯ пешниҳод мекарданд, то ба ин васила ӯро маҳв кунанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама ба суолҳо посухҳои амиқ ва асоснок медод. Дар давоми ду соли кориаш шогирдони вай тавонистанд бо аз бар намудани дониши мукаммал дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннии ҷуҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гарданд. Аҷибаш ин буд, ки шогирдонаш дар муддати ҳамагӣ 2 сол 4 медали тилло ба даст оварданд, ки нуфузи мактабро дар миёни дигар макотиби ноҳия боло бурд. Соли 1978 замоне, ки Алоовуддин Элбоев ҳамагӣ 25 сол дошт, соҳиби унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” гардид.


Роҳпаймоӣ ба ифтихори Соли ҷавонон Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавонону донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгорӣ ба муносибати Соли ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид. Муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова изҳор дошт, ки ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат дар баргузории барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ иштироки фаъолона намуда, дар рушду нумӯи ҷомеа саҳми босазо мегузоранд. Аз ҷумла, соли 2016 ҷавонони Кӯлоб дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи вилоят, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Дар ин давра варзишгарон соҳиби 231 медал, аз ҷумла 83 медали тилло гардида, нуфузи варзишии шаҳри Кӯлобро баланд бардоштанд. Имрӯз шумораи майдонча ва толорҳои варзишӣ дар шаҳр хеле зиёд гардида, ба 220 адад расидааст.

√ ИХТИРОИ

ҶАВОНОН

√ АСРОРИ

7

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ҲУНАР

Асрори комёбӣ дӯст доштани Ватан ва ҳунар аст

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

– Аз замоне ки ба дарки атроф шарафёб гардидам, дидам, ки маро аҷаб муҳити хуби созандае иҳота кардааст. Ҳамон садои оҳангҳои халқие, ки доим дар фазои хонадон танинандоз буд, чун суруди алла моро парвариш мекард. Падарам, ки оҳангсоз буданд, ҳар замон оҳангҳои наверо эҷод менамуданд, худ аз худ вуҷуди моро ҳисси намояндаи ин роҳ шудану аз худ чизе ба ёдгор мондан фаро мегирифт. Падарам маро ба назди худ даъват намуда, гуфтанд, ки ту асбоби ғижакро (ҳоло скрипка) интихоб намо. Ман низ ин хоҳиши падарро бечуну чаро иҷро намудам ва имрӯз аз касби интихобнамудаам пушаймон нестам, – мегӯяд навозандаи машҳур Муҳаммадвалӣ Орзуев.

Навовариҳо дар сохтмон Аҳмадҷон Раҳмонов то имрӯз якчанд навгониҳоро дар соҳаи сохтмон ба вуҷуд овардааст. Хатмкардаи факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ мебошад. Соли 2011 аспиранти Донишгоҳи давлатии техникии Марий Эли Федератсияи Русия гардида, 28 апрели соли 2015 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Мустаҳкамӣ, мазбутӣ ва тарқишустувории болорҳои нобуридаи бетонӣ бо арматураи композитӣ армиронидашуда” дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии меъморию сохтмонии шаҳри Қазон бо муваффақият ҳимоя намудааст. То имрӯз 27 мақолаи илмӣ, 5 патент барои ихтироот ва 3 дастури методӣ нашр намуда, даҳҳо маротиба дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, умумироссиягӣ ва байналхалқӣ бо мақолаҳои худ баромад карда, бо дипломҳои дараҷаҳои дуюм, сеюм, диплом барои мақолаи беҳтарин ва диплому сертификатҳо барои иштирок дар конфоронсҳо сарафроз гардидааст. Соли 2016 дар озмуни ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон”, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таҳти шиори “Қадам ба сӯйи оянда” баргузор гардид, дар соҳаи сохтмон дар бахши ҷавонони аз бист то сисола ғолиби ҷойи аввал шуд. – Мехоҳам дар ҷодаи хеш ба дастовардҳои нав ноил гардам. Тайёр ҳастам, то тамоми кӯшишу маҳорати хешро баҳри ободии ватани азизамон Тоҷикистон равона карда, ба пешрафти илму маориф, фарҳанги техникиву технологияи замонавӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон каме ҳам бошад саҳми худро гузорам, - гуфт Аҳмадҷон Раҳмонов.

Муҳаммадвалӣ нафарест, ки айни замон ба ҳунару маҳораташ касе баробар шуда наметавонад. Дигарон низ ҳастанд, ки дар пайроҳаи ӯ қадам мезананду ҳунарнамоӣ мекунанд, вале ӯву сабкаш аз дигарон ба куллӣ тафовут дорад. Доштани чунин маҳорати нотакрор на ба ҳар кас даст медиҳад. Имрӯз ин марди ҳунарро ҳама бо як дидан мешиносанду васфи маҳорату комёбиҳояш мекунанд. Дар воқеъ дунёи ҳунари худро дорост ва ин ба ӯ имкон додааст, то бо муваффақият ҳамрадиф бошад. Дар дилхоҳ чорабиниҳои идонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳунарнамоӣ намуда, табъи бинандаву шунавандаро болида мегардонад. Соли 1972 таваллуд шудааст. 10 сол дар мактаби миёна ва 6 сол дар мактаби мусиқии шаҳри Кӯлоб таҳсил намудааст. Чор соли дигар дар Омӯзишгоҳи ба номи Кароматулло Қурбонов таҳсилро идома дода, пасон ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода месупорад. Пас аз хатми донишкада дар ансамблҳои гуногун кору фаъолият кардааст. Айни ҳол ҳамроҳи аҳли оилаи хеш ба эҷоди оҳангҳои наву ҷаззоб машғул мебошад. Ансамбли оилавӣ. Бештар ба оҳангҳои халқӣ сару кор дорад ва бо интихоби онҳо ба тарзи замонавӣ онро обу тоб медиҳаду сабт менамояд. Шумораи оҳангу навозишҳояш бешумор аст. Муҳаммадвалӣ беш аз бист сол аст, ки дар роҳи ҳунар равона аст. Шебу фарози зиёдеро тай кардаву таҷрибаи зиёд андухтааст. Қаҳрамони мо изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҳастанд нафароне, ки оҳангҳои дигаронро гирифта, бо андак тағйир додан аз они худ муаррифӣ месозанд. Аз ҳама асосаш ин аст, ки оҳангҳои халқиро гирифта, дигар менамоянд, ки хуб нест. “Баъзе

оҳангҳое ҳастанд, ки онро чил сол пеш навиштаанд. Баъзан саршавии оҳангеро аз як нафар давомашро аз дигар нафар мегиранд. Ин корро кардан носипосӣ ба ганҷинаи санъати худ аст. Ин гуна амал бисёр таъсири бад дорад. Санъаткорон бояд ба эҷодиёти дигарон эҳтиром гузоранд, на ин ки бо тағйир додан онро аз байн баранд. Ҳолати мазкур бояд пешгирӣ карда шавад. Зеро амали мазкур ба санъати асил костагӣ меорад”. - Сирри комёбиатон дар чист? - Дар ҳунар барои он ки муваффақ бошед, бисёр корҳоро ба анҷом расонидан лозим. Аввал бисёр заминиву хоксор будан даркор. Ҳар шахс сирри муваффақияти худро дорад. Аммо сирри комёбӣ мисли ашёе нест, ки онро масалан харидорӣ намоему истифода кунем. Асрори комёбӣ ҳамон вақт калиди худро ба дасти шумо медиҳад, ки агар баҳри ҳамон пешрафт сазовор бошед. Ҳамаи дастовардҳое, ки то имрӯз насибамон гардидааст, натиҷаи заҳмату меҳнати софдилонаамон ҳаст. Агар ягон касби дигарро интихоб менамудем, шояд то ба ин дараҷа комёб намегардидем. Асрори комёбии ҳар инсон аз ду чиз вобастааст: дӯст доштани Ватан-Модар ва ҳунар. - Ҳар инсон ҷавонии худро бо ҳар роҳ сипарӣ менамояд. Ҷавонии Шумо чӣ гуна гузашт? - Дар воқеъ ҷавонӣ як давраест, ки вақте ба худ меоед, мебинед, ки аз ҷавониатон солҳо гузаштааст. Ҷавонии мо азбаски дар ду мактаб, яке мактаби миёна ва дигаре мактаби мусиқӣ гузашт, дигар вақте намеёфтем, ки ба кори дигаре машғул шавем. Дар ин айёми ҷӯшу хурӯши умр чун ба мусиқӣ бисёр сару кор доштем, рӯзе набуд, ки асбоб ба даст нагирему машқи мусиқӣ накунем. Мусиқӣ дар мағз-мағзи ҷавонии мо

ҷо гардида буд ва моро намегузошт, то вақти худро беҳуда сарф созем. Ҳар шом дар хонадони мо садои ҳаловатбахши мусиқӣ танинандоз буд ва аз ҳар навгонӣ менозидему меболидем. Мақсади ҷавонии мо низ ҳамин буд, ки ҳар рӯз як чизи тозаеро аз олами мусиқӣ омӯзем. - Ҳунар чист ва ҳунарманд кадом вақт худро муваффақ меҳисобад? - Ҳунарро баъзан мегӯянд, ки Худододӣ. Ин чиз ҳаст. Зеро бе ин намешавад. Бар замми ин инсон бояд масъулият ҳис намояд. Барои он ки ҳунараш эътироф шавад, бояд бештару беҳтар сари ҳунари хеш кору фаъолият намояд. Ҳунарманд бояд доим дар ҷустуҷӯ бошад. Чизи наверо ба вуҷуд биёред, ки то имрӯз нафаре онро кашф накарда бошад. Нозукии ҳунар ҳамин аст, ки бо вуҷуди дидани ҳама гуна шикасту душвориҳо ҳунарамонро ба каноре нагузоштем. Дӯст доштани ҳунар инсонро ҳатман муваффақ мегардонад. - Аз сафарҳои ҳунарӣ чӣ хотираҳо доред? - Сафарҳои ҳунарии хеле зиёд доштем ба кишварҳои хориҷа. Аз ҷумла ба Амрико, Фаронса, Дубай, Ҳиндустон, Русия ва ғайраҳо. Натиҷаи ҳамаи сафарҳоямро ҳамин гуна хулосабарорӣ намудам, ки воқеан санъати имрӯзаи тоҷик дар кишварҳои дигар эътироф гардидааст. Боре ҳангоми сафари ҳунарӣ дар кишвари Ҳинд, вақте навбати ман расид, ғижак дар даст ба саҳна баромадаму зери навои мусиқӣ дастаи раққосон рақсиданд. Ҳангоми ҳунарнамоӣ нафарони иштирокдошта, бо қарсаку чеҳраи гарм онро пешвоз гирифтанд. Дар ҳамон лаҳза ботинан гуфтам, ки воқеан ҳунару санъат сарҳад надорад. Вақте он маъруфу машҳур мешавад, ҳамаи сарҳадҳоро убур намуда, ба дили санъатдӯстдорон рафта мерасад.


8

Оғози мавсими нави варзишӣ дар “Сафед-Дара” Мавсими нави варзишӣ дар Маҷмааи лижаронии кӯҳии “Сафед-Дара”-и ноҳияи Варзоб бо чемпионати Тоҷикистон шуруъ шуд. Дар мусобиқа оид ба лижаронии кӯҳӣ беш аз 50 варзишгар мувофиқи синну солашон дар панҷ гурӯҳ рақобат карданд. Дар гурӯҳи варзишгарони соли таваллудашон 1999 Баракатулло Зокиров ғолиб шуд. Саидшариф Эшонов дар байни варзишгарони соли таваллудашон 2000-2001, Маҳмудҷон Эшонов дар миёни наврасони соли таваллудашон 2002-2003, Ҷаҳонгир Аҳёнзода дар гурӯҳи варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 аввалин шуда ба марра расиданд. Маъруфҷони Миралӣ дар байни хурдсолон (соли таваллудашон 2006 ва аз он хурд) ғолиб омад.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

√ ҚАДРДОНИИ

ҶАВОНОН

14 варзишгар сазовори Ҷоизаи Президент гардиданд 7 январ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо дар соли 2016 супорид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ варзишгаронеро, ки соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд, табрик намуд. “Фармони Президенти кишвар аз 9 январи соли 2015, №328 “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони варзишгар мебошад”. Гуфта шуд, ки соли 2016 бо дастгирии КҶВС 383 варзишгар, аз ҷумла 31 бону ба 70 чорабинӣ бо харҷи 1 631 622 сомонӣ сафарбар гардиданд. Дар натиҷа, ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 302 медал, аз ҷумла 94 тилло 91 нуқра ва 116 биринҷӣ ворид гаштааст. Дар соли 2016 меъёрҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 14 варзишгар бомуваффақият иҷро намуда, барои онҳо аз хазинаи Президенти кишвар 622 500 сомонӣ ҷудо гардид. Ҳамин тариқ, Дилшод Назаров, ки моҳи августи соли 2016 дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-деЖанейро оид ба варзиши сабук (гурзпартоӣ) сазовори ҷои аввал гардид, бо Амри Президенти ҷумҳурӣ аз 24 августи соли 2016 ба ӯ ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 300 000 сомонӣ ҷудо гардид. Ҷоиза бевосита аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд. Ҳамчунин, Фарҳод Неъматов - медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба таэквандо (Филиппин) бо 20000 сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Ҷаҳонзеб Қамишов); Моҳру Ҳалимова - медали нуқра дар Чемпионати Осиё оид ба таэквандо (Филиппин) бо 40000 сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Ҷон Ҳой); Комроншоҳи Устопириён медали тилло дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо (Ӯзбекистон) ва медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо

бо 84 ҳазор сомонӣ (21 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Фаридун Устопиров); Хуршед Маҷидов - медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон (Ҳиндустон) бо 5000 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббиаш); Абдулқосим Файзиев - медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод (Филиппин) бо 5000 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббиаш Дилшод Файзов); Акмал Муродов - медали нуқра дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон (Ҳиндустон) бо 10000 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббиаш Шералӣ Бозоров); Ҷаҳонгир Маҷидов - медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни наврасон (Ҳиндустон) бо 5000 сомонӣ; Ҳоҷимашраб Раҳмонов медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон (Ҳиндустон) бо 5000 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббиаш Р. Раҷабов); Азамат Сӯфиев - медали

биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод (Тайланд) бо 20000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббиаш Абдурозиқ Олимов); Суҳроҷ Азизов - медали нуқра дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ (Филиппин) бо 20000 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббиаш); Ҷомии Ҳасан - медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо (Булғористон) бо 24 ҳазор сомонӣ (6 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш Садриддин Воҳидов); Ҳамроз Раҷабов - медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо (Буғористон) бо 24 ҳазор сомонӣ (6 ҳазор сомонӣ ба мураббиаш); Рамазон Шарипов - медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муайтай миёни ҷавонон (Тайланд) бо 6 ҳазор сомонӣ (1500 сомонӣ ба мураббиаш Мирзоалӣ Ҷалилов) соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гариданд.

Миннатдории варзишгарон ба Пешвои миллат Муроҷиатномаи ҷавонон – варзишгарони кишвар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳанӯз соли 2010, ҳангоми мулоқоташон бо варзишгарони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси ифтихормандӣ иброз намуда буданд, ки «Варзиш қосиди сулҳ, муаррифгари давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони кишвар бо ҷаҳон мебошад». Ин суханҳои волои Пешвои муаззами миллат мо ҷавонон ва варзишгаронро водор намуд, ки пайваста ҳомии муҳофизи обрӯю эътибори Тоҷикистони азиз бошем, Ватани худро дар сатҳи ҷаҳонӣ бо барафрохтани Парчами миллӣ ва нерӯмандию иродаи қавӣ ҳамчун сарзамини биҳиштосо ва созандаву тобанда муаррифӣ намоем. Дар баробари рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои мутамаддин ояндаи онро бе рушди варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим тассавур кардан ғайри имкон мебошад. Баъд аз мулоқоти Пешвои миллат бо варзишгарони кишвар дар ҷумҳурӣ як такони хеле ҷиддӣ нисбат ба рушду такомули соҳаи варзиш ба миён омад, ки бо ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, иншооти ҳаётан муҳими варзишии таъиноташон гуногун, ки заминаи мусоидеро барои густариши варзиш мегузоранд, барқарор, сохта ва ба истифода дода шуданд. Ин иқдоми созандаи Пешвои миллат дар самти таҳкими варзиш ва сайқал додани тарбияи ҷисмониву маънавӣ, насли ҷавони кишварро дар самти худшиносӣ, ҳушёриву зиракӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ ва хештаншиносӣ раҳнамоӣ намуда, моро ҳамчун муҳофизи асили дастовардҳои даврони 25 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул намуд. Пешниҳоди Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва эълон гардидани рӯзи шанбеи ҳар ҳафта «Рӯзи варзиш» ба густариши тарзи ҳаёти солим дар кишвар бо ҷалби васеи наврасону ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ ба варзиши оммавӣ ва обутоби бадан созгор мебошад. Шабакаи варзиш бошад, дар як муддати кӯтоҳ байни ҷавонону наврасон маъруфияти хосаи худро касб намуд. Агар дар давраи собиқ иттиҳодияи шӯравӣ варзишгарони тоҷик сазовори 133 медал гардида бошанд пас шароитҳои фароҳамовардаи Истиқлолияти давлатӣ боиси он гардид, ки варзишгарони Тоҷикистон роҳ ба сӯи мусобиқаҳои байналмилалӣ пайдо карда, соҳиби 3702 медал гардиданд. Таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба рушди намуди варзиши миллӣ ва олимпӣ аз ҷониби варзишгарон ҳамчун таклифи сатҳи баланди касбӣ ҳамовозии комил пайдо намуд. Мо - варзишгарон миннатдории бепоёнамонро ҷиҳати таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, ваъда медиҳем, ки пайрави асили Пешвои миллат буда, дастовардҳои даврони истиқлолиятро муҳофизат менамоем ва бо дастовардҳои варзишӣ Парчами Тоҷикистони маҳбубамонро дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ боло мебардорем.


9

Кристиан Роналдо беҳтарин футболбози сол эълон шуд Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) бозингари дастаи “Реал”- Мадрид ва тими мунтахаби Португалия Кристиан Роналдоро беҳтарин футболбози соли 2016 эълон кард. Маросими ҷоизасупорӣ 9-уми январ дар шаҳри Сюррихи Швейтсария доир гашт. Ин ҷоизаро миёни занон Карли Ллойди амрикоӣ ба даст овард. Клаудио Ранери (клуби “Лестера”- Англия) беҳтарин мураббӣ дониста шуд. Ҷоизаи “fair play” ба клуби футболи “Атлетико Насонал” (Колумбия) дода шуд. Даста вақте барои ширкат дар даври финали Ҷоми Амрикои Ҷанубӣ бо тими “Шапекоэнсе” ба сафар баромад, ҳавопаймо ба садама дучор гашта, ҳайати дасат фавтиданд.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Ҳар ду бозии “Ҳосилот” бо “Шоҳин Осмоӣ” дар Душанбе доир мегардад Ҳар ду бозии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 миёни дастаҳои “Ҳосилот” – барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон ва “Шоҳин Осмоӣ” – қаҳрамони Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе доир мегардад.

Тими ҷавонони кишвар мусобиқаро дар Санкт-Петербург бо ғалаба оғоз кард Тими мунтахаби ҷавонони то 18-солаи кишвар таҳти роҳбарии сармураббӣ Виталия Левченко бозии аввалашро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин бо Юнон бо ғалаба анҷом дод - 1:0. Голи ягонаро дар дақиқаи 55 Эҳсони Панҷшанбе аз пеналтӣ зада, муаллифи аввалин голи мусобиқа дар соли 2017 гардид. Эҳсон, ҳамчунин беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ дони-

ста шуда, соҳиби туҳфаи хотиравӣ шуд. Дар даври дуюм, 10 январ, футболбозони ҷавони кишвари мо аз ҳамсолонашон аз Булғористон шикаст хурданд – 0:1. Голро дар дақиқаи 43-

юм Николов ба ҳадаф расонд. Рақиби тими ҷавонони кишвар дар бозии ниҳоии даври гурӯҳӣ тими ҷавонони Эстония мебошад. Ин вохӯрӣ 12 январ соати 14:00 оғоз мешавад.

Роштқалъа: Мактаби варзишӣ - ғолиби мусобиқаи волейбол Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи Осиё ширкат мекунанд Варзишгарони кишвар ба Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё, ки 19-26 феврали соли равон дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор мешавад, дар Маҷмааи лижаронии кӯҳии “Сафед-Дара” омодагӣ мегиранд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Баҳриддин Ғоибов, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназари Турсунмурод ва мураббӣ Илҳомиддин Абдуллоев дохиланд. Онҳо дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слаломи хурд ва слаломи бузург ширкат хоҳанд кард. Дар Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё 1500 нафар варзишгару мураббиён ва шахсони расмӣ аз 30 кишвари қора иштирок хоҳанд кард. Мусобиқот аз рӯи 11 намуди варзиш - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек баргузор хоҳад шуд.

Дар маркази ноҳияи Роштқалъа муобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол миёни кормандони идораву муассисаҳои ноҳия доир гашт, ки дар он нeҳ даста иштирок намуданд. Дар се басти бозии финалӣ дастаи Мактаби варзишӣ бар тими Хадамоти оташнишонӣ бо ҳисоби 3:0 (20:18, 23:20, 22:16) дастболо шуда, ғолиби мусобиқа эълон шуд. Барои гирифтани мақоми сеюм дастаҳои мақомоти маҳаллии ноҳия ва мактаб –интернат талош намуданд. Тими мақомоти ноҳиявӣ дар чор басти даври ниҳоӣ бо ҳисоби 3:1 (23:18, 20:16, 19:22, 20:16) бар рақибаш ғолиб омада, соҳиби ҷойи сеюм гашт. Ғолибон бо мукофот ва медалу ифтихорномаҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Роштқалъа қадрдонӣ шуданд.

Хуҷанд: Наврасон барои Ҷоми «Бойчечак» талош мекунанд Дар давраи таътили зимистона бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф аз 4 то 29 январи соли ҷорӣ дар Муассиаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и вилояти Суғд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2000-2005 баргузор мешавад. Дар ин бора Бахтиëр Исматҷонов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайëҳии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода, гуфт, мақсад аз баргузории мусобиқа ҷалби наврасон дар давраи таътили зимистона ба мусобиқаҳои варзишӣ, дарёфти истеъдодҳо ва варзишгарони болаёқат мебошад. 12 дастаи наврасони соли таваллудашон 2004-2005 ва 18 дастаи наврасони соли таваллудашон 2002-2003 дар мусобиқа барои дарëфти ҷоми «Бойчечак» байни ҳам рақобат менамоянд.

Федератсияи футболи Афғонистон, ки ба иллати далоили амниятӣ бозиҳои байналмилалиро дар кишвари худ доир карда наметавонад, Варзишгоҳи марказии Душанберо ба сифати майдони хонагиаш ҷиҳати баргузории бозии Ҷоми КФО интихоб кардааст. Бозии аввали марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои «Ҳосилот» ва «Шоҳин Осмоӣ» 31-уми январ ва бозии ҷавобии ин дастаҳо 7-уми феврал сурат мегирад. Агар дастаи «Ҳосилот» бар қаҳрамони Афғонистон пирӯз шавад, дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал дар назар аст. Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад. ҶОМИ КФО -2017 ГУРӮҲИ "D". МИНТАҚАИ МАРКАЗӢ Даври 1-ум. 14 март (сешанбе) «Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф «Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) Даври 2-юм. 4 апрел (сешанбе) «Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон) Даври 3-юм. 18 апрел (сешанбе) «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) Ғолиби плей-офф – «Олтин Асир» (Туркманистон) Даври 4-ум. 3 май (чоршанбе) «Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) «Олтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф Даври 5-ум. 17 май (чоршанбе) Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон) «Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон) Даври 6-ум. 31 май (чоршанбе) «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) «Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми КФО-2017 дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар як бозии санҷишӣ дар муқобили тими мунтахаби легионерҳо аз клубҳои мухталифи кишвар қарор гирифт. Бозӣ 9 январ дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гашта, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи дастаи Фархор анҷом ёфт. Голҳои “Ҳосилот”-ро легионери узбекистонӣ Сайриддин Ғаффоров, ганагиҳо Акуффор Гершон ва Агблей Ҷонс ва Наврӯз Рустамов заданд. Барои шогирдони Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ин сеюм бозии санҷишӣ буд. Қаблан “Ҳосилот” бар дастаи КМВА “Помир” ғалаба (2:0), бо “Истиқлол” бошад, мусовӣ (2:2) карда буд.


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

ПАЁМИ ПЕШВО ВА ҶАВОНОН

Паёми Пешвои миллат - қадами устувор барои рушди кишвар Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қадами устувор барои рушди кишвар» семинар баргузор гардид. Дар семинар вакили Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқова иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун омили муҳҳми мусоидаткунанда ба рушди ҷомеа рӯйдоди сарнавиштсоз ба шумор рафта, дар назди тамоми кишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад. Иҷрои саривақтии нуктаҳои он рушди устувори кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд. Тавре дар Паём зикр гардидааст, тарбияи ҷавонони кишвар дар рӯҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихор аз ватандорӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯстию масъулиятшиносӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии онҳо, истифодаи пурсамари иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо саривақтӣ буда, масъалаҳои муҳимтарини кишвар ҳисобида мешаванд.

Эътимод ба насли ҷавон, эътимод ба фардои давлат аст (Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ) Паёми Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ як навъ ҳисоботи солонаи ҳукумат ба парламенти кишвар аст, ки имсол бо назардошти вазъият ва шароити сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву маданӣ моҳи декабр иттифоқ афтод. Паём чун ҳамасола муҳимтарин масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати ҷумҳуриро фаро гирифта, дар он самтҳои асосии сиёсати илм ва маориф, сиёсати иқтисодӣ, сиёсати давлатии ҷавонон таҳлил шуданд. Нуктаи муҳим дар Паёми имсола Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро ҳамчун қувваи бузурги сиёсиву иҷтимоӣ қаламдод карда, дар пешбурди самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба таври зарурӣ истифода шудани ин ниҳоди муассири иҷтиморо муҳим медонад. Сиёсати иҷтимоии Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз бахшҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва амсоли инҳо таркиб ёфтааст, дар соли ҷорӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Танҳо дар соли 2016 зиёда аз 200 бинои таълимӣ барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилотӣ сохта шуд ва ин корро дар солҳои минбаъда инкишоф бояд дод. Роҳандозӣ гардидани чунин навъи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф гувоҳи он аст, ки давлат ва ҳукумат дар симои Пешвои миллат ба маориф авлавият медиҳад. Сарвари давлат дар бахши сиёсати маориф ва илм ҳамчунин таъкид кард, ки бунёди муассисаҳои нави замонавии таълимӣ, ҷалби хонандагон ба илмомӯзӣ ҷомеаи

тоҷикро дар баробари хатарҳои глобалӣ эмин медорад. Президент дар Паёми имсола масъалаи афзоиш додани буҷаи давлатиро ба 18 млрд сомонӣ ба миён гузошта, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро омили муҳимтарини суботи иҷтимоӣ медонад. Масъалаи туризм ва рушди он дар мамлакат аз масъалаҳои муҳиме буд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиддӣ таъкид шуд. Сарвари давлат зимни суханронӣ дар робита бо самти сайёҳӣ ба он таъкид кард, ки то имрӯз кишвари мо дар самти ҷалби сайёҳони 80 кишвар низоми соддагардонидашудаи раводидро ба роҳ мондааст. Ин иқдом, ба таъкиди Президент бояд идома ёбад ва сайёҳони дигар кишварҳоро ҳам ба минтақаҳои туристии Тоҷикистон ҷалб бояд кард. Дар ин самт омода кардани мутахасисон, ҷалби сармояи хориҷӣ барои инфрасохтори сайёҳӣ, одоби муоширати кормандони марбута аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб мераванд, ки ҳалли онҳо соҳаи туризми ватаниро ҳаматарафа рушд медиҳад. Сохтан ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои мусоиди ҷумҳурӣ аз ҳисоби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ масъалаи умдае буд, ки дар Паёми Президент чандин маротиба ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Президент аз ҷараёни сохтани корхонаи саноатии нуриҳои азотии шаҳри Сарбанд ёдовар шуд, ки бо сармоягузори хориҷӣ соли 2018 ба истифода дода мешавад. Бунёди чунин навъи корхонаҳо раванди саноатикунонии мамлакатро таҳким бахшида, талаботи мардум ва махсусан кишоварзонро ба нуриҳои азотӣ қонеъ мекунад. Аз ҷониби дигар, корхонаҳои саноатии ватанӣ маҳсулоти худро на танҳо дар бозори дохилӣ ба фурӯш мебароранд, балки ба хориҷ аз кишвар низ интиқол медиҳанд. Ҳамчунин, Президент саноатикунонии ҷумҳуриро ба ҳайси муҳимтарин унсури пешрафти иқтисодии мамлакат муаррифӣ кард. Мавзӯи терроризм ва экстремизм, мубориза бо коррупсия ва қочоқи маводи мухаддир, ки дар Паёмҳои солҳои қаблӣ

низ ишора шуда буд, ҷиддӣ гушзад гардид. Президент аз терроризм ва экстремизм ба унвони хатарҳои ҷаҳонӣ ёд карда, муборизаи ҳамагониро бо ин хатарҳо асли мақсад хонд. Вобаста ба ин, дар Паём масъалаи коррупсия ҳамчун зуҳуроти баробар бо терроризм ва экстремизм баррасӣ гардид. Ришваситониро Президент дар ҳар шакле омили асосии заиф шудани сохтори давлатӣ гуфта, аз масъулини сохторҳои давлатӣ талаб кард, ки дар решакан кардани ин вабои аср дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаи беамон бубаранд. Дар бахши сиёсати хориҷӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки Маҷмааи Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди навбатии Тоҷикистонро дар мавриди тамдиди лоиҳаи даҳсолаи «Об барои ҳаёт» ҷонибдорӣ намуд. Сиёсати дарҳои боз, ки меҳвари сиёсати хориҷии Ҳукумати ҷумҳуриро ташкил медиҳад, боиси ривоҷи муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои дуру наздик мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳеҷ кишвари дунё муносибати ғаразнок ва душманона надорад ва ҳозир аст бо тамоми кишварҳои хориҷӣ дар доираи талаботи мавҷуда ҳамкорӣ намояд.

Ба ҷавонон бовар доштан ва истифода аз нерӯи фикрии ҷавонон дар сиёсати давлатӣ аз нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маҳсуб меёбад ва эълон шудани Соли ҷавонон эътимоди Сарвари давлатро ба насли ҷавон нишон медиҳад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ин насли ояндасоз бо такя ба илму дониш метавонад давлат ва ҷомеаи тоҷикро ба пеш бубарад ва ба сатҳи давлат ва ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ бирасонад. Эътимод ба насли ҷавон ва ифтихор доштани Президент аз ҳамкорӣ бо ҷавонон эътимод ба фардои пуршарафи давлат ва миллати тоҷик мебошад. Исомиддин ШАРИФЗОДА, номзади илмҳои фалсафа

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар литсею баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе низоми нави баҳогузорӣ ба хонандагон низоми холдиҳии рейтингӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар синфҳои 10 «а» ва 10 «б»-и МТМУ №123-и ноҳияи Рӯдакӣ низ ин низоми нав роҳандозӣ гаштааст. Дар муассиса иттиҳодияи методӣ таъсис ёфта, ҳар моҳ семинари машваратӣ баргузор мешавад. Омӯзгорон дар семинарҳои дохилимуассисавӣ таҷрибаи корбариро аз рӯи низоми нави холдиҳӣ азхуд намудаанд. Онҳо мавзӯъҳои азбаркардаашонро оид ба «сохти дарси муосир», «технологияи таълими муосир», «бозиҳои нақшофарӣ дар дарс», «ташкили гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар дарс», «тестҳо ва истифодаи онҳо», «фаъолгардонии хонандагон дар дарс» ва ғайра дар ҷараёни машғулиятҳо амалан иҷро менамоянд.

Аз Паёми Пешво рӯҳбаланд гаштем Мушоҳидаи мо гувоҳ аст, ки ин низом ҳангоми баҳогузорӣ шафофиятро таъмин менамояд. Баҳодиҳии субъективӣ, ки солҳо ҷараён дошт, норизоии падару модаронро нисбат ба дониши фарзандонашон ба миён овардааст: хонанда аз падару модар сарзаниш мешунид, аз ҷониби дигар омӯзгор ӯро барои кӯшишу ғайрати ҷавобгӯи баҳои «аъло» нагирифтанаш эрод мегирифт. Дар натиҷа, хонанда ба ҳолати стресс гирифтор мешуд. Чун устоди собиқадор аз низоми холдиҳии рейтингӣ қаноатманд ҳастам. Чунки пештар ҳам баҳо ба хонанда субъективӣ буд ва ҳам завқи хонандаро паст мекард. Низоми рейтингии 100-хола бошад, ба пешравии дониши хонанда мусоидат менамояд. Баҳои ниҳоие, ки баъди ба охир расидани соли таҳсил гузошта мешавад, воқеъбинона сурат мегирад, чун натиҷаи донишандӯзии хонанда давоми сол аст. Дар усули нави баҳодиҳӣ хонандаро аз бобати риоя кардани низоми ягонаи либоспӯшӣ, ахлоқ, фаъолияти дарсазхудкунӣ хол-баҳо медиҳанд. Ҳамчунин ба эҷодкории хонанда - кори мустақилона, кори контролӣ ва иншонависӣ холи бештар монда мешавад. Боз бартарии низоми нави рейтингӣ дар он аст, ки ҳангоми истифода аз технологияи муосири таълимӣ зеҳни хонандагон хубтар инкишоф меёбад. Одатан, наврасону ҷавонон одати аз ҳама болотар хол гирифтан, беҳтар нишон додани фаъолияти эҷодкориро дӯст медоранд. Ин усули баҳодиҳӣ завқу ҳаваси боз ҳам фаъолтар будану кори мустақилонаи эҷодӣ кардани хонандагонро афзун мекунад. Хонанда кӯшиш менамояд, ки сифатҳои хуби худро ба ҳамсинфонаш нишон диҳад. Пешравии хонандагон имкон медиҳад, ки сифати таълим дар муассиса беҳтар гардад. Хонандаи сустхон чун нафари паҳлӯяшро мебинад, ки бештар хол гирифтааст, аз пайи ислоҳи камбудиҳояш мегардад. Тавас-

сути низоми нави баҳогузорӣ байни таълимгирандагон рақобат ба вуҷуд меояд. Чунин тарзи кор ҳамчунин имкон медиҳад, ки хонандагон аз лиҳози хислату характер низ шахсияти худро ташаккул диҳанд. Истифодаи низоми нав ба фаъолнокии кори мустақилонаи хонандагон мусоидат карда, ба фаъолияти дарсазхудкунии онҳо таъсири мусбат мерасонад. Оянда дар муассисаҳои таълимӣ гурӯҳҳои тахассусӣ ташкил шуда, тибқи барномаҳои махсус ҳам фанҳои назариявӣ ва ҳам таҷрибавӣ ҷорӣ мегардад. Дар муассиса ташкил гардидани гурӯҳҳои тахассусӣ барои васеъ ва омӯзиши амиқи фанҳои ихтисосии интихобкардаи хонандагон кӯмак мерасонад. Хонанда – хатмкунанда бо омодагии нақшавӣ метавонад имтиҳони давлатии ягонаро бо натиҷаҳои мусбат супорад. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар (аз 22 декабри соли 2016) таъкид намудаанд, «Аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд». Мо – устодону омӯзгорон аз Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, малакаву таҷрибаи чандинсолаамонро баҳри ҷавобгӯйи талаботи муосир шудани дарсазхудкунии хонандагон равона менамоем. Бибимастура ҲАИТОВА, муовини директори МТМУ123-и ноҳияи Рӯдакӣ


Донишҷӯёни тоҷики Хабаровск Паёми Пешвои миллатро баррасӣ карданд Донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи политехникии шаҳри Комсомоли лаби Амури кишвари Хабаровск, ки тариқи квотаи Президенти ҷумҳурӣ ба донишгоҳи мазкур дохил гардидаанд, аз суханҳои созандаву ободкоронаи Сарвари давлат ва пешниҳод дар мавриди Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 рӯҳбаланд гардиданд. Дар ҷамъомади тантанавӣ нуктаҳои Паёми Пешвои миллат оид ба дастоварду дурнамои тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Донишҷӯён Акрам Мирзоев, Сайфуллои Иноят, Муборакшо Азизшоев бо ифтихору сарбаландӣ аз ободиҳову пешравиҳои Ватан ёдрас шуда, изҳор карданд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириву боварии Сарвари давлат ҳамаҷониба кӯшиш мекунанд бо донишу рафтори намунавӣ номбардори миллату Ватани хеш гарданд. Онҳо ният доранд донишу илми омӯхтаашонро барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон сарф намоянд.

√ СОЛИ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Дастурамале ба Абдуқодири Рустам

2017 – СОЛИ ҶАВОНОН

Пешвои миллат ҷавононро аз майдони ҷанг ба донишгоҳҳо расонд Таърихи ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидои он вобаста аст. Дар ин замина бо ифтихори бузург ва саодату иқболи баланд модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ фарзандони фарзонаеро ба дунё овардааст, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллати худро устувору ҷовидонӣ намудаанд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати сарбаланди мо пас аз фосилаи тулонии таърихӣ масъулияти пешбурди давлату давлатдории худро бар дӯш гирифт. Фазои сиёсию мафкуравии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ хеле гуногун ва инъикоскунандаи манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ буд, ки ҳар кадом ба сари қудрат омадан мехостанд. Манфиатҷӯӣ ва манфиатхоҳии ин гурӯҳҳои сиёсӣ боиси хисороти бузурги ҷонию моддӣ ва маънавӣ, ҳамзамон заиф гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ гардид, ки дар натиҷа дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуд. Миллату давлатро ҳисси ноумедиву нокомӣ ва дилшикастагию ҳасрат фаро гирифт. Ҳазорон нафар тарки Ватан карда, дар кишварҳои ҳамсоя паноҳ ҷӯстанд. Хонаҳои ободу зебо валангор ва несту нобуд гардида, шаҳрвандон бе манзили зист монданд. Кӯдакону наврасон аз мактабу дарс канор монда, интизори як пора нон буданд ва аз гуруснагӣ таббассум ва бозии кӯдаконаро ҳатто ба хотир оварда наметавонистанд. Ҷавонон бошанд ба ҷои касбу ихтисос аз худ кардан сипар ва қурбони майдони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуданд. Ҷавонони ин давра дар ҳасрати умри ҷавонии худ ва шириниҳои он – ишқу муҳаббат ва суруру шодмонӣ буданд. Ба ҷои сайру гашт дар боғҳои зебо бо дӯстдоштаи худ, яроқ дар даст дар фаною паҳнои роҳгумзадагии майдони ҷанг монда буданд. Падарон дар ҷустуҷӯи пораи нон ба хотири наҷоти фарзандон аз марги гуруснагӣ ва ташвиши дифоъ аз оила ва ҷони худ буданд. Модарон ашки сард дар чашм гоҳо шоҳиди ба ҳалокат расидани фарзандони ҷавони худ дар майдони ҷанг, гоҳи дигар шоҳиди марги тифлон аз гурӯснагӣ мешуданд. Хушбахтона чун давраҳои дигари

11

таърихӣ дар ин давра низ масъулияти ватандорию ватансозии миллатро фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда гирифт ва бо ҷасурию матонат, хираду дурандешӣ, ҳисси баланди хештаншиносӣ ба майдони сиёсат ворид гардид. 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ бо суханронии нахустини худ дар дили сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол шуълаи умедро ба фардои хуш барафрухт. Ҷавононро аз майдони ҷанг ба саҳни донишгоҳу донишкадаҳо расонид ва дасташонро аз яроқ ҷудо карда, ба дасти маъшуқаи дӯстдоштаашон пайванд намуд. Кӯдакону наврасон ва падарони мо дигар дар фикри дарёфти нон нестанд. Дар марҳилаи аввал Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруснагию фақирӣ, ашку ҳасрат, кинаю бадбинӣ, ҷангу хунрезӣ ва душманию ғарибиро дар кишвар ба дастурхони пурфайзу пурсаховат, шодию фараҳ, дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат ва муттаҳидию ҳамбастагӣ иваз намуд. Ин осон набуд. Сӯиқасдҳо, мулоқот бо мухолифин дар майдонҳои ҷанг, вохӯриҳои алоҳидаю хоса бо размандагон, қумандонҳои саҳроӣ ва роҳбарони дигари гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки заррае кафолати бехатарию амният дода намешуд. Ин рафтори ӯ мухолифин, гурӯҳҳои мусаллаҳ ва роҳбарони давлатҳои ҳамсояро ба ҳайрат овард. Бештару волотар ва зиёдтару дақиқтар нисбат ба ҳама масъулияти ватандориро дарк мекард. Хуб медонист, ки таърих, замон ва ҷаҳониён дигарбора ба мо имкони соҳибдавлатиро намедиҳанд. Ин имконияти таърихиро бояд на танҳо ба даст гирифт, балки қадр кард ва ба тамоми ҳастӣ ҳифз намуд. Барои ин месазад, ки ҷонро фидо кард. Омӯхтану дар сиришти худ ҷой додани ин рисолати инсонию имонӣ қарзи виҷдонии мо - ҷавонон мебошад. Зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва рушду нумӯи ҷаҳонии миллати тоҷик оғоз шуд. Бо ташаббусҳои инсондӯстонаи худ дар самти таъмини ҷаҳониён бо об ва пешгирии фавти ҳазорон нафар кӯдаку наврас аз норасоии оби тоза «2003 – Соли байналмилалии Оби тоза», солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи байналмилалии об барои ҳаёт”, соли 2013

“Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об”, ва инак солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор” дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти дунё саҳми бузург гузошта истодааст. Мактаби роҳбарӣ ва сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо - ҷавонон намунаи беҳтарини давлатдорию давлатсозӣ мебошад, ки омӯзишу пайравӣ намудан ба он қарзи имониву виҷдонӣ ва вазифаи муқаддасу аввалиндараҷа мебошад. Пешвои миллат нисбат ба мо - ҷавонон эҳтироми зиёд доранд. Ҷавононро дӯст медоранд ва тамоми шароитро барои инкишоф ва рушду нумӯи онҳо фароҳам овардаанд. Пайваста ҷавононро дастгирӣ менамоянд, онҳоро тарбия месозад ва ба вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таъин менамояд. Ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки ҳаёти ҷавонии мо зебо ва аз каму костагиҳо орӣ бошад. Мо лаззати лаҳзаҳои ҷавонии ҳаётро дарк кунем, хушбахту хушрӯз бошем. Ҷавонӣ кунем. Ҳарчанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонии худро натавонистанд пайи назофатҳо сарф кунанд, аммо назофатҳои ҷавонии худро дар ҳаёти ҷавонии мо мебинанд. Пешвои миллат ҷавонии худро баҳри хомӯш сохтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ободию пойдории давлат сарф карданд, ки хеле кори пурифтихору пуршараф аст. Такя ба ҷавонон маънии пайванди имрӯз ба фардоро дорад. Дастгирии ҷавонон мазмуни бунёди фардоро дар имрӯз дорад. Мо - ҷавонон бояд аз ин ифтихор кунем ва бар ивази дастгирию ғамхорӣ ва пуштибониҳо пайи ободию рушду тараққиёти Ватан ва ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳастӣ саҳм гузорем. Ба ифтихори мо соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд, ки идомаи ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастгирии ҷавонон мебошад. Сайдулло ҚУВВАТОВ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ман - донишҷӯӣ ДМТ «Дастурамали донишҷӯйи тоҷик» ном навиштаи танзомези Абдуқодири Рустамро дар саҳифаи фейсбукаш хонда, ҳайрон шудам. Намедонам, ки нависандаи азиз, Шумо аз мо чӣ мехоҳед. Солҳои охир ҳама ба мо панд медиҳанд. Як гурӯҳ мехоҳанд, ки мо ҷанговар шавему ба ким-куҷоҳое наравем. Гурӯҳи дигар моро ба маҷлисҳои чорраҳаву тангкӯчаҳову паскӯчаҳо ба бангкашиву арақхӯрӣ даъват мекунанд. Гурӯҳи дигар мехоҳанд, ки мо қартабозу ҳиллагар шавем, то дар олами ҷиноӣ машҳур гардем. Гурӯҳи дигар мехоҳанд мо ангуштони худро обутоб дода, бомаҳорат аз кисаи касон маблағеро муфт ба даст орем. Ба таъбири дуздона «золоторучка» шавем, то номи худро дар олами дуздони қонунӣ (воры в законе) боло барем. Ин чор гурӯҳ ҳамеша моро пайгирӣ доранд. Шумо ба кадоми ин гурӯҳ марбутед, нафаҳмидам. Шумо аз ҷони мо - ҷавонон чӣ мехоҳед?! Мо куҷо равем, чӣ маслиҳати дақиқ дода метавонед? Аз 12 танзи овардаатон ҳаминро фаҳмидам, ки Шумо ба ояндаи мо - ҷавонон хушбин нестед. Шумо Истиқлолияти моро чашми дидан надоред. Аз хушиву хурсандӣ ва истиқлолхоҳии мо нороҳат мешавед. Намехоҳед, ки мо “Зинда бод, Тоҷикистон!”, “Зинда бод Истиқлолият!” гӯем. Дили Шумо дар вақти “Нест бод ҷанг, зинда бод сулҳ!” гуфтани мо мезанад. Худатонро эҳтиёт кунед! Шумо намехоҳед, ки мо дар Иди Наврӯз, Иди Парчам, Рӯзи дониш ва ҷашнҳои дигари миллӣ фаъолона иштирок кунем. Шумо мехоҳед, ки мо умуман иштирок накунем. Шумо аз либоспӯшии мо ба танг меоед, ҳатто автобуссавории мо шуморо нигарон кардааст. Мо ҳар коре ки кунем, ба Шумо писанд нест! Зеро мушкилии вазнин, дарде Шуморо азият медиҳад. Шумо намехоҳед, ки мо ба даҳони бадгӯёни ин миллат бо мушт бикӯбем. Шумо дида наметавонед, ки мо - ҷавонон барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлат дари ҳар гуна созмону сафоратхонаи хориҷиро задан он тараф истад, бармеканем. Чашмони пурифтихору сари пурғурур ва чеҳраи арғувонии мо - ҷавонон рухи Шуморо зард кардааст, муҳтарам нависанда! Ифтитоҳи корхонаву мағоза ва дигар иншоот сари Шуморо ба дард овардааст. Яъне, Шумо рушди кишварро чашми дидан надоред. Шумо беҳад ғамгин аз онед, ки мо дигар аз пайи душманони ин миллат намеравем ва забон ба танқиди Ватану миллат намекушоем. Ба ақидаи Шумо, забони сурхи мо паси дандонҳои мо маҳбас аст. Шумо ғамгинед, ки мо - ҷавонон китобҳои зиёди устодонро мехарему мехонем. Чӣ, мехостед, ки мо сомониҳоямонро сарфи корҳои беҳуда кунем? Ғалат кардед. Мо дигар он ҷавонони фориғи соли 1992 нестем, ки ба фарёди ҳар нафари хоин ва миллатфурӯш бархоста, ба майдон бирезем ва ин ободии бо сад заҳмату меҳнат бадастомадаро вайрону хароб кунем. Ғалат кардӣ, нависандаи азиз, Абдуқодири Рустам! Ф. АБДУРАҲМОНОВ, донишҷӯи ДМТ


12

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

127 медали хонандагон аз олимпиадаҳои байналмилалӣ Хонандагони тоҷик соли 2016 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкати фаъолона карда, сазовори шоҳҷоиза (Гран-при) ва 127 медал - 21 медали тилло, 33 - нуқра, 73 - биринҷӣ ва 32 ифтихорномаи фахрӣ гардиданд. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар дар нишасти матуботӣ иброз дошт, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ нишон дод, ки сол то сол масъулияти омӯзгорон ва сатҳи дониши хонандагон бо муҳайё гардидани шароити таълим дар муассисаҳои таълимӣ баланд гардида, дар ин самт дастовардҳо назаррас шуда истодаанд. Дар маҷмӯъ, имсол шумораи иштирокчиёни олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 1236 нафар буда, шумораи ғолибон 243 нафар, аз ҷумла 54 нафар соҳиби ҷойи аввал, 61 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 128 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Соли таҳсили 2016-2017 мувофиқи нишондодҳои нақшаи қабул тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1421 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

√ ИДЕАЛИ ХУРШЕД МАВЛОНОВ

Ҳамадон Шогирдон ҳамин хислатро ба устодашон, марҳум Султон Мирзошоев медиҳанд

Инсонҳои нек бо амалҳои хубу шоистаашон ҳамеша дар дилу дидаи мардум ҷовидон мемонанд. Мардум онҳоро дар зиндагӣ ва ҳатто пас аз марг низ ҳамун як шахси намуна барои дигарон ёд мекунанд. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста ва намунаи олии ин гуна афрод Султон Мирзошоев мебошад. Ӯ қариб дар ҳама соҳаҳо саҳми босазо гузоштааст. Ҳамин аст, ки ҳар гоҳ аз пайдоиш ва мустаҳкамгардии дилхоҳ соҳа ҳарф зананд, ҳатман аз ӯ ёд мекунанд. Дар баробари ин, рафтору гуфтори наҷиби ӯ дили ҳазорҳо ҳамкорону шогирдҳояшро тасхир кардааст. Ҳар лаҳза аз ҳаёт ва фаъолият Султон Мирзошоев ҳарф зананд, бо виқори ба худ хос аз доштани устоде чун ӯ мефахранд. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ яке аз шогирдони Султон Мирзошоев маҳсуб мешавад. Аз устодаш хотираҳои зиёд дорад. - Ба Султон Мирзошоев мардум баландтарин баҳоро сазовор донистааст. Ҳаёти Султон Мирзошоев ибратомӯзи насли ҷавон мебошад. Ӯ як шахси ҳамадон буд. Сиёсатмадор, таърихшинос, киношинос, дар маҷмуъ як нафари ҳамакора буданд. Шиносоии ман бо ӯ дар Маскав иттифоқ афтод. Вақте ки ӯ намояндаи Тоҷикистон дар Маскав буд, бо донишҷӯён ва аспирантон бисёр алоқаи зич дошт. Нафаре буд, ки ҳамеша ояндаро дар чашми ҷавонон медид. Ба синну сол аҳамият намедод. Вазифаи касро ҳам нигоҳ намекард. Ман аз он кас хеле ҷавон будам. Аммо ӯ худро чунон вонамуд мекард, ки гӯё ман ҳамсоли он кас бошам. Ана, ҳамин яке аз хислатҳое буд, ки ӯро нисбат ба дигарон дар тафовут мегузошт. Устод фарҳанги муоширати хуб доштанд. Бо лаҳни ширини тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Дигар хислати ӯ ҳамин буд, ки ҳеҷ гоҳ аз кор монда намешуданд. Боре шоҳид нашудаам, ки аз коре даст кашида бошанд. Ҳамин буд, ки то нафасҳои охирин дар пайи кору пайкор ва пешравию ободии Ватан буд. Ҷавонон пеш аз ҳама аз ӯ бояд ташаккули ҳаматарафаи шахсиятро

√ МАЪЛУМОТИ

√ МИНАТДОРӢ

ҶАВОНОН

омӯзанд. Дар пайравӣ аз Султон Мирзошоев ҳама соҳаҳоро омӯзанд. Худро дар як ҷо маҳдуд накунанд. Ин бардоште ҳаст, ки аз он бояд дилхоҳ нафар баҳравар бошад, гуфт С. Сафаров. Ҳамаи ин гуфтаҳо исбот мекунанд, ки тарбияи насли наврас аз ҷониби Султон Мирзошоев дар давраи худ ва баъд аз он басо назаррас аст. Ӯро на танҳо дар доираи корӣ, балки берун аз он ҳама мешинохтанду ба ӯ пайравӣ мекарданд. Чуноне нависанда Зариф Ғулом мегӯяд: “Ҳанӯз солҳои мактабхонӣ номи Султон Мирзошоев, ки ба ҳайси Котиби якуми Комитети Марказии комсомоли Тоҷикистон кору фаъолият дошт, ба мо маълуму машҳур буд. Охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни гузашта мо - хонандагони синфҳои болоӣ зери роҳнамоии ташкилоти ҷавонон, ки сарвариашро ин ҷавонмарди сиёсатмадор бар уҳда дошт, дар колхоз дар баробари хубу аъло хондан корномаҳои меҳнатӣ нишон медодем. Шиносоии нахустинам бо ин марди ҳалиму поксиришт соли 1973 ба вуқӯъ пайваст. Ҳамон сол котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) кор мекардам. Ба дафтари кориам ҷавонмарди болобаланду қумандончеҳра даромад ва худро муаррифӣ намуд: “Ман, Мирзошоев Султон, раиси Комисия кор бо ҷавонони Шӯрои Олӣ мебошам. Доир ба фаъолияти ҷавонону комсомолони кишвар маълумот ҷамъ оварда истодаам. Аз кору пайкори ноҳияатон каме нақл мекардед”. Ман ҳадалимкон доир ба иштироки ҷавонону комсомоли ноҳия дар ҳаёти сиёсиву ҷаъиятӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, хонишу варзиш ва маданию фароғатӣ маълумоти мухтасар додам. Ҳамсуҳбатам хеле хушнуд гардида, вақти хайру хуш як қатор маслиҳатҳои муфид доир ба беҳтар гардонидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии комсомлӣ доданд. Аз ҳамон давра ӯро чун шахси кордону меҳнатқарин ва машваратичии хуб аз наздик мешиносам...” Пас аз сари Султон Мирзошев қарнҳо таърих ба мо аз гузаштаи ибратомӯзи ӯ нақл мекунаду панд медиҳад ва пеши назарамон чеҳраи таърихии ӯро меорад. Ҳамеша таъкид мекунад, ки чеҳраи чун ӯ, агарчи ҷаҳон ҳама гузарост, умрҳо боқӣ мемонад. Чуноне худи ӯ дар ёдоштҳояш нигоридааст: “Ман худро шахси таърихӣ ҳисоб на-

Султон Мирзошоев таҳсили ибтидоиро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гирифтааст. Солҳои 1966-1972 раиси Кумитаи киноматографистон, солҳои 1973-1979 намояндаи доимии Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Солҳои 1979-1987 ба ҳайси вазири фарҳанги Тоҷикистон ва солҳои 1989-1993 ба ҳайси муншии аввали Ҳизби коммунист дар вилояти Кӯлоб кор кардааст. Муассис ва нахустин раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1993-1994 буд. То соли 2007 раҳбари маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-ро бар уҳда дошт. 7 июни соли 2016 дар 84-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Дар муддати кӯтоҳ шифо ёфтам Муддати 10 сол инҷониб аз бемории ҷоғар ранҷ мекашидам. Сар аз гиёҳҳои шифобахшу дармонҳои мардумӣ то ба ҳама беморхонаҳо барои шифо ёфтанам рафтаму табобат кардам, аммо ягон натиҷа надод. Бо тавсияи як дӯстам ба шуъбаи эндоҷарроҳии беморхонаи №5-и шаҳри Душанбе муроҷиат кардам. Дар ин беморхона маро табибон Турақулов Худойбердӣ, Фаррух, Маъруф ва мудири шуъба Ф. Боқиев қабул намуданд. Пас аз ташхис ҷарроҳӣ намуданд. Нигоҳубини хубу ташхиси касбии ин духтурон сабаб шуду дар муддати кутоҳ шифо ёфтам. Табибони беморхона нафарони пуртаҷриба ва донандаи хуби соҳаи хеш мебошанд. Минатдории худро ба ин нафарон расонида, дар корҳояшон бурдборӣ ва муваффақиятҳо таманно дорам. Бо эҳтиром Маҳмадшариф ҚАЛАНДАРОВ

мекунам. Чун ҳамватанон ба қадри қуввату дармонам, донишу таҷрибаам баҳри ободию шукуфоии кишвари азизам заҳмат кашидаам ва аз ин хок, ки маро нону намакаш, замини муқаддасу решаҳои ориёияш, кӯҳҳои сарбаланду осмонбӯсаш, рӯдҳои сафобахшу меҳри модариаш бо навозиш тарбия намудааст, то вопасин рӯзҳои ҳаётам қарздор ҳастам». Ҳамин матонату устуворӣ буд, ки то дилаш дар сандуқи синааш метапид, хизмати халқро ба ҷо овард ва исмашро дар саҳифаҳои таърихи навини кишвар ба таври абадӣ сабт кард.

“ҶТ”

Соли 1895 дар иёлати Огайои ШМА танҳо ду автомобил мавҷуд буд ва онҳо рӯзе бо ҳам бархурданд

Хонандаи азиз, тавре мушоҳида кардед, рӯзнома дар соли нав, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудааст, бо шакли нав ва мавзӯъҳои хоси ҷавонон пешниҳод шудаву мешавад. Мо тамоми имкониятамонро ба он равона мекунем, ки барои шумо матлабҳои хонданӣ ва дархӯр пешниҳод кунем. Рубрикаи наве, ки пешниҳод мешавад, “Пурсед, посух медиҳем!” ном дорад. Агар шумо кадом мушкиле доред, кадом масъалае мағзи шуморо машғул медорад, пас саволатонро фиристед, мо бо ҷалби мутахассисон ба қадри имкон ба саволи шумо посух медиҳем. Тамос: 2385109, 2385414, email: javonontj@mail.ru, саҳифаи Ҷавонони Тоҷикистон дар “facebook”


Амалиёти “Оворагард” оворагардҳоро муайян мекунад Бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба талбандагиву оворагардӣ ва дигар аъмоли нолоиқ даст задани насли наврас давоми моҳи январи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти «Оворагард» гузаронида мешавад. Дар рӯзҳои аввали баргузории он аз тарафи кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҳолатҳои зиёди машғул шудани ноболиғону ҷавонон ба бозиҳои компютерии дорои хусусияти зӯроварӣ муайяну ошкор шуд. Нисбат ба волидони ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин амалиёт боздошт мешаванд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ тадбирҳои таъсирбахш андешида мешаванд.

ҲАЛИМЗОДА АЗИЗ:

Терроризм ва ифротгароӣ аз лаҳзае ки ба вуҷуд омад, то имрӯз ҳамеша бар зидди оромии ҷомеа ва пешравии он буд. Ин зуҳурот ҳамеша бар он мусоидат мекард, ки ҷомеа ноором бошад ва мардум худро ҳамеша дар ноамнӣ эҳсос намояд. Дар ин баробар, аз ҳамон лаҳзаҳои аввал неруҳое ба вуҷуд омаданд, ки ҳамеша ба муқобили ин зуҳурот мубориза мебурданд, то мардум осудаву ором зиндагӣ намояд. Имрӯз, мутаассифона, ин зуҳурот ба як проблемаи асосии башарият табдил ёфта, ҳамчун вабои аср муаррифӣ мешавад. Аз ин рӯ, дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон тамоми неруву ҳастӣ барои пешгирии он ва таъмини амнияту осоиштагии мардуми мамлакат равона шудааст. Мақомоти судии кишвар низ яке аз ниҳодҳои фаъоли мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ мебошад. Бинобар ин, зимни мусоҳиба бо сардори шуъбаи ҷамъбасткунии амалияи Суди Олии Тоҷикистон Ҳалимзода Азиз пурсон гаштем, ки мақомоти судии мамлакат дар самти мубориза бо чунин гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар соли 2016 кадом корҳоро анҷом додааст?

Ноогоҳӣ ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад - Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлатӣ ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, тамоми ҷомеаи башариро ба ташвиш овардааст. Ба ин гуна гурӯҳҳо бештар ноболиғон ва ҷавонон ҷалб мешаванд, ки хеле нигаронкунанда аст. Сабабҳои асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани шаҳрвандон, хусусан ноболиғон ва ҷавонон паст будани маърифати ҳуқуқӣ, динӣ, ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар кори таълиму тарбия ва назорати онҳо дар оила мебошад. Бе назорат мондани ҷавонон, истифода аз расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои дигаре мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан ноболиғон ва ҷавононро ба ҷиҳод ва барҳам додани асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои гуногун даъват менамоянд. Аз ноогоҳӣ баъзе ҷавонон ба чунин ҳизбу созмонҳои террористӣ шомил гашта, дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои бегона иштирок менамоянд. Бо сабаби моҳияти иртиҷоӣ, тахрибкорӣ, террористию ифротгароӣ доштан бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як қатор ташкилот, ҳизбу ҳаракат, аз ҷумла “Ҳизб-ут-таҳрир”, ҷамъияти “Гурӯҳи 24”, “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Давлати Исломӣ”, Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, равияи динии “Салафия”, ҳаракати “Толибон” дар ҳудуди Тоҷикистон террористӣ эҳтироф карда шуда, манъ гардидааст. Бо мақсади ҷорӣ намудани механизм босамари ҳифз ва таъмини амнияти миллӣ, пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба моддаҳои 179 (терроризм), 179 (даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ), 305 (хиёнат ба давлат), 306 (бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 307 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 307 (даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгарӣ) ва сафедкунии оммавии эктремизм), 307 (ташкили иттиҳоди экстремистӣ

(ифротгароӣ), 307 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 307 (ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошти)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд. Ҳамчунин ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 июли соли 2014 тағйирот ворид карда шуда, ба он моддаи нав - моддаи 401 илова карда шуд, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо пурзӯр намуда, барои ин кирдорҳо ҷазои ҷиноятӣ дар намудани маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол муқаррар кардааст. Аммо новобаста аз пурзӯр гардидани ҷазои ҷиноятӣ барои чунин кирдорҳо баъзе аз шаҳрвандон, бахасус ҷавонон ба доми фиреби муболиғони чунин созмон, ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ ва динӣ афтода, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст мезананд. Баъзе ҷавонон аз гумроҳӣ на танҳо шомили ташкилотҳои экстремистӣ мешаванд, балки барои ҷалби дигар ҷавонон машғул гардида, бо ҳар роҳ ба ин ҷинояткорон ва ҷавонони гумроҳ шароит муҳайё менамоянд. Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Зокирҷон Расулов аз ҷумлаи ин нафарон аст. Ба назди ӯ аъзои фаъоли ташкилоти экстремистии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Ҳиз-ут-таҳрир” Содиқҷон Юлдошев ва Азамат Ваҳҳобов омада пешниҳод намуданд, ки барои омӯзиши ақида ва ғояи ин ташкилоти ифротгароён ёрӣ расонад. Дар манзили истиқоматии Зокирҷон Расулов аъзои ин гурӯҳ ба омӯзиши адабиёти манъшуда, ки ғояи ташкилоти экстремистиро тарғиб мекард, машғул мешаванд. Баъди он ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баъзе аз аъзои “Ҳиз-ут-таҳрир” дастгир мешаванд, бо мақсади пинҳон шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба Русия фирор мекунад. Аммо бо ин амалаш аз ҷавобгарӣ раҳо намеёбад. Бо ҳукми Суди Олии Тоҷикистон З. Расулов бо моддаи 307/3 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати се солу шаш моҳ таъин мегардад. Аз ҷониби судҳо соли гузашта бештар аз 220 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба масъалаҳои зикргардида баррасӣ

шуданд, ки тибқи ҳукмҳои баровардаи судҳо барои шомил гаштан ба ташкилоту созмонҳои террористӣ ва содири амалҳои ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Бо мақсади баландбардории рӯҳияи шаҳрвандон ҷиҳати даст кашидани онҳо аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо ба моддаи 401/1 КҶТ аз 18 марти соли 2015 эзоҳ ворид карда шуд, ки мутобиқи он шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашанд, агар кирдори онҳо аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Тағйироти мазкур дар баробари пешгирии кирдорҳои ҷиноятӣ, ҳамчунин хусусияти тарбиявӣ дошта, ба шахсони гумроҳ, хусусан ҷавонон, ки ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатҷу афтидаанд, имкон медиҳад, то хатои худро ислоҳ намоянд ва ба ҳаёти осуда баргарданд. Дар натиҷаи чораҳои мақсадноки андешидашуда шумораи шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ даст мекашанд, мунтазам зиёд мегарданд, ки дар натиҷа ҳамроҳшавӣ ба созмону ташкилотҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ кам шуда истодааст. Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат карданд, судҳо 11512 таъинотҳои хусусӣ бароварда, 425 ҷамъбастиҳо гузаронида, сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, содиршавии ҷиноят ва ғайраро мавриди таҳлил қарор дода, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо 448 адад пешниҳод ирсол намуданд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон манбаъд механизми баргузории чорабиниҳо такмил дода мешавад. Андешидани чунин тадбирҳо дар таъмини иҷрои Барномаи давлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 мусоидат хоҳад намуд. Зеро бо роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо омилҳои муҳиме дар пешгирии ба амалҳои ҷиноятӣ даст задани онҳо мебошад. Мусоҳиб Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

Гурӯҳҳои калавандаи байни дин ва сиёсат

Дин ҳамчун танзимдиҳандаи ахлоқи инсонӣ аз сиёсат, ки банизомдароварандаи аъмоли инсонӣ аст, тафовут дорад. Уламои динӣ, бахусус, имому ҳидоятгарони воқеии дин аз фосилаи сиёсату дин ва таъсири байниҳамдигарии он зиёд гуфтаанд. Дар ин маврид баъзе аз динҳо - насронӣ ва буддоӣ тавонистанд аз омили дур будани дин аз сиёсат ва сиёсат аз динро истифода кунанд ва дар ин ҷода эътиқоди диниро аз қонунҳои дунявӣ ҷудо созанд.

Дар ин замина, дини ҷаҳонишуда ва оламгири ислом ҳамчун василаи таъсиргузор ба мафкураи инсон аз ҷониби қувваҳои тахрибкор дар бархурдҳои мазҳабӣ истифода мешавад. Чунин гурӯҳҳо аҳкоми шариатро ба манфиати худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Тӯли асрҳо дар ниҳоди ислом равияҳои зиёде пайдо шуданд, ки ҳар кадом чун ҳизб-гурӯҳ таълимоти ин ё он фақеҳу муфассирро аз гурӯҳи дигар афзал дониста, ба он кӯшиданд, ки ҷонибдорони хешро зиёд кунанд. Ягон гурӯҳу мазҳаб эътиқоду эътинои гурӯҳи дигарро эҳтиром нагузоштаву намегузорад. Ҳатто ҳамин созмонҳои ба ном исломӣ. Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо баъзе расонаҳои иттилоотӣ низ ба сиёсикунонии дин ва диникунонии сиёсат машғуланд. Метавон ба ин сомонаи интернетии «Payom.net»-ро мисол овард, ки гоҳ ба ислом ва гоҳ ба номи Ватан иснод меоварад. Нухустин хиёнат, ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз номи ислом ба мусулмонони кишвар раво дид, роҳ кушодан ва ба дасти ҳарифон гузоштани хоки Ватан, пирӯзӣ бахшидан ба ҳарифони аҷнабӣ дар аввалҳои солҳои навадуми асри гузашта буд. Давлатдории тоҷикон дар тӯли таърих ба чунин сарнавишт борҳо рӯ ба рӯ шуд. Дар даврони зуҳури Давлати Сомониён, ки мардум барои ҳимояи марзу бум ва забон бархоста буданд, маҳз фақеҳони ислом даъват карданд, ки аз муқобилат даст кашанд, зеро ишғолгарони аҷнабӣ низ мусулмон ҳисоб меёфтанд. Ҳамин тавр, фақеҳон дар задухӯрҳои қудратхоҳони ҳамон давру замон борҳо хиёнат карда, амалҳоеро дуруст ҳисобиданд, ки ба исломи ноб мусоидат намекард. Ин таассуби динӣ минбаъд низ давом карда, дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ яку якбора рӯ зад ва дар пешбурди рӯзгор, ободониву созандагӣ, илму маориф, ҷомеаву идораи давлатӣ таъсири манфӣ гузошт. Ҷаҳолатпарастии бо ном ҳомиёни дин ба ҳаде расида буд, ки нагузоштанд осмони сари мардум заррае соф бошад. Чунин омилҳо, ки роҳ сӯи ҷоҳилият аст, мутаассифона, боиси низоъҳое шуд ва то соли 1997 идома ёфт. Пайдо шудани равияҳо ва ҳизбу гурӯҳҳои исломӣ муқобили суннатҳои исломӣ буда, ба исломи ноб, ки пайравони он то имрӯз бо иродамандӣ ин суннатро нигоҳ медоранд, мутобиқат намекунад. Пайравони ин ақоид риштаҳои аёну ноаён ба «ДИИШ», «Толибон», «Ал-Қоида» ва «Ансоруллоҳ» доранд. Ҳатто сарчашмаи ҳастӣ пайдо кардани Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба яке аз ин ҷунбишҳо омада мерасад. Ҳанӯз ҳам ақидаҳои куҳна, ки зидди пешрафту тараққиёт аст, аз ҳар гӯша тавассути торномаҳои ба Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ наздик, ба монанди «рayom.net» садо медиҳанд, ки он ба эътиқоду мазҳаби мардуми мо бегона аст. С. ОРИЁНФАР


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

КИТОБХОНАИ “ҶТ”

√ КИТОБИ

НАВ

«Лексические и фразеологические особенности рассказов Абдулхамида Самада» (“Хусусиятҳои луғавию фразеологии ҳикояҳои Абдулҳамид Самад”) Китоби тозанашри муаллими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов дар такя ба тадқиқоти илмии забоншиносии муосир омода шуда, омӯзиш ва баррасии нисбатан мукаммали семантикаи воҳидҳои лексикӣ ва фразеологии асарҳои А. Самадро дар бар мегирад. Тадқиқоти мазкур дар асоси маводи зиёда аз 14 маҷмӯаи асару ҳикояҳои адиби шинохта нигошта шуда, дар он таркиби луғавии қиссаву ҳикояҳои адиб, категорияҳои семантикии воҳидҳои луғавӣ, хусусан сермаъноӣ, ифодаҳои маҷозӣ, муродифот, мутазод, зарбулмасалҳо, обуранги ҳиссиву услубии унсурҳои луғавӣ ва мавқеи корбасти онҳо, инчунин хусусиятҳои ҷудогонаи воҳидҳои фразеологӣ ҳамаҷониба таҳлилу таҳқиқ гардидааст.

√ НАЗМ Нуруллоҳи ОРИФ ҶОН ВАТАН Шукри ҳастӣ, шукри Ваҳдат, шукри Бахт, Шукри ин боду ҳавоят ҷон, Ватан. Шукри нонат, шукри обат, шукри хок, Шукри субҳи пурсафоят ҷон, Ватан. Дар ту дорам ошён, ҳамчун уқоб Пар ба сӯи осмон во мекунам. Ҷон Ватан, аз осмони нурбор Марзи сабзатро тамошо мекунам.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТУРИ СОЗАНДА Дастури туст саргаҳи кору мароми мо, Дастури туст ғояи ҳарфи каломи мо. Дастури туст мояи ихлосу эҳтиром, Дастури туст дафтари қомусу номи мо. Дастури туст аввали созандагии нав, Дастури туст нақшаи шуғли мудоми мо Сад ганҷ дар Паёми ту, эй сояи Худо, Ту ҳомии хурду калон, ҳам эҳтироми мо. Имрӯз кишварам басе овозадор шуд, Дар роҳ шуд устувор аз шавқи гоми мо. Садсолаҳо бизӣ, ту эй инсони некном, То нек бигзарад ҳама рӯзи тамоми мо. Имрӯз халқи ту зи ту сад фахр мекунад, Мо ифтихор мекунем, баъдан давоми мо. Аз мост бар ту сад дуруд, эй чашмаи хирад, Ояндасози кишварам бар ту саломи мо. М. НИЁЗОВ, шаҳри Истиқлол

ДУХТАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Шукри ҳастӣ, шукри Ваҳдат, шукри Бахт, Шукри ин боду ҳавоят ҷон, Ватан. Шукри нонат, шукри обат, шукри хок, Шукри субҳи пурсафоят ҷон, Ватан. Хидмататро гаштаву баргашта, хуб Карда иҷро, шод мегирам нафас. Бо тани солим, лаби хандон маро Зиндагӣ дар банди оғjib ту бас. Шукри ҳастӣ, шукри Ваҳдат, шукри Бахт, Шукри ин боду ҳавоят ҷон, Ватан. Шукри нонат, шукри обат, шукри хок, Шукри субҳи пурсафоят ҷон, Ватан.

ҶАВОНОНИ ВАТАН Мо шердил ҷавонем, Мо насли ориёнем. По аз масоҳатат дур Эй ҷон Ватан, намонем. Чун мо ҷавон, Ватан ту, Ҷо дар мақоми тан ту. Ҳамсони номи модар Ширинтарин сухан ту. Мо шердил ҷавонем, Мо насли ориёнем. По аз масоҳатат дур Эй ҷон Ватан, намонем.

Духтари шаҳри Душанбе. Духтари зебои дунё, Духтари шаҳри Душанбе. Бурдаӣ дилҳои моро,

Шаҳд аст оби покат, Зархез мушти хокат. Бар даври гардани бед Чун зулфи ёр токат.

Духтари шаҳри Душанбе. Ваҳ чи зебоӣ чӣ дилкаш, Ин дили пурдарди моро. Сӯхти дар кони оташ,

Мо шердил ҷавонем, Мо насли ориёнем. По аз масоҳатат дур Эй ҷон Ватан, намонем.

Пешат, эй сарви дилоро. Як-як арзи дил намудем, Шаҳри зебои туро ҷон. Мо ба худ манзил намудем, Духтари шаҳри Душанбе, Мисли себу ҳам анорӣ. Кокулонат майдабофӣ, Сабз чун фасли баҳорӣ. Дар миёни моҳрӯён, Ин туӣ шаҳлову раъно. Кай ба мо шодӣ бубахшад, Ин ҳавас, ин орзуҳо. Хуршед РИЗВОН, узви маҳфили “Ҳамешабаҳор”

БАРФИ САФЕД Хондӣ ҳамаро ба хеш, эй барфи сафед, Шаб хайма задӣ ба шавқ дар навдаи бед. Дар мижжа задан сафед кардӣ ҳамаро, Дар хеш ниҳон чу бед кардӣ ҳамаро. Бешак, ту нишон, нишони ҳар соли навӣ, Дар чеҳраи сол мисли як фоли навӣ. Дар кунҷи лабӣ, биё, ки пайғоми нав аст, Пайғом ба номи ёр дар шоми нав аст. Пайроҳаи сол сафед хоҳӣ ба ҳама, Як қалби пур аз умед хоҳӣ ба ҳама. Эй барф, дилат надорад аз кина нишон, Хоҳӣ ҳамаро ба мисли худ дид ҷавон.

√ КӢ

ЧӢ МЕХОНАД?

Шералӣ АБДУЛҚАЙСОВ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

“ЭСТЕТИКА ФИРДАВСИ” Муаллиф: Ақназар Қурбонмамадов Соли 2007 дар Тошканд чоп шудааст. Асар дар бораи шукӯҳу шаҳомат, зебоию нафосат, инсонсолорӣ ва дунёи мусиқиву архитектура, скулптура ва нафосати санъати декоративӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ нақл мекунад. Табиати инсон ноустувор аст. Вай ба кибру ғурур, ҳасудӣ, тамоюл ба ҳокимият ва ба ин монанд сифатҳо марбут мебошад. Табиати инсон аз азал нек ё бад намешавад. Вай албатта тақдири худододӣ аст, лекин метавонад бо амалҳои худи инсон аз дастрафта бошад. Фирдавсӣ нишон медиҳад, ки табиати инсони ба бадӣ майл дошта, дорои чунин аслиҳаест, чун ҳақиқати пӯшида метавонад онро бо қувваи вайронкунанда барои инсонҳое, ки ростиро пеша кардаанд, истифода барад.

√ СЕРФУРӮШТАРИН

КИТОБИ ТОҶИКИСТОН

Дар мағозаи “Олами китоб”, воқеъ дар хиёбони Неъмат Қарабоев асари “Марги судхӯр”-и устод Садриддин Айнӣ серхаридортарин китоб аст. “Марги судхӯр”-ро нашриёти “Маориф” соли 2015 нашр кардааст. Асар аз 208 саҳифа иборат мебошад. Садриддин Айнӣ дар образи Қориисмат сифатҳои тамоми судхӯрони Аморати Бухороро номбар карда, ба ин васила то кадом андоза пасту разил будани мардуми судхӯрро нишон додааст. Асар аҳамияти таърихӣ ва этникӣ дорад, зеро дар он тарзи зиндагии мардуми Осиёи Миёна, сатҳи дониши диниву дунявии мансабдорон, хурофотпарастии ҷомеа ва аз ин вазъият сӯистифода бурдани қозикалонону арбобон низ тасвир ёфтааст. “Марги судхӯр”-ро Садриддин Айнӣ соли 1937 эҷод карда, бори аввал соли 1953 нашр шудааст.


15

1602 медали варзишгарони Хатлон дар соли 2016 Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон бо баргузории як маросим озмунҳои “Беҳтарин Мактаби варзишии сол”, “Беҳтарин мураббии варзишии сол”, “Беҳтарин варзишгари сол”, “Беҳтарин иншооти варзишии сол”, “Бизнес-нақшаи беҳтарин барои рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон”-ро ҷамъбаст намуда, ғолибонро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр намуд. Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки варзишгарони вилоят соли 2016 аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 487 медали тилло, 490 медали нуқра ва 625 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Хонандаи азиз! Шумораи гузашта бо иштибоҳ ба ҷои кроссворди мавриди назар кроссворди дигар нашр шуд. Барои ин аз шумо узр мепурсем. Кроссвордро бори дигар пешниҳод мекунем!

КРОССВОРДИ “ОШИҚ”

АЗ ЧАП БА РОСТ 1. Қаду... 6. Зоҳир кардан, ошкор кардан 9. Асал, шаҳд 10. Сифати феълии замони гузаштаи “афрухтан” 14. Касе, ки ба танаш ҷафо мекунад 19. .... зуқум 20. Маоше, ки дар пирӣ мегиранд 21. Номи мардона. Беҳтарин бози шикорӣ 22. Коммуна дар Фаронса 23. Пешпо хурду .... бархост 25. Номи занона

√ МАСЛИҲАТИ

27. .... баҳорро набар 28. Тӯдаи хок 32. Боғи анор 36. Саргардонӣ 37. Садо, овоз 38. Дӯғу чака дар оши бурида АЗ БОЛО БА ПОЁН 1. Қитъа, минтақа 2. Вақти никоҳ тарафи домод ба арӯс медиҳанд 3. Муқобили “ширин” 4. “Бозӣ” бо русӣ 5. Ҷамъи байт 6. Лаҷом, ҷилав 7. Нишон 8. Маводи кушанда

11. Дилкушо 12. Зимма, масъулият 13. Нав сохташуда 15. Шоҳи форс 16. Нидо – “оҳ” ... 17. Муқобили “офтобшин” 18. Бо хоҳиши худ 24. Асбобу анҷом 26. Сарзамин, Ватан 28. Сарф кардан 29. Шикастан, рахна 30. Фарёди гург 31. Даъват ба намоз 32. Ҷовидон 33. Гирифтори ишқ 34. Худдорӣ, бардошт, тоқат 35. Рӯзӣ, қут

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

РАНГОРАНГИИ “ҶТ”

√ НАЗАРИ

ХОС

Хуштар зи ҳазор Каъба бошад як дил Ятимон, бахусус тифлакони ятим касонеанд дар зиндагӣ афсурдаву дилозурда. Барои онҳо ҳаёт гарчанде дар шароити хуб бошад ҳам, маъное надорад. Зеро барояшон бузургтарин меҳр, азизтарин ҳастӣ ва умеду орзуяшон, ки падарону модаронанд, намерасанд. Меҳри падару модарро ба фарзанд ҳеҷ гоҳ касони дигар дода наметавонанд, зеро он меҳр пур аз қалби саршор ва пайванди хуну дили гарм буда, фарзанди ҷигарбандро эҳсоси хушӣ мебахшад. Волидон беҳтарин пушту паноҳ, азизтарин ҳастии олам, мунаввартарин қалби саршор, пурзӯртарин қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Онҳоро ягон ҳастии ҳаёт ҷойгир буда наметавонад. Бинобар ҳамин, ятимон аз ҳамин меҳри бузург маҳруманд. Онҳоро ҳамеша бо як дилгармӣ ва меҳру муҳаббати самимӣ мебояд парвариш кард. Саъдии бузург дар ҳамин бора барҷо фармудааст: Падармурдаро соя бар сар фикан, Ғубораш бияфшону хораш бикан. Ятимонро дастгирӣ кардан, хотирашонро лаҳзае бошад ҳам, болида гардондан ниҳоят корест савоб. Ҳар нафаре, ки ятимонро парасторӣ мекунад ва дар ҳаёт болидарӯҳиву дилгармӣ мебахшад, некии бузурге ба даргоҳи Офаридгор ба ҷо меорад. Беҳтарин амали нек парастории ятимон буда, ин гуна афрод дар ду дунё сазовори осоиш ва хушҳолианд. Агар ятимеро дар ҳолати нороҳатӣ ва афсурдагӣ вохӯрем, мебояд то охирин қудрату тавоноӣ ононро хурсанд кард, то бекасиву ятимиашонро эҳсос накунанд. Нороҳат гаштани ятими хастадил ба ҷароҳати бузурге шабоҳат дорад, ки ҳамеша сӯз дорад. Дар ҳузури ятимони бекас ҳатто сила кардани сари фарзанди хеш норавост. Чун ятимеро касе гирён кунад, Молик андар дӯзахаш бирён кунад. Ҳавасманд гардонидани ятиме дар зиндагӣ ба зиёрат намудани Каъбатуллоҳ баробар аст. Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб, Хуштар зи ҳазор Каъба бошад як дил. Албатта, ана, ҳамин гуна дилҳои эҳтиёҷманд дилҳои ятимони бепарастор аст, ки меҳрубонию лутфу марҳаматеро мехоҳанд. Офаридгори бузург касеро дӯст медорад, ки ятимпараст бувад. Мо, хушбахтона, дар давлате зиндагӣ мекунем, ки пур аз ятимхонаҳову шахсиятҳои ятимпаравар аст. Дар ин гуна ятимхонаҳо бепапасторон бо меҳру муҳаббати бузург парварида шуда, аз афсурдагиву ғам дар каноранд. Дарди бекасиашонро эҳсос намекунанд. Илм меомӯзанд, муҳаббат мебинанд, хотирашон болида мегардад. Зеро давлати бузургу ҳаммаслакро марди шуҷоу хирадманди асил, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дили пур аз меҳри саршор роҳбаладӣ менамояд. Дар ҳамаи ҷашнҳои таърихию идҳои мардумӣ пеш аз ҳама аз тарбияю таълими хонаҳои бепарастории кишвар дидан мекунад, онҳоро ҳавасманд мегардонад. Ҳамеша ҷаҳд бояд кард, ки ятимонро хушнуд сохт. Набояд гузошт бепарасторе дар фироқи дурии волидон сӯзад, афгор гардад. Онҳоро ҳамеша бояд дастгир буд, ёрӣ расонд, ҳавасманд гардонид, то анҷоми давраи наврасӣ барояш чун дар зери сояи дарахтони пурбор, лутфу марҳамати шахсиятҳои дар канорбуда хуб гузарад, то баробари тифлони босаробон хушҳол бошанд. Шайх Аттор хуб фармудааст, ки: Ҳарки хандонад ятими хастаро, Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

“ҶТ”

Шӯрбои мурғӣ бо лиму давои зуком аст Ҳоло дар фасли зебои зимистон қарор дорем. Ин фасл дар баробари зебоӣ мушкилҳо низ дорад. Бемориҳои зуком ва шамолхӯрӣ метавонанд тамоми мавсим думболагиратон бошанд. Агар хоҳед, ки аз мушкилиҳои мавсимӣ ранҷ набаред, қаблан чораҷӯӣ намоед. Агар кас шамол хӯрад ва ё гирифтори бемории зуком гардад, табибон аз ҳама беш истеъмоли нӯшокиҳои ситрусӣ ва масунияти организмро тақвиятдиҳанда тавсия медиҳанд. Яке аз чораҳои муассир ҳангоми

гирифтории ин бемориҳо тановули шӯрбои мурғӣ бо лиму мебошад. Ин ғизо ҳаракати нейтрофилҳоро боз дошта, таъсири зиддиилтиҳобӣ мерасонад. Нӯшидани моеи зиёд, мисли об, шарбат, шӯрбои гӯштиву мурғӣ, ё нӯшобаи иборат аз об, асал ва лиму ташнагиро бартараф намуда, гирифтагии биниро мекушоянд. Бемор бояд аз нӯшидани қаҳва ва нӯшокиҳои кофеиндор, ки боиси кам шудани оби бадан мегарданд, худдорӣ намояд. Ҳамчунин, табибон барои нафароне, ки

гирифтори бемории зуком гардидаанд, ба як истакон оби гарм ним қошуқ намак илова карда, ғар-ғара карданро тавсия медиҳанд. Чунин амал дарди гулӯро таскин мебахшад. Аз спрейҳои махсуси табобатӣ барои бинӣ ва обҳои уқёнусӣ, ки дар дорухонаҳо бе дорухат фурӯхта мешаванд, метавонед истифода баред. Аз нигоҳи табибон истифодаи онҳо барои кӯдакон ҳам безарар аст. Вале қабл аз табобати кӯдакон, ҳатман бо табиб машварат намоед. Дар чунин ҳолат ба ҳеҷ ваҷҳ ба кӯдакон асал надиҳед.

Идимоҳ ХОЛОВА, Акмалиддини ҚУРБОНАЛӢ, омӯзгори МТМУ №94-и шаҳри Душанбе


16

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №02 (9480), 12.01.2017

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Лутфи ҷавонӣ Маризе барои кандани дандон ба духтур муроҷиат кард. Ҳангоме ки рӯи курсии махсус қарор гирифт, духтур, ки аз табибҳои қадимӣ буд, ном ва номи хонаводагию суроғаи беморро пурсид. Бемор гуфт: «Магар шумо маъмури оморед?» Дандонпизишк гуфт: «На, ҷонам, мехоҳам агар шумо зери дандонкашии ман мурдед, бидонам, чи касе фавт кардаву ҷасадашро ба куҷо бояд бифиристам».

Сеҳри хома МЕҲРОБ АЗИМОВ

√ АНДАРЗИ

Шахсе дар саҳро ба духтуре бархурд, ки туфанге бар дӯш гирифтаву мерафт. Пурсид: «Духтур, куҷо меравед?» Духтур гуфт: «Ба аёдати бемор». Он мард гуфт: «Магар доруҳое, ки фармудаед, беморро накуштаанд, ки туфанг ҳам бардоштаед?»

Муаллим: - Ҳасан, ту чаро ҳамеша баъд аз занг ба синф ҳозир мешавӣ? Ҳасан: - Муаллим, айб аз шумост, чун ман ҳанӯз наёмадаам, зангро мезанед.

√ ЭЪЛОН

“ҶТ”

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам...

«Доимо чунин нахоҳад буд» Тоҷире ба назди ҳакиме омада, мегӯяд: - Ин чӣ ҳол аст? Ба Худо имон дорам, касеро фиреб намедиҳам, дуздӣ намекунам, ба ҳамсарам хиёнат намекунам… Аз рӯи виҷдон кор мекунам ва бо пули ҳалол ризқу рӯзиамро пайдо мекунам… Лекин ҳамсарам аз хона баромада рафт, тиҷоратам хароб гардид, мошинам вайрон шуд, духтарам дар донишгоҳ ба мушкили зиёд дучор шудааст, писарам ҷойи кор пайдо карда наметавонад… хуллас мушкилам зиёд аст. Чӣ бояд кард? - Шукри Худованд бикун… ҳамаро бубахш, дилатро аз буғзу кина озод кун ва дар пушти дари хонаат лавҳаеро бо чунин навиштаҷот овезон кун: «Доимо чунин нахоҳад буд». - Ҳамааш ҳамин? - Ҳамааш ҳамин. Баъди чанд муддат онҳо боз бо ҳам вомехӯранд. Тоҷир мегӯяд: - Ҳамааш хуб шуд! Тиҷоратам равнақ ёфт, ҳамсарам ба хона баргашт, мошини нав харидам, мушкилоти фарзандонам ҳаллу фасл гардид ва хуллас ҳама табъи дили ман аст… Худоро шукр! - Ман аз муваффақияти ту хеле шодам! Аммо ҳамон лавҳаро аз пушти дари хонаат нагир…

МАВЗУНА ЧОРИЕВА

Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

√ ОБУНА-2017

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Шарипов Савриддин Иқболович бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.

Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №011977/2015, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 2015 ба Негматов Абдулазиз Мирзоаливич додааст, эътибор надорад.

Матолиби рӯзнома ва ҳаррӯза хабарҳои соҳа дар

JAVONON.TJ БО МО ПИР НАМЕШАВЕД!

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 5230 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.