НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№31 (9457), 4 августи соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
НАБЗИ ҶАҲОН
ВАРЗИШ
“Чархи кафидаи автобус”
Тилло ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар Макао
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
ВАҲДАТИ ҶАВОНОН
Ҷавонон - таҳкимбахши дастовардҳои Истиқлолият
ҲАФТ РӮЗ 28.07.2016 Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи хушманзари ноҳияи Варзоб бо дастовардҳои чорводорон ва занбури асалпарварони номдори шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуд.
30.07.2016 Дастаи собиқадорони футболи мамлакат дар мусобиқаи Ҷоми шӯрои секретарҳои СҲШ сазовори ҷои сеюм шуданд. Дар мусобиқа, ки дар шаҳри Қазон Федератсияи Русия доир гашт, чор даста Тоҷикистон, «Рубин», «КАМАЗ» ва мунтахаби ИДМ (бозингарон аз Руссия, Узбекистон, Озарбойҷон) ширкат доштанд.
29.07.2016 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёди роҳ дар қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Хатлон шинос шуд. Ҳоло дар қитъаи роҳи мазкур марҳилаи охирини корҳои роҳсозӣ ва бунёди нақбу кӯпрукҳо бо маром идома дошта, роҳсозон азм доранд, ки дар муҳлати муқарраргардида ин иншоотро ба истифода диҳанд.
31.07.2016 Дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ренҷерҳо (муҳофизони боғу бешазорҳо) ҷашн гирифта шуд. Ҳоло баҳри ҳифз намудани ҳайвонҳои нодир дар бешазорҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 219 нафар муҳофиз ё ренҷер масъул ҳастанд. 01.08.2016 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон
дар Индонезия бо Президенти ин кишвар Ҷоко Видодо мулоқот кард. Миёни Тоҷикистону Индонезия зимни ин сафар санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид. 02.08.2016 Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакарта дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуд. 03.08.2016 Дар шаҳри Хуҷанд давраи омӯзишӣ доир ба бозорёбӣ дар саноати мӯди замонавӣ ва нақши он барои корхонаҳо оғоз гардид. Ба он бозоршиносон (маркетолог), тарроҳон, соҳибкороне, ки дар самти мӯд фаъолият мебаранд ва намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ ҷалб шудаанд.
2
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
Истеҳсоли беш аз 8 млрд. кВт нерӯи барқ дар ним сол
АХБОРИ ҲАФТА
Дар нимсолаи якуми соли 2016 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 8 млрд. 661,86 млн. кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,38 млн. кВт/соат зиёд буда, суръати афзоиш 100,1 фоизро ташкил медиҳад.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 638 млн. 982 ҳазор кВт/соатро ташкил дод (аз ҷумла, 2 млн. 437 ҳазор кВт/соат аз ҳисоби ҶСК “Помир Энерҷӣ”), ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, 66 млн. 276 ҳазор кВт/соат зиёд буда, суръати афзоиш 111% - ро ташкил дод. Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ дар нимсола
ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳаҷми 1 млрд. 475 млн. кВт/соат нерӯи барқро бо маблағи 36,9 млн. доллари ШМА асосан аз барқистеҳсолкунандагони мустақили дохили ҷумҳурӣ харидорӣ намуд. Дар баробари ин ҳаҷми фоиданоки нерӯи барқи ба муштариёни кишвар интиқолшуда ба 6 млрд. 566 млн. кВт/соат, ё ба маблағи 843,6 млн. сомонӣ баробар шуд, ки 26,7 млн. кВт/соат ва ё ба маблағи 6,7 млн. сомонӣ нисбат ба шашмоҳаи аввали соли сипаригардида бештар мебошад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ пурра таъмин нестанд
Бунёди 844 гектар ҷангал дар шаш моҳ Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Исматзода Азизулло дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки дар шаш моҳи аввал дар самти бунёд ва барқароркунии ҷангалзорҳо дар масоҳати 1843 гектар корҳо ба анҷом расонида шудааст. Зикр гардид, ки дар ин давра 844 гектар ҷангал бунёд гардид, ки 98 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, барқароркунии ҷангалзорҳо бошад 999 гектарро ташкил медиҳад, ки ба 85 фоизи нақшаи солона баробар аст. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 320 гектар зиёд аст. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
Метавон гуфт, ки корхонаи «Тоҷикагролизинг» ягона муассисаест, ки дар шароити кунунӣ кишоварзони ҷумҳуриро бо техникаю таҷҳизот таъмин менамояд. «Тоҷикагролизинг» техникаи лозимаро харидорӣ намуда, дар асоси шартномаҳои лизингӣ барои истифода ба хоҷагиҳои деҳқонӣ месупорад. Ҳамчунин дар маҳалҳо марказҳои хизматрасонии техникӣ ташкил намуда, бобати сари вақт бо техника таъмин намудани хоҷагиҳо ва таъмири он ҳиссагузор аст.
Тавре роҳбари корхона Юсуф Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, аз давраи оғози фаъолият (соли 2008) то ин дам «Тоҷикагролизинг» танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 269 адад техникаҳои гуногунтамғаи кишоварзӣ ба маблағи 32,7 миллион сомонӣ, 318 адад таҷҳизот ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ ба кишвар ворид намудааст. Дар маҷмӯъ аз ҳисоби дигар маблағҳо 1169 адад техникаи гуногунтамға ва 1713 адад таҷҳизот ворид шудааст. –Даврони шӯравӣ беш аз 600 колхозу совхоз мавҷуд буд, – гуфт Юсуф
Акрамзода. – Ҳоло беш аз 160 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд. Хоҷагиҳои имрӯза чун хоҷагиҳои пеш пурқувват нестанд. Имкони сари вақт харидорӣ намудани ҳар гуна техникаю таҷҳизотро надоранд. Дар ин ҷода «Тоҷикагролизинг» мададгори онҳост”. Мувофиқи иттилои Юсуф Акрамзод корхона техникаю таҷҳизотро дастрас намуда, пасон ба хоҷагиҳо месупорад. Хоҷагиҳо техникаро истифода бурда, дар муҳлатҳои муайян маблағи онро пардохт менамоянд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ барои кишоварзон 18331 адад тракторҳои гуногунтамға ва 1773 адад комбайнҳои ғалладарав намерасад. Аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ба корхона 260 ариза барои дастрасии техникаю таҷҳизот ворид гардид. Корхона дар давраи фаъолияти худ бо таҳвилкунандагон барои ворид намудани техникаи гуногуни кишоварзӣ 200 созишнома ба имзо расондааст. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
Аз 639 довталаб 505 нафар мақоми адвокатӣ гирифтанд Барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ 639 довталаб бо ариза ба Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлия муроҷиат карданд ва дар натиҷаи озмун 505 нафар мақоми адвокатиро соҳиб гардиданд. Ба гуфтаи Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, 123 нафар аз имтиҳони тестӣ нагузаштанд ва 11 нафар бинобар мувофиқ набудан ба талаботи моддаи 12-и Қонун “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” ба имтиҳон роҳ дода нашуданд. “Нафароне, ки имтиҳонҳоро супорида натавонистанд, имконият доранд, бо гузаштани шаш моҳ ва гирифтани омодагии пурра дубора ба Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлия барои ноил шудан ба мақоми адвокатӣ муроҷиат намоянд”, - гуфт Р. Шоҳмурод. Ташкилоти адвокатӣ мувофиқ ба талаботи Қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз нав таъсис ёфта, ташкилоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар ба қайд гирифта шуданд.
Саҳми соҳибкорон дар сохтани роҳу пулҳо зиёд аст Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти кишвар, 1-уми август, зимни нишасти матбуотӣ бо хушҳолӣ зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби ширкатҳо ва соҳибкорони ватанӣ ба маблағи 1218,4 ҳазор сомонӣ корҳои роҳсозӣ иҷро шуданд. Ба гуфтаи вазир, аз ҷумла 1086,9 ҳазор сомонӣ барои шағалпӯш намудани 172,5 километр роҳ ва 131,5 ҳазор сомонӣ барои таъмири 6 купрӯк бо дарозии 38 метр ба истифода шудаанд. Қайд гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ барои нигоҳдории 14146 километр роҳи автобилгард дар ҳаҷми 24483,3 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардиданд. Аз ин барои таъмири ҷоррии 3647,0 километр роҳ, таъмири асосии 30,7 километр роҳ, таъмири миёнаи 148,3 километр роҳ, таъмири 62473 метри квадратии чуқурчаҳо, таъмири азнавсозии 52 пул бо дарозии 1399 метр, азнавсозии 105 қубур бо дарозии 851 метр сарф шуд. Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ барои нигоҳдории роҳҳо 4139,1 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар маҷмӯъ 30,7 километр роҳ таъмири асосӣ, 148,3 километр таъмири миёна, 4045,0 километр таъмири ҷорӣ ва 172,5 километр роҳ шағалпӯш шуданд. Инчунин, таъмиру азнавсозии 76 пул бо дарозии 2306 метр ва таъмиру азнавсозии 112 қубур бо дарозии 875 метр, 15539 бех ниҳол шинонида шуда, дигар корҳои марбут бо маблағи умумии 29840,8 ҳазор сомонӣ иҷро гардиданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Тилло ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар Макао Дар мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё байни варзишгарони то 16-сола дар Макаои Чин варзишгарони кишвар соҳиби ду медал шуданд.
Парчами Тоҷикистон дар Деҳаи олимпии Рио барафрохта шуд Дар як маросими ботантана, ки имшаб – 2 август барпо гардид, Парчами давлатии Тоҷикистон дар Деҳаи олимпии Рио-2016 барафрохта шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи олимпии кишвар, дар маросими ботантанаи барафрохтани парчамҳои миллии чаҳор кишвар - Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон - нахуст раиси Деҳаи олимпии Рио-де-Жанейро Ҷанет дус Сантус Аркаин, қаҳрамони ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ дар ҳайати мунтахаби Бразил оид ба баскетбол, суханронӣ кард. Ӯ ҳайатҳои ҳар чор кишварро, ки барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ ба Бразил омадаанд, хайра мақдам гуфт ва барояшон муваффақият орзу намуд. Хонум Аркаин ба раҳбарони ҳайатҳои Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, аз номи ҳайатҳо тӯҳфаҳо гирифт. Тӯҳфаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба Ҷанет Аркаин котиби генералии КМОТ Баҳрулло Раҷабалиев супурд. Таҳти садои сурудҳои миллии Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон бо навбат парчамҳои миллии ин кишварҳо барафрохта шуданд. Ҳунарпешагони бразилӣ дар оғозу анҷоми чорабинӣ бо суруду рақсҳои ҷолиб ба маросим шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд. Бояд гуфт, ки барафрохтани парчамҳои миллӣ дар Деҳаи олимпӣ яке аз чорабиниҳои куҳантарин ва муҳимтарини рамзӣ дар Бозиҳои олимпӣ маҳсуб мешавад. Дар ин чорабинӣ 15 нафар аъзои ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки дар Деҳаи олимпӣ ҷой гирифтаанд, ширкат карданд. Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Риоде-Жанейрои Бразил аз 5 то 21 август барпо мегарданд. Дар назар аст, ки дар ин бозиҳо беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 206 кишвар ширкат мекунанд. Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016: 6-16 август, бокс Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг 10 август, ҷудо Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг 12 август, ҷудо Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг 11-12 август, шиноварӣ Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон 12-13 август, шиноварӣ Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон 15-17 август, варзиши сабук Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон 17, 19 август, гурзандозӣ Дилшод НАЗАРОВ
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 81 кило бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, сазовори медали тилло гашт. Ин сеюм медали Ҷаҳонгир дар як моҳи охир аст. Ӯ ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи кушоди ҷудои Осиё дар Ҳонгконг низ медали тилло ва рӯзи 5 июл дар Бозиҳои кӯдакони Осиё медали нуқра ба даст оварда буд. Варзишгари дигари тоҷик Ёсин Неъматов дар ин мусобиқа дар вазни 73 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд. Муҳаммадрозиқ Неъматов,
падари Ёсин дар саҳифаи “Фейсбук”-аш навишт: “Худовандро ҳазор бор шукр, ки писарамро ин дафъа ноумед накард ва ба рағми маризӣ тавонист бар се нафар пирӯз гардад ва медали биринҷиро ба гардан овезад ва барои Тоҷикистони азизам ифтихор биёварад. Агар ин маризии ногаҳонӣ беҳолаш намекард, мутмаин будам, ки боз ҳам мавқеи болотареро дар Макао ба даст меовард”. Ёсин дар Ҳонгконг низ сазовори медали биринҷӣ шуда буд.
3
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
ДУНЁИ ВАРЗИШ
УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ
7 дастаи лигаи олӣ ва як дастаи лигаи якум дар ¼-финали Ҷоми Тоҷикистон Баъд аз натиҷаи бозиҳои ҷавобии даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон, ки 30-31 июл доир шуданд, дастаҳои “Истиқлол” ва “Барқчӣ”-и Душанбе, “Хайр” ва “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат, “Равшан”-и Кӯлоб, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Ҳосилот”-и Фархор ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Ҷоми Тоҷикистон. 1/8-финал. Бозиҳои ҷавобӣ 2:0
«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) –
Голҳо: Хушбахт Қараев, 41 (1:0). Ҳусейн Ривоҷев, 74 (2:0). Бозии аввал – 1:2. «Барқчӣ» (Душанбе) – «Канд» (Конибодом) – 7:1 Голҳо: Амирҷон Сафаров, 34 (1:0). Муҳаммадҷони Ҳасан, 50 (2:0). Амирҷон Сафаров, 57 (3:0). Азиз Ҳамробоев, 71 – аз пеналтӣ (3:1). Амирҷон Сафаров, 73 (4:1). Кароматулло Саидов, 74 (5:1). Нуъмон Зокиров, 77 (6:1). Амирҷон Сафаров, 80 (7:1). Бозии аввал – 2:0. «Панҷшер» (Балхӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:7 Голҳо: Фаридун Шарифов, 6 (0:1). Дилшод Восиев, 32 (0:2). Дилшод Восиев, 38 (0:3). Дилшод Восиев, 63 (0:4). Фатҳулло Фатҳуллоев, 72 (0:5). Дилшод Восиев, 75 (0:6). Ҷаҳонгир Алиев, 79 (0:7). Бозии аввал – 0:7. «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:1 Гол: Зарифҷон Рустамов, 89. Бозии аввал – 0:2.
«Хайр» (Ваҳдат) – «Помир» (Душанбе) – 1:1 Голҳо: Шаҳром Самиев, 50 (0:1). Менсаҳ Даниэл Абан, 100 (1:1). Бозии аввал – 1:0. КМВА «Помир» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1 Гол: Аҳтам Ҳамроқулов, 9. Бозии аввал – 0:0. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Саройкамар» (Панҷ) – 2:1 Голҳо: Ҳусейнҷон Умаров, 48 (0:1). Соҳибҷон Ваҳобов, 85 – автогол (1:1). Соҳибҷон Ҳакимов, 90+3 (2:1). Бозии аввал – 2:0. «Парвин» (Бохтар) – «Ҳосилот» (Фархор) – 0:3 Голҳо: Ҳасан Рустамов, 58 (0:1). Ҳасан Рустамов, 66 (0:2). Нурулло Маҳмудов, 82 (0:3). Бозии аввал – 0:5. Бозиҳои аввали даври ¼-финали Ҷоми Тоҷикистон 20-21 август доир хоҳад шуд. Дар ин давр вомехуранд: «Истиқлол» – «Хайр», «Ваҳдат» – «Равшан», «Ҳосилот» – «Барқчӣ» ва «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд».
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
МАВЗӮИ ДОИМӢ
Духтар дигаргуна мефаҳмад
ШАҲЛО ЭШОНОВА
Дар тарбияи духтарон саҳлангорӣ нашояд Бо модаре шинос шудам, ки чор фарзанд дорад: ду писару ду духтар. Модар маҳз аз духтаронаш шикоят кард. Ӯ гуфт, ки дар тарбияи ду писараш, ки фарзандони калонӣ буданд, чандон душворӣ накашид, аммо тарбияи духтарон барояш хеле гарон афтод. Сабаб пурсидам. Ҷавоб, гарчанде қонеъкунанда набуд, вале ба ҳар ҳол диққатамро ҷалб намуд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар ҳақиқат ҳам тарбияи духтар нисбат ба писар душвортар аст, чунки духтарон нисбатан нозуку ҳассосанд ва ҳар чизе ки нозук аст, тарбияаш низ душвортар мешавад. Ба андешаи Н. Бобоев, корманди мактаби махсуси ҷумҳуриявии ноболиғони душвортарбия, кор бо духтарон назар ба кор бо писарон душвортар аст. “Бачаҳо зуд мефаҳманд, аммо духтарон на, балки нодуруст мефаҳманд, - мегӯяд номбурда. – Ҳатто ба нафъи ӯ коре кунӣ, ё ҳарфе занӣ, дигаргуна мефаҳмад. Василаи беҳтарини тарбия аз ҷониби волидон насиҳат ва талқини хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба духтарон аст. Қабл аз ҳама ба маънавиёти фарзанд, хоҳ духтар бошад, хоҳ писар, таваҷҷуҳ зоҳир намудан шарти муҳим мебошад”. Дини ислом дар хусуси эҳтироми зан таълимоти зиёде дорад. Ҳол он ки то пайдоиши дини мубини ислом тавлиди духтар дар оила мояи бадномӣ ва нанг буд ва маҳз дини ислом ин ақидаро аз
байн бурд. Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Ҳар касе аз уммати ман се духтар ё се хоҳарро ба тарбияи худ гирифта, ба онҳо некӣ бикунад, онҳо барои ӯ аз оташи дӯзах парда мешаванд”. Яъне тарбияи неки духтарон касро аз оташи дӯзах наҷот медиҳад. Духтарон ки табиатан дилсӯзу ғамхоранд, худ низ ба ҳамин гуна дилсӯзиву ғамхорӣ эҳтиёҷ доранд. Инсон танҳо дар пояи тарбияи хуб ба камоли саодат мерасад. Зан поягузори оила ва тарбиятгари ояндаи фарзандон буда, бо рафтори худ ояндаи тифлро дурахшон месозад. Аз ин рӯ, дар тарбияи духтарон саҳлангорӣ нашояд. Вақтҳои охир бераҳмиву бешафқатии гушношуниди модарони ҷавон нисбат ба тақдири худу фарзандонашон ҷомеаро ба таҳлука андохтааст. Агар худкушиву худсӯзӣ як навъ василаи маъмулии раҳоӣ аз ранҷу азоб ва кулфати ба сари зани муштипар омада ҳисобида шавад, пас фарзандкушии зани тоҷикро чӣ гуна метавон арзёбӣ намуд? Зане, ки ба қатли фарзанди хеш даст мезанад, бешак дар муҳити дур аз маърифату одамгарӣ ва орӣ аз таълиму тарбия ба воя расидааст. Аз ин ҷост, ки ҷойгоҳи хоса доштани тарбияи духтарро маҳз таъкид мебояд кард. Падару модарон фарзандонро аз хурдсолӣ ба меҳнат омода мекунанд. Зеро ин хислат онҳоро обутоб медиҳаду ҷисману рӯҳан солим мегардонад. Ҳамаи ин ба тарбияи неки духтарон таъсир мерасонад. Хислатҳои беҳтаринро аз давраи хурдсолӣ ба духтарон ёд додан лозим. Духтарон бояд бо такя ба волидони худ сифатҳои беҳтарини худро такмил диҳанд, зеро камолёбии духтарон ба фаъолияти меҳнатии онҳо алоқаи бевосита дорад. Меҳнати маишӣ дар оила бешак барои ҳосил намудани малакаи меҳнатии онҳо мусоидат менамояд. Дар оила бояд ҳам модар ва ҳам падар барои духтар намуна бошанд. Мардуми мо пеш аз ҳама аз рӯи авлод ва аҷдоди ҳамон оила ба симои духтар баҳо медиҳанд. Маъмулан дар мардуми мо падар ба тарбияи писарон аҳамияти хоса медиҳаду тарбияи духтарро пурра вазифаву масъулияти модар меҳисобад. Одатан мардҳо фарзандонро аз рӯи мавқеъ пайдо карда тавонистанашон дар ҷомеа ва ё меросхӯр будан ё набуданашон қабул мекунанд. Ин аст, ки аксари падарон ҳангоми тавлиди духтар дар оила, гарчанде норозигии худро нишон надиҳанд ҳам, вале изҳори хушҳолӣ низ намекунанд. Ба андешаи коршиносон тарбияи фарзандони
гуногунҷинс яксон нест ва инро ҳар падару модар бояд ба хубӣ дарк намояд ва барои волидон донистани тафсилоти тарбияи духтарон, вижагиҳои он хеле муҳим аст. Аксари ҳамсуҳбатони мо муҳимтарин мактаби ҳаётро барои духтарон дарси модар меҳисобанд. Чунки духтар тамоми ҳунару корҳои хона, маданияти муносибат бо калонсолон ва маърифати оиладориро аз модар меомӯзад. Вале андешае низ ҷолиб аст, ки дар рушди муназзаму солими духтарон нақши падар хеле муҳим аст. Бояд дар хотир дошт, ки барои духтар ҳар амалу кирдори падар тимсоли рафтори намунавӣ мебошад. Робитаи ӯ бо падар нахустин таҷрибаи муошират бо мард аст. Ақидае ҳаст, ки занон ҳангоми интихоби шавҳар беихтиёр монандиеро ё дар зоҳир, ё аз нигоҳи хислат бо падари худ меҷӯянд. Духтар сарфи назар аз он ки муносибатҳои оилавӣ хубанд ё бад, беихтиёр он қолабҳоро пайравӣ мекунад. Духтароне, ки падари худро надидаанд, ё падарашон дар оила мавқеъ надорад, ба домодшавандаҳои эҳтимолӣ талаботи хосаеро, ки дар заминаи тасаввури худашон бунёд ёфтааст, пешниҳод мекунанд, нақшҳои оилавиро фарқ карда наметавонанд ва ҳатто мафҳуми муҳаббатро дигар хел мефаҳманд. Аз ин рӯ, онҳо дар интихоби шавҳар ва дар бунёди муносибатҳои солими оиладорӣ азият мекашанд. Ба ибораи мардумӣ "дили шавҳарро ёфта наметавонанд”. Ин дар аксар маврид боиси пошхӯрии оилаҳо мегардад. Духтарон хеле ҳасос ва нисбат ба рафтори волидони худ ботаваҷҷуҳ ҳастанд. Дар урфият ақидае ҳаст, ки агар падар духтарро бизанад, духтар бадбахт мешавад. Вале ин маънои онро надорад, ки падарон бояд духтаронро махсус нозпарвард намоянду ҳамаи эркагиҳои онҳоро беистисно таҳаммул. Муносибати падар бо духтар бояд меҳрубонона ва аз рӯйи зарурат ҷиддӣ бошад. Ҳамзамон, бояд падар нисбат ба модари духтар меҳрубон ва ғамхор бошад, то фарзанд намунаи муносибати солими занушавҳариро бубинад ва дар зиндагии ояндаи худ ба он пайравӣ намояд. Як вазифаи хеле муҳими падар нисбат ба тарбияи духтар, дар ӯ сайқал додани ҳисси донишпарварист. Маҳз падар метавонад ҷаҳонбинии духтарро васеъ намояд. Якҷо хондани китоб, тамошои филм, сайругашт ва амсоли ин, ки дар рафти он падар ба саволҳои духтараш ҷавоб мегӯяду барояш чизҳои номафҳумро мефаҳмонад, метавонад дар ин самт таъ-
сири хеле зиёд дошта бошад ва барои инсони саодатманду муваффақ гаштани духтар замина гузорад. Яке аз анъанаҳои хуби мардуми мо афсонагӯӣ ба кӯдакон аст, ки мутаассифона, қариб ки аз байн рафта истодааст. Афсонаҳои халқӣ яке аз сарчашмаҳои тарбия буда, дар онҳо орзую омоли мардум, тантанаи некӣ бар бадӣ, пирӯзии торикӣ бар зулмот ва ҳақиқат бар дурӯғ хеле хуб инъикос меёбад. Ин аст, ки афсонаҳо аз даҳон ба даҳон ва аз насл ба насл гузашта то мо расидаанд. Ана, ҳамин афсонаҳо, ки ифодакунандаи лаҳзаҳои мухталифи ҳаёт мебошанд, дар тарбияи духтарон нақши муҳим бозида метавонанд, чунки онҳо аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд. Масалан, афсонаҳое, ки дар онҳо хислатҳои духтарон ҳамчун қаҳрамон тавсиф ёфтаасту онҳо ҳамчун наҷотбахши дигарон тавсиф карда мешаванд, дар ниҳоди духтарон ҳисси ҷасорату матонат ва суботкориро тақвият мебахшанд. Духтарон аз афсонаҳо бисёр чизҳо, аз ҷумла одоби муомила, ҷасурӣ, ҳушёриро меомӯзанд ва иродаи матин ҳосил мекунанд. Масалан, дар афсонае падар нобино мешавад ва хабари табиберо, ки дар шаҳри бегона барои чашм аз гиёҳ дору тайёр мекунад, шунида, оҳи сард кашида мегӯяд, ки агар писар медоштам, рафта он доруро меоварду аз азоби нобиноӣ халос мешудам. Духтари ӯ, ки хеле бебок буд, роҳи тӯлонӣ ва пурхатарро тай намуда, аз он шаҳри дур доруи чашмро барои падараш пайдо карда меораду ӯро шифо мебахшад. Падар дар ҳаққи духтараш дуо карда, чунин мегӯяд: «Духтари азизам, дигар фикр намекунам, ки писар надорам, ту кори даҳ писарро кардӣ, илоҳи умрат дароз шаваду бахт ёрат бошад». Ин аст, ки афсона дар ҳаёти духтарон аз замонҳои қадим нақши асосиро бозидааст. Модаркалонҳо, бобоён, модарону падарон дар ҳамаи давру замон ба фарзандони худ афсона мегуфтанду ба ин васила духтаронро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, пуртоқатӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва дигар сифатҳои инсонӣ тарбия менамуданд. Мутаассифона, солҳои охир падару модарон аз афсонагӯӣ фориғболанд. Ҷои афсонагӯии модару бибиро тамошои телевизору ҳар гуна бозиҳои компютерӣ гирифтааст. Моро зарур аст, ки чунин анъанаҳои пешинро дар байни падару модарон аз нав эҳё созем, то ки тарбияи духтарон дар оила дуруст ба роҳ монда шавад. Духтарон бояд маънии ҳаёти ҳақиқиро донанд, чунки онҳо худ модарони оянда ҳастанд.
Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ховалинг форуми ҷавонони вилояти Хатлон таҳти унвони "Ҷавонон - таҳкимбахши дастовардҳои Истиқлолият" баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар ҷавони касбу кори гуногун аз тамоми манотиқи кишвар ширкат доштанд. Азбаски бисёре аз ҷавонон бори аввал дар чунин як ҳамоиш иштирок мекарданд, чанде аз онҳоро пурсидем, ки:
Форум ба шумо чӣ дод? Фирдавс ҒАФУРЗОДА, роҳбари “Гурӯҳи ҷавонони ташаббускор дар шаҳри Норак”: - Ҳамоиш дар сатҳи баланд доир шуд. Он ҷавонони чор гӯшаи Тоҷикистонро ба ҳам овард. Дар доираи форум ҳам вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Ховалинг сурат гирифт, ҳам мулоқот бо раиси вилоят. Мавзеъҳои таърихии як гӯшаи Тоҷикистони азизро - зиёратгоҳи Хоҷа Аюбӣ Ансорӣ, оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ва осорхонаи Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро зиёрат намудем. Хулоса, форум ба мо имкони ошноӣ бо таърихи кишварро дод.
Бахтиёр ФАЙЗИЗОДА, аз ноҳияи Панҷ: - Мақсад ва мароми баргузории Форми ҷавонон зери ливои “Ҷавонон - таҳкимбахши дастовардҳои Истиқлолият”, ки бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, мутаҳидии мо ҷавонони саодатманди диёр аст. Ман аз форум таассуроти зиёд бардоштам. Аз ҷумла шиносоӣ бо ҷойҳои таърихӣ, аз ҳаёту фаъолияти Восеи каҳрамон, аз ҳама муҳим, дӯстӣ пайдо кардан бо ҷавонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон.
Умедаи ШЕРАЛӢ, аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин: - Ба назари ман, ҳадафи асосии форум таҳким бахшидани дӯстӣ миёни ҷавонони минтақаҳои кишвар аст. Ба ҳам овардани онҳост. Шахсан ман аз ҳар минтақаи кишвар дӯстони нав ёфтам. Вале бояд форумҳо якранг набошанд, танҳо омадану дидану рафтан не, балки боз ҳам барномаҳои чунин ҳамоишҳоро беҳтар кунем, то самари бештар ба даст биёяд. Агар чунин ҷамъомадҳо бо барномаҳои боз ҳам рангинтар доир шаванд, нур болои нур хоҳад шуд.
МУАРРИФӢ
Фархунда ИСОЕВА, иштирокчӣ: - Ростӣ, ман бори аввал аст, ки дар форуми ҷавонон иштирок менамоям. Ноҳияи зебоманзари Ховалингро ҳам бори аввал дидам. Дарк кардам, ки воқеан мо - ҷавонони хушбахти даврони Истиқлолияти Ватанем. Акнун донистам, ки миллати мо таърихи куҳан ва бой дорад. Зеро осори таърихиро, маконҳои таърихиро дар Ховалинг бо чашми сар дидам. Барои созмон додани чунин як форуми бузург миннатдории худро ба мутасаддиён иброз менамоям.
5
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”
ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА
Мирзосодиқ САНГИНОВ, аз вилояти Суғд: - Мақсад аз баргузории форум таҳкими дӯстӣ байни ҷавонон ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ буд. Мо барои огоҳӣ ёфтан аз таърихи худ ва шоҳид шудан бо маконҳои таърихии кишвар ба ноҳияи Ховалинг омадем ва дар ҳақиқат ҷойҳои зиёди таърихиро ҳам дидем. Боварии комил дорам, ки мо - ҷавонони мамлакат дар якҷоягӣ сиёсати давлатамонро пеш бурда метавонем. Зеро Сарвари давлат ба нерӯи ҷавонон эътимоди зиёд дорад.
НИШАСТ
Ба забони бегона тақлид накунем Кумитаи забон ва истилоҳот бо дарназардошти масъалаи номҳо ва номгузорӣ ба тифл, ҳамчунин сарфи назар гардидани масъалаи интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ, зисту зиндагии мардум тағйири номи 20 маҳалли аҳолинишин ва ҷамоати деҳотро рад намуд.
"Русияи муосир чӣ мехонад?" Бо ибтикори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Фонди маърифатию фарҳангии «Содействие» ва Китобхонаи давлатии Русия таҳти номи “Русияи муосир чӣ мехонад?” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши муаррифии китобу китобхона дар Русия баргузор шуд. Ташкилкунандагони намоиш мегӯянд, чорабинӣ дар доираи барнамаи ҳамкории фарҳангии ду кишвар бо Фармони Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин доир мешавад, ки соли 2015-ро дар ин кишвар соли адабиёт номида буд. Ин барномаест, ки аз сармояи барои грантҳои вижа ҷудокардаи ҳукумати Русия амалӣ мегардад. Профессор Сайфиддин Назарзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо изҳори хушӣ аз баргузории ин гуна чорабинии байналмилалӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон роҳбарияти Ҳукумат ва Президент ба китобу китобхона аҳамияти вижа медиҳанд ва ҳоло як барномаи давлатӣ дар ин замина амалан татбиқ мешавад. Татяна Миронова, роҳбари Фонди маърифатию фарҳангии “Содействие” барномаро барои ҳозирин муаррифӣ намуд. Дар ин намоиш слайд-шоуи китобхонаҳои гуногуни федералии Русия, бахши мусиқии “Маҷмааи тиллоии оҳангҳои Русия”, ошноӣ бо китобҳои хеле ҷолиби интишороти чопхонаҳои ин кишвар пешка-
ши ҳозирин шуд. Аз ҷумла 112 номгӯй китобҳои классикӣ, бачагона ва муосир муаррифӣ гардиданд. Ҳамаи китобҳои муаррифишуда барои нигаҳдорӣ ва истифодаи баъдӣ ба хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардиданд. Ҳайтаи Русия дар аввалин фурсат баъди мулоқот бо роҳбарияти Китобхонаи миллӣ аз толорҳои хониш ва манзараҳои зебои Тоҷикистон Қалаи Ҳисор, Наврӯзгоҳ ва Хонаи бачагони №1-и шаҳри Душанбе дидан намуданд. Гуфта шуд, чунин ҳамкориҳо на танҳо фонди Китобхонаи миллиро ғанӣ мегардонад, балки барои баланд бардоштани савияи касбии кормандон ва дар сатҳи олӣ доир кардани намоишҳои китобии тахассусӣ мусоидат менамояд.
Юлчибой МУСОЕВ, муовини сардори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, 1-уми август дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба 80 деҳаву маҳалҳои аҳолинишин, 11 ҷамоати деҳоту шаҳрак ва мавзеи ҷуғрофӣ (парваришгоҳ ва дара) хулоса пешниҳод карда шуд. Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввал номгузории 24 ташкилоту муассисаҳо аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифта, хулосаҳои кумита ҷиҳати номгузории ин муассисаҳо пешниҳод гардид. Г. Шарофзода қайд кард, ки кумита дар оянда нақша дорад, журналистонеро, ки дар навиштаву гуфторҳояш калимаҳои забони бегонаро бештар истифода мебаранд, ҷарима мебандад. Ӯ бо нигаронӣ гуфт, ки солҳои охир журналистон калимаву истилоҳҳои, ба монанди «инфиҷор», «муташанниҷ», «муттамарказ», “вижа” ва амсоли инҳоро истифода мебаранд, ки барои бештари шаҳрвандони кишвар нофаҳмо мебошанд. - Мо - сокинони ҷумҳурӣ, махсусан журналистон бояд калимаву истилоҳҳоеро истифода намоем, ки барои аҳолии кишвар фаҳмо бошанд. Бештари аҳолии кишвар ҳамеша имкони истифода бурдани китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-ро надоранд, - афзуд раиси Кумитаи забон ва истилоҳот. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
РУШДИ ТУРИЗМ
Ҷавонон дар «Артуч» роҳбаладӣ омӯхтанд
ШЕРАЛӢ ҶАЛОЛОВ
Аз 25 то 30 июли соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Маркази сайёҳӣкӯҳнавардии «Артуч» лагери марифатию омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар ҷавони фаъол дар асоси озмун аз вилоятҳои Суғду Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб гардида буданд, иштирок намуданд.
Ин иқдом соли дуюм аст, ки аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд амалӣ мегардад. Мақсад баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон, ҳамчунин омода намудани мутахассисони соҳаи туризм ба ҳисоб меравад. Тӯли 5 рӯз иштирокчиёни лагер мавзеъҳои сайёҳӣ, аз қабили қаторкӯҳҳои Фон, кӯли Калон, мақбари Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро тамошо карда, таассуроти зиёд бардоштанд. Дар доираи лагер Зариф Мирдадо, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва
сайёҳӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ маърӯза намуда иброз дошт, ки имрӯз давлату ҳукумати кишвар ба қишри ҷавони мамлакат диққати махсус дода, пайваста ҷавононро дастгирӣ менамояд. «Таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми хуб барои мо - ҷавонон ба ҳисоб меравад», - гуфт З. Мирдадо. Мунира Тошматова, омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон
Муҳибҷон Эрбоев, донишҷӯи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон: - Акнун мутмаин шудам, ки Тоҷикистони азиз воқеан дорои захираҳои бойи туристӣ мебошад. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин лагерҳо барои мо - ҷавонон баргузор карда мешавад ва мо ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш мекунем, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм карда, дар оянда мутахассиси варзидаи соҳаи хеш мегардем.
Шаҳноза Мародмамадова, ҷавони фаъол аз шаҳри Хоруғ: Ҳарчанд дар кӯҳистон таваллуд шуда
доир ба туризм ва намудҳои он, рушди туризми дохилӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли соҳаи туризми Тоҷикистон гуфт. Инчунин Фирдавс Тӯрақулов, роҳбари ширкати сайёҳии «Зарафшон меҷистик тревел» доир ба захираҳо ва имкониятҳои туристии водии Зарафшон суханронӣ намуда, аз кам будани роҳбаландон ва паст будани сатҳи забондонии онҳо изҳори нигаронӣ кард. Аксари иштирокчиёни лагер бори аввал ба саёҳати кӯҳӣ баромада буданд ва таассуроти худро чунин иброз доштанд:
бошам ҳам, боре ба кӯҳ набаромада будам. Имрӯз бори аввал буд, ки зиёда аз 7 км-ро пиёда тай намуда, аз зебоиҳои қаторкӯҳҳои Фон ва кӯли Калон ҳаловат бурдам. Аз ин рӯ минатдории хешро ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мерасонам, ки маро ба ин лагер даъват намуданд. Минбаъд кӯшиш мекунам, ки дар як сол як маротиба аз мавзеъҳои туристии Тоҷикистон дидан кунам.
Насрулло Зунунов, корманди хурди илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон: - Ростӣ ман чанде пеш аз Искандаркӯл баргаштам. Аз зебоии ин мавеъ дар ҳайрат будаму, гумон мекардам, ки дар зеботарин ҷойи Тоҷикистон ҳастам. Аммо баъди дидани 3-юмин қуллаи балантарини Тоҷикистон
Аҳрорхон Хоҷаев, мутахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, иброз дошт, ки дар доираи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди туризми Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 дар вилояти Суғд чунин лагерҳои омӯзишӣ дар солҳои минбаъда низ ба нақша гирифта шудааст.
«Мария» ва кӯли Калон ба хулоса омадам, ки ҳар минтақаи Тоҷикистон аз якдигар зеботар ҳастанд. Ба хонандагон ва дӯстон тавсия медиҳам, ки аввал сайри Тоҷикистон кунанд, баъд сайри ҷаҳон.
Хуршеда Исмоилова, донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон: - Ҳарчанд дар риштаи туризм таҳсил накунам ҳам, аммо аз хурдӣ орзуи роҳбалад шуданро доштам. Ба сайёҳоне, ки ба вилояти Суғд меоянд, ҳамчун волонтёр роҳбаладӣ мекунам, барои он ки ман Ватани худро дӯст медорам ва барои гул-гулшукуфоии он кӯшиш ба харҷ медиҳам. Ман таҷрибаи волонтёриро ҳангоми сафар ба Амрико омӯхтам. Дидам, ки чӣ гуна мо барин ҷавонон ба сайёҳон роҳбаладӣ мекунанд. Таҷриба гирифта, дар кишвар услҳои нав ба навро роҳандозӣ намудам.
Ҳаводиси ҳафтаҳои охири Туркияро бо ҳамин латифа метавон ифода кард. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва маслиҳатчиёнаш дурӯғи аҷоибе бофта бароварданд ва гуфтан мумкин, муваффақ ҳам шуданд. Вале аз ёд бароварданд, ки ба ҷомеа дақиқ бигӯянд “кадом чархи автобус кафида буд”. Дар ин боб ки мувофиқа накарда буданд, дурӯғашон ошкор шуд. Ҳамон шаби 15 июл, соатҳои аввали баъди пахши кӯшиши табаддулот Эрдуғон дар шарҳи қазия як ҷавоб медод, сарвазир Биналӣ Йилдирим ҷавоби дигар пеш меовард, сардори Хадамоти истихбороти Туркия Ҳоқон Фидон бошад, тамоман посухи дигар. Ин нишон дод, ки роҳбарияти ҳукумат ё қудрати сиёсии Туркия табаддулотро тарҳрезӣ кардаанд, вале дар масъалаи ҷузъиёташ мувофиқа карданро аз ёд бароварданд. Ин буд, ки ҳамон вақт Эрдуғон гуфт, “хабарро аз домодам соати 16-и рӯз шунидам”, гӯё домодаш дар назди кӯшки президент сарбозонро дида, ба ӯ тамос гирифтааст. Вале баъдан маълум гардид, ки сарбозон соати 21-и шаб ба он ҷо омадаанд, на соати 16-и рӯз. Биналӣ Йилдирим изҳор дошт, ки хабарро аз “ёру дӯстон” шунидааст. Ҳоқон Фидон (сардори МИТ) гуфтааст, ки аз иттифоқ афтодани қазия нисфирӯз огоҳ шуданд. Вале дар ҳамин ҳол бо сардори корҳои дини Туркия барои хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ ба тарабхона рафтааст. МИТ гуфтааст, ки соати 16 ба фармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ иттилоъ додаанд. Вале фармондеҳ дар ҳоле ки дар кишвараш табаддулот мешавад, дар тӯйи арӯсии нафаре аз наздиконаш ширкат доштааст. Нахуст яке аз собиқ фармондеҳони артишро ҳамчун саркардаи “табаддулот” боздошт ва хеле шиканҷа карданд, баъд гуфтанд, “мебахшӣ, сардори ошӯбгарон ту набудаӣ, ноҷо лату кӯбат кардем”. Аз он қазияи пурвалвала беш аз ду ҳафта сипарӣ мешавад, вале ҳоло ҳам шахси рақами як - саркадаи “ошӯб” ёфт намешавад. Аз дақиқаҳои аввали ҳодиса Фатҳуллоҳ Гюлен гунаҳкори асосӣ эълон шуд. Вале то ҳанӯз ягон далели қатъие дар расонаҳо ва олами интернет дар ин бора нашр нагардид. Аз ИМА истирдоди Гюленро хостанд, он кишвар гуфт: “Модоме ки даъво доред, далел биёред”. Албатта, онҳое, ки фаромӯш карданд дурӯғро бо тамоми ҷузъиёташ фикр кунанд, даступо хӯрданд. Йилдирим бо ҳамон мантиқи классикии туркӣ баромад карда гуфт: “Ман гуфта истодаам, боз чи далел мехоҳед?” (Мазмуни “мантиқи туркӣ” ин аст, ки ҳар касеро, ки дар ин кишвар роҳбарияти ҳукумат айбдор хонд, гуфтаҳои ӯро бечуну чаро бояд пазируфт. Ҳар касеро, ки душман гуфт, пас ӯ душман аст, бе тардид ва пурсуҷӯ...) Вале ин бемантиқӣ ИМА-ро қонеъ накард. Ҳамон тавре, ки соли гузашта Қазоқистонро қонеъ накарда буд ва ҳафтаи гузашта Қирғизистонро. (Апрели соли гузашта Эрдуғон ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом дод. Ин дар ҳамон шабу рӯзе буд, ки ҳукумати Қазоқистон масъалаи тамдид кардан ё накардани шартномаи фаъолияти литсейҳои муштараки қазоқӣ-туркиро имзо мекард. Дар дидори ду президент ин масъала баррасӣ шуд. Эрдуғон, табиист, ки Назарбоевро гуфт, фаъолияти
муассисаҳои таълимии мазкурро қатъ кунад. Назарбоев то анҷоми сафари Эрдуғон масъаларо мавқуф гузошт, вале ҳамин ки Эрдуғон рафт шартномаро ҷиҳати идомаи фаъолияти литсейҳои номбурда дар кишвараш имзо кард... Инчунин, ҳафтаи гузашта вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу ба вазорати хориҷаи Қирғизистон ҷиҳати чораандешӣ кардан нисбат ба муассисаҳои таълимии муштараки қирғизӣ-туркӣ нота фиристод. Қирғизистон гуфт, шумо ба мо чи кор карданамонро ёд надиҳед! Ду рӯз пеш президенти Қирғизистон А. Отамбоев ҳам дар вохӯрӣ бо журналистон ба он иддаои Човушоғлу, ки агар дар Қирғизистон табаддулот шавад, онро ҷонибдорони Гюлен созмон хоҳанд дод, гуфт: Агар истихбороти Туркия ин қадар ҳушманд аст, чаро нооромиро дар кишвари худ пешгирӣ накард? ) Диданд ки намешавад, гуфтанд “биёед, як-ду далел меёбем”. Кофтанд ва “ёфтанд”: чор парванда ба амрикоиҳо фиристоданд. Вале боз иддао карданд, ки дар пушти “табаддулот” Ташкилоти марказии истихборотии ИМА (CIA) меистад... Трагикомедия он вақт сар шуд, ки ИМА “саркарда”-и ҳодисаро талаб кард, вале ҳукуматдорони Туркия надонистанд, ки якбора хандахариши олам шуданд... Ҳарчанд онҳо ҷавоби саволи 5-умро хуб фикр накарда бошанд ҳам, балки дар бофта бароварданаш ба ифоқа нарасида бошанд ҳам, вале мардуми Туркия ба “саҳнаи театрӣ”-и 15 июли роҳбаронашон хеле зуд бовар карданд. Ҳоло дар ин кишвар шуруъ аз 15 июл то имрӯз 72078 нафар аз мақомот “тоза” карда шудаанд, 18 510 нафар боздошт, 9949 нафар маҳбас, фаъолияти 1058 мактаб, донишгоҳ ва хобгоҳ, 1229 ташкилот ва фондҳои ҷамъиятиву хайриявӣ, 35 беморхона, 150 хабаргузорӣ қатъ гардида, инчунин 59 журналист дар боздошт қарор доранд. Тамоми расонаҳои дунё аз ин тарзи муносибат дар шигифтанд ва пайваста суол мегузоранд, ки магар беморхонаву мактаби олӣ ба “табаддулот”-и мегуфтаи ҳукумати Туркия чӣ дахл доранд, ки фаъолияташон қатъ шудааст? Ду рӯз муқаддам “Financial Times” навишт, ки Эрдуғон “Артиш ва ҷосусҳоро таҳти контроли худ гирифтанист”. Манзур ин ки баъд аз ҳодисаи 15 июл Қувваҳои мусаллаҳ ба тобеияти президенти Туркия Эрдуғон дароварда мешавад, балки “тозакориҳо”-е, ки ҳоло дар артиши Туркия сурат мегиранд, ба ҳамин хотир аст. (Ҳол он ки дар Туркия қудрати низомӣ мухтор аст, на ба сарвазир тобеъ асту на ба прези-
дент). Хадамоти истихборотӣ (МИТ) бошад, тобеи сарвазир аст, вале аз бозе ки Эрдуғон президенти Туркия интихоб шуд, МИТ-ро ба тобеияти худ гирифтааст. Гуфта мешавад, ки моҳи октябри соли ҷорӣ барои ба ихтиёри президент гузаштани нерӯи низомӣ дар парлумони Туркия овоздиҳӣ гузаронида мешавад. Агар ба ғайр аз ҳизби ҳоким 11 овози дигар ба даст оранд, метавонанд бе розигии мардум конститутсияро тағйир диҳанд. Яъне баъд аз ин дар Туркия ин ду нерӯ пурра бо амри президент амал хоҳанд кард. Ин бошад қадам ба қадам амалӣ шудани як орзуи Эрдуғонро, ки ду-се соли охир дар сар мепарварид, таъмин мекунад: Эрдуғон аз ҳамон вақт, ки 49 дипломати туркро ҷангиёни ДИИШ дар шаҳри Кубонии Сурия асир гирифтанд бисёр мехоҳад, ки бо нияти ҷанг ба Сурия дарояд. Барои ин зиёд талош кард, вале Қувваҳои мусаллаҳ, ки мухторият дошт, ба Сурия ворид шудан намехост. Зеро сарфармондеҳи нерӯҳои ҳарбии Туркия медонист, ки сарбозонашро талаф медиҳад. Медонист, ки ба Сурия даромадан маънои дидаву дониста худро ба оташ афканданро дорад. Медонист, ки агар ба Сурия дарояд, танҳо бо Башор Асад ё ДИИШ не, балки бо чор кишвар – ҳам худи Сурия, ҳам Эрон, ҳам Лубнон (“Ҳизбуллоҳ“) ва ҳам Русия меҷангад... Хуб, Эрдуғон барои чӣ ин қадар сахт мехост нерӯи ҳарбии кишвараш ба Сурия дарояд? Барои он ки соли 2013 маълум шуд, чанде аз вазирони ҳукумати Эрдуғон ба фасоди густарда олудаанд ва риштаи фасодкорӣ рафта-рафта то фарзанди ӯ ҳам расида буд. Қазияи фасодкорӣ дар ҷомеаи Туркия валвалаи зиёд барангехт ва ҷомеаи маданиву шаҳрвандӣ ҳукуматро ба ин ҷиҳат ҳамвора интиқод мекард. Барои он ки диққати ҷомеаи интиқодгарро ба самти дигар савқ диҳад, зарур буд, ягон ҳолати ғайриодиеро ба миён орад. Ба Сурия даромадани нерӯҳои ҳарбии Туркия намунаи беҳтарин буд ва Эрдуғон медонист, ки ҷанги Сурия мисли ботлоқи бетагест, ба он ҷо ки даромадӣ, берун шудан мушкил мегардад. Дар кишвари гирифтори ҷанг бошад, ҷомеа ҳама чизро фаромӯш мекунад, танҳо ва танҳо амният мехоҳад. Ҳоло ки Эрдуғон қудрати низомиро аз нафарони “шубҳанок” тоза кардан дорад, дигар ягон монеае барои ворид шуданаш ба Сурия намемонад. Ин дидаву дониста табоҳ кардани ҳоли Туркия ва мардуми ин кишвар аст ва пора-пора шудани Туркия ҳам ногузир мегардад...
7
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
НАБЗИ ҶАҲОН
МАҲМУДҶОН УСМОНОВ
“Чархи кафидаи автобус”
Чор донишҷӯ шаби дароз барои имтиҳон тайёрӣ мебинанд. Имтиҳон вазнин, муаллими имтиҳонгир сахтгир аст. Донишҷӯён мехонанду мехонанд, вале дами субҳ хобашон меояд. Барои каме осудан мехобанд, вале бо нияте, ки пеш аз имтиҳон бедор шуда мераванд. Имтиҳон дар соати 10 муқаррар шудааст. Донишҷӯён вақте аз хоб бедор мешаванд, соат аллакай 10 аст. Саросема дафтару қаламашонро мегиранду мешитобанд. Дар роҳ якеашон таклиф мекунад: - Бачаҳо, мо аз ду сар дер кардем, акнун биёед як дурӯғе бигӯем, ки муаллим моро ба имтиҳон роҳ диҳад... Ҳама ба фикр мераванд. Яке аз онҳо мегӯяд: - Мегӯем, ки дар роҳ чархи автобус кафид ва мо натавонистем сари вақт ҳозир шавем. Ин дурӯғ ба ҳамсабақҳо писанд меояд. Вақте ба донишгоҳ мерасанд мебинанд, ки имтиҳон кайҳо ҷамъбаст шуда, муаллим дар утоқи кориаш нишастааст. - Устоди азиз, дар роҳ чархи автобус кафид ва мо натавонистем дар вақташ ба имтиҳон бирасем. Мехоҳем моро имтиҳон бигиред, мегӯянд донишҷӯён. Муаллим сар то пойи донишҷӯёнро аз назар гузаронида, мегӯяд, ки онҳоро фардо имтиҳон хоҳад гирифт. Бачаҳо аз назди муаллим шодмон берун мешаванд. Рӯзи дигар имтиҳонсупорӣ меоянд. Муаллим 5 савол тартиб додааст, ки баҳои умумии саволҳо (аз рӯи системаи нав) 100 балро ташкил медиҳад. Ба бачаҳо пешакӣ эълон мекунад, ки баҳои чор саволи аввал 10балӣ – 40 бал ва баҳои саволи 5-ум 60 бал мебошад. Саволи 5-ум чунин аст: “Автобусеро, ки дирӯз савораш будед, кадом чархаш кафид?” Албатта, яке дар ҷавоб менависад, ки чархи пеш аз тарафи рост, дуюмӣ чархи қафо аз чап, сеюмӣ чархи пеш аз чап, чорумӣ чархи рост аз қафоро ҳамчун ҷавоби савол пешниҳод мекунад. Имтиҳон бо натиҷаи маълум ҷамъбаст мегардад... Донишҷӯён дурӯғро хуб фикр карданд, вале дар масъалаи кадом чархи автобус будани чархи кафида мувофиқат накарданд.
8
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
28-30 июли соли равон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таҳти унвони “Ҷавонон – таҳкимбахши дастовардҳои Истиқлолият” Форуми ҷавонони мамлакат баргузор гардид. Дар он беш аз 300 ҷавони фаъоли ҷумҳурӣ иштирок карданд.
ФЕСТИВАЛИ «МАРҲАМАТ БА ХАТЛОН» ДАР КӮЛОБ
Ҷавонон - таҳкимбахши дастовардҳои Истиқлолият
ВАҲДАТИ ҶАВОНОН
Қабл аз Форум, ҷавонон шоми 27 июл дар шаҳри Кӯлоб дар Фестивали фарҳангию сайёҳии «Марҳамат ба Хатлон» иштирок карданд. Онҳо маҳсули дасти ҳунармандонро тамошо карда, ба ҳунари онҳо аҳсан хонданд. Зимни боздид таъкид гардид, ки бояд ҳунарҳои мардумиро ривоҷу равнақ дода, баҳри рушду инкишоф ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он саъю талош намоем. Зеро ҳунарҳои мазкур яке аз воситаҳои муҳимтарини муаррифии фарҳанги бостонӣ дар арсаи байналмилалист. Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, иброз дошт, ки Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои бойи туристист, ки дар натиҷаи муаррифии он метавон ба муваффақиятҳои назаррас ва рушди босубот ноил гашт. Баргузории чунин чорабиниҳо дар муаррифии имконият, дастовард ва ҳунарҳои миллӣ хеле муҳим мебошад. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар навбати худ ба меҳмонон барои иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар Фестивали фарҳангию сайёҳии «Марҳамат ба Хатлон», ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудабуд, изҳори сипос намуд. Зикр шуд, ки дар замони муосир соҳаи туризм яке аз бахшҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб ёфта, ба рушди бемайлони иқтисодиёти мамлакатҳо ва равобити судманди байни мардумони кишварҳои гуногун мусоидат менамояд. - Мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиии ҷумҳурӣ барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мусоидат менамояд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, Ҳукумати кишвар соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии мамлакат эълон намудааст. Пурсишҳои иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ афзалият ба навъҳои туризми экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва таърихию фарҳангӣ дода мешавад, - гуфт А. Абдуллозода. Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон дорои иқтидори бойи туристӣ буда, дар оянда метавонад барои инкишофи туризми экологӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми арзанда гузорад. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки айни замон дар ҳудуди вилоят 9 истироҳатгоҳ ва беш аз 40 меҳмонхона фаъолият намуда, ба сокинони ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ хизмат мерасонанд. Масъулин ҳадафи аслии баргузории фестивали мазкурро дар вилояти Хатлон, махсусан дар шаҳри Кӯлоб, муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва омӯзиши иқтидори он барои шарикони миллию байналмилалӣ арзёбӣ намуданд. Изҳори бовар карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба беҳтар сохтани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати истифодаи самараноки инфрасохтори мавҷуда ва имкониятҳо барои рушди туризми байналхалқӣ дар оянда мусоидат хоҳад намуд. Сипас, аз ҷониби санъаткорон ва аҳли фарҳанг шоми зебои фарҳангӣ пешкаши иштирокчиёни фестивал ва сокинони шаҳр гардонида шуд.
ФОРУМ ҶАВОНОНРО БА ҲАМ ОВАРД Рӯзи дигар, 28 июл ҷавонон дар ноҳияи Восеъ ҷамъ омаданд. Иштирокчиёни форумро дар базми ҷавонӣ раиси ноҳияи Восеъ хайрамақдам гуфт. Зикр кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои боз ҳам таҳким бахшидани дӯстиву рафоқат миёни ҷавонони кишвар мусоидат намуда, онҳоро зери шиори «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат» муттаҳид месозад.
ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО ҲИФЗ БОЯД КАРД Дар доираи нақшаи пешбинишуда, корвони ҷавонон ҷиҳати иштирок дар Форуми ҷавонони вилояти Хатлон ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг раҳсипор гардиданд. То расидан ба маркази ноҳия сокинон дар ду тарафи роҳ бо меҳру муҳаббати самимӣ меҳмононро хайрамақдам гуфтанд. Иштирокчиёни форумро дар маркази ноҳия бо савту навои тоҷикона пешвоз гирифтанд. Бо чашидани нону намак, ки рамзи сулҳу дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамбастагист, иштирокчиёни форум вориди ин минтақаи хушбоду ҳавои кишвар шуданд. Шоми ҳамон рӯз дар майдони марказии ноҳияи Ховалинг бо иштироки меҳмонон ва сокинони ноҳия чорабинии фарҳангиву фароғатӣ доир гардид. Мирзозода Нурулло, раиси ноҳияи Ховалинг, зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёни форумро хайрамақдам гуфта таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза, азбаски замони рушди иттилоот ва технология аст, ҳар як оила ва волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон бояд масъулияти ҷиддиро эҳсос намоянд. Фарзандон ва насли наврас, яъне созандагони фардои ҷомеаро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву ростқавлӣ, донишомӯзиву маърифатпарварӣ, сарфаю сариштакорӣ ва маданияти истифода аз воситаҳои гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла воситаҳои иттилоотии электронӣ тарбия намоянд. - Шумо - ҷавонон ҳамчун нерӯи бузург ва офаранда аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт нақши ҳалкунанда дошта, минбаъд низ тақдири халқу Ватан дар дасти шумост. Зеро зиёда аз 70 дарсади аҳолиро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Инкишофу тараққиёти хоҷагии халқ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ободию муаррифӣ намудани арзишҳои табиӣ ва ҳунарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба меҳнати софдилона ва донишу заковати баланди ҷавонони имрӯза вобаста аст, - афзуд Мирзозода Нурулло. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зимни суханронӣ, аз ҷумла иброз дошт, ки имрӯз ҷавонон муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолият ҳастанд ва бо имону виҷдону нангу номуси худ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро мебояд ҳифз намуд.
Таъкид гардид, ки форуми мазкур бо мақсади ҷалби ҷавонон ба ватандӯстӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва иҷрои бечунучарои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Яке аз сабабҳои асосии маркази баргузории ин чорабинӣ интихоб гардидани ноҳияи Ховалинг қабл аз ҳама муайян намудани имкониятҳои туристии ноҳияи мазкур ва шиносоии ҷавонон бо ин минтақаи дурдасти кишвар аст. Барномаи фарҳангии “Шоми ҷавонӣ”, ки шоми он рӯз баргузор гардид, то дер гоҳ дар хотири иштирокчиён нақш хоҳад баст.
9
САЁҲАТИ ҶАВОНОН Субҳи 29 июл саёҳати иштирокчиёни форум ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Ховалинг оғоз гардид. Ҷавонон дар ибтидо мавзеи Чилчанори ноҳияро тамошо карданд. Зимни боздид аз Осорхонаи таърихиву кишваршиносии ноҳия иштирокчиён аз таъриху фарҳанги қадимаи ноҳия огаҳӣ пайдо намуданд. Сипас корвони иштирокчиён ба самти зиёратгоҳи Хоҷа Аюби Ансорӣ, осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Файзулло, Осорхонаи Восеъ, мақбараи Ҳазрати Султон ҳаракат намуд ва ҷавонон ин мавзеъҳои таърихиро тамошо карда, аз боду ҳавои пурнакҳат лаззат бурданд.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
ВАҲДАТИ ҶАВОНОН
ҶАВОНОН ДАР ҲУЗУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ 30 июл ҷавонон бо собиқадорон ва фаъолони ноҳия вохӯрда, баъдан дар Осорхонаи Восеъ бо Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон мулоқот карданд. Раиси вилоят таъкид намуд, ки рӯз то рӯз эътимоди Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба нерӯи ҷавонон меафзояд, зеро рушду нумуъ ва пешрафту шукуфоии минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама ба меҳнат, ақлу заковат, дониш, ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва нангу номуси ватандории ҷавонон вобастагии калон дорад. Аз соли 1997 аз вилоят беш аз 6800 нафар ҷавони лаёқатманд тибқи квотаи Президенти ҷумҳурӣ дар 15 муассисаи олии ҷумҳурӣ таҳсил намуда, дар ин давра 4041 нафар муассисаҳои таълимии олиро хатм карданд. Беш аз 2 ҳазору 614 нафари онҳо таҳсили хешро дар мактабҳои олӣ давом дода истодаанд. Соли 2016 дар вилоят беш аз 47550 нафар мактабҳои таҳсилоти умумиро хатм карданд. Дар соли хониши 2015-2016 толибилмони вилоят дар олимпиадаҳои фаннӣ 14 медали тилло, 15 медали нуқра ва 47 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
АНДЕШАҲОИ ИШТИРОКЧИЁН
ИШТИРОКИ ҶАВОНОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯ Дар доираи форум пас аз саёҳати минтақаҳои гуногуни ноҳияи Ховалинг дар қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони «Ҷавонон - таҳкимбахши дастовардҳои даврони истиқлолият» баргузор гардид. Хидирзода Махфират, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҷавонони мо созандаву худшинос буда, бо фаъолият ва нерӯи ақлонии худ муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Онҳо дар сафи бунёдгузорони муҳимтарин иншооти стратегие, ки рушди босуботи кишвари моро таъмин мекунанд, қарор доранд. Имрӯз ҷавонон бо ихтироот ва навовариҳои худ тавонистаанд, ки номи давлату миллатро баланд бардоранд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки ҷавони тоҷик он масъулияти ватандорию худшиносиро, ки имрӯз миллат ба дӯшаш гузоштааст, алаккай эҳсос намудааст. Аҳлиддин Саидмуминов, раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар вилояти Хатлон, зикр намуд, ки истиқлолият беҳтарин неъмати илоҳист, ки инсонҳоро муттаҳид месозад, низоъҳоро аз байн мебарад, ба мардум осоиштагиву шукуҳу шаҳомат мебахшад ва ба ватан файзу баракат меорад. Истиқлолият умеди моро ба фардои дурахшони Ватан зиёд мегардонад. Барои нигаҳдории ин ганҷинаи миллат моро зарур аст, ки сина сипар намуда лозим бошад, ҷони худро нисор созем. Дар конференсия, инчунин М. Мирсаидов, номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзӯи «Тамоюли рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ», О. Шарифова, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзӯи «Истиқлолият хушбахтист» ва Фархунда Бобоева, гирандаи стипендияи Президенти ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Шукри истиқлоли кишвар мекунем» маърӯза намуданд. Зикр гардид, ки тоҷикон аз қадим миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Истиқлолияти Тоҷикистон барои мардуми тоҷик хушбахтӣ ва рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Бигзор, Истиқлолияти давлатии тоҷикон то абад устувору поянда бошад.
Шуҳрат Султонҳусейнов, директори Маркази ҷавонони ВМКБ аз зебоиҳои ин минтақаи хушобу ҳаво ба ҳайрат омада, чунин ибрози назар намуд: “Ман бори нахуст ба вилояти Хатлон сафар мекунам ва аз ин сафар таассуроти неку фаромӯшношуданӣ бардоштам. Миннатдории самимии худро ба роҳбарияти ҳукуматҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Ховалинг изҳор дошта қайд карданиам, ки чунин иқдом аз меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, моро ба ояндаи неки кишвар дилгарм месозад. Аз меҳмоннавозӣ, самимият ва меҳрубонии сокинони минтақаи Ховалинг хеле мамнунам. Дар ҷараёни ин сафар мавзеъҳои таърихии ноҳияро дидем ва ба хулоса омадем, ки Тоҷикистон дар ҳақиқат ҳам як макони таърихӣ ва биҳиштосост”. Ба таъкиди Ҷамшед Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Форуми ҷавонон, ҷавононро пеш аз ҳама дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намуда, дӯстиву рафоқати ҷавонони Тоҷикистонро боз ҳам тақвият мебахшад. “Мо шоҳиди он
гардидем, ки ҷавонони саодатманди диёр бо ҳисси баланди ифтихор аз миллату давлат дар ин форум иштирок намуда, мавзеъҳои дилфиреби ноҳияро тамошо карданд ва сатҳи огоҳии иштирокчиён доир ба ин мавзеи таърихӣ, ки дар ҳақиқат ҳам хеле таърихи қадима дорад, боз ҳам баланд гардид, - изҳор дошт Ҷамшед. “Баргузории форумҳои ҷавонон, ки тайи чанд соли охир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, аз иқдомоти нек ва қобили дастгирист. Ман ҳангоми ин сафари хотирмон аз ноҳияи Ховалинг доир ба мавзеъҳои таърихии ин минтақа, аз қабили Чилчанор, чашмаҳои руҳбахшу обҳои мусаффо, қабатҳои хок ва мақбараҳову қалъаҳои зебое, ки таърихи зиёда аз миллионсола доранд, маълумоти зиёд пайдо намудам. Ман чандин маротиба дар чунин форуму фестивалҳо ширкат доштам, аммо бояд зикр намоям, ки ин форум нисбат ба чорабиниҳои қаблӣ бартарии зиёде дошт. Ман доир ба ноҳияи Ховалинг ва таърихи қадима доштани он маълумоти ночиз доштам ва танҳо дар доираи ҳамин сафар огаҳӣ пайдо намудам, ки ин мавзеъ таърихи зиёда аз якмиллионсола доштааст.
Нигораҳои таърихие, ки дар осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия ҷамъоварӣ шудаанд, бори дигар таърихи куҳан доштани онро собит сохтанд, - гуфт Қамаридин Қамаров, иштирокчии дигари форум. Донишҷӯ Зарнисор Ҷураева аз он ки аз вилояти Суғд ба ин минтақа ташриф овардааст, бениҳоят хушҳол мебошад. “Мо - ҷавонон аз он ифтихор дорем, ки дар чунин кишвари биҳиштосо зиндагӣ мекунем. Маҳз бо таваҷҷуҳ ва талошҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ваҳдат ва сулҳу субот пойдору устувор мебошад. Маҳз ҳамин фазои дӯстӣ ва сулҳу субот аст, ки имрӯз мо - ҷавонони вилояти Суғд дар форуми ҷавонони вилояти Хатлон иштирок дорем. Аз истиқболи гарму самимии бошандагони ин мавзеъ хеле хушҳол шудем, дӯстони зиёд пайдо кардем ва ман боварии комил дорам, ки ҳисси ватандӯстӣ дар байни мо ҷавонон дучанд гардида, минбаъд баҳри пешрафту шукуфоии кишвари азизамон ҳисса мегузорем”. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Шаҳло ЭШОНОВА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”
10
СОҲИБКАСБ
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
Илм инсонро аз ҷоҳилият ба равшанӣ мебарад
Ояндаи илм умедбахш аст
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
Дар баробари дигар пешаву касбҳо солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илм зиёд шудааст. Яке аз ҷавононе, ки дар роҳи илм қадамҳои устувор гузошта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, Аҳлиддин Саидмуминов мебошад. Ӯ Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусравро (факултети таърих ва ҳуқуқ) соли 2008 бо дипломи аъло хатм кардааст. Худи ҳамин сол дар донишгоҳи мазкур ба аспирантура дохил мешавад. Ба ӯ муяссар гашт, ки пеш аз муҳлат рисолаи илмии худро зери унвони “Масъалаи тарбияи ватанпарастии хонандагони синфҳои болоӣ тавассути таъриху кишваршиносӣ” бо муваффақият дифоъ намояд. Соли 2015 бошад, ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор гаштааст. Айни ҳол мудири кафедраи таърихи умумӣ ва услуби таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа буда, ҳамчунин, раисии Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилояти Хатлонро бар дӯш дорад. Соҳиби унвони Аълочии маориф ва илм ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
- Омили ба роҳи илм рафтани Шумо дар чист? - Гузаштагони мо соҳибкитоб буданд. Сабаби асосии ба илм ворид шуданам дар он аст, ки илм инсонро аз ҷоҳилият ба равшанӣ мебарад. Шояд яке аз комёбиҳои мо ҳамин бошад, ки дар ирсияти мо ҳисси дӯст доштани илм зиёд аст. - Шумо ки роҳбарии олимону муҳаққиқони ҷавонро бар дӯш доред, фаъолияти олимони ҷавонро чӣ гуна баҳо медиҳед? - Боиси ифтихор аст, ки дар 25 соли Истиқлолият ҷавонони тоҷик тавонистанд дар соҳаҳои гуногуни илм саҳми арзанда дошта бошанд. Имрӯз мо ҷавононро мебинем, ки дар ҳар гуна олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҳар гуна чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Ҳамчун роҳбари олимону муҳаққиқони ҷавон ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки имрӯз ҷавонони тоҷик метавонанд, тавассути дониш ва илми азбаркардаи худ ба кишвари мо фоидаи зиёд оваранд. Махсусан дар ҳифзи Истиқлолияти Тоҷикистон ва ваҳдати миллӣ тавассути нерӯи зеҳниашон саҳм гузоранд. Олимони ҷавони то 35-солаи вилояти Хатлон 45 нафар мебошанд. Тибқи маълумоте, ки мо дорем, алаккай дар соли ҷорӣ 8 нафар олими ҷавони вилоят рисолаҳои номзадиашон дар арафаи дифоъ қарор дорад. - Ба назари Шумо соҳаи илм чӣ мушкилиҳо дорад ва барои муваффақ шудан чӣ бояд кард? - Ҷодаи илм пеш аз ҳама шабзиндадорӣ ва сабру таҳаммули зиёдро талаб менамояд. Ҳолатҳое мешавад, ки мушкилиҳои бисёр ба миён меояд. Ҳатто дар баъзе ҳолат фикр мекунӣ, ки илмро яктарафа гузорӣ. Аммо ҳамаи ин мушкилиҳо як ширинӣ ҳам доранд. Аз ин рӯ, бояд дар ҳама ҳолат истодагарӣ кунем ва барои илм омӯхтан, ҳама вақт омода бошем. Дар баробари ин, барои муваффақ шудан, инсон пеш аз ҳама бояд касби худро дӯст дорад. Чизи дигаре ки ба муваффақияти мо оварда мерасонад, эҳтиром нисбат ба калонсолон аст. Албатта, мо ҳама медонем, ки вақте хонанда ба синфи як меравад, ӯ ягон ҳарфро намедонад. Дар ҷодаи илм низ ҳамин хел аст. Дар роҳи илм низ устодон нашқи муҳим доранд. - То ҳол китоб ва ё дастури таълимие омодаву чоп намудаед? - То имрӯз як монография дар бораи “кишваршинос - ватандӯст”, ки бевосита дар бораи ватанпарастии хонандагону донишҷӯён аст, омода намудам. Дигар дастурҳои таълимӣ ба монанди “Шӯришҳои халқӣ” дастури таълимӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик ва китоби дигари дарсие, ки дар арафаи чопшавӣ қарор дорад, “Методикаи таълими таърих дар мактабҳои миёна” мебошад. Айни ҳол ба навиштани рисолаи докторӣ низ машғул ҳастам. Пеш аз ҳама орзуи ман ин аст, ки Истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад. Зеро пойдории ин неъмати бебаҳо моро дар ҳама самт муваффақ хоҳад кард. Ҷоизаву унвонҳои касбие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба мо дар арафаи ҷашнҳои миллӣ тақдим мегарданд, бори дигар моро водор месозад, то дар роҳи худ боз ҳам ҷиддитар саъю талош намоем. - Ояндаи илми кишварро чӣ гуна мебинед? - Ояндаи ҳар як миллату давлат ба илми он вобастагии калон дорад. Зеро ҳар як пешравие, ки мешавад, аз таҷрибаи олимон истифода мебаранд. Мо мушоҳида мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо чӣ гуна ба илм таваҷҷуҳ доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ояндаи илми Тоҷикистон умедбахш аст. Илми мо ҳатман ба қуллаи мурод мерасад. Яке аз неъматҳое, ки истиқлолият ба мо додааст, бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, ки дар ҷодаи илм саҳми арзанда мегузоранд, таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад. - Ташаккури зиёд барои суҳбат! - Саломат бошед.
Мадина Ғоибова:
Барои касбомӯзӣ вақт ёбем... Соли гузашта, ҳамин шабу рӯз дар назди Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” бо номи “Шаҳлои Ватан” маркази омӯзишӣ ва истеҳсолӣ ба кор шуруъ кард, ки ба нафарони зиёде нозукиҳои ҳунари дӯзандагиро омӯзонидааст. Даҳҳо нафар баъд аз гузаштани курси дӯзандагӣ дар ин марказ ҳамчун дӯзандаҳои моҳиру чирадаст ном бароварда, мустақилона фаъолият мебаранд. Яке аз шогирдони муваффақи ин марказ Мадина Ғоибова мебошад. Ӯ нозукиҳои ҳунарро аз Шаҳло Ватанова, зани ботаҷрибаи кордон ва роҳбари маркази “Шаҳлои Ватан” ёд гирифтааст. Мадина муҳассили курси панҷуми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, ҳамзамон дар Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба сифати коргузор фаъолият мекунад. Бар замми ин ба дӯзандагӣ ҳам машғул аст. Мегӯяд, маълумоти олӣ доштан, мутахассиси соҳаи алоҳида будан талаби замон аст... “Бояд ҳар духтари тоҷик соҳибмаълумот ва мутахассиси варзида бошад. Вале набояд ба ин иктифо кард, бояд ҳунар омӯхт. Ҳунарҳои гуногунро бояд аз худ кард, зеро ҳунар зевари инсон аст, бо он кас муҳтараму соҳибном мегардад. Хусусан дӯзандагиро имрӯз бояд ҳар як зани тоҷик бархӯрдор бошад...”, - таъкид мекунад вай. Воқеан, замоне расидааст, ки нестшавии фарҳангҳо ва мероси миллатҳо дар ҳар қадам ба чашм мерасад. Фарҳангро, ҳунарро, зебоӣ ва мероси ниёконро ҳамонҳое ҳифз карда метавонанд, ки ба он ҷиддӣ машғул бошанд, онро тарғиб намоянд ва ба дигарон омӯзанд. Гузашта аз ин ҳама нисбат ба мероси миллат ғамхор бошанд. Дар ин хусус Мадина чунин андеша дорад: “Имрӯз нигоҳ доштани либоси миллӣ дар Тоҷикистон вазифаи занон мебошад. Вале агар зани тоҷик аз пӯшидани либоси миллӣ ор кунад, рӯ ба фарҳанги бегона орад, чӣ гуна фарҳанги миллатро, либоси миллиро метавон аз нобудшавӣ ҳимоя кард?” Ҳадафи Мадина аз омадан ба Маркази омӯзиши “Шаҳлои Ватан” низ дар ҳамин мебошад. Давоми шаш моҳи омӯзиш дар марказ аллакай аз уҳдаи дӯхтани либосҳои миллӣ, куртаҳои аврупоӣ, палтою кастумҳо мебарояд. Барои ин ҳама назокатро ёд доданаш аз муаллима Шаҳло Ватанова хеле миннатдор аст. “Одам барои ба дараҷаҳои баланд расидан бояд ҳамеша талош варзад, - мегӯяд Мадина. - Барои ҳунарманди хуб шудан, аввал бояд зинаҳои поёниро тай кард, ҳама ҷузъиётро аз худ намуд. Мо дар ин ҷо аввал
аз муаллимаамон дӯхтани ҷайбро омӯхтем, баъд пора кардани либосро. Ҳамин тариқ, дар тӯли шаш моҳ касбро аз худ кардем”. Аммо Мадина бо ин қаноатманд нашудааст. Ӯ кӯшиш дорад, ки дар муқоиса ба ҳунармандони худомӯз касбитар бошад. Ҳунари дӯзандагиро бо тамоми ҷузъиёташ аз худ намояд. Бовар дорад, ки бо кӯмаку раҳнамоии муаллима муваффақ хоҳад шуд. Мадина тасмим дорад, ки тарҳу қолабҳои муосири либосҳои миллиро пешкаши ҳаводорон гардонад. Воқеан мушоҳида мешавад, имрӯз онҳое, ки дӯзандаи хуб ҳастанд, аз соҳибкорони муваффақ ба ҳисоб мераванд. Мадина таассуфомез мегӯяд, ки ҳоло дар кишварамон зиёда аз 1,5 млн. хонанда таҳсил доранд, вале корхонаҳои дӯзандагӣ танҳо 50 фисади онҳоро бо либос таъмин мекунанду халос. Ҳол он ки метавон ҳадафу мақсадро бузургтар гузошта, на 50, балки 100 фоиз либосро дар дохили кишвар тавлид кард. Ин аз ҳама ҷиҳат барои иқтисоди миллӣ хизмат мекунад: ҳам маҳсулоти дохилӣ истеҳсол ва ба бозор пешниҳод мешавад, ҳам нафарони зиёд соҳиби ҷойи кор мегарданд. Танҳо насли ҷавони дӯзандаҳоро лозим аст, ки бо дили гарм ва бо ду даст аз домани ҳунар дошта, онро такмил диҳанд, тарҳҳои наву муосири мӯдро ба ҷомеа пешкаш намоянд. Дуруст мегӯяд Мадина, ки дӯзандаҳо бояд талаби замон, талаботи ҷомеа ва муштариён, алалхусус насли ҷавонро ба инобат гиранд. Зеро ин омили бисёр муҳим аст, чунки агар либоси дохилӣ талаботи ҷавононро қонеъ накунад, онҳо рӯ меоранд, ба фарҳанги бегона, ки батадриҷ фарҳангҳои дигар ва нисбатан сустинкишофро “хӯрдан” мехоҳанд... Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
ОЗМУН Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.
1 2 3 4 5 6 7
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон Имомёрбеков Имомёрбек БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Исматуллозода Ҷамолиддин БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Сатторова Заринахон БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Носири Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азимов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷаббор Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Муродов Бахтиёр БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ
Ҷамъи овозҳо
Мудири бахш
2 3
4 2
1 1
3
5 1
2 2 3
Маҳмадсаид Махсумов солҳост, ки дар ҷодаи фарҳанг заҳмат мекашад. Дар театри халқии ноҳияи Данғара фаъолият намуда, дар рушди театри миллӣ ва тарбияи ҳунармандони ҷавон саҳми арзанда дорад. Заҳмати ӯ бо “Ифтихорнома”-и Ҳукумати кишвар, унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Суҳбати мо бо ин ҳунарманди варзида атрофи одоби ҳамсоядорӣ сурат гирифт. - Одоби ҳамсоядорӣ бисёр мавзӯи муҳим аст, – нақл кард М. Махсумов. - Онро метавон як ҷузъи санъат ва адабиёт ҳисобид. Зеро он ҳам як ҳунар аст. Мардуми мо ҳаққи ҳамсоядориро ба ҳаққи Худо баробар донистаанд. Ин аз ҳурмату эҳтироми ҳамсоя ва ҳамсоядорӣ дарак медиҳад. Дар шароити шаҳр, ки мардум дар хонаҳои баландошёна ва аз як дари даромадгоҳ истифода мекунанд, нигоҳ доштани одоби ҳамсоядорӣ басо муҳим аст. Зеро баъзе оилаҳо бемор ва нафарони пиру барҷомонда доранд, ки оромии онҳоро халалдор кардан гуноҳест нобахшиданӣ. Аммо баьзе падару модарон на танҳо барои фарзандон одоби ҳамсоядориро намеомӯзонанд, балки худ аз ин кӯча нагузаштаанд. Барои дупула гап ғавғо бардошта, бо ҳамсояи худ ҳатто даст ба гиребон мешаванд. Фарзанд нахуст муомиларо бо одамони ғайр аз ҳамсоядории волидон меомӯзад. Зеҳни кӯдак басо тез аст. Чизе ки дар кӯдакӣ мебинему мешунавем, то дер дар ёдамон нақш мебандад. - То ҷое ки ман медонам, Шумо асосан дар деҳа зиндагӣ мекунед, аммо дар шаҳр ҳам хона доред. Одоби ҳамсоядорӣ дар куҷо бештар риоя мешавад? - Солҳои пеш мардум одоби шаҳрнишиниро, ки қоидаву қонунҳои худро дорад, риоя мекарданд. Солҳои охир бисёр нафарон аз деҳот ба шаҳр омадаанд ва аз фарҳанги шаҳр ва шаҳрнишинӣ чандон хабардор нестанд. Дар деҳот вазъ дигар аст. Мардум дар ҳавлиҳои алоҳида умр ба сар мебаранд. Ҳар кас ба рӯзгори худ овора. Лек мардум ҳамсояҳои худро нағз мешиносанд. Ба қавле, ҳафт пушти якдигарро медонанд. Солҳои пеш чунин андеша буд, ки деҳотиён фарҳангро аз мардуми шаҳр меомӯзанд. Ба андешаи ман, шаҳриён низ дар ин масьала метавонанд аз деҳотиён бисёр чизҳоро омӯзанд. Шахсан ман одоби ҳамсоядорӣ, ҳурмату эҳтироми дигаронро аз падарам омӯхтаам. Қиблагоҳ воқеан ҳам, ҳаққи ҳамсоядориро хеле пос медоштанд. Агар гӯям, ки як пиёла чойро бе ҳамсоя нӯши ҷон намекарданд, хато нахоҳад шуд. – Бисёр мушоҳида мекунем, ки мардуми мо барои масъалаи ночизе бо ҳам муноқиша мекунанд. Байни моҷарои фарзандони хурдсоли якдигар даромада, баъдан солҳо ногап мешаванд. Шумо дар ин гуна ҳолатҳо чӣ гуна мавқеъ мегиред? – Шиорам дар ҳамсоядорӣ чунин аст: ҳамсояи бадро ҳаволааш бар Худо. Зеро бо одами бад сар ба сар шудан кори марди оқил нест. Баъзе мардҳо асли воқеаро нафаҳмида, бо ҳамсояи худ даст ба гиребон мешаванд. Кор то суду милиса мерасад, ки ин ба шаъни мард намезебад. Ба андешаи ман, қоидаи асосии ҳамсоядорӣ бояд чунин бошад: тарзе рафтор ва зиндагӣ бояд кард, ки зарарат ба ҳамсоя нарасад. Ман ба шумо як ривоят меорам. Дар замонҳои қадим марди камбағале дар ҳамсоягии як нафари бадавлат зиндагӣ мекардааст. Он марди доро шабона дар ҳавлии худ машъал фурӯзон мекардааст. Аз равшании он аҳли оилаи марди фақир дарз дӯхта аз даромади он ризқу рӯзӣ ба даст меоварданд. Рӯзе бузургворе аз он марди камбағал мепурсад, ки оё ту барои истифода аз рӯшноии машъал аз ҳамсоя иҷозат пурсидаӣ? Марди камбағал посухи рад дода, ба бузургвор мефаҳмонад, ки машъалро ҳар шаб худи марди доро фурӯзон мекунад. Бузургвор ба марди фақир мефаҳмонад, ки бояд иҷозат пурсад. Вагарна он ризқи аз пушти дарздӯзӣ ба даст оварда ҳаром мешавад. Бубинед, ки гузаштагони мо бо овардани ин ривоят ҳаққи ҳамсояро то кадом андоза боло донистаанд. Ба андешаи ман, ҳамсоядорӣ маҷмӯи илмҳост, ки дар таркиби он ҳам сиёсат, ҳам равоншиносию тиб, ҳам иқтисодиёт ворид аст. Дар сиёсат низ ҳамсоядории байни давлатҳо аз ҳамсоядории одамон реша мегирад. Мо аз таърих хуб медонем, ки душмании давлатҳои ҳамсоя ба сари одамон чӣ гуна бадбахтиҳо овардааст. Хушбахтии ҳар инсон ва дар маҷмуь давлат аст, ки ҳамсояи хубу хайрхоҳ ва аҳли фаҳм дорад. Хулоса, ҳамсоя хоҳ дар шаҳру хоҳ дар деҳот ва ё кадом макон аст, агар хуб бошад, бо ӯ муомила кардан осон, дар паҳлӯяш ҳаёт ба сар бурдан роҳати ҷон аст. Аз одоби оиладорию ҳамсоядорӣ одоби ҷомеа реша мегирад. Бояд мо ҳар субҳ аз манзили худ бо чеҳраи кушода берун оем, то аз он чеҳраи ҳамсоягон низ равшан гардад. Баъд салом доданро набояд фаромӯш кард. Зеро салом гуфтан суннати Паёмбари гиромии Ислом ва аз гӯшаи имондорист.
11
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
МИНБАРИ АНДЕША
БЕҲРӮЗ КАРИМЗОДА
Одоби ҳамсоядорӣ
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25
Шаҳр, ноҳия
Овозҳо дар ҳафта
№
БҶВС шаҳри Ваҳдат пешсаф аст
Зиндагӣ дар паҳлӯи инсонҳои нек роҳати ҷон аст
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
Ғазаб таслим шуд
ВАРЗИШ
Шоҳмотбоз Сино Амонӣ шатранҷро муҳаррики тафаккур медонад
12
Ривоят мекунанд, ки шоҳи золим аз ғояти хашму ғазаб хост шаҳреро ба хок яксон кунаду ба хунанбор табдил диҳад. Бо силоҳи ҷангӣ аз ҷой мехезад. Назараш ба тахтаи шоҳмоти вазири хирдамандаш меафтад. Шоҳи тахтаро дар иҳота мебинад. Худаш сари тахта мешинад. Бозӣ тӯл мекашад. Шоҳи золим дар тахта ғалаба мекунад. Вазири оқилаш мегӯяд: “Дар як рӯз як ғалаба бас аст”. Шоҳ аз аспи ҷаҳл мефурояд.
ШОДИБОЙ МАҲМУДОВ
СИНО АМОНӢ
Дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ашт барои дарёфти ҷоизаи собиқадори варзиш Шодибой Маҳмудов мусобиқа - сеанси бозии яквақтаи шоҳмот доир шуд. Сеансро ҷоизадори мусобиқаи шаҳри Алмаатои Қазоқистон, мураббии шоҳмот, номзад ба Устоди варзиш Сино Амонӣ гузаронд. Дар маросими бошукӯҳи оғози мусобиқа, ки раисони ҷамоатҳои Ашт, Ориён, Ифтихор ва собиқадорони варзишу шумори зиёди дӯстдорони шатранҷ ҳузур доштанд, ҳозирон аз нақши ин бозии бостониамон дар парвариши насли ҷавон сухан гуфтанд. Аз ҷумла, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва ҷоизадори Иттиҳоди журналистони Қазоқистон Насибҷон Амонӣ, ки яке аз созмондиҳандагони мусобиқа буд, таъкид кард, шатранҷ ҳам варзиш асту ҳам илм ва ҳам ҳунару зебоӣ, шатранҷ ба болоравии қобилияти зеҳнӣ ва рушди ҳамаҷонибаи инсон ёрӣ мерасонад. “Ин бозӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва пайдоиши он бо номи мо, мардуми форсҳо сахт пайванд аст”, - гуфт Насибҷон Амонӣ. Раиси ҷамоати Ашт Абдурашид Қурбонов ширкаткунандагонро бо ҷашни шоҳмот шодбош гуфта афзуд, вожаи “шоҳмот”, ки аз ду калимаи форсӣ – “шоҳ” ва “мот” иборат, баёнгари ин аст, ки пайдоиш ва рушди ин бозӣ дар ҷаҳон бо мардуми мо сахт пайванд мебошад. Ба гуфтаи ӯ, бархе донишмандон мотро вожаи арабӣ, яъне мавт - мурдан медонистанд, ки нодурустии ин гуфта аз ҷониби донишмандони тоҷику эронӣ собит гардид. “Мот” вожаи форсӣ буда, маънояш ҳайрону оҷиз ва ноилоҷу бечора мондан аст. Ба гуфтаи А. Қурбонов, дар ҳақиқат дар бозии шоҳмот ҳама муҳраву пиёдаҳо қурбон мегарданд, вале шоҳ на кушта, балки гирифтор мешавад. Эгам Ҳайдаров, раиси Ҷамоати Ориён мусобиқаро дар ҳаёти варзишии ноҳия рӯйдоди фараҳбахш ва ёдмон хонд. Ӯ ба собиқадори варзиш Шодибой Маҳмудов, ки нахустин омӯзгори маълумоти олидори варзиш дар ноҳия асту садҳо варзишгарро дар Ашт ва ҷумҳурӣ парвариш кардааст ва ҳоло давлати пирӣ меронад, тани дурусту хотири ҷамъ орзу кард ва пешниҳод намуд, ки ин мусобиқа анъанавӣ гардаду ҳар сол Шодибой Маҳмудов гули сари сабад ва созмондиҳандаи ифтихории он бошад. Собиқадори варзиш Шодибой Маҳмудов барои чунин арҷгузорӣ ба созмондиҳандагони мусобиқа арзи сипос ва ба ширкаткунандагон комёбиҳо орзу кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки фардо аз байни онҳо шоҳмотбозони боистеъдоде ба камол мерасанд. Ба қавли ӯ, шатранҷ дар кӯдак таҳамулпазирӣ, андешаронии дурро тақвият медиҳад. Ба гунае, ки интизор мерафт, набарди 17 шоҳмотбози беҳтарини Ашт бо номзад ба Устоди варзиш Сино Амонӣ басо тезутунду шавқовар гузашт. Сино дар 13 бозӣ дастболо гардида, ду бозиро бохт ва ду бозии дигарро мусовӣ анҷом дод. Дар фарҷом раиси Федератсияи шоҳмоти ноҳия Рӯзибой Ёрматов ва собиқадори шатранҷ Абдуваҳҳоб Каримов ба шоҳмотбозон барои ширкати фаъолонаашон дар мусобиқа арзи сипос карда, ба беҳтарин бозигарон ҷоизаи Шодибой Маҳмудовро супорид. Р. Ёрматов аз ин ибтикори довталабонаи шоҳмотбоз Сино Амонӣ, ки зодаи деҳаи Ашт асту ҳоло дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мураббии шоҳмот ва яке аз бозигарони беҳтарин аст, ситоиш карда гуфт, агар ҳар шоҳмотбоз дар тарғиби ин бозии бостониамон саҳм гузоранд, фардо, бегумон боз монанди устоди бузурги варзиш (гроссмейстер) Фаррух Амонатов дар ҷумҳурӣ шоҳмотбозони номдори ҷаҳонӣ арзи вуҷуд мекарданд. Фарид МАЗДАК, Таҳмина УБАЙДУЛЛОЕВА
Иштироки 2088 нафар дар марафони велосипедронӣ 30 июл дар асоси нақшаи чорабиниҳои якҷояи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Федератсияи футболи мамлакат бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави кишвар марафони ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид. Марафон дар марказҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои минтақаи Рашт баргузор шуда, шумораи иштирокчиён 2088 нафарро ташкил дод. Тибқи иттилои сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши КҶВС Ҷамшед Ҳамроев, зиёда аз 100 нафар велосипедронон бонувон буданд. Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”
Мақоми сеюми Тоҷикистон дар Дубай Дар бозиҳои ҷашнии исмоилиёни ҷаҳон, ки дар шаҳри Дубайи АМА аз 23 то 29 июл доир гардид, Тоҷикистон бо ба даст овардани 26 медал мақоми сеюмро ишғол кард. Тибқи иттилои “Азияи плюс” дар Оқохони IV баргузор гардид, аз 20 бозиҳои ҷашнии исмоилиёни ҷаҳон кишвари ҷаҳон наздик ба 2000 вартими мунтахаби Тоҷикистон дар зишгар ширкат доштанд. ҳайати 192 варзишгар бо гирифтаКанада бо гирифтани 60 медал ни 26 медал (10 тилло, 10 нуқра. 6 (20 тилло, 21 нуқра, 19 биринҷӣ) дар биринҷӣ) ҷои сеюмро ишғол намуд. ҷои аввал қарор гирифт. Ҷои дуюмДар ин бозиҳо, ки бахшида ро бошад, Покистон бо 42 медал (17 ба 60-солагии ба тахт нишаста- тилло, 14 нуқра, 11 биринҷӣ) ба даст ни раҳбари исмоилиёни ҷаҳон овард.
Варзишгарони Хоруғ - ғолиби мусобиқаи муҳорибаҳои омехта Бахшида ба 91-солагии таъсисёбии ВМКБ ва рӯзи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Маркази олимпии шаҳри Хоруғ мусобиқаи вилоятӣ оид ба муҳорибаҳои омехта доир гардид. Дар он 70 варзишгари вилоят миёни ҳам рақобат намуданд. Ғолибон ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки 14 август дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро шаш нафар: Ҳалим Маҷнунов (57 кило), Рамзӣ Назриев (66), Яқин Бахтибеков (71), Ҷамол Имомёрбеков (77), Фарид Лутфуллоев (78), Гулбиддин Зиёбеков (100) намояндагӣ мекунанд.
Оғози мусобиқаи«Тӯби чармин» дар Вомар Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти Ҷоми раиси ноҳияи Рӯшон дар варзишгоҳи Вомар мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол доир мегардад. Ба гуфти мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Холисаи Саидхон, дар мусобиқа, ки рӯзҳои наздик оғоз мегардад, тимҳои наврасони Бартанг, Барӯшон, Басид, Пастхуф, Рӯшон, Савноб ва Шидз
миёни ҳам рақобат мекунанд. Ғолибонро тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағ аз 1000 то 3000 сомонӣ интизор аст. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
1558 медали варзишгарони Суғд дар шаш моҳ Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Суғд 32 чемпионат ва чорабиниҳои мухталифи варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш баргузор шуд. Варзишгарони вилоят аз рӯи намудҳои варзиш дар 30 мусобиқаи гуногуни ҷумҳуриявӣ ва 23 мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба гирифтани 1558 медал (486 тилло, 501 нуқра, 576 биринҷӣ) шарафёб гардиданд. Саодат ИСМОИЛӢ, “ҶТ”
Истиқлолият миллатро муттаҳид месозад
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
ПОЧТАИ Дар замони соҳибистиқлолӣ, яъне муддати 25 соли охир Тоҷикистони азиз босуръат рушд кард, дар партави сиёсати дурусту созандаи Ҳукумат ва Пешвои “ҶАВОНОН” миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Истиқлолияти давлатӣ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо талошу заҳматҳои зиёд ба даст омадааст. Дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо роҳи тӯлонии пурпечутоб паси сар гардид. Он чун офтобе дар фазои сулҳ ба рӯҳу равони мардум ҷони тоза мебахшаду ба сӯйи фардои дурахшони зиндагӣ раҳнамун месозад.
Тиҷорати сиёҳ Рӯ овардан ба он зиндагиро табоҳ мекунад Нашъа яке аз моддаҳои зараровар мебошад, ки инсонро ба марг расонда, зиндагии ӯро табоҳ мекунад. Инсоне, ки ин маводи мадҳушкунандаро истеъмол мекунад, оҳиста-оҳиста ба касалиҳои марговар дучор мегардад. Шахси нашъаманд одатан тез-тез асабӣ шуда, бо атрофиён доим дар хархаша мешавад.
Мутаассифона, сол то сол сафи нашъамандон меафзояд ва бештари онҳо ҷавононанд. Онҳо аз рӯи нодонию ҷоҳилӣ даст ба ин кор зада, барои пайдо кардани нашъа хонаводаи худро қурбонӣ мекунанд ва ҳатто даст ба куштор мезананд. Барои чунин шахсон пайдо кардани нашъа бо кадом роҳе, ки набошад, зарур аст, зеро баъд аз истифодаи якум организми онҳо ба ин мавод одат мекунад. Нашъамандӣ як намуди тиҷорати сиёҳ ба шумор меравад. Тоҷирони ин мавод бар ивази ҷони одамон даромадҳои зиёд ба даст меоранд. Мутаассифона, баъзе наврасони 14-15-сола низ гирифтори нашъа шудаанд. Наврасон одатан аввалин маротиба нашъаро дар шабнишиниҳо бо дӯстон истеъмол мекунанд. Дӯстонашон, ки салоҳи ӯро намехоҳанд, ба ин роҳ мекашонанд ва оқибат шахсеро аз хонаводааш дур ва ӯро мисли худашон дузду оворагард мекунанд. Наврасон баъзан барои ҳал кардани мушкили худ ва ё аз бетаваҷҷуҳии падару модар даст ба ин амали номатлуб мезананд. Онҳо гӯё бо истеъмоли ин моддаи марговар худро аз мушкилиҳо раҳонида зиндагии осударо шуруъ мекунанд. Аммо афсӯс, ки аз оқибати ин кори худ дарак надоранд. Барои пешгирӣ ва паҳн нашудани нашъамандӣ мақомоти қудратӣ бо истеъмолкунандагон ва шахсоне, ки ба тиҷорати нашъа машғуланд, мубориза намуда, онҳоро боздошт карда истодаанд, то ҷомеаро аз чунин шахсон пок кунанд. Барои он ки ҷавонону наврасон даст ба нашъамандӣ назананд, бояд падару модар бетаваҷҷуҳ набошанд, фарзанди худро зери назорат гиранд ва нагузоранд, ки дар зиндагии худ каму костиро ҳис кунанд. Ба мактабҳои фарзандон рафта, аз муаллимон оид ба одоб, рафтор, гуфтор ва тарзи хонишашон маълумот гиранд. Аз ин бештар бояд фазои оила солим бошад. Дар ин сурат метавон фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят кард. Бояд волидайн нагузоранд, ки фарзандашон бо ҳамнишини бад дӯст шавад, чунки ҳамнишини бад шахсро аз роҳи дуруст мебарорад ва зиндагиашро вайрон мекунад. Хуб гуфтаанд, ки “бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ”. Мо - ҷавонон бояд аз шароите, ки имрӯз дар кишвар бароямон муҳайёст, самаранок истифода барем. Толору майдонҳои зиёди варзишӣ, марказҳои амӯзиши касбу забон барои зебу зиннат сохта нашудаанд. Ҳамаи инҳо маҳз барои мо – ҷавонон аст. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Мо бояд ба ин ғамхориҳо бо дониш ва рафтори намунавӣ ҷавоб гардонем. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ миёни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои зиёди варзишӣ ба роҳ мондааст, то ҷавонон рӯ ба ҳаёти солим оваранду аз амалҳои зишт, мисли нашъамандӣ дурӣ ҷӯянд. Маҳваш Эраҷовна ҚУРБОНОВА, хонандаи синфи 9-и Литсей-интернати президентӣ, барандаи стипендияи Президенти ҷумҳурӣ
25 соли даврони Истиқлолият барои мо, ҷавонон мояи ифтихор аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард. Ҳадаф аз таъсиси шӯро мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Шӯро барои ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, таъмини рушди сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори замонавӣ, ҷудо кардани грантҳо, ташкили корҳои хонагӣ, аз қабили ресандагиву бофандагӣ, қолинбофиву зардузӣ, таъсиси марказҳои нави касбомӯзӣ мусоидат менамояд. Умед аст, ки шӯрои мазкур барои густариши фаъолияти ҷавонон заминаи устувор фароҳам меорад. Ҳар яки моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашем, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир, корҳои илмиву пажӯҳишӣ, ихтироъкориву навсозӣ машғул шавем. Иштироки фаъоли ҷавонон дар марҳалаҳои навини рушди иқтисодиву иҷтимоии киш-
вар, дар татбиқи ҳадафҳои ҳукумат, дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ҳамеша ҷонибдорӣ меёбад. Имрӯз дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат беш аз 87 фоизро ҷавонон ташкил менамоянд. Онҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ору номӯси баланди миллӣ ба Ватан ва халқи Тоҷикистон хизмат мекунанд ва номбардорони падару модар ва халқу Ватани маҳбубамон мегарданд. Бисёри ҷавонони мо ба намудҳои гуногуни варзиш рӯ овардаанд, як қисми онҳо дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намуда, парчами Тоҷикистони азизро баланд мебардоранд. Президенти ҷумҳурӣ дар суханронии худ ҳангоми вохӯрӣ бо ҷавонони кишвар қайд кард: «Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлат гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо
ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст». Ин боварии Сардори давлат мо, ҷавононро водор месозад, ки пайи омӯзиш гардида, дар пешрафту тараққиёти тамоми соҳаи ҳаёти ҷомеа нақш гузорем. Ба қадри Истиқлолият, сулҳу ваҳдат, ки миллату давлатро муттаҳид месозад, бирасем, роҳи шукуфоии бештари Ватани азизамонро ҳифз карда тавонем. Боварӣ дорам, ки минбаъд дар мамлакат сафи ҷавонони фаъолу ташаббускор бештар мегардад ва саҳми онҳо дар роҳи беҳбуд бахшидани ҳаёти ҷомеа ва рушди устувори мамлакат бамаротиб меафзояд. Мо, ҷавонон марзу буми аҷдодиамонро ҷавонмардона ва далерона ҳимоя намуда, баҳри дифоъ аз Ватани маҳбубамон шуҷоату далерӣ ва устувориву иродаи матин нишон медиҳем. Озода ДАВЛАТОВА, донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таълим дигаргунӣ мехоҳад Бузургтарин ҳимоят аз миллат омӯзиш аст (Бурке) Дар асри XXI зиндагӣ мекунем ва бояд ҳамқадами замон бошем. Замона аз мо талаб мекунад, то тарзи омӯзишро дар муассисаҳои таълимӣ ба самти пешрафт иваз намоем. Дуруст аст, ки дар асрҳои пеш фалон олим тамоми илмҳои замонаашро аз худ кардааст мегуфтем. Имрӯз замон дигар шудааст ва ҳатто танҳо пурра аз худ намудани як фан барои хонанда мушкил аст. Камоли хирад нест агар аз хонанда талаб кунем, ки тамоми фанҳои мактабро пурра аз худ намояд. Яъне ҳоло мо мехоҳем дар муассисаҳои таълимӣ бо як тир ду нишон занем, бехабар аз он ки мо ҳар дуро аз даст медиҳем. Одами ҳамакора кулли корҳо нимкора, гуфтани пешиниён бесабаб нест. Дар бештари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хонандагонро аз хурдӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба равияҳо умумӣ, риёзӣ ва гуманитарӣ ҷудо месозанд. Пешниҳод менамоям, ки аз соли хониши 2016 - 2017 омӯзиши равияи риёзиро 70% ва фанҳои умумиро 30% дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монем. Ба ҳама возеҳ аст, ки асри мо замони илму техника мебошад ва бидуни пешбурди ин соҳаи ҳаётан муҳим пешрафти кишварамонро таъмин кардан нашояд. Агар пештар ин корро иҷро мекардем, мо имрӯз шояд бебарқ намемондем ва ба дигарон муҳтоҷ намешудем. Бовар дорам рӯ овардан ба илмҳои дақиқ боиси ривоҷу равнақи илму техника дар кишварамон шуда, ба мо имкон медиҳад мамлакатамонро аз буҳронҳои иқтисодӣ раҳонем ва дар сафи кишварҳои пешқадами ҷаҳон қарор бигирем. Моро зарур аст, ки соҳаи саноатро дар кишварамон рушд диҳем. 93% кишварамонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. То кай хориҷиён ашёи хоми моро коркард мекунанду мо худ мардикор шуда, пули ночиз мегирем? Яъне ба гуфти Иқболи Лоҳурӣ: Ба парвоз ову шоҳинӣ биёмӯз, Талоши дона дар хошок то кай? Фурсати он расидааст, ки қабули толибилмонро ба риштаҳои ҳуқуқшиносӣ, рӯзноманигорӣ, гумрук ва ғайра коҳиш дода, аз ҳисоби онҳо донишкадаҳои фанҳои
дақиқро дар кишвар бештар намоем, то кадрҳои арзанда ва болаёқати техникӣ омода шаванд. Зимнан, мехоҳам нақли як дӯсти омӯзгорам Мирзоқосим Фатҳуллоевро ёдовар шавам. Номбурда омӯзори литсейи касбӣ-техникии рақами 35-и ноҳияи Мастчоҳ аст. Нақл кард, ки боре як хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ ба наздаш омада, курси семоҳаи кафшергариро омӯхта, баъд озими Русия шуд. Муаллим мегӯяд: “Пас аз чанде бинам ба номи ман он шогирд 10000 рубли русӣ фиристода, изҳори ташаккур намудааст ва аз касби омӯзондаи ман дар Русия соҳиби ҷои кор шудааст”. М. Фатҳуллоев мегӯяд, дар ноҳияи Мастчоҳ садҳо хатмкардаи соҳаи рӯзноманигорӣ, гумруку ҳуқуқшиносӣ, ки аксарияташон бекор мебошанд, хеле зиёданд ва қисми зиёдашон дар Русия ба мардикорӣ машғуланд. Олими машҳур Виктор Самуел гуфта буд: «Дониш барои инсоният калиди қуфлкушои хазинаи табиат мебошад». Бовар дорам, мо - тоҷикон низ метавонем соҳиби ин калид бошем, ба шарте ки фанҳои риёзиро бештар омӯзему ба илму техника такя намоем. Ҳеҷ гоҳ набояд ба умеди хориҷиён шавем. Агар онҳо як диҳанд, сад мерабоянд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2010-ро соли фарҳанги техникӣ эълон карда буд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ бо ҷавонон Сарвари давлатамон хитоб карда, гуфта буд: «Насли ҷавони моро зарур аст ки бештар ба илмҳои дақиқу бунёдӣ рӯ оварда, аз дастоварҳои илму техникаи муосир бархӯрдор гарданд». Ин гуфтаҳо хеле бамавриданд, балки нуктаҳои муҳимеанд, ки масъулонро водор месозад, то пайи иҷрои масъулият ва омода намудани кадрҳои лаёқатманди фанҳои дақиқ бошанд. Дар ин самт васоити ахбори омма метавонад баҳри ташвиқу тарғиби фанҳои дақиқ дар баробари омӯзгорон нақши ниҳоят бузург дошта бошад. Рауф АЗИЗ, омӯзгор, узви ИЖТ
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
Дар дилу даст захми роҳи Яхчипун
НЕЪМАТУЛЛО ХУДОЙБАХШ
- Да1, ҳамон афсонаи амаки Карима бигӯ. - Он афсона не, Некрӯзҷон, ҳақиқат аст. - Хайр, ҳамон «ҳақиқата» бигӯ. - Амаки Карими Раҳим аз ҳамин Кӯлоб, механики бригадаи роҳсозон буд. Кӯдаки бисёр дошт. Бо ман дар роҳи Яхчипун кор мекард. Гурӯҳи тарконандаҳо як қисми девори бари роҳро тарконда, акнун ба булдозер навбати кор дода буданд, ки порахарсангҳои аз кӯҳ ба роҳ афтодаро тоза кунад. Амаки Карим аз пеши булдозер истода, ҳолати кӯҳпораи болои сар бударо наззора мекард, то ҳангоми ногаҳонӣ хато хӯрда лағжидани кӯҳпора ва ё харсанге дарҳол булдозерчиро огоҳ кунад. Ногаҳон пораи калони кӯҳ гумбурос зада ғалтиду амаки Карим фурсати гурехтан наёфта, зери кӯҳпора монд. Мо ҳама аз тарс ақиб гурехтем. Пас, омада дидем, ки булдозерчӣ Саъдулло дохили кабина зиндаву аз акаи Карим дарак нест. Акаи Карим таги тудаи сангу шағал монда буд. Кӯрасангҳоро як сӯ тела дода, ҷасади беҷони ӯро ёфтем ва ба Кӯлоб, ба хонааш овардем. Вақте ки ӯро ба қабристон мебурдем, мо ҳама шаст нафаре, ки ҳамроҳи ӯ дар Яхчипун роҳ месохтем, қатори зану фарзандонаш ҳой-ҳой гиристем. Акаи Карим марди боғайрате буд. Аз ҳеҷ як душворӣ намеҳаросид. Гармову сармо нагуфта, шабу рӯз дар Яхчипун истода, техникаи вайроншударо таъмир мекард. Мо - роҳсозон бе акаи Карим як қадам ҳам пеш рафта наметавонистем. Акаи Карим дар сохтмони роҳи Ваҳдат қаҳрамонона ҳалок шуд, писарам. Имрӯз бо роҳе, ки акаи Карим ҳамроҳи мо сохта буд, мошинҳои бисёре, мардуми бисёре ба Бадахшон рафта меоянд. - Амаки Карим дигар зинда нашуд, да? - Не, Некрӯзҷон, ӯ дигар зинда нашуд. Вале то вақте ки роҳи сохтааш ҳаст, номаш ҷовидона зинда мемонад. - Ба ӯ ордени қаҳрамонӣ доданд, да? - Орден? Медиҳанд, Некрӯзҷон. Медиҳанд. Орден ҳам кирои гап дорад? Ин чандумин бор аст, ки писари хурдсоли Акрам - Некрӯз Акрамов аз падар хоҳиши ҳикояти ҳодисаи ба сари акаи Карими механики роҳсозон омадаро мекунад ва ин чандумин маротибест, ки бо шунидани хоҳиши додаракашон дигар фарзандон низ гирди падар ҳалқа зада, гӯшу ҳуш мешаванду ӯ аз ҷасорату мардонагии акаи Карим қисса мекунад. Ҳамин қадар медонад, ки дар охири нақл тори дилаш ларзида, овозаш ҳазин, қиёфааш маҳзун мешавад ва таъсири ҳикояташ ба фарзандон мегузарад. Инро ӯ аз қиёфаи ғамгину риққатбор ва баъди анҷоми ҳикоят лаҳзае чанд аз ҷо наҷунбида, ба сукут рафтани онҳо пай мебарад. Ҳикоя ба охир мерасад. Хурдтаракон лаҳзае пас дохили хона ба ҳар сӯ давутоз карда, ба корҳои бачагонаи худ машғул мешаванд. Аз Яхчипун кайҳо берун рафтаанд. Вале ӯ худ ҳанӯз дар олами Яхчипун аст. Шахҳои баланди сар ба синаи осмон кашидаи бадвоҳима, манзараҳои марғуби нотакрори он пеши рӯ ба ҷилва меоянд. Пас хаёлаш то куҷоҳое, ки сайр накунад, дар як гӯшаи мардумаки чашмаш нақши роҳу болои он одамони камбинзону тоскулоҳпӯши дар ҷунбуҷул
ва дар гӯшаш ғиреве чун ғиреви шери ба дом афтода дар тангнои дарёву ғуришу наъраи пурхашми булдозерҳост. Боз он ду ҳодисаи мудҳиши ногаҳонӣ - канда шудани пораи калони кӯҳи сангин, ки оғози соли наваду ҳаштум се рӯз дар миён ҳарду ба вуқӯъ пайвастаанду охиринаш боиси талафоти ҷонӣ – аз миён бурдани механик - акаи Карим гардид, аҳёнан дар чашмаш зинда мешаванд. Ӯ, Акрамҷон, ба ин мавзеи хушобу ҳавои танги байни ду шахкӯҳи баланди соҳили дарёи Панҷ, ки осмони танги баланду шабҳои пурасрори махуф ва номи гӯшнавозу дилнишини Яхчипун дошту бо вуҷуди наздик будан ба зодгоҳаш деҳаи Даштиҷум дар умри сараш онро боре ҳам пеш аз ин надида буд ва дар дасту дил аз санги роҳу кӯҳи сангини он захму озорҳо бардошта, азобҳо дид, аз чӣ сабабе якумрӣ меҳр баст. Ба ин сохтмони роҳ, кашидани таноби роҳе, ки Роҳи Ваҳдаташ мехонанд, боис шуд, кори роҳсозию пулсозиаш баҳона гардид. Тақдир будааст. Хати тақдир ӯро ба ин ҷойҳо - Шоҳону Яхчипун овард. Кор кардан дар сохтмони Роҳи Ваҳдатро аз рӯзи азал дар тақдираш навишта будаанд. Набошад, боиси ин қадар саргардонию аз ҷое ба ҷое кӯч бастанҳояш, хонабардуш буданҳояш чист? Дар Даштиҷум ҳамроҳи падару модар, дар ҳавлии падар зиндагӣ мекард, ба Шоҳон кӯчида рафт, ба Кӯлоб омад… Ё шояд ба ҳамааш кор сабаб шуд? Кор, ҷойи кор тақдири ӯро муайян кард? Ҷое, ки кор асту майдони фарохи ҷавлон, корнома нишон додан ва баҳра бурдан аз натиҷаи кору инсонвор зиндагӣ кардан. Шояд барои инсони имрӯзаи саргардон ватане, ки мо мегӯему ин қадар азизаш мешумарем, ҳамин асту бас? Ё шояд воқеаву ҳодисаҳо аксаран тақдирсозанд, хати тақдир мекашанд? Дар наздикии Анҷиров булдозер вақти роҳсозӣ хато хӯрда, ба ҷар рафт. Он вақт дар қитъаи дуюми роҳ – Шӯрообод-Анҷиров, ки идораи сохтмонии рақами 907-и ширкати «Средаздорстрой» бо маблағи иттифоқ месохт, кор мекарданд. Аз қазо сардори участка он рӯз ба кор наомада буд. Акрамов, ки вазифаи сарпрорабиро бар дӯш дошт, сару бар шуда, булдозери ҷаршударо баровард. Дид, ки болотар аз онҳо, дар роҳи навсохт сардори идораи роҳсозӣ Деҳқон Султонбеков назди мошинааш истодааст. Вай, аз афташ, амалиёти кашида баровардани булдозери ҷаршударо тамошо карда, ӯро бари ҷар назди булдозер дида будааст, ки ба наздаш хонда пурсид: - Кист дар ин ҷо сардор? Акрамов ба ину он тараф нигоҳ карда, сардори қитъаро надид ва маҷбур бори масъулиятро ба гардан гирифта, оҳиста «ман» гуфт. - Шумо сарпрораб, - фаҳмонд Султонбеков. – Сардори қитъа куҷост? Акрамов чизе ҷавоб надода, бо қиёфаи гунаҳкорона хомӯш меистод. - Ҳай-ҳай, аҷаб коре! Ҳамин хел як ҳодисаи вазнин рӯй додаасту аз сардори қитъа дарак нест! - бо малолият норизоӣ кард Султонбеков ва ба Акрамов рӯ овард: - Пагоҳ ба идора биёед! Акрамҷон гумон дошт, ки пагоҳ сардори идораи роҳсозӣ ӯро ҷазо медиҳад. Вале вақте ки дар шаҳри Кӯлоб ба идора ҳозир шуд, фармони доир ба сардори қитъаи роҳсозӣ
таъйин шуданаш бо имзои Султонбеков назди котибаи сардор тайёр буд. Дар ду бригада шаст нафар коргари одию механизатор, сенздаҳ булдозер, аз ҷумла ду булдозери калонбели ҷопонӣ, ҳашт мошини боркашони “КРАЗ” ва ду экскаватор тобистону зимистон, гармову сармо нагуфта, бо сардории Акрамҷон Акрамов бетанаффус, якзайл кор мекарданд. Роҳ месохтанд. Роҳи калони паҳнбари ба меъёри стандарти байналмилалӣ мувофиқ, ки мардуми атрофу акнофи ин ҷо дар умри сараш надида буду ба он чун ба як муъҷизаи аср нигоҳ мекард. Соли 1987 ба поён мерасид. Охири сол роҳи понздаҳкилометраи қитъа, ки аз миёни талу теппа ва барбари кӯҳу камар мегузашт, бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Акнун садҳо автомобили хурду бузург дар ин роҳ бо суръати баланд ба сӯйи Даштиҷуму Кӯлоб равуо мекарданд. Аз файзу самараи ин қитъаи роҳи магистралии Кӯлоб-Қалъаи Хумб аввалин шуда сокинони маҳалоти ба он наздик бархурдор мешуданд. Азобҳои роҳи душворгузари кӯтали Каҷбандон бо яксаду бист гардиши танги тангаш, ки мошин бе ду-се бор пешу қафо рафтан гашта наметавонист, хавфу хатар ва тарсу ларзи гузаштан аз Аҷинапули борик (Чёртовый мост) дар ин кӯтал сӯйи дигар монданд. Панҷ соли умри ҷавонии Акрамҷон байни кӯҳу камар дар қитъаи роҳи Шӯрообод - Анҷиров гузашт. Ҷавони нармтабиати камгапу шармгин, то напурсӣ, гап намезад. Дағалӣ чист, намедонист. Дар ин муддат ӯ гармию сардӣ дид, нармию дуруштӣ дид, хислати одамон, коргарҳоро омӯхт. Ҷилави якта-нимта дуруштмуомилаҳо, муҳимтар аз ҳама, ҷилави аспи кори сохтмонро кашида, сахт ба даст гирифт. Бо ҳама забон ёфт, ёру бародар шуд. Иқлими сарду бераҳми Шӯроободу камару ҷарҳои бадвоҳимаи он бошанд, ӯро тарсонда наметавонистанд. Ӯ аз айёми кӯдакию наврасӣ бо онҳо шинос буд. Дар панҷ сол дар дафтарчаи қайдҳои фаъолияти меҳнатии ӯ панҷ сабти нав - коргар, усто, прораб, сарпрораб ва сардори қитъаи роҳ пайдо шуд. Арсенали калони техникаи
роҳсозӣ ба қитъаи Шоҳон-Яхчипун гузашт. Ин қитъа дар ҳамаи магистрали сохташаванда қитъаи душвортарин маҳсуб мешуд. Қабурғаи кӯҳи сангинро шикаста, роҳ кушодан лозим меомад. Агар дар қитъаи Шӯрообод-Анҷиров аз кори бригадаи тарконандаҳо камтар истифода баранд, дар қитъаи нав як қадам ҳам бе кори онҳо пеш рафта намешуд. Ба булдозерҳои пуриқтидор, экскаватору “КРАЗ”-ҳо, гурӯҳи калони коргарон танҳо баъди таркондани кӯҳ майдони кор фароҳам меомад. Бо ғайрат кор мекарданд. Вале суръати ҳаракат ба масофа ниҳоят суст буд. Ҳар ваҷаб роҳи ин қитъа бо сарфи маблағи калон ва қувваи калон кушода мешуд. Ҳамагӣ понздаҳ километр. Мувофиқи нақшаи аввала онро бояд дар панҷ сол сохта, соли 1992 ба истифода месупурданд. Яъне, соле ба ҳисоби миёна бояд се километр роҳ месохтанд, ки ҳар километри он меҳнату машаққати чандинмоҳаро талаб мекард. Техника, бахусус булдозерҳо ба зудӣ шикаста, аз кор мебаромаданд. Хавфи ҳар лаҳза канда шудани пораи кӯҳ ва якҷо бо техника зери он мондан роҳсозонро дақиқае ором намегузошт. Кор бисёр хатарнок. Дар ҳар соат рух додани чандин ҳодиса аз эҳтимол дур набуд. Сардори қитъа ва бригадирон ин хавфро лаҳзае ҳам наметавонистанд аз ёд бубаранд. Одамон ба кори душвор дар шароити вазнин одат мекарданд. Ҳавасмандӣ, албатта, нақши муассир дошт. Роҳсозон, бахусус булдозерчиён маоши калон мегирифтанд. Моҳонаи ҳар кадоме аз онҳо аз ҷамъи маоши яксолаи сохтмончии одии шаҳр кам набуд. Ин омили асосӣ ҳисоб меёфт. Вале он азми ҷазм, ҳамаи он руҳбаландиеро, ки роҳсозонро фаро гирифта буд, ба маоши калони онҳо алоқаманд донистан чандон дуруст намеомад. Кадомин як қувваи ҷаззоб ва таҳриккунандаи дигаре вуҷуд дошт, ки онро бо нерӯи пул қиёс карда намешуд. 1 Да - дар лаҳҷаи Даштиҷум ба маънои падар. 2 Ма – модар.
Давом дорад
15
Зодгоњи М. Турсунзода
Номи дигари бањри Каспий
Боѓи бињишт
Мактаби хобгоњдор
Дўхтан бо риштаи тилло
Вайроншавии саломатї
Муќобилият, мусобиќа
Абру
Касби чорчархакашони бозор
Сањар, пагоњї
КриПоя, зис бунёд (тољ.)
Маъракаи овоздињї ба номзадњо
Бобољон ..., муаллифи китоби "Тољикон" Њаљљи асѓар
Оташ Тарс, бим Муаллифи «Шоњнома»
Саг-комиссар (филм)
Падари Исмоил (а)
САНҶИШИ ДОНИШ
Эшон, вайњо
Буѓ дар осмон «Њоло …», филми тасвирї
Номи Хайём
Номи Ира дар паспорт
Никулин, Витсин, …?
Ранљ, азоб
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
3, 4ё 27
…и Султон, сароянда
… Шералї, шоир
Мусиќии …-н-рол
Мутахассиси забону адабиёт
Инкор Шарм, њаё
Гирду гўша
Ёфтани љавоби мисол … кардан
Ансамбли сенафара
Муќобили лалмї
Њавои тоЁфтани илољи дард бистон
Нанг
Пойтахти Туркия
Барањна, урён
Шањри калонтарини Канада
Чаккаи хушк Ошхонаи ќањванўшї
Онро дар лифт пахш мекунанд
Тамѓаи автомат
…бус, наќлиёти шањрї
Пианинои пасту васеъ Сифати телевизор ва ќаламњо
Падар (лањља)
Ибодат
Њаргиз
ИМА ба русї
Наво, савт
Роњбари рўзнома
Забони тољикии Афѓонистон
… Баччан, актёри њиндї
Ќисми китоб
…-154, тамѓаи тайёра Бењтарин, аз њама боло
Миллати Алла Пугачёва
Љойи аз нурњои офтоб паноњ
Роњбари мактаб
Муќобили «бад»
«Дар орзуи падар»тољикї, «Њомиён»?
Нозири роњ коркуни ин бозрасї аст
Тайёр
… Рай, актрисаи њиндї
Обанбори табиї
Ѓаллаи судашуда
… Иброњимов (сароянда)
Шакли арабии номи Александр (Маќдунї)
Сканворд
… Сафиева, шоира
Паррандаи мурѓобимонанд
«Ватан» ё «Азияплюс»
16
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №31 (9457), 04.08.2016
Туҳфаи “беарзиш”
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ Ҷавоне, хатмкунандаи коллеҷ бовар дошт, ки бар ивази диплом падараш ба ӯ автомобил туҳфа мекунад. Чанд моҳ аст, ки ҳар боре аз назди салони мошинфурӯшӣ гузарад, ба автомобили варзишии зебо хира мешавад. Ба падараш низ дар бораи ин намуди автомобил борҳо нақл кардааст. Акнун он рӯз фаро расид. Субҳ, пеш аз маросими дипломсупорӣ падар ба писараш гуфт, камтар сайругашт кунанд ва чизеро маслиҳат. Ба умеди туҳфа ҷавон бо хушҳолӣ розӣ шуд. Онҳо суҳбаткунон то майдони теннис расиданд. Ҷавон аз беқарорӣ намедонист чӣ кор кунад. “Зуд бош, падар, аз туҳфа, аз автомобили зебои ман гап зан. Чаро ин қадар кашол медиҳӣ?”, гузаронд аз дилаш. Баргаштанд. Падар суханашро идома дод. Гуфт ки чӣ тавр бо писараш ифтихор мекунад, хушбахт аст, ки писараш босавод ва боирода мебошад, ояндаи хуб интизораш аст ва хеле дӯсташ медорад. Ҳамин тариқ, ба хона расиданд ва падар дар охири суханаш ба ҷавон бастабанди зебое туҳфа кард. Ҷавон, ки тоқаташ тоқ шуда буд, зуд бастаро кушод. Даруни баста китоби бо муқоваи чармии
“Агар зинда мондан хоҳӣ, ҳамаи пулҳоятро ба ман медиҳӣ”. Инро пеш роҳзанҳо мегуфтанд, акнун духтурҳо мегӯянд.
***
зебои “Библия”-ро дид. - Бо ҳамин қадар дороӣ ба ман ҳамин китоби муқаддасро туҳфа мекунӣ? – гуфту бо қаҳр китобро рӯи миз партофт ва аз хона баромада рафт. Ҷавон солҳо бо падараш алоқа надошт ва фикр ҳам намекард, ки падараш бе писари дӯстдораш чӣ рӯзу рӯзгоре дорад. Ҷавон тоҷири хуб шуд. Дар шаҳри дигар соҳиби оила ва хона гашт. Рӯзе ногаҳон гузаштаро ба хотир овард ва фаҳмид, ки кори хатое кардааст. Бо падар чунин муносибат кардан лозим набуд. Ҳатман ба аёдаташ рафта, суҳбат кардан даркор. Вақте ба хонаи падар, хонаи куҳнае, ки аз он гурехт ва дигар
- Дар Русия одатан чӣ мехуред? - Пирожкӣ. - Ин чӣ аст? - Гӯшту хамир. - Боз чӣ? - Чебурек. - Инаш чист? - Гӯшту хамир. - Боз? - Пелмен. - Инаш аз чӣ тайёр мешавад? - Гӯшту хамир. - Хуб, ягон чизи дигар ҳам ҳаст? - Бале, манту.
барнагашт расид, ғамгин шуд. Рӯи миз аз номи падар нома меистод. Навишта шуда буд, ки ба давлати дигар рафтааст ва хонаро ба писараш мондааст. Чашмаш ба китоб афтод, китобе, ки бо қаҳр партофта рафта буд. Онро ба даст гирифт, варақзанон падарашро ёд кард ва онро ҳам, ки чаро ҳамон вақт нисбаташ беэҳтиромӣ намуд. Вақте ба саҳифаи охир расид, калид ва ҳуҷҷатҳои мошинро дид, ки бо скотч печонда шуда буд. Ҳамон мошини мехостагиаш! Ҳам чекро дид, ки пули мошин ҳамон вақт – 20 сол пеш пардохт шуда буд!
***
Футболбоз ба занаш: - Ман имрӯз ду гол задам. - Офарин. Пас натиҷа чӣ шуд? - 1:1.
***
- Шавҳар дорӣ? - Бале. - Пас барои чӣ чалаи никоҳӣ надорӣ? - Ҳаво гарм аст.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
ЭЪЛОН
ДИҚҚАТ, ОЗМУН!
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд. Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ. 3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фиристанд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд.
Шиносномаи гумшудаи силсилаи А00006446, ки ШВКД ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 16.08.2014 ба Юсупова Зулайхо Озодовна (соли таваллудаш 05.07.1978) додааст, эътибор надорад. Шиносномаи гумшудаи силсилаи А00191473, ки ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 03.05.2015 ба Қоимдодов Мурод додааст, эътибор надорад. Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-81, хонаи 20, ки аз соли 1993 ба Шодиев Фаррух Фатҳуддинович мутааллиқ аст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.
Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _____ _______________________________________________________
Дипломи ТСИ №0027074, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 1997 ва дипломи №000507, ки Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб соли 1999 ба Низаметдинова Зулфия Хуршедовна додаанд, бо сабаби гум шуданашон эътибор надоранд.
Барои чӣ беҳтарин аст?___________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ Соҳибкори инфиродӣ Алимардонова Фароғат Уроқовна (РЯМ 0230003483), ки аз 12.11.2009 дар Нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Ному насаби пуркунанда _________________________________
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Аттестати гумшуда, ки МТМУ рақами 3-и ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор) соли 1992 ба Тирамоҳиев Сайраҳмон Саидбурҳонович додааст, эътибор надорад.
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6467 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»