Javononi Tojikiston #32 (9354), 7.08.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

1

№32 (9354),

7 августи соли 2014

ДИҚҚАТ! АМАЛИЁТИ ОММАВИИ “БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!”

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша баҳри ҷалби ҷавонон ба мутолиаи китоб тадбирҳои судманд меандешад. Чунончӣ, таъсиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ яке аз калонтарин китобхонаҳо маҳсуб меёбад, баҳри машғул шудани ҷавонон ба китобхонӣ ва анҷом додани корҳои тадқиқотӣ имконияти васеъ фароҳам овардааст. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба хониш ва нигоҳдории китоб ва бо ин васила ҳидоят сохтани онҳо ба фаро гирифтани илму маърифат, ахлоқи ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва худогоҳию поктинатӣ 12 августи соли равон дар Боғи устод Рӯдакӣ Амалиёт (ҳамоиш)-и оммавии “Биёед, китоб мехонем!” баргузор мекунад. Ҳадаф аз баргузории амалиёт истифодаи самара-

ноки вақтҳои холигии наврасону ҷавонон зимни ҷалби онҳо ба хониши китоб дар айёми таътили тобистона ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз бекоргардию амалҳои номатлуби ҷамъиятӣ, ҷамъоварии китобҳои мутолиашудаю бекорхобида ва дастрас гардонидани онҳо ба китобхонаҳои ноҳияҳои дурдасту ниёздоштаи мамлакат, муассисаҳои ислоҳотӣ ва қисмҳои низомии кишвар мебошад. Дар ин рӯз ба ҷавононе, ки ба Боғи устод Рӯдакӣ

e-mail: javonontj@mail.ru

Биёед, китоб мехонем!

меоянд, ройгон китобҳои бадеӣ ва шумораи нави рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” тақсим мешавад. Бинобар ин, аз шаҳрвандоне, ки мехоҳанд китоби бекорхобидаашон ба дӯстдорони китоб бирасад, ба рақами телефони зайл тамос бигиранд: 224-80-59. Хуб мешуд китобҳо бо фарогирии мавзуоти зерин дастраси волонтёрон гардад: - корнамоию қаҳрамониҳои ниёкон; - тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ; - эҳтироми падару модар ва дигар наздикон; - таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ; - оиладорӣ ва таҳкими дӯстӣ; - ишқу муҳаббати самимӣ ва ғайра. Шояд китобе, ки солҳо дар ҷевони Шумо бекор хобидааст, боиси аз роҳи бад гаштани ҷавоне, ба зиндагӣ дилгарм шудани рӯҳафтодае ва соҳиби ахлоқи ҳамида гаштану ҳидоят ёфтани фиребхӯрдае гардад. Марҳамат ба Боғи устод Рӯдакӣ! Шуморо, инчунин, чорабиниҳои шавқовари фарҳангӣ интизор аст.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

2

ҲАМКОРӢ

ҶАЛАСА

Омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ 4 августи соли равон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи васеи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он нахуст рафти баргузории нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки охири моҳи сипаришуда дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе доир гардид, натиҷагирӣ шуд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чанг Унг 6 августи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии таэкван-до (ITF), раиси Кумитаи намудҳои якҳарбаи Ассотсиатсияи генералии федератсияҳои варзишии “GAISF” Чанг Унгро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон доир ба таэквандо (ITF) дар Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Чанг Унг ба омодагии Тоҷикистон барои ташкил ва гузарондани ин чорабинии муҳими варзиши ҷаҳонӣ баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва масъулони соҳа арзи сипос намуд. Ҳамчунин, ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар ин бахши варзиш, ки дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ натиҷаҳои хеле баланд нишон медиҳанд, баҳои сазовор дода шуд. Дар охири мулоқот ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон камарбанди сиёҳи дани 9 бо сертификати он ва кимано супурда шуд. Хотиррасон бояд намуд, ки камарбанди сиёҳи дани 9 дар низоми таэкван-до аз ҳама қуллаи баландтарин ба ҳисоб меравад.

ҶАШН

Сипас, аъзои кумитаи тадорукот масоили марбут ба рафти омодагиҳо ба ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки даҳаи дуюми моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад, баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар чорабинӣ дар қатори сарони давлатҳои аъзои созмон, инчунин, иштироки роҳбарони дигар давлатҳои минтақа, ки кишварҳояшон дар назди созмон мақоми нозир ва мушоҳид доранд, дар назар дошта шудааст. Бо назардошти муҳимияти чорабинии мазкур Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои дар сатҳи баланд ва бо омодагии ҳамаҷониба баргузор намудани ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба аъзои кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин, тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ доданд, бо мақсади

иҷрои банди 33-и Нақшаи чорбиниҳои асосӣ оид ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2013-2014 Нақшаи чорабиниҳои баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай тасдиқ гардидааст, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани он дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.

Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай 17-23 августи соли равон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ” воқеъ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст. Дар он наврасони солҳои таваллудашон 1997-1998 имкони ширкат кардан доранд.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

ОБОДОНӢ

Амалиёти ҷавонон оид ба 100 рӯзи ободонӣ

Таҷлили Рӯзи ҷавонони ИДМ дар Калуга

e-mail: javonontj@mail.ru

21-27 июли соли равон дар шаҳри Москва ва вилояти Калугаи Федератсияи Русия лагери байналмилалии ҷавонон, таҳти унвони «Рӯзҳои ҷавонони иттиҳод» доир гашт. Ташаббускор Созмони байналмилалии «Содружество», Оҷонсии федералии кор бо ҷавнони Русия ва Вазорати маориф ва илми Русия буданд. Дар лагери мазкур қариб 70 ҷавони фаъол аз 17 кишвар, аз ҷумла, Укрина, Белорус, Арманистон, Озарбойҷон, Литва, Эстония, Латвия, Абхозистон ва ғайра ширкат доштанд. Қобили зикр аст, ки гурӯҳи ҷавонони тоҷик низ дар чорабинии мазкур ширкат варзида, зимни барномаи шоми фарҳангӣ иштирокчиёнро бо фарҳангу таърих ва тамаддуни миллат ошно сохтанд. Хони оростаи тоҷикистониён аз ҳама беҳтарин дониста шуд. Махкамбой Гулов, мутахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе мегӯяд, иштирок дар лагери мазкур барояш таассуроти амиқ бахшид ва ин чорабинӣ майдони фарохе буд барои табодули афкору андешаҳои ҷавонон. Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ сӯҳбат дар гирди мизи мудаввар перомуни «Ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон дар фазои Авруосиё» доир гашт. Муовини котиботи Палати ҷамъиятии Русия Сергей Орҷоникидзе онро ифтитоҳ намуда, ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ИДМ баҳои баланд дод.

Насрулло ТУЙЧИЗОДА

25 июли соли равон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат Абдуллозода Аҳтам Рустам ба фармоише имзо гузошт, ки мутобиқи он бахшида ба 20-солагии Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100-рӯзи ободонӣ баргузор мегардад. Он аз 29 июл оғоз гардида, то 5 ноябри соли равон таҳти шиори “Ин ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” ҷараён мегирад. Дар доираи баргузории амалиёт дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои система ва сохторҳои маҳалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

ҳар рӯзи шанбе дар назди биноҳо, майдончаҳои тобеи худ, гулгашту боғҳо, кӯчаву хиёбон ва биноҳои маъмуриву маишӣ корҳои ободониро бояд анҷом диҳанд. Зимни баргузорӣ теъдоди ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ҷалб гардида, барномаҳои фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудаанд. Роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ низ аз тамоми ҷавонону наврасон даъват ба амал меорад, ки дар ин чорабинии аз нигоҳи тарбиявӣ муҳим иштироки фаъолона дошта бошанд. Биёед, ин Ватани азизро боз ҳам сарсабзу хуррам гардонем. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ гирифтем.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”


Дар 6 моҳи соли равон ҳаҷми содироти мол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 дарсад кам шуда, ҳаҷми воридоти мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 23,5 дарсад афзоиш ёфт. Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматҷон Бӯриев дар нишасти матбуотӣ сабаби афзоиши ҳаҷми воридотро ба воридшавии миқдори зиёди таҷҳизоту мошинолот ба ҷумҳурӣ нисбат дод. Ӯ гуфт, ки вобаста ба амалишавии як қатор лоиҳаҳо оянда низ нишондиҳандаи ба ҷумҳурӣ воридшавии техникаю таҷҳизоти ҷадид меафзояд. Зикр гардид, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи аввали соли равон бо мақсади суръат бахшидан ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ лоиҳаҳои Низомномаҳои МОИ “Суғд”, “Панҷ”, “Данғара” ва “Ишкошим”-ро дар таҳрири нав таҳия намуд. Тайи 6 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 608,1 миллион сомонӣ, саноати коркард 2 миллион, орд 884,2 миллион сомонӣ, соҳаи истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об 1 миллиарду 62,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 мутаносибан 10,9%, 0,7% ва 4,3% зиёд мебошад. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта май-

дони кишти картошка 7,9 ҳазор гектар ва майдони кишти ғалладонагиҳо 27,1 ҳазор гектар кам шудааст. Омилҳои мазкур боиси поён рафтани ҳаҷм ва суръати истеҳсоли маҳсулоти номбаршуда дар мамлакат гардидааст. Аз рӯи маълумоти оморӣ дар семоҳаи якуми соли 2014 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 89,3 миллион доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 миллион доллар (43,3%) зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ бо 88 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла, бо 10 мамлакати хориҷи наздик ва 78 мамлакати хориҷи дур идома ёфт. Тибқи нақша, илова ба 4 бозори наздимарзӣ дар назар аст, ки дар мавзеи Гандумаки ноҳияи Мурғоб бозори навбатии наздимарзӣ бо Афғонистон ифтитоҳ ёбад. Ҷониби Қирғизистон низ ба кушода шудани бозори мазкур ҳавасманд аст.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ

Барқарор кардани 78,7 млн. сомонӣ ба буҷа Дар шаш моҳи аввали соли равон зимни тафтишу санҷишҳои молиявӣ 128,4 млн. сомонӣ ба буҷаи давлат барқарор шуд, ки 63,2 фоиз зарари ошкоршударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда ба буҷет 78,7 млн. сомонӣ ва ба корхонаҳо 49,7 млн. сомонӣ барқарор шуданд. Ин нуктаро Фаттоҳ Саидов, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони расонаҳои дохилию хориҷӣ баён намуд. Фаттоҳ Саидов таъкид дошт, ки барои таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорати риояи қатъии интизоми молиявӣ ва пешгирии тасарруфи воситаҳои давлатӣ аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявӣ 594 тафтишу санҷиш гузаронида шуда, ба маблағи 203,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд. Роҳбари агентӣ афзуд, ки аз ин маблағҳо хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 8,4 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 56,3 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 38,7 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 7,2 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 22,1 млн. сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардидаю рӯйпушнамудаи андозҳо 70,5 млн. сомонӣ мебошад. Ба таъкиди Фаттоҳ Саидов дар шаш моҳи соли ҷорӣ зарари молиявии ба давлат расонидашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 56,4 млн. сомонӣ зиёд ошкор гардидааст. Сабаби инро роҳбари агентӣ чунин шарҳ

дод: “Дар баробари афзоиш ёфтани ҳаҷми буҷети давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ натиҷаи тафтишу санҷишҳо ва риояи қонуну қарорҳои амалкунандаро сарфи назар карда, ҳоло ҳам ба ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, рӯйпушнамоии андозу пардохтҳо ва дигар зуҳуроти коррупсионӣ роҳ медиҳанд, ки дар натиҷа ба таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат таъсири манфӣ мерасонад”. Зикр шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар 12 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ тафтиши иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ба анҷом расид. Дар рафти он санҷиши фаъолияти 292 идораву ташкилоти буҷетӣ ба амал бароварда шуда, ба маблағи умумии 33 млн. 866 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ муайян шудааст. Аз ҷумла, дар

5 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон зарари молиявӣ ба маблағи 4 млн. 827 ҳазор сомонӣ, дар 3 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд 5 млн. 341 ҳазор сомонӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 млн. 304 ҳазор сомонӣ, дар 34 ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе 21 млн. 651 ҳазор сомонӣ ва дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвози ВМКБ зарари молиявӣ ба маблағи 742,9 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Дар маҷмӯъ, дар муассисаву ташкилоти аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда аз ҳисоби зарари молиявӣ ҳангоми тафтишу санҷишҳо 21,9 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст. Фаттоҳ Саидов аз афзоиши ҳодисаҳои хусусияти коррупсионидошта дар баъзе вазорату кумитаҳо изҳори ташвиш карда, гуфт: “Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 855 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 66-то зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб 245 ҷинояти дуздӣ бо роҳи азхудкунию исрофкорӣ, 317 қаллобӣ, 23 адад ҷиноятҳои сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 66 адад ҷиноятҳои гирифтан ва додани пора, 10 адад ришвадиҳии тиҷоратӣ ва 23 адад гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ мебошад”.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

14 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек, раиси Палатаи ҳисоби мамлакат зимни нишасти матбуотӣ, ки 31 июли соли равон баргузор гардид, зикр кард, дар шаш моҳи аввали соли равон кормандони палата дар 82 вазорату идора, марказҳои идораи барномаҳои инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ санҷишҳои аудиторӣ (чорабиниҳои назоратӣ ва таҳлилию ташхисӣ) гузаронида, ба маблағи 14 миллиону 14 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Ин нисбат ба соли гузашта, 5,6 миллион сомонӣ бештар мебошад. Аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 1 миллиону 146,6 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 2 миллиону 398,1 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 3 миллиону 555,5 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амвол 16,2 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 578,7 ҳазор сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпушнамудаи андозҳо 6 миллиону 288,8 ҳазор сомонӣ ва пардохт накардани фоидаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 30,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Зикр гардид, ки корхонаҳое, ки бештар буҷети молиявии давлатро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд, КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” ки ба Вазорати кишоварзӣ тааллуқ дорад, мебошад. Барои харидории тухми картошка барои соли 2013 аз тарафи буҷети давлатӣ 5 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд. Лекин сардори корхонаи мазкур ба андозаи 1 ҳазору 96 тонна картошкаи тухмӣ ба маблағи 2 миллиону 628 сомонӣ дар дохили ҷумҳурӣ харидорӣ карда, дар асоси шартномаҳо ба як қатор хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат тақсим карда, боқимонда маблағро, яъне, 1 миллиону 997 ҳазор сомониро ҳамчун маблағи зерҳисобӣ гирифта, баъдан аз худ кардааст. Ё ИҶ «Тоҷикколхозсохтмон» аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соли 2014 ба маблағи 165 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, 3,8 миллион сомониро нест кардааст, ки ин аслан аз ҳисоби изофанависии корҳои сохтмонӣ

сурат гирфта, 2 миллиону 91 ҳазор сомониро ташкил додааст. - Ҳамин тариқ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба қадри 1 миллиону 50,6 ҳазор сомонӣ, истифодаи ғайрисамараноки (исрофкорона)-и маблағҳо ба қадри 955,2 ҳазор сомонӣ, талафи буҷет аз ҳисоби пардохти беасоси мукофотпулиҳо ба кормандони муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 12544,8 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби беасос барзиёд маблағгузори намудани муассисаҳои буҷетӣ ба қадри 412,4 ҳазор сомонӣ ва захираҳои буҷет аз ҳисоби кам ба нақша гирифтани даромадҳо бо сабаби ба инобат нагирифтани манбаъҳои андозбандӣ ба маблағи 528,9 ҳазор сомонӣ ошкор шуд. Дар рафти санҷишҳои аудиторӣ 9 миллиону 987,0 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат барқарор гардид, ки 71,3 фоиз зарари ошкоршударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда ба хазинаи давлат 7 миллиону 365,5 ҳазор сомонӣ ва ба корхонаву муассисаҳо 2 миллиону 624,4 ҳазор сомониро ташкил дод. Истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо 338 ҳазор сомонӣ ва захираҳои буҷети аз ҳисоби кам ба нақша гирифтани даромадҳо, бо сабабҳои ба инобат нагирифтани манбаъҳои андозбандӣ дар соли 2014 ба маблағи 528 ҳазор сомонӣ муайян шуданд. Аз маблағи зарари молиявӣ 228 ҳазор сомонӣ барқарор, бақияпулии андоз ба маблағи 88,1 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шуд, - афзуд Давлатзода Дилмурод.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Воридоти мошинолот зиёд мегардад

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

3

ИҚТИСОД


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

4

ДОВТАЛАБ-2014

Имсол бори аввал довталабон имтиҳонҳои дохилшавиро ба аксар макотиби олии кишвар ба таври тестӣ супурданд. Натиҷаи он аз тариқи сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти кишвар аввали моҳи равон эълон гардид. Чунин тарзи супурдани имтиҳонот чӣ натиҷа дод? Дар ин хусус суҳбате доштем бо Рустам Назаров, сардори шуъбаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии маркази мазкур. - Аз натиҷаи имтиҳони супорӣ довталабон чӣ гуна огоҳӣ ёфтанд? - Тибқи нақша якуми августи соли равон натиҷаи имтиҳоноти марказонидаи дохилшавии довталабон дар асоси нақшаи коркарди пурраи ҷавобҳои онҳо нашр гардид. Натиҷаи кори ҳар довталаб дар шакли хол ё балҳо аз ҳар фан ҳисоб ва дастраси онҳо гардонда шуд. Онҳо имкон доранд, бо истифода аз ҳуҷраи инфиродии худ бевосита аз натиҷаҳои имтиҳонот шинос шаванд. Зери мафҳуми ҳуҷраи инфиродӣ онро дар назар дорем, ки дар сомонаи расмии марказ портали махсусро барои довталобон таҳия кардем, ки он ҷо маълумоти муфассал барои ҳар яки онҳо ҷойгир шудааст. Мувофиқи низоми марказ довталаб имкон дорад, то даҳ ихтисосро интихоб намояд. Ҳамаи ин маълумот дар варақаи инфиродӣ ҷо ёфтааст. Дар варақаи дигар ҷадвали супурдани имтиҳонҳо сабт ёфтааст. Ҳарчанд имтиҳонот паси сар шудааст, лек маълумот он ҷо мемонад. Яъне, довталаб дар куҷо, кай имтиҳон супурдааст ва натиҷаи он сабт мегардад. Сипас, барои ҳисоби холҳои бадастоварда ва муайян намудани шаффофият нусхаҳои варақаҳои ҷавобҳои довталаб он ҷо маҳфуз аст. Ҳамин тавр, довталаб имкон пайдо мекунад, бо нусхаҳои кори хеш шинос шуда, бовар ҳосил намояд, ки ин ҳама маҳз натиҷаи заҳмати ӯст ва холҳои бадастомада дуруст аст. Чунки андешаҳо ҷой доранд, ки ҳангоми баҳогузорӣ таъсири омилҳои инсонӣ шояд вуҷуд дошта бошанд. Аз ин хотир, аз аввал тасмим гирифтем, ки натиҷаи кори довталабони аз марказҳои имтиҳонӣ ба мо расида, дар ҳуҷраи инфиродии ҳар довталаб гузошта шавад. Маҳз барои барҳам задани ҳар гуна андешаю шубҳаҳо. Довталабон метавонанд ба он ҷо назар афканда, санҷида ва хулоса бароранд. Ин кор аз тариқи шабакаи интернет дар ҷойи дилхоҳ сурат гирифта метавонад. Хоҳ довталаб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қарор дошта бошад ё берун аз он. Танҳо дар ҳолати донистани номи корбари худ ва рамзи худ ҳатто тавассути телефонҳои мобилӣ, ки бештар ба шабакаи интернет пайвастанд, вориди ҳуҷраи инфиродии худ гардида, аз натиҷаи имтиҳон огоҳ ва дигар маълумоти лозимаро дастрас менамоянд. Дар замимаи ҳуҷраи дигари инфиродӣ, ки барои ҳар довталаб пешбинӣ шудаааст, ҳанӯз аз рӯзи якуми август, вақте натиҷаи имтиҳонотро нашр намудем, ба таври муфассал доир ба ҳар фанни имтиҳонсупурдашуда натиҷаҳо дарҷ шудааст. Ҳамин тавр, ӯ соҳиби чанд хол шуда ва ин холҳо ба чанд бал баробар аст, ҷойгир аст. Ҳамчунин, агар довталабон ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳоратро интихоб карда, дар баробари имтиҳонҳои асосии қисмҳои “А” ва “Б” имиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат супурда бошанд, барои ин нафарон натиҷаи чунин имтиҳонҳои супурдашуда низ ҷойгир карда мешавад. Дар шакли хол ва балҳо. Қисме аз довталабон соҳиби имтиёзҳо

Як нуктаро зикр намудан бамаврид аст, ки барои ҳар довталаб супурдани имтиҳон аз рӯйи 6 фан ҳатмист. Агар довталаб аз яке ин фанҳо холи гузаришро ба даст наовард, ин маънои онро дорад, ки ӯ ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст. - Пас нофаҳмию даъвоҳо ва назди бинои маркази тестӣ гирд омадани аксар аз ин ҷо сарчашма мегирад? - Бале. Бисёриҳо даъво доранд, ки фарзанди эшон беш аз 250 хол ба даст овардаасту ба озмун роҳ наёфтааст. Ҳол он ки нафари дигар бо 190 хол имкони иштирок дар озмунро дорад. Вақте санҷида мебароянд, маълум мешавад, ки довталаб ҳарчанд холи зиёд дорад, лек аз шаш фан, аз яке холи лозимаро соҳиб нашудааст. Ин ҳолатро бояд довталабон ва волидони онҳо хуб донанду дарк намоянд. Охир, солҳои пеш ҳам чунин буд. Маса-

вталабони ягон ихтисосро интихоб намуда ва холи бадастовардаи эшон. Масалан, ба ягон ихтисос 25 ҷой мавҷуд аст, лекин 50 нафар довталаб аст. Дар ин маврид холҳои бадастаоварда нақши асосиро мебозад. Ҳар қадар хол зиёд бошад, ҳамон қадар имкони ба ихтисоси дилхоҳ роҳ ёфтан имконпазир аст. Боқимондаҳо дар дигар ихтисосҳои интихобкардаи худ аз рӯйи холҳои соҳибшуда тақсимот мешаванд. Ҳамчунин, имкон аст, ки ҳарчанд довталаб ба озмун роҳ ёфта бошад ҳам, ба гирифтани номи донишҷӯ мушарраф намегардад. Чунки агар шумори довталабон зиёд бошаду холҳо барои ихтисосҳои боқимонда ҳам камӣ кунад, чунин ҳолат рух доданаш мумкин. - Шояд ҳолатҳое низ руй диҳанд, ки баъзе ихтисосҳо шумори лозимаи донишҷӯёнро соҳиб нашаванд?

лан, довталаб аз ду имтиҳон баҳои 5, аз сеюмӣ 4 ва аз чорум баҳои 2 мегирифт, ба озмун роҳ намеёфт. - Чаро довталаб ба фанҳои ҷамъиятӣ майли дохил шудан дораду аз фанҳои дақиқ имтиҳон месупорад? - Тавре гуфтем, тамоми ихтисосҳо ба панҷ қисмат ё кластер ҷудо шу-

- Шояд. Ҳангоме довталаб дар натиҷаи озмун ба ихтисоси дилхоҳ роҳ наёфт, ба ихтисосҳои дигар, бо назардошти холҳои бадастоварда ва хоҳиши худи ӯ барномаи тақсимоти такрориро ба роҳ мемонем. Ин ҳолат ба довталабоне дахл дорад, ки рӯзи якуми август холҳои гузаришро аз рӯйи ҳамаи фанҳо ба даст овардаанд, лек ба

дааст. Довталабон дар ҳар қисмат ду имтиҳони ҳатмӣ месупоранд. Ба гурӯҳи “А” имтиҳонҳои умумӣ ворид мегарданд. Аз ин рӯ, довталаб новобаста ба он ки оянда кӣ хоҳад шуд: духтур, муҳандис, рӯзноманигор, ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ ва ғайра имтиҳонҳои умумиро бояд супорад. Чунки барои духтур, муҳандис донистани забон дар зиндагӣ, кору фаъолият лозим мешавад. Ҳамчунин, барои рӯзноманигор донистани математика аз фоида холӣ нест. Зикр намудан бамаврид аст, ки суолҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ дар доираи барномаи таълимии мактабӣ омода шудааст. Ҳамин тавр, довталаб он чизеро имтиҳон месупорад, ки дар мактаб омӯхтааст. Қисме аз довталабон холҳои гузаришро соҳиб шуда, аллакай худро донишҷӯ мепиндоранд. Ин тавр нест. Чунки дар пеш озмун аст. Пас аз ҷамъбасти озмун довталаб аз рӯйи кадом ихтисоси интихобкарда донишҷӯ шудааст, танҳо 15 август муайян мегардад. Ҳамин тавр, то донишҷӯ шудан боз як қадами дигар дар пеш аст. - Дар озмуни тақсимот кадом омилҳо ба назар гирифта мешаванд? - Пеш аз ҳама, нақшаи қабул. Ин он маъноро дорад, ки аз рӯйи ин ё он ихтисос чӣ қадар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Ҳамчунин, шумори до-

ихтисоси интихобкарда бо сабаби камии хол ҷо наёфтанд. Маъмурияти ҳар донишгоҳу донишкада корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотиро бояд пайваста хуб ба роҳ монанд. То ин ки барои идомаи таҳсил ба остонаи муассисаи таълимии онҳо хоҳишмандону довталабони зиёд қадам ранҷа намоянд. - Дар масъалаи таъмини шафофият чӣ гуфта метавонед? - Ин ҷо як нуктаи басо муҳимро зикр намудан бамаврид аст. Озмуни тақсимот танҳо тавассути компютер сурат мегирад. Тамоми маълумоти лозимаи ҳар довталаб ба компютер ҷо дода мешавад. Худи компютер киро ба кадом ихтисос аз рӯйи холҳои ба дастоварда тақсим мекунад. Ин ҷо омил, нақши одам истисност. Имтиҳоноти тестии имсола аввали кор аст. Шояд камбудиҳо ҷой доштанд. Вале аз тариқи интернет ба сомонаи марказ бисёр волидон, довталабон ворид шуда, изҳори миннатдорӣ намудаанд. Чунки ҳеҷ умед надоштанд, ки бе воситаи касе ё пул додан ба ихтисоси дилхоҳ роҳ ёфта тавонанд. Ба фикрам, ин худ гувоҳи шафофият аст.

То донишҷӯ шудан як қадами дигар аст низ мебошанд. Масалан, ятимони кул, маъюбони дараҷаи якуму дуюм, ғолибони олимпиадаҳои фании ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, устодони варзиш. Холҳои имтиёзии ин гуна нафарон дар ҳуҷраи инфиродӣ низ ҷой дода мешавад. Дар ҳуҷраи инфиродии ҳар як довталаб маълумоте дарҷ мегардад, ки аз тариқи он вай пас аз супурдани имтиҳонот огаҳ хоҳад шуд, ки барои ширкат дар озмун имкон пайдо намудааст ё не? Яъне, холҳои фанҳои гузаришро довталаб соҳиб гардид ё аз фанне ба даст оварда натавонист. Ин чӣ маъно дорад? Гап дар сари иштирок дар озмуни тақсимот меравад. Яъне, ки довталаб ба кадом ихтисос дохил мешавад? Чунки ба довталаб имкон дода шудааст, ки то даҳ ихтисосро интихоб намояд. Пас, барои ширкат дар озмун ӯро лозим аст, аз ҳар фани имтиҳонсупорӣ холи гузаришро соҳиб шавад. Мутаассифона, имрӯз бархе аз довталабон, волидони эшон, устодони онҳо гила ё шиква доранд, ки нафаре 250-280 бал ба даст овардааст, лек ба озмун роҳ наёфтааст. Ин ҷо як нуктаро мебоист зикр кард. Тибқи низоми тартибёфта, ҳар довталаб аз шаш фан имтиҳон бояд супорад. Аз ин шаш фан, сетояш дар доираи имтиҳонӣ умумӣ ё ин ки қисмати “А” сурат мегирад. Дар ин доира довталаб новобаста ба ихтисоси интихобнамудааш, аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ имтиҳон месупорад. Супурдани ин се имтиҳон барои ҳамаи довталабон ҳатмист. Боз такрор мекунам, новобаста ба он ки кадом ихтисосро интихоб намудаанд. Дар доираи имтиҳони ихтисосӣ бошад, ки онро қисмати “Б” меноманд, довталабон аз се фани дигар имтиҳон месупоранд. Имтиҳонҳои ин гурӯҳ ба қисматҳо вобастаанд. Ҳамин тавр, тамоми ихтисосҳоро ба 5 қисмат ҷудо намудем, ки ба таври дигар, онро кластерҳо меноманд. Масалан, кластери 1 ихтисосҳои табиӣ-технологӣ ном дошта, дар доираи он дар қисмати “Б” довталабон аз фанҳои химия, физика ва математика имтиҳони қабул месупоранд. Дар кластери 2, ки иқтисодию ҷуғрофӣ ном дорад, довталабон аз фанҳои ҷуғрофия, математика ва забони хориҷӣ имтиҳон месупоранд. Ҳамин тавр, дар панҷ кластер аз рӯйи фанҳои гуногун имтиҳон супурда мешавад.

Суҳбаторо Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»


тан аз сокинони ҷамоати Язғулом ба мақомот шикоят бурдаанд. Маълум аст, ки наҳзатиён бо ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд ҷинояти ҳамҳизби худро қоил шаванд. Баръакс, дар баёнияи ҲНИТ аз ӯ ҳамчун шахси якрӯ ва собиту устувор дар ақидааш ном бурдаанд. Шояд барои хизмат дар ҲНИТ якрӯ бошад, ҳама супоришҳое, ки аз ҷониби роҳбаронаш дода мешуд, ба хубӣ иҷро мекард. Аммо инро наметавон барои тамоми ҷомеа нек арзёбӣ кард. Зеро одами якрӯ ва якмаромро мардум дӯст медоранду ҳурмату эҳтиром мекунанд, на ин ки ба додгоҳ аз болояш аризаи даъвоӣ менависанд. Маълум аст, ки номбурда пайваста миёни мардум тухми нифоқу ҷудоӣ мекоштааст. Дар ҷои дигар, ба хотири мардумро фиреб додан, аз худ мусичаи бегуноҳ сохта гуфтаанд, ки: «Бо фишору таъқиб ба шӯр овардани мардум, норозӣ кардани ҳизбу ҳаракатҳо аз ҳукумат ва махсус таҳрик додани онҳо алайҳи суботу амнияти кишварро ҷуз як амали тарроҳишуда алайҳи давлату миллат дигар чизе ном бурдан мумкин нест».

Таъсиси пажӯҳишгоҳи нерӯи офтоб дар Туркманистон Ҳарчанд Ҷумҳурии Туркманистон аз ҷиҳати захираи газ дар ҷаҳон ҷои чорумро гирад ҳам, ҳукумати ин кишвар истифодаи нерӯи офтобро яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи илму технология мешуморад. Бо ин мақсад тибқи қарори Ҳукумати Туркманистон дар базаи Академияи илмҳои ин кишвар Пажӯҳишгоҳи энергияи офтоб таъсис хоҳад ёфт. Тавре дар фармони Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов омадааст, пажӯҳишгоҳи мазкур бояд барои омӯзиши иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дар амал истифода бурдани онҳо хизмат намояд.

Ҳам ҷинояту ҳам баёния Дар навбати худ, наҳзатиён аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд, ки ҳусну таваҷҷуҳи мардумро ҷалб намоянд. Барои таблиғи худ гоҳе ба як нафаре пул медиҳанду гоҳи дигаре нишаст ташкил карда, ин ё он ниҳоди ҳукуматиро мавриди танқид қарор медиҳанд. Ё дар миёни мардум бо сафсатахонӣ машғул мегарданд, ки боиси нороҳатии мардум ва ба додгоҳ муроҷиат кардани эшон мегардад. Чунин амалҳои ғайриқонунии эшон буд, ки Суди ноҳияи Ванҷ Саодатшо Адолатов, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшонро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарӣ, ӯ бо гумони барангехтани кинаю адовати динӣ, инчунин, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин моҳи апрел боздошт гардидааст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бошад, дар ҷавоб танҳо баёния пахш кард. Дар он баёния танҳо сафсата буд. Зеро, агар ин ҳама сафсата намебуд, аз вақти боздошти Адолатов бештар аз 5 моҳ пур мешавад. Аммо барои собит кардани бегуноҳии ӯ амалан коре карда натавонистанд. Ягона вазифаи худро дар ҳаққи вай барои «хизматҳои хирсонааш», танҳо дар пахши изҳорот диданду халос. ҲНИТ пас аз ҳукми додгоҳ, чун ҳамешагӣ ба хотири худсафедкунӣ ва рӯпӯш кардани ҳақиқат, боздошт ва ба 5 сол зиндон равона кардани узвашро ҳамчун амали таҳрезишуда алайҳи ин ҳизб маънидод намуд. Ин баёния дар ҳолест ки аз болои раиси дафтари ҲНИТ 30

Аҷаб, ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ магар фишор аст? Ё ин ки ҳабсу ба маҳкама кашидани ҷинояткорон барои гуноҳҳои содиркардаашон оё амали тарҳрезишуда зидди суботу амният мебошад? Агар чунин бошад, пас, суду прокуратура, милитсия ва дигар ниҳодҳои қудратӣ барои чӣ лозиманд? Шояд наҳзатиён гумон намоянд, ки бояд ҳар наҳзатие, ки ҷиноят содир менамояд, мавриди бахшиш қарор бигирад?! Вале қонун ҳеҷ гоҳ ҳеҷ касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Аз нигоҳи дигар, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон боздошту ба маҳкама кашидани чунин ҷинояткоронро зидди сулҳу субот ва амният ном бурд. Баръакс, аз ҷавобгарӣ озод кардани ҷинояткороне мисли Адолатов боиси хавфу хатар дар ҷомеа мегарданд. Аммо наҳзатиён тоқати шунидани ин ҳақиқатро надоранд, ки дар ҷои дигари изҳороти худ гуфтаанд: «Чунин туҳматҳо ва ба таври сунъӣ барангехтани ихтилоф бо ғаразҳои сиёсӣ боиси заминагузории хусумат ва кина байни пайравони мазҳабҳои гуногун мегардад, ки оқибати хуб надорад». Хуб мешуд, ки ин насиҳатҳои худро, пеш аз ҳама, ба ҷонибдорони худ мекарданд, на ба ниҳодҳои ҳукуматӣ. Зеро маҳз наҳзатиён пайваста тухми кинаю адоватро миёни мардум мекоранд, дар мисоли Саодатшо Адолатов. Вале ин суханони ҳақро ҳеҷ гоҳ наҳзатиёни ихтилофангез қабул карда наметавонанд.

Асад АҲЛИДДИНОВ

Олимони Академияи илмҳои Туркманистон таъкид мекунанд, ки таҷҳизоти офтобӣ ва нимноқилҳои иборат аз кремний фаъолона ба бозори ҷаҳонӣ ворид шуда истодаанд. Аз ин рӯ, дар мамлакат сохтореро таъсис додан лозим меояд, ки ба ин масъалаи муҳим машғул шавад, то туркманҳо дар ин соҳа аз дигар кишварҳо ақиб намонанд. Давомнокии рӯз дар Туркманистон фасли тобистон ба 16 соат мерасад. Соле дар ин ҷо қариб 3000 соат офтобӣ аст. Мувофиқи ҳисоби олимони туркман энергияи офтоб дар як метри мураббаъ ба 800 Ватт баробар мешавад. Аз ин рӯ, истифодаи нерӯи офтоб самарабахш хоҳад буд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар биёбони Қароқум таҷҳизоти обсофкунаки муосири офтобӣ насб шавад. Ҳамчунин, таҷҳизоти офтобӣ бо нерӯгоҳҳои шамолӣ барои мардуми деҳоти дурдаст, чорводорону геологҳо, кормандони стансияҳои обуҳавосанҷӣ, роҳсозон ва ғайра кӯмак мерасонанд. Олимони туркман

мақсад доранд, ки аз реги Қароқум истеҳсоли кремнийи техникиро ба роҳ монанд. Агар ин таҷриба бомуваффақият амалӣ шавад, он гоҳ арзиши аслии батареяҳои офтобӣ хеле арзон хоҳад шуд. Мутахассисон чунин мепиндоранд, ки дар сурати ба роҳ мондани батареяҳои офтобӣ аз реги Қароқум дар дигар кишварҳо низ харидорон пайдо хоҳанд шуд. Дар пажӯҳишгоҳи энергияи офтоби Туркманистон на танҳо ба нерӯи офтоб, балки дигар намудҳои энергияи барқароршаванда таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Чунончӣ, нерӯгоҳи шамолии таҷрибавӣ, ки дар яке аз мактабҳои миёна бо иқтидори 5 квт кор мекунад, самаранокии худро собит намуд. Дар ҷумҳурии мо соли 2007 Барномаи комплексии истифодаи нерӯи офтоб, шамол, биогаз ва дарёҳои хурд қабул шуд. Ҳарчанд ин дар Осиёи Марказӣ яке аз нахустин барномаҳои рушди энергияи алтернативӣ бошад ҳам, муассисаҳои давлатӣ ва соҳибкорон ба он чандон таваҷҷуҳ накар-

данд. Ҳол он ки олимони Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи АИ ҶТ ҳанӯз соли 1992 “танӯрчаи офтобӣ”, обгармкунаки офтобӣ ва чанде пеш таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобиро сохта буданд. Агар соҳибкорон ё корхонаҳои давлатӣ бо олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар ин бобат ҳамкорӣ мекарданд, мо кайҳо истеҳсоли таҷҳизоти офтобиро ба роҳ монда, як қисми аҳолиро бо нерӯи барқ ва оби гарм таъмин мекардем. Таҷҳизоти офтобӣ дар тӯли 3-4 сол хароҷоти худро пурра бароварда, солҳои минбаъда бепул барқу оби гарм медиҳанд. Модоме ки Туркманистон барин кишвари аз нефту газ ғанӣ барои самаранок истифода бурдани нерӯи офтоб пажӯҳишгоҳи махсус таъсис диҳад, мо ҳақдортарем, ки дар ин самт корҳои тарғиботиро вусъат дода, баҳри амалӣ кардани барномаи дар боло зикршуда кӯшиш намоем.

Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

Бархе аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бинобар сабаби надоштани нерӯи кофии зеҳнию ақлӣ, даст ба амалҳое мезананд, ки аз доираи одобу ахлоқ фарсахҳо дур мебошад. Акнун онҳо хуб дарк кардаанд, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ мардумро ҷалб кардану ба сафи худ шомил намудан чандон кори саҳл нест. Зеро ҷомеа аз тарзи рафтору гуфтори эшон ба хубӣ огоҳ аст. Онҳо медонанд, ки мақсади ниҳоии роҳбарони ин ҳизби ба ном исломӣ чӣ мебошаду бо ин амалҳои худ чӣ мехоҳанд.

5

ЭНЕРГЕТИКА

e-mail: javonontj@mail.ru

АНДЕША


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

6

МУҲОВАРА – Маҳмадулло Раҳимович, дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? – Дар назди мақомот бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият дорад. Ба ҳайати он масъулини мақомот ва шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Акбар Турсунов, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоира Норинисо Алиаҳмадова, Ҳамидуллохон Фақиров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Б. Муъминов, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, А. Талбаков, сардори шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, Н. Юнусов, директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороишоти шаҳри Душанбе», Ш. Мӯсоева, директори Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт», Ш. Мансуров, сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд. Тибқи супориши раиси шаҳр ҳар ҳафта, рӯзҳои чоршанбе комиссияҳои шаҳриву ноҳиявии пойтахт дар назди муовини раиси шаҳр ҷамъ омада, доир ба корҳои дар ин самт ба ҷо оварда, камбудиву норасоӣ ва монеаҳои он машварат гузаронида, нақшаи чорабиниҳои ояндаро тарҳрезӣ менамоянд. – Феълан, номгузорӣ ва лавҳаву овезаҳо дар нуқтаҳои савдову хизматрасонии шаҳр бо забони ғайридавлатӣ зиёд ба назар мерасанд. Ҳол он ки дар банди 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки «ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ навишта мешаванд». – Дар ин самт низ аз ҷониби масъулини мақомот ва Комиссияи татбиқи забон як қатор чораву тадбирҳо андешида шуда, барои мукаммалу ҷоннок гардидани ин раванд пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад. Масалан, аз 10 апрел то 15 майи соли равон комиссия бо мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар 176 маркази хизматрасониву муассисаи савдо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ лавҳаву шиор ва овезаҳои кӯчаву хиёбонҳоро дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои банди 15, боби 4-и «Бар-

номаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат аз 30 июни соли 2012, таҳти №335 тасдиқ гардидааст, мавриди санҷиш қарор дод. Дар рафти санҷиш аз ҷониби гурӯҳи мазкур нисбат ба 57 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ санадҳои огоҳӣ тартиб дода, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлати муайян муқаррар карда, дар 41 маркази хизматрасонӣ ва муассисаи савдо камбудиҳои ошкоргардида бартараф гардиданд. Аз ҷумла, масъулони Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», Боғи ҳайвонот, мағозаҳои №153 (аз маҷмааи савдо ва тиҷоратии «Саодат»),

диданд, тарҷумаи таҳтуллафзӣ буда, бо ғалатҳои зиёди имлоӣ ва мантиқиашон ба меъёрҳои забони давлатӣ мухолифат мекунанд. Ба мисли «Держи меня - Маро қап», “SNIKERS - гир ҳамроҳ сникерсро”, “Бо ман пур намо, бимол ё ин ки бирён кун! Заправь, намажь или пожар со мной!”, “Равғани офтобпарасти поккардашуда” ва ғайраҳо. Бояд эътироф кард, ки дар рафъ ва бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта чунин санҷишҳо самар дошта, барои дигар ташкилоту муассиса ва нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе сабақ шуда метавонад ва он дар ҳифзи забони давлатӣ ва эҳтироми миллат нақши арзан-

беҳамто ва нигаҳдорандаи миллати тоҷик аст, водор намуд. - Дар банди 1 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардидааст, ки номгузорӣ, иваз намудани номи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо, инчунин, кӯчаю хиёбонҳо, майдонҳо ва ғайраҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад. Дар ин маврид кадом корҳо амалӣ гардидаанд? – Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо,

ва соли 2013 16 кӯча аз нав номгузорӣ гардиданд. Аз ҷумла, кӯчаҳои Федин ба номи Асадулло Ғуломов, Интернатсионалная ба номи Сафаралӣ Раҷабов, Клара Сеткина ба номи Маҳмудбек Нарзибеков, Чкалов ба номи Қандил Ҷӯраев, Проектная ба номи Муҳаммад Осимӣ, Плеханов ба номи Зафар Нозимов, гузаргоҳи якуми кӯчаи Пионерская ба номи Ҳанифа Мавлонова, Гастелло (гузаргоҳҳои 5-6-ум) ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Спартак ба номи Гурминҷ Завқибеков, Привокзальная ба номи Қутбӣ Киром, 9-уми январ ба номи Сафармуҳаммад Айюбӣ, Бауман ба номи Султон Умаров, Шӯраксой ба номи

Эҳтироми забони давлатӣ масъулияти шаҳрвандист

– мегӯяд Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе

Салон Света (Толори чароғҳо), Масолеҳи сохтмонӣ (Истеҳсоли Эрон) лавҳаву овезаҳои худро ба талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мутобиқ намуданд. Инчунин, гурӯҳи корӣ муайян намуд, ки дар қисме аз марказҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои савдои ноҳия номгузорӣ ва навиштаҷоти лавҳаю овезаҳо бо забони бегона ва ҳуруфи ғайритоҷикӣ (лотиниву англисӣ) он ҳам пур аз ғалати имлоӣ навишта шудаанд, аз ҷумла, мағозаҳои “PETEK”, “AREZZO”, “SERGE”, “PARIS”, “САЛОН СВЕТА”, “АВОМА”, мағозаи фурӯши молҳои кӯдакона “BABYSHOP”, кошонаҳои ҳусни “INFINITI”, “ХЮРЕМ”, “ИЗУМРУД”, “ЕВРОСТИЛ”, “АЛЕКСАНДРИЯ”, “АИММА”, дорухонаи “Ромашка” ва ғайраҳо. Ҳамчунин, санҷиш нишон дод, ки қисми зиёди маҳсулоти таблиғотие, ки дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳияи Сино насб гар-

да хоҳад гузошт. Хурсандиовар аст, ки дар ин самт ташаббусу иқдомҳои нав ба нав ба мушоҳида мерасанд. Чуноне ки дар маҷмааи савдои «Саодат», воқеъ дар кӯчаи Б. Ғафурови ноҳияи Сино бо ташаббуси директори ин марказ ва мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино 15 майи соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Шарофзода Гавҳар ва мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, намояндагони воситаҳои ахбори омма бо соҳибкорон дар мавзӯи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Соҳибкорон изҳор доштанд, ки ин вохӯрӣ бори дигар онҳоро ба моҳияту бузургдошти забони давлатӣ, ки мероси

боғҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе, ки дар ин самт фаъолият карда истодааст, ба хулоса омад, ки номҳои шахсиятҳои шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, аз ҷумла, Пушкин, Маяковский, Есенин, Чайковский ва амсоли онҳо, инчунин, номи кӯчаҳое, ки ба номи бародаршаҳрҳо, аз ҷумла, Москва, Тунис, Санъо, Тошканд, Теҳрон ва ба ин монанд гузошта шудаанд, боқӣ монанд. Кӯчаҳое, ки иваз намудани номашон зарурат дошт, ба номи шахсиятҳои арзандаи халқи тоҷик, ки дар рушду тараққии Ватан, аз ҷумла, пойтахти азизамон саҳми арзанда гузоштаанд, номгузорӣ шуданд. Ин шахсиятҳо қаҳрамонони ҷангу меҳнат, арбобони ҷамъиятию давлатӣ, вакилони халқ, ходимони барҷастаи илму фарҳанг ва намояндагони дигар соҳаҳо мебошанд. Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе соли 2012 10

Исомиддин Соатов, Фурманов ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев, Ватутин ба номи Хайрулло Абдуллоев, Титов ба номи Мирзо Мастонгулов, Железняк ба номи Ҳикмат Ризо, Свердлов ба номи Мустафо Содиқов, Котовский ба номи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Репин (бо 5 гузаргоҳаш) ба номи Хайрулло Мирзоев, Володарский ба номи Минҳоҷ Ғуломов, Будёний ба номи Акбар Махсумов, Софя Ковалевская ба номи Аҳрор Мухторов, Клара Сеткина (ноҳияи Сино) ба номи Ғаффор Мирзо ва ғайраҳо номгузорӣ гардиданд. Кор дар ин самт идома дорад ва аминем, ки номгузории кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба номи бузургмардони миллат хотираи фарзандони фарзонаи миллатро абадӣ гардонида, наслҳои ояндаро барои дӯст доштани халқу Ватан ва ба созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.

Мусоҳиб Рухсораи НУР


Дар натиҷаи чунин рӯзгордорӣ, ки як нафар ба ҷои чанд кас шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта заҳмат мекашад, аз насл ба насл гузаштааст. Ҳоло ҳам бисёр оилаҳо бо умеди як ё чанд нафар мардикори ба муҳоҷират фиристодааш умед бастаасту боре ҳам намеандешад, ки чунин вазъ нисбат ба пайвандашон ҷабру убол аст. Махсусан, дар деҳот кори шикасту рехт, хоҷагидорӣ охир надорад. Хайрият, ки фасли зимистон ҳасту аз ҷиҳате ғами мардумро мехӯрад. Яъне, ба онҳо имконият намедиҳад, ки ба лойкорӣ ва кишту кор машғул бошанду ақаллан моҳаке чанд дам бигиранд. Аз ҳамин ҷабр ба ҷони худ карданҳост, ки имрӯзҳо шумораи бемориву фавт, маъюб таваллудшавандаҳо хеле зиёд шудаву дар пайи табобату гӯру чӯби онҳо маблағҳои калони “бо нӯги сӯзан” ҷамъкардаашон дар як мижа задан ба боди фано мераванд. Охир, ҳатто оҳан, ки оҳан аст, коркӯфтаву корношоям мешавад, чӣ ҷои ҷисми одамӣ. Бинобар ин, кайҳо фурсати он расидааст, ки каме ҳам бошад, ғами ҷисму ҷони худро ҳам хӯрем ва роҳҳояшро ёфта, истироҳат кунем. Ақаллан, ба хотири аз насл ба насл нагузаштани ҳамин «беморӣ»-амон ва солим нигоҳ доштани миллат. Инкор карданӣ нестем, ки на ҳама имконияти пураи дар истироҳатгоҳу шифохонаҳо дам гирифтан доранд, зеро буҷаи оилавиашон даст намедиҳад. Дар ҳақиқат, кайҳо фурсати он расидааст, ки масъалаи нарху наворо дида бароему «иқтисодиёти бозорӣ», «бардорад зам кун, набардорад кам кун» барин шиорҳои судхӯронаро камтар баҳона пеш орем. Вале мо як чизро ба фаромушӣ бурдаем. Сарфу хароҷоти беҳударо дар оилаҳо, мусобиқаҳои нодорҳо бо дорандаҳоро мавриди харидани чизҳои қиматбаҳои нодаркор, гузаронидани маъракаҳои боҳашамат, агарчи то дараҷае Қонун «Дар бораи танзими анаъна ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» пеши роҳашонро гирифт ва исбот намуд, ки коре нест беилоҷ. «Пул надорем» мегӯему даркору нодаркор мошини шахсӣ, ҳар касе чандададӣ телефони ҳамроҳ дорем, аммо чун сухан аз боби саломатиамон равад, дар «надорем»-гӯӣ мезанем. Оё барои дар ҳафтае, ҳеҷ набошад, моҳе як рӯз бо аҳли хонавода, дур аз кору бор дар ҳамон хонаҳои худамон истода дам гирифтан ҳам маблағи зиёд лозим аст? Пас, биёед иқрор шавем, ки айб на дар ошу на дар мош, балки дар худамон аст, ки аз фарҳанги рӯзгордорӣ дур шудаем. Дар натиҷа, илоҷи халосию наҷот аз дарду ранҷҳоро дар куфу суфи чанд муллонамое, росту дурӯғи фолбине ва дорувориҳои муҳлати таъсирашон гу-

Осоишгоҳҳои осоиши ҷисму ҷон зода, дар баландии 1150 метр аз сатҳи баҳр, дар мавзеи зебою дилкушои байни теппаҳои Ҳисор ин осоишгоҳи аз ҳама калонтарини ҷумҳурӣ воқеъ гардидааст. Майдони умумии ҳудуди «Шоҳамбарӣ» зиёд аз 17 гектарро ташкил медиҳад. ОСОИШГОҲИ «ЗУМРАД» Дар 10-километрии шаҳри Исфара, дар қисмати шимолии кишвар, баландии 800 метр аз сатҳи баҳр, мавзеи ниҳоят хушманзара воқеъ аст. Тобистон айни истироҳат дар ин ҷо мебошад. Дар атрофи осоишгоҳ, марказҳои истироҳатии он одамони зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки барои истироҳат ва барқароркунии саломатии худ борҳост, ки ба ин ҷо аз дуру наздик, ҳатто хориҷи мамлакат ташриф меоранд.

заштаи зиёновари «Дорухона»-ҳои сари ҳар қадам, ниҳояти кор беморхонаҳову духтурони ниҳоят ҳарисгашта мебинем ва маблағеро дар ин роҳ дареғ намедорему бо кадом роҳе, аз куҷое набошад кофта меёбем. Ҳол он ки бо хулоса аз мазмуни суханҳои боло ва таъкиди ҳакимони асил, табиби ҳар шахс пеш аз ҳама худи ӯст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «оби дари хона қадр надорад». Лутфу марҳамате, ки Худованд нисбат ба тоҷикон дар масъалаи табиати биҳиштосо зоҳир намудааст, дар кам гӯшаи дунё ба чашм мерасад. Дар ҷумҳурӣ, қариб нест шаҳру ноҳияе, ки мавзеи қобили истироҳат надошта бошад. Афсӯс, ки мо онҳоро нодида мегирем. Масалан, дар мавзеъҳои аз ҳад зиёд гарми Тоҷикистон, чун Шаҳритусу Фархор солҳои қаблӣ одамон бемориҳои дарди буғуми дасту пойҳоро, ки «ревматизм» ё тарбод ном мебаранд, аз тариқи қуми тафсони назди кӯлу дарё ва наҳрҳои об фаровони бепул табобат менамуданд ва аз натиҷааш қаноатманд буданд. Дар ноҳияи Темурмалик, дар мавзеи “Оби гӯгирд” одамон барои табобати худ аз лойи табобатии табиӣ васеъ истифода менамоянд. Дар осоишгоҳҳои рашку ҳавасу ҳасади ҷаҳониёнамон, мисли “Хоҷа Оби Гарм”, “Оби Гарм”, “Гармчашма”, “Шоҳамбарӣ”, “Зумрад”, “Уротеппа”, “Ҳавотоғ” бошад, ҷои гап нест. Дар ҳар яке аз ин мавзеъҳо ба садҳо дард давоҳо мавҷуданд. Барои табобат тамоми шароиту имконият тавассути асбобу таҷҳизоти муосир муҳайё гардонида шудааст. Дар баробари иқлими мусоид доштан, дар осоишгоҳҳо бо истифода аз обҳои минералии радиоактивии табиӣ ва лойи табобатӣ истифода бурда мешавад. Қариб ба тамоми бемориҳо, дардҳо дар ин ҷойҳо даво ёфтан мумкин аст. Махсусан, бисёр одамони гирифтори бемориҳои узвҳои хунгард, диққи нафас, бемориҳои дил, асаб, буғумдард, дардҳои дасту пой, пӯст, гурда, роҳҳои пешоб, узвҳои мардӣ, бемориҳои занона, безурётӣ ва ҳоказо бо шарофати табобат гирифтан дар осоишгоҳҳои мазкур шифо ёфтаанд. ОСОИШГОҲИ «ХОҶА ОБИ ГАРМ» Дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб), баландии қариб 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин мавзеъро ҳадяи беназири табиат, сарчаш-

маи нерӯи ҳаётӣ номидан меарзад, чунки дар ин ҷо ҳар нафари гирифтори ин ё он беморӣ сиҳатии худро пайдо менамояд. Дар ин мавзеи хушобу ҳаво маҷмааи солимгардонӣ бо 700 ҷой сохта шудааст. Ҳамчунин, биноҳои шифогоҳ, муассисаҳои тиббӣ бунёд ёфтаанд. ОСОИШГОҲИ «ОБИ ГАРМ» Дар мавзеи бениҳоят назаррарбои табиат, дар баландии 1200 метр аз сатҳи баҳр бунёд ёфтааст. Бо сарчашмаҳои бойи минералии худ маълуму машҳур мебошад. Ҳарорати обаш 37-52 дараҷа мебошад. ОСОИШГОҲИ «ҲАВОТОҒ» Шифохона ва маркази солимгардонӣ. Дар мавзеи зебои шаҳри Истаравшан

ҷойгир аст, ки метавон дар ин ҷо дар мавсими тобистон истироҳат ва табобат намуд. Дар соли 1948, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар ҳудуди Уротеппа чоҳи кашшофии нафт бо чуқурии 1300 метр кофта шуд, ки дар натиҷа оби гарм фаввора зад. Мутахассисон таркиби химиявӣ, физиологӣ ва биологии ин обро таҳқиқ намуда, хусусиятҳои баланди шифонокии онро муаяйн намуданд. ОСОИШГОҲИ «ШОҲАМБАРӢ» Дар 25-километрии шимолу ғарби шаҳри Душанбе, ҳамчунин, 9 километр шимолтар аз шоҳроҳи Душанбе-Турсун-

ОСОИШГОҲИ «ГАРМЧАШМА» Шифогоҳи табиии обӣ дар “Боми Ҷаҳон”, ки дар 42-километрии шаҳри Хоруғ, қисмати ҷанубу ғарби Бадахшон, дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр, қисмати байникӯҳии водӣ, мавзеи нотакрори соҳили рости дарёи Гармчашма ҷойгир мебошад, ки манбаи фаровони табиии оби минералии шифобахш маҳсуб меёбад. Аз ин ҷо аз дуриҳои дур қуллаҳои боҳашамати Помир ба чашм менамоянд. Аз рӯи маъхазҳои таърихӣ «Гармчашма» ҳазорсолаҳо боз арзи ҳастӣ мекунад. ОСОИШГОҲИ «БАҲОРИСТОН» Дар ин ҷо истироҳати бофароғати ҳаматарафа кафолат дода мешавад. 25 майи соли 2011 ин осоишгоҳи замонавитарин дар мамлакат ба фаъолият оғоз кард, ки дар соҳили баҳри Қайроққуми

вилояти Суғд, дар масоҳати 22 гектар бунёд ёфтааст. АРЗИШИ РОҲХАТҲО БО СОМОНӢ БАРОИ 12 РӮЗ «ХОҶА ОБИ ГАРМ» - 1560 «ОБИ ГАРМ» - 960 «ШОҲАМБАРӢ» - 1236 «ЗУМРАД» - 1163 «УРОТЕППА» - 895 «ҲАВОТОҒ» - 895 «БАҲОРИСТОН» - 1088 - 2030 «ГАРМЧАШМА» - БЕ РОҲХАТ

Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Дар уфрият мегӯянд, ки кор бо истироҳаташ хуш аст. Ҳамчунин, ҷисму рӯҳи инсон ба он ҳатман ниёз дорад ва дар байни мардум гуфтание низ ҳаст, ки дар охират барои ҷонро зиёд азият додан, одам ҷавобгӯй аст. Мутаассифона, ба қавли устод Бозор Собир «маро шӯридаанд бо лойи деҳқон». «Зода меҳнатзода меҳнатзода мемирем мо» гуфтагӣ барин, мардуми тоҷик аз боиси ташвишҳои беохири рӯзгордорӣ, қариб ки рӯи истироҳатро намебинад, чӣ ҷои рафта дар осоишгоҳе дам гирифтану муолиҷа намудан. Хоса, дар замони мо, ки нархҳо “дар осмон”-анд. Ҳатто дар ҳамон замонҳои, ба қавле, арзониву фаровонии шӯравӣ ҳам, кам касон, аққалан дар рӯзҳои истироҳатӣ истироҳат мекарданд.

7 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

ИСТИРОҲАТУ СОЛИМГАРДОНӢ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

8

ДИҚҚАТ! АМАЛИЁТИ ОММАВИИ “БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!”

Солҳои ҳафтодуми асри гузашта, ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил кардан бо ёфтани андак вақти холӣ рӯ ба китоб меовардам. Бо тавсияи муаллими фанни адабиёти тоҷик, Аълочии маорифи Тоҷикистон Абдусаттор Ҳалимов китобҳои мутолиакардаамро дар дафтаре сабт намуда, каме дар бораашон хотираамро менавиштам. Азбаски аксари китобҳои китобхонаи мактабамонро хонда будем, ҳамроҳи дӯстам Саъдӣ Раҳматов (дастпарвари Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов), ки ду синф аз ман боло мехонд, аъзои китобхонаи марказии ноҳия шудем. Шояд ҳамин меҳр ба китобу мутолиа буд, ки бе ягон мушкилӣ ва кӯмаки ягон нафар ба ду мактаби олӣ дохил шудам. ЗАМОНА ДИГАР ШУД? Имрӯз, вақте ки ба ҷавонон китоб хонаданро талқин мекунем, иддае ҷоҳилона мегӯянд: “Китоб хондан чӣ лозим? Пул бошад, ба дилхоҳ мактаби олӣ дохил шуда, диплом мегирӣ...” Акнун саволи навбатӣ пеш меояд. Он дипломи хасакии, фарз кардем, бо пул харида ба дарди кӣ даво мешавад? Шояд кас бо ягон роҳу восита ба ном соҳибдиплом шавад, вале мутахассис шуда наметавонад. Масалан, агар кас қоидаи забонро надонаду захираи муайяни калимаҳоро дар хотир нагирад, аз куҷо тарҷумон мешавад? Агар дипломи муҳандисӣ дошта бошаду дар бораи чӣ гуна нақшаву лоиҳаро тарҳрезӣ намудан тасаввурот надошта бошад, дипломаш ба чӣ кор меояд? Аз ин рӯ, илму донишро танҳо тавассути хондану такрор кардан ва назарияро ба амалия пайваст намудан метавон ҳосил кард. Қисми дигар идао мекунанд, ки ҳоло замона дигар шуда, асри технология асту тавассути интернет ҳама чиро ба осонӣ фаҳминдан мумкин аст. Аммо ин ақида низ саҳеҳ нест. Дар ин хусус мутафаккири муосири турк Фатҳуллоҳ Гюлен дар як мақолааш чунин навиштааст: “Ман чунин мешуморам, ки инсон аз телевизор ё компютер дониши мукаммал гирифта наметавонад. Дар хондани китоб баракати муайяне аст. Санаду ҳуҷҷатҳо дар интернет он қадар зуд меоянд, ки шумо ба чизҳои нодаркор, аз қабили суратҳо, ишораҳо ва ғайра саргардон мешавед... Дар телевизор ё интернет ба шумо имкони ба умқи масъала фурӯ рафтанро намедиҳанд. Шумо ҳис намекунед, ки ҳамааш ин қадар зуд аз пешатон мегузараду чизеро дуруст

намефаҳмед. Барои гирифтани дониш таҳқиқоти дуру дароз ва такрор муҳим аст... Хулоса, манфиати китоб хеле зиёд аст. Китоб мисли фаришта ва манбаи илҳом аст” (рӯзномаи “Дунёи китоб”, №10, 2014). Дар ҳама давру замон китоб роҳнамои зиндагӣ ва беҳтарин муниси инсон буду мемонад. Мутафаккири Ғарб Лука Пенна гуфтааст: “Китоб машъали дил, оинаи тан, муаллими накӯкорӣ, таъқибгари фисқу фуҷур, афсари хирадмандон, ҳамсафари мусофир, дӯсти хона, марҳами дардманд, рафиқу маслиҳатгари ҳокимон, беҳтарин манбаи суханварӣ, боғи пурмева, мазраи шукуфон, ганҷинаи ёддоштҳо ва зинда-

беҳуда ва ҳамнишинӣ бо одамони хилофкору бекора, ки феъли бадашон сироят мекунад, дур мемонӣ”. Ин даъватгари бузург фоидаҳои мутолиа карданро чунин баён кардааст: - Дур шудани васвасаҳо ва ғаму андӯҳ. Исбот шудааст, ки дода шудан ба мутолиаи китоб ғаму андӯҳро аз инсон дур мекунад. - Парҳез аз корҳои беҳуда ва дурӣ пардохтан аз корҳои буд. Яъне, бо машғул шудан ба мутолиа кас имкони ба корҳои беҳуда даст заданро намеёбад. - Мутолиа инсонро аз афроди бекор дур месозад. - Мутолиа боиси дилнишин гаштани забон ва омӯхтани санъати суханварӣ

хубӣ фаро мехонад. - Зеҳни кас ба василаи хондани китоб аз парешонӣ наҷот меёбад, қалб аз ранҷу андӯҳ раҳо мешавад ва вақти инсон аз зоеъ шудан эмин мемонад. - Китобхонӣ боис мешавад, ки инсон дар фаҳми калимаҳо ва маъною мафҳумҳое, ки дар калимаҳо мавҷуд аст ва низ дар шинохти асрор ва рамзҳои ҳикмат маҳорат пайдо кунад. - Мутолиа боиси лаззат бурдан аз зиндагӣ мешавад. Дар хусуси лаззати китобхонӣ файласуфи маъруф Ренс Декорт навиштааст: “Хондани китобҳои хуб, суҳбат кардан бо беҳтарин одамони замонҳои гузашта мебошад ва илова бар ин, чу-

гии хотирот аст”.

мегардад. - Китобхонӣ боиси рушду камоли ақл мешавад. - Мутолиа боиси ба даст овардани дониши фаровон ва ҳифзи мафҳумҳо мегардад. - Китобхонӣ имкони истифода аз таҷрибаи дигарон, баҳрамандӣ аз андарзҳои фарзонагон ва бардоштҳои илмии донишмандонро медиҳад. - Китоб панддиҳандаи бузургест, ки моро аз бадиҳо боз медорад ва ба хайру

нин суҳбатест, ки онҳо бароямон танҳо наҷибтарин фикру эҳсосотро мерасонанд”.

Мутолиа калиди

МАНФИАТҲОИ МУТОЛИА Яке аз олимони машҳури ҷаҳони ислом Аллома Абдулҳасани Надавӣ дар хусуси манфиатҳои мутолиа чунин нигоштааст: “Агар нафси худро ба корҳои дурусту саодатовар ва касби илм машғул накунӣ, нафсат туро ба корҳои ботилу беҳуда, азобовар ва ҷаҳлу маъсият машғул хоҳад кард. Ту дар сояи мутолиа ва тафаккур аз шарру офати маҷлисҳои

АНБОРИ ИЛМУ АНДЕША Китобро анбори илму андешаи башар мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Олим, адиб барои эҷоди асари бадеӣ ё китоби илмӣ солҳо заҳмат мекашад, то он мӯъҷазу ҷолиб бошаду ба дили хонанда роҳ ёбад. Нависандаи машҳури рус Максим Горкий дар васфи китоб гуфта буд: “Китоб шояд мӯъҷизаи бузургтарин ва мураккабтарин ихтироъкардаи одам бошад”. Аввалин ояте, ки ба ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шуд, бо нидои “Иқраъ, бисми рабикаллазӣ халақ” (Бихон, ба номи Парвардигорат, ки халқ кардааст!) мебошад. Дар сураи “Қалам” бошад, Худованд ба қалам савганд ёд кардааст: “Нун вал қалами ва мо ястурун” (Савганд ба қалам ва он чӣ менависанд). Расули Худо (салаллоҳу алайҳи ва саллам) дар тарғиби мутолиаву омӯзиши илм ҳадисҳои зиёд гуфтаанд. Чунончӣ, “Талаби илм ба ҳар марду зани мусулмон фарз аст”, “Зи гаҳвора то гӯр илм биҷӯед!”, “Илмро биомӯзед, агарчи дар Чин ҳам бошад”, “Илмро бо навиштан қайд (маҳор) кунед!” Вақте мушрикони Макка бо лашкари се маротиба зиёдтар ба сари мусулмонон ҳамла оварда, дар мавзеи Бадр шикаст хӯрданд, теъдоде аз онҳо ба асорати мусулмонон афтоданд. Ҳазрати Муҳаммад (с) ба хешону наздикони асирон овардани пулу молро шарт нагузоштанд, балки пешниҳод намуданд, ки ба ивази 10 мусулмон ёд додани хондану


дум бо кӯдаконашон ба ин чорабинии муҳими сол омада буданд. Волидон зимни харидани китоб шавқу рағбати кӯдаконашонро ба инобат гирифта, аз онҳо маслиҳат мепурсиданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба 10 кишвари мардумаш сермутолиатарини ҷаҳон шомил аст, аз баракати китобдӯстӣ дар бисёр соҳаҳо пешрафтааст. Дар ин ҷо китоби пурмазмун арзишмандтарин тӯҳфа ҳисоб меравад. КИТОБ БЕҲ Ё ПУЛ? Солҳои донишҷӯӣ дар даромадгоҳи донишгоҳ дӯкони китобфурӯшӣ буд. Ҳар боре ки ба он ворид мешудам, ҳатман китобе мехаридам. Беҳтарин луғату қомус

латии таъминот ва савдои китоби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Сафаров зимни сӯҳбат гуфт: “Дар замони шӯравӣ як китоб бо теъдоди 10000 нусха чоп мешуду ҳамааш ба фурӯш мерафт. Имрӯз як китоб 500 нусха чоп мешавад, вале дар анбор хоб асту хеле кам касон онро мехаранд”. Агар аз як тараф сабаби кам харидани китоб баланд будани арзиши аслии он бошад, сабаби дигар ба китобхонӣ кам майл доштани ҷомеа аст. Муовини сардори Шуъбаи феҳристнигории Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шайдоӣ Абдуллоев сабаби каммутолиагиро, пеш аз ҳама, дар камбизоатӣ, гоҳе 2 ё 3 шуғл доштан ва ё ба муҳоҷират рафтани

пешравиҳост

ҳавопаймо, трамвай бисёр шахсонро медидем, ки бо истифода аз фурсат китоб мехонданд. Ин ҳолатро имрӯз низ дар бисёр шаҳрҳои Русия мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо аксари ҷавонони мо дар дохили нақлиёт ё ба суҳбати беҳуда машғуланд ё тавассути телефон мусиқӣ гӯш мекунанд. Дар китобхонаҳо низ ҷавонон нисбат ба даврони шӯравӣ хеле каманд. Боре рӯзноманигори ҷавони ҳафтаномаи “Минбари халқ” Моҳрухсор Раҳимова чунин нақл кард: “Рӯзе аз бонуи “семечкафурӯш”-е, ки китоберо канда, донаи офтобпарасти бирён мефурӯхт, бо панҷ сомонӣ китоби “Сомониён ва эҳёи тамаддуни форсии тоҷикӣ”-ро харидам. Он зан хурсанд буд, ки аз ҳисоби китоб пули чанд истакон офтобпарастро якбора ёфт. Ман хурсанд будам, ки аз ин китоб силсиламақолаҳои илмӣ, аз қабили “Оятҳои “Қуръон” дар “таърих”-и Абӯалии Балъамӣ”, “Ойини худшиносӣ дар замони Сомониён”, “Исмоили Сомонӣ ва наҳзати истиқлолхоҳонаи тоҷикон”, “Эҳёи ҳунари меъморӣ дар замони “Сомониён” ва ғайраро ёфтам. Вале аз он ғамгин шудам, ки чунин китобҳои пурмазмун ба ҷои мутолиа шудан варақ-варақ канда шуда, зери по меафтанд. Ҳол он ки олим ё эҷодкор барои ҷумлаеро навиштан хуни ҷигар об карда, солҳо заҳмат мекашад”. Вақте наврас чунин муносибатро бо китоб мебинад, аз куҷо меҳраш ба китобу мутолиа боло меравад? Соли 2005 дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Теҳрон ширкат доштам. Намоишгоҳ як ҷашни миллиро мемонд. Аз тамоми минтақаҳои Эрони аҳолиаш 75-миллионнафара мар-

ва китобҳои илмие, ки дар китобхонаи шахсиам маҳфуз аст, ҳамон солҳо харида будам. Баъзан, вақте ки ба сӯи он дӯкони китобфурӯшӣ майли даромадан мекардам, ҳамсабақонам аз дастам кашида, шухиомез мегуфтанд: “Биё вақтро нагузарон! Аз ду сар дар ин ҷо китобе намондааст, ки ту нахонда бошӣ”. Он солҳо китоб арзон буд ва барои донишҷӯён аз 40 суми стипендия ба 10 сӯмаш харидани 10-15 китоб имкон дошт. Боре сардори Китобхонаи дав-

қисми зиёди аҳолии қобили меҳнат мебинад. Ӯ чунин мегӯяд: “Рушди имрӯзаи фарҳангии ҷомеаҳо ва пешрафти онҳо вобаста ба китоб ва китобхонӣ аст. Зеро донистан боиси тавонистан ва муқаддимаи он мебошад. Илова бар ин, китоб ва китобхонӣ дар саломатии равонӣ ва ахлоқии фарду ҷомеа, таълиму тарбия муассир аст”. Инсон барои он ки ба хубу неки зиндагӣ сарфаҳм равад, солиёни зиёд лозим аст, ки таҷриба андӯзад. Бино бар

ин, ҳар як шахс ниёзманди истифода аз таҷрибаи ашхоси собиқадор аст. Ба гуфтаи Соиб: Ройи равшан зи бузургони кӯҳансол талаб, Обҳо соф дар айёми хазон мегарданд. Кас тавассути мутолиа бо беҳтарин инсонҳо дидору гуфтугӯ мекунад, аз ҳамсухан шудан бо онҳо баҳра мебарад ва дар баҳри андешаҳои бузург марворидҳои дурахшон сайд мекунад. Боиси таассуф аст, ки на ҳама қадри китобро медонанд. Боре як рафиқам писарашро хонадор кард. Тасмим гирифтам, ки барояш китоби дуҷилдаи “Одоби оиладорӣ”-и Сулаймон Эрматовро туҳфа кунам. Як дӯсти дигарам аз ин тасмими ман огоҳ шуда гуфт: “Медонам, ки Шумо аз рӯи хайрхоҳӣ чунин ният кардаед. Аммо ҷомеаи мо ба ин ҳоло тайёр нест. Чанд кас шояд писханд занад, ки “фалонӣ китоб ҳадя бурдааст”. Барои амалӣ кардани ин амали нек мардумро пешакӣ тайёр кардан лозим аст”. Суханонаш дурустанд. Имрӯзҳо иддае дар маъракаҳо ба меҳмонон куртаҳои синтетикии истеҳсоли Чинро ҳадя медиҳанд. Дар баъзе оилаҳо 15-20 адад чунин куртаҳо ҷамъ шудаасту касе аз аҳли хонавода онҳоро намепӯшанд. Магар хуб нест, ки ба ҷои чунин куртаҳо китоб ҳадя кунем? Зеро китоб бо истодан кӯҳна намешаваду аз муд намебарояд. Як китобро чанд насл метавонанд истифода намоянд. ТАЪСИРИ МУТОЛИА МИСЛИ ВАРЗИШ АСТ Аллома Абдулҳасани Надавӣ чунин тавсия додааст: “Имрӯз, ки дӯстони хуб кам шудаанд, дӯсте беҳтар аз китоб нахоҳед ёфт. Модоме ки мутолиаи китобҳои муфид шоҳроҳи саломати ахлоқӣ ва омӯзгори бузурги дарсҳои зиндагонӣ бошад, чаро дар китобхонӣ баҳонаҷӯию ғафлат мекунем?” Оре, китоб фишурдаи андешаҳои пурмазмун, фаввораи таҷрибаҳо, арсаи дидор бо бузургон, фарзанди ҷовидони инсон, омили пешрафт ва шинохти ҷомеаҳои мутараққӣ аст. Китоб майдони ибратомӯзии сарнавишти некону бадон мебошад. Аллома Абдулҳасан сухани яке аз донишмандонро чунин иқтибос овардааст: “Як соат аз умри гузаштаро ба ҳеҷ қимате наметавон ба ақиб бозгардонд, аммо бо додани як миқдор пули ночиз (барои харидани китоб) метавон тамоми умру таҷрибаҳои бузургтарин хирадмандону донишмандони ҷаҳонро азхуд кард. Китоб умри дубора аст”. Ба гуфтаи Аллома Надавӣ мутолиа ҳамон таъсиреро дар вуҷуди одамӣ мегузорад, ки варзиш дар бадан эҷод мекунад. Боиси хушнудист, ки ҳарсол бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ чорабиниҳои муҳиме, аз қабили Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон”, “Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе”, маҳфили адабии “Дунёи китоб”, ҳафтаи китоби кишварҳои гуногун доир мегарданд. Чунин чорабиниҳо боиси ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб хоҳад гашт.

С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

навиштан озод хоҳанд шуд. Дар ягон ҷанги дунё чунин шарт пешниҳод нашудааст, ки асир ба ивази саводомӯзӣ раҳо шавад. Расули Худо (с) медонистанд, ки миллати донишманду босавод ҳеҷ гоҳ мутеъ ва фармонбардори бегонагон нашуда, ба пешравӣ ноил мегардад. Дар назди Худованд мартабаи илм дар (китобхон, мутолиакунанда) нисбат ба ашхоси беилм (намехондагӣ) болотар аст. Чунончӣ, ин нукта дар сураи “Зумар” таъкид шудааст: “Оё касоне, ки медонанд, бо касоне ки намедонанд, баробару яксонанд? Ҳаргиз!” Мутаассифона, имрӯз ҷавонони мутолиакунандаро кам мебинем. Дар даврони шуравӣ зимни сафар бо қатора,

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

9

ДИҚҚАТ! АМАЛИЁТИ ОММАВИИ “БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!”


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

10

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Чанде пеш дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ аз фанни физика баргузор гардид. Дар он намояндагони 90 мамлакат ширкат варзиданд. Бори аввал намояндаи Тоҷикистон, омӯзгори фанни физикаи мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе Илҳом Ҳотамӣ дар қатори намояндагони 5 кишвари дигар ба ҳайати доварон шомил шуд. Баъди бозгашт аз Остона мо бо ӯ мусоҳиб шудем. - Дар оғоз мегуфтед, ки чӣ гуна номзадии Шумо ба ҳайати ҳакамони олимпиадаи ҷаҳонии физика пешбарӣ шуд? - Аз соли 2008 ман дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ба ҳайси роҳбари дастаи хонандагони мамлакат ширкат варзидаам. Тӯли ин солҳо оид ба чӣ гуна баргузор шудани олимпиадаҳо каме таҷриба низ ҳосил намудам. Соли 2013 зимни иштирок дар олимпиада аз фанни физика ман иброз доштам, ки бинобар дигар намудани ҷойи кор муҳлати роҳбариам ба ҳайати Тоҷикистон соли 2014 хатм мегардад. Аз ин рӯ, номзад ба роҳбари ҳайати Тоҷикистонро бо онҳо шинос намудам. Моҳи феврали соли равон аз Кумитаи тадорукоти олимпиада нома омад, ки маро ба ҳайси довари байналмилалӣ дар олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ аз фанни физика шомил намудаанд. Ғайр аз ман боз намояндагони 5 кишвар, аз қабили Русия, Белорус, Қазоқистон, Туркия ва Словакия низ ба ҳайати доварон шомил буданд. Масъалаи рафтуомад ва будубошро пурра Кумитаи тадорукот ба зима гирифт ва нимаҳои моҳи июл (аз 13 то 21 июл) ман ҳамчун узви ҳайати ҳакамон дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намудам. - Вазифаи асосии доварон аз чӣ иборат буд? Оё вобаста ба натиҷаи олимпиада аз ҷониби ягон даста эътироз нашуд? - Олимпиада аз ду марҳила иборат буд: марҳилаи назариявӣ ва таҷрибавӣ. Рӯзи якум, масъалаҳои қисми назариявӣ баррасӣ шуданд. Дар рӯзи дуюм иштирокчиёни олимпиада аз қисми назариявӣ имтиҳон супурданд. Дар рӯзҳои боқимонда аз қисми таҷрибавӣ имтиҳон супурданд ва ҳайати ҳакамон натиҷаҳои санҷишро эълон намуд.

Нахустдовари озмуни байналмилалӣ аз Тоҷикистон Чанд маротиба дар ин олимпиада зимни ба миён омадани ҳолатҳои баҳснок ва ҳалли масъалаҳо, инчунин, зимни санҷиш ва аппелятсияи он иштирок кардам. Кумитаи тадорукот барои баланд бардоштани сатҳи санҷиш ва аппелятсия ҳакамоне, ки таҷрибаи зиёди ширкат дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ доштанд, ҳам ба марҳилаи назариявӣ ва ҳам таҷрибавӣ муваззаф намуданд. Аз ҷумла, ман низ дар санҷиш ва аппелятсияи марҳилаи назариявии дастаҳои 9 давлат ва марҳилаи таҷрибавии дастаҳои 5 давлат

биринҷӣ гирифтани муҳассилини тоҷик ифтихори бузург аст. Онҳо имтиҳонро пурра ба забони англисӣ супурданд. - Худи Шумо низ замоне дар чунин олимпиадаҳо иштирок мекардед? - Соли 2002, ҳангоми таҳсил дар ЛИМТТ иқтисодии шаҳри Душанбе дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни физика сазовори медали тилло гашта будам. Он вақт Тоҷикистон дар олимпиадаи ҷаҳонӣ иштирок намекард. Соли 2007 факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, ба

вазифадор шудам. Хурсандиовар он буд, ки роҳбарони дастаҳои давлатҳои гуногун оид ба сатҳ ва сифати аппелятсия миннатдорӣ баён карданд. Дар поёни олимпиада Кумитаи тадорукот ба ман сертификати узви ҳакамони олимпиадаи ҷаҳонии физикаро супурд. - Намояндагони Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур донишу малакаи худро чӣ гуна нишон доданд? - Аз ҷумҳурии мо дар ин олимпиада чор нафар муҳассили Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол ва як нафар хонандаи гимназия-интернати Тоҷикистону Русия “Ҳотам ва ПВ”-и шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Боиси хушнудист, ки шогирдони ЛИМТТ ба номи Ҳоҷӣ Камоли пойтахт Шаҳзод Рустамҷон ва Исмоил Одинаев соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд. Дар миёни шогирдони мактабҳои кишварҳои абарқудрат (90 кишвар) медали

ЛИМТТ шаҳри Кӯлоб ҳамчун омӯзгор ба кор даромадам. Алҳол дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе (DIS) омӯзгори фанни физика мебошам. Чи дар ЛИМТТ ва чи дар Мактаби байналмилалӣ физикаро ба шогирдон ба забони англисӣ таълим медиҳам. Ҳамзамон, роҳбари Иттиҳодияи физикаи муассисаи таълимии “Шалола” ҳастам. - Оё дар ЛИМТТ ва Мактаби байналмилалӣ маҳфилҳои беруназдарсӣ низ амал мекунанд? - Соли гузашта дар Иттиҳодияи физикаи МТ “Шалола” қарор дода будем, ки ҳадди ақал ҳафтае чор чорабинӣ, аз қабили мусобиқа (намоишӣ) гузаронида шавад. Масалан, мо дар Мактаби байналмилалӣ бо истифода аз таҷҳизоти барқӣ сохтани ҳар гуна ашёи шавқоварро ташкил намудем. Дар ин гуна чорабиниҳо хонандагон хеле фаъолона ва бо рағбати зиёд ширкат меварзанд. Таъсиси маҳфилҳои илмӣ бошад, хонанда-

гонро аз бозиҳои беҳуда дур намуда, барои амиқтар шудани донишашон мусоидат мекунад. Шогирдони мо ғайр аз фанни физика, инчунин, дар олимпиадаҳои байналмилалии лоиҳавӣ низ ширкат меварзанд. Яке аз самтҳои интихобкардаи онҳо истифода аз энергияи ғайримаъмулӣ (офтоб, бод, биогаз...) мебошад. Соли равон мо ҳамроҳи шогирдон дар олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки дар ИМА баргузор шуд, ширкат варзидем. Лоиҳаи шогирдони мо ба мавзӯи тозакунии манбаъҳои об аз пайвастагиҳои нафтӣ бахшида шуда буд. Зеро ҳарсол дар ҷаҳон 5-10 садамаи нафтӣ вобаста ба интиқол ва истихроҷи он рӯй медиҳад. Агар сари вақт об аз нафт тоза карда нашавад, ба муҳити зист зарари калон мерасонад. Муҳассилини синфи ёздаҳуми Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе Суҳайлӣ Исроилов ва Парвиз Зарифзода дар иёлати Ню-Йорк лоиҳаи худро хеле моҳирона муаррифӣ карда, ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуданд. - Ин лоиҳае, ки муҳассилини тоҷик пешниҳод кардаанд, кашфиёт аст. Оё ба онҳо патент дода мешавад? - Роҳҳои тозакунии баҳру уқёнус аз нафт зиёд аст. Аммо усуле, ки шогирдони мо пешниҳод карданд, хеле камхарҷ мебошад. Лоиҳа аз ҷониби олимон дастгирӣ ёфт. Акнун муаллифон метавонанд барои гирифтани патент ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд. Мо аввал дар ҳавзҳои сунъӣ таҷриба гузаронидем. Баъди ҳар бори гузаронидани таҷриба фоиданокии корро боло бурда, билохира, ба натиҷаи беҳтарин ноил гардидем. - Олимпиадаи навбатӣ аз фанни физика дар куҷо баргузор мегардад? - Соли оянда ин озмуни бонуфуз дар Ҳиндустон баргузор хоҳад шуд. Намояндагони Ҳиндустон дар Остона бо нозукиҳои баргузории чорабинӣ ошно шуданд. Мо кӯшиш мекунем, ки шогирдонамон донишу маҳорати беҳтар нишон дода, ба натиҷаҳои беҳтар ноил гарданд ва шарафи илми тоҷикро баланд бардоранд.

Мусоҳиб С. АМИНИЁН, “ҶТ”

12 АВГУСТ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН

e-mail: javonontj@mail.ru

Лина ГОШ: "Мехоҳам забони форсиро омӯзам..." Лина Гош 24-сола буда, зодаи шаҳри Мюнхени Олмон аст. Ӯ аз оилаи падари муҳоҷири ҳиндустонӣ ва модари олмонӣ ба дунё омадааст. Падараш донишгоҳро дар Русия хатм карда, сипас, дар Олмон зиндагӣ ихтиёр намудааст. Модараш тарҷумон буда, дар оила се хоҳар мебошанд. Дар яке аз конфронсҳои байналмилалӣ бо ӯ шинос шуда, мусоҳиба анҷом додам, ки онро пешкаш мегардонем. - Лина, кадом донишгоҳро тамом кардаӣ ва дар кадом самт фаъолият бурдан мехоҳӣ? - Ман хатмкардаи факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи илмҳои сиёсии Париж “Sciences Po” мебошам. Вале фикр мекунам, ба ҳайси дипломат кор кардан душвор аст, зеро

бо тақозои кор лозим меояд, ки ҳар се сол ҷои зистро иваз намоӣ ва ба кишвари дигар кӯч бандӣ. Мехоҳам дар ягон созмони байналмилалӣ кор кунам ва дар амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун ширкат варзам. - Бо кадом забонҳо суҳбат карда метавонӣ? - Олмонӣ, англисӣ, русӣ,

фаронсавӣ ва банғолӣ. Мехоҳам забонҳои испанӣ ва форсиро низ омӯзам. Ҳис мекунам, ки забони форсӣ хеле пурғановат аст ва ба забони банғолӣ наздикӣ дорад. - Бо забони русӣ хеле хуб гап мезанӣ. Ин забонро кай аз худ кардӣ? - Аз 4-солагӣ ба курси бачагонаи забони русӣ мерафтам.

Ҳамзамон, дар Олмон муҳоҷирони зиёде аз Русия зиндагӣ менамоянд. Бо онҳо борҳо гуфтугӯ доштам. - Дар вақтҳои фориғ аз дарс кадом машғулиятҳоро меписандӣ? - Саёҳатро дӯст медорам. Ҳамзамон, ба рақси ҳиндӣ таваҷҷуҳ дорам ва дар маркази фарҳангии Ҳинд онро омӯхтам. - Таҳаммулпазирӣ дар байни ҷавонони Олмон чӣ тавр аст? - Дар ин маврид мушкилоти ҷиддие нест. Вале барои олмониҳо муҳим он аст, ки ту забони онҳоро ба хубӣ донӣ. - Дар мавриди Тоҷикистон иттилое дорӣ?

- Медонам, ки кишвари кӯҳсор асту замоне ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва узви Иттифоқи Шӯравӣ буд. Мардумаш хеле меҳмоннавозанду бо миллати худ ифтихор доранд. То ин вақт ман дар Қирғизистону Узбекистон будам. Ба наздикӣ дар доираи як лоиҳа ният дорам ба Тоҷикистон сафар намоям, бо мардумаш аз наздик ошно шаваму ҳаёти деҳотро бинам. - Ба ҷавонони Тоҷикистон чӣ паём дорӣ? Мехоҳам ҷавонони Тоҷикистон дар рушди кишвари худ иштироки фаъол дошта бошанд.

Насрулло ТУЙЧИЗОДА


ВАРЗИШГАРОН муаррифгарони кишваранд Ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи август дар мамлакат иди касбии варзишгарон ҷашн гирифта мешавад

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст Зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии кишвар Шерхон Салимзода изҳор дошт, ки баҳри волоияти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура корҳои назаррас ба сомон расонда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 2448 санҷиш гузаронда шуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 7955 санади эътиноӣ бароварда, дар натиҷаи баррасии онҳо 13859 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Дар ин давра ба 349 қарори раисони шаҳру навоҳии кишвар эътироз баён шуд. Аз ин шумора 290тояш ба масъалаи ҷудо ва вобаста намудани замин рост меояд. Тавре Шерхони Салимзода зикр намуд, дар ним соли ҷорӣ 10932 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли

пешин 571 адад зиёд аст. Номбурда, инчунин, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҷинояткорӣ, махсусан байни наврасон афзудааст. - Дар ин давра бо иштироки наврасон 468 ҷиноят содир шудааст, - гуфт Шерхон Салимзода. – Дар муқоиса ба нимсолаи соли пешин ин 11 адад зиёд мебошад. Сабаби афзудани ҷинояткории наврасон, ба андешаи Шерхон Салимзода, саҳлангории волидон дар тарбияи фарзандон, алоқаи сусту номуназзами мактаб ва падару модарони хонандагон аст.

Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

ФАРҲАНГ

Фестивали «Боми ҷаҳон» дар Хоруғ Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ бо ибтикори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамиятии «Ҳамеша-спента» Фестивали «Боми ҷаҳон» баргузор гардид, ки дар он ҳунармандон аз кишварҳои Чин, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон ширкат доштанд. Дар баробари суруду рақс, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои тоҷикони кӯҳистони Бадахшону дигар намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Муассисаҳои фарҳангии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ муҳраву куртаҳои хушдӯхт, тоқиҳои анъанавӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро ба маъраз гузоштанд, ки аз фарҳангу маданияти тоҷикони кӯҳистони Бадахшон дарак медоданд. Яке аз ташаббускорони ин иқдоми нек, корманди Пажӯҳишгоҳи инсоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар Бадахшон Умед Муҳаммадшерзодшоев баён дошт, ки дар фестивал асарҳои илмӣ-бадеӣ, ки дар бораи урфу одат ва суннатҳои мардуми кӯҳистон ҳикоят мекунанд низ, ба намоиш гузошта шуданд.

Боиси сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиққлолии мамлакат варзишгарони бомаҳорати тоҷик кишвари офтобии моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, ҳар як пирӯзӣ ва ғалабаҳояшонро ҳамчун фарзандони фарзона ба халқу Ватан мебахшанд. Пас аз мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон (соли 2010) беш аз ду ҳазор толору варзишгоҳ, ҳавзҳои шиноварӣ, майдонҳои сунъии бозии футбол, даҳҳо марказ ва муассисаҳои солимгардонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба саҳфаи корномаи варзишгарон рӯ оварда, беихтиёр ному насаби поягузорони варзиши миллӣ, ҳаракати олимпӣ, фарзандони фарзона ва нобиғаҳои соҳаро, аз қабили устодони варзиш Иброҳим Ҳасанов, Зебунисо Рустамова, Саидмуъмин Раҳимов, бародарон Юрий ва Михаил Лобановҳо, Эрика Шиллер, Андрей Абдувалиев, Анатолий Старостин, Азалшоҳ Олимов ва амсоли инҳоро ёдовар шуда, ба пешрафту нумӯи варзиши тоҷик боварии комил пайдо менамоем. Аксари варзишгарони мамлакат дастпарварони Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов буда, аз устодони моҳир

ва донишмандони асил сабақ омӯхтаанд. Ситораҳои дурахшони варзиши тоҷик, барандагони медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ, бозиҳои қитъаи Осиё ва ҷоми булӯрини ҷаҳон Дилшод Назаров, Фирӯз Ёқубов, Хушқадам Хусравов, се карат ғолиби сабқатҳои ҷаҳонӣ дар риштаи самбо Акмалиддин Каримов аз ҳамин қабиланд. Хидмати арзанда ва шоёни мураббиёни асил аз ҷониби федератсияҳо, ассотсиатсияҳои касбӣ, ҷамъиятҳои ихтиёрии варзишӣ, бошгоҳҳо ва тоҷирони саховатманд барҳақ ва ба таври воқеъбинона қадр мегарданд. Дар давоми чилу се соли мавҷудият донишкадаро беш аз бист ҳазор нафар устоду афсар ва муаллими фанҳои омодагии дифои ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ, сайёҳии кӯҳӣ ва варзиш бомуваффақият хатм намуда, ба шоҳроҳи мактаб ва маорифи мамлакат фиристода шудаанд. Барои фаъолияти ибратбахши мутахассисон дар музофот тамоми шароити машқу касбомӯзӣ фароҳам аст. Ҷомеаи омӯзгории донишкада сиёсати маорифпарваронаи Давлат ва Ҳукумати ҷумҳуриро дар амал пиёда намуда, сатҳу сифати тадрисро беҳтар карда, мекӯшанд, ки оянда шогирдони сазоворро ба камол расонанд. Имрӯз дар кишвар қариб ҳаштод федератсияи варзишӣ, марказҳои солимгардонӣ, ассотсиатсияҳои тарзи ҳаёти солим фаъолият намуда, ҷиҳати рушду инкишофи варзиши ватанӣ саҳми арзанда мегузоранд. Мо сарфароз аз он мебошем, ки бо Вазорати маориф ва илми

11 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

10 АВГУСТ - РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

Шодӣ САФАРОВ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ ҳамкории дерина дорем. Аз ин рӯ, бо боварӣ иброз карда метавонем, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба нишондиҳандаҳои баланди варзишӣ ноил хоҳем гашт. Бо истифода аз ин фурсати муносиб варзишгарону собиқадорони соҳа ва барандагони роҳхат ба бозиҳои қарибулвуқӯи олимпии наврасонро бо иди касбиашон самимона табрику шодбош гуфта, ба онҳо шодкомию пирӯзиҳоро тамано менамоям.

e-mail: javonontj@mail.ru

ТАРТИБОТ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

12

ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲА

ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ

Соли 2015: оғози фаъолияти Ҳавзаи Осиёи Миёнагии КФО Ислом Маҳмадшоев, котиби генералии Федератсия футболи кишвар зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки то моҳи январи соли 2015 Оинномаи Ҳавзаи Осиёи Миёнагии Конфедератсияи футболи Осиё таҳия гардида, ба кор оғоз менамояд. Ба он ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон ва Эрон шомил мебошанд. Ислом Маҳмадшоев роҷеъ ба бурду бохти Федератсияи футболи кишвар маълумот дода, таъкид дошт, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби федератсия ҷиҳати амалигардонии “Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 20122016” ва Фармони Президенти ҷумҳурӣ “Дар бораи эълон гардидани соли 2014 – Соли футболи оммавӣ” чораҳои мушаххас андешида шуданд. Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи кории ФФТ барои соли 2014, як қатор корҳо барои рушду инкишофи футбол дар кишвар амалӣ шуданд. Дар ин давра ба рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқи футбол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аҳамияти зиёд дода шуд. Аз ҷумла, дар 31 шаҳру ноҳияи мамлакат 9 фестивали футбол гузаронида шуд, ки дар онҳо ҷавонону наврасон иштироки

фаъолона доштанд. Ба иштирокдорон тӯб ва либоси варзишӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, ба таъкиди Ислом

КАДР

Маҳмадшоев, дар нимсолаи аввали соли равон барои омодагии мақсадноки дастаҳои мунтахаби кишвар дар бозиҳои расмии байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Дар давраи ҳисоботӣ ба хотири баланд бардоштани малакаю маҳорати футболбозон ва иҷрои муваффақонаи вазифаҳои дар пешгузошташуда як қатор фестивалу чорабиниҳои варзишӣ доир шуданд. Аз ҷумла, Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми иттиҳод”, Семинари доварони ҷавон, Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал “Серияи “В”, Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар он доварону варзишгарони мо фаъолона иштирок намуданд. Ислом Маҳмадшоев таъкид дошт, ки дар марҳилаи аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Тӯби чармин” 5700 мактаббача иштирок намуданд.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ” ФУТБОЛ

М. Ҳабибуллоев – сармураббии нави «Далерон» Дастаи “Далерон”-и Истаравшан соҳиби сармураббии нав шуд. Аз ин ба баъд ин дастаро мутахассиси бомаҳорат Маҳмадҷон Ҳабибуллоев роҳбарӣ мекунад.

e-mail: javonontj@mail.ru

Зери роҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дастаи “РегарТадАЗ”-и Турсунзода шаш маротиба қаҳрамон ва 3 маротиба сазовори Ҷоми президенти КФО шудааст. Охирон маротиба дастаи мунтахаби ҷавонони кишварро роҳбарӣ кардааст. - Маҳмадҷон Ҳалимович мутахассиси ботаҷриба аст

ва боварӣ дорам, ки ӯ дастаи моро пурзӯр мекунад. Тими мо аз дастаҳои “Хайр” ва “Парвоз”, ки дар ҷойҳои дуюму сеюми ҷадвали мусобиқа қарор доранд, ҳамагӣ 4 хол кам дорад. Дар сурати муваффақ шудан, имкони дар сегонаи аввал ҷой гирифтанро дорем, - гуфтааст президенти клуби “Далерон” Алишер Фозилов.

Марҳалаи дуюми Чемпионати мамлакат 15 август шуруъ мешавад Ҷадвали бозиҳои марҳалаи дуюми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими 2014 тасдиқ шуд. Ин марҳала бо бозиҳои даври 10-ум 15 август шуруъ гардида, 26 ноябр, баъди бозиҳои даври ҳаждаҳум хотима меёбад. Дар даври даҳум, ки се рӯз 15-17 август баргузор мешавад, “Энергетик” бо “Равшан”, КМВА “Помир” бо “Парвоз”, “Хуҷанд” бо “Хайр”, “Истиқлол” бо “Вахш” ва “Далерон” бо “Регар-ТадАЗ” вомехӯранд.

РУШДИ ВАРЗИШ

Мусобиқоти фардо Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ 14-18 август дар шаҳри Хоруғи ВМКБ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон, 21-22 август дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба қайиқронӣ байни наврасони соли таваллудашон 1998-2001 ва 26-30 август дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тенниси рӯи миз байни наврасону ҷавонони соли таваллудашон 1991-2001 доир мегарданд.

ФУТБОЛИ НАВРАСОН

Бохти наврасони кишвар аз Тайланд Мусовии тими миллӣ бо “Хайр” Тими миллии кишвар дар доираи омодагӣ ба бозии рафиқона бо тими мунтахаби Малайзия, 3 август дар қароргоҳи Академияи футболи “Истиқлол”, воқеъ дар дараи Алмосии Ҳисор, бо тими “Хайр” вохӯрд. Бозӣ мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. Аз 4 август бозингарони тими миллии кишвар омодагиашонро дар Душанбе идома медиҳанд. Тими миллӣ дар меҳмонхонаи “Азия гранд отел” истиқомат карда, машқҳояшонро дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ мегузаронанд. Ёдовар мешавем, ки бозии рафиқона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия 8 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир мегардад. Доварии вохӯриро ба мутахассиси қазоқ Александр Алиев бовар кардаанд. Ба ӯ ҳамдиёронаш Сергей Васютин ва Самат Тергеусизов кӯмак мекунанд.

Дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Осиё миёни наврасони то 14-сола тими наврасони кишвар зери роҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар шаҳри Ҳамадони Эрон ду бозии санҷишӣ анҷом дод.

Футболбозони навраси ҷумҳурӣ дар ҳар ду бозӣ пирӯз шуданд. 30 июл тими футболи наврасони кишвар бо дастаи “Илму адаб”- Ҳамадон вохӯрд. Бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба нафъи бозингарони мо анҷом ёфт. Голҳоро Ҷаҳонгир Раҳматзода, Аслам Камолов ва Ваҳдат Ханонов заданд. Дар бозии дигар 1 август наврасони кишвар бар дастаи дигари Ҳамадон “Толори Ваҳдат” бо ҳисоби 3:1 ғалаба карданд. Голҳои тими наврасони кишварро Умарҷон Шарифов, Ваҳдат Ханонов ва Шаҳбоз Абдуллоев ба ҳадаф расонданд. Марҳалаи ниҳоии Чемпи-

онати Осиё миёни наврасони то 14-сола 4 август шуруъ гардида, то 13 август идома меёбад. Тими футболи наврасони кишвар, ки шомили гурӯҳи “В” аст, 5 август бо ҳамсолонашон аз Тайланд вохӯрда, бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Тими футболи наврасони кишвар 7 август бо дастаи Ироқ ва 9 август бо Кореяи Ҷанубӣ вомехӯрад. Дар гурӯҳи “А” тимҳои Эрон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ ва Тимори Шарқӣ дохиланд. Аз ҳар ду гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври нимниҳоӣ, ки 11 август доир мегардад, роҳ меёбанд. Бозии финалӣ 13 август доир хоҳад шуд.


“Динамо” ба дарвозаи “Ростов” 7 гол зад “Динамо”-и Маскав дар чорчӯби даври аввали Чемпионати Русия бо ҳисоби калон “Ростов”-ро мағлуб кард. Ин бозӣ бо ҳисоби 7:3 анҷом ёфт. Ҳисоб дар дақиқаи 15-ум кушода шуд. Кевин Куранӣ, бозингари “Динамо” зарбаи 11-метраро ба нишон расонд. Дар дақиқаи 29 Кристофер Самба голи дуюми дастаи Маскавро вориди дарвозаи ҳариф кард. Дар дақиқаи 35 Дмитрий Полоз ҳисобро 2:1 кард, аммо баъди чанд лаҳза Балаж

Ҷуҷак ҳисоби “Динамо”-ро ба яки дигар афзуд. Дар дақиқаи 40, Полоз боз як гол зад. Дар қисмати дуюм Кокорин ду голи дигар зад. Голи ҳафтуми “Динамо”-ро Куранӣ дар дақиқаи 66 вориди дарвоза кард. Александр Гатскан, нимҳимоятгари “Ростов” ҳисоби дастаашро ба 3 расонд.

Аз ин пеш, дар дигар бозиҳои даври аввали премер-лигаи Русия “Мордовия” бо ҳисоби 3:2 “Урал”ро шикаст дод. “Зенит” ба дарвозаи “Арсенал” 4 голи беҷавоб зад. ССКА бо ҳисоби 4:1 “Торпедо”-ро мағлуб сохт. 1 август, дар оғози мавсим бошад, “Спартак”-и Маскав ба дарвозаи “Рубин” 4 гол зад.

Сертамошотарин бозӣ дар Амрико Дидори дӯстонаи тимҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Реал”-и Мадридро дар шаҳри ЭннАрбори Амрико беш аз 100 ҳазор нафар тамошо карданд. Бино ба иттилои “Footy”, ин бозӣ дар доираи сабқати қаблазмавсимии “International Champions Cup-2014” сурат гирифтааст. Ҳамаи 109 901 билет ба ин бозӣ ҳанӯз баҳори имсол фурӯхта шуда буд. Ин дидор

Навас шарафи “Реал”-ро ҳимоя мекунад

дар таърихи футболи ИМА сертамошобинтарин арзёбӣ мешавад. Қувваозмоӣ бо пирӯзии клуби Англия (3:1) анҷом ёфт. Голҳоро Эшли Янг (2-то), Хавер Эрнандес (Манчестер) ва Гарет Бэйл (Реал) заданд.

“Мичиган Стэдиум” бузургтарин варзишгоҳи Амрико аст, ки 109 901 ҷои нишаст дорад. Он танҳо аз варзишгоҳе дар Чин (150 ҳазор ҷой) ва майдоне дар Калкуттаи Ҳиндустон (120 ҳазор) ақиб мемонад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

13

ВАРЗИШИ ҶАҲОН

Кейлор Навас, дарвозабони клуби “Леванте”-и Испания ва тими миллии Коста-Рика ба бошгоҳи “Реал”-и Мадрид гузаштааст. Қарордоди “Реал” бо Наваси 27-сола шаш солро дар бар мегирад. Аммо дар мавриди ҷиҳатҳои молии ин шартнома маълумоте дода нашудааст. Кейлор дар “Реал” Диего Лопесро иваз мекунад, ки ояндаи наздик ҳайати “Монако”-и Фаронсаро пурра мекунад. Дар мавсими сипаришудаи Чемпионати Испания дарвозабон

дар ҳайати “Леванте” дар 37 бозӣ иштирок карда, 39 гол сар дод. 17 бозӣ бидуни гол анҷом ёфт. Дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол-2014 Навас панҷ маротиба дарвозаи Коста-Рикаро ҳимоя карда, ду тӯб сар дод. Коста-Рика то даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта, дар пайи зарбаҳои 11-метра аз Ҳолланд шикаст хӯрд.

Болт то Кержаков – беҳтарин соли 2017 бозингари Русия медавад

Виктор Балога, вакили мардумии Украина дар Радаи Олӣ қонунеро таҳия кардааст, ки он баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ба Русияро манъ мекунад. Дар тарҳи қонун гуфта шудааст, ки Русия аз ҳаққи мизбонии ин мусобиқаи бонуфуз, ки декабри соли 2010 онро дарёфт кард, маҳрум хоҳад шуд. Аммо маълум нест, ки бо чӣ роҳе онҳо ин корро анҷом медиҳанд. Аз ин пеш ҳам чанд мақоми Украина даъват карда буданд, ки мизбонии ЧҶ-2018 аз Русия гирифта шавад. Чунин даъват аз забони вазири умури хориҷӣ Павел Климкин ва вазири умури дохилӣ Арсен Аваков ҳам садо дода буд. Қарор аст ЧҶ-2018 аз 8 июн то 8 июл дар 11 шаҳри Русия баргузор гардад.

Қаблан гуфта мешуд, ки ӯ, баъди Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дар соли 2016 ба карйерааш хотима медиҳад. “Пештар гуфтам, ки баъди Олимпиада-2016 меравам, аммо атрофиён исрор мекунанд, ки то соли 2017 бояд идома диҳам. Ҳамин тавр ҳам мекунам. Чемпионати ҷаҳон -2017 дар карйераи ман охирин хоҳад буд”, - гуфтааст вай. Болт қаҳрамони шашкаратаи олимпӣ ва қаҳрамони ҳашткаратаи ҷаҳон аст. Ӯ дар масофаҳои 100 ва 200 метр рекорд гузоштааст.

Александр Кержаков, ҳамлагари клуби футболи “Зенит”-и Санкт-Петербург ва тими миллии Русия маъруфтарин футболбози рус эътироф шудааст. Ӯро дар натиҷаи як назарсанҷии Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори омма беҳтарин шинохтаанд. Ба иттилои марказ 12 дарсади пурсидашудаҳо аз Кержаков ҷонибдорӣ кардаанд. Дар зинаи дуюм дарвозабони ССКА ва тими мунтахаби Русия Игор Акинфеев қарор дорад. Ба гирифтани ҷои сеюм нимҳимоятгари “Зенит” Андрей Аршавин мушарраф гардидааст. Аршавин дар

назарсанҷии соли 2013 дар зинаи аввал буд. Ба ин рӯйхат, ҳамчунин, ҳимоятгарони ССКА Алексей ва Василий Березутскиҳо, нимҳимоятгари ин клуб Алан Дзагоев ва бозингари “Спартак” Роман Широков шомил шудаанд. Ин назарпурсӣ бахшида ба ширкати тими миллии Русия дар МҚҶ-2014 анҷом шудааст. Русҳо дар ин мусобиқот натавонистанд аз гурӯҳ бароянд.

e-mail: javonontj@mail.ru

Русия аз ҳаққи мизбонии ЧҶ-2018 маҳрум мешавад?

Усэйн Болти яманӣ, қаҳрамони шашкаратаи олимпӣ гуфтааст, то охири Мусобиқаи ҷаҳон -2017 ба карйерааш идома хоҳад дод. Дар ин бора худи ӯ баъди пирӯзӣ дар эстафетаи 4х100-и Бозиҳои Иттиҳод ба “Reuters” хабар додааст.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

14

ЭЪЛОН

ТАВАҶҶУҲ! Ба хотири ҷалби бештари донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, дар самти ватандўстӣ ва огоҳӣ пайдо намудан аз мушкилоти рўзмараи онҳо 12 августи соли ҷорӣ дар доираи Рӯзи байналмилалии ҷавонон вохӯрии роҳбарияти Вазорати маориф ва илму Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат бо донишҷӯёне, ки дар

хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, баргузор мегардад. Макон: Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар хиёбони Рудакӣ 121, кўчаи Саид Носир, 33. Телефонҳо барои тамос: 236 78 15, 236 20 05.

АМАЛИЁТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ҶАМЪОВАРИИ ҚОҒАЗПОРАҲОИ КӮҲНА! Шурӯъ аз 16 июни соли равон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ), Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) дар мамлакат Амалиёти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъоварии қоғазпораҳои кӯҳна идома дорад. Мақсад аз он сарфаи захираҳои табиӣ (дарахтон, обҳо, қувваи барқ) аз ҳисоби дубора коркарди қоғазпораҳои кӯҳнашуда ва рушди маданияти шаҳрвандони кишвар оид ба ҷамъоварии партовҳо ба таври алоҳида мебошад. Ҳар рӯз аз манзилҳои истиқоматӣ ва коргоҳҳо ба кӯчаю партовгоҳҳо қоғазпораҳои зиёд мепартоянд. Мавриди истифодаи дуруст ва самаранок аз тарафи ҳар як шаҳрванд онҳоро метавонад умри дубора бахшад ва ҳазорҳо дарахтро ҳифз намояд. Зеро коркарди як тонна қоғази кӯҳна 10 дарахтро ҳифз, 20000 литр об ва 1000 кВт. қувваи барқро сарфа намуда, партови 1700 кило карбонро дар атмосфера пешгирӣ менамояд. Аз ин рӯ, иштироки ҳар як сокини ҷумҳурӣ дар ҳамоиши зикргардида муҳим аст, чунки мушкилоти партовҳо ва истифодаи бесамари захираҳои сайёра ба ояндаи мо таъсири бевосита метавонанд расонанд. Агар Шумо хоҳед, ки иштирокчии Амалиёти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъоварии қоғазпораҳои кӯҳна бошед, пас, метавонед барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба Ситоди ҷумҳуриявӣ (нишонӣ: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112 (бинои собиқ кинотеатри 8-март) ва ё сохторҳои маҳаллии ҷавонон, варзиш ва сайёҳи шаҳру ноҳияҳои манзили зистатон муроҷиат намоед. ТЕЛЕФОНҲО БАРОИ ТАМОС: 224 06 95, 93 707 75 72

Эътибор надорад

Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагии деҳқонии “Неъмат”, ки аз 19 июни соли 2012 дар КДФ “Қубодзамин”-и ноҳияи Қубодиён таҳти рақами 1588 ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Патенти гумшудаи соҳибкори инфиродӣ Назаров Маҳмад (РЯМ 3230010062, РМА 325072645), ки дар Нозироти андози ноҳияи Қубодиён сабт шудааст, эътибор надорад. Патенти гумшудаи №122356 (РЯМ 0430056037), ки Раёсати андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 13 августи соли 2013 ба Урунов Муҳаммад Таварович додааст, эътибор надорад. Шиносномаи техникии гумшудаи манзили истиқоматӣ бо суроғаи Испечак-2, М3, бинои 6, хонаи 10, ки ба Қаҳҳорова Любов Муродовна тааллуқ дорад, эътибор надорад. Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагии деҳқонии Бахан-и ноҳияи Рӯдакӣ, дараҷаи А021944, эътибор надорад. Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагии деҳқонии Абдураззоқ, ки аз 28 сентябри соли 2012 дар КДФ Қубодзамин-и ноҳияи Қубодиён таҳти А№0350669 ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Дафтарчаи гумшудаи ҳавлӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко-115/36, ки ба Камолова Фирӯза тааллуқ дорад, эътибор надорад. Манзилномаи гумшудаи №568, бо суроғаи Бухоро-50/2-60, ки ба Камолов Саиданвар тааллуқ дорад, эътибор надорад.

e-mail: javonontj@mail.ru

ОЗМУН БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН! Ассотсиатсияи сайёҳии экологиву фарҳангии Помир (ПЭКТА) ва Иттиҳодияи ҷамъиятии “Кӯҳҳои Помир” 13-20 сентябри соли равон барои журналистони ҷумҳурӣ семинар ва сайёҳати маърифатиро дар мавзӯи «Тарғиби имконоти рушди туризми дохилии Тоҷикистон дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ» доир хоҳанд кард. Иштироккунандагонро саёҳати шавқовар ба кӯҳҳои афсонавии Помир интизор аст. Дар хатсайри худ онҳо аз шаҳри қадимаи Карон, баландтарин боғи наботот дар ҷаҳон, чашмаҳои шифобахши маъдании гарм дар навоҳии Ишкошим ва Роштқалъа, мазорҳо, қалъаҳо ва дижҳои тоисломии Помир, кӯлҳои баландкӯҳ ва аз макони зисти озодапаланг дидан карда, савори қутос аз шоҳроҳи автомобилии Помир, ки қариб дар қатори 10 роҳи зеботарини ҷаҳон шинохта шудааст, гузар мекунанд, ҳамчунин, имкон пайдо менамоянд мусиқии пурошӯби сокинони кӯҳистони Бадахшонро гӯш ва таомҳои хушлаззати анъанавиро нӯши ҷон кунанд ва бо мардуми оддии бумӣ сӯҳбат ороянд. Хоҳишмандони ширкат дар конкурс бояд матолиби зайлро таҳти унвони «Ба озмун» ба ин нишониҳо ирсол кунанд: info@pecta.tj ва pamirmountainstj@gmail.com. Эссе дар ҳаҷми 800-1000 калима (бо забонҳои

тоҷикӣ, русӣ) дар мавзӯи «Туризми дохилӣ яке аз роҳҳои пурсамари рушди ояндаи Тоҷикистон. Назари ман». Нусхаи се матолиб муаллифӣ, ки муддати 12 моҳи охир дар мавзӯи туризм таҳия шудаанд. Тавсия ва ризоияти ВАО ба журналист баҳри ширкат дар семинар ва чопи (шунавондани, намоиши) мақолаҳои омодакардаи ӯ баъд аз анҷоми сафар. Тамоми хароҷоти семинар ва саёҳат аз ҳисоби созмондиҳандагон. Ба иштирокчиён, ҳамчунин, як миқдор пул барои кисахарҷӣ пардохт мешавад. Зимни интихоби иштирокчиёни семинар ба журналистоне тарҷеҳ дода мешавад, ки бо наҳваҳои омода кардани матолиб чандрасонаӣ (мултимедиа) балад ҳастанд. Матолиб беҳтаринро мукофот интизор аст. Мӯҳлати озмун: 4-31 августи соли 2014. Ғолибон то 5 сентябри соли 2014 муайян мешаванд. ШАРИКОН: Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Парки миллии Тоҷикистон, Мамнӯъгоҳи давлатии табиии “Зоркӯл”.

Барҳам мехӯрад ҶДММ “Фарҳанг-2010” (РМА 040032039, РЯМ 0410012433) барҳам мехӯрад.

Қатъи фаъолият Соҳибкори инфиродӣ Холов Абдусалим Қурбонович (РЯМ 0530131159), ки аз 28 майи соли 2014 дар Раёсати бақайдгирии андозсупорандагони шаҳри Ваҳдат ба сабти давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

ҲАМДАРДӢ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов нисбат ба даргузашти ПАДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд. Муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии «Пойтахт-80» аз марги бемаҳали собиқ директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон САИДБУХОРӢ МАҶИДОВ сахт андуҳгин буда, ба аҳли байти марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.


Сўзандору (русї) Намуди мор

Сими барќ

Њељ гоњ, њаргиз

... Ќаноат, шоир

Љонвари обхокї

Даст ба ... бардоштан

Кўл дар вил. Ленинград

Пасандоз дар бонк

Пойтахти Сомали

Ќош

Гирифтори бало

Ежевика (тољ.)

Пойтахти Сербия

Тайёраи љангии русї

"... Новости"

Танаффус дар театр

Гуле, ки бањорон пеш аз њама мешукуфад

Нимљазираи калон дар Осиё

Бемори љогањї Њайвони љангалии маѓздўстдор

Квартети машњури эстрадї аз Шветсия

Мўњраи шоњмот

Иёлати ИМА

Пешгўии боасос

Мардум, халќ

Тамѓаи автомат

Бутерброди англисї

Ранги ялаќќосии пойафзол

Њуљум, тохтутоз

Насронї

Гармї, њарорат

«…и бад – балои љон» Чора, тадбир

Афзори асп

Крахмал (тољикї)

Нома, мактуб

Мартабаи њарбї

Худои Юнони Ќадим Њамсари Буш

Дарсњои асосї ва ...

Љунбиш ;

Пойтахти Эстония

Нитроген Асбоб барои њамвор кардани либос

Маълумоте, ки донишгоњ медињад

«... бисуду фурў рехт њар чї дандон буд»

... Нињолова, сароянда, раќќоса

Нопухта

Овозхони ўзбек … Мўъминова

Мева

Сањм, ќисмат

Равам меравад, истам меистад (чистон)

Воњиди дарозї

Зулфия …, шоираи тољик

Савдогарї

Рўи њамвори чизе

Љазираи Љопон Хушбахт, саодатманд

Худо

Зављаи Муњаммад (с)

Нидо аз дард

Љўй, нањр

Шањри автомобилсозї дар ИМА

Асоси замони гузаштаи «рафтан»

Автомобили немисї

Шањри мошинсозони Русия

«4» ё «5»и мактаб

Ташкилоти баскетболи ИМА (русї)

Арўси Сиёвуш ("Шоњнома")

Воњиди маъмурї дар Русия

Тайёраи Антонов

Њарфи алифбои форсї

Меваи лампамонанд

Асъори миллии Латвия

Шохоби Волга

Аз зону то пой

Кўњњои Швейтсария

Коргардони машњури кинои шўравї

Шутурмурѓи австралиягї

Мањалли љанги Кутузов ва Наполеон

Ќисми њарбї

Шоири тољик

Савол

Љузъи Британияи Кабир

Намоиши эстрадї ё телевизионї

Омехтаи газњои атмосфераи Замин

Хўрдан мехоњад

Ангушти калонї

Макони ангишти Олмон

e-mail: javonontj@mail.ru

Фасли сол

Њаёт, умр

Як бурда Маккор, нон фиребгар

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9354), 7 АВГУСТИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марди ширакайфе ба мағоза омада, аз фурӯшанда мепурсад: - Як шиша арақ чанд пул? Фурӯшанда: - 10 сомонӣ. - 100 грамаш чӣ? - 1 сомонӣ! - 50 грамаш чанд мешавад? - 50 дирам! - 10 грамаш чӣ? - 10 дирам. - Як қатрааш чанд пул? - Э, мардак, безор кардӣ, як қатрааш бепул, фаҳмидӣ? - Ин тавр бошад, 1000 қатра резед!

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Обид САФАРЗОД

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

Пулҳои ширфурӯш вақти аз ҷӯйбор гузаштан ба об меафтанд. Як қисми пулҳоро мебардорад, аммо боқимонда ба об меравад. Каме ғамгин шуда, баъдан худро тасаллӣ медиҳад: - Ҳеҷ гап не, пули об рафту пули ширро гирифтам. Писарчааш, ки бо ӯ буд, пурсид: - Очаҷон, кадом пули об? - Обе, ки ба шир ҳамроҳ мекардам, бачам.

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

***

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 8004 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Шоҳид Барои шоҳидӣ кардан дар қазияе ба додгоҳ як пиразанро меоранд. Пиразанро ба минбар мехонанд ва пириашро ба инобат гирифта, курсие мебаранд, то бишинад. Сипас, адвокати ҷабрдида ба кампир наздик шуда, мепурсад:

- Момаи Ҳанифа, маро мешиносед? Пиразан ҷавоб медиҳад: - Бале, ҷаноби адвокат, шуморо аз замони кӯдакиатон

***

НИГОҲИ ДИГАР

мешиносам. Шумо ҳамон давра ҳам як сағираи шумрӯ ва як дарди сар будед, барои оилаатон. Ҳамеша дурӯғ мегӯед. Ба ҳамсаратон хиёнат мекунед. Аз ҳамсаратон дида, ба ҳамсоя майлу таваҷҷуҳ доред. Аз пушти наздиктарин дӯстонатон ҳам гап мезанед. Дар ғайбати онҳо заррае ҳам ибо намекунед. Барои ду танга бештар пайдо кардан ҳамаро мефурӯшед. Аз адвокати ҷониби даъвогар сар карда ҳамаи ҳозирини толор дар ҳайрат меафтанд. Адвокат, дар ҳоле ки намедонад чи кор кунад, аз зан дуюмбора мепурсад: - Хуб, момаи Ҳанифа, пас,

бигӯед, ки оё адвокати ҷониби дигарро мешиносед? Пиразан ҷавоб медиҳад: - Албатта, мешиносам! Айёми тифлиаш ман дояи вай будам. Як одами танбал, буздилу айёш (майхора) аст. Дар гирду атрофаш як рафиқ ҳам надорад. Мегӯянд, ки ҳоло ҳам шабҳо тар мекунад... Боз ҳама ба ҳайрат меафтанд. Аз толор садои пичир-пичир шунида мешавад. Додситон тақ-тақ-тақ се маротиба болғаро ба миз мезанад ва бо ин ҳама ором мешаванд. Сипас, адвокати ҳар ду ҷонибро наздаш хонда, ба гӯшашон мегӯяд: - Агар аз ин зан кӣ будани маро бипурсед, ба виҷдонам қасам очаи зори ҳар дуятонро нишон медиҳам!

Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”

Тезгӯтарин одами ҷаҳон зан аст Дар китоби рекордҳои Гиннес хонум Фрэн Капо чун пургӯтарин инсон аз нигоҳи суръати ба забон овардани ҳарфу калима зикр шудааст. Вай дар 54,2 сония 603,32 калима ба забон овардааст. Агар нек таҳлил шавад, дида мешавад, ки Капо дар ҳар сония 12 калима ба забон рондааст. Ба иттилои “Тоҷ-Нюс”, Фрэн Капо зани булаҷабест, ки назирашро таърихи башар кам ёд дорад. Вай ҳам нотиқи хеле оташинсухан аст, ҳам ҳунарманди мазҳака, ҳам рассом ва ҳам донандаи чанд касби дигар. 5 рекорди ҷаҳониро рӯи шонаҳои худ мегардонад. Вай дар Гринвич-Виллидҷи Ню-Йорк ба дунё омада, коллеҷи Квинсро бо дараҷаҳои бакалавр оид ба фалсафа ва ҳисоби бухгалтерӣ хатм кардааст. Солҳои 1989 ва 2006 ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд ва соли 2006 илова бар ин ба китоби Рекордҳои алтернативӣ низ дохил гардид. Аммо рекорди ӯ дар тезгӯӣ барояш шуҳратовартар шудааст.

Дар деҳае дар як рӯз ҳам тӯй ҳам ҷаноза баргузор мегашт. Ду марди хасис бо ҳам маслиҳат мекунанд, ки тӯй раванд ё ҷаноза. Аввалӣ: - Ҳоло фарқ надорад. Дар тӯй ҳам хӯрок медиҳанду дар ҷаноза ҳам. Дуюмӣ: - Набошад, ба ҷаноза меравем, арақ надорад, “зато” туҳфа намехарем.

*** Имтиҳон. Профессор: - Кӣ ба баҳои 3 розӣ аст? Як донишҷӯ: - Ман. Профессор: - Хеле хуб, баҳои ту 3, дигарон ҳама чор...

*** Аз зане мепурсанд: - Чандсолаӣ? Ҷавоб медиҳад: - Ҳисоб кардан даркор. Вақте ба шавҳар баромадам, 20 сол доштам, ӯ 40-сола буд. Яъне, ман аз вай ду маротиба ҷавонтар будам. Ҳоло вай 70-сола аст... Пас, ман ба 35 даромадаам.

*** Аз сӯҳбати ду донишҷӯ: - Дирӯз як китоб харидам, ки тарзи омода намудани хӯрокҳои зиёдро нишон додааст, аммо ростӣ, чизе пӯхта натавонистам. Умуман, ягон ретсепти маъқул надорад. - Чаро? - Медонӣ, ҳамаи ретсептҳо бо ҷумлаи «дегчаи тозаеро гирифта...» сар мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.