Ҷавонони Тоҷикистон, №31, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН

Пешвои миллат дар шинохти хориҷиён Қаламрави Тоҷикистонро бисёр сайёҳону донишмандон ҳанӯз аз замони шоҳроҳи бузурги Абрешим ва минбаъд аз сафари сайёҳи венетсиягӣ Марко Поло то иштирокчиёни экспедитсияҳои барзиёди олимони рус омӯхтаю таҳқиқ намуда, фикрҳои ҷолиб баён доштаанд. Дар Тоҷикистон, барои рушди тамоми намудҳои сайёҳӣ – сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ, таърихӣ, варзишӣ-куҳӣ замина муҳайёст. Дар баробари ин барои рушди сайёҳии байналхалқӣ дар мамлакат, беҳтар намудани вазъи инфрасохтори соҳа, фаъолияти санаторию курортӣ ва муҳайё намудани шароити муносиб барои ташрифи сайёҳони хориҷӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Ба ибораи дигар, дар Тоҷикистон саёҳат ҳамчун воситаи тарғиби таъриху дастовардҳои бостонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад. Бесабаб нест, ки раиси собиқи Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ Толиб Рифоӣ зимни сафараш ба кишвари мо иброз намуда буд, ки “Тоҷикистон биҳишти кашфношуда аст”.

№31 (9561), 02/08/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Сафари корӣ ба НБО «Роғун» саҳифаи

2

саҳифаи

4

Бо фейсбук ба куҷо равонаем? Омода намудани хизматчиёни ҷавон аз ҳисоби духтарон

саҳифаи

Фурӯши “газвода” бо зарфҳои ифлос? саҳифаи

6 7

Бозиҳои Осиё-2018: Тоҷикистонро киҳо муаррифӣ мекунанд? саҳифаи

9

Тоҷикистон биҳишти кашфношуда аст саҳифаи 12


2 26 июл, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуда, аз ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот, ки айни замон дар 78 қитъа бо сатҳу сифати баланд, шабонарӯзӣ идома дорад, шинос шуда, бо муҳандисону кормандони техникӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд. Шиносоии Сарвари давлат нахуст аз мавзеи бунёди навбати аввали сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти гидроэнергетикии мамлакат ба ҳисоб меравад, оғоз гардид. Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар вақти сохтмони марҳилаи аввали сарбанд баробари иҷрои корҳои заминӣ, васлу насби асбобҳои санҷишӣ - ченкунӣ низ амалӣ гардид. Тибқи иттилои масъулон то ба имрӯз дар сарбанди нерӯгоҳ 48 адад асбоби санҷишӣ - ченкунӣ васлу насб ва дар асоси лоиҳа беш аз 45 ҳазор метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии геомембрана, ки ҳамчун маводи зиддиполоишӣ асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, истифода гардидааст. Геомембрана дар қисмати пеши сарбанд қисм-қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар маводи зиддиполоишӣ насб гардида, ба гуфти масъулони сохтмон, амалӣ намудани ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарони муҳандисию техникии НБО “Роғун”ро ҳидоят карданд, ки ҳар амали сохтмонӣ дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд иҷро карда шавад, зеро иншооти мазкур ҷузъи асосии нерӯгоҳ ба ҳисоб рафта, бунёди саривақтии он, пеш аз ҳама дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакаттаъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ хоҳад дошт. Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи сарбанди НБО “Роғун” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали хати конвейрӣ иштирок намуданд. Бунёди хати конвейрӣ, ки асосан барои интиқоли маводи сарбанд, аз ҷумла сангу шағал басо мусоид аст, аз ҷониби ширкати “Салини Импреҷило” сурат гирифта, дар ҳоли ҳозир 4 ҳазору 200 метрро ташкил медиҳад. Корҳои заминӣ ва оҳану бетониро дар ин минтақа мутахассисони ширкати сохтмонии «Тоҷикгидроэлекторомантаж» ба анҷом расонида, васлу насби

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ таҷҳизот аз ҷониби ду ширкати хориҷӣ амалӣ карда шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти хати конвейрӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия, Франсия ва Олмон мебошад, дар як соат имкони интиқол додани 3 ҳазор тонна сангу шағалро дорад. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, аз конҳои алоҳида бе харҷи зиёдатӣ ва сарфаи вақт сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ба мавзеи бунёди сарбанди асосӣ интиқол дода мешавад. Ёдовар мешавем, ки барои бунёди сарбанд ва дигар иншооти нерӯгоҳ беш аз 50 миллион метри

ҳамзамон ду коргоҳи коркарди маводи шағалзамин сохта шудаанд, ки вобаста ба зарурият тариқи автоматӣ ҳамагуна ҷинсҳои кӯҳиро барои истифода дар сарбанд мутобиқ месозанд. Бо бунёди марҳилаи дуюм масофаи хати конвейрӣ маҷмӯан ба 9 километр мерасад, ки нуқтаи ниҳоии он мавзеи сохтмони садди асосӣ хоҳад буд. Воқеан, коргарони муҳандисию техникии НБО “Роғун” ҳар амали сохтмониро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро мекунанд. Зеро рафти сохтмони Нерӯгоҳ таҳти назорати бевоси-

мукааб омехтаи сангу шағал ва дигар намуди ҷинсҳои кӯҳӣ захира карда шудааст ва имрӯзҳо дар ин самт бо истифода аз техникаю механизмҳои замонавӣ корҳо бо суръат идома доранд. Дар саргаҳи хати конвейрӣ

таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин омил асоси босифат ва мувофиқи нақша пеш рафтани корҳои сохтмонӣ мебошад.

МАШВАРАТИ КОРӢ БО РОҲБАРОНУ МАСЪУЛОНИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “РОҒУН” ВА ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ РОҒУН 26 июл дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони Нерӯгоҳи Барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун машварати корӣ доир карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузории машварати имрӯза натиҷагирӣ аз корҳои сохтмонии иҷрошуда, омодагии ҳамаҷониба ба маросими ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар соли 2018 ва вазифагузорӣ барои давраи семоҳаи дигари соли 2018 мебошад. Дар кори машварат нахуст гузориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ шунида шуд. Дар ҳисоботи Сарвазири мамлакат, Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидорҳои Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Қоҳир Расулзода таъкид гардид, ки аъзои шӯрои нозирон барои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли кулли масъалаҳои муҳандисию техникӣ, риояи стандартҳои ҷаҳонӣ, ҷалби техникаю технологияи муосир, истифодаи оқилонаи мошину механизмҳои мавҷуда, назорати сифати корҳои иҷрогаштаи сохтмонӣ, тарбияи бунёдгарони ояндаи неругоҳҳои азим, бахусус расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, тамоми тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Дар кори машварат ҳамчунин ҳисоботи Директори генералии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода ва намояндаи Ширкати “Салини Импреҷило” Лучано Чиконя оид ба иҷрои уҳдадориҳо дар самти анҷоми корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ шунида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани навбати агрегати аввали неругоҳ, таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳаммияти ниҳоят бузург дорад. Афзалият додан ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ натиҷаҳои самарабахши худро дода истодааст. Натиҷаи ҳамин талошҳову тадбирҳо буд, ки бори аввал дар зимистони солҳои 2017-2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо неруи барқ бемаҳдудият таъмин карда шуданд. Барои расидани ба ҳадафҳои дигар бошад, Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои нозирони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, Роҳбарияти Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи Барқи обии “Роғун” ва дигар коргарону пудратчиён супориш доданд, ки бо истифода аз ҳар як вақти мусоид барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат талош варзанд. Дастур дода шуд, ки барои расидан ба ҳамаи мақсаду мароми нек бояд уҳдадориҳо босифат иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ, сарфи маблағҳои буҷетӣ таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад. Ҳамчунин иҷрои босифати корҳо, дастрасии масолеҳи босифати сохтмонӣ, ҳамкории зичу пурсамари фармоишгар бо ширкатҳои пудратии дохилу хориҷ таъмин карда шавад. Дар охир Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти неругоҳ барои таҳияи нақшаи чорабинӣ оид ба истифода додани навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар фасли тирамоҳи соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас доданд. Супориши дигар ба Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таъсиси ситоди ҷумҳуриявии ободонию кабудизоркунӣ, барои шинонидани дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ қад қади шоҳроҳи Ваҳдат то шаҳри Роғун дода шуд. Баъди анҷоми кори машварат бо иштироки аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳамин ҷо ҳисоботи Раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим оид ба иҷрои корҳои ободонию созандагӣ шунида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдомҳои шоистаи сокинони шаҳри Роғун барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳои арзанда дода, онҳоро ба анҷоми тадбирҳои навбатӣ барои истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд. www.president.tj

Сафари корӣ ба НБО «Роғун»


Ифтитоҳи майдони нави варзишӣ дар Хоруғ

Мусобиқаи волейбол дар Рӯшон

Бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ майдони нави футболбозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев ва варзишгарону сокинони шаҳр ширкат намуданд. Зимни ифтитоҳи майдон қайд гардид, ки то ин муддат ба чунин тарҳи нав дар шаҳри Хоруғ майдони футболбозӣ мавҷуд набуда, он дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии мамлакат ҳамчун маркази замонавии тарғиби тарзи ҳаёти солим ба истифода дода шуд. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо варзишгарону ҷавонон, наврасон ва сокинони шаҳр миннатдории самимии хешро ба Ҳукумати кишвар, шахсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон баён намуданд. Гуфта шуд, ки майдони мазкур бо маблағи 64 000 доллари америкоӣ аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд ва бунёди чунин иншоот минбаъд низ дар вилоят идома хоҳад кард. Баъди маросими ифтитоҳ бо иштироки кӯдакону варзишгарон дар майдони нав фестивали бачагона гузаронида шуда, ба онҳо либосу лавозимоти варзишӣ тақдим гардид.

Баҳри оммавӣ гардонидани варзиш ва дар ин замина ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба он, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯшон низ мусобиқаҳои деҳа ба деҳаро роҳандозӣ кардааст. Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон варзиши ВМКБ иттилоъ доданд, чунин як мусобиқа аз намуди волейбол дар мавзеи Рухчи ҷамоати Савноби Рӯшон байни ҷавонон баргузор гардид. Дар он 9 даста байни ҳам рақобат намуда, даври ниҳоӣ бо ғолибияти тими “Рошорв”, ки зинаи аввалро ишғол кард, анҷом ёфтааст. Дастаи “Япшорв” ҷои дуюмро ба даст овард. Бояд қайд, кард ки чорабиниҳои варзишӣ бо усули деҳа ба деҳа дар ҳамаи ҷамоату деҳоти ноҳияҳои вилоят идома доранд.

ВМКБ

ХАТЛОН

Забон донӣ - ҷаҳон донӣ

Бо дастгирии бевоситаи вазири корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ курсҳои омӯзишии

Аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи И.Сомонӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миёни ҷавонони маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз руи намуди футбол доир шуд.

Чорабинии мазкур ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ҷалби ҷавонон ба варзиш гузаронида шуда, дар охири чорабинӣ дастаи ғолиб бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ҷавонон бар зидди ВИЧ\СПИД Бо ин шиор дар бозори Султони Кабири шаҳри Душанбе Аксияи тарғиботӣ доир гардид. Дар он масъулини сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон, мутахассисон аз Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри Душанбе, табибони марказҳои саломатии шаҳрӣ иштирок намуда, оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ миёни соҳибкорон ва харидорони бозори номбурда

корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, варақаҳои таблиғотии пешгиркунанда паҳн намуданд. Инчунин дар як гӯшаи бозор лабараторияи сайёр ташкил карда шуд, ки бештар аз 100 нафар сокинон аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаштанд. Чорабинӣ бо иқдоми Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо Раёсати тандурустии шаҳр роҳандозӣ шуд. “ҶТ“

Баргузории фестивали “Хайрамақдам ба водии Рашт”

ШНТМ

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияҳои водии Рашт фестивали минтақавии сайёҳии “Хайрамақдам ба водии Рашт” баргузор гардид. Дар ин фестивал аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ намояндагон ҷалб гар-

диданд. Тибқи нақша иштирокчиёни он тайи 5 рӯз аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии водии Рашт дидан намуданд. Ҳадафи баргузории фестивали мазкур рушди сайёҳии дохилӣ, таҳкими дӯстӣ миёни сокинони манотиқи мухталифи кишвар ва муаррифии захираҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ ба шумор меравад.

Ҳисор: Мубориза бар зидди ВНМО нафар шахсони никоҳшаванда ба таври ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, ки дар натиҷаи ташхиси тиббӣ як нафар бо гирифтории ВНМО, ду нафар бо бемории сил ва як нафар бо бемории гепатит муайян карда шуд.

Кӯлоб роҳандозӣ гардидааст. Айни замон 30 нафар ҷавонон ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҷалб гардида, иштирокчиён пас аз хатми курси мазкур бо сертификат сарфароз гардонида мешаванд.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиклолияти давлатӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр дар сойи Тебалай ва кӯчаю маҳаллаҳо аксияи соҳил гузаронида шуд. Дар ин тадбири экологӣ дар баробари тоза кардани сойи Тебалай иштирокчиёни аксия кӯчаю маҳаллаҳои аҳолишини шаҳрро аз партовҳо тоза намуданд. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”

Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ СУҒД

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

Варзиш маҳал ба маҳал оммавӣ мешавад

думоҳаи забонҳои русию англисӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шуд. Ба таъкиди масъулин курсҳои мазкур барои ҷавонони хоҳишманди шаҳру ноҳияҳои минтақаи

Баландбардории маърифати экологӣ дар Кӯлоб

ДУШАНБЕ

Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» соли равон дар Маркази саломатии шаҳри Ҳисор 2113

3

АХБОРИ ҲАФТА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар фестивал-озмун ноҳияи Ашт аввалин шуда, бо дастовардҳои назаррас ва бо намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии худ иштирок намуд. Ба иттилои масъулин мақсад аз гузаронидани фестивал-озмун ин рушду инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таърихи пурғановати миллат, эҳёи суннатҳои асил, рӯнамоии

захираҳои табиӣ ва тараққӣ додани санъати ҳунармандӣ мебошад. Ҳайати кумитаи тадорукот пас аз боздид аз ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили оҳангарӣ, кӯлолгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, атласу адрас ва нону маҳсулотҳои ордӣ, инчунин аз барномаи фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳанги ноҳия дидан намуданд. Ёдовар мешавем, ки фестивалозмун аз моҳи июл оғоз гардида, то моҳи ноябри соли равон идома меёбад, ки дар он 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок менамоянд.

Намоиши дастовардҳои ҳунармандони ҷавон Аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Б.Ғафуров дар толори Маркази ҷавонони ноҳия намоиши дастовардҳои ҳунармандони ҷавон таҳти унвони “Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз!” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ҷалби ҳунармандони ҷавон баргузор гардид. Зимни чорабинӣ гуфта шуд, ки маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннати миллати тоҷик яке аз василаҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар маҳсуб ёфта, сарзамини мо бо табиати дилошӯбу фарҳанги

Тибқи иттилои директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар шаҳри Ҳисор Саттор Ҷабборов, ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон

барои солҳои 2017-2020 Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шудааст. Зикр гардид, ки имсол дар Марказ 8798 нафар сокинонон аз ташхис гузаштанд, ки дар натиҷа ҳодисаи нави сироятёбии 24 нафар ба ВНМО ба қайд гирифта шуд. Аз соли 2005 то соли 2018 дар шаҳри Ҳисор 335 нафар сироятёфтагони ВНМО ба қайд

нотакрораш ҳазорон сайёҳону дӯстдорони табиатро ҳамасола ба сӯи худ ҷалб менамояд. Намоиши мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба эҳё намудани расму оини аҷдодӣ баргузор гардида, дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба иштирокчиёни фаъол диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ” гирифта шудааст, ки аз онҳо то имрӯз 90 нафар фавтидаанд. Аз шумораи умумии сироятёфтагон кӯдакони то синни шонздаҳсола 33 нафар мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо доруҳои зиддиретровирусӣ ва кумакпулиҳо таъмин мебошанд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”


4 идома аз шумораҳои гузашта Дар ибтидои моҳи марти соли равон бузургтарини шабакаҳои иҷтимоӣ – Facebook ҳамчун муқаррароти ҳаррӯзааш саҳифаи чандин нафарро дастнорас гардонд. Миёни онҳое, ки саҳифаи худро кор фармуда наметавонистанд, як ҷавони 28-сола аз англисҳои Канада - Кристофер Уайли (Christopher Wylie) низ буд. Уайли ба ин амали Facebook аз тариқи шабакаи дигари иҷтимоӣ – Twitter ҷанг эълон кард. Суханҳои аҷибу боварнокарданӣ мезад вай. Ин буд, ки дарҳол саҳифаҳои ҷавони ба хашмомада дар шабакаҳои WhatsApp ва Instagram низ баста шуд. (Тавре дар шумораҳои гузашта иттилоъ дода будем, ширкати Facebook соли 2012 бо маблағи як миллиард доллар барномаи Instagram-ро ва соли 2014 бо маблағи нуздаҳ миллиард доллар мессенҷери WhatsAppро харидорӣ карда буд). Рӯзномаи маъруфи англисӣ “The Guardian” ба ин мавзӯъ бетараф намонд ва вақте ки дар таърихи 17 марти соли 2018 мусоҳибаи нашрия бо Крис Уайли ба чоп расид, валвалаи бузургеро ба миён овард. Уайли зимни мусоҳиба муфассал нақл мекунад, ки шурӯъ аз аввали соли 2014 бо мақсади бунёди як системаи вижа аз маълумоти шахсии исифодабарандагони Facebook фаровон истифода шудааст. Назар ба гуфтаи вай дар дохили донишгоҳи Кембриҷ як ширкати қалбакӣ таъсис дода, дар он маълумотеро, ки тавассути пурсишномаҳои махсус аз Facebook ба даст омадаанд, коркард ва таҳлил менамудаанд. Маълумоти коркардшуда баъдан ба мушовири Доналд Трамп - Стив Бэннон, ки дар рафти маъракаи интихоботии номзади ҷумҳурихоҳон зуд - зуд ба Лондон меомад, супурда мешуд. Дар он мусоҳибаи пуровоза Уайли аз хусуси чи гуна дар зарфи 3 моҳ мушаххасот (профил)-и 50-60 миллион нафар истифодабарандагони Facebook-ро ҷамъоварӣ карданашон як ба як ҳикоят карда, мегӯяд, системаи сохтаи онҳо ҳатто қудрати дастрас намудани муколамаҳои инфиродӣ (личний чат)-и истифодабарандагонро дар Facebook соҳиб аст. “Шумо ҳамин ки ба ҳар замима ва ё пурсишномае дар Facebook нохун задед, дастрасии на танҳо маълумоти шахсии худ, балки маълумоти дӯстонатонро ҳам мумкин мегардонед. Агар шумо нею дӯстонатон ба пурсишномаҳо пайваст шуданд, имкони дастрасӣ ба муколамаҳои инфиродии шуморо ҳам фароҳам мегардонанд”, - таъкид мекунад Крис Уайли. Ӯ мегӯяд барои ноил шудан ба ин маълумот Кембриҷ Аналитика қариб як миллион доллар масраф кардааст. Аниқтараш ин як миллион доллар маблағест, ки бар ивазаш Алекс Коган маълумоти исифодабарандагони Facebook-ро ба Кембриҷ Аналитика фурӯхтааст. Ва рӯзе, ки Коган бо Кембриҷ Аналитика шартномаи ҳамкориро имзо кард, дар ширкат шампон кушоданду хушҳолӣ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

МАВЗӮИ РӮЗ карданд. Дар тими корие, ки маълумоти истифодабарандагони Facebook-ро коркард ва барои истифода омода месозанд, психологҳо, дизайнерҳои муд ва суратгирон низ шомил будаанд. “Бо маълумоти коркардшуда блогҳо ва сомонаҳои интернетӣ сохтем ва дар онҳо чунон мундариҷае омода ва ҷой кардем, ки тавассути он ба фикри одамоне, ки мо маълумоти шахсиашонро ба даст овардаем, осон таъсир расондан мумкин аст. Ба таъбири дигар, заковати истифодабарандагони Facebook-ро ба даст гирифтем”, - иқрор мешавад Уайли. (Мазмун, чунон кардем, ки онҳо бар тибқи хостаи мо амал мекунанд...) Вақте баҳори соли равон мусоҳибаи Уайли ба чоп расид, вазъият тамоман дарҳам барҳам шуд. Ҷонибҳои ба масъала дахлдор

над: “Замоне, ки шабакаи иҷтимоии Twitter нав пайдо шуда буду Facebook ду сол боз фаъолият дошт, ӯ аллакай коршинос доир ба шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Моро мутақоид намуд, ки бояд шабакаҳои иҷтимоиро барои робита намудан бо ҳаводорони ҳизб истифода барем. Демократҳои амрикоӣ дар ин бобат пешсаф буданд ва ӯ мехост, нозукиҳои ин корро аз онҳо омӯзад...” Манбаи CBC аз Ҳизби либералии Канада мегӯяд, бо мақсадҳои сиёсӣ истифода бурдани маълумоти истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро Уайли хеле барвақт дар сар дошт: “Ин замоне буд, ки ӯ дигар ягон хел ҳадду ҳудудро ҷиҳати истифодаи маълумоти шахсии истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ эътироф намекард. Амалан соли 2009 ба мо пешниҳод намуд, то аз маълумоти шахсии одамоне, ки шабакаҳои

Раводидро соле 200 нафар ба даст меоранд, ки Уайли дар он миён роҳ ёфта буд. Соли 2013 Уайли Мактаби иқтисодии Лондонро хатм кард. Ин замоне буд, ки натиҷаи пажуҳиши психологҳои донишгоҳи Кембриҷ, ки муносибати хислат бо афзалиятҳои одамонро муайян карда буданд, нашр шуд. Ба ёд биёред замимаи “MyPersonality”-и Михал Косинскийро, ки соли 2013 бо усули “Big Five” (панҷи бузург) аз тариқи пурсишномаҳо мушаххасоти истифодабарандагони Facebook-ро муайян мекарданд. Ба натиҷаи ин таҳқиқот, ки дар сомонаи шахсии Косинский дарҷ шудааст, Уайли таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ҳамзамон ба сараш саволе меояд, ки чаро либералҳои демократ мудом дар интихоботҳо ба мушкил дучор мегарданд. Ӯ то пажуҳиши психологҳои Кембриҷро пурра

(Facebook, Кембриҷ Аналитика...) иддаои Уайлиро беасос хонданд. Ширкати Кембриҷ Аналитика бо нашри изҳороте ҳама гуфтаҳоро инкор намуда, иброз дошт, ки дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 ягон хел маълумот истифода нашудааст. Пас аз нашри ин изҳорот чандин расонаҳо ва институтҳои таҳқиқотӣ навиштанд, ки аллакай тамоми маълумоти ҷамъоваришуда аз бойгонии Кембриҷ Аналитика маҳв шудааст...

иҷтимоиро истифода мебаранд, кор бигирем, вале мо қабул накардем”. Пешниҳоди Уайли қабул нашуда бошад ҳам, ӯ аз идеяҳои худ даст накашид, мустақилона барномасозӣ карданро омӯхт ва дар 20-солагӣ барои таҳсил ба бахши ҳуқуқшиносии Мактаби иқтисодии Лондон даромад. Ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “The Guardian” он давраро ёдовар шуда, мегӯяд: “Либералдемократҳои Британия ба ман тамос гирифта, мехостанд базаи маълумотҳо ва усули иттилоотонии интихобкунандаҳояшонро нав кунанд. Ман барои онҳо кор кардам ва ҳамзамон омӯхтам...” Ин ҷиҳат, ки сиёсатмадорони бритониёӣ ба маҳорату хадамоти як мутахассиси ҷавони канадагӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, чандон аҷибу ҳайратовар нест. Зеро вай дорандаи раводид (виза)-и “Tier 1 Exceptional Talent” мебошад. “Tier 1 Exceptional Talent” раводиди махсуси Британия аст, ки ба одамони дорои қобилияти баланд ва истисноӣ дода мешавад. Шарти ноил шудан ба ин раводид он аст, ки шуморо аз рӯи тахассусатон бояд дар арсаи байналмилалӣ эътироф карда бошанд ва ё қобилияти эътироф гаштан дар ояндаро доро бошед.

наомӯхт, роҳи муттаҳид сохтани интихобкунандаҳои Ҳизби либералдемократро пайдо карда натавонист. Тавре худаш мегӯяд, ӯро он ҷиҳат ба ҳайрат меовард, ки хислатҳои шахс чи гуна метавонанд мавқеи сиёсии ӯро муайян созанд. Лекин вақте ки иқтидори Ҳизби либерал-демократ ва мавқеи онро ба навгониҳо таҳлил карда баромад, ҷавоби саволашро пайдо кард. “Либерализм зотан ба навгониҳо хушбин аст, вале ба дарк ва қабули он чандон майл надорад. Баръакс, вақте дар бораи либералҳои демократ сухан меравад, пеши назар як зумра ҷавонҳои оворагард ва профессорҳое меоянд, ки аз олами дигаранд (ба навгониҳои ин дунё бегонаанд)”, - зикр мекунад вай. Акнун Уайли фаҳмида буд, ки нафаронеро, ки либерализмро осон қабул карда ва ба ҳизб аъзо шуда метавонанд, чи гуна ба сафи ҳизб “ҷалб” кунад. Инчунин фаҳмида буд, ки иттилоот ва тарғиботро ба киҳо (кадом қишри ҷомеа) равона созад. Вале идеяҳои ӯ аз ҷониби роҳбарияти ҳизб пазируфта нашуданд... Зимнан, базудӣ нафароне ёфт шуданд, ки ба идеяҳои Уайли ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Аммо онҳо либералҳо набуданд...

Бо фейсбук ба куҷо равонаем?

УАЙЛИ ВА РОҲИ Ӯ Кристофер Уайли дар 16-солагӣ хонишро ба итмом нарасонда, тарки мактаб мекунад. Вале ҳамзамон ба штаби интихоботии номзад аз Ҳизби либералии Канада ба ҳайси волонтёр ба кор медарояд. Пас аз чанде ба дафтари марказии он, ба шаҳри Оттава интиқол меёбад. Маҳз дар ҳамон давра ба истифодаи маълумоти шахсии одамон дар рафти маъракаҳои пешазинтихоботӣ мароқ зоҳир карда, бо ин мақсад ба Амрико сафар мекунад, то аз таҷрибаи Ҳизби демократи ИМА дар мавриди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ баҳравар гардад. Яке аз ҳамкорони собиқи Уайли аз Ҳизби либералии Канада ба шабакаи CBC чунин қисса меку-

“БАРОИ ШУСТАНИ МАҒЗҲО СИЛОҲИ ПСИХОЛОГӢ СОХТАМ” Ба туфайли робита барқарор кардан бо мақомдорони бритониёӣ Уайли ба SCL Group роҳ ёфт. Ин замоне буд, ки ҳанӯз ширкати қалбакии Кембриҷ Аналитика сохта нашуда буд. Яъне то соли 2013. Александр Никс, ки баъдан роҳбари ширкати Кембриҷ Аналитика шуд, дар он вақт як ширкати дигари тобеи SCL Group (SCL Election)-ро сарварӣ мекард. Ӯ ба Уайли пешниҳод мекунад, ки барояш шароити хуби корӣ ва озодии комил медиҳанд, то таҷриба намояду идеяҳои худро дар амал татбиқ созад. Уайли бечуну чаро қабул мекунад. Ва дар SCL оид ба масъалаҳои таҳқиқотӣ роҳбар таъин мегардад. Тавре зимни мусоҳибааш иброз медорад, дар ибтидо намедонист, ки ба чи коре даст задааст. Зеро ширкат танҳо ба масъалаи интихобот сару кор надошт, он ба Вазорати мудофиаи Британияи Кабир ва ИМА шартномаҳои ҳамкорӣ имзо карда буд. Амалиёти психологӣ мебурд. Вале на бо роҳи иваз кардани ақидаи одамон тавассути далелҳо ва муътақидсозӣ, балки бо ёрии ҳукмфармоии иттилоотӣ. Манзур, технологияи истифодаи овозаҳо, иттилооти бардурӯғ ва ахбори сохта (fake news). Барои он ки идеяҳои баландпарвози Кристофер Уайли дар амал татбиқ карда шавад, соли 2013 бо иштироки ӯ ширкати Кембриҷ Аналитикаро таъсис доданд. Ҳамоне, ки найрангу бадкориҳояшро баъдтар боз худи Уайли ифшо кард. Чунон ки қаблан ҳам зикр шуда буд, сарпарасти ширкати Кембриҷ Аналитика сарватманди амрикоӣ Роберт Мерсер мебошад. Ҳамоне, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳони ИМА ва маъракаҳои пешазинтихоботии Трампро аз лиҳози молӣ дастгирӣ кардааст. Ҳамин тавр, роҳбарони SCL Group ва шариконашон тавонистанд, ки аз дониш ва масъулиятнописандии Уайли ба нафъи худ истифода баранд. Худи ӯ ҳам иқрор мешавад, ки: “Ман силоҳи психологиеро барои шустани мағзҳо сохтам. Ҳарчанд мақсадам танҳо дар амал санҷидани назарияи худ буд”. Агентии иттилоотии InfoResist бо такя ба шабакаи CBC менависад, ки вақте Трамп бо ёрии технологияи Кембриҷ Аналитика дар интихоботи президентӣ баранда шуд ва қувваҳои иртиҷоии ростгаро дар Амрико маъруфият ёфтанд, Уайли “ба худ омад”. Зеро мавқеи ӯ баринҳо, ки либерал, вегетериан ва ҳамҷинсгарои ошкоро мебошанд, танг мегашт. Уайли ба хулоса мерасад, ки бояд ба рафти интихоботҳо таъсир расондани Кембриҷ Аналитикаро ба ҳама ифшо намояд. “Ман бояд иқрор шавам, одамон бояд бидонанд, ки ин система чи гуна фаъолият мекунад”, - гуфтааст вай. Ӯ пушаймон шуд. Зеро дар натиҷаи кори анҷомдодааш нафароне ба сари қудрат омаданд, ки бунёди ҷомеаеро дар сар доранд, ки дар он ба нафароне чун Кристофер Уайли ҷой нест. (Давом дорад) М. УСМОН, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

Ҷои шак нест, ки мо ҳанӯз ҳам дар марҳилаи давлатсозӣ қарор дорем ва дар ин раванд давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама гуна абзорҳои созанда истифода мебарад. Аз саҳифаҳои таърихи мамолики гуногуни ҷаҳон бармеояд, ки таърихи ҳар як давлату миллат ба шахсияте вобаста аст. Масалан мо ҳеҷ гоҳе давлати Сомониёнро бидуни Исмоили Сомонӣ ва ё ИҶШС-ро бидуни В. И. Ленин наметавонем тасаввур кунем. Ба ин монанд мисолҳо дар саҳифаи таърихи башарият бисёр вомехӯранд ва тақдири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ ба сарнавишти як шахсияти таърихӣ басо вобастагӣ дорад ва тамоми бурду бохти ин миллат аз авохири садаи XX то имрӯз аз корсозиву кордонии ӯ маншаъ мегирад. Ин ҳам бошад абармарде чун Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. Дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шӯълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд. Чанде пеш Шафӣ Айёр, журналист ва таҳлилгари афғони муқими ИМА дар саҳифаи фейсбукии хеш навореро перомуни фаъолияти сиёсиву ҷамъиятӣ ва хислатҳои инсонии Сарвари кишвари азизамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пахш кард, ки ҳар бинандаи тоҷикро, ки агар ҳисси миллатдӯстӣ дар ӯ аланга занад, наметавонист бетараф монад. Ин таҳлилгари афғон аз хизматҳои ин абармарди тоҷик ба некӣ ёд мекунад ва ҳеҷ шакке

МУЛОҲИЗА

Пешвои миллат дар шинохти хориҷиён ё муроҷиатномаи як ҷавон ба ҷавонони кишвар

Шафӣ Айёр надорад, ки тақдири миллати мо ба ин мард пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ ба саволи ин ки чӣ чизе Эмомалӣ Раҳмонро маҳбуби халқи тоҷик гардонид, худ посух дода мегӯяд, ки ҳадафмандиву принсипнокӣ дар кори роҳбарӣ ва муҳаббати поку орӣ аз манфиатхоҳӣ нисбати халқу миллат ӯро дар қалби ҳар як сокини миллаташ маҳбуб гардонидааст. Чунончи мегӯяд: “Ҳамин эҳсоси пок доштан ба ватан як ҳадафмандиро ба вуҷуд меорад. Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси пок ба ватан ва ҳадафмандӣ дар кори раёсати ҷумҳурӣ ватани худро сохтааст. Як кишвари ҷангзадаву ғарибро ба чунин хушбахтӣ расонидааст. Ҳамин боис мешавад, ки кишвари Тоҷикистон дар соле чанд бор ҷашн бигирад ва Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷашн бо ифтихор ҳисса бигирад ва шодишарики ҳалқи хеш бошад”. Ӯ бар хилофи иддае аз тангназароне, ки ба ҳар баҳонае аз тантанавор ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гаштани иду ҷашнҳои миллии кишвар эрод мегиранд, аз ин ҷашнҳо истиқболи самимӣ карда, рақсу суруд ва шодиву фараҳи миллат ва Пешвои онро дар ин ҷашнҳо ҳаққи ҳалоли эшон

медонад. “Ин марди шариф хушӣ эҷод карда, зебоӣ эҷод карда, фарҳанг кишт карда ва гулҳои рангини оромиву шодӣ аз ӯ сар зада ва Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми худ мерақсад, ки ин ҳаққи ӯст”, - мегӯяд Шафӣ Айёр. Шафӣ Айёр пешрафти босуръати давлату миллати тоҷикро дар ин муҳлати кӯтоҳи таърихӣ ба тарзи тафаккури роҳбари он вобаста медонад. Ба андешаи ӯ заковату фаросат ва тафаккури созандаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати тоҷик аз вартаи нобудиву ҳалокат раҳо ёфт ва ба зиндагии шоиста расид. Зикр мекунад, ки “тарзи тафаккури Эмомалӣ Раҳмон аст, ки кор кунед, заҳмат кашед ва ватанро обод кунед. Вақте обод кардед, ором мешавед ва ба рақсу шодӣ дармеоед”. Зикр кардан ба маврид аст, ки ин таҳлилгари афғон ягона нафари хориҷие нест, ки нисбати созандагиҳои Пешвои миллати тоҷик нигоҳи нек доранд. Ва эътирофи Шафӣ Айёр эътирофи ягона нафари ба истилоҳ бегона нест. Дар бораи корсозиву ҷонфидоӣ ва қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон чандин муҳаққиқону сиёсатмадорон адибону публитсистон

Александр Проханов ва рӯзноманигорону фаъолони ҷомеаҳои ғайр мақолаву нигоштаҳои зиёде таълиф кардаанд. Чунончи адиб, сиёсатмадор, нависанда, журналист ва публитсисти рус Александр Проханов дар мақолаи хеш, ки таҳти унвони “Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон” нашр шуда буд, аз хизматҳои Пешвои миллати тоҷик баҳри ободии меҳанаш мисол оварда менигорад, ки “Президент Раҳмон - сарвари маънавӣ ва сиёсӣ, ки миёни сӯхторҳо, ҷанги шаҳрвандии бародаркуш тавлид шуд ва ин ҷангро қатъ карда, кишварро барои пора-пора кардан ба ифротиёни ақлбохта надодааст. Дар замони роҳбарии ӯ тирпаррониҳо қатъ шуданд. Ӯ ғолиби қасдгир нашуд, балки мардумро барои сохтани кишвари нав муттаҳид кард ва Душанберо ба шаҳри биноҳои тасхиркунанда, донишгоҳҳо ва осорхонаҳо табдил дод”. Чун Проханов ва Айёр садҳои дигар таҳлилгарону шахсиятҳои барҷастаеро вохӯрдан мумкин аст, ки аз хизматҳои бесобиқаи Пешвои мо ба некӣ ёд мекунанд ва ӯро дар садри ин миллат ҷой медиҳанд. Подоши ин ҳама корнамоиҳо ва қаҳрамониҳоест,

5 ки дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ анҷом додааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад. Ифтихори халқ, миллати тоҷик ва ҷавонони он аст, вақте қаҳрамониҳои Пешвои миллатро бегонагон эътироф менамоянд ва устувории ӯро дар муқобили бадхоҳони миллат нишон медиҳанд. Барои мо бояд мояи ифтихор бошад, ки пешрафти Тоҷикистонро беҳтарин ва баландпоятарин шахсиятҳои маънавии хориҷи кишвар қоиланд. Ва бояд ҳар ҷавон ин корнамоиҳоро ҳамчун достонҳои қаҳрамонӣ дар ёд гирад ва онро идеали худ дар зиндагӣ донад, зеро дар ҷаҳони имрӯз на ҳар президентро ба ҳайси шахсият намояндаи як давлати дигар ва коршиносону сиёсатшиносони байналмилалӣ мепазиранд. На ба ҳар фидоие аз ҷониби бегонагон талқин мекунанд, унвони қаҳрамониву пешвоӣ диҳанд. Созмонҳои байналмилаливу мамолики мутараққӣ на ба ҳар роҳбари давлате бовар мекунанд ва ҳамкорӣ менамоянд ва на ҳар роҳбареро ба баландтарин унвони байналмилалӣ сазовор медонанд. Ман аз шахсоне, ки тарзи тафаккуру нигоҳашон ба миллату давлати тоҷик ва роҳбари он дигаргуна аст, даъват ба амал меорам, ки агар васфу ситоишҳои самимонаи халқи кишварро нисбат ба Пешвои миллат намепазиранд, агар эътирофи сиёсатмадорону сиёсатшиносони дихилиро қабул надоранд, агар андешаашон ин аст, ки роҳбарони давлатҳову созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи вазифаву мансаб бо Пешвои миллати мо бахӯрди самимона менамоянд, агар гумон доранд, ки дар нигоштаву сурудаҳои ин миллат ба Пешвои худ оҳанги тамаллуқ вуҷуд дорад, пас ба нигоштаҳову гуфтаҳои ин қабил мардум дар мисоли Шафӣ Айёр ва Александр Проханов рӯ биёранд. Зеро дар таълифоти ҳеҷ яке аз онҳо тамаллуқу хушомадро наметавон эҳсос кард. Агар ба бархӯрди эшон мантиқан ҳам назар кунем, ҳеҷ тамаллуқро наметавонем дарёбем. Зеро эшон дар баробари оне, ки аз миллату давлати мо фосилаи зиёд доранд, ҳеҷ манфиатеро ҳам аз мо чашмдор нестанд. Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд дар баробари ҳама таззодҳову бадбиниҳои гурӯҳҳои мухолиф аз таҳлилу хулосабарориҳои амиқи мантиқӣ кор бигирем ва аз Пешвои миллат олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ёд гирем. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”


6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Омода намудани хизматчиёни ҷавон аз ҳисоби духтарон Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 то 28 июл соли 2018 дар доираи барномаи “Ҳифзи иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016-2018” семинари омӯзишии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Омода намудани кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавондухтарони лаёқатманди ҷумҳурӣ” доир гардид. Дар семинари мазкур 33 нафар хизматчиёни ҷавон аз тамоми мақомоту идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд. Дар семинар собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, коршиносони соҳа, масъулони вазорату идораҳои марбута ва занони сиёсатмадоре, ки дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият доранд, дарс гуфтанд. Дар рӯзи якуми дарс раиси шурои собиқадорони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, собиқ муовини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова иштирок намуд. Ӯ ба дарсгирандагони ҷавон чунин гуфт: “Имрӯзҳо ман роҳбари як шӯрои бонуфуз - Шӯрои собиқадорони ҲХДТ-ро ба уҳда дорам. Ин боварии Сарвари давлат нисбат ба занон аст, моро дар чунин вазифаҳо мемонанд”. Низорамоҳ Зарипова, собиқ раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз арбобони собиқадори шинохтаи давлативу сиёсии кишвар, ки дар синни 94-солагӣ қарор дорад, дар семинар ширкат намуда, аз ҳаёту фаъолияти хеш дар замони шӯравӣ ва баъди пошхӯрии он - замони истиқлолият нақл кард: “Ман хеле хурд будам, ки аз падар ятим мондам ва тарбияро аз модарам гирифтам. Тули ҳаёту фаъолиятам бa чунин мукофотҳо қадрдони шудам: 2 ордени Ленин, 2 ордени меҳнати парчами сурх, 3 ордени “Нишони фахрӣ”, 4 медали СССР, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олӣ, 3 медали ВДНХ, медали Комитети занон, 2 медали Комитети “Якдилӣ”, ордени “Лаос”, медали ҶБВ (1941-1945), барои фаолияти пурсамар унвони коргари хизматнишондодаи

маданияти СССР. Сайрам Бақозода, муовини аввали директори Агентии миллии итилооти “Ховар” дар рафти дарс таъкид намуд, ки шумо ҷавондухтарони болаёқати кишвар, захираи кадрии ба шумор рафта, минбаъд дар минтақаҳое, ки зиндагӣ мекунед, ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият намуда, сазовори ҳама бовариҳое, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо - занон равона кардааст, гардед: “Набояд кори хона ба кори давлатии мо халал расонад. Агар мо хоҳем, ки дар ҷодаи интихобкардаамон муваффақ бошем, бояд вақти хешро дуруст тақсим карда тавонем. Дар ин ҳангом, мо хизматчии асили давлат шуда метавонем. Зимнан имрӯзҳо дар низоъҳое, ки дар баъзе кишварҳои дунё рафта истодааст, ҷабри зиёдро занону духтарон мебинанд, ин барои мо бояд дарс шавад,”-гуфт ӯ. Муовини Ҳизби халқии демократӣ Раъно Бобоҷониён зимни суҳбат бо иштирокчиёни семинар иброз дошт, ки барои сиёсатмадор шудан, бояд ҳама вақт воқеаятро дар ҷои аввал гузорем. Дунёи сиёсати арсаи ҷаҳонӣ имрӯз дунёи мардона аст. Шоми 26 июн, баъди ҷамъбасти рӯзи аввали семинар, бо ташаббуси волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамбастагӣ бо иштирокчиёни семинар ва иштироки бевоситаи раиси кумитаи Аҳтам Абдулозода чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Субҳи 27 июл семинарро Одиназода Шоҳона, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувон” ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро аз кору фаъолияти худ огоҳ намуд: Имрӯзҳо кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занони кишвар хуб ба назар мерасад. Ин ҳама бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат амалӣ гашта истодааст. Ба ҷавондухтарони мо шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳатто метавонанд дар макони худ имтиҳон супурда сазовори номи донишҷӯӣ шаванд,- иброз дошт Одиназода Ш. Бибиосия Аюбӣ, муовини директори Агентии хизмати давлати дар мавзӯи “Занон дар хизмати агенти давлатӣ” ба ҷавондухтарон дарс дод. Ӯ зимни дарс ба ҷавондухтарон таъкид намуд, ки омилҳое, ки монеи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ мешавад, ин надоштани таҳсилоти зарурӣ ва набудани ризоияти хонавода мебошад. Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Марҳабо Олимӣ доир ба ташакули заминаҳои қонунгузорӣ дар самти баробарии ҳуқуқии занон ва мардон, интихоб ва ҷобаҷогузории

кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон маърӯза намуд. Ба ҳамин тартиб ба иштирокчиён ҳама меҳмонони даъватшуда доир ба фаъолияти корӣ, таҷрибаи андӯхта дар самти хизматчии давлатӣ, дарс гуфтанд. Ҷавондухтарон аз ин семинар ба худ донишҳои ғании назариявӣ касб намуда,таассуроти нек бо худ гирифтанд. Аз ҷумла яке аз иштирокчиёни фаълои семинар муовини раиси шурои духтароин Клуби волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Фарида Алимардонова доир ба чорабинии мазкур чунин андеша дорад: “Боиси хушнудист, ки ман дар ин семинар иштирок намуда, соҳиби гувоҳнома гардидам. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки имрӯз ҷавонон, хосса ҷавондухтарон, зери назар ва ғамхории Ҳукумати кишвар буда, пайваста мавриди дасгирӣ қарор доранд. Ин гуна семинари омӯзишӣ ба мо - ҷавондӯхтарон имконият медиҳад, то дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳаҳои гуногун кору фаъолият намуда, дар роҳи рушду инкишофи Ватан саҳми беандоза гузорем”. Мартаба Мирмамадова, мутахассиси шуъбаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ тули ду рӯз иштирокчии дигари ин семинар буд: - Заноне, ки ба мо дарс гуфтанд, бонувони соҳиблутф, чеҳраҳои шинохта ва фахри миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд. Дарси ин фарзандони фарзонаи миллатро гирифтан орзуи ҳар як ҷавондухтар аст. Ин семинар ба мо дар оянда муваффақ буданро омӯзонд. Ба бонувони равшанандеш, фарзона, қавиирода, ватандӯст, озодандеш, ки вақти қиммати худро дареғ надошта, барои омӯзондани мо омаданд, изҳори сипос менамоям, мегӯяд Мартаба Мирмамадова. Динора Ҷаборова, волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш чунин қайд намуд ки: “Ман ҳамчун як ҷавондухтар дар семинари мазкур иштирок намуда, ба худ дарси муҳими сиёсӣ оид ба хизматчии давлатӣ будан, тарзи оиладорӣ, одоби муошират, ҳимояи ҳуқуқи занону бонувонро омӯхтам. Дар муддати ду рӯзи баргузории семинар ба мо 8 нафар бонувони ботаҷрибаву рӯзгордида дарс гуфтанд. Дар суханони ҳамаи онҳо самимият ва дустдории ин сарзамини биҳиштосо ҳис карда мешуд. Дарси яке аз дигаре ҷолибтару диққатҷалбкунанда буд”. Дар рӯзи ҷамъбасти семинар раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш суханронӣ намуда, дар охир тамоми иштирокчиёнро бо Гувоҳнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018 Душанбе пойтахти кишвари маҳбубамон рӯз аз рӯз дар ҳоли дигаргунист. Ин дигаргуниҳоро сари ҳар қадам мушоҳида кардан мумкин. Ҳатто рӯзе нест, ки дар як гӯшаи пойтахт навгоние ба қайд гирифта нашавад. Дар баробари зебову диданӣ шудани шаҳри Душанбе сатҳи хизматрасонӣ низ дар ҳама соҳаҳо тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Ин ҳолро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва бозорҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Метавон гуфт, ки шаҳрдорӣ фаъолияти худро ба таври бояду шояд ба роҳ монда, дар солҳои наздик Душанберо ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа, ҳатто ҷаҳон табдил хоҳад дод. Аммо... Баъзе корҳову вазифаҳое мавҷуданд, ки дар баробари масъулин бояд худи шаҳрвандон онҳоро риоя намоянд. Яъне, барои ҳар як сокини пойтахт зарур ва ҳатмист, ки талаботи дурусти шаҳрнишиниро ҳамаҷониба риоя намуда, барои тозаву озода нигоҳ доштани он талош намоянд. Зиёданд амалҳое, ки иҷрои онҳо аз ҷониби шаҳрвандон дар қонун ва қароре пешбинӣ нашудааст. Иҷро ва амалӣ кардани онҳо танҳо ба одобу ахлоқ ва инсофу виҷдони ҳар фард ҳавола шудааст. Пӯшида нест, ки дар миёни сокинони пойтахт нафаронеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки ин ҳама зебоӣ ва ободиҳои пойтахтро надида, бо амалу кирдори худ ба ҳусни шаҳр ва хизматрасониҳои он доғ мегузоранд. Аз он ки тобистони имсол назар ба солҳои гузашта гармтар омад, нуқтаҳои обфурӯшӣ ва дигар маҳсулоти ташнашикан низ хеле зиёд гардид. Сари ҳар қадам фурӯшандаҳо обҳои гуногуни сардро ба фурӯш гузошта, ба сокинон хизмат мерасонанд. Албатта, хуб аст, ки бе мушкилӣ ва саргардонии зиёдатӣ мо метавонем ташнагиамонро шиканем. Бахусус дар пойтахт, ки меҳмонон дар тобистон зиёд мешаванд, дар нигоҳи аввал амали хуб аст. Аммо мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандон ба қавле обро лой дида моҳӣ доштанро ғанимат донистаанд. Бо дастгоҳи вайронаву ифлос, ки ба ягон талаботи гигенӣ ва санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, ба фурӯши обҳои газдор, машғуланд. Ҳолати ташнагӣ ва гармии ҳаво аксарият шаҳрвандонро водор

НИГОҲИ ДИГАР месозад, ки аз ин чиз сарфи назар кунанд. Аммо мақомот ва идораҳои марбута вазифадоранд, ки барои эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ҳар гуна касалиҳои гузаранда, истифодаи ҳама гуна таҷҳизоти корношояму ифлосро боздоранд. Зеро саломатӣ барои дилхоҳ ҷомеа бойтарин ва ноёбтарин гавҳар ба ҳисоб меравад. Дар тамоми соҳаҳо пешрафт ва дигаргунӣ замоне ба амал меояд, ки аҳолӣ солиму бардам бошад. Ва ин солимӣ дар натиҷаи эҳтиёти куллӣ аз ҳама гуна касалиҳо ба даст меояд. Аммо имрӯз ҳамагон дар роҳу растаҳои пойтахти азизамон дучори беэҳтиётии аксари шаҳрвандон мешавем. Масалан, як фурӯшандаи обҳои газдор, ба истилоҳ “Газ-вода”, дар

назди дастгоҳи худ аз чор то шашто ҷом дорад. Акнун бояд тасаввур кард, ки дар як рӯз аз онҳо чанд нафар истифода мекунад. Агар баъди истифода худ шустушӯ шаванд, боке нест, аммо аксарият бо як маротиба дар оби сард шустан қаноат мекунанд. Бадтар аз ин қутиҳои холие, ки бо эҳтимолияти зиёд онҳо аз партовгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ифлос ҷамъоварӣ мешаванд, дар истифодаи умум қарор доранд. Табиист, ки касе аз он шикоят намекунад, ки чаро қуттиҳои ифлосро ҳамагӣ бо якбор дар об задан дубора барои истифода мегиранд. Имкон дорад, ки даҳҳо касал ба воситаи ин қуттиҳо паҳн гардад. Ҳолати бади гигиенӣ дар нафарони фурӯшанда низ ба назар мерасад. Чун аз ҳеҷ намуди

моеи поккунанда истифода намешавад. Дар суҳбат яке аз фурӯшандаҳо, ки бо дастгоҳҳои сохти нав обҳои газнокро ба фурӯш мебарорад, чунин иброз дошт: - Имкони аз қуттиҳои наву тоза истифода бурдан ҳаст, аммо аксарияти фурӯшандаҳо барои харҷи зиёдатӣ накардан, аз қуттиҳои холишуда истифода мебаранд: “Ҳудуди даҳ дастгоҳи наву замонавӣ барои фурӯши обҳои хунуки газнокшуда харидорӣ намудем. Ҳамарӯза барои мизоҷон қутиҳои нав харидорӣ мекунем, ки барои истифодаи якдафаина пешбинӣ шудаанд. Мо он нафаронеро, ки барои кор мегирем, қаблан аз муоинаи пурраи тиббӣ мегузаронем,”- гуфт

Фурӯши “газвода” бо зарфҳои ифлос?

7 ҳамсуҳбати мо. Гумон меравад, ки идораҳои дахлдор барои пешгирӣ ва назорати ин намуди фурӯши сарироҳӣ ҳеҷ чораеро роҳандозӣ накардаанд. Зеро дар баробари дигар ободкориҳо ин намуди савдо дар кӯчаҳои шаҳр бамаротиб костагӣ зам мекунад. Аз масъулин эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки ҳолати санитарию гигиении дастгоҳҳои истифодамешуда, атрофу акнофи ҷойҳои фурӯш, ашёи истифода мешуда пурра аз назари гигиенӣ гузаронида шаванд. Ҳамчунин, дастгоҳҳои куҳнаву корношоям, ки ба шаклҳои хизматрасонии пойтахти азизамон халал ворид месозанд, аз сари роҳу кӯчаҳои шаҳр бояд гирифта шаванд. Гузашта аз ин масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки пойтахти азизамонро тозаву озода нигоҳ дорад ва барои нигоҳ доштани саломатии худ ва атрофиёнаш аз истифодаи баъзе хизматрасониҳои ба талабот ҷавобгӯнабуда даст кашанд. Дар ин сурат ҳам шаҳри азизамон зебо мегардад ва ҳам мардум солим мемонад. Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

“Истиқлол” эстафетаро ба касе намедиҳад Пас аз танаффуси якуниммоҳаи тобистона дастаҳои лигаи олии кишвар оид ба футбол боз сабқатро шуруъ намуданд.

Роҳхати Сулаймони Ҷамшед ба III Бозиҳои олимпии наврасон Сулаймони Ҷамшед паҳлавони тоҷик роҳхати III Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентинаро ба даст овард. Дар ин бора Директори Департаменти варзиши Федератсияи байналмилалии дзюдо Армен Багдасаров ба унвони Кумитаи миллии олимпӣ мактуби расмӣ ирсол намудааст. Сулаймони Ҷамшед паҳлавони умедбахши кишвар дар вазни -60 кило миёни наврасон дар раддабандии Бозиҳои олимпии наврасон бо 420 хол дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Паҳлавони тоҷик дар Ҷумҳурии Қазоқистон зери роҳбарии мураббӣ Ҳамзаалӣ Раҳматов тамрин мекунад ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Ӯ соли равон дар се Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон дар шаҳрҳои Тошканд (12 апрел), Иссиқкӯл (21 июн), Макао (21 июл) сазовори медали тилло ва дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон дар Бейрути Лубнон (10 май) сазовори медали нуқра гардид. Тибқи низомномаи бозиҳо дар намуди дзюдо миёни писарон 4 категорияи вазнӣ интихоб шудааст: -55 кг, -66 кг, -81 кг, -100 кг. Аз ҳар категорияи вазнии маъмулӣ (-50, -55, -60, -66, -73, -81, -90, +90) 5 нафари беҳтарин интихоб карда мешаванд ва дар ҳар вазни олимпӣ 10-нафариро ташкил медиҳанд. Яъне 5-нафарӣ аз вазнҳои 50 ва 55 дар вазни 55 килои олимпӣ иштирок мекунанд. Ҳамин тавр 5-нафарӣ аз вазнҳои 60 ва 66 дар вазни -66 кило рақобат мекунанд. Сулаймони Ҷамшед, ки дар мусобиқаҳо дар вазни -60 кг гуштин мегирифт, дар Бозиҳои олимпии наврасон дар вазни -66 кг қувваозмоӣ мекунад. III Бозиҳои олимпии наврасон аз 6 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор мегардад. Дар ин чорабинии варзишӣ ҳудуди 4000 варзишгари наврас аз 206 давлати ҷаҳон аз рӯи 32 намуди варзиш (541 қувваозмоӣ) барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Дар ин танаффус дастаҳо хариду фурӯши тобистонаро аз сар гузаронида, ҳайаташонро бо бозингарони ҷадид комил намуданд. Даври дувоздаҳуми қаҳрамонии кишвар оид ба футбол рӯзи 28-уми июн бо рақобати дастаҳои “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ - ССКА “Помир”-и Душанбе ва “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - “Хатлон”-и шаҳри Бохтар оғоз ёфт. Рақобати авввал миёни дастаҳои “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ - ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2-1 ба поён расид. Зиёда аз 3 ҳазор мухлис, ки барои дастгирии дастаҳои дӯстоштаашон омада, дар ҳарду қисми бозӣ шоҳиди гол гардиданд. Аз дақиқаи 2-юми дидор рақобат барои меҳмонон душвор шуд, дар ин вақт Меҳроҷиддин Музаффаров футболбози дастаи “Кӯктош” ҳисобро боз намуда, бошгоҳашро пешсаф намуд. Футболбозони душанбегӣ дар дақиқаи 31-ум бо голи задаи Доробҷон Эргашев ҳисоби бозиро мусовӣ намуданд. Барои дастпарварони ССКА “Помир”-и шаҳри Душанбе қисми дуюм нобарор анҷом ёфт. Муҳиддин Одилов ҳамлагари тими “Кӯктош” дар оғози қисми дуюм голи ҳалталаби дастаашонро ба

сомон расонида, ғалабаи дастаашро таъмин намуд. Дар дидори дигар тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро дар майдони худ пазируфт. Ин рақобат мусовӣ, бо ҳисоби 1-1 ба поён расид. Голи нахустинро Наимҷон Иброҳимзода ҳимоятгари тими “Хатлон” дар дақиқаи 48-ум ба номаш муҳр зад. Футболбозони дастаи “Панҷшер” дар сонияҳои охири қисми дуюм ҳисоби бозиро мусовӣ намуданд. Тӯби мизбононро ҳимоятгар Алишери Ҳотам вориди дарвозаи Фатҳулло Бобоев кард. Бозии марказии ин давр рӯзи 29-уми июн доир гардид. Ин навбат садрнишини мусобиқа бошгоҳи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар меҳмонӣ тими “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод. Ҳарчанд дар қисми аввали бозӣ барои дастпарварони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “РегарТадАЗ” аз зарбаи ҷаримавии 11-метра имконияти кушодани ҳисоби бозӣ муҳаё гардида бошад ҳам, комёб нагардиданд. Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 16-ум зарбаи 11-метраро ба ҳадаф расонида натавонист. Дар Варзишгоҳи “ТАЛКО-

Арена”-и шаҳри Турсунзода зиёда аз 3 ҳазор мухлис муштоқи дидани гол буданд. Қисми дуюм тақдири ҳарду дастаро ҳал намуда, мухлисон шоҳиди се гол гардиданд. Бояд гуфт голро футболбозони як даста ба самар расониданд. Дилшод Восиев, сардори дастаи “Истиқлол” дар дақиқаи 77-ум бо сар тӯби аввали дидорро вориди тури Рустам Ризоев кард. Пас аз 6 дақиқа аз зарбаи стандартӣ Сиёвуш Асроров ҳимоятгари душанбегиҳо ба дарвозаи худ тӯбро ворид намуд. Голи ғалабаоваро дар дақиқаи 87-ум ҳамлагари ҷавони бошгоҳи “Истиқлол” Шериддин Бобоев ба номи худ сабт кард. Дастпарварони “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки ин мавсим яке аз довталабони асосии каҳрамонии мусобиқаи мазкур ҳисобида мешаванд, дар майдони худ тими “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисорро бо ҳисоби 3-1 мағлуб намуданд. Пас аз натиҷагирии даври 18-уми чемпионати кишвар дар ҷадвали мусобиқа тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо касби 29 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо 27 хол дар мавқеи дуюм қарор дорад. Бошгоҳи “Кӯктош” - и ноҳияи Рӯдакӣ бо 18 имтиёз дар зинаи сеюм меистад.

Ҷои сеюми тими ҷавонони Тоҷикистон дар чемпионати АФОМ Тими ҷавонони то 15-солаи Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дирӯз – 30 июл – дар шаҳри Тошканд анҷом ёфт, сазовори медали биринҷӣ гаштанд. Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонони 6 кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон иштирок карданд. Бозиҳо дар шакли системаи даврӣ дар як давр баргузор шуданд. Дар натиҷа, тими

ҷавонони Тоҷикистон иборат аз дастпарварони Академияи футболи Федератсияи футболи мамлакат бо роҳбарии мураббӣ Рустам Қурбонов 9 хол ба даст оварда, ҷои сеюмро сазовор шуданд. Футболбозони мо бар дастаҳои Афғонистон (3:0), Туркманистон (2:0) ва Қирғизистон

(2:0) ғалаба карда, аз дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон бо ҳисоби якхелаи 0:3 мағлуб гаштанд. Тими ҷавонони Эрон, ки дар ҳар 5 бозӣ ғалаба ба даст овард, ғолиби чемпионати АФОМ гардид. Медалҳои нуқра насиби футболбозони Узбекистон шуд.


Варзишгарони тоҷик дар шаш моҳ 105 медал овардаанд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусию соҳибкорони ватанӣ ва ВАО дар самти сиёсати давлатии кор бо ҷавонон 12 236 чорабинӣ бо фарогирии 2 052 027 нафар наврасону ҷавонон ва дигар сокинони кишвар

Аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи бонуфӯз варзишгарони тоҷик аз намудҳои мухталифи варзиш кишварамонро муаррифӣ мекунанд. Аз ин пеш, масъулини соҳаи варзиш барои омода ва муайян намудани тимҳои мунтахаб ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ муаззаф гардида буданд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, то имрӯз ҳайати дастаи мунтахаби занонаи кишвар оид ба футбол, варзиши сабук, гӯштини самбо, гӯштини кураш, шиноварӣ, таэквандо ВТФ муайян гардиданд. Футболбозбонувони кишвар дар ҳайати 18 нафар ба бозиҳо сафарбар мегарданд. Онҳоро ду мураббӣ ва як табиб ҳамроҳӣ менамоянд. Мусобиқаи футбол миёни бонувон 16 август дар шаҳри Палембанг оғоз мегардад. 11 даста дар се гурӯҳ барои ҷоизаҳо талош мекунанд. Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Ҳонг Конг ва Чин вомехӯрад. Аз Гӯштини самбо: Вазни - 52 кило Сангов Сомон Ҷомии Ҳасан

9

АНДЕША

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

баргузор намудааст. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин нуктаро санаи 31 июл, зимни нашасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иброз намуд. Ба таъкиди номбурда дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар нимсолаи аввали соли 2018 4710 чорабинии варзишӣ бо фарогирии 1 101 610 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 241 002 нафар бонувон амалӣ карда шуд. Дар маҷмуъ дар ин нимсола дар саросари кишвар дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш 16 946 чорабинӣ бо фарогирии 3 153 682 нафар наврасону ҷавонон ва сокинони ҷумҳурӣ доир гардидааст. Ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтани ҷавонони бе ҷои кор гуфта шуд, ки Куми-

таи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои он дар маҳалҳо дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷойи кори муносиб ва касбомӯзии ҷавонон 381 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуда, дар онҳо 41 651 ҷойи корӣ пешниҳод гардида, 112 693 нафар шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи корӣ муроҷиат намуданд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 8057 нафар ба ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардида, 6585 нафар ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, аз дастовардҳои варзишгарони кишвар дар нимсолаи аввали соли 2018 ёдовар шуда,

иброз дошт, ки бо мақсади муаррифии кишвари азизамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 216 нафар варзишгарони дастаи мунтахаб, аз ҷумла 18 нафар бонувон бо харҷи 863 675 сомонӣ сафарбар шуда, инчунин танҳо аз ҷониби Кумита дар нимсолаи якуми соли 2018 ба 15 чорабинии сатҳи байналмилалӣ 35 варзишгар, аз ҷумла 6 нафар бонувон бо харҷи 238 280 сомонӣ сафарбар гардидаанд. Варзишгарон дар натиҷа ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 105 медал, аз ҷумла 36 тилло, 21 нуқра ва 48 биринҷӣ ворид намуданд, ки боиси ифтихори мо мебошад. Гуфта шуд, ки айни ҳол дар кишвар 122 варзишгоҳ, 6619 майдончаи варзишӣ, 1702 толори варзишӣ, 88 ҳавзи шиноварӣ ва 788 маҷмааҳои варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, дар мактабҳои варзишӣ 4130 гурӯҳҳо бо фарогирии 47654 машқварзони наврасу ҷавон фаро гирифта шудааст. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ,

Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”

Бозиҳои Осиё-2018: Тоҷикистонро киҳо муаррифӣ мекунанд?

гурӯҳҳои “А” ва “В” се дастаӣ ва аз гурӯҳи “С” ду даста ба даври чорякфинал роҳ меёбанд. Бозии финалӣ 30 август баргузор мешавад. Бозиҳои гурӯҳии мусобиқаи футболи бонувон дар гурӯҳи “В”: 17 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе) Кореяи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН 20 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе) ТОҶИКИСТОН - Чин 22 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе) Ҳонг Конг – ТОҶИКИСТОН Рақобатҳои варзишгарон аз намуди варзиши сабук 25 август дар шаҳри Ҷакарта оғоз мегардад ва то 30 август идома меёбад. Варзишгарони мо пеш аз мусобиқа дар шаҳри Тошканд ба ҷамъомади 15-рӯзаи тамринӣ фаро гирифта мешаванд ва аз он ҷо 22 август ба Ҷакарта парвоз мекунанд. Мусобиқаи варзиши сабук аз рӯи 24 қувваозмоӣ миёни мардон ва занон доир мегардад, ки варзишгарони мо дар 6 намуди он ширкат мекунанд. Тими мунтахаб аз намуди варзиши сабук: Назаров Дилшод (гурзандозӣ);

Мӯсоев Абдурауф (гурзандозӣ); Пронженко Кристина (дав ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа); Дерипаскин Григорий (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр); Атабаев Даврон (дав ба масофаи 400 метр); Исматов Одилшоҳ (дав ба масофаи 800 метр). Мусобиқа оид ба кураш 28-30 август дар шаҳри Ҷакарта доир мегардад. Мусобиқаи кураш дар 4 категорияи вазнӣ миёни мардон (-66 кило, -81 кило, -90 кило, +90 кило) ва 3 дараҷаи вазнӣ миёни занон (-52 кило, -63 кило, -78кило) баргузор мешавад, ки варзишгарони мо дар ҳар 4 вазн миёни мардон ширкат мекунанд. Гӯштини кураш бори аввал ба барномаи Бозиҳои тобистонаи Осиё ворид карда шудааст. Ин намуди варзиш ба барномаи Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ ворид гардида буд, ки соли гузашта дар Ашқобод варзишгарони мо соҳиби як медали нуқра (Хоҷазода Беҳрӯз, -73 кило) ва ду биринҷӣ (Насимов Фирдавс, -100 кило, Хусравов Хушқадам, -66 кило) гардида буданд.

Вазни - 90 кило Комроншоҳ Устопириён Ҳасанбеков Умед Мусобиқа оид ба шиноварӣ 19-24 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 21 қувваозмоӣ миёни мардону занон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 5 қувваозмоӣ миёни мардону занон ширкат мекунанд. Варзишгарони тоҷик аз намуди шиноварӣ: Климик Карина (100 м. Breaststroke, 50 м. Butterfly, 50 м. Breaststroke, 50 м. Freestyle); Тюрина Анастасия (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle, 50 м. Freestyle); Хайруллоев Алиҷон (50 м. Freestyle, 100 м. Freestyle, 50 м. Butterfly); Ишанов Олимҷон (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle).

Гӯштини кураш: Вазни - 66 кило Додов Орифҷон Ҳалимов Баҳодур Вазни - 81 кило Муродов Акмал Хоҷазода Беҳрӯз Вазни - 90 кило Раҳмонов Ҳоҷимашраб Ғазалшои Давлатшо Вазни +90 кило Хоркашев Набимуҳаммад Саидов Саидҷалол

Қуваозмоиҳои варзишгарони Осиё оид ба гӯштини самбо 31 август – 1 сентябр дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 2 дараҷаи вазнӣ миёни мардон (- 52 кило, - 90 кило) ва 2 дараҷаи вазнӣ миёни занон (- 48 кило, - 68 кило) баргузор мегардад, ки варзишгарони мо дар ҳар 2 вазн миёни мардон ширкат мекунанд. Гӯштини самбо низ мисли кураш бори аввал ба барномаи Бозиҳои тобистонаи Осиё ворид карда шудааст. Соли гузашта дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқободи Туркманистон Ҷомии Ҳасан медали нуқра, Ҳасанбеков Умед медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Теквандочиёни (WTF) кишвар низ дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё дар ҳайати се нафар: Суннатов Маҳмадҷон (-58кило), Меҳтаршоев Хуррам (-63кило), Неъматов Фарҳод (-80кило)Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Мусобиқа оид ба таеквондо 20-23 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 10 категорияи вазнӣ миёни мардону занон дар равияи кийоругӣ баргузор мешавад. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”


10

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

Шодӣ Сафаров: Таваҷҷуҳ ба варзиш афзудааст Таваҷҷуҳи довталабони макотиби олии кишвар ба ихтисосҳои варзишӣ бештар шудааст.

Афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон Дар шаш моҳи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 482 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156 ҷиноят ё ин ки 1,2% кам мебошад. Дар ин хусус Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 июл, зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Ба таъкиди номбурда дар нимсолаи аввал 2202 (2017-2233) ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб одамкушӣ – 47 (2017-49), роҳзанӣ – 19 (2017-23), ғоратгарӣ 108 (2017-77), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 66 (2017-60), авбошӣ – 501 (2017- 564), дуздӣ – 2856 (2017-3119) ҳолат ва инчунин 1483 (2017-1408) ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст. Гуфта шуд, ки аз тарафи кормандони ВКД 1136 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда дастгир ва 361 нафар шахсони бедаракгашта, маълум карда шуданд. Дар ҷараёни нишаст ҳамчунин доир ба ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон содир гардида, суханронӣ сурат гирифта, гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон 555 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 216 ҳолат зиёд аст.

Дар ин бора Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд. Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки имсол барои ҳар як ҷо дар ихтисосҳои соҳаи варзиш мувофиқи маълумотҳои Маркази милиии тестӣ 9 довталаб сабқат хоҳанд кард. Имсол 21 ҳазор довталаб барои шомил шудан ба ихтисосҳои соҳаи варзиши макотиби олии кишвар ҳуҷҷат супоридаанд, ки аз инҳо 9 ҳазорашон ба ДТҶТ рост меояд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки донишкада имкони қабули 1200 довталабро дорад. Дар идома ректор аз таблиғ ва ба ин васила оммавӣ гаштани соҳаи варзиш изҳори хушнудӣ намуд, вале аз таблиғ бархурдор нагаштани ҷавондухтарони деҳот

нигаронӣ кард. “Имрӯзҳо дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст ҳастанд ҷавондухтароне, ки ба навъҳои гуногуни варзиш мароқ зоҳир менамоянд, вале бинобар тафаккури нодурусти насли нисбатан калонсол ва ба таври шоиста таблиғ наёфтани варзиш миёни бонувони

деҳот, онҳо дар канор мемонанд. Мо бояд дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ин масъаларо ҳал кунем,”- афзуд Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”

92,4 фисади донишҷӯёни дар мамолики исломӣ таҳсилкунанда ба ватан баргардонида шудаанд -Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ, ки аз ҷониби мақомоту кумитаҳои дахлдори кишвар амалӣ шуда буд, аз 3747 нафар шаҳрвандоне, ки солҳои гуногун дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар таҳсил мекарданд, 3463 нафарашон ба ватан баргардонида шудаанд, ки ин ба 92,4 фисади онҳо баробар аст. Теъдоди ин нафарон дар нимсолаи аввали соли 2018 35 ададро ташкил медиҳад.

Ҳалокати 12 сокини кишвар дар офатҳои табиӣ данд. Инчунин гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 1485 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра), 3836,99 га заминҳои кишт, 12 пул ва 11,346 км роҳи мошингард зарар дидааст.

Ин нуктаро Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иброз доштанд. Ҳамчунин роҳбари ин ниҳод қайд карданд, ки аз ин шумора 126 нафар дар муассисаҳои оливу миёна ва миёнаи касбии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва мутаассифона 73 нафари онҳо бо роҳҳои гуногун ба ҷойёҳои таҳсили пешинаи худ баргаштаанд. Раиси Кумита баргардонидани ҷавононро аз ин кишварҳо амри зарур ва саривақтӣ хонда гуфт: “Дар бештари он кишварҳое, ки ҷавонони мо аз онҷо баргардонида шудаанд, имрӯзҳо нооромиҳои сиёсӣ ба назар мерасанд ва дар он кишварҳо таъмини амнияти мардум аслан кафолат дода намешавад. Яъне агар ҳамин дастури саривақтӣ барои баргардонидани ҷавонон намебуд, тақдири ҳудуди 4000 ҷавонони тоҷик норавшан боқӣ мемонд”.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Дилангез БАЙҚАРАЕВА, коромӯзи “ҶТ”

Бино ба таъкиди масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 145 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуда, аз шумораи умумии ҳолатҳои ба қайд гирифташуда, 18 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расонидааст. Бо зикри ин нукта масъулини кумитаи мазкур зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин иброз доштанд, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 сокини кишвар- 5 нафар бар асари сангрезӣ, 2 нафар аз зарби раъду барқ, 1 нафар аз заҳролуд шудан бо гелиотроп ва 4 нафар бар асари сел ба ҳалокат раси-


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

11

Фарҳод Раҳимӣ: 1120 кори илмӣ ба табъ расидааст Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии академия 1120 кори илмӣ, аз ҷумла 88 китобу рисола, маҷмӯаҳои илмӣ, 1030 мақолаҳои илмӣ ба Дар ин давра аз тарафи олимони академия 16 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 патенти ИМА ва якчанд шаҳодатномаҳо ба даст оварда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 30 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 2 конфронси байналмилалии илмӣ, 8 конфронси илмии ҷумҳурияви, 12 семинар, 3 мизи мудаввар ва 5 мулоқоти расмӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, дар ин давра олимони академия дар кори 200 чорабинӣ, аз ҷумла форум, конфронсҳо, семинар ва мизҳои мудаввари илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намудаанд. Меҳрубон ИМОМОВА ,“ҶТ”

Афзоиши вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар Дар шаш моҳи соли ҷорӣ тибқи маълумоти варақаҳои муҳоҷиратӣ аз ҷумҳурй 251 247 нафар шарҳванд ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд, ки аз онҳо 218 760 нафар мард ва 32 487 нафар зан мебошад.Аз ҷумла, ба Русия 240 727 нафар ва ба Қазоқистон 6 837 нафар сафар карданд. Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8455 нафар ё ин ки 3,5% зиёд шудааст. Дар ин бора Тағойзода Сумангул, вазири Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ, ки 26 июн дар маҷлисгоҳи Маркази иттилоотии “Ховар” баргузор гардид, хабар дод. Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки дар ин давра аз хориҷи кишвар 186 061 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан бозгаштанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 25 938 нафар, ё ин ки 16% зиёд шудааст. Дар рафти нишаст Тағойзода С. масъалаи муҳоҷиронеро, ки воридшавиашон ба Русия ба муддати муайян манъ шудааст, масъалаи доғ номида гуфт: “Аз ҷониби сохторҳои вазорат ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давоми нимсола 5330 нафар чунин шаҳрвандон дар дохили кишвар бо ҷои кор таъмин гардиданд”. Дилангез БАЙҚАРАЕВА, коромӯзи “ҶТ”

ДДСТДТ: Тарғиботи ҳамаҷониба баҳри ҷалби ҷавонон дар шаҳри Женева намоиши корҳои омӯзгорони донишкада, дар Осорхонаи миллӣ бо иштироки меҳмонони дохилию хориҷӣ, номоиши муди либос, дар Иди байналмилалии Наврӯз зимни баргузории намоиши бошукӯҳи Фестивали ҷавонон бо иштироки вазири фарҳанг ва дигар чорабиниҳоро гузаронидем, - изҳор дошт ректори донишкада. Ҳамчунин зикр гардид, ки соли ҷорӣ дар донишкада як қатор тағйиротҳо ба амал омад. Аз ҷумла бо ҷалби грантҳои хориҷӣ

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг зикр кард, ки давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ вазорат фаъолияташро баҳри амалӣ гардонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи фарҳанг вобаста ба талаботи рӯз ба роҳ монд. “Бахусус тантанаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявии 25-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, “Шоми дӯстӣ” дар заминаи таҳкими муносибатҳои бародаронаи ду халқи дӯст — тоҷику ӯзбек, иди Наврӯз, рӯзҳои фарҳангии Арабистони саудӣ ва Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон ва ғайра хеле хотирмон буданд”, - изҳор дошт вазир. Вазир ҳамчунин зикр намуд, ки вобаста ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ сурат гирифт, ки мақбули тамошобинони сершумори хориҷӣ гардиданд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”

Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо тарҳи нав сохта мешавад Таҳлили натиҷаи аттестатсия нишон медиҳад, ки аз 343 нафар хатмкунандаи таҳсили рӯзона ва ғоибона 334 нафар (97,3%) бо мувафақият аз аттестатсия гузашта, 3 нафар бо гирифтани дипломи намунавии “аъло” донишкадаро хатм намудаанд.

пояи моддӣ - техникии технопаркҳо таҳким ва фаъолияташон ҷоннок гардид. Дар ҳамкорӣ бо Идораи ҳамкорӣ ва рушди Туркия (TIKA) дар технопарки донишкада бо харҷи 80 ҳазор доллари ИМА синфхонаи дӯзандагӣ ва устохонаи графикаи дастгоҳ ташкил шудааст. Ба гуфтаи масъулин ин иқдом дар раванди татбиқ намудани ҳадафҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дастоварди назаррас мебошад.

Дар ин бора Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 27 июл, зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Ба таъкиди номбурда айни замон шумораи умумии донишҷӯён ба 1079 нафар (аз он 225 нафар духтар) буда, дар факултети филологияи Шарқ 650 нафар аз он ҷумла, таҳсили рӯзона 531 нафар ва аз рӯи таҳсили ғоибона 119 нафарро ташкил медиҳад. Донишкада аз оғози соли таҳсили 2017–2018, 5 ихтисос аз рӯи зинаи таҳсили бакалавр амал намуда, ихтисосҳои мазкур ба кафедраҳои пешбари факултаҳои филологияи Шарқ ва улуми исломӣ вобаста шудааст. Дар идома бо хушнудӣ иброз гардид, ки соли ҷори аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе санги асоси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит гузошта шуд. Донишкада бо тарҳи нав аз 7 ошёна иборат буда, бо тамоми шароитҳои наву замонавӣ барои 1500 нафар донишҷӯ дар як баст бо харҷи 136 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Мӯниса ДОДОВА, “ҶТ”

Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ,”ҶТ”

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба мақсади ҷалби ҷавонон барои таҳсил дар ин донишкада фаъолияти хуби тарғиботиро ба роҳ мондааст. Чуноне ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед рӯзи 30 июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, дар ин роҳ масъулини аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла ВАО, рӯзномаю маҷаллаҳо ва бо роҳи баргузор кардани чорабиниҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он корҳои тарғиботиро пеш мебаранд: - Ба ин мақсад мо бо даъвати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шветсария ва дастгирии молиявии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар бинои СММ

Афзудани чорабиниҳои фарҳангӣ


12 Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии масъалаҳо бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли 2018-ро дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки ин иқдоми дурандешонаи Сарвари давлат барои рушди минбаъдаи соҳа нақши бағоят муҳим дорад. Воқеан, туризм яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, дар бисёр мамлакатҳо он дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда мебозад. Ба ибораи дигар, дар шароити ҷаҳонишавӣ туризм мавқеи устуворро касб намуда, ба одати мардумони сайёра мубаддал гаштааст. Агар ба таҳлили коршиносони соҳа назар афканем, инсон барои омӯзиш, кашф ва сайру саёҳат тамоми монеаҳоро паси сар менамояд ва чизе пеши роҳи онро гирифта наметавонад: на дарозии роҳ, на харҷи маблағ... Ҳамин аст, ки имрӯз ҳазорон сайёҳон аз як кишвар ба кишвари дигар ба сайру саёҳат мераванд. Тавре аз таҳлили мутахассисон ва нишондоди оморӣ бармеояд, 16-умин корманд дар миқёси ҷаҳон дар соҳаи туризм фаъолият дорад, ки дар маҷмуъ зиёда аз 150 млн. нафарро ташкил медиҳад. Маблағгузории ҳамасола барои рушди туризм қариб 35%-ро ташкил медиҳад. Туризм чун тиҷорати манфиатовар эътироф гашта, то 7 % сармояи ҷаҳониро бо ин мақсад истифода мебаранд. Ҳанӯз соли 1995 даромади солонаро аз туризм 373 млн. доллар баҳогузорӣ карда буданд. Дар баъзе манбаъҳои иттилоотӣ даромади соҳаи туризмро дар соли 2000-ум тақрибан 461 миллиард доллар донистаанд ва тахмин меравад, ки дар солҳои 2015-2020 ба 2 триллион доллар мерасад. Беш аз 160 миллион мардуми сайёра ба шарофати туризм бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Тибқи омори Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ соли 2007 қариб 900 миллион шумораи сайёҳати байналмилалӣ ба қайд гирифта шудааст…

САЙЁҲӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

Тоҷикистон биҳишти кашфношуда аст

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон, кишвари азизи мо бо табиати зебо, бо чашмаҳои шифобахшаш, меваю сабзавот, кӯҳу дарёҳо, мамнӯъгоҳҳо ва шикоргоҳҳо, шароити хуби куҳнавардӣ, бо мероси бои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатиаш дар дунё машҳур гаштааст. Қаламрави Тоҷикистонро бисёр сайёҳону донишмандон ҳанӯз аз замони шоҳроҳи бузурги Абрешим ва минбаъд аз сафари сайёҳи венетсиягӣ Марко Поло то иштирокчиёни экспедитсияҳои барзиёди олимони рус омӯхтаю таҳқиқ намуда, фикрҳои ҷолиб баён доштаанд. Дар Тоҷикистон, барои рушди тамоми намудҳои сайёҳӣ – сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ, таърихӣ, варзишӣ-куҳӣ замина муҳайёст. Дар баробари ин барои рушди сайёҳии байналхалқӣ дар мамлакат, беҳтар намудани вазъи инфрасохтори соҳа, фаъолияти санаторию курортӣ ва муҳайё намудани шароити муносиб барои ташрифи сайёҳони хориҷӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Ба ибораи дигар, дар Тоҷикистон сайёҳат ҳамчун воситаи тарғиби таъриху дастовардҳои бостонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад. Бесабаб нест, ки раиси собиқи Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ Толиб Рифоӣ зимни сафараш ба кишвари мо иброз намуда буд, ки “Тоҷикистон биҳишти кашфношуда аст”. Дар бораи захираҳои табиӣрекреатсионӣ, мавҷудияти ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, ки хусусияти хоси маҳсулоти миллии сайёҳии кишварамонро муайян мекунанду воситаи муҳими ҷалби бештари туристон мебошанд, метавон мисолҳои зиёд овард. Тибқи таҳлили мутахассисон, Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангӣтаърихӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои кадима, шаҳракҳо,

ансамблҳо ва маҷмааҳои меъмории таърихӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори ҳайвоноту наботот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии чуғрофӣ фарқ мекунад. Аз ҷумла, дарёҳо ва кулҳо яке аз заминаҳои муҳими инкишофи туризм ва рекреатсия ба шумор мераванд. Маҳз онҳо ландшафтро оро дода, иқлими мусоидро ба вуҷуд меоранд, то ин ки истироҳаткунандагон тавонанд ба варзиш ва моҳидорӣ машғул шаванд. Тобистон бошад, дарёҳо ва кулҳо тамоми объектҳои сайёҳӣ ва рекреатсиониро бо оби нушокӣ таъмин менамоянд. Дар кишварамон шумораи умумии дарёҳо, ки аз 10 км. зиёд дарозӣ доранд, ба 947 адад мерасанд, ки дарозии умумии онҳо 28500 км.-ро дарбар мегиранд. Аз нуқтаи назари туризм ва рекреатсия аксари дарёҳои кишварамон барои истифодабарӣ мусоиданд. Тибқи таҳлили коршиносон дар кишварамон 1300 кулҳо мавҷуданд. Кулҳое, ки масоҳаташон нисбатан калон мебошанд, 22 тоанд. Мутаассифона, ба андешаи мутахассисони соҳа бо мақсади туризм ва рекреатсия на ҳама кулҳо истифода мешаванд. Масалан, кулҳои Сарез, Ранкӯл, Булункӯл, Қарокӯлро метавон номбар кард, ки аҳамияти зиёди рекреатсиониро дороянд. Инчунин, дар ташкили истироҳати аҳолӣ ва ҷалби туристон обанборҳо аҳамияти зиёди рекреатсиони доранд. Обанборҳо дар кишварамон қисман ҳамчун объекти истироҳатии аҳолӣ истифода мешаванд. Ба ин гурӯҳ обанборҳои Норак, Қайроққум, Бойғозӣ, Сарбанд, обанборҳои сохташудаистодаи Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 дохил мешаванд. Тавре аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, дар заминаи чашмаҳои

маъданӣ, осоишгоҳ ва хонаҳои истироҳатии бузург сохтан мумкин аст. Мисол, “Корлови Вари” дар Чехия, “Малманш” дар Руминия, “Схолтуда” ва “Баржоми” дар Гурҷистон хеле машҳуранд. Ҳоло дар кишварамон зиёда аз 220 чашмаҳои маъданӣ ҳастанд, ки обҳои аксарашон хусусияти табобатӣ доранд ва мардум аз онҳо истифода мебаранд. Чашмаҳои нисбатан машҳури кишварамон Хоҷа-Обигарм, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, гармчашмаи Калтуч, чашмаҳои маъдании Анзоб ва Гармчашма, инчунин чашмаҳои обашон гарму хунук Чилучорчашма, Яшилкул, Қизилработ, Чилондӣ ба шумор мераванд. Дар заминаи ин чашмаҳо то имрӯз якчанд осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо бунёд шудаанд, ки албатта ҳам барои аҳолии маҳаллӣ ва ҳам ҷалби туристон аҳамияти калонро доро мебошанд, вале тавре аз таҳлили коршиносон бармеояд, ҳанӯз имкониятҳои табобатии ин чашмаҳо пурра истифода нашудаанд. Дар бораи имкониятҳои зиёди дигаре, ки барои рушди туризм дар кишварамон мавҷуданд, метавон боз далелҳои зиёди дигар овард. Муҳим он аст, ки соҳаи туризм дар кишварманон таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти олии давлат қарор дорад. Эълон гардидани соли 2018 чун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар баробари рушд бахшидани соҳаи туризми кишвар барои рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи устувор фароҳам овард. Дар воқеъ, дар баробари рушди сайёҳӣ ривоҷу равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ омили дигари рушди иқтисодиёти кишвар аст. Ин ду соҳа ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Тавре дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, “барои рушди ҳунарҳои

мардумӣ ба ҳунармандон, косибон, чеварон ва ҳамаи онҳое, ки ҳунарманданду дар хонаҳои худ ба касбҳои гуногун машғуланд ва барои сайёҳон молҳои мароқовар ва тарғибгари фарҳанги миллиамон, аз қабили адрас, ҷӯроб, куртаҳои чакан, ҷома, асбобҳои миллии мусиқӣ, асбобҳои рӯзгор тайёр карда метавонанд, грантҳо ҷудо ва фурӯши ин маҳсулотҳо аз андоз озод карда шавад. Дар воқеъ, ҳунар дар ҳамаи давру замон ҳама чиз буд: ҳам таъриху ҳам истеъдод, ҳам эҷоду билохира шиносномаи ҳар як миллат. Ба ибораи дигар, ганҷу зар дар пеши ҳунар чизе несту онро бо ягон сарват харидан номумкин аст. Боиси хурсандист, ки гузаштагони мо ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл доштанду, дар тӯли асрҳо ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушоданд. Ба ибораи дигар. мардуми тоҷик аз азал мардуми фарҳангсолору фарҳангофар буд ва дар ҳама давру замон ҳунарҳои ба худ хоси миллиро доро буд. Заргарӣ, кулолгарӣ, намадресӣ, матоъбофӣ, бурёбофӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, истеҳсоли маҳсулоти дастии гаҷкорӣ ва боз даҳҳо ҳунарҳои дигар аз ҷумлаи ҳунарҳои аҷдодии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳунармандонамон анъанаи бузурги гузаштагонамонро идома дода истодаанд. Ҳунару ҳунармандии қадимаву таърихии мардумамон, санъату фарҳанги пурғановатамон аз рӯҳияи бузургу эҷодкории халқамон гувоҳӣ медиҳад. Инчунин, баробари рушди ҳунарҳои мардумӣ сафи чеҳраҳои нави ҳунармандон зиёд мегардаду насли ҷавон бештар ба ҳунару ҳунаромузӣ майл мекунад. Оро ёфтани хонаҳо бо ҳунари қуроқдӯзию зардӯзӣ ва либосҳои қадимию имрӯзаи миллӣ аз завқи баланди зебоипарастии сокинонамон гувоҳӣ медиҳад. Занони тоҷик бо пухтани таомҳои қадимаву анвои ширинӣ машҳур гаштаанд. Бешубҳа, ҳар як меҳмоне, ки аз хориҷ ба кишварамон ворид мегардад, ба зудӣ шефтаи қурутобу қаламаву самбуса, оши бурида, омочу манту, ҳалвову нишоло ва дигар таомҳои миллии занони тоҷик мегардад. Боиси ифтихор аст, ки модари тоҷик аз азал ҳунарманд буд. Умуман, дар кишварамон сол ба сол сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рушд ёфта истодаанд ва дар маҷмуъ, эълон гардидани соли 2018 чун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пеш аз ҳама барои рушди фарҳанги миллиамон як заминаи устувор фароҳам овард. Амриалӣ ФАҚИРОВ, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Нидои дӯстон”, Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С.Раҳимов


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

13

Пешгирӣ аз ифротгароӣ Воқеаҳои солҳои охир дар кишварҳои арабӣ рухдода ва пайвастани бархе аз ҷавонони тоҷик ба ин низоъҳо аз мушкилотест, ки метавон гуфт ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро фарогир шудааст. Натанҳо худи ҷавонон ба ин кишварҳо раҳсипор шуданд, ҳатто қисме зану фарзандони худро ҳам баъдан даъват намуда, ба он ҷо бурда тавонистанд. Ва ин мушкилот - ифротгароӣ ва тафриқаандозӣ, зуҳуроти номатлубу хатарзоест, ки натанҳо барои Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфи ҷиддӣ дорад. Саркардагони ин гуна ташкилот баҳри ба ҳадафҳои сиёсии хеш расидан дар аксар маврид ба эътиқоди динии афроди гуногун, бахусус ҷавонон таъсир расонида, онҳоро мехоҳанд бовар созанд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Ҳамин тавр, мехоҳанд дини мубини Исломро баҳри ба ҳадафҳои нопоки худ расидан, истифода баранд. Тавре дар боло ишора рафт, маҳз чунин амали онҳо тавонист, бархе аз ҷавонони тоҷикро гумроҳу аз ватан беватан намояд. Боиси фавти бемаҳали як қисми онҳо дар мулкҳои бегона гашта, як умр доғ дар дили наздикону пайвандон гузорад. Дар шароити кунунӣ зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ мехоҳанд ҷавонони пуртаҷриба ва босаводро фирефтаи ҳадафҳои идеологияи худ қарор дода, зиди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонанд. Бо амалҳои низоъпарастӣ, ифротгарою тафриқаандозӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд онҳоро равона сохта, ба мақсадҳои нопоки мехоҳанд ноил шаванд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаду ниятҳои ифротгроёнро хуб дарк намуда, борҳо ба ин масъала, ҳатто аз минбарҳои баланд ишора намудааст: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хата-

ри на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.” Ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар аст. Ба хотири пешгирии насли наврас, ҷавонон аз чунин омилҳои номатлуб, яъне ифротгароию тафриқаандозӣ лозим аст, корҳои тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ дар муҳити оила, мактаб ва умуман ҷомеа ба таври бояду шояд ба роҳ монда шавад. Мардуми тоҷик ибтидои солҳи навадуми асри гузашта, “мазза”-и оқибати амалҳои бадхоҳони миллатро хуб чашида, он рӯзҳои наҳсро хуб дар ёд дорад. Аз ин хотир, ҳамагон бояд саъй намомем, ки насли наврас, ҷавонони мо фирефтаи гуфторҳои “ширин”-и намояндагони ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тахрибкор, ифротгарою тафриқаандоз нашаванд. То ин ки фазои тинҷу ороми кишвар дубора вайрону ноором нагардад. Ба қадри ин неъмати Худодод, яъне истиқлол бирасем ва онро ҳифз намоем. Зеро арзишҳои муқаддаси давлату давлатдориро дарк ва ҳифз намудан ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорист. Ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Ин гуна хислатҳоро дар вуҷуди насли наврас бояд бедор намуд. Пас баҳри ба ин ҳафдаф расидан, насли наврас ва ҷавононро тарбия бояд кард. Дар ин ҷода саҳми омӯзгорон басо калон аст. Маҳз омӯзгорон метавонанд тавассути донишу малака ва таҷрибаи корӣ ҷавонони худогоҳу ватандӯстро ба воя расонда, онҳоро аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои номатлуб ҳифз намоянд. Садбарг ҲАБИБУЛЛОЕВА, омӯзгори ММТУ № 94-и ноҳияи Синои пойтахт

Мо-ҷавонон пайравони Пешвои миллатем Банда ин таъкидҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз омӯзиши пайваста ва саҳифагардон намудани таърихи гузаштаи сарбаланди хеш мебинам. Оре, ҳар як ватандор бояд пеши худ вазифа гузорад, ки аввалин ҳастии ӯ ин донистани таърихи Ватан, шинохтани бузургону қаҳрамонон ва бахусус ҷонфидоёни миллат мебошад. Чун ба мутолиаи таърихи гузаштагон мепардозем худро сарбаланд ҳис мекунам, ки миллати ман аз куҳан ватандӯст, бо нангу ор будааст. Муддати қарнҳо чандин ҷангу ҷидолҳоро паси сар намудаву бо матонат ва бузургию мардонагӣ аз вартаи нестӣ худро ба қуллаи ҳастии миллат ҷой намудааст. Айёми ҷанги шаҳрвандӣ садҳо ҳазор ҳамватанони мо беватан гаштанду фирори мулки афғон ва дигар кишварҳо шуданд. Осмони софро чангу ғубори силоҳбадастон сиёҳ мекард. Мардум бо қатъият талаб дошт, ки вазъ тезтар ислоҳ ёбаду тинҷию оромӣ фаро расад. Дар чунин вазъияти ҳассос дар қасри фарҳангии арбоби ба номи Саидхӯҷа Урнхоҷаеви Хуҷанди бостонӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон соли 1992 кори худро ба анҷом ра-

Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърихи Ватан, забон ва фарҳанги миллӣ сарчашма мегирад. Эмомалӣ Раҳмон сонида Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Бале дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон умеди ҳамагон буд. Чунки дар чунин вазъияти ҳассос қасам ёд кард, ки агар лозим шавад ҷони худро барои осоиштагии миллат фидо менамояд. Ва чунин ҳам кард. Ба хоки Афғонистон рафта мардумро водор сохт, ки ба Ватан баргарданд. Хушбахтона, ҷанги бемаврид хотима ёфт ва 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба созишномаи истиқрори сулҳ имзо гузошта шуд. Сулҳи ба дастовардаи тоҷикон таҷрибаи беназир аст. Натиҷаи корномаи бузургаш буд, ки халқи ватандӯсту ҷавонони бо фарҳангаш ин шахсияти бузургро барои гирифтани унвони “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” пешниҳод намуданд. Ин пешниҳод дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардид. Ҳамин тавр, ба Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат лоиқ дониста шуд. Мо ҷавонон фахр аз он мекунем, ки чунин Пешвои ғамхору меҳрубон, бо нангу ор, хуллас сарсупурдаи миллат

дорем. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пуриқтидори бунёдкор ва давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар дар таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолиятӣ давлатӣ, огоҳии мардум аз терроризму ифротгароӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар кишвари мо мамнуъ, пешгирӣ аз таассуби динӣ ва бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона, огоҳ кардани ҷомеа аз хатарҳои истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, фаҳмондани зарару оқибатҳои даҳшатбори нашъамандиву нашъаҷалобӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ, ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ ва хоҷагидорию кишоварзӣ ва баланд бардоштани нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ саҳми арзандаи худро мегузорем ва бо эҳсоси баланди масъулиятшиносию музаффарияту дастовардҳои навин кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоем. Т. ОДИЛОВ

Хиёнатҳои наҳзатӣ Ҳизби наҳзати ислом ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ сабти ном гашта, тибқи модаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» уҳдадор буд, ки талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд. Бо вуҷуди ин ТЭТ ҲНИ ба қонуншиканиҳои пайдарҳам роҳ дод. Воқеаҳои охир баръало нишон доданд, ки рафтору кирдору гуфтори Муҳиддин Кабирӣ аз худи ӯ вобастагие надорад. Балки сабру таҳаммули танҳо интизорист. Бо дастури роҳнамоёнаш ҳамеша пайт меҷӯяд. Мисоли махлуқи ҳушёре, ки камин гирифтаю лаҳзаи мувофиқро барои ҳамла ба сайдаш мунтазир мешавад. Мунтазири фармони кишваре, ки барои шахсӣ кардани муассисаи сохтмонӣ ва базаи он маблағаш диҳад ё худ дод. Ҳодисаи бо ҳам алоқаманди солҳои қаблу кунинӣ исбот кардаанд, ки Кабирӣ ва дигар ҳамҳизбонаш бо супориш ва роҳу усули нишондодаи хоҷагони хориҷӣ амал намуда, чун ғулому дастнигари бегонагон буду боқи монд... Вале сари таъзим бояд назди миллате фуруд овард, ки баҳои хешро ба ҲНИ дар таърихи 1-уми марти соли 2015 дод. Мардум ин ҳизбро рад кард. Манъи фаъолияташро хост. Ба ҳамагон ҳушдор дод, ки ниёз ба ин ҳизб надорад. Вале наҳзату сарваронаш ин ҳақиқатро қабул кардан намехостанд ва даст ба чунин ҷинояти хиёнаткорона заданд. Зарбаи асосиро бо террористони наҳзатӣ боз мардуми одӣ зад. Ҳамду сано бар сокинони Душанбею Ваҳдату Ромит, ки даъвати ин душманони миллатро напазируфтанд. Бо онҳо ҳамроҳ нашуда, баръакс дар дастгиру нест кардани ин қувваҳои аҳриманӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯмак расониданд. Ин ҳизб ба амалҳои террористӣ, куштори ҳамватанони мусулмони худ, дар хоку хун ғарқ кардани Ватани хеш қодир аст. Мо, аҳли омӯзгорон барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон дучанд кӯшиш ба харҷ дода, ҷавононро ба сӯи фатҳи қуллаҳои нави созандагиву бунёдкориҳо дилгарм намуда, фаъолияти ҳамарӯзаи хешро баҳри пойдории ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон бурдан алайҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлуб-терроризму экстремизм, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, хуруфотпарастию таассуби динӣ ва фарҳанги бегона тарбият менамоем. С. АБДУҒАФФОРОВА, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик


14

МАЪРИФАТАФРӮЗ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

Нуруллоҳи ОРИФ

ДУНЁИ КӮДАК ЭЙ БОБО Ман қанди ту, эй бобо, Пайванди ту, эй бобо. Чун пистаи тар ширин, Лабханди ту, эй бобо. Дастам ба кафи дастат, Ҳамроҳи ту раҳ рафтам. Шаб пушти дари хона Бар дидани маҳ рафтам. Бо чашми сарам маҳро Дар тоқи фалак дидам. Бар ҳоли маҳи дар тоқ Бо қаҳқаҳа хандидам. Эй қуввати дил бобо, Додӣ ту ба ман гап ёд. Дар зинаи ҳафтодӣ, Ҳафтод муборак бод!

Аз дур ҳам, ки бошад Бинмо, ба ман ҷамолат. Пурсон бишав зи ҳолам, Пурсон шавам зи ҳолат. Ҳастанд модароне Созанд ёди фарзанд. Оянд баҳри дидор, Оранд дар бағал қанд. Аз ту хату хабар нест, Тарсам, намурда бошӣ!? Меҳру муҳаббататро Бо худ набурда бошӣ!? Не, не, намурдаӣ ту, Ман интизорат астам. Дар боз карда, модар, Дастат бидеҳ ба дастам. Дур аз ту бекасам ман Байни ҳазор инсон. Созам, расӣ ба додам, Сар пеши пот қурбон.

ЁДИ ПАРВИН Аз дидаи дил дур Парвин, ту куҷоӣ? Ҳарфат шакару қанд, Тоҷи сари моӣ. Гул баста ба кокул Хон шеъру тарона. Бо савти дафу най, Бо чангу чағона.

БИБӢ Баргард зи меҳмонӣ, Чашмам ба раҳат, бибӣ. Равшан дару девор аст, Аз рӯи маҳат, бибӣ.

Дил бар, зи ҳама дил, Эй кавги бари тал. Бо куртаи атлас, Бо васкати махмал.

ПАРАНДА

Аз кисаи камзӯлат Як мушт наботам те. Эй ҷону ҷигар бибӣ, Аз гиря наҷотам те.

Зебо паранда, Доно паранда. Соз аз сари шох Лаб во паранда.

Дур аз ту қасам, асло Ором надорам ман. Шаҳтути тару ҳалво Дар ком надорам ман.

Гӯ, ки ту кавгӣ, Ё ин ки кафтар?! Ҳар ҷо дилат хост, Пар мезанӣ, пар.

Садсола шав, эй бибӣ, Эй махзани афсона. Рӯзона равӣ, шаб ҳеч Берун марав аз хона.

Кавгӣ, ту кавгӣ, Ман карда ромат. Озод кардам Рӯзе зи домат.

ДАРДИ ЯТИМ

ТУТИ КУМРОҒ

Баргард аз раҳат пас, Модар, маро напарто. Баҳри мани сияҳрӯз Дунёст бо ту зебо.

Ширин чу шаҳдӣ, Эй тути Кумроғ*. Дар ҳасрати рӯт Дил доғ, дил доғ.

Манро ятим кардӣ, Аз баҳри чӣ, ба чӣ айб? Андохтӣ ба чоҳам, Аз чашми ман задӣ ғайб.

Сар то ба поят Дар шира тар ту. Бо камтарак чой Нони саҳар ту.

Изо накаш, биё, гӯй, Эй тифл, модарат ман. Бо ҷон баробарам ту, Бо ҷон баробарат ман.

Дар дида ҳеч аст Кумроғ бе ту. Эй тути ширин, Эй тути хушрӯ.

Баргард, дасти манро Аз чоҳи дарду ғам гир. Каҷро ба чашми ман рост Тасвир соз, тасвир.

*Кумроғ-номи деҳа дар ноҳияи Ш. Шоҳини вилоти Хатлон.

КАЛХОДИ ДАШТӢ Калходи даштӣ, Эй чӯҷадуздак. Рав, рав, дудаста Чак мезанам, чак. Аз чӯҷа хӯрдан Кай сер гардӣ? Эй дузди аблаҳ, Ин нест мардӣ.

МОДАР Дилсӯз, модар, Ғамхор, модар. Боре машав сахт Бемор, модар. Тобад ба чашмам Чун шир рӯят. Чун шир рӯят, Чун қир мӯят. Хандӣ, ба рӯям Хандон шавад бахт. Баҳрам туӣ, ту Ҳам тоҷ, ҳам тахт.

ҲАЁТИ ДЕҲА Рангобаранг аст Баҳори деҳа. Дорад шамолак Чанори деҳа. Мо кӯдаконро Ин ҷо макон аст. Оғӯши деҳа Ороми ҷон аст. Аз деҳа берун Ранҷ аст моро. Хокаш ба каф чун Ганҷ аст моро.

ТИФЛИ ШӮХ Як тифлаки шӯх Омад ба дунё. Бо амри тақдир Дар хонаи мо. Номаш ниҳодем Дарҳол Ҷовид. Хоҳем ояд Ид аз пайи ид.

ЗАНГИ НАХУСТИН Занги нахустин Оғози мактаб. Гӯяд, ки биштоб Аз пушти матлаб. Бе ин садо ҳеч Дил шод набвад. Бе тифл мактаб Обод набвад. Мо тифлаконем Зеби дабистон. Бо мост мактаб Ҳамчун гулистон.

ТОҶИКИСТОН Тоҷикистони азизам, эй диёри тоҷдор, Шукри он дорам, ки дорӣ сарвари бонангу ор, Кард ҷонашро сипар , то ҳифз созад хоки ту, Зинда бодо ибни Раҳмон, родмарди пухтакор. Баҳри хушбахтии миллат, баҳри беғам зистан Кард сулҳу амният дар Тоҷикистон пойдор. Бо ту мефахрад Ватан, то он даме дунё биност, Мо дуогӯи туем, эй сарвари ободкор.

БАЧАГӢ Солҳои бачагиям ваҳ, чӣ даврон будааст, Бо ҳазорон орзу баҳрам хуш имкон будааст. Ҳайфи умрам даргузашт, аз нав намеояд ба чанг, Ин дили шӯридаам саршори армон будааст, Дарди дунё карда оғӯшам, шифо хоҳам, шифо, Нӯшдоруе барояш чашми гирён будааст.

РУБОӢ Модар, зи ту ҳар гаҳе ба дил ёд ояд, Ман оҳ, кашам, ки аз фалак дод ояд, Вой аз мани монда зор дар бистари қоқ, Аз дарди дилам санг ба фарёд ояд.

ДУ ЧОРБАЙТ Омад айёми хазон, умри ҷавонам меравад, Аз дили бемори ман тобу тавонам меравад. Дида ожанги ҷабинамро қатор андар қатор, Мурғи бахту орзу аз осмонам меравад. Ҳайфи ин умри азиз, олудаи ғамҳо гузашт, Бо ҳама ёру бародар яккаву танҳо гузашт. Солҳову моҳҳо дар бистари бемориям, Ҳар кӣ омад, дид ҳоламрову бепарво гузашт.

ДУБАЙТӢ Замоне дар дилам ишқу ҳавас буд, Гули истора баҳрам дастрас буд. Агарчи рӯи дунёро надидам, Бароям дидани рӯи ту бас буд. Зарнигор СОБИРОВА


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

НАВҚАЛАМ

15

Чевари чирадаст Ҳунармандӣ дар ҳар халқу миллат бо роҳу воситаҳои гуногун сурат мегирад, зеро ҳар халқият анъанаҳои миллии худро дорад. Ҳунар заҳмати зиёдро талаб мекунад ва на ба ҳар кас дода мешавад. Яке аз шахсиятҳои барӯманди деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Рӯдакӣ Зумрад Алимардонова мебошад, ки умри худро бо ҳунармандӣ гузаронида, то ба имрӯз ҳунари аҷдодиро идома дода истодааст. Холаи Зумрад аз даврони хурдсоливу навҷавонияш қисса карда мегӯяд: „Вақте ки ҳамсояи ҳунарманди чирадасти деҳаамон аз Мағрут ба деҳаи мо кӯчида омад, аз нақши зебои дастонаш ҳамагон бархӯрдор шуданд ва аз ҳунараш васеъ истифода мебурданд. Дугонаҳоям низ аз касби ин зани ҳунарманд хуб истифода намуда, онро ҳар чӣ зудтару хубтар меомӯхтанд. Маро дар дил ҳавас ва меҳру муҳаббат ба ин касби бобоӣ то чанд зиёд мегашт. Ҳавасам дучанд гашту худомӯзӣ кардам. Ин касбро аз таҳти дил дӯст доштам, нозукиҳояшро омӯхтам ва ҳар рӯз мекӯшидам то онро боз ҳам хубтар омӯзаму сайқал диҳам. Чунки ин ҳунарҳо бароямон ҳамчун мероси гаронбаҳо аз ниёгон, яъне гузаштагонамон чун амонат мондааст, то мо биомӯзему онро сайқал дода, ба дигарон омӯзонда бошем.” Зимни суҳбат мо аз ӯ пурсон шудем, ки аз кай ба ин ҳунарҳо машғулед? Холаи Зумрад эҳтиромона чунин ҷавоб дод: “Аз лаҳзае, ки худро мешиносам, ба ҳама гуна ҳунарҳои мардумӣ шавқ пайдо карда будам. Ҳанӯз дар синфи дуюм мехондам, тоқиву шероз медӯхтам, дар синфи чорум аллакай чирадасти хуб ҳам шуда будам. Ҳар як шерозпочаро бо як ҳаваси хоса нақш гузошта медӯхтаму бо муҳраҳо ороиш медодам». Холаи Зумрад солҳои зиёд дар соҳаҳои гуногун заҳмат кашидааст. Ба ин нигоҳ накарда, дилаш доимо ба ҳунару ҳунармандӣ гарм аст ва вақте ки нақши дастонашро дар тӯйи навхонадорон ё гавҳораи навзодон мебинад, хело болидарӯҳ мегардад. Дар баробари чевари хуб буданаш, боз устоди хуб ҳам ҳаст, зеро ғайр аз фарзандонаш боз нафарони зиёдро тарбия ва ҳунар меомӯзонад. Фарида КАРИМОВА, донишҷӯи ДМТ

Шукри кишвари биҳиштосо кунем Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Дарёҳои калонтарини Осиёи Марказӣ - Сир ва Ому аз ҳудуди мамлакати мо мегузаранд. Илова ба ин ду дарёи бузург дар ҳудуди Тоҷикистон рӯду дарёҳои сероби зиёде мавҷуданд, ки дар баробари ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани мардум, ҳамчунин дар рушди соҳаи кишоварзии кишвар аҳамияти калон доранд. Дар ин росто бо вуҷуди сероб будани кишвари мо, мутаассифона аз сабаби нобаробар ҷойгир будани захираҳои об дар ҷумҳурӣ баъзе ноҳияҳо аз об танқисӣ мекашанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми ҷаҳон пешниҳодҳое намуданд, ки барои рафъи мушкилиҳои ҷойдошта оварда расонидааст. Эълон намудани соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушти уствор ” барои солҳои 2018-2028 аз он ҷумлаанд, ки аз онҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ намуданд. Об - ҳамчун манбаи ҳаёт василаи рушди устувор, гарави саломатӣ буда, бе он зиндагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Об - ҳамчун

Устои кордсоз Амирҳамза Холмаҳмадов, аз шаҳри Истаравшан, аз синни даҳсолагияш дар бари падар истода, ҳунари ӯро аз худ дорад. Ин ҷавони ташнаи ҳунар тӯли 7 сол мешавад бо кордсозӣ машғул аст. Санъати кордсозиро яке аз ҳунарҳои дӯстдоштааш мепиндорад ва мехоҳад дар ин ҷода муваффақ шавад. Айни ҳол ӯ кордҳоеро месозад, ки бисёр ҳам заҳматталаб мебошанд. Ҳар яки онҳоро аз оҳанпораи хом ва устухонҳои ҳайвоноти гуногуне, ки

мардум аз онҳо истифода мебаранд, тайёр намуда, барои боз ҳам зеботар шудан оро медиҳад. Албатта, ҳар ҷавоне, ки имрӯз ҳунар меомӯзаду мехоҳад ҳунарманд бошад, метавонад дар зиндагӣ муваффақ гардад. Барои онҳое, ки ҳунаре надоранд, зиндагӣ мушкил мегузарад. Ҳар шахс бояд дурандеш бошад, барои сохтани зиндагии худ талошҳои зиёд кунад, то дар нимроҳаи зиндагӣ намонад. Ҳамин аст, ки барои шахси ҳунарманд ҳунар яке аз

гарави дастрасӣ ба беҳдошти муносиб, ҳамчун захираи энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, ҳамчун самти фаъолияти дипломатӣ бо мақсади ҳалли ихтилофҳо баҳри дастрасӣ ба ин захираи бузурги энергетикӣ ва даҳҳо дигар мавзӯъҳо, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи онҳо корбарӣ менамояд, маҳсуб меёбад. Дар ин раванд об яке аз мавзӯъҳои муҳиме мебошад, ки пайваста дар рӯзномаҳо ва ҷаласаҳои бузурги миллӣ муҳокима гардида, ҳамчун масъалаи муҳими минтақавӣ ва глобалӣ қарор дорад. Ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди уствор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд ва масъулияти сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёдтар мекунад . Коршиносон СММ иброз намудаанд, ки имрӯз зиёда аз як миллиард сокинони сайёра аз норасоии оби нӯшокӣ азият мекашанд. Вобаста ба ин созмони мазкур иқдоми ҷадидеро баҳри коҳиш додани вазъи норасоии оби нӯшокӣ дар ҷаҳон ба миён гузоштааст. Тибқи оморҳои расмӣ алъон ҳудуди 2,4 миллиард нафар одамони дунё дар шароити бади санитарӣ умр ба сар мебаранд. Дар бештари кишварҳои Қораи Африқо сокинон 5 соати як рӯзро дар ҷустуҷӯи оби нӯшокӣ сарф мекунанд. Норасоии оби ошомиданӣ яке аз сабабҳои асосии афзоиши наёфтани кӯдакон

сутунҳои калидӣ мебошад ва ӯро ҳамеша устувор нигоҳ медорад. Аз ҳамин хотир, қаҳрамони мо ҳам ин ҳамаро дарк карда, ҳунари хешро боз ҳам такмил додан мехоҳад. Амирҳамза дар дил орзуҳои зиёдеро мепарварад, мехоҳад пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супорида, сазовори номи донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардаду баъд аз хатми донишгоҳ ҳамчун омӯзгор фаъолият кунад. Насимҷон МИРЗОЕВ, донишҷӯи ДМТ

арзёбӣ гардида, ҳамасола дар ҷаҳон то 5 миллион одам аз норасоии оби ошомиданӣ ба ҳолакат мерасанд, ки бештари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳад. Тибқи пешгӯиҳои Институти тадқиқотии Уқёнуси Ором давоми бист соли оянда мушкили норасоии оби ошомидани сабаби марги 34 миллион сокинони сайёра мегардад. Гуфта мешавад, ки норасоии об дар кишварҳои осебпазир сабабгори пайдоиши бемориҳо гардида, бар асари он дар ҳар 8 сония як кӯдак фавтидаистодааст. Аз ҷумла, мутахассисон хурӯҷи бемориҳои марговар дар кишварҳои Африкоӣ Ҷанубиро ба норасоии оби ошомиданӣ нисбат медиҳанд. Мо - ҷавононии Тоҷикистон, аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Зеро Тоҷикистон аз захираҳои обӣ бой буда, қариб 70000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, 930 дарё, даҳҳо ҳазор чашма ва обанборҳои дар кишвари мо ҷойгиранд. Тоҷикистон барҳақ яке аз манбаю захираҳои оби тоза ба ҳисоб меравад. Аз ҷиҳати захираи об дар ИДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои дуюмро ишғол мекунад ва ҳамчун мамлакати биҳиштосо барои ҳар як сонини он аст. З. РАҶАБОВ, Ф. КАРИМОВА, донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №31 (9561), 02.08.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

√ АНДАРЗ

Медонистам, ки меоӣ ТАҲИЯИ Б. УСМОН, “ҶТ” Яке аз рӯзҳои мудҳиши ҷанг буд. Душман ҳоли ҷангиёнро ба танг оварда буд. Ба ҳоли зоре муқовимат мекарданд аскарон. Садои тири душман гӯши осмонро кар мекард. Аскарон ҳам наметавонистанд аз ҷабҳа берун шаванд. Берун шудан маънои дидаву дониста ба оғӯши марг рафтанро дошт... Сарбоз дид, ки каме дуртар яке аз ҳамяроқон ва дӯсти беҳтаринаш оғӯштаи хун ба замин афтид. Ӯ нав нияти аз ҷабҳа берун шудан кард, ки яке аз ҳамяроқонаш аз дасташ дошта гуфт: - Ақлатро хурдӣ? Кирои дар ин вазъият рафтан намекунад! Бубин, охир баданаш аз тири душман сурох

шудааст. - гуфт ӯ ба сарбози захмин ишора карда. - Эҳтимол мурда бошад. Ҳаёти худро беҳуда зери хатар намон! Вале сарбоз ӯро гӯш накард ва худро аз паноҳгоҳашон берун андохт. Ӯ берун тохту сарбозони дигар бо ҳайрат ва афсӯс, ки акнун ин ҳамяроқашонро ҳам аз даст хоҳанд дод, аз пушташ нигаристанд. Баръакси чашмдошти сарбозон кори боварнокардание шуд: Бо вуҷуди тирборони шадид ӯ худро безарар ба дӯсташ расонд. Ӯро ба китфаш бардошта, бо суръат ба қафо баргашт. Вале сарбози ҷасур дӯсташро наҷот дода натавонист. Вақте ба ҷабҳа баргашт, ҳамон ҳамяроқаш гуфт:

- Ба ту нагуфтам, ки кирои рафтан намекунад? Худатро беҳуда ба хатар андохтӣ! - Ҳарза мегӯӣ ту! Кирои рафтан кард, - гуфт сарбоз гиряашро дошта натавониста. - Чи хел кирои рафтан кард?! Намебинӣ, мурдааст?! - Бо вуҷуди ин меарзид... Зеро вақте ба наздаш расидам ҳанӯз зинда буд. Барои ман шунидани сухани охирини ӯ баробари дунёст, - сарбоз боз ба гиря даромад ва охирин сухани дӯсташро ба ёд овард. - Вақте ба наздаш расидам танҳо ду бор гуфт: “Медонистам, ки меоӣ! Медонистам, ки меоӣ!”

ХУРШЕД АЛИДОДОВ

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Ҳеҷ чиз нобуд намешавад, танҳо дигар мешавад. ******** Лаҳзаҳо то абад якдигарро иваз мекунанд. ******** Виҷдони пок на аз дурӯғ, на аз овоза ва на аз ғайбат намеҳаросад. ******** Корро баъди анҷомаш муҳокима кун. ******** Аз душман низ омӯхтан имкон дорад. ******** Таҷриба беҳтарин устод аст. Ба таҷриба бовар кун.

********

******** Сухани пешво дар ҷанг ҷасорат мебахшад. ******** Бигузор дигарон биҷанганд. ******** Қонунҳо барои онанд, ки ҷилави қудратмандони ҳукмронро бигиранд. ******** Барои некманиш ягон роҳи паймуданашаванда вуҷуд надорад. ******** Барои ҷасур тамоми рӯи замин ватан аст. ******** Хушбахт аст нафаре, ки ҷасурона ҳар он чизе, ки дӯст медорад, таҳти ҳимоят қарор медиҳад. ******** Сухани зан сабуктар аз барги афтидае, ки онро боду об ҳар куҷое хоҳанд, мебаранд. ******** Дар назди рафиқат ситоиш намудани дӯстдоштаат ҷоиз нест. Овидий Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

√ ЭЪЛОН Аттестат дар бораи хатми синфи 9, бо силсилаи А ва рақами 316616, ки онро мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 61- ноҳияи Рӯдакӣ соли 1997 ба Ғайрат Гулмуҳамедов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Патенти соҳибкор Қаландарова Мижгона Ҷалиловна (РМА 02546598, РЯМ 0230045723), ки дар нозироти андози ноҳияи Исмоил Сомонии пойтахт соли 2014 ба қайд гирифта шудааст, бинобар баста шудан беэътибор дониста шавад. Шиноснома, ки онро ШВКД-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба шаҳрванд Фарзона Давлатмандова соли 2018 додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

√ СУГВОРӢ Раёсати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, дӯстону пайвандон ба дотсент, ҳуқуқшиноси донишкадаи мазкур, собиқ корманди Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар Мавлон Шарифов бинобар фавти нобаҳангоми ФАРЗАНДАШ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, барояш сабри ҷамил хоҳонанд.

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3997 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.