Javononi Tojikiston #33 (9355), 14.08.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

1

№33 (9355),

14 августи соли 2014

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ТАЭКВОНДО (ITF)

ШОДБОШӢ

Варзиш омили ваҳдату ягонагист

Табрики раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи варзишгарон

Саҳифаи

e-mail: javonontj@mail.ru

8-9 35 медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

Варзишгарони сарбаланду саодатманди кишвар. Мӯҳтарам роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи варзиш. Мӯҳтарам собиқадорон ва дӯстдорони варзиш! Дар Тоҷикистон ҳар сол 10-уми август ҳамчун Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад. Шумоён – номбардорон ва парчамбардорони миллату кишварро бо Рӯзи варзишгарон муборакбод менамоям. Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсоният ҳамчун омили тавонои таҳкими ваҳдату ягонагӣ, дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб ёфта, барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хизмат мекунад. Ин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муҳими муаррифии давлати соҳибистиқлол пайваста мавриди таваҷҷӯҳу ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи варзиш бо дастурҳои саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат шумораи зиёди варзишгоҳҳо, майдону толорҳои варзишӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки дар заминаи онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун макони баргузории мусобиқаи байналмилалӣ интихоб гардидааст. Аз муваффақияту музаффариятҳои варзишгарони тоҷик зимни иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дар ин росто садо додани Суруди миллӣ ва афрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори онҳо, кулли мардуми кишвар эҳсоси сарбаландӣ намуда, ифтихор аз фарзандони шӯҳратманди диёр мекунанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои зиёд ноил гардидаанд, ки боиси ифтихор ва фараҳмандии халқи тоҷик мебошад. Дар ин давра варзишгарон тавонистанд бо сазовор гардидани 2328 медал, аз ҷумла 567 тилло, 512 нуқра ва 863 биринҷӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Дар ин рӯзҳо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва собиқадорон оид ба таэквандо (ITF) баргузор шуда истодааст. Инчунин, мо дар навбати худ дар арафаи баргузории Бозиҳои олимпии наврасон (Нанкин) ва Бозиҳои осиёии Инчон қарор дорем. Аз ин хотир ба тамоми варзишгарони тоҷик, ки дар ин чорабиниҳои муҳими варзишӣ кишвари моро муаррифӣ мекунанд, фатҳи қуллаҳои нав ва дасти боло таманно дорам. Бори дигар ин санаи муҳимро табрику таҳният намуда, бароятон саодати зиндагӣ, саломатӣ, хушбахтӣ ва ба хотири шӯҳрату обрӯи болои Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол муваффақиятҳои нав ба нави варзиширо орзу менамоям.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

2

ҶАШН

“Алфа” 20-сола шуд 7 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ба муносибати 20-солагии таъсиси он, бо шароити буду бош ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ шинос шуд. Чунонки зикр гардид, бо дастгирии молиявии Ҳукумати ҷумҳурӣ биною иншооти ин воҳиди махсуси низомӣ пурра навсозӣ шуда, бо техникаю таҷҳизот ва яроқу аслиҳаи муосир таъмин гардидааст. Сарвари давлат бо рафти дарсу машғулиятҳои назарявӣ ва амалии ҳайати шахсӣ, ки асосан ба омодагии зиддитеррористӣ нигаронда шудааст, бевосита шинос шуда, барои баланд бардоштани савияи маҳорату малакаи касбӣ ва обутоби ҷисмонию рӯҳии онҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод. Тавре аён гардид, ҳайати шахсии воҳиди махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар амалиёти озод намудани гаравгонон бо роҳи ҳуҷуми ногаҳонии ғофилгир, бо усули кӯҳнавардӣ ворид шудан ба ошёнаҳои болоии биноҳои бисёрошёна, истифода аз техникаю таҷҳизот ва яроқу аслиҳаи гуногуни ҷангӣ малакаи баланди касбӣ доранд. Маҳорати баланди онҳо, ҳамчунин, дар муҳорибаҳои тан ба тан бо усули

якҳарбаҳои шарқӣ ва намудҳои гуногуни гӯштини муҳорибавӣ намоиш дода шуд. “Алфа”, ҳамчунин, дорои шуъбачаи омодасозии сагҳои хизматӣ аст, зеро ин дӯстони вафодори инсон дар гузарондани амалиёти зиддитеррористӣ ёварони басо моҳир ва беминнатанд. Намудҳои зиёди техникаи махсуси ҳарбӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунтаъинот, ки воҳиди махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ихтиёр дорад, имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна шароит ва боду ҳавои мухталифи чор фасли сол фаъолияти босамар дошта бошанд. Барои будубоши бофароғати доимӣ барои ҳайати шахсии воҳиди махсуси зиддитеррористии “Алфа” хобгоҳҳои барҳаво, ошхонаи муосиру муҷаҳҳаз, бунгоҳи тиббии дорои шароити зарурӣ бунёд ёфта, бо талаботи замонавӣ мутобиқ карда шудаанд. Ҳамчунин, онҳо дорои хобгоҳҳо, ошпазхона ва бунгоҳҳои тиббии сайёр мебошанд, то ки ҳангоми амалиёти дур аз қароргоҳи худ бо

ҳамаи шароити зарурӣ таъмин бошанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсии беш аз якунимҳазорнафари ин воҳиди махсус суханронӣ намуда, онҳоро, пеш аз ҳама, ба 20-умин солгарди таъсисёбӣ табрику таҳният гуфт. Президенти кишвар аз солҳои аввали таъсис ва ташаккулёбии ин ва дигар воҳидҳои низомӣ ва фаъолияти онҳо дар шароити муноқишаҳои шадиди дохилӣ ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор дошт,

ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муқоиса ба он даврони носозгорӣ дорои артиш ва нерӯҳои махсуси аз ҳар ҷиҳат таъмину муҷаҳҳаз, пуриқтидор ва обутобёфта мебошад, ки ҳайати шахсии онҳо бо ҳисси баланди ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллии худ барои ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ва таъмини ҳаёти орому осоиштаи мардуми шарифи кишвар ҳамеша омода мебошанд.

АКСИЯ

Ҷавонон китоб мехонанд, агар...

e-mail: javonontj@mail.ru

Баъд аз баргузор шудани Амалиёти ҷумҳуриявии “Биёед, китоб мехонем”, ки бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 12 августи соли равон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар Боғи устод Рӯдакии шаҳри Душанбе баргузор шуд. ба ҳамин хулоса омадан мумкин буд. Дар он аз ҷониби масъулин 1000 адад китоби гуногуни бадеӣ, илмии дохилию хориҷӣ ва 1000 нусха рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба меҳмонону сокинони пойтахт, аз ҷумла, наврасону ҷавонон ҳадя гардид. Мақсад аз баргузории амалиёти мазкур истифодаи самараноки вақтҳои холигии наврасону ҷавонон, ҷалби онҳо ба мутолиаи китоб дар айёми таътили тобистона ва нигоҳ доштан аз бекоргардию амалҳои номатлуби ҷамиятӣ арзёбӣ гардид. Суҳроб Тоҳирӣ, олими ҷавон, Амалиёти “Биёед, китоб мехонем”ро амали хуб ва саривақтӣ номида, бо хушҳолӣ зикр кард: “Хушбахтона, имрӯз ман китоб дар мавзӯи кори илмии худро бо номи “Миротворетс”, пероуни мурофиаи миллӣ ва саҳми Роҳбари давлат дар мурофиаи миллӣ, ки муаллифони он Султон Мирзошоҳ ва Шодон Ҳаниф мебошанд, дарёфт намудам. Ман ба ташкилкунандагони ин амалиёт миннатдорӣ баён менамоям, чунки бисёр китобҳои нодир ва камёфтро пешкаши дӯстдорони китобу адабиёт карданд. Хуб мешавад, ки чунин амалиётҳо зиёдтар доир шаванду шаҳрвандон китобҳои лозимаи худро ёфта, мутолиа кунанд”. Мутолиаи китоб ба шахси ҷавон на танҳо илму маърифат, балки иродаи қавӣ, хулқу атвори инсонӣ, одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва поктинатӣ мебахшад. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хоса, ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Мастур Гулямова, ҷавони

китобдӯст, иброз намуд: “Ман аз баргузории ин амалиёт аз тариқи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабардор шудам. Имрӯз омада китоби дӯстдоштаи худро дастрас кардам. Чунин амалиёт метавонанд ҷавононро ба китобхонӣ ҷалб кунад. Чунки аксари онҳо бо сабаби гарон будани нарх китоб намехаранд. Инчунин, бо сабаби рушд ёфтани технологияҳои иттилоотӣ, васеъ гаштани имконоти дастрасии он, махсусан, интернет шавқу ҳаваси ҷавонон ба мутолиаи китоб кам гаштааст. Ҷамъ шудани ҷавонони зиёдро дар амалиёт дида, хеле шод гаштам. Ҷавонон бо чеҳраи болида китобҳоро ройгон гирифта, мутолиа мекунанд. Агар дигар вазорату идораҳо низ чунин иқдомро амалӣ кунанд, бисёр хуб мешавад”. Бузургу тавонманд халқест, ки таърихаш, ҳастияш ҳамбастагӣ бо китоб дошта бошад. Хушо, ки тоҷикон аз ҳамин гуна халқанд. Ниёгони барӯманди халқи тоҷик китобро «ҷавшани ҷон», «чароғи раҳнамо», «аниси кунҷи танҳоӣ»ву “фурӯғи субхи доноӣ” донистаанд. Муҳаббат ва эътиқод ба китоб муҳаббат ва эътиқод ба дониш ва хирад аст. Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таърихиву сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанг бештар мегардад. Бузургон беҳуда нагуфтаанд: «Ганҷ магир – китоб гир». Ганҷ, агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


А. Абдуллозода дар оғоз ҳозирин ва дар симои онҳо ҷавонони кишварро ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон муборакбод гуфта, баргузории мулоқотро самараи истиқлолият ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ миёни ҷавонони мамлакат номид. Аҳтам Абдуллозода ба ҷавонон муроҷиат карда, таъкид намуд: «Шумо хушбахтед,ки имкони дар беҳтарин мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил карданро ба даст овардед. Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари худ ба мамолики хориҷӣ кӯшиш мекунанд, ки барои донишҷӯёни тоҷик баҳри таҳсил дар макотиби олии кишварҳои гуногун квота ва бурсияҳо ҷудо шавад. Натиҷаи ҳамин ҷидду ҷаҳди роҳбари мамлакат аст, ки имрӯз қариб 8 041 нафар ҷавони тоҷик дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд. Иддае аз ҷавонони соҳибистеъдод бо дониши баланд ва одобу рафтори намунавиашон кишвари моро хуб муаррифӣ мекунанд. Фаромӯш накунед, ки падару модар, давлату мамлакат аз шумо умеди калон доранд». Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ҷавонон дар

Муттаҳидӣ кафили пешравиҳост

бораи аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ сухан гуфта, кишварҳоеро мисол овард, ки мардумаш солҳо баҳри ноил гаштан ба истиқлолият мубориза мебаранд. - Мо бояд шукр намоем, ки истиқлолиятро осон ба даст овардем, - илова намуд Аҳтам Абдуллозода. -Мутаассифона, баъди ноил гаштан ба истиқлолият гурӯҳҳои муайян дар ҳамдастӣ бо душманони беруна кишвари моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Иддае ба ҷониби ҳаммиллатони худ силоҳ гирифта, шаҳру деҳаҳоро хароб, бархе аз ҳамватанонамонро бехонаву дар намуданд. Чандин ҷавон дар ҷанги дохилӣ ҷон бохтанд. Шукри Худо, ки билохира, ақли солим ғалаба карду бо кӯшишу заҳмати Президенти мамлакат сулҳу осоиштагӣ дар кишвар пойдор гардид. Аксари донишҷӯёни имрӯза он солҳо хурд буданд. Мардум шаб то саҳар дар назди мағозаву корхонаҳои нонпазӣ навбат мепоиданд. Баъзан нон намерасиду субҳ бо дасти холӣ ба хона бармегаштанд. Имрӯз, шукри Худо, дукону нонвойхонаҳо ва бозорҳо аз анвои нонҳои лазиз пур ва ба ҳамагон дастрасанд. Пас, моро лозим аст, ки он рӯзҳои сахти парокандагиро фаромӯш накарда, дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид шаве-

му Ватанро обод намоем. Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Амрохон Алиев ба ҷавонон гуфт: «Соли 1992 ҳамагӣ 15-20 нафар ҳамватанамон берун аз ҷумҳурӣ, асосан, дар Федератсияи Русия таҳсил мекарданд. Соли 1996 ин рақам ба 200 нафар, соли 2010 - 700 ва соли 2012 ба 1000 нафар расид. Соли 2013 теъдоди донишҷӯёни ба макотиби олии мамолики хориҷӣ қабулшуда ба 2500 нафар расид. Имсол бошад, ин рақам зиёда аз 3000 нафарро

ташкил дод. Бояд ҷавонон аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд. Зеро дар мамолики хориҷӣ маблағи яксолаи таҳсил 15-20 ҳазор долларро ташкил медиҳад». А. Алиев аз ҷавонони фирефташуда, ки дар амалиёти низомии Сурия ҷалб шудаанд, бо таассуф ёдовар шуда, гуфт: «Ин ҷавонон ба ҷойи таҳсилу ҳунаромӯзӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан зархарид шудаанд, ки бадтарин гуноҳ аст». Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Қиёмиддин Миралиев қайд на-

Аз ҳама муҳим саломатист Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҷавонон (12 август) роҳбари Сандуқи нуфуси СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон изҳороте пахш намуд, ки дар он изҳори нигаронӣ аз вазъи саломатии имрӯзаи ҷавонони сайёра шудааст. «Гузариш аз давраи наврасӣ ба синни балоғат дар шароити бехатарии саломатӣ ҳуқуқи ҳар як кӯдак аст, - изҳор доштааст ӯ. - Солим будан маънои онро надорад, ки кас гирифтори бемориҳо нагардад, балки некӯаҳволии пурраи ҷисмонию рӯҳӣ ва иҷтимоиро эҳсос намояд». Ба андешаи ӯ, аксар вақт ҳукуматдорони мамолики олам масъалаи ҷисман солим будани ҷавононро сарфи назар мекунанд. Дар натиҷа, гирифтори маъюбӣ шудани ҷавонони зиёд маҳз ҳолати

озурдаҳолию рӯҳафтодагӣ мешавад. Ин вазъ ҳатто ба худкушии бисёр ҷавонон оварда мерасонад. Вобаста ба ин санаи муҳими байналмилалӣ ӯ инчунин изҳор доштааст: «Рӯҳан солим будан, аз ҳама муҳим аст!» Ба ақидаи ӯ, наврасон ба балоғат расида, дарк мекунанд, ки кистанд, ба кадом самт саъй доранд, бо чӣ гуна душвориҳо дучор меоянд? Дар ин давра басо муҳим аст, ки онҳо дастгирии омӯзгорон, волидон, атрофиён, нафаронеро, ки мехоҳанд ба онҳо

муд, ки дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, «Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» таъсис меёбад. Ҳадаф барқарор намудани робитаи доимӣ бо ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта мебошад. Ба ин мақсад тамоми маълумоти вобаста ба донишҷӯён дар базаи ягона гирд оварда шуда, ҳамчун захираи кадрҳои ҷавон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад гашт. Донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Ярослав (Русия) Хусрав Аюбов дар хусуси гурӯҳи ихтиёриёни таъсисдодааш ба ҳозирин иттилоъ дод. Гурӯҳи мазкур ба садҳо нафар ҷавони нав ба Русия фиристодашуда кӯмак расонидааст. Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Астрахан, раиси Ассотсиатсияи донишчӯёни тоҷики муқими Астрахан Некқадам Саидов дар бораи лоиҳаҳои худ оид ба кор бурдан бо ҷавонон дар хориҷи кишвар ва баргузории «Ҳафтаи тоҷикон» дар шаҳри Астрахан иттилоъ дод. Аҳтам Абдуллозода ин иқдоми донишҷӯёро дастгирӣ намуда, ҳамагонро ба муттаҳидӣ, мустаҳкам намудани робитаҳо ва обод кардани диёр даъват кард. Зеро муттаҳидӣ кафили пешравиҳост.

С. АМИНИЁН, «ҶТ»

баробар шаванд, эҳсос намоянд. Чунин дастгирӣ имкон медиҳад, ҳангоми ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодан, қадру манзалати худро донанд, ба рафтори хеш нисбат ба атрофиён баҳои дуруст дода тавонанд. Дар тамоми олам ҳар чорумин духтари наврас гирифтори зӯроварии шаҳвонӣ мегардад. Ҳар сеюмин духтар бошад, синни 18-ро пур накарда, ба шавҳар мебарояд. Вазъи миллионҳо ҷавоне, ки дар манотиқи гирифтори низоъҳо ва аз кӯмакҳои башардӯстона дурмонда зист доранд, боз ҳам бад аст. Вақте наврас аз имкони дастнорасӣ ба ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонии хеш маҳрум аст, ин вазъ ба саломатии баъдинаи ӯ таъсири бағоят манфӣ мерасонад. Ҳоло Сандуқи нуфуси СММ дар 150 кишвари олам фаъолият дошта, мекӯшад дар ҷодаи донишандӯзӣ, омӯхтани касбу ҳунар, донистани ҳуқуқу вазифаҳои хеш дар назди ҷомеа ба наврасону ҷавонон кӯмак расонад.

e-mail: javonontj@mail.ru

Бо ибтикори Созмони Милали Муттаҳид ҳар сол 12 август дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми мамлакат дар толори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта баргузор гардид.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

3

12 АВГУСТ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

4

МАНФИАТИ МИЛЛӢ

Муддатест, номи академики узбек Рустам Абдуллоев мавриди таваҷҷуҳи расонаҳост. Ин академик соли пешин дар сархати ахбори расонаҳо замоне қарор гирифта буд, ки дар маҷаллае бо номи «Фундаментальная экономика» матлабе ба табъ расонд. Он замон Рустам Абдуллоев худро «муҳаққиқу доктори илми иқтисод ва академики собиқ кишвари шӯравӣ» пиндошта, даъво пеш гузошта буд. Мувофиқи даъвои ин «академик» Тоҷикистон чун як ҷузъи давлати Узбекистон бояд ба ҳайси ҷумҳурии худмухтор шомили он гардад. Ба навиштаҳои вай тоҷикон аслан узбекҳое маҳсуб меёбанд, ки танҳо забонашон дигар, яъне, тоҷикӣ шудааст. Ин дафъа ин «олими иқтисоддон» дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун изҳори андеша дорад. Вай мавқеи ҳукумати кишварашро ҳимоя намуда, пешниҳод кардаст, ки нерӯгоҳ бомбаборон карда шавад. Ҳамин тариқ, бунёди нерӯгоҳе, ки барои ҷомеаи тоҷик чун обу ҳаво лозим аст, хотима ёбад. Чунин пешниҳоди беасос ва дар асл басо хавфнок замоне садо дод, ки ҳукумати кишвари ҳамсоя, дар симои муовини сарвазири он Рустам Азимов аз тарҳи бунёди Роғун, дар ҷаласаи Алмаато изҳори норозигӣ кард. Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон натиҷаи ташхиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба бунёди нерӯгоҳи Роғун, бо иштироки кишварҳои болообу поёноби Осиёи Марказӣ моҳи гузашта мавриди муҳокима қарор гирифт. Узбекистон натиҷаи ташхисҳои чорсолаи Бонки ҷаҳониро, ки маҳз бо талаби ин кишвар сурат гирифт, қабул надорад. Ба андешаи Рустам Азимов тарҳи бунёди нерӯгоҳ куҳнашуда маҳсуб ёфта, барои кишварҳои поёноб хатарзост. Илова бар он, манфиатҳои ин кишварҳо, аз ҷумла, Узбекистон сарфи назар шудааст. Ноиби сарвазири Узбекистон Рустам Азимов масъалаи дастрасӣ ба обро, махсусан, ҳангоми обёрии киштзорон ҷиддӣ мепиндорад. Ба қавли ӯ, ҳама беоб мемонад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки бунёди нерӯгоҳи барқи Роғун бо иқтидори 3,6 миллион киловатт/соат ҳанӯз даврони шӯравӣ оғоз ёфтааст. Бунёди

сарбанди он дар ибтидо 350 метр, пасон 335 метр пешбинӣ шуда, дар ҷаҳон баландтарин ва нодиртарин маҳсуб меёбад. Баъди пошхӯрии иттиҳод бунёди он ба муҳлати тӯлонӣ қафо афтод. Дар ин муддат офатҳои табиӣ кори худро кард. Боронҳои сел чандин нақбҳои бунёдёфта ва сарбанди нимободро хароб намуданд. Норасоии чандинсолаи қувваи барқ, махсусан, дар фасли сармо ҳукумати кишварро водор намуд, дубора бунёди онро пеш гирад. Набудани маблағҳои кофӣ маҷбур сохт, саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба фурӯш бароварда шавад. Лек зери фишори ҳамсоякишвари Узбекистон ва дархости созмонҳои молии

рад. Дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз вазъи ниёзмандӣ раҳо ёфта, ба кишвари содиркунандаи қувваи барқ табдил хоҳад ёфт. Зикр намудан бамаврид аст, ки қувваи барқи хеле арзон. Дар Тошканд бар он андешаанд, ки пас аз бунёди нерӯгоҳ ҳамсояи болооб, яъне Тоҷикистон назорати оби минтақаро пурра зери тасарруф дароварда, онро чун фишанг истифода хоҳад бурд. Тавре ки ҳоло Узбекистон роҳҳои оҳанро нисбат ба тоҷикон айнан чун фишанг истифода дорад. Дар яке аз баромадҳояш Ислом Каримов газро неъмати Худодод номида, таъкид дошт, ки ҳар давлати онро дарихти-

чаро дар бунёд ва ҳолати корӣ нигоҳ доштанашон Узбекистон саҳм надорад? Хуб мебуд, агар дар ин масъала дипломатияи тоҷик мавқеи каме қавиро пеш мегирифту бо ҳамсоягон ҷиддӣ суҳбат мекард. Акнун Рустам Абдуллоев ба ҳимояи манфиатҳои кишвараш бархоста, тарҳи бомбаборонкунии нерӯгоҳро пешниҳод дорад. На танҳо бомбаборон, ҳамчунин, хостори он шудааст, ки аз тариқи вилояти Сурхондарё ба самти ТурсунзодаҲисор-Душанбе бо истифода аз артиш зарба зада шавад. Вай иддао дорад, ки чунин амал ҳарчи тезтар сурат гирад. Дар ин бора тариқи навиштаҳояш, ҳатто ба президент Ислом Ка-

карданро кори беақлона номид. «Узбекистон дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ имкони таъсиргузорӣ дар сохтмони Роғунро дорад, аммо бомбаборону ҷанг «мерос»-и асрҳои пешина аст, ки ҳоло ба кор намеояд», - изҳор доштааст ӯ ба хабаргузории «Озодагон». Коршинос Комёб Ҷалилов талаби Рустам Абдуллоевро дар мавриди бомбаборонкунӣ беасос ва ҳазён номидааст. Ба андешаи коршинос ин шахс бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Чунки дар гуфтаҳояш ҷиноят эҳсос мегардад. Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова бошад, аз Прокуратураи генералии кишвар хостааст, нисбат ба Рустам Абдулло-

Пистаи бемағз агар лаб во кунад…

байналмилалӣ аз ин амал даст кашида шуд. Бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ ташхиси ҳамаҷонибаи бунёди нерӯгоҳ, ки бо талаби Узбекистон чанд сол сурат гирифт, хотима ёфт. Хулосаи коршиносон чунин аст: бунёди нерӯгоҳ ба муҳити зист безарар буда, манфиати кишварҳои поёноб ҳам зиён нахоҳад дид. Ҳукумати Тоҷикистон низ борҳо изҳор дошт, ки обанбори Роғун тарзе истифода хоҳад шуд, ки масъалаи коҳиш ёфтани таъмини оби кишварҳои поёнӣ ба миён наояд. Узбекистон баръакс, ҳамоно ду по дар як мӯза натиҷаи заҳмати чандсолаи мутахассисону коршиносон ва изҳороти тарафи Тоҷикистонро ҳеҷ ба эътибор намегирад. Танҳо манфиати худро мебинаду халос. Аз он ки мардуми тоҷик даҳсолаҳо азоби бебарқӣ мекашад, парво надорад. Айни ҳол Тоҷикистон ба қувваи барқ сахт эҳтиёҷ до-

ёрдошта таври дилхоҳ истифода мебарад. Магар об неъмати Худодод нест? Тоҷикистон наметавонад танзими обро худ ба роҳ монад? Умуман, барои бо об таъмин намудани дигарон магар мо вазифадорем? Мувофиқи қарордод, созишномаю меъёрҳои байналмилалӣ ҳар давлат захираҳои табиии худро мувофиқи салоҳдиди худ бояд истифода барад. Чаро дар ин маврид Тоҷикистон истисно ва истифодаи захираи табиии худ - обро мувофиқи хости дигарон бояд ба роҳ монад? Ҳар сол ҳангоми обхезиҳои баҳорӣ чи қадар манзилҳо вайрон, киштзорҳо нобуд ва одамон ба ҳалокат мерасанд. Тоҷикистон маҷбур аст, ҳамаро худ бартараф созаду соҳилҳои вайроншудаи рӯдҳоро аз нав бунёд намояд. Барои ин кор маблағҳои ҳангуфт сарф мешавад, албатта. Агар рӯдҳо фаромарзӣ бошанду обро дигарон ҳам истифода намоянд,

римов муроҷиат намудааст. Ба қавли ӯ, фардо дер шуданаш мумкин. «Тоҷикон нерӯгоҳҳо бунёд намуда, моро ба зону мешинонанд». Рустам Абдуллоев, ҳамчунин, даъво кардааст, ки муҳоҷирони кори узбек ба ватан баргардонда шаванд. Танҳо бо бомбапартоӣ нерӯгоҳ пурра нест намешавад. Ба фикри ӯ муҳоҷирон аз пайи бомбаборонкуниҳо ба хоки Тоҷикистон ворид гашта, бо бел тарҳи нерӯгоҳро ба хок пурра яксон намоянд. Навиштаҳои Рустам Абдуллоев дар сомонаи «Сентразия.ру», наздик ба ҳукумати ҳамсоякишвар дарҷ ёфта, дар ҷомеаи тоҷик вокуниши сахте ба миён овард. Ҳатто намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ин хусус овоз баланд кардаанд. Аз ҷумла, роҳбари Ҳизби сотсиалдемократи кишвар Раҳматилло Зоиров гуфтаҳои Рустам Абдуллоевро ҳарфҳои нафари безаковат ва таклифи бомбаборон

ев парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Зеро ба корҳои кишвари ғайр дахолати ошкор шудааст. Умуман, дар мавриди навиштаҳои академики узбек чи аз дохили кишвар ва чи аз хориҷ ҳама қариб як фикр доштанд: онро маҳкум карданд. Аз Ҳукумати кишвар на танҳо хоҳиш, балки талаб намудаанд, ки ҳаргиз ҳушёрӣ аз даст дода нашавад. Баъзе ҷавонони тоҷик изҳор доштаанд, ки дар мавриди ҳамлаи артиши кишвари ҳамсоя барои ҳимояи марзу буми диёри хеш, ҳатто яроқ ба даст хоҳанд гирифт. Домани баҳсу андешаҳо оид ба гуфтаҳои академик Рустам Абдуллоев дар ҷомеаи тоҷик чандон сард нашуда, худи ӯ овоз баланд карда, мункири суханҳояш гардид. Вай навиштаҳои сомонаи «Сентразия.ру»-ро, ки ба вай нисбат дода шудааст, рад ва онро амали гурӯҳҳои иғвогару манфиатдор ҳисобид. Вай изҳор намуд, ки оид ба ин масъала радияе навиштааст, лек бо кадом сабабе масъулини сомонаи «Сентазия.ру» аз чопи он худдорӣ мекунанд. Ба гуфтааш, саъй хоҳад кард, ки радияашро ҳатман ба чоп расонад. Албатта, ин хуб аст, ки нафаре аз хусумат нисбат ба ҳамсоягон худдорӣ мекунад. Вале тавре худи Рустам Абдуллоев изҳор медорад, ин кори дасти гурӯҳи иғвогар аст. Гурӯҳе, ки бо ҳар роҳ мехоҳад миёни мардуми ду ҳамсоякишвар хусумату низоъ ва бадбинӣ эҷод созад. Ва аз он манфиат бардорад...

Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

“Асрори санг” - сарпарасти варзишгарон

12 августи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва мастер-класҳо бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятиву созмонҳои байналмилалӣ доир гардид.

7-10 августи соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ нахустин Чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва собиқадорон оид ба таэквандо (ITF) доир гардид. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Асрори санг” дар баргузории ин чорабинии муҳими варзишӣ саҳм гузошта, ба як қатор иштирокдорон армуғон ҳадя намуд. Инчунин, ширкат барои тамошои меҳмонони хориҷӣ намоиши маҳсулоти худро ба роҳ монд, ки таваҷҷуҳи меҳмонони дохилию хориҷиро ҷалб намуд. Вобаста ба ин суҳбате доштем бо директори генералии ҷамъият Далер Шарифов. - «Асрори санг» кай таъсис ёфтааст ва кадом корҳоро анҷом медиҳад? - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Асрори санг” соли 2008 тасъис ёфт. Асосан, бо коркарди сангҳои ороишӣ, ранга ва қиматбаҳо машғул мебошад. - То ҷое огоҳем, ширкати “Асрори санг” дар мусобиқоти гуногун варзишгаронро низ дастгирӣ менамояд... - Бале, мо бо Федератсияи миллии таэквандо ва кикбоксинги кишвар ҳамкории зич дорем. Соли 2012 дар мусобиқоти осиёӣ саҳм гузоштем. Имсол якумин бор дар таърихи Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳон байни наврсон ва

собиқадорон доир гардид. Дар ин ҷо низ саҳми худро дареғ надоштем. Тамоми ҷомҳое, ки ба варзишгарон тақдим шуд, онҳоро мо аз сангҳои ороишӣ ва сангҳои табиии Тоҷикистон омода кардем. Ҳамчунин, ният аст, ки ба тамоми ҷавондухтароне, ки ба кишвари мо меҳмон шудаанд, аз ҷониби “Асрори санг” армуғон аз сангҳои ороишии табиии Тоҷикистон ҳадя карда шаванд. - Дар чемпионати мазкур танҳо намоиши маҳсулоти Ширкати “Асрори санг” ба назар мерасид. Таваҷҷуҳи хориҷиён ба маҳсулоти ширкат чӣ гуна буд? - Таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд. Маҳсулоти мо барои онҳо бисёр писанд омад. Мо ифтихор мекунем. Онҳо маҳсулоти моро бисёр харидорӣ карданд. - Оё Шумо маҳсулоти худро ба кишварҳои хориҷ низ содир мекунед? - Асосан, 90% маҳсулоти истеҳсолкардаи ҶДММ “Асрори санг” ба хориҷи мамлакат содирот мешавад. Алалхусус, ба Федератсияи Русия ва аз он ҷо ба дигар

Пешниҳоди ҷойи кор ба ҷавонон

кишварҳо. - Шоёни зикр аст, ки хориҷиҳо ба сангҳои табиии кишвари мо таваҷҷуҳи зиёд доранд. - Дар ширкати “Асрори санг” чанд нафар кор мекунанд ва оё миёни онҳо ҷавонон вомехӯранд? - Бештар аз 40 нафар коргар дорем. Аз ҷумла, ҷавондухтарон ва ҷавонписарон. Умедворем, ки сол ба сол теъдоди ҷойҳои кориро зиёд карда, сифати маҳсулотро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ менамоем. Дар ширкати мо, асосан, ҷавонон кор мекунанд. Дар баробари ин, мо боз мутахассис омода карда истодаем, ки ба тарошидани сангҳо, заргарӣ ва бо ҷавоҳирот машғуланд. - Ба ҳайси роҳбари ҷавон ба ҷавонон чӣ гуфтанӣ доред? - Ба ҷавонон гуфтаниам, ки машғули варзиш бошанд. Беҳуда нагарданду касбу ҳунар омӯзанд.

Мавсумахон Муинова, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар симои ҳозирин ҷавонони дохилу хориҷи кишварро аз номи роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон табрику таҳният намуда, изҳор дошт, ки ҳар сол дар баробари дигар давлатҳо дар кишвари мо низ ин сана ҷашн гирифта мешавад. “Чорабинии имрӯза ба ҷавонон имкониятҳои навро фароҳам оварда, дӯстии ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишварро боз ҳам қавӣ мегардонад”, - афзуд М. Муинова. Номбурда таъкид дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлоли кишвар таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон зиёд гардида, дар ин замина як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Инчунин, зикр шуд Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ аввалин шуда, Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро қабул намуд. Ҳамчунин, барои рушди ҳаракати волонтёрӣ дар кишвар Қонун “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” қабул гардид. Дар намоишгоҳ як қатор намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ низ иштирок доштанд. Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон аз баргузор гардидани чорабинии мазкур истиқбол намуда, миннатдории худро ба созмондиҳандагон баён намуд. Сафир изҳори хушнудӣ намуд, ки дар чорабинӣ волонтёрони бритониёӣ низ ширкат карданд. Шараф Бобораҳимов, ҳамоҳангсози Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол ба ҳамсол” маќсад аз баргузор намудани чорабиниро баланд бардоштани саводнокии љавонон арзёбӣ намуд. - Мақсади мо ҳаракати ихтиёриро дар Тоҷикистон пеш бурдан аст. Баргузории чунин намоишгоҳҳо ба ҷавонон имконият медиҳад, ки ташаккул ёбанд ва барои пешрафти ҷумҳурӣ саҳм гузоранд. Айни замон беш аз 25 ташкилоти байналмилалию миллӣ ва соҳаи соҳибкорӣ барномаҳои худро пешниҳод карда, барои ҷавонон ҷойҳои корӣ ва шароити таҷрибаомӯзӣ муҳайё сохтаанд, - гуфт Шараф Бобраҳимов.

Мусоҳиб Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, “ҶТ”

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

ОБОДОНӢ

5 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

ДАСТГИРӢ

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони тоҷику қирғиз дар Суғд

Дар доираи амалиёти мазкур 9 августи соли равон дар мамлакат бо иштироки васеи наврасону ҷавонон корҳои сабзу хуррамгардонии роҳраву гулгашт ва кӯчаю хиёбонҳо сурат гирифт. Бахусус, дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ташкилоту муассиса ва беш аз 500 нафар ҷавони фаъол ба шанбегӣ баромада, баҳри ба тартиб даровардани кӯчаву хиёбонҳо ва нарм кадани бехи дарахтони сояафкан саҳм гузоштанд. Тавре аз шумораҳои қаблӣ иттилоъ доред, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ тавассути тарбияи меҳнатии ҷавонон мусоидат ба тозаву обод нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳои кишвар буда, он то 5 ноябри соли равон идома меёбад. Дар ин бора Ҷалолиддин Нуров, мудири Бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои муштараки фарҳангии ҷавонони вилоятҳои Ӯш ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Суғд, таҳти унвони «Дӯстиро ҷӯстуҷӯ дорем мо…» доир шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, 11 августи соли ҷорӣ намояндагони ҷавонони вилоятҳои Ӯш ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд. Иштирокчиён аз Осорхонаи тибби қадими осоишгоҳи “Зумрад”, Баҳри Тоҷик, мактаби хонандагони лаёқатманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қасри Арбоб, Осорхонаи вилоятӣ, маркази таълимии «Шероз», “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд, маҷмааи фаввораҳои назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дидан намуданд.

e-mail: javonontj@mail.ru

Таҳти ҳамин шиор Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100 рӯзи ободонӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат бахшида ба 20-солагии Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 июли соли равон оғоз гардид, идома дорад.


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

6

КОММУНИКАТСИЯ

Баҳри пешрафти ҳамлу нақли байналмилалӣ Дар таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва дигар давлатҳо саҳми нақлиёти автомобилӣ хеле калон аст. Зеро дар шароити кишвари мо, ки 93 дарсади масоҳаташро кӯҳсор ташкил медиҳад, интиқоли бору мусофирон бештар тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад. Вобаста ба фаъолияти соҳа бо сардори Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобили Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Умедҷон Сироҷев (дар акс аз мобайн) мусоҳиб шудем.

ин давра воридоти нақлиёт 29 552 адад, воридоти бор 551 654 тонна, воридоти мусофир 28016 нафар, содироти нақлиёт 28 492 адад, содироти бор 132 100 тонна, содироти мусофир 27 213 нафар, гузариши нақлиёт 6506 адад, гузариши транзити бор 82884 тонна ва гузариши транзитии мусофир 7231 нафарро ташкил дод. Нишондодҳои мазкур бо сабаби вазъи сиёсии байнидавлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 кам гардидааст. Зеро аз 11 январ то 31 марти соли равон гузаргоҳҳои сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара, “Маданият”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, “Овчилқалъача”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Қарамиқ”-и ноҳияи Ҷиргатол, “Қизил-арт”-и ноҳияи Мурғоб фаъолият накарданд ва рафтуомади воситаҳои нақлиёт дар ин гузаргоҳҳои сарҳадӣ қатъ гардид. Сабаби дигари кам гардидани нишондодҳои байналмилалии автомобилӣ дар он аст, ки дар мавсими зимистон ва то моҳи майи соли равон аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтуомади воситаҳои нақлиёт тавассути

зи мардум нақши муҳим мебозад. Ба ҷумҳурии мо бештар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Эрон, Туркия, Белорус, Олмон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон мошинҳо бор меоранд. Кормандони раёсат бо ронандагон ва масъулини ширкатҳои нақлиётии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, аз ҷумла, бо ронандагони хориҷӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дастуру супоришҳо медиҳанд. - Нисбат ба мошинҳои пурбор, ки ба ҷумҳурии мо меоянд, кадом талабот пешниҳод карда мешавад? - Мо тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, № 779 аз 29 декабри соли 2006 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо раводид ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, амал менамоем”. Бояд вазни нақлиёти пурборе, ки ба ҷумҳурӣ меояд, аз 40 тонна зиёд набошад. Дар натиҷаи гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳифзи роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳдорӣ ҳолатҳои аз меъёр зиёд будани вазни воситаҳои нақлиёт дар фаъолияти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ то-

Умедҷон Холматҷонович, имрӯзҳо дар шоҳроҳҳои мамлакат мошинҳои калони боркаши кишварҳои гуногунро дучор меоем. Мегуфтед, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои воридотиву содироти борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ чӣ гуна аст? - Масъулони Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар 7 моҳи сипаришуда шуъбаҳо ва бахшҳои гузаргоҳҳои сарҳадиро ба лавозимоти корӣ таъмин карда, фаъолияти кормандонро ҷиҳати риояи тартиби корбарӣ оид ба бақайдгирии нақлиёти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ таҳти назорат гирифта, нишондодҳои фаъолияти онҳоро таҳлилу ҷамъбаст намуданд. Дар

гузаргоҳи сарҳадии “Қулма” бо тариқи реҷаи маҳдудшуда ба роҳ монда шуд. Яъне, дар давоми як моҳ ҳамагӣ ду маротиба серӯзӣ, дар маҷмӯъ, 6 рӯз дар як моҳ ба гузаштани воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешуд. - Бештар аз кадом кишварҳо тавассути нақлиёти автомбилӣ ба ҷумҳурӣ бор ворид мешавад? Мувофиқи созишномаҳои байналмилалӣ ва мутобиқи квотаи тасдиқгардида аз ҷониби масъулони раёсат бо 16 давлати хориҷи дуру наздик мубодилаи рухсатномаҳо ба роҳ монда шуд. Ин амал барои ривоҷу равнақ ёфтани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва барои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти интиқолдиҳандагони ватанӣ, аз ҷумла, баҳри ғанӣ гардонидани маҳсулоти ниё-

рафт кам гашта истодааст. - Нисбат ба ронандагоне, ки меъёру талаботи зикршударо риоя намекунанд, чӣ чораҳо андешида мешаванд? - Дар 7 моҳи соли равон нисбат ба қоидавайронкунандагони ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ 328 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ин 35 протокол ба гузаргоҳи сарҳадии вилояти Хатлон (“Панҷи Поён”), 75 протокол ба гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода ва 218 протокол ба гузаргоҳҳои “Қулма” ва “Қизил-арт”-и ВМКБ рост меоянд. - Азбаски кормандони раёсат бештар бо ронандагони дигар кишварҳо сарукор доранд, донистани забонҳои хориҷӣ ҳатмист. Дараҷаи забондонии

кормандон чӣ гуна аст? - Ҳангоми ба кор қабул кардани мутахассисон мо, албатта, дараҷаи забондонии онҳоро ба инобат мегирем. Миёни мутахассисони мо кормандоне ҳастанд, ки ғайр аз забонҳои тоҷикию рӯсӣ, инчунин, забонҳои англисӣ, туркӣ ва чиноиро медонанд. Мо курсҳои омӯзиши забони англисӣ дорем, ки ҳафтае ду маротиба кормандонамон дар онҳо ширкат меварзанд. Аксари кормандони моро ҷавонон

Бояд вазни нақлиёти пурборе, ки ба ҷумҳурӣ меояд, аз 40 тонна зиёд набошад. Дар натиҷаи гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳифзи роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳдорӣ ҳолатҳои аз меъёр зиёд будани вазни воситаҳои нақлиёт дар фаъолияти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ торафт кам гашта истодааст.

ташкил медиҳанд. Барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ҷавон мо кормандони собиқадорро ба онҳо вобаста кардаем. - Солҳои охир теъдоди мошинҳое, ки тавассути Тоҷикистон ба кишварҳои дигар мераванд, зиёд мешавад. Сабаб дар чист? - Пеш аз ҳама, тавассути сиёсати сулҳҷӯёнаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дари худро барои ҳамаи кишварҳо боз кардааст. Маҳз ҳамин сиёсати дарҳои боз аст, ки бисёр кишварҳо зимни интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ Тоҷикистонро интихоб мекунанд. Дигар ин ки солҳои охир сифати роҳҳои ҷумҳурӣ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ гашта истодааст. Чанд пули замонавӣ сохта шуданд. Вазъи дохилии ҷумҳурӣ ором буда, амният таъмин аст. Санаду меъёрҳои ҳуқуқии соҳа, ки дар дохили кишвар ба имзо мерасанд, дар асоси Созишномаҳои байналмилалии автомобилӣ, Консепсияи СММ таҳия мешаванд. Ҳар як воситаи нақлиётӣ, ки вориди марзи ягон кишвар мешавад, санаду меъёрҳои ҳуқуқи он давлатро бояд риоя кунад. Дар сохтори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт КВД “Маркази сертификаткунонӣ, кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” арзи вуҷуд дорад. Аз ҷониби муассисаи мазкур дар даромадгоҳи шаҳру вилоятҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ нуқтаҳои назоратӣ бо таҷҳизоти баркашии воситаи нақлиёт насб шуданд. Кормандони он назорати меъёри вазни воситаҳои нақлиётиро ба уҳда доранд. Мо дар оянда низ фаъолияти раёсатро пурзӯр намуда, баҳри беҳбуд ва пешрафти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Мусоҳибон С. АСОЗОДА, С. СУННАТӢ, “ҶТ”


ҳанӯз дар сатҳи кишварҳои пешрафта ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, мутахассисонро дар ҳамаи соҳаҳо - аз ронандаву ошпаз сар карда, то корманди меҳмонхонаю менеҷменти туризм дар сатҳи баланд тайёр бояд кард. Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ иброз доштанд, ки «кишвари мо дорои имкониятҳои васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси беҳ гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ хоҳад шуд».

мулоқот карданро намедонанд. Солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳонро мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангии Тоҷикистон ҷалб намудааст. Боздид ва бархурдорӣ аз шаҳрҳои қадима - Истаравшан, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб, Исфара, Ҳисор ва Хуҷанд бо нигоҳ доштани симои қадима, анъанаҳои қадимаи таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳунармандӣ дили ҳазорон сайёҳро тасхир мекунад. Ҳунармандон, заргарон, зардӯзон, кулолгарон, кандакорон, оҳангарон, наққошон, гаҷкорон, хаттотон бо ҳунари во-

Чор фасл барои қабули сайёҳон имкон дорем

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ то соли 2020 шумораи умумии сайёҳон афзоиш ёфта, даромади умумии солонаи он зиёда аз 3 трлн. доларро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти омор ҳар 16-умин корманд дар миқёси ҷаҳон дар соҳаи туризм фаъолият дорад, ки дар маҷмуъ зиёда аз 130 миллион нафарро ташкил медиҳад. Зиёда аз 10%-и маҷмуи маҳсулоти ҷаҳон ба соҳаи туризм рост меояд. Ҷумҳурии мо бо кӯҳҳои пурбарф, чашмаҳои шифобахш, водиҳои зархез ва дараҳои хушманзараш дурнамои хуби туристӣ дорад. Соли 2012 245000 ва соли 2013 207111 сайёҳ аз 80 мамлакати дунё ба ҷумҳурии мо ташриф овардаанд. Яке аз роҳҳои ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат рушди туризми экологист. Дар мавзеъҳое, ки туризми экологӣ тараққӣ меёбад, аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Аммо инро на ба шакли стихиявӣ, яъне, пешомаду хуш омад, балки мақсаднок ва тибқи нақша бояд ба роҳ монд. Вақте сайёҳи хориҷӣ ба пойтахти мамлакат меояд, дар шаҳр дуру дароз наистода, ба деҳот меравад. Зарур аст, ки аҳолии деҳа дар раванди қабули меҳмонон ширкат варзанд ва барои сайёҳон шароити хуб фароҳам оваранд. Дар ин сурат сайёҳон низ хурсанд мешаванд, ки бевосита бо аҳолӣ сару кор мегиранд. Ҷумҳуриамон боду ҳавои муътадил, манзараҳои зебо, чашмаҳои гарму шифобахш ва минералӣ дорад, вале фарҳанги хизматрасонӣ

Мо метавонем дар чор фасли сол сайёҳонро қабул кунем. Ҳар фасли сол зебоии хос дорад. Ҳатто зимистон бо вуҷуди сардию мушкилоташ мафтункунанда аст. Барои мисол, базаи лижаронии «Сафедорак» яке аз ҷойҳои дӯстдоштанӣ аст. Ҳангоме ки Душанбе гарму офтобист, дар “Сафедорак” барф меборад. Ба гуфтаи мардуми деҳаи Сафедорак ҳатто дар фасли тобистон низ барфро дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст. Сафедорак ҳамчун минтақаи туризми зимистона таваҷҷуҳи нафарони зиёдро ҷалб кардааст. Сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ сол то сол меафзояд, аммо шароити будубоши ин мавзеъ сайёҳонро қонеъ гардонида наметавонад. Дар сурати хуб муаррифӣ кардан ва сохтани меҳмонхонаҳои замонавӣ дар базаи лижаронии «Сафедорак» теъдоди сайёҳон дучанд хоҳад шуд. Даромади маҷмуи маҳсулоти дохилии бисёр давлатҳо аз соҳаи туризм мебошад. Масалан, Тайланд. Соле ба ин кишвар 20,58 миллион сайёҳ меоянд. Аз ин ҳисоб солона кишвари Тайланд 21 миллиард доллар фоида мебинад. Қариб 80% маҷмуи маҳсулоти дохилии ин кишвар ба соҳаи туризм рост меояд. Агар мақомоти дахлдор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати вобаста ба туризмро ба роҳ монанд, кишвари мо низ солҳои наздик аз ин мамлакатҳо пеш хоҳад рафт. Имрӯз аксари мардуми деҳот бо сайёҳ чи гуна

лои худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда, имрӯз низ анъанаҳои мактаби ҳунари миллиро идома медиҳанд. Ёдгориҳои таърихӣфарҳангӣ - мамнуъгоҳи таърихӣфарҳангии Ҳисор, оромгоҳи Шайх Муслиҳиддин, ёдгориҳои таърихӣ-меъмории Ҳазрати Шоҳ, қасри Ҳулбук, мадрасаи Хоҷа Машҳад, маҷмааи меъмории Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, қалъаҳои Қаҳқаҳа ва Ямчун, чашмаи шифобахши Гармчашма ва ба ин монанд мавзеъҳо, ки шумораашон хеле зиёд аст, метавонанд ба ҳайси маҳсулоти туристии миллӣ дар рушди туризми фарҳангӣ мусоидат намоянд. Санъати тасвирии халқи тоҷик решаҳои қадима дорад. Осори Камолиддини Беҳзод, мусиқии касбии Борбади Марвазӣ, мусиқии миллии шашмақом ва фалак кайҳо боз ҳамчун ганҷинаи тиллоии фарҳанги ҷаҳонӣ шинохта гардидаанд. Эҳёи ҷашну маросимҳо, анъанаҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, фарҳанги шаҳрсозӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, сокинон нисбат ба ҳаёти фарҳангӣ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки дар ояндаи наздик фазои фарҳангии Тоҷикистон боз ҳам бою рангинтар гардида, дари дилу дидаи мардуми мо ҳамеша ба рӯи меҳмонон боз хоҳад монд. Ҷиҳати рушди туризми фарҳангӣ ва дастраси ҷаҳониён гардонидани дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик чанд пешниҳод дорем: - Бештар ба роҳ мондани фестивалу ҷашнвораҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон; Таъмини иштироки фарҳангиён ва санъаткорони кишвар дар фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалӣ; Таблиғи дастовардҳои фарҳанги миллӣ аз тариқи шабакаи интернет. Бовари дорем, ки Тоҷикистони мо аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта баҳравар шуда, соҳаи туризмро ривоҷ мебахшад.

Махфират САМАДЗОДА, донишҷӯи соли дуюми ДМИТ

Ватандӯстиро аз китоб омӯхтам! Дӯст доштани Ватан аз нишонаҳои соҳиби имон будан аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) ватандӯстиро як ҷузъи имондорӣ ҳисоб кардаанд. Одамизод бо ин ҳисси баланд ҳанӯз дар даврони тифлӣ ошноӣ пайдо мекунад. Тифл, пеш аз ҳама, модарашро дӯст медорад ва дар симои ӯ такягоҳ ва як мавҷуди зарурии барои худ судмандро кашф мекунад. Майли тифл ба модар аз эҳсоси меҳр сарчашма мегирад, пас аз марҳилаи кӯдакӣ дӯстдориҳои тифл фарохтар мегардаду дигар шахсони наздикро дӯст медорад: падар, бародар, хоҳар, бибиву бобо. Ба ҳамин равиш тифл ба он маконе, ки он ҷо иқомат мекунад, меҳр мебандад ва тифлакони ҳушманду зирак дар макони дигар худро ноҳинҷору ноҷӯр ҳис мекунанд. Оромии қалбашон ҳамон маконе мегардад, ки ҳар рӯз медиданд, он ҷо пайванди маънавӣ бо аъзои хонавода пайдо карда буданд. Кӯдак дар қатори модару хонаи худашон кӯча, деҳа, ноҳия ва ниҳоят, Ватанро дӯст медорад. Ватан хонаи умумии мост, ки дар домони ӯ мо худро орому хушбахту ризо ҳис мекунем. Аммо мешавад танҳо бо дӯст доштани табиӣ қонеъ буд? Албатта не! Мо бояд барои ободтару замонавитар ва аз ҳамсояҳо зеботару чашмрастар гардидани хонаи умедамон Тоҷикистони беназир кӯшишу заҳмат кашем. Ҳар кадомамон ба қадри имкон саъю талош намоем, ки ин хона амнтару ободтару зеботар бошад. Зеро ин хона моро дар оғӯши гармаш ҷо додаву масъулиятро ба дӯши мо гузоштааст, ки мо бояд сарбаландонаву ҷавонмардона аз иҷрои он ифтихор намоем. Тоҷикистон аз лиҳози ҳудуд кӯчак бошад ҳам, бо мардуми шарифаш бузург аст. Ниёконамон донишманд, ҳунарманд, санъатвару муҳаққиқ буданд. Мо, ки ворисони ниёкони сарбаландем, бояд ҳамон обрӯву манзалати аҷдодонро нигоҳ дорем, яъне, кӯшиш кунем, ки мисли онҳо донишманду боимону бо умеди фардои нек бошем. Ба ростӣ, ин фикрҳо пас аз хондани китоби «Таърихи инқилоби Бухоро» дар зеҳнам пайдо шуданд ва ман бо хуни ҷигару ашки равон ин китобро хондаму ба арвоҳи гузаштагони пурифтихорамон Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ, Мунзиму Ҳамдӣ ва Абдуқодир Муҳиддинов дуо хонда, Худоро шукр кардам, ки ба халқи мо чунин мардони ватандӯсту миллатпарастро ҳадя намудааст. Оғози асри ХХ душманони миллати мо мавҷудияти тоҷиконро зери шубҳа қарор медоданду барои ин мардуми асливу бумиву қадимӣ майдонро танг ва фишору озори таърихӣ раво медиданд. Ҳатто тоҷикони дорои таърихи чандинҳазорсоларо, тоҷикони тамаддунофару фарҳангпарварро, тоҷикони бо қаламу дафтар ҳамеша ҳамроҳро аз рӯйхати мардуми таҳҷоӣ хат зада, онҳоро қавми кӯчаки ӯзбек ном мебурданд. Ин ҳама даъвоҳои пучу васвосӣ, фитнаву найранги пантуркистони пешазинқилобӣ ба он хотир буд, ки тоҷик соҳиби тахту бахт нагардад, тоҷик соҳиби ватани худ нагардад ва дар гирдоби сиёсати чиркини пантуркистӣ афтода, оҳиста-оҳиста ба нестиву нобудӣ оварда расонида шавад. Русҳои ишғолгар, ки Бухорои шарифро ба хоку хун кашида, бо тайёра 71 бомба партофта, бузургтарин китобхонаву ёдгориҳои таърихиро сӯзонида, шаҳрро пурра оташ заданду ба саҳрову биёбон монанд карданд, ба ҷуз кашонидани тиллову сарвати Амир ва ғорати рӯирости мардум коре надоштанд, барои маҳв шудани миллати барӯманди тоҷик замина омода карданд. Пантуркистони ашадӣ, аз қабили Файзулло Хоҷа ва ҳаммаслаконаш мехостанд батамом номи миллати моро аз харитаи Осиёи Миёна хат зананд. Моро маҳв созанд. Аммо бузургони ҷонфидои миллат пеши роҳи ин чингизҳои асри навро гирифтанду дар харита кишваре ба номи Тоҷикистон пайдо шуд. Шукри Эзид, ки мо имрӯзҳо бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани орому осоишта ва ҳамдилию ваҳдати халқҳои гуногун зиндагии хушу хурсандона дорем. Рӯз то рӯз аҳволи иҷтимоию иқтисодии мардум беҳтару хубтар гардида истодаасту сафи донишҷӯёну олимон бештар. Ин нуктаро бояд зикр кунем, ки ҷавонон ояндаи ин миллату кишвар то аз гузаштаи пурифтихори худ огаҳ набошанду он рӯзҳоро пеши назар наоранд, ба қадри оромиву суботу гулгулшукуфоии имрӯзи кишвари азизамон намерасанд. Барои ҳамин мо бояд таърихи гузаштаамонро хонему донем.

Ҳаётбегим НОЁФТОВА, донишҷӯи курси дуюми ДМТ

e-mail: javonontj@mail.ru

Туризм яке аз соҳаҳои сердаромади мамлакатҳои тараққикарда ба ҳисоб меравад. Дар содироти ҷаҳонии молу хизматҳо туризм баъд аз маҳсулоти нафт ва фурӯши автомобил дар ҷои сеюм меистад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

7

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

8

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ТАЭКВОНДО (ITF) Таэкван-до калимаи кореягӣ буда, “таэ” маънии “ҷаҳида ё парида бо пой зарба задан”, “квон”- “мушт” ва “до” “роҳи ҳақиқат”-ро дорад. Он яке аз навъҳои ҷанги тан ба тани шарқӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори таэквандои муосир Президенти Федератсияи байналмилалӣ, дорандаи дани IХ генерал Чой Хонг Хи мебошад. Ӯ 9 ноябри соли 1918 дар Кореяи Шимолӣ ба дунё омадааст. Нақл аст, ки Хиро падараш дар синни 12 ба назди яке аз маъруфтарин муаллимони ватанаш Хан Ил Донг барои омӯзиши хушнависӣ мебарад. Хан ба ғайр аз хушнависӣ устоди санъати бостонии гӯштини кореягӣ бо по (таэк-кйон) низ буд. Аз ин рӯ, заифии шогирди худро дида, ҳамзамон, ба вай машқҳои вазнини таэк-кйонро низ меомӯзонад. Сипас, Чой соли 1937 барои идомаи омӯзиш ба Ҷопон рафта, таҳти роҳбарии ҳамватанаш Ким ба омӯзиши санъати ҷангии каратэ машғул ва баъди ду сол соҳиби дани якум мегардад... Ҳамин тариқ, бар асоси таҷзия техникаи каратэ ва таэк-кйон ба пайдоиши таэкван-дои муосир замина мегузоранд. Чун Чой Хонг Хи аз соли 1945 ба ҳайси лейтенанти хурд, лейтенант, капитан, майор, подполковник, полковник ва соли 1954 генерал-майор кор мекард, дар баробари иҷрои вазифаи низомӣ ба паҳн кардани таэквандо дар артиши Кореяи Ҷанубӣ низ машғул гардид. Дере нагузашта таэкван-до на фақат дар байни шаҳрвандону низомиёни Корея, балки миёни аскарони амрикоие, ки зери фармондеҳии генерал Чой Хонг Хи қарор доштанд, паҳн ва дар бузургтарин Академияи низомии ҷаҳон – Вест пойнт муаррифӣ гардид. Расман эътироф гардидани таэкван-доро дар Кореяи Ҷанубӣ ба соли 1955 мансуб медонанд. Аз ин рӯ, онро ба аскарони ҷавон

35 медали варзишгарони Ҳусейн ФАРИД, ноиби раиси кулли Федератсияи таэквон-до (IТF)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон: – Мо аз ҶИЭ 6 нафар ба ин мусобиқот омадем. Мутаассифона, варзишгарони мо натавонистанд соҳиби медал шаванд. Ду сол пеш аз мусобиқаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Таллини Эстония медали нуқра ба даст оварда будем. Ман бори дуюм аст, ки ба Тоҷикистон меоям. Қаблан, ду сол пеш дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо ҳамчун узви ҳайати Раёсати Конфедератсияи таэквондо (ITF)-и Осиё ширкат варзидам. Тайи ин ду сол Душанбе хеле зеботар шудааст. Аз лиҳози сохтмони иморату иншооти нав, роҳҳо ва гулу сабзазор пешравии зиёд ба чашм мерасад. Дар маҷмуъ, сатҳи пазироӣ ва ташкилии ин чорабинии муҳими варзишӣ хуб ба роҳ монда шуд.

e-mail: javonontj@mail.ru

44 Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ва зиёда аз 400 дорандаи камарбанди сиёҳи данҳои аз якум то ҳаштумро ба камол расонанд. Ана, ҳамин дастовардҳо ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакату Федератсияи байналмилалии таэкван-до буд, ки аз 2 то 11 августи соли равон дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бори аввал Чемпионати ҷаҳон оид ба таэкван-до байни наврасон ва собиқадорон баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи он, ки шоми 7 августи соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир шуд, Марҳабо Ҷабборӣ, муовини

Ойбек ҶАЛИЛОВ, мураббии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Ӯзбекистон: - Варзишгарони мо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до (ITF) байни наврасону собиқадорон соҳиби медалҳои ифтихорӣ гардиданд. Мо шод ҳастем, ки ба Тоҷикистон омада, дар ин мусобиқа ширкат варзидем. Ҳеҷ интизор набудем, ки моро чунин пешвоз гирифта, дар сатҳи баланд меҳмондорӣ мекунанд. Чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон будем, масъулон бо мо муносибати хеле олӣ доштанд. Мо дар мавриди ҷойи хоб, хурду хӯрок ва нақлиёт ягон танқисӣ накашидем. Ҳамзамон, дар рафти чемпионат ҳам камбудие вуҷуд надошт, шароит барои ҳама варзишгарон, мураббиён ва мухлисоне, ки ҳамроҳи варзишгарон омада буданд, доварон ва тамошобинон муҳайё буд. Бисёриҳо ҳеҷ интизор набуданд, ки Тоҷикистон чунин мусобиқаи сатҳи ҷаҳониро дар ин сатҳ гузаронида метавонад. Чемпионати ҷаҳон, ки дар Тоҷикистон доир шуд, аз дигар чемпионатҳои ҷаҳоне, ки дар давлатҳои тариққикардаи ҷаҳон мегузаранд, ҳеҷ камӣ надошт гӯем, хато нахоҳем кард.

ШИРИН НАБИЕВА (ДАР БАЙН)

ва полиси Кореяи Ҷанубӣ ҳатман меомӯзониданд. Соли 1965 сафир Чой Хонг Хи (он замон генерал-лейтенанти мустаъфӣ буд) аз Ҳукумати ҶХДК дастур гирифт, ки ҳайатеро барои сафар ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон, ИМА, Итолиё, Туркия, Малайзия ва Сингапур сарварӣ намояд. Моҳияти сафар аз он иборат буд, ки таэван-до бояд ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардид. Ин на танҳо ба ташкили ҷамъиятҳои таэквандо дар кишварҳои зикргардида, балки ба таъсиси Федератсияи байналмилалӣ ҳам замина гузошт.

Алҳол ба ин намуди варзиш мунтазам 30 миллион нафар машғуланд, чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалии гуногун доир мешаванд. Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба таэван-до соли 1974 дар шаҳри Монреали Канада баргузор шудааст. Дар ҷумҳурии мо Федератсияи миллии таэкван-до соли 1992 таъсис ёфта, аз ҷониби Федератсияи байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқ эътироф гардидааст. Сипас, соли 2009 чун Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинг дар Вазорати адлия аз нав ба қайд гирифта шуд.

Орёл АЛЕКСАНДР, варзишгари тими мунтахаби Украина: - Ман узви ҳайати 50-нафараи Украина мебошам. Дар ин мусобиқа дар бахши худмуҳофизат ширкат кардам. Мо 5 август ба Душанбе омадем. Ин бори аввал аст, ки ман ба як кишвари осиёӣ қадам мениҳам. Шаҳри Душанбе зебо, лекин ҳавояш хеле гарм будааст. Хайрият, ки фаввораҳою дарахтони баланди пойтахт касро аз гармо

эмин медоранд. Пеш аз ба Душанбе омадан дар шаҳри Минск Чемпионати Аврупо оид ба таэквондо буд. Мутаассифона, бо сабаби муташанниҷ будани вазъи Украина мо дар ин мусобиқа ширкат варзида натавонистем.

Айни замон, маҳфилҳои ин намуди варзиш дар ВМКБ, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият доранд. Дар онҳо беш аз 2000 нафари аз 6 то 30-сола машқ мекунанд. Танҳо дар 20 соли аввали фаъолият (яъне, солҳои 19922012) мураббиёни кордони федератсия тавонистанд 36 Чемпиони ҷаҳон (16 каси онҳо аз 2 то 6 маротиба ин унвонро соҳиб шуданд), 6 Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи тадорукоти ташкилу баргузории Чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва собиқадорон оид ба таэквандо (ITF) ва Чанг Унг, Президенти Федератсияи байналмилалии таэквандо ҳозиринро хайрамақдам гуфта, варзишро кафили дӯстиву рафоқат, барқароркунандаи муносибатҳои хубу ҳасана миёни кишварҳо маънидод ва ба варзишгарон комёбиҳои тозаи варзишӣ таманно карданд. Сипас, баъди расман эълон гардидани чорабинӣ аз ҷониби Абдуллозода Аҳтам Ру-


Мартин СТИХАРЕВ, варзишгари Ҷумҳурии Эстония: - Вақте ки мо вориди Тоҷикистон шудем, намояндагони он моро ба таври бояду шояд пешвоз гирифта, хуб меҳмондорӣ намуданд. Ростӣ, чунин навозишро дида, тасаввур кардем, ки дар Ватани худамон ҳастем. Бештар ба ман боду ҳавои форам, тоза ва гарми Тоҷикистон маъқул шуд. Дар Ватани мо ҳаво каме сард ва на он қадар тоза аст. Инчунин, маро зиёдтар меваҳои обдору ширини Тоҷикистон мафтун кард. Дар ҳаёти хеш бори аввал чунин меваҳои болаззатро чашидам. Дар кишвари мо мева зиёд аст, дар баробари ин, аз дигар мамлакатҳо низ ворид мешавад, лекин мисли меваҳои Тоҷикистон болаззат ва обдор нестанд. Чемпионат дар сатҳи олӣ гузашт. Чанд рӯзе, ки мусобиқа доир гашт, ман онро мушоҳида карда, дар ҳайрат мондам. Доварони бомаҳорат ва сатҳи ҷаҳонӣ даъват шуда буданд, ки бархе аз онҳо на ба ҳама чемпионатҳои ҷаҳон барои доварӣ розӣ мешаванд. Ҳамзамон, беҳтарин ва боқувваттарин варзишгарони ҷаҳон омада буданд. (АЗ ЧАП БА РОСТ) ЧАНГ УНГ, ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЭКВАН-ДО ВА АБДУЛЛОЗОДА АҲТАМ, РАИСИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ

лакат муяссар гардид, ки ба гирифтани мақоми сеюми ифтихорӣ

сола Баҳромҷон Гадоев дар вазни то 45 кило, Илҳом Одинаев дар

тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

9

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ТАЭКВОНДО (ITF)

Руслан ХАЛИЛОВ, варзишгари дастаи Федератсияи Русия: - Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо (ITF) байни наврасону собиқадорон медали нуқра ба даст овардам. Рафти мусобиқа ба ман маъқул шуд, чунки доварон барои мо - варзишгарон холҳои ҳақиқӣ гузоштанд. Инчунин, тамоми шароит барои мо аз тарафи ташкилкунандагони мусобиқа муҳайё буд ва мо танҳо дар андешаи он будем, ки чӣ гуна баромад кунему сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардем. Дар баробари ин, меҳмоннавозии халқи тоҷик ба дараҷаи олӣ буд. Тоҷикистон кишвари офтобрӯ ва боду ҳавои тозае доштааст, ки ба варзишгар айни муддаост. Ин боду ҳавои форам барои мо - варзишгарон фараҳ бахшид. ИЛҲОМ ОДИНАЕВ

МАҲИНА ШОДМОНОВА

стам, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди миллии кишвар садо дод. Ҳамин тариқ, баъди се рӯзи муборизаҳои тезутунд намояндагони 25 кишвар соҳиби медалҳои чемпионат гардиданд. Аммо танҳо ба варзишгарони 13 кишвар насиб кард, ки ба гирифтани медалҳои тилло мушарраф шаванд. Дар ҳисоби умумидаставӣ тими мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо дарёфти 28 медал (18 тилло, 3 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷои аввалро ишғол кард. Мақоми дуюмро дастаи яккачини Федератсияи Русия бо ба даст овардани 37 медал (13, 12, 12) ба даст овард. Ба варзишгарони мам-

бо дарёфти 35 медал (9 тилло, 12 нуқра ва 14 биринҷӣ) шарафёб шаванд. Шоёни зикр аст, ки дар ин мусобиқа кишвари моро 43 варзишгар (23 писару 20 духтар) ва 4 нафар собиқадор намояндагӣ карданд. Ба гирифтани медали нахустини тилло Фурқат Урунов дар сабқати собиқадорон ноил шуд. Баъдан, Маҳина Шодмонова байни духтарони 14-15-сола дар вазни то 40 кило, Фирӯз Набиев дар ин гурӯҳ дар вазни то 63 кило ва Сӯҳроб Зарифов дар вазни то 69 кило мақомҳои ифтихориро ишғол карданд. Дар сабқати наврасони 16-17-

Меретдурдӣ РОЗИЕВ, президенти Федератсияи таэкван-до (ITF) ва роҳбари гурӯҳи Ҷумҳурии Туркманистон:

Хван ВЛАДИМИР, мураббии тими мунтахаби Қазоқистон: - Бори аввал аст, ки ман ба Тоҷикистон омадам. Соли 2012 мақсад доштам, ки дар Чемпионати Осиё ширкат варзам, вале натавонистам. Аммо писарам дар он мусобиқа ширкат дошт. Ҳайати Қазоқистон аз 41 нафар варзишгару мураббӣ иборат буд. Рӯзи аввали мусобиқа ду варзишгари собиқадори мо Радионкин ва Владимир Ким қаҳрамон шуданд. То ба Душанбе омадан таэквондочиёни қазоқ дар Непал қувваозмоӣ карда, дар ҳисоби даставӣ баъди Тоҷикистон ҷои дуюмро гирифтанд. Ташкилотчиёни мусобиқа барои хуб гузаронидани чорабинӣ хеле заҳмат кашидаанд. Мо аз меҳмоннавозии тоҷикон розием. Ба ман гулгашту дарахтони сояафкани Душанбе писанд омаданд. Масъулон чунон хуб нигоҳубину обёрӣ кардаанд, ки гулу сабзазор дар чашми кас ҷило медиҳанд. Бе ягон муболиға мегӯям, ки аз ҳама шаҳрҳои дидаам Душанбе якумин шаҳрест, ки ин қадар дарахтони зиёди сояафкану гулҳои сершумор дорад.

вазни то 57 кило байни писарон ғолиб омаданд. Дар ин гурӯҳ миёни духтарон Ширин Набиева дар вазни то 52 кило соҳиби ду медали тилло шуд. Инчунин, Рустам Зиёев ва дастаи мунтахаби кишвар (духтарон) дар техникаи махсус ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати қаблии ҷаҳон миёни наврасон ва собиқадорон оид ба таэквон-до (августи соли 2012 дар шаҳри Таллини Эстония бо иштироки 800 варзишгар аз 60 давлат баргузор шуд), низ дар ҳисоби даставӣ тими мунтахаби ҷумҳурӣ баъди дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Федератсияи Русия мақоми сеюмро ишғол кард.

e-mail: javonontj@mail.ru

- Аз дастаи мо 7 варзишгар дар ин чемпионат иштирок карда, сазовори медалҳо шуданд. Мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи олӣ гузашт. Аз рафти мусобиқа маълум гардид, ки Тоҷикистон барои гузаронидан тайёрии ҷиддӣ дидааст. Масалан, барои варзишгарон, мураббиён, доварон, иштирокчиён, мухлисон ва меҳмонон тамоми шароит муҳайё буд. Мо тӯли 4 рӯз аз чизе танқисӣ накашидем. Минбаъд низ агар Тоҷикистон чунин мусобиқаҳои ҷаҳонӣ гузаронад, мо ҳатман иштирок хоҳем кард.


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

10

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТ

Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ омадааст: “Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг назаррас мебошад. Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ муқаррар гардида, ҳоло он тавассути қабули барномаҳои миёнамуҳлати соҳавӣ татбиқ шуда истодааст”.

ТУРИЗМ

вон варзишгарони ноҳия аз мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва байналмилалӣ 21 медали тилло, 14 нуқра ва 17 медали биринҷӣ ба даст оварданд, – гуфт Раҷабалӣ Турсунов. – Варзишгари навраси ноҳия Фозил Фозилов дар Чемпионати Аврупо оид ба карате-до, ки моҳи май дар Олмон баргузор шуд, Қаҳрамони Аврупо гардид. Ноҳияи Варзоб дер боз ба минтақаи истироҳат ва туризми ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Дар доираи Барномаи мақсадноки комплекси рушди ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ ва туризм алҳол дар ноҳия 56 минтақаи истироҳатӣ-оммавӣ, 67 минтақаи истироҳатии шахсӣ, 8 лагери тобистона, 3 осоишгоҳ, 34 нуқтаи савдо ва хӯроки миллӣ ва ғайра ба истифода дода шудааст. Бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия имсол низ чун солҳои қаблӣ ҷавонони ноҳия тавассути ҳашар дар заминҳои бекор ниҳоли дарахтони

Рушди туризми ҷомеасоз дар Варзоб Аз 72 000 нафар аҳолии ноҳияи Варзоб 35578 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ба 45,8% баробар аст. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия баҳри дар амал татбиқ кардани Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон, Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Барномаи рушди туризм ва ғайра тайи 6 моҳи соли равон чорабиниҳои зиёде доир намуд. Тавре мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Раҷабалӣ Турсунов дар суҳбат иброз дошт, бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, нашъаҷаллобӣ, худкушӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳудуди ҷамоатҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёна як қатор корҳои назаррас, аз қабили чорабиниҳои маърифатӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳо доир шуданд. Ноҳияи Варзоб чанд сол боз дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи қабули ҷавонон ба хизмати ҳарбиро иҷро менамояд. Ҳарсол Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо намояндагони Комиссариати ҳарбии ноҳия ба қисмҳои низомӣ рафта, барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил мекунанд. Мулоқоти Президенти мамлакат бо варзишгарон баҳри пешрафти соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ноҳияи Варзоб такони ҷиддӣ гашт. Ҳоло дар ноҳия мактаби варзишии кӯдакону наврасон фаъолият менамояд, ки дар он зиёда аз 380 нафар ҷавон ва наврас аз рӯи ҳашт намуди варзиш: волейбол, гӯштини миллӣ, лижаронии кӯҳӣ, гӯштини тарзи самбо, дзю-до, варзиши сабук ва футбол тамрин мекунанд. Дар тамоми маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Боиси хушнудист, ки тайи чанд соли охир аз ҷониби соҳибкорони деҳаҳо чанд майдончаи варзишӣ таъмиру таҷдид шуд. Бахшида ба 21-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар майдони варзишии маркази ноҳия миёни наврасону ҷавонон Бозиҳои варзишии “Ҳомии Ватан” аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш, ба монанди гӯштини миллӣ, дав, футбол, вазнбардорӣ, шоҳмот баргузор гардид, ки дар он 15 даста (541 нафар варзишгар) ширкат варзиданд. Ҳамин гуна чорабиниҳои калони варзишӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон низ баргузор гардида, ғолибон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд. Соли ҷорӣ “Соли оммавияти футбол” эълон шудааст. Ба ин муносибат аз моҳи май дар майдони варзишии деҳаи Чорбоғ мусобиқаи кушоди ноҳия оид ба футбол оғоз ёфт, ки дар он 24 даста қувваозмоӣ карда истодаанд. - Дар маҷмуъ, тайи нимсолаи аввали соли ра-

мевадиҳандаю сояафкан шинонида, дар кабудизоркунии диёр ҳисса гузоштанд. Моҳи май дар минтақаи истироҳатии “Киштӣ ба дарё” маросими кушодашавии мавсими истироҳат ба туризм бо иштироки роҳбарони минтақаҳои истироҳатии ноҳия ва меҳмонони олиқадри хориҷӣ бо баргузории озмунҳои гуногун доир гардид. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва сайёҳони хориҷӣ ҳамчун минтақаи истироҳатӣ муаррифӣ кардани ноҳияи хушманзараи Варзоб мебошад. Яке аз чорабиниҳои дигари таблиғотӣ баргузории Аксияи ҷавонон таҳти унвони “Рушди туризми ҷомеасоз” мебошад, ки даҳаи дуюми моҳи май доир гардид. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия намоиши маҳсулоти туристӣ доир карда, барои иштирокчиёни чорабинӣ барномаи фарҳангии ҷолиб пешкаш намуданд. - Мо бо мақсади бештар таблиғ намудани захираҳои туристии дараи хушманзараи Варзоб тасмим гирифтаем, ки ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ буклету китобчаҳои тарғиботӣ омода карда, видеоролику филмҳои мустанад таҳия намоем, – мегӯяд Раҷабалӣ Турсунов. – Ҳамчунин, миёни ҳунармандони маҳаллӣ оид ба истеҳсоли савғотии беҳтарин барои сайёҳон озмун мегузаронем. Кӯшиш мекунем, ки тамоми нақшаву чорабиниҳои дар барномаҳои рушди соҳаҳои туризму варзиш пешбинишударо сари вақт амалӣ кунем.

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

Ҷаҳиши иқтисодии «Кишвари афсонаҳо»

Дар дуюмин кишвари сераҳолии дунё - Ҳиндустон 15 август Рӯзи истиқлолият таҷлил мекунанд. Соли 1947 дар ин рӯз мардуми озодихоҳи Ҳиндустон аз ҳайати Британия баромада, кишвари худро мустақил эълон намуд. Солҳои аввали истиқлолият ҷангҳои дохилӣ миёни ҳиндуву сикҳу мусулмонон иқтисодиёти кишварро заиф кард. Баъдан роҳбарияти Ҳиндустон мардуми гуногунмиллати кишварро ба таҳаммулпазирӣ даъват намуда, иқтисодиёти дуюмин давлати сераҳолии дунёро ба по рост намуд. Ҳукумати Ҳиндустон дар оғоз сиёсати сотсиалистии иқтисодиро бо шарикии давлат дар сектори хусусӣ ва назорати сахт дар савдои хориҷию сармоягузорӣ пеш бурд. Пас аз соли 1991 Ҳиндустон сиёсати навсозии либералии иқтисодиро пеш гирифта, назорати давлатиро дар бахши иқтисодӣ кам кард. Дар натиҷа, захираи тиллою арзии мамлакат аз 5,8 миллиард доллари соли 1991 то 308 миллиард доллар (июли соли 2008) боло рафт, ки ин ҷаҳиши бузург аст. Имрӯз маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҳиндустон 2 триллион долларро ташкил медиҳад. Ҳиндустон баъди Чин дуюмин кишвари бузурги дорои неруи корӣ (516,3 миллион нафар) мебошад. Қариб 60 дарсади онҳо дар бахши кишоварзӣ, 28% дар соҳаи хизматрасонӣ ва 12% саноат фаъолият мекунанд. Зироатҳои асосии кишоварзӣ дар Ҳиндустон шолӣ, гандум, пахта, чой, найшакар ва картошка ба шумор мераванд. Асоси саноати «Кишвари афсонаҳо»-ро автомобилсозӣ, химия, сементбарорӣ, электроника, мошинсозӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди нефт, дорусозӣ, металкоркунӣ ва нассоҷӣ ташкил медиҳад. Дар баробари рушди босуръати иқтисодиёт талабот ба захираҳои энергетикӣ низ афзуд. Имрӯз Ҳиндустон аз ҷиҳати истифодаи нефт дар ҷаҳон ҷои шашум ва истифодаи ангиштсанг ҷои сеюмро мегирад. Новобаста аз рушди иқтисодиёт имрӯз даромади якрӯзаи қариб 25 дарсади аҳолии мамлакат камтар аз 1 доллари амрикоист. Бинобар зиёд будани теъдоди мутахассисони англисидон Ҳиндустон кишвари барои рушди туризми тандурустӣ мусоид эътироф шудааст. Ҳиндустон ба кишвари содиркунандаи барномаҳои компютерӣ ва хидматрасонии молиявию технологӣ табдил ёфтааст. Бокситҳо, хромитҳо, ангиштсанг, алмос, маъдани оҳан, манган, гази табиӣ, нефт ва сангҳои қиматбаҳо захираҳои асосии табиии ин кишвар маҳсуб меёбанд. Шарикони муҳими тиҷоратии Ҳиндустон ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Чин ва Русия ба шумор мераванд. Тамоми намуди нақлиёт (обӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ) дар Ҳиндустон истифода мешавад. Тавассути роҳи оҳан соле то 6 миллиард нафар мусофир ва 350 тонна бор интиқол меёбад. Соли 1950 дар ин мамлакат 64 фурудгоҳ буд. Имрӯз теъдоди фурудгоҳҳо ба 484 адад расидааст. Индустрияи кинои Ҳиндустон - «Болливуд» сермаҳсултарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Соле дар «Кишвари афсонаҳо» бештар аз 800 филм ба навор гирифта мешавад. Бо сабаби доштани манзараҳои зебо, ёдгориҳои таърихии сершумор ва фарҳанги ғанӣ Ҳиндустон кишвари барои сайру саёҳат ҷолиб ба шумор меравад. Иёлати Раҷастҳан бо қалъаҳои қадимӣ ва таърихи муҳорибаҳои шадидаш бо аҷнабиён маъруф аст. Агра (Акбаробод) бо Тоҷмаҳали афсонавӣ, Сикандаробод бо мақбараи Шоҳ Акбар, шаҳрҳои Ҷоудҳпур, Ҷайпур, Ҷайсалмер ва Удайпур бо ёдгориҳои тамаддуни гуногунашон машҳуранд. Ҳар моҳ дар ин кишвар иду фестивали халқҳои гуногун баргузор мешавад. Аз ин рӯ, ташрифи сайёҳон ҳатман ба яке аз фестивалҳо рост меояд. Варанасӣ қадимтарин шаҳри Ҳиндустон буда, зиёратгоҳу маъбади пайравони буддоия, ҳиндуия ва ҷайния дар он воқеъ гаштааст. Иёлати Мадҳя Прадеш бошад, бо мамнуъгоҳу минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда машҳур аст. Маъруфтарин боғҳои миллии ин ҷо Канҳа ва Бандҳавгарҳ мебошанд. Ҳар сол барои табобат бо усули тибби қадимаи «аюрведа» («илми ҳаёт») 150 000 нафар хориҷӣ ба Ҳиндустон меоянд. Ҳиндустон имрӯз зиёда аз 100 миллион истифодабарандаи «Фейсбук» дорад, ки 84 миллион нафараш тавассути телефон ворид мешаванд. Бонки ҷаҳонӣ рушди суръати тараққиёти Ҳиндустонро дар солҳои 2014-2015 то 5,5% пешгӯӣ кардааст.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”


солҳои 2010-2015” татбиқ мешавад. Имрӯз аз 100 бемори сил 88 нафарашон пурра шифо меёбанд. Ҳадафи мо ин аст, ки то охири сол ин рақамро ба 88,5 ва дар соли 2015 ба 90 расонем. Бо пешниҳоди Созмони

- Мегуфтед, ки ҳадаф аз таъсиси эътилофи мазкур чист? - Мақсад созмон додани як шабакаи пурқуввату оммавӣ аст, ки тавонад баҳри коҳиш додани гирифторшавӣ ба бемории сил ва пешгирии паҳншавии он саҳми назаррас гузорад. Ҳамчунин, ҳадаф аз ташкили эътилоф баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, аз ҷумла, огоҳ шудан бо роҳҳои пешгирию муолиҷаи саривақтии бемории сил мебошад. Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи ЮСАИД “Тандурустии босифат” баргузор шуд. Пешгирӣ ва муолиҷаи бемории силро танҳо ба дӯши мақомоти тандурустӣ ҳавола кардан нашояд. Зеро сил бемории иҷтимоӣ буда, дар мубориза бар зидди он иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа зарур аст. Вақте ки ашхоси аз сил шифоёфта, беморони кунунӣ ва наздикони онҳо муттаҳид мешаванд, кори пешгирӣ аз бемории сил осонтар мегардад. Бемор шахси шифоёфтаро дида, бовариаш ба фардо бештар мешавад. Яъне, ин эътилоф як навъ дастгири рӯҳии бемор хоҳад шуд. - Ҳоло вазъи эпидемиологии бемории сил дар мамлакат чӣ гуна аст? - Ҷумҳурии мо ба қатори 18 давлат бо вазъи вазнинтарини эпидемиологии шаклҳои ба доруҳои зиддисилӣ мутобиқгаштаи бемории сил ворид гардидааст. Ҳоло дар мамлакат “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои

ҷаҳонии тандурустӣ аз соли 2002 дар ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ ворид намудани дурнамои ДОТС (табобат зери назорати бевосита) оғоз гардид. Сипас, дурнамои мазкур давра ба давра васеъ гардида, соли 2007 тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, муассисаҳои ислоҳиро низ фаро гирифт.

- Татбиқи барнома чӣ самар дод? - Бо мақсади баҳодиҳии амалишавии бахшҳои барномаи дар боло зикршуда соли 2013 гурӯҳи мушоварони байналмилалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба кишвар ташриф оварда, аз сатҳ ва сифати хизматрасонии зиддисилӣ дидан карданд. Онҳо аз сатҳу сифати хизматрасонии зиддисилӣ изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳод намуданд, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар баъзе

аз самтҳои татбиқи барнома ба дигар кишварҳо ҳамчун намуна омӯзонида шавад. - Коршиносон, махсусан, ба кадом бахши барнома баҳои баланд доданд? - Коршиносони байналмилалӣ

дастгирии назарраси Ҳукумати ҷумҳуриро дар самти мубориза бар зидди сил таъкид карданд. Дурнамои ДОТС бо назардошти омӯзонидани табибони силшинос, табибони оилавӣ ва кормандони озмоишгоҳҳои таҳлили микроскопӣ ва бактериологӣ ба роҳ монда шуд. Натиҷаи ҳамкориҳои самараноки сохторҳои гуногун буд, ки аз соли 2010 мизони паҳншавии сил дар Тоҷикистон коҳиш ёфт. Дар ҳама минтақаҳои мамлакат сол то сол нишондодҳои гирифторшавӣ ба бемории сил паст гардида истодааст. - Муассисаҳои зиддисилӣ то чӣ андоза бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд? - Тамоми 87 озмоишгоҳи микроскопӣ, 4 озмоишгоҳи бактериологии вилоятӣ, Озмоишгоҳи миллии референсӣ бо таҷҳизоти лозима таъминанд. Тайи се соли охир се адад нақлиёти сайёри флюорогрифӣ харидорӣ шуд, ки барои сари

- Дар мубориза бар зидди бемории сил кадом шарикон бо муассисаҳои тандурустӣ ҳамкорӣ мекунанд? - Дар баробари марказҳои шаҳрию ноҳиявии мубориза бар зидди сил ва беморхонаҳои силӣ, инчунин, СҶТ, Хазинаи глобалӣ (GF) Лоиҳаи HOUP, Бонки олмонии рушд ва ғайра баҳри пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил кӯмак мерасонанд. Ҳамчунин, дар барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил бештар аз 37 ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ ва зиёда аз 3000 нафар ихтиёрӣ (волонтёр) ҷалб шудаанд. Дар ҷумҳурӣ сол то сол маблағгузории давлатии соҳаи зиддисилӣ беҳтар гардида истодааст. Бо мақсади ба соҳаи зиддисилӣ ҷалб намудани хатмкардагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои зеринро пешбинӣ кардааст: - рухсатии иловагӣ барои шароити кори вазнин ва хавф-

эътироф намуданд, ки дар Тоҷикистон ҳамоҳангсозии кор миёни вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия ва сохторҳои қудратӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда шудааст. Дар ҷумҳурии мо бо мақсади пешгирии бидуни на-

вақт дарёфт намудани бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд. Ҳар сол бо истифода аз ин мошинҳо зиёда аз 3 ҳазор кас аз гурӯҳи хавф ва муоинаи профилактикии флюорографӣ гузаронида мешаванд. То соли 2011 хулосаи таҳлили озмоишгоҳии муайян намудани

нок барои саломатӣ ва ба вақти кори кӯтоҳ; - иловапулӣ дар ҳаҷми 100% ба моҳонаи вазифавӣ; - табобати имтиёзнок дар санаторияҳо; - суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои фалокат дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ бо пардохти суғуртавӣ ба кор-

зорат истифода бурдани доруҳои зиддисилӣ муомилоти доруҳо ба танзим дароварда шудааст. Бо истифода аз технологияи муосири телекоммуникатсионӣ ба роҳ мондани тибби фосилавӣ, байни мутахассисони деҳот ва пойтахт гузаронидани машваратҳо доир ба тасдиқи ташхис ва интихоби реҷаи табобати беморон, таҳияи наворҳои зиёд барои аҳолӣ оид ба пешгирии бемориро низ коршиносон аз дастовардҳои асосӣ шумурданд. Онҳо, инчунин,

шаклҳои мутобиқгаштаи сил дар давоми 2-3 моҳ тайёр мешуд. Алҳол бо истифода аз дастгоҳи “Gene Xpert” имконияти дар давоми 2 соат гузоштани ташхиси шаклҳои мутобиқгаштаи сил (ШМС) пайдо гардид, ки ин ҳам барои сари вақт ба табобат фаро гирифтани бемор мусоидат мекунад. Аз ин дастгоҳ 11 адад дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ васл гардида, барои дарёфти барвақти ШМС хизмат мерасонанд.

мандони соҳа. Мувофиқи талаботи СҶТ самаранокии табобати беморони сил бо риояи дурнамои ДОТС бояд дар сатҳи 90% нигоҳ дошта шавад. Нишондоди самаранокии табобати беморони сил дар мамлакат тайи 5 соли охир баланд шуда истодааст. Мо мақсад дорем, ки соли 2015 ба нишондоди пешниҳодкардаи СҶТ бирасем.

Мизони паҳншавии бемории сил коҳиш ёфтааст

Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Чанде пеш дар меҳмонхонаи “Меркюрий”-и пойтахт нахустин ҳамоиши эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар он беморони сил, афроди аз бемории сил шифоёфта, наздикони онҳо ва созмонҳои дар самти мубориза бар зидди сил фаъолиятдошта ширкат намуданд. Мо бо директори Маркази ҷумуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Октам Бобохоҷаев, ки дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Насли ҷавони Тоҷикистон” яке аз ташаббускорони таъсиси эътилоф буданд, мусоҳиб шудем.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

11

18 АВГУСТ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

12

10 АВГУСТ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН БУД

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки миллати тоҷик бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ба тавваҷуҳу дастгириҳои рӯзафзуни роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пой аз ботлоқи буҳронҳои маънавию иқтисодӣ баркашида, асолати дерини миллии худро пайдо мекунад. Дар ин росто, варзиш, ки яке аз омилҳои муҳими муаррифӣ ва шинохти миллат дар ҷаҳон аст, мақоми шоиста касб кардан дорад. Дар муддати начандон тӯлонӣ он қадар иншооти варзишӣ таҷдид гардидаву қомат афрохтанд, ки дар ҳисоби аниқашон кас мушкилӣ мекашад. Қариб дар ҳар як маҳаллаи шаҳру навоҳии мамлакат, ҳеҷ набошад, майдончаи варзишӣ амал мекунад, ки онҳоро холӣ намебинем. Дар майдончаҳои варзишӣ, марказҳои варзишӣ ва маҳфилҳо доираи васеи наврасону кӯдакон ба намудҳои гуногуни варзиш машғул ҳастанд. Дар деҳот, маҳаллаҳо, ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ пайваста чорабиниҳои гуногуни аҳамияти тарбиявӣ ва обутоби ҷисмонидошта роҳандозӣ мегарданд. Тимҳои футболи шаҳру ноҳияҳо дар чемпионатҳои мамлакат фаъол гардидаанд, ки бархе аз онҳо имрӯзҳо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ бо дастаҳои пурқуввати мамлакатҳои мутаррақӣ қувва меозмоянду пирӯзӣ ба даст меоранд. Оре! Дар ин самт дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд ва дастовардҳо низ хеле зиёданд. Вале ин ҳаргиз маънои хотирҷамъ ва аз муваффақиятҳо саргарм шуданро надорад. Баръакс, мисле ки варзиш ҳамеша маънои дар ҳаракат буданро дорад, корбарӣ ҳам дар ин ҷабҳа бояд вусъат ёбад. Ба ҳамин мазмуну ҳадафҳо 9 августи соли равон дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба Рӯзи варзишгарон, ки дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов баргузор гардид, суханрониҳо садо доданд. Чорабинии мазкур бо иштироки васеи роҳбарону масъулон, устодону донишҷӯён, меҳмонон, варзишгарони ҷавон, собиқадорони соҳа ва рӯзноманигорон доир шуд. Чун анъана он бо шунидани Суруди миллӣ шурӯъ гашт. Сипас, Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи аҳамияти бузург ва нақши созандаи варзиш, иззату эҳтироми мардум нисбат ва варзишгарони асил,

рисолату масъулияти душвор, вале ифтихории варзишгарон дар ҷомеа, кӯшиш, ғайрат ва дастовардҳои чанд соли охири варзишгарони тоҷик дар миқёси ҷаҳон сухан гуфта, таъкид дошт, ки роҳбарияти мамлакат ва сокинони он аз варзишгарон умеди калон доранд ва мутмаинанд, ки минбаъд ҳам аз буда бештар

дар мавқеи худ омӯзгор ҳисоб меёбад. Омӯзгори талқингари солимӣ, ҷасурӣ, покии ахлоқ ва намунаи баландтарини ватандӯстӣ. Ба ҳар варзишгар ҳазорон нафар мухлисӣ менамоянд ва онҳоро дӯст медоранду эҳтиром мегузоранд. Мекӯшанд, ки худ ва фарзандонашонро бо пайравӣ аз варзишгари пи-

Пасон, Абдуллозода Аҳтам Рустам ба варзишгарони беҳтарини ҷумҳурӣ Расул Боқиев (дзю-до), Мавзуна Чориева (бокс), Дилшод Назаров (варзиши сабук), Искандари Рустам, Салим Хоҷаев (гӯштини тарзи озод), Фаридун Тиллоев, Бахтовар Ҳасанов (гӯштини тарзи юнонию румӣ), Наврӯз Ҷафоев, Баҳодур Ус-

дин Каримов (самбо), Шаҳриёр Забиров (қайиқронӣ), Ҳасан Ғафуров, Абдурасул Мирзоев, Зоҳир Шералиев, Меҳрангез Назарова (варзиши сабук), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Муҳаммад Раҳимов, Меҳрангез Алиева (таэквон-до ВТФ), Алишер Ахмедов, Зуҳро Холова (кикбоксинг), Афзаллидин Худойназар (гӯштини камарбандӣ), Акмал Қодиров (дастхобонӣ), ки баҳри рушди варзишӣ ватанӣ ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи ҷаҳон хидматҳои зиёд карданд, идрорпулӣ супурда, муваффақият хост. Ҳамчунин, дар вазъияти тантанавӣ кӯмакпулию туҳфаҳои хотиравӣ чун нишони эҳтиром ба собиқадорони варзиши ҷумҳурӣ Усмон Ҳалимов, Исмат Абдуллоев, Ғиёсиддин Қаюмов, Амрисултон Наботов, Муяссар Шарифова, Зебуннисо Рустамова, Павел Мирзоев, Нур Одинаев, Шариф Тоҷиев, Сайраҳмон Ғиёсов, Уроз Хайруллоев, Иван Поляков, Ҳақназар Бедимоғов, Убайдулло

Иду фараҳ асту шодмонӣ дар ҳимояи шарафи варзиши Тоҷикистон, баланд бардоштани Парчами миллӣ, танинандоз гардидани Суруди миллӣ дар арсаи байналхалқӣ бо пирӯзиҳои тоза ба тоза саҳмгузор мешаванд. - Варзишгарӣ танҳо дар намуде аз варзиш муваффақ шудан набуда, балки ойинаи ибрат будан аст. Ҳар як варзишгар

сандида ба камол расонанд. Ҳамин аст, рисолати тарбиятгарии ҳар варзишгар. Бинобар ин, вазифаи дигари варзишгарон тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи неки меҳнатдӯстӣ, ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷавонмардӣ ба шумор меравад, - афзуд раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.

монов, Шаҳбоз Неъматуллоев (бокс), Муҳаммад Абдураҳмонов, Комрони Устопириён, Адҳам Исҳоқов, Сайиданвар Шамдиев, Хуршед Маҷидов, Эмомҷон Камолов, Темур Раҳимов, Саидҷалол Саидов, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Ардашер Мирзоев, Фарҳоди Салим (дзю-до), Хушқадам Хусравов, Беҳрӯз Хоҷазод, Акмалид-

Ҳусейнов, Тулабой Худойбердиев ва ғайраҳо тақдим гардид. Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии мамлакат муваффақияту пешрафтро дар ҷодаи варзиш, қабл аз ҳама, аз сиёсати некбинонаи варзишии роҳандозинамудаи Президенти кишвар, ҳамзамон, Президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳои зичи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, федератсияҳои варзишии ҷумҳурӣ ва дастгирии омма арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки то соли 2006 тими мунтахаби ҷумҳурӣ дар Бозиҳои Осиё ягон медали тилло ба даст наоварда буд. Хушбахтона, солҳои 20062010 якбора 3 медали тилло ба даст омад. Айнан, тӯли 10-15 соли охир дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ низ ягон медали тилло надоштем. Солҳои 2008 ва 2012 се медал (як нуқраю ду биринҷӣ) ба даст оварда шуд. Акнун ба Бозиҳои олимпии наврасон, ки 16-28 августи соли равон дар шаҳри Нанҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад, умед мебандем. Дар ин ҳамоиши бузурги варзишии наврасон варзишгарони зерин шарафи варзиши мамлакатро ҳимоя хоҳанд намуд: Фирӯз Ёқубов, Фаррухи Салим (дзю-до), Тоҳир Охонов, Равзатулло Исоев (гӯштини тарзи юнонию румӣ), Климик Карина (шиноварӣ), Аниса Замирова, Ҷаъфар Шерматов (камонварӣ), Меҳрангез Назарова (варзи-


Ғалабаи тими миллии кишвар бар Малайзия

варро боз ҳам баланд мебардоранд. Дар ҳамоиш, инчунин, баъди он ки иштироккунандагони Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон корти аккредитатсионӣ гирифтанд, Абдуллозода Аҳтам Рустам Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қаҳрамони Осиё оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон Фирӯз Ёқубов супурд, ки ӯ дар маросими ифтитоҳи бозиҳо дар шаҳри Нанҷинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Парчами миллии Тоҷикистонро мебардорад. Ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки Мавзуна Чориева парчамбардо-

наи олимпии Монреал–1976, аз номи варзишгарони ҷавон Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – 2012 ва Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ сухан карда, хушбин аз он буданд, ки варзишгарони мамлакат солҳои наздик шарафи варзиши киш-

ри Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII Осиё, ки дар Шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ интихоб шавад. Дар анҷом, барои иштирокчиёни ҷамъомад барномаи рангини консертӣ дар иҷрои ҳунарманди овозадор Ҳабибулло Беков пешкаш гардид.

ИҚДОМ

ФУТБОЛ

Муҳоҷирон футбол мебозанд

варзиш

Самариддин АСОЗОДА, Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»

Тӯҳфаи «Истиқлол» ба ҷавонон Бахшида ба Рӯзи варзишгарон, ки ҳар сол 10 август баргузор мегардад, роҳбарияти дастаи футболи «Истиқлол» (Душанбе) иқдоми хайреро амалӣ намуд. Аз ҷониби клуби мазкур ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 24 компютер (аз ҷумла, 4 ноутбук) ва 4 принтер тӯҳфа карда шуд. Дар шароити имрӯз истифодаи технологияҳои муосир дар ҳаёти ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нақши муайян дорад. Аз ин рӯ, саҳми роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол” дар таҷҳизонидани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо компютерҳои муо-

сир иқдоми наҷиб буда, дар пешравии кори онҳо мусоидат хоҳад кард. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ба роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» барои дастгирии ҷавонони кишвар изҳори сипос намуда, ба ҳайати даста дар қувваозмоиҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ барору пирӯзиҳо таманно намуд.

С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

Дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав панҷумин мусобиқа оид ба футбол миёни дастаҳои муҳоҷирони кории тоҷик оғоз ёфт. Ин сабқат дар варзишгоҳи «Торпедо»-и ба номи Эдуард Стрелтсови Маскав бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни ҷавонон - «Помир», ки раҳбарии онро Анзор Назархудоев бар дӯш дорад, сурат мегирад. Тавре аз дафтари матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, дар маросими кушодашавии мусобиқа сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва собиқ футболбози дастаи “Помир”-и Душанбе Олег Ширинбеков иштирок доштанд. Дар мусобиқа 16 даста бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард. Даври финалӣ 14 сентябр баргузор мешавад.

КАДР

Манасян шомили ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби миллӣ шуд Вазген Манасян, собиқ ҳамлагари дастаи “Помир”-и Душанбе шомили ситоди мураббиёни тими миллии кишвар шуд. Манасян қаблан бозингарони дастаҳои “ВолочанинРатмир” (Вишний Волочёк), “Черноморетс” (Новороссийск), “Стал” (Днепродзержинск) ва “Локомотив” (Тошканд)-ро тамрин медод. Ӯ тими миллии кишварро

дар Алмаатои Қазоқистон ҳамроҳӣ кард. Вазген Манасян 13 марти соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Устоди варзиши ИҶШС (1988) аст. Моҳи сентябри соли 1979 ӯро ба дастаи овозадори “По-

мир” даъват карданд. Баъди суқути ИҶШС, моҳи апрели соли 1992 “Помир”-ро тарк карда, ба “Зенит”-и СанктПетербург пайваст. Соли 1996 карйераашро ба анҷом расонда, ба кори мураббигӣ оғоз кард.

e-mail: javonontj@mail.ru

ши сабук, давидан ба масофаи 3000 метр). Онҳоро мураббиёни варзида Носир Бозоров, мудири шуъбаи варзиш ва таълимоти олимпии Кумитаи миллии олимпӣ, роҳбари даста, Фирӯза Зубайдова, камонварӣ, Екатерина Измайлова, шиноварӣ, Олег Набиев, тирпаронӣ, Баҳодур Қодиров, гӯтини тарзи озод ва Ҷамшед Расулов, варзиши сабук ҳамроҳӣ менамоянд. Аз номи собиқадорони варзиш Зебуннисо Рустамова, Чемпиони чандкаратаи ҷаҳон оид ба камонварӣ, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобисто-

8 август дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии рафиқона миёни дастаҳои миллии Тоҷикистону Малайзия доир гашт. Шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуданд. Голҳоро ба дарвозаи Малайзия Давронҷон Эргашев, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Нуриддин Давронов заданд. Голи меҳмононро аз ҷаримаи ёздаҳметра Мохд Амри Яхях ба ҳадаф расонд. Ба хотираи қурбониёни садамаи ҳавопаймои “Боинг”-и Малайзия 17 июл дар Украина қабл аз бозӣ дақиқаи хомушӣ эълон шуда, ҳайати ҳар ду даста бо дастбанди сиёҳ ба майдон баромаданд. то бо тими миллии Қазоқистон анҷом ёфт. Голи дастаи мун12 август тими миллии вохӯрд. Ин бозии рафиқона бо тахаби Тоҷикистонро Фарҳод футболи кишвар дар Алмаа- ҳисоби 2:1 ба фоидаи мизбонон Тоҳиров зад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

13

ФУТБОЛ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

14

АДИБОНИ МО

1 август зодрӯзи яке аз поягузорони илми фолклоршиносии тоҷик, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино, Ходими шоистаи илм, Аълочии маорифи халқ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва устоди як зумра олимону мутахассисони соҳаи фолклоршиносӣ Раҷаб Амонов буд.

«фотиҳа», «сабзирезакунон», «таги ҷо», «санбӯсахӯрон», «идӣ», «тӯйбурон» сар карда, то тӯйи асосиро тасвир ва таҳлил намуда, исрофи беҳудаи хӯроку пӯшокро ҳар сари қадам таъкид намудааст. Ба гунаи мисол, нависанда «даҳонбандон»-ро чунин тасвир кардааст: «…ба хонаи духтар панҷоҳта фатир, садта санбӯса, даҳ кило биринҷ, ҳашт кило равғани думба, ба ҳамин мувофиқ гӯшт, сабзию пиёз ва шаш лаълӣ қанду қурс ва шаш-ҳафт либосворӣ матои қиматбаҳо фиристоданд. Инҳоро гирифта, тарафи духтардор ба ҳамсояву хешу табор тақсим мекунад. Ба ҳама маълум мешавад, ки духтар номзад шудааст». Ё ҷои дигар: «...як гӯсфанд, панҷ пуд биринҷ, панҷ пуд орд, чор дона каллақанд, як халта сабзию пиёз, як бӯғча либосу матоъ… ба хонаи духтардор равон карда мешавад, меоваранду мебаранд, ҳамин аст

Раҷаб Амонов аз ҷумлаи олимони шинохтаву мондагори тоҷик ба шумор меравад, ки дар давоми умри бобаракати худ барои халқу Ватан ва миллати хеш беминнат ва содиқона хизмат кардааст. Муаллифи зиёда аз 600 мақолаи илмию оммавӣ, монография, шеъру ҳикоя, очерку қисса мебошад. Асарҳои илмӣ ва бадеии Раҷаб Амонов бо забонҳои гуногуни хориҷӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Хусусан, асарҳои тадқиқотии олим дар соҳаи фолклоршиносӣ ва адабиёти шифоҳии тоҷик бебаҳо буда, ҷойгоҳи махсусеро доро мебошанд. Чи хеле ки аз зиндагиномаи ӯ ва асарҳои мондагораш бармеояд, эҷодиёти Раҷаб Амонов гуногунҷабҳа буда, дар дигар жанрҳои адабӣ ва журналистӣ низ ба мувафаққиятҳои назаррас ноил гаштааст. Дар повести «Дар доманаи кӯҳҳои кабуд», ки соли 1961 ба нашр расид, авзои публисистӣ, таҳқиқу таҳлили иҷтимоъ дида мешавад. Баъдтар, дар асарҳои «Навбаҳори чашмасор» ва «Ҳикояҳои фолклоршинос», очеркҳои «Бузургонро бузургон зинда медоранд» ва «Ҷон додаракам» ҷӯрсозии авзои эстетикию сиёсӣ, оҳанги сухани ҷозибадори публитсистӣ мушоҳида мешавад. Баъди ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта, ки фоҷиаи гӯшношунидро ба сари мардуми тоҷик овард, навиштаҳои публитсистии Раҷаб Амонов оҳанги дигар гирифт. Ӯ як шахси ватандӯсти воқеӣ, сӯхангӯи бадилу гурда ва ҷасурест, ки суханро фошофош мегӯяд. Ӯ, ки пажӯҳишгар ва донандаи хуби эҷодиёти мардумист, навиштаҳояш аз маросим ва анъанаҳои халқи тоҷик, аз лаҳзаи таваллуд то гаҳворасон ҷунбидани тобут, аз урфу одатҳои гуногуни мардумӣ - тӯю азо, мукофоту ҷазо, хулоса, аз ҳаёти мардуми оддӣ маншаъ мегиранд. Хусусан, мақолаҳои дар мавзӯи қиматшавии молу коло дар бозор, нарху наворо бардоштани ҳаннотон, исрофкорӣ дар тӯю маъракаҳо ва ғайра то ҳол қимати худро гум накардаанд. Дар қиссаи «Тӯйи кӯҳна ё худ зангирии акаи Маъруф», ки ба силсилаи қиссаҳои ёддоштӣ мансуб аст, яке аз анъанаҳои маъруф ва беҳтарини халқи тоҷик - оила барпо намудани ҷавонон мӯшикофона инъикос ёфтааст. Дар ин ҷо нависанда аз маросимҳои «маслиҳат барои ёфтани арӯс», «хостгорӣ», «сафедпартоён», «даҳонбандон», маросими «ҷой» ё «лозим» (маъракаи занона), «ноншиканон»,

одат”, - хулоса мекунад нависанда. Зиёда аз 50 сол пеш нависанда масъалаеро, ки то ҳол дар ҷамъияти мо арзи ҳастӣ дораду бисёриҳоро ба ташвиш меорад, баён намудааст. Ҳоло ҳам барои тӯйи бодабдабаву пурхарҷ падару модарон таги қарзу қавола мемонанд. Оре, харҷи тӯй хурд нест. Аз ду тараф, махсусан, аз тарафи домод маблағи зиёд сарф мешавад. Онҳо ин харҷро маҷбуран ба гардан мегиранд, қоида ҳамин аст, аммо дар амал азоб мекашанд ва аз онҳое норизо мешаванд, ки ин одатҳоро маъмул кардаанд. Ба ин минвол, маросими никоҳ, маросими «ҷӯраи домод», базм барои ҷӯраҳои домод, маросими «арӯсбарон», «рӯбинон» ва ғайра бо харҷу исрофи калон доир гашта, соҳибони тӯйро то баногӯш ба қарз меғӯтонанд. Ногуфта намонад, ки ин ҳама проблемаҳоро Раҷаб Амонов дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ низ пайгирӣ менамуд. Аз ҷумла, дар мақолаи «Тӯйҳо бояд замонавӣ бошанд», ки зери рубрикаи «Проблема ва мулоҳиза» дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» аз 5 июли соли 1986 чоп шудааст, дар бораи харҷи зиёдатӣ ва исрофкорӣ дар тӯйҳо нақл мекунад. Як гурӯҳ кормандони илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ бо супориши комиссияи махсусе, ки оид ба ҷорӣ кардани урфу оинҳои нав дар Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт, соли 1984 ба ноҳияи Зафаробод ва соли 1985 ба шаҳри Истаравшан барои омӯхтани расму оинҳои марбути тӯйи арӯсию домодӣ сафар мекунанд. Ба қавли нависанда дар он солҳо барои гузаронидани тӯйи арӯсӣ тарафи ҷавон 13-14 ҳазор сӯм (пули барориши соли 1961) сарф менамуд. Тарафи духтардор ҳам барои харидани туҳфа ва ҷиҳози қиматбаҳо маблағи калон сарф мекард. Масалан, «… барои гузаронидани тӯйи фотиҳа тарафи домодшаванда маҷбур буд ба хонаи духтар 40-50 кг биринҷ, як сар гӯсфанди калон, 100-120 кг орд, 20-30 кг равған, мувофиқи ҳамин меваю шираворӣ фиристад. Ба ғайр аз ин, домодшаванда барои бӯғчаи арӯс то 40-50 либосворӣ, матоъҳои гаронбаҳою камёб, камзулу тоқию рӯймолҳои қиматбаҳо, зару зевар муҳайё мекард...» Ин одатҳои номатлуб дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн гашта, мардуми оддиро мубталои қарзи миёншикан менамуд. Устод Амонов дар мақолаи худ дар бораи ноҳияҳои номбаршуда сухан ронда, таъ-

кид кардааст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ аз он ҷилавгирӣ намудан лозим. Аз мақола бармеояд, ки то солҳои охир дар Истаравшану Зафаробод пеш аз ақди никоҳ «сафедгирон», «ноншиканон», «тӯйи фотиҳа», «маслиҳат», «тӯйбарӣ», «сабзирезакунон» ва баъд аз ақди никоҳ «ҷойандозон», «тӯйи занон», «торканон», «дастравғанкунон», «ҷоғундорӣ» барин маросимҳои бисёре гузаронида шуда, ба ҳар яки онҳо меҳмонони зиёдеро даъват мекарданд. «Яке аз одатҳое, ки харҷи зиёдеро талаб менамуд, ҷомапӯшониву либосдиҳӣ ба меҳмонону хешу ақрабо буд...» Одати дигаре, ки ба исрофкорӣ сабаб мешуд, пур кардани дастархони меҳмонон (хусусан занҳо) аз хӯрду хӯрокиҳои гуногун буд. «Дар маҳалҳои мазкур 1,5-2 тонна орд барои пӯхтани 7-8 ҳазор дона

рои мардикорӣ рафта бошад, даҳ нафари дигар барои кандани қарз ё ҷамъ кардани маблағ барои тӯйи домодии худ ва ё гузаронидани маъракаҳои хурсандии фарзандон рафтаанд. Ин ҳамаро дида, Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи майи соли 2007 Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонд. Дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани рӯзгори мардум, танзими расму ойинҳо ва маросимҳои мардумӣ таклиф намуд: «...Дар айни замон мо бояд як нуктаро донем, ки то расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабули татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои

Танзим - баракати зиндагӣ Навиштаҳои Раҷаб Амон то имрӯз боарзишанд нону кулча сарф мешуд», ки бисёре аз инҳо хушку туъмаи гову мол мешуд. Аз солҳои 50-уми асри гузашта дар шаҳри Истаравшан ва баъдтар дар қишлоқҷойҳо «тӯйи комсомолӣ» ҷорӣ шуд. Ин тарзи тӯй ба ҳамагон маъқул шуд, вале бо сабаби зиёд истеъмол шудани нӯшокиҳои спиртӣ, дуру дароз гузаронидани он ва серхарҷу сермеҳмон шуданаш боз ба мардум вазнинӣ овард. Ҳатто одамони поквиҷдон ва камбизоат низ барои обрӯ шуда, ба қарзу қавола ғутида, чунин тӯй барпо менамуданд. Ин ҳамаро нависанда дар мисоли ин ду ноҳия бо факту рақам ва номҳои мушаххаси қоидавайронкунандаҳо ба хонанда муаррифӣ карда, роҳҳои ҳалли онро кушодааст. Устод Амонов ба воситаи барномаҳои театрӣ ва кинофилмҳо намунаи тӯйҳои замонавиро ба диққати оммаи васеъ расониданро яке аз чораҳои зарурӣ меҳисобад. Ӯ менигорад: «…барои замонавӣ гузаронидани тӯйҳо бояд аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода бурд». Дар мақолаи «Қарорро дастгирӣ мебояд», ки зери рубрикаи «Расму оинҳои нав ба ҳаёт», ки 7 апрели соли 1988 дар рӯзномаи «Коммунисти Исфара» нашр шудааст, адиб ин масъаларо бори дигар дар мисоли деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара таҳқиқ кардааст. Давоми як сол ҳудуди 195 тӯйи арӯсиву домодӣ дар ин деҳа баргузор шудааст. Исрофкории аз ҳад зиёд шахсонеро, ки тӯйи бодабдабаву бошукӯҳ баргузор мекунанд, оқибат ба ботлоқи қарз ғӯтонида, сарсону саргардон мекунад. Нависанда менигорад: «Соҳибтӯйи «ҳотам» баъди тӯй ҷои он ки бо зану фарзандонаш зиндагии осудаҳолонаву бофароғат дошта бошад, солҳои зиёд қарз соф мекунад». Инчунин, нависанда дар бораи дигар маросимҳои мардумӣ сухан ронда, оид ба одатҳои зараровар, монанди «саллабандон, давра, дарондани матоъ, гирифтани асо дар рӯзи дафн, кашол додани рӯзҳои азодорӣ, ки аслан бидъат буда, боиси сарфу харҷи беҳуда ва саргардониҳои зиёде мешаваду на аз оинҳои бобоён мебошад ва на ба дини ислом мансубияте доранд...» фикрҳои ҷолибе баён менамояд. Дар замони мо низ маърака ва тӯйҳои пурхарҷ мардумро ба қарзҳои миёншикан рӯ ба рӯ мекунанд ва аксарият барои соф кардани қарз ба хориҷи кишвар мардикорӣ мераванд. Ин аст, ки аз рӯи омори расмӣ зиёда аз 1 миллион шаҳрванди мо фақат дар Федератсияи Русия кору фаъолият доранд. Агар яке барои эҳтиёҷоти рӯзгор ба-

зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем». Мутаассифона, зумрае аз масъулин дар иҷрои қонуни мазкур ба саҳлангорӣ роҳ доданд. Сарвари давлат маҷбур шуд, ки бори дигар дар назди зиёиён моҳияти ин танзимро ба мардум фаҳмонад. Тӯли солҳои охир, баъди ҷаримабандии корхонаву идораҳо ва шахсони алоҳида, маъракаву ҷашнҳо хеле ба танзим даромадаанд. Қонуни мазкур, дар ҳақиқат, калиди мушкилкушои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии мардум гаштааст, зеро ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, беҳтар намудани сифати ҷашну маросимҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои суннатии ниёгонамон мебошад. Моҳияти ин қонун камхарҷу замонавӣ гузаронидани маъракаҳо ва бо ҳамин васила ба ояндагон мерос гузоштани онҳо мебошад. Ногуфта намонад, ба танзим даровардани расму ойинҳои миллӣ маънии онро надорад, ки ба расму оину фарҳанги миллии аҷдодони худ хати батлон кашем. Баръакс, нигоҳ доштани хотири гузаштагони худ, ба рӯҳу арвоҳи онҳо фотеҳа бахшидан қарзи ҳар як фарди баору номус мебошад. Новобаста ба ин, шахсоне пайдо мешаванд, ки қонунро вайрон карда, маъракаву маросимҳои серхарҷу сермасраф гузаронида, байни ҳам мусобиқаи номатлуберо ташкил менамоянд. Дигарон аз онҳо «қафо намонем» гуфта, зери қарзу қавола мемонанд. Ҳоло бошад, дар вилояти Суғд «тӯйҳои тошкандӣ» ба қавле ба «муд» даромада истодаанд, ки хеле пурхарҷу исрофкорона гузаронида мешаванд. Масъалаи дигаре, ки нависанда дар ҳар як навиштааш дахл кардааст, қиматшавии молу коло ва хӯроквориҳо ва бо ин роҳ соҳиби маблағи муфт шудани ҳаннотону қаллобон мебошад. Ин ҷо сухан дар бораи ҳаннотон ва савдогароне меравад, ки моли ниёзи мардумро дучанд нарх монда, мефурӯшанд ва аз ин ҳисоб кисаҳои худро пур мекунанд. Ин ҳолатро мо ҳар сол дар моҳи шарифи Рамазон, Иди Қурбон, соли нави масеҳӣ ва ғайра дучор меоем. Бо талоши Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шаҳрдори Душанбе то андозае пеши ин зуҳуроти номатлуб гирифта мешавад. Аммо ин роҳи ҳал нест. Онро аз беху бунаш нест кардан лозим...

Ашрафҷон ОДИНАМАДОВ, «ҶТ»


Самеъ ..., овозхон

Ансамбли сенафара

Гирда барои нончаспонї

Гиёњи сабз

Номи «Жигули» барои экспорт

Орзу, хоњиш

Киностудияи Тољикистон

Љамъи «мактаб»

Шарм Навдаи ангур

… Каримова, овозхони эстрадї

cos (функсияи матем.)

Сиёсатмадори афѓон Бабрак ...

Њарфи «н»-и арабї

Шикоятнома ба суд ё милиса

Аз таги по то тори сар

Ёсин, Фотиња ё Баќара

Достак, фароштурук

Садамаи наќлиётї (русї)

Њарфи арабї, сакта

Кору кирдор

Гиёњи хўрданбоби чукримонанд

Хеши падарї

Макру фиреб

Одам

Молу мулк

Њашароти мењнатї

Дењќони дипломдор

Ризќ Элементи кимиёвї

Тухми моњї (русї)

Духтари Кароматулло Ќурбонов

Зодгоњи Фирдавсї

Ор, номус Шакли кўтоњи номи Виктор

Низомнома

Мањсулоти ширии кефирмонанди русї

Боигарї

Ќањрамони эпоси «Гурўѓлї»

Касби Кова («Шоњнома»)

Зебу зинат

Шањри ќадими Осиёи Миёна

Њайвони азими ќадима

Поён, зер

…и Сурайё, сароянда

Ќуттии сафеди дарунаш хунук

Матои нимабрешими рахрах

Галаи говњо

Номи Хайём

Шарти асосии моњи Рамазон

Љайб, љебак

Гирду гўша

Ватани кенгуру ва коала

Гўркунї

… Чопра, ситораи кинои њиндї

Кайфу сафо - …у ишрат

Луч, урён

Кўтоњшудаи номи Швартсеннегер

Ишораљонишин

Картошкабирёни ѓарбї

Парик- Боксчидухтари махер тољик … (тољикї) Чориева

Ќаду ќомат

Ќимат, арзиш

Бадкор, одами бад

Сарояндаи эронї аз Шведсия

Он чї аз дањон мебарояд

Нозири роњ коркуни ин бозрасї аст

«Њоло …», филми тасвирї

Фигураи геометрї

Раќси дукасаи аврупої

Ричард ..., актёр

Мурољиат ба мардон дар Эрон

Воло, баланд

Университет (тољ.)

Буз ва мард доранд

Артисти сирк, ки болои банд мегардад

I, унсури кимиёвї барои пешгирии љоѓар (зоб)

Як намуди пианино

Як «тор»-и рўшної

Аналгин, пенитсиллин ё валидол

Киштии кайњонии ИМА

«Чархбол» ба забони русї

Номи гуфтугўии паррандаи лаклак

Сокини ќонунии давлат

Хўрока, мањсулот (русї)

Гороскоп (тољ.)

Теппа, баландї

e-mail: javonontj@mail.ru

… Басу, ситораи кинои њиндї

Само, осмон

Зарф барои обгирї

Оѓоз, саршавї

Азроил ё Љабраил

Зебуннисо …, варзишгари номї

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9355), 14 АВГУСТИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндаи парлумон дар тарабхона ғизо мехӯрад. Сарошпаз аз ӯ мепурсад: - Кабоби дегиамон ба шумо писанд омад? - Хеле, вале афсӯс, гӯшташ назар ба мухолифинаш аққалиятро ташкил додааст.

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

***

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Обид САФАРЗОД

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857

e-mail: javonontj@mail.ru

Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7004 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Дуо Баҳман, навраси тақрибан 15-16-солаи каме қоматаланд ва дорои шонаҳои паҳн дар кунҷи хонаи хобаш, ки сар то по бо сурати муштзанҳои ҷаҳон оро ёфта буд, ҷои холиеро пайдо намуда, акси муштзани тоҷик Анвар Юнусовро часпонида, нармак мепалмосад. Баъд дастпок ва дастпӯшаки варзиширо дар ҷузвдон гузошта, аз хона берун мешавад. Ӯ ба қарибиҳои истгоҳ расид. Аз назди дастгоҳи бонк, ки каме аз истгоҳ поёнтар, дар бари девори почта гузошта буданд ва наздаш тақрибан 1520 нафар мӯйсафеду пиразан навбат мепоиданд, ногоҳ садо баланд шуд. - Ду-у-уздиданд! Ду-ууздиданд! – гӯён пиразане асои дасташро ҷониби бачаҳои дарсгурез дароз намуд. – Кӯ-ӯмак... Кӯ-ӯ-мак ку-у-не-ед!... Нафарони дар истгоҳ истода, шоҳиди ин ҳодиса гардиданд. Марде аз миёни онҳо ба ҷавоне, ки рӯ ба рӯи дуздҳои даргурез меомад, муроҷиат кард: - Қап, қап, дуздро қап! Он ҷавон аз шасти бачаҳо ва аз тарс худро ба канор гирифт. Ҷавони дигаре, ки аз қафои он меомад, дастонашро ба ду тараф кушода, пеши роҳи дуздҳоро гирифтанӣ шуд. Онҳо бо зарб ӯро тела доданд. Вай пуштнокӣ афтод. Баҳман, ки аз тарафи боло меомад, зуд пай бурд, ки асли воқеа чист. Вай ҷузвдонашро

ҲИКОЯ

рӯи девори пастаки бетонӣ гузошта, пиразанро, ки тамоми вуҷудаш меларзид, рӯи он шинонд. Худаш аз қафои дуздҳо, ки роҳи калонро аллакай убур намуда буданд, бо суръат давид. Дуздҳо хеле дур рафта буданд. Баҳман ба онҳо наздик мешуд. Як нафарро, ки андаке аз аввалӣ қафотар буд, бо мушт бар пушти сараш зад. Он нафар чанд қадам калавиду бо даҳон ба замин зад. Баҳман суръаташро суст накард. Нафари аввалӣ дид, ки рақиб хеле наздик асту рафиқаш дар рӯи замин хоб, якбора аз давидан истод. Ӯ бо Баҳман рӯ ба рӯ омада, ду мушташро чун варзишгарон боло намуда, омодаи ҷанг шуд. Баҳман ҳам омода шуд ва баъди чанде бо як чолокӣ ӯро ба замин афтонд. Нафаре, ки аввал мушт хӯрда буд, аз қафои Баҳман ба ҳуҷум гузашт. Баҳман ӯро ҳам ба замин афтонд. Баъд аз гиребони ҳар ду қапида, пулро пурсид. - Мо нагирифтем! – гуфтанд онҳо ва ба ҷайбҳои куртаю шимҳояшон тап-тап заданд. – Мана ков!

Баҳман ду даст дар гиребони онҳо бо чашм бар пайкари ҳар ду нигарист. Баъд бо чолокӣ кулоҳи нафареро чанг зада, ҳамёнро берун овард. Пиразан аз дур дар дасти Баҳман ҳамёнро дида, ларзонларзон аз ҷо хеста, ҷонибаш қадам монд. - Илоҳо, ҳазорсола шавӣ, писарам. Илоҳӣ, рӯзи бадро ҳаргиз набинӣ, хонаат обод бошад! Туро Худо аз куҷо расонд? – баъди назди Баҳман расидан изҳори миннатдорӣ кард. - Ҳамёни шумо ҳамин буд, бибиҷон? - Ҳа, ҳа! —гуфт пиразан ва ҳамёнро кушода, аз байни пулҳо як 20-сомониро берун кашида, ба Баҳман дароз кард: - Писарам, ина гир. Агар ту намешудӣ, ман аз нафақаам маҳрум мемондам. Не, нагӯ, гир! - Лозим нест, бибиҷон. Дар намозатон ҳар дафъа дуо кунед, бас! - Бале, писарам, дуо одамро месабзонад! - Бибиҷон, минбаъд рӯзи нафақагирӣ маро пешакӣ хабар кунед, - шӯхиомез гуфт Баҳман ва ҳар ду ҷудо шуданд.

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

Писари муаллим ва писари корманди шабакаҳои барқӣ бо ҳам суҳбат доранд. Аввалӣ: - Мо шаб чароғҳоямонро хомӯш мекунем. Дуюм: - Барои чӣ? Писари муаллим: - Падарам мегӯяд, ба чашмҳо зарар дорад. Писари корманди шабакаҳои барқ: - Мо бошем, хомӯш намекунем. Аввалӣ: - Барои чӣ? Дуюмӣ: - Барои он ки аз мо бепул аст, падарам мегӯяд, чароғи бепул ба чашм зарар надорад...

***

Марде дар хонааш дуздро дастгир карда, бо ҷаҳл зери мушту лагад гирифта, мегӯяд: - Ҳоло ист, палид, дуздиро ёдат медиҳам! Дузд: - Раҳмат, ака. Ба Худо, кори хайре мекунед. Ду бор ҳабс шудам ёд нагирифтам хуб дуздӣ кардана!

***

Марде аз ҷавоне мепурсад: - Аз кадом ҳисоб зиндагӣ мекунӣ? Ҷавон: - Нафақа. Мард: - Дар 25-солагӣ, аллакай нафақа мегирӣ? Ҷавон: - Ман не, бобоям.

***

Дар зиндон. Марде аз ҳамутоқаш мепурсад: - Туро барои чӣ ҳабс намуданд? - Барои сулфа карданам. - Чи хел? - Хеле одӣ. Ман сулфа кардаму посбон бедор шуд.

ҲАМДАРДӢ

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба Муъмин Шарифов, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор нисбат ба даргузашти МОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба собиқ корманди рӯзнома, шоир Салими Зарафшонфар нисбат ба даргузашти МОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба собиқ корманди рӯзнома, устоди ДДЗТ Ғайбулло Икромов нисбат ба даргузашти ПАДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.