Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
№31 (9405), 6 августи соли 2015
E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU
WWW.JAVONON.TJ
АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД
НАБЗИ ҶАҲОН
ҲАФТ РӮЗ
ғ
30.07.2015 Дар Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ҷамъомад доир гардида, масъалаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 31.07.2015 Зимни як ҷаласа дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ масъалаҳои ҷараёни иҷрои қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти муҳоҷирати дохилию экологӣ ва вазъи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишвар ба хориҷа баррасӣ шуданд. 01.08.2015 Дар ноҳияи Варзоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэдо шотокан скиф бо иштироки 216 нафар варзишгар баргузор гардида, дастаи Варзоб ҷои аввал, вилояти Суғд ҷои дуюм ва шаҳри Душанбе мақоми сеюмро сазовор гардиданд.
саҳифаи
3
КИРМАК+ПАРВОНА=ДИИШ! ДИИШ ҷавононро чӣ гуна ҷалб мекунад? “Ниагара” дар 300 000 сомонӣ барои Тоҷикистон
Президент - роҳбари Шӯрои миллии кор бо ҷавонон
ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ
2
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015 Саҳифаи Саҳифаи
11
Саҳифаи
13
02.08.2015 Ҷаҳонгир Маҷидов, варзишгари ҷавони кишвар дар мусобиқаи гӯштини қазоқӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло шуд. 03.08.2015 Шурӯъ аз имрӯз дарсҳо барои синфҳои 1-ум дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар оғоз гардид. Тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати маориф ва илм барномаи якмоҳаро таҳти унвони “Омодагӣ ба мактаб” таҳия намуд. Мақсад омода намудани кӯдакони 6-7 сола ба мактаб мебошад. 04.08.2015 Вазорати корҳои хориҷӣ аз донишҷӯёни тоҷик, ки вурудашон ба қаламрави Русия манъ аст, даъват кардааст, барои ҳалли ин мушкил ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд. Дар ҳоли ҳозир 50 донишҷӯи тоҷик барои дарёфти иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия талош доранд. 05.08.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати ҷуҳурӣ оид ба ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
1
РУШДИ МАҲАЛ
МУЖДА
Президент - роҳбари Шӯрои миллии кор бо ҷавонон Муждаи навбатие, ки дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву маънавии ҷавонони кишвар такони ҷиддӣ бахшида, дар оянда байни Роҳбари давлат ва ҷавонон қаробати самарабахш фароҳам меорад, таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015, №526 тасдиқ гардидааст ва ин мужда албатта кулли ҷавонони саодатманди Тоҷикистонро фараҳманду хушбахт гардонид.
Натиҷаҳои сафари кории Президент ба ВМКБ Тавре хабар доред, 28-31 июл Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт. Дар ҷараёни ин сафари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд, зеро Президенти мамлакат дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ ба бунёди иншооти таъиноти гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ ва маишию фарҳангӣ асос гузошт. Баъди сохтани корхонаву марказҳои хизматрасонӣ дар вилоят ҷойҳои зиёди корӣ таъсис ёфт, ки боиси беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки Президенти мамлакат пули калони мошингузар бо иқтидори борбардории 100 тонна, корхонаи коркарди ангат ва Маҷмааи туристии “Ванҷи боло” ифтитоҳ ёфт. Дар ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи хонаҳои истиқоматӣ, филиали “Тоҷиксодиротбонк”, корхонаҳои саноатии коркарди сангҳои қиматбаҳо, меҳмонхонаи замонавӣ, ошхона барои сарбозони қӯшунҳои сарҳадӣ ва бинои комиссариати ҳарбӣ иштирок кард. Дар ноҳияи Рушон барои сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон санги асос гузошта шуда, барои 460 нафар Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Шуғнон бошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди ғалларо бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ба истифода дод. Дар маҳалли аз офати табиӣ зарардида Президенти мамлакат бо корҳои барқарорсозии роҳ ва дар минтақаи сохтмони хонаҳои нав бо рафти бунёди иншоот аз наздик шинос шуда, бо оилаҳои аз офат зарардида мулоқот кард. Дар ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди НБО “Себзор” хишти аввал гузошт, ки тадбири муҳим барои беҳтар кардани вазъи соҳаи энергетикаи мамлакат мебошад. Дар шаҳри Хоруғ бошад, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани хишти аввал барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, бинои коллеҷи тиббӣ, сохтмони театр барои 500 ҷойи нишаст ва шаҳраки нав дар мавзеи Тем дар масоҳати 260 гектар асос гузошт. Инчунин, дар маркази вилоят Сарвари давлат бинои хонаҳои истиқоматии 50-ҳуҷрадорро барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази хизматрасонӣ, сехи дӯзандагӣ барои 50 ҷойи корӣ ва Маҷмааи варзишӣ дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғро барои 1700 ҷой ифтитоҳ намуд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят Президенти мамлакат бо сокинон мулоқоту суҳбатҳои самимӣ доир карда, иброз дошт, ки мақсади сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тезондани корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ҳарчи зудтар бо манзили зист таъмин кардани оилаҳои аз офат зарардида, дастрас кардани кӯмакҳои моддӣ, маводи ниёзи аввал ва масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо, инчунин, бо бунёди як қатор иншооти муҳим мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии мардуми Бадахшон мебошад.
2
Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 43 нафар, аз ҷумла Раис, муовини ӯ, котиби масъул ва аъзои Шӯро иборат аст. Раиси Шӯро бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Шӯро – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Шӯро – Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳайати Шӯро аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории алоқаманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон иборат мебошад. Мақсаду ҳадафи асосии Шӯро таҳлили вазъият дар байни ҷавонон, анҷом додани таҳлилҳои соҳавӣ ва пешниҳоди таклифҳо дар самти такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва бартараф кардани мушкилоти ҷавонон дар кишвар; омода намудани таклифҳо дар самти рушди ҳакмориҳои байналмилалӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон; андешидани тадбирҳо оид ба ташаккули заминаҳо барои таъмини манфиатҳои ҷавонон ва фаро гирифтани онҳо бо хизматрасониҳои гуногуни алоқаманд ба худамалисозӣ дар шароити ҷомеаи муосир; анҷом додани корҳои ҳамоҳангсозӣ ва машваратӣ ба мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо ҷавонон; таъсиси муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва баррасии дигар масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон мебошанд. Мулоқотҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати пешвоёнаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияташон маҳсуб меёбад. Боиси хушнудист, ки ҳар як мулоқоти Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ба манзур сохтани як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, стипендияи Президентӣ, Квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, Грантҳои ҳукуматӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷоиза барои варзишгарон, инчунин баргузории конфронсу форумҳо, анҷуману фестивалҳо, семинарҳои омӯзишиву мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ, ҳарбиву варзишӣ ва ҳоказо аз иқдомҳои наҷиб ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик маҳсуб меёбанд. Муждаи олиҳимматона ва тарабафзо барои ҷавонони саодатёри кишвар фархунда бошад!
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
НАБЗИ ҶАҲОН Аз гӯшаҳои гуногуни дунё ба сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломии Ироқ-Шом” (ДИИШ) пайвастани ҷавонон боиси изтироби ҷиддӣ гаштааст. Бо вуҷуди он ки ДИИШ як гурӯҳи тундгаро ва комилан ғайригуманистӣ мебошад, гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонон ба он пайваст мешаванд. Тавре аз маълумоти ашхоси пайвастгардида бармеояд, бештари онҳо пушаймонанд, вале чораи дигар надоранд. Бино ба гузориши СММ, ки 1 апрели соли равон нашр шуд, теъдоди “муҷоҳидон”-и гурӯҳи террористии ДИИШ бо иштироки шаҳрвандони беш аз 100 давлати дунё ба 25 ҳазор расидааст. Тибқи ин гузориш пайвастшавӣ ба ДИИШ аз нимаи дуюми соли 2014 то моҳи майи соли равон бештар сурат гирифтааст. СММ дар гузориши худ навиштааст, ки Туркия истгоҳи асосии онҳое мебошад, ки аз тамоми дунё ба ДИИШ пайвастанианд. Дар ҳамин ҳол “НОКТА” ном як маҷаллаи туркӣ дар бораи роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ДИИШ таҳқиқот анҷом додааст. Воқеан, дар шароити имрӯз, ки пайвастани ҷавонон ба ДИИШ ба як проблемаи глобалӣ бадал шудааст, бохабар будан аз роҳу воситаҳое, ки ҷавононро ҷалб мекунанд, бамаврид аст. Маврид ба ёдоварист, Туркия яке аз кишварҳои бо Сурия ҳамсарҳад мебошад. Ҳукумати ин кишвар аз ибтидои моҷароҳои Сурия мухолифини режими Башор Асадро ҷонибдорӣ мекард. Чандин ҳазор гурезаи суриягиро паноҳгоҳ низ додааст. Вале баъдтар, вақте яке аз гурӯҳҳои мухолифини ҳукумати Сурия (ДИИШ) аз ҳайати “Алқоида” берун шуда, муборизаи мустақилонаро шурӯъ кард, ҳукумати Туркия ошкорову пинҳонӣ онро дастгирӣ намуд. Ҳатто ҳафтаи гузашта хабаргузории “Global Research News” иттилоъ дод, беморхонаи махфиеро, ки дар шаҳри Шанлиурфаи Туркия ҷагиёни маҷруҳшудаи ДИИШ-ро табобат мекунад, Сумая Эрдуғон, духтари Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон роҳбарӣ мекунад. Беморхона “Covert” ном дошта, 1300 километр дуртар дар шимолу шарқи Истанбул воқеъ аст. Инчунин, чанд моҳ пеш рӯзномаи туркии “Ҷумҳурият” аз интиқоли силоҳу муҳимоти ҷангие иттилоъ дод, ки бо дастури сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон (ҳоло Президенти ин кишвар) ба минтақаи таҳти идораи ДИИШ сурат гирифта буд... Маҷаллаи “НОКТА” зимни таҳқиқот маълум кардааст, ки пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳи террористи ДИИШ дар ду марҳила сурат мегирад. “НОКТА” ин давраҳоро рамзан “марҳилаи кирмак” ва “марҳила парвона” ном
бурдааст. Ба иттилои маҷаллаи мазкур дар марҳилаи аввал нафароне, ки бояд ба ДИИШ пайванданд, аз ҷиҳати фикрӣ ва ҳиссӣ тайёр карда мешаванд. Онҳо бо даъвату талқинҳои зиёд барои “ҷиҳод” омода мегарданд. Дар марҳилаи дуюм бошад, аллакай шахсе, ки ба ДИИШ майл кардааст, ба як “муҷоҳид”-и худкуш, ки ҳар лаҳза ва дар ҳар ҷо метавонад худро тарконад, табдил меёбад. Ҷадвали ҷалби ҷавонон ба ДИИШ тартиб ва пайиҳамии махсусе дорад. Яъне, як ҷавон яку якбора ба ДИИШ намепайвандад, балки барои ин кор вақти муайяне ҳаст, ки бояд сипарӣ шавад ва дар ин байн “муҷоҳид”-и оянда бояд баъзе зинаҳоро тай кунад. Дар робита ба ин маҷалла чунин
фода мебарад). 6. Канораҷӯӣ. Аз афроди оила сиррашро ба таври бесобиқа пинҳон карданро шуруъ мекунад. Як навъ пинҳонкорӣ дида мешавад дар вай. Дар телефону компютераш акнун рамз ё қуфл мегузорад. Агар касе телефон ё компютерашро истифода бурданӣ шавад, қатъан зид мебарояд. Безобита мешавад. 7. Китобҳои идеологӣ. Дар муҳтавои китобҳои мехондааш низ дигаргунӣ оғоз меёбад. Ин китобҳоро ҳатман мехонад. “Даъвати муштаракаи ҳамаи паёмбарон” (Абу Ҳанзала), “Ҳуснул Муслим” (Саид бин Алӣ ал-Қаҳтонӣ), “Ишораҳо дар роҳ” (Саид Қутб), осори Ибни Таймия. 8. Муносибат бо ҷинси
бу борон нигоҳ медорад, як ҷуфт мӯзаи чармин, ки буҷулаки пойро маҳкам медорад, як ҷуфт пойафзори варзишӣ, ҷуроб, крем ё хока барои пой, дастпӯшак барои ҳимоя аз хунукӣ, шими кушоду фарохкисаи ғайринизомӣ, шортҳои варзишӣ ва либосҳо аз матое, ки дар сурати тар шудан зуд хушк мешаванд, либосҳои тагпӯш, либосҳои сарпушдор низ аз қабили ашёе мебошанд, ки дар ҷомадон буданашон ҳатмист. 4. Агар ягон ҳолати шубҳаовар пайдо шавад “муҷоҳид” қатъан ДИИШ-ро инкор мекунад. Бе ин ҳам ба забон овардани номи ДИИШ қатъан манъ аст. Ба ҷойи ДИИШ “давлат” ё “давла” мегӯянд. 5. Телефонҳои “Айфон” бо телефонҳои “Андроид” иваз карда
шунавандаро шавқи ширкат карданаш меафзояд. То дараҷае, ки шунаванда “ман ҳам рафта шаҳид мешавам” мегӯяд...” Ба навиштаи хабаргузории “islamreview.ru” дар ин таълимгоҳҳо, ки маъмулан “даргоҳ”-ашон ном мебаранд, дарсҳои махсус дода мешаванд. Аз ҷумла, яке аз дарсҳо “Абу Ҳанзала” ном дорад. Тавассути ин дарсҳо ақидаву ғояҳои радикалии ДИИШ ба ҷавонон – “муҷоҳидон”-и оянда омӯзонда мешавад. Дар дарсҳо ҳудуди 400-500 нафари синну солашон гуногун ширкат мекунанд. Ба онҳо китобҳо тақдим карда мешавад. Гуфта мешавад, ки мударрисон аз тавҳид фаҳмиши комилан дигар доранд. Фаҳмише, ки ба фаҳми аслие, ки аҳли суннат до-
КИРМАК+ПАРВОНА=ДИИШ!
ё ДИИШ ҷавононро чӣ гуна ҷалб мекунад? менависад: “Падару модаронро зарур аст, ки ин ҷараён ҳанӯз пурра иҷро нашуда, огоҳ шаванд ва чора андешанд”. Қарор доштани ҷавон дар давраи аввал (марҳалаи пилла) маънои онро надорад, ки ӯ ҳатман ба ДИИШ ҳамроҳ мешавад. Бо вуҷуди ин, зарур аст, пайвандонаш саҳлангорӣ накарда, ба рафтору кирдори ӯ диққати ҷиддӣ бидиҳанд. Зимнан, махсусиятҳои “Марҳилаи кирмак” чунин аст: 1. Дигаргунӣ дар дашному ҳақоратҳо. Калимаву ибораҳое, ки ҷавон (ҷавони ба ДИИШ майлдошта) қаблан дар дашному ҳақоратҳояш ба кор мебурд, иваз мешаванд. Ба ҷойи онҳо акнун “мунофиқ”, “кофир”, “язид” “тоғут” барин калимаҳоро ба кор мебарад. 2. Ҷиҳод. Дар забонаш пайваста калимаи “ҷиҳод” давр мезанад. Барои ӯ акнун маънои ягонаи ҳаёт “ҷиҳод” аст. 3. Тағйирот дар сару либос. Минбаъд аз пӯшидани либосҳои аврупоӣ худдорӣ карда, бештар ба сарулибоси арабӣ (масалан, шими почаҳояш кушод ё фарох (чун шалвар) таваҷҷуҳ менамояд. Занҳо бештар ба фаранҷӣ рӯй меоранд. 4. Намозгузорӣ. Дар намозхонӣ устувор нест, яъне, гоҳо мехонаду гоҳ не. Ҳини намозхонӣ пойҳояшро ба андозаи китфҳояш васеъ мегузорад. Яъне, аз ҳад зиёд. 5. Интихоби мусиқӣ. Акнун шунидани мусиқиҳои шӯхро бас мекунад. Хусусан, сурудҳоеро, ки сарояндаҳояшон зан аст, гӯш намекунанд. Бештар мусиқиҳои шакли “нашид”-ро гӯш мекунад. (“Нашид” суруди арабӣ, марши илоҳиро меноманд... Ин навъи сурудҳо аз сурудҳои дигар бо он фарқ мекунанд, ки дар онҳо мусиқӣ нест, садои зан ҳам нест, балки танҳо овози сароянда бемусиқӣ садо медиҳад. Мусиқӣ бо овози инсон сохта мешавад... ДИИШ дар саҳнаҳои сарбурӣ қатлу таркишҳо асосан “нашид”-ро исти-
муқобил. Агар мард бошад, бо дӯстонаш аз ҷинси зан робитаашро зуд қатъ мекунад. Агар зан бошад, бо мард. Дар “Facebook” ва “Инстағрам” барин олами маҷозӣ дӯстонаш аз ҷинси муқобилро аз “рӯйхати дӯстон” нест мекунад. 9. Шаклу шамоил. Мардҳо ришу муйлаб ва муйи сари дароз мегузоранд. 10. Робитаи виртуалӣ. Тамошои телевизор ва филмҳоро бас мекунад. Дар интернет бештар наворҳои хусусияти “ҷиҳод”-ӣ дошта тамошо карданро сар мекунад. 11. Вазъи таълим. Агар донишҷӯ бошад, минбаъд ба омӯзгорон эҳтиром намегузорад. Аз он ки мактабро “Лонаи ширк” медонад, аз рафтан ба он худдорӣ мекунад. 12. Намози ҷумъа. Ба ақидаи онҳо намоз гузоштан аз пушти имомхатибҳое, ки давлат таъин кардааст, дуруст нест. Аз ин рӯ, намоз хонданро аз пушти ин қабил имомхатибон қабул намекунанд, балки аз рафтан ба чунин масҷидҳо ҳам худдорӣ меварзанд. “Муҷоҳид”-е, ки “марҳилаи пилла”-ро тай кардааст, акнун омодаи парвоз аст. Яъне, ӯ ба “марҳилаи парвона” расидааст. Вале ӯ намегӯяд, ки “хайр, ман рафтам”, балки аз хона рафтан ҳам қоида дорад. Дар китобчаи махсусе, ки ДИИШ барои “муҷоҳидон” таҳия кардааст, қоидаҳо чунин дарҷ ёфтаанд: 1. Ҷомадони бақуввате омода карда мешавад, ки дар он танҳо 7-8 кило бор гирифтан мумкин аст. Асосан ҷомадони сафарии чархакдор аст. 2. Таҷҳизоти қуввагиранда (зарядник), дастгоҳи ришу мӯйи саргирӣ, интернет-модем, чароғи рӯйимизӣ, чароғ (фонарик), нохунгирак, корд (чоқу, ки ҳам корд асту ҳам қошуқ), стакони пластикӣ, сӯзану ресмон, қуттичаи доруҳо (аптечка) барин чизҳои лозимӣ бо худ гирифта мешавад. 3. Либоси хубе, ки аз офто-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
мешаванд... Зимнан, ба иттилои коршиносони рус бештари ҷавонон дар Русия аз тариқи чеченҳо ва марказҳои онҳо ба ДИИШ мепайванданд. Чанде дар масоҷид ва ё таълимгоҳҳои махсус омода карда мешаванд. Маҷаллаи “НОКТА” бо Юнус ном ҷавон, ки дар лаҳзаи охир аз роҳ гаштааст, ҳамсуҳбат шудааст. Ӯ, ки тавассути дӯсташ ба макони “таълимӣ”-и чеченҳо роҳ ёфтааст, мегӯяд, дар он ҷо аз “Қуръон” бештар оятҳое қироат ва шарҳ дода мешаванд, ки ба мавзӯи “ҷиҳод” ва “ҷанг” бахшида шудаанд. Дар ин маконҳои “таълимӣ” ба ҷавонон чанде ақидаву фаҳмиши худро дар бораи ислом ва мусулмонӣ мефаҳмонанд. Дар ибтидо иҷозат нест, ки ҷавонон ба волидонашон аз ширкаташон ба ин ҷойҳо хабар диҳанд. Ин кор ба онҳо танҳо ҳамон вақт иҷозат дода мешавад, ки бовар ҳосил шуд чизе “ёд” гирифтаанд. Ба қавли Юнус онҳое, ки барои ҷамъоварии “муҷоҳидон” масъуланд, ба ҷавонон муомилаи хуб мекунанд. “Онҳо нағз медонанд, ки одамонро чи тавр ҷалб кунанд. Ҳар нафаре, ки ба тозагӣ ҳамроҳашон мешавад бо вай муносибати хуб карда, бештар аз ҷиҳод нақл мекунанд”, - гуфтааст вай. Нақлҳояшон аз ҷиҳод ба ҳадест, ки
ранд, муғойир аст ва ҳар касе, ки ба фаҳмиши онҳо мувофиқ нест кофираш мехонанд. Дар дарсҳо аз “корнамоиҳо”-и Бағдодӣ васф карда, чун ДИИШ ягон шаҳру ноҳияро тасарруф кард, устод ё муаллими дарсдиҳанда мегӯяд, “Бародарони мусулмони мо дар роҳи Худо фалон маконҳоро ба даст оварданд”. Ин масъала барои он аҳамиятнок аст, ки айни ҳол беш аз 500 нафар ҷавони тоҷик ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста, дар Шому Ироқ меҷанганд. Беш аз 50 нафари онҳо аллакай ба ҳалокат расидаанд. Тибқи омӯзишу таҳлилҳо қисмати зиёди онҳо аз Русия тавассути Туркия ба ДИИШ пайвастаанд. Аммо нафароне ҳам кам нестанд, ки аз Тоҷикистон ба Сурия рафтаанд. Чанд нафари онҳоро мақомот ҳанӯз дар роҳ ба сафар ва ё дар фурӯдгоҳ боздошт карданд. Маълумот ба он хотир оварда шуд, ки хонанда, алалхусус волидон бидонанд, ки нишонаҳои як ҷавони ба гуруҳи террористии ДИИШ майлдошта кадомҳоянд, то тадбир андешанд. Таҳияи М. УСМОН, “ҶТ” (Бо истифода аз матолиби “derginokta.com”, “insiderblogs.info, “islamreview.ru” ”).
3
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Сироҷиддин Аслов:
«Зидди таҳримҳо бар болои Русия ҳастем» Зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷаи кишвар Сироҷиддин Аслов зикр намуд, ки вазорат дар нимсолаи якуми соли равон саъй намуд, то равобити гуногунҷанба бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ боз ҳам рушди тоза пайдо намояд. Сафарҳои кории роҳбарияти давлат ба оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи тарҳҳои афзалиятноки кишвар, аз ҷумла як қатор кишварҳо, аз ҷумла ҷумҳуриҳои ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вилоя- хати баландшиддати СASA-1000, роҳи оҳани Корея, Қирғизистон, Федератсияи Русия, ти Иваново зимни сафари раиси ин вилояти Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ҳамчунин, ташрифи роҳбарони як қатор кишвари рус ба имзо расид. Дар ин замина хати лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистондавлатҳо ба Тоҷикистон, аз ҷумла, раиси робита байни як қатор корхонаҳои гуногуни Тоҷикистон-Қирғизистон-Хитой, шоҳроҳҳои иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳар ду вилоят барқарор гардид. нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё (ТРАСЕКА) сарвазирҳои Қирғизистону Покистон, дабиВазир ба масъалаи таҳримҳои кишварҳои идома ёфтааст. ри кулли СММ, даҳҳо ҳайатҳои гуногунсатҳи Ғарб ва Амрико бар зиди Русия дахл намуБа суоли рӯзноманигорон оид ба мунокишварҳои хориҷӣ маҳз ба ин давра рост да, таъкид дошт, ки Тоҷикистон зиди чунин сибат бо Узбекистон посух дода, вазир чумеояд. амалҳост. «Ин таҳримҳо ба иқтисодиёти нин гуфт: Дар ин давра чанд чорабинии муҳим дар кишвари мо низ таъсир мерасонад», - изҳор - Ҷаласаи байниҳукуматӣ, ки дар Тошкишвар сурат гирифтанд. Аз ҷумла, кон- намуд С. Аслов. Ба андешаи вазир, ҳоло дар канд доир шуд, дар сатҳи хеле хуб гузашт. фронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Русия шумораи зиёди муҳоҷирони тоҷик Ҳарчанд ягон ҳуҷҷат имзо нагардид, зеро ин натиҷагирӣ аз татбиқи даҳсолаи байналми- кору фаъолият доранд. Таҳримҳо ба заҳмати ҷаласа бори нахуст пас аз шаш сол ҷараён лалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки 9-11 онҳо низ таъсир гузошт. Дар ин давра нис- гирифт. Дар ҷаласаи баъдина, ки дар Дуиюн дар пойтахти кишвар ҷараён гирифт, аз бат ба соли гузашта маблағҳои фиристодаи шанбе сурат мегирад, умед аст ҳамкориҳо аҳамияти хоса бархӯрдор аст. муҳоҷирон ба кишвар хеле коҳиш ёфтааст. густариш ёбанд. Ба андешаи Сироҷиддин Дар шашмоҳаи аввали соли равон ра- Тоҷикистон бо роҳи дипломатӣ баҳри аз Аслов маҳз ин вохӯрии пас аз муддати вобити бисёрҷониба бо кишварҳои ИДМ байн бурдани чунин таҳримҳо саъю кӯшиш тӯлонӣ доиршуда, имкон дод, ҳамкориҳои рушди тоза пайдо намуд. Масалан, бо ша- хоҳад кард, - гуфт Сироҷиддин Аслов. роҳиоҳанчиёни ду ҳамсоякишвар густариш рики стратегӣ - Русия чунин муносибатҳо Дар самти сиёсати иқтисодии хориҷӣ ёбад. боз ҳам густариш ёфт. Чунончи, созишнома ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор дар татбиқи Вазир, ҳамчунин, ба масъалаи
ҲУҚУҚИ ИНСОН
марзбандӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дахл намуда, гуфт, ки дар вохӯриҳои ҳайатҳои ҳукуматии ҳар ду кишвар тарафи тоҷикон пайваста саъй дорад, масъала тариқи мусолиҳаомез сурат гирад. Вале воқеоти вақтҳои охир рухдода нишон дод, ки қирғизҳо дар раванди ин масъала чандон масъулият эҳсос намекунанд. Далели ин гуфтаҳо куштори ҷавони тоҷик дар яке аз деҳаҳои мавзеи Чоркӯҳ аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз аст. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
ПРОКУРАТУРА
Фарзандхонӣ барои хориҷиён манъ аст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар Зариф Ализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар нимсолаи якуми соли равон 1599 нафар шаҳрванд ба ин ниҳод муроҷиат намудаанд. - Аксари муроҷиатҳо бештар ба масъалаи вазъи иҷтимоӣ дахл доранд, иброз намуд Зариф Ализода. – Одамон мехоҳанд дар масъалаи баҳси манзил, маскун намудан дар манзил, сари вақт пардохт нагардидани нафақа, ҷуброни зарар ба саломатӣ, мусоидат бобати гирифтани маълумот дар бораи музди меҳнат ва ғайра ба онҳо ёрӣ расонем. Ба гуфтаи Зариф Ализода нисбат ба мақомоти судӣ 70 шикоят ва нисбат ба мақомоти корҳои дохила 20 шикоят ворид шудааст. Ҳамчунин, ӯ иттилоъ дод, ки бо пешниҳоди Президенти кишвар гурӯҳи корӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ташкил
МАОРИФ
ёфтааст. Ҳамин тавр, дар ваколатдори ҳуқуқи инсон ниҳоди нав, яъне муовини ваколатдор ташкил меёбад. Лек танҳо ба масоили хуқуқи кӯдак фаъолият хоҳад кард. Зариф Ализода ба суоли рӯзноманигорон доир ба фарзандхонӣ қабул намудани тифлони тоҷик аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ чунин посух гуфт: - Барои хориҷиён ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдакони тоҷик тибқи қонун манъ аст. Танҳо ба шаҳрвандони кишвар чунин ҳуқуқ дода шудааст. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
МАҲАЛ
Тақдими 109 дипломи “аъло” Майли ҷавонон ба ба хатмкунандагони ДДХ варзиш бештар аст Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони дараҷаи бакалавр ва магистр баргузор гардид. Ректори донишгоҳ Анвар ва таҳлили раёсати донишгоҳ, Мақсудов гуфт, Донишгоҳи соли 2015 донишгоҳро дар давлатии Хуҷанд яке аз бу- шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона зургтарин муассисаҳои таъ- 2396 донишҷӯ, аз ҷумла 109 лимии олии мамлакат буда, нафар бо дипломи «аъло» саҳми он дар тайёр кардани хатм намуданд. Имсол бори кадрҳои баландихтисос назар- аввал хатмкунандагон дар рас. баробари диплом бо нишони Ба иттилои Маъмур Юсу- сарисинагии маълумоти олӣ фов, масъули маркази иттилоот сарфароз гардиданд.
Раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода дар нишасти матбуотӣ оид ба рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳия сухан гуфта, зикр намуд, ки нақшаи андози иҷтимоӣ бо назардошти хароҷот дар нимсолаи аввали соли равон 87 фоиз иҷро гардид. Миралӣ Раҷабзода ба дигар масоил, аз ҷумла, ба корҳои нафъовар ҷалб намудани ҷавонону наврасон дахл намуда, иброз дошт, ки ҳоло аксари онҳо ба гурӯҳҳои гуногуни варзишӣ ҷалб шудаанд. - Масалан, танҳо дар мактаби варзишии наврасону кӯдакони ноҳия аз рӯйи намудҳои гуногуни варзишӣ 41 гурӯҳ фаъолият дорад, - гуфт М. Раҷабзода. – Дар ин гурӯҳҳо 450 нафар наврасону ҷавонон ба машқҳои варзишӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ҳудудҳои ҷамоатҳои деҳот низ гурӯҳҳои варзишӣ фаъолият намуда, ҷавонони деҳотро дар атрофи худ муттаҳид менамоянд. Ҳамаи ин гувоҳ аз он аст, ки майли ҷавонон ба варзиш афзоиш дорад. Раиси ноҳия изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бархе аз ҷавонон, аз ҷумла, 4 нафар бо сабаби саҳлангории волидон ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъшуда ҳамроҳ шудаанд. Вобаста ба ин масъала раис аз ниҳодҳои гуногуни ноҳия ва хабарнигорон хоҳиш кард, бобати пешгирии ин раванди номатлуб ба қадри имкон ёрӣ расонанд.
Ҳокими САФАР
4
Баргаштаҳо аз Сурия афв мешаванд Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати нимсолаи аввали соли ҷорӣ бобати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Ба гуфтаи прокурори генералии кишвар Юсуф Раҳмон, дар самти назорати иҷрои қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон 2709 санҷиш гузаронда шуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта 18953 санади эътиноӣ-прокурорӣ ирсол, бо баррасии онҳо 15548 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин, 1512 парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Дар ин муддат, аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо 468 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 46 адад ё 9,8 фоиз кам аст. Ҳамчунин, дар ин давра 12147 ҷиноят содир ва дараҷаи кушодшавии онҳо 88,3 фоизро ташкил медиҳад. Ба масъалаи ҷалби шаҳрвандони кишвар ба сафи ҷангиёни ДИИШ дахл намуда, прокурори генералӣ иброз дошт, ки шахсияти аксари онҳо муайян ва дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд. Лекин ашхосе, ки ихтиёрӣ баргашта меоянд, албатта афв карда мешаванд. - Дирӯз ду нафари онҳо баргашта омаданд, - иброз намуд Юсуф Раҳмон. – Пас аз муайян намудани шахсият ва пурсуҷӯ онҳо озод хоҳанд шуд. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА
Интиҳои дуюмин ҷанги ҷаҳонӣ ибтидои марҳалаи нав дар ҳаёти башар гардид. Ин марҳаларо муаррихону муҳаққиқон бо унвонҳои гуногун ёд кардаанд, аз ҷумла, оғози марҳалаи тағйиру табдили сохтори оила. Маҳз пас аз ин гардиши таърихӣ муносибати мардум ба оиладорӣ шадидан тағйир ёфта, аввал дар Аврупои Ғарбӣ ва Амрико, баъдан дар аксари мамолики олам раванди босуръати табдили сохтор, шакл ва маънии оила шуруъ гардид. Дар ин замина иддаои барҳам задани шакли анъанавии оиладорӣ ва аз байн бурдани никоҳ ба вуҷуд омад. Коҳиши шумораи никоҳ, афзоиши оилаҳои расман қайднашуда, болоравии нишондиҳандаи таваллуди фарзандони ғайриқонунӣ, зиёдшавии оилаҳои камфарзанд, қасдан ба таъхир андохтани фарзандёбӣ ва ихтиёран даст кашидан аз фарзанддорӣ нишонаҳои барҷастаи таҳаввулоти оила гардиданд. Ҷомеашиноси ҳолландӣ Дирк ван де Каа раванди тағйироти оиларо ба 4 марҳила ҷудо кардааст: гузаштан аз «асри тиллоии ҳаёти оилавӣ» ба марҳалаи ҳамзистӣ; гузаштан аз ҳолати «фарзанд – асоси оила» ба ҳолати «волидон – асоси оила»; марҳалаи баъд аз тавлиди кӯдаки якум ба истифодаи доимии воситаҳои пешгирии ҳамл гузаштан; гузаштан аз марҳалаи сохти ягонаи оила ба гуногуншаклии он, ки намудҳои мухталифи ҳамзистиро дар бар мегирад. Ҷомеашиносони Ғарб солҳои 1945–1965-ро «асри тиллоии ҳаёти оилавӣ» ном бурдаанд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳолат оромии пеш аз тӯфонро мемонд, зеро дар ҳамин марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ насле ба воя расид, ки ба барҳам задани арзишҳои маънавии пешин иқдом намуд. Маҳз ҳамин оромии тӯфонзо бар асари инқилоби маданӣ маданияти авомписандро рӯйи кор овард, ки он дар навбати худ боиси раҳгумии аҳли башар гардид. Ҳангоме ки соҳибназарон дар мавзӯи омилҳои асосии бӯҳрони маънавию рӯҳонии оила сухан меронанд, сабабҳои гуногунро ном мебаранд. Бо ҳама гуногунандешӣ аксари пажӯҳишгарон бар ин андешаанд, ки яке аз сарчашмаҳои бӯҳрони оила муносибати нодурусти инсоният бо арзишҳои хонаводагист. Оила то оғози ҳазораи сеюм ҳанӯз ҳам чун арзиши олӣ эътироф мегардид, ҳатто дар Ғарб, ки ба он мазмуну маънии нав бахшидаанд. Соли 1999 дар байни намояндагони 32 давлати Аврупо назарсанҷӣ гузаронида шуд, ки 84 фоиз оиларо арзиши ниҳоят муҳим ном бурданд. Сохтори оила, ки дар асоси ҳамзистии ду нафар ба вуҷуд меояд, то миёнаҳои асри XX дар шакли муайян, яъне бо қонунӣ кардани ҳамзистии зану мард (ё ба воситаи никоҳи динӣ ё никоҳи давлатӣ) нигоҳ дошта мешуд. Оила, асосан ба хотири идомаи насл,
Оилаи тоҷик метавонад намуна бошад Тақдири арзишҳои хонаводагӣ дар шароити буҳрони маънавии муосир
яъне ба дунё овардан ва парвариш кардани фарзанд ташкил меёфт. Аммо аз солҳои 60-уми асри гузашта дар Аврупо ва Амрико алтернативаҳои ин сохтори ягона ба вуҷуд омаданд, ки айни ҳол мавқеи равшан касб кардаанд. Оилаҳои замонавӣ бар ҳамбистарии ғайриқонунӣ асос ёфта, ҳадаф аз таъсиси он, пеш аз ҳама, қонеъ гардонидани талаботи шаҳвонӣ ва барҳам задани танҳоии шахс мебошад. Оилаҳое ҳастанд, ки солиёни дароз зану мард якҷоя зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд низ мешаванд. Дар назари аввал дар ин хонавода гӯё меҳру муҳаббат, ҳусни тафоҳум ва эътиқод ба ҳамдигар мушоҳида мешавад. Аммо ба ҳукми қонун надаровардани ин ҳамзистӣ сабаб дорад. Ҳангоми ошкор шудан, ин сабабҳо ба рӯйи меҳру муҳаббат ва эмону эътиқоде, ки дар ин хонавода гӯё вуҷуд дорад, хати бутлон мекашад. Яке аз ин сабабҳо тарси аз даст додани сармоя мебошад. Нобоварие, ки дар замири яке аз аъзои оила ё ҳар ду ҷой дорад, намегузорад, ки дар ин хонадон ҳама чиз умумӣ бошад. Нақши кӯдак низ дар ин оилаҳо чандон рӯшан нест. Ба назар мерасад, ки зан барои он соҳиби фарзанд шудан мехоҳад, ки пас аз ҷудоӣ аз шавҳар танҳо намонад. Мардро хавфи ба бегонае нарасидани дороияш маҷбур мекунад, ки ворис дошта бошад. Ҳангоме доир ба ин гуна оилаҳо сухан меравад, ба ҷойи мафҳуми «никоҳ» ибораи «муносиботи маҳрамона» ва ба ҷойи «ҳамсар» мафҳумҳои «ҳамбистар, шарик, ҳамхоба, ҳамутоқ» истифода мешаванд. Ин истилоҳот бар он далолат мекунанд, ки на танҳо шакли зоҳирии сохтори оила, балки мазмуну мундариҷаи он низ ба таҳаввулоти бузург рӯ ба рӯ гардидааст. Саволе ба миён меояд, ки дар хонаводаҳои замонавӣ ба чӣ чиз арҷ гузошта мешавад ва бар асоси кадом арзишҳо ин оилаҳо устувории худро таъмин мекунанд? Дар ин гуна оилаҳо, пеш аз ҳама, муносибати маҳрамона арзиши баландтарин ба ҳисоб меравад, яъне ҳамзистӣ ба хотирӣ қонеъ намудани талаботи ҳайвонӣ, аммо
маълумоти оморӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки масалан дар Англия баъд аз 35-солагӣ аз даҳ як нафар ба муносибати маҳрамона машғул намешавад, ки маънии «лабташна дар соҳил мурдан»-ро дорад. Аз он ҷо ки бо коста гардидани ҳусни зоҳирӣ занҳо бехаридор, яъне, беҳамсафар мемонанд, онҳо ба ҳама гуна қурбонӣ розианд, то ки шакли зоҳирии худро дилкаш нигоҳ доранд. Ба ин хотир, пеш аз ҳама, аз ширинтарин неъмати зиндагӣ, ки фарзанд аст, рӯй мегардонанд. Метавон гуфт, ки занҳои ҷавони ғарбӣ имрӯз аксарият танҳо ба хотири қонеъ намудани талабот ва хоҳишоти шахсӣ умр ба сар мебаранд. Вафодории ин занҳо аз назари арзишҳои классикӣ, умуман, як чизи нофаҳмост. Онҳо метавонанд дар як вақт ба чанд мард «вафодор» бошанд. Якеро барои сарват дӯст медоранду бо дигаре ишқварзӣ мекунанд ва сеюмиро падари фарзанди худ медонанд. Ин занҳо намехоҳанд, ки дар пеши касе масъулият ё ӯҳдадорие дошта бошанд. Аз ҳамин ҷост, ки ҳамзистиро аз ҳамсарии қонунӣ авло медонанд. Олитарин арзиш дар ин гуна оила озодӣ ба ҳисоб меравад: озодии дин, виҷдон, интихоби касб, фарзанддор шудан, ба шавҳар итоат кардан ё накардан... Акнун биёед назар меафканем, ки дар муқобили ин зуҳуроти номатлуб (ба қавли бархе аз ғарбиён «олитарин арзишҳои ояндаи башарӣ»), ки дар сохти оиладории Ғарб зуҳур кардаанд, оилаҳои классикии тоҷик чиро муқобил мегузоранд. То ҳол тоҷик фақат ба хотири идома додани насл, тавлид намудан ва ба камол расонидани фарзанд оила барпо мекунад. Оилаи тоҷик ба хотири ҳадафҳои муваққатӣ не, балки аз рӯйи барномаи муайян ташкил карда мешавад, ки инсоният онро аз аввали пайдоиши худ тарҳрезӣ кардааст. Барои тоҷикон оилаи маъмулӣ танҳо ҳамзистии зану шавҳар ва фарзандон нест, балки дар ин оила симоҳои дигаре низ нақши муҳим доранд: бобокалону модаркалон, хусуру хушдоман, бародарону хоҳарон ва ғайра. Аз ин ҷо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
якумин арзиши хонаводагӣ падидор мегардад, ки ҷамъият ба ҳисоб меравад. Эҳтироми ҳамдигарӣ дар байнӣ аъзои ин оила ҳатмӣ буда, як зинаи башардӯстӣ (гуманизм) ба ҳисоб меравад. Табиист, ки оилаи солим нахустин мактабест, ки барои худшиносӣ ва тарбияи шахс дар рӯҳияи инсонпарварӣ нақши муҳим мебозад. Муттаҳидӣ ва мавҷудияти эҳтироми якдигарии аъзои оила метавонад барои дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия ёфтани фарзандон нақши муассир дошта бошад. Тарзи зиндагии хонаводагии тоҷикон намунаи барҷастаест, ки шахс дар он муносибати хайрхоҳонаро бо атрофиён меомӯзад. Дин дар хонадони тоҷик моҳияти ҷавҳарӣ ва аҳамияти меҳварӣ дорад. Он аз аввалин қадамҳои ташкилёбии оила то ба охир муқаддас дониста мешавад. Дигар арзише, ки аз ин ҷо бармеояд, никоҳ – қонунӣ кардани муносибати заношӯӣ мебошад. Пас аз бастани ақди никоҳ зану шавҳар масъулияти зиёдро бар зима мегиранд. Нуктаи муҳиме, ки ин ҷо бояд зикр шавад, муносибати байни фарзандон аст. Дар оилаҳои ғарбӣ дараҷаи баландтарини муносибати бародарону хоҳарон то зинаи рафоқати мо мерасад. Аммо муносибати фарзандони мо дар заминаи дӯстӣ ва меҳрубонии зиёд ҷараён дорад. Ғарбиҳо дарк намудаанд, ки рӯз то рӯз муносибати байниҳамдигарии аъзои оилаашон коҳиш ёфта истодааст. Аммо ҳанӯз ҳам барои онҳо «анъанаи муносибати зану шавҳар, волидону фарзандон, бобоёну наберагон, гиромидошти ҳуқуқи бародариву хоҳарӣ ва монанди инҳо, масъалаҳое ҳастанд, ки дар назари аввал хурду реза, камаҳамият ба назар мерасанд. Аммо бӯҳрони маънавӣ аз ҳамин хурду резаҳо маншаъ гирифтааст». (Назри Яздон) То ин ҷо ҳар сухане, ки гуфтем ба оилаҳои замонавии ғарбӣ ва ба оилаи классикии тоҷик дахл доштанд. Лекин набояд фаромӯш кард, ки дар Ғарб то ҳанӯз оилаҳое ҳастанд, ки аз рӯйи меъёру арзишҳои классикии оиладорӣ умр ба сар мебаранд (ин оилаҳо асосан дар деҳот ва шаҳрҳои хурд зиндагӣ мекунанд), инчунин дар Тоҷикистон низ оилаҳои замонавие ба чашм мерасанд, ки дар асоси тақлиди ноогоҳона ба ғарбиён пайдо шуда истодаанд ва ин гуна оилаҳо бештар дар шаҳрҳо мақом доранд. Шояд сабаби асосии ин таҳаввулоти оилавӣ ба нуқтаи баландтарини худ расидани маданият бошад, ки ба қавли файласуфи немис Освалд Шпенглер: “Дар ин дараҷа маданият дигар ба як системаи беруҳ табдил ёфта, барои он ҳамаи арзишҳои табиие, ки барои зиндагии инсони заминӣ заруранд, бегона мегарданд”. Мувофиқи маълумоти Идораи омори Комиссияи аврупоии «Eurostat» (соли 2006) дар мамлакатҳои Иттиҳоди
Аврупо ба 2,2 никоҳ 1 талоқ рост омада, аз 3 як нафар кӯдак ғайриқонунӣ ба дунё меоянд. Ғарбиён, ки аксаран бо такя ба муд ва охирин дастовардҳои илму техника умр ба сар мебаранд, никоҳро як чизи кӯҳнашуда, яъне, аз муд баромада ҳисоб мекунанд. Гумон меравад, ки онҳо муносибати худро ба никоҳ ва оила дар солҳои наздик дигар нахоҳанд кард, ҳарчанд имрӯз шоҳиди намоиши ғамангез ва фоҷиавие ҳастанд, ки худ ба саҳна гузоштаанд: хонаҳои боҳашамату зебо, мизҳои таомхӯрӣ ва хӯрданиҳои алвон, аммо курсиҳои холии зиёд. Қисмати дуюми ин саҳна аламангезтар аз аввал аст: биҳиште дар рӯйи замин; ҳама аз неъмати он баҳравар; аммо нишоне аз соҳибони он боқӣ намондааст. Дар раванди таҷдиди назар ба оила, дар раванди ворид кардани тағйироти куллӣ ба сохтори оила, ҳамчун арзиши бунёдии ҷомеа, бо мурури замон чунин мушкилоте ба вуҷуд омад, ки онро ҷомеашиносони ғарбӣ бӯҳрони ҳаёти маънавӣ арзёбӣ кардаанд. Яъне, равшанфикрони Ғарб, аллакай, ҷамъиятро ба роҳи хато бурдани ин оилаҳои замонавӣ дарк намудаанд ва бо ҳар роҳ мехоҳанд ҷомеаи худро аз ин шакли берӯҳӣ ва бе рӯҳониятӣ ба системаи зиндаи классикӣ, ки Ғарбро оламгир карда буд, баргардонанд. Ба таври дигар гӯем, онҳо умед бар он мебанданд, ки айёме фаро мерасад, ки занҳои Ғарб боз ба ақидаи инкоркардаашон – «Зан бояд фарзанд таваллуд кунад ва онҳоро тарбия намояд», бармегарданд. Натиҷаи бунёди маънавияти холӣ аз арзишҳои динӣ, аз ҷумла оилаи дунявӣ ҳанӯз маълум нест, аммо аллакай Ғарб таъми меваҳои талху тумчи онро дар шакли муносибатҳои маҳрамонаи аз ақл берун – ҳамзистӣ ва ҳамхобагии ошкорои мард бо мард ва зан бо зан, исқоти бемаҳал ва бешумори ҳамл, инчунин, бефарзандӣ ё камфарзандии саросарӣ чашида истодааст. Дар охир бояд қайд кард, ки барои тоҷикон дар ин марҳалаи тақдирсоз, давраи таҳаввулоту тағйироти босуръат, муколама ва бархӯрди маданияту фарҳанг ва дину оинҳо беҳтарин роҳ барои ташкил ва нигоҳдории оила қолаби анъанавиест, ки аз гузаштагон мерос мондаааст. Оилаи анъанавии тоҷик бар талаботи дини пок, арзишҳои баланди башарӣ, аз қабили инсондӯстӣ, эҳтироми шахс, покӣ, умедворию хушбинӣ ва тамаддунофарӣ асос ёфтааст ва он метавонад аз ҷиҳати маънавӣ имрӯз ва оянда намунаи беҳтарини бунёди оила бошад. Моро зарур аст, ки ин қонуну қоида ва урфу одатро ба воситаҳои муассир ва қобили қабул ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тарғиб ва ташвиқ намуда, дар равандӣ эҳёгароии оила саҳм гузорем.
Алишери МУҲАММАДӢ
5
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
ФАРҲАНГ
Маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар Франкфурт муаррифӣ мешавад Маротибаи дуюм маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байналмилалии молҳои истеъмолӣ – “Ambiente”, ки 12-16 феврали соли оянда дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.
Сабаби гармиҳои моҳи июл чӣ буд? Ҳафтаи сипаришуда тибқи фармони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода Клуби экожурналистони Тоҷикистон фаъолияти худро дубора оғоз кард. Муовини раиси кумитаи мазкур Ойхон Шарифова дар машғулияти нахустин изҳор дошт, ки ҳадафи таъсиси маҳфили хабарнигорони соҳаи экология пеш аз ҳама беҳтар намудани сифати матолиби навишташуда ва тавассути ВАО баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. - Офатҳои табиии чанде пеш дар ВМКБ ва минтақаи Рашт рухдода моро водор месозад, ки ба аҳолӣ дар бораи сар задани чунин ҳодисаҳо, роҳҳои пешгирии ин гуна фалокатҳо, усулҳои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим маълумоти муфассал диҳем, - гуфт Ойхон Шарифова.- Аҳолӣ бояд дарк намояд, ки ҷамъ шудани партовҳо, афзоиш ёфтани ихроҷи газҳои парникӣ, буридани дарахтон, биёбоншавӣ, умуман, муносибати нодуруст бо табиат ба чӣ гуна оқибатҳои ногувор оварда мерасонад. Доктори илмҳои тиб, профессор Абдулҳамид Қаюмов дар мавзӯи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт” сухан ронда, хотиррасон намуд, ки дар натиҷаи индустрикунонӣ ва ривоҷу равнақи соҳаи нақлиёт ихроҷи газҳои гармхонаӣ дар сайёра афзуд. Дар натиҷа, ҳавои курраи замин гарм шуда, бо обшавии пиряхњо шумораи селу обхезиҳо ва ҳаҷми хисорот аз ин офатҳо торафт бештар мешавад. Аз ҷумла, 10 соли охир дар Тоҷикистон гармшавии аз ҳад зиёди ҳаво ба назар мерасад, ки боиси афзоиши теъдоди офатҳои табиӣ гаштааст. Шумораи пиряхҳои хурд низ торафт дар ҷумҳурӣ кам мешавад. - Тағйирёбии иқлим танҳо гармшавии аз меъёр зиёд нест, - гуфт А. Қаюмов. – Моҳи январи соли 2008 дар Тоҷикистон
6
якбора хунукшавии ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки 15-20 рӯз идома ёфт. Чунин ҳавои сарди дурудароз хоси зимистони диёри мо набуд, ки он боиси сармо задани ниҳоли дарахтони субтропикӣ гардид. Одатан дар ҷумҳурии мо обшавии барфҳои болои пиряхҳо то нимаи аввали моҳи август сурат мегирифт. Солҳои охир бинобар якбора гармшавии ҳаво суръати обшавии пиряхҳо афзуда истодааст. Гармшавии ҳаво барои гирифторони як қатор бемориҳо, алалхусус беморони дилу рагҳо, фишори баланди хун, диабети қанд ва ғайра мушкилиҳо пеш меорад. Директори Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҳомидҷон Расулзода дар мавзӯи “Шарҳи обнокии дарёҳои Тоҷикистон” маълумот дода, чунин гуфт: - Дар давоми даҳрӯзаи якум ва дуюми моҳи июн дар натиҷаи баланд гардидани ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби дарёҳои Панҷ, Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Вахш, Хингоб, Зарафшон ва шохобҳои онҳо, ки манбаи ғизогириашон аз ҳисоби пиряху барф мебошад мушоҳида шуд. Сарфи оби миёнаи даҳрӯзаи дуюми моҳи июл дар дарёҳои Вахш 122%, Хингоб 136%, Зарафшон 133%, Ёхсу 160-248%, Ванҷ 180% ва Ғунд 285 дарсади меъёрро ташкил дод. 16-19 июли соли равон дар дарёҳои Ғунд, Ванҷ ва Хингоб селу обхезӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ин офати табиӣ ба хоҷагии халқ хисороти калон расид. Сардори шуъбаи пешгӯии обу ҳавои Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева дар мавзӯи “Пешгӯии офатҳои табиӣ” сухан ронда, гуфт, ки “ба обу ҳавои ғайримуқаррарӣ дар нимаи аввали моҳи июл ҷараёнҳои осиёмиёнагии депрессивӣ асос гузоштанд”. - Одатан давомнокии миёнаи чунин ҷараёни обу ҳаво 3-7 рӯзро ташкил медиҳад, - гуфт Ҷ. Байдуллоева. – Аммо таҳлили шароитҳои аэрологии обу ҳавои нимаи аввали моҳи июли соли равон нишон дод, ки ин ҷараён имсол 15 рӯз идома ёфта, чунин намуди ҷараёнҳо ҳолати ғайримуқаррарӣ ба ҳисоб мераванд. Такрорёбии он ҳарорати умумии сифати тобистонро муайян мекунад. Ҳар қадар, ки тобистон гарм шавад, чунин ҷараён
такрор меёбад. Моҳи июл ҳарорати ниҳоии ҳаво дар Тоҷикистон рӯз то рӯз баланд шуда, дар водиҳо (ҳамчунин, дар ноҳияи Дарвоз) ба +43 дараҷа, дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон бошад, ба +44, +48 дараҷа расид. Дар шаҳри Душанбе соли 1944 шумораи ниҳоии рӯзҳо бо ҳарорати +40 дараҷа ва зиёда аз ин 13 рӯз, дар соли 2015 бошад, танҳо моҳҳои июну июл 11 рӯзро ташкил дод. Солҳои 1944, 1977, 1983 аксари стансияҳои обуҳавосанҷӣ шумораи аз ҳама зиёди рӯзҳоро бо гармии зиёда аз 40 дараҷа ба қайд гирифтаанд. Чунончӣ, соли 1977 гармии баланд дар ноҳияҳои Шаҳритус 53 рӯз ва дар Панҷ 26 рӯз идома ёфт. - Болоравии ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дар даҳаи якуму дуюми моҳи июл сабаби зуд об шудани барфҳову захираи ях ва боиси баландшавии сатҳи об дар дарёи Ғунд гардид, - гуфт Ҷ. Байдуллоева. – Дар ин давра ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хоруғ то +35, +38 дараҷа ва мавзеи Навобод то +30, +35 дараҷа боло рафта, ҳарорати миёнаи шабонарӯзии ҳаво аз ҳарорати миёнаи бисёрсола +4, +6 дараҷа бештар буд. Ойхон Шарифова дар бораи сабабҳои рӯй додани хатарҳои экологӣ сухан карда, таъкид намуд, ки партофтани партовҳо ба селроҳаҳо боиси пуршавии сойҳо гашта, ҳангоми боришоти зиёд сел маҷрои худро иваз менамояд. Ҳамчунин, обёрии заминҳо ба воситаи ҷӯйбор ва қубурҳо дар талу теппаҳо баъзан боиси пайдоиши ярч мегардад. Саривақт нагузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қитъаҳои нисбатан хатарноки соҳили дарёҳо бо нишондоди мушоҳидаҳои чандинсола ва хусусиятҳои гидрологии дарёҳо ба зиёдшавии селҳо дар мавсими обхезӣ мусоидат мекунад. Ба гуфтаи сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Гулрухсор Тиллоева маҳфили журналистони соҳаи экология минбаъд моҳе як бор баргузор мешавад.
Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастии кишвар ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ин намоишгоҳ ёрӣ мерасонад. 31 июл дар як давраи омӯзишие дар шаҳри Душанбе намояндагони эҳтимолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Франкфурт бо роҳҳои омодагӣ ба намоишгоҳ ва иштироки фаъолу манфиатнок дар он шинос шуданд. Намояндагони Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, ширкатҳои “Рухом”, “Умед”, “Суман”, “Мумтоз”, Ҷаҳоннек” ва “Озара” дар давраи омӯзишӣ иштирок карданд. Дар он мушовири байналмилалии МТБ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ Габриэла Бёрде ширкаткунандагонро бо имкониятҳои бозорёбӣ ва равандҳои байналмилалии тарроҳӣ, ҳамчунин, бо натиҷаҳои охирини иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ шинос кард. Бону Бёрде, ки ба ҳайати Тоҷикистон дар омодагӣ ба намоишгоҳи Франкфурт ёрӣ медиҳад, мегӯяд, “муштарак бо шарикони маҳаллӣ сари масъалаҳои интихоби маҳсулот ва беҳсозии он кор кардем ва иқтидори содиротии корхонаҳоро баҳогузорӣ намудем. Ширкатдорони давраҳои омӯзиширо бо намоишгоҳ, маҳсулоти қобили намоиш ва роҳҳои дарёфту қабули фармоишҳо шинос кардем. Масъалаҳои ташкилӣ, равандҳои тарроҳӣ, ва рушди тарроҳӣ, ҳамчунин, василаҳои истифодаи беҳтари иштирок дар намоишгоҳ барои рушди бозорёбии ширкат низ дар маркази таваҷҷуҳи мо буд”. Ҳар сол дар намоишгоҳи “Ambiente” 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он чорабиниҳои дигар низ баргузор мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд. Бо ёдоварӣ аз иштироки қаблии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Франкфурт дар моҳи феврали соли ҷорӣ, хонум Бёрде мегӯяд, “иштироки қаблӣ ба мо ҷанбаъҳои қавӣ ва заифамон, ҳамчунин, он сатмҳоеро, ки ба таваҷҷуҳи бештар ниёз доранд, нишон дод. Он ба ҳайати Тоҷикистон имкон дод, то пешниҳодҳои ширкатҳои рақибро омӯзанд ва доир ба талаботи бозор дар мавриди тарҳи маҳсулот, сифат ва нарх маълумот пайдо кунанд. Мо натиҷаҳои иштироки қаблиамонро таҳлил карда, умедворем, ки ин бор аз Франкфурт бо натиҷаҳои беҳтар бармегардем, ҳарчанд иштирок дар намоишгоҳҳои касбӣ раванди дурударози роҳандозии тамосҳои устувори корӣ мебошад”.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ТАНЗИМИ АНЪАНА Тайи чанд соли охир баргузории ҳар гуна ҷашну маросим бо риояи талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон” ба роҳ монда шудаву пайваста аз ҷониби масъулин назорат мешаванд, ки бешак ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, хоса сокинони деҳот хеле созгору мувофиқ аст. Мақсади таҳияи қонун ба хотири сарфаи буҷети оилавии мардум, мақсаднок истифода намудани он, аз ҷумла барои зиндагии муносиб, таълими дурусти фарзандон, муҳайё кардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳли оила мебошад. Меҳмоннавозиву пазироӣ ва гиромидошти меҳмон яке аз фазилатҳои неки мардуми тоҷик ба шумор меравад. Вале дар ҳама кор, аз ҷумла оростани дастархон андоза нигаҳ доштан хуб аст. Чанде қабл иттифоқан дар маъракаи гаҳворабандони яке аз сокинони як деҳаи ноҳияи кӯҳистон ширкат доштам. Ростӣ, нахуст аз дастурхони пур аз нозу неъмат ва фаровонии ризқу рӯзии ин мардум хушҳол шуда, баробари онҳо шукргузорӣ намуда, дар қатори ҳама бо дуои модари пире даст ба дуо бардоштам: “Бигзор, ризқу рӯзиамонро аз ин ҳам зиёда гардонад”. Вақте вориди хона шудем, соат 9-и субҳ буд ва дарҳол бароямон субҳона, яъне ширравған оварданд. Меҳмонон, аллакай хӯроки якумро тановул намуда буданду аз афташ мо онҳоро барои овардани хӯроки дуюм каме маътал намудем. Инак, хӯроки дуюм – ширбиринҷ омад. Баъд аз як-ду қошуқ хӯрдан табақҳоро бардоштанду ба ҷояшон хӯроки сеюм – кашк гузоштанд. Кашк хӯроки серғизоест аз гандуми куфта ва каллаву поча, ки аз аввали шаб то субҳ дар дегҳои калон дар даруни оташдон омода мешавад. Ман ба соҳибхона ишора кардам, ки ин хӯрокро каме дертар меоварданд, то хӯроки қаблӣ каме ҳазм мешуд, онҳо гуфтанд, ки дар навбат хӯрокҳои зиёд ҳасту ба ҳамааш навбат намерасад. Ман нахуст инро як ҳазли сабук пиндоштам. Вале вақте дидам, ки табақҳои кашкро ҳанӯз набардошта, табақҳои фатирмаскаи гармро гузоштанд, дарк кардам, ки онҳо ҷиддӣ мегӯянд. Ман аз зани дар паҳлӯям нишаста суол кардам, охир, соат нав 11 ҳоло рӯз дар пеш аст, шояд каме таҳаммул намоянд. Ӯ, ки зоҳиран зани ботамкине буд, оромона гуфт: “Фоида надорад, аздусар ҳама хӯрокро омода кардаанду онҳоро хӯрдан даркор...” Ҳамин тавр, баъд аз ним соат дар косаҳо ду намуд шурбои яке аз гӯшти гов, дигарӣ аз гӯшти гӯсфанд омодашударо оварда, пеши меҳмонҳо гузоштанд.
Ман аллакай сер шуда будаму ба он даст расонида натавонистам. Аҷибаш ин буд, ки соҳибхонаҳоро парвое нест, ки мо хӯрокро мехӯрем ё не. Гӯё пеши касе қасам хурда бошанд, ки ҳатман ҳамаи ин ғизоҳоро дар як рӯз бояд рӯи дастархон гузоранд... Инак, пайи ҳам хӯрокҳои нисфирӯзӣ – оши палав, картошкабирён ва манту овар-
мардуми деҳа “худодод” нӯши ҷон менамоянд. Ин танҳо як рӯзи маъракаи гаҳворабандон дар як оилаи камбизоати деҳаи кӯҳистон аст. Тасаввур кунед, ки маъракаҳои шахсони мансабдор чӣ гуна баргузор мешаваду шумораи танҳо анвои таомҳо гоҳо то ба 15-18 номгӯ мерасад. Ин ҷо мо танҳо хӯрокро шумурдем. Пур кардани дастур-
ва дар ин радиф орзуҳои ӯ низ бешумор асту инсон ҳамеша пайи амалисозии онҳо кӯшиш менамояд. Аммо ба хотири “аз дигарон қафо намондан” роҳ додан ба исрофкорию зиёдаравӣ сарчашмаи асосии касодии оила, нодориву қашшоқӣ ва оқибат нишонаи ношукриву носипосӣ аст. Дини муқаддаси ислом аз ибтидо ба таҳсили илм ва хатту савод аҳамияти зиёд зоҳир намудааст. Он тарғибгари илму фарҳанг буда, ахлоқу маънавиётро дар пояи аввал мегузорад. Бояд гуфт, ки ислом танҳо намозу ибодат ва як чизи шахшуда набуда, ҳамеша барои созгории ҳаёту пешрафти инсоният ва танзими он роҳнамоиҳо мекунад. Пайғомбари акрам (с) фармудаанд: «Талаб кардани илм барои марду зани мусулмон фарз аст». Аз ин рӯ, агар волидон он маблағи ҳангуфтро, ки барои баргузории чунин маъракаҳои беҳудаву касодкунандаи буҷаи хонавода масраф мешавад, барои таҳсилу илмомӯзии фарзандон, сару либос
дад, боиси бадбахтии ду ҷаҳони ӯ мешавад. Дигар ин ки исрофкорӣ шахсро ношукр ва ризқу рӯзӣ ва неъматҳояшро кам мегардонад. Тарафи дигари масъала ин аст ки имрӯзҳо аксари мардуми кишвар, бахусус ҷавонон, дар муҳоҷират қарор доранду барои беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳли оилаи худ, дур аз ёру диёр ва наздикон, бо мушкилиҳои зиёд фаъолият менамоянд. Бархе аз онҳо танҳо ба хотири тӯйи хатнасур ва ё хонадоркунии фарзанд ба кишварҳои бегона сафар мекунанду пас аз баргаштан маблағи солҳои тулонӣ бо заҳматҳои гарон бадастовардаи худро дар ҷашни якрӯза сарф менамоянд. Аслан, дар сарфаю сариштакорӣ занҳо бояд саҳм гузоранд, чунки вазифаи мард пайдо кардани маблағ аст. То куҷо он мақсаднок ва сарфакорона масраф мегардад, ба ақлу заковат ва фаросати зан вобастагии зиёд дорад. Имрӯз занҳои бисёр азизу модарони мушфиқи моро мебояд, ки то ҳадди зарурӣ мулоҳизакор
Исрофро душман дор
Сабаби фақириву нодорӣ исрофкорист данд. Дилам беҳузур шуду хостам каме ба ҳавои тоза бароям. Аммо манзарае, ки рӯи ҳавлӣ пеши назарам ҷилвагар шуд, маро моту мабҳут сохт. Ҳама табақу косаҳои нимхӯрдаи меҳмонон, ки аз чанд хона берун оварда буданд, дар рӯи ҳавлӣ паҳну парешон мехобид. Пасмондаҳои хӯрокҳоро дар зарфҳои калони барои чорво болои ҳам мерехтанд. Ба соҳибхона гуфтам, ки чаро чунин сарфу харҷи барзиёд мекунед? – Дар қишлоқ, агар ҳамин хел накунем, ҳама механданд, ин ҳоло кам аст, - бо табассум ҷавоб дод ӯ ва шӯхиомез гуфт, - ба моҳибирёну мурғбирён зӯрамон нарасид... – Барои ҳамаи ин аз куҷо маблағ пайдо кардед? - боз кунҷковона пурсидам ман? - Бачаҳо дар Русия кор мекунанд, ҳамонҳо мефиристанд, - гуфт дар ҷавоб соҳибхона ва ҳамин замон аз хона овози зане баромад, ки маро ба хӯроки охирин даъват мекард: “Биё, “шаббахайр”мехӯрем!” Ман суоломез ба зани ҳамроҳам нигаристам. Ӯ хандида гуфт: “Ин мардум шухтабиат аст, хӯроки охиринро, ки гӯштбирён аст, “шаббахайр” меноманд. Ҳама механдид, вале маро андешае ором намегузошт: баъд аз чунин маъракаи сертараддуд ва сар то по исроф яқин аст, ки ин оила ба қарз ғӯтидаву шояд чандин моҳу соли дигар қомат рост карда натавонад. Аз ҳама таассуфовараш ин буд, ки намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва масъулони риояи танзими анъана ва ҷашну маросим низ дар чунин маъракаҳо ширкат намудаву дар қатори меҳмонони фахрӣ аз он ҳама нӯшу неъматҳои, ба қавли
хон бо қанду шириниҳо, самбӯсаву кулчақанд, хӯришу меваҷот, шарбату нӯшокиҳо ва дигар “ороишот”, “бо иззату икром” гуселондани меҳмонон ва “розӣ кунондан”-и онҳо мавзӯи баҳси дигарест... Дар ҳақиқат, чанд сол қабл роҳбарияти кишвар яке аз ниёзҳои имрӯзаи ҷомеаи мо маҳсуб гардидани танзими анъана ва ҷашну маросимро дарк намудаву парлумони кишвар Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”ро ба тасвиб расонд. Ин санад, ки аслан идомаи беҳсозии вазъи маишии шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад, ҳам ҷанбаи ахлоқию равонӣ ва ҳам ҷанбаи моддию маишии ҷомеаро дар бар мегирад. Мавриди зикр аст, ки қонуни мазкур дар як муддати кутоҳ зарурат ва аҳамияти худро барои ҷомеаи Тоҷикистон собит сохта, ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии исрофкорию хараҷу мараҷи беҳуда дар маъракаҳои мардумӣ ва дар ин замина паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа то андозае мусоидат намуд. Аммо тавре аз баъзе мушоҳидаҳо, ки зикраш дар баёни мухтасари як маъракаи хурдакаки болоӣ рафт, аён мегардад, ки ҳоло низ дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешидан мебояд. Ҷомеаи мо, ки иҷтимоӣ буда, бар пояи арзишҳои миллию исломӣ ташаккул ёфтааст, ҷашну маросимҳояш низ метавонад аз ҳамин нигоҳ мавриди арзёбӣ қарор бигирад. Пайғамбари акрам (с) фармудааст: «Одами сарфакор ҳеҷ гоҳ мискин (камбағал) намешавад» (ривояти Имом Аҳмад). Албатта ниёзу хостаҳои инсон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ва дигар ашёи мактабӣ масраф намоянд, ҳам амали хайру савоб аст, ҳам сарфакориву қадршиносии заҳматҳои сангин. Пас, беҳтар ва заруртар барои ҳар як мусулмон ин аст, ки ба масъалаи таҳсилу соҳиби касбу илм шудани фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Дар ояти 31-и сураи “Аъроф” омадааст: «…Бихӯред ва биёшомед ва исроф макунед, ки ӯ (Худованд) исрофкоронро дӯст намедорад». Яъне, шариат зидди истифодаи неъматҳо нест, вале исрофро манъ мекунад. Дар ривояте аз Паёмбари акрам (с) нақл шудааст, ки фармуд: «Ин ки ҳар чи дилат бихоҳад бихӯрӣ, исроф аст». Дар ривояти дигар дар бораи камтарин андозаи исроф сухан ба миён омада, дур рехтани пасмондаи зарфи об ё таом, либоси берунпӯширо ба либоси хонапӯшӣ табдил кардан ва партофтани донаҳои меваю хурморо исроф номидааст. Пас, мо бояд дар ҳар кору амаламон диққат кунем, ки мабодо ба исрофкорӣ роҳ надиҳем. Нисбат ба истифодаи обу таом, дарахтону меваҳо ва дигар неъматҳои Худованд боэҳтиёт бошем ва аз андоза бештар сарф накунем, зеро исрофкорӣ ба иқтисоди шахси исрофкор зарба мезанад ва ӯро оқибат ба фақру ниёзмандӣ мерасонад. Тавре аз оятҳову ривоятҳои зиёди “Қуръон”-и карим маълум мегардад, ин амал зарару зиёнҳои хатарноктаре низ дорад. Исрофкорӣ аз як ҷиҳат инсонро ба сафи гуноҳкорон ворид созад, аз ҷиҳати дигар он моле, ки дар ҳақиқат метавонист сабаби саодати дунёву охирати инсон гар-
бошанду ба қадри меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии ҳамсарону бародарони дур аз ватани худ бирасанд. Илова бар ин, ҳар як фарди солимфикри ҷомеаро мебояд, ки аз мавқеи бетарафӣ берун омада, алайҳи чунин исрофкориҳои зиёновар мубориза баранд. Унсурулмаолии Кайковус дар асари машҳури худ “Қобуснома” зимни муроҷиат ба фарзандаш чунин мефармояд: “Исрофро душман дор ва шум дон. Сабаби фақириву нодорӣ исрофкорист. Дар хӯрдан ва гуфтан, дар ҳар шуғле, ки бошӣ, исроф набояд кард. Исроф танро бикоҳонад, нафсро бираҳонад ва ақлро заиф гардонад. Исроф зиндаро бимиронад». Бамаврид аст, агар дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ омӯзиши сарфаю сариштакорӣ тавассути корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ ва соатҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шавад. Бо назардошти он ки ҷавонони имрӯза дар вазъияти пуртаззоду пурфоҷеаи ҷаҳони муосир ба воя мерасанд, моро мебояд, ки онҳоро дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллӣ тарбияву раҳнамоӣ намоем. Ҳамчунин, зарур аст, ки на танҳо сохторҳои дахлдори давлатӣ, балки ҳамагон барои пешгирии қонуншиканӣ ва рафъи ҳар гуна мушкилот паҳлуи ҳам камари ҳиммат бандем ва ҳамагон бояд дарк намоем, ки яке аз шартҳои асосии ноил шудан ба зиндагии арзанда маҳз амалӣ шудани талаботи қонунҳои миллӣ мебошад. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
7
БАРОИ МУҲОКИМА Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи “Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ”-ро таҳия намудааст. Аз тамоми шахсони манфиатдор, федератсияҳои варзишӣ, кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, варзишгарон ва мураббиён ва собиқадорони соҳа, инчунин муассисаву ташкилотҳо ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки вобаста ба лоиҳа фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳои худро ба суроғаи электронии akis_leonardo@mail.ru ирсол намоянд ва ё бо рақамҳои 236-4187, 98-750-5218 дар тамос шуда, фикру андешаҳои хешро иброз намоянд. Барои пешравӣ ва солимии аҳолӣ бетараф набошед. Фикри шумо барои мо аҳамияти муҳим дорад. 1. Муқаррароти умумӣ 1. Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ (минбаъд – Низомнома) тартиб, шарт ва қоидаҳои гузаронидани аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзиширо муайян менамояд. 2. Федератсияи варзишӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, бо мақсади оммавӣ ва рушд додани намуди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. 3. Аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ - ин ҷараёни соҳибҳуқуқ эътироф гаштан ва пайдо намудани ҳуқуқи пурраи амалкунии федератсияи варзишӣ мебошад. 4. Аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (минбаъд - мақомоти ваколатдори давлатӣ) гузаронида мешавад. Филиал ва ё намояндагии федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (минбаъд - ВМКБ), вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе аз ҷониби сохторҳои дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта мешаванд. 5. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиш аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида мешавад. Дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе танҳо он федератсияи варзишӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки дар он ҷо федератсияи варзишӣ оид ба ҳамон намуди варзиш фаъолият надошта бошад. 6. Федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиш уҳдадор аст, ки на кам дар се минтақаи ҷумҳурӣ филиал ва намояндагиҳои худро таъсис диҳад ва дар заминаи онҳо ҳамчун федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ аз аккредитатсия давлатӣ гузаронида мешавад. 7. Филиал ва намояндагиҳои федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе дар доираи ҳамон минтақае, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, фаъолият мекунанд. 8. Федератсияҳои варзишии ҷумҳуриявӣ дар чор сол як маротиба аз аккредитатсия давлатӣ гузаронида мешаванд. 9. Пас аз гузаштани аккредитатсияи давлатӣ ба федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ дода мешавад (замимаи 1). 10. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ (минбаъд – Шаҳодатнома) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гузаштани федератсияи варзишӣ аз аккредитатсияи давлатӣ буда, дар асоси он федератсияи варзишӣ ҳуқуқи пурраи амалкуниро соҳиб мегардад ва он ба муҳлати чор сол амал мекунад. 11. Гузаронидани аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ ва додани Шаҳодатнома пулакӣ буда, барои баррасии ариза чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои гузаронидани аккредитатсияи давлатӣ ва додани Шаҳодатнома даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда мешавад ва он ба суратҳисоби махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад. 12. Филиал ва намояндагиҳои федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе дар асоси Шаҳодатномаи федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиш фаъолият мекунанд. 13. Федератсияи варзишӣ оид ба намуди варзиш, ки аз аккредитатсияи давлатӣ нагузаштааст, ҳуқуқ надорад: - номзадии варзишгарон ва мураббиёнро барои сазовор гардонидан ба дараҷа ва унвонҳои варзишӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд; - ҳангоми таҳияи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ,
8
ҚАРОРИ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ” Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д: Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад); Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ чораҳои зарурӣ андешад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
НИЗОМНОМА
оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ таклифу пешниҳодҳо манзур кунад. 14. Мақомоти ваколатдори давлатӣ бо федератсияи варзишие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ нагузаштааст шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонида, чорабиниҳо ва мусобиқаҳои баргузормекардаи онҳоро маблағгузорӣ намекунад. 2. Тартиби гузаронидани аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ 15. Барои аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштан федератсияи варзишӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд: а) ариза дар бораи гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ (замимаи 2); б) маълумот дар бораи шахсони идоракунандаи федератсияи варзишӣ; в) маълумот дар бораи ба қайди давлатӣ гирифтани федератсияи варзишӣ ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятӣ; г) нусхаи Оинномаи федератсияи варзишӣ; д) маълумоти тасдиқкунанда дар бораи мавҷуд будани филиал ва намояндагиҳои федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар на кам аз се минтақаи ҷумҳурӣ вобаста ба ҳамон намуди варзиш; е) маълумотномаи тасдиқкунанда дар бораи он ки федератсияи варзишии аккредитатсияшаванда аъзои федератсияи варзишии байналмилалӣ мебошад; ё) барномаи тасдиқшудаи рушди намуди варзиш барои давраҳои миёнамуҳлат аз ҷониби федератсияи варзишӣ; ж) қоидаҳои амалкунандаи намуди варзиш; з) маълумот оид ба ҳайати кормандон, аз ҷумла мураббиён; и) сарчашмаҳои даромад ва маблағгузорӣ; й) нақшаи кори солонаи федератсияи варзишӣ; к) Барномаи омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ; л) расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ. 16. Муҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи федератсияи варзишӣ барои гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ як моҳ мебошад. 17. Барои баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва гузаронидани аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар назди мақомоти ваколатдори давлатӣ Комиссияи махсус аз ҳисоби мутахассисони соҳа таъсис дода мешавад. Комиссия ваколатдор ҳисобида мешавад, агар дар ҷаласаи он аз нисф зиёди аъзои он иштирок дошта бошанд. 18. Барои анҷоми таҳлилу омӯзиши қаблии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва корҳои ташкилӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ котиботи Комиссия таъсис дода мешавад. Котибот пешниҳодҳои воридгардидаро оид ба гузаронидани аккредитатсияи давлатӣ дар муҳлати муқарраргардида мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ҳуҷҷатҳоро пурра мекунад ва онро барои баррасӣ ба Комиссия пешниҳод менамояд. Котибот ҳуқуқ дорад пешниҳодҳоро барои гузаронидани аккредитатсияи давлатӣ мустақилона бо тамоми тарзу усулҳое, ки қонугузорӣ манъ накардааст, мавриди санҷиш ва таҳлил қарор диҳад. 20. Комиссия пешниҳод ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо мавриди баррасии
Лоиҳа
ҳамаҷониба қарор дода, доир ба гузаштан ва ва ё нагузаштани федератсияи варзишӣ аз аккредитатсия давлатӣ қарор қабул мекунад. Қарори Комиссия бо суратҷаласа ба расмият дароварда шуда, ба он Котиб ва Раиси Комиссия имзо мегузоранд. 21. Дар сурати қабули қарор дар бораи гузаштани федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ аз аккредитатсияи давлатӣ, аз ҷониби Комиссия лоиҳаи фармоиши роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи гузаштани федератсияи варзишӣ аз аккредитатсия давлатӣ ва ба он додани Шаҳодатнома таҳия ва барои имзо пешниҳод карда мешавад. 22. Мақомоти ваколатдори давлатӣ омори дорандагони Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзиширо пеш мебарад. 23. Дар асоси санади мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки гузаштани федератсияи варзишии ҷумҳуриявиро аз аккредитатсияи давлатӣ тасдиқ мекунад ба федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ Шаҳодатнома дода мешавад. 24. Бо асосҳои зерин мақомоти ваколатдори давлатӣ гузаронидани федератсияи варзишии ҷумҳуриявиро аз аккредитатсияи давлатӣ рад мекунад: - пешниҳод накардан ва ё ба пуррагӣ пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 15 Низомномаи мазкур пешбинӣ шудаанд; - пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқнашуда; - мавҷуд будани федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта оид ба ҳамон намуди варзиш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25. Дар ҳолати рад кардан оиди гузаронидани аккредитатсияи давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ ба федератсияи варзишие, ки барои гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намудааст, сабаб ва омилҳои радкуниро ба тариқи хаттӣ хабар медиҳад. 26. Дар ҳолати гум кардани Шаҳодатнома, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар муддати 10 рӯзи корӣ бо дархости хаттии федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ, ки эълони дахлдорро дар васоити ахбори омма доир ба гум шудани Шаҳодатнома замима кардааст, такроран ба ӯ Шаҳодатнома медиҳад. 27. Дар ҳолати ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи федератсияи варзишӣ мақомоти идоракунандаи он вазифадораст, ки ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мӯҳлати 10 рӯз дар ин бора маълумот пешниҳод намуда, ба Шаҳодатнома тағйиротҳои дахлдор ворид менамояд. 28. Дар ҳолати барҳамдиҳӣ, якҷояшавии федератсияҳои варзишӣ ва ё барҳам додани филиал ва намояндагиҳои он, федератсияи варзишӣ бояд дар муддати 10 рӯз дар ин бора ба мақомоти ваколат-
дори давлатӣ маълумот пешниҳод намояд. 3. Тартиби боздоштан ва қатъ гардидани амалӣ Шаҳодатномаи федератсияи варзишии аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта 29. Асосҳои боздоштани Шаҳодатномаи федератсияи варзишӣ инҳо мебошанд: - иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд; - риоя накардани қоидаҳои амалкунандаи намуди варзиш; - риоя накардани Барномаи омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмиллалӣ; - ғайриқаноатбахш будани фаъолияти федератсияи варзишӣ; - риоя накардани талаботҳои шартномаи ҳамкорӣ; -амалӣ накардан ва иҷрои бесифати Барномаи намуди варзиш, ки аз ҷониби худи федератсияи варзишӣ тасдиқ шудааст. 30. Дар сурати мавҷуд будани асосҳое, ки дар банди 29 Низомномаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ қарор дар бораи боздоштани Шаҳодатномаи федератсияи варзиширо қабул менамояд. 31. Дар қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи боздоштани фаъолияти федератсияи варзишӣ муҳлати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, ки дар асоси онҳо Шаҳодатнома боздошта шудааст, нишон дода мешаванд. 32. Муҳлати боздоштани фаъолияти федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ на зиёда аз 6 моҳ мебошад. 33. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда бартараф шудани камбудиҳои ошкоргардида ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, мақомоти ваколатдори давлатӣ қарор дар бораи ҷоннок намудани фаъолияти федератсияи варзиширо қабул мекунад. 34. Дар сурати дар муҳлати муқарраргардида бартараф нагардидани камбудиҳое, ки асос барои боздоштани фаъолияти федератсияи варзишӣ гаштаанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад амалӣ Шаҳодатномаи федератсияи варзиширо қатъ намояд ва ё қарор оиди бекор кардани аккредитатсияи давлатии федератсияи варзиширо қабул кунад. 35. Дар ҳолати боздоштан ва ё қатъ кардани амалӣ Шаҳодатномаи федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ санади дахлдор қабул менамояд. 36. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми боздоштани амали Шаҳодатнома ва ё бекор кардани аккредитатсияи давлатии федератсияи дар ин бора ба федератсияи варзишӣ тариқи хаттӣ хабар медиҳад. 37. Дар ҳолати розӣ набудан бо санади мақомоти ваколатдори давлатӣ федератси-
яи варзишии ҷумҳуриявӣ ҳуқуқ дорад дар ин хусус ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намоянд. Эзоҳ: Тибқи Низомномаи мазкур зери мафҳуми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ВМКБ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе фаҳмида мешавад. Тавзеҳнома ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ» Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ» дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2015, №227Пм таҳия гашта, тартиб, шарт ва қоидаҳои гузаронидани аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзиширо муайян мекунад. Қобили зикр аст, ки дар давлатҳои мутамаддин зимни пешбурди соҳаи варзиш фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии варзишӣ (федератсияҳо, клубҳо ва лигаҳо), ки кори худро бо мақсади рушди як ё якчанд намуди варзиш, таблиғи онҳо, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва тайёр намудани варзишгарони касбӣ роҳандозӣ менамоянд, назаррас аст. Таҳлили ин соҳа низ нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 58 федератсия ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи варзиш ба қайд гирифта шуда, фаъолияти аксари онҳо, ба ғайр аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ду се федератсияҳои дигар ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар фаъолияти аксарияти ташкилотҳои ҷамъиятии соҳа камбудиҳои ҷиддӣ ҷой дошта, қисмати онҳо ба ғайр аз мӯҳр ва ном дигар дорои ҳеҷ чиз нестанд. Ҳолати дигари ташвишовар он аст, ки чунин ташкилотҳо мунтазам талаботҳои оинномавии худро вайрон намуда, ҳатто тартиби бо кадом тарз ба роҳ мондани самтҳои асосии фаъолият, меъёрҳои амалкунандаи соҳа ва барномаҳои худро намедонанд. Аммо то имрӯз ягон ҳолати аккредитатсияи ташкилотҳои ҷамъиятии соҳавии варзиш ба анҷом расонида нашудааст Бояд кайд кард, ки лоиҳа бо дарназардошти дуруст ба роҳ мондани фаъолияти федератсияҳои варзишӣ таҳия гаштааст. Бо гузаштани федератсияи варзишӣ аз аккредитатсия давлатӣ муносибатҳо байни мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва федератсияҳои варзишӣ ҷоннок шуда, он имкон медиҳад, ки хатоҳои дар ин ҷода мавҷудбуда дуруст ба танзим дароварда шаванд. Ҳамзамон аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ дар оянда метавонад ба рушду нумӯи намудҳои алоҳидаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд. Лоиҳаи таҳиягашта маблағгузории иловагиро талаб намекунад ва барои амалӣ намуди он манбаҳои молиявӣ лозим намешавад. Раис
А. Абдуллозода
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
12 АВГУСТ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН Ҳамасола рӯзи 12 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар саросари кишварҳои олам ҷашн гирифта мешавад. Пешниҳоди Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар конфронси умумиҷаҳонии вазирон оид ба корҳои ҷавонон, ки дар Лисабон 8-12 августи соли 1998 баргузор гардида буд, ба баррасии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда шуд. 17 декабри соли 1999 Рӯзи байналмилалии ҷавонон аввалин маротиба аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, бори аввал 12 августи соли 2000 ин ид ба таври расмӣ дар саросари дунё ҷашн гирифта шуд. Пеш аз ҳама баргузории ин ҷашн барои муттаҳид сохтани ҷавонон дар саросари олам, новобаста аз қавму нажодҳо ва дарки мушкилоти ҷавонон, мусоидат менамояд. Истиқлолияти кишвари азизамон фурсати беназиреро барои идомаи таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар фароҳам овард ва имрӯз ҷавонони тоҷик дар кишварҳои гуногуни олам таҳсили илм менамоянд. Дасгириҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза эҳсос мегардад. Таҳсили шумора зиёди ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои олии кишварҳои Украина, Руссия Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Хитой яке аз далели ин гуфтаҳост. Ҳамасола Рӯзи байналмилаи ҷавонон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲҶТ дар сатҳи баланд қайд карда мешавад. Кумита бо мақсади огоҳии ҳарчи бештар аз рафти таҳсил ва шароити будубоши донишҷӯёне, ки дар хориҷа таҳсил менамоянд, як маҳфили муштаракро бо номи Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷа таҳсилкунанда таъсис намудааст, ки алакай низомномаи ин маҳфил бо фармоиши Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2014 тасдиқ шудааст ва он барои шиносоӣ ва муҳокимаи умум пешниҳод мешавад. 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ Тартиби фаъолияти Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта (минбаъд Тартиб) бо мақсади ба низоми муайян даровардани муносибатҳои ташкилию амалии институтҳои алоқаманди давлатию ҷамъиятӣ дар самти муттаҳид сохтани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта омода гардидааст. Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта (минбаъд Маҳфил) иттиҳодияи ихтиёрии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта буда, дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) таъсис дода шудааст. Намояндагиҳои Маҳфил метавонад тибқи талаботи қонунгузорӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, сафорату консулгарӣ ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таъсис дода шавад. Маҳфил дар асоси қонунгузории алоқаманд ва ҳамин Тартиб фаъолияти худро амалӣ мегардонад. Маҳфил иттиҳодияи ташаббусии шахсони синну соли 18 - 30 сола буда, барои муттаҳид сохтани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта вобаста ба пуштибонӣ ва таблиғи дастовардҳои воқеии кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва ҳамоҳанг сохтан, дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани онҳо барои таҳсили пурмаҳсул ва хизмати шоён барои давлату миллати хеш нигаронида шудааст. Маҳфил фаъолияти амалии худро дар асоси Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва барномаҳои соҳаҳои сиёсати давлатии ҷавонон, маориф ва илм ва корҳои хориҷӣ ба роҳ мемонад ва вобаста ба он принсипҳои асосии фаъолияти Маҳфил - ин ихтиёрӣ, фаъолнокӣ, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, инчунин хизматрасонӣ дар рӯҳияи боваринокӣ, дастрасӣ, маҳрамият ва хайрхоҳона мебошад. Маҳфил метавонад рамз ва нишони сарисинагии худро дошта бошад. 2. ҲАДАФҲОИ АСОСИИ МАҲФИЛ Ҳадафҳои асосии Маҳфил, иборатанд аз: - муттаҳид сохтани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта вобаста ба пуштибонӣ ва таблиғи
НИЗОМНОМАИ
ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ТАҲСИЛДОШТА дастовардҳои воқеии кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд; - ҳамоҳанг сохтан, дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта барои таҳсили пурмаҳсул ва хизмати шоён барои давлату миллати хеш; - мусоидат ба худташаккулёбӣ ва худшиносии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар ҷоддаи илму маърифат ва фарҳанги миллату халқиятҳои гуногун, бахусус омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муассири иттилоотӣ, рукнҳои иқтисоди бозоргонӣ ва сиёсати давлатии ҷавонон; - мусоидат ба ташаккулёбии малакаҳои ҳаётии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, ба монанди сарварӣ, ровигӣ, муошират ва кор дар гурӯҳҳо; - фароҳам овардани шароит ва омода сохтани мутахассисони ояндаи кишвар аз ҳисоби ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта. 3. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ МАҲФИЛ Вазифаҳои асосии Маҳфил, ки ба татбиқи босамари мақсади он равона гардидаанд, аз чунин самтҳо иборат мебошанд: - мусоидат ба мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон; - ҷалб ва таъмини иштироки бевоситаи ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни маърифатию таблиғотӣ, фарҳангӣ ва варзишию оммавӣ дар макони буду бош; - фаъол гардонидани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта тариқи ташкил намудани чорабиниҳои гуногуни фосилавӣ; - робитаи бевосита бо роҳбарияти муассисаҳои таълимии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва мусоидат ба онҳо дар гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва иттилоотию маърифатӣ (мусобиқаҳои зеҳнӣ ва варзишӣ, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо, шанбегиҳо ва ғайра); - амалӣ сохтани чорабиниҳо ҷиҳати бедор намудани шавқу рағбати ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ба корҳои
оммавӣ-ҷамъиятӣ, фарҳангию фароғатӣ ва таъмини тарзи ҳаёти солим; - дар ниҳоди ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ташаккул додани малакаҳои ҳаётӣ, хайрхоҳӣ ва сарварӣ; - амалӣ сохтани тадбирҳо вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, фарҳангдӯстӣ, ҳувияти миллии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта инсондӯстӣ ва ҳидоят сохтани онҳо ба таҳамулнокӣ, ботамкинӣ ва поктинатӣ. 4. АСОСҲОИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛ 4.1. Мақоми машваратию ҳуқуқии Маҳфил Маҷлиси умумии аъзоёни Маҳфил мебошад, ки ҳар сол як маротиба дар айёми таътили тобистона гузаронида мешавад. 4.2. Дар давраи байни даъватҳои Маҷлиси умумӣ фаъолияти Маҳфилро Маркази иҷроияи Маҳфил роҳбарӣ мекунад. Маркази иҷроияи Маҳфил мақомоти иҷроияи Маҳфил буда, аз ҷониби Кумита муайян карда мешавад. 4.3. Маркази иҷроияи Маҳфил аз Раиси Маҳфил ва мутахассисҳамоҳангсоз иборат мебошад. 4.4. Маркази иҷроияи Маҳфил вобаста ба шароиту имконоти мавҷуда ва дар мутобиқат ба Тартиб самтҳои афзалиятноки фаъолияти Маҳфилро муайян месозад. 4.5. Раиси Маҳфил роҳбарии умумии Маҳфил ва Маркази иҷроияи онро таъмин намуда, тобеъи Маҷлиси умумии Маҳфил ва Кумита мебошад. 4.6. Қарори Маҷлиси умумии Маҳфил дар сурати иштироки на кам аз 50% аъзоёни Маҳфил қабулгардида ҳисобида мешавад, агар дигар тартиб аз ҷониби Маркази иҷроия муқаррар нагардида бошад. 5. АЪЗОГӢ ДАР МАҲФИЛ 5.1. Аъзоёни Маҳфилро ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ташкил медиҳанд, ки
онҳо барои анҷом додани ин амал озод мебошанд. 5.2. Мӯҳлати аъзогӣ ба Маҳфил то ба анҷом ёфтани мӯҳлати таҳсил идома меёбад. 5.3. Аъзогӣ ба Маҳфил дар асоси дархости хаттӣ, ки онро шахси ҷавони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта метавонад тариқи почтаи электронӣ ирсол намояд, ба роҳ монда мешавад. 5.4. Аъзогӣ дар Маҳфил метавонад бо баррасӣ ва аз тарафи Маркази иҷроия ва ё Маҷлиси умумии Маҳфил бо огоҳонидани аъзои Маҳфил қатъ карда шавад. 5.5. Аъзои Маҳфил бо шаҳодатномаи аъзогӣ ва нишони сарисинагӣ таъмин мегарданд, ки узвияти онҳоро ба Маҳфил шаҳодат медиҳад. 6. ҲУҚУҚҲОИ АЪЗОИ МАҲФИЛ 6.1. Мувофиқи ҳадафу вазифаҳои худ Маҳфил дорои ваколатҳои зерин мебошад: - самтҳои асосии фаъолияти худро дар мувофиқа бо Кумита муайян созад; - арзёбӣ ва таҳлили натиҷаҳои фаъолияти худро амалӣ намуда, ҷавобгари натиҷаҳои он бошад; - дар доираи фаъолияти худ ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ ҳамкорӣ намояд; - аз асосҳои моддию техникӣ ва маводи методию барномаҳои ташкилоти боломақом истифода барад; - аъзоёнро тавассути мақоми болоӣ барои кор дар ташкилоту муассисаҳои дилхоҳ тавсия диҳад; - аъзоёнро барои пешбарӣ ва муваффақ шудан дар фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил ва шахсӣ дар захира гирад; 6.2. Аъзоёни Маҳфил дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд: - дар таҳияи самтҳои асосии фаъолияти Маҳфил фаъолона иштирок намоянд; - барои баррасӣ ба ҷаласаҳои
ТАВАҶҶУҲ!
Маҷлиси умумӣ масъалаҳо ва таклифҳо пешниҳод намоянд; - аз фаъолияти Маҳфил доимо воқиф бошанд; - дар доираи фаъолияти худ дар Маҳфил аз асосҳои моддию техникӣ ва методии ташкилоти боломақом истифода баранд. 7. ӮҲДАДОРИҲОИ АЪЗОИ МАҲФИЛ: Аъзоёни Маҳфил дорои ӯҳдадориҳои зерин мебошанд: - иштироки фаъол дар амалӣ намудани чорабиниҳои Маҳфил ва намояндагиҳои он дар хориҷи кишвар; - ҳамкории зич бо мақомоти ваколатдории давлатии кор бо ҷавонон, маориф ва илм, корҳои хориҷӣ ва муассисаҳои таълимии кишвари буду бош; - мусоидат ба Маҳфил ва намояндагиҳои он дар кишварҳои хориҷ дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои мунтазами фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишию оммавӣ; - таблиғи ғояҳои миллии давлатдорӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ дар байни ҳамсолон ва дигар қишри нисбатан каммаълумоти ҷомеаи ватанӣ ва хориҷӣ; - пеша намудани таҳамулнокӣ, инсондӯстӣ, ботамкинӣ, поктинатӣ, ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ; - иҷрои саривақтии ҳамаи вазифаҳои аз ҷониби Маҳфил гузошташуда; - ҳимояи манфиатҳои аъзоёни Маҳфил ва эҳтироми онҳо дар ҳама ҳолатҳо; - серҳаракат, чусту чолок ва фаъол будан дар тамоми вазъиятҳои фаъолияти марбут ба Маҳфил; - амалӣ гардонидани дигар чораҳои имконпазир, ки баҳри таблиғи солими кишвар, рушди имконоти давлат ва ҳаёти ҷамъият равона шуда бошад. 8. ТАБДИЛДИҲӢ ВА ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛ Фаъолияти Маҳфил дар асоси қарори Маҷлиси умумии Маҳфил ё ҳангоми иҷро накардани талаботи ҳамин Тартиб ба қарори ташкилоти боломақом қатъ карда мешавад.
12 августи соли 2015, соати 8:30 дар толори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати маориф ва илм бо донишҷӯёни ватание, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, доир мегардад. Хоҳишмандон метавонанд дар чорабинии мазкур иштирок намоянд. Маълумоти муфассалро бо почтаи электронии “tolib.amirov.88@mail.ru” ё рақамҳои 236-37-26, 98-530-98-98, 98-861-63-95 метавонед пайдо намоед.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
9
ҶОМЕА
Ф. Воҳидова ва КПСС
Марҳилаи кунунии ҷаҳонишавӣ, бӯҳронҳои пай дар пайи иқтисодӣ, таъсири бозиҳои геополитикии дунё ба як қатор ҷиноятҳои вазнин мусоидат намудааст. Тибқи иттилои омори Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар савдои одамон дар баробари ҷиноятҳои гардиши маводи нашъовар ва хариду фурӯши ғайриқонунии силоҳ хатари бештаре ба инсоният дорад.
Ё ҳар кас бояд кори худро кунад!
Савдои одамон хатари мудҳиш аст! Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) барои пешгирии ин ҷиноят як силсила тадбирҳои ҳуқуқӣ-иҷтимоиро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ Қонун “Дар бораи мубориза бо хариду фуруши одамон”-ро қабул намуд, ки соли гузашта шакли мукаммалшудаи он ба тасвиб расид. Инак, як сол боз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расондани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” амал менамояд. Дар мавриди моҳият, бартарӣ ва роҳҳои татбиқи қонун бо полковники мустаъфии милитсия, коршиноси масоили муқовимат ба савдои одамон Ҷумъахон Каримов суҳбат кардем.
- Солҳои тулонӣ бо дастгирии Созмони байалмилалии муҳоҷират Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил барои пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ ва истисмори инсон барномаҳо амалӣ менамояд. Дар ин барномаҳо ман собиқаи 12-солаи корӣ дорам. Агарчи ҳоло ба нафақа баромадаам, вале чун коршинос ин лоиҳа дар маркази таваҷҷуҳи доимии ман қарор дорад. Воқеан, таҳрири нави Қонун “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расондани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” аз 26 июли соли 2014 ба меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ, шартнома ва ёддоштҳои тафоҳум дар сатҳи ҷаҳон, принсипҳои СБМ пурра мувофиқат мекунад. Дар муқаддимаи қонун хеле бамаврид истилоҳот ва мафҳумҳои қонун шарҳ дода шудаанд, ки омӯзиш ва дастрасии онро ба ҷомеа осон мегардонад. Қурбониёни имконпазири савдои одамон чунин шахсон буда метавонанд: шахсони ба оворагардию гадоӣ машғул, кӯдакони ятим ва кӯдакони бепарастор, кӯдакони беназорат, шахсони мубталои машруботи алкоголӣ, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, инчунин, дигар шахсоне, ки дар ҳолати аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок ё осебпазир барои нисбат ба онҳо содир гардидани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон мусоидаткунанда қарор доранд. Бояд зикр намуд, ки имрӯз ҳамаи бандҳои қонун механизми иҷрокунанда доранд. Яъне, дар натиҷаи қабули қонуни номбурда айни замон дар асоси супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати корҳои дохилӣ муваззаф шудааст, ки маҷмӯи тағйиру иловаҳоро ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда таҳия ва пешниҳод намояд.
10
- Дар таҳрири нави қонун мубориза бо истисмори шаҳвонӣ хеле васеъ инъикос ёфтааст. Дар ин маврид чӣ назар доред? - Бояд зикр кард, ки ошкор намудан, пешгирӣ ва ба маърази умум гузоштани истисмори шаҳвонӣ дар таҷрибаи корӣ хеле мушкил аст. Дар кишвари мо бо сабаби баъзе хусусиятҳои миллӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ ин самт ба муаммоҳои зиёд дучор гардидааст. Чанде пеш раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Махфират Хидирзода аз афзоиши танфурӯшӣ миёни занони тоҷик нигаронӣ карда, афзуд, ки чораандешиҳояшон то ҳол натиҷаи назаррас надодаанд. Тибқи иттилои расмӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015 танфурӯшии 2066 зан ошкор шудааст ва ин раванд дар ҳоли афзоиш аст. Дар ҷаҳони муосир дар кишварҳои дунявӣ зиндагии хусусии одамон дахлнопазир аст. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инро кафолат медиҳад. Вале зӯран ва иҷборан ба истисмори шаҳвонӣ ва танфурушӣ маҷбур намудани одамон ҷиноят буда, хатари он хеле зиёд аст. Аз 2066 нафар маълум нест, ки чӣ қадар қурбони савдои одамон гашта, дучори зӯроварии шаҳвонӣ шудаанд. Бинобар ин, субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат бо савдои одамонро амалӣ менамоянд, бояд ба ҳолатҳои содиршавии ҷиноят дар самти савдои одамон дар дохили ҷумҳурӣ бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, ки хусусан бо ҷалби ноболиғон содир мешаванд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, муборизаро пурзӯр намоянд. Созмони байналмилалии муҳоҷират дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ силсилаи семнарҳои омӯзиширо анҷом дод. Зимни он мушоҳида шуд, ки алҳол дар кишвари мо нисбат ба истисмори шаҳвонӣ ва амалҳои ахлоқии танфурушӣ бештар мубориза мебаранд. Мутаассифона, дар ин набард аксаран шаъну шараф ва шахсияти ҷабрдидагон поймол мешавад. Аз ин рӯ, дар қонун вобаста ба махфӣ будани маълумот дар бораи қурбониёни савдои одамон меъёри алоҳида пешбинӣ гардида, барои ғайриқонунӣ паҳн намудани маълумот оид ба онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. - Савдои одамон ва ҳамаи ҷиноятҳои марбут ба он характери фаромиллӣ доранд. Саҳми ташкилотҳои байналмилалӣ дар ин самт чӣ гуна аст? - Барои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон меъёри алоҳида пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар таҳрири нав зикр гардидааст: “Бо мақсади пешгирӣ кардани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ошкор кардани қурбониёни савдои одамон, ҳимоя ва кӯмак ба
Дар хабаргузории «Озодагон» аз 27 июли соли равон Файзинисо Воҳидова, вакили ба ном пешоҳанги ҳимояи ҳуқуқ мақолаеро таҳти унвони «КПСС, бозиҳои геополитикӣ, ҲХДТ-ву ҲНИТ ва хусуру хушдоман» ба нашр расонд. Агар бахши аъзами сафсатаи мақоларо сарфи назар кунем, муҳтавои он аз ҳимояи беасоси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва мазлум рӯнамо кардани ин ташкилоти варшикастаи динист.
онҳо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷие, ки фаъолиятро дар самти муқовимат ба савдои одамон амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд бо мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дар моддаҳои 7-9 қонуни мазкур пешбинишуда ҳамкорӣ кунанд, лоиҳаҳои ёрии амалии байналмилалиро, ки ба муқовимати савдои одамон равона карда шудаанд, аз ҷумла, ба воситаи ташкили муассисаҳои махсуси ғайридавлатӣ амалӣ намоянд”. Бояд зикр кард, ки саҳми Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон назаррас аст. Маҳз бо кӯмаки ин созмон дар ҷумҳурӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ лоиҳаҳои мубориза бо хариду фурӯши одамон ва пешгирӣ намудани онро амалӣ менамоянд. Бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ва ташкили ҳамкории онҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ Комиссияи байниидоравиро оид ба муқовимат ба савдои одамон ва дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссияҳои ҳудудии он таъсис додааст. Ин комисияҳо ба таври доимӣ бо СБМ ва дигар ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамкорӣ менамоянд. - Пешгирӣ нисбат ба ҷазо додан осонтар аст. Лутфан дар мавриди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ин самт маълумот диҳед. - Дар асл имрӯз барои пешгирии ҷиноят шароитҳои хуб муҳайё буда, нисбат ба ҷазо додан бартараф кардани ҷиноят осону муфид мебошад. Шоёни тавсиф аст, ки дар таҳрири нав барои равнақи маърифати ҳуқуқ ва пешгирии ин ҷиноят мушаххасан зикр шудаст. Ин масъала дар ҳамкорӣ бо соҳаи маориф низ ба роҳ монда шудааст. Ба барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дохил кардани курсҳои махсус оид ба пешгирии савдои одамон; таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои махсус оид ба пешгирии савдои одамон дар муассисаҳои тарбиявии махсусгардонидашуда барои кӯдакон, дигар мақомот ва муассисаҳо, ки пешгирии оворагардӣ ва ҳуқуқвайронкунии кӯдаконро амалӣ менамоянд. Дар маҷмӯъ, таҳрири нави Қонун “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расондани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” хеле мукаммал ва ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Ҳамзамон, таъкид мекунам, ки барои иҷрои ин қонун дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Фақат дар муҳити вакилони ба ном ҳимоятгар таҷрибае роҳандозӣ мешавад, ки чун «Холаи ҳамакора» ба ҳама чиз даст мезананд. Онҳо ба ҷойи мунсифона ва аз рӯйи адолат баҳогузорӣ кардани раванди табиии воқеаву ҳодисаҳои рӯзгор худро коршинос, таҳлилгар, мухолиф ва вақтҳои охир «стратегу геополитик» вонамуд мекунанд. Гӯё дар ҷумҳурӣ сарҳову ҳушҳои дигар намондааст. Андешаҳои Ф. Воҳидова дар бораи эҳёи КПСС сароби таҳлилро мемонанд, ки дар фазои демократии ҷумҳурӣ ин суханпароканиҳоро ба ҷуз ҳазён ном ниҳодан нашояд. Маълум аст, ки хонум Воҳидова бо каҷравии хос, бо нишон додани ҷараёни рушди ҷомеа, амалӣ намудани лоиҳаи ҳасрати таърихии даврони шӯравиро дорад. “Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу”. То куҷо ин ақидаи вакил ба воқеият созгор аст, ба виҷдони «коршиносона»-и ӯ ҳавола мекунем. Вале таҳлилпардозиҳои нораво ва ҳақ донистани фақат нуқтаи назари худ ба сифати нуқтаи арши аълои андешаварӣ ба Ф. Воҳидова, ки тахассуси вакилӣ дорад, тасаввури нодурустро ба бор меоварад. Тасаввуре, ки ба ҷуз ҳарфи сиёҳшудаи коғаз чизи дигареро ба хонанда намедиҳад. Барои таҳлилҳои мӯшикофона ба Ф. Воҳидова таъкид шавад, ки коршиносон шабҳои бехобӣ мегузаронанд, садҳо китобу асар ва марҳилаи худсозиро тай мекунанду номзаду доктори илм мешаванд ва баъдан бовар ҳосил мекунанд, ки таҳлиле барои ҷомеа, ки дархӯри ниёзҳои он бошад, ироа мекунанд. Дар фазои ҳукмронии бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурӣ, бозгашт ба шароити яккаҳизбиро, он ҳам бо эҳёи фаъолияти ҳизби коммунисти сохти шӯравӣ дурӯғи маҳз унвон кунем мешавад. Натиҷаҳои интихоботи парлумони соли 2015 нишон дод, ки ин ҳизб ба Маҷлиси намояндагон роҳ наёфт ва нуфузу эътибори он ба таври қобили мулоҳиза дар ҷомеа коҳиш ёфтааст. Ба Ф. Воҳидова муҳтавои як ривояти таърихиро ёдовар карданием: «Замоне пешвоён ва аҳли нухбагон дар бораи ҳимояи шаҳр аз ҳамлаи душман, ки онро муҳосира кардааст, машварат мегузаронидаанд. Кафшдӯз даст боло карда, маслиҳат додааст, ки василаи аз ҳама муассир ва муфиди ҳифзи қалъаи шаҳр бо чарм печондани қалъа мебошад». Сазад, ки ҳар кас бо кору бори хеш машғул шавад, зеро дар урфият гуфтаанд:
Мусоҳиб Наҷмидини ШОҲИНБОД
Баҳром СУҲРОБОВ, омӯзгор
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ТУРИЗМИ ДОХИЛӢ Диёри кӯҳистони зебоманзари мо аз кӯл бой аст. Шумораи кӯлҳо дар ҷумҳуриамон қариб ба 1300 адад расида, масоҳати умумиашон 700 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Баландтарин кӯлҳои мамлакат Чапдара (4529 метр), Зоркӯл (4126 метр) ва Қарокӯл (3914 метр) мебошанд. Яке аз зеботарин кӯлҳои кишварамон Искандаркӯл аст. Соли равон мо як гурӯҳ донишҷӯён бо роҳбарии муовини мудири кафедраи туризми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Амриддин Самиев барои таҷрибаомӯзӣ ба Искандаркӯл рафтем. Он дар водии хушманзарае миёни қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон ҷой гирифтааст. Ҳарчанд моҳи июл дар шаҳри Душанбе ҳаво аз 40 дараҷа гармтар бошад ҳам, дар мавзеи Искандаркӯл гармии ҳаво аз 30 дараҷа боло нест. Масофа аз пойтахти кишвар то Искандаркӯл тақрибан 130 км аст, ки ҳар кас метавонад ба ин ҷо ба саёҳат биёяд. Олами набототи гирду атрофи Искандаркӯл бою рангин аст. Ҳанӯз солҳои панҷоҳуми асри гузашта олимони Комиссия оид ба ҳифзи
табиати назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, бо роҳбарии академик М. Нарзиқулов ҳуҷҷатҳои заруриро барои дар ин мавзеи зебо таъсис додани парваришгоҳ омода намуданд. Ҳадаф аз таъсиси парваришгоҳ нигоҳ доштани мувозинати экологии ин мавзеъ ва рушди соҳаи туризм дар ин минтақаи хушманзара буд. Ҳамин тавр, соли 1959 Парваришгоҳи давлатии “Искандаркӯл” таъсис ёфт. Масоҳати Искандаркӯл 3,4 километри мураббаъ ва чуқуриаш 72 метрро ташкил медиҳад. Он дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр
Зарафшон ба ин мавзеи афсонавӣ омада буданд. Соли 1914 муҳаққиқи рус Н. Насонов чорвои нодири мавзеи кӯҳистон – гӯсфанди кӯҳии Қизилқумро дучор омада, онро ба хотири устодаш сайёҳ, олими маъруфи илмҳои зоология, экология ва география Н. Севертсов “гӯсфанди Севертсов” номида буд. Дар ҳудуди Парваришгоҳи “Искандаркӯл” гӯсфанди Севертсовро солҳои 60-уми асри ХХ ба қайд гирифта буданд. Ин гӯсфанд ба “Китоби сурхи ИҶШС” шомил шуда буд. Ғайр аз гӯсфанди
“НИАГАРА” ДАР ТОҶИКИСТОН
“Искандаркӯл” бо зебоӣ ва табиати нотакрораш мақбули сайёҳон гаштааст ҷой гирифтааст. Аз Искандаркӯл дарёи Искандардарё ҷорӣ шуда, баъд аз 30 километр ба Фондарё ҳамроҳ мешавад. Яке аз ҷойҳои диданибоби Искандардарё шаршараи калони баландиаш 40-метра мебошад, ки онро сайёҳон “Ниагараи Фон” низ мегӯянд. Чанги оби зулол ба ҳар бинанда кайфияти хос мебахшад. Ҳанӯз дар асри ХIХ ба ин ҷо гурӯҳи калони олимони рус ташриф оварда буданд. Аз ин рӯ, навиштаи онҳо бо имзои “Руские, 1870” то ҳол боқист. Он солҳо иштирокчиёни нахустин экспедитсияи муҳаққиқони рус аз ҷониби
Рушди соҳаи туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор нақши муҳим бозида, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт ҳамчун сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳанг, санъат, кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва ғайра таъсири мусбат мерасонад. Ноҳияи Варзоб дорои манзараҳои зебо ва захираҳои табиию рекреатсионие мебошад, ки барои рушди ҳам туризми дохилӣ ва ҳам берунӣ мусоидат менамояд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти омилҳои зикршуда ноҳияи Варзобро ҳамчун минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ, курортӣ ва туризм эълон кардааст. Варзоб дар қисмати шимолу ғарби пойтахти мамлакат, дар баландии 1269 метр аз сатҳи баҳр, дар байни қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир буда, иқлими муътадил дорад. Масоҳати умумии он 1656 километри мураббаъ ва аҳолиаш 80 ҳазору 665 нафарро ташкил медиҳад. Маркази ноҳияи Варзоб аз шаҳри Душанбе дар масофаи 25 км ҷой гирифтааст. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 9 ноябри соли 2000-ум, таҳти №461 «Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ, санитарию курортӣ ва туризм» тасдиқ гардид. Яке аз осоишгоҳҳои маъруфи ноҳия «Хоҷаобигарм» аст, ки дар баландии 18601900 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Ин осоишгоҳ дорои оби маъдании аз минералҳо бой буда, ҳарораташ то 98 дараҷа мерасад. Мавзее, ки аз он оби гарми маъданӣрадиоактивӣ мебарояд, 4,5 гектарро ташкил
мазкур дар ин минтақа хирси тиёншонӣ, бузи кӯҳии сибирӣ ва бабри барфӣ низ дучор меояд. Дар гирду атрофи кӯл намудҳои гуногуни мурғобиро метавон дучор шуд. Накҳати гулу гиёҳҳои атрофи ин кӯли афсонавӣ хосияти шифобахшӣ дошта, нафас кашидан аз онҳо табъи касро болида месозад. Бо ба истифода додани нақби “Истиқлол” теъдоди сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки ба тамошои Искандаркӯл меоянд, сол то сол зиёд мешавад. Тавассути мошини сабукрав аз шаҳри Душанбе
то Искандаркӯл дар 2,5 соат расидан мумкин аст. Дар наздикии кӯл хонаҳои ҳанӯз дар даврони шӯравӣ барои истироҳати сайёҳон пешбинишуда мавҷуд аст. Оби гарму хунук ҳамеша дастраси сайёҳон буда, сатҳи хизматрасонӣ торафт беҳтар мешавад. Солҳои пеш дар сомонаҳои интернетӣ хотираҳои сайёҳон оид ба Тоҷикистон нисбатан кам ба назар мерасид. Ҳоло агар дар сомонаи “Google” “Искандаркӯл”-ро ҷустуҷӯ кунед, мақолаву акс ва сабтҳои видеоии зиёдеро дарёфта метавонед. Ин боиси хушнудист.
Кас хотираҳои сайёҳони хориҷиро хонда, пай мебарад, ки ин кӯли афсонавӣ мақбули сайёҳон гаштааст. Боварӣ дорем, ки дар гирду атрофи ин мавзеи хушманзара меҳмонхонаҳои хуштарҳ қомат афрохта, бо хизматрасонии олидараҷаву арзон боиси ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ мегарданд. Алишери САЙФИДДИН, донишҷӯи соли чоруми ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
ВАРЗОБ НАЗИР НАДОРАД!
медиҳад. Аз чашмаҳои ҳарораташон баланд буғи гарм мебарояд. Ин буғ радиоактивӣ буда, дар таркибаш радон дорад. - Осоишгоҳи “Хоҷаобигарм” аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, ҳар сол дар он то 8 ҳазор нафар шарҳвандони ватаниву хориҷӣ табобат мегиранд, - мегӯяд мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Раҷабалӣ Турсунзода. - Дар осоишгоҳ бемориҳои дил, рагҳои хунгузар, узвҳои ҳаракат, сутунмӯҳра, асаб, роҳи нафас, бемориҳои занона, гурда, узвҳои ҳозима ва дигар бемориҳо муолиҷа карда мешаванд. Обу ҳавои гуворои кӯҳсор низ барои сама-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
рабахш гузаронидани табобат кӯмак мерасонад. Ноҳия Варзоб аз чашмаҳои оби маъдании нӯшокӣ низ бой аст. Чунончи, чашмаи оби Хоҷа Сангхок дар баландии зиёда аз 3000 метр ҷой гирифтааст. Дар таркиби оби ин чашма магний, калий, калтсий, натрий, оҳан ва дигар моддаҳо мавҷуданд, ки барои муолиҷаи бемориҳои дарди меъда, ҷигар ва диабети қанд истифода мешавад. Олами набототи ноҳия низ гуногун буда, дар ин ҷо растаниҳои асаловар, шифобахш ва мевадиҳанда зиёданд. 145 номгӯйи растаниҳои худрӯйи ноҳияро метавон дар
соҳаи дорусозӣ истифода бурд. Қариб нисфи ҷангалзори ноҳияро арчазор ташкил медиҳад. Олами ҳайвоноти ноҳия бой буда, дар кӯҳу дараҳои он хирс, гург, қашқалдоқ, оҳу, рӯбоҳ, суғур, ҷайра, хуки ваҳшӣ ва ғайра мавҷуданд. Дар ноҳияи Варзоб 46 намуди паранда, мисли уқоби морхӯр, каргас, булбул, соч, саъва ва ғайраро дучор омадан мумкин аст. - Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳияи Варзоб сол то сол теъдоди ташрифи сайёҳони ватаниву хориҷӣ меафзояд, - мегӯяд Раҷабалӣ Турсунзода. - Ба ин пеш аз ҳама сиёсати дарҳои кушодаи роҳбарияти мамлакат, тадбирҳои баҳри рушди соҳа равоншудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангии дар ҳудуди ҷумҳурию ноҳия баргузоршаванда ва бунёди иншооти нави туристӣ мусоидат мекунад. Солҳои охир дар ҷаҳон туризми дармонӣ (муолиҷавӣ) маъруфият пайдо кардааст. Обҳои шифобахши маъдании ноҳия ва инфрасохтори мавҷуда имкон медиҳанд, ки оянда ин намуди туризмро дар Варзоб ривоҷу равнақ диҳем. Иқтидории иқтисоди туризми муолиҷавию экологӣ дар ноҳияи Варзоб воқеан бузург аст. Аз ин рӯ, тараққӣ додани соҳа ва бунёд намудани иншооти санитарию курортӣ аҳамияти калони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Боварӣ дорем, ки солҳои наздик туризм ба як соҳаи муҳиму манфиатбахш ва сердаромад табдил хоҳад ёфт. С. АМИНИЁН, “ҶТ”
11
ВАРЗИШ Аслан ӯ дигар ба соҳаи варзиш ҳавасу ҳавсалаи бозгаштан надошт. Ҳарчанд хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ маҳсуб меёфту айёми наврасӣ ва мактабхонӣ яке аз фаъолтарин узви дастаи волейболбозони мактаб ва маҳалла ба ҳисоб мерафт. Айёми наврасиаш дар деҳаи Момандиёни ноҳияи Муъминободи минтақаи Кӯлоб гузаштааст. Аллакай дар солҳои мактабхонӣ чун узви мунтахаби тими волейболи ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ иштирок менамуд. Шавқу ҳаваси беандоза Ҳусейни ҷавонро рӯз то рӯз ба бозии волейбол ҷалб мекард. Айёми мактабхонӣ дар мусобиқаҳои байни хоҷагиҳои ноҳия бо номи “Ҳосилот“ ва спартакиада байни мактаббачагони ноҳия ва вилоят фаъолона иштирок меварзид. Соли 1993 ҳуҷҷатҳояшро бо тавсияи Кумитаи варзиши ноҳия ва устодонаш ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов пешниҳод кард. Имтҳонҳоро бо баҳои хубу аъло супорида, ба гирифтани номи донишҷӯ сазовор гардид. Соли 1993 мудири кафедраи волейбол Усмон Урунов маҳорати хуби донишҷӯи курси якум Ҳусейн Давлатовро мушоҳида намуда, ӯро ба ҳайати тими мутахаби донишкада шомил кард. Нимаи дуюми солҳои навадуми қарни пешин донишкадаро хатм ва ба зодгоҳаш баргашт. Вазъи рӯзгузаронӣ он замон хеле душвор буд. Қадру манзалати омӯзгор тамоман коҳиш ёфт. Чун солҳои пеш баҳри таълиму тарбияи насли наврас заҳмат мекашид. Лек эҳтиром надошт, ба қадраш намерасиданд. Омӯзгоре, ки замоне ҳама аз ӯ маслиҳат мепурсид, акнун даснигар буд. Зеро дастмузди заҳмати ӯ, ки хеле ночиз буд, сари вақт пардохт намегардид. Чунин ҳолат Ҳусейнро водор сохт, пешаи дигар ёбад. Чанд сол дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба ҳайси корманди милиса ифои вазифа намуд. Бисёр мушоҳида мекард, ки ба ҳайати кормандони милиса ашхосе ворид шуда буданд, ки аслан ҷояшон ин мақомот набуд. Одами тасодуфӣ маҳсуб меёфтанд. Аммо замона чунин буд. Замонаи муштзӯрону силоҳбадастон. Бо мардуме, ки миёни эшон ба воя расида буданд, муомилаи дуруст надоштанд. Ҳусейни ҷавонро зебоии бозии волейбол ва мусобиқаҳои сермухлис ҳеҷ аз ёдаш дур намерафт ва дилаш ҳамеша шефтаи ин бозӣ буд. Билохира тарки кор дар мақомот карда, ба пойтахт - шаҳри Душанбе омад. Аввал чун тоҷир дар бозор фаъолият намуда, рӯзгорашро пеш мебурд. Акнун дигар гӯё ғаму ташвиш надошт. Беҳуда хуни дил намехӯрд. Дар бораи варзиш бошад, умуман, андеша намекард. Онро ба гӯшаи хотир ҳам намеовард. Аммо тағйироти кадрие рух доду боз ба варзиш таваҷҷуҳаш афзуд. Соли 2009 ба роҳбарии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов яке аз хатмкардаҳои донишкадаи мазкур Шодӣ Сафаров та-
12
ъин гардид. Аммо роҳбари навтаъин корро тарзе ба роҳ монд, ки баъдҳо дар бораи кордонию маҳорати сарвариаш бисёр гуфтанду навиштанд. Ӯ бисёр мехост баробари боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони бомаҳорати соҳа, ҳунарнамоии дастаҳои варзишии донишкадаро, ки асосан аз ҳисоби донишҷӯён ташкил ёфта буданд, боз ҳам назаррас намояд. Баҳри амалӣ намудани чунин ният мутахассисон, мураббиёни кордон лозим буд. Роҳбари нав дарҳол пайи дарёфти чунин нафарон гардид. Баҳри пурқувват ва беҳтар намудани дастаи волейболи донишкада бошад, ба ғайр аз навраси замоне
лейболбозонро бар уҳда гирад. Зеро фаъолият ва ҳунарнамоии даста дар мусобиқоти гуногун чандон назаррас нест. Ин вазъро худи Ҳусейн низ ҳис кард. Соли 1994, ҳангоми таҳсил, чун узви дастаи донишкада дар мусобиқа байни дастаҳои волейболи макотиби олии пойтахт ширкат намуда, ба гирифтани ҷойи аввал ноил шуда буданд. Аз он ба баъд дастаи донишкада ба ягон комёбӣ ноил шуда натавонист. Қариб 16 сол даста аз волейбол дур монда буд. Дар бораи вохӯриҳо ва мусобиқаҳои волейбол номи донишкадаро касе ба забон намеовард. Муваффақиятҳои донишкада асосан аз намудҳои гӯштин ва якҳарбаи шарқӣ иборат буд. Мураббии ҷавон Ҳусейн Дав-
дид, ба қавле “таги чашм“ менамуд. Пас аз анҷоми мусобиқот бо эшон суҳбат карда, барои идомаи таҳсил ба донишкада таклиф намуд. Аксар бо ҳидояти вай донишҷӯ шуданд. Ин имкон дод, дастаи волейболи дониш-
Бозгашт
Ҳусейн Давлатов баъд аз вохӯрии Президент бо варзишгарон ба соҳаи варзиш баргашта, 5 сол аст парчами пирӯзӣ дар даст дорад пеши чашмонаш ба воя расида дигар касеро муносиб надид. Наврасе, ки тавре дар боло ишора рафт, ҳини донишҷӯӣ беҳтарин бозингари дастаи волейболи донишкада маҳсуб меёфт. Кофтаву суроғ карда, ӯро аз бозори “Султони Кабир” ёфтанд. Аз номи роҳбари навтаъини донишкада ба ӯ пайғом расонданд. Гуфтанд, ки маҳз ӯро ба кор таклиф дорад. Азбаски пас аз хатми мактаби олӣ дар ин ҷода, умуман, фаъолият надошт ва варзиш барояш қариб бегона шуда буд, дарҳол ҷавоби рад дод. Лек Шодӣ Сафаров бовар дошт, ки як рӯз не, як рӯз, албатта, ӯ гашта меояд. Вай хато ҳам накард. Соле пас Ҳусейн тариқи ҷаҳоннамо барномаеро тамошо кард. Дар он оид ба вохӯрии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар гузориш омода шуда буд. Сарвари давлат ҳини вохӯрӣ аз дастовардҳои варзишгарон сухан гуфта, ҳамчунин, комёбиҳои бархе аз эшонро аз даҳони худашон шунид. Баҳри пешрафти соҳа дастур дода, маслиҳатҳои муфид пешниҳод кард. Илова бар он, таъкид намуд, ки баҳри пешрафти соҳа, аз ҳама муҳим, мутахассисони кордонро бояд ҷалб кард. Вохӯрӣ хеле шавқовару хотирмон ҷараён гирифт. Аз он бисёриҳо таассуроти нек бардоштанд. Ин вохӯрӣ Ҳусейнро низ такон дод. Азм кард ҳатман ба донишкада меояд. Шодӣ Сафаров, роҳбари навтаъини донишкада аз ӯ хоҳиш намуд, ки сарварии дастаи во-
латов ибтидои моҳи апрели соли 2011 корро дар кафедраи бозиҳои варзишӣ оғоз кард. Дар рӯзҳои аввал кор барояш хеле душвор ва ношинос буд. Ӯ қарор дод мусобиқае байни факултаҳои донишкада ва коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ барои интихоби бозингарони беҳтарин ташкил намояд. Ҳамин тариқ, пас аз анҷоми вохӯриҳо 18 бозингари беҳтаринро ҷудо намуда, ба ҳайати тими мунтахаби донишкада ворид кард. Барои санҷидани маҳорати волейболбозон сарвари донишкада моҳе пас мусобиқае созмон дод. Барои дарёфти Ҷоми донишкада. Дар мусобиқа 8 даста аз макотиби олии пойтахт ва 2 коллеҷ ширкат варзиданд. Мусобиқот муддати чанд рӯз хеле пуршиддат идома ёфт. Дастаи волейболбозони донишкада таҳти роҳбарии мураббӣ Ҳусейн Давлатов тавонист бар ҳама ҳарифон дастболо гардида, ҷомро ба даст орад. Хушнудии роҳбари донишкада ҳадду канор надошт. Зеро ӯ дар интихоби мутахассис хато накарда буд. Як моҳ пас дар қасри варзиши пойтахт бо иштироки дастаҳо аз шаҳру вилоятҳои кишвар аз рӯи барномаи “Бозиҳои варзишӣ“ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мусобиқаи волейбол низ доир шуд. Ҳусейн Давлатов шахсан дар ин мусобиқа ширкат намуд. Ҳунарнамоии варзишгаронро назора мекард. Нафаронеро, ки маҳораташон бештар эҳсос мегар-
када аз ҳисоби чунин нафарон боз ҳам пурқувват гардад. Аз моҳи август ба машқу тамринҳо шуруъ кард. Аз 25 то 29 октябр мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни ҷавонон, бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти кишвар дар ноҳияи Муъминобод сурат гирифт. Дастаи яккачини волейболи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ҳамчун дастаи «Душанбе-1» дар ин мусобиқа ширкат намуда, сазовори ҷои якум гардид. Ҳанӯз даврони шӯравӣ дастаи волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар кишвар аз ҳама пурқувват маҳсуб меёфт. Ҳатто дар Спартакиадаи макотиби олӣ ва мусобиқоти гуногуни умумиттифоқӣ, ҳам дастаи мардон ва ҳам дастаи занони вилоят ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мувафақ мегардид. Пас аз истиқлолияти кишвар ҳам боре аз ҷониби ягон даста шикаст нахӯрда буд. Нахустин маротиба дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз 15 то 21 майи соли 2012 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол, бахшида ба 20-умин солагарди Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷавонони соли таввалудашон 1990-1995 баргузор гардид. Дар ин мусобиқа тими «Душанбе-1»-ро дастаи пурқуввати овозадори донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ муаррифӣ мекард. Бисёр мухлисону мутахассисони соҳа ба ғалабаи дастаи ВМКБ бовар доштанд. Зеро ин даста чӣ будани мағлубиятро намедонист. Аз Бадахшон барои дасгирии дастаи дӯстдошта, ба душвориҳои роҳ нигоҳ накарда, беш аз 300 нафар мухлис ташриф оварданд. Вохӯрӣ бағоят пуршиддат ва тӯлонӣ ҷараён ёфт. Роҳбари донишкада Шодӣ Сафаров аз зӯри ҳаяҷон барои худ ҷойи нишаст намеёфт. Fайричашмдошти ҳама, бори нахуст дастаи овозадори Бадахшон дучори шикаст гардида, бо ҳисоби 3:2 мағлуб шуд. Шодӣ Сафаров беихтиёр нафаси сабук кашид ва ҳар узви дастаи донишкадаро яке пайи ҳам табрик гуфт. Мураббии ҷавон пайваста бо шо-
гирдон тамрин мекард. Аз сомонаҳои гуногун тариқи интернет бозиҳои беҳтарини сатҳи ҷаҳониро дастрас намуда, ба шогирдон пешкаш мекард. Дар машқҳои тайёрии махсуси ҷисмонӣ, ҷаҳидан, паридан, чолокӣ ва ғайра мудири кафедраи якҳарбаи шарқӣ Акрамшоҳ Наҷмиддинов ба ӯ кӯмак мерасонд. Зеро барои тайёрии мукаммали даста барои як нафар душвор буд. Азбаски мусобиқаҳо дар саҳти ҷумҳуриявӣ пай дар пай сурат мегирифтанд, мураббии ҷавон Ҳусейн Давлатов аз мутахасисони собиқадор М. Шарипов. С. Баҳриддинов, Ҳ. Нуралиев, Д. Каримова, М. Шамсиддинов, Б. Раҳматов ва устодони кафедраи бозиҳои варзишӣ Х. Асоев, З. Нозимов, Р. Нуров, Б. Зулфиқорбеков, Н. Пирмаҳмадов, М. Корчаев, С. Амирхонов ва дигарон маслиҳат мепурсид. Баъдан мутахассисон пешниҳод намуданд, ки дар ҳамаи тимҳои пурқуввати ҷаҳонӣ баҳри тайёрии варзишгарон ширкати равоншиносон ҳатмист. Аз ин хотир, дар тайёрии тими мунтахаби донишкада ҳузури равоншинос аз манфиат холӣ нест. Ҳамин тариқ, равоншиноси ҷавон Хуршед Раззоқов дар баробари тамринҳои пайваста, аз ҷиҳати психологӣ бо варзишгарон машғулият мегузаронд. Баъдан дастовардҳои дастаи волейболи донишкада, таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Давлатов пайи ҳам афзудан гирифт. Дар мусобиқаи волейбол бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ байни тимҳои волейболи Ҷумҳурии Афғонистон, «Душанбе- 1», «Душанбе -2» (Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) бо тартиби даврӣ сурат гирифт. Дар ин мусобиқа тими «Душанбе-1» сазовори ҷойи якум гардид. Дар вилояти Суғд 20 марти соли 2015 мусобиқаи волейбол барои дарёфти Ҷоми нахустин прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 2 даста аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 8 даста аз вилояти Суғд ва 2 даста аз шаҳри Душанбе иштирок карданд. Баъди сабқатҳои тулонӣ ҷойи якум насиби «Душанбе-1», тими иборат аз донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ гардид. Зикр намудан бамаврид аст, ки тими мунтахаби «Душанбе-1» шуруъ аз соли 2011 ғолиби «Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Спартакиадаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 маротиба соҳиби ҷом дар мусобиқоти гуногуни ҷумҳуриявӣ ва 5 маротиба қаҳрамони кишвар гардидааст. 14 нафар узви тими донишкада бо унвони Устоди варзиши Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд. Сармураббии даста Ҳусейн Давлатов ба гирифтани унвони Мураббии шоистаи ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст. Хизматҳои шоистаи мураббӣ Ҳусейн Давлатовро ба инобат гирифта, Вазорати маориф ва илм ӯро бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидааст. ... Бале, шавқу ҳаваси варзишро дар дили Ҳусейн Давлатов вохӯрии самимонаи Президенти кишвар бо варзишгарон дубора бедор кард. Ӯ баргашт. Баргашт, то дастаи волейболи донишкадаро зинда созад. Баргашт ва инак 5 сол мешавад, байрақи ғалаба ба даст дорад.
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШ
300 000 сомонӣ барои ғолибони Марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз ёфт 9 январи соли равон бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфта буд. Ин иқдоми Сарвари давлат бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони кишвар дар ин мусобиқаҳо рӯи даст гирифта шуд. Имрӯз аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, ки маблағи ҷоиза муайян шуда, аз ин
пас ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ типқи меъёрҳои талабот ва андозаи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти ҶТ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз 15 то 300 ҳазор сомониро, соҳиб мегарданд. Ин маблағҳо аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат ҷудо мешавад. Ёдовар мешавем, ки ин ҷоиза дар Осиё Миёна назир надорад.
Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, баъд аз чанд пирӯзӣ дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ шаби 1 август ба Ватан баргашт. Дилшодро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мухлисони варзиш сазовор истиқбол гирифтанд. Дилшод Назаров ду моҳи охир дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи бародарон Знаменскийҳо дар Русия соҳиби медали тилло, дар Мусобиқаи байналмилалии “IAAF Hammer Throw Challenje”, ки дар шаҳри Работи Марокаш доир гашт медали биринҷӣ ба даст оварда, дар Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар Ухани Чин Қаҳрамони Осиё шуд. Бори охир дар сабқати байнулмилалии силсилаи “IAAF Hammer Throv Challenge” дар шаҳри Карлштади Шведсия низ мақоми аввалро ишғол кард. Вай дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 77,95 метр партофт. Ба ин тартиб, Дилшод Назаров дар раддабандии беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон бо 235,60 хол дар ҷои дуюм аст. Ҷои аввалро Павел Файдек (Лаҳистон) бо 244,58 хол муаррифӣ мекунад. Дилшод нахустин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил роҳхат гирифтааст.
Ҳадаф шиносоӣ пайдо кардан бо дастоварду пешравиҳои варзишии варзишгарони вилоят, ҳамчунин, мавриди муҳокима қарор додани мушкилоту норасоиҳои соҳа буд. Ширинҷон Мамадсафоев варзишгарони вилоятро бо ифтитоҳи нахустин маҷмааи бошукӯҳи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, ки дар
Ба иттилои Федератсияи футболи мамлакат Қаҳрамони феълии мамлакат “Истиқлол”-и пойтахт дар шаҳри Қӯрғонтаппа меҳмони “Вахш” шуд. Бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Голҳоро Хуршед Маҳмудов, Манучеҳр Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба самар расонданд. Дар бозии марказии давр байни “Далерон-
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
Дилшод Назаров бо роҳхати олимпӣ баргашт
Дар толори варзишгоҳи марказии ВМКБ котиби генералии Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ Ширинҷон Мамадсафоев бо мураббиёни шинохта, варзишгарон ва кормандони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят мулоқот кард.
1 август марҳилаи дуюми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз шуд. Дар даври 10-уми чемпионат даҳ дастаи лига ширкат карданд.
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Хайр” (Ваҳдат) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Равшан” (Кӯлоб) “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан) КМВА “Помир” (Душанбе) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Барқи тоҷик” (Душанбе) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)
Уротеппа”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб низ ғалаба насиби “Равшан” гардид. Бозӣ бо ҳисоби 3:4 анҷом ёфт. Ин бозии нахустини дастаи Истаравшан зери роҳбарии Алиёр Ашурмамадов буд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд низ дар сафар, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бар “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 3:1 дастболо шуд. Голҳои задаи Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров ва Ҷаҳонгир Эргашев дастаи соҳили Сирдарё се хол зам карданд. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ КМВА “Помир”-ро бо ҳисоби минималии 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 43 Комил Саидов зад. “Хайр”-и Ваҳдат низ бар “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 дастболо шуд. Голро Меҳроҷиддин Музаффаров вориди дарвозаи меҳмонон сохт.
Б 10 10 10 10 10 10 10 10 10 10
Ғ 10 7 6 5 5 3 3 1 1 0
М 0 2 1 4 2 2 2 3 2 0
Б 0 1 3 1 3 5 5 6 7 10
Т-Т 37-2 19-7 15-13 15-7 21-20 13-16 7-13 3-18 6-19 1-22
Х 30 23 19 19 17 11 11 6 5 0
Мақоми аввали Шаҳриёр дар қайиқронӣ Дар шаҳри Лиссабони Португал чемпионати ҷаҳон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни ҷавонони 18-23-сола доир гашт. Дар он 500 варзишгар аз 37 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла варзишгари кишвар Шаҳриёр Даминов ширкат карданд. Шаҳриёр дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр дар сабқати ниҳоии гурӯҳи “В” бо натиҷаи 4 дақиқаю 06,948 сония ғолиб шуд. Дар гурӯҳи «А» Сергей Торновский аз Молдова бо натиҷаи 3 дақиқаю 53 сония мақоми аввалро ишғол кард. Ба ин тариб, Шаҳриёр Даминов дар ҷамъбасти умумӣ дар байни 36 нафар ҷойи ҳафтумро соҳиб шуда, ба чемпионати ҷаҳон оид ба қайиқронӣ байни бузургсолон, ки 20-24 август дар шаҳри Милани Италия баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
Варзишгарон аз маҳорати касбиашон суйиистифода мекунанд он тамоми фасли сол мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ доир карда мешаванд, шодбош намуд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз ғамхории роҳбарияти давлат буд, ки дар муддати кӯтоҳ комплекси замонавӣ бо тамомоми шароит ба истифода дода шуд. “Вазифаи мо аз он иборат аст, ки дар рушд ва пешрафти варзиш саҳм гузорем, пеш аз ҳама бояд мутахасисони соҳаро зиёд кунем, то солимии наслҳои оянда ба дараҷаи зарурӣ таъмин шавад. Яъне, ҳадафи аслӣ он аст, ки маҷмаа бомаром ва дар доираи талаботи меъёрҳои варзиши ҷаҳонӣ бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад”, - гуфт Ш. Мамадсафоев. - Ба ҳар як мураббӣ ё варзиш-
гар лозим меояд, ки қуллаи баландтарини ихтисоси худро фатҳ намояд, - гуфт Гулподшоҳ Хайлобеков, мураббии мактаби варзишӣ оид ба самбо. Мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Азиз Ҳайдармамадов гуфт, боиси ифтихор аст, ки варзишгаро-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ни ВМКБ дар мусобиқаҳои гуногун маҳорати баланд нишон медиҳанд ва соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва унвонҳои варзишӣ гардидаанд. Вақту замоне расидааст, ки ҳамаи мо бояд аз як гиребон сар бароварда, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то шумораи чунин нафаронро зиёд кунем.
Раиси Федератсияи дзюдои ВМКБ Кишвар Шамиров иброз дошт, ки нисбат ба солҳои қаблӣ варзиш дар вилоят ба дараҷае рушд ёфтааст. Аммо дар баробари пешравиҳо камбудиҳо низ ҷой доранд. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки баъзе варзишгарон аз маҳорати касбиашон сӯистифода мекунанд. Дар байни чунин нафарон варзишгарони ҷавони обрӯманд низ ҳастанд, ки дар ҳар гуна мусобиқаҳои варзишии кӯчагӣ ширкат карда, ягон узви баданашон маъюб мешавад, дар натиҷа дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат карда наметавонанд. Пеши роҳи чунин ҳолатҳо бояд гирифта шавад. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ
13
РУБРИКА Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта Аз байн се сол гузашт. Алопар ба як саги бузургҷусае табдил ёфт. Рӯзе Тавар ӯро ба шикор бурд. Сайёд кабкеро аз дур дида, ба саг амр кард, ки сайдро дошта биёрад. Алопар бо чор хез худро ба болои кабк расонд. Паранда аз тарс худро ба замин сахттар часпонд. Саг донист, ки кабк бо баданаш бачаҳояшро ҳимоя дорад. Дилаш сӯхт. Кабкро ба ҳоли худ гузошта, ба назди соҳибаш баргашт. - Таърифи Амир беҳуда будааст, - писханд зад Тавар ва бо як тир кабкро паронд. Давида аз почаи кабк гирифта, назди саг партофта, ба сараш дод зад: - Бихӯр! Шояд ҳушат ба ҷояш ояд. Саг ба чунин рафтори бераҳмонаи шикорчӣ нафрат хонда, бо қароҳат аз тӯъма рӯй тофт ва аз ҷойи ҳодиса дур шуд. Дафъаи дуюм сагу шикорчӣ бо бузи кӯҳӣ вохӯрданд. Алопар бо даъвати Тавар аз қафои сайд давида, зада ӯро аз пой афтонд. - Офарин! - аз дур дод зад Тавар. - Акнун аз гарданаш гирифта кашола карда биёр. Модабуз бо чашмони раҳмовар ба саг менигарист. Алопар донист, ки ҳайвон дар батнаш бача дорад. Каме болои сари буз истода, пасон қадре дур рафта дароз кашид. Модабуз баъд аз дам гирифтан аз ҷой хеста, ба тарафи ҳамҷинсони худ давида рафт. Тавар худро ба пеши саг расонд. Аз буз на пай буду на ҳайдар. Ӯ чӯберо бардошта ба сари Алопар давид. - Дафъ шав, аз назарам! Дигар афтатро набинам. Акнун шикорро дар хоби шабат мебинӣ… Ҳар гоҳе ки Тавар ба шикор мебаромад, саг илтиҷоомез аз қафои сайёд менигарист. Дилаш муштоқи тамошои пуштаю дараю ёлаҳои кӯҳсор буд... Чашми рӯз накафида, Тавар ба роҳ баромад. Атроф аз боридани борони шабона чӣ таровате дошт. Қатраҳои борон дар зери шӯои хуршеди тулӯъкарда ба монанди донаҳои марворид бо ҳар ранг ҷило доштанд. Ғиҷҷироси дар Алопарро бедор кард. Садои помонии шикорчиро шунид, ки бо маром аз хона дур мешуд. Дилаш аз ҳодисаи нохуше гувоҳӣ дод. Саг ҷаста аз ҷояш хеста, ба сӯи дар давид. Банд таранг шуда, ӯро болои замин афтонд. Парида қоматашро рост кард. Бо қаҳр ба хоидани чилбур сар кард. Ниҳоят банд бурида шуд ва ӯ аз паси шикорчӣ давид. Тавар пояшро болои санг гузошт. Замини таги санг аз борон нам кашида, вазни шикорчиро набардошт. Санг аз ҷояш канда шуда, сайёд ба қаъри дарёи Ромит афтид. Селобаи тезҷараён шикорчиро печонида, бошаст сарнишеб кард. Алопар ба ҷойи ҳодиса омада, манзараи даҳшатовареро дид. Ғарқ шуда дасту по мезад.
14
Қасоси Алопар Зариф ҒУЛОМ
(ҳикоя)
Оби лойолуд ба чашму даҳонаш даромада, на чизеро медиду на нафас кашида метавонист. Ӯ гоҳ ба қаъри об меғутиду гоҳ сар аз он мебаровард. Дар талоши раҳоӣ ба ҳар хасу хошок даст мезад. Саг шитобон худро ба руд партофт. Дасти Тавар ба чизи мулоим расидан баробар онро маҳкам дошт. Алопар бо сад азоб ними бадани шикорчиро аз об бароварда, худаш ҷониби манзили дӯсти хурдсолаш равон гашт. Шикорчӣ ба хона даромада, писарашро зери истинтоқ гирифт. - Даҳҳо бор ба ту гуфтам, ки сагатро бо тасма банд. Бин чӣ тавр чилбурро хоидааст. Агар ин дафъа ҳам аз пушти ман равад, аз худат гила кун. Сагатро мепаронам. Нур хомӯшона гардани сагашро ба оғӯш гирифта, таги
ба даст гирифт Хоркаш. - Аз Тавар фақат таъриф шунавед. Канӣ, бигӯед, ки чанд сол боз Тавар ба шикор сару кор дорад? - Қариб шаш сол боз ба ин касаба машғул аст, - Акбар ангуштонашро пайи ҳам қат карда, ба шумурдан даромад. - Ба ғайр аз заргӯшу суғуру кабк дигар сайде назадааст. Ку, Тавар, як ҳунаратро нишон дода, ҳамон хирси гуфтаи Амирро паронда биёр. - Ин корро ӯ фақат дар хоби шабаш мекунад, - таъна зад Асо ва хандаи ҳозирин ба сақф часпид... - Ҳоло ман ба шумо чӣ хел шикорчӣ буданамро нишон медиҳам, - ба чашмаи Хунукак наздик шуда, зери лаб ғур-ғур кард Тавар ва худаш нафаҳмид, ки чӣ тавр ба чоҳ афтид. Ҳангоме ба худ омад, болои
дида, аз тарс ба думликонӣ гузашта, мутеъона пеши пояш дароз кашиданд. Алопар аз байни онҳо ба шаст гузашта, ба дари хайма наздик шуд. - Ҳеҷ боварам намеояд ки ин ту бошӣ? - Амир овози сагонро шунида, аз хайма баромада, дар наздаш кучукчаи тӯҳфакардаашро дид. - Чӣ хел ту калон шудаӣ? - чӯпон дар назди саг ба зону зад ва сару рӯяшро сила кард. - Аз рӯи шунидам туро Алопар ном ниҳоданд. Э, исто! Ту қайишро канда аз банд халос шудаӣ. Агар медонистам, ки Тавар ба ту чунин муносибати дағалонаро раво мебинад, ҳаргиз туро ба ӯ намебахшидам. Алопар аз лаби чакмани даҳмарда газида, ба тарафи худ кашид. Баъд қафо гашта, қадре давида истод. Тоб хӯрда, овоз баланд кард.
дарахти олуча овард. Тасмаи шимашро кашида, ба гардани Алопар ҳалқа карда ба дарахт баст. Тобистон гузашту тирамоҳ даромад. Алопар чорсола шуд. Ҳар касе, ки ин саги бузургҷуссаро медид, гумон мекард, ки таккаи сари рама аст. Тавар роҳ мерафту гуфтугӯи дар чойхона шударо ба хотир овард. - Э, қандаша занад Мирзо, ба ҳама эълон кард Акбар. - Дина як хирси бузургҷуссаро парронда, болои аспаш бор карда, ба хонааш овард. Тавар бошад, фақат лоф мезанад. Ман ҳам шикорчии моҳир мегӯяд. Як бор хирс шикор карданашро надидем. - Амири даҳмарда мегӯяд, ки дар назди чашмаи Хунукак хирси малла пайдо шудааст, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд Ризо. - Агар Тавар ҳамон хирсро шикор кунад, он гоҳ ба сайёди асил буданаш бовар мекунем. - Э, монеде, - риштаи гапро
сараш хасу хошок, пораҳои чӯбу тахта ва гарди хок рехт. Сару рӯяшро аз гарду чанг тоза карда, ба боло нигариста, пораи осмони нилгунро дид. Донист, ки аз чоҳ бе мадади дигарон баромада наметавонад. Дар ин субҳи содиқ доду фарёд карданаш ҳам нафъе надорад. Аввал ба худ савол дод, ки ин чоҳро кӣ канда бошад? Худаш ҷавоб гардонд: чӣ фарқ дорад, ки кӣ ин корро кардааст. Муҳим он ки ин чоҳи моҳирона хаспӯшкардаро ӯ надид. Баъд ба дашном додани худ сар кард. - Чаро ба сайди ҳайвонот даст зад? Дар хонаи гарм, паҳлӯи зани нозанинаш хоб мерафт намешуд? Ё мисли Саттор ба боғу токпарварӣ машғул мешуд, беҳтар буд. Ҳамсоя ҳар сол аз фурӯши себу ангур даромади зиёд ба даст меорад… Сагҳои чӯпонӣ баробар ба аккосзанӣ даромада, ба сӯи ҳайвони ношинос давиданд. Пешорӯяшон саги бузургҷссаро
- Ҳа, маълум, - чӯпон қомат бардошт. - Ба он нокас ҳодисае шудаасту ту маро барои кӯмак расондан даъват дорӣ. Саг боз ба назди соҳиби хайма баргашт. Боз аз лаби чакманаш газида, ба тарафи худ кашид. - Пеш даро! - Амир саросема аспро зин карда, аз хайма милтиқ ва банд бароварда, ба асп савор шуд. - Канӣ, роҳро нишон деҳ. Шиҳаи аспро шунида, Тавар сар бардошта, дар лаби чоҳ Амирро дид, ки ба поён арғамчинро мепартояд. - Ин чоҳро барои доштани хирси малла канда будам, - Таварро ба боло кашида, ба баёни ҳол гузашт Амир. - Аз куҷо медонистам, ки туи даҳаняла ба чоҳ меафтӣ. Айби худат. Агар сагро ҳамроҳ мегирифтӣ, ин ҳодиса рӯй намедод. - Эээ, аз ҳамин сагат безор шудам, - Тавар камонро рост карда, Алопарро паронданӣ шуд.
- Накун ин корро! - Амир чолокона мили камонро як тараф гардонд. Тир ба ҳаво рафт. - Дарҳол фаромӯш кардӣ, ки маҳз ҳамин саг туро наҷот дод. Набошад, дар даруни чоҳ пӯсида мемондӣ. - Ин қадар муҳобот кардӣ, Тавар камонро сари китф гузошт. - Ягон кас ба назди чашма омада, албатта маро халос мекард. - Тавар, ту ҳеҷ аз аспи мағрурӣ нафуромадӣ, - даҳмарда пой бар узангу гузошт. - Ҳушдорат карда будам, ки ин саги боақл аст. Ту бояд бо ӯ меҳрубон бошӣ. - Эҳ-ҳа, - шикорчӣ ба як тараф туф кард. - Ҳамин қадараш мондааст, ки ба ӯ саҷда кунам. - Ин қадар нафрат нисбат ба ин саг аз куҷо дар дили ту манзил кардааст, - бо қаҳр гуфт Амир. - Агар Алопар ба ту маъқул набошад, пас ӯро гашта мегирам. - Гир, гир, - Тавар дар таҳи дил хурсандӣ дошт, ки аз саг халос мешавад. - Ду маротиба ба шикор бурдамаш. Аз дасташ ҳеҷ балое наомад. Ҳоло аз ҳафт пушташ безорам. Амир пой аз узангу гирифт. Тоб хӯрда, сагро дар пешаш надид. Алопар кайҳо ба тарафи хонаи соҳиби меҳрубонаш медавид. Саг аз вай дил канда наметавонист. - Ҳоло ба чарогоҳ меравам, - даҳмарда худро болои зин гирифт. - Рама бесоҳиб мондааст. Ҳамин ки пайти муносиб даст дод, омада сагамро мегирам. - Бисёр мамнун мешудам, онҳо бе хайру маъзур ҷудо шуданд... - Ма, сагатро бо ҳамин мебандӣ, - Тавар банди занҷирро пеши пойи писараш партофт. Амир омада сагашро мебарад. - Намедидиҳам! - Нур бо баданаш сагашро ҳимоя кардан хост. - Ман ӯро калон кардаам ва ӯ дӯсти вафодорам мебошад. Аз ӯ дил канда наметавонам. - Надода ҳам бин, - Тавар баҳсро идома надода, ба хона даромад. - Ота, чаро саги маро ин қадар бад мебинӣ? - дар худ ҷасорат пайдо карда, Нур ба падараш савол дод. - Кори туи фиси бинӣ набошад, - Тавар аз дурӯғи гуфтааш изо кашида, ба рӯи Нур торсакии обдоре фаровард. Аз даҳону бинии Нур хун фаввора зад. Ӯ бо ҳар ду дасташ бари рӯи аловгирифтаашро дошт. Аз чашмонаш донаҳои ашк ба шоридан даромаданд. Алопар рехтани хунро дар рӯи дӯсти хурдсолаш дида, косаи сабраш лабрез гашт. Ӯ бо як ҷаҳиш ба гулӯи Тавар дандон зада, рагу паяшро даронд ва ҳангоми парвоз ҳис кард, ки дар вуҷуди худаш низ чизе канда шуд. Нур чанд муддат ба ду ҷуссаи бари ҳам хобида бо чашмони аз ҳайрат калон кушода нигариста, аз ҳолати карахтию пакарӣ дер ба худ омад. Пасон, аз ҷой хеста, дар назди саги вафодараш ба зону зад ва сари Алопарро ба бағал кашида, баланду бо алам ба навҳа даромад...
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ «… Плюс», њафтаномаи русї
Љои хоби пулакї Марњалаи охири давраи санг
Гирифтори бало
... Сулаймонова, шоира
Муќобилмаънои «вайронї»
Муќобили арзи љуѓрофї
Беѓараз, маслињати …
«Эй …бон, оњиста рон», шутур
... -Скала, театри машњур
Паррандаи хонагї
Ятим
Љои исти мошинњо, «стоянка»
Тез, босуръат
Ноњияи аз рўи ањолї 2-юми ЉТ
Маѓзи зардолу
Ѓўтидан дар об «Робинзон …», асари Д.Дефо
Аввали номњои Рўдакї ва Сино Туњфае, ки мењмон меорад
Дастгоњи одаму боркашонии бино
Бале
Фикр, идея
«Оњиста»и эронї
Коргардони машњури кинои шўравї
Хори љайра
Махлуќи афсонавї
Молхона
Нидои таассуф
Таёќ
Ба садои касе пайравї кардан
Пешвоз гирифтан
Азм, ирода
... Шералї, шоири мањбуби тољик
Муќобили «бад»
Орфография
Бодгири киштї
Шањри ќадимаи арманї
Шишаи навъи аъло
Пойтахти Узбекистон
Шоири тољики асри XIX
Воњиди дарозї
Эшон, вайњо
Кисабур Гиёњи шифобахши кўњї
Аломати китобатї Санами бињиштї
W-… ю (номи англисии њарф)
Ќарз
... Муњаммадљонов, актёри тољик
Ќоил шудан = … шудан
«Љануб» ба истилоњи бањрчиён
Тирезача дар боми мошин (русї)
Паррандаи калон, рўи бом лона месозад
Љои махсус барои хўрокхўрии чорво
Узви дохилии бадан
Офтоб (шеърї)
Дарё дар ЉТ
... Усмонова, сарояндаи ўзбек Шодбош, муборакбод
Аз дањон поёнтар
Иљрокунї
Хирсаки австралиягї
Њайкале, ки дар Чину Њинд мепарастанд
Тамѓаи хокаи љомашўї
Номи падарњои Ленин ва Брежнев
«Мењмон»-и тропикї дар бозорњои Душанбе
... де Жанейро
Њарфи арабї
Ќањрамоншањри Украина
Футболбози Бразилия ва «Милан»
Киштии Љазира архимилли- дар пелаги онерњо Малай
Хайр! (итолиёї)
… Келдї, шоири тољик
Шохоби калони дарёи Волга
Роњбари собиќи Афѓонистон Бабрак …
Таг, зер
Оббозї барои покї
Анљомаи фамилияњои тољикї
Нони кулўла аз афсонаи русї
«Алифбо» китоби дарсии синфи ...
Муќобили «ња»
Гимнастикаи хитої
Ќош
Лётчики моњир
Овози паст
Намї, рутубат
Кори хайр
Давлат дар Осиё
Асбоб
Ањсант!
Дўзах ба русї
Хайр
Ѓариб, дарбадар
Касалии сироятї
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015
Њайвони хоянда
Љои ситорањо
Пойтахти Перу
Пайи ранг ё руѓан
Дўстї, ошної
Шоираи тољик
Ишораљонишин Њамоњангии якчанд садои мусиќї
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ Табиб баъд аз ташхис нӯшидани машруботро ба бемор манъ мекунад. Бемор: - Ман дар хона дастгоҳи винобарорӣ дорам ва яке аз виносозони беҳтаринам. Ҳатто вино нӯшидан ҳам барои ман мумкин нест? Табиб: - Ҳамроҳ бо ман мумкин аст.
***
Аз дафтарчаи ёддошт: “Дили касеро нашиканед, ҳамаи инсонҳо танҳо якто дил доранд, беҳтараш устухонҳоро бишканед, зеро ҳар нафар 206 устухон дорад”.
***
Дар назди табиб: - Духтур, ман поямро аз ду ҷой шикастам. - Ҳамон ҷойҳоро дар хотир доред? - Бале. - Хеле хуб, дигар ба он ҷойҳо наравед. Ҳаҷми зиёни расида бар асари офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон ва Рашту Тоҷикобод беш аз 600 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ гуфт, ки "ҳар як сокини зарардида, аз кӯдак то калонсол, бо сару либоси тобистонаву зимистона ва ҳар як оила бо номгӯи асбоби рӯзгор, ҷиҳози хона, яхдону телевизор, гилему курпача, асбоби ошхона то риштаву сӯзан бояд таъмин карда шавад". Ҳамчунин, қарор шудааст, ки ҳар як оилаи зарардида ба муҳлати то шаш моҳ бо маводи ғизоӣ ва дар фасли зимистони дарпешистода бо ангишт ва асбобу таҷҳизоти гармидиҳанда таъмин карда шаванд. Бо назардошти оғози соли нави таҳсил ба мақомоти маорифи кишвар дастур дода шудааст, ки фарзандони хонаводаҳои осебдидаро бо заруриёти дарсӣ, сару либоси мактабӣ ва дигар шароити таҳсил саривақт таъмин намоянд.
ШОДБОШӢ
АНДАРЗ
Суфраи ятимон Марди ҷавон фурӯшандаи яке аз дорухонаҳои калон буд. Дорухона калон бошад ҳам, доруи даркориро барои муштариён зуд пайдо мекард. Дар вақти кор бо муштариён забони суҳбат ҳам меёфт. Азбаски муштариён ё худашон бемор буданд ва ё ягон наздикашон, ғамгин менамуданд ва чандон майли суҳбат надоштанд. Ба ҳар ҳол ҷавон кӯшиш мекард дили маҳзунашонро ба даст орад.
Соҳиби дорухона бошад, марде буд синнаш фаротар аз ҳафтод. Бо вуҷуди эроду шикоятҳои зиёд бо усули куҳна кор мекард. Аз ин рӯ, бисёр маврид дар ҳисобу китоб хато менамуд. Ба бахти пирамард кормандаш ҷавони бодасту панҷа буд ва аз уҳдаи кор мебаромад. Вагарна ӯ бо ин аҳвол корро пеш бурда наметавонист. Доруфурӯши ҷавон дар ҳақиқат зирак буд. Вақте содагии хуҷаинашро пай бурд, ба нархи доруҳо зам кард. Бо ин тарзи дуздӣ ӯ се баробари маошашро кор мекард. Ҷавони доруфурӯш дар як маҳаллаи канори шаҳр, дар кулбаи назарногире мезист. Чанде нагузашта кулбаашро ба хонаи дуқабата табдил дод. Дару тирезаҳоро нав кард. Мавҷгир ё антеннаи беҳтар насб кард. Ҳамаи ин як тараф, акнун аз хонаи ӯ зуд-зуд бӯйи гӯштбирёну ҳар гуна таомҳои лазиз меба-
ромад, ки диққати ҳамсояҳоро ҷалб менамуд. Бечора мардуми маҳалла, ки гӯштро дар як сол як бор, асосан рӯзҳои иди қурбон медиданд, аз бӯйи хӯроки лазизе, ки маҳалларо пахш мекард, тахминҳо мекарданд. Яке мегуфт ин бӯйи гӯштбирён аст, дигаре исрор мекард, ки бӯйи оши палав. Бӯйи хӯрок шомгоҳон бештар мегашт. Аз ин рӯ, офтоб, ки ғуруб мекард, сокинони кулбаҳо як-як тирезаҳоро пӯшида, пардаҳоро мекашинданд, то бӯйи хӯрокро ҳис карда, кӯдаконашон талаб накунад. Ҳамсари ҷавони доруфурӯш дер ҳам бошад, ин ҳолатро пай бурда, ҳамсарашро сарзаниш кард. Вале шавҳар ба гуфтаҳои вай чандон аҳамият намедод. Чунки як ҷавони хеле якраву ба андозаи якравиаш беинсоф буд... Дар шафати хонаи онҳо кулбаи зани фақире воқеъ буд, ки бо фарзандонаш зиндагӣ мекард. Падари фарзандони ин зан, ки ҳанӯз ҷавон аз дунё гузашта буд, ба фарзандон не мерос гузошта тавонисту не пасандози кироӣ. Бинобар ин, зиндагии вазнин доштанд. Ҳарчанд ҳамсари доруфурӯш хоҳиши ба ятимон кӯмак кардан дошт, аммо шавҳарашро дар ин бобат ҳеҷ розӣ карда наметавонист. - Ман давлат нестам, ки аз ҳоли ҳама бохабар шавам. Рӯзҳои ид идонаашон медиҳам-ку. Ҳамин бас аст... - мегуфт ба ҳамсараш. Бо вуҷуди ин ҳамсари ҷавон гоҳ-гоҳ ба модари ятимон хӯрок мефиристод. Вале шавҳар гӯшт доданро қатъан манъ карда буд, чунки мегуфт, агар онҳо маззаи гӯштро чашиданд, хӯроки дигар дар назарашон бемазза менамо-
яд.
Доруфурӯш духтари эркаву инҷиқе дошт. Хӯрдани гӯшти зиёд ба дилаш зада буд. Ӯ бисёри вақт буридаи гӯштро ба даст гирифта, мегазиду сипас шикоят мекард, ки “ин гӯштро равғанаш бисёр, ин гӯшт устухон дорад, гӯшти сахт харидаед ва ғайра”. Духтараки эркаву нозпарвар гӯшти нахӯрдаашро ишора карда мегуфт: - Инҳо барои гурбаву сагҳои маҳалла зиёфати хубе мешаванд. Аммо падараш сагро бад медид. Барои ҳамин, аввал иҷозат надод, ки гӯштро ба сагҳо диҳанд. Вале пасон ба хостаи духтари эркааш розӣ шуд. Аккоси сагҳои маҳалла, хусусан, шабҳо доруфурӯшро асабӣ мекард. Ӯ ҳар чизе ки ба дасташ меафтод, аз боло ба сари сагҳо ҳаво медод. Модари ятимон ҳам бисёри вақт дар боғча қарор дошт. Маълум, ки сагҳо ӯро ҳам роҳат намегузоранд. Ҷавони доруфурӯш барои сагҳо чандин бор ба милиса шикоят бурд, аммо натиҷа надод. Сипас, қарор дод, ки корашонро худаш ҳал мекунад. Рӯзи дигар аз дорухона доруи марги мӯш оварда, ба гӯштбирёну хӯрокҳои дигари боқимонда илова кард ва ба боғча партофт. Шод буд, ки барои маҳви ҷонварони дайду кори аз дасташ омадаро анҷом дод ва умедвор буд, ки натиҷа ҳам медиҳад. Рӯзи дигар хабари марги ятимон ба гӯш расид. Духтурҳо пас аз ташхис маълум карданд, ки кӯдакон доруи марги мӯш хӯрдаанд. Ҳарчанд модарашон ба ин бовар намекард... Таҳияи Б. УСМОНОВ, “ҶТ”
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
16
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Бунафша ОДИНАЕВА (муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Манзумаи ФИРӮЗ, Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).
ЗОДРӮЗ МУБОРАК! Сармутахассиси Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Фаридун Бачаҷонов ҷашни мавлуд дорад. Ӯро ба ин муносибат ҳамкорон, ёру дӯстон ва аҳли оила табрик намуда, аз номи шоир мегӯянд: Шакар бодо ба коми ту, Саҳар бодо ба шоми ту. Камар бодо ба боми ту, Зафар бодо ба номи ту. Муборак зодрӯзи ту, Хуҷаста шому рӯзи ту.
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Номаи камоли гумшудаи АБ №118882, ки онро МТМУ рақами 62-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 2002 ба Кулобиева Бунавша Ғаниевна додааст, эътибор надорад.
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Соҳибкори инфиродӣ Одинаева Чамангул Зоировна (РЯМ 1530020278), ки дар Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Раёсати бақайдгирии андозсупорандагони ноҳияи Варзоб аз 26 июни соли 2014 ба сабти давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ менамояд.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7757 нусха ба нашр расид.
•
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9405), 6 АВГУСТИ СОЛИ 2015