Ҷавонони Тоҷикистон, №34, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН

Дар масири дӯстӣ Ин роҳ дар худ нангу номус, ҷасорат, заҳмату машаққат, иродаи қавӣ, мубориза, афтидану хестан, ҷароҳат, андуҳ, ашки ҳасрату шодмонӣ ва дар охир муваффақиятро дорад. Варзишгари асил ҳамонест, ки ба хотири муваффақият ба тамоми мушкилоти номбурда истодагарӣ мекунаду мубориза мебарад. Мубориза барои пулу мол ва дороӣ не, мубориза барои парафшонии матои чоркунҷае, ки онро ном Парчам аст. Дар ин матои чоркунҷа миллионҳо ғурур, нангу номус ифтихору сарфарозии инсонҳо ниҳон аст. Муваффақияти варзишгар муваффақияти миллат аст, обрӯи давлат аст! Ашки шодии варзишгар ашки суруру шодмонии ҳазорон марди бонанги миллат маҳсуб мешавад! Хушбахтона, Истиқлолият сабаб шуду мардуми тоҷик шаҳди муваффақияту музаффариятҳои варзишро чашид. Наъраи Дилшод Назаров, партоби Расул Боқиев, муштзаниҳои Мавзуна Чориева ва ашки шодии Беҳрӯз Хоҷазодаро насли даврони соҳибистиқлолӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад!

№34 (9564), 23/08/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

МЕҲРНОМА Бахшида ба муносибатҳои неки Тоҷикистону Ӯзбекистон Ду дил, ки ба ҳам омаду ду даст ба ҳам, Якҷост дигар ин ҳама дар шодию ғам. Эй хуш, ки раҳоӣ ëфт девор аз нам Сад уқда кушода гашт аз лутфу карам. Икки дил бирлашди ушбу -дамдан, Иккиси баҳраманд шодлик ва ғамдан. Хушдирки, ӣиқилди девору садлар, Юзлаб қулф очилди лутфу карамдан. ***** Дар куҳи мурод ганҷи Қорун будем Дарëи равони дашту ҳомун будем. Донанд ҷаҳониëн, ки аз рӯзи азал, Дар чашми замон гӯшт ва нохун будем. Қорун ганжи каби оз, кӯпроқ эдик, Дарëлари шодоб гил, туупроқ эдик. Жаҳонликлар билсин азал кунданки, Биз барча жабҳада эт, тирноқ эдик. ***** Чархи фалако, садқаи чархидани ту, Бахт аст ба мо лаҳзаи хандидани ту, Тоҷик ба узбек кушодаст оғӯш, Узбек фараҳ бигирад аз дидани ту. Эу, фалак чарх ургин, қочгин туришдан, Дӯстлик тӯхтамайди ғам ӯт ӯришдан. Кучоғин очибди тожик ӯзбекка, Ӯзбек фараҳ олгай уни кӯришдан. ***** Тоҷик зи ҷӯи дигаре об нахурд, Узбек ҳам аз сабр ба ҳар боб нахурд. Кӣ арз намудааст, ки чархи фалак, Аз рӯзи азал сӯи қафо тоб нахурд? Тожик ӯзға сувдан нӯш этмас ҳеҷ он, Ӯзбек ҳам ичмади, сабрдан ҳамон. Ким арз қилибдирки бу чархи фалак, Азалдан орқага қайтмайди дебон. **** Дар решаи мо ҳазор "Хон"-у "Бек" аст, Аммо ба сари оташи мо як дег аст. Гуфтанд ниҳоли сабр аз хоки куҷост? Гуфтам, ки зи марзи Тоҷику Узбек аст. Илдизим кӯкарар юзлаб Хон, Бекдан, Дӯстлик оши тушмас қозону дегдан. Сабрнинг ниҳоли қайда ӯсгайдир, Бу сабр ниҳоли тожик ӯзбекдан, Давлат САФАР


2

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

МАСИРИ ДӮСТӢ

Рӯзи 17 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафтанд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ карданд. ИСТИҚБОЛ ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОШКЕНТ БА НОМИ ИСЛОМ КАРИМОВ Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошкент меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари кишвари мизбон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ фазои идона дошт. Парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон овезон буд. Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри “Куксарой” сурат гирифт. Меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд. Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Ӯзбекистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тошкент ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ “ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА БАШАРДӮСТӢ”-И ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН Дар доираи сафари давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху

Сафари давлатӣ ба фарҳанги мардуми ӯзбек дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” гулчанбар гузоштанд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҳамроҳӣ карданд. МУЛОҚОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН 17 август, дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқоти хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ба таври амиқ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъвати ташриф ва анҷом додани сафари давлатӣ, инчунин пазироии самимӣ изҳори сипос карда, итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад. Сипас муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду

ҷониб муҳокима карда шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ҳамеша яке аз ҷойҳои махсуси афзалиятнокро касб менамояд. Таъкид гардид, ки “Равобити мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз муносибатҳои ҳамҷаворию қаробати халқҳои мо, дӯстии бисёрасра ва эҳтироми мутақобила сарчашма мегиранд. Имрӯз бастаи калони санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд, ки бахшҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро фаро мегиранд”. “Бешубҳа, дар байни ин ҳуҷҷатҳо аз ҳама муҳим имзои Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ аст, ки муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад. Ин тадбир ҳамчун рӯйдоди таърихӣ бозгӯйи ҷаҳду талошҳои самимии мо барои таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад” - таъкид доштанд зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро махсус қайд карда, иброз доштанд, ки байни кишварҳо динамикаи мусбати ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Президенти мамлакат аз ду баробар боло рафтани ҳаҷми гардиши мол давоми солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карданд. Пешниҳод гардид, ки барои дастгирии минбаъдаи ин тамоюл бояд соҳаҳои тиҷорати ду кишвар диверсификатсия карда шавад. Барои беҳтар намудани шароити фа-

ъолияти сармоягузорони тоҷику ӯзбек бошад, ҳамгироии амиқ лозим аст. “Иштироки фаъолонаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар намоишгоҳҳои миллӣ ва анҷуманҳои соҳибкорон дар ҳудуди ду давлат мусбат ва саривақтӣ аст”, - таъкид доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин замина, изҳори эътимод карда шуд, ки намоишгоҳи “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва Форуми муштараки тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ сурат мегиранд, ба густаришу тавсеаи робитаҳои тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои воқеии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои робитаҳои нақлиёт, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ, истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетика, амният ва мудофиа, инчунин равобити фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуданд. “Умумияти таъриху анъанаҳо ва ҳамсоягии мардумони мо муносибатҳои зичи фарҳангию гуманитариро аз қабл муқаррар кардаанд. Диаспораҳое, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ба муносибатҳои мо хусусияти махсус медиҳанд. Дар робита ба ин, ҷанбаи муҳими ҳамгироӣ дар соҳаи гуманитарӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои аъзои иттиҳодияҳои диаспораи кишварҳоямон мебошад” - таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо мавзӯи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро, ки ба амнияти минтақавию байналмилалӣ халал

ворид месозанд, муҳокима карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба вазъияти Афғонистони барои ҳар ду давлат ҳамсоя зоҳир карда шуд. Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти вусъати минбаъдаи кӯшишҳои ҳамаҷонибаи рушди комили ҳамкории минтақавӣ, таҳкими фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақаро таъкид намуданд. Рушди ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо, муҳим арзёбӣ карда шуд. БА ИМЗО РАСИДАНИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев маросими имзои санадаҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд, ки дар он 26 санад ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро имзо карданд. Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо шуд: - Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон; - Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ


МАСИРИ ДӮСТӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018 миёни Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи телевизион ва радио; - Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон “УзА”; - Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣгуманитарӣ; - Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ; - Созишнома байни Академи-

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбиву техникӣ; - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот; - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф; - Созишнома оид ба ҳамкорӣ доир ба васлу насби техникаи кишоварзӣ байни Корхонаи Воҳиди Давлатии “Коргоҳи мошинсозӣ” - и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Саҳҳомии “Узагротехсаноатхолдинг”; - Протокол оид ба мубодилаи ёддоштҳо дар хусуси ратификатсияи Шартнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии

ва Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон; - Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Ӯзстандарт); - Созишнома байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ барои гузаронидани корҳои иктишофию геологӣ дар майдонҳои наздисарҳадӣ; - Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи

- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Истеҳсоли Тоҷикистон” боздид карда, бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеъи бештарро пайдо кардаанд, шинос шуданд. Дар Намоишгоҳи мазкур зиёда аз 60 корхонаи азими саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Ширкати “Талко гуруҳ”, Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ғайюр семент” ва “Моҳир семент”, Ширкати “Фароз”, Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “Шири Душанбе”, Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ангишт”, “Намаки Ашт ва Хоҷамуъмин”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Қайроққум”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амирӣ”, Ҷамъияти

давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба мусоидат ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат; Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олиро барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ намуданд. БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ “ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН” Нимаи дуюми рӯзи 17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ

дорои масъулияти маҳдуди “Маколли”, Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “Оби зулол”, инчунин дигар корхонаҳои бузурги ватании соҳаи саноати маъдан, хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ саноати мудофиа ва химия, масолеҳи сохтмонӣ, саноати ангишт ва саноати сабук ширкат варзиданд, ки маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро бо шиори “Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст” ба маъраз гузоштанд. Намояндагони зиёда аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ ҳамчунин молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, қисмҳои эҳтиётии мошин, анвои хӯрокворӣ, маҳсулоти ширӣ ва гуштӣ, консерваи меваю сабзавот, меваи хушк, машрубот, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти чарм, масолеҳи сохтмон, алюминий, пластикӣ, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, дару тиреза, мизу курсиҳо ва рахти хоб барои беморхонаҳо ва ҷевонҳо, профил ва трубаҳои металлӣ, ноқилҳои пастшиддат ва баландшиддат, намунаи ҳунарҳои дастии занону духтарон ва дигар молу ашёро ба намоиш гузоштанд. Ҳамзамон дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат, захираҳои об, дорусозӣ ва тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ ва маҳсулоти дастранҷи ҳунармандони мардумиро ба Сарони давлатҳо муаррифӣ намуданд. Тавре маълум аст, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз барои

Ҷумҳурии Ӯзбекистон яи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Aкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои илмиву техникӣ; - Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон; - Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии карантини растании назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон; - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020; - Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи адлия; - Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба корҳои ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон; - Созишнома байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ; - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;

Тоҷикистону Ӯзбекистон; - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи минтақаи замин барои ҷойгиркунии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; - Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002; - Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон

3 ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд. Бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон фароҳам овард, ки раванди саноатикунонии мамлакат густариш пайдо карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш ёбад. Дар 6 моҳи соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 10 миллиарду 414 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 1 миллиарду 862 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 117 фоиз таъмин карда шуд. Барои дар амал татбиқ кардани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ - саноатикунонии кишвар, яъне аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони корхонаҳои азими тавлидкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷаҳду талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар дохили мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркардашуда, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. Дар намоишгоҳи “Истеҳсоли Тоҷикистон” ҳамчунин даҳҳо намуди матои атласу адрас ва дигар намунаи ҳунари дастии занону духтарон, ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд. Сифати баланди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар бозори дохил ва хориҷ мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхонаҳо ба ҳисоб меравад. Истеҳсолоти саноатӣ - пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Иштироки фаъоли саноатчиёни Тоҷикистон дар намоишгоҳи молу маҳсулот дар Ӯзбекистон шаҳодати рушду пешрафти соҳа мебошад. Натиҷаи муҳими ин намоиш пеш аз ҳама дарёфти шарикони боэътимод мебошад. Соҳибкорони Тоҷикистон бо муаррифӣ кардани молу маҳсулоти хеш инчунин барои ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо доираи соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ҳамкорӣ менамоянд. давом >>8-9


4 Идома аз шумораҳои гузашта FACEBOOK КАРТАҲОРО МЕДОНИСТ Мегӯянд, агар дониш (маълумот) бо орзу якҷо шавад, ба комёбиҳои боварнокарданӣ ноил шудан имконпазир мегардад. Лек ин ду арзиши муҳим ба дасти нафарони бадният ба фалокатҳои мудҳише боис шуда метавонад, ки бамаротиб аз хатари бомбаи атомӣ бештар аст. На танҳо нафарони бадният, инчунин онҳое, ки ба силоҳи дасташон сарфаҳм намераванд, ба оқибати ҳамсон сабаб шуда метавонанд. Соли 2016 дар маъракаҳои интихоботи президентии ИМА айни ҳамин ҳолат сурат гирифтааст. Як ҷониб (номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ Д. Т.) орзуи расидан ба қудрат дошту як ҷониб (ширкати Кембриҷ Аналитика) маълумоти зиёди коромад. Вақте соли 2016 Кембриҷ Аналитика ба ду номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳон - аввал бо Круз, баъдтар бо Трамп – ба мувофиқа расид, тими Ҳиллари Клинтон ба ин чандон эътибор надод, ҳатто “кирои фикр кардан ҳам надорад” гуфта, писханд ҳам зада буд. Барои он ки ин тим таҷрибаи калони ғолибият дар интихоботҳоро дошт. Илова бар ин аз Обама амалиёти “online analytics”-ро ба мерос гирифта буданд. Ҳамин буд, ки вақте намояндагони ширкати Facebook ба назди демократҳо омада гуфтанд: “Мо аз лиҳози сиёсӣ бо Шумоем, маълумотеро, ки ҳаққи қонунии мост на бо каси дигар, балки бо Шумо тақсим кардан мехоҳем”, демокртаҳо онҳоро ҷиддӣ қабул накарданд. Ин пешниҳоди Facebook баёнгари он буд, ки: 1) Facebook алгоритми маълумоту рекламаҳоро дигар намекунад, лекин барои аз онҳо самаранок истифода бурдан, демократҳоро дастгирӣ карданист. 2) Азбаски Facebook маълумоташро ба рақиби Клинтон бар ивази маблағи калон фурӯхтааст, мехоҳад дар интихобот як навъ баробарии тарафҳо бошад. Зеро акнун ин ширкат аз картаҳои дасти Трамп бохабар буд. FACEBOOK - МАЙДОНИ АМАЛИЁТИ ТАРҒИБОТӢ Александр Никс, роҳбари ширкати Кембриҷ Аналитика, зимни муаррифии фаъолияти ширкаташ дар меҳмонхонаи “Grand Hyatt”-и New York мегӯяд, акнун замони тарғиботи анъанавӣ ба поён расидааст. Мазмун, дигар бо усули куҳна кор кардан чандон таъсирбахшу манфиатовар нест, бояд ба шаклҳои наву замонавии таъсиррасонӣ рӯ оварда шавад. Ӯ ин фикрро бо қаноатмандӣ изҳор кардааст. Зеро аз имконияти бузург - маълумоти шахсии одамон бархурдор буд. Гуфта мешавад, Доналд Трамп, номзаде, ки Кембриҷ Аналитика масъули тарғиботи интихоботиаш буд, дар ибтидо бо

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

МАВЗӮИ РӮЗ сабаби баромадҳои зиддунақиз ва бетаҷрибагиаш дар сиёсат ва ниҳоят паёмакҳои аҷибу яке ба дигараш мухолиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ сахт мазаммат мешуд. Вале якбора дигаргуние ба миён омад: Ӯ тақрибан ба номи ҳар як интихобкунанда паёмаки вижа ирсол менамуд. Ва аз ҳар рӯйдоде, ки дар ҷомеа мешуд, самаранок истифода мебурд. Моҳи июли соли 2016 тими интихоботии Трамп тавассути пурсишнома мавқеи сиёсӣ ва шахсияти сокинони якчанд хонаводаро муайян мекунанд. Баъдан тибқи посухҳои онҳое, ки ба

мон ба ҳайси як олоти татбиқи ин модели маълумоти шахсӣ истифода гардиданд. Албатта, ин паҳлуи фаъолияти тими интихоботии Трамп дертар ошкор гардид. Ва баъд аз ду сол маълум шуд, ки ҳар як паёмаки ӯ бо маълумотҳои шахсии одамон асоснок шуда будааст. Намунааш ҳамонест, ки дар зарфи як рӯз 175 ҳазор рекламаи гуногун таҳия ва пахш кардаанд, ки муҳтавояш танҳо як баромади номзади ҷумҳурихоҳон дар рӯзи сеюми мубоҳисааш будааст. Ва ҳар як реклама унвон, ранг, иқтибос, аксу навори гуногун доштааст.

фарони эҳтимолии ба Клинтон овозмедода (ҳатто нафарони дар тараддудбудаи ҷонибдори ҷапгароён, афро-америкоиҳо ва занҳои ҷавон) барои овоздиҳӣ ба сандуқҳо нараванд. Ин мактубҳои сиёҳ ё худ пайғомҳои сиёҳ (Dark posts) мундариҷаи маблағгузоришудае бо фарогирии маълумоти шахсии одамон аз тариқи Facebook мебошад ва ба қишру доираҳои пешакӣ муайяншуда фиристода мешаванд. Масалан, ба афро-амрикоиҳо наворҳоеро исрол медоштанд, ки дар онҳо Ҳиллари Клинтон сиёҳпӯстонро ҳайвони дарранда мехонд”.

пурсишномаҳо ҷавоб гардонда буданд, баромаду маърузаҳо омода месозанд... Дар асл ин кори нав набуд. Демократҳои ИМА низ аз ин усул истифода мебурданд. Вале маълум нест, ки онҳо низ методи равонсанҷӣ (психометрия)-ро ҳам ба кор мебурданд ё не. Илова бар ин, Кембриҷ Аналитика аҳолии 17 иёлоти ИМА-ро аз рӯи 32 шахсият муайян намуд. Яъне тарғиботро мешавад бо назардошти ҳамин 32 навъи характер роҳандозӣ кард. Ва чунон ки Косинский тахмин карда буд, ҳар марде ба маҳсулоти ширкати “МАС cosmetics” дар Facebook “like” мегузорад бо эҳтимоли зиёд ҳамҷинсгаро бошад, ҳар нафаре, ки ба автомобилҳои ширкатҳои Трамп афзалият медиҳад, ҷонибдори эҳтимолии Трамп маҳсуб мегардад. Зимнан, ин бозёфтҳо маълум намуд, ки кадом паёмҳои Трамп дар куҷо бештар таъсиргузоранд. Барои ин ноҳияҳои Мичиган ва Висконсин ҳамчун минтақаи озмоишӣ қабул карда шуд ва ода-

Маҳз барои он ки роҳи мувофиқи психологӣ ёфта шавад...

Ва ин шеваи муборизаро, ки тавассути нишон додан ё ирсол намудани ҷанбаҳои нокомии рақиб ба аудитория сурат мегирад, “Dark posts” (пайғомҳои сиёҳ) меномиданд... Модели таҳиякардаи Кембриҷ Аналитика, баръакси Клинтон, пайдо кардан ва рекламаи мақсаднок равон кардан ба нафароне нест, ки дар миёни ду ҳизб мондаанд ва намедонанд, ба кадомаш овоз диҳанд. Балки аз ин ҳам мураккабтар аст. Масалан, аз як маҳалла нафарони консерватор, фаъол ва нафаронеро, ки камдонишанд, вале камбағал нестанд, пайдо карда, ба онҳо мундариҷа ва маълумотеро пешкаш месозанд, ки боиси нафраташон гардад. Ва табиист, ҳар нафар аз ошпазе, ки ҳар рӯз ба пешаш хӯроки бадмедидаашро мегузорад, нафрат мекунад. Ин рекламаҳо ё матну мундариҷаҳои ирсолшуда воқеӣ буданд, вале дар натиҷа ба манфиати яке аз ду ҳизб хизмат мекарданд. Онҳое, ки ба қабзаи ин “маърака” афтода буданд, сӯиидора (мани-

Бо фейсбук ба куҷо равонаем?

МАЪРАКАИ САРТОСАРӢ Ё МАҲАЛЛӢ? Вақте демократҳо дар тамоми ИМА як маъракаи густарда ташкил мекарданд, тими Трамп (дурусттараш Кембриҷ Аналитика) баръакс оптимистона амал мекард. Онҳо корро (гузаронидани пурсишномаҳоро) аз рӯи ҳамон 32 навъи характери одамон дар 17 иёлоти нисбатан ноустувор ба роҳ монданд. Масалан, барои он ки мусоидат кунанд, то дар маъракаи пешазинтихоботии Трамп дар ноҳияҳои Ҳаитии хурд (Little Haiti) ва Миами (Miami) касе ба Ҳиллари Клинтон овоз надиҳад, хабарҳои нокомии Фонди Клинтонро оид ба заминларзаи Ҳаити нашр карданд. Тибқи иттилои яке аз коршиносони маъракаи интихоботии Трамп, ки ду-се ҳафта пеш аз интихобот ба хабаргузории “Bloomberg” додааст, ин яке аз муваффақиятҳои онҳо будааст: “Кор тавре ба роҳ монда шуд, ки на-

пулятсия) карда мешуданд ва дар натиҷа ба ҳаракат медаромаданд... Аз як тараф ба гурӯҳҳои мухолиф мундариҷаву маълумотеро мефиристоданд, ки писандашон нест, аз тарафи дигар коре мекарданд, ки афро-амрикоиҳо аз овоз додан ба Клинтон нафрат кунанд. Онҳое ҳам, ки дар умрашон ба Трамп овоз намедоданд, дар натиҷа аз рафтан ба пои сандуқҳо ва овоз додан ба рақиби ӯ (Ҳ. Клинтон) даст мекашиданд. АМАЛИЁТИ МАКТУБҲОИ СИЁҲ Ҷанбаи хатаровари “Dark Post”ҳо он аст, ки онҳо аслан намоён нестанд. Ва чун сатри равон дар саҳифаи ҳар як истифоабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ гузашта мераванд. Ҳамин тавр, ҳар касе нохост онҳоро медид, гумон мекард, як чизи муқаррарии барои дигарон ҳам аёнанд. Онҳо маълумоти тарғиботиеанд, ки дар як формат, вале бо муҳтавову мундариҷаи гуногун, ҳатто ба ҳамдигар зид таҳия шудаанд. Аксарашон ҳатто ба сиёсат ҳам алоқаманд нестанд. Ин ҳама дар шабакаи Facebook сурат мегирифт ва Facebook бо иҷозат додан ба ин кор иштибоҳ ва бадахлоқии дигарашро содир кард. Ба болои он ки маълумоти шахсии муштариёнашро ба сиёсатмадорон фурӯхт, инчунин ин шабакаи иҷтимоӣ барои ба интихобот таъсир расонидани онҳо (сиёсатмадорон) ба майдони муносибе табдил ёфта буд! Хоса, майдони асосии тарғиботи тими Трамп маҳз ҳамин Facebook будааст! Ҳарчанд даъво карда буданд, ки “мо маълумоти шахсии муштариёнамонро нафурӯхтаем” ва ҳарчанд ин даъвояшон ҳақиқат надорад... Лек касе пай набурд, ки амрикоиҳо чи гуна ба ин осонӣ аз тарафи тими рақамии Трамп мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд. Чунки паёмҳои махсуси ба ҳар як нафар равоншуда аз тарафи ин тим нисбат ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои рақамӣ дар телевизионҳои муқаррарӣ камтар ба назар мерасиданд. Ва дар ҳамин асно, ки тими Клинтон фикр дошт дар масъалаи нақшагирии демографӣ беҳамтост, хабарнигори “Bloomberg” Саша Иссенберг ба маркази маъракаи рақамии Трамп дар ноҳияи Сан Антонио рафта, аз дидани ситоди корӣ ба ҳайрат меафтад. Зеро он ҷо Кембриҷ Аналитика, ки тими рақамӣ дар маъракаи пешазинтихоботии Трамп маҳсуб мешуд, кор мекард. Ба иттилои ӯ, тими кории Кембриҷ Аналитика, ки зоҳиран беш аз даҳ нафар будааст, аз Трамп дар моҳи июн 100 ҳазор, моҳи август 250 ҳазор, моҳи сентябр бошад 5 миллион доллар ба даст овардааст. Ба иқрори худи роҳбарони Кембриҷ Аналитика бошад, ин ширкат дар умум аз Трамп беш аз 15 миллион доллар “кор кардааст”. То куҷо ин рақам ҳақиқат дорад маълум нест, лек метавон гуфт, баъд аз ин усули тарғиботии сиёсӣ комилан маҷрояшро дигар мекунад. (Давом дорад) М. УСМОН, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

5

МУЛОҲИЗА Масъулияти зан дар ҷомеа ё нашъамандии ӯ ба чӣ оварда мерасонад?

Мулоқот бо ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта Дар толори Кумитаи миллии олимпии кишвар вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, сурат гирифт. Аҳтам Абдуллозода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки саҳми ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар муаррифии забон, фарҳанг, таърих ва осори пурғановати миллати тоҷик дар арсаи байналмилаллӣ назаррас аст. Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик метавонанд баробари таҳсил дар кишварҳои хориҷа, чорабиниҳои мухталифи илмию назарявӣ ва адабию фарҳангиро ҷиҳати муаррифии фарҳанги миллати тоҷик доир намоянд.

Нашъамандӣ чун як бемории ғайриодӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсири сахт расонда, одамро ба ҳолати маъюбӣ оварда мерасонад. Ҳоло нафароне, ки ба ин кор даст мезананд, хеле зиёданд. Таассуфовар аст, ки дар ин исёни занон низ ба назар мерасанд. Сабабҳои рӯ овардан ба истеъмоли маводи мухаддир барои занон гуногун аст. Онҳо метавонанд дар ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ даст ба ин амалҳо зада, дар аксар маврид боварӣ ба майлу иродаи худ доранд, ки агар ҳоло истеъмол кунанд, фардо метавонанд онро қатъ намоянд. Вале омили аслӣ ҳамон ҳавову ҳавас ва талоши чашидани тамъи чизи нав аст. Бо як нафар бонуе, ки ба нашъамандӣ даст зада, ҳоло аз карда пушаймон ва нахост номашро ифшо созем, дар ин маврид ҳамсуҳбат шудем. - Ҳоло ман аз карда сахт пушаймонам, - ашк дар чашмон қисса кард ҳамсуҳбати мо. – Маро ба ин роҳ як ҷавоне, ки гӯё маро “дӯст” медоштааст, ворид намуд. Акнун наметавонам, аз он даст кашам. Зеро агар онро истеъмол накунам, ба худ омада наметавонам. Аз рӯзе ба ин кор даст задам аз ҳама чиз маҳрум шудам. Падару модар, наздикону пайвандон, ҳама аз ман рӯ гардонданд. Дар кӯча монда, ҳис мекунам, ки саломатиямро аз кор даст медиҳам. Тибқи маълумоти Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2018 дар Тоҷикистон 10675 нафар аз он ҷумла, 3593 зани нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Ба андешаи мутахассисони кумитаи мазкур дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли пешин, нишондод то андозе коҳиш ёфтааст. Мутахассисони бемориҳои занона исбот намудаанд, ки дар ҷисми

занони гирифтори нашъамандӣ кори узвҳои таносулӣ суст шуда, қобилияти тавваллуд гум мегардад. Зани нашъаманд ҳомиладор шуда, тифлро ба дунё биёрад ҳам, гумон аст, вай солим бошад. Заноне, ки бангдона истеъмол менамоянд, давраи ҳайзи эшон вайрон ё қатъ мегардад. Истифодаи дурударози ин мавод метавонад, роҳи тухмдонҳоро баста гардонад. Занҳои истифодабарандаи навъи сахттаъсири героин бошанд, ҳомиладории худро сари вақт ҳис намекунанд. Модарони истеъмолкунандаи маводи психоактивӣ ба солимии рӯҳии тифлони ширхораи худ хатар эҷод менамоянд. Ба андешаи корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ Озодамоҳ Абдуллоева барои истеъмол ва вобасташавӣ ба чунин мавод шахсияти худи зан нақши муҳим дорад. Одатан чунин шахсон ба алоқаи ҷинсӣ бармаҳал оғоз карда, намоишкориро меписанданд. Таваккал кардан ва ҳассосиятро дӯст медоранд. Маҳз ҳамин гуна рафторҳо сабаби даст задани занону духтарон ба амалҳои номатлуб мегардад. Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки бештари занон (духтарон) аввалин маротиба маводи нашъаоварро на бо хоҳиши худ, балки бо хоҳиши марди шарикаш (ошиқи худ), баъзан бо дили нохоҳам истеъмол намудаанд. Дар натиҷаи гузариши аввалин зинаҳои нашъамандӣ, зан ба марди ӯро “хушбахт” намуда, куллан такя карда ба хотири дарёфти маводи навбатӣ ба шахси “зиёфатдиҳанда” итоат мена-

“Ҷомӣ ва Навоӣ - пайвандгари миллатҳо” Зери ин ном шоми 16 август дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабию фарҳанг ба ифтихори солгарди Абдураҳмони Ҷомӣ, пойдории дӯстии ду миллат - тоҷику ӯзбек ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода, ҷавонони фаъолу ташаббускор, волонтёрон, гирандагони Стипендияи президентӣ, рӯзноманигорон ва муҳассилини болаёқати муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуданд. Дар маҳфил шеърҳо аз эҷодиёти бузургони адабиёти тоҷику ӯзбек - Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, таронаҳо дар васфи дӯстии ду халқи ба ҳам бародар қироат шуданд. Раиси кумита Аҳтам Абдуллозода зимни суханронӣ иброз намуданд: "Маҳз бо талошҳои беандозаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз равобити миёни халқҳои тоҷику ӯзбек дар сатҳи баланд аст. Таваҷҷуҳ ва фароҳамоварии шароити мусоид аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат аст, ки ҷавонони мо ба илму адаб завқ доранд ва сулҳу ягонагӣ ва ваҳдати халқҳоро дар эҷодиёташон васф менамоянд". Баргузории маҳфили адабию фарҳангии "Ҷомӣ ва Навоӣ - пайвандгари миллатҳо" аз ҷониби волонтёрон ба хотири тарғиби дӯстии миёни ду миллати бузург - тоҷику ӯзбек иқдоми арзанда арзёбӣ карда шуд.

мояд. Занон дар ками ҳолатҳо маводи мухаддирро худашон дастрас менамоянд. Бештари вақт маводро марди “хайрхоҳ” дар вақти лозим ба ӯ мерасонад ва табиист, ки паси ин “ғамхорӣ” ҳамхоба мегарданд. Ин ҳолат барои ду ҷониб хатаровар аст. Истеъмоли маводи нашъаовар барои занон роҳи ҷиноятро боз мекунад. Яъне, барои дастрасии як миқдор меъёри истеъмол чӣ ба таври “зиёфат” ва ё арзонтар, нашъаҷаллобон занонро барои фурӯш ё қочоқи маводи мухаддир ҷалб намуда, баҳри рушди тиҷорати ҷиноии худ истифода мебаранд. Бо ин амалҳои худ баъзе занону духтарон кӯшиши ноил шудан ба зиндагии зебою осоиштаро менамоянд. Инчунин надонистани оқибати амали нашъаҷаллобӣ, ба даст овардани пули муфт, бекорӣ, зудбоварӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва боз чандин хаёлҳои хоми осмонӣ сабаб бар он мегарданд, ки занҳо даст ба фурӯш ва қочоқи маводи мухаддир бизананд. Набояд фаромӯш кард, ки ояндаи неки давлату миллат аз солимии ҷомеа вобастагии калон дорад. Пас занонро мебояд баҳри тандурустии хонадон, амнияти фарзандони хеш талош варзанд. Нагузоранд, ки нашъаҷаллобе баҳри рушди бозори ҷиноии худ занон ва фарзандони эшонро мубталои ин вабо гардонад. Зеро масъулияти зан дар назди ҷомеа басо бузург аст. Вай насл ба дунё меорад... Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”


6 Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар дар самти бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ сол корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Ин раванд боис шуду, марҳила ба марҳила сатҳи некӯаҳволии сокинон хубу беҳ гардид. Дар тули 27 соли истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар зери сиёсати хирадмандони Пешвои миллат чандин маротиба музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ зиёд гардида, дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста тадбирҳои гуногун амалӣ мегардад. Махсусан дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Бори охирин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 декабри соли 2017 вобаста ба зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: “Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад”. Санаи 14 августи соли ҷорӣ, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалку-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

ИҶТИМОЪ нандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия ба тасвиб расида, аз 1-уми сентябр музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ зиёд мегардад. Дарвоқеъ, Президенти кишвар дар ҳар баромади хеш аз дастгириву ғамхорӣ ба аҳли ҷомеаи кишвар мужда медиҳанд, ки ин аз ҷониби сокинони мамлакат бо дилгармии хос истиқбол

кишвар пайваста бархӯрдорем ва ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо ваъда медиҳем, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри босаводу ботарбия гардидани насли ҷавон равона намуда, саҳми худро дар рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистон мегузорем. Ҳар як сокини кишвар бояд ба қадри ин ҳама ободӣ, бунёдкорӣ ва оромию осоиштагӣ расида, баҳри боз ҳам тараққӣ ёфтани соҳаҳои гуногун ҷаҳду талош намояд,” -

миллӣ зиёда аз 9,5 млрд. сомонӣ равона гардидааст. Дар нимсолаи якуми соли 2018 барои пардохти музди меҳнат зиёда аз 2,2 млрд. сомонӣ, инчунин барои идрорпулӣ, нафақа, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо 1,2 млрд. сомонӣ пардохт гардида, хусусияти иҷтимоии хароҷоти буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ низ нигоҳ дошта шуда, ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар аз

меҳнат табиист, ки ҳар як корманд хушнуд мешавад, бахусус кормандони соҳаи тандурустӣ. Зеро ба ҳама маълум аст, ки табибон, умуман кормандони соҳаи тиб ба рӯзҳои истироҳатию иду ҷашнҳои гуногун нигоҳ накарда, пайваста дар паи солимии мардум ҳастанд. Баланд гардидани музди меҳнат ин қадр гардидани заҳмати шабонарӯзии кормандон аз ҷониби давлату Ҳукумат мебошад. Мо ҷавобан ба ин

Музди меҳнат баланд мешавад. Аз 1 сентябр... Президенти кишвар дар ҳар баромади хеш аз дастгириву ғамхорӣ ба аҳли ҷомеаи кишвар мужда медиҳанд, ки ин аз ҷониби сокинони мамлакат бо дилгармии хос истиқбол мегардад.

гирифта мешавад. Афзун гардидани музди меҳнатро кормандони соҳаи маориф яке аз ғамхориҳои навбатии наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд. “Бениҳоят хуб аст, ки аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар баробари дигар соҳаҳои муҳим дар пайи ҳар иқдоми навбатӣ ба ин соҳаи муҳим низ диққати хосса равона мегардад. Зиёд гардидани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, махсусан мо-омӯзгорон иқдоми хуби навбатии Пешвои миллат буд, ки он аз ҷониби омӯзгорон бо хушнудӣ истиқбол гардид. Мо омӯзгорон - аз дастгириву ғамхории Президенти

иброз дошт омӯзгор Баракатуллои Мирзоқаюм. Ҳар сол аз буҷети давлат барои соҳаҳои гуногун маблағҳои муайян ҷудо карда мешавад. Бино ба иттилои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хароҷоти буҷети давлатӣ пеш аз ҳама ҷиҳати таъмини уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пардохти музди меҳнати кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа, пардохти идрорпулӣ, ҷубронпулӣ, кӯмакпулии иҷтимоӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаю ташкилотҳои соҳаи иҷтимоӣ ва амнияти давлатӣ нигаронида шуда, хароҷоти маблағҳои буҷети давлатӣ дар доираи иҷроиши воқеии даромадҳои буҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисоди

ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 4,0 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст. Ибодат Давлатова, корманди Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” дар ин маврид гуфт: “Зиёд шудани маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ дар мамлакат ин пеш аз ҳама самараи ҳадафҳои дарпешгузоштаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё гардид. Зеро яке аз ин ҳадафҳо таъмини зиндагии арзанда ва бо ҷойи кори шоиста таъмин намудани аҳолӣ мебошад ва Тоҷикистон сол аз сол дар ин самт қадамҳои устувор гузошта истодааст. Қобили қайд аст, ки кӯшиш ва тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар баҳри он нигаронида шудааст, ки зиндагии сокинони кишвар боз ҳам беҳтар гардад. “Аз зиёд гардидани музди

ҳама ғамхорӣ ва дастгириҳо кору фаъолияти назаррас намуда, баҳри пешрафти соҳаи хеш ва дар ин замина барои рушди кишвар саҳм хоҳем гузошт”, - афзуд Мастура Мирзоева, корманди соҳаи тиб. Тамоми иқдоми неку наҷибонаи Президенти кишвар бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва хуб гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як мо сокинони кишварро лозим аст, ин ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо самаранок кору фаъолият намуда дар рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоранд. Зеро обод намудану саҳмгузор будан дар пешрафти кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

Давоми 7 моҳи соли 2018 зиёда аз 300 нафар ҳунармандон, ки аз супоридани андоз сарпечӣ намудаанд, ҷаримабандӣ шуда, ба буҷети давлатӣ 252,2 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ворид карда шудааст. Кайҳост, ки масали “Андозро супору роҳат бош” вирди забонҳост. Тибқи қонунгузории давлатҳои дунё барои насупурдани андоз ҷазоҳои сангин муқаррар гардидааст. Нисбат ба нафароне, ки аз супурдани андоз саркашӣ менамоянд, ҳатто парвандаи ҷиноятӣ низ боз карда мешавад. Барои мисол, ниммуҳофизатгари хорватии дастаи футболи “Реал Мадрид” – и Испания Лука Модрич барои он ки ба зиндон наравад, бояд 1 миллион евро қарзи андозро пардохт намояд. Тибқи маълумоти мақомоти андози кишвари номбурда футболбоз дар ду ҳолат зиёда аз 870 ҳазор евро қарздор шудааст. Дар охир Лука Модрич бо мақсади зиндонӣ нашудан, қарзи андозро пардохт кард. Чунин таҷрибаҳо ҷиҳати пардохтани қарзи андоз дар давлатҳои олам хеле зиёд мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шахсони касбу кори гуногун вазифадоранд, андози давлатро супоранд. Махсусан онҳое, ки дар ҷодаи санъат фаъолият доранд. Тибқи қарори Ҳукумати кишвар аз 31.08.2012 таҳти рақами 451 дар таҳрири нав барои фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ ва дигар хизматчиён патент пешбинӣ гардидааст, ки патент барои фаъолияти сарояндагӣ бе назардошти коэффитсентҳои минтақавӣ 633 сомонӣ, фаъолияти навозандагӣ раққосагӣ, барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо 139 сомонӣ, истифодаи таҷҳизотҳо барои баргузории ҷашну маъракаҳо 210 сомонӣ ва банаворгирии ҷашну маъракаҳо 105 сомонӣ муқаррар гардидааст. Аммо натиҷаи таҳлилҳои кормандону масъулони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳолати бақайдгирӣ ва андозбандии сарояндагон дар маҳалҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Барои мисол, дар мақомоти андози шаҳру навоҳии Шаҳринав, Варзоб, Файзобод, Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод, Восеъ, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб,

НИГОҲИ ДИГАР

Санъаткорони андозгурез Хуросон ва Шаҳристон номи миқдори ками ҳунарпешагон сабт шудааст. Бо вуҷуди ҳазорҳо навозанда, сарояндаю раққос мутобиқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми августи соли 2018 дар мақомоти андоз ҳамагӣ 1825 нафар аз рўи намуди фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, хизматрасониҳои мусиқавӣ ва ғайра ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Дар доираи гузаронидани корҳои назоратӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар давоми 7 моҳи соли 2018 зиёда аз 300 нафар ҳунармандон, ки қаблан ҳамчун андозсупоранда дар мақомоти андоз ба қайд гирифта нашуда буданд ва ё фаъолиятҳои худро дар давраҳои гуногун қатъ намуда буданд, бо татбиқи ҷаримаҳои маъмурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ ба маблағи 252,2 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ворид карда шудааст. Бино ба таъкиди масъулин натиҷаи корҳои назоратии мақомоти андоз нишон дод, ки аз тарафи аксарияти роҳбарияти ошхона, тарабхона, қаҳвахона ва марказҳои дилхушии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки дар он шабона санъаткорон ҳунарнамоӣ менамоянд, бар хилофи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа амал намуда, сарояндагон, мутрибон ва раққосаҳоро бидуни бастани шартнома (қарордод) ҷалб намуда, мутаассифона, аксарияти ҳунармандони дар онҳо фаъолияткунанда бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғуланд. Дар баъзе мавридҳо роҳбарияти тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ то андозае ба ин раванд мусоидат менамоянд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти санҷишӣ муайян карда шуд, ки аксарияти ҳунармандоне, ки дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ шабона фаъолият менамоянд, аз тарафи онҳо барои ҳар як рӯзи корӣ барои сарояндагон аз 100 то 200 сомонӣ ва барои навозанда, баранда ва раққоса аз 70 то 100 сомонӣ (ба истиснои даромадҳое, ки аз

мизоҷон ба даст меоранд) ҳаққи хизматрасонӣ дода мешавад. Ҷиҳати татбиқи амалии қонун масъулони соҳа пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҳарчи бештар пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро гиранду андозҳои заруриро ба буҷаи давлат ворид созанд. Масъулин яке аз роҳҳои пешгирии қонуншиканиро дар ин самт гузаронидани санҷишҳои пайваста меҳисобанд, ки дар натиҷаи он даҳҳо ҳодисаҳои нақзи қонун ошкор гардидааст. Бино ба таъкиди масъулин доим дар тарабхонаҳо санҷишҳо гузаронида мешавад. Аз ҷумла, дар рафти гузаронидани амалиёти санҷишӣ муайян карда шуд, ки дар тарабхонаи “Дидор” 1 нафар сароянда, 1 нафар мусиқачӣ (навозанда) 4 нафар раққоса машғули фаъолият мебошанд. Санҷиши ҳолати бақайдгирии ҳунармандон нишон дод, ки 3 нафар рақоса аз гуруҳи “Падида” ба ғайр аз ҷои кори асосии худ иловатан ҳар шом дар тарабхонаи мазкур бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти раққосагӣ машғул мебошанд. Дар натиҷа нисбати 3 нафар раққоса аз ҷумла, Қурбоналиева Маҳтовбӣ, Собирова Мадина ва Мирзоева Таҳмина бо моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ ба маблағи 4500 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, пардохти маблағи ҷаримаи маъмурӣ ба буҷет таъмин гардида, ба раққосаҳо ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ дода шуд. Инчунин, дар рафти гузаронидани амалиёти санҷишӣ дар тарабхонаи “Помир Лабиринт” муайян карда шуд, ки 5 нафар сароянда, 3 нафар навозанда ва 10 нафар рақосса ба фаъолият машғул мебошанд. Ҳангоми санҷиши гурӯҳи корӣ муайян гардид, ки аз шумораи умумии ҳунармандон (18 нафар) 1 нафар сароянда расман дар қайди мақомоти андоз буда, 1 нафар сароянда, 3 нафар навозанда ва 6 нафар рақосса тибқи шартномаи меҳнатӣ ҳамчун коргар дар тарабхонаи мазкур ба расмият дароварда шуда, андозҳои онҳо аз ҷониби корфармо ҳисоб ва ба

буҷет пардохт карда мешаванд, ки ин хеле хуб аст. Аммо санҷиш дар тарабхонаи “Шаҳрисабз” як қатор қонуншиканиҳои андоз аз тарафи ҳунармандонро ошкор намуд. Аз ҷумла, дар рафти амалиёти санҷишӣ муайян карда шуд, ки дар тарабхонаи мазкур 2 нафар сароянда, 1 нафар навозанда ва 5 нафар раққоса ба фаъолият машғул буда, аз ин 1 нафар сароянда ва 1 нафар навозанда ва раққоса расман дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуда, 4 нафар раққоса бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғул буданд. Дар натиҷа аз тарафи гуруҳи корӣ нисбати онҳо барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкуниҳои андоз ҷамъ ба маблағи 6000 сомонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон аз ҳисоби як нафар са-

7 рояндаи тарабхонаи мазкур, ки дар назди буҷет қарздор буд, ба маблағи 1778,8 сомонӣ руёнида шуд. Ба қонуншиканиҳои андоз роҳ додани ҳунармандон (сарояндагон, навозандагон, раққосаҳо...), ҳолатҳои сари вақт пардохт накардани маблағҳои муқарраршудаи патент, дар ҳисоботҳои андоз пурра нишон надодани даромади умумӣ ва бе қайд дар мақомоти андоз фаъолият намудани онҳо дар як қатор тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ, ки шабона фаъолият менамоянд ба монанди “Яккачинор”, “Милениум”, “Сурхоб”, “Арбат”, “Ҷавонӣ”, “Бухоро”, “Шарбат”, “9 ВАЛ”, “Шен Генцвале”, “Перевал Охотник” ва ғайраҳо муайян ва ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати 13 нафар барои ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардиданашон ба маблағи 130,8 ҳазор сомонӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда шуда пардохти он ба буҷет таъмин гардид. Ҳар як шаҳрванди кишвар мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ набояд фаромӯш созад, ки барои сари вақт супоридани андоз, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ масъул аст. Андозсупорӣ бояд ҷузъи таркибии фарҳанги шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мутамаддин бошад. Аз ин рӯ, бояд андозро ҳатман супориду дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми худро гузошт. Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”


8

МАСИРИ ДӮСТӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

<<идома аз саҳифаи 2-3 17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии “Ӯзбекистон” дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” иштирок ва суханронӣ карданд. Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо оғоз гардид. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақом ва ҳайати бонуфузи Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта, ташрифи онҳоро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ намуданд. Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мардуми ӯзбек изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд. Дар баромади худ Сарони давлатҳо оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд. Консерти тантанавии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, хушу хотирмон идома ёфт. СУХАНРОНӢ ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» Ҳурматли Мирзиёев Шавкат Мирамонович – Ӯзбекистон Республикасининг Президенти! Дӯстони азиз! Нахуст иҷозат фармоед, то бори дигар арзи сипоси самимии худро ба Шумо ва тамоми мардуми шарафманду дӯсту бародари ӯзбек барои истиқболи гарму меҳмоннавозии сатҳи олӣ ва таваҷҷуҳи хосса изҳор намоям. Бо истифода аз фурсати муносиб, дуруду пайғомҳои гарми

рои фароҳам сохтани фазои олии бародарона дар кишвари биҳиштосои Ӯзбекистон сипосгузории амиқ баён мекунам ва паёми муҳаббати гарми мардуми тоҷикро ба халқи дӯсту бародари ӯзбек арз менамоям. Бовар дорам, ки ҳамкориҳои кишварҳои мо дар ҳамаи бахшу самтҳо минбаъд низ пайваста густариш хоҳанд ёфт. Мо имкониятҳои таърихӣ ва захираҳои истифоданашударо бо азму иродаи ду ҷониб ба самар хоҳем расонид. Робитаҳои давлатҳои мо, ки акнун ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд, барои мардумони кишварҳоямон рӯзгори босаодатро ба армуғон хоҳанд овард. Ман ба ин итминони комил дорам. Қадамҳои хубе, ки дар ин

Иштирок дар барномаи мардуми Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо мерасонам. Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои сафари имрӯзаи мо мисли самараи боздиди таърихии бародари ман, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон, ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар такони ҷиддӣ мебахшанд. Шавкат Мирамоновичи гиромӣ! Боиси сарфарозист, ки мову шумо имрӯз заминаи боэътимоди робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳоямонро бо созишномаҳои нав ғанӣ гардонидем ва онҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардоштем. Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардан ва аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир мебошад. Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии муносибатҳои байни халқҳои мо мебошанд, ки тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд. Яъне халқҳои мо садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану ҳаммонанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлуи ҳам зиндагӣ кардаанд. Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд. Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории тоҷику ӯзбек мебошанд. Ниёгони шарафманди мо дар давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд. Ин мероси ниегони мо сармо-

яи бузурги маънавие буда, ки ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем. Эҷодиёти шахсиятҳои бузурги илму адабу фарҳанг, ки барои тоҷикону ӯзбекҳо мояи ифтихори муштараканд, сармояи воқеан пурарзиши маънавии халқҳои мо мебошад. Дар садри ин бузургон, албатта, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд. Роҳи ҳаётии ин ду шоиру мутафаккири бузург, ки дар фаъолияти эҷодии онҳо инъикос ёфтааст, намунаи олии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобилаи халқҳои мо мебошад. Мир Алишери Навоӣ мақому мартабаи ахлоқиву маънавӣ ва инсонии устодаш-Абдурраҳмони Ҷомиро чунин ба қалам додааст: Ул сафо аҳли пок фарҷоми, Покфарҷому покфар Ҷомӣ. Ул яқин сори дастгир манга, Қиблаву устоду пир манга. Имрӯз барои муошират ва рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешу табор, ёру дӯстонашон ва саёҳату тиҷорат тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар чунин шароит мо бояд ба хотири рушду таҳкими арзишҳои созандаи муносибатҳои неки ҳамсоягиамон дучанд саъю талош намоем. Дар ин самт, пеш аз ҳама, аҳли зиё, яъне шоирону нависандагон, олимону донишмандон ва ходимони фарҳанг бояд фаъол бошанд. Мо аз ҷониби худ чунин робитаҳои неки байни мардумонамонро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳем кард. Дар ин робита, ҳамчунин, мехостам аҳаммияти ҳамаҷониба густариш додани робитаҳои ду

кишварро дар соҳаи сайёҳӣ таъкид намоям. Мо бояд ба шиносоии фарохтари халқҳоямон бо осори таърихиву фарҳангии ду кишвар ҳамаҷониба мусоидат намоем. Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи тиҷоративу иқтисодӣ яке аз омилҳои муҳимтарини таҳкиму густариш пайдо кардани муносибатҳои дӯстии байни кишварҳо маҳсуб меёбанд ва мо азми қотеъ дорем, ки онҳоро минбаъд низ густариш диҳем. Моро зарур аст, ки бо дарназардошти хусусиятҳои ба ҳам монанди иқтисодиёти кишварҳоямон, ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои боз ҳам беҳтар дар миёни сохторҳои хоҷагидориамон, иқдомҳои муассир анҷом диҳем. Муҳтарам Шавкат Мирамонович! Бар асари татбиқи қарори аз лиҳози стратегӣ дурусти Шумо ҷиҳати роҳандозӣ намудани ислоҳоти куллӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт симои Ӯзбекистони бародар рӯз ба рӯз дигаргун мегардад. Вақтҳои охир Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин, оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахши кишварҳои минтақа як силсила иқдомҳоро анҷом дод. Дигаргуниҳои бунёдие, ки дар ин самт ба вуҷуд омадаанд, фазои куллан навро барои ҳамгироии созандаи минтақавӣ фароҳам меоранд. Тоҷикистон чун ҷонибдори муътақиди густариши робитаҳои созанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати дурандешонаи Шуморо дар ин ҷода, ки аз аввалин рӯзҳои ба уҳда гирифтани роҳбарии кишвари дӯсти Ӯзбекистон пеш гирифтаед, ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад. Дар фарҷоми сухани худ бори дигар ба Шумо, Шавкат Мирамоновичи гиромӣ, ба-

соли таърихӣ дар роҳи таҳкиму густариши муносиботи ду кишвар гузошта шуданд, оғози корҳои бузурги оянда мебошанд. Мо дар оянда низ дар роҳи густариши фазои дӯстии абадӣ ва самимияту ҳамдигарфаҳмии халқҳоямон бо ҳам қадамҳои устувор гузошта, ободиву пешрафт ва сулҳу суботи кишварҳоямонро таъмин мекунем. Ин рисолати таърихии мо мебошад. Ба ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми бародари Ӯзбекистон оромиву амонӣ, некӯаҳволиву саодат ва пешрафти рӯзафзун орзу мекунам. Ба Шумо, Шавкат Мирамоновичи азиз, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулияти таърихиатон барору комёбиҳои бузург орзумандам. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон халқларининг биродарлик ришталари мустаҳкам ва абадий бӯлсин! Пояндаву безавол бод дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек! МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ОРДЕНИ “ЭЛ ЮРТ ҲУРМАТӢ” БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ 17 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик,


МАСИРИ ДӮСТӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018 барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шуданд.

18 август дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатӣ ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ

тухмипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар бахши туризм, дар соҳаи илму маориф, ҷудо кардани квотаҳо барои

Мирзиеёв бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ дар назди марқади шодравон Ислом Каримов гулчанбар гузошта, бо дуову фотеҳаи нек руҳашро шод карданд.

МУЛОҚОТ БО РАИСИ ПАЛАТАИ ҚОНУНБАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН НУРИДИН ИСМОИЛОВ 18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси пала-

фарҳангии “Шоми дӯстӣ”

таи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ омили муҳим барои рушди муносибатҳои ду кишвар мегардад. Таъкид гардид, ки ҳамкории имрӯза бо сатҳу сифат ва рушди босубот дар ҳама соҳаҳо афзалияти бештарро касб мекунад, зеро он бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии барои ҳар ду ҷониб судмандро фарогир аст. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла ҷоннок кардани фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷрибаро дар самти қонунгузорӣ иброз доштанд. Таъмиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, ҳарбиву техникӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, инчунин амниятӣ ба хотири таъмини амну субот дар минтақа аз самтҳои афзалиятноку барои мардумон судманд , зарур шумурда шуд. Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд. Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд. МУЛОҚОТ БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН АБДУЛЛО ОРИПОВ

Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд. Дар ҷарёани мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи феълии робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба Абдулло Орипов - ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушд ва таҳкими робитаҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои саҳми муносиб дар густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баҳои арзанда доданд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ байни ду кишвар мушкилоти мавҷудаи масъалаҳои ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо кард ва мо ният дорем барномаҳои минбаъдаи ҳамкориро бо наздиктарин ҳамсояамон дар шакли шарикии стратегӣ таҳия намоем. Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди истеҳсоли саноатӣ, таҳкиими робитаҳои бахши кишоварзӣ,

донишҷӯёни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мабрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд. ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ НАХУСТИН ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ИСЛОМ КАРИМОВ 18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошкент ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри бостониро тамошо карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлатро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд. Ташрифи Сарвари давлат дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат

БОЗДИД АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ САМАРҚАНД Дар шаҳри бостонии Самарқанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв ҳамчунин аз расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, Осорхонаи “Афросиёб”, Оромгоҳи Амир Темур ва майдони “Регистон” боздид ба амал оварда, бо таърихи бою рангини ин марказҳои қадима шиносоӣ пайдо карданд. Тавре маълум гардид, Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек соли 1428 сохта шуда, қисми асосии он аз девор бо ҳудуди 40 метр ва бо қисми кории аз 20 то 80 дараҷа иборат буд. Дар расадхонаи Улуғбек соли 1437 Қӯрғон - номгуи осмони ситоразор тартиб дода шуда, дар он 1018 ситора дарҷ гардидааст. Дар ҳамин ҷо дарозии соли ситоравӣ 365 рӯзу 6 соату 10 дақиқа бо хатоии 58 сония муайян карда шудааст. Дар планетария дар тахтаи махсус номи Мирзо Улуғбек дарҷ гардидааст ва ӯ дар ҷаҳон ҳамчун донишманди илми астрономӣ

9 маълум аст. Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек аз иншоотҳои муҳимтарини асрҳои миёна мебошад, ки дар теппаи Куҳаки атрофи Самарқанд сохта шудааст. Дар Осорхонаи “Афросиёб” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигораҳои қадимаву нодири ин иншоот шинос шуданд. Манзилгоҳи - Осорхонаи “Афросиёб” аз руи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар баробари Мароқанд пойтахти Суғдиён қадимтарин ба шумор меравад. Афросиёб тибқи Шоҳномаи Фирдавсӣ шоҳи Турон буд. Дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба таърихи қадимаи ин шаҳри бостонӣ майдон ва ансамбли ёдгории “Регистон”-ро тамошо карданд. Ин ёдгорӣ аз мадрасаҳои “Улуғбек”, “Тиллокорӣ” ва мадрасаи “Шердор” иборат мебошад ва он имрӯзҳо ба макони сайру саёҳати сокинон ва сайёҳон мубаддал гардидааст. Майдони “Регистон” ба асрҳои XV-XVI тааллуқ дорад. Макони дигари таърихие, ки дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он боздид ба амал оварданд, оромгоҳи Амир Темур мебошад. Ёдгорӣ соли 1404 аз ҷониби Амир Темур барои набераи дӯстдоштааш Муҳаммад Султон сохта шудааст. Сохтмони Мақбара, баъди марги нобаҳангоми Султон Муҳаммад, меросхӯри Амир Темур ва набераи дӯстдоштаи ӯ, соли 1403 оғоз гардида буд. Бунёди мақбараро набераи дигари Амир Темур, Улуғбек ба охир расонид. Дар вақти ҳукмронии Темур, мақбара ба оромгоҳи сулолаи Темуриён табдил ёфт. Дар ин ҷо оромгоҳи Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Муҳаммад Султон, Саид Умар, Шоҳрух Мирзо, Мироншоҳ, Абдулло Мирзо, Абдураҳмон Мирзо ва устоди Темур Мир Саид Барака мавҷуд аст. Дар атрофи он хонаву ҳавлиҳои зиёде сохта шуда буд. Девори он бо сангҳои майдамайдаи сафеду кабуди баланд оро дода шудааст, ки аз нурҳои офтоб ҷило медиҳад. Дар даруни мақбара санги сари қабрии Амир Темур воқеъ аст ва худи оромгоҳ аз санги мармару оникс ва қисми болоии он аз санги яклухти нефрит бунёд шудааст. Қабри асосӣ бошад, дар қисми поёнии мақбара ҷойгир шудааст. Дар даромадгоҳи оромгоҳ навиштаҷоти “Мақбараи Амир Темур. Асрҳои XIV-XV” хаккокӣ шудааст. www.president.tj


10

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

Ҷоми Президент оид ба теннис насиби кӣ мешавад? 23 - 27 августи соли ҷорӣ дар майдони тенниси тобистонаи Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Мусобиқаи мазкур аз соли 2005 оғоз ёфта, имсол маротиба 9-ум варзишгарони кишварҳои ШМА, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Украина ва Тоҷикистонро ба ҳам меорад.

ФИФА: Тоҷикистон дар мавқеи 120-ум ҷой гирифт Дастаи яккачини Тоҷикистон дар раддабандии навбатии Федератсияи байналмилалии футбол, ки 16-уми август, дар сомонаи расмии ФИФА нашр шуд, дар байни 211 кишвар бо касби 1156 хол дар мақоми 120-ум қарор гирифт.

Қаҳрамони ҷаҳон, тими мунтахаби Фаронса дар ин феҳраст бо 1726 имтиёз садрнишин гардида, дастаи миллии Белгия бо 1723 хол ҷойи дуюмро касб намуд. Мавқеи сеюм бо 1657 имтиёз насиби тими Бразилия шуд. Дастаи миллии кишвар дар миёни тимҳои мунтахаби миллии Осиё, ки шомили КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) мебошанд, мақоми 21-умро соҳиб гардид. Дар миёни мунтахабҳои Осиё тими Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1471 имтиёз дар зинаи 32-юм) қарор дорад. Дастаҳои Австралия (дар ҷаҳон 43-юм, 1431 имтиёз) ва Ҷопон (дар ҷаҳон 55-ум, 1392 имтиёз) зинаҳои дуюму сеюмро касб намуданд. Ёдовар мешавем, ки раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб нашр мегардад. Дар ин давра натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи пастаринаш мавқеи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

“Истиқлол” ва “Хуҷанд” ба марра наздик мешаванд 18-19 август, бозиҳои марҳилаи дуюми чемпионати кишвар оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба поён расид. Дидори нахустин миёнии тимҳои “Регар –ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2-1 хотима ёфт. Бозии мазкур 18-уми август, дар Варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода бо ширкати зиёда аз 3 ҳазор мухлис баргузор шуд. Қисми аввал барои футболбозони ҳарду даста нобарор анҷом ёфта, тақдири бозӣ дар қисмати дуюм ҳал гардид. Вайсиддин Сафаров дар дақиқаи 56-ум муаллифи голи аввалин шуд ва пас аз ёздаҳ дақиқа Наврӯз Рустамов голи дуюми бошгоҳашро ба ҳадаф расонида, ғалабаи дастаашро таъмин намуд. Голи ягонаи дастаи “Барқчӣ”-ро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 84-ум ба номи худ сабт намуд. Дар дидори дигар дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро пазируфта, бо ҳисоби 3-2 ғалаба намуд. Голи нахустинро Абдурасул Раҳмонов, ҳимоятгари тими “Кӯктош” дар дақиқаи 24-ум ба номаш муҳр зад. Пас аз ёздаҳ дақиқа легионери “Кӯктош” Муҳиддин Одилов тӯби дуюми дастаашро вориди дарвозаи Хоҷамурод Салоҳиддинов намуд. Қисми аввал ба фоидаи мизбонон 2-0 ба поён расид. Аз оғози қисмати дуюм меҳмонон ба дарвозаи

Баҳовиддин Холиқов фишор оварда, дар дақиқаи 47-ум хати дарвозаро рахна намуданд. Дар дақиқаи 69-ум Абдурасул Раҳмонов голи ғалабаовари дастаашро ба сомон расонд. Футболбозони дастаи “Панҷшер” дар сонияҳои охири қисми дуюм ҳисоби бозиро 3-2 намуданд. Тӯби мизбононро Нуъмон Зокиров вориди дарвозаи Баҳовиддин Холиқов кард. Дастпарварони “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки ин мавсим яке аз довталабони асосии каҳрамонии мусобиқаи мазкур ҳисобида мешавад, 19-август дар майдони худ тими “ССКА “Помир”-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби бузурги 4-0 мағлуб намуд. Ҳимоятгари соҳибони майдон Вусал Магеррамов дар дақиқаи 11-ум ба қоидавайронкунии роҳ дода, аз идомаи рақобат маҳрум шуд. Новобаста аз кам будани ҳайати бошгоҳи “Хуҷанд”, дар қисми дуюм хати ҳимояи бошгоҳи ССКА “Помир” рахна гардида, ба дарвозаи ин даста 4 голи беҷавоб ворид гардид. Голи аввалинро Манучеҳр Ахмедов дар дақиқаи 60-ум аз зарбаи ҷаримавӣ вориди дарвозаи ҳариф намуда, пас аз се дақиқа Ҷаҳонгир Эргашев аз зарбаи 11-метра голи дуюмро ба номи худ сабт кард. Идибек Ҳабибуллоев, ҳимоятгари душанбегиҳо дар дақиқаи 84-ум голи сеюмро вориди даврозаи худ

намуда, Фарҳод Тоҳиров бошад, дар сонияҳои охир голи 4-уми дастаашро ба сомон расонид. Муддаии дигари қаҳрамонии кишвар дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бозии худро дар сафар бо тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтар баргузор намуда, бо ҳисоби 0-1 дастболо гардид. Голи ягонаро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 53-ум аз зарбаи ҷаримавӣ ба номи худ сабт кард. Пас аз натиҷагирии даври 14-уми чемпионати кишвар дар ҷадвали мусобиқа тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо касби 35 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо 33 хол дар мавқеи дуюм қарор дошта, бошгоҳи “Кӯктош” - и ноҳияи Рӯдакӣ бо 21 имтиёз дар зинаи сеюм аст. Бозиҳои даври 15-ум 25 август (шанбе) “Кӯктош” - ССКА “Помир” 26 август (якшанбе) “Хатлон” - “Истиқлол” “Панҷшер” - “Хуҷанд” “Барқчӣ” - “Регар-ТадАЗ” Оғози бозиҳо – соати 17:00 Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”


АНДЕША

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018 Варзишро қосиди сулҳ ва муаррифгари миллатҳо меноманд. Дарвоқеъ ин ду паҳлуи муҳими соҳа варзишу варзишгарро дар ҷаҳон маҳбуб гардондааст. Варзиш аз варзишгар заҳмати якмоҳа ё яксоларо талаб намекунад. Ин роҳ дар худ нангу номус, ҷасорат, заҳмату машаққат, иродаи қавӣ, мубориза, афтидану хестан, ҷароҳат, андӯҳ, ашки ҳасрату шодмонӣ ва дар охир муваффақиятро дорад. Варзишгари асил ҳамонест, ки ба хотири муваффақият ба тамоми мушкилоти номбурда истодагарӣ мекунаду мубориза мебарад. Мубориза барои пулу мол ва дороӣ не, мубориза барои парафшонии матои чоркучае, ки онро ном Парчам аст. Дар ин матои чоркунҷа миллионҳо ғурур, нангу номус ифтихору сарфарозии инсонҳо ниҳон аст. Муваффақияти варзишгар муваффақияти миллат ва, обрӯи давлат аст! Ашки шодии варзишгар ашки суруру шодмонии ҳазорон марди бо нанги миллат маҳсуб мешавад! Хушбахтона, Истиқлолият сабаб шуду мардуми тоҷик шаҳди муваффақияту музаффариятҳои варзишро чашиданд. Наъраи Дилшод Назаров, партоби Расул Боқиев, муштзаниҳои Мавзуна Чориева ва ашки шодии Беҳрӯз Хоҷазодаро насли даврони соҳибистиқлолӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад! Метавон гуфт, ки рӯз аз рӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ вазифаи бар дӯш гирифтаашонро то ҳадди имкон иҷро намуда истодаанд. Баъди Олимпиадаи Рио-2016 варзишгарони тоҷик дар як чорабинии муҳими варзишии дигар - 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 16 то 27 сентябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, кишварамонро муаррифӣ намуданд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар дар

15 намуди варзиш ва ҳунарҳои размӣ намояндагӣ карданд. Тоҷикистон бо ба даст овардани 51 медал – 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ, дар ҷадвали мусобиқа аз рӯи ҳисоби медалҳо миёни 65 давлати иштирокчӣ зинаи 17-умро ишғол намуд. Ин нишондоди варзишгарони тоҷик назар ба солҳои қабл назаррас буд. Акнун мухлисони варзиши тоҷик дар марҳилаи як руйдоди нави дигари варзишӣ қарор доранд. 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги давлати Индонезия баргузор мегардад. Ин мусобиқа нисбат ба 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти

гузор шуд. Ҳайати мунтахаби кишварҳо бо парчамҳою либосҳои махсуси варзишӣ, ки бо рамзҳои ба давлати худ хос ба майдон баромада ҳар яке кишвари худро муаррифӣ мекард. Варзишгарони тоҷик низ бо либосҳои ягонаи варзишӣ ва Парчами давлат дар даст Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Дар чеҳраи ҳар як иштирокчӣ табассум ва ифтихор намудор буд. Ва хотири арҷ гузоштан ба муқаддасоти кишвар намояндагони халқиятҳои гуногун аз ҷой бархеста, варзишгаронро бо кафкӯбӣ истиқбол гирифтанд. Маҳз ҳамин бузургӣ ба варзиш унвони “Қосиди сулҳ”-ро додааст. Воқеан ҳам дар маросимҳои

ҷойгоҳи варзишгар дар ҷомеа хуб мешавад каме сари мушкилоти варзиши тоҷик ҳам андеша кунем. Мушкилоте, ки миёни варзишгарони мо ҷой доранд. Иродаи қавӣ. Ин ибора барои варзишгари асил аввалиндараҷа аст. Махсусан дар намудҳои олимпӣ. Аксар варзишгарони мо як чорсола барои олимпиада мубориза мебаранд ва баъди мағлубият иродаи то олимпиадаи баъдӣ мубориза бурданро надоранд, ки ин омилҳои зиёд дорад. Ягон варзишгар дар соли аввали тамринии худ наметавонад қаҳрамони кишвар, қаҳрамони Осиё, қаҳрамони ҷаҳон ва дигар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ гардад. Таҷриба ва

варзишӣ дӯстии миллатҳоро баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Чунин манзараҳоро дида, наметавон сари ибораи “Варзиш муаррифгари миллат аст” фикр накард. Дар воқеъ ин ибора хоси варзишу варзишгар аст. Ба ҷуз сафарҳои расмиву давлатии сарони кишварҳо ба давлатҳои дигар, ки ба хотири ташрифи сарварон парчамҳои давлатҳо дар он мамолик парафшону Суруди миллӣ садо медиҳад, дигар ягон касбу ягон ихтисос ба ғайр аз варзишу

иродаи Дилшод Назаров барои дигар варзишгарони тоҷик намуна шуда метавонад. Ӯ дар се олимпиада (Афина – 2004, Пекин-2008, Лондон-2012) ба натиҷаи дилхоҳ ноил нагашт. Вале Дилшод тарки варзиш накард. Рио-2016 чорум олимпиадае буд, ки Дилшод Назаров иштирок намуду қаҳрамон гардид. Рақобати солим. Ибораи мазкур солҳои охир миёни варзишгарони мо кам ба назар мерасад. Дар аксар намудҳои варзиш варзишгарони мо унвони 10 маротиба қаҳрамони Тоҷикистонро доранд. Аммо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ҳатто ба гирифтани зинаи сеюм ҳам мушарраф намегарданд. Ин шаҳодати он аст, ки миёни варзишгарони мо рақобат дар сатҳи паст қарор дорад. Варзишгаре, ки дар муҳити худ рақами якум аст ва ба ин натиҷа қаноат мекунаду аз болои худ кор намекунад, инкишоф намеёбад. Ин гуна варзишгарон ба ибораи дигар “хона шери майдонғарибанд”.

Қосиди сулҳ будани варзиш ва нафақат...

пӯшида ва ҳунарҳои размӣ мушкилтар хоҳад буд. Зеро он як зинаи омодашавии варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад ва аксар намудҳои варзиш барои ба даст овардани холҳои Бозиҳои олимпии дар пешистода талош мекунанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки медалҳои мусобиқаи мазкур ба осонӣ ба даст намеояд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар, аз ҷумла 81 варзишгар аз рӯи 16 намуди варзиш: футболи бонувон, варзиши сабук, шиноварӣ, гӯштин, таеквондо, каратэ, дзюдо, кураш, самбо, ҷиу-ҷитсу, вазнбардорӣ, камонварӣ, тирандозӣ, бокс, қаиқронӣ ва ушу Ватанамонро муаррифӣ мекунанд. Зимнан, рӯзи 16 август ҳаводорони варзиши тоҷик шоҳиди як лаҳзаи фараҳбахши варзишӣ шуданд. Ба хотири ташрифи варзишгарони тоҷик дар шаҳраки олимпии шаҳри Ҷакарта маросими парчамбардории дастаи мунтахаби Тоҷикистон баргузор шуд. Санаи 18 август бошад, маросими расмии кушодашавии XVIII-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё дар Варзишгоҳи олимпии Ҷакарта доир гардид. Мизбонон барои баргузории чорабинӣ тайёрии ҳамаҷониба дидаанд ва метавон гуфт, ки маросими кушодашавӣ дар сатҳи олӣ бар-

варзишгар ин тавоноиро надорад. Ва ҳамон лаҳзае, ки ба хотири варзишгар Парчам боло мешаваду намояндагони тамоми кишварҳои иштирокчӣ аз ҷой мехезанду Суруди миллӣ садо медиҳад, ҳатто дар вуҷуди душманони миллат ҳисси ифтихор пайдо мешавад. Миллати тоҷик инро баъди қарамони Бозиҳои олимпӣ гардидани Дилшод Назаров дар соли 2016 мушоҳида кард. Онҳое, ки ба варзиш шавқ надоштанду ҳатто аз ин соҳа, ба қавле, бӯй намебурданд, ғурури миллӣ онҳоро ҳам нагузошт, ки бетарафӣ ихтиёр кунанд. Ҳадди ақал дар сомонаҳои иҷтимоӣ хурӯшу шодмонии нафарони гуногун ба назар мерасид, касе хомӯш набуд... Аммо ин соҳаи муҳим ва номбардор, мутаассифона бе мушкилиҳо нест. Баъди фаҳмонидани моҳияти варзиш ва

Тамринҳои дастаҷамъӣ. Он барои инкишоф ёфтану таҷриба гирифтани варзишгар нақши калон мебозад. Варзишгаре, ки мақсади дар олимпиада натиҷа ба даст оварданро дорад, бояд соле на камтар дар ду тамрини дастаҷамъӣ иштирок кунад. Тамринҳои дастаҷамъӣ ба варзишгар имкон медиҳад,

11 ки таҷрибаашро бой гардонад, рақибонро омӯзад ва ҳамзамон аз мактаби варзишии ҷаҳонӣ баҳравар гардад. Равоншинос ва табиб. Баъзан ҳолатҳо ба назар мерасад, ки варзишгарони мо аз ҷиҳати равонӣ омода нестанд. Ҳангоми муҳорибаҳо дар сонияҳои аввал хол аз даст диҳанд, барои бартараф намудани хатои содиршуда сонияҳои охирро бо яъсу ноумедӣ паси сар мекунанд. Дар ин ҳолат машварати равоншинос ҳатмист. Саломатии варзишгар дар ҳаёти варзишии ӯ аввалиндараҷа мебошад. Аксар варзишгароне ҳастанд, ки дар замони наврасӣ хуб ҷилва мекунанд. Баъдан аз нодуруст ва аз меъёр зиёду ба тартиби муайян иҷро накардани тамринҳо саломатии худро аз даст медиҳанд. Ин яке аз омилҳои бармаҳал тарк намудани варзиш аз ҷониби варзишгар аст. Барои ба чунин ҳолатҳо дучор нашудан, бо худ доштани табиби махсус барои варзишгарони сатҳи байналмилалӣ зарур аст. Сарпараст ва дастгирии молиявӣ. Дар кишвари мо таваҷӯҳ ба самти варзиш зиёд аст. Махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир иқдомеро дар самти варзиш ҷорӣ намудаанд, ки назирашон дар кишварҳои пешрафтаи дунё камтар дида мешавад. Мисоли равшан таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад, ки бевосита аз фонди Президенти мамлакат ба варзишгарон тақдим мегардад. Варзишгарони тоҷик солҳои пеш аз нарасидани толорҳои варзишӣ танқисӣ мекашиданд. Бо шарофати Истиқлолияти давлати ва таваҷҷӯҳи ҳукумат нисбати варзиш ин мушкилот пурра аз байн рафт. Дар баробари ҳукумати кишвар соҳибкоронро низ зарур аст, ки дар сарпарастии варзишгарони тоҷик саҳми худро гузоранд. Вале дар ин самт вазъ то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонад. Новобаста ба мушкилоти ҷузъие, ки гуфта гузаштем, варзишгарони тоҷик ба қадри тавонмандии худ дар муаррифии кишварамон дар арсаи байналмилалӣ ҷаҳду талошҳои зиёд карда истодаанд. Чанд қабл пеш варзишгарони тоҷик барои омода ва сафарбар шудан ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мушкилоти зиёд доштанд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ин мушкилот бартараф гардид ва акнун метавон аз варзишгарони тоҷик танҳо натиҷа интизор шуд. Айни ҳол мухлисону варзишгарони қораи Осиё дар арафаи бузургтарин чорабинии варзишии минтақа – XVIII - умин Бозиҳои тобистонаи Осиё қарор доранд. Варзишгарони тоҷик низ баҳри ба даст овардани медалҳои мусобиқаи мазкур андари майдонанд ва умедворем, ки бо натиҷаи назаррас ба Ватан бармегарданд. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”


12

ХУДШИНОСӢ

«Тоҷикнома» - асари наве дар илми тоҷикшиносӣ Китоби донишманди тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов бо номи “Тоҷикнома” дар се ҷилд аз чоп баромад. Ду ҷилди асари тозанашр ба забони русӣ ва як ҷилди он ба забони тоҷикист. “Тоҷикнома” рисолаҳо, мақолаҳо ва мусоҳибаҳои муаллифро, ки дар тӯли бештар аз 45 сол эҷод шудаанд, дар бар мегирад. Чунон ки дар шиносномаи китоб гуфта шудааст: «Мақсади ягонаи муаллиф – муайян кардани ҷойгоҳи халқи тоҷик дар Осиёи Миёна ва мавқеи вай дар байни мардуми эронинажод аст. Ӯ вожаи эронро, на ба мафҳуми имрӯзаи ҷуғрофияи сиёсӣ, балки дар фаҳми таърихии он, сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон истифода мекунад. Хокдони халқу забони худро дар ҳамин минтақа ва решаи аҷдодии худро дар халқиятҳои хурду калони инҷо, аз ҷумла Суғду Бохтар медонад. Дар асар мавзӯи арзишҳои миллӣ, истиқлол ва забони тоҷикӣ, андешаи миллӣ, ваҳдати маънавии миллат, ифтихори миллӣ баҳси тоҷику форс, андешаҳо перомуни адабиёту забони тоҷикӣ ва ғайра, ки ба миллати тоҷик тааллуқ мегиранд, ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Дар ҷилди аввали китоб дар бораи устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров мулоҳизаронӣ шудааст. Муаллиф мегӯяд, беҳтарин асарҳои Садриддин Айниро, аз ҷумла «Ёддоштҳо», «Ҷаллодони Бухоро», «Таърихи амирони манғитӣ», «Ғуломон», «Марги судхӯр», публитсистикаи миллиашро ба шакли мунтахабот, ё тамоми эҷодиёташро - ҳамаи он сазовори таваҷҷӯҳи аҳли олам аст - бо шаш забони расмии дунё чоп кунему паҳн намоем. Дар Тоҷикистон Маркази Айнишиносӣ ташкил диҳем, ки он ба омӯхтану таблиғи тамоми мероси устод, тарбияи мутахассисони ватанию хориҷӣ – Айнишиносон машғул шавад. Дар ҳамаи ихтисосҳои гуманитарии мактабҳои олии Тоҷикистон дар барномаи таълим Айнишиносӣ ҳатман дохил карда шавад ва бо назардошти ихтисос таълим дода шавад – адабиёт ва адабиётшиносии Айнӣ, таърихшиносии Айнӣ, ҷаҳоншиносии Айнӣ, фалсафаи Айнӣ, педагогикаи Айнӣ, публитсистикаи Айнӣ ва амсоли ин». Дар китоб мавқеи аллома Бобоҷон Ғафуров дар сиёсат ва илм бисёр бузург арзёбӣ гаштааст, ҳамчунин дар бораи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик гуфта мешавад: «Дар тӯли 10 сол роҳбари Тоҷикистон, дар тӯли 21 сол роҳбари Институти шарқшиносии СССР, қариб 20 сол сармуҳаррири маҷаллаи «Азия и Африка сегодня», Раиси Кумитаи шӯравии лоиҳаҳои ЮНЕСКО - «Шарқ-Ғарб» буданд. Вай бо 6 ордени Ленин, ордени «Револютсияи Октябр», бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида шудааст... Муҳимтар аз ҳама «Барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 8 -уми сентябри соли 1997 «ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро дод. Муаллиф навиштааст, ки халқи мо дар таърихи худ бо зӯрӣ чизеро ҳосил накардааст, балки бо ҳилму тамкин ва ақлу фаросат ёфтааст. “Халқи мо кушки ҳастии худро дар Мовароуннаҳру Хуросон бино карда, дар сесад соли охир танҳо Осиёи Миёнаашро нигоҳ дошта тавонистаасту бас...” Башир УСМОН, “ҶТ“

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

Чакандӯзӣ Чакан куртаи халқии духтарони тоҷик аст. Чакандӯзӣ ҳунари хеле қадимаи миллӣ буда, ҳунармандон дар ҳар давру замон мекушиданд, ки зебоиҳо ва рангоранги табиатро ба тасвир оваранд. Истифодаи рангу бор дар санъати чакандӯзи бо риштаи зарду сурх болои матоъ духта мешавад ва асбобҳои асоси чакандӯзи сузан, ришта, диравшак ва сарангушт мебошад. Дӯхтани чакан аз 3 то 7 рӯзро талаб менамояд. Ҳангоми дӯхтани он аз риштаҳои ранга истифода мекунанд. Асосан водии Кӯлоб аз қадим маркази истеҳсоли пахтаю пила буда, бо ин назардошт дар ин водӣ чакандӯзӣ рӯ ба тараққӣ аст. Холаи Савронбӣ, яке аз ҳунармандони куҳансолест, ки дар дӯхтани куртаҳои чакан ҳамто надорад. Чун аз нозукиҳои ҳунари чакандӯзӣ пурсон гардидем, гуфт: “Истифодаи рангу бор дар ҳунари чакандӯзӣ ба табиати макони зисти ҳунармандон вобаста аст. Чакандӯз кӯшиш менамояд, ки ба воситаи риштаҳои рангоранг тароват ва зебоии маҳалли худро рӯи матоъ орад. Одатан дар ноҳияҳои кӯҳсори Кӯлоб курта, болишт, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯш, чойхалта, руймоли мардона ва ғайра чакандӯзӣ карда мешавад. Ҳар нақши болои матоъ ном дорад. Ба монанди косагӯл, барги бед, гули анор, думи товус, бодомак, лола, райҳон, офтобак, моҳу ситора ва ғайра. Пироҳанро бештар аз сатини зард, ҷигариранг, сурх ва карбоси сафеди зардчатоб медӯзанд. Либосҳои миллии мардонаи Хатлонзамин, яъне ҷома, салла, миёнбанд, куртаҳои дӯхти мардонаро ҳоло ҳам мардон дар ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз ба бар мекунанд”. Бино ба таъкиди ҳунармандон гулдӯзиҳои ороиширо асосан барои ҷашнҳои калони оилавӣ, махсусан барои тӯйҳо, ки дар ҳаёти халқ мақоми хосе доранд, тайёр менамоянд. Гулдӯзӣ ҳатман ба маҳри арӯсу домод дохил меша-

вад. Бинобар ин ҳар як зани тоҷик ҳанӯз аз айёми кӯдакии фарзандаш барои ӯ тайёрӣ мебинад. Пеш аз тӯй дар хонаи арӯсу домод ташвиши зиёд авҷ мегирад. Модар ва модаркалон гулдӯзиҳои қадимиро аз сандуқҳои худ берун меоранд ва албатта ин дам шаби арусиаш низ ба хотир меояд. Бинобар ин духтаронро ба кори гулдӯзӣ аз синни 1012 солагӣ ҷалб менамоянд. Дар замони гузашта дузандагӣ қариб машғулияти ягонаи занон буд ва омӯхтани ин ҳунар барои духтарон ҳатмӣ ба ҳисоб мерафт. Дар замони ҳозира аз ин қоида аксаран (махсусан дар шаҳрҳо) сарфи назар мекунанд. Аксар вақт дида мешавад, ки гурӯҳи занони 5-6 нафарӣ ягон сӯзании калонҳаҷмро дар якҷоягӣ медӯзанд. Пеш аз ҳама тасвири рӯи гулдӯзӣ, рангу бори матоъ ва тарзи омодасозии он дар байни дӯзандаҳо муҳокима карда мешавад. Ҳарчанд гулдӯзӣ аз рӯи нусхаи тайёр духта шавад ҳам, ҳар як дӯзанда бо тарзи иҷрои амал ва рангу бори истифода кардаи худ ба он чизи тозае илова мекунад. Бинобар ин чунин гулдӯзиҳо хеле ҳаётӣ ба назар расида, гӯё аз қиссаҳои зиёди шавқангез ҷамъоварӣ шудаанд. “Занони гулдӯз, ки табиатро хеле нозукона эҳсос мекунанд, дар гулдӯзӣ олами рангини атрофи худро ба таври хоса инъикос карда, хосият ва таассуроташонро дар он баён месозанд. Возеҳӣ ва муназзамии нақшу нигори тоҷикони кӯҳистон ба таркибҳои мунаққашии муътадил ва ороми тоҷикони водинишин ҳеҷ монандӣ надоранд. Бинобар он гулдӯзии тоҷикиро бо ду қисм, яъне гулдӯзии тоҷикони кӯҳӣ ва водинишин ҷудо мекунанд. Пероҳанҳое ҳастанд, ки гулдӯзиашон дар атрофи гиребон

ҷой гирифта, то миён мерасад. Навъи дигари гулдӯзии курта доман ва остин мебошад. Ороиши пероҳанҳои гулдӯзӣ бо гулдӯзии сӯзанӣ, борпуш ва рӯйҷо умумияти зиёде дорад. Гулдӯзии пурҷило бо шукӯҳу мукаммали бадеии худ ҳайратовар аст. Баъзан бовари кас намеояд, ки чӣ гуна дӯзанда дар як пероҳан ин қадар рангу бори зиёд шаклҳои наққоширо ҷой медиҳад”, - иброз медорад Савронбӣ Бобоева, бонуи ҳунарманд. Хеле хуб аст, ки ин ҳунари бою рангини халқӣ, яъне чакандӯзӣ то имрӯз омода расидаасту имрӯз нафарони алоҳида онро меомӯзанду баҳри побарҷо мондани ин ҳунари қадима ҷаҳду талош намуда истодаанд. Ба таъкиди Гавҳарбӣ Ризоева, як бонуи тоҷик “Модарони тоҷик аз аввал барои фарзандони худашон аввал чодару болишти чакан медӯхтанд, то духтаронашон хушбахт бошанд,фарзандор бошанд ,бо як бахту тахт зиндагӣ намоянд. Хеле хуб аст, ки имрӯз дар тани ҳар як духтари тоҷик куртаҳои сирф тоҷикӣ бо нақшу нигори тоҷикӣ дида мешавад, ки он аз фарҳанги миллӣ дарак медиҳад”. Воқеан, либоси миллӣ муаррифгариӣ миллат, нишон аз фарҳангдорӣ ва яке аз рукнҳои асосии тамаддуни ҳар қавм аст. Мо ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги миллии худро ҳифз намоем, пайравӣ аз суннатҳои чандҳазорсолаи миллати худ кунем, либоси миллии худро дар кишвари худ ва берун аз он тарғиб намоем ва зебоипарастиву рушди ҳунарҳои мардумиро минбаъд низ ба дигарон талқин намоему саҳмгузор дар ин ҷода бошем. Муниса ДОДОВА, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

Пас аз пошхӯрии ИҶШС ҳар як ҷумҳурӣ ба истиқлолият мушарраф шуд ва аз ин имконияти муносиб истифода бурда баъзе аз манфиатҷӯёни зархарид бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ хостанд ин давлати навтаъсиси ҷавони моро ба гирдоби ноороми бикашанд ва то андозае чунин ҳам намуданд. Дар ҳоле ки давлати Иттиҳоди Шуравӣ бо суръати баланд ба сӯйи нобудӣ мерафт, дар охири моҳи июни соли 1990 дар ш. Астрахани ФР Конфронси муассисони ҲНИ-и умумииттифоқ баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони ин гурӯҳе, ки ваҳҳобӣ номида мешуданд, дар баробари дигар намояндагони ИҶШС фаъолона ширкат карданд ва ба сифати муовинони раиси ҳизби тоза таъсис интихоб гардиданд. Азбаски мақомоти ҶТ ба таъсиси шӯъбаи ин ҳизб дар ҷумҳурӣ иҷозат надоданд, ду нафар аз фаъолони ин гурӯҳ Д. Исмон ва С. Гадоев ба Шӯрои Олӣ муроҷиат карданд, ки ин ташкилоти сиёсиро ба расмият бишносанд, аммо парламент қарор баровард ки да ҶТ фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ дошта мамнӯъ аст. Сарфи назар аз ин ҷонибдорони ҲНИ-и умумииттифоқ дар моҳи октябри соли 1990 дар д. Чортути н. Рудакӣ нахустин маҷлиси худро дар зери ҳавои кушод доир карданд. Мақсад аз созмон додани ҲНИ барангехтани низоъи миллат ба даст овардани давлатро дар назар доштанд. Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта вақто ки ҶТ акнун ба истиқлолият расида буд, ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низоъи дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ кишвари тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ҷанги даҳшатнок ки қариб панҷ сол идома ёфт, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150-ҳазор шаҳрвандони кишвар, гуреза шудани зиёда аз 1-млн нафар ҳамватанонамон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор мазили зист мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншооти ҳаётан муҳим ва зиёда

E - MAIL: javonontj@mail.ru

Намакро хӯрданду...

аз 9-млрд долари ИМА хисорот ворид намуд. Бе фарзанду бе саробон мондани даҳҳо ҳазор нафар модарону занон ва ятим шудани даҳҳо ҳазор кӯдакон зарбаи даҳшатноку ҷуброннопазири он фоҷиаи ба сари мардуми мо омада буд Дар он айёми фоҷиабор афроди воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи мо омада қатъи ҳар чи зудтар хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ буд. Ниҳоят, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи зиёда аз панҷ сола Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар ба имзо расид. Ногуфта намонад, ки созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба осонӣ ба даст наомад, зеро то ба даст омадани сулҳ дар зиёда аз 11-мамолики гуногуни олам зиёда аз 23-вохӯрӣ доир шуд. Дар натиҷа 27-июни соли 1997 дар ш. Москваи ФР-созишномаи тақдирсози умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Зимнан бояд таъкид намоям, ки дар тӯли ҳастии худ инсоният беш аз 5,5-ҳазор маротиба дар ҳаргӯшаву канори олам ҷанг намудааст ва дар ин нооромиҳо қариб 2-ҳазор забон аз байн рафтааст ва айни замон бошад зиёда аз 150 забон дар арафаи нобудӣ қарор дорад. Нооромиҳое, ки солҳои 90уми асри гузашта ба сари миллати мо омад, нақши марказиро дар он ҲНИ мебозид. Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра махсусан дар кишварҳои шарқӣ мусалмонӣ гардидаст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир

саргардон кардааст. Сӯистифода аз дину мазҳабҳо, сиёсӣ кардани ислом ва дар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ аз байн бурдани тухми кинаву адолат, ҳамчунин нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми мамолики Ховари Миёна барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ бархурдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳуввияти миллӣ ва марзӣ дунёмадорӣ низомҳои динимазҳабӣ дар минтақаҳо ба таври маснӯи созмон меёбанд ва сохтори сиёсӣ ва двлатӣ дар мабнои сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони давлатҳои динӣ дар минтақаҳои гуногуни Шарқӣ мусалмонӣ тарҳрезӣ мешаванд. Ин тарзи кор ба унвони стратегияи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳадафи меҳварии бозиҳои геопалетикии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд ва ҷиҳати даргир сохтан ва бесубот кардани минтақаҳо амалӣ мегардад. Мусаллам аст, ки “Ихвон-улмуслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, ”Ал-Қоида”, ”Толибон”, ”Ҷабҳатун-нусра”, ”Ансоруллоҳ”, ”Ҳаракати Исломии Узбекистон”, ”Ҷундуллоҳ”, “аш-Шабоб”, “Боко Ҳарам”, “ҲНИ” ва соири созмонҳои экстремистӣ –террористии исломӣ тавлидгари асосии низомҳои динӣ- мазҳабии ифротӣ- эстремистӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонианд. Ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳу созмонҳои хатарнок мубориза мебаранд ва дар ҳар минтақаҳои пешрафта садо алайҳи ифродгароён баланд аст. Аммо хадамоти махсуси иттилоотии минтақавӣ ва хориҷӣ, мутаасифона, таври ниҳонӣ муассис, маблағгузор ва тавсеадиҳандаи чунин созмонҳо маҳсуб шуда,танҳо дар лафзу шиор алайҳи онҳо мубориза мебаранд. Мусаллам аст, ки яке аз ин гурӯҳҳо ҲНИ мебошад, ки аз 29-сентябри соли 2015 фаъолияти ӯ дар кишвар қатъ гардида, ҳизби экстремистӣ –террористӣ эълон шуд.

Ҳизби экстремистии террористии Наҳзати Исломӣ тайи мавҷудияти худ, махсусан марҳилаи сарварии Муҳиддин Кабирӣ ба лонаи махфии тероризми динӣ –мазҳабӣ табдил ёфта, тайи солҳои 2008-2015 наслҳои синну соли гуногун ба сӯйи хурофоту таасуби динӣ – мазҳабӣ кашида шуданд. Ҳол он ки дини мубини Ислом одамонро ба раҳму шафқат, меҳрубонӣ, сабр ва бурдборӣ, авф ва бахшиш, садоқат, ростӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташвиқ намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа наҳи менамояд. Доир ба ахлоқи ҳамида ва хислатҳои неки инсонӣ дар Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ омадааст «Баъд аз он, (бояд) аз касоне бошад, ки имон оваранд ва якдигарро ба шикебоӣ васият карданнд ва якдигарро ба бахшоишу меҳрубонӣ васият карданд» (сураи балад-ояти 17), ҳол он, ки ин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ фарсахҳо дур буда, асари раҳму шавқат дар онҳо вуҷуд надорад, зеро яке аз ин намояндагори гурӯҳҳои террористӣ –экстремистӣ бо номи Абусахр –модари худро ба ҳалокат расонид, ки ин амали номатлуби ғайриинсонии кулли ҷомеаи ҷаҳонро ба ларзиш овард ва аксар равшанфикрони ҷомеаро дар ҳолати ногувори фикрӣ қарор дод. Роҳбари кунунии ТТЭ ҲНИ Муҳидин Кабирӣ, ки аз айёми ҷавонӣ таҳти таъсири равияи наҳзатӣ қарор дошт, дар ибтидои солҳои 90-ум ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб фаъолият мекард, ӯ дар хориҷи кишвар таълимоти идеалогӣ равияҳои тундгарои диниро гирифта, пайрави мактаби экстремистӣ сиёсӣ гардидааст. Соли 1992 роҳбарон ва саркардагони ТТЭ ҲНИ ба самти ҷумҳурии исломии Афғонистон фирор карда, то соли 1997 дар ин кишвар фаъолияти тахрибкоронаашонро идома доданд

13

Ҳангоми дар хоки Афғонистон қарор доштан қаноти ҷангии худро бо номи “Ансоруллоҳ” ташкил намуда, ҷавонони тоҷикро дар пойгоҳҳои низомӣ машқ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ медоданд. Баъди ба имзо расидани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ саҳифаи нав дар таърихи ТТЭ ҲНИ боз гардид. Моҳи сентябри соли 1999 барои фаъолияти он дар кишвар иҷозат дода шуд ва моҳи октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар кишвар аз нав ба қайд гирифта шуд. Солҳои 1992 -2001 аз ҷониби аъзоён ва роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҷиноятҳои сангин ва террористӣ содир карда шуданд,ки ҳазорҳо нафар ҷон бохтанд иқтисодиёт фалаҷ гашт ва даҳҳо нафар фарзандони фарзонаи миллат, ходимони илмиву фарҳангӣ, шахсиятҳои маъруф ва арбобони сиёсии кишвар аз қабили Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Хушбахт Ҳайдаршоев ва дигарон бо роҳи зуроварию террор ба ҳалокат расонданд. Мақсади асосии ин кушторҳо зарба задан ба қудрати интилектуалии миллат, тарсондани аҳли зиё бедор кардани ҳисси нобоварӣ ва норозиги нисбати ҳукумат буд. Инчунин моҳи сентябри соли 2015 бо дастури Назарзода Ҳалим ва бо супориши роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ хостанд табадуллоти давлатӣ намоянд ва ноком шуда, ба хориҷи кишвар фирор намуданд. Имрӯзҳо фаъолияти ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар кишварҳои ғарбӣ худро ҷабрдидаи сиёсӣ ва намояндагони қувваҳои демократӣ муаррифӣ намуда, ба фиребу найранг аз ин кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ садҳо ҳазор долар кӯмак мегиранд, ин ҳақиқат собит месозад, ки баъзе аз кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ огоҳона ё ноогоҳона терроризм ва экстремизмро маблағгузорӣ мекунанд. Агар пеши роҳи ин ташкилоти террористӣ ва хоҷагони хориҷиаш гирифта нашавад боз бадбахтиҳои зиёдеро бар сари ҷавонони гумроҳу фиребхӯрда ва миллати тоҷик меорад. Ин ҳақиқати ҳолест, ки мо солҳои 90-ум онро аз сар гузаронидем ва медонем, ки бегонапарастӣ то куҷо мебарад ва гуруснагии ноамнӣ чист ва хиёнаткор кист? Аз ин рӯ, аз тамоми ҷавонону, сокинони кишвар ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва аз аҳли зиёи кишвар тақозо дорем, то ба доми ин авом фиребон ва хоҷагони онҳо наафтанд. Сулҳу субот, осоиштагӣ, заминаи пешравӣ ва рушди кишвар аз ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, бояд баҳри таҳкими ин талош намоем. Зер ин вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад. Шамсулло СОБИРӢ


14 Нур дар нигоҳи ӯ шикаст, пеши чашмонашро моеи сурхи гарм фаро гирифт. Оламу одамро сурхпӯш, ғарқи хун медид. Зарбҳо ба сару рӯяш меомаданд, бо азобе худро ҳимоя мекард. Ҳатто мехост ба зарбҳо ҷавоб диҳад, лек қувваташ намерасид. Дастонашро ба сараш гирифту оҳиста ба замин нишаст… Офтоб ғуруб мекард, дар шафақ лола мекошт. Не, офтоб ҳангоми ғуруб хун мегирист. Овозе ба гӯшаш ҳалқа мешавад. - Эй ноинсофҳо, о, ин ҷавон ҳеҷ кор накардааст, пеши ман барои сӯҳбат омада буд. Шумо одами давлатро ҳамин хел пешвоз мегиред, пагоҳ чӣ ҷавоб медиҳед? Ин овози гоҳе илтиҷоомезу гоҳе таҳдиддор аз гӯшаш намерафт. Ӯ худро ғунча карда ба замин нишасту фикраш ба як чиз банд буд, «Кош фиттаро наёбанд», - охир, овозгирро, бо сандуқчааш зада пора-пора карданд. Ҳатто бо қундоқи автомат задан бас набуд, ки чанд тирро ба сараш рехтанд. Шаҳбоз аз паси хуну ашкҳо чеҳраҳои онҳоро ба чашмонаш аксбардорӣ мекард. Бо он силоҳбадастҳои сархушу маст аз бангу шароб ҳоҷати гап набуд. Онҳо чун ҳайвонҳои ваҳшӣ буданд, не аз ҳайвон бадтар, бераҳмтар. - Ку, бигӯ, ту бо чӣ мақсад омадӣ, киро сабт кардӣ? Аз хомӯшию оромии Шаҳбоз боз ба ғазаб омада ба сараш бо қундоқи автомат заданд. Сараш чарх зад, пеши чашмонашро ранги сурх ба сиёҳӣ бадал кард. Бехуд шуд. Ӯро кашон-кашон болои боми дупӯши мактаб бароварданд. Ба сутуни мобайнаш дастонашро ба пушт бурда ба он бастанд. Дар гӯши ӯ танҳо овозҳо, садоҳо омада боз гум мешуданд. Мусиқии ҳазин ҳастиашро фаро гирифта буду дар гӯшаш садо медод, гӯё оҳанги дутори падараш бошад. Вале рӯҳаш бедор буд, ҳамаро медид, мешунид. Ҳатто он занҳое, ки дар сари кӯча ҷамъ омада, доду фиғон мекарданд. Барои халосии ӯ ягона яроқашон, гиряву зора, нолаашонро ҳис менамуд. - Сайрам, о Сайрам куҷо шудӣ, о, ин бечораро овардию худат куҷо рафтӣ? - гуфтани ҳамон зани солхӯрда, ҳеҷ аз гӯшаш намерафт. Охир, ӯро Сайрам, ки либоси низомӣ дар бар дошт, оварда буд. Саҳар дар назди радиои Тоҷикистон бо ӯ рӯ ба рӯ шуд. - Шумо, Шаҳбоз? - Ҳа. - Ман ба шумо кор дорам. - Марҳамат. - Барномаи “Хоки Ватан”-ро шумо менависед? - Яке аз рӯзҳояшро ман омода мекунам. - Намедонам, модарам фақат номи шуморо шунидаанду медонанд. Бо хоҳиши ӯ назди шумо омадам. - Модаратон дар куҷо? - Дар шаҳраки Лоҳутӣ…. Ӯ хост пурсад, ки ин шаҳрак дар куҷост, шарм кард, ки ту чи хел корманди радиои давлатӣ шуда, ин шаҳракро надонӣ. Хомӯш монд. - Ман бо мошин омадам, илтимос тезтар равем, ки модарам чашм ба роҳ нигарон. - Майлаш, ман аз директор иҷозат мегираму меравем. “Хоки Ватан” гуфтори хеле маъруфу машҳур ва ҳамчунин дардхӯри мардуми сарсону саргардон ва парешонафтода аз ҷангу ҷидоли бемаънӣ, бепоя гашта буд.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

НАСР Умуман дар куҷое алангаи ҷанг баланд шавад, аввало қотилону ғоратгарон ва дуздону хиёнаткоронро рӯи об мебарорад. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда ба манфиати нафси худ, ба манфиати кори худ шабохун мезананд, ба миллату Ватан фақат хиёнатро раво мебинанд. Онҳо на Ватан доранду на миллат. Худи ҷанг чунин инсонҳоро тавлид мекунад, ҷанг бераҳмиро ба дилҳои чунин ашхос ҷой менамояд. Ва боз онҳоро маҳв месозад, нест мекунад. Дар давоми кори рӯзноманигорӣ Шаҳбоз чандин бор бо чунин нокасону ноодамон вохӯрдааст, даст ба гиребон шудааст, аз чандин нафар зарбу шатта хӯрдааст. Вале дар вуҷуди ӯ тарс на-

шаванд. Халқи мо аз азал ба ҷанг нафрат дорад, халқи ҷангҷӯй нест. Биёед якдилу яктан шавем, ба ватан, ба халқ имон оварем… Чи хуб, ки ин гуфтор ҳамсадоӣ ёфт, обрӯ пайдо кард, дар дилҳо умедро ҷо намуд ва барои васл кардан, нақш бозид… - Шаҳраки Лоҳутӣ дур аст? - Не, дур нест, дар қариби сарҳади Ӯзбекистон, баъди Шаҳринав. Чӣ, шумо он ҷоро намедонед? - Шунидаам , аммо надидаам, - гӯё иқрор шуд Шаҳбоз. - Он шаҳраки зебо ва бисёр обод буд, аммо ҳоло…, - духтар хомӯш монд. Шаҳобиддини ҲАҚНАЗАР

Парвози Шаҳбоз ҳикоя

буд. Худ ба худ мегуфт: “Ватан бемор аст, бояд бо одамони солим як ҷо гирд омада, онро табобат кард, сабзу хуррам ва обод намуд…” Ӯ ба рағми ҳама ноҷуриҳо, ноадолатиҳо мебаромад, бо гуфтори “Хоки Ватан” ҳамагонро ҳушдор медод, ки Ватанро танҳо нагузоранд, аз ҷанг ҳазар кунанд, ба ҳар хел иғвоҳо дода на-

Боз ба рӯи Шаҳбоз нигаристу гуфт: - Шумо аз ҷони худ наметарсед? - Чаро? - Охир ба ҷойҳои хавфнок ва маргзо меравед, дирӯз дар қариби марзи Афғонистон гузориш медодед. - Вақти телевизионро тамошо кардан доред? - Имшабу рӯз гӯшу ҳуш ва чашми мар-

дум ба радиою телевизион аст. - Медонам, охир шумо бо ин сару либосҳо.. - Маро, ака нав ҳамчун корманди амниятӣ қабул карданд. Номам Сайрам. Шаҳраки Лоҳутӣ дар назар шаҳраки мотамзадаро мемонд. Шаҳбозро рост ба мактаб бурданд, ҳамон вақте расид, ки як духтарчаи панҷсоларо 25 – 30 зану духтар бо оҳу афғон ба сӯи манзили хомӯшон мебурданд. Аз дур чанд марди яроқбадаст гуё бепарво онҳоро назора мекарданд. Духтарча дар рӯи даст мерафт, ҳар як зан бо гиря дарди худро мегуфт, сӯзи дили худро ифшо мекард. Ҳолати рафтани онҳо Шаҳбозро ба риққат овард, дилаш сих заду сараш гирд гашт. - Ака, ба шумо чӣ шуд, - гуфтани Сайрам ӯро ба худ овард. - Ҳамту, ин лаҳзаи дардовар, диламро реш – реш кард. - Ҳоло шумо бо модарам ҳамсӯҳбат шавед, боз аз ваҳшонияти инсонҳои бераҳму бетараҳҳум огаҳ хоҳед шуд. Селаи занҳо бо нолаву лоба мерафтанд. - Духтараки рӯз надидаам, - Нури дидагонам… - Кош, очат мемурд, кош аз дасти ин қотилон халосӣ меёфтему ором зиндагӣ мекардем. - Эй худо, ин ҷанги беамон аз куҷо ба сари мо омад… Шаҳбоз бо ашк онҳоро гусел мекард. Аз паси пардаи ашк он лаҳзаеро пеши назар меовард, ки ӯ наврас буду дар паҳлӯи падари чӯпонаш дар дашту даман баробари баррачаҳо, гӯсфандон медавид. Падараш вақти шом дутор мезад, оҳангҳои классикӣ менавохт. Оҳанги дутор Шаҳбозро ба олами беғашу пурнур мебурд. Бо маҳу ахтарон ҳамнаво мекард. Гӯё ӯ дар само парвоз дошт. Махсусан ҳангоми баҳор, вақти тулгирӣ Шаҳбоз доимо бо падараш буд. Ва як рӯз раиси колхоз бо чанд нафар омада, бо падараш чизе гуфтанд. Падараш сар ҷунбонд, ки розӣ нест. Раисро ҳукмаш раво буд, бо он марди савдогар, ки номаш Ботур аст, ба кор шурӯъ карданд. Тамоми баррачаҳои навзодро дар назди гӯсфандон аз пӯст ҷудо мекарданд. Он чанд қассоби бераҳме, ки парвои замину замон надоштанд, аз кори худ завқ менамуданду бо хандаву қиву чив гӯё қассобӣ мекарданд. Шаҳбоз аз ин ҳолат ба риққат омада ҳой–ҳой гирист. Гӯсфандҳо ҳам бо дили реш овоз бароварда баррачаҳои худро ба наздашон мехонданд. Мошини ЗИЛ омаду баррачаҳои бепӯстро ба он бор карданд. Ва пӯсташонро, ки барои телпак бисёр мувофиқ ба мошини сабукрав рахт карда чинданд. Шаҳбоз аз дарду алами ба дилаш расида тоқат накарду бо асои чӯпониаш ба сари раис зад. Хун шорид. Чанд нафар Шаҳбози гирёнро хостанд дастгир карда ҷазо диҳанд, лек ӯ гурехт. Бачаи чаққону даванд, ки буд, дошта натавонистанд. Ва алами Исоро аз Мӯсо гирифта, падарашро лату кӯб карданду ба бурс бастанд. Шаҳбоз аз дур дид, ҳамаи инро. Ва вақте ки мошини ЗИЛ ба ҳаракат даромад, тамоми гӯсфандон бо як овоз “ба-а-а, баа-а”, гуфта аз ақиби мошин медавиданд. Гӯё мегуфтанд: “Эй инсонҳои аз гург бадтар, аз Заҳҳок хунхортар фарзандони моро бидиҳед, то мо аз бӯяшон сер шавем, магар мо ба ҳамин умед насли худро ба дунё оварда будем?!” (давом дорад)


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

15

НАВҚАЛАМ

Қонун водор мекунад Қувват гирифтани равияю ҳаракатҳои ифротӣ ва ҳизбу созмонҳои тундгаро, дар ҳошия бо номи терроризм ва экстремизм, зуҳуроти даҳшатовар ва даҳшатноктарин хатар дар таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳони муосир мебошад. Терроризм вабои ҷаҳонии аср буда, натанҳо шаҳрҳоро харобу нобуд месозад, ҳатто инсониятро қурбони дасисабозиҳои худ мегардонад. Дар асл, маънои аслии “экстремизм” ифротгароӣ, тундравӣ, андешаҳо ва амалҳои носолим аст. Пас ба маънои вожаи “салаф” рӯ меоварем. “Салаф” – калимаи арабӣ буда, ду тарзи навишт ва дар ду маънӣ пешкаши хонандаи закӣ карда шудааст. Дар аввал бо ҳарфи син навишта шуда, ба маънои бузургони пешин, аҷдодон, гузаштагони мо омада бошад, дар дуюм сот навишта шуда, маънои худписанд, мағрур, такаббурро дошта, бо “экстремизм”-и маргталаб ҳамрагу пайванд аст. Аз ин бар меояд, ки хоҷагони ташкилотҳои террористӣ аз бесаводии мардуми мусалмон истифода карда, “Салаф”-и гузаштагони моро бо “Салаф”-и имрӯзаи тундгаро омезиш дода, ҷавонони заифирода ва бемаърифатро ба сӯи бераҳмию ҷаҳолат мебаранд. Коршиносон сабаби сар задани ин падидаҳои номатлуб ва ба гурӯҳҳои террористию ифротгаро роҳ ёфтани бисёре аз ҷавононро дар паст будани савияи дониш, ақлу хирад ва дастрас будани шабакаҳои интернетӣ медонанд. Тибқи ҳалномаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равияи динии

“Салафия” ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ шудааст. Мутаассифона, ҷавононе ҳастанд, ки ба ваъдаҳои осмонии хоҷагоин ин гурӯҳ дода шуда, ҷони худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз рӯзи ба тасвиб расидани ҳалномаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Суди ноҳияи Фархор 16 нафар аъзоёни равияи “Салафия”, мафҳуми экстремистӣ доштаро бо ҷурми даст доштан дар ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва дар ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-ифротгароӣ гунаҳгор дониста, онҳоро ба муҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард. Стратегияи мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020 қабул шуд. Ин санади бисёр муҳим мо мардуми шарифи Тоҷикистонро ба якпорчагӣ, якдилӣ даъват намуда, тақозои онро мекунад, ки муборизаро бо терроризм ва экстремизм муташаккилона ба роҳ монем. Пеш аз ҳама дар баланд бардоштани савияи дониш, ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ тарбият ёфтани онҳо ва дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем. Хоҷамурод РАҲМОНЗОДА, раиси Суди ноҳияи Фархор

Ифротгароӣ ва хатари он Тавре маълум аст, имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки кишварҳо ва халкҳои ҷаҳон дар шароити рушдкунандаи раванди баҳамтаъсиррасонӣ карор доранд, тағйиротҳои пай дар пай ба амал омада, раванди ҷаҳонишавӣ дар тамоми мамлакатҳои дунё вусъат ёфта истодааст. Мутаассифона, имрӯз дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта, инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро ба чунин амалҳои мудҳише даст зада истодаанд, ки кирдори онҳо ба ақли солим рост намеояд. Бадбахтона, гурӯҳҳои ифротгаро дар навбати аввал насли ҷавонро фирефтаву ба доми худ мекашанд. Насли ҷавон, ки ҳанӯз таҷриба надорад, оқибати ин омилҳоро дуруст дарк накарда, ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардида, дар амалҳои террористӣэкстремистӣ иштирок мекунад. Тавре олимони соҳа иброз медоранд, терроризм ин ваҳшоният асту дин бошад масъулият аст, яъне такя бар дин намудан барои худ манфиат ҷустан,

ин хиёнат ҳам ба дину ҳам ба халқу ҳам ба давлат ва ҳам ба Худост. Дини мубини Ислом як ҷузъи муҳим ва таркибии тамаддуни ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва он дар ҳалли бисёр масъалаҳои башарӣ нақши калидӣ мебозад. Асоси таълимоти дини Исломро китоби Қуръон ташкил медиҳад ва барои мусулмонон китоби муқаддас маҳсуб мешавад. Дин мардумро дар чорчӯбаи худ нигоҳ медорад, дар акси ҳол мардум аз бехудоӣ роҳи қатли ҳамдигарӣ, дуздӣ, фаҳш ва дурӯғро пеш мегиранд. Аммо мутаассифона, имрӯзҳо дар зери ниқоби дини Ислом ҳар гуна ҳаракат ва равияҳои ифротгаро мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ менамоянд, ки агар хубтар назар афканем, ба манбаъҳои ғоявии Ислом ҳеҷ гуна наздикӣ ва алоқамандӣ надоранд. Пас, имрӯз мебояд, ки тамоми нерӯи худро барои мубориза ба ин хатари муштарак муттаҳид намоем. Имрӯз маҳз муттаҳидии ҳамаи нерӯҳо дар баробари ин падидаи номатлуб метавонад, ки гарави муваффақият ва пирӯзии мо бошад. Тарғиби ғояҳои

сулҳу субот, дӯстиву мурувват, некиву накӯкорӣ, хайру саховат, хизмати мусолиматомез ва ҳамраъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа яке аз вазифа ва масъулиятҳои умумии Ислом ва ходимони он, волидону омӯзгорон, умуман тамоми ҷомеа ба ҳисоб рафта, он зиндагии осоишта ва ваҳдати исломии мардуми мусулмонро таъмин менамояд. Халқи тоҷик таърихи қадима ва ибратомӯз дорад, пас бояд бар зиди паҳн шудани ҳар гуна ҳаракатҳои террористӣ мо бояд пайваста мубориза барем. Маҳз меҳри Ватан ҷавононро аз таъсири омилҳои гуногуни номатлуб эмин медорад, онҳоро ба ҳифзи кишвар ва бузургдошти арзишҳои миллӣ водор месозад. Имрӯз зарур аст, миёни ҷавонон тарбияи ватандӯстиро ба таври пуртаъсиру густурда ба роҳ монем. Онҳоро ба зиракию таҳаммулгароӣ даъват намоем. Холмаҳмад ХОЛОВ, омӯзгори кафедраи назария ва методикаи тарбияи ҷисмонии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов

Ифтихор аз Ватан Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо ҷавонон нерӯи асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд. Зиёда аз 70 %-и аҳолии кишварамон аз ҷавонон иборат мебошад. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар имрӯз ба рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти ҷавонон диққати махсус дода мешавад. Бинобар ин насли ҷавонро зарур аст, ки бо дарки ин масъала касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу амният ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд. Ҷавонони мо бояд аз таъриху фарҳанги куҳанбунёди кишварамон ба хубӣ огаҳ буда, барои ободонию пешрафти Ватан ҳиссагузор бошанд. Боиси таассуф аст, ки дар ҷомеаи имрӯзаи кишварамон ҳамроҳшавии ҷавонон ба мазҳабу равияҳои бегона мушоҳида мегардад. Дар баробари ин, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои давом додани таҳсил саъю кӯшиш намекунанд ва ё аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, ки ҳамаи ин ба даст задани онҳо ба амалҳои номатлуб оварда мерасонад. Бинобар ин яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза ин баланд бардоштани худшиносии миллӣ, маданияти сиёсӣ ва шуури сиёсии ҷавонон аст. Ҷавонони моро имрӯз одат шудааст, ки мехоҳанд ба кишварҳои хориҷа сафар намуда, он ҷо зиндагӣ ва кору таҳсил намоянд. Мутахассисони зиёде имрӯз аз кишвари мо дар соҳаҳои гуногуни хориҷи кишвар фаъолият мебаранд. Ва ҳол он, ки мо бояд барои пешбурди соҳаҳо дар ватани худ саъю кӯшиш намоем ва ватани биҳиштосои худро ободу зебо гардонем. Аз ҷониби Сарвари давлатамон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ҳамаи шаҳрвандони кишварамонро ба дӯст доштани Ватани биҳиштосоямон, ифтихор аз таъриху фарҳанги кишвар, манзараҳои зебову сарватҳои нодир, обҳову растаниҳои шифобахш, кӯҳҳои дилрабо, ҳифз кардани табиати нотакрори Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои наҷиби ниёгон даъват менамояд. Вақте ки Тоҷикистони моро на танҳо сокинонаш, балки меҳмонони аз кунҷу канори сайёра омадаю аз обу ҳавояш лаззат бурда, бо муҳаббат «Сарзамини биҳиштосо» меноманд, меҳри он дар вуҷудамон дучанд мегардад. Моро мебояд ки дар асоси сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат барои шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон кӯшиш намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид карда буданд: “Ҳар шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби Ватан ва соҳиби миллат мешуморад, бояд бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинонидани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад. Сангеро аз сари роҳ дур афканад, дасти афтодаеро бигирад, ҳоҷати бечораеро барорад, бо амали шоиста номи худ ва номи миллату Ватанро баланд бардорад”. Баҳри дар сатҳи зарурӣ таҷлили намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сартосари кишварамон бо иқдоми Пешвои миллат корҳои ободонӣ бо маром рафта истодааст. Дар ин асос дар қаламрави вилояти Суғд 1300 рӯзи ободонӣ эълон гардид. Инчунин шаҳрвандони деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшан, ки дар кишвари Красноярск, Находка, Владивосток, Уссурийс бо тиҷорат машғуланд, баҳри саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани деҳаи худ, ки як пораи хоки Ватан аст саҳм гузошта, бо дастгирии онҳо дар маркази деҳа толори варзишӣ, сартарошхона ва китобхонаю нонвойхона бунёд шуда истодааст. Мо ҷавононро зарур аст, ки зери сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат якҷо шуда, дар ободонии ватанамон саҳми худро гузорем. Ҷаҳонгир МАХКАМОВ, донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома

АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

√ САЙҚАЛИ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №34 (9564), 23.08.2018

√ АНДАРЗ

АНДЕША

Одамони хуб аз одамони бад заифтаранд. ******** Бовиҷдонии айбдоркунандаро аз айби мондааш баҳо диҳед. ********

********

Дар боғе себарга, бунафша, лола, наргис, савсан ва садбарг бо ҳам нишаста, баҳс доштанд. Себарга мағрурона ба дигарон муроҷиат карда гуфт: - Дар табиат беҳтарин сабза манам, ки чун махмали сабз рӯи заминро зиннат мебахшам. Мардум аз дидани ман ҳаловат мебаранд. Чаррандагон ғизои беҳтаринро соҳиб мешаванд. Ман афзали сабзаҳо ҳастам, ки беҳтар ман дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Барои ҷавонон, гулдухтарон, арӯсон пояндозам. Қолини якранги замин ҳастам. Бунафша инро шунида, бо як оҳанги мағрурона ба себарга мегӯяд: - Ман ҷавонам, зебо, хушхирому хушрафтор. Аз ғамзаи ман ҳама дар ҳайрат мемонанд, ҳеҷ кас ба ман баробар шуда наметавонад.

********

√ ЭЪЛОН

Инсонро на рутбааш, балки амалаш муҳим аст.

********

Аз ҳама беҳтаринро барои пайравӣ интихоб накардан аблаҳист.

********

Бадбахти ақли аксари одамонро тез мекунад.

********

Ҳам барои инсон ва ҳам барои давлат бадтарин беморӣ ҳамон аст, ки аз сар оғоз шавад.

********

Ғам андоза дораду тарс на.

********

Бузургтарин хурсандии инсон – маҳбуби касе будану на камтар аз он дӯст дошта тавонистан аст.

********

Фурӯтанӣ, махсусан дар ҳолате ситоишзеб аст, ки сабаби ғазаб кардан аз рӯи адолат бошад.

********

Ҷавонию миёнасолиямонро бояд ба ватан бубахшему пириямонро ба худ. Мор морро намегазад.

******** ********

Тасвири бо таъсири амали ақл ҷон бахшидану ба ҳаракат даровардани ҷисм ғайриимкон аст. Барои хидмати анҷомдода миннатдорӣ тақозо кардан амали ношоиста аст. Садоқати нохалафон чун худашон беэътимод аст.

********

Тарс ҷиддитарин ислохар аст.

Плинийи хурдӣ

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

Баҳси гулҳо Лола низ ба суҳбат ҳамроҳ ва ба таъриф кардан шуруъ намуд: - Ман рӯи зебо дорам. Ҷавонон сурхрӯиро аз ман гирифтаанд. Ҳамин аст, ки қиёфаи зебои духтарон ба ман нисбат дода мешавад. Туҳфаи беҳтарин барои мардумонам. Наргис чашмашро кушода, ба ҳамсуҳбатон назар карду гуфт: - Ман зебоям, бахусус чашмонам, мижгонам бинандаро мафтун месозад. Чашмони шаҳлои ёр шабоҳат ба чашмони зебои ман аст. Гули савсан ба сӯи онҳо теғ кашиду бо виқор гуфт: - Ман зиннатбахши кӯчаву хиёбонҳо, дашту кӯҳсоронам. Мардум аз дидани ман ҳаловат мебаранд. Бӯи хушам ҳама ҷоро муаттар мегардонад, рангорангам. Сафед, зард, кабуд

Меҳронаи ҶӮРАХОН, хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26, ноҳияи Муъминобод

Шартномаи хариду фурӯши манзил, ки таҳти феҳрасти 23Д-175, санаи 19 июни соли 1993 дар идораи нотариалии 2-юми шаҳри Душанбе ба расмият дароварда шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шаҳодатномаи ҳарбии шаҳрванд Қарахонов Хушнуд Абдусаломович, ки соли 2015, аз тарафи Қисми ҳарбии 08145 додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

ва гулобиям. Садбарг, ки ҳама суханҳои онҳоро босаброна гӯш мекард, ба ҳамагон хитоб намуда гуфт: - Шумо чи лофи беҳуда мезанед? Магар огоҳ нестед, ки тоҷи сари ошиқони пурғамза манам. Бӯи муаттар ва пуртароват дорам. Ҳама маро дӯст доранд, ошиқи мананд. Боғбон, ки ҳамаро гӯш мекард бо як оҳанги мулоим гуфт: - Гулҳои ман чаро ин қадар баҳс доред? Шумо ҳар кадом зебо ҳастед. Ин гуна худситоӣ ба шумо намезебад. Биёед ба ҳам дӯст бошем, иттифоқ шавем, ваҳдату ягона бошем. Гулҳо суханони боғбонро қабул ва якҷоя шуда, дар як муддати кӯтоҳ гулистон бунёд намуданд.

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3997 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.