Javononi Tojikiston, №30 (9352), 24.07.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

1

№30 (9352),

24 июли соли 2014

ВАТАН ВА ҶАВОНОН

ЭНЕРГЕТИКА

CASA-1000 соли 2017 ба истифода дода мешавад

21 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммадро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, дода шуд. Тибқи нақша, ояндаи наздик бояд кашидани ин хат оғоз ёфта, то соли 2017 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

ТУРИЗМ

Боздиди ҷавонони Хатлон аз мавзеъҳои таърихӣ Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон моҳи равон саёҳати наврасону ҷавонон ба мавзеъҳои таърихӣ анҷом дода шуд. Онҳо ҳангоми боздид аз ҷойҳои муқаддасу таърихӣ баҳра бардошта, бори дигар аз маданияти қадимаи гузаштагон ва аз бозёфтҳои таърихии миллат аз наздик ошно шуданд.

13

Нигаронии раиси шаҳр аз нархи маҳсулоти ғизоии бозорҳо

Ҷавононро солиму обутобёфта ба камол расонем

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт дар даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ намуда, роҳбарони бозорҳои шаҳрро муваззаф сохт, ки бобати захираю бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ғизоӣ ба сокинон чораҳои қатъӣ андешанд. Инчунин, М. Убайдуллоев ба масъулини сохторҳои марбута дастур дод, ки ҷиҳати ғанӣ гардонидани хони идонаи шаҳрвандон 26-27 июл дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳо ярмаркаи маҳсулоти кишоварзиро роҳандозӣ намоянд.

ТУРИЗМ

Саҳифаи

11

e-mail: javonontj@mail.ru

Саҳифаи

ШАҲРДОРӢ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

2

МАШВАРАТ

ИҚТИСОД

Машварати корӣ бо роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 18 июл Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири мамлакат бо ҳайати нави роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд. Дар он сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Гулнора Бобоева ва дигар кормандони раёсати мазкур ширкат варзиданд. Марҳабо Ҷабборӣ, ки бевосита сарпарасти соҳа мебошад, қаблан роҳбарияти кумитаро бо таъин шуданашон ба вазифаҳои пурмасъул шодбош гуфта, зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории машварат роҳандозӣ кардани ҷанбаҳои нави фаъолият бо назардошти шаклу усулҳои муосири корбарӣ миёни ҷавонон мебошад.

Зимни машварат, инчунин, ҷиҳати вусъати корҳои ташкиливу таблиғотӣ ва сафарбаркунии ҷавонон, рушди оммавияти варзиш, ташаккули туризми дохиливу берунӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои байналмилалии дарпешистода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Мавриди қайд аст, ки чан-

де қабл бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода, Мавсума Муинова, Қиёмиддин Миралиев, Руслан Шодиков, Дилшод Назаров ба ҳайси раис, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

М. Неъматов ба Президенти Олмон эътимоднома супурд Маликшо Неъматов 16 июл ҳамчун Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба Президенти ин кишвар Йоахим Гаук эътимоднома супурд. Баъд аз маросими супурдани эътимоднома дар Қасри Белвюи шаҳри Берлин Йоахим Гаук сафири тозатаъинро ба оғози фаъолияти дипломатиаш дар Олмон табрик гуфта, изҳори итминон намуд, ки ӯ ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷониба мусоидати фаъол хоҳад кард. Дар рафти суҳбат ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу сифати муносибатҳои ҳар ду кишвар изҳор намуда, дар бобати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар самти тиҷорату иқтисод, илму техника, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар самтҳои мутақобилан судманд табодули назар карданд.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли равон меъёри таваррум (инфлятсия) 4,5 дарсадро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013 2,9% зиёд мебошад. Абдуҷаббор Ширинов, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ сабаби зиёдшавии меъёри таваррумро дар болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (7%), хизматрасонии пулакӣ (2,4%) ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ (0,3%) арзёбӣ кард. Қурби расмии пули миллӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тағйирёбии муътадил дошта, нисбат ба доллари ИМА 3,5 дарсад паст гардид. Ин рақам дар шаш моҳи соли 2013 0,03 дарсадро ташкил медод. Пешбинӣ шудааст, ки то охири соли ҷорӣ сатҳи таваррум аз 7,5% зиёд нашавад. Мувофиқи омори Бонки ҷаҳонӣ дар шаш моҳи гузашта дар бозори ҷаҳонӣ нархи гандум нисбат ба аввали сол 5,1% ва нафт 1,1% боло рафт. Тибқи пешбиниҳо дар ду моҳи оянда нархи гандум рӯ ба пастравӣ меорад. Тайи шаш моҳи соли равон ҳаҷми содирот 521 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8% кам аст. Сабаби камшавии содирот пастравии нархи алюминий ва нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар камшавии талабот ба ин ду маҳсулоти асосии содиротии кишвар ҳаҷми фурӯши онҳо коҳиш ёфт. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4,6 миллиард сомонӣ дар муомилот қарор дошт. 390 миллион сомонӣ пулҳои фарсуда аз муомилот гирифта шуд. Ҳоло дар мамлакат 1632 адад нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пул фаъолият дорад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5% зиёд аст.

С. АМИНИЁН, “ҶТ”

ДАСТОВАРД

Ду медали биринҷӣ аз Остона e-mail: javonontj@mail.ru

Болоравии нархи хӯрокворӣ - сабаби таваррум

Ба наздикӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи 45-уми байналмилалӣ аз фанни физика баргузор шуд. Дар он хонандагони 90 кишвар иштирок намуданд. Аз ҷумҳурии мо дар ин озмуни байналмилалӣ 5 нафар, аз ҷумла, 4 нафар хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол ва як нафар муҳассили гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ»-и шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Муҳассилини ЛИМТТ ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе Шаҳзоди Рустамҷон ва Исмоил Одинаев сазовори

ду медали биринҷӣ гаштанд. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони тоҷик бо намояндагони кишварҳои мутараққӣ рақобат намуда, созовори медал шуданд. Ба шарафи ғолибияти онҳо бори дигар аз миёни 90 кишвар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд гардид.

С. НАҶМИНЗОДА, «ҶТ»


3

МУҲОҶИРАТ

Шумораи муҳоҷирон коҳиш ёфт Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки 17 июл доир гашт, зикр намуд, ки ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандони тоҷик дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфтааст.

Обшавии пиряхҳо боиси ташвиш аст Тайи даҳсолаи охир дар ҷумҳурӣ пиряхҳои хурд босуръат об мешаванд. Маҳмад Сафаров, директори Муассисаи давлатии “Обуҳавошиносӣ” дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки сабаби обшавии пиряхҳо аз як тараф торафт гарм шудани ҳаво бошад, аз тарафи дигар зиёд шудани чангу ғубори заррачаҳои намакдор мебошад. Шамол аз майдони холишудаи як қисми баҳри Арал, ки дорои намакҳои таҳшиншуда мебошад, ҳарсол ҳазорҳо тонна чангу ғуборро ба минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон меорад. Тавре маълум аст, намак обшавии пиряхро метезонад. Обшавии пиряхҳо боиси ташвиш аст. Зеро он ба камшавии оби дарёҳо ва камшавии тавлиди нерӯи барқ оварда мерасонад. Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иброз дошт, ки дар доираи таъмини иҷрои Барномаи давлатӣ “Оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” дар асоси Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 4 январи соли равон, №38 “Маркази яхшиносӣ” таъсис ёфт. Ҳамчунин, дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи обуҳавошиносӣ кушода шуд. Дар нимсолаи аввал аз ҷониби МД “Обуҳавошиносӣ” 182 пешгӯии шабонарӯзӣ тартиб дода шуд, ки дурустии онҳо ба 81% баробар буд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 12% пасттар мебошад. Мушоҳидаҳои аэровизуалии гузаронидашуда собит намуданд, ки дар муқоиса бо мушоҳидаҳои

солҳои қаблӣ майдони пӯшиши қабати барф коҳиш ёфтааст. Бо вуҷуди гузаронидани корҳои тарғиботӣ ҳанӯз маърифати экологии шаҳрвандон дар сатҳи паст қарор дорад. Иддае то ҳол партовро ба ҷӯю рӯдхонаҳо ҳаво медиҳанд. Қисми дигар иқдом намекунанд, ки ба зери дарахти дар назди хонаашонбуда як сатил об резанд, то хушк нашавад. Абдусалим Ҷӯраев, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки дар масҷидҳои ҷомеи “Шоҳмансур” ва “Яккачинор”-и пойтахт дар мавзӯи тоза нигоҳ доштани муҳити зист, аз ҷумла, манбаъҳои об бо намозгузорон сӯҳбат доир гардид. Умед аст, ки чунин вохӯриҳо самара хоҳанд дод. Ба гуфтаи Хайрулло Ибодзода, бо мақсади пешгирии ифлосшавии манбаъҳои об моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат аксияи “Тозагии соҳил - 2014” гузаронида шуда, 988,55 км. каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳилҳои дарёҳо ва манбаъҳои дигари обӣ тоза гашта, аз соҳилҳо 4743,13 метри кубӣ партов бароварда шуд.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

- Дар шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 371 ҳазор шаҳрванди кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба соли 2013 109 ҳазор нафар кам аст, - гуфт вазир. Сумангул Тағоева сабаби коҳиш ёфтани теъдоди муҳоҷиронро дар он мебинад, ки ҳукуматдорони рус бо ҳар гуна сабаб ворид шуда-

ни муҳоҷирони кории тоҷикро ба дохили кишвари хеш манъ кардаанд. Яке аз чунин сабабҳо вайрон намудани қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик шумурда мешавад. Русия, ҳатто бо баҳонаи қарздор будани симкорти телефони мобилии муҳоҷирон вуруди эшонро ба қаламрави давлати худ ба муҳлатҳои гуногун, асосан, панҷ сол манъ мекунад. Ба андешаи бархе аз коршиносон натиҷаи муносибати сарди Русия бо кишварҳои Аврупо, аз боиси Украина, ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба кишвар низ таъсири манфӣ расондааст. Айни замон интиқоли маблағҳои муҳоҷирон барои наздикону пайвандон хеле коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардани занон низ поин рафтааст. Агар аз рӯйи ахбор тайи чанд сол пеш ҳар нуҳумин муҳоҷири тоҷикро зан ташкил медод, пас, ин рақам то даҳ нафар расидааст. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар миёни муҳоҷирони тоҷик, ки дар Федератсияи Русия машғули заҳматанд, зиёда аз 15 фоизашро занон ташкил медиҳанд.

Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

ИҚТИСОД

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

МУҲИТИ ЗИСТ

Н. ДАВЛАТ: «Фикри моро ҳам ба назар гиред» Нусратуллои Давлат, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 102,5 фоиз таъмин гардид. Яъне, ба буҷаи давлат 3 миллиарду 253 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 81,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Нусратуллои Давлат афзуд, ки қарзҳои баҳснок ҳоло 800 миллион сомониро дар бар гирифта, аз ин ҳисоб 519 миллион сомониаш ба нимсолаи аввали соли равон рост меояд. Муассисаю корхона ва ташкилотҳое номбар шуданд, ки ба андозаи хеле зиёд қарздоранд. Маълум шуд, ки ширкати «Барқи тоҷик» дар ин ҷода пешсаф аст. Ширкат то нимсолаи аввали соли равон ба андозаи 192 миллион сомонӣ қарздор будааст. Раиси Кумитаи андоз роҷеъ ба қарзҳои ширкатҳои мобилии кишвар изҳор намуд, ки дар фа- оиди қарзҳои корхонаю ташкилот ҳам ба назар мегирифтанд. - Навиштан, ин вазифаи шумо ъолияти онҳо қонуншиканиҳои ва муассисаҳо баҳс ба вуҷуд омад. зиёд ошкор гардидааст. Аз ин хо- Рӯзноманигорон аз он изҳори ни- - рӯзноманигорон аст, - изҳор тир, мақомоти андоз саъй доранд, гаронанд, ки андозҳо дар баъзе дошт Н. Давлат. - Лекин яктақарзҳои ҷойдоштаро ҳатман сито- маврид аз ҳад зиёд аст. Ин вазъ рафа нанависед. Дар ҳар мавнанд. Ба қавли Нусратуллои Дав- боис гашта, ки кор ба судбозиҳо рид, вобаста ба масоили андозу лат, масалан, аз ширкати «Вави- оварда расонад. Нусратулло Дав- андозситонӣ фикри мутахассисолон» бояд 341 млн. сомонӣ қарз лат аз он гила намуд, ки вобаста ни соҳаро ҳам ба назар гиред. Ин ба ҳар масоил хуб мебуд, агар ба манфиати кор хоҳад шуд. рӯёнда шавад. Дар нишаст байни роҳбарияти рӯзноманигорон фикру андешаи Т. ДАВЛАТ, «ҶТ» кумитаи мазкур ва рӯзноманигорон мутахассисони мақомоти андозро

Норасоиҳои соҳаи фарҳанг зиёданд Норасоиҳои соҳаи фарҳанг ҳанӯз хеле зиёданд, бахусус, вазъияти клубу китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, репертуари барномаҳои театрӣ, нарасидани кадрҳои ташаббускору болаёқат, базаи моддию техникии фарсудашудаи муассисаю корхонаҳо, мушкилоти нашрияву матбааҳои маҳаллӣ, суст ҷорӣ намудани технологияи замонавӣ. Дар ин самтҳо шаш моҳи соли равон корҳои муайян ба субут расонда шуда, аз буҷаи ҷумҳурӣ маблағҳои муайян пешбинӣ гаштанд, ки Вазорати фарҳанг бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли ин норасоиҳо ҳамкориҳоро идома дода истодааст. Дар ин бора Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ сухан кард. Вазири фарҳанг тазаккур дод, ки барои ҳалли баъ- театр ба ташаббуси барномаи театрии худи кормандони зе норасоиҳои соҳа на танҳо вазорат, балки худи он вобаста аст, чунки роҳбарону ҳунармандони театрҳое, муаассисаҳо муваззафанд. Барои мисол, вай соҳаи те- ки соати 10 ба кор меоянду соати 15 аз кор мераванд, атрро овард. “Барномаҳое, ки имрӯз театрҳо пешниҳод фақат барномаҳое, ки 10-15 сол пеш рӯйи саҳна оварда мекунанд, мутаассифона, на ҳама вақт тамошобин до- буданду имрӯз дар он навоварӣ дохил намекунанд, завқи ранд. Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки таваҷҷуҳи дигар имрӯзаи тамошобинро ба инобат намегиранд, тафаккукишварҳо ба театр ва ба ин намуди санъат бештар аст, дар ри бозоргонӣ надошта бошанд, онҳо чӣ гуна муваффақ кишвари мо бошад, бениҳоят паст. Пеш нарафтани соҳаи мешаванд? Он чизе, ки ба давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ

вобаста аст, ба хубӣ иҷро мешавад, яъне, маблағҳои хеле калон ба ин соҳа ҷудо мегардад. Масалан, дар як сол ба Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ ва ба Театри академӣ-дарамавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳудуди 1 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст”. Зикр гардид, ки бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия барои довталабони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи фарҳанг барои соли таҳсили 2014-2015 52 ҷой ҷудо кардааст. Барои таҳсил дар ин муаасисаҳо 43 нафар, аз ҷумла, 5 нафар барои таҷрибаомӯзӣ ва 2 нафар ба аспирантура ҳуҷҷат супориданд, ки айни замон ба Русия барои супоридани имтиҳони эҷодӣ равона гардидаанд. Дар доираи амалӣ намудани “Барномаи рушди санъати театр” 10 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бо ихтисосҳои актёри театри лӯхтак, актёри драма ва ражиссёри театр барои таҳсил фиристода шуданд.

e-mail: javonontj@mail.ru

ФАРҲАНГ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

4

МАОРИФ

НАҚЛИЁТ

Нуралӣ Шоев: “Дарс хондан намехоҳӣ, хизмат рав” Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дарсшиканӣ аз тарафи донишҷӯён яке аз проблемаҳои асосии донишгоҳи мазкур аст. Вай зарур медонад, ки барои бартараф намудани проблемаи мазкур бояд як барномаи умумиҷумҳуриявӣ дар бораи масъулияти донишҷӯ оид ба гирифтани таълим омода шавад. “Бигзор Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қонун, қарор ва ё ягон ҳуҷҷат дар бораи масъулияти донишҷӯ барои гирифтани таҳсилоти олии рақобатпазир тартиб диҳад. Тибқи ин қонун донишҷӯе, ки 36 соат дарсшиканӣ мекунад, рафта дар Артиши миллӣ ду сол адои хизмат кунад. Вазорати маориф ва илм низомномаи худро дорад, ки донишҷӯ 36 соат дарсшиканӣ кард, аз муассисаҳои таълимии олии касбӣ хориҷ мешавад. Вале манзур ин аст, ки донишҷӯ 36 соат дарсшиканӣ кард, аз донишгоҳ хориҷ нашавад, балки ба Артиши миллӣ равон гардад. Бо ин роҳ метавон сатҳи дарсшиканиро то ҷое коҳиш дод”, гуфт ректор. Нуралӣ Шоев ёдовар шуд, ки дар Ҷопон барои пешгирии чунин мушкилот модели хубе ба роҳ мондаанд. Ҳамаи сохторҳои ҷомеа ба донишҷӯи пешрафта муҳтоҷанд. “Масалан, вазорате мегӯяд, ки ман дар 40-50 корхонаи худ фалон қадар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти

олии касбиро ба кор қабул мекунам. Дигар корхонаю ширкатҳо низ чунин мекунанд. Дар он ҷо системаи ҳавасмандгардонӣ барои донишҷӯён ба таври бояду шояд ба роҳ монда шудааст, то донишҷӯ бо шавқу ҳавас ва дилпурона таҳсил намояд. Ҳамин системаро (муҳтоҷ будан ба донишҷӯи пешрафта) мо бояд дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кунем, то донишҷӯёни мо дигар дарсшиканӣ накунанд. Имрӯз

дар ҷомеаи мо вазоратҳо дар киштии худашон шино мекунанд, мо дар киштии худамон. Ин киштиҳо, қариб ки якдигарро намебинанд”. - Аксари донишҷӯён баъди хатм шикоят мекунанд, ки дар мамлакат ҷойи кор нест, аммо онҳо хатои бузург мекунанд. Дар кишвар ҷойи кор бисёр аст, лекин хатмкунандагони таълимгоҳҳои олӣ бо дониши худ ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд. Масалан, дар як сол донишгоҳи моро 200 нафар донишҷӯ бо ихтисоси молия ва қарз хатм мекунанд, лекин ин маънои онро надорад, ки ҳамон 200 нафар метавонанд дар бозори озоди меҳнат ҷойи кор ёбанд, чунки дар озмуни озод аксари онҳо бо дониши доштаи худ мумкин гузашта натавонанд. Дар ин танҳо масъулият ва дониши худи донишҷӯ ба кор хоҳад рафт, - афзуд Нуралӣ Шоев.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ 18 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон тавассути нақлиёти истифодаи умум ҳаҷми боркашонӣ 9,4 миллион тонннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 3,8 фоиз зиёд аст. Дар ин давра ба 89,8 миллион мусофир хизмат расонида шудааст. Аз ҳаҷми умумии мусофирбарӣ 542,2 ҳазор мусофир ба нақлиёти ҳавоӣ ва 211,4 ҳазор мусофир ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд. - Дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ, тавассути нақлиёти автомобилии байналмилалии 37 давлати хориҷи дуру наздик ва ширкатҳои ватанӣ 654,5 ҳазор тонна бор ва 49,3 ҳазор мусофир интиқол гардид, ки нисбат ба соли 2013 боркашонӣ 30,2 фоиз ва мусофирбарӣ 50,3 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳиссаи автомашинаҳо дар ҳамлу нақли байналмилалӣ 49,8 фоизро ташкил дод. Фурӯдгоҳҳои кишвар дар ҷамъбаст (гусел ва қабул) ба 1156,6 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд. Ҳаҷми интиқоли бор ва почта аз фурӯдгоҳҳои мамлакат дар ин давра 2768,6 тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли 2013 мутаносибан мусофирбарӣ 7,1 фоиз ва боркашонӣ 17,9 фоиз зиёд гардидааст, - гуфт Х. Асозода. Инчунин, зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 13,6 километр роҳ таъмир ва 796 километр роҳ шағалпӯшу сангфарш ва 18 пул таъмиру барқарор гардиданд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ОБЁРӢ

14424 метр корҳои соҳилмустаҳкунӣ дар шаш моҳ

257 нафар аз ДМИТ хориҷ шуданд Ашӯрбой Солиев, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ 17 июл қайд намуд, ки соли таҳсили 2013-2014 дар донишкада бо сабаби вайрон кардани тартиботи дохилӣ ва мунтазам иҷро нагардидани талаботи умумидонишкадавӣ ба 189 нафар донишҷӯ муҷозоти интизомӣ дар шакли «сарзаниш» ва ба 172 нафар «танбеҳ» татбиқ гардид, ки нисбат ба соли гузашта 18 фоиз камтар аст.

Ҳаҷми боркашонӣ - 9,4 миллион тонна

ДДЗТ ба низоми кредитӣ гузашт

Ҳамзамон, садорати факулта бо зиёда аз 200 нафар волидайни донишҷӯёне, ки ба вайрон кардани талаботи дохилидонишкадавӣ роҳ додаанд дар алоҳидагӣ суҳбат гузаронд. Инчунин, дар нимсолаи аввали соли таҳсили ҷорӣ 257 нафар донишҷӯ хориҷ шуда, 248 нафар дар курсашон барқарор шуданд. Донишкадаро имсол 1206 нафар хатм намуданд. 42 нафар соҳиби дипломи аъло шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 19 нафар зиёд аст. - Дар давраи сессияи имтиҳонии тобистона аз 2686 нафар донишҷӯи курсҳои 1-3-и шубаи рӯзона 2012 нафар имтиҳонҳоро пурра супориданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 фоиз бештар аст. Аз теъдоди умумии донишҷӯён 478 нафар ё 17,8 фоиз имтиҳонҳоро пурра бо баҳои хубу аъло супориданд, - афзуд ректори донишкада.

Хуршедҷон Зиёев, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 17 июли сои ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли таҳсили 2013-2014 аввалин маротиба магистратураи донишкадаро 13 нафар бо ихтисоси забони англисӣ хатм намуданд. Ҳамзамон, донишкада пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаштааст, ки шуруъ аз имсол донишҷӯён системаи бакалавр ва магистрро хатм мекунанд. - Вазифаи асосии донишкада тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон, омӯзгор ва тарҷумони оянда аз 10 забон дар 20 ихтисос аст. Дар оянда нақша дорем, ки магистрҳоро дар забонҳои русӣ ва олмонӣ тайёр намоем, - гуфт ректори ДДЗТ. Х. Зиёев қайд кард, ки давомоти донишҷӯён дар давоми сол ба ҳисоби миёна 92 фоизро ташкил дод. Сессисияи зимистона бо дараҷаи азхудкунии 80,4 фоиз ва давраи фаъоли сессисияи тобистона бо дараҷаи азхудкунии 69 фоиз ҷамъбаст гардид, ки нисбати соли гузашта камтар мебошад. Сабаби кам гардидани азхудкунӣ пурра ба системаи кредитӣ гузаштани донишкада буд. Имсол 540 нафар (17 нафар бо дипломи аъло) донишкадаро хатм намуданд.

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба 14312 хоҷагии шаҳру ноҳияҳо дар асоси шартнома хизмат расонд. Аз миқдори умумии заминҳои обӣ 280,8 ҳазор гектар тавассути 384 адад пойгоҳи обкашӣ ва 531 адад чоҳи амудӣ обёрӣ карда мешаванд.

Тибқи дархости истифобарандагон дар ҳаҷми 1,8 миллиард метри мукааб оби полезӣ бо арзиши 30,3 миллион сомонӣ хизматрасонӣ намудаанд. Пардохти ҳаққи истифодаи он ба 18,7 миллион сомонӣ (61,5 фоиз) баробар аст. Ҳомид Ҳасанзода, директори агентӣ зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ “Дар бораи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20102014” дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба

маблағи 4041 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонида шуда, дар масоҳати 4997 гектар ҳолати заминҳо беҳтар карда шудааст, ки 52 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумот дар ҷумҳурӣ 749,6 ҳазор гектар заминҳои корам мавҷуд аст. - Дар нимсолаи аввал дар 14424 метр корҳои соҳилмустаҳкунӣ гузаронида шуд. Барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои солҳои 2011-2015 275,5 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, - афзуд Ҳ. Ҳасанзода.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


Кишти такрорӣ боиси фаровонии бозор Тайи шаш моҳи соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 4,6 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 бо нархҳои муқоисавӣ 6,0 дарсад зиёд аст. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 13,7 ва 4 дарсадро ташкил дод. бештар гаштани маҳсулоти сервитамин хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 190 адад мегардад. Аз майдони 62,99 гектар то 8 расонида шуд. Ин нисбат ба давраи то июни соли равон ба миқдори 1264,4 тон- қабули барнома 182 адад зиёд мебошад. на помидору бодиринг ва дигар сабзавот Тайи шаш моҳ хоҷагиҳои моҳипарварӣ рӯёнида шуд. 330,7 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, Бинобар амалишавии Барномаи ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта рушди соҳаи моҳипарварӣ шумораи 18,2 тонна зиёд мебошад.

ТАРТИБОТ

Имсол бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки бо ин мақсад 200 оилаи занбӯри асал бо тамоми таҷҳизоташ, инчунин, доруворӣ ва хӯрокворӣ харидорӣ гардида, дар мувофиқа бо МИМҲД шаҳру ноҳияҳо ба занбӯрпарварон дастрас шуд. Ба гуфтаи муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ҷамила Саидова ҳоло тухмии зироати барои ҷумҳурии мо нав – «Квипоя» дастрас шудааст, ки аз витамину микроэлементҳо бой мебошад. Оянда майдони кишти квипоя, батат, топинамбур, соя ва дигар зироатҳои равғандору содиротбоб бештар мешавад.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

9339 ҷиноят дар шаш моҳ Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 9 ҳазору 339 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 7 ҳазору 933 ададаш ошкор гардидааст. Ин нуктаро вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон 18 июл зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Раҳимзода Рамазон гуфт, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо аъзогии 61 нафар муайян ва дастгир шудааст, ки дар содир намудани 98 ҷинояти махсусан вазнин даст доштаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус 49 нафар аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, 39 нафар аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва 9 нафар аъзои гурӯҳҳои бандитӣ дастгир шудаанд. Аз ҷониби онҳо 169 ҷиноят

содир гардидааст. Вазири корҳои дохилӣ изҳор намуд, ки дар нимсолаи аввал 11 ҳолати ғариқонунӣ додани таълимоти динӣ, ки дар он 356 нафар ноболиғ ва ҷавон ба таҳсил фаро гирифта шуданд, инчунин, 219 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмӣ ошкор шуда, нисбат ба 921 қонунвайронкунанда ва волидайни онҳо чораҳо андешида шудааст. Дар ин давра 481 ҷинояти мансуб ба хариду фурӯши одамон ва 13 ҷиноят дар самти ам-

нияти иттилоотӣ кушода шуда, аз 17 ҷинояти роҳзанӣ 13 ҳолати он ошкор гардид. Қаллобӣ нисбатан зиёд гардида, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 1606 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 312 ҳолат зиёд мебошад. Аз ин 1317 ҳолат ошкор гардидааст. Раҳимзода Рамазон аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва ноболиғон изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар ин самт тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Вобаста ба ин, вазир гуфт, дар ин давра аз тарафи ноболиғону ҷавонон 3062 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Дар ин давра 6 ҳолати муноқишаҳои гурӯҳӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ як нафар хонандаи мактаби миёна ба ҳалокат расидааст.

Комилзода Абдувалӣ, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаҳои генералии 35 шаҳру ноҳия таҳия гардидааст.

соли охир ба ин масъала диққати махсус дода мешавад. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, шумораи ғарқшудагон аз 28 нафар дар соли 2013 ба 31 нафар дар 6 моҳи соли равон расидааст. Аз 31 нафари ғарқшуда то синни 17-сола 11 нафар – 10 мард ва 1 зан буда, аз 17-сола боло 20 нафар - 15 нафар мард ва 5 нафар зан мебошанд. Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ наҷотдиҳандагони кумита дар 149 амалиёти кофтукобӣ-наҷотдиҳӣ иштирок намуда, 26 нафарро наҷот доданд. Инчунин, дар натиҷаи корҳои бартарафкунии наҷотдиҳӣ, сангрезӣ, гузаронидани корҳои кофтукоби рӯиобӣ ва зериобӣ 21 ҷасад дарёфт шудааст.

Ба иттилои ӯ, “то имрӯз дар пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии кумита таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру навоҳии Панҷакент 98%, Бохтар - 75, Абдураҳмони Ҷомӣ - 55, Восеъ 90, Ғончӣ - 90, Ҷаббор Расулов - 45, Мурғоб - 40, Варзоб - 40, Ашт - 40 ва Мастчоҳ 5% коркард шудаанд”. Инчунин, ба гуфтаи Комилзода, нақшаҳои генералии шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Темурмалик, Ҷалолиддин Румӣ, Дарвоз, Спитамен, Муъминобод, Ванҷ, Сарбанд ва Қайроққум пурра ба анҷом расида, дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Комилзода Абдувалӣ зикр намуд, ки тибқи нақша тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то соли 2015 анҷом ёбад. Қайд шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 2 миллиарду 833 миллион сомонӣ истифода шуд, ки 128,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 686 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ 1 миллиарду 608 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил доданд. Комилзода Абдувалӣ арзиши хонаҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ нисбат ба дигар кишварҳо арзонтар арзёбӣ намуда, гуфт, дар ин муддат ба масоҳати умумии 307 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 4 ҳазору 114 ҷой, муассисаҳои томактабӣ барои 50 ҷой ва дармонгоҳ барои 193 нафар қабул ва дар як баст ба истифода дода шуданд.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

ҲОЛОТИ ФАВҚУЛОДДА

52 ҳолати фавқулодда дар 6 моҳ 17 июли соли равон вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст раиси кумита Хайриддин Абдураҳимов вобаста ба корҳои анҷомдодашуда ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Хайриддин Абдураҳимов гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷамъ 52 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омадааст, ки аз он ба ВМКБ 12, Хатлон - 9, Суғд - 4, Рашт - 19, Ҳисор - 4 ва Душанбе 4-то рост меояд. Бар асари ин ҳаводис 27 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин дар ҳолест ки дар нимсолаи аввали соли гузашта ҳаводиси фавқулоддаи таббиӣ 52 ва шумораи фавтидагон 9 нафарро ташкил медод. Таъкид гардид, ки дар ин давра маблағи хисорот аз ҳолатҳои фавқулоддаи таббиӣ ба 39 миллиону 896 ҳазору 900 сомонӣ баробар шуд. Ин адад дар нимсолаи аввали соли 2013 60 миллиону 389 ҳазору 800 сомониро ташкил додааст. Ба гуфтаи роҳбари кумита сол ба сол афзоиш ёфтани ҳодисаҳои ғарқшавии одамон боиси ташвишу нороҳатӣ гардидааст. Аз ин рӯ, давоми ду

Вусъати корҳои сохтмонӣ

e-mail: javonontj@mail.ru

Давлаталӣ Ҳотамов, муовини аввали вазири кишоварзии ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон баҳри самаранок ва оҷилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замини обӣ ва гирифтани на камтар аз ду ҳосил аз як майдон хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил дар масоҳати 40 737 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 аз 108% то 3,4 маротиба зиёд мебошад. Ин раванд идома ёфта, умед аст, ки боиси фаровонии сабзавоту полезиҳо ва арзонии нархи маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мешавад. Дар шароити ҷумҳурии мо бунёди гармхонаҳо самараи хуб дода, боиси

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

5

КИШОВАРЗӢ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

6

РУШДИ МАҲАЛ

Ҳисор яке аз калонтарин ва сераҳолитарин ноҳияҳои мамлакат буда, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2015 3000-солагии он ҷашн гирифта мешавад. Усмон Сабзов, раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки чанде пеш доир шуд, оид ба ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон сухан карда, ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас дод. Фишурдаи онро пешкаш месозем. - Ноҳияи Ҳисор яке аз таъминкунандагони асосии пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чӣ қадарро ташкил дод? - Ҳақиқатан кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб рафта, қариб 70 фоизи даромади маҷмӯи маҳсулоти умумии ноҳия ба он рост меояд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 7711 тонна зироатҳои ғалладона, 1418 тонна картошка, 3668 тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст. Тайи ин муддат 2459 тонна гӯшт, 14543 тонна шир, 535 ҳазор дона тухм, 49 тонна пашм, 30 тонна асал истеҳсол гардид, ки тамоми ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд. Мо дар бозори марказии ноҳия, гузаргоҳи кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва шаҳраки Ҳисор, инчунин, дар шаҳраки Шарора “Гӯшаи деҳқон” ташкил кардем. Дар ин нуқтаҳо нархҳо нисбатан арзонанд, зеро харидор маҳсулоти заруриашро аз дасти аввал мегирад. Масалан, як кило гӯшти гов 30-32 сомонӣ, помидор 1-1,2 сомонӣ, картошка 1-1,5 сомонӣ, пиёз 1-1,2 сомонӣ аст. Кишоварзони ноҳия ғайр аз бозори шаҳраки Ҳисор, инчунин, бозорҳои пойтахтро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекунанд. Ҳарӯз ба Комбинати шири шаҳри Душанбе 23 тонна шир мефиристем. То якуми июли соли равон дар майдони 909 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 қариб 195 дар сад зиёд аст. Ҷамъоварии ҳосили ин майдонҳо низ, Худо хоҳад, боиси фаровонии маҳсулот ва арзонии нархи бозор мешаванд. - Корҳои омодагӣ бахшида ба 3000-солагии Ҳисор чӣ гуна ҷараён доранд? - Ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор исботи ташаббуси таърихӣ ва наҷибонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафт ва ободии ин диёри бостонӣ мебошад. Вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ қарори раиси ноҳияи Ҳисор аз 23 августи соли 2013, таҳти №2287 ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ тасдиқ шуданд. Моҳи октябри соли 2013 рӯйхати 198 иншооти ҷашнӣ, ки бо ташаббуси соҳибкорони ноҳия бу-

нёд мешаванд, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гашт. Мувофиқи он аз ҷониби соҳибкорон то таҷлили ҷашн дар ҳудуди ноҳия як қатор иншоот, аз ҷумла, 7 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1610 ҷой, боғчаҳои кӯдакона ва муассисаҳои томактабӣ барои 1330 ҷой, 16 беморхона, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо ғунҷоиши 723 манзил ба истифода дода мешаванд. Аз ин ҳисоб дар ноҳия 14085 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. То имрӯз дар 65 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин дар 70 иншоот корҳои лоиҳакашию банақшагирӣ пурра ба итмом расонда шуданд.

рӯзафзуни ҷомеа, беҳтар намудани шароити замон, боло бардоштани фарҳанги ҳуқуқии онҳо, муҳофизати манфиатҳои иҷтимоӣ ва ба меҳнати созанда равона намудани онҳо яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат дар марҳилаи имрӯза ба ҳисоб меравад. Дар ин самт нақши калидиро рушду инкишофи минбаъдаи соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити созгори раванди тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии онҳо ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ташкил медиҳад. Соли таҳсили 2013-2014, ки чанде пеш ҷамъбаст гардид, дар 140 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияю литсейҳои ноҳия зиёда аз 55 ҳазор хо-

водии Ҳисор” чоп шуд, ки ба наздикӣ дастраси хонандагон мешавад. Ҳоло “Роҳнамои сайёҳии Ҳисор” ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ низ омодаи чоп аст. Нашри ин роҳнамо ва дар сомонаҳои туристӣ ҷой доданаш боиси ҷалби сайёҳони хориҷӣ хоҳад гашт. Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор озмуни сенариянависон эълон кардааст. Аҳли эҷоди ноҳия низ омода ҳастанд, ки сенария пешниҳод намоянд. Ҳоло дар ноҳия 9 нафар узви Иттифоқи нависандагон ва 22 нафар узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон кор мекунанд. Вобаста ба таърихи диёр мақолаҳо ба табъ расида, дар радиову телевизион барно-

Ҳисор: То соли 2022 иншооти зиёди замонавӣ қомат хоҳанд афрохт

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди ноҳия мо аз 1 июли соли равон то 1 сентябри соли 2015 450 рӯзи ободонӣ ва созандагӣ эълон намудем. Бо мақсади рӯҳбаланд намудани сокинони кӯчаю маҳалла ва деҳаҳо озмунҳои гуногун, аз қабили “Маҳаллаи беҳтарин”, “Деҳаи беҳтарин”, “Ҷамоати беҳтарин” ва ғайра ба роҳ монда шуданд, ки натиҷаи он ҳар семоҳа ҷамъбаст шуда, ғолибон бо туҳфаю ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ мешаванд. - Дар самти иҷтимоиёт чӣ корҳо анҷом дода мешаванд? - Масъалаҳои иҷтимоиёт, бахусус, инкишофи соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ, масъалаҳои ҷавонон, рушди варзиш, баланд бардоштани сатҳи ахлоқу маънавиёти онҳо, ҳалли проблемаҳои

нанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳия 2 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, мактабинтернати низомаш махсус воқеъ дар деҳаи Хирманак ва мактаб-интернати кӯдакони нобино ва сустбин воқеъ дар шаҳраки Ҳисор, инчунин, хона-интернати ҷумҳуриявии беморони касалиҳои рӯҳӣ ва 93 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санаторӣ ва статсионарӣ фаъолият доранд. Доир ба тарғиби ёдгориҳои таърихӣ кадом корҳо ба анҷом расиданд? - То ин дам китоби С. Одинаев ва Ф. Азизов бо номи “Ҳисори Шодмон”: аз бостон то ин замон” ба табъ расид. Ҳамчунин, 90 дарсади “Донишномаи Ҳисор” омода шудааст. Ин китоб то охири соли равон ба табъ хоҳад расид. Бо забони русӣ китоби “Ёдгориҳои меъмории

маву гузоришҳо таҳия мешаванд. Ҷашни Ҳисор бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба феҳристи яке аз муътабартарин ташкилоти ҷаҳонӣ - ЮНЕСКО ворид гардида, ба рӯйхати ҷашнҳои таърихию фарҳангӣ, ки баргузории он моҳи сентябри соли 2015 ба нақша гирифта шудааст, дохил шуд. Ҳар моҳ ду бор Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба корҳои омодагӣ ошно шуда, бо иштироки васеи фаъолони ноҳия масъалаҳоро баррасӣ мекунад. Барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳо медиҳад, то иншооти ҷашнӣ дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд супурда шаванд. Илова бар ин, мо ҳар моҳ чор маротиба дар ситоди ноҳиявӣ ҷамъ омада, ҳолати корро таҳлил менамоем. Тибқи нақшаи генералӣ дар маркази ноҳия маҳаллаи 8-ум бунёд мешавад, ки дорои хонаҳои баландошёна, иншооти фарҳангӣ, марказҳои савдою фароғатӣ ва инфрасохтори замонавӣ хоҳад буд. Тибқи “Барномаи рушди ноҳияи Ҳисор” то соли 2022 боз иншооти зиёди замонавӣ қомат хоҳанд афрохт. Вазъи роҳҳои ноҳия, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, шабакаҳои обу корез хеле беҳтар хоҳанд шуд. Боварӣ дорам, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мардуми сарбаланду шарафманди ноҳия минбаъд низ корҳои зиёди созандагию ободонӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ амалӣ гардида, зиндагии осудаю рӯзгори ободи онҳо таъмин мегардад.

С. СУННАТӢ, «ҶТ»


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз рӯзҳои баъд аз ҳуҷуму шикастхӯрии Маҳмуд Худойбердиеви хоин дар ҳолати бениҳоят эҳсосоти баланди ватандорӣ ба мардум муроҷиат намуда гуфта буд, ки «Мо, тоҷикону тоҷикистониён силоҳи атомӣ, силоҳҳои пуриқтидори муосири қатли ом надорем ва бузургтарин силоҳи мардуми мо ваҳдату ягонагӣ ва дӯстӣ асту бас». Бо хулоса аз ин маъниҳо ва вазъи ноороми имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки таъсири манфиаш ба Тоҷикистони азизи мо ҳам расидааст (ҳодисоти шаҳри Хоруғ), мо, тоҷикону тоҷикистониён ба ин силоҳи муқтадир бояд такя намоем. Дар руҳияи баланди ватандорӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстии комил тарбия намудани кӯдакону

Зодгоҳамон ибтидои Тоҷикистон аст наврасону ҷавонон беш аз пеш аҳамияти даркорӣ диҳем ва дар ин ҷода аз сарфу хароҷоти дилхоҳ маблағ наҳаросем. Агар як насли ҷавонро тавонем, ки дар ин рӯҳия ба камол расонем, баробари даҳсола корамон хоҳад буд. Ба қавли шоир: Мӯрчагон, гар бикунанд иттифоқ, Шери жаёнро бидаронанд

гирифта, бо супориши бевоситаи Сарвари давлат дар давраи имсолаи истироҳати тобистонаи мактаббачагон гурӯҳи калоне аз мактаббачагони синфҳои болоии шаҳри Хоруғ ба лагерҳои истироҳатию солимгардонии «Чайка» (30 нафар), «Обшорон» (30 нафар) ва «Орбита» (14 нафар) фаро гирифта шуданд. Аз суҳбат бо роҳбаладони онҳо Аёмбек Амирбеков, сар-

азёд медонанд. Ҳамсуҳбати мо афсӯс хӯрд, ки бинобар дурӣ ва қиматии роҳкиро сафарҳои намояндагони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба Бадахшон ва худи сокинони вилоят ба дигар манотиқ хеле маҳдуд аст, ки ин ҷиҳат таъсири манфии худро мерасонад. Дар муқобили ин, хушҳолию миннатдории худро аз ин иқдоми пешгирифтаи

пӯст. Тавре медонем, аз сарзамини замоне паҳноварамон алҳол ба мо порчае расидааст, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Мутаассифона, даҳсолаҳо имкон надоштем, ки алоқаи дурусти байни минтақаҳои кишварро ба роҳ монем. Кам набуданд онҳое, ки умри худро гузаронда, аз деҳаву шаҳру вилояти худ берун набаромаданд. Аз мавзеъҳои дигари мамлакат огоҳие надоштанд ва агар доштанд шунидаҳояшон буданд. Ҳоло ҳам ба он нигоҳ накарда, ки роҳҳои омаду рафт фароҳам омадаанд, бо сабабҳои маълум буҷаи кам оилаҳое имконият медиҳад, ки худ ва фарзандонашон аз зодгоҳ берун бароянд. Маҳз, ҳамин омилҳоро ба назар

мутахассиси Шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ маълум гардид, ки ин сафари аввалини бачаҳо берун аз марзи вилоят буда, бори аввал аз пойтахти Ватанамон - шаҳри Душанбе дидан намудаанд. Маҳз бо иллати мавҷуд набудани имкони муошират бо сокинони дигар кишвар онҳо бо забони маҳаллии худ гуфтугӯ менамоянд ва дар гуфтугӯ бо забони давлатӣ мушкилӣ мекашанд, вале бинобар дар ҷавҳарашон мавҷуд будан, аллакай дар чанд рӯз бо ҳамсолонашон аз дигар минтақаҳо ба осонӣ бо забони софи тоҷикӣ дар гуфтугӯ шуданд. Дар муҳлати чанд рӯз суруди гурӯҳро бо тоҷикӣ азёд намуда, тартиби додани гузоришҳоро низ ёд гирифтанд. Суруди миллиро бошад, онҳо

роҳбарияти ҷумҳурӣ, муомилаву муносибати ғамхорона, хизматрасонии хуби роҳбарияти Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ, масъулон ҳайати хизматрасонии истироҳатгоҳҳо пинҳон карда наметавонист. Гурӯҳи мактаббачагон аз шаҳри Хоруғи ВМКБ зуд бо дигар бошандагони лагерҳо унс гирифта, алоқаҳои дӯстона барқарор намуданд. Дар гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-варзишӣ фаъол буданд. Ҳатто бо арзи миннатдорӣ бо роҳбарии А. Амирбеков ва роҳбари бевоситаашон Барзу Фидолиев, омӯзгори МТМУ №2-и шаҳри Хоруғ бо истифода аз анъана ва таҷрибаи пешқадами гузаштагон майдончаеро аз сангу шағал тоза ва «Бадахшон» ном гузоштанд. Иқрор

бояд шуд, ки синну соли мактабачагони аз шаҳри Хоруғ ба истироҳат омада, аз синну соли дигар истироҳаткунандагон калонтар аст ва ин дар ибтидо масъулони лагерро қадре безобита ҳам кард. Вале ташвиши онҳо ботил баромад ва гурӯҳи «Боми ҷаҳон» аз ҳама ҷиҳат худро ба таври мусбат нишон дод, чӣ одобу аҳлоқ, чӣ интизому иштироки фаъолона дар чорабиниҳо. Ҳатто ҳис мешуд, ки ҷудоӣ аз ёру дӯстони нав барояшон осон нест. Дилу бедилон ба сафар омодагӣ мегирифтанду шитоб надоштанд ва такрор ба такрор бо рафиқон, роҳбарияти лагер, ҳайати хизматрасонии он дар хайру хушу дастафшонӣ мешуданду ҳатто дар дохили мошинҳо суруди гурӯҳи худ «Аз Тоҷикистонем мо»-ро зам-зама мекарданд. Гусели онҳо низ хеле хотирмон сурат гирифт. Субҳи хеле барвақт барои бачаҳо ва ронандаҳо субҳонаи хеле хуб, бо иловаи ширчойи маъмули тоҷикӣ, ки дар Бадахшон фаровон истеъмол менамоянд, омода гардид. Ҳамчунин, тӯшаи роҳи казоӣ ба дасти масъулонашон супурда шуд, то дар роҳи дароз азоби гурснагӣ накашанд. Аз чунин муносибату ғамхорӣ дар чашмони онҳо хушҳолию миннатдориро бе мушкилӣ дидан мумкин буд. Наврасоне, ки то ба ин сафар берун аз зодгоҳи худ по намонда, шояд ба ин дараҷа зебоии табиати дараи Варзоб, ҳашамату шукуфоии пойтахти Ватани азизро танҳо аз тариқи оинаи нилгун дидаанд. Аз суҳбат бо чанд нафар аз мактаббачагон аз шаҳри Хоруғ, мисли Ҳасан Абдураҳмонов, сардори гурӯҳ, Гулазизи Нӯшервон, Ардашер Гулобов, Ғулом Ғуломов, Озоди Орзумамад, Фирӯз Ҳайдармамадов дарёфтем, ки аз ин иқдоми неку ғамхорона хеле хурсанданд. Он чашми онҳоро ба одаму олам боз кард. Тасаввуроту андешаҳояшонро бо бардошт аз рӯйдоду воқеоти нохуби дар шаҳрашон рухдода тамоман дигар намуд. Боварии комил пайдо карданд, ки Ватан, ҷаҳон дар Бадахшон тамом намешавад, балки шурӯъ мегардад ва зодгоҳи ҳар кадоми мо ин як ҷузъ, ибтидои Тоҷикистони азиз мебошад.

Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»

САЛОМАТӢ

Камҳаракатӣ боиси беморӣ дар пирӣ Олимони амрикоӣ муайян карданд, ки камҳаракатӣ дар ҷавонӣ хатари дар миёнсолӣ гирифтори бемории қанд шуданро зиёд мекунад. Муҳаққиқон аз соли 1984 дар ин хусус таҷриба гузаронида, муайян карданд, ки агар ҷавонон дар 18-30-солагӣ ҳаёти камҳаракатӣ гузаронида бошанд, дар 40-45-солагӣ

дар онҳо се маротиба бештар нишонаҳои диабети қанди типи 2 мушоҳида шудааст. Аз ин рӯ, олимон тавсия медиҳанд, ки ҷавонон аз ҳад зиёд ба компютер, телевизор

ва мошинсаворӣ дода нашуда, ба пиёдагардӣ ва варзиш машғул шаванд.

С. АМИНИЁН, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Деҳқони асил, ботаҷрибаву кордон аз як замин то се ҳосилро дар як сол чӣ ки, дар як фасл бардошта метавонад. Ба ҳамин монанд, дар ҳама соҳаҳо метавон ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардид, ба шарте тадбирҳо оқилона роҳандозӣ гарданд. Аз ин нуқтаи назар, нақши истироҳатгоҳҳои кӯдакону наврасони солҳои шӯравӣ маъруф бо номи «лагерҳои пионерӣ» дар тарбияи насли наврас, солимгардонии онҳо ниҳоят муҳим мебошанд. Бо шарофати онҳо дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ба бисёр пешравиҳо ноил гардидан мумкин, ба шарте ки истироҳат гуфта, фақат хӯрдану хоб кардани бачаҳоро дар назар надошта бошем ва шиори “аз сар соқит намудани масъулиятро бо илоҷе намуда, гузаронидани давраи истироҳатии мактаббачагон” мақсади худ қарор надиҳем.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

7

ТАРБИЯ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

8

ҲАМКОРӢ

Таваҷҷӯҳи сайёҳони Покистон ба Тоҷикистон зиёд аст Оғози ҳафтаи равон Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарвари ширкати сайёҳии “Singular tours”-и Покистон Муҳаммад Шаҳзод мулоқот намуд. Руслан Шодиков ба меҳмонони покистонӣ дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон маълумот дода, аз ҷумла, чунин гуфт: - Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳаи туризмро яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ мешуморад. Тамоми санадҳои ҳуқуқӣ барои рушди соҳа омода шудаанд. Солҳои охир бунёди иншооти туристӣ дар мамлакат вусъат ёфта истодаанд. Инфрасохтори туризм низ дар ҳоли пешравӣ аст. Меҳмонхонаҳои «Ҳаят Реҷенсӣ», «Серена-Душанбе», «Шератон», ки навбунёданд, теъдоди зиёди сайёҳонро қабул намуда, ба дараҷаи олӣ хизматрасонӣ карда метавонанд. Пас аз як моҳ калонтарин меҳмонхонаи Осиё дар шаҳри Душанбе ба истифода дода мешавад. Муҳаммад Шаҳзод аз истиқболи гарм изҳори сипос намуда, гуфт: “Мо аз лиҳози фарҳангиву мазҳабӣ ба мардуми тоҷик муштаракоти зиёд до-

рем. Тоҷикистон як кишвари хушманзара ва дорои обу ҳавои тоза аст. Ман соли гузашта 200 нафар сайёҳро тавассути хатсайри ҳавоии Лоҳур-Тошканд аввал ба Ӯзбекистон, сипас, тавассути роҳи заминӣ ба Хуҷанд ва баъдан ба Душанбе овардам. Тоҷикистон барояшон писанд омад, вале набудани хатсайри ҳавоӣ сайёҳонро хаста кард. Хуб мешуд, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон хатсайри ҳавоии Душанбе-Лоҳур ифтитоҳ шавад. Лоҳур яке аз бузургтарин шаҳрҳои Покистон ба шумор меравад. Аҳолии он аз 6 миллион нафар зиёд аст. Дар ин шаҳр масҷиди қадимаи «Подшоҳӣ», мақбараи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, осорхонаҳои сершумор, Манораи Покистон ва корхонаҳои зиёди саноатӣ ҷойгиранд. Нархи маҳсулот арзон аст, ки боиси ҷалби тоҷирон мешавад”. - Мо низ ҷонибдори ифтитоҳи хатсайри мазкур ҳастем, - гуфт Р. Шодиков. – Аз ин рӯ, дар масъалаи мазкур пешниҳоду дархости худро ба Вазорати

нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкатҳои ҳавонавардии кишвар оид ба ифтитоҳи ин хатсайр мефиристем. Муҳаммад Шаҳзод аз он мисол овард, ки бинобар мавҷуд будани хатсайр миёни Покистон ва Ӯзбекистон ҳаҷми робитаҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар торафт меафзояд. - Бо ифтитоҳи хатсайри мазкур на танҳо рафту омади сайёҳон зиёд мешавад, балки ҳаҷми муомилоти иқтисодӣ низ миёни Тоҷикистону Покистон боло меравад, – афзуд Муҳаммад Шаҳзод. – Ман дар бораи зебоиҳои табиати дилфиреби Тоҷикистон, таърихи ин диёр ба ҳамдиёронам қиссаҳои зиёд кардаам. Онҳо дилбастаи мулки тоҷикон буда, таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Ҳама интизори ифтитоҳи роҳи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Покистонанд. Бо истифода аз фурсат миннатдории худро ба сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Шералӣ Ҷононов расонданиам. Кормандони сафорат

ягон муроҷиати моро беҷавоб намемонанд ва баҳри муаррифии Тоҷикистону ҷалби сайёҳон ба ин кишвари зебоманзар корҳои зиёд анҷом медиҳанд. Руслан Шодиков барои баёни муҳаббати зиёд нисбат ба Тоҷикистону мардуми тоҷик ба Муҳаммад Шаҳзод изҳори сипос намуда, илова намуд, ки: - Сиёсати дарҳои кушоде, ки Ҳукумати Тоҷикистон пеш гирифтааст, боиси дар мамлакат баргузор гаштани ҳар гуна чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мешавад. Худи ҳамин сол вобаста ба раисии Тоҷикистон дар СҲШ якчанд чорабиниҳо дар кишвари мо доир хоҳанд гардид. Аз ҷумла,

роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Покистон низ ба Душанбе меояд. Боварӣ дорем, ки дар қатори дигар масъалаҳо рушди ҳамкориҳо дар соҳаи туризм низ баррасӣ хоҳад шуд. Аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Муҳаммад Шаҳзод якчанд руқъаву харита ва дастури сайёҳон доир ба мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон бо забони англисӣ тақдим гардид. Чунин вохӯриҳо бешак боиси рушди ҳамкориҳо дар соҳаи туризм гашта, баҳри кишвари ҷолиби сайёҳон гаштани Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

e-mail: javonontj@mail.ru

Ҳарчанд дар шароити кунунӣ аз тариқи васоити ахбори омма ва дигар роҳҳо барои пешгирии амалҳои номатлуб барномаю гузоришҳои гуногун омода гарданд ҳам, боз, нафарони зиёд ёфт мегарданд, ки баҳри дарёфти даромади муфт ба ҳама кор даст мезананд. Оқибати амалҳои хешро намеандешанд, ки ба чӣ оварда мерасонад? Неъматулло Зикриёев ба ҳайси сармуҳосиби Маркази таълимию методӣ оид ба ислоҳот фаъолият дошт. Дар асоси созишнома байни маркази мазкур ва намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон оид ба иҷрои корҳои системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Муъминобод, ки ба маблағи 24000 сомонӣ тартиб дода шуда буд, бо муҳандисон-техникҳои КФБТТ-и шаҳри Кӯлоб С. Атоев, М. Тешаев, Б. Файзов, Ш. Ёрматов ва Ҳ. Одинаев шартнома мебандад. Мувофиқи шартномаи мазкур 12 шиносномаи техникӣ оид ба иҷрои корҳо тартиб дода, ба ҳар кадом муҳандис-техник гӯё 2 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 10 ҳазор сомонӣ ҳаққи хизмат додааст. Сармуҳосиб чун ҳис мекунад, ки аз ин амалаш касе огоҳ нест, шерак мешавад. Бо номи муҳандис-техникҳои дар боло зикршуда дубора ҳуҷҷат тартиб дода, ба ҳар кадом гӯё 2 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 10 ҳазор сомонӣ дода, ба ҷояшон имзо мегузорад. Тибқи далели оварда, гӯё бо ин маблағ ба корхона лавозимоти идоравӣ

Фаромӯшхотирӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ харидааст. Санҷишҳои гузарондашуда исбот намуд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои тартибдодаи сармуҳосиби Маркази таълимию методӣ оид ба ислоҳот Неъматулло Зикриёев қалбакист ва ғайриқонунӣ 20 ҳазор сомониро аз худ намудааст. Ӯ аз карда пушаймон аст, лек суд надорад. Дар ҷомеа ҳанӯз ҳам ашхоси содаю зудбовар хеле зиёданд. Ба фиребу найранги нафарони қаллоб афтода, пасон чӣ кор карданашонро намедонанд. Парвиз Салимов аз зумраи чунин нафаронест, ки ба ваъдаи бардурӯғи дигарон бовар карда, зарари калони молиявӣ дидааст. Падари ӯ Саидаҳмад Салимов аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар бо ҷурме боздошт гардида, дар муассисаи тафтишотӣ қарор дошт. Писараш Парвиз Салимов иттифоқан бо Сайвалӣ Рустамов ном зоте вомехӯрад. Аз воқеаи бо падараш рухдода огоҳ мегардад. Ваъда медиҳад, ки барои раҳоии падараш тамоми чораҳоро хоҳад андешид. Ба қавлаш, шиносҳои зиёд доштааст, ки ба воситаи онҳо метавонад, ин корро саришта намояд. Вале барои ин маблағ лозим ва аз Парвиз Салимов 20 ҳазор доллар талаб мекунад. Номбурда бо ҳар роҳу восита 14 ҳазор доллар ғундошта, бо ду дасти адаб ба Сайвалӣ Рустамов месупорад. Чун Сайвалӣ Рустамов пулҳоро ба даст меорад, масъалаи раҳоии падари

Парвизро аз чи бошад, дарҳол фаромӯш месозад. Танҳо вақте ба ёд меорад, ки кормандони агентӣ ӯро боздошта, масъалаи раҳоии падари Парвиз Салимовро барояш гӯшрас мекунанд. Дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузарондани корҳои ҷустуҷӯӣ-фаврӣ мошини боркаши тамғаи «Камаз» боздошт шуд, ки онро ронанда Шодӣ Зиёвиддинов идора мекард. Даруни мошини боркаш 13876 адад шишаҳои машрубот ёфт шуд. Маълум гардид, ронанда ин миқдор машруботро бо супориши сармуҳосиби ҶДММ «Руслан» Азамат Қудратов мебурдааст. Арзиши ин миқдор машрубот 57273 сомониро дар бар гирифта, сармуҳосиб онро дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбарияти ҷамъияти мазкур бе тамға, ғайриқонунӣ ба даст овардааст. Ният доштааст, бе ягон маркаҳои боҷи аксизӣ, ба воситаи нафари дигаре ба муомилот барораду соҳиби даромади муфт гардад. Танҳо дахолати саривақтии кормандони агентӣ ба ин нияти ӯ халал расонд. Сокини ноҳияи Ҷиликӯл Баҳовуддин Гадоев сарвари ҶДММ «Ободии ҷамъият» шуда, ба ҷойи ривоҷи корҳои бунёдкорӣ ва пешрафти ҷомеа акси онро пеша гирифт. Вай хеле хуб фикр карда, роҳи дарёфти пулҳои муфтро ёфт. Қарор дод, ҳисоботи молиявиро дар санадҳои лозима кам нишон дода, ба буҷаи давлат андозро аз меъёр хеле кам супорад. Ҳамин тавр, Баҳовуддин Гадоев дар муддати

начандон тӯлонӣ бо роҳи тартиб додани ҳисобномаҳои қалбакӣ ба маблағи 6184001 сомонӣ ба давлат зарар расондааст. Ҳоло ҳисобдонҳои идораҳо дахлдор «сир»-и комёбиҳои ӯро омӯхта, мекӯшанд, то ба дигарон «сироят» накунад. Сокини шаҳри Панҷакент Алиҷон Баротовро мегӯянд, ки шахси фаромӯшхотир аст. Вай чанд адад дӯконҳои шахсӣ бунёд намуда, ба соҳибкорони инфиродӣ иҷора медиҳад. Вале аз қайди нозироти андоз гузаштан ва супурдани андозро гӯё фаромӯш мекунад. Ҳамин тавр, Алиҷон Баротов аз соли 2002 ба хазинаи давлат ягон дирам андоз насупурда, пулҳои аз иҷора бадастомадаро ба кисаи хеш мезанад. Ҳаҷми маблағҳои ғайриқонунӣ азхуднамудааш 54676 сомониро дар бар мегирад. Вақте дар ин бора ба Алиҷон Баротов хабар доданд, вай фаромӯшхотириро баҳона овард. Аҷиб, муддати беш аз даҳ сол гирифтани иҷорапулиро боре ҳам аз соҳибкорон фаромӯш накард, аммо супурдани андози давлатиро дар муддати тӯлонӣ боре ҳам ба гӯшаи хотир наовард.

Бахтиёр ЮСУФОВ, сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҷумҳурӣ


Амиров тавассути телевизион мақбули бисёриҳо гардида буд, ӯро низ барои иштирок дар ин чорабинии муҳташам дар ҳайати ҷавонони тоҷик даъват намуданд. Ширкат дар чунин чорабинӣ барояш муваффақияти бузург маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, ҷиддӣ тайёрӣ дид. Пайваста машқ намуда, номераҳои нав омода кард. - Маро ба дастаи фарҳангии ҳайати ҷавонон ворид намуданд, - аз натиҷаи сафар ва иштирок дар ин чорабинии муҳим ёдовар шуда, нақл кард Султон. Тайёрии ҷиддӣ ва барномаҳои рангини созу суруди омоданамудаи дастаи фарҳангии тоҷикон ба эшон имкон дод, аз оғоз то интиҳои чорабинҳои фарҳангӣ дар ин

ҳамоиши густурда ширкат варзанд. - Ба фикрам, дастаи фарҳангии мо ягона дастае буд, ки дар тамоми чорабиниҳо бо иштироки фарҳангиён иштирок дошт, - ба нақлаш идома дода гуфт Султон Амиров. - Ба дигарон чунин имконият насиб нагардид. Ҳар гуна мусиқиро ба самъи шунаванда расонда тавонистан ҳам ҳунар аст. Дар ин ҳамоиш бисёр ҳунармандонро дидам, ки пас аз баромади аввал дигар онҳоро касе ба саҳна нахонд. Ҳамин тавр, номераи худро иҷро намуда, аз назарҳо ғоиб шуданд. Баромади назди ҳазорон нафар сурат гирифт. Бори аввал чунин шунавандагони бешуморро рӯбарӯяш медид. Қариб даступохӯрда шавад. Бо азо-

Садои рӯҳнавози ғижжак чун баланд шуд... меомад. Имсол курси чоруми консерваторияро ба итмом расонд. Ба қавли худи ӯ, соли равон барояш бобарор омад. - Чор соли таҳсил дар консерватория имкон дод, дар ҷодаи навозандагӣ чирадаст шавам, - нақл кард зимни суҳбат Султон Амиров. - Ибтидои соли равон бо даъвати Консерваторияи Бишкек ба Қирғизистон чанд нафар машшоқу сарояндагон аз ҳисоби донишҷӯёни Консерваторияи миллии тоҷик сафар намуданд. Ман низ ба ин гурӯҳ шомил шудам. Мебоист ба устодону донишҷӯёни қирғиз санъати асили тоҷикиро пешкаш мекардем. Қатори дигарон чанд номераи ҷудогона бо ғижжак навохта, ба самъи шунавандагони қирғиз расондам. Оҳангҳои навохтаамро онҳо хеле хуш пазируфтанд. Гаштаю баргашта ба саҳна даъват мекарданд. Аз он ҷо ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон рафта, дар яке аз барномаҳои солинавӣ ширкат варзидам. Он ҷо ҳам мусиқии тоҷикиро бо шавқу завқ шунида, мафтун гардиданд. Чанд маротиба аз тариқи шабакаҳои телевезионии кишвар ҳунарнамоӣ намуда, ҳаводорони зиёд пайдо карда тавонист. Ҳунари ӯ ба бисёриҳо писанд афтод. Оғози моҳи равон дар вилояти Читаи кишвари рус нахустин ҳамоиши байналмилалии донишҷӯёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо номи «Баҳори донишҷӯён» сурат гирифт. Дар ин чорабинии густурда аз кишварҳои гуногун ҳудуди чор ҳазор нафар ҷавонону донишҷӯён ширкат варзиданд. Азбаски ҳунарнамоии донишҷӯ Султон

бе худро ба даст гирифт. Бо ғижжак оҳанги шӯхе менавохту гурӯҳи духтарони тоҷик куртаи чакан ба тан, рақс доштанд. Ниҳоят, мусиқӣ поён ёфт. Лаҳзае хомӯшӣ ба миён омад. Ҳамин фосилаи кӯтоҳ кофӣ буд, ки дар дилаш чӣ қадар андешаҳои бесарунуг ҷараён гирад. Хаёл кард, ки баромадаш ба касе писанд наомад. Сахт маъюс шуд. Аҳд кард, ки чун ба Ватан баргардад, консерваторияро партофта, пайи омӯзиши ҳунари дигар мешавад. Якбора садои кафкӯбиҳои сахту бардавом ӯро аз домани андешаҳои берабт ба худ овард. Ҳама барои ҳунараш қарсак мезад. Ӯро боз ба саҳна мехонданд. Вуҷудашро ҳисси аҷибе фаро гирифт. Дарк намуд, ки дар интихоби пеша хато накардааст. Заҳматҳояш беҳуда набуда, ҷойгири сазовори авлоди хеш аст. Зимни суҳбат аз Султон пурсидем, ки бештар кадом мусиқиро меписандад? Халқӣ ё эстрадӣ? - Ман саъй дорам ҳар дуро бо ҳам омезиш диҳам, - гуфт дар посух. - Шояд чунин омезиш имкон дод, дар чунин чорабинии муҳим номераҳои иҷронамудаам писанди ҳамагон гардад. Мусиқӣ ва фарҳанги тоҷикии шарқии мо барои мардуми рус ва дигарон, ки дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд, чизи тамоман дигар буд. Чи тавре дар боло зикр намудам, боз муҳим он аст, ки мусиқии асилро ба сомеон расонда тавонистан лозим. Ин ҳам ҳунар аст. Агар расонда шавад, бовар аст, хуш қабул мекунанд. Лекин на ҳар кас чунин ҳунар ё истеъдодро дорад. Аз уҳдаи ин гуна масъулият баромадан кори саҳл нест. Ҳамоиши «Баҳори донишҷӯён» ҳунарманди оянда, донишҷӯи Консерваторияи миллӣ Султон Амировро хеле руҳбаланд кард. Пеш аз ҳама, ният дорад, консерваторияро бомуваффақият ба итмом расонад. Ҳамчунин, дар сар ҳавои ташкили дастаи мутрибони камеравиро дорад. - Фикр мекунам, дар шоҳроҳи зиндагӣ пайраҳаи худро ёфтаам, - гуфт дар поёни суҳбат мутриби оянда Султон Амиров. - Мехоҳам ҳарчи бештар мусиқии классикии Шарқу Ғарбро омӯзам. Имкониятҳо вуҷуд доранд. Инчунин, мусиқии халқии худамонро, ки асосан сарчашмаи илҳоми ман аст, боз ҳам бештару хубтар аз бар намоям. Аз ҳама муҳимаш, мехоҳам як дастаи мутрибони камеравиро таъсис диҳам. Ҳамроҳи дастаи камеравӣ назди тамошобинон, дӯстдорони овози ғижжак баромад намуда, ба эшон ҳузуру ҳаловат бахшам.

Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Султон зодаи шаҳри бостонии Кӯлоб аст. Пас аз хатми синфи 8 ҳамроҳи волидон озими пойтахт шуда, ин ҷоро макони сукунат ихтиёр наму-

данд. Чанд соли боқимондаи таҳсилро дар мактаб-интернати ба номи Миратулло Атоев идома дод. Чун ба ҳунари сарояндагӣ ва машшоқӣ завқи беандоза дошт, дар мактаби миёна ва мактаб-интернат баробари омӯзиши фанҳои дигар ба мусиқӣ диққати ҷиддӣ зоҳир мекард. Шавқу ҳавас ба санъат ӯро ба остонаи Консерваторияи миллӣ овард. Имтиҳонҳои қабулро бомуваффақият супурда, донишҷӯ шуд. Пешгӯии бобои ҳамномаш рост баромад. Маҳз пас аз дохил шудан ба консерватория Султон қарор дод, машшоқ мешавад. Чунки аз овони кӯдакӣ мафтуни овози дилнавозу рӯҳнавози ғижжак буд. Ҳине ки бобо ғижжак менавохт, дили набера ба ваҷд

СУЛТОН ҲАНГОМИ ҲУНАРНАМОӢ ДАР ФЕСТИВАЛИ «БАҲОРИ ДОНИШҶӮЁН-2014». ШАҲРИ ЧИТАИ РУСИЯ

Бобо дар аксар маъракаҳои мардуми маҳаллаҳои гуногуни шаҳр ширкат дошт. Дақиқтараш, ӯро даъват мекарданд. Барои ҳама одами худӣ маҳсуб меёфт. Аз ин хотир, таклифи касеро рад намекард. Мерафт ва бо ғижжаки худсохт ва дигар асбоби мусиқӣ ҳам машшоқӣ мекарду ҳам ҳофизӣ. Ҳаводоронаш хеле зиёд буданд. Маъракаҳои эшонро ба қавле, гарм мекард. Ҳар дафъа бобо ҳис мекард, ки дар ҳама маъракаю чорабиниҳо набераи хурдсолаш низ ҳузур дорад. Ба тарзи суруд хондан, машшоқии ӯ диққат медиҳад. Дар хона низ, ҳине ки ӯ думбра ё ғижжак дар даст ба навохтан мепардохт ва сурудеро зам-зама мекард, набераи ҳамномаш ҳатман наздаш ҳузур дошт. Хусусан, ба машшоқии ӯ бештар таваҷҷуҳ мекард. Тарзи навохтани оҳанг, равиши панҷаҳои бобояшро бодиққат мушоҳида мекард. - Ҳамин навасаам ба машшоқӣ шавқи зиёд дорад, аз афташ, - гуфт рӯзе бобо ба писараш. - Ин феъл дар мо авлодист, ҳамин тавр не, падар? – тариқи суол посух дод писар. - Дуруст. Авлодист, лекин ҳаваси ин навасаам ба машшоқӣ дигар аст, ба гуфтаи хеш истодагарӣ мекард падар. – Кӣ медонад, оянда шояд дар навохтани асбобҳо мумтоз шуда монад. - Шояд…

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

9

ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

10

НАБЗИ ҶАҲОН

“Масъалаи Фаластин” Маъмулан, аз рӯи маълумоте, ки аз расонаҳо мегирем, чунин хулоса мекунем: Исроил гоҳгоҳ фаластиниҳоро мекушад. Фаластиниҳо ҳам алайҳи Исроил муқовимат мекунанд. Исроил барои он ки дар қатли мардуми осоишта бераҳму хунхор аст, мавриди интиқоду мазаммат қарор мегирад... Вале баъди чанд вақт боз ҳама хомӯш мешавем... Ҳол ҳамин тавр идома меёбад.

баранд. Чунки бинобар ақидаи англису яҳудиҳо “заминҳои беодам бояд ба миллати безамин дода шаванд”. Яҳудиҳо миллати пароканда буданд, замин надоштанд. Дар заминҳои Фаластин бошад, халқ ё миллате, ки (ба қавли яҳудиҳо) ҳаққи зиндагӣ кардан дошта бошад, зиндагӣ намекард. Аз ин лиҳоз, бо истифода аз “реферанси” “Таврот” “ин заминҳои беодам” ба “одамҳои дар ҷустуҷӯи замин” дода шуданд. Аҷобати дигар. Бо тасмиму таҳмили англису амрикоиҳо ва, албатта, дигар кишварҳои ғарбӣ СММ ҳанӯз дар аввали таъсисёбиаш заминҳои як халқро ба мардуме дод, ки ҳазорҳо сол боз дар ин заминҳо зиндагӣ намекарданд. Исроил ягона давлатест, ки бо қарори СММ ташкил шудааст. Вале ҳамин Исроил то ҳол ба қарорҳои Шӯрои амниятии СММ, бо шумули қарори соли 1967 таҳти рақами 242 риоя намекунад. Исроил СММ-ро эътироф намекунад, ҳамонеро, ки хоку заминро ба вай бо табақи тиллоӣ тақдим кард. Ҳамин тавр, соли 1948 56 дарсади заминҳои Фаластин ба Исроил дода шуд. Аммо Исроил бо ҷанги соли 1967 ва ишғолкориҳои баъдиаш онро ба 78 дарсад расонд. Яъне, аз чор се қисми заминҳои Фаластинро

2. Исроил бо роҳи террор, даҳшат, тозакунии қавмӣ, фишор ва роҳҳои дигар 2,5 миллион фаластиниро аз ватанашон пеш карда, онҳоро дар чор сӯ ба зиндагӣ дар лагерҳои паноҳандагӣ маҷбур кардааст. Бояд фаластиниҳои овора ба ватани худ баргардонда шаванд. 3. Масъалаи муҳим. Исроил аз тамоми дунё яҳудиҳоро ба ин кишвар оварда, барои онҳо аз заминҳои фаластиниҳо макони сукунат медиҳад. Ҳар қадар теъдоди ҷойгиршавҳо (яҳудиҳо) афзояд, фаластиниҳо бештар заминҳояшонро аз даст медиҳанд, бахусус, он чи ки ба сари минтақаи Каронаи Ғарбии Фаластин омадааст, ҳамин аст. Яҳудиҳои аз хориҷ меомада, бо ғасби заминҳои Фаластиниҳо қаноат намекунанд. Онҳо боғу бӯстон, молу сарват, хона ва ҳар чизи дигари фаластиниҳоро ишғол мекунанд. 4. Масъалаи чорум вазъияти Байтулмуқаддас аст. Исроил бо забони дароз Қуддусро “пойтахти таърихии Исроил” эълон карда, ин шаҳри таърихиро, ки барои се дин муқаддас маҳсуб мешавад, бо касе дар миён гузоштанӣ нест ва инро кушоду ошкор баён медорад.

МАОРИФ

113 донишҷӯ аз мактабҳои исломии хориҷ баргаштанд Дар давоми шаш моҳи аввали соли равон 113 нафар донишҷӯи тоҷик аз муассисаҳои таълимии исломии кишварҳои хориҷ ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд, ки 41 нафар дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, 18 нафар - Сурия, 4 нафар - Покистон, 4 нафар - Африқо, 18 нафар - Миср, 4 нафар - Лубнон, 3 нафар - Кувайт, 5 нафар - Арабистони Саудӣ, 1 нафар - Ӯзбекистон, 7 нафар – Яман ва 1 нафар дар Туркия таҳсил мекарданд. Сулаймон Давлатов, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки ҳамаи ин донишҷӯён айни ҳол дар Донишкадаи исломӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. “Зимнан, се нафар донишҷӯи мо дар бахши магистратура, дар Донишгоҳи исломии шаҳри Қазони Федератсияи Русия таҳсил мекунанд. Аз шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан, Афғонистон ва Қирғизистон ду нафар дар донишкада таҳсил мекунанд”, афзуд ректор. С. Давлатов зикр кард, ки шумораи донишҷӯён дар

ДИТ дар соли таҳсили 20132014, 2058 нафарро ташкил медиҳад, ки 1390 нафар дар шуъбаи рӯзона (1108 нафар писар ва 282 нафар духтар) ва 668 нафар дар шуъбаи ғоибона (568 нафар писар 100 нафар духтар) таҳсил мекунанд. Донишкадаро 414 нафар хатм намуданд, ки 30 нафарашон ба гирифтани дипломи аъло сазовор шуданд. Ҳамзамон, 126 нафар донишҷӯ бо сабабҳои давомоти нокифоя, қарзи академикӣ ва молиявӣ аз донишкада хориҷ шуданд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

АДОЛАТ

Беш аз 10 ҳазор нафар дар маҳбасанд

e-mail: javonontj@mail.ru

Зимни нишасти матбуотӣ Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи кишвар ба масъалаи аз озодӣ маҳрум будани шаҳрвандон дахл намуда, зикр кард, ки ҳоло дар маҳбасхонаҳои кишвар беш аз 10 ҳазор нафар муҳлати ҷазои худро адо доранд.

Ҳол он ки “Масъалаи Фаластин” модари ҳамаи масъалаҳост. Ба ҳадде таъсири мустақиму ғайримустақим дорад, ки бидуни ҳалли қатъӣ ва радикалии он не мешавад аз истиқрори сартосарии минтақа ҳарф зад, не аз ҳузуру осоиши дунё. Англисҳо ҳамун як миллати сеюм заминҳои мансуб ба як халқ (фаластиниҳо)-ро ба як қавми парокандае (яҳудиҳо) доданд, ки ҳазорҳо сол боз дар гӯшаҳои гуногуни дунё умр ба сар ме-

ғасб кард. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, вақте “Масъалаи Фаластин” мегӯем, аввалин чизе ки ба сарамон меояд, ишғол аст! Вале, бешак, масъала ба ин маҳдуд нест, балки “Масъалаи Фаластин” дар ин 5 модда ҷамъ меояд: 1. Исроил бояд ба марзҳои соли 1967 баргардад. Барои ин бояд заминҳои ишғолкардаашро холӣ карда, ба соҳибаш – Фаластин баргардонад.

5. Масъалаи панҷум, ки эҳтимоли ҳаллаш хеле поён аст, масъалаи масҷиди Ақсост. Яҳудиҳо ба ҳар қимате, ки набошад, Маъбади Сулаймонро аз сари нав иншо карданианд. Барои аз нав бунёд карданаш масҷиди Ақсо бояд куллан тахриб шавад. Не яҳудиҳои диндору не сионистҳо дар ин масъала созиш карданӣ нестанд, балки интизори замони муносибанд.

- Аз ин шумора 307 нафар зан ва 61 нафарро ноболиғон дар бар мегиранд, - гуфт вазир. Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар натиҷаи афвҳо шаҳрвандони зиёд ба озодӣ баромадаанд. - Дар масъалаи авф низ ба қонуншиканию тақаллубкориҳо роҳ дода шудааст, - изҳор дошт вазир. – Якчанд нафар маҳз бо чунин роҳ ба озодӣ баромаданд. Дафтари аъмоли ин гуна ашхос дубора дақиқ мавриди омӯзиш қарор ёфт. Айни ҳол 10 нафар дубора ба маҳбасхонаҳо баргардона шуданд. Ба суоли рӯзноманигорон оид ба фавти маҳбусон дар маҳбасхонаҳо посух гуфта, Рустами Шоҳмурод зикр намуд, ки дар шаш моҳи соли равон 45 нафар фавтидааст. Тавре вазир иттилоъ дод, гӯё марги маҳбусон коҳиш ёфта, сабаби фавти онҳо асосан беморист. Зимни нишаст, ҳамчунин, ба масъалаи гирифтори беморӣ шудани маҳбусон низ дахл карда шуд. Беш аз 700 нафар маҳбус гирифтори бемории сил будаанд. Рустами Шоҳмурод ба масъалаи муроҷиатҳо оид ба вазъи будубоши маҳбусон дахл карда, чунин изҳор дошт: - Ба вазорат бештар хешону пайвандони маҳбусон муроҷиат мекунанд. Ин ҳам бошад, асосан, масъалаи ба табобат фаро гирифтани маҳбусон аст. Ҳамчунин, онҳо хоҳони аз маҳбасхонаҳои кишвари Русия ба маҳбасхонаҳои Тоҷикистон овардани пайвандони маҳбуси хешанд.

М. САИД, “ҶТ”

Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»


11

Барои ҷалби сайёҳон аввалтар аз ҳама имиҷи хуби миллату давлат лозим. Бе он дигар ҳама гуна кӯшишу талошҳо барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, қариб ки бефоида аст. Ҳар кас худашро мисол бигирад. Шумо ба кишваре, ки он ҷо ҷангу ҷӯш аст, кишваре, ки он ҷо вазъи эпидемиологӣ бад аст, ё ба кишваре ки ягон чизи фарқкунандаву ғайриоддӣ надорад, меравед? Албатта не! Имиҷи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ омили хеле муҳими ҷалби сайёҳон аст! Аммо баъдтар аз ин, ба назари ман, барои ҷалби сайёҳон чӣ кор кардан зарур аст: - Сомонаҳои интернетии бештаре бо забонҳои гуногун дар бораи кишвари мо бояд бошанд, ки маълумот фавран нав карда шавад, илова гардад ва номгуи хатсайрҳои сафарӣ он ҷо бошад. Роликҳои хуби таблиғотӣ бояд бештар бошанд. Вале ин маънои онро надорад, ки он бо нархи гарон сабт шаваду дар ким кадом кишвари дигар танзим гардад. - Сайёҳи хориҷӣ бояд донад, ки ҳини сафар ба кишвари мо чӣ чизи ғайриоддӣ ӯро интизор аст. Масалан, ким кадом фестивал дар Бразил ё Аргентина сайёҳони бисёрро ҷалб мекунад. Ин ҷо, масалан, бо Наврӯз чизеро вобаста кардан мумкин. - Моро дар кишварҳои дигар муҷассамаву иншооту осорхонаҳои ғайриоддӣ ҷалб мекунанд. Мо чӣ дорем? Парчами баландтарин, ба гумонам, ҳанӯз кам аст! Ман дар НюЙорк чанд рӯз кӯшиш кардам, ки барвақттар аз машғулиятҳо фориғ шаваму ҳама муҷассамаҳои ғайриоддиро бубинам ва муҷассамаи “Озодӣ”ро аз наздик сурат бигирам... - Пешниҳод кардани баъзе имтиёзҳо барои ширкатҳои сайёҳӣ. Масалан, дар Қазоқистон як вақт ҳамин тартиб ҷорӣ буд, ки барои ширкатҳои сайёҳӣ маблағи хароҷоти онҳоро барои рекламаи минтақаҳои истироҳатӣ ҷуброн

таҳияи чиро нишон медиҳем? - Паст кардани нархи билети ҳавопаймо ва қатора ба самти Душанбе ва баръакс. Бояд ба назар гирифт, ки ба ҳар сурат Бил Гейтс ва Марк Тсукерберг ба кишвари мо барои истироҳат омаданӣ нестанд, аммо онҳое, ки меоянд, ҳарчанд пули бисёр ҳам дошта бошанд, метавонанд нархҳоро бо кишварҳои дигар муқоиса кунанд ва гарон будани онҳоро ҳис кунанд. Ман аз Душанбе бо се тайёра то Лаҳистон 1100 доллар сарф карда будам, аммо ҳоло фақат то Маскав парвоз кардан 500-600 доллар аст. - Чизи муҳими дигар то ҳадди пасттарин кам кардани тафтишу санҷишу кофтукобу бақайдгириву ҳуҷҷатбозӣ дар аэропорту вокзалу сарҳад аст. Баланд кардани шуурнокӣ ва сатҳи маърифати шаҳрвандони кишвар. Як замон марди амрикоие, ки ба воситаи Афғонистон ба кишвари

Меҳмон атои Худост. Сайёҳ чӣ?

мекарданд. - Хайёлбофӣ даркор аст. Барои ин велосипед ихтироъ кардан даркор нест. Масалан, ҳама медонад, ки дар Брюссел муҷассамаи хурди писарчае ҳаст, ки пешоб мекунад. Он на ғайриоддӣ ҳасту на сеҳрнок. Вале мардум, ҳамин ки ба Брюссел рафтанд, ҳатман ин муҷассамаро мебинанд. Чаро? Барои он ки дар Брюссел ҳар сари чанд вақт бо назардошти иду ҷашнҳо ба он ҳайкали

писарча либосҳои гуногун мепӯшонанд. - Ман дар Прага растаҳои тӯҳфафурӯшӣ ва ширинипазиро дидам. Дар дуконҳои ширинипазӣ, барои мисол, пеши чашми шумо шоколад тайёр мекунанд ва шумо имкон доред, ки ҳатто аз он бичашед. Мо ҳамин гуна ҷой (мисли шаҳри қадима, ки дар Стокголм ҳам дида будам) надорем. Бояд фикр кард, ки мо, агар ҳамин гуна ҷой дошта бошем, ба сайёҳони хориҷӣ тарзи

мо омада будааст, ҳамроҳ бо як тарҷумонаш, ки ҳамватани мо буд, ба радиои “Ватан” омад ва хост, ки аз тариқи эълон барои пайдо кардани борхалта ва ҳуҷҷатҳояш кӯмак кунем. Фаҳмидам, ки вақте аз фурӯдгоҳ бо таксӣ то меҳмонхона меомадааст, дар роҳ таксиро нигоҳ дошта, хостаст, ки пулашро иваз кунад. Пулашро бе мушкилӣ иваз мекунад, аммо вақте аз бонк берун мешавад, ронандаи таксӣ «бухор» шудааст. Яъне, гурехтааст. Он сайёҳ бошад, дар бағоҷи мошини ӯ сумкаву ҳуҷҷату пулу компютери дастиашро бор карда буд.

там, ҳатман ҳамроҳам Парчами Тоҷикистон, тоқии чакан, чанд диски таронаҳои сарояндаҳои ҷавон, шашмақом, фалак, сурудҳои мардумӣ ва ҳатман филм дар бораи Тоҷикистон бо субтитри англисӣ мегирам ва ба ҳамгурӯҳонам тақсим мекунам... Иловатан, ҳар рӯзи сафар ва ҳама чизи ғайриоддӣ ва шавқоварро дар саҳафоти дафтар ва ё блоги худам дар интернет қайд мекунам, то ҳамватанони дигар онро хонанду донанд. Як бор ҳисоб кунед, ки ҳар сол чи қадар мардуми мо хориҷи кишвар барои ширкат дар кадом семинару сафарҳои

- Давлату шаҳрҳое, ки сайёҳони зиёдро ҷалб мекунанд, саду як осорхонаву муҷассамаву хатсайрҳои пиёдаву аспакиву обӣ доранд. Барои тарғиби кишвару шаҳрашон аз саду як роҳ истифода мебаранд: харита, буклет, магнитҳо, роликҳо, истгоҳҳои велосипедсаворӣ, таксиҳои хуб, гидҳои касбӣ (роҳнамо) ва донишманд, ҷашну фестивалу намоишгоҳ ва баъзе имтиёзҳо барои сайёҳон. - Ман ба ҳар куҷое, ки раф-

ҳунариву кориву тиҷоратӣ мераванд. Ҳар кадоми онҳо як зарра нақшу саҳми худро дар тарғиби кишвар гузорад, нуран ало нур мешавад. Вале ба такрор бояд гуфт, ки барои ҷалби сайёҳон пештар аз ҳама беҳтар сохтани имиҷи кишвар ва миллат аст. Ин бошад, ба ҳар кадоми мо дар алоҳидагӣ вобастагӣ дорад!

subhonjalilov. wordpress.com

e-mail: javonontj@mail.ru

Сафарҳо бароямон як ҷаҳон сиру асрорро мекушоянд. Махсусан, дар самти ҷалби сайёҳон! Зеро он ҷо мебинем, ки аз чӣ усулҳо истифода мешавад ва чӣ гуна муваффақ мегарданд, ки сайёҳони зиёдеро ҳар сол ҷалб кунанд? Дар зер баъзе ишораҳо вобаста ба ҳамин мавзуъ оварда шудааст. Чӣ бояд кард, то сайёҳон ба кишвари мо бештар оянд?

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

ТУРИЗМ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

12

ВАРЗИШИ САБУК

Дилшод Назаров боз медали тилло гирифт

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури кишвар, дар даври навбатии мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» дар Шведсия медали тилло ба даст овард. Дар ин мусобиқа Дилшод Назаров стиан Парс аз Маҷористон, қаҳрамони «Ostrava Golden Spike» дар шаҳри гурзро ба масофаи 79 метру 62 санти- Олимпиадаи Лондон-2012, бо 243,89 хол Остраваи Ҷумҳурии Чех, 80 метру 24 метр ҳаво дод. Марсел Ломнитски аз дар мақоми аввал аст. Дилшод Назаров бо сантиметр дар мусобиқаи байналмилаСловакия бо натиҷаи 77,93 метр сазо- 240,48 хол дар ҷои дуюм қарор дорад. Бояд лии «Istvan Gyulai Memorial» аз силсивори ҷои дуюм шуд. Давид Седерберг гуфт, ки ҳисоби умумӣ аз рӯи се натиҷаи лаи «IAAF Hammer Throw Challenge» аз Финляндия бо натиҷаи 77,57 метр беҳтарини варзишгар дар даврҳои силсила дар пойтахти Маҷористон – Будапешт соҳиби мақоми сеюм гардид. ба назар гирифта мешавад. ва 79 метру 62 сантиметр дар даври наБа ин тартиб, дар мусобиқаи Се натиҷаи беҳтарини Дилшод дар вбатии мусобиқаи байналмилалӣ аз силбайналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer мавсими имсола: 80 метру 62 санти- силаи «IAAF Hammer Throw Challenge» Throw Challenge» дар ҳисоби умумӣ Кри- метр дар мусобиқаи пурнуфуз бо номи дар шаҳри Карлстади Шведсия.

ФУТБОЛ

КАДР

Мусовӣ ва бурди «Истиқлол» дар ду бозии санҷишӣ Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бозиро бо тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:0 анҷом дод ва бар КМВА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Ин ду бозии санҷишӣ дар доираи омодагии бошгоҳҳои лигаи олии футболи мамлакат ба марҳалаи дуюми мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар дар варзишгоҳи Академияи футболи бошгоҳи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор барпо гардид.

«Хайр» дар ин бозӣ бо роҳбарии мутахассиси беларус Пётр Качуро, сармураббии нави даста ба майдон омад. Дар бозӣ бо КМВА «Помир» голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев ва Ромиш Ҷалилов ба ҳадаф расонданд.

Мураббиҳои тоҷик ба афғонҳо футбол меомӯзонанд

САМБО

Ғолибони гӯштини самбо дар ВМКБ маълум шуданд

Ҳафт мураббии кишвар, ки иҷозатномаи дараҷаи “А”и Конфедератсияи футболи Осиёро доранд, рӯзҳои наздик ба Кобул мераванд, то дастаҳои футболи ин кишварро тамрин диҳанд. Бо онҳо, аллакай шартнома баста шудааст.

Дар шаҳри Хоруғ мусобиқи ҷумҳуриявии самбо ба хотири гиромидошти аввалин чемпион ва Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз Осиёи Миёна Азалшо Олимов баргузор гардид, ки дар он 58 нафар паҳлавон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ қувва озмуданд. Дар натиҷа, Хушбахт Назаров (ВМКБ, 52 кг), Бобоҷон Зоиров (Хатлон, 57 кг), Алқеш Мулкамонов (ВМКБ, 62 кг), Мансур Ҷумъахонов (ВМКБ, 68 кг), Акмал Хуҷаазизов (ВМКБ, 74 кг), Акрам Содиров (ВМКБ, 82 кг), Бежан Боқиев

(ВМКБ, 90 кг), Руслан Зарифбеков (ВМКБ, 100 кг) ва Рауф Зиёбеков (ВМКБ, 100+ кг) соҳиби ҷойи аввал гардиданд.

К. ШАРИФЗОДА, “ҶТ”

ФУТБОЛ. ЛИГАИ АВВАЛ

“Исфара” – ғолиби даври аввали мусобиқаи лигаи якум

Инҳо ҷонишини директори техникии ФФТ оид ба маълумоти мураббиҳо Боир Эгамбердиев, собиқ сармураббии “ДалеронУротеппа” Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа Тоҳир Муъминов, собиқ сармураббии “Равшан”-и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмадов, мураббии МҶМОВ Валӣ Эгамбердиев, собиқ сармураббии “Регар-ТадАЗ” Наҷмиддин Толибов ва собиқ менеҷери тими миллии кишвар Ҳасан Раҷабов мебошанд. Ба гуфтаи муовини президенти Федератсияи футболи Осиёи Афғонистон Муҳаммадюсуфи Коргар мутахассисони тоҷик миёнаҳои август вориди Кобул мешаванд ва дастаҳои футболи Афғонистонро ба чемпионати миллии ин кишвар, ки моҳи сентябр оғоз мегардад, омода мекунанд.

БОЗИИ ДӮСТОНА

e-mail: javonontj@mail.ru

Даври аввали мусобиқаи қаҳрамони мамлакат миёни дастаҳои лигаи аввал дар минтақаи Суғд бо пирӯзии дастаи “Исфара”-и шаҳри Исфара ба анҷом расид. Футболбозони Исфара дар бозии марказии мавқуфгузоштаи даври 9-ум дар майдони худ бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд ва бо 31 хол ғолиби марҳилаи аввали мусобиқа гардиданд. Бояд гуфт, ки “Исфара” ягона дастаест, ки бохт надорад. “Эсхата” бо 27 хол дар мақоми дуюм қарор гирифтааст. Дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен бо вуҷуди он ки дар бозии охирини марҳалаи аввал дар меҳмонӣ аз тими «Канд»-и Конибодом бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, бо 23 хол дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА БАЪДИ ҶАМЪБАСТИ МАРҲАЛАИ АВВАЛ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

Х

1

“Исфара”

11

10

1

0

47/7

31

2

“Эсхата”

10

9

0

1

40/9

27

3

“Спитамен”

11

7

1

3

21/15

23

4

“Канд”

11

5

3

3

15/13

18

5

“Зарафшон”

11

5

1

5

22/24

16

6

“Мастчоҳ”

11

5

1

5

20/23

16

7

“Шаҳристон”

11

3

5

3

22/32

14

8

“Сайҳун”

11

4

1

6

20/19

13

9

“Ваҳдат”

10

3

2

5

12/17

11

10

МТО

11

2

1

8

14/36

7

11

“Қайроққум”

11

1

3

7

18/40

6

12

“Ҷавонӣ”

11

1

1

9

11/29

3

Солеҳ 23 бозингарро ба Тоҷикистон меорад Долла Солеҳ, сармураббии нави тими мунтахаби Малайзия ҳайати дастаашро барои бозӣ бо тими миллии Тоҷикистон эълон кард. Ба рӯйхати пешниҳодкардаи ӯ 23 нафар бо шумули 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Қарор аст, ҳайати футболбозони Малайзия 5 август вориди Душанбе шаванд. Нахустин бозии дӯстона миёни тимҳои Тоҷикистону Малайзия 8 август дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ - соати 18:00.


Мушкили дигар, вазъи саломатии даъватшавандаҳо мебошад, ки ташвишовар аст. Дар ҳар ду ҳолат ҳам киро метавон гунаҳкор кард? То ба синни даъват кӣ бояд дар ҳаққи ҷавонон ғамхорӣ кунад ва корҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намояд? Албатта, оила ва мактаб хоҳем гуфт. Дуруст. Вале набояд фаромӯш кард, ки ғайр аз ин ду муҳити тарбия боз дар ҷомеа ташкилоту идораҳои давлатию ҷамъиятие низ ҳастанд, ки дар рӯҳан ва ҷисман солим ба камол расидани ҷавонон бояд масъулият ҳис намоянд. Агар бо оилаю мактаб ҳамаи мушкилоти пешомадаро дар алоқамандӣ бо наврасону ҷавонон ҳал кардан имконпазир мешуд, хоҷат ба таъсиси дигар ташкилотҳо намемонд. Мутаассифона, то расидан ба синни даъвати ҷавонон кам касон масъулиятшиносона аз онҳо ёд мекунанд, ки аз рӯи инсоф буда наметавонад. Як сабаби асосии омода набудани ҷавонон аз лиҳози ҷисмонӣ ва психологӣ, ҳаросу дилсардии онҳо аз хизмат ба Ватан ҳам дар ҳамин аст. Яъне, огоҳу омода набудани онҳо. Боварӣ ҳаст, ки дар сурати дастгирию ғамхорӣ дидан дар оила, мактаб ва ҷомеа ҳамаи ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан дилгарм мешаванд ва сафи ихтиёриён хоҳад афзуд, то ҷое, ки зарурати боқимондаҳоро ба даъвати навбатӣ монондан пеш меояд ва ҳама гуна қонуншиканию амалҳои номатлуб аз байн меравад. Бояд вазъи саломатии махсусан писарбачаҳо, ки оянда хизмати Ватан онҳоро интизор аст, ҳамеша дар мадди назари духтурони минтақавӣ қарор дошта бошад, чуноне ки духтурони минтақавӣ хона ба хона гашта, аз вазъи занони ҳомиладор ва тифлони дар батни онҳо будаву навзод хабар гирифта меистанд. Дар қатори тифлакони ба дунё омада ва меомадагӣ даъватшавандаҳои оянда низ ҳастанд. Аз ин мебарояд, ки аз рӯзҳои аввалини ба дунё омадан, то

ба синни балоғат расидан вазъи сиҳатии ҷавонписарон қатъан бояд зери назорати мутахассисони соҳаи тиб бошад. Дар мактабҳо ҳам бунгоҳҳои тиббӣ амал мекунанд ва масъуле аз пушти ин кор маош мегирад. Бахшҳои кор бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, коммисариатҳои ҳарбӣ, кумитаҳои иттифоқҳои касаба, кумитаҳои маҳаллаҳо ва амсоли ин низ дар ин ҷода набояд чун тамошобин дар канор бошанд. Онҳо вазифадоранд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, варзишию фароғатӣ ва солимгардониро дар байни ҷавонон вусъат бахшанд. Ин мешавад беҳтарин хизмати софдилона ба халқу Ватан аз тарафи аҳли ҷамоатчигӣ. Дар ин сурат, на мушкиле мемонаду на ҷои гила аз ҷавонон. Ҳадаф аз ин ҳама, ҳидоят ва мусоидат ба омодабошии ҷавонон ба меҳнати бунёдкорона ва хизмати ВатанМодар мебошаду бас. Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи (ТҶММ) ноҳияи Фархор ҳам фаъолияти худро тибқи талаботи ойинномавӣ ба роҳ монда, дар кори му-

ҳама корбариҳост. Дар асоси нақша-чорабиниҳо оид ба гузаронидани корҳои оммавӣ-мудофиавӣ дар мувофиқа бо комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи маориф, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳ аз 23 январ то 23 феврал дар тамоми сохторҳои созмони мудофиавии ноҳия гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба 23 феврал – Рӯзи ташкилёбии Артиши миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Барои боло бардоштани таъсирнокии корҳои ташвиқотию тарғиботӣ кормандони ВАО ба ҳамкорӣ даъват мешаванд. Мо қарз ва вазифаи ҷонии худ медонем, ки дар остонаи ҳар ҷашни Ғалабаи бузурги халқи советӣ бар фашизми Германия - 9 май, 23 феврал – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳоро, аз қабили омодасозии матолиби тарғиботӣ, вохӯрӣ бо собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст, иштирокчиёни баратарфсозии оқибатҳои садамаи Чернобил, собиқадорони сохторҳои низомию интизомӣ, сарҳадчиён, кормандони

умумии 5662 сомонӣ хароҷот гардидааст. Инчунин, барои соҳаи хоҷагии халқ 134 гурӯҳи таълимии ронандагони дараҷаи «В» ва «ВС» ташкил шуда, 420 ронанда омода шуданд, ки онҳо аз имтиҳони

соидати таҳкими мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли тарбияи ҳарбӣватандӯстии шаҳрвандон, тайёр намудани мутахассисон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дигар сохторҳои қудратӣ, мутахасссисони касбҳои оммавии техникӣ, аз ҷумла, ронандагони воситаҳои нақлиёти механикӣ, инкишофи намудҳои техникӣ ва ҳарбӣ-амалии варзиш, эҷодиёти техникии ҷавонон дар доираи шароиту имконот пайваста кӯшиш менамояд. Барои амалӣ намудани ҳадафҳои зикгардида, ТҶММ ноҳия дар татбиқи барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ чорабиниҳо оид ба тарбияи ватанпарастии шаҳрвандон ва омодасозии ҷавонон барои меҳнати созанда ва ҳимояи марзу буми Ватан, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавриди ҳалли

худи соҳа, расондани кӯмаки молиявӣ ба меҳтарони ҷангу меҳнат, барориши рӯзномаи деворӣ, маҷлиси тантанавӣ ва маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи «Оташи абадӣ» доир кунад. Иқдоми наҷиби пос доштани хизмату қаҳрамониҳои онҳое, ки дар баҳои хуну ҷон саодати имрӯзиёнро таъмин намудаанд, дар насли наврас эҳсоси масъулияту ватандориро тақвият мебахшад. Дар озмуни вилоятии матбуоти деворӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа 22 феврали соли 2014 миёни 22 ҳайати таҳририяи созмонҳои ибтидоии ТҶММ-и шаҳрию ноҳиявӣ ҳайати таҳририяи созмони ибтидоии ТҶММ-и МТМУ №14-и ноҳияи Фархор дар панҷ ҷои аввал шомил шуд. Инчунин, бахшида ба Рӯзи Ғалаба байни хонандагони синфҳои 8-11 мусобиқаи

ББИ ва БДД-и минтақаи Кӯлоб сарбаландона гузаштанд. Яъне, дар муқоиса ба соли 2012 2 гурӯҳи таълимӣ ё ин ки 60 нафар ҳунаромӯз зиёд тайёр карда шудааст, ки 108 фоизро ташкил медиҳад. Дар мусобиқаҳои варзишии ноҳиявию вилоятӣ аз худи ташкилот ҳам намояндагон ва дастаи футболбозону мототсиклронҳо чун намунаи ибрат фаъолона иштирок менамоянд. Дар баробари муваффақиятҳо КНТҶММ-и Фархор чанд камбудиҳоеро дар кори худ дорад. Ҳалли ҳарчи зудтари онҳо ба пешрафти кор дар соли ҷорӣ вобаста мебошад. Бинои озмоишгоҳи ташкилот таъмирталаб ва фарши он батамом корношоям гардидааст. Нақлиётҳои таълимӣ низ ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд. Барои иваз намудани рақамҳои

масъалаҳои ба зиммадоштаи онҳо дар соҳаи маориф, мукаммал намудани дифои шаҳрвандӣ як қатор корҳоро анҷом додааст. Дар ҳоли ҳозир ташкилот дорои 44 созмони ибтидоии ҷавонон , як хона-вагони «Тир» ва амбори моддӣ-техникӣ, аз қабили бино, 2 синфхона, озмоишгоҳ, фурудгоҳ, пойгоҳи нақлиёти мошинӣ (автодром), меҳмонхона, ошхона ва албатта автомобилҳо мебошад. Шумораи аъзои ТҶММ-и ноҳия то июни соли 2014 ба 4242 нафар расид, ки натиҷаи ин

тирпаронӣ аз яроқи пневматикӣ баргузор гардид. Дар як худи соли 2013 КН ТҶММ Фархор 28 чорабиниҳои аз қабили тирпаронӣ, гӯштингирӣ, футбол, волейбол, баскетбол, давидан ба масофа, ҷаҳидан ба дарозӣ, турниккашӣ, вазнбардорӣ, дастхобонӣ, ҳунарнамоӣ болои чӯбҳои варзишӣ, истифодаи воситаи зиддигазӣ, “Чарғаки роҳнамо”, вохӯриҳои гуногун гузаронидааст, ки дар онҳо 3556 нафар мактаббача иштирок намуда, 14073 дона тир ва маблағи

нақлиётҳо ва мизу курсиҳои идора алҳол маблағ намерасад. Бо боварии комил метавон гуфт ки камбудиҳои ҷойдошта ҳалшавандаанд ва роҳбарият, аҳли заҳмати Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Фархор бо истифода аз ҳама воситаю имкониятҳо кӯшиш менамояд, ки вазифаи ба зимадошта ва уҳдадориҳои худро назди халқу Ватан бо сарбаландӣ иҷро намояд ва дар тарбияи ҳарбӣватандӯстӣ, обутоби ҷисмонию маънавии ҷавонон саҳм бигирад.

Намозалӣ САИДОВ, раиси КНТҶММ ноҳияи Фархор

Ҷавононро солиму обутобёфта ба камол расонем

e-mail: javonontj@mail.ru

Баробари сухан кардан дар мавриди сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбии дусолаи ҳатмӣ, мушкилоти комиссариатҳои ҳарбӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пеши назар меояд. Ҳатто гап сари он ҳам намеравад, ки дар ниҳояти кор ҳарсол таъмини иҷрои нақшаи даъват дар муҳлати муайянгардида муяссар мешавад. Балки гап сари он меравад, ки бо чӣ мушкил даъватҳои баҳорию тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҷамъбаст мегардад. Ҳол он ки хоҳ аз рӯи қонун бошад, хоҳ виҷдони ҳар шахс, даъватшаванда баробари гирифтани даъватнома бояд дар муҳлати таъингардида ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад. Талаботи соҳаи ҳарбӣ чунин аст. Мутаассифона, шумораи ихтиёриёне, ки бо амри дилу виҷдон, баробари гирифтани даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир мешаванд, алҳол боиси қаноатмандӣ буда наметавонад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

13

ВАТАН ВА ҶАВОНОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

14

ШЕЪР Мирзо АСОЗОДА

Ваҳдати мо Ваҳдати рӯи замин ояндаи даврони мост, Зиндагии бофароғат чеҳраи хандони мост. Меҳру эҳсон баҳри олам зарфишонӣ мекунад, Ваҳдату якпорагӣ ояндаи рахшони мост. Дар раҳи Ваҳдат равон гаштем, чун наҳри азим, Ваҳдати мо ҷони мост, умеди мо, армони мост. Маънии ваҳдат ҳамеша якдилии миллат аст, Офтоби зинадгонӣ, нур дар чашмони мост. Нури Ҳақ гар мерасад бар дидаи бинои мо, Меҳри сулҳу дӯстӣ партавфишон дар ҷони мост. Хокиёнро бо Худо пайванд месозем мо, Бо муҳаббат, бо адолат – ин ҳама паймони мост!

Пирмуҳаммад ИСЛОМӢ

Шукри ваҳдат мекунем Шукри истиқлолу Ваҳдат мекунем, Шукри озодии миллат мекунем. Ҳарчӣ хоҳӣ, ҳаст рӯи хони мо, Шукри дороиву савлат мекунем. Тоҷикему Тоҷикистон мулки мост, Шукри кишвар, шукри давлат мекунем, Ҳар кӣ бо мо ҳамнишинӣ мекунад, Мо варо ҳурмат ва иззат мекунем, Шоми навмедӣ ҳама аз сар гузашт, Шукри субҳи босаодат мекунем. Нек дида шеваи одамгарӣ, Зиндагии бомурувват мекунем. Бар ҳама халқи ҷаҳон, Исломиё, Меҳри дил имрӯз қисмат мекунем.

Тоҷикистон Тоҷикистон, Тоҷикистони ман аст, Тоҷикистон, модари ҷони ман аст. Тоҷикистон, нури чашмони ман аст, Хони Исмоили Сомони ман аст. Тоҷикистони ман аст, Дар дилу ҷони ман аст!

Бешарм раҳи ҳаё наёбад Дил бе назаре сафо наёбад, Бешарм раҳи ҳаё наёбад. Ҷӯяндаи нафъи хеш умре Суде зи раҳи хато наёбад. Аъмолаш агар, ки носавоб аст, Лутфу караме зи мо наёбад. Марде, ки писанди одамон нест, Дар маҳфили дӯст ҷо наёбад. Гар дасту дилаш кушода набвад, Аз ҳеҷ касе ато наёбад. Ҳар некдиле, ки кард некӣ, Аз хотираҳо фано наёбад.

Исо РАҲИМ

Илму амал

Ба номзади илмҳои иқтисодӣ Зафар Ҳакимов Забони илм буранда чу теғ аст, Даҳони илм боранда чу меғ аст. Ҳар он фарде, ки донои замон аст, Ба мисли Бӯалӣ роҳатрасон аст. Чу илмат бо амал ёр аст, додар, Ба корат ҳар нафас морост бовар. Дарахти илмро чун реша ҳастӣ, Чу Хайём аз шукӯҳи шеър мастӣ. Ба ман аз тарзи рафторат яқин аст, Нигоҳат офтоби ростин аст. Рақамҳо дар забони ту сухангӯ, Хӯранд алвонҷ ҳамчун мавҷи Ому. Забони ту ба рӯди Сир хеш аст, Рақам дар хотират аз рег беш аст.

Тоҷикистон, Тоҷикистони ман аст, Ҳам Хуҷанду ҳам Зарафшони ман аст. Регар аст он, ҳам Ҳисори Шодмон, Хони Исмоили Сомони ман аст. Тоҷикистони ман аст, Дар дилу ҷони ман аст! Тоҷикистон, Тоҷикистони ман аст, Ғарму Дарвозу Бадахшони ман аст. Данғара, ҳам Рашту Ёвони ман аст, Хони Исмоили Сомони ман аст.

e-mail: javonontj@mail.ru

Тоҷикистони ман аст, Дар дилу ҷони ман аст! Тоҷикистон, Тоҷикистони ман аст, Кишвари пурфайзу эҳсони ман аст. Хонаи умеду армони ман аст, Хони Имом асту Раҳмони ман аст. Тоҷикистони ман аст, Дар дилу ҷони ман аст! Тоҷикистон, кишвари хушманзар аст, Дар самои дидаҳо чун ахтар аст. Сулҳу оламро ҳамеша ёвар аст, Тоҷикистон, аз ҳама меҳровар аст. Тоҷикистони ман аст, Дар дилу ҷони ман аст!

Само дар роҳи ту наҷмофарин аст, Агарчӣ ахтарӣ, ҷоят замин аст.

Муродуллоҳи МАҲБУБ, ноҳияи Мастчоҳ

Наёбӣ мисли ман ошиқ... Ҷаҳонро сар ба сар гардӣ, Ба сад ёри дигар гардӣ. Ду дунёро агар гардӣ, Наёби мисли ман ошиқ! Ба ҳар манзил, ки дар кӯбӣ, Ба ҳар шому саҳар кӯбӣ. Ба умеди хабар кӯбӣ, Наёби мисли ман ошиқ! Пушаймон мешавӣ охир, Пурармон мешавӣ охир. Чӣ гирён мешавӣ охир?! Наёби мисли ман ошиқ! Ба мисли чӯби тар сӯзӣ, Агарчи бешарар сӯзӣ. Дареғо, барҳадар сӯзӣ, Наёбӣ мисли ман ошиқ! Маҷӯ дигар нишонамро, Чӣ мепурсӣ маконамро?! Шикастӣ устухонамро, Наёбӣ мисли ман ошиқ!

Aнгори зебо Ба ёдам мерасад рухсори зебо, Ду чашми меҳрубони ёри зебо. Ба ёдам мерасад қоматбаланде, Ки дорад сайр дар гулзори зебо. Ба ёдам мерасад он шоми хилват, Ки будам то саҳар даркори зебо. Худоё, кӯмакам кун, то равам боз, Канори ёри хушгуфтори зебо...


Бинои оинабандї барои парвариши лимў

Тор, ришта

Тарї

Моњи «шохдор»и толеънома

Њавас, таманно

Оромгоњ, ќабр

Магнит

Теппа, баландї

Ќисми рўй

Ор, номус

Духтар ќањрамони афсонаи русї

Пойтахташ Вашингтон (ихтисора)

Ноњия дар шимоли в. Суѓд

Ќисса барои кўдакон

Ѓаллаи судашуда

Кам Љонишини ишоратї

Љеки …, актёркунгфучии машњур

Аз они худашро касе турш намегўяд

Парлумони Украина Аз он љо тилло ё ангишт мегиранд

Дастгиршуда, бандї

Сиркул (тољ.), асбоби наќшакашї

Ќош

Далели бегуноњї

Ќазон

Бим, њарос

… Швартсенеггер, актёри машњур

Автомобили франсузї

Лол, аз ќобилитияти гапзанї мањрум

Гетї, љањон (китобї)

Навъи мева

СММ ба русї

Шабакаи кўдаконаи ТВ

Тамѓаи мошини олмонї

Пойтахти чехњо

Боз, нобаста

Тинљї, осоиштагї

«Племянник» ба тољикї

Тими футболи Рим (Италия)

Дудбаро

Шакли кўтоњи «агар»

Равияи эронии ислом

… -де-Жанейро, шањр дар Бразилия Љойи таомхўрї

Лаќаби шавњари сарояндаи рус Н. Королёва

Бастакори шўравии тољик … Дўстмуњаммадов

Пойтахти Бошќирдистон

Овоз

Бачаи хоњари модар

Муќобили «не»

Автомобили «Тико»монанди русњо

Њиссачаи инкорї

Илмњо

Шишача барои дидани акси худ

Алов

Шаршараи машњур дар ИМА

Ранљида

Бале, ња

Ахбор дар ТВ Русия

Яроќи ќадима барои зарбазанї

Номи пешинаи ширкати «T-cell»

Касалии узвњои нафаскашї (тиб.)

Мактуб

Садбарг, лола

Гўркунї

Сароянда ва актрисаи машњури эронї

Њам, инчуМарг нин

Гулоб, одеколон

Акнун

Шањр дар Фаронса

Алебастри тољикї

Сарояндаи эронї

Њиссачаи инкорї ... -Батор, пойтахти Муѓулистон

Занбўр

Экрани компютер

Омўзгор

Љои пулнигоњдорї

Модар (лањљ.)

Хеши падарї

Момоњаввои насронї

Гектар (кўтоњ)

Љугї

Таом, гўшти ќима дар хамир

… Деви, ситораи кинои њиндї

Буттамеваи хорзор

Афсонаи Р. Киплинг

Нависанда Садриддин …ї

…и мубориза бо коррупсия (ташкилот)

Паёмбари масењиён

Пиразани наберадор

Дар болои аспи саворї

Асбоби чўбтарошї

Нола, фарёд

Ситораи эстрадаи ИМА … Спирс

e-mail: javonontj@mail.ru

Дарахти сўзанбарг

Чарандаи вањшї

Гови Як љавон забони Аврупо

Модар (лањља)

Ќаламфури њиндї

Њашароти болдори хира

Падар (лањља)

Оташин, ба ѓазабомада

… Басу, ситораи кинои њиндї

Барои њимоя аз зарба дар пеши мошин

«Ин» дар пешамон, «…» дуртар

0,01 метр

Шикастанафс, фурўтан

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9352), 24 ИЮЛИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Салими панҷсола: - Бобоҷон, дандонҳои шумо ҳамааш рехтагӣ-а? - Бале, бачам, чӣ буд? - Ҳамин себи маро дошта истед, ман туфлиҳоямро пӯшам.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

*** Модар ба Салим, ки себфурӯшии падарашро бодиққат назора мекард, мегӯяд: - Нигоҳ кун, бачам, нигоҳ куну ёд гир. Калон шудӣ, ба падарат ёрдам мекунӣ. Салим бо ҳайрат: - То он вақт падарам себҳоро фурӯхта тамом намекунад?

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Обид САФАРЗОД

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

***

Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7042 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

АНДАРЗ

Шаппотӣ Муаллим баъди анҷоми дарс талабаҳоро ҷавоб дода, аз синф берун шуд. Дид, ки дар даҳлез яке аз талабаҳо дигарашро пешпо дода, афтонд. Талабае, ки ба замин афтид, яке аз хонандагони фаъол буд. Муаллим талабаро ба хотири хушахлоқиаш дӯст медошт. Омада, ӯро аз замин бардошт ва сару либосашро аз чангу хок тоза кард. Пасон, талабаи дигарро, ки беодобӣ карда буд, аз гӯшаш дошта, ба синфи холӣ даровард. Омӯзгор чанд сол мешавад, ки дар ин мактаб дарс медиҳад. Ба вай борҳо вазифаҳои баландтар пешниҳод карданд,

Некӣ

аммо нарафт. Ҳатто ба шуъбаи маориф ба кор хонданд, азбаски ӯ мактаби деҳаашро мисли хонаи худаш дӯст медошт ва аз талабаҳо дил канда наметавонист, қабул накард. Ҳоло вай талабаи “беодоб”ашро бо нияти танбеҳ додан ба синф дароварда, ба рӯяш чунон шаппотие зад, ки дандони талаба шикаста, хун ҷорӣ шуд. Хуни даҳони талаба ба куртаи муаллим ҳам расида, онро доғдор кард. Муаллим аз ғояти ғазаб надонист чи кор кардааст. Вақте ба худ омад, каме пушаймон шуд. Вале дар дил меандешид, ки сазои ин бача ҳамин аст. Талаба,

Мард баробари дарро кушодан рӯ ба рӯяш милисаҳоро дид. Каме дасту по гум карда, бо ҳаяҷон гуфт: - Марҳамат. Ягон гап шудааст, ягон хизмат буд? Яке аз милисаҳо, ки марди қавипайкари ҳузарб буд, ҷавоб дод: - Мо нафареро боздошт кардем, ки соли гузашта хонаи шуморо ғорат кардааст! Инро дар рафти пурсупос маълум кардем. Мард ба ҷавони тақрибан 18-20-солае, ки миёни милисаҳо бо дастони баста дуқат шуда меистод, як нигоҳ карда, сипас гуфт: - Биёед, марҳамат кунед. Ба хона дароед! Шояд ягон суоле доред? Ҳамаашон ба меҳмонхона гузаштанд. Мард аввал дасти милисаҳо, пасон дасти ҷавонро фишурда, илова кард: - Хеле хуб кардед, ки омадед. Ман бо ин ҷавон шинос шуданро хеле вақт боз мехостам. - Шумо ба фикрам моро нодуруст фаҳмидед! Ин ҷавон ҳамкори мо нест. Ӯ ҳамон дуздест, ки ба хонаи шумо даромадааст, – гуфт яке аз милисаҳо. Мард гуфт: - Ман ҳоло чандон пир нашудаам, ҷаноби милиса, медонам, ки ӯ дузд аст. Аммо рости гапро гӯям, ман аз вай шикоят надорам. Ҳарфҳои соҳибхона на танҳо милисаҳо, балки ҷавонро ҳам ба ҳайрат овард. Ӯ ба ҷавон

ки ҳоло ҳам аз ҷой нахеста буд, дасташро саросема ба ҷайбаш бурд. Ин ҳолат аз назари муаллимаш пинҳон намонд. Муаллим худ ба худ гуфт: “Талабае, ки натарсида, ҳамсинфашро афтонд, ҳоло барои аз муаллимаш қассос гирифтан ҳама корро мекунад”. Муаллим фикр мекард, ки талаба аз ҷайбаш корд ё ягон олоте бароварда, ба вай ҳамла мекунад. Вале писарак дасташро аз ҷайбаш берун карда, рӯймолчаеро ба муаллимаш дароз кард, ки чанд рӯз пеш ҳангоми мактабравӣ модараш ба ҷайбаш гузошта буд. Дар ҳоле ки хун дар кунҷи лабаш ҳоло ҳам сурхӣ дошт, ба муаллимаш гуфт: - Муаллимҷон, куртаатон доғдор шуд. Иҷозат диҳед, тоза кунам.

табақи шириниро дароз карда, суханашро давом дод: - То ғорат шудани хонаам, то нимаҳои шаб мешиштам. Телевизор тамошо мекардам ва аз ҳар хабари шунидаву дидаам ба фикр мерафтам. Шабҳо хоби сиёҳу даҳшат медидам. Аз ҳодисоти рухдода сахт андӯҳгин мешудам. Ин ҳолат то дер давом мекард. Бисёр мешуд, ки ба хотири тамошои ТВ намозамро саросема мехондам. Ин ҷавон надониста ҳам бошад, маро аз ин ғафлат раҳо кард. Яке аз милисаҳо тоқат накарда, пурсид: - Чи кор кард? Мард табақи конфетро, ки рӯи миз меистод, ба ҷавон наздиктар монда, афзуд: - Беҳтарин корро кард! Ба хона дромада, телевизорро дуздид.

Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”

Бозор. Харидор: - Себатон болаззат аст? Фурӯшанда: - Хеле ширин, қанд барин. Харидор: - Чӣ хел фаҳмидӣ? Фурӯшанда: - Чашидам. Харидор: - Дар ҳамин моҳи Рамазон! Фурӯшанда: - Боз ният кардам.

*** Зан ғамгин аст. Шавҳараш мепурсад: - Чӣ шуд, аз қавоқҳоят барфу борон мерезад? Зан: - Дар хона набудам, меҳмон омадааст. - Хайр, чӣ. - Охир, ҳамсояҳо гуфтанд, ки дасташ пури савғотӣ буд.

*** Муаллим аз хонандаҳо мепурсад: Саги хобро чӣ тавр бедор мекунанд? Салим: - Устухонро, ки аз пешаш гирифтанд, бедор мешавад.

*** Муаллим Салимро сарзаниш мекунад: - Бародаронат мактабро бо баҳои аъло хатм карданд, ту бошӣ бад мехонӣ, чаро? Зуд ҷавоб медиҳад: - Он вақтҳо падарам директори мактаб буданд.

*** Мард назди тиреза истода, ба берун нигоҳ мекард. Ногоҳ аз занаш пурсид: - Салима, ана, он зане, ки Карим дӯсташ медорад! Занаш, ки дар даст лаълӣ дошт, онро ба тарафе тела дода, дар пойгаҳи дар калавида, ба тиреза наздик шуд: - Канӣ, куҷост? - Ҳо, ана, дар он кунҷ, бо куртаи кабуд. - О, ин занаш аст! - Хайр, ман чӣ гуфтам?

ЭЪЛОН

Эътибор надорад

Дипломи гумшудаи ДКА №0005523, ки Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Қубодиён соли 2005 ба Утанова Сайёра Абдуразоқовна додааст, эътибор надорад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.