Ҷавонони Тоҷикистон, №32, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН

Иди номбардорони миллат муборак бод! Аз таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни ҳар як мулоқоту вохӯрӣ бо зиёиён ва аҳолии кишвар дар масъалаи ҷавонон истодагарӣ намуда, даъват ба амал меоранд, ки масъалаи илмомӯзӣ ва касбомӯзии ҷавонон бояд ҳамеша дар назар гирифта шавад ва кормандони ҳама вазорату идораҳо, новобаста аз шакли кору фаъолият, ба тарбияи ҷавонон ҷиддан машғул шаванд. Ба эътимоди Сарвари давлат, “имрӯз тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши ҷавонон гузошта шудааст”. Ё дар ҷои дигар Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои худ дар мавриди ҷавонон чунин таъкид намуда буданд: “Мо бояд ташаббус ва нерӯи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем. Кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки нерӯи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем”. Ҳамин эътимод басанда аст, ки имрӯз ҷавонони кишвари мо худро дар сояи амну амонӣ дида, дар роҳи илмомӯзӣ ва ободонии Ватан тамоми нерӯи худро сарф намоянд.

№32 (9562), 09/08/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Бо фейсбук ба куҷо равонаем? саҳифаи

4

Танҳоӣ ва имконият саҳифаи

5

Муҳиммияти ҳастии худро дарк кунем! саҳифаи

Бозиҳои Осиё-2018: Тоҷикистонро киҳо муаррифӣ мекунанд? саҳифаи

7

8

Коршиносони ғайриҳирфаии рус воқеиятро намебинанд саҳифаи

10


2

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

ШОДБОШӢ ВА МИННАТДОРӢ

Табрикоти Аҳтам Абдуллозода бахшида ба “Рӯзи варзишгарон” Варзишгарони гиромӣ, собиқадорон ва мураббиёни варзиш, мухлисон ва дӯстдорони соҳа. Ҳамаи Шуморо, ки тамсилгарони Ватани маҳбуб, номбардорони асили миллат дар арсаҳои бузург ҳастед, бо «Рӯзи варзишгарон» самимона таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани созишномаи истиқрори сулҳ, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, қарор гирифт. Маҳз Истиқлолияти давлат ва таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмиллалӣ роҳандозӣ гардид. Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхориҳо

нисбат ба соҳа аст, ки сол то сол дастовардҳои варзишгарону мураббиёни тоҷик меафзояд. Ин ҷиҳатро ба назар гирифта мо бо ифтихор мегӯем, ки варзишгарони тоҷик на танҳо пешбарандаи соҳа, балки муаррифгари давлат ва парчамбардору ифтихори миллати мо ҳастанд. Мо набояд як нуктаро фаромӯш созем, ки рушди соҳаи варзиши мо ба замони истиқлолияти давлатӣ сахт алоқаманд аст. Ба ибораи дигар ҳар чи ки мо дар ин соҳа ноил гардидем, дастоварди замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз аст. Зимнан ёдовар шудан ба маврид аст, ки варзишгарони тоҷик то истиқлолияти давлатӣ аз набудани комплексу толорҳои варзишии замонавӣ танқисӣ мекашиданд. Мувофиқи маълумотҳои омориӣ имрӯз дар кишвар 9317 иншоотҳои гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 122 варзишгоҳ, 6619 майдончаи варзишӣ, 1702 толорҳои варзишӣ, 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 788 маҷмааҳо новобаста аз шакли моликияташон фаъолият доранд. Барои ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш дар кишвар 142 мактабҳои варзишӣ, аз ҷумла 4 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази омода кардани дастаҳои мунтахаб,

1 Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 96 муассисаи (мактабҳои) варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 мактабҳои варзишии тобеъ фаъолият доранд. Дар ин мактабҳо 4130 гурӯҳҳо бо фарогирии 47654 машқварзони наврасу ҷавон фаро гирифта шудааст. Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба соҳаи варзиш аст, ки 10-уми августро дар кишвар ҳамчун Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон эълон намуданд. Бо истифода аз фурсати муносиб дар ин рӯзи пурфараҳ аз номи кулли варзишгарони саодатманди диёр мехостам миннатдории самимонаи худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намоям, ки дар рушди варзиши кишвар ва дастгирии варзишгарони номбардори миллат нақши калидӣ гузошта, пайваста зери ҳидоят ва ғамхории падаронаи хеш роҳнамоӣ менамоянд. Имрӯз варзишгарону мураббиёни мо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси гарми

ватандӯстӣ, ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхорие, ки нисбати онҳо зоҳир мегардад, талош меварзанд, ки бо дастовардҳои назаррасу қобили таҳсину ифтихор Парчами давлатро баланд бардоранд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо дар самти варзиш аст, ки рӯз аз рӯз обрӯю нуфузи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ даҳҳо маротиба нисбати солҳои қаблӣ боло рафта истодааст. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба хотири варзишгарони кишвар Парчами ватани азизамон 105 маротиба дар арсаи байналмилалӣ парафшон гардид. Имсол моро Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ ва Олимпиадаи

Ташаббуси ҷавонони ноҳияи Данғара дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои миллӣ Дар замони мутамаддиншавии қавию устувор ва муколамаи фарҳангҳо соҳаи сайёҳӣ дар роҳи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мавқеи басо воло дошта, муносибати неки дилхоҳ давлат ба ин қишри сафарпаймо як василаи тантана аз шинохти башару инсон аст. Ҳар сайёҳе, ки вуруду боздиди кишваре мекунад, аввал фазои амниятӣ ва солимии онро омӯхта, баъдан бо саволи риторикӣ худро ҳушдор медиҳад, ки кишваре, ки маро чун сайёҳ мепазирад, метавонад арзишҳо, боварҳо ва муқаддасоти миллӣ, эътиқоди фарҳангии маро ба мисли эътиқоди динӣ, пӯст, ҷинс, миллат, нажод эътирофу эҳтироми воло мегузорад ё не? Сипас ба дигар тарафҳои сайёҳат - роҳҳои ҳуқуқию ратфтуомад ва дидани мавзеъҳою хостаҳои сафараш тасмим мегирад. Дар ҳамин росто, кишвари мо Тоҷикистони мӯъҷизатабиату атрогинфазо дар самти ин бахши муҳими иқтисодӣ тасмими дурусту саъйи комил дошта, тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ, сохторӣ, модию техникӣ бамаротиб муҳайё шуда истодааст. Ва дар ҳар Паёми ироагардида ба Маҷлиси Олӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон банди алоҳидаи таҳлилиро ба самти сайёҳӣ мебахшанд, ки ин аз мавқеи устувори кишвари мо дарак медиҳад. Афсӯс, ки афроди бадбахту ҷоҳил, му-

дохилагару иғвоангез ва ҷиноятпеша бар решаи ҳар соҳа ва бахшҳои афзалиятдошта ҳама вақт тешаи хиёнат зада, монеи суботи ҳам соҳавӣ, ҳам миллӣ ва ҳам давлатиянд. Амалҳо ва бархурду муносибати пастфитратонаи ашхоси фурӯхташуда нишон медиҳад, ки барои ин тоифа Ватан, Модар, Шараф, Виҷдон, Сарзамини падарон ҳеҷ арзише надорад. Фақат дар ниҳоду мағзи пусидаю тафаккури камбағалашон ноамнӣ ва танззул ҷилва мезанад. Вале кори ин гунаҳо ба ҷуз шармсорӣ ва ронда шудан аз ҷамъият дигар натиҷае надорад. Қазияи охири бо сайёҳони хориҷӣ рӯйдода бори дигар нишон дод, ки воқеан, гурӯҳҳои ҷиноӣ ба ҷуз тамаъ, фурӯхтани хештан, куштани банни башар, бетартибию беназмӣ ва ақибмондагӣ дигар андешае надоранд. Паҳлуи муҳим ва ҷавонмардона дар қазия, ки бори дигар ватандӯстдору меҳмоннавоз будани миллати тоҷикро ба ҷаҳониён собит сохт, иқдоми гурӯҳе аз ҷавонони далеру шӯҷои ноҳияи Данғара буд. Ин гурӯҳи ҷавонон бо иқдоми бевоситаи худашон дар рӯзи содир шудани амали террористӣ ва баъди он ба зарардидагон — сайёҳони хориҷӣ дасти мадад дароз намуда, бо мақомоти ҳифзи тартибот ва қонун ҷиҳати саривақт ошкор намудани омилони ин ҷинояти ваҳшиёна ҳамкорӣ ва мусоидат карданд. Ҳарчанд ин амали

ҷавонмардонаи ин гурӯҳи ҷавонони матинирода аз назари онҳое ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба иғвоангезӣ машғул буданду ба қавли худашон “асли воқеа”-ро ба мардум мефаҳмониданд, дур монда бошад ҳам, аз назари Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат дур намонд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ташкил намуданд, ки 4 август дар ҷамоатҳои деҳоти Лолазор ва Лоҳури ноҳияи Данғара бо фаъолон ва аҳли ҷомеа мулоқот доир кардаанд. Дар гурӯҳи корӣ инчунин Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Саидализода ва роҳбарону намояндагони дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор шомил буданд. Зимни мулоқот Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,

наврасон интизор аст, ки дар ин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ зиёда аз 100 нафар варзишгарони кишвар Ватани маҳбубамонро муаррифӣ мекунанд. Бовари том дорем, ки шумо – варзишгарону устодони соҳа барои ҳифзи нангу номуси миллат дар арсаи чаҳон ҳамеша ҷаҳду талош менамоед. Дар ин роҳи пурзаҳмат, вале пуршараф ба шумо комгориву муваффақиятҳои беназир ва тандурустиву хонаободӣ таманно дорам. Ид муборак, парчамбардорони миллат!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи ҷавонони далеру шӯҷоъ, ки ба сайёҳони хориҷӣ дасти мадад дароз намуда, бо мақомоти ҳифзи тартибот ва қонун ҷиҳати саривақт ошкор намудани омилони ин ҷинояти ваҳшиёна мусоидат намуданд миннатдорӣ байён намуда, ба ҷавонон мукофотҳо тақдим намуданд. Ҷавонони ноҳияи Данғара дар навбати худ изҳор доштанд, ки мақсади террористон дар тамоми нуқоти олам тарс додану ба итоат даровардани мардум аст, вале сокинони Данғара, вилояти Хатлон ва саросари Тоҷикистон аз чунин кирдори зишти нохалафон тарс нахоҳанд дошт, минбаъд бештар аз пештар ҳушёриву зиракии сиёсӣ нишон хоҳанд дод ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, дар роҳи амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бештари Тоҷикистони азиз ва боз ҳам беҳтар сохтани сатҳи зиндагии мардум ҷаҳду ҷадал ба кор мебаранд. Воқеан иродаву матонати ҷавонони Данғара порае аз ғуруру шӯҷоати ҷавонони тоҷик буд, ки ба хоинону фурухташудаҳо нишонрас кард, ки мавқеи Тоҷикистон дар ин бахш бетағйир буда тадбирҳои амниятӣ ҳамеша пурзӯранд ва касе баҳри нооромии ҷомеа талош мекунад, шахсеро озор медиҳад, ҳуқуқашро поймол мекунад, шахсияташро, миллаташро табъиз мекунад, шаъну шарафашро паст мезанад, ӯ аз Мо нест ва худ бо дасти худ ба ҷазои сахттарини қонун гирифтор мешавад.


ВАНҶ: Гирандагони Стипендияи Президентӣ муайян шуданд

Мусобиқа миёни ҷавонони деҳоти Роштқалъа

ВМКБ

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ванҷ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи махсус байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия озмуни Стипендияи Президентиро гузаронида, онро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд. Дар ин бора мудири бахш Масрур Ғайратов иттилоъ дода гуфт, ки дар озмун 21 нафар довталабони беҳтарин иштирок намуда, аз байни онҳо се нафар сазовори унвони гирандаи Стипендияи Президентӣ шуданд. Ҳамин тавр, Фаридуни Давлат аз МТМУ №17 бо гирифтани 28 хол, Аҳмад Ғайратов аз мактаби №14 бо 29 хол ва Сувайлои Ёдовар, хонандаи МТМУ - и № 4 бо 30 хол гирандагони стипендияи Президентӣ гардиданд.

ДУШАНБЕ

Дар ноҳияи Роштқалъа байни 14 дастаи ҷавонони деҳоти ноҳия мусобиқаи футбол баргузор гардида, ба даври нимниҳоӣ тимҳои “Анҷин” “Медон” ва “Бижур” - “Савир” роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоӣ дастаи “Анҷин” “Савир”-ро бо ҳисоби 3 : 2 шикаст дода, ғолиби мусобиқа гардид. Беҳтарин бозингарони мусобиқа Фидуси Собирҷон, Асрор Каладоров ва дарвозабонони беҳтарин Фирдавс Мухторов ва Хатиб Қурбонов интихоб шуданд. Ба ғолибон аз ҷониби ташаббускори чорабинӣ, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ифтихорнома ва медал тақдим гардид. Мавриди зикр аст, ки бозии мазкур ба ифтихори Рӯзи Истиқлолият ва Рӯзи варзишгарон дар доираи мусобиқаҳои усули деҳа ба деҳа роҳандозӣ шуд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

Забҳи чорвои идона дар пойтахт

Бо иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, дар арафаи иди мубораки Қурбон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ куштани чорворо дар ин рӯзи барои мусулмонон гиромӣ, дар ҷойҳои муайян иҷозат додааст. Чунончи, забҳи чорво дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, дар кӯчаи Фучик, наздики корхонаи гӯшту консерва сурат хоҳад гирифт. Ҳамин тавр барои

сокинони дигар навоҳии пойтахт, ки нияти анҷом додани қурбониро доранд, ҷойҳои муайян таъин шудааст. Ҳамчунин, барои сокинони пойтахт анҷом додани ин амал дар назди ҶДММ “Ёвар II”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ равост. Дар дигар макон забҳи чорвои идона қатъиян манъ аст. Рӯзи баргузории иди Қурбон дар саросари кишвар ҳанӯз расман муайян нагардидааст.

Ярмаркаҳои фурӯши лавозимоти мактабӣ дар Душанбе Аз 6 то 31 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мегарданд. Дар ин бора Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст. Ярмаркаҳои мазкур дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар назди Маркази савдои «Меҳргон», дар ноҳияи Шоҳмансур дар назди Маркази савдои «Ёқут-2000», дар ноҳияи Фирдавсӣ дар таваққуфгоҳи назди Маркази савдои «Ганҷина» ва дар ноҳияи Сино дар назди Маркази савдои

ШНТМ

«Ёвар» ташкил ва баргузор мегарданд. Тибқи қарори ба имзорасида раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдо, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватаниро дар ярмаркаҳои мазкур таъмин намуда, сифати маҳсулоти воридшударо назорат намоянд.

ХАТЛОН

Кӯлоб: Мизи мудаввар оиди бемории сил Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади паст намудани сатҳи паҳншавии бемории сил ва ҷиҳати дарёфти бемории сил мизи мудаввар доир гардид. Дар мизи мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи

Бахшида ба 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти якҷояи раисони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Идигул Қосимзода, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ ва собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Руқия Қурбонова бо ҷавонону варзишгарон ва фаъолону аҳли ҷамоатчигии шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Зимни мулоқот иброз гардид, ки бо талошҳои

Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”

Айнӣ: Баргузории мусобиқаи футбол миёни ҷавонон

СУҒД

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Дичики ҷамоати деҳоти Фондарё мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол баргузор гардид. Мусобиқа бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар бай-

ни наврасону ҷавонони ҷамоати деҳоти Рарз, ҷамоати деҳоти Айнӣ ва ҷамоати деҳоти Фондарё гузаронида шуда, дастаҳо дар фазои сулҳу дӯстӣ миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Чорабинии варзишӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардида, дар охир дастаи ғолиб бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Мусобиқаи баскетбол дар ноҳияи Ҷ.Расулов Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба таҷлили “Рузи варзишгарон” мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба баскетбол байни дастаҳои ҷамоатҳои ноҳия доир гардид. Дар мусобиқа 5 даста аз ҷамоатҳои Деҳмой, Ғулакандоз ва

Рӯдакӣ: Танзим - баракати зиндагӣ Истиқлолияти кишвар як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ шуданд. Чунончи, дар маркази ноҳия ва аксар

Гуфта шуд, ки дар шароити феълӣ ташкилу баргузор намудани чунин тадбирҳо ба манфиати ҷомеа буда, дар ин самт бояд муассисаҳои масъул ҷиҳати солимии аҳолӣ бештар талош намоянд.

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар ба ҷавонони шаҳр навори “Решаҳои ноаён” намоиш дода шуд. Шумораи зиёди ҷавонон аз маҳаллаҳои шаҳр наворро тамошо карда, аз нақшаҳои фитнаангези ҳизби террористӣ – экстремистии наҳзати исломӣ воқиф гардиданд. Ба таъкиди масъулин аз тамошои навор ҷавонон хулосаҳои даркорӣ бароварда, онҳо хуб дарк намуданд, ки набояд фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ гашт, балки барои пойдории сулҳу суботи кишвар ва ҳифзу ҳимояи истиқлолияти давлатӣ зиракии сиёсиро аз даст надоду баҳри оромии меҳан талош бояд кард.

“ҶТ”

пайваста, дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар суруди сулҳро тифлони наврустаи тоҷик бо оҳангҳои хоси тоҷикона месароянд, ки ин хушбахттарин ва бузургтарин саодати миллат аст. Зикр шуд, ки ҳоло ҷавонону наврасон дар фазои оромиву осудаи кишвар, дар шароити муосир, дар таълимгоҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дониш аз худ мекунанд. Пас ҷавонони имрӯзаро лозим аст, баҳри ободкориҳо ва пешрафти ватан саҳмгузор бошанд.

ҳокимияти давлатии шаҳр, мутахассисони марказҳои ВНМО, сил, ташаккули тарзи ҳаёти солим, кормандони соҳаи тандурустӣ ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии “Анис” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бохтар: Намоиши филми “Решаҳои ноаён”

Ваҳдат: Вохӯрӣ бо ҷавонон

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 27-умин солгарди

3

АХБОРИ ҲАФТА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

деҳоти он бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо иқдоми “Тозагӣ гарави саломатӣ”

сурат гирифт. Дар ин кори хайр асосан наврасону ҷавонон ширкат варзида, баҳри тозагии кӯчаву хиёбонҳои маҳалли зист саҳми арзанда гузоштанд. Ҳамчунин, бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва

Гулхона иштирок намуда, варзишгарон байни ҳам барои мақомҳои ифтихорӣ рақобат намуданд. Қувваозмоиҳои дастаҳо хубу хотирмон сурат гирифта, дар фарҷом ғолибон бо медал ва диплом сарфароз гардонида шуданд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”

варзиш иқдоми “Танзим - баракати зиндагӣ” доир гардид. Дар рафти он ихтиёриён ба сокинони ноҳия зиёда аз 150 китобчаҳо тақдим намуданд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”


4 (Идома аз шумораҳои гузашта) Пайдост, ки ҳар чизи нав дар баробари фоида аз зарар ҳам орӣ нест, хоса вақте ки сӯиистифода шавад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам чунинанд. Дар баробари он ки ба ҳам дар иртибот будани инсонҳоро дар фосилаи кӯтоҳи вақт ва бидуни вобастагӣ ба миқёсу масоҳат таъмин мекунанд, завқ мебахшанд, боз паҳлуҳои дигари зиёде ҳам доранд, ки ба нафъи инсонҳо нестанд. Масалан, барои инсон маҳрамият бисёр муҳим аст. Ҳар як нафар хоҳ вай дар Ғарб зиндагӣ мекунад, хоҳ дар Шарқ, асрор ё худ маълумоти инфиродие дорад, ки донистанаш танҳо ба худ ва ё ду-се нафар аз пайвандонаш аҳамиятнок аст. Мехоҳад, ки сир, маълумоти шахсӣ ва ё ҷузъиёти зиндагиаш пӯшида бошад. Ба дасти касе нарасад, то бар зарари худаш истифода нагардад. Дар сурати ба дасти дигарон расидан, яъне ифшо шудани асрори, фарз кардем, шахсӣ, маҳрамона ва ё кории як нафар метавонад зиндагии ӯро дарҳам барҳам созад, ҳолати руҳиашро хароб гардонад. Беҳуда нагуфтаанд, ки дар асри XXI дунёро иттилоъ (маълумот) идора мекунад. Ҳар кӣ маълумот бештар дорад, ба навъе сарватманд ҳамон аст. Мутаассифона, мо инсонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба паҳлуи дилхушӣ ё завқбахшии он аҳамият додаем. Ҳатто чунон дода шудаем, ки акнун тамоми маҳрамияти худро бидуни андеша ва ташвиши иловагӣ ба намоиш гузоштаем. Аксу навор, матну пораҳои ёддоштӣ, умуман ҳар чи ки дорем дар лаҳзаи “гармиаш” нашр мекунем. Албатта, нияти аксари мо нек аст, мехоҳем аз хушиҳои ҳаёт, аз навгониҳои зиндагиамон дӯстонамонро огоҳ созем. Дӯсти ҳақиқӣ аз ин, бешак, шод мешавад. Вале ин шодӣ то куҷо барои дӯстони маҷозӣ хос аст, номаълум. Ба ҳар сурат бояд огоҳ буд, ки дар асри XXI, асри рушди технология ва навгониҳои рақамӣ ҳар амали мо метавонад ба муқобили худи мо истифода гардад. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ намунааш ҳамин Facebook аст, ки рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” чанд ҳафта боз дар ин хусус ба хонандагон маълумот дода, балки он чиро, ки ба сари истифодабарандагони ин шабака дар ҷомеаҳои дигар омадаву барояшон дарди сар шудааст, ёдовар шуда истодааст. Мақсад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, умуман дар ҳар ҷое ки набошад бошуурона рафтор кунем... Facebook чи кор кард? Facebook, балки роҳбарияти он ё худ тими кории ин шабака диданд, ки як сарвати бузург – бойгонии маълумоти инсонҳоро дар ихтиёр доранд ва ба хулосае омаданд, ки аз он пул кор кунанд. Чи гуна? Осон. Маълумот ҳар қадар зиёд ҳам бошад, дар ҷои худ истода ба дарде намехӯрад, онро бояд ба дасти “аҳли фаҳм” таслим кард, то таҳлил, коркард ва барои истифода омода гардонанд. Ҳамин тавр

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

МАВЗӮИ РӮЗ ҳам шуд. Ва як ҳиссаи хурдеро, маълумоти 50 миллион нафаракро аз он бойгонии азим гирифта “пул карданд”. Ин “шоҳкорӣ” шояд пӯшида мемонд, агар нафароне аз дохили худи он тоифаи қаллобу найрангбоз ва ҳарису пулдӯст баромада масъаларо ифшо намекарданд. Бале, Крис Уайли, ки як ҳамҷинсгарои ошкоро (бадбахтона, ин падидаи зишт дар Аврупо маъмул аст ва ливотиён ошкоро амал мекунанд) ва ҳамзамон мутахассиси шабакаҳои иҷтимоист, иқрор шуд, ки дар ширкати Кембриҷ Аналитика ба истифодаи маълумот ва мушаххасоти истифодабарандагони Facebook бо мақсади таъсир расондан ба раванд ва натиҷаи интихоботҳо машғул будааст.

истилоҳ, таъсири бомбаро дошт. Дар ин гузориш, ки маълумоташ аз тариқи навори махфӣ ба даст омадааст, дар бораи мушаххасоти ҳамон 50 миллион нафар истифодабарандагони Facebook сухан мерафт. Вале зикр мешуд, ки маълумоти шахсии истифодабарандагони шабакаи Facebook комилан бо иҷозат ва розигии худи эшон мавриди истифода қарор гирифтааст. Қаҳрамони навор директори ширкати Кембриҷ Аналитика Александр Никс буд ва рӯи рост эътироф мекард, ки аз маълумоти истифодабарандагони Facebook ба фоидаи Трамп, номзад ба президенти ИМА дар соли 2016 истифода шудааст. Александр Никс намедонист, ки ӯро пинҳонӣ ба навор гирифта истодаанд, бинобар ин озодона

ё асосе дар миёна нест, исбот карда наметавонад...” – мегӯяд А. Никс зимни суҳбат бо “тоҷир аз Шри-Ланка”. Як нуктаи аҷиби дигар дар мулоқоти Никс он аст, ки шеваи коҳиш додани нуфузи рақиби Трамп дар интихоботи президентӣ Ҳиллари Клинтонро ошкор мекунад. Тавре медонем, яке аз омилҳое, ки соли 2016 дар рақобатҳои пеш аз интихоботӣ Клинтонро ба қафо партофт, ифшо шудани мукотибаҳои вай ва аҳли оилааш буданд. Александр Никс мегӯяд, барои ин бо Ҷулиан Ассанҷ, соҳиби ташкилот ва сомонаи пуровозаи Викиликс (WikiLeaks) бевосита ба иртибот гузаштааст. Яъне барои дастрас кардани мукотибаҳои Ҳ. Клинтон Ҷулиан Ассанҷ кӯмак кардааст. Бо

Бо ин як махсусияти дигари ҷаҳони муосир муайян гардид: Ҳар коре, амале ё рафторе, ки бар зарари инсоният аст, бадахлоқӣ аст, зиштӣ аст, дер ё зуд ошкор мешавад. Аммо ин як ошкоршавии муқаррарӣ нест, ғайриодӣ аст! Зеро нафароне баромада иқрор мешаванд, ки худашон дар ҳамон амали зишт, кори бад ё рафтори ношоиста саҳм доштанд. Ба ҳамон тоифаи бадкирдор шарик будаанд! Дар ин хусус намунаҳо кам нестанд. Ва кам нестанд, онҳое, ки то охир виҷдони худро комилан аз даст надода, дар кадом қисмате аз роҳ (роҳи бад) пас мегарданд. Зеро, бешак, онҳо ба беадолатӣ, ба амали ношоиста бар муқобили инсоният ё қисме аз инсонҳо тоб наовардаанд! Табиист, ки баъд аз иқроршавии Крис Уайли роҳбарияти Кембриҷ Аналитика ҳама гуфтаҳои ӯро беасос хонд. Вале ҳамин ки баъди ду рӯз гузориши дигаре дар бораи ин ширкат нашр шуд, валвала дар атрофи масъала боз ҳам бештар шуд.

суҳбат мекард ва чи сон тағйир додани масири таърихи ИМА-ро бо хушҳолӣ нақл менамуд. Хабарнигори “Channel 4 News” худро ҳамчун як тоҷир аз ШриЛанка муаррифӣ карда, мегӯяд, хоҳиши онро дорад, ки ба раванди интихобот дар кишвараш таъсир расонад. Бо ин роҳ имкони мулоқот бо роҳбари Кембриҷ Аналитикаро пайдо мекунад. Ин мулоқот, ки дар як меҳмонхона дар Лондон мегузарад, бо тамоми ҷузъиёташ ба навор гирифта шудааст. Александр Никс зимни мулоқот ёдовар мешавад, ки қабл аз интихоботи президентии ИМА дар моҳи ноябри соли 2016 бо номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон борҳо вохӯрдааст. Инчунин, таъкид мекунад, ки ширкати Кембриҷ Аналитика дар моҳҳои охири фаъолияти командаи интихоботии Трамп нақши муҳим бозидааст. Никс эътироф менамуд, ки ба маъракаи Брексит, яъне раъйпурсӣ барои хориҷ шудани Британия аз Иттиҳоди Аврупо “почтаҳои электронӣ ва саҳифаҳои интернетие дар шабакаҳои иҷтимоӣ сохтаанд, ки пас аз гузашти як вақти муайян худ ба худ нобуд мешаванд”. Манзур, саҳифаҳое сохтаанд, ки пас аз иҷро кардани “вазифаашон” ба таври автоматӣ маҳв мегарданд. Саҳифаҳои худкуш! Аҷиб! Ба гуфтаи Александр Никс ин ба он хотир будааст, ки исбот карданаш номумкин бошад. “Агар касе ҳам даъво кунад, ягон далел

эҳтимоли зиёд мукотибаҳои махфии номзади демократҳоро ба Александр Никс фурӯхта бошад. Никс зимни суҳбат ошкоро нақл мекунад, ки чи гуна онҳо сиёсатмадоронро беобрӯ кардаанд. Хабарнигори “Channel 4 News” ё худ “тоҷир аз Шри-Ланка” дар суҳбат аз Никс мепурсад, ки оё бо Доналд Трамп вохӯрдааст? Ӯ ҷавоб медиҳад: “Чандин маротиба!” “Мо тамоми маълумоти дастраскардаамонро таҳлилу коркард намудем. Қишрҳои мавриди ҳадафаро таҳқиқ ва хостаҳояшонро омӯхтем... Тамоми маъракаи рақамии интихоботро (манзур интихоботи ИМА дар соли 2016) тариқи телевизион тарғиб намуда, стратегияи интихоботиро мо таҳия кардем”, - бо ғурур иброз медорад Алекс Никс.

Бо фейсбук ба куҷо равонаем?

НАВОРИ МАХФӢ Нуздаҳуми марти соли равон, дақиқан баъд аз ду рӯзи нашри мусоҳибаи ҳангомабарангези Крис Уайли дар рӯзномаи “The Guardian” гузориши дигаре роҷеъ ба мавзӯъ аз тарафи расонаи дигари англисӣ “Channel 4 News” ба чоп расид. Ин гузориш, ба

ДУХТАРҲОИ УКРАИНӢ БАРОИ СИЁСАТМАДОРОН? Никс зимни суҳбат бо хабарнигорони “Channel 4 News” иброз медорад, ки ба суроғаи номзадҳо ё сиёсатмадорони довталаб дар интихобот “баъзе духтарон”-ро мефиристодаанд. - Яъне дар ин кор аз духтарҳо низ истифода мекардед? – мепурсад хабарнигори “Channel 4 News”. - Бале. Барои ин кор аз Украина баъзе духтарҳо овардем. Зеро онҳо дар ҳақиқат зебоянд... – ҷавоб медиҳад Никс. Вақте ин гузоришро “Channel 4 News”-и Британия нашр кард,

дарҳол роҳбари ширкати Кембриҷ Аналитика Александр Никсро аз вазифа озод карданд ва даҳҳо саҳифа дар сомонаи ширкат дастнорас гардид. Акнун маълум буд, ки вазъият дар Кембриҷ Аналитика ором нест. Ширкати номбурда ҳамзамон изҳорот нашр кард. Дар он гуфта мешуд, ки муҳокимаи дохилиеро барои баррасии рафтори роҳбарони худи ширкат шуруъ кардааст. Бо ин “муҳокимаи дохилӣ” гӯё гуфтан мехост, ки ҳар он чи дар суҳбати Никс бо хабарнигори “Channel 4 News” иброз шудааст, ба фаъолият ва арзишҳои ширкат дахл надорад... Вале ба ин кӣ бовар мекунад? Хоса дар Ғарб, дар Британия! Аз ширкати Facebook бошад баъди нашри ин гузориш зуд изҳорот пахш гардид ва дар он гуфта мешуд, ки аз сӯиистифода шудани мушаххасоти истифодабарандагони шабакаи иҷтимоӣ аз тарафи Кембриҷ Аналитика дар ҳайрат афтодаанд! Ин ҷиҳат низ чандон боваркарданӣ нест. Зеро ҳеҷ имкон надорад, ки Facebook аз бадахлоқии Кембриҷ Аналитика ва роҳбарони он бехабар бошад! Зимнан, муассиси Facebook Марк Зукерберг баъд аз хомӯшии чоррӯза (ҳарчанд дар хусуси сӯиистифода шудани маълумоти истифодабарандагони Facebook дар расонаҳои Британия паи ҳам ду матлаби “вазнин” нашр шуда бошад ҳам, Зукерберг дар аввал мавқеашро нишон дод) баёноташро нашр кард. Дар он чунин гуфта мешуд: “Мо хато кардем. Мо барои ҳифзи маълумоти шахсии Шумо масъулятдор ҳастем, агар инро (масъулиятро) иҷро карда натавонем, пас мо сазовори Шумо нестем...” Дар робита ба ин қазия ҳукумати Британия бо нигаронӣ изҳор дошт, ки ин масъала бениҳоят ташвишовар аст. Ду сенатори амрикоӣ аз роҳбари Facebook талаб карданд, ки дар бораи қазия ба комиссияи Конгресс ҳисобот диҳад. Комиссияи Иттиҳоди Аврупо бошад, аз Марк Зукерберг талаб намуд, ки масъаларо бо ҷузъиёташ тавзеҳ намояд. Акнун қимати саҳмияҳои Facebook паи ҳам коҳиш меёфтанд. Дар бисёр ҷойҳо аллакай маъракаҳои хориҷшавӣ аз Facebook шурӯъ гардид. Аксари таҳлилгарон мегуфтанд, сарнавишти Facebook мисли сарнавишти шабакаи иҷтимоии “My Space” хоҳад шуд. Дар миёни онҳое, ки аз Facebook даст мекашиданд чанде аз чеҳраҳои маъруфи олам низ буд. Ба ин маърака аз ҷумла Брайан Эктон, муассиси мессенҷери WhatsApp низ ҳамроҳ шуд. Корманди фирории Агентии амнияти миллии Амрико (NSA) Эдуард Сноуден навишт, ки дар моҷарои Кембриҷ Аналитика Facebook ҷабрдида не, ҳамшарики гуноҳ аст... (Давом дорад) М. УСМОН, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

5

МУЛОҲИЗА

ТАНҲОӢ ва ИМКОНИЯТ “Худоё, маро аз танҳоӣ раҳо кун. Танҳоӣ ҳолати бад аст. Танҳоӣ фоҷеа аст барои аксарияти мардум. Онҳо худро дар ин дунё шахси нолозим мешуморанд ва дар вақти танҳоӣ ба худ мегӯянд, ки ман ба касе лозим нестам, ки ҳоло танҳоям. Ин ҳолат бисёртар ба ҷавонон рух медиҳад. Масалан, вақте ки нофаҳмие миёни онҳо ва оила, дӯстон ва ҳамсабақонашон ба миён меояд ҳолати баде онҳоро дунболагир мешавад” Ин ҷумлаҳо аз суханронии журналист ва психологи рус Владимир Шахиджанян мебошанд, ки чанд сол қабл дар саҳифаи ютуби худ гузошта буд. Ӯ агарчи аксари корҳояшро дар танҳоӣ мекунад, аммо боз чунон вонамуд мекунад, ки хостгори танҳоӣ нест. Танҳоӣ ҳолатест, ки берун аз хоҳишоту мушкилоти дигарон бо худ дар худ ҳастӣ. Мо як одате дорем, ки намедонам онро хуб гӯям ё бад, ба мушкилии зиндагии дигарон чунон зиёд дохолат мекунем, ки аз рӯзгори худ фаромӯш мекунем. Аз мушкилиҳову норасоиҳои худ дида дигаронро зиёд фикр мекунем ва ин вазъ то ҷое моро мерасонад, ки худамонро фаромӯш мекунем. Ин нишони аз худ гузаштан нест, балки худро нашнохтану фаромӯш кардан аст. Болои ин аксар вақт мехоҳем, ки аз суҳбат ва фикрҳои дигарон барои худ суде бигирем, вале ин имконнопазир аст. Нахуст бояд мо аз суҳбат ва фикрҳои худ истифода карданро омӯзем. Дар зер чанд фоида ва ҳолати хуберо, ки танҳоӣ ба мо медиҳад меорам ва хоҳони он ҳастам, ки каме ҳам бошад танҳо будан, танҳо нафас гирифтан, танҳо орзу кардану нақша каршидан насибамон гардад. Мо ҳангоми муносибат ва муошират бо атрофиёнамон имкони шунидани садои дарунии худро надорем. Одатан ба суханҳои дигарон диққату таваҷҷуҳ дода, хостаҳои худро фаромӯш мекунем. Дар натиҷа садои нақшаву мақсадҳои худ, ки паст-паст аз дил мебароянд, бароямон ношунаво мешаванд.Танҳоӣ бошад, ба мо имкон медиҳад, ки садои даруниямонро шунавем. Дар баъзе ҳолат танҳоӣ ба ҳолати рӯҳии мо таъсири хуб мерасонад. Имконият медиҳад, ки дар бораи орзуҳо, нақшаҳо, мақсадҳо ва умуман ҳама хостаҳову эҳтиёҷотамон фикр кунем. Танҳоӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи идеяҳои нав, корҳои нав ва умуман ҳаёти нав фикр карда, чораҳои заруриро барои амалӣ карданашон андешем. Метавон гуфт танҳоӣ василаест, ки идеяҳо пайдову амали шуда, пуле барои расидан ба мақсадҳоро бароямон муҳайё месозад. Ба сари мо ҳама рӯза миллионҳо маълумот ворид мешавад. Ва аз ин маълумотҳо на ҳамаашон лозимиянд. Дар ин сурат танҳоӣ ба мо имкон медиҳад, ки ахбори нолозим аз сари мо тоза шавад ва маълумотҳои воридгардидаро маърифат кунем. Яъне танҳоӣ қудрати азнавбарқароркунӣ ва тоза кардани майнаи сарро дорад. Дар танҳои қадам задан бисёр муфид аст. Танҳоӣ бисёр ҳолати хуб аст, барои манзараеро тасвир кардан. Дар ин вақт ҳар он чизе, ки дил мехоҳад қалам тавсир мекунад. Дар вақти танҳо будан, бояд зиёдтар ба оина нигаристу орзуҳоро дар нақшаҳо ғунҷонид ва ба мақсади зиндагӣ табдил дод. Бояд кӯшиш кард, ки ҳадди ақал ҳар рӯз 30 дақиқаи худро ба танҳоӣ бахшид. 30 дақиқа одаму оламро як сӯ гузошта худро фикр кард. Ҷое хонда будам, ду нафар як не якчанд мушкилӣ доштанд. Яке дар давоми рӯз ҳам кор мекунад ва ҳам барои мушкилиҳояш фикр мекунад, дигаре бошад, бараъкси ӯ. Яъне соате ҷудо карда дар танҳоӣ бо худ фикри ҳалли мушкилиҳояшро мекунад. Дар интиҳои рӯз мушкилиҳои нафари танҳо ба пуррагӣ ҳал мешаванд, аммо аз он кордӯстдор бараъкс зиёд мешаванд. P.S: Ин матлабро чанд ҳафта қабл навиштани будам, аммо ҳеҷ танҳоӣ насибам намешуд, имрӯз, ки имкон ёфтам барои чанд дақиқа танҳо мондан навиштам. Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Файзи ҳар хонадон Ҳар амалу иқдоме, ки шоистаи пайравӣ ва сазовори дастгирист, зуд аст, ки миёни омма маҳбубият пайдо карда, ҷонибдорӣ меёбад. Таърихи башрият худ собиткунандаи он аст, ки ҳар чизе, ки ба мардум фоидаовару нафърасон аст, он зуд дастгирӣ меёбаду миёни ҷомеа тарафдори бештар пайдо мекунад. Ҳамин гуна як дигаргунии кулро дар зиндагии аксари мардуми кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бори танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” падид овард. Аксарияти мо шоҳиди ин ҳол ҳастем, ки маҳз дар давраи амалӣ гаштани қонуни мазкур, сар аз зиндагии хонаводагӣ то ба иқтисодиёти кишвар беҳбудию болоравӣ ба амал омад. Пайравии кур-куронаву берун аз фарҳангу тамаддуни бегона баъзе мардуми кишвари моро то ба ҷое муътақид сохт, ки ин ҳама хурофоту анъанотро моли аслии хеш пиндошта, аз он даст кашиданӣ набуданд. Балки дар пайравӣ аз ҳам мекӯшиданд, ки бо қарз ва харҷи барзиёд ин “фарҳанг”- и таҳмилиро иҷро созанд. Маъракаҳои сею чил, сари сол, ҷумъагиву хотирҷамъӣ бо забҳи чорвои калон то ба ҳадде миёншикан шуда буданд, ки нафари аъзодорро даргири сад мушкилии иқтисодӣ менамуданд. Гузашта аз ин, дар маъракаҳои тӯй ва азодорӣ қабл аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бори танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хурофотҳои зиёде мавҷуд буд, ки гузаронидани ҳар кадоми он аз соҳибмаърака маблағу саргардонии зиёдеро талаб мекард. Мисли зимни гузаронидани тӯйи ақди никоҳ маъракаи бодабдабаи хостгорӣ, ноншиканон, фотеҳа, сарупобарон, ордбезон, сарупобинон, чойгаштаки духтарон,

нишастҳои дӯстони домод, ақди никоҳи давлатӣ, оши наҳор, тӯйи калон, рӯбинон, домодталбон, қудоталбон ва даҳҳои дигар дар ҳар минтақаи кишвар бо шаклу шеваи ба худ хос доир мегардиданд, ки оилаҳоро ба таҳлука меовард ва солу моҳи дароз сарсону саргардон менамуд. Ин ҳол ба ҷои оне, ки мазаммат шаваду аз байн бардошта шавад, баръакс мардуми одиро, ки на чандон зиндагии хуб доштанд, маҷбур месохт, ки нодортару қарздор шаванд. Ва воқеан шоистаи таҳсин ва дархӯри пайравист, ки дар чунин як вазъ маҳз бо ташаббуси Роҳбарияти олӣ ва равшанфикрону зиёиёни кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид. Аҳолии деҳоти ҷамоати Лангардараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз замони қабули қонуни мазкур онро дар сатҳи олӣ истиқбол намуда, кӯшиданд, то тамоми маъракаҳои худро дар доираи банду моддаҳои ин қонуни файзбор ба роҳ монанд. Дар 21 тӯйи домодию арӯсӣ, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид, ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми деҳоти ҷамоати Лангардара ба зудӣ дарк намуданд, ки Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба нафъи онҳо буда, дар хону хонадонашон файзу футӯҳ меорад. Ва ин далели ба пуррагӣ дарк намудани мақсаду моҳияти қонуни мазкур аз ҷониби аҳолии деҳоти ҷамоати зикргардида мебошад. Дар миёни 4371 нафар аҳолии 24 деҳаи ҷамоати Лангардара як комиссия дар ҳудуди ҷамоат ва ду комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад. Комиссияҳои мазкур дар до-

ираи нақшаи пешбинишуда бо аҳолии деҳот вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, моҳият ва мақсаду мароми қонуни мазкурро шарҳу тафсир намуда, барои дар доираи он гузаронидани тӯю маъракаҳо мардумро ҷалб менамоянд. Ва хушбахтона натиҷаи суҳбату вохӯриҳо нишон дод, ки аҳолӣ аз қабули чунин як қонун басо хушҳол буда, онро сабабгори нест шудани расму русуми бегона ва хурофот медонанд. Фикру андешаи сокинони ин ҷамоати дурдасти ноҳия бозгӯи он аст, ки имрӯз ҳар фарди деҳоти ҷамоати Лангардара суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки қайд намуда буданд, “Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем”, сармашқи кори худ қарор дода, мекӯшанд, ки тамоми маъракаҳои худро камхарҷ ва орӣ аз ҳар гуна анъаноти ба мо бегона баргузор намоянд. Таъкидан бояд гуфт, ки қонуни мазкур пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рӯзғор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки тамоми маъракаҳои худро дар доираи талаботи он гузаронем. Зеро он файзи дастархони мо ва беҳрӯзии хонадони мост. Сайдамир НАЗАРОВ, сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Лангардараи ноҳияи Ш. Шоҳин


6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Як ниҳол замоне хуб нашъу намо мекунад, ки ҷояш амну хокаш нарм бошад. Зимнан боғбони хубу соҳибтаҷриба лозим аст, ки онро аз баъзе газандҳо эмин нигоҳ дорад. Шоху навдаи зиёдатии онро қайчӣ кунад ва нагузорад, ки ба таври ваҳшиёна шохаҳояш шикаста шаванду дар айни навниҳолӣ аз самар доданд боз монад. Ҷавонро агар ба ҳамин ниҳол ташбеҳ диҳем, пас ҷои амн бояд давлате бошад, ки ӯ ҳаёт ба сар мебарад. Хоки нарм шароите бошад, ки ӯ хонад, илм омӯзад, савияи донишашро баланд бардорад ва дар ин замина ба сӯи мақсаду мароми созандааш қадам ниҳад. Боғбон бошад, роҳбарияти давлату ҳукумат мебошад. Роҳбарияте, ки таваҷҷуҳро ба ҷавонон чун боғбони соҳибтаҷриба ба ниҳолон ба роҳ монад. Оромию осудагиро баҳри рушд ва ояндаи ҷавонон таъмин намояд. Зеро ҳар хатаре, ки падид меояд, аввалин зарбаро ба ҷавонон мезанад. Ва бояд ҷаҳд кард, ки ин қишр ҳамеша эмин аз ҳама гуна хатар бошанд. Самараи хуб аз онҳо интизор шудан низ, дар ҳамин ҳол ба миён меояд. Замони пуртаззод ва пур аз ҳодисаҳои қарни нав ҳар рӯз ҷавонони зиёдеро қурбони дасисаҳо мекунад. Бахусус баъзе аз мамолики Ховари Миёна ду даҳсолаи охир ба размгоҳе бадал шудааст, ки ҳамарӯза садҳо ҷавонро ба дасти қотилон медиҳад. Ҷавононеро, ки аз онҳо метавон дар ҳама самт мутахассис омода сохт. Бо қувваи бузурги онҳо харобазореро ба ободтарин макон табдил дод. Аммо барои ин зарур аст, ки роҳбарияти давлату ҳукумат онҳоро нигоҳубин кунад, шароит муҳайё созад, хононад, тинҷию оромиро барояшон таъмин кунад ва дар охир аз ин навниҳолон умеди боғеро кунад, ки аз он ҳамагӣ дар оянда метавонанд, меваи шаҳдбор чашанд. Агар бар хилофи ин бошад, умед бастан ба ояндаи дилхоҳ давлату миллат ғайри имкон аст. Ҳукумату давлати Тоҷикистон дар аввалин қадамҳо, баъди ба

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

Самараи нек аз парвариши хуб аст (Дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии ҷавонон) даст овардани Истиқлолият ин нуктаро ба пуррагӣ дарку фаҳм намуд. Бо вуҷуди вазъи ноороми кишвар, ҳолати ноустувории сиёсивию иҷтимоӣ, дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ, дар баробари дигар соҳот, сиёсати давлатии ҷавонон дар мадди аввал гузошта шуд. Президенти кишвар ҷавононро оянда ва созандаи давлату миллат муаррифӣ намуд ва баъди 6 моҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олӣ 13 марти соли 1992 “Қонун дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, дар заминаи он “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи

идораҳои кишвар қувваю имконияти худро баҳри тарбияи насли наврас, соҳибмаърифат ва боистеъдод намудани онҳо, омодаи мутахассисони баландпоя баҳри пешрафту шукуфоии Ватан равона сохтаанд. Аз таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни ҳар як мулоқоту вохӯрӣ бо зиёиён ва аҳолии кишвар дар масъалаи ҷавонон истодагарӣ намуда, даъват ба амал меоранд, ки масъалаи илмомӯзӣ ва касбомӯзии ҷавонон бояд ҳамеша дар назар гирифта шавад ва кормандони ҳама

худро сарф намоянд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва аз худ намудани донишҳои нав баҳри таҳсили ҷавонон ҳамаҷониба мусоидат намуда, имрӯзҳо дар хориҷ ва дохили кишвар бо дастгириҳои моддию маънавӣ таҳсил намуда истодаанд. Хушбахтона, натиҷаи ҳамин дастгириҳо ва таваҷҷӯҳу ғамхориҳост, ки имрӯзҳо ҷавонони мо бо заковати баланд, дарки амиқи хештаншиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз нақши бориз гузошта, аз худ чун ояндагони Ватан дарак дода истодаанд. Ҷавонони мо имрӯз саҳми худро дар пеш-

янд. Варзишгарони мо, аз ҷумла Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Анвар Юнусов ва даҳҳои дигар дар олимпиадаҳои минтақавию байналмилалӣ дастболо шуда, Парчаи давлатии моро миёни садҳо давлатҳои дигар парафшон намуданд. Дар зимн бояд гуфт, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 12 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар донишномаи озод - Википедия доир ба таърихи ин ҷашн чунин омадааст, ки ин рӯз ба ифтихори таъсиси Федератсияи умумиҷаҳонии демократии

Имрӯз дар дунё як теъдоди рекордии инсонҳои ҷавон зиндагонӣ мекунанд - наздики 1,8 млрд. кӯдакон ва наврасон дар синни аз 10 то 24-сола. Ҳар даҳум кӯдак дар нуқтаҳои даргир, яъне ҷанг, қарор дошта, 24 млн. нафарашон ба мактаб намераванд. Бесуботии сиёсӣ, ноустувории бозори меҳнат, инчунин маҳдудиятҳо барои ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ боис бар он шудааст, ки ҷавонон рӯз ба рӯз дар инзиво қарор бигиранд. сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013- 2015 ва 2016 -2018” қабул гардид, ки барои буду бош ва фаъолияти озодонаи ҷавонон дар ҳама самтҳо шароит муҳайё сохт. Бешак, кишвари мо аз камтарин давлатҳоест, ки таваҷҷӯҳи асосиро ба ояндаи ҷавонон равона сохта, дар ин самт тамоми чораҳоро андешидааст. Ҳукумати кишвар барои рӯҳбаланд намудани ҷавонон, баланд бардоштани тафаккур ва мафкураи онҳо, ҷаҳонбинӣ, аз худ намудани донишҳои замонавӣ, пайваста талош варзида, барои ҷавонон иқдомҳои бесобиқаро ҳамасола роҳандозӣ намуда истодааст. Намунаи барҷастаи ин таваҷҷӯҳ ва иқдомҳо эълони “Соли ҷавонон” дар соли 2017 мебошад, ки дар соири давлатҳои дигар он ба назар намерасад. Ҳамчунин дар баробари ин ҳама иқдомот масъулини тамоми вазорату

вазорату идораҳо, новобаста аз шакли кору фаъолият, ба тарбияи ҷавонон ҷиддан машғул шаванд. Ба эътимоди Сарвари давлат, “имрӯз тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши ҷавонон гузошта шудааст”. Ё дар ҷои дигар Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои худ дар мавриди ҷавонон чунин таъкид намуда буданд: “Мо бояд ташаббус ва нерӯи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем. Кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки нерӯи эҷодӣилмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем”. Ҳамин эътимод басанда аст, ки имрӯз ҷавонони кишвари мо худро дар сояи амну амонӣ дида, дар роҳи илмомӯзӣ ва ободонии Ватан тамоми нерӯи

рафти ҳама самтҳо гузошта, дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои марбут ба ҳаёти ҷомеа фаъолият намуда истодаанд. Ба иттилои масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замони Истиқлолият зиёда аз нуҳ ҳазор иншооти варзишӣ дар ихтиёри ҷавонону наврасон қарор дода шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи маълумотҳои омории расмӣ ҳамагӣ 122 варзишгоҳ, 6619 майдончаи варзишӣ, 1702 толорҳои варзишӣ, 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 788 маҷмааҳо новобаста аз шакли моликияташон дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Имкониятҳои варзишии зикргардида ба ҷавонон имкон фароҳам овардааст, ки аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи дохилию байналмилалӣ иштирок ва ҷойҳои намоёнро ишғол намо-

ҷавонон (ВФДМ) ба миён омада буд. Конфронси умумиҷаҳонии ҷавонон, ки соли 1945 аз 29 октябр то 10 ноябр дар пойтахти Англия шаҳри Лондон баргузор гардид, барои таъсиси ин рӯз сабаб шуд. Бо ҷашни Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҳамасола давлатҳои алоҳида ва созмонҳои умумиҷаҳонӣ барои таъмини бехатарӣ ва эмини ҷавонон аз ҷангу низоъҳо тадбиру чораҳо меандешанд. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон насли ҷавон дар партави сулҳу осоиштагӣ ҳаёт ба сар бурда, онҳоро ягон хатар таҳдид намекунад. Ва бо ин ҳама шароит метавон гуфт, ки ҷавонони мо солиму бардам, бо илму дониш ба воя расида, сол аз сол ба давлату миллат самараи хубу нек меоранд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018 Нашъамандӣ аз бемориҳоест, ки ҳар сол бар асари он дар саросари олам беш аз 200 ҳазор нафар мефавтанд. Ба таъкиди мутахассисон оқибати нашъамандӣ ба ҷуз марг ва хонавайронӣ нахоҳад буд. Бисёр нигаронкунанда аст, вақте як ҷавон даст ба ин зуҳурот мезанаду ҳаёти худу атрофиёнашро тира месозад. Доир ба вазъи нашъамандӣ ва тадбирҳо ҷиҳати пешгирии он дар кишвар бо Хушвахт Ҳасанов, директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ суҳбат намудем. Муҳтарам, Хушвахт Ҳасанов, дар ибтидо мехостам роҷеъ ба характери бемории нашъамандӣ ва оқибатҳои он маълумот диҳед. - Бемории нашъамандӣ мушкили глобалист. Имрӯз дар баробари он ки вокунишҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар муқобили ин беморӣ роҳандозӣ шудааст, инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷониби Сарвари давлат ва тамоми сохторҳои марбута нисбати ин масъала диққати махсус равона гардидааст. Нашъамандӣ бемории вазнин буда, сабабаш истеъмоли ғайритиббӣ ва пайдарпаи маводи нашъадор мебошад, ки ба вобастагии рӯҳию ҷисмонӣ оварда мерасонад. Агар ба нишонаҳои ин беморӣ назар андозем, пеш аз ҳама аломатҳои зоҳирии нашъаманд ин ранги паридаи бадан, сурхии чашм, хушкии даҳон, камҳаракатӣ, нестшавии ҳиссиёти бадан, бисёр хориҷ намудани арақҳои хунук аз бадан ва бехобӣ мебошад. Нашъамандӣ бемории иҷтимоӣ буда, он дар паи худ оқибатҳои нигаронкунандаро ба бор меорад ва вобаста ба ҳамин оқибатҳои мудҳиш дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ қадамҳои устувор вобаста ба бартараф намудани он роҳандозӣ шудааст. Бемории нашъамандӣ се оқибат дорад: тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ. Оқибати тиббии беморӣ он аст, ки шахси истеъмолкунандаи ғайритиббии маводи нашъадор ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда, организми он фалаҷ мешавад. Дар паи истифодаи ин мавод шахс метавонад, оқибат ба беморҳои ВНМО, гепатитҳо, сил ва дигар бемориҳо гирифтор шавад. Муҳим аз ҳама истифодаи маводи мухаддир кори дил ва системаи марказии асабро вайрон намуда, ба безурётӣ оварда мерасонад, ки ин як таъсири манфӣ

НИГОҲИ ДИГАР иттилоотнокии ҷомеаро вобаста ба оқибатҳое, ки аз истеъмоли ғайритиббии ин мавод ба бор меояд, баланд бардорем. Дар ин росто метавонад, омили кунҷковӣ ва иқтисодӣ низ нақш дошта бошад. Инчунин гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо сӯиистифода аз мавридҳои рӯҳию равонӣ баъзе ҷавононро берун аз кишвар ба истифодаи чунин мавод ҷалб мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо он ҷавононе, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бо гирифтории чунин бемориҳо меоянд, худ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки онҳо ҳамчун гурӯҳҳои осебпазир боқӣ мондаанд. - Дар саросари олам ҳар сол 26 июн чун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи маводи

7 нида мешавад. Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар самти пешгирии нашъамандӣ дар кишвар фаъолият менамояд. Дар ин замина вобаста ба баландбардории иттилоотнокии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оқибатҳои сӯиистеъмоли маводи нашъадор аз тарафи мутахассисони марказ дар доираи имкониятҳои мавҷуда вохӯриҳо, семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, тавассути ВАО мавод омода ва пешкаши аҳолӣ гардонида мешавад. Мубталои бемории нашъамандӣ барои табобат бояд ба куҷо муроҷиат намояд? - Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон

Муҳиммияти ҳастии худро дарк кунем!

Дар даҳ соли охир шумораи умумии беморони нашъаманд 20,6% коҳиш ёфта, айни ҳол шумораи умумии нашъамандон дар кишвар 6888 нафар мебошад

ба генафонди миллатҳост. Оқибати иҷтимоии ин беморӣ он аст, ки як шахси гирифтори нашъамандӣ пеш аз ҳама дар оила нороҳатиро ба вуҷуд меорад ва метавонад, ки оилаҳоро пароканда намояд. Шахси нашъаманд ҳатман барои дастрас намудани маводи навбатӣ дар ҳолати надоштани имконияти молиявӣ даст ба ғоратгарӣ зада, ҷиҳози хонаро мефурӯшад, ки ин оқибати иқтисодии бемории мазкур аст. - Шумораи истеъмолкунандагони маводи мухаддир дар кишвар чӣ қадар аст ва нисбат ба даҳ соли пеш чӣ фарқияте мавҷуд аст? - Шумораи истеъмолкунандагони маводи нашъадор, ки дар қайди расмӣ қарор доранд, агар мо ба таҳлилҳои даҳ соли охир доир ба нашъамандӣ дар кишвар назар андозем, маълум мегардад, ки дар умум бемории нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Коҳиш ёфтани шумораи нашъамандон ин натиҷаи муборизаи дастаҷамъона ё чорабиниҳои ҳамоҳангшуда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Бояд гуфт, ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ Стратегияи миллии мубориза зидди муоми-

лоти ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Натиҷаи ҳамин гуна чорабиниҳо ва қабули қонунҳои дахлдор дар ин самт далели он аст, ки мо тавонистем, то андозае паҳншавии бемориро дар ҷумҳурии коҳиш диҳем. Дар даҳ соли охир шумораи умумии беморони нашъаманд ҳудуди 20,6% коҳиш ёфтааст. Шумораи умумии нашъамандон дар кишвар айни ҳол 6888 нафар мебошад. Агар ин шумораро дар ба синну сол ҷудо намоем, синни аз 18 то 34-сола, ки ба ҷавонон мансуб аст, айни ҳол 20,6 фоизи нафарони гирифтори нашъамандиро синну соли ҷавонӣ ташкил медиҳад. Аз шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ, ки 6888 нафарро ташкил медиҳад, 1416 нафарашон ҷавононанд. - Гуфтед, ки 20,6 фоизи нафарони гирифтори бемории нашъамандӣ ҷавононанд. Ба назари Шумо омилҳои ба нашъамандӣ рӯ овардани баъзе аз ҷавонон кадом аст? - Омилҳои асосие, ки ба паҳншавии бемории нашъамандӣ сабаб шуда метавонад, худи дастрасии маводи нашъадор аст. Омили дигар ин надоштани иттилоот вобаста ба зарари маводи нашъадор аст, ки мо дар ин самт низ тавонистем, то андозае

нашъадор қайд мегардад. Дар ҷумҳурӣ бахшида ба ин рӯз чӣ тадбирҳо амалӣ мегарданд? - Аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 1987 пешниҳод гардид, ки як рӯзе ҳамчун Рӯзи байналхалқии мубориза алайҳи маводи нашъадор қайд гардад. Ин пешниҳод аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфт ва 26 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи маводи нашъадор ба қайд гирифта шуд. Аз соли 1987 сар карда, то инҷониб ин рӯз таҷлил мегардад. Ҳадаф ташвиқи тарзи ҳаёти солим, диққати ҷомеаро ҷалб намудан ба мушкилоти нашъамандӣ мебошад. Инчунин боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар гӯшрас намудани он ки нашъамандӣ фоҷиаи як оила, шахс ва ё давлати алоҳида нест, он фоҷиаи башарӣ мебошад. Зеро ба насли инсоният зарар мерасонад ва ба генафонди миллатҳо таъсири бад дорад. Дар ҳамин замина аз давроин Истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯз ҳамасола таҷлил мегардад. Дар ин самт чорабиниҳо вобаста ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории нашъамандӣ роҳандозӣ мегардад. Дар ин росто инчунин чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангию фароғатӣ ва иттилоотӣ гузаро-

бояд донад, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар дар ҳама самтҳо чораҳо андешида шудааст. Барои бартараф намудани худи бемории нашъамандӣ ва он нафароне, ки аллакай гирифтори ин беморӣ шудаанд, имрӯз дар ҷумҳурӣ муассисаҳои махсусгардонидашудаи соҳаи наркологӣ фаъолият намуда истодааст. Аз ҷумла, дар тамоми ноҳияҳо утоқҳои вобаста ба бемории нашъамандӣ мавҷуд аст, ки ба беморон хизмат мерасонанд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ муассисаҳои махсусгардонишудаи Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М. Ғуломов фаъолият менамояд. Ба шахсоне, ки гирифтори чунин беморӣ мебошанд, ба ин муассисаҳо ба мутахассис бояд муроҷиат намоянд. Албатта, давраи безараргардониро, ки аз 14 то 21 рӯз давом мекунад, мегузаранд. Дигар Муассисаи ҷумҳуриявии Маркази барқарорсозии тиббию иҷтимоӣ дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишварамон дар дараи Ромит кушода шудааст. Бемороне, ки аз давраи безараргардонӣ бархурдор мешаванд, ба чунин марказҳо муроҷиат карда метавонанд. Солим будан аз иродаи ҳар як шахс вобаста аст. Бемории нашъамандӣ то андозае бемории табобатшаванда аст. Чунки он бемории фардист. Агар фард бо иродаи мустаҳкам хоҳиши шифо ёфтан аз бемориро дошта бошад, ӯ ҳатман метавонад, ки ба зиндагии солим баргардад. Барои ҳифзи саломатии хеш мо бояд зирак бошем, муҳиммияти ҳастии худро дарк кунем. Зеро қадр намудани ҳастии худу наздикони худ мояи асосии пешгирии бемории нашъамандист. - Ташаккур барои суҳбат. - Саломат бошед. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


8

БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018

Тавре иттилоъ дода будем, аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия Бозиҳои тобистонаи Осиё-2018 баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи бонуфӯзи қораи Осиё варзишгарони тоҷик низ шарафи кишварамонро ҳимоя мекунанд. Дар шумораи гузаштаи рӯзнома мунтахабҳои кишварро аз рӯи намуди варзиши сабук, гӯштини самбо, гӯштини кураш, шиноварӣ, таэквандо ВТФ бароятон пешниҳод намуда будем. Давоми як ҳафтаи сипаригардида ҳайати мунтахабҳои гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣримӣ, каратэ, камонварӣ, гӯштини ҷудо муайян гардиданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштин (тарзи озод ва юнонӣ-римӣ) дар ҳайати 10 нафар ширкат мекунад. Мусобиқа оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ 19-22 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 12 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 6 категорияи вазнӣ миёни занон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 9 вазн миёни мардон ширкат мекунанд. Воҳидов Ҳикматулло, 57 кило, тарзи озод Файзиев Абдулқосим, 65 кило, тарзи озод Ҷалилов Гамид, 74 кило, тарзи озод Қодиров Баҳодур, 86 кило, тарзи озод Искандари Рустам, 97 кило, тарзи озод Анақулов Фарҳод, 125 кило, тарзи озод Ахмедов Мубинҷон, 67 кило, юнонӣ-римӣ Ҳасанов Бахтовар, 77 кило, юнонӣ-римӣ Азизов Суҳроҷ, 130 кило, юнонӣ-римӣ Варзишгаронро мураббиён Олимов Абдурозиқ ва Баҳромов Шодӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар намуди гӯштин 5 медал (3 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Медалҳои нуқра ба Лидия Карамчакова (вазни 48 кило, тарзи озод, Бусан-2002), Юсуф Абдусаломов (вазни 74 кило, тарзи озод, Бусан-2002), Зелимхон Юсуфов (вазни 65 кило, тарзи озод, Инчон-2014), медалҳои биринҷӣ бошад, ба Шамил Алиев (вазни 84 кило, тарзи озод, Бусан-2002) ва Муродҷон Тӯйчиев (вазни 120 кило, юнонӣ-римӣ, Гуанжоу-2010) тааллуқ доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба каратэ дар ҳайати 4 нафар тасдиқ шуд. Қувваозмоиҳо аз ин намуд 25-27 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 6 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон дар равияи кумитэ, ҳамчунин рақобатҳои инфиродӣ дар равияи ката баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 3 вазн миёни мардон ва 1 вазн миёни бонувон дар равияи кумитэ иштирок мекунанд. Варзишгарони зерин дар мусобиқа оид ба каратэ иштирок мекунанд: Гулосори Суҳроб (55 кило) Абдулваҳоб Шарапов (60 кило) Раҷаббек Раҳимов (67 кило) Ҷавоҳир Ҳайдаров (84 кило) Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар намуди каратэ 2 медали биринҷӣ дорад. Ҳар ду медалро Исроил Исмоилзода (Ҳирошима-1994, Бусан-2002) ба даст овардааст. Дар намудҳои варзиши камонварӣ ва тирандозӣ аз кишвари мо 3-нафарӣ ширкат мекунанд.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

Тоҷикистонро киҳо муаррифӣ мекунанд? Пайравони Зебунисо Рустамова низ дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Мусобиқа оид ба камонварӣ 2128 август дар шаҳри Ҷакарта ва мусобиқа оид ба тирандозӣ 18-26 август дар Палембанг баргузор мешаванд, ки кишварамонро варзишгарони зерин намояндагӣ мекунанд: Камонварӣ Фирӯза Зубайдова Зуҳро Тағоева Умедҷон Худоёров Тирандозӣ Бежан Файзуллоев Малика Лагутенко Тоҷиддин Валиев Ҳайати паҳлавонони кишвар аз намуди ҷудо низ муайян гардид. Ҳаводорони варзиши тоҷик аз ин намуди гӯштин аз паҳлавонон натиҷаҳои назаррасро интизоранд. Тоҷикистонро аз ин намуди варзиш 8 нафар: Боқиев Суҳроб -60кило, Боқиев Ёқубҷон -66 кило, Хоҷазода Беҳрӯз -73кило, Муродов Акмал -81кило, Устопириён Комроншоҳ -90 кило, Саидов Саидҷалол -100 кило, Мирмамадов Шакармамад -100 кило ва ягона варзишгарбону Қаландарова Шоҳида -57кило муаррифӣ мекунанд Мусобиқа оид ба ҷудо 29-31 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 7 категорияи вазнӣ миёни занон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 7 вазн миёни мардон ва 1 вазн миёни бонувон ширкат мекунанд. Варзишгаронро мураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳамроҳӣ мекунад. Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар намуди ҷудо 3 медали биринҷӣ дорад. 2 медалро паҳлавони шинохта Расул Боқиев (вазни -73 кило, Доҳа-2006, Гуанжоу-2010), як медали дигарро Хайрулло Назриев (вазни -86 кило, Ҳирошима-1994) ба даст овардаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар ҳайати 3 нафар ва вазнбардорӣ 1 нафар дар 18-ум Бозиҳои Осиё ширкат мекунанд. Мусобиқа оид ба ҷиу-ҷитсу 24-26 август ва вазнбардорӣ 20-27 август дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешаванд. Варзишгарон дар намуди ҷиу-ҷитсу аз рӯи 6 вазн миёни мардон, 2 вазн миёни бонувон дар равияи “Ню Ваза” миёни ҳам рақобат мекунанд. Тоҷикистонро дар 3 вазн миёни мардон Абдулназаров Шоимард (62 кило),Раҳимов Абдуманон (77 кило), Абдуллоев Абдуғафур (85 кило) намояндагӣ мекунанд. Дар намуди вазнбардорӣ бошад, рақобатҳо аз рӯи 8 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 7 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат мегирад. Аз кишвари мо Шукуров Илҳомҷон ягона варзишгар дар намуди вазнбардорӣ дар вазни 77 кило ҳунарнамоӣ мекунад. Қайд кардан ба маврид аст, ки намуди ҷиу-ҷитсу мисли гӯштини кураш ва самбо бори аввал ба барномаи Бозиҳои Осиё ворид карда шудааст. Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ низ дар ҳайати 6 нафар: Даминов Шаҳриёр, Нурмуҳаммади Тоҳир, Набиев Зоҳирҷон, Назиров Саидаҳтамхон, Ғафуров Абдусаттор, Даминов Мустафо сафарбар мешаванд. Қувваозмоиҳо оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ аз 25 август то 1 сентябр дар шаҳри Палембанг аз рӯи 9 қувваозмоӣ

миёни мардон ва 8 қувваозмоӣ миёни бонувон баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои Осиё-2018 дар Искандаркӯл ба ҷамъомади тамринии 21рӯза фаро гирифта шуданд. Феълан дар шаҳри Норак, дар дарёи Вахш ба тамрин машғуланд. Қатори варзишгарон кишварамонро доварон низ дар ин мусобиқаи бонуфӯзи қораи Осиё муаррифӣ мекунанд. Шаш довари тоҷик барои ҳакамии мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё-2018 даъват шудаанд. Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати доваронеро, ки мусобиқа оид ба футболро дар

Бозиҳои Осиё ҳакамӣ мекунанд, нашр кард, ки ду довари тоҷик – Насрулло Кабиров ва Акмал Буриев ба он ворид карда шудаанд. Онҳо мусобиқаи футбол миёни мардонро доварӣ мекунанд. Ҳамчунин, доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Рамзӣ Шамиров (ҷудо), Шариф Давлатов (вазнбардорӣ), Маҳмуд Абдуллоев (самбо), Ҳабибулло Нарзуллоев (гӯштини тарзи озод) аз ҷониби федератсияҳои байналмилалии ин намудҳо барои ҳакамии мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё даъват шудаанд. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

Дар дили шаб бисёриҳо сар ба болини нарм монда, худро ба оғӯши хоб таслим карда буданд. Аксариятро пас аз шикасти пай дар паи 6 варзишгари тоҷик ва аз идомаи сабқати бозиҳои ХХХI-и тобистонаи олимпӣ маҳрум гаштан, яъсу ноумедӣ фаро гирифта буд. Лек онҳое, ки дӯстдори варзишанд ҳанӯз чашм ба оинаи нилгун натиҷаи бозии олимпиро интизоранд. Дар майдонҳои шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия танҳо як варзишгари тоҷик бо рақибони аврупоиву амрикоияш қувва нишон медиҳад. Мутахассисони соҳа тахмин мекарданд, ки ӯ ноком мешавад. Касе ҷуръат намекунад, ӯро қаҳрамони мусобиқа ном барад, зеро ҳарифонаш шикастнопазиранд. Ба монанди варзишгари полшагӣ Войсех Новитский. Лек рақобат шиддат мегирад ва ба рағми ин ҳама ноумедиҳо партофти навбатиаш ӯро қаҳрамон мекунад. Он рӯз Дилшод тавонист қаҳрамон шавад, ҳалолаш бод! Пас аз қаҳрамони бозиҳои олимпӣ гардидани Дилшод Назаров тамоми телефонҳои мобилӣ садо медоданд ва сомонаҳои иҷтимоӣ аҳсант мехонанд, ин ҷавонпаҳлавони номдори тоҷикро. Субҳгоҳӣ ба телефонҳои дастӣ аз тамоми ширкатҳои мобилӣ оид ба қаҳрамон шудани Дилшод Назаров дар бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ паёмак расид. Рӯйдоди он рӯз ҳеҷ фаромӯшам намегардад. Зеро он ҳиссиёте буд, ки бо чизе иваз карда намешавад. Варзиш беҳтарин роҳест, ки тавассути он Ватани хешро ба ҳазорон халқу давлатҳои мухталиф муаррифӣ намуда, ҷаҳониёнро аз будани чунин миллати варзишпарвар воқиф мегардонед. Варзиш дар баробари дигар соҳаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дониста мешавад. Ба таври яқин, ки барои баромад намудан дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ нақши истиқлолияти давлатӣ басо бузург аст. Зеро пеш аз даврони истиқлолият барои роҳхат гирифтан ба ин гуна мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бояд варзишгар чандин зинаҳоро пушти сар менамуд. Албатта, дар он вақт фарзандони варзишгари тоҷик аз қабили устодон Иброҳим Ҳасанов, Зебуниссо Рустамова, Саидмуъмин Раҳимов, бародарон Юрий ва Михаил Лобановҳо, Эрика Шиллер, Андрей Абдувалиев, Анатолий Старостин, Азалшоҳ Олимов ва дигарон вуҷуд доштант, аммо барои дар сатҳи байналмилалӣ баромад намудан, онҳо имтиҳонҳои бузургро мегузаштанд. Маҳз дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоиду бемисл фароҳам омад. Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам сохт, ки ҷавонону варзишгарони кишвар бо

10 АВГУСТ - РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

Иди номбардорони миллат муборак бод! иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонию байналмилалӣ миллату давлатамонро байни дигар халқҳои ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Як дастоварди таърихии дигаре, ки дар соли 2017 ба даст омад, дар навъи варзиши самбои тоҷик таҳавуллот ба миён овард, ки он фаромӯшношуданист. Моҳи ноябри соли 2017 Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия доир гардид. Дар он 11 варзишгар Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Ин мусобиқа барои варзишгарони мо бори нахуст нест, лек баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳони соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус мардуми тоҷик давоми 42 сол ин дастовардро интизор буданд. Ин навбат Беҳрӯз Хоҷазода, интизориҳои 42-соларо қонеъ гардонд. Ҷавонпаҳлавони тоҷик дар даври ниҳоӣ бо паҳлавони Беларус Степан Попов рӯ ба рӯ гардид, ӯ медонист, ки рақобат бо шиддат ҷараён мегирад. Сонияҳои охири набард буд. Ҳисоб 4:2 ба фоидаи варзишгари тоҷик, ҳарифаш Степан ӯро ба тахтапушт хобонида, усули лат додани дастро ба кор бурд. Се, ду, як ва садои ҳуштаки довар аз анҷоми рақобат дарак дод. Паҳлавони тоҷик болои гилеми варзишӣ ба мисли шери жаён наъра кашид ва бо гиряи худ мухлисони варзиши тоҷикро гирён намуд. Беҳрӯз Хоҷазода аз риштаи самбо паҳлавон гардид, ки ин унвони баланди варзишии аввалин аз риштаи самбо дар даврони соҳибистиқлолӣ дониста мешавад. Ҳама барояш аҳсант мехонданд. Пас аз мусобиқа Беҳрӯз Хоҷазода ҳолати охири қувваозмоии худро ба рӯзноманигорон чунин ҳикоят кард: “Агар дар он сонияҳо дастам, ки дар ҳолати лат додани ҳариф қарор дошт, мешикаст ҳам, таслим намегардидам. Зеро суханони Роҳбари давлат доим ба ёдам меомад, ки гуфта буданд, дар пушти шумо - варзишгарон 8 миллион мухлис истодааст. Аз ин лиҳоз ман таслим нагардидам ва парчами кишварро миёни дигар давлатҳо баланд бардоштам”. Дар воқеъ, сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам намуд, ки соҳаи варзиш дар кишвар аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои аввалини худро аз таъсису барқарор намуда-

ни мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз гардида, баҳри ҳавасманд намудани варзишгарони бомаҳорати кишвар соли 2015 “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ” таъсис дода шуд, ки то имрӯз се маротиба бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 нафар варзишгарон бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шудаанд, ки ҳаҷми умумии маблағи ҷоизапулӣ 1296250 (як миллиону дусаду наваду шаш ҳазору дусаду панҷоҳ) сомониро ташкил медиҳад. Суханони Пешвои миллатро доир ба варзишгарон набояд фаромӯш кард, ки фармудаанд: “Шумо варзишгарони муҳтарам, дар хотир дошта бошед, ки ҳар як ғалаба дар мусобиқоти гуногун ғайр аз болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин саҳми арзандаи шумо дар оммавигардонии варзиш, ташвиқи наврасону ҷавонон ба варзиш ва густариши тарзи ҳаёти солим мебошад”. Бо дастгириву таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар давоми соҳибистиқлолӣ бо маром инкишоф ёфта, дар ин самт як қатор дигаргуниҳои муҳим дар варзиши кишвар ба вуҷуд омад. Пеш аз истиқлолият варзишгарони тоҷик аз набудани комплекс ва толорҳои варзишии замонавӣ танқисӣ мекашиданд. Мувофиқи маълумотҳои омории расмии Кумита кор бо ҷавонон ва варзиш имрӯз дар кишвар 9317 иншоотҳои гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 122 варзишгоҳ, 6619 майдончаи варзишӣ, 1702 толорҳои варзишӣ, 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 788 маҷмааҳо новобаста аз шакли моликияташон мебошанд. Барои ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш дар кишвар 140 мактабҳои варзишӣ, аз ҷумла 4 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази омода кардани дастаҳои мунтахаб, 1 Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 96

муассисаи (мактабҳои) варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 мактабҳои варзишии тобеъ ба Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳосилот» фаъолият доранд. Дар ин мактабҳо 4130 гурӯҳҳо бо фарогирии 47654 машқварзони наврасу ҷавон фаро гирифта шудааст. Яке аз таваҷҷӯҳҳои асосии Сарвари давлат ба соҳаи варзиш буд, ки 10 августро дар кишвар ҳамчун Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон эълон намуданд, ки бахшида ба ин рӯз аз тарафи сохторҳои марбута як қатор чорабиниҳо баргузор мегардад. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои ҷашн гирифтани Рӯзи варзишгарон дар манотиқи кишвар якчанд мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, дар ин рӯз чорабиниҳои идона бо иштироки варзишгарон ва собиқадорони соҳа дар назар гирифта шудааст. Рӯзи варзишгаронро чӣ тавр бояд ҷашн гирифт, то варзишгарон барои боз ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани кишвари офтобрӯямон ҷаҳду талош намоянд?! Сармураббии тими мунтахаби кишвар аз намуди гӯштини самбо Носир Бозор ҷиҳати ҷашн гирифтани Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва таъсири он ба варзишгар чунин ибрози андеша намуд: - Ҳар як соҳа иди худро дорад, аз он ҷумла варзишгарон. Вақте варзишгар ҳис мекунад, ки дар алоҳидагӣ рӯзи онҳо эълон шудааст, дар худ як масъулияти хеле баландро дарк менамояд. Ӯ пай мебарад, ки дар ҳақиқат соҳаи интихобнамудааш аз назари Ҳукумату давлат берун намондааст. Саъй менамояд, ки дар касби интихоб намудааш таваҷҷӯҳро ҷиддитар намуда, барои шиносонидани давлату миллаташ ба ҷаҳониён тамоми имкониятҳоро истифода кунад. Дар ин рӯз аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш собиқадорон ва варзишгарон бо туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд. Имрӯз тамоми сайёра ба футбол диққати хоса зоҳир намудааст. Ин варзиш дар кишвари мо дар ҳолати дигаргунсозиҳои куллӣ қарор дорад. Ҳарчанд то ҳол тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол натиҷаи дилхоҳро ба даст наоварда бошад ҳам, аммо роҳбарияти федератсияи футболи кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ, баҳри ҷавобгӯ намудани футболи кишвар ба талаботи ФИФА ва КФО (Конфедератсияи футболи

9

Осиё) тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2012 марҳилаи нави футбол оғоз ёфт. Дар ин давра барномаи давлатии рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016 қабул гардида, инчунин, варзишгоҳҳои замонавӣ бунёд гаштанд. Дар баробари ин, Фонди рушди футбол, лигаҳои миллӣ ва кӯдакону наврасон, Лигаи касбии футзал, Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфт. Барои роҳхат гирифтани тими мунтахаби кишвар ба Ҷоми ҷаҳон-2026 барномаи “Орзу – 2026” дар кишвар таҳия ва роҳандозӣ шуда, дар се марҳила солҳои 2017-2019, 2020-2023 ва 2024-2026 амалӣ мегардад. Умед дорем, ки татбиқи он инқилобе дар футболи тоҷик хоҳад овард. Барои оммавияти варзиш бахусус намуди футбол имрӯз мусобиқаҳои гуногун роҳандозӣ мегарданд. Ба монанди Фестивали байналмилалии футболи кӯдакона, “Тӯби чармин-2018” мусобиқаи футбол байни хонандагони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст!” вуҷуд дорад, ки соли ҷорӣ дастаи мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав Тоҷикистонро дар бозии байналмилалӣ муаррифӣ кард. Нуралӣ Хоркашов, мутахассиси ин соҳа футболро яке аз идеали муттаҳидкунандаи миллату давлат дониста, иброз дошт: - Воқеан ҳам, имрӯз футбол бештар аз як бозист. Албатта, ҳар рӯзе, ки тими мунтахаб ва дастаҳои олии кишвар дар мусобиқаҳои сатҳаш байналмилалӣ баромад мекунанд, барои мухлисони футбол ид аст. Вале Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон як рӯзест, ки онро бояд ба таври хоса ҷашн гирифт. Зеро варзишгар дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ баромад намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегардад ва парчами давлаташро миёни ҷаҳониён парафшон менамояд. Ба ҷавонони кишвар даъват ба амал оварда мегӯям, ки ба варзиш машғул шаванд. Зеро варзиш муаррифгари миллату давлат ва омили солимии ҷомеа мебошад. Боиси сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат варзишгарони бомаҳорати тоҷик кишвари офтобии моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, ҳар як пирӯзӣ ва ғалабаҳояшонро ҳамчун фарзандони фарзона ба халқу Ватан мебахшанд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки варзишгарону устодони соҳа барои ҳифзи нангу номуси миллат дар арсаи чаҳонӣ ҳамеша ҷаҳду талош варзида, дар ин роҳи пуршараф боз ҳам бештар ба комгориву муваффақиятҳои беназир мерасанд. Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муборак, номбардорони миллат! Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”


10 Баъд аз содир намудани амалиёти террористии (29.07.2018) нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон, дар ВАО интишори мақолаҳои муғризонаи таҳлилгарон, коршиносон ва журналистони рус оид ба ин қазияи фоҷеабор шурӯъ шуд. Аксари муаллифони мақолаҳои ҳангомаҷӯе, ки дар олами буҳтону дурӯғ ва зуроварии иттилоотӣ худро пиар (PR) ё худ реклама месозанд, аъзои ТТЭ ҲНИ-ро бошиддат пуштибонӣ карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки ҷинояти содиршударо дар муддати кӯтоҳтарин ошкор намуданд, дар бесалоҳиятӣ айбдор мекунанд. Дар зимн, далелҳо гувоҳи раднопазиранд. Ва онҳо яқинан ба сӯи муқобил шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тавр, роҳбари гурӯҳи ҷинояткор, иҷрокунандаи асосии ҳамлаи террористӣ дар ноҳияи Данғара Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович, ки ҳангоми дар ш. Одинтсовои вилояти Москваи ФР дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, соли 2013 аз ҷониби ҳамшаҳраш, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович бо лақаби «Қорӣ Носир» ба сафи ин ташкилоти террористӣ ҷалб карда шуд. Бародари Абдусамадов Ҳ. – Бахтиёр бо лақаби «Мулло Умар» узви ТБТ «Ҳаракати исломии Туркистон» буда, барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ба муҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Зимни бозпурсӣ Абдусамадов Ҳ. тасдиқ намуд, ки аз соли 2014 то соли 2015 омодагии идеологӣ ва ҳарбӣтахрибкориро дар шаҳри Қум ва урдугоҳи тамринии шаҳри Омули остони Мозандарони Эрон гирифтааст. Баъд аз бозгашт, моҳи сентябри соли 2015 дар ҳайати гурӯҳи мусаллаҳонаи ТТЭ ҲНИ бо нияти кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар амалиёти ҷангӣ ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ иштирок намудааст (баъдан авф карда шуд). Бо нияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтан, 1 ноябри соли 2015 аз Беларус, ки он ҷо тариқи роҳҳои даврӣ омадааст, тавассути ҳавопаймо ба Озарбойҷон парвоз кард. Аз он ҷо 9 ноябри худи ҳамон сол ба Эрон парвоз кард, ки инро қайдҳояш дар хатсайрҳо собит месозанд. Чопи хатсайрҳои ӯро тавассути Интернет бидуни ҳеҷ мамоният дастрас кардан имконпазир аст ва метавон чунин суоли табииро ба миён гузошт: чаро баъди кӯшиши бенатиҷаи табаддулоти давлатӣ Абдусамадов Ҳ. ба хотири пинҳон шудан на ба Русия, Америка, Аврупо, Африқо ва ё ҳамчун узви ДОИШ ба Афғонистон, ки он ҷо ҳоло ҳазорҳо доишиҳо қарор доранд, фирор накарду маҳз ба Эрон рафт? Агар Абдусамадов Ҳ. узви ДОИШ мебуд, чаро хадамоти махсуси зираки Эрон, ки бо ин ташкилот дар ҳоли муқовимати шадид қарор доранд, ӯро дастгир накарданду иҷозат доданд, ки бемамониат ва озодона сарҳадро борҳо убур намояд ва дар қаламрави Эрон озодона ҳаракат намояд? Бо истифода аз пойгоҳи маълумоти байналмилалӣ оид ба террористон хадамоти махсуси ҶИЭ медонистанд, ки Абдусамадов Ҳ. дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале хомӯширо ихтиёр карданд. Ло ақал, онҳоро далеле, ки аъзои ТТЭ ҲНИ Абдусамадов Ҳ. ва Убайдов Н.А. дар шаҳрҳои Одинтсово ва Подолски назди Москва ҳамчун иддае аз террористон ҷамъ гардида, ба корҳои ҷалбкунӣ машғул шуда, беҷазо мондаанд, бояд ҳушдор медод. Фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар Данғара содир карда шуд, Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович, с.т. 1973, зодаи ноҳияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ ва аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад. Соли 2015 ба рӯихати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Ҷинояткор ба падараш Убайдов Саидаҳтам, с.т. 1930, узви фаъоли

СИЁСАТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

Коршиносони ғайриҳирфаии рус воқеиятро намебинанд ТТЭ ҲНИ пайравӣ кардааст. Падараш дар деҳаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоҳ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангида, дар куштори чандин нафар аҳолии осоишта ва дар ҳамлаи террористӣ ба намояндагони зиёии кишвар даст дорад, инчунин дуздиву ғоратгарӣ низ кардааст. Писари ӯ, Убайдов Носирхуҷа дар мактаби динии узви ТТЭ ҲНИ Мирзоев М.А., дар ноҳияи Ҳисор таҳсил кардааст. Ҳамзамон бо падараш, дар солҳои 90ум, замоне ки ҳанӯз аз ДОИШ ҳарфе ҳам набуд, ӯ ба сафи ТТЭ ҲНИ дохил шуд ва баъдан ба гирифтани қасоси падараш шурӯъ кард. Убайдов бо роҳбари қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Табаров Амриддин робитаи зич дошт. Аз соли 2002 то 2006 Убайдов Н.А. дар Эрон зиндагӣ карда, дар муассисаҳои динии шаҳрҳои Зоҳидон ва Хош таҳсил намудааст. Дар урдугоҳҳои тамринии Эрон омӯзиши тахрибкориро гузаштааст. Ҳангоми дар Эрон будан, Убайдов Н.А. фаъолона ба ҷалби ҷавонон аз ҷумлаи шаҳрвандони ҶТ машғул буд. Солҳои 2011-2015, вақте ки дар шаҳрҳои назди Москва (Одинтсово ва Подолск) қарор дошт, ки он ҷо ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёнро ба сафи ТТЭ ҲНИ идома медод. Нисбат ба ӯ аз рӯи қ.2-и м.187 (Иштирок дар ҷамъияти ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Дар амалиёти ҳарбии кишварҳои Шарқи Наздик бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ ширкат варзидааст. Ду ҳамсар дорад, ки яке аз онҳо Шарифова М.Т. соли 2004 дар мадрасаи «Мадинат ул-Явм» таҳсил кардааст. Ӯ ҳоло дар Ироқ дар маҳбас қарор дорад. Амалҳои гурӯҳи ҷинояткори Абдусамадов Ҳ-ро, ки амали террористӣ содир намуд, Убайдов Н.А. тавассути барномаи “WhatsApp”, на аз ҷои дигар, балки аз шаҳри Хоши Эрон роҳбарӣ мекард. Аъзои дигари гурӯҳи ҷинояткор Маҷидов А.Ё. ва Сафаров З.Д. аз моҳи феврал то июни соли 2018 дар ш. Новосибирски ФР дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд. Рӯзҳои 17 ва 20 июли соли ҷорӣ онҳо ба номи узви ТТЭ ҲНИ Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич, истиқоматкунандаи ш. Норак дар ҳаҷми 20 000 рубли русӣ маблағи пулӣ равон карданд, ки ӯ онҳоро барои омодагӣ ба содир намудани амали террористӣ нисбат ба сайёҳони велосипедрони хориҷӣ истифода намуд. Ҳоло Ғаниев К.И. таҳти тафтишот қарор дорад. Далелҳои интиқоли маблағҳо мувофиқи аснод собит шудаанд (Дар зер расиди банк оид ба интиқоли маблағ бо забони русӣ оварда мешавад): Коршиносони русиро мебоист донанд, ки ДОИШ, ки талош доранд ҳамлаи террористӣ бар зидди сайёҳони велосипедрони хориҷӣ дар Данғараро бо он алоқаманд созанд, ҳамчун қувваи ба таври фаъол амалкунанда, аллакай вуҷуд надорад, аз ҷумла бо шарофати амалҳои низомиёни ФР. Аз ДОИШ гурӯҳакҳои ночизе боқӣ мондаанд, ки дар Шарқи Наздику Миёна паҳн гардидаанд. Он паёмҳои видеоие, ки аз ном ва зери парчами ДОИШ, бо мақсади таблиғот ва тарсонидан интишор мешуданд, аз қабили навори аз ҷониби гурӯҳи Абдусамадов Ҳ. истифодашуда, дигар арзи вуҷуд надоранд. Ин ТТЭ ҲНИ аст, ки аз парчами бегона – парчами сиёҳи ДОИШ истифода бурда, зери он ҷиноятҳои навбатии худро пинҳон месозад. Ҳолатҳое мешаванд, ки як ташкилоти террористӣ (ДОИШ) масъулияти

ҳамлаи террористии содирнамудаи узви ташкилоти террористии дигарро (ТТЭ ҲНИ), ба хотири аз ҳастии худ дарак додан, нишон додани қувваи собиқа ва муҳиммияти худ, «васеъ намудани» миқёси ҷуғрофии нуфузӣ, ба зимма мегирад. Вале, маълум аст, ки дар айни ҳол хадамоти махсуси Эрон бренди ДОИШро ҳамчун асбоб ва пардаи пӯшиши ҳадафҳои худ истифода бурда, таҳти ин «чатр» изи фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳамлаи террористии мудҳиш содир намуд ва зери пуштибонии ғоявӣ, маънавӣ ва моли ҶИЭ қарор дорад, пинҳон месозад. Боиси нигаронист, ки ҳамаи гуфтаҳои болозикр аз ҷониби ба ном «коршиносони мустақил», ки талош доранд, то аслияти фоҷеаеро, ки дар Тоҷикистон рух дод ва боиси ба ҳалокат расидани сокинони осоишта гардид, инъикос намоянд, пинҳон ва барқасдона таҳриф мешаванд. Вале, маълум мешавад, ки ин мустақилият танҳо аз дурии онҳо нисбат ба ҳақиқат, воқеият, мантиқ ва афкори солим иборат буда, дар фазои ВАО тибқи қонунҳои манфиатҷӯӣ ва муносибатҳои бозаргонӣ ба роҳ монда шудааст. А. Дубнов (бо Кабирӣ муносибатҳои шахсӣ дорад), В. Панфилова (шавҳараш – О. Панфилов дар солҳои 90-ум ҲНИТро фаъолона дастгирӣ мекард), А. Серенко (солноманавис ва хушомадгӯи ТТЭ ҲНИ), А. Грозин, А. Князев ва дигар иштирокдорон ба эҳтимоли зиёд бо намояндагони ташкилоти террористӣэкстремистии мазкур ҳамкории зич доранд. Онҳо дар мавзӯи Осиёи Марказӣ туфайлихур шуда, омодаанд дар бораи ҳар чизе, ки лозиму нолозим аст, нависанд, бе назардошти он ки як калимаи беҷо метавонад сӯитафоҳумро дар тудаи худашон барнгезад. Ҳар санҷиш ва таҳқиқи суоле аз ҷониби мутахассис (коршинос) аз ӯ донишҳои махсусеро дар соҳаҳои муайян тақозо мекунад. Мутаассифона, муаллифони номбаршудаи ВАО аз ин чиз бехабаранд. Фавти мудҳиши сокинони осоишта барои онҳо ҷиҳати бори дигар хидмати навбатӣ кардан ба хоҷагон – фармоишгаронашон баҳонаи иттилоотии муносиб гардид. Аз ҳама хатарнок ва зиёновар ин аст, ки онҳо худро ба унвони рӯзноманигорони рус муаррифӣ намуда, ноинсофона (ноҳақона) ба худ мақоми коршиносон-таҳлилгаронро гирифтаанд. Баъди гирифтани фармоиши иттилоотӣ, бо ҷӯшу хурӯш нуқтаи назари худро ҳамчун ҳақиқати ягона пешниҳод мекунанд. Бо дастрас будани Интернет ва дар пеши чашми худ доштани маводҳои расмии интишоршудаи тафтишот, маълумоти ВКД аз рӯи ҳодисаи ин ҷиноят, ягон нафаре аз ин бо ном коршиносон фурсат пайдо накардааст, ки оид ба қазияи рухдода дуруст фикр кунад, далелҳоро муқоиса намояд, ба иттифоқҳо диққат диҳад, иттилоотро баррасӣ намояд ва «мағзҳои таҳлилӣ»ро густариш диҳад. Ин чӣ аст? Корношоямии касбӣ, ғайриҳирфаӣ ё қасдан таҳриф кардан, ташкили нусхаҳои муғризона? Танҳо коршиносони ҳақиқӣ аз маълумоти камтарин метавонанд хулосаҳои саҳеҳ бароранд, на коршиносони сохта. Ҳол он ки имрӯз дар нашриёти озод факту далелҳои зиёде мавҷуданд, ки дар бораи ҳамлаи террористӣ ва иҷрокунандагони онҳо гувоҳӣ медиҳанд. Пас, барои чӣ муаллифони номбурда, ки ҳеҷ робитаи мустақиме бо Тоҷикистон надоранд, ба сохти дунявии

иҷтимоӣ муносибати манфӣ зоҳир намуда, исломгароёни ифротӣ, ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ-ро беғаразона ҳимоят мекунанд? Бо кадом мақсад ҷониби Кабириро мегиранд, ки аз лиҳози тафаккур, ақоид ва дину мазҳаб ба онҳо бегона аст? Таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба террористони ТТЭ ҲНИ чӣ гуна аст? Чаро ҳимояи манфиатҳои ҷинояткороне, ки амалҳои хушунатбори ғайриинсониро анҷом додаанд барои онҳо болотар аз ҳақиқат, амният ва субот аст? Чаро онҳо экстремистонро, ки ба ҳар роҳе набошад мехоҳанд ҳокимиятро ба даст оварда, давлати шариатӣ барпо намоянд, ҳамрайъӣ мекунанд? Охир, маҳз аъзои ТТЭ ҲНИ нисбат ба намояндагони дигар миллату мазҳабҳо ва хориҷиён ҳисси бетаҳаммулӣ, кина ва бадбинӣ нишон медоданду медиҳанд. Онҳо буданд, ки иғвои хурӯҷи дастаҷамъонаи русҳо ва намояндагони дигар миллаҳоро аз Тоҷикистон барангехтанд. Ин ҳизб аз ибтидои ҳастии худ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ буд. Ҳадафи террор – ин бо роҳи зӯроварӣ ноил шудан ба ҳадафҳои худ, тезу тунд кардани фазо ва носубот сохтани вазъ бо роҳи хушунату тарсонидан мебошад. Дар куштори мақсадноки даҳҳо шаҳрвандони Русия аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, журналистон ва аҳолии осоишта маҳз аъзои ТТЭ ҲНИ даст доштанд. Мардумони миллатҳои гуногуне, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекарданд, қурбонии онҳо гардидаанд. 13 июли соли 1993 силоҳбадастони ТТЭ ҲНИ ба постгоҳи марзии 12-и дастаи сарҳадии Москваи Гурӯҳи қӯшунҳои сарҳадии Русия дар ҶТ ҳуҷум карда, 25 сарҳадбонро ба ҳалокат расониданд. Дар давраи аз с. 1994 то 1998 даст доштани аъзои ҳизби исломӣ-ваҳҳобӣ дар шаш ҳодисаи куштори хизматчиёни ҳарбии Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Чкалов ва Қӯрғон-тепа собит шудааст. Ба ғайр аз ин, 53 хизматчиёни ҳарбии Қазоқистон, ки қарзи хизматии худро дар Тоҷикистон адо мекарданд, қурбонии амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ гардидаанд. Ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ журналисти рус Виктор Никулинро дар ҷои кориаш ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Аз дасти онҳо беҳтарин фарзандони Тоҷикистон, аз ҷумлаи ходимони ҷамъиятӣ ва зиёиён ба ҳалокат расиданд: И. Исҳоқӣ, М. Ғуломов, М.

Осимӣ, М. Назаршоев, Н. Ҳувайдуллоев ва дигар ходимони равшанфикр. Фармоишгари ин ҷиноятҳои мудҳиш хадамоти Эрон буд. Агар коршиносони Русия таърихи динро меомӯхтанд ва медонистанд, ки тоҷикон дар маҷмӯъ – суннианду эрониҳо -шиаӣ, пас ба онҳо маълум мегардид, ки чӣ гуна фармоишгари ҷиноятҳо – хадамоти ҶИЭ ба осонӣ ба ТТЭ ҲНИ қатли ҳаммазҳабонашонро супориш дода буд. Ҳамаи қурбониён аз ҷониби тоҷиконе аз байн бурда шудаанд, ки омодагии махсусро дар қаламрави Эрон гирифтаанд. Айнан мисли имрӯз, баъди ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ, дар солҳои 90-ум роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, сарпарастон ва пуштибонони хориҷии онҳо ба таври оммавӣ андӯҳу тасаллияти мунофиқонаи худро ба хешовандони қурбониёни ҳамлаҳои террористии худашон ташкилнамуда изҳор мекарданд. Ба ҷомеаи қаламбадасте, ки таҳти пӯшиши «коршиносони Осиёи Марказӣ» амал мекунанд, бояд чатри маъмулии ҳазорҳо бор истифодашудаи пӯшиши хадамоти махсуси ҷаҳон, найрангҳои онҳо, кӯшиши зери парчами бегона амал кардан, ошно бошад. Парчами ДОИШ низ чун шиносномаҳои қалбакии кишварҳои дигар, ки дар чопхонаҳои КСИР, Вазорати иттилооти Эрон чоп мекунанд ва дар бештари кишварҳои Шарқи Наздик ва Афғонистон паҳн гаштааст – ин ҳунари маъмулии ҳамарӯзаи охундҳоеанд, ки имрӯз ғосибони ҳукумати интеллектуалии мардуми Эрон мебошанд. Фикр намекунам, ки онҳо хостори як умр ҳамчун коршиносони таҳти пӯшиши нодонӣ бимонанд, бахусус, бо боғоҷи шӯравӣ, бо иддаои нақши ҷӯяндагони ҳақиқат. Аъзои ҷавони ТТЭ ҲНИ, ки ба шасти ҳамқавми сиёсии Эрон гирифтор шуда, омодагии тахрибкоронаро дар урдугоҳҳои Эрон гирифтаанд, анъанаҳои харобкоронаи гузаштагони худро идома медиҳанд. Бинобар ин, ҳамлаи террористии нави ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон, ки бо дастури хадамоти махсуси Эрон содир шудааст, гувоҳи он аст, ки онҳо сайъ доранд, таърихи хунини солҳои 1990умро такрор кунанд. Барои ҳамин ҳам бояд ҷомеа сарҷамъу муттаҳид бошад, то густариши имконпазири таҷовузҳои террористиро саривақт пешгирӣ намояд. Навиштаҷоти дар боло зикргардида бояд барои коршиносони рус ҳамчун маълумот барои андешидан ва сабаб барои аз нав баррасӣ намудани ақидаҳои нодурусташон гардад. Бахтиёр РАҲИМОВ, корманди илмии Шуъбаи ҷомеашиносии АИ ҶТ


ДИДГОҲ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018 Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом ба шумор меравад. Агар ба маънӣ ва далоили фарз будани ҳаҷ назар афканем, маълум мегардад, ки ҳаҷ дар истилоҳи шариат ба маънои қасди махсус дар вақти махсус ба макони махсус аст. Ҳаҷ бо ояти Қуръон, ҳадиси набавӣ ва иҷмои уламот фарз шудааст. Ба назари банда мурод аз доштани тавони молӣ ва тавони баданӣ ин ба таври кифоят доштани маблағ барои адои ҳаҷ ва дороии вазъи саломатӣ маҳсуб меёбад. Аз нигоҳи дигар доштани маблағи хароҷоти сафар аз шартҳои асосии ҳаҷ ба ҳисоб меравад. Иддае аз сокинон бо гирифтани қарз ё бо фурӯхтани ашёи зарурии зиндагӣ ба ҳаҷ мераванд. Ҳол он ки тибқи аҳкоми шариат ба ин гуна ашхос ҳаҷ фарз намебошад ва шариати Ислом рафтани чунин шахсонро ба ҳаҷ бо чунин ҳолат ҳаргиз раво намедонад. Дар фарҳанги дини мубини Ислом садақаи ҷория мисли кори хубест, ки то рӯзе, ки инсонҳо аз он баҳраманд мешаванд савобаш ба садақадиҳанда мерасад. Обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу

Ҳоҷӣ он нест, ки...

бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек дар аҳодиси Пайғамбар (с) ҳамчун садақаи ҷория маҳсуб меёбад. Ин аст, ки бархе аз шахсони сарватманду саховатманд бо дарки масъулияти баланди ватандӯстиву эҳсоси муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ба ҷои сафар ба ҳаҷ баҳри вусъати корҳои ободониву созандагиҳо дар мамлакат саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, соли 2015 Норбибӣ Дӯстмуродова, ки 16 сол боз бо нияти сафари ҳаҷ маблағ ҷамъ мекард, пулҳои пасандозашро барои сохтани ду пули мошингузар дар зодгоҳаш сарф кард, ки ин ду пули мошингузар деҳаҳои Метку Хишекати ноҳияи Деваштичро ба ҳам пайваст. Ё ин ки соли 2016 собиқадорони соҳаи маориф, зану шавҳар сокинони шаҳри Истарав-

шан Муҳаддиса Сайфуллоева ва Ғаниҷон Эшматов маблағи барои тавофи хонаи Худо ҷамъовардаи худро ба хатнасури 15 тан бачаҳои хонаи кӯдакон ва оилаҳои камбизоат сарф карданд. Ба ин монанд Бобомулло Эсоев, сокини деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент, 60 ҳазор сомонӣ маблағи барои зиёрати Ҳаҷ ҷамъовардаашро барои сохтмони як пули мошингузар масраф намуд, ки мушкили душвори сокинони 10 рустои ҷамоати Рӯдакиро осон кард. Соли равон бошад, Раҳмоналӣ Шарифов, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, тасмим гирифт, ба ҷойи ба ҳаҷ фиристодани писараш дар маҳалли зисти худ як майдончаи варзишӣ созад. Инчунин 6 июли соли 2018 дар селроҳаи даромадгоҳи мавзеи

дурдасттарини ноҳияи Деваштич - деҳаи Метк, ки дар паҳлуи он мактабу чанд хонаҳои истиқоматӣ мавҷуд аст ва ҳангоми боришот сел ба сокинон хатар эҷод мекард, бо иқдоми неки бонуи 80-солаи деҳа Маҳтобхон Фозилова пули нав мавриди истифода қарор гирифт. Маҳтобхон 70 ҳазор сомонӣ маблағи пасандозашро, ки бо нияти зиёрати хонаи Худо ҷамъоварӣ намуда буд, барои сохтани пул ҳадя кард. Ба ин монанд метавон бисёр мисолҳоро оид ба амалҳои неку шоистаи ҳамватанонамон дар амри саҳмгузорӣ ба корҳои ободониву созандагии кишвар баён намуд. Дар баробари ин корҳои хайру саховат ва амалҳои солеҳи ҳамватанон, ки маблағҳои ба нияти анҷом додани сафари ҳаҷ

Фарҳанг дар раванди ҷаҳонишавӣ Ҷаҳонишавӣ дар ҷодаи фарҳанг равандест, ки аз як тараф ҳамгироии давлатҳоро дар тамоми соҳаҳои фарҳанг ба амал оварда ба наздикшавии фарҳангҳо мусоидат мекунад, аз ҷониби дигар тадриҷан ба коста шудани нақши фарҳанги миллӣ дар ҳаёти ҷамъият, ҳатто нестшавии он оварда мерасонад. Ин аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ таваҷҷӯҳ ба фарҳанги миллӣ аҳамияти бештар касб мекунад. Дар равандҳои ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки ба тарғибу ташвиқи мероси гаронмояи фарҳанги миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем. Зарур аст, ки дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии мардум аз таъриху фарҳанги миллӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва устувор сохтани худшиносии миллӣ, саҳми худро гузорем. Баръакс дар ҳолати диққати зарурӣ надодан ба арзишҳои фарҳангӣ ва таърихи гузаштаи худ, инчунин эъти-

рофи арзишҳо ва фарҳанги замонавии дигар давлатҳо, ба нестшавии фарҳанги миллӣ ва ноустувор сохтани пояҳои давлат оварда мерасонад. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки тоҷикон дар таърихи гузаштаи худ борҳо ба мисли ҳодисаҳои имрӯзаи ҷаҳонишавӣ дучор шуда буданд. Зимнан, сиёсате, ки имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳё намудани анъанаҳои устувори аҷдодӣ дар соҳаи маданият, санъат, адабиёт, ҳуқуқ ва давлат бурда истодааст, моро дар маҷрои ҷаҳонишавӣ наҷот хоҳад дод. Дар ин ҷода моро мебояд сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ намоем, насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи таҷрибаи аҷдодии давлатдорӣ, анъанаҳои гузаштаи мардумӣ, фарҳангу ҳунар ва эҳтироми дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ тарбия намоем ва шаъну

эътибори ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем. Пешвои миллат ҳамчунин воситаи муҳими ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҷомеаро дар раванди ҷаҳонишавӣ чунин зикр намудааст: «Яке аз роҳҳои муҳими ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ аз таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва мавҷҳои ҷараёнҳои номатлуб ин таҳкими минбаъдаи пояҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад». Маълум аст, ки ҷаҳонишавӣ имрӯз таъсири худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ гузошта истодааст ва дар сурати диққати зарурӣ надодан ба равандҳои ҷаҳонишавӣ мумкин аст буҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро ба вуҷуд орад. Ҷаҳонишавӣ дар асл кӯшишҳои давлатҳои абарқудрат дар кори ба даст

11 ҷамъ овардаи худро баҳри ободии Ватани маҳбуб масраф мекунанд, боз иддае аз инсонҳое ҳастанд, адои маносики ҳаҷро танҳо баҳри риё ва худнамоӣ анҷом медиҳанд. Ё бар ивази он ки пас аз адои маносики ҳаҷ ба куллӣ тағйир ёбанд, баръакс бо амалу кирдори ноҷои хеш ба номи ҳоҷӣ иснод меоваранд. Чунончӣ аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣтеррористии ҳизби наҳзати ислом, ки қариб ҳамагӣ унвони ҳоҷиро ба даст овардаанд, аммо рафтору кирдорашон, ки саропо аз хиёнату бӯҳтон ва разолат аст, собит месозад, ки онҳо ҳаҷро на барои ислоҳи хеш, балки барои исботи мусалмониашон анҷом додаанд, то иддае аз мардуми сустиродаи зудбоварро ба доми худ кашида, амалҳои пасипардагиашонро бо дасти онҳо анҷом бидиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ҳоҷӣ шудани наҳзатиҳо на барои ризоияти Худованд аст, балки барои тағйир додани симои зоҳирӣ ва ҷалби мардум ба сафҳояшон аст. Зеро инҳо ҳизби наҳзатро низ на барои ҳимояти Исломи пок, балки барои сӯйистифода ва ба даст овардани боварии бештари мардуми мусалмон ва дар зери ниқоби Ислом ба даст овардани манфиатҳои зиёди молӣ аз хоҷагони хориҷӣ таъсис дода будаанд. Чун имрӯзҳо дар саросари кишвар маъракаи омодагиҳо ба сафарбаркунии зоирин ба хонаи Худо сурат мегирад, гуфтанием, ки бояд ҳоҷиҳои мо на дар зоҳир, балки ботинан ҳоҷӣ ва намунаи ибрати дигарон бошанд. Зеро: Ҳоҷӣ он нест, ки дар дидаву дар дин бошад, Ҳоҷӣ он аст, ки шоистаи таҳсин бошад. Мамнур НУРЗОДА, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

овардани роҳбарӣ аз болои тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мебошад. Мавҷуд набудани заминаҳои мусоиди меъёрӣҳуқуқӣ боиси таъсири манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳуқуқ ва давлат мегардад. Дар чунин шароит моро мебояд, ки бо дарназардошти фарҳанг ва арзишҳои миллӣ қонунгузории миллии худро қабул намоем. Ин васила метавонад бо падидаи номатлуби аср – маҳви фарҳанги миллӣ аз ҷониби фарҳангҳои бегона муқовимат намояд ва сади роҳи паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ гардад. Дар баробари тарғибу ташвиқи худогоҳиву худшиносӣ, суннатҳои миллӣ, фарҳанг ва таърихи гузашта, бидуни фароҳам овардани заминаи ҳатмии меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ҷунин вазъият моро аз таъсири ҷаҳонишавӣ дар канор монда наметавонад. Фарҳангу суннат ва дигар арзишҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурат ба танзим ва ҳифзи воситаҳои ҳуқуқӣ дорад. Далер САФАРАЛИЕВ, аспиранти ДМТ


12 САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

Деваштич: Сайёҳӣ дар ҳоли рушд аст Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2017, № 977 дар бораи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани соли 2018 дар ноҳияи Деваштич нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дар асоси он фаъолият ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳия мавзеъҳои тамошобоб, мисли “Чилдухтарон”-и деҳаҳои Метк ва Овчии ҷамоати деҳоти Ваҳдат, “Саричашма”и деҳаи Сурхоб, санг бо навиштаҷот аз даврони ориёӣ дар деҳаи Угуки ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва “Шаршара”-и деҳаи Далёни болои ҷамоати деҳоти Далёни боло ба шумор мераванд. Қаторкӯҳҳои Туркистон макони ҳайвоноти нодир, растаниҳои гуногун, арчазорони аҷиб ва чашмаҳои оби мусаффо мебошад. Обу ҳавои мусоиду табиати дилрабои ноҳия тақозо мекунад, ки соҳаи сайёҳӣ ташаккул ва хуб ба роҳ монда шавад. Ҳоло дар ноҳия истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Чашма” воқеъ дар деҳаи Зароби ҷамоати деҳоти Муҷун фаъолият менамояд. Дар ин ҷо дар ду баст 200 нафар наврасон барои истироҳат қабул мегарданд. Дар истироҳатгоҳи мазкур бештар фарзандони оилаҳои камбизоат, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар ноҳия баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ шароитҳои муфид фароҳам оварда мешавад. Масалан, бобати рушди қолинбофии дастӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар ноҳия 5 сехҳои дўзандагӣ, 13 марказҳои таълимӣ истеҳсолии қолинбофӣ, 16 марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, 61 адад дасгоҳҳои қалинбофӣ ва атласу адрасбофӣ насб шудаанд. Баҳри пешбурди ҳунарҳои мардумӣ соҳибкорони маҳаллӣ аз қабили Холматова Гулчеҳра-чакманбоф, Маҳмудова Муҳаббатқуроқдўз, Назаралиева Туҳфа-гулдўз, Ғозиева Ҳабиба-адрасбоф, Раҳматуллоева Моҳира-адрасбоф, Маҳкамова Хайринисозардўз, Нуруллоева Саноат-адрасбоф аз маблағҳои кӯмакии раиси вилояти Суғд то 5000-10000 сомонӣ бархурдор гардидаанд. Фароҳам овардани шароит ва дастгирии пайваста имкон медиҳад, соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рушд ёфта, ҷалби бештари мардум ба меҳнат ва фароҳам овардани ҷойҳои кории нав шароит муҳайё шавад. Вафоҷон ҚЎЛДОШОВ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич, Маратҷон ҶАББОРОВ, волонтёри бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич

Сирру асрори як ҳунар Гулбаст як навъ либоси миллӣ дар минтақаи Кӯлоб мебошад, ки аз серхаридортарин либос дар арафаи иди Наврӯз ба ҳисоб меравад. Ба шаҳодати мардумшиносон гулбаст як гунаи либоси сирф мардумист, ки онро бонувон бештар дар навоҳии ҷануби кишвар истеҳсол ва ба бар мекунанд. Усулан дар ноҳияҳои ин минтақа бештар чакан маъмул аст. Гулбаст бошад, ба ҳайси як матои бо санъати нодир омодашуда дар феҳристи сару либоси ифтихории бонувон ҷо гирифтааст. Сарандозу пероҳани гулбаст, тавре аз номашон ҳам пайдост, ба монанди чакан саропо гулпӯшанд. Вале гулбаст аз чакан бо нозукиҳои хосаи омодашавии касбияш фарқ мекунад. Агар ду-се даҳсола пештар чакандӯзӣ ҳунари хонаводагию ҳатмӣ барои ҳар бонуи рустоӣ маҳсуб меёфт, гулбастбандӣ ин тавр нест. Зеро гулбаст аз бонукосибон он гуна заҳмати сангин ва чолокию зиракӣ металабад, ки на ҳар кас товони омӯхтану аз худ кардани онро дорад. Тавре ки бонувони кӯҳансол мегӯянд, гулбаст яке аз либосвории сирф ориёӣ буда, суннатҳои ҳирфаии он тақрибан аз байн рафтаанд. Танҳо дар ҷануби кишвар ва шояд дар баъзе аз дигар рустоҳои кӯҳистони мамлакат ҳам, солорбонувоне бошанд, ки ин анъанаи ҳунари бонувони ориёиро то ба имрӯз нигаҳ доранд. Дар гузашта бонувони ориёӣ гулбастро аз катони хеле ва хеле нозук ва маҳин, ки замони ахир ҷои онро дока гирифтааст, истеҳсол мекарданд. Ҷараёни омода намудани гулбаст дар дегҳои бузурги суннатӣ сурат мегирад. Барои омода намудани як сару либоси гулбаст докаро аз се деги ҷӯшон мегузаронанд ва рангрезӣ мекунанд. Шигифтии ин ҳунар ин аст, ки ҳини омодасозии гулбаст аз ягон қолаб кор намегиранд. Вале пас аз 240 соат матои рангину пурҷилои пур аз моҳу ситора пайдо мешавад. Савринисо Ҳасанова, яке аз чеварони моҳир ва устоди чакандӯзиву гулбасткоре мебошад, ки ҳамарӯза агар нафаре барои дарёфти либоси чакан ва гулбаст ба ӯ муроҷиат кунад, пас дигарон барои

омӯхтани ин ҳунар назди ӯ меоянд. Савринисо тарзи омода кардани ин либосро барои мо чунин қисса намуд: “Аввал, мо матои сафед, сони махсус аз бозор харидорӣ мекунем. Онро бо оби гарм як бор мешӯем. Баъдан, бо усулҳои хоси худ бо ресмон баста рангкорӣ мекунем. Пас аз оне, ки аз ранг гирифтем, онро дар офтоб мегузорем. Ин корро бояд дар рӯзи офтобӣ анҷом дод. Пас аз офтоб кардан, боз ранг мезанем ва баъд гулҳоро бо ҳар ранги хос оро медиҳем. Матоъ гулбаст мешавад, ки баъдан ҳар хонум метавонад онро ба таври худ ороиш диҳад. Барои омода кардани гулбаст то 3-4 рӯз кор мекунем. То омодашавии як сару либоси пурра 10 рӯз заҳмат кашидан лозим меояд. Ин як санъати хос аст, ки ҳама гуна матоъҳоро намешавад барои омода кардан истифода кард. Ин ҳунарро ҳар кас наметавонад, ки анҷом диҳад, зеро он сире дорад. Гулбасти мо гулҳои ситораву моҳтоб дорад ва панҷаи одам низ дар он нақш карда шудааст”. Сафаргул Назарова яке аз занҳое, ки бо ин ҳунар рӯзғори хо-

наро пеш мебарад, мегӯяд, ки аслан ин ҳунарро занҳои хонанишин бештар аз худ мекунанд: “Ин касб заҳмати зиёд талаб мекунад, аз ин ҷост, ки мо бештар ҷамъ мешавем, сурудхонӣ мекунем, суҳбат мекунем, то хастагии хешро ҳис накунем. Ба гуфтаи ҳунармандон матои гулбаст на тарроҳӣ мегардад ва на қолабрезӣ. Ҳатто аксҳои моҳу ситора бар асари чолокона бастани кунҷу канори матоъ бо ресмони маҳин ҳосил мешаванд. Гулбаст маъмулан 3 ранг дорад. Онро ҷо ҷое мебанданд ва ба дег меандозанд ва чун як рангро гирифт, мегиранду риштаро хушк мекунанд ва матоъро баста ба деги дигар меандозанд. Рангҳои ситораву моҳтоб гунаи дигар пайдо мекунанд. Аз сӯи дигар, дар гулбаст аз ягон ранги кимиёвии ҷадид истифода намебаранд ва ҳатто ҳамчун сирре ҳаст ки ҳеҷ кас наметавонад, ки онро аз пеши худ омода кунад. Барои аз худ кардани он ҳатман онро аз ҳунарманде бояд омӯхт. Мӯниса ДОДОВА, “ҶТ”

КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КОЛЛЕҶИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН барои соли хониши 2018 – 2019 ба шўъбаи ғоибона қабули донишҷўёнро барои гирифтани ихтисоси дуюм (бо маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ) эълон менамояд. Ба шўъбаи ғоибона довталабон барои гирифтани ихтисоси дуюм (бо маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ) аз рўи ихтисоси муаллими тарбияи ҷисмонӣ бо тахассусҳои баскетбол, волейбол, футбол, намудҳои гуштин, варзиши сабук қабул карда мешаванд. Мўҳлати таҳсил дар шўъбаи ғоибона ду солу

шашмоҳро дар бар мегирад. Қабул тавассути сўҳбат сурат мегирад. Маблағи солонаи таҳсил 880 сомониро ташкил медиҳад. Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд: - ариза ба номи роҳбар ; - ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом). - маълумотномаи тиббӣ ( шакли 086У); - 6 дона расми андозаи 3х4; - шиноснома, билети ҳарбӣ ё гувоҳномаи ҳарбӣ; - маълумотнома аз ҷои зист ва ҷои кор;

- тавсифнома. Ҳуҷҷатҳо аз 5 август то 18 августи соли 2018 қабул карда мешаванд. Бо тартиби боло довталабон ба шўъбаи ғоибонаи филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бустони вилояти Суғд қабул карда мешаванд. Нишонии мо: ш.Душанбе, кўчаи Авесто 27. (охири хатсайри №52 ва хатсайри №8). Телефон : 907-14-83-86


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

13

Силии дарднок ба рӯи манфури ТТЭ ҲНИ моҳияти баргузории конференсия зери унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ » чунин аст

Зиракиро аз даст надиҳем! Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид доштанд, ки имрӯз танҳо халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд кардан доранд, ки «ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд». Имрӯз ҷаҳонро мушкилоти гуногун фаро гирифтааст, ки хатарноктаринаш густариши бесобиқа пайдо кардани зуҳуроти терроризм мебошад. Терроризм дар асри мо ба масъалаи рақами як табдил ёфта, натанҳо бар ҳар як кишвар, балки бар ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад. Мутаассифона, гурӯҳҳое ҳастанд, ки ин зуҳуротро дастгирӣ намуда, барои ташаккул ёфтани он мусоидат меукананд. Вале боз масъалаи дигари ташвишовар он аст, ки баъзе нафарон, бахусус, ҷавонону наврасон, аз ҷумла, аз кишвари мо ҳам ноогоҳона ба ин гурӯҳҳои даҳшатафкану аҳриманӣ шомил гардида, оила ва ватану миллати худро доғдор месозанд. Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда ва мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонон ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият, пеш аз ҳама, падару модарон бо мақомоти дахлдори кишвар барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи падару модарон низ зарур аст. Барои он ки шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад. Мо - омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳем. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби ҷомеа бедор намоем. Зеро заминаи аслии доман густурдани ин зуҳурот нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Танҳо мавқеи устувор дар баробари ҷараёнҳои номатлуб фазои зиндагии моро аз таҳдиди хатарҳо эмин нигоҳ медорад. Бахти баланди мост, ки дар кишвари боамну осоишта зиндагиву фаъолият дорем. Фарзандонамон дур аз даҳшатҳои ҷанг қарор доранду ба воя мерасанд. Имкони зиндагии шоиста ва таҳсил фароҳам гардидааст. Ҳаёти хушу хуррамонаи онҳо, бешак, ба беҳбудии зиндагии мо иртибот мегирад. Инчунин, дар замоне, ки дунё ба сурати кайҳонӣ пеш меравад, бояд қафо намонем. Ва ҳам омилҳои ҷаҳонишавиро, ки хавфу хатарҳои зиёд дар пай дорад, нодида нагирем ва тадбирҳои дурусту саривақтӣ биандешем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва омӯзиши илму ҳунар тарбия намоем ва ба ин васила барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту ваҳдат ва ободии диёри азизамон саъю талош варзем. Сайёра АЛИМОВА, омўзгори Коллеҷи техникӣ – омӯзгории н. Рӯдакӣ

Дигар далели бебаҳс аст, ки масъулини фирории ҳизби террористиву экстремистии фаъолияташ мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ бо «доди бегуноҳӣ» задан худро дар ақсои олам ба маънои томаш хандахариш намудаанд. Наҳзатиҳо бояд дарк намоянд, ки тақдир бинобар курдиливу нотавонбинӣ аз онҳо рӯ гардондаасту кӯшишу талошҳои “обсофкунак”-ҳояшон барҳадар аст. Дар маҷмӯъ, дафтари аъмоли наҳзатиҳои террорист ғанӣ аз нуқсону ҷиноят ва амалҳои ғайриинсонист, ки дар хориҷ аз кишвар низ ба он саҳфаҳои нав илова шуда истодааст. Худсафедкуниҳояшон зани сабукпоро, ки дар назди мизоҷони худ иддаои покдоман буданро дорад, ба ёд меорад. Ёдовар мешавем, ки 20 июли соли гузашта дар расонаҳо вобаста ба ворид намудани ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣэкстремистӣ ба Феҳристи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) матолиб нашр гардида буд. Дар он аз ҷумла зикр шуда буд, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ 29 январи соли 2016 мутобиқи Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломиро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилоти террористӣ ворид карда буд. Бо ин ибтикор СҲШ, ки 8 кишвари ҷаҳонро бо қаламрави умумии 3,4 млн. км. мураббаъ ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ дарбар мегирад, ташкилоти террористӣ будани ҲНИ-ро эътироф намуда буд. Хуб дар хотир дорам, ки баробари пахши ин иттилоъ ба пӯстини наҳзатиҳои террорист кайк даромада, тавассути «расона»-ҳои худ ба инкори ин иқдом даромаданд. Саволе пайдо мешавад, ки агар чунин набошад чаро наҳзатиҳо ин қадар сахт ба такопӯ медароянд?

Ҷомеаи Тоҷикистон шоҳид буд, ки қаблан низ сарварону аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ пайваста дар гӯши мардум сафсата мехонданд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба ҳизб фишор меоваранд, аъзои онро таъқиб мекунанд ва дар фаъолияти он монеа эҷод менамоянд. Ин анҷоми эътирофи наҳзатиҳо минҳайси террорист набуда, ин раванд бемайлон идома дорад. Якуми августи соли равон дар шаҳри Қоҳира Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ, омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-улмуслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом» доир гардид. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ҳамоиши мавриди назар зери васояти пажӯҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии «Ҳивор» ва ғайра баргузор шуд. Дар рафти он таърихи созмонҳои террористии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, шабоҳати вазъи сиёсии ин ду кишвар, муштаракот ва аҳдофи ягонаи ин созмонҳои террористӣ, сабабу омилҳои дастгирӣ ёфтани ин ташкилотҳои терорристӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ғайра баррасӣ гардид. Дар чорабинӣ аксу наворҳои бозгӯйкунандаи аъмоли нопоки ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ содиршуда, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, филми мустанади «Решаҳои ноаён» ба маъраз гузошта шуд. Муҳим он аст, ки дар ин ҳамоиш 150 нафар, аз ҷумла коршиносони соҳа, устодони факултетҳои сиёсии донишгоҳҳои Миср, пажӯҳишгарони сиёсӣ,

рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ, намояндагони корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва шабакаҳои телевизиони давлати Миср ширкат варзиданд. Тибқи иттилои дастрасшуда, натиҷаҳои конфронс қобили мулоҳиза буда, хулосаҳои он ба мақомоти давлатии Миср, аз ҷумла вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, адлия, Маҷлиси Шӯро ва корпуси дипломатии муқими ин кишвар ироа хоҳанд шуд. Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш миёни пажӯҳишгарони сиёсӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои Қоҳира ва Айн-ушШамс барои таҳия ва пешниҳоди кори илмӣ-тадқиқотии беҳтарин баҳри бозгӯӣ намудани аъмоли нопок ва аҳдофи муғризонаи ташкилоти террористии «Ихвонул-муслимин» ва ҲНИ озмун эълон шуда, ғолибон аз ҷониби Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ мукофотонида мешаванд. Тавре расонаҳо навиштанд, “ҳамоиши мазкур намунаи беҳтарини муттаҳидшавӣ ба муқобили терроризму экстремизм ва ҳамрайъӣ ба миллати тоҷик дар самти ифшо намудани симои душманонаи ТТЭ ҲНИ ва истифодаи он ҳамчун абзор аз ҷониби кишварҳои муайян, маҳсуб мешавад”. Ба андешаи инҷониб, аз лиҳози моҳият ин чорабинӣ силии дарднок ба рӯи манфури ТТЭ ҲНИ маҳсуб мешавад. Дар мавриди дастгириҳои Эрон ба ин ташкилоти террористӣ дилпурона мегӯям, ки он моҳияти мавсимӣ дорад, зеро дар олам касе ба садоқату самимияти охундҳои эронӣ бовар надошту надоранд. Барои манфиати хеш ба як фулус фурӯхтани «эрка»ҳое назири ҲНИ барои онҳо падидаи маъмул ва амри муқаррарӣ буда, он рӯз дур нест... Алиҷон САФАРОВ


14 Мошини сабукрав ҳамин ки аз дарвозаи ҷанубии пойтахт берун шуд, ронанда суръати ҳаракатро батадриҷ зиёд кард. Ӯ, ки чанд сол аст дар ин хатсайр машғули мусофиркашонист фикри мизоҷонашро хуб медонад: агар онҳо ҷавон бошанд, ҳатман талаб мекунанд, ки босуръат ҳаракат кунад. Агар мусофиронаш нафарони солманду рӯзгордида бошанд, равиши мошинро муътадил карда, барояшон ҳатман фитаи сурудҳои шодравон Одина Ҳошимро мемонад. Сини ронанда кайҳо аз шаст гузашта бошад ҳам, қоматаш рост, бозувонаш баланд ва овозаш боқувват аст. Мӯйи сафед, чашмони гирди сиёҳ ва абрӯвони ғафси хамидааш ба вай салобат мебахшанд. Ҳарчанд ба зоҳир марди камгапу ҷиддӣ намояд ҳам, ҳини суҳбат чунон самимиву хушгуфтор аст, ки мехоҳед ҳамеша риштаи сухан ба дасти ӯ бошад. - Ху-у-уш бачаҳо, ҳамин хел хапу хомӯш меравем? – аз оинаи пеши рӯяш ба мусофирон нигариста, пурсид вай. – Ба бахти шумо имрӯз магнитофони мошин иллат пайдо кардааст, кор намекунад. Биёед, суҳбаткунон равем, то дар ин роҳи дароз дилгир нашавем. Чи гуфтед? Мусофирон розӣ шуданд. Онҳо, яке марди зардина бо чашмони калон-калони сабз ва рӯи донакчадори сурх ва ду ҷавони 20-25-солаи гандумранг, ки аз чеҳраҳои офтобхӯрдаашон маълум, ки куҷое заҳмат мекашанд. - Номи ман Каримхон. – худро шинос кард ронанда. - Даҳ сол мешавад бо ҳамин касби мусофирбарӣ зиндагиро пеш мебарам. Се фарзанд дорам. Ду писару як духтар. Ҳамаашон зиндагии мустақил, хонаву дари ҷудо доранд. Ману модарашон ва як набераи хурдсолам ҷудо зиндагӣ мекунем. Корамон ҳамин... Аз хона саҳар мебароем, бегоҳ медароем... Пас аз чанд дақиқа хомӯшӣ ронанда аз оина ба қафо нигариста савол дод: - Шумо, бачаҳо чикораед? - Устоӣ мекунем, амак... - Аз Русия гаштед? - Не, аз Хуҷанд. - Ягон сохтмон буд? - Ҳа, бому обравҳои як беморхонаро дуруст карда супоридем. Барои сохтани боми як мактабу як боғчаи кӯдакона ҳам супориш гирифтаем. Пас аз як ҳафта бармегардем. Ронанда ҳарчанд аз оина ба қафо, ба мусофири дигар менигарист, ҷуръати гап кушодан намекард. Зеро марди миёнсоли зардина хаёливу ғамдор аз оина ба берун менигарист. “Дақиқ фикраш ба чизе банд аст. Шояд мушкиле дорад…”, – аз дил гузаронд ронанда. Мусофири дигаре, ки паҳлуи ронанда менишаст худро муаррифӣ кард: - Ман духтури дандонам. Дар шаҳр дар як поликлиника кор мекунам. Боз дар донишгоҳи тиббӣ ба шогирдон дарс медиҳам. Гоҳо вақт ёфта, деҳа ба аёдати хешу пайвандон меравам... - Ман... нав аз турма баромадам. – ғайриихтиёр ба гап даромад мусофири зардина. – Номам Ҷамшед. Ҳамсафаронро як лаҳза ҳайрату тааҷҷуб фаро гирифта бошад ҳам, боз ба ҳарфҳои гӯянда мутаваҷҷеҳ шуданд. Ронанда пурсид: - Бо чӣ нишастӣ? - Бо наркотик, - кӯтоҳ ҷавоб дод мусофир. - Чанд сол доданд? - 9 сол, 6 сол шиштам, 3 сол амнистия карданд... - Насиб бошад, хона равонӣ? Ҷамшед каме хомӯш истода, боз кӯтоҳ ҷавоб гардонд:

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

НАСР - Ҳа, ҳамин хел... Дарвоқеъ ӯ ба хонаашон, ба манзили падариаш мерафт, лек чандон бовар надошт... Вақти дар маҳбас будан хабар ёфт, ки хонаашон аз даст рафтааст... Тирамоҳ ҳукм дошт, атроф ҳама ҷо зарду заъфарон. Кам-кам насими сард мевазид. Роҳи мусофирон ҳоло дароз буд. Ҷамшед ба нақли сарнавишти худ шуруъ кард. Ҳамсафаронаш сокиту ором ба ӯ гӯш медоданд. *** Ҷамшед баробари хатми мактаб на чун бисёре аз ҳамсолони худ орзуи таҳсил дар мактаби олиро кард, балки ба мисли

ни фарзандаш шод буду дуои ҷони домоду духтарашро мекард, ки бо даъватҳои онҳо ҷигарбандаш баргаштааст. Пас аз он ки як-ду ҳафта аз омадани Ҷамшед сипарӣ шуд, духтар ва домодаш бо пиразан маслиҳат карда, Ҷамшедро мудири анбори нуқтаи фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ таъин карданд. Роҳбар ҳамон рафиқи язнааш буд. Шаш ё ҳафт моҳ кор кард Ҷамшед, музди меҳнати хуб мегирифт. Аз равиши кор ҳам розӣ буд, зеро кор барояш чандон вазнинӣ надошт. Вале аз куҷо медонист ин ҷавони бетаҷриба, ки зиндагӣ якранг идома намекунад. Гоҳо инсонҳо асири нафси бади худ гаш-

Овора ва зиндонӣ ҳикоя

ҷавонони зиёди дигар ҷиҳати кор ба Федератсияи Русия рафт. Дар он ҷо ҳарчанд музди меҳнаташ баланд набошад ҳам, кор пайдо кард. Ва ҳамин тавр чанд сол дар муҳоҷират монд. Азбаски ӯ дар оила ягона писар буду апааш барвақт оиладор шуда зиндагии мустақил дошт, модарашон дар хона танҳо монд. Падар айёме аз дунё гузашта буд, ки Ҷамшед якунимсол дошт. Апааш, ҳамин тавр, зуд-зуд телефон карда талаб менамуд, ки омада бо ягон духтар оиладор шавад ва модари пирашонро нигоҳубин кунад. Вале Ҷамшед ҳар дафъа омаданро ба вақти дигар мегузошт. То ин ки солҳо сипарӣ шуданд. Як сабаби Ҷамшедро зиёд ба ватан даъват кардани вай он буд, ки шавҳараш як нуқтаи фурӯши маҳсулоти сохтмон кушода, мехост идораи онро ба Ҷамшед вобаста кунад. Ин нуқтаи фурӯшро ӯ бо яке аз дӯстони тоҷираш тариқи шарикӣ кушода буд. Ӯ худ корманди мақомоти иҷроияи шаҳр маҳсуб меёфт ва барои мақомдор машғул шудан ба фаъолияти тиҷоратӣ иҷозат набуд. Барои ҳамин мехост дар ҳуҷҷатҳо худашро не, додари ҳамсараш Ҷамшедро дар қайд гузаронад. Ин буд, ки дар фурудгоҳ апаву язнааш Ҷамшедро бисёр хуб пешвоз гирифта ба хона оварданд. Модари мунтазир аз дида-

та, мехоҳанд, ки ҳар чи бештар сармоя ба даст оранд. Язнаи Ҷамшед ва рафиқаш низ ба асорати нафс афтода, дар фикри боз ҳам бештар ёфтани пули зиёд шуданд... Як қисми маҳсулоти сохтмоние, ки онҳо ворид мекарданд аз Афғонистону Покистон меомад. Албатта, чун Афғонистон мегӯӣ аввал тиҷорати сиёҳ ё қочоқи маводи мухаддира пеши рӯй меояд. Инҳо низ ба тиҷорати маводи мухаддир майл пайдо карданд. Одамоне ёфт шуданд, ки аз он тарафи марз “мол”-ро мефиристоданд. Инҳо аз ин тараф дастрас ва пул мекарданд. Соҳиби мол ҳақи худро мегирифту инҳо ҳиссаи худро. Ин шеваи корбарӣ чанд вақт боз идома дошт, касе намедонист. Вале ҳамон рӯзе, ки Ҷамшедро ба сифати роҳбар ба сарҳад барои қабули мошинҳои пур аз маҳсулоти сохтмонии аз Покистон омада равон карданд, ба даст афтод. Вақте бори тамоми панҷ мошинро мусодира карданд, Ҷамшед намедонист, ки чи гап аст. Чун дастонашро завлона зада, бор карда бурданд ва гуфтанд, ба қочоқи мухаддирот машғул аст, ба ҳайрат афтод. Бовараш наомад. Чанд муддате, ки дар боздоштгоҳ қарор дошт, язнааш ҳамроҳи апааш хабар гирифта мегуфтанд, ки нофаҳмӣ шудааст ва ба зудӣ ӯро озод мекунанд. Вале ин тавр нашуд ва онҳо – зану шавҳар, апаву язнаи Ҷамшед медонистанд, ки ҷавон бояд

чанд сол ҳабс шавад. Рӯзҳо тӯл мекашиданд ва Ҷамшед торафт ноумед мегашт. Ин дафъа язнаву апааш омада, гуфтанд, ки чанд сол аз озодӣ бояд маҳрум шавад. Бигузор мурофиа барпо шавад ва Ҷамшед бидуни ягон эътироз ҳукмро қабул кунад. Пас аз мурофиа ҳамаашро ба зудӣ ҳал мекунанд. Ҷамшед ҷиноятро ба зимма гирифт. Ҷиноятеро, ки тамоман аз он хабар надошт. Балки ҷурмеро ба гардан гирифт, ки кори зишти язнааш ва рафиқи ӯ буд. Язнааш медонист, ки агар шарикашро барои пурсиш даъват кунанд, асрори ӯ низ фош ва паси панҷара меравад. Бинобар ин маҷбур шуд корро яктарафа ҳал, яъне Ҷамшедро қурбон намояд. Вале язнаи Ҷамшед на танҳо ӯро аз маҳбас озод накард, балки давоми ин қадар соле, ки ӯ пушти панҷара буд, боре ҳам ба суроғаш нарафт. Апааш мерафт гоҳ-гоҳ ба аёдаташ. Ҷамшед чун фаҳмид, ки дар фикри озод кардани ӯ нестанд, дигар аз дидани апааш ҳам даст кашид. Шаш солро дар маҳбас гузаронд. Дилаш ягона барои модараш хун буд, ки пиразан азоб кашидааст. Ҷавон аз куҷо медонист, ки тӯли ин солҳо модари пир аз ранҷу ғамҳои писар аввал бемори бистарӣ шуда, баъд тарки дунё кардааст. Аммо чи мегӯед, ки бадбахтии баъзеҳоро баъзеи дигар фурсат ҳисобида, ба фоидаи хеш истифода бурдан мехоҳанд. Домоди пиразан, ки соҳибмартаба буд, рӯзҳои охири умри вайро фурсат дониста, ҳавлиро ба номи духтари вай, яъне ҳамсари худ гузаронд. Ҳавлӣ акнун моликияти апаи Ҷамшед шуда буд. Аҷиб ин ки якуним моҳ баъди даргузашти модари Ҷамшед ба ҳавлӣ харидор ҳам ёфт шуд. Азбаски ҳавлӣ назди роҳи калон ҷойгир буд, тоҷире хост онро харида, дар ҷояш маркази бузурги тиҷорат бунёд созад. Дар ибтидо апааш ба кор розӣ нашуд. Ниҳоят ваъдаҳои зиёди шавҳар, ки болои пули ҳавлӣ пул зам карда, дар пойтахт ҳам барои худашон хона мехаранд, ҳам барои Ҷамшед, ӯро ба фурӯши манзили падарӣ водор сохт. Дар ҳақиқат онҳо аз ноҳия ба шаҳр рафта, хонаи нав хариданд, вале танҳо барои худ. Гӯё Ҷамшед, ки аз маҳбас озод шуд, тибқи хости дилаш манзил интихоб мекунад ва онҳо хонаро харида барояш медиҳанд. Ба замми хонаи нав, язнаи Ҷамшед дар шаҳр бо кадом воситае вазифаи баландтар ҳам гирифт. Аммо онеро, ки як дафъа нафсаш фиреб додааст, боз ҳам фиреб медиҳад... *** Ронанда мусофиронашро фаровард. Ҷамшед суроғаи маҳаллаашонро ба ронанда гуфта, хоҳиш кард, ки ӯро ба он ҷо барад. Ронанда чун Ҷамшедро ба ҷойи даркориаш расонд, мошинро пас гардонд. Вале Ҷамшед дуру дароз ба иморати сеқабата, ки дар пештоқаш лавҳае бо навиштаи “Маркази савдо” овезон буд, нигоҳ карда монд. Аз ҳавлии онҳо нишоне набуд. *** ...Ва рӯзи сеюм буд, ки ба гурӯҳи оворагон нафари нав ҳамроҳ шудааст. Ин марди камгушти лоғарбадан кунҷе маъюс нишаста, бо ҳамқисматонаш ёрои суҳбат надорад. Онҳо низ ӯро ба ҳоли худ гузоштаанд. Ҳар гоҳ худаш хост, гап мезанад, гуфтанд. Ҷамшед ба як нуқта чашм дӯхта, ба андеша рафтааст. Ӯ хабар надорад, ки ҳамин ҳоло язнаашро бо ҷурми калони ришваситонӣ ва аз худ кардани маблағи давлат 15 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд... Башир УСМОН, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

НАВҚАЛАМ

Дифоъ аз фарҳанг кунем Мардуми тоҷик дорои ҳунарҳои гуногун буда, дар миёни дигар қавму миллатҳои минтақа ва ҷаҳон бо фарҳангу таърихи бойи худ мефахрад. Тоҷикон ин фарҳанги волоро тули асрҳо побарҷо нигоҳ дошта, то имӯрӯз онро нигоҳубин ва густариш дода истодаанд. Агар рӯ ба таърих оварем, шоҳиди он хоҳем шуд, ки чандин маротиба душманони халқу миллати тоҷик ба аҷдодони мо зулму ситамро раво дида, хоҳони нест кардани фарҳанги моро кардаанд. Вале халқу миллати тоҷик фарҳанги худро ба қимати ҷон ҳифз намуду ба гузаштагон ба мерос гузошт. Миллати тоҷик аз қадим фарҳангдӯсту меҳнатдӯст буда, ҳамеша дар роҳи аз худ кардани касбу ҳунар мебошанд. Ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик дар тӯли асрҳо то ба ин дам омада ва дар замони муосир, ки замони пешрафти техника ва технология аст, боз ҳам рушду нумӯъ намуданд. Дар замони муосир, ки пур аз моҷароҳо дониста шудааст, пуштибонӣ аз фарҳангу миллат хеле мушкил ва муҳим мебошад. Раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ба рӯҳу равони инсонҳо таъсир намуда, башариятро водор менамояд, ки фарҳанги бегонаро пайгирӣ намояд. Як хатоӣ ва беаҳмиятии кӯчак метавонад, зарари бузурги фарҳангӣ ворид намояд. Фарҳанги Ғарб, ки як қишри аҳолии кураи замин онро нек пазируфтааст, оҳиста-оҳиста ҷаҳони фарҳангро ғасб карда, сабаби аз байн

рафтани қисми фарҳанги ҷомеаи мутамаддин гашта истодааст. Ҳамзамон, пешрафти техника ва технология ҳунарҳои дастиро наздик ба фаромӯшӣ бурдааст. Зеро аксари ҳунарҳое, ки мардум бо заҳмату меҳнат ва дастони моҳири худ эҷод мекарданд, имрӯз тариқи таҷҳизотҳо ба роҳ монда мешаванд. Бояд донист, ки фарҳанг яке аз рукнҳои таърихӣ будани халқу миллат ба шумор меравад. Ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як фарди ватандӯст аз фарҳанги бойи миллати худ дифоъ намояд. Зимнан мо бояд пайравӣ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем. Чун Пешвои миллат имрӯзҳо аз фарҳангу ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик ҳамаҷониба дифоъ намуда, баҳри эҳёи дубораи онҳо тамоми чораҳоро роҳандозӣ намудаанд. Эълони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нишонаи волои ин эҳёсозиҳост. Моро мебояд, ки чусту чолокиро аз даст надода, дар пайравӣ бо Сарвари давлатамон фарҳангу ҳунарҳои мардумии хешро аз нав эҳё намуда, нагузорем, ки фарҳанг ва ҳунарҳое, ки таърихи ҳазорсола доранд, аз даст равад. Балки муаррифгари миллати мо дар ҷаҳон гарданд. Далер САФАР, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”

Ба орзу расидан аз талош аст Аз ҳама махлуқи муқаддаси Худованд инсон ба шумор меравад. Худованд пеш аз оне, ки инсонро офарад барои ӯ ҳама шароитро муҳайё сохт, то ки бандааш дар зиндагӣ ранҷу машаққат накашад ва ба мушкилиҳо дучор нашавад. Ҳама махлуқоти дигаре, ки пеш аз инсон офарида шуданд, метавонанд зери фармони инсон бошанд. Яъне, одам қисми зиёди офаридаҳои илоҳиро зери фармони худ дароварда метавонад ва дар корҳои рӯзгор аз онҳо истифода мебарад. Ба хотире, ки инсон ҳамаи ин амалҳоро иҷро карда тавонад, Худо ба вай ақлу шуур ва заковат дод. Ва маҳз ҳамин бартариҳост, ки инсон аз ҳайвон ва дигар махлуқоти олам фарқ мекунад. Табиати исон бисёр аҷиб аст. Ӯ агар кӯшиш кунад, ба ҳама ҳолат худро мутобиқ гардонда метавонад. Инсонро шуур, ақл ва забон аз дигар офаридаҳои Худованд ба фарқ мегузорад ва истифодаи дурусту бомавриди онҳо дар ҳаёт инсонро ба қуллаҳои баланд мерасонад. Имрӯз боақливу донишмандии инсонҳост, ки дунё то ба дараҷаи

кайҳонӣ пеш рафтааст. Аммо на ҳама одамон метавонанд, ки ақлу иродаи худро дуруст истифода баранд. Бешак, ин ҳама аз кӯшишу заҳмати шахс вобаста аст. Чун ҳарки талош мекунад, дар зиндагӣ муваффақ мешавад. Дар воқеъ ҳар фарде, ки дар ҳаёт заҳмату талош меварзад, метавонад нафари шинохта ва муваффақ бошад. Агар мо ба зиндагии шахсони муваффақ назар кунем, ҳаёти гузаштаи онҳоро биомӯзем, маълум мешавад, ки барои ба чунин мартаба расидан, бисёр машаққат кашидаанд ва мушкилиҳои ҳангуфтро паси сар кардаанд. Пӯшида нест, ки зиндагӣ худ заҳмат аст ва бузургон низ беҳуда нагуфтаанд, ки бе заҳмат чизе ҳосил намешавад. Агар ҳар як ҷавон дар ҳаёти худ мақсаду ҳадаф дошта бошад, ба заҳмат кашидан худро мутобиқ гардонад, пас метавонад пайроҳаи пурпечутоби зиндагиро убур намуда, комёб шавад. Ҳар як шахс мехоҳад зиндагии хуб, ҳамсари меҳрубон, пулу сарват ва дӯстони зиёд дошта бошад. Албатта дар назари

аввал ба даст овардани ин ҳама бисёр мушкил метобад, аммо истифодаи дурусти вақт, шууру ақл дар зиндагӣ моро ба ҳама дилбастагиҳоямон мерасонад. Ақлу иродае, ки Худованд ба мо додааст, метавонем чизҳоеро аз худ намоем ва ё корҳои зиёдеро ба анҷом расонем. Дар ин бобат мутафаккири бузург Виктор Гюго чунин гуфтааст: “Рафторҳои мо метавонад, моро то фалакҳо бирасонад ё ба чуқуриҳои бетаг ҳаво диҳад”. Пас, чаро барои муваффақ шудан кӯшиш накунем? Шояд мекунем, аммо дар нимароҳ ноумед мешавем. Ноумедӣ аз куҷо пайдо мешавад, намедонем. Аммо маълум аст, ки аз куҷо, аз шахсони гирду атроф. Баъзан мо ба муваффақият наздикем, лекин аз мақсади худ даст мекашем. Ба худ бовар намекунем ва барои комёб шудан дигар талош намеварзем. Агар нафаре бошад, ки моро рӯҳбаланд гардонад, роҳ нишон диҳад, дар чунин ҳол зуд ба мақсад хоҳем расид. Умедҷони КАРИМХОН, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ

15

Дар асри ХХI инсоният рӯ ба рӯи як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори дастаҷамъонаи ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Ин мушкилотҳо асосан масоилҳои амнияти аҳолии сайёраи Замин, шиддат гирифтани терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва ҷангзада, афзоиши яроқи қатли ом дар кишварҳои пешрафта, норасоии оби ошомидании аз ҷиҳати санитарӣ тоза, норасоии маводи озуқа, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масоили демографӣ, афзоиши босуръати аҳолӣ дар кишварҳои қашшоқ ва коҳишёбии он дар кишварҳои пешрафта чун- Русия, Канада, ИМА ва дигар давлатҳо, поймол гардидани ҳуқуқҳои инсон дар мамолики гуногуни олам ба монанди Сурия, Ироқ, Афғонистон ва ғайра мебошанд.

Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масоили об Имрӯз як қатор созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар паи рафъи мушкилотҳо фаъолияти худро равона намудаанд. Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун созмони сатҳи байналмилалӣ аз замони таъсисёбиаш (1945) то имрӯз барои муттаҳид сохтани беш аз 193 давлатҳои ҷаҳон дар пайи ба амал баровардани барномаҳои сатҳи байналмилалии ҳалли мушкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолият дорад. Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола, ки соли 2000 дар Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид то соли 2015 қабул карда шуда буд, аз зумраи аввалин барномаҳои мукаммали давлатҳои аъзои ин созмон дар самти ҳалли мушкилиҳои умумисайёравӣ ва рушди суръатноки давлатҳои аъзо дониста мешавад. Моҳи августи соли 2015 193 давлати аъзои Созмони Миллали Муттаҳид ба хулосае омаданд, ки ҳадафҳои мазкурро “Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030” унвон диҳанд. Давлатҳои аъзо қарор қабул намуданд, ки Саммити Созмони Миллали Муттаҳид оди қабул намудани марҳилаи нав дар доираи рушди устувор бо 17 ҳадаф дар Ню-Йорк 25-26 сентябри соли 2015 гузаронида шавад ва маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералӣ дар сатҳи баланд доир карда шавад. 25 сентябри соли 2015 дар Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо иштироки Пешвоёни сиёсии ҷаҳон, сарони давлатҳо, ҳукуматҳо бо тарафдории марҳилаи нави рушд пас аз соли 2015 – ро қабул намуданд. Ҳуҷҷати мазкур се нуқтаи асосиро фарогир аст: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ. 17 ҳадафи байналмилалӣ низ дар доираи онҳо тартиб дода шудааст. Дар доираи 17 ҳадаф 169 масъаларо ҳуҷҷат фарогир аст. Он аз 1 январи соли 2016 ба амал бароварда шудааст ва 31 декабри соли 2030 фаъолияти он ба анҷом мерасад. Тибқи талаботи ягонаи ҳуҷҷат, давлатҳои аъзо стратегия, нақша ва барномаҳои худро барои рушди устувор тартиб дода, амалӣ мегардонанд. Ҳадафҳои Рушди Устувор нақши ҳушдоркунандаро дорад, ки мамлакатҳоро водор мекунад, ки сайёраи худро бо дарки масъулияти ҷиддии умумисайёравӣ дошта, ҳимоя намоянд. Дар доираи таҳияи стратегия, нақша ва барномаҳои дохилидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид, стратегия, нақшаҳо ва барномаҳои давлатиро дар доираи ҳадафҳои он ҳамоҳанг намудааст. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ дар асоси талаботи ягонаи Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия ва қабул гардидааст, ки се принсипи асосӣ, аз ҷумла пешгирии осебпазирии рушди оянда, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ, рушд- дар асоси навовариҳо дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ иқтисодии кишварро дар бар мегирад. Дар ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20162020” ворид шудаанд, ки нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида

истодаанд. Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, дар солҳои 2018-2020 бо ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар заминаи ҳуҷҷатҳои дар Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз мушкилотҳои сатҳи глобалӣ, ки бо нишондиҳандаҳои оморӣ охири асри 20 ва аввали асри 21 ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он танқисӣ мекашанд, ташаббус нишон дода истодааст. Ин мушкилот ба масъалаи норасоии оби ошомиданӣ равона гардидааст. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи понздаҳсоларо аз худ кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони аъзошавӣ ба Созмони Миллали Муттаҳид якчанд ташаббусҳои сатҳи глобалӣ дар масоили марбут ба об намудааст, ки се ташаббусҳои пешини он ин соли 2003 “Оби тоза”, солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 “Ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар масоили марбут ба об” дар доираи барномаи байналмиллаии “Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола” ва ташаббуси навбатӣ даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар доираи барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор пешниҳод гардида, аллакай барнома аз 21 марти соли 2018 ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз намуд. Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти ҳадафи ҳамкорӣ ба хотири дастёбӣ ба идоракунии устувор ва истифодаи оқилонаи захираҳои об таҳия гардидааст. Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ин иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар ин соҳа мебошад. Дар асоси тадқиқотҳои анҷомдодашуда, ҷиҳати муайян намудани нақш ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар атрофи ҳамгироӣ ва татбиқи барномаҳои байналмилалӣ хусусан Ҳадафҳои Рушди Устувор бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва башарӣ, ба он дастёб гардидан мумкин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон модели фаъоли доиранокеро пешниҳод намудааст, ки танҳо бо ташаббусҳои масоили марбут ба об доштаи дар сатҳи глобалӣ, ҳамаи ҳадафу мақсадҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос намудааст, хусусан атрофи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки татбиқ намудани ҳадафҳои гузошташудаи барномаҳои дар самти масоили марбут ба об буда, пурра ба он равона гардидааст. Аз ин нуқтаи назар, пас аз марҳила ба марҳила амалишавии ҳадафу мақсадҳо итминони комил меравад, ки дар ҷамъбасти Декларатсияи байналмилалии Ҳадафҳои Рушди Устувор саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фоизи баланд нишон дода мешавад. Албатта, ин ташаббусҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешравиҳои бузургеро имконпазир мегардонад.

ТОИРЗОДА С, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №32 (9562), 09.08.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома

√ АНДАРЗ

Як моҳи умр

АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

Марде бо занаш ҳеҷ муросои хуб карда наметавонад. Дар хона ҳар рӯз аз сабаби чизҳои одӣ моҷаро мехест. Мард безор шуда, аз ҳамсар ҷудо шудан хост. Пас барои маслиҳат назди нафари оламу одамдида, соҳибэҳтиром ва парҳезгору порсое раҳсипор мегардад. Чун аз саргузашти мард огоҳ мегардад, порсо мегӯяд: - Акнун ҷудо шавӣ ҳам тағйироте нахоҳад шуд. Зеро аз умрат танҳо як моҳ мондааст. Мард аз шунидани чунин суханон ба даҳшат афтида, манзили порсоро тарк мекунад. Дар кӯча шиносу наздиконро дида, розигӣ мепурсад. - Ҳой занак! Маро бубахш, ин қадар вақт туро ранҷондам, шавҳари хуб нашудаю ҳақатро риоя карда натавонистам. Маро бубахшу аз ман розӣ шав, - мегӯяд ба ҳамсараш дар хона. “Тавба, ба ин одам чӣ шуда бошад”, ба дил меандешад зан ва ҳис мекунад, ки гуфтори ӯ самимист, раҳмаш омада чунин посух медиҳад: - Не, мардак, дар асл шумо розӣ шавед. Ман доим беодобӣ карда, шуморо зиёд ранҷондаам. Аз чунин гуфтор қалби ҳар ду нарм гашта, чашмонашон ашколуд мегардад. Баъдан рӯзгорашон ранги дигар

мегирад. Дар сулҳу салоҳ, шодию фараҳ бо ҳам зист доштанд. Лек мард ба занаш дар бораи гуфтаҳои он марди порсо ҳарфе намегӯяд. Ҳамин тавр, мард рӯз ҳисоб карда, амалҳои некро бештар анҷом медиҳаду шабҳоро бо ибодат поён мекунад. Моҳе сипарӣ мегардад, лек ҳеҷ не ки марг ӯро домангир шавад. Боз каме интизор шуда, пасон назди марди порсо равон мешавад. - Узр, ман то ҳол намурдаам, - лаб во мекунад мард. - Мурдан чаро? - мегӯяд порсо. - Охир, аз умрат як моҳи дигар мондааст, гуфта будед-ку? - Бародар, ман кай мурданатро намедонам. Лекин медонам, ки мурдан ҳақ аст. Як рӯз не, як рӯз, албатта мефавтӣ. Одам набояд бо ҷанҷолу низоъ ҳаёташро заҳролуд кунад. Аз ҳаёти ҳозираатон розӣ ҳастед? - Албатта, рӯзгори хушу хуррам дорем. - Набошад, ҳамин тавр давом диҳед. Муаммоҳои зиёди рӯзгор сабаби фаромӯшсозии ҳақ будани марг аст! Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

АСАДУЛЛО ҒУЛОМОВ

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Ишқи бе никоҳ умри дароз надорад. ******** Шабу ишқу шароб хоҳишҳои андакро бедор намекунад: Шаб шармро меронад, ишқу шароб беҷуръатиро. ******** Рашк ба қавитарин ишқ зарбаи марговар мезанад. ******** Андешаи ба зан рӯирост гуфтани камбудиҳояшро аз сар бадар кун. ******** Ишқи пирӣ рӯ ба расвоӣ. ******** Танҳо бо зебогӣ ишқро сазовор шудан имкон надорад. ******** Ишқро бо дармонгиёҳ табобат намекунанд. ******** Танҳо вақт аст, ки дарди ишқро дармон мебахшад. ******** Самари мамнӯъ ширин аст. ******** Шуғл ба хислат асар мегузорад. ******** Ҳалимӣ хоси инсон, ғазаб хоси ҳайвон. ******** Гиря низ гоҳо роҳат дорад. ******** Иззат манфиат меоварад. ******** Нодор дар ҳама ҷо хор аст. ******** Аз машаққати интизории марг дида марг авлотар аст. ******** Мехоҳам марг маро ҳангоми меҳнат дарёфт кунад. Овидий Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3997 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.