Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
№34 (9408), 27 августи соли 2015
E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU
WWW.JAVONON.TJ
АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД
Ҳадафи “Висоли ҳақ” ҷанги шиаву сунист! ҲУШДОР
ҲАФТ РӮЗ 20.08.2015 Дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки олимпии шаҳри Ашхобод бо маҷмааи замонавии варзишӣ шинос шуд. 21.08.2015 Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оила дар маҳаллаи Зафари ноҳияи Шоҳмансур оид ба масъалаҳои ҳалталаби рӯз, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ, экстремистӣ, террористӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни занону духтарон ва наврасон, нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ вохӯрӣ аз рӯйи усули «Хона ба хона» баргузор гардид. 22.08.2015 Дар Боғи “Дӯстии халқҳо”-и пойтахт Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палов» ҷамъбаст гардида, олитарин ҷоиза - “Кафгири тиллоӣ” насиби Карим Ҳалимов, сарошпази ошхонаи бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа гардид. 23.08.2015 Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кишоварзии вилоят дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб иди асал ва сайри харбуза доир шуд.
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории№34 Тоҷикистон Индекси «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», (9408), 27“Амонатбонк”. АВГУСТИ СОЛИ 2015обуна 68857.
24.08.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Петр Порошенко дар робита ба ҷашни миллии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд. 25.08.2015 Баъди бештар аз як моҳ роҳи мошингарди ХоруғМурғоб-Кулма дар деҳаи Барсем, ки дар натиҷаи офати табиӣ аз кор монда буд, дубора боз шуд. 26.08.2015 Дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дар доираи даври чорякфинали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 дастаи “Истиқлол” бо тими “Паҳанг”-и Малайзия вохӯрд.
1
ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТ
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
“Авангард” - муқобили ДИИШ Ҳафтаи сипаришуда дар Вазорати корҳои дохилӣ мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) бо ҷавонони фаъоли мамлакат доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа, бахусус, бо ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, тақлид ба фарҳанги бегона, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ аз ҳисоби ҷавонон ташкил намудани гурӯҳи “Авангард” (пешоҳанг) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ ислоҳоти механизми фаъолияти мақомоти милитсия ҷараён дорад ва яке аз мақсадҳои асосии ин раванд таҳким бахшидани робитаи доимӣ бо ҷомеа мебошад. Ба андешаи вазир, ҳадаф аз ташкили гурӯҳҳои пешоҳанг ё авангард аз ҳисоби ҷавонону донишҷӯён дар байни аҳолӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ бурдани тарғибу ташвиқот дар бораи эҳтиром гузоштан ба рукнҳои давлатдорӣ, хусусиятҳои хоси мазҳаби Имоми Аъзам, пешгирии ақидаҳои ифротӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад. Ҳозирин вобаста ба хатарҳои ҷаҳони муосир, алалхусус гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ иброз намуданд, ки терроризму эстремизм хусусияти маҳалливу минтақавӣ надошта, имрӯз ба мушкилоти глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҷавонон чун нерӯи бузургу ояндасоз метавонанд, ки дар мубориза бо ин зуҳурот пешниҳоду иқдомҳои самарабахш намоянд. Дар идома, Аламшозода Абдураҳмон, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, қайд намуд, ки ҷавонон бояд ҳар дақиқаи умри худро ғанимат дониста, пайваста савияи донишу малакаи худро бо роҳи илму касбомӯзӣ тақвият диҳанд. Дар ободии сарзамини куҳанбунёдамон саҳм гузоранд. А. Аламшоҳзода хатар ва доман паҳн кардани гурӯҳҳои терористӣ ва экстремистиро вабои аср номид. Ба гуфтаи ў, барои он ки манфиатдорон давлатро несту нобуд кунанд, аввал рукнҳои онро заиф мегардонанд. Яъне, миёни мусалмонон иғво барангехта, эшонро ба суннию шиа тақсим мекунанд: “Шариат риштаи нозук ва ҳассоси тамоми мусалмонон аст, аз ин рӯ онҳо ба ин ришта нохун мезананд ва ҷавонон зуд фирефта шуда, ба роҳе мераванд, ки худ огоҳ нестанд. Мутаассифона, дар ҷомеаи кунунӣ қисме аз ҷавонону наврасон аслу насаби худро надониста, кӯр-кӯрона ба фарҳангу маданияти Ғарб ва қисме ба давлатҳои араб пайравӣ мекунанд, ки ин бешак ба ҷомеаи мо таъсир мегузорад. Мо, ки тоҷикем, чаро ба либосҳои миллӣ ва шаклу зоҳири тоҷиконаамон аҳамият намедиҳем? Шояд баъзе аз ҷавонону наврасон аз рӯи гумроҳӣ ба ин роҳ
рафта бошанд, лек баъзеашон аллакай ин корҳоро ба воситаи хоҷагони хориҷиашон амалӣ мекунанд, ки дар натиҷа миёни ҷомеа ихтилоф ба миён меоваранд”. Ба гуфтаи масъулин, агар мо имрӯз ба кирдори чунин ҷавонон аҳамият надиҳем ва ба фарҳангу маданияти Ғарб пайравӣ кунем, баъд аз чанд сол ба чӣ ҳол гирифтор мегардем, Худо медонад. “Чаро мардуми Аврупо ва араб либоси миллии моро ба бар намекунанд, агар бо нархи арзонтарин ҳам бошад. Чунки онҳо ҳувияти миллии баланд доранд ва муарифгари миллату давлати хешанд. Мо, ки таърихи куҳан дорем, чаро ватану маданияти волои худро муаррифӣ карда наметавонем? Аз замонҳои қадим аҷдодони мо либосу куртаи миллиро ба бар мекарданд, ки на хилофи шариати ислом буд ва на хилофи давлат”, - афзуд муовини аввали вазир. Масъулин бори дигар ҷавононро ба донистани асли хеш ва пайравӣ ба суннату арзишҳои миллӣ даъват намуданд. Таъкид шуд, ки танҳо дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ метавон бар зидди ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мубориза бурд. Тавре зикр шуд, айни ҳол аз Тоҷикистон 40 нафар зан дар сафи ҷангиёни ДИИШ-анд. Ба гуфтаи муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон “абарқудратоне, ки ба давлатҳои Хо-
вари Миёна чашм ало карда буданд, аллакай ба ҳадафҳои худ расиданд. Акнун онҳо ба кишварҳое чашм ало мекунанд, ки дар он ҷо сулҳу субот ва амният таъмин аст. Аз ҷумла, кишвари мо. Ин давлатҳо мехоҳанд, ки ба равони ҷавонону наврасон нохун зананду идеологияи худро дар сари онҳо ҷой кунанд. Барои ин ҳар яки моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем”. Мансур Бухоризода, мушовири калони вазири корҳои дохилӣ, изҳор дошт, ки мақомот бо тамоми қишрҳои аҳолӣ дар робитаи қавӣ қарор дорад. Хусусан, иқдоми ҷалби ҷавонон ба ҳамкорӣ ва ташкил намудани сафару вохӯриҳо, баргузор намудани конфронсу чорабиниҳо бо иштироки онҳо аз манфиат холӣ нест. Дар охир, аз ҷониби донишҷӯёну ҷавонон таклифу пешниҳодҳои муфид дар самти пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба гурӯҳи ДИИШ ва тарғиби фарҳанги миллӣ ироа гардид. Салимзода Бахтовар, донишҷӯи курси дуюми ДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҳувияти миллӣ ва фарҳанги баланди ҷавонон ёдовар гардида, иброз дошт, ки бо касони ба ин гуна амалҳои гумроҳона дастдастзананда суҳбат карда, таъсир ва омилҳои манфии кирдорашонро мефаҳмонанд. Бахтовар АМИНЗОДА, хабарнигори ҷамъиятии “ҶТ”
ТУРИЗМ
Нахустин Конфронси байналмилалии туристӣ дар Тоҷикистон 29-30 августи соли равон дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати мамлакат нахустин Конфронси байналмилалии туристӣ дар мавзӯи “Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” ва Фестивали сайёҳию фарҳангии “Мероси Роҳи Абрешим” доир мегардад. Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар чорабинии мазкур доираи васеи коршиносони байналмилалӣ, мутахассисони соҳа, вазирони соҳаи туризми давлатҳои хориҷа, ташкилотҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат меварзанд.
2
Кӯлоб: мулоқоти дар ба дар бо аҳолӣ Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо доираи васеи занони фаъоли шаҳр мулоқот карданд. Масъулини кумитаҳо зимни суҳбат нақши занону модаронро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки таълиму тарбияи фарзанд, солим ва дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ба воя расонидани насли наврас ва ҷавонон ба занони фаъол вобастагии калон дорад. Дар ин робита онҳо аз модарон даъват ба амал оварданд, ки дар тарбияи фарзандон бетаваҷҷуҳ набошанд ва барои пешгирии онҳо аз гаравидан ба гурӯҳҳои тундрав тадбирҳои зарурӣ андешанд. Таъкид гардид, ки барои ҳалли мушкилоти дар ҷомеа пайдогардида бояд тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ талош варзанд. Инчунин, дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ суҳбати гирди миз дар мавзӯи “Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон” доир гардид. Дар он масъалаи баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон дар бунёди оилаи солим ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зимни суханронӣ таъкид дошт, ки таҳдидҳо метавонанд ба ҳаёти ҷавонон таъсири амиқ дошта бошанд. А. Абдуллозода яке аз таҳдидҳоро сатҳи пасти дониш арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки барои зиндагии арзанда ҳар як ҷавон бояд донишҳои муосиру замонавиро аз худ карда, саводу ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд. Махфират Хидирзода дар баромади хеш изҳор дошт, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ҳамеша аз нерӯи ҷавонон истифода мекунанд. Номбурда таъкид намуд, ки ҷавонон рисолати давлатсозиву давлатдориро бар дӯш доранд. Сулаймон Давлатзода бошад, бештар ба масъалаи ҳувияти миллӣ ва дар замони муосир нигоҳ доштани он суханронӣ намуда, ҷавононро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват намуд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва аъзои фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо доираи васеи сокинон, аз ҷумла, ҷавонон, занон, пирони рӯзгордида ва фаъолони шаҳри Кӯлоб силсилаи мулоқот дар кӯчаву маҳаллаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо доир намуданд. Мақсад аз баргузории мулоқот боз ҳам огоҳ намудани сокинон аз омилҳои номатлуби дар ҷомеа пайдогардида, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва оиладорӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ буд. Намояндагон вобаста ба банақшагирии оиладорӣ, баланд бардоштани маърифатӣ оиладорӣ, пешгирӣ аз вайроншавии оилаҳои ҷавон, мақом ва аҳамияти оила аз нуқтаи назари ислом ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, нигоҳдошти сирри оила ва расидан ба арзишҳои хонаводагӣ, хушунат ва зуроварӣ дар оила ва оқибатҳои нангини он, фарҳанги либоспӯшӣ ва расидан ба арзишҳои миллӣ, омилҳои номатлуб дар ҷомеа, пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ҳадафҳои пасипардагии онҳо, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хурофотпарастӣ ва оқибатҳои он, раванди ҷаҳонишавӣ ва тақдири давлатҳои миллӣ, одоби сухан ва рафтори ҷавонон дар ҷоме ва арҷ гузоштан ва пос доштани муқаддасоти миллӣ маърӯза намуданд. Ҳамзамон, дар мулоқот намояндагони ҷавон аз дастгирию ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбат ба қишри фаъоли ҷомеа - ҷавонон ёд оварда, таъкид намуданд, ки тамоми тадбирҳои андешида баҳри насли ояндасоз ба камол расидани ҷавонон рӯи даст гирифта шудаанд. Дар навбати худ сокинон доир ба мавзуъҳои мавриди назар изҳори ақида намуда, пешниҳодҳои ҷолибро вобаста ба пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва коҳиш додани вайроншавии оилаҳои ҷавон ироа намуданд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
НАБЗИ ҶАҲОН Яке аз омилҳои асосие, ки боиси ба гурӯҳҳои террористиву ҳаракатҳои тундгаро пайвастани ҷавонон гаштааст, маблағ мебошад. Ба ҷавонон хоҳ аз тариқи шабакаҳои интернетӣ бошад, хоҳ тавассути суҳбатҳои рӯ ба рӯ барои ширкаташон дар “ҷиҳод” маблағи калон ваъда медиҳанд. Ҳатто агар қисмеро ваъда диҳанд, ба қисми дигар барои мутмаин шуданашон ҳанӯз ба “ҷиҳод” нарафта пешпардохт мекунанд. Ё пул мефиристанд, то ки нафари муштоқи “ҷиҳод” барои рафтан чиптаи ҳавопаймо харида тавонад. Як сар задан ба шабакаи интернет кофист, ки дар ин бора даҳҳо мисол пайдо кунем. Бо ин роҳ, яъне додани маблағ ҳам русро ҷалб кардаанд, ҳам қазоқу қирғизрову ҳам тоҷику узбекро. Чунки доштани маблағи зиёдро ҳар кас орзу мекунад. Вале дар ҷавонон ин орзу ва ҳавас бештар аст. Чун талабу хоҳишҳо дар ҷавонӣ бесарҳад аст. Ин нозукӣ ё заъфро, ки “масъулини бахши кадр”-и ДИИШ хеле хуб медонанд, самаранок истифода мебаранд... Вале аҷиб аст, ки гурӯҳи террористӣ ин миқдор маблағро аз куҷо меёбад, ки барои пур кардани сафҳояш ва афзун гардондани теъдоди ҳаводоронаш фаровон истифода мекунад? Ба ибораи дигар оби ин осиё аз куҷо меояд? Маълум аст, ки яке аз роҳҳои асосии даромади ДИИШ аз фурӯши нефт аст. Чун маконҳое, ки дар Сурияву Ироқ ба ихтиёри ДИИШ гузаштаанд, дорои захираҳои бузурги нефт мебошанд. Вале даромади гурӯҳи террористии ДИИШ танҳо ба нефт маҳдуд нест, балки дигар роҳҳо низ мавҷуданд, ки ҷайби ин гурӯҳи террористиро пур мекунанд. Чунончи, тибқи маълумоти марказҳои гуногуни таҳлилӣ-иқтисодии байналмилалӣ сарчашмаҳои аслии даромади ДИИШ чунин будаанд: - Фаъолияти ташкилотҳое, ки расман ё қонунӣ дар қаламрави таҳти идораи ДИИШ амал мекунанд (инҳо маъмулан ширкатҳои тиҷоратианд, ки аз ҷониби доираҳои ҷиноятӣ назорат мешаванд); - Фаъолияти муштарак бо доираҳои дигари ҷиноятӣ (дар масъалаи ғасбу савдои ёдгориҳои қадима дар бозори сиёҳ ва ё одамрабоӣ); - Амалиёти ғайриқонунӣ ва назоратнашавандаи соҳаи молия (аз ҷумла амалиёти бонкӣ); - Фаъолияти ташкилотҳои “хайриявӣ” ва “башардӯстона”; - Кӯмаки сарпарастонаи сохторҳои давлатии кишварҳои алоҳида; - Моликияти шахсии баъзе аъзои гурӯҳи террористӣ... Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун феълан ДИИШ сармояи баробар ба 2 триллион долларро дар ҳудудҳои тасарруфкардааш контрол мекунад, ки гардиши солонааш ба 2,9 миллиард доллар мерасад. Барои барқарор сохтани назорати дастгоҳӣ ва шаҳрвандӣ дар ҳудуди ишғолкардааш ДИИШ барои фаъолияти гуногуни тиҷоратӣ андоз ҷорӣ кардааст. Танҳо дар Мосули Ироқ ба фоидаи ДИИШ 8 миллион доллар андоз ҷамъ мешавад. Чунончи: - андоз барои тамоми молҳои фурӯхтамешуда; - андоз барои ҳама ширкатҳои
телекоммуникатсионӣ; - андоз барои амнияти муассисаҳои бонкӣ; - андоз барои аз суратҳисоб гирифтани пули нақд; - андози панҷфоиза барои таъмини иҷтимоӣ ва дигар ҳадафҳои ҷамъиятӣ (ин намуди андоз аз маоши ҳар нафар ситонда мешавад); - андози роҳ (ба миқдори 200 доллар) дар Ироқи Шимолӣ; - боҷи гумрукӣ (ба миқдори 800 доллар) барои ҳар як мошини боркаш, ки аз дидбонгоҳи назоратии миёни Ироқу Урдун ва Сурия мегузарад; - андоз барои ғорати ёдгориҳои археологӣ (20 дарсад дар Ҳалаб, 50 дарсад дар Раққа); - андоз барои ҳимояи ҷамъиятҳои ғайримусулмон.
ҳудудҳои таҳти идораи ДИИШ-будаи Сурия бонкҳои зиёд ё ғорат шудаанд ё ба ихтиёри ДИИШ гузаштаанд. Чунончи, дар шаҳри Раққа ДИИШ “Бонки мардумии қарзӣ”-ро барои ҷамъоварии андоз барои бехатарӣ истифода бурда, аз ҳар муштарии бонк 20 доллар меситонад... Яъне, ҳама роҳу воситаҳо барои рӯёнидани андоз аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳое, ки дар қаламрави таҳти назорати ДИИШ фаъолият мекунанд, истифода мешавад. Вале мехоҳем атрофи он ҳарф занем, ки чӣ гуна гурӯҳи террористии ДИИШ аз коркарду қочоқи нефт соҳиби миллионҳо доллар мешавад? Дар сурате, ки зоҳиран тамоми ҷомеаи ҷаҳон ба ин “саратон” мубориза мебаранд, нефтро аз ДИИШ кӣ мехарад? Тавре ишора рафт, ҳоло ДИИШ 7 кони
ри гурӯҳи террористии ДИИШ аст. Ҳарчанд ин шаҳр захираи нефт надорад, аммо барои ихроҷу қочоқи нефти истеҳсолкардаи ДИИШ хизмат мекунад. Чун ин шаҳр бо Туркия ҳамсарҳад аст ва тавассуташ нефти ДИИШ ба осонӣ ба дасти трейдерҳои туркии нефт мерасад. Нархи як барел нефтро ДИИШ бо арзиши 30-60 доллар муқаррар кардааст. Дар ҳоле ки нархи тиллои сиёҳ дар бозори ҷаҳонӣ 85-90 доллар арзиш дорад. Бешубҳа, ин равиш ба нархи нефт дар бозори ҷаҳонӣ бетаъсир намондааст. Гузашта аз ин, вақте нефт аз ду то чор маротиба арзонтар аз нархи аслиаш ба фурӯш гузошта мешавад, харидор ёфтан мушкил нест. Ба ҳар роҳе он додугирифт мешавад ва назораташ ҳам хеле душвор аст. Таҳлилгарон мегӯянд, тиҷорати нефт яке
Оби ин осиё аз куҷост? Молиёти ДИИШ мавҷудияти онро то дер таъмин хоҳад кард...
Гузашта аз ин, ДИИШ дар ҳудудҳои Сурияву Ироқ, ки зери назораташ қарор доранд, бо роҳи тамаъҷӯӣ ва ҷорӣ кардани андозҳои дигар тақрибан 360 миллион доллар ҷамъ меоварад. Моҳи июни соли 2014 ҷангиёни гурӯҳи террористии ДИИШ зимни ишғоли дуюмин шаҳри калонтарини Ироқ - Мосул муассисаҳои хусусии молиявӣ ва Бонки марказии Ироқро ғорат карданд. Тибқи баёнияи губернатори вилояти Ниневӣ террористон 425 миллион доллари амрикоиро аз шуъбаи дар Мосулбудаи Бонки марказии Ироқ рабудаанд. Дар
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ихроҷи нефтро дар шаҳрҳои Дайруззор ва Раққаи Сурия, ки истеҳсоли шабонарӯзии онҳо 60 барелл нефт аст, назорат мекунад. Гурӯҳи террористӣ, ҳамчунин ду коргоҳи коркарди нефтро дар Сурия ва як корхонаро дар Ироқ ва чанд истгоҳи насосиро дар ҳар ду кишвар контрол мекунад. Яке аз муҳимтарин иншоот барои ДИИШ дар ҳудуди Ироқ заводи коркарди нефт дар шаҳри Байҷӣ мебошад, ки тавассути он сеяки нафти Ироқ мегузарад. (30 июн артиши Ироқ ин иншоотро дубора аз дасти ДИИШ озод кард)... Шаҳри Кубонии Сурия низ дар ихтиё-
аз омилҳои асосиест, ки иқтидори ДИИШ-ро нигоҳ медорад. Сарфи назар аз он ки харидории нефт аз ҷангиён роҳи мустақими маблағгузории терроризм аст, харидорон мафтуни арзон будани нархи он шудаанд. Чунки нефти аз ДИИШ харидаро метавонанд дубора бо нархи гаронтар ба фурӯш гузоранд. Ҷонишини вазири молияи ИМА Дэвид Коен, аз кишварҳои Туркия, Ироқ ва Сурияву Урдун ҳамчун харидорони нефти ДИИШ ном бурдааст. Ӯ гуфтааст, кишварҳои мазкур ба маблағи 1 миллион доллар аз гурӯҳи террористӣ нефт харидаанд. Ба гуфтаи Дэвид Коен, нефт аз ДИИШ аввал ба курдҳои Ироқ пасон аз курдҳои Ироқ ба Туркия фурӯхта мешавад. Зимнан, расонаҳои маъруфи ҷаҳон соли гузашта ва моҳи майи ҳамин сол навиштанд, ки нефте, ки Туркия аз гурӯҳи террористии ДИИШ мехарад, ба Исроил мефурӯшад. Ин иддаои хеле ҷиддист ва нуктаи муҳим аст. Чунки аз Исроил ҳамчун яке аз муассисони ДИИШ ном бурда мешавад... Оҷонсии “Форс”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон даст доштани ҳукумати Туркияро дар харидуфурӯши нефти ДИИШ таъкид карда навиштааст: “Раҷаб Эрдуғон ҳамеша чунин вонамуд мекунад, ки аз тақдири ба сари Ироқу Сурия омада дар ташвиш асту ашкҳои шашқатор мерезад, аммо аз он ба лаб муҳри хомӯшӣ задааст, ки писараш Билол Эрдуғон дар тиҷорати марбут ба маводи сӯхти ДИИШ ҳиссагузор аст. Билол Эрдуғон соҳиби чандин ширкати маводи сӯхт аст ва дар фурӯхтану соҳиби маблағ шудани нафти дуздии Сурия ва Ироқ дар чандин кишварҳои аврупоиву осиёӣ гумонбар мебошад”. Евгений Сатановский, президенти институти Ховари Миёнаи Федератсияи Русия дар суҳбат ба рӯзномаи “АиФ” гуфтааст, “нефти ДИИШ-ро аввал Туркия, пасон Урдун мехаранд, баъд аз ин дигар кишварҳо. Нефт аслан тавассут курдҳои Ироқ ва миёнаравҳои турку урдунӣ доду гирифт мешавад. Вале инро маълум кардан мушкил аст, чунки мошинҳои нефткашӣ аслан бо тамғаи “Нефт аз ДИИШ” намегарданд, балки дар мошинҳое, ки нефти ширкатҳои қонунии нефтфурӯширо интиқол медиҳанд, як миқдор аз нефти қочоқ ва ё дуздии ДИИШ ҳамроҳ карда шуда, дар гумрук он нефти ҳамон ширкати қонунӣ муаррифӣ мешавад...” Яъне, он маблағи ҳангуфте, ки барои мағзшӯии ҷавонони тамоми гӯшаҳои дунё масраф мегардад, аз ҳамин роҳ ба даст меояд. Аз роҳи дуздӣ, ғорат, қочоқу тамаъҷӯӣ... То даме ки ин гурӯҳи террористӣ ба захираҳои тиллои сиёҳ дар Ироқу Сурия даст дорад, ва кишварҳои алоҳидае онро харидорӣ мекунанд, мавҷудияти ДИИШ амалан идома меёбад. Мутаасифона. Б. УСМОНОВ, “ҶТ”
3
АНДЕША Бо фарқ аз дигар манотиқи кишвар аҳолии ноҳияи Ҷиргатол қариб ним сол имкони дар саҳро ба кишту кор машғул шуданро надоранд. Сабаб – иқлими хоси ноҳия. Ба ғайр аз ҷавонони мактабхон ва донишҷӯён як қисми ҷавонон бояд ба варзиш ва омӯзиш ҷалб шаванд. Аз ин рӯ, ба андешаи мардуми ин ноҳия, ҷиҳати тарбияи ҷисмонию касбӣ барои ҷавонони Ҷиргатол беҳтар аст тасмимҳои дигаре гирифта шаванд. Инак, аз ин нерӯи бузург чӣ тавр бояд истифода бурд? Машғулияти ҷавонони ин ноҳия кадом аст? Барои посух ёфтан ба ин саволҳо роҳи ноҳияи Ҷиргатолро пеш гирифтем. Машғулияти асосии насли ҷавон ва умуман мардуми ин ноҳияи баландкӯҳ дар зимистон вақтгузаронӣ дар чойхонаҳо (ин чойхонаҳо ҷамъиятӣ ҳастанд ва бештар аз 16 соат кор мекунанд), чойгаштак ва мисли инҳост. Ин ҳамаро сокинон аз бекорӣ “кашф” кардаанд. Ҷалби ҷавонон ба варзиш аз роҳҳои беҳтарини раҳоӣ аз бекорист. Ба андешаи Муҳиддин Партоев, устоди фанни тарбияи ҷисмонӣ, дар шаш моҳе, ки ҷавонон фориғ аз кори саҳро ҳастанд, метавонанд ба таври зарурӣ бадани худро обутоб диҳанд, агар шароит фароҳам биёяд. Дар ин сурат варзишгарони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ҳам тайёр намудан мумкин. Хушбахтона, дар Ҷиргатол 49 майдончаи варзишӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, варзишгоҳи марказӣ, як фитнес-кулуб, 10 толори варзишӣ, як мактаби варзишии кӯдакону наврасон амал мекунанд, ки дар он аз рӯи 9 намуди варзиш 384 нафар кӯдакон ва наврасон дар 39 гурӯҳ ба варзиш машғуланд. Аз 10 ҷамоати ҳудуди ноҳия дар шаштои он майдончаҳои варзишӣ фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи Усмоналӣ Сафаров, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия қариб ҳамаи онҳо дар солҳои истиқлолият сохта шудаанд ё тармиму навсозӣ гардиданд: “Албатта, ин шумора ба талаботи
имрӯзаи ҷавонон ҷавобгӯ нест. Аммо бо вуҷуди ин камбудиҳо, кӯшиш мекунем, ки ҷавононро бештар ба варзиш ҷалб намоем, то вақти холии худро беҳуда нагузаронанд”, - мегӯяд У. Сафаров. Бояд гуфт, ки майдонҳои варзишӣ барои бозиҳои футболу валейбол қариб дар ҳар деҳа мавҷуд аст. Сокинон мегӯянд, ки дар зимистон ҳам бо роҳи ҳамворсозӣ онҳоро истифода мекунанд. Вале агар толорҳои фитнес ақалан дар ҳар ҷамоат як бошад, онҳо дар баробари машғулият бо футболу валейбол
аз ин, дар фасли сармо як қисми аҳолӣ худ ба Ватан бармегарданд. Дар маҷмӯъ дар ин фасл метавон курсҳои касбомӯзии мутобиқ ба фаслро ташкил кард. Мудири Шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ҷиргатол Маҳмадшариф Раҳматуллоев зимни суҳбат иброз дошт, ки бояд мувофиқи нақша дар соли ҷорӣ 3500 ҷойи корӣ ташкил кунанд: “Дар шаш моҳ 2190 ҷойи корӣ ташкил карда, ҷавононро ба кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин намудем. Бисёри онҳо ҷавонони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, ё аз Русия хориҷшуда
шуданд. Ноҳия маркази касбомӯзӣ надошта, филиал ё намояндагии касбомӯзии ноҳияи Тоҷикобод фаъолият мекунад. Бо ҳамин сабаб, ҳамаи касбҳо омӯзонда намешаванд. Бо вуҷуди ин, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 120 нафар, аз ҷумла ба 60 нафар зан ва духтарон касби дӯзандагӣ ва чеварӣ, ба 60 нафар ҷавон касби кафшергарӣ ва устои барқ омӯзонда шуд. Инчунин, ба 127 нафар муҳоҷири меҳнатӣ, ки солҳои зиёд дар хориҷи кишвар ҳунару малакаҳои гуногунро аз худ карда буданд, шаҳодатномаҳои тахассусӣ, аз
мо тарзу усули картошкапарварӣ дар доираи курс ва ё семинарҳо роҳандозӣ шавад, беҳтар аст. Дар ноҳия аз ҳисоби картошкаҳои майда, ки ҳар сол чандин тоннаи он талаф меёбад, ташкили корхонаи коркарди крахмал ва барои консерва кунонидани зардолую себи аз нигоҳи экологӣ тоза корхонаи хурди консервабарорӣ ҳам аз манфиат холӣ нест. Фароҳам овардани шароити забономӯзӣ ва баланд бардоштани фарҳанги техникӣ аз самтҳои асосии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон аст. Пӯшида нест, ки
Ҷиргатол: Барои ҷавонон машғулияти иловагӣ лозим Ё дар шаш моҳи бекорӣ ҷавонон бо чӣ машғул шаванд?
ба дигар намудҳои варзиш машғул шаванд, беҳтар мебуд. Ба гуфтаи масъулин чандин соҳибкор барои сохтани чунин толорҳо муроҷиат намудаанд ва дар назар аст, ки солҳои наздик чанд толори дигар сохта шавад. Бо мушкил гардидани шароити муҳоҷирати меҳнатӣ роҳандозии курсҳои омӯзишӣ аз роҳҳои дигари фарогирии ҷавонон ва сокинон аст. Бар замми душвор шудани қоидаҳои муҳоҷират ба Федератсияи Русия хориҷ кардани муҳоҷирон аз қаламрави он ҳам авҷ гирифтааст. Гузашта
мебошанд. Ба ғайр аз ин, дар доираи нақшаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ мо нисбат ба касоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, айни ҳол бекоранд, дар як мудати кӯтоҳ кори ҷамъиятӣ ташкил намуда, 45 нафарро давоми як моҳ бо корҳои ҷамъиятӣ таъмин намудем. Инчунин, аз тарафи Шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 125 сомонӣ ва аз тарафи корхонае, ки мо шартнома бастаем, 130-140 сомонӣ пардохт кардем. Ба ғайр аз ин, боз 247 нафар дар доираи ҳамин ташкилоту муасисаҳои ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин
ҷумла кафшергарӣ, дуредгарӣ, устои барқ дода шуд”. Воқеан, касбҳои номбаршуда дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд. Вале тамоми ин кӯшишҳо ройгон ба роҳ монда шудаанд, ки вобаста ба шумораи аҳолӣ нокифояанд. Хуб мешуд, агар чунин курсҳо бо ташаббуси шахсони ҳуқуқӣ (агарчӣ пулакӣ ҳам бошад) зиёд мешуданд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳавасмандон хеле зиёданд, махсусан дар зимистон фурсати қулай аст. Чун Ҷиргатол макони фаровони картошка ва меваҷот аст. Ба андешаи
яке аз омилҳои дар муҳоҷират ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудан надонистани забон аст. Ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ҷавонон дар зимистон ба курсҳои забономӯзӣ ва технология ба мақсад мувофиқ аст. Албатта, чунин корҳо анҷом ёфтаанд, вале агар ба таври васеъ ҷорӣ шаванд, беҳтар аст, зеро талабот ба онҳо хеле зиёд мебошад. Дар ин маврид сардори Шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ҷиргатол Маҳмадшариф Раҳматуллоев мегӯяд, курсҳои ташкилкардаи онҳо хоҳишмандони зиёд пайдо накард. Вале ба фикри мо бо роҳҳои фаҳмондадиҳии дуруст метавон ба ҳадаф расид. Дар замони авҷи бозорӣ курсҳои касбомӯзию забономӯзӣ ба тиҷорат табдил ёфтааст, бигзор Шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Шуъбаи маориф соҳибкоронро барои ташкили чунин курсҳо ҷалб созанд. Ба иттилои мо донандагони забонҳои русию англисӣ ва мутахассисони технологияи компютерӣ дар ноҳия кам нест. Мо бовар дорем, аз ин роҳ ҳам ба буҷаи давлат андоз ворид мешавад, ҳам соҳибкор фоида мебинад ва ҳам ҷавонони хоҳишманд дониши худро сайқал дода, вақти худро талаф намедиҳанд. Насрулло ПАРТОЕВ, коромӯзи “ҶТ”
ВАО
Баҳси ҳимояи фазои иттилоотӣ дар Хоруғ Масоили рушди соҳаи телевизион ва радио баъд аз гузариш ба пахши рақамӣ ва ҳимояи фазои иттилоотии кишвар дар мизи мудавваре, ки дар шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахши вилоятии ҶСК «Телерадиоком», воситахои ахбори оммаи электрониву чопии вилоят доир гардид, баррасӣ шуданд. Мудири бахши иттилоотӣ- таҳлилии дастгоҳи раиси рақамӣ қобили дастрасӣ мебошанд. ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар ибтидо аз зарурати гузаСипас, раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва риш ба пахши рақамї ёдовар гардида, таъкид дошт, ки ин паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ Зираванд бояд барои пурра намудани фазои иттилоотии киш- натулло Исмоилов оид ба проблемаву мушкилоти вобаста ба вар мусоидат кунад. Сармуҳандиси ҶСК «Телерадиоком» гузариш ба пахши рақамӣ иттилоъ дода, зарфият ва нақши дар вилоят Алимурод Шомансуров изҳор дошт, ки айни за- шабакаҳои мустақили телевизиониро дар пурра намудани мон дар шаҳри Хоруғ чор шабакаи умумимиллии давлатӣ ва фазои иттилоотии кишвар бозгӯй намуд. як шабакаи вилоятии телевизионӣ дар мултиплекси фаъоли Зимни саволу ҷавоб иштирокдорони мизи мудаввар ма-
4
соили вобаста ба рушди ҳамкориҳои мақомоти давлативу ҷамъиятӣ оид ба боло бурдани маърифати аҳолӣ дар мавриди гузариш ба формати нави пахши барномаҳои телевизионӣ, пурзӯр намудани маъракаи иттилоотӣ дар ВАО-и электронӣ ва чопии вилоят, таҳияи силсилаи барномаҳои радио ва телевизионӣ дар ин мавзӯъ ва роҳҳои дарёфти кӯмак ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ бобати дастрас намудани мавҷқабулкунакҳои рақамиро баррасӣ намуда, тавсияҳои худро ба мақомоти дахлдор пешниҳод карданд. Тавре Зинатулло Исмоилов, раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ изҳор дошт, чунин чорабиниҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа низ доир гардида, маҷмӯи тавсияҳои иштирокдорон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад шуд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ШАҲРДОРӢ
Бино ба гузориши СММ дар саросари ҷаҳон беш аз 100 миллион нафар аз манзили зист маҳруманд. Вале то куҷо дар кишвари мо сокинон бо манзили зист таъминанд ва оё аҳолии миёнаҳол барои харидории хонаҳои навсохти замонавӣ имконият доранд? Ба ҳамагон маълум аст, ки не. Яке аз сабабҳои асосии дастрасӣ надоштан ба хонаҳои навсохт нархи гарони манзилҳо мебошад. Имрӯз дар ҳақиқат то андозае паст шудани нарх дар бозори фурӯши хонаҳо дар шаҳри Душанбе ба назар мерасад. Вале аксари сокинони миёнаҳоли Тоҷикистон боз ҳам фурсатеро мунтазиранд, ки нархи манзилҳои навбунёд дар пойтахти кишвар поён рафтаву харидориаш барои онҳо имконпазир мегардад. Баъд аз бӯҳрони молиявӣ дар Русия ва вазнин шудани низоми муҳоҷират, ҳамчунин, паст рафтани қурби рулби русӣ воридшавии пули муҳоҷирон ба Ватан коҳиш ёфтаву бозори як вақтҳо хеле гарму пурдаромади сохтмон дар кишвар суст шудааст, ки ин талабот ба харидории хонаҳои навсохтро коҳиш додаву умедвории шаҳрвандонро меафзояд. Соле қабл дар муҷтамаи “Диёри Душанбе”, ки аз ҷониби давлати Қатар дар соҳили Кӯли “Ҷавонон” бино меёбад, ҳар метри квадратии манзил то 3000 доллари ИМА нархгузорӣ мешуд. Тавре аз маълумоти муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, арзиши манзил дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бамаротиб поин рафтааст. Номбурда сабаби инро дар авҷ гирифтани сохтмонҳои гуногун арзёбӣ менамояд. Масалан, агар соли гузашта дар Душанбе як метри мураббаи хона аз 500 то 1200 доларро ташкил медод, пас дар соли 2015 он ба 450 то 800 доллар баробар шудааст. Ба ақидаи мавсуф нархи хонаҳо аз макони ҷойгиршавии онҳо низ вобастагӣ дорад ва дар ҳар минтақаи шаҳр хонаҳо арзиши гуногун доранд. Вале тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, хонаҳои навбунёд новобаста аз маҳалли ҷойгиршавиашон нархи якхела, яъне нархи на барои ҳама дастрас доранд. Роҳбари яке аз ширкатҳои сохтмонӣ дар суҳбат гуфт, ки аксари муштариёни онҳо пули хонаро
Нархҳои дастнораси манзилҳои навбунёд
Оё мардуми миёнаҳол дар пойтахт хона харида метавонанд?
аз замони гузоштани пойдевор то анҷоми корҳои таъмираш пардохт мекунанд. Ба қавли ӯ, онҳо низ мехоҳанд бо пойин овардани нархи манзил сафи муштариёни худро бештар карда, манзилҳои бунёдкардаашонро зудтар бифурӯшанд. Вале нархи маҳсулот, ки аксар аз хориҷи кишвар дастрас мегарданд ва заҳмати сангини сохтмон ба ин имкон намедиҳад. Роҳбари як ширкати сохтмонии хориҷӣ мегӯяд, онҳо танҳо баъд аз ба пуррагӣ анҷом додану ба истифода додани бино, бо дарназардошти муҳайё намудани шароитҳои мусоиди зист, нархи хонаҳоро муайян хоҳанд кард. Айни замон дар қатори ширкатҳои сохтмонии ватанӣ ширкатҳои зиёди сохтмонии хориҷӣ фаъолият менамоянд. Сармоягузорони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Эрон,Чин, Туркия, Амрико, Ҳиндустон ва ғайраҳо дар қатори соҳибкорони ватанӣ дар бозори сохтмони манзил нақшаву шартномаҳои тиҷоратии худро пайваста амалӣ менамоянд. Феълан бо ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ шумораи зиёди биноҳои маъмуриву иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Рақобати солими тиҷоратӣ миёни ин ширкатҳо ва ширкатҳои давлатии сохтмонӣ вуҷуд дорад, ки хоси бозори иқтисодӣ мебошад. Сокинон мегӯянд, дар ҳоле ки ҳадди маоши миёна дар кишвар ба 120-200 доллари ИМА баробар аст, бояд барои харидории манзили якҳуҷрагӣ ҳадди ақал дар бисотат 25 ҳазор доллар дошта бошӣ. Ин маблағест, ки як нафар бо маоши миёна дар Тоҷикистон бояд нахӯрда ва напӯшида, дар зарфи зиёда аз 10 сол ҷамъ оварад. Ё барои харидани хона бояд маоше бигирӣ, ки дар давоми аз як то якуним сол тавонӣ ин миқдор пулро ба соҳибони сохтмонҳо диҳӣ. То ҳол касе гуфта наметавонад, ки як сокини миёнаҳол бо пасандози музди моҳона дар зарфи 20 сол соҳиби манзил шуда метавонад ё не... Ҳамагон медонем, ки ҳама чиз нарх дорад ва ҳама чиз дар бозор харидаву фурӯхта мешавад. Аз ҷумла хона. Дар навбат истодану ройгон аз тарафи корхона соҳиби хона шудан имрӯз ҳамчун як хотираи ширине аз даврони шӯравӣ боқӣ мондааст. Имрӯз низ барои соҳиби хона ва ё қитъаи замин шудан, ба қавле дар на-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
вбат истодан вуҷуд дорад, вале на имкониятҳои корхона ва на маоше, ки он ба корманд медиҳад, имкон намедиҳанд, то мо ҳатто солиёни зиёд низ соҳиби хонае, ё қитъаи замине шавем. Ба ақидаи баъзе аз коршиносон нархи манзил дар Душанбе нисбат ба аксар давлатҳои пешрафтаи Аврупо баландтар аст. Бо вуҷуди он ки давлатҳои Аврупо таи 20 соли охир се буҳрони иқтисодиро аз сар гузаронидаанд, аксари аҳолии онҳо имкон доранд, бо пасандози музди моҳона дар муддати кутоҳ соҳиби манзил гарданд. Як чиз бояд таъкид гардад, хонаҳое, ки имрӯз дар пойтахти кишвар сохта мешаванд, танҳо метавонанд аз ҷониби аҳолии сарватманд харидорӣ гарданд. Ҳоло хонаҳои навро дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари кишвар асосан онҳое харидорӣ мекунанд, ки маоши хуб ва ё пасандози кофӣ доранд. Яъне қишри камбизоати кишвар барои харидории ин хонаҳо имконияти хеле маҳдуд дорад. Ба ақидаи яке аз сокинони пойтахт давлату ҳукумат дар мавриди бунёди хонаҳои нав бояд тарҳи хонаҳои кӯчактареро низ ба нақша бигирад, то харидориашон
барои мардуми камбизоат дастрас бошад. Таи чанд соли охир дар ноҳияҳо ва деҳоти чумҳурӣ низ фурӯши заминро ба як амали манфиатҷӯёна табдил додаанд ва бешак мардуми оддӣ наметавонад бо нархи нисбатан арзон замин харидорӣ намояд. Ба қавли бархе аз коршиносон як мушкили асосии ҷомеа то ҳол реша дар об доштани коррупсия мебошад, ки халалдоркунандаи пешрафти ҷомеаи дар ҳақиқат ҳам демокративу дунявӣ мебошад. Умедворем, ки бо дастрас гардидани имкониятҳо барои харидории хонаҳои наву замонавӣ дар пойтахт орзуҳои чандинсолаи сокинони миёнаҳоли он бароварда гардидаву шаҳри Душанбе аз ҳама нигоҳ ба мақоми пойтахти давлати соҳибистиқлол созгор ва пайваста рӯ ба инкишоф хоҳад буд. Тавре аз таҳлилҳои ҷамъбасти фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2015 бармеояд, дар ин давра маблағи умумии 591,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки 9,9 фоизи он ба бахши сохтмон тааллуқ дорад. Беш аз 119,95 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавриди амал қарор дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 маротиба зиёд аст. Дарвоқеъ, имрӯзҳо дар пойтахти кишвар корҳои сохтмони бино, боғҳои фарҳангу фароғат ва маҷмааҳои нави гуногун босуръат идома доранд. Симои имрӯзаи Душанбе аз даҳ соли қабл ба куллӣ фарқ мекунад. Дар қатори хиёбону гулгаштҳои сарсабзу хуррам ва боғҳои истироҳативу фароғатӣ, иншооти маишиву маданӣ, ки ҳамарӯза шумораи онҳо меафзояд, сохтмону ба истифода додани биноҳои хуштарҳу хушсохти замонавии истиқоматӣ низ авҷ гирифтааст, ки ба ҳусни шаҳр ҳусни нав зам намудаанд. Аксари сокинон ва меҳмонони пойтахт аз он ки рӯз ба рӯз симои шаҳри азизамон зебову дилработар мегардад, изҳори шодмониву қаноатмандӣ менамоянд. Боиси хушнудист, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба масъалаи дар навбати аввал бо манзили зист таъмин намудани аҳолии ниёзманд, аз ҷумла, оилаҳои навбунёд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ки то андозае ҷавононро руҳбаланд ва раванди муҳоҷирати иҷбории онҳоро кам мегардонад. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
5
МУҲОВАРА Ҷумҳурии Озарбойҷон миёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар самти рушди иқтисод яке аз кишварҳои муваффақ ба шумор меравад. Дар 10 соли охир ҳаҷми иқтисодиёти он 3 маротиба афзоиш ёфтааст. Суҳбати мо бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов дар ҳамин мавзуъ сурат гирифт. - Дар оғоз мехостем дар бораи омилҳои рушди Озарбойҷон каме маълумот диҳед. - Пойдевори асосии рушди иқтисодиёти Озарбойҷонро пешвои миллати мо Ҳайдар Алиев гузошта буд. Ӯ, ки тайи солҳои 19691982 роҳбарии Озарбойҷонро дар ихтиёр дошт, баҳри пешрафти соҳаҳои саноату кишоварзии ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Вақте ки соли 1993 Озарбойҷон бо фитнаю тавсеаи душманони дохилию хориҷӣ дар арафаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, мардум аз Ҳайдар Алиев хоҳиш намуданд, ки дар ин лаҳзаи душвор роҳбарии кишварро бар дӯш бигирад. Он замон дар шаҳрҳои Ганҷа, Астарон, Ленкарон ва ғайра хун рехта, иддае кушта шуда буданд. Алиев чун сиёсатмадори ботаҷриба тавонист, ки оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд ва бо Арманистон, ки ба қаламрави Озарбойҷон ҳуҷум намуда буд, созишномаи оташбас ба имзо расонад. Акнун барои пешрафти кишвар маблағ лозим буд. Бо ин мақсад 20 сентябри соли 1994 дар шаҳри Боку қарордоде имзо шуд, ки баъдан “Қарордоди аср” ном гирифт. Кишварҳое, ки дар истихроҷи нефт таҷрибаву сармоя доштанд, мисли ИМА, Русия, Арабистони Саудӣ, Канада, Фаронса, Британия, Олмон, Норвегия, Эрон, Туркия ва ғайра дар ин қарордод ширкат намуданд. Бо ба даст омадани субот ва оромӣ Озорбойҷон дар ҳама бахшҳои иқтисодиёт ба пешрафту комёбиҳо ноил гашт. Ҳам зиндагии мардум ва ҳам симои Озарбойҷон тағйир ёфт. Имрӯз Президенти мамлакат Илҳом Алиев сиёсати хирадмандонаи пешвои миллат Ҳайдар Алиевро бомуваффақият идома медиҳад. Тайи 10 соли охир дар Озарбойҷон 174 барномаи давлатӣ татбиқ шуд, ки 104-тои он пурра амалӣ гашта, боқимонда дар арафаи амалишавианд. Озарбойҷон ба таърихи муосир чун кишваре ворид шуд, ки дар дурнамои иқтисодии минтақа таъсири калон дорад. Агар соли 2004 иқтисоди Озарбойҷон 50 дарсади иқтисоди Қафқози Ҷанубиро ташкил дода бошад, имрӯз ин рақам ба 78 дарсад баробар шудааст. Асрори стратегияи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Озарбойҷонро асоснокии илмӣ, мавҷуд будани
6
ҳадафҳои муайян барои рушди ҳар як соҳа, аниқу дуруст будани роҳҳои расидан ба ҳадафҳо ташкил медиҳад. - Сиёсати давлатии ҷавонон дар Озарбойҷон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? - Дар ин соҳа низ чун дигар соҳаҳо пойдевори асосиро Ҳайдар Алиев гузошта буданд. Вақте дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон сухан мегӯем, пеш аз ҳама саломатии ҷавононро дар мадди назар мегирем. Саломатӣ бошад, бо варзиш робитаи мустаҳкам дорад. Бо ташаббуси Ҳайдар Алиев бунёди иншооти варзишӣ ба як ҳаракати мардумӣ табдил ёфт. Дар Озарбойҷон Маҷмааи бузурги
гон ба насли наврас хеле зиёд аст. Мутасаддиён сабти қадимаи тамоми мақомҳои озарбойҷониро аз осорхонаҳои кишварҳои Фаронса, Британия, Эрон ва Русия дубора аз пластинкаҳо нусхабардорӣ карда, дар Маркази мақом нигоҳ доштаанд. Ҳамаи ин ба хотири ҳифзи пайванди таъриху фарҳанги дирӯз бо имрӯз аст. - Чун аз варзиш сухан кардед, хуб мешуд дар бораи баргузории аввалин Бозиҳои Аврупо каме маълумот медодед. - Дар таърих минбаъд чилумин, шастумин, садумин Бозиҳои аврупоӣ баргузор хоҳанд шуд, вале баргузории аввалин Бозиҳои Аврупо ба Озарбойҷон мансуб
- Робитаҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар кадом сатҳ қарор доранд? - Муносибати роҳбарияти ду кишвар дар сатҳи олист. Мардуми тоҷику озар аз қадим бо ҳам дӯст буданд. Дар бахши фарҳанг робитаҳои хуб дорем. Соли чорум аст, ки мақомхонони Озарбойҷон ба Тоҷикистон меоянд ва дар маросими таҷлили зодрӯзи Ҳайдар Алиев дар Театри опера ва балети шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ консерт медиҳанд. Нахустин опера дар Ховарзамин дар Озарбойҷон суруда шуда буд. Мусиқинависи маъруфи Озарбойҷон Узайр Ҳоҷибоев
ни як шаҳри транзитӣ бошад. Ширкати ҳавопайвоии “Аз Ал” ҳавопаймоҳояшро пурра нав кард. Ҳоло аз Боку ба тамоми кишварҳои Аврупо, аксари кишварҳои арабӣ, минтақаи Осиё, Амрико парвоз ба роҳ монда шудааст. Нархи чиптаи рафту омад аз Боку ба Ню-Йорк ҳамагӣ 600 доллари амрикоист. Аз Душанбе то Боку бо ҳавопаймо ҳамагӣ 2 соату 20 дақиқа роҳ аст. Имрӯз бинобар набудани хатсайр мусофирони тоҷик вақту пули зиёде сарф карда, ба Боку мераванд. Дар риштаи ҷаҳонгардӣ низ метавонем ҳамкориҳои бештарро ба роҳ монем. Соле пеш чанд нафар аз Озарбойҷон меҳмони
“Қарордоди аср” боиси рушди Озарбойҷон шуд Ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Боку калиди рушди ҳамкориҳост
олимпӣ сохта шуд. Солҳои навадум Илҳом Алиев дар Озарбойҷон раиси Кумитаи миллии олимпӣ буд. Кумитаи байналмилалии олимпӣ сиёсати пешгирифтаи КМО Озарбойҷонро дастгирӣ карда, барои равнақи варзиш маблағ ҷудо кард. Имрӯз варзиш дар Озарбойҷон оммавӣ шуда, варзишгарони мо аз ҳар мусобиқаи ҷаҳонӣ ва олимпӣ ҳатман бо медал бармегарданд. Дар бахши таълими наврасону ҷавонон низ корҳои зиёд ба сомон расид. Тайи муддати на чандон зиёд дар Озарбойҷон 5000 мактаб сохта шуд. Дар бахши ҷалби ҷавонон ба фарҳанг низ Озарбойҷон ба дастовардҳои бузург ноил гашт. Ҳар ду сол бо мақсади кашфи истеъдодҳо дар Озарбойҷон озмуни мақомхонони то 16-сола баргузор мешавад. Мусобиқаи мазкур берун аз ҷумҳурӣ низ шуҳрат пайдо карда, ҳоло байналмилалӣ гаштааст. Дар шаҳри Боку Маркази мақом сохта шудааст, ки аз лиҳози меъморӣ ҳамто надорад. Ҳангоми аз боло нигаристан ин иморат шакли рубобу ғижжакро ба ёд меорад. Таваҷҷуҳи давлат дар бобати тарғиби мероси ниё-
аст. Мисли он ки аввалин Бозиҳои олимпӣ дар Юнон баргузор гардиду номаш дар таърих монд. Барои омодагӣ ба ин чорабинии бошукӯҳ ҳамагӣ 2,5 сол монда буд. Ҳол он ки маъмулан барои омодагӣ ба чунин мусобиқаҳо 5-6 сол зарур аст. Раиси Кумитаи иҷроияи бозиҳо хонум Меҳрубон Алиева (ҳамсари Илҳом Алиев) буд. Дар чунин фурсати кӯтоҳ маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур тавре баргузор шуд, ки дар он таъриху фарҳанг ва дастовардҳои Озарбойҷон мунъакис гардид. Масалан, “Подшоҳи шеър” – Низомии Ганҷавӣ, ки ба авҷи баланди қуллаи назм расида буд, дар маросими ифтитоҳ ёдоварӣ шуд. Дар ин маросим меҳмонон бо таърихи қадимаи Озарбойҷон, фарҳанги ғании он, захираҳои туристӣ, мақомхонӣ, таҳаммулпазирии мардуми Озарбойҷон ошно шуданд. Дар Озарбойҷон намояндагони тамоми дину мазҳабҳо дӯстона паҳлӯи ҳамдигар кору зиндагӣ мекунанд. Ин ҷо дар баробари масҷид калисоҳои католикӣ, православянӣ ва арманӣ ҳам фаъолият мекунанду касе ба касе кор надорад.
ҳанӯз соли 1907 асари “Лайлӣ ва Маҷнун”-ро ба саҳна гузошт. Вақте “Лайлӣ ва Маҷнун” дар хориҷ аз Озарбойҷон намоиш дода мешуд, тамоми гурӯҳ иборат аз 100-120 нафар ба сафари ҳунарӣ мебаромаданд. Бори аввал имсол бо истифода аз оркестри Тоҷикистон дар намоишномаи “Лайлӣ ва Маҷнун” ҳамагӣ чанд нафар ҳунарпешагони озарӣ ширкат варзиданд. Ҳунарпешагони тоҷик якҷо бо ҳамтоёни озариашон аз иҷрои нақш ва сурудхонӣ ба хубӣ баромаданд. Дар операи “Лайлӣ ва Маҷнун” тамоми 7 мақоми мусиқӣ истифода шудааст. Ҳамаи он ба нота гирифта шуда, асло гум намешавад. Мо барои тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, илмӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ имконоти зиёд дорем, вале онро то ҳол хеле кам истифода бурдаем. Зеро миёни Душанбе ва Боку парвози мустақим надорем. Мутаассифона, ду сол боз ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба мо танҳо ваъда медиҳанд. Агар ҳоло аққалан ҳафтае як бор парвоз шуруъ шавад, оҳиста-оҳиста метавонад ба 3-4 парвоз дар як ҳафта бирасад. Чунки Боку барои шаҳрвандони Тоҷикистон метавонад ба унво-
осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” шуда, ҳангоми бозгашт бо худ оби шифобахши онро гирифтанд. Беморе, ки дар чандин шифохонаҳо муолиҷа гирифта, шифо наёфта буд, бо истеъмоли оби “Шоҳамбарӣ” сиҳат шуд. Дар наздикии Боку бошад, осоишгоҳе бо номи “Нафтолон” мавҷуд аст, ки барои бемориҳои банду буғум, устухон ва пӯст давост. Ҳамин тавр, мо метавонем дар бахши туризми муолиҷавӣ ҳамкориҳои пурсамарро ба роҳ монем. Озарбойҷон метавонад ба Тоҷикистон бо нархи нисбатан арзонтар бензину солярка содир намояд. Агар мо имкониятҳои ҳамкориҳоямонро рӯихат кунем, шояд аз 200 номгӯй ҳам зиёд шавад. Мо бояд дар ин замина ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем. Ҳоло зиндагӣ бо суръати баланд пеш меравад. Аз ин рӯ, фурсатро аз даст додан боиси бой додани имкониятҳои зиёд мешавад. Моро лозим аст, ки ҳамкориҳоро таҳким бахшем. Ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Боку калиди рушди ҳамкориҳо хоҳад шуд. Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА Оила дар ҳар давру замон муқаддас ва рукни ибтидоии асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Оила ячейкаи хурди ҷаъмият буда, дар ҳар давру замон муқаддас аст ва барои ҷомеа яке аз рукнҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Сохтори оила дар асоси ҳамзистии ду нафар – марду зан ба вуҷуд меояд. Оила, асосан ба хотири аз худ насл боқӣ гузоштан, яъне фарзанд ба дунё овардану барои парваришу ташаккули он саҳм гузоштан ташкил мешавад. Баъзе ҷавонон оиларо бозича ҳисобида фикр мекунанд, ки зиндагӣ мисли арӯсакбозии даврони кӯдакист. Аммо он душворӣ, сабӯрӣ ва масъулияти сангинро талаб мекунад. Бубинед, ки барои як хона сохтан чи қадар масолеҳи сохтмонӣ, ранҷ, талошу тавоноӣ лозим. Барои он ки девори хона устувор гардад, бояд мо таҳкурсии онро мустаҳкам сохта, дар ҷое бунёд кунем, ки зуд валангор нагардад. Ташкили оила ҳам ба мисли бинои хона аст. Агар хоҳем, ки оилаи хушбахту солим ташкил кунем, аввалан бояд аз табақаи худ хонадор шавем. Яъне, бо нафаре хонадор шавем, онеро ҳамқисмат интихоб намоем, ки на аз мо поин асту на боло. Баъдан зоҳирану ботинан поку зебо бошад. Муҳаббат дода тавонад, эҳтиром карда тавонад ва боварӣ дошта бошад. Агар дар байни оила ин се омил ҷой дошта бошад, зиндагӣ ранги дигар мегирад, дил зиндагӣ кардан мехоҳад. Қадамҳо дар зиндагӣ устувортар
мегарданд. Вале... Чӣ тағйироте сар мезанад, вақте ҷавон қадамҳои нахустини худро дар шоҳроҳи зиндагӣ гузошта, оила бунёд мекунад? Чаро ба вайронкунии оилааш даст мезанад? Калонсолон имрӯз ба ҳар кирдори бади ҷавонон баҳо дода, онҳоро айбдор
Бунёди оила эъмори манзилро монад
Мадина маъюб ба дунё омадааст. Ба ин нигоҳ накарда имрӯз донишҷӯи соли сеюми факултаи физикаи ДДХ ба номи Моёншо Назаршоев аст. Сабаби маъюб будани Мадина никоҳи хешутабории волидонаш мебошад. Гарчанде аз нуқсонҳои модарзодиаш шарм медорад, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, таҳсили худро давом дода истодааст. Номбурда мутаассиф аз он аст, ки падару модар баъди чанд муддати зиндагӣ бо сабабҳои гуногун аз ҳам ҷудо шуданд, вале ӯ то охири умр маъюб мемонад. - Падарам ба Русия муҳоҷир шуда, оилаи дигар бунёд кард. Модарам бошад, бо фарзандони маъюб дар азоб аст ва мо низ хеле
ҷавон бекор карда шуд. Дар соли 2015 бошад, то моҳи август 63 оила пош хурдааст, ки аз ин шумора 50 оила дар асоси ҳалномаи судӣ, 13 оила бо аризаи тарафҳо сурат гирифтааст. Ба андешаи ҳамсуҳбатамон сабабҳои пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, асосан муҳоҷирати меҳнатӣ, бармаҳал ба шавҳар додани духтарон, яъне ба зиндагӣ тайёр набудани онҳо, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии ҷавонон, никоҳи хешутаборӣ, якдигарфаҳмӣ набудан байни калонсолону ҷавонон, инчунин дигар масъалаҳои кӯчак мебошанд. Чанд рӯз пеш шоҳиди воқеае гардидам, ки қариб оилаи ҷавоне аз барои падару модар вайрон шавад. Бо сабабе ки духтар ба писар писанд асту ба падару модараш не. Волидайн мехоҳанд фарзандашон ҷудо бошанд ё дур зиндагӣ кунанд. Дар ҳоле ки фарзандашон ягон ҷои рафтан надорад. Бубинед, ки чӣ қадар оилаҳои ҷавон пош хӯрдаанд, чӣ қадар кӯдакон ятим мондаанд ва дар кӯчаҳо дӯздону ҷоҳилон зиёд шудаанд ва аксари онҳое, ки имрӯз ба гурӯҳҳои ифротиву ситезаҷӯ шомил мешаванду ба ҷинояти сангин даст мезананд, ҳамонҳое ҳастанд, ки аз тарбияи волидон маҳрум монданд. Ин дӯздону ғоратгарон фарзандони киҳоянд? Албатта, аз оилаҳое буданд, ки онҳо барвақт пош хӯрданд ва фарзандонашон имрӯз дарди сари ҷомеа шудааст. Гулбаҳор РАҲМОНОВА, хабарнигори ҷамъиятии «ҶТ»
Фарзандонро дар азоб намонем Тибқи иттилои расмӣ имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Тавре маълум аст, бештари онҳо маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин, аз волидайни гирифтори бемориҳои нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД ба дунё омадаанд. Аз ин рӯ, пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандон ногузир аст.
мекунанд. Вале биёед ба умқи масъала - ба тарбия, ба оила ва сатҳи пасти маърифати онҳо назар кунем. Аксаран оилаҳое, ки ҷудо мешаванд, фарзанди оилаҳое ҳастанд, ки волидайнашон танҳо фикри худашонро мекунанд ва барои беҳбуди фарзандонашон чорае намеандешанд. Барои пуратар фаҳмидани сабабҳои пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ҳамсуҳбат шудам бо Фаришта Раҳматуллоева, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Файзобод. Ба гуфтаи ӯ соли 2014 дар ин ноҳия ақди никоҳи 98 оилаи
азият мекашем, - мегӯяд Мадина. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ аз афзоиши никоҳи хешутаборӣ ва таваллуд шудани фарзандони маъюб изҳори нигаронӣ намуда, барои гирифтани пеши роҳи ин амал ба масъулон супориши махсус дод. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин авохир барои ҷилавгирӣ аз раванди издивоҷи хешутаборӣ барномаҳоеро амалӣ мекунад. Баъзеҳо барои бегона накардани пулу мол хеши худашонро келин мекунанд. Розигии фарзандонро ба инбат намегиранд ва дар натиҷа кӯдакони носолим ба дунё меояд. Холаи Зулфия ду фарзанди маъюб дорад. Иқрор шуд, ки нигоҳубин намудани кӯдаки маъюб хеле сангин аст. Баъзе модарон ҳолати кӯдаконро дида, худро маломат мекунанд, ки чунин фарзанд ба дунё овардаанду имрӯз аз хушиҳои олам бенасибанд. Шояд сабаб ҳамин бошад, ки бештари модарон тарбияи фарзанди маъюби худро бар дӯши ҳукумат вогузор мекунанд. Таҳлилҳо низ нишон медиҳанд, ки як сабаби пошхӯрии оилаҳо носолим ба дунё омадани тифл аст ва баъди пошхӯрии оила модар бо фарзандони маъюб дар нимароҳи зиндагӣ мемонад. Падар бошад, оилаи дигар бунёд мекунад. Шарораи ХАЙРУЛЛО, донишҷӯ
Оилаи носолим - сабаби ҷинояткории ҷавонон Бекоргардиву даст ба ҳар гуна ҷиноят задани ҷавонон мавзӯи доғ ба ҳисоб меравад ва ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Савол ин аст, ки чӣ ҷавононро ба ин кор водор месозад? Масъулини соҳа сабаби зуҳур намудани ин мушкилотро ба бемасъулиятии волидон рабт медиҳанд. Саидҷалол Наҷмиддинов, корманди ВКД падару модарон ва муассисаҳои таълимиро гунаҳкор медонад. Ба гуфтаи ӯ, дар 890 амалиёти ВКД 4719 ноболиғ дастгир шудаанд, ки 3766 нафари онҳоро хонандагони мактабҳои миёна ташкил медиҳанд. Ҷавононе, ки даст ба чунин кирдорҳои номатлуб мезананд, ҷарима карда мешаванд. Ба гуфтаи равоншинос Мадина Эргашова, аксари ҷавонон бо сабаби бад будани шароити зиндагӣ ба кирдорҳои ношоиста даст мезананд. Муҳит низ таъсир мерасонад. Онҳое, ки шароити хуб доранд, худнамоӣ мекунанд. Ин худнамоӣ ҷавонони
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
камбизоатро маҷбур месозад, ки даст ба чунин амалҳо зананд. Мадина Эргашова амали кормандони ВКД-ро дар хусуси ҳамчун ҷинояткор боздошт карда, пурсуҷӯ намудани ноболиғонеро, ки даст ба ҷиноят мезананд, нодуруст хонд, чунки ин аз ҷиҳати равонӣ ба равони ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Ба андешаи мусоҳибон, ҷавононе, ки ба ин гуна корҳо машғул мешаванд, аксаран аз оилаҳои серфарзанданд. Аз як ҷониб пурра таъмин карда натавонистани фарзандон, аз ҷониби дигар аз таълим дур мондани ноболиғон сабаб мегардад, ки онҳо ба ҳар гуна ҷиноятҳо даст зананд. Сабрина Сиҷоатшоева, сармураббии Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ сабаби асосиро дар набудани оилаи солим арзёбӣ намуд: «Падарон имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Ҷавононе, ки ба оворагардию ҷинояткорӣ машғуланд, дар оилаҳои серфарзанд ба воя расидаанд. Падар дар хона нест, модар низ барои ризқу рӯзии зиндагӣ маҷбур мешавад, дар бозор шинад. Дар ин ҳолат писар аз тарбия дур мемонаду ба оворагардӣ машғул мешавад, ки зинаҳои нахустини ба ҷиноят даст задан мебошад». Корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шодибек Қодиров гуфт, «мувофиқи
қонунгузории ҷумҳурӣ таҳсилоти миёнаи умумӣ то синфи 9-ум ҳатмӣ аст. Баъд аз синфи 9 онҳое, ки таҳсилро бо баҳои миёна хатм намудаанд, метавонанд дар баробари таҳсил қувваи кории хешро дар бозори меҳнат пешниҳод намоянд». Беш аз 70% аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса дорад. Аммо дар баробари ин ҳама дастгириҳои Ҳукумати кишвар ҷавононе ҳастанд, ки дар кӯчаю хиёбонҳо ба оворагардӣ машғуланду даст ба ҳар гуна кирдорҳои ғайриахлоқӣ мезананд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳар сол барои гирифтани пеши роҳи ҷинояткории ҷавонон ва дар роҳи дуруст тарбия ёфтани онҳо чорабиниҳоро бо ҷалби қишри ҷавони мамлакат амалӣ месозад. Хуб мешуд, ин гуна чорабиниҳо на танҳо бо ҷалби ҷавононе доир карда шавад, ки донишҷӯ ҳастанд, ҷое кор мекунанд ё аллакай роҳи дурусти зиндагиро интихоб намудаанд, балки он наврасону ҷавононе низ бешатар фаро гирифта шавад, ки бекору оварагарданд. Ин метавонад то андозае онҳоро аз роҳи нодурусти зиндагӣ баргардонда, интихоби роҳи дурустро барои онҳо омӯзонад. Шодихони НАЗАР, «ҶТ»
7
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА Ҳафтаи сипаришуда (1719 август) дар меҳмонхонаи “Шератон”-и пойтахт дар мавзӯи “Ғизои солим ва фаъолияти ҷисмонӣ” семинар доир гардид. Дар он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи тандурустӣ ширкат варзиданд. Семинар дар доираи ташрифи намояндагони Бюрои минтақавии Аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) ба Тоҷикистон баргузор шуд. НИШОНАИ СЕРИЮ ПУРӢ Ё БЕМОРӢ? Дар мафкураи баъзеҳо фарбеҳӣ нишонаи серию пуристу лоғарӣ нишонаи беморӣ. Аммо аз нигоҳи илми тиб вазни барзиёд на ҳама вақт нишонаи серию пурист, вале ба беморие робита доштани он аниқ аст. Мувофиқи маълумоти СҶТ (WHO) имрӯз дар Аврупо аз 30 то 60 дарсади калонсолон ва 20 дарсади кӯдакон вазни барзиёд дошта, аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд. Ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров вазни барзиёд ва фарбеҳӣ ҳам ба саломатии одамон ва ҳам ба сохторҳои тандурустӣ мушкилиҳои зиёде эҷод мекунанд. - Фарбеҳӣ ба бемориҳои диабети қанд, фишори баланди хун, атеросклероз, бемориҳои дилу рагҳо вобастагӣ дорад, - мегӯяд Н. Ҷаъфаров. – Чунончӣ, дар Аврупо 55 дарсади фишорбаландӣ, 1 миллион марги солона ва ҳаёти носолими 12 миллион нафар бо вазни барзиёд ва фарбеҳӣ алоқаманд аст. Дар ҷаҳон зиёда аз 1 миллиард нафар аз фарбеҳӣ азият мекашанд. То 6% маблағи умумии соҳаи тандурустии кишварҳои ҷаҳон сарфи рафъи оқибатҳои фарбеҳӣ мешавад. Роҳбари Барномаи бахши ғизо, фаъолнокии ҷисмонӣ ва фарбеҳии Бюрои минтақаи Аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Ҷуоа Бреда дар семинар изҳор намуд, ки аз ҷумлаи 20 омили вобаста ба фарбеҳшавӣ 15 омили он ба ғизохӯрии нодуруст, камҳаракатӣ, истеъмоли машруботи спиртдор ва ғайра робита дорад. - Мо бояд ба аҳолӣ тарзи дурусти истеъмоли ғизои солимро пешкаш намоем, - гуфт Ҷуоа Бреда. – Ҳоло бозору мағозаҳо пур аз нӯшобаҳои ширинанд, ки бинобар қанди зиёд ва пайвастагиҳои сунъӣ доштанашон ба организм зарар доранд. Вале мо фурӯши онҳоро манъ карда наметавонем. Бояд фаъолнокии ҷисмонӣ, истеъмоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва меваю сабзавотро бештар тарғиб намоем. На танҳо пурхӯрӣ, балки кам, вале нодуруст ғизо хӯрдан ҳам метавонад боиси вазни барзиёд шавад. Ба гуфтаи сардори Маркази ҷумҳуриявии ғизои Вазорати
8
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҳотамбек Хайров истеъмоли аз меъёр зиёди маҳсулоти хамирӣ, равғанӣ, ширинӣ ва камҳаракатӣ метавонад боиси фарбеҳӣ гардад. Алалхусус ғизоҳои серравған, шоколад, чарб, шири равғаннокиаш баланд ба афзоиши вазни изофӣ мусоидат мекунанд. Истеъмоли ҳар намуди ғизо меъёри муайян дорад. Каму зиёд шудани онҳо ба саломатӣ таъсир мерасонад. - Қабули ғизо бояд мувофиқи сарф кардани он сурат бигирад, - мегӯяд Ҷуоа Бреда. – Вақте кас ғизои зиёд истеъмол намуда, калорияи қабулкардаашро сарф накунад, дар баданаш чарби
ев. – Бо мақсади муътадил нигоҳ доштани вазни бадан қабули калорияро қатъиян мувофиқи харҷи он ба роҳ мондан лозим. Агар шахс ҳамеша нисбат ба талаботаш зиёд калория бигирад, фарбеҳӣ дунболагири ӯ мешавад. Мутаассифона, баъди гирифтани вазни зиёдатӣ ислоҳи он мушкил хоҳад шуд. Ҳанӯз дар асри 6 то мелод Феогнид навишта буд: “Пурхӯрӣ аз гуруснагӣ дида, бештар одамонро нобуд кардааст”. Ин суханон дар замони мо аҳамияти бештар пайдо намудааст. Зеро бисёриҳо ҳангоми телевизор тамошо кардан, рӯзномаю маҷалла хондан, дар назди компютер нишастан торт, кулчақанд, самбӯса, умуман
нанд, ки талаботи онҳоро ба қувва (калория) ва моддаҳои ғизоӣ (сафедаҳои ҳайвонот, минералҳо ва витаминҳо) қонеъ гардонида наметавонад. Тағйир ёфтани ратсиони ғизогирӣ, солҳои охир сабабгори афзоиши бемориҳои вобаста ба ғизо дар байни аҳолии ҷумҳурӣ гардидааст. Фарбеҳшавӣ то андозае ба ҳолати равонии шахс низ вобастагӣ дорад. - Афсурдаҳолӣ, муддати зиёд дар ҳолати изтироб будан баъзан рафтори одамро тағйир медиҳад, - мегӯяд равоншинос, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ. – Баъзеҳо барои рафъи афсурдаҳолӣ ба машрубот рӯ меоранд, қисми дигар ба истеъмоли хӯрокҳои
Тоҷикистон “Дар бораи йодноккунии намак” қабул гардид. Норасоии йод дар кӯдакон метавонад тадриҷан ба сустшавии инкишофи зеҳнӣ, яъне бемории кретинизм оварда расонад, инчунин муқовимати организмро ба сироятҳои гуногун паст намояд. Ба гуфтаи муовини директори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Ҷӯрахон Абдураҳимов ҳанӯз ҳам соҳибкороне ҳастанд, ки ба масъалаи йодноккунии намак ва илова намудани оҳан ба орд саҳлангорӣ мекунанд. Бинобар риоя накардани талаботи санитарӣ-гигиенӣ, дарёфти нишонаҳои ҳашароти зараррасон дар ғизо, ки ба са-
Фарбеҳӣ таҳдид мекунад ва ё бемориҳои вобаста ба ғизо
зиёдатӣ ҷамъ мешавад. Бинобар ин, мувофиқи тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳафтае ба ҳисоби миёна 150 дақиқаро сарфи машқи бадан бояд кард... САБАБҲОИ ФАРБЕҲШАВӢ КАДОМҲОЯНД? Мувофиқи хулосаи олимони соҳаи тиб вазни барзиёд боиси тезтар фарсудашавии буғумҳо мегардад. Аз вазни барзиёд паҳнии кафи пойҳо ба миён меояд. Мушоҳида кардан мумкин аст, ки чӣ гуна шахси фарбеҳ бо мушкилӣ роҳ мегардаду нишасту бархосташ вазнин аст. Сабабҳои ба миён омадани вазъи барзиёд ва фарбеҳӣ кадомҳоянд? Олимон яке аз сабабҳои асосии фарбеҳшавиро дар истеъмоли аз меъёр зиёди ғизо ва камҳаракатӣ меҳисобанд. Барои дуруст гузаштани функсияҳои организм инсон ба миқдори муайяни энергия, ки ба воситаи ғизо мегирад, ниёз дорад. - Агар ба организм нисбат ба талабот бештар энергия ворид шавад, мувозинат вайрон шуда, оқибат ба фарбеҳӣ меорад, - мегӯяд духтури бемориҳои дарунии Маркази саломатии №10 шаҳри Душанбе Аъзам Эргашбо-
кам ҳам бошад, ғизое мехӯранд. Донишҷӯёну мактабиён дар ҳар танаффус ҳатман шириние истеъмол мекунанд. Дар натиҷа имрӯз миёни наврасону ҷавонон низ ашхоси дорои вазни изофӣ зиёд ба назар мерасад. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 декабри соли 2014, таҳти №808 “Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20152024” қабул шудааст. Тавре дар он омадааст, вайроншавии низоми ғизо (мисли аксар давлатҳои дигар) дар Тоҷикистон, ки бо омилҳои истеъмоли ғизо ва бемориҳои вобаста ба хӯрок алоқаманд мебошанд, мисли пештара барои тандурустии ҷамъият мушкилоти ҷиддӣ ба шумор меравад. Таҳлили “Таҳқиқоти миллии ҳолати микронутриентҳо” нишон медиҳад, ки баъзе кӯдакон миқдори кофии микроэлементҳо, аз қабили йод, оҳан, витаминҳои “А”, “D” ва ғайраро гирифта наметавонанд, мушкилоти ғизогирии нокифоя боқӣ мемонад ва таъхири баландшавии қад яке аз зуҳуроти назарраси он мебошад. Кӯдакон ҳаррӯза гандум ё картошка, равғану шакар, ба таври нокифоя сабзавот ва маҳсулоти гӯштию ширӣ истеъмол меку-
серравған даст мезананд, иддае баракс камиштиҳо мешаванд. Дар ин сурат саривақт маслиҳати равоншиносро гирифта, реҷаи дурусти ғизохӯриву истироҳат ва кору варзишро риоя бояд кард. Ба гуфтаи Ҷоуа Бреда гиподипамия (камҳаракатӣ) омили дигари фарбеҳшавист. Соатҳо дар назди телевизору компютер нишастан, ба ҷои пиёдагардӣ аз нақлиёт ва лифту эскалатор истифода намудан, механиконидани рӯзгор ва истеҳсолот боиси камҳаракатии одамон гаштааст. Машғул шудан ба варзиш, пиёдагардӣ, обчакорию боғдорӣ давои камҳаракатӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ашхосе, ки бо меҳнати фикрӣ ва ғайриҷисмонӣ машғуланд, бояд ҳатман рӯзе то 30 дақиқа ба варзиш машғул шаванд. ҲАЁТИ СОЛИМ АЗ ҒИЗОИ СОЛИМ ВОБАСТА АСТ Тавре дар Стратегия таъкид шудааст, дар Тоҷикистон тақрибан аз се як кӯдаки синни то панҷсола қадпаст мебошад, ё ба норасоии музмини ғизо гирифтор шудааст. Дар ҳолатҳои алоҳида аз даҳ як кӯдак дорои вазни нокифояи бадан мебошад ва ё аз норасоии шадиди ғизо азият мекашад. Аз рӯи маълумоти таҳқиқоти тиббию биологӣ, ки соли 2012 гузаронида шуд, беш аз 26% кӯдакони синни то 5-сола ба норасоии музмини ғизо ва 10% онҳо ба норасоии шадиди ғизо гирифтор мебошанд. Барои занони ҳомиладор ва кӯдакони хурдсол хавфи баланди камхунии вобаста ба норасоии оҳан таҳдид мекунад. Камхунии вобаста ба норасоии оҳан занони синни таваллудро метавонад ба мушкилиҳо, ба монанди вазни нокифояи бадани кӯдак ҳангоми таваллудшавӣ ва таваллуди пеш аз муҳлат оварда расонад, инчунин ба ҳаёти занҳо таҳдид намояд. Норасоии оҳан ба афзоиш ва рушди ҷисмонию зеҳнии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии
ломатии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад, нисбат ба 4 муассисаи томактабии шаҳри Душанбе санад тартиб дода, ҳуҷҷатҳо ба мақомоти тафтишотӣ ирсол шудааст. - Баъзеҳо аз мағоза неву аз дасти соҳибкорон бо нархи арзонтар намаки ошӣ мехаранд, - мегӯяд корманди Маркази ҷумҳуриявии татбиқи тарзи ҳаёти солим Зулфия Абдураҳмонова. – Онҳо фикр намекунанд, ки ба ивази 1-2 сомонии сарфакардаашон фардо барои муолиҷаи ҷоғар ба садҳо сомонӣ дору хариданашон лозим меояд. Мушовири Пажӯҳишгоҳи илмӣтадқиқотии “Ғизо”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Ғ. Бобоев иброз намуд, ки бисёриҳо якбора 10-15 кило намаки йоднок мехаранд, ки баъди 1-2 моҳ йоди он бухор мешавад. Ё ин ки дар оғози таомпазӣ намакро ба ғизо ҳамроҳ мекунанд. Ҳол он ки намаки йоднокро дар охири таом пухтан ба ғизо ҳамроҳ бояд кард, то таъсири йод гум нашавад. Намаки йоднокро дар зарфи маҳкам дур аз намию офтоб нигоҳ бояд дошт. - Истеъмоли ғизои солим гарави солимии миллат буда, миллати солим боигарии давлат аст, - мегӯяд директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Парвина Мухторова. – Дар тарғиби истеъмоли ғизои солим ҳамкорӣ бо ВАО самараи бештар медиҳад. Ҳар қадар ба аҳолӣ тавассути расонаҳо дар ин бора иттилои бештар диҳем, ҳамон андоза маърифати тиббии аҳолӣ боло рафта, мардум ба беҳдошти ғизо диққати ҷиддӣ хоҳанд дод. Тавре дар стратегия омадааст, “таҳияи чорабиниҳо вобаста ба ғизо дар сатҳи байнисоҳавӣ барои беҳтар намудани низоми ғизо, инчунин андешидани чораҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, барои давлат аҳамияти басо муҳими тиббию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ТУРИЗМИ ДОХИЛӢ
Кӯлҳои водии зархез
Хатсайрҳои туристии водии Зарафшонро барқарор бояд кард Зарафшон водии хушманзараву баландкӯҳе дар болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон аст. Дарозии дарё 877 километрро ташкил медиҳад, ки 316 километри он аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Дарёи Зарафшон аз пиряхҳои кӯҳистони Мастчоҳ сарчашма мегирад. Водии Зарафшонро кӯҳистон низ мегӯянд. Баландии қаторкӯҳҳо аз 2000 то 5500 метр мерасанд. Дар водии Зарафшон зиёда аз 30 кӯл мавҷуд аст, ки машҳуртарини онҳо кӯли Калон, Искандаркӯл, Алоуддин, Марғзор ва Ҳафткӯл мебошанд. Ин водии зархез аз канданиҳои фоиданок бой аст. Конҳои волфрам (Ҷилав), сурма, симоб (Ҷиҷикрӯд, ШингМағнов), ангиштсанг (Фон-Яғноб), масолеҳи сохтмон аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд. Дар ин ҷо корхонаи муштараки истеҳсоли тиллои Тоҷикистону Чин фаъолият мекунад. Водии Зарафшон мавзеи қадимаи зироаткорӣ буда, дар шаҳри Саразми бостонӣ зиёда аз 5500 сол қабл тоҷикон маскун буданд. Дар он давра Саразм яке аз бузургтарин гаҳвораҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Дар ин водии зархез як шаҳр (Панҷакент) ва 254 деҳа ҷой гирифтааст. Боқимондаҳои Саразми бостонӣ дар 15-километрии шаҳри Панҷакент мавҷуд аст. Водии зархези Зарафшон дорои захираҳои бузурги туристӣ мебошад. Дар давраи шӯравӣ қаторкӯҳҳои Фон яке аз базаҳои маъруфтарини кӯҳнавардии варзишгарони Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Кӯҳҳои Фон 11 қуллаи зиёда аз 5000-метра доранд, ки баландтарини онҳо Чимтарға (5489 метр) мебошад. Ҳанӯз дар асри XV абераи Те-
мур - фотеҳи Ҳинд, олим ва шоир Заҳириддин Муҳаммад Бобур ба Мастчоҳ ва Фондарё сафар карда, хотираҳои хешро навиштааст. Соли 1841 нахустин аврупоиён дар ҳайати экспедитсияи Бухоро Искандаркӯлро дида буданд, ки миёни онҳо географи маъруф Александр Леман низ буд. Олими шинохта А.П. Федченко бошад, соли 1870 ба Яғноб, Искандаркӯл ва Кӯли Калон сафар намуд. Соли 1911 бошад, муҳаққиқи Осиёи Марказӣ Н.Л. Корженевский ба кӯҳҳои Фон сафар кард. Яке аз қуллаҳои 7-ҳазорметраи Помир ба номи ҳамсари ӯ – Евгения гузошта шудааст. Соли 1936 аз водии Зарафшон роҳи мошингарди Душанбе-АйнӣЛенинобод (Хуҷанд) убур намуд. Баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ сайёҳи чолоку ҷасур Н.В. Паганутси ба ин водии хушманзара ба сайру саёҳат омад. Соли 1964 ӯ пешниҳод намуд, ки ба водии Зарафшон 12 хатсайри сайёҳӣ кашида шавад. Дар давраи шӯравӣ танҳо ба кӯҳҳои Фон 8 хатсайри сайёҳӣ амал мекард. Якум, тавассути ағбаи Дукдон. Ин хатсайр аз Искандаркӯл оғоз ёфта, тавассути убур аз дарёи Дукдон, ағбаи Дукдон – дарёи Арчамайдон – дарёи Киштут – деҳаи Кулолӣ дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакент ба итмом мерасид. Дар ин хатсайр сайёҳон бо арчаҳои зарафшонӣ, олуболуву настаран ва кабкҳои хушилҳон дучор меоянд. Водии дарёи Арчамайдон бо сарсабзиаш ҳар бинандаро мафтун мекунад. Ин гуна мавзеъҳои серарча дар Осиёи Марказӣ хеле кам мондаанд. Аз ин рӯ, сайёҳи маъруфи шӯравӣ Ф.Г. Патрунов Арчамайдонро ҳамчун “ёдгории табиӣ” дар китоби “По Таджикистану” васф намудааст. Дарозии хатсайри мазкур 90 километр буда, сайёҳон онро дар 7 рӯз тай мекарданд. Хатсайри дуюм тавассути ағбаи Мура сурат мегирифт. Сайёҳон аз Искандаркӯл ба сафар баромада, тавассути ағбаи Мура ба деҳаи Қаратоғ ва аз он ҷо ба шаҳри Ду-
шанбе меомаданд. Дарозии роҳ 100 километр ва муддати сафар 7 рӯз буд. Баландии ағбаи Мура 3793 метрро ташкил медиҳад. Сайёҳон тавассути ин хатсайр аз кӯли Пайрон (Париён) гузашта, ба Қаратоғ мерасиданд. Хатсайри сеюм: Искандаркӯл – дарёи Арг (Қазноқ) – Кӯли Аллои Калон – дарёи Киштут – деҳаи Кулолӣ – Панҷрӯд. Дарозии хатсайр 95 километр ва давомнокии саёҳат 8 рӯз буд. Хатсайри чорум: Искандаркӯл – дарёи Арг – ағбаи Қазноқи Шарқӣ – кӯли Алоуддин – ағбаи Алоуддин – Кӯли Калон – Панҷрӯд. Давомнокии саёҳат 8 рӯз ва дарозии хатсайр 115 километрро ташкил медод. Кӯтоҳтарин хатсайр тавассути дарёи Саримат – ағбаи Товасанг то кӯли Марғзорро дар бар мегирифт, ки дарозии роҳ 60 километр ва давомнокии сафар 4 рӯз буд. Дар давраи шӯравӣ дар шаҳри Панҷакент меҳмонхонаҳои “Панҷакент”, “Турист” ва “Суғдиён” ба меҳмонон хизмат мерасониданд. Азбаски он солҳо хатсайрҳои туристӣ мутамарказ буда, сарҳад миёни ҷумҳуриҳо вуҷуд надошт, аксар касоне ки аз қисмати аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Самарқанд меомаданд, Панҷакентро низ зиёрат мекарданд. Фасли тобистон бошад, дар меҳмонхонаҳо ҷои холӣ набуд. Имрӯз Ассотсиатсияи рушди туризми Зарафшон барои барқарор намудани хатсайрҳои туристии собиқ кӯшиши зиёд намуда истодааст, ки шоёни таҳсин аст. Ин мавзеи хушманзара дурнамои хуб барои рушди туризми кӯҳнавардӣ, экологӣ ва этнографӣ дорад. Хуб мешуд, ки васоити ахбори омма низ дар тарғиби ин гуна мавзеъҳои хушманзара ҳисса гузоранд. Зеро ҷалб намудани сайёҳони дохилию хориҷӣ боиси рушди инфрасохтори туризм ва бо ҷои кор таъмин шудани ҳазорон нафар ҳамватанон мегардад. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
Пойтахти фарҳангии ИДМ Кӯлобро метавон ба минтақаи асосии ҷалби сайёҳон табдил дод Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ рушди соҳаи туризм ва сайёҳиро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат арзёбӣ карда, барои рушди ин соҳаи сердаромад супоришҳои мушахас дод. Тавре маълум аст, рушди бемайлони соҳаи туризм дар дунё ҳамчун падидаи иқтисодии аср эътироф шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳиби мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва табиати нотакрору беназир мебошад, метавонад ба макони мусоиди рушди туризм табдил ёбад. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ин соҳаи афзалиятнок бояд тадбирҳои муассир андешид. Бо мақсади расидан ба ин ҳадафи иқтисодӣ-туристӣ моро зарур аст, ки барои қабули туристон дар мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишварамон ҳамеша тайёр бошем Шаҳри Кӯлоб яке аз мавзеъҳои иқтисодӣ-туристӣ, фарҳангию фароғатӣ, таърихию табиӣ ва расму оини ниёгон мебошад. Кӯлоби бостонӣ бо табиати зебояш сайёҳони ватанию хориҷиро мақбули худ гардонидааст. Таърихи Кӯлоб беш аз 2700 сол буда, дар ин шаҳр ҷойгир будани марқади Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҷалби ҷаҳонгардон саҳми арзанда мегузоранд. Пурсид азизе, ки Алӣ аҳли куҷоӣ? Гуфтам ба вилоёти Алӣ, к-аз Ҳамадонам. На з-он ҳамадонам, ки надонанд Алиро, Ман з-он Ҳамадонам, ки Алиро ҳама донанд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, зодаи шаҳри Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, соли 713/714-ҳиҷрии қамарӣ чашм ба олам кушод. Ин марди олимартаба баҳри ободии диёри азиз, тарғиби дини мубини ислом ва пайравӣ намудан ба шариат ҷонфидоиҳои зиёд намудааст. Алии Ҳамадонӣ дар кӯдакӣ таҳти таълим ва иршоди тағояш қарор доштааст. Бисёре аз илмҳои замонаашро азбар намуда, ба навиштани китобҳои муқаддас мепардохтааст. Алӣ дар соли 786 қамарӣ ба бемории вазнин дучор шуда, дар ҳамон сол дар синни 76/77-солагӣ аз олам гузашт. Акнун мадфани Мир Сайид Алӣ дар Хатлон (Кулиёб ё Кӯлоби кунунӣ) ҷойгир аст. Мақбараи Сайиди Ҳамадон зиёратгоҳи мардуми Тоҷикистон ва берун аз он гаштааст, ки барои соҳаи туризм такони ҷиддӣ мебахшад. Соли 2006 аз назди оромгоҳи ин марди шариф як ёдгории таърихӣ ёфтанд, ки 2700-солагии Кӯлобро муайян сохт ва бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 2700-солагии Кӯлоби бостониро бо меҳмонони хориҷӣ ҷашн гирифтанд. Ин боиси рушди туризм дар ин минтақа гардид. Вуруди сайёҳони хориҷӣ дар як сол 300-450 нафарро ташкил медиҳад. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолати рушд қарор дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҷашни 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ барномаи хуберо тарҳрезӣ намуда, 700 рӯзи ободонӣ эълон намуд. Дар шаҳр корҳои ободонӣ ҷараён дошта, дар доираи фармону супоришҳои Сарвари давлат барои зебо гардонидани шаҳр чораҳои мушаххас амалӣ гашта истодаанд. Метавон ин шаҳри бостониро дар андак муддат ба минтақаи асосии ҷалби сайёҳон табдил дода, дар рушди соҳаи туризм саҳм гузошт. Сиёвуш САИДОВ, донишҷӯи филиали ДТТ дар Кӯлоб
9
Бипурсӣ, бар забонаш ҳарза ояд! Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо тамоми нерӯю қувва талош намуда истодааст, ки ҳукуматро мавриди интиқод қарор диҳад. Чӣ илоҷ ки стратегияи ҲНИТ чунин аст. Тавре Саъдӣ Шерозӣ фармудааст: Неши ақраб на аз раҳи кин аст, Муқтазои табиаташ ин аст. Оре, доим дар хусуси фишор болои аъзояш ҳарф мезананду дар нокомиҳояшон дигаронро муқассир медонанд. Бо сабаби чунин интиқодҳои бемаънӣ дар назари ҳамагон худро бадрӯ кардаанду дигар касе ба суханҳояшон эътимод надоранд. Ҳизбҳои дигари сиёсӣ низ бо чашми тарс ба онҳо назар меафкананд. Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон иқрор шудааст, ки сабабгори тамоми бадбахтиҳои миллат ва ҳизбаш аз наҳзатиён оғоз шудааст. Вале ҳамаи ин ақидаҳоро наҳзатиён ё дарк накардаанд, ё дарк кардан намехоҳанд. Аз ин ҷост, ки чун пештар аз ҳукумат ва ниҳодҳои он интиқод мекунанду гумон доранд, ҳамин танқидҳо сабабгори баланд шудани обрӯяш дар назди ҷомеа мегардад. Дар воқеъ беш аз 20 сол аст, ки ҳукуматро танқид мекунанду онро корношоям мегӯянд. Вале маҳз бо талошҳои ҳамин ҳукумат имрӯз ҷомеи Тоҷикистон пешрафт мекунаду рӯз то рӯз сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Наҳзатиён, ки дар тӯли фаъолияташон ғайр аз танқид кори дигареро ба анҷом нарасонидаанд. Аз фишор сухан мегӯянд, мардумро бовар кунониданиянд, ки ақидаҳояшон дуруст асту бояд аз ин андешаҳои ботили эшон ҷонибдорӣ намуд. Машғулияти асосии эшон дар айни замон таҳияву омоданамоии ҳар гуна маводҳои бадномкунанда бар зидди ниҳодҳои алоҳидаи ҳукуматӣ ба воситаи интернет ва ҳафтаномаҳои даврӣ мебошад. Аммо ин ҳама айбҷӯиҳо ҳеҷ самаре наовард, балки баръакс миллатро боз ба ҳукумат ва ниҳодҳои он наздик намуд. Матлаби «Ҳукумат ва ҲНИТ: Оё ҳукуматдорон ин тавонро доранд, ки...» далели гуфтаҳоо болост. Муаллиф аз раванди рушди демократия бечоранолӣ карда менависад, ки: «Дар ни-
ҶОМЕА
шасту мизҳои гирд бо коршиносони ватаниву байналмилалӣ, вақте ин сиёсати ҳукумат мавриди интиқод қарор мегирад, ин доираҳо зиёд нороҳату нигарон мешаванд, ки чаро ҳамдиёрону шаҳрвандони кишвар пеши бегонагон шикоят мебаранд». Маълум аст, ки манзур аз ин ҳарфҳо муроҷиатномаи ин ҳизб ба кишварҳои кафили дӯст ва созмонҳои байналмиллалӣ мебошад. Дар воқеъ, вақте ин муроҷиатнома паҳн гардид, ду мисра шеъри Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ ба ёдам расид, ки чунин аст: Туро, нодон, умеди ғамгусориҳо зи Афранг аст, Дили шоҳин насӯзад баҳри он мурғе, ки дар чанг аст... Мутаассифона, ин ҳизб аз замони ташкил ёфтан ягона умеди расиданро ба сари ҳокимият аз Афрангу араб дидааст. Ҳеҷ гоҳ такя ба халқ намекард ва дар гумон аст, ки дар оянда ба мардум аҳамият диҳад. Аз ин ҷост ки миёни мардум на маҳбубият дораду на касе думболи андешаҳояшон меравад. Гумон карданд, ки бо ирсоли баёнияву муроҷиатнома касе ба имдодашон мерасад. Вале, акнун фурсат аз даст рафтаву ташкил намудани анҷуман ба дарди эшон малҳам шуда наметавонад. Ҳизбе, ки номи аъзояш доим бо ҷинояту ҷинояткорӣ сархати расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ гаштаасту ба 100 мушкили дигар мувоҷеҳ шудааст ва имкону қудрати ҳал кардани онро надорад, аз куҷо ба эътимоди мардум сазовор мешаваду ба анҷуману нишастҳояш эътибор зоҳир мекунад. Дар идома доир ба анҷумани 12-уми ҳизб сухан гуфта навиштааст, ки: «Ҳарчанд иддае монеагузорӣ ва нақшаҳои гуногуни эҳтимолиро барои халал расонидан ба кори анҷуман баъид намедонанд, аммо ҳанӯз ҳам умеде ҳаст, ки мақомот бо вуҷуди сиёсатҳои носолими пешгирифта ва мухолиф ба санаду меъёрҳои конститутсиониашон даст аз идомаи он бармедоранд…» То ҳол ҳеҷ ниҳоди ҳукуматӣ бидуни ягон сабаб барои ташкили анҷуману нишастҳоятон монеагӣ накардааст. Албатта, агар худи шумо нишастҳоятонро дар доираи қонунҳои амалкунанда гузаронед. Вале чӣ илоҷ, ки доим бар хилофи қонун амал мекунеду ҳангоми чораҷӯӣ садоятон ба фалак мебарояд. Асад АҲЛИДДИНОВ
«Наҷот» - таҳрикгари бунёди ҷомеаи мулломеҳвар «Наҷот» ниҳоди нашриётии ҲНИТ мебошад. Агар ба сифати асл бипазирем, ки матбуот дар боло бурдани зеҳнияти худогоҳӣ ва танвири ҷомеа нақши муҳим дорад ва матбуот аст, ки бо иттилооти созандаву ҷонбозанда савияи равшангарии мардум ва ақлҳои шахшударо такон медиҳад, пас «Наҷот» кореро, ки то имрӯз анҷом додааст, иборат аст аз тарғиботи якҷонибаи динӣ, ки бинобар дастрасии оммавӣ ба шабакаҳои иҷтимоии мазмуни динидошта рисолаташро анҷом додааст. Таърихи оғози рӯзномаи «Наҷот» бо оғози ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум гиреҳ мехӯрад, ки дар он замон ба ҳайси ҷорчии мухолифони хуношом ва тарғиби хушунату сиёсати ҷанг суханпардозӣ мекард. Аз ҳамин ҷо ба масали тоҷикии «Сухан ҳам созанда асту ҳам сӯзанда» эҳтиром қоил шудем. «Наҷот» тавонист дар муттаҳид ва басиҷ сохтани як гурӯҳи аҳолӣ ба муқобили қисмати дигари аҳолӣ, ки хатти наҳзатро намепазируфтанд, бо истифодаи зиддиятҳои ночизи маҳаллӣ фитнаи густурдаро доман бизанад, масири табиии озодиҳои демократиро ба сӯи бероҳа ва ҳараҷу мараҷ савқ бидиҳад. Бо истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон «Наҷот» сиёсати миллатзудоиашро канор нагузошт, бо касби таҷрибаи сиёсатҳои ихвонӣ дар саҳифаҳои рӯзнома ба ҷойи танвири чомеа ба тарғиби густурдаи арзишҳои соф ҷаҳонбинии динӣ даст зад ва ба минбари мухолифатманишӣ мубаддал гашт. Ба фарзияи якҷониба тафсир кардани ҳодисаҳои ҷомеа он далел шаҳодат медиҳад, ки «Наҷот» ба ҳеҷ сурат дар тӯли 18 сол ҳатто ба хотири риояи адолат ҳам аз дастовардҳои ҳукумат гӯшзад накард. Баръакс, ҳадафи доимӣ ва тимсоли масхараи «Наҷот» маводу мақолаҳои танқидӣ роҷеъ ба шаклу усули пиёдасозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ буд. Аксу расмҳои хориҷиҳоро дар «Наҷот» ва сомонаи ҳаммонандаш «nahzat.tj» бисёртар дидан мумкин буд, ки намояндагони ҳукуматро. Суратҳои ҳукуматиҳо танҳо дар сурати интиқоди шадид аз корбурдашон мавриди таваҷҷуҳи «Наҷот» қарор мегирифтанд. Он ҳам бо як беэътиноӣ. Дар тасвири ворунаи воқеияти Тоҷикистон «Наҷот» пешдаст буд. Замоне бо таваҷҷуҳ ба мазҳабишавии ҷомеа яке аз дастандаркорони ин ҳизб бо номи С.У. Ҳусайнӣ силсиламақолаҳо дар бораи «Фалсафаи шаҳодат» ба нашр расонид. Ҷомеаро ба нуқтаи арши аълои ироаи донишҳои нолозим дар бораи «Ихвон-ул-муслимин», муборизаи «озодихоҳӣ» дар зери парчами дин таҳрик мекард. Ин ташвиқот то он дараҷа ба вояҳо (доза) тақсим карда шуда буд, ки иштироки ин созмонҳои террористӣ дар Мисру дигар кишварҳои араб дар куштори сиёстмадорон ба хонанда бо як саҳли мумтанеъ пешниҳод шуда, барои эҷоди афкори мухолифатманишӣ сабабгор мешуд. «Наҷот» ҳамчун ҳафтаномае арзёбӣ мешуд, ки хилофи илму фан буд, бо ҷалби баъзе олимони динпараст дар маҷаллаи «Сафинаи умед» онҳоро барои боз ҳам дар ташвиқи ҷаҳлу таассуб ғӯтавар менамуд ва саҳми олимии онҳоро нодида мегирифт. Ҳамин тариқ, «Наҷот» ба ҷойи ба таври мунсифона дарҷ кардани ҳодисаҳои рӯзгори Тоҷикистон ба матбуоти зард, каммоя ва бемазмун табдил ёфта, манофеи ҳизберо ҳимоя мекунад, ки дигар дар арсаи сиёсӣ вуҷуд надорад. Оё вуҷуди ин ҳафтанома бо мазмуни танҳо ривоҷи бунёдгароӣ равост? Дар ҷомеае, ки роҳ ба сӯи уфуқҳои рушду инкишоф дорад, ҷавоби ин посух рад аст. Сардор РАСУЛОВ, таърихшинос
10
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ҲУШДОР Беҳуда лашкаркаши машҳури фаронсавӣ Напалеон, ки кишварҳои зиёдеро истило намуда буд, ҳанӯз дар асри 19 ҳамроҳи худ ҳамеша дастгоҳи рӯзномачопкуниро дар ҷангҳо намегирфт ва ҳар ҷоеро, ки ғасб мекард, аввалин иқдомаш кушодани рӯзнома буд. Маҳз Напалеон гуфта буд, ки як рӯзнома қудрати як артишро дорад. Чун он замон танҳо рӯзнома ихтироъ гардида буду халос. Акнун тасаввур кунед, ки дар замони муосир дар баробари рӯзнома радиову теливизион ва ахиран интернет чун воситаи пахши иттилоъ хизмат мекунанд, ки яке аз дигар асаргузортаранд ва ҳар яки онҳо дорои роҳу усул, тактикаву мавқеи хос мебошанд. Воситаҳои ахбори омма (ВАО)-ро сиёсат ба вуҷуд овардааст ва сиёсат онро идора мекунад. Шахсиятсозӣ бошад, аз ҷузъҳои муҳими ҳадафҳои сиёсист. Чун иттилоъ асоси расонаҳост ва ба ҳар ҷониб равон кардани афкори омма маҳз ба ВАО рабт дорад. Таърихи чандинасраи ба вуҷуд омадани расонаҳои хабарӣ баёнгари он аст, ки ҳар ҳарфи дар онҳо гуфта ё навишта ва намоишдодашуда мақсадҳои муайян дорад. Феълан ҷаҳон ба деҳкадае монанд шудааст, ки ҳама атрофи худро аз ВАО мебинанд ва тобиши он метавонад то ҷое мардумро ба роҳи ғалат низ барад. Ҷаҳон дигар қодир нест, ки бо зӯр пеши роҳи мавҷҳои иттилоотии ғаразнокро гирад, танҳо ва танҳо ақлу ҳуши инсон монеи он шуда метавонад. Феълан ВАО на танҳо афкори ҷамъиятро ташшакул медиҳад, балки ба силоҳи даҳшатангезе мубаддал шудааст, ки
Бояд гуфт, ки ба истилоҳ рақибони «Висоли ҳақ» бо намояндагӣ аз мазҳаби аҳли ташайюъ низ амал мекунанд, ки ба сиёҳ кардани тарафи муқобил машғуланд. Ахиран, ин шабака нисбат ба Тоҷикистон мавҷи танқиду таҳқирро раво дид. Аз ҳар нигоҳ аҷиб аст, ки Тоҷикистон чаро мавриди назари ҷиддии ин шабака қарор гирифт? Барномаҳои таҳиякардаи ин шабака дар бораи кишвари мо лаҳни тунд ва поймол кардани аркони динию дунявӣ бисёре аз воқеиятҳоро барои мардуми Тоҷикистон ва доираи бинандагонаш ошкор сохт. Ҳадафу мақсадҳои муайян доштани ровиёни «Висоли ҳақ» аз касе пушида нест, аммо чӣ хостани онҳоро ҳар нафар аз дидгоҳи худ баҳо медиҳад. Ҷои пинҳон нест, ки на ҳама мардуми кишвари мо ба иттилооте, ки нисбат ба кишвари мо гуфта мешавад, бидуни хулосабарории
Ҳадафи “Висоли ҳақ” ҷанги шиаву сунист! Ё чаро Тоҷикистон ҳадафи ин шабака қарор гирифт? ноаён мағзҳоро шуста, ҷараёни инъикоси ҳодисаҳои гуногунро вобаста ба манфиати ин ё он гурӯҳ инъикос мекунанд. Табиист, ки дар чунин шароит таҳоҷуми иттилоотӣ ва ҷангҳои тарҳрезишудаи лафзӣ низ афзоиш меёбад. Барои ҷонибҳое, ки қудрати камтари истодагарӣ доранд, ҳамлаҳои иттилоотӣ мушкили калидӣ мебошад. Асоси ҷангҳои иттилоотиро манфиатҳои сиёсӣ ва бархурди тамаддунҳо ташкил медиҳанд. Коршиноси тоҷик Ҷовид Муқим бар ин назар аст, ки феълан ҷомеаи ҷаҳонӣ дар гирдоби ҷанги иттилоотӣ қарор дорад ва фишанги он аз тарафи кишварҳои абарқудрат идора мешавад. Кишвари мо низ аз ин ҷангҳо канор намонда, мавриди ҳуҷуми ғаразноки гурӯҳҳои махсус қарор гирифтааст. Аз нигоҳи аввал ба мо чун тоҷик ва соҳибватан, дуюм, ҳамчун мусулмон, ки қариб як мил-
Инак, сеюм даҳсола аст, ки шаҳрвандони кишвари мо ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷ, хусусан Федератсияи Русия мераванд. Омили аслии муҳоҷирати меҳнатӣ барои мардуми кишвари мо вазъи нохуби иқтисодии оилаҳояшон буд. Чун дар замони ҷанги шаҳрвандии кишвар корхонаҳои истеҳсолӣ аз кор монда, сатҳи зиндагии аҳолӣ каме поён рафта буд. Ин буд, ки аз даҳаи охири асри гузашта муҳоҷирати меҳнатӣ ба яке аз манбаъҳои даромади мардуми тоҷик табдил ёфт ва солҳои баъдӣ авҷ гирифт. Тибқи ҳисобҳои оморӣ ҳоло беш аз 800 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия кору фаъолият мекунанд, ки аз ин миқдор тахминан 50 фисади онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
лиард ҳамақидаи мо дар ин сайёра зиндагӣ доранд. Агар дар 10-солаи гузашта доираи гурӯҳҳои махсус беш аз пеш кӯшиш доштанд, ки мавқеъ ва ақидаи миллати моро бо нишондодҳои бардурӯғи сирф сиёсӣ ё иқтисодӣ тағйир бидиҳанд, мутаасифона, имрӯз бо истифода аз дини мубини ислом мехоҳанд ба манифиатҳои миллӣ ва давлатсозии мо зарба зананд. Ин дар ҳолест ки феълан кишварҳои манфиатҷӯ дини исломро воситаи мубориза барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мебаранд. Дар шароите, ки ҷаҳони исломро як ноамнии густурда ба воситаи гурӯҳҳои мусаллаҳи мансабхоҳ фаро гирифтааст, ҷангҳои иттилоотӣ вазъро печидатар хоҳанд кард. «Висоли ҳақ» аз ҷумлаи шабакаҳои телевизионист, ки худро пуштибони аҳли суннат муаррифӣ карда, гӯё бар зидди дигар мазҳабҳо мубориза мебарад.
мантиқӣ ва дарки воқеияти сиёсӣ қабул мекунанд. Табиати инсон низ чунин сохта шудааст, ки танқидро аз таъриф хубтар қабул мекунанд. Дарки ин ба тарроҳони “Висоли ҳақ” имкон дод, ки амвоҷи танқидҳои беасос ва таҳқирҳои хилофи дину мазҳабро нисбат ба мардуми Тоҷикистон ва сиёсати ҳукумати кишвар раво бинанд. Аз ровии барномаҳои он Муҳаммад Ансорӣ як “пешвои барҳаки ислом” ва “олим”-и ба ном “дилсӯз” битарошанд. Воқеан ин қудрат дар дасти расонаҳо аст, аммо аз пашша филсозиҳои “Висоли ҳақ” тадриҷан ошкор мешавад. Мо бо мақсади ошкор намудани хостаҳои “Висоли ҳақ” ва шахсиятсозии Муҳаммад Ансорӣ чанд нуктаро барои хонанда таъкид намуданием. Мақсади асосии хоҷаҳои “Висоли ҳақ” тафриқа дар байни мусалмонон бо принсипи “аҳли суннат” зидди “аҳли шиа” мебошад. Вале таърихи
мавҷудияти ислом собит намудааст, ки дар ягон шароит аз байн бурдани яке аз ин ду шохаи бузурги ислом имкон надорад. Танҳо эҳтиром ба якдигар ва муттаҳидӣ атрофи арзишҳои олии суннатҳои ислом омили ваҳдати мусалмонон аст. Инро худи Муҳаммад Ансорӣ ва хоҷаҳои ӯ ба хубӣ медонанд, аммо барои онҳо нифоқ ҳадаф аст. Коршиносон таъкид менамоянд, ки яке аз ҳадафҳои “Висоли ҳақ” ақидаҳои салафигароиро ривоҷ додан ва тарафдорони равияи салафиро бештар кардан аст. Зеро дар Тоҷикистон равияи салафия экстремистӣ эътироф гардидааст. Созмони ба ном “Давлатӣ исломӣ” бошад, зери ақидаҳои салафия сохта шуда, зидди аҳли ташайюъ нигаронида шудааст. “Висоли ҳақ” низ бо чунин роҳ фаъолият мебарад. Ҳадафи дигари ин шабака дастигирӣ аз мухолифони берунаи Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони “Гурӯҳи 24” аст, ки пайравони онҳо беш аз ҳама дар ин шабака туҳмат ва буҳтонро нисбат ба кишвари мо раво дида, ба ин васила мехоҳанд ақидаи нопоки худро миёни тамошобинони “Висоли ҳақ” пиёда созанд. Пӯшида нест, ки “Висоли ҳақ” аз ин фоидаи молӣ низ ба даст меорад. Илова бар ин, душманони се кишвари ҳамзабон, ҳамфарҳангу ҳамдин - Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон тариқи “Висоли ҳақ” мақсад гузоштаанд, ки решаҳои нажодии моро канда созанд. Гуногунии мазҳабиро дар ин кишварҳо роҳи расидан ба мақсад қарор додаанд. Ҳамвора баъзе аз сиёсатмадорони тоҷикро шиагаро туҳмат задани Муҳаммад Ансорӣ чунин хостаро дар пай дорад. Яъне, онҳо бо роҳи ихтилофи мазҳабӣ мехоҳанд тоҷику эрониву афғонро аз ҳам ҷудо созанд. Аз байн бурдани ваҳдати се кишвари бо ҳам дӯсту ҳамзабон ҳам аз нигоҳи сиёсӣ, ҳам фарҳангию динӣ барои душманони мо аҳамияти бузург дорад. Мо аминем, ки моро касе аз ҳам ҷудо карда наметавонад. Мо - форснажодон дар пояҳои фарҳанги милливу динӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ ваҳдати қавӣ дорем. Ин ҳама ихтилофангезиҳо бояд ақидаи моро ба Ислом комил, ҳисси ватанпарвариамонро баланд ва ваҳдат бо ҳамнажодонамонро қавӣ гардонад.
Фирдавси НИЗОМ, рӯзноманигор
Чаро ҷавонон ба муҳоҷират мераванд? Агар ба умқи масъала дурусттар назар кунем, омилҳое пайдо мешаванд, ки ба маҷбуран сафар кардани ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ боис гаштаанд. Яке аз онҳо, албатта, ҳамон вазъи иқтисодӣ ё сатҳи пастӣ зиндагӣ аст, ки ҷавононро сӯи кишвари бегона мекашонад. Барои мисол, фарз мекунем дар оилае, ки панҷ фарзанди мактабхон дорад, падари хонадон ҳамагӣ ҳазор сомонӣ маош мегирад, модар бошад, хонашин аст, маоши мегирифтаи падар табиист, ки барои таъмини оила чандон басанда нест. Ба ҷуз ин, ҷавон ё наврас орзуву ҳавас дорад. Дилаш баъзе чизҳо мехоҳад, вале маоши падар кироӣ нест. Ҳавасу орзуҳои ҷавонро бароварда намесозад. Барои ҳамин, ҷавон вақте мактаби миёнаро тамом кард, дар сар ҳамин фикрро дорад, ки бояд ба муҳоҷират равад ва ҳамон камбуди молие, ки дар оила буд, бартараф созад. Ба ҳамин васила ҳавасу орзуяшро барорад. Яъне, ҷавон намехоҳад он вазъеро, ки худ дар оила дидаву аз сар гузарондааст, фарзандонаш ҳам бубинанд... Инчунин, аксари ҷавонон чунин андеша доранд, ки дипломи донишгоҳ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
наметавонад ба онҳо зиндагии осоиштаро ҳадя кунад. Аз ин рӯ, ба муҳоҷират рафтанро аз таҳсил дар макотиби олӣ авло медонанд. Агар ба онҳо гӯед, ки “Таҳсил кун, ҳатман даркорат мешавад”, мегӯянд: “Ҳоло ба донишгоҳ дохил шудан ва таҳсил дар он пулакӣ шудааст. Ман бо ин вазъе, ки дорам (яъне бепулӣ) наметавонам таҳсил кунам. Агар таҳсил ҳам кардам, кафолат нест, кори муносиб меёбам”. Ҳамин фикру андешаҳо дар маҷмуъ яке аз сабабҳо ва омиле мебошанд, ки боиси муҳоҷир шудани ҷавонони тоҷик гаштаанд. Омили дигар, бешубҳа гурези ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ аст. Дар ҷумҳурӣ дар як сол ду маротиба даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сурат мегирад. Маъмулан, ба муҳоҷират рафтани ҷавонон пешопеши даъват ба артиш бештар мешавад. Бо вуҷуди қарзи ҳар як ҷавонмард будани хизмат дар сафи артиш, ҷавонони мо азобу уқубати муҳоҷиратро аз он авлотар медонанд, ки ҷойи аҷобат надорад. Сабабаш ҳам гумон мекунам маълум аст: латукӯб шудани сарбозон. Бале, зуҳуроти номатлуби латукӯби сарбо-
зони наве, ки ба артиш мераванд аз ҷониби сарбозони пештар даъватшуда то ҳол аз қисмҳои низомии кишвар решакан нашудааст. Аз оғози соли равон панҷ ҳодисаи латукӯби сарбозон дар артиш ба қайд гирифта шудааст ва чун ҷавонон ин ҳамаро мебинанду мешунаванд табиист, ки дар дилашон нисбат ба хизмати аскарӣ тарсу ваҳм ҷой мегирад ва минбаъд ҳар қадар барномаҳои тарғиботӣ доир намоем ҳам, беасар аст. Ҷавон муҳоҷиратро интихоб мекунад, чун худро дар артиш бехатар тасаввур карда наметавонад. Зимнан, як коршинос дар ин хусус чунин ибрози назар кардааст: “Агар ҳар кадом аз ин ҳодисаҳоро ҷиддӣ пайгирӣ карда, қотилон 26солӣ ба маҳбас (на каму на беш!) фиристода шаванд, он замон умеде барои беҳбудӣ пайдо мегардад. Вагарна мо ба рӯзе хоҳем расид, ки ҳеч як марди ин миллат барои ҳимояи Ватан ирода нишон нахоҳад дод.
Афзал АСЛОНОВ, коромӯзи “ҶТ”
11
ВАРЗИШ
½-финали Ҷоми Тоҷикистон: “Истиқлол” бо “Равшан” бозӣ мекунад Дастаҳои иштирокчии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2015 муайян шуданд. Дар ин давр “Истиқлол”-и Душанбе бо “Равшан”-и Кӯлоб ва КМВА “Помир”-и Душанбе бо “РегарТадАЗ”-и Турсунзода вомехӯранд. Бозиҳои ҷавобии даври чорякфинал 25 август доир гаштанд. “Барқи тоҷик” дар варзишгоҳи “Спитамен” КМВА “Помир”-ро қабул кард. Бозӣ бо ғалабаи артишиҳо анҷом ёфт. Дар ҳайати ғолибон Давронҷон Тухтасунов 5 гол зад. Бозии ҷавобии “Вахш” ва “Равшан” мусовӣ – 0:0 ба анҷом расид. “Равшан” аз ҳисоби ғалаба дар бозии аввал ба даври нимфинал роҳ ёфт. “Саройкамар” ва “Регар-ТадАЗ” дар варзишгоҳи Фархор вохӯрданд. Ин бозӣ низ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Пас аз натиҷаи
ду бозӣ (4:1) “Регар-ТадАЗ” дар даври дигар бозӣ мекунад. Тибқи ҷадвали мусобиқа бозиҳои аввали даври нимфинал 19-20 сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ 30 сентябр ва 1 октябр доир хоҳанд шуд. Ҷоми Тоҷикистон-2015. ¼-финал. «БАРҚИ ТОҶИК» — КМВА «ПОМИР» — 2:3, 1:5. «ВАХШ» — «РАВШАН» — 1:2, 0:0. «САРОЙКАМАР» — «РЕГАР-ТАДАЗ» — 0:3, 1:1.
Медали нуқраи Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи кишвар, дар даври ниҳоии чемпионати ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, ки 23 август дар шаҳри Пекин – пойтахти Чин баргузор шуд, мақоми дуюмро соҳиб шуд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Дилшод гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, барои ҷойи дуюм бо медали нуқра ва 30 ҳазор доллар сарфароз гашт. Ҷои аввал ва сеюм насиби Павел Фейдек (80,88
метр) ва Войтсех Новитски (78,55) аз Лаҳистон шуд. Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар пойтахти Чин то 30 август идома мекунад. Дар он ҳудуди 2000 варзишгар аз 207 кишвар барои 47 маҷмӯи медалҳо
мубориза мебаранд. Ғолибон дар намудҳои инфиродӣ ба ҷуз медали тилло бо 60 ҳазор доллар, барои медалҳои нуқра бо 30 ҳазор доллар ва барои медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.
Муштзанҳо дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд
22 август дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров бо ғалабаи футболбозони навраси Мактаби ҷумҳуриявии маҳораташ олии варзишӣ (МҶМОВ) анҷом ёфт.
Варзишгарони кишвар дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни мардон, ки аз 26 август то 6 сентябр дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Мирзо Шамсиев, сармураббии дастаи мунтахаби бокси кишвар, ба хабарнигори радиои “Озодӣ” хабар додааст, ки ба ҳайати тими мунтахаби кишвар беҳтарин муштзанҳо, ба мисли Анвар Юнусов (60 кг), Ҷаҳон Қурбонов (91 кг), Шавкат Раҳимов (64 кг), Муродҷон Расулов (49 кг), Воҳид Асроров (56 кг) дохиланд. Варзишгароне, ки ҷойҳои аз 1-ум то 7-умро ишғол мекунанд, ҳаққи ширкат дар чемпионати бокси ҷаҳонро, ки 5-18 октябри соли равон дар Қатар доир мегардад, пайдо мекунанд.
Шохрух Турсунов 19 сол дорад. Дар деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба дунё омада, аз овони хурдӣ ба варзиш шавқу рағбати зиёд дорад. Ҳоло дар риштаи гӯштини самбо ва дзюдо машқ меварзад. Аз рӯйи ин намуди варзиш дар якчанд мусобиқа ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.
12
МҶМОВ - барандаи Ҷоми Владимир Ғуломҳайдаров Дар мусобиқаи анънавӣ барои дарёфти ҷоми Ғуломҳайдаров ҳашт даста ширкат карданд. Дар марҳилаи пешакӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Дастаҳои футболи МҶМОВ ва “Хуҷанд” ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бозии ниҳоӣ муборизаи баробар сурат нагирифт ва футболбозони навраси МҶМОВ зери роҳбарии Сафаралӣ Раҳмонов
бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуданд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи “Гимназияи МИИ” бар “Солор” бо ҳисоби 1:0 дастболо гардид. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷому медалҳо ва диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҷовид Фузайлов («Гимназияи МИИ»), Диловар Ғаюров («Солор»), Муҳаммадворис Саидалиев
(«Авиатор») ва Абдураҳмон Абдукаримов («Хуҷанд») беҳтарин бозингарони мусобиқа эътироф шуданд. Инчунин, ба бозингарон Далер Каримов («Хуҷанд»), Ҷаҳонгир Шодиев («Гимназияи МИИ»), Фахриддин Ибодов («Солор»), Хуршед Қаюмов ва Файзиддин Наҷмов (ҳар ду аз МҶМОВ) аз ҷониби собиқадори футболи тоҷик Азим Яқубов туҳфаҳои махсус супорида шуд.
Комёбиҳо ёрат бод, Шоҳрух! Шоҳрух айни замон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов таҳсил мекунад. Ҳамчунин, дар толори варзишии «Тоҷ - файтер», таҳти роҳбарии мураббиёни шоистаи кишвар Аҳтам ва Рустам Хокировҳо машқ меварзад. Нимаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара мусобиқаи кушод оид ба муҳорибаҳои омехта баргузор гардид. Дар он варзишгари ҷавон Шоҳрух Турсунов, Устоди варзиши
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи самбо дар вазни 61 кило бо варзишгари беҳтарини шаҳри Исфара, дорандаи камарбанд ва ғолиби чандин мусобиқаи байналмилалӣ қувваозмоӣ намуда, ӯро мағлуб кард. Аз рӯйи ҷамъбасти мусобиқа ҷойи аввалро соҳиб шуда, ба мусобиқаи байналмилалӣ роҳхат гирифт. 19-20 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии «Битва Темурмалик» доир мегардад. Дар ин
мусобиқаи бонуфуз варзишгарони беҳтарин аз Бразил, Русия, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Узбекистон ва соҳибони майдон Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард Шоҳрух Турсунов дар вазни 61 кило бо варзишгари Қирғизистон барои дарёфти камарбанд қувва меозмояд. Умед аст, дар ин мусобиқа Шохрух Турсунов комёбиро ноил хоҳад мегардад. Т. САФАРОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШ Инсон амалҳоеро дар ҳузури умум иҷро менамояд, ки ба ҷуз фиреб ё рабудани диду назари бинанда чизе беш нест. Ҳар кадоми мо борҳо ба тамошои маҳорати ҳунарпешаҳои сирк омадаем ва шоҳиди ҳунарнамоии шуъбадабоз ё ба ибораи маъруф чашмбандҳо гардидаем. Онҳо ҳангоми иҷрои амалҳои ғайривоқеӣ бо чусту чолокӣ тамошобинро «афсун» намуда, кори ғайриимконро имконпазир вонамуд менамоянд. Гузашта аз, ин аҳёнан боз афроде пайдо мешаванд, ки амали анҷоммедодаашон бинандаро ба олами рӯъё мебарад, водори андеша мекунад ва роҳгумзада менамояд. Дар дарёфти воқеият шаку шубҳа ғофилгираш мешавад ва дар назар манзараи дидааш ба рӯъё мубаддал мегардад. Ин ҷо ҳарф дар бораи ҷавонмардҳое меравад, ки бо тавону неруи баданӣ борҳои сангинро мебардоранд, мошинҳои вазнинро мекашанд ва боз ба ин монанд амалҳоеро ба иҷро мерасонанд, ки дар тасаввур ва фаҳм хеле мушкилпазиранд. Дар бораи ин гуна ашхос шунидаему хондаем, қомати баланд, андоми бузурги паҳлавонҳои сангинвазнро доранд. Аммо Изатулло Мирзоев, ки аз зумраи ин гуна ҷавонмардҳост, чандон ҷуссаи бузург ва қади баланд надорад. Бо дидани ӯ бовари кас намеояд, ки ин ҷавон бо чунин тану ҷусса метавонад кореро анҷом диҳад, то боиси ангушти ҳайрат газидан шавад. Изатулло бо он тавону неруи Худодод даст ба иҷрои корҳои паҳлавоние мезанад, ки бинанда дар аввал онро сеҳр мепиндорад. Вай барои шикастани сеҳри тасаввури мардум пайваста тамрин мекунад ва неруи бадану бозуро тақвият медиҳад. Тавоноии ҷисму равонашро ба ҳам мутамарказ карда, борҳои сангинро мебардорад. Изатулло дар ин ришта дар ҷумҳурӣ танҳо аст. На мураббӣ дораду на сарпараст ва на роҳнамо. Худ аз пеши худ иқдом ба ин амал намуда, аз дидаҳову шунидаҳояш оид ба анҷоми фаъолияти фавқулодда кор гирифтааст. Он рӯзе, ки дар худ чунин як неруи фавқулоддаро эҳсос намуд, тақрибан даҳ сол дошт. Бо писари ҳамдеҳа шомгоҳон аз чарогоҳ гӯсолаашонро ба хона меовард. Дар ҳар ду даст бастаи алаф дошт. Банди гӯсоларо бо дандонҳо дошта, ба пеш ҳаракат мекард. Пас аз тай намудани фосилае, мисле ки гӯсола хаста шуда бошад, аз роҳ гаштан саркашӣ кард ва худро ба рӯи замин андохт, гӯё ин амали ҳайвон эътирозеро мемонд. Ҳарчанд писари ҳамроҳ гӯсоларо бо химча мезад, то роҳ биравад, вале сар намефуровард. Ин дам Изатулло ночор бо зӯри дандонҳо гӯсоларо кашид, ончуноне кашид, ки ҳайвон аввал чанд қадам гаваккашон, сипас аз ҷо хеста ба роҳ даромад. Рафиқаш ин кори Изатуллоро дида, гоҳ ба ӯ ва гоҳ ба гӯсола менигарист, ҳайратзада ба роҳ даромадани ҷонвари саркашро назорат мекард. Ҳеҷ бовараш намеомад, ки бо дандонҳо инсон тавонад чунин амалро анҷом диҳад. Вале худ, ки шоҳиди ин саҳна гашта буд, ба ҷуз бовар намудан чораи дигар надошт. Фардои он рӯз ин кори Изатулло дар деҳа овоза шуд… Пас аз ин рӯйдод дар дили Изатуллои наврас ҳисси бардоштану кашидани борҳои сангинвазн пайдо шуд. Рӯиҳамрафта, бо ҳавову ҳаваси бачагӣ бо дандон бардоштани халтаҳои вазнинборро шуруъ намуд. Рӯз то рӯз бовараш ба тавоноии худ меафзуд. Акнун ин машғулият барои Изатулло аз як ҳаваси бачагӣ ба як амали ҷиддӣ мубаддал гашт. Синнаш ҳам, ки боло мерафт, хостҳояш ҳам бештар мешуд. Рӯзе аз канори роҳи мошингузар рад мешуд ва нигоҳаш ба марде уфтод, ки дар назди мошин истода, мунтазири касе ва ё чизе буд. Ҳисси кунҷковии Изатулло боло гирифту ба назди он мард омад. Ҳолро дид ва фаҳмид, ки мусофир “дамкрат” надоштааст, то баллони кафидаи чархро иваз кунад. Ба самти
баллони кафида гузашт ва ба ронанда муроҷиат намуд: - Амак, ин ҷо биёед. Ман аз ҳамин гӯша мошинро мебардорам, Шумо зуд чархи кафидаро иваз кунед. Мард ба сӯи писари наврас, ки он қадар тану ҷуссаи калон надошт, нигариста, чӣ гуфтанашро намедонист.
Замоне, ки синни Изатулло ба 14 расид аз худ суол кард: «Фурсати орзуи деринаат фаро расид ва акнун камарро маҳкам бубанд». Одамони зиёд дар канори ҷода мунтазири дидани амали ғайриодӣ ҷамъ омадаанд. Дар васати роҳ чаҳор автомашинаи сабукрави тамғаҳои гуногуни ба ҳам пайваста ва Изатулло чун сор-
ки анҷом медиҳӣ сеҳр, афсунгарӣ, чашмбандӣ вуҷуд дорад? Агар на. Пас, шояд сирре ниҳон бошад? Андак табассум мекунад ва мегӯяд: - Ин суолест, ки ҳамеша ба ман медиҳанд. Дар ҷавоб мегӯям, на. Вале бовар намекунанд. Баъд мегузарад ба шарҳи як баҳси рухдода. Ин мавзӯъ дар нишасте мавриди гуфтугӯ ва баҳси
Ҳунари фавқулода
Рӯъё ва воқеиятҳои як ҷавони танҳо, аммо тавоно
Изатулло ӯро бо садояш, ки зудтар чархро биёрад, аз вартаи тааҷҷуб раҳонид. Лаҳзае як гӯшаи мошини сабукрав дар рӯи дастони наврас овезон монд. Ронанда чӣ тавр гузоштани чархро худ надонист. Афсуншударо мемонд, карахту ҳайратзада ба Изатулло нигоҳ мекард. - Сафаратон бехатар шавад, роҳро идома диҳед, амак, - гуфт Изатулло ва аз назди он мард рафт. Ронанда моту мабҳут, гиребон дар даст аз думболи ҷавони наврас дуру дароз нигарист... Завқи баланди Изатулло ба ин намуди варзиши зӯрсанҷӣ водораш мекард, то ба ибораи маъруфи ин намуди варзиш «трюкҳои» боз ҳам мушкилтарро анҷом диҳад. Ба ин хотир ва ҷиҳати маълумоти бештар доштан дар иҷрои амалҳои сангин рӯ ба интернет овард. Меомӯхту иттилоъ ҷамъоварӣ менамуд ва ба дунёи ин намуди варзиш устуворонатар ворид мешуду огаҳии бештаре пайдо мекард. Бо шарҳи ҳоли Валтер Арфейи белгиягӣ, Роберт Галстяни арманӣ ва Ҷон Ивенси англис ошно шуд. Акнун медонист, ки Валтер 31 марти соли 1990 дар Париж бо дандонҳояш 281,5 килограммро то баландии 17 сантиметр аз замин бардоштааст. Роберт бошад, бо дандонҳо ду вагони бо ҳам насбро, 21 июли соли 1992 дар Шербинои назди Маскав ба масофаи 7 метр кашидааст. 4 ноябри соли 1997 Ҷон автомашинаи «Шевроле»-ро, ки вазнаш аз 1,5 тонна бештар буд, ба муддати 12 сония дар болои сар нигоҳ доштааст. Дарёфти иттилооти мазкур минбаъд дар тамриноту фаъолияти Изатулло такони ҷиддиро ба амал овард. Орзуи ба иҷрои ин гуна амалҳо наздик шудан дар дилаш шуъла зад. Талошҳову кӯшишҳояш паёпай самар меоварданд. Дар болои шикаму пойҳо нигоҳ доштани 7-8 нафар бо вазни умумии 600-700 кило муяссараш шуд. Сипас дар болои бадан доштани оҳану металҳои гуногунро, ки вазнашон аз 800 кило бештар буд, анҷом дод. Иҷрои ин амалҳо гӯё имтиҳоне буд дар риштаи интихобкардааш. Ҳамин тавр ин гуна имтиҳонҳо яке пайи дигар супурда мешуду рӯзҳо ҳам пушти сар.
бони корвон дар канори онҳо воистода. Пас аз лаҳзае чархҳои мошинҳо оромором ба гардиш меоянд ва Изатулло бо қувваи дандонҳо ресмони бастаро боз ҳам бештар мекашад. Фосилаи гардиши мошинҳо бештар мешавад ва садои офарингӯию кафкӯбии одамон дар тану ҷони Изатуллои ҷавон рӯҳу тавони тоза мебахшад. Ингор боз як қуллаи дигар фатҳ шуд. Ба истилоҳ ин қулла қуллаи мурод буд, барои Изатулло, зеро сангинтарин кореро, ки мехост анҷом диҳад, иҷро шуд. Дигар тардиду шак, нобоварӣ ба худ, дудилагӣ барин нишонаҳо аз вуҷуди ӯ сутурда шуданд. Акнун вай худро як ҷавони комил ва тавоно эҳсос мекард ва барои татбиқи нақшаҳову хостаҳои ояндааш дар шоҳроҳи орзу гомҳои боустувор мебардошт. Ҳунари Изатулло аз назари бинандаҳо, бавижа ҳамдеҳаҳо пинҳон намонд. Овозааш то ба масъулони варзиши мақомоти иҷроияи ноҳия расид. Аввалин барномаи тамошоии ӯ аз тариқи телевизиони ноҳиявӣ нишон дода шуд. Баъдан шабакаҳои телевизионии марказии ҷумҳурӣ – «Сафина», «Баҳористон» ва «Ҷаҳоннамо» онро намоиш доданд. Бинандагони зиёд бо маҳорати волои Изатулло ошно шуданд. Ҳангоме ки хабарнигорони телевизион ҳунарнамоии ӯро шарҳ медоданд ва таваҷҷуҳи тамошобинонро ба амалҳои анҷоммедодаи ӯ ҷалб мекарданд, вуҷуди бинандаро ларза фаро мегирифт. Изатулло бо маҳорати хос шишаи лампочкаро зери дандонҳо гузошта, месоид ва фурӯ мебурд. Чанд дона сангҳои ҳаҷмаш аз 1 то 2 сантиметрро низ паёпай ба даҳон гузошта, ба ибораи маъмул қурт мекард. Нафари дар мӯйҳои сараш овезоншударо чанд сония мебардошт ва гузашта аз ин, мошинҳои гуногунҳаҷми сабукрави думболи ҳам бастаро бо дандонҳо мекашид. Воқеан, бинанда ҳамаи инро медид ва худ ба худ мегуфт: «Наход инсон тавон ва қудрати иҷрои чунин амали боварнакарданиро дошта бошад?». Вале на ҳама ин воқеиятро пазируфтанд. Бархе онро сеҳр, афсун ва гипнозу чашмбандӣ маънидод мекарданд. Мушкил буд бовар кардани ин амалҳои анҷомдодаи Изатулло. Аз Изатулло пурсидам, дар коре,
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
одамон мешавад ва дар он як нафар аз ошноҳои ман ҳузур доштааст. Вақте баҳс ба дарозо мекашад, ба натиҷае мерасанд, ки маро даъват кунанд ва дар ҳузури ду нафар, ки худро мулло мепиндоранд, хӯрдани шишапораҳои лампочка ва сангҳоро анҷом диҳам. Даъватро рад накардам. Муллоҳо шуруъ карданд ба хондани ояҳои махсус аз “Қуръон”-и карим барои шикастани тилисм. Ман бошам, сар кардам ба амали дарназардошта. Ояҳои хондашуда ва дуоҳои гуфта монеи кори ман нашуд ва он ду нафар бо ҷунбондани сар тасдиқ карданд, ки ин ҷо сеҳру афсуне нест. Ҳадафи аслии намоишҳои телевизионӣ марбут ба ҳунари Изатулло аз як тараф ба бинанда пешкаш намудани дурахши маҳорати ӯ бошад, аз сӯи дигар дарёфти сармоягузоре барои такмили боз ҳам бештари иқдоми гирифтааш буд. Аз миён чанд муддат гузашт, аммо барояш касе дасти мадад дароз накард. Барои мардикорӣ ба Русия рафт то маблағе дарёфт кунад ва онро ҷиҳати сайқал додани маҳораташ сарф намояд. Вале маблағи ночизе, ки мегирифт, басанда набуд. Ӯ ҳам кор мекард ва ҳам гоҳ-гоҳ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳунарашро намоиш медод ва ба ин васила ҳам қути лоямуте дарёфт менамуд. Хост дар барномаи «Минута слава»-и яке аз шабакаҳои телевизионии Русия ширкат кунад, аммо бо сабаби танҳо будан дар таҳияи барномаи вижа муваффақ нашуд. Боз ба Ватан, ба ноҳияи Восеъ баргашт. Дар пайи ҷустуҷӯи сарпараст ба интернет рӯ овард. Дар Ҳиндустон як манбаеро пайдо намуд ва аз ҳунараш ба онҳо таъриф кард. Ин манбаъ ӯро ҷиҳати ошноӣ бо маҳораташ ба Ҳиндустон даъват намуд. Бо сабаби надоштани маблағи роҳкиро натавонист ба он ҷо ҳозир шавад. Ҳамин тавр боз танҳо монд, танҳои дилсард ва дилшикаста. Аз ин ҳол Толеъ Холназаров, як тан аз варзишгарон ва мураббиёни маъруфи кишвар бохабар шуд ва ӯро назди худ хонд. Маслиҳаташ дод, то тамринотро идома диҳад. - Музаффарияти варзишгарони Тоҷикистонро мешунавам ва шод мегардам, ки ба ифтихорашон дар майдонҳову толорҳои варзишии ҷаҳон Суруди миллии Тоҷикистон садо медиҳаду парчами он барафрохта мешавад. Ба худ мегӯям, ту ҳам бояд кореро анҷом бидиҳӣ, ки дар боз ҳам шуҳратёр гардидани кишвари азиз саҳм дошта бошӣ, - иброз медорад И. Мирзоев. Ман ба ӯ мегӯям: «Эй кош, бо ин тавону қудрати ҷисмонӣ ба ягон намуди варзише, ки дар барномаи бозиҳои олимпӣ мавҷуд аст, машғул мешудӣ ва шояд орзуи асосият, ки афзун намудани шарафу шуҳрати Тоҷикистони бароят аз ҳама чиз авлотар осон мегардид!». Изатулло ба ҷуз аз ин намуди варзиш, ки мусобиқот надорад ва танҳо ба хотири гузоштани рекордҳову сабт ба китоби Гиннес анҷом дода мешавад, гӯштингирӣ, вазнбардорӣ ва атлетикаи сабукро дӯст медорад. - Бори аввал дар мактаб дар дарси
тарбияи ҷисмонӣ найзаро ба даст гирифтам ва пас аз роҳнамоии муаллим онро ба масофаи бештар аз 50 метр партофтам. Пас аз ин муаллим ба ман гуфт, ки агар дар ин намуд машқ кунӣ, иншооллоҳ, ки муваффақ мешавӣ, - ба ёд меорад солҳои мактабиро Изатулло. Фикр мекунам, ҳанӯз ҳам барои Изатулло дер нашуда, зеро ҷавон аст ва тамринҳои ҷиддӣ ба яке аз намудҳои варзиши ёдрасшуда, мумкин аст, дар ҷодаи варзиш муваффақтараш намояд. Ин матлабро ба ӯ мегӯям, ба андеша меравад, сокит мемонад ва шояд қабул дорад, ки ҳанӯз ҳама чиз аз даст нарафтааст... Вале ҳадафи асосии ӯ имрӯз яктост – ба оламиён нишон додани маҳоратеро, ки алҳол дорост. Дар пиёда гардидани ин хости Изатулло ҷиҳати такмили барномаи вижа мадади мову шумо лозим аст. Бахусус ёрии сарпарастон. Чи хуб мешуд, агар инсонҳои сарватманди ватанхоҳу ватанпараст ва миллатдӯсти кишвар ба канори Изатулло ва ба ӯ монанд варзишгарони гуногуни ҷумҳурӣ меомаданд, мадад мерасонданд ва дар муваффақияту музаффариятҳои шуҳратовару рӯҳафзояшон саҳм мегирифтанд ва бо ин амали нек ба Тоҷикистону тоҷикистониён шодию фараҳ ҳадя менамуданд. Гузашта аз ин, ба назари инҷониб ширкати Изатулло бо барномаи вижа дар чорабиниҳои фарҳангии ҷашни Истиқлолияти кишвар ва Наврӯзи аҷам, ки меҳмонони хориҷӣ ба он ташриф меоранд, басо ҷолиб хоҳад буд. Таблиғи маҳорати як ҷавони тавонои кишвар, ки назираш дар кишварҳои осиёӣ кам аст, боиси шуҳрати Тоҷикистони азиз мегардад. Дар ин росто таҳияи филми мустанади телевизионӣ ва синамоӣ роҷеъ ба чанд тан инсонҳои дорои маҳорати гуногуни фавқулода бо истифода аз манзараҳои зебо ва дилангезу дидании кишвар ба хотири ҷалби сайёҳон аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар дарёфти истеъдодҳои ниҳон ва мадад ба онҳо, чун Изатулло саҳм бигирад, чӣ кори савобе хоҳад шуд. Дар зимн ёдовар мешавем, ки Изатулло Мирзоев боре аз як нафар корманди кумитаи мазкур ҷиҳати кашидани яке аз ҳавопаймоҳои калонҳаҷм дар фурудгоҳи Душанбе кӯмак хост, мутаассифона ҷавоби рад гирифт. - Кишвари азизам бо обҳои мусаффо, кӯҳсорони баланд, табиати зебову дилангез ва афсонавӣ маъруфу шуҳратёр аст. Чун як фарди ин сарзамини биҳиштосо банда низ талош хоҳам кард, то ба ин шуҳрат ҷилои тоза бахшам ва роҳе барои қаҳрамонҳои оянда бикшоям, - бо лутфу муҳаббати беандоза иброз медорад, - И. Мирзоев. Иҷрои амали соидан, хӯрдани шиша ва фуру бурдани сангҳоро ба дигарон тавсия намедиҳем.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, рӯзноманигор
13
ЗИКРИ ХАЙР
Маърифатпарваре моро тарк гуфт Олимон ганҷинаи дурру гавҳари ҳар миллат ба шумор мераванд. Зеро солҳо лозим аст, ки шахсе ба дараҷаи олимӣ расаду миллати худро дар ҷаҳон муаррифӣ намояд. Аз ин рӯ, марги ҳар як олим талафоти бузурге барои миллат ба шумор меравад. 22 августи соли равон баъди бемории тӯлонӣ дили собиқ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, доктори илмҳои техникӣ Талбак Салимов дар синни 55-солагӣ аз тапидан боз монд. Талбак Салимов хатмкардаи факултаи гидромелиоратсияи Донишкадаи хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрӣ)-и Тоҷикистон буда, солҳои 19801985 дар бахши тоҷикистонии Институти умумииттифоқии илмӣ-тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи ба номи А.Н. Костяков (шаҳри Душанбе) ба сифати ходими хурди илм адои вазифа намудааст. Ӯ солҳои 1986-1989 ба шаҳри Маскав рафта, дар аспирантураи институти мазкур ба таҳсил пардохт. Соли 1990 дар ҳамон ҷо рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Омодасозии заминҳои обёришавандаи зардхоки тарҳашон мураккаб (барои шароити Тоҷикистон)” ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ гардид. Баъди ду соли ба ҳайси ходими илмӣ кор кардан, аз соли 1993 то соли 2004 дар онвақта Вазорати ҳифзи табиати ҷумҳурӣ дар вазифаи директори Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Тоҷикистон фаъолият намуд. Он солҳо бинобар мушкил будани вазъи сиёсӣиқтисодии мамлакат маош саривақт дастрас намешуду ба кор рафтан мушкил буд. Аммо новобаста ба мушкилоти давру замон Талбак Салимов коллективи аҳлу тифоқро ҷамъ оварда, 11 сол ин маркази илмиро сарварӣ намуд. Ӯ забонҳои русӣ ва англисиро хуб балад буд. Аз ин рӯ, соли 2004 муддате иҷрокунандаи вазифаи декани факултаи кор бо муҳассилини хориҷӣ, баъдан ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият кард. Ҳамзамон Талбак Салимов солҳои 1995-1997 роҳбарии гурӯҳи миллиро аз рӯи ду лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ – “Баҳодиҳӣ ва идораи сифати об” ва “Беҳсозии сифати обҳои дар хоҷагии қишлоқ истифодашаванда” бар уҳда дошт. Ба ин ду лоиҳа зиёда аз 30 номгӯй пешниҳодот ворид шуд, ки ҷанбаҳои гуногуни ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обро дар бар мегиранд. Соли 2004 Талбак Салимов дар мавзӯи “Такмилсозии технологияи ҳамворсозии заминҳои обӣ дар минтақаҳои хушиқлим” рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Аз моҳи марти соли 2010 то январи соли 2011 ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, ба ҳайси муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология, узви комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ адои вазифа кард. Талбак Салимов ҳамчун олими варзида муаллифи 6 қонун буд. Ӯ дар тарғибу
14
ташвиқи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонони кишвар саҳми босазо гузоштааст. Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 21 январи соли 2011 Талбак Салимов раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин шуда, то 6 декабри соли 2013 адои вазифа намуд. Миёни раисони кумитаҳо ва вазирон Талбак Салимов нахустин шахсест, ки аз рӯзҳои аввали сарвариаш робитаро бо ВАО хуб ба роҳ монд. Дари зерсохторҳои кумита ҳамеша ба рӯи рӯзноманигорон боз буд. Ӯ бори аввал ба ҳайси сарвари як ниҳоди давлатӣ ба омода намудани журналистони соҳавӣ асос гузошта, Клуби рӯзноманигорони экологиро таъсис дод. Тӯли як сол сарварони раёсату шуъбаҳои гуногуни кумита ба 15 нафар журналистони телевизиону радио ва рӯзномаҳои мамлакат дарс гуфтанд. Теъдоди барномаҳои махсуси экологӣ дар радиою телевизион ва мақолаҳо дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист дар рӯзномаву маҷаллаҳо якбора зиёд шуд. Сифати барномаю мақолаҳо беҳтар гашт. Бо ташаббуси Т. Салимов чопи нашрияи кумита бо номи “Наврӯзгоҳ” дубора эҳё шуда, бо сифати баланд ва ранга мунтазам ба дасти муштариён мерасид. Ҳамчунин, дар назди кумита маҷаллаи “Ҳифзи табиат” таъсис дода шуд, ки то имрӯз ҳар се моҳ чоп мешавад. Тайи солҳои 2012-2013 таҳти роҳбарии Талбак Салимов Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат “Лоиҳаи пилотии идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ
дар деҳот”-ро таҳия намуд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ ба маблағи 16,8 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шуд, ки ҳоло дар 6 ноҳияи пилотӣ иҷро мегардад. Талбак Салимов муаллифи 110 кори илмӣ, аз ҷумла, 2 шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироот мебошад. Ӯ роҳбари илмӣ ва иҷрокунандаи масъули 11 мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла 20 монографияю брошюра дар бахшҳои захираҳои об, экология, мелиоратсия ва ташаккули афкори умум дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ аст. Китобҳои таълифнамудаи ӯ мисли “Экология” (курси мухтасар) (2007, русӣ), “Бехатарии фаъолияти инсон” (курси мухтасар, 2008, русӣ), “Луғати англисӣрусӣ-тоҷикии экология ва об” (2009), “Фарҳанги тафсирии русӣ ба тоҷикии обшиносӣ” (2007) ва ғайра роҳнамои хубеанд барои донишҷӯёну муҳаққиқони соҳаи экология. Талбак Салимов курсҳои такмили ихтисосро аз рӯи мавзӯъҳои “Идораи захираҳои об дар дохили хоҷагӣ” (соли 1997 дар Тайланд) “Баҳодиҳӣ ва идораи олудашавии саноатӣ” (соли 1997 дар Туркия) ва “Заҳкашии заминҳои обёришаванда” (соли 1998 дар Ҳолланд) ба итмом расонид. Номбурда дар конфронсу ҳамоишҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла дар Венгрия ва Ҳолланд (1998), Эрон (1999), Олмон (2001), Испания, Чехия ва Канада (2002), Руминия, шаҳрҳои Москваю Душанбе (2003) ва ғайра ширкат варзидааст. Соли 2002 барои таълифот бахшида ба вазъи экологии ҳавзаи баҳри Арал ва истифодаи оқилонаи захираҳои об Талбак Салимов сазовори Ҷоизаи “Иттифоқи журналистони Тоҷикистон” ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардид. Ҳамчунин, соли 2011 ӯро бо медали “20-солагии Истиқлолият” мукофотониданд. Талбак Салимов дар куҷое, ки фаъолият намуд, ба тарбияи мутахассисони ҷавон диққати зиёд медод. Ӯро ҳамкорон барои ростқавлию ҳалолкорӣ ва мушфиқу дилсӯз буданаш эҳтиром мекарданд. Ин гуна ашхоси маърифатпарвар ҳарчанд ҷисман аз миёни мо рафта бошанд ҳам, дар дилу ёдҳо зиндаанд. Ба гуфтаи шоир: Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй, Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо. Самариддин АСОЕВ, Сайфиддин СУННАТӢ
ҲАМДАРДӢ Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги собиқ корманди рӯзнома Масъуд Муллоҷонов сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
ШИФО
Помидор хатари сактаи дилро паст мекунад Имрӯз дастурхони моро бе помидор тасаввур кардан душвор аст. Ҳарчанд гузаштагони мо дар бораи ин сабзавоти хушмазза маълумот надоштанд, 60-70 сол боз сокинони ҷумҳурӣ парвариши помидорро ба роҳ монда, аз он фаровон истифода мебаранд. Помидор дар баробари таъми гуворо доштанаш хосияти хуби табобатӣ низ дорад. Аз ҷиҳати миқдори витамини “С” помидор ба лимӯ баробар аст. Дар таркиби помидор оҳан нисбат ба гӯшти мурғ ва шир бештар мебошад. Помидор аз витаминҳои “А”, “В2”, “К2”, “РР”, “Е”, модаҳои минералӣ, мисли калий, калтсий, магний, фосфор, мис, руҳ, йод ва фтор бой аст. Истеъмоли помидор барои беморони системаи дилу рагҳо, меъда, атеросклироз, диабети қанд, фишори баланди хун, беҳолӣ, камхунӣ, қабзият (сахтшавии шикам), вайроншавии табодули моддаҳо фоида дорад. Чун дигар мевою сабзавоти сурхранг, аз қабили олуболу, олу, қот (смородина) помидор барои беҳтар кардани сифати хун, паст кардани хатари пайдошавии уқда (гиреҳ) дар рагҳои хунгард, сар задани амрози қалб, ба монанди сактаро пешгирӣ мекунад. Бо сабаби ғанӣ будан аз антиоксидантҳо помидор раванди пиршавии ҷисмро суст карда, ба пайдошавии омосҳои саратонӣ муқовимат менамояд. Барои ашхосе, ки аз вазни зиёдатӣ халос шудан мехоҳанд, помидор беҳтарин ғизои парҳезӣ ба шумор меравад. Бинобар аз йод бой буданаш помидор барои фаъолияти хуби ғадудҳои эндокринӣ муфид аст. Пайваста истеъмол кардани помидор ба ҳолати системаи асаб таъсири мусбат мерасонад. Истеъмоли помидор барои тамокукашон манфиати зиёд дошта, баҳри аз ҷисм берун кардани токсинҳои аз дуди тамоку ҷамъшуда муфид аст. Яке аз хосиятҳои памидор дар он аст, ки обро дер гоҳ дар бадан нигоҳ дошта, зуд ташна шудан намемонад. Бо ҳамин сабаб варзишгарон пеш аз дави марафонӣ ба масофаи зиёд шарбати помидор менӯшанд. Ашхоси гирифтори бемориҳои артрит, ниқрис (подагра), санги талха ва санги гурда бояд аз истеъмоли зиёди помидор парҳез кунанд. Хӯрдани помидори намакхобондашуда барои беморони дорои захми меъда низ зараровар аст. Помидорро дар якҷоягӣ бо гӯшт, тухм, шир, нон ва моҳӣ хӯрдан нашояд. Фосилаи байни истеъмоли помидору ғизоҳои зикршуда бояд аз як соат кам набошад. С. АМИНИЁН, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Ларзи- Њангоши те- маталефон лабї
Президенти собиќи Амрико Авраам …
Шармгинї, изокашї
Оби дида
Њошим …, актёри тољик
Маљаллаи сканвордњои тољикї
Барањна, урён
Номзади илм, ки доктор шудан мехоњад
Муќаррарї, оддї
Шањри саноатии Фаронса
германї Њиндуњои тањљоии Перу
Ширмак
Писари дар муњосира афтодаи Сталин
Арѓунчак
Њамагї, умум
Љањонгард, сайёњ
Тим, даста
Бисёр, фаровон
Зиндонии њарбї
Навъи мо-
Бародар
Намудор
Дарё дар Њабашистон
Асосї Давлати араб бо пойтахти Ќоњира
Њарфи сеюми алифбои юнонї
"Орбит" , "Стиморол", "…"
Асъори Љопон
Аз душанбе то якшанбе
Мусиќии раќамноки бастакор
Гилпуш кардани девор
Гандуми куфташуда
Таракан
Сохтмон
Бо далел тасдиќ кунондан
Ангур (арабї)
…у ибодат
Миллат дар давлатњои назди Балтика
Рад кардан
Мутахассиси мусавварањои «беаќл»
Њуљљат барои дастгир кардани гунањкор
Дастаи панљнафараи машшоќон
Машинаи љангї
Гап, калом
Илтињоби банд, бемории буѓумњо
Касалии гузарандаи бачагон
Љазираи атомї дар Малдив
Бўзбала, баќувват
Муќобили тар Президенти ИМА дар замони Брежнев
Бањо, нарх
Љавоби тасдиќї
Фантастика бо иштироки Эраљпањлавон
Ятим
Њамќадам
... Ѓафурї, овозхон
Радифи замин
Њайратовар
Ревматизм
Паймони заношўї бастан
Ќалъаи ќањрамон дар Белорусия
Хеле хуб ри тропикї
Пайравони Њазрати Муњаммад
Њалокат ба гуфти Румї
… «Ховар»-и Тољикистон
… Хумайнї
Њашароти хазанда
... Гришаева, актрисаи рус
Њавобаланд
Фурудгоњ дар Маскав
… Мирзошо, овозхон
Халќи
Миллат дар Шарќи Дур
… Чопра, ситораи кинои њиндї
… Бероев, актёри рус
Ќурбон ќадимаи …-Пух, ќањрамони мултфилм
К Гузаргоњи болои дарё
Ѓолиби мусобиќа
Як навъи нон
Бањои аз њама баланд
Биринљи нокўфта Нутќи пайѓамбар
Рафиќ, ошно
Фоидабахш, нафъовар Муйсафеди ситорагарм
Тамѓаи мошини амрикої
Вилоят дар Ќирѓизистон
…и Њалим, ширинкор
Хокаи либосшўї
Холигї Н (лотинї)
Клуби варзишии њарбиён
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015
Аз зону боло
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ Аз суҳбати ду рафиқ. Аввалӣ: - Ман аз рӯзи тӯй бо ҳамсарам гап назадаам. Дуюмӣ: - Ҷанҷол кардед-чӣ? - Не, суханашро бурида наметавонам.
*** Дар наздид табиб. Мард: - Духтур, овози занам гум шудааст, чӣ бояд кард? Табиб: - Имшаб соати сеи шаб ба хонаат масту аласт биё, баъд мебинӣ чӣ гуна садо мебарорад...
*** Дар вақти заминларза аз бом духтаре рӯи дасти афандӣ меафтад. Афандӣ рӯяшро сӯи осмон карда: - Худоро шукр, ҳанӯз офат тамом нашуда, аллакай кӯмакҳои башардӯстона расида истодааст.
***
23 август дар доираи нақшаи муштараки Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб Фестивали футболи кӯдакон доир гардид. Садҳо писару духтарак бо шодмонӣ машқҳои таҳти мусиқӣ, тамринҳо бо тӯбро иҷро карда, дар эстафетаи футбол иштирок ва бозии футболро омӯхтанд. Дар охир ба ҳар кадом тӯби футбол тақдим шуд.
Вақт ва Ишқ Замони дуре дар як ҷазира тамоми арзишҳои маънавӣ ва ҳиссиёти олии инсонӣ аз қабили Хушию Хурсандӣ, Ғаму Андӯҳ, Ҳиссиёту Фаҳмиш ва Ишқ бо ҳам зиндагӣ доштанду ҳаёт аҷаб рангин буд. Боре Ҳиссиёт дарк намуд, ки макони онҳо оҳиста-оҳиста зери оби уқёнус фурӯ меравад ва ба дигарон ин ҳодисаро хабар дод. Он барқосо паҳн гашт. Ҳама саросема худро ба киштие афканданду тарки ҷазира намуданд. Танҳо Ишқ ба чизе аҳамият надода, саросема нашуда, то охирин лаҳзаҳо умед дошт, ки кор ба хубӣ анҷом меёбаду макони онҳо побарҷо мемонад… Интизор шуд, то ҳама ҷо ором шавад. Интизорӣ кашид ва билохира дид, ки барои наҷоти ҷазира дигар умеде несту ҳама таги об мемонад. Ба чор тараф бо чашми ҳайрат нигариста, хост чораи наҷоти худро пайдо кунад ва бо овози баланд, изтиробомез нидо кард: Ёрӣ диҳед! Наҷот диҳед! Ман Ишқи дилрешу ҷигаркабобам! Ёрӣ диҳед!!! Дар ин вақт аз наздаш киштии босалобати Сарват гузашт ва Ишқи бечора хоҳиш кард, ки ӯро ҳамроҳи худ гиранд, наҷоташ диҳанд, вале Сарват ҷавоб дод, ки дар киштӣ тиллою нуқра, алмосу лоҷувар ва зару зевар дораду барои Ишқ ҷой нест ва бепарво шино карда рафт. Баъд аз чанде Ишқ аз Ғурур ёрдам талаб кард, аммо ӯ низ посух дод, ки Ишқро ҷой дода наметавонад, зеро мавҷудияти Ишқ низом ва тартиботро дар киштиаш вайрон мекунад ва дигаронро ба васваса меандозаду
АНДАРЗ
шӯре барпо менамояд. Ӯ низ шино карда пас аз чанде нонамоён шуд. Бо ашки надомат Ишқи сарсон барои ёрӣ ба Ғусса муроҷиат намуд. “Оҳ, Ишқи бечора, - ҷавоб дод Ғусса, - ман он қадар пурдардам, он қадар гирифтори ғуссаам, наметавонам, ки ин ҳама ғаму аламро бо каси дигар қисмат намоям ва бояд тани танҳо монам”. Аз наздикии ҷазираи ғарқгашта киштии Хурсандӣ босуръат шино карда гузашт ва бошандагонаш ончунон машғули шодию нишот буданд, ки ҳатто гиряву нолаи Ишқро нашуниданд. Ишқи танҳо боз дар гирдоби ғаму андӯҳ қарор гирифт. Тамоман ноумед шуд, наметавонист, ки фиғоне барорад ва ё ба касе васияте кунад, ҳатто омода гашт, ки нокому бе ворисе абадан ғарқ мешавад ва ба ишқи
армоние табдил меёбад. Дар ҳамин вақт садоеро шунид: “Ба канорам биё, агарчӣ дар киштиам ҷойе нест, вале ман туро дар қалбам ҷой дода халос мекунам”. Ӯро мӯйсафеди нуроние наҷот дод ва Ишқ ончунон хурсанду масрур гашт, ки ҳатто номи наҷотдиҳандаи хешро напурсид ва изҳори миннатдорӣ ҳам накард. Чун ба худ омада, хост наҷотбахшашро пайдо кунад, аммо пири нуронӣ аллакай шино карда, аз соҳил дуру аз чашмҳо нопадид шуда буд. Ишқ ба Дарк рӯ оварда пурсид: “Илтимос, бигӯед маро кӣ халос намуд?” “Ин Вақт буд”, - ҷавоб дод Дарк. “Вақт?” - ба тааҷҷуб уфтод Ишқ. Барои чӣ маҳз ӯ? Дарк баён дошт: “Танҳо Вақт медонад ва мефаҳмад, ки дар ҳаёт чӣ тавр Ишқ муҳим аст ва ба қадри умри рафтаю Ишқи асил танҳо Вақт мерасад…” Чунки Вақт довар аст! Аз славянӣ таҳияи Сабзаалӣ АСОЕВ
Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
16
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД Дипломи гумшудаи силсилаи ТС 0036708, ки онро Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт соли таҳсили 1977-1980 ба Асоев Ҷалолиддин Ривоҷиддинович додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи ҳуқуқ ба моликияти силсилаи ХТ №0130482, ки Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Панҷ 9.04.2008, таҳти рақами 80 ба Исмоилов Сайҷаҳфар Холназарович додааст, эътибор надорад.
Шиносномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ, ки 19.05.2006 таҳти рақами 1ш46 дар идораи нотариалии ноҳияи Қубодиён ба номи шаҳрванд Гилемхонова Марям тартиб дода шудааст, эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7724 нусха ба нашр расид.
•
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Бунафша ОДИНАЕВА (муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон).
САРМУҲАРРИР
*** Писарча аз модараш мепурсад: - Оча, ман ақламро аз кӣ мерос гирифтаам: аз шумо ё аз падарам? - Аниқ аз падарат. - Барои чӣ? - Барои он ки ақли ман дар ҷояш.
Шиносномаи техникии ҳавлидории шаҳрванд Гилемхонова Майрам, ки санаи 2.05.2006 таҳти рақами 116 аз тарафи КФББТ-и ноҳияи Шаҳритӯс тартиб дода шудааст, эътибор надорад.
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қаламе аз қаламдони қозӣ ба замин афтид. Шахсе, ки он ҷо ҳузур дошт, гуфт: - Каландатро бардор! Қозӣ хашмгин шуда гуфт: - Ту қаламро аз каланд фарқ намекунӣ? Он шахс ҷавоб дод: - Ҳарчи кӣ бошад, ту хонаи маро бо он вайрон кардӣ.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шуъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоиёт), Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №34 (9408), 27 АВГУСТИ СОЛИ 2015