javononi tojikiston/#30/2015

Page 1

Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№30 (9404), 30 июли соли 2015

E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU

WWW.JAVONON.TJ

АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД

РУШДИ МАҲАЛ

ҲАФТ РӮЗ 23.07.2015 Дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев дар пайи бемории тӯлонӣ дар Бемористони ба номи Скилифасовскийи шаҳри Москваи Русия аз дунё даргузашт. 24.07.2015 Дар шаҳри Хуҷанд Намоиши минтақавии савдо «Суғд-2015» оғоз шуд. Истеҳсолкунандагони маҳаллӣ маҳсулоти хешро пешкаши зиёда аз 300 намояндагии олами тиҷорат аз 17 кишвари ҷаҳон намуданд.

Са ҳиф аи

“Ванҷи боло” ба истифода дода шуд

2

25.07.2015 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои шиносоӣ бо корҳои барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмакҳои пулии Сарвари давлат ба ноҳияи Рашт рафт.

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

26.07.2015 Шоҳрух Юнусов, овозхони 17-солаи кишвар, ки барандаи чандин озмунҳои байналмилалӣ аст, дар озмуни “Мейкин Азия”, ки дар соҳили Исиқкӯли Қирғизистон доир гашт, миёни намояндаҳои 20 кишвар мақоми сеюмро сазовор гардид. 27.07.2015 Таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 28.07.2015 Кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мошинҳои пур аз маводи ниёзи аввал ба шаҳраки хаймавие, ки барои осебдидагони деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон бунёд шудааст, расиданд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015

Саҳифаи

8-9

29.07.2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориаш ба ВМКБ аз Дарвоз ба ноҳияи Рӯшон сафар кард. Сафари кории Президенти мамлакат дар ноҳияи Рӯшон аз гузоштани санги асоси бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон оғоз гардид.

1


РУШДИ МАҲАЛ

ЗАН ВА ҶОМЕА

“Ванҷи боло” ба истифода дода шуд 28 июл Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Боздиди кории Сарвари давлат дар ВМКБ аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.

Дар мавзеи Сурхсангови ноҳия бо иштироки Сарвари давлат пули нави мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-КӯлобХоруғ ифтитоҳ ёфт. Бунёди пули мошингузар идомаи мантиқии сиёсати созандагии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат мебошад, ки дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст. Тибқи лоиҳа, купрук иқтидори борбардории 100 тоннаро дошта, дарозии он 146 метр мебошад. Паҳноии купрук 10 метру 50 сантиметр ва қисми мошингузар 8 метру 50 сантиметр аст. Президенти мамлакат ба вазири нақлиёти ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои кушодани роҳҳои дар натиҷаи обхезӣ бандшуда дар ҳудуди ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон монеаҳоро ҳарчи зудтар бартараф карда, оид ба иҷрои корҳо гузориш диҳанд. Ҳамчунин, барои тезондани таҳияи лоиҳаҳои бунёди

пулҳои дигар дар ин минтақа супориш дода шуд. Сипас, дар деҳаи Ғуҷовасти ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ сехи коркарди ангат ба истифода дода шуд. Корхона бо пешниҳоди Васила Ғафурова, ки зимни як сафари Президенти ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ванҷ дархост гардида буд, тибқи супориши Сарвари давлат бо харҷи 167 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ барои занони соҳибкори ВМКБ бунёд гардид. То бунёди ин корхона дар ин ҷо аз ангат то 120 литр равған омода мешуд, акнун истеҳсоли равған, шарбат ва малҳам аз ангат афзоиш меёбад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Вишхарваки ҷамоати Рованд ташриф оварда, маҷмааи туристию истеҳсолии “Ванҷи боло”-ро ифтитоҳ намуд. Дар маҷмаа, ки аз ҷониби ҶДММ “Рухом” бо харҷи беш аз 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, ошхона, толори конфронс бо 30 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб ва истироҳатгоҳ мавҷуд аст.

Шароиту иқлими ноҳияи Ванҷ барои рушди туризм мутобиқ аст, аз ин рӯ, бо истифода аз имконот Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҷалби сайёҳон ба ин гӯшаҳои зебоманзар тамоми тадбирҳоро амалӣ менамоянд. Зимни суҳбат бо сокинону фаъолони ноҳияи Ванҷ Президенти мамлакат аз ҳодисаи фоҷеабори рӯзи 20 июли соли ҷорӣ рухдода, ки боиси хисороти зиёди молӣ ва ҳалокати 6 нафар сокини ноҳия гардид, ёдовар шуда, бори дигар ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияту ҳамдардии амиқ баён намуд. Зикр шуд, ки масъалаи фароҳам овардани шароити зиндагии сокиноне, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, инчунин, сари вақт барқарор кардани иншооти харобшуда дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор дорад ва манзилҳои сокинон то 6-уми ноябр сохта ва ба соҳибонашон супорида мешавад. Сафари кории Сарвари давлат то 31 июл дар ВМКБ идома меёбад. Президенти мамлакат, ҳамчунин, дар ноҳияҳои Шуғнону Дарвоз бо вазъи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, расондани кӯмакҳои моддию маънавӣ ба сокинони аз офатҳо зарардида ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои бесарпаноҳмонда шинос мешавад. Бо ҳузури Сарвари давлат дар ноҳияи Шуғнон корхонаи коркарди ғалла ба истифода дода мешавад. Дар ноҳияи Роштқалъа барои бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт ва бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110-киловолтаи “Себзор - Хоруғ” бо дарозии 18 километр санги асос гузошта мешавад. Барои рушди туризм ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Дарвоз ва маҷмааи варзишӣ барои 1700 ҷой дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ, марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ, маҷмааҳои туристию истироҳатӣ, маркази омӯзишии кохи бонувон бо номи “Меҳри модар” ба нақша гирифта шудааст.

МАОРИФ

Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн: Нақша иҷро мешавад? Ҷамшед Ғанизода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки тибқи нақша дар соли таҳсили 2015-2016 660 нафар донишҷӯ аз рӯи 26 ихтисос бояд қабул гарданд. Зикр гардид, ки соли гузашта танҳо 20 дарсади нақшаи қабул иҷро гардида буд. Ректори донишкада муътақид аст, ки имсол нақшаи қабул иҷро мешавад, зеро аз моҳи феврал то моҳи майи соли ҷорӣ муаллимони донишкада бо сафарҳои хизматӣ ба навоҳии кишвар рафта, байни мардум корҳои ташвиқотӣ бурданд.

2

- Соли гузашта мо аз рӯи 21 ихтисос фаъолият намудем. Илова бар ин, дар донишкада шӯъбаи тайёрӣ ва маркази бачагонаи рассомӣ барои хонандагони синфҳои 4-11 аз тариқи шартнома фаъолият мекунад, - афзуд Ҷ. Ғанизода. Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА, «ҶТ»

12 зани тоҷик дар Сурия аст Теъдоди занони тоҷик, ки алҳол дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок доранд, ба 12 нафар расидааст. Дар ин бора Хидирзода Махфират, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. - Ин раванд дар ҳоли афзоиш аст ва рафтани ҳатто як зани тоҷик ба ин кишварҳо (Сурияву Ироқ) фоҷиа аст ва бояд пеши роҳашон гирифта шавад, - афзуд М. Хидирзода. - Бештари онҳо аз пайи шавҳарҳояшон рафтаанд ва иддае тавассути афроди тарғиботчӣ ҷалб шудаанд. Хидирзода изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ баробари дастовардҳо дар фаъолияти кумита як қатор мушкилот низ ҷой дошт, ки барои бартарафсозии онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Номбурда дар ҳоле чунин мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли равон ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасди занон ба ҷони худ ба 145 расидааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат кам бошад ҳам, барои пешгирии ин раванд барномаҳои бештар фаъол мегарданд. Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли равон 208 ҳолати зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби занон ва ноболиғон 1077 ҷиноят содир шудааст. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ

495 нафар ҷазо гирифтанд

- Тайи шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷавӣ 519 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда шуд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Аламхон Наимӣ. – Дар натиҷа 141 миллион сомонӣ зарарҳои молиявӣ ошкор шуд. Аз рӯйи маълумоти ошкоршуда 495 нафар шахси масъул барои камбудиҳои содиркардаашон ҷазо гирифтанд. 35 нафар бошад, аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Тавре А. Наимӣ изҳор дошт, камбудию норасоиҳои зиёди молиявӣ, махсусан, дар Агентии захираҳои моддии давлатӣ, «Амонатбонк», вазоратҳои корҳои дохила, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об бештар роҳ дода шудааст. Яке аз сабабҳои сар задани чунин камбудиҳоро А. Наимӣ дар набудани назорати дохилиидоравӣ оид ба самарабахш истифода бурдани маблағу воситаҳо донист. Масалан, дар корхонаҳои зертобеи ширкати «Барқи тоҷик» ҳолатҳои камомад, дуздии нерӯи барқ, изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ, ҳисоббаробаркунии беасосу ғайриқонунии андоз, дар маҷмуъ зарари молиявӣ ба маблағи 6,7 миллион сомонӣ ошкор гардид. - Муддати ин давра дар 13 шаҳру навоҳии кишвар тафтиши сарфи буҷаҳои маҳаллӣ сурат гирифт, - афзуд А. Наимӣ. – Кормандони мо тавонистанд ба маблағи 15 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намоянд. Зарари молиявӣ бештар дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла, Қубодиён - 1,2 миллион сомонӣ, Панҷ – 380 ҳазор сомонӣ, Ҳамадонӣ - 582 ҳазор сомонӣ, шаҳри Сарбанд – 453,5 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015


САНОАТ

АДЛИЯ

Муҳоҷират яке аз омилҳои пошхӯрии оилаҳост Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ Вазорати адлия 23 санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии мақомоти давлатиро ба қайд гирифта, бақайдгирии 59 санади меъёрии ҳуқуқиро рад намудааст. Илова бар ин, дар ин давра ҷиҳати мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ, аз байн бурдани тафовути меъёрии онҳо аз ҷониби вазорат 3 лоиҳаи қонуни мукаммал, 34 лоиҳа оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 5 лоиҳаи қарор, 2 лоиҳаи фармоиш таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Рустам Шоҳмурод, вазири адлия иттилоъ дод.

Дар мамлакат мошин истеҳсол мешавад Тайи 6 моҳи соли равон дар мамлакат ҳаҷми истеҳмоли маҳсулоти саноатӣ ба 5 миллиарду 415,5 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,2% зиёд мебошад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ангишт 106,3%, маъдани кӯҳӣ 148,7%, масолеҳи сохтмон 139,9%, саноати сабук 100,5% ва мошинсозӣ 134,9%-ро ташкил дод. Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар КВД “Коргоҳи мошинсозӣ” истеҳсоли мошини картошкашинонї ва таҷҳизот барои осиёби сангмайдакунии корхонаҳои сементбарорӣ ба роҳ монда шуд. Солҳои пеш ин намуди маҳсулот асосан аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд. - Мо бештар дар самти ҷалби технологияҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти воридотиро ивазкунанда кор мебарем, - гуфт Шавкат Бобозода. – Чунончӣ, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, дар ҶСК “Тамохуш ЗГМИ”-и шаҳри Исфара истеҳсоли шишаи моеъ ба роҳ монда шуд, ки он аз реги квартсӣ ва карбонати натрий истеҳсол мешавад. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов захираи калони реги квартсӣ вуҷуд дорад. Корхона мувофиқи нақша соле то 2000 тонна шишаи моеъ истеҳсол хоҳад кард. Дар ҷумҳурӣ оид ба коркарди партов корҳои тадқиқотӣ идома доранд. - Барои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот аз партов маърифати аҳолиро баланд бардошта, баҳри ба навъҳо ҷудо намудани партов шароит фароҳам овардан лозим, - гуфт Шавкат Бобозода. – Ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдан лозим аст, то шишапора, коғазпора, партовҳои биологӣ ва пластмассаро дар қуттиҳои алоҳида бирезанд. Солҳои қабл пӯстро асосан ба берун аз ҷумҳурӣ содир мекарданд. Шоистаи таҳсин аст, ки ҶДММ “Файзи Мастчоҳ” тавассути коркарди пӯст истеҳсоли тасмаҳои мардонаро ба роҳ мондааст. То имрӯз зиёда аз 2000 адади ин маҳсулоти воридотро ивазкунанда истеҳсол ва дар бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Дар ҶДММ “Ҳоҷӣ Қурбон”-и шаҳри Турсунзода истеҳсоли маҳсулоти пенопористиролӣ барои сақф (потолок) ва девори биноҳо бо иқтидори 5,0 ҳазор метри мукааб ба роҳ монда, ба Қирғизистону Афғонистон ва Эрон 500 метри мукааб маҳсулоти пенопористиролӣ ба маблағи умумии 300 ҳазор сомонӣ содир кардааст. Умуман, дар нимсолаи якуми соли равон корхонаҳои тобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба маблағи 1 миллиарду 856,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро дар ин давра ба 128,2% расонданд. Аз 1252 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда дар 6 моҳи соли равон 661 корхона (52,8%) суръати афзоишро таъмин намуда, 298 корхона (23,8%) суръати афзоишро таъмин накарданд. Бинобар характери мавсимӣ доштану набудани ашёи хом ва дигар сабабҳо 293 корхона умуман фаъолият накардааст. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

ОМОР

Содирот коҳиш ёфтааст Дар нимсолаи аввали соли равон содироти мол 434,4 млн. долларо ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7,9 фоиз ё 37,2 млн. доллар кам мебошад. Ба иттилои Гулнора Яъне, 21,3 фоизи моли содирҲасанзода, раиси Агентии омори шуда ба ин кишвар рост меояд. назди Президенти мамлакат, аз Ба ин кишвар, асосан, фулузоти ҷумҳурии мо молу коло асосан қимматбаҳо ва нафту пахта бурда ба давлатҳои Туркия, Швейтса- мешавад. рия, Қазоқистон, Эрон, Русия, Гардиши савдои хориҷӣ дар Афғонистон, Покистон, ИМА, Чин, кишвар 2009,1 млн. доллари Италия, Нидерланд, Ӯзбекистон ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба содирот мешавад. Швейтсария ҳамин давраи соли сипаришуда яке аз давлатҳое мебошад, ки 21,9% ё 562,4 доллар коҳиш ёфдар содироти мол баъд аз давлати тааст. Туркия дар ҷойи дуюм меистад. М. ФИРӮЗ, “ҶТ”

Ба гуфтаи вазир, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 33 384 ҳолати сабти никоҳ ва 4 539 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Вобаста ба ин масъала зикр намудан бамаврид аст, ки пошхӯрии оилаҳо, бахусус, миёни ҷавонон хеле зиёд аст. Ин вазъ боиси нигаронии коршиносону ҷомеашиносон ва мутахассисони соҳа гаш-

тааст. Ин ҳолатро масъулини вазорат шарҳ дода, гуфтанд, ки омилҳо зиёд аст. Аз ҷумла, раванди муҳоҷират. Қисме аз мардони тоҷик ба муҳоҷират рафта, он ҷо барои худ ҳамсари нав пайдо мекунанд. Зану фарзандон ба гӯшаи хотирашон намеояд ва умуман дигар ба зодгоҳ баргашти онҳо гумон аст. Ҳамин тавр, бисёр олиаҳо вайрон мегарданд. Т. ДАВЛАТ, “ҶТ”

АГРОЛИЗИНГ

Кишти такрорӣ кашол меёбад - Бо сабаби нарасидани техника ва таҷҳизоти гуногуни кишоварзӣ, махсусан, комбайнҳо, деҳқонони мо имкон надоранд ҳосили зироатҳои ғалладонагиро сари вақт ҷамоварӣ намоянд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сарвари Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Юсуф Шоев. – Аксар корҳо дастӣ иҷро шуда, боиси кашол ёфтани кишти такрорӣ мегардад. Тавре Юсуф Шоев иброз дошт, барои сари вақт ғундоштани ҳосил барои деҳқонон 1906 адад комбайн лозим аст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар ихтиёри кишоварзон ҳамагӣ 565 комбайн қарор доранд, ки 30 фоизи наќшаро ташкил медиҳад. Ба андешаи роҳбари корхона бобати пурра таъмин намудани талаботи деҳқонон бо техника дар шароити кунунӣ 4,6 миллиард сомонӣ лозим аст. Ба душвориҳо нигоҳ накарда, корхона мекӯшад дар ҷодаи ёрӣ ба кишоварзон ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузорад. Бо мақсади сари вақт таъмин намудани деҳқонон бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, фаҳмонидани бартарияти иҷораи молиявӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа намоишгоҳи техникаҳои гуногунсоҳаи кишварзӣ, инчунин, ҷиҳати таъмин намудани техника бо қисмҳои эҳтиётӣ дар ноҳияи Данғара мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ ташкил шудааст. Имрӯз дар 33 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникии корхона мавҷуд аст. Роҳбари корхона аз фаъолияти чунин марказҳо изҳори нигаронӣ карда

зикр намуд, ки фаъолияти онҳо чандон самарабахш нест. - Мо ин ё он намуди техникаро ба ягон нафар механизатор чун иҷора вобаста мекунем, - гуфт Юсуф Шоев. – Механизатор барои истифода ҳар моҳ маблағи муайян бояд супорад. Баҳри ҳарчи бештар фоида ба даст овардан механизатор то ҷойи имкон техникаро бераҳмона истифода мебарад. Парво надорад, ки он корношоям мешавад. Дар ҳолати вайрон шудан онро месупораду ҷон халос. Минбаъд мо корро бо дигар тарз ба роҳ мемонем. Техникаро ба механизатор супурда, бо ӯ шартнома мебандем. Мувофиқи шартнома дар муҳлатҳои муайян механизатор арзиши техникаро батадриҷ супурда, онро аз худ мекунад. Дар ин маврид вай техникаро эҳтиёт намуда, мекӯшад он пеш аз муҳлат корношоям нагардад. Бо маблағи бадастомада техникаи дигар харидорӣ ва бо чунин тарз ба механизатори дигар барои истифодабарӣ месупорем. Т. ДАВЛАТ, “ҶТ”

АЭРОНАВИГАТСИЯ

Парвозҳои транзитиро зиёд бояд кард Яке аз сохторҳои калидии соҳаи авиатсияи граждании мамлакат КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мебошад. Ниҳоди мазкур ба 125 ширкати ҳавопаймоии сохторҳои мухталифи ватаниву хориҷӣ хизматҳои аэронавигатсионӣ пешкаш менамояд. Тавре директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Иброҳим Ҷобиров дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, дар 6 моҳи соли равон даромади умумии муассиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 13,8% зиёдтар гардид. Дар ин муддат муассиса ба 25326 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат пешкаш намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 12% кам аст. Сабаби асосии камшавии хизматрасонӣ кам шудани парвозҳои транзитӣ бинобар хуруҷи барномавии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии НАТО аз марзи Афғонистон ва камкунии теъдоди парвозҳо ба самти Федератсияи Русия аз ҷониби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ аст. - Муассиса ба таълиму тарбияи касбии мутахассисон аҳамияти махсус медиҳад, - гуфт Иброҳим Ҷобиров. – Чунончӣ, дар 6 моҳи соли равон 60 нафар мутахассис дар самти такмили ихтисос таълим гирифтанд. Таълиму тадрис дар заминаи Донишкадаи аэронавигатсияи шаҳри Маскав, филиали Сибирии Донишкадаи аэронавигатсияи шаҳри Красноярски Русия, таълимгоҳи ширкати “Фрекувентис”-и Австрия

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015

ва ғайра гузаронида шуданд. Чанде пеш дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Фаронса Созишнома оид ба сохтмони манораи диспетчерӣ ба имзо расид. Баландии умумии манора 41 метрро ташкил дода, ба фаъолият оғоз кардани он сатҳи хизматрасониро беҳтар хоҳад кард. Муҳлати ба истифода додани манораи диспетчерӣ 15 моҳ аст. Даромади умумии муассиса аз ҳисоби теъдоди парвозҳо вобаста аст. Роҳбарияти муассиса ҳавасманди он аст, ки парвозҳои транзитӣ аз фазои ҷумҳурӣ зиёд шаванд. Мутахассисони корхона хизматрасониҳои транзитиро дар сатҳи баланд ба анҷом расонида метавонанд. Таҷҳизоти аэронавигатсионии фурудгоҳҳои ноҳияҳои дурдаст дар ҳолати хуб қарор дошта, маъмурияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо умеди дар оянда эҳё намудани фаъолияти ин фурудгоҳҳо кадрҳои маҳаллиро тайёр карда истодаанд. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

3


ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲА 23 июли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2015 баргузор шуд, ки фишурдаи ҳисоботи раиси кумита Аҳтам Абдуллозода пешниҳод мегардад. Мӯҳтарам аъзои ҳайати мушовара, Ҳозирини гиромӣ! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ давоми нимсолаи аввали соли 2015 фаъолиятро дар самти таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ, варзишӣ, рушди соҳаи туризм ва муносибатҳои байнисоҳавию байналмилалӣ равона намуд. СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН Имрӯз дар кишвар ҷабҳаҳои амалии сиёсати давлатии ҷавононро Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ташкил медиҳад. Дар доираи Барномаи мазкур, дар самтҳои ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, рушди имконоти иҷтимоӣ ва мусоидат ба мустақилияти иқтисодии ҷавонон, рушди саломатии ҷавонон, мусоидат ба таълими муассир ва дастгирии эҷодиёти ҷавонон, рушди ҷанбаҳои илмию методӣ ва иттилоотии сиёсати давлатии ҷавонон ва такмили малакаҳои кории мутахассисон ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ 92 лоиҳа бо фарогирии 49050 нафар наврасону ҷавонон амалӣ гардонида шуданд. Соли равон як қатор иқдому ташаббусҳои нав аз ҷониби кумита бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардиданд, ки дар тарбияи меҳнатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, китобхониву китобдӯстдорӣ мусоидат менамояд. Аз ҷумла, Амалиёти ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, таҳти унвони «Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!», Аксияи “Биёед, китоб мехонем!”, “Меҳмонии ҷавонон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ”, “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон - давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!”, Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!”, Конференсияи байналмилалии илмию амалиро таҳти унвони “Ҳифзи Ватан – Модар вазифаи ҳар як фард мебошад!”, аввалин Форуми байналмилалии “Ҷавонон – нерӯи рушди зеҳнии

4

мита мусоидат ба шуғли ҷавонон мебошад. Дар ин самт аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Биржаи меҳнатии ҷавонон” як қатор корҳо амалӣ карда шуданд. Агар дар нимсолаи аввали соли 2014 КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон” дар якҷоягӣ бо Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе 10 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида бошад, ки дар он 4500 нафар корҷӯён иштирок намуданд, пас дар давраи ҳисоботии соли равон чунин ярмаркаҳо 18 маротиба бо иштироки 10800 корҷӯ доир гардид, ба 483 нафар

қудратӣ тадбирҳо амалӣ гардиданд. Агар дар самти ватандӯстӣ давоми нимсолаи аввали соли 2014 41 чорабинӣ бо фарогирии 15600 ҷавон ва дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 340 чорабинӣ бо фарогирии 51000 наврасу ҷавон доир гашта бошад, ин омор дар нимсолаи якуми соли 2015 зиёд гардид. Яъне, кумита давоми шаш моҳи соли 2015 дар самти ватандӯстӣ 54 чорабинӣ бо фарогирии 17200 ҷавон ва дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 488 чорабиниро бо фарогирии 97600 наврасу ҷавон доир намуд.

роҳхат ба ташкилоту муассисаҳои пойтахт дода шуд. Аз ҷониби Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират 1460 ва аз ҷониби КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон” давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 251 ҷойи кории холӣ пешниҳод гардид, ки ба он 525 нафар барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуданд. Аз ин миқдор ба 446 нафар маълумот барои дарёфти ҷойи кор дар дохили ҷумҳурӣ дода шуд. Яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа мебошад, ки ин равандро кумита пайваста пуштибонӣ карда, баҳри дастгирии иҷтимоии ҷавонон, аёдати ҷавонону шахсони мӯҳтоҷу барҷомонда ва хонаинтернатҳо дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 тадбирҳои таъхирнопазир меандешад. Дар ин самт масъулини кумита дар арафаи таҷлили санаҳои таърихӣ ба аёдати ҷавонони ниёзманд рафта, ба онҳо аробачаи маъюбӣ, мошинаи дарздӯзӣ ва кӯмакҳои моддиву молӣ расониданд. Тарбияи ватандӯстӣ яке аз самтҳои дигари афзалиятноки кумита маҳсуб меёбад, ки дар ин самт низ дар якҷоягӣ бо сохторҳои маҳаллӣ ва вазорату идораҳои

Бо мақсади муттаҳид сохтани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта вобаста ба пуштибонӣ ва таблиғи дастовардҳои воқеии кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, фароҳам овардани шароит ва омода сохтани мутахассисон дар назди кумита Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта таъсис ёфт. Тартиби фаъолияти Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, барнома ва нақшаи фаъолият таҳия ва мавриди корбарӣ қарор дорад. Бо ризоияти бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони (логотип)-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин тасмим зимни таклифу пешниҳодоти як қатор ҷавонон оид ба таҳия намудани нишони кумита ҳангоми истифода дар баргузории силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва варзишиву сайёҳӣ, дар доираи таҷлили “30 рӯзи ҷавонӣ” ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 май , ба инобат гирифта шуд. Бо мақсади танзим намудани робитаи хизматии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷомеа, инчунин, ба таври васеъ ва мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ тавсеа бахшидани таблиғоти сиё-

Фаъолияти кумита кишвар”, семинарҳои илмӣамалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ», “Мавқеи ҷавонон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуби ҷомеа: терроризм, экстремизм ва маводи нашъадор” давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо иштироки оммаи васеи наврасону ҷавонон баргузор шуданд. Ҳамзамон, аз 4 апрели соли равон то инҷониб дар рӯзҳои истироҳатӣ дар Боғи “Ирам”-и пойтахт кумита дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳо барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифатӣиттлоотӣ ба роҳ мондааст, ки ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ 10 000 мардум аз он дида намуда, ҳаловати маънавӣ мебардоранд. Қобили зикр аст, кумита пешгирии ҳолатҳои терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ, ҳамзамон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим дар байни ҷавононро самти афзалиятноки фаъолияти худ дар соли 2015 интихоб намудааст. Дар ин замина, баҳри татбиқи чораҳои мақсадноку ҳадафманд нақшаи чорабиниҳои муштарак бо вазоратҳои корҳои дохилӣ,

маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, телевизион ва радио ва кор бо занон ва оила, дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва нақшаҳои чорабиниҳои муштарак бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 тасдиқ ва амалӣ гардонида истодааст. Умуман, кумита барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ тибқи барномаи тарҳрезигардида дар 50 шаҳру ноҳияи кишвар зиёда аз 103 вохӯриро дар сатҳи баланд доир намуд, ки дар он зиёда аз 200000 нафар намояндаи ҷавонон, занон, собиқадорони ҷангу меҳнат, ходимони дин, омӯзгорон, варзишгарон ва дигар табақаи ҷомеа ширкат варзиданд. Яке аз самти фаъолияти ку-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲА сати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сомонаи расмии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барномасозӣ гардида, дар таҳияи нав бо суроғаи www.youth.tj ба фаъолият оғоз кард. Сомона ба талаботи замони муосир мувофиқ карда шуда, фарогири хабарҳои рӯзмарра аз фаъолияти кумита мебошад. Бо фарқ аз сомонаи қаблӣ сомонаи нави кумита рӯйдодҳои соҳаро дар ҳар се самт: ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ инъикос сохта, дар ин баробар назару андешаҳои ҷавонон, мутахас-

варзишӣ, аз ҷумла, 12 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 16 чорабинии варзишӣ зиёд мебошад. Дар чорабиниҳои варзишӣ 2680 нафар варзишгар, аз ҷумла, 2302 нафар писар ва 378 нафар бону ширкат намуда, ғолибон ва ҷоизадорон бо медалу диплом ва туҳфаҳои арзишманди таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд. Варзишгарон, аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми давраи ҳисоботӣ оид ба

467 нафар донишҷӯ, ки 129 нафарро бонувон ташкил доданд, аз 4 минтақаи кишвар фаъолона иштирок намуданд. Кумита дар доираи чорабиниҳои «30 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 17 май дар тамоми шаҳру ноҳияҳо Рӯзи “Дави миллӣ”ро баргузор намуд. Мутобиқи маълумоти ситодҳои кории вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар чорабинӣ 383303 нафар иштирок намуданд. Зикр бояд кард, ки бори нахуст аз 9 то 17 май бо самти Хоруғ-Душанбе, Кӯлоб-Душанбе, Қӯрғонтеппа-Душанбе, Хуҷанд-

ни давлати Олмон Намоишгоҳи калонтарини туристии дунё “ITB Berlin – 2015”, ки 10 ҳазор ширкати сайёҳиро аз 200 давлати дунё ба ҳам овард, доир шуд. Дар чорабинии бонуфузи байналмилалӣ гӯшаи туристии кишвари мо зери шиори «Тоҷикистон – кишвари туризм» дар масоҳати 40 метри мураббаъ ба маърази дӯстдорони Тоҷикистон гузошта шуд. Дар доираи ин гӯшаи туристии кишвар намояндагони кумита, 13 ширкати туристӣ, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр», меҳмонхонаи «Душанбе-Сере-

самарабахш буд

сисони соҳаи сайёҳӣ ва коршиносону собиқадорони варзишро ҷой медиҳад. Иқдоми наве, ки дар соҳаи кор бо ҷавонон дар давраи ҳисоботӣ ба вуқӯъ пайваст, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015, №526 “Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Мақсади асосӣ баррасӣ намудани масъалаҳои марбут ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва қабули қарорҳои дахлдор вобаста ба рушди он, аз ҷумла, таъмини манфиатҳои ҷавонон ва фаро гирифтани онҳо бо хизматрасониҳои гуногуни алоқаманд ба худамалисозӣ ва пайдо кардани мавқеи хоса дар шароити ҷомеаи муосир мебошад. СОҲАИ ВАРЗИШ Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ дар мулоқот бо варзишгарони кишвар, ки соли 2010 доир гардида буд, дар соҳаи варзиши мамлакат саҳифаи нав оғоз гардид. То имрӯз ҳазорҳо иншооти варзишӣ сохта шуда, наврасону ҷавонони зиёд бо машғулиятҳои варзишӣ ва тамрини бадан машғул мебошанд Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи аввали соли 2015 36 чорабинии

намудҳои мухталифи варзиш дар 42 чемпионати ҷаҳон, Осиё, Ҷоми ҷаҳон, Гран При ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 387 медал, аз ҷумла, 132 тилло, 125 нуқра ва 130 биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2014 варзишгарони тоҷик дар 8 мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёд иштирок намуда, 62 медал зиёд ба даст овардаанд. Кумита бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон баъд аз таваққуфи тулонӣ бори дигар Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм дар се марҳила баргузор намуд, ки маросими кушодашавии марҳилаи ниҳоии он 2 майи соли 2015 дар Қасри тенниси навбунёд, бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва зиёда аз 4000 донишҷӯву тамошобин баргузор шуд. Чорабинии мазкур дар доираи Рӯзи ҷавонон то 23 майи соли ҷорӣ аз рӯи 10 намуди варзиш, ки дар марҳилаҳои 1 ва 2-юми он 5400 донишҷӯ, аз ҷумла 1227 нафар ҷавондухтар фаъолона иштирок намуданд, баргузор гардид. Ҳамчунин, дар марҳилаи ниҳоӣ

Душанбе, Турсунзода-Душанбе, ва Рашт-Душанбе (дар ҳайати 7-нафарӣ), дар умум иборат аз 42 нафар баҳри якдилии ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ, густариш додани ҳисси меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба парчами миллӣ Марафони дав таҳти унвони «Ҷавонон - ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» баргузор гардид. Ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии 2016 (Рио Де Жанейро) аз ҳисоби масъулини Кумита, Кумитаи миллии олимпӣ ва мутахассисони соҳа ситоди корӣ таъсис ёфтааст. Ба 15 варзишгари умедбахш барномаҳои махсуси омодагӣ ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии 2016 таҳия шуда, маблағгузории онҳо аз ҳисоби кумита, Кумитаи миллии олимпӣ ба роҳ монда шудааст. Боиси ифтихор аст, ки варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров аввалин шуда роҳхати олимпиро ба даст овард. СОҲАИ ТУРИЗМ Кумита дар шаш моҳи соли равон баҳри татбиқи босамар ва босифати сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин самти муҳими иқтисодӣ корҳои муайянро анҷом додааст. Моҳи март дар шаҳри Берли-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015

на», ассотсиатсияҳои сайёҳиву фарҳангии Суғду Хатлон ва Рашту Бадахшон маводи таблиғотии худро дар байни дӯстдорони сайру саёҳат муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон, бо мақсади шиносоӣ бо ҳолу аҳвол ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар мулоқоти судманди раиси кумита бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар Олмон баргузор шуд. Зимни вохӯрӣ ҷавонон барои аз худ кардани дониш, малака, ҳунару истеъдод ва забондонӣ даъват гардида, ба зиндагии арзанда, пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамоӣ гардиданд. Бо ташаббуси бевоситаи кумита бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 14 марти соли ҷорӣ ҳашари умумиҷумҳуриявии ниҳолшинонии ҷавонон таҳти шиори «Рушди туризми экологӣ» баргузор шуд. Дар доираи чорабинӣ 81854 наврасу ҷавон иштирок намуда, 17750 бех ниҳоли мевагӣ, сояафкан ва ороишӣ шинонданд. Ҳамзамон, санаи 23 марти соли ҷорӣ низ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар тамоми қаламрави кишвар шанбегии ҷавонон дар сатҳи баланд гузаронида шуда, дар он 11110 нафар ҷавон иштирок намуданд. Бо мақсади саҳмгузорӣ ба хотири ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷавонону наврасон, инчунин, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси бойи таърихию фарҳангии мамлакат 5 апрели соли 2015 дар қаламрави кишвар Рӯзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона эълон шуд, ки зиёда аз 21421 нафар ҷавону наврас аз осорхонаҳои кишвар дидан намуданд. Соли ҷорӣ аз тарафи Хукумати мамлакат соли муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ эълон гардидааст, ки дар доираи эълони он кумита бо мақсади рушди туризми донишҷӯӣ ва мактабӣ силсилаи чорабиниҳоро доир намуда истодааст. Чунончӣ, барои муаррифии имкониятҳои туристии шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб моҳи

июн 160 нафар ҷавони вилояти Суғд сафари серӯза ва 50 ҷавон – донишҷӯёни риштаи туризми Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Душанбе сафар карда, аз мавзеъҳои таърихиву тамошобоби ин шаҳрҳои зебои кишвар дидан намуданд. Ҳамзамон, 25 нафар ҷавони шаҳри бостонии Истаравшан аз шаҳри Хуҷанд, 70 нафар донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аз шаҳри Роғун, дар доираи эълон гардидани туризми дохилӣ дидан намуданд. Бо мақсади рушди туризми мактабӣ 200 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷойҳои таърихиву зебоманзари шаҳри Душанбе ва 200 нафар толибилми мактабҳои миёнаи шаҳри Турсунзода аз ноҳияҳои Шаҳринаву Хисор дидан намуданд. Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки дар доираи эълон гардидани соли туризми дохилӣ давоми давраи ҳисоботӣ 1500 нафар наврасу ҷавон ба он фаро гирифта шуданд, ки ин иқдом то охири сол идома меёбад. Дар доираи Барномаи рушди туризм дар давраи солҳои 20152017 ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии захираҳои бойи туристии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маводҳои иттилоотии туристӣ аз мавзеъҳои тамошобоби кишвар ба миқдори 4430 адад пешниҳод карда шуд. Дар шаш моҳи аввали соли равон ба кишвар 177 186 шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд. Аз ин нишондод 147 265 нафарашон ба ҳайси турист арзёбӣ мегарданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 147 265 туристи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат 73 632 500 доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст. Дар шашмоҳаи якуми соли 2014 ин нишондод 74 ҳазор туристи хориҷиро ташкил медод, ки ба иқтисодиёти мамлакат 37 миллион доллари амрикоӣ маблағ ворид гардида буд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, 73 265 нафар зиёд мебошад. Пайваста ба ин, баҳри тарғиби туризми дохилӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби кумита ба нақша гирифта шудааст, ки 25 мавзеи беҳтарини сайёҳӣ ва истироҳатӣ барои сайёҳон бо хатсайрҳои туристӣ таҳия гардида, дар сомонаи туристии кумита “www.visittajikistan.tj” ба таври визуалӣ ҷой карда шавад. Таҷриба собит месозад, ки дар сурати идома додани тадбирҳои пайгирона бобати таблиғу ташвиқи захираҳои туристӣ ва муаррифии пайвастаи имкониятҳо шумораи туристони хориҷӣ афзоиш ёфта, барои ташкили ҷойҳои корӣ ва ҷалби асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд. Дар маҷмӯъ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ давоми нимсолаи аввали соли 2015 кӯшиши худро баҳри он равона намуд, ки сиёсати давлатӣ дар ҳар се соҳаи афзалиятнок самарабахш татбиқ карда шавад.

5


БА ИФТИХОРИ 3000-СОЛАГИИ ҲИСОР Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 марти соли 2012, таҳти №90 соли равон 3000-солагии Ҳисор ҷашн гирифта мешавад. Гуруҳи рӯзноманигорони расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ пеш аз нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳисор дар шашмоҳаи аввали соли равон бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ ошно шуданд. ОБОДОНӢ ИДОМА ДОРАД Сардори гуруҳи корӣ оид ба сохтмонҳои ҷашнии 3000-солагии Ҳисор Муҳаммадтоҷӣ Тоҷибоев рӯзноманигоронро ба иншооти ҷашнӣ роҳбаладӣ намуда, ба саволҳояшон посух дод. Шиносоии рӯзноманигорон бо иншооти ҷашнӣ аз варзишгоҳи марказии ноҳия оғоз гардид, ки барои 20 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Сохтмони варзишгоҳ қариб ба итмом расида, то охири моҳи август мавриди истифода қарор мегирад. - Таҷҳизоти насбшудаи варзишгоҳ, шабакаҳои обтаъминкунӣ ва корез ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, тухми сабзаи варзишгоҳ аз Аврупо оварда мешавад, гуфт муҳандиси дараҷаи яки дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Фаррух Хушов. – Варзишгоҳ, ҳамчунин, дорои майдонҳои дав, ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ, майдони баскетбол мебошад. Берун аз саҳни варзишгоҳ ҳавзи шиноварӣ ва корти теннис сохта мешавад. Дар масоҳати 800 метри мукааб таваққуфгоҳи мошинҳо сохта хоҳад шуд. Масоҳати умумии варзишгоҳу иншооти ёрирасон 20 гектарро дар бар гирифта, тибқи лоиҳа барои бунёди он 35 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Дар шафати варзишгоҳ аз ҷониби соҳибкор Қурбонмурод Неъматзода сохтмони ду хонаи 7-ошёна дар арафаи анҷомёбист. Дар ошёнаҳои аввали ин биноҳо марказҳои маданӣ-хизматрасонӣ ва фурӯшгоҳҳо ҷой гирифта, дар ошёнаҳои минбаъда барои 64 оила ҳуҷраҳои истиқоматӣ сохта мешавад. Дар назди иморатҳои мазкур сохтмони боғчаи бачагона барои 150 кӯдак ва бунёди 15 коттеҷ ба нақша гирифта шудааст. Гимназияи президентӣ барои 640 хонанда низ дар арафаи ба истифодадиҳист. Ин муассисаи таълимии замонавӣ дорои хобгоҳ барои талабагон, толори варзишӣ, ошхона, варзишгоҳи тобистона, хобгоҳ барои муаллимон буда, дар он беҳтарин омӯзгорон тариқи озмун ҷалб мешаванд. Қабули шогирдони болаёқат низ тавассути озмун сурат гирифта, муҳассилин имкони дар сатҳи баланд омӯхтани забонҳои хориҷиро пайдо хоҳанд кард. Яке аз иншооти зебову ғайримаъмулии ҷашнӣ тарабхонаи “Харбуза” аст. Дарозии дохили тарабхона 107 метр ва бараш 46 метр буда, баландии он қариб баробари хонаи 10-ошёна мебошад. Ин иморат дар Осиёи Марказӣ ягона бинои баланди бесутун ба шумор меравад. Китобхона, осорхона ва Қасри фарҳанг, ки дар наздикии ҳам қарор доранд, барои истифода тайёранд. Қасри фарҳанг барои 700 ҷои нишаст буда, хеле зебову барҳаво сохта шудааст. Хабарнигорон, инчунин, бо роҳи нави самти шимолии маркази ноҳия, ки ба шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода мепайвандад, ошно гаштанд. Роҳи мазкур, ки дутарафа аст, дорои се истгоҳ мебошад. Ду тарафи роҳ чароғон буда, барои пиёдагардон пайраҳаи алоҳида ҷудо шудааст. Аз 280 иншооти расман ба нақша ги-

6

рифташуда дар 95 иншоот сохтмон идома дорад. Сохтмони 53 иншоот ба итмом расида, барои ба истифода додан омодаанд ва қисман супорида шудаанд. Дар 5 иншоот корҳои лоиҳакашӣ идома дорад, ҳуҷҷатҳои 48 иншоот дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад ва мутаассифона, сохтмони 79 иншоот бо сабабҳои гуногун амалӣ нагаштаанд. Таҷдиди шоҳроҳи автомобилгарди “Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон”, ки аз ҳудуди ноҳияи Ҳисор мегузарад, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. ДАСТОВАРДҲОИ КИШОВАРЗОН НАЗАРРАСАНД

тонна зиёд мебошад. Боғдорони ноҳия истеҳсоли меваро ба 22,8 ҳазор тонна расониданд, ки аз соли 2014 1723 тонна зиёд аст. Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ соли равон дар майдони 149 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Дастовардҳои чорводорони ноҳия низ шоёни таҳсин аст. Чунончӣ, истеҳсоли шир дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ њудуди 15 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли сипаришуда 338 тонна (102,3%) зиёд мебошад. Ширҷӯшӣ аз ҳар як сар модагов ба 2421 литр рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9-литрӣ зиёд аст. Алҳол дар ҶДММ “Баракати чорводор”

Ҳисор ба ҷашн омода аст кефир, қаймоқ ва сметана истеҳсоли панирро низ ба роҳ монад.

Раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Раҳмонзода дар нишасти матбуотӣ дар бораи омодагиҳои сокинони ноҳия ба ҷашни дарпешистода ва дастовардҳои кишоварзон дар 6 моҳи соли равон маълумот дод. - Сокинони ноҳияи Ҳисор чун тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ва ҷонибдории самимӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сардори давлат бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона баҳри рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва ободонию созандагии диёри азизамон саҳми босазо мегузоранд, гуфт Усмон Раҳмонзода. – Таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисори бостон ба сокинони ноҳия нерӯю илҳоми тоза бахшида, онҳоро водор менамояд, ки бо азму иродаи қавӣ, бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона баҳри рушду ободии диёр саъю талош намуда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешравию дастовардҳои шоён ноил гарданд. Кишоварзони ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон 16,5 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектари заминҳои лалмӣ ба ҳисоби миёна 30,7 ва аз заминҳои обӣ беш аз 40 сентнерро ташкил медиҳад. Деҳқонон аз майдони 133 гектар 2890 тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд, ки ба ҳар гектар 218-сентнерӣ рост меояд. Сабзавоткорон 5342 тонна пиёз рӯёниданд, ки нисбат ба соли гузашта 1674

сохтмони ду комплекси барҳавои замонавӣ барои 1100 сар гови ҷӯшоӣ ва дар ҶДММ “Абдурауф Юсуфов” як комплекс барои 360 гов, бо технологияи олмонӣ пешбинӣ гардида, сохтмони онҳо дар арафаи анҷомёбист. Ҳар рӯз аз хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Душанбе 30-32 тонна шир фиристода мешавад. Дар моҳи шарифи Рамазон чорводорони ноҳия ҳар рӯз ба бозорҳои пойтахт 3-8 тонна гӯшт фиристоданд. Файзу баракати фаъолияти кишоварзони ноҳияи Ҳисор ва дигар навоҳии атрофи пойтахт буд, ки имсол дар давоми моҳи Рамазон нархи меваю сабзавот ва ширу гӯшт қимат нашуд. - Бо мақсади бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ барои коркарди шир, гӯшт, пашм, пилла ва меваю сабзавот дар ноҳия корҳои муайян ҷараён доранд, - гуфт Усмон Раҳмонзода. – Соҳибкорони ноҳия тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва ҷашни 3000-солагии Ҳисор тасмим гирифтаанд, ки сохтмони корхонаҳои истеҳсолии коркарди шир, гӯшт, пашм ва меваю сабзавотро ба роҳ монанд. Соҳибкори инфиродӣ Рустам Назаров корхонаи хурди коркарди шир сохтааст, ки иқтидори истеҳсолии он то 700 литр дар як шабонарӯз мебошад. Ӯ тасмим гирифтааст, ки давоми соли равон иқтидори истеҳсолии корхонаро то 1000 литр расонда, дар баробари ҷурғоту

БА ҲАР 17 ХОНАНДА ЯК КОМПЮТЕР Соли хониши 2014-2015 дар ҳудуди ноҳия 147 муассисаҳои таълимӣ, ду гимназия ва литсей, Маркази санъат ва эҷодиёти кӯдакон, Муассисаи ғоибонаи калонсолону наврасон ва 7 муассисаи томактабӣ фаъолият намуданд, ки дар онҳо зиёда аз 57 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 3108 нафар омӯзгор дар ин муассисаҳо дарс доданд. Дар ноҳия коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва литсейи касбӣ-техникии №1 фаъолият мекунанд, ки барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар сохторҳо мутахассис омода месозанд. Алҳол дар 112 муассисаи таълимӣ 1232 компютер, 252 принтер ва 109 генератор мавриди истифода қарор доранд. Дар ноҳия ба ҳар 17 нафар хонанда як компютер рост меояд, ки ин нишондиҳанда 90 дарсади иҷроиши барномаро ташкил медиҳад. Дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 3000-солагии Ҳисор дар байни муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои ноҳия озмунҳои “Ровии беҳтарин”, “Рассоми мониқалам”, “Иншои беҳтарин”, дар мавзӯи “Ҳисор – қадамгоҳи бузургон”, озмунҳои “Зеҳн”, “Ғунчаҳои адаб” ва ғайра доир шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардиданд. Бунёди теъдоди зиёди иншооти ҷашнӣ талабот ба барқу обро дар ноҳия зиёд мекунад. Аз ин рӯ, алҳол сохтмони истгоҳи нави барқӣ дар масоҳати 2,0 гектар дар ҳудуди маъмурии шаҳраки Ҳисор, бо иқтидори 25000 кв гузаронидани хатти баландшиддати барқ ба истгоҳи лоиҳавии “Ҳисор” аз истгоҳи лоиҳавии “Шаҳри нав” дар масофаи зиёда аз 7,5 км дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Тӯли 25 соли охир дар маркази ноҳия хонаи бисёрошёна сохта нашуда буд. Ҳоло бошад, аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 12 бинои истиқоматии баландошёна ба итмом расида, сохтмони зиёда аз 20 хонаи истиқоматии дигар ба нақша гирифта шудааст. - Таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор як такон ва ҷаҳиши бузурге баҳри созандагию ободии ноҳия мегардад, - гуфт Усмон Раҳмонзода. – Дар доираи нақшаи генералӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва дигар сарчашмаҳо иншооти зиёди нави замонавии иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятиву манзилӣ бунёд ёфта, ҳазорҳо ҷои нави корӣ муҳайё хоҳад гашт. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ЭНЕРГЕТИКА

ҲАҚИҚАТИ РӮЗ

Таъминот бо барқ беҳтар гардид Дар натиҷаи бо иқтидори пурра ба фаъолият оғоз кардани НБО “Сангтӯда-2” ва навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе (МБГ-2) таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар фасли зимистони соли 2014-2015 беҳтар гардид. Аксари аҳолии мамлакат дар як шабонарӯз 16 соат бо нерӯи барқ таъмин буданд. Бори аввал дар чанд соли охир 27 феврал лимити барқ бардошта шуд.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар 6 моҳи соли равон истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳури 8 миллиарду 658 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 78,7 миллион кВт/соат зиёд мебошад. Дар 6 моҳи соли равон ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ 546,4 миллион кВт/ соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,9 миллион кВт/ соат (9,4%) зиёд мебошад. Дар маҷмўъ, ширкати “Барқи тоҷик” тайи 6 моҳи

соли равон њудуди 19 миллион доллари амрикоӣ нерӯи барқ содир намудааст. - Имрӯз Тоҷикистон бузургтарин содиркунандаи нерӯи барқ ба Афғонистон маҳсуб меёбад, - гуфт Усмоналӣ Усмонзода – 70 дарсади барқе, ки ба Афғонистон содир мешавад, ҳиссаи Тоҷикистон аст. 30 дарсади боқимондаи нерӯи барқ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба Афғонистон ворид мешавад. Дар сурати кашидани хати барқи Кобул – Қандаҳор Тоҷикистон метавонад тобистони соли оянда боз иловатан 100 мегават нерӯи барқи иловагӣ содир кунад. Ҳамчунин, Тоҷикистон имкон дорад тавассути масири шимол ба Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон низ бештар нерӯи барқ содир кунад. Алҳол шимолу ҷануби Қирғизистон бо хатҳои баландшиддат пайваст нестанд. Соли равон ба Қирғизистон 40,3 миллион кВт/соат барқ содир шудааст. Алҳол ҳар як шабонарӯз имкони ба Қирғизистон содир намудани 2 миллион кВт/соат мавҷуд аст. Аз 12 193 тонна нефти дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда тайи 6 моҳи соли равон, 7210 тоннаи он дар корхонаҳои нефти ватанӣ коркард шудааст.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ

Озодаи озодакор Рӯз бегоҳ шуда бошад ҳам, дар назди Маркази тибби оилавии дармонгоҳи ноҳияи Файзобод одамони зиёде дар навбатанд. Духтури оилавӣ Озода Ҷалилова бо навбат онҳоро қабул ва дар дафтари кориаш ному насаб, ҷойи истиқомату соли таваллудашонро қайд мекунад. Сипас, аз ҳар кадоми онҳо вазъи саломатиашонро пурсон шуда, дорухат менависад. Миёни корафтодагон занеро дидам, ки тифли навзодаш дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт. Озода Ҷалилова бенавбат ӯро ба утоқи кориаш даъват карда, набзи беморро санҷид ва аз ташхис гузаронд. Маълум шуд, ки аз беназоратии модар тифл ба бемории варами гурда гирифтор шудааст. Ҳамшираи

тиббӣ Озода Ҷалилова ба модар маслиҳат дод, ки доруҳои тавсияшударо зуд дастрас карда, тифлро дар ҷойи гарм нигоҳ дорад. Бо маслиҳати Озода Ҷалилова модар тифлро дар хонадон гарм нигоҳ дошта, дорую сузандору гузаронд. Тифл пас аз як ҳафта шифо ёфта, саломатиаш барқарор гардид, модараш ба Озода Ҷалилова арзи сипос намуда, дуои сиҳатии тану ҷонашро намуд... Ба ин монанд ҳар рӯз даҳҳо нафар ба дари утоқи кории ин табиби мушфиқ меоянд. Ӯ низ ба ҳамаи онҳо кӯмак мерасонад. Бо ифтихор иброз медорад, ки хизмат ба беморону дармондагон вазифаи ӯст ва табибон барои ин савганд ёд мекунанд. Дар утоқи кории Озода Ҷалилова гӯшаи модару кӯдак ҳаст. Дар тарафи рости дармонгоҳ расмҳои модару кӯдак дар лаҳзаҳои гуногун акс ёфтаанд. Худи Озодаро борҳо ҳангоми маслиҳат ба беморон, модарони ҷавон дидаам. Номбурда аз он ки имсол соли оила эълон шудааст, ба модарон маслиҳатҳои

муфид медиҳад. Мегӯяд, оилаҳои солими ҷомеа ҳамон оилаҳоеанд, ки фарзандони онҳо дар рӯҳияи дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат, донишомӯзию ватандӯстӣ тарбия ва ба воя мерасанд. Маврид ба ёдоварист, ки Озода Ҷалилова пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба Маркази тибби оилавии дармонгоҳи ноҳияи Файзобод ба кор омад. Дар давоми чор соли фаъолият барои шифо ёфтани садҳо нафар модару кӯдак ҷонбозиҳо кардааст. Корафтодагон аз ин бонуи ҷавон миннатдор буда, пайваста баҳри маслиҳату табобат муроҷиат мекунанд. Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015

Арзишҳои исломӣ дар бозори яҳудӣ Марди ронанда аз хизматрасонии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нигаронӣ кард. - Хуб санҷидам. Автомашинаи ман ҳамагӣ бо ҳабдаҳ литр газ пур мешавад, - гуфт ӯ. - Вале гоҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ва минтақаҳои дигари кишвар мегӯянд, ки мошинатон бисту ду литр газ гирифт. Инро боз ҳамон дастгоҳҳояшон ҳам нишон медиҳанд. Вале ман медонам, ки ин тавр нест. Бадии кор дар он аст, ки аксари соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сафари ҳаҷ карда, номи “ҳоҷӣ”ро гирифтаанд. Инҳо ҳаҷ рафтаанд, аммо ягон зарра дар рафтору кирдорашон тағйир надаромадааст. Аз ростиву ҳалолкорӣ фарсахҳо дуранд. Мутаассифона, ҳоло дар ҷомеаи мо ҳаҷ рафтан мӯд шудааст. Кам нафароне шояд ёфт шаванд, ки ба хотири фарз буданаш сафари ҳаҷ кунанд Ҳамсуҳбатам амаки Раҳимбой як марди рӯзгордида ва хубу бади зиндагиро бисёр ҳис кардааст. Синнаш кайҳо ба нафақа расида бошад ҳам, ҳанӯз заҳмат кашида бо меҳнати ҳалол рӯзӣ пайдо менамояд. Аммо аз рафтори ношоиста ва муносибат дар ҷамъият, хусусан онҳое, ки ба кори савдо машғуланду ростиро пеша накардаанд, сахт шиква дорад. Афсӯс мехӯрад, ки амали ростгӯву ҳалолкор набудан байни мусулмонон бештар реша медавонад. Суханҳои ба андеша фурӯбар дорад. Мегӯяд, ҳоло мусулмон бо яҳуд хислат иваз кардааст. Ба ҷойи росткорӣ найрангу фиребро пеша гирифтааст. Аз ман мепурсад: “Аҳамият додаӣ, додар, агар дар меъда ягон нороҳатие пайдо шавад ва ё меъда вазифаашро иҷро накунад, гумон мекунӣ аз сар то по ҳама узвҳоят дард мекунанд? Ҳатто пойҳо сусту ногиро мешаванд... Имрӯз ҷамъияти мусулмонҳо ана ҳамин хел дарди бисёр дорад. Вагарна Исроиле, ки 8 миллион аҳолӣ дорад, дар пеши чашми миллиардҳо мусулмон ба Фаластин зулму тааддӣ раво намедид”. Ман ба андеша меравам, ӯ суҳбатро идома медиҳад. Вақте

Исроил мегӯем, яҳудиҳо ба хотир меоянд. Онҳо дар тамоми дунё ҳастанд. Солҳои шуравӣ дар Тоҷикистон ҳам буданд, бо саршавии ҷангу нооромиҳо кишварро тарк гуфтанд. Хеле мардуми зираканд. Соли 1948 давлати Исроилро сохтанд. Ҳоло он тамоми дунёро ба бозӣ медарорад. Албатта, дар ин кор Амрикову Аврупо пуштибони Исроиланд... Вале гап дар ин нест. Гап сари он аст, ки яҳудиҳо мардуми мактабдидаанд. Аз зинаҳои таҳсилот гузашта, бисёрашон забондонанд. Ба якдигаршон эътимод доранд. Бо ташкили маҳфилу ҷамъиятҳои гуногун робитаи иҷтимоиро ташаккул додаанд. Бо хабаргузориҳо, ширкатҳои радиову телевизион ва матбуоту нашриёташон фарҳанги ҷаҳониро идора мекунанд. Бе зарурат ба пулу пайса тиҷорат ва интиқоли молу колоро дар саросари ҷаҳон ба даст гирифтаанд. Агар фаҳманд, ки як яҳудӣ муфлис мешавад, ҳатман кӯмаку дастгириаш менамоянд. Онҳо бо диплому сарват ва мансабу мақомашон на танҳо ба худ, балки барои якдигарашон ҳам хизмат мекунанд. Яъне, тамоми халқи парокандаи яҳуд Исроилро кӯмак мерасонад. Бо роҳандозии технологияи пешрафта ба соҳаи саноат ва истеҳсолот ҳоло пахтаву мева, сабзавоту тухми мурғ истеҳсол ва содир менамояд. Соҳиби саноати электроника, химия ва ҳавопаймосозианд. Беш аз 80 дарсади содироти ин кишварро ҳоло молҳои саноатӣ ташкил медиҳад. Аз ҳама муҳим, дар мардуми яҳуд шуури миллати ягона будан мавҷуд аст ва таҳти ҳамин шуур бо якдигар, ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ сахт эътимод доранд. - Медонӣ чаро аз яҳуд нақл кардам? - мепурсад ронанда, амаки Раҳимбой. - Барои он ки мусулмон торафт аз асли худ дур шудан дорад. Ҳар қадар мусулмон аз аслаш дур шуд, заиф мешавад. Як нақл аст. Ду марди мусулмон назди як олим омада, шикоят мекунанд, ки фалон мусулмони дигар молашро қимат

мефурӯшад ва онҳо ночор аз фурӯшандаи яҳудӣ, ки молаш арзон аст, харид мекунанд. Рӯзи дигар ин олим назди ҳамон фурӯшандаи мусулмон рафта, асли масъаларо фаҳмиданӣ мешавад. Фурӯшанда мегӯяд, ман барои молу маҳсулот овардан ба фалон давлати Аврупо меравам, тарҷумон киро мекунам, дар меҳмонхона маскан мегирам, ба ронанда, гумрук ва ғайра маблағ масраф мекунам. Ниҳоят ҳисоб мекунам: нархе, ки бояд молро ба фурӯш барорам аз нархи яҳудӣ қимат меафтад. Вале медонӣ фурӯшандаи яҳудӣ чӣ кор мекунад? Ӯ дар ҳамин дӯконаш нишаста, телефон мекунад. Аз он давлат як яҳудии дигар телефонашро мебардорад. Ин мегӯяд, «Ало Саломон, ман Мишон. Аз фалон мол фалон миқдор лозим аст.» Моли фармудааш бекаму кост омада мерасад. Яъне, онҳо ба ҳамдигар бовар доранд... Мутаассифона, эътимод, ки бояд хоси мусулмон бошад, аз ӯ «қаҳр» карда, дар бозори яҳудӣ муштарӣ ёфтааст. Душманони ислом бо асосҳои он зиндагиашонро пеш бурда, тавонманд мешаванд. Дар дафтарҳои бонкиашон менависанд: «Дар ҳама навъи хизматрасониҳои мо эътимод, махфият, сабукӣ ва ростӣ мавҷуд аст». Меъёре, ки мебоист хоси ҳар як мусулмон бошад... Аз мошини амаки Раҳимбой пиёда мешавам ва бо гуфтаҳояш ба андеша меравам. Мани мусофир аз ҳарфҳои ҳикматомезу таҳлилҳои дақиқаш мутаассир шудам. Воқеан, гоҳо як нафари одӣ чунон вазъи ҷомеаро тафсир менамояд, ки ҳайрон мемонед. Амаки Раҳимбой мудом, ки чунин меандешаду аз ноҷӯриҳои зиндагӣ, хусусан, аз кирдори нодурусти атрофиён нороҳат мешавад, як марди оддӣ нест. Ҳам наметавон ӯро оддӣ гуфт, ки бо вуҷуди пиронсолӣ кӯшиш дорад ризқашро ҳалол биёбад. Амале, ки дар ҷомеа тадриҷан кам шудан дорад... Б. УСМОН, «ҶТ»

7


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Аввалҳои моҳи июл аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ занг зада, бандаро барои иштирок дар Конференсияи илмӣамалӣ дар мавзӯи «Мавқеи ҷавонон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуби ҷомеа: терроризм, экстремизм ва маводи нашъдор», ки 12-16 июл ба нақша гирифта шуда буд, даъват карданд. Субҳи 12 июл ба саҳни бинои кумита ҳозир гардидам. Иштирокчиёни конфронс аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар низ ҷамъ омаданд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ба иштирокчиён маслиҳатҳои муфид дода, онҳоро аз нозукиҳои ин сафар, урфу одат ва меҳмоннавозии мардуми Бадахшон огоҳ кард. Иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим ва савори нақлиёт гардидем. Ҳангоми ҳаракати корвони ҷавонон аз Душанбе ба Бадахшон дар дохили нақлиёт марде салом гуфта, худашро муаррифӣ кард: Абдураҳмон. Бо ҳамин тартиб ҳама худро шинос намуданд. Ҳамсафарон аз минтақаҳои гуногуни кишвар буданд. Ҳангоми аз дарвозаи шаҳри Душанбе берун шудан ҳама хомуш будем. Абдураҳмон хоҳиш кард, ки барои шиносоии бештар думисраи шеър ё як ҳазл гӯем. Аввалин шуда акаи Абдураҳмон аз модари меҳрубонаш як қиссаи хеле ҷолиб нақл кард. Ба ҳамин тартиб бо якдигар шинос шудем. Нимаи дуюми рӯз корвони мошинҳои ҷавонон аз шаҳри Кӯлоб убур карда, ба самти Бадахшон ҳаракат мекард. Мо, алакай, дар шаҳри Кӯлоб мисли бародару хоҳар бо ҳамдигар меҳр пайдо кардем. Ҳамаи ин аз кордонӣ ва меҳрубонии роҳбари гуруҳамон, акаи Абдураҳмон дарак медод.

8

Ваҳдату истиқлолият Ба қадри ин арзишҳо баъд аз дидани зиндагии

АФҒОНИСТОН

Ба ноҳияи Дарвоз наздик мешавем. Лаб-лаби дарёи бениҳоят зебо ҳаракат дорем. Ҳангоми сафар, ҳар вақте ба ноҳия ё шаҳре медаромадем, акаи Абдураҳмон каме ҳам бошад, аз таърихи мардуми он маҳал, урфу одат ва ҷойҳои таърихии он қисса мекард. Вақти ба ноҳияи Дарвоз ворид гардидан нахуст роҳбалад таваҷҷуҳи ҳамаи моро ба он сӯи дарё ҷалб кард: “Он тарафи дарё, ки мову шумо мебинем, кишвари ҳамсоя - Афғонистон аст”. Ба он тарафи дарё назар карда, мардуми азияткашидаи афғонро медидем. Мардум дар даст белу каланд роҳсозӣ мекарданд. Аз ин тарафи дарё дар роҳи обод ва ҳамвор ҳаракат дорем. Ба худ гуфтам: “Худоё, Ваҳдат, Истиқлолият ва озодӣ чӣ неъмате ҳастанд лаззатбахш!”. Дар даромадгоҳи ноҳияи Дарвоз як мавзеи бениҳоят зебо ва дилнишинеро дидем, ки аз боло обшорон буд ва дар назди он ҷавонону наврасон ва масъулини ҳукумати ноҳия дар даст гулдаста, бо нону намак ва чеҳраҳои нӯронӣ, лабони пуртабассум, бо зам-замаи шеър мо - ҷавононро истиқбол гирифтанд. Корвони нақлиёти ҷавонон ҳаракат кард. Роҳбалади гурӯҳ аз таърихи бунёди роҳи Гулдарра қисса мекард: “Ин мавзеи зебо номаш Гулдара, қаблан ба номи Девдара машҳур буд. Мардуми шарифи Бадахшон танҳо ҳамин ҷоро тайи ду рӯз сипарӣ мекарданд. Чунон дараи хатарнок буд, ки садҳо нафар мусофир ин ҷо ба шаҳодат расидаанд. Мардуми Бадахшон пеш аз сафар ба Душанбе бо аҳлу байти худ худоҳофизӣ мекарданд. Чунки умеди зинда гузаштан аз ин дара бениҳоят кам буд. Бо ғамхорӣ ва заҳматҳои бевоситаи Президенти кишвар ин дара ба як шоҳроҳи ва-

сеъ ва зебо табдил ёфт. Номи онро Гулдара монданд. Ин аст мева ва шириниҳои ваҳдату истиқлолият. Бегоҳи рӯз ба маркази ноҳияи Дарвоз расидем. Меҳмонон дар кӯчаҳои обод ва зебои маркази ноҳия қадам зада, ободкориҳоро бо чашми сар медиданд. Мардуми Дарвоз - зану мард, кӯдакону ҷавонон ба мо салом дода, “хуш омадед” мегуфтанд. Ин аз самимият ва меҳмоннавозии мардуми ноҳия шаҳодат медод. Шом дар як мавзеи дорои табиати зебо, барои меҳмонон, ки ҳама ҷавон буданд, базми ҷавонӣ оростанд. Лаби суфраи нону намаки мардуми меҳмоннавози Дарвоз нишастем. Базми ҷавониро шеъру сурудҳои ватандӯстона ва суханони зебои намояндагони ҷавонони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зеби дигар мебахшид. Рӯзи дуюм роҳамонро ба сӯи шаҳри Хоруғ идома додем. Дар роҳ зери куҳҳои баланд ва лаб-лаби дарёву шар-шараҳои зебои Ватан ҳаракат мекардем. Аз он тарафи дарё мардуми ҷангдидаи кишвари хамсоя - Афғонистон бо хару дучарха роҳ мерафтанд. Мо ба самти Хоруғ, онҳо ба самти Кобул. Ин сафар меҳри бандаро ба Ватан ва вахдату тинҷии кишвари азиз боз ҳам бештар кард. Маро ба шукр кардан ба обу хоку тинҷиву оромии Ватан водор кард. Зеро дар кишвар синфхонаҳои барҳавои тозаву озода, китобхонаи боҳашамат, ки ман озодона метавонам худамро рушд диҳам, мавҷуд аст. Ба ноҳияи Ванҷ расидем. Мардум бо чеҳраи зебо моро истиқбол гирифтанд. Тайи ду соат лаби суфраи пур аз нозу неъмате, ки барои мо - ҷавонони тамоми манотиқи кишвар омода карданд, нишастем. Сафари мо ба шаҳри Хоруғ идома меёбад. Дар роҳ, роҳбалади

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА гурӯҳ мисли ҳарвақта иштирокчиёнро бо мавзеъҳои таърихӣ ва урфу одати мардуми ноҳияи Рӯшон ошно мекард. Қисмати дуюми рӯз корвони мошинҳои ҷавонон ба ноҳияи Рӯшон расид. Дар даромадгоҳи ноҳия наврасону ҷавонон ва дар умум мардуми меҳмоннавози Рӯшон бо рӯшноии меҳру садоқат иштирокчиёнро истиқбол гирифтанд. Аз нақлиёт поён шуда, нону намаки мардуми Рӯшонро чашидем. Дар симои ин мардум садоқату меҳрубонӣ, ваҳдату якпорчагии миллати азизамон ҳувайдо буд. Корвони мошинҳо ба ҳаракат даромад. Роҳбалад доир ба меҳмоннавозӣ ва урфу одати мардуми Хоруғ қисса мекард. Мардуми фарҳангӣ, илмдӯст ва заҳматкашу ғаюри Ватан. Мардуме, ки марзбонии кишвари азизамонро бар дӯш доранд. Бегоҳи рӯз вориди шаҳри

зебову донишгоҳ ва сохтмону иншооти нав далолаткунандаи боз ҳам ободӣ ва пешравии як гӯшаи Ватани азизамон буд. Рӯзи дигар меҳмонон пас аз субҳона бо мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Хоруғ хайрухуш карда, роҳ ҷониби шаҳри Душанбе гирифтанд. Ҳангоми бозгашт дар ноњияи Дарвоз иштирокчиён аз шаҳри таърихии Карон дидан карданд. Ба ҳамин тартиб, 16 июл ҷавононро дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, масъулини Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва хабарнигорон истиқбол гирифтанд. ХУЛОСА Мо - ҷавонон ба ин ҳама

неъматеанд лаззатбахш

мардуми кишвари ҳамсоя- Афғонистон бештар расидем

Хоруғ гардидем. Дар назди дарвозаи шаҳр, мардум ба тан либосҳои миллї, бо чеҳраҳои шодоб ва базми идона ҷавононро пешвоз гирифтанд. Шом ҳамаи иштирокчиёни конфронс сари суфраи идона ва базми ҷавонии мардуми шаҳри Хоруғ, ки дар он раиси шаҳри Хоруғ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Абдуллозода Аҳтам ва мушовири калони вазири корҳои дохилӣ Мансур Бухоризода иштирок доштанд, нишастем. Ин шом масъулин баромад карда, ҷавононро ба меҳандӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуданд. 14 июл. Конференсияи илмӣамалӣ дар мавзӯи «Мавқеи ҷавонон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуби ҷомеа: терроризм, экстремизм ва маводи нашъдор»-ро мушовири вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Мансур Бухоризода оғоз кард. Ба ҳамин тартиб, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, муовини вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ва дигар коршиносону сиёсатмадорон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд. Дар қисмати дуюми конфронс таҳлилгарони ҷавон аз тамоми манотиқи кишвар доир ба ифротгароӣ маърӯза намуданд. Пас аз анҷоми конфронс ҷавонон ба сари мизи мудаввар нишаста, доир ба конфренсия фикру андешаронӣ карданд. Ҳамин тавр пас аз конфронс ҳамаи ҷавонон аз ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Хоруғ дидан карданд. Боғи зебою барҳавои “Ирам” дар яке аз баландтарин мавзеи шаҳри Хоруғ, боғи марказии шаҳр, корхонаҳои саноативу дӯзандагӣ, мактабҳои

ғамхориҳои давлат чӣ гуна посух мегӯем? - Шабу рӯз баҳри омӯзиши илму ҳунар ва сайқал додани донишу маҳорати худ ҷиҳати ояндаи ободи Ватани азиз талош мекунем; - Бояд барои татбиқи сиёсати босамари Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои давлатдорӣ саҳм гузорем; - Ҳамавақт барои ҳимоя аз марзу буми Ватани азиз ва зебову гул-гулшукуфии он саъю талош кунем; - Ҳушёру зирак бошем, то фирефтаи дасисаҳои душманони миллат нашавем; - Барои бедор кардани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар байни насли наврас саҳм мегузорем; - Барои хидмати Ватан ва Модар шабу рӯз бедорӣ мекашем; - Барои эҳё ва зинда нигоҳ доштани фарҳанги аҷдодии худ бо

фарҳангситезон мубориза мебарем; - Дар самти мубориза алайҳи ифротгароӣ, терроризм ва хурофотпаристӣ дар канори Ҳукумати кишвар саф кашидаем; - Намегузорем, ки душман қадами нопоки худро барои барҳам задани низоми обод ва осоиштаи кишвари зебоямон гузорад! Аҳмадхуҷа ДАВЛАТОВ, Душанбе-Дарвоз-Ванҷ-РушонХоруғ-Душанбе Тассуроти ҷавонон пас аз сафар ба Бадахшон Эмомалӣ МИРАЛИЕВ: - Мақсад аз ин чорабинӣ аз як ҷиҳат боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ, ҳамбастагӣ, муттаҳидии ҷавонони кишвар бошад, аз тарафи дигар тарбия намудани онҳо дар рўҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва

ШАҲРИ ҚАДИМИИ КАРОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015

ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Маҳз бо баргузории чунин чорабиниҳо ҷавонон метавонанд муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла, гаравидан ба гуруҳҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, мубориза барем. Албатта, дар ин давра ҳамон ҷавоне метавонад дар муқобили ин гуна зуҳурот истодагарӣ намояд, ки ҳисси миллӣ дошта, дорои дониши комил, тафаккури солим ва иродаи мустаҳкам аст. Агар мо - ҷавонон аз ин се хислати инсонӣ бањравар бошем, дар ягон маврид фирефтаи нохалаф ва манфиатҷӯе нахоҳем гашт. Мардихудо ДАВЛАТОВ: - Пас аз чунин конфронс ва сафарҳо ҳис мекунам, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар модар дорам. Зеро дар ҳар як сафар моро ҳамчун фарзанд қабул мекунанд. Дар Ба-

дахшон низ дӯстони зиёд пайдо кардам, ки барои рафту омади минбаъда мусоидат мекунанд. Дар ин сафар мо - ҷавонон аз расму оинҳои ин минтақаи кишвар аз наздик ошно гардида, бисёр таассуроти хуб гирифтем. Ҳамаи ин аз ваҳдати комил сарчашма мегирад. Ҷаҳониён орзуи онро доранд, ки Боми ҷаҳонро аз наздик бубинанд. Дар ин сафар мо Боми ҷаҳонро аз надик дида ифтихор мекунем, ки Ватани азизи мо чунин неъматҳои бебаҳо дорад. Бояд қайд кунам, ки асоси мақсади моро пойдор намудани дӯстӣ ташкил медиҳад. Муҳсин МУРОДОВ: - Ҷавониро давраи тиллоии умр меноманд. Имрӯз мо - ҷавонони даврони истиқлолият шукрона аз истиқлолияту Сарвари кишвар мекунем. Ин навбат бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷавонони тамоми манотиқи кишвар ба Боми ҷаҳон сафар намудем. Ин гуна сафарҳо метавонад дӯстии ҷавонони кишварро мустаҳкам гардонад. Ин сафар барои ҳар ҷавоне, ки сафар намуд, хотирмон ва нотакрор гузашт. Мо аз Дарвоз то Хоруғ қад-қади дарёи Панҷ харакат мекардему ба он сӯи дарё нигоҳ ва зиндагиву рӯзгори мардуми ҷангзадаи Афғонистонро дидем. Ба худ хулоса баровардем, ки мо садсолаҳо пеш рафтаем. Ин сафар барои ман нотакрор буд. Дӯстоне, ки мо дар Суғду Кӯлоб ва Душанбеву Рашт пайдо карда будем, моро пешвоз гирифтанд. Мисраҳои зерро бо лаҳҷаи бадахшӣ ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳам кард: Бе гул гулдун зеб назед, Бе хирад осмун зеб назед. Мурд дис намоям ям ҷаҳун, Бе Бадахшон зеб назед.

9


АНДЕША Дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар гуруҳҳои ғайри қобили қабул вуҷуд доранд, ки фаъолияташон ба ягон чорчӯбаи қонун мувофиқат намекунад. Ин тоифа дар доираи созмон ё ташкилоте амал мекунанд, ки мақсадашон аслан ҷомеаи озоду демократӣ нест, балки ҷонибдории ҷинояткорон ва сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ гуфтан аст. Ба ин фаъолияти аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мисол шуда метавонад. Ҳизби наҳзат мехоҳад аз рӯи фармоишу ҳидояти бегонагон рафтор намуда, ҳам ғарӣ кунаду ҳам пешхезӣ. Дар ҳизби зикршуда зиёданд нафароне, ки танҳо барои пиёда кардани манфиатҳои худ рӯз мегузаронанд. Маҳз ҳаминҳо кӯшиши зери хатар гузоштани оромию суботи ҷомеаро доранд. Бештари аъзои ҳизби наҳзат нафаронеанд, ки дар замонҳои гуногун рафторашон олудаи шубҳаю кирдорашон ҷиноӣ буд ва ҳарчанд бо баъзе баҳонаҳо гунаҳҳояшон бахшида шуд, вале то имрӯз ислоҳ нашудаанд. Яке аз ашхоси ҷинояткор ва имрӯз «гули сари сабад»-и ҲНИТ Эмомов Рустам Шоҳович аст, ки айни замон масъули ташкилоти ибтидоии №10-и Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо ба ӯҳда дорад. Вай

ҲНИТ обрӯяшро баргардонданист Ҷинояткорони наҳзатиро кӣ боздошт мекунад? соли 2004 бо кирдори авбошонаву ҷинояткорона чандин ҷиноёти вазнинро содир намуд. Масалан, ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст дошта, ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Худи ҳамон сол бо чанд нафар ҳамкирдораш бар панҷаи пурқуввати адолати судӣ гирифтор гашту ба муҳлати шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуд. Қайд кардан зарур аст, ҳангоми боздошти роҳбари ташкилоти ибтидоии ҲНИТ дар рафти тафтишот маълум карда шуд, ки маводи мухаддир ба М. Ширинбеков тааллуқ дошта, он дар ҳоҷатхонаи манзили Р. Эмомов нигоҳ дошта мешудааст ва аз ин худи Р. Эмомову ҳамсараш Парвона Қаландарова ба хубӣ огоҳӣ доштаанд. Ҳатто барои рӯйпӯш намудани ҷиноят ҳамсари Р. Эмомов маводи мухаддирро ба ахлотҷои ҳоҷатхона мепартояд. Худи Р. Эмомов нишондодҳои дуруст медиҳад, ки дар натиҷаи кофтукову азназаргузаронӣ дар ҳоҷатхонаи ӯ маводи мухаддир дарёфт карда шудааст. Дар натиҷа, Р. Эмомов бо моддаи 347, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) моҳ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда мешавад. Аз натиҷаи таҳлили маводҳои дастрасшуда хулоса баровардан мум-

кин аст, ки Р. Эмомов баръало ба муомилоти маводи мухаддир даст доштааст ва ин кирдораш бо далели шайъӣ тасдиқи худро ёфтааст. Бояд тазаккур дод, ки мақомоти тафтишотӣ ва судӣ бо баҳонаҳои падару модари пир ва кӯдакони нобилиғ доштан, бекасу мариз будан ба ҷиноятҳои Р. Эмомов ва ҳамсараш П. Қаландарова чораҳои қонунии низомаш душворро наандешиданд. Аз ин рӯ, Р. Эмомов ба ҷиноятҳои содиркардааш нигоҳ накарда, дар Ҳизби наҳзат ҳамчун чеҳраи «калидӣ» боқӣ мемонад ва гаштаю баргашта ба ҷиноят даст мезанад. Акнун собиқ ҷинояткор намояндаи «боэътимод»-и ҳизб асту бо кулли наҳзатиҳо дигаронро гунаҳкор меҳисобад. Худ ҷинояткор аст, вале бемантиқона даъво пеш меорад, ки баъзе кормандони мақомоти Тоҷикистонро боздошт намоянд. Аз авбошу роҳзану ҷинояткор ҷонибдорӣ кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хеле нигаронкунанда аст. Бадтар аз он ин аст, ки роҳбарият ва аъзои ҲНИТ фикри обрую нуфузи худро дигарбора пайдо кардан доранд. Чунки аъзо ва роҳбарияти ҲНИТ аксаран ҷинояткоранд ва мардум аз онҳо зарари ҷиддӣ дидаанд. Аз ҷумла, хешу таборон, ҳамсоягон ва ҳамдеҳагони онҳо. Рафтори ҷонибдорони ҳизб ба манфиатҳои сиёсиашон бисёр латма ворид ме-

кунад. Барои ҳамин, наҳзатиён баҳри нигоҳ доштани мавқеи хеш аз ҳар роҳу восита истифода бурда, чунин баромадҳо ва амсоли инро ташкил мекунанд, то гунаҳкорони ҷинояткори наҳзатиро ҳимоят кунанд. Мутаассифона, гунаҳкорони асосӣ дар канор мемонанду ҲНИТ мисли пештара санги маломатро бар сари мақомоти қудратии кишвар мезанад ва ноогоҳона мегӯяд, ки «Кашфи қонуншиканиҳои мақомоти амниятӣ ва таҳдиду фишоровариҳои онҳо болои аъзои ҲНИТ дар Тоҷикистон бисёриҳоро нигарон кардааст. Гӯё қонуншикан, золим ва гунаҳкорҳо ҳама аъзои ҲНИТ бошанд». ҲНИТ мехоҳад барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум хабару иттилооти дурӯғу буҳтонро интишор дода, халқро бовар кунонад. Барои он ки таҳдидҳои ба давлату миллат равоншуда аз байн бардошта шаванд, бояд ҳар гуна шахси шубњанок ва ҷинояткор бозпурсӣ гардад. Ба Р. Эмомов нигаристани баъзе мақомоте, ки оромии ҷомеаро таъмин месозад, шояд аз ҳамин нигоҳ бошад. Масалан, эҳтимол дорад, бозпурсии Р. Эмомов боиси осудаҳолии чандин нафар гардад ва ба ҷомеа манфиат дошта бошад. Мумкин аст, шубҳаи бозпурсии мақомоти марбута воқеият дошта бошад. Дар тамоми дунё қариб ҳар рӯз ҳазорҳо бозпурсӣ ба монанди Р.

Эмомов гузаронида мешавад, вале касе дар ин бора сухан намегӯяд, воҳима намекунад, ба кӯчаҳо баромада ҷор намезанад, ки маро бозпурсӣ карданд. Аз ҷониби дигар, овоза кардани баъзе маълумот ба идроку шуури шахсият вобаста аст. Нафароне ҳастанд, ки барои давлату миллат хизмат карда, ҳарферо ба касе намегӯянд ва ҳастанд нафароне, ки ба онҳо чизе рух надода бошад ҳам, овозаву дарвоза мекунанд, ба монанди Р. Эмомов. Вай шабу рӯз доираи «шунавандагонаш»-ро зиёд карда, дар ҳар ҷое хоҳад, ҷоғ мезанад. Бисёриҳо бар ин ақида ҳастанд, ки агар Р. Эмомов одами поктиннату поксиришт мебуд, ба зиндагии касе кор намегирифт, ба ҷиноят даст намезад ва ҳукми суд намедошт, ӯро ба бозпурсӣ намебурданд. Ин ҷо танҳо амали як нафар узви Ҳизби наҳзат бо ҳама кирдору рафтори барои миллат хатарзоаш оварда шуд. Дар сафҳои ҳизби зикршуда чунинҳо хеле зиёданд ва пушти пардаи фаъолияти ҳизбӣ ба кадом аъмол машғуланд, касе намедонад. Акунун вақти он расидааст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар фаъолияти чунин ҳизбҳоро биомӯзанду дар тарозуи ақл баркашанд ва баҳои дурусти ҳуқуқӣ бидиҳанд. Сипеҳр РАҶАБОВ

НИГОҲИ ДИГАР

Кӯдакон идгардак накунанд

Тавре мушоҳида мегардад, дар рӯзи иду ҷашнҳо садамаҳои нақлиётӣ зиёд ба қайд гирифта мешавад, ки бештари маврид ноболиғону кӯдакон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, баъзан мефавтанд. 17 июли соли равон мардуми кишвар иди саиди Фитрро ҷашн гирифтанд. Аз ҷумла, кӯдакон иди мазкурро бо хушҳолӣ истиќбол намуданд. Кӯдакони мо тибқи одат субҳи рӯзи ид ба хонаҳои сокинон рафта, идӣ мегиранд. Тибқи мушоҳида ноблиғон ё кӯдаконро касе ҳамроҳӣ намекунад ва боиси садамаи нақлиётӣ ва задухӯрд миёни онҳо мегардад. Ҳамчунин, ҳангоми аз зинаҳои биноҳои истиқоматӣ баромадану фуромадан имкон дорад кӯдакон афтанд. Аксари онҳо бо овози баланди гӯшхарош барои гирифтани идона соҳибхонаро даъват мекунанд ё дарро бо тамоми қувват мезананд ва саросема аз дасти хонадор шириниро гирифта, ба хонаи дигар мешитобанд, гӯё мусобиқае барои ҷамъоварии идӣ дошта бошанд. Масъалаи дигар ин аст, ки кӯдакон аз шириниҳое, ки барои онҳо тақдим мегардад, пайи ҳам исеъмол мекунанд, ки ба саломатии онҳо зарар дорад. Дар чунин ҳолат кӯдакон заҳролуд шуданашон мумкин. Қурбон Юнусов, мудири шуъбаи наҷоти кӯдакони Маркази тибби шаҳрӣ аз афзоиши беморон дар рӯзҳои ид нигарон аст. Ба гуфтаи ӯ бештари бемороне, ки ба

10

онҳо муроҷиат мекунанд, аз дарди шикам, заҳролудшавӣ, дарунравӣ ва қай кардан

азият мекашанд. Самира, истиқоматкунандаи ноҳияи

Фирдавсии шаҳри Душанбе аз бемасъулиятии волидону бо суръати баланд ҳаракат намудани нақлиёт шикоят кард. Ба гуфтаи ӯ дар чунин ҷашнҳо ноболиғон ё кӯдакони хурдсол бояд танҳо гузошта нашаванд. - Дар даврони шӯравӣ дар чунин иду ҷашнҳо кӯдакон ба манзили ҳамсоя ё дигар сокинон барои гирифтани идона намерафтанд. Танҳо ҳамроҳи волидон ба хонаи наздикон меҳмонӣ мерафтанд. Ҳоло бошад, кӯдакон барои ҷамъоварии идона мусобиқа намуда, аз роҳҳои мошингард давида мегузаранд, ки ба ҷони онҳо хатар дорад. Бештари ноболиғон бародар ё хоҳари худро низ ҳамроҳ мегиранд, ки 2-3 сол доранд. Волидонашон бошад, хона ба хонаи ҳамсоя гашта, дар куҷо будани фарзандонро фаромӯш мекунанд. Дар вилоятҳои Бадахшону Суғд кӯдакон идона ҷамъоварӣ намекунанд, калонсолон низ танҳо ба хонаи нафароне, ки мусибат доранд рафта дуо мехонанд. Дар пойтахт низ бояд ҳамин гуна бошад. Ин ҷо танҳо тоҷикон нестанд. Намояндагони дигар миллатҳо низ истиқомат мекунад, ки субҳи содиқ дари онҳоро задан хуб нест ва ҳам пойтахт аз деҳот бояд фарқ кунад, - мегӯяд Самира. Ба иттилои Раёсати БДА-и ВКД 17-1819 июн, рӯзҳои ҷашни иди Рамазон 17 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Ба гуфтаи сардори дафтари матбуоти Раёсати БДА Наргис Тўйчиева дар ин садамаҳо 2 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар захмӣ шуданд. Манзумаи ФИРӮЗ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ЧОРСӮИ ЗИНДАГӢ

Дар ҷустуҷӯи манзил

ТАНДУРУСТӢ

Саргузашти як зани маъюб, ки дар ҳеҷ куҷо ба додаш нарасиданд Ба идораи рӯзнома ҷавонзане ҳамроҳи кӯдаки хурдсолаш ташриф овард. Маълум шуд, ки ӯ маъюби гурӯҳи дуюм маҳсуб меёбад. Тифли хурдсолаш низ маъюб аст. Ашк дар чашмон аз рӯзгори душвори худ ҳикоят кард. Ӯ ба манзил эҳтиёҷ дорад. Тавре аз нақлаш аён гардид, дар ҳалли ин масъала дар ҳеҷ куҷо ба додаш нарасидаанд. - Ҷое намонд, ки муроҷиат накарда бошам, - бо ҳасрат гуфт мусоҳибамон. – Акнун ба идораи рӯзнома бо умед омадам. Шояд мушкилам ҳал шавад. Амрия Холиқова, зодаи ноҳияи Фархори бостонист. Айёми кӯдакию наврасиаш дар муҳити оила, зери тарбияи волидон пушти сар гардид. Аз хурдӣ нуқси модарзодӣ дошт. Маъюб ба воя расид. Лек чизеро пайхас ва эҳсос намекард. Чун фарогири навозиши волидон, бахусус, модари меҳрубон буд. Рӯзгор барояш замоне душвор гардид, ки модар аз дунё даргузашту падар барои хеш ҳамсари дигар интихоб кард. Акнун дигар эркагӣ намудан барояш номумкин гардид. Нози ӯро дигар касе намебардошт. Дар ин айём бародарону хоҳаронаш паси ҳам оила барпо намуда, модари ӯгай чанд тифл ба дунё овард. Ӯро низ ба шавҳар доданд. Се сол дар хонаи шавҳар зист. Рӯзгораш бад набуд. Зеро муносибати шавҳар бо ӯ хуб буд. Ҳарчанд нуқси модарзод дошт. Хушдоман бошад, баръакс. Фарзанддор шуд. Тифлаш низ чун худи ӯ носолим ба дунё омад. Акнун ба хушдоман гӯё Худо дод. Маҳз ин иллати ӯро дастак намуда, назди писараш то ҷое метавонист, сиёҳаш мекард. Шавҳар вазъи ӯро дида, раҳмаш меомад. Дилаш ба ҳоли ӯ месӯхт. Модар бошад, ду по дар як мӯза мекӯшид дар муносибат байни писару келинаш сардӣ ба вуҷуд орад. - Э, бачам, чӣ лозим ин хел зани нимтана? Кӯдакаш ҳам мисли худи ӯ. Биё, сар те, бароят ягон арӯси дигар меёбем. - Оча, охир тамоман дар кӯча мемонад. Ҳамаи аҳли оилаамонро эҳтиром мекунад-ку? Дилат ба набераат намесӯзад? - Ту бачам, ғами худата хӯр.

Гуфторҳои пайвастаи модар низ бетаъсир намонд. Ҳамин тавр, пас аз се соли оиладорӣ аз ҳам ҷудо шуданд. Ноилоҷ ба манзили падарӣ баргашт. Акнун манзиле, ки он ҷо ба дунё омадаву ба воя расид, барояш муҳити тамоман бегона буд. Маҷбур шуд, тарки манзили падар намояд. Намедонист куҷо равад. Бо ҳидояти шиносҳо озими шаҳри Душанбе гардид. Дар манзиле иҷорашин шуд. Азбаски қобилияти нигоҳубин ва имкони молиявӣ надошт, тифли хурдсолаш Амриддинро ба хонаи кӯдакони рақами 1-и пойтахт супурд. То як муҳлати муайян. Пасон ба даводав даромад. Ба-

рои дарёфти манзил ё қитъаи замин. Ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки дар ҳудуди он, яъне, кӯчаи М. Назаршоев ба қайд гирифта ва иқомат дошт, бо ариза муроҷиат кард. Дар посух аз кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе бо имзои роҳбари идораи мазкур Б. Абдуалимов чунин посух гирифт: «Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе ҷавобан ба муроҷиати шумо, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №Х-3031, аз 31.07.2009 ирсол гардидааст, маълум менамояд, ки аризаи шумо дар китоби бақайдгирӣ оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба қайд гирифта шуд. Баъд аз ҷудо шудани фонди захиравии заминҳои наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ муроҷиати шумо баррасӣ мегардад.» Ҳамин тавр, аз посух аён аст, ки аризаи ӯ ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯйи тартиби муайянгардида, баъд аз ҷудо шудани қитъаҳои замин аризаи

ӯ дида баромада мешавад. Хеле интизорӣ кашид. Гӯё аз ёдҳо рафта бошад, дигар ягон хабаре ба ӯ нарасонданд. Ноилоҷ ҳукумати ноҳия рафт. Чанд маротиба. - Як дафъа аз ман 400 доллари амрикоӣ талаб карданд, - рӯзҳои дар ҷустуҷӯйи манзил сарфнамудаашро ба ёд оварда, нақл кард Амрия Холиқова. - Гӯё ин маблағ барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ва ҷудо кардани қитъаи замин сарф мешудааст. Ҳамагӣ 500 сомонӣ, ки аз ҳисоби нафақаам ҷамъ карда будам, ба онҳо дода гуфтам, ки ман маъюбам аз ин дигар зиёд маблағ надорам. Пас аз супурдани ин миқдор маблағ ҳам масъалаи дарёфти манзил ё қиъаи замин ҳалли мусбат наёфт. Ноилоҷ бевосита бо раиси ноҳияи Шоҳмансур Анвар Мирзоев вохӯрда, ин масъаларо дар суҳбати рӯ ба рӯ матраҳ кард. - Раис ваъда дод, ки ҳатман ёрӣ мерасонад, - мегӯяд Амрия. – Ҳатто ба ёрдамчиаш супориш дод, рақами телефони дастиамро навишта гирад. Мувофиқи ваъда раис мебоист баъд аз дида баромадани масъала шахсан худаш занг зада, аз натиҷааш хабар мерасонд. Чанд моҳ интизорӣ кашидам. Афсӯс раис ҳам аз афташ, маро аз хотир тамоман баровард, ки ягон маротиба занг назад. Вале Амрия рӯҳафтода нашуд. Ин дафъа бевосита ба унвонии раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нома навишт, ҳолати барояш рухдодаро баён кард. Хоҳиш кард ёрии хешро дареғ надорад. Пас аз муроҷиат бо мусоидати раиси шаҳр ба ӯ ҳазор сомонӣ ёрдампулӣ доданд. Бо супориши Маҳмадсаид Убайдуллоев сохторҳои марбутаи идораи шаҳрдорӣ дар ҳалли мушкилоти Амрия Холиқова мебоист мусоидат мекарданд. Тавре худи Амрия нақл мекунад, ин ҷо ҳам ба беэътиноӣ роҳ додаанд. - Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба идораҳои лозима супориш дода буд, то ин ки дар ҳалли мушкили ман ёрӣ расонанд, - нақл мекунад А. Холиқова. - Афсӯс, ин ҷо ҳам мисли ноҳияи Шоҳмансур бепарвоӣ зоҳир гардид. Ҳатто аризаи маро барои омӯзиш ба прокуратураи шаҳрӣ ҳавола намуда, бо ҳамин масъала гӯё ҳалли худро ёфт. Дигар касе суроғам накард. Бо дили озурда дубора ба зодгоҳ баргашт. Азм кард аз роҳбарияти ноҳия мадад мепурсад. Рӯзи қабул назди раиси ноҳия Раъно Раҳимзода даромада, барои дарёфти қитъаи замин

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015

матлабашро баён кард. Раис ваъда дод, ки кӯмак мерасонад. Боз интизорӣ ва боз бенатиҷа. Чунин муносибати бепарвоёнаю, бетавофутиро нисбат ба тақдири хеш ва тифли хурдсолаш ҳис намуда, аз зиндагӣ дилмонда ва аз атрофиён сахт дилсард шуд. «Худоё, ба одамон чӣ шудааст? Наход аз мани муштипар ёрии худро дареғ доранд?» - андӯҳгинона меандешид Амрия Холиқова. На танҳо дар масъалаи дарёфти қитъаи замин барои бунёди манзил ба мушкилот дучор шуд, ҳатто нафақапулии писарчаи хурдсолашро ҳам гирифта наметавонад. - Писарчаам Амриддин мисли худам маъюби гуруҳи дуюм аст. Бояд нафақаашро гирам. Аммо ҳеҷ муяссар намегардад. Бо ин ё он баҳона пардохти нафақапулии Амриддинро ба таъхир меандозанд. Амрия мегӯяд, ки одамон аз ҳад зиёд тамаъҷӯ шудаанд. Ба андешаи ӯ, бисёриҳо танҳо манфиати худро мебинанду халос. - Вақте одам корафтода мешавад ё ба ягон мушкил рӯ ба рӯ мегардад, пас ҳис мекунад, ки муносибати одамон чӣ гуна аст? Медонам, дар ҷамаотҳои деҳоти ноҳия чӣ қадар заминҳоро фурўхтаанд. Агар ман ҳам пулдор мебудам, кайҳо соҳиби як қитъа замин мешудам. Шукр, пулдорон ҳам имрӯз хеле зиёданд. Дарвоқеъ, дасти ёрӣ дароз намудан ба муҳтоҷону бенавоён яке аз фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ ва намунаи беҳтарини ҷавонмардист. Дар шароити кунунӣ Амрия ва ӯ барин ниёзмандону муҳтоҷон хеле зиёданд. Зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки як нафар корманди масъули гумрук бо ҷурми аз худ кардани маблағҳои калон боздошт шуд. Тафтиш нишон дод, ки дар пойтахт 28 манзили истиқоматӣ доштааст. Аз ҳисоби пулҳои бедардимиён. Яъне, маблағҳои давлатро аз худ намудан. Оё ин корманд наметавонист ба ҷойи сарватғундорӣ ба қадри имкон ба ягон нафари муҳтоҷ, чун Амрия дасти ёрӣ дароз намояд? Метавонист, афсӯс нафси бад гумроҳаш карду оқибат паси панҷарааш бурд. Ҳоло Амрия Холиқова дубора пойтахт баргаштааст. Дар хонае иҷорашин аст. Ба идораи рӯзнома омада, ёрӣ пурсид. Хоҳиш намуд саргузашташро дар рӯзнома чоп намоем, то дигарон огаҳ гарданд ва дар ҳалли мушкилоташ шояд ёрӣ расонанд... Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

Асабро чӣ тавр ором кунем? Асаби инсон ҳар рӯз ва ҳар соат ба ҳамлаи беруна дучор мешавад. Бо таъсири ҷанги шаҳрвандӣ шумораи беморони асаб дар ҷумҳурӣ зиёд шуд. Боиси ташвиш аст, ки ҷавонону наврасон ҳарчи бештар дар қайди духтурони психоневролог истода, доруҳои сахттаъсир истеъмол мекунанд. Олимон ба ин ақидаанд, ки бо дастрасшавии телевизору видиомагинтафон, DVD, интернет иттилооти зарарнок майнаи кӯдакону наврасон ва ҷавононро пур кард. Ҳар рӯз дар сархати ахбор мебинем, ки дар як гӯшаи ҷаҳон амалиёти террористӣ рӯй дода, дар гӯшаи дигар чанд нафарро гаравгон гирифтаанд. Кормандони пулис эътирозчиёнро пароканда сохта, ба сӯи мардуми бесилоҳ тир кушоданд. Филмҳо саросар куштор, фаҳш, даҳшатафканӣ, вайронкорӣ.... Ҳамаи ин ба рӯҳияи мо таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин ҳолатҳо асаби солим низ бемор мешавад. Зеро иттилооти зарарнок тафаккури инсонро тағйир дода, нигоҳи ӯро ба зиндагӣ дигар месозад. Ин боиси оҳиста-оҳиста аз даст додани арзишҳои башарӣ мегардад. Шахсе, ки дучори бемориҳои равонӣ гаштааст, баъзе хислатҳои одами солим, ба монанди тамкину таҳаммул, ба вазъият дуруст баҳо доданро гум мекунад. Ӯ эҳсосӣ шуда, аз гапи ночиз зуд ба ғазаб меояд. Барои халосӣ аз чунин вазъият, ҷӯшобаи гиёҳҳои нозбӯ (мелиса), кокутӣ ва лавандаро дар ваннаи обаш ширгарм андохта, дар он 10 дақиқа нишинед. Баъди 10 рӯзи қабул асабҳоятон ором мешавад. Бештар дар ҳавои тоза, дар оғӯши табиат сайру гашт намоед. Филмҳои ваҳмовару шаҳватангез ва дорои саҳнаҳои қатлро тамошо накунед. Агар бисёр муштоқи дидани филмҳо бошед, филмҳои мазҳакавӣ (комедия)ро интихоб намоед. Агар дар телевизор саҳнаҳои ба фалокат дучор шудани ҳавопаймо, қатлу куштор ва дигар намоишҳои даҳшатовар бошад, зуд ба шабакаи дигар гузаред. Зеро дидани ҷасади мурдаҳо ба асаби инсон таъсири манфӣ мерасонад. Чунончи, шайх Аттори Нишопурӣ фармудааст: Ҳар ки ӯ бар мурда андозад назар, Умри ӯ бешак бикоҳад, эй писар. Аз нӯшокиҳои масткунанда ва нӯшобаҳои газдори ширин («кола», «фанта», «спрайт»...) худдорӣ кунед. Нони сиёҳ, помидор, лубиёгиҳо, кабудӣ, марҷумак (гречка)-ро бештар истеъмол намоед. Дар сӯҳбати ашхоси ширинсухан зиёд шинед. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

11


ВАРЗИШ

387 медали варзишгарон дар шаш моҳ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои 15 варзишгар барномаи махсуси омодагӣ ба Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпӣ 2016 дар Рио де Жанейроро таҳия намудааст. Он аз ҳисоби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ маблағгузорӣ мешавад. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон 36 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла, олимпиадаҳо ва 24 мусобиқаи сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки нисбат ба ҳамин

Муҳаммадмурод дар Тайбей соҳиби медали тилло шуд 25-26 июли соли равон дар Тайбейи Чин мусобиқаи кушоди Осиё оид ба дзю-до ("Asian Judo Open Taipei 2015") доир гашт. Паҳлавонони кишвар дар ин мусобиқа ду медал - як тилло ва як нуқра ба даст оварданд. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило баъд аз пирӯзӣ бар Ҷуян Ли (Кореяи Ҷанубӣ) дар даври нимниҳоӣ Ченг-Лианг Ҳсияои тайваниро шикаст дода, дар финал бар рақиби дигари тайваниаш По Йен Ли ғолиб шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Паҳлавони дигари кишвар Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бар Вей Чен Чанг (Тайван) пирӯз шуда, дар даври нимниҳоӣ Хинзао Ченги чиниро шикаст дод. Дар финал ӯ аз Миҳаэл Зганк (Словения) мағлуб гардида, мақоми дуюмро соҳиб гашт. Намояндаи дигари кишвар Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило баъд аз пирӯзӣ дар даври аввал бар Ҳан-Чин Тсенг (Кореяи Ҷанубӣ) дар даври дуюм аз Ҷонгҳун Вон (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд. Баъдан аз Дуке Дидир (Австралия) ноком гашта, мақоми ҳафтумро ишғол кард. Дар ин мусобиқа 180 варзишгар (109 мард ва 71 зан) аз 28 кишвар иштирок доштанд. Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо 2 медал (1 тило, 1 нуқра) ҷойи чорумро ишғол кард. Тими Кореяи Ҷанубӣ бо 20 медал (5-4-11) мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи Словения (3-1-3) ҷойи дуюм ва тими Канада (1-2-0) ҷойи сеюмро сазовор гаштанд.

Иштироки варзишгарони кишвар дар Олимпиадаи махсус Варзишгарони кишвар дар Бозиҳои XIV ҷаҳонии тобистонаи Олимпиадаи махсус, ки 25 июл дар шаҳри ЛосАнҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуруъ шуданд, ширкат доранд. Поягузори Олимпиа- рӯйдоди олами варзиш дар даи махсус Юнис Кеннеди соли 2015 мебошад. Шрайвер, хоҳари президенБа барномаи Бозиҳои XIV ти ИМА Ҷон Кеннедӣ, маҳсуб ҷаҳонии тобистонаи Олимпиамешавад. Аввалин Бозиҳои даи махсус 22 намуди варзиш, ҷаҳонии тобистонаи Олимпи- ба мисли бадминтон, баскетадаи махсус моҳи июли соли бол, варзиши сабук, волейбол, 1968 дар Чикагои ИМА баргу- велосипедронӣ, гимнастизор шудаанд. каи бадеӣ ва варзишӣ, дзюБозиҳои ҷаҳонӣ рӯйдоди до, теннис, футбол, ҳандбол, асосӣ дар ҳаракати Олимпи- шиноварӣ ва ғайра дохиланд. адаи махсус ба шумор мераДар ин бозиҳо ҳайати ванд ва дар ҳар чаҳор сол варзишии Тоҷикистон таҳти доир мешаванд. Имсол дар сарварии Дилбар Шарифова Бозиҳои ҷаҳонии тобистонаи ширкат дорад. Олимпиадаи махсус ҳудуди Бозиҳои XIV ҷаҳонии то7000 варзишгар аз беш аз бистонаи Олимпиадаи махсус 170 кишвари ҷаҳон ширкат дар Лос-Анҷелеси ИМА то 2 меварзанд. Ин бузургтарин август идома хоҳанд кард.

12

давраи соли 2014 16 чорабинӣ зиёд мебошад. Дар ин чорабиниҳо 2680 варзишгар ширкат карданд, ки 378 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи раиси кумита варзишгарони кишвар дар 42 чемпионати ҷаҳон, Осиё (Ҷоми

ҷаҳон), Гран При ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 378 медал (132 тилло, 125 нуқра ва 130 биринҷӣ) гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62 медал зиёд мебошад. М. ФИРӮЗ, “ҶТ”

Ҷоми Тоҷикистон: ғалабаи бузурги “Истиқлол”, “Хуҷанд” ва “Равшан” 25-26 июл бозиҳои аввали даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон бо дақиқаи хомӯшӣ ба ёди котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев, ки бар асари бемории тӯлонӣ, дар 36-солагӣ вафот кард, шурӯъ шуданд. Тими “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул карда, бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Ду голи дастаи пойтахтро ниммуҳофизи тими мунтахаби миллӣ Фатҳулло Фатҳуллоев ва якголиро Парвизҷон Умарбоев, Аҳтам Назаров ва Манучеҳр Ҷалилов ба самар расониданд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд низ ба муваффақият ноил шуд. Дастаи соҳили Сирдарё дар майдони худ бар “Канд”-и Конибодом, ки лигаи якуми мамлакатро намояндагӣ мекунад, бо ҳисоби 9:1 ғалаба кард. Се бозингари хуҷандӣ – Дилшод Каримов, Аҳтам Ҳамроқулов ва Ҷаҳонгир Эргашев дуголӣ ва се нафари дигар — Комрони Мирзохон, Икром Каримҷонов ва Дилшод Бозоров якголӣ заданд. Голи меҳмононро Азиз Баҳромов ба ҳадаф расонд. Бозӣ миёни “Панҷшер”-и Румӣ ва КМВА “Помир”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Румӣ мусовӣ (2:2) анҷом ёфт. “Хайр”-и Ваҳдат дар сафар бар “Саройкамар” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуд. Тими «Равшан»-и Кӯлоб, ки ҳайаташро бо бозингарони нав пурра кард, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бо дастаи «Помир»-и Душанбе, ки аз футболбозони то 16-сола таъсис ёфтааст, вохурд. Равшан ба дарвозаи “Помир” 9 голи беҷавоб заданд. Шодибек Ғаффоров “хет-трик” кард. Голҳои дигарро Саидхони Амрохон, Бахтиёр Қаландаров, Акуффо Гершон, Абдурасул Раҳмонов ва Наврӯз Рустамов (ду гол) заданд. «Барқи тоҷик» дар меҳмонӣ «Далерон-Уротеппа»-и Истаравшанро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Муаллифи

голҳо Вайсиддин Сафаров ва Самад Шоҳзуҳуров мебошанд. Тими «Вахш» дар варзишгоҳи «Пахтакор» бар дастаи лигаи якум - «Исфара» бо ҳисоби 7:0 ғалаба кард. Дар бозии охир дастаи «Чашма»-и Шаҳритус аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:5 шикаст хурд. Бозиҳои ҷавобӣ 4-5 август баргузор мешаванд.

Мубин Эргашев и. в. сармураббии тими мунтахаби кишвар таъин шуд Сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби футболи кишвар таъин шуд. Ба иттилои “fft.tj” Мубин Эргашеви 41-сола тими миллии кишварро ба бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 омода месозад. Бозии навбатии тими миллии кишвар 8 сентябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бо тими мунтахаби Австралия, ғолиби Ҷоми Осиё-2015, баргузор мешавад. Мубин Эргашев дар ин вазифа Муҳсин Муҳаммадиевро, ки баъди нокомии дастаи мунтахаби кишвар дар оғози сабқати интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 истеъфо дод, иваз кард. Мубин Эргашев таҷрибаи кор дар тими мунтахабро ба ҳайси мураббии калон дар давраи солҳои 2008 то 2013 дорад. Моҳи июни соли 2013 М. Эргашев иҷрокунандаи ва-

зифаи сармураббии тими миллии кишвар таъин шуда буд. Он вақт таҳти раҳбарии ӯ тими мунтахаби кишвар як бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон анҷом дода, бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда буд.

Мубин Эргашев имсол тавонист, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистонро ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератияи футболи Осиё барорад. "Истиқлол” муборизаро барои Ҷоми КФО идома медиҳад. Ба иттилои “fft.tj”, ба ситоди мураббиёни тими мунтахаб мутахассиси 48-солаи украинӣ Роман Пилипчук, ки муҷаввизи мураббигии дараҷаи «Pro» дорад, инчунин, Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич, ки дар дастаи “Истиқлол” ёварони Эргашев мебошанд, дохил шудаанд. Ҳабибуллоев масъули кор бо дарвозабонҳо, мутахассиси сербиягӣ Лазаревич бошад, мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонии футболбозон мебошанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ ҶАҲОН

Ду мототсиклрон ҳангоми мусобиқа ҳалок шуданд Ду мототсиклрони испанӣ бар асари як садама дар мусобиқаи “Superstock 1000” дар иёлоти Калифорнияи Амрико ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора “Motorsport.com” хабар додааст. Бернат Мартинеси 35-сола ва Даниэл Фернандеси 27-сола баъди чанд лаҳзаи оғози сабқат ба садама дучор шуда, дар беморхона ҷон додаанд. “Бо сухан гуфтан душвор аст, ки ҳоло мо чӣ эҳсосе дорем. Барои дӯстону наздикон ин талафоти бузург аст. Ба ҳар кадоми онҳо изҳори тасаллияти амиқ мекунем”, - изҳор доштааст президенти Федератсияи варзиши мотосиклронии ИМА Уэйн Рейни. “Superbike/Superstock 1000” яке аз маъруфтарин мусобиқаи мототсиклронӣ маҳсуб меёбад, ки имсол маротибаи 17-ум баргузор шуд.

Маклин рӯяшро аз парчами Бритониё гардонд ва огоҳӣ гирифт ЧҶ 14 июни 2016 дар “Лужники” оғоз мешавад Федератсияи байналмилалии футбол дар сомонаи расмии худ ҷадвали қисмати финалии Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ё Ҷоми ҷаҳон-2018-ро, ки дар Русия баргузор мешавад, нашр кард. Мизбонони сабқат дар даври гуруҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, СанктПетербург ва Самара бозӣ мекунанд. Бозии ифтитоҳӣ бо иштироки тими миллии Русия 14 июн дар варзишгоҳи “Лужники”-и шаҳри Маскав баргузор мешавад. Дар Санкт-Петербург русҳо рӯзи 19 июн ва дар Самара 25 июн бозӣ хоҳанд кард. Даври гуруҳӣ 28 июн ба анҷом мерасад. Бозиҳои даври 1/8-финал дар варзишгоҳҳои “Лужники” ва “Спартак”, Санкт-Петербург, Қазон, Сочӣ, Нижний Новгород, Ростови лаби Дон ва Самара анҷом мешаванд. Рақобатҳои чорякниҳоӣ дар Самара, Сочӣ, Нижний Новгород ва Қазон сурат мепазиранд. Қисмати нимниҳоӣ ва ниҳойӣ дар “Лужники” ва Санкт-Петербург мегузаранд. Ёдовар мешавем, сабқати финалӣ аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия – Маскав, Калининград, СанктПетербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови лаби Дон, Сочӣ ва Екатеринбург баргузор мешавад.

Ҷоми ЧҶ-2018 муаррифӣ шуд Дар Русия ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол муаррифӣ шуд. Расми муаррифии он дар Санкт-Петербург сурат гирифт. Алексей Сорокин, мудири кулли Кумитаи иҷроияи ЧҶ-2018 гуфтааст, “муаррифии Ҷоми ҷаҳон дар остонаи қуръакашии пешакии чемпионат баргузор мешавад. Баъди аз чанд рӯз мо шоҳиди шоу-қуръакашӣ ва қуръакашӣ зери шиори “Ин ҷо орзу тавлид мешавад” хоҳем гашт”. Нахустин шуда, ҷомро мутахассисон ва журналистон ди-

даанд. Қарор аст, баъдан он ба сокинон ва меҳмонони шаҳр нишон дода шавад. Ба иттилои расонаҳои русӣ, ҷом дар СанктПетербург ҳамагӣ як рӯз меистад ва ояндаи наздик онро дар ҳеҷ шаҳри Русия ба намоиш намегузоранд. Моҳи марти соли 2014 ҷом дар шаҳри Маскав ба намоиш гузошта шуд.

Ҷеймс Макклин, нимҳимоятгари клуби “Вест Бромвич Албион”-и Англия аз роҳбарияти даста барои беэҳтиромӣ ба арзишҳои Бритониё огоҳӣ гирифтааст. Бино ба иттилои “Daily Mirror”, қабл аз бозии дӯстона бо клуби амрикоии “Чарлстон Баттери” ҳангоми иҷро кардани суруди миллии Бритониёи Кабир ин футболбози ирландӣ рӯяшро аз тарафи байрақи Бритониё гардондааст.

Аз ин пештар ин бозингар розӣ нашуд, то рамзи сунатии Бритониёро, ки ба хотири қурбониёни Ҷанги аввали ҷаҳон дуруст шудааст, ба бар кунад. Макклини 26-сола тақрибан моҳе қабл аз клуби “Уигана” ба “Вест Бром” гузашт.

Путин: ба Блатер ҷоизаи Нобел дода шавад Фюрӣ боксро аз Кличко халос карданист Муштзани бритониёӣ Тайсон Фюрӣ назди худ мақсад гузошта, ки ҷаҳонро аз чемпиони сайёра оид ба бокс аз рӯи чор версия Владимир Кличко “халос” кунад. Дар ин бора “BoxingScene” хабар медиҳад. “Ин ҳадафи шахсии ман аст, ки боксро аз инсоне мисли Кличко халос намоям”, - изҳор доштааст ӯ. Дар гузашта низ, Фюрӣ чандин маротиба тавассути расонаҳо ба Кличко “ҳамла” карда буд. Дар посух ба ин иддаои муштзани бритониёӣ, Владимир Кличко табассум кардааст. Қарор аст, 24 октябри соли равон дар Дюсселдорф ин ду варзишгар бо ҳам қувваозмоӣ кунанд. Тайсони 26-сола дар карйераи худ ҳамаи 24 рақобаташро бо пирӯзӣ анҷом додааст. Кличкои 39-сола бошад, аз 67 дидор дар 64-тои он дастболо шудааст. Ӯ дорандаи унвонҳои қаҳрамонӣ дар версияҳои WBA, WBO, IBO ва IBF дар вазни мутлақ мебошад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015

Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии футбол дар ҷаласаи ғайринавбатии худ эълон кард, интихоби президенти ин ниҳод 26 феврали соли 2016 дар конгресси шаҳри Сюрих баргузор мешавад. 19 июл расонаҳои варзишӣ навиштанд, Мишел Платинӣ, роҳбари Иттиҳоди анҷуманҳои футболи Аврупо (УЕФА) низ номзадии худро пешниҳод хоҳад кард. Ба иттилои ВАО аз номзадии ӯ чор конфедератсия – Конфедератсияи футболи Африқои Ҷанубӣ (КОНМЕБОЛ), Конфедератсияи футболи Амрикои Шимолӣ, Марказӣ ва ҷазираҳои Кариб (КОНКАКАФ), Конфедератсия футболи Уқёнус ва УЕФА пуштибонӣ мекунад. Қаблан, аз тасмими футболбози шинохтаи Фаронса Давид Жинол, бозингари номовар Диего Марадона, шоҳи Урдун Али бин Ал-Ҳусейн, раҳбари пешини Анҷумани футболи Кореяи Ҷанубӣ Чон Монджун, сармураббии собиқи ССКА-и Маскав Зико ва президенти Анҷумани футболи Либерия Мусо Билити ба-

рои пешниҳоди номзади худ ба мақоми президенти ФИФА хабар расида буд. Йозеф Блаттер, президенти ФИФА дар пайи қазияҳои пурсарусадои марбут ба ришвахорӣ дар Федератсияи байналмилалии футбол рӯзи дуюми июн аз истеъфои худ хабар дод. Ин истеъфо дар ҳоле буд, ки ӯ тоза барои панҷумин маротиба курсиашро дар ин мақом ҳифз кард. Блаттер аз соли 1998 президенти ФИФА буд ва панҷ маротиба дар интихоботҳо пирӯз шуд. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои расонаҳои русӣ, президенти Русия Владимир Путин гуфтааст, Йозеф Блаттер сазовори ҷоизаи Нобел аст. Путин дар як мусоҳиба бо шабакаи RTS-и Швейтсария гуфтааст, ба одамоне мисли Блаттер “бояд ҷоизаи Нобел дода шавад”.

Испания – қаҳрамони Аврупо Дар финали чемпионати Аврупо миёни бозингарони то 19сола Испания бо ҳисоби 2:0 Русияро шикаст дод. Ин бозӣ дар Юнон баргузор шуд. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 39 ку- ли нуқраи ин мусобиқаро соҳиб шода шуд. Ҳамлагари Испания Бор- шуд. Испания бошад, бори ҳафтум ха Майорал тӯбро ба нишон расонд. қаҳрамон шуд. Наврасони то 19-соДар дақиқаи 78-ум Матиас Лейв лаи Испания солҳои 2002, 2004, голи дуюмро зад. 2006, 2007, 2011, 2012 ва инак Тими наврасони 19-солаи Ру- 2015 мақоми аввали ин чемпионати сия бори аввал дар таърих меда- Аврупоро ба худ ихтисос доданд.

13


АДАБИЁТ Зимистони соли 1955 сарду қаҳратун омад. Барф дар хамию пуштаю ёлаҳои дараи Ромит то зону мерасид. Ҳайвоноти даранда дар ҷустуҷӯи тӯъма худро ба ҳар гӯша мезаданд. Се гург пас аз даву този бесамар болои теппаи деҳаи Сурхиён баромаданд. Зери дарахти чормағзи якка шикорчию сагро дида, ба се самт ҷудо шуданд... Тавар пеш аз дамидани субҳ роҳи морпечи пурбарфи кӯҳиро пеш гирифт. Сайёд шитоб дошт. Аз чї бошад, ки дилаш шабона хомшӯрбои бомаззаю болаззати гушти оҳу кашид... Алопар дар вуҷудаш хавфи дар пеш истодаро ҳис карда, қоматашро бардошт. Шитобон ба пеш қадам зад. Занҷири гарданаш таранг шуд. Саг қафо гашта, бо шаст давида, бо тамоми вазн ба пушт афтид. Гарданаш ба дард даромад. Каме дароз кашида, боз ҷаста хест. Бо суръат ба пеш тохт ва аз нав фарши замин шуд. Ин амалашро пайи ҳам такрор кард. Ҳалқаи чармин пусти гарданашро хуншор намуд. Дар охир қайиш дарид ва Алопар чанд ғел хӯрда, рӯи пойҳо рост шуд. Ба озод шуданаш боварӣ ҳосил намуда, аз девор парида ба берун давид... Шикорчӣ чанд дараю пуштаро паси сар кард. На оҳуе пеши рӯяш баромаду на бузи куҳие. Рӯйи барф ҳатто изи пойи дарозгӯшу суғур ҳам наменамуд. Аслан, Тавар шикорчии моҳир набуд. Аз рӯи ҳавас ва мағрурӣ ба ин шуғл меварзид. Дар маъракае бо сайёди овозадор Мирзо баҳс намуда, ба худнамоӣ гузашт. Ҳамаро бовар кунонд, ки дар ин ҳунар аз шикорчии номӣ камӣ надорад. Вай намедонист, ки барои сайёди асил шудан заҳмати зиёд кашидан лозим. Бо ҳамин фикру андешаҳо ба теппаи Сурхиён расиданашро надониста монд. Аз хастагӣ ба дарахти чормағз такя зад ва акнун сагро дар пешорӯяш дид. Дар ҳайрат буд, ки ҳайвон чи хел аз занҷир худро раҳо кардааст. Аз ғазаб аз ҷояш хеста, бо камон ба сари саг заданӣ шуд. - Аз кадом гӯр пайдо шудӣ? Зуд аз назарам дафъ шав! - ва ин дам дид, ки се гург аз се ҷониб ба сӯяш ҳамла доранд. Ҷонҳавл камонро ба сӯи гурги кабудчафоми аз ҳама наздик рост кард. Аз тарсу сардӣ дастонаш ларзиданд. Тир хато рафт. Фурсати ба камон андохтани тири дуюмро аз даст дод. Камонро болои барф партофта, ба дарахт часпид. Пойи росташро ба шохи якум монда, пойи чапашро аз замин бардоштанӣ шуд. Гург ҳамин пояшро ба нишон гирифта, ба ҳаво парид. Алопар пайти муносибро аз даст надод. Хез зада, гардани гурги дар ҳаво парвозкунандаро бо ҷоғаш гирифт ва ҳар ду ҷонвар болои барф ба ҳам печиданд. Тавар пойи чапашро ба шохи

14

дуюм гузошта, ба масофаи гургнорас расид. Ба поён нигариста, як маҳшарро дид. Гурги кабудчафом дар ҳолати ҷонканӣ почак мезад. Алопар, аллакай аз гардани гурги малла гирифта, рӯи барф ба ҳар тараф мекашид. Гурги сиёҳчаранг дар болои саг савор шуда, гардани ӯро бо дандонҳои тезаш хафа мекард. Пораҳои барфу пашм, чакраҳои оби даҳону қатраҳои хун ба ҳар тараф мепариданд. Рӯи барф ҷо-ҷо аз хуни рехтаи дарандаҳо майдони лолазорро мемонд. Оқибат муқобилати гурги малла ба охир расида, ба тал-

лаҳзаи дигар ба майдони корзор нигариста, ба ҳафт пушташ лаънат хонд, ки ба ин касабаи хатарнок даст задааст. Бо тарсу ларз ва беовоз ба поён фуромад. Камонро аз зери барф бардошта, сари китф партофт. Аз паҳлӯи саги беҷон оҳиста гузаштанӣ шуда, лаҳзае болои сараш рост истод. Аз дил гузаронд: ҳамин саг ӯро наҷот дод, бардошта барам? Ҷойи ин фикрро дарҳол андешаи дигар иваз намуд. Аниқтараш, кибру ғурураш аз нав боло гирифт. Агар худаш чолокона ба дарахт намечаспид, кайҳо тӯъмаи гургон мешуд. Хай-

Алопарро дар рӯ ба рӯяш дида, сухани соҳиби хона дар даҳонаш монд. Нур аз шодӣ нидо кард. - Ота, гуфтӣ, ки Алопарро гургон тала карданд. Ана, вай зиндаку. Пас, гапат дурӯғ будааст... Саг бо сару рӯи хуншор ва бадани пурҷароҳат рост ба чашмони сайёд менигарист. Интизор буд, ки шикорчӣ узру маъзарат мепурсад. - Эээ, ту намурдаӣ? - аз эроди писараш хиҷолат кашида, Тавар рӯй ба саг оварда писханд зад. Ман гумон кардам, ки ту кайҳо ҷон ба ҷонофарин супурдӣ... Алопар аз дарди ҷонкоҳ ба худ

Қасоси Алопар

Зариф ҒУЛОМ

(ҳикоя)

восаи ҷонканӣ даромад. Алопар ҳарчанд талош карда бошад ҳам, гурги сиёҳчарангро аз болояш дур партофта натавонист. Саг буттаи мармиҷонро дида, бошаст худро ба даруни он зад. Хорҳои тези марминҷон ба фуку бинию чашми гург даромадан замон даранда панҷаҳою дандонҳояшро аз саг раҳо карда, худро ба ақиб партофт. Алопар аз даруни бутта бо шаст баромада, бо хашми даҳчанд ба гург ҳамла кард. Ҳарбу зарб аз нав оғоз гардид. Рӯи барф ба шудгори тирамоҳӣ шабоҳат дошт. Саг аз гардани гург газида, ба сӯи дарахт ҳаво дод. Ҳайвони ваҳшӣ ба дарахт бархӯрда, зери он дароз кашид. Алопар ба ӯ имконияти хестан надода, дандонҳои тезашро ба гулӯяш даровард. Рақиб ҳарчанд печутоб хӯрда, худро халос карданӣ шуда бошад ҳам, қуввату мадораш ба охир расид. Алопар гардани гургро сар надода, худаш низ аз ҳуш рафт. Дақиқаҳо оҳиста мегузаштанд. Ғурришу нолишу вингосу аккоси ҳайвонҳо ба як дам хотима ёфт. Хомӯшии даҳшатноке ҷойи ҳодисаро фаро гирифт. Дигар аз сагу гургони даранда на садое мебаромаду на овозе шунида мешуд. Хунукӣ ба мағзу устухони шикорчӣ таъсир расонд. Ӯ чанд

рият, ки сагро пора карданд. Аз ин саги малъун оқибат халос шуд. Ба шиками чок-чоки саг туф карда, ба сӯи манзил қадам зад… Субҳи рӯзи сеюми аз шикор баргаштани Тавар ҳангоми тановули субҳона Нур саволашро такрор намуд. - Ота, се рӯз боз мепурсам. Сагам куҷост? - Эээ, бо ҳамон саги дайдуят безор кардӣ, - якбора барошуфт шикорчӣ. - Чанд бор ба ту амр кардам, ки гумаш кун. Доруи марги муш бидеҳ гуфтам, гӯш накардӣ. Сагат мурд. - Чӣ хел мурд? - ҳайрон шуд Нур. - Якбора се гург ба Алопар дарафтида, пора-порааш карданд, ба дурӯғи рӯи рост гузашт Тавар. То ман расида омадам, ки онҳо ӯро аллакай тала карда буданд. - Чаро саги вафодорамро наҷот надодӣ? - Нур худро дошта натавониста, якбора дод зад. - Охир, ӯ дӯсти беҳтаринам буд. - Қафо мондам, - Тавар луқмаи навбатиро ба даҳон тиққонда илова намуд, - лек қасосашро гирифтам. Бо тири якум гурги кабудчафомро парондам. Бо қундоқи камон сари гурги малларо кафондам. Гурги сиёҳчаранг ба рӯям ҷаҳид. Бо корд шикамашро...

омад. Чашмонашро кушод. Болои барф изи пойи зоғон ситораҳои осмониро мемонданд. Донист, ки болои сараш парандаи шум нишаста, чашмонашро кофтанист. Бо шаст тоб хӯрда, бо ҳар ду дасташ зоғро дошта, бо дандонҳои тезаш сарашро канда ба хоидан даромад. Аз шӯру мағал ва қанотакзании сайд зоғони дигар норозиёна қарқаркунон ба ҳаво хеста, боз болои тӯъмаҳои худ нишастанд. Саг дар баданаш каме мадор ҳис карда, ба ҳаракат даромад. Хазидаю гавак кашида, ҷониби манзили дӯсти меҳрубонаш равон гашт. Ӯ Нури хурдсолро аз ҷонаш ҳам азизтар медонист. Фақат бо ӯ худро шоду мамнун ҳис мекард. Махсусан, бо Нур бозии рустшаваконро меписандид. Бачаҳо ҳар қадар, ки маҳораташонро нишон дода, дар махфиҷойҳо пинҳон нашаванд ҳам, Алопар онҳоро зуд кофта меёфт. Пас аз хотимаи бозӣ бачаҳо бо ӯ хайрухуш карда, даст дароз мекарданд. Алопар ба ҳар яки онҳо даст медод ва онҳо аз шодӣ ба рақс медаромаданд. Баъд Нур ба сагаш савор шуда, чун човандози асил ба ҳавлӣ бармегашт. Зери дарахти олуча бандро, ба муқобилати саг нигоҳ накарда, ба гарданаш ҳалқа гузаронида, оҳиста дар гӯшаш мегуфт: - Ту мехоҳӣ, ки падарам маро ҷазо дода, калтаккорӣ кунад? Не! Ана, барои ҳамин тоқат кун… Ними шаб ба деҳае расид. Ба оғили хонаи канори деҳа даромада, худро даруни коҳ гирифт. Аз гармии ҳаловатбахш дере нагузашта ба хоб рафт. Субҳ бо овози хурӯс бедор шуд. Болои катак қатори мурғони пинакрафтаро дид. Беовоз мурғи сафеди дар сафи пеш бударо аз гарданаш гирифта, ба кӯча давид. Зеро аз қиғу чиғи мурғон соҳиби хона бедор шуда, ҷониби оғил равон шуд. Ҳайвони бегонаро надида, гашта ба хона даромад. Саг ба соҳили дарёча расида, худро зери буттае гирифту ҳарисона ба хӯрдан даромад. Қуввату мадораш бо оҳистагӣ барқарор мегардид. Ҳанӯз ҷароҳатҳои баданаш ба дард даромада, азобаш медоданд. Калавидаю пешпо хӯрда,

ба роҳ даромад. Ҳар дам зери буттаю таги дарахте дароз кашида, ҷойҳои ҷароҳатро бо забонаш мелесид. Қариби шом ба дарае расид. Барои ҷойи хоб атрофро аз назар гузаронд. Буттаи бузурги явшони зери дарахти чинорро интихоб карда, қарор дод, ки шабро он ҷо рӯз кунад. Ба таги бутта хазида даромад. Ҳис кард, ки он паноҳгоҳи дарозгӯшон аст. Аз эҳтимол дур нест, ки ин дам ва ё лаҳзае пас заргӯшон ба макони худ ҳозир мешаванд. Дар он сурат сайд шикор карда, шикамашро сер мекунад. Зуд худро таги хасу баргрезаҳо гирифт. Интизорӣ тӯл накашид. Онҳо пасу пеш пайдо шуданд. Алопар тӯъмаи худро ба нишон гирифта, заргӯши нарро таги пой гирифт. Заргӯши модаи ҳомиладор ҷойи ҳодисаро филфавр тарк кард. Саг баъд аз тановули хӯрок дар худ нерӯ ҳис карда, роҳро давом дод… - Чӣ хел зинда мондӣ? заҳрханда кард шикорчӣ. - Ин ба мўъҷиза монанд. - Дар ҳақиқат, гапи Амир рост будааст. Ту аз гург зоида шуда, хеле сахтҷон будаӣ... - Тавар, ҳо Тавар, - Амир аз пушти девор овоз дод. - Лаббай, - соҳиби хона дарро кушод. - Ин ман, Амир. Берун баро. Бароят сагбачаи дилфиребе овардам. - Ҳа, даҳмарда, ин туӣ, - Тавар ба кӯча баромад. - Саг ба ман чӣ даркор? Кучукатро ба сарам мезанам? Ин махлуқро чашми дидан надорам. Дар солҳои кӯдакиам маро саг газида буд. Аз ҳамон давра сагро бад мебинам. - О, ту шикорчиӣ, - Амир аз болои асп барои вохӯрӣ даст дароз кард. - Саг ба ту даркор мешавад. Ҳеҷ набошад, писарат бо он машғул мешавад. - Майлаш, биёр. - Тавар ба писараш, ки бо нигоҳи илтиҷоомез ба ӯ менигарист, нигоҳ кард. - Як озмуда бинам. - Ин сагбача аз зоти сагҳои чӯпонии ромитӣ мебошад. - Амир ба ситоиши кучукча гузашт. - Бин, чӣ хел ҷонвари ҳушёр. Бисёр сагбачаи боақл аст. - Таърифро аз ҳад гузарондӣ, Тавар писханд зад. - Ҳушдорат мекунам, - Амир сари аспро гардонд. - Навозишу меҳрубониро мепарастад. Саг низ монанди зан аст. Дар хотират гир, ки падараш гург аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ таҳқирро намебахшад. - Ҳайкалашро монам, гӯй, - Тавар гоҳ ба кучукбачаи дар пеши пояш истода нигоҳ мекарду гоҳ ба савори торафт дуррафта. - Чӣ хел сагбачаи зебо, - Нур кучукчаро аз замин бардошт. - Аз ҳозир ба дарахти олуча баста мон, - Тавар ба писараш супориш дод. - Дар ҳавлӣ гаштанашро набинам. Агар як мурғ ё чӯҷаро нобуд кунад, ҳар дуятонро аз хона пеш мекунам. Афти хунукашро набинам. - Фаҳмидам, ота. Аз ин ҷиҳат хотирҷамъ бошед, - Нур аз фукчаи хунуки кучукча бӯсида, онро дар қафаси синааш зер кард. Давом дорад

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Миёнбанд, тасма

Муќобили «бандагї»

Таоми миллї

Моњишўрбои русї

Зан, ситораи эстрадаи эронї Нотаи чоруми мусиќї

Синни талабаи синфи ду

Зиёфатдињии банавбат (халќї)

Газетаи «…ы и факты»

Меваи себмонанди пашмакдор

Мазоњ, шўхї

Сарояндаи тотор аз Россия

Зарфи обгирии ќадима

Тамѓаи яроќи Калашников

Дарахти солинавї

Орзуњои амалишуда чї мепўшанд?

Нуќтаи баланди мусиќї

Моњи ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї

Ба њам задани наќлиёт

Василий дар хурдї

… Рай, актрисаи њиндї

Узви љуфти љойгир дар ќафаси сина

Пероњани Айшвария Рай

Миёнбанд

Ќиморхонаи расмї (русї)

Журналисти ТВ Орзу

Шањ баъди тўй

Њарфи «л»-и арабї Шањд, ширинии занбўр

Забони яке аз халќњои Осиёи Марказї

Банд барои буксир кардани мошин

… Али Хон, актёри њиндї

Гурез, «побег»

Садамаи наќлиётї (русї)

Бино, манзил Сураи Ќуръони маљид

Сабзавоти ашковар

Дасти курта

Суратгир

Зеру забар Металли сафеди ќимматбањо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015

Нозири роњ коркуни ин бозрасї аст

Номи мардона, «ягона» (арабї)

Гимн …и миллї

Амали математикї, -

Холї, мањрум

Њарфи аввали алифбои арабї

Инфаркт ...и дил

Ѓурур

Пойтахти НорШакли танњои ве«умур» гия

Асос, бунёд

Нашриёт дар Душанбе

Бародари калонї

Тобу тоќат

Духтари калонї барои хурдињо

Хокаи ишќори ошхона

Манбаи боришот

... Сигал, актёри Голливуд

Zn, моддаи кимиёвї

Дарзмол (русї)

Аз чойник ба … чой мерезанд

Пули Латвия

Нерв

Шахси ба варзиш машѓул

Асбоби дењќон

Радио дар 106 FM

Хазандаи пойдор

Атрфурўш

Зуд не

Гўрхар, хари хат-хат (русї)

Яке аз ќабилањои араб

Императори Рими Ќадим Бурљи 11-уми толеънома

Шакли пурраи номи Володя

Муќобили лалмї

… Рошан, актёри њиндї

Теппа, баландї

Меваи бо шакар пухташуда

Барномаи хабарї дар шабакаи аввал

Кори њамакасаи бемаош

Забони Ќуръон

Муњаммад ..., «шоњи бокс»

«Одеколон» ба тољикї

«Нимтаи нон …и љон» (маќол)

Падар (лањља)

Пас, сонї

Ба мурѓ медињанд

Њайвони даштии чаранда

… Каримова, овозхони эстрадї

Далели бегуноњї "... гурез, ки маст меояд"

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ Аз суҳбати ду рафиқ. Аввалӣ: - Сирро аз гунг дида касе бештар ҳифз карда наметавонад. Дуюмӣ: - Бале дуруст, аммо карҳо дар ҳифз кардани сир беҳамтоянд.

***

Профессор: - Хуш, донишҷӯёни азиз, шумо медонед, ки наркоз чӣ аст? Донишҷӯён бо як овоз: - Не... - Наркоз беҳтарин усули халосӣ аз маслиҳатҳои беморон ҳангоми ҷарроҳӣ аст.

***

Марде ба ҳамсараш, ки аз ҳад фарбеҳ аст, мегӯяд: - Ту вазни зиёдатӣ дорӣ. Зан: - Ин зиёдатӣ нест, эҳтиётӣ аст.

*** Бемор аз табиб мепурсад: - Вазъи ман чӣ тавр аст? - Ман ба ту ду хабар дорам. - Ин тавр бошад, аз хабари хуш сар кунед. - Мутаасифона, ҳар дуяш хабари нохуш аст.

Бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб дар истироҳатгоҳҳои тобистона чорабиниҳои варзишӣ ва мулоқоту вохӯриҳо бо наврасон доир мегарданд.

*** Ду равонпизишк бо ҳам суҳбат доранд. Аввалӣ: - Ман ба амали комилан номумкине муваффақ шудам. - Чӣ амал? - Ба ман муяссар шуд, ки беморонро розӣ кунонам, то барои табобаташон пул супоранд.

АНДАРЗ

Дарахти изтироб Маъмулан, ҳамаи мо, вақте аз кор ба хона меравем, хастагиву вазнинии дар кор ба сарамон омадаро бо худ мебарем. Вақте фишору вазнинии худро ба сари аъзои оила – хоҳ ҳамсар, хоҳ писару духтарамон мерезем, ғамгин мешавем. Бисёр маврид аз ҷанҷолу ғавғое, ки баъд аз кор ба сари оилаамон мебардорем, зуд пушаймон шуда, мегӯем: “Кош худамро ба даст мегирифтам. Кош каме таҳаммул карда, ғазабамро фурӯ мебурдам...” Қаҳрамони қиссаи зер барои ранҷу кулфаташро ба сари оилааш бор накардан роҳи хубе ёфтааст... Устое, ки барои таъмири хонаамон киро кардам, рӯзи аввали кориашро бо душворӣ ба поён расонд. Чархи кафидаи мошинаш барои як соат ба кор дертар ҳозир шуданаш сабаб шуда, арраи барқиаш корношоям гардид ва ҳоло бошад, асбоби барқсанҷиаш аз кор баромад. Ин ҳама бебарорӣ дар кор ӯро хеле ғамгину мушавваш намуд. Бегоҳ, баъд

аз кор, вақте ба мошинам савор карда, ба хонааш мебурдам, мисли кундае дар паҳлӯям менишаст. Бадқаҳру асабонӣ менамуд. Аз ин ғоят дар роҳ ҳарфе ҳам ба забон наовард. Чун ба хонааш расидем, барои бо аҳли оилааш шинос шудан маро ба дарун даъват кард. Пеш аз ворид шудан ба хона усто аввал назди дарахте таваққуф кард. Ба ҳар ду дасташ аз ду шохи дарахт дошт. Бо кушода шудани дари хона чеҳраи ӯ ба таври ногаҳонӣ тағйир ёфт. Ду бари рӯяшро табассум зеб медод. Ҳар ду фарзанди кӯчакашро самимӣ ба оғӯш гирифта, аз пешонии ҳамсараш бӯсид. Баъд аз шиносоӣ маро то пеши мошин гусел кардан хост, ки ҳамон дарахт ба ёдам расид. - Намегӯед, ки чаро дар назди дарахт истода, шохаҳояшро доштед ва дар як он чеҳраатон тағйир ёфт? Гӯё то ба ин ҷо омадан ғаму андӯҳ надоштед... - пурсидам ман аз усто. - Ин дарахти ғаму изтироби ман аст, гуфт ӯ ба дарахт ишора карда. - Баъзан дар корҳоям вазниниву мушкилиҳо пеш меоянд, ки сахт асабӣ мешавам. Ман нек медонам, ки онҳо заррае ҳам ба оилаам дахл надоранд. Яъне, барои мушкилиҳои дар кор ба сарам омада оилаам айбдор нест. Барои ҳамин, ҳар

ЭЪЛОН ЭЪТИБОР НАДОРАД Номаи камоли гумшудаи №Т-АТУ 0014563, ки МТМУ рақами 79-и шаҳри Душанбе соли 2014 ба Ашӯров Аҳлидин Хайридинович додааст, эътибор надорад.

ҲАМДАРДӢ

бегоҳ вақти ба хона омадан, ғаму изтиробамро ба дарахт меовезам. Саҳар онҳоро дубора аз шохи дарахт мегирам. Аммо медонед, аҷибаш чист? Аҷиб он аст ки, вақте субҳи рӯзи дигар ғаму андӯҳ ё вазниниву кулфати дирӯзаамро аз шохи дарахт гирифтанӣ мешавам, мебинам, ки мисли дирӯза бисёр нестанд. Кам шудаанд... Таҳияи М. УСМОНОВ, “ҶТ” •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7701 нусха ба нашр расид.

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Бунафша ОДИНАЕВА (муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон).

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

16

Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба устоди донишгоҳ Музаффар Холиқов нисбат ба марги БОБОЯШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил мехоҳанд.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун аз марги бемаҳали котиби генералии Федератсияи футболи мамлакат ИСЛОМ МАҲМАДШОЕВ сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Манзумаи ФИРӮЗ, Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигорон), Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд), Раҳим РАФИЕВ, (хабарнигор, Хатлон), Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №30 (9404), 30 ИЮЛИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.