Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
СИЁСАТ
Паёми Президент-2015 23 январ ироа мешавад Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат паёми имсола ба парлумонро 23 январ ироа мекунад. Ба иттилои «Азия-Плюс» сабаби асосии ба санаи дигар гузаронидани Паёми Президент ба парлумон аз моҳи апрели маъмулӣ ба моҳи январ дар он аст, ки аз соли 2014 соли молиявӣ дар кишвар на чун пешина аз 1 апрел, балки аз 1 январ оғоз мегардад. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои соли ҷориро муайян мекунад.
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад.
№2 (9376), 8 январи соли 2015. e-mail: javonontj@mail.ru ТУРИЗМ
ЭНЕРГЕТИКА
«Газпром» аз ду майдони нафту газ даст кашид ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофӣ-геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи кишвар даст кашид. Мурод Ҷумъазода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳор кардааст, ки ширкати Русия баргузории корҳо дар майдонҳои нафту гази Саргазон (ноҳияи Данғара) ва Рангон (Рӯдакӣ)-ро рад намудааст. «Газпром» тасмим гирифтааст, ки тамоми талошро ба корҳои иктишоф ва коркард дар майдонҳои шарқи кишвар, дар майдонҳои нафту гази Сариқамиш ва Шоҳамбарӣ мутамарказ месозад.
ИҚТИСОД
Беқурбшавии рубл дар баробари сомонӣ
Саҳифаи
Сохтори туризми мамлакат 55-сола шуд
8-9
Дар нуқтаҳои саррофии шаҳри Душанбе қурби доллари ИМА нисбат ба пули миллӣ - сомонӣ бори дигар баланд шуд. Айни замон, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 1 доллари ИМА бо маблағи 5 сомонию 66 дирам харид ва бо қимати 5 сомонию 70 дирам фурӯхта мешавад. 1 евро бо қимати 6 сомонию 75 дирам харид ва бо нархи 6 сомонию 85 дирам ба фурӯш гузошта шудааст. Қурби рубли русӣ низ нисбат ба як ҳафта қабл дар баробари сомонӣ коҳиш ёфта, 10 рубли русӣ бо арзиши 90 дирам харид ва бо маблағи 1 сомонӣ фурӯхта мешавад.
АМАЛИЁТИ “100 РӮЗИ НИҲОЛШИНОНӢ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
1
ВОХӮРӢ
АМАЛИЁТ
Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст! Таҳти ҳамин шиор дар арафаи Соли нави мелодӣ вохӯрии роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сохторҳои маҳаллии он дар вилояти Суғд бо ҷавонон ва устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор шуд.
Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси кумита, аз дастовардҳои мардуми кишвар дар зарфи 23 соли Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда,
ҷавононро ба саҳмгузорӣ дар беҳдошти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, рушду ободонии диёр ва баланд бардоштани шуҳрати Тоҷикистон дар ар-
саи байналмилалӣ даъват намуд. Зикр гардид, ки барои пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуб, аз ҷумла, ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҷавонон бояд маърифати баланди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дошта бошанд. М. Муинӣ, ҳамчунин, бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии 41356-и Вазорати мудофиа, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мулоқот кард. Ӯ аз дастгириву ғамхориҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Президенти ҷумҳурӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ёдовар шуда, ҷавононеро, ки дар хизмати Ватан-Модар мебошанд, ҳомиёни шуҷои Ватан ва таҳкимбахшандагони Ваҳдати миллӣ номид. Сарбозон низ омодагии ҳамешагии худро барои ҳимояи марзу буми кишвар изҳор намуданд.
100 рӯзи ниҳолшинонӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади сабзу хуррам гардонидани кишвар, инчунин, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба ин раванд Амалиёти “100 рӯзи ниҳолшинонӣ”-ро таҳти унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” эълон намуд. Дар доираи ин амалиёт ҷавонону наврасон ва кормандону алоқамандон ниҳолҳои гуногуни сояафкану мевадиҳандаро ҷамъоварӣ карда, дар боғу гулгаштҳо ва мавзеъҳои лозимӣ мешинонанд. Масъулини кумита иқдоми мазкурро барои иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ободу сарсабз гардонидани кишвар муҳим арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки ин метавонад барои боз ҳам зебо ва тозаю озода гардидани кишвар мусоидат намояд. Зеро дарахту ниҳолҳои гуногуни сарсабз ҳаворо тоза намуда, аз назари экологӣ ба манфиати сокинони кишвар аст. Дар ин чорабинии муҳиму қобили дастгирӣ дилхоҳ шаҳрванд метавонад дар он иштирок намояд ва саҳми худро дар ободии диёри маҳбубамон гузорад.
ВАО
ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН
Қӯрғонтеппа: қадрдонии ҷавонони фаъол Дар арафаи Соли нави мелодӣ гирандагони стипендияи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва 3 узви маҳфили адабии “Адибони ҷавон”-и шаҳр бо мукофоти раиси шаҳр Амирулло Асадулло қадрдонӣ шуданд. Ба иттилои Ҷ. Узбеков, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, бедор намудани ҳисси миллӣ ва ватанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим соли 2014 24 чорабинии маърифатӣфарҳангӣ, 45 вохӯрию суҳбат ва 36 мусобиқаи варзишӣ доир гашта, бештар аз 2500 дона дастури иттилоотӣ вобаста ба рушди саломатии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо байни ҷавонони шаҳр тақсим шуданд. Дар ин чорабиниҳо зиёда аз 6 ҳазору 300 нафар аҳолии шаҳр ҷалб гардиданд. Дар соли 2014 варзишгарони шаҳри Қӯрғонтеппа дар 30 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 8 мусобиқаи байналмилалӣ ишти-
рок намуда, 162 медал (73 тилло, 28 нуқра, 61 биринҷӣ) ба даст оварданд. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманд дар баробари 6 нафар гирандаи Стипендияи президентӣ, бо дастгирии мақомомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр стипендияи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа барои 30 нафар аз ҳисоби хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо ва донишҷӯёни шаҳр, ки 10 нафар беҳтарин варзишгарон мебошанд, таъсис дода шудааст. Соли таҳсили 2014-2015 барои гирандагони стипендияи раиси шаҳр 13 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо шудааст.
СТРАТЕГИЯ
Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ Дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқотии стратегӣ, ки 25 январи соли равон баргузор гардид, ба масъалаи ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар таваҷҷуҳ шуд. Ба гуфтаи Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, ҳар қадар сармоягузорӣ ба кишвар бештар шавад, ба нафъи мо хоҳад буд. Инчунин, ҷойҳои корӣ муҳайё шуда, ашёи хоми зиёде, ки мо дорем, коркард мешавад. Мо бояд ба кишвари тавлидкунанда ё фурӯшандаи ашёи хом табдил нашавем. Кӯшиш кунем, ки ҳадди ақал тавлиди нимашё ё коркарди аввалияи ашёи хомро ба уҳдаи худамон гирем ва баъд онро ба дигарон пешниҳод кунем, - афзуд Х. Холиқназарзода. Зикр шуд, ки яке аз кишварҳое, ки сармоягузориро дар ҷумҳурии мо ба роҳ монда, фаъолияти хуб анҷом медиҳад, Ҷумҳурии Мардумии Чин аст. Мо аз кишварҳои хориҷӣ тақозо менамоем, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд, чун ин ҷо фазои хуби сармоягузорӣ муҳайёст”. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ
2
ТВ “Сафина” кадбонуи Наврӯзро муайян мекунад Давлатзода Лутфулло, директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 7 январи соли равон, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли сипаришуда идораи таҳия ва дубляжи филмҳои муассиса дар ҳамкорӣ бо тарҷумонҳо, нависандагон ва кормандони шабака 24 филми калонҳаҷми бадеӣ дар ҳаҷми 2400 дақиқа ва ё 40 соат ва 72 филми мустанадро дар ҳаҷми 3600 дақиқа ва ё 60 соат аз мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти башарӣ ва олами вуҳуш, табиат ва муҳити зист тарҷума ва дубляж карда, пешкаши бинандагон гардонидааст. Ғайр аз ин, дар ин муддат кормандони бахши таҳияи идораи филмҳои бадеӣ “Фасли рӯъё”, “Сарнавишт”, “Нишона”, “Ҳасрат”, “Бо як гул баҳор намешавад”, “Орзуи рассом”, новеллаҳои телевизионии “Подош”, “Ашки рашк”, “Ормон”-ро таҳия ва пахш намудаанд. - Бо мақсади иҷрои “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” соли ҷорӣ бо фароҳам овардани шароити зарурии техникиву эҷодӣ тарҷума ва дубляжи филмҳоро бо забони тоҷикӣ ва таҳияи новеллаҳои телевизиониро бештар хоҳем кард. Бо ташкил кардани гурӯҳи дуюм дар як моҳ бо забони тоҷикӣ дубляжу тарҷумаи 4 филми бадеӣ ва 12 филми мустанад имкон дорад, - иброз дошт Л. Давлатзода. Соли ҷорӣ аҳли эҷоди ТВ “Сафина” барои ҷолибу рангинтар кардани эфир, беҳтар намудани сифат ва муҳтавои барномаҳо таҳияи барномаҳои ҷадидро дар жанрҳои муосир ба нақша гирифтааст. Ба наздикӣ барномаи “Интеллект-шоу” бо диду назари нав дар шакли ҷадид дубора рӯйи эфир мебарояд. Лоиҳаи нави дигар, “Кадбонуи Наврӯз” мебошад, ки барномаи озмунӣ буда, дар он ҳунармандон оид ба анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои ҷашнгирии Наврӯз ҳарф мезананд ва ҳамзамон ҳунару маҳорати худро дар омодасозии таомҳои миллӣ нишон медиҳанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
МАОРИФ
ГЕОЛОГИЯ
Захираи тасдиқшудаи тилло 500 тонна аст Соли 2014 Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ аз рӯи 31 лоиҳа ба маблағи 9 миллион сомонӣ, аз ҳисоби шатрномаҳо аз рӯи 160 лоиҳа дар ҳаҷми 12 миллиону 176 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ, бо усули хоҷагидорӣ ба маблағи 21 миллиону 158 ҳазор сомонӣ корҳоро ба анҷом расонд, ки ин нисбат ба соли 2013 2 миллиону 225 527 сомонӣ зиёд аст. Суръати афзоиш ба 112% расид.
3685 ҷавон дар хориҷ таҳсил доранд Соли таҳсили 2014-2015 дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар 3685 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин рақам соли 2013 2400 нафарро ташкил медод. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ 25 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар соли таҳсили 20142015 дар асоси санадҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф ва илм аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон 782 бурсия (аз ҷумла, 90 ҷой барои филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон, донишгоҳҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва донишгоҳҳои давлатҳои шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин 227 бурсия (забономӯзӣ 203 нафар, бакалавр - 49, магистр 25 нафар), аз Ҷумҳурии Исломии Эрон - 250, Қазоқистон - 100, Қирғизистон 50, Украина - 20, Беларус - 108, Туркманистон – 10 ва Малайзия 40 бурсия ҷудо гардид. Соли хониши 2014-2015 Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” 71
нафарро тибқи стипендияи байналмилалии Президент “Дурахшандагон” ба хориҷи кишвар - 5 нафар ба Лаҳистон, 1 нафар ба Маҷористон, 2 нафар ба Амрико, 2 нафар ба Македония ва 2 нафар ба Туркия фиристод. - Дар ҷумҳурии мо низ шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати кишвар тибқи созишномаҳои дуҷониба ба чанд ҷумҳурӣ бурсияҳои таҳсилӣ, аз ҷумла, ба Эрон 50 ҷой, Афғонистон – 50, Қазоқистон - 100, Қирғизистон 55, Туркманистон - 10 ва аз соли 2013 ба Белорус 8 ҷой ҷудо мегардад, - афзуд вазир. Солҳои охир теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар тавассути бурсия шомил мегарданд, меафзояд. Агар соли 2010 шумораи онҳо 618 нафарро ташкил дода бошад, соли 2014 ин шумора ба 3685 нафар расид. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Афзоиши хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон Қосимзода Гурез, муовини аввали директори Агентии хизматии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ, 26 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли сипаришуда 1049 нафар ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки 265 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Тибқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ ҳамаи онҳо ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ дониста шуданд. Инчунин, ба 3647 мансаби холӣ озмун гузаронида шуда, 2278 довталаб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардиданд, ки 574 нафар ё 25,2 фоиз (139 зан)-ро ҷавонони то 35-сола ташкил медодан. 1241 нафар довталаб бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ аз озмун нагузаштанд. Ҳамзамон, Қосимзода Гурез қайд намуд, ки 144 хизматчии давлатӣ бо сабаби ба синни нафақа расидан аз мансаб озод шуданд. Дар асоси қонун муҳлати дар хизмати давлатӣ будани 78 нафар хизматчиёни давлатӣ тамдид шуд. - Айни замон теъдоди занон дар хизмати давлатӣ 23,1 фоиз ва ҷавонони то 35-сола 42 фоизро ташкил медиҳанд. Агентӣ дар раванди интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ ба нақши занон дар хизмати давлатӣ ва афзоиши теъдоди ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд, афзуд Г. Қосимзода. Бояд гуфт, ки соли гузашта тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои солҳои 2013-2015 дар заминаи Донишкадаи идоракунии давлатӣ 1291 нафар хизматчии давлатӣ ба курси азнавтайёркунии касбӣ, курси такмили ихтисос ва курси сайёр фаро гирифта шуданд, ки 374 нафарашро занон ташкил медоданд. Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
Музди миёнаи меҳнат дар саридора 843 сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2013 72 сомонӣ зиёд аст. - Саридора дар асоси Ёддошти тафоҳум бо Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табии Олмон курсҳои омӯзишӣ-баҳодиҳии иқтисодии ашёи минералӣ ташкил кард, ки ба он 10 нафар мутахассиси Саридораи геология ҷалб шуданд, - гуфт сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мурод Ҷумъазода. - Мақсад тайёр кардани коршиносон барои гузаронидани мониторинги бозори ашёи хоми минералӣ ва баҳодиҳии иқтисодии онҳо мебошад. Саридора барои омода кардани мутахассисони ҷавони соҳаи геология диққати зиёд медиҳад. Дар Олимпиадаи III геологҳои ҷавон, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир гардид, 10 нафар геологи ҷавони мамлакат аз ҳисоби хонандагони синфҳои болоии мактабҳои ҷумҳурӣ зери сарпарастии саридора иштирок намуданд. Барои такмили ихтисос 25 нафар корманди ҷавони саридора ба Финландия ва Чин сафарбар шуданд. Факултаи геологияи ДМТ базаи асосии омодасозии кадрҳои соҳаи геология ба шумор меравад. Ҳоло
дар ин факулта ҳамагӣ 7 донишҷӯи хубу аълохон таҳсил менамоянд. Аз миёни онҳо як нафар барои таҷрибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафта, бо хотироти ғанӣ баргашт. Алҳол захираҳои тасдиқкунандаи тилло дар тамоми
ДИН ВА ҶОМЕА
С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
ВАО
Ҷавонон ва маърифати динӣ
Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 4089 иттиҳодияи диннӣ ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар соли 2014 23 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шуд. Аз 3054 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълимии динии мамолики хориҷӣ таҳсил менамуданд, 2896 нафарашон баргардонида шуданд. Дар бораи омилҳои гароиши ҷавонони мамлакат ба гурӯҳи созмонҳои ифротӣ, Абдураҳим Холиқзода гуфт, ки пеш аз ҳама паст будани донишу маърифати ҷавонон онҳоро ба гирдоби чунин харакатҳо мепечонад. Иддае бо сабабҳои иқтисодӣ фирефтаи миёнаравҳо шуда, ба ин созмонҳо ҷалб мешаванд. Абдураҳим Холиқзода изҳор намуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани маърифати динии шаҳрвандон корҳои зиёд мекунад. Чуночи, бо ташабббусси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 300 ҳазор нусха «Қуръон”-и маҷид бо тарҷумаи тоҷикӣ ба таъб расида, ройгон тақсим шуд. Соли 2009 соли бузургдошти имом Абуҳанифа эълон ва ба ин муносибат чанд семинару конфронс баргузор гардид. То ин дам адабиёти зиёди динӣ бо сифати баланд ба таъб расида, пешкаши мардум шуд. Бо ташаббуси кумита маҷаллаи ҳармоҳаи «Дин ва ҷомеа» чоп шуда истодааст. Бояд худи иттиҳодияҳои динӣ ҳам фаъол бошанд ва ҳам барои фаҳмонидани моҳияти мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ кӯшиш кунанд. Соли сипаришуда комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таблиғу ташвиқ, фаҳмонидадиҳии моҳияти Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» 13 297 суҳбату вохӯрӣ доир намуданд. То ин дам аз ҷониби аҳолӣ оид ба тағйир додани вақти баргузории маъракаҳо дар фаслҳои тобистону зимистон пешниҳодоти зиёд шудааст, ки мавриди баррасию омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
конҳои ҷумҳурӣ 500 тоннаро ташкил медиҳад. Истихроҷу коркарди ашёи минералӣ торафт афзун мешавад. Ояндаи наздик дар мамлакат шумораи корхонаҳои коркарди фулузоти ранга зиёд хоҳад шуд.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
“Ватан” Суғдро фаро мегирад Ширкати ТВ ва радиои «Ватан» аз соли равон ба пахши барномаҳои худ дар вилояти Суғд шуруъ кард. Акнун сокинони маркази вилоят ва атрофи он метавонанд барномаҳои радиои «Ватан»-ро шабонарӯз дар мавҷи 103,3 FM бишнаванд. Радиои «Ватан» аз 7 майи соли 2003 ба фаъолият шуруъ карда, 12 сол аст дар фазои иттилоотии кишвар бо пахши барномаҳои гуногун ва шавқовар мавқеи устуворро ишғол мекунад. Аз ҷониби кормандони “Ватан” ҳар рӯз барномаҳои иттилоотӣ, таҳлилӣ, ҳуқуқӣ, саргармкунанда ва шавқовар барои доираи васеи шунавандагон пешниҳод мешаванд. Акнун радиои «Ватан» бо шиори «Садои «Ватан» дар фазои Ватан» дар ҳама кунҷу канори кишвар танинандоз аст. «Ватан»-ро дар Душанбе ва навоҳии атрофи он дар мавҷи 106, дар минтақаи Қӯрғонтеппа рӯйи мавҷи 102,4, дар Хоруғ дар мавҷи 105 ва дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он дар мавҷи 103,3 FM шунидан мумкин аст.
3
АНДЕША Дар дину дилу дидаи мо ду ишқ аст, яке ишқи осмонӣ, дигаре ишқи заминӣ. Бузургони мо дар давоми садсолаҳо ҳар дуро сутудаву сурудаанд ва ҳар дуро роҳи наҷиби расидан ба худу Худо донистаанд. На танҳо дар зиндагии мардум, балки дар адабиёти дунё мавзӯи ишқ куҳантарин, аммо кӯҳнанашавандаест, ки асрҳои аср дар осори Ҳофизу Хайём, Саъдиву Соиб, Ҷомиву Бедил ва даҳҳо бузургмардони адаб ду ранг ҷилванамоӣ мекунад. Нахуст ишқи малакутӣ, ишқи яздонист, ки ҷазабаи ҳамон рӯҳи дамидаи Парвардигор дар рӯзи аласт (рӯзи аҳдбандии Худованд бо бандаҳояш) аст. Дигар ишқи заминӣ ё маҷозист, ки дилбастагии хокиёнро ба мавҷудоти зебову эҳсосбарангези Худованд талқин мекунад. Пас, мухтасар мегӯем: ишқи осмонӣ муҳаббат бо худи Холиқ аст ва ишқи заминӣ муҳаббат бо халқи ӯ.
бад баробар медиҳад, баробар саховат мекунад. Таърих медонад, ки ишқ чанд нафарро аз осмони кибру ғурур, аз қуллаи ҷаҳолат, аз тахти бебахт ба замин овардаву заминӣ кардааст. Мардуми дунё, ба вижа, мардуми русу ҳинду аврупо ҷойгоҳи ишқро дар зиндагии инсон ба тамоми нозукиҳояш нишон дода, баъзе маврид ба ҳадди ифрот ҳам расонидаанд. Бо вуҷуди ин, аз адабиёти чизҳоеро метавон дарёфт, ки содда, равон, самимӣ ва айни замон заруриву саривақтианд. Яке аз абармардони фарҳанги рус Лев Толстой дар китоби «Кӯдакӣ. Навҷавонӣ. Ҷавонӣ» (1981) се тарзи ишқварзии одамон: зебо, фидокорона ва фаъолонаро нишон медиҳад ва ба шарҳи онҳо мепардозад: «Муҳаббати зебо иборат аст аз муҳаббате, ки ба худи зебоии эҳсос ва ифодаи он пайдо мешавад. Барои касоне, ки чунин дӯст медоранд, дӯстдоштаи эшон ба эшон бисёр хушоянд аст. Ба қадре хушоянд аст, ки ба бедории ин эҳсоси форам мекӯшанд ва аз идроку ифо-
Ишқе, ки мо ин бор дар ҳаққаш чизе гуфтаву зам карданӣ ҳастем, ишқи заминист. Ишқи заминӣ аз ниёзҳои беҳадди зебопарастии инсон ба бор омада, ҳамин эҳсоси зебописандии инсон адабиёт, санъат, ҳунар ва мусиқиро офаридааст. Фарзанди одам аз рӯзи азал то имрӯз дар ҷустуҷӯи зебоист ва ҷое, ки зебоӣ нест, худаш месозад ва бо офаридааш менозаду ишқ меварзад. Аз ҷумла, муҳаббати поку беғаши дили марду зан як олиҳаи аз ҳама муқаддаму муқаддаси зебоӣ аст. Ин зебоиро на ҷустуҷӯ суд ояд, на сӯхтану сохтанҳо. Он ба мисли фаришта ноаёну нохонда соҳибу ҷойгузини меҳроби дил мешавад. Худованд ин эҳсоси зеборо барои нафъи башар, барои мусалмону масеҳо, кабиру сағир, неку
даи он лаззат мебаранд. Касоне, ки бо ишқ ва муҳаббати зебо метавонанд дӯстдорӣ кунанд, аз муқобили билмисл парво надоранд. Чун инро шароите мешуморанд, ки ба зебоӣ ва лаззати ҳиссиёт таъсире надорад. Ин ранг одамон зуд-зуд маркази таваҷҷӯҳи муҳаббаташонро тағйир медиҳанд, зеро ғояи асосии онҳо бедор будани ҳамешагии эҳсоси муҳаббат дар онҳост. Барои ин ки ин эҳсоси форам дар онҳо бардавом бошад, ҳамеша ишқу муҳаббаташонро бо таъбирҳои зебо ҳам ба он касе, ки дӯсташ медоранд ва ҳам ба он касоне, ки ба он эҳсосот сару коре надоранд, изҳор менамоянд. Тарзи дуюми муҳаббат – ишқи фидокорона иборат аз муҳаббат ва ҳастии худро фидо кардан барои шахси маҳбуб аст. Дар чунин
ишқбозӣ ошиқ коре надорад, ки ин фидошуданҳо барои маҳбубаш хуб аст ё бад. «Ҳеҷ гуна ногуворӣ нест, ки ба иҷрои он нисбат ба худам муҳайё набошам, барои он ки ба ҳамаи аҳли олам ва ба худи ӯ исботи садоқати худро намоям». Ин аст формулаи ин навъи муҳаббат. Ка-
онҳо барои осоиши шумо ҳеҷ чорае намебинанд, ҳарчанд ки аз дасташон меояд. Аммо агар эҳтиёҷ афтод, дар зери тир истодан, худро ба об андохтан, дар оташ рафтан, аз ишқ талаф шудан барои онҳо гуворотар аст. Ғайр аз ин, касоне, ки ба чунин тарзи муҳаббат, яъне, ишқи фидо-
Ишқ аст, ки мемонад Зеро он куҳнанашаванда аст соне, ки чунин дӯстдорӣ мекунанд, ҳеҷ гоҳ ба муқобили билмисл боварӣ надоранд, (зеро барои касе, ки маро намефаҳмад, худро фидо намудан боз ҳам шоистатар аст). Чунин одамон ҳамеша дардманд мебошанд, ки ин ҳол боз қимати қурбониҳоро меафзояд. Инҳо бештар бовафоянд, зеро барои онҳо барбод додани қимати он фидокориҳое, ки барои маҳбубашон (маҳбубаашон – Б.Б.) нишон додаанд, бисёр душвор аст, барои исбот кардани садоқати худашон ба мурдан омодаанд, вале аз далелу исботҳои хурду резаи рӯзмарра, ки дар он ҷӯшу хурӯши аз худ гузаштан чандон вуҷуд надорад, парво намекунанд. Барои эшон аҳамияте надорад, ки шумо оё хуб хӯрок хӯрдед, нағз хоб кардед, шумо хушҳолед, тандурустед ё не,
корона моиланд, ҳамеша бо ишқи хеш мағруранд, сахтгир, бадрашк ва нобовар мебошанд. Аҷиб он аст, ки чунин шахсон бо дӯстдоштаашон ба хатар афтоданро орзу мекунанд, то ёрои аз он хатар наҷот додани онҳоро дошта бошанд ва орзу мекунанд, ки ба бадбахтиҳо дучор гарданд, то онҳоро тасаллӣ бидиҳанд ва ҳатто мехоҳанд, ки дар онҳо баъзе айбу қусур низ бошад, то пайи ислоҳаш гарданд. Тарзи сеюми муҳаббат – муҳаббати фаъолона, иборат аст аз таваҷҷуҳ ба муҳайё намудани ҳамаи заруриёт, эҳтиёҷот, орзу ва ҳатто хоҳишҳои ноҷои маҳбуби худ. Касоне, ки ин тарз дӯст медоранд, муҳаббати эшон муддавом ва якумрист, зеро ҳар қадар бештар дӯст медоранд, ҳамон дараҷа он
маҳбуби худашонро беҳтар шинохта мегиранд ва ин дӯстдорӣ ба ҷо овардани хоҳишҳои дилбарашонро саҳлу осон мегардонад. Ишқи онҳо хеле кам бо забон ифода меёбад, агар ба забон ифода ёбад ҳам, он на танҳо зебову худписандона нест, балки шармгинона, носозкорона аст, зеро онҳо ҳамеша чунин мешуморанд, ки ҳанӯз босазо дӯст намедоранд. Чунин мардум, ҳатто норасоиҳо ва айбҳои маҳбубаашонро низ дӯст медоранд, зеро камбудиҳои маҳбубаашон ба онҳо имконият медиҳад, ки боз ҳам бештар орзу ва ҳавасҳои онҳоро ба ҷо биёваранд. Онҳо ба хотири муҳаббаташон хештанро бо камоли майл фиреб медиҳанд. Ба дилбастагии маҳбубаашон бовар мекунанд ва хушбахт мешаванд. Дӯстдоштаашонро ҳамон тавре, ки ҳаст, дӯст доштан мегиранд, ҳатто агар баръакс бошад ҳам, дӯст хоҳанд дошт ва на танҳо барои маҳбубаашон хушбахтӣ орзу доранд, балки бо ҳамаи он воситаҳои моддӣ ва маънавӣ, бузург ва хурд, ки дар ихтиёр доранд, дар ҳаракати он мебошанд, ки ҳамаро дар фармон ва хидмати ӯ дошта бошанд». Адиби бузург Лев Толстой муҳаббатро ба намудҳо ҷудо карда, ба хонанда фаҳмонидан мехоҳад, ки ишқ дар тинати ҳар кас ҳар навъ зуҳур мекунад, яъне, ишқ ҳар гуна таҷассум дорад, аммо худи ишқ ҳамон аст, ки мемонад. Ҷолиб он аст, ки Толстой ҷони гапро мегӯяд. Зеро андешаҳои илмии равоншиносони муосир низ гирди хирадвораҳои Толстой чарх мезананд. Ишқи ҳақиқии беолоиши заминӣ айёми ҷавонӣ зуҳур мекунад ё пас аз балоғат? Ин боз як паҳлӯи нокушудаи дунёи пурасрори одамист. Ба андешаи инҷониб, ишқи то давраи балоғат беғаразтар ва самимитар нисбат ба айёми балоғат ва оиладорист. Шояд чунин бошад, боз ҳам се нуқта мегузорам, зеро аз ҳама муҳим дарки муҳаббат аст, на таҳқиқу баррасии он... Бузургмеҳри БАҲОДУР, магистри Институти шарқшиносӣ, забон, адабиёт ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Таъсиси Мактаби пешвоёни ҷавон 17-25 декабри соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Истаравшан, Спитамен, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Исфара бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи кишвар семинарҳо оид ба омодасозии аъзои Мактаби пешвоёни ҷавон доир гардид. Иброҳим Мирзоев, муовини сардори РаёХ. Аминов, масъули Раёсати кор бо ҳайати баланд бардоштани сатҳи донишу маънавиёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, вар- шахсии Вазорати мудофиа ва У. Пиров, намо- ти ҷавонон дар самти худшиносӣ ва ҳувияти зиш ва сайёҳӣ роҷеъ ба аҳамияти чорабинӣ яндаи Раёсати ташкилию сафарбарии Ситоди миллӣ, хусусан, даъвати ихтиёрии ҷавонон барои ҷавонон маълумот дода, онро барои генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат во- ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии онҳо муҳим баста ба ташвиқу таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, маърӯза намуданд. арзёбӣ кард. Дар семинарҳо мавзӯъҳои ватандӯстӣ, хизмати ҳарбӣ, сарварӣ, муошират, ровигӣ, фаъолияти волонтёрӣ ва пешгирии амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва зуҳуроти нангини шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии худкушиву худсӯзӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ дар байни наврасон ва ҷавонон, инчунин, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва ватанпарастӣ дар замири насли ояндасози кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
4
Иштирокчиён иқдоми мазкурро саривақтӣ шуморида, ҷалби ҷавононро ба донишандӯзию касбомӯзӣ, аз худ намудани ҳунарҳои мардумӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва эҳтиром намудани таъриху фарҳанги миллат дар давраи ҷаҳонишавӣ амрӣ воқеӣ донистанд. Дар рафти семинарҳо иштирокчиён вобаста ба саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ изҳор доштанд, ки сабаби ин монеа гардидани баъзе волидон аст, ки фарзандонро аз хизмат ба ҳар роҳу усулҳо дур мекунанд. Аз ҷониби бештар аз 180 нафар ҷавони фаъол, ки дар семинарҳо шаркат варзиданд, пешниҳод шуд, чунин иқдом дар байни ҷавонони деҳот боз ҳам бештар карда шавад. Дар охир ҷавонон таъсиси Мактаби пешвоёни ҷавонро хуш пазируфта, омодагии худро барои амалигардонии дастуру супоришҳои масъулин дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон иброз намуданд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОН ВА ИҚТИСОД
БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!
соҳибкорони ҷавонро таҳия намоем. Ҳамчунин, ҳадафи мо ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорони ҷавон мебошад. - Киҳо метавонанд узви «Клуби соҳибкорони ҷавон» шаванд ва ба онҳо чӣ имтиёзот дода мешавад? - Мо аъзои клубро ба се гурӯҳ тақсим кардем: ҷавонони ба фаъолияти соҳибкорӣ нав оғозкарда, ҷавонони фаъолияти муътадили соҳибкоридошта, соҳибкорони ҷавони муваффақ. Ба аъзои гурӯҳи аввал чунин имтиёзот пешниҳод карда мешавад: - Иштирок дар чорабиниҳои кушодаи клуб; - иштироки имтиёзнок дар семи-
клуб ва ҷалби аъзои нав ба он 20 декабри соли 2014 дар тарабхонаи варзишии «Истиқлол» мулоқоти кушода бо соҳибкорони ҷавони муваффақ баргузор гардид. Мо фаъолият ва имкониятҳои клубро ба соҳибкорони ҷавон муаррифӣ намудем. Дар ин чорабинӣ 60 нафар соҳибкори ҷавони муваффақ иштирок намуданд. Ширкаткунандагони вохӯрӣ изҳор намуданд, ки узви «Клуби соҳибкорони ҷавон» шуда, худро пеш мебаранд. Дар чорабинӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки қариб 70 дарсади аҳолии кишварро наврасону ҷавонон
нару тренингҳо; - иштирок дар чорабинии «Ҳуҷуми фикрҳо» бо мутахассисони соҳаи соҳибкорӣ; - иштирок дар барномаҳои дастгирии соҳибкорон. Ҷавонони фаъолияти муътадили соҳибкоридошта дорои имтиёзоти зерин хоҳанд шуд: - Ширкат намудан дар чорабинии «Ҳуҷуми фикрҳо» бо мутахассисони соҳаи соҳибкорӣ: - иштирок дар вохӯриҳои кушода бо соҳибкорони муваффақ: - мусоидат намудан барои дарёфти алоқаҳои манфиатнок дар миёни соҳибкорон: - иштирок дар чорабиниҳои воломақом; фиристодани нақшаҳои тиҷоратӣ-соҳибкорӣ ба аъзои клуб тавассути базаи иттилоотӣ. Ба гурӯҳи соҳибкорони муваффақ чунин имтиёзот дода мешавад: - Иштирок дар вохӯриҳои пӯшида бо намояндагони ширкатҳо: - иштирок дар чорабиниҳои воломақом; фиристодани нақшаҳои тиҷоратӣ-соҳибкорӣ ба аъзои клуб тавассути базаи иттилоотии клуб; - мусоидат намудан барои дарёфти равобити манфиатнок дар миёни соҳибкорон; - пешниҳод намудани тахфиф барои чорабиниҳои гуногун. Мо кӯшиш мекунем, ки барои соҳибкорони ҷавон грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва дохилиро ҷалб намоем. - Киҳо метавонанд узви «Клуби соҳибкорони ҷавон» шаванд? - Тамоми соҳибкорони ҷавони то 35-сола, новобаста аз самти фаъолияташон метавонанд узви клуб гарданд. Бо мақсади муаррифии ҳадафҳои
ташкил медиҳанд. Рушди соҳибкории хурду миёна боиси таъсиси ҳазорон ҷойи нави корӣ мешавад. Аз ин рӯ, «Клуби соҳибкорони ҷавон» метавонад шоҳроҳи бузурге барои ҷавонони соҳибистеъдод гардад. Мо мақсад дорем, ки соҳибкорони ҷавони муваффақро ба мулоқоти навбатӣ даъват кунем, то аз таҷрибаву комёбиҳои худ ба ҷавононе, ки акнун ба роҳи соҳибкорӣ қадам мондаанд, нақл кунанд. - Оянда боз чӣ нақшаҳо доред? - Яке аз нақшаҳои мо таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати ройгони омӯзиши асосҳои соҳибкорӣ аст. Ҳамчунин, мақсад дорем, ки соҳибкоронро аз гӯшаҳои гуногуни кишвар даъват намуда, семинарҳо доир намоем. Дар ин бобат бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Палатаи савдою саноати ҷумҳурӣ ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳем монд. Ба ин восита аъзои клуб дар форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ширкат варзида, баҳри дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ имкон пайдо хоҳанд кард. “Клуби соҳибкорони ҷавон” ҳоло соҳиби сомонаи интернетӣ буда, ҳар рӯз ба мухлисон маълумоти нав пешкаш менамоем. Директори клуб ҷавони боистеъдоду донандаи хуби забонҳои англисиву русӣ Дилшод Ҷӯраев мебошад. Дари «Клуби соҳибкорони ҷавон» барои хоҳишмандон ҳамеша боз аст. Мо мехоҳем, ки соҳибкорони ҷавон дар ин ҷо идеяҳои худро ба миён гузошта, баҳри пешрафти мамлакат муттаҳид шаванд.
Соҳибкорони ҷавон муттаҳид мешаванд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва нерӯи созандаву ободкори Ватан номидаанд. Миёни соҳибкорон ҷавонон низ зиёданд. Ба ин хотир сӯҳбати мо бо муовини директори КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон» Сулаймон Қурбонов дар атрофи муттаҳидсозии соҳибкорони ҷавон сурат гирифт.
- Сулаймон Ҷурахонович, КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон» чанд сол аст фаъолият мекунад ва ҳадафҳои он аз чӣ иборат аст? - КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон» аз ҷумлаи ташкилотҳои махсусгардонидашуда мебошад, ки соли 1998 таъсис ёфта, дар самти татбиқи соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон оид ба таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон фаъолият дорад. Тибқи қарори №609-и Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 28 декабри соли 2006 КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон» дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Ҳадаф аз таъсиси клуб, пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ, ташкили робитаҳо ва ҳамкории мутақобилан судманд, мусоидат намудан барои дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ, ташкили омӯзиши асосҳои соҳибкорӣ, доир намудани семинару мизҳои мудаввар ва конфронсҳо, расонидани кӯмаки амалӣ ба соҳибкорони ҷавон мебошад. Инчунин, мақсад дорем, ки барномаҳои махсуси ҷумҳуриявию минтақавӣ барои кӯмаку дастгирии
Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Технология – марги китоб?
Ё биёед, ақаллан, аз интернет китоб хонем Ҷорҷ Элгозӣ, муҳандиси фаронсавӣ гуфта буд: «Таърих 2 кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ, ки моро ба китоб пайваст, дуюм телевизион, ки моро аз китоб дур андохт». Бешак, дар замони Ҷорҷ телефони мобилӣ набуд, вагарна онро ҳатман кашфиёти сеюми таърих ном мебурд. Ҳамин кашфиёти сеюм, маҳз дар ҷомеаи мо китобгурезӣ, китоббезорӣ ва бесаводиро тавлид кард. Ҷаноби Ҷорҷ низ телевизионро дар ҳолати манфиаш дида, ба ин хулоса расидааст. Мутолиаи пайвастаи китобҳои бадеӣ боиси ҷаҳонбинии васеъ, одоби хубу ахлоқи ҳамида ва равоният дар нутқ мегардад. Китобхониву китобдӯстӣ ба табиати на ҳама одамон ошност. Алалхусус, дар ҷомеае, ки мо ба сар мебарем, ин одат камтар ба назар мерасад. Асри XXI асри ҷаҳонишавӣ ва нанотехнология буда, аз кӯдаки 7-сола то пири 70-сола ба он рӯ овардаанд. Ин, албатта, хуб аст, зеро мардуми мо низ баробари халқҳои дунё технологияи муосирро мефаҳманду онро мавриди истифода қарор медиҳад. Агар дар гузашта одамон барои бо наздиконашон ҳамсуҳбат шудан ба маркази нуқтаи алоқа (почта) рафта, ин ё он рақамро фармоиш дода, интизори даъват мешуданд. Ё барои дидани шахсони наздики худ, ки ба дур рафтаанд, фиристодани аксашро мехостанд, имрӯз бе ягон монеа аз хона набаромада, ба воситаи телефони мобилӣ суҳбат мекунанду ҳамдигарро ба воситаи видеобарномаҳои интернетӣ мебинанду мешунаванд. Хубии дигари кор дар он аст, ки имрӯз мо метавонем дилхоҳ китоб, рӯзнома ва маҷалларо ба воситаи шабакаи интернет дастрас намуда, мутолиа намоем. Пас, суол ба миён меояд, ки оё бо ин имкониятҳо мо китоб мехонем? Агар дар гузашта дохили дилхоҳ нақлиёти мусофиркаш мешудем, кам нафароне ба назар мерасиданд, ки дар даст китоб намедоштанд. Имрӯз баракс, дар ҳама ҷо дар даст ба ҷои китоб, телефону «айпад», дар гӯш «наушник» доранд. Ҳоло бо телефон баланд гап задану дар микроавтобусҳо садои мусиқиро баланд кардан мавзӯи дигар аст. Ин ҳамаро дида, беихтиёр аз худ мепурсам: Мо ба куҷо равонем? Зимнан, ҳар чизе ки аз меъёр зиёд шуд, боиси нороҳатии табъи дигарон мегардад. Агар ҷавонон китоб хонанду моили сайтҳои бемаънии интернетӣ нашаванд (ақаллан, китобро аз интернет хонанд) кор ба ин ҳад намерасад. Дар кишвари мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шудааст. Мутаассифона, татбиқи ин қонун дар ҷомеа камтар ба назар мерасад. Падару модарон бештар барои таъмини рӯзгор машғуланду ба тарбияи кӯдак камтар таваҷҷуҳ мекунанд. Аксари кӯдакон аз субҳ то шом дар кӯча бозӣ мекунанд. Дар баъзе оилаҳо падар барои таъмини рӯзгор ба кор рафта, модар аз назди телевизор дур намеравад ё бо ҳамсоязанҳо ҷамъ шуда, ғайбат мекунанд. Дар ин ҳол фарзандон беназорат мемонанд. Бори ин масъулият бар дӯши кист? Падару модар, мактаб, ё ҷомеа? Ба назари мо ин бар дӯши ҳама аст. Мо бояд барои беҳдошти маданияти ҷомеа саҳм бигирем. Дар кишвари мо қонуни «Ҷарима барои ҳақорат» ҷорӣ бигардад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гурӯҳи сайёреро таъсис бидиҳанд ва дар ҳамбастагӣ бо масъулон иҷрои Қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро пайгирӣ кунанд, амалиёт гузаронанд. Бубинанд, ки ҷавонону наврасон дар таътили зимистона бо чӣ корҳо машғуланд ва ҳатман аз натиҷаи амалиёт тавассути ВАО хабар диҳанд. Дар фаровард, андешаи Дуглас К. Стивенсон, адиби амрикоиро лоиқ донистам, ки биорам: «Ба фикрам, телевизион барои такмили донишу ҷаҳонбинӣ кӯмак мерасонад. Аммо, вақте аҳли оилаи мо онро мемонанд, ман ба хонаи дигар гузашта, китоб мехонам». Шарофат МАМАНАЗАРОВА, муаллимаи Мактаби байналмилалии президентӣ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
5
ДАР МЕҲМОНИИ РӮЗНОМА: САЙЁҲ Сайёҳи ҷаҳонгарди тоҷик Саидаҳмади Давлаҳмад ин дафъаи ба рӯзнома ташриф овардан, асосан, дар атрофи мавзеоти таърихию қадимаи диёр – мулки Хутал, яъне, Кӯлоб суҳбат орост. - Мо - тоҷикон мардуми куҳани олам ба ҳисоб меравем, - гуфт зимни суҳбат сайёҳ Саидаҳмади Давлаҳмад. - Ватанамон аз мо ҳам куҳантар аст. Чаро? Чунки миллатҳои дигаре, ки замоне ин ҷо сукунат доштанд, дар ҷойҳои дигар ҳатто империя ташкил намудаанд. Аз ҷумла, халқи шумер. Шумерҳо яке аз халқҳои машҳури олам маҳсуб меёбанд. Онҳо дар заминҳои имрӯзаи давлати Фаластин, Шом, Исроил империя таъсис дода тавонистанд. Баромади шумерҳо аз қаторкӯҳҳои Помири Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, давлати бузурги Бохтариҳо, ки ҳоло нишонаҳои он дар мавзеъҳои гуногуни диёрамон хеле зиёд ёфт шудааст. Ҳамин тавр, мо на танҳо Ҳисор ва Саразм бо таърихи се ва панҷҳазорсола дорем. Деҳаҳои Тутқавули 1 ва 2, Сайёд, Булёни болою поён дар Данғара мавзеъҳои хеле қадимаи кишварамон маҳсуб меёбанд. Яъне, марбут ба мардуми тоҷик аст. Мавзеи Сайёди Фархор низ хеле куҳан аст. Лек куҳантарин макон дар минтақаи навоҳии водии Кӯлоб ва умуман Тоҷикистон, Кӯлдара, воқеъ дар ноҳияи Ховалинг аст. Дар ин ҷо ҷамъияти инсонӣ ташаккул ёфтааст. Чор давлат дар рӯйи олам баҳси пайдоиши ҷамъияти инсониро дошт. Чунончи, гурҷиҳо таърихи 1 миллиону 800 – 1 миллиону 400 ҳазорсоларо пешниҳод карданд. Аммо пешниҳоди гурҷиҳо тасдиқи илмӣ наёфт. Бо сабаби он ки бозёфтҳои қадима, аз ҷумла, пораҳои устухон ва дигар нишонаҳо шояд роҳҳои тиҷоратӣ бошанд ё дар сарзамини гурҷиҳо кӯчманчиҳо гузар доштанд. Дуюм давлате, ки барои даъвои куҳан доштан далел пешниҳод кард, Исроил маҳсуб меёбад. Таърихи беш аз 1 миллиону 250-ҳазорсола. Пешниҳоди исроилиҳо низ тасдиқ наёфт. Чунки ин далелҳо боқимондаҳои шумерҳост. Шумерҳоро яке аз давлатҳои тоҷикон метавон номид? - Не. Чунки ин андеша ҳанӯз дақиқ нашудааст. Танҳо медонем, ки аз қаторкӯҳҳои имрӯзаи Помир ҳиҷрат намудаанд. Дар ин минтақа бохтариёну, суғдиён, эфталитҳо ё тоҷикони Сари кол ва дигару дигар, ки имрӯз ҳама тоҷик маҳсуб меёбанд, зистаанд. Лек шумерҳоро то ҳол тоҷик гуфта наметавонем. Инро илман бояд исбот кард. Шояд дар оянда ин кор даст диҳад. Сеюм давлате, ки даъвои қадимӣ дорад, Чин аст, ки Тибетро бо таърихи 1 миллиону 200-ҳазорсола пешниҳод кард. Аммо ин пешинҳоди чиниҳо низ тасдиқ наёфт. Бо он сабаб ки устухон ва дигар далелҳо аз қабати болоии хок, ҳамагӣ ним ё як метр дарёфт шудаанд. Пас ба хотири пасмондаҳои мардуми рафтуомади
6
Саидаҳмади ДАВЛАҲМАД:
“Шукнов аз аввали бунёди олам вуҷуд дошт”
машғул ба тиҷорат ё кӯчӣ будан ин далели чиниҳо низ ба инобат гирифта нашуд. Акнун бармегардем, сари масъалаи мавзеи Кӯлдараи мулки Ховалинг. Ин ҷо тадқиқот хеле зиёд ҷараён гирифтааст. Вале ҳамагӣ таърихи 950-ҳазорсола пешниҳод шуд. Вале бар асоси ин далелҳо мо симои одами давраи сангӣ, яъне, неандерталиро пешниҳод карда тавонистем. Худи одами неандерталиро дар вилояти Оши Қирғизистон ва қисмати Тоҷикистон, яъне, Ҷиргатол дарёфт намуданд. Ҳамчунин, кӯдаки неандерталӣ дар мавзеи Тешуктоши Узбекистони имрӯза ёфт шуд. Ҳамаи ин боис гардид, ки мо далели худро пешниҳод на-
зеи Кӯлдара шуруъ намуда, дафъаи охир соли 1996 ба ин кор даст задааст. Дар худи Ховалинг боз мавзеъҳои Лоҳутӣ, Оби Мазор, Хонақоҳ мавҷуданд, ки таърихи 700-800-ҳазорсола доранд. Дар ин ҷойҳо низ олими рус Окладников кофтукову тадқиқот гузарондааст. Ҳамчунин, деҳи Шукнов. Ин ягона мавзеест, ки аз аввали бунёдшавӣ то ҳол он ҷо одамон сукунат доранд. Вақте дар Ховалинг ҳузур доштем, роҳбари осорхонаи ноҳия Амир Саиди Мункӣ таъкид кард, ки дар Ховалинг мулкҳои дигаре мавҷуданд, ки таърихи қадима доранд. Аз ҷумла, ӯ мавзеи Мункро ёдовар шуд. Аммо Мунк ҳамагӣ аз асри 8-и милодӣ арзи ҳастӣ дорад. Пас онро қадима наметавон ҳисобид. Мисли Кӯлдара, Оби Мазору Лоҳутӣ ва Хонақоҳ. Яке аз мавзеъҳои дигари кишвар, ки бо Кӯлдара метавонад рақобат намояд, мавзеи Қаратови Ёвони имрӯза, воқеъ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор аст. Қаратов, ки шояд пасон чунин номи туркиро ба худ гирифтааст, таърихи 800-ҳазорсола дошта, дар наздикии деҳаи Чормағзаки ин ноҳия ҷойгир аст. Ағбаи Чормағзак дар китобҳои ҷаҳонӣ бо номи ағбаи Зардолу ёд мешавад.
лик. Мавзеъҳои таърихи ҳазорсола дошта, яъне, баробар ба солшумории мелодӣ бошад, хеле зиёд аст. Мисли деҳаи Доғистони Шӯрообод, қисми мавзеоти Даштиҷум таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Мо дар бораи ҷойҳои таърихии водии Вахш, Бадахшон ва дигар мавзеъҳо сухан нагуфтем, ки ҷойҳои хеле таърихӣ маҳсуб меёбанд. Дар Ховалинг роҳи байналмилалӣ бояд бунёд гардад. То олимон аз тамоми ҷаҳон ба ин ҷо биёянд. Ин мавзеъро биёмӯзанд ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. - Мебахшед, ин қадар ҷустуҷӯю такудавҳо ба кадом хотир аст? - Охир ин ҷо ватани мост ва таърихи куҳан дорад. Онро ба оламиён муаррифӣ намудан, ба фикрам, бояд кори ҳар фарди соҳибхиради тоҷик бошад. Омӯхтани таъриху фарҳанги диёр бояд кори ҳамагон бошад. Тавре дар боло ишора кардам, ҳар кунҷу канори кишвар мавзеъҳои хеле қадима дорад. Масалан, дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Восеъ на танҳо қалъаи Ҳулбук, инчунин, ҳавзи Қайнар аст, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Аз он замоне, ки Искандари Мақдунӣ дар ин ҷо гузаргоҳ бунёд кард, номи Қайнар ҳам аз он давр пайдо шуд. Он замон пойтахти мулки Кӯлоб
моем. Ҳамин тавр, ҷойи давраи аввали пайдоиши инсон ин манотиқи бо таърихи беш аз якмиллионсола тасдиқ гардид. - Дар ин кор кадом олим бештар саҳм гузоштааст? - Ин ҷо саҳми олими рус, академики Академияи улуми кишвари рус Окладников басо калон аст. Вай хеле зиёд заҳмат кашид, то ин далелҳоро исбот созад. Солҳои шӯравӣ ба кофтуковҳо дар мав-
Пас аз бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Норак деҳоти Тутқавули 1, Тутқавули 2 ва Тутқавули 3 зери об монданд. Ба ҳар ҳол дар ин мавзеъ деҳи Сайёди Данғара, хушбахтона, то ҳол барҷост. Ҳамин тавр, мо ҷойҳои хеле зиёди таърихӣ дорем, ки бо онҳо метавон фахр кард. Мавзеъҳои дорои таърихи сечор ҳазор сол дошта, дар кишвари мо хеле зиёд аст. Мисли деҳаи Кангурттути ноҳияи имрӯзаи Темурма-
маҳз ин ҷо маҳсуб ёфта, Хатлон ном дошт. - Ин мавзеъ чаро Қайнар ном гирифт? - Аз номи Искандар, яъне, Искандари зулқарнайн. Далелҳо мавҷуд аст, ки Искандар пас аз муҳорибаҳои шадид бо суғдиён ва фатҳи он минтақа ҷониби Ҳинд лашкар мекашад. Гузораш аз ин ҷо меафтад. Касе ба муқобилаш намехезад. Бе ҷангу ҷидол ва қатлу
ғоратгарӣ ин маконро убур карда мегузарад. Мардум ҳайрон мемонад. Ин қадар лашкари бешумор ва касе озор наёфт. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки ин лашкари Искандари зулқарнайни Мақдунист, ки ҷониби Ҳинд ҳаракат дорад. Аз ин пас ин мавзеъ номи Қайнарро ба худ гирифтааст. Такрор шавад, боз ҳам гуфтан мумкин, ки Искандар ҷониби Бадахшон, умуман, қадам нагузоштааст. Ҳарчанд шоири шодравон Мирсаид Миршакар дар навиштаҳои насрияш ба байте такя намуда нигоштааст: Шоҳ Носири Хусрави банданавоз, Искандариям зи мулки дури Дарвоз. Ҳамчунин, дар масъалаи ба занӣ гирифтани зебосанам Рухшонаро Искандар. Искандар дар ин минтақа ба муқобилати шадид танҳо дар Суғд рӯ ба рӯ шудааст. Маҳз духтари шоҳи Суғд Рухшонаро ба занӣ гирифтааст. Дар китобҳои таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ бошад, номи духтари Бохтар сабт ёфтааст. Зеро шоҳи Бохтар бо Искандар ва лашкари ӯ муқобилат нишон надод. Духтари зебо ҳам надошт. Ё духтари шоҳи Порс, яъне, Доро мегӯянд ва дар ин бора кино ҳам ба навор гирифта шудааст. Ин андеша ва филмбардорӣ низ хатост. Рухшона танҳо духтари шоҳи Суғд буду халос ва ягона фарзанде, ки Искандар ёфт, аз Рухшона буд. - Пас чаро олимон дар кишварамон ба ҷӯстани ҳақиқат сари ин масъала саъй надоранд? - Рости гап, ман ҳайронам, ин китобҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надоранд ё намехонанд, ба ин масъала чандон сарфаҳм намеравам. Шояд аз он хотир, ки давлати Порс империя дошт ва мо надоштем, Рухшонаро духтари шоҳи Порс ҳисобидаанд. Ё ин ки дар китобҳо духтари шоҳи Бохтар навишта шудани Рухшона шояд аз он хотир, ки бохтариҳо бо мақдуниҳо ба мувофиқа расида, бо ҳам наҷангидаанд. Ин боис гардид, ки давлати Юнону Бохтар пайдо шавад. Ҳамин тавр, бо бовари том метавон гуфт, ки тамоми сангу сафоли Тоҷикистон ифшогари таърихи куҳани ин диёр аст. Ҳамаи ин мояи ифтихор аст, ки чунин ҷойҳо насиби тоҷикон гардидааст. Ин кишвар на танҳо барои сайёҳони ба сайру саёҳат омада, ки аз зебоиҳо ва табиати нотакрори он лаззат мебаранд, лозим аст. Ин кишвар барои илм ҳам бояд зарур бошад. Суҳбаторо Толибшоҳи ДАВЛАТ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
НОМАИ БЕТАҲРИР
Шукр мегӯем, ки Тоҷикистон имрӯз яке аз кишварҳои тинҷу осуда буда, дар он қонун арҷ гузошта мешавад. Мутаассифона, ҳанӯз масъулоне ҳастанд, ки ба вазифаи худ саҳлангорӣ зоҳир мекунанд.
рида бошед, пас, қарори ҳукумати ноҳияро аз 13 марти соли 1995, таҳти №126 чӣ хел ба даст овардед? (Ҳол он ки аз рӯи нишондоди Бойгонии ҷумҳуриявӣ чунин қарор умуман вуҷуд надорад). Ҷавоб: Инро ман намедонам, С. Ҳафизов медонад. 3. Модоме ки хонаро, ба гуфти худатон, харида бошеду хона аз Шумо бошад, пас, чаро ба суд ариза навиштед, ки «хонаро ба ман қонунӣ гардонед?». Сафиев ба ин савол низ ҷавоб наёфт. 4. Хонаро Р. Мирҷонов соли
НИГАРОНӢ
аз хонаашон берун кардед. Бисёр чизу чораи онҳо ҳанӯз дар хонае, ки шумо зиндагӣ мекунед, мондаанд. Ман онҳоро ба хона овардам, се моҳ дар хонаам зиндагӣ карданд. Садҳо чунин далелҳои асоснок овардан мумкин аст, вале бо ҳамин иктифо мекунем. Суди шаҳри Душанбе баъди 7 моҳ тӯл додани кор, ниҳоят, 31 марти соли 2013 чунин таъинот баровард: «Ҷавобгар Сафиев Охунҷон ва ҳамҷавобгар Ҳафизов Саид уҳдадор шуданд, ки то 1
Таъинот баромаду...
Ё чаро судяҳо якуним сол боз дар иҷрои корашон бемасъулиятӣ мекунанд? Ман аз соли 2004 ҳамчун намояндаи ҷабрдидагон - маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 Илбадан ва Раҳмихудо Мирҷоновҳо мебошам. Соли 1999 шаҳрванд Охунҷон Сафиев ҳамроҳи шогирдаш Саид Ҳафизов аз нооромиҳои он давра сӯиистифода намуда, манзили истиқоматии нобиноён Мирҷоновҳоро, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи М. Назаршоев бе ягон асос, бо роҳи зӯрӣ азхуд карданд. Моҳи октябри соли 2004 Р. Мирҷонов бо дидаи гирён назди ман омада, асли воқеаро баён намуд. Дар дасти ӯ оид ба ин манзили баҳсӣ ягон ҳуҷҷат мавҷуд набуд. Зеро О. Сафиев бо як ҳуҷҷати қалбакии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии собиқ ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳоло Шоҳмансур)-и шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 1995, №126 манзили Мирҷоновро аз худ карда, ҳуҷҷатҳои манзилашро нобуд кардааст. О. Сафиев ва С. Ҳафизов аввалҳо даъво мекарданд, ки гӯё писари Р. Мирҷонов - Ҳайдар аз С. Ҳафизов «чизе» қарздор будааст. (Тӯли 15 сол судяҳо аз зинаи аввал то зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ исбот карда натавонистанд). Аз ин рӯ, хонаи Р. Мирҷоновро байнашон фурӯхтанд. Адвокат ба «забткунандагон» маслиҳат додааст, ки “ин варианти шумо беасос аст. Гӯед, ки Р. Мирҷонов худаш хонаро ба мо фурӯхт”. Аммо адвокат намедонист, ки хонаи мазкур «худсоз» буда, дар дафтари хоҷагии он навишта шудааст: «Ин хонаро харидан, фурӯхтан ва ҳадя кардан мумкин нест». Ман дар мурофиаҳои судӣ ба О. Сафиев бо чунин саволҳо муроҷиат кардам: 1. Шумо Мирҷоновро аз кай мешиносед, хонаашро кай харидед ва маблағро ба кӣ супоридед? Ҷавоб: Мирҷоновро аз соли 1999 мешиносам, хонаро соли 1999 харидам. Маблағро бе иштироки ӯ ва оилааш (1100 доллари ИМА) ҳамроҳи як телевизори ранга дар хонаи Ҷонмаҳмад Қадамов ба С. Ҳафизов супурдам. 2. Мирҷоновро аз соли 1999 шинохта, ҳамон сол хонаашро ха-
1957 сохта, дар асоси қарори Шӯрои вазирони ИҶШС Тоҷикистон аз 24.08.1964, таҳти №333 ҳамчун хонаи худсоз ба ӯ вобаста шудааст, чӣ гуна шумо фармудед, ки соли 1952 шаҳодатномаи техникӣ карда шавад? Ҳол он ки соли 1952 хона сохта нашуда буду шумо он вақт тифли гаҳвора будед. Ҷавоб: Инро С. Ҳафизов медонад... Моҳи январи соли 2013 дар Суди сайёри ташкилкаради судяи шаҳри Душанбе М. Турдиматова дар хонаи Ҷ. Қадамов (шоҳиди асосӣ) ман ба Қадамов се савол додам. 1. Хонаи Мирҷонов аз хонаи Шумо чӣ қадар дур аст? Ҷавоб: 10 метр. 2. Пас, чаро О. Сафиев ва С. Ҳафизов хонаи Мирзоҷоновро бе иштироки аҳли оилаааш дар хонаи Шумо савдо карданд? Ҷавоб: Рӯи одам ширин аст. Ман онҳоро ронда натавонистам. Маблағро (1000 доллар) О. Сафиев ба С. Ҳафизов дод. 3. Чаро Шумо калиди хонаро ба О. Сафиев додед? Ин лаҳза О. Сафиев низ ба ман ҳамроҳ шуда гуфт: “Ҳа! Калиди хонаро Ҷ. Қадамов ба ман дод”. Аз ин гуфтаи Сафиев Ҷ. Қадамов ба ғазаб омада, гуфт: “Шумо ин маъюбонро шатта зада,
августи соли 2013 ҳар кадом 10000-долларӣ ба Р. Мирҷонов месупоранд. Дар ҳолати дар вакташ ба иҷро нарасондани ин уҳдадорӣ, изофатан ҳар кадом боз 5000 доллари ИМА, дар маҷмӯъ, ҳар яки онҳо 15 000 доллари ИМА (ҳамагӣ 30 000 доллар) месупоранд». То имрӯз ҳамагӣ муодили 10 000 доллар ба Р. Мирҷонов супорида шудаасту халос. Боз бояд 15 000 доллари ИМА супурда шавад, вале С. Ҳафизов бо ваъда домани ҷабрдидаҳоро бо чормағзи пуч пур карда истодааст. Мо аз ночорӣ, баъди сарсониҳои зиёд ба ин шарти «муросо» розӣ шудем. Аммо бо ин ваъдабозиҳои О. Сафиеву С. Ҳафизов ва сустии судиҷрочиён иҷрошавии таъинот тӯл мекашад. Ҳар боре ки ба қабули раиси Суди шаҳри Душанбе Ҳасан Шарофов равем, аз ӯ як ҷавоб мешунавем: «Дида мебароем!». Бо ҳамин «дида баромадан»ҳо аз муҳлати дар таъинот нишондодашуда якумин сол гузашт. Магар масъулиятшиносӣ ҳамин аст?
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
“Армуғон”-и солинавии «Билайн» “Ҷазо” барои истифода аз забони тоҷикӣ? Банда аз соли дар ҷумҳурӣ арзи вуҷуд намудани ширкати мобилии «Билайн» муштарии онам ва тӯли ин солҳо фикр мекардам, ки он ба муштариёни худ ҳалолу беғаразона хизмат мекунад. Вале аз баъзе найрангу ҳиллаҳои маккоронаи ширкат, ки дар паси пардаи «хидмат ба муштариён» пинҳон будааст, мисли ҳазорон муштариёни ноогоҳ бехабар мондаам. Рӯзе ҳамсарам шикоят кард, ки маблағи дар ҳисоби телефон доштааш бидуни истифода аз он тамом шудааст. Ба яке аз нуқтаҳои хизматрасонии ширкат муроҷиат карда, фаҳмидам, ки он маблағ барои мусиқии ба ҷои занги воридот садодиҳанда, ки аз ҷониби худи ширкат бе огоҳии муштарӣ гузошта шудааст, масраф гаштааст. (Боз як мусиқии гӯшхароши бемаънӣ!) Бо ин баҳона аз чанд найранги дигари ширкат, ки барои фиристодани паёмакҳо аз маълумоти нолозими китоби «Рекордҳои Гинес», латифаҳои обшуста, эълони ҳар гуна бозиву озмунҳо ва дигар «хидматҳои хирсона» аз муштариён пули бе дарди миён мерӯёнидаанд, огоҳӣ ёфтам ва бо исрору пофишорӣ қисмате аз он маблағҳои рабудашударо аз телефони худаму ҳамсарам баргардонидам. Ман аминам, ончи ки банда барои худ кашф кардам, заррае аз ҳиллаву найрангҳои ширкати мобилӣ аст, зеро дар нуқтаҳои хадамоти ширкат ҷабрдидагону шикоятгаронро хеле зиёд мушоҳида намудам. Шаби соли нав бо андешаи он ки шояд дар хадамоти ширкат тахфифҳо ва лутфи идона ҷорӣ шуда бошад, ба қисмате аз дӯстонам паёмакҳои табрикотӣ ирсол кардам, ки аз 14 калимаи тоҷикӣ иборат буд. Баъдан хостам маблағи дар ҳисоби телефонам бударо назорат кунам ва ҳисобро дидаму ҳуш аз сарам парид. Дар тӯли чанд дақиқаи ирсол шудани паёмакҳо аз маблағи дар ҳисоби ман буда бештар аз 17 сомонӣ ғайб задааст ё аниқтараш беинсофона рабуда шудааст. Баъди соли нав ба нуқтаи хадамоти ширкат муроҷиат карда, сабаби якбора ва ногаҳонӣ аз ҳисобам ғайб задани маблағро ҷӯё шудам. Духтари қашанге бо лаҳни зебову табассуми нарм ба мани соддаи аз замона қафомонда фаҳмонд, ки сабаби якбора аз ҳисоби телефон гум шудани 17 сомонӣ бо забони тоҷикӣ ва ҳуруфи сиррилик навиштани паёмак будааст. Яъне, агар ман паёмакҳоро бо ҳуруфи лотинӣ менавиштам, харҷи он як баробар арзон мебуд. Албатта, баҳс бо он духтарак, ки як хизматчии оддӣ аст, суде надошт, зеро ин қоидаҳои маккоронаро хоҷагони ширкат маҳз барои ғорати мардуми соддаву ноогоҳи мо муқарррар кардаанд. Ман мехоҳам аз масъулини соҳаи алоқа, идораҳои дахлдор, махсусан, аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурсон шавам, ки ба ин ҷанобон кӣ чунин ҳуқуқ додааст, то дар Тоҷикистоне, ки забони давлатиаш тоҷикисту алифбои расмиаш сиррилик, чунин қоидаҳои муғризонаро ҷорӣ кунанд?! Чаро тоҷик дар кишвари соҳибистиқлоли худ бо ҳуруфи расмии давлатӣ паёмак фиристад, ба чунин «ҷарима» ё «ҷазои моддӣ» мувоҷҷеҳ мешудааст?! Ин магар поймол намудани ҳуқуқи шаҳрванди Тоҷикистон нест?! Магар ҷанобон – хоҷагони ширкатҳои мобилӣ намедонанд, ки ҳуруфи лотинӣ ё англисӣ барои аксари мардуми мо номафҳум ва душворхон аст? Медонанд, албатта медонанд! Вале ин ҳиллаи маккоронаи эшон маҳз бо ғарази нопоки ғорату тороҷи мардум аст. Ҳар лаҳза ҳазорон, миллионҳо паёмак маҳз бо тоҷикӣ ва ҳуруфи сиррилик навиштаву ирсол мешаванд. Пас, ин ҳолатро, ки миллионҳо сомонӣ тороҷ мешавад, ки назорат мекунад? Ман бисёр мехоҳам, ки ба суолҳои худ аз мақомоти дахлдор посух ёбам. Ортиқ ҚОДИР
Давлатхудои АМРИХУДО, Корманди шоистаи илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
7
ТУРИЗМ
Имрӯз дар иқтисодиёти ҷаҳон соҳаи туризм мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Туризм аз ҷиҳати даромаднокӣ аз соҳаҳои содироти нефту автомобил гузашт. Барои ҷумҳурии мо, ки имрӯз иқтисоди он душвориҳои зиёдеро паси сар мекунад, рушди ин соҳа айни муддаост. Аз ин рӯ, Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон туризмро барои мамлакат соҳаи афзалиятнок арзёбӣ кардаанд. Бо қарори Президиуми Шӯрои Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1959 дар назди Шӯрои ИК ҶШС Тоҷикистон 1 январи соли 1960 Раёсати ҷумҳуриявии мустақили сайру саёҳат таъсис ёфт. Обид Қаҳҳоров нахустин сарвари Раёсати ҷумҳуриявии сайру саёҳат таъин гардид. Он вақт на инфрасохтори туризм вуҷуд дошту на хатсайри туристӣ ва на инструктору роҳбаладони варзида. Ҳамаро аз сифр оғоз кардан лозим меомад. Ҳамон сол дар базаи Хонаи истироҳатии Иттифоқҳои касабаи ноҳияи Сталинобод, дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе аввалин базаи туристӣ бо номи «Варзоб» таъсис шуд. Он аз ду хонаи якошёна иборат буд, ки дар як вақт 50 нафар ҷо мегирифтанд. Нахустин директори базаи туристии «Варзоб» Аленичев ва саринструктори он Карл Ефремов буданд. Ҳамин тавр, соҳаи туризм дар Тоҷикистон аз бинои якошёнаи бидуни шароити зарурӣ оғоз ёфт, ки он ҳам танҳо дар мавсими гармӣ фаъолият мекард. Аммо таъсисдиҳандагон шавқ, рағбат ва хислатҳои эҷодкорию ташаббускорӣ ва умед ба ояндаи нек доштанд. Тобистони соли 1959 баъди баромадан ба кӯҳҳои Фон сад нафар кӯҳнавард аввалин бор соҳиби нишони сарисинагии «Туристи СССР» шуданд. Аз миёни ин кӯҳнавардони ҳаваскор чанд нафар ҳамчун аввалин инструктори соҳаи туризми ҷумҳурӣ интихоб гардиданд. Дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, макотиби олӣ, техникуму мактабҳо аз ҷониби иттифоқҳои касаба маҳфилу гурӯҳҳои туристӣ таъсис ёфтанд, ки даҳҳо ҳазор дӯстдорони сайру саёҳатро муттаҳид мекарданд. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта авҷи болоравию гулгулшукуфии соҳаи туризм дар Тоҷикистон буд. Бо кӯмаки Шӯрои Иттифоқҳои касаба дар ҷумҳурӣ даҳҳо иншооти туристӣ сохта шуд. Чунончӣ, соли 1979 дар базаи туристии «Варзоб» бинои 6-ошёна барои 340 на-
8
фар ва соли 1981 бинои сеошёна барои 105 нафар бунёд гардиданд. Ҳамчунин, дар ҳудуди база 25 хонаи чӯбин барои 210 нафар сохта шуд. База дорои шабакаи гармидиҳии мустақил, коллектори обтозакунӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаи варзишӣ ва қаҳвахона буд. Аз базаи туристии «Варзоб» хоҳишмандон ба сайри 20 мавзеи сайёҳӣ мерафтанд. Дар ин миён дар шаҳри Қайроққум базаҳои туристии «Баҳри тоҷик» сохта шуд, ки дар як вақт то 350 нафарро қабул мекард. Баъдан, базаи туристии «Искандаркӯл», «Ромит», «Марғзор», «Гули бодом», «Кӯҳҳои Фон» ва «Шаҳристон» ба
истифода дода шуданд. Тавассути роҳхатҳои Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ҳар сол ҳазорон нафар сайёҳ аз гӯшаю канори ҷамоҳири шӯравӣ ва хориҷӣ ба Тоҷикистон меомаданд. Танҳо солҳои 19861988 кормандони Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва масъулони соҳаи туризм ба зиёда аз ду миллион нафар туристу сайркунандагон хизмат расониданд. Аз ин рӯ, месазад, ки он айёмро «давраи тиллоӣ»-и соҳаи туризми мамлакат номид. Зеро ҳоло бо вуҷуди зиёд шудани иншооти туристӣ ва даҳҳо маротиба беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа соле ҳатто баробари нисфи шумораи онвақта
сайёҳон ба кишварамон намеоянд. Яке аз сабабҳои ташрифи зиёди сайёҳон ба ҷумҳурии мо дар он солҳо мутамарказ будани Иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ буд. Дар тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқӣ роҳхат ба мавзеъҳои диданию осоишгоҳҳои Тоҷикистон ёфт мешуд. Бо сабаби арзонии роҳхат сайру саёҳат ба деҳқону тракторчӣ ҳам дастрас буду ба коргару муаллим ҳам. Як тракторчӣ ё муаллим бемалол метавонист аз иттифоқҳои касабаи хоҷагӣ ё мактаб роҳхат гирифта, дар яке аз осоишгоҳҳои Қафқоз ё Қрим истироҳат кунад. Дар навбати худ сайёҳон аз Украинаю
Белорус, Латвияю Русия ва Эстония ба Тоҷикистон меомаданд. Туристонро қалъаву мадрасаҳои қадимаи Ҳисор, обҳои шифобахши «Шоҳамбарӣ» ва «Хоҷаобигарм», кӯҳҳои сарбафалаки Помир, кӯли «Искандаркӯл», дараҳои хушманзараи Варзобу Ромит, кӯҳҳои Фон бо 11 қуллаи аз 5 ҳазор метр баланд ва ғайра ҷалб менамуд. Ба гуфтаи собиқадори соҳаи туризм, собиқ директори Шӯрои ҷумҳуриявии сайру саёҳат Ҷӯрақул Солибоев, соли 1989 ҳаҷми хизматрасонии соҳаи туризм дар мамлакат 16 миллион рубли шӯравиро ташкил медод, ки ин ба 20 миллион долари ҳамон
Сохтори туризми мамлакат 55-сола шуд
вақт баробар буд. Дар баробари Шӯрои сайру саёҳат, инчунин, дар маркази вилоятҳо шӯрои вилоятӣ ва дар шаҳру ноҳияҳо бюрои сайру саёҳат амал мекард. Моҳи ноябри соли 1960 дар ҳудуди базаи туристии «Варзоб» автогаражи «Турист» таъсис ёфт. Бо қарори Шӯрои ҷумҳуриявии сайру саёҳат аз 29 декабри соли 1979 он ба автобазаи «Турист» табдил дода шуд, ки минбаъд шумораи нақлиёт дар он ба 70 адад расид. Соҳаи туризми Иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриро инҳо ба уҳда доштанд: Обид Қаҳҳоров (солҳои 1960-1962), Ризо Ҳасанов (1962-1964), Сангалӣ Сафаров (1964-1973), Ғафур Бобоҷонов (1973-1978), Сайфулло Пӯлодов (1978-1981), Додихудо Раҳматов (1981-1989), Фаттоҳ Файзуллоев (1989-1995) ва Рузимад Ашӯров (1995-2000). Дар давраи роҳбари Шӯрои ҷумҳуриявии сайру саёҳат будани Д. Раҳматов Тоҷикистон 5 сол пайиҳам аз ҷиҳати ҳаҷми қабулу хизматрасонии туристон дар мусобиқаи умумииттифоқӣ ғолиб омадааст. Дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ бо ташаббуси роҳбари онвақтаи ниҳоди мазкур Фаттоҳ Файзуллоев ба кишварҳои Туркия, Покистон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон ва Чин хатсайрҳои сайёҳӣ кушода шуд. Он замон бозорҳо, қариб ки холӣ буданд. Зеро корхонаҳо аз фаъолият монда буданду дигар чун замони шӯравӣ аз ҷумҳуриҳои бародарӣ маҳсулоти гуногун ворид намешуд. Маҳз гурӯҳи сайёҳон буданд, ки барои тиҷорат ба кишварҳои номбурда рафта, ба ҷумҳурӣ маҳсулоти озуқаву либосворӣ ва асбоби рузғор меоварданд. Он солҳо ба саёҳат-тиҷорат даст задан қаҳрамонӣ буд. Зеро дар он давра дар фурудгоҳ ашхоси силоҳбадаст, ки дар мақомоти интизомӣ роҳ ёфта буданд, баъзан аз сайёҳон бо зӯрӣ бори дилхоҳашонро мегирифтанд. Дар бозорҳо низ дуздону ғоратгарон зиёд буданд. Чанд нафар аз дасти дуздон муфлис
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ТУРИЗМ
шуда, тарки тиҷорат намуданд. Аммо иддае ба мушкилиҳо нигоҳ накарда «шоп-тур»-ҳоро идома доданд. Маҳз ҳамин «шоп-тур»ҳо боиси пурра аз байн нарафтани сохтори туризм дар ҷумҳурӣ гардиданд. Фаровонии имрӯзаи бозори кишвар аз «шоп-тур»-ҳои онвақта сарчашма мегирад. Аз касофати ҷанги шаҳрвандӣ маҷмааи туристии «Варзоб» қисман хароб шуд. Базаи туристии «Ромит», ки дар як вақт 260 нафарро қабул мекард ва мавзеи туристии «Кӯли кабуд» (Тавилдара) валангор гардиданд. Аз нақлиёти автобазаи «Турист» низ ному нишон намонд. Ба гуфтаи Муродалӣ Солеҳов, раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон то ҷанги шаҳрвандӣ дар навоҳии Ёвон, Истаравшан ва Панҷакент хоҷагиҳои ёрирасони Шӯрои ҷумҳуриявии сайру саёҳат мавҷуд буд. Ҳар сол аз фонди Шӯрои марказии сайру саёҳати Иттиҳоди Шӯравӣ ба соҳаи туризми Тоҷикистон то 15 адад автобусу мошинҳои гуногун дода мешуд. Автобазаи туристӣ дар шаҳри Хуҷанд низ фаъолият мекард. Чӣ кор кунем, ки имрӯз теъдоди солонаи сайёҳони ба ҷумҳурӣ воридшаванда баробари нишондиҳандаи охири солҳои ҳаштодуми асри XX шавад? Дар ин бобат, ба андешаи ман, аз таҷрибаи даврони Шӯравӣ бояд истифода кард. Имрӯз дар маркази вилоятҳо раёсат ва дар шаҳру ноҳияҳо бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолият мекунанд. Аммо дар бахшҳо мутахассисони соҳаи туризм ангуштшуморанд. Барои ривоҷу равнақ додани соҳаи туризм бояд мудирони бахшҳо бо иттифоқҳои касабаи шаҳру ноҳия ва ширкатҳои сайёҳӣ ҳамкорӣ намоянд. Чун замони шӯравӣ дар макотиби олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо сексияҳои туристӣ таъсис бояд дод. Ин баҳри рушди туризми дохилӣ самара хоҳад дод. Масалан, омӯзгорон, фермеру соҳибкорони вилояти Суғд тавассути гирифтани роҳхати иттифоқҳои касабаи шаҳру ноҳияи худ, фарз кардем, ба осоишгоҳи «Гарчашма» ё «Авҷ»-и ноҳияи Ишкошим мераванду омори онҳо дар бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ё ноҳия сабт мешавад. Ҳангоми таъсиси маҳфилҳои туристӣ гурӯҳи донишҷуён зимни сафар ба минтақаҳои гуногуни кишвар аксу хотираҳои хешро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳанд. Агар хотираҳояшонро ба забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва ғайра ҷой диҳанд, як навъ тарғиби туризми кишвар хоҳад буд. Рушди туризми дохилӣ риштаи дӯстии минтақаҳои гуногуни кишварро мустаҳкамтар хоҳад кард. 55-солагии таъсиси соҳаи туризмро ба ҳамаи кормандони соҳа табрик гуфта, умед мекунем, ки мутахассисони ҷавон аз таҷрибаи кормандони собиқадори соҳа баҳра бурда, туризмро дар мамлакат ривоҷу равнақ мебахшанд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Кӯлоб: туризм рушд меёбад Дар Чилдухтарон осоишгоҳ ва дар доманаи Фурӯш базаи лижаронӣ бунёд мешавад Ёдгориҳои табиию таърихӣ ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти фарҳангии ҷомеа маҳсуб меёбанд ва тибқи қонунгузориҳои байналмилалию ватанӣ ҳифз, барқарор ва истифода мешаванд. Имрӯз таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бахши туризм ба самти манотиқу кишварҳое нигаронида шудааст, ки мероси бою пурғановати фарҳангӣ, таьрихӣ, табиӣ ва зерсохтори рушдкардаи сайёҳӣ доранд. Минтақаи Кӯлоб бо доштани мавзеъҳои бениҳоят дилкаши табиӣ ва захираҳои беандоза зиёди фарҳангӣ-таърихӣ солҳои охир боиси таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию беруна гаштааст. Масалан, аз соли 2010 то имрӯз аз мавзеи Сарихосори ноҳияи Балҷувон, ки минтақаи сайёҳии байналмилалӣ эълон шудааст, аз кишварҳои гуногун, мисли Русия, Фаронса, Маҷористон, Испания, Швейтсария, Португал, Олмон, Ҷумҳурии Чех ва Украина 160 нафар сайёҳи ба шикори сайд рағбатдошта дидан кардаанд. Аз ин миқдор, 80 нафар сайёҳ ба давлати Испания ва 46 нафари дигари он ба давлати Фаронса мутааллиқанд. Онҳо аз ин мавзеи афсонавӣ хотираҳои зиёди хушро ба кишварҳои хеш бурданд. Дарвоқеъ, Сарихосор бо шаршараю чашмаҳои шифобахш, гиёҳу гулҳои атрогин ва кӯҳҳои баланди сабзи дарахтпӯшаш мавзеи хеле диданибоб аст. Новобаста ба мушкилоти роҳ, ки проблемаи рақами як маҳсуб меёбад, дар мавсими тобистон ҳазорон дӯстдори табиат ба дидани шаршараи машҳури Пушти боғ ва чашмаи миёни мардум маъмули Оби гӯгирд меоянд. Дар ин мавзеъ корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонида шудааст. Сохтмони роҳ идома дорад. Тавре дар боло ишора рафт, қисматҳои дигари кӯҳистони минтақа, аз қабили мавзеи кӯҳи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод, мавзеъҳои кӯҳи Эмомаскараю кӯҳи Фурӯши ноҳияи Шӯрообод ва табиати сеҳрофари намаккӯҳи Хоҷамуъмини ноҳияи Восеъ барои дӯстдорони олами табиат ҷойҳои дар асл мувофиқу арзанда маҳсуб меёбанд. Алҳол дар ин мавзеъҳои фараҳофар омодагию бунёди иншооти барои сайёҳон махсусгардонидашуда шуруъ гаштааст. Чунончи, дар мавзеи кӯҳи Чилдухтарон аз ҷониби соҳибкор Ғаффор Идиев бунёди осоишгоҳ оғоз ёфтааст. Соҳибкор Маҳмадалӣ Ғоибов дар доманаи кӯҳи сар ба фалак кашидаю ҳамеша барфпӯши Фурӯш азми бунёди пойгоҳи васеи сайёҳӣ, аз ҷумла, лижарониро дорад. Ин ҷо бамаврид аст, то аз табиати намаккӯҳи Хоҷамуъмин хотиррасон шавем, зеро дар гузаштаи дур аксари сайёҳону таърихнигорони чину араб, зимни боздидашон аз Хатлони кӯҳан дар навбати аввал аз табиати кӯҳи Хоҷамуъмин, ки он вақт бо номи Махатон машҳур буд, дар асарҳои худ ба таври муфассал ёд кардаанд. Ба қавли мутахассисон, Махатон маънои баландии Хатлонро дорад. Мегӯянд, ки аввали солҳои бисти асри гузашта, яъне, замони барқарорсозии давлати шӯравӣ дар минтақа, қисмати зиёди аскарони
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
сурх ба бемориҳои гуногуни пӯст дучор мешаванд. Он вақт табибон роҳи халосиро аз ин бемориҳо, танҳо тавассути оббозию дар чашмаҳои шӯри он шустушӯ намудани беморон пайдо мекунанд. Ҳоло гирифторони бемории диққи нафас аз ғорҳои нақбмонанди он ба таври васеъ истифода бурда, шифо меёбанд. Дар баландии ин кӯҳ мақбараи яке аз рӯҳониёни шинохтаи охир асри ХI ва аввали асри ХII Хоҷа Абдулмуъмин, ки ба қавли мардуми таҳҷоӣ аз Эрон омада, муқими Хатлон мешавад, қарор дорад. Сокини ноҳияи Восеъ, марди хайрхоҳ Сайфулло Ҳалимов мақбараи мазкурро хуб таъмиру тармим карда, дар ин макони биҳиштосо барои осоиши зиёраткунандаҳо иншоотеро, ки аз 5 ҳуҷра иборат аст, бунёд кардааст. Ҳар рӯз даҳҳо нафар ба ин мавзеи хушобу ҳаво ва таърихӣ омада, дар баробари зиёрати мақбара, аз дидани теғакӯҳҳои нама-
си Қаранӣ дар қисмати шарқии ноҳияи Ховалинг ба худ симои шинохтанашаванда гирифтаанд. Ин ташаббусу амалҳои ватандӯстона боиси афзудани шумораи сайёҳони дохилию берунӣ ба минтақа гардид. Ҳамеша меҳмонони баландмақоме, ки вориди минтақа мешаванд, ҳатман ба ин ёдгориҳои таърихӣ аз наздик шинос мегарданд. Масалан, дар давоми соли гузашта 12527 нафар сайёҳи дохилӣ ва 782 нафар сайёҳи хориҷӣ аз ёдгориҳои фарҳангию таърихии мазкур дидан кардаанд, ки ин рақам нисбат ба солҳои қаблӣ хеле зиёд аст. Бо назардошти захираҳои фаровони таърихию фарҳангӣ ва табиӣ Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб вобаста ба салоҳияти худ дар нақша дорад, ки чанд хатсайр ё худ ҳалқаи сайёҳӣ таъсис дода, дӯстдорони олами сайру сайёҳати дохилию беруниро баҳри ошноӣ ба онҳо ҷалб намояд.
кини мисли аскарбачаҳо қатористодаи сурху сафед, сабзу кабуд ва дарахтони ҳамешасабзу гулбуттаҳои рангини он ҳаловат мебаранд. Солҳои охир бештари хориҷиёне, ки вориди минтақа мешаванд, ҳатман аз ин мавзеъ боздид менамоянд. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар Қасри шоҳони Хатлон дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, мақбараи муттафакири шинохтаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб, мақбараи Султон Увай-
Зеро ба таври замонавӣ ба роҳ мондани кори сайру саёҳат дар минтақа, пеш аз ҳама соҳаро ба як бахши манфиатовар табдил медиҳад. Дар баробари ин, имкон фароҳам меояд, ки бо ин васила ин гӯшаҳои азизи Ватанамон ба оламиён бештару беҳтар муаррифӣ гарданд. Рухшона ИБРОҲИМОВА, мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб
9
БОЗГАШТ БА МАВЗУЪ
Пас аз чопи мақолаи «Бензин қимат шуд, нақлиёти барқӣ мехарем» («Ҷавонони Тоҷикистон», №51, 2014) хонандагони зиёде ба мо муроҷиат карда, хоҳиш намуданд, ки дар ин мавзӯъ бештар маълумот диҳем. Мавриди таваҷҷуҳи хонандагон қарор гирифтани мавзӯи нақлиёти барқӣ бесабаб нест. Ширкати “Technology Strategy Board”-и Британия миёни 270 ҳазор нафар ронандае, ки электромобилро идора карданд, пурсиш гузаронд. Қариб 80 дарсади пурсидашудагон иқрор шудаанд, ки омодаанд автомобилро бо электромобил иваз намоянд. Ба гуфтаи онҳо идоракунии электромобил нисбат ба автомобил осонтар будааст. Соҳиби электромобил дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ навбат напоида, шабонгоҳ зимни истироҳат мошинро дар гараж мегузорад. Электромобил тавассути розеткаи ҷараёни 220-волта заряд мегирад. Тадқиқоти мазкур, ки 6 сол идома ёфт, бартарии электромобилро нисбат ба автомобил бараъло нишон дод. Бартарии нақлиёти барқӣ Яке аз афзалиятҳои электромобил дар он аст, ки муҳаррики дарунсӯз надорад. Аз ин рӯ, барои электромобил сӯзишворӣ лозим нест. Бо ҳамин сабаб дуди заҳрнок хориҷ намекунад. Ҳамчунин, хароҷоти электромобил баъди харидан нисбат ба автомобил хеле кам аст. Зеро нархи бензин дар муқоиса бо барқ чанд маротиба қимат мебошад. Идоракунии электромобил нисбат ба автомобил осонтар аст. Ҳангоми садама хавфи таркиш нисбат ба нақлиёти автомобилӣ камтар мебошад. Коэффитсиенти самаранокии двигатели барқӣ нисбат ба муҳаррики дарунсӯзи автомобил 3-4 маротиба баландтар аст. Бартарии дигари электромобилҳо дар ин аст, ки садояшон паст мебошад. Камбуди электромобил дар он аст, ки бо он ба масофаҳои нисбатан дур сафар кардан каме мушкил аст. Зеро тавассути нерӯи барқ аккумуляторро қувват додан лозим меояд. Аммо барои сокинони ноҳияҳои атрофи пойтахт ва шаҳрҳои калон баҳри ба ҷои кору таҳсил рафтан қулай аст. Ширкатҳои калони автомобилбарорӣ ва истихроҷу коркарди нефт кӯшиш мекунанд, ки электромобил васеъ паҳн нашавад. Зеро афзоиши талабот ба электромобил бозори онҳоро касод месозад. Бартарии мошинҳои барқиро дарк намуда, як қатор кишварҳо барномаи дастгирии электромобилро тарҳрезӣ мекунанд. Чунончи, Ҳукумати Ирландия тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 10 дарсади автомобилҳои кишварашро бо электромобил иваз намояд. Ҳукумати
10
Истеҳсоли мошинҳои барқӣ 500% меафзояд Чаро Барномаи комплексии истифодаи нерӯи офтоб, шамол, дарёҳои хурд ва биогаз барои солҳои 2007-2015 амалӣ намешавад? Олмон мақсад гузоштааст, ки то соли 2020 1 миллион адад электромобилро дар роҳҳои мамлакат сар диҳад. Кореяи Ҷанубӣ вазифа гузоштааст, ки истеҳсоли электромобилро дар кишвар ба роҳ монад. Чин дар 11 шаҳри мамлакат 60 000 электромо-
ҳамагӣ 90 кило вазнинтар аст. Ҳоло ин ихтироъкор мошини сабукрави машҳури даврони шӯравӣ «Газ-21»ро ҳам барқӣ кардааст. Дар пойтахти Ҷумҳурии Коми (Русия) муҳандис Николай Токмаков электромобиле сохт, ки миёни омма
бораи мошини таҷрибавии ӯ дар яке аз шумораҳои «Ҷавонони Тоҷикистон» низ маълумот дода будем. Мутаассифона, ташаббуси ин донишҷӯ дастгирӣ наёфт ва ихтироъкори дигаре ҳам ёфт нашуд, ки мисли ҳамтоёни украинӣ ва сик-
билро таҷриба хоҳад кард. Муассисаи «Почта России» барои кормандонаш дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочӣ электрофургон харидааст. Ширкати «Револта» барои ворид кардани микроэлектробусҳои тамғаи «Smith Edison» иҷозатнома гирифтааст. Ин ширкат тайи 2 сол дар шаҳри Маскаву атрофи он 1000 нуқтаи нерӯпуркунии мошинҳои барқиро хоҳад сохт.
тарафдорони зиёд пайдо намуд. Мошини барқӣ ҳаворо ифлос намекунад, садои баланд надорад. Онро осонтар дар хона нерӯ пур кардан мумкин аст. Ин гуна электромобилҳои худсози устоҳои маҳаллӣ торафт дар Русия зиёд мешавад. Дар бораи чунин электромобилҳо шабакаҳои НТВ, «Russian Today», рӯзномаҳои «Комсомолская правда», «Республика», «Красное знамя», «Формула» ва ғайра барномаю мақолаҳои ҷолиб таҳия намуда буданд. Ҳарчанд Русия аз нефт бой бошад ҳам, солҳои охир таваҷҷуҳ ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ зиёд шудааст. Дар кишвари дигари нефтдор Эрон низ рӯ ба мошинҳои барқӣ оварда истодаанд. Як қатор соҳибкорони эронӣ дар шаҳри Шанхайи Чин бо таҷрибаи электромобилсозон ошно шуданд. Ба гуфти сарвари Департаменти ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алимуҳаммади Шоирӣ ҳоло 70% ифлоскунии ҳавои шаҳрҳои ин кишвар ба нақлиёт рост меояд. Аз ин рӯ, дар Эрон кӯшиш карда истодаанд, ки истеҳсоли электромобилро ба роҳ монда, ифлосшавии ҳаворо кам кунанд. Алҳол дар роҳҳои ин кишвари ҳамзабон зиёда аз 10 000 адад микроавтобусҳои куҳна ҳаракат доранд, ки фазоро ифлос месозанд. Бо иваз кардани онҳо ба мошини барқӣ муҳити зист тозатар шуда, шавқун нисбатан кам мегардад. Се-чор сол пеш мошини офтобӣ (гелиомобил)-и сохтаи донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Айёмиддини Хайриддин моро хушбин кард, ки теъдоди чунин мошинҳои аз лиҳози экологӣ тоза дар кишвар зиёд мешавад. Дар
тивкарии худ мошини бензиниро ба мошини барқӣ табдил диҳад.
Ихтироъкорони тоҷик чаро хомӯшанд? Қиматшавиии доимии бензин ва сӯзишвории дизелӣ украиниҳоро водор намуд, ки манбаъҳои алтернативии энергияро ҷустуҷӯ намоянд. Дар Украина барномаи истеҳсоли сӯзишвории биологӣ, аз қабили биоэтанол ва биогаз амалӣ шуда истодааст. Ҳоло украиниҳо истеҳсоли трамвай ва электробус (автобуси барқӣ)-ро низ ба роҳ мондаанд. Як сокини шаҳри Виннитсаи Украина мошини «Таврия»-и «бензинхӯр»-ашро ба электромобил табдил кард. Ӯ ба ҷои муҳаррики дарунсӯз электромотори 7-киловатта насб намуд. Ба ҷои бензобак бошад, 30 адад аккумулятори хурд насб кард. Мошини «Таврия»-и барқии устои украинӣ дар як соат 75 километрро тай мекунад. Як нерӯи мошин танҳо барои 80 километр мерасад. Сипас, онро боз нерӯ пур кардан лозим меояд. Хароҷоти «Таврия»-и барқӣ нисбат ба бензинӣ дар 100 км. роҳ то 20 маротиба арзон меафтад. Зеро электромобил ба бензину равғани мотор эҳтиёҷ надорад. Электромобили сохтаи устои украинӣ аз «Таврия»-и бензинӣ
Мо дер карда истодаем Олимон тахмин мекунанд, ки баъди 25-30 соли дигар захираи нефт дар рӯи замин ба итмом мерасад. Роҳи ягонаи пешгирии буҳрони ногаҳонӣ гузаштан ба дигар намудҳои энергия аст. Энергияи офтоб, шамол, об ва сӯзишвориҳои биологӣ алтернативаи қулай ба шумор мераванд. Тавре аз ахбори расонаҳои ҷаҳон бармеояд, кишварҳои нефту газдор «асоро ба рӯшанӣ зада» аз ҳоло роҳи пешгирии буҳронро ҷуста истодаанд. Мутаассифона, дар ҷумҳурии мо, ки тамоми нақлиёт бо сӯзишвории воридотӣ ҳаракат мекунад, ба ин масъала таваҷҷуҳ ба назар намерасад. Ҳол он ки раисони шаҳрҳо, соҳибкорон ва Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бо истифода аз таҷрибаи ҳамтоёни украинию олмонӣ, кореягию чинӣ ва олмонии худ бояд кайҳо воридкунии мошинҳои барқиро шуруъ мекарданд. Мо дар ин масъалаи барои ояндаи мамлакат муҳим дер карда истодаем. Гузаштан ба нақлиёти барқӣ вобастагии ҷумҳурии моро ба сӯзишвории воридотӣ хеле кам мекунад. Оянда аз ин иқдом ҳар сол миллионҳо доллар сарфа хоҳад шуд. Аз тарафи дигар дар ҷумҳурии мо 80% ифлоскунии ҳаво ба нақлиёт рост меояд. Агар нақлиёти бензинию дизелӣ тадриҷан ба барқӣ гузаранд, ифлосшавии ҳавои шаҳру ноҳияҳо хеле кам хоҳад гашт. На танҳо мошинҳои сабукрав, балки нақлиёти ҷамъиятӣ ва қатораҳоро низ бояд барқӣ кунем. Дар бисёр
кишварҳои собиқ шӯравӣ кайҳо боз дар роҳи оҳан электропоездҳо равуо доранд. Мувофиқи ҳисоби таҳлилгарон то соли 2016 шумораи электромобилҳо дар ҷаҳон 500% меафзояд. Сабаби бо чунин суръати баланд афзудани теъдоди электромобилҳо дар камшавии заҳираҳои нефт ва ифлосшавии ҳавои атмосфера аст. Имрӯз сӯзишвориҳои карбондор 78% талаботи ҷаҳон ба энергияро қонеъ мегардонанд. Ин рақам ба энергияи атомӣ 2,8% рост меояд. Дар ҷумҳурии мо соли 2007 «Барномаи комплексии истифодаи нерӯи офтоб, шамол, дарёҳои хурд ва биогаз барои солҳои 20072015» қабул шуд. Мутаассифона, вазоратҳои барои амалишавии барнома масъул кори назаррасеро анҷом надоданд. Ҳол он ки дар ин самт метавонистанд аз таҷрибаи бародарони эронӣ истифода баранд. Ҳукуматдорони ҶИЭ соли 2010 мақсад гузоштаанд, ки то соли 2015 аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия солона 2000 МВТ барқи иловагӣ истеҳсол намоянд. Аз он сол то ба ин дам дар Эрон бо иқтидори 8500 МВТ нерӯгоҳҳои обӣ ва 130 МВТ нерӯгоҳҳои шамолӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ҳоло соҳибкорони эронӣ барои таъсиси 600 МВТ энергияи биомасса ва 500 МВТ таҷҳизоти шамолӣ шартнома бастаанд. Имрӯз дар шаҳрҳои гуногуни Эрон 17 нерӯгоҳи офтобӣ барқ тавлид мекунанд. Дар ин кишвар то ин дам асосан нерӯгоҳҳои ҳароратӣ барқ истеҳсол мекарданд. Бо роҳандозӣ кардани барномаи рушди энергияи барқароршаванда кишвари Эрон се фоида мебинад. Якум, газу нефти сарфашуда ба хориҷа бо нархи баландтар фурӯхта мешавад. Дуюм, муҳити зист тоза мегардад. Сеюм, сатҳи зиндагии мардум баландтар мешавад. Соли 2007 нигорандаи ин сатрҳо ҳамроҳи як қатор олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз Вазорати энергетика ва ширкати «Барқи тоҷик» таваҷҷуҳ намудан ба энергияи барқароршавандаро хоста будем. Аммо роҳбари онвақтаи «Барқи тоҷик» Ш. Самиев дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Азия плюс» гуфт, ки энергияи офтобу шамол камсамар буда, мушкилро ҳал намекунад. Агар масъулон ба ҷои дилхунукӣ ба амалишавии барномаи мазкур мусоидат мекарданд, имрӯз ҳазорон хона аз ҳисоби энергияи офтобу шамол гарму чароғон мешуд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
АХБОР
ЗИКРИ ХАЙР моранд, агар не арзиши он намемонд. Мардуми эҷодкор табиатан хеле нозук мешаванд ва сахт ниёзманди лутфу меҳрубонӣ мебошанд. Муносибат бо онҳо хеле фаросоту эҳтиёткориҳоро мехоҳад. Ба таври дигар, ба хотири на худашон, балки хотири обрӯи миллату Меҳан нози онҳоро бардошта тавонистани зимомдорону атрофиён хеле муҳим аст. Эҷодкорону ҳунармандони асил на ба мансабу вазифа, балки шароити мусоиди корӣ ниёз доранд. Онҳоро аз рисолати асосиашон, ки болотар аз ҳама гуна ҷоҳу ҷалол мебошад, дур кардан бурди миллат намешавад. Дар сурати иҷро карда натавонистани ин ҳама шартҳо, Худованд онҳоро аз мо бо ҳунару истеъдодашон бозпас хоҳад гирифт. Ҷиҳати дигар ин аст, ки соҳибдилон миёни худ бо хислату мизоҷи хоса фарқ доранд. Бархе ниҳоят ботамкину ботаҳаммул, бархе басо саркашу ғурурманд мешаванд, ки зиндаёд Раҳмони Остонро ба дуюмиҳо нисбат метавон дод, агарчи дар баробари
бо ин шахсияти донишманд ба ман насиб накарда будааст ва ба қавле, таърифи ӯро аз забони ёру дӯстон шунидааму халос. Аз касе нашунидаам, ки аз ӯ дилозурдагие, малоли хотире дошта бошад. Ҳама аз боби ҷавонмардию одамияташ қиссаҳо мекарданд. Аз мутолиаи асарҳо ва нақли дӯстон Раҳмон Остон адибе буд бо сабку услуби хос, муъҷазбаёну бо гуфтори нишонрас. Асарҳояш бо мазмуну муҳтавои баланд ва ба мардум хеле фаҳмову ошност. Ҳамчунин, аз нақли шоҳидон дарёфтам, ки бинобар хислати қайсарӣ доштан ё сабаби дигар дар Раҳмон Остон гоҳо, бахусус, вақтҳои охир як навъ дилсардие мушоҳида мегардид, ҳарчанд фаъолияти пурмаҳсул доштааст. Шояд дард азияташ медод ё ягон эҳсоси дигаре? Кӣ медонист, агар умр бевафоӣ намекард, боз раҳматӣ чӣ хизматҳое барои адабиёт карда метавонист? Адибе чун ӯ кони ҳикмату маъниҳои ноёбро мемонад. Афсӯс, ки дар айни камолоти эҷодӣ, ки дар қиёс бо синну сол хеле
На Остон, достоне рафт аз мо
ва бо худ бурд он ҳама маънавиёте, ки Худо баҳри расондан ба наслҳо барояш ато намуда буд Сад ҳайф, мо ҳамон миллате ҳастем, ки истеъдодҳо, бузургонеро, ки Худованд арзониамон доштааст, ҳангоми барҳаётиашон нодида мегирем, тангназарию қадрношиносӣ менамоему фишорашон меорем, ба кору эҷодашон халал ворид месозем ва, ҳамин ки аз дасташон додем, чӣ дӯсту чӣ душман бар осмонашон мебардорем. Чаро имконият намедиҳем, ки фарзандони боистеъдоди миллат ба шуҳрати миқёси ҷаҳонӣ роҳ ёбанд ва чаро ки ҳеҷ раҳоӣ намеёбем аз бахилаку палидаку ноҷинсҳо дар ин росто. Дареғо, ки ин иллати мо хеле ва хеле ҳам куҳна гардидаву табобаташ мушкил шудааст. Ашъори бузургони классикамон дар коғази навъи охирин аз чоп мебароянду аз касони аз кӯчаи илму адаб нагузашта, бо коғазҳои дараҷаи олӣ ва муқоваҳои ялаққосии ранга, ки чормағзи бемағзи дарунашон пӯсидаю пучро мемонанд. Шон, боз сарпарастҳое аз ҳисоби бойбачаҳои навбаромад пайдо намуда, дар саҳифаи аввали китобҳошон навиштани мадҳияеро низ аз ҷавонмардию саховатмандии онҳо фаромуш наменамоянд. Дар бораи теъдоди номзаду дотсентҳои ин ё он фан бошад, болобарии заруру нозарури саршумори асарҳои адабӣ ва адибони сохта, узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бошад, ки на бо назардошти манфиатҳои миллӣ, балки манфиатҳои шахсӣ сурат мегиранд, ҷои гап ҳам намемонад ва вой бар ҳоли миллате бояд гуфт, ки сарнишинони аҳли адабаш дар чунин як ҳоле қарор доранд. Олами маънӣ шудему доғи ҷаҳл аз мо нарафт, Кард, Бедил, илмҳои беамал моро хароб. Истеъдодҳо дар ҳама соҳаҳо ангуштшу-
ин ниҳоят одами хоксору заминӣ буд. Аз адибони шинохтаи бо насаби хеле зебову хоксоронаи Остон банда ду нафарро мешинохтам, ки бо яке муддате дар ҳамкорӣ будему бо дуюмӣ ҳамагӣ чанд дафъа салому пурсупос намудаему халос, ки бадбахтона, паси ҳам аз ҳар ду ҳам ҷудо шудем. Мувофиқатро бинед, ки навиштани «Зикри хайр»-и ду Остонзода ҳам ба банда вогузор гардид. Яке омӯзгор, шоир, муҳаққиқи шеър, зодаи Самарқанди бостонӣ, шодравон Киром Остонзода, дигарӣ нависандаи хушсалиқа, донишманди соҳаи адабиёт Раҳмон Остон. Бо аввалӣ дар Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ муддати ниҳоят кӯтоҳе ҳамкорӣ дар насибамон будааст. Маълумам гардид, ки чанд сол боз маҳз бо дастгириҳои ҷавонмарди адабиёту фарҳангдӯст, собиқ раиси кумитаи номбурда Абдурозиқ Ризоев барои Киром Остонзода шароити ҳаматарафа хуби кори эҷодӣ фароҳам оварда мешудааст. Ҳарсол, тобистон дар ноҳияи хушманзари Варзоб барояш хона-вагонеро ҷудо ва хӯрду хӯрокашро муҳайё менамуданд, то истироҳат намуда, ба кори эҷодӣ машғул шуда тавонад. Ҳатто бо маблағгузории бевоситаи А. Ризоев соли 2013 дастури таълимии арӯз «Ҷадвалҳои арӯзи форсӣтоҷикӣ»-и Киром Остонзода аз чоп баромад. Устод ҳам дар навбати худ қарздор намонда, бо истироҳаткунандагони навраси истироҳатгоҳи “Чайка” дар доираи маҳфили «Ошёни баланд» пайваста машғулиятҳои адабӣ мегузаронд. Ӯ ба таври ногаҳонӣ аз дунё гузашт. Дигар ба ёди касе намезанад. Бо Раҳмон Остон, ки баъди ба Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо ба кор гузаштанаш, бештар аз назди бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мегузашт, саҳаргоҳон гоҳ-гоҳ дучор меомадем, ки шитоб дошт ва фақат бо ишораи сар салом карданамон рост меомад. Бо ин ҳама эҳсос мегардид, ки аз лиҳози саломатӣ Раҳмон Остони пешина нест. «Аҷаб расмест, расми одамизод, ки ҷонаш меравад, бовар надорад». Аз марги ногаҳонии ӯ зиёд дӯстону ихлосмандонаш бехабар монданд ва дар ҷанозааш иштирок карда натавонистанд. Афсӯс, ки нишасту суҳбатҳо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ҷавонтар ҳам менамуд, бар асари хунрезии мағзи сар ҷаҳонро падруд гуфт ва бо худ оламе қиссаҳову достонро ба гӯр бурд. Фарқгузорӣ миёни деҳу шаҳр аслан кори хуб нест ва қисматкуниҳо дар ҳама бобатро аз байн бояд бурд. Вале бо маънои ибратангезаш ва тааҷҷуби зиёд ёдовар мешавем, ки аксаран соҳибзавқу соҳибистеъдодҳо зодагону парвардагони деҳаҳои дурдасту назарногир ҳастанд, ки ба ҷуз корҳои саҳро, сариштаи корҳои хоҷагӣ гӯё дигар шуғле пиру барно дар он ҷойҳо надоранд. Ҳамчуноне, ки Сайф Афардии Раҳимзод, ки дар иртибот бо гуфтаҳои боло аз байн бурдандаш. Раҳмони мо ҳам айнан аз қабили ҳамингунаҳост. Мавсуф 15 июли соли 1953 дар деҳаи Қазоқои ноҳияи Фархор ба дунё омада, соли 1977 бахши филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст. Бо хатми донишгоҳи мазкур то соли 1989 дар идораи барномаҳои адабиву драмавии Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии ҷумҳурӣ ба сифати муҳаррир ва муҳаррири варзида фаъолият намудааст. Пасон, то соли 1994 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» муваффақона вазифаҳои мудири шуъбаҳои наср, санъат, тарғиботу иҷтимоиёт ва муовини сармуҳарриро бар уҳда дошт. Соли 1995 то нимаи авали соли 1996 дар Вазорати фарҳангу иттилооти ҷумҳурӣ масъули раёсати телевизион кор кард. Аз соли 1996, яъне, аз замони таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт» то соли 2013 роҳбарии онро бар зима дошт, ки лаёқати ӯро гувоҳ аст. Раҳмон Остон бо нигоштаҳои худ «Аҷубаҳои кишвари Чин», «Падидаҳо» ва очеркҳои телевизионӣ роҷеъ ба рӯзгори Алӣ Хуш, Сомеъ Одиназода ва дигар чеҳраҳои илму адабу фарҳанг, қиссаҳои «Деҳи ману мардумонаш», «Лахти ҷигар» ва «Маҳтоби лаби бом» миёни муҳаққиқон ва ҳаводорон маъруфу маҳбуб гардидааст. Оре! На Остон, балки ҳам бо маънии кони маънию тасвирҳои баланд, ҳам паҳлавони арсаи эҷод достоне рафт аз мо, ки Худованди меҳрубон руҳи шоду манзили ободи охиратро насибаш гардонад! Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»
ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО Аз рӯзи ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон (27 августи соли 2007) “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2010-2014” дар майдони 53562 гектар боғу токзори нав бунёд ёфтааст, ки баробар ба 114,2 фоизи нишондод аст. Бино ба иттилои Маҳмадсаид Саидзода, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ то 25 декабри соли 2014 дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ як ҳазору 493 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 424 кас ба ҳалокат расида, як ҳазору 733 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 8 ҳизби сиёсӣ, зиёда аз 2700 иттиҳодияи ҷамъиятӣ, беш аз 4000 иттиҳодияи динӣ, 44 иттифоқи касаба, 516 рӯзномаю маҷалла (318 ғайридавлатӣ), 68 телевизиону радио (49 хусусӣ), 11 агентии иттилоотӣ (10 хусусӣ) фаъолият мекунанд. Инчунин, зиёда аз 4 миллион нафар аз интернет истифода мебаранд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар робита ба баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар, ки 1 марти соли 2015 таъйин шудааст, дастурамал оид ба иштироки намояндагони васоити ахбори омма дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳоро аз чоп баровард. Он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдоди 25 000 нусха дар Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри «Шарқи озод» чоп гардидааст. 12-17 январи соли равон бо ибтикори Конуни байналмилалии Олимпур дар дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (воқеъ дар шаҳри Душанбе) семинари омӯзишӣ барои хабарнигорони ҷавон доир мегардад. Дар он ширкаткунандагон перомуни мавзӯи “Рӯзноманигории чандрасонаӣ ва инъикоси интихоботи порлумонӣ” дониш хоҳанд андухт.
11
ФУТБОЛ. ҶОМИ КФО-2015
ФУТБОЛ
«Хайр» барои ширкат дар ҶОМИ КФО2015 21 бозингар пешниҳод кард Тими “Хайр”-и Ваҳдат барои иштирок дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 21 бозингар пешниҳод кардааст. Дар рӯйхат 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро дидан мумкин. Бозингарони нави клуби шаҳри Ваҳдат дарвозабон Рустам Ризоев, ҳимоятгар Ҳасан Рустамов ва ҳамлагар Шодибек Ғаффоров мебошанд, ки мавсими гузашта дар ҳайти тими “Энергетик”-и Душанбе бозӣ мекарданд. Номи ҳимоятгари собиқи тими “Далерон-Уротеппа” Сафаралӣ Каримов ва ҳамлагари тими мунтахабаи ҷавонони кишвар Меҳроҷиддин Музаффаров низ дар рӯйхат пешниҳод шудааст. Тибқи низомномаи Ҷоми КФО2015 то 7 рӯз пеш аз оғози мусобиқа тими “Хайр” метавонад боз 5 бозингарро пешниҳод кунад.
Ёдовар мешавем, бозии аввали тими “Хайр” дар даври квалификатсионӣ 10 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бо тими “Шайх Рассел”-и Бангладеш доир мегардад. Рӯйхати ҳайти дастаи “Хайр”-и Ваҳдат барои иштирок дар Ҷоми КФО-2015: Дарвозабонҳо: 1. Худододагӣ Абдураҳимов, 25. Рустам Ризоев, 28. Анатолий Старушенко (Украина). Ҳимоятгарон: 2. Сафаралӣ Каримов, 3. Парвизҷон Ҳомидов, 4. Фирӯз Шамсиев, 12. Ҳасан Рустамов, 15. Баҳодур Шарифов, 17. Идибек Ҳабибуллоев, 22. Муҳаммадюсуф Хайров.
НАВИД
12 намояндаи Тоҷикистон дар рӯйхати доварони FIFA-2015 Федератсиони байналмилалии футбол рӯйхати доварони FIFAро барои соли 2015 эълон кард, ки дар он доварони тоҷик низ дохиланд. Ба ин рӯйхат аз Тоҷикистон 12 нафар шомил гаштаанд: 4 довари FIFA, 6 ёвари довари FIFA ва 2 довари FIFA оид ба футзал. Ба рӯйхати сардоварон душанбегиҳо Аъзамҷон Бӯриев ва Парвиз Муртазоев, Хуршед Дадобоеви хуҷандӣ ва Насрулло Кабирови норакӣ дохил шудаанд. Ёварони довари FIFA Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа), Сайёдҷон Зайниддинов, Хусрави Сиддиқзод (ҳар ду аз Душанбе), Ҳасан Каримов (Норак), Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Рустамбек Хуҷаев (Қубодиён) мебошанд. Ба рӯйхати доварони FIFA оид ба футзал барои соли 2015 Эркинҷон Мадибоеви душанбегӣ ва Абдумалик Ғаффорови хуҷандӣ ворид шудаанд.
12
Нимҳимоятгарон: 5. Маҳмадалӣ Содиқов, 6. Далерҷон Шарифов, 8. Алишер Улмасов, 10. Амирбек Ҷурабоев, 11. Андох Наполеон (Гана), 14. Муҳсинҷон Парпиев, 20. Бебей Кингли Поул Роланд (Камерун). Ҳамлагарон: 7. Мирзобек Мирзоев, 9. Меҳроҷиддин Музаффаров, 18. Шодибек Ғаффоров, 19. Алишер Хайров. Роҳбарият: Қутбиддин Хайров – президенти клуб, Раҳимбек Хайров – директори варзишӣ, Умар Ҳайдаров – сардори даста, Тоҳир Муъминов – сармураббӣ, Исроил Идиев – менеҷер, Қудратулло Гулшоев – табиб, Алӣ Шарифов – котиби матбуотӣ.
Ҷоми иттиҳод-2015: Ҳайати тими ҷавонон эълон шуд Сармураббии тими мунтахаби ҷавонони кишвар (U-21) Алишер Тухтаев ҳайати дастаро барои ширкат дар Ҷоми иттиҳод-2015 эълон кард. Мусобиқа 16-25 январи соли равон дар шаҳри СанктПетербурги Федератсияи Русия доир мегардад. Дар ҳайати ниҳоии тими ҷавонон 19 футболбоз ворид шудаанд – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар ин мусобиқа 17 январ нахуст бо тими ҷавонони Қазоқистон рақобат мекунад. 18 январ бо тими ҶАҶ ва 20 январ бо дастаи Литва вомехӯрад. Ҳайати тими ҷавонони кишвар (U-21) барои ширкат дар Ҷоми иттиҳод-2015: Дарвозабонҳо: Дилшод Дадобоев («Эсхата»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»). Ҳимоятгарон: Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Ойбек Абдуғаффоров (ДСТР), Саидхони Амрохон («Равшан»), Фирдавс Чакалов (КМВА «Помир»),
ФУТЗАЛ
«Бонки миллӣ» барандаи Ҷоми олии футзал
Парвизҷон Ҳомидов («Хайр»), Дилшодҷон Каримов («Хуҷанд»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»). Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Алиев («Парвоз»), Вайсиддин Сафаров («Хуҷанд»), Фаридун Шарифов, Абдулло Саидов (КМВА «Помир»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»). Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Фирӯз Раҳматов, Абдурасул Раҳмонов («Регар-ТадАЗ»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»). Роҳбарият: Улуғбек Каримов - менеҷер, Алишер Тухтаев - сармураббӣ, Алишер Ҳақбердиев – мураббии калон, Амоншо Саодатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Абдусаттор Қаландаров - духтур, Умар Нуров - коргузор.
ФУТБОЛ. ҶОМИ ИТТИҲОД-2015
Ғалабаи ҷавонони 21-сола бар 19-солаҳо
Дастаи «Бонки миллӣ»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими «Динамо»-и Душанбе бо ҳисоби 10:3 пирӯз шуд, барандаи Ҷоми олии футзали мамлакат гардид. Бозии ниҳоӣ миёни «Бонки миллӣ», қаҳрамони феълии силсилаи «А» ва «Динамо», барандаи Ҷоми миллӣ, дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз баргузор шуд. Шерзод Ҷумъаев, ҳамлагари «Бонки миллӣ», ки ба дарвозаи «Динамо» чаҳор гол зад, беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ дониста шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ баргузор шуд, Комрон Шодиев, раиси кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми олиро ба Ҷамшед Саломов, капитани дастаи «Бонки миллӣ» супурд.
Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми иттиҳод-2015 тими мунтахаби ҷавонони кишвар (U-21) дар як бозии дӯстона дастаи ҷавонони то 19-соларо бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Бозӣ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир гашт. Ҳисобро дар дақиқаи 9 Эҳсони Панҷшанбе, бозингари тими то 19-солаҳо кушод. Ба ин гол бозингарони тими ҷавонон бо 4 гол (Абдурасул Раҳмонов – 2 тӯб, Меҳроҷиддин Музаффаров ва Фирӯз Раҳматов) ҷавоб доданд. Тими ҷавонони кишвар қабл аз сафар ба шаҳри Санкт-Петербург бозии охирини дӯстонаро бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе доир мекунад. Ин вохӯрӣ 8 январ низ дар варзишгоҳи марказӣ доир мегардад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
Шоҳи Урдун президенти FIFA шуданист Алӣ бин ал Ҳусейн, шоҳи Урдун аз тасмимаш барои муддаии курсии президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) шудан хабар додааст. Бино ба иттилои “Reuters”, шоҳи Урдун гуфтааст, “тасмим гирифтам номзадиамро ба маснади президенти FIFA пешбарӣ намоям, зеро, фикр мекунам, вақти он расидааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеа аз қазияҳои ахир дубора ба варзиш ҷалб шавад”. Алӣ бин ал Ҳусейн дар ҳоли ҳозир ноиби президенти Федератсияи байналмилалии футбол аст. Ӯ гуфтааст, ин тасмимро баъди фикру андешаҳои зиёд ва
баҳсҳо бо ҳамкоронаш гирифтааст. Интихоботи раҳбари FIFA моҳи майи соли 2015 баргузор мешавад. Дар ҳоли ҳозир ду нафар - Йозеф Блаттер, президенти феълии ин ниҳод ва Жер Шампан, собиқ дабири кулли FIFA номзадии худро пешбарӣ кардаанд. Моҳи декабри соли 2014 Мишел Платинӣ, раҳбари Иттиҳоди ассосиатсияҳои футболи Аврупо
(UEFA) гуфт, аз номзадии Блаттер пуштибонӣ намекунад. Блаттер аз соли 1998 президенти FIFA мебошад. Як моҳ қабл донишҷӯёни Донишгоҳи Сюррих истеъфои Блаттерро талаб карданд. Ҳудуди 100 донишҷӯ талош карданд, лексияи “Футбол мактаби зиндагӣ”ро, ки роҳбари FIFA қироат мекард, барҳам зананд. Ба иддаои онҳо Блаттер коррупсионер аст.
Садамаи дарвозабони “Зенит” Собиқ дарвозабони дастаи кӯдакони “Зенит” бо мошини гаронарзиш дар маркази Санкт-Петербург ба садама дучор шудааст. “Қабл аз гардиш дар чорроҳа ман ба ҳар тараф нигоҳ кардам. Касе набуд. Аммо ба ногоҳ аз тарафи рост як “Volkswagen Tiguan” ба мошини ман бархӯрд. Суръати мошини ман баланд набуд, тақрибан 40–50 км/с”, - гуфтааст дарвозабон. Аз ин футболбоз, ки 15 сол доштааст, Константин
ном мебаранд. Ӯ худрави “Aston Martin DB9”-ро идора мекардааст, ки арзиши он вобаста ба соли бароришаш аз 2,5 то 13,5 миллион рубл гуфта мешавад. Ба иттилои расонаҳо, Константин ҳуҷҷати ронандагӣ надоштааст, аз ин рӯ, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Ба Ҷеррард суҳбати Роҷерс нафорид
Даниэл – беҳтарин ронанда
Стивен Ҷеррард, сарвари дастаи “Ливерпул” сабаби тасмимаш дар бораи тарк намудани тимро баъди анҷоми мавсими феълӣ шарҳ додааст. Ба қавли ӯ, суҳбат бо Брендан Роҷерс, сармураббии “Ливерпул” яке аз сабабҳои аслии ин тасмим будааст: “Ӯ гуфт, замоне расидааст, ки нерӯ ва вақти бозӣ тақсим шавад. Вақте ту бозингари ҳайати асосии даста ҳастӣ ва тайи чанд сол узви тим маҳсуб мешавӣ, қабул кардани чунин суҳбатҳо хеле душвор аст”, -гуфтааст Ҷеррард. Дар идома Стивени 34-сола афзудааст, Роҷерс метавонист
ба “Ливерпул” дар гирифтани унвонҳои зиёд кӯмак кунад, агар 10 сол қабл масъулияти тамрини онро бар дӯш медошт. Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки Ҷеррард карйераашро дар Лигаи асосии футболи Амрикои Шимолӣ (MLS) идома медиҳад. Ҷеррард, вақте 8-сола буд, ба “Ливерпул” омад ва то ин замон дар 695 бозӣ иштирок карда, 180 гол задааст.
Даниэл Риккярдо дар садри феҳрасти беҳтарин ронандаҳои “Формула-1”-и ин мавсим қарор гирифтааст. Рейтинги мазкурро нашрияи “Autosport” бо такя ба назари мутахассисон тартиб додааст. Риккярдо намояндаи “Ред Булл” аст. Люис Хэмилтон ва Нико Росберг намояндаҳои “Мерседес” мутаносибан дар зинаи ду ва се қарор доранд. Панҷгона бо номи Валттери
Саломатии Кличко: Бриггс Муҳаммад девонаавзо аст Алӣ хуб аст Вазъи Муҳаммад Алӣ, муштзани маъруф, ки 21 декабри соли сипаришуда бо иллати хуруҷи дарди шуш бистарӣ шуд, беҳтар шуда, шояд ҳафтаи оянда аз бемористон рухсат шавад.
Футболбози “Анжӣ” баъд аз садама вафот кард Ҳасан Муҳаммадов, футболбози дастаи “Анжӣ-2” баъди тирборон шудани мошинаш 4 январ ба ҳалокат расидааст. Сомонаи расмии клуб менависад, ин ҳодиса дар наздикии рустои Новокулии Доғистон ба вуқӯъ пайвастааст. “Мо аз ин ҳодиса сахт андуҳгин шудем. Умедворам, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври фаврӣ қотилонро пайдо ва муҷозот мекунанд”, - изҳор доштааст сарвари кулли “Анжӣ” Сергей Кораблев. Дар ҳамин ҳол, Кумитаи тафтишотии Русия дар Доғистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ хабар додааст. Маросими видоъ бо футболбози 20сола якшанбеи гузашта баргузор шуд ва тамоми хароҷоти дафнро клуб пардохтааст. Муҳаммадов дар ин мавсим дар ҳайати “Анжӣ-2” 16 маротиба ба майдон баромадааст.
Боттас намояндаи “Уилямс” ва Фернандо Алонсо намояндаи “Феррарӣ” хатм мешавад. Фелипе Масса (“Уилямс”), Ҷенсон Баттон (“Макларен”), Нико Хюлкенберг (“Форс Индия”), Себастян Феттел (“Ред Булл”) ва Даниил Квяти (“Торо Россо”) низ ба даҳгона шомил шудаанд.
Лайло, духтари Муҳаммад Алӣ гуфтааст, “маро дар мавриди вазъи сиҳатии падарам зиёд суол медиҳанд. Бояд бигӯям, ки вазъаш беҳтар мешавад”. Муҳаммад Алӣ аз соли 1984 аз бемории паркинсон азият мекашад. Қаблан расонаҳо хабар нашр карданд, ки гӯё бо иллати ин маризӣ боксчии маъруф дар сухан гуфтан душворӣ мекашад, аммо худи Алӣ ин ҳарфҳоро рад кард. Муҳаммад Алӣ яке аз чеҳраҳои номдори олами бокс аст. Ӯ Қаҳрамони олимпии соли 1960 мебошад. Ҳашт сол Қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар вазни вазнин буд. Панҷ маротиба “Муштзани сол” эътироф шудааст. 61 маротиба ба ринг баромада, дар 56-тои он (37 нокаут) дастболо шудааст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
Владимир Кличко, муштзани украинӣ имкони рақобат бо Шеннон Бриггси амрикоиро рад кардааст.
“Бриггс девонаавзо аст ва бо ҳар роҳ мехоҳад бо ман қувваозмоӣ кунад. Дар ҳоли ҳозир чунин рақобат баргузорнашуданист”, изҳор доштааст ӯ. Дидори навбатии Кличко, ки дорандаи унвонҳои қаҳрамонӣ аз рӯи версияҳои WBA, IBF, IBO ва WBO аст, 25 апрели соли 2015 дар толори “Barclays Center”-и НюЙорк ба нақша гирифта шудааст. Қарор аст, ӯ бо Брайант Ҷеннингси
амрикоӣ, ки ягон маротиба шикаст нахӯрдааст, муштзанӣ кунад. Бриггс аз баҳори соли сипаришуда талош мекунад бо ҳар васила Кличкоро барои қувваозмоӣ мутақоид созад. Ӯ ҷониби Кличко попуш ҳаво дод, ба толори тамрини ӯ ворид шуд, ба истеъмоли наҳории ӯ дар як тарабхона монеъ шуд ва амалҳои дигарро анҷом дод, аммо бо вуҷуд муштзани украинӣ ӯро ба ринг даъват накард.
13
ЭЪЛОН
Диққат, озмун!
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: №
Маоши вазифавӣ 1709.1
Номгӯи мансабҳо
1
Сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ
2
Сардори Раёсати рушди туризми дастгоҳи марказӣ
1709.1
3
Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд
854.55
4
Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
814.05
5
Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара
773.55
6
Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хисрав
773.55
7
Сармутахассиси Раёсати рушди туризми дастгоҳи марказӣ
855
8
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб
738
9
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Роғун
738
10
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент
738
11
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара
738
12
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус
702
13
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб
702
14
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён
702
15
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ
702
16
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар
702
17
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон
702
18
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҳамадонӣ
702
19
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим
702
20
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон
702
21
Мутахассиси пешбари Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе
603
22
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд
603
23
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ
576
24
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ
576
25
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ
576
26
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
576
27
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб
576
28
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол
576
29
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод
576
30
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз
576
31
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим
576
32
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Балҷувон
576
33
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
576
34
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
495
35
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд
495
36
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов
495
37
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб
495
38
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара
495
39
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
472.50
40
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хисрав
472.50
ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопурра ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расм (4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс:734026. Шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6 (рӯ ба рӯи Кохи «Борбад»). Тел: 23641-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).
14
Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади таҳияи тарҳи либоси ягонаи миллии варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш озмун эълон менамоянд. Ғолиби озмун бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Дар тарҳи (эскизи) либосҳои варзишӣ рамзи муқаддасоти миллӣ (парчами давлатӣ, нишон), таҷассумкунандаи хиради ниёгону муосир тасвир шаванд. Ҳар як қисмати либоси варзишӣ бояд мазмуни мушахасси худро дошта бошад. Ранг, аломатҳои алоҳидаи дарҷшуда, намуди берунии либос бояд дар худ рукнҳои таърихию муосири давлатдории тоҷиконро дар алоқамандӣ бо унсурҳои муосири варзиши ҷаҳонӣ тараннум намоянд. Тарроҳон тарҳи либосҳои варзишии мавсимиро (курта, пиҷак ё болопуш, шим, калапуш, ҷӯроб, пойафзол, борхалта) дар нақша ва шакли тайёр бо нишонии кӯчаи Спортивная-6, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Озмуни тарроҳон» пешниҳод намоянд. Муҳлати пешниҳод то 30 январи соли 2015 муайян гардидааст. Телефонҳо: 236-31-66, 907-58-73-60
ҲАМДАРДӢ Кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ нисбат ба даргузашти ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил мехоҳанд. Кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ ба Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, муовини директори агентӣ нисбат ба даргузашти ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил мехоҳанд. Кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ ба Аслия Худоёрбекова, сармутахассиси Бахши молия ва муҳосибии агентӣ нисбат ба даргузашти ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил мехоҳанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги бемаҳали журналист АКБАР МУСЛИМОВ сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Дарё дар марзи Русия ва Эстония
Лаљом, љилав
Худои љанг дар Мисри Ќадим
Нотинљ, ноором
Ба чашм наменамояд
Он ки сазовори мањрамї нест
Давлат дар Африка
Барометр
Тўри моњигирии киштињо
... Вализода (шоир)
Фарроши беморхона
Пойга
Мањрум
Шањри текстили Русия
Заррачаи заряднок Нидои мухлиси футбол
Яке аз уќёнусњо
Устои оњан
Далели бегуноњии айбдоршаванда
Шабакаи ТВ "... -Планета"
Њам, инчунин
Олоти чуббурї
Гўр
Таршуда, олуда
Мотам
Кўтоњшудаи номи Швартсеннегер
Нўшокии спиртї
Ранг барои чашм
Хондани Ќуръон бо оњанг
Дастаи варзишгарон
... ТАСС Мурѓи даштии шикорї
Њарфи 16уми алифбои арабї
Сароянда аз Эрон
Хоксор
Номи мардонаи тољикї
100 сол
Мўъмин …, шоири тољик
Воњиди вазн
Вулќон Тайёраи љангии дар русї Туркиё
Тафовут
Дастгоњи борбардори сохтмон
Квартети машњури эстрадї аз Шветсия
Инкишоф, рушд
... Каримова (овозхон)
Шибит (русї) Миллати сокини Вашингтон
... у њикмат, андарз
... Йорк
Муштарии мобилї (русї)
Кул дар Канада
Љонишини шахси сеюми љамъ
Сиёњидон
Ѓизо, хўрок
Бахшидани гуноњ
Њамдарс
Омодакунандаи таом
Воњиди ченаки масоњати замин (4047 м)
Дарахти калони шамшодмонанд (русї)
Модари Каин ва Авел дар дини насронї
Навъи зоѓ
Тими футболи Мадрид, Испания
Шўришгар, балвогар
Амонї, осоиш
Ихтисораи умумї барои радио, ТВ ва газетањо
Унвони ашрофзодаи англис
Дарёи фиръавнњо
Даво, дармон
Адиб Садриддин …
Одам дар болои банд (сирк)
Эътибор, ќадру ќимат
Њайвони азими ќадима
Узви дохилии инсон
Хоби зимистонаи њайвонот ... ва стерео
... и Сурайё, овозхон
Шањр дар Зеландияи Нав
Маркази вилоят дар Ќазоќистон
Шими поёнвасеъ
… Швартсеннегер Ишораљонишин
... Мањмуд, овозхон
Олати ќадимии љуфтронї Сулњи баъди љанг
Машрубот (русї)
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
Пешоб кардан
Таскиндињанда
Закариёи ... Мањалла дар наздикии Душанбе
Тасмим, ният
Бањо
Пурра, комил
Љумњурї дар Амрикои Марказї
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Духтури дандон: - Асабӣ ҳастӣ? Бемор: - Кам кам... - Ин бори аввал аст? - Не, пештар ҳам асабӣ мешудам.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Умаралӣ САФАРАЛӢ
Бемор: - Духтурҷон, ман бемории фаромушхотирӣ дорам. Духтур: - Зиёд? - Чӣ зиёд? - Фаромушхотирӣ? - Кадом фаромушхотирӣ?
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
***
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),
Маҳмудҷон УСМОНОВ,
Бемории эбола ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. То имрӯз беш аз 7 ҳазор нафар аз он ҷон бохта, зиёда за 20 ҳазор каси дигар гирифторанд. Табибон то ҳол давои ин бемориро наёфтаанд.
Ҳасан АЗИЗОВ
АНДАРЗ
(хабарнигорон, Душанбе),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, Хатлон),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7876 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
Тағйири макон Ҷавон мӯйи сарашро як бори дигар дар назди оина аз назар гузаронду гиребони борониашро боло бардошт. Пасон, аз рафтанаш хабар дод: - Ман баромадам. Корҳои мӯйсафедро ҳал карда, бармегардам. Ӯ “мӯйсафед” гуфта, бобояшро дар назар дошт, ки ду ҳафта боз дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Мӯйсафед баъди кори чилсола ниҳоят ба нафақа баромада, нафаси осуда кашиданӣ буд, ки писараш нохост фавтид. Аз ғаму ғуссаи писар пайи ҳам ду маротиба сактаи дил гузаронд. Ҳоло бошад, набераи футболбозаш ду нафарро кироя карда, барои пирамард дар як тарафи гӯристон гӯр мековад. Ҷавон барои он пешакӣ ба гӯрковӣ азм кард, ки ба наздикӣ бо
Насиҳат
кадом дастае қувваозмоӣ карданианд ва ҳам ягона марди хона ӯ монда буд. Бояд ин қабил корҳоро анҷом диҳад... Духтур низ гуфта буд, ки “мӯйсафед ҳамагӣ се рӯзи дигар зиндагӣ хоҳад кард”.
Як ҳафтаи охир ба бемории вазнине гирифтор шудаам. Бемории “насиҳаткунӣ”. Ҳар касеро дар гирду атроф бинам, кӯшиш мекунам, ки аз насиҳатҳои рангину ширинам баҳравар созам. Аз сару либосашон то хулқу атвор ва муошираташон ҳамаро эрод гирифта, бо насиҳатҳои таъсирбахши хеш онҳоро идора кардан мехостам. Он рӯз, ки бачаҳои хурдсолро дар автобус дучор омадам, нахостам аз насиҳат бенасиб монанд. Онҳо ду тан писарбачаи тақрибан ҳафт-ҳаштсола паҳлуи ҳам дар курсие нишаста буданд. Ба наздашон расида, гуфтам: - Салом, бачаҳои нағз. Онҳо ба ман бо ҳайрат нигаристанд. Ман ба аввалӣ савол додам: - Канӣ, ту майдаяк, ба ман бигӯ, ки шарти ислом чанд аст? Писарбача ҳамоно хомӯш буд. Донистам, ки ҷавоби саволро намедонад. Ба бачаи ҳампаҳлуяш муроҷиат кардам: - Рафиқат ҷавоби саволро намедонад. Ту бигӯ, ки паёмбари мо чӣ ном доштанд? Ӯ ҳам чизе ҷавоб надод. Ҳар ду писарбача бо ҳайрат ба рӯям нигаристанд, аммо вокуниш накарданд.
Дар ҳақиқат, се рӯз баъд гӯри кандашуда “соҳибашро” ёфт. Муллоимом, вақте кори дафнро ба анҷом расонд, ба назди пирамарде, ки дар сари гӯр нишаста фотиҳа мехонд, омад ва гуфт: - Якбора сиҳат ёфтанат ҳамаро шод кард, амак. Вале ҳамаамон аз марги ногаҳонии набераат, дар он садамаи нақлиёт сахт зиқ шудем. Худо руҳашро шод гардонад...
Дандонпизишк: - Ман дандонҳоятонро табобат кардам, ду соат ягон чиз истеъмол накунед. Бемор: - Бо ин нархе, ки табобат кардӣ, ман ним сол гурусна мегардам.
***
Духтур: - Иштиҳоятон чӣ хел? Бемор: - Ҳар хел. Баъзан ҳаст, баъзан нест. - Кадом вақт нест? - Одатан, баъди хӯроки нисфирӯзӣ.
*** Марде ба духтур занг мезанад: - Духтурҷон, як хоҳиш дорам. Агар ягон рӯз ба назди бинои мо гузаштед, як ба хонаи мо ҳам медаромадед. Аммо махсус омадан шарт не. Духтур: - Тинҷӣ аст? - Ҷоғи занам шикастааст ва гап зада наметавонад.
***
Духтури чашм: - Ман кадом ҳарфро нишон дода истодаам? Бемор: - Шумо дар куҷоед? - Бачаҳоро сатҳӣ тарбия медиҳем, сатҳӣ, - гуфтам ба модарашон. - Боз мактабхон ҳам ҳастанд, ҳамин тавр не? - Бале, ду сол боз бурда оварда истодаем, аммо гумон намекунам, ки онҳо ба саволҳоятон ҷавоб дода тавонанд. Ин чизҳоро дар мактаб ёдашон намедиҳанд... - гуфт модари бачаҳо. - Бубахшед, хоҳар. Инҳо саволҳои одиянд. Чизҳое нестанд, ки мактаб ба бачаҳо ёд диҳад. Масъулияти падару модар гуфтанӣ гап ҳаст. Оё медонед? Медонед, ки қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд” қабул шудааст? Бояд ин саволҳои пурсидаи маро шумо ба бачаҳоятон дар хона ёд диҳед. Ана, ҳамин хел бепарвову масъулият шудаем, ки бачаҳомон “Русия меравам” гуфта, рафта дар Сурияву Ироқ ҷанг мекунанд. Кӣ шуда ҷанг мекунанд? Ба қавли худашон, “муҷоҳид”! Дар асл бошад – террорист! Ҷавонзан “гуноҳ”-ашро пай бурд магар ки, хомӯш сар ба зер афканд ва вақте автобус дар истгоҳ қарор гирифт, писарбачаҳо бо модарашон фаромаданд. Ҷавонзан аз дасти писарбачаҳо дошта, ба биное, ки зоҳиран мактаб буд, ворид шуд. Ман ҳавли тирезаи автобусро тоза карда дидам, ки болои бино лавҳае бо чунин навишта овезон аст: “Муассисаи махсуси таълимӣ барои кару гунгҳо” Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
***
Духтур: - Ана, ин гапи дигар. Имрӯз сулфаатон ба ман маъқул шуд. Бемор: - Набошад чӣ? Ман шаби дароз машқ кардам...
ЭЪЛОН
Қатъи фаъолият Соҳибкори инфиродӣ Бабилов Холбобо Искандарович (РЯМ 2130024793), ки дар Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ аз 16 феврали соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Эътибор надорад
Номаи камоли гумшудаи №419817, ки онро соли 1978 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ноҳияи Ҳамадонӣ ба Самадов Зоирҷон Абдулҳаевич додааст, эътибор надорад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9376), 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2015