НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№30 (9456), 28 июли соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
НАБЗИ ҶАҲОН
ВАРЗИШ
Туркияи дигар
Рио-2016: аз орзу то амал
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
МАВЗӮИ РӮЗ
Ҷавонон китоб мехонанд, агар...
ҲАФТ РӮЗ 21.07.2016 Дар шаҳри Кӯлоб аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни наврасони соли таваллудашон 2002-2006 оғоз гардид. Дар он 5 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат карданд. 22.07.2016 Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Кохи Борбад Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2016» ифтитоҳ гардид. Дар он ширкатҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Латвия, Лаҳистон, Афғонистон ва Покистон молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар намоишгоҳ гӯшаи сайёҳӣ ташкил шуда, наворҳои иттилоотӣ, харитаву руқъаҳо, ёддоштҳои туристӣ ва намоиши ҳунарҳои дастӣ пешниҳод гардид.
23.07.2016 Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои озуқаворию кишоварзӣ Виорел Гутсу мулоқот кард. Ҷонибҳо таҳияи Стратегияи миллии бехатарии маҳсулоти хӯроквориро баррасӣ карданд. 24.07.2016 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар робита ба ҳамлаи маргталабон дар Кобул, ки боиси ҳалокату маҷруҳ шудани даҳҳо нафар гардид, барқияи тасаллият ирсол намуд. 25.07.2016 Бо қарори Палатаи Аврупо Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо диплом ва медали Аврупо дар соли 2016
қадрдонӣ шуд. Ин ҷоиза барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дода мешавад. 26.07.2016 Таҳти раёсати Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар кори маҷлис, аз ҷумла натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали сол ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баррасӣ гардид. 27.07.2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сафар кард. Бо иштироки Сарвари давлат дар ин ноҳия як қатор иншоот, аз ҷумла бинои нави шуъбаи маориф, нозироти андоз ва МТМУ №12 ба истифода дода шуд.
2
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
АХБОРИ ҲАФТА
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Корҳои асосии сохтмони “Масҷиди калон” ба итмом расидааст Аҳмадзода Ҷамшед, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нишасти мутботӣ қайд кард, ки рафти корҳои сохтмонии иншооти “Масҷиди калон” дар шаҳри Душанбе аз тарафи пудратчии асосии иншоот ҶСК “СТС иншоот” то имрӯз ба маблағи 39 миллиону 271 ҳазору 323 доллари амрикоӣ иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ то охири моҳи июл ба итмом расонида шуда, ҳоло корҳои пардозгарӣ ва ободонӣ оғоз гардидааст.
Номбурда зикр кард, ки барои назорати ҳамешагии масҷид ситоди махсус аз тарафи кумита таъсис дода шудааст, ки ҳаррӯза масъалаҳои дар миён омадаро ҳаллу фасл менамояд ва рафти сохтмонро зери назорати ҷиддӣ қарор додааст. Дар нимсолаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 357 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбати ба
ҳамин давраи соли 2015 85,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар давоми 25 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар қаламраи кишвар ба масоҳати умумии зиёда аз 16 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматии ҳозиразамон, 2 ҳазору 954 мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ барои 474 ҳазор ҷои нишаст дар як баст ба истифода дода шуданд, афзуд Аҳмадзода Ҷамшед.
“Тоҷикматлубот”: нақша сад фоиз иҷро шуд Новобаста ба буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти кишвар дар бозорҳои тобеи “Тоҷикматлубот” дар шаш моҳи соли равон 4 миллиону 690 ҳазору 551 сомонӣ даромад ба даст оварда шуда, нақша сад фоиз иҷро карда шуд.
ММД - дар шаш моҳ 21 979,3 млн. сомонӣ Дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 21 979,3 миллион сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 6,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 0,2 фоиз зиёд мебошад. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни нишасти матбутӣ иброз дошт, ки сатҳи таваррум дар нимсолаи соли 2016 3,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015 0,5 банди фоизӣ бештар мебошад. “Ҳиссаи асосии тағйирёбии сатҳи нархҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба амал омада 1,4 фоизро ташкил дод, ки аз ҳисоби таъсири фишорҳои қурбӣ ва омилҳои мавсимӣ ба вуҷуд омадааст. Нишондиҳандаи солонаи меъёри таваррум (дар 12 моҳи охир) моҳи июн 5,5 фоизи солонаро ташкил дод, ки ба нишондиҳандаи соли гузашта баробар аст”, - афзуд Ҷ. Нурмуҳаммадзода. Зикр гардид, ки қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ШМА аз аввали сол то охири моҳи июн 10,7 фоиз коҳиш ёфт. - Қурби доллари нақди ШМА дар ин давра 4,1 фоиз баланд шуд, дар ҳоле ки дар ҳамин соли қаблӣ он 13,6 фоиз афзоиш дошт. Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби доллари нақди ШМА аз 17,5 фоиз (12.01.2016) то ба 0,3 фоиз (30.06.2016) кам карда шуд ва минбаъд дар ҳудуди то 2 фоиз ба танзим дароварда мешавад, - афзуд раиси Бонки миллӣ.
Ба гуфтаи Хуршед Сангаков, ноиби сардори Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи гардиши молӣ дар соҳа ба таври зайл амалӣ гардид: гардиши мол 3 миллиону 245 ҳазору 817 сомонӣ муайян гардида, дар амал ба қадри 8 миллиону 744 ҳазору 811 сомонӣ иҷро гардид, ки
аз нақша 5 миллиону 498 ҳазору 994 сомонӣ бештар мебошад. Иҷорапулӣ дар кооператсияи матлубот аз рӯйи амалӣ 8 миллиону 523 ҳазору 970 сомонӣ ҷамъоварӣ гардида, нақша сад фоиз иҷро шудааст. Зикр гардид, ки аз рӯйи фоидаи тавозуни умумӣ 1 миллиону 707 ҳазору 823 сомониро ташкил додааст. Даромади умумӣ бошад, ба 42 миллиону 877 ҳазору 98 сомонӣ расонида шуд, ки баробар бо 109 фоизи нақша мебошад. - Дар нимсолаи соли 2016 1640,2 тонна маҳсулот, аз ҷумла 1080 тонна пиёз, 517,4 тонна зардолу, 42 тонна гелос ба кишварҳои Қазокистон, Қирғизистон ва Афғонистон содирот карда шуд, - гуфт Хуршед Сангаков.
Имсол сирки сайёр фаъол гашт Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, 22-уми июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби ҳунармандон дар театрҳои касбии кишвар 30 асари нав, аз ҷумла 14 намоиш дар театрҳои пойтахт ва 16 намоиш дар театрҳои музофот рӯи саҳна гузошта шуданд. Ба гуфтаи вазир, ҳамчунин дар ин муддат, бо иштироки театрҳои кишварҳои Федератсияи Руссия, Туркманистон, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Беларус ва Тоҷикистон Фестивали панҷуми байналмилалии «Чодари хаёл» баргузор гардида, 100-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нериё Аминов ва муаррифии барномаи ҳунарии Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ доир шуд. Ҳамзамон, тамошобинони тоҷик бо санъату ҳунарнамоии волои ҳунармандони маъюби Чин шинос шуданд. Ш. Орумбекзода иброш дошт, ки сафари ҳунарии театрҳои мамлакат ва гуруҳҳои ҳунарӣ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бомуваффақият анҷом ёфта, фаъолияти сирки сайёр ба роҳ монда шуд. Дар ин муддат ҳунармондони муассисаҳои консертӣ бо барномаҳои фарҳангӣ дар кишварҳои Қатар, Кувайт ва Ҷумҳурии Туркманистон ва Сирки тоҷик дар кишвари Миср санъату фарҳанги тоҷикро бомуваффақият муаррифӣ намуданд.
Ҷинояткории ҷавонон кам шудааст Вазорати корҳои дохилӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 368 нафар аъзи гурӯҳҳои террористиву экстремистиро дастгир, 4 ҳолати сӯиқасд ба амали террористиро аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ кардааст. Ба гуфтаи вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар маҷмӯъ 1047 ҷинояти дорои хусусияти террористию экстеремистӣ ошкор гардида, аз дастгиршудагон миқдори зиёди китобҳои дорои хусусияти ифротгароӣ, воситаҳои техникӣ, фиттаҳои гуногун, варақаҳои ташвиқотии зиддидавлатӣ, маводи мухаддир ва силоҳҳои оташфишон дарёфту мусодира шудааст. Ба гуфтаи вазир зиёда аз 1000 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Афғонистон иштирок доранд. 50 нафари онҳо баргардонда шуданд. Инчунин, 1661 ҳазор шаҳрванд барои ҷиноят содир карданашон дар ҷустуҷӯ қарор доранд, ки 1400 нафараш амалҳои хусусияти террористию экстремистидошта кардаанд. - Боиси ташвиш аст, ки новобаста аз чорабиниҳои андешида ва пурзӯр намудани фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба назар мерасад, - гуфт Р. Раҳимзода. Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2016 дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 581 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҷиноят зиёд буда, ошкоркунии он бошад, 94 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷониби ноболиғон 410 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат камтар, аз тарафи ҷавонон бошад, 2956 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 170 ҳолат кам мебошад. Инҳо бештар ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ, авбошӣ мебошанд. Аз тарафи занон 917 ҷиноят содир шудааст, ки назар ба соли гузашта 160 ҷиноят кам аст. Сабабҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғон ва ҷавононро вазир дар паст будани сатҳи маърифату дониши ҷавонон, беназоратии волидайн, назорат накардани омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёна ва олӣ рабт дод. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
3
Бозиҳои аввали даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуданд Рӯзҳои истироҳат дар шаҳру навоҳии мамлакат бозиҳои аввали даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол доир гаштанд. Аз ҳашт бозӣ дар чортоаш мизбонон ғолиб омаданд, як вохурӣ мусовӣ шуд ва дар се дидор меҳмонон бартарӣ доштанд. Ҷоми Тоҷикистон. 1/8-финал. Бозиҳои аввал «Равшан» (Кӯлоб) – «Вахш» (Қурғонтеппа) – 2:0 Голҳо: Музаффар Назаров, 17 (1:0). Далер Чолов, 66 (2:0). «Помир» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 0:1 Гол: Мисиам Иносент, 58. «Ҳосилот» (Фархор) – «Парвин» (Бохтар) – 5:0 Голҳо: Наврӯз Рустамов, 18 (1:0). Комил Саидов, 33 (2:0). Комил Саидов, 52 (3:0). Саидалии Сафаралӣ, 88 (4:0). Нурулло Маҳмудов, 90+2 (5:0). «Саройкамар» (Панҷ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2 Голҳо: Илҳомҷон Баротов, 59 (0:1). Хоҷибой Зиёев, 73 (0:2). «Истиқлол» (Душанбе) – «Панҷшер» (Балхӣ) – 7:0 Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 7 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 9 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 14 (3:0). Нозим Бобоҷонов, 40 (4:0). Шериддин Бобоев, 51 (5:0). Шериддин Бобоев, 66 (6:0). Эҳсони Панҷшанбе, 86 (7:0). «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 0:0 «Канд» (Конибодом) – «Барқчӣ» (Душанбе) – 0:2 Голҳо: Муҳаммадҷони Ҳасан, 8 (0:1). Амирдҷон Сафаров, 51 (0:2). «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ваҳдат» (Ваҳдат) – 2:1 Голҳо: Шероз Рустамзода, 18 (1:0). Бахтовар Зокиров, 27 (2:0). Суннатулло Мадалиев, 73 (2:1).
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
Тими ҷавонон барои ширкат дар «CAFA CUP – U-19» омода мешавад Тими ҷавонони то 19-солаи кишвар оид ба футбол омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19» барои ассотсиатсияҳои футболи Осиёи Марказӣ, ки 6-9 август дар Тошканд доир мегардад, шуруъ кард. 25 июл омодагии 10-рӯзаи тими ҷавонони кишвар дар шаҳри Гулистон оғоз шуд. Футболбозони ҷавон ҳар рӯз ду маротиба ба машғулиятҳо ҷалб мешаванд. Сармураббӣ Виталий Левченко ба машқҳо 27 футболбоз - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Аз инҳо 18 нафар ба Тошканд хоҳанд рафт. Дар мусобиқаи «CAFA Cup – U-19» тими ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо ҳамсолонашон аз Туркманистон ва Эрон вомехуранд. Дар гурӯҳи "А" Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон бо ҳам рақобат мекунанд. Ғолибони гурӯҳҳо дар финал, дастаҳои ҷои дуюм барои мақоми сеюм ва дастаҳои ҷои сеюми гурӯҳҳо барои ҷои панҷум талош мекунанд. Мусобиқаи «CAFA Cup – U-19» барои тими футболбозони то 19-солаи кишвар марҳалаи омодагӣ ба даври финалии чемпионати Осиё2016 маҳсуб меёбад, ки 13-30 октябр дар Баҳрайн баргузор хоҳад шуд. Ҳарифони тими ҷавонони Тоҷикистон дар Баҳрайн Узбекистон, Чин ва Австралия ҳастанд.
ДУНЁИ ВАРЗИШ
УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ
Ҳайати васеи тими ҷавонони Тоҷикистон (U19): Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев, Шаҳром Исмоилов («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Ҳосилот»). Ҳимоятгарон: Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Қувватбек Равшанбеков, Алишери Ҳотам, Зиёвуддин Фузайлов, Ҳусейн Нурматов, Зоир Ҷурабоев (ҳама аз «Барқчӣ»), Азимҷон Раҳмонов («Вахш»). Нимҳимоятгарон: Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»), Худойдод Узоқов («Вахш»), Муҳсинҷон Парпиев («Хайр»), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Муҳаммадҷон Шарифов, Кароматулло Саидов, Отабек Каримов, Ҳокимҷон Ҳасанов, Мунир Давлатбеков, Муҳаммадҷони Ҳасан, Нуъмон Зокиров (ҳама аз «Барқчӣ»). Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов, Амирҷон Сафаров, Азиз Бегов («Барқчӣ»), Рустам Толибов (КМВА «Помир»).
Ҳарифони тими наврасони кишвар маълум гашт ЛФТ логотипи нав пешниҳод кард Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) логотипи навашро барои истифода дар бозиҳои марҳилаи дуюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ пешниҳод кард.
Бозиҳои ҷавобӣ 30 июл (шанбе). Оғози бозиҳо - 17:00 «Панҷшер» (Балхӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) «Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Равшан» (Кӯлоб) «Баркчӣ» (Душанбе) – «Канд» (Конибодом) 31 июл (якшанбе) «Хайр» (Ваҳдат) – «Помир» (Душанбе) «Парвин» (Бохтар) – «Ҳосилот» (Фархор) КМВА «Помир» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Саройкамар» (Панҷ)
Логотипи нави ЛФТ дизайни нав дорад ва дар муқоиса бо логотипи қаблӣ хеле замонавӣ мебошад. Дар он шери форсии болдор ҳаккокӣ шудаст, ки рамзи ҷавонмардиву мардонагӣ ба ҳисоб меравад. Тарҳи нав дар тамоми ашёҳои коммуникатсионии ЛФТ бо мақсади пешрафти он истифода хоҳад шуд. Лигаи футболи Тоҷикистон мақсад дорад, ки футболи бошгоҳии кишварро ба сатҳи баландтар барорад. «Мо дар назди худ вазифаву мақсадҳои ҷиддӣ ва баланд гузоштаем, — мегӯяд менеҷери Лига Алишер Урунов. Аллакай, дар солҳои наздик шумо натиҷааашро хоҳед дид. Футболи бошгоҳӣ дар ҳаёти футболи кишвар мақоми баланд дорад. Беҳуда намегӯянд, ки чемпионати пурқувват – мунтахаби пурқувват».
Ҳарифони тими наврасони кишвар оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки 8-13 август дар Чимкент баргузор мешавад, маълум гашт. Дар натиҷаи қуръапартоӣ Тоҷикистон ҳамроҳи дастаҳои мунтахаби наврасони Руссия, Озарбойҷон ва Эрон ба гурӯҳи “В” афтоданд. Гурӯҳи “А” аз дастаҳои Албания, Қазоқистон, Қирғизистон ва дастаи “Крузейро”-и Қазоқистон ташкил шуд. Дар асоси низомнома ғолибони гурӯҳҳо барои ҷом рақобат мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳ ҷои дуюмро сазовор мешаванд, барои медалҳои биринҷӣ, дастаҳои ҷои сеюм барои ҷои панҷум ва дастаҳои ҷои чорум барои мақоми ҳафтум талош хоҳанд кард. Ҷоми Президенти Қазоқистон 9-ум сол аст, ки пайиҳам доир мегардад. Қаблан мизбони бозиҳо шаҳрҳои Алмаато ва Остона буданд. Буҷаи Ҷоми Президенти Қазоқистон 15 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил медиҳад. Барои ҷои аввал 7 ҳазор доллар, барои ҷои дуюм 5 ҳазор ва барои ҷои сеюм 3 ҳазор доллар дар назар дошта шудааст.
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН”
Новобаста ба гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ
Барои оромии Ватан ҳаммаром бошем
ЗАФАРИ ҚАЮМ
Имрӯз амалу кирдорҳои ғайриинсонии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар баъзе аз кишварҳои Шарқи Наздику Афғонистон ва ҳатто Аврупо чунин гурӯҳҳо ба қатлу куштори инсонҳо ва нобудсозии ёдгориҳоии таърихии давлатҳо машғуланд. Ин зуҳурот, ки «вабои аср» ном гирифтааст, рӯз то рӯз бо шаклу намуд ва воситаҳои нав зоҳир шуда, доманаи худро васеъ мекунад. То ҳадде, ки ҳеҷ ҷои ҷаҳони имрӯза наметавонад худро аз ин хатар комилан дар амон бидонад. Ба гуфтаи сиёсатшиносон экстремизм ифодаи амали тундгароӣ буда, ифротгароии динӣ маънои таассуб дар дин ва мазҳаб мебошад. Яъне, таҳти таъсири андешаи бардурӯғи аз доираи таълимоти динӣ дур дар ниҳоди шахс боварии комил ба ҳиссиёти экстремистӣ табдил меёбад. Дар натиҷа исломи муътадил ба идеологияи радикалӣ мубаддал гардида, аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистӣ, ба монанди «Ваҳҳобия», «Салафия», гурӯҳҳои ифротгароии «Ҳизбут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгресси халқии Курд», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон», «Давлати Исломӣ» ва ғайра сӯйистифода мегардад. Бояд гуфт, ки мақсади ниҳоии ин гурӯҳҳо нооромии ҷомеа, аз байн бурдани давлатҳои миллӣ ва соҳиб шудан ба сарватҳои зеризаминиву рӯизаминӣ аст. Мавҷудияти давлатҳои миллӣ бошад, монеаи бузурге барои пиёдасозии барномаҳои онҳост. Чуноне ки донишмандон мегӯянд, динҳои ҷаҳонӣ, махсусан дини муқаддаси ислом дар худ мафкураи бадро, ки мардумро барои нобуд кардани якдигар баҳри мақсадҳои ғаразнок даъват менамоянд, инкор мекунанд. Аммо гурӯҳҳои хунхор бо номи дин ва гуё барои амалӣ сохтани мақсадҳои динӣ, вале дар асл мақсадҳои шахсию ҳизбию гуруҳӣ даст ба чунин аъмол мезананд. Мувофиқи нишондодҳо дар натиҷаи сӯистифода аз дин ва озодиҳои динӣ тадриҷан зиёдшавии тамоюли экстремизми исломӣ ба назар мерасад, ки рушди босуботи кишварро таҳти хатар қарор медиҳад. Ифротгароёну террористон, ки бо шиорҳои динӣ по ба майдони сиёсат ва ҷанг гузоштаанд, аз ҳама беш мафкураи ҷавононро нишон гирифтаанд. Зеро медонанд, ки ҷавонон дар ҳар ҷомеа нерӯи асосӣ ва имрӯзу ояндаи давлат ба чигунагии онҳо вобаста аст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон аз раванди шомилшавии баъзе ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои экстримистию террористӣ нигаронӣ
намуда, ҷонибдори омӯзиш ва огоҳии ҷавонон аз тамоюл ва равандҳои хатарноки ҷаҳони муосиранд. Мавзӯи шомилшавии баъзе ҷавонони тоҷик ба созмону гурӯҳҳои экстримистӣ ва террористӣ дар ҷомеаи имрӯза ба яке аз мавзӯҳои асосии баҳс дар расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳфилҳои илмӣ табдил ёфтаст. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар 14 шаҳру ноҳия барои омӯхтани сабабҳои тундгаро шудани ҷавонон ва роҳҳои пешгирии ҷалб шудани онҳо ба гурӯҳҳои ситезаҷӯ пажуҳиш гузаронд. Аз натиҷаҳои он бармеояд, ки нерӯҳои муайян бо сӯистифода аз ноогоҳӣ ҷавонони тоҷикро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мекунанд. Ин пажӯҳиш нишон дод, ки аксари тоҷикистониёне, ки ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд, аз 18 то 35-солаанд. Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, агар ҷавонон аз асли дин огоҳ бошанд, пайвастанашон ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ хеле кам хоҳад шуд.
сти онҳо ҳадафи худро пиёда месозанд. Гуфта мешавад, ки дар ҷангҳои бемаънии Сурия ва Ироқ баъзе шаҳрвандони Қазоқистон, Узбекистон, Қиғизистон, Русия, Британияи Кабир, Индонезия ва дигар кишварҳо иштирок доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сокинони Тоҷикистон ба кушторҳои бераҳмонаи гурӯҳи бо ном “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ бо нафрат нигоҳ мекунанд ва ҳоло ҷалби ҷавонон ба сафи ин гурӯҳҳо то андозае коҳиш ёфтааст. Пажӯҳиши дигаре дар ин самт, омилҳои шомилшавии ҷавонони тоҷикистониро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чунин нишон додаст: - ташвиқи васеъ пайдо намудани ғояҳои экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ; - афзоиши шумораи ҷавонони бекор ва бемаълумот; - сатҳи пасти маърифати динии ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки байни дини ҳақиқӣ ва таассубу хурофот тафовут намегузоранд; - бетаваҷҷуҳии волидон нисбат ба тақдири ояндаи фарзандон ва
Ҳамчунин, таҳсили ғайриқонунии ҷавонон дар бархе аз марказҳои исломии давлатҳои хориҷӣ, бахусус кишварҳои арабӣ мояи нигаронист, зеро онҳо ҳангоми таҳсил дар ин донишгоҳу марказҳои исломӣ эмиссар ё гумошта гардида, ба Ватан ва амнияту суботи кишвар хатар эҷод мекунанд. Бояд гуфт, ки тадбирҳои солҳои охир андешидаи Президенти ҷумҳурӣ ҷиҳати баргардонидани чунин ҷавонон аз хориҷи кишвар бамаврид ва саривақтист. Ба гуфтаи муҳаққиқон, вақте ҳукумат садди таҳсили ҷавонон дар мадориси исломии хориҷӣ шуд, эмиссарҳои мазҳабӣ аз кишварҳои дигар бо ҳар роҳ вориди Тоҷикистон шуда, миёни сокинон таблиғоти ифротгароёнаи худро идома доданд. Ҳатто қасдан ҷиноят содир намуда, худро ба зиндон афканданд, то тарғиботи худро миёни маҳбусон ба роҳ монанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи таҳқиқгарон, зарур аст, то афроде, ки бо ҷиноёти террористиву экстремистӣ зиндонӣ мешаванд, дар муассисаҳои алоҳида нигаҳдорӣ шаванд. Чуноне ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, ҷангҳо дар ҷаҳон муди нав гирифтаанд. Ҳоло абарқудратҳо дигар ба сари давлате лашкар намекашанд, балки дар дохили ҳамон давлат ду гурӯҳи ба ҳам мухолифро омода карда, бо да-
аз тарбияи волидон дур мондани аксари ҷавонон; - паст будани сатҳи донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ; - пайдоиши тафриқа миёни мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон: ба вуҷуд омадани як зумра гурӯҳҳои ифротии динӣ, аз ҷумла «Салафия», «Ваҳҳобия», «Такфириҳо» ва гурӯҳҳое, ки мақсадҳои ғаразнокро пайгирӣ менамоянд; - аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар минтақаи нисбатан хатарзо ва наздик ба кишварҳои тавлидгари экстремизми динӣ (Ҷумҳурии Покистон ва Афғонистон) ҷойгир будани Ҷумҳурии Тоҷикистон; - талоши кишварҳои хориҷӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ва сӯистифода аз «омили исломӣ». Аз воқеаҳое, ки дар гӯшаву канори олам сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои одамони ифротгаро ягон муқаддасот - Ватан, миллат, дин мазҳаб арзише надоранд. Онҳо осорхонаҳои таърихии давлати Ироқро, ки арзиши баланди динӣ ва таърихӣ доштанд, ба хок яксон карданд. Ҳамчунин, бо ҳар роҳу равиш афроди равшанфикр ва мутахассисони варзидаи миллиро нобуд месозанд, то аз бесаводии аҳолӣ сӯистифода намоянд. Ин гурӯҳҳо таҳти таъсири ақидаҳои тунду
ғаразнок ҷавононро ба гурӯҳҳои экстримистӣ шомил гардонида, ба иҷрои ҳар гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат, таҷовуз ба номуси инсонҳо тайёранд. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, ба хотири соҳиби сарвату мол гардидан рӯзгори осудаву Ватани ободу зебо, волидайн ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои хориҷ ба хотири манфиати дигарон меҷанганд. Дар натиҷа иддае аз онҳо дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, ҳамсару фарзандони худро низ ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро ҳам дар хатар мегузоранд. Ҳол он ки тибқи таълимоти ислом рехтани хуни ноҳақ аз ҷумлаи гуноҳони кабира дониста мешавад. Мутаассифона, ба доми фиреби гурӯҳҳои экстремистӣ на танҳо одамони бесаводу ноогоҳ, балки касоне ҳам меафтанд, ки дар доираи худ зоҳиран соҳиби мавқеъ будаанд. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надоштани ҳувияти милливу эҳсоси ватанпарастӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватан, миллат, оила ва модари худ хиёнат мекунанд. Онҳо дер ё зуд сазои ин аъмоли нангини худро хоҳанд дид. Бояд донист нафароне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил мешаванд, роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд. Вале бадтарину манфуртарин амал дар тамоми дину фарҳангу ойин ва дар ҳамаи миллатҳову ҷомеаҳо хиёнат ба Ватан асту нобахшиданӣ ва номи ин гуна ашхос ҳамчун хоини Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи сиёҳ сабт хоҳад шуд. Ба ҳар як шахси хирадманд маълум аст, ки маҳз дар шароити соҳибистиқлолии кишварамон масҷидҳои зиёд сохта шуданд, мардуми мусалмони мо ба зиёрати хонаи Худо меравад, теъдоди ҳоҷиён сол то сол меафзояд, маросимҳои динӣ озодона анҷом дода мешаванд. Барои баҳои холисона додан инсон бояд воқеъбин ва боинсоф бошад. Дар бораи одамони аз инсофу ислом дур Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чунин мегӯяд: Ҳазорсола роҳ аст аз ту то мусулмонӣ, Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ. Таъкид мешавад, ки душманони миллати тоҷик тавассути ашхоси нохудогоҳу беҳувият кишвари моро мисли Ироқ, Сурия, Яман, Миср, Лубнон ва Афғонистон ба гирдоби ҷангу низоъҳои даҳшатбор афкандан мехоҳанд. Сабаби асосии оромии зиндагии имрӯзи мо, хушбахтии ояндаи фарзандон ва пойдор мондани Ватани азизамон Тоҷикистон барои таҳкими субот ва пойдории давлат муттаҳид шудан аст. Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои радикализм ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром ва ҳамнаво бошем.
Мавзӯе, ки мо аз мусоҳибон пурсон шудем, дар аввал хеле ҷузъию сода менамояд, аммо дар асл, зуҳуротест, ки бо гузашти вақт дар ҷомеа реша давондаасту мардум нигаронӣ дорад. Нафарони зиёдеро во мехурем, ки дар ҳар кунҷи шаҳр ба гадоӣ машғуланд. Баъзеи онҳо комилан тандурустанд. Ҷӯгиҳо бошанд, ин амалро барои худ касби бобоӣ медонанд. Аз мусоҳибон пурсидем:
Чаро ба гадоҳо пул медиҳед?
Маҳина Хоҷаева, сокини Шаҳринав: - Ман аввалҳо ба гадоҳои сари роҳ пул медодам. Чун онҳо дар назарам бечораву нодор менамуданд. Баъд аз он ки чанд маротиба бо чашмони худам дидам, ки солиманду худро чунин вонамуд месозанд, нисбаташон нафрат пайдо кардам.
Аъзам Аҳруллоев, сокини вилояти Суғд: - Мо чунин тарбия ёфтаем, ки бояд ба дармондагону муҳтоҷон кӯмак расонем. Вақте, ки касе бо талаби дасти ёрӣ ба наздамон меояд ва ё дар роҳраву кӯчаҳо аз мо пул талаб мекунад, ба вай кӯмак мекунем. Лекин ман на ба ҳамаи гадоҳо пул медиҳам. Бисёре аз онҳо тани солим ва ақли расо доранду боз омада пул мепурсанд. Ба нафаре пул медиҳам, ки воқеан муҳтоҷу барҷомонда аст.
Маърифат Аловатова, донишҷӯ: - Ман ба он мақсад пул ба гадоҳо медиҳам, ки савоб гирам ё каме ҳам бошад мушкилоташонро ҳал кунам. Ба фикри ман, на ҳар кас ба гадоиву талбандагӣ машғул мешавад. Он нафаре гадоӣ мекунад, ки воқеан муҳтоҷ аст. Мумкин модараш ё фарзандаш ва ё ягон шахси барояш азиз бемор ва бистарӣ ҳасту бо ин сабаб ба гадоӣ даст мезанад. Кас то маҷбур нашавад, ба ин кори нанговар даст намезанад. Шояд барои нафаре одат шуда бошад. Аммо ҳеҷ бовар намекунам, ки нафари бо нангу номус аз рӯи шайтониву гарданкаҷӣ ба ин кор машғул шаваду рӯзи худро гузаронад.
Шервони Умриддин, рӯзноманигор: - Гадо, талбанда ва ҷӯгӣ! Ин се калима ба ҳамдигар ҳаммаъноянд. Мо имрӯз барои он ба гадоҳо пул медием, ки барои мо одат шудааст ва барои савоб. Имрӯз дар шаҳрҳои калонтарини кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа нафаронеро мебинем, ки дар бозору мағоза ва дар кӯчаву паскӯчаҳо аз мардум пул металбанд. Аксари мардум ба онҳо пул намедиҳанд. Зеро бештари онҳо худро ба маъюбию ноқисулақлӣ зада, аз мардум пул металбанд. Онҳо сад дар сад тандуруст мебошанд ва баъд аз дарёфти пул дар марказҳои дилхушӣ ба шаробнӯшӣ машғул мешаванд. Масалан, як писар ҳар рӯз дар шаҳраки Гипрозем бо овози баланд садо карда, дасту пой ва гарданашро ларзонида мегӯяд, “падару модар надорам, хайр кунед”. Ҳатто гиря мекунад. Дар асл сиҳату солим аст. Пулҳои хайркардаи мардумро гирифта, ба шаробнӯшӣ машғул мешавад. Як куҳансоли дигар дар қабристони маҳаллаи 102 ҳар рӯзи чоршанбе ба талбандагӣ машғул шуда, баъд аз нисфирӯзӣ дар ошхонаи Қазоқон як қисми маблағро барои харидани шароб сарф мекунад. Ба ин хотир, ҳоло бисёри мардум ба гадоҳо пул намедиҳанд.
5
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”
ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА
Умед Сиддиқшо, сокини пойтахт: - Барои он ки гадо эхтиёҷ дорад. Аслан вожаи гадо ба ду мафҳум истифода мешавад яке гадо, ки инро ба худ ҳамчун касб қабул намудаву рӯзии худро аз он меёбад. Ба ин тоифа мардум одатан ман кам аҳамият медиҳам, чаро ки он касб аст на аз рӯи зарурат. Гурӯҳи дигар, ки эҳтиёҷманданд. Ба онҳо таваҷҷуҳ дорам ва ба қадри имкон пул медиҳам. Инчунин тавсия ҳам дода метавонам, ки эҳтиёҷоташро дигарон бароварда созанд. Дар умум набояд касеро ноумед созем. Чаро ки шояд мо ҳам рӯзе дар ҳолати мушкиле дучор оем. Вақте ҳазрати Иброҳим (а) дар хона буд, касе аз афроди бедин барои пораи ноне дарашро тақ-тақ кард. Иброҳим берун шуд ва гуфт: “Яктопарастӣ ё на?” Ҷавоб гардонд, ки “на!” Иброҳим (а) дар ивази пораи нон ба он соил яктопарастиро ташвиқ намуд, ки қабул накард ва ба роҳи худ равон шуд. Баъд аз чанд лаҳза Иброҳим (а) дунболаш рафту гуфт, “биё ман ба ту зиёфат медиҳам. Чаро ки бо надодани пораи нон Худовандам хитоб намуд, ки 56 сол ин мардро ман ғизо медодам, вале боре дар ивазаш аз ӯ чизе нахостам. Аммо ту барои як пора нон тамаъ дорӣ, ки ӯ яктопараст шавад”. Мо поёнтар аз бемористони “Қарияи Боло” зиндагӣ мекунем. Борҳо шоҳид будам, ки эҳтиёҷмандон ба хонаи мо омада пул мепурсанд ё назди масҷид истода талбандагӣ мекунанд. Чеҳраи онҳо ба гадо монандӣ надорад, аммо маълум аст, ки сахт эҳтиёҷманд аст. Фикр мекунам, ки агар диққати бештар на ба гадо, балки ба эҳтиёчмандон диҳем, хуб мешавад.
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
МАВЗӮИ РӮЗ
Ҷавонон китоб мехонанд, агар...
ХУРШЕД МАВЛОНОВ
Асарҳо бояд мувофиқ ба завқи хонандаи имрӯз навишта шаванд Тоҷиконро дар ҳама давру замон бо фарҳанги воло ва таърихи пурғановаташон мешинохтанду мешиносанд. Ба василаи осори баландмазмуни адибу донишмандони бузургамон халқи тоҷик ба дигар қавму миллатҳо муаррифӣ гашт. Дар баробари ин ниёкони мо низ барои баланд бардошани савияи дониш ва ҷаҳонбинии худ аз беҳтарин адабиёти ҷаҳон истофода мекарданд. Дар ҳама давру замон миллати тоҷик дар диёри худ барои таҳсили илм ба китобхонӣ рӯ меоварданд, ки таърихи дуру наздики мо гувоҳи ин гуфтаҳост.
Нуқтаи асосӣ ва боиси нигаронӣ ин аст, ки насли ҷавони имрӯза дар масъалаи китобхонӣ аз гузаштагони худ як кам дур мондаанд. Ба китобдорию китобхонӣ аҳамияти хоса зоҳир намекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз китобу китобхонӣ дур шудан дар интиҳои садаи ХХ ба миён омад. Агар сабабашро мушкили камбизоатӣ донем, пас як нафар ҳинду дар як ҳафта 10,7 соати худро ба хондани китоб мебахшад. Агар аз рӯи пешрафти илму техника ва ё интернет гирем, америкоиҳо ва чиниҳо аз 6 то 9,4 соат вақти худро дар як ҳафта сарфи хондани китобҳои бадеӣ мекунанд. Пас мушкилии асосӣ дар чист, ки имрӯз ҷавонон ба китобхонӣ чандон таваҷҷуҳ надоранд? Кадом омил имрӯз монеи китобхонии ҷавонон мегардад? Ба қавли адиб ва муҳаққиқи тоҷик Қодири Рустам, мардуми тоҷик, мутаассифона, дар замони шӯравӣ нисбат ба миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ камтар китоб мехонданд: “Чопи китоб дар Тоҷикистон камтар аз дигар ҷамоҳири понздаҳгона буд. Бо ин ҳол, дар замони шӯравӣ китоби адибони тоҷик аз 5 то 20 ҳазор нусха ва гоҳе то 75 ҳазор (ашъори Лоиқ) ва 100 ҳазор нусха (устод Айнӣ) чоп мешуд ва бештари он дар як сол ба фурӯш мерафт”. Ин коршинос ба он ақидааст, ки пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои шомили он таъсири бузург расонд: “Албатта, кам шудани шумори китобхонҳо танҳо хоси Тоҷикистон нест, балки дар ҳамаи ҷамоҳири
шӯравӣ мушоҳида мешавад. Таҳаввулоти азими сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ омили асосии ин амр аст. Яъне мардум якбора бахтзада шуданд, аз роҳи маъмулии суннатии зиндагӣ берун рафтанд ва бештари суннатҳои қаблиро низ аз даст доданд”. Ҳамчунин ӯ дигар омили кам китобхон будани насли ҷавонро дар ҷанги шаҳрвандии кишвар медонад. “Сабаби асосии аз китобхонӣ даст кашидани мардум - ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Маҳз бо сабаби ҷанги дохилӣ ва чанд авомили ба он хос дигар дар кишвари мо дониш, хирад, андеша, ки бештар маҳсули китоб хондан аст, қадри худро гум кард. Ҷавонон диданд, ки барои зиндагии хуб донишу хираду андеша доштан шарт нест...” Аммо иддао кардан, ки ҷавонон тамоман китоб намехонанд ва ё китобхон нестанд, ғалат аст. Зеро имрӯз ба рағми ҷавононе, ки аз китоб дур ҳастанд, боз нафароне пайдо мешаванд, ки пайи китобхонӣ ҳастанд. Мушкилии асосии ҷомеаи мо имрӯз ин аст, ки адабиёти дохилӣ, махсусан адабиёти замони истиқлолият хонандаи худро намеёбад. Профессор Иброҳим Усмонов дар тақвияти ҳамин гуфта, ки ҷавонон ба адабиёти дохилӣ рӯ намеоранд, чунин мегӯяд: “Ҳастанд ҷавононе, ки шавқи китобхонӣ доранд. Танҳо завқи китобхонӣ тағйир ёфтааст. Ҷавонон адабиёти имрӯзаи ғайритоҷикиро мехонанд. Адабиёти классикӣ, ба мисли Румию Саъдию Ҳофиз ва монанди инҳоро варақ мезананд, аммо бештар адабиёти муосири хориҷаро мехонанд. Сабабаш шояд ҳамин бошад, ки дар адабиёти муосири мо хоҳиши ҷавонон камтар зоҳир мешавад”. Ба гуфтаи профессор, нависандаҳои имрӯзаи мо хоҳиши ҷавононро қонеъ карда наметавонанд. Ин аст ки онҳо хоҳишҳои худро аз адабиёти хориҷа бароварда мекунанд. Проффесор Усмонов бар он ақидааст, ки имрӯз дигар ҳоҷати нашри чандкаратаи адабиёти классикиамон нест. Зеро аз адабиёти классикӣ китобхонаҳо пур шудаанд, аммо ҳеҷ кас онҳоро намехарад: “Мо медонем, ки аксарияти китобҳои классикӣ дар замони истиқлол ду се маротиба аз чоп баромаданд. Вале ба фурӯш нарафтанд. Адабиёти классикии мо назм аст ва онро на ҳама кас мефаҳмад. Имрӯз ба мо адабиёти ҳақиқӣ даркор, адабиёте, ки воқеаро айнан тасвир карда бошад. Яъне воқеаи рӯзро возеҳ ба мардум пешкаш намояд”.
Ба ин ки адабиёти навини мо хонандаи худро намёбад, шумораи чопи онҳо далел шуда метавонад. Ба гуфтаи Қодир Рустам “пас аз истиқлол тиражи китобҳо аҳёнан ба 5 ҳазор мерасад (силсилаи "Ахтарони адаб", ки бо супориши ҳукумат чоп мешавад) ва ағлаб аз 300 то 1000 нусха аст, ки он ҳам солҳо дар рафи китобфурӯшиҳо мехобад”. Аксари таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки сабаби аслии дур мондани ҷавонон аз китобхонӣ воситаҳои электронӣ, махсусан интернет мебошад. Дар ин радиф китобҳои савтӣ, радио, телевизион, китобҳо дар шакли электронӣ дохил мешаванд. Вале агар ба ҷадвали пешрафтатарин кишварҳо назар кунем, мебинем, ки онҳо аз ҳама бештар китобҳои чопиро мутолиа мекунанд (далели инро дар мисоли Амрико ва Чин дар боло қайд кардем). Профессор Иброҳим Усмонов чунин мешуморад, ки ҳар чизи навпайдо дар ҷомеа мақом ва ҷои худро дорад, аз ҷумла интернет: “Ин ки интернет роҳи хонданро гирифтааст, ғалати маҳз мебошад.- мегӯяд ӯ Интернет дигар чиз аст, радио дигар, матбуот дигар ва китоб дигар. Инҳо ҳеҷ вақт ҷои якдигарро гирифта наметавонанд”. Масъалаи аз китобхонӣ дур шудани ҷавонон дар матбуоти даврӣ зиёд баррасиву интиқод мешавад, вале ҳол ҳамон асту ҳамон. Имрӯз бояд чорае ҷуст, ки омма дубора рӯ ба китоб биёрад. Коре карда ҷавононро ба китобхонӣ ҷалб намоем. Зеро тафаккури созандаро ҷавонон - насле, ки нав ташаккул ёфта истодааст, танҳо аз китоб соҳиб шуда метавонанд. Дар ин маврид муаррих Нуралӣ Давлат чунин андеша дорад: “Хондан барномаи давлатиро талаб мекунад. Мо барои мисол ду кишварро мегирем Иттиҳоди Шӯравӣ ва Эрон. Ҳар ду кишвар идеологӣ буданд, вале барои баланд бардоштани сатҳи саводи мардум барномаҳо доштанд. Масалан, дар солҳои 20 ва 30-и асри гузашта давлати советӣ инқилоби маданиро татбиқ ва қариб тамоми аҳолӣ - аз хурд то калонро босавод кард. Ҳамин барномаро Эрон низ тақрибан татбиқ намуд”. Нуралӣ Давлат барои бедор кардани шавқи китобхонӣ дар миёни омма пешниҳод мекунад, ки барои чопи беҳтарин китобҳо як субсидия ташкил карда шавад ва ҷавонон ҳавасманд гардонида шаванд. Давлат бояд барои ҷалб кардани шаҳрвандон барнома қабул
кунад. Дар ин барнома бояд вазифаҳои мушаххас гузошта шавад. Дар ибтидо барои чопи китобҳои зарурӣ давлат пул ҷудо кунад. Барои касоне, ки китоби ҷолиб менависанд, ҳаққи заҳмат диҳад, ки барои зиндагии ҳадди ақал яксолааш кифоя бошад. Баъд аз пайдо шудани бозори воқеии китоб, яъне замоне ки дигар нависандагону муаллифон дар бозор хонанда пайдо мекунанд ва ин ба анаъана табдил меёбад, давлат субсидияро бекор мекунад. То замоне ки далват мардумро китобхон накунад, бо ифтитоҳи китобхонаҳо вазъ беҳтар намешавад. Гузашта аз ин, имрӯз бо пайдо шудани китобхонаҳои электронӣ инсонҳо кӯшиш мекунанд, ки дар шароити хона китобҳоро аз ин китобхонаҳо дастрас кунанд. Ба гуфтаи Қодир Рустам, имрӯз бояд қабл аз ҳама, шеваи дарс додани улуми инсонӣ дар мактабҳо тағйир ёбад. Ба фикри ӯ, хонандагон адабиётро бояд омӯзанд, на таърихи адабиётро, забонро бояд ёд дод, на синтаксису морфологияро. Мактаб бояд андеша карданро ёд бидиҳад. Воқеан, вақте ки мо дар мактаби миёна ба китоби бадеӣ одат кунем, чун ба донишгоҳ шомил шавем, худ аз худ ба китобхонӣ машғул мешавем. На бо маҷбур кардани устодон, балки аз пеши худ. Имрӯз нафароне, ки аз пеши худ зиёд мехонанд, кам ҳастанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки хондан барояшон хоббӣ аст. Профессор Иброҳим Усмонов бар он ақида аст, ки барои беҳтар кардани хониш аввал дар мактабҳои миёна ва баъд олӣ таваҷҷуҳи ҷавононро ба адабиёти ҳақиқӣ ҷалб кардан даркор. Адабиёти муосирро бояд тарзе навишт, ки вазъи имрӯзаи моро ифода карда тавонад: “Вақте ки адабиёти муосирро ҷавонон мехонанд, бояд онҳо дар масъалаҳои атрофи худашон чизеро дида тавонанд. Он адабиёти кӯҳнашуда, албатта ба ҷавонон камтар завқ мебахшад”. Ба гуфтаи И. Усмонов, ҳатто дар деҳаҳо китобхона бунёд кунем, дигар чун солҳои 80-ум ба он таваҷҷуҳ намекунанд: “Дар деҳаҳо китобхона бошад, хуб аст. Вале китобхонии деҳа ба маъное, ки мо дар солҳои 80-ум мегуфтем, вуҷуд надорад. Агар бошад ҳам, намехонанд. Чунки чизи нав ёфта наметавонанд ва барои чизҳои нолозим вақти худро сарф намекунанд. Вақте ки китоб ба одам чизе дода тавонад, барои он вақт ҷудо мекунад. Имрӯз ҳамин хел адабиётро навиштан даркор”.
Бо он ки кӯшиши табаддулоти низомӣ дар Туркия пахш гардид, гумон меравад, ки кор тамом, таҳлука бартараф шуд. Вале на, барои Туркия барин як кишвари ҳассос ва аз имкониятҳои муйяне дар Ховари Миёна бархурдор таҳлука ва хатарот баъд аз ин оғоз меёбанд. Ҳоло ҳукумати ин кишвар ба ғаразу ҳасодати худ машғул аст, ба қавле рақибонашро саркӯб кардан дорад, вале агар аз ҳоло бовари мардумаш-
буҳрони байналмилалӣ ин масъала боз ҳам возеҳтар мушоҳида хоҳад шуд. Ҳол он ки Туркия аз ҷиҳати теъдоди низомиёнаш дар НАТО дуюмин узви ин созмони байналмилалии низомӣ ба ҳисоб мерафт. Заъфи низомӣ дар миқёси байналмилалӣ ва дохили Туркия таҳлукаи дигаре буда метавонад. Ҳоло зиёд аз он гуфта мешавад, ки мардуми турк кӯшиши табаддулоти низомиро пахш карданд. Албатта, чунин
Туркия ба Сурия чашм пӯшид. Вале имрӯз бо пахши ошӯб як қадам наздиктар ба тағйири конститутсияи Туркия монд, ки тибқи он бояд президент, яъне Эрдуғон салоҳияти бештареро соҳиб шавад (Дар Туркия президент шахси якум нест). Майл ба ҷониби авторитаризм ва худкомагӣ. Яъне он чи ки Эрдуғон бо он Башор Асадро муттаҳам мекард (худкомагӣ), ҳоло худаш бо суръати баланд ба он майл дорад. Ҳаводиси се соли охир – моҷаро атрофи парки “Таксим” ва қазияи
7
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
НАБЗИ ҶАҲОН
МАҲМУДҶОН УСМОНОВ
р о , ки нисбат ба д а в лат, низоми давлатдорӣ, ба қудрати сиёсӣ ва нерӯҳои ҳарбӣ коста гаштааст, ба даст наорад, фардо дер мемонад. Зеро дар кӯшиши табаддулоти низомӣ аксари генералҳои олирутбаи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар муттаҳам ва боздошт шудаанд. Инҳо ҳамон нерӯе буданд, ки солҳо боз дар кӯҳу камар (дар қисмати шимолу шарқи Туркия ҷанг бо ифротиёни курд аслан дар кӯҳҳо мегузарад) алайҳи Ҳизби коргарони Курдистон (ҲКК) муқовимат мекарданд ва барои аз кӯҳҳо фаромада ба шаҳр ворид шудани онҳо монеъ мешуданд. Ҳоло ҲКК он нерӯи мудофиавиеро, ки солҳои зиёд дар муқобили худ медид, акнун ҳамчун ошӯбгарон алайҳи ҳукумати Туркия мебинад. Ба ибораи дигар, акнун пеши роҳашро кушода ёфта, мунтазири фурсати муносиб барои ҳуҷум аст. Нақшаи ояндаи ҲКК дарди сар ва яке аз чанд таҳлукаи асосӣ барои Туркия хоҳад буд. Мардуми турк медонанд, ки агар аъзои гурӯҳи ҲКК аз кӯҳ фароянд, аҳвол дар шаҳрҳо чӣ гуна хоҳад шуд. Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои асосие, ки боиси ба табаддулот ташаббус намудани низомиён дар Туркия гардид, ба дасти низомиён афтодани рӯйхати махфии омоданамудаи Хадамоти истихборотии Туркия (МИТ) будааст. Тибқи рӯйхати мазкур бояд 2700 нафар генералҳои олирутба аз Шӯрои низомии Туркия ихроҷ карда мешудаанд. (Сохтори низомии Туркия чунин аст, ки дар он ҳамаи генералҳо аз як ҳизбу идеология пайравӣ намекунанд, бархе содиқ ба идеология Камол Отатурк аст, иддае ин ва ё он ҳизби дигарро ҷонибдор аст, ҳукумат ҳам мехост қудрати низомиро аз низомиёни ба худаш содиқ ташаккул диҳад...) Яъне нуқтаи муштараки низомиён ҳамон рӯйхати махфии МИТ будааст, ки генералҳои ошӯбгарро гирди ҳам оварда, барои қиём кардан водор намудааст. Ҳоло Эрдуғон ба мақсадаш ноил шуд, онҳоеро, ки дар артиш ҳамчун рақиб ё мухолифони худ ҳисоб мекард, ба қавле чораашонро дид. Ӯ ба хостааш ноил шуд, вале кишварашро чанд қадам ба сӯи оташ наздиктар бурд, умеди мардумашро ҷиҳати амнияту субот дар дохили Туркия ба бод дод. Ҳоло дигар дар арсаи байнлмилалӣ Туркия он нерӯи низомиеро надорад, ки эътиборашро таъмин намояд. Дар дилхоҳ
буд, в а л е онҳое, ки шаби 15 июл ба болои танкҳо баромада, аз сарбозон талаб карданд, ки аз ҳаракат боз истанд ё аз танк берун бароянд, дигар буданду нафароне, ки фардояш , 16 июл дар майдон ҷамъ омада, ба суханрониҳои Эрдуғон қарсак зада “ура” мегуфтанд, дигар. Яъне, мардуми турк на ба хотири садоқаташон ба Эрдуғон алайҳи қиёми низомиёни ошӯбгар баромаданд, балки барои халал наёфтани оромӣ ва суботашон бархостанд, чунки ошӯбҳои низомиро зиёд дидаанду оқибати онро хуб медонанд... Аз ин нуқтаи назар тахмин кардан душвор нест, ки ошӯб ё қиёми навбатӣ дар Туркия ҳамроҳ бо як ҷанги дохилӣ тарҳрезӣ хоҳад шуд. Зеро ошӯби 15 июл аз дастгирии ҷамъиятӣ бархӯрдор набуд. Акнун тафриқаандозон ин омили муҳимро ба инобат мегиранд ва низоъҳои этникӣ-мазҳабии анъанавӣ метавонад дастгирии ҷамъиятиро дар ташаккули як ҷанги дохилӣ дар Туркия таъмин намояд. Он рӯз мабод, вагарна боз мардуми бечораву беҳимоя қир мешавад. Туркия дигар он кишваре нест, ки солҳо пеш бо роҳбарии Эрдуғон ва ҳизби Адолат ва рушди ӯ модел ё худ намунаи кишварҳои минтақа гашта, демократияи муътадили исломиро бархурдор шуда буд. Иттиҳоди Аврупо, ки рушди босуръати Туркияро дида, аз соли 2005 масъалаи пазируфтани Туркияро ба узвият баррасӣ мекард, ҳоло тамоман аз ин тасмим даст шустааст. Дигар дар ин кишвар аз демократия намегӯянд, хусусан баъд аз барканориву аз мақом озод кардани ҳазорон ҳазор кормандони давлат. Инчунин, сулҳе, ки солҳо пеш дар Туркия бо таъмини ифоқа бо аққалиятҳои курд ба миён омада буд, акнун сахт халалдор гаштааст. Эрдуғон ба хотири он ки ҷиҳодиён ё ҷангиёни ифротии ДИИШ президенти худкомаи Сурия Башор Асадро сарнагун кунанд, солҳо боз ба гузаштани ҷангиёни ифротии алоқаманди ДИИШ аз тариқи
фасоди густарда дар Туркия бузургтарин дастоварди Эрдуғон – иқтисодиёти пешрафтаро ба нуқтаи заъфи ӯ бадал кардааст. Сайёҳӣ, ки соҳаи пешрафта ва сердаромади Туркия буд, ҳоли зор дорад. Сайёҳони хориҷӣ дигар аз рафтан ба Туркия хавф доранд. Ин ҳама баёнгари он аст, ки иқтисодиёти ин кишвар дар чанд соли оянда хеле вазнин хоҳад шуд. Барои иқтисодиётро муътадил нигоҳ доштан сармояи хориҷӣ лозим аст, ки барои онро соҳиб шудан бояд сармоягузорони хориҷиро бовар ва қонеъ кунонд. Вале бо Эрдуғон, ки ҳамчун як султони кинатӯз амал карда истодааст, ин кор бояд хеле душвор бошад. Хуласи калом, демократияеро, ки мардуми турк дар бадали ҷонашон ҳимоя мекарданд, Эрдуғон тадриҷан хароб карда истодааст, ки оқибаташ ба хайр бод.
Туркияи дигар
Аз ҳодисаи табаддулоти нокоми низомӣ дар Туркия инак ҳафтаи дуюм сипарӣ мегардад. Бисёриҳо то ҳол нигаронанд, ки ояндааш чӣ мешавад. Мехоҳанд бидонанд, ки Туркияро чӣ интизор аст ё сарнавишти минбаъдаи мардуми ин кишвар, ба қавле чӣ гуна рақам мехурад. Чун ҳоло туркҳо дар расонаҳои ахбор ҳамчун мардуми шердиле муаррифӣ мешаванд, ки тавонистанд пеши роҳи табаддулотро бигиранд. Вале оё бо ҳамин тамом? Кор сад дар сад ҳал шуд, мушкил рафъ ва акнун мардум зиндагии осоиштаро идома медиҳанд? Маълум, ки не! Зеро он чи ки баъд аз “табаддулот” дар Туркия сурат гирифт, балки ҳоло ҳам сурат гирифта истодааст нигаронии бештари ҷомеаи ҷаҳонро ба бор овард. Дар пайи қазияи мазкур, тавре мълум аст, ҳукумати Туркия ба “тозакорӣ” пардохт ва ҳар нафари “шубҳанок”-и бо сиёсати кунунии Президенти Туркия ҳамандешнабударо аз саф баровард. Ин иқдоми густарда худ он андешаро қувват мебахшад, ки дар Туркия “табаддулот” бо нияту мақсади маълуму мушаххаси ҳукумати он кишвар роҳандозӣ шуда буд. Вале ҳар чи бодо бод, ҳоло бубинем, ки Туркия обистани кадом мушкилиҳои дигар аст ва дар ояндаи наздик ин кишварро чи ё чиҳо интизор хоҳад буд.
8
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
РИО-2016
Рио-де-Жанейро-2016 ХХХI-ум олимпиада маҳсуб меёбад. Ин маъракаи муҳими варзишӣ беҳтаринҳои ҷаҳонро давоми 17 рӯз (5-21 август) ҷамъ меорад ва беҳтарини беҳтаринҳои намудҳои гуногуни варзишро барои чор соли оянда муайян мекунад.
Олимпиада-2016
Ду намуди нави варзиш ва ду иштирокчии нав аз ҳисоби давлатҳо
ШОДИХОНИ НАЗАР
Рио-2016 аввалин олимпиаде мебошад, ки дар қитъаи Америкаи Ҷанубӣ баргузор мегардад ва дуюмин олимпиада дар Америкаи Лотинӣ. Аз ин пеш дар ин минтақа соли 1968 Мехико (Мексика) мизбони Бозиҳои олимпӣ буд. Орзуи деринаи мардуми Бразил, бахусус, шаҳри Рио-де-Жанейро амалӣ гардид. Зеро аз ин пеш ин шаҳр чор маротиба – солҳои 1936, 1940, 2004 ва 2012 барои мизбонии Бозиҳои олимпӣ номзадии худро пешниҳод намуда, аммо ноком гардида буд. Барои олимпиадаи 2016 Рио-де-Жанейро бо шаҳрҳои Боку (Озарбойҷон), Доҳа (Қатар), Мадрид (Испания), Прага (Чех), Токио (Ҷопон), Чикаго (ШМА) ва Санкт-Петербург (Русия) рақобат кард. Кумитаи байналмилалии олимпӣ 4 июни соли 2008 номи чор шаҳрро баҳри рақобати ниҳоӣ пешниҳод намуд: Мадрид, Рио-деЖанейро, Токио ва Чикаго. Дар интихоби ниҳоӣ миёни чор шаҳр 2 октябри соли 2009 дар иҷлосияи олимпӣ, ки дар Копенгагени Дания баргузор гардид, Рио-де-Жанейро ғолиб эълон шуд. Рио-де-Жанейро яке аз шаҳрҳои зеботарин дар Амрикои Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад, ки дар қисми ҷанубу шарқи Бразил ҷойгир аст. Баъд аз Сан-Паулу, дуюмин шаҳри калони Бразил маҳсуб меёбад. Рӯзҳои баргузории олимпиада аз 5 то 21 август ҳарорати ҳавои шаҳр 18-25 дараҷа ба қайд гирифта шудааст. Оташи олимпӣ 21 апрели соли ҷорӣ аз маъбади Гера гирифта шуд. Давоми 8 рӯз, то 28 апрел шуълаи олимпӣ ба Лозанна оварда шуда, баъдан Женева, Боготаро давр зада, 3-юми май вориди Бразил гардид. Оташи олимпӣ тамоми шаҳрҳои Бразилро давр зада, 5 август ба Рио мерасад ва бо афрӯхтани шуълаи олимпӣ ин маъракаи муҳим ифтитоҳ мешавад. Дар муқоиса ба Лондон-2012 ду намуди варзиш - голф ва регбӣ-7 (версияи соддакардашудаи регбӣ) вориди барномаи Бозиҳои олимпӣ гардиданд. Инак, намудҳои варзиши олимпӣ ба 33 расид: 1. аспсаворӣ; 2. бадминтон; 3. баскетбол; 4. бокс; 5. вазнбардорӣ; 6. варзиши сабук; 7. велосипедронӣ; 8. волейбол; 9. гимнастикаи бадеӣ; 10. гимнастикаи варзишӣ; 11. голф; 12. гуштӣ (озод ва юнонию
румӣ); 13. киштиронӣ; 14. қайиқронии академӣ; 15. қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ; 16. слалом; 17. панҷҳарбаи муосир; 18. таэквандо; 19. теннис; 20. тенниси рӯи миз; 21. тирпаронӣ; 22. тирпаронӣ аз камон; 23. триатлон; 24. футбол; 25. футбол дар об; 26. ҳандбол; 27. ҷаҳиш дар об; 28. ҷаҳиш аз баландӣ; 29. ҷудо; 30. шамшерзанӣ; 31. шиноварӣ; 32. регбӣ; 33. хоккей дар рӯи алаф. Дар қатори ду намуди варзиши воридшуда дар Бозиҳои олимпӣ давлатҳои Косово ва Судони Ҷанубӣ аввалин бор иштирок мекунанд. Иштироки ин ду давлат шумораи кишварҳои иштирокчиро дар Рио-де-Жанейро ба 207 расонд. Бино ба иттилои Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар ин маъракаи муҳими варзишӣ 10500 варзишгар барои ба даст овардани медалҳо рақобат мекунанд. Дар миёни 10500 варзишгари иштирокчӣ Тоҷикистонро дар Рио2016 7 варзишгар муаррифӣ менамоянд – Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзпартоӣ), Комроншоҳ Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо), Анвар Юнусов (бокс), Анастасия Тюрина, Олим Қурбонов (шиноварӣ, 50 метр) ва Кристина Проженко (давидан). ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДА Варзишгарони тоҷик аз соли 1952 шомили Бозиҳои олимпианд. Дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 1952, 1980, 1988 варзишгарони тоҷик шарафи тими олимпии Иттиҳоди Шӯравиро ҳимоя мекарданд. Баъди истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон ва пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони мо дар олимпиадаи соли 1992 зери парчами олимпӣ иштирок намуданд. Дар ин олимпиада, ки дар шаҳри Барселонаи давлати Испания доир гардид, ба гурзандози тоҷик Андрей Адбувалиев муяссар шуд, ки соҳиби мақоми аввал ва медали тиллои Бозиҳои олимпӣ шавад. Ҳарчанд варзишгари тоҷик зери парчами олимпӣ баромад намуда бошад ҳам, ҳангоми ҷоизасупорӣ Суруди
миллии Тоҷикистон садо дода буд. Андрей Адбувалиев ягона фарзанди Тоҷикистон аст, ки то имрӯз медали тиллои олимпиадаро дорад. Замоне ки варзишгарони тоҷик дар олимпиадаҳо шарафи Иттиҳоди Шӯравиро ҳимоя мекарданд, теъдодашон дар олимпадаҳо и солҳои 1964 (Токио), 1968 (Мехико), 1972 (Мюнхен), 1976 (Монреал) ҳамагӣ ба як нафарӣ мерасид. Ин шумора дар олимпиадаи соли 1980 (Москва) ба ду ва 1992 (Барселона) ба се нафар расид. Ба ҷуз олимпиадаи соли 1976 намояндагони Тоҷикикистон дар олимпиада мардҳо буданд. Дар олимпиадаи ХХI тобистонаи соли 1976, ки дар шаҳри Монреали Канада баргузор гардид, Зебонисо Рустамова ягона варзишгар ва бонуи тоҷик буд, ки дар намуди камонварӣ мақоми сеюмро касб намуд. Истиқлолияти кишвар сабаб гардид, ки сафи варзишгарони тоҷик дар олимпиадаҳо афзояд. Олимпидаи соли 1996, ки дар Атлант баргузор шуд, барои варзишгарони тоҷик аввалин олимпиадае буд, ки зери парчами кишвари соҳибистиқлол шарафи Тоҷикистонро ҳимоя намуданд. Дар ин олимпиада 8 варзишгар, 6 писар ва 2 духтар аз рӯи 8 намуди варзиш иштирок намуданд. Дар олимпиадаи соли 2000 (Сидней) аз Тоҷикистон ду писар ва ду духтар иштирок доштанд. Соли 2004 бошад, дар Афина ин шумора ба 8 нафар расид - панҷ писар ва се бону. Аммо дар ҳар се олимпиада варзишгарони тоҷик натиҷа ба даст наоварданд. Баъди рушд намудани соҳаи варзиш ва иштироки зиёди варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба варзишгарони даврони истиқлол
муяссар гардид, ки аз ду олимпиадаи охир бо медал ба Ватан баргарданд. Олимпиадаи Пекин-2008 барои Тоҷикистон хотирмонтарин ба ҳисоб меравад. Дар ин маъракаи муҳими варзишӣ аз 15 варзишгари тоҷик, ки иштирок намуданд, ду медали олимпӣ вориди хазинаи тиллоии варзиши кишвар гардид. Дар намуди гуштии озод Юсуф Абдусаломов дар вазни 84 кило медали нуқра ва дар намуди ҷудо Расул Боқиев, дар вазни 73 кило медали биринҷиро ба гардан овехтанд. Баъди ин натиҷа Тоҷикистон дар раддабандии Кумитаи байналмилалии олимпӣ зинаи 64-ро касб намуд. Лондон-2012 бошад, бокси тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ кард. Аз миёни 16 варзишгари иштирокчӣ аз Тоҷикистон (13 писару 3 духтар аз рӯи 7 намуди варзиш) танҳо ба бонуи муштзан Мавзуна Чориева мушарраф гардид, ки мақоми сеюмро касб намояд. Баъди олимпиадаи Лондон-2012 Тоҷикистон бо гирифтани як мақоми сеюм дар радабандии давлатҳо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ 15 зина поён фаромада мақоми 79-ро касб намуд. ИШТИРОКИ ҚИТЪАИ ОСИЁ ДАР ОЛИМПИАДА Қитъаи Осиё аз соли 1990 дар олимпиада иштирок мекунад. Дар олимпиадаи Париж-1990, ки бо иштироки 1300 варзишгар доир шуд, Осиёро аввалин маротиба Ҳиндустон муаррифӣ кард. Имрӯз қариб тамоми давлатҳои Осиё қаҳрамонҳои Олимпиада доранд. Натиҷаи бадастовардаи варзишгарони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар олимпиадаҳо ҳайратовар аст. То имрӯз теъдоди варзишгарони
иштирокчӣ дар олимпиадаи Рио-де-Жанейро-2016 аз Чин ба 416 нафар мерасад. Аз 33 риштаи варзиш, ки шомили Бозиҳои олимпианд, варзишгарони Чин дар 26 намудаш роҳхат доранд. Аз миёни ин варзишгарон 35 нафар варзишгароне мебошанд, ки дар бозиҳои олимпии пешин қаҳрамонанд. Дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 дастаи мунтахаби Чин бо гирифтани 89 медал: 38 тилло, 30 нуқра ва 21 биринҷӣ миёни давлатҳои ҷаҳон мақоми дуюмро касб намуданд. Дар Олимпиадаи Пекин-2008 бошад, бо гирифтани 51 медали тилло, 21 нуқра ва 28 биринҷӣ дар мақоми аввал қарор доштанд. Ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ низ баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар олимпиадаҳо натиҷаҳои назаррас доранд. Қазоқистон дар олимпиадаи охирин бо гирифтани ҳафт медали тилло, як нуқра ва панҷ биринҷӣ дар занаи 12 қарор гирифта буд. Қирғизизтон дар Олимпиадаи Лондон-2012 натавонист медал ба даст орад. Дар Пекин-2008 бошад, бо гирифтани як нуқра ва як биринҷӣ ҳамроҳи Тоҷикистон мақоми 64-ро касб кард. Узбекистон бошад, дар олимпиадаи охир бо гирифтани як медали тилло ва ду биринҷӣ дар радабандии Кумитаи байналмилалии олимпӣ мақоми 48-ро ишғол намуд. Туркманистон натавонистааст, ки то ин дам медали Бозиҳои олимпиро ба даст орад. Ба андешаи коршиносони соҳаи варзиш Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразил хотирмон мегузарад. Зеро баъди тағйиру иловаҳо дар аксар риштаҳои варзиш нишон дод, ки рақобат миёни варзишгарон дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавӣ шиддатнок аст. Дар варзиши ҷаҳон ситораҳои нави варзиш нисбат ба олимпиадаҳои қаблӣ зиёд ба назар мерасад, ки Рио-2016 онҳоро муаррифӣ хоҳад кард. Кумитаи байналмилалии олимпӣ якқатор ситораҳои қаблии олимпиро бо даст доштан дар истифодабарии допинг аз ҳаққи ширкат дар Риоде-Жанейро маҳрум намуд. Миёни онҳо 68 варзишгар аз давлати Русия қарор доранд, ки аксари онҳо дар риштаи варзиши сабук қаҳрамонҳои олимпианд. Ин тасмими Кумитаи байналмилалии олимпӣ миёни варзишгарон ва мутасаддиёни соҳаи варзиши рус сару садоҳо ба бор овард. Ба гуфтаи коршиносони рус аз рӯи таҳлило дар Рио-2016 эҳтимоли зинаи аввалро ишғол кардани Русия ҷой дошт. Онҳо бар ин назаранд, ки олимпиада, ки дар қитъаи Амрико баргузор мегардад намехоҳанд, ки русҳо рақиби асосии онҳо бошанд. Аз ин рӯ, допинг баҳонае беш нест. Кадом давлат дар чорсолаи баъдӣ миёни давлатҳои ҷаҳон дар олимпиада садрнишин мегардад, 21 июл Рио-деЖанейро муайян мекунад.
Рио-2016: аз орзу то амал 9 23 июл дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии либосҳои ягонаи миллии варзишии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Женейро-2016 доир гардид.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ифтитоҳи чорабинӣ оид ба рушди варзиш дар кишвар сухан ронда, таъкид намуд: “Барои омода намудани либосҳои миллии варзишгарон мо миёни ширкатҳои ватанию хориҷӣ озмун эъон намудем ва дар натиҷа ширкати ватании “Iamdifferent” ғолиб омад. Ин ширкат дар якҷоягӣ бо КҶВС тайи 12 моҳ барои омода намудани тарҳи либосҳои варзишгарон бо нишонаҳои миллӣ кор карданд. Либосҳои варзишгарон бо тарҳи миллӣ омода аст, аз ин пас варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо либоси ягонаи варзишӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд”. Аҳтам Абдуллозода ба ҳар варзишгари тоҷикистонӣ, ки шарафи кишварро дар ин маъракаи муҳими варзишӣ баланд мебардоранд, комёбӣ таманно намуд. Баъд аз ба намоиш гузоштани либосҳои ягонаи варзишӣ Аҳтам Абдуллозода ба варзишгароне, ки ба Рио-де-Жанейро мераванд либосҳои варзишӣ тӯҳфа намуд. Гуфта шуд, ки мураббиёну мутасаддиёне, ки дар олимпиада варзишгаронро ҳамроҳӣ мекунанд низ бо либосҳои варзишии ройгон таъмин мегарданд. Дар олимпиадаи Рио-деЖанейро Тоҷикистонро ҳафт варзишгар - гурзандоз Дилшод Назаров, паҳлавонон Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар риштаи ҷудо, муштзан Анвар Юнусов, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов ва даванд Кристина Проженка намояндагӣ мекунанд.
Анвар Юнусов, муштзани тоҷик зимни суҳбат иброз дошт, ки Рио-2016 барои ӯ сеюмин олимпиада аст ва ба-
рои ин маъракаи муҳим тайёрии ҳамаҷониба гирифтааст. Тайёрии пеш аз олимпиадавии Анвар дар Тоҷикистон гузашт. Анвар сабаби асосии бохти худро дар Олимпиадаи Лондон-2012 нарасидани ғизои хуб ва тобеъ нашудан ба боду ҳавои Лондон арзёбӣ намуд: "Дар олимпиадаи Лондон-2012 як моҳ пеш ба хотири машқҳои дастаҷамъӣ ба ин кишвар сафар намудем. Дар он ҷо бисёр хаста шудам. Таомҳои мувофиқи дил намеёфтам, боду ҳавояш бисёр вазнин буд. Аз ин лиҳоз давоми як моҳ ба ҷои оне ки тайёрии ман беҳтар шавад, баракс он омодагие, ки доштам, аз даст додам. Ду-се килло вазнам коҳиш ёфт. Тасмим гирифтам ин навбат омодагиро дар кишвар гузаронам. Дар баробари боду ҳавои ошно як нерӯи дигар - дастгирии мухлисон аст, ки ҳар яке дар кӯчаю роҳрав мебинанд, таманнои муваффақ шуданро мекунанд”. Анвар таъкид намуд, ки барои варзишгар муносибати наздикону дӯстон ҳам таъсиррасон аст. Ӯ мегӯяд, ки баъди ноком шуданд дар Лондон-2012 дӯстони гирду атрофаш тамоман дигар шуданд. Ин қариб ба ҷамъбасти карйераи варзишиаш оварда расонд. Барои аз ин варта баромадан Анвар тасмим гирифт, ки пайваста ба хондани китобҳои равонӣ машғул шаваду як соли охир мондан ба Рио-2016 дубора ба варзиш баргардад: “Як мудат аз варзиш дур шудам ва барои баргаштан ҳам хоҳиш набуд. Барои аз ин варта баромадан пайваста китоб мехондаму аз саргузашти варзишгарони ҷаҳонӣ огаҳӣ пайдо мекардам. Ин боис гардид, ки бо шавқу шӯри пешин ба варзиш баргаштам. Давоми як сол пурра худро ба варзиш додам ва дар мусобиқаи ҷаҳонӣ мақоми дуюмро ишғол намуда, роҳхат ба Бозиҳои олимпиро ба даст овардам. Ҳеҷ кас баъди таваққуф аз ман ин натиҷаро интизор набуд”. Анвар хурсанд аст, ки имрӯз тамоми мардуми кишбар барои ғолиб омадани ӯ даст бар дуоанд ва ин таманиёт ӯро барои дубора талош намудан барои муарри-
фии кишвар водор месозад: “Дар олимпиада ягон ҳарифи тасодуфӣ нест. Ҳама варзишгарони ботаҷриба ҳастанд. Ғолиб омадан дар ин маъракаи муҳим ба худи ҳар варзишгар вобаста аст, ки чи гуна омода шудааст. Омодагии ман хеле хуб аст. Баъди баргаштан аз мусобиқаи ҷаҳонӣ бо як ҳодисае рӯ ба рӯ шудам, ки ба нерӯи ман нерӯи дигар зам намуд. Ду кӯдаки тақрибан 5-6-сола назди хона нишаста, чизеро интизор буданд. Баъди маро дидан наздам омаданду “ака, мо ба ту муваффақият мехоҳем” гуфтанд. Баъди ин ҳодиса тасмими дар Тоҷикистон гузаронидани тамринҳо қатъӣ шуд. Тамоми мухлисон аз мо натиҷа интизоранд. Мо кӯшиш мекунем, ки хотири ҳамаи онҳоро шод гардонем”.
Анастасия Тюрина, шиновари тоҷикистонӣ аз квотае, ки баҳри иштирок дар олимпиада ба ӯ дода шуд, хеле хурсанд аст: “Иштирок дар олимпиада орзӯи деринаи ман буд. Барои амалӣ гардидани ин орзуям ҷаҳду талошҳои зиёд намудам. Аммо на ба ҳар варзишгар муяссар мегардад, ки соҳиби роҳхати олимпӣ гардад. Ман хурсанд ҳастам, ки Ҳукумати кишвар бовар карда квотае, ки ба шиноварон пешниҳод шуд, ба ман лоиқ донист. Тайёриам хуб аст ва кӯшиш мекунам, ки сазовори боварии мухлисон бошаму бо медали олимпӣ ба Ватан баргардам”. Муҳаммад Абдураҳмонов, ҷудокори тоҷик таъкид намуд, ки дар вазни зиёда аз 100 кило аз миёни 200 нафар танҳо 33 варзишгар соҳиби роҳхати бозиҳои олимпианд: “Бо аксари онҳо дар мусобиқаҳои гуногун қувва озмудаам, аз ҳунари онҳо огоҳ ҳастам. Имрӯз, ки тамоми мардуми тоҷик, бахусус мухлисони варзиши кишвар баҳри мо дуо меку-
нанд, кӯшиш мекунем, ки бо натиҷаи хуб ба Ватан баргардем. Омодагиҳоямон дар сатҳи олӣ аст. Дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Шаҳристон ҳамроҳи мураббиён Фаррух Собиров ва Владимир Элчанинов тайёрӣ дидем. То олимпиада рӯзҳо ба шумор мондаанд ва мо тамоми имкониятҳои худро сарф мекунем, то хотири мухлисони варзиши кишварро шод гардонем”.
Кристина Проженко, даванде, ки Тоҷикистонро дар олимпиада муаррифӣ мекунад, барои мухлисони варзиши кишвар ва намояндагони ВАО барои дастгирию мухлисиашон миннадорӣ байён намуд: “То ин дам ман дар бисёр мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок кардаам. То ҳадди имкон таҷриба андухтаам. Бори аввал аст, ки дар олимпиада иштирок мекунам. Тайёриам хуб аст ва ин дастгирию мухлисӣ ва боварии мухлисони тоҷик ба мо як нерӯи дигар зам мекунад. Барои медали олимпӣ кӯшиш мекунам”. Аз Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, мутахассисони соҳа умеди калон доранд. Зимни як назарсанҷие, ки ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” гузаронд, аксар бар он назаранд, ки Дилшод аз Рио-2016 бо натиҷаи назаррас ба Ватан бармегардад. Дилшод зимни суҳбат таъкид намуд: “Баъди Олипиадаи Лондон-2012 ҳамеша дар сар фикри Олимпиадаи Рио-де-Жанейро буд ва то ҳол дар ҳамин фикрам. Ба мухлисон ваъда медиҳам, ки бо дастовардҳои нави варзишӣ рӯҳияи онҳоро болида мегардонам. Кӯшиш мекунам, ба бовари Ҳукумати кишвар ва онҳое, ки аз ман дастовард интизоранд, арзанда бошам. Дар олимпиада дар намуди гурзандозӣ 5-6 варзишгари боқувват ҳастанд. Онҳо ҳарифони асосии ман мебошанд. Мақсадам парчами кишварро дар ин маъракаи муҳим парафшон намудан аст. Ман бо ҳамин орзу ҳамеша тамрин мекунам ва Худо кунад, ки ҳамеша парчами кишвар ба хотири фарзандони боору номусаш парафшон бимонад”.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
РИО-2016
10
СОҲИБКАСБ
Агар хушбахт шудан хоҳед...
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
Ҳадаф – солимии ҷомеа
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
Эмомалӣ Гулов. Соли 1994 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба дунё омадаву аз хурдӣ дар замири хеш нисбат ба соҳаи тиб меҳру муҳаббатеро парвариш дода, пас аз хатми мактаби миёна роҳ сӯйи пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе гирифт, то хонда ба орзуяш расад. Ҳуҷҷатҳояшро ба факултети тиббӣ-фармасевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супориду донишҷӯ гардид. Аз ибитидои ворид гардидан ба ин боргоҳи маърифат ҳамеша талош меварзид, то дар маркази диққати устодон қарор гирифта, донишҳои зарурии соҳаашро аз бар намояд. Зеро роҳи расидан ба ҳадафҳояшро маҳз дар ҳамин меҳисобид. – Инсон вақте ба атроф менигараду шоҳиди ҳаводиси рӯз мегардад, дар худ як ҳиссеро эҳсос менамояд, ки ӯро баҳри расидан ва ё ба коре машғул гардидан таҳрик медиҳад. Ана, ҳамин чиз дар ҳама самт мададрасони мост. Ҳангоме ки дар синфи болоӣ таҳсил менамудам, дар худ меҳри дар соҳаи тиб фаъолият намуданро эҳсос намудам. Аз ҳамон замон пеши худ мақсад гузоштам, ки дар оянда ҳатман ба ин роҳ меравам. Дар ниҳоят ин орзу дар амал ҷойи худашро дарёфту имрӯз бо муваффақият дар роҳи мазкур ҳаракат намуда истодаем, - иброз дошт Эмомалӣ Гулов. Ин буд, ки пас аз ду соли таҳсил барои моҳияти пешаашро хубтару беҳтар дарк намудан, ба назди чанде аз дорусозоне рафта, дониши худро такмил дод. Дар натиҷаи чунин ҷараёнҳо ӯ дарк менамояд, ки соҳаи интихобнамудааш саривақтӣ буда, дар шароити кунунӣ яке аз пешаҳои зарурист. Аз ин рӯ бо тавсияи устодон пайи амиқтару дақиқтар омӯхтани пешааш мешавад. Дар баробари таҳсил ба фаъолияти фармасевтӣ низ машғул буда, дар яке аз дорухонаҳои пойтахт фаъолият дорад. – Кори мо хеле мушкил аст. Масалан, пеш аз ба ин кор шуруъ намудан, бояд маълумоти зарурӣ дар бораи тамоми доруҳо дошта бошед. Агар ки дониши лозимӣ дар ин соҳа надошта бошед, пас наметавон ба фурӯши дору машғул шуд. Ин пеша хатоиро намеписандад. Нозукиҳояш низ гуногун аст. Пеш аз ҳама бояд сабур буд. Зеро дар ҷараёни кор бо бисёр мушкилиҳо дучор шудан мумкин аст. Ҳангоме инсон ба тамоми монеаҳо зафар меёбад,
ки агар иродаи қавию дониши хуб дошта бошад”, - мегӯяд Эмомалӣ. Вақте бори аввал ба дорухона баҳри фаъолият меояд, ба бисёр душвориҳо рӯ ба рӯ мегардад. Ҳар мизоҷе, ки бо дорухат ба наздаш меомад, дар хондани номи доруҳо ва дарёфти онҳо душворӣ мекашид. Аммо бо гузашти вақт ба муҳити кор мутобиқ гардида, пас аз муддате дигар чизе монеи кораш намегардаду вазифаашро ба дараҷаи лозимӣ ба иҷро мерасонад. Аз Эмомалӣ дар бораи сифати доруҳо пурсидем. – Масъалаи воридоти доруворӣ аз хориҷи кишвар ҳамавақт зери назорати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ мебошад, - ҷавоб дод ӯ. – Хадамот ягон маводи дорувориро бе қайди давлатӣ ва ё ба талаботи тиббӣ ҷавобгӯ набудан вориди кишвар шудан иҷозат намедиҳад. Маводи доруворие, ки пастсифатанд, ҳеҷ гоҳ дар дорухонаҳо роҳ дода намешаванд. Мо ҳамеша кӯшиш менамоем, то дар сиҳатии аҳли ҷомеа саҳм гузорем”. Эмомалӣ ҳоло дар ҶДММ “Раҳмат-2004” ба ҳайси ёрдамчии мудири дорухона фаъолият мекунад. Кори худро дӯст медорад. Пеши худ мақсад гузоштааст, ки соли оянда, пас аз хатми донишгоҳ ба аспирантура дохил гардида, дар соҳаи истеҳсоли доруҳои ватанӣ саҳм гузорад: “Мехоҳам ягон навъи доруеро бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши диёр созам. Ниятҳо ҳаст, ки дар соҳаи дорусозӣ навгониҳоеро ба вуҷуд оварам”. Ба андешаи ӯ баъзе аз ҷавонон ба оворагардӣ ва бемасъулиятӣ роҳ дода, оқибат дар бунбасти шадиди зиндагӣ дар мемонанд. Аксари онҳое, ки нисбат ба ояндаи худашон бепарвоӣ зоҳир мекунанд, билохира ба гирдоби мушкилот дучор мешаванд. Бояд имрӯз мо донем ва дарк намоем, ки интихоби дурусти касб метавонад мутахассисро дар ҷомеа сазовори иззату эҳтирому обрӯ гардонад, дар ҳаёти инсон зиндагии хушу ширин ва муваффақиятҳои зиёд орад.
Замоне, ки Шаҳноза таҳсилашро дар МТМУ №49-и пойтахт ба итмом мерасонд, соли 1997 сипарӣ мешуд. Ба ин рӯз барвақт омода буд. Медонист, ки баъди хатми мактаб куҷо хоҳад рафт. Хонда, худро ба кори табибӣ бахшидан орзӯи деринааш буд. Барои ҳамин мисли баъзеҳо айёми таҳсилро беҳуда нагузаронд. Мактабхониҳои ӯ ба давраи душвори ҳаёти мардумамон рост омад. Мухолифату кашмакашҳои сиёсӣ дар кишвари ба тозагӣ истиқлолёфтаву аз пайи он ҷанги пурфоҷиаи шаҳрвандӣ ҳамаи соҳаҳои зиндагиро фалаҷ карда буд. Аз ҷумла бахши маорифро. Вале бо вуҷуди ин волидон, махсусан падар нагузоштанд, ки Шаҳноза дар хондану дониш гирифтан сустӣ кунад. Мушкилиҳои зиндагӣ зиёданду даргузар, илм бошад, дар ҳама ҳолат ба инсон дастгиру мададгор мешавад. Пизишки оянда бо дастури волидон ба дарсҳои мактаб аз таҳти дил дода шуд. Дар фаҳмидану дарки мавзӯҳои дарсӣ вақташро дареғ намедошт. На фақат ба таълими устодон ҳангоми машғулиятҳо ҷиддан эътибор медод, балки соатҳои зиёдеро барои омӯзиши мустақилонаю иҷрои вазифаҳои хонагӣ сарф мекард. Ҳамин тавр, орзӯ Шаҳноза Юсуфоваро ба остони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино овард ва ӯ донишгоҳро соли 2003 бо ихтисоси духтури муолиҷа муваффақона хатм намуд. Соли 2001-ум дар ҳаёти шахсии Шаҳноза дигаргуние ба вуқӯъ пайваст. Вай ба сокини шаҳри Ваҳдат Хуршед Усмонов хонадор шуду ҷойи зисташ аз ин ба баъд тағйир ёфт. Инак, 15 сол мешавад, ки дар шаҳри Ваҳдат, дар як хонаводаи хушбахт, бо шавҳар ва се нафар тифлаки дӯстрӯ зиндагӣ дорад. Аввалҳо дар маркази саломатии шаҳр чун пизишки узвҳои дарунӣ фаъолият дошт. То соли 2009-ум. Дар ин миён курси шашмоҳаи пизишки оилавиро низ хатм намуда, аз соли 2009-ум дар маркази мубориза бо бемориҳои вируси норасоии масуният (маъмулан онро маркази мубориза бо СПИД ном мебаранд) машғули табобати дардмандон аст. Дар курси тибби оилавӣ ихтисоси дояпизишкиро низ азхуд намуд ва акнун ин ҷо бо ихтисоси мазкур кор мекунад. Модарон, занони ҳомиларо таҳти назорату табобат дорад, ки фоҷиаи вазнин, гирифторӣ ба ВНМО домангирашон шудааст. Муносибати дилсӯзонаи ӯ бо беморон, донишҳои пухтаи касбиаш, алакай, вирди забонҳо шудаанд. Ҳамин аст, ки дардмандону муҳтоҷон бо мамнунияту қаноатмандӣ дари ӯро мекӯбанд, барои сабук кардани дарду коҳиш додани оқибатҳои ногувори ин бемории хатарнок ба кӯмаки ӯ рӯи ниёз меоваранд. Ташхису табобати беморонро онҳо на фақат дар худи марказ ба роҳ мондаанд, балки Шаҳнозаю дигар ҳампешагонаш барои назорату ташхис миёни аҳолӣ зуд-зуд ба маҳалҳои мухталифи Ваҳдат низ мераванду ба одамон дар ҳамон ҷойи зисташон ёрӣ мерасонанд. Шаҳноза Юсуфова аз он миннатдор аст, ки чи дар кор ва чи дар камолоти касбии хеш ҳамеша дасти имдоди роҳбари марказ, табиби пуртаҷриба Абдурашид Раҷабовро эҳсос карда, ин ғамхорӣ онҳоро дар ҳар қадами мемондагиашон ҳамроҳ будааст. Ҳамин тариқ, Шаҳноза Юсуфова якеи он садҳо нафар ҷавонзанонест, ки бо шуғли пурманфиаташон ҷомеаи моро обод мекунанд, заминаи пешрафтҳои ҳаррӯзаи кишварамонро муҳайё месозанд. Кору рӯзгори Шаҳнозаро дида, ҳаёти садҳо, балки ҳазорон нафар занону духтароне ҳам беихтиёр пеши рӯ меояд, ки имрӯз умри онҳо бе мақсад, бе донишу пешае дар фақру нодорӣ зоеъ мешавад. Ҳол он ки онҳо низ метавонистанд дар мактаб хуб хонанд, касбу ҳунареро ёд бигиранд ва дар зиндагӣ хор нашаванд. Баробари ин, ҷомеаро низ аз фикри рӯзгори хеш халос кунанд. - Дуруст мегӯянд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки донишомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ ҷомеаи моро аз ҳар ҷиҳат комёб мекунад, - иброз медорад Шаҳноза. – Агар ҳамсарон хондагию таҳсилдида бошанд, оилаҳо кам пош мехуранд. Фарзандҳо тарбияи хуб мегиранд. Модарҳои бадониш вазъи саломатии худ ва тифлаконашонро беҳтар назорат карда метавонанд. Агар онҳо ҳунар дошта бошанду кор кунанд, таъминоти моддии оилаҳо тақвият меёбад. Ҳамаи инҳо бурди ҷомеаанд”. Кору ҳаёти оилавии Шаҳноза Юсуфова мисоли равшани гуфтаҳои боло буда метавонад, ки дигар ҳоҷате ба шарҳу тавзеҳи он нест. Муроди НУРИЁН, Файзиддини ЛАТИФ
11
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБОТӢ
Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
МИНБАРИ АНДЕША
Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзӣ, дар нишасти матбуотӣ, имрӯз, 20 июл, мавсими сипаригардидаро хуб арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсолот афзоиш ёфт. нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (гӯшти гов ва говмеш 746,2 тонна, гӯшти гусфанд 0,085 тонна, почаки мурғ 4273,13 тонна, ҳасиби мурғ 604,03 тонна, чӯҷаи мурғ 338 ҳазор сар, тухми мурғ 674,174 дона) кам гардидааст. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки кишоварзони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 87 324 тонна сабзавот, 86 163 тонна пиёз, 708 тонна лӯбиёгӣ, 581 тонна биринҷ, 6538 тонна меваи тару тоза ва 15 223 тонна меваи хушк ба давлатҳои Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳо содирот карданд.
Муҳоҷират: ҳалокати 436 шаҳрванди кишвар дар 6 моҳ Дар нимсолаи якуми соли 2016 аз ҷумҳурӣ 308 676 нафар ба хориҷи кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар намудаанд, ки 40 682 нафараш занон мебошанд. Тағойзода Сумангул, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 949 нафар ё 8% кам шудааст. - Омили асосии коҳиш ёфтани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар пеш аз ҳама вазъи иқтисодии Руссия, коҳишёбии қурби рубл нисбат ба доллар, навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Руссия дар самти муҳоҷират ва афзоиши хароҷот барои расмикунонии фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши муҳоҷири меҳнатӣ дар хориҷи кишвар мебошад, - гуфт С. Тағойзода. Гуфта шуд, ки муҳоҷирони меҳнатии кишвар асосан ба Руссия (301 654 нафар) ва Қазоқистон (6043 нафар) сафар намудаанд. Аз хориҷи кишвар 160 434 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ бозгаштанд, ки нисбат ба нимаи аввали соли сипаригардида 27 034 нафар ё 14 % кам мебошад. Қайд гардид, ки шумораи шаҳрвандони фавтида дар хориҷи кишвар, гарчанде ду нафар кам гардида бошад ҳам, вале то ҳол нигаронкунанда аст. Дар шаш моҳи соли равон аз хориҷи кишвар 436 тобут ба Тоҷикистон ворид гардидааст.
702 ҳазор сомонӣ ҷарима барои риоя накардани меъёрҳои экологӣ Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар шаш моҳ 10 ҳазору 333 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуд. – Дар натиҷаи санҷишҳо ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 17 ҳазору 557 пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмӣ дода шуданд. Барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳа нисбат ба 5 829 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 702 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда, аз онҳо 497,3 ҳазор сомонӣ рӯёнда шуд, - иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хайрулло Ибодзода дар нишасти
матбуотӣ. Гуфта шуд дар амалиёти ҷумҳуриявии “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил”, ки мунтазам доир мегардад, 108 900 нафар хонандагони мактабҳои миёнаву донишҷӯён ва кормандони корхонаву ташкилотҳо иштирок намуданд. Дар натиҷа бештар аз 1381 км соҳили дарёҳо, каналҳои магистралӣ, обанборҳо ва ҷӯйборҳо тоза гардида, зиёда аз 3916 ҳазор метри мукааб партовҳои гуногун бароварда шуд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст. Ин аст, ки ин миллат номаи тақдирашро бо дасти худ навишту роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати хешро ба набзи сайёра ҳамсадо гардонид. Ин падида барои мо - миллати азиятдидаву ранҷкашида яке аз рамзҳои олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, созандагӣ, азму талоши фидокоронаи расидан ба истиқлолияти комилро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин ҳар сол дар арафаи ҷашни истиқлолият бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар сарорсари кишвар баҳри ҳарчи бошукӯҳу зебо гузаронидани ин ҷашн омодагӣ мебинанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе чунин чорабиниҳо дар сатҳи баланд иҷро мегарданд. Дар ин росто хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ моҳҳо ба маршировка ҷалб карда мешаванд. Тавре котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт иброз дошт: “Дар маршировкаи бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҳудуди 15 ҳазор донишҷӯ сафарбар карда шудаанд. Онҳо аз 10-уми июл то 7 сентябр ба ин ҷашни миллӣ тайёрӣ мебинанд”. Ба иттилои Эҳсони Хушбахт бо фармоиши вазири маориф ва илм донишҷӯёне, ки дар маршировка иштирок мекунанд, бо ҷойи хоб, як вақт хӯроки гарм ва роҳкиро таъмин карда мешаванд. Шаҳноза Азимӣ, донишҷӯи ДМТ, аз рӯзҳои нахустин дар маршировка фаъолона иштирок дорад: “Иштирок дар маршировка бароям хеле гуворост. Ман фахр мекунам, ки дар таҷлили чорабинии муҳими давлатӣ саҳм мегузорам. Ягон камбудӣ надорем. Муносибати устодону муаллимон бо мо хеле хуб аст ва фикр мекунам ин чорабинӣ дар хотири мо солҳо боқӣ хоҳад монд”. Дар ҳақиқат, ин ҳама кӯшишу талошҳо ва самимона саҳм гузоштан дар чунин як ҷашни пуршукӯҳ шаҳодати он аст, ки имрӯз ҳисси ватандории ҷавонон то дараҷае боло рафтааст. Маҳз бо чунин дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ метавон сарҷаъмии миллатро ба ҷаҳониён нишон дода, монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузорем. Ҷамшеди Сабоҳиддин, сокини 25-солаи пойтахт, ки солҳои қабл дар чунин чорабиниҳо иштирок карда буд, бо ифтихор гуфт: “Маршировка ба хотири ҷашнҳои давлатӣ ва дар сатҳи олӣ гузаронидани онҳо сарҷамъии мардум ва дар канори Пешвои миллату мардум муттаҳид будани ҷавонон аст. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 25-солагии Истиқлолияти кишварро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегиранд ва аз тантанаҳои он лаззати маънавӣ мебардоранд”. Хуршеди ХОВАРӢ
Маршировка ватандӯстии ҷавононро боло мебарад
Аз ҷумла, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 586 926 тонна, картошка ба 181 789 тонна, сабзавот ба 481 005 тонна, полезӣ ба 154 396 тонна, меваҷот ба 69 397 тонна, ангур ба 1494 тонна, гӯшт ба 65 918 тонна, шир ба 337 020 тонна, пашм ба 4355 тонна, асал ба 533 тонна, моҳӣ ба 348 тонна ва тухм ба 144,8 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба ғайр аз тухм, дигар маҳсулот мутаносибан аз 2,8 то 2,3 маротиба зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба кишвар
12
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
Муҳофизи ҷону моли аҳолӣ 88-сола шуд 30 июл Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 88-сола мешавад. Он соли 1928 таъсис ёфта, даҳсолаи ҳаштум аст, ки кафили бехатарии мардум мебошад.
ҶАШН
ХДО – кафили бехатарии мардум
КИТОБИ НАВ
Якумин дастаи оташнишонон дар шаҳри Душанбе 1 апрели соли 1929 таъсис ёфт. Дастаи мазкур бо ташаббуси Фёдор Зайтсев созмон ёфта, аз 10 нафар сӯхторнишон иборат буд. Онҳо барои хомӯш намудани сӯхтор ба воситаи аробаю асп ба ҷои ҳодиса баромада, хатарро бартараф менамуданд. Даста бо як адад нассоси дастӣ, ду зарфи об ва 180 метр рӯдаҳои сӯхторхомӯшкунӣ таҷҳизонида шуда буд. 6 июни соли 1930 аввалин автомашинаи дастаи оташнишонӣ ба ҷумҳурӣ ворид шуда, ҳайати кормандон ба 12 нафар расид. Аз солҳои 30-юм сар карда, дастаҳои оташнишонӣ дар шаҳрҳои Ленинобод (Хуҷанд), Конибодом, Панҷ, Исфара ва Уротеппа таъсис ёфтанд. Соли 1936 дар пойтахт тими дигари оташнишонон созмон дода шуда, худи ҳамон сол тимҳои дигари оташнишонӣ дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ низ таъсис ёфтанд. Пеш аз саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи тимҳои оташнишонии ҷумҳурӣ то 20 адад расида буд. Кормандони тимҳои мазкур дар сафи дигарон ба ҷабҳаи ҷанг рафта, дар мубориза бар зидди фашизми истилогар саҳми босазо гузоштанд. Бар замми миқдори зиёди ордену медалҳо ду нафар оташнишон Ҳоваҷи Магомед Мирзоев ва Михаил Иванович Новосёлтсев ба унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардонида шуданд. Замоне, ки мардҳо бар зидди фашистон меҷангиданд, занҳо дар хадамоти оташнишонӣ сафи онҳоро пур намуда, ҳодисаҳои сӯхторро пешгирӣ менамуданд. Ба ғайр аз ин онҳо дар сохтмонҳои канали Ҳисору нерӯгоҳи барқи обии Варзоб ва даҳҳо сохтмонҳои аҳамияти стратегидоштаи ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоштаанд. Онҳо бо байрақи Сурхи Сайёри Комитети иҷроия ва Кумитаи Ҳизби шаҳри Душанбе чандин маротиба қадр карда шудаанд. Давраи баъдиҷангӣ, давраи пурҷушу хурӯши аз нав барқароркунии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Бо ин мақсад боз ҳам такмил додани фаъолияти Идораи оташнишонии ҷумҳурӣ пеш омад. Бо қарори ҳукумати ИҶШС аз якуми январи соли 1955 идораи отанишонии касбии шаҳри Душанбе ба қисми ҳарбикунонидаи оташнишонӣ табдил дода шуд. Саромадони оташнишонии Тоҷикистон Ф.И. Зайтсев, А.И. Ковалский, Ф.С. Курганов, П.И. Репин, А.Н.
Карпунин, В.Ф. Алитин, И.Д. Додоматов, И.Х. Додоҷонов, Н. Ҷангиев, М. Каримов, М. Шарипов ва чанде дигарон буданд. Зиндагии имрӯза барҳақ тасдиқ мекунад, ки кормандони мақомоти хадамоти оташнишонӣ корномаи бемисли падарон, бародарон ва рафиқони хешро идома дода, ҳоло ҳам намунаи олии мардонагӣ, шуҷоат, маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар роҳи иҷрои вазифаҳои ба зимаашон гузошта ғайрату матонат зоҳир месозанд. Дар мубориза барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон 17 нафар корманди СХДО ВКД ҷони худро нисор кардаанд. Дар тараққӣ ва барқарор кардани СХДО баъди барқарор кардани сохти конститутсионӣ хатмкардагони мактабҳои олии собиқ ИҶШС, аз ҷумла як қатор роҳбарони он саҳми босазо гузоштанд. Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳар соат ҷони азизи худро зери хатар гузошта, хизмати вазнини ҷисмонӣ ва рӯҳиро адо менамоянд. Ин ҳама на баҳри вазифаҳо, рутбаву унвонҳо, балки барои садоқат ба Ватан, ба хотираи рафиқони ҳалокгардида, барои сулҳ ва ризоият дар замини тоҷикон мебошад. Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамаи бурду бохт ва душвориҳои давраи истиқлолиятро якҷо бо мардуми азизи кишвар аз сар гузаронида, дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон ҳиссаи арзанда гузошт. Аз ҷумла дар ин давра воситаҳои алоқаи куҳна ба воситаҳои нави замонавӣ иваз карда шуда, барои дар сатҳи хуб гузаронидани амалиёти хомӯш намудани сӯхтор ва дигар чорабиниҳои зарурӣ, дар ноҳияи Варзоб Рентранслятор барои қабули мавҷ,
васл карда шуд. Инчунин дар ҷузъу томҳои СХДО корҳои таҷҳизонидани стансияҳои хурд (дохилӣ) бо гузоштани операторҳои телефонии рақамӣ, иваз намудани мошинҳои барқии хатнависӣ ва компютерҳо, васл намудани таҷҳизоти сабти овоз ва бақайдгирии онҳо дар сарраёсат, пайвастшавӣ ба шабакаи интернет ва баромадан ба почтаи электронӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ 67 автомашинаи оташнишонӣ ва 49 нақлиёти фаврӣ-хизматии сабукрав харидорӣ карда шудааст. Бо ташабуси роҳбарияти СХДО ВКД соли 2009 дар факултаи таҳсили рӯзонаи Академияи ВКД аввалин бор гурӯҳи «Бехатарӣ аз сӯхтор» ташкил шуд, ки ба он 25 нафар дохил шуданд. Ҳоло ин курсантҳо алакай академияро хатм намуда, дар ХДО фаъолият доранд. Кушодашавии 2 қисми оташнишонӣ - яке дар НБО «Сангтуда» ва дигаре дар НБО «Роғун» низ дастовардҳои давраи истиқлолият ба шумор мераванд. Ин қисмҳо амнияти бехатарӣ аз сӯхтори иншооти номбурдаро пурра таъмин менамоянд. Дар баробари дигар дастовардҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар ҷумҳурӣ 27 қисму дидбонгоҳҳои алоҳидаи оташнишонӣ таъсис дода шуд. Фарзандони баору номуси халқи тоҷик ифтихор аз истиқлолият менамоянду барои гул-гулшукуфоии он ҷаҳду талош доранд. Маҳз самараи меҳнати софдилона ва рӯҳияи баланди кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД мебошад, ки дар давраи истиқлолият бо мурури замон базаи техникии он мустаҳкам гардида, маҳорати касбии кормандон пайваста сайқал меёбад. Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи одамон, молу мулки онҳо, моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сӯхтор доим омода аст. Мо - созандагони ҷомеаи нав дар марҳалаи бунёдкорӣ ва обод сохтани сарзамини қадимаи худ бояд аз падарону бародарони сарбаланди хеш ва собиқадорони ҷангу меҳнат ибрат гирем ва ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлати маҳбубамонро бо дастоварду комёбиҳои баланди касбӣ истиқбол намоем. Кароматулло АБДУЛЛОЕВ, Толиб ҲАЁТОВ, кормандони СХДО ВКД ҶТ
Мақомоти андоз нақшаро 105 фоиз иҷро кард Кормандони мақомоти андоз тавонистанд, ки нишондиҳандаҳои Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016”-ро дар нимсолаи аввал ба андозаи 105,1% таъмин намоянд. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки ба ҷойи 3,9 млрд. сомонии пешбинишуда, ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 4,1 млрд. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 200 млн. сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваришуда 375 млн. сомонӣ зиёд мебошад. – Воридоти андозҳо ва пардохтҳо, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар нимсолаи аввали соли 2016 дар ВМКБ 121,5%, вилояти Хатлон – 108,9, вилояти Суғд – 104,0, шаҳри Душанбе – 94,7 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 109,0% таъмин гардид, - афзуд Н.Давлатзода. Гуфта шуд, ки аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ зиёда аз 12400 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 104,5 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳурӣ 53 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Дар баробари ин, 208 санҷиш тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида, дар натиҷа ба маблағи 619 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз он 241 млн. сомониаш ба буҷет дохил карда шуд.
Бад маяндеш, то бад наояд пеш… Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар моҳи сентябр хостори ташкили табаддулоти давлатӣ дар кишвар гардид. Барои расидан ба ин мақсад аз собиқ ҳамяроқони худ талош намуд истифода барад. 1 миллион долларро ба Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар супорид, то ӯ тавонад табаддулотро роҳандозӣ намояд. Вале, ноком гардид. Ҳоҷӣ Ҳалиму дигар нафароне, ки яроқ ба даст гирифтанд, зимни гузаронидани амалиёт ба ҳалокат расиданду қисми дигарашон ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон гардиданд. Ҳангоми кофтуков аз маркази ин ҳизби мамнуъ маълум гардид, ки онҳо нияти ҳамла намудан ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо доштаанд. Вале тирашон хок хурду ба ҳадаф нарасиданд. Дар муддати кӯтоҳ роҳ ҷониби гурез ниҳоданд. Дар ин муддат Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари наҳзатиҳои тоҷик ва шахси калидӣ дар ин моҷаро, тавонист аз чанголи қонун раҳо ёбад. Айни замон дар кишварҳои гуногуни олам ба сайру саёҳат машғул гардидаву Туркияро чун хонаи дуюми худ дониставу ҳар гоҳе хаста шавад, онҷо барои истироҳат меравад. Тоҷикистон пас аз он ҳодисаҳо аз кишвари Туркия борҳо хостори истирдоди Кабирӣ шуд. Вале, ҳукумати Туркия бо баҳонаи демократия намехост, ин ҷинояткорро ба ихтиёри Тоҷикистон супорад. Кишвари Туркия бо пинҳон намудани ин ошӯбгарон гумон дошт, ки касе наметавонад дар баробари онҳо қарор гирад. Вале, ҳодисаҳои Туркия
андешаҳои давлатмандони ин кишварро ботил баровард. Акнун дар Туркия ҳодисаҳои ҳаммонанд ба ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015-и Тоҷикистон такрор шуд. Шаби 16-уми июли соли ҷорӣ чанде аз ҳарбиёни ин кишвар хостори табаддулот дар кишвар гардиданд. Онҳо шаба-
каи телевизиони давлатӣ, фурӯдгоҳи байналмилалӣ ва дигар ҷойҳои ба ҳамин монандро иҳота карда гирифтанд. Новобаста аз он ки номуваффақ монданд, вале хуни ноҳақ нисбат ба Тоҷикистон ба маротиб зиёд рехта шуд. Даҳҳо нафари бегуноҳ ба қатл расонида шуду садҳо тани дигар маҷрӯҳ гардиданд. То 18-уми июли соли равон дар сар то сари Туркия 7,5 ҳазор нафар, аз ҷумла 100 корманди пулис, 6038 низомӣ, 755 додрас ва 650 шаҳрванди қаторӣ боздошт шудаанд. Сарвазир Биналӣ Йилдирим эълон кард, ки аз ҷумлаи боздоштшудагон 316 нафар аллакай ба ҳабс гирифта шудаанд. 2,7 ҳазор корманди додгоҳҳо, 1,5 ҳазор соҳибмансабон аз вазорати молия ва 8,7 ҳазор тан аз системаи ВКД аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Президенти Туркия дар ин ҳодисаҳо Фатҳулло Гюлен, яке аз рақибони ҳукумати феълиро гунаҳкор ҳисобида иброз доштааст, ки нақшаҳо маҳз аз ҷониби ӯ тарҳрезӣ шуда буд. Гюлен бошад, дар хориҷи ин кишвар, Амрико
Бемантиқӣ дар амали масъулони ҲНИТ 16 июли соли ҷорӣ як қисми низомиёни Туркия кӯшиш карданд, ки бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ ҳокимиятро ба даст оранд, вале ноком шуданд. Албатта, ин кори дохилии Туркия аст ва таърих нишон хоҳад дод, ки амалҳои Эрдуғон ва ё мухолифони ӯ то куҷо дуруст буданд. Коршиносон ин амали низомиён ва ҳукуматдорони Туркияро таҳлил намуда, хулосаи дақиқи худро манзури ҷаҳониён хоҳанд кард. Вале як туда пайравони ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ, ки баъди содир кардани ҷиноятҳо аз ватани худ фирор карда, имрӯзҳо дар Туркия паноҳ мебаранд, бо истифода аз ин фурсат бори дигар фурухташуда ва ғуломи хоҷагони хориҷӣ будани худро нишон доданд.
Ин гурӯҳ аз ғалабаи ҳукумати Туркия бар болои табаддулотчиён хушнудӣ карда, бо хушомадгӯию тамаллуқкорӣ Эрдуғонро васф намуданд ва дар расонаҳои хабарию шабакаҳои иҷтимоӣ баён доштанд, ки гӯё аксари мардуми ин кишвар он шаб ба майдонҳо барои ҳифзи лидери худ баромадаанд. Ин амали нангин ва пасти масъулону ҷонибдорони ҲНИТ бемантиқ ва тааҷҷубовар аст. Зеро онҳо дар моҳи сентябри соли гузашта худашон дар Тоҷикистон кӯшиш карда буданд, ки бо роҳи табаддулот ҳокимиятро ғасб созанду сохти конститутсиониро барҳам диҳанд. Аммо баъди мағлубу саркӯб шудан ба Туркия фирор карданд. Ҳоло бошад, мухолифи чунин табаддулот баромада, онро маҳкум месозанду, ҳукумати як кишвари бегонаро (Туркия) дастгирӣ менамоянд. Аз ин бармеояд, ки пайравони ҲНИТ вобаста, дастнигар ва муҳтоҷи чор тангаи ҳукуматдорони он кишвар ҳастанд. Дар акси ҳол ягон зарурат барои даст задан ба як амали нангин, яъне васф кардани роҳбарони як миллату давлати бегона набуд. Бори дигар собит мегардад, ки ҲНИТ ҳамеша як фишанги дасти неруҳои бегона буд ва мақсаду манфиатҳои
онҳоро амалӣ менамуд. Масъулону аъзоёни ҲНИТ намефаҳманд ё фаҳмидан намехоҳанд, ки шаби кӯшиши табаддулот як қисми мардуми Туркия на ба хотири мазҳабӣ будану ҳамфикри инҳо (ҲНИТ) будан ба кӯчаҳо баромаданд, балки мехостанд пеши роҳи хунрезию харобкориро бигиранд. Аммо бояд масъулону пайравони ҲНИТ, ки дар Туркия ва кишварҳои дигар қарор доранд, дуруст дарк созанд, ки ғуломи зархариди хоҷагони хориҷӣ будан, бозичаи дасти неруҳои бегона будану ҳадафҳои онҳоро бар хилофи манфиатҳои ватану миллати худ хиёнаткорона ба ҷо овардан оқибати бадтарин дорад. Ин тоифа бо анҷом додани амалҳои нангину нопоки мазкур ҳамчун як гурӯҳаки манфуру хиёнатпеша дар назди ҳамватанон ва ҳам хориҷиён шинохта мегарданд. Ҳатто худи ҳамон хоҷагонашон ҳам ба инҳо эътимод нахоҳанд дошт. Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки масъулини ташкилоти терористии ҲНИТ аз ҳар гуна амали душманона нисбат ба ватану миллати худ даст кашида, пайравонашонро низ ба чунин рафтор ҳидоят намоянд. Ануши АКРАМ
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”
қарор дорад. Эрдуғон аз Амрико хост, ки Гюленро ба Туркия истирдод кунад, то барои гуноҳҳои содиркардааш ҷавоб гӯяд. Вале, дар гумон аст, ки ин кишвар хостаҳои Туркияро иҷро кунад. Зеро тавре дар урфият мегӯянд: Бад макуну бад маяндеш, то бадад наояд пеш, Нек куну нек андеш, то некӣ бинӣ беш. Тавре маълум аст, кишвари Туркия нисбат ба Тоҷикистон ба ҷои некӣ кардан, бадиро авлотар донисту барои истирдоди Кабириву дигар ёронаш кӯмак кардан нахост. Акнун худи ӯ дар чунин шароит қарор дорад. Тавре ҳодисаҳо нишон медиҳанд, Амрико ҳам хостори супоридани Гюлен нест. Намехоҳад, ки ин нафар ба Туркия интиқол дода шавад. Бигзор чунин ҳам бошад, то ин ки ба туркҳо дарси ибрат гардад ва дар оянда бо чунин ҷинояткорон барои ноором кардани кишвари дигар ҳамдаст нагардад. Қосим НЕКБАХТОВ
Одоб - ҳусни инсон Ниёкони мо аз азал тараннумгари ахлоқи накӯ буданд, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва даҳҳо осори ахлоқӣ дастури ибратбахшеанд, ки ҳар як ҷавон бояд мутолиа намояд. Гузаштагони мо аз даврони қадим ба таълиму тарбия аҳамияти калон медоданд. Хираду дониш ва одобу ахлоқ дар назди онҳо пурарзиштарин сифатҳои инсон ба шумор мерафт. Аммо имрӯз чун мебинем, ки ворисони хомхаёли чунин бузургон даст ба амале мезананд, ки иснод ба рӯҳи эшон аст, афсӯс мехӯрем ва диламон ба дард меояд. Барои инсон одоб ин ҳусн аст, шахси боадаб ҳамеша аз хислатҳои ҳамида мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Дар замони имрӯза ба фарзанд, тарбия ва хонишаш аҳамият надиҳем аз ӯ инсони хуб намебарояд. Бисёрии вақт волидон тарбияи фарзандонашонро ба мактабу муаллим вогузор мекунанд. Лекин муаллим таълим медиҳад, тарбия бошад вазифаи падару модар аст. Аслан тарбия пеш аз таълим меистад, агар насли наврас дар оила тарбияи хуб гирифта бошад, боиси сайқал додани таълими ӯ мегардад. Аз ин рӯ волидонро зарур аст, ки нахуст ба тарбияи фарзандон хуб диққат диҳем, то аз тарбияи воло ба таълими боло бирасанд. Тавре гузаштагони хирадманди мо таъкид кардаанд, тарбияро аз рӯзи аввали ба дунё омадани кӯдак бояд ҷорӣ кард. Падару модар вазифадоранд фарзандро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида ба воя расонад. Фарзанд ҳам мисли ҳамон дарахтест, ки боғбон онро заҳмат кашида, парвариш мекунад ва аз ӯ меваи дилхоҳашро мегирад. Агар боғбон онро парвариш накунад, самари дилхоҳ намегирад. Бинобар ин агар мо ҳам аз фарзандонамон умедҳо дорем, ояндаи дурахшонашонро мехоҳем, пас бояд мисли ҳамон боғбон ба парваришашон ҷиддӣ машғул шавем. Онҳоро бо илму дониш, ахлоқи ҳамида ва тарбияи хуб шодоб гардонем, то аз самарашон ба худи мову ба ҷомеа нафъе бирасад. Зебунисо ОТАБОЕВА, мудири китобхонаи илмии Осорхонаи ба номи Рӯдакии ш. Панҷакент
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
Шикор
РАҲМАТУЛЛОҲИ РАҲМОН, нависанда
Баъди борони шохнам кӯҳи попархам ҳусну таровати дигар дошт. Бӯйи бушу пудина, чойкаҳаку ёсуман ба машом мерасид. Каҷпои калонҷуссаву бардам бо сари хам заминро бӯйкунон қадам мезад. Нақши пой дар лой хирсро дар ҷой мехкуб кард. Пайро бӯй карду рост шуда, атрофро аз назар гузаронид. Чун чизе надиду садое нашунид, худ ба худ ғурриду пушти буттаҳо нопадид шуд. Хирс нақши пойи Сайёдро шинохта буд, Сайёдеро, ки як вақтҳо ба ӯ набардро бохта буд. Сайёд аз пайи сайд мерафту, хирс аз пайи Сайёд. Ҳар буттаву гиёҳи ин кӯҳу камар, ҳам бару ҷари пурхатар, роҳу пайроҳаи оҳугузар ба Сайёд ошно буд. Сайёди пайгир дар камон ҷо карда тир мерафт аз пайи нахчир. Ӯ ҷавоне буд чорпаҳлуву бақувват, чолоку серғайрат, ҳушёру зирак. Ҳафтае як бор мерафт ба шикор, шикораш ҳамеша буд бобарор. Пушти кӯҳи Пирӣ мерафт нахчиргирӣ. Сайёд сайдашро ба деҳа меоварду байни ҳамдеҳагон хомталош мекард, бегоҳ дег мемонду ош мепухт ва бо пирони деҳа ошхӯрон мекард. Мӯйсафедони бедандон баъди мазза карда хӯрдани гушти лаҳми сайду бо ангушт кашида гирифтани мағзи иликҳо ва лесидани чиликҳо, даст ба дуо бардошта, ба руҳу арвоҳи гузаштагони Сайёд дуои хайр мекарданд. Пиру ҷавон, хурду калон, ҳатто сагу пишаки деҳа Сайёдро дӯст медоштанд. Як шаб, ҳангоме ки деҳу деҳотиён дар хоби ноз буданд, Сайёд дар партави нури Моҳ, дар пушт тӯшаи роҳ, азми шикор кард. Ҳаво на гарм буду на сард. Насимаке ҳим-ҳим мевазиду сару рӯйи Сайёдро нармнарм мелесид. Ӯ бояд субҳ надамида ба Миёнакӯҳ мерасид. Дар Миёнакӯҳ миёни ҷангали анбуҳ дӯсте дошт, ки ҳар ҳафта рӯзи шикор Сайёдро мешуд интизор... Чанд сол пеш, ҳангоми шикори меш бори аввал бо ӯ дар бари камар шуда буд cap ба cap. Сайёд баробари дидани ӯ аз тарс қариб рафта буд ба ҷар. Хирсеро бо чунин ҷуссаи бузург дар ҳаёташ надида буд. Сайёд аз тарс фарёд зад, вале овозашро худаш нашунид, дамаш дарун афтид. Хирси каҷпо ҳам аз дидани махлуқе чун одам ҳайрон монда буд. Каҷпо одамро бори аввал медид, ки ҳар ду пояш ларзид ва аз тарс буд ё аз қаҳр, ки сахт ғуррид, ранг аз рӯи Сайёд парид. Хирс чанг заду остини Сайёдро дарид ва чунон наъра зад, ки гӯшҳои Сайёд қулф заданду дигар чизеро нашунид, аз дасти беостинаш хун мечакид, гумон кард, ки акнун аҷалаш расид. Сайёд худашро сайд пиндошту хирсро сайёд. Ҳарчи бодо бод, бо як чолокиву бебокӣ «Ё Аллоҳ» гуфта, бо панҷаҳои гирояш аз миёни хирс маҳкам қапид. Хирс ҳам наъразанон ба Сайёд часпид. Ҳарбу зарби тан ба тан cap шуд. Хеле часпу талош карданд. Хирс аз шасташ намегашту Сайёд ҳам паст намеомад. Сайёд медонист, ки агар каме сустӣ кунад, ин каҷпои барзангӣ ҳолашро ба тангӣ оварда порапорааш мекунад. Илоҷе набуд дигар, пушти Сайёд ҷар буду ҷонаш дар хатар. Бо як силтави сахт аз чанголи хирс хато хурда, аз пушти ӯ гузашт. Ин амали Сайёд каҷпоро аз нав шӯронд, кофту кофт, сангеро ёфту ба сари Сайёд ҳаво дод, Сайёд реб шуд, санг ба арча бархурду ба ҷарӣ нишеб шуд. Бадани Сайёд аз пайи нохунҳои Каҷпо лахт-лахту хуншор буд. Каҷпо бо ғазаб ба сари синааш мушт куфта бонг мезад. Сайёдро хунаш зиёд рафта буд, ки сараш чарх мезаду беҳол мегашт. Хирс Сайёдро нафас рост кардан намемонд. Ҳоли Сайёд сангин буду хирс чун кӯҳ вазнин. Ӯ зур мезад, ки хирсро аз миёнаш дошта, гурмушт кунад, вале дастонаш дар миёни хирс ҳалқа намешуданд. Сайёд пайти муносиб меҷуст, медонист, ки дар сад сол зӯраш ба ин балои Худо намерасад ва хирс оқибат нобудаш мекунад. «Зӯри беҳуда миён мешиканад», - гуфта, роҳи бо ҳилаву найранг мағлуб кардани хирсро меҷӯст. Пайт ёфту ба пойи Каҷпо ҳалук андохт. Хирс ҳис кард, ки акнун набардро бохт. Сайёд пойи ҳалукпечашро боло бардошту хирсро cap боло кардан нагузошт ва аз шонаи хирс сахт қапида, сӯи замин кашид, чунон кашид, ки фуки хирс ба замин расид, пойи дигараш низ аз замин канда шуду ба ҳаво хест, ҷуссаи вазнинаш чунон гумбуросзанон ба замин зад, ки садои чирросу ҷив-ҷиви парандагон, вингоси дарандагон фазои хомӯши кӯҳу даманро пур кард. Хирс чун ба ҳуш омад, худро ба дарахт баста дид, бовараш наомад. Бо нигоҳи ҳайратзадаву дасту пойи баста, ноумеду дилшикаста ба Сайёд нигарист. Сайёд теғ аз наём кашид, хирс қасди Сайёдро фаҳмид, ки наъра кашид, наъраи ҷонсӯз. Лаҳзае пас паст-паст садои винг-винг монанд ба гиряи кӯдак ба гӯши Сайёд расид. Баргашту дар паҳлӯяш ду хирсбачаи хушрӯро дид, яке аз онҳо винг-вингкунон пойи Сайёдро бӯй кашиду лесид, дигараш дав-давону ғел-ғелон худро пеши хирс гирифту ҳарисона синаи ӯро макид, макиду макид, чун сер шуд, пеши пойи модар ғелид ва рӯй ба пойи хирс молиду нолид. Оби дидагони хирс ба бари рӯяш шорида, ба замин мечакид. Сайёд аз дидани ин ҳолат омад ба риққат. Теғ як сӯ гузошт, рафту дасту пойи хирсро кушод. Хирс сари по рост шуд, дастонашро ёзонда Сайёдро оғӯш кард. Сайёди тарсону ларзон, моту ҳайрон худ аз худ шуд
гирён. Хирсбачаҳо аз шодӣ ба пойи Сайёд печида, ҷастухез карданд. Хирс тани Сайёдро бӯй кашиду хуни баданашро лесида-лесида тоза кард. Бо панҷаи калону гаронаш ба пушти Сайёд тап-тап зада, гӯё офаринаш хонд ва ҳамроҳи хирсбачаҳо ба пушти харсангҳо раҳсипор шуд. Сайёд монда буд лолу ҳайрон, аз карда пушаймон, карахту нигарон... Бори аввал сархаму мулзам, дар пушт ба ҷойи сайд бори андуҳу ғам, сӯи деҳа монд қадам. Нисфи шаб ба деҳа расид, шаби дароз мижа таҳ накард, аз омаданаш касеро огаҳ накард. Субҳи барвақт пеш аз мурғфарёд баромад ба роҳ сӯи шикоргоҳ. Дар Миёнакӯҳ, дар калфи кӯҳ камингоҳ сохта буд, аз навдаҳои бушолу шулаш чапарак бофта буд. Ба камингоҳ наздик шуду дилаш таҳ зад, чапарак кушода буд. Камон аз китф гирифту тир ҷой кард, оҳиставу бесадо ворид шуд. Манзарае дид, ки ҳуш аз сараш парид. Аз майсаву себарга дастархоне дид густурда, болояш чормағзу бодом ва кундае дарунаш сурох ва он сурох пур аз асал, аз тани кунда асал ғоз дода мешорид. Сайёд аввал ҳайрон шуд, чун кундаи асалро дид, дар лабонаш табассум дамид ва қоҳ-қоҳ зада хандид. Як сӯ гузошта камон, аз кулвораш баровард нон ва чорзону зад сари «дастархон». Ӯ фаҳмид, ки ин «меҳмондорӣ» аз ҷониби хирси каҷпост, баҳузур нишаст ва нон шикаст. Нонро ба асал тар карда, хӯрдан гирифт ва каҷпоро садо кард: - Полвон, ҳо полвон, биё сари дастархон, биё, маро натарсон, медонам, дар ҳамин наздикиҳо шудаӣ пинҳон. Нони гарм овардам, биё якҷоя ношто кунем. Гӯшу ҳуш шуд Сайёд, садое нашунид, чашмаш ба байни гулу буттаҳо афтид, хирс байни шохаҳои анбуҳ пинҳон шуда, Сайёдро назора мекард. - Полвон, нашав пинҳон, ман туро дидам, биё, Каҷпо, шухӣ бас, агар наоӣ, чормағзу асалатро намехӯрам, - гуфта Сайёд «қаҳр» карду аз дастархони оростаи каҷпо рӯй тофт. Хирс чанде интизор шуд, чун дид, ки Сайёд «қаҳр» кардааст, cap ҷунбондаву по куфта, ғур-ғуркунон сӯи камингоҳ гашт равон. Сайёд дар пушти сараш гармии нафасро ҳис карда, рӯй гардонд, хирсро болои сараш дид, ки ӯро мебӯид. Сайёд хандиду гардани хирсро оғӯш карда, хору мол кард ва хесту сари дастархон нишаст. Хирсбачаҳо давида болои зонуи Сайёд баромаданд, Сайёд ба хирсбачаҳо нону асал хӯронд. Хирси каҷпо чормағз шикаста, пеши Сайёд мемонд. Акнун ҳар ҳафта рӯзи шикор, хирси каҷпо дӯсташро мешуд интизор. Хар ду якҷоя субҳона мехӯрданд, баъд Сайёд дар камон ҷо карда тир, мерафт аз пайи нахчир. Рӯзҳову моҳҳо ба ин минвол пушти cap мешуду дӯстии онҳо боз ҳам қавитар. Овозаи дӯстии хирсу Сайёд чун бод дар баҳру бар ва тамоми кишвар паҳн гардид. Як рӯзи тирамоҳ дар деҳа ногоҳ як ҷипи сиёҳ омаду пеши дарвозаи Сайёд истод. Аз даруни ҷип ду ҷавони ҳузарби айнаксиёҳ ва як марди ишкамкалони дар cap кулоҳ фаромаданд. Бо ишораи ишкамкалон он ду ҷавон дарвозаи Сайёдро куфтанд. Сайёд дарвозаро кушоду бо дидани меҳмонони нохонда ҳайрон монд. Марди кулоҳдор бо табассуми сохтаву нигоҳи айёрона сӯи Сайёд даст дароз карда, худро шиносонд: - Номи ман Ҷовид Сафоев, шунидаӣ, албатта, маро дар ин кишвар одаме нест, ки нашиносад. Дили Сайёд аз шунидани ин ном бештар ба таппиш даромад. Аз пушти ин ном чандин касон гаштанд гумном. Сайёд дар андеша буд, ки чӣ гуноҳ ё хато кардааст, ки худи Ҷовид Сафоев ба cypoғаш омадааст. Ҷовид Сафоев авзои беҷои Сайёдро дида, зуд сари мақсад омад: - Ту, ҷавони нағз, натарс, ман барои як кори зарур назди ту омадам. Медонам ин корро ғайр аз ту каси дигар иҷро карда наметавонад. Агар иҷро кунӣ, пули калон мегирӣ. Чӣ гуфтӣ, ҷавони хуб? - Агар аз дастам ояд, ба ҷону дил. - Меояд, меояд, фақат аз дасти ту меояд ин кор. - Кадом кор? - Шикор, шикори хирс, хирсе, ки аз рӯи шунидам бо ӯ дустӣ дорӣ, пусти ана ҳамон дӯстат ба ман даркор. Саҳар мешавӣ аз пайи шикор. Бегоҳӣ бачаҳо омада пулро медиҳанду пустро гирифта мераванд. Хайр, барори кор. Ҷовид гашта ба ҷип нишастанӣ шуд. - Дӯстонро намефурӯшанд, раис! - гуфт Сайёд. Ҷовид дар ҷояш истод. Раги гарданаш таранг шуд, хун дар рӯяш давид. То ҳол аз вазиру мудир cap карда, то сағиру кабир, касе гапи ӯро ду накарда буд. Омадаомада як деҳотибачаи пойлуч бо ӯ гапгардонӣ мекунад. Боз, дар ҳоле ки худи Ҷовид Сафоевич ба дари хонааш омадааст. Ҳол он ки метавонист аз утоқи кориаш думбаашро аз курсии мулоим набардошта, бо як ишора фармоишашро иҷро кунанд. Маълум, ки ин бача ҳоло кӣ будани Ҷовид Сафоевро намедонад. Ҷовид ба Сайёд нигоҳ накарда, ба нармӣ гуфт: - Чӣ гуфтӣ? Дӯстонро намефурӯшанд? Мефурӯшанд, «ешё как мефурӯшанд!» - Ман аз он тоифа нестам. - Нестӣ? Мешавӣ! Фаҳмо? Одам одамро дар ҷои тангиву ноилоҷӣ мефурӯшад, ҳатто бародар бародарро мефурӯшад, ту бошӣ, як ҳайвони дарандаро... Беақлӣ накун, бача, пули калон медиҳам, хеле калон. - Раис, савдоямон напухт.
- Э бача, ҳаётат сӯхт, - гуфт айнакдор ба гӯши Сайёд. - Ман гапамро гуфтам, - ҷавоб дод Сайёд. - Ту гапатро гуфтӣ, ман гапамро нагуфтаам. Бин, ки боз вазнинат наафтад, бача, - гуфт Ҷовид таҳдидомез ва ба ҷип нишаст ва дарро пушид ба шаст. Айнакдорҳо ҳам саросема пешу қафо ба ҷип нишастанд. Сабукрав чангу хокро ба осмон бардошта, аз назар ғоиб шуд. Сайёд баъди рафтани ҷип, дар китф камон сӯи Миёнакӯҳ шуд равон. Рӯзи дигар бегоҳ боз ҳамон ҷипи сиёҳ назди дарвозаи Сайёд омаду истод. Ҷавонони айнаксиёҳ аз ҷип фаромада, дарвозаро баста дида, рӯи кундаи назди дарвоза нишаста, сигор гиронданду интизор шуданд. Шаб фаро расиду аз Сайёд дарак набуд. Хеле интизор шуданд, чун диданд, ки шаб аз нисф гузашту Сайёд наомад, ночор аз ҷо хеста рафтанӣ шуданд. Ногоҳ Сайёдро рӯ ба рӯяшон дида, ҳайрон шуданд, ки аз осмон фаромад ё аз таги замин баромад. Яке аз онҳо оҳиста пурсид: - Овардӣ? - Чиро? - Чи хел чиро? Пустро. - Ман ҳамон рӯз ба раис гапамро гуфта будам. - Э бача, ту калла дорӣ? Даҳ ҳазор барои як пуст мегирӣ, ношукрӣ накун, ки ҳолат бад мешавад. Ту раисро намедонӣ. - Донистан ҳам намехоҳам, - ба зарда гуфт Сайёд. - Пас, пуст намешавад? - Намешавад, гуфтам, намешавад, тамом, равед аз ин ҷо ва дигар ба ин мақсад ба ин деҳа қадам нагузоред. - Хайр, аз худат хафа шав, рафтем, - гуфт ба ҳамроҳаш ҷавон ва ба сари чамбарак нишаста ҳаракат кард. Сайёд рӯи кунда нишаста, ба андеша рафт. Дилаш чун торикии шаб сиёҳ шуд. «Уҳу-уҳу» сулфида наздаш пайдо шудани ҳамсояаш - муйсафеди Қаҳҳор ӯро кард ҳушёр. Мулло Қаҳҳор аз ин моҷаро буд хабардор. Паҳлуи Сайёд нишаст ва ба насиҳатгӯӣ гузашт: - Ту, писарам, аз мани пир ин насиҳатро ба гӯш гир, сар ба сари раис намон. Ба ин тоифа одамон тую ман накун, онҳо туро ором намегузоранд. Ё ба гуфтаашон кор мекунӣ, ё саратро гирифта аз ин диёр меравӣ. Дигар илоҷ надорӣ. - Наметавонам, бобои Мулло, дастам пеш намеравад, дилам ба бачаҳояш месӯзад. Ҳоло хурданд, ятим мондани онҳо убол аст. Инро худат хубтар медонӣ. - Медонам, писарам, лекин илоҷи дигар надорӣ. Ту ҳоло ҷавонӣ, ба ҷони ҷавонат ҷабр накун, хуб фикр кун, беақл нестӣ. Онҳо ба ҳама кор қодиранд, на фикри ҷавониатро мекунанду на пириатро, - баъди чанде ҷавонро насиҳат кардан мӯйсафед бо як дасташ миён, бо дасти дигараш зонуи дардмандашро дошта, базӯр аз ҷой хесту бо Сайёд хайру хуш карда рафт. Сайёд ҳайрону хотирпарешон чи карданашро намедонист. Аз аламу нотавонӣ хориаш омад. Ба хирсу хирсбачаҳо он қадар унс гирифта буд, ки лаҳзае аз онҳо ҷудо шудан намехост. Бори аввал аз зӯри бозӯяш шармаш омад, ки пеши як нокасу номард нотавону ноилоҷ мондааст. Аз дарду ғазаб газида лаб, мушт ба кунда куфту хеста хона даромад. Дар торикии шаб камон дар китфу кулвор дар пушт, бо дили пур аз аламу андуҳ равон гашт сӯи Миёнакӯҳ. Субҳи барвақт ба камингоҳ расид. Хирсро дид аз майсаву себарга дастархон густурда ва интизор нишаста. Сайёд хастаҳолу дилшикаста ба хирс менигарист. Хирс ҳайрон буду Сайёд гирён, хирсбачаҳо Сайёдро дида, дар пояш печида, бозӣ доштанд, парвои оламу одам надоштанд. Сайёд хам шуда, онҳоро ба бағал гирифта, бӯйиду бӯсид, сарҳояшонро сила карду ба замин гузошт. Оби дида рӯйи Сайёдро мешуст. Хирс хатареро ҳис кард магар ки беқарор гашта, заминро бо чанголаш мехарошиду по ба замин мекуфт. Сайёд сари хирсро оғӯш карда, ба гӯшаш гуфт: - Рав, полвон, аз ин макон, дур рав, аз ман хафа нашав. Ман баъд туро кофта меёбам, ҳозир рав аз ин ҷо. Туро ин ҷо осуда намегузоранд, қасди ҷонат кардаанд ноҷавонмардҳо, ба хотири пули ночизе қурбон мешавӣ. Бачаҳоят сағир мемонанд. Хирс ҳамоно ҳайрон ба Сайёд менигаристу чизе намефаҳмид. Сайёд дид, ки каҷпо рафтанӣ нест, ба сараш дод зад: - Рав аз ин ҷо мегӯям! - ва ба ҳаво тир кушод. Хирсбачаҳо аз садои тир тарсида, пушти модарашон пинҳон шуданд. Каҷпоро ғазабаш ҷуш зад, наъра заду кундаи асалро бардошта ба ҷарӣ ҳаво дод, чапаракро канда титу пит карда партофт ва бачаҳояшро пешандоз карду сӯи куҳи Валвалак шитофт. Хирсбачаҳо гоҳ-гоҳ миёни роҳ истода, бо гардани каҷ ба Сайёд мекарданд нигоҳ. Хирс сари кӯҳи Валвалак баромаду баргашта ба поён, ба он ҷое, ки камингоҳи Сайёд намоён буд, дуру дароз нигоҳ кард, баъд бо ду по рост шуда наърае зад, ки кӯҳ ларзид ва худро ба ҷарӣ ҳаво дод... Хирсбачаҳо аз баландии кӯҳ нишеб шуданд, омада рӯ ба рӯи Сайёди дар шигифт нигарону ҳайрон монданд. Сайёд хирсбачаҳоро ба бағал гирифту бо як ҷаҳон орзую умед равон шуд ҷониби хуршед... Баъди гузашти солҳо шикорчиёни ҳамсоядеҳ дар Миёнакӯҳ пири жулидамӯеро ҳамроҳи ду хирси калонҷусса диданд, ки рӯи кундае нишаста, асалу чормағз мехӯрданд...
15
Чорвои хонагї Инъикоси дуруст, асли њар чиз
Давлати араб дар Африќо
Гашта омадан
«Ба умеди оши њамсоя … натарош»
Шањр ба номи Ленин дар Арманистони Шўравї
Музей
Нодуруст
Давра, њалќа, чанбар
... Ќурбонова, овозхон
Тифоќ, дўст
Тамѓаи радиотехникаи Љопон
Моддаи тарканда
Дарё дар Фаронса ва узви бадани инсон
«Тормоз»-и киштї
Расму русум
Бемории пўсти кўдакон
Камзўлча
Хокаи гандум
Тољмањал дар ин шањр аст
Асбоби шишагї барои чашм
Меваи «донадона»
Шаршара Винсент Ван …, рассоми голландї
Хоља ...и Валї
... Зарифов, овозхон
«…кола»
Сари сўзан
Барометр
Шакли пурраи номи Оля
Сухане, ки онро «мезананд»
Саркаш, исёнгар
Аљина Дарё дар Бразилия
СММ бо забони русї
Пойтахти Юнон
0,1 см
Љањонгир
Эътибор, ќадру ќимат
Аз чашм боло
Дарё дар Хатлон
Нерўгоњи обї дар ЉТ
Носозгор, номуносиб
Васоити ахбори омма
Кўчаи машњури ш. Москва
Моеи хушбўй
Маош
Љўгї
Роњи Автомобили олмонї пиёдагард
Атомњои заряднок
Шаклу шамоил
Бадан, љисм
Обхунуккунаки мошин
Хати якљояшавии осмон ва замин
Яроќи тарканда, норинљак
Мактуб, хат
Асбоб, дастгоњ
«Њоло …», филми тасвирї
Куб аз он 6-то дорад
Онро ба абрў мекашанд
Пойзании њайвон ё инсон
Ривоят, ќисса, миф
Њарфи 16-уми алифбои арабї
Гули та- Завбо- раќ батї
САНҶИШИ ДОНИШ
… Каримова, овозхон
Асари сегонаи адабї
Шањр дар љазираи Сахалин
Њамдилї, вањдат
Љонвари обхокї
Љузъи ќатора
Тамѓаи маргарин
... Шукруллоева, сароянда
Худои ишќу зебої дар Юнони ќадим
Сканворд
Аловиддин …, актёри њаљвї
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
Узви шунавої
16
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №30 (9456), 28.07.2016
Сюрприз
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ Вақте зан ба маҷлиси падару модарон рафт, шавҳар ва духтараш хостанд фурсатро истифода бурда, барои модар сюрприз кунанд – тоза кардани ошхона. Онҳо маҳсулотро ҷобаҷо карданд, миз, ҷевон, зарфгириҳо ва плитаро тоза карданд, табақу косаро шуста, ҷобаҷо намуданд. Вақте ошхона “медурахшид”, модари хонадонро интизор шуданд. Модар баъд аз ду соат омад. Палтояшро кашид, дар ҷевон овехт, ба ошхона даромада, об нӯшид ва дар меҳмонхона рӯи роҳаткурсӣ нишасту телевизорро даргиронд. Шавҳар ва духтараш наздаш омада, рост истоданд. Зан нигоҳи онҳоро ба сӯяш пай бурда пурсид: - Чӣ шудааст? - Ошхона, - ҷавоб дод мард. - Кадом ошхона? - Аз худамон. Мо онро тоза кардем. Ту аҳамият надодӣ? Аз тозагӣ медурахшад. Мо ин корро маҳз барои ту кардем. Зан табассумкунон гуфт: - Ҳа, дидам. Кори қадрношинос, ҳамин тавр не?
- Ман бо ту ба ҳич куҷо намеравам. - Пас барои чӣ рангу бор кардӣ? - Барои он ки бинӣ, ки чи гуна як духтари хушрӯ бо ту ба ҳич куҷо намеравад.
***
- Садбарг, фаҳмидам, ки язна аз паси духтарони хушрӯй медавад. - Сагам низ аз қафои мошинҳои хушрӯй медавад, аммо маънои онро надорад, ки ҳамин ки ба мошин расид, зуд сари чанбар мешинад.
Ҷавоби мардон ба як СМС-и занҳо
***
Атрофи қисми ҳарбӣ 4 сарбоз ва прапоршикро барои кор мефиристанд. Баъд аз кор прапоршик ҳамаро қатор мемонаду мешуморад: - Як, ду, се, чор... Панҷуматон канӣ? Мекобем. Баъд аз 10 дақиқа ҷамъ мешаванд. Боз ҳамон ҳолат. Сеюм маротиба ҳам ҳамин хел. Пас аз ин яке аз сарбозон мегӯяд: - Рафиқ прапоршик, биёед, шумо дар саф истед, ман ҳисоб кунам. - Як, ду, се, чор... Ва худашро ишора карда: - Панҷ. Прапоршик наздик омада, ба рӯи сарбоз як шаппотӣ мефарорад ва мегӯяд: - Аблаҳ, дар куҷо будӣ, ки мо ним соат кофтемат?
Ба занон дар тренинг супориш шуд, ки ба шавҳаронашон бо матни “Азизам, ман туро дӯст медорам!” паём фиристанд. Ҷавоби шавҳарон ба ин тартиб буд: 1. Ту кистӣ? 2. Эҳ, модари фарзандонам, беморӣ-чӣ? 3. Ман ҳам туро дӯст медорам. 4. Боз чӣ шуд? Ягон ҷои мошинат вайрон шуд-чӣ? 5. Боз чӣ мехоҳӣ? 6. Боз чӣ кор кардӣ? Ин дафъа намебахшамат. 7. ?!? 8. Ба ҳар тараф нагард, фақат гӯй, ки чанд пул лозим аст? 9. Хоб мебинам-чӣ? 10. Агар росташро нагӯӣ, ки ин СМС-ро ба кӣ фиристоданӣ будӣ... 11. Ман гуфта будам, ки камтар нӯш. Агар аз ман хаста шуда бошӣ, баромада меравам. 12. Чизе ки мехоҳӣ, ҷавоби ман – не! Таҳияи У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
ЭЪЛОН
ДИҚҚАТ, ОЗМУН!
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд. Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ. 3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фиристанд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Соҳибкори инфиродӣ Абдулов Рустам Давлатшоевич (РЯМ 0430202493), ки аз 14.09.2015 дар Нозироти андози ноҳияи Сино ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд.
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Шаҳодатномаи ҳарбии НС2960162, ки ба сокини деҳаи Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ Қаҳоров Нематулло Тошниёзович (соли таваллудаш 3.04.1964) мутааллиқ аст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.
Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14
Дипломи гумшудаи TCI 0005012, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 1996 ба Одинаев Абдулфаёз додааст, эътибор надорад.
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _____ _______________________________________________________
Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Фаридулло Неъматулло таҳти рақами ОА490518 бинобар гум шуданаш эътибор надорад.
Барои чӣ беҳтарин аст?___________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________
ҲАМДАРДӢ Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги журналисти собиқадор ГАЛИНА ДУТСЕВА андӯҳгин буда, ба аҳли оилааш ҳамдардӣ изҳор менамояд.
Ному насаби пуркунанда _________________________________
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Соҳибкори инфиродӣ Ахмедов Абдувалӣ Бегиҷонович (РМА 0230044064), ки аз 21.10.2013 ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6524 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»