Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
№32 (9406), 12 августи соли 2015
E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU
WWW.JAVONON.TJ
АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД
12 АВГУСТ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН
ҲАФТ РӮЗ 06.08.2015 Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти оркестри симфонии филармонияи Ҷумҳурии Халкии Хитой доир гардид. 07.08.2015 Таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи понздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. 08.08.2015 Барои 33 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Мурғоб аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар оила 2 халта орд, 20 кило равған, 20 кило шакар, 25 кило биринҷ, 10 кило макарон кӯмак расонда шуд. Ҳамчунин, барои бунёди хонаҳои зарардидаи ноҳия 30 кӯб тахта ва зиёда аз бист тонна семент фиристонида шуд.
Ҳамчу нақше дар ин гулистон сабзидаем
Саҳифаҳои
8-9
09.08.2015 Дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб Фестивал-озмуни «Оши палав» доир гардид, ки дар он 12 нафар ошпази беҳтарини шаҳру ноҳияи минтақа маҳорати ошпазиашонро нишон дода, ғолибон ба даври навбатӣ, ки дар маркази вилоят баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. 10.08.2015 Муовини сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ дар ноҳияи Ҳисор бо рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор шинос шуда, барои дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо масъулони дахлдорро вазифадор намуд.
ИН ВАТАНРО МО - ҶАВОНОН САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ! РУБРИКА
11.08.2015 Қасри Миллат - Қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳгонаи кохҳои зебои президентӣ дар ҷаҳон шомил гашт. Сомонаи англисизабони “theestle.net” Кохи Сафеди ИМА-ро дар ҷойи аввал ва Қасри миллати Тоҷикистонро дар мақоми дуюм ҷой додааст. Дар ҷойи сеюм Қасри «Оқ-Орда»-и Қазоқистон ҷой гирифтааст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
Саҳифаи
2
12.08.2015 Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил мешавад.
1
ШОДБОШӢ
ИН ВАТАНРО МО - ҶАВОНОН САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ!
Ташаббусе, ки таровату зебоӣ мебахшад Бо мақсади тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 август то 7 сентябри соли равон дар мамлакат Амалиёти экологии умумиҷумҳуриявии ҷавонон бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” эълон намуд.
Варзиш – воситаи таҳкими дӯстӣ Табрикоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи варзишгарон Варзишгарони арҷманд! Парчамбардорони муҳтарам! Пеш аз ҳама Шуморо ба муносибати Рӯзи варзишгарон, ки маҳз ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарон ҳар сол 10 август ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик менамоям. Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки варзиш рӯз ба рӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо рушду инкишоф ёфта, қисмати асосии аҳолии мамлакат рӯ ба он овардаанд. Рӯй овардани ҷавонону наврасон ба варзиш аз солимии миллати тоҷик шаҳодат дода, барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид гузоштааст. Эълон гардидани 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон ва таҷлили ҳарсолаи он дар сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи варзиш ва варзишгарон шаҳодат медиҳад. Имрӯз соҳаи варзиш дар меҳвари сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар қарор гирифта, нисбат ба варзишгарон дастгирию ғамхориҳо пайваста зоҳир карда мешаванд. Аз ҷумла, таъсиси Ҷоизаи нав, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад. Ин иқдоми Сарвари давлат маҳз бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони кишвар дар мусобиқа ва олимпиадаҳои байналмилалӣ рӯи даст гирифта шудааст, ки маблағи он аз 150 то 300 000 сомониро ташкил медиҳад. Варзишгарони саодатманди кишвар! Боиси хушнудист, ки дар шароити имрӯзаи рушд варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардида, дар ин замина варзишгарони тоҷик борҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Парчами миллии кишварро баланд бардоштаанд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба варзиш таъкид доштаанд, ки “Варзиш ҳамчун зеботарин шуғли инсон таърихи куҳан дошта, воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими дӯстии одамон ва муаррифии давлату миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад.” Воқеан, дар замони муосир варзиш яке аз воситаҳои асосии муаррифии кишвари соҳибихтиёри мо миёни ҷомеаи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, таҷлили Рӯзи варзишгарон ҳар сол дар кишвар барои тамоми варзишгарону алоқамандон ва собиқадорони соҳаи варзиш тӯҳфаи арзанда мебошад. Парчамбардорони арҷманд! Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрик ва таҳният намуда, дар фаъолияти минбаъдаатон пешравиҳои нав ба нав ва музаффариятҳоро таманно дорам. Ҳамеша муваффақ бошед!
2
Субҳи 8 август ҷавонони шаҳри Душанбе ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои кумита дар назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъ омада, ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим ба машқҳои пагоҳирӯзӣ машғул шуданд. Сипас, ба Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнии пойтахт рафта, дар тозагию ободии он саҳм гузоштанд. Ҷавонон гузаргоҳҳои боғро аз алафҳо тоза карда, ҳар гуна ашёву коғазпораҳоро аз зери дарахтон бартараф карданд. Ҳамчунин, бехи гулу буттаҳоро нарм карда, об доданд. Ҷавонони деҳаи Муъминободи ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор низ дар Амалиёти экологӣ ширкат варзиданд. Беш аз 500 нафар аҳли деҳа ба ҳашар баромада, ҷӯю дарёчаҳои дар ҳудуди деҳа мавҷудбударо тоза намуданд. Шохаҳои зиёдатии дарахтони ду тарафи роҳро бурида, танаи дарахтонро сафед ва навниҳолонро обёрӣ карданд. Партовҳои ҷамъшуда тавассути мошинҳои боркаш ба партовгоҳи муайяншуда интиқол дода шуд. - Ҷавонони деҳаи Муъминобод дар баргузории амалиёти экологӣ фаъол буда, дар сарсабз гардонидани маҳаллаи худ маъруф гаштаанд, гуфт муовини раиси деҳоти Деҳқонобод Абдулмаҷид Муъминов. – Ин деҳа аз ҷиҳати сабз гардонидани дарахтони арчаву сӯзанбарг дар ноҳия мақоми аввалро мегирад. Зеро ҷавонони табиатдӯст мунтазири эълони ҳашар нашуда, ҳамеша дарахтонро обёрӣ менамоянд. Ҳамин ташаббускорию муттаҳидии ҷавонони деҳа аст, ки варзишгоҳи мактаби №30 мудом сарсабзу хуррам мебошад. Деворҳои сокинони деҳа рангу бори якхела дошта, кӯчаҳо мудом тозаю озодаанд. - Тозагӣ он ҷоест, ки ифлос намекунанд, - мегӯяд сокини деҳа, раиси созмони “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Ҳисор Шуҳрат Аминов. – Амалиёти “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” дар ниҳоди насли ҷавон муҳаббату дилсӯзӣ ба табиати диёр, риояи кардани тозагӣ ва якдилона дар кори хайр ширкат варзиданро бедор мекунад. Ин ташаббуси самарабахши экологӣ оянда низ идома хоҳад ёфт, зеро он ба ҷомеа таровату зебоӣ мебахшад. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ҲУШДОР
Бо суръат ба гурӯҳи террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) пайвастани ҷавононро таҳлилгарон ба стратегияи хуби ҷалбсозӣ ва мағзшуӣ шудани онҳо аз ҷониби ин гурӯҳ марбут медонанд. Наташа Тайнз, таҳлилгари амрикоӣ, мегӯяд, бори аввал нест, ки гурӯҳҳои террористӣ барои тарғиби ғояҳои худ ва даъвату ҷалби ҳаводоронашон шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд. Ин кор қаблан ҳам буд, аммо танҳо ба ДИИШ муяссар гашт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ интернетро босамар ва ҳадафмандона истифода барад. Таҳлилгари тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо дар робита ба ин масъала чунин иброз дошт: “Имрӯз фазои иттилоотии ҷаҳонӣ муштарак ва шаффоф аст. Истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет дастрас аст. Назорати он бошад, хеле мушкил ва номумкин. Мутаассифона, имрӯз як қисми ҷавонон аз тариқи интернет ба манбаъҳое даст меёбанд, ки дар онҳо барояшон иттилои нодуруст ва ифротӣ дода мешавад. Ҳассосияти масъала дар ин аст, ки он фавҷи иттилооте, ки аз берун меояд, як иттилои бесамт, беҳадаф ва бесоҳиб нест. Балки онҳоро марказҳои муайян бо ҳадафи муайян ва миқдори муайян пахш мекунанд, то ки натиҷа гиранд. Натиҷаашон ҳамин фирефта шудани ҷавонон аст. Вақте ҷавонон ба ин иттилоот дода мешаванд ва амалан ғуломи иттилоот мегарданд, онҳоро дар ростои манфиати худ истифода мекунанд. Механизми истифодаи ҷавонон чунин нест, ки як ҷавонро дар наздаш нишаста, бо ӯ суҳбат карда, барои шомил шуданаш ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мусоидат кунанд. Як бахши бузурги ин кор аз тариқи шабакаи интернет сурат мегирад”... Воқеан, имрӯз мафҳуми интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ қариб ба ҳама маълум аст. Шояд кам нафаре ёфт шавад, ки аз он бехабар бошад. Хусусан, барои насли ҷавон истифода аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ як кори маъмулист. Интернет ҳам акнун ба хонаҳои мо “роҳ” ёфтааст. Зимнан, шабакаи иҷтимоӣ як навъи робитаи оммавиест, ки тавассути интернет роҳандозӣ мегардад. Дар он байни истифодабарандагон,
ки маъмулан ба ҳам “дӯст”-анд, мубодилаи иттилооту маълумот сурат мегирад. Ҳар кас метавонад ба сифати муаллиф баромад кунад: ҳам матн нависад, ҳам акс гузораду савту навор пахш кунад. Алҳол “ВКонтакте”, “Facebook”, “Мой Мир”, “Одноклассники”,“Link edIn”,“MySpace”... аз навъҳои маъмули шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Бартарияташон аз шабакаҳои анъанавии ахбор (матбуоту радио ва телевизион) дар он аст, ки фаврӣ ва ба ҳама дастрасанд, масрафи иловагиро талаб намекунанд. Ҳар кас метавонад дар шабакаи иҷтимоӣ муаллиф бошад. Агар матлаби расонаҳои анъанавии ахборро баъд аз пахшу нашрашон тағйир додан номумкин бошад, матлаби шабакаи иҷтимоиро метавон зуд тағйир дод ва ё аз истифода бардошт. Шояд аз ҳама фарқи асосии шабакаи
ки бо он ҳам меваро пуст канда мешавад ё картошкаро тоза кардан мумкин ё чандин кори дигари фоидаоварро анҷом додан имкон дорад. Ҳамзамон, агар корд дар дасти ҷинояткор бошад, бо он ҷиноятҳои мудҳиш содир мекунад ва ба инсонҳо зарар мерасонад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам чунинанд. Ҳам мешавад дуруст истифодаашон бурду ҳам нодуруст. Мутаассифона, бо пайдо шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ошкор кардани маҳрамият акнун чизи оддӣ шудааст. Мисле ки шарму ҳаёро кайҳо аз ёд баровардаем. Ҳоло ҳар нафаре, ки дар “Facebook” саҳифа дорад, бо пахш кардани саҳифааш метавон маълумоти даркориро дар борааш пайдо кард. Метавон аз субҳ то шом саҳифаи дилхоҳ нафарро дар ин шабака назорат кард, дар борааш хонд, аз ҳолу аҳвол, кору фаъолият, чи хурдану
нест, хуб аст. Ҳарчанд инсонро як навъ худпараст мекунад. Вале паҳлӯи аз ҳама манфии масъала ин аст, ки гурӯҳҳои алоҳидае ҳастанд, ки гӯё шабонарӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ “зиндагӣ мекунанд”. Яъне, доим дар шабакаҳои иҷтимоианду истифодабарандагонро пайваста назорат мекунанд. Дар бораашон тамоми маълумоти даркориро ҷамъоварӣ мекунанд, ҷойи заъф мекобанд ва дар ҳолати зарурӣ барои манфиати хеш истифода мебаранд. Яке аз ҳамин гурӯҳҳо ДИИШ аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро хеле фаъолона истифода мебарад. Густариши фаъолияти ДИИШ дар Шому Ироқ танҳо ба иқтидори низомии онҳо вобаста нест, балки ин гурӯҳ нисбат ба воситаҳои иттилоърасон стратегияи хуб андешидашуда дорад. Медиастратегияи ДИИШ ба воситаи
“Оини марг”
ста мешаванд, аммо онҳое, ки ин саҳифаҳоро гардон мекунанд, ба зудӣ саҳифаи нав кушода, мағзшӯии ҷавононро идома медиҳанд. Наворҳои ДИИШ бошад, ба воситаи шабакаи “Youtube” пахш мегарданд. Ба ҷуз ин шабакаҳо, инчунин, ДИИШ якчанд шабакаи дигарро, ки махсусияташон мубодилаи аксҳо ва гузоштани савту наворҳост, истифода мебарад. Дар Ғарб ва умуман барои иртибот бо пайравони ҷавонаш ДИИШ хадамоти онлайнии машҳури “Ask. mе”-ро истифода мебарад. Вақте ҳаводорони ДИИШ савол мегузоранд, ки “Баъд аз ҳозир шудан ба Туркия ва Сурия чӣ кор кунем?”, зуд ба саҳифаашон чунин паём ирсол мешавад: “Бо ман бипайванд” ва баъд аз ҳамроҳ шудан суҳбатҳои пинҳонӣ сурат гирифта, ҷавонро роҳнамоӣ мекунанд. Гурӯҳи террористии ДИИШ чу-
Ё ДИИШ ҷавононро тавассути интернет чӣ гуна ҷалб мекунад?
иҷтимоӣ ва расонаҳои маъмулӣ озод будани он бошад. Чунки истифодабаранда ё нафаре, ки дар шабакаи иҷтимоӣ соҳиби саҳифаи худ аст, дар нашри маълумот дар бораи худ ва шарҳ навиштан зери маълумот, аксу навори дигарон комилан соҳибихтиёр аст. Вале як нуктае, ки бо пайдо шудани шабакаҳои иҷтимоии “Мой Мир”, “Одноклассники”, “Facebook” ва чанди дигар боиси нигарониву афсӯс мебошад, ин аст, ки мо ҳама паҳлӯи зиндагиамонро ба пардаи намоиш гузоштем. Албатта, ҳар неъматеро мешавад ҳам дар роҳи дуруст истифода бурд, ҳам дар роҳи нодуруст. Мисли корд,
чи пӯшидан ва чиҳоро писандиданаш огоҳ гашт... Кӯдакони навзодро баъд аз падару модарашон дарҳол метавон дар саҳифаи “Facebook” дид. Баробари пайдо шудани акси кӯдак дар шабакаи иҷтимоӣ аз пайаш як дунё “лайк” (маъқулам шуд) ва “коммент” (шарҳ) ҳам расида меояд. Кӯдакони навзод тавассути ин “минбар” зуд ба ҷаҳониён муаррифӣ мешаванд... Аксҳои тӯю сурамон зуд ба ин “майдони озод” роҳ меёбанд. Албатта, бо гузоштани аксу маълумотҳоямон мо аслан ният дорем, ки хурсандиамонро бо дигарон дар миён гузорем. Ин бад
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
шабакаҳои маъмули иҷтимоӣ, ки ба осонӣ ва ба таври хеле густарда метавон тарғиботи идеологӣ бурд, ба роҳ монда мешавад. Тавассути ин шабакаҳо наворҳои ба таври касбӣ омодашуда, аксҳои ҳирфавии аз майдонҳои ҷанг бардошташуда ва матнҳои даъваткунанда бо забонҳои гуногун пахш мегарданд. Аслан, ДИИШ паёму маълумоти худро тавассути шабакаҳои иҷтимоии “Twitter”, “Facebook” ва “Одноклассники” нашр мекунад. Ҳарчанд саҳифаҳои марбут ба ДИИШ ва пайравону ҳаводоронаш аз ҷониби ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти алоқаи кишварҳо ба-
нин як иқтидори бузургеро ҷиҳати истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияи муосир соҳиб аст, ки аз ҳама роҳҳои мавҷудаи иртиботӣ (ҳам ошкорову ҳам махфӣ) дар ин шабакаҳо хуб истифода мебаранд. Таъсири ин ҷалбсозӣ дар натиҷаи тактикаву стратегияи хуб коркардшуда бештар мегардад. Ин гурӯҳи террористӣ шабакаҳои иҷтимоиро аслан барои афзун кардани теъдоди ҳаводорон, ҷалби “муҷоҳидон”-и нав, тарс додани душманон ва исботи он ки барояшон муяссар гашт, бар асоси қонунҳои шариат “давлати исломӣ” бисозанд, истифода мебарад. Медиа-стратегияи ДИИШ, ки сарвазири Австралия Тони Эбботт “оини марг”-аш хондааст, асосан ба ҷавонон равона шуда, ба дарки дурусти фарҳанги ҷавонони муосир асос ёфтааст. Ҷавонони мусулмонро ҷалб мекунанд, ки “биёед ва ҷузъи як воҳиде гардед, ки муваффақ аст”. Ба андешаи таҳлилгар Абдуллоҳи Раҳнамо як ҷавон дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, вале тафаккураш дар зери таъсири як расонаи ифротии Ғарб ё ҷаҳони араб, ё Аврупо ташаккул ёбад, вай аллакай дар ин ҷо нест. Вай руҳан ва маънаван дигар дар ҳамон фазо қарор дорад. Чунин ҷавонро аз ҳамон фосилаи дур мешавад идора кард. Пас, агар мо амнияти иттилоотиро таъмин накунем, марзҳоро ҳар қадар хуб нигоҳ дорем ҳам, беасар аст. Агар марзҳо ҳар қадар хуб муҳофизат шаванд, вале мағзҳо муҳофизат нашаванд, ин хатар рафъ намешавад. Б. УСМОНОВ, “ҶТ”
3
МАЪНАВИЁТ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояш таъкид менамояд, ки китобу китобдорӣ аз зумраи тадбирҳои судманди сиёсати фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Китобу китобдорӣ дар ташаккули дунёи маънавии насли наврас саҳми арзанда дорад. Вазифаи асосии ҳар як соҳибдавлат, бахусус аҳли фарҳанг ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, арзишҳои моддию маънавӣ ба шумор меравад. Баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум хизмати беандоза мерасонад. Шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ барои амалӣ гаштани “Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20062015” нақшаи чорабиниҳоро тартиб дода, маблағҳои аз буҷет ҷудошударо мақсаднок истифода бурда истодаанд. Фақат дар соли 2014 барои фаъолияти китобдорӣ дар ноҳия аз буҷети маҳаллӣ барои харидани китобҳои тозанашр 9600 сомонӣ сарф гардидааст. Солҳои охир дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани назорат ва роҳбарӣ фаъолияти китобдорӣ дар ноҳия рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Дар ноҳия бахшида ба 700-солагии муттафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисори шодмон чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуданд. Имрӯз дар ноҳия 19 китобхонаи давлатии оммавӣ, як китобхонаи бачагона ва ду китобхонаи хусусӣ фаъолият дорад. Ба фаъолияти китобхонаҳои мазкур, китобхонаи марказии ноҳия роҳбарӣ намуда, фаъолияти онҳо ҳамеша зери назорат қарор доранд. Роҳбарии китобхонаи марказии ноҳияро мутахассиси варзидаи соҳаи маориф ва фарҳанг Абдулмаҷид Абдулхайров ба уҳда дорад. Шумораи хонандагони китоб дар китобхонаҳои ноҳия то имрӯз 12591 нафарро ташкил медиҳад. Диҳиши китоб ба 48194 адад ва фонди умумии китобхонаҳо ба 96368 адад расонидааст. Баҳри мукаммал гардонидани фонди китобхонаҳо дар соли 2013 1942 нусха адабиёти тозанашр ба маблағи 7950 сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 220 нусха адабиёт аз ҳисоби Вазорати фарҳанг ба китобхонаҳо ворид гардидааст. Фақат дар соли 2014 аз ҳисоби Вазорати фарҳанг 500 нусха адабиёт ба маблағи 1761 сомонӣ, аз ҳисоби Китобхонаи миллӣ 1700 нусха, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 554 адад китобҳои тозанашр ба маблағи 9600 сомонӣ, аз ҳисоби корвони китоб 142 адад китоб ба маблағи 2414 сомонӣ, ҷамъ 2986 адад адабиёт ба фонди
4
китобхонаҳо ворид карда шудааст. Дар китобхона 6 нафар, аз ҷумла 2 нафар дорои маълумоти олӣ ва 4 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус кор кардаистода кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳи фаъолияти китобхонаву китобдориро дар ноҳия баланд нигоҳ доранд. Фонди умумии китобхона 23951 нусха буда, аъзоёни доимии он 1250 нафарро ташкил медиҳад. Омадурафт дар китобхона 5976 нафар буда, диҳиши китоб 4416 ва китобҳои бачагона 2428 ададро
семинарҳо, саволу ҷавоб ва дигар вохӯриҳо дар китобхонаи марказӣ гузаронида мешаванд. Китобхонаи марказӣ айни замон ба 6 номгӯи рӯзномаву маҷаллаҳо обуна мебошад. Китобхонаи марказӣ аз рӯи ваколатҳои дошта, ба фаъолияти китобхонаҳои деҳотӣ роҳбарӣ ва мусоидат намуда, барои ҷоннок намудани фаъолияташон мунтазам дастуру тавсияҳои методӣ медиҳад. Дар ин китобхонаҳо мунтазам семинарҳои омӯзишӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, рӯдакихонӣ, вохӯрӣ бо шоирону нависандагони маъруф, ки бо иштироки фаъолонаи аҳли китобдорони ноҳия сурат гирифтанд, аз фаъолияти судманди китобхонаи марказӣ башорат медиҳад. Дар ноҳия 2 китобхонаи хусусӣ ва 1 китобхонаи бачагона фаъолият доранд. Роҳбарии китобхонаи бачагонаро мутахассиси соҳа ҲалимаҲабибова ба уҳда дорад. Махзани китобхона 10341 адад
ҷой дошта, онҳо дар бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои марбут ба хоҷагиҳо иҷоранишинанд. Илова бар ин, қисме аз ин биноҳо дар ҳолати ногувор қарор дошта, таъмирталаб мебошанд. Аксари адабиёти китобхонаҳо кӯҳнаву фарсуда шуда, аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондаанд ва талаботи имрӯзаи китобхонаву муштариёнро қонеъ гардонида наметавонад. Хуб мешуд, ки дар ин самт ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳо ва
Китобхонаҳои Ҳамадонӣ ҷавобгӯйи талабот нестанд
ташкил медиҳад. Бо ташаббуси директори китобхона А.Абдулхайров ва китобдори ботаҷриба А.Ватанова дар ду соли охир фаъолияти китобдорӣ дар ноҳия рушд ёфта, ҷиҳати амалисозии барномаҳои давлатӣ пешравиҳо ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки фаъолияти китобдориро бе технологияи муосир тасаввур кардан номумкин аст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, барои иҷрои барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ 14 адад компютер ва 11 адад принтер ба маблағи 44000 сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ харидорӣ гардид. Инчунин, аз ҳисоби Вазорати фарҳанг 2 адад компютер, 1 адад принтер ва 4 мизу курсӣ ба маблағи 8674 сомонӣ харидорӣ шудааст. Гузаронидани конференсияҳои илмӣ, адабӣ, маҳфилҳо,
доир намуда, таҷрибаи пешқадам омӯхта, паҳн гардонида мешаванд. Фаъолияти китобхонаҳои ҳамаи ҷамоатҳои деҳот назаррас буда, хизматрасонии фарҳангиашон ба мардуми деҳот, алалхусус ба наврасону ҷавонон хуб аст. Фаъолияти китобхонаҳои мазкур тибқи низомнома ва нақшаҳои корӣ ба роҳ монда, иҷрои талаботҳои ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳа таъмин мебошанд. Ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни давлат дар ин китобхонаҳо чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Танҳо дар давоми соли 2014 ва 5 моҳи соли ҷорӣ дар ин китобхонаҳо 125 чорабинӣ доир шудааст, ки аксарияти онҳоро конференсияҳои адабӣ, сӯҳбату вохӯриҳо ва маҳфилҳо ташкил медиҳанд. Хусусан, чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни)
китобро дар бар мегирад. Хонандагони доимии китобхона 832 буда, аксарияти онҳо толибилмони муассисаҳои таълимии рақамҳои 1,2-юм ва 54-ум мебошанд. Инчунин, дар ноҳия 2 китобхонаи хусусӣ аз тарафи журналист Ислом Юсуфӣ дар маркази шаҳраки Москва ва сокини ноҳия Амир Муродов дар ҷамоати деҳоти Даштигуло ташкил шуда, ба мардум хизмат мерасонанд. Фаъолияти чунин китобхонаҳо, ки хизматрасонии ройгонро ба мардум мерасонанд, шоёни дастгирӣ мебошад. Мутаассифона, дар самти рушди фаъолияти китобдории ноҳия ҳанӯз ҳам камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Ҳарчанд, ки китобхонаи марказии ноҳия ва 2 китобхонаи деҳотӣ бо компютеру принтер таъмин шуда бошанд ҳам, онҳо то ба ҳол ба шабакаи интернет васл нашудаанд. Ё худ имрӯз норсоии биноҳои барои китобхонаҳо
соҳибкорони маҳаллӣ барои аз таъмир баровардани биноҳои китобхонаҳо ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии фарҳангии мардум кӯмаки худро дареғ надоранд. Китобхонаҳои деҳотӣ имкони дастрас намудани маводи коргузории соҳаи китобдорӣ, харидории китобҳои тозанашр, саривақт обуна шудан ба нашрияҳои давриро надоранд ва агар дошта бошанд ҳам, ҷавобгӯи талаботи замон нест. Нарасидани адабиёти ниёзи хонандагон, бахусус адабиёти бачагона, маълумотномаҳо, луғату тақвимҳо, маҷаллаҳои илмию маърифатӣ, адабиёти нав доир ба иқтисодиёт, ҳуқуқ, кишоварзӣ ва технологияи нав, инчунин набудани дӯкону мағозаҳои китобу рӯзномафурӯшӣ ба чашм мерасад. Дар соҳаи китобдорӣ ва кадрҳои тахассусӣ низ камбудию норасоиҳо мавҷуданд. На ҳама китобдорон маълумоти касбӣ доранд. Аз ин рӯ, бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалб намудани китобдорон ба курсҳои бозомӯзӣ чораҳо андешида, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф аз шумораи ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд, ки имсол мактабҳоро хатм кардаанд, чанд нафарро барои таҳсил ба факултаҳои китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ва дигар донишгоҳу коллеҷҳои касбӣ равона созанд. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакону наврасон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, бедор кардани завқи китобхонии мардум, бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони китобхонаи марказӣ, китобхонаҳои оммавию бачагона ва хусусӣ тамоми малакаву дониши худро истифода бурда, барои рушду такомули фарҳангу маънавиёт, ваҳдату созандагӣ, гулгулшукуфии Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Холназар КАСИРОВ, рӯзноманигор,
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
Лифтҳои бесоҳиб
Дар ҷашни арӯсӣ пӯшидани куртаи арӯсии аврупоии сафед барои духтарони тоҷик муд шудааст. Ин пироҳан дар мағозаву бозорҳои кишвар бо нархи гарон кироя дода мешавад. Тоҷирон аз кирояи он маблағи хуб ба даст меоранд. Пӯшидан ё напӯшидани куртаи сафед дар ҷашни арӯсӣ маънои аз байн рафтан ё нарафтани фарҳанги миллиро надорад, вале ба бар кардани он ба ихтиёри арӯс аст.
Масъулон барои лифт пул ҷамъ мекунанд, аммо... Фаъол набудани лифт дар биноҳои баландошёна барои сокинон хеле гарон аст. Хусусан, онҳое, ки дар ошёнаҳои боло истиқомат мекунанд, маҷбур мешаванд ҳашт ё нуҳ ошёнаро пиёда бароянду фароянд. Боз агар сокинони ин ошёнаҳо пирони барҷомондаву касалманд бошанд, азоби дигареаст.
Бизнеси сердаромад Аз иҷора додани либоси арӯсӣ тоҷирон дар як рӯз то 600 доллари ИМА фоида мебинанд Имрӯз бештари арӯсон ҳам либоси миллӣ ва ҳам куртаи сафеди арӯсии аврупоӣ ба бар мекунанд, ки орзуи навхонадорон аст. Инчунин, мушоҳида шуд, ки куртаҳои арӯсии аврупоӣ бо намуди сатр (яъне, бо пӯшида нигоҳ доштани дасту гардан ва сари арӯс) ба намоиш гузошта шудаанд, ки бештари духтарон ба он майл доранд. Чунин куртаи арӯсӣ нисбатан гаронтар аст, чун барои арӯсон сарпӯши махсус барои ороиш низ дода мешавад. Куртаҳои мазкур дар бозори «Корвон», «Саодат», «Садбарг» ва дар дигар мағозаҳое, ки дар пойтахти кишвар фаъолият мекунанд, ба намоиш гузошта шудаанд. Сабоҳат ном тоҷир аз фурӯшгоҳи «Cаодат» дар суҳбат иброз дошт, ки бештари куртаҳои арӯсӣ аз Русия оварда мешаванд. Номбурда сабаби гарон ба кироя додани куртаи арӯсиро дар муди охирин будани онҳо ном бурд: - Куртаҳое, ки ду-се нафар ба бар намудаанд ва муди охирин, яъне соли 2015 мебошанд, аз 200 то 500 доллари ИМА нарх доранд. Чунки бо куртаҳо пойафзол ва ороишот низ дода мешавад ва арӯсон барои он ки пӯшидани ин пироҳан танҳо як маротиба дар ҳаёт муяссар мегардад, маблағро дареғ намедоранд. Боз куртаҳое ҳам ҳастанд, ки 150 сомонӣ нарх доранд, аммо бештари арӯсон онҳоро интихоб намекунанд, чунки муди солҳои пештаранд. Сулҳия Давлатова, ки барои ҷашни арӯсиаш курта интихоб мекард, гуфт, пас аз тамошои бозорҳо ва мағозаҳои зиёди пойтахт пироҳани муди соли равонро бо маблағи 350 доллари амрикоӣ танҳо барои як рӯз пайдо кардааст. Тоҷирон имконияти то 600 доллар пайдо намудани маблағ дар як рӯзро доранд. Сулҳия мегӯяд, куртаи арусӣ барои як рӯз кироя дода мешавад ва дар ҳолати дер овардан ё вайрон намудан ҷарима меситонанд. «Бисёри куртаҳои арӯсӣ
бо пояфзол ва ороишот дода мешаванд, аммо баъзан пойафзол ба по мувофиқ нест ё ороишот маъқул намешавад. Дар чунин ҳолат, агар пойафзолу ороишотро нагирӣ ҳам, савдогар нархи куртаро тағйир намедиҳад. Дар ин вақт маҷбур мешавӣ, ки боз рафта барои як рӯз пояфзоли сафед ва ороишот бихарӣ», - мегӯяд ӯ. Вақте барои дарёфти маълумот ба мағозаҳо рафтем, духтарони зиёд ворид мешуданд, ки бисёрашон танҳо барои тамошо омада, аз савдогар нархи онро мепурсиданд. Ҳатто онҳое низ буданд, ки ҳангоми тамошои пироҳан аз савдогар пурсон мешуданд, ки он чанд маротиба кироя дода шудааст. Сабина, яке аз духтароне буд, ки аз савдогар нав будани куртаро мепурисид. Ӯ мегӯяд, ки «дар мағоза куртаҳои арусӣ маротибаи зиёд ба арӯсон киро дода шудаанд, ки сифату намуди онҳо безеб шудааст. Баъдан куртаҳоро нафарони номаълум ба бар мекунанд, ки баъди пӯшидани як нафари дигар имкони ба бемории пӯст гирифтор шудан мавҷуд аст. Барои риоя кардани гигиена мехоҳам куртаеро интихоб намоям, ки боре ҳам пӯшида нашудааст. Аммо ин куртаҳо нисбатан гаронтаранд. Куртаи навро бо нархи гаронтар ҳам бошад, кироя бигирӣ беҳтару беташвиштар аст». Холмурод Ахмедов, духтури пӯст тасдиқ мекунад, ки агар пӯшокро нафари мубталои бемории пӯст истифода барад, пасон нафари дигар ба бар кунад, ба бемории пӯст гирифтор шуданаш ногузир аст. Тоҷире аз бозори «Корвон» қайд кард, ки бештари духтарон барои ҷашни арусӣ куртаи нав талаб мекунанд, ки гаронтар нархгузорӣ шудааст. Ҳамсӯҳбатамон илова кард, ки баъд аз истифода бурдани куртаҳо онҳоро ба хушкашӯӣ мебаранд. «Базе духтарон «курта пӯшидагӣ аст», гуфта намегиранд.
Аммо мо баъд аз ҳар пӯшидан куртаҳоро ба хушкашӯӣ мебарем, ки шакли пештараи худро мегирад. То имрӯз ягон нафар баъд аз пӯшидани куртаи арусӣ шикоят накардааст, ки ба бемории пӯст гирифтор шудааст». Тибқи мушоҳида, ҳангоми издивоҷ маблағи куртаи арӯсиро бояд хонаводаи домод пардохт намояд, ки масъала баъзан наздикони домодро нигарон мекунад. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки наздикони домод аз пӯшидани либоси арӯсии аврупоӣ нигаронӣ намуда, иҷозаи пӯшидани онро ба арӯсшаванда намедиҳанд. Баъд аз чунин ранг гирифтани кор хонаводаи арӯс аз оиладоршавии фарзандашон даст мекашанд. Вале гап сари он аст, ки оилаи домод наметавонад бар зами ҳамаи хароҷоти арӯс ин маблағи гаронро барои куртаи арӯс пардохт намояд. Дар чунин ҳолат арӯсон бояд либоси миллии арӯсӣ ба бар намоянд, ки нархаш 4 маротиба арзон аст. Дар бозори «Корвон» матоъҳои махсус барои омода намудани куртаи арӯсӣ тақрибан дар ҳар раста ба назар мерасад, вале нархи «дандоншикан» доранд, ки баъд аз пурсидани нарх харидор «воҳ» гуфта, аз он ҷо дур мешавад. Инчунин, маблағи дӯхти курта аз 80 сомонӣ зиёдтар аст. Мегӯянд, хуб мешавад, агар арӯс барои интихоби пироҳани арӯсӣ ба тарроҳ ё дузандае муроҷиат намояд, то бо маблағи камтар ва дастрас курта омода намоянд. Ҷамила, донишҷӯи соли панҷуми факултаи тарроҳии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки либосҳои аврупоӣ омода мекунад, гуфт, имконият дорад, ки арӯсон куртаҳои арӯсӣ фармоиш диҳанд. Ҳам барои онҳо мувофиқ духта мешавад ва ҳам маблағи камтар масраф мегардад.
Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
Мутаассифона, дар бархе биноҳои истиқоматии пойтахт фаъол набудани лифтҳо мушоҳида мешаванд. Ин, албатта, ҳамон биноҳоеанд, ки замони шӯравӣ сохта шудаанд ва лифтҳояшон дигар корношям шудааст. Масъалаи мазкур, истиқоматкунандагонро аз он ҷиҳат ба ташвиш овардааст, ки дар ҳолати бемор шудани нафаре аз чунин биноҳо мошини ёрии тиббӣ наметавонад сари вақт кӯмак расонад. Инчунин, дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми вайрон шудани лифт масъулон аз сокинон маблағ талаб мекунанд. Вале сокинон бо нигаронӣ мегӯянд, ки барои чӣ сарф шуданашро намедонанд. Роҳила аз ҷумлаи он сокинонест, ки барои истифодаи лифт маблағ пардохт мекунаду аз фаъолияти масъулон розӣ нест. «Барои таъмири лифт дар манзили истиқоматӣ кормандони масъул аз мо 35-40 сомонӣ маблағ талаб мекунанд. Ба ҷуз ин, ҳар моҳ ба маблағи 10 сомонӣ пардохт мекунем. Вале намедонем барои чӣ ин маблағ аз мо ситонида мешавад. Гап сари он аст, ки дар вақти вайрон гардидани лифт пулро истиқоматкунандагон ҷамъоварӣ мекунанд», - бо нигаронӣ изҳор дошт хонум Роҳила, истиқоматкунандаи кӯчаи Деҳотӣ-23 А, ҳуҷраи 36. Ӯ ягона сокини ин бино нест, ки нигаронӣ мекунад. Сокинони 45 ҳуҷраи дигари ин бино низ аз пардохти ин маблағҳо ва суханони дағали масъули корхона «безор» шудаанд. Онҳо мегӯянд, масъул, вақте барои ҷамъоварии маблағ меояд, ба онҳо ягон расид (квитансия) намедиҳанд ва ё ҳуҷҷати зарурӣ ҳам пешниҳод намекунанд. Вале мегӯянд маблағи ҷамъовардаро ба ҳукумат месупоранд. Барои маълумоти бештар гирифтан дар ин масъала ба Шариф Каримов, сардори КВД «Лифтаъмир»-и ноҳияи Фирдавсӣ муроҷат намудем. Номбурда изҳор дошт, ки «Тибқи модаи 117 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 3-и моддаи 18-и Қонун “Дар барои хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъмири манзилҳои хусусигардонидашуда ва қисмҳои ёрирасони муҳандисии он, аз ҷумла, лифтҳо аз ҳисоби маблағи худи соҳибмулкон ташкил карда мешавад». Мавсуф, инчунин, афзуд, ки оид ба хизматрасонии лифт ба аҳолӣ бо шаҳрвандон шартнома ба муҳлати як сол баста мешавад. Мувофиқи шартномаи мазкур дар мавриди корношоям шудани лифти бино шахси масъул муроҷиат мекунад ва дар асоси фармони мазкур дар давоми ду рӯз камбудиро бартараф менамоянд. - Дар шартнома омадааст, ки барои таъмири лифт барои як метри мураббаъ 0,10 дирам ҷамъоварӣ мешавад. Масалан, агар бино 9-ошёна бошад, 156 сомонӣ, 12-ошёна бошад 240 сомонӣ супорида мешавад. Дар ҳар бино шахси мутасаддӣ уҳдадор аст, ки ин маблағро аз сокинони ошёнаи 4 то 12-ум бо маблағи 5 сомонию 33 дирам ҷамъ намуда, супорад. Дар мавриди оне, ки ба ғайр аз 10 сомонӣ боз 35-40 сомонӣ ҷамъоварӣ мешавад, мо хабар надорем. Ба ин савол метавонед ба шахси мутассадӣ муроҷиат намоед, - гуфт сардори КВД «Лифтаъмир»-и ноҳияи Фирдавсӣ. Вале шахсӣ мутассадӣ Давлатбӣ Раҳимова, ки ҳар моҳ аз сокинон маблағ талаб мекунад, мегӯяд, бо сабаби он ки баъзе сокинон ҳаққи истифодаи лифтро пардохт намекунанд, онҳо маҷбур мешаванд аз ҳисоби дигар истиқоматкунандагон ин маблағро пурра намоянд. - Ман аз 45 хона бояд пул гирам, аммо баъзе шахсоне ҳастанд, ки пул намедиҳанд. Барои ҳамин, пули шартномаро 10 сомонӣ кардам. Баъзан барои таъмир устои лифт аз ман 400-450 сомонӣ талаб мекунад ва ман иловагӣ пул ҷамъ мекунам, - гуфт Раҳимова. Вале Ш. Каримов, сардори КВД «Лифтаъмир»-и ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, ки дар ҳолати вайрон шудани лифт аз шаҳрвандон бояд маблағ ситонида нашавад. Новобаста ба он ки чанд соат барои таъмири лифт сарф мешавад. Маблағҷамъкунӣ дар ҳоле сокинонро нигарон кардааст, ки ба гуфтаи масъулони ниҳоди мазкур тасмачаи лифт 15 сомонӣ, пружинааш 20 сомонӣ нархгузорӣ шудааст ва сокинон танҳо онро бояд пардохт намоянд. Вале ин маблағ сари ҳар хона 5 сомонӣ барои таъмири лифт басанда аст. Ин мушкил танҳо дар бинои истиқоматии дар боло зикршуда ба назар намерасад, балки дар бинои Неъмат Қарабоев-13, даромадгоҳи як зиёда аз 20 сол мешавад, ки мардум аз бекор гардидани лифт азият мекашанд. Вале ин 20 сол масъулонро боре ҳам водор накардааст, ки ҳади аққал як маротиба ин лифтро аз назар гузаронанд. Сокинони ин даромадгоҳ мегӯянд, баъд аз навиштани аризаҳои зиёд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия танҳо моҳи июни соли равон барои аз назар гузаронидани лифт кормандон ташриф оварданд. Сабаби то ҳол таъмин нагардидани лифт талаби маблағи зиёд будааст, ки сокинон шароити пардохти чунин маблағро надоранд. Аризаҳои пай дар пайи осокинон низ дар он будааст, ки барои мушкили иқтисодӣ ба онҳо каме кӯмак карда шавад. Вале, мутаассифона, ба чашми масъулон гӯё «хок» пошида шуда бошад, ки аризаи сокинонро нодида мегиранд. Ин масъалаҳо дар пойтахт бояд аз ҷониби афроди масъул ҳал карда шаванд, то ҳуқуқи сокинон ҳимоя гардад ва чунин қонуншиканиҳо афзоиш наёбад.
Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА, «ҶТ»
5
ТУРИЗМ
Дар шумораи №16 (23.04.2015) “Ҷавонони Тоҷикистон” мусоҳиба бо директори Мактаби махсуси намудҳои зимистонаи варзиш дар минтақаи Сафедораки ноҳияи Варзоб Зиннатулло Саидов зери унвони “Мавсими лижаронӣ давом дорад” чоп шуда буд. Ҳафтаи гузашта бо мусоидати мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Раҷабалӣ Турсунзода ба сайри ин минтақаи хушобу ҳаво рафтем. ЯК ҶО ТОБИСТОНУ ЯК ҶО БАҲОР Мудири қисми таълимии мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Варзоб, ҷавонмарди кушодачеҳраву дидадаро Фаррухи Абдулқодир роҳбаладии моро ба зимма гирифт. Роҳ ба сӯи Сафедорак аз самти ҷамоати Такоб сар мешавад. Сифати шоҳроҳи ДушанбеВарзоб-Айнӣ хеле хуб буда, ба қавле мошин такон намехӯрад. Аммо ҳамин, ки аз ин шоҳроҳ ба самти рост тоб хӯрдед, роҳи пастубаланд ва пур аз чангу ғубор оғоз мешавад. Худо мегуфтем, ки ягон мошин аз мо нагузарад, вагарна чангу ғубори он кайфиятеро, ки аз тамошои манзараҳои зебои кӯҳистон гирифта будем, барбод медод. Ҳоло дар ду тарафи дарёи Варзоб қариб ки ҷои холӣ намондааст. Истироҳатгоҳу бӯстонсароҳои хуштарҳ, ростӣ, ба симои ин мавзеи туристӣ ҳусни дучанд зам кардаанд. Солҳои шӯравӣ чандин маротиба ба сайри Варзоб омада будем, лекин бо вуҷуди доштани манзараҳои зебо ғайр аз лагерҳои пионерию истироҳатгоҳҳои вазорату муассисаҳо барои сайёҳони муқаррарӣ қариб ягон хел хизматрасонӣ набуд. Акнун дар ду тарафи дарёи Такоб низ бӯстонсароҳои хуштарҳ қомат афрохта истодаанд. Бо бунёди истироҳатгоҳҳои нав миқдори дарахтони ороишиву мевадиҳанда низ зиёд хоҳад шуд. Аз саршавии роҳи самти Такоб ҳарчанд деҳаҳои зиёдеро убур карда бошем ҳам, дар ягон ҷо чашмам ба тахтачае, ки номи деҳа ё шаҳрак навишта шуда бошад, наафтид. Хуб мешуд, масъулони ноҳияи Варзоб ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, дар саршавии ҳар деҳа чунин тахтачаҳои ишоратиро бо километри чандум буданаш насб намоянд. Ин барои мавзеи туристӣ ниҳоят муҳим аст. Дар баъзе деҳаҳо бо сабаби саҳлангории раиси маҳалла ва бетаваҷҷуҳии сокинони деҳот оби ҷӯйҳо ба роҳ ҷорӣ шуда, роҳи бе ин ҳам валангорро душворгузар кардаанд. Агар бо усули ҳашар ҷӯйҳоро чуқуртар канда, ба чуқуриҳои роҳ қуму шағал резанд, ҳаракати нақлиёт осонтар мешавад. Роҳсозиву таъмири роҳ савоби садақаи ҷорияро дорад. Сокинони баъзе деҳаҳо дар
6
“Сафедорак” 12 моҳ сайёҳ қабул хоҳад кард қадаре ки ба мавзеи Сафедорак наздик мешудем, ҳамон қадар ҳаво тозатару ботароваттар мешуд. Шахсони зиёде дар ҷойҳои сарсабз қуттиҳои занбӯри асал гузошта буданд. Ба мо гуфтанд, ки дар деҳаҳои атрофи Сафедорак нав олуболу пухтааст, вале зардолу ҳанӯз пухта нарасидааст. Дар ин ҷо баъзе солҳо ҳатто гандум намепазад. Танҳо аз ҷав, картошка, офтобпараст, бодиринг, помидор ва кабудиҳо ҳосили дилхоҳ гирифтан мумкин аст.
ду канори роҳ дарахтони терак шинонидаанд, ки масолеҳи хуби бинокорӣ ба шумор меравад. Ҳар
САФЕДОРАК БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВАД Баъди аз гардиши шоҳроҳи Душанбе-Варзоб-Айнӣ тай намудани 18 километр роҳ мо ба мавзеи Сафедорак расидем. Ба ин ҷо дар фасли зимистон танҳо бо мошинҳои сабукрави “Нива”, “УАЗ”,
“Арадо”, “Муссо” омадан мумкин аст. Ҳоло дар бинои чорошёнаи Базаи Сафедорак корҳои таъмирӣ идома дорад. - Мо кӯшиш мекунем, ки то моҳи октябр қисми зиёди таъмирро анҷом диҳем, - мегӯяд муовини директор оид ба хоҷагидории МД “Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба бозиҳои зимистона” Шарофиддин Яҳёев. – Таъмирро моҳи май аз боми бино оғоз кардем. Боми иморат пурра аз таъмир баромад. Ба ҳар ҳуҷра системаи гармидиҳӣ гузаронида, аз санҷиш гузаронидем. Вақте ҳуҷраҳои таъмиршударо бо ҳуҷраҳои таъмирнашуда муқоис намудем, фарқ аз замин то осмон буд. Тирезаҳои пластикии хушсифат нури офтобро гузаронида, дар зимистон ҳуҷраҳоро гарм нигоҳ
медоранд. Системаи гармидиҳӣ бо ангиштсанг кор карда, тамоми ҳуҷраҳои бинои чорошёнаро гарм менамояд. Ҳуҷраҳо бо об таъминанд. Ба ҳар утоқ сими нави барқ кашида шуд. Трансформатори мактаб низ наву пуриқтидор гашт. Дар замони шӯравӣ майдони умумии мутааллиқи Базаи лижаронии Сафедорак 480 гектарро ташкил медод. Зимистон ин заминҳо дар ихтиёри базаи лижаронӣ буду тобистон дар ихтиёри хоҷагӣ. Ҳоло 100 гектари ин заминҳоро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додаанд. Акнун 380 гектар замин боқӣ мондааст, ки барои машқу тамрин басанда аст. Бо беҳтар шудани шароит умед аст, ки оянда ҷавонони тоҷик низ ҷоизадори Бозиҳои зимистонии олимпӣ хоҳанд гашт. Мактаб дар ихтиёри худ 2 роҳи танобии яккилометра дорад, ки побарҷоянд. Барои 100 нафар лижа, 10 чана ва 15 мошини барфгард мавҷуд аст. Дар фасли зимистон танҳо рӯзҳои шанбею якшанбе барқ медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳамаи хоҳишмандони бозиҳои зимистона табъи дил лижатозӣ карда наметавонанд. Агар дар фасли зимистон ҳар рӯз барқ бошад, теъдоди тамринкунандаю истироҳаткунандагон боз ҳам бештар хоҳад шуд. Умуман, Сафедорак ду проблемаи бузург дорад, яке роҳ ва дигаре барқ. Дар Сафедорак мо бо варзишгари собиқадор, лижарон Ҳабибулло Муҳаммадов вохӯрдем. Ин марди зиндадилу табиатдӯст 35 сол боз аз пойтахт ба Сафедорак меояд. Ихтисосаш муҳандистехнолог бошад ҳам, лижарони мумтоз аст. Ҳабибулло барои рушди туризм дар Сафедорак чанд идеяи ҷолиб дод. Якум, дар мавзеи Сафедорак баъди мавсими лижаронӣ варзиши аспдавониро ба роҳ мондан. Ҳамчунин, ба роҳ мондани аспсавории табобатӣ (иппотерапия), ки дар мамолики пешрафтаи ҷаҳон маъмул аст, ояндаи хуб дорад. Дуюм, сохтани ҳавзҳои шиноварии алоҳидаи мардонаю занона. Моҳҳои июн, июл, август барои дӯстдорони варзиши шиноварӣ Сафедорак беҳтарин мавзеъ хоҳад гашт. Таъсиси дӯкони махсуси гиёҳҳои шифобахш, бунёди чойхона бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш, бозорча барои фурӯши меваю сабзавот ва қуруту чаккаю ҷурғоти аз лиҳози экологӣ тоза низ сатҳи зиндагии сокинони атрофи Сафедоракро баланд хоҳад кард. Хулоса, Сафедорак метавонад 12 моҳ барои дӯстдорони сайру саёҳат хизмат кунад. Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА Ҳанӯз дар овони мактабхонӣ ба мо талқин мекарданд, ки Зи ном нест, бузургии мард, Балки зи мард аст, бузургии ном.
Номи накӯ ва зебою пурмазмун пеш аз ҳама нишони маърифат ва фарҳанги баланди шахси номгузор, сонӣ, мояи хурсандӣ ва ифтихори шахси соҳибном аст, агар ӯ ба маънии номи хеш сарфаҳм равад. Вале ном соҳибашро худ аз худ шӯҳратёру сарбаланд намекунад. Балки соҳибном бо меҳнату заҳмат, бо ҷаҳду талошҳои пайгирона ва донишу ақлу заковат номи хешро машҳур ва муътабар мегардонад. Одамон ӯро аз рӯи чӣ ном доштанаш не, балки аз рӯи кору кирдор ва рафтору амалҳояш мешинохтагӣ мешаванд. Дар ин шинохтанҳо ном танҳо нишонӣ ва ё суроға асту бас. Номи зебою пурмазмун доштан ҳаргиз сарбаланду шӯҳратёр будан нест. Дар ҷомеа ҳастанд касоне, ки номҳои шоҳномавӣ доранд. Ё номҳояшонро мувофиқ бо номҳои қаҳрамонони машҳури қиссаю афсонаҳо гузоштаанд. Аммо, чун кору кирдор, гуфтору рафтори онҳоро мебинӣ, ҳайфат меояд, ки эшон чунин номҳо доранд. Хушбахтона, бисёранд, ашхосе, ки ба нангу номусанд, қимати номи хешро медонанду арҷ мегузоранд. Ҳамеша ҷаҳду талош меварзанд, ки мувофиқ ба номи хеш кору пайкор кунанд. Дар масъалаи номгузорӣ камбудиҳое ҷой доранд, ки аз рӯйи давомнокии худ дарди куҳнашударо мемонанд. Масалан, аз чи бошад, ки ба фарзандон дар тифлиашон як ном мегузорему чун андаке бузург шуданд, номашонро дигар мекунем. Дар натиҷа, одам дунома мешавад. Дар шаҳодатномаи таваллуд ва ё шиноснома як ном дораду дар байни мардум номи дигар. Ҳатто онҳоро бо номи расмиашон ба ҷуз аз волидайн ва наздикони дигарашон касе намешиносад. Дарди дигар, нодуруст навиштани шакли номҳо мебошад. Мисолҳо хеле зиёданд. Аммо аз оварданашон худдорӣ мекунам, чунки онҳоро бисёриҳо медонанд. Коршиносон борҳо таъкид кардаанд, ки номҳои мувофиқ ба рӯзҳои ҳафта ва номҳое, ки решаашон аз мафҳумҳои «табар, теша, дост, ҷорӯб, санг, гург, арра, нор, девона» ва ғайра иборатанд, зебанда нестанд ва ҷавобгӯи фарҳанги номгузории азалии тоҷикона намебошанд. Дар ҳамин радиф ба-
родар ва устодам шодравон Тошхон Юсуфӣ дар хусуси ду нафаре қисса мекарданд, ки якеро ном Талбак ва дигареро Кайкак будааст. («Кайкак» шояд шакли вайроншудаи мафҳуми «ғайкак»-и мардуми Яғноб бошад). Бо вуҷуди хушахлоқу хубхон буданашон, ҳар ду ҳам ҳамеша аз ҳамсолони худ дурӣ меҷустанд, ба маъракаҳо намерафтанд. Зеро дар ин гуна мавридҳо ҳамеша ёфт мешудаанд бадгуфтороне, ки якеро «Талбак, чаро наталбӣ?» дигареро «Кайкак чаро ин ҷойӣ, ба пӯстак надаройӣ?», гуфта мазоху масхара мекардаанд. Камина бар он андешаам, ки номҳои хусусияти тоҷикона надошта низ, барои мардуми мо арзанда нестанд. Бигзор ба иззати нафси касе нарасад, масалан, ман намедонам, ки Акмал ва Акамал дар тоҷикӣ чӣ маъно доранд. Намефаҳмам, ки ҳамдиёрони куллан тоҷики мо чаро духтарони худро Жасмин ном мениҳанд, дар ҳоле ки муродифи тоҷикии он Ёсуман аст. Албатта, одамон
Мо тоҷикем, на араб! Масъалаи ному номгузорӣ дар оила
ҳар гуна ном, аз ҷумла номҳои нозебу каммазмунро ҳам ба ягон орзӯю нияте, мақсаде ё муроде ба фарзандонашон мегузоранд. Лекин, дар ҳар сурат ном бояд зебо, равон, гӯшнавоз бошад ва соҳибном аз он шарм не, ифтихор намояд. Як одати бади дигар ҳам дорем. Яъне, одамонро бо номи аслиашон не, бештар бо лақабҳои нозеб ва бисёр дағалмазмун ном мебарем. Ин равия, махсусан дар деҳот роиҷ аст. Одамон ба ҳамдигар бо лақабҳояшон муроҷиат мекунанд ва аз ин касе намеранҷаду касеро парво нест. Зеро ин чиз барои маҳалҳои онҳо меъёр ҳам набошад, одат шудааст. Агар ҳарчи зудтар аз ин одат даст бикашем, ҳамон қадар фоидааш бештар мешавад. Чанд соли охир дар масъалаи ном ва номгузорӣ як равияе эҳсос мешавад, ки барои фарҳанги анъанавии номгузории тоҷикӣ хатарнок аст. Баъзе одамон номҳои бисёр зебо, хушнаво, гӯшнавоз ва пурмазмуни зотан тоҷикии худро бо номҳои арабӣ иваз мекардагӣ шудаанд. Зиёда аз
ин, бештари волидайни ҷавон, алалхусус дар деҳот, майлу рағбат ва хоҳиши ба фарзандон ниҳодани номҳои ба истиллоҳ мусулмониро доранд. Ин раванд чандон оқибати хуб надорад ва аз рӯйи фарҳанги аҷдодию анъанавии номгузории тоҷикӣ намебошад. Алҳамдулиллоҳ, ман мусулмонам ва бо ин ифтихор дорам. Аммо тоҷик буданамро аз мусулмон буданам камтар намедонам. Ифтихормандии тоҷик буданам аз ифтихормандии мусулмониам камтар нест. Аммо ному насаб дигар асту дину мазҳаб дигар. Масалан, кӯдакони бисёреро Ёсин ном ниҳодаем. Ин чӣ маъно дорад? Ду ҳарфи арабӣ: «ё», «син». Мусулмон будан ҳаргиз маъноеро надорад, ки номи шахси мусулмон ҳатман арабӣ бояд бошад. Дар ҳамаи қитъаҳои олам Африқо, Аврупо, Амрико, Осиё, Австралия, алалхусус дар кишварҳои манотиқи Қафқоз, кишварҳои мусулмонии ҳамсоя ва ғайра кам мусулмонҳо ҳастанд, ки номҳояшон арабиасос бошад. Аксари онҳо номҳое доранд, ки хоси авлоду аҷдоду
Волидайни бепарво Фарзандонро аз хурдсолӣ бо тарбия сер кардан даркор Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас яке аз равандҳои ҳалталаби рӯз ба шумор рафта, то кунун ҳалли пурра наёфтааст. Хушбахтона, имрӯз вазъи зиндагӣ ва хониши наврасон нисбат ба солҳои 2005-2010 хубтар гардида, рӯз то рӯз беҳбуд меёбад. Вале, мутаассифона, чунин пешравӣ на дар ҳама оилаҳо ба назар мерасад. Гоҳо рафтори баъзе волидайн касро дар ҳайрат мегузорад. Бадбахтона, қисме аз падару модарон нисбат ба ояндаи фарзанди худ тамоман бепарвоянд. Онҳо аз рафти хонишу машғулиятҳои фарзандонашон ҳеҷ огоҳӣ надоранд. Ҳатто намедонанд, ки фарзандонашон рӯзро дар куҷо мегузаронанду ба чӣ корҳо машғуланд. Ин гуна волидайн дар маҷлисҳои наздимактабӣ низ иштирок наменамоянд ва аз талаботу таълими таълимгоҳ ҳеҷ огоҳӣ надоранд. Онҳо субҳ ба кор рафта, ба фарзандонашон ҳеҷ гуна супориш намедиҳанд, ки дар натиҷа кӯдак аз бекорӣ ба амалҳои нодаркору зараровар машғул мешавад. Ҳоло, ки таътили тобистона аст, аксар вақт кӯдакони зиёдеро дар кӯчаҳо дидан мумкин, ки овораву сарсон мегарданд. Аксари онҳо ба ҷойҳои дур рафта,
ба оббозӣ ва корҳои беҳуда машғул мешаванд, ки ба нохушиҳо бурда мерасонад. Қисми дигаре ба садамаҳои нақлиётӣ низ дучор мегарданд. Ҳар сол дар мавсими таътили тобистона кӯдакони зиёде бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ мегарданд, ки аз беназоративу бепарвоии волидайн ба амал меояд. Падару модароне ҳастанд, ки кӯдакони худро аз 8-10-солагӣ ба корҳои мушкил ҷалб менамоянд, ки зидди талаботи Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аст. Мутаассифона, имрӯз дар кӯчаву бозорҳои пойтахт шумораи кӯдакони оворагард хеле зиёданд. Бисёр хуб мешуд, агар ин наврасон ба ҷои кӯчагардию корҳои
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
миллаташон аст ва ба фарҳанги номгузории миллиашон мувофиқат мекунад. Пас, чаро мо - тоҷикон ба номҳои зебою шевою пурмазмун ва гӯшнавозу рӯҳнавозу дилнавози тоҷикии худ афзалият надиҳем? Охир мо тоҷикем, на араб. Умуман, масъалаи ном ва номгузориро масъалаи ҷузъӣ ва сирф шахсӣ шуморидан саҳеҳ нест. Домони он фарох буда, ба фарҳангу маърифат, адабиёту санъат, забону таърих, расму оин қаробат дорад. Месазад, ки аҳли зиё, алалхусус омӯзгорон ва зиёиёни деҳот, масъулини ҷамоатҳо, сохторҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, муассисаҳои фарҳангу маъориф, сохторҳои ба оилаю оиладорӣ, танзими расму оин ва анъанаҳо сарукор дошта фаъолияти боз ҳам босамартар бубаранд. Коре кунанд, ки волидайн, алалхусус волидайни ҷавон барои пайдо кардани номҳои зебою пурмазмун ҳавасманд гарданд, номномаҳоро омӯзанду аз маслиҳати нохондамуллоҳое, ки ғайр аз чанд номи арабиасос дигареро пешниҳод карда наметавонанд, даст кашанд ва агар зарур ояд бо мутахассисин ва ашхоси ба ин масъала сарукордошта муроҷиат кунанд. Дар хотима таъкид мекунам, ки дар масъалаи риоя намудани фарҳанги анъанавии номгузорӣ нақши садою симо ва матбуоти даврӣ бесобиқа буда метавонад. Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, шаҳри Қӯрғонтеппа
беҳуда ба маҳфилҳои наздимактабӣ аъзо мешуданду ҳам дониши комил ва ҳам ҳунарҳои гуногун меомӯхтанд. Агар падару модар ва атрофиён нисбат ба тақдири наврасон бетараф бошанд, пас, мактаб ва омӯзгор дар танҳоӣ ҳеҷ кор карда наметавонанд. Хушбахтона, ҳастанд падару модароне, ки зуд-зуд ба мактаб омада, дар дарсҳо иштирок намуда, аз рафти хониши фарзандҳояшон пурсон мешаванд. Бо мактаб мунтазам ҳамкорӣ менамоянд, ки албатта фарзандони чунин волидайн ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намераванд. Гоҳо дар васоити ахбори омма ахбори пурдаҳшату нанговар пахш мегардад, яъне, тоҷикписарони фиребхӯрда ба давлатҳои ноором рафта, ба гурӯҳҳои террористӣ аъзо мешаванд. Сарчашмаи бадбахтии ҷавонон беаҳамиятӣ ва бепарвоии волидайн аст. Агар дар хурдсолӣ аз насиҳату тарбияи падару модар сер мебуданд, шояд то чунин ҳол омада намерасиданд. Хуб мебуд, ки кормандони соҳаи маориф дар якҷоягӣ бо падару модарон чораҳои зарурӣ андешида, кӯшиш намоянд, ки фарзандони онҳо дар зиндагӣ беҳудагарду овора набошанд. Наврасону ҷавонон пайваста бояд илму дониш омӯзанд, то ба фарзандони мардумони мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон баробар бошанд. Мо - калонсолон вазифадорем, ки онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ равона созем. Парвиз АМИНОВ
7
12 АВГУСТ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН
Дар Корея 70 ҷавони тоҷик таҳсил мекунад Боиси ифтихор аст, ки имрӯз як қатор ҷавонони соҳибистеъдоди тоҷик берун аз кишвар бо саъю кӯшиши худ дар ҷодаҳои гуногун муваффақ мешаванд. Яке аз онҳо Сиёвуш Мирзоев аст. Ӯ зодаи шаҳри Душанбе (соли 1992) буда, то синфи 10 дар Гимназияи тиҷорати пойтахт таҳсил намуда, хатмкардаи литсейи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Surprisc TV Show” ба кор даъват намуданд. Ӯ, ки забонҳои кореягиву англисӣ ва русиро хуб медонад, дар иҷрои нақшҳо мушкилӣ намекашад. - Иқлими Корея бештар намнок аст. Вале деҳоти он каме ба Тоҷикистон шабоҳат дорад, - мегӯяд Сиёвуш. – Қариб тамоми меваю сабзавоте, ки дар Тоҷикистон ҳаст, дар Корея низ мерӯянд. Дар Корея шоликорӣ бештар тараққӣ кардааст. Қариб тамоми сол тарбузу харбуза ҳаст. Соли 2010 дар Донишгоҳи “Nanseo” Сиёвуш ягона намояндаи Тоҷикистон буд. Ҳоло дар ин донишгоҳ 4 нафар таҳсил мекунанд. Моҳи сентябр боз 2 донишҷӯи тоҷик ба онҳо ҳамроҳ хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ, ҳоло дар Кореяи Ҷанубӣ зиёда аз 70 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил дорад.
- Баъд аз хатми литсей соли 2010 ба факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи “Nanseo”-и Кореяи Ҷанубӣ дохил шуда, соли 2014 онро ба ҳайси бакалавр хатм намудам, - мегӯяд Сиёвуш. – Соли равон ба магистратураи Донишгоҳи “Sejong”-и шаҳри Сеул шомил гардидам. Дар бахши идоракунӣ ду сол таҳсил хоҳам кард. Ин ҷавони боистеъдод дар баробари таҳсил дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол аст. Сиёвуш аз соли 2010 ба ҳайси ихтиёрӣ (волонтёр) ва намояндаи Тоҷикистон дар Салиби сурхи ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ фаъолият мекунад. Ду маротиба (солҳои 2013 ва 2014) аз ҷониби СММ дар модели Федератсияи Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмари Ассамблеяи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ доир гашт, ширкат варзидааст. Дар баробари ин, Сиёвуш яке аз муассисон ва сардори корхонаи хурди байналмилалии “Advexon Inc.” мебошад. Дар ин муассиса, ки ба таҳияи бозиҳои компютерӣ махсус гардонида шудааст, алҳол 6 нафар аз ҷумҳуриҳои гуногун фаъолият мекунанд. Сиёвуш ба ҳунари актёрӣ низ шавқ дорад. Соли 2013 истеъдоди волояшро ба инобат гирифта, ба Телевизиони давлатии Корея “МВС” дар шабакаи “Extreme
- Мо гурӯҳи ҷавонони тоҷик дар Кореяи Ҷанубиро ташкил кардем, - мегӯяд Сиёвуш. – Бахшида ба иди Наврӯз, Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи Истиқлолият маҳфилҳо меороем. Бо кушодашавии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ фаъолияти мо густурдатар шуд. Дар солҳои аввали таҳсили
Сиёвуш аксар ҳамсабақону устодонаш дар бораи Тоҷикистон тасаввурот надоштанд ё тасаввуроти ночиз доштанд. Сиёвуш дар бораи мавқеи географии Тоҷикистон, таъриху фарҳанги тоҷикон ба онҳо маълумот дод. - Сабаби дар бораи Тоҷикистон тасаввуроти ночиз доштани кореягиҳо дар он буд, ки мо дар ягон соҳа ҳамкорӣ надоштем, – мегӯяд Сиёвуш. – Баъд аз сафари Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Кореяи Ҷанубӣ ва ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон шиносоӣ бо кишвари мо зиёд гашт. Ба наздикӣ 3 нафар устоди Донишгоҳи шаҳри Теҷони Корея ба Тоҷикистон омаданд. Сабаби ба ин ҷо омадани устодони кореягӣ донишҷӯёни тоҷик шуданд. Зеро ҳар сол аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ волонтёрон (ихтиёриён)-и фаъолтаринро аз Кореяи Ҷанубӣ ба кишварҳои хориҷӣ мефиристанд. Бо тарғиби донишҷӯёни тоҷик соли равон ин се нафар омӯзгорони кореягӣ Тоҷикистонро интихоб намуданд. - Мо меҳмонони кореягиро ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бурдем, - гуфт Сиёвуш. – Кореягиҳо мафтуни табиати зебо ва меҳмоннавозии тоҷикон шуданд. Вақте онҳо аксу наворҳои сабткардаашонро ба ҳамватанонашон нишон диҳанд, соли оянда боз сафи хоҳишмандони дидани Тоҷикистон аз Кореяи Ҷанубӣ бештар хоҳад шуд. Худи Сиёвуш Мирзоевро ҳамчун ихтиёрии фаъол аз ҷониби созмони Салиби сурх ба кишвари Тайланд фиристоданд. Сиёвуш бо захираҳои туристии Тайланд ошно гашта, таҷрибаи зиёд андӯхт. Азбаски аз Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ хатсайри ҳавоӣ нест, Сиёвуш чун дигар донишҷӯёни тоҷик тавассути хатсайри ОстонаСеул ба Корея меравад. Агар бо кӯшиши донишҷӯёни тоҷик ва Сафорати Тоҷикистон дар Сеул теъдоди сайёҳони кореягӣ ба кишварамон афзояд, оянда хатсайри Душанбе-Сеул кушода хоҳад шуд. Мо аз Сиёвуш Мирзоев барин ҷавонони ватандӯст дар ин ҷода умеди калон дорем. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Ҷавони бепое, ки 11 нафарро мехӯронад Баъзан ашхосеро дучор меоем, ки бо чор ишкели бутун бекор мегарданду аз камбудиҳои зиндагӣ шикоят мекунанд. Аммо Иброҳим Абусуряи фаластинӣ бо вуҷуди бепой буданаш аз зиндагӣ ризо асту ғайри Худо ба касе умед намебандад. Ӯ ҳар саҳар дар сектори Ғазза бо нияти кор аз хона берун мебарояд. Асбоби кориаш сатилу латта мебошад. Иброҳими 26-сола тавассути мошиншӯӣ рӯзе аз 1 то 5 доллар дастмузд меёбад. Соли 2008 ҳангоми ҳамлаи низомиёни Исроил ба аҳолии осоиштаи сектори Ғазза зарбаи снаряд Иброҳимро аз ду пой маҳрум кард. Ӯ бе рӯзи истироҳат кор мекунад, зеро 11 нафар аҳли хонавода дастнигари ӯ ҳастанд. Шояд баъд аз дидани акси Иброҳим Абусуряи фаластинӣ ҷавононе, ки бекор гашта, тан ба меҳнат намедиҳанд, тарки бекоргардӣ намоянд. Зеро ҳар кас бо нияти меҳнати ҳалол ҳаракат кунад, Худованд ба ӯ баракат медиҳад. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
8
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
12 АВГУСТ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН Ҷавононро ояндаи Ватан, бунёдгари он меҳисобанд. Ҳоло қисми бештари сокинони кишварро маҳз эшон ташкил медиҳанд. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон бо чанд нафар аз онҳо ҳамсуҳбат шудем. Раҳматулло Зуҳуров ва Фирӯз Достиев имсол соҳиби номаи камол гардида, ба онҳо муяссар шуд, тариқи квотаи президентӣ ба яке аз макотиби олии овозадори кишвари рус, Донишгоҳи давлатии фарҳангу санъати Маскав дохил шаванд. Ҳар ду орзу доранд, хонда ихтисоси коргардони киноро аз худ намоянд, дар пешрафти кинои тоҷик саҳмгузор бошанд. - Аслан, коргардони кино шудан бароям аз рӯйи ҳавою ҳавас нест, - нақл кард Раҳматулло Зуҳуров. – Имрӯз дастрас ва тамошои кино барои дӯстдорони ин навъи санъат ба фикрам ҳеҷ душворие надорад. Зеро дар ҳар гӯшаю канори ҷумҳӯрӣ дӯконҳои дискфурӯширо дучор омадан мумкин. Ҳангоми таҳсил дар мактаб, вақтҳои холӣ аз машғулиятҳо филмҳои гуногунро дар хона тамошо мекардам. Филмҳои дидаамро ба якдигар муқоиса намуда, хулоса мекардам, ки филмҳо аз якдигар чӣ бартарӣ доранд? Кадом филм бештар ҷаззоб аст ва ҳунармандон дар иҷрои нақшҳо то чӣ андоза аз худ маҳорат нишон дода тавонистаанд? Ҳамчунин, нафарони паси навор, бахусус коргардон, дар офариниши филм саҳми калон доранд. Коргардон дастаи эҷодии филмофаронро роҳбарӣ мекунад ва маҳз аз ҳама бештар заҳмат, маҳорату кордонии ӯст, ки филми офаридашуда, мақбули тамошобинони сершумор мегардад. Филмҳои гуногунро тамошо намуда, ба маҳорати онҳо ба таври худ баҳо медодам. Ҳамин тавр, чӣ гуна ба ин ҷода меҳр пайдо карданамро худам ҳам нафаҳмидам. Бо волидонам дар ин хусус суҳбат намудам. Онҳо интихоби маро хуш пазируфтанд. Ба суоли он ки кадом коргардони тоҷик бароят бештар писанд аст, чунин посух дод: - Дар пешрафти кинои тоҷик саҳми як қатор коргардонҳо назаррас аст. Аммо бароям аз ҳама бештар филмҳои офаридаи ҳунарманди маъруф Убайдулло Раҷабов мақбул аст. Вай асосан ҳунарманди театр аст. Дар кино ҳам як қатор нақшҳо офаридааст. Баъдан ба эҷоди филмҳо машғул шуда, дар ин ҷода низ комёбиро ноил шудааст. Махсусан, филми офаридаи ӯ «Муҷассамаи ишқ» бароям хеле писанд аст. Инчунин, филмҳои таҳиянамудаи коргардони ҷавон Даврони Воситӣ ва аз ҳунармандони кинои рус Алексей Балабанов, Федор Бондарчук, Сергей Бодров шоёни таҳсин мебошад. Раҳматулло Зуҳуров, ҳамчунин ба адабиёт шавқу рағбати беандоза дошта, шеър низ меофарад.
Худро шогирди шоири маъруф Гулназар Келдӣ шумурда, бо шоирон Гулрухсор, Шаҳрия ва дигарон робитаи доимӣ дошта, аз эшон дар ҷодаи шеърофарӣ маслиҳатҳои муфид мегирад. Айни замон маҷмуаи аввалинашро барои чоп омода намудааст. Фирӯз Достиев бошад, дар оилаи зиёӣ тарбия ёфта, ба воя расидааст. Модараш Саида Файзалиева дар дастаи замоне овозадори рақсии «Зебо» ҳунарнамоӣ ме-
Кимёгаров бештар писанд аст, гуфт Фирӯз Достиев. – Ҳоло бошад, Носир Саидовро барои худ намуна қарор додаам. Филмҳои офаридааш «Муаллим» ва «Оинаи беҷило» ба фикрам, ба ҳар бинанда писанд меафтад. Махсусан, филми «Муаллим», ки сазовори ҷоиза гардид. Коргардонҳои оянда дар бораи мундариҷаи қисме аз филмҳои тоҷикӣ сухан гуфта, изҳор доштанд, ки онҳо бештар ҷанбаи
Фирӯз Достиев акнун донишҷӯ шуда бошанд, пас Зуҳро Хӯҷаназарова ва Хусрав Аюбов хатмкардаи зинаи бакалаври Донишгоҳи давлатии Ярославли Федератсияи Русия маҳсуб меёбанд. Зуҳро пешаи рӯзноманигориро омӯхта, Хусрав бошад, сиёсатшиносиро. Чун Раҳматулло ва Фирӯз ин ҳар ду ҳам чор сол пеш тариқи квотаи президентӣ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Ярославли Федератсияи Русия роҳхат гирифта буданд. Ак-
ки гоҳо устодон аз мо безор мешуданд. Зеро аз онҳо пайваста хоҳиш доштем моро ҳарчи бештар ба нашрияҳо, радио ва телевизион баранд. Хусрав ва Зуҳро пас аз анҷоми таҳсили магистратура орзу доранд ба Ватан баргашта, дар пешрафти он саҳм гузоранд. Ҳарчанд ҳини таҷрибаомӯзиҳо аз ҷониби роҳбарони нашрияҳои гуногуни Русия барои идомаи фаъолияти меҳнатӣ таклифҳо ҳам шуда буд. - Дар шаҳри Ярославли Федератсия Русия беш аз сад нафар ҷавони тоҷик дар макотиби олӣ таҳсил мекунанд, - гуфт Хусрав Аюбов. – Мо як лоиҳа ташкил кардем. Барои дастгирии донишҷӯёне, ки берун аз хоки кишвар дар Русия, Белорус, Украина ва дигар давлатҳо таҳсил доранд. Ҳоло ин лоиҳаро ҳини таҳсили магистратура ба як маҳфил табдил медиҳем. Дар шаҳри Душанбе бо дастги-
ХУСРАВ АЮБОВ
РАҲМАТУЛЛО ЗУҲУРОВ
ФИРӮЗ ДОСТИЕВ
ЗУҲРО ХӮҶАНАЗАРОВА
кард. Пасон балетмейстери дастаи рақсии «Лола» буд. Имрӯз кадбонуи хона аст. Падараш, профессор Ашӯр Достиев ҷарроҳи маъруф аст. Тавре Фирӯз нақл кард, волидон бисёр мехостанд, ки ӯ хонда соҳиби ихтисоси ҳуқуқшинос ё иқтисодчӣ шавад. Вале ӯ мисли Раҳматулло Зуҳуров филмҳоро тамошо намуда, ба ҳунари коргардонӣ бештар рағбат дошт. Пас мақсадашро ба волидон баён кард. Онҳо, ки ашхоси фарҳангианд, ба интихоби фарзанди хеш монеъ нашуданд. - Аз коргардонҳои пешини кинои тоҷик бароям филмҳои таҳиянамудаи коргардон Борис
тарбиявӣ доранд. - Ин барои мо, ҷавонон, хеле муҳим аст, - изҳор намуд Раҳматулло Зуҳуров. - Агар шумо филми «Оинаи беҷило»-ро тамошо кунед, ҳис хоҳед кард, ки он аз филмҳои синамогарони машҳури амрикоӣ қариб ҳеҷ монданӣ надорад, гуфт Фирӯз Достиев. – Аз ҳама муҳим филм тарбиявист. Мо низ мекӯшем хонда соҳибихтисос шавем, дар пешрафти кинои тоҷик ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ саҳм гузорем. Агар Раҳматулло Зуҳуров ва
нун орзу доранд, боз тариқи квота таҳсили зинаи магистрро дар яке аз шаҳрҳои Русия идома диҳанд. Бобати фарқияти таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия Хусрав ва Зуҳро изҳор доштанд, ки он ҷо корҳои амалӣ бештар сурат мегирад. - Ҳанӯз аз соли аввали таҳсил ҳамагӣ як моҳ пас, аллакай корҳои амалӣ, яъне таҷрбиомӯзӣ оғоз мегардад, - нақл кард Хусрав. – Чунин тарзи ташкили таҳсил имкон медиҳад, донишҷӯён фанни омӯхтаро бештар аз худ намоянд. - Баробари он ки ҳар тобистон чанд муддат дар нашрияҳои гуногун, радио ва телевизион фарогири таҷрибаомӯзӣ мешудем, ҳамчунин ҳар моҳ, дар рафти таҳсил як-ду ҳафта низ ин кор сурат мегирифт, ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт Зуҳро. – Ҳамин тавр, назария бо амалия пайваст мегардид. Дар Ватан бо донишҷӯён ҳамсуҳбат шуда, ҳис намудам, ки онҳо ба таҷрибаомӯзӣ чандон рағбат надоранд. Инчунин, аён гардид, ки қисме аз ҷавонон танҳо ба хотири диплом таҳсил мекунанд. Дар он ҷо, яъне Русия ин тавр нест. Ҳар донишҷӯ танҳо аз рӯйи ихтисоси барояш мақбул фарогири таҳсил мешавад. Масалан, ба соҳаи журналистика нафароне меоянд, ки мехоҳанд дар ин ҷода баъдан фаъолияти пурсамар дошта бошанд. Ин ҳолат барои таҳсил, донишандӯзӣ хеле муҳим аст. Шояд чунин шавқу ҳавас буд,
рии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ нахустин анҷумани худро мегузаронем. Бовар дорам, ин лоиҳа барои муттаҳид намудани ҷавонони тоҷик, ки дар хориҷа таҳсил доранд, нақши муҳим мебозад. Тавре Зуҳро ва Хусрав изҳор намуданд, ҳангоми таҳсил донишҷӯёни тоҷики шаҳри Ярославл бо диаспораи муҳоҷирони тоҷики кишвари рус робитаи доимӣ доштанд. Якҷоя дар чорабиниҳои гуногун, аз қабили ҷашни Наврӯз, Рӯзи истиқлолияти кишвар, Рӯзи забон ва ғайра фаъолона ширкат намуда, чун муаррифгари фарҳангу маданияти тоҷикон маҳсуб меёфтанд. - Ҳангоме ки чунин чорабиниҳо аз ҷониби донишҷӯён ва муҳоҷирони тоҷик доир мегашт, мо ҳамкурсони худ, намояндагони дигар миллатҳо ва сокинони шаҳрро даъват мекардем, - гуфт Хусрав Аюбов. - Онҳо чорабиниҳои моро бо чашми сар медиданд. Рақсу сурудҳои тоҷикиро дидаю мешуниданд, бовар мекарданд, ки мардуми тоҷик соҳиби тамаддуни қадимист. Мо, ки имрӯз ҷавонем, бояд ба қадри даврони соҳибистиқлолӣ бирасем ва баҳри пешрафти диёри азиз саҳм гузорем. Зеро мо чун нақше дар ин гулистони сарсабзи диёр сабзидаем…
Ҳамчу нақше дар ин гулистон сабзидаем
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
9
БА ИФТИХОРИ 3000-СОЛАГИИ ҲИСОР
Ҳисориҳо таърихашонро намедонанд
Имрӯз сокинони ноҳияи Ҳисор барои таҷилили чорабинии муҳими таърихӣ - 3000-солагии Ҳисори шодмон омодагӣ дида, дар ноҳия корҳои созандагию ободонӣ бомаром идома доранд. Сокинони ноҳия аз ин созандагию бунёдкорӣ шоду мамнун ҳастанд ва ифтихор доранд, ки “Қалъаи Ҳисор” ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангии ЮНЕСКО дохил мегардад. Хушбахтона, пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, бо дастгириву пешниҳодҳои созандаи Сарвари давлат Эмомали Раҳмон корҳои созандагӣ дар ноҳияи Ҳисор вусъат ёфт. Махсусан, 4 октябри соли 2011 дар маҷлиси машваратии Президенти кишвар бо фаъолони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соли 2015-ро соли 3000-солагии ин мулки қадима эъ-
лон карданд. Аз ҳамон сол Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ноҳияи Ҳисор дар ҳамбастагӣ бо ташкилоту корхонаҳои давлатию хусусӣ ва соҳибкорон барои сохтани биною иморатҳои замонавӣ камар бастанд. То имрӯз сохтмони як қатор иморатҳо ба анҷом расидаанду сохтмони иншооти дигар бомаром идома дошта, то рӯзи ҷашн мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Воқеан, Ҳисори шодмон яке аз мулкҳои қадимаи тоҷикнишин буда, одамон дар гирду атрофи водии Ҳисор ҳанӯз аз асри санг - тақрибан 40-50 ҳазор сол пеш сукунат доштанд. Аввалин бор истилоҳ ё номи Ҳисор дар китоби муқаддаси зардуштиён “Авасто”, дар қисмати “Занд ва позанд” зикр шудааст. Баъдан, дар натиҷаи тадқикоти як зумра олимони рус дар мавзеъҳои Тутқавул, Булиён ва Сайёд маданияти қадимии водии Ҳисорро дарёфт кардаанд. Аввалин шуда ба таҳқиқи гирду атрофи водии Ҳисор олими рус Акладников соли 1948 машғул шудааст. Аз олимону муҳаққиқони баъди-
на Ранов, Отахонов, Самойлин, Аҳрор Мухторов ва Зафар Дӯстов дар ин мулк ҳафриёт гузаронида, собит намуданд, ки Ҳисор яке аз мавзеъҳои қадимаи тоҷикнишин аст. Таърихи Ҳисори бостон ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ҳифзу нигоҳдории ин ёдгориҳои нодири халқамон ғамхорӣ менамояд. Дар муддати кӯтоҳ Маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор ба яке аз марказҳои сайёҳии ҷумҳурӣ табдил меёбад. Мо фахр мекунем, ки “Қалъаи Ҳисор” ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангии ЮНЕСКО дохил мегардад, аммо дар баробари фахр кардан ҳар як сокини Ҳисорро мебояд аз гузаштаву таърихи ин мулк бохабар бошад. Дар рафти суҳбат ба мо маълум гашт, ки на ҳамаи сокинони ноҳия аз таърихи мулкашон огоҳ ҳастанд. Таассуфовар он аст, ки баъзеи онҳо намедонанд соли 2015 дар ноҳия чӣ руйдод аст. Мурод аз ин гуфтаҳо он нест, ки ба шаъну шарафи сокинон бирасем,
мақсад он аст, ки ҳар як сокини Ҳисор - аз хурд то бузург, аз мансабдор то деҳқон аз таърихи мулки худ огоҳ бошем, зеро дар рӯзҳои ҷашн аз саросари кишвар ва давлатҳои хориҷа меҳмонҳо меоянд ва мехоҳанд, ки мо барои онҳо таърихи Ҳисорро нақл кунем. Агар чизе гуфта натавонем, магар шармандагӣ нест? Бо ин мақсад аз сокинони ноҳия,
муаллимону устодон, кормандони шуъбаи фарҳанг хоҳиш менамоем, ки барои таърихи Ҳисорро донистан кӯшиш кунанд, ба наврасону ҷавонон доир ба таърихи ноҳия нақлу ривоятҳо кунанд, то эшон назди касе сурху сафед ва забонашон лол намонад.
Бахтовар АМИНЗОДА, коромӯзи “ҶТ”
ҶОМЕА
Мубориза барои манфиат На ҳар ки чеҳра Сиёсикунонии ислом ҷомеаро ба барафрухт... «Давлати исломӣ» тамаддуни башариро зери по гузошта, сӯзонда несту нобуд карда истодааст. Эътилофи қувваҳои исломии ифротӣ боиси афзоиши қатлу кушторҳо гардидааст. Имрӯзҳо исломи ноб гирифтори маризии сахте шуда ва ягон ҷараён ё шахсе нест, ки пеши роҳи онро бигирад ва табобат намояд. Дини ислом дар баъзе кишварҳои исломӣ барои абарқудратҳо аз муҳимтарин майдонҳои бозиҳои сиёсӣ маҳсуб меёбад ва маҳз таваҷҷуҳи абарқудратҳо ба исломи сиёсӣ зиёд шудааст. Дар кишварҳои арабӣ нооромиҳои густурда доман паҳн кардаву ба ҷанг кашида шуд. Бо сиёсикунонии дини ислом дар Сурияву Ироқ домани ҷанг васеъ шуда, ин кишварҳо ба майдони набарди абарқудратҳо табдил ёфтаанд. Маълум мегардад, ки ҳар вақте абарқудратҳо дар нуқоти мамолики исломӣ ҷангро оғоз карданӣ мешаванд, аз ислом ва мусулмонони гумроҳ истифода мекунанд. Қувваҳои ифротии исломӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҳамгуна дастгирӣ ёфта, ошкоро ба созмони ситезаҷӯ ва террористӣ
10
низоъ меорад
мубаддал мегарданд. Маҳз дар ин лаҳза пайдоиши «Давлати исломӣ» таваҷҷуҳи давлаҳои манфиатхоҳро ба он равона гардонд, ки майдони муборизаҳо аз як кишвари исломӣ ба кишвари дигари исломӣ кӯч баст. Дар ин ҷо мубориза танҳо барои манфиат аст. «Давлати исломӣ» аз чанд раванди исломии ифротгаро ҳимоя намуда, буҳрони иҷтимоиву сиёсиро дар дохили Сурия ва Ироқ таҷдид месозанд. Сабабҳои буҳрони сиёсии Ироқу Сурия ба ҳамагон рӯшан аст ва муҳимтар аз он ҷанг чандин сол аст, ки идома дорад. Аксари ҷавононе, ки дар биёбонҳои арабӣ меҷанганд, зархариданд. Барои онҳо дину оин, имону инсонгарӣ воситаи пулу сарват ба даст овардан аст. Шояд эшон сурае аз каломи илоҳӣ азёд намедонанду танҳо ба хотири ба даст овардани маблағи муайян ҷони худро дар хатар гузошта, намедонанд, ки барои чӣ меҷанганд, мардуми бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Ҷавонони тоҷик низ аз ин қатор истисно нестанд. Магар шахси мусулмони аз исломи ноб бохабар хоҳару бародар, пудару модар, ҷавонону наврасон ва кӯдакони мусулмонро бераҳмона ва ваҳшиёна ба қатл мерасонад? Ҳатто хоҳарони мусулмони хешро барои шаҳват ба Ироқу Сурия барои аҷнабиён давъват мекунанд? Ҳаргиз шахси мусулмони комил ин корро анҷом намедиҳад! Таърих ин гуна «мусулмонӣ»-ро ёд надорад! Бародари мусулмон баҳри ҳимояи номусу нанги хоҳару модари мусулмон ҷонашро нисор мекунаду шарафи онҳоро нигоҳ медорад. Набояд фаромӯш кард, ки шиддатёбии тундгароии «Давлати исломӣ» барои та-
моми кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон низ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар чунин айёми ҳассос ҷараёнҳои ифротгаро аз исломи сиёсӣ дур буда наметавонанд ва дар байни мусулмонҳову ғайримусулмонҳо тафриқанадозӣ мекунанд. Равандҳои ифротгароӣ ба монанди терроризму экстремизм ва ҳаракатҳои ваҳҳобияву салафия ҷоамеро ба сӯи исломӣ сиёсӣ мебаранд. Исломи сиёсӣ бо ҳадафҳои ҳарчи бештар дахолат кардан ба сохти давлатдорӣ ва дар раванди онҳо ҷорӣ намудани шариат аст. Инчунин, бархӯрди мусулмону ғайримусулмонро ба вуҷуд овардан мебошад. Худи табиати исломи сиёсӣ тафриқаандозӣ аст. Даъвои манфиатҷӯёна ва муғризонаи «Давлати исломӣ» низ, пеш аз ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз номи ислом худро эътироф кардан, зери номи ислом камбуду нуқсонҳои худро пинҳон намуда, мехоҳанд бар сари дигарҳо, махсусан ҷомеаи демократӣ бор кунанд ва бо ин роҳ худро дар назди инсоният бегуноҳ нишон диҳанд. Вале дар асл ин тавр нест. Аз бовару эътиқоди мардум сӯистифода кардан ва онҳоро ба ҳадафҳои сиёсӣ ва тавассути он ба даст овардани қудрат бо чӣ даҳшати хунин ба анҷом мерасад. «Давлати исломӣ» вонамуд кардан мехоҳад, ки гӯё асли фаъолияти он ҳимоят аз арзишҳои динӣ ва бовару эътиқоди мардум аст. Вале ин ба сиёсат кашидани бовари мардум аст. Сиёсикунонии ислом ба ифротгароии динӣ оварда мерасонад ва сабаби пайдоиши низоъҳои иҷтимоиву сиёсӣ мешавад.
Рустам РАҲИМОВ
Саид Умар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ-ро дар Тоҷикистон кам кас мешиносад. Вале раванди таърихии ҳодисаҳо баъзан вақт касонеро ҳам расонаӣ мекунад, ки қобилияти ҳама ин ҳаёҳуйро надоранд. Шахси ҳардамхаёл, муллопараст, сатҳиандеш ва таассубзада. Худро гоҳо олим, коршинос, сиёсатмадор ва мавлавии охири замон мепиндорад, ки ин гуна хислатҳо бинобар пойбандӣ ба арзишҳои ботили ҷаҳлу таассубгароёнааш дар ниҳодаш вуҷуд надоранд. Муллоест зоҳирпараст, суханчин, ёвагӯй ва ихтилофандоз. Бо дастрасӣ ба олами маҷозии интернет, вақтҳои охир мисли шутуре, ки аз лаҷом раҳо шудааст, ҷавлонзанӣ ва суханпароканӣ дорад. Ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз афроди хабарсоз унвон мекунанд, ки барои ҳифзи ҳизби динӣ дар саҳнаи сиёсат ба амалҳои нораво, даъвоҳои пуч, тавҳини ниҳодҳои давлатӣ ва номанигории дурӯғин ба номи хоҷагони хориҷиаш даст мезанад. Бо такя ба маълумоти узви ҳайати роҳбарии ҲНИТ, ки нахост исмаш ифшо шавад, ҳамаи талошҳои ба ном «фидокоронаву ҷоннисорона»-и муивни раиси ҲНИТ дар пайи ишқу муҳаббати вазифа ва мансаб буда, ки солиёни дароз ин ошиқи чавкии роҳбарӣ дар дил мепарваридааст. Чун бо фирори Кабирӣ пайтро муносиб ёфт, аз пушти ташкили табаддулот дар низоми роҳбарии наҳзат шуд. Ба ростӣ, «на ҳар ки чеҳра барафрухт, сарварӣ донад». Дар партави ин таҳаввулоти сунъӣ, ки гардонандааш С.У. Ҳусайнӣ мебошад, силсиласаволҳоеро ба худ ва хонандагони гиромӣ дорем ва ба радду бадали он мепардозем. Бошад, ки ин кирдори пуррӯёнаи яке аз чеҳраҳои даъвогари раёсати ҲНИТ барои ҳар яки мо рӯшан шавад. Оё ашхоси иғвогар, каҷандеш ва ифротгаро, ба мисли Сайидумар Ҳусейнов, ки солҳои 90-уми асри гузашта мардумро ба хун оғушта карданд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки ба маснади раисии ҲНИТ бирасанд? Он ҳам аз дасти ҳизбе, ки ёрону бародарони ҳаммаҳали Ҳусайниро аз теғу тири даҳшатбор гузаро-
нид, дар муҳосираи вилоят пешдаст буд. Ба шахсе, ки меҳвари андешааш он аст, ки гӯё мо дар умқи зулмот ва яъсу ноумедӣ афтида, роҳи наҷотро надорем ва намунаи давлатсозии мо ҳамон давлатҳои теократии истеъморзадаи шарқӣ бояд бошанд, эътимод метавон кард? С. Ҳусейнов, ки на як бору ду бор бо талошҳои зиддимиллиаш ба ваҳдати назари мардум дар воқеаҳои солҳои 90-ум рахна ворид кард ва боз фирорӣ шуд. Нафаре, ки аз маргу мири мардуми тоҷик хабардор набуд, ба мушкилоти онҳо ҳеҷ ғамшарикӣ нишон надод. Аз он тарафи сарҳад ба марзу буми бобоӣ бо пасравони аҷнабӣ шабохун ҳам зад. Дар чаповули минтақаҳои наздисарҳадӣ аз ҷониби афғонҳо ашки тимсоҳӣ ҳам рехт. Заминаи истилои Хаттоби арабро ба Хатлонзамин баъд аз ҳуҷуми Қутайба ҳамвор сохт. Оё ин ашхос бо кадом рӯ ҷониби вазифа боз рон меҷунбонанд? Аз ҳамон солҳо дар хотири мардум маросими дафни падари Саидумар то ҳол боқӣ мондааст. Он вақт мулло Сайдумари “стиляг” талаб намуда буд, ки маросими ҷанозаро бо усули нав гузаронанд. Дар натиҷа, байни мардуми пойбанди эътиқоди суннатӣ ва Ҳусайнӣ муноқиша ба амал омад. Аз ҷанҷол қабрканҳо огоҳ шуда, аз гӯрканӣ даст кашиданд. Барои кандани қабр маҷбур шуданд аз экскаватор истифода баранд. Оё ин ҳодиса аз ихтилофандозӣ ва таҳрики ҷиддӣ дар эътиқоди мардум шаҳодат намедиҳад? Аз нафаре, ки дар ҷойи адои маносики ҳаҷ бо Қафасмо ном хонум барои ишқварзӣ ба хонаи Худо меравад, метавон интизори раиси «покдоман, нафскушта ва тазкиягар» шуд? Он ҳам дар таркиби ҳизби динӣ? Оё бо ин тарҷумаи ҳоли «ғанӣ» Ҳусайнӣ раиси ҲНИТ шудан метавонад? Ҳаргиз, не. Рисолати Ҳусайнӣ ва ӯ баринҳо оташи муноқиша ангехтан ва ба ҳам рехтани оромии ҷомеа аст. Мансаб насиби касест, ки моҳирона ба сиёсат ворид мешавад ва ҳамин хел айёрона аз масъулият мегурезад. На бешу на кам. Қиссаи раисӣ дар ҲНИТ моҷароест пурталотум ва ҷанҷолӣ, ҳикояест мамлу аз омад-омади пурвоҳима ва фирори узлатнишин дар кишвари Туркия ба сони зиндонии қалъаи Иф.
Маҳмуд МУЪМИНОВ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
18 АВГУСТ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ ТИБ
Табобати тавонбахшӣ комплексӣ мебошад Дар Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии солимии кӯдакони шаҳри Ваҳдат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ кӯдакон табобат мегиранд. Ҷиҳати фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо рафти барномарезии тавонбахшӣ бо мутахассиси соҳибмалакаи марказ Бобомурод Боймуродов суҳбат доштем. - Дар Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон зиёда аз 10 намуди табобат гузаронида мешавад. Мисоли тавонбахшии дарсонвалдармонӣ, магнитдармонӣ, намакдармонӣ, кордармонӣ, табобатҳои инкишофи ақлонӣ, табобатҳои машқҳои ҷисмонӣ, табобати нурҳои ултрафиалетӣ, электрофарез, парафиндармонӣ, сӯзандармонӣ, обдармонӣ, машқҳои логопедӣ ва ғайра. То имрӯз нафарони зиёд бо бемориҳои системаи такяю ҳаракат, системаи асаб, маризиҳои пулмонологӣ ва кардиологӣ солимиашонро барқарор намудаанд. Тавонбахшии ин намуди маризиҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти марказ маҳсуб меёбад. Аз кӯдакони бистаригардида зиёда аз 85%-ро беморони системаи асаб ташкил медиҳад. Бемории фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар яке аз бемориҳои музмини кӯдакона буда, дар натиҷаи он кӯдак қобилияти ҳаракаткунии дасту пойро гум менамояд. Қобилияти пастшавии ҳаракати дасту пойи кӯдакон хусусияти гуногун дошта, аз спастикаи мушакҳо то ба спазм ва беҳаракатии мушакҳои бадан оварда мерасонад. - Пайдост, ки кишвари мо ҷиҳати тавонбахшии кӯдакон зина ба зина тадбирҳои тиббӣ меандешад. Ҷиҳати расидан ба тибби муосири реабилитологии пешрафта шумо ҳамчун мутахассиси ҷавон чӣ андеша доред? - Тибби муосири тавонбахшӣ оид ба табобати чунин беморон дар ҷои аввал машқҳои табобатии ҷисмониро мегузорад, ки аз тамринҳои зиёдкунандаи қувватнокии мушакҳо, машқҳои пасткунандаи спастикаи мушакҳо, табобатҳои креотерапия, электротерапия, инкишофи ақлонӣ ва логопедӣ
иборат аст. Мо таҳти роҳбарии сардухтур Қамариддин Шоев кӯшиш менамоем ба тарзи табобати муосир дастрасӣ дошта бошем. Масалан, вақте сардухтур марказҳои тавонбахшии кишвари Ҳиндустонро дида баргашт, ҳуҷраҳои машқҳои табобати ҷисмонӣ ташкил намудем. Барои ман ҳамчун таби-
би ҷавон муяссар гашт, ки бо таҷрибаи мутахассисони шаҳри Мумбайи Ҳиндустон тули шаш моҳ огоҳ шавам ва нозукиҳои тавонбахшии омухтаамро ин ҷо ба роҳ монам. - Дар Мумбайи Ҳиндустон чӣ тарзу усулҳои тавонбахширо махсус меҳисобед? - Тамоми корҳои табобатӣ, ҳамзамон, коргоҳи протезӣортезӣ ва ҷарроҳиҳои соҳаи реабилитология дар як бинои бузург ҷойгир буда, беморон се рӯзи ҳафтаи аввал муоина ва ташхис гардида, се рӯзи интиҳои ҳафта ҷарроҳӣ кар-
да мешаванд. Ҷарроҳии асаб, ботокс-терапия ва фенол-бандиш, ки ба инкишоф додани узвҳо, мувозинати нигоҳдории узвҳои бадан мусоидат мекунад, дар Ҳиндустон хеле рушд ёфтааст. Ин усулҳо фоидабахшии реабилитологиро афзун менамояд. - Мутаассифона, имрӯз кӯдакони бемор зиёданд,
фарогирӣ ва хизматрасонии босифат дар марказ чӣ гуна роҳандозӣ шудааст? - Соли гузашта бо мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон бинои иловагии марказ таъмир ва азнавсозӣ шуда, бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида шуд. Муҳимтар аз ҳама, барои кормандони марказ мутахассисони ҷопонӣ нозукиҳои тавонбахшии кӯдаконро омӯзониданд. Бояд зикр кард, ки беморони бо оризаи полиомиелит бистаригардида дар баробари табобатҳои тавонбахшӣ, инчунин, бо маводи ёрирасони роҳравии зарурӣ дар ҳамкорӣ бо КВД “Заводи протезӣ-ортезӣ” таъмин мегарданд. Барои табобати беморони неврологӣ ва системаи такяву ҳаракат табобатҳои маҳсдармонӣ ва маҳси акупунктурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмуъ, табобати тавонбахшии кӯдакон комплексӣ мебошад ва дар сурати дар вақти муайян бо табобат фаро гирифтани кӯдакони мариз ба рушди дурусти узвҳои онҳо мусоидат менамояд. Мусоҳиб Матлуба МУҲАММАДЗОДА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
Шогирде аз мактаби академик Мансуров Ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Меҳроҷ Хӯҷамуродов дар рухсатии меҳнатӣ буд. Мехост дар ин муддат корҳои зиёдеро, ки ба нақша гирифта буд, ба иҷро расонад. Вале зангҳои пай дар пайи телефонӣ имконияти иҷрои нақшаҳои дар пеш гузоштаи ӯро маҳдуд мекарданд. Бештар нафароне занг мезаданд, ки ё бемор буданд, ё бемордор. Аз ӯ илтиҷо мекарданд, то ба бемористон биёяду илоҷи дардашонро пайдо кунад. Зеро ин табиби ҳозиқ ба дарди аксари онҳо як бору ду бор дармон бахшида буд. Бо амри дили моломол аз раҳму шафқат ӯ ҳамаи корашро як сӯ гузошта, дар вақти муайянкардааш ба бемористон меомад. Бо меҳру муҳаббат ва дилсӯзӣ беморро дилбардорӣ намуда, баҳри рафъи дардаш тадбирҳо меандешид. Дар чанд рӯзи боқимондаи рухсатиаш ӯ нияти ба дидорбинии ду духтараш, ки дар яке аз давлатҳои хориҷа кору таҳсил мекунанд, рафтан дошт. Баҳри ба сафар баромадан омодагӣ медид. Як рӯз пеш аз сафар муаллиме аз шаҳри Ваҳдат занг зада, хоҳиш намуд, ки дарди ҷигар боз ҳамсарашро азият медиҳад. Вақташ ҳарчанд танг буд, вале хоҳиши муаллимро рад накард. Зеро ӯ муаллимро хуб мешинохт. Медонист, ки ҳамсари муаллим солҳои зиёд аз бемории ҷигар ранҷ мекашаду ду-се бор ҷарроҳӣ ҳам шудааст. Борҳо аз табобати ӯ бархурдор гашта, чанд соли охир зери назораташ қарор дорад. Ӯ саҳар, чанд соат пеш аз ба сафар баромадан, ба коргоҳ омад ва беморро муоина намуда, дорую дармон фармуд... Дар ҳақиқат, Меҳроҷ Хӯҷамуродов ҳамчун табиби муваффақ дар соҳаи гастроэнтерология шинохта шудааст. Асоси муваффақиятҳояш, агар дар навбати аввал донишу таҷрибаи баландаш бошад, дар навбати дигар инсони фарзона, хайрхоҳу хоксор ва бетамаллуқ будани ӯст. Одоби гуфтору рафтор, тамкину меҳрубониҳояш доруи дигар ба ҳар як бемор маҳсуб меёбад. – Табибе, ки дили пур аз меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат надошта бошаду дарди беморро дар худ ҳис накунад, ҳеҷ гоҳ табиби хуб шуда наметавонад, - мегӯяд ӯ.
Меҳроҷ Ҳоҷимуродов зодаи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон мебошад. Хатмкардаи Донишгоҳи тиббии шаҳри Самарқанд аст. Солҳои 1988-2000 интернатураро дар шаҳри Саратови Федератсияи Русия гузашта, баъдан дар Институти баъдидипломии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси гастроэнтеролог шудааст. Соли 1990 дар беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ҳамчун табиб оғози фаълият намуда, соли 1991 ба беморхонаи №2-и ҷумҳуриявӣ ба кор гузашта, аввал ҳамчун мудири шуъба ва баъдан чун сироятшинос кор кардааст. Пасон фаъолияташро дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ идома медиҳад. Дар ин ҷо мудири шуъба ва ҷонишини директор оид ба табобат буд. Айни замон ходими калони илмии ин пажӯҳишгоҳ буда, роҳбарии курсҳои бозомӯзиро низ бар уҳда дорад. Чи хеле ки дар боло гуфтем, асоси пешравиҳо ва соҳибобрӯю соҳибэҳтиромиҳои Хӯҷамуродов инсони асил, нексиришт ва соҳибхирадии ӯст. - Хилъати сафеде, ки мо - табибон ба бар мекунем, рамзи поктинатӣ буда, моро огоҳ мекунад, то дилу нияти чун ин хилъат сафед дошта бошем, чунки ягон табиб бе дилу нияти пок ба ҷое намерасад, - мегӯяд ӯ. Оре, бузурге хуб фармуда: «Худро соф нигаҳ дор, ба худ ва ба мардум фурӯғ бахш». Қаҳрамони мо яки дигар аз омилҳои ба комёбиҳои баланди касбӣ соҳиб шудану ба эҳтироми ҳақиқии мардум ноил гардидани хешро дар таҷрибаи аз устодон омӯхтааш медонад. Ӯ солҳои зиёд бо академик Ҳомид Мансуров (равонаш шод бод!), ки асосгузори ин пажӯҳишгоҳ буд, паҳлӯ ба паҳлӯ истода, аз эшон дарси кордонӣ омӯхт. Барои кушодани ҳар як гиреҳи дар кор пешомада, аз ин олими нотакрор маслиҳат мепурсид. Ҳастии ӯро барои худ як мактаби бузургу беназир медонист. Имрӯз ифтихор дорад, ки аз файзу баракати илму ҳунари чунин як нобиғаи соҳаи тиб бархурдор гаштаву онро баҳри беҳдошти саломатии мардум ба кор мебарад ва рӯҳу арвоҳи ӯро шод медорад. Дар баробари ҳамаи ин, Меҳроҷ Хӯҷамуродов ҳамчун як инсони беназир ба аҳли хонавода, ёру дӯстон ва ҳамкорон муносибату ғамхориву садоқати ибратбахш дорад. Ҳамсараш, ки ҳампешаи ӯст, дар баробари ба ҷо овардани рисолати ҳамхонагӣ маслиҳатгари доимии ҳамдигар дар пешравии корҳояшон мебошанд. Чор фарзандашон соҳиби илму маърифат буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд. Ба ин табиби ҳозиқ, ки ҳамчун инсони асилу хирадманд фаъолияти шоистаи таҳсину ибратбахш дорад, барори кору осоиши рӯзгорро таманно мекунем. Хушо, ки ӯ табиби халқи хеш аст, Ва умре ӯ ҳабиби халқи хеш аст. На бо роҳи дигар, ин марди оқил Зи роҳи дил, қариби халқи хеш аст. Абдусаттори РАҲМОН
11
10 АВГУСТ - РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН
Варзишгарон ифтихори миллатанд! 10 август ба муносибати Рӯзи варзишгарон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов чорабинии идона доир гардид. Ректори донишкада Шодӣ Сафаров варзишгаронро бо иди касбиашон шодбош гуфта, ба онҳо комёбиҳои нав ба нав таманно кард. Ноиби ректори донишкада Дилором Каримова дар бораи мақоми варзиш дар ҷомеа сухан ронда, таъкид намуд, ки варзишгарон муаррифгари миллатанд. Ба ифтихори дастовардҳои варзишгарони ҷумҳурӣ дар хориҷи мамлакат Парчами Тоҷикистон баланд мешавад. - Комёбии варзишгарони кишвар боиси хушҳолию ифтихори 8 миллион сокини мамлакат мегардад, - гуфт Д. Каримова. – Боиси хушнудист, ки Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи зиёд дорад. Баъди вохӯрии Президент ба варзишгарон (соли 2010) дар соҳа таҳаввулоти бузурге рӯй дода, тайи 4 сол қариб 4000 иншооти варзишӣ сохта шуд. Муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мавсума Муинӣ ба иштирокчиёни чорабинӣ табрикоти раиси кумита Аҳтам Абдуллозодаро расонда, ба онҳо саодатмандию иқболи баланд ва комёбиҳои варзишӣ орзу намуд. - Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки 9 январи соли равон Фармони Президенти мам-
Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 10 август Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпӣ ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 7-10 август Давраи бозомӯзии хабарнигорони варзиш аз рӯи барномаи ҳамбастагии олимпӣ баргузор шуд, ки дар он 30 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи мамлакат ширкат варзиданд. Қабл аз оғози давраи бозомӯзӣ рӯзноманигорон бо лавҳаю гӯшаҳои таъсисдодаи КМО, аз қабили “Қаҳрамонон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон, Қаҳрамонон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё аз Тоҷикистон, “Мураббиёни барҷастаи Тоҷикистон”, “Қаҳрамонони ҷаҳон дар ҳайати мунтахаби ИҶШС аз Тоҷикистон”, “Ғолибону ҷоизадорони чемпионати ҷаҳон оид ба намудҳои олимпии варзишӣ” ва ғайра ошно шуданд. Баъдан сабти видеоии сабқати заврақрони тоҷик Шаҳриёр Даминов, ки чанде пеш дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қайиқронӣ (Португал) дар гурӯҳи худ ҷои якумро ишғол намуд, намоиш дода шуд. Котиби генералии КМО-и ҷумҳурӣ Баҳрулло Раҷабалиев хабарнигоронро бо фарорасии Рӯзи варзишгарон муборакбод гуфта, ба онҳо дар инъикоси ин мавзӯи барои ҷомеа муҳим қалами бурро орзу намуд. Б. Раҷабалиев, ҳамчунин дар бораи омодагии варзишгарони ҷумҳурӣ ба Бозиҳои 31-уми олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразил) иттилоъ дод. Ӯ ба
12
лакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба тасвиб расид, - гуфт Мавсума Муинӣ. – Ин яке аз санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа мебошад. Минбаъд ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои бай-
налмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон мукофотпулӣ хоҳанд гирифт. Ба тасвиб расидани Қарори мазкур варзишгарон, мураббиён ва ҳамаи касонеро, ки дар соҳаи варзиш фаъолият мекунанд, рӯҳбаланд месозад. Боварӣ дорем, ки варзишгарони мамлакат
баҳри боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишварамон дучанд кӯшиш хоҳанд кард. Варзишгари номии тоҷик, чемпиони дукаратаи ҷаҳон ва чандинкаратаи Аврупо оид ба бокс, Устоди шоистаи варзиши Федератсияи Русия, чемпиони нуҳкаратаи Федератсияи Русия Раҳимқул Малахбеков варзишгаронро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, таманнои онро намуд, ки варзишгарони тоҷик ҳарчи бештар дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ғолиб омада, шуҳрати варзиши мамлакатро баланд бардоранд. Дар чорабинии мазкур як қатор варзишгарон, мураббиён ва шахсиятҳои шинохта, ки дар пешрафти соҳа ҳисса гузоштаанд, бо унвону ҷоиза ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сазовор гардиданд. Аз ҷумла, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Самариддин Асоев бо унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ” сарфароз гардонида шуд. Ба муносибати Рӯзи варзиш як қатор варзишгарон, аз ҷумла, Файзиддин Ибодов (гӯштини тарзи озод), Меҳрубон Сангинов (бокс) ва дигарон ба унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ноил гардиданд. Узви Шӯрои олии созмони “Созандагони Ватан” Муним Оламов ба варзишгарон иқболи баланди варзишӣ таманно карда, ҷавонони мамлакатро ба фаъол шудан дар тарғиби тарзи ҳаёти солим даъват намуд.
Нақши ВАО дар тарғиби варзиш бузург аст рӯзноманигорони соҳаи варзиш барои ҳамкориҳои доимӣ бо КМО дар самти тарғиби варзиш ва ҳаракати олимпӣ изҳори сипос намуд. - Алҳол 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва ширкат дар мусобиқаҳои литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпии соли 2016 мушарраф шудаанд, - гуфт Б. Раҷабалиев. – Дар рӯйхати мазкур варзишгарони шинохта Дилшод Назаров (гурзпартоӣ), Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов (бокс), Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам (гӯштин), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо - WTF) ва дигарон ҳастанд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода зимни табрик ба Рӯзи варзишгарон аз нерӯи сухан ёдовар шуда, нақши хабарнигоронро дар пешрафти соҳаи варзиш муҳим шумурд. - Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шиори “Ватан-Модар даъват мекунад!” ва суруди “Ҷанги муқаддас” ба мардуми шӯравӣ нерӯю тавоноӣ бахшида, нангу номуси муҳофизони Ватанро бедор карда буд, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. – Бе таблиғу ташвиқ ба аҳли ҷомеа расонидани иқдомҳои дар соҳаи варзиш пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва кумита вақту нерӯи зиёд талаб мекунад. Бинобар ин, дар тарғиби ҳаёти солим ва ба
варзиш ҷалб намудани ҷавонон мо ҳамеша кӯмаки рӯзноманигоронро эҳсос менамоем. А. Абдуллозода иттилоъ дод, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зиёда аз 10 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор хоҳад шуд. Ӯ аз рӯзноманигорон хоҳиш намуд, ки дар инъикоси чорабиниҳои варзишӣ ва омодагии варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро – 2016 фаъол бошанд. Алҳол Дилшод Назаров ягона варзишгари тоҷик аст, ки ба олимпиадаи мазкур роҳхат гирифтааст. Ба ҳар варзишгаре, ки ба олимпиада роҳхат мегирад, 10 000 сомонӣ дода мешавад. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Дилшод Назаров ба хабарнигорон гуфт, ки тайи 2,5 моҳ дар Ҷумҳурии Чехия ба мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба варзиши сабук, ки 24-30 август дар Чин баргузор мегардад, омодагӣ дид. Ӯ мақсад дорад, ки дар ин чорабинии бонуфузи варзишӣ ба натиҷаи баланд ноил гардад. Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов дар бораи беҳтар кардани сифати инъикоси мавзуъҳои соҳаи варзиш сухан карда, таъкид намуд, ки бояд хабарнигорон зимни истифодаи истилоҳоти соҳа ба хато роҳ надиҳанд. Масалан, баъзеҳо “гӯштин”, иддае “гӯштӣ” ва бархе “куштӣ” менависанд. - Варзиш мусобиқа, факту рақам ва ному насаб аст, ки бояд ба хато роҳ надиҳем, - гуфт Н. Латифов. – Расо 55 сол пеш Иброҳим Ҳасанов нахустин варзишгари
тоҷик буд, ки дар Бозиҳои олимпӣ (Рим) иштирок намуд. Ҳарчанд ӯ дар шиноварӣ ҷои чорумро гирифта бошад ҳам, номаш дар таърих ҳамчун аввалин варзишгари тоҷик, ки дар олимпиада иштирок кардааст, сабт гардид. Сазовор аст, ки ба хотири Иброҳим Ҳасанов кӯчае номгузорӣ карда шавад. Н. Латифов, ҳамчунин дар бораи қадрдонии устоди ҳар як варзишгар ёдовар шуд. Ҳар варзишгаре, ки ба комёбӣ ноил гардид, хизмати мураббии ӯ низ калон аст. Бояд шогирд ҳамеша хизмати устодро дар ёд дошта бошад. Дар доираи барномаи давраи бозомӯзии рӯзноманигорони риштаи варзиш дар истироҳатгоҳи “Моҳрӯ”-и ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи варзишгарон аз рӯи намудҳои шиноварӣ ва тенниси рӯи миз миёни рӯзноманигорону кормандони Кумитаи миллии олимпӣ мусобиқа баргузор шуд.
Хабарнигори ҳафтаномаи “Минбари халқ” Ибодуллоҳи Тоҳир дар мусобиқаи шиноварӣ байни мардон ғолиб омад. Ибодулло Шоев, корманди КМО ҷои дуюм ва Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии КМО ҷои сеюмро сазовор шуданд. Дар мусобиқаи тенниси рӯи миз сардори шуъбаи варзиш ва таълимоти олимпии КМО Маҳмуд Абдуллоев ҷои якум, сардабири идораи “Эҷод”-и ТВ “Сафина” ҷои дуюм ва корманди КМО Ибодулло Шоев ҷои сеюмро сазовор шуданд. Ғолибон бо ҷоизаҳои таъсиснамудаи КМО сарфароз гардиданд. Ба ҳамаи ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва КМО супурда шуд. Рӯзноманигорони фаъоли риштаи варзиш бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШ
Мавзуна ва Шоира дар даври нимниҳоии Чемпионати Осиё Муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, роҳ ёфтанд. Ҳар ду, ки барои худ аллакай медалҳои биринҷиро таъмин намуданд, дар даври нимниҳоӣ барои роҳ ёфтан ба финал мубориза мебаранд.
Дастаҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон маълум шуданд 4-5 август бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон доир гаштанд. Дар натиҷа, “Хуҷанд”, “Барқи тоҷик”, “Истиқлол”, “Регар-ТадАЗ”, “Равшан”, “Вахш”, КМВА “Помир” ва “Саройкамар” ба даври чорякфинал роҳ ёфтанд. Ҷоми Тоҷикистон. 1/8-финал. Бозиҳои ҷавобӣ «КАНД» — «ХУҶАНД» — 0:6 Голҳо: Дилшод Бозоров, 6, 16, 21, 43 (0:4), Амир Раҳимов, 52 (0:5). Фарҳод Тоҳиров, 61 (0:6). Бозии аввал – 1:9. «БАРҚИ ТОҶИК» — «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» — 1:2 Голҳо: Фирӯз Юсуфов, 11 (1:0). Меҳрулло Бобоев, 20, 52 (1:2). Бозии аввал – 2:0. КМВА «ПОМИР» — «ПАНҶШЕР» — 6:0 Голҳо: Фуруғ Қодиров, 3 (1:0). Андох Наполеон, 32, 45 (3:0). Рустам Толибов, 45+3 (4:0). Давронҷон Тухтасунов, 77 – аз пеналтӣ, 82 (6:0). Бозии аввал – 2:2. «РЕГАР-ТАДАЗ» — «ЧАШМА» — 7:0 Голҳо: Умед Шарифов, 6 – ба дарвозаи худ (1:0). Нозим Бобоҷонов, 34 (2:0). Расул Пайзов, 40 (3:0). Комил Саидов, 58, 83 (5:0). Расул Пайзов, 87 (6:0). Нозим Бобоҷонов, 89 (7:0). Бозии аввал – 5:3. «ПАРВОЗ» — «ИСТИҚЛОЛ» — 1:3 Голҳо: Дилшод Восиев, 4 (0:1). Амирҷон Сафаров, 5 (0:2). Бахтовар Зокиров, 44 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (1:3). Бозии аввал – 0:5. «ХАЙР» — «САРОЙКАМАР» — 0:2 Голҳо: Насим Мамадқулов, 33 (0:1). Ҷонибек Ғаффоров, 59 (0:2). Бозии аввал – 2:1. «ИСФАРА» — «ВАХШ» — 1:2 Бозии аввал – 0:7. «РАВШАН» — «ПОМИР» — 4:2 Бозии аввал – 9:0. Ҷуфтҳои ¼-финал «ИСТИҚЛОЛ» — «ХУҶАНД» «РАВШАН» — «ВАХШ» КМВА «ПОМИР» — «БАРҚИ ТОҶИК» «РЕГАР-ТАДАЗ» — «САРОЙКАМАР» Бозиҳои аввали даври чорякфинал 20 август ва бозиҳои ҷавобӣ 25 август доир мегарданд. Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи Ҷоми Тоҷикистон 65 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, дастаи ҷои дуюм 25 ҳазор сомонӣ дарёфт мекунанд.
Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар вазни -60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Узбекистон ба нимфинал баромад. Дар қувваозмоии нимниҳоӣ Мавзуна бо муштзани Кореяи Шимолӣ рақобат мекунад. Шоира Зулқарнаева бошад, дар вазни -64 кило, ки рақиби муғулашро шикаст дод, дар даври нимниҳоӣ бо варзишгардухтари
Чин вориди рақобат мешавад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи кишвар чаҳор варзишгар - Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг) ва мураббиён Ҷамшед Султонов ва Мирзо Шамсиев шомиланд. Зафарова ва Раҳмонзода, ки дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Ба ин тартиб, аз Чин 8 нафар, аз Ҳиндустон 6 нафар, аз Кореяи Шимолӣ 5 нафар, аз Қазоқистону
Узбекистон дунафарӣ, аз Кореяи Ҷанубӣ 3 нафар, аз Муғулистон, Тайланд ва Тоҷикистон дунафарӣ, аз Тайван, Ҷопон, Филиппин ва Ветнам якнафарӣ ба нимфинал роҳ ёфтанд. Даври нимниҳоӣ имрӯз - 12 август ва қувваозмоиҳои ниҳоӣ 13 август баргузор мешавад. Ин мусобиқаи қитъавӣ барои муштзанҳои Осиё имтиҳонест пеш аз Чемпионати ҷаҳон миёни занон, ки моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон барпо мегардад.
Тоҳир Муъминов аз вазифаи сармураббии “Хайр” озод шуд Сармураббии тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат Тоҳир Муъминов ба истеъфо фиристода шуд. “Хайр” дар ду бозии Ҷоми Тоҷикистон аз дастаи лигаи якум - “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби 2:3 шикаст хурда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд. Баъд аз бозии ҷавобии даври ҳаштякфинал бо “Саройкамар” президенти клуби “Хайр” Қутбиддин Хайров истеъфои Тоҳир Муъминовро эълон кард. “Сабаби бохти даста пеш аз ҳама сармураббӣ аст. Ӯ натавонист дастаро ба бозии ҷавобӣ омода кунад. Барои ҳамин тасмим гирифтам, ки Муъминовро ҷавоб диҳам. Дастаро Исроил Идиев роҳбарӣ хоҳад кард”, - иброз доштааст Қ. Хайров. Қайд кардан ба маврид аст, ки барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати соли гузаштаи мамлакат – тими “Хайр” баъд аз даври ёздаҳуми чемпионати имсола бо 19 хол дар ҷои сеюми ҷадвал қарор дорад.
Ҳашт голи беҷавоби "Истиқлол" ба дарвозаи "Хайр" 8-9 август бозиҳои даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, пешсафи ҷадвали мусобиқа, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ ба дарвозаи «Хайр»-и Ваҳдат ҳашт голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов, ки панҷ гол зад, қаҳрамони ин бозӣ гардид. Вай дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо 13 гол дар ҷойи аввал аст. Дар бозии дигар «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Ду голро Ҷаҳонгир Эргашев ба самар расонд. Иброҳим Рабимов ва Аҳтам Ҳамроқулов якголӣ заданд. «Равшан»-и Кӯлоб, таҳти роҳбарии сармураббии нави даста Тоҳир Муъминов дар майдони худ «Барқи
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Равшан” (Кӯлоб) “Хайр” (Ваҳдат) КМВА “Помир” (Душанбе) “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) «Барқи тоҷик» (Душанбе) «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
тоҷик»-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Ҳамлагари “Равшан” Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ, ки ду гол ба ҳадаф расонд, қаҳрамони ин бозӣ гардид. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ба голи задаи бозингари «Парвоз» Абдумалик Юсуфов аз ҷаримаи 11-метра Комил Саидов, Расул Файзов ва Фаридун Шарифов бо се гол посух доданд. КМВА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Тӯбро Андох Наполеон, легионери КМВА “Помир” аз Гана, ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.
Б 11 11 11 11 11 11 11 11 11 11
Ғ 11 8 6 6 6 4 3 1 1 0
М 0 2 4 2 1 2 2 3 2 0
Б 0 1 1 3 4 5 6 7 8 11
Т-Т 45-2 23-7 18-8 24-22 15-21 8-13 13-17 3-22 8-22 2-25
Х 33 26 22 20 19 14 11 6 5 0
13
ВАРЗИШ/ФУТБОЛ
- Чӣ иттифоқ афтод, ки шогирди “Локомотив” ба Австрия рафт? - Ман тобистони соли 2010, вақте ки президенти клуб Николай Наумов буд, шомили он шудам. Ин саргузашти муқаррарӣ аст. Дар бозиҳои варзишии Туркия дастаи “Локомотив” бо дастаи “Суперфунд”-и Австрия қувваозмоӣ менамуданд. Баъд аз мусобиқа директори як клуби дигари Австрия – “Капфенберг”, ки дар ин бозӣ ширкат дошт, ба назди ман омад ва миёни мо суҳбати самимие сурат гирифт. Ӯ нисбат ба ман рағбати хоса зоҳир намуд. Баъд аз 1-2 моҳ ба ман ба таври мушаххас таклифи ҳамкорӣ намуданд. Гуфтугузори мо қариб ду моҳ идома ёфт. Оқибат австриягиҳо нархи худро пешниҳод карданд ва клуб ризояти худро изҳор дошт. Барои ман ин воқеаи ғайричашмдоште буд. Дар ҳоле ки бозингарони ҷавон имконияти ба ҷое сафар намуданро надоштанд, ба ман чунин имконияти муносиб даст дод. - Шумо зодаи Душанбе ҳастед. Сабаби ба Русия омаданатон дар чист? - Ман чорсола будам, ки ҳамроҳи аҳли оилаамон ба Русия кӯчидем. Падарам аспиранти РГУФК ва варзишгари касбии гӯштини тарзи озод буд. Дар он айём вазъият дар Тоҷикистон ноором буду зистан ғайриимкон. Мо маҷбур шудем, ки кишварро тарк карда, ба Маскав кӯч бандем. - Барои чӣ мисли падарат гӯштингир нашудию футболро интихоб намудӣ? - Вақте ман хурдсол будам, падарам маро ба кафедраи гӯштингирии донишгоҳ бурд. Ман дарҳол дарк кардам, ки ин пешаи ман нест. Ман дар машғулиятҳо ширкат намудам, маро чанд маротиба афтонданд ва фаҳмидам, ки ҷои ман нест. Дар хусуси футбол бошад, он замон ман тамоман фикр намекардам. Дар мактаби №708, ки дар наздикии РГУФК воқеъ буд, таҳсил мекардам. Як рӯз ҳангоми дарси варзиш як мураббии варзиши кӯдаконаи “Локомотив” ба синфи мо омад. Моро ба ду даста ҷудо намуд ва мо бозӣ кардем. Баъди ин ман ва боз ду бачаи дигарро барои муоина даъват намуданд. Муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ ба волидонам тавсия дод, ки маро дар клуби футбол номнавис намоянд. Аввал ин таклиф таваҷҷуҳи маро чандон ҷалб накард ва ман барои муоина нарафтам, вале оқибат мо ба хулоса омадем, ки ман ба ин намуди варзиш машғул хоҳам шуд. Азбаски мактаби дастаҳои “Спартак” ва “Локомотив” дар наздикии хонаи мо воқеъ буданд, падарам хост, ки аз ин дастаҳо якеро интихоб намоям. Оқибат интихоб ба “роҳиоҳанчиён” мувофиқ афтод, чунки он замон дар ин даста барои кӯдакон шароитҳои хеле хубу мусоид муҳайё гардида буд. - Шумо фаъолияти худро аз кадом мавқеъ шуруъ намудед? - Аз ҳуҷум. Сипас мураббии даста Геннадий Колосов маро дар мавқеи ҳимоятгари марказӣ гузошт, чунки ман нисбат ба дигар ҳамсолонам бартарият доштам.
14
“Шери даранда” пешниҳоди ФФТ-ро рад кард. Чаро? Чанде пеш хабарнигори “chempionat.ru” бо Наим Шарифӣ, футболбози тоҷики муқими Австрия суҳбат кард, ки муҳтавояшро пешниҳод мекунем
Дар ин мавқеъ 12-13 сол бозӣ намудам. Ҳамчунин, худро дар минтақаи асосӣ низ санҷидам. Дар 15-солагӣ, вақте мураббии кӯдаконаро мураббии калонсолон иваз намуд, ман қатъиян мавқеи ҳимоятгари ростро ишғол намудам. - Ба масъалаи ба Австрия кӯчидани шумо бармегардем. Он ҷо ба зудӣ мутобиқ шудед? Ба ҳар ҳол он замон шумо ҳамагӣ 18-сола будед? - Рӯзҳои аввал хеле душвор буд. Мушкили асосӣ надонистани забон буд. Вақтҳои аввал бо забони шикастаи англисӣ муошират менамудам. Баъдтар фаҳмидам, ки бе донистани забони олмонӣ кор пеш намеравад. Ба ман муаллиме пешниҳод намуданд ва ман забон омӯхтам. Баъд аз ин бароям хеле осон гардид. Умуман, ман дар ин солҳо хеле тағйир ёфтам. Ман аллакай ба ҳаёт бо чашми дигар менигаристам, муносибатам бо одамон дигар шуд. - Шумо дар ҳайати “Капфенберг” аз соли 2010 то соли 2014 бозӣ намудед ва дар ин давра танаффус карда, ба дастаи “Амкар” сафари хизматии кутоҳмуддат низ доштед. - “Капфенберг” дастаи чандон пурқувват нест. Мо ягон фалсафа ва афзалиятҳои тактикӣ надоштем. Мо ҳамин тавр футбол бозӣ мекардем. Кӯшиш мекардем, то дар майдон бо ҷидду ҷаҳд ва таҷовузкор бошем, аммо дар асл аутсайдер (дастае, ки яке аз ҷойҳои охиринро ишғол кардааст) будем. Шахсан барои ман дар лаҳзаҳои аввали баъд аз чемпионати дублёрҳо худро мутобиқ намудан осон набуд. Дар Австрия ҳамеша дар такудав
ва дар ҳаракат будан лозим. Дар хотир дорам, ки дар бозии нахустини худ бар зидди “Ред Булл” аллакай дар дақиқаи 60-уми бозӣ пойҳоям бемадор шуданд. - Барои чӣ соли 2012 шартномаро бо “Капфенберг” бекор кардед? - Клуб якбора шикаст хурд, ман бошам, дар ҳайати лигаи якум бозӣ кардан нахостам. Бо умеди инкишофи бештар тарки ин даста карданро авлотар шуморидам. Аммо вақт нишон дод, ки набояд чунин мекардам. Дар ҷавонӣ хатоҳои мо зиёданд. - Шумо имкони дар дастаи “Зенит”-и Санкт-Петербург бозӣ карданро низ доштед-ку? - Бале, ман аз муоинаи “Зенит” мегузаштам ва он ҷо маро агенти ҳамонвақтаам Деннис Лахтер пешниҳод карда буд. Баъдтар ман аз мураббии “Амкар” Рустам Хузин фаҳмидам, ки Деннис қабл аз он ки “Зенит” маро қабул намудаву барои панҷ сол шартнома бандад, дар як вақт ба клуби Перм занг задаву хоҳиш намудааст, ки маро он ҷо номнавис кунанд. Гуфтан мумкин аст, ки ӯ маро реклама мекард. - Чаро дар “Зенит” намондед? - Як ҳолати аҷиб буд. Чизеро намефаҳмидам. Ман рӯзи дароз дар меҳмонхона менишастам ва касе ба ман чизе намегуфт. Эҳсосе маро фаро гирифта буд, ки ман он ҷо солҳо боз нишастааму касе занг намезанад. Оқибат ман ба Лахтер дар алоқа шудам, то ягон маълумоте ба даст биёрам. Баъдтар муносибатҳои мо вайрон шуд ва робитаи мо қатъ гардид. Ман ба дастаи “Амкар” гузаштам. Мураббии даста маро хуб мешинохт.
Ман ба хубӣ он ҷо мутобиқ гаштам, коллективи аҳлу тифоқе он ҷо ҷамъ омада буд. - Аммо шумо танҳо дар се бозии ин даста ширкат кардед ва аллакай баъд аз се моҳ шуморо дар трансфер гузоштанд. Дар як мусоҳибаи худ шумо гуфта будед, ки барои ин сармураббии “Амкар” Рустам Хузин ва доктор Владимир Елишев мусоидат намуданд. - “Амкар” дастаи хоса аст. Дар Перм ягон шароит барои футбол мавҷуд нест. Зимистон дар ҳавои 25 дараҷа сардӣ машқ мекардем, ки ин ба саломатӣ таъсир расонда метавонад. Боре қабл аз бозӣ бо дастаи “Кубан” ҳангоми машқ зонуям сахт лат хӯрд. Субҳи рӯзи дигар дард хеле тоқатфарсо гардиду ман ба назди духтур рафтам. Ба ман ҳабҳое, ки дардро нест мекунанд, доданд ва ман он бозиро то охир анҷом додам. Сипас, мо дар ҳамон майдон дар ҳарорати 20 дараҷа сардӣ бозӣ мекардем ва дар тахтапуштам дардеро эҳсос кардаму асабҳоям таранг гардид. Ман гуфтам, ки бо “Анжӣ” бозӣ карда наметавонам. Баъд аз ин маро дар трансфер гузоштанд ва инро чунин шарҳ доданд, ки гӯё ман бозӣ кардан намехоҳам ва метарсам. - Барои чӣ шумо аз дастаи “Амкар” ба дастаи “Капфенберг” баргаштед? - Дастаи Сибир хост, ки маро клубҳои Русия ба иҷора бигирад. Вале ман тасаввур карда наметавонистам, ки чӣ гуна баъд аз Австрия ман футболбозӣ мекунам. Ба Қазоқистон рафтан хостам, вале талаб намуданд, ки ман шиносномаи қазоқӣ бигирам, вале он бароям зарур набуд. Қарор додам, ки то тобистон мунтазир мешавам ва гумон доштам вазъият тағйир меёбад. Аммо чизе тағйир наёфту ман боз ба “Капфенберг” баргаштам. Мавсим барои ман бобарор омад. Ман ҳимоятгари беҳтарини лигаи якуми Австрия шудаму се гол задам ва панҷ партофти ба гол мусоидаткунанда анҷом додам. Дар ҳамин айём таклифҳои “СанктПаула” ва “Штурм” пайдо шуданд. - Чаро маҳз “Штурм”-ро интихоб намудед? - Муносибатҳо маро ҷалб карданд. Директори генералӣ ва сармураббии даста маро ба хонаашон даъват намуданд. Мураббӣ Дарко Миланич шахсан ба ман таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Ғайр аз ин ман дар лигаи олӣ бозӣ кардан мехостам. - Умуман, шумо дар Австрия худро бароҳаттар эҳсос мекунед?
- Бале, алҳол ман дар ин ҷо худро чун дар хонаи худ эҳсос мекунам. Ман ин ҷо дӯстони зиёд дорам. Дар ин ҷо маро ҳама мешиносанду эҳтиром мекунанд. Мушкили ягона ин аст ки ба хӯрокҳои ин ҷо ҳеҷ одат карда наметавонам. - Агар клубҳои Русия шуморо даъват намоянд, мепазиред ё не? - Ин ба шарроити клубҳо вобастагӣ дорад. Масалан, ман яқинан ба “Амкар” барнамегардам. Ман дар он шароит ва бо он муносибату муошират, ки чанд сол қабл рӯ ба рӯ омада будам, бозӣ кардан намехоҳам. Агар ягон клуби муътабар ва арзандае, ки дар назди худ мақсадҳои бузург мегузорад, таклиф намояд, фикр мекунам. Аслан ман ба “Локомотив” баргаштан мехостам, чунки дар он ҷо ба воя расидаам. - Шумо гуфтед, ки даъвати дастаи яккачини Русияро мунтазиред. Ҳоло ин нияти шумо тағйир наёфтааст? - Албатта тағйир наёфтааст. Ин орзуи ман аст. Ин пайваста фикрҳои маро асоснок менамояд. Дар дастаи яккачини Русия бозӣ кардан мақсадест, ки ман бо ҳар роҳ мехоҳам ба он ноил гардам. Муҳим нест, ки дар ин хусус чӣ мегӯянд. Медонам, ки баъзе мухлисони руси ман зидди дар ҳайати дастаҳои Русия бозӣ кардани ман мебошанд. Одамони хеле маъруфу муҳтарам мегӯянд, ки лозим нест. Аммо ман як хислат дорам – ҳама корро то охир анҷом медиҳам. - Муносибати шумо бо дастаи яккачини Тоҷикистон чӣ гуна аст? - Хуб аст. Ба наздикӣ намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ман пешниҳоди пулӣ намуданд, вале ман рад кардам. Чунки ман мехоҳам ба мақсади худ ноил гардам. Ман тамоми умр ба бозии футбол машғул будам. Мехоҳам, ки инро бо ягон роҳу усул қадрдонӣ намоянд. - Шумо тахаллуси “Шери даранда”-ро доред. Ин аз куҷо маншаъ мегирад? - Шери копфенбергӣ мегуфтанд, дурусттар мебуд. Дар забони олмонӣ “Falken Lowe” мешавад. “Falken” тахаллуси Капфенберг мебошад, ки маънои шоҳинро дорад. Лақаби “Шер”-ро бошад, ба ман барои бозии хеле тезутунд, ҳамчунин, барои ороиши муйи сарам додаанд. Бори нахуст шореҳ маро ҳангоми як бозӣ чунин номида буд. Аз русӣ тарҷумаи Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ … Алї Зардорї, президенти Покистон
Биёбон дар Осиёи Миёна
Муќобили «табиї», сохта
"... ушшуаро"
... да Винчи, мусаввири итолиёвї
Кон- Аввали номњои тиРўдакї ненти ва Си"сиёњ" но
Расму оинњо
Хушдоман
Сарфакор
Асбоб барои машќњои варзишї
Гиёњ барои абрў
... «Новости», расонаи хабарї
Ташкилоти баскетболи ИМА (русї)
Далели бегуноњї
Узви инсон
Санги тарозу
Хўриши наврўзї
…и Султон, овозхон
Бо он оташ дармегиронанд
Доманаи кўњ
Андом, бадан
Паррандаи љангалї
Калимаи зидмаъно
Љоду
Давлат дар соњили Балтика
Фоиданок Бемории тарбод
Шањр дар Њиндустон
…-Клаус - Бобои Барфии америкої
Рассоми машњур Салвадор …
«… тайёр!» «Њамеша тайёр!»
Пойтахти латишњо
Дењќони муѓул
... Рањимов, собиќ футболбози «Помир»
Шањри ќадимаи арманї
Афсўс, надомат
Виктор ..., адиби Фаронса Забони мардуми Исроил
Ягон чизи нав офаридан
Яке аз халќњои Ќафќоз
Муќобили «таќсим»
Номи кўтоњи Амрико
Бародари Нигора Холова
Мамлакати 15 љумњурии собиќ
Гандумгин
Шарму њаё
Унвони МонтеКристо
Тасодуфан
Тўњфаи идона
… Халилов, ширинкор
Як намуди варзиши сабук
Хонаи … (муваќќатан кирошуда)
... Каспаров, шоњмотбоз
… Бобољон, шоири тољик
Ќолаби наќќош, шаблон
Боумед
Яке аз мазњабњои Ислом
Мотам
Санљиши хаттї
Бонг, фарёд
Кўрнамакї, носипосї
Актёри тољик … Муњаммадљонов
Бурљи 11-уми толеънома
Навъи растанї Сайёњ Васко … Гама
Ќарз
Ислом, масењия, буддоия
Ташкилоти варзишї
Одамхўри сабз (мултфилм)
Тортанак
Адади номаълум дар алгебра
Виза
... Азизова, овозхон
Нидои сарбозони рус
Аз камон мељањад
Меваи сероњан
Дарёи азим дар Америкаи Љанубї
Тухми моњї
«Хона»-и донањои нахўд
Одамча аз афсонањои аврупої
… Толстой, нависандаи рус
Ибодатгоњи насрониён
Пойтахташ Ќоњира
Хирадманд, олим
Эшон
…и Абубакр, овозхон
Њудуд, сарзамин
«Кори имрўзаро ба … нагузор»
Яра, осеб Таъми олуча
Бахшиш пурсидан
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015
Матлаби пўшида
Нозуктабиат
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ Духтур: - Ба шумо кашидани тамоку, нӯшидани машрубот, бо зани бегона ҳамхоба шудан ва қартабозӣ қатъиян мумкин нест. Бемор: - Росташро гӯед, духтур, имрӯз зани ман инҷо омада буд?
*** Духтур: - Чанд кило вазн доред? Бемор: - 135! - Хеле хуб, мехоҳед чанд кило вазн дошта бошед? - 90! - Хуш, 135 минуси 90 мешавад 45 кило. Яъне як пойро бурем мешавад... Бемор ба даҳшат афтида: - Чӣ гуфтед? - Ташвиш накашед, ин танҳо яке аз вариантҳо аст...
*** Бемор: - Духтурҷон, вақте ана ин ҷои шикамамро медорам, сахт дард мекунад. Табиб: - Ҳмммм. Беҳтараш он ҷойро даст нарасон....
Маркази миллии тестии Тоҷикистон аз 8 август ба эълони натиҷаҳои тақсимбандии довталабон ба ихтисосу муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз кард. Ба ҳисоби масъулони ин ниҳод, аз ҳудуди 67 ҳазор довталабе, ки имтиҳонҳои тестиро супориданд, наздики 51 ҳазор нафар сазовори холҳои гузариш шудаанд. Маркази миллии тестӣ ду сол боз масъулияти баргузории имтиҳонҳои қабул ва тақсимбандии довталабон дар мактабҳои олии кишварро бар дӯш дорад.
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД Патенти гумшудаи соҳибеори инфиродӣ Қараева Нигора Иргашевна (РМА 325218406, РЯМ 3230018404), ки Нозироти андози ноҳияи Қубодиён соли 2012 додааст, эътибор надорад.
АНДАРЗ
Марафони зиндагӣ - Падар, шумо бо ман дар марафон иштирок мекунед? - пурсид писар аз падари ранҷураш. Бале, писарам иштирок мекунам, ҷавоб дод падар, алорағми он ки бемории қалб дошт. Падару писар ҳар ду дар марафон бо сарбаландӣ иштирок карданд. Минбаъд низ падар ба ҳар даъвати писараш ҷиҳати ширкат дар марафонҳо ҷавоби мусбат медод. Зеро намехост ба дили писараш абри ранҷишу ноумедӣ соя гузорад. Рӯзе писарак боз бо ҳамон даъват ба назди падар омад. - Падар, оё метавонем бо ҳам дар мусобиқаи “Марди оҳанин” (Ironman) иштирок намоем? - Бале, писарам, метавонем, - ҷавоб дод мард, ки нисбат ба писараш басе фидоӣ ва меҳрубон буд. “Ironman” англисӣ буда, маънояш “Марди оҳанин” аст ва мураккабтарин марафон дар ҷаҳон мебошад. Он ба се самт ҷудо мешавад: аввал бояд 42 километр қад-қади соҳил давид, сипас 3 километру 86 метр
дар уқёнус шино бояд кард ва ниҳоят 180,2 километр велосипедронӣ намуд. Падару писар дар он низ иштирок карданд. Баъд аз чанд вақт Дик Ҳойт, падари ҷавон дар як мусоҳибаи телевизионӣ чунин қисса кард: Вақте ки Рик ҳанӯз дар батни модар буд, банди ноф ба гарданаш печида, пеши роҳи воридшавии оксигенро ба мағзи сараш гирифт. Вақте Рик таваллуд шуд, табибе, ки ба нигоҳубини ӯ машғул буд, ба мо гуфт: “Писаратон бемор аст, вай калон ҳам ки шуд, на роҳ гашта метавонад, на гап зада. Беҳтар ин аст, ки шумо ӯро партофта равед”. Аммо падари Рик ин корро накард, баракс кӯдакро бо дастони худ аз бемористон ба хона оварда, ӯро бо тамоми назокат мисли кӯдаки боақлу ҳуш нигоҳубин намуд. Рӯзе оинаи нилгул аз баргузории марафон хабар дод. Рик, ки ин замон телевизор тамошо мекард, аз падараш хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш дар ин марафон иштирок кунад... Саргузашти Дик Ҳойт падари ҷавон ҳам
ДИҚҚАТ, МУЗОЯДА! аҷиб аст. Чанд сол пеш ҳангоми давидан ӯ сактаи сабуки қалб мешавад. Духтурон баъд аз муолиҷа мефаҳманд, ки яке аз шоҳрагҳои қалби ӯ 95 фоиз маҳкам аст. - Агар тани хуби ҷисмонӣ намедоштед, 15 сол пеш мафавтидед, - мегӯяд яке аз духтурон. Аз ин бармеояд, ки Дик ва Рик ҳамдигарро аз марг наҷот дода будаанд. Падару писар давоми 15 сол дар 212 марафон ва 4 мусобиқаи 15-соатаи “Ironman” иштирок кара, қаҳрамони ҷаҳон шудаанд. Зимни як барномаи телевизионӣ Дикро қаҳрамон ном мебаранд. Ӯ бошад, чунин ҷавоб медиҳад: “Шояд ин қаҳрамонӣ бошад, вале он чи ки ман кардам, на ба хотири қаҳрамонӣ, балки аз барои оилаамро бениҳоят дӯст доштанам буд”. Ин нақл дар бораи падару писарест, ки дар ҳамдастӣ тавонистанд ба қуллаҳои баланд бирасанд. Ҳамчунин, намунаи беканори муҳаббати волидон ба фарзанд ва қувваю сабри онҳост. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
16
Иштирокчиёни Суди ноҳияи Қубодиён барои такроран ба фурӯш мондани амволи ба ҳабс гирифташуда, яъне манзили истиқоматӣ бо масоҳати 016,65 га, иборат аз 7 ҳуҷра ва пешайвон, воқеъ дар деҳаи Гулистон, ҷамоати Тахти Сангин, ки ба Сияров Лутфулло тааллуқ дорад, музояда эълон менамояд. Нархи ибтидоии манзили мазкур 348840 сомонӣ буда 15 фоиз кам карда мешавад. Музояда 10.09.2015, соати 10:00 дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангин ба таври англисӣ доир мегардад. Иштирокчиёни Суди ноҳияи Қубодиён барои такроран ба фурӯш мондани амволи ба ҳабс гирифташуда, яъне манзили истиқоматӣ бо масоҳати 014,58 га, иборат аз 9 ҳуҷра, воқеъ дар деҳаи Қизилнишон, ҷамоати 20-солагии Истиқлол, ки ба Абдураҳмонов Юлдош тааллуқ дорад, музояда эълон менамояд. Нархи ибтидоии манзили мазкур 147000 сомонӣ буда 15 фоиз кам карда мешавад. Музояда 9.09.2015, соати 10:00 дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол ба таври англисӣ доир мегардад. Барои маълумоти иловагӣ: 93-4649999.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7874 нусха ба нашр расид.
Умаралии САФАРАЛӢ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Манзумаи ФИРӮЗ, Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).
•
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Бунафша ОДИНАЕВА (муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон).
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №32 (9406), 12 АВГУСТИ СОЛИ 2015