ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Бо фейсбук ба куҷо равонаем?
№30 (9560), 26/07/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Вусъати ҳамкориҳои ЮНИСЕФ ва КҶВ саҳифаи
5
Сеюмин лагери ҷавонони СҲШ саҳифаи
6
саҳифаи
7
Зистан ҳунар аст!
Қаҳрамонии паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Осиё саҳифаи
8
Зиракии сиёсии ҷавонон - омили рушду суботи кишвар саҳифаи
Фарҳанги садоқат
Дар роҳи пурталотум, хастакунанда ва пурмашаққати ҳаёт алорағми мушкилиҳо қадам задан, зинда будану зиндагӣ кардан ҳунар аст. Ин ҳунар на ба ҳар кас муяссар мешавад. Агар каме амиқтар андеша намоем, нафари махсус ё нобиғае лозим нест, ки ба мо ҳунари зистанро омӯзад, чун зиндагӣ худ устоди фарҳехтаест, ки аз он метавон ҳар надоштаро омӯхту пайдо кард. Баъзе шогирдон сабақи зиндагиро барои худ гоҳе нолозим ва гоҳи дигар мушкил мепиндоранд ва нодида мегиранд. Намеандешанд, ки ҳар панде зиндагӣ ба мо инсонҳо меомӯзад, ҳатман рӯзе ва ҷое ба кор хоҳад рафт ё моро аз ҳодисае ва ё аз даст задан ба кори баде эмин нигоҳ медорад. Ҳамин нодидагириҳост, ки мо дар худ сабру шикебоӣ, талошу заҳмат, шукру сипос, умеду орзуро тарбия намекунем ва дар роҳи зиндагӣ ба зону мезанем ва таслими сахтиҳои он мешавем.
саҳифаи
9
11
2
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат 24 июли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фаъолони пойтахт машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат бо натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии созандагию бунёдкории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим бояд аз пештара бештар тақвият дода шаванд. Оид ба тадбирҳои ободонию созандагӣ ва рафти омодагиҳои пойтахти мамлакат ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат-роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии пойтахти ҷумҳурӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Азим Иброҳим ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе шунида шуд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста
ба ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тозаистиқлол тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, барои ба марҳалаҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоии расонидани пойтахт заминаҳои созгор фароҳам овардааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои ободонию созандагиро дар пойтахти мамлакат давоми наздик ба ду соли охир қаноатбахш арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки новобаста ба ин натиҷаҳо бояд тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе то рӯзҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода шаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кори муназзами иншооти энергетикӣ, хусусан таъмини пайвастаи аҳолии шаҳри Душанбе бо барқу гармӣ, таъмини рушди бемайлони соҳаҳои саноат, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, баланд
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлат Президенти кишвари дӯстро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд. Дар идомаи суҳбат Пешвои миллат таманниёти беҳтарини худро ба ҳамтояшон иброз намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар арсаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев ва талошҳои пайвастаи ӯро ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондану тавсеа бахшидан ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахш миёни кишварҳои минтақа таъкид карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳамаи ҷабҳаҳо мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин замина Президентҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири пешбурди муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар изҳори ақида намуданд.
бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт, беҳдошти ҳолати иншооти роҳу нақлиёт, обрасонӣ, хизматрасонии коммуналӣ, бозорҳо ва савдо, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, бунёди бештари иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишию солимгардонӣ ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад, изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар масъулони дахлдор дастур доданд, ки барои ислоҳот ва навсозии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани вазъи муассисаҳои тандурустии пойтахт, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва хизматрасонии тиббӣ, беҳдошти вазъи санитариву эпидемиологӣ ва дар маҷмуъ таъмини зиндагии шоистаи сокинони пойтахт ва ба шаҳри пешрафтаву муосир табдил додани он тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Дастуру супоришҳои дигар ҳамчунин барои баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинони пойтахт, нигоҳдории муҳити зист ва таъмини зебоиву тозагии хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ҷиноятҳои бо экстремизм ва терроризм алоқаманд, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҳолатҳо дода шуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бояд ҳамкориро бо сохтору мақомот ва соҳибкорони хориҷӣ доир ба таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ тақвият бахшида, фаъолияти худро барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ҷоннок намояд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018 Дар ин робита аз соҳибкорони бонангу номуси шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти муосиргардонии шаҳри Душанбе ва омодасозии пойтахти мамлакат ба чорабиниҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ ва ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ фаъол бошанд ва саҳми арзандаи худро дар ободии пойтахти давлати соҳибистиқлоламон гузоранд. Аз роҳбарони гурӯҳҳои корӣ доир ба таҳия ва татбиқи нақшаи бунёдкориву ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ талаб карда шуд, ки иҷрои босифати корҳоро таъмин намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои олии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти шаҳри Душанбе, алалхусус, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, аҳли зиё ва ҳар як фарди бонангу номуси сарзамини аҷдодӣ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.
Қарзи нерӯи барқ 21 миллион сомонӣ афзудааст Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт дар шашмоҳаи аввали соли 2018 ҷаласаи васеъ доир гардид. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ҳисобот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 5,8 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 6,5 фоиз афзудааст. Зикр гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар корхонаҳои саноатии пойтахт коҳиш ёфтааст. Бинобар ин, ҷиҳати беҳдошти фаъолияти корхонаҳои дӯзандагӣ, бахусус истеҳсоли либосҳои ягонаи мактабӣ, хилъат барои духтурон ва куртаҳо барои ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ бояд андешида шавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар пойтахт қарзи истифодаи нерӯи барқ 437 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли пешин 21 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Барои коҳиш додани қарзи истифодаи энергияи барқ дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
ВМКБ
Мусобиқаҳои деҳа ба деҳа идома доранд Баҳри оммавӣ гардонидани варзиш ва дар ин замина ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба он, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ванҷ ҳам мусобиқаҳои деҳа ба деҳаро роҳандозӣ кардааст. Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ хабар доданд, чунин мусобиқаҳо, аз қабили бозии футбол байни ҷавонону наврасон ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар ноҳия гузаронида мешаванд. Бояд қайд, кард, ки ҳоло чорабиниҳои варзишӣ тариқи усули деҳа ба деҳа дар ҳамаи ҷамоату деҳоти ноҳияҳои ВМКБ доир мегарданд.
Созандагиву ободкорӣ мароми мост! Бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ ва тоза кардани ҷойҳои оммавӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ ҳашари умумӣ гузаронида шуд. Ин ташаббус аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ бо ҷалби зиёда аз 30 нафар кормандони мактабҳои варзишии вилояту раёсат пиёда гардидааст. Сардори раёсат Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки иқдоми мазкур таҳти унвони “Созандагиву ободкорӣ мароми мост!” минбаъд ҳам мувофиқи нақшаи омода намудаи раёсат ва. бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида мешавад.
21-22 июл дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шамшербозӣ ба хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Абдулхайр Усмонов баргузор гардид. Байни бонувон ҷойи аввалро Манижа Бобоҷонова аз шаҳри Душанбе сазовор гашт. Манижа Зарбиева аз шаҳри Душанбе мақоми дуюм ва Ориёна Пулатова аз Хатлон ҷои сеюмро ишғол карданд. Миёни калонсолон Суҳроб Мирзоев аз дастаи Хатлон-2 зинаи аввалро соҳиб шуд. Бегназар Нуров аз дастаи Хатлон-2 дар мақоми дуюм ва Шаҳриёр Нуралиев аз ШНТМ дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд. Масъулин мақсади баргузории мусобиқаи мазкурро дарёфти варзишгарони беҳтарин ва сафарбар намудани онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ унвон карданд. “ҶТ”
ШНТМ
Рушди фаъолияти волонтёрӣ ин вохӯрӣ мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Ҷомӣ Кабиров суханронӣ намуда, оиди фаъолияти волонтёрӣ ба ҳозирин иттилоъ дод. Сипас ҷавонон фикру андешаҳои худро оиди фаъолияти волонтёрӣ иброз намуданд.
Тоҷикобод: Гузоштани санги асоси беморхона
Дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати сохтмони беморхонаи замонавӣ барои 45 ҳазор аҳолӣ санги асос гузошта шуд. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, бинои беморхона аз 2 ошёна ва зербино иборат буда, ба-
Вахш: Омодагиҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, аз ҷамоатҳои шаҳраку
деҳоти ноҳия дидан карда, бо аҳолӣ мулоқотҳои судманд доир карданд. Дар ин гурӯҳи кории таъсисдодашуда, раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту
муассисаҳо, фаъолони ноҳия шомил буда, ҳамарӯза дар деҳот бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.
Озмуни “Бонуи ҳунарманд” дар Хатлон
Мусобиқаи шамшербозӣ дар Душанбе
Бо мақсади боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти волонтёрӣ дар маҷлисгоҳи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ, дар мавзӯи “Рушди фаъолияти волонтёрӣ” вохӯрӣ бо ҷавонони фаъол баргузор гардид. Дар
ХАТЛОН
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
ДУШАНБЕ
Дар мусобиқа 50 шамшербоз дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-2 ва ШНТМ иштирок карданд. Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи шамшербозии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, изҳор намуданд, ки аз ин варзишгарон умеди ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар дар мусобиқаҳои байналмилалиро доранд. Сабқатҳо байни наврасон, бонувон ва калонсолон ҷараён гирифта, миёни наврасон мақоми аввал насиби Алиҷон Халиқдатов аз шаҳри Душанбе гардид. Зинаи дуюму сеюмро варзишгарони Хатлон - Маҳмуд Шарипов ва Зулфиқор Абдуллоев ба даст оварданд.
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
рои 21 ҳуҷраи функсионалӣ ва 2 ҳуҷраи хоб барои даҳ нафар пешбинӣ шудааст. Сохтмони беморхонаи замонавӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод оғоз гардида, тибқи нақша, сохтмони он моҳи майи соли 2019 ба охир мерасад. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
Бахшида ба эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни «Бонуи ҳунарманд» дар шаҳрҳои Левакант, Бохтар, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Хуросон, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Дусти, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Н. Хусрав, Ёвон, Норак, Данғара, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Балҷувон баргузор гардида, дар давоми ҳафта дар ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Ш. Шоҳин, Кӯлоб ва Темурмалик баргузор мегардад. Даври ҷамъбасти озмуни «Бонуи ҳунарманд» рӯзи 2.08.2018 дар маркази вилоят ба нақша гирифта шудааст. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
Дар Айнӣ комплекси варзишӣ бунёд гардид
СУҒД
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дода, ба бунёди комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ санги асос гузоштанд. Комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ аз варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону наврасон, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ва боғи истироҳатӣ иборат буда, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой
Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони ноҳияи Айнӣ иброз дошт, ки дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад. Дар доираи омодагиҳо ба ин санаи таърихӣ дар шаҳру навоҳӣ бунёди беш аз 3 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст ва бунёди комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ дар ноҳияи Айнӣ аз ҷумлаи чунин иншоотҳост.
Суғд: Вориди 371,1 ҳазор сайёҳ дар шаш моҳ Дар 6 моҳи соли 2018 тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят 371,1 ҳазор сайёҳон ворид шудаанд. Аз ин шумора шаҳрвандони Ӯзбекистон 303,3 ҳазор нафар, Россия 39,3 ҳазор, Қирғизистон 23,5 ҳазор, Қазоқистон 3,6 ҳазор нафар, Белорус 583 нафар, Украина 411, Молдова 150, Озарбойҷон 79, Туркманистон 73
ва Арманистон 28 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳоло дар вилояти Суғд 22 ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 5, Панҷакент 12, Истаравшан 1, Бобоҷон Ғафуров 2 ва Айнӣ 2 ширкат фаъолият мебаранд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
4 (Идома аз шумораҳои гузашта) Мухтасари он чи ки дар шумораҳои гузашта ба нашр расид: Яке аз гаронарзиштарин ширкатҳои олам - фейсбук баҳори соли ҷорӣ даҳ дарсад қиммати худро аз даст дод. Лек дар ин баробар рӯйдодҳои муҳими дигаре ҳам ба амал омаданд. Маълум гардид, ки акнун манипулятсия (сӯиидора) шудани одамон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса дар рафти маъракаҳои интихоботӣ афсона не, ҳақиқат будааст. Ва ба ин то андозае худи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус фейсбук низ айбдоранд... Фейсбук як хазинаи бузурги маълумот, (маълумоти садҳо миллион одамон) ва яке аз панҷ шмркати бузурги дунё ба ҳисоб меравад. Вале ин маълумот, агарчи бениҳоят зиёд ҳам бошад, дар ҷои худ истода ба дарде намехӯрд. То он замон ки ба миён супер-оқилон ворид нашуданд. Бо ҳамроҳ шудани чанд заковатманди бузург (гений) ба ин кор бузургтарин амалиёти истифодаи маълумот дар таърихи дунё сурат гирифт. Ва ба назар мерасад, ки ин бозӣ гашта-гашта худи бозингаронро ба бало гирифтор карданист... Баробари ба ҳаёти инсонҳо ворид шудани фейсбук ба намоиш гузоштани маҳрамият низ пеш омад. Вале барои фаҳмидани он ки ҳар як ҳисса кардан (share) ва маъқул намудан (like)-и мо дар фейсбук чи натиҷаҳо дошта метавонад, каме вақт гузаштанаш лозим буд. Зимнан референдуми Брексит ва интихоботи президентии ИМА ба таърих ҳамчун нахустин интихоботҳои аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ манипулиятсияшуда роҳ ёфтаанд. Лек моҷаро чандон одӣ набуд ва бо ин тамом намешуд... КОГАН ВА БОЗ ЯК ДОМИ НАВ Чун Михал Косинский аз Алекс Коган ба таври ҷиддӣ шубҳа карда, ба вай, ба қавле, часпида мемонад, Коган ва шариконаш роҳи дигар меҷӯянд: барои SCL модели нави “маълумотситонӣ” аз одамонро бар ивази 800 ҳазор доллар месозанд. Модели нав комилан нусхаи ҳамон замимаи “MyPersonality” мебошад, ки Косинский сохта буд. Вале барои он ки то куҷо коромад будани барномаи (модели) навашонро муайян намоянд, маълумотгирандагон бояд онро бисанҷанд. Барои санҷиш бошад, як гиганти дигар - платформаи “Amazon” ба бозӣ ҳамроҳ мегардад. Хато намебуд, агар платформаи “Amazon”-ро ба як майдон ташбеҳ медодем. Ба майдоне, ки он ҷо қувваҳои корӣ ҷамъ омадаанд ва ҳар корфармо барои коргар гирифтан метавонад ба ин “бозори мардикорон” ворид шавад. Албатта, барои Алекс Когани ҳарис ҷиҳати санҷидани
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
МАВЗӮИ РӮЗ барномаи навсохташ ин майдон айни муддао буд. Бо эҳтимоли зиёд барнома ё худ модели нави Алекс Коган замимаи “This Is Your Digital Life” (Ин ҳаёти рақамии шумост) бошад, ки назар ба изҳороти роҳбарияти фейсбук соли 2015 барои роҳандозӣ кардан дар шабакаҳои иҷтимоӣ сохта шудааст ва аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан фейсбук даъват мекунад, ки аз санҷишҳои (пурсишномаҳои) психологӣ гузаранд. (www.snob. ru, www.unian.net) Албатта, барои ҷавоб додан ба пурсишномаҳо ҳар истифодабарандаи фейсбук аввал бояд замимаи “This Is Your Digital Life”ро дар саҳифаи худ насб кунад. Баъд аз насб кардани он аз истифодабаранда маълумоти шахсӣ талаб карда мешавад. Чунончи маълумот дар бораи ҷои иқомат,
ҳар пурсишнома ҷавоб гардонем. Чи фарқ дорад, ки пурсанда маълумоти бобоямонро мепурсад ё аз худамонро ва ё аз кадом дӯстамонро, муҳим ки пул диҳад! Усули нав ба Коган кор медиҳад. Дере нагузашта, чунонки селаи гунҷишкон бехабар аз дом ба сӯи дона меоянд, одамони зиёде дар фейсбук бар ивази 1-2 доллар замимаи Коган ҷорикардаро ба саҳифаи худ насб мекунанд. Ва дар як муддати кӯтоҳ ҳудуди 300 ҳазор нафар ба пурсишномаҳои ӯ ҷавоб медиҳанд. Албатта, пул ширин аст, ба сӯи худ мекашад! Дар асл саволу пурсишномаҳо афсонаанд. Мақсади асосӣ дастрасӣ ёфтан ба мушаххасот ё худ маълумоти шахсии истифодабарандагони фейсбук ва дӯстони онҳост. Ҳамон тавре ки гуфтем, вақте дар миёна пул меистад, кам нафароне ёфт ме-
ро кадом ҳиссаи рӯз мехонад, ба чиҳо майл дорад ва ғайра. Замимаи Коган он қудратеро доштааст, ки ҳатто реҷаи ду соли пеши ҳар як истифодабарандаро дар фейсбук (агарчи фейсбук онро баста ҳам бошад) берун оварда ва ба худ гирифта метавонад. ...ВА МАЪРАКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ Акнун Алекс Коган медонист, ки ба чи гуна як “хазинаи нодир” соҳиб гаштааст. Бинобар ин, дар фурӯхтани он ба ширкати SCL ё худ ҳамон Кембриҷ Аналитика душворӣ накашид. Кембриҷ Аналитика бошад, баъдтар мушаххасоти харидаашро (маълумоти одамонро) барои мувофиқ гардонидан ба модели психометрикии худ (айнан монанди ҳамон алгоритмае, ки Косинский сохта буд) истифода мекард.
Бо фейсбук ба куҷо равонаем?
рӯйхати дӯстон, постҳо (ҳар он чи ки мо дар саҳифаи фейсбукамон мегузорем), инчунин постҳое, ки ба мо маъқул шудаанд. Лекин командаи фейсбук ба замимаи нав дар “қаламрав”-и худ бо назари шубҳа менигарад. Зеро замимаи “MyPersonality”-и Михал Косинский аллакай ба онҳо дарс шудааст. Ё тавре мегӯянд, “моргазида аз банди ало метарсад”. Азбаски Алекс Коган як нафарест, ки заъфи инсонҳоро хуб омӯхтааст (ӯ ҳам мисли Косинский дар риштаи равоншиносӣ докторантура хатм кардааст), бинобар ин интизор намешавад, ки кай истифодабарандагони фейсбук ба пурсишномаҳояш ҷавоб дода, ба доми вай меафтанд. Балки кори аҷиб, ҳамзамон муқаррарие мекунад: ба ҳар нафари ба пурсишномаи вай ҷавобдиҳанда маблағ медиҳад. Ин ҳам заъфи мо инсонҳост, ки осон ба даст овардани маблағро дӯст медорем ва суроғ намекунем, ки пушти ҳар инъоми муфт чи меистад. Бинобар ин бар ивази 1-2 доллар, агарчи он аз тариқи маҷозӣ (манзур интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ) ҳам бошад, розием ба
шаванд, ки бипурсанд: бар ивази ҳадя аз мо чи мехоҳанд? Ва ҳар нафаре, ки замимаро дар саҳифаи худ насб карда, ба пурсишномаҳо ҷавоб медиҳад, бешубҳа дари маълумотҳои худро ба рӯи Коган ва ӯ баринҳо боз мекунад. Бар ивази 1-2 доллар! Ин қадар ночиз фурӯхта шудани ҳаёт ва афзалиятҳо, интихобу иродаи мо аҷибу ҳайратовар нест? Гуфта мешавад, ки дар интиҳои соли 2015 ва соли 2016 Коган ном қаллоби шабакаҳои иҷтимоӣ, ба туфайли заковати баландаш дар як фосилаи кӯтоҳи вақт ҳама гуна маълумоти маҳрам ва асрори ҳудуди 30 то 50 миллион истифодабарандагони амрикоии фейсбукро ба компютери худ гирдоварӣ кардааст. Маълумотҳое чун кӣ ба навиштаҳои кӣ таваҷҷуҳ дорад, ё ба ибораи дигар кӣ киро дар фейсбук пайгирӣ мекунад (пайгирӣ - ба маънои мусбати ин калима), ба чи ё киҳо шарҳ менависад, чиҳоро маъқул дорад ё худ ба чиҳо ё киҳо “like” мегузорад, бо киҳо муколама мекунад, ба куҷоҳо ба сайру гашт мебарояд, ахбори воситаҳои иттилооти-
Хоса дар айни авҷи маъракаҳои интихоботӣ. Лек то расидан ба ин марҳила номзад ба президентии ИМА – Трамп, ки гуфтем яке аз се тарафи моҷарои фейсбук шумурда мешавад, дар бораи ин олами маҷозӣ ва ин қаллобигариву маълумотрабоӣ тамоман фаҳмише надошт. Ба ибораи дигар, Доналд Трамп он замон як сарватманде буд, ки ба олами маҷозӣ, ба дунёи рақамӣ ё худ технологияи муосир ошно набуд. Агарчи ҳоло доим ӯро смартфон ба даст мебинему зудзуд аз тариқи “Twitter” паёмҳои аҷибу ғарибашро мехонем, вале ёвари худи ӯ иқрор шуда буд, ки Трамп дар мизи кориаш на ин ки компютер надорад, балки то 70-солагиаш почтаи электронӣ (e-mail) ҳам истифода намебурд. (www.gizmodo.com) Ӯ замоне, ки номзадиашро ба президентии ИМА эълон медошт, ба дунёи маҷозӣ чандон эътибор намедод. Ба ҳадде, ки мегӯянд, барои кушодани сомонаи интернетӣ ҷиҳати роҳандозии маъракаи номзадиаш ӯро ба зӯр розӣ кардаанд ва сарватманд барои ин кор ҳамагӣ 1500 доллар пардохт намудааст. Баъдан сари ҳар
қадам нозарур будани ин корро ба ёрдамчиаш таънаомез таъкид мекардааст. Дар ибтидо тими вай ки масъалаҳои тарғиботиро аз тариқи “олами маҷозӣ” ё худ шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ менамуд, ҳамагӣ се нафарро ташкил медод. Баръакси Трамп рақибаш дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 - Ҳиллари Клинтон ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ба қудрати “олами маҷозӣ” боварии том дошт. Вай дар ин бобат ба президент Барак Обама, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз лиҳози ҳаводори зиёд доштанаш ӯро “аввалин президенти шабакаҳои иҷтимоӣ” меномиданд, пайравӣ мекард. Инчунин Ҳ. Клинтон рӯйхати тамоми суроғаҳои ҳизби демократи ИМА-ро дар ихтиёри худ дошт, бо бахши таҳлилгарии “Big Data” мансуб ба “BlueLab” ҳамкорӣ менамуд. Гузаш-
Ӯ интизор намешавад, ки кай истифодабарандагони фейсбук ба пурсишномаҳояш ҷавоб дода, ба доми вай меафтанд. Балки кори аҷиб, ҳамзамон муқаррарие мекунад: ба ҳар нафари ба пурсишномаи вай ҷавобдиҳанда маблағ медиҳад. Ин ҳам заъфи мо инсонҳост, ки осон ба даст овардани маблағро дӯст медорем ва суроғ намекунем, ки пушти ҳар инъоми муфт чи меистад. та аз ин аз тарафи ширкати “Google” ва ширкати филмсозии “DreamWorks” дастгирӣ меёфт. Вақте Трамп дид, ки рақибаш ба тарғибот аз тариқи “олами маҷозӣ” диққати бештар дода, ба ин самт маблағи ҳангуфт сарф кардан дорад, зоҳиран ӯ ҳам ҷиддияти масъаларо пайхас намуд. Ин ҳам бошад як анъанаи маъмул барои ҳар тоҷир аст, ки вақте мебинад рақибаш ба як бозор ворид шуд, ӯ ҳам кӯшиш мекунад, ба он бозор дарояд ва бенасиб намонад. Бинобар ин, бо вуҷуди он ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва қудрати онҳо чандон бовар надошт, вале “модоме ки даркор аст, пас бигзор ки бошад” гуфта (www.nytimes.com), соли 2016 ҳамкориро бо ширкати Кембриҷ Аналитика қабул, балки пинҳонӣ ба роҳ монд. (Давом дорад) М. УСМОН, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
5
Мусодираи зиёда аз 2 тонна маводи нашъаовар
Вусъати ҳамкориҳои ЮНИСЕФ ва КҶВ Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар ва дастгирии Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 июл, дар Маркази фарҳангии ҷавонон –“Ориёно” аввалин озмоишгоҳи инноватсионӣ кушода шуд. Дар маросими ба истифода додани ин озмоишгоҳ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сардори дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Лучиано Калестини иштирок ва суханронӣ намуданд. Меҳмонон дар Маркази фарҳангии ҷавонон - “Ориёно” аввалан навовариҳои ҷавонон дар самтҳои илм, техника ва инноватсияро тамошо карданд. Аз ҷумла ба дастгоҳҳои сохтаи донишҷӯёни Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимӣ Фаромӯз Оев ва Рустам Алиев баҳои баланд доданд. Дастгоҳҳои сохтаи эшон яке барои огоҳӣ аз сел, дастгоҳи дигарӣ барои эмин нигоҳ доштани ғалладонаҳо аз парандагон ва як дастгоҳи дигар барои нафарони биноияшон суст ва пурра нобино таҳия шудаанд. Дар рафти боздид аз дастовардҳои ҷавонони Муассисаи давлатии маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, ки барномаҳои компютерӣ ва якчанд лоиҳаи дигарро пешбинӣ карда буданд, тамошо карданд. Ҳамчунин дар рафти тамошои Марказ раиси Кумита ҷаноби Лучиано Калестиниро бо тамоми имкониятҳои ин Маркази ҷавонон ошно намуданд. Ҷаноби Лучиано Калестини ва Аҳтам Абдуллозода ба озмоишгоҳ баҳои баланд дода, зикр карданд, ки барои ҳарчӣ беҳтар тараққӣ додани он бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда талош хоҳанд кард. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳамасола 390 навраси навовар метавонад ин озмоишгоҳро бо гузаштани чаҳор марҳилаи омӯзишӣ хатм кунад. Зимни суҳбати кӯтоҳе, ки бо наврасони навовар раиси КҶВ чунин гуфт: - Инсон бояд ҳамеша роҳро тағйир диҳад ва аз қолабҳое, ки барояш муайян шудааст, берун барояд, зеро танҳо дар ҳамин гуна ҳолатҳо метавонад муваффақ гардад”. Сардори дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ваъда дод, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои минбаъда омодаанд, дар 15 марказҳои ҷавонон, ки айни ҳол дар минтақаҳои гуногуни кишвар фаъолият доранд, чунин озмоишгоҳҳои инноватсиониро таъсис диҳанд. Бояд гуфт, ки бо истифода додани чунин озмоишгоҳҳо дар 15 маркази ҷавон ҳамасола метавонанд ҳудуди 6000 навраси навовар онҳоро хатм кунанд. Дар охир тасмим гирифта шуд, ки дар пайи ҳамкориҳои минбаъда Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ ва КҶВ корвони ихтироъкоронро аз ҳисоби наврасону ҷавонони навовар таъсис дода, бо чунин тарзи кор дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ раванди таҳрик додани наврасон ба ихтироъкориро тезонанд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 баргузор гардид, ки дар кори он директори агентӣ Шерхон Салимзода, сардорони раёсату шуъбаҳои мустақили агентӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд. Пеш аз оғози нишаст бо тартиби дар қонунгузорӣ муайяншуда дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ 357 кг 111 гр маводи нашъаовар, аз рӯи 17 парвандаи ҷиноятие, ки нисбати онҳо мақомоти судӣ ҳукм баровардааст, дар бухории агентӣ сӯзонида шуд. Дар баромади худ директори агентӣ Шерхон Салимзода қайд намуданд, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар ҷилавгирӣ шуда, дар ин давра 2 т 735 кг 929 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки ин шумор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 370 кг 914 гр ё 15, 7 фоиз зиёд мебошад: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра мусодираи маводи нашъаовар аз ҷониби АНМН 70 фоиз, ВКД 22 фоиз ва Хадамоит гумрук 40, 2 маротиба зиёд аст,”- гуфт Ш. Салимзода. Ҳамчунин қайд гардид, ки айни ҳол 6888 нашъаманд дар қайди расмӣ буда, аз онҳо 162 нафарро зан ва 1484 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Таҳсили 43 нафар донишҷӯи хориҷӣ дар ДДТТ Ҳамидуллохон Фақиров, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки донишгоҳи мазкур ҳамкориро бо донишгоҳҳои як қатор кишварҳои хориҷӣ ба роҳ мондааст. - Мувофиқи шартнома соли таҳсили равон 30 нафар донишҷуёни мо барои идомаи таҳсил ба кишварҳои хориҷа фиристода шудаанд, гуфт ректор Ҳ. Фақиров. – Аз ҷумла, 4 нафар дар Федератсияи Русия, 21 нафар дар Қазоқистон, 2 нафар дар Кореяи ҷанубӣ ва 3 нафар дар Италия таҳсил доранд. Ин нисбати соли пешини таҳсил ду маротиба зиёд аст. Тавре Ҳ. Фақиров изҳор дошт, дар донишгоҳи тиҷорат 43 нафар донишҷӯ ва унвонҷӯи хориҷӣ фарогири таҳсил шудаанд. Онҳо асосан шаҳрвандони Афғонистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
671 камбудӣ ошкор шуд Зимни нишасти матбуотии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти нимсола, зикр гардид, ки дар назди хадамоти мазкур 1923 корхона ва 8216 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта шудааст. Муддати шаш моҳи сипаригардида, аз тарафи кормандони хадамот 158 санҷиши техникӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни санҷишҳо риоя накардани 671 бандҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар корхонаю иншоотҳои зериназоратӣ ошкор гардид.
ДТТ дар тӯли фаъолият Баррасии бештари парвандаҳои 11 ҳазор мутахассис маъмурӣ омода кардааст Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки ин донишгоҳ дар тӯли фаъолияташ зиёда аз 11556 мутахассисонро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодии кишвар тайёр намудааст, ки зиёда аз 563 нафари он дорандаи дипломи аъло мебошанд. Маҳмуд Тошмаҳмадов, ноиби аввали ректор изҳор дошт, ки ҳамчунин баъди таъсисёбии риштаи магистартура дар се сол 245 нафар ин риштаро дар донишгоҳ хатм намуданд: - Дар донишгоҳ 5225 нафар донишҷӯ ба таълим фаро гирифта шудааст, ки аз ин шумора 4061 (77,7%) донишҷӯи шӯъбаи рӯзонаи бакалавриат, 240 нафар (4,6%) зинаи магистратура, 924 нафар (17, 6%%) донишҷуёни шуъбаи ғоибона мебошанд. Аз миқдори умумии
донишҷуён 3551 нафар тариқи шартномавӣ (67, 9%), 1532 тариқи буҷавӣ (29, 3%) ва 142 нафар тариқи квота ва бурсияҳо (2, 7%) таҳсил мекунанд, - илова намуд Маҳмуд Тошмаҳмадов. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2018 донишгоҳро дар зинаи бакалаврӣ 735 нафар аз рӯи 23 ихтисос хатм намуда, 31 нафар сазовори дипломи аъло гардидаанд. Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”
Дар оғози нишасти матбуотӣ раиси Суди олии кишвар Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимаи соли аввали равон ба таври мухтасар ба намояндагони васоити ахбори омма маълумот дод. Тавре Ш. Шоҳиён зикр намуд, ба мақомоти судӣ, дар ин давра 74749 парванда ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2895 адад кам мебошад. Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 7518 адад парвандаҳои гражданӣ, 20211 адад парвандаҳои оилавӣ, 5530 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 28144 адад парвандаҳои маъмурӣ ва 5267 ададро дархосту пешниҳоди мақомоти гуногун ташкил медиҳад. Тавре аз маълумот бармеояд, дар мақомоти судӣ аз ҳама бештар парвандаҳои маъмурӣ баррасӣ шудааст. Меҳрубон ИМОМОВА ,“ҶТ”
6
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
ҲАМОИШ
Дар баробари дигар кишварҳои узви созмони мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даҳ нафар ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар сеюмин Лагери ҷавонони кишварҳои узви СҲШ2018 фаъолона иштирок намуданд. Пас аз маросими расмии кушодашавии Лагери ҷавонон, ки дар шаҳри Синдао ҷараён гирифт, иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатии шаҳр дидан намуданд. Иштирокчиёни лагер рӯзҳои 16 ва 17 июл аввал дар баҳри шаҳри Синдао саёҳат намуда, сипас корхонаҳои бузурги саноатии ин шаҳр, аз қабили корхонаҳои Хайер, Тгуд, Шолии баҳрӣ ва қасри фарҳангӣ - фароғатии Лушан Тайтсини шаҳри Синдаоро тамошо карданд. Зимни боздиди ҳар яке аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳр аён гардид, ки баробари дигар халқу миллатҳои дунё Ҷумҳурии халқии Хитой низ дорои фарҳанг, таърих ва маданияти худ мебошад. Иштирокчиён, ки 200 нафар аз 13 давлати дунё - Ҷумҳурии халқии Хитой, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларусия, Эрон, Муғулистон ва Озорбойҷон буданд, бо ҳам ошноӣ пайдо карда, риштаи дӯстиро мустаҳкам намуданд. ФОРУМИ ҶАВОНОНИ СҲШ-2018 19 июл, дар шаҳри Синдаои кишвари Хитой дар доираи Лагери ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай-2018 (СҲШ) Форуми ҷавонони созмон баргузор гардид. Дар он иштирокчиён доир ба сиёсати кишварҳои хеш ҷиҳати дастгирии ҷавонон баромад ва суханронӣ намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши муҳокима ки таҳти унвони “Имкониятҳои нав барои муоширати ҷавонони Созмони ҳамкориҳои Шанхай” доир шуд, Хуҷастаи Мирзовалӣ, омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дастгирии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Ӯ зикр намуд, ки ҳадафи сиёсати давлати мо дар соҳаи ҷавонон тарбияи мутахассисони ҷавон, маълумотнок гардонидани онҳо, тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва соҳиби ҳисси баланди ватанпарастӣ мебошад. “Дар ҳамин асос хулоса бароварда мешавад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши он дар ҳаёти ҷамъиятӣ самти асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон Роҳбари кишвар ба насли ояндадори ҷавонон боварии комил доранд. Бо ҳамин
Сеюмин лагери ҷавонони СҲШ Аз 15 то 22 июл дар шаҳрҳои Синдао ва Пекини Ҷумҳурии халқии Хитой Лагери ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) – 2018 баргузор гардид данд. Осорхонаи Гугун қаблан макони иқомати императорони кишвари Хитой буда, дар он 24 император иқомат ва кору фаъолият доштааст.
Авзалшоҳ Қаҳҳоров, мақсад бо фармони Сарвари давлат Шӯрои кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Инчунин, бо назардошти саҳми ҷавонон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ соли 2017 дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон гардид. Дар охир изҳори миннатдории худро ба онҳое, ки тақдири ҷавонони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай барояшон муҳим аст, баён менамоям. Умедворем, ки дар оянда ҳамкорӣ миёни ҷавонони кишварҳои узви СҲШ тавсеа ёфта, дӯстӣ таҳким меёбаду ҳамдигарфаҳмию ҳалли масъалаҳои муҳим дар якҷоягӣ
ба роҳ монда хоҳад шуд”,- иброз дошт Хуҷастаи Мирзовалӣ дар охири суханронии хеш дар Форуми ҷавонони СҲШ-2018. ДЕВОРИ БУЗУРГИ ЧИН ВА ОСОРХОНАИ ГУГУН Дар рӯзи охири Лагери ҷавонони Созмони ҳамкориҳои Шанхай-2018 иштирокчиёни лагер аз ду ёдгории таърихии Ҷумҳурии халқии Хитой Девори бузурги Чин, ки таърихи куҳан буда, яке аз мавзеъҳои тамошобоби сайёҳони хориҷӣ маҳсуб шуда, дарозии он беш аз 20 километрро ташкил медиҳад, дидан намуда, ҳамчунин осорхонаи Гугунро тамошо кар-
ВАТАНАМОНРО БОЗ ҲАМ ОБОДТАРУ ЗЕБОТАР МЕНАМОЕМ! Боиси хушҳолӣ ва фараҳмандист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ баробари дигар қишрҳои ҷомеа ба ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, имконоту шароити мусоид барои рушди зеҳнии онҳо фароҳам оварда шудааст. Имрӯз ҷавонони сарбаланди мо натанҳо дар донишгоҳҳои дохил, балки хориҷи кишвар паи таҳсил буда, дорои ихтисосҳои гуногуни замонавӣ гардида истодаанд. Зимни боздиди Донишгоҳи нафтии Хитой дар доираи Лагери ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аён гардид, ки аз ҷумҳурии мо низ дар донишгоҳи мазкур се нафар аз ҷавонон таҳсил доранд, ки ин яке аз комёбиҳои ҷавонони тоҷик дар роҳи илмомӯзӣ дониста мешавад. Авзалшоҳ Қаҳҳоров, яке аз ин ҷавонҳост. Авзалшоҳ, 31 марти соли 1992 дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 2010 мактаби миёнаи №9-и шаҳри Бохтар (собиқ Қурғотеппа)-ро хатм намуда, соли 2011 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони (Синзян) шаҳри Урумчӣ музофоти Шинҷон (Синзян) супорида, соли 2015 онро бо муваффақият бо ихтисоси “Забони хитоӣ ва савдо” хатм намудааст. Аз соли 2016 то инҷониб дар Донишгоҳи нафтии Хитой дар факултаи “Омӯзиши забони чинӣ ба хориҷиён” дар ихтисоси “Омӯзгори забони чинӣ ба хориҷиён” дар бахши магистратура таҳсил намуда истодааст. Вақте аз ӯ доир ба нақши ҷавонон дар рушду нумуъ ва ободу зебо гардидани ватани азиза-
мон – Тоҷикистон пурсон гардидем, гуфт: “Чунон ки аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонони баору номус ва бофарҳангу донишманду кордон аст. Бинобар ин мо ҷавонони имрӯза бояд ҳар як дақиқаи умри худро самаранок истифода намоему барои омӯзиши илму фарҳанг ва касбҳои мувофиқ ба талаботи замон ҷаҳду талош намуда, мутахассиси кордону ҳушёр ба воя расем”. Ба таъкиди ӯ дар ҷаҳони муосир, ки илму техника сония ба сония пеш рафта истодааст, бояд ҷавонон хамеша дар ҷустуҷӯи илму дониш бошанд. “Дар урфият мегӯянд, “забон донӣ - ҷаҳон донӣ. Бинобар ин тавсияи ман ба ҷавонони ин аст, ки пеш аз ҳама онҳо бояд забонҳои хориҷӣ, ба монанди русӣ, англисӣ, хитоӣ ва дигару дигар забонҳое, ки ҳамчун забони байналмилалӣ эътироф шудааст, ба пуррагӣ ва ё ақаллан дар сатҳи муошират омӯзанд. Зеро надонистани забон моро аз бохабар шудан бо фарҳангу маданият ва расму оини дигар кишварҳо боз медорад”, - иброз дошт Авзалшоҳ Қаҳҳоров. “Тавсияи ман ба ҷавонон ин аст, ки бояд онҳо вақти худро беҳуда сарф накунанд ва аз ҳар гуна роҳҳои бад худдорӣ кунанду зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Ҷавонони азиз, биёед ҳама якҷоя омӯхтаву мутахассис гардида, дастаҷамъона ватанамонро боз ҳам ободу зеботар менамоем” - гуфт ӯ дар интиҳои суҳбат. Лагери ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли сеюм аст, ки дар Ҷумҳурии халқии Хитой баргузор гардида, омили хуби ошноӣ ва дӯстӣ пайдо намудан миёни ҷавонони кишварҳои узви СҲШ ба ҳисоб меравад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ” Душанбе - Синдао Пекин - Душанбе
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
Дар роҳи пурталотум, хастакунанда ва пурмашаққати ҳаёт алорағми мушкилиҳо қадам задан, зинда будану зиндагӣ кардан ҳунар аст. Ин ҳунар на ба ҳар кас муяссар мешавад. Агар каме амиқтар андеша намоем, нафари махсус ё нобиғае лозим нест, ки ба мо ҳунари зистанро омӯзад, чун зиндагӣ худ устоди фарҳехтаест, ки аз он метавон ҳар надоштаро омӯхту пайдо кард. Баъзе шогирдон сабақи зиндагиро барои худ гоҳе нолозим ва гоҳи дигар мушкил мепиндоранд ва нодида мегиранд. Намеандешанд, ки ҳар панде зиндагӣ ба мо инсонҳо меомӯзад, ҳатман рӯзе ва ҷое ба кор хоҳад рафт ё моро аз ҳодисае ва ё аз даст задан ба кори баде эмин нигоҳ медорад. Ҳамин нодидагириҳост, ки мо дар худ сабру шикебоӣ, талошу заҳмат, шукру сипос, умеду орзуро тарбия намекунем ва дар роҳи зиндагӣ ба зону мезанем ва таслими сахтиҳои он мешавем.
НИГОҲИ ДИГАР
Зистан ҳунар аст! Санъати зистан дар ҳама давру замон яксон буд. Мисли ине, ки таъми об, равшании рӯз, торикии шаб, ки дар гузашта низ чунин буд ва оянда низ ба ҳамин шакл мемонад. Ҳар давра мушкилии вижаи худро дорад ва ҳеҷ рӯзгоре аз ноосудагиҳо орӣ нест. Агар имрӯз мо гӯем, вазъ ноором асту ҷаҳон дучори дигаргунии кул, барои мисол сад сол қабл аз мо ҳам чунин як вазъ дар шакле, ки хоси ҳамон давра буд, вуҷуд дошт. Инсонҳои комил бошанд, дар ҳама давр мекушанд, то ҳунари зистанро аз худ карда, дар пояи он зиндагии хешро ба роҳ монанд. Таҷрибаи ҳаёт нишон медиҳад, ки нафарони аз рӯзу рӯзгор бохабар ва онҳое, ки санъати зистанро омӯхтаанд, ҳама ноҳамвориҳои роҳи зиндагиро барои худ дарс ва таҷриба медонанд. Дар ин росто кам нестанд нафароне, ки сахтиҳои ҳаётро ҳамеша ба дилсардиву навмедӣ пазируфта, чораи ягонаи ҳалро дар худкушӣ мебинанд. Боиси таассуф аст, ки дар кишвар чанд соли охир бо сабаби тоб наовардани бархе аз сокинон ба мушкилиҳои рӯзгор, тангдастиву вазъи ногувори иқтисодӣ, хушунатҳои густурдаи оилавӣ, фишорҳои руҳиву равонӣ, хиёнату таҳқирсозиҳо ба худкушӣ даст задани онҳо авҷ гирифта, ба проблемаи рақами як мубаддал шудааст. Рӯз аз рӯз ба ҷои кам шудани ин теъдод, баръакс тамоюли болоравии шумори нафарони ба ҷони худ қасдкунанда меафзояд. Гузашта аз он, нафароне, ки ҳодисаҳои худкушиашон расонавӣ намешаванд, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатман пахш мегарданд ва ҳадди ақал як ё ду хабари худкуширо ҳатман дучор меоем. Коршиносон ва умуман аҳолии кишвар аз ин ҳолат, ки ба сифати як зуҳуроти бад авҷ гирифтан дорад, нигаронанд. Зеро, агар роҳу тадбирҳо ва чораҳои махсус барои кам намудани шумори ҳолатҳои худкушӣ кам нагардад ва он ба таври шадид аз ҷониби тамоми аҳолӣ маҳкум карда нашавад, дур нест, ки он ба як амали муқаррарӣ ва ё маъмулӣ табдил ёбад. Тибқи омори расмӣ дар кишвар дар панҷ моҳи соли 2018 танҳо дар миёни ҷавонон 40 ҳолати худкушӣ ва дар миёни наврасон 34 ҳолати ҳамсон ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам барои мо бояд аз он ҷиҳат ваҳим намояд, ки дар як кишвари ҷавон ва рӯ ба тараққӣ ҷавононаш бояд паи орзуву ниятҳои бунёдкорона бошанд, орзуҳои сабзи зиндагонӣ ба сар дошта бошанд, барои эъмори як зиндагии идеалӣ талош варзанд, вале ҳайҳот. Бешак муҷиби зуҳури ин
амали зишт чанд далел шуда метавонад. Нахуст, бехабар будан аз аҳком ва фармудаҳои динист. Аз беиродагии баъзе ҷавонон аст, ки онҳо ин маъниро фаҳм карда наметавонанд, ки тамоми узвҳои бадан пешашон амонат аст. Мо танҳо ҳаққи истифодаи онҳоро дорем, аммо аз байн бурдани онҳо аз дидгоҳи дини мубини ислом ҳаром аст. Ҷони инсон бузургтарин амонат аст, ки тамоми узвҳои дигар барои фаъолияташон бар ин рӯҳи атокардаи Худованд муҳтоҷанд. Ва ин далели бебаҳс аст, ки бо фаро расидани лаҳзаи марг, он аз ҳар яки мо гирифта мешавад. Аз ин нукта ашхосе, ки даст ба худкушӣ мезанад, зидди иродаи Офаридгор баромада, мухолифи он амал мекунанд. Дар масъалаи худкушӣ ва маҳкум кардани он гуфтаҳои динӣ хеле зиёданд. Барои амали ҳаром ва зишт шумурдани он, оятҳои қуръон, аҳодиси набавӣ ва ривоятҳои зиёд мавҷуд аст. Аз ҷумла Худованд дар Қуръони Карим дар сураи Нисо дар оятҳои 29 ва 30 мефармояд: “Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба шумо меҳрубон аст. Ва ҳар ки ба бедодӣ ва ситам чунин кунад, ӯро ба дӯзах дарорем ва ин кор бар Худо осон аст”. Ё Паёмбар (с) мефармоянд: “Он ки худро бикушад, хештанро дар оташи ҷаҳаннам куштааст ва он
ки ба найза худкушӣ мекунад дар оташи ҷаҳаннам аст”, “Ҳар касе бо ҳар роҳе худро кушт, бо ҳамон шакл ҷазо мегирад. Заҳрхӯрда фақат заҳр мехӯрад, бадоровехта ҳамеша ба дор аст. Ҳеҷ яке аз Шумо талаби марг накунед, ҳеҷ гоҳ маргро пеш аз фаро расидан орзу нанамоед, зеро ҳар гоҳ ҷаҳони фаноро маҷбуран падруд гӯед, умед ба таманнои подош низ нобуд мегардад”. Паҳлуи дигари масъала, ки иллати худкушиҳоро ба бор меорад, пайдо накардани роҳу равиши зиндагист. Бешак ҳаёт ва ҳама он чизе, ки дар дохили он аст, ҳеҷ як инсонро аз мушкилиҳо дур намегузорад. Маҷрои зиндагӣ монеа ва уҳдаҳоеро пешорӯи инсонҳо мегузорад, ки на ҳар кас барои бартараф ва кушодани онҳо қодир аст. Ҳамин аст, ки баъзан як навъ ҳиссиёти ноумедӣ ба инсон ҳамла мекунад. Ва маҳз ҳамин ноумедӣ ва бечорагӣ пеши мушкилиҳои зиндагӣ сабаб шудаасту инсонҳо худро метарконанд, ба дор меовезанд, аз баландӣ ба поён меандозанд, ғарқ мекунанд, месӯзонанд, рагҳои худро мебуранд, доруҳои гуногун истеъмол мекунанд, заҳр мехӯрдан ва билохира худро аз байн мебаранд. Дақиқан ҳама чиз бо заминаи мустаҳкаму пойдор боқӣ мемонад. Аз ҷумла, вақте ки
7 ҷавонон дар сини ҷавонӣ тарзи зиндагии дуруст, таҳаммул дар мушкилиҳои онро омӯзанд, бешак дар зиндагии минбаъда муваффақ хоҳанд шуд. Натиҷаи як назарсанҷӣ собит сохт, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи мо ҷавонон бо сабабҳои зайл даст ба худкушӣ мезананд: таълими нодурусти динӣ; норасоии маводи иқтисодӣ; баҳсу низоъҳои оилавӣ; бекорӣ; қарздорӣ; дур будан аз китобхонӣ; муҳити носолим; нарасидан ба арзу шикояти нафароне, ки побанди мушкилианд; набудани дониши даркорӣ; коста будани тарбия; таблиғи нодурусти баъзе расонаҳо, ки ба ҷои маҳкум намудани амали худкушӣ роҳу василаҳои онро бозгӯ мекунанд; нодорию камбағалӣ; сустии ирода; маҳкум нашудани худкушӣ дар навиштаҳои бадеӣ; набудани чораҳои мушаххас аз ҷониби мақомоти дахлдор ҷиҳати манъи ҳодисаҳои худкушӣ; набудани сабру таҳаммул; дилсардӣ ва ғайраҳо. Гуфтаи маъмул барои худкушӣ кардан баҳона бисёр аст, баҳона барои зистан бояд ҷуст. Ин баҳона бошад, танҳо дар сурати умқан омӯхтани ҳадафи аслии зистан ва ҳунари ба сар бурдани ҳаёт ба даст меояд. Дигар, бояд тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ин амалро шадидан маҳкум намоянд. Мақомоти дахлдор ҷиҳати кам кардани ин вабо чораҳо андешанду сабабҳоро дақиқ намоянд ва ба ҳар иллате набошад, садди роҳи он шаванд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
Қаҳрамонии паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Осиё Дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон паҳлавонони тоҷик соҳиби 4 медал гардиданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кило ва Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кило медалҳои тиллоро ба гардан овехтанд. Фаридун Холиқов (-81 кило) медали нуқра ва Маҳмадулло Лоиқов (-90 кило) соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Мусобиқаи мазкур 22 июл дар Макао бо иштироки 117 варзишгар (69 писар, 48 духтар) аз 19 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
ЧО: Паҳлавонони тоҷик 2 медал ба даст оварданд Дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон варшигарони тоҷик ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ варзишгарони тоҷик Азмуддин Ваҳҳобов дар вазни 130 кило ва Бахтовар Ҳасанов дар вазни 72 кило сазовори медали биринҷӣ гардиданд. Азмуддин Ваҳҳобов дар даври чорякфинал бар варзишгари Амороти Муттаҳидаи Араб Бадер Алӣ Аҳмаднур Ҳасан Алалӣ бо ҳисоби 9:0 ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари мизбон Арйан Панвар бо ҳисоби 4:5 мағлуб гардид. Ӯ сипас дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Ҷопон Акимишӣ Сакаӣ бо ҳисоби 8:0 пирӯз шуд. Бахтовар Ҳасанов дар рақобати аввалаш варзишгари Чин Чуан Жангро бо ҳисоби 8:0
мағлуб кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Қирғизистон Бексултон Назарбоев бо ҳисоби 0:5 шикаст хурд. Сипас, ӯ дар рақобат барои ҷои сеюм ҳарифаш Ҷиун Ҷонг аз Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 9:0 мағлуб кард. Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор гашта истодааст, ки 2122 июл аз намуди гӯштини тарзи озод Гулов Саидҷон (57 кило), Қурбонбеков Муборакшо (65 кило) кишвари моро намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони тоҷик таҳти роҳбарии мураббиён - Олимов Абдурозиқ ва Ҳомидов Мурод дар мусобиқа ҳунарнамоӣ доранд.
Ғалабаи аввалини тими ҷавонони кишвар дар чемпионати АФОМ Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-15) бозии аввалини худро дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бо пирӯзӣ оғоз намуданд.
Медали тиллои Сулаймони Ҷамшед дар Ҷоми Осиё Сулаймони Ҷамшед, паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон медали тилло ба даст овард. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа тиллои мусобиқа гардид. Ӯ дар фи4 варзишгар: Сулаймони Ҷамшед нал бар намояндаи Ҳиндустон Майдар вазни -60 кило, Ғаниҷон анк Кадиан ғолиб омад. Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кило, Фари- Ғаниев дар вазни худ ҷойи сеюмро дун Холиқов дар вазни -81 кило ва ишғол намуда, медали биринҷӣ ба Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 даст овард. Эмомризо Қурбонов кило намояндагӣ карданд. ҷои панҷумро ишғол кард. Мусобиқа 21 июл дар Макао Ба иттиои Кумитаи миллии доир гашт, ки паҳлавонони тоҷик олимпии кишвар дар Ҷоми Осиё соҳиби 2 медал гардиданд. оид ба ҷудо миёни наврасон дар Сулаймони Ҷамшед дар Макао 125 варзишгар (80 писар, 45 мусобиқа ҳамаи ҳарифонашро духтар) аз 29 давлати ҷаҳон иштимағлуб карда, сазовори медали рок карданд.
Онҳо ба дастаи Афғонистон 3 голи беҷавоб заданд .Меҳрубони Абдурауф 2 гол, Салоҳиддин Эргашев як гол ба ҳадаф расонданд. Дар бозиҳои дигари даври аввал ҷавонони Ӯзбекистон бар тими Туркманистон (4:1) ва Эрон бар дастаи Қирғизистон (2:0) ғолиб омаданд..
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018 Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии кишвар ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 16 то 19 июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми ҷумҳуриявии ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Зиракии сиёсии ҷавонон - омили рушду суботи кишвар” доир гардид. Дар форуми мазкур ҷавонони касбу кори гуногун, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд. Корвони ҷавонони фаъоли кишвар, ки беш аз 100 нафарро ташкил медод, бо мақсади иштирок дар форуми ҷавонон ва боздид намудан аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, манзараҳои дилкушои ВМКБ ва ошно гардидан бо суннатҳои неки мардуми вилояти мазкур ба ин гӯшаи зебои Ватан сафар намуданд. Иштирокчиёни форум нахуст дар назди бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мулоқот намуданд. Зимни сафар ба самти ВМКБ аввалан иштирокчиёни форумро дар шаҳри бостонии Кӯлоб ҷавонони касбу кори гуногун ва фаъолони шаҳр бо самимияти беандоза пешвоз гирифта, сипас баҳри ошноӣ пайдо намудан бо таъриху тамаддуни куҳани минтақа иштирокчиён аз осорхонаи таърихии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дидан карданд. Дар ноҳияи Дарвоз низ меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва пиру ҷавон дар фазои идона бо гулу гулдаста ва самимияти беандоза пешвоз гирифта, ба ифтихорашон шоми ҳамон рӯз дар истироҳатгоҳи “Чорчаман” – и ноҳия барномаи фарҳангӣ-фароғатии “Шоми ҷавонӣ”-ро таҳти унвони “Ҷавонӣ мехурушад мисли дарё” доир намуданд. Санаи 17 июл, иштирокчиёни форуми ҷумҳуриявиро дар ноҳияи Ванҷ истиқбол намуданд. Зимни суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонони ноҳия иштирокчиёни форум барои худ дӯстони нав пайдо намуда, аз ҳаёти ҷавонони ноҳия аз наздик шинос шуданд. Инчунин дар доираи сафар иштирокчиён ба аёдати
ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
Зиракии сиёсии ҷавонон омили рушду суботи кишвар ҷавонони имконияташон маҳдуди ноҳияи Ванҷ рафта, ҳамчун нишони дӯстӣ ба онҳо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро супориданд. Ҳамзамон дар ҳамин рӯз миёни сокинон ва ҷавонони ноҳияи Ванҷ аксияи тарғиботӣ - ташвиқотӣ таҳти унвони “Ҷавонон пайрави – Пешвои миллат” гузаронида шуд, ки дар рафти он беш аз 800 адад маводҳои иттилоотӣ ба сокинон тақсим карда шуданд. Дар маркази ноҳия ҷавонон бо шиору овезаҳои “Пешвои миллат – кафили хушбахтии мо ҷавонон ва варзишгарон”, “Пешвои миллат рамзи иттиҳод ва сарҷамъӣ” ва “Мо шуморо дӯст медорем - Пешвои миллат” роҳпаймоӣ доир карда шуд, ки ба ин васила ҷавонон садоқати худро ба ватан – модар ва Пешвои миллат баён намуданд. Дар ноҳияи Рӯшон истиқболи иштирокчиёни форум дар назди даромадгоҳи ноҳия сурат гирифта, мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳия бо гулу гулдаста ва савту навои дилнишин корвони ҷавононро дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд. Зимни суҳбатҳо таъкид гардид, ки яке аз мақсадҳои сафар ба ин вилояти дурдасти кишвар муттаҳидӣ ва дӯстӣ байни ҷавонон мебошад. Ҷавонон дар суҳбату вохӯрӣ муҳтавои суханронии Сарвари давлатро, ки моҳи майи соли равон дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба масъалаҳои муҳими замони муосир баён доштанд, ёдовар шуда, инчунин иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихиву мадании шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ ва Шуғнон дидан намуданд. Субҳи 18 июл, пеш аз оғози форум ба хотири арҷгузорӣ дар назди муҷассамаи аввалин поягузори давлати тоҷикон - Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошта, дар назди пояи Парчами давлатӣ ва дар шаҳри Хоруғ ҳамоиши “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид ва меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ВМКБ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳравар гардиданд. Баъдан дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ВМКБ Форуми ҷумҳуриявӣ бо иштироки ҷавонони фаъол таҳти унвони “Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушду суботи кишвар” доир гардид. Дар форум Гулдаста Орумбекзода, муовини раиси ВМКБ, Ризо Назарзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арамбегим Маҳтобшозода, раиси шаҳри Хоруғ ва Зебо Ҷумахонзода, муо-
вини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ суханронӣ намуданд. Зимни баромад таъкид гардид, ки ҷавонони саодатманди тоҷик бояд ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароёна шомил нашуда, терроризмро маҳкум намоянд ва барои ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Баргузории чунин ҳамоишҳо метавонад, баҳри таҳкими дустии байни ҷавонони шаҳру ноҳияҳо, ошноӣ пайдо намудан бо ҷойҳои таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон нақши бисёр арзишманд гузошта бошад. Хулоса форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Зиракии сиёсии ҷавонон - омили рушду суботи кишвар” ва сайру саёҳат ба шаҳрҳои таърихиву қадимаи вилоят дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии хотирмон ва кори ниҳоят муҳим буда ба боло рафтани худшиносӣ, ҳисси миллии ҷавонон таъсири назаррас гузошт. Дар навбати худ зиёда аз 100 нафар ҷавонони касбу кори гуногун, ки аз гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи раиси шаҳри Душанбе, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, варзишгарону кормандони соҳаи кор бо ҷавонон, санъаткорону адибон ва ихтиёриёни фаъоли мамлакат иборат буданд, иброз доштанд: “Мо зери сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи амалҳои номатлуби замони муосирро маҳкум менамоем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории истиқлолияти мамлакатамон саъй менамоем”. Ҳасан Ваҳҳобов, яке аз иштирокчиёни форуми мазкур бениҳоят хушҳол аст, ки дар фазои сулҳу суботи ватан бо дигар ҷавонон ба ВМКБ сафар намудаву аз урфу одат ва анъанаҳои қадимаи ин минтақа аз наздик шинос шудааст. Ӯ гуфт: “Барои ман фаромӯшношуданист, ки имрӯз дар ин минтақаи дурдасти кишвар назди яке аз қуллаҳои баландтарини дунё, қуллаи Исмоили Сомонӣ қарор дорам. Ин ҷо мо бо ҷавонони бадахшонӣ шиносоӣ пайдо намуда, дӯст гардидем. Бо боварӣ метавон гуфт, ки баргузории чунин форуму ҳамоишҳо омили таҳким ёфтани дӯстӣ миёни ҷавони кишвар хоҳад гашт.” Хулоса ҳамаи он сад нафаре, ки дар доираи форум ба ВМКБ сафар намуданд, аз ин сафари хеш қаноатманд буданду шукргузорӣ менамуданд, ки дар фазои ободу осудаи ватан аз ҳар гӯшаи кишвар дидан менамоянду бо фарҳангу анъанаҳои ниёгон ошно мешаванд. Кулли иштирокчиёни форум сидқан ва самимона изҳор до-
штанд, ки аз тамоми имкониятҳои фароҳамовардаи Пешвои му-
9
аззами миллат ҷиҳати илму донишомӯзӣ самаранок истифода мебаранду бо аз худ кардани касбу ҳунарҳои гуногун ва забонҳои хориҷӣ саҳми арзандаи хешро дар рушду нумуъ ва ободии кишвари азизамон, ки ном онро Тоҷикистон аст, мегузоранд. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
10
ТАШАББУС
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
Неъмати беҳтарин барои ҳамагон Об манбаи ҳаёт ва сарчашмаи ҳастии тамоми мавҷудоти зинда дар саёра ба шумор меравад. Ягон мавҷудоте нест, ки бе истеъмоли об рӯз гузаронида тавонад. Яъне об ин неъмати беҳтарин барои ҳамагон аст. Ба хотири ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои оби ошомидании саёра аввалин шуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар иҷлосияи 54-уми маҷмааи умумии СММ 1 октябри 1999 пешниҳод намуд, ки соли 2003 “Соли оби тоза” эълон карда шавад ва дар ин асос 20 сентябри соли 2000 дар иҷлосияи 55-уми маҷмааи умумии СММ соли 2003-ро ҳамчун соли байналмилалии “Оби тоза” эълон намуданд. Ин санади нахустини байналмилалӣ буд, ки ба хотири ҳифзи захираҳои оби ошомидании сайёра қабул шуда буд. Баъдан боз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили об якчанд таклифҳо пешниҳод намуд. Дар ҳисоботи соли 2013 оид ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар соҳаи об зикр шудааст, ки тайи ду даҳсолаи охир зиёда аз 2,1 миллиард одамон бо об беҳтар таъмин гашта, шароити санитарии 1,9 миллиард сокинони рӯйи Замин рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Дар баробари ин, ҳоло ҳам 768 миллион нафар обро аз сарчашмаҳои хатарнок истеъмол намуда, тақрибан барои 2,5 миллиард сокинони сайёра шароити аввалияи санитарӣ дастнорас аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди дигареро дар конфронс 22 марти соли равон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” эълон намуд. Дар ин конфронси сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр кард: “Имрӯз мо ба сӯи татбиқи даҳсолаи байналмилалӣ, ки ҳадафи он ҳамкорӣ ба хотири дастёбӣ ба идоракунии устувор ва истифодаи оқилонаи захираҳои об аст, роҳ пеш мегирем. Нуқтаи умедбахш ин аст, ки мо ин роҳро на аз сифр, балки бо таҷрибаи бойи ташаббусҳои гузаштаи ҷаҳонии вобаста ба захираҳои об тайи понздаҳ соли гузашта оғоз мекунем.” Дар яке баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон доир ба масъалаи об чунин зикр намудааст: “Мардуми тоҷик обу ободӣ ва об-рӯшноӣ, мегӯянд. Дар ин ҷумлаҳо рамз ва маънии амиқ, ки аз таҷрибаи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо бармеояд, таҷассум ёфтаанд. Зеро мардуми мо обро дар радифи хоку боду оташ аз ҷумлаи чор унсуре, ки бунёди ҳастиро ташкил менамоянд, муқаддас меҳисобад.” Гуфтаҳои Сарвари давлатро ба инобат гирифта, ҳамагон бояд саъй намоем, ки ин неъмати бебаҳои Худодод, яъне обро самараноку оқилона истифода намуда, баҳри пешрафти кишвар ва бо об комилан таъмин кардани сокинони минтақа саҳмгузор бошем. А. НАЗАРЗОДА, М. СОЛИХӮҶАЕВ, омӯзгорони коллеҷи технологии шаҳри Душанбе
√ СОЛИ
Об манбаи ҳаёт
Соли 2018 дар айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» расман оғоз гардид ва ин бори дигар нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Солҳои охир дар бештари кишварҳои олам норасоии об ба мушкили асосии сокинон мубадал гаштааст. Хушбахтона, Тоҷикистони мо кишвари сероб буда, яке аз сарчашмаҳои оби нӯшокии минтақа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ба қадри ин неъмати бебаҳо расидан вазифаи инсонию шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат аст. Сокинонро мебояд ба ҳифзу покизагии об ва истифодаи сарфакоронаи он пайваста талош варзанд. Мардуми тоҷик аз қадим обро чун сарчашмаи покӣ дониста, аксар расму анъанаҳои милли-
амонро бо обпошию обнӯшӣ ва покизакорӣ тавассути об оғоз бахшидаанд. Ифлос кардани оби тозаро куҳансолонамон гуноҳи азим медонанд. Бузургони илму адаб пайваста ба об напартофтани ифлосиҳоро таъкид мекарданд. Бино ба иттилои коршиносони байналмилалӣ тайи солҳои охир сокинони беш аз 80 давлати дунё аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои ҳаштум қарор дошта, ҷиҳати бо оби нӯшиданӣ ва полизӣ таъмин намудани аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми бузург дорад. Ба замӣ ин, кишвари мо барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об пайваста талош меварзад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” далели возеҳи ин гуфтаҳост. Пешвои миллат таъкид доштаанд, ки бояд ҳама унсурҳо ва имконоти татбиқи амалии
қатънома пурра истифода шаванд, махсусан унсури фаромарзии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар таъмини сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо нақши калидӣ мебозад. Ҳадаф таъмини кишварҳои эҳтиёҷманд ба оби тозаи нӯшоки мебошад. Барои ин дар ҳавзу обанборҳои Тоҷикистон 45,3 километри мукааб захираи об мавҷуд аст. Захираи оби нӯшокии кишвар 19,3 километри мукааб, манбаъҳои обҳои зеризаминӣ 51,2 километри мукааб ва имконияти умумии солонаи истеҳсоли энергияи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 500 миллиард кВт - соатро ташкил медиҳад. Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон назар ба талаботи тамоми Осиёи Марказӣ ба энергияи барқӣ беш аз 3 баробар зиёдтар мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд. Ҷумъахон АБДУРАҲМОНОВ, омӯзгори МТМУ - и № 5 - и ноҳияи Фархор
2018 – СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Умдатарин сиёсат Дар аксар кишварҳои дунё сиёсати миллии сайёҳӣ умдатарин сиёсат дар самти рушди иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки бо дарназардошти имкониятҳои васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ шароиту имкониятҳои мавҷуда имрӯз дар Тоҷикистон сиёсати миллии сайёҳӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Тибқи таҳлили коршиносон, бахусус тӯли 10-15 соли охир барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар тадбирҳои зиёд роҳандозӣ ва дар ин замина дастовардҳо афзун гаштааст. Ба шарофати татбиқи мунтазами сиёсати дарҳои кушода ва ба амал баровардани ислоҳоти бозорӣ дар ҷумҳурӣ айни замон хизматрасонии бозори сайёҳӣ ба вуҷуд омад, ки имрӯзҳо ҳиссаи бахши хусусиро ба худ мегирад.
Аз ҷумла, эълон гаштани соли 2018 чун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбири муҳиме барои рушди соҳа гардид. Тавре ҳарфиётҳои бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ҳанӯз дар гузашта кишварамон дорои ёдгориҳои нодир буд ва боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон тавонистааст, то ҳамаи нишонаҳои куҳани таърихӣ ва фарҳангии худро ҳифз кунад. Ҷозибаҳои сайёҳии диёрамон хеле фаровон буда, мавзее нест, ки холӣ аз шавқу ҷаззобият бошад. Фарҳангу суннати меҳмоннавозӣ, либосҳои милливу осорхонаҳои бузурги ғановатманд, муҷассамаҳои адибону нобиғаҳои ҷаҳонии тоҷику форс, теппаҳо ва боғҳову дарахтони сарсабз, тарабхонаҳои миллию аврупоӣ, табиати зебову муҳити тоза ва ғайра ҳама ҷузъе
аз ҷаззобиятҳои сайру сайёҳати кишварамон мебошад. Воқеан ҳам, дар Тоҷикистон имкони мушоҳидаи иқлим ва табиати мухталиф вуҷуд дорад, ки танҳо хоси ин кишвар аст. Сайёҳон имкон доранд, дар як замон ҳам аз табиати зебои водӣ, ҳам аз манзараҳои дилнишини доманакӯҳҳо ва ҳам аз қуллаҳои барфпӯши иқлими кӯҳистон баҳравар бошанд. Дар пешорӯи Тоҷикистон имкони хуби дарёфти мавқеи арзанда дар сохтори ҷаҳонии сайёҳӣ пайдо мегардад. Имрӯз Тоҷикистон тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳияшро ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалии ин соҳа мутобиқ намудааст, ки он аз як тараф барои қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун асос гардида, аз тарафи дигар кафолати амалинамоии фаъолияти сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ гардидаанд. Дар ин замина, дар кишварамон, бахусус тӯли солҳои охир санадҳои
зиёд дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009- 2019, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз санадҳои зиёди дигар қабул гашта, заминаи мусоидро барои рушди соҳа фароҳам овардаанд. Ҳамин тавр, Ҳукумати кишвар бо қабули барномаҳои дурнамо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ сайёҳиро ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон муқаррар намуда, барои беҳтар намудани вазъи зерсохторҳои сайёҳӣ ва фароғатию дамгирӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароитҳои муносиб барои ташрифории сайёҳони хориҷӣ, рушди сайёҳии байналхалқӣ дар мамлакат, ҷалби сармояҳо ва ҳамин тавр табдил додани Тоҷикистон ба ҷои тамошои ҷаҳонии сайёҳӣ пайваста тадбирҳоро роҳандозӣ месозад.
Дар баробари ин, дар самти мазкур масъалаҳое ба назар мерасанд, ки барои рушди соҳа ҳанӯз монеа эҷод мекунанд. Ҳалли мушкилоти мазкур ҳам аз фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҳам аз фаъолияти бахши хусусӣ вобастагии зич дошта, ба роҳ мондани ҳамкории доимиву мустаҳками ин ду бахшро тақозо менамояд. Фаъолияти сайёҳӣ ин фаъолияти соҳибкорист. Дар ин замина, барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон дастгирии боз ҳам бештари соҳибкорон ва ташкилотҳое, ки бо соҳаи сайёҳӣ сару кор доранд, зарур мебошад. Инчунин, баҳри ҳифзи сарватҳои табиат баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муҳим аст. Хуршед РАЗЗОҚОВ, роҳбари Маркази бақайдгирӣ ва машваратии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов
11
ЧЕҲРАИ ОШНО
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
Фарҳанги садоқат Духтари газета. Ин унвони пурифтихорест, ки ҳанӯз дар давраи ҷавонӣ ба Гулчеҳра Фозилова дода буданд. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ва аз замони шуруи таҳсил дар донишгоҳ 50 сол аст, ки дар идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият дорад. Шояд аз камтарин нафаронест, ки дафтарчаи меҳнатиаш ба ҷуз муҳру имзои сармуҳаррирони як рӯзнома чизеро надидааст. Ва ҳамин садоқату самимияташ ба кори рӯзнома буда, ки тӯли ин солҳои зиёд, нигоҳ накарда ба ҳама каму костагиҳо тавонистааст дар пайи хизмати содиқона дар роҳи интихоб кардааш бошад. Меҳнати ҳалол, дили пок ва ниятҳои некаш буда, ки то имрӯз миёни ҳамкасбону ҳамкорон обрӯ ва эътибори хоса доранд. - Ҷавониро дар ҳалқаи ҷавонон ва рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳозира “Ҷавонони Тоҷикистон”) дарёфтаам. Пас аз он ки дар шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи ДДТ (ҳоло ДМТ) дохил гардидам, аз нахуст рӯзҳои таҳсил ба кори рӯзнома рӯ овардам. Аз ҷавонӣ сар карда, ҳеҷ гоҳе аз ин рӯзномаи бонуфуз ҷудоӣ надо-
штам. Ҳар сахтиву душвориҳои дар он замон бавуҷудомада каминаро аз фаъолият дар рӯзнома дилсард нагардонистааст,- мегӯяд Гулчеҳра Фозилова. Меҳнатҳояш дар роҳи тарбияи ҷавонон бо унвонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Медали 100-солагии матбуоти тоҷик, ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ шудааст. Ӯ дар роҳи расидан ба ин ҳама қадршиносиҳо рӯзгори пур аз фоҷиаву шикастеро пушти сар намудаву бо ҳама бешу камаш ҳар субҳи нави зиндагиро бо лабханд пешвоз гирифтааст. “Ман дар оилаи шахсони оддӣ таваллуд шудаам. Падарам дар яке аз муассисаҳои давлатӣ пос-бон буданду модарам бошад, замоне фаррош ва пасон хонашин буд. Ҳаёти кӯдакии ман чун дигар тифлон бо ҳазор орзую ормони кӯдакӣ пушти сар гаштааст. Ҳазорон шавқу ҳавас ва умеду ноумедӣ дар он айём давро-даври кас ҳалқа мезанад. Ҳар субҳ нигоҳи тоза, умеди нав ва аҷибе шахсро фарогир аст. Ҳеҷ гоҳ гумон намекунам, шахс дав-
рони тифлию ҷавониро фаромӯш кардаву дар паи амалӣ гаштани орзуҳои ин айём набошад”- меандешад вай. Чун тӯли ин солҳои зиёд умри муборакаш дар ҳалқаи ҷавонону муҳити ҷавонӣ сипарӣ шудааст, ҳар сухану каломаш омезиш бо лутфу марҳамати ҷавонист. Бо вуҷуди оне, ки садҳо ҷавононро барои роҳсипор гаштан дар ҷодаи рӯзноманигорӣ раҳнамоӣ кардаву то ҷое умрфарсоӣ кардааст, аммо диле пур аз ҷавониву нигоҳе омезишёфта бо ҳиссиётҳои гуворои ҷавонӣ дорад. Перомуни ҷавонӣ бо таассуф ёд мекунад, ки ҷавонӣ замони тавлиди орзуҳосту қадам ба қадам аз ӯ дур шудааст. “Медонед, ман имрӯз акнун аз рафтани даврони ҷавониям ёд мекунам. Зеро замоне ҷавон будем, ҳеҷ намеандешидем, ки рӯзе он аз мо мераваду танҳоямон мегузорад. Вале мо хоҳем нахоҳем, он рӯзе моро тарк хоҳад гуфт. Чун дар ибтидо гуфтам, ки ҷавонӣ замони тавлиди умеду орзуҳост, ин дар воқеъ дуруст аст. Зиндагии инсон маҳз аз ин айёми нотакрор нерӯ мегираду идомаи ҳаёти инсон бо
ҳамон донишу маърифати дар ин айём омӯхтааш рушд менамояд. Дар баробари он ки ҷавонӣ пур аз ҷӯшу хурӯш аст, инчунин, он замони ҳунаромӯзист. Ҳар як ҷавон бояд ба қадри лаҳзаҳои ҷавонӣ бирасад ва онро мақсаднок сипарӣ намояд. Он ҷавоне, ки дар ҷавонияш илм меомӯзаду баҳри сохтани зиндагии шоистае барои худу атрофиён талош меварзад,
дар оянда бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳатман муваффақу комёб гардида, дар ҷомеа мавқеи худашро меёбад”.-мегуяд ӯ. Имрӯз ин модари мушфиқи ҷавонон 50-умин солгарди фаъолияти меҳнатиашро таҷлил мекунаду ҳанӯз ҳам тарбиятгару ҳидоятгари ҷавонон аст. Х.ХОВАРӢ, “ҶТ”
√ МУЛОҲИЗА
Маҳкумият нобудист
Санаи 18 июн тариқи телевизионии "Тоҷикистон” филми ҳуҷҷатие таҳти унвони "Решаҳои ноаён” оиди фаъолияти ҷосусии Саид Қиёмиддини Ғозӣ намоиш дода шуд. Қиёмиддин аз соли 90-ум инҷониб хиёнаткории худро то соли 2017 идома додааст. Чӣ хеле ки мегӯянд: “давидани гӯсола то каҳдон” ва оқибат моҳи ноябри соли 2017 дастгир шуда, аз моҳи май барои хиёнаткориҳояш 25 сол барои нигоҳ доштан дар маҳбас маькум карда шуд. Дар филми "Решаҳои ноаён” хиёнаткориҳо ва ҷосусии Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба монанди асосгузори ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки давоми солҳои 90ум оромиву осоиштагии ватанамонро бо фикри хиёнаткоронаи худ ва бо фармоиши ба ном “хоҷагони хориҷӣ”-и худ халадор сохта, ба ватани худ, халқи худ, ба оилаву бародар ва наздикони худ, ба обу ҳаво ва замине, ки худ дар он пой монда ба воя расида, аз обу ҳавояш баҳравар гардидаанд, нохалафона хиёнат кардаанд, Ҳар як амалеро ҷавобест. Дар ҳақиқат амали ношоистаеро, ки ба гумроҳиву торикӣ даъват ба амал меорад, натиҷааш торикиву ҷавобаш сангин аст. Ин амалҳои ношоиста ва нангини Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва пайравони гумроҳи ӯ сабаб гардид, ки солҳои 90-ум хуни садҳо халқи бегуноҳи тоҷик, ҷавонон, модарону кӯдакон рехта шуд. Намоиши филми “Решаҳои ноаён” ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ёдрас месозад, ки ҳар як инсон хулосае барорад ва чунин амалҳои ношоистаи шахсоне, ки оромиву осоиштагии давлату миллатро халалдор мегардонад, мардумро ба гумроҳӣ роҳандозӣ менамояд ва дар фикри бад ҳастанд, оқибати амалҳои нопок маҳкум гардидан аст, маҳкум гардиданд ин нобудӣ хоҳад буд. Саидзода ОРИЁН
Дар хизмати мардум Осоишгоҳи “Ӯротеппа”, ки дар шаҳри бостонии Истаравшан воқеъ аст, бобати солимии мардуми кишвар ва берун аз он нақши муассир дорад. Ҳар сол дар ин маркази саломатӣ ҳазорон нафар саломатии худро беҳтар месозанд. Маъмурияти осоишгоҳ ҳамеша рафти табобати ниёзмандонро назорат мекунанд. Дар ин макони биҳиштосо дар як баст аз 110 то 140 нафар шаҳрвандон ба табобат фаро гирифта мешаванд, ки дар як сол ба ҳисоби миёна 900 нафарро ташкил медиҳад. Аз суҳбат бо табобатгирандагон маълум гардид, ки вазъи хизматрасонии осоишгоҳ ба талаботи замон ҷавобгӯст. Дар осоишгоҳ асосан бемориҳои дил, фишорбаландӣ ва буғумдард мавриди табобат қарор мегиранд. Обу ҳавои мусоид ва тозаи осоишгоҳ худ ними даво бар дард аст. Илова бар ин, табобат бо муми кӯҳӣ, табобати барқӣ, обӣ, маҳси дастӣ ва сӯзандармонӣ низ сурат мегирад, ки табибони осоишгоҳ дар ин самт таҷрибаи кофӣ доранд. Роҳбари осоишгоҳ Зафар Шодиев аз хизмати содиқонаи табибон Ашӯров Эгамқул, Толибов Усмон, Ваҳҳобова Фирӯза, Норқулова Гулчеҳра, Ҷумъаева
Гулнора, Юлдошев Хушнуд ва кормандон Мирзобекова Дилором, Пирназарова Дилшода, Обидова Фирӯза изҳори қаноатмандӣ намуда фаъолияти онҳоро мусбат арзёбӣ намуд. Аксари кормандон хоксору фурӯтан буда, ба ниёзмандон дилсӯзона рафтор менамоянд. - Имсол дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, - гуфт зимни суҳбат сарвари осоишгоҳ Зафар Шодиев. - Пас ба сокинони диёрамон лозим аст, бештар ба сайру саёҳат бароянд. Аз
ҷумла, ба осоишгоҳи мо қадам ранҷа фармуда, дам гиранд ва саломатии худро барқарор намоянд. Дар замони соҳибистиқлолӣ осоишгоҳ боз зеботару дилфиреб гаштааст. Саҳмдорон баҳри ободии ин макон пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Ҳамин аст, ки гирду атроф ва ҳуҷраҳои ошёнаи 1 аз таъмири пурра бароварда шудааст. Халифабобо ҶУМЪАЗОДА, рӯзноманигор
12
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
Мӯҳрабофӣ ва маҳбубияти он дар Бадахшон Ҳунарҳои мардумӣ дар инсон завқи бадеиро ташакул дода, таҳамулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи маънавии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар баробари эълон шудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тамоми ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо дар ҳоли рушд аст. Дар ин сол ҳунарҳое, ки фаромӯш шуда буданд, дубора эҳё гардид ва арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба солҳои пешин афзуд. Дар тамоми манотиқи мамлакат ҳунармандон маҳсулоти дастии худро пешкаши ҳам аҳолии Тоҷикистон ва берун аз он гардонида, ба ин васила дар ҳифз ва зинда намудани ҳанурҳои мардумӣ ва муаррифии кишварамон саҳм мегузоранд. Нақши мардуми Бадахшон низ имрӯзҳо дар баробари дигар минтақаҳои кишвар дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди он хеле намоён аст. Аз ҷумла рушди мӯҳрабофӣ, ки ин ҳунар бештар дар деҳоту навоҳии Бадахшон маъмул аст, занону духтарон анвои гуногуни муҳрагиро дар тӯю ҷашнҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳо васеъ истифода мебаранд. Ниёзбегим Ғуломшоева аз зумраи ҳамон ҳунармандонест, ки ба ҳунари мӯҳрабофӣ машғул аст. Ӯ бо дарки баланди масъулият паи он талош варзида истодааст, ки дар рушду эҳёи ин ҳунарҳои миллӣ саҳми ху-
дро гузорад. Ӯ дар оилае чашм ба олам кушод, ки ҳамагӣ ҳунарманд буданд. Муҳити хонаводагӣ, меҳру муҳаббати беандозаи волидон ба ҳунарҳои дастӣ ҳисси ҳунарманд буданро дар қалби Ниёзбегим бедор кард. Ӯ 25 июни соли 1969 дар деҳаи дурдасти Нисури Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Мавсуф ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна дар баробари толибилм будан, ба хотири аз худ намудани ҳунар ва сазовор шудани номи ҳунарманд ҳамеша ҷаҳду талош меварзид. Ҳамин буд, ки дар овони кӯдакӣ, аз синни 8 солагӣ ба мӯҳрабофӣ машғул гардид. Ба нақли ӯ дар аввалҳо барояш бисёр мушкил буд, аммо пас аз талошҳо ва ранҷу заҳматҳои зиёд, нозукиҳои ин ҳунарро омӯхт. Ҳоло бошад, Ниёзбегим яке аз ҳунармандони маъруфи Бадахшон ба шумор меравад. Мӯҳрабофӣ барои оилаи Ниёзбегим меросӣ авлодист: “Бибӣ ва модарам аз ҳунармадони деҳа маҳсуб меёфтанд. Маҳсули ҳунари онҳо дар тамоми Бадахшон паҳн гардида буд. Онҳо дорандаи чанд ҳунари дастӣ буданд. Вале ман аз миёни онҳо ҳунари заҳматталаби мӯҳрабофиро интихоб намудам. Ёдам ҳаст, дар фасли зимистон ҳамаи ҳунармандони оилаамон ба ин касб машғул мешуданд ва ман бештар имкон доштам, ки
доир ба нозукиҳои он аз волидонам пурсон шавам,”- мегӯяд Ниёзбегим. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо маснуоти мӯҳрабофиро асосан аз муҳраҳои гуногуни ранга ва риштаву торҳои пластикӣ ва симҳои махсус омода мекунанд. Равиши тайёр намудани маҳсулоти мӯҳрабофӣ қаҳрамони мо чунин шарҳ дод: Аввал ба миқдори даркорӣ мӯҳра гирифта, тавассути сӯзан муҳраҳоро ба ришта мегузаронанд. Ҳангоми гузаронидаи муҳраҳо ҳар як ҳунарманд мувофиқи завқи худ ва фармоиши мизоҷон нақшу нигори гуногун меофарад. Тарзи пайваст кардани риштаҳо ва шакл додани маснуот низ мухталиф буда, аз ҳар як шахсе, ки ба ин ҳунар машғул мешавад, заҳмати шабонарӯзиро талаб мекунад. Бештар аз мӯҳра гарданбанд (ҳафтабанд), дастмона, гӯшвор, пешовез, ҳамели гардан ва ғайра омода мекунанд. Гарданбанд намудҳои гуногун дошта, ҳунармандони омодасоз фақат хоҳиши мизоҷонро ба инобат гирифта онро омода месозанд. Айни ҳол Ниёзбегим ҳамроҳ бо аҳлу оила дар макони зисти худ ба мӯҳрабофӣ машғул буда, дар ҳар ду-се рӯз гарданбандҳои зебоеро аз муҳра омода намуда, пешкаши муштариён мегардонад. Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”
Махзани илму адаб Пешрафти инсоният ва ҷамъият аз китобу китобхонаҳо асос меёбад. Китобхонаҳои олам алҳол муқаддастарин манзилҳои маърифатанд, ки кас вориди онҳо гардида, бо асосҳои илм ошно мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои рушди соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳо қабул гардиданд, ки ҳамчун омили ҳуқуқӣ ва таъминкунандаи масоили иқтисодӣ дар рушди соҳа замина гузоштанд. Аз ҷумла, мавриди истифода қарор гирифтани бинои наву замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва чандин китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, натанҳо дар замони истиқлолият, балки дар таърихи халқу миллати тоҷик дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 1354 китобхонаи оммавӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 2851 нафар кормандон фаъолият доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз инҳо 353 нафар бо маълумоти олии умумӣ (12,3 фоиз), 213 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ (7,4 фоиз), 980 нафар миёнаи касбӣ (34,3 фоиз) ва бо маълумоти таҳсилоти миёнаи умумӣ 1305 нафар (45,7 фоиз) фаъолият мекунанд, ки аз ин миқдор 1813 нафар мутахассисиони ҷавони пуртаҷриба мебошанд. Нақш ва мақоми китоб ва китобхона дар байни ҷавонон рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Бояд қайд намуд, ки китоб аз гаронбаҳотарин мероси ниёгонамон буда, ба шарофати он насли имрӯзу оянда аз тамаддун, маънавиёт, адабиёт ва мактаби бузурги хештаншиносию худогоҳии миллӣ огоҳӣ меёбанд. Бояд тазаккур дод, ки оламиён ба
тамаддуни миллати тоҷик назари нек доранд. Ҳоло мо аз он ифтихор менамоем, ки нахустин китоб дар таърихи инсоният аз ҷониби аҷдодони мо навишта, дар 12 ҳазор пӯст тиллокорӣ карда шуда, бо номи «Авасто» шуҳрат ёфтааст. Чунон ки мо аз зумраи халқҳои қадимтарини соҳибкитоб ҳастем, мақому манзалати илму ҳунар дар байни мардум ва миллати тоҷик баланд аст. Бахусус ҷавонону наврасон кӯшиши илмомӯзӣ доранд. Ватандӯстию меҳанпарварӣ, ки аз донишомӯзӣ ибтидо мегирад, маҳз дар китобхона тарбия мешавад. Пӯшида нест, ки китобу китобхона натанҳо дар тарбияи насли наврасу ҷавон, балки дар тарбияи хушахлоқӣ ва пешгирии онҳо аз гароиш ба ҳар гуна ҳаракатҳо, рафторҳои ношоиста саҳми сазовор дорад. Маҳз мавқеи устувори китобхона, ин маркази илму маърифат аст, ки ҳазорон хонандагон роҳи дурустро дар зиндагӣ касб намуда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд. Имрӯз кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз он ифтихор доранд, ки хонандагони дирӯзаашон имрӯз сиёсатмадор, табибу дорусоз, омӯзгору олим ва мутахассисони соҳаи гуногун мебошанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки кормандони китобхонаҳо аввалин шуда мисли занбӯри асал мавод ҷамъ оварда, пешкаши гурӯҳи васеи хонандагон мегардонанд. Онҳо чун шуълапошоне ҳастанд, ки шахсони ба ин даргоҳи маърифат воридшударо пурнур менамоянд. Ҷамил ВАЛИЕВ, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Гулдӯзии дастӣ Гулдӯзӣ (кашидадӯзи)-и тоҷикон ҳунари қадима буда, он ҳамчун як намуди санъати амалӣ-ороишии мардумӣ қисми муҳими мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки намунаҳои волои гулдӯзии тоҷикиро дар аксари осорхонаҳои Тоҷикистон ва инчунин дар баъзе осорхонаҳои машҳури олам дидан мумкин аст. Оғози пайдоиши кашидадӯзӣ ба давраи аввали ҳаёти инсонӣ асри санг мансуб дониста мешавад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ, маъхазҳои таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ гулдӯзӣ аз ҳунарҳои нафис ва такмилёфтаи санъати қадима буда, ҳар миллату халқият ва ҳар қавм сабки хоси худро дошт, ки намунаҳои нодири он то ин дам ба рӯзгори мо расидааст. Гулдӯзӣ ҳунари дастӣ ба ҳисоб рафта, занону модарони тоҷик бо дастони нозуки худ гулдӯзиҳои зебову дилраборо меофариданд, ки ҳангоми дидани он шахс ба хаёлоти рангин фуру меравад. Пажӯҳишгарон чигунагии нақшҳои гулдӯзиро пеш аз ҳама, ба муҳити зист вобаста медонанд. Аз ин ҷост, ки санъати гулдӯзии тоҷиконро пажӯҳишгарон услубан ба ду навъи асосӣ: гулдӯзии кӯҳистонӣ ва водӣ гурӯҳбандӣ намудаанд. Тоҷикони кӯҳистон зиёдтар ба ороиши бадеии либос аҳамият медиҳанд. Пироҳани занони кӯҳистон дар гузаштаи на чандон дур буриши озодонае дошта, фарох дӯхта мешуд. Пироҳани ҷашнӣ аз китф то доману сари остин ва гоҳҳо то пушти он ҳам мунаққаш карда мешуд. Вале дар баъзе маврид танҳо қисми пеши пироҳан аз китф ба сӯи доман гулдӯзӣ мешуд. Нақшу нигори пироҳани занона бештар бо риштаи абрешимӣ, ки худи дӯзандагон бофта ранг мекарданд дӯхта мешуд. Дар байни гулдӯзиҳои калонҳаҷми тоҷикӣ сӯзанӣ ҷои махсусро ишғол менамояд. Сӯзанӣ бо сернақшии худ натанҳо як воситаи ороиши манзили тоҷикон, балки ифодагари ҳаёти баланди маънавӣ ва ифтихори онҳост. Нақшҳои косагулӣ қисми асосии нақши сӯзаниҳоро ташкил менамояд. Дар сӯзаниҳо аз як то 12 косагул дӯхта мешавад, ки атрофи косагулҳо бо ҳошияҳои зебо зиннат дода мешаванд. Гулдӯзиҳои шаҳри Кӯлобро чакан меноманд, ки чакан бештар баландранг буда, косагулҳои онҳоро баъзе муҳаққиқон рамзи эзиди қадимаи Митро-таҷассумгари офтоб
медонанд. Сурайё Назарбоева, яке аз ҳунармандони муваффақест, ки ба гӯлдузӣ машғул аст. Ӯ дар ин соҳа шогирдони зиёде дорад. Зимни суҳбат чун аз ӯ доир ба ҳунару ҳунармандӣ пурсон шудем, гуфт: “Гӯлдузӣ гӯё баҳори Тоҷикистони моро муаррифӣ мекунад. Ҳунарманд онест, ки аз донае хирмане месозад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Гулдӯзӣ як навъ санъати ороиши амалии халқи буда, он як соҳаи ҳунармандиест, ки тавассути риштаҳои гуногуни ранга бо сӯзан гулдӯзӣ мекунанд. Дӯхти гулдӯзӣ гуногун аст ва имрӯз онро бо воситаи дастгоҳҳои махсус дар рӯи матоъҳо меофаранд. Чун попурию зардӯзӣ, заминадӯзӣ ва дигар навъҳои он.” . Ба таъкиди ин бонуи ҳунарманд яке аз навъҳои гулдӯзӣ, ин сӯзанӣ ба ҳисоб меравад. Oнро ҳамчун рамзи ороиш истифода мебурданд ва асосан дар деворҳои хона меовехтанд. Ҳунармандон сараввал матоъро интихоб пасон барои дӯхтан истифода мебурданд. Баъд андозаи онро муайян намуда, барои хушнамуд ва зебо шудани он нақшаҳоро интихоб менамуданд. Пас аз ин амалҳо дар рӯйи матоъ нақшҳоро тасвир мекарданд. Баъди он ба дӯхтан шурӯъ карда, аз риштаҳои гуногуни ранга истифода мебурданд. Ҳар як гули сӯзанӣ асосан бо риштаҳои рангашон гуногун дӯхта мешуд. Нақшҳое ки дар сӯзанӣ дӯхта мешавад, мазмун ва зебогии худро дорост. Асосан дар сӯзанӣ гулҳои гуногуни рангоранг ва дар байни он бошад рамзи офтоб дӯхта мешавад. Гулҳо рамзи муҳаббат ва баҳорро дошта, офтоб рамзи рӯшноӣ ва тинҷиву амониро. Ба таъкиди ҳамсуҳбатон имрӯз тавваҷӯҳи бонувон ба сару либоси миллӣ аз эҷоди мудҳои замонавӣ ва сифати он вобастагӣ дорад. Боиси хушҳолист, ки маҳсули дастони бонувони ҳунарманди тоҷик дар озмуну намоишҳои байналмилалӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, сазовори ҷоизаҳо шудаанд. Таҳияи Мӯниса ДОДОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
Кабирӣ ва зиёиёни тоҷик “Талош”-ҳои Кабирӣ шабеҳи шахси ғарқшудаистода аст, ки ҳар буттаву хорро “меқапад”. Дар Дортмунд “як пиёла чой” (ибораи барандаи “ҳамоиш”) ҳамроҳ нӯшидани террористон охирин умеди “устод” (манзур Кабирӣ аст, ки думравонаш ӯро чунин меноманд) ва хоҷагонашро барбод дод. Дар бораи омилҳои баргузоршавии ин нишасти хонаводагӣ зиёд намегӯям. Хулосаи мухтасар ин аст, ки ҷамъомади мазкур бо дастгирии молиявию мусоидати сохторҳои махсуси кишвари ба мо “дӯст” доир шуду аз лиҳози сатҳу сифат бадтар аз мазҳакаҳои қаблӣ буд. Муҳимтар аз ҳама, “пеш аз тӯй нақоранавозӣ”-и наҳзатиҳо бобати иштирокдорон ва маърузачиён сари хами онҳоро ба замин расониду “пушт”-ашонро барҷаста кард. Ҳарчанд Кабирӣ бо “усул”-и хоси суханрониаш ва монандсозии худу думравонаш ба ҳазрати Муҳаммад ва Нелсон Мандела ин нокомиро пинҳон кардан мехост, вале бефоида... Шармандагии Кабириро зиёиёни дар хориҷ қарордошта садчанд карданд. Болотар ёдовар шудам, ки Кабирӣ барои “наҷот”-и худ ва “ҳалол” кардани пули аз тарафи хоҷагон ҷудошуда аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст.Чунин тарзи кор барои ин “аллома” таҷрибаи нав нест. Замоне, ки фаъолияташон дар кишвар мамнӯъ набуд, онҳо бо ҳар роҳу васила мехостанд худро дилсӯзи миллат, ғамхори зиёиён, мухлиси варзишгарон, ҳамнафаси аз офатҳои табиӣ зарардидагон вонамуд созанд. То ҳадде худпарасту беномус буданд, ки аз сел тоза кардани манзили чанд нафарро дар ноҳияи Рудакӣ – саҳмгузорӣ дар бартарафсозии офатҳои табиӣ, ташкили маҳфили шеър бо иштироки баъзе шоирони ҳангомаҷӯ барои чанд чаласаводро дар қароргоҳи марказии ҳизб – таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба зиёиён, тақдими мошини кӯҳнаро (он ҳам аз ҳисоби дигарон) дастгирии варзишгарон арзёбӣ мекарданд. Гузашти вақти на он қадар зиёд собит намуд, ки ин ибтикор “хам-хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон” будааст. Бо инобати гуфтаи боло, аз ширкат дар ин “маҳфил” худдорӣ намудани зиёиёни дар хориҷ қарордошта далели бебаҳси огоҳии комил доштанашон аз аъмоли нопок ва аҳдофи муғризонаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ аст. Онҳо хуб дарк намудаанд, ки ба чунин чорабиниҳо даъват шуданашон аз ҷониби наҳзатиҳо “тақозои замон” аст. Агар Худо накарда, дар Аврупо “нон”-и наҳзатиҳо “дар равған мешуд”, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ барои иштироки нафарони мавриди назар талош намекарданд. Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки куштори аксар зиёиён дар солҳои нооромӣ маҳз бо супориши наҳзатиҳо амалӣ шудааст. Аз ҷониби дигар, ашхоси аз иштирок худдорикарда беҳтар аз дигарон медонанд, ки зиёӣ бояд бо тамоми ҳастӣ рисолат ва масъулияти хешро дар назди миллат ва гузаштаву имрӯзаву фардои он дарк намояд. Танҳо дар ҳамин сурат зиёӣ воқеан виҷдон, номус, дардошнои ҷомеа ва чашми бедори миллат хоҳад буд. Он ки назару хулосаҳои иддае аз зиёиён ба масъалаҳои алоҳида яксон несту баъзан муғойират низ доранд, боиси нигаронӣ набояд бошад. Вале дарку тарғиб ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ муҳимтарин рисолати иҷтимоии зиёӣ ба шумор меравад, зеро мавқеи маънавию шаҳрвандии зиёӣ, дар навбати аввал, аз муаррифии арзишҳои миллӣ
ва ҳадафҳои ояндасози давлатӣ иборат мебошад. Ин рисолат дар замони ҷаҳонишавӣ аҳамияти зиёдро касб мекунад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ дар назди зиёиёни кишвар талаботи сифатан навро мегузорад. Ногуфта пайдост, ки барои таҳким бахшидан ба асосҳои давлатдории соҳибихтиёр ва тақвияти ҳувияти миллӣ иқтидори зеҳнии зиёиён бояд ҳамчун неруи сарҷамъкунандаи талошҳои созандаи мардуми Тоҷикистон зуҳур намояд. Бидуни тардид метавон гуфт, ки ҳадафи асосии зиёиён бояд эҷоди аслҳо ва ба вуҷуд овардани пояҳои ҷомеаи муосири рӯ ба рушд бошад. Воқеияти зиндагӣ ва ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ ва сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, решадор гардидани ваҳдату худшиносӣ дар байни онҳо мушкил аст. Тибқи иттилои дарёфтӣ, наҳзатиҳо домони хоҷаҳояшонро “бо чормағзи пуч пур карда” (манзур таҳияи рӯйхати иштирокчиёну маърузачиён бидуни мувофиқа бо онҳо), онҳоро итминон дода будаанд, ки ин “чорабинӣ” бо шукуҳу шаҳомат ва иштироки теъдоди зиёд баргузор мешавад. Чун дар ин зиёиён ва нақши онҳо меҳвар аст, зикр чанд нуктаро бамаврид медонам. Мо бояд эътироф ва арҷгузорӣ намоем, ки Пешвои миллат аз нахустин марҳилаҳои давлатдорӣ ба аҳли зиё таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ аз фикру андеша, хулосаҳои асосноки илмӣ ва донишу малакаи онҳо самаранок истифода менамоянд. Пажӯҳиши масъала собит намуд, ки ғамхориҳои Ҳукумат ба ин қишри ҷомеа қобили таваҷҷуҳ ва дар миқёси олам падидаи камназир аст. Маҳз дар заминаи ин ғамхориҳо дар Тоҷикистон барои ҳамчун як қишри ҷомеа шакл гирифтану парчамбардори маънавиёт дар байни халқ будан тамоми шароит фароҳам гардид. Ҳодисаву таҳаввулоти солҳои навадумро, ки дар саргаҳи он наҳзатиҳо қарор доштанду боиси ба ҳалокат расидани 150000 нафар ва 10 миллиард доллари ИМА хисорот шуд, мову шумо хуб дар хотир дорем. Шукри Яздони пок, ки бо сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги бародаркуш қатъ гардид ва дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон гардиши бунёдӣ ба вуҷуд омад. Дар робита ба ин, вазифаи зиёӣ ва аҳли қалам инъикосу таҳқиқи ин ҳодисаи бузурги таърихӣ ва бозгӯйӣ намудани аҳамияти он дар тақдири ҳар як сокини мамлакат мебошад. Бегуфтугӯ, онҳое, ки имрӯз бар зидди давлату миллат дуруғпароканӣ мекунанд, мутаассибу тангназар ҳастанд ва таърихи миллат, расму ойинҳои аҷдодӣ ва арзишҳои ҷовидонии он, хулоса тақдири миллат барои онҳо комилан аҳамият надорад. Дар чунин шароит зиёиён ҳамчун неруи бунёдкори ҷомеа бояд барои тарғиби ҳадафҳои миллӣ ва давлатдорӣ омода бошанд, мардумро ба шоҳроҳи бузург ва созанда ҳидоят намоянд, намунаи садоқат ва фидокорӣ ба Ватани аҷдодӣ бошанд. Итминонам комил аст, ки зиёиёни кишвар минбаъд низ тамоми неруву имконияти худро барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, одобу ахлоқ, тақвияти фарҳанги сиёсии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии миллат ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз истифода менамоянд. Алишер ЗАБИРОВ
13
ҶОИЗАИ КУМИТА ДАР СОҲАИ АДАБИЁТ, РӮЗНОМАНИГОРӢ, САНЪАТ, МЕЪМОРӢ ВА БАРНОМАСОЗӢ ДАР СОЛИ 2018 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии ҷавонони соҳибистеъдод, адибону рӯзноманигорон, рассомону бастакорон, режиссёрону меъморон ва санъаткорони ҷавоне, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ (компютерӣ/технологияҳои иттилоотӣ) барои соли 2018 озмун эълон менамояд. Ҷоиза аз рӯйи тартиби зайл баҳогузорӣ карда мешавад: адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор); рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад); барномасозон (ихтирокорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад); санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандӣ расмҳои кашидаи хусусияти тарбиявидошта, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра); меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳравҳои варзишӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад). Ҳамчунин, барои иштирок дар озмун оид ба дарёфти Ҷоиза довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд: варақаи шахсӣ, нусхаи шиноснома, нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба дараҷаи таҳсилот, тарҷумаи ҳол – ҳар кадом дар 2 нусха; тавсифнома дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятии довталаб –2 нусха; расми андозаи 4Х6 – 4 адад; қарори муассисае, ки дар он довталаб адои вазифа ва ё таҳсил мекунад – 1 нусха; рӯйхати корҳо; баста ва ё маҷмӯи маводҳои марбут ба кори пешниҳодшуда. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бояд дар ниҳодҳои дахлдор тасдиқ шуда бошанд. Дар озмун хоҳишмандон тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ (то 4 нафар дар синну соли 14–30) ширкат варзида метавонанд. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ба суроғаи дар поён овардашуда то 20 сентябри соли 2018, соати 14:00 сурат мегирад. Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед: Шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная 6; телефон барои тамос (+37) 2363726, 236,7815, 904.06.60.74 п/э.-www.youth.tj, diloshub.rozikov@mail.ru ТАРТИБИ ҶОИЗАИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ АДАБИЁТ, РӮЗНОМАНИГОРӢ, САНЪАТ, МЕЪМОРӢ ВА БАРНОМАСОЗӢ Тартиби ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва меъморӣ (минбаъд Тартиб) ҷараёни амалисозии ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъмориро (минбаъд Ҷоиза) ба танзим дароварда, роҳу усул ва нишондиҳандаҳои асосии амалисозии Ҷоизаро муайян месозад. Ҷоиза дар асоси моддаҳои 4 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд гардонидани соҳибистеъдодҳои ҷавон дар фаъолияти эҷодӣ таъсис дода шудааст. Ҷоиза ба панҷ соҳа: адабиёт, санъат, рӯзноманигорӣ, меъморӣ ва барномасозӣ равона гардида, дар соли 2018, 28 ҷоиза ҳар кадом ба маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ, дар маҷмуъ 28000 сомонӣ ва барои чопи шаҳодатномаи ҷоизаҳо дар маҷмуъ 2000 (ду ҳазор) сомонӣ дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 муқаррар карда шудааст. Давраи амал намудани Ҷоиза дар сурати аз нав қабул гардидани Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ҳамшабеҳи он мутаносибан ба давраи нав мегузарад. Дар ин сурат ҳаҷми маблағи Ҷоиза низ дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромада мешавад. Ҷоиза барои фаъолияти пурсамари эҷодӣ ба адибон, рӯзноманигорон, барномасозон, санъаткорон ва меъморон, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, мувофиқи қарори Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 1 сол як маротиба дода мешавад. Барои дарёфти Ҷоиза адибон, рӯзноманигорон, барномасозон, санъаткорон ва меъморони ҷавоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гуруҳи эҷодӣ (то 4 нафар) дар озмун ширкат варзида метавонанд. Синни довталабони Ҷоиза дар рӯзи пешбарӣ набояд аз сини 30 сола боло бошад. Барои дарёфти Ҷоиза корҳое, ки муаллифони онҳо ба ҷоизаҳои моҳияти давлатидошта сарфароз гардидаанд, қабул ва баррасӣ карда намешаванд. Корҳо барои дарёфти Ҷоиза бо пешниҳоди вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ сурат мегирад. Ба шахсоне, ки сазовори Ҷоиза мегарданд, диплом ва нишони фахрӣ супорида мешавад. Дар сурати ба Ҷоиза сарфароз гардидани гурӯҳи эҷодӣ маблағи пулии он дар байни аъзоёни гурӯҳ баробар тақсим мегардад. Кор ва ё мавод бояд дар шакли пурра ба анҷомрасида (дар амал қарор доштан ва ё барои амалӣ шудан омодагашта) бошад. Корҳои нимпурра ва ё дар шакли лоиҳаи нотамом пешбаригардида баррасӣ карда намешаванд. Пешниҳоди корҳо мувофиқи тартиби зерин сурат мегирад: адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор); рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад); барномасозон (ихтирокорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад); санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандӣ расмҳои кашидаи хусусияти тарбиявидошта, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра); меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳравҳои варзишӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад). Ҳамчунин, барои иштирок дар озмун оид ба дарёфти Ҷоиза довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд: варақаи шахсӣ, нусхаи шиноснома, нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба дараҷаи таҳсилот, тарҷумаи ҳол – ҳар кадом дар 2 нусха; тавсифнома дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятии довталаб –2 нусха; расми андозаи 4Х6 – 4 адад; қарори муассисае, ки дар он довталаб адои вазифа ва ё таҳсил мекунад – 1 нусха; рӯйхати корҳо; баста ва ё маҷмӯи маводҳои марбут ба кори пешниҳодшуда. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бояд дар ниҳодҳои дахлдор тасдиқ шуда бошанд. 13.Барои гузаронидани озмун дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон, ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи баҳогузории корҳо оид ба дарёфти Ҷоиза (минбаъд Комиссия) таъсис дода мешавад. 14.Ҳайати Комиссия аз ҳисоби мутахассисони дахлдори соҳаҳои Ҷоиза ташкил гардида, аз ҷониби Раиси Кумита тасдиқ карда мешавад. 15.Ҳайати Комиссия иборат аз Раис, котиби Комиссия ва 6 намояндагӣ/аъзо аз соҳаҳои дахлдор ташкил мегардад. 16.Теъдоди Ҷоиза аз рӯи соҳаҳои он (адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ) бо дарназардошти теъдоди корҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Комиссия муайян карда мешавад. Дар сурати пешниҳод нагардидани корҳо барои дилхоҳ соҳа ва ё пешниҳод гардидани теъдоди ками корҳо (то 2 кор) ҷойи он ба дигар соҳа дода мешавад. Ҳамзамон, дар сурати бо теъдоди зиёд пешниҳод гардидани корҳо барои дилхоҳ соҳа, барои он аз ҳисоби дигар соҳаҳо ҷойҳо ҷудо карда мешаванд. 17.Ҷоиза аз рӯи соҳаҳои худ (адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ) метавонад ба якчанд ҷой ҷудо шавад. Ҷойҳои Ҷоиза аз рӯи соҳаҳо бо назардошти банди 16. баробар тақсим шуда, бо қарори (суратҷаласаи) Комиссия тасдиқ карда мешавад. Эзоҳ: ҳангоми зиёд будани теъдоди корҳои довталабон Комиссияи баҳогузории корҳо оид ба дарёфти Ҷоиза ҳуқуқ дорад, ки як ҷоизаро байни довталабон тақсим намояд.
14
ШОҲКОРИҲОИ АДИБОНИ ОЛАМ
Ман ӯро беҳад зиёд дӯст медоштам. Умуман барои чӣ мо дӯст медорем? Магар аҷиб нест, ки дар тамоми олам танҳо як ҷонзодеро дида тавонию халос? Дар сар танҳо як фикр, дар дил танҳо як хоҳиш, дар лабон танҳо як ном, номе, ки аз қаъри ҷисм, чун оби чашма ба лабон меояду таъкид ва такрор намоӣ, доимо, дар ҳама ҷо онро пичиррос занӣ? Чун ибодат. Саргузашти худамонро қисса нахоҳам кард. Муҳаббат як қисса дорад. Доимо ва танҳо якто. Ман ӯро вохӯрдаму дӯст доштам. Ана, ҳамин. Тӯли як сол дар муҳити фаттонии ӯ, оғӯши ӯ, меҳрубонии ӯ, нигоҳҳо, гуфтаҳои ӯ, мафтуну побанд, асири ҳама он чизе, ки аз ӯ эҳсос мегардид, шуда будам. То ҳаде, ки дигар наметавонистам ҳис намоям, шаб аст ё рӯз, зиндаам ё мурда, дар замини куҳансоли худамон ҳузур дорам ё олами дигар? Ва, ана, ӯ фавтид. Чӣ тавр? Намедонам ва умуман ҳаргиз нахоҳам инро донист. Боре шоми боронӣ ӯ ба манзил тамоман тар шуда баргашт. Рӯзи дигар ба сулфа даромад. Қариб як ҳафта сулфид ва пасон хобид. Чӣ ҳодиса рӯй дод? Гумон аст, ки инро ман фаҳмида тавонам. Духтурон омада чизе навишта мерафтанд. Доруворӣ оварда, зане ӯро маҷбур дошт, онҳоро қабул намояд. Дастони маҳбубаи ман хеле гарм, пешонааш наму тасфон, чашмонаш дурахшону андӯҳгин. Ман бо ӯ гап мезадам, вай посух мегардонд. Дар чи хусус ҳарф мезадем? Ёд надорам. Ҳамаро фаромӯш кардам, ҳамаро! Ӯ фавтид. Ҳанӯз ҳам ёд дорам, охирин бор нафас кашиданашро. Охирин нафаскашии сабук ва базӯр шунавояшро. Занаки касалбон “Оҳ!”, гӯён фарёд кашид. Ва ман фаҳмидам, ҳамаашро фаҳмидам. Дигар чизеро дарк надоштам. Чизеро. Кашиш ҳозир шуду дар борааш ҳарфзанон гуфт: “Маъшуқаи шумо...” Бароям чунин намуд, ки ӯ таҳқираш дорад. Ҳеҷ кас ҷуръат надошт варо чунин ном барад. Охир ӯ фавтида буд. Ман ӯро пеш кардам. Кашиши дигар омад. Хеле меҳрубон ва хушзабон. Вақте бо ман дар хусуси ӯ гап мезад, мегиристам. Дар бораи майда-чуйдаҳои маросим аз ман ҳар чиз мепурсиданд. Аз кадом хусус, дигар ба ёдам нест. Лек садои болғаро ҳангоми мехкӯби тобут возеҳ ёд дорам. Оҳ, Худоё! Вайро гӯронданд. Таги хок намуданд, ӯро! Дар ин чуқурӣ! Шиносҳо омаданд, якчанд дугонаҳояш. Ман ғайб задам. Гурехтам. Хеле дар кӯчаҳо давр задам. Сипас ба манзил баргаштам. Рӯзи дигар ба саёҳат баромадам. Дирӯз ба Париж баргаштам. Ҳине ки дубора ҳуҷраамонро дидам, ҷойхоб, мебел ҳама чиз боқӣ монда буд. Ҳама чизе, ки пас аз фавти одами зинда мемонад. Маро боз ҳолати навмедии сахт фаро гирифт. Тайёр будам
тирезаро кушода, худро ба кӯча ҳаво диҳам. Дигар мадорам намонд, миёни ин ашёҳо, деворҳо, ки ӯро иҳота ва пинҳон медоштанд, даруни тарқишҳои ноаён, ки ҳиссаи ҷисми ӯ, бадани ӯ, нафаси ӯ нуҳуфта буданд, ҳузур дошта бошам. Кулоҳамро гирифта, хостам аз ин ҷо фирор намоям. Пеши дари баромадгоҳ нохост ба оинаи калони барқад бархӯрдам. Онро худам гузошта будам. То ки ҳар гоҳи аз манзил берун шудан, вай аксашро аз нӯги по то фарқи сар дида тавонад. Бинад, ки ҳама, аз
Хеле дер. Пасон ҳис намудам, ки торикӣ мефарояд. Майли аҷибе, майли беақлонаи маъшуқи навмедгаштае маро фаро гирифт. Хоҳиш доштам шабро он ҷо гузаронам. Шаби охиринро сари манзилаш бо гиря рӯз намоям. Лек шояд маро медиданд ва он ҷо пеш мекарданд. Чӣ бояд кард? Ман маккориро пеш гирифтам. Аз ҷо бархоста дар ин шаҳри мурдагон ба гардиш даромадам. Ман торафт дур мерафтам. Чи қадар хурд аст ин шаҳри мурдагон, нисбати шаҳре, ки зиндаҳо сукунат
тарк намудам. Оҳиста, беовоз рӯи замини пур аз мурдагон қадам мениҳодам. Хеле ва хеле саргардон шудам. Ман ӯро ҳеҷ ёфта наметавонистам. Дастонамро ба пеш ёзондаю чашмонамро калон кушода, ба гӯрҳо бо дастону пойҳо, зоную сари сина, ҳатто бо сар бархӯрда ба пеш ҳаракат доштам. Аммо дарёфтан мушкил буд. Чун нобиноён палмосида ҳаракат мекардам. Сангу салибҳо, панҷараҳои фулузӣ, гулчанбарҳои шишагӣ, гулҳои пажмурдаю хушкидаро меГи де МОПАССАН, Фаронса
Марҳум новелла
пойафзол то мӯи сар тозаю озода ва шинам аст. Ва ман дар муқобили оина, ки аксар вақт ӯро аксандозӣ мекард, карахт меистодам. Аксар вақте ки он ҳам мебоист симояшро нигоҳ медошт. Бо ҷисми ларзон рост истода, бо чашмон ба оина дида дӯхта будам. Ба шишаи ҳамвори чуқур, шишаи холӣ, ки варо пурра дар худ таҷассумкунон мисли ман бо нигоҳи меҳрангез, аз худ мекард. Нисбати ин шиша дар вуҷудам меҳрубоние ҳис намудам. Ба он даст расондам. Сард буд. Эҳ, хотира, хотира! Оинаи пурандӯҳ, зиндаю равшан, оинаи пурдаҳшат, сарчашмаи азобҳои беохир. Одамони хушбахт дилашон чун оинаест, ки он ҷо аксҳо лағжидаю нест мешаванд. Ҳама чизи фарогирифта, дар пешаш рухдода, ба он нигоҳ карда, дилбастагӣ ва муҳаббати дар он аксёфта фаромӯш мегардад. Чӣ қадар ранҷи ҷонкоҳ! Ман берун баромада, беақлона, хилофи майлу хоҳиш ҷониби гӯристон роҳ гирифтам. Ман ӯро, гӯри одӣ, салиби мармарии дар он чанд сухан навиштаро дарёфтам: “Вай дӯст медошт, дӯстдошта буд ва фавтид.” Вай дар он ҷо буд. Даруни чуқурӣ, кайҳо вайрон шуда буд. Чӣ гуна даҳшат! Фиғон кашида, рӯямро ба замин молидам. Ман он ҷо то дер мондам.
доранд. Аммо чӣ қадар бешуморанд мурдагон нисбати зиндаҳо! Ба мо фалон миқдор биноҳои баланд, фалон миқдор кӯчаҳо, фалон миқдор паҳно лозим аст. Ҳамаи ин ба он хотир, ки чор насл, якбора дар олами равшан зиста, оби чашмасорон, шароби ангурзоронро нӯшанд, нони майдонҳои васеъро хӯранд. Барои тамоми насли мурдаҳо, тамоми зинаи одамӣ бошад, ҳатто то рӯзҳои мо, чизе лозим нест. Танҳо як порча замин, дигар ҳеҷ чиз! Замин онҳоро қабул мекунад, фаромӯшӣ онҳоро нест месозад. Алвидоъ! Паси панҷараи гӯристони нав, ногаҳон ман боз як гӯристони бесоҳибро дарёфтам. Он ҷо мурдагон аллакай ба хок табдил ёфтаю худи салибҳо пӯсида буданд. Фардо ин ҷо бошандагони навро таги хок хоҳанд кард. Ин боғи пуршукӯҳ ва дилгири фарогири ҷасадҳои одамӣ, бо гиёҳҳои хуч ва сарвҳои хушқади сиёҳтоб пӯшида шуда буд. Ман тамоман танҳои танҳо будам. Ба дарахти хеле баланд зӯр зада баромада, паси навдаҳои ғафсу торики он пинҳон шудам. Танаи дарахтро мисли ғарқшудае, ки ба сутуни шикастаи киштӣ мечаспад, дошта будам. Ва интизорӣ доштам. Вақте ки шаби тамоман торик фаро расид, паноҳгоҳи худро
палмосидам. Ҳарфҳои матнҳои навиштаро соп-сопкунон мехондам. Аҷаб шаби тору тира! Ман ҳеҷ ӯро дарнамеёфтам. Моҳтоб наметофт. Торикии зулмот. Бо пайраҳаи борик миёни қатори гӯрҳо роҳ мепаймудам. Маро ваҳм зер кард. Ваҳми ҷонсӯз. Гӯрҳо! Ҳама ҷо гӯрҳо! Аз чапу рост, пешу қафо, дар гирду атроф, танҳо гӯрҳо! Дигар маҷоли роҳгардӣ надоштам. Пойҳоям қат шуда, болои санги гӯре нишастам. Садои таппиши дили худро шунидам. Ва боз садои чизи дигаре ҳам ба гӯшам расид. Овози норавшану нофаҳмое. Магар ин овоз аз майнаи афгоршудаам ё аз торикии басо сиёҳ ё аз қаъри замини пурасрор, ки пур аз ҷасади одамист, садо медод? Ман ба атроф нигаристам. Чӣ қадар вақт ман он ҷо нишастам? Намедонам. Ман аз тарс карахт шуда, аз даҳшат қариб девона мешудам. Тайёр будам, ки дод занам. Ба назарам чунин менамуд, ки мемирам. Ва ногоҳ ҳис кардам, ки санге рӯяш нишастаам такон хӯрд. Дар ҳақиқат, гӯё ки онро бардошта бошанд, ҷунбид. Бо як ҷаҳиш худро паси қабри дигар гирифтам. Дидам, бале бо чашмони хеш дидам, ки чӣ тавр санги вазнини рӯяш ман нишаста, болои қабр рост шуд. Ва мурдае, скелети лублуч пайдо шуда, пушти тамоман хамидаи худро рост кард. Ҳарчанд хеле
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018 торик буд, лек ӯро возеҳу равшан дидам. Болоии салиб чунин навиштаҷотро хондам: “Ин ҷо Жан Оливан, ки панҷоҳу як сол дошт, нуҳуфтааст. Ӯ наздикони хешро бағоят дӯст медошт. Одами нек ва бовиҷдон буд. Дар сулҳу салоҳ зист дошт.” Марҳум низ навиштаҷотро хонда баромад. Пасон санги нӯгтезро аз пайроҳа бардошту ҷиддан ба нест кардани навиштаҷот пардохт. Холигии чашмони худро ба болои салиб дӯхта, оҳиста тоза мекард. Сипас бо панҷаҳои устухонӣ ба навиштани ҳарфҳо шурӯъ намуд. Ба мисли хати рости рӯшноидиҳандае, ки бо гӯгирди фосфорӣ рӯи шиша мекашанд: “Ин ҷо Жан Оливан, ки панҷоҳу як сол дошт, нуҳуфтааст. Бо бераҳмии худ, барои ба даст овардани мерос, падарро ба гӯр фиристод. Ҳамсарашро сахт азият дода, фарзандонро ҷонбезор карда буд. Ҳамсоягонро фиреб карда, куҷое ки рост меомад, медуздид. Ҳамаро бад дид ва фавтид.” Навиштанро анҷом дода, мурда кори худро тамошо дошт. Ва ман баргашта дидам, ки тамоми қабрҳо кушодаю аз даруни тобутҳо устухонҳо сар бардоштаанд. Навиштаҷоти бардурӯғи наздиконашонро рӯи санги қабрҳо тоза, саъй доштанд ҳақиқатро барқарор созанд. Ва ман дарк намудам, ки эшон ҳама қотилони наздикони хеш, бадкирдору дурӯғгӯ, қаллобу дурӯя, фиребгару туҳматчӣ, дузду бахил, чашмгуруснаю зихна, риёкор, шуҳратпарасту мағрур ва ким-киҳое маҳсуб меёфтаанд. Ҳамаи ин падарони меҳрубон, ҳамсарони вафодор, фарзандони содиқ, духтарони боиффат, тоҷирони бовиҷдон, ҳамаи ин мардону занон, ки худро нексиришт метарошиданд, амалҳои зишти шармовар ва қабеҳро анҷом медодаанд. Ҳамаи онҳо сари манзили охират ҳақиқати талх, бераҳму даҳшатовар, вале муқаддасро менавиштанд. Ҳақиқатеро, ки пайвандони дар ҳаёт будаашон, аз он бехабар буданд ё худро бехабар вонамуд мекарданд. Ман фикр кардам, ки шояд ӯ низ ҳақиқатро навишта бошад. Ва дигар чизе маро ба ҳарос наандохта, миёни қабрҳои кушода, миёни ҷасадҳо, миёни скелетҳо ҷонибаш дартоз шудам. Бовар ба он ки ӯро тез дарёфт хоҳам кард. Ман ӯро аз дурӣ шинохтам. Ҳарчанд чеҳрааш бо кафан пӯшида шуда буд. Рӯи санги қабр, ки пеш хонда будам: “Вай дӯст медошт, дӯстдошта буд ва фавтид”, чунин навиштаҷот ба чашмам расид: “Барои хиёнат кардан ба маъшуқи хеш аз манзил берун рафт. Зери борон монд, зуком шуду фавтид.” Мегӯянд, маро субҳгоҳон дар ҳолати беҳушӣ назди кадом қабре дарёфтаанд... Аз русӣ тарҷумаи Толибшоҳи ДАВЛАТ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
15
НАВҚАЛАМ Техникаву технология: зарар ва фоидаи он
Соҳаи сердаромад Сайёҳӣ дар ҳаёти инсоният аҳамияти бениҳоят калон дошта, воситаи олиҷаноб ва фоидабахши тарбияи одами солим ва тобовар мебошад. Ва он яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳонӣ эътироф гаштааст. Дар бисёр мамлакатҳо сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба инкишофи соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигарҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Саёҳат воситаи асосии васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва ғанӣ гардонидани ҳаёти маънавии одамон ва дарк намудани зебогии табиат, таърих ва фарҳанг мебошад. Сайёҳон дар раванди саёҳат ба ҷойҳои хушманзари табиат, олами набототу ҳайвонот, корхонаҳои азим, сохтмонҳои нав, саноати меъмории шаҳрсозӣ ва ғайра шиносоӣ пайдо намуда, яъне талаботи рӯҳию маданӣ ва фароғатии худро қонеъ мегардонанд. Эълон гаштани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат меҳисобад. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ мувофиқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи фирмаҳои сайёҳӣ айни замон 22 ададро ташкил медиҳад, ки асосан хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла таъмини сайёҳии умумӣ ва тибӣ, фурӯши маҷмӯаҳои сайёҳӣ, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо, тайёр кардани раводид ва ғайра мақсади муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон мебошад. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 185 иншооти фаъолияти сайёҳӣ, аз ҷумла 9 муассисаи санаторию курортӣ, 51 меҳмонхона ва 125 базаҳои сайёҳӣ мавҷуд аст, ки вазъи имрӯзаи сайёҳиро дар ҷумҳурӣ инъикос мекунанд. Боиси зикр аст, ки агар натиҷаи ҳунарҳои мардумӣ ва дар ҳама мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои кишварамон савдои армуғонҳои миллӣ, аз қабили маснуоти заргарӣ, зардӯзӣ, бахядӯзӣ, зардеворӣ, сӯзанӣ, кашидадӯзӣ, асбобҳои мусиқӣ, бозичаҳои гуногуни сафолин дар заминаи афсонаҳою ривоятҳои халқӣ, албомҳои мусаввар, китобчаҳои мунаққаши ашъори шуарои классик ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, чинӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва нишонҳо бо рамзи Тоҷикистон манзараҳои зебои он ба роҳ монем, ҳам ба мардум даромад мешаваду ҳам ба буҷаи давлат. Рушди ҳунарҳои мардумӣ имконият медиҳад, ки вазъи молиявии сокинони деҳот ва маҳаллаҳои ҷумҳурӣ беҳтар шуда, онҳоро барои нигоҳ доштани муҳити фарҳангӣ ва суннатӣ водор созад ва бо дарки он ки сайёҳони хориҷӣ ба хотири табиати зебо ва ошноӣ бо фарҳанг, таърих ва маҳалли зисти онҳо ташриф меоранд, ба ҳифзи табиат равона созад. Мавриди зикр аст, ки рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои Тоҷикистон омили муҳимтаринест, ки обрӯю эътибори онро баландтар бардошта, мароқи сармоягузоронро ҷалб, ва ба ташкил намудани ҷоиҳои иловагии корӣ дар мамлакат мусоидат мекунад. Азизаи ҲОКИМШО, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Инсон махлуқи аҷибе мебошад, ки аз рӯзи мавҷудияташ бо афкору кирдораш зина ба зина ба мавқеъҳои намоён соҳиб мегардад. Албатта, инсон бо доштани ақлу заковат аз дигар махлуқот комилан фарқ намуда, зиндагиаш низ тафовуте дорад. Вале таҷрибаи зиндагӣ инсонро боз меомӯзаду ба воя мерасонад. Зеро бо он ҳодисаю воқеаҳои гуногуне, ки инсон рӯ ба рӯ мешавад, тарзи осони ҳалли онҳоро мехоҳад. Босуръат инкишоф ёфтани ҷомеаи ҷаҳон ва тараққии техникаву технология ба инсон имкон медиҳад, ки кораш осон ва роҳи ҳалли мушкилот беҳтар гардад. Албатта, сохтани техникаву технлогия маҳсули зеҳну дасти инсон аст. Вале дар баробари оне, ки кори инсон чанд андоза осон мешавад, аз таъсири манфии технология эмин намемонад. Инсонҳо имрӯз дар байни майдонҳои бузурги электромагнитӣ умр ба сар мебаранд, ки он ба саломатӣ бисёр зарари калон мерасонад. Истифодаи дурусти техникаву технология ба инсон имкон медиҳад аз зарару хатари қувваҳои электромагнитӣ эмин бошад. Зарари техникаву технология гуногун буда, тезтар ва бештар ба саломатӣ мерасад. Барои муошират ва анҷоми зудтари корҳо мо ҳамарӯза аз телефонхои ҳамроҳ ва компютер бемаҳдуд истифода менамоем. Сари компютер нишастан барои наврасону ҷавонон гӯё анъана шуда бошад, ки беҳуда соатҳои дароз ба ҳар навъ бозиҳои хусусияти ғайритарбявидошта машғул мегарданд. Таҳлилҳо собит намудаанд, ки аввалин зарар ба чашм, баъдан харобшавии системаи асаб ҳангоми аз меъёр зиёд истифода доштан аз копмютер рух медиҳад. Қоидаҳое, ки барои ҳар як истифодабар зарур ва ҳатмист,
инҳост: назди сохторҳои асосии компютер гузоштани асбобҳои гармидиҳанда ва онҳоро дар ҷойи намнок гузоштан манъ аст. Бояд ба монитор нури офтоб нарасад. Масофаи байни истифодабаранда ва экрани манитор 65-70 см бошад. Ба экран аз боло ба поён таҳти кунҷи 15-20 дараҷа нигоҳ кардан лозим аст. Баъди 2-2,5 соат кор кардан дар назди компютер, бояд танаффус кард. Дар назди компютер гузоштани бутаи кактус равост. Иҷрои чунин амалҳо метавонад, ки ба саломатии мо зиён нарасонад. Истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ низ имрӯз як мушкилии ҷиддие шудааст, ки ҳалли худро мехоҳад. Мувофиқи нишондодҳо 70 дар сади истифодабарандагон бо телефон зиёда аз 30 дақиқа дар як рӯз гуфтугӯ мекунанд. То 30 фоизи одамон 2-тогӣ телефон доранд ва
мунтазам аз онҳо истифода мебаранд. То 40 фоизи шаҳрвандон шабона, ҳангоми хоб телефонҳояшонро дар масофаи камтар аз 0,7 метр назди сарашон мегузоранд. Ҳоло ин ки ҳамин телефони хомӯш низ доимо бо истгоҳи базавӣ дар алоқа мебошад. Зарари дигари телефони мобилӣ ин ба зиёд талаф шудани буҷаи оила оварда мерасонад. Агар дар як оила 5 телефон мавҷуд бошад ва ба ҳисоби миёна барои ҳар яки он ва интернет 40 сомонӣ маблағ сарф шавад, пас хароҷоти якмоҳа ба 120 сомонӣ баробар мешавад. Бо назардошти ин ҳама, бояд ҳар нафар аз истифодаи безарари таҷҳизоти гуногуни компютерӣ ва телефонҳои мобилӣ воқиф бошанду аз он тавре истифода намоянд, ки бар зарари саломатиашон набошад. Фирдавс ХОЛОВ
Экстремизм ва терроризм Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал меояд, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим, ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Имрӯзҳо доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм зиёд ҳарф мезананд, менависанд ва тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима менамоянд. Маънои аслии «экстремизм», «терроризм» чист ва он чӣ гуна зуҳур меёбад? Экстремизм калимаи фаронсавӣ буда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳои тундравона ва як маънои дигараш аз ҳад гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои якравию тундравист. Экстремизм ва терроризм ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Терроризм калимаи лотинӣ ва маънояш тарс, ваҳм аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ онҳоро пайравӣ менамоянд.
Ҳоло аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломӣ таҳти сарварии роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ҳамарӯзаву ҳамасоата аз дастгириҳои хоҷагонаш бархурдор гардида, мехостанд Тоҷикистони ободу озод, рӯ ба тараққиро тобеи хоҷагони худ гардонанд. Ин ашхос баъди ошкор гардидани амалҳои разилонаашон аз кишвар фирор намуда, дар паноҳи хоҷагонашон берун аз Тоҷикистон зиндагӣ ба сар мебаранд. Аммо то ҳол аз амалҳои террористиву эктремистии худ, аз кирдорҳои ғайриинсонии худ даст накашидаанд. Онҳо имрӯзҳо барои пиёда сохтани орзуву ормонҳои пинҳониву разилонаи хоҷагонашон ҷаҳду талош намуда, мунтазам барои афзун намудани сафи ташкилотҳои террористӣ ва дигар созмонҳои тахрибкор аз ҳисоби наҳзатиён ва ҷавонони ноогоҳи кишвар ҷаҳду талош доранд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мо ҳамаи кӯшишу ғайрат, донишу маҳорати худро ба он равона намоем ва нагузорем ҷавонони мо ба доми чунин ватанфурӯшон афтида, ҳаёташонро бисӯзанд. Шоирахон УЛМАСОВА, Ҳафиза НЕЪМАТОВА, омӯзгорони гимназияи рақами 1-и шаҳри Бӯстон
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №30 (9560), 26.07.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома
√ АНДАРЗ
Тарбия
АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
ТАҲИЯИ Х. МАВЛОН, “ҶТ” Дар кишвари Дания бо қатора сафар мекардам. Писараке он ҷо бисёр ғавғо мебардошт. Ба хотири он ки оромаш кунам, ба ӯ гуфтам: - Агар ором нишинӣ, бароят ширинӣ мехарам. Писарак ором шуд. Қатора ба макон расид ва ман ҳам пиёда шуда, ба роҳи худ равон шудам. Ногаҳон пулис маро хонд ва гуфт: - Ба хотири он ки ба писарбачае дурӯғ гуфтаед, аз болои шумо шикоят шудааст. Бо камоли тааҷҷуб боздошт шудам. Дар он ҷо чанд муҷрими дигар низ буданд,
Руҳонӣ ва марди тоҷир
ФАТТОҲ ОДИНА
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Маслиҳати хуб аз тилло гаронтар. ******** Бараҳна кардани луч имкон надорад. ******** Ғуломӣ – маҳбаси қалб. ******** Ба каси содиқ садоқат кун. ******** Беҳтарин сабукӣ ҳангоми бадбахтӣ оромии қалб аст. ******** Муҳибони Худоҳо ҷавон мемиранд. ******** Некӣ намудан ба бадон монои бадӣ ба некон хатарнок аст. ******** Инсон инсонро гург. ******** Ҳар ки ҳаёро тарк кард, дунёро тарк кард. ******** Ба некон некӣ, ба бадон бадӣ. ******** Як шоҳиди дида беҳтар аз даҳ шоҳиди шунида Плавт Ҳеҷ чиз нобуд намешавад, танҳо дигар мешавад. ******** Лаҳзаҳо то абад якдигарро иваз мекунанд. ******** Виҷдони пок на аз дурӯғ, на аз овоза ва на аз ғайбат намеҳаросад. ******** Корро баъди анҷомаш муҳокима кун. ******** Аз душман низ омӯхтан имкон дорад.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
амсоли дӯзд, қочоқчӣ... Онҳо бо назари аҷибе ба ман менигаристанд, ки ту дурӯғ гуфтаӣ, он ҳам ба як кӯдак. Ба ҳар ҳол ҷарима шудам ва шириниро низ харида ба писарак тақдим намудам. Аммо рӯи гузарномаам муҳре заданд, ки пок карданаш бароям хеле гарон афтод. Онҳо гадои як баста ширинӣ набуданд. Онҳо нигарони бадомӯзии бачаашон буданд, ки ӯ эътимодашро нисбат ба бузургтарҳо аз даст бидиҳад ва фардо агар падару модараш ба ӯ ҳарфе бизананд, ӯ бовар накунад.
Овидий
Марди сарватманде ба руҳонии насроние мегӯяд: - Намедонам чаро мардум маро хасис мепиндоранд. Кашиш гуфт: - Бигзор ҳикояи кӯтоҳеро дар бораи гов ва хук бароят нақл кунам. Хук ба гов гуфт: - Мардум аз табиати ором ва чашмони ҳузнангези ту ба некӣ сухан мегӯянд ва тасвир мекунанд, ки ту хеле бахшандаӣ. Аммо дар мавриди ман чӣ? Ман ҳама чизи худамро ба онҳо медиҳам, аз гӯшти рон гирифта то... Ҳатто аз мӯй ва пӯсти ман кафш ва дигар лавозимот дуруст мекунанд. Бо вуҷуди ин касеро аз ман хуш намеояд. Иллаташ чист? Гов гуфт: - Шояд иллаташ ин бошад, ки ҳарчи ман медиҳам, дар замони ҳаётам медиҳам.
Бархӯрди як табиб бо бемор Caрдухтур дохили беморхона шуд, то бемореро оҷилан ҷарроҳӣ намояд. Пеш аз он, ки дохили ғурфаи амалиёт шавад, падари бемор бо садои баланд, “Чаро таъхир кардӣ, ҳаёти фарзанди ман дар ҳолати хатар аст, магар эҳсосатро аз даст додаӣ? - гуён бо ӯ бархурд намуд. Духтур табассумомез гуфт: “Ором бош, бигзор ба корам шуруъ намоям ва писаратро ба Худо бисупор ва бар ӯ бовар дошта бош! Падар ҷавоб дод: Бефаҳм будаӣ, агар фарзандат дар ҳолати марг қарор дошта бошад, чӣ гуна ором мешавӣ? Духтур аҳамияташ надоду дохили ғурфаи амалиёт шуд. Баъд аз ду соат саросемавор аз ҳуҷраи амалиёт берун шуда, ба падари бемор гуфт: Ҷарроҳӣ ба хубӣ анҷом ёфт, ҳоли писарат алҳамдулиллаҳ хуб аст ва маро маъзур дор, чун мавъриди дигаре дорам. Баъд аз он, бидуни он ки ба суолҳои падари бемор посухе бидиҳад, маконро тарк намуд. Ҳангоме, ки ҳамшираи шафқат баромад, падари бемор аз ӯ пурсид: Ин табиби худхоҳу мағрур кист?
√ ЭЪЛОН
Патенти соҳибкор Исмоилов Алишер Нурилоевич (РМА 125596855, РЯМ 1230112639), ки дар нозироти андози ноҳияи Рӯдакӣ соли 2014 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Маълумотнома дар бораи хариду фурӯши манзил, ки онро корхонаи бақайдгирии байниноҳиявии шаҳри Душанбе соли 2008 ба Абдурҳамонов Сироҷииддин Ҷӯраевич додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Ҳамшира гуфт: Фарзандаш ба садамаи нақлиётие гирифтор шуда, вафот намудааст. Бо вуҷуди ин ҳангоме аз ҳолати фарзанди шумо огоҳ шуд, даъватро пазируфт. Баъди амалиёти фарзанди шумо зарур донист, ҳарчи бештар бишитобад, то барои дафни фарзандаш ҳозир шавад. Дилҳое, ҳастанд, ки дард мекашанд, аммо ба касе намегуянд. Пас ноогоҳона бар касе ҳукм макун!
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3999 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»