ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Туҳфаи Пешвои миллат ба омӯзгорону хонандагони шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи дониш
№33 (9563), 16/08/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Бо фейсбук ба куҷо равонаем? саҳифаи
Партовгоҳҳо бояд тоза нигоҳ дошта шаванд саҳифаи
4-умин Анҷумани ҷавонони муҳассил дар хориҷи кишвар
саҳифаи
4
5
6
Бозиҳои Осиёӣ-2018: Аз кӣ натиҷа интизор шавем? саҳифаи
9
ТТЭ ҲНИ роҳи террорро идома медиҳад саҳифаи
Сад шукри оли Раҳмон
Дар дилхоҳ давлат чунин ҷиноятҳои номатлуби ташкилоти террористиро ҳеҷ гоҳ намебахшанд. Дар мисоли худи Аврупо низ. 80 сол сипарӣ шуд, вале имрӯз ҳам ҷинояти содиркардаи фашистҳоро набахшидаанд ва дар оянда низ нахоҳанд бахшид. Ҷиноятҳои дар боло зикршудаи ТТЭ ҲНИ аз фашизм ҳеҷ камие надоранд. Фашистон одамонро дар ҳуҷраҳои газӣ мекуштанд ва ТТЭ ҲНИ бошад дар бочкаҳои оҳанин. Ҳамин тавр, метавон бо итминон гуфт, ки ТТЭ ҲНИ аз оғози солҳои 90-ум ихтироъкор ва «таълимдиҳанда»-и бадкирдориҳои ваҳшиёна бар зидди инсоният мебошад ва ДОИШ бошад «шогирд-пайрав»-и серталош. ТТЭ ҲНИ аз оғози мавҷудияташ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ буд. Намояндагони миллатҳои гуногун, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекарданд, қурбонии амалҳои он гардида буданд. Ва ин ҳамагӣ якчанд далеле аст, ки даст доштани ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷиноятҳои ғайриинсонӣ тасдиқ мекунанд. Боз кадом далелҳо лозиманд?
саҳифаи
13
14
2
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
Туҳфаи Пешвои миллат ба омӯзгорону хонандагони шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи дониш Субҳи рӯзи 14-уми августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд. Муассисаи таълимии мазкур бо таваҷҷӯҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил, бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи нав, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст. Қитъаи замини ҷудогардида барои сохтмони бинои мактаби нав якуним гектар буда, масоҳати умумиаш 9 ҳазору 660 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Санги асос барои бунёди чунин як муассисаи наву муосир аз ҷониби Пешвои миллат гузошта шуда буд. Корҳои сохтмониаш, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе моҳи июли соли 2017 оғоз гардида, он дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи дониш ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати омӯзгорону хонандагон ба ҳисоб меравад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 дар ду баст барои 3 ҳазору 120 ҷои нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмуъ бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 61 синфхонаи умумӣ, аз ҷумла 43 синфхонаи таълимӣ, 2 синфхонаи компютерӣ 5 синфхонаи фаннии физика, кимиё, биология, геграфия ва омодагии ҳарбӣ мебошад. Ҳамзамон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ 4 синфхона бо тамоми шароит сохта шуда, дар мактаби нав 2 синфхонаи лингфонӣ, синфхонаи суруд, 4 синфхонаи таълими меҳнат, дуредгарӣ, дузандагӣ ва қаннодӣ низ амал мекунад. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки хонандагон дар баробари донишомӯзӣ ҳамчунин касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзанд. Дар синфхонаи таълими меҳнат духтарон имкон доранд, ки касби дӯзандагиро аз худ намоянд. Писарон бошанд, дар синфхонаи таълими меҳнат, ки бо таҷҳизоти нави соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст, нозукиҳои касби дуредгариро меомӯзанд. Китобхонаи Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 192 метри мураббаъ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосир, асарҳои бадеӣ ва китобҳои илмӣ таъмин мебошад. Ҳамзамон дар мактаби навбунёд китобхонаи электронӣ бо ша-
роити муосир мавҷуд аст. Барои ба варзиш машғул шудани хонандагон толори барҳавои варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст, бунёд шудааст, ки хонандагон метавонанд ба обутоби бадан машғул шаванд. Иншооти муосири таълимӣ ҳамчунин дорои ошхона барои 180 ҷой ва маҷлисгоҳ барои 250 ҷои нишаст мебошад. Барои таъмини беҳатарӣ ва назорати ҷараёни таълим дар дохил ва атрофи бинои муассисаи таълимӣ қариб 120 адад камераҳои назоратӣ насб гардидааст. Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои соҳибмаълумот намудани насли наврас, дар руҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо даъват намуда, хонандагонро бештар барои аз худ кардани донишҳои муосир, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав ҳидоят карданд. Муассисаи таълимӣ ду хати озоди баландшиддат аз зеристгоҳи барқӣ ва 2 зеристгоҳи 1000 киловата дорад. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин намудани синфхонаҳо ва утоқҳои кории муассисаи таълимӣ он бо хати гармидиҳии мутамаркази шаҳрӣ, инчунин системаи мустақили гармидиҳии муассиса ба се адад дегхона пайваст мебошад. Дар баробари ин бино бо си-
стемаи аз сӯхтор огоҳкунанда ва бо шабакаи интернет, инчунин системаи радиошунавонӣ таъмин аст. Барои сабзу хуррам гардондани атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Ҳамчунин барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд, волейбол ва басткетбол майдончаи муосири варзишӣ ва майдончаи ҳарбӣ сохта шудааст.
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе
14 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Муассисаи давлатии беморхонаи кли-
никии шаҳрии касалиҳои пӯстро мавриди истифода қарор доданд. Бунёди бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст моҳи апрели соли 2017 оғоз ёфта буд. Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ ба корҳои
сохтмонии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст баҳои баланд доданд. Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст аз чор ошёна иборат буда, дорои 69 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ, дарсӣ, китобхонаи электронӣ, бойгонӣ, шуъбаи қабулгоҳи беморон, шуъбаи бемориҳои пӯсти калонсолон, шуъбаи бемориҳои пӯсти хурдсолон, шуъбаи ташхисгоҳ, шуъбаи физиотерапевтӣ ва бахши гиёҳдармонӣ мебошад. Дар 5 озмоишгоҳи беморхона, аз ҷумла озмоишгоҳи клиникӣ, биохимиявӣ, серологӣ, вирусологӣ ва имунологӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шудааст, ки қаблан чунин имконоти ташхису табобат мавҷуд набуд. Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ барои 100 нафар, толори варзишӣ, болобар (лифт) ва 50 кат барои беморон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд ва бунёду навсозии муассисаҳои таълимии муосир низ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошад, ки барои таъмини пешрафти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ карда мешаванд.
Дар пойгоҳи беморхона кафедраи дерматовенералогияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибнӣ Сино фаъолият дошта, барои донишҷӯён дар ин ҷо шароити арзанда фароҳам мебошад. Бахши гиёҳдармонӣ дар фаъолияти беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст мавқеъи намоён дошта, тавассути номгуи васеъи гиёҳҳои шифобахш мутахассисон хизматрасониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонанд. Бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст бо системаи гармидиҳӣ, хати озод ва аз сӯхтор огоҳкунанда пайваст мебошад. Шароити муҳайёгардида, аз ҷумла насби дастгоҳу таҷҳизоти нодири тиббӣ дар беморхона имкон фароҳам меорад, ки хизматрасонӣ ба сокинон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Дар саҳни бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст Пешвои миллат бо кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбати озоду самимӣ намуда, табибонро ба хизматрасонии сатҳи баланд ба аҳолӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаи муқаддасашон ҳидоят карданд. www.president.tj
Аёдати собиқадорони варзиш дар Хоруғ
ВМКБ: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ВМКБ
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба аёдати собиқадорони варзиш рафтанд. Ба гурӯҳ муовини раиси ВМКБ Гулдаста Орумбекзода, раиси шаҳри Хоруғ Маҳтобшоҳзода Арамбегими Бозор ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев шомил буданд. Намоядагон ба ҳолу аҳволи собиқадорон ошно шуда, изҳор доштанд, ки эшон дар тарбияи варзишгарони ҷавон саҳми баланд доранд. Собиқадорон ба Ҳукумати кишвар ҷиҳати таваҷҷӯҳашон нисбат ба соҳаи варзиш миннатдорӣ баён намуданд.
Ба муносибати 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол баргузор гашт. Дар он ҷавондухтарон аз вилоятҳои ВМКБ, Хатлон, Суғд, ШНТМ ва шаҳри Душанбе миёни ҳам рақобат карданд. Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев хабар дод, ки мусобиқа дар сатҳи баланд баргузор гашта, ҳамаи варзишгарон дар он маҳорати хуб нишон доданд. Аз рӯи натиҷаҳои даври ниҳоӣ дастаи ВМКБ ҷои аввал, Суғд зинаи дуюм ва тими Душанбе бошад, ҷои сеюмро соҳиб гашт. Ғолибон бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз шуданд.
Дар пойтахт 1800 бинои баландошёна барои зимистонгузаронӣ омода аст Дар пойтахт 1800 бинои баландошёна барои зимистонгузаронӣ омода аст Субҳи 14 август Азим Иброҳим, муовини Сарвазири мамлакат аз ҷараёни омодагии иншооти истеҳсол ва интиқоли гармидиҳии Маркази барқу гармидиҳии (МБГ) Душанбе -1 ва 2, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ва Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе дидан намуд. Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки имсол шумораи биноҳои баландошёнаи гармиқабулкунанда дар шаҳри Душанбе
1700 ададро ташкил намуда, иловатан пайвастшавии 100 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин, сокинони аксарият биноҳои навбунёди баландошёнаи пойтахт низ ҳавасмандии худро ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои гармидиҳӣ баён намуда истодаанд. Ба гунаи мисол, агар дар ноҳияи Фирдавсӣ шумораи умумии истифодабарандагони гармӣ дар соли гузашта 15 ададро ташкил менамуд, пас ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ қариб чор маротиба зиёд гардида, 56 ададро ташкил медиҳад.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар Душанбе Рӯзи байналмилалии ҷавонон - 12 август аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо тантана ҷашн гирифта шуд. Бахшида ба ин рӯз дар Майдони 800-солагии Москва чорабинии идона доир гардид. Қайд карда шуд, ки бо шарофати Истиқлолият, Тоҷикистони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё ба роҳ мондааст, ки самараи он пуштибонӣ ёфтани ташаббусу иқдомҳои созандаи кишварамон дар симои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳза мардуми сар-
баланди тоҷикро боз ҳам руҳбалану қавиирода месозад. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандон аз оркестри синфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Клуби марказонидашудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода ва сарояндагони ҷавон аз дигар дастаҳои фарҳангӣ бо сурудҳои ватандӯстона ва ҷаззобу дилнишон табъи сокинону меҳмонони пойтахтро шод намуданд. “ҶТ”
Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҷавонон
Дар толори мактаби мусиқии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия А. Сатторӣ ҳозиринро бахшида ба ин санаи муҳим табрик гуфт. Вай иброз дошт, ки дар шароити кунунии мураккаби олам ҷавонони тоҷикро лозим аст, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зеро душма-
Темурмалик: Мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардид
ХАТЛОН
Дар толори мактаби варзишии №2-и ноҳияи Темурмалик бахшида ба Рӯзи варзишгарон мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ, шоҳмот ва тенниси рӯи миз доир гардид. Дар оғози чорабинӣ доир ба
нони дохилаю беруна бо ҳар роҳ мекӯшанд, маҳз ҷавононро ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои номатлуб ҷалб ва бо ин васила оромии кишварро халадор созанд. Дар рафти чорабинӣ барномаҳои гуногун фарҳангӣ, аз қабили қироати шеър дар васфи ҷавонон, намоиши саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва ғайра сурат гирифт.
дастовардҳои варзишгарон ва натиҷаҳои онҳо суханронӣ карда шуд. Зикр гардид, ки имрӯз барои рушди соҳаи варзиш давлати Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро фароҳам овар-
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб чорабинии идона бо иштироки ҷавонону наврасон доир гашт. Дар он аз дастоварду муваффақиятҳои варзишгарони шаҳру деҳоти Кӯлоб ёдовар шуда, масъулин варзишгаронро ба ин санаи фархунда муборакбод намуданд. Зимни суханрониҳо қайд гардид, ки варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ миёни халқиятҳои олам буда, гарави саломатии ҳар як шахс мебошад. Маҳз дастгириҳои Пешвои миллат аст, ки сол то сол варзиш дар кишвар рушд ёфта, таваҷҷӯҳ ба он бештар мегардад. Дар фарҷоми чорабинӣ варзишгарон ҷиҳати саҳмашон дар рушди варзиши кишвар бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
Ҷ.Расулов: Мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба каратэ-до годзю-рю
СУҒД
Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба таҷлили “Рӯзи варзишгарон” мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба каратэ-до годзю-рю байни наврасону ҷавонон доир гардид. Мусобиқа бо мақсади тарғиби
гузор шуд. Мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат Маъруфҷон Азиззода
тарзи ҳаëти солим, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш гузаронида шуда, дар он 130 нафар варзишгарон байни ҳам рақобат намуданд. Пас аз қувваозмоиҳо ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон Бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон шоми ҷавонӣ таҳти унвони “Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон” доир гардид. Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар чорабинии мазкур се нафар сайëҳон аз Ҷумҳурии мардумии Чин ширкат
Ҷашни Рӯзи варзишгарон дар Ваҳдат Дар Кохи маърифати шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон маҷлиси тантанавӣ бар-
да, барои тарбия ва омода кардани варзишгарон дар сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад. Пас аз қувваозмоиҳо ғолибони мусобиқа муайян гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Кӯлоб: Рӯзи варзишгарон таҷлил шуд
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
ДУШАНБЕ
ШНТМ
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
мураббиён ва варзишгаронро бо иди касбиашон табрик намуд. Ба як қатор варзиш-
гароне, ки дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва
варзида, фикру ақидаҳои худро оид ба меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва табиати нотакрори Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд. Ҷавонон аз баргузории чорабинии сатҳи баланд ба дастандаркорони он изҳори сипос намуда, таъкид гардид, ки баҳри рушду нумуи кишвар талош хоҳанд кард. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштаанд, ифтихорномаю сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
4 (Идома аз шумораҳои гузашта) Пас аз нашри ду матлаби муттаҳамкунанда дар расонаҳои маъруф аз хусуси сӯиистифода шудани маълумотҳои истифодабарандагони Facebook аз тарафи ширкати Кембриҷ Аналитика ҳарчанд роҳбарияти ширкати номбурда кӯшиш карданд, худро беайб нишон диҳанд, муваффақ нашуданд. Директори ширкат аз кор гирифта шуд. Мудирони SCL Group изҳорот доданд, ки “сафсаттаҳои Александр Никс ба фаъолияти онҳо иртибот надорад ва арзишҳои ширкаташонро доғдор карда наметавонад”. Вале дигар ба ин ҳарфҳо касе бовар надошт. Баръакс аз тариқи расонаҳо боз ҳам маълумоте дарҷ мешуд, ки “манзара”-ро рӯшантар ифода мекард. Чунончи маълум гардид, ки Александр Никс ҳанӯз соли 2016, қабл аз интихоботи президентӣ дар як ҳамоиши вижа фаъолияти Кембриҷ Аналитикаро ба намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳон муаррифӣ кардааст. Дар ин бора нашрияҳои “The New York Times” ва “The Wall Street Journal”-и амрикоӣ ва сомонаҳои институтҳои молиявӣ ва технологии ин кишвар (www. businessinsider.com, www. technologyreview.com) иттилоъ додаанд. Ба навиштаи онҳо моҳи сентябри соли 2016 Александр Никс, роҳбари ширкати Кембриҷ Аналитика дар меҳмонхонаи “Grand Hyatt”-и Ню Йорк дар ҳузури як ҳайати хоса баромад мекард. Никс ба аҳли толор мегуфт, ки то имрӯз тамоми маъракаҳои интихоботӣ ба воситаи маълумоти демографӣ муайян мешуданд. Ин як кори берун аз маънову мантиқ аст, зеро аз рӯи демография муайян кардани стратегия метавонад фиребанда бошад. Яъне на ҳама вақт рост мебарояд. Ӯ бо ин гуфтан мехост, ки методҳои қаблӣ куҳна шудаанд ва ба усулҳои наву замонавии таъсиррасонӣ дар раванди интихоботҳо бояд гузашт. Ишораи Никс ба психометрия (равонсанҷӣ) буд, ки Кембриҷ Аналитика бо он кор мекард. ПАЙДОИШИ МАФҲУМИ ПСИХОМЕТРИЯ Психометрия фанест, ки назария ва методикаи санҷиши психологиро меомӯзад. Санҷиши дониш, маҳорат, ақида ва сифатҳои шахсиятро. Он як бахши ташхиси равоншиносӣ маҳсуб мешавад. Дар навбати аввал ин бахш ташкили асбобҳои санҷишие, чун пурсишномаҳо, тестҳо ва методикаи тасвир (баҳодиҳи)-и шахсият аст. Нафароне, ки ба психометрия сарукор доранд, метавонанд чун равонишиносони бемористон, ҳамчунин мутахассис дар ҷодаи рушд ё захираи одамӣ (HR) шуғл варзанд. Дар ИМА раванди таълими психометрия дар сатҳи бакалавр,
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
МАВЗӮИ РӮЗ магистратура ва докторантура ба роҳ монда шудааст... Дар ҳамон баромадаш Никс иброз дошт, дар замоне, ки аксари ширкатҳо ба воситаи маълумоти демографӣ фаъолияти худро пеш мебаранд, ширкати Кембриҷ Аналитика ба психометрия аҳамият медиҳад. Мафҳуми психометрияро бисёре аз онҳое, ки дар толор ҳузур доштанд, бори аввал мешуниданд. “Масалан, панҷ чеҳраи гуногун ҳар кадомаш як мушаххаса (профил - маълумоти ҷузъӣ, инфиродӣ)-ро ифода мекунад. Инро панҷи бузург (Big Five) ва ё модели OCEAN (O –openness, C – conscientiousness, E – extraversion, A – agreeableness, N - neuroticism) меноманд. Мо барои ҳар як фарди болиғи ИМА формулаи мушаххасе дорем...” – мегӯяд роҳбари Кембриҷ Аналитика. Бино ба таъкиди Никс сирри муваффақияти Кембриҷ Аналити-
ро (на фақат) муайян мекунанд. Бо шунидани ин сухан дар толор натанҳо як ҷунбиш, балки байни ҳам пичир - пичир гап задани аҳли нишаст ба амал омад. Никс аз ин ҳолат ба ваҷд омада, як бора нафаҳмида монд, ки сирри тақаллубкориашро кушода дод. Ӯ гуфт, бар иловаи ин Кембриҷ Аналитика аз пурсишномаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва маълумоти Facebook низ истифода мебарад... Воқеан, ширкати Кембриҷ Аналитика айнан ҳамон кореро ба роҳ монда буд, ки Михал Косинский, соҳиби замимаи “MyPersonality” дар хусусаш огоҳ карда буд: “Мо маълумоти ҳар як фарди болиғро дар ИМА мушаххас намудем... Маълумоти 220 миллион нафарро...” Ҳозирин бештар мутаассир шаванд гуфта, Никс якбора ду асрори ширкаташро ифшо кард: Якум. Онҳо методи Косинскийро истифода мебурдаанд (ҳарчанд
аст, бепарвоёна рафтор мекунад. Хусусан дар ҳамон шабу рӯзҳое, ки паёмҳои зидду нақизаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯи зиёдеро ба миён овард. Тибқи маълумоти ширкати Кембриҷ Аналитика Трамп дар хусуси рушди ахлоқии як шахсият ва сиёсатмадор умуман маълумот надорад. Вале муҳтавои паёмҳои баъдии ин сиёсатмадор аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хилофи гуфтаи боло буд. Зеро чунин ба назар мерасид, ки номбурда дар арафаи интихобот ба ҳар як интихобкунандааш паёми вижа яъне инфиродӣ ирсол мекунад. Вақте О’Нил ин ҷиҳатро бо диққат меомӯзад, маълум менамояд, ки ин ҳама паёмакҳо аз рӯи як алгоритми махсусе роҳандозӣ шуда истодаанд. Дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 як номзади дигаре ҳам буд, ки қариб дар аксарияти иёлот овози кам - баробар ба
ка дар он асос меёбад, ки ширкат се воситаро дар як вақт истифода мебарад: модели OCEAN, ки барои муайян кардни рафтор хизмат мекунад; таҳлилу коркарди маълумоти аз тариқи ин модел ба дастомада; рекламаи ҳадафнок. Рекламаи ҳадафнок гуфта рекламаи муқаррариро дар назар надошт ӯ. Рекламае, ки то ҳади имкон бо шахсияти ҳар як муштарӣ мувофиқ бошад. Никс бо самимияти тамом чи гуна ба роҳ мондани корро аз тарафи ширкаташ мефаҳмонд. Кембриҷ Аналитика аз сарчашмаҳои гуногун маълумоти шахсӣ (мушаххасот)-и одамонро ҷамъоварӣ мекард: маълумот дар бораи замин, дар бораи автомошина, дар бораи хариду фурӯш, кортҳои имтиёзнок, узвият ба клубҳо, журналҳои хондашуда, ҳатто ба кадом ибодатгоҳ рафтани шахсро... Ӯ зимни баромадаш логотипи ду ширкати бузург “Acxiom” ва “Experian”-ро нишон дода, ба он ишора мекунад, ки қариб ҳамаи маълумоти шахсии одамон дар ИМА фурӯхта мешаванд. Масалан, агар донистан хоҳед, ки занҳои яҳудӣ дар кадом гӯшаи ИМА зиндагонӣ мекунанд, ба осонӣ ин маълумотро харида метавонед. Ҳатто бо шумораҳои телефонашон... Александр Никс ба ҳозирин мегӯяд, ки чи гуна Кембриҷ Аналитика маълумоти номзадҳо аз Ҳизби ҷумхурихоҳонро доир ба интихобкунандаҳояшон, инчунин мушаххасоти фаъол (онлайн)-и интихобкунандаҳоро (аз шабакаҳои иҷтимоӣ) якҷоя карда, онҳоро тавассути усули “Big Five” ҳисоб ва шахсияташон-
инро расман инкор карда буданд). Дуюм. Онҳо аллакай маълумоти ними аҳолии ИМА-ро дар даст доштанд. Сипас Никс намоиши дигареро аз тариқи экран ба ҳозирон нишон медиҳад: “Ин лавҳаест, ки мо барои маъракаи интихоботии Круз омода кардаем. Аниқтараш як маркази назоратии рақамӣ омода кардааст. Дар тарафи чап ҷадвал, дар тарафи рост бошад харитаи ғолибияти Круз дар марҳилаи пеш аз интихоботӣ дар иёлоти Айова. Боз Шумо дар рӯи харита нуқтаҳои зиёди кабуд ва сурхро мебинед...” Баробари пахш кардан ба рӯи калимаи “Ҷумҳурихоҳон” нуқтаҳои кабуд нобуд мешаванд, баробари пахш кардан ба рӯи “бетарафҳо” боз қисми дигаре аз нуқтаҳо нопадид мегарданд. “Мардҳо” – ва боз як қисми дигаре аз нуқтаҳо гум мешаванд. Ниҳоят дар харита як ном боқӣ мемонад – ҳамроҳ бо синну сол, суроға, майлу рағбатҳо, махсусиятҳои шахсӣ ва мавқеи сиёсиаш. Яъне Никс бо ин як навъ тарзи корашонро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.
сифр гирифт. Ӯ рӯзноманигор Золтан Иштван буд, ки дар шабакаи маъруфи “National Geografic” фаъолият мекард ва ҳамзамон дар нашрияи “San Fransisco Chronicle” мақола менавишт. Золтан бовар дошт, ки дар интихобот ҳатман ягон натиҷаи ғайричашмдошт ба даст меорад. Аслан ин бовари ӯ беасос набуд. Чаро ки маъракаи интихоботиаш аз тарафи чандин медиа-ширкатҳо дастгирӣ меёфт ва дар як платформаи илмӣтехнологӣ роҳандозӣ шуда буд. Хусусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Бо фейсбук ба куҷо равонаем?
ҳаводорони зиёд дошт. Лек маълумотро ба таври маъмулӣ соҳиб будан дигар асту онро барои мақсадҳои ғаразноку нопок истифода бурдан дигар. Вақте ки Иштван инро фаҳмид, аллакай дер шуда, аз раъйи интихобкунандагон дар иёлоти алоҳидаи ИМА бенасиб гашта буд... Кети О’Нил Трамп ва Иштванро ба ҳам муқоиса карда, фарқи байни “дастгирӣ аз тариқи медияи анъанавӣ” ва “амалиётӣ маълумот” (манзур коркарду сӯиистифодаи маълумоти одамон)-ро муайян, балки дар ин хусус ҳанӯз се моҳ қабл аз интихоботи президентии ИМА мақолаҳо навишта буд. ПАЁМАКҲОИ БО МАЪЛУМОТ АСОСНОКШУДА Баъд аз он ки Александр Никс зимни суханрониаш дар меҳмонхона гуфт, ки “ҳар як паёмаки Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо маълумотҳо асоснок шудааст”, дар рӯзи сеюми мубоҳисаи Трамп бо рақибаш, барои дарёфти далели дуруст, тими интихоботии ӯ бо истифода аз суханрониаш дар Фейсбук 175 навъи рекламаро таҳия кардаанд. Ба хотири дарёфти роҳи муносиби психологӣ ҳар як паёмак бо ҷузъиёти гуногун омода мешуд – бо унвони гуногун, иқтибос, ранг, акс ва ё навори гуногун... Ва ҳар яки ин паёмакҳо ба гурӯҳҳои хурди хурд ирсол мегардид. “Мо барои таъсир расонидан деҳот ва хонаҳои баландошёна, ҳатто одамонро мавриди ҳадаф қарор медодем...” – мегӯяд Никс зимни баромадаш дар ҳамон меҳмонхона ва меафзояд, ки барои ин аз усули мактубҳои сиёҳ (Dark Posts) истифода бурдаанд... (Давом дорад) М. УСМОН, “ҶТ”
СТРАТЕГИЯРО ЯК МАТЕМАТИК ПАЙ БУРД Моҳи августи соли 2016 математик Кит О’Нил як ҳолатро мушоҳида мекунад. Мебинад, ки Трамп дар як хусус ба одамони дигар монанд нест. Чун дигарон даъво намекунад, ки принсипҳои шахсӣ, ахлоқӣ ё иҷтимоӣ дорад. Ва дар фикри он ҳам нест, ки оё гапи ҳоло гуфтааш ба сухани дирӯзааш муқобил аст. Яъне дар масъалаҳои обрӯ, шахсияташ, ҳарчанд як сарватманди маълум
Александр Никс зимни муаррифии фаъолияти ширкаташ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
МУЛОҲИЗА
5
Таътили тобистона Агар шароит хуб бошад... Ҳамасола бо наздикшавии фасли тобистон ҳама фикри таътилро мекунанд. Табиист, ки пас аз як соли фаъолияти пурталотум инсон ниёз ба истироҳат дорад. Аз ҷумла, хонандагон. Пас аз танаффуси муваққатӣ шахс бо нерӯи тозаи ҷисмониву рӯҳӣ боз метавонад ба натиҷаҳои беҳтар ноил гардад. Аммо саволе ба миён меояд, ки усули дуруст ва муфиди таътилгузаронӣ чӣ гуна бояд бошад? Оё таътил танҳо иборат аз соатҳои тӯлонӣ рӯ ба рӯи оинаи нилгун нишаста вақт “куштан” аст? Гумон намекунам, ки ҷавоб ба саволи боло мусбат хоҳад буд, зеро таътил кардану истироҳат намудан танҳо аз сарфи нодурусти вақт иборат нест. Дар асл мавсими истироҳатро бо вақтхушӣ гузаронидан аз ноҷо сарф кардани нақд (маблағ, даромад бадтар аст. Зеро бо мурури вақт соҳиби нақд шудан мумкин, аммо вақти аз дастдодаро бо нақд ҳам баргардонидан муҳол аст. Чун вақти гарон аз даст равад, бо қабзаи пур аз неъмат ҳам онро баргардонида намешавад. Пас ҳини таътил ҳам аз вақткушӣ бояд ҳазар кард. Чӣ тавре дили инсон аз масрафи беҳадафи нақд розӣ намегардад, аз талафи вақти гарон низ ҳамчунин нороҳат бояд шуд. Таътилро метавон бо китобхонӣ барои инкишофи қобилиятҳои шахсӣ дар соҳаи шуғлдошта ва ё илми муфиде, ки ҳам барои инкишофи маънавӣ ва ҳам барои инкишофи ақлии инсон мусоидат мекунад, сарф намуд. Ҳамасола дар Ҷумҳури Тоҷикистон баъди 9 моҳи хониш хонандагон ба таътили тобистона мебароянд ва дар ин таътил кадом корҳоро ба анҷом мерасонанд? Тибқи маълумотҳо дар мавсими тобистони соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1519 лагери наздимактабӣ бо фарогирии 114992 нафар, 54 лагери беруназшаҳрӣ бо фарогирии 23622 нафар, 245 лагери меҳнатӣ -истироҳатӣ бо фарогирии 11730 нафар, 2 лагери санаторӣ бо фарогирии 55 нафар, 113 лагери варзишӣбеҳдоштӣ бо фарогирии 5595 нафар, 112 лагер барои хонандагони синфҳои болоӣ бо фарогирии 17342 нафар бояд фаъолият намоянд. Шумораи умумии истироҳатгоҳҳо 2045 адад буда, фарогирӣ 173336 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 1150 нафар-
ро кӯдакони ятиму бепарастор ва 2850 нафарро кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар рафти таътили тобистона аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо маҳфилҳои омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ташкил шудааст. Хоҳишмандон дар он маҳфилҳо метавонанд ширкат варзанд. Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бошад, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ маҳфилҳои гуногуни забономӯзию ҳунаромӯзӣ, варзишию фарҳангӣ ташкил намудааст. Ҳамаи ин имкон медиҳад, таътили тобистонаи мактабиён хуш гузашта, оғози соли нави таҳсил бо рӯҳи болидаю табъи хуш ба остонаи мактаб қадам ниҳанд. Шавкатуллоҳ АЛИМАРОВ, хатмкунандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 15, ноҳияи Восеъ дар суҳбат ба мо иброз намуд, ки таътили тобистонаро бо омодагӣ барои супоридани имтиҳонҳои маркази миллии тестӣ гузаронидааст. Бо ин мақсад ӯ ҳамроҳи шарикдарсонаш ба китобхонаҳои деҳа ва ноҳия рафта, ба китобхонӣ машғул шудааст. Алишери Кароматулло, донишҷӯи Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода бошад, ҳангоми таътили тобистона ба тамошои ҷойҳои таърихӣ, аз ҷумла қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ва зиёрати оромгоҳи Мирсаид Али Ҳамадонӣ сафар намудааст. Панҷшер Раҳматуллоев, хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иброз дошт, ки таътили имсола барояш хотирмон хоҳад буд. Зуро ӯ имкон пайдо кард, ҳамроҳи волидон ба истироҳатгоҳи “Баҳористон” сафар намояд. Дар он ҷо вақти худро хеле хуш гузаронда, дӯстони нав пайдо кардааст. Аз маълумоти дар боло овардашуда ва нақли ҳамсуҳбатони мо аён мегардад, ки дар кишвар барои истироҳату фароғати мактабиён ҳангоми таътили тобистона шароити зарурӣ муҳайёст. Танҳо аз он самаранок истифода бояд бурд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
Партовгоҳҳо бояд тоза нигоҳ дошта шаванд Ободиву тозагии ҳар як шаҳр аз фарҳанги шаҳрнишинии сокинонаш дарак медиҳад. Беаҳамиятии сокинон нисбат ба ободии шаҳр бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои андешидаи муассисаҳои беҳдошт, метавонад ҳусни шаҳрро коста намояд. Нисбат ба солҳои пешин партовгоҳҳои кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт гарчи хубтар фаъолият дошта бошанд ҳам, вале вазъи санитарӣ ва тозагии гирду атрофи қуттиҳои партовгоҳҳо дар баъзе ҷойҳо бо бӯйи баду ифлоси худ дар ин фасли гармо мардумро ба ташвиш овардааст. Чунин вазъ ба саломатӣ зарари ҷидӣ мерасонад. Вақти ҷудошуда барои ба партовгоҳҳо оврдани ҳар гуна пасмонда, аз соати 20:00 то 6:00 пагоҳӣ, аз ҷониби мақомоти дахлдор муайян шудааст. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки чунин тартибро на ҳама риоя мекунанд. Дар аксар маврид соҳибхонаҳо партовҳоро бо дасти кӯдакон ба партовгоҳ мефиристанд. Онҳо ба куҷое, ки рост ояд, партовҳоро гузошта мераванд. Ин ҳолат боиси пайдошавии бӯи ғализ гардида, шахсони масъуле, ки барои кашондани партовҳо меоянд, вақти зиёдашонро ба ислоҳи бемасъулиятии баъзе сокинон сарф мекунанд. Мақсадулло Мардонов, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни шаҳри ин масъала чунин андеша баён намуд: “Вазъи имрӯзаи партовгоҳҳо дар шаҳр хеле хуб ба роҳ монда шуда, зери таваҷҷӯҳи пайвастаи масъулини шаҳрдорӣ қарор дорад. Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1700 нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мавҷуд буда, бештари онҳо бо қуттиҳои махсус таъмин мебошанд. Хуб мебуд, агар сокинон ба вазъи нигоҳдошти партовгоҳҳо мусоидат намуда, ба ифлоскориҳо роҳ надиҳанд.” Дар баъзе ҳолате, ки партовҳо дар вақти муайян бароварда намешаванд, шояд аз нарасидани техникаи хизматрасонӣ бошад. Азбаски дар мавсими тобистон қарор дорем, аз муҳлат зиёд дар партовгоҳ мондани ахлот боиси паҳн шудани бӯи ғализ ва пайдо гардидани ҳар гуна ҳашарот, аз ҷумла пашшаҳо мешавад. Пашшаҳо муддате дар партовгоҳҳо қарор доштан пас ба хонаҳо ворид гаштан болои маводи хӯрока, менишинанд ва боиси пайдоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мегарданд. Мунира Ғозиева, духтури санитарию эпидемиологӣ зимни суҳбат иброз дошт, ки партовгоҳҳо манбаи асосии паҳн шудани бемориҳои сироятӣ буда, сари вақт тоза накардани онҳо оқибати нохуш дорад. Сокинони кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ иброз доштанд, ки масъалаи партов чанд соли охир аҳолии шаҳрро ба ташвиш оварда буд. Ҳоло аз тарафи мақомоти дахлдор ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шуда, нуқтаҳои партовҳоро ҳатто бо камераҳои назоратӣ таъмин намудаанд. Тавре Мақсадулло Мардонов зикр намуд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ партофтани партовҳо нисбати 307 нафар санад тартиб дода, онҳо ҷарима баста шуданд. Маблағи умумии ҷарима 37550 сомониро ташкил медиҳад. Ободу тоза нигоҳ доштани пойтахт қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини он ба шумор рафта, масъулияти баланди шаҳрдориро талаб мекунад. Барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати экологии мардум зарур аст. Бо эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳар як шаҳрванд бояд аз хонаи худ сар карда, кӯчаҳо гулгаштҳо ва муҳити атрофи зистро назорат барад. Зеро муҳити тозаю озода, пеш аз ҳама саломатии худи шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”
6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон, санаи 11 ва 12 август, 4-умин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ғамхории доимии Пешвои миллат барои мо ҷавонон ҷовидон боқӣ мемонад” дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Дар анҷуман намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, 75 нафар донишҷӯёни фаъоли дар хориҷи кишвар таҳсилдошта аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва 150 нафар ҷавонони фаъоли шаҳри Турсунзода иштирок намуданд. 4-умин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон бо суҳбати Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар дар назди бинои Кумита оғоз гардид. Аҳтам Абдуллозода иштирокчиёни анҷуман ва дар симои онҳо тамоми ҷавонони кишварро бо Рӯзи байналмилалии ҷавонон табрик намуда, доир ба фаъолияти Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта суханронӣ намуд. “Ҷавонони азиз, кӯшиш намоед, ки аз сиёсати имрӯза бархӯрдор бошед. Оянда ҳамаи шумо мутахассиси соҳаи хеш мешавед. Як ҳаракати шумо дар айёми донишҷӯӣ метавонад, ки боиси пешрафт ва ҳатто боиси монеа дар пешрафт гардад. Шумо ҳамчун як сафири паҳнкунандаи фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравед. Чеҳраи шумо инъикосгари чеҳраи миллат мебошад. Пешвои миллат доимо таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба зиммаи шумо гузошта шудааст. Ҳар як донише, ки имрӯз шумо мегиред, ҳамчун як тӯшаи роҳ дар оянда ба шумо хизмат хоҳад кард. Аз ин рӯ, бояд шумо имрӯз хуб омӯзеду ҳиссаи худро дар рушди кишвар гузоред”, - иброз дошт раиси Кумита. Сипас ба ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта барои дониши хубу аъло, интизоми намунавӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ дар хориҷи кишвар ва иштироки фаъолона дар 4-умин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ супорида шуд. Ҳамин тавр, ҷавонон ба шаҳри Турсунзода сафар намуда, дар даромадгоҳи шаҳр онҳоро ҷавонони фаъоли шаҳри Турсунзода бо навои тоҷиконаву шукуҳу шаҳомати хосса ва саломномаву нону намак пешвоз гирифтанд. ҒАМХОРИИ ДОИМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ МО ҶАВОНОН ҶОВИДОН БОҚӢ МЕМОНАД Таҳти ин унвон дар бинои мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода 4-умин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон баргузор гардид. Аҳмадзода Дилноза, муовини ра-
4-умин Анҷумани ҷавонони муҳассил дар хориҷи кишвар
иси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш анҷуманро ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёни онро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҷавонон муборакбод намуд. Ӯ зимни баромади хеш аз ҷумла иброз дошт: “Дар заминаи сиёсати хирадмандони давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз масъалаи бо илму маориф ва умуман дар тамоми соҳаҳо ҷалб намудани ҷавонон мавриди таваҷҷӯҳи хосса қарор дорад. Пешвои миллат дар паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд, ки мо ғамхорӣ, таваҷҷӯҳ ва он тадбирҳое, ки нисбат ба ҷавонон амалӣ менамоем, танҳо бо эълон доштани “Соли ҷавонон” маҳдуд намегардад, балки ғамхорию таваҷҷӯҳ ва дастгирии ҳамаҷониба нисбат ба ин қишри бунёдкори ҷомеа ҳамчун нерӯи пуриқтидори зеҳнӣ боқӣ мемонад”. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии беш аз 190 ҳазор нафар донишҷӯ имрӯз фаъолият дорад ва зиёда аз 35 ҳазор донишҷӯи мо маҳз бо шарофати сиёсати сулҳпарварию озодихоҳӣ ва ба роҳ мондани сиёса-
ти дурусту оқилонаи муносибатҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар таҳсили илм доранд. Агар ба таърихи таъсиси Рӯзи байналмилалии ҷавонон нигарем, он ҳануз аз соли 1945 аз вақти баргузории конфронси умумиҷаҳонии ҷавонон дар шаҳри Лондон маншаъ гирифта, ин нукта аз муҳимияти фаъолнокии ҷавонон ва нақши онҳо дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа дар ҳар давру замон далолат медиҳад. Вализода Абдуқодири Исуф, раиси шаҳри Турсунзода, дар баромади хеш доир ба дастгириҳои доимии Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, таъкид сохт, ки “бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистони азиз сол то сол рушду нумуъ ёфта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қадамҳои устувор гузошта мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани муҳит ва шароити мусоид барои рушду такомули ҳамаҷонибаи насли наврас қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ба имзо расид, ки ҷиҳати иҷрои он дар шаҳр низ барномаҳои маҳаллӣ таҳия ва қабул гардиданд”.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки Ватанро дӯст доштан ва аз он ифтихор намудан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагии ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ расидан, аз ҷумлаи арзишҳое ҳастанд, ки ҷавонони мо бояд онро сармашқи зиндагию фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор дода, итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, кишварамонро боз ҳам рушд бахшем. ТОҶИКИСТОНРО БА БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ Дар Анҷуман ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, ки аъзои фаъоли Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошанд, иштирок намуда, роҷеъ ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 2 марти соли 2014 таъсис ёфта, имрӯз он зиёда аз 3000 нафар аъзои фаъолро дар 15 кишвари дунё - Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Миср, Ҷумҳурии халқии Хитой, Кореяи ҷанубӣ, Украина, Лаҳистон, Олмон, Британияи Кабир, Нидерландия, Малайзия ва Озарбойҷон дорост. Мақсад аз таъсиси Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва мустаҳкам намудани робитаи байниҳамдигарии донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошад. Сайдалиев Назрихуҷа, раиси Ассотсиатсияи донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи давлатии Алтай, зимни баромади хеш дар анҷуман иброз дошт: Соли 2013 мактабро бо медали нуқра хатм намуда, ба Донишгоҳи давлатии Алтай дохил шудам. Шукргузор аз онем, ки имрӯз роҳбарияти Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои дастгирии ҷавонон ҳаматарафа чораандешӣ намуда, ба мо ҷавонон барои ба донишгоҳу мамлакатҳои хориҷ сафар намудан, имкониятҳои мусоидро фароҳам овардаанд. Мо ҷавонони кишвар имрӯз метавонем, ба дилхоҳ донишгоҳи хориҷӣ дохил гардида, дониши хешро сайқал диҳем, ки ин ҳам бевосита аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки миллати тоҷик дорои таърихи чандинҳазорсола буда, бузургони
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018 мо ба мисли Рӯдакиву Сино ва дигарон нақши худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гузоштаанд. Аз ин рӯ, мо ҷавонон бояд давомдиҳандаи ин таърихи гаронарзиш бошему дар миёни дигар миллатҳо нуфузи миллати худро ба таври олӣ муаррифӣ намоем”. “Дар воқеъ, имрӯз давлат ва ҳукумати кишвар ҳамеша дар пайи дастгирии ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳад ва мо инро ҳамарӯза эҳсос менамоем. Ман бо итминон гуфта метавонам, ки ҳамаи мо донишҷӯён, ки ҳамарӯза шоҳиди дастгириҳои Пешвои миллат мебошем, боварӣ дорам, ки дар оянда аз касбҳое, ки имрӯз ихтисос кардаем ва омӯхта истодаем, дар оянда мутахассисони хуби соҳа гардида, дар пешрафти Тоҷикистони маҳбуб ҳамчун пайравони Пешвои миллат саҳми муносиби худро мегузорем. Ҳамон гуна ки Роҳбари давлат гуфтаанд, даст ба дасти ҳамдигар дода, дар фазои сулҳу оромӣ ватани азизамон Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил медиҳем”, - афзуд иштирокчии дигари анҷуман Саъдулло Юсупов, донишҷӯи тоҷик аз Донишгоҳи Ҷумҳурии мардумии Чин ҳангоми маърузаи хеш. МУРОҶИАТНОМАИ АНҶУМАН ВА САЁҲАТИ ИШТИРОКЧИЁН Пас аз анҷоми анҷуман ва форуми дӯстии ҷавонон дар шаҳри Турсунзода муроҷиатномаи иштирокчиёни 4-умин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ғамхории доимии Пешвои миллат барои мо ҷавонон ҷовидон боқӣ мемонад” ироа гардида, дар он аз ҷумла гуфта шуд: “Муҳтарам Пешвои миллат, бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Шумо ва шароити дар марҳилаи нав бароямон фароҳам оварда, мо аъзои Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, бо муҳаббату ифтихори ватандорӣ иброз менамоем, ки донишу заковати инсониро омӯхта, дар ҷодаи омӯзишу ихтироот, ташаббускориву созандагӣ ба боварии Шумо сазовор мегардем. Тамоми саъю кӯшиши худро барои муаррифӣ намудани симои миллию тамаддунофари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона месозем”. Иштирокчиёни анҷуман дар рафти сафари худ ба шаҳри Турсунзода ҳамчунин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи Мирзо Турсунзодаи дараи Қаратоғ, намоишгоҳи либосҳои миллӣ ва Осорхонаи КВД “Ширкати алюмини тоҷик” дидан намуда, дар лагери Ширкент истироҳат намуданд. Дар лагер миёни иштирокчиён бозиҳои варзишӣ аз намудҳои шашкаву шоҳмот, футболи хурд, волейбол, волейболи обӣ ва туббозӣ миёни ҷавонон гузаронида шуда, баҳри болидарӯҳии онҳо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаш гардид. Иштирокчиёни анҷуман ва форум рӯзи дуюми сафарро бо машқи пагоҳирӯзӣ оғоз бахшида, аз сафар бо як ҷаҳон таассуроти неку хотирмон баргаштанд. Онҳо ваъда доданд, ки илму дониши замонавиро аз бар намуда, дар рушду пешрафти ояндаи кишвар саҳми худро чун ҷавонони боору номуси миллат мегузоранд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018 Зуҳуроти номатлуби ҷомеа - ифротгароӣ ва терроризм имрӯзҳо ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Алалхусус ифротгароии динӣ байни ҷавонон реша давондааст. Ифротгароии динӣ дар натиҷаи ҷаҳолат ба миён меояд, чи қадаре ки дар ҷомеа зулмоту бесаводӣ ҳукмфармо бошад, ҳамон қадар бенизомӣ ва беадолатӣ устувор мегардад. Ҳастанд гурӯҳҳои ифротие, ки ҷавонони камдониш ва сустиродаро мақсаднок истифода намуда, дар шуури онҳо, ки соф ва беолоиш аст, бо ҳидояти роҳ ёфтан ба биҳишти хаёлӣ (яъне хаёли хом ва бофтаи «ҷиҳод») бегуноҳонро ба худкушӣ ҳидоят мекунанд. Ба ин гуна ҷараёнҳо бештар ҷавононе, ки зудбовару сустирода мебошанд, кашида мешаванд. Бо гумони «Биҳишти ваъдагӣ» амали худкуширо ба анҷом мерасонанд. Сабабу омилҳои гаравидани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо зиёд аст. Асосан паст будани сатҳи огоҳии ҷавонон аз мазмун ва моҳияти дини мубини ислом ва коҳиши ахлоқ арзёбӣ мегардад. Омили дигар муҳоҷирати шаҳрвандон ба давлати Русия ва аз назорати волидайн дур мондани ҷавонон мебошад. Ҷавононе, ки шаҳрвандии Русияро доранд метавонанд озодона ба кишварҳои хориҷа сафар кунанд. Як сабаби дигари ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон бекорӣ мебошад, ки ба умеди дарёфти маблағи бедарди миён ба ин гурӯҳҳо мепайванданд. Бинобар ин, волидайн бояд кӯшиш намоянд, то ки фарзанд соҳибилм гардад, касб омӯзад, риқсу рӯзиашро бо меҳнати ҳалол пайдо намояд, то ки тӯъмаи гурӯҳҳои ифротӣ нагардад. Ҳамчунин тарбияи дурусти диниро ба фарзанд дар айёми наврасӣ бояд омӯзонд, вагарна эътиқоди онҳо ноқис мемонад ва ин тоифа ҷавононро фиреб намудан осон мегардад. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011 водор мекунад, ки волидайн дар тарбияи насли наврас масъулияти ҷиддиро бар дӯш бигиранд ва баҳри амалӣ гаштани қонуни мазкур саҳм гузоранд. Дар яке аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Истаравшан мулоқот барпо намудем падару модари ҷавоне, ки дар ҷанги Сурияву Ироқ ширкат доранд ҳангоми пурсиш ҷавоб дод, ки: «Фарзандам пагоҳии барвақт ҳамсару ду фарзанди хурдсолаашро гирифта аз хона баромада рафтааст». Волидайн аз рафтанаш бехабаранд, пас аз чанд муддат занг зада маълум намудааст, ки ӯ дар Сурия аст. Ҷавонони гумроҳгашта, ки худ фиреб хӯрдаанд ба зами он зан ва фарзандони бегуноҳи худро
НИГОҲИ ДИГАР
7
Истиқлолияти давлатиро чун гавҳараки чашм ҳифз бояд кард
низ ба ин даҳшат шарик менамоянд. Волидайн иброз намуданд, ки фарзандашон бедарак гаштаасту зану фарзандаш дар мулки бегона сарсону саргардон, бо хориву зорӣ умр ба сар бурда, ба Ватан баргашта наметавонанд. Мо ба ҷавонон бояд фаҳмонем, ки таълимоти ДИИШ ба ислом ва суннатҳои он иртиботе надошта, баръакс хилофи дини ислом аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёму суханрониҳои худ масъалаҳои баланд бардоштани тафаккури хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ ва дар зеҳну ниҳоди насли наврас ва ҳар як ҷавон ҷой намудани ин арзишҳоро талқин намуда, баҳри тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватанпарастӣ, хизмат ба халқу ватани азизи хеш ҳидоят мекунанд. Аз ин рӯ, хуб мешуд агар асарҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат мавриди омӯзиши амиқ ва ҳаматарафа қарор бигирад. Чанде қабл дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом, Пешвои миллат зимни суханронӣ иброз намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27 июни соли 1997 бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Пешвои миллат иброз доштанд, ки «Мо ҳеҷ вақт ба ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд. Ман дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям ва имрӯз низ бо эътимоди комил иброз медорам, ки сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми
сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад». Президенти мамлакат ҳамчунин даъват ба амал оварданд, ки «ҳар яки мо, яъне насле, ки ҳамаи даҳшату маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем, бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон сафарбар намоем». Дар воқеъ пойдории сулҳу субот, таҳкими он ба иродаи қавӣ, мардонагиву матонат ва устувории халқи тоҷик иртиботи қавӣ дорад. Маҳз бо кӯшишу ғайрат ва ҷасорати халқи қаҳрамони тоҷик имрӯз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил побарҷост. Талқини ба бар намудани либоси миллӣ низ вазифаи ҳар як шахси худогоҳ буда, далели эҳтирому ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ҳангоми баргузории мулоқотҳо дар ин хусус, маълум шуд, ки бархе аз модаронро фарзандонашон маҷбур кардаанд. Ҷавононе, ки ба мазҳаби «Салафия» ки ба мо бегона аст майл кардаанд, чунин рафтор мекардаанд, ҳатто духтарчаи хурдсоли худро ба сатр мепечонанд. Вақте ки занҳои сатру ҳиҷобпӯшидаро дунболагирӣ намудем маълум шуд, ки фарзандонашон ба мазҳаби «Салафия» шомил гаштаанд. Ҷавоне, ки ба мазҳаби «Салафия» мепайвандад аз рафтору кирдораш пай бурдан душвор нест. Аз ин рӯ, волидайн бояд бодиққат бошанд, ҳар як қадами фарзандашонро назорат кунанд, ки ӯ бо кӣ ҳамроҳ аст, бо чӣ кор машғул аст, бепарвоӣ ва бетарафӣ оқибати нохуш ба бор меорад. Зеро ҷавонеро, ки майнааш заҳролуд гаштааст, аз роҳ баргардонидан душвор аст. Беҳуда нагуфтаанд
«Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ». Агар хоҳем, ки то охири умр доғи фарзанд набинем, дар ҳиҷрони ӯ насӯзем, шармандаву шармсор нагардем бояд аз хурдсолӣ дар оила ба фарзанд тарбияи дуруст диҳем. Коршиносон пайвастани ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ сабаби паст будани сатҳи зиндагӣ арзёбӣ кардаанд, вале мо бояд фаромӯш насозем, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон падарону бобоёни мо зиндагони хуб надоштанд, нони қоқ мехӯрданд, вале хоину ватанфурӯш нашуданд ва барои Ватан ҷон нисор карданд. Аз ин рӯ, мо бояд корнамоиҳои гузаштагони хешро ба насли ҷавони имрӯза талқин намоем, то ки барои эшон сабақ гардад, пайрави қаҳрамонон гарданд, ба халқу Ватани хеш хиёнат накунанд. Баръакс, Ватани худро аз чашми бади нокасон эмин нигоҳ доранд. Пас, мо имрӯз бояд дастаҷаъмона бар зидди вабои аср - терроризм ва экстремизм муборизаи беамон барем. Аз ободии ин сарзамини биҳиштосо ва Сарвари ғамхору меҳрубонамон шукргузорӣ намуда, нагузорем то нохалафе ба амнияти Тоҷикистони азизамон халал эҷод нанамояд, тинҷиву осудагии моро ноором созад. Мо бояд сулҳу ваҳдати миллиро ки бо ҷоннисориҳо ба даст овардаем чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мутаассифона баъзе афроди кӯрдилу хиёнаткор ва ватанфурӯш аз хориҷа истода ба Ватан – Модари хеш ки хуни нофаш рехта, аз хоку оби он баҳра гирифта, ба воя расонидааст санг мепартояд. Мехоҳанд Тоҷикистонро, ноором кунанд. Манфиати хешро аз ҳама арзишҳо боло мегузоранд. Мо бояд чунин ашхосро маҳкум созем ва нагузорем, ки давлати соҳибистқлоли моро ноором
созанд, зеро мо ҳоло даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз хотир набаровардаем, дуди ғам ҳоло ҳам дар баъзе аз хонадон аён гашта модарон роҳи фарзандони беному нишон гаштаи хешро интизоранд. Ин нафарони хоин мехоҳанд сарзамини биҳиштосои Тоҷикистонро ба хоку хун оғушта созанд. Магар ба мо давлати Афғонистон сабақ нест, ки дар ин сарзамин зиёда аз 40 сол мешавад, ки хуни ноҳақ мерезад. Дар яке аз конфронсҳо як афғон иброз намуд, ки гуноҳи мо ҳамин аст, ки мо дар хоки Афғонистон зода шудаем. Ба суоли «барои чи тӯли солҳои зиёд дар хоки Шумо хуни садҳо бегуноҳон ҷорист?» ӯ чунин ҷавоб дод: «Мо чун Шумо Пешво надорем». Имрӯз мо бояд шукргузорӣ аз даврони Истиқлолият ва Сарвари давлат кунем, ки зери сиёсати хирадмандона дар чунин Ватани ободу озод зиндагӣ мекунем. Чанде қабл бо ҷавононе, ки аз хоки Сурияву Ироқ ба Ватан баргаштанд мулоқот баргузор намудем. Ҷавони гумроҳгашта, ки пас аз азобу машаққат ва сарсониҳо ба ватан баргаштааст замини Тоҷикистони азизамонро бӯсида, дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад. Ӯ дигар ҷавононеро, ки мисли ӯ гумроҳ гашта буданд ба Ватан даъват кард. Ҳолати воқеиро нақл намуда, дар ҳалқаи пайвандон нишаста аз кори кардааш пушаймон аст. Сарвари ғамхору меҳрубон ва некбини мо гуфтанд, ҷавононе, ки аз кори кардаашон пушаймон гашта ба Ватан бармегарданд, бахшида мешаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ягон давлати дунё чунин нест. Масалан, дар давлати Чеченистон шахси ватанфурӯшро ки дар муқовиматҳо иштирок мекунад бо авлоду аҷдодаш аз ватан бадарға мекунанд. Имрӯз ин ғамхорие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат нисбати мо – ҷавонон мекунанд, бояд қадр кунем. Ҷавононро талқин намоем то ба Ватан баргарданд, ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат баҳри ободиву шукуфоии диёри азизамон ва дар маҷмӯъ Тоҷикистони биҳиштосо саҳм гиранд. Моро зарур аст, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи хешро, ки бо ҷоннисориҳо ба даст овардаем, чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва ҷавононро худогоҳу хештаншинос ва босаводу боодоб тарбия намоем. То нохалафе натавонад онҳоро ба роҳи бад раҳнамун сохта, амнияти ҷомеаро халалдор намояд. Нигора НАИМҶОНЗОДА, муовини Раиси шаҳри Истаравшан
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
Ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми кишвар кадом дастаҳо роҳ ёфтанд? Дувоздаҳуми август, бозиҳои ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи кишвар хотима ёфта, ба даври минбаъда ҳашт даста роҳхат ба даст оварданд. “Истиқлол”, “Хатлон”, “Регар-ТадАЗ”, “Барқчӣ” ва “Хуҷанд” аз лигаи олӣ, “Локомотив-Помир” ва “Душанбе-83” аз лигаи якум ва “Файзканд” аз лигаи дуюм. Натиҷаҳои ғайримунтазири рақобатҳо мухлисони футболро ба ҳайрат овард. Дар ин давр дастаи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ намояндаи дастаи лигаи дуюм дар майдони марказии ноҳияи Восеъ тими лигаи олӣ “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро қабул намуда, бозиро 0:0 хотима бахшид. Бозии аввал дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:2 хотима ёфта буд. Аз лиҳозе, ки тими “Файзканд” дар меҳмонӣ ба дарвозаи ҳарифон ду гол ба ҳадаф расонида буд, ҳаққи ширкат намудан дар даври чорякниҳоиро соҳиб шуд. Барои футболбозони дастаи “Локомотив-Помир”-и Душанбе бозии ҷавобӣ на он қадар омад кард. “Локомотив-Помир”дар бозии дуюми ҳаштякниҳоӣ меҳмони тими “Исфара”-и шаҳри Исфара гардида, бозиро бо ҳисоби 1:2 бохт. Душанбегиҳо новобаста аз мағлубият бо ҳисоби умумии 5-4 мусобиқаро идома медиҳанд. Қаҳрамони бозӣ миёни дастаҳои “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ ва “Душанбе-83”-и шаҳри Душанбе пас аз ду қисми иловагии рақобат муайян гардид. Вақти асосии дидор бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Дастаи “Душанбе-83” бо ҳамин ҳисоб дар хонааш ба рақиб дастболо гардида буд. Барои муайян гардидани ғолиб ду қисми 15-дақиқаӣ таъин шуд. Футболбози дастаи “Душанбе-83” Калеб Авуку дар дақиқаи 118-уми вақти изофӣ голи ҳалталабро вориди дарвозаи ҳариф карда, ба дастааш пирӯзӣ овард. Дастаи “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор, ки бо ҳайати асосии тими ҷавонони кишвар мусаллаҳ гардидааст, дар чемпионати киш-
вар миёни тимҳои лигаи олӣ на он қадар муваффақ мешавад. Футболбозони ин даста барои роҳхат гирифтан ба даври 1/8 ниҳоӣ тамоми маҳорату малакаашонро истифода бурданд. Бозии аввалинро дар майдони худ гузаронида, бо ҳисоби 3:2 ғалаба намуданд. Дар дидори ҷавобӣ тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар варзишгоҳи “Нефтяник” онҳоро пазируфт. Рақобат миёни дастаҳои лигаи олӣ пуршиддат ҷараён гирифта, бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ҳарифро бо ҳисоби 5:2 шикастдод. Бошгоҳи ССКА “Помир”-и шаҳри Душанбе дар меҳмонӣ бо мусовӣ 1:1 рақобатро хотима дода, дар майдони худ ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд. Ҳисоби умумии 6:2 ба фоидаи дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими “РегарТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода аз шогирдонаш чунин натиҷаро интизор набуд. Дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан, ки дар рақобати аввал 1-0 мағлуб шудааст, дар дидори навбатӣ ба ҳариф бисёр фишор оварда, бо ҳисоби 2:1 ғалаба намуд. Ҳарчанд дар дақиқаи 70-ум Ҳикматулло Расулов ҳамлагари регариҳо аз зарбаи 11-метра истифода бурда натавониста бошад ҳам, як голи дар меҳмонӣ задаи “Регар-ТадАЗ” ба футболбозони Турсунзода имкон дод, ки ба чорякфинал бароянд. Дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бозии ҷавобиро бо дастаи “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат гузаронида, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расонд. Дидори аввал, ки бо ҳисоби 0:0 хотима ёфта буд, бо задани як голи дар меҳмонӣ
тими “Хатлон” ба даври оянда роҳ ёфт. Дастаи пешсафи вилояти Суғд тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дастаи “Сомон”-и ноҳияи Данғараро бо натиҷаи 3:0 шикаст дода, аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 7:1 ба даври минбаъда роҳ гирифт. Дастаҳо дар даври чорякфинал бо ин ҳарифон рақобат мекунанд: “Истиқлол” - “Локомотив-Помир” “Файзканд” - “Душанбе-83”, “Хатлон” - “Регар-ТадАЗ” “Барқчӣ” - “Хуҷанд” Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон 20-уми октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор хоҳад гашт. Маврид ба зикр аст, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2018 ҳаққи ширкат дар Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019-ро соҳиб мегардад. Мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 дар кишвар маротибаи 27-ум аст, ки баргузор мегардад. То имрӯз ҷомро даҳ даста ба даст овардааст. Тимҳои “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шашмаротибагӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуда, садрнишини ин мусобиқа ба ҳисоб мераванд. Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд чор маротиба, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
Парчамбардори варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё2018 муайян гардид Паҳлавони тоҷик Искандари Рустам, 9-уми август дар маросими гусели варзишгарон ба Бозиҳои Осиё-2018, ки бо роҳбарии муовинони президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов дар толори Кумитаи миллии олимпии кишвар ҷараён гирифт, парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 18-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё интихоб шуд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар рафти муаррифии Искандари Рустам ҳамчун парчамбардори кишвар иброз дошт: “Масъулияти бардоштани парчами миллӣ дар Бозиҳои Осиё-2018 бар зиммаи шумо гузошта мешавад. Парчами давлатӣ дар бозиҳои варзишӣ масъулияти бузург мебошад. Парчам фақат як пора матоъ нест. Он шарафу нангу номуси давлату миллат аст. Муқаддасоти парчам бояд, ки дар қалби мо ногусаста боқӣ монад. Ҳарчанд мо Искандари Рустамро ба таври рамзӣ парчамбардори Тоҷикистон интихоб намудем, дар асл масъулияти бардоштани Парчами давлат бар дӯши ҳамаи варзишгар дар ин мусобиқа мебошад”. Шамсулло Соҳибов, Искандари Рустамро барои парчамбардори тими Тоҷикистон интихоб шуданаш шодбош гуфта, барои ӯ ва ҳамаи варзишгарон муваффақияту сарбаландӣ таманно намуд. Искандари Рустам, аз ин иқдом изҳори хушнудӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт: “Барои ман ифтихор аст, ки дар Бозиҳои Осиё-2018 парчамбардори миллат ҳастам. Ва тамоми маҳорату малакаамро барои баланд бардоштани Парчами миллату давлат дар ин мусобиқа истифода мебарам. Барои ҳамаи варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо муваффақият хоҳонам”. Искандари Рустам дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод 2 медали нуқра (2012, 2013) ва 1 медали биринҷиро (2014) соҳиб гардидааст. Инчунин барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ – Ашқобод-2017 буда, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон-2012 ҷои панҷумро ишғол намудааст. Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои тобистонаи Осиё-2018 аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Ҷумҳурии Индонезия баргузор мегардад, ки дар он 10000 варзишгар аз 45 давлати қораи Осиё иштирок менамоянд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа зиёда аз 100 варзишгар муаррифӣ менамоянд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
Субҳи 9 августи соли ҷорӣ дар назди Кумитаи миллии олимпии кишвар ҳайати варзишгароне, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ муаррифӣ менамоянд, ҷамъ омада буданд. Дар назди даромадгоҳ ҳама бо либосҳои варзишии ягона, ки муаррифгари миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ аст, қарор доштанд. Аз чеҳраи ҳар яки онҳо маълум буд, ки варзишгарон ба ин маъракаи муҳими варзишӣ дар қораи Осиё тайёрии ҳамаҷониба дидаанд. Масъулини соҳа бошанд, такя бо таҷрибаи худ намуда, ба варзишгарон дастурҳои лозимаро пешниҳод мекарданд. Ҳарчанд варзишро пешгӯӣ намудан ғайриимкон аст, вале ин манзараро дида, тасмим гирифтам, ки аз масъулин пурсон шавам, ки онҳо аз кадом намуди варзиш натиҷа интизоранд. Носир Бозор, сармураббии гӯштини самбо: “Хушбахтона бори нахуст гӯштини самбо ва кураш ба барномаи Бозиҳои тобистонаи осиёӣ ворид шуд. Дар намуди кураш ва самбо варзишгарони тоҷик дастовардҳои назаррасро соҳиб шудаанд. Ва инчунин ба ҳайати мунтахаби самбои кишвар варзишгарони пуртаҷрибаву ҷоизадорони чандинкаратаи мусобиқаҳои байналмилалӣ ворид шудаанд ва умеди комил дорем, ки онҳо бо дасти холӣ ба кишвар бар намегарданд. Зеро дар муқоиса ба Бозиҳои тобистонаи Осиё-2014, имсол тими мунтахаби кишвар дар умум машқҳои таълимию варзиширо дар сатҳи баланд анҷом додааст. Шахсан ман аз ин ду намуди гӯштин натиҷа интизорам”. Умаралӣ Сафаралӣ, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии кишвар: “Барои варзишгарон Бозиҳои тобистонаи Осиё пас аз олимпиада муҳимтарин чорабинӣ ба ҳисоб меравад. Ин мусобиқа марҳилаи санҷишии варзишгарон барои Бозиҳои олимпӣ дониста мешавад ва дар ин мусобиқа варзишгарон аз якчанд намуди варзиш холҳои бозиҳои олимпиро ба даст меоранд. Мо метавонем гӯем, ки дар ин бозиҳо аз Дилшод Назаров, ки се маротиба қаҳрамони ин мусобиқа аст ва дар сатҳи ӯ имрӯз дар Осиё варзишгар вуҷуд надорад, медали
9
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ-2018
Аз кӣ натиҷа интизор шавем?
тилло интизор шавем. Инчунин аз гӯштини самбо ва кураш то 3 медалро пешгӯӣ карда метавонем. Комроншоҳи Устопириёон эҳтимоли гирифтани ҷойи якумро дорад, зеро ду сол пайи ҳам қаҳрамони Осиё маҳсуб меёбад. Аз намуди гӯштини ҷудо Суҳроб Боқиев то як андоза ба ҷойҳои ифтихорӣ наздик аст. Ба ғайр аз инҳо дигар варзишгарони кишвар дар ҳолати хуб қарор доранд ва аз онҳо мо дастовардҳои калонро интизорем”. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии гӯштини ҷудо: “Омодагии дастаи мунтахаби ҷудои кишвар ба Бозиҳои Осиё-2018 хуб аст. Пеш аз ин мусобиқа дастаи мунтахаб машқҳои дастаҷамъиро дар ду марҳила баргузор намуд. Даври якум дар дараи Ромит, марҳилаи дуюм дар шаҳри Душанбе. Пеш аз мусобиқа ба даста Суҳроб Боқиев, ки тамринҳояшро дар Русия гузаронид, мепайвандад ва аз ин варзишгар натиҷа интизорем. Дар бобати Комроншоҳи Устопириён ва Беҳрӯз Хоҷазода гуфтаниям, ки ҳарду дар ҳолати хуби варзишӣ қарор дошта, ба дастоварди баланд ноил мешаванд. Зеро Комроншоҳ ва Беҳрӯз таҷрибаи зиёди мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро доранд”. Бозиҳои тобистонаи осиёӣ барои варзишгарон яке аз мусобиқаҳои бузург ба ҳисоб рафта, аз замони таъсисёбӣ
чор сол баъд баргузор мегардад. Нахустин шуда соли 1951 Ҳиндустон масъулияти баргузории мусобиқаи мазкурро ба дӯш гирифт. Ин чорабинии варзишӣ аз 4-11 март дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ҷараён гирифта, дар он 489 варзишгар аз 11 давлати Осиё ширкат намуданд. Бозиҳои тобистонаи осиёии навбатӣ аз 18-уми август то 2-юми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия доир мегардад. Ин XVIII бозиҳои тобистонаи осиёӣ буда, дар он 9704 варзишгар аз 45 давлати қораи Осиё иштирок менамоянд. Варзишгарони тоҷик бори аввал дар Бозиҳои XII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон (216 октябри соли 1994) иштирок намуданд. Аввалин маротиба соли 1951 ба барномаи бозиҳо 8 намуди варзиш дохил шуда буд ва имрӯз ин шумора дар 18умин бозиҳои тобистонаи осиёӣ ба 42 намуди варзиш расидааст, ки дастаи яккачини Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз 16 намуди он: футбол (бонувон), варзиши сабук, ҷиу-ҷитсу, кураш, самбо, шиноварӣ, таеквондо (ВТФ), ҷудо, вазнбардорӣ, гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ, камонварӣ, бокс, қаиқронӣ, каратэ, ушу ва тирандозӣ иштирок намуда, шарафу номуси варзиши кишварро ҳифз менамоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки давлатҳои пешрафтаи қораи
Осиё барои муваффақ гардидани варзишгаронашон дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ тӯли чор сол дар сатҳи баланд омода мешаванд. Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҳукумати кишвар низ ба варзиш таваҷҷӯҳи хоса намуда, тамоми имкониятҳоро барои варзишгарон муҳайё сохт. Ин буд, ки аввалин маротиба соли 1994 варзишгарони тоҷик дар бозиҳои тобистонаи осиёӣ ширкат намуда, соҳиби 2 медали биринҷӣ гардиданд. Ин медалҳоро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Исроил Исмоилов дар намуди каратэдо (вазни -80 кило) ва Хайрулло Назриев аз намуди ҷудо (вазни -86 кило) оварданд. Бозиҳои XV тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар (1 – 15 декабри соли 2006) интизориҳои мардуми Тоҷикистонро бароварда кард. Зеро дар ин мусобиқа аввалин маротиба медали тиллои Бозиҳои осиёӣ вориди хазинаи варзишии Тоҷикистон гардид. Варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо 2 медали тилло, (Дилшод Назаров, гурзпартоӣ, натиҷааш 74,43 м, Ҷаҳон Қурбонов, бокс - 81 кило ) ва 2 биринҷӣ (Расул Боқиев, ҷудо -73 кило, Шокирҷон Раҷабов, таэквондо WTF -84 кило) ба даст оварданд. Дар умум варзишгарони ҷумҳурӣ дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ бори ҳафтум ширкат хоҳанд кард. То имрӯз варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои тоби-
стонаи Осиё 21 медал (4 медали тилло, 3 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аз ҷониби Кумитаи миллии олимпиии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои ҳудуди 2 млн сомонӣ ҷудо гардида, дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ пеш аз ин мусобиқа 7 машқҳои дастаҷамъона гузарониданд. Дар Бозиҳои тобистонаи осиё-2018 Тоҷикистонро беш аз 100 нафар муаррифӣ мекунанд. Тибқи таҳлилҳо чор соли охир таваҷҷӯҳи Федератсияи футбол ба футболи занона бештар буд ва имсол бори нахуст лигаи футбол миёни занон дар ҷумҳурӣ ташкил гардид ва бори аввал дар таърихи футболи кишвар дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол ба бозиҳои мазкур сафарбар гардиданд. Бонудухтаронро дар пеш рақобатҳои шадид мунтазир аст. Умедворем бонувони футболбози тоҷик дар ин мусобиқа ба натиҷаи назаррас ноил мегарданд. Беҳрӯз Хоҷазода, ки қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо мебошад, дар ин чорабинии варзишӣ аз ду намуди гӯштин (ҷудо 73 кило, кураш 81 кило) ҳунарнамоӣ мекунад. “ Маротибаи аввал аст, ки дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ иштирок мекунам. Бо дастаи мунтахаби кишвар машқҳои дастаҷамъиро дар сатҳи баланд доир намудем. Дар намуди ҷудо рақибони асосии мо паҳлавонони Ҷопон, Корея, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон маҳсуб меёбанд. Кӯшиш мекунем, ки дар ин мусобиқаи бонуфӯз Парчами ватанамонро дар зинаҳои ифтихорӣ парафшон намоем”,- иброз дошт ӯ. Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати кишвар аз 1 августи соли 2015, мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ қабул гардид. Ва дар ин қарор Бозиҳои тобистонаи осиёӣ ҳам ҷой гирифтааст. Кадом варзишгаре, ки соҳиби медали тиллои ин мусобиқа мегардад, бо 150000 сомон сарфароз мегардад. Ҷойҳои дуюм ва сеюм бо маблағи 100000, 50000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд. Киҳо дар Бозиҳои тобистонаи Осиё-2018 парчами кишварро дар зинаҳои ифтихорӣ парафшон мекунад, инро вақт нишон медиҳад. Мо ба варзишгарони кишвар барору муваффақият хоҳонем. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
10
ДИДГОҲ
“Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он дарахт расад.”
Истиқлолият дастоварди ҳамдилии мардуми тоҷик аст
Эмомалӣ Раҳмон Ибтидои солҳои 90-уми асри XX барои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои шомили он як давраи ғайричашмдошти инкишофи таърихии онҳо буд. Бахусус, ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 аз оғози суқути ин давлати абарқудрат дарак медод. Акнун ҷумҳуриҳо якояк мазмуну муҳтавои истиқлолияти худро мавриди таҷдиди назар қарор дода, барои ба даст овардани истиқлолияти комил талош менамуданд. Аз ҷумла, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи ғайринавбатии худ, аз 9 сентябри соли 1991 дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот қабул намуд. Албатта, истиқлоли комил барои миллатамон, ки орзуи деринаш буд, бузургарин неъмат ба шумор меравад, ки хушбахтона таърих насибамон гардонид. Мутаассифона, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гашта, мардуми онро дар ҳолати басо ногувор қарор дод. Вазъи сиёсии
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
кишвар ноором, иқтисодиёти он қариб пурра хароб гашт. Ба бахти миллати тоҷик имзои созишномаи истиқрори сулҳ, ки бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, миллати тоҷикро аз хатари парокандашавӣ раҳо намуд. Аз имзои ин санади тақдирсоз 21 сол сипарӣ шуда, барои кишвари мо марҳилаи тозаи бунёди ҷомеаи навини ба арзишҳои демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд
ва ягона такякунандаро насиб гардонид. Албатта, расидан ба чунин неъмати пурбаҳо, ки барои Тоҷикистони азизи мо дар даҳсолаи ниҳоии қарни бистум насиб гардид, дар канори овардани саодати беназире пас аз ҳазору сад соли ҳузури таърихии давлати Сомониён бархӯрдҳо, мушкилоту муаммоҳоеро пешорӯи кишвар гузошт, ки ахиран ба шурӯи ҷанги ба истилоҳ шаҳрвандӣ боис омад.
Дар чунин рӯзгори нобасомон ва авҷи ҳузну яъс ва шикастарӯҳии мардуми мо Худованд башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷоти миллати тоҷик ато кард. Ҷараёни ин барои ҳанӯз дар айёми баргузории Иҷлосияи Шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, замоне, ки ҳоло сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақоми раиси комиҷроияи вилояти Кӯлобро бар дӯш доштанд, зимни муҳокимаи масъалаи авзои Тоҷикистон аз минбари ин анҷумани саодатофар пайки наҷот ва орзуи расидан ба сулҳу суботро бо итминон ва бовар ба нерӯи ақлонии миллати хеш баён доштанд: «Ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ қуввае қисмат кардани Тоҷикистони азиз муяссар намегардад. Онҳое, ки ба зӯрии яроқ сари қудрат омадаанд ва ҳокимияти конститутсионро ғасб кардаанд, лаънатзадаи халқ ҳастанд. Мо омода ҳастем ва қувваи кофӣ дорем, ки ба онҳо муборизаи беамон барем». Дар он фурсатҳое, ки толори иҷлосия ҳанӯз аз хархашаву баҳсҳои мухталиф, сару садоҳо лабрез буд, бори нахуст фазои сукуту оромии таҳаммулборро соҳиб шуд ва ҳатто аксаран андаруни қалбҳояшон нидо карданд, ки кош чунин марди
Дӯсти худ киро интихоб кунем? Интихоби дӯст дар ҳаёти ҳар як нафар мавқеи хосса дошта, нафареро пайдо кардан душвор аст, ки дӯсте, ҳамроҳе, ҳамрозе ва ё шахси ба дил наздике надошта бошад. Мақоле ҳаст бо мазмуни зайл: “Ту бигӯ дӯстат кист ва ман мегӯям, ки ту кӣ ҳастӣ”. Яъне ҳама кору пайкор, ҳама аъмоли неку бади инсонҳоро на танҳо ба муҳити оила ва муҳити онҳоро иҳотанамуда, балки ба доираи дӯстон низ алоқаманд меҳисобанд. Оё шумо боре андешидаед, ки чӣ гуна одамонро ба доираи дӯстони худ интихоб намудан беҳтар аст? Ин ҷо чанде аз навъҳои одамонро номбар хоҳем кард, ки ҳатман бояд дар миёни дӯстони шумо вуҷуд дошта бошанд. Дӯстони некбин Кӯшиш кунед, то бо ашхоси некбину некхоҳ ва зиндадил робитаи дӯстӣ барқарор намоед. Чунин ашхос ҳаргиз маъюсу ноумед ва андуҳгин намешаванд. Ғайр аз ин, воқеаҳои хушу фавраҳбахш беихтиёр шуморо бо чунин одамон рӯ ба рӯ месозад. Дӯстони хушбину зиндадил рӯзгори шуморо рангину гуворо мегардонанд, чун онҳо паҳлӯҳои зиёди мусбами рафтору кирдори шуморо ошкор менамоянд. Одами боақл Муоширату робита бо ашхоси боақл хеле аҷиб ва манфиатнок аст. Агар аз як
ҷониб суҳбату ҳамнишинӣ бо чунин одамон пандомӯз бошад, аз ҷониби дигар онҳо дар ҳама ҳолат ба шумо маслиҳати судманд дода метавонанд. Дӯстони нодон бошанд, танҳо муваффақияти худро мебинанду худро аз ҳама боло мешуморанд. Ғайр аз ин, одами нодонро дарк кардан хеле душвор аст ва беҳтараш аз онҳо дурӣ ҷӯед. Мақсаддор будан – гарави муваффақиятҳо Одамони муваффақ метавонанд ба атрофиён таъсиргузор бошанд. Онҳо аниқ медонанд, ки чӣ мехоҳанд, аз ин рӯ худ намунаи беҳтаринанд. Баъди муошират бо ашхоси мақсаддор ҳатман дар қалбҳо хоҳиши ояндаи худро сохтан ва барои беҳбудиҳо нақша таҳия намудан ва оқибат “кӯҳро зада талқон кардан” бедор мешавад. Аз исрофкорон дурӣ ҷӯед! Вақте шумо дар иҳотаи ашхоси исрофкор ба сар мебаред, мафҳумҳои сарфакорӣ ва эҳтиёткорӣ бароятон бегона мегарданд. Албатта, хасисӣ ва мумсикии аз ҳад зиёд низ хуб нест, аммо набояд фаромӯш кунем, ки исроф ба қашшоқиву бенавоӣ меораду Худованд низ исрофкоронро дӯст намедорад. Исрофкорӣ шахсро аз мақсадҳо дур месозад. Бо варзиш ва варзишгарон бошед Муоширати мунтазам бо ашхоси муайян
тадриҷан ба одати инсонҳо табдил меёбад. Муоширату наздикӣ бо варзишгарон, зудзуд ба тамрингоҳҳо рафта, бадани худро обутоб додан аз манфиат холӣ нест. Хосса агар шумо мубталои одатҳои баде, аз қабили сигоркашиву майнушӣ ва амсоли инҳо бошед, ин тавсия маҳз барои шумост. Сирро бовар кунем ё не? Аксар вақт мо дӯстони худро на танҳо барои вақтгузарониву истироҳат, балки беш аз ҳама барои рози нуҳуфтаи диламонро бо онҳо қисмат намудан интихоб мекунем. Хеле муҳим аст, ки дӯсти шумо рознигаҳдоранда бошад. Дар акси ҳол муоширати шумо самараи нек ба бор намеорад. Шумо ҳамеша андеша хоҳед кард, ки кадом суханро ба ӯ гӯеду кадомро на. Ин хеле душвор аст. Чунин дӯстон бори гароне беш нахоҳанд буд. Шӯхтабъию ҳозирҷавобӣ Муоширату дӯстӣ бо ашхосе, ки табъи латиф доранду ҳазлу шӯхӣ ва зарофатро дӯст медоранд, хеле шавқовару гуворост. Бо чунин нафарон асло эҳсоси танҳоӣ ва бадбахтӣ намекунед. Тавре мегӯянд, ханда инсонро табобат мекунад ва умри онҳоро тӯлонӣ мегардонад. Кӯшиш кунед, то сафи чунин дӯстонатон зиёд бошад. Нур бар зулмот ҳамеша ғолиб меояд Дӯстони дилсиёҳу кинаҷӯ ҳаётро дил-
ҷасуру соҳибифтихор ва мутмаин бар қудрати худу миллати хеш, соябони сари халқ гардад. Чун дар ҳарфу ҳиҷои вакили мардумӣ - Эмомалӣ Раҳмонов эътимод ва бовар, огаҳӣ аз таҷрибаҳои таърихии миллат нуҳуфта буд, ки метавонист маҷмӯан роҳеро барои фардоҳо чароғон карда, истиқлоли воқеии миллатро ба дастоварди беназири таърих таҳким бахшад. Хулоса аз навиштаҳои боло он аст, ки хушбахтона дубора халқу миллати тоҷикон дар арсаи ҷаҳон баъди ҳазор соли бедавлатӣ боз соҳиби давлату сарвари хеш гардиданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон бо сифатҳои неки инсонӣ дар байни мардуми Тоҷикистон ва кулли башар эҳтироми хоссаро соҳиб гардид. Ҳадафи асосӣ аз навиштаҳои боло он аст, ки мо бояд шукри онро кунем, ки имрӯз чунин зиндагии арзанда бароямон наисб гаштаасту дар чунин як диёри озоду сарсабз зиндагӣ мекунем. Мо сокинони кишвар, бахусус ҷавонон бояд пурра ҷонибдори Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем, ки пайваста чунин таъкид менамоянд: «Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем…» Бахтиёр КАМОЛОВ, директори Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти коллеҷ, Сорбон АМАКОВ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии коллеҷ
гиркунандаву бетароват мегардонанд. Чунин одамон, одатан аз ҳама чиз: ҳам аз кори худ, ҳам аз атрофиён, ҳам аз ҳамсояҳо ва монанди инҳо норозианд. Тангназаранду ҳама чиз онҳоро хашмгин месозад. Ба ҳама ва шояд ба худи шумо низ бо шубҳа менигаранд. Фаромӯш накунед, ки бадқасдиву нобоварӣ сирояткунандаанд. То метавонед, худро аз чунин одамон канор бигиред. Ғайбату суханчинӣ боиси афсурдахотирӣ мегардад Ғайбатчиҳо ҳамеша домони пур аз иттилооти нодаркору барзиёд доранд. Дар ҳар як вохӯрӣ метавонанд ҳарчи бештар аз онҳо барои шумо “армуғон” биёранд. Дар навбати худ “айбу гуноҳ”-и шуморо бо ҳавсалаи зиёд пеши дигарон бурдаву мешуморанд. Аз ин рӯ, то имкон ҳаст, доираи муомилоти худро бо чунин нафарон маҳдуд гардонед. Кордонҳоро дарёбед Ашхоси кордону ботаҷриба ва мулоҳизакор бо андешаҳои солими худ машъали роҳи ояндаи шумо буда метавонанд. Бо онҳо дар ҳама мавзуъҳои ҷолиб суҳбат намудан имконпазир ва гувороаст. Бешак, муошират бо нафаре, ки мавзӯи суҳбаташ аз доираи арзиши сару либоси атрофиён, зебу зиннати хонаи боҳашамати ҳамсоя ва монанди инҳо берун нест, хеле дилгиркунанда аст. Андешаҳои солиму созандаи ашхоси корозмуда ва ҷаҳонгашта ҷиҳати худшиносӣ ва рушди шахсияти шумо кӯмак хоҳанд намуд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
Солим будан дар зиндагӣ сарчашмаи кулли комёбиҳои минбаъда ба ҳисоб меравад. Зеро вақте инсон дардманд аст, дигар чизе барояш хушоянд несту фикру зикраш танҳо бар он банд аст, то ҳар чи зудтар дармон ёбаду паи амалӣ намудани нақшаву мақсадҳои накӯяш гардад. Ин гуфта дар ҳаёти воқеӣ садҳо маротиба такрор гардидаву инсонҳои рӯи олам онро борҳо таҷриба кардаанд. Вақте дар зиндагӣ ба дарде мубтало мегардем, дарҳол сӯи дармонгоҳ роҳ пеш мегирем. Дар ин ҳолат танҳо умедамон ба кормандони соҳаи тиб аст, то ҷиҳати рафъи мушкилии ба миёномада, бароямон тавсияе диҳанду аз дарду ранҷ раҳоямон созанд. Ягона ниҳоде, ки дар кишвар баҳри ҳифзи солимии ҷомеа дар фаъолият аст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мебошад. Кормандони ин ниҳод пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то тамоми сокинони ҷумҳурӣ солиму бардам бошанду ҳаргиз ба беморие мубтало нагарданд. Ҳамин гуна заҳмату талош ва кӯшиши пайвастаи кормандони соҳаи тиб аст, ки ҷиҳати саҳмашон дар солимии ҷомеа мисли дигар кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ рӯзи махсуси касбии хешро таҷлил менамоянд. Санаи 18 август ҳамасола ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар саросари кишвар ба таври зарурӣ қайд гардида, ин сана шуруъ аз соли 1994 ҳамасола дар Тоҷикистон, ки чун зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино шинохта шудааст, чун иди касбӣ “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат ба ҳисоб меравад, ҳукумати мамлакат, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Чунки ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии сиёсати иҷтимоии имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Зимнан, дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯз
18 АВГУСТ - РӮЗИ ТАБИБОН
11
Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим аст ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил менамоянд, аз худ намудани касбҳои гуногуну фаъолияти онҳо дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Президенти кишвар дар яке аз баромадҳояшон зикр намуда буданд, ки “Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд”. Хушбахтона, имрӯз ҷавонон дар баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи тиб низ ба боварии Сарвари давлат сазовор гардида, ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат кору фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти соҳаи хеш гузошта истодаанд. Имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳазорон нафар табибон ва кормандони ҷавон фаъолият мекунанд, ки ҳаёти худро ба ин пешаи пурифтихор ва накӯ бахшидаанд. Имрӯз талаботи аҳолӣ ба соҳаи тандурустӣ зиёд буда, таваҷҷуҳи ҷавонон низ ба соҳаи мазкур дар ҳоли афзоиш мебошад. Айни замон ба кадом муассисаи табобатии тиббие, ки ворид нагардед, худ шоҳид мегардед, ки дар ҳайати кормандони он ҷавонон низ ба кор ва ба табобат машғул ҳастанд. Онҳо бо дарки баланди масъулият ба пешаи интихобнамудаашон барои содиқона дар амал тадбиқ намудани рисолати касбии хеш ҳаматарафа ҷаҳду талош менамоянд. Шукрона Шоимардова, табиб
акушер–гинеколог, яке аз кадрҳои ҷавони соҳаи тиб мебошад, ки дар шуъбаи “Валодатгоҳ”-и қисми таваллудхонаи муассисаи давлатии МТ “Истиқлол” панҷ сол аст, ки кору фаъолияти назаррас дорад. Ӯ хеле хушнуд аст, ки дар фазои сулҳу оромӣ пешаи дӯстдоштаашро аз бар намудаву имрӯз дар солимии мардум саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Вақте андешаҳояшро доир ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб пурсон гардидем, гуфт: “Ин рӯзи фархунда барои ҳар яки мо табибон рӯзи хотирмон аст. Сабаби Рӯзи табибон эълон гардидани санаи 18 август ин аст, ки ин рӯзи таваллуди устоди тамоми табибон устод Абӯалӣ ибни Сино мебошад ва он рӯзи иди касбии мо ба ҳисоб меравад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи устодону ҳамкорони худро бахшида ба рӯзи касбияшон табрику муборакбод намуда, ба корҳояшон барору комёбиҳои беназирро орзу менамоям. Бисёр хурсандиовар аст, ки мо табибон низ рӯзеро ҳамчун Рӯзи касбиамон қайд менамоем. Бахшида ба Рӯзи табибон мо ҳар сол миёни кормандон озмунҳои гуногуни тиббӣ мегузаронем, ки ин ҳам бошад, баҳри рушди малакаи зеҳнии кормандони соҳа кӯмак менамояд. Соли гузашта озмуни ҳамшираи беҳтаринро гузаронида будем. Дар он иштирокчиён, яъне ҳамшираҳо корҳои тиббии худро нишон доданд. Тамоми шуъбаҳо дар он ширкат варзиданд ва аъзои ҳакамон сартабиби беморхона, директори беморхона буданд, ки дар натиҷа ғолибон муайяну қадрдонӣ гардиданд. Имсол низ баҳри таҷлили Рӯзи табибон чорабиниҳои гуногун тарҳрезӣ гардидааст, то ин рӯзи касбиамонро дар сатҳи баланд таҷлил намоем”. Ба таъкиди ӯ соҳаи тибби мо имрӯз дар ҳолати пешрафт қарор дорад. Ояндаи соҳаи
тандурустӣ хеле инкишоф хоҳад ёфт. Зеро дар олами тиб ҳар рӯз навгониҳои гуногун ба амал омада истодааст. Имрӯз тамоми марказҳои табобатӣ бо техникаҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки аз ҳар як табиб тақозо мекунад, то онро омӯзаду дар фаъолияти минбаъдааш истифода намояд. Таваҷҷуҳи ҳаррӯзаи ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ дар баробари дигар соҳаҳо бозгукунандаи он аст, ки дар воқеъ ин соҳа яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Шукрона имрӯз ҳамчун мутахассиси ҷавон аз он меболад, ки ҷавонон низ дар соҳаи тиб хеле муваффақанду сарбаландона фаъолият карда истодаанд. “Фаъолияти имрӯзаи мутахассисони ҷавон дар соҳаи тиб хеле хуб аст. Чунки дар айни замон махсусан бисёр кормандони қисми таваллудхонаи “Истиқлол”-ро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд. Новобаста аз ҷавон будани онҳо корашон хеле хуб аст. Ин шаҳодати он аст, ки имрӯз дар муассисаҳои олии тиббӣ ҷавонон дар сатҳи баланд омода мешаванд. Чун мо дар таваллудхона бо занону тифлон сару кор дорем, ба фикри ман агар шахс ба касбу пешаи худ муҳаббат надошта бошад, кори вай ҳаргиз ба пеш намеравад. Аввалан инсон бояд соҳаи хешро дӯст дорад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯз ҷавонон дар соҳаҳои интихобнамудаи хеш бо дасту дили гарм саъю талош намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то соҳиби пешаи хуб гардида, дар оянда баҳри пешрафти он талош намоянд. Ҳар як ҷавон бояд дар назар дошта бошад, ки дониши дар ин айём аз бар намудааш дар оянда барояшон кӯмаки бузург мерсонад. Онҳоро мебояд боз ҳам бештар омӯзанд, то дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд”, - иброз дошт
Шукрона Шоимардова. Дар воқеъ, пешаи табибӣ кори саҳлу осон набуда, нозукиҳои хешро дорад ва ҳар як духтур онро бояд донад, то дар фаъолияташ ба иштибоҳ роҳ надиҳад. Ба таъкиди мутахассисон аввалин коре ки духтур ва ё табиб бо бемор менамояд, бо сухани ширин бо ӯ ҳамсуҳбат шудан аст. Зеро вақте духтур бо сухани ширин муомила менамояд, бемор худро қадре шифоёфта тасаввур карда, тамоми дард ва бемории худро баён мекунад. “Имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба соҳаи тиб хеле хуб мебошад. Чунки ҷиҳати табобат ва ҳифз намудани солимии аҳолӣ муассисаҳои табобатии гуногун сохта ба истифода дода шудаанд. Айни ҳол мо чун дар беморхонаи “Истиқлол” фаъолият карда истодаем, он яке аз беҳтарин беморхонаҳо ба ҳисоб меравад. Зеро имрӯз кулли таҷҳизотҳои замонавӣ дар ин беморхона мавҷуд мебошад. Мо табибон бояд ба қадри ин ҳама шароити фароҳамоварда, ки ҳамаи он маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат баҳри мо муҳайё гардидааст, бирасем ва самаранок кору фаъолият намоем”, - гуфт дар интиҳои суҳбат ӯ. Дар воқеъ, ҳамаи дастовардҳо ва пешравиҳои имрӯзаи соҳаи тандурустӣ маҳз дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Пас, кормандони соҳаи тибро лозим аст, то аз кулли шароити муҳайёгардида, оқилона истифода намоянду боз ҳам саҳми хешро дар самти сиҳатии аҳолии кишвар гузоранд. Зеро Пешвои миллат “сиҳатии оммаро – бойгарии давлат” эълон намуда, таъкид кардаанд, ки “миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим” ба ҳисоб меравад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
12
ҶОМЕА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
Аз имкониятҳои варзишӣ истифода бояд кард Варзиш соҳаест, ки имрӯз таваҷҷӯҳи ҳар нафарро ба худ ҷалб менамояд ва шахсе нест, ки риштае аз варзишро дӯст надорад. Зеро варзиш ба кас саломатӣ ва тандурустӣ мебахшад. Ҳамин аст, ки имрӯз таваҷҷӯҳи ҷавонону наврасон бештар ба варзиш равона гардида, онҳо бо шавқи беандоза ба варзиш машғуланд. Баъзе аз онҳо на танҳо ба воситаи варзиш саломатии худро беҳ мегардонанд, балки дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ иштирок намуда, парчами меҳанро баланд мебардоранд. Файзалӣ Ризвонов, яке аз ҷовонҳоест, ки имрӯз ба гӯштини самбо машғул аст. Ӯ 2 феврали соли 1995 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Файзалӣ МТМУ №71-и шаҳри Душанберо соли 2013 хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро худи ҳамин сол ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ба факултети дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ супорида, айни ҳол хатмкунандаи ин боргоҳи маърифат мебошад. Таваҷҷӯҳи Файзалӣ Ризвоновро ҳамеша ҳунарнамоии варзишгарони маъруфи кишвар, паҳлавонони майдонзебу майдондор ва сарсупурдаҳои роҳи варзиш ба худ ҷалб мекарду ӯро нерӯе бар он такон медод, то рӯ сӯи варзиш биёраду ҳамнафаси ин роҳи далерию ҷасорат ва матонат бошад. Дар ибтидо танҳо мехост варзишгар бошад, аммо аниқ намедонист, то ба кадом навъи варзиш машғул гардаду ҳунару маҳорати худро дар он бисанҷад. Пас аз муддате ба хулосае меояд, то дар риштаи варзиши дзюдо машқу тармин намояд. Ҳамин тавр ӯ тӯли чор сол ба ин навъи варзиш машғул гардида, дар мусобиқаҳои хурди донишгоҳиву ноҳиявӣ ширкат меварзиду ба ҳарифони худ дастболо мегардид ва ин ҳама барояш шавқу завқи дучанд мебахшиданд, то барои соҳибтаҷриба гардиданд, бештару беҳтар тамрин намояд. “Ҳар варзишгар пеш аз оне, ки ба навъе аз варзиш машғул гардад, пеши худ мақсаду ниятҳои зиёдеро мегузорад. Ман низ ҳангоми ба варзиш рӯ овардан, орзуи онро мекардам, то мисли дигар варзишгарони маъруфи
кишвар соҳибтаҷриба гардаму дар майдонҳои варзишӣ ҳарифонро мағлуб намоям. Дар тӯли чор соле, ки ба варзиши дзюдо сару кор доштам, дар чандин мусобиқаҳои ноҳиявию шаҳрӣ иштирок намуда, ҷойҳои гуногуни ифтихориро ишғол намудаам”. Файзалӣ тайи ду соли охир бошад, ба варзиши самбо рӯ оварда, дар ин ришта зери роҳбарии устодаш Сулаймонов Собирҷон машқу тамрин намуда истодааст. “Моҳи марти соли 2018 бо паҳлавонони номдор Акмалиддин Каримов ва Ҷомии Ҳасан барои роҳхат ёфтан ба спартакиадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯён қувваозмоӣ намудам. Дар чорабинии мазкур сазовори ҷои сеюм гардидам. Дар баробари ин доимо дар мусобиқаҳои дохили донишгоҳӣ ва дави миллӣ пайваста иштирок менамоям ва барои ин ҳама иштироки фаъолона аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар бо сипосномаҳо сарфароз гардидаам”, таъкид менамояд Файзалӣ. Ҳамин гуна талошу кӯшиши пайвастааш буд, ки ахиран соли 2016 ӯ аз ҷониби Шӯрои марказии ҷамъияти варзишии “Ҳосилот”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди гӯштини “Дзюдо”-ро ба даст овард. “Ҳамеша ҳунарнамоии варзишгарони номдори кишварамонро тавассути оинаи нилгун дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамошо менамудаму бо ишғол намудани ҷойҳои ифтихории онҳо хеле хурсанд мегардидам, - меафзояд Файзалӣ Ризвонов. – Онҳоро
Бо сӯзан зиндагӣ обод кардааст дида, ман низ аввал ба варзиши дзюдо ва айни ҳол бошад, ба самбо рӯ овардам. Ман низ мисли дигар варзишгарон мақсади ягонаам ин аст, ки на танҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ, инчунин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштироку қувваозмоӣ намояму парчами Ватанро миёни дигар кишварҳо баланд бардорам. Барои расидан ба ин орзуи худ талош хоҳам кард”. Дар охир чун доир ба дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ба соҳаи варзиш пурсон гардидем, гуфт: “Ман пеш аз ҳама миннатдории хешро ба Пешвои миллат мерасонам, ки барои мо ҷавонони шавқманди роҳи варзиш тамоми шароитҳои варзишӣ фароҳам оварда шудааст. Мо ҷавонон бояд аз ин ҳама имкониятҳои мусоид самаранок истифода барему ба корҳои беҳуда машғул нашавем. Доим бояд ба варзиш машғул шавем, зеро варзиш ин саломатӣ аст. Мо ҷавонон бояд имрӯз омӯзему касбу ҳунарҳои гуногунро аз бар намоем ва саҳми худро дар рушду нумуъи кишвари азизамон гузорем”.
Б. ҚАЮМЗОД, “ҶТ”
Ташаккули тарзи ҳаёти солим Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати навбунёду тозаистиқлол аст ва дар байни давлатҳои абарқудрат бояд аз манфиатҳои геополитикии хеш дифоъ карда тавонад. Барои ба ин ҳадаф ноил гаштан моро лозим меояд, ки хонандагонро ҳанӯз аз синни мактабӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори баланди миллӣ тарбия намоем. Тарбияи ҷисмонӣ барои инсон яке аз падидаҳои асосии ташаккули тарзи ҳаёти солим маҳсуб меёбад, ки онро тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтаанд. Иштирокчиёни асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро насли ҷавон ташкил медиҳад. Чун онҳо дорои нерӯ ва иродаи қавӣ мебошанд. Аз ин рӯ, бо роҳи ташаккул ва рушди имконоти варзишӣ метавон насли ҷавонро аз вартаи омилҳои номатлуб раҳоӣ бахшид. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба манъ кардану кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд ва он тадбири саривақтӣ буда, татбиқи он тарғиботи мунтазамро тақозо мекунад. Одати дигари номатлуб, ки таваҷҷӯҳи хосро талаб мекунад, оворагардӣ ва машғул шудани наврасон ба корҳои ношоиста мебошад.
Тарзи ҳаёти солим бояд чун шакли рафтори фаъол ва ба мақсад равонгардида, ки ҳифз ва нигаҳбонии тӯлонии солимии равонӣ ва ҷисмониро таъмин месозад, баррасӣ гардад. Мафҳуми “тарзи ҳаёти солим” масъалаҳои риояи дурусти реҷаи рӯз, пайвастагии кор ва истироҳат, иҷрои қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, обутобдиҳӣ, ғизохӯрии дуруст, машғулият бо машқҳои ҷисмонӣ ва варзишро дар бар мегирад. Маҳз ҳамин масъалаҳо омилҳои фоидаоваре мебошанд, ки ба саломатии инсон таъсир мерасонанд. Бояд гуфт, ки фаъолияти ҳаракаткунӣ талаботи табиии инсон ба ҳаракат мебошад. Миқдори ҳаракатҳое, ки инсон дар тӯли ягон муддати вақт анҷом медиҳад, ҳаҷми фаъолияти ҳаракаткуниро ташкил медиҳад. Олимон муайян
намудаанд, ки меъёри фаъолияти ҳаракаткунии наврасон 18 - 25 ҳазор қадам дар давоми рӯз ё 3,5-4,5 соат давидан аст. Албатта, ҳамаи фаъолияти ҳаракаткуниро танҳо ба давидан ҳавола кардан лозим нест. Машғулиятҳои мунтаззами ҷисмонии ҳархела, ки ба гурӯҳҳои мушакҳои гуногун таъсир мерасонанд, ба тамоми системаҳои организм таъсири мусбат мерасонанд. Бо худи ҳамин ба таҳкими саломатӣ мувофиқат намуда, пешгирикунанда ва табобаткунандаи бемориҳои мухталифанд. Пайвастагии машқҳои ҷисмонӣ бо обутобдиҳӣ қобилияти ҳимоявии организмро афзун менамояд. Муҳибхон МУҲИБХОНОВ, омӯзгори гимназияи хусусии “Кафолат”
Дар коргоҳ хилъати сафед дар тан бо табассуми зебояш занеро бегоҳ ба хонааш даъват мекард. Пурсидамаш - Фармоиши қуроқӣ? Гуфт: -Бале. Малоҳат Пӯлодова дар байни ҳамсоягон ва ҳамкоронаш на танҳо бо ширинсуханиву чеҳраи кушод, балки бо ҳунармандӣ низ азизи дидаҳо гаштааст. Ин ҳунарманд ҳам қуроқдӯз асту ҳам бофанда, гоҳе кӯрпа медӯзаду гоҳе лавозимоти барои гаҳвора, гоҳе дастурхон медӯзад ва бо сӯзан рӯзгор обод мекунад. “Зиндагӣ, ки роҳҳои ноҳамвор дорад, баробар қадам гузоштани зану шавҳар лозим аст. Бо шавҳари санъаткорам дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ бунёд карда, дар пастиву баландиҳои он гом мегузорем”, - мегӯяд Малоҳат. Солҳои аввали зиндагиаш ба солҳои вазнинии Тоҷикистон рост омада буд. Баъд аз хатми омӯзишгоҳи тиббӣ бо амри тақдир аз Истаравшан ба Панҷакент арӯс шуда омад. Шавҳараш бори зиндагӣ мекашиду ӯ бо сариштакорӣ рӯзгорро сомон мекард. Баъд аз тавлиди фарзанди нахустин вақтро беҳуда сарф накарда, асбоби бофандагиро ба даст гирифт. Баъд аз дидани либосҳои фарзандаш, ки ҳунари ӯ буд, мизоҷони зиёде пайдо намуд. Дар фасли гармо ба қуроқдӯзӣ пардохт. Зиёда аз 20 сол аст, ки ӯро панҷакентиён чун ҳунарманди чирадаст, ки бо якчанд намуди ҳунар ошност, мешиносанду ҳурматаш мекунанд. Дар чандин намоишҳои шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ маҳсули дастонаш сазовори баҳои баланд гаштааст. Ин бонуи ҳунар оиди қуроқдӯзӣ чунин ақида дорад: ҳунари қуроқдӯзӣ аз қадим то ҳол зеби хонаи арӯсон аст. Дар қатори дигар ҷиҳози арӯсӣ бояд кӯрпачаву дастархони қуроқ тӯҳфа гардад, зеро ҷиҳози қуроқӣ маънои сарфакор ва ҳунарманд будани арусшавандаро дорад. Дар мобайни чодари арӯсӣ низ чор порчаи қуроқдӯзӣ васл карда мешавад, ки маънои рангорангӣ ва маънои зиндагиро дар чаҳорчӯбаи инсонигарӣ бо ҳама зебоиҳо дорад. На танҳо қуроқдӯзӣ, балки тамоми намуди ҳунар ҳунармандро соҳибдилу соҳибзавқ гардонда, дар роҳи зиндагӣ бо сабру тоқат, боандеша ва устувор мегардонад. Ҳунармандон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд, ҳар як дақиқаи худро ғанимат мешуморанд. Хушбахтона соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд, ки ман низ аз ин илҳоми тоза гирифта, дар рушд ва эҳёи ҳунари гузаштагон саҳм гузоштан мехоҳам ва ҳунари қуроқдӯзиро бо тарзи нав, ба замона мувофиқ омода мекунам. Шахс ба кӯрпачаву дастархони қуроқии Малоҳат Пӯлодова назар афканда ба дунёи пурфасонаи ин ҳунарманд ғӯтавар мегардад. Матоъпораҳо чунон зебо ба ҳам дӯхта шудаанд, ки бинанда ба ҳайрат меафтад. Гӯё матоъпораҳо ба мо аз дунёи зебо, лаҳзаҳои зебои зиндагӣ, матоъҳои ҷилодораш бошад, аз ҷилои лаҳзаҳои хуши ҳаёт дарак медиҳанд. Бо заҳматҳои чунин зебоипарастон қуроқдӯзӣ яке аз ҳунарҳои бадеии дастӣ маъруф гаштаасту на танҳо мардуми кишвар, балки хориҷиён низ ба он таваҷҷӯҳ зоҳир карда, онро харидорӣ менамоянд, ки аз ҳунармандиву зебоипарастии тоҷикзанон шаҳодат медиҳад. Зани ҳунарманд чун Малоҳат Пӯлодова, ки эҷодгари зебоӣ ва нафосат аст, маҳз тавассути ҳунари хеш азизи дилу дидаҳо гашта, мавқеи худро дар ҷомеаи навини тоҷикон маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат – Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муайян кардаанд. М.ҒАНИЕВА, корманди Осорхонаи ба номи Рӯдакии шаҳри Панҷакент
E - MAIL: javonontj@mail.ru
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
ТТЭ ҲНИ роҳи террорро идома медиҳад
Роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар рӯйхати кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, кӯшишҳои бенатиҷаи худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳ ба ҳизби наҳзат ва таъсиси «хилофат» идома медиҳанд. Онҳо аз ҷазои ҷиноии сазовор барои фаъолияти террористиашон пинҳон шуда, ба таври виртуалӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ба омма муроҷиат мекунанд. Тасдиқи нави фаъолияти террористӣ доштани ТТЭ ҲНИ баромади террорист-чаласавод «Абу Усомаи норакӣ», узви фаъоли ТТЭ ҲНИ мебошад. Ӯ муддати зиёд бо истифода аз бесаводии динии ҷавонон онҳоро ба сафи ТТЭ ҲНИ ҷалб менамуд. «Абу Усомаи норакӣ» яке аз созмондиҳандагон ва роҳбарони амали террористӣ мебошад, ки 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғараи Тоҷикистон нисбат ба сайёҳони хориҷӣ содир карда шуд ва иҷрокунандаи асосии он узви фаъоли ин ҳизб Абдусамадов Ҳусейн буд. Далели зери парчами ДОИШ пинҳон шудан ва узви фаъоли ТТЭ ҲНИ будани «Абу Усомаи норакӣ» он аст, ки ӯ дар шаҳри Хоши Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ мекунад. Тавре маълум аст, ҳеҷ яке аз аъзои ДОИШ аз шумули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар аъзои ТТЭ ҲНИ набошад, дар он ҷо зиндагӣ карда наметавонад. Далелҳо гувоҳи раднопазиранд. Ва онҳо яқинан аз ин шаҳодат медиҳанд. Ва дар ҳар сурат, кист ӯ – «Абу Усомаи норакӣ»? Зери лақаби «Абу Усомаи Норакӣ» Назаров Тоҷиддин Мирзораҳимович, с.т. 1989, зода ва истиқоматкунандаи қишлоқи Ӯзбеклангари шаҳри Норак, маълумоташ миёнаи нопурра, пинҳон мебошад. Ӯ дар мактаб бад мехонд ва бинобар ин аз он хориҷ карда шуд. Шуғли асосиаш дуздӣ дар бозор, мағозаҳо ва боғҳои мевадиҳанда буд. Табиист, ки ин писар зери таваҷҷуҳи муллоҳои маҳаллӣ қарор гирифт. Бахташ дар мактаб ва дуздӣ баландӣ накард, вале дар
таҳсилоти динӣ «толеаш» тофт. Назаров Т.М. дар ҳоле, ки ҳанӯз наврас буд, бар ивази омӯхтани ақлу хирад дар мактаби маҳаллӣ ба масҷид мерафт. Бинобар ин, Назаров T.M.-ро роҳбари ячейкаи шаҳри Норак Манонов Қурбон зери назорати худ гирифт. Маълумот: Манонов Қурбон Шералиевич, с.т. 1942, сокини ноҳияи Панҷ, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ, иштирокчии амалиёти ҷангӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз тарафи ИНОТ. Манонов Қ. муддати зиёд Назаров T.M.-ро таълимоти динӣ дода, аз муваффақиятҳои шогирдаш ифтихор мекард. Дар робита ба ин, ба синну соли ҷавониаш нигоҳ накарда, ӯро мудири шӯъбаи фарҳанги ячейкаи ҳизбӣ дар шаҳри Норак таъйин намуд. Ҳамзамон ӯро ба дастаи футболи «Салмони Форс», ки дар он дигар аъзои ТТЭ ҲНИ низ тамрин менамуданд, шомил кард. Соли 2014 Назаров Т.М. тибқи дастури роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб ба қаламрави Федератсияи Россия фиристода шуд ва баъдан супориш гирифт, ки ба сафи ДОИШ ҳамроҳ шавад. Албатта, ҳамаи ин амалҳо ташаббуси худи Назаров Т.М. набуданд, балки аз ҷониби мураббии наҳзатӣ Манонов Қурбон, ки дар навбати худ бо маслиҳати роҳбарияти олии ТТЭ ҲНИ амал мекард, идора мешуданд. Писари ӯ Манонов Абдушукур Шералиевич соли 2015 баъд аз нокомии кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона дар Тоҷикистон ба Латвия фирор кард. Манонов А. ҳамчун узви
ТТЭ ҲНИ фаъолияти зиддиконститутсионии худро давом дода, дар конфронси шармандавор ва нокоми ТТЭ ҲНИ моҳи июли соли 2018 дар Дортмунд иштироки фаъолона дошт. Бародари ӯ Манонов Ҳабибулло Шералиевич, с.т. 1978, узви ТТЭ ҲНИ дар ҳодисаҳои сентябри соли 2015 фаъолона иштирок дошт, пас аз он ба Эрон фирор кард ва ҳоло он ҷо пинҳон аст. Бародари дигари Манонов Қ. – Манонов Искандар Шералиевич, с.т. 1987, сокини ноҳияи Данғара, дар кӯдакӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифта, соли 2006 бо мусоидати Манонов Ҳабибулло барои таҳсил ба мадрасаи «Ҷамоат-ул-Мустафо»-и шаҳри Гургони Ҷумҳурии Исломии Эрон фиристода шуд. Ҳамсари Манонов Искандар - Ғоибова Зайтуна Умаровна, с.т. 1987, сокини ноҳияи Фархор мебошад, ки дар мактаби динии шаҳри Машҳади ҶИЭ таҳсил кардааст. Ҳамаи аъзои оилаи Маноновҳо аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ онҳо дар Эрон қарор доштанд ва соли 1998 ба Тоҷикистон баргаштанд. Паёмҳои гуногун аз номи ДОИШ ва зери парчами он, ки аз ҷониби Назаров Т.М. бо мақсади ташвиқ ва тарсонидан истифода шудааст, ташкилоти террористии мазкур аллакай дигар истифода намекунад. Ин ТТЭ ҲНИ аст, ки аз парчами бегона – парчами сиёҳи ДОИШ истифода карда, зери он ҷиноятҳои навбатии худро пинҳон месозад. Агар касе воқеан ҳақиқатро донистан мехоҳад, пас тарҷумаи ҳол, мавқеи идеологӣ,
Зуҳуроти номатлуб Терроризм содир намудани амалҳоест, ки барои одамон хатари марг ба миён меоварад. Истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Мувофиқи моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию
сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Ягон идеология, аз он ҷумла ислом, ба сифати идеологияи давлатӣ эътироф карда намешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон, ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомоти давлатӣ ҷудо ва онҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба корҳои давлатӣ мудохила намоянд. Ҳизби наҳзати ислом, ки бо қарори
марҳилаҳои ташаккулёбии Назаров Тоҷиддин ҳамчун ҷанговари ДОИШ – узви ТТЭ ҲНИ бояд барои мулоҳиза сабаб гарданд. Истифодаи бренд ё худ номи ДОИШ ҳамчун асбоб ва пардаи пӯшиши ҳадафҳои худ, пинҳонӣ изи фаъолияти ТТЭ ҲНИ, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳамлаи террористии мудҳиш содир намуда, зери пуштибонии ғоявӣ, маънавӣ ва молии ҶИЭ қарор дорад, меъёри фаъолият ва усули аксарияти хадамоти махсуси сайёра мебошад. Тавре маълум мегардад, дар ин замина сарпарастони ТТЭ ҲНИ низ истисно нестанд. «Чӣ фарқ аст, ки гурба чӣ ранг дорад? Муҳим он ки он аз рӯи дастур амал кунад». Чунин ҳолат дар солҳои 90-ум низ дар Тоҷикистон мушоҳида мешуд, вақте ки ТТЭ ҲНИ дар асоси нақшаҳои сарпарастони хориҷии худ марҳилаи мусаллаҳонаи ҷанги шаҳрвандиро оғоз намуда буд. Ҷиноятҳои аввалини он асир гирифтан, куштор ва порапора кардани ҷасадҳои одамон буданд. Шиканҷа ва таҳқире, ки ДОИШ имрӯз пеша кардааст, онҳо ду даҳсола қабл анҷом медоданд. Ихтирои наҳзатиён «бочказиндон» ва «бочка-шиканҷа» буд. Аъзои ТТЭ ҲНИ одамони бегуноҳро ба чунин бочкаҳо андохта, супориш медоданд, ки аз берун ба онҳо бо ашёҳои оҳанин зарба зананд. Аз садои даҳшатнок ва баланд пардаҳои гӯши одами дохили бочка мекафиданд. Касро то ба ҳолати номукаллафӣ бурда мерасонданд ва ё қалбаш бар асари сарбории вазнини психологӣ аз кор мемонд. Ин усули даҳшатноктарини ҷазо, шиканҷа ва қатл, ки ТТЭ ҲНИ ихтироъ кардааст, нисбат ба ҳазорон нафар шаҳрвандон истифода шудаанд. Дар дилхоҳ давлат чунин ҷиноятҳои номатлуби ташкилоти террористиро ҳеҷ гоҳ намебахшанд. Дар мисоли худи Аврупо низ. 80 сол сипарӣ шуд, вале имрӯз ҳам ҷинояти содиркардаи фашистҳоро набахшидаанд ва дар оянда низ нахоҳанд бахшид. Ҷиноятҳои дар боло зикршудаи ТТЭ ҲНИ аз фашизм ҳеҷ камие надоранд. Фашистон
Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф гардидааст аз номи дини мубини ислом сӯистифода намуда, мардумро ба гумроҳиву бесарусомониҳо даъват намуд, ки боиси оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва хисороти зиёд ба кишвар гардид. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба тарбияи ғояҳои миллӣ дар роҳи солим гардонидани афкори иҷтимоӣ ва башардӯстии насли наврас, парваридани хислатҳои баргузидаи арзишҳои инсонӣ, шараф ва шарафмандӣ ва хидмати беқиёс ва беғараз ба нафъи давлату миллат саҳмгузор бошем. Падидаҳои
13
одамонро дар ҳуҷраҳои газӣ мекуштанд ва ТТЭ ҲНИ бошад дар бочкаҳои оҳанин. Ҳамин тавр, метавон бо итминон гуфт, ки ТТЭ ҲНИ аз оғози солҳои 90-ум ихтироъкор ва «таълимдиҳанда»-и бадкирдориҳои ваҳшиёна бар зидди инсоният мебошад ва ДОИШ бошад «шогирдпайрав»-и серталош. ТТЭ ҲНИ аз оғози мавҷудияташ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ буд. Намояндагони миллатҳои гуногун, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекарданд, қурбонии амалҳои он гардида буданд. Ва ин ҳамагӣ якчанд далеле аст, ки даст доштани ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷиноятҳои ғайриинсонӣ тасдиқ мекунанд. Боз кадом далелҳо лозиманд? Бинобар ин, ҳамлаи нави террористии ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ содир карда шуд, нишонаи он аст, ки талош доранд таърихи хунуни солҳои 90-умро такрор намоянд. Муроҷиати оммавии чунин чаласаводон, аъзои ТТЭ ҲНИ, ба мисли Назаров Т.М. ва амсоли ӯ - кори методӣ ва комилан интизорӣ аст. Дилхоҳ сокини Тоҷикистон, хешовандони қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро пурсед. Бигзор онҳо тафсилоти кӯшиши таъсиси давлати исломӣ дар Тоҷикистон зери парчами ТТЭ ҲНИ-ро ба шумо нақл кунанд. Он гоҳ ба шумо мавҷуд будан ва набудани фарқият миёни ТТЭ ҲНИ ва ДОИШ маълум мегардад. Тасдиқи ҳуҷҷатии яку якбора узви ДОИШ шудани узви ТТЭ ҲНИ Назаров Тоҷиддин ин қонунияти одӣ ва маъмулӣ аст. Агар ба ҳадафи умумии онҳо бингарем, маъулм мегардад, ки ҳарду ташкилот мақсади таъсиси «Давлати исломӣ»-ро доранд. Тавре ки онҳо кӯшиш карданд, ки дар Сурия амалӣ намоянд. Идеологияашон монанд аст. Таҷрибаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро дида баромада, усулҳои амали онҳоро дарк кардан мумкин аст. Қисме аз онҳо аллакай ёдоварӣ шуданд. Хулоса бароред ва ҷӯед, ки дар куҷо айният ва дар куҷо фарқият аст. Дар бораи сарпарастони ҳам ғарбию ва ҳам шарқии онҳо низ фаромӯш накунед. Ва ҳамааш аён мегардад. Холмаҳмад САМИЕВ, номзади илми таърих, дотсенти ДМТ
нахусти тарбия ин муҳаббат ба Ватани азиз, ба забон, адабиёт, таърих буда, он аз хонавода оғоз мегардад. Китобхонӣ, ҳавасманд кардани ҷавонону наврасон, вусъат додани донишу малака, баланд бардоштани маънавиёт ҷавононро нерӯманду қавӣ мегардонад. Фаҳмиши зарурати дар ҷомеаи тоҷик баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ муҳим аст ва ба мардум ёрӣ мерасонад, ки ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ ҳамеша дастҷамъона мубориза барем. З. МУҲИДДИНОВА, омӯзгори литсейи рақами 1-и шаҳри Бӯстон
14
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
НАЗМ МОДАРИ МАНВАТАН Тасбеҳи мисраҳои нотамоми ман, Ватан, Анфоси аввалину ҳам анҷоми ман, Ватан! Ҳар қуллаҳои кӯҳи ту чун модарам азиз, Ҳар субҳи тозарӯи ту, инъоми ман, Ватан! Аз чашми ин ситораҳо Ваҳдат шарорарез, Ваҳдат калиди дафтари илҳоми ман, Ватан! Аз чашмаҳои қанди ту нерӯ гирифтаам, Сарчашмаи муҳаббату иқдоми ман, Ватан! Ваҳдат чароғи маърифат, эй насли Ориё, Лабрези Ваҳдат вожаи гулфоми ман, Ватан! Асло ба хоки кишвари дигар намеравам, Ҳастӣ макони Ваҳдату ороми ман, Ватан! Мурғи ҳумои шеъри ман пар зад ба Каҳкашон, Бо худ бибурд ҳар тараф пайғоми ман, Ватан! Оғӯши ту баҳору ҳам иқболи зиндагист, Эй модари ягонаву хушноми ман, Ватан!
(Қасидаи Ваҳдат)
Қудратшоҳи ОДИНА, ноҳияи Мастчоҳ
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ Ҷашни истиқлол дорад кишвари ободи ман, Фахр аз иқбол дорад миллати озоди ман. Ин шукӯҳи ҷашни мо бодо муборак бар Ватан, Шукри бахти шод дорад мардуми дилшоди ман. Мардуми олинажод, аз Оли Сомон номабар, «Зинда бодо!» гӯямат, халқи куҳанбунёди ман. Ифтихор аз ҷашни истиқлоли ту моро хуш аст, Зикри ту моро ба лаб, эй хоки Яздондоди ман. Эй Ватан, шукронаи номи туву инъоми ту, Ҳарфи номат ҳаст зеварбахш бар эҷоди ман. Пояи девори истиқлоли мо поянда аст, Устуворӣ мебарад аз ин сано бунёди ман. ОИНАИ БАХТ Ҳумоюн бод бар иқболи тоҷик, Шукӯҳи ҷашни истиқлоли тоҷик. Парафшон парчамаш дар осмонҳо, Фаротар мекашад аз боли тоҷик. Ватан осуда шуд, осуда миллат, Ба бахти миллати хушфоли тоҷик. Сафо овард бори ваҳдати халқ, Вафо дар номаи аъмоли тоҷик. Намо дорад чу дар оинаи бахт, Чу ин сол аст бар тимсоли тоҷик. Вафодориву эҳсону сахо ҷӯ, Ки подош аст бар афъоли тоҷик. МОДАР То кунун ман тифл ҳастам, Тифли аз модар ҷудоям. Ташнаи дидори модар, Кист ҷуз ӯ ҷонфидоям?
САД ШУКРИ ОЛИ РАҲМОН Эй сорбони миллат – Эмомалии Раҳмон, В-эй посбони миллат – Эмомалии Раҳмон. Гул карда қалби мардум аз меҳру шафқати ту, Эй меҳрбони миллат – Эмомалии Раҳмон. Аз ҳар гиёҳу санге ҷустӣ мақому ранге, Эй қадрдони миллат – Эмомалии Раҳмон. Дар тоҷики парешон бӯе набуд зи Ваҳдат, Ваҳдатрасони миллат – Эмомалии Раҳмон. Тоҷикро дар олам ному нишон ту додӣ, Ному нишони миллат – Эмомалии Раҳмон. Ҷону ҷаҳони миллат пайванд шуд, ҷаҳон шуд, Ному нишони миллат – Эмомалии Раҳмон. Дарди ҳазорсола бо азми ту шифо ёфт, Эй ормони миллат – Эмомалии Раҳмон. Бо зарб,зарби нохун кандед, нақби Роғун Зӯру тавони миллат – Эмомалии Раҳмон. Аз домани Зарафшон то қуллаи Бадахшон, Чун як осмони миллат – Эмомалии Раҳмон. Ҷон дар гарав ниҳодӣ баҳри дифои мардум, Эй Қаҳрамони миллат – Эмомалии Раҳмон. Шоҳе ба дин бузургӣ кам дида аҳли олам, Соҳибқирони миллат – Эмомалии Раҳмон. Он ваҳдате ту дорӣ рангинкамон надорад, Рангинкамони миллат – Эмомалии Раҳмон. Гулчини ваҳдати ту аз сидқу меҳру ҷон аст, Эй гулситони миллат – Эмомалии Раҳмон. Ҷуз сидқ дар вуҷудат чизе дигар надидам, Эй раҳнишони миллат – Эмомалии Раҳмон. Маҳкам миён бубаста, раъйи адӯ шикаста, Ғамхори ҷони миллат – Эмомалии Раҳмон.
Самариддин
ДУ ДАРАХТИ РЕШАПАЙВАНД Ду миллат аз қадим хешу таборанд, Ба ҳам пайвандии якумра доранд. Ба зери Парчами Ваҳдат ду сарвар, Паёми дӯстиро мегузоранд! Нашуд аз ҳам ҷудо ӯзбеку тоҷик, Агарчанде замони ҷанг омад. Ба ҳам дорад вафо ӯзбеку тоҷик, Агарчӣ рӯзҳои танг омад. Биё,бо хомаи Монӣ нависем, Ба ҳар як дил каломи сабзи Ваҳдат. Биё, назми Хуросонӣ нависем, Ба тилло дар макони Кохи Миллат! Зи Ҷомию Навоӣ панди бисёр, Ба мо ганҷинаи илму адаб монд. Сухан сармояи дунёи ашъор, Сухан оинаи ному насаб монд. Ба ин ду миллати бо ҳам бародар Ҳама ёру ҳама анбоз гардад. Дурахшон роҳи фардои ду кишвар, Гиреҳи сад муаммо боз гардад! Раҳи дилҳо шавад роҳи Самарқанд, Бухорои Шакурӣ шаҳри дилбанд. Бигуфто Пешво бо сад муҳаббат Ду миллат - ду дарахти решапайванд!
Нодира НАЗАРӢ. ш.Истиқлол.
Ташнаи дидори ширин, Лаҳни шевову гуворо. Модари ҷон, аз ту омад Бахти аз Ҳақ дода моро. Қиблаҷӯён Каъба ҷӯянд, Каъбаи дил манзари ман. Сӯи ту рӯи намозам, Қиблаи ман, модари ман. САНОИ РОҒУН Аҷаб файзу барор аз эътибораш, Шуда саршори оби рӯдбораш. Ба фардо бингарам аз кӯҳи Роғун, Зиё бахшад ба авҷи кӯҳсораш. Ба ранҷи Пешво шуд банд дарё, Зиҳӣ ин ҳиммати Фарҳодвораш. Кунад ҳамвор ҳамчун Кӯҳкан во, Ки то созад ба неру обёраш. Ба нохун рахна дар фӯлод дорад, Ки Роғун водиҳад аз санг бораш. Сано бар Пешвои миллати мо, Ки дорад Тоҷикистон тоҷдораш. МОҲИИ ТИЛЛО Аз хоб бедорат кунам, Бо шаҳди шаб ёрат кунам. Аз мушку атру ёсуман, Аз ишқ саршорат кунам. Гар рӯй гардонӣ ба ман, Аз лутф гӯям панд-панд. Дар даст гирам мӯи ту, Афсона бофам чанд-чанд.
Гесӯи ту дар дасти ман, Бо ту диҳад пайвасти ман. Эй моҳии тиллои ман, Афтодаӣ дар шасти ман. СИФАТИ ҲУСН Маро меҳри ту бо дил ошно кард, Сафо овард, то ишқат вафо кард. Ба фарвардин баҳо кардам ҷамолат, Бас аз ҳуснат сифат бар дидаҳо кард. Туро мехостам, эй моҳи айём, Ки дилро ишқ бо худ ҳамнаво кард. Садо аз дури дур омад ба гӯшам, Ки бингар ҳусни ӯ бо мо чиҳо кард. Ки моҳи зебу зинат лол гашта, Ба дарди куҳнаи дил ин шифо кард. Самар мехоҳад аз дил ишқи покат, Маро ишқат ба ғам хӯрдан фано кард. ЯК ҒАЗАЛ Хуш мерасӣ хиромон аз боғ лола чида, Эй барфиканда домон аз ноз баркашида. Некуст қомати ёр, некуст аҳди дидор, Хуш омадӣ ба кӯям, сарви чаман, чамида. Бигзашт соати дай, омад баҳори хушпай, Чун гул ба ишва боз о, эй навгули расида. Аз кӯҳу домани дашт, бӯят ба ноз бигзашт, Боби назар, тамошо, моро хуш аз ту дида. Абри баҳор будӣ, бас хушгувор будӣ, Ҷони ман аз тан омад, сӯи ту пар танида. Боз ой, то бубинам, ҳусни ту, нозанинам, Дилро намон равад дур аз пеши ту рамида. ДУ РУБОӢ Таърих раҳи расму адаб медонад, Бас миллату қавми булаҷаб медонад. Ҳар нохалафе, ки хонд аз чап онро, Аз ранҷи асаб варо насаб медонад. *** Аз базму тараб ба бахти ёрон гӯем. Аз риштаи ҷон сухан ба армон гӯем. Бо кардаву нокарда пайи Пири Муғон, Аз бодаву май ба умр яксон гӯем. ДУ ДУБАЙТӢ Чароғи хонаам, модар, туӣ, ту, Гули якдонаам, модар, туӣ, ту, Зи меҳрат хонадонам гарм кардӣ, Ҳама афсонаам модар туӣ, ту!. *** Чаро гӯӣ дилам дарде надорад? Ба ҷуз ғамҳои ту гарде надорад. Дилам раҳрафтаи саҳрои ишқ аст, Ки ҷуз ёдат раҳоварде надорад.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
15
НАВҚАЛАМ
Муборизаи якҷоя зидди вабои аср Нашъамандиро вабои аср мегӯянд. Он чунон бемории даҳшатнок аст, ки дар тамоми олам паҳн шудааст. Аз ҷумла, дар ҷумҳурии мо низ аломатҳои он ба таври аён зуҳур кардааст. Агар оқибати нашъамандиро чуқур таҳлил кунем, барои инсоният аз вабо ҳам даҳшатноктар аст. Мутаассифона, одамон ихтиёрӣ хешро ба ин варта меафкананд. Аз хонаву дар, оилаву фарзанд, ёру дӯстон ҷудо мешаванд. Дар ботини инсони нашъаманд оҳиста-оҳиста ҷавҳари одаму одамгарӣ хушк мегардад. Беҳтарин ва ширинтарин ҳиссиёти инсониро фаромӯш ва одаму оламбезор мешаванд.
Буҷаи давлатӣ –
воситаи муҳими танзими молиявӣ Дар шароити муносибатҳои моливу пулӣ ва мавҷудияти давлат рукни пешбарандаи низоми молиявӣ, буҷаи давлатӣ мебошад. Буҷаи давлатӣ нақшаи асосии молиявии ташаккул ва истифодабарии фондҳои пулии марказонидашудаи давлатӣ маҳсуб меёбад. Нақши пешбарандаи буҷаи давлатӣ дар тамоми низоми молиявӣ дар он зоҳир мегардад, ки агар ҳамаи қисматҳо (субъектҳо)-и хоҷагидор, аз як тараф супорандагони андоз ва ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷет бошад, аз тарафи дигар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ аз буҷаи давлатӣ маблағ мегиранд. Буҷа ин сарчашмаи ягонаи боигарии пулҳои марказонидашуда ва муҳимтарин воситаи танзими молиявии давлат аст. Танзими буҷа ҷараёни тақсимот ва аз навтақсимкунии воситаҳои пулӣ байни зинаҳои гуногун, яъне даромаду хароҷот мебошад. Ҳамин тавр, буҷаи давлат, фонди марказонидашудаи воситаҳои пулӣ барои иҷрои вазифаҳои мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинигардида маҳсуб меёбад. Ҳаҷми умумии буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад ба маблағи 21003087 муқаррар шудааст. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади буҷаи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти он, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷаи ҷумҳуриявӣ барои соли 2018 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нарх, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтори ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷаҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷаи ҷумҳуриявӣ, буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷаҳои маҳаллӣ ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад. Соли равон ҳаҷми умумии даромадҳои буҷаи давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои воридот 21 млрд. 3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати соли пешин 1 млрд. 434 млн сомонӣ зиёд аст. Ҳамин тавр, буҷаи давлатӣ қисми асосӣ ва марказии низоми молиявии давлат буда, муносибатҳои пулиеро дар бар мегирад, ки дар ҷараёни он фонди буҷа ташкил ва истифода мешавад. Фонди буҷа ин фонди пули марказонида шудаест, ки барои маблағгузорӣ истифода мешавад. С. ТИЛЛОЕВ, И. САЙДАЛИЕВА, омӯзгорони Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе
Албатта, танҳо одами сустирода пойбанди нашъамандӣ мегардад. Агар инсони солим ояндаи хешро фикр кунад, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намеравад. Зиндагӣ майдони мубориза аст. Пас инсон бояд бо нафси худ мубориза бурда, мутеи он нагардад. Нафси бад ва иродаи суст инсонро метавонад ба ҳар роҳу равиши бад, пастиву нестӣ бибарад. Яке аз ин роҳҳои бад нашъамандист. Мутаассифона, солҳои охир бархе аз ҳамсолон, яъне ҷавонону наврасон низ ба ин кор даст доранд. Сабаб дар он аст, ки тарбияи ин гуна наврасон ба дӯши касе нест. Онҳо
аз саҳар то шом дар бозору кӯчаҳо машғули мошиншӯиву халтачафӯрушиянд. Ҳатто ба мактаб намераванд. Ба онҳо касе аҳамият намедиҳад. Пас онҳо ба ихтиёри худ вогузошта шудаанд. Ниҳоят аз ру ҳаваси ҷавонию наврасӣ ба ҳар кори ношоиста, ки охираш пушаймонист, даст мезананд. Аз ҷумла, нашъамандӣ. Тибқи маълумоти мутахассисон, мутаассифона вақтҳои охир ба ин кор занону духтарон низ даст зада, аз дасти ин вабо чандин занон ба ҳалокат расидаанд. Чунин амалу кирдор ҳеҷ гоҳ хоси занону хоҳарони тоҷик набуду набояд бошад.
Албатта, имрӯз дар ҷумҳуриамон зидди ин амали номатлуб, яъне нашъамандӣ аз тарафи мақомоти дахлдор пайваста мубориза бурда мешавад. Дар навбати худ, мо ҷавонон низ бояд якдилона зидди он мубориза барем. Нагузорем, ки рафиқону ҳамсолонамон ба ин роҳи бад раванд. Ояндаи кишвари азизамон маҳз дар дасти ҷавонон аст. Ҷавононе, ки бояд солиму бардам ба воя расанд. Наҷибулло ҚУДРАТОВ, донишҷӯи факултаи омодагии дифои ҳарбии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов
Шукронаи Истиқлол Шукру сипоси беҳад яздони покро, ки мо чунин Ватани азизу маҳбуб, беҳамто, ҷаннатосо, ободу дилкаш дорем, ки он Тоҷикистон аст ва онро Пешвои миллати тоҷик, номбардори номи тоҷикон дар олам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ доранд. Маҳз бо ақлу хирад, дониши пурқувват, хислатҳои беҳтарини инсонӣ: хоксорӣ, саховатмандӣ, раҳмдилӣ, якдигарфаҳмӣ, посдории ҳурмати падарону модарон, дилсӯзӣ нисбати бечорагон, маъюбону ранҷурон дар дилу дидаи халқи тоҷик ҷой гирифта, дарахти пурмаҳсули истиқлолиятро бо ақлу заковати худ ба мардум аҳлона тарбия намудаанд. Имрӯз меваҳои шаҳдбори он бо номи Ваҳдат дар сар то сари Тоҷикистони азиз дар нашъунамо ва инкишоф аст. Меваҳои он гул-
гулшукуфии Тоҷикистони азиз, ободӣ ва ободкорӣ дар ҳамаи гӯшаҳои Ватан, ки таърих ин пешравиҳо ва навгониҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ва чунин ободкориҳоро халқи тоҷик кайҳо орзу дошт ва ин орзуи чандинсола дар замони истиқлолият, нашъунамои ваҳдату якдигарфаҳмӣ амалӣ гардид. Бояд аз ин Ватан шукргузор бошем, фахр кунем, ки дар чунин кишвари маҳбуб, замону даврони шоиста зиндагӣ дорем. Бояд ба қадри ин неъматҳои худододи Истиқлолият шукрона гӯем ва нагузорем, ки нохалафе ба инкишофи он монеа эҷод кунад. Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН, омӯзгор
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №33 (9563), 16.08.2018
ЭЪЛОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБИ ХОЛИИ МУОВИНИ САРДОРИ ШУЪБАИ ТАШКИЛӢ, ТАҲЛИЛ ВА ИТТИЛООТ ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
СУЛТОН УМАРОВ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Танҳо дил инсонро инсон мекунад, боқӣ ҳама арзише надоранд. ******** Агар медонем, ки мурдан ногузир аст, пас чаро барои кайфияту офияти худамон зиндагӣ намекунем. ******** Рангинсуханию муғлакбаёнӣ накуну фаҳмо гап зан. ******** Тамоми одамони дунё мазҳака мебозанд. ******** Илм хазина аст, олим ҳеҷ гоҳ гумном намешавад. ******** Тақдир корҳояшро бе мо иҷро мекунад. ******** Ҳар кадоми мо иштибоҳ мекунем. ******** Дар хона шеру дар кӯча рӯбоҳ. ******** Дӯстонро дар эҳтиёҷмандӣ мешиносанд.
Корхонаи масъулияташ маҳдуди илмӣ-истеҳсолии “Аршан”, воқеъ дар шаҳри Душанбе барҳам мехӯрад. Ҳамаи арзу дархостҳо муддати як моҳ пас аз чопи эълон қабул карда мешавад.
******** Табиб– як навъ оромиши дил аст.
Мор ресмон намезояд.
Дафтари ҳавлӣ, ки ба Илҳомиддин Назаров, сокини кӯчаи Радишев, хонаи рақами 5, ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт тааллуқ дорад, бинобар гум шудан эътибор надорад.
********
Шаҳодатномаи рақами 141 дар бораи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини самбо, ки онро Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 ба Зубайдулло Назруллоев додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
********
******** Ҳар ҷое ширинист, он ҷо талхист.
Шиносномаи техникии манзил бо рақами 5493, ки онро идораи байниноҳиявии бақайдгирии манзилҳои пойтахт соли 1992 ба Қодирова Назирой Тағойназаровна додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
******** Ба суроғи марг дур рафтан зарур нест Петроний
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Номаи камол, ки онро муассисаи таълимоти миёнаи умумии рақами 13-и ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор) соли 2009 ба Мавзунаи Ҳомидзода додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Суроға: индекс 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33, телефон/факс:(992 37)224-02-74, почтаи электронӣ: info@ahd. tj, нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj.
БАРҲАМ МЕХӮРАД
******** Хандидан беҳтар аст, аз хандахариш шудан. ******** Зудбоварӣ ҳеҷ гоҳ ба нағзӣ намеоварад.
Санъат намиранда аст.
-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касби ихтисосҳои гуманитарӣ бартарӣ дода мешавад); - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори шуъбаро ба танзим медароранд. - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1710,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ. Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансаби мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ ва сомонаи Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: - аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хизмати давлатӣ; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо ( 2 дона расми андозаи 4х6); - шарҳи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038); - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда; - эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулк; - нусхаи шиноснома; - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд). Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул мешаванд.
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4017 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»