Ҷавонони Тоҷикистон, №34 (9460), 2016

Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№34 (9460), 25 августи соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 МАВЗӮИ РӮЗ

 РУШДИ САЙЁҲӢ

Ҳифзи ҷомеаи суннатӣ ногузир аст

Туризми деҳотиро рушд бояд дод

 ИДЕАЛИ ҶАВОНОН

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

Олимпиада-2016: Тоҷикистон дар ҷои аввал


2

Ҷавонон дар татбиқи лоиҳаи "Роҳи нави Абрешим" нақши калидӣ доранд

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

АХБОРИ ҲАФТА

Сафари кории раиси КҶВС ба Суғд Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ (КҶВС) охири ҳафтаи сипаришуда бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт. Аҳтам Абдуллозода нахуст дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ бо кори дастии донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ шинос шуда, ба кори устодону шогирдон баҳои баланд дод. Сипас, дар Қасри фарҳанги шаҳр, раиси КҶВС бо наврасону ҷавонон мулоқот кард. Дар мулоқот, ҳамчунин фаъолони шаҳр, раисони ҷавонони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо, варзишгарон ва афсарону сарбозон иштирок намуданд. Аҳтам Абдуллозода зимни суҳбат аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдрас гардида, аз ҷавонон даъват кард, ки дар тарғиби фарҳангу ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии гаравиши насли наврасу ҷавон ба ҳизбу гурӯҳҳои номатлуб саҳм гузоранд. Ба як гурӯҳ ҷавонони фаъол “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии КҶВС тақдим карда шуд. Баъд аз мулоқот Аҳтам Абдуллозода бо курсҳои омӯзишии қаннодии ройгон таҳти унвони «Ҳунар беҳ аз симу зар», ки дар Хонаи таълимию истироҳатии шаҳр ҷойгир аст, шинос шуда бо касбомӯзон суҳбат намуд. Тавре маълум гардид, дар курси мазкур 15 нафар духтар касби қаннодиро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатнома гардидаанд. Раиси КҶВС аз ҳолати толорҳои мактабҳои варзишии дар ҳудуди шаҳри Истаравшан воқеъбуда дидан намуда, ба масъулин барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ дастуру супоришҳо дод. Аҳтам Абдуллозода дар толори

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара низ бо ҷавонон ва фаъолони шаҳр мулоқот анҷом дод. Раиси КҶВС зимни суханронӣ аз солҳои бесарусомонии кишвар ёдовар гардида таъкид дошт, ки он ҳама нотинҷиҳо маҳз тавассути ақлу хирад, ҷонбозиҳо ва ҳисси баланди ватандӯстии абармардони миллат, махсусан, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. - Имрӯз вазифаи ҷавонон пойдору устувор нигоҳ доштани ин сулҳ, таъмини якпорчагии давлат ва пешбурди ҷамъият аст, - иброз дошт А. Абдуллозода. Мавсуф гаравиши бархе аз ҷавонони кишварро ба равияҳои тундгаро зуҳуроти номатлуб арзёбӣ карда, ҷавононро ба пешгирии чунин амалҳои зишт даъват намуд. Дар мулоқот чанд нафар ҷавони фаъол баромад намуда, барои пешбурди фаъолияти ҷавонони шаҳр таклифу пешниҳодоти хешро иброз доштанд. Онҳо бовар кунониданд, ки

ҷавонони шаҳри Исфара муттаҳиду сарҷамъ шуда, дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат бо хонишу рафтори намунавӣ, комёбиҳои тоза ва кӯшишу ғайрати дучанд дар пешрафту такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Аҳтам Абдуллозода пешниҳод кард, ки ҷиҳати бартараф намудани зарари офати табиӣ, ки 16 август дар Исфара рух дода буд, дар доираи Амалиёти «Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем» иқдом намоянд. Ин пешниҳод аз ҷониби аҳли толор дастгирӣ ёфт. Раиси КҶВС, инчунин аз Маркази ҷавонони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дидан намуда, ҷиҳати ислоҳи кабудиҳои ҷойдоша ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Чунин суҳбату мулоқот бо ҷавонон дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ашт низ сурат гирифт. Ш. ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”

Ҷавонон ба лагери омӯзишӣ ҷалб шуданд Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи мамлакат 14-18 август дар истироҳатгоҳи “Шоҳон”-и шаҳри Гулистон Лагери ҷумҳуриявии “Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол” баргузор гардид.

Дар он зиёда аз 50 нафар ҷавони фаъол, аз ҷумла гирандагони стипендияи Президенти ҷумҳурӣ, донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, волонтёрон ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд. Дар давоми панҷ рӯз иштирокчиёни лагер дар баробари истироҳат, инчунин, ба омӯзиш ва варзиш машғул шуданд. Ҷавонон, ҳамчунин дар Фестивали фарҳангию сайёҳии "Суғди бостон” иштирок намуда, аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намуданд. Иштирокчиёни лагер имкон пайдо намуданд, ки бо Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мулоқот намоянд.

Зимни мулоқот А. Абдуллозода таъкид намуд, ки ҷавонони фаъол бояд соҳиби дониши қавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, донандаи забонҳои давлативу хориҷӣ, илмҳои муосир ва техникаву технологияи навин бошанд. Лагери мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мубодилаи малака байни ҷавонон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим баргузор шуд. Лагери ҷумҳуриявии “Мактаби омӯзиши ҷавонони фаъол”, инчунин бо ҷалби 60 ҷавон 21 август дар истироҳатгоҳи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода оғоз гардид, ки то 25 август идома меёбад. Ш. ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”

21 август як гурӯҳи 15-нафарии ҷавонони кишвар аз мақомоту идораҳои гуногун ҷиҳати иштирок дар аввалин Лагери ҷавонони кишварҳои узви СҲШ ба вилояти автономии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтанд.

Ҷавонон 22 август нахуст бо фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят шинос шуданд. 23 август дар доираи Лагери ҷавонони кишварҳои узви СҲШ семинари "Минтақаи иқтисодии Роҳи Абрешим" баргузор гашт, ки дар он 130 нафар ҷавон аз кишварҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкориҳои Шанхай иштирок доштанд. Дар семинар, ки дар вилояти Синзяни Чин сурат гирифт, асосан атрофи аҳамияти Лоиҳаи иқтисодӣ-минтақавии "Роҳи нави Абрешим" ва бурди кишварҳои дар саргаҳи он қарордошта суҳбат шуд. Зикр гардид, вилояти Синзяни Чин ҳамчун минтақаи стратегӣ, ки бо ҳашт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ҳаммарз аст, метавонад маркази иқтисодии кишварҳои "Роҳи нави Абрешим" бошад. Намояндаи Федератсияи ҷавонони вилояти Синзян изҳор дошт, кишвараш ҷавононро ҳамчун нерӯе, ки барои татбиқи лоиҳаи мазкур нақши калидӣ мебозанд, эътироф мекунад. Бино ба таъкиди ҷаноби Чан Гун Тау, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Тоҷикистон ҳамчун як кишвари муҳим ва шарики боэътимоди лоиҳаи "Роҳи нави Абрешим" дар татбиқи он фаъолона саҳм дорад. М. УСМОНОВ, “ҶТ”


Роғун, Дарбанд, Ғарм бо шарофати Истиқлолият рушд карда, ба шаҳрҳои зебои минтақаи Рашт табдил хоҳанд ёфт

РОҒУН БА ШАҲРИ ҲАҚИҚӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД Журналистонро дар даромадгоҳи шаҳри Роғун раиси шаҳр Билол Иброҳим пешвоз гирифт. Сохтмончиён дарвозаи шаҳрро месохтанд. Ба иттилои Билол Иброҳим дарвоза дар асоси сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” қомат рост мекунад. Он таҷассумгари неругоҳ хоҳад буд. Дарвозаи нав дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти кишвар ба истифода дода хоҳад шуд. Сипас, хабарнигорон ба сайри шаҳри Роғун баромада, бо рафти сохтмони чанд иншооти ҷашнӣ шинос шуданд. Аз ҷумла, сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар он Маркази ҷавонон, шуъбаи маориф ва Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ҷой мегирад, бомаром идома дорад. Сохтмончиён ҷаҳд доранд, то сохтмонро дар арафаи ҷашн ба анҷом расонанд. Ҷавонони шаҳри Роғун дар рӯзҳои ҷашни истиқлолият, ҳамчунин соҳиби ду майдони муосири варзишӣ барои футболи хурд ва толори варзишӣ хоҳанд шуд. Дар шафати майдонҳои футбол майдончаи бозии кӯдакон сохта шудааст. Ба иттилои раиси шаҳр, то ин вақт кӯдакон ҷои бозӣ надоштанд. Майдончаҳои бозии бачаҳо дар замони нооромӣ аз тарафи шахсони алоҳида тасарруф шуда, ошхонаву мағоза сохта шуда буд. Ҳоло ҳамаи майдончаҳо барқарор карда хоҳанд шуд. Ба ифтихори ҷашни истиқлолият, инчунин, 1,5 километр роҳи маркази шаҳр ва як бунгоҳи тиббӣ низ мавриди истифода қарор мегиранд. Сохтмони бинои Қасри фарҳанг бошад, дар арафаи анҷомёбист. Аҳли ҳунари шаҳр дорои як қасри боҳашамати замонавӣ мегарданд. Дохили биноро кандакории устоҳои шаҳри Истаравшан ороиш додааст. Дар паси Қасри фарҳанг оянда маҷмааи фароғатию фарҳангии Исмоили Сомонӣ сохта мешавад. Тавре Билол Иброҳим гуфт, то ин замон бисёр идораҳои давлатӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, асосан қабати якуми биноҳои баландошёна ҷой гирифта буданд. Ҳоло бошад, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мақомот дар биноҳои алоҳидаи дорои шароити зарурӣ ҷой хоҳанд гирифт. Зикр гардид, ки дар ҳамаи сохтмонҳо беш аз 300 нафар ҷавони маҳаллӣ бо кор таъмин гаштаанд.

НБО “РОҒУН” БОИСИ РУШДИ ТУРИЗМ МЕГАРДАД Тирамоҳи имсол маҷрои дарёи Вахш дар маҳали сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” дигар карда шуда, сохтмони сарбанд оғоз мегардад. Ба иттилои Музаффар Абдиев, сардори Раёсати корҳои анҷомёфтаи неругоҳ, кор дар ин иншооти аср бомаром идома дорад ва то имрӯз 70 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд. Баландии сарбанд 330 метр буда, дарозии обанбор 80 километрро ташкил хоҳад дод. Баъд аз пурра ба анҷом расидани сохтмони неругоҳ дар соли 2028 минтақа ба ҷои дӯстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил хоҳад ёфт. Тавре хабарнигорон шоҳид шуданд, мутахассисон агрегати якуми неругоҳро васл карда, баъд аз анҷоми корҳои нақбканӣ, насб мекунанд ва соли 2018 ду агрегати аввал ба кор оғоз менамоянд. Ба гуфтаи Музаффар Абдиев, агрегатҳои Неругоҳи “Роғун” дар зери замин ҷойгир мешаванд, ки назираш дар ҷаҳон нест. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи овозаву гумонҳое, ки дар робита ба неругоҳ паҳн мешаванд, ягон асос надоранд. Барои исбот мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ 4,5 сол тамоми паҳлуҳои ҳам обанбор, ҳам неругоҳро омухтанд ва мутмаин шуданд, ки он ҳам аз ҷиҳати экологӣ, ҳам аз ҷиҳати тобоварӣ ба заминларза ягон зарар надорад. Ҳоло дар нерӯгоҳ беш аз 12 ҳазор нафар шабонарӯзӣ машғули коранд. ДАРБАНД – ШАҲРАКИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДИЛИ КӮҲҲО Сафари журналистон дар ноҳияи Нуробод идома ёфт. Гурӯҳро дар даромадгоҳи ноҳия муовини аввали раиси ноҳия ва аҳли фарҳанг бо нону намак ва шеъру суруд пешвоз гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, бо сабаби он ки маркази ноҳия – шаҳраки Комсомолобод дар минтақаи обанбори НБО “Роғун” ҷойгир аст, бо дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон шаҳраки Дарбанд – маркази нави ноҳияи Нурбод таъин шуд. Шаҳрак дар замини холӣ, ки сангзор буд, дар масоҳати беш аз 10 гектар бунёд меёбад. Ҳоло бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, беморхона, варзишгоҳ, мактаби наву замонавӣ барои 450 хонанда дар ду баст ва дигар биноҳои мақомоти маҳаллӣ сохта шудаанд. Дар оянда сохтмони биноҳои истиқоматии 4, 5 ва нуҳошёна дар назар дошта шудааст. Умуман дар шаҳраки Дарбанд беш аз 30 ҳазор нафар сокин хоҳанд шуд. Тавре иттилоъ доданд, шаҳрак дорои беҳтарин системаи обу корез мебошад. Корхонаи коркарди шири ноҳия минтақаро бо маҳсулоти ширӣ таъмин мекунад. Ноҳияи Нуробод, ҳамчунин дорои корхонаҳои истеҳсоли хишт ва орд мебошад. Умаралӣ САФАРАЛӢ, “ҶТ” Дар шумораи оянда оид ба дастовардҳои сокинони ноҳияи Рашт дар чанд соли охир иттилоъ хоҳем дод.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

РАҲОВАРД

Шаҳрҳои замонавӣ дар дили кӯҳҳо

15-20 август бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ як гурӯҳ хабарнигорон барои шиносоӣ бо зиндагии сокинон ва омодагии онҳо ба ҷашни муқаддаси 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияҳои водии Рашт сафар карданд.

3


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

Ҳифзи ҷомеаи суннатӣ ногузир аст

МАВЗӮИ РӮЗ

Мавзӯе, ки мавриди баррасӣ қарор медиҳем, барои ҷомеаи суннатии мо то андозае пӯшида аст, зеро ончунон шармовар аст, ки дар ин бора ҳарф заданро лозим намедонанд ва расонаӣ гардиданаш низ чандон хуб қабул намешавад. Вале мутаассифона, бо таъсири равандҳои мухталифи ҷаҳонишавӣ ба як мавзӯи доғу ниҳоят нигаронкунанда табдил ёфтааст, ки аз сабаб, омил ва воситаҳои густариши он ҳарф заданро бо мақсади пешгирӣ зарур медонем. Қонунгузории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамҷинсгароиро маҳкум ва барои он ҷазои сахт пешбинӣ карда буд. Ин маҳкумият то соли 1998 дар қонунгузории Тоҷикистони мустақил низ вуҷуд дошт, вале боз ҳам бо таъсири созмонҳои “татбиқкунандаи демократия” ба кодекси ҷиноятӣ ислоҳот ворид гардида, банди марбут ба муҷозоти ақалиятҳои ҷинсӣ лағв шуд, яъне, талаботи “ҷомеаи демократӣ” қонеъ карда шуд. Бархӯрди ҷомеаи суннатӣ ва аксаран мусулмони кишвар ба ин зуҳурот чандон соддаву осон нест. Ҳамҷинсгароӣ қатъиян маҳкум мешавад ва ба ҳамҷинсгароён муносибати нафратангезона ошкоро сурат мегирад. Гоҳо ба назар мерасад, ки ба таъсири таблиғоти густурдаи созмон ва гурӯҳҳои манфиатдор як андоза муносибати бетарафиро ихтиёр мекунанд, ки нигаронкунанда аст. Ин зуҳуроти нанговар аз замонҳои қадим вуҷуд доштааст ва олимону мутафаккирони бузург, ба мисли Афлотун ва Сино онро маризии ҷисмонӣ ва равонӣ донистаанд. Саидҷон Нодирӣ, равоншиноси тоҷик, ки таҷрибаи кор бо ҳамҷинсгароҳоро доштааст, мегӯяд, он мисли нашъамандӣ одат аст ва бо иродаи қавӣ шахс метавонад аз ин роҳ баргардад. Омӯзиши ӯ нишон додааст, ки ҳаёти носолими ин гуна ашхос боиси паҳн гардидани бемориҳои сифилис, сӯзок, гепатити В, бемории рӯда, сил ва вируси сотомегалӣ мебошанд. Аксар равоншиносони ҷаҳон бар он андешаанд, ки ҳамҷинсгароӣ беморӣ аст, зеро ин гуна шахсҳо аз худ ва тарзи ҳаёти худ қонеъ нестанд ва ҳеҷ гоҳ хушбахтиро эҳсос кардан наметавонанд. Даниел Кapпoн, равоншиноси машҳур гуфтааст, ҳамҷинсгароён дар ҷомеа шахсони нолозиманд, зеро онҳо дар беҳтарин ҳолат ҳам бадбахтанд ва барои рушду солимии ҷомеа халал мерасонанд. Бо вуҷуди ин ҳама собитнамоиҳо, Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ соли 1991 ҳамҷинсгароиро аз рӯйхати бемориҳо берун карда, то имрӯз онро бетағйир гузоштааст, ки қобили мулоҳиза мебошад. Ба назари табибон ва равоншиносони ҷаҳон, сабабҳои пайдоиш ва густариши ҳамҷинсгароӣ инҳоянд: бемории гормоналӣ дар давраи ҳомиладорӣ. Ихтилоли гормоналӣ ба рушди ғайримуқаррарии мағзи сар оварда мерасонад. “Дар ин ҳолат писар таваллуд мешавад, аммо бо “мағзи занона” ва дар оянда ба мушкилоти ҳувияти ҷинсӣ гирифтор ме-

шавад. Барои ислоҳи ин ҳолат омилҳо ва фазои иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад. Омили дигар гумроҳкунӣ (азроҳбарорӣ)-и калонсолон аст, ки наврасонро маҷбуран таҷовуз мекунанд ва онҳоро ба ин амали нангин одат мекунонанд. Ин ниҳоят бад аст”, - мегӯяд равоншинос, профессори Донишгоҳи Жешувск Мячеслав Радохонский. Ин назарияро коршиноси масоили шаҳвонӣ Марек Совка ҳам дастгирӣ намуда мегӯяд: “Наврасоне, ки узви ҷинсиашон озурда шудааст ва бовар кардаанд, ки намояндагони самти нодурусти ҳаёт ҳастанд, ба табобати зиёд ниёз доранд”. Сабаби дигарро равоншиносон, ҷомеашиносон, табибон ба муносибати нодуруст дар оила вобаста медонанд. Масалан, дар оила писарро мисли духтар тарбия мекунанд ё баръакс. Ин ба кӯдак дар оянда зарари калон мерасонад. Азияти ҷинсӣ ё зӯроварии шаҳвонӣ низ яке

янок) бо номи «Интиқомгирандагони ҳувиятҳо” ба ҷалби ҷавондухтарон машғуланд ва хеле фаъол ҳам ҳастанд. Онҳо бештар ба воситаи маҷаллаву рӯзномаҳо ва китобҳои махсус бонувонро ҷалб мекунанд. Ҳар сол онҳо ба ин восита ҳазорҳо ҳазор ҷавондухтарро ба дом мекашанд. Инчунин, Ассотсиатсияи байналмилалии ҳувият ва гейҳо (Международная ассоциация лесбиянок и геев), ҷамъиятҳои “Парчами рангинкамон” (Радужный флаг), “Ҳувият, гей, бисексуалҳо ва трансгендерҳо” (ЛГБТ) ва амсоли инҳо мавҷуданд, ки “ҳуқуқу манфиатҳо”-и ҳамҷинсбозонро ҳимоя мекунанд. Хатар он аст, ки ин ҷамъиятҳо аз ҷониби созмонҳои гуногун сармоягузорӣ мешаванд. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки имрӯз дар баъзе кишварҳо шумораи чунин ашхос беш аз 10 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳанд. Далел он аст, ки даромади миёнаи

Дар Аврупо қариб кишваре намондааст, ки дар он ҳамҷинсбозӣ ғайриқонунӣ бошад. Ин бадбахтӣ аст. Коршиносону равоншиносон ва шаҳватшиносон дар гузоришҳои худ қайд кардаанд, ки дар баъзе кишварҳо, амсоли Миср, Марокаш, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Урдун, Бутан, Ироқ, Эрон, Нигерия, Баҳрайн, Кувайт, Тоҷикистон, Туркманистон ва Яман ташкили пурсиш ва ё тадқиқот вобаста ба ҳамҷинсгароӣ имконнопазир аст, зеро дар ин кишварҳо ин мавзӯъ хеле ҳассос мебошад. Хуб мешуд, Тоҷикистон низ мисли ин давлатҳо ҳамҷинсгароиро қонунан манъ кунад ва ҳар касе ба ин амали нанговар даст мезанад, муҷозот, ҳатто қатл шавад. Даҳ кишвар - Нидерланд, Исландия, Канада, Испания, Британия, Ирландия, Белгия, Австрия, Ҳоланд, Малта ва Уругвай барои ҳамҷинсбозон

аз омилҳост, ки боиси осеби равонӣ мегардад. Истиқомати писарон ва мардони ҷавон солҳои дароз дар муҳити пӯшидаи мардонаро ҳам муҳаққиқон яке аз сабабҳои пайдоиш донистаанд. Муассисаҳои ислоҳӣ ва зиндонҳо аз чунин маконҳои осебпазир мебошанд. Муносибати номуваффақ бо занон низ аз назарияҳоест, ки ҳарчанд чандон далели илмӣ надорад, вале чун омили пайдоиш дониста мешавад. Лоиқи муҳаббати зан нагардидан мардро ба ҳамҷинсгароӣ водор мекунад ва ӯ бовар кардан мехоҳад, ки ба ишқи ӯ ҳамҷинсаш ҷавоби мусбат медиҳад. Коршиносон бар он ақидаанд, ки яке аз сабабҳои дигари рушди ҳамҷинсбозӣ бекорӣ мебошад. Бекорӣ инсонро ба ҳар роҳ мебарад. Намояндагони ҷамъият ва ширкатҳои манфиатдор бештар аз ин омил истифода мекунанд. Онҳо чунин шахсонро меҷӯянд. Мутаассифона, имрӯз шумораи бекорон дар тамоми ҷаҳон зиёд шуда истодааст… Дар ҷаҳон ширкат, ҷамъият ва гурӯҳҳои ҳамҷинсбозон мавҷуд аст, ки махсус ба ҷалби муштариён машғуланд. Яке аз онҳо Ассосиатсияи Амрикои Шимолӣ – “Love Man ва Бой” (NAMBLA) мебошад, ки дар ҳама қитъаҳои замин намояндагӣ дорад. Ин ассосиатсия зери шиори “Даҳ фоиз кофӣ нест, қабул мекунем, қабул мекунем, қабул мекунем” дар қисме аз кишварҳо роҳпаймоии ҳамҷинсгароёнро ташкил карда, барои зиёд намудани сафи онҳо кӯшиш менамояд. Гурӯҳи дигари ҳувиятчиён (лесби-

ҷамъият, ширкатҳо ва ассотсиатсияҳо зиёда аз 55 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Мутаассифона, ин ҷамъиятҳо ба Тоҷикистон ҳам сар даровардаанд. Намояндагии яке аз онҳо бо номи “Гули сурх”, (ЛГБТ) ва ғайра ба тарғиби ин амали нангин машғул аст. Муҳайё Нозимова, журналисти мустақил мегӯяд: “Фикр мекунам, сабаби рушди ин амал тарғиби онҳоест, ки дар ин самт грант гирифта, барои “ҳимояи ҳуқуқ”-и ин тоифа вазифадор гардидаанд. Ин беморист, ки онро бояд табобат кард. Новобаста ба он ки давлати мо ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст, мо пеш аз ҳама мусулмон ҳастем. Худованд ин қавм (ҳамҷинсгароҳо)-ро лаънат кардааст. Бинобар ин, ба ҳамон нафарони мусулмоне, ки дар кишвари мо ба ин кор машғуланд, суол дорам, ки боре тасаввур кардаанд, ки фардо вақте фарзандашон бо ҳамҷинси худ вориди хона шуда эълон кунад, ки “ана, ин интихоби ман, ҳамсафари ҳаётии ман аст!” ҳолашон чӣ мешавад?!” То моҳи майи соли 2016 дар 121 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамҷинсгароӣ қонунӣ буда, дар 73 давлати дигар ғайриқонунӣ аст. Дар 16 кишваре, ки ҳамҷинсбозӣ қонунӣ аст, синну соли ҳамҷинсгарон номаҳдуд дониста мешавад. Дар панҷ кишвар (Эрон, Яман, Мавритания, Арабистони Саудӣ, Судон) барои ҳамҷинсгароӣ мувофиқи қонун ҳукми қатл татбиқ мешавад. Дар Ироқ расман вуҷуд надорад, аммо ҳолатҳое мешавад, ки судяҳо ба қатл маҳкум мекунанд. Дар Сомалӣ ва Нигерия низ чунин аст.

бехатаранд ва ба онҳо шароити зиндагии “гуворо” муҳайё шудааст. Аз миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал Ҳоланд меистад. 83 дарсади сокинони ин кишвар бо ҳамҷинсгароён муносибати дӯстона доранд. Тибқи иттилои Созмони байналмилалии тандурустӣ имрӯз ҳамҷинсгароён 5-10 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Аммо Апологети байналмилалии католикӣ дар яке аз таҳқиқоти худ навиштааст, ки 2-3 фоизи аҳолии ҷаҳонро ҳамҷинсбозон ташкил медиҳанд. Онҳо дар ҳама гӯшаву канори дунё умр ба сар мебаранд, аз ҷумла дар Тоҷикистон. Хуб аст, ки аксари сокинони ҷумҳурӣ ба муносибати маҳрамонаи мард бо марду зан бо зан нигоҳи нафратомез доранд ва ҳатто аз суҳбат дар ин маврид худдорӣ мекунанд. Бо ин вуҷуд, набояд ба ин зуҳуроти нигаронкунанда бетавофут буд. Ҳарчанд андак аст, вале вақте чунин мушкил дар ҷомеа ҷой дорад, бояд матраҳ ва пешгирӣ шавад. Ба назари мо, яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирӣ маҳкумияти қонунии он аст, ҳарчанд эҳтимоли гунаҳкоркунӣ ба “поймолкунии ҳуқуқи инсон” ҷой дорад, вале бояд устувор буд, зеро нигаҳдории низоми суннатии ҷомеа ниҳоят муҳим аст. Ноустувор гардидани пояҳои ҷомеаи суннатӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки унсурҳои манфии он аз мусбат бештар гардида истодааст, хатарнок мебошад. Аз ин рӯ, талоши ҳамаҷониба барои ҳифзи ин ҷомеа ҳамеша пазиро аст. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ” Хушдил РАҲИМҶОНОВ


Ҳар муассисаи таълимӣ ва коргоҳ усулу қоидаҳои хос дорад. Аз рӯи ҳамин низому қоидаҳо хонандагон, донишҷӯён ва коргарон аз дигарон тафовут доранд. Пӯшидани сару либоси ягона як ҷузъи ҳамин қоидаҳост. Бо пӯшиши либос хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз нафарони дар кӯчабуда бояд фарқ дошта бошанд. Бо ҳамин сабаб Вазорати маориф ва илми кишвар дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ сару либоси ягонаро ба роҳ мондааст. Доир ба ин масъала аз мусоҳибон пурсидем:

Сару либоси ягонаи талабагон шуморо қонеъ месозад?

Ваҳҳоби Латиф, адиб: - Не! Ман зиди либоси ягонаи мактабӣ ҳастам. Бароям сару либоси ягона аҳамият надорад. Савод дошта бошанд, кофист. Чӣ даркор аст, вақте либоси ягона дошта бошанду бехабар аз илм бошанд? Имрӯзҳо сару садоҳои баъзе волидайн ба гӯш мерасад, ки аз гаронии либоси ягонаи мактабӣ шикоят мекунанд. Аз баъзе оилаҳо дар мактаби миёна 7-8 нафар таҳсил мекунанд. Барои ҳар яки онҳо сару либоси ягона харидан даркор. Ба ин намуди сару либос баъзе аз волидон фарзандонашонро таъмин карда наметавонанд. Умуман либоси тозаву озода пушида оянд, хубтар аст. Бояд мактабу муаллим аз талабагон интизому дониш талаб кунанд, на сару либос. Сару либоси ягонаи мактабӣ қолабӣ аст. Бигзор ҳама ҳарчи хоҳад, ба тан кунад. Либоси сабз аст, сиёҳ аст, муҳим тоза бошад.

Озар Баҳромзода, сокини пойтахт: - Либос як ҷузъи асосӣ ва муҳими ҳусни инсон мебошад. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимӣ либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ шудааст, ки албатта дар баробари донишу маърифат, ҳамзамон маданияти ҳар хонандаро инъикос менамояд. Дар аксари муассисаҳои таълимии кишварҳои ҷаҳон либоси ягона ба назар мерасад. Яъне аз синфи 1 то 11 ҳама либоси якранг мепӯшанд, ки ба чашм гуворо менамояд. Дар кишвари мо низ ин иқдом роҳандозӣ гардидааст ва он бешак назаррас арзёбӣ мегардад. Аммо ягона мушкилоте, ки ба чашм мерасад, нарху навои либосҳост. Агар либос бо сифати баланд омода шуда бошад, нархи он гарон аст, сифати паст нархи арзон дорад. Нигоҳи ман ба масъалаи либоси ягонаи мактабӣ мусбат аст, ба шарте ки ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ бошад.

Сабоҳат Сафарова, омӯзгори МТМУ №52 ноҳияи Рудакӣ: - Бале, маро қонеъ месозад. Сару либоси ягонае, ки барои талабагон пешниҳод кардаанд, хеле зебо ва шинам мебошад. Талабагони муассисаи мо ду сол мешавад, ки аз сару либоси ягона истифода мебаранд. Бо ҳамин васила талабагони мактабро аз одамони қади кӯча фарқ мекарданд. Бовар кунед, дар аввал талабаро аз одами кӯча фарқ намекардем. Ҳама падару модарон розӣ ҳастанд ва аз он барои фарзандонашон харидорӣ мекунанд. Ин сару либоси ягонаи талабагон назар ба бозор арзонтар аст. Шахсан ман барои духтарам дар 180 сомонӣ сару либос харидам. Хуб мешуд, ки тамоми муассисаҳои таълимӣ аз ин гуна либосҳо харидорӣ менамуданд ва ягонагии сару либосро дар муассисаи хеш ба танзим медароварданд.

Зайниддин Насриддинов, сокини шаҳри Хуҷанд: - Бале. Якрангӣ нишонаи тифоқ аст. Хале хуб мешуд, агар либоси ягонаи мактаби якранг мебуд. Дар Ҷопон ҳамаи коргарон бо сару либоси якранг ба кор меоянд. Мактаб ҷои таълиму тарбия ва маърифат аст, на қаҳвахона ё тарабхона. Бояд сару либос якранг бошад.Чӣ фарзанди бодавлату чӣ нодор. Ҳамчунин, мактаб на ҷои вохӯрӣ ё ишқбозиву дигар корҳо аст, ки мо худро орову торо дода равем. Мактаб ҷойи илму адабомӯзист. Дар даврони мо ҳама баробар буданд. Чи фарзанди раис, чи фарзанди деҳқон. Ҳоло бошад, гӯё, ки ба боғу гулгашт рафта истода бошанд, ҳарки ҳар чи хост, ба бар мекунад. Бисёр иқдоми хуб ва саривақтист.

5

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”

ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА

Абдуфаттоҳ Воҳидов, рӯзноманигор: - Дар тамоми олам мактабиён аслан либоси якхела мепӯшанд ва кишвари мо аз ин қатор берун нест. Яъне, мактаббачагони мо ҳам бояд бо либоси ягона ба мактаб раванд. Вале масъалаи асосӣ сифати либосҳоест, ки имрӯз ба мактаббачагон пешниҳод мешавад. Либос бояд ҷавобгӯи талаботи мактаббачагон бошад ва онро бо ҳавас ба бар кунанд. Яъне, Вазорати маорифро зарур аст, ки бо корхонаҳои либосдӯзӣ шартнома ба имзо расонад ва барои мактабиён либоси босифат омода кунанд.

116 медали хонандагони тоҷик аз олимпиадаҳои фаннӣ дар шаш моҳ Ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Қазони Федератсия Руссия Олимпиадаи ҷаҳонӣ «28th IOI2016» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он 328 хонанда аз 82 давлати дунё иштирок карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 4 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии кишвар Фарҳоди Ҳакимиён, Нодир Даминов, Нозимҷон Сафаров ва Фаррух Каримов муаррифӣ намуданд. Фарҳод Ҳакимиён аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе сазовори медали нуқра ва Нодир Даминов аз Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» сазовори медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамзамон, 14-19 август дар вилояти Чиангмайи Давлати Шоҳигарии Тайланд олимпиадаи байналмилалии наврасон – “ТIMC 2016” доир шуд, ки дар он 178 даста аз 30 кишвари ҷаҳон аз фанни математика иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон 5 даста иштирок намуда, сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ шуданд. Аз ҷумла, 4 нафар соҳиби ҷойи сеюм ва 8 нафар бо ифтихорномаҳои фахрии олимпиада сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷониби Кумитаи тадорукоти олимпиада ҷиҳати иштироки фаъолонаи хонандагони тоҷик, ки бори

аввал дар олимпиадаи мазкур сазовори натиҷаҳои назаррас гардиданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, тавсия дода шуд, ки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои фосилавӣ мунтазам иштирок намуда, барои роҳ ёфтани онҳо ба олимпиадаҳои байналмилалӣ заминаи устувор ба вуҷуд оварда шавад. Дар шаш моҳи аввали соли 2016 хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳолланд, Гурҷистон, Руминия, Гонконг, Амрико, Федератсияи Руссия, Ветнам, Швейтсария ва Тайланд баргузор гардиданд, сазовори 116 медал: 19 тилло, 33 нуқра, 64 биринҷӣ ва 30 ифтихорномаи фахрӣ гардидаанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


6

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

МАВҚЕИ “ҶАВОНОН”

Муттаҳидии мо истиқлолиятро пойдор мекунад

ХУРШЕД МАВЛОНОВ

Чанд даҳсола пеш гузаштагони мо кӯшиш мекарданд, ки соҳиби давлат бошанд. Онҳо дар орзӯи марзу бум, забони модарӣ ва давлати соҳибихтиёр буданд. Мутаассифона, ба ормону хостаҳои хеш нарасида, қисме аз онҳо дунёро тарк гуфтанд. Имрӯз мо хушбахтарин насли замон ҳастем, ки ҳамаи инро дорем. Соҳиби Ватан, марзу бум, забони модарӣ ва аз ҳама неъмати пурқимат - соҳибистиқлол ҳастем. Ҳамаи мо медонем, ки 25 сол қабл қариб буд, ки Тоҷикистон аз харитаи сиёсӣ нест карда шавад. Ҳатто гурӯҳҳое буданд, ки нақшаи тақсимоти Тоҷикистонро аллакай кашида буданд. Имрӯз, хушбахтона бо истифода аз хиради азалии миллати тоҷик тавонистем, ки Истиқлолияти комили хешро ба даст орем. Агарчи насли замони истиқлол инро ба пуррагӣ дарк намекунанд, аммо бояд эҳсос намоянд, ки Истиқлолият осон ба даст наомадааст. Падарону модарони мо ба хубӣ дар ёд доранд, ки зиёда аз 100 ҳазор нафар ҷони худро қурбони ҳодисаҳои хунин карданд. Ҳазорҳо нафар гурезаву дарбадар гаштанд. Бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар якҷоягӣ тавонист, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро ба даст оранду ба он ҳама нооромиҳо нуқта гузоранд. Агар ба таҳқиқ назар афканем, 25 сол барои давлатдорӣ хеле вақти кутоҳ аст. Кишварҳое ҳастанд, ки дар 50-солаҳо ҳеҷ пешрафт накардаанд. Аммо имрӯз мебинем, ки миллати тоҷик ба бузургтарин дастовардҳо ноил гаштааст. Дар ҳама самтҳое, ки мо зиндагӣ мекунем, фаъолияти ҷавонон дида мешавад. Имрӯзҳо Пешвои миллат бевосита ихтиёрро ба худи ҷавонон супоридааст. Дастгириҳои ҳаматарафаи Ҳукумати кишварро сари ҳар қадам вомехӯрем. Масалан, вақте ки ба солҳои аввали Истиқлолият менигарем, як гурӯҳи хурди ҷавонон дар хориҷи

кишвар таҳсил мекарданд. Ҷавонони он замон орзуи дар хориҷа таҳсил кардан доштанд, аммо шароити таҳсил набуд. Имрӯз шукрона аз соҳибистиқлолии кишвар, ин шароит дар сатҳи ниҳоят баланд барои ҷавонон муҳайё карда шудааст. Танҳо аз ҷониби давлат 12 ҳазор ҷавон бо квота дар хориҷа таҳсил мекунанд. Агар ҷавононе, ки аз ҳисоби худ ва соҳибкорон дар хориҷа таҳсил мекардаро ба ҳисоб гирем, ин шумора ба 30 ҳазор нафар мерасад. Натиҷаро ҳам имрӯз мебинем, ки ҷавонони таҳсилкарда бо сари баланд ба Ватан баргашта, содиқона хизмат мекунанд. Дар дохили кишвар бошад, бунёди мактабҳои замонавӣ, омӯзишгоҳҳо ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин, ҳаррӯза вохӯрию чорабиниҳо, лагеру маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Ин ҳамаро Ҳукумати кишвар баҳри он мекунад, ки ҷавонон хонанд ва соҳиби дониш шаванд. Касб аз худ кунанду оянда аввал барои худ, баъд падару модар, хоҳар ва бароидари хеш хизмати софдилона намоянд. Хушбахтона, чунин ҷавонон кам нестанд ва шуморашон рӯз аз рӯз меафзояд. Мутаассифона, дар баробари ин ҳама пешравӣ, ҳастанд нафароне, ки дар ҷамъияти ором халал ворид мекунанд. Сари худу волидон ва дар маҷмуъ сари миллати тоҷикро паст мекунанд. Ин идда ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Ин шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо мебошад. Сари ин мавзӯъ бисёр гуфтанду мегӯянд. Аммо баъзе саволҳое ҳаст, ки имрӯз ҷавоб мехоҳанд. Чаро баъзан вақт пешгириҳои мо натиҷа дилхоҳ намедиҳад? Чӣ боис мегардад, ки ҷавони тоҷик рафта дар ҷангҳои бофтаи каси дигар иштирок мекунад? Аз чӣ камӣ доранд? Чаро ин ҳама оромиро имрӯз баъзе аз ҷавонони мо нодида мегиранд? Онҳо имрӯз чӣ хостанд, ки ин давлат барояшон муҳайё накард? Ба ин саволҳо пеш аз ҳама бояд волидон посух гардонанд. Тасаввур кунед, ки имрӯз барои як обдокорӣ ва ё чорабинӣ чанд ҷавонро даъват карда наметавонем. Аммо аз чандин километрҳо дур, имрӯз ҷавони тоҷикро фиреб мекунанду ба ҷанг мебаранд. Мо аз болои минбарҳои баланд суҳбат мекунем, аммо онҳо бошанд, пинҳонӣ

корашонро пеш мебаранд. Агар мо сабаби аслиро дар камсавод буданани ин гурӯҳ донем, пас, инро ҳам бояд гӯем, ки камсавод будани онҳо айби кӣ аст? Имрӯз волидони ҷавононе, ки ба гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” шомил мешаванд, мегӯянд, ки “мо намедонистем”. Авзои бади фарзандро волидон дар лаҳза мефаҳманд, аммо фарзанд моҳҳо барои ҷанг рафтан омодагӣ мебинад, волидон намедонанд. Ин нишон медиҳад, ки имрӯз волидон аз вазъи фарзандон хабар намегиранд. Ба аҳволи онҳо кам таваҷҷуҳ мекунанд. Аз ҳолашон намепурсанд. Дар ин асно ҳамаи мо ҳам масъул ҳастем. Ҳамон нафари ба ҷанг рафта, агар фарзанд ва ё бародари мо набошад, ӯ пеш аз ҳама тоҷик аст. Ҳамсоя ва ҳаммиллати ману шумост. Бояд ҳама сари ин масъала андеша ронем. Ҳар ҷавоне, ки ба қадри сулҳу субот ва ба маънии томаш дарки ин мафҳумро намекунад, як маротиба аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то ба шаҳри Хоруғ сафар кунад. Бубинад, ки миёни Тоҷикистону Афғонистон танҳо як дарё аст. Зиёд паҳноӣ надорад. Аммо аз он тараф то ба ин тараф чӣ қадар тафовут зиёд аст. Дар ҳамсоякишвар ҳудуди чил сол мешавад, ки ҷанг аст. Онҳо аз ин ҷанг ҳеҷ чиз ба даст наовардаанд, ба ҷуз харобию валангорӣ. Ҳамин нафар инро ҳам андеша кунад, ки кӯдаки тоҷик саҳар вақте аз хоби ноз бедор мешавад, ҷузвдони мактабиашро мекобад, аммо кӯдаки афғон шаб то рӯз хоб накарда, оромии ватанашро орзу мекунад. Аз дарёи Панҷ он тараф хонаҳо лойпуш ҳастанд. Тирезаҳо оина надоранд. Ҳама ба биёбон монанд аст. Аз дарё ин тараф хонаҳои замонавӣ сохта шудаанд. Мардум ҳама бо хушию хурсандӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Барои фаҳмидан ва қадр кардани Истиқлолият, ин як намунаи калон аст. Имрӯз мо бояд ба нофаҳмию таассуб роҳ надиҳем. Зеро маҳз таассубу ҷудоиандозӣ миллату давлатро ба ҷангу ҷидол мебарад. Мо бояд бо ҳам ва дар канори ҳам мушкилиҳои ҷойдоштаро бартараф намоем. Ҳеҷ кас бояд ҷудоихоҳӣ ва бетарафиро интихоб накунад. Иттифоқии мо боиси несту нобуд шудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб гардида, барои пойдории кишвари азизамон девори мустаҳкам мегардад.

Ҷавонӣ дониш омӯхтан аст Инсон қобилияташро замоне мефаҳмад, ки барои истифода бурдани он азм намояд. (Сенекаи Хурдӣ) Ҳар ҷавон бояд мақсади зиндагӣ ва роҳи худро баҳри расиндан ба комёбӣ ва осудаҳолӣ муайян намояд. Исон бояд ҳисси хештаншиносӣ, андешидан дар бораи воқеан кӣ будани худ ва боварӣ пайдо намудан дар роҳи расиндан ба мақсад устуворро соҳиб бошад. Инсон бояд ҳеҷ гоҳ дар ҳолатҳои душвор рӯҳафтода нашавад, дарк намояд, ки ӯ ягона шахсе нест, ки ба душвориҳо рӯ ба рӯ шудааст. Аз душвориҳо ҳарос нанамоед, чунки душвариҳо боиси тавлиди қобилиятҳо мегарданд, ки тавассути ҳамон қобилиятҳо шумо мушкилотро паси сар менамоед. Ба ақидаи ҳар шахс чунин менамояд, ки монеаҳои роҳи ҳаёти ӯ нисбат ба монеаҳои дигарон бештаранд. Вале ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки паси ҳар монеа муваффақият ё хушбахтӣ ва ё як тӯҳфае ниҳон аст, чунки ҳамаи он комёбие, ки дар ҳаёт ба он ноил мешавем, дар натиҷаи устуворона аз монеаҳо ва душвориҳо гузаштан аст. Ҳар инсоне, ки дар ҳамаи душвориҳо устувор бошад, соҳиби он қобилиятҳои нав мегардад ва ҳар нафаре, ки дар роҳи расидан муваффақият сустирода аст, номуваффақ мешавад ва аз роҳи орзуҳову мақсадҳо дур мегардад. Ҳар шахс бояд соҳиби иродаи қавӣ бошад, зеро танҳо касоне комёб мешаванд, ки соҳиби иродаи қавӣ ҳастанд ва ба донишу малакаи худ боварӣ доранд. Ҷавонӣ устувор будан, ба худ бовар доштан, ба хатои худ иқрор шуда тавонистан, аз таҷрибаи дигарон дуруст истифода бурдан ва барои комёб гаштан дониши зарурӣ омӯхтан аст. Неруи бузурги ҷавонӣ ба ҳар нафар хушбин будан, қалби пур аз меҳр доштан, аз муваффақияти дигарон хурсанд будан, гуноҳи дигаронро бахшида тавонистан ва нияти нек доштан аст. Нияти нек нисфи муваффақият аст. Ҷавонӣ неруи бузург аст. Ҳар ҷавон бояд дарк намояд, ки ӯ метавонад ҳиссаи худро баҳри ободии Ватани азиз гузорад ва барои некуаҳволии мардум саҳм гузорад. Ҷавоне, ки соҳиби мақсадҳои бузург аст, ҳеҷ гоҳ бояд ба маҷрои ҳаёт шино накунад, зеро моҳии фавтида ҳам ба маҷрои об шино карда метавонад. Ҷавони неруманд касе нест, ки ҷисми неруманд дошта бошад. Ҷавони неруманд нафареро мегӯянд, ки метавонад масъалаҳоеро ҳал намояд, ки дигарон аз уҳдаи он набароянд ва гиреҳҳоеро кушояд, ки дигарон дар кушодани он оҷизанд. Ҷавони неруманд ба худ ва ояндаи худ боварии қавӣ дорад. Ҷавонӣ на танҳо нишонаи солимист. Масъули зиндагии осудаи ҳар шахс худи ӯст. Агар инсон имрӯз бо мушкилиҳо дучор ояд, ин интихоби дирӯзаи ӯст. Пас, барои зиндагии осудаи оянда имрӯз бояд чизеро интихоб намуд, имрӯз бояд омӯхт, имрӯз бояд ба нақша гирифт, имрӯз бояд кӯшиш кард, зеро оянда аз нафаронест, ки имрӯз илм меомӯзанд. Ҳар ҷавоне, ки мехоҳад оянда комёб бошад, барои инкишофи Ватану миллат саҳм гузорад, пас, бояд дар ибтидо роҳи худро тағйир диҳад, кӯшиш ба харҷ диҳад, зеро кӯшишу ғайрат сахтиҳоро паси сар мекунад. Ҳар ҷавон бояд ҳаёти худро ба нақша гирад, дар пеши худ мақсадҳои бузург гузорад ва барои расидан ба онҳо талош кунад. Дар ибтидо ӯ бояд тафаккури худро тағйир диҳад, фикри солим дошта бошад, зеро инсон ба воситаи тафаккури солим метавонад рушд кунад. Чи тавре ки мегӯянд, ҳар чизеро, ки тасаввур карда мешавад, он амалӣ хоҳад шуд. Ҷавон бояд ҳамеша аз болои худ кор кунад ва худашро созад. Инсоне, ки худро сохтаву харҷониба рушд додааст, мавриди иззату эҳтиром қарор мегирад. Барои ҳамаи ҷавонони Тоҷикистон гуфтаниям, ки зиндагии осудаи ояндаи Ватани азизамон дар дасти мост. Пас, мо бояд барои ободии ин гӯшаи биҳишт, пойдории ваҳдату миллат ва баланд бардоштани нуфузи давлатамон саҳм гузорем.

Кароматулло ҚУРБОНОВ, донишҷӯи бахши интернатураи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандонии соҳаи тандурустӣ


Ҷавонони даврони Истиқлол бояд омӯзанд ва ояндагонро омӯзонанд

25 соли пурбори миллати тоҷик

Бо ба даст овардани ин неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати тоҷик ба ифтихороти миллии худ таваҷҷуҳ намуд ва 25 сол аст, ки фарҳангу тамаддуни худро дар арсаи ҷаҳонӣ озодона муаррифӣ менамояд. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар охири асри ХХ-ум ба даст омад. Ин неъмати бузург бо омаданаш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз фароҳам овард. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ, соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ ва вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Дар ин муддат Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду инкишоф ёфт ва имрӯз низ идома ёфта истодааст. Имрӯзҳо Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд ва миллати тоҷикро чун миллати бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратӣ, фарҳангию сиёсиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол аст. Олимону варзишгарони кишвар тавонистанд дар як мудати кӯтоҳ миллатро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ намоянд. Сокинони Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида буданд ва имрӯз барои ҷашнгирӣ омодаанд. Имрӯз миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихори бузурги миллӣ аз дастовардҳои даврони истиқлол, чун сохтмони НБО “Роғун”, “Сангтуда-1”, “Сангтуда-2”, роҳи мошингарди Душанбе-КӯлобҚулма-Қароқорум, нақби “Истиқлол”, нақби “Озодӣ”, қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани ДушанбеҚурғонтеппа пайваста ёдоварӣ мекунанд. Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол, ки соли 1994 сурат гирифт, қабули Конститутсия мебошад. Маҳз ҳамин Конститутсия буд, ки мавқеи шахс дар ҷомеаро дар мадди аввал гузошт, ки он заминаи ташкил ва бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд гардид. Хулоса, Истиқлолияти Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард, дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд ва миллати тамаддунофари тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба даст омад, манбаи омӯзиши ҷаҳониён гаштааст. Мо бояд бо ин давлату миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардиданаш кӯшиш кунем ва истиқлолияти комили онро бо баҳои ҷон ҳифз намоем. Нуралӣ КАРИМОВ, донишҷӯи ДМТ

Мактаби бузурге, ки ин фарзанди васеъдилу ниятбахайри миллатамон аз обу гили сулҳу оштӣ, аз коҳи бародарию баробарӣ бо асбобу олоти аз бузургонамон меросмонда – фарҳангу тамаддуни башарӣ, ақлу фаросати беназир, ахлоқи ҳамида, имони поку устувор, тафаккури ориёна, сабру таҳаммул, низоми коркардашудаи давлатӣ ва монанди инҳо барои унсурҳои эҳёшаванда пойдеворашро бунёд карду онро то болопӯшаш сохта, ба анҷом расонид ва ҳам баробари Истиқлол дарашро ба рӯи ҳамаи сокинони кишварамон, аз ҷумла ба рӯи мо - ҷавонони ҳамсоли Истиқлол васеъ кушоду мо мутахассиси ҷавони соҳавӣ гаштем. Имрӯз яке аз мактабҳои пурқувватарини сиёсӣ ва ҷомеашиносии олами сиёсат гардида, устодаш бошад, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарвари мову шумо, чун сиёсатмадори барҷаставу тавоно дар қатори шахсиятҳои бузурги таърихи чи гузашта ва чи имрӯзаи дунёи сиёсӣ шинохта шуд. Худо хоҳад, ин мактаб ҷовидона устувору пойдор мемонад ва мақоми худро чун манбаи омӯзиш нигоҳ медорад. Мо - ҷавонони даврони Истиқлол аз ин мактаб таълиму тарбияи бешумор гирифта, дар мағз-мағзи донишҳои ин мактаб ҷӯшида ба воя расидем. «Ману» «туҳо», «мо» шудем. Кас ба ин мактаби олии пур аз покиву софӣ ва лабрези таҷаллӣ дохил шуда мебинад, ки ҳама чиз дар он қадру қимат дорад. Ҳурмат, эҳтиром, худро шинохтан, ватандӯстиву башардӯстӣ, ҷавонмардӣ, хоксорӣ, ҷасурӣ, покдилӣ, ёриву бародарӣ ғояи асоси ин мактаб аст. Дар асоси ин ғоя ба воя расидани мо обрӯи ин мактабро боз ҳам баланд мекунад. Ин мактаб инсонро ба воя мерасонад, ки ӯ роҳи ҳақиқатро аз роҳи дурӯғу торик ҷудо карда метавонад. Аз ин дарcхона аллакай мо - насли ҳамсоли Истиқлолият сабақи хуб омӯхтем ва ояндагон низ хоҳанд омӯхт. Шахсан, ман ҳар гоҳе симои муаллими ин мактаб, симои омӯзгори сиёсӣ ва маънавии худро мебинам, дар ман як ҳиссиёти амиқ ва виқору ифтихори ватандориву миллатдӯстӣ

қадри ҳар порчаи хоки Ватан, ба қадри ҳар дастоварди даврони Истиқлолият бирасем ва дар ободу зебо гардонидани Ватани азиз саҳм гузорем, дар созандагиҳо, бунёдкориҳо бевосита иштирок намоем ва барои боз ҳам зичтар гардидани ҳар шаҳрванди Ватан дар атрофи Сарвари давлат аз тамоми имкониятҳо истифода барем. Оромӣ неъмати бузург аст. Мо – ҷавонон бояд нагузорем, ки ба ин девори ваҳдат рахнае ворид шавад. Мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба дасисабозону айбҷӯён ҷавоби сазовор диҳем. Набояд аз пайи айбҷӯйҳо рафт, балки мо бояд худ лоиҳаҳое бисозем, ки боиси бо кор таъмин гардидани садҳо нафар шаҳрвандон гардад ва истеҳсолоти ватанӣ афзун шуда, боиси баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ шаванд. Мо бояд мувофиқи дарсҳои ин мактаби таърихӣ чунин тарбия гирем ва тарбия намоем, ки охири охирон ҳамаи мо маънии ин байти Саъдиро пура фаҳмида гирем; Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Мо нағз омӯхтем ва медонем, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то охирин қонуну санадҳои хуқуқии қабулнамудаи Маҷлиси Олӣ хуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф шудааст. Дар доираи ҳамин қонунҳо амал намуда, ҷавонон бояд хушахлоқ бошанд. Ахлоқи мардум якҷоя ахлоқи ҷомеаро ташкил медиҳад. Гуфтор бояд ба андеша рост ояд. Бе андеша набояд сухан гуфт. Андеша бояд намуд, ки курсии менишастагии мо, дари мекушодагии мо, автобуси савормешудагии мо чӣ тавр сохта шудааст, чӣ тавр дастрас гаштааст, бо кадом заҳматҳо. Нону намаки Ватанро хурда, бояд онро азизу пос дошт. Ба қадри меҳнати дигарон бояд расид. Монеи тарафкашӣ ва ифротгароӣ бояд гашт. Ахлоқи ҳамидаи мо ахлоқи ҷомеаро ташкил медиҳад. Афлотун гуфтааст: «Агар ҷомеа шикасти ахлоқӣ бихӯрад, он гоҳ ҳеҷ як нерӯе ҷуброни шикасти онро дода наметавонад». Бинобар ин, мо ба қадри Истиқлолият, ба қадри ваҳдат, ба қадри Ватан бирасем. Дар ҳама ҷо, дар ҳама вақт ҳимоятгари Ватани худ, ҳимоятгари дастовардҳои Истиқлолият, ки маҳсули мактаби бузурги офаридаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, бошем. Бигзор, Истиқлолияти Тоҷикистони азизамон ҷовидонӣ бошад!

Фирӯз Рашиди ҚОДИРИЁН, корманди Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

МАВҚЕИ “ҶАВОНОН”

Мактаби бузурги давлатдорӣ

Имсол барои миллати тоҷик ва тамоми тоҷикистониён як соли таърихӣ ва хотирмон хоҳад буд. Зеро мардуми сулҳпарвар ва фарҳангдӯсти тоҷик ҷашни умумимиллии 25-солагии истиқлолияти давлатиро қайд мекунанд. Дар ин давра тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат рушду нумӯ пайдо намуда, ба дастовардҳои калон ноил гардиданд.

Ман 25-солаам. Соли 1991 таваллуд шудаам. Ҳам бародари Истиқлол, ҳам фарзанди Истиқлол, ҳам шогирди Истиқлол ва ҳам мутахассиси 25-солаи мактаби бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошам.

ба ҷунбиш меояд. Ба ман калимаҳои Ватану миллат, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдату ору номуси миллӣ доштан, аз хоку марзи кишвар ва тоҷик будан ифтихор карданро ҳамин омӯзгорам омӯхт. Чи хеле ки гуфтам, манро ба ман шиносонд. Давлати Сомониёну Тоҳириёну Саффориёнро, давлатдории Сосониёну Кӯшониёнро, Спитамену Муқаннаъ ва Темурмалик, Маҳмуди Торобиву Абӯмуслимро, Рӯдакиву Фирдавсиро, Мавлавиву Имоми Аъзамро ва ба монанди инҳо даҳҳо шахсиятҳои таърихии миллатамон, хеле-хеле тамаддуни бою қаддима доштанашро тавассути ҳамин мактаб ва ҳамин муаллим шинохтам. Агар ин мактабу ин омӯзгор намебуд, давлату шахсиятҳои таърихӣ ва ҳамаи осору тамаддуни гузаштаи зери чангу хокистари таърих мондаи мо боз чуқуртар зери хок монда, пӯсида нобуд мегардид. Агар Фирдавсӣ аҷамро бо порсӣ зинда кард, муаллими ман, муаллими мо – ҷавонон ҳамаи мо тоҷикон зинда кард. Ин муаллим, ки онро Ҷаласаи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри қаддимаву таърихии Хуҷанд ба сарварии давлат овард, аз рӯзҳои аввал, баробари сохтани ин мактаби сиёсиву маънавии худ ҷавононро ояндаи Ватану миллат шуморида, дар баробари дастгириву тарбия онҳоро ба созандагӣ даъват кард. Таъкид намуд, ки Ватани худро дӯст доред, ба гузаштаю имрӯзааш ифтихор намоед, эҷод намоеду бисозед, то мо тавонем Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои пуриқтидор табдил диҳем. Забону фарҳанг ва таърихи миллатро биомӯзед, онро аз ҳар гуна омилҳо ҳимоя намоед. Мо ин гуфтаҳои муаллими худро, ки Истиқлолро дар ватанамон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар самти сиёсати дохилаю беруна, фарҳанг, иҷтимоиёт, иқтисодиёт ва бунёди иншооти азим, аз қабили роҳу нақбҳо таъмин намуд, зина ба зина омӯхтем, аз худ кардем, дар амал татбиқ намудем ва татбиқ хоҳем кард. Ҳар гуфтаи Сарвари давлат - ин муаллими бузургамонро, ки дар вохӯриҳо бо мардум, аз ҷумла бо ҷавонон, донишҷӯю зиёиён, варзишгарон, ихтроъкорон, ҳунармандон чун сабақ сармашқи кор кардем ва хоҳем кард. Мо дидем, ки чандин касонро худи ӯ аз дасташон гирифта ва ё ҳидоят намуда ба саҳнаҳои калон, ба майдони адабиёт ва санъату ҳунар баровард. Мо аз ин созандагиҳо, аз ин баҳамоиҳо, аз ваҳдати миллат, аз рушду пешравиҳо дар ҳар деҳаву ҷамоат, ноҳияву вилоят ва шаҳру водиҳои Тоҷикистон, аз ихтироъкориву эҷодкории мардуми кишвар, ки дар хориҷ сазовори мукофотҳо гардидаанд, ифтихор дорем ва кӯшиш мекунем ба қадри онҳо, ба

7


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

ИДЕАЛИ ҶАВОНОН

УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ

Гурзандози машҳури кишвар Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Риоде-Жанейро соҳиби медали тилло гардид. Дилшод гурзро ба масофаи 78,68 метр партофт. Дар сабқати гурзандозӣ ҷои дуюм насиби Иван Тихон аз Белорус (77,79) ва ҷои сеюм насиби Войсех Новитский аз Полша (77,73) гардид. Ин аввалин медали тиллои олимпии варзишгарони кишвар дар даврони Истиқлолият аст.

Аз аввалинҳо шуда Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-деЖанейрои Бразил шуданаш табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат таъкид дошт, ки Дилшод Назаров бо сазовор гардидан ба медали тиллоии ин мусобиқаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами давлатиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст. Ба андешаи Дилшод Назаров ғалабаи ӯ дар ин ҳамоиши бузурги варзишӣ бо шарофати ваҳдату истиқлол ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Маҳз талошҳову ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ рушд карда, варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Дилшод моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дуюмро касб кард ва ба Бозиҳои олимпӣ дар Риоде-Жанейро роҳхат гирифт. Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон (соли 2015, Пекин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад. Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад. Қаҳрамони олимпии Рио-деЖанейро, гурзандоз Дилшод Назаров пас аз ба даст овардани медали тилло гуфт: «Намегӯям, ки ин пирӯзӣ хеле осон даст дод. Муборизаи шиддатнок сурат гирифт. Рақибонам пурқувват буданд. Хушҳолам, ки барои кишварам ин медали тиллоро ба даст овардам. Барои нишон додани натиҷаи хуб неру доштам, ҳарчанд фикр мекардам, ки гурзро ба дуртар

Дилшод Назаров қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ ҳаво хоҳам дод. Аммо муҳим ин аст, ки нишони тиллоро соҳиб шудем. Хеле хушбахтам». Баъд аз пирӯзии Дилшод муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ ба табрики модари қаҳрамон рафт. Зимни суҳбат Зайтуна Самадовна, модари гурзпартои тоҷик барои дастгирӣ дар рушди тарбияи ҷисмонию варзиш ва варзишгарон ба Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд. Ӯ таъкид дошт, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат фарзандаш ғолиб гардидааст. Дилшод Назаров дар суҳбат ба Хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии кишвар гуфтааст: “Ман ин ҷо барои медал омада будам, вале ҳеҷ як варзишгар гуфта наметавонад, ки ба бозиҳо меоям ва нишони тилло мегирам, чун ин варзиш аст”. Дилшод пеш аз олимпиада дар Чехия зери роҳбарии мураббии чех Владимир Машко омода шуд. - Тавре ҳама диданд, ман як пироҳане доштам бо акси падарам ва албатта пирӯзиамро пеш аз ҳама ба падарам мебахшам, ки мутаассифона ҳоло бо мо нест ва албатта ба

тамоми мардуми Тоҷикистон, чун барои ман 8 миллион нафар мухлисӣ мекарданд ва ман дастгирии онҳоро эҳсос мекардам, - гуфтааст Д. Назаров. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро 7 варзишгар – Анвар Юнусов (бокс), Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо), Кристина Пронженко (дав, 200 метр), Анастасия Тюрина, Олим Қурбонов (шиноварӣ) ва Дилшод Назаров (гурзандозӣ) намояндагӣ карданд. Танҳо ба Дилшод Назаров даст дод, ки дар бозиҳо аввалин медали тиллои олимпиро вориди Тоҷикистон кунад. Варзишгарони кишвар дар ду олимпиадаи қаблӣ соҳиби се медал гашта буданд. Дар Олимпиадаи Пекин-2008 Юсуф Абдусаломов дар гуштии озод медали нуқра, Расул Боқиев оид ба ҷудо медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар Олимпиадаи Лондон-2012 бошад, муштзани маъруф Мавзуна Чориева сазовори медали биринҷӣ гардид. Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро, ки 5 август

оғоз гардида буд, 21 август ба анҷом расид. Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ беш аз 10 000 варзишгар аз 207 давлати ҷаҳон барои медалҳо талош карданд. Варзишгарони 59 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон ба мақоми қаҳрамонӣ расиданд. Умуман, варзишгарони 87 давлат соҳиби медал шуданд. Баъд аз натиҷагирии мусобиқаҳо варзишгарони Штатҳои Муттаҳидаи Америка бо ба даст овардани 121 медал (46 тилло, 37 нуқра, 38 биринҷӣ) дар ҷои аввал мақом ёфтанд. Британияи Кабир бо 67 медал – 27 тилло, 23 нуқра, 17 биринҷӣ дар ҷои дуюм ва Чин бо касби 70 медал – 26 тилло, 18 нуқра, 26 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор гирифтанд. Тоҷикистон бо як медали тилло дар мақоми 54ум ҷой гирифт. Маросими анҷоми Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар майдони "Марокана"-и Рио-де-Жанейрои Бразил баргузор шуд. Шаҳрдори Риоде-Жанейро Эдуардо Паэс парчами олимпиро ба раиси шаҳри Токио Юрико Коикэ супорид. Бозиҳои навбатии олимпӣ дар пойтахти Ҷопон соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Олимпиада-2016: Тоҷикистон дар ҷои аввал Тоҷикистон дар феҳрасти шумораи медалҳо бар сари ҳар узви дастаи олимпӣ бо 57 бал дар ҷаҳон ҷойи аввалро гирифт. Рейтингро рӯзномаи “New York Times” тартиб дода, сомонаи “medalspercapita” нашр кардааст. Дар ин раддабандӣ медали тилло 4, нуқра 2 ва биринҷӣ 1 хол шумурда шудааст. Ҳамин тавр, Тоҷикистон тавассути медали тиллои Дилшод Назаров соҳиби 4 хол гардид. 4 холро ба сари 7 узви тими олимпии кишвар тақсим кунем, 0,57 коэфитсентро ташкил медиҳад, ки баландтарин нишондод миёни 207 кишвари узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад. Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар ин феҳраст бо 296 хол (554 варзишгар – 46 тилло, 37 нуқра, 38 биринҷӣ – коэфитсенти миёна 0,54) дар ҷои дуюм, Озарбойҷон, Косово, Урдун бо коэфитсенти 0,50 дар мақоми сеюм қарор ги-

рифтаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон бо 38 хол дар ҷои 11 (70 варзишгар – 4 тилло, 2 нуқра, 7 биринҷӣ), Қазоқистон бо 29 хол дар мақоми 18 (104 варзишгар – 3 тилло, 5 нуқра, 9 биринҷӣ) қарор доранд, Қирғизистон (19 варзишгар) ва Туркманистон (9 варзишгар), ки медал ба даст наовардаанд, дар ин феҳраст ҷой нагирифтаанд. Ҳамсоякишвари мо Ҷумҳурии Мардуми Чин, ки аз рӯи шумораи умумии медалҳо пас аз ШМА ва Британияи Кабир дар ҷои сеюм қарор дорад, дар ин раддабандӣ бо 40 хол ҷои 10-умро соҳиб аст. Аз ин кишвар дар Бозиҳои

олимпии Рио 413 варзишгар иштирок карда, соҳиби 26 медали тилло, 18 нуқра ва 26 биринҷӣ гаштанд. Медали тиллоро ба Тоҷикистон гурзандози машҳури кишвар Дилшод Назаров овард. Ин беҳтарин дастоварди варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Дар ду олимпиадаи қаблӣ варзишгарони мо соҳиби се медал (нуқраву биринҷӣ) гаштаанд. Соли 2008 дар Пекин Юсуф Абдусаломов оид ба гуштии озод медали нуқра, Расул Боқиев дар намуди ҷудо медали биринҷӣ ва соли 2012 дар Лондон Мавзуна Чориева дар бокс медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.


Мутахассисони соҳа дар гурзандозӣ варзишгари Полша Войсех Новитскийро қаҳрамон меҳисобиданд. Ҳатто худи Дилшод Назаров ҳам баъди шикасти пай дар пай дар якчанд мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавӣ ин варзишгарро барандаи медали тиллои олимпиада медонист. Дилшод Назаров баъди гурзро ба масофаи 78,68 метр партофтан ва медали тиллоро ба гардан овехтан таъкид намуд: “Ман бовар доштам, ки соҳиби медали олимпӣ мегардам. Аммо барои медали тилло на он қадар боварии комил доштам. Партофти ҳарифи асосиам Войсех Новитский бароям “Сюрприз” шуд. Баъди партофти ӯ ва партофти дуюми худ этимодам барои медали тилло зиёд гардид”. Медали тиллои Дилшод Назаров барои мардуми тоҷик дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти кишвар тӯҳфаи беҳамто аст. Мутахассисони таҷрибадори варзиши кишвар аз миёни ҳафт варзишгар, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст оварда буданд, аз Дилшод боварӣ доштанд. Носир Бозор, мудири Раёсати рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни як суҳбат бо “Ҷавонони Тоҷикистон” пеш аз олимпиада таъкид намуда буд, ки Дилшод Назаров дар раддабандии ҷаҳонӣ миёни гурзандозон дар мақоми дуюм қарор дорад, ӯ аз олимпиада ба медал бармегардад ва мо ба Дилшод Назаров боварӣ дорем. Варзишро пешгӯӣ намудан душвор аст. Дар баробари меҳнатҳои пурмашақат, инчунин миёни варзишгарон ва мутахасисон ибораи “иқболи варзишӣ” маъмул аст ва ин иқбол ба Дилшод Назаров муяссар гардид. Зимни суҳбате пеш аз олимпиада Дилшод таъкид намуда буд, ки баъд аз Олимпиадаи Лондон-2012 ҳамеша дар фикри Олимпиадаи Рио-2016 буд ва ҳар рӯз ба хотири ин маракаи муҳими варзишӣ вориди тамрингоҳ мешуд. Ин қаҳрамони тоҷик аз замони қадам ба варзиш мондан гурзандози маъруф Андрей Адбувалиевро идеал интихоб намуд ва барои натиҷаи ӯро нишон додан талош мекард. Андрей Абдувалиев, намояндаи Тоҷикистон соли 1992 дар ҳайати дастаи ИДМ, дар намуди гурзандозӣ соҳиби медали тиллои Олимпиада шуда буд. Акнун Дилшод баъди машақатҳои зиёд парчами кишварро дар Бозиҳои олимпӣ парафшон намуда, дастоварди Андрей Абдувалиевро такрор намуд. Қаҳрамони мо баъди пирӯзӣ дар занги кутоҳи телефонӣ ба модараш Зайтуна Самадова, ки ҳамзамон устоди аввалини ӯ мебошад, хурсандии худро бо як ибора “Мо тавонистем!” иброз намудааст. Қаҳрамони тоҷик баъди сазовори медали тилло гардидан либосеро ба бар намуд, ки дар он акси падараш Ҷамолиддин На-

заров ҷой дошт ва зери акс “Имрӯз ман барои ту партоб мекунам, Дима” навишта шуда буд. Мардуми тоҷик воқеан ҳам ташнаи медали тиллои олимпӣ буданд. Инро натиҷаи бадастовардаи Дилшод Назаров исбот намуд. Субҳи 20 август аз ВАО сар карда, тамоми истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ ин пирӯзиро ба якдигар муборак мегуфтанд. Хурсандии мардуми тоҷикро худи Дилшод ҳам қаҳрамон шудан баробар тариқи сомонаҳо эҳсос намуд. Дарк кард, ки ӯ танҳо нест ва пушти ӯ зиёда аз 8 миллион аҳолии кишвар меистад. Корбарони интернет дар Тоҷикистон ба хотири қаҳрамонии фарзанди миллат суханоне иншо намуданд, ки сар то по инъикосгари ҳувияти миллӣ буд. Нахустин шуда навиштаи ҳамкорам Хуршед Мавлонов ба чашм вохӯрд, ки навишт “Ин аст, хушбахтӣ. Ин аст, сарфарозӣ. Ин аст, миллатдорӣ. Ин аст, ватандорӣ. Аз хушҳолӣ чӣ гуфтанамро намедонам. Замоне шунидам, (то ҳол надидам, мутаассифона) Дилшод Назаров соҳиби медали тиллои олимпӣ шуд, аз шодӣ ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Ин дам фаҳмидам, ки ифтихори ватандорӣ чӣ будааст. Бояд ҳама имрӯз ид дошта бошанд. Ба рағми ҳамаи рақибони пуштипардагӣ. Шодӣ кунед! Фахр кунед! Сароед! Бирақсед! Чун ид дорем. Миллати ман, ин пирӯзи муборакат бод!!!!!!!” Он рӯз тамоми тоҷикони дунё чунин сано мехонданд ба ин варзишгар, ки чандеро пешниҳод менамоем: Зафар Аскар: ”Имрӯз ва чанд рӯз баъди дигар тоҷикону тоҷикистониён тӯй доранд. Туйи олимпӣ. Ба шарафи гурзандози машҳур Дилшод Назаров, ки ба мардуми тоҷик аввалин медали тиллои олимпиро ҳадя кард. Худоро шукри беадад, ки сари миллати тоҷикро ба осмон расонд. Ин медали деринтизор қалби ҳазорон мардуми сарбаланди тоҷикро шоду масрур кард... Зиҳӣ Дилшод - қаҳрамонписари номовари тоҷик!!!!!” Фатҳиддини Замон: “Ҳаёти ин ҷавонмард ва талошҳои милливу меҳанияш бояд мавриди мутолеа қарор гирад. Ин шери тоҷик бори дигар нишон дод, ки мо миллати бенишону нотавон нестем. Офарин қаҳрамони миллӣ! Туро барои ватандориву ватанхоҳият ҳифз хоҳем кард ва дӯст хоҳем дошт”. Исо Мусо: “Пирӯзии ту, ай номдору номбардори миллату давлат, муборак бошад! Пирӯзии ту пирӯзии миллати тоҷик аст. Унвони қаҳрамони олимпӣ ва нишони тиллои РИО-2016 муборак ба кулли мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони дунё!”

Оғози Ҷоми Президент оид ба теннис Имрӯз, 23 август, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Корти тенниси тобистонаи КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар он варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Украина ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар маросими кушодашавии мусобиқа иброз дошт: “Боиси хушнудист, ки дар шароити имрӯзаи рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим инъикос меёбад, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардидааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо варзишгарони мо дар баробари мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ иштирок ва ба натиаҷаҳои хуби варзишӣ ноил гардида истодаанд. Баргузории ин мусобиқаи муҳим дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолият инъикоскунандаи

рамзи муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни давлатҳо мебошад”. Аҳтам Абдуллозода қайд кард, ки соли ҳафтум аст, дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷа баргузор мегардад. Бешубҳа, теннис миёни дӯстдорони варзиши тоҷик шуҳрати калон дошта, баҳри рушду ташаккули минбаъдаи он аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳо амалӣ мегарданд. Муосбиқа то 27 август идома меёбад. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Хусрав Аюбов: “Тамоми тоҷикону тоҷикистониёнро бо медали тилло табрик мегӯям ва фахр дорам аз Ватанам бо чунин родмандонаш. Худо кунад ҳар яки мо низ дар кадом арсае набошад мисли ҳамин фарзанди фарзонаи диёр парчами Ватанро парафшон кунем!” Зафар Саидов: “Ифтихори миллати мост Дилшод! Бешак, ӯ вориси арзандаи ҷавонпаҳлавоне, ки Фирдавсии Тусӣ сӣ сол дар тасвираш ранҷ бурда аст, Рустами достон будани худро Дилшод собит кард! Ҳазор таҳсину офарин, Дилшод. Дили миллати тоҷикро шод кардӣ, шод бимонӣ то абад! Агар Рустам бо гурзи худ филро ба замин меафканд, ту амсоли Рустам онро ба сари филе задӣ ки дар масофаи 78,68 метр қарор дошт. Рустами достон дар ин кор оҷиз буд! Пирӯз гаштӣ ва ин пирӯзӣ дар китоби шоҳномаи варзиши тоҷик номи туро чун Рустам ба ҳазораи дигар хоҳад бурд...”. Муҳаммадиқбол Атоев: “Дӯстони гиромӣ, медали тиллои Дилшод Назаров нишонаи сарбаландӣ ва саодати миллат аст. Ифтихормандам, ки чунин фарзандони фарзона дорем”. Азизи Нақибзод: «Дилшод гӯё ба гӯши ҳар кадомамон гуфт, ки метавон пирӯз шуд, ғолиб буд! Ин субҳ гӯё Дилшод маззаву таъм ва нашъаи иззатро ба тоҷикон чашонд! Дилшод бо салобаташ салобати миллатро ба намоиш гузошт! Салобати Рустами Достонро! Салобати тоҷики сарфарозу пурғурур! Дилшод барои мо исбот кард, ки “хостан тавонистан аст”! …ва натиҷаи мубориза ғолибият аст! …ва сарбаландист! …ва иззат! …ва нанг! …ва шараф! Муборакат бод, Рустами замон! Хуҷаста бод, Исфандиёри даврон! Фархунда бод, миллат! …ва то бод чунин бодо!”. Ин аз баҳр қатрае буд, ки мардуми бедори тоҷик васфи Қаҳрамони худро кардаанд. Ин дастоварди Дилшод шоҳроҳеро барои варзиши кишвар боз намуд. Қатори мардуми тоҷик тамоми форсизабонон шодишарики миллати тоҷик буданд. Дилшод Назаров пеш аз олимпиада дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” таъкид намуда буд, ки “Мақсади ман парчами кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парафшон намудан аст. Ман бо ҳамин орзу ҳамеша тамрин мекунам ва Худо кунад, ки ҳамеша парчами кишвар ба хотири фарзандони бо ору номусаш дар зинаҳои ифтихорӣ парафшон бимонад.”

9

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

ИДЕАЛИ ҶАВОНОН

ШОДИХОНИ НАЗАР

“Мо тавонистем!”

20 августи соли ҷорӣ барои мардуми тоҷик ид буд. Дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти кишвар тамоми тоҷику тоҷикистонӣ аввалин бор шаҳди медали тиллои Бозиҳои олимпиро чашиданд. Ин рӯз барои мардуми тоҷик воқеан рӯзи фараҳу шодӣ буд. Зеро шикасти пай дар пайи 6 варзишгари тоҷик дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Риоде-Жанейрои Бразил баргузор гардид, як навъ миёни мухлисону варзишгарони соҳа яъсу ноумедиро ба бор овард. Тамоми мутахассисони соҳаи варзиш тариқи сайтҳои иҷтимоӣ ва суҳбат бо расонаҳо иброз доштанд, ки ягона умед ба Дилшод Назаров мондаасту халос. Онҳо ҳадс мезаданд, ки шояд Дилшод бо медал баргардад, аммо аз ин натиҷаи ғайричашмдошт, яъне медали тилло касе ҳарф намекушод. Зеро дар радабандии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳарифони Дилшод Назаров варзишгароне буданд, ки дар баробари таҷриба доштан, солҳои охир легендаи гурзандозӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёфтанд.


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Навишта тавонистан истеъдод аст

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

 СОҲИБКАСБ

Ҳамаи мо дар раванди ҳаёт бо бисёр монеа, рӯйдод ва воқеаю навгониҳо рӯ ба рӯ мешавем. Ҳангоми шоҳид гардидан ба онҳо мехоҳем, ки онро ба таври зарурӣ инъикос намоем ва ё замони ба нафари дигар қисса намуданаш онро аз будаш бештар васф намоему тамоми ҷузъиёташро бо сухан баён созем. Гарчанде ки инро ҳама мехоҳанду орзуи чунин буданро доранд, вале на ба ҳар кас даст медиҳад. Онҳое дорои ин гуна хусусиятҳоянд, ки бо истеъдоду маҳорати фавқулодда аз дигарон тафовут доранд ва ҳамеша дар такопӯ ҳастанд. Яке аз ҷавонҳое, ки тавонистааст, то андозае бо навиштаҳои хеш муваффақу хонандаи худро дошта бошад, Баҳманёр Муродӣ аст. Ӯ намояндаи насли истиқлол аст, ки дар адабиёти тоҷик қадамҳои устувор мегузорад. Баҳманёр соли 1991 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ва чопи ду китоби аввалаш дар соли 2008 шомили бахши арабии риштаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, онро бо дипломи сурх хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ дар матбуот ба ҳайси хабарнигор кор карда, айни ҳол ҳамчун тарҷумони забонҳои арабӣ, англисӣ ва форсӣ дар Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» фаъолият дорад. То 17-солагӣ ду китобаш – “Мӯсича” ва “Ашки осмон”-ро пешкаши хонандагон карда, дар 21-солагӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудааст. Ин адиби ҷавон барои асарҳои аввалинаш бо ду ҷоиза: ҷоизаи адабии “Падида” ва ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиёт қадрдонӣ гардидааст. - Ман хеле барвақт, ҳанӯз аз ҳаштсолагиам ба навиштан оғоз карда будам. Ҳуҷраи дарсхонии ман китобхона буд. Падарам, ки ба илму адабиёт таваҷҷуҳи беандоза доранд, дар хона ҳудуди шаш ҳазор китоб аз адабиёти ҷаҳон ва адабиёти тоҷик ҷамъ оварда, бо ин барои омӯзиши ман заминаи хуб фароҳам оварда буданд. Масалан, мо дар хона тамоми шумораҳои маҷаллаи “Садои Шарқ”-ро доштем, ки барои ман ганҷи бузург буд. Ман дар ҳамон айём шеърҳои зиёд азёд карда будам ва худам ҳам гоҳо шеър менавиштам. Ашъори китоби “Ману дарё”-и устод Лоиқро пурра азёд медонистам. Нуҳ сол доштам ва навиштаҳоям дар матбуоти даврӣ чоп мешуданд. Синфи панҷум мехондам, ки нахустин маҷмӯаи ҳикояҳоям дар шаҳри Душанбе бо пешгуфтори Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Урун Кӯҳзод интишор ёфт. Яъне дилбастагии ман ба адабиёт ҳанӯз аз даврони наврасӣ буд ва баъдан ин дилбастагӣ ба ҳадди ишқ расид. Имрӯз дигар нанавишта наметавонам, - мегӯяд Баҳманёр Муродӣ. Ахиран ӯ китоби навбатии худро таҳти унвони “Қадаме ба биҳишт” рӯйи чоп овард, ки чанде аз қиссаву ҳикояҳои солҳои охир эҷоднамудаашро дарбар мегирад. Баҳманёр аз муваффақтарин қаламкашони ҷавон эътироф шудааст ва устодони адабиёти тоҷик ба эҷодиёти ӯ баҳои мусбат додаанд. Ба таъкиди ӯ, нависандагӣ инсоншиносӣ аст. Бо иловаи омӯзиши забону тарзи баён ва

услуби бадеиву унсурҳои наср бояд инсонҳоро шинохт. “Ман аз хурдӣ ба рафтору гуфтор ва одатҳои ҳамсолонам зиёд таваҷҷуҳ мекардам. Гоҳо онҳо бозӣ мекарданду ман гӯшае рафта, ба ҳар амали онҳо бодиққат менигаристам ва пеши худ муайян карданӣ мешудам, ки амали кадоме аз онҳо ҷолибтар асту ин ё он ҳаракаташон чиро ифода мекунад. Баъдан, наср нозукиҳои зиёде дорад, ки ба гумонам ҳанӯз аз ҳама асрори он огоҳ нашудаам”. “Қадаме ба биҳишт” аз 4 қисса ва чанд ҳикоя иборат аст, ки дар солҳои гуногун навишта шудааст. Ба гуфтаи Баҳманёр, бархе аз он қиссаву ҳикояҳо дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва дигар маҷаллаву рӯзномаҳо мунташир шудаанд. Ин қиссаву ҳикояҳо достонҳое аз рӯзгори имрӯзи ҷавонон, дарду мушкил, орзуву омол ва ҷаҳонбинии онҳост. Баҳманёр тақсимбандии вақтро барои эҷодкори муваффақ шудан аҳамиятнок ҳисобида, мегӯяд: “Тақсимбандии вақт, агар манзур босамар истифода намудани вақт бошад, албата аҳамият дорад. На танҳо барои эҷодкор, балки барои ҳама инсонҳо истифодаи босамар ва пурбори вақт шарти ягонаи муваффақият аст. Аммо агар шумо дар назар доред, ки ман бояд барои худ муайян намоям, ки ҳар рӯз дар кадом вақт китоби бадеӣ хонаму кадом вақт ба навиштан машғул шавам ё ба ягон кори дигар, не, рӯзамро ин гуна тақсимбандӣ накардаам ва инро зарур ҳам намешуморам. Аммо ҳар эҷодкор дар андеша озод аст. Фарохии андешаи ҳар нафар бастагӣ ба донишу фаҳмиш ва завқу салиқааш дорад”. Ба андешаи ӯ, ҳар кас мехоҳад, ки чизе нависад, аммо вақте қалам ба даст мегирад, чизе офарида наметавонад. Чунки навишта тавонистан истеъдод аст ва ин истеъдод дар пайи омӯзишу мутолиаи пайваста инкишоф меёбад. Вақте роҷеъ ба масъалаи таваҷҷуҳи кам доштани хонандагон ба китобу китобхонӣ пурсон шудем, чунин посух дод: - Ман чанд сол пеш дар ҳафтаномаи “Рӯзгор” бо беш аз панҷоҳ нафар аҳли қалами кишвар мусоҳибаҳо анҷом додам ва ҳини сӯҳбат аз онҳо посухи ин суолро ҳам мепурсидам. Бархе чун устод Латофат Кенҷаева ва Равшани Махсумзод мегуфтанд, ки иллат дар тарғиб нашудани адабиёт аст ва мушкил ин аст, ки китобҳои нашршуда то ба дасти хонанда намерасанд. Аммо зумраи дигар чун равоншод Аброри Зоҳир ба он бовар буданд, ки имрӯз агар асаре ҳамсанги “Робинзон Крузо” бинависӣ ҳам, дар муҳити мо хонанда пайдо намекунад. Лекин агар гап сари асарҳои хуб равад, дар адабиёти замони истиқлоли мо зиёданд ин гуна асарҳо. Чаро

Либоси миллии духтари тоҷик дар Амрико беҳтарин дониста шуд Намояндаи Тоҷикистон Шаҳноз Эроншоҳ дар озмуни «Бонуи СММ-2016» (Созмони Милали Муттаҳид), ки аввали моҳи август дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гашт, дар номинатсияи «Либоси беҳтарини миллӣ» ғолиб дониста шуд.

китобҳои устод Баҳманёр, Гулрухсор, Сорбон, Кӯҳзод, Абдулҳамиди Самад, Рустам Ваҳҳоб, Саттор Турсун, Фарзона ва дигар устодони мо ҳатто панҷ ҳазор хонанда надошта бошанд? Аммо намедонам чаро таваҷҷуҳи мардум ба китоб коста шудааст”. Ӯ ба чунин андеша аст, ки нависандагӣ дар Тоҷикистон чун имрӯз хонанда кам аст, ҳунар мебошад. Яъне нависандагӣ замоне касб хоҳад буд, ки соҳибаш аз пушти қаламаш нон хӯрда тавонад. Аммо, вақте китоби маъруфтарин қаламкашони мо ҳамагӣ ҳазор нусха нашр мешаваду дар рафи дуконҳои китобфурӯшӣ гоҳо солҳо хоб меравад, нависандагӣ касб буда наметавонад. Нависандагӣ ҳунар ва ё худ сарнавишт аст, ки новобаста аз чӣ касб доштану дар куҷо кор кардан, зиндагии инсон ба он пайванд меёбад. Баҳманёр бовар дорад, ки бо рушди иқтисоди кишвар, ки дар ин замина қадамҳои устувор гузошта шуда истодааст, албатта, илму адабиёт ва фарҳангу ҳунар низ рушду такомул меёбаду таваҷҷуҳи мардум низ ба китобу китобхонӣ меафзояд. Вақте таваҷҷуҳ зиёд шуд, вақте ҷамъият тақозо кард, дар он сурат асарҳои хубу хонданӣ низ ба миён хоҳанд омад. - Чандин қиссаву ҳикояҳои нашрнашуда дорам, ки бо даст додани имкон онҳоро мунташир хоҳам кард. Баъдан, бояд бигӯям, ки дигар мо нанавишта наметавонем. Ҳар куҷое ва дунболи ҳар коре ҳастем, аз навиштан канор рафтан амри маҳол аст, - гуфт дар интиҳои суҳбат Баҳманёр. Ҳар нафаре, ки бо ишқи ҳақиқӣ равонаи роҳе мегардад, бо боварӣ метавон гуфт, ки барояш фатҳи қуллаи мақсуд низ осон хоҳад гашт. Ба корҳои эҷодии ин нависандаи ҷавон, ки бо меҳру муҳаббати самимӣ пайи офаридани асарҳои гуногун машғул асту яке аз ҷавонтарин қаламкашон маҳсуб меёбад, муваффақият хоҳонем.

Либоси миллии Шаҳноз аз камзули махмалин ва рўймоли шоли зардузӣ иборат буд. Барои Шаҳноз либосро ороишгар аз шаҳри Ню-Йорк Заррина омода кардааст. Тоқии зардӯзиро бошад хоҳараш аз Тоҷикистон фиристодааст. Марҳилаи ҷамъбастии озмун 12 август барпо шуда, дар он 16 нафар духтар аз кишварҳои гуногуни олам ширкат карданд. Тоҷи ғолибият насиби духтари итолиёӣ гашт. Бо вуҷуди ғолиби асосии озмун нашудан, Шаҳноз аз дастовардаш розӣ аст, зеро вай ягона тоҷикдухтари иштирокчии озмуни байналмилалӣ аст. - Аз озмун чизҳои зиёд, аз ҷумла тарзи дурусту зебои ҳаракат дар саҳнаро омўхтам. Ман мутобиқи шартҳои озмун дар саҳна бояд оид ба масъалаҳои гуногун дар бораи Тоҷикистон гуфтугӯ мекардам. Бояд тавре суҳбат мекардам, ки тамошобинон маро шунаванд ва ҳикоятамро дар хотир нигоҳ доранд, - гуфтааст Шаҳноз. Шаҳноз ният дорад таҷрибаи дар озмуни байналмилалӣ андухтаашро минбаъд дар ҳаёт истифода барад. Зеро ба вай, ки дипломат шуданӣ аст, таҷрибаи хушгуфторӣ зарур мегардад. Шаҳноз Эроншоҳ дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ҳанӯз дар дусолагиаш падару модараш ба вилояти Самараи Русия кӯчиданд. Дар 18-солагӣ барои таҳсил ба ШМА рафт. Имсол коллеҷро дар шаҳри НюЙорк хатм карда, соҳиби ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ шуд. Таҳияи Ноила ВОҲИДОВА, “ҶТ”


 ОЗМУН Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.

1 2 3 4 5 6 7 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Сатторова Заринахон 31 БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов 55 БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад 5 БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азимов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ

Ҷамъи овозҳо

Мудири бахш

Овозҳо дар ҳафта

Шаҳр, ноҳия

2 3

4 33

55 5

1 1

3

3

2

3 5 17 1 2

2

2

17

2 2 18

31

Дар ҷаҳони имрӯза, ки раванди ҷаҳонишвӣ дар авҷ аст, ҳар яки моро мебояд фарҳанги миллии хешро ҳифз намоем. Либоси миллӣ, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг аст, бояд ҳамеша ҳифз гардад ва дар боқӣ мондану аз байн нарафтани он бояд ҳамеша талош кард. Мутаассифона, вақтҳои охир дар фарҳанги либоспӯшии ҷавонону наврасон ва занону духтарон нуқсонҳои зиёде дида мешавад. Ба тарзи либоспӯшии аксари онҳо нигариста дар ҳайрат мемонем, ки чаро фарҳанги беш аз чандҳазорсолаи мо механизми худмуҳофизатии хешро аз фарҳанги бегона гум кардааст ва наметавонад побарҷо бошад. Боиси нигаронист, ки тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани ҷавонон ва занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар байни ҷомеа мунтазам рушд мекунад ва ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни ҷавонон ва занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад ва ин кохи боҳашамати миллатро, ки гузаштагони мо дар тӯли қарнҳо бунёд намудаанд, сарозер созад. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии таърихӣ ва бостоншиносиву этнографӣ халқи тоҷик аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ нимбараҳна ё сиёҳпӯш набуд. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик кӯр-кӯрона ба ин фарҳанги ғайр пайравӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзҳои либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеи дигар бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротию ғайриахлоқиро ҷорӣ намоянд. Ба ақидаи диншинос Файзулло Баротзода дар мавриди пӯшидани либоси сиёҳ дар таҷрибаи динҳои ҷаҳонӣ се бидъати пуртаассуб вуҷуд дорад: 1. Пайравони шиаи дувоздаҳимома ба хотири ҳамдардии куштани фарзандони аҳли байти пайғамбар либоси сиёҳ пӯшида, мотам гирифтаанд ва то ҳақро ба ҳақдор додан аз он берун омаданӣ нестанд; 2. Пешвоёни калисои масеҳии қибтӣ баробари паҳн шудани ислом дар сарзамини Миср ба худ назр додаанд, ки то комилан аз нав масеҳӣ шудани кишвари Қибт андаруни либоси сиёҳ хоҳанд монд; 3. Ҳамчунин тибқи таълимоти буддоӣ хитоиён чунин мепиндоранд, ки пайдо шудани сафедӣ дар мӯйи сар нишонаи марг аст. Аз ин рӯ, онҳо дар муҷаррадӣ дар мӯйи сарашон дидани сафедӣ онро ҳамеша сиёҳ мекунанд. Боиси тазаккур аст, ки дар мавриди либосҳои аврупоӣ (либосҳои нимурёни занона, доманҳои бениҳоят кутоҳ (миниюбка) низ аҳли зиёи кишвар чандон назари мусбат ироа намекунанд ва ҳаргиз ҷонибдори оне нестанд, ки фарҳанги фаҳшзои Аврупо дар замири ҷавонону бону-

вони мо салтанат ронад. Воқеан ҳам гаравидани ҷавонон ба фарҳанги ғайр амали зишт ва боиси танаффур аст, ки мутаасифона имрӯз дар ҷомеаи мо зиёд ба чашм мехурад. Либосҳои нимурёну нимбараҳнаи аврупоӣ, агар аз як тараф ба коста гардидани ахлоқи ҷавонон мусоидат кунад, аз ҷониби дигар ба фарҳанги бегона майли беандоза пайдо кардани онҳоро нишон медиҳад ва албатта ин боиси нодуруст инкишоф ёфтани ҳисси худшиносиву ҳувияти миллӣ ва ватандӯстии онҳо хоҳад гардид. Ҷомеае, ки фарҳангаш аз ахлоқи зишт сарчашма гирифтааст, бештар дучори фоҷиа, таҷовуз ва худкушии аҳолиаш мегардад. Дар кишварҳое, ки фарҳанги бараҳнагӣ ва нимбараҳнагӣ ҳукмрон аст, бемориҳои рӯзафзуни равонӣ афзоиш меёбад, ки саранҷом ба худкушиҳо оварда мерасонад. Омори ваҳшатноки худкушиҳо дар Ғарб низ собит месозад, ки бо аз даст додани фарҳанги инсонӣ мардум ба чӣ даҳшатҳое рӯ ба рӯ гардидааст. Коршиносон ва равоншиносон бар ин ақидаанд, ки намоиш додани андом аз тарафи занҳо на танҳо аломати бемории равонӣ маҳсуб мегардад, балки зуҳуроти беморзо буда, амрози равониро дар дигарон эҷод менамояд. Ин ҳама намунае аз нишондиҳандаҳои масоили равонӣ ва фасод дар ҷомеаи Ғарб аст, ки таъсири он тамоми ҷаҳонро гирифтори ин бемории давонопазир гардонидааст. Ҷои шубҳа нест, ки нимбараҳнагии зан ҳамеша таваҷҷуҳи мардҳоро ҷалб менамояд, ки паёмадҳои нохушеро ба бор хоҳад овард. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки имрӯз ҳар падару модарро лозим аст, ба маърифати либоспӯшии фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва дар ҳалли камбудиҳои ҷойдошта чораҳо андешанд. Бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта фақат кори давлату ҳукумат набуда, балки кори ҳар як фарди солимфикр мебошад ва мо бояд дар бартараф кардани он ҳисса гузорем. Хуршед ХОВАРӢ, коромӯзи “ҶТ”

11

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

ДИДГОҲИ “ҶАВОНОН”

Либос – тарбияи эстетикӣ

Данғара пеш гузашт

Тарзи либоспӯшӣ, интихоби ранги он, шакли дӯхт ва ҷузъиёти ба ин монанд тафаккур ва то ҳадде чи гуна инсон будани касро муайян мекунад. Ба қавле, либос ифодакунандаи шахсияти ҳар нафар ва билохира қавмияту миллияти он маҳсуб меёбад.


12

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

Дурнамо ва проблемаҳои соҳаи туризм дар минтақаи Кӯлоб

Туризми деҳотиро рушд бояд дод

РУШДИ САЙЁҲӢ

Минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар қисмати ҷанубу ғарби ҷумҳурӣ воқеъ буда, аз пастхамиҳо, даштҳо ва доманакӯҳҳо иборат аст. 87%-и ҳудуди онро кӯҳҳо ва 13%-ро водиҳо ташкил медиҳанд. Дар байни қаторкӯҳҳо ва миёнакӯҳҳо водиҳои хушманзара, ба монанди Ховалинг, Данғара, Темурмалик, Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Ҳамадонӣ, Фархор, Балҷувон ҷойгир шудаанд, ки дар якҷоягӣ 12 ҳаз километри квадаратӣ масоҳат доранд. Ҳар яки ин ноҳияҳо дорои мавзеъҳои табиию таърихӣ мебошанд. Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, кӯҳи Чилдухтарон, Қалъаи Ҳулбук, кӯҳи намаки Хоҷамуъмин, мазори Ҳазрати Султон ва манзараҳои дилфиреб, ҷую дарёҳо, чашмаҳою гиёҳҳои шифобахш дили ҳар сайёҳро ба тасхир меоранд. Бо доштани чунин бартариҳои табиӣ ва таърихӣ-фарҳангӣ шаҳри Кӯлоб, ки таърихи беш аз 2700-сола дорад, дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Шаҳри фарҳангӣ» эълон гардид. Ин дастовардҳои табиӣ, фарҳангию миллӣ ифодакунандаи мероси пурғановати давраҳои гуногуни таърихии рушди ҷомеа ба шумор рафта, вазифаи муҳими тарбиявӣ низ доранд. Ёдгориҳои табиӣ ва таърихӣ-фарҳангӣ ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти фарҳангии ҷомеа буда, он тибқи қонунгузории байналмилалӣ ва ватанӣ ҳифз, барқарор ва истифода мешаванд. Ин аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи туризм имрӯз ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бою пурғановати фарҳангӣ-таърихӣ, табиӣ ва инчунин инфрасохтори рушднамудаи туристӣ доранд.

Дар минтақаи Кӯлоб барои ҳифзу нигоҳдории осори қадима 16 осорхона фаъолият мекунанд, ки ҳар кадоми он муаррифкунандаи бозёфти маҳалл ва расму оини миллӣ мебошанд. Туризми фарҳангиро ҳунарҳои қадима бо омезиши муосир, ҷашнҳои ҳунарӣ, санъати дастӣ, ғизоҳои қадима, рақсу бозиҳои маҳаллию миллӣ, забон, лаҳҷа ва шеваҳои маҳаллӣ, дину мазҳаб, хусусиятҳои этникӣ-миллӣ ва ғайраҳо дар бар мегиранд. Туризми таърихӣфарҳангӣ як навъ саёҳате ҳаст, ки сайёҳ ба ҷустуҷӯ, фарогирӣ ва омӯзиши фарҳанги гузаштаву имрӯзаи ҷомеаи худ ва ё дигарон мепардозад ва як ҷаҳон маънӣ мебардорад. Туризми фарҳангӣ аз назари иқтисодӣ даромади зиёд меорад, зеро иддаи калони хизматрасониҳоро дар бар мегирад ва муҳлаташ ҳам нисбат ба дигар намудҳои туризм тӯлонӣ аст. Вақте аз мавҷуд будани мавзеъҳои сайёҳӣ, табиӣ-таърихӣ, рекреатсионӣ сухан мегӯем, бояд муассисаҳоеро дар назар дошта бошем, ки барои қабули меҳмононанд. Яке аз муассисаҳои муҳим барои рушди туризм меҳмонхонаҳо мебошанд. Дар рушди соҳаи меҳмондорӣ саҳми шабакаи меҳмонхонаҳо басо бузург аст. Он имкон медиҳад, ки дар бозори ҷаҳонии туристӣ стандартҳои баланди хизматрасонӣ ба инобат гирифта шавад ва инчунин хизматрасонии меҳмонхонавиро ба туристон дастгирӣ менамояд. Шабакаҳои меҳмонхонавӣ ба паҳншавӣ ва баландшавии сатҳи истеҳсолот ва пешниҳоди хизматрасониҳо, ташкили усули хоси хизматрасонӣ боис мегардад, ки ҳангоми мушоҳидаи он дар дигар кишвар турист худро дар хонаи худ тасавур намояд. Дар минтақаи Кӯлоб 26 меҳмонхона фаъолият доранд, аммо на ҳамаи онҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯянд, зеро дар ҳолати ибтидоии хизматрасонӣ қарор доранд. Меҳмонхонаҳои минтақаи Кӯлоб фақат дар маркази шаҳраку ноҳияҳо фаъолият мекунанд. Дар баланкӯҳҳо ва миёнакӯҳҳое, ки мавзеъҳои сайёҳию рекреатсионианд, мутаассифона ягон меҳмонхона нест ва ин яке аз мушкили асосӣ барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад.

Хуб мешуд, дар чунин мавзеъҳо дар навбати аввал меҳмонхонаҳои мавсимӣ ё “Мотел”-у “Ҳостел”-ҳо бунёд гарданд. Пайдоиш ва бунёди чунин меҳмонхонаҳо ба шакли нави туризм, туризми деҳотӣ алоқаманд аст. Дар замони муосир туризми деҳотӣ ҳамчун шакли фаъолияти даромаднок шинохта шудааст. Дар ин ҷо ба маврид аст қайд намоям, ки кишаври Эрон тасмим гирифтааст, дар ҳаҷми як миллиард доллар дар Ҷумҳурии Белорус деҳкадаи туристие бо номи Персепол бунёд намояд, ки он хусусият ва сабки меъмории қадимаи шарқиро дошта, лоиҳаи онро соли 2010 дар сатҳи давлатӣ аз ҳар ду ҷониб қабул намуданд. Аз ин бармеояд, ки аксари давлатҳои ҷаҳон моҳият ва манфиати молиявию иқтисодии туризмро дарк намуда, кӯшиш намуда истодаанд, ки туристонро бештар ба кишвари худ ҷалб намоянд. Хуб мешуд мо аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки дар самти туризм ба комёбиҳо ноил шудаанд ва аз ҳисоби туристон фоидаи хуб ба даст меоранд, инчунин дар бозори туристӣ тавонистаанд мавқеи намоёнро ишғол намоянд, омӯхта, баъзе дастовардҳои онҳоро дар шароити Тоҷикистон, аз ҷумла минтақаи Кӯлоб ба роҳ монем. Барои ноил шудан ба ин комёбиҳо бояд аз ҳолати ибтидоӣ, ки дар соҳаи сайёҳии минтақаи Кӯлоб ба назар мерасад, баромада, ҳамқадам бо техникаю технологияи муосир, яъне дохил намудани инноватсия дар соҳаи сайёҳӣ бошем. Инноватсия дар туризм навоварии ҳархелаи идоракунӣ мебошад, ки аз тағйироти мақсаднок иборат аст ва дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла туризм ба роҳ монда мешавад. Ба он дохил мешавад: таъминоти ҳуқуқии лоиҳаҳои соҳаи сайёҳӣ, ташкили намудҳои муосири фаъолияти сайёҳӣ, инчунин молу маҳсулоти нав барои намудҳои гуногуни саёҳат, таъмини талаботи иттилоотию ташвиқотии сайёҳӣ, ки техника ва технологияи муосирро фарогир аст. Мақсади асосӣ ва рушди туризми инноватсионӣ баланд бардоштани рақобат, нигоҳдории муассисаҳои сайёҳӣ ва дар ин замина боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мебошад. Раванди инноватсионӣ зина ба зина қабул намудани навовариҳо дар соҳаи туризм аст. Самти нисбатан афзалиятнок таъсиси марказҳои маданӣ, илмӣ, маърифатӣ, фаъолияти сайёҳӣ дар базаи осорхонаи кушоди табиӣ, археологӣ, меъморӣ, табиӣ-ландшафтӣ, рекреатсионӣ аст. Давлатҳои тараққикардаи дунё, аз ҷумла ШМА, Олмон, Британия, Фаронса, Руссия ва дигар мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҷрибаи бойи ташкил намудани чунини объектҳои сайёҳиро доранд. Тоҷикистон низ бо доштани захираҳои зиёди сайёҳию рекреатсионӣ дурнамои хуб дорад. Тавре сайти интернетии “Turist.ru” хабар медиҳад, Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ, ки соли 2008 дар Давос баргузор гашт, руйхати давлатҳои ҷолибу ҷаззоби сайёҳии ҷаҳонро муайян намуд. Ҷолибияти сайёҳии кишварҳоро аз рӯи 13 омил муайян кард, ки дар ин руйхат тақрибан 130 давлати ҷаҳон ҷой гирифтааст. Дар садри рӯйхат Швейтсария, Австрия ва Олмон ҷой гирифтанд. Тоҷикистон ҷои 110-умро ишғол намудааст. Дар ҳолати оқилона истифода бурдани захираҳои туристӣ дар минтақа, инчунин ҷорӣ намудани инноватсия дар соҳаи туризм на ин ки ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва мадании минтақа ноил мегардем, балки он ба рушди муносибатҳои байналмилалию дохилӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Чунки минтақаи Кӯлоб яке, аз гӯшаи хушманзараи Тоҷикистони азиз мебошад.

Рухшона ИБРОҲИМОВА, мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб

Ҷонибдорӣ сиёсати давлатии ҷавононем Дар Суди шаҳри Ваҳдат аслан ҷавонон фаъолият мекунанд ва ба хубӣ дарк менамоянд, ки дар бунёди давлати демокративу дунявӣ мақоми онҳо бузург аст. Ҷавонон ояндаи давлат ва нерӯи ниҳоят қавии бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа ба шумор мераванд. Мо - ҷавонони мақомоти судии кишвар сиёсати пешгирифтаи дурандешонаву хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорем. Ҷаноби Олӣ бори нахуст 2-юми феврали соли 1997 бо ҷавонон мулоқот намуда, баъдан силсилаи вохӯрию мулоқоташонро то соли 2015 давом доданд. Дар ҳамаи ин чорабиниҳо Роҳбари давлат мо-ҷавононро вазифадор намуд, ки баҳри манфиати халқу давлат, хифзи хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мубориза барем ва барои ягонагии Тоҷикистон, осоиш ва некӯаҳволии мардум саъю кӯшиш намоем. Бояд тазаккур дод, ки аз соли 1997 то соли 2015 бо ҳидояту супоришҳои Сарвари давлат як қатор қарору қонунҳо бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, такмили қонунгузории сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани фазои мусоид барои тарбияи ҷавонон қабул карда шуданд. Ниҳоят, 17-уми июли соли 2015 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон иқдоми накуи навбатии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Мо – ҷавонони мақомоти судии кишвар дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон сармашқи кор қарор дода, ӯҳдадорем, ки ҷиҳати шукуфоии Ватани азиз, ҳимояи сулҳу субот, оромиву амнияти кишвар саҳми сазовор гузорем. Умар АМИРЗОДА, корманди Суди шаҳри Ваҳдат


Даври қиссаву афсона гузашт

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”

Матлаб бо симои дар назари муаллиф харизматикии акаи Маҳмуд, ки оқил, доно, фазилатманд, адолатхоҳ, боинсоф ва ба истилоҳи фазлфурӯшони имрӯз фарҳехта оғоз ёфта, ин қаҳрамони асотири Далер бо ҳама гуна беадолатӣ, ноинсофӣ, нодонӣ, зулму разолат мубориза мебарад ва миёни табақаҳои соҳибмансаби минтақа ҳамеша мавриди интиқод қарор мегирад (албатта, барои интиқоде, ки ба мансабдорону муфтхӯрон мекунад). Нуктаи заъфи ҳикоя он аст, ки акаи Маҳмуд – қаҳрамони қиссаи Далери «қиссапардоз» - бештар дар масҷид ҷавононро насиҳат мекунад, на дар мактаб ва муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ. Аз замони зуҳури масҷиду масҷидсозию масҷидбозӣ то имрӯз ҳеҷ донишманди фарҳехта масҷидро маҳалли панду насиҳат накардааст. Шумо панду насиҳати Саъдӣ, Убайди Зоконӣ, Ҳофиз ва соири бузургони илму адаби форсу тоҷикро дар ёд доред, ки ба масҷиду мадраса иртибот надоштанд, чунки медонистанд, ки он амокин макони дурӯғпароканӣ, найрангбозӣ, фитнасозӣ ва тавтеабофии як гурӯҳи муфтхӯр аст. Ба ин маънӣ: Масҷиду куништу шайху роҳиб ин ҷост, Макру ситаму фитна аз инҳо бархост. Ай зоҳиди беҳаё, зи дин лоф мазан, Коре, ки ту мекунӣ, аён пеши Худост! Аз ин лиҳоз, қаҳрамони қиссаи Далер Шарифов дар масҷид насиҳат ва адолатхоҳӣ мекунад. Дар масҷид «амри маъруф карданҳо»-ро мо хуб медонем ва таҷрибаи зиндагии мусулмонӣ дар тӯли зиёда аз ҳазор сол ин гуна амри маъруфро бар фоидаи мусулмонон ҷамъбаст накардааст, баръакс, боиси афзоиш ёфтани беадолатӣ, бесарусомонӣ, бебандуборӣ, ҷаҳлу хурофоти мардумӣ мегардад. Шояд муаллиф изҳори норозигӣ карда, гӯяд, ки дар он замон ба ҷуз масҷид дигар макони тарғибу ташвиқ набудааст. Аммо басароҳат метавон арз дошт, ки қисса ба замони имрӯзӣ иртибот дорад ва ҳадаф ҳам мушаххас аст. Ҳадаф таҳқир, тавҳин, беобрӯсозӣ ва мазаммати ғаразноки мансабдорон аст. Албатта, дар мамлакати мо қисми кӯчаке аз мансабдорон вуҷуд доранд, ки номус, инсоф, виҷдон ва инсониятро фаромӯш кардаанд ва ба ғадру ғорат машғуланд. Аммо дар хотир бояд дошт, ки ин идда ба туфайли саҳлангорӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва заифмандии мову шумо барин афсонабофон рӯйи кор омада, аз заифнолии мардум истифода карда, амволи давлатиро мерабоянд ва барои ҷомеа хатар эҷод месозанд. Ин иддаро мо бо афсонабофӣ, панду насиҳат ва қиссагӯӣ аз саҳнаи сиёсӣ ва мансабӣ дур карда наметавонем. Баръакс, ин навъ афсона сафи тоифаи муфтхӯрро зиёд мекунад, бозори сафсатаю фазлфурӯширо гарм месозад, боиси бадном ва сиёҳ шудани мамлакат ва симои сиёсии он мегардад. Танҳо ҷаҳду ҷадали самимӣ, кӯшишу ғайрати ҳамешагии мо метавонад сафи ин тоифаро кам кунад ва роҳи тараққиёту саодатро ба сӯйи мо боз намояд. Воқеан, имрӯз умри афсонаву қиссаҳои гиҷкунанда ба сар омадааст ва навбати ҳунару дониши зиндаю воқеӣ даррасида. Нуктаи дигари баҳсбарангези қиссаи Далер Шарифов он аст, ки муаллиф равшанфикронро, ки ақлу ҳуши ҷомеа шинохта мешаванд, рӯйирост масхара мекунад ва ононро тарсу, беирода ва муҳофизакор талаққӣ менамояд. Он тоифае, ки Далер аз забони ноқили қисса - акаи Маҳмуд меоварад, на равшанфикр, балки куллан торикфикранд. Равшанфикр ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ хушомаду тамаллуқ намезанад ва марзи инсофу адолатро убур намесозад. Ин аст, ки таҳқир намудани зиёӣ ба ин ҳад айб аст ва берун баромадан аз ваколату рисолати нависандагӣ. Интиқод бояд кард, на таҳқир. Мутаассифона, имрӯзҳо як гурӯҳ рӯзноманигорони матбуоти даврии мо худ дар банди хурофоту таассуб уфтода, дар асоси хурофаписандӣ афсонабофӣ мекунанд ва рӯҳи миллиро мешикананд. Шикасти рӯҳи миллӣ ва мардумӣ шикасти арзишҳои инсонӣ аст ва бо шикасти арзишҳои инсонӣ хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ дар ҷомеа реша мегирад ва бадбахтию бесуботии иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Бовар дорем, агар Далер барин қиссагӯён ва фасонапардозон дар матбуоти мо фаъол шаванд ва «муллопандамон» диҳанд, ҳоли ҷомеа чӣ мешавад? Ояндаи наздик чӣ хатарҳое дунболи ҷомеаи тоҷик мешаванд ва чӣ оқибате моро мунтазир аст? Бинобар ин, «панднома»-и Далер Шарифов дар шароити имрӯза ба дарде намехӯрад, баръакс, ҷомеаро ба сӯйи парешонӣ ва дилсардӣ ҳидоят мекунад. Далер Шарифҳо бояд донанд, ки даври афсонагӯӣ, қиссапардозӣ ва фазлфурӯшии ӯву акаҳою язнаҳои маҳмудгунааш (қаҳрамони асосии матлаби муаллиф) кайҳо гузаштааст. Афсонаю қисса имрӯз корсоз нест. Имрӯз замони ҷаҳду талош, илму дониш, фалсафаву ҳунар ва офариниш аст. Танҳо тавассути илму ҳунари зинда ва офаранда метавонем ба мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, маънавӣ, иқтисодӣ, молиявӣ расидагӣ кунем ва дар асоси меъёрҳои инсонию ақлонӣ тасмимгирӣ намоем. Бо ин байти Мирзо Бедил мехоҳам матлаби худро натиҷагирӣ кунам, ки барои чунин афсонабофон ҷавоби дақиқ гуфтааст: Ғафлати одам фузуд аз саргузашти рафтагон, Ҳар куҷо афсона бошад, ҳеҷ кас бедор нест. Умари ЗИЁ

Мардуми тоҷик барои боз ҳам ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Тоҷикистон расидан пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Вале баъзе нафарон бо дидани он ҳама пешравиҳо қаноат накарда, манзараҳои даҳшатбору ҳузнангезеро, ки ба хотири манофеи гурӯҳӣ меанҷомад, роҳандозӣ менамоянд. Таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатариву субот ва оромиву осоиштагии кишварро халалдор мекунанд. Ба фитнаангезию хушунат, ҷангу хунрезиҳо даст мезананд ва дар охир роҳи гурезро пеш мегиранд. Ба ин мисол шуда метавонад аъмоли роҳбари фирории Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар саҳнаҳои бозиҳои минтақаӣ тариқи роҳнамоён тарҳрезӣ гардидаанду дар пайи иҷрои онҳо садҳо инсони бегуноҳ ба хоку хун оғушта шуданд. Вақте хоҷагон воқеаеро тарҳрезӣ мекунанд, дар ин ҳангом нақши тамошобинро ишғол намуда, фурӯхташудагони наҳзатӣ онро амалӣ месозанд. Муҳиддин Кабирӣ бо он бадбахтие, ки ба сари мардуми тоҷик овард қаноат накарда, ҳамеша дар кишварҳои исломиву аврупоӣ бо доир намудани вохӯриҳои пасипардагӣ нақшаҳои худро ҷиҳати ноором сохтани ин ё он минтақа тарҳрезӣ намуда, онро ҳатто тавассути дигарон анҷом додан мехоҳад. Фарзанди бенангу номи ватан Муҳиддин Кабирӣ аз рӯи нақшаҳову дасисаҳое, ки ниҳону ошкоро ба хотири аз байн бурдани неъмати сулҳу оромӣ ва истиқлоли кишвар равона шудаанд рафтор мекунад. Бо авомфиребӣ сарзамини ободу миллати азиятдидаро боз ба гирдоби бало кашиданӣ аст. Бояд тазаккур дод, баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ қалби чунинҳо ором нагирифт. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки бо дили поки пур аз

муҳаббат ва умед ба ояндаи созанда буд, ба инобат нагирифта, бо намояндагони ҳизбҳои ифротиву тундгарои террористӣ ҳамақида шуда, эътимоду бовариро аз байн бурда, муборизаҳои зиёдеро ҷиҳати анҷоми нақшаи хиёнаткорона бар зидди созандагиву ободкорӣ тезонданд. Замоне аз фурсати дарихтиёрдошта барои бошандагони кишвар кореро анҷом надоданд, аниқтараш нахостанд кореро ба манфиати мардум ба сомон расонанд. Танҳо ҳамаи он имкониятҳои мавҷуда ва дар даст доштаро ба манфиати шахсӣ истифода карданд. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, Кабириву дастандаркоронаш даҳҳо заминҳову корхонаҳоро шахсӣ карда, инчунин иморатҳои ҳангуфти истиқоматиро дар дохилу хориҷи кишвар харидорӣ намуда, ба манфиати фарзандону ақрабои худ истифода кардаанд. Бо вуҷуди ин ҳама, паси дарҳои баста роҳбарият ва аъзои ҳизби наҳзат нақшаҳои шумеро дар cap мепарваридаанд ва амалӣ кардан мехостанд. Пас аз барбод рафтани мақсадҳои нопокашон роҳи гурезро пеш гирифтанд. Аз аъмоли наҳзатиҳо дар ибтидои моҳи сентябри соли 2015 бори дигар мардуми тоҷик воқиф шуданд, ки онҳо бо киҳо ҳастанду дар асл чӣ мехоҳанд. Бо пайдо намудани имкониятҳо ва дар натиҷа содир намудани ҷиноят дафъаи дигар ба халқи тоҷик хиёнаткориҳо карданд. Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмию дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақоиди дигарон нахоҳад шуд, вале ин хоси наҳзатиҳо нест. Чунки наҳзатиҳо даъвои бохирадиву донишмандӣ мекарданд ва дар ниҳоят дастнигари ақидаҳои дӯстони дуру наздик буданашон ошкор гардид. Боиси таассуф ва нигаронии ҷиддӣ аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён ва шахсони маълум барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухурдҳои муссалаҳонаро амалӣ карда, ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидайн ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд. Онҳо кайҳо боз ҳувияти миллии худро фурӯхтаанд. Ба амалҳои ғоратгаронаву таҷовуз ва қатлу ғорат, ки хоси ашхоси солимфикр нест ва ахлоқи инсониро вайрон месозад, рӯ овардаанд. Рустам РАҲИМОВ

Роҳбари ифротишуда

Афсонаи Далер Шарифовро таҳти унвони «Охирин фармони шоҳ» дар торнамои «Озодагон» мутолиа кардам. Воқеан, мо афсонапарастем ва дар афсона зистанро орзу мекунем. Афсонае, ки Далер аз забони қаҳрамони қиссааш акаи Маҳмуд нақл мекунад, як навъ киноя ва рамз аст ва бо забони рамзу киноя муаллиф мехоҳад интиқом бигирад. Интиқом аз кӣ, аз чӣ? Барои чӣ? Ба кадом ният?


Имтиҳон

14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”

Ҷашни Истиқлол ҷашни фатҳи туст

НУРУЛЛОҲИ ОРИФ

Дилшоди мо Офарин бар ғайратат, Дилшоди мо, Нангу ори кишвари озоди мо. Дур натвон гашт, то дунё ба пост, Бурдбориҳои ту аз ёди мо. Чун уқобон боз кардӣ болро, Сар надодӣ домани иқболро. Пештар аз рӯзи ҷашни пуршукӯҳ, Шод кардӣ миллати хушфолро. Офарин бар ғайратат, Дилшоди мо, Нангу ори кишвари озоди мо. Дур натвон гашт, то дунё ба пост, Бурдбориҳои ту аз ёди мо. Ҷашни Истиқлол ҷашни фатҳи туст, Баҳри васфи мулки худ хидмат накуст. Хуб кардӣ, бо хати зар як ҳаёт Монд дар таърих номат дӯст, дӯст. Офарин бар ғайратат, Дилшоди мо, Нангу ори кишвари озоди мо. Дур натвон гашт, то дунё ба пост, Бурдбориҳои ту аз ёди мо.

Тоҷикистон (Ба Тоҷикистони азизам, барои бо шарофати Дилшод дар рӯйхати Бозиҳои олимпӣ мақоми аввалро касб карданаш.)

Эй Тоҷикистонам, Ватан, Ҷонам Ватан, ҷонам, Ватан. Эй давлати овозадор, Эй бахти хандонам, Ватан.

Умре манам пайванди ту, Як ҷонфидо фарзанди ту. Хӯрдам, калон гаштам, калон Шаҳду наботу қанди ту. Ҳам шуҳрату шони манӣ, Покии виҷдони манӣ. Дар баҳри бепоёни дил Ёқуту марҷони манӣ. Шеъри маро ҷавҳар туӣ, Шоми маро ахтар туӣ. Ҳар рӯзат Истиқлол бод, Ақли маро раҳбар туӣ.

- Дар куҷо будӣ? – пурсид мард. - Дар хонаи модарам, - ором ҷавоб дод зан. - Боз? Ту вақтҳои охир ба хонаи модарат бисёр мерафтагӣ шудаӣ, - норозигӣ кард шавҳараш. Зан ҷавоб надод. Хомуширо авло донист. - Ту вақтҳои охир тамоман дигар шудаӣ... бетафовут. Ин хел набудӣ. Мо 5 сол боз бо ҳамем, аммо ин рафтори ту ба ман маъқул нест. Шояд ягон каси дигар ёбам? – гуфт мард бо чеҳраи гирифта. - Чӣ хеле мехоҳӣ, - бе ягон эҳсос посух дод зан, дар ҳоле ки дастархон меорост. Чунин ҷавоб барои мард ногаҳонӣ буд. Ӯ бо қаҳр аз ҷой хест ва аз дар бадар шуд. Телефонро гирифта, рақам чид. - Салом, азизам. Чӣ кор мекунӣ? - Салом, аз хоб хестам. Бисёр мехоҳам туро бинам, - садои форами зане аз гӯшӣ шунида шуд. - Азизи дилам, ман ҳоло расида меоям. Хеле гуруснаам, маро сер мекунӣ? - Албатта, интизорам. Мард қаноатмандона табассум карду ба мошин нишаст. Аз дӯкони гулфурӯшии сари роҳ як сабад гули бунафш харид барои ошиқаш... Вақте дар роҳ мерафт, садамаи нақлиётиро дид. Мардеро, ки як пояш набуд, ба мошини ёрии таъҷилӣ монданд. Зане ҳамроҳаш буд. Инро дида, фикри ғайриоддие ба сараш омад. Баргашт ва ба беморхона, назди дӯсташ, ки духтури ҷарроҳ буд, рафт. Вориди утоқи кориаш шуда, аз дӯсташ хост дар як кор ба ӯ кӯмак кунад. - Дӯстам, ба сарам фикре омад... Мехоҳам дӯстдухтарамро имтиҳон кунам. Кӯмакам мекунӣ? Дӯсташ табассум кард ва бо ҳайрат ба ӯ нигарист. - Ту зан дорӣ ва ҳам дӯстдошта? - Бале. Азизам. - Азизам? Пеш занатро азиз медонистӣ... - Ин пеш буд. То вақте ки ӯ тағйир ёфт. - Кӯмак мекунам. Аммо ба фикрам занат беҳтарин аст, фақат ту акнун ба ӯ дигар хел баҳо медиҳӣ. Мард суханҳои дӯсташро нодида гирифт. Дӯсташ аз телефони мард ба дӯстдоштааш занг зад. - Ало? Азизам, расидӣ? – шунида шуд садои занона. - Салом. Шуморо аз беморхонаи шаҳрӣ нороҳат мекунем. Мард ба садама дучор шудааст, аз телефонаш охирон маротиба ба Шумо занг задааст. - Чӣ шудааст. Ӯ зинда аст? - Бале, зинда аст, аммо бо сабаби осеби шадид диданаш лозим аст ҳар ду пояш бурида шавад. Шумо меоед? - Бубахшед, ман омада наметавонам, гуфт зан. – Ба ғайр аз ин мо фақат шиносем. Беҳтараш ба занаш занг занед. Рақамаш бояд бошад дар ҳамон телефон. Хоҳиш, ба ман ди-

гар занг назанед. Духтар суҳбатро қатъ кард. Мард ҳамаашро шунид. Аз ҷавоби духтар дар ҳолати шок монд. Дӯсташ ин ҳолати ӯро дида, пешниҳод кард: - Акнун ки тасмим гирифтӣ имтиҳон кунӣ, биё, ба занат занг занем? - Ман ба ӯ дигар даркор нестам. - Ту ҳамин хел фикр мекунӣ. Биё месанҷем, пас ҳамааш аниқ мешавад. - Майлаш, занг зан. Духтур рақами зани мардро чид. - Салом, Наргис! - Салом, Рустам! - Як гап аст, фақат ташвиш нашав. Бурҳон ба садама дучор шудааст. - Ӯ зинда аст? Ягон чӣ шудааст? – бо ҳаяҷон пурсид зан. - Зинда аст. Фақат дар ҳолати кома қарор дорад. - Ман ҳозир меоям. Дӯстон ба якдигар нигоҳ карданд. - Хуш, санҷишро идома медиҳем? – пурсид Бурҳон. - Ҳамин кифоя нест бароят? - Не. Бовар дорам, вақте омада фаҳмад, ки ҳамааш мисли пешин намешавад... Дӯсташ ба ӯ нигариста, гуфт: - Наход ту аз ҳамсарат дида, ба он духтар, ки нав шинос шудаӣ, бештар бовар кунӣ? Бурҳон хомуш, сарашро хам кард. Зан расида омад. - Канӣ ӯ? Дар куҷост? – гуфта дар даҳлез намедонист чӣ кор кунад. - Дӯсти шавҳараш бо ӯ вохурд. - Ором шав. Ӯ дар ҳуҷра аст. Рафтем. Наргис ба ҳуҷра даромада, худро болои кат партофт. Мард бе ҳаракат мехобид. Бо ашки шашқатор дасти шавҳарашро бӯсида гуфт: - Азизам, бедор шав, хоҳиш мекунам. Маро танҳо нагузор... Ман чӣ қадар дӯстат медорам... Бе ту зиндагӣ карда наметавонам... Медонӣ, вақтҳои охир ман камгап шуда будам, чунки зане ба ман занг зад. Гуфт, ки дигар ту бо ӯ ҳастӣ. Ман мехостам таркат кунам, аммо натавонистам. Бехуд шуда будам. Ин қадар вақт дар хонаи модарам набудам. Дар боғчаи бачаҳо менишастам, дар ҷойҳои дӯстдоштаамон мегаштам... Ман ҳамаашро мебахшам, фақат маро танҳо намон... Мард тоқат накарда, хесту занашро ба оғӯш гирифт. - Маро бубахш, азизам, ман кӯр шуда будам. Ман ҳамаро фаромӯш карда будам. Акнун фаҳмидам: ту ягона зане ҳастӣ, ки кӯмакам мекардӣ, то ба худам бовар кунам, зиндагиам маънӣ пайдо кунад. Ту ҳамеша маро мефаҳмидӣ ва дастгирӣ мекардӣ, азизам. Маро бубахш, дигар ҳеҷ гоҳ нороҳатат намекунам. Дигар асло аз даст намедиҳамат... Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ, “ҶТ”


15

Урён, луч Шампуни зидди …

Навъи шафтолуи бепашм

Моњи аввали тобистон

Шањр дар ИМА

Сарояндаи тотор аз Русия

Њашароти хунхор Орзую маќсад

... Шарифова, овозхон

Хокаи либосшўии дар СССР машњур

Чўпон

… Каримова, сарояндаи эстрада

Ќарори ќатъї Зебу зиннат

Бузург, кабир

Зидмаънои кўњна

Шањри текстили Русия

Элвира ..., раќќоса

Хонум, бону

Шањр дар Олмон

Як намуди варзиши сабук

Рўзи сиёњ

Њама, умум

Одатшуда, муќаррарї

Хобгоњи аскарон

Пойтахти Канада

Хулќи неки инсонї Муаллифи операи «Аида»

Тамѓаи атр ва кафки ришгирї

Пули Озарбойљон

Тањ, зер Барометр

Тамѓаи автобуси Њиндустон

Устои оњан

Гармї, њарорат

Љавоби рад

Дарё дар Русияю Украина

Зодаи одам

Муттакои пирон

Назар

Љаноб, соњиб (эронї)

Паймон

Эътиќод, имон

Калимаи анљоми дуо

… «Новости» - агентии иттилоотии Русия

Муњосира

... Зарифов, овозхон

"... ва Ромин"и Гургонї

Ибтидои калимаи тавњид

Бодпо Носозгор, номуносиб

Банд

Њамеша

Наќш дар сањна

Ранљ, кулфат

Шањр дар Туркия

Ширинии табиї

Садбарг, лола, мехчагул

Њис, фањм

Паррандаи зоѓмонанд

Расм, одат

Чанбараки мошин

Массаж

САНҶИШИ ДОНИШ

Чора, илољ

Созиш, сулњ

Љамъи «амал»

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

Фирўза …, овозхон

Њосил кардан

Бадгирї, дарунсиёњї

Ансамбли иборат аз 5 кас

Сардори чўпонњо

Љузъи ќатора

Тамѓаи хокаи љомашўї

…-и Хуршед, овозхон

Ду нафари нажодашон як

Сканворд

Аловиддин …, актёри њаљвї

Мошини зирењпўши њарбї


16

 СЕҲРИ ХОМА

Лутфи ҷавонӣ

 АНДАРЗ

Муш ва мушқапак

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №34 (9460), 25.08.2016

Дарси кимиё. Муаллима: - Мадина, маҳлули тайёркардаат чӣ ранг гирифт? - Сурх. - Дуруст. Шин, баҳоят “панҷ”. - Комила, аз ту? - Норинҷӣ. - На он қадар дуруст. Шин, “чор”. - Шурик, ранги маҳлули ту? - Сиёҳ. - Баҳоят “ду”. Бачаҳо, гурехтем!

Боре муш фаҳмид, ки соҳибхона мушқапак гузоштааст. Ӯ дар ин хусус ба мурғ, гӯсфанд ва гов қисса кард. Аммо ҳамаи онҳо ҷавоб доданд: “Мушқапак мушкили ту аст, он ба мо тамоман дахл надорад!”. Баъди чанде море ба он мушқапак афтоду зани соҳибхонаро заҳр зад. Мард барои табобати занаш аз гушти мурғ шӯрбо тайёр намуд. Сипас, гӯсфандро сар буриданд, то нафаронеро, ки ба аёдати бемор омада буданд, зиёфат диҳанд. Оқибат говро куштанд, то одамони ба маросими дафну мусибат омадаро сер кунанд. Тамоми ин давра муш аз сӯрохии девор ин ҳамаро назора мекарду доир ба чизҳое меандешид, ки ба касе дахл надоштанд...

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

МЕҲРОБ АЗИМОВ

 ЭЪЛОН ЭЪТИБОР НАДОРАД Аттестати гумшудаи Т-АТУ №0161447, ки онро МТМУ рақами 76-и шаҳри Душанбе соли 2015 ба Ашӯров Сӯҳроб Рустамович додааст, эътибор надорад.

Андарз: Агар чизе бевосита ба шумо дахл надошта бошад, гумон накунед, ки он ба сари шумо намеояд. Таҳияи Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”

Дафтарчаи ҳавлидорӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Мир Алӣ-110, хонаи 42, ки ба шаҳрванд Шарифов Умар Қурбоналиевич додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Есенин, гузаргоҳи 5, хонаи 37, ки ба шаҳрванд Шарипов Қутбиддин мутааллиқ аст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Шартномаи туҳфа додани манзили зист бо суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯчаи Гагарин-7, хонаи 24, ки миёни Бердиева Сурайё ва Бердиев Эгамбердӣ соли 2007 баста шуда, дар Идораи давлатии нотариалии ноҳия ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд. Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ. 3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фиристанд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд.

Шаҳодатномаи Кооперативи матлуботи “Матбуот” (РЯМ 0310008600, РМА 030018995), ки 22.09.2010, ки аз тарафи Нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ дода шудааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14

АНКЕТА

Шиносномаи техникии ҳавлидории №0317824 бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Титов (таваққуфгоҳи нақлиёт), ки ба шаҳрванд Акрамов Мансур мутааллиқ аст, эътибор надорад.

Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _____ _______________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?___________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________

Сетификати ҳуқуқи истифодаи замин, дараҷаи А №0219555 (масоҳати 0,40 га, таваққуфгоҳи нақлиёт), ки мақомоти давлатии заминсозии шаҳри Душанбе 19.12.2006 ба шаҳрванд Акрамов Мансур додааст, эътибор надорад.

Ному насаби пуркунанда _________________________________

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Аттестати гумшудаи Т-ШТУ №0410022, ки МТМУ рақами 5-и ноҳияи Ҳисор соли 2011 ба Яқубова Дилдора Абдуғуломовна додааст, эътибор надорад.

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6600 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.