javononi tojikiston/#33/2015

Page 1

Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№33 (9407), 20 августи соли 2015

E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU

WWW.JAVONON.TJ

АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД

ҲУШДОР

ҲАФТ РӮЗ 13.08.2015 Зимни як ҷаласа дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини шаҳр, фаъолону алоқамандон ва дустдорони варзиши аспӣ барои амалӣ намудани дастуру супориши Сарвари давлат Муассисаи давлатии “Мактаби наврасону бачагон оид ба футбол ва чавгон” таъсис ёфт. 14.08.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

ДИИШ мусулмононро гумроҳ мекунад ҲАМОИШ

15.08.2015 Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 70умин солгарди Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон суратҳои аксбардорони Чин намоиш дода шуд. 16.08.2015 Бахшида ба Соли оила дар боғи фарҳангу фароғати ноҳияи Тавилдара озмуни «Хандаи ҳусн» доир гардид. Дар он занону духтарони ҷавон аз панҷ деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок карданд. 17.08.2015 Бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд дар машқгоҳи низомии Чоруқдарон ва Нурафшон бо иштироки 30 ҳазор нафар маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ оғоз шуд. 18.08.2015 Дар Душанбе ҷаласаи сеюми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015

19.08.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

1


ҲАМКОРӢ

ИҚДОМ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Бордюжа 18 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа мулоқот кард.

Дар мулоқот масоили вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд. Николай Бордюжа ба муҳтаво ва ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД баҳои баланд дода, аз ҷумла

изҳори бовар намуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои умедбахш хоҳад овард. Гуфтугӯйи судманд доир ба рафти иҷрои қарори сарони давлатҳои аъзои СААД аз 23 сентябри соли 2013 доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон сурат гирифт. Ҳамчунин, доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон

ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд. Изҳори бовар карда шуд, ки тадбирҳои тарҳрезишудаи муштараки кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои нигоҳ доштани фазои эътидолу субот дар минтақа нақши муассиру судбахш хоҳад гузошт.

МУЛОҲИЗА

Чаро ихтисосҳои табиӣ талабгори кам доранд? Тибқи хабарҳо баъд аз ҷамъбасти имтиҳоноти қабул дар Маркази миллии тестӣ ба озмуни тақсимот 50 ҳазору 614 нафар роҳ ёфта, 35 ҳазору 922 нафар донишҷӯ шуданд. Ҳудуди 24% ҷойҳои нақшавӣ холӣ мондааст. Ҷойҳои холӣ бештар ба ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ рост меояд. Чанд соли охир мушоҳида мешавад, ки бештари довталабон ба ихтисосҳои ҳуқуқшинос, фаъолияти бонкӣ, андоз ва гумрук майл доранд. Ҳол он ки барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон мо ба мутахассисони соҳаҳои геология, химия, энергетика, физика, биология, сохтмону роҳсозӣ, коркарди маъдан бештар ниёз дорем. Шояд иддае аз ҷавонон моҳияти ин соҳаҳоро дарк намекунанд? Яке аз соҳаҳое, ки метавонад ба пешрафти дигар соҳаҳо мусоидат кунад, саноати химия мебошад. Қариб тамоми ашёе, ки мо аз субҳ то шаб онҳоро истифода мебарем, маҳсули пешрафти илми химия аст: дандоншӯяк, собун, шампун, сачоқ, зарфҳо, бистар, масолеҳи сохтмонӣ, мизу курсиҳои пластмассӣ (омехтаи металл), коғаз, мошин, шиша... Ин номгӯй ба ҳазорҳо адад мерасад. Саноати химия ба пешрафти соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад. Гербитсид (несткунандаи алафҳои бегона), заҳрхимикатҳои тозакунандаи тухмӣ, гербеллинҳо (тезонандаи нашъунамои наботот), дефолиант (баргрезонак)ҳо, инсектисид (ҳашароткушак)-ҳо ва нуриҳои минералӣ ба ин мисол шуда метавонанд. Барои тавлиди сӯзишворӣ танҳо мавҷуд будани конҳои нефту газ кофӣ нест. Маҳз бо шарофати саноати химия нефту газ ба сӯзишвории дастрас табдил меёбанд. Бо кӯмаки химия маҳсулоти хӯроквориро тибқи технологияҳои гуногун хуштаъм ва дуру дароз нигоҳ доштан мумкин. Дар соҳаи мошинсозӣ низ нақши химия бузург мебошад. Тавассути коркарди электрохимиявӣ маснуоти металлӣ дорои хосиятҳои беҳтар ва тарҳи зеботар мегарданд. Истеҳсоли ранг низ ба соҳаи химия мутааллиқ аст. Соҳаҳои таҷҳизотбарорӣ, электротехника, саноати сабук, индустрияи сохтмон ва ғайра бе химия фаъолият карда наметавонанд. Истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, ки торафт ҷои маснуоти чӯбинро гирифта истодаанд, маҳз ба шарофати пешрафти соҳаи химия ба роҳ монда шудааст. Саломатии инсон низ ба пешрафти соҳаи химия

2

Тақдими “Қуръон”-и асри 19 ба Китобхонаи миллӣ Китоб пурқимматтарин падидаи фарҳангист. Одамони бомаърифат китобро чун гавҳари қиматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Нисбат ба китоб ва китобдорон боэҳтиром сухан меронанд. Ҳалқи тоҷикро ҷаҳониён аз замони қадим таввасути илм, адабиёт ва санъаташ мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз намуда, то замони мо расондаанд. Чанде пеш корманди шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Ҳомидова бо мақсади пурра намудани ганҷинаи маърифат ва махзани шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири китобхона як адад китоби “Қуръон”-и карим, ки ба асри 19 тааллуқ дорад,

ройгон барои мутоилаи муштариён тақдим намуд. Чунин амали нек боиси ифтихор аст ва хуб мешуд, ки чунин иқдомҳои нек аз ҷониби шаҳрвандони кишвар зиёд гардад. Дар ин бора Ҷамил Валиев, муовини сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ иттилоъ дод.

БА ДИҚҚАТИ ТАШКИЛОТҲОИ КОР БО ҶАВОНОН!

вобастагӣ дорад. Бо пешрафти соҳаи дорусозӣ, ки бо химия алоқамандии зиёд дорад, муолиҷаи бемориҳои вазнин осон гардид. Хулоса, дар ҳама бахшҳои зиндагӣ нақши химияро дида метавонем. Пас чаро ҷавонон ба ин илми барои пешрафти иқтисодиёт зарур кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд? Чанд рӯз баъд дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат соли нави таҳсил фаро мерасад. Хуб мешуд устодони муҳтарам аз оғози соли таҳсил дар ниҳоди мактаббачагон меҳру муҳаббатро ба илмҳои табиию ихтисосҳои техникӣ бедор кунанд. Тавре аз рӯзномаҳо мехонем, ҳар сол чанд тан муҳассили тоҷик дар озмуни Менделеевӣ соҳиби ҷоиза мегарданд. Яъне, мо аз ҳисоби наврасону ҷавонон захираҳои ақлонии фаровон дорем. Танҳо бо ёрии волидайну омӯзгорон бояд онҳоро зимни интихоби касбу ҳунар дуруст роҳнамоӣ кунем. Валӣ ҲАМРОҚУЛОВ, устоди фанни химияи Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисор

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 озмуни грантҳо/фармоиши иҷтимоии давлатиро барои ташкилотҳои кор бо ҷавонон эълон менамояд. Маълумоти муфассалро метавонед дар сомонаи Кумита www.youth.tj дастрас намоед. Лоиҳаи дархостӣ тибқи Талабот барои иштирок дар Озмун ва Шакли дархостии ШД№13/02 омода гардида, ба суроғаи зерин то 1 сентябри соли соли 2015, ст. 14:00 ирсол карда шавад. Лоиҳаҳои ба Талабот барои иштирок дар Озмун ҷавобгӯй набуда, баррасӣ карда намешаванд. Шакли аслии лоиҳаи дархостӣ бояд дар ҷузвдони махсус бастабандӣ шуда, ба суроғаи нишондодашуда дастрас гардонида шавад. Суроға: 734026, ш. Душанбе, кӯчаи Спортивная-6 Барои маълумоти иловагӣ: Email: grant@youth.tj Тел.:(+992 37) 2363726, 2353314, 935753080

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015


ҲУШДОР Таъсири дин ба ҷомеаи мусулмонӣ ва махсусиятҳои таъсири он ба равандҳои сиёсӣ зуҳур карда истодааст ва чунин амалкард истиқлолияти миллиро зери суол мебарад. Ҳанӯз ҷой доштани карахтиҳои ақидатии ниҳодҳои динӣ, шуури қолабии якхелаи оммаи мусулмонон аз сиёсикунии ислом шаҳодат медиҳад. Сабаби асосии карахтии мусулмонон аз тараққиёт ва рушд ҷомеасозии мусулмонӣ мебошад. Нақши анъана ва одати динӣ-мазҳабӣ дар ақибмонии мамолики исломӣ таъсиргузор аст. Аз солҳои 70-80-уми асри ХХ ақидаҳои исломи ибтидоӣ дар шаҳрҳо ба шуури ҳаракатҳои сиёсии оммаи мусулмон табдил ёфт ва ба раванди сиёсикунонии дин дар ҷомеаи мусулмонӣ оварда расонд ва боиси зудухӯрдҳои сиёсӣ гардид. Имрӯзҳо ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатии динӣ-сиёсӣ ба тарғиби исломӣ сиёсӣ пардохта, тундгароию ифротгароиро дар байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар давлатҳои исломӣ, ба монанди Ироқу Сурия ба роҳ мондаанд. Дар ин кишварҳо ширкати бештари намояндагони қувваҳои иртиҷоӣ ба

ДИИШ мусулмононро гумроҳ мекунад ҳизбу ҳаракатҳо ба мушоҳида мерасад. Ҳоло исломи сиёсӣ объеки ғасби ҷангиёни «Давлати исломӣ» гардидааст. Яке аз муҳимтарин нақшро дар харобкориҳои Сурияву Ироқ гурӯҳҳои салафии тундрави ваҳҳобӣ доранд ва онҳо тавассути минтақаҳои марзӣ ашхоси камбизоат, ҷавонони бекорро бо пул додану орзуҳои пӯчу ваъдаи таъмини ҷойҳои корӣ бар алайҳи Сурияву Ироқ мешӯронанд. Кама-

5-10 августи соли ҷорӣ бо даъвати Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Истанбули Туркия ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин ҷаласа, ба қавли наҳзатиён “сиёсати мақомоти давлатӣ нисбат ба ҲНИТ, роҳҳои пешгирӣ аз фишору маҳдудиятҳо, ки болои аъзои ҳизб мешавад, баррасӣ шудааст”. Ҳамзамон, вобаста ба охир расидани раёсати Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси раҳбари ҳизб масъалаи интихоби раиси нав низ матраҳ шудааст, ки эҳтимол меравад роҳбарии ҲНИТ-ро Муҳаммадҷони Нурӣ - писари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раҳбари собиқи ин ҳизб давоми 4 соли оянда бар уҳда гирад.

ри гурӯҳҳои муқовиматии минтақа баҳри шикасти давлату миллати мусулмон баста шудааст, зеро онҳо ҳадафҳои давлатҳои ғарбро амалӣ мекунанд, вале худ намедонанд, ки ба чӣ кор даст мезананд. «Давлати исломӣ» аз гурӯҳи даҳшатноктарини ҷинояткор дар таърихи башарият мебошад, ки бо номи ислом мекушанду месӯзонанду ба номи дин сар мебуранд ва бо номи “Қуръон” аъмоли касифи худро исломӣ

нишон медиҳанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони тоҷик низ бо пайравии кӯркӯрона ба ин созмони даҳшатноки террористӣ пайвастаанд. Масалан, Комрон Хоҷаев, шаҳрванди Тоҷикистон ва донишҷӯи соли сеюми Академияи кишоварзии Ивановои Русия ба гурӯҳи тундгарои «Давлати исломӣ» шомил шуда, ба Сурия рафтааст. Ӯ ҷавоне буд, ки аз дину шариат хабар надошт, вале бо фиреб ва таъсири миёнаравҳо ба ин

гурӯҳи ифротӣ пайваст. Ин гурӯҳи террористӣ на гурӯҳи исломӣ асту на намояндаи мусалмонон. Вақте ибораи «Давлати исломӣ» пеши назар меояд, дар мардум ҳисси танаффур нисбат ба ин созмон пайдо мешавад. Андешаи салафият бо иддаои бозгашт ба ислом ба муборизаи ҷиддӣ бо пайравони мазоҳиби исломи ноб оварда расонд. Ақидаи гурӯҳҳои ситезаҷӯ, ҷангҷӯ ва ба ном муҷоҳидонро тафаккур ва назарияҳои ифротӣ ташкил медиҳад. Пайравону ҷангиёни «Давлати исломӣ» аз умқи масоили динӣ огоҳӣ надоранд, тибқи хостаҳои худ ояҳои “Қуръон”-ро тафсир мекунанд. Дар масъалаҳои сиёсӣ ва дунявият донишҳои маҳдуд дошта, кӯтаҳбинанд ва зотан аз ҳар гуна ақлу мантиқ дуранд. Бо шиддат ба роҳбарони ифротии худ вобастаанд ва ба гуфтаҳои олимону донишмандон ва рӯҳониёни воқеии олами ислом боварӣ надоранд. Ба таври ашаддӣ тундрав, шитобзада ва барои расидан ба мақсадҳои худ ба корҳои ғайришаръӣ ва ғайриинсонӣ низ даст мезананд. Аз ҷиҳоди исломӣ - ин ҳукми муқаддаси илоҳӣ, бардоштҳои ғалату нодуруст доранду қатлу куштори занону кӯдакону асир гирифтани қавмиятҳои гуногунро ҷиҳод меноманд. Эшон на танҳо бо рафтори бехирадона мардумро муҷозот мекунанд, балки таблиғоти зиддидиниву тундгароӣ мебаранд. Рустам РАҲИМОВ

ҲНИТ - зидди сулҳу осоиштагӣ сангандозӣ мекунад. Ба ростӣ, чунин рафтор хоси наҳзатиён мебошад ва аз ин рафтори онҳо ба ҳаяҷон намеоем. Тӯли фаъолияташ ҲНИТ аз ноуҳдабароӣ ва надоштани қобилияти бурдани муборизаҳои сиёсӣ аз худ дарак додааст. Борҳо шоҳид гаштем, ки назди созмонҳои байналмилалӣ ва ҳатто назди сафирони хориҷӣ шикоят мебаранд. Ахиран ба СММ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон шикоят бурданд. Умед доштанд, ки обрӯи аз даст рафтаро метавонанд ба ин васила баргардонанд. Аммо фикр накарданд, ки обрӯро бо амалу рафтори худ бармегардонӣ, на бо шикояту нолиш. Баъд

Баъд аз бохт дар интихоботи парлумонӣ Муҳиддин Кабирӣ қариб ним сол мешавад муқими кишварҳои Аврупо ва Туркия шудааст. Худи Кабирӣ инро дар аввал иштирок дар конфронсҳо ва баъдан вобаста ба вазъи бади саломатиаш рабт дод. Вале баъд аз он ки номбурдаро дар ғайриқонунӣ хариду фурӯши замин айбдор карданд, дигар аз бозгашт ба Ватан сухан намекунад. Ҳатто ҷаласаи ҳизбро низ акнун дар хориҷа мегузаронад. Амалкарди охири раиси ҳизб чунин менамояд, ки Кабирӣ боз гарданашро назди созмонҳои байналмилалӣ каҷ карда, аз онҳо мадад меҷӯяд. Ё аниқтараш дар сояи хоҷагонаш истода, сӯи кишвараш

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015

аз дурӯғҳои бемантиқу беасос ва туҳматҳо алайҳи Ҳукумат дигар ҲНИТ назди сокинони кишвар қадр надорад. Аслан, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар кишварҳои тараққиёфтаи ҷаҳон бо барномаҳои мушаххас, ки дар ривоҷ додани ин ё он соҳа нақши муйянро мебозад ва ё омили рушди онҳо мегарданд, ба роҳ монда мешаванд. Аммо Ҳизби наҳзати исломӣ аз гиребони «нолиш» ва «бадкунии ҳукумат» сахт дошта, онро раҳо карданӣ нест. Шояд наҳзатиҳо роҳи муборизаро маҳз дар ҳамин мебинанд? Чаро дар андешаи тағйири роҳу усули муборизаи худ нестанд? Охир, вақте

расидааст, ки аз инноватсия ва илму технологияи муосир ҳарф занем. Замоне аст, ки бегонапарастӣ ва сӯистифода аз эътиқоди динии мардумро як тараф гузошта, дар андешаи ояндаи миллат ва давлат шуд. Ҳодисаҳои Ховари миёна ва Украина моро ҳушдор медиҳад, ки аз бегонапарастӣ ва тафриқандозӣ худдорӣ кунему ҳамаи нерӯву тавони худро сарфи рушди илм ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон намоем. Агар мо хоҳем Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои қудратманд бинем ва аз ҳама муҳим барои нигоҳ доштани истиқлолият, якпорчагии кишвар ва фазои орому осуда дар ҷумҳурӣ, ки қарзи ҳар як фарзанди Ватан мебошад, дар андешаи манфиатҳои миллӣ шавем, на ин ки барои ду пули пучаки як аҷнабӣ худро душмани миллат кунему бадбахтии шаҳрвандони Ироқ, Сурия ва Лубнонро биёрем. Ҷанобони наҳзатӣ, шумо хуб медонед, ки солҳои 90-уми асри гузашта маҳз бо миёнаравии шумо миллати якхун худро бо дасти худ ба вартаи нестӣ кашонд. Биноҳо хароб, корхонаҳо вайрону валангор гашта, фарзандон ятим монда, модарон бева гашта, ҳазорон-ҳазор гуреза дур аз Ватан сарсону саргардон фавтиданд. Танҳо барои он ки пирони шумо молу сарват ва мансаб хостанд. Албатта мақсадҳои худро пушти парда карданд ва аз худ ҳомии дин тарошиданд. Лекин имрӯз бо болоравии фаҳмишу ҷаҳонбинии шаҳрвандон ҳақиқат рӯи об баромад! Алиҷони КАБИР

3


НИГАРОНӢ Таътили тобистонаи мактаббачагон барои истироҳату фароғати онҳо дода мешавад. Вале дар ин айём ба талбандагӣ, аробакашӣ, салафанфурӯшӣ, шустани мошинҳо ва оворагардӣ дар кӯчаю бозорҳо машғул шуданашон ҳам ба мушоҳида мерасад. Чанд муддат аст, ки чунин бачаҳоро дида боиси ба амалҳои мазкур машғул шуданашонро пурсон мешудам. Бештари ин ноболиғон дар мактабҳои гуногуни пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ таҳсил мекунанд, вале “дар таътил сум кор мекунем” мегӯянд. Аз суҳбат маълум гашт, ки волидонашон ҳам аз вазифаи нави онҳо бохабаранд ва онҳоро дастгирӣ низ мекунанд. Дар назди фурӯшгоҳи “Садбарг” писараке талбандагӣ мекард, ки рӯи матои пешаш гузошташуда ғайр аз чанд тангаи 20-дирамӣ дигар чизе набуд. Писарак аз ин кораш шарм медошт, магар ки сараш хам буду ба рӯи роҳгузарон нигоҳ намекард. Гӯё касе ӯро ба талбандагӣ маҷбур кардааст. Ӯ хеле мушаввашу ошуфтаҳол менамуд ва ҳарфе ҳам ба забон намеовард. Ба умед буд, ки нафаре “хайр” кунад. Ман маблағи дар дастам бударо ба ӯ дароз карда, пурсидам, ки мактаб мехонад ё не? Кӯтоҳ ҷавоб дод, ки “мехонам”. Синфи 6 мехонад, вале мутаассифона ҳатто рақами мактаберо, ки таҳсил мекунад, дақиқ намедонад. Маълумам гашт, ки бо хоҳиши худ не, балки бо хоҳиши калонсолони оила ба талбандагӣ машғул мешудааст ва рӯзе то 30-40 сомонӣ кор мекунад. Вақте бо писарак суҳбат мекардем, марде сару либоси олуфта (шиму костюму галстук) наздамон қарор гирифт. Чеҳраи писарак якбора тағйир ёфт, ӯ худро нороҳат ҳис кард ва матои пешашбударо гирифту рафт. Бо рафтанаш суолҳои зиёдеро беҷавоб гузошт. Пай бурдам, ки он мард ноболиғро хуб мешиносад, ҳатто бо кӣ суҳбат карданашро аз дур назорат ҳам мекунад. Вақти суҳбат бо ноболиғ он мард зуд ҳозир мешуд, то маълумоти бештаре аз ӯ нагиранд, чун писарак омода буд ба суолҳои беҷавобмонда ҷавоб гӯяд. Таъсири он мард ба ноболиғ ба ҳадде буд, ки бо як нигоҳи ӯ писарак ҷояшро иваз кард. Аз нигоҳи маъсум ва парешони писарак кас ба андеша меравад, ки оё падару модараш аз ин ҳодиса огоҳ бошанд ё не? Бо эҳтимоли зиёд огоҳанд. Шояд ин ноболиғ ба манфиати каси дигар ба талбандагӣ машғул буд. Воқеан, чунин ноболиғони талбанда кам нестанд, онҳоро дар ҳар хиёбони шаҳр вохӯрдан мумкин. Дар хиёбонҳо аз пушти роҳгузарон гашта, садақа мепурсанд. Албатта, роҳгузарон яке дашномашон медиҳад, дуюмӣ норозиёна сӯяшон нигоҳ мепартояд, сеюмӣ бошад аз рӯи раҳму дилсӯзӣ чизе хайр мекунад. Ин манзараи даҳшатнок дар назди “Садбарг” зиёд мушоҳида шуда, бешубҳа нафратро ба волидони чунин кӯдакон бештар

4

мекунад. Охир дар ин айём онҳо на ба талбандагӣ, балки бояд ба истироҳат, ҳадди ақал ба тарбияи дуруст фарогир бошанд. Вале ҳайҳот… Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли равон 162 ноболиғ барои талбандагӣ дар хиёбонҳои шаҳр боздошт шудаанд. Баъд аз суҳбат бо ноболиғони боздоштшуда ва ба ҷавобгарӣ кашидани волидонашон онҳо озод карда мешаванд, вале дар аксари ҳолат дигарбора ба талбандагӣ даст меза-

мошинҳо ба онҳо наздик мешуданд ва ғазаби ронандаҳоро меоварданд. Дар чанд сонияи таваққуфи автомашина дар куҷо таҳсил кардан ва аз кадом ноҳия буданаш маълум шуд. Исмаш Абдулло ва аз ноҳияи Рӯдакӣ “барои пулкоркунӣ” меомадааст. Тибқи гуфтаи писарак ӯ модари бемор дошта, падараш дар Русия (муҳоҷирати меҳнатӣ) асту аз ҳоли онҳо хабар намегирад. Ӯ имрӯз вазифадор аст, ки бо ҳар роҳе набошад модарашро таъмин намояд. Баъд аз гирифтани маблағ якбора

вон”. Чор ноболиғ бо ҳам муноқиша мекарданд ва ягдигарро дашном медоданд. Тоҷирон ба гирди онҳо ҷамъ шуда, тамошо доранд. Ин ҳол то даме идома ёфт, ки харидоре овоз баланд кард... Бо баҳонаи харидорӣ намудани салафан бо писарак ҳамсуҳбат шудам. Номашро Алишер гуфт ва худро аз ноҳияи Рудакӣ муаррифӣ намуд. Дар синфи 7-ум таҳсил мекунад. Сабаби задухӯрд бо ноболиғонро пурсидам, дар ҷавоб гуфт: - Апаҷон, он се нафар намемо-

ридорон давида, онҳоро барои истифода аз аробаи боркашонии худ маҷбур мекарданд. Ростӣ, ин ноболиғон чунон зиёд буданд, ки шумурданашон мушкил буд. Инчунин, ноболиғоне низ ба назар мерасиданд, ки бе аробаи боркашонӣ мехостанд бори вазнини харидоронро то назди мошинашон бубаранд, вале бештари онҳо иҷозат намедоданд. Ноболиғони талбанда барои ёрдам илтиҷо мекарданд. Дар даромадгоҳи бозор як писарак чолокона аробачаи боркашониашро

Ноболиғони талбанда Чунин ба назар мерасад, ки галстукдорҳое ноболиғонро ба талбандагӣ маҷбур мекунанд

Аз кишварҳои дӯст низ барои суръат бахшидан ба корҳои барқарорсозӣ кӯмакҳо мерасанд. Чунончӣ, филиали Корпоратсияи роҳ ва купрӯкҳои Синтзян “Бейсин” ба ВМКБ 3 адад экскаватор, 1 булдозер ва 4 мошини боркаш фиристод. - Ин техникаҳои муқтадир то поён ёфтани корҳои барқарорсозӣ ба роҳсозони тоҷик кӯмак хоҳад расонд, - гуфт роҳбари ниҳоди мазкур Тиян Вэн Ҷен. - Мо дӯстонро ҳеҷ гоҳ дар лаҳзаҳои мушкил танҳо нахоҳем гузошт.

пеш гузошта бо ишора ба маҳсулоти харидкарда гуфт, “биёед, мебарам”. Гарчанде борамон вазнин набуд, аммо барои наранҷондани дилаш натавонистем аз аробааш истифода набарем. Дар роҳ аз ӯ пурсидам, ки оё аз кори ту волидонат огоҳанд? - Хабар доранд. Корум созай, саҳар аз хона мебуром, бегоҳ мерам. Ҳамагӣ чанд рӯзи пеш ба аробакашӣ сар кардам. Аввал мошин мешустам. Лекин пули аробакашӣ беҳтар аст. Аробакашӣ мекунаму бегоҳи бе сум хона намерам. Ба қарибӣ мактаб ҳам сар мешавад, лекин чӣ фойда сумат натиян... Дар як рӯз то 50 сум кор мекунам, басай. Бачаҳои калон ҳам аробакашӣ мекунанд, диден? ҷавоб дод ин ноболиғи аробакаш. Дар ҳақиқат дуруст мегуфт, чун дар баробари ноболиғон дар бозори “Шоҳмансур” ҷавонони зиёд низ ба чашм мерасид, ки бо аробаҳои боркашонӣ ба мардум хизмат мекарданд. Вале гап сари он аст, ки барои ба корҳои вазнин ҷалб намудани ноболиғон қонун ҷазо ва барои волидон ҷарима муқарар кардааст. Дар соли 2015 6986 (соли 2014 - 6635) протоколи маъмурӣ, тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои риоя накардани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷарима карда шудаанд ва барои чораҷӯи ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гаштанд. Суоли асосӣ ин аст, ки чаро масъулони бозор ин амали ноболиғонро нодида мегиранд? Чаро супориши Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии талбандагии ноболиғон дар кӯчаву хиёбон ва бозорҳои пойтахт иҷро намешавад? Шояд касе аз масъулини бозор аз ин манфиатдор аст? Ин ба иззати нафси роҳбарони бозорҳо нарасад. Чунки ин ҷо гап натанҳо дар бораи талбандагӣ, балки сухан дар хусуси тарбияи ёфтани насли наврас дар рӯҳияи ғуломӣ меравад ва албатта оқибати он доғе барои миллат аст. Умедворем, ки масъулини бозорҳои кишвар, мақомоти масъул ва аҳли ҷомеа дар ҳалли ин масъала бетарафӣ ихтиёр накарда, барои нест кардани ин зуҳурот чораҳои зарурӣ меандешанд.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”

нанд. Пас, тавре дар боло гуфтем, волидон аз вазифаи “пулкоркунии” фарзандонашон огоҳ буда, баъд аз ҷарима низ онҳоро аз рафтан ба ин роҳи нанговар манъ намекунанд. Агар волидон аз кори фарзандонашон огоҳанд, пас бояд гуфт онҳо дидаву дониста саломатии фарзандонашонро дар хатар мегузоранд. Чунки ин кӯдакон дар роҳҳои автомобилгарди шаҳр ба талабандагӣ машғуланд. Иддае аз онҳо “бизнеси сақич” ҳам мекунанд. Онҳо бе он ки ҳарос дошта бошанд, ба тирезаи ҳар автомашина сар халонда, қутии дар даст бударо ба ронанда нишон медиҳанд. Мазмун, сақич бихаред. Бархе бо овезае дар гардан, ки дар он “кӯмак кунед, модарам бемор аст” навишта шудааст, ҳангоми ҳаракати

ғайб зад... Талабандагии ноболиғон бештар шудааст. Ин бояд боиси нигаронӣ ва мояи афсӯс бошад. Онҳо ба манзилҳои истиқоматӣ низ барои садақа (танҳо пул талаб мекунанд) мераванд. Солҳои қабл танҳо ҷӯгизанҳоро бо фарзандонашон дар хиёбонҳо дидан мумкин буд ва ин ба ҳамин мардум гӯё хос аст, касе ба онҳо аҳамият намедод. Вале имрӯз ноболиғи тоҷик талабандагӣ мекунад. Бояд қайд кард, ки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ аз талбандагӣ дар кӯчаву хиёбонҳо ва роҳҳои нақлиётии шаҳр нигаронӣ намуда, ба масъулин супоришҳои дахлдор дода буд. Ҳолати дигар дар бозори “Кор-

нанд, ки ман салафанома фурӯшам. Агар бинанд, ки харидоре пешам меояд, маро мезананд. Гӯё ин участкаи онҳост ва ман бояд дар дигар ҷо салафан фурӯшам. Боз намемонанд, ки ягон сӯм ҷамъ кунӣ. Ба гуфтаи Алишер, баъд аз ба таътил баромадан ӯ дар бозор ба салафанфурӯшӣ ва баъзан талбандагӣ низ машғул аст ва барои харидани либоси мактабӣ пул ҷамъ мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ба нақли ӯ дар оила бузургсолонашон кор мекунанд. Дар ин муддат боре китоб мутолиа накардааст ва фурӯхтани салафанро аз хондани китоб манфиатноктар арзёбӣ мекунад. Дар бозори “Шоҳмансур” ноболиғон ҳам ба талбандагӣ ва бо аробаҳои боркаш аз паси ха-

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст Ҳодисае, ки моҳи июл дар ВМКБ рӯй дод, боиси харобиҳои зиёде гашт. Имрӯзҳо дар вилоят корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ босуръат идома дорад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015


ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА

ТАЛАФИ ОБ РАВО НАБУВАД Об дар қатори хок, бод (ҳаво) ва оташ яке аз чор унсури ҳаётро ташкил медиҳад. Тамоми динҳо обро чун неъмати бебаҳо ҳисобида, покшавӣ тавассути обро як ҷузъи ибодат медонанд. Масалан, насрониҳо бо нияти пок шудан ғусли “таъмид” мекунанд. Ҳиндуҳо низ оби дарёҳои Ганга, Ҷамла, Нармада, Сарасвати, Годавара ва ғайраро муқаддас шумурда, дар онҳо шустушӯ мекунанд. Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) “таҳорат калиди намоз ва намоз калиди ҷаннат” ҳисобида шудааст. Мардуми мусулмон шахси фавтидаро пас аз вафот ғусл дода, баъд дафн мекунанд. Аз ин рӯ, талафи беҳудаи об ва нопок кардани он ҷоиз нест. Мавлоно Шарафуддини Бухорӣ фармудааст:

Унсури поккунандаро тоза нигоҳ дорем

Макун исрофи мои маҷҷонӣ, Чун “Ва ло тусрифу” ҳамехонӣ. Талафи об чун раво набувад, Талафи умр ҷуз хато набувад. “Мои маҷҷонӣ” ба маънии оби ройгон аст: “Ва ло тусрифу” ҷузъи оятест, ки маънояш “бихӯред, бинӯшед ва исроф накунед” мебошад. Солҳое, ки мо хурд будем, калонсолон таъкид мекарданд: “Ба об туф накун, ки дар рӯят шукуфа мебарояд”. Мо ин таъкидро ба гӯш гирифта, ҳамеша ба тозагии об риоя мекардем. Чун калонтар шудем, фаҳмидем, ки аксар бемориҳо бо сабаби ифлос будани об сар мезадаанд. Бинобар ин, ба ҷӯю дарё андохтани оби даҳону бинӣ ва ҳар гуна партов макрӯҳ аст. Чунончӣ, дар китоби “Маслакул муттақин” (“Роҳи парҳезкорон”) омадааст: Оби биниву фам манеҳ бар об, Ки караҳ фармудаанд дар ин боб. Асадии Тӯсӣ чунин таъкид намудааст: Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз ӯ оби пок, Нашояд фикандан дар ӯ сангу хок. БЕФАРҲАНГӢ, ТАНБАЛӢ ВА Ё ҲАР ДУ? Ҳар боре аз назди ҷӯю дарёҳои пойтахт гузарам, чашмам ба партовҳои дохили манбаъҳои об афтода, табъам хира мешавад. Иддае аз мардуми танбалу бефарҳанг халтача ё сатили партовро то партовгоҳ набурда, ба ҷӯю дарёҳо ҳаво медиҳанд. Онҳо фикр намекунанд, ки бо чунин амалашон обро ифлосу бадбӯ ва зарарнок месозанд. Дигар ин ки, вақте меҳмонони хориҷӣ ин ҳолатро бубинанд, ба фарҳанги мо чӣ гуна баҳо медиҳанд? Дар кишварҳои пешрафта ҳатто як варақ ва ё донаи гӯгирдчӯбро ба қуттии партов намеандозанд. Мутаассифона, иддае аз ҳамватанонамон аз фарҳанги ислом ва шаҳрнишинӣ фарсахҳо дуранд. Гумон мекунанд, ки ба манбаъҳои об партов рехтани

онҳоро касе намебинад. Аммо Худованд аз ҳама рафтору гуфтори одамон огоҳ аст. Ҳамчунин, баъзеҳо тавассути васоити шӯяндагӣ мошинҳояшонро дар лаби ҷӯю дарёҳо мешӯянд. Дар натиҷа мағзобаи он ба оби равон ҳамроҳ шуда, ин унсури поккунандаро ифлос месозад. Модоме ки баъзеҳо бо роҳи фаҳмондадиҳӣ моҳияти тоза нигоҳ доштани обро намефаҳманд, чораҳои дигарро истифода бояд бурд. Яке аз шабакаҳои телевизионии Тайланд барномаи танқидиеро таҳия намудааст, ки он мавзӯи тоза нигоҳ доштани шаҳрро дар бар мегирад. Наворбардоре пушти ҳамкори мотосиклсавораш нишаста, касонеро, ки партовро дар партовгоҳ намепартоянд, ба навор мегираду дар барномаи шомгоҳии “Доғҳои шаҳри мо” намоиш медиҳад. Ҳолатҳое буданд, ки ашхоси вайронкунандаи қонун ба хотири ба навор наафтидан мегурехтанд. Барномаи мазкур ончунон самарабахш буд, ки баъди 5-6 моҳи намоиши он дигар ҳодисаҳои вайронкунии қонун қариб ба назар намерасид. Яъне, назорати қатъӣ шаҳрвандонро ба риояи тозагӣ водор кард. Хуб мешуд, ки чунин барномаҳо дар шабакаҳои телевизионии “Пойтахт”, “Сафина” ва “Баҳористон” таҳия шаванду ашхоси ба ҷӯю дарёҳо партов мепартофтагӣ бо камераҳои махфӣ ба навор гирифта шаванд. Агар вайронкунандагони талаботи тозагӣ ҷарима шуда, тавассути телевизион нишон дода шаванд, дигарҳо хулоса бароварда, хатои

онҳоро такрор наменамоянд. Андохтани партов ба ҷӯю дарёҳо хиёнату носипосии бузург нисбат ба чунин як неъмати бебаҳост. ТАШАББУСКОРИ ЭЪЛОМИЯҲОИ “ОБ” Ҷумҳурии мо дар сатҳи ҷаҳонӣ ташаббускори эъломияҳои “обӣ”-и Маҷмаи умумии СММ маҳсуб ёфта, масъалаҳои марбут ба обро фаъолона пешниҳод мекунад. Бо ташаббуси Тоҷикистон силсилаи қатъномаҳои муҳими Маҷмааи умумии СММ оид ба масъалаҳои об қабул гардиданд. Чунончи, ду қатъномае, ки ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) бахшида шудаанд, бори аввал аз ҷониби Тоҷикистон эълон шуда буданд. Бо мусоидати СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 29.081.09.2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ доир ба оби тоза, 30.05-1.06.2005 Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар, 27-29.07.2008 Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об, 8-10.06.2010 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таҳлили миёнамуҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” дар давраи солҳои 20052015, 20-21.08.2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардиданд. Мувофиқи баррасии коршино-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015

сон соли 2030 қариб нисфи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбуди об шиддати бештар пайдо хоҳад кард. Бинобар ин, аз ҳоло баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта чора ҷустан зарур аст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, ки 12 апрели соли равон дар Корея баргузор шуд, чунин изҳор намуд: - Таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд. Зеро таҳдидҳои зикршуда имкон надоданд, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” пурра татбиқ шаванд. Бо дарназардошти ин пешниҳод менамоем, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори “Об ба хотири рушди устувор” эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон низ аз ҷониби намояндагони кулли созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон пуштибонӣ ёфт. АГАР СОҲИЛ ТОЗА БОШАД... Чанд сол аст, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади беҳтар кардани муҳити зист, афзун намудани

захираҳои табиат, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мамлакат аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал”-ро ташкил менамояд. - Ин тадбирҳо ба он хотир роҳандозӣ мегарданд, ки ҳавзаи дарёҳо, каналҳо ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз партовҳо тоза карда шаванд, - мегӯяд раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода. – Дар аксияҳои экологӣ ҷавонону наврасон, донишҷӯёну хонандагон ва аҳли ҷамоатчигии маҳаллаву шаҳракҳо фаъолона иштирок намуда, дар тоза гардидани муҳити атроф саҳми арзанда мегузоранд. Дар нимсолаи аввали соли равон дар чунин аксияҳо 175,5 ҳазор мактаббачагону донишҷӯён ва ашхоси дорои касбу кори гуногун ширкат варзиданд. Аз якуми августи соли равон бошад, бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд поксозии дарёи Сир шуруъ гардид. Дар марҳилаи аввал атрофи соҳили дарё тоза карда мешавад, то ки партовҳо бо таъсири шамолу борон ба дарё нарезанд. Баъди кам шудани сатҳи дарё обсабзҳову партовҳои ба онҳо часпида низ тоза карда хоҳанд шуд. Ҳамин гуна иқдом ҳар сол бо ташаббуси Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода низ доир мегардад. Дар ҷараёни аксияи “Тозагии соҳил” бо ширкати аҳолии деҳот, кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаю идораҳои шаҳр 33 километр соҳилҳои дарёҳои Қаратоғу Ширкент ва 11 километр соҳили канали “Шайх Музаффар”-ро аз партовҳои истеъмолию истеҳсолӣ ва лою гил тоза месозанд. Об на танҳо воситаи нӯшокӣ ва поккунанда, балки манбаи фароҳамсозандаи ғизои тамоми мавҷудоти зинда низ мебошад. Ба гуфтаи сарвари намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ҒАО) дар Тоҷикистон доктор Виорел Гутсу “Об қисми ҷудонашавандаи маҳсулоти кишоварзӣ, воситаи дарёфти ризқу рӯзӣ дар деҳот ба шумор меравад. Оби тоза барои рӯёнидани маҳсулоти озуқаворӣ ва тайёр кардани ғизо зарур аст. Ҳар сол қариб 70 дарсади оби инсоният истеъмолкарда ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд”. Модоме ки бе об ҳаёт набошад, моро лозим аст, ки пеш аз ҳама худамон ба талафёбию ифлоскунии об роҳ надода, дигаронро низ аз талафдиҳию исрофсозӣ ва ифлоснамоии об боздорем. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

5


МАСЪУЛИЯТ Имрӯзҳо, ки ҷаҳон дар ҳоли пешравист, ҷавонони мо низ ҳамқадами замон гом мебардоранд. Ҳуқумати кишвар кӯшиш менамояд, ки бо ҳар роҳу васила сатҳи дониши ҷавононро ба талаботи замона мувофиқ гардонад. Мо - ҷавонон бешак ин иқдоми Ҳуқумати кишварро дастгирӣ менамоем, вале як суол ба миён меояд, ки чаро бо ин қадар ғамҳориву меҳрубониҳои Сарвари давлату Ҳукумати кишвар боз бархе аз ҷавонон ба роҳи нодуруст мераванд? Кӣ ё чӣ онҳоро ба ин кор маҷбур месозад? То чӣ андоза падару модар дар тарбияву ташаккули психологияи насли наврас саҳм мегузоранд? Сари ин мавзӯъ суҳбате доштем бо равоншинос Маҳмадулло Давлатов, устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки фишурдаи он пешкаш мегардад. - Ҳар инсон бо хусусияту эҳсосоти худ, яъне ҳолати психологию равониашон фарқ менамоянд ва то кадом андоза ба таълиму тарбия майл доштанашон ҳам ба ҳамин вобаста аст, аз ҷумла, дар муносибати падару модарӣ ва фарзандӣ. Матлаб ин аст, ки дар оилаи тоҷик таъсири

падар ба ҳолати равонию психологии фарзанд то кадом андоза буда метавонад? - Падар бояд хоҳишу дархост ва талаберо, ки бевосита ба фарзанд мегӯяд, то ки ӯ қабул кунад,

Маҳмадулло ДАВЛАТОВ:

рои чунин хусусиятҳо мешаванд. Акнун онҳо ихтилоф накунанд, зеро кӯдакии онҳо низ ҳамин тавр сипарӣ гашта буд. - Вақте ки аз кӯдакон дар бораи касби ояндаашон пурсон

Насиҳати волидон заҳромез набошад бояд гуфта тавонад, бо дарназардошти ҳолати равонию психологии фарзандаш, бо оне, ки фарзандаш дар кадом сатҳи таълиму тарбия қарор дорад. Падар ва модар ҳамин андешаҳояшону маслиҳатҳояшро заҳромез набояд гӯянд. Ҳақиқатро мегӯям, гуфта дурушт муносибат накунад, дар ҳамон ҳолате, қи ҳақиқат ҳам бошад, ин фарзанд онро қабул намекунад, ба хотири он, ки дар шакли дағалу таҳқиромез пешниҳод мешавад ва ба иззати нафси он фарзанд мерасад ва барои ҳамин он фарзанд қабул надорад, ҳарчанд ки суханҳои падару модар ҳақиқати ҳол ҳам бошад. Ҳамин чиз камбудии падару модарони мо аст. - Айни ҳол наврасоне, ки синнашон ба 15 то 18 расидааст, онҳо худашон бевосита мехоҳанд, ки дар оила ва ҷамъият озод бошанд ва намехоҳанд, ки ба онҳо маслиҳат диҳанд ё онҳоро насиҳат намояд. Сабаби ин гуна кирдори онҳо дар чӣ аст? - Ин синну сол давраеаст, ки дар

Имрӯзҳо аз шунидани сухани «духтар киву хонданаш чӣ?» бисёри ҷавондухтарҳо аз идома додани таҳсил дилсард мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки баъзе волидону бародарон аз хондани духтар ё хоҳарашон шарм медоранд. Гӯё духтар агар хонад, беҳаё мешавад. Ба ҷойи он ки боре биандешед, ки худованд танҳо ба фарзонагон ин неъмати олиро эҳдо мекунад. Хоҳ духтар бошаду хоҳ писар, нури донишу маърифат дили онҳоро равшан мекунад. Беҳаёӣ аслан дар ботини онҳое роҳ меёбад, ки ҷоҳилу нодон ҳастанд ва аз маъниҳо, китобу андарзҳо дуранд. Агар чунин намебуд, яке аз хунхортарин шоҳи олам - Темури ланг дар пештоқи мадрасаи бунёдкардааш ин ҳадисро сабт намекард: «Талаби илм ба ҳар як зани мусалмон фарз аст». Дар воқеъ, агар ба рӯзгори атрофиён назар кунем, аксари занҳои маълумоти олигирифта зиндагии шоиста доранд, оилаи мустаҳкам низ бунёд намуда, фарзандонашон низ хуб тарбиятдида ҳастанд. Инсони донишманд ҳеҷ гоҳ роҳи каҷро интихоб намекунад. Зани донишманд бозичаи дасти дигарон намешавад. Агар модар донишманд бошад, фарзандон ҳатман роҳи донишро интихоб мекунанд

6

кӯдакон як хусусияти навташаккулӣ ба вуҷуд меояд. Ҳисси калонсолӣ бедор мешавад. Ҳисси калонсолӣ, ки пайдо шуд, ин маънои онро дорад, ки ман мустақилам. Яъне дилхоҳ масъалаҳоро ман худ ҳал менамо-

ям. Падар мудохила мекунад, ки не, чизе ки ман гуфтам ҳамон мешавад, ва ҳамин хатои бузурги падару модарони мост. Падар бояд андешаву суханони фарзандро гӯш кунад ва пасон бо фарзанд якҷоя маслиҳат бикунанд. Писар фикри ту дар ин масъала чӣ аст? Чаро мо ин тарафи масъаларо пешниҳод намекунем? Барои ҳамин ин тағйирёбии шахсияти наврасро ба назар намегиранд ва байни ӯ ва волидайн ихтилоф ба миён меояд. - Барои ҳалли ин масъала кӣ бояд вазифадор бошад? Падар, модар, ҷамъият ё худи шахс? - Ман пеш аз он мегӯям, ки барои ҳалли ин масъала падару модар вазифадор мебошанд. Ва мо падару модарро бо ҳамин хел донишҳо мусаллаҳ кунем ва камбудии ҷомеа низ мебошад. Соҳаи маориф бояд корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд кунад. Таълиму тарбияро ба роҳ манад, ки пагоҳ онҳо падару модар мешаванд бидонанд, ки фарзандони онҳо дар давраи наврасӣ до-

мешавӣ, аксарияташон иброз медоранд, ки «калон шавам, Русия меравам». Сабаби чунин посухҳои онҳо дар чӣ аст? - Ин омил ҷанбаи иқтисодӣ дорад ва ин фикру гуфтаҳои онҳо дар заминаи хушку холӣ ба миён намеояд. Он кӯдак ҳам мебинад, ки падараш барои зиндагии асосӣ ба Русия меравад ва ин кӯдак интизор мешавад, ки кай ӯ бевосита пул равон мекунаду модараш ба ӯ чизи нав бихарад ва ҳамин андеша дар шууру тафаккури вай нақш мебандад аз ҳамин сабаб падару модар дигар барои ӯ коре накардаанд, то бифаҳмонанд, ки ба ҷуз Русия ту бояд илмҳои замонаатро омузӣ, дониш аз худ намоӣ, касб омузӣ, то ки минбаъд зиндагиатро бевосита пеш барӣ. Оё падар гуфт, модар гуфт, муаллим гуфт, ҷомеа гуфт? Чаро нагуфт? Модом, ки нагуфт, он кӯдак дигар чизи интихоб мекардагӣ надорад, вале падар агар ҳама вақт бо ӯ кор мекард, он гоҳ фикру андешаи он кӯдак тағийр меёфт.

- Аз қабул шудани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» солҳои зиёд сипарӣ гашт. Ба назари Шумо то чӣ андоза меъёру талаботи ин қонун дар зиндагии ҳаррӯзаи мо риоя мешавад? - Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҳамчун як падидаи мусбат бояд баҳо дод. Натиҷа дода истодааст. Вале ба он дараҷае, ки натиҷа бояд диҳад, ҳоло албатта нест, вале як чизро дар ҳисоб гирифтан зарур аст, ки барои ба таври бояду шояд татбиқ шудани қонун, мо бояд бо тафаккур ва шуури мардум кор кунем. Яъне корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҷиддан ба роҳ мондан зарур аст. Ҳоло ҳам на ҳамаи мардум муҳтавои қонуни мазкурро хуб дарк мекунанд ва барои ин корҳои фаҳмондадиҳию тадқиқотиро ба роҳ мондан зарур аст. Бахтовар АМИНЗОДА, коромӯзи «ҶТ»

Духтар киву хонданаш чӣ?

ва барои пешрафти ҷомеа хидмат мекунанд. Инсони донову хирадманд дар зиндагӣ пешпо намехӯрад, пастию баландии рӯзгорро бо сабру субот тай мекунад. Яке аз сабабҳои дигари ба хондани духтарон монеъ шудани наздикон гӯё зуд соҳиби бахт, яъне ба шавҳар додани онҳост. Аммо бубинед, ки хонавайронӣ дар байни кадом гурӯҳи духтарон зиёдтар аст? Бештар духтароне хонавайрон мешаванд, ки онҳоро баъд аз хатми мактаб, хеле ҷавон ба шавҳар медиҳанд. Вале

донишу фаҳмиши онҳо ба дараҷае кам аст, ки ҳатто ба зиндагии оилавӣ омода нестанд. Бисёри духтарҳо аз дидори волидон, ҳатто аз хоби бароҳати хонаи падару модар сер накардаанд, аз куҷо ба қадри шавҳару хусуру хушдоман бирасанд? Вақте ки онҳоро ба шавҳар медиҳанд, соат 9 мешавад, баъд аз хоб мехезад, ки алакай чанд гапи пасту баланди хушдоманро шунидааст. Кош шумори хушдоманҳое зиёд бошанд, ки наварӯсро модарвор насиҳат кунанд. Аммо сад афсӯс, ки ин тавр нест. Хушдоман вақте

мебинад, ки келинаш аз уҳдаи кору бори хона намебарояд, зуд ҷангу ҷанҷол бардошта, коре карда писарашро аз келинаш ҷудо месозад. Гӯё, ки зиндагӣ, зангирӣ, оиладорӣ мисли молбозор харидуфурӯш мешуда бошад. Маълум, ки ҳар падару модари меҳрубон бо як ҷаҳон умед фарзанд калон мекунанд ва мехоҳанд, ки хоҳ писар ва хоҳ духтари онҳо ҳамеша хушбахт бошанд. Имрӯз қонун ҳуқуқи занону духтаронро барои таҳсил кафолат медиҳад. Сарвари давлат барои соҳибмаълумот шудани духтарон барномаҳои махсус ва квота қабул ва пешбинӣ намудааст, ки духтарони мо аз ҳама ҳуқуқҳояшон бархурдор ва соҳиби донишу маърифат бошанд. Ду сол мешавад, ки барои ҷавонписарону ҷавондухтароне, ки дар ҳақиқат хоҳиши хондан доштанду аммо наметавонистанд ба макотиби олӣ шомил шаванд, барои идомаи таҳсил шароит фароҳам шуд ва Маркази миллии тестӣ ба фаъолият пардохт. Акнун онҳо метавонанд бо дониши худ ба мактабҳои олӣ дохил шаванд. Ин тарзи шомилшавӣ ба мактабҳои олии мамлакат имкон медиҳад, ки дар Ватани озоду ободи худ мо ба ҳама орзуву ормони некамон бирасем. Танҳо аз волидони азиз ва бародарони меҳрубон хоҳиш мекунем, ки ба гапи муттаассибону кӯтоҳназарон дода нашуда, пеши роҳи таҳсил кардани духтарону хоҳарони хешро нагиранд. улбаҳор РАҲМОНОВА, коромӯзи «ҶТ» Г

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015


ТУРИЗМ

Осоишгоҳе, ки 4 маротиба дар ИҶШС ғолиб омада буд Тоҷикистон бо обҳои шифобахшаш шӯҳрат дорад. Ҳанӯз солҳои шастуми асри гузашта Корманди шоистаи тандурустии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ Мирзо Олимов ба таҳқиқи таркибу хосияти обҳои минералии кишвар машғул шуд. Соли 1968 дар ноҳияи Исфара чашмаи минералие бо номи “Оби шифо” кашф гардид. Бо ташаббуси Мирзо Олимов дар шуъбаи бемориҳои дарунии Беморхонаи марказии ноҳияи Исфара муолиҷаи беморон тавассути ваннаҳои оби минералии сулфиддори “Оби шифо” ба роҳ монда шуд. Бо дастгирии роҳбари онвақтаи ноҳия Ортиқ Қурбонов соли 1970 барои бунёди осоишгоҳ дар як гӯшаи зебоманзари назди соҳили дарёи Исфара қитъаи замин ҷудо шуд. Хишти аввали сохтмон соли 1970 гузошта шуда, соли 1972 он ба итмом расид. Соли 1975 Мирзо Олимов сарвари хонаи истироҳатии “Зумрад” таъин шуд. 8 майи соли 1976 хонаи истироҳатӣ ба осоишгоҳ табдил ёфт. Осоишгоҳ барои 260 нафар пешбинӣ шуда, дар он беморони дилу рагҳои хунгард, узвҳои такяву ҳаракат, системаи асаб, бемориҳои занона табобат мегирифтанд. Осоишгоҳи “Зумрад” дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хеле маъруф буд. Солҳои 1978, 1980, 1982, 1985 ғолиби Озмуни умумииттифоқии осоишгоҳҳои колхозӣ гаштааст. Дар бораи “Зумрад” филми мустанади дусериягӣ наворбардорӣ шуда, 3 китоб, 3 рисола ва 3 маҷмӯи корҳои илмӣ ба табъ расидааст. Табиати дилкаш, манзараи дилфиреб, дарёчаи обаш зулол ҳар шахси ба “Зумрад” меҳмоншударо тасхир месозад. Атрофи биноҳоро дарахтони гуногуни мевадору сояафкан, гулҳои рангоранг, сабзазору нишастгоҳҳои сершумор иҳота кардаанд. Субҳи барвақт накҳати гулу раёҳин, хониши парандаҳои хушилҳон ба кас нерӯю дармон мебахшад. Ҳоло дар осоишгоҳ 4 бинои истироҳатӣ иборат аз қабулгоҳ, шуъбаҳои махсуси муолиҷавӣ, лабораторияҳо, ҳуҷраҳои сардухтуру ҳамшираҳои шафқат, толорҳои фарҳангию варзишии бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мавҷуданд. Дар осоишгоҳ ғайр аз бинои табобатӣ, инчунин Осорхонаи тиббии Тоҷикистон ба номи Мирзо Олимов низ ҷой гирифтааст. Чойхонаи “Сино” хеле зебою боҳашамат ва бо истифода аз санъати кандакории миллӣ сохта шудааст. Акси ин чойхона дар як тарафи 50 сомонӣ мунъакис шудааст. Қасри фарҳанги “Шифокорон”, мағозаҳои хӯрокворӣ ва

молҳои саноатӣ, дӯкони сайёри рӯзномафурӯшӣ, суратгирхона, ошхонаю чойхонаҳои хуштарҳ, ки дар назди дарёча ва кӯли калони осоишгоҳ, миёни дарахтзору гулзорҳо сохта шудаанд, бо сифати баланд ба меҳмонон хизмат мерасонанд. Осоишгоҳ сехи қаннодӣ дорад, ки барои ошхонаи осоишгоҳ маҳсулоти қаннодии хушсифат ва нону кулчаҳои болаззат тайёр мекунад. Осоишгоҳи мазкур аз лиҳози сифати хизматрасонӣ яке аз беҳтарин муассисаҳои тандурустии кишвар ба шумор меравад. Он дорои лабораторияи клиникӣ ва биохимиявӣ, ҳуҷраҳои ташхисӣ (рентгенӣ, ултрасадо, РЭГ), машваратӣ (уролог, гинеколог, стоматолог, невропатолог, ЛОР ва ғайра), физиотерапевтӣ (гидропатия) мебошад. Имрӯз бисёриҳо аз бемориҳои сутунмӯҳра шикоят мекунанд. Дар осоишгоҳи “Зумрад” баҳри муолиҷаи бемориҳои сутунмӯҳра аз масҳҳои табобатӣ, обу лойқаи шифобахш истифода мебаранд. Лоиқаи табобатиро ба ин ҷо аз кӯли “Оқсукон”-и ноҳияи Ашт меоранд. Мутахассисони варзидаи осоишгоҳ зимни табобат аз варзиши муолиҷавӣ низ истифода мекунанд. Дар осоишгоҳ фитолаборатория амал мекунад, ки ба омӯхтани таҷрибаи гиёҳдармонии ниёкон ва табибони мардумӣ машғул аст.

Моҳҳои май-сентябр аз ҳама мавсими сермизоҷ дар осоишгоҳи “Зумрад” аст. Дар ин айём меваю сабзавот ва полезиҳои гуногун пухта расида, дастархони меҳмонони осоишгоҳро ғанитар мегардонад. Меҳмонон дар давраи истироҳат метавонанд ба маҷмааи таърихии Ҳазрати Мавлоно (асри ХII), масҷид ва мадрасаи Намозгоҳ (асрҳои XVIXVII) рафта, ёдгориҳои қадимиро бубинанд. Бешубҳа, осоишгоҳи “Зумрад” метавонад дар рушди минбаъдаи туризми муолиҷавӣ намуна гардад. Мутахассисони варзидаи осоишгоҳ аз қабили З. Олимов, М. Довудов, И. Ҳамдамов, Т. Муллоҷонов, И. Зоҳидов, М. Собиров, С. Камолов ва дигарон бо муомилаи олидараҷа ва донишу маҳорати касбии баланд ба дарди маризон дармон мебахшанд. Хуб мешуд, ки дар хусуси ин осоишгоҳ дар маҷаллаи хориҷӣ ва сомонаҳои интернетӣ мақолаву муаррифиномаҳоро ба забонҳои англисиву арабӣ ва русӣ ҷой диҳанд. Ба ин восита хоҳишмандони зиёди туризми муолиҷавиро ба кишвар ҷалб намудан мумкин аст.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015

Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ ЗУБАЙДУЛЛОЕВ, сокини маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Ҳисор

Мавзеи нурбахш Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қарорҳое қабул гардидаанд, ки самаранокии эҳёи туризмро пешбинӣ намуда, масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва ташкилии ин соҳаи ояндадорро фаро мегирад. Соҳаи туризм метавонад дар системаи иқтисодии кишвар нақши муҳим бозад. Зеро дар бисёр давлатҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ нақши арзанда бозида, ба соҳаи асосии иқтисодиёт, мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, кишоварзӣ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва ғайра таъсири мусбат мерасонад. Яке аз мавзеъҳои барои соҳаи туризм ояндадор Норак мебошад. Шаҳри Норак дар баробари мавзеи нурбахш будан, дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию рекреатсионие аст, ки барои рушди туризми дохилӣ ва ҳам қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд. Барои амалӣ намудани рушди соҳаи туризм дар шаҳри Норак як қатор иншооти хусусӣ дар мавзеъҳои рӯди Вахш сохта шудаанд, ки дар онҳо барои қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ шароити мусоид мавҷуд аст. Ҳоло дар шаҳри Норак се меҳмонхонаи хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дорои 205 ҷой буда, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯянд. Моҳе чор маротиба аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ зиёда аз 300 нафар барои зиёрати оромгоҳҳои бузургон ба Норак меоянд. Як қисми меҳмонон нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Бойғозӣ” ва обанборро тамошо мекунанд. Барои ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва банақшагирӣ дар самти туризм дар шаҳри Норак аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Дар мавзеи “Дараи Пехо” истироҳатгоҳи тобистонаи кӯдаконаи “Офтобак” фаъолият мекунад, ки зиёда аз 450 нафар хонандаро дар мавсими тобистон фаро мегирад. Бо мақсади рушди туризм дар шаҳри Норак дар мавзеи Обанбор хонаҳои болои об (пантон) сохта шудааст. Зимни иҷрои мукаммали маҷмӯи тадбирҳои пешбинишуда ва маблағгузории барномаи рушди туризм умед аст, ки ташрифи туристон ба шаҳри Норак торафт бештар шуда, аз туризми воридотӣ ба буҷаи шаҳр маблағи зиёде ворид хоҳад шуд. Н. ЗОИРОВА, донишҷӯи ДДҚ ба номи Носири Хусрав

7


ҲАМОИШ

Ҳар сол 12 август Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани “Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор гардид. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода ҳозиринро муборакбод намуда, гуфт: - Мо имрӯз ҷамъ омадаем, то ки роҳҳои бо ҳамдигар робитаи рӯзмарра доштан, аз мушкилоти ҳамдигар огоҳ шудан ва ёфтани чораҳои ҳалли мушкилотро баррасӣ намоем. Дар баробари ин, аз таҷрибаю ташаббусҳои ҳамдигар огоҳ шуда, нерӯи ақлонии худро баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз сарф намоем. А. Абдуллозода аз таваҷҷуҳи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф сухан намуда, иброз дошт, ки алҳол 12000 ҷавони мамлакат тибқи квотаю шартнома дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд. Илова бар ин, теъдоди зиёди ҷавонон ба таври инфиродӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои гуногун таҳсил мекунанд. - Шумо аз ҷумлаи хушбахттарин ҷавононе ба шумор меравед, ки тақдир бароятон имконияти таҳсил дар хориҷро додааст, гуфт А. Абдуллозода. – Ҳар яки шумо фарҳанги пурғановати мардуми тоҷикро берун аз кишвар муаррифӣ мекунед. Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта бо мақсади муттаҳид кардани ҷавонони кишвар таъсис ёфтааст. Вақте мо оид ба ихтисоси ҳар як донишҷӯ иттилоъ пайдо мекунем, пеш аз ба Ватан баргаштани онҳо огоҳ хоҳем шуд, ки дорандагони кадом ихтисос ба кадом соҳа мераванд. - Донишҷӯ аз рӯзи аввали таҳсил ба мусофире монанд аст, ки ҳар рӯз тӯшаеро ба кулвораш меандозад. Тайи 4-5 соли таҳсил кулбори донишу таҷрибаи омӯхтаи ӯ пур хоҳад гашт. Ба ҳар як ҷавони соҳибихтисос зарур аст, ки кулбори донишу таҷрибаи андӯхтаашро баҳри гулгулшукуфии Ватан сарф кунад, - гуфт А. Абдуллозода. Ба гуфтаи раиси кумита бояд ин маҳфил пуле миёни донишҷӯёну Ватан ва майдони тарғиби илму маърифат гардад. Ҳар як узви маҳфилро зарур аст, ки ба ҳамдигар дасти мадад дароз намоянд. - Мо бояд фаъолонро тарбия созем, то ҷавонон ҳамеша бунёд-

8

Якдил шуда, мулки кору ободсозандаи Ватан бошанд, - гуфт Абдуллозода. – Модоме ки аз ахлоқи шумо ба миллати мо баҳо медиҳанд, ба ҳамагон иффат, ахлоқи ҳамида ва маданияти баланду хушбахтиҳо таманно мекунам! Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Махфират Хидирзода аз ин иқдоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки баҳри сарҷамъии ҷавонони мамлакат мусоидат менамояд, ҷонибдорӣ кард. - Имрӯз таҳоҷуми иттилоотӣ аз берун ба кишвари мо зиёд аст, - гуфт М. Хидирзода. – Шумо, ки дур аз Ватан ҳастед, дар чунин шароит муттаҳидӣ ва нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ бароятон хеле муҳим аст. Президенти мамлакат дар ҳар сафари хориҷии худ кӯшиш менамояд, ки бо донишҷӯёни дар хориҷ таҳсилкунанда мулоқот кунад. Ин гувоҳи он аст, ки Сарвари давлат ба ҷавонон боварии калон дорад. Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Эмин Сангинзода изҳор дошт, ки то имрӯз 300 000 шаҳрванди мамлакат ҳамчун вайронкунандагони қоидаҳои будубош дар Федератсияи Ру-

сия ба қайд гирифта шудаанд. Ба онҳо тайи 3-5 соли оянда вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия мамнуъ аст. Миёни онҳо донишҷӯёне ҳастанд, ки дар Федератсияи Русия ва Белорус таҳсил мекунанд. Гурӯҳи дуҷонибаи Тоҷикистону Русия баҳри лағви ин мамнуият барои 5 категорияи одамон фаъолият бурда истодаанд. Аз 215 донишҷӯе, ки вурудашон ба қаламрави Русия мамнуъ буд, ба 200 нафар иҷозаи дубора ворид шудан ба Русия гирифта шуд. Аз миёни онҳо 13 кас донишҷӯи макотиби олии Белорус ва як нафар донишҷӯи мактаби олии Украина мебошанд. Яке аз сабабҳои ба “Рӯихати мамнуъулвуруд” дохил шудани донишҷӯён дар он аст, ки иддае сари вақт худро дар қайди донишгоҳ намемонанд. Ҳамчунин, ҳангоми пур кардани варақаҳои муҳоҷират дар қаламрави Русия сафари худро “транзитӣ” менависанд. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, сафир оид ба корҳои махсус Тошмад Назиров иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат 30 намояндагӣ (сафорат, шӯъбаи консулӣ, консули генералӣ) дорад. Баъзе ҳамватанонамон бинобар огоҳ набудан аз ҳамкориҳои мо

бо кишварҳои дӯст дар вақти мушкилӣ ба куҷо муроҷиат карданашонро намедонанд. Масалан, дар Ҳолланд мо сафорат надорем, вале шаҳрвандони мамлакат метавонанд ба Сафорати Федератсияи Русия дар Ҳолланд муроҷиат кунанд. Онҳо тибқи ҳамкориҳое, ки бо Тоҷикистон доранд, метавонанд ба шаҳрвандони мо ёрии консулӣ расонанд. Директори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Исматулло Шодиев ба ҷавонон гуфт, ки ҳадафи таъсиси ниҳоди мазкур додани имконияти таҳсил аз рӯи ихтисосҳоест, ки дар Тоҷикистон мавҷуд нестанд. Донишҷӯён ба донишгоҳҳои хориҷи мамлакат тибқи озмун интихоб мешаванд. Раисии комиссияи озмунро муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ бар ӯҳда дорад. Барномаи мазкур таҳсили ҷавонони мамлакатро дар хориҷи кишвар мутамарказ месозад. Яке аз самтҳои фаъолияти марказ додани Стипендияи байналмилалии Президенти ҷумҳурӣ “Дурахшандагон” мебошад. Ин стипендияи барои ҷавонони болаёқат пешбинӣ шуда, аз Фонди махсуси Президенти мамлакат маблағгузорӣ мегардад. То ин дам

ба воситаи Стипендияи Президенти мамлакат 340 нафар мутахассис тайёр шудаанд. Имсол боз 28 нафар соҳиби ихтисос шуда, ба Ватан бармегарданд. - Мо ба якчанд мақомоти давлатӣ рӯйхати хатмкардагони донишгоҳҳои хориҷиро фиристодем, - гуфт И. Шодиев. – Ҷавононе, ки тибқи квота донишгоҳҳои мамолики хориҷиро хатм мекунанд, дар муассисаҳои давлатӣ бе озмун ба кор қабул карда мешаванд. Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҳабибулло Мирзоев зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ҳар сол макотиби таҳсилоти умумии кишварро 110 000 ҷавон хатм мекунанд. Аз инҳо 75 ҳазор нафараш ба макотиби олию коллеҷ ва литсейҳои касбӣ дохил мешаванд. Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сол то сол ҳамкориҳояшро бо мамолики гуногун ҷоннок менамояд. Соли равон дар Намоишгоҳи макотиби олии Федератсияи Русия, ки дар Донишгоҳи аграрӣ баргузор шуд, 40 донишгоҳу донишкадаи ин кишвар ширкат варзиданд. Ҳоло дар намоишгоҳи макотиби олии Белорус, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба роҳ монда шудааст, 20 донишгоҳу донишкадаи Белорус иштирок доранд. Мутаассифона, аксар ҷавононе, ки ба макотиби олии ИДМ мераванд, соли аввал мушкилоти забони русӣ доранд, гуфт Ҳ. Мирзоев. – Аммо ҳастанд донишҷӯёни муваффақе, ки баъди хатми бакалавриат ба магистратура дохил мешаванд. Бисёр донишгоҳҳо ба донишҷӯёни тоҷик бовар карда, онҳоро намояндаи худ гардонидаанд. Муовини раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ Рудобаи Мукаррам ҷавононро ба ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва ҳувияти миллӣ даъват карда, шеъри худро бо номи “Тоҷикистон” қироат намуд. Яке аз ҷавонони муваффақ, хатмкардаи Донишгоҳи Астрахан

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015


ҲАМОИШ Некқадам Саидов дар бораи таҳсилаш дар ин шаҳри ҷанубии Русия ба ҳозирин нақл кард. Ӯ соли 2011 тибқи квота ба донишгоҳи мазкур дохил шуд. Дар тӯли 4 соли таҳсил вай соҳиби 4 ихтироот, 9 диплом, 4 медал ва 22 ифтихорнома гаштааст. Соли 2014 Некқадам “Беҳтарин донишҷӯи хориҷии Русия” эълон шуд. Дар баробари таҳсили бомуваффақият Некқдам дар маҳфилҳои варзишии футболу волейбол ширкат меварзид. Барои фаъолияти самаранокаш Некқадамро муовини раиси Ассотсиатсияи донишҷӯёни хориҷии Астрахан интихоб намуданд. Ӯ аз соли дую-

Донишҷӯи Донишгоҳи Гаагаи Ҳолланд Аврангзеби Асрориён роҳи таҳсили худро аз Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе то ба ИМА ва Ҳолланд мухтасар баён намуд. Аврангзеб ғолиби озмуни байналмилалии иншонависӣ дар мавзӯи “Ман шаҳрванди ҷаҳон” гашта, сазовори 5000 евро шуд. - Мо дар кадом кишваре, ки таҳсил накунем, бояд Тоҷикистонро дӯст дорем ва дар пешрафти илму технологияи он ҳисса гузорем, - гуфт А. Асрориён. – Имрӯз танҳо тавассути илму технологияи пешрафта метавонем

ми таҳсил раиси Созмони ҷавонони тоҷики муқими Астрахан шуда буд. Тӯли таҳсил ҳамеша бо Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ робита дошт. Донишҷӯи Донишгоҳи Белорус Ёсамин Мӯсоева аз таъсиси маҳфил изҳори хушнудӣ карда, хоҳони муттаҳидшавии донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи мамлакат таҳсилкунанда шуд. Ӯ аз таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Минск, ки бо ташаббуси донишҷӯёни тоҷик баргузор гашт, ёдовар шуд. - Як ангушт мушт нест, гуфт Ёсамин Мӯсоева. – Мо ҳама бояд якдил гашта, мулк обод кунем. Тоҷикистонро чун кишвари сокинонаш бофарҳанг муаррифӣ намоем. Фарҳанги классикони мо замоне оламгир буд. Бояд ин иқдоми ниёкони хешро идома диҳем. Ёсаминбону соҳиби сертификати Студияи телевизиони Минск буда, дар баробари ҳуқуқшинос буданаш оҳанг низ эҷод мекунад.

оламро тасхир созем. Магистранти Донишгоҳи “Sejong”-и Кореяи Ҷанубӣ Сиёвуш Мирзоев дар хусуси фаъолияти Гурӯҳи ҷавонони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ нақл кард. Ӯ аз мулоқоти Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики муқими Кореяи Ҷанубӣ дар моҳи апрели соли равон ёдовар шуд. Ҷараёни анҷуманро як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик дар Индонезия, АМА, шаҳрҳои Екатеринбургу Томски Федератсияи Русия ва ғайра мустақиман тамошо карда, тавассути “он-лайн” саломи худро ба иштирокчиёни анҷуман расониданд. Иштирокчиёни анҷуман якдилона Аҳтам Абдуллозодаро раиси Шӯрои Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта интихоб намуданд. А. Абдуллозода ба ҷавонон барои бовариашон изҳори сипос намуда, гуфт: “Дар тӯли як сол ин дуюмин вохӯрии мо бо ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда мебошад. Вохӯрии имрӯза аз ҷиҳати шакл нисбат ба

вохӯрии қаблӣ фарқ мекунад. Ба роҳ мондани ҳамкории наздики мо бо донишҷӯён баҳри беҳтар кардани шароити таҳсил мусоидат менамояд. Мо пешниҳод мекунем, ки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба узви Шӯрои маҳфил шомил карда шаванд. Боварӣ дорам, ки узвияти намояндагони ниҳодҳои зикршуда баҳри расидан ба ҳадафҳои маҳфил мусоидат менамояд. Қарор дода шуд, ки рӯзҳои наздик сомонаи

маҳфил таъсис ёфта, дар он иттилооти зарурӣ ҷой дода мешавад. Ҳар як донишҷӯ метавонад дар он оид ба мушкилоти ҷойдоштааш изҳори ақида намуда, ба саволаш посух бигирад. - Дар якҷоягӣ мо метавонем роҳи ҳар гуна мушкилотро ба осонӣ ёбем, - гуфт А. Абдуллозода. – Оянда мақсад дорем, ки лагери 2-3-рӯза таъсис дода, фаъолтарин донишҷӯёни дар дохилу хориҷи кишвар таҳсилдоштаро бо мақсади табодули таҷриба гирди ҳам орем.

хеш обод кунем

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

АНДЕШАҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ АНҶУМАН Иқбол ЁРОВ, дастпарвари Донишгоҳи давлатии Владимири Федератсияи Русия: - Ман соли 2003 баъди бомуваффақият супурдани имтиҳонот ба факултаи таъминоти барқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Владимир дохил шудам. Мутаассифона, он солҳо ин гуна ғамхорӣ ва якдилию сарҷамъие, ки имрӯз дар анҷуман мушоҳида шуд, вуҷуд надошт. Мувофиқи қарордод бояд ҷониби Тоҷикистон моро то хатми донишгоҳ бо стипендия таъмин мекард, вале ин тавр нашуд. Мо бо қувваи худамон баҳои баланд гирифта, аз донишгоҳ ҳуқуқи стипендия гирифтанро пайдо намудем. Баъди хатми донишгоҳ танҳо тавассути озмун маро ба кор қабул карданд. Имрӯз дар анҷуман ёдовар шуданд, ки мувофиқи банди 7-уми Фармони Президенти мамлакат дастпарварони макотиби олии хориҷи мамлакат, ки тибқи квота фиристода шудаанд, бе озмун дар муассисаҳои давлатӣ ба кор қабул карда мешаванд. Боварӣ дорам, ки баргузории чунин анҷуман ва таъсиси маҳфил донишҷӯёни дар хориҷ таҳсилкунандаро сарҷамъ намуда, онҳоро рӯҳбаланд хоҳад кард. Чунин ғамхорӣ ба сифати таҳсили онҳо таъсири мусбат хоҳад расонд. Мустафо САФАРОВ, дастпарвари Донишгоҳи давлатии техникӣавиатсионии шаҳри Рибински Федератсияи Русия: - Албатта, ҳар як ташаббусе, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯи даст мегирад, созанда ва ба нафъи имрӯзу фардои кишвар аст. Ҷавонон дер боз ба чунин маҳфил ниёз доштанд. Боварӣ дорам, ки таъсиси ин маҳфил ба мо якдилӣ, муттаҳидӣ ва шаъну шуҳрат меоранд. Зеро дастҷамъона, бо кӯмаку дастгирии ҳамдигар амал кардан натиҷаи хубтар медиҳад. Тавре ниёконамон фармудаанд: Бигир домани ҷамъиятеву кор бисоз, Ки ҳеҷ кор муяссар нашуд ба танҳоӣ. Панҷ сол пеш дар донишгоҳи мо ҳамагӣ 8 нафар аз Тоҷикистон буданд. Шукри Худо ин рақам соли равон ба 100 нафар расид. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ҷавонони мо бештар ба илмҳои дақиқ, барномасозӣ, лоиҳакашӣ, ихтисосҳои техникӣ рӯ оранд. Танҳо бо ин роҳ мо обрӯи миллатро баланд бардошта, иқтисодиёти Ватанро пеш бурда метавонем. Фирдавс ВАЙСОВ, хатмкардаи факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалии шаҳри Москва (МГИМО): - Соли раван баъди хатми бакалавриати МГИМО ман ба магистратураи ду донишгоҳ – МГИМО ва Донишгоҳи Аврупои шаҳри Нитсаи Фаронса дохил шудам. Таъсиси маҳфил бисёр идеяи ҷолиб аст, аммо самараи он аз фаъолияти минбаъдааш сахт вобастагӣ дорад. Агар ҳама нақшаву дурнамои имрӯз зикршуда рӯи коғаз намонда, амалӣ шаванд, маҳфил метавонад як маркази муттаҳидкунандаи ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда шавад. Солҳои пеш аксар донишҷӯёни тоҷик зимни дар хориҷи кишвар таҳсил намудан дар таҳияи баъзе ҳуҷҷатҳо ба мушкилиҳо дучор мешуданд. Акнун ин мушкилиҳо ба осонӣ рафъ мешаванд. Зеро ҳар донишҷӯ ба осонӣ тавассути сомонаи маҳфил аз мушкилоти хеш дарак дода, кӯмаки ҳуқуқӣ гирифта метавонад. Зуҳро ХӮҶАМНАЗАРОВА, хатмкардаи зинаи бакалаври Донишгоҳи давлатии Ярославли Федератсияи Русия: - Дар анҷуман бештар сухан дар хусуси донишҷӯёне рафт, ки тавассути квота дар хориҷа таҳсил мекунанд. Хуб мешуд, ки ба шахсоне низ таваҷҷуҳ намоянд, ки ба тариқи инфиродӣ ба таҳсил рафтаанд. Ин самараи маҳфилро бештар мекунад. Хуб мешуд, ки соле 1-2 бор мулоқоти донишҷӯёни хориҷи мамлакат дар як кишвари муайян бо навбат баргузор шавад. Ин баҳри табодули таҷриба ва ба миён омадани идеяҳои нав мусоидат хоҳад кард.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015

9


СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА Худованд, аз ту мехоҳам, ки ёрам, Ҳамеша шод монад дар канорам. Чу абри тира оре, аҳд бастам, Ки ашкамро ба гесӯяш наборам. Нуруллоҳи Ориф. Комил ва Муҳаббат ду сол пеш издивоҷ карданд. Соле пеш аз издивоҷашон якдигарро шинохтанд. Дӯст доштанд... Волидонашон ҳам ба интихобашон мувофиқат нишон доданд. Ниҳоят оиладор шуданд. Қариб як соли аввали ҳаёти оиладориашон хуб, балки ширину гуворо гузашт. Аммо оҳистаоҳиста рӯи осмони ин оиладорӣ абрҳои тира падид омадан гирифт. Ҳар ду ҳам диданд, тасаввуре, ки дар хусуси оиладорӣ доштанд, ба ҳақиқат рост намеояд. Он чи ки чашмдор буданд, комилан бо ҳаёти оилавӣ муқоисанашаванда аст. Миёнашон сардӣ шуруъ шуд. Зиёд муноқиша мекарданд. Дар рафти муноқишаҳо бештари вақт якдигарро меранҷонданд... Ҳаёташон бо ҷудоӣ анҷомид. Ҳам духтар, ҳам писар ҳайрон буданд, ки чаро муҳаббаташон кафолати солимии оилаи онҳо нагашт. “Чаро инсонҳо бо муҳаббат издивоҷ мекунем, якдигарро дӯст медорем” мегӯянду боз ҷудо мешаванд? Ба сари ҳар ду ҳам ин савол зуд-зуд меомад. Ҳамчунин... Сироҷ ҳам чанд вақт номзади мувофиқ меҷӯст, то оила барпо кунад. Хеле кофт. Гоҳо духтар ба ӯ маъқул намешуду гоҳе ӯ ба духтар. Якеро қадпаст гуфта интихоб намекарду дигареро лоғар. Хуллас, аз арӯскобӣ монда шуд. Қарор дод, ҳар нафаре, ки волидон барояш биёбанд, издивоҷ мекунад. Ниҳоят пайдо карданд. Номзади ёфтаи волидон духтари зебо буд. Ҳам ахлоқаш, ҳам кирдору гуфтораш шоистаи таҳсин. Издивоҷ карданд. Ҳаёташон муътадил мегузашт, мисли ҳаёти дигарон. На олӣ буду на бад. Духтар аз ин гоҳ-гоҳ ғам мехӯрд. Мегуфт, “аз он ки маро волидонаш интихоб карданд, дӯстам намедорад”. Аммо ин тавр набуд. Ҷавон ҳамсарашро дӯст медошт, вале чандон ошкор намекард. Яъне, дӯстдориашро ба забон намеовард. “Мабодо аз худ равад...” фикр дошт ӯ. Ин оила ҳам аз муноқиша орӣ набуд. Ҳарчанд гаҳу ногаҳ ногап мешуданд, вале қаҳрашон куҳна намешуд, зуд мегузашт. Аммо боре бар асари яке аз муноқишаҳо духтар қаҳр карду ба хонаи волидонаш рафт. Дигар баргаштан намехост. Модар саргузашти худро ба духтараш нақл кард. Гуфт: “Ман ҳам дар вақташ аз падарат зарбу лат медидам. Ба сари ман ҳам борҳо ин андеша омада буд, ки ба хонаи падар бираваму дигар ноям. Вале истиҳола мекардам. Мегуфтам, агар биравам ҳоли кӯдаконам бад мешавад. Шуморо фикр карда

10

истодам. Падарат он солҳо зиёд менӯшид. Маст шуда маро лату кӯб мекард. Бо вуҷуди ин тоқат карда истодам. Ҳоло шукр, зиндагиамонро худат ҳам мебинӣ, заррае ҳам шиква надорам. Падарат ҳам он хӯву хислати пешинаашро партофт. Ҷавон буд он вақт. Дар ҷавонӣ аз беандешагӣ гоҳо кас корҳое мекунад, ки иштибоҳанду афсӯсовар... Ту

дар шунида буд, дастури ҳаёт қарор дод. Ҳамсараш ҳам баробари тағйир ёфтани хислатҳои шавҳар оҳиста-оҳиста тағйир ёфт. Ҳамдигарфаҳӣ миёнашон аз пештара дида қавитар гашт. Чун дар бештари корҳо фикри ҳамдигар мекунанду кӯшиш доранд, якдигарро гузашт кунанд. Ҳоло аз зиндагии муштаракашон солҳо сипарӣ шудааст. Соҳиби

Самари боғ

муҳаббат якдигарро девонавор дӯст доштан нест, балки қалбҳои ҳамсарон бояд ба ҳам созгору мутобиқ бошанд. Дар оилае, ки ҳамин мутобиқат набошад, хусусан аз ҷониби мард, бунёди муносибати солим номумкин мегардад. Созгору мутобиқ будани қалбҳо маънои онро надорад, ки зану мард дар ҳама масъала комилан ҳамфикранд.

Танҳо муҳаббат боиси пойдории оила шуда наметавонад

ҳам, ҷони модар, аз барои як ҷанҷоли кӯчак ҳаёти ояндаатро барбод надеҳ. Рӯи ин саҳифаи тоза хати сиёҳ накаш. Кас як бор хонаашро вайрон кард, дигар таъмираш номумкин мешавад...” Пас аз насиҳати модар дили духтар ҳам ба идомаи зиндагиаш гарм шуд. Сироҷро ҳам падараш назди худ хонда чунин гуфт: “Писарам, чӣ дард дорӣ? Чаро ба қадри ҳамсарат намерасӣ? Зиндагӣ бедуруштӣ намешавад. Агар сари ҳар қадам ҷанҷол кунеду баъд аз ҳар ҷанҷол ногап шудан гиред, рахнаҳо миёнатон калон шудан мегиранд. Худат гуфтӣ, ҳар номзаде, ки ману модарат ёбем, маъқул мекунӣ. Пас, чаро имрӯз норозиӣ? Ҳамсарат ягон айб дорад?” Ҷавон бо аломати инкор сар ҷунбонд. Мазмун, айб надорад. “Набошад, ҳамсаратро соҳибӣ кун, писарам. Ҳамин ҳоло рафта ӯро биёр...”, гуфт дар фарҷоми суҳбат падар. Ҷавон аз рӯи гуфтаи падар амал кард. Ӯ чандин насиҳати дигареро, ки вобаста ба ҳаёти оиладорӣ дар он суҳбат аз па-

фарзандҳо шуданд. Ҳар бор ки он моҷароҳои оилавиро ба ёд оранд, табассуми малеҳе дар чеҳраашон пайдо мешавад... Воқеан, чаро миёни оилаҳое, ки вайрон шудаанд, нафарони бо муҳаббат издивоҷкарда кам нестанд? Барои чӣ гоҳо муҳаббат қодир нест, ки оилаҳоро аз парокандагӣ водорад ё чаро он кафолати устувории оила ва солимии он шуда наметавонад? Ё худ кадом аст он тумор ё тилисме, ки боиси пойдориву саломатии оила мегардад? Бино ба таъкиди равоншиносон барои пойдории оила мавҷудияти муносибати солим миёни ҳамсарон ҳатмист. Муносибати солим бошад, худ аз худ тавлид намешавад, онро месозанд. Тарафҳо, яъне зан ва мард муносибатро дар оила месозанд, чунонки сохтмончӣ хишт рӯи хишт гузошта биноро. Шарти асосӣ барои бунёди муносибати солим ин аст, ки ҳамсарон бояд ба якдигар меҳрубон буда, муҳаббат дошта бошанд. Манзур аз меҳрубониву

Балки ҳамсарон худ бояд бидонанд, ки фикри онҳо на дар ҳама мавзӯъ метавонад мувофиқ ояд. Агар ҳамин назокатро ҳам зану ҳам мард дарк бикунанд, бунёди муносибати солим, ки яке аз шартҳои асосии оилаи солим аст, осон мегардад. Инчунин, миёни зану мард ба андозаи хеле кам ҳам агар меҳру муҳаббат мавҷуд бошад, имкон дорад, ки муносибат бунёд кард, чунки меҳру муҳаббатро мешавад афзун гардонд ё тақвият дод. Худи бунёди муносибати солим ҳам эҳтимоли афзун гардидани меҳру муҳаббатро миёни ҳамсарон бештар мекунад. Аз ҷониби дигар, агар ба як масъалаи басе ҳассос диққат надиҳанд, онҳое, ки бо муҳаббат издивоҷ кардаанд, бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Тасаввур кунед, ки ҷавони ошиқ дар дасташ як сабад ба боғ медарояд. Меваҳои пухтаву расида ва бенуқси боғро чида, ба сабад мегузорад. Сипас, мегӯяд: “Бубинед, маҳсули боғро дар ин сабад ҷамъ овардам”. Яъне, ошиқ

тамоми хислату махсусиятҳои хубу мусбати маъшуқашро мисли меваҳо дар як сабад мегузорад. Гӯё меваи бенуқс нест дар боғи маъшуқаш. Гӯё ӯ аз айб орист. Аз ин лиҳоз, эҳтимоли маъшуқро хато ва ё нодуруст шинохтани ошиқ бештар аст. Дар мавриди аз якдигар сард шудани ҳамсарон бояд гуфт, коре, ки шайтонро аз ҳама бештар хушнуд месозад, ин аст, ки ду нафари бо ҳам дар иртиботбударо ба якдигар нодуруст шиносонад... Боз ҳамон мисол. Ҷавон дар даст сабад ба боғ даромада, танҳо меваҳои пӯсидаву бонуқсро ҷамъ оварда, сипас бигӯяд, ки маҳсули ин боғ ҳамааш ҳамин аст. Ин ноадолатӣ нисбати боғ мебуд. Ҳамсарон тӯли солҳо хатову иштибоҳи якдигарро дида, ба ҳайрат мемонанд. Ба талқини шайтон дода шуда, танҳо паҳлуҳои ноқис ё заъфу камбудиҳои ҳамсар ё шавҳарашонро дар сабади зеҳнашон мегузоранд. Пасон мегӯянд, ки ҳамсар ё шавҳари ман ҳамин аст. Ин ҳам ноадолатӣ ва ноҳақӣ нисбат ба ҳамсар ё шавҳар аст. Яъне, роҳи муътадил барои онҳое, ки бо муҳаббат издивоҷ мекунанд (бештари онҳо аз сари ишқу ҷунун танҳо паҳлуи мусбати дӯстдорашонро дидаанд ин аст) бояд бидонанд ва дар назар доранд: инсон баробари хислатҳои хубу ҳамида, ҷанбаъҳои ноқис ва камбудиҳо низ дорад. Агар ин махсусият ба инобат гирифта шавад, бовар ҳаст, ки эшон худро дар ҳаёт фиребхӯра намебинанд. Зимнан, худи ҳаёти оиладорӣ раванди мураккаб аст. Барои он ки оиларо устувору солим нигоҳ доштан заҳмат металабад. Аз ин рӯ, афроди оиларо лозим аст, ҳар яке вазифаи худро дурусту бекаму кост иҷро намоянд. Онҳо хароб гардидани муносибатҳои дохилиоилавӣ, нопадид гаштани ҳурмату эҳтиром ба якдигарро айби якдигар дониста, гуноҳро ба сари ҳамдигар мезананд. Коршиносон бошанд, дар ин маврид як нуктаро таъкид мекунанд: муҳаббат шарти бунёди оила аст, аммо бо мурури вақт ҷояшро бо эҳтиром иваз мекунад. Яъне, дар ибтидо тарафҳо бар асоси муҳаббат оиладор мешаванд, якдигарро дӯст медоранд. Вале тадриҷан ҳурмат ба ҷойи муҳаббат мегузарад. Акнун ҳамсаронро лозим меояд, ки беш аз пеш ба эҳтироми якдигар кӯшиш кунанд. Зеро дигар ҳамин эҳтиром аст, ки муҳаббатро пойдор нигоҳ медорад. Яъне, агар дар хонадон эҳтиром бошад, ба гунае муҳаббат ҳам дар он ҷо маҳфуз аст. Вале чун ҳамсарон ба якдигар беэҳтиромона муносибат доранд, нисбат ба ҳамдигар ҳарфи дурушту дағал ва аз якдигар шиква мекунанд, ин худ маҳви муҳаббат ва поёни умри ҳаёти оилавист... (Номҳои одамон рамзианд) Б. УСМОН, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Дар ҷавонӣ саъй кун... П. Давлатова: Поси арзишҳои миллӣ ҳатмист Шиддату бархӯрд ва таззодҳои ҳаводиси чанд соли охир, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба вуқуъ пайвастанд, бори дигар исбот мекунад, ки ҷавонон бояд беш аз пеш дониш омӯзанду илму маърифташонро афзун доранд. Чун аксари онҳое, ки ба корҳои номатлуб даст мезананд, аз сари бесаводиву надоштани илму дониши кофӣ будааст.

Аз ҷониби дигар, андӯхтани донишу афзудани илму маърифат барои ҳар як нафар фарз хонда шудааст. Ҷавонон бояд дар назар бигиранд, илму дониши мегирифтаи эшон бояд тавони сомон бахшидани зиндагиашонро дошта бошад. Вагарна илме, ки суд намебахшад, бори гароне беш нест. Бояд ҳамвора кӯшиш кард, худро аз банди танбаливу коҳилӣ раҳонд, то ба ин васила аз зиндагии фақирона озод шуд. Чунки аксари балоҳое, ки ба сари ҷавонони мо меояд, аз беандешагиву надоштани мақсади муайяне дар зиндагӣ меояд. Бемаром зистан бошад, инсонро ба кӯи танбалӣ тела медиҳад. Танбал, ки хушу ҳаваси ҳалол меҳнат карданро надорад, ҳатман ба роҳҳои номатлуб ё нодуруст меравад. Мехоҳад, бо заҳмати ночиз ва ё бидуни ҳеч як обилаи даст маишати муфтро соҳиб шавад. Шак нест, ки барои ин хостааш ба дуздиву авбошӣ, ҳатто ба ҷинояти аз ин ҳам вазнин, яъне одамкушӣ даст мезанад. Аммо дар ҷомеа кам нестанд, ҷавононе, ки ба илмомӯзӣ машғуланд. Онҳо дар самту соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд. Ҳарчанд миёнашон шахсоне ба чашм мерасад, ки илму донишро барои манманию кибру ғурур истифода мебаранд. Ин тоифа бо шароити муҳайёкардаи давлату ҳукумат илм

омӯхта, соҳибмақом шудаанд, вале андӯхтаҳояшонро барои ришва гирифтан аз мардум ба кор мебаранд. Ин боиси афсӯс аст. Бояд ҷомеа ҳамвора талош кунад, то ҷавонону наврасон ба илмомӯзӣ бештар фаро гирифта шаванд, хусусан, дар ҳамин шабу рӯзе, ки таҳдиди равияҳои мамнуъ ва ғайриқонунӣ тавассути ашхоси бесаводу бедониш бештар шудан дорад. Чунки донишманд будани ҷавонон, яъне, огоҳ будани онҳо ҳам аз илмҳои диниву ҳам дунявӣ, технологияҳои пешрафта имкон медиҳад дар муқобили хатароти глобалӣ истодагарӣ кард. Албатта дар ҳамин радиф ба ҷавонон чи гуна кор карда, маблағ ёфтан ва зиндагиро беҳтар карданро ҳам бояд омӯхт. Барои он ки нафари муҳтоҷ ва аз ҷиҳати моддӣ сусту заифро ба дом афкандан ва барои манфиати хеш истифода бурдан хеле осон аст. Чанд вақт пеш як филмеро тамошо карда будам, ки дар он ҳамин ақида, яъне ба кӯдакон ҳанӯз дар кӯдакӣ омӯхтани пулкоркуниро талқин мекард... Чунин буд он пораи филм: Кӯдак аз модар пул мепурсад. Аммо модар розӣ намешавад. Вақте кӯдак якравӣ карда, талаб кардан мегирад, модар шарт мегузорад: аввал рафта боғчаро мерубӣ, пасон баргҳои руфтаатро бурда, ба партовгоҳ мепартоӣ баъд пулат медиҳам. Кӯдак дар аввал норозигӣ мекунад, вале модар шарташро иваз намекунад. Ниҳоят, кӯдак ҳам шартро қабул мекунад... Тошхӯҷа Асирӣ мегӯяд: Ба илме кӯш то зар ҳосил ояд, Ба касбе соз то ҷоҳат физояд. Ба зар дунёт гардад гавҳаролуд, Ба зар кардан тавон динро зарандуд. Яъне, бояд коре кард, ки ҷавонону наврасонро аз кӯдакӣ ба илмомӯзӣ ва заҳмат кардан водор намуд. Чунки агар ин масъала дар кӯдакӣ амалӣ нашавад, дар калонсолӣ мушкил мегардад... Саёҳат ҒУЛОМОВА, донишҷӯ

Мо ҷавонони Тоҷикистон ба Ватани худ содиқ мемонем ва ба арзишҳои миллии он эҳтиром мегузорем! Бо мақсади тарғиби ғояҳои Ваҳдати миллӣ ва таҳкими дӯстӣ моҳи июли соли равон бо ғамхории ҳукумати мамлакат ва дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ 150 нафар ҷавон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба ВМКБ рафтанд. Кӯҳҳои сарбафалак, манзараҳои нотакрор, табиати биҳиштосо ва обҳои мусаффо барои ҷавонон, ки аксарашон бори аввал ба ин минтақаи кишвар мерафтанд, хеле ҷолиб буд.

Дар аввал мардуми сарбаланду мехмоннавози ин вилоят, аниқтараш сокинони ноҳияи Дарвоз ҷавононро бо самимияту меҳрубонӣ пешвоз гирифтанд. Дидори ҷавонон бо сокинони ин диёр басо хотирнишон буд. Мо як гурӯҳ ҷавонон дар ноҳияи Дарвоз аз оилаи Покизамоҳ Давлатова дидан кардем. Муҳаббату самимият ва меҳмоннавозии ин оиларо нисбат ба худ зиёд эҳсос кардем. Ҳангоми суҳбат бибии Покизамоҳ худро хеле хушбахт арзёбӣ намуд. Зеро ӯ ҳамаи фарзандонашро, ки 4 духтару 3 писар дошт, аллакай хонадор карда буду бо набераҳояш давлати пирӣ меронд. Ҷавонон дар аввали суҳбат аз суханони пурмуҳтавои Покизамоҳ Давлатова баҳравар шуданд. Ҷавонон хостанд бидонанд, ки тарбияи фарзанд ва ватандӯстии ӯ аз куҷо оғоз мешавад? - Тарбияи фарзанд аз муҳити хонавода сар мешавад. Падару модар нисбат ба мо бисёр сахтгир буданд. Насиҳатҳои эшон то ҳол зери гӯшам боқист. Ҷойи сахтгирӣ сахтгир буданду

ҷойи меҳрубонӣ басе меҳрубон. Агар фарзанд аз овони кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия ёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк кунад, дар оянда мавқеашро дар ҷомеа пайдо хоҳад кард. Фазои солими оила ва баъдтар ҷомеа ба тафаккури зеҳнии инсон таъсири зиёд мерасонад, - посух дод бибии Покизамоҳ. Ватандӯстӣ танҳо хоси ҷавонон набуда, тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро мегирад. Вале чун суҳбати мо дар бораи ҷавонон буд, Покизамоҳ Давлатова дар ин хусус ба ҷавонон тавсияи нек доду доир ба ватандӯстии ҷавонон изҳор дошт: - Ватан макони муқаддас аст. Ҷойгоҳест, ки инсон дар он чашм ба олам мекушояду бо ҳазор умеду орзуи ширин дар оғӯши гармаш ба камол мерасад. Сарчашмаи тамаддунҳо, асоси ҳаёти дурахшони ҳар як инсон маҳз Ватан аст. Барои ҳамин дӯст доштани Ватан қарзи фарзандии ҳар яки мост. Бо дуои пирони хирад ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштани ҷавонон яке аз фазилатҳои наҷиби мардуми мост. Ин зани хушсалиқа дар давоми суҳбат ба ҷавонон дуои нек медоду ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва дар таҳсилу кори минбаъдаашон пешравию комёбӣ орзу мекард. Ҷавонон низ дар навбати худ ба Покизамоҳ Давлатова умри дарози бобаракат ва саодатмандӣ таманно намуданду ҳамроҳ акси хотиравӣ гирифтанд. Ин меҳмонӣ собит сохт, ки чунин чорабиниҳо барои ҷавонон дар наздиктар шудани онҳо ба якдигар, шинохти урфу одати минтақаҳои гуногуни кишвар, боло рафтани ҳисси ваҳдату ҳамдилӣ, ифтихори миллӣ ва тарбияи ватандӯстии онҳо таъсири зиёд дорад. Покизамоҳ Давлатова дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз дастовардҳои кишварамон ёдовар шуда иброз дошт, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ва наврасонро ояндаи миллат мегӯяду ба ҳаёт ва таҳсили онҳо таваҷҷуҳи хоса дорад. Аз имкониятҳои имрӯзаи ҷавонон, махсусан ҷудо намудани стипендияҳо, бу-

нёди марказҳои нави таълимиву илмӣ ва бо технологияҳои муосир муҷаҳаз будани таълимгоҳҳоро пиразани соҳибтаҷриба ёдрас шуда, ба ҷавонон бори дигар таъкид дошт, дар айёме, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол тадриҷан пеш меравад, ҷавонон бояд дар сафи пеши ин ҳаракат қарор гирифта, сафҳои худро беш аз пеш мустаҳкам намоянд ва баҳри ба вуҷуд овардани шароити зиндагии шоиста барои худ ва дигарон қадам бардоранд. Ба суҳбати Покизамоҳ Давлатова масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Нодира Қаҳҳорова ҳамроҳ шуда, иброз намуд, ки бе рушди илм пешравии ҷомеа номумкин аст. Барои рушди бештари илму технология ҷавонон имрӯз масъулияти бузургеро бар дӯш доранд. Бо мақсади ғамхорӣ ва дастгирии ҷавонон чанде пеш Ҳукумати мамлакат барномаи сиёсати давлатии рушди ҷавононро қабул намуд, ки ҳадафи асосии он таваҷҷуҳ ба ҷавонон, истифода аз нерӯи зеҳнии онҳо дар пешрафти кишвар, таъмини ҷавонон бо шароити таҳсилу ҷои кор ва омодасози кадрҳои болаёқат аз хисоби ҷавонон мебошад. Дидори ҷавонон бо оилаҳои сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Дарвози ВМКБ басо хотирнишон буд. Сокинони ин диёр ҳунарманду заҳматкаш ва бофарҳангу соҳибмаърифатанд. Онҳо ба хотири таҳкими сулҳу дӯстӣ бо рафтору гуфтор ва пиндорашон пайваста талош меварзанд ва расму оин ва анъанаҳои неки хешро пос медоранд ва эҳтиром мегузоранд. Бояд гуфт, ҳадафи асосии меҳмонии ҷавонони минтақа ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пос доштани арзишҳои миллӣ, расму оини наҷиби ниёгон ва омӯзиши таърихи як минтақаи муҳими мамлакатамон мебошад.

Амири МУҲИДДИН, муҳаррири идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон

НОМАИ ДОНИШҶӮ

Вақте дар мактаби миёна таҳсил мекардам, орзу доштам журналист шавам. Шояд сабаб он буд, ки тамошои оинаи нилгунро бисёр дӯст медоштам. Ҳар барномаро бо шавқ тамошо карда, мехостам худ низ барномаҳои рангину ҷолиб ба тамошибинон пешниҳод намоям. Баъди хатми мактаб падарам пурсид, ки ман кӣ шудан мехоҳам? Гуфтам ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ дохил шудан мехоҳам. Падарам гуфт: - Вақте ҳуҷҷатҳои бародаратро супоридем, ба шартномаи донишгоҳ аҳамият дода будам. Ҳаққи шартнома баланд буд. Вале ҳеҷ гап не, ман аз бонк қарз мегираму туро дохил мекунем. Медонистам, ки як ҳамсояамон аз бонк пул қарз гирифта, онро баргар-

Камоли ҳамнишин бар ман асар кард... донда натавонист ва хонаашро мусодира карда гирифтанду худ дар хонаи хешовандонаш иҷорашин аст. Аз ин рӯ, гуфтам: - Не, падарҷон, ман шӯхӣ кардам, ҳоло дар бораи давом додани таҳсил фикр накардаам. Падарам гуфт: - Ба ягон хулоса омаданат лозим. Чунки вақт кам аст. Ман намехостам, ки волидонам аз пушти ман ранҷ кашанд. Фикри вазъияти оилавиамонро мекардам. Акаам ҳам ба тариқи шартнома мехонд, пас ман ҳам шартномавӣ дохил шавам, ин қадар маблағро падарам пайдо карда метавониста бошад? Худ омӯзгор асту маошаш ба таъмини оила базӯр мерасад... Боре падарам гуфта буд, ки дар мактаби деҳаамон муаллими фанни химия несту талабагон аз ин фан қариб бебаҳраанд. Пас фикри омӯзгори фанни химия шудан ба сарам омад.

Ҳарчанд кӯшиш кардам, ки ба тариқи буҷавӣ дохил шавам, вале вақт кам буду ман ба имтиҳонот тайёрии ҷиддӣ дида натавонистам. Аз имтиҳонот холи паст гирифтам. Холҳоям ба тариқи шартномавӣ рост омаду ба факултети химия дохил шудам. Ҳарчанд мехостам ин ихтисосро ҷиддӣ омӯзам, вале наметавонистам. Супоришҳои додаи омӯзгоронро мехондаму дар дарсҳо фаъолона ҷавоб медодам, вале мақсади хонданамро намефаҳмидам... Ин ҳолро 4 сол таҳаммул кардам. Рӯзе баъди супоридани санҷиш хостам ба берун баромада, истироҳат кунам. Ҷузвдонамро гирифтаму аз донишгоҳ берун, рӯи мизҳои барои истироҳати роҳгузарон гузошташуда нишастам, ки ҷавоне маҷалла мехонд. Он ҷавон хастагии маро шояд ҳис кард, ки ба ман савол дод: “Аз санҷиш нагузаштӣ магар?” Ба тарафи вай нигариста, гуфтам: “Барои чӣ ин тавр мепурсӣ?”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015

Вай гуфт: “Чунки ғамгин менамоӣ.” Гуфтам: “Ака, тӯли 4 сол аст, ки чунин ҳол дорам. Гарчанде аз имтиҳону санҷишҳо баҳои хуб мегирам, вале шодиеро эҳсос намекунам.” Вай гуфт: “Ман чанд рӯз дар ин ҷо меҳмонам. Дарсҳоям сар мешавад. Барои гузаронидани тӯи додарам ин ҷо омадаам. Ҳоло хеле саросемаам. Агар хоҳӣ, тариқи интернет суҳбат мекунем”. Дигар ба вай саволи бисёр дода натавонистам. Чунки мошине омаду вай саросема савор шуда рафт. Лек нишонии почтаи электрониашро навишта гирифтам. Аз суҳбати чандлаҳзаина бо ҷавон фаҳмидам, ки хеле босавод асту ҷаҳонгашта. Зимни суҳбатҳои интернетӣ фаҳмидам, ки ӯ Парвиз ном дошта, ҳамин донишгоҳро хатм намудаасту ҳоло чун магистр дар Русия таҳсилашро идома медиҳад. Парвиз боре тариқи суҳбатҳои интернетӣ гуфт: “Агар хоҳӣ, ки журналист шавӣ, бояд хонӣ”. Ҳар боре ки сухан мекард,

шавқу рағбатамро нисбат ба касби рӯзноманигорӣ зиёд мекард. “Агар хуб хонӣ, туро мувофиқи ихтисосат ман бо ҷои кор таъмин мекунам ё мисли худам ҳуҷҷатҳоятро барои давом додани таҳсил ба Русия месупорам. Дар ин кор ман ба ту ёрӣ мерасонам”, - гуфт ӯ. Имсол дар курси 5 мехонам. Гарчанде мақсади ихтисосамро дер фаҳмидам, вале пайваста ҷаҳду талош дорам. Ҳоло бошад, дар вақти бекорӣ ба забономӯзӣ машғулам. Зеро аввалин насиҳати Парвиз ин буд, ки ман бояд на камтар аз ду забонро донам – русӣ ва англисӣ. Бисёр иттифоқ меафтад, ки нафаре дар зиндагӣ роҳи худро дуруст намеёбад. Вале шахсоне чун Парвиз бисёранд, ки боз ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Танҳо мо бояд донем, ки бо кӣ ҳамнишинем, бо кӣ ҳамсуҳбатем?

Аслиддин ҶУМЪАЕВ, донишҷӯи факултаи химияи ДМТ

11


ВАРЗИШ

Бозии “Истиқлол” мусовӣ анҷом ёфт 15 август бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аввалин холҳои худро дар мавсими имсола аз даст дод.

10 ҳазор сомонӣ ба соҳибони роҳхати олимпӣ Варзишгарони тоҷик, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил роҳхат мегиранд, бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз хоҳанд шуд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, ин маблағ аз ҳисоби сарпарасти кулли кумита – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Ғаюр”, ки раҳбари он Акбар Ғуломов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, пардохт карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир нахустин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Риоде-Жанейрои Бразил роҳхат гирифтааст. Барои роҳхатҳои олимпӣ, инчунин, варзишгарон дар риштаҳои бокс, гӯштини тарзи озод, юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо (WTF) ва ғайра мубориза мебаранд. Кумитаи олимпӣ умед дорад, ки варзишгарони номдор, ба мисли муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гӯштингирон Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Искандари Рустам, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ба гирифтани роҳхатҳои олимпӣ мушарраф мешаванд. Мутобиқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки 1 августи соли равон ба тасвиб расидааст, барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Варзишгароне, ки медалҳои нуқраи олимпиадаро мегиранд, бо 250 ҳазор сомонӣ ва варзишгароне, ки соҳиби медалҳои биринҷии олимпӣ мешаванд, бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳанд шуд.

Варзишгарони Бадахшон Дубай мераванд

“Истиқлол” бозиро дар меҳмонӣ бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод. Дар мавсими имсола ин нахустин бозиест, ки футболбозони пойтахт ба фатҳи дарвозаи ҳариф муваффақ намешаванд. Вохӯрӣ байни дастаҳои “Хайр” ва “Хуҷанд” низ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи Ҷаҳонгир Эргашев, бозингари хуҷандӣ дар дақиқаи 20 Маҳмадалӣ Содиқов, бозингари мизбонон дар дақиқаи 85 ҷавоб гардонд. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими КМВА “Помир” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голро легионери эронӣ Ҳусейн Суҳробӣ дар дақиқаи 38 вориди ҶОЙ

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

дарвозаи артишиҳо кард. Баъд аз ин ғалаба дастаи Тоҳир Муъминов ба зинаи сеюми ҷадвали чемпионат баромад. Дар ин давр аутсайдери чем-

ДАСТАҲО «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Равшан» (Кӯлоб) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хайр» (Ваҳдат) КМВА «Помир» (Душанбе) «Далерон» (Истаравшан) «Барқи тоҷик» (Душанбе) «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

Б 12 12 12 12 12 12 12 12 12 12

Ғ 11 8 7 6 6 4 3 2 1 0

М 1 3 2 5 2 2 3 2 3 1

Б 0 1 3 1 4 6 6 8 8 11

Т-Т 45-2 24-8 25-22 18-8 16-22 8-14 14-18 10-22 3-24 3-26

Х 34 27 23 23 20 14 12 8 6 1

пионат - “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров холҳои нахустинро ба даст овард. “Парвоз” дар Истаравшан бозиро бо “Далерон-Уротеппа” мусовӣ 1:1 анҷом дод. Ҳисобро дар дақиқаи 78 бозингари мизбонон Ҳикматулло Расулов аз пеналтӣ кушод. Баъд аз 10 дақиқа Фирдавс Ҳоҷиев аз дастаи меҳмон пеналтиро самаранок истифода бурда, ҳисобро баробар кард. Дар бозии охир “Барқи тоҷик” дар майдони худ “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳар ду голро Сорбон Карамов вориди дарвозаи ҳариф кард.

Футзалчиён ҷамъомади омӯзиширо дар Кувайт анҷом доданд Тими мунтахаби миллии футзали кишвар, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2016 иштирок мекунад, ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар Кувайт анҷом дода, ба Душанбе баргашт. Дар марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2016 рақибони тими мунтхаби футзали тоҷик дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон мебошанд. Дар рӯзи охирини ҷамъомади омӯзишию машқӣ дар Кувайт тими мунтахаби миллии футзали кишвар бо соҳибони майдон бозии дуюми дӯстона доир кард. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл бозии дӯстонаи ин дастаҳо бо ҳисоби 5:2 ба фоидаи тими Тоҷикистон хотима ёфта буд. Ин бор бошад, тими мунтахаби футзали Кувайт беҳтар ҳунарнамоӣ карда, бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуд. Тими мунтахаби миллии футзали кишвар дар ҷамъомадҳои омӯзишию машқӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт панҷ бозии дӯстона баргузор кард, ки се бозии дигар бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: бо тими мунтахаби футзали АМА (3:5 ва 3:3), бо “Қадсия”-и Кувайт (4:6).

Дар маркази ВМКБ – шаҳри Хоруғ даври ниҳоии мусобиқоти варзиши сабук ба охир расид. Дар ин намуд 40 нафар ширкат доштанд, ки 12 нафар медали тилло ба даст оварданд. Гуфта шуд, аз байни 12 нафар ғолиб 8 кас барои иштирок дар сабқати бозиҳои варзишии шаҳри Дубай, ки соли оянда доир мегардад, роҳхат мегиранд. Мусобиқаҳо аз рӯи дигар намудҳои варзиш дар доираи Фестивали бозиҳои варзишӣ-2015 то 21 август идома меёбанд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, «ҶТ»

Мусобиқаи дзюдо дар Суғд Дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо байни наврасони соли таваллудашон 1998-2000 баргузор шуд. Тибқи иттилои Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар мусобиқа 180 варзишгар ширкат варзиданд, ки чанд нафари онҳо аллакай иштироккунандагони мусобиқоти байналмилалӣ ҳастанд. Ғолибон бо ҷоиза ва иштирокдрон бо сипоснома ва дипломи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят қадрдонӣ шуданд. Саодат ИСМОИЛӢ

12

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШ

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишварамон дар баробари дигар соҳаҳо варзиш низ рушд кард. Аз ҷумла футбол. Ташкил шудани кулубу варзишгоҳҳои замонавӣ боиси он гардид, ки ҷавонони зиёд ба ин намуди варзиш машғул шаванд. Дар қатори дигар ҷавонон Фатҳулло ҳам шефтаю мафтуни ин намуди варзиш буд ва пайваста дар кӯча бо ҳамсолонаш бозӣ мекард. Фатҳулло Фатҳуллоев, футболбози дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, ҳамзамон, узви дастаи тими мунтахаби кишвар, 24 марти соли 1990 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Қадаш 177 см, вазнаш 66 кг. Ҳарчанд, ки падару модараш Фатҳуллоро барои тамрин ба намуди таэквандо бурданд, лекин ёду хаёлаш ба футбол банд буд. Саҳару бегоҳ вақти холигӣ пайдо мекард ва ба футболбозӣ машғул мешуд. Маҳз ҳамин шавқу рағбат ва дилбастагии беандоза нисбат ба ин намуди варзиш буд, ки гомҳои нахустинро бо дили пур аз орзуҳо дар майдончаи назди хонаашон гузошт. Ӯ дигар бе майдону футбол худро тасаввур карда наметавонист. Фатҳуллоро дар кӯча рафиқонаш “Федик” мегуфтанд, ҳарчанд ин ном ба Фатҳулло писанд набуд. Зиёд мехост, ки номашро дар футбол аз забони шореҳони варзиш ба ҳамагон муаррифӣ намояд. Ӯ барои амалӣ намудани орзуи хеш шомили дастаи наврасони “Варзоб” гашт. Баъд аз шаш моҳи тамрин ин даста барҳам хурд ва Фатҳулло маҷбур шуд, ки ба дастаи “Ваҳдат” гузарад. Дар дастаи “Ваҳдат” ӯ ҳамчун ҳимоятгари даста бозӣ мекард. Тактика ва чолокии ӯро мураббии даста дида, аз хати муҳофизат ба самти пеши даста мегузаронад. Ӯ дар ин даста маҳораташро сайқал дода, шомили дастаи мунтахаби наврасони кишвар шуд. Акнун Фатҳулло дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бозӣ мекард. Ба орзуи кӯдакиаш расид. Байни мухлисон сару садоҳое паҳн гардида буд, ки Фатҳулло Фатҳуллоев гӯё шомили дастаи маъруфи Испания - “Реал-Мадрид” мешавад. Ин овоза ва сару садоҳо то куҷо ҳақиқат дорад, моро водор намуд, ки бо Фатҳулло суҳбате дошта бошем ва фишурдаи онро пешкаш менамоем.

- Ин як овозае беш нест. Ман зиёд мехостам ба дастаи “Спартак”-и Москва равам, зеро бозии ин даста ва ҳайати ин тим ба ман писанд буд. Як мухлиси ман, ки сарояндаи реп аст, аз ман хоҳиш кард, дар клипи ӯ нақш офарам. Тибқи сенария ман бояд ба дастаи “РеалМадрид” мегузаштам. Розӣ шудаму дар ин клип нақш офаридам. Шояд баъд аз ин байни мухлисон сару садоҳо зиёд гардид. - Аз замоне, ки қадами нахустини худро дар футбол мондед, кадом рақамро интихоб намудед? - Вақте ба тими наврасони кишвар даъват шудам, рақами шашро ба ман пешниҳод карданд. Ман рақами 18-ро мехостам. Бо сабабе, ки ман нав ба даста омада будам, ин рақамро ба ман надоданд. - Чаро ба шумо маҳз рақами 18 писанд буд? Ин ягон сир дорад?

Фатҳулло ба «РеалМадрид» намеравад

- Ягон сир надорад. Вақте ман хурд будам, соли 1998 дар Фаронса чемпионати ҷаҳон оид ба футбол мерафт. Бозиҳоро бо шавқ тамошо мекардам. Таҳти рақами 18 дар дастаи Италия Роберто Баҷо бозӣ мекард. Бозии ӯро тамошо мекардаму дар дил мегуфтам, агар футболбоз шавам, ба мисли Роберто Баҷо бозӣ мекунам. - То ҷое мо огоҳ ҳастем, дар бозиҳо зарбаи ҷаримавие, ки аз ҷониби доварон таъин мегардад, иҷрои он ба зимаи Шумо гузошта мешавад. Ба ҳадаф расонидани зарбаи ҷаримавӣ чӣ нозукӣ дорад? - Ман баъд аз тамринҳо ҳамеша 30-40 маротиба задани ҳамин гуна зарбаҳоро аз

масофаҳои гуногун иловатан машқ мекунам. Чунин зарбаҳоро аз футболбозони ҷаҳонӣ, ба мисли Давид Бекҳем омӯхтаам. Кӯшиш мекунам, то андозае ба монанди ҳамин футболбозон зарбаҳоро бо гол анҷом диҳам. Дар тамринҳо ин кӯшишҳои маро сармураббӣ дида, ин вазифаи пурмасъулро дар бисёр маврид ба зимаи ман мегузоранд. - Голи фаромушнашавандаи Шумо дар давраи карйераатон кадом аст? - Голи фаромушнашаванда аз замони ба футбол машғул шуданам дар Корея буд. Дар чемпионати ҷаҳон мо бо дастаи ИМА бозӣ мекардем. Вақте ки ман шомили дастаи наврасони кишвар будам, дар ин бозӣ голи ҳалшавандаро

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015

задам. Ин дақиқаи 86-ум буд, ҳисоби бозӣ 3:3. - Аз дастаҳои хориҷӣ мухлиси кадомаш ҳастед? - Мухлиси дастаи “РеалМадрид”-и Испания мебошам. Баъд аз карйераашро ба анҷом расонидани футболбози итолиёӣ Роберта Баҷо, ки таҳти рақами 18 бозӣ мекард, ман бозии Кристиан Роналдоро меписандам. - Ба кадом бозиҳо омода мешавед? - Бозиҳои ҷолибу мушкил моро дар пеш аст, ки ба онҳо тайёрӣ мебинем. 8 сентябр дар доираи бозиҳои интихобии чемпионати ҷаҳон-2018 дар варзишгоҳи марказӣ бо Австралия вомехӯрем. Мо медонем, ки дастаи Австра-

лия дар чемпионатҳои ҷаҳон ҳунарнамоии хуб мекунад ва барои дастаи мо, ки ҷавон аст, каме мушкил мебошад. Вале кӯшиш мекунем, ки мухлисонро ноумед нагардонем. - Ба хонандагони рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” чӣ гуфтан мехоҳед? - Ман ба тамомои ҷавонони кишвар ва мухлисонам гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамеша ба варзиш машғул шаванд. На танҳо ба футбол, ба дигар намудҳои варзиш ҳам. Зеро варзиш гарави саломатист. Баъдан гуфтаниам, ки ҳамеша саломату тансиҳат бошанд ва дар бозиҳои тими миллӣ биёянд, моро дастгирӣ намоянд. Шодихони НАЗАР

13


ШЕЪР

ЭЪЛОН

Диққат, озмун!

Ба ифтихори 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ба сон беназир, эй Амири Кабир, Ба ҷон муқтадир, эй Амири Кабир. Ба шаъни шарафманди меҳрофарин, Ба шеърӣ шаҳир, эй Амири Кабир. “Вузудия” арзе зи мавҷудҳост, Туро мунташир, эй Амири Кабир. Зи “Маърифатуннафс” руҳат аён, Чу бадри мунир, эй Амири Кабир. Димоғи ҳама хуш кунад пандҳот, Ба бӯ чун абир, эй Амири Кабир. Сапеда дамад гӯйӣ аз сафҳаҳот, Ба сар мунфаҷир, эй Амири Кабир. Ба “Кашфулхалоиқ” равшан кунӣ, Заломатзамир, эй Амири Кабир. Зи “Авроди фатҳия” хондам дуруст, Чу фотеҳагир, эй Амири Кабир. Зи тахташ нашуд вожгун вожабахт, Ҳалолат сарир, эй Амири Кабир. Ҳамадон ба Кӯлоб додат магар, Мақоми сафир, эй Амири Кабир. Раҳат буд то бар дили мардумаш, Зи чӯлу адир, эй Амири Кабир. Шикастат аташро ризогии халқ, На кӯлу ғадир, эй Амири Кабир. Пайи хайр кардат ҷалои Ватан, Ҷалолатмасир, эй Амири Кабир. Чу исломро ҳуҷҷатӣ, нест шак, Ба қайди хабир, эй Амири Кабир. Замонроӣ ар ҳамчу Қутби Замон, Заминроӣ тир, эй Амири Кабир. Чи шогирдиҳоям ба ҳар ҳарзахор, Ту беҳам зи пир, эй Амири Кабир. Қатори ҳама бандагони Худо, Манаш ҳам асир, эй Амири Кабир. Шуд омӯзишат чун ҳазорон касан, Зи шуғли фақир, эй Амири Кабир. Нафасҳотам аз хоби ғафлат раҳонд, Чу бонги нафир, эй Амири Кабир. Ҳаёти навам додиву мирамат, Агар гӯйӣ, мир, эй Амири Кабир. Ҷавобат зи ҳар пурсише гӯиёст, Ба Мункар, Накир, эй Амири Кабир.

Зи Ҷаннат набошад ватанхоҳро, Мисолат башир, эй Амири Кабир. Бадӣ арчи бар рағми некӣ бувад, Туро нест гир, эй Амири Кабир. Зи тарғиби одоб ҳастат бисот, Ба фаҳми басир, эй Амири Кабир. Аторудро ҳам, аҷаб не, ба чарх, Ту кардӣ дабир, эй Амири Кабир. Чи ҷои сухан з-ин, ки хелидаӣ, Сухан чун хамир, эй Амири Кабир. Ва гӯё чапотисухан пухтаӣ, Тунук аз ҳарир, эй Амири Кабир... Равон бошадат гӯиё дар кутуб, Ҳама ҷӯйи шир, эй Амири Кабир... Ҳама шарҳи хилқат ба осори туст, Накӯ мунҳасир, эй Амири Кабир. Бас имрӯз сӯфитарош омаданд, Ки кам аз зарир, эй Амири Кабир. Сазад, ки биёмӯзадат ҷумлагӣ, Сағиру кабир, эй Амири Кабир. Ки то фарқ созанд як зумрае, Кабир аз хавир, эй Амири Кабир... Ҳам аз рангҳо, кош, бархе кунад, Ҷудо қору қир, эй Амири Кабир... Шавад чун ту, ай кош, ҳар муҳтадӣ, Ҳидоятпазир, эй Амири Кабир. Вагарна чу ту бас қадире ба чашм, Намояд ҳақир, эй Амири Кабир. Кунун аҳли фарҳанг ҷашни туро, Бувад мунтазир, эй Амири Кабир. Хушо, боз ҳарфат ба ҳар дил расад, Ҳадафро чу тир, эй Амири Кабир... Тавофат, бинозам, ки бошад ҳама, Зи шаҳу вазир, эй Амири Кабир. Зи аввал, ки васфи туам буд қасд, Расидам ахир, эй Амири Кабир. Бубахш Файзро бо тараннумқалил, Ки файзат касир, эй Амири Кабир!..

Пайванд кардан дар ҳаёт Ҷонро ба ҷон аст оила. Ҳаст оила як ними ту, Муҳтоҷ бар таълими ту. Ором набвад оила Дар роҳи дур, аз бими ту.

Беҳуда мағрурӣ макун, Бар оила зӯрӣ макун. Зинҳор аз оғӯши ёр Андешаи дурӣ макун.

Хушҳол зӣ, ки сарварӣ, Бар оила болу парӣ. Айб аст, по берун ниҳӣ, Аз ҷодаи одамгарӣ.

Дар гиру дори рӯзгор, Бигзор по аз пушти кор. Беҳтар зи дил, беҳтар зи ҷон Фарзандҳоро дӯст дор.

Кавну макон аст оила, Тобу тавон аст оила. Пайванд кардан дар ҳаёт Ҷонро ба ҷон аст оила.

Кавну макон аст оила, Тобу тавон аст оила.

ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта бо мақсади таҳияи рамз (Логотип) ва шиор то 1 сентябри соли 2015 озмун эълон менамояд. Хоҳишмандон, метавонанд дар озмун иштирок намоянд. Ғолиби озмун бо туҳфаҳо ҳавасманд гардонида мешавад. Фикру дархостҳои худро ҷиҳати иштирок дар озмун ба суроғаи зер пешниҳод намед: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-112, бинои Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” (Собиқ кинотеатри 8 март). ТЕЛ. + 992 988 61-63-95 ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНӢ: tolib.amirov.88@mail.ru

МАЪЗАРАТНОМА

Ман, Толибов Холмаҳмад Мирзоевич - довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ аз паҳлавон Фаррухи Салим ва кулли варзишгарон барои хатои ҷиддӣ дар вақти довариам ҳангоми қувваозмоӣ байни Зиёбеков Расул ва Фаррухи Салим, ки дар мусобиқаи кушоди ҷумҳурифвӣ оида гӯштини миллӣ байни ҷавонон дар ш. Хорӯғи ВМКБ содир шуд, узр мепурсам.

14

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12

Файзимади НАЗАР, муаллими МТМУ №56-и шаҳри Ваҳдат

ОИЛА Кавну макон аст оила, Тобу тавон аст оила. Пайванд кардан дар ҳаёт Ҷонро ба ҷон аст оила.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

13 14 15 16 17 18 19 20 21

НОМГӮИ МАНСАБҲО

Муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ Мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказӣ Сармутахассиси Раёсати рушди туризми Дастгоҳи марказӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қумсангир Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Вахш Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҳисор Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара Мутахассиси пешбари Бахши кор бо кадрҳои дастгоҳи марказӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷ. Румӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳристон Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Мутахассиси Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷомӣ Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав

ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - аризаи шахсӣ ба номи раиси Ку-

МАОШИ ВАЗИФАВӢ

1405.3 854.55 855 855 702 702 702 702 702 697.50 603 576 576 576 576 576 576 522 495 472.50 472.50

митаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расм (4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086УЕ); - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол: - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Яке аз халќњои тањљоии Ўзбекистон

Андўњгин, ѓамнок

Лутфулло ..., актёри тољик

Ќањрамони латифањои тољик

Узви дарахт

Рус (лањља)

Бародари падар

"... аз дўстї ёбанд бахт"

Амали математикї

Фалак

Дарё дар Олмон

Эътибор, иззат Њаёт (лотинї)

Бад, зишт Яке аз устухонњои одам

…-ТАСС Зардолуи хушк

Хў гирифтан … гирифтан

Кўмак

Аз зону боло

Азизу мўътабар

Хоки соњилу биёбон

Баландї барои љањидан Гузаштани вирус ба бадан

Нависанда Садриддин …ї

Доруи сурх барои љароњат

Гуруњи навозандагон

Њашароти хазанда

Кишвар бо Барселона

Нидои мухлиси футбол Пайвастњои гидроген бо элементњои дигар

Шишае, ки аксро нишон медињад

Бародари модар

Хошок

Њиљоб, парда Вабои асри 20

Одату анъана

Шабакаи ТВ №1 дар Русия

Номи Колумб Оби мева, шарбат

Нодир

Модар (ўзб.)

Оњани тез барои васлкунии чўбњо

Моњи сол

Мероси эљодкор

Овозхон, духтари И. Холов

Хеши падарї

Маќомот (русї)

Њисса, бахш

Санги ќиматбањо

Нерўгоњ ва бомбаи …ї

Манзил доштан Кишвари «амаки Сэм»

Номи ќадимии Амударё

Шавњар

«Фољеа» дар сањна

… Белов, филми Биргада»

... и Сомонї

Пардаи ноаёне, ки дар баъзе духтарон камёб аст

Ватан

Либоси пашмини дарвешон

Созиш, сулњ

Ноњия дар минтаќаи Кўлоб

Як љумла аз Ќуръон

«…њо» - асари тарљимаињолии С. Айнї

Яроќбардори Дон Кихот … Панса

Љонишини шахси сеюм

Гармї, њарорат

Эшон, вайњо

… Деол, актрисаи њиндї

Ташкилоти баскетболи ИМА (русї)

Роман, њикоя, повест

Андом, бадан

Модар (лањљ.)

…-Ланка

Даст ё пои бењаракат

Бо «бодом» номи шањр аст

Куштан

Иёлот дар ИМА

Хўрок (лањља)

Ранги ялаќќосии пойафзол

Мошини њарбї

Гирифтани мол бо ваъдаи дертар додани пул

Шањр дар Олмон

Нисфи маош Зодаи одам, инсон

"... љањон буд аз сари одам фароз" (Рўдакї)

Овозхони эронї

Ширеш

Додар (лањљ.) Бозии М. Шарапова ва М. Сафин

Зар, Аu

Раќамњои махфї

"Саломон ва ... "

Амонї, осоиш

Љонишини шахси сеюми љамъ

Президенти Белоруссия

Чуќурї, амиќї

Олї, якум, дуюм дар футбол

Номи њамсари Борис Елсин

СНГ (тољ.)

Эњсоси Маљнун нисбати Лайлї

Маркази Ирландия

Ќавми осиён дар Ќуръон

Бемории гўш

Сабук, осон

Стансияи кайњонии русї

Адиб Садриддин …

Дарё дар Швейтсария

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ Сарошпази тарабхона пешхизматҳоро ҷамъ карда мегӯяд: - Имрӯз, азизонам, либосҳои озода, зебо ба бар кунед, сару рӯятонро ба тартиб дароред ва каме рухсораҳоятонро сурх намоед! - Барои чӣ, сардор? – мепурсад яке аз онҳо, - ягон одами баобрӯ меояд? - Не, мехоҳам, ки имрӯз таомҳои дирӯза намонанд.

***

Аз марде мепурсанд: - Барои чӣ “Фейсбук” намедароӣ? Ҷавоб медиҳад: - Ҳусни хати ман безеб аст.

***

Аз ёддоштҳо: “Вақте зан мардро дӯст медорад, муҳим нест, ки мард чӣ қадар моҳона мегирад. Муҳим он аст, ки аз он пул чӣ қадараш насиби ӯ мешавад”.

***

Дар суд. Зан: - Ман ҷудо мешавам. Ин мард тамоми ҷиҳози ошхонаро ҷамъ карда, бурда фурӯхта, ба пулаш шароб нӯшидааст. Мард: - Ман ҳам ҷудо мешавам. Зеро ин зан танҳо баъд аз як моҳ хабардор шуд, ки ман ҳама чизро фурӯхтаам.

Фестивали “Оши палов” дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа. Дар он ошпазҳои 25 шаҳру ноҳияи вилоят ширкат карданд. Ҷои аввалро ошпазҳои ноҳияи Ёвон сазовор гашта, соҳиби кафлеси тилло шуданд.

***

Писарча аз падараш мепурсад: - Ҳамин модарам ба ту барои чӣ лозим аст? - Барои он ки зиндагии ман ширин нагузарад.

АНДАРЗ

Рӯйхати қиматбаҳо Муаллимаи риёзӣ ба хонандагон супориши ғайриоддие дод: - Ҳар кас яктоӣ варақ гирифта, номи ҳама хонандагонро дар он нависед. Пасон, дар рости номи ҳар хонанда сифат ва хислатҳои хубу мусбаташро дарҷ кунед. То поёни дарс хонандагон супоришро иҷро карданд. Муаллима варақҳоро аз хонандагон ҷамъ овард. Ин рӯзи ҷумъа - рӯзи охири дарс буд. Муаллима дар рӯзҳои истироҳат варақҳоро тафтиш карда, рӯзи душанбе ном ба ном ба ҳар нафаре, ки ҳамсабақонаш хислатҳои хуби ӯро тасвир карда буданд, дод. Чун хонандагон рӯйхатҳоро гирифта, дар бораи худ суханони некро мутолиа карданд, хеле шод шуданд. “Ман намедонистам, ки маро ба ин ҳад дӯст медоранд ва қадр мекунанд”, - мегуфтанд онҳо. Хонандагон он чиро ки дар варақҳо навишта шуда буд, байни ҳамдигар раду бадал накарданд, вале муаллима ба мақсадаш расида буд. Чунки бачаҳо ба худ боварӣ пайдо карда буданд. Солҳо пас яке аз ин хонандагон дар Ветнам аз дунё даргузашт. Дар маросими ҷанозаи ӯ, ки дар ватанаш - шаҳри Миннесота доир шуд, дар қатори шиносҳо, ёру дӯстон ҳамсабақон ва муаллимаи риёзиаш низ иштирок карда, ба падару модари марҳум

изҳори тасаллият намуданд. Падари марҳум ба назди муаллима омада гуфт: - Ман мехоҳам як чизро ба шумо нишон диҳам. Сипас, аз миёни рӯзномаи писараш коғазеро берун овард. Маълум буд, ки борҳо хонда шудааст. - Инро аз миёни ашёи писарам ёфтем. То ҳол нигоҳаш медошт. Бароятон шинос нест? Падар коғазро ба муаллима дароз кард. Он ҳамон рӯйхати хислатҳои мусбате буд, ки ҳамсабақон барои писараш навишта буданд. - Мо аз шумо хеле миннатдорем, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд модари марҳум. – Писа-

***

рамон бо ин коғаз ҳис мекард, ки ӯро қадр мекунанд ва дӯст медоранд... Дар он вақт кори ғайриоддие рух дод. Хонандагон ҳар яке паси якдигар аз ҳамёнҳояшон ҳамон варақҳояшонро баровардан гирифтанд. Ҳарчанд солҳо гузашта бошад ҳам, бачаҳо то ҳол он рӯйхатеро, ки ҳамсабақон хислатҳои хуби онҳоро дарҷ кардаанд, бо худ нигоҳ медоштанд. Яке аз хонандагон бо овози паст гуфт: - Ҳамаи мо ин варақҳоро нигоҳ доштаем. Наход кас чунин як рӯйхати қиматбаҳоро партояд? Ҳасан АЗИЗОВ

Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

16

ЭЪТИБОР НАДОРАД Шиносномаи техникии гумшудаи ҳавлӣ дар суроғаи деҳоти 20-солагии Истиқлол, деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён, ки ба шаҳрванд Хурамов Карим тааллуқ дошта, дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Қубодиён аз 20 апрели соли 2015, таҳти рақами 429 ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад.

Шартномаи хариду фурӯши гумшудаи №9Д-110, ки 1 феврали соли 2001 дар Идораи нотариалии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо суроғаи кӯчаи Шаумяна-2а ба расмият дароварда шуда буд, эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7724 нусха ба нашр расид.

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Бунафша ОДИНАЕВА (муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон).

САРМУҲАРРИР

ЭЪЛОН

Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба собиқ корманди рӯзнома Адолат Сайфуллоева нисбат ба марги МОДАРАШ ҳамдардӣ баён карда, ба ӯ ва наздикону пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табиб: - Хуш, аз чӣ шикоят дорӣ? Бемор: - Аз саломатӣ. - Афсус, одам бояд аз беморӣ шикоят кунад.

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шуъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоиёт), Наврӯз ҚУРБОНОВ (хабарнигор), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №33 (9407), 20 АВГУСТИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.