ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №35 (9565), 30/08/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Бо фейсбук ба куҷо равонаем? саҳифаи
4
Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон зиёд шудааст. Чаро?! саҳифаи
6
Вақте занҳо муҳоҷир мешаванд... саҳифаи
7
Ҷом насиби мизбонон шуд саҳифаи
9
Саратони сина марговар нест
Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» кушода шуд Аз нуқтаи назари психологӣ даст задани наврасон ба ҷинояткорӣ омилҳои гуногун дорад: беэътибории волидайн, ҳисси ботинии наврасону ҷавонон ва аз ҷиҳати иқтисодӣ қонеъ нагаштани онҳо... Инчунин, яке аз сабабҳояш ин аст, ки баъзе волидон ҷойи кори хуб надоранд ва фарзандони худро таъмин карда наметавонанд. Аз ин рӯ, наврасон мебинанд, ки рафиқонашон бо тамоми шароит муҳайёанд, онҳо низ кӯшиш менамоянд, то чунин шароит барояшон фароҳам оварда шавад. Ҳамин чизро аз волидайн дастрас карда наметавонанд, кӯшиш мекунанд, ки даст ба корҳои номатлуб зананду худашон маблағ ба даст биёрад.
саҳифаи
Қонунмеҳварӣ саҳифаи
10
13
2
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
Пешвои миллат
МТМУ №55-ро ифтитоҳ намуд 28 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” кушода шуд 28 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон”, ки баъди навсозӣ ба як макони сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд. Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, бо гузашти солҳо ин мавзеъ, атраксионҳо ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти дилхушии кӯдакон корношоям гардида, ба навсозии пурра эҳтиёҷ доштанд. Корҳои навсозӣ дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо назардошти талаботи замони муосир дар ҳудуди иншооти мазкур дарахтони нодири сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуданд ва девору роҳравҳо сафолакпӯшу соҳили кӯлу атрофи боғ пурра навсозӣ гардиданд. Ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 18 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шудааст. Барои чароғонкунии боғ 267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб карда шудаанд. Барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонидаанд. Се навъи гулҳои мавсимӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 400 ҳазор бех муҳити боғро зебою назаррабо гардонидаанд. Як фавораи бузурги бо мусиқӣ танзимшаванда ва ду фавораи хурди Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” бо рӯшноии чароғҳои ранга муҳити атрофро ҷаззоб месозанд. Дар боғ таваққуфгоҳ барои 70 автомашина ва бинои нави маъмурӣ низ сохта шудааст. Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки ин Ватанро танҳо метавон бо садоқату вафодорӣ ва хизмати содиқона пойдору пешрафта гардонд. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе даҳҳо чунин иншооти истироҳатию фароғатӣ бунёд ва навсозӣ карда, дар онҳо барои сокино-
ну меҳмонони пойтахт шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе бо зебоии хосашон диққатҷалбкунанда буда, ба макони сайру гашт ва истироҳати доимии сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд. Фавораҳои зебою дилфиреб, гулу буттаҳои рангорангу назаррабо ва дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ ба боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳусни нотакрор бахшидаанд. Барои истироҳати сокинону меҳмонон дар ин боғ 70 адад курсиҳои гуногун, гӯшаи алоҳидаи табиати кишвар ва олами вуҳуш ташкил карда шуда, ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвонот ҳудуди иншооти мазкурро диққатҷалбкунанда намудаанд. Дар Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” майдонча барои бозии кӯдакону наврасон бунёд ва барои машқҳои шиноварию сайёҳат дар об 20 қаиқи замонавӣ дастрас карда шудааст, ки аз ин шароити фароҳамовардашуда табъи сокинону меҳмонон, бахусус кӯдакону наврасон болида мешавад. Шомгоҳон боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» бо чароғҳои ранга, фавораҳои дилфиреб ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ басо зебою назаррабо мегардад. Вусъати бесобиқаи тадбирҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе тайи солҳои охир имкон фароҳам овардааст, ки бо бунёд ва навсозии иншооти гуногун симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе куллан тағйир ёфта, дар мавзеъҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонон хизматрасонии босифат ба роҳ монда шавад. Дар кӯтоҳтарин муҳлат кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳо дар шаҳри Душанбе комилан навсозӣ шуда, барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ низ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” минбаъд бо шароити мусоиди истироҳату фароғат дар хизмати сокинону меҳмонон қарор гирифта, ба ҷойи дӯстдоштании онҳо табдил хоҳад ёфт.
Пешвои миллат бо имконият ва шароити муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи майи соли 2017 оғоз ёфта, дар зарфи бештар аз як сол бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд ёфта, синфхонаҳои таълимӣ бо техникаву таҷҳизоти муосири таълимӣ ва аёнияти фаннӣ таъмин гардидаанд. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки муассисаи таълимӣ барои 3500 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар масоҳати наздик ба 2 гектар бунёд ёфтааст. Иншоот аз ду бино иборат буда, бинои якум аз 3 қисмати 4-5 ошёнагӣ ва бинои дуюм аз 1 қисмат иборат мебошад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии
№55 ҳамчунин дорои синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои физика, химия, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ буда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёниятҳои дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин дар таълимгоҳ 4 синфхонаи лингафонӣ бо муосиртарин техникаи омӯзишӣ ва 4 синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст. Шароити фароҳамшуда имконият медиҳад, ки хонандагон нозукиҳои дарсро бо компютеру дигар дастгоҳҳои насли нав ҳамаҷониба омӯзанд. Зимни суҳбат хонандагон ифтитоҳи муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави хониш арзёбӣ карда, барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Тасдиқи рамзи Ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ намуд. Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад. Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.
Барои ҷои якум 16 даста рақобат карданд
ВМКБ: Ҳашарҳои оммавӣ идома доранд
ВМКБ
Дар майдони варзишии Ташори ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон байни 16 дастаи ҷавонону наврасон мусобиқаи футбол баргузор гашт. Сабқат бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гузаронида шуда, дар даври ниҳоии он дастаҳои “Ёмҷ” ва “Тишор” бо ҳам рақобат намуданд. Дар дақиқаҳои охир “Ёмҷ” тими рақибро бо ҳисоби 1 : 0 мағлуб намуда, ҷойи аввалро ба даст овард. Ҳамчунин дастаи “Бувед” зинаи сеюмро соҳиб шуд. Ба ғолибон мукофотпулӣ тақдим гардид. Аҳмад Мамадбунаев, мудири бахш зикр кард, ки силсилачорабиниҳои гуногун ба ифтихори 27умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат дар ноҳия то охири сол мунтазам мегузаранд.
ДУШАНБЕ
Рӯзҳои истироҳат бо ҷалби зиёда аз 60 нафар ҷавонону варзишгарон ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ дар шаҳри Хоруғ ҳашари умумӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят асосан дар боғи набототи Помир, гирду атрофи он ва маҳаллаи Усмон Холдорови шаҳр ташкил гашт. Дар рафти корҳои ободонӣ роҳу пайроҳаҳои боғ, майдони варзишии назди он, атрофи Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбеков ва дигар ҷойҳои маҳалла аз сангу хокрӯбаҳою алафҳои сари роҳ тоза карда шуданд. Сардори раёсат Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки ҳашарҳои оммавӣ ба ифтихори Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳру навоҳии вилоят ҳанӯз ҳам ҷараён доранд.
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Бинои нави МТМУ №65 оғози расмӣ пайдо кард
28 август дар арафаи оғози соли нави хониши 2018-2019, бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансур расман оғоз бахшид. Бинои нави мактаб аз 39 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои махсусгардонидашуда барои фанҳои дақиқ, синфхонаҳои компютерӣ, таълими меҳнат ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 420 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона бо 220 ҷойи нишаст ва иншооти дигари ёрирасон
иборат буда, барои 860 хонанда пешбинӣ шудааст. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъалаи тарҳу намуди лоиҳа таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ ва стандартҳои муассисаҳои таълимӣ ҷавобгӯ будани намуди берунаи бино ба лоиҳакашон ва масъулини дахлдори шаҳр маслиҳат дод. Бинои наву замонавии МТМУ №65 аз ҷониби соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 1 сол сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бояд то арафаи соли хониши 2019-2020 сохта шавад, то хонандагони ин даргоҳи илму маърифат таҳсили худро дар шароити муосиру замонавӣ идома диҳанд. Ҳамчунин роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр муваззаф гардиданд, ки сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонии истифодашавандаро ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд. Гуфта мешавад, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави таълимӣ барои 1720 хонанда дар ду баст шароити муосири таълиму таҳсил фароҳам оварда мешавад.
Мавсими 89-уми театрӣ оғоз шуд 28 август дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ кушодашавии 89-умин мавсими театрӣ сурат гирифт. Аҳли эҷоди театри мазкур мухлисони худро бо намоиши нави «Ишқи нобино» пешвоз гирифтанд. АМИТ «Ховар» аз қавли корманди Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки асари «Ишқи нобино» ба қалами нависанда Маҷид Салим тааллуқ дошта, онро Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхон рӯи саҳна овардааст. Намоиш дар бораи ишқи поки ҷавони нобино ва духтари зебо нақл мекунад. Дар намоишнома дӯстдоштагон мехоҳанд оиладор шаванд, аммо волидон ва атрофиён ин нияти онҳоро дастгирӣ намеку-
нанд. Дар охир оё дилдодагон ба ҳамдигар мерасанд? Пас аз тамошои намоишнома маълум мегардад. Дар нақшҳои асосӣ Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саодат Азизова, Бобоҷон Ҳасанов, ҳунарпешагон Насриддин Асадуллоев, Савлатмо Ақназарова, Исфандиёр Ғуломзода ва Умедҷон Бобомуродов ҳунарнамоӣ мекунанд. Бояд зикр кард, ки «Ишқи нобино» баёнгари арзишҳои неки ҷаҳони маънавӣ, хидмати тиббӣ, ишқу муҳаббати пок мебошад. Ин асар драмаи иҷтимоӣ буда, дар он бархӯрди ақидаву андешаҳо дар заминаи арзишҳои илмию тиббӣ ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
Мусобиқаи кушоди вилоятӣ барои наврасон ва ҷавонон
Бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва поси хотири устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯктам Тошма-
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
тов дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс байни наврасон ва ҷавонони соли таваллудашон 2000-2001, 2002-2003,
Дар Кӯшониён аксияи “Хона ба хона” доир гардид ХАТЛОН
Аз ҷониби волонтёрони назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён миёни аҳолӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон
ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва гирифтории онҳо ба бемории хатарноки СПИД аксияи “Хона ба хона” гузаронида шуд. Дар рафти аксия бо
125 оилае, ки фарзандонашон дар муҳоҷират қарор доранд, суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар умум 500 адад варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.
Истиқлолият - кафили сулҳу ваҳдат Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Леваканд дар толори Литсеи касбии шаҳр дар мавзӯи “Истиқлолият-кафили сулҳу ваҳдат” мизи мудаввар доир гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва омӯзгорону касбомӯзони литсей иштирок ва доир ба дастовардҳои замони истиқлолият суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Истиқлолият беҳтарин дастоварди миллат аст ва пойдору устувор нигоҳ доштани он дар чунин давраи ноороми сиёсии ҷаҳон аз ҳар яки мо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб менамояд. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
СУҒД
“Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”
Таҳти ин унвон бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ озмун-намоиш баргузор гардид. Дар он ҳунармандон аз ҳафт ҷамоати ноҳия иштирок карда, маҳсули дастони хешро ба намоиш гузошта, инчунин дар баробари ҳунармандони соҳибтаҷриба шогирдони онҳо низ маҳсули
меҳнати худ, аз қабили гулдӯзиву қуроқдӯзӣ, сандуқсозӣ, оҳангарӣ, заргарӣ ва пазандагиро пешкаши ҳозирин намуданд. Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун пеш аз ҳама эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти занони моҳир, мусоидат намудан ба инкишофи бонизоми намудҳои гуногуни ҳунармандӣ дар оилаҳо ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа мебошад.
Гулистон: Тақдими сарулибоси мактабӣ ба ятимони кул Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки раиси шаҳр Матлубахон Амонзода маросими анъанавии супоридани либосҳои мактабӣ ба мактаббачагон аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Нахуст раиси шаҳр ҳамагонро бо фарорасии ҷашнҳо ва оғози
2004-2005, 2006-2007, 2008-2009 гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур 310 варзишгар аз дастаҳои шаҳри Тошканд, Бекобод, Сирдарё ва Зангиотаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2 даста аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва дастаҳои Суғд 1, Суғд 2, ШТНМ, шаҳри Душанбе, Хатлон 1, Хатлон 2 ва ВМКБ иштирок намуда, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа аз ҳисоби ҷамъи медалҳо
соли нави таҳсили 2018-2019 табрик намуда, ба мактаббачагон хониши хубу аъло таманно кард. Сипас, ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи дониш ба беш аз 200 нафар ятимони кулл ва фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ тақдим гардид.
ҷои якум насиби дастаи Суғд 1-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷои дуюм насиби дастаи Суғд 2-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷои сеюм насиби дастаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардид. Ғолибон бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
4 Идома аз шумораҳои гузашта Агарчи дар ибтидо Марк Зукерберг Facebook-ро ҳамчун як майдони робита бо дӯстонаш таъсис дода буд, вале рӯйдодҳои сиёсии олами Ғарб таи ду-се соли охир нишон дод, ки он танҳо як шабакаи иҷтимоии хос барои дилхушӣ ва фароғат нест. Фаротар аст. Як майдони васеест, ки дар он стратегияҳо, нақшаҳои сиёсӣ, ҷангу харобсозиҳо (митингу даъватҳо барои эътироз алайҳи баъзе ҳукуматҳои мамолики араб, умуман ҳодисаҳои “Баҳори араб” аввал аз тариқи Facebook сар шуда буд), мағзшӯиву ақлрабуданҳо (дар мисоли даъват ба сафи тундравҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ), тарғиботи мақсадноки гурӯҳу ширкатҳои алоҳида ва даҳҳо амалҳои дигари барои инсоният зарарнок сурат мегирад... Интихоботи президентии ИМА ва раъйпурсии Брексит дар Британияи Кабир - ду маъракаи муҳими сиёсӣ мисоли равшани он буд, ки Facebook, балки нафарони идораи ин шабакаро дар ихтиёрдошта чи гуна қудрати тағйир додани сарнавишти ҷамъиятҳоро соҳиб будаанд. Ва нишон дод, ки ин шабакаи иҷтимоӣ ба дасти нафарони алоҳида ба андозаи як силоҳ хатаровару мудҳиш мебошад... ОДАМОН БА СӮИИСТИФОДА ШУДАНИ МАЪЛУМОТАШОН РОЗӢ БУДАНД? Баҳори имсол баробари паҳн гаштани хабарҳо доир ба “моҷарои Facebook” ин шабакаи иҷтимоӣ дар ҳол ҳамкориашро бо ширкати Кембриҷ Аналитика қатъ кардааст. Ба гумони ғолиб қабл аз нашри мусоҳибаву мақолаҳои пурсарусадо дар нашрияҳои “The Guardian” ва “The New York Times” касе ба роҳбарияти Facebook дар ин хусус хабар дода бошад. Ҳамон шабу рӯз Александр Никс, директори генералии ширкати Кембриҷ Аналитика низ аз вазифаи роҳбарии ширкат барканор шуд. Александр Коган – нафаре, ки дар маркази ин ҳама моҷаро қарор дошт, низ қафо намонда изҳор дошт, ки ду ширкат (Facebook ва Кембриҷ Аналитика – М. У.) ӯро ҳамчун восита барои корҳои сиёҳашон истифода бурданд. Вақте расонаҳои Ғарб навиштанд, ки Facebook маълумоти одамонро сӯиистифода мекунад, Зукерберг изҳор дошт, ки маълумотҳо бо роҳи комилан дуруст ва огоҳии худи истифодабарандагони шабакаи Facebook мавриди истифода қарор гирифтаанд. Эҳтимол ӯ онро дар назар дошт: баъзан барои иҷрои ин ва ё он амалиёт дар Facebook (дар дигар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ чунин аст) пеши назари истифодабаранда матнҳои дурудуарозе бармеояд, ки бештари вақт мо онҳоро нахонда гузашта меравем. Барои мо муҳим он аст, ки амалиёти мехостаамон ҳар чи зудтар анҷом шавад. Ҳол он ки дар он матне, ки нахонда гузашта меравем, аз мо суол кардаанд:
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
МАВЗӮИ РӮЗ “розиед, ки маълумоти шумо аз тарафи шабакаи иҷтимоӣ мавриди истифода қарор бигирад?” Мо, бегуфтугӯ, тугмаи “Розиам” (Я согласен)-ро пахш мекунем ва маълумоти шахсиамонро ба дасти худ таслим месозем. Албатта, ба истиснои нафарони ҳушманд ва боҳавсалае, ки бо диққат матнҳои мавриди назарро мехонанд. Вақте Зукерберг гуфт, маълумотҳо аз роҳи дуруст истифода гардидаанд, амалан ба оташи моҷаро равған рехт. Агар баръак-
карда бошад. Зеро ба маълумоти сомонаи Институти молиявии Bussines Insider таҳқиқи қазия нишон додааст, дастрасӣ ба баъзе маълумотро Кембриҷ Аналитика аз компютерҳое анҷом додааст, ки IP (ай-пи) суроғаҳояшон аз Русия мебошанд. Бале, агар Зукерберг худписандӣ карда, изҳор намедошт, ки истифодабарандагони Facebook ба истифода шудани маълумоти шахсияшон худашон розигӣ додаанд, шояд миллиардҳо
ИМА ва Аврупо дар нуқтаҳои дигари олам дар хусуси ҳуқуқи истифодабарандагони интернет қонунҳои махсус вуҷуд надоранд, бинобар ин помол кардани ҳуқуқи истифодабарандагони Facebook барояшон чандон масъалаи калон нанамуд. Ва ҳар касе, ки пул медод, дилхоҳ маълумотро аз ин шабака ба даст оварда метавонист. САҲИФАҲОИ СОХТА? Фарз кардем, ки касе аз мо умуман то имрӯз Facebook истифода
Бо фейсбук ба куҷо равонаем?
истифода мебаранд. Бисёртар аз тариқи телефон... Намунааш “Google” ва “Apple”, “Amazon” ва “Cloud”... Хуллас, барномаву сомонаҳои зиёде, ки ба истифодабарандагон хизмат мерасонанд, имкони дастрасии маълумотҳои шахсии онҳоро соҳибанд. Ба ибораи дигар инсони муосир кайҳо ба доми ширкатҳои номбурда афтодааст. #DELETE FACEBOOK Пас аз ин ҳама ҳангома атрофи Facebook аллакай маъракаҳои хориҷ шудан аз ин шабакаи иҷтимоӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам, хусусан дар Ғарб шуруъ шуд. Бисёриҳо саҳифаҳояшонро дар Facebook маҳв карданд. Ба ин гурӯҳ нафарони шинохтаи олам, ситораҳои синамо, сарватмандон, соҳибони ширкатҳои муътабар ҳамроҳ шуданд. Тоҷири сарват-
Бештари вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо пахши тугмаи “Розиам” мо маълумоти шахсиамонро бо дасти худамон таслим мекунем... си онро мегуфт, масалан мегуфт, ки Facebook аз тарафи хакерҳои рус мавриди ҳамла қарор гирифта, маълумоти шахсии одамон рабуда шудаанд, шояд камтар зарар медид. Ҳатто мумкин буд, ки кор то ба ин ҷо намерасид ва дар додгоҳ “сафед” ҳам мешуд. Чаро ки Александр Коган зимни мусоҳиба ба хабаргузории CNN (Cabel News Network) гуфтааст, ки ӯ дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ба ҳайси мударрис фаъолият мекард ва моҳи маи соли 2014 каме пештар аз оғози фаъолияти замимаи “This Is Your Digital Life” (ин замима дар дохили Facebook ҷорӣ карда шуда буд ва ба истифодабарандагон портрети психологиашонро тақдим мекард ва бар ивазаш маълумоти шахсиашонро мегирифт) аз қаламрави Русия берун рафта, дубора моҳи апрели соли 2016 пас аз он ки ширкати Кембриҷ Аналитика аллакай қисми зиёди маълумотро (маълумоти 60 миллион истифодабарандагони Facebook-ро) аз бойгониаш нобуд сохт, баргашт. Коган дар мусоҳиба мегӯяд, маълумоти истифодабарандагони Facebookро, ки аз тариқи пурсишномаҳо ба даст овардааст, ба ягон ташкилоте аз Русия надода буд. Лек истисно намекунад, ки шояд замони дар Русия қарор доштан касе аз компютераш маълумотҳоро нусхабардорӣ
доллар зарар намедид ва саҳмияҳои ширкаташ ҳам яке паси дигар қиммати худро аз даст намедод. Ҳеҷ набошад дар додгоҳ то он замоне, ки “бо розигии худашон истифода шудани маълумоти шахсии истифодабарандагони Facebook”-ро исбот мекарданд, ки чанде вақт мегузашт ва масъала ҳам то он замон як андоза “хунук” мешуд. Ҳарчанд маълум аст, ки масъалаи огоҳона розигӣ додани истфодабарандагони Facebook саҳеҳ нест, (агар розигӣ дода бошанд ҳам ноогоҳона додаанд). Зеро дар ин бора Facebook ягон барнома, огоҳнома ва ё дастури вижае дарҷ накардааст. Баръакс, пурсишномаҳои психологии Михал Косинский (MyPersonality) ва Алекс Коган (This Is Your Digital Life) он махсусиятро доштанд. Яъне маълумоти истифодабарандагонро ба навъе бо розигии худашон гирифтаанд. Лек ҳамон ҳам чандон огоҳона набуд. Охир, кӣ розӣ мешавад, ки маълумоташро нафароне хилофи иродаи вай ва ба хотири манфиат ва мақсадҳои сиёсиашон истифода баранд? Дар асл, ягон марҳилаи муайяне ё тавре гуфтем, дастуре барои розигии истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Илова бар ин, мудирони Facebook медонад, ки ба ғайр аз
набурдааст. Лек ин барои наафтодан ба доми он тоифаи “маълумотрабоён” басанда нест. “Саҳифаҳои хаёлӣ” ё “Саҳифаҳои сохта” ном мафҳумҳое ҳастанд, ки ба воситаи Facebook Audience Network маълумотҳои мо, ки дар дигар сомонаву шабакаҳо барои пайваст шудан ворид кардаем, андак-андак ба як ҷо ҷамъ карда мешаванд, пасон аз онҳо як шакл ё мушаххасаеро бо номи мо таҳия месозанд. Мо истифода намебарем, вале эҳтимол бо номи мо ва аз ҳисоби маълумотҳои мо саҳифаи алоҳидае вуҷуд дорад. Ман “Facebook надорам ва аз хавфу хатарҳои маҷозӣ эминам” гуфта бепарво мегардем, дар ҳоле ки шояд саҳифаҳое бо номи ман амал мекунанд, ки ҳатто рамзу калидаш ба худам маълум нест. Он ба мо маълум нест, лек кадом гурӯҳи алоҳида аз он истифода мебарад... Ҳатто агар рӯзе мо истифодабарандагони Facebook саҳифаамонро “бандем” ҳам, ҳама маълумоти қаблан ба саҳифаамон гузоштаи мо дар бойгонӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ва табиист, ки аз онҳо ба хости худу барои мақсадҳои худ истифода мебаранд. Умуман, аз Facebook дур ҳам бошем, аз “варта”-ҳои дигари рақамӣ эмин буда наметавонем. Онҳо аз мо маълумотамонро ҳар дақиқа мепурсанд, мегиранд, ва
манд Илон Маск, ки аз ҷониби маҷаллаи Форбес 46-умин одами сарватманди олам эътироф шудааст, низ саҳифаашро дар Facebook баст. Ӯ соҳиби ширкати маъруфи “Space X” мебошад. Ширкати “Space X” таҳиягари хусусии силсилаи мушакҳои баранда ва оператори тиҷории системаҳои кайҳонӣ маҳсуб меёбад. Вақте Маск эълон дошт, ки аз Facebook хориҷ шудааст, яке аз “дӯстонаш” дар олами маҷозӣ ба ӯ менависад, ки: “Хориҷ шудани худат ягон маъно надорад, агар метавонӣ саҳифаи “Space X”-ро ҳам маҳв гардон!” Баъд аз хондани ин паёмак Илон Маск ҳам саҳифаи тамоми ширкатҳояшро аз Facebook “тоза” кард. Лек, чунон ки мегӯянд, аллакай дер шуда буд. Зеро тамоми маълумот дар бойгонии Facebook маҳфуз буд. Ӯ саҳифаи ширкатҳояшро дар Facebook баст, аммо он саҳифаҳо дар Instagram ҳамчунон фаъоланд... Instagram-ро бошад Зукерберг ҳанӯз соли 2012 харида буд... Акнун чи бояд кард? Дар нашри оянда ба ин савол ҷавоб хоҳем ҷуст ва бо ҳамин нигоштаамонро ҷамъбаст хоҳем кард. Давом дорад М. УСМОН, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
29 август, дар доираи Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои узви ШОС ва ИДМ таҳти унвони “Тоҷикистон ва роҳи абрешим: таърих ва замони муосир” иштирокчиёни он аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуданд. Дар ибтидо иштирокчиён ҳамчун рамзи эҳтиром ва баҳри арҷгузорӣ ба халқу миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи поягузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Пас аз маросими гулчанбаргузорӣ ва гирифтани акси хотиравӣ иштирокчиёни фестивал аз боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон”, боғи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо таърих ва фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ошноӣ пайдо намуданд. Иштирокчиёни фестивал пас аз саёҳати мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе роҳ сӯи вилояти Суғд пеш гирифта, онҳоро ҷавонону сокинони меҳмоннавози ноҳияи Айнӣ ва шаҳрҳои Истаравшан ва Гулистони вилояти Суғд бо нону намак ва навои тоҷикона пешвоз гирифтанд. Дар ин рӯз дар шаҳри Гулистон ташкили намоишгоҳи инноватсионӣ, намоиши презентатсияҳои ҷавонон аз давлатҳои ИДМ ва СҲШ, ташкили озмун-намоишгоҳ дар мавзӯи “Чашмаҳо набзи ҳаёт” ба нақша гирифта шудааст. Тибқи барномаи тасдиқшуда 30 август бо иштироки ҷавонону донишҷӯёни аъзои давлатҳои ИДМ ва СҲШ конфронси илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон ва Роҳи Абрешим: таърих ва замони муосир” баргузор гардида, меҳмонон ҳамзамон аз Маҷмааи фарҳангиву меъмории “Қалъаи Муғ”, Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, Осоишгоҳи “Баҳористон”, Қасри Арбоб, Маҷмааи фарҳангию таърихии “Истиқлол”, Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Маҷмааи “Оши палов” ва дигар мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд боздид намуда, дар Фестивали байналмилалии “Овози дӯстӣ” иштирок менамоянд. Чорабинии мазкур дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, фароҳам омадани чунин шароити мусоид ҷиҳати табодули таҷриба миёни ҷавонони ИДМ ва СҲШ ғамхорию дастгирии навбатии Пешвои муаззами миллат дар самти ҷавонон мебошад Ҳадаф аз баргузории Фестивали мазкур густариши дӯстиву рафоқат, муносибатҳои ҳамҷаворӣ миёни ҷавонон, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар байни онҳо, табодули таҷриба ва таҳаввулоти тоза ворид намудан дар ҳаёти зебои ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ мебошад. Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 28 то 1 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Гулистони вилояти Суғд баргузор гардида, дар доираи он баргузории конфронс, чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, илмию эҷодӣ, семинару мизҳои мудаввар бо иштироки ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ ва ИДМ дар назар аст. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
5
Саёҳати ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои узви СҲШ ва ИДМ дар Душанбе
6 Наврасӣ айёмест, ки шахс дар ин овон фориғ аз ҳама гуна мушкилоти рӯзгор танҳо ба таҳсил машғул буда, роҳи минбаъдаи хешро муайян месозаду дар ботини хеш орзуву мақсадҳои гуногунро мепарварад ва танҳо фикру хаёлаш ба он равона мегардад, то онҳоро дар раванди зиндагӣ амалӣ созад. Имрӯз наврасони мо дар роҳи илмомӯзӣ ба зинаҳои хеле баланд муваффақ гардидаанд. Далели ин гуфтаҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидани онҳо дар олимпиадаҳои фаннии хориҷ аз кишвар мебошад. Мутаассифона, имрӯз баъзе аз наврасону ноболиғоне низ ҳастанд, ки ба ҷои илму дониш омӯхтану пайи таҳсил будан, даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ мезананду равонаи роҳи нодурусте мегарданд, ки оқибати он ба ғайр аз афсӯсу пушаймонӣ дигар чизе нахоҳад буд. Мушкилоти ба амалҳои номатлуб даст задани ноболиғон яке аз проблемаҳои доғи рӯз буда, он нигаронкунанда мебошад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи вазорат қарор дошта, бо вуҷуди гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар соли 2017 аз тарафи ноболиғон 690 ҷиноят ва дар шаш моҳи соли 2018 бошад, аз ҷониби ноболиғон 555 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 216 ҳолат зиёд аст. Дар ҷумҳурӣ пайваста ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ чораҳои гуногун андешида мешавад. Аммо мутаассифона, бо вуҷуди андешидани чораҳои
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
ҶОМЕА дахлдор ва қабули барномаву қонунҳо ҷинояткорӣ миёни ноболиғон боз ҳам доман паҳн намудааст. Коршиносони соҳа сабабҳои ба ҷиноят даст задани ноболиғонро ҳар гуна арзёбӣ менамоянд. Гулнора Қамчибекова, равоншинос мегӯяд, ки аз нуқтаи назари психологӣ даст задани наврасон ба ҷинояткорӣ омилҳои гуногун дорад. Ба монанди беэътибории волидайн, ҳисси ботинии наврасону ҷавонон ва аз ҷиҳати иқтисодӣ қонеъ нагаштан, ки хеле муҳим аст ва волидайн бояд ҳамавақт огаҳ бошанд, ки фарзандашон бо кӣ дӯсту рафиқ аст. Бино ба таъкиди ин равон-
наврасон аз синни 15 оғоз меёбад. Зеро ин давра давраи гузариш аст. Ба воситаи ҷинояткорӣ маҳз наврасон мавқеи худро дар ҷомеа ёфтанӣ мешаванд. Онҳо мехоҳанд тавассути ҷинояткорӣ таваҷҷуҳи ҷамъиятро ба худ ҷалб намоянд. Дар оилаи солим ба фарзанд аз тарафи волидайн барои ёфтани мавқеъ дар ҷамъият бисёр саҳм гузошта мешавад. Онҳо аз лиҳози ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ кӯмак мерасонанд. Инчунин мутаассифона, оилаҳое ҳастанд, ки таваҷҷуҳи худро бештар ба фарзанд равона намекунанд. Оиди ҷавонон агар гӯем, солҳои охир маҳз ба гуруҳи ҷавонон сиёсати ҳукумату давлат стратегияи
Дар воқеъ нақши оила дар дуруст ба воя расидани насли наврас хеле бузург аст. Зеро ҳар чизи нахустине, ки фарзанд аз худ мекунад, онро маҳз аз муҳити оилаи хеш меомӯзад. Ба монанди гуфтору рафтору кирдор. Дар самти хуб ба камол расидану дорои ахлоқи ҳамида гардидани фарзандон албатта падару модар вазифадоранд ва бояд ин масъулиятро бо пуррагӣ иҷро намоянд. Зеро ба андешаи коршиносони соҳа тарбияи нодурусти фарзанд сабаби даст ба корҳои номатлуб задани онҳо мегардад. “Омили дуюми ба ҷинояткорӣ даст задани баъзе аз наврасон нодуруст тарбия намудани во-
зандашон фаҳмонанд, ки агар ту ҳамин корро идома диҳӣ, ба оқибатҳои бад гирифтор мешавӣ. Чунин муҳокима боис мегардад, ки онҳо мефаҳманду ба сӯйи амалҳои номатлуб намераванд. Омили дигар ин мафкураи паст мебошад. Яъне худро нисбати дигарон паст мезананд. Худбаҳодиҳӣ, ки вақте аз меъёр зиёд ва ё кам шуд, ин ҳам сабаби даст ба ҷинояткорӣ задан мешавад. Фарзанд вақте ба хона меояду волидайн ба ӯ аҳамият намедиҳанд, чи хоҳише, ки мекунад, таъмин наменамоянд, ӯ ба роҳи каҷ меравад. Таъсири зиёди муҳит низ яке аз омилҳои асоситарин ба шумор меравад. Наврас ҳамон мароме, ки
Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон зиёд шудааст. Чаро?!
шинос яке аз сабабҳояш ин аст, ки баъзе волидон ҷойи кори хуб надоранд ва фарзандони худро таъмин карда наметавонанд. Аз ин рӯ, наврасон мебинанд, ки рафиқонашон бо тамоми шароитҳо муҳайёанд, онҳо низ кӯшиш менамоянд, то чунин шароит барояшон фароҳам оварда шавад. Ҳамин чизро аз волидайн дастрас карда наметавонанд, кӯшиш мекунанд, ки даст ба корҳои номатлуб зананду худашон маблағ ба даст биёрад. Аммо оқибати даст ба ҷиноят заданро намеандешанд, ки ба кадом ҳолат бурда мерасонад. Мавҷуда Комилова, ҷомеашинос ба ин назар аст, ки наврасони минтақаи шаҳр бештар ба ҷиноят даст мезананд. Чун омилашро пурсон гардидем, гуфт: “Зеро дар деҳот наврасон шуғл доранд. Онҳо ба корҳои хоҷагӣ ва дигар корҳои деҳот машғул мешаванд. Агар шаҳр ва деҳотро қиёс намоем пас ҷинояткорӣ бештар дар шаҳр аст”. “Умуман синну соли ҷинояткорӣ аз 12 то 16 ба назар мерасад. Тамоюли ҷинояткории
худро пешкаш кардааст, онҳо шуғли худро доранд, толорҳои варзишӣ кушода шуданд ва донишгоҳҳо низ маҳз баҳри он кушода шудааст, ки ҷавонони имрӯза шуғл пайдо намоянд. Масъулияти тарбияи наврасон мутаассифона имрӯз танҳо бардуши мактаб аст. Дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ имрӯз бо наврасон қариб ки кор намекунанд. Ман мехостам, ки дар мактабҳо клубҳои шоҳмот, адабиёт, шеър кушода шаванд. Яъне кӯдак ва ё наврас пас аз дарс метавонад, ба чунин марказҳо рафта, вақти худро босамар гузаронад. Дар деҳот бошад, сохтор дигар ки ҳаст, дар он ҷо сохтори шаҳр қариб ки мувофиқат намекунанд, дар он ҷо шуғл доранд, вале сухан дар бораи наврасоне меравад, ки дар шаҳр ба воя расида истодаанд ва проблемаи зиёд доранд. Волидайне, ки дар шаҳр зиндагӣ менамояд, қисмати беҳтари вақташро дар кор сарф намуда, метавонад баъзе унсурҳои тарбияи фарзандашро нодида монад”, - гуфт дар идома ҷомеашинос Мавҷуда Комилова.
лидайн мебошад. Яъне волидайн аҳамият намедиҳанд, ки фарзандашон ба кадом корҳо машғул асту чӣ корҳоро ба анҷом расонида истодааст. Вақте як маротиба амалҳои номатлубро фарзандашон иҷро кард, волидайн бояд дар алоҳидагӣ нишаста, доир ба ҳамин масъала муҳокима кунанд. Ба фар-
дар ботини худ дошту мехоҳад онро қонеъ намояд, дар хонаву дар муҳит талаботҳои худро ки қонеъ карда натавонист, ӯ оҳиста – оҳиста ба қатори ҳамон одамони каҷрафтор шомил мегардаду наврас талаботҳояшро бо роҳи бад қонеъ месозад. Вақте чунин амалҳоро иҷро менамояд, баъдан пушаймон мешавад, ки дигар суде надорад” – иброз дошт равоншинос, Гулнора Қамчибекова. Наврасӣ замонест, ки бояд наврасону ноболиғон дар ин айём омӯзанду соҳибдониш гарданд ва дар оянда саҳми хешро дар рушди кишвар гузоранд. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ намудани мушкилоти даст задани наврасону ноболиғон ба ҷинояту ҷинояткорӣ вазорату идораҳои дахлдорро лозим аст, ки дар ин самт фаъолиятро боз ҳам пурзур созанд. Инчунин барои садди роҳи мушкилоти мазкур шудан, бояд тамоми аҳли ҷомеа масъулият эҳсос намоянд, то ин масъала роҳи ҳалли худро дарёбаду рӯ ба коҳиш ниҳад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
Муҳоҷират зуҳуроти нав нест. Он аз қадим дар шаклҳои гуногун буду ҳаст. Ва ҳам хоси давлатҳои алоҳида низ нест. Он дар тамоми давлатҳо дида мешавад. Муҳоҷират як зайл набуда, он ба шеваҳои гуногун сурат мегирад. Муҳоҷироне ҳастанд, ки аз сабаби ҷангзада шудани давлаташон, баҳри пайдо намудани макони тинҷу ором ва барои дифоъ аз оилаи худ сарпаноҳ меҷӯянду роҳ сӯи дигар давлатҳо пеш мегиранд. Муҳоҷироне низ ҳастанд, ки танҳо барои ба зиндагии хубу пешрафта ва дар шароити беҳтар ба сар бурдан, ба давлатҳои мутараққӣ муҳоҷир мешаванд. Ва аз ҳама зиёд ва ба мо маълум муҳоҷирати корӣ ё меҳнатист, ки дар аксар давлатҳо дида мешавад. Солҳои охир ин намуди муҳоҷират ба яке аз масъалаҳои доғу ҳалталаби рӯз бадал шуда, баҳри беҳбуд бахшидан ва шароит фароҳам овардан ба муҳоҷирон давлатҳо миёни ҳам шартнома ва қарордодҳои мухталиф ба имзо мерасонанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвари мо чандон таърихи тӯлонӣ надорад. Он баъди ба даст овардани Истиқлолияти комил падид омад. Вақте кишвар гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд, натиҷаи нооромиҳо аксар корхонаву заводҳоро аз фаъолият боз мононд ва муҳоҷирати меҳнатиро ба миён овард. Акнун ҳамасола ҳазорҳо нафар ҳамватанони мо барои таъмин намудани рӯзгору оилаи хеш рӯ ба мусофират меоранд. Аввалҳо барои ба муҳоҷират рафтани узви хонадоне ҳама ҷамъ меомаданду дилбардорӣ менамуданд ва ӯро бо сад тантанаву обу нон, ки дар умқаш ҷуз ғаму ғусса чизе надошт, гусел мекарданд. Имрӯз бошад, рафтани нафаре ба муҳоҷират як амали маъмулӣ шудааст.
НИГОҲИ ДИГАР
7
Вақте занҳо муҳоҷир мешаванд... Ҳамакнун шояд оилаеро ёфтан ғайриимкон аст, ки дар он як ё ду марди муҳоҷир набошад. Ин ки муҳоҷирон дар ранҷу азобанду ҳамасола садҳо тобути онҳо аз кишварҳои мухталиф, бахусус аз Русия ба кишвар оварда мешавад, даста-даста муҳоҷирони тоҷикро чун ҷинояткор пушти панҷараҳо мебаранду аз онҳо чун паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ ном мебаранд, дардест ба хайр. Аммо вақте тимсоли покиву зебоӣ, сарчашмаи бепоёни меҳру муҳаббат, шаъну шарафи миллату давлат, фариштаи рӯи замин, тарбиятгари насли имрӯзу ояндаи ҷомеа зан – модар муҳоҷир мешавад, тамоман мавзӯи дигар аст, ки сари он бояд чора андешид. Ба иттилои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шашмоҳаи соли 2018 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 251 247 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст, ки нисбати шашмоҳаи соли 2017 3,5 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора 32 487-ро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба шашмоҳаи соли 2017 20 фоиз зиёд мебошад. Марҷона сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шаш сол мешавад, ки ба Федератсияи Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад. Баъди он ки шавҳарашро барои қонуншиканӣ аз Русия ихроҷ карданд, маҷбур шуд, ки барои таъмини оила тарки касби духтурӣ кунаду роҳи муҳоҷиратро пеш гирад. Чуноне Марҷона мегӯяд, ӯ дар яке аз ошхонаҳо дар шаҳри Маскав ҳамроҳ бо чанд зани дигари тоҷик ба корҳои рӯбучин ва шустушӯй машғуланд: “Дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Кӯлоб ҳамшираи шафқат будам. Вақте шавҳарам дигар ба Русия рафта натавонист, маоши ман ҳатто
ба хӯрокаамон намерасид. Шавҳарам ҷойи кор надошт. Аз ҳамин рӯ, маҷбур шудам, ки ба муҳоҷират равам”. Тарбияи ду кӯдаки Марҷонаро дар деҳа волидонаш бар дӯш доранд. Аммо ба гуфтаи Марҷона феълу рафтор ва дониши кӯдаконаш ҳеҷ ба хости дилаш нест: “Ҳар модар мехоҳад фарзандаш боодобу ботарбия ва бодониш бошад. Фарзандашро худаш таълим диҳад, дониш омӯзонад. Бешак кӯдакро чун модар касе ба воя расонида наметавонад. Аммо муҳоҷирати меҳнатӣ сабаб шудаасту фарзандони аксари занҳои муҳоҷир аз тарбияи хуб бархурдор нестанд. Аз ҷумла фарзандони худи ман ва ҳама он занҳое, ки бо ман кор мекунанд, дар чунин ҳоланд”. Ҳамчунин, Марҷона зикр намуд, ки дар баъзе ҳолатҳо ба онҳо ҳаққи корашонро намедиҳанд, аммо аз он ки ягон ҳуқуқи худро намедонанд, ҷое шикоят намекунанд ва ба хотири аз даст надодани ҷои корашон хомӯш менишинанд. Ба иттилои масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба занҳое, ки ба унвонии кумита муроҷиат мекунанд, машваратҳои ҳуқуқӣ дода мешавад. Чуноне Сабоҳат Маҳмадалиева, мудири бахши иттилоотии кумита гуфт: “Пеш аз он ки занҳо ба Русия мераванд ва ба унвонии кумита муроҷиат мекунанд, мутахассисон ба онҳо рафти будубош дар муҳоҷирати меҳнатиро мефаҳмонанд. Машваратҳои равонию ҳуқуқӣ медиҳанд, то ки зимни муҳоҷират аз ҳуқуқҳои худ бохабар бошанд ва аз худ дифоъ карда тавонанд”. Аммо маълум аст, ки аз теъдоди занҳои муҳоҷир ками онҳо ба унвонии кумита муроҷиат мекунанд. Аксари онҳо бо дар-
хости шиносу дӯстҳояшон ба муҳоҷират мераванд. Аз ҳамин ҷост, ки дар аксар ҳолат ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешаванд. Ҳаминро ба инобат гирифта Кумитаи кор бо занон ва оила тасмим дорад, ки барои занҳои муҳоҷир Шӯрои занҳои муҳоҷирро дар назди кумита таъсис диҳад: “Ба самъи мутолиакунандагон мерасонам, ки имрӯз дар кумита ду шӯро фаъолият дорад. Яке Шӯрои занони сулҳовари назди кумита, дигар Шӯрои соҳибкорзанони назди кумита. Барои таъсиси Шӯрои занони муҳоҷири назди кумита рӯйхат тартиб дода шудааст ва мавриди коркард қарор дорад. Фикр мекунам, ки то охири моҳи сентябр шӯрои мазкур таъсис дода мешавад ва як ёрдами хубе барои занони муҳоҷир мегардад,”- гуфт Сабоҳат Маҳмадалиева. Албатта, таъсиси чунин як шӯро барои занҳои муҳоҷир қобили дастгирист, вале бояд таъкид намуд, ки ин роҳи ҳалли масъала нест. Бояд аз чораҳое кор гирифт, ки сафи муҳоҷирзанонро кам намояд. Ба мо маълум аст, ки бонувони тоҷикро маҳз сатҳи пасти зиндагӣ, набудани ҷои кор ва маоши ночиз ба мусофират мекашонад. Заминаи омилҳои мазкур бошад, ноустуворӣ ва вайроншавии оилаҳо мебошад. Маҳз вайроншавии оилаҳо сафи муҳоҷирони меҳнатиро аз ҳисоби занҳои бесаробонмонда зиёд мекунад. Зан ки бесаробон монд, ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад, ки яке аз онҳо таъмини лозимоти худу фарзандон мебошад. Албатта, саҳл нест, ки ба якборагӣ сафи муҳоҷиронро кам кард, аммо бо омодаи ҷойҳои кории мувофиқ зина ба ба зина ин зуҳурот бояд рӯ ба
нестшавӣ орад. Зеро дар сурати аз ин ҳам зиёд шудани шумори муҳоҷирзанон, пеш аз ҳама дар одобу ахлоқ ва тарбияи насли наврас костагиҳои зиёд ба вуҷуд меояд. Зиёдшавии сафи муҳоҷирон аз ҳисоби занҳо нафарони огоҳ ва умуман ҷомеаи моро бояд ба ташвиш оварад. Зеро муҳоҷир шудани зиёда 32 ҳазор зан дар шаш моҳ, агар як ҷиҳати мусбӣ, он ҳам таъмини ризқу рӯзии эшон, дошта бошад, садҳо паҳлӯҳои манфиро дар худ дорост. Ин ҳол ба мо низ равшан аст. Чун мо на ҳама вақт аз занҳои муҳоҷирамон хабарҳои хуб мешунавем. Ба ҳамаи мо маълум аст, аксарияти муҳоҷирони меҳнатии мо бо ҷои кори хубу мусоид ва шароити зиндагӣ дар муҳоҷират таъмин нестанд. Ин вазъро аз ҳаёти мардони муҳоҷир медонем, ки дар таҳхонаҳову вагонҳои валангор ҳаёт ба сар бурдану надоштани шароити будубошашон қисса мекунанд. Гузашта аз ин аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳолатҳои зиёди гирифтории худ ба найрангу фиреби корфармову шахсони дигар гила мекунанд. Пас ҷавондухтарон ва он занҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, оё ба ҳодисаҳои зикршуда рӯ ба рӯ намегарданд? Аксарияти он занҳое, ки ба муҳоҷират мераванд, ҳуқуқҳои худро намедонанд, дар сурати лозима онҳо чи кор мекунанд? Ва ахиран сабаб чист ки бо вуҷуди пешрафту обод шудани Ватани маҳбубамон муҳоҷирати меҳнатии занҳо тамоюли зиёдшавӣ дораду камшавӣ не? Ин ҳама мушкилиҳоеянд, ки масъулин барои ҳалли онҳо бояд андеша намоянд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
Мусобиқаи кушоди вилоятӣ барои наврасон ва ҷавонон Бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва поси хотири устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯктам Тошматов дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилояти Суғд оид ба бокс байни наврасон ва ҷавонони соли таваллудашон 2000-2001, 2002-2003, 2004-2005, 2006-2007, 2008-2009 гузаронида шуд.
Бозиҳои Осиё-2018: Дилшод Назаров дуюм шуд Дилшод Назаров, қаҳрамони феълии Бозиҳои олимпӣ, дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ соҳиби медали нуқра гардид. Гурзандози тоҷик шоми 26 август дар варзишгоҳи «Gelora Bung Karno Main Stadium»-и шаҳри Ҷакарта гурзро ба масофаи 74 метру 16 сантиметр ҳаво дода мақоми дуюмро соҳиб шуд. Медали Дилшод Назаров аввалин нишони тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ аст. Мақоми аввал насиби Ашраф Ал-Cайфи, варзишгари 23 солаи Қатар бо натиҷаи 76 метру 88 сантиметр шуд. Зенаи сеюмро Сӯҳроб Хоҷаев, варзишгари Ӯзбекистон бо нишондоди 74 метру 06 сантиметр касб намуд. Варзишгари дигари тоҷик Абдурауф Мӯсоев дар мусобиқаи мазкур иштирок намуда, бо натиҷаи 58 метру 95 сантиметр дар зинаи ёздаҳум қарор гирифт. Дар намуди гурзандозӣ миёни мардон 12 варзишгар иштирок дошт: дунафарӣ аз Қатар, Тоҷикистон ва Чин, якнафарӣ аз Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Тайланд, Ӯзбекистон ва Эрон. Дилшод Назаров аз ин пеш се маротиба (соли 2006 дар Доҳаи Қатар, натиҷааш - 74.43, 2010, Гуанжоуи Чин – 76.44, 2014 Инчони Кореяи Ҷанубӣ - 76.82) унвони қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи осиёиро ба даст овардааст.
Суғд: Мусобиқаи волейболи соҳилӣ Дар майдони варзишии шаҳри Хуҷанд, санаи 28 август, маросими ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейболи соҳилӣ байни бонувон доир гардид. Мусобиқаи мазкур тӯли се рӯз идома ёфта, он бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оммавигаронии варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаëти солим, ҷалби наврасону ҷавондухтарон ба варзиши намуди волейболи соҳилӣ гузаронида шуд. Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи мазкур беш аз 30 варзишгар аз дастаҳои Суғд 1, Суғд 2, шаҳри Душанбе, Хатлон 1 ва Хатлон 2 иштирок намуда, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Пас аз қувваозмоиҳо ғолибон муайян гардида, дар фарҷом бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
Дар мусобиқаи мазкур 310 варзишгар аз дастаҳои шаҳри Тошканд, Бекобод, Сирдарё ва Зангиотаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2 даста аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва дастаҳои Суғд 1, Суғд 2, ШТНМ, шаҳри Душанбе, Хатлон 1, Хатлон
2 ва ВМКБ иштирок намуда, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа аз ҳисоби ҷамъи медалҳо ҷои якум насиби дастаи Суғд 1-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷои дуюм насиби дастаи Суғд 2-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷои
сеюм насиби дастаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардид. Ғолибон бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
Наврасони кишвар аз Қазоқистон бо медали биринҷӣ бар мегарданд Дастаи яккачини наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори мақоми сеюм шуд. Ҷоми Президенти Қазоқистон аз 24 то 28-уми август дар бошгоҳи тамринии дастаи мунтахаби Қазоқистон, шаҳри Талгар баргузор гардид. Ин мусобиқа бори нахуст бо ширкати шаш даста дар ду гурӯҳ гузаронида шуд. Дар чорабинии варзишӣ тими мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон зери роҳбарии Зайниддин Раҳимов ба гурӯҳи “Б” шомил шуда, бо дастаҳои Қазоқистон (U-16) ва Краснодар (U17) рақобат намуд. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17), Қирғизистон (U17) ва Озарбойҷон (U-17) сабқат намуданд. Дастаи яккачини наврасони кишвар дар бозии даври аввал тими Қазоқистон (U-16)-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода, дар дидори дуюм аз дастаи Краснодари Русия (U-17) бо ҳисоби 0:4 мағлуб гардиданд.
Футболбозони 16-солаи кишвар дар ду бозии гурӯҳӣ се хол ба даст оварда, дар ҷадвал зинаи дуюмро ишғол намуд. Дастаҳое, ки дар ҷадвали гурӯҳӣ мақоми дуюмро касб намуданд, барои ҷои сеюм вориди майдон шуданд. Тимҳое, ки садрнишини гурӯҳ гардиданд, барои ба даст овардани Ҷоми Президент сабқат намуданд. Шогирдони Зайниддин Раҳимов барои ба даст овардани ҷои сеюм, 28-уми август бо тими Қазоқистон (U-17) сабқат намуда, бо ҳисоби 2-0 ғалаба карданд. Мукофоти умумии Ҷоми Президенти Қазоқистон 15 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ғолиб ба ҷуз ҷому медали тилло бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 7 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Дастаҳое, ки зинаи дуюм ва сеюмро касб менамоянд,
соҳиби 5 ва 3 ҳазор долларӣ мегарданд. Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ширкати шогирдонашро дар ин мусобиқа яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Ҷоми Осиё дониста, иброз дошт: “Барои дастаи мо иштирок намудан дар Ҷоми Президенти Қазоқистон як давраи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешавад, ки аз 20 сентябр то 7 октябри имсол дар Малайзия доир мегардад”. Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати Осиё-2018 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Малайзия (20 сентябр), Ҷопон (23 сентябр) ва Тайланд (26 сентябр) бозӣ мекунад. Шаҳбоз КАРИМОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
9
Ҷом насиби мизбонон шуд Аз 23 то 27 август дар майдони тенниси тобистонаи КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон нуҳумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис баргузор гардид. Дар ҷамъбасти мусобиқа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода ҳамаи варзишгароне, ки аз давлатҳои мухталиф барои сабқат ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд, изҳори сипос намуд ва ба нафароне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, миннатдории кумитаи тадорукотро расонида, изҳор дошт: “Ҳузури ҳар яки шуморо, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти ҶТ оид ба теннис ширкат намудед, хайрамақдам мегуям. Чун ки шумо бо иштирокатон варзиши дигар давлатҳоро дар ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намудед. Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти ҶТ оид ба теннис яке аз он мусобиқаҳое мебошад, ки бевосита бо ибтикор, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ баргузор мегардад. Ва хурсадиовараш дар он аст, ки сол аз сол шумораи давлатҳои иштирокчӣ дар ин мусобиқа зиёд мегардад ва ба ин васила дӯстиву рафоқат ва меҳру муҳаббат дар миёни варзишгарон боз тақвият меёбад. Баргузории мусобиқаи имсола ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” рост омад ва итминони комил дорам, ки меҳмонони мо аз ҷойҳои таърихию фарҳангии кишварамон дидан карданд ва ба ин васила ба фарҳангу ба таърихи миллати тоҷик ошноӣ пайдо намуданд”. Дар ин мусобиқа теннисбозони тоҷик маҳорату малакаи хуби варзишӣ нишон дода, нагузоштанд, ки Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвар берун равад ва онро маротибаи ҳафтум соҳиб шуданд. Дар мусобиқаи мазкур 96 нафар (аз ҷумла 48 духтар) варзишгар аз кишварҳои ШМА, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Украина ва Тоҷикистон аз рӯи тенниси инфиродӣ ва ҷуфтӣ рақобат намуда, ғолибон тариқи зайл муайян шуданд. Рақобати инфиродӣ байни бонувон: 1. Анастасия Турсунова (Тоҷикистон). 2. Наргиза Яҳёева (Тоҷикистон). 3. Диана Иванихина (Тоҷикистон). Рақобати инфиродӣ байни писарон: 1. Шодмон Қурбонов (Тоҷикистон). 2. Иссам Шарифов (Тоҷикистон). 3. Аминҷон Абдуллоев (Тоҷикистон). Рақобати ҷуфтӣ байни бонувон: 1. Анастасия Турсунова (Тоҷикистон), Кристаллович Полина (Ӯзбекистон). 2. Наргиза Яҳёева (Тоҷикистон), Мария Никитюк (Украина). 3. Диана Иванихина (Тоҷикистон), Сумая Тухтаева (Тоҷикистон). Рақобати ҷуфтӣ байни писарон: 1. Хушбахт Каримов , Исроилов Бахтиёр (Тоҷикистон). 2. Шодмон Қурбонов, Иссам Шарифов (Тоҷикистон). 3. Аминҷон Абдуллоев, Мансур Мирзоев (Тоҷикистон). Варзишгароне, ки ҷои аввалро ишғол намуданд, соҳиби 1000 доллар, ҷои дуюм 800 доллар ва ҷои сеюм сазовори 500 доллар гардиданд. Барои мақомҳои якум, дуюм ва сеюми сабқати ҷуфтӣ бошад, 500, 400 ва 250 долларӣ супорида шуд. Ҳамзамон, ба ғолибони мусобиқа ҷом, “сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи тенниси ҷумҳурӣ тақдим карда шуд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
Ҷоми Президент - роҳнамои тенниси тоҷик Теннис яке аз намудҳои маъмулии варзиш ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳон таваҷҷуҳи зиёди дӯстдорони варзишро ба худ ҷалб намудааст. Тӯли даҳ соли охир тенниси калон дар минтақаи Осиёи Марказӣ рушд карда, дар қатори дигар намудҳои варзиш мақоми арзандаи худро касб кардааст. Аз он ҷумла, ин намуди бозии олимпӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд буда, хоҳишмандони он сол то сол зиёд мешаванд. Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолият, соли 1996 дар ҷумҳурӣ Федератсияи теннис таъсис ёфт ва ин намуди варзиш дар як муддати дар кишвари мо низ дилбастагони зиёд пайдо намуд. Бино ба маълумоти Федератсияи теннис ҳамасола дар Тоҷикистон зиёда аз ҳафт мусобиқаи байналмилалӣ аз ин намуди варзиш гузаронида мешавад, ки дар бештари он теннисбозони тоҷик ғолибиятро ба даст меоранд. Яке аз ин мусобиқаҳо Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис байни наврасон мебошад, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2005 то имрӯз, ҳар сол рӯзҳои 20-27 август дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Аз 23 то 27 августи соли ҷорӣ дар Корти тенниси тобистонаи КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон маротибаи 9-ум ин мусобиқа ҷараён гирифт. Дар ин маъракаи варзишӣ 96-нафар (48 духтар) варзишгар аз 9 давлат барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобат доштанд, ки пирӯзӣ насиби варзишгарони тоҷик шуд. Муъминов Абдурасул, сардовари мусобиқа, Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис байни наврасонро яке аз мусобиқаҳои бошукӯҳ номида, сол то сол дар сатҳи баланд доир гардидани мусобиқа ва аз инкишоф ёфтани ин риштаи варзиш дар кишвар сухан намуд: “Мусобиқаи Ҷоми Президент сол то
сол дар сатҳи баланди варзишӣ доир гашта истодааст ва ин мусобиқа назар ба дигар мусобиқаҳои давлатҳои Осиё тафовут дошта, ҳайати иштирокдоштагони берунӣ зиёд мебошанд. Албатта, чунин чорабиниҳо барои омода шудани варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои берун аз кишвар як таҷрибаи бузург мешавад”. Мария Никитюк варзишгари украинагӣ маротибаи чорум аст, ки дар мусобиқаи мазкур ширкат менамояд ва Ҷоми Президент барояш яке аз маъракаи муҳими варзишӣ ба ҳисоб рафта, ҳарифони пурқувваташ бонудухтарони тоҷик мебошанд. “Чорум сол аст, ки ман ба кишвари офтобрӯяи тоҷикон ташриф меорам. Мусобиқа сол то сол бароямон шавқовартар мегузарад, зеро мо ҳар сол бо ҳарифони пурқувват рӯ ба рӯ мегардем. Аз ин лиҳоз ширкат намудан дар мусобиқаи оянда бароям мароқангез аст. Соли 2017 дар ин мусобиқа дар бозиҳои дунафара мақоми дуюмро соҳиб шуда будам ва имсол ҳам, сазовори ин зина гардидам. Дар ин Ҷом ҳарифони пурзур тоҷикдухтарон маҳсуб меёфтанд. Онҳо таҷрибаи бузург дошта, бо якдигар самимияти наздикро доро мебошанд. Ман фикр мекунам, ки бонувони ӯзбек ва бангладешӣ дар сатҳи миёна рақобат карданд”,-мегӯяд Мария. Ғулом Сиддиқ, сармураббии тими мунтахаби Афғонистон мегуяд, ки ин мусобиқа барои шогирдонаш таъсири ҷиддӣ мерасонад ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин чорабинӣ аз инкишофи теннис дар Тоҷикистон дарак медиҳад: “Тӯли панҷ сол мешавад, ки дар Ҷоми Президенти ҶТ оид ба теннис даъват мегардем ва аз ин мусобиқа теннисбозонӣ афғон рӯҳияи баланд ва таҷрибаи бузургро ба худ мегиранд. Мусобиқаи мазкур
ҳамасола дар сатҳи олӣ доир гардида истодааст, ки ин рушди теннисро дарТоҷикистон инъикос менамояд”. Аз давраи оғоз (соли 2005) то имрӯз варзишгарони тоҷик маротибаи ҳафтум Ҷоми Президентро соҳиб мешаванд. Анастасия Турсунова, варзишгари маъруфи тоҷик, ки зиёда аз панҷ маротиба ба гирифтани Ҷоми Президент оид ба теннис муяссар гардидааст, мегӯяд ин мусобиқа барои варзишгарони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба чорабиниҳои байналмилалӣ буда, пас аз ин мусобиқа рақобат бо ҳарифони пурқуввати теннис барояшон бе душворӣ паси сар мегардад. Тавре номбурда гуфт: “Аз мусобиқаи мазкур мо як таҷрибаи бузургӣ байналмилалиро ба худ гирифта, дар дигар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ метавонем, бе ягон мушкили бо ҳарифони пурзурамон сабқат намоем. Ва аз тарафи дигар дар ин мусобиқа сол то сол бо варзишгарони дигар давлатҳо дӯстиву рафоқати самимӣ пайдо менамоем, ки ин барои рушд ёфтани теннис ва малакаи теннисбозон мусоидат менамояд”. Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати кишвар ба ин намуди варзиши олимпӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, баҳри рушд ёфтани теннис дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ бунёд намуда истодааст. Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ буда, аз ҷумла дар он ҳафт майдони омӯзишии теннис, ҳар яке дорои 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст, мавҷуд аст. Майдону майдончаҳои теннис ҳам барои омӯзиши ин намуди олимпӣ ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд. А. ШАҲБОЗ, “ҶТ”
10
САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО
Саратони саратони ғадудҳои ширӣ яке аз навъҳои паҳнгаштаи саратон миёни занон ҳам дар кишварҳои пешрафта ва ҳам дар кишварҳои рӯ ба пешрафт мебошад. Ва ба назар мерасад, ки сол ба сол синни гирифторони ин навъи беморӣ ҷавонтар мешавад. Бо вуҷуди ин бемории саратони сина табобатшаванда аст. Шарти асосӣ дар мубориза бар зидди ин беморӣ сари вақт дарёфти он, бо мақсади беҳдошти натоиҷи табобат ва зистан аст. Дар зер он чиро пешкаши хонандагон мегардонем, ки, аз аҳамият холӣ нест... ИНРО БОЯД ДОНИСТ! Хавфи мубталошавӣ ба ин беморӣ бо гузашти синну сол меафзояд. Дар ИМА қариб 5%-и тамоми ташхиси бемориҳои саратони сина ба занҳои то 40-сола рост меояд. Занҳои аз 40 то 50-сола аз чор як ҳиссаро ташкил медиҳанд. Занҳои боқимонда баъди 50-солагӣ гирифтори ин беморӣ мешаванд. Ҳамасола занҳои то 50-сола, ки аз муоинаи маммографӣ мегузаранд, хавфи мубталошавиро ба бемории саратони ғадудҳои ширӣ то 15%, занҳои аз 50-сола боло бошанд, то 23% коҳиш медиҳанд. Имрӯз ҳангоми муайян гардидани ташхиси саратони ғадудҳои ширӣ дар марҳилаҳои аввал, ҳамчунин табобати саривақтӣ ва пурраи он, 98%-и беморон шифо меёбанд. Дар муолиҷаи яке аз навъҳои маъмултарини бемории саратон – саратони сина табаддулоте ба амал омад, ки ба шарофати он ташхис ва муолиҷаи ин беморӣ, ки замоне марговар ҳукм карда мешуд, дигар ҳаволаи “насиб” ва “сарнавишт” намешавад. ДУШМАН ҲУҶУМ МЕКУНАД, МО ТАСЛИМ МЕШАВЕМ Албатта, ҳоло барои саратонро бемории бехавф ва ғайривоқеӣ шуморидан барвақт аст. Гузашта аз ин, муҳим будани ин мушкилӣ аз ҳарвақта бештар мегардад. Саратони ғадудҳои ширӣ, ки як навъи бемориҳои саратон дар миёни занҳо маҳсуб меёбад, тамоюли афзоиш ёфтанро дорад. Мубталошавӣ ба ин беморӣ дар ҷаҳон соле ба андозаи 1-2% боло меравад. Дар
муддати 20 соли охир бошад, он ба андозаи 64% зиёд шудааст. Дар Русия ҳамасола зиёда аз 60 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Ва зиёда аз ним миллион нафар зери назорати табибони саратоншинос қарор доранд. Ин нишондод аз он шаҳодат медиҳад, ки беморӣ бошиддат рушд мекунад. Дар ин ҷо давоми даҳ соли охир шумораи беморони то 40-сола ба андозаи 34 % зиёд шудааст. Таассуфовар ин аст, ки новобаста аз имконоти мавҷудаи ташхиси саривақтӣ қариб 40 %-и беморон танҳо дар марҳилаҳои охири бемориашон, замоне, ки муолиҷаи беморӣ хеле мушкил мегардад, аз он огаҳ мешаванд. ҲОЛО ДЕР НАШУДААСТ! Дар Амрико ба 1 нафар аз 8 зан дар тӯли ҳаёташ хавфи мубтало шудан ба бемории саратони ғадудҳои ширӣ таҳдид мекунад. Дар Аврупо ин ни-
анҷом дода мешавад. Имрӯз ба ҷои маммографияи наворӣ навъи ҷадиди маммографияи сеандозагӣ - томосинтези рақамии ғадудҳои ширӣ истифода мешавад. Ин ташхис ғадудҳоро на дар ду сатҳ (аз боло ва аз паҳлӯ), балки дар ҳаҷми пурра нишон медиҳад, ки ин ташхисро хеле дақиқтар мекунад. Ҳангоми шубҳанокӣ маммографияи спектрӣ (ба организм моддаҳои мухолиф ворид карда мешаванд) истифода мешавад. Дар кори дастгоҳҳои ултрасадоӣ низ тағйирот ворид шудааст. Имрӯз 3D –муоинаи ғадудҳои ширӣ ташхисро на танҳо дақиқтару содатар кардаанд, балки онҳо нисбат ба усули дастии ташхис сермаҳсултар мебошанд, чун андозаҳои бештари бемориро мушаххас мекунанд. Имрӯз ба ҷои биопсияи муқаррарии сӯзанборик аз биопсияи вакуумии аспиратсионӣ истифода мешавад, ки он зери назорати дастгоҳи ултрасадоӣ ва ё
мушакҳои калону хурди пистон, занҳоро на танҳо зишту бадафт, балки маъюбу маслуқ менамуд. Баъди чунин амали ҷарроҳӣ хавфи инкишоф ёфтани лимфадемаҳо (ғадудҳои савдоӣ), халалдор гардидани фаъолияти банду буғумҳои китф, афзоиши дард, гум шудани ҳассосияти бофтаҳо зиёд мегардад. Ҳоло чунин амалиёти ҷарроҳиҳо хеле кам шудаанд, балки танҳо дар ҳолате амалӣ мешаванд, ки омос хеле калон асту неш зада, ба бофтаи мушакҳо мерасад. Ҳамин тариқ, исбот шудааст, ки мастэктомияи тағйирёбанда, ки ҳангоми гузаронидани он танҳо банду буғумҳои зери бағал бурида гирифта мешаванду қисмати пӯсти ғадудҳои ширӣ ва мушакҳои зери он пурра мемонанд, хеле хуб ба кор меояд. Имрӯз аксар табибони ҷарроҳ (албатта бо вуҷуд доштани чунин имконият) аз пурра бурида гирифтани банду буғумҳо даст мекашанд. Ин
Саратони сина марговар нест
шондод 1 аз 12 буда, танҳо дар Осиё он нисбатан камтар (дар Ҷопон 1 аз 80) ба назар мерасад. Аммо асосан беҳтар намудани вазъ дар ин самт куллан имконпазир аст. Барои ин занҳоро мебояд, ки аломатҳои бемориро мунтазир нашуда, мунтазам аз муоинаи табибон гузаранд. Хушбахтона, кор дар самти ташхиси бемориҳо хеле пеш рафтааст. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки агар занҳои то 50-сола мунтазам аз ташхиси маммографӣ гузаранд, хавфи мубталошавӣ ба бемории саратони синаро то 15 %, занҳои аз 50-сола боло бошад, то 23% камтар месозанд. Ин намуди ташхис дар ду сол як маротиба ба таври ройгон
рентгенӣ гузаронида мешавад. Бо ин усул на танҳо “хатарнок ё бадсифат”-ро аз “бехатар ё хушсифат” фарқ кардан осон аст, балки бе истифодаи скалпел (нештар) саратони бехатари ғадудҳои шириро табобат кардан мукин аст. ЭҲТИЁТ ХУБ АСТ Дар самти муолиҷа бо усули ҷарроҳӣ низ тағйироти куллӣ ба назар мерасад. Имрӯз усули узвнигоҳдоранда афзалият дорад. Ва гап танҳо сари ҳифз намудани зебоӣ нест. Усули ҷарроҳии маъмулии аз соли 1882 инҷониб истифодашаванда – мастэктомия, яъне дар радифи ғадудҳои ширӣ бурида партофтани
дар ҳолест, ки аз аввали асри 19 то охири асри гузашта буридапартоии банду буғумҳои зери бағал дар тамоми беморон истифода мешуд. Вале имрӯз чунин амалиёт танҳо аз рӯи нишондодҳои дақиқ роҳандозӣ мешавад. Барои муайян намудани ҳаҷми ҷарроҳӣ биопсия (гирифтани пораи ҳуҷайраи бемор барои тадқиқи микроскопӣ ва муайян намудани беморӣ) ба роҳ монда мешавад. Агар ҳуҷайраи омос дар он мушоҳида нашавад, пас маълум мешавад, ки он дар банду буғумҳои дигар низ вуҷуд надорад ва бурида партофтани онҳо лозим нест. Албатта ин ҷо каме хавфи ба иштибоҳ роҳ додан низ вуҷуд дорад. Аз
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018 ин рӯ, баъди ҷарроҳӣ таҳқиқи пурраи банду буғумҳои асосӣ ҳатмист. Агар дар онҳо боз ҳам решадавонӣ ба назар расад, пас ҳини ҷарроҳии иловагӣ он узвҳоро бурида партофтан лозим мешавад. Асосҳо барои муроҷиати фаврӣ ба табибони маммолог: - сахтшавии пистон ва ё банду буғумҳои зери бағал; - тағйирот дар андоза ва ё шакли пистонҳо; фурӯравӣ ва каҷукилебшавии пӯсти ғадудҳои ширӣ ва ё нӯги пистон; - варам, сурхшавӣ, доғҳои сиёҳ, хориш, пайдоиши доначаҳо, пӯстпартоӣ, баландшавии ҳарорат дар ҳудуди пистон; - тарашшуҳот аз нӯги пистон; - баландшавии ҳарорат дар ҳудуди пистон; - дарди ғадудҳои ширӣ, зери бағал, китф. Муоина ва ташхис Усули муҳим ва асосии ташхис – ин маммография мебошад. Он имкон медиҳад, ки варам ё омос дар марҳилаи аввал, яъне замоне, ки он хеле хурд асту ҷои онро палмосида ёфта намешавад ва ягон шикояту аломатҳои махсуси беморӣ вуҷуд надоранд, ошкор карда шавад. Бо вуҷуди ин набояд бепарвоӣ кард, балки мунтазам аз муоинаи табиби маммолог гузаштан лозим аст, чун дар 1015% мавридҳо саратон танҳо дар рафти муоинаи дастӣ ошкор карда мешаваду дар маммограмма нонамоён аст. Ба таваҷҷуҳи занҳои аз 20 то 40-сола: Бояд 1 маротиба дар 2 сол муоинаи клиникии синаро дар назди табиби бемориҳои занона ва ё маммолог гузаронида, ташхиси ултрасадоии ғадудҳои шириро анҷом дод. Ҳангоми мавҷудияти хавфи миёнаи инкишофи беморӣ ҳамасола маммография гузарондан лозим аст. Ва соле ду маротиба аз муоинаи клиникӣ гузаштан шарт аст. Баъди 40-солагӣ: Ҳангоми мавҷудияти хавфи зиёд (мавҷудияти ҳолатҳои зиёди гирифторшавӣ ба саратони сина дар оила, мутатсияи (тағйирёбии ирсии) генҳо ва вазъияти пеш аз пайдоиши бемории саратон, инчунин баъди муолиҷаи бемории саратони сина) шумораи ташхис ва навъи муоинаро табиби маммолог муайян мекунад. Дар радифи маммография аз ташхиси ултрасадоӣ ва рентгенӣ низ истифода кардан мумкин аст. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
11
РАНГОРАНГ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
Ҷасорат
Об манбаи нуру рӯшноист
Худ ба худ андеша мекунам, ки рӯзноманигор кист ва ҷасорат чист? Баъзан дар ҳузури банда рӯзноманигорони куҳанро ёд меоранду аз онҳо ситоиш мекунанд. Бале, буданд рӯзноманигорони ҷасур, нотарс ва сарсупурда, онҳоро ҳеҷ гоҳ рад карданӣ нестам. Аммо мухитро низ бояд дар назар дошт. Рӯзномаҳои “Правда”, “Тоҷикистони советӣ” он вақтҳо аз кулли мақомоти маъмурӣ бартарӣ доштанд. Худо накарда мансабдоре, волгасаворе, бенӯхтае дар ин рӯзномаҳо танқид мешуд, аз асп ҳам мефаромаду аз узангу ҳам. Зеро рӯзноманигорро муҳофиза карда метавонистанд. Ҳоло кист рӯзноманигоронро муҳофиза кунад? Одитарин “тоҷики нав” метавонад бо пулу пайса рӯзноманигорро туҳмату буҳтон занад Боре вақт ёбеду кулли ВАО-ро мутолиа кунед, бо микроскоп ҳам мақолаи танқидие ёфта наметавонед. Ҳама решапайванд. Қанд хӯру танқид кун. Танқид, ки кардӣ бояд ҷавоб донӣ… Баъзан ба таври хандаовар журналистикаи моро бо русҳо муқоиса мекунанд. Муқоисаи ночаспон. Охир журналисти рус миллионер аст, на монанди мо муфлис. ВАО–и мо тарафдори гуногунандешист, аммо метавонад муаллифро аз туҳмату буҳтон халос кунад? Дар ҷомеа аз тарси рӯзи мабодо гуногунандешӣ ғайб мезанад. Чашм медӯзам ба саҳифаҳои ВАО. Ҳоло ягон нафар натавонистааст ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро бо тамоми буду набудаш ба риштаи таҳрир кашад. Ин аст, ки бархеро фоҷиаи миллат сабақ нашуду ҳоло ҳам хешро ба сафҳои ДИИШ, Ҳизби таҳрир, ҷараёни Салафия, Ҳаракати исломии Узбакистон, Толибон ва дигар ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ мезананд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва бенӯхтагии бисёр афрод басо касонро тарсу кард. Аз ҷумла, зиёиёну омӯзгоронро. Бархе тарки касб карданд, бархе ба Русия рафтанд, бархе хомӯширо авло донистанд. Ҳар гоҳ аз беҷасоратӣ омӯзгоронро мазаммат мекунанд, пеши назарам симои Каримҷон Ҳусейнзода, мудири маорифи вилояти Ғарм, ки аз дасти Фузайл махсум кушта шуд, меояд. Ба арвоҳи омӯзгорони ғармӣ Сайрамбибӣ, Аъламбибӣ, Чиллабибӣ доимо фотиҳа мехонам. Охир эшон дар роҳи маърифати одам кушта шуданд. Шояд такрор ҳам бошад, аммо вазифаи мо фош кардани онҳоест, ки муқобили иродаи халқ мераванд. Салафӣ, Ваҳҳобӣ, аъзои ТЭТ – ҲНИ–ро нотарсона бояд фош кард. Чунки аз душманони беруна дида душманони дохилӣ фалокатбор аст. Нафрат дорам ба демократияи дурӯғини амрикоӣ. Капиталист ҳеҷ гоҳ дар ғами халқ нест. Мушаххасан комбинати тиллоӣ Зарафшон чандин сол дар дасти лордҳои англис буду ҳатто хонаҳои нимбуди замони шӯравиро эшон дар шаҳраки Суғдиёни Панҷакент обод накарданд ва аз худ ёдгоре нагузоштанд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ҷасорату мардонагӣ ва инсондӯстиро аз Пешвои миллат омӯзад. Инсон як бор тавлид мешавад ва бо ҷасорат мурдан барои инсон шараф аст. Ҳарчанд часуронро аксаран озор медиҳанд.
Об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи ризқу рӯзии инсон аст. Ин неъмати бебаҳои Офаридгор боиси ободиву гулгулшукуфӣ ва сарсабзии мавҷудоти зинда аст. Бо дарназардошти муҳимияти об биохимики машҳур А.Е.Ферман гуфта буд, ки заруртарин минерали рӯйи замин об аст, ки бе он ҳаёт нест. Зеро об асоси зиндагист.
Холмурод САФАРЗОДА, шаҳри Панҷакент
Бе об на танҳо инсон, балки ҳайвоноту наботот низ вуҷуд дошта наметавонад. Об неъматест, ки он ҳамарӯза барои мо лозим аст. Яздони пок дар “Қуръон”-и Карим фармудаанд: “Мо ҳар ҷунбандаро аз об офаридаем”. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки имрӯз баробари мавзеъҳои зебову тамошобобаш, инчунин боз бо обҳои мусаффояш машҳури олам аст. Дар ҷумҳурӣ айни ҳол 347 дарё ҷорист, ки онҳо ба тани мо бошандагонаш дармон бахшида, заминҳои диёрамонро шодоб мегардонанд. Равшании хонаву коргоҳамон низ ба шарофати об аст. Зеро дар кишвар нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза низ асосан аз ҷараёни об ҳосил мегардад. Мутаассифона, баъзе нафарон ба ин неъмати бебаҳо на ҳамеша муносибати дуруст доранд ва аз он на ҳама вақт барои баровардани ҳоҷатҳои худ сарфакорона истифода мекунанд. Гоҳо мушоҳида мешавад, ки ба об ҳар гуна ифлосӣхокрӯбаву партовҳо, хасу хошок ва пасмондаҳои хӯроквориҳои гуногунро дар манбаъҳои обҳои нушокӣ мепартоянд ва бо дасти худ онро олуда месозанд. Имрӯз дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки аз нарасидани оби нӯшокӣ азият мекашанд. Бо дарки ин мушкилот кишвари мо дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се пешниҳоди муҳими сатҳи бай-
налмилалиро ба ҷомеаи ҷаҳон ироа карданд, ки онро сокинони сайёра хуш истиқбол гирифтанд. Аз ҷумла “Соли оби тоза” эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015 ва соли 2013 ҳамчун соли “Ҳамкорӣ дар соҳаи об” воқеан дар самти ҳалли мушкилоти умумиҷаҳонии норасоии оби тоза таъсир гузоштанд. Аз моҳи марти соли ҷорӣ бошад марҳилаи татбиқи пешниҳоди чоруми байналмилалии Тоҷикистон дар самти мушкилоти марбут ба об – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 20182028 шурӯъ гардид, ки ин низ чун иқдомҳои қаблии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ якдилона дастгирӣ ёфт. Дар заминаи татбиқи ин Даҳсола дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ садҳо лоиҳаҳои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокию полезӣ ва дигар лоиҳаҳои бузурги марбут ба истифодаи самараноки об амалӣ шуда истодаанд. Тоҷикистон сарчашмаи обҳои мусаффост. Бо вуҷуди он, ки мо дар саргаҳи манбаъҳои обӣ қарор дорем, мутаассифона то ҳол мушкилоти камбудии оби нушокию полезӣ дар баъзе минтақаҳо ба мушоҳида мерасанд. Дар ноҳияи Мастчоҳ низ сокинон асосан ба кишоварзӣ машғуланд. Солҳои охир бо кӯмаку дастгириҳои ҳукумати мамлакат заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, ба аҳолӣ тақсим гарди-
дааст. Табиист, ки бо зиёд шудани майдонҳои кишт талабот ба обӣ полезӣ зиёд мегардад. Ин соҳа дар ноҳия рӯ ба пешрафт дорад, зеро новобаста аз мушкилиҳо сокинон кӯшиш намуда истодаанд, ки ин соҳаро равнақ бидиҳанд. Хушбахтона, имрӯзҳо дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси соҳибкорону инсонҳои саховатманд, обёрии минтақаҳои аз оби нӯшокиву полезӣ камбудӣ дошта, бо суръат идома дорад. Дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нушокӣ низ баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз сабаби ноқисӣ дар хатҳои
оби нушокӣ ва шароити нохуби манбаъҳои нигоҳдории об баъзан аҳолӣ маҷбур мешаванд, ки аз оби тираву сифатан нохуб истифода кунанд. Махсусан ҳангоми боришоту ҳавои ноустувор оби нӯшокии аҳолӣ тираву лоёлуд мегардад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки масъулин баҳри рафъи ин камбудиҳо ва дастрасии аҳолӣ бо оби тозаву аз нигоҳи санитарӣ безарар чораҳо меандешиданд ва ин мушкилоти мардумро ҳал менамуданд. Таҳмина ЗАМОНОВА, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №14, н. Мастчоҳ.
Сарвари ҷавон ва умедбахш Чандин сол аст, ки ҷавони умедбахшу болаёқат Идрисҷон Оқилов сарварии коллеҷи фарҳангӣ-ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқовро дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зимма дорад. Натиҷаи меҳнати пурсамар, муомила ва муоширати нек боис шуда, ки байни хамкорон ва донишҷӯён обру ва эътибори баландро соҳиб шавад. Коллеҷи фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷиҳати тайёр намудани мутахасисони варзида ҷои беҳтаринро ишғол мекунад. Воқеан коллеҷи мазкур таърихи беш аз ним асра дорад. Ин муассисаи таълимӣ аввалин таълимгоҳест, ки дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг дар ҷумҳурӣ заминаи мустаҳкам гузоштааст. Дар ин муассиса аз рӯи ихтисосҳои таълими мусиқӣ, рӯзноманигорӣ, мененҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ, эҷодиёти бадеии халқ донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. - Ихтисосҳои мазкур асосан дар заминаи хатми таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) ва миёнаи умумӣ ба роҳ монда шудааст, - зикр намуд сарвари муассиса Идрисҷон Оқилов. - Аз рӯи ихтисосҳои дар боло номбардшуда 775 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 441 нафар, дар шуъбаи ғоибона 278 нафар ба таҳсил фаро гирфта шудаанд. Зикр намудан бамаврид аст, ки донишҷӯёни мо сокинони 35 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон мебошанд. Бо ташабусси сарвари таълимгоҳ И.
Оқилов барои ҷалб намудани довталабон ба таълимгоҳ ҳамасола чорабинии “Рӯзи дарҳои кушод” сурат мегирад. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ дар чунин рӯзҳо ба таълимгоҳ омада, фаъолияти онро аз наздик мебинанд ва шинос мешаванд. Зери сарварии ҷавони умедбахш И. Оқилов коллеҷ пурра ба мутахассисон таъмин буда, дорои базаи хуби таълимист. Коллеҷ майдончаи варзишӣ ва толори варзиширо дорост. 17 синфхонаи таълимӣ, 16 синфхонаи тахассусӣ, муҷаҳҳаз бо асбобу анҷоми таълимӣ ва ба меъёрҳои таҳсил ҷавобгӯ мебошад. Китобхонаи муассиса зиёда аз 12 ҳазор нусха адабиёт дорад, ки 4000 нусхаи онро китобҳои таълимӣ ташкил медиҳад. Бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси бевоситаи сарвари муассиса И. Оқилов 1 сентябри соли 2016 барои зиёда аз 40 нафар донишҷӯён хобгоҳи умумии барҳаво бо тамоми маводҳои лозимӣ ба
истифода дода шуд, ки аз он донишҷӯёни эҳтиёҷманду камбизоат истифода мебаранд. Аз соли 1997 то имрӯз дар назди муассисаи таълимӣ литсей амал мекунад, ки дар он хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд таҳсил мекунанд. Тавре сарвари таълимгоҳ И. Оқилов иброз дошт, мақсади асосии ташкил намудани литсей аз он иборат аст, ки барои таълимгоҳ кадрҳои болаёқат ва дараҷаи донишашон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ лозиманд. Аз ин хотир, донишҷӯёни коллеҷро асосан аз ҳисоби хонандагони литсей интихоб менамоянд. Ҳоло аҳли устодони коллеҷи фарҳангӣҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии сарвари хеш И. Оқилов ба соли нави хониш омадагии ҳаматарафа дида, саъй доранд дар таълиму тарбяи насли наврас пайваста саҳмгузор бошанд. Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН
12
ҲУНАР ВА САЙЁҲӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
Ҳунарҳои мардумӣ Омили муттаҳидии оила
Саҳрои марг “Саҳрои марг” маконест дар Камбоҷа, ки дар давраи ҳукмронии кхмерҳои сурх (солҳои 1975-1979) дар он ҷо миқдори зиёди одамон, ба қавле аз 1,5 то 3 миллион нафар, кушта ва дафн шудаанд. Он замон аҳолии ин маҳал ба ҳисоби миёна 7 миллион нафарро ташкил медод. Он замон коммунистҳо, ки “кхмерҳои сурх” ном бурда мешуданд, алайҳи артиши миллии Камбоҷа, ки онро амрикоиҳо дастгирӣ мекарданд, меҷангиданд. Мурофиаи ҳуқуқии марбут ба ҷиноятҳои сиёсӣ аз даврае оғоз гардид, ки Ангка – ҳукумати феълии Камбоҷа одамонро огоҳ намуд. Онҳо баъди ду маротиба огоҳ намудан барои “аз нав таълимгирӣ”, ки маънои марги ногузирро дошт, фиристода мешуданд. Одатан “таълимгирандагон”-ро маҷбур мекарданд, ки “тарзи ҳаёти тоинқилобӣ ва ҷиноятҳо” (одатан ба ин ё он фаъолияти соҳибкорӣ дохил мешуд, ё робита бо хориҷиён)-ро эътироф намоянд. Дар он сурат Ангка онҳоро мебахшад ва «ҳамаро аз нав шуруъ мекунад». Аз нав шуруъ кардан маънои онро дошт, ки нафари ин ҳамаро эътирофнамуда ба лагери Туол Сленг барои шиканҷа ва баъдан ба қатл расондан фиристода мешуд. Нисбати қурбониҳо навъҳои гуногуни азобу шиканҷа, аз ҷумла кандани нохунҳо, водор намудан барои фурӯ бурдани наҷосат ва пешоб, ба дор овехтан ва ғайраҳоро истифода менамуданд. Қатлшудагонро дар чуқуриҳо мегӯронданд. Бо мақсади сарфаи аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ маҳкумшудагонро аксаран бо зарбаи болға, табар, бел ва ё чӯбҳои нӯгтези бамбукӣ ба қатл мерасонданд. Қотилон асосан сарбозони ҷавони муқими деҳоти он маҳал буданд. Нахуст ҳамаи нафаронеро, ки бо ҷурми робита бо ҳукумати қаблӣ ва ё ҳукуматҳои хориҷӣ гумонбар мешуданд, инчунин мутахассисони кордону бомаърифатро аз рӯи нишонаҳои синфӣ ба ҳабс гирифта, сипас тадриҷан ба қатл мерасонданд. Аз рӯи нишонаҳои этникӣ ветнамиҳо, чамҳо, аз рӯи нишонаҳои динӣ бошад, насрониҳо ва роҳибони буддоӣ нобуд карда мешуданд. Аз чунин маҳалҳои машҳуртарин ин Чоэнг-Эк мебошад. Имрӯз дар он ҷо ёдгории буддоиҳо ба хотираи қурбониёни террор вуҷуд дорад. Филме бо номи “Саҳрои марг” ба мавзӯи геносид (қатли ом бо баҳонаи
нажодӣ) дар Камбоҷа бахшида шудааст, ки аз саргузашти рӯзноманигори Камбоҷагӣ Дита Прана, ки дар ҳабсхонаи махсус нигоҳдорӣ шудаву аз он ҷо фирор намуд, қисса мекунад. ШУМОРАИ ҚУРБОНИЁН Миқдори дақиқи аз дасти кхмерҳои сурх фавтидагон маълум нест, чун ҳукумате, ки реҷаи Пол Потро аз тариқи ветнамиҳо сарнагун сохта буд, эълом медорад, ки он 3,3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои дигар он замон кхмерҳо аз 50 то 100 ҳазор нафарро ба қатл расониданд. Миқдори умумии қурбониён бошад, 1,2 миллион нафарро ташкил дода буд, ки аксари онҳо асосан бар асари гуруснагӣ фавтида буданд. Маълумоти охирин ин шумораро 1,7 миллион нафар арзёбӣ менамояд. Камбоҷа кишварест, ки таърих ва фарҳанги хеле қадимӣ дорад. Солҳои 70-уми асри гузашта мардуми Камбоҷа реҷаи хунини “кхмерҳои сурх”-ро аз сар гузарониданд. Имрӯз ин кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад ва ҳамасола ташрифи сайёҳон ба он меафзояд. МАКОНЕ, КИ ОН ҶО БУДАН ҲАТМИСТ Ҳар сайёҳе, ки ба ин кишвар ташриф меорад, ҳатман кӯшиш мекунад, то аз Ангкор дидан намояд. Ҳанӯз 1000 сол қабл Ангкор пойтахти давлати қадимаи кхмерҳо буд. Дар ҳудуди ин ёдгории меъморӣ қариб чорсад адад қалъаву ибодатхонаҳо ҷойгиранд. Бист сол муқаддам ин мавзеъ ба рӯйхати иншоотҳои Мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва таърихии ЮНЕСКО шомил гардида буд. Сайёҳони зиёд аз ин мавзеъ, ки Саҳрои марг ном гирифтааст, дидан мекунанд. Чун он хотираест аз ҷиноятҳо ва реҷаи хунину маргбори “кхмерҳои сурх”, ки тӯли солиёни зиёд халқи худро қатли ом намуд. Тибқи баъзе маълумотҳо кхмерҳои сурх дар давраи ҳукмронии худ то се миллион нафар аҳолии кишварро ба қатл расониданд. Ин давра тақрибан тамоми таълимгоҳҳо ва хадамоти давлатӣ барҳам дода шуда, муносибатҳои пулию молӣ
қатъ гардиданд, китобхонаҳо, марказҳои илмию маърифатӣ баста шуданд, мактабу беморхонаҳо ба ҳабсхона табдил дода шуданд. Ибодатхонаҳо вайрон кардаву муассисаҳо баста шуданд. Амалдорон, ҳарбиёни реҷаи қаблӣ, тоҷирон, шаҳрвандони хориҷӣ, зиёиён, табибон, омӯзгорон, донишҷӯён ҷисман нобуд карда шуданд. Хондани ҳама чиз, ба истиснои қарорҳои фармондеҳони давр, манъ буд. Ба чашм айнак гузоштан нишони беэътимодӣ ҳисобида шуда, ба ҷазои сахт, то ҳукми қатл, маҳкум карда мешуд. Нафароне, ки баъди ин зинда монданд, дар ҳабсхонаҳо ва лагерҳои консентратсионӣ, аз қабили Чоенг Эк, мавриди террори шадиди “аз нав тарбиядиҳӣ” қарор дода шуданд. Дар он ҷо одамони бегуноҳ сахт азият дода шуда, бо зарбаҳои бераҳмонаи болға, каланд, калтак ба қатл расонида шуда, зери хок карда мешуданд, зинда ба зинда сӯзонда мешуданд ва ё ба воситаи баргҳои тези дарахти нахл дуним карда мешуданд. Илова бар ин, заҳрнок карда мешуданд, тавассути ҷараёни барқ кушта мешуданд, дар таги чархи трактор партофта мешуданд, ба даҳони тимсоҳ партофта мешуданд... Хуллас, одамон танҳо дар қабр ором хобида метавонистанду халос, дар қабрҳое, ки то имрӯз устухонҳои одамон аз онҳо намоён аст... Дохили ибодатхонаи буддоиҳо, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, то канораҳояш пур аз косахонаҳои сари инсон аст, ки ҳар кадоме саргузашти худро дорад. Он ҷо осорхонае низ ҳаст, ки аксу ҳар гуна ашёҳо, аз ҷумла олоти қатли оми дар он ҷамъовардашуда бозгӯкунандаи ҳодисоти хунбори он замон мебошанд. Ин маконест даҳшатнок. Аммо маълумот доштан доир ба чунин мавзеъҳо барои ҳар як шахс хуб аст... Шояд он замон дар дунё ҷангҳо камтар шаванд. Вақте соли 1979 ин мавзеъ аз ҷониби ҳарбиёни Ветнам озод карда шуд, он ҷо танҳо 7 нафар одами зинда ёфт гардиду халос... Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
Табақтарошӣ навъи ҳунарест, ки ба соҳаи чӯбкорӣ алоқаманд аст. Худи табақ зарфест, ки дар он таом тановул менамоянд. Ба ибораи дигар он аҳли оиларо бо ҳам муттаҳид ва гирди як суфра ҷамъ меоварад. Табақ аксар маврид барои тановули хӯрокҳои қурутоб, шакароб, шӯрбои табақин, оши угро ва баъзан оши палав истифода мешавад. Ва ин таомҳоро тоҷикон танҳо бо даст мехӯранд, на бо қошуқ. Дар тӯю маъракаҳои ҷануби кишвар ҳатман шӯрбои маъракаро дар табақ мекашанд. Бинобар ин талабот барои табақтарошӣ ҳамеша вуҷуд дорад. Табақҳо аз ҷиҳати сохту андоза гуногун буда, калону хурд, паҳн ё чуқур мешаванд. Масолеҳи он чӯб, сафол, фулузот ва баъзан мармар низ истифода мегардад. Тавре муҳаққиқи ҳунарҳои мардумӣ Дилшод Раҳимов менависад, устохонаҳои табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷӯйҳои кӯҳӣ сохта мешуданд. Аз таги устохона об мегузашт ва дар он ба мисли осиёб чарх гузошта мешуд. Об бо суръати баланд аз новадон омада, чархро гардон ва чарх тири дастгоҳро тоб медод. Тир ба тарзи амудӣ ҷойгир шуда, қисми болои он аз фарши чӯбин гузашта, дар миёнаҷойи дӯкон устувор меистод. Дар болои тир се адад мехи рӯболо кӯфта шуда, усто ба он чӯби коркарднашударо маҳкам мекард. Бо тоб хӯрдани чарх ва тир кундачӯби нотайёр низ чарх мезад ва усто тавассути олоти корӣ ба табақтарошӣ шурӯъ менамуд. Барои табақтарошӣ бештар чӯбҳои чормағз, зардолу, чинор, зарбед истифода мешавад. Ва бештар чӯби дарахтеро интихоб мекарданд, ки дар он ҷойҳо шамол камтар мевазад. Дарахтоне, ки дар дараҳо рӯида ва шамол онҳоро камтар ҷумбонидааст, чӯби онҳо мулоим мебошад. Кундаҳои дарахтонро бурида, дар оби ҳавзу обанборҳо ба муддати дароз, баъзан то 4-5 сол нигоҳ медоштанд, то ки обро пурра ба худ кашида, дар вақти коркард девораҳои табақ ё ашёи дигар накафад. Кори устоҳо бештар дар фасли баҳору тобистон авҷ мегирифт, зеро дар ин фаслҳо оби ҷӯйборҳо зиёд, барои гардонидани чархи дастгоҳ имконияти хубе муҳайё мегардид. Аҳмад Исматов аз зумраи ҷавонони табақтарош аст. “Сохтани табақҳои гуногун аз масолеҳи чӯбин кори осон нест. Аз ин ки аз чӯб чизе сохта бошед, пеш аз ҳама наққош будан зарур аст. Зеро дар ибтидо шаклу андозаро бояд донист, баъд ба офаридани табақ машғул шудан лозим меояд. Ҳунарманд ҳангоми тарошидани табақ аслан аз чӯбҳои чормағз, тут ва чанор истифода менамояд”, изҳор дошт Аҳмад Исматов. Ба ақидаи ӯ агар табақ аз дарахти чанор таёр шавад беҳтар аст. Зеро чӯби дарахти чанор бениҳоят сахт буда, аз рӯи ривоят омехтаи дарахтони гуногун буда, ба зудӣ намекафад. Аслан дар гузашта табақтарошӣ мавсимӣ будааст. Ҳоло бошад, бо таъсири технологияи ҳозиразамон кори табақтарошон хело осон шуда, ҳатто сифати табақҳои тарошидаи онҳо низ беҳтар аст. Акнун табақтарошӣ кори мавсимӣ набуда, вобаста аз фармоиш метавонад дар тамоми фасли сол сурат гирад. Зеро дастгоҳ дар манзилҳо насб ва тавассути муҳаррики барқӣ кор мекунад Ба монанди табақтарошӣ навъи ҳунарҳои анъанавӣ дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат хеле зиёд ва дар бораи онҳо мардум кам маълумот доранд. Ва аксаран танҳо дар ҳудуди деҳа ва ноҳияҳои худашон шинохта мешаванд. Имрӯз, ки дар замони иттилоот қарор дорем, метавон ҳунари онҳоро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналмиллалӣ муаррифӣ намуд. Дар бораи ҳар ҳунари онҳо тадқиқоти алоҳидае анҷом дод. Лоиқи зикр аст, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли равон ва аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод шудани истеҳсолу фурӯши чунин мавод дар рушди минбаъда ва ҳифзу омӯзиши ҳамаҷонибаашон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Мӯниса ДОДОВА, “ҶТ”
E - MAIL: javonontj@mail.ru
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018 Амалкарди наҳзатиҳо “як бому ду ҳаво”-ро шабеҳ аст. Чун дигар нақшаҳояшон барбод рафт, хостанд аз набераи Кабирӣ ҷабрдида созанду ба ин васила Ҳукумати Тоҷикистонро золим маънидод намоянд. Баъдтар маълум гардид, ки набудани шиносномаҳои Ҳамза ва модари ӯ на ҷурми ҳукуматдорон, балки натиҷаи бепарвоии оилаи Кабирист. Ҳоло Ҳамза дар хориҷи кишвар қарор дорад ва дар ин кор саҳми масъулини сохторҳои зидахл кам нест. Вале бадтинатони наҳзатӣ ба ҷойи арзи сипос, чунин ранг гирифтани корро “ғолибият” арзёбӣ карданд... Ба ин монанд “аз пашша фил”созӣ дар масъалаи фарзанду модари Шабнам Худойдодова - ба ном ҳомии ҳуқуқ низ ба мушоҳида расид. Шабнам кист ва чӣ гуна рисолати модариашро ба ҷой овардааст ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надорад. Идомаи ҳангомасозиро дар қазияи Хайрулло Мирсаидов шоҳид шудем. Далели бебаҳс буду ҳаст, ки парвандаи Мирсаидов рабте ба фаъолияти журналистиаш надошту надорад. Аммо доираҳои манфиатхоҳ маҳз журналист будани номбурдаро ливо карда, хостанд ба обрӯи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ латма зананд. Нотавонбинии ин ашхос то ба ҳаддест, ки озодии Мирсаидовро на ба қонунмеҳварӣ дар Тоҷикистон, балки ба омилҳои аз ин масъала фарсахҳо дур, аз ҷумла қазияи ба ном маҳбусони сиёсӣ (зеро масъулин борҳо иброз доштаанд, ки дар Тоҷикистон маҳбуси сиёсӣ нест) часпонида, ба афкори ҷомеа таъсири манфӣ расониданианд. Ҳол он ки Мирсаидов дар мусоҳибааш бо сароҳат иброз дошт, ки “ман пеш аз ҳама ба қонунҳои Тоҷикистон бовар доштам”. Тибқи анъана дар ин раванд ташкилотҳои мазҳакаофари хориҷӣ ва
“обсофкунак” нақши бориз доранд. Падидаи маъмул аст, ки расонаҳои ба истилоҳ «киссагӣ»-и ТТЭ ҲНИ бо мақсади гумроҳ намудани аҳолӣ тасмимгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла Суди Олӣ ва Прокуратураи генералиро вобаста ба қатъи фаъолияти ин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ фармоишӣ меноманд. Вале намегӯянд, ки тасмимгирӣ дар робита ба ТТЭ ҲНИ комилан асоснок буда, тамоми ибтикори ба ин масъала рабтдошта дар доираи қонун сурат гирифтааст. Ин “бузургон” ба ҳеҷ ваҷҳ эътироф намекунанд, ки яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризм ва экстремизм мебошад, ки аксар маврид зери ниқоби ислом роҳандозӣ мегардад. Ҳол он ки дар асл ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, таълимоташ зидди ин падидаҳои номатлуб нигаронида шудааст. Ҳамватанони азиз бояд дарк намоянд, ки амалкарди мақомоти
тасмими бо роҳи ғайриқонунӣ расидан ба қудратро дошт. Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби мавриди назар аз 4-уми декабри соли 1991 ташкил шуда, фаъолияти он аз соли 1992 то соли 1997 дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома ёфта, баъди бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 дар асоси қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуда буд ва сипас 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ваҳдати миллӣ бори дигар ба роҳбарият ва аъзои ин ҳизб имкон дода буданд, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар шарик бошад. Мутаассифона, наҳзатиҳо бо суистифода аз озодии фаъолият пайваста
пайи рахна кардани амнияти кишвар гашта, даст ба амалҳои хоинона заданд. Маълумоти мавҷуда аз он шаҳодат медиҳад, ки танҳо дар 5 соли охир (манзур то баста шуданаш аст) зиёда аз 100 аъзои ТТЭ ҲНИ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Амалҳои номатлуби аъзои ин ҳизб боиси нооромии авзои сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар гардида, ҳатто ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандӣ дошт. Болотар аз “мавҷудият”-и маҳбусони сиёсӣ ёдовар шудем. Бояд гуфт, ба ном маҳбусони сиёсӣ дар гуноҳ ғарқ буда, ҳукми аз ҷониби суд нисбат ба онҳо содиргардида одилона аст. Бинобар даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ки шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 дар ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваст, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нис-
Қонунмеҳварӣ
ё чаро наҳзатиҳо ва “обсофкунак”- ҳояшон онро низ сӯиистифода мекунанд? зидахл дар робита ба ТТЭ ҲНИ бо муқовимат бо ислом ҳеҷ умумият надошта, ҳадаф мубориза бар зидди ҷинояткорон аст, ки ба дин ягон умумияте надошта, ҷинояткории худро бо шиорҳои исломӣ пардапӯш мекунанд. Мутобиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои чамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ мебошад. Аз он ки дар фаъолияти ТТЭ ҲНИ ин омилҳо баръало буд чунин тасмим гирифта шуд. Ҳама медонанд (ҳатто онҳое, ки вонамуд мекунанд, ки намедонанд), ки ТТЭ ҲНИ
Рӯз ба рӯз симои разилонаву манфури хоинони миллати тоҷик, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломӣ ошкор гардида, тамоми ҷомеаи ҷаҳон аз хиёнатҳои наҳси наҳзатиҳо, орзуву омоли бад ва пуштибониҳои хоҷагонашон огоҳ гардида истодаанд. Бешак ҳамагон огоҳем, ки ошкорову ниҳон ташкилоти экстремистӣтеррористии ҳизби наҳзати исломро Ҷумҳурии исломии Эрон пуштибонӣ ва сармоягузорӣ дорад. Масалан, дар ҳоле ки моҳи сентябри соли 2015 Суди олии кишвар ҳизби наҳзати исломиро ба феҳристи ҳизбҳои террористӣ шомил карда, фаъолияташро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон кард, даъвати расмии раҳбари ин ҳизб террорист - Муҳиддин Кабирӣ ба Теҳрон дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" 27-29 декабри 2015 ва бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ Эрон мулоқот анҷом додани ӯ аз ҳимояти ошкори наҳзат аз ҷониби ин кишвар мебошад.
Кабирӣ ва хонаи анкабути хоҷа Содир шудани амалиёти мусаллаҳонаи генерали хоин - Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода 4 сентябри соли 2015, бо супориши қорӣ Носир ном шахс узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифтани ҳамлаҳои ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ 29 июли соли равон ва ҳазорон аъмоли хиёнаткоронаи наҳзатиҳо боиси нафрат ва лаънати мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон аст. Дар мавриди пайванди ногустастанӣ доштани ТЭТ ҲНИ бо Ҷумҳурии исломии Эрон бо хондани мақолаи “Оё шиъа шудани наҳзатиён туҳмат аст?”, далелҳои қатъӣ дар бораи мазҳаби шиъаро пурра қабул кардани роҳбарияти ҳизби наҳзати исломӣ далелҳои раднопазири бештарро дарёфтам. Аз ҷумла, перомуни мазҳаби шиъаро қабул кардани наҳзатиён, зиндагию таҳсили як насли пурраи наҳзатиҳо дар мактабҳои махсуси динии Эрон, худро муриди роҳбари инқилоби шиъаии Эрон Оятулло Хумайнӣ донистани роҳбарияти ҲНИ, васфи Хумайнӣ аз ҷониби роҳбарони наҳзатӣ, такрори шиорҳои ҳаракатҳои мазҳабии
шиъаён дар митингҳои солҳои 1991-1992, фарзандони худашонро бо номи имомони мазҳаби шиъа, охундҳои машҳури шиъа ва махсусан, роҳбарони инқилоби исломии Эрон номгузорӣ намудани роҳбарону пайравони ҲНИ, тахаллусҳои шиъагӣ гирифтани онҳо, дар мадрасаҳои динии Эрон дарс хонда, ба мазҳаби шиъа даромадани фарзандонашон, ба таври расмӣ узви «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» шудани ТЭТ ҲНИ огаҳӣ пайдо намудем. Инчунин соли 2013 дар Теҳрон муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ интихоб шудани террорист - Кабирӣ, дар рўзномаи ҳизбии ҲНИ «Наҷот» ва нашрияҳои он ҳар ҳафта чоп шудани мақолаҳои муаллифҳои шиъа ва фатвоҳои Оятуллоҳои шиъа ва амсоли ин барин садҳо далели раднопазир аз раванди дар тори анкабути Ҷумҳурии исломии Эрон дарафтодани наҳзатиҳо шаҳодат медиҳад. Аммо наҳзат ва пуштибони ӯ Ҷумҳурии исломии Эрон дониста бошад, ки мардуми Эрон аллакай аз ин раванд огоҳ аст ва дар тазоҳуротҳои охири соли 2017 дар Эрон баргузоршуда шиорҳои “Мардум
13
бат ба Муҳиддин Кабирӣ, Назарзода А., Маҳмадалӣ Ҳайит ва ҳаммаслакони онҳо бо моддаҳои 179 қисми 3 (терроризм), 1791 (ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта), 1792 (маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта), 1793 (даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта), 104 кисми 2 (одамкушӣ), 187 қисми 1 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 195 қисми 3 (муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон), 306 (бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият), 307 қисми 2 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 307 прим 1 (даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ), 307 қисми 4 (ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта), 313 (исёни мусаллаҳона) ва 393 қисми 3 (тасарруфи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҷангӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбат ба 22 аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан татбиқ шуда, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ба анҷом расонида шуд ва аз ҷониби Суди Олӣ моҳиятан баррасӣ гардид. Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон аз 2 июни соли 2016 нисбат ба 14 аъзои раёсати олии ТТЭ ҲНИ бо моддаҳои 187 қ.1, 179 қ.З б. "а", 189 қ.З б "а", 307 қ.З, 313, 32 ч.З309, 199 қ.4 б. "а,б", 195 . қ.З, 104 қ.2 б. "а,б,ж,з,и,л,м,п", 32 қ.З - 104 қ. 2 б. "а,б,ж,з,и,л,м,п", 306, 307 4-1 ва 2, 307 қ.2, 302 қ.2 ва 170 КҶ ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуданд. Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки ба ном маҳбусони сиёсӣ, вале дар асл ҷинояткорону хоинон мукофоти амали хешро дарёфтанду касе ва ё ягон ташкилоти мазҳакаофару “обсофкунак”-е наметавонанд ин воқеиятро зери суол барад. Алиҷон САФАРОВ
гадоӣ мекунад охунд худоӣ мекунад” ва амсоли инҳоро ба забон гирифтанд. Дар мавриди ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки бо сармоягузории хоҷагон ва амалкарди гумроҳон бо дастти наҳзати наҳс сурат гирифт, Эрон изҳори даст надоштани худро дар ин ҳамла баён намуда худро сафед карданӣ шуд. Пас агар барои Эрон ҳамчун кишвари ҳамзабон ва ҳамдин осудагиву амният ва сулҳу ваҳдати Тоҷикистон муқаддас ва гиромӣ бошад, бояд мавқеашро нисбати наҳзат муайян намояд. Зеро аллакай созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба мисли Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва як қатор кишварҳои олам ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф намуданд. Вобаста ба ин наҳзат ва хоҷагонаш, ки барои содир намудани аъмоли разилона ва ҷинояткорона ниқоби дин ба бар намудаанд, бояд донанд, ки Худованд дар сураи Анкабут мефармояд, ки: “Бебақотарин хона хонаи анкабут аст!” Яъне хонаи наҳзат, ки зери домони хоҷагонаш аст, бо дарафтодани парда рӯзе ошкор хоҳад гардид. Фарҳод ВОҲИДОВ
14 (идома аз шумораи гузашта) Шаҳбоз гӯё девона шуд, ӯ ҳам баробари гӯсфандон медавид. Ва чи чизе аз замин ба дасташ меомад, сӯи мошин ҳаво медод. Вақте ки аз раҳи морпечи кӯҳистон мошинҳо поён мехазиданд Шаҳбоз санги калонеро аз боло ба сӯи онҳо ғелонд. Санг рост ба мошини сабукрав бархӯрд. Раису Ботур аз мошин берун шуданду мошин дар гирифт. Пӯстҳои барраҳо ҳама сӯхтанд. Чанд рӯз ӯро бо падараш бурда маҳкам карданд. Аммо кори худи раис ғайриқонунӣ будаасту ба бало печид. Ӯро панҷ сол аз озодӣ маҳрум карданд. Падари Шаҳбоз, ки аз зарбу лати онҳо ҷароҳатҳои сахт бардошта буд, аз даъво гузашт, вагарна аз 10 сол кам намегирифт. Ботур ҳам се сол ҷазо гирифт. Аммо аз чӣ бошад, дар бораи Шаҳбоз чизе нагуфтанд, гӯё ӯ худашу падарашро ҳимоя карда бошад… Ана, ин рӯзи маҳшарро имрӯз ӯ дар симои ин модарони бепушту паноҳ ва мушти пар медид, ки яроқи асосии онҳо гиря асту халос… - Ҳа, писарам, омадӣ, ба қадамот садқа, сухани мани пирро ба замин намондӣ. Ман дигар илоҷ надоштам, дидӣ, беморам, умрамро ғаму ғуссаи ин занҳою духтарҳо тамом кард. Ман гап мезанаму ту навис… - Майлаш, модарҷон. Ӯ як оҳи бадард мекашаду мехоҳад, ки сухан гӯяд, яке ба гиря медарояд, ҳой, ҳойкунон гирист. Баъди хеле ба нақл медарояд. - Бачам, ман аз ту умед дорам, суханони маро, ба гӯши сардорони давлат мерасонӣ… Шаҳбоз овозгирро ба кор меандозад… Момаи Шарифа нақл мекарду мегирист, нақл мекарду аз дарду алам мӯйю рӯй меканд… - Медонӣ, бачам, аз шаҳраки Лоҳутии мо 25 кӯдакро куштанд… - Кӯдаконро? - Ҳа, ҳамон кӯдакҳое, ки бо модарашону апаҳояшон монданд. Барои аз дасти дузду қотилон халос шудан, бо маслиҳати ман ҳама ба мактаб ҷамъ шудем. Вале шабона чор–панҷ яроқбадасти масту хунталаб ба мактаб омада, мехоҳанд модарони онҳоро бо худ баранд. Чун хурдсолон мебинанд, ки модарашонро кашола доранд, чирросзанон аз бари куртаи онҳо медоранд. Он бераҳмону ваҳшитинатон кӯдакҳоро бо қундоқи автомат, бо тир дар пеши чашми модаронашон мекуштанд. Баъзе занҳо аз ақл бегона шуда худкушӣ карданд. Охир кӯдак чӣ гуноҳ дорад, паноҳгоҳи вай оғӯши модар аст, ватанаш ҳам оғӯши модар. Ҷудоӣ аз модар барои кӯдак ҷаҳаннам аст, марг аст… Духтарам , Сайрам, як пиёла об деҳ… Пиразан обро хурду боз гирист. - Эй писарам, медонӣ, духтарчае, ки имрӯз ба қабристон бурданд, чӣ даҳшатеро дид. Шаб хостанд, модарашро кашола карда, он ҳайвонтинатон бо худ бубаранд. Духтарча, ки номаш Ситора буд, аз дасти модараш дошта фиғон кашид. Бо шатта ҷудо карданд, ба замин заданд, боз хесту давида рафта дасти он марди беинсофро газид. Мард аз дард, модари ӯро раҳо карду бо корд ба ҷисми духтарча задан гирифт. Вай кайҳо ҷон дода буд, аммо он лаънатбор аз алам намедонист, чӣ кор кунад ва ман ҳам бо оҳанге ба сари он ҷаллод задаму овози тир баромад. Занҳо чун шер ба ҳуҷум гузашта, яроқҳои онҳоро гирифтанд. Бори аввал дидам, ки модар барои фарзанд худро ба ҳар бало мезадааст, тарсро намедонистааст.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
НАСР Он мардҳо гурехтанд. Чун занҳо гурехтанд. Аммо акнун оромӣ нест.. Аз дур як– як занҳоро нишони тир мекунанд… Пиразан як – як кӯдаконе, ки қурбони ин ҷанг шуда, аз дасти он сангдилҳо кушта шуда буданд, гуфту гирист. Шаҳбоз аз чунин бераҳмию ноадолатӣ ба ғазаб омад, як дарди ҷонсӯзе дилашро пахш кард. Рангу рӯяш сап – сафед канд. Ба рӯяш об заданд. Ба худ омаду фитаро аз овозгир гирифту ба рӯймолча печонда ба банди пояш баст. Сайрамро ки чанд нафар ҳарбипӯш ҳамроҳӣ мекарданд, ба коре муддате берун рафтанд.
- Аз он кампир чӣ гап гирифтӣ! - Ту худат кӣ? - Ана, ба ту ана… Ҳамин вақт агар пиразан Шарифамоҳ тани беморашро кашида бо чанд зан намеомаданд, ақин буд, ки аз сад ҷонаш як ҷонаш халосӣ надошт. Ӯ ҳоло дар болои боми дупӯши мактаб баста… Шаб тор танида. овози чирчиракҳо аз замине ба гӯш мерасид. Аз дур гоҳ – гоҳ садои тир мебаромад. Шаҳбоз боз қувваташро ҷамъ карду худро ба пеш кашид. Нохост, сутун канда шуд. Дастонашро аз он баровард, бандҳоро бо дандонаш куШаҳобиддини ҲАҚНАЗАР
Парвози Шаҳбоз ҳикоя
- Ака, то омадани мо, шумо ҳеҷ куҷо наравед. - Майлаш… Шаҳбоз сабт карду дилаш ғалаён дошт, ки тезтар аз ин воқеа ҳамаро огаҳ намояд. Тоқат накард. Бо пиразан Шарифамоҳ хайру хуш карду ба гуфти ӯ эътибор надода берун шуд. Охир хеле дер шуда буд… Аз мактаб ба хами кӯча гашта буд, ки якбора чанд нафар ба ӯ ҳуҷум карданд. Аввалин коре ки карданд овозгирро ба замин зада майда – майда намуданд. Баъд бо мушту лагад ва қундоқи автомат сару рӯяшро рангин сохтанд. Кисаҳояшро кофтанд, куртаашро лахт – лахт намуданд… - Ту барои мурдан омадӣ?
шод. Оҳиста ба поён нигарист. Хомӯшӣ ва нафаре дар дами дари мактаб бо яроқ нишаста, ки хоб ё бедор буданаш номаълум. Аз дигар тараф рафт. Худро паси дарахти сафедор гирифт. Бо саду як фикру хаёл хам шуда, рустӣ ба канори роҳ баромад. Ва лаҳзае нагузашта мошине бо суръат омаду дар назди ҷуйбори қади роҳ қарор гирифт. Ӯ мошинро шинохт ҳамон мошине ки ӯро оварда буд. Сайрам аз он берун шуд. Шаҳбоз худро намоён кард. - Ака, хайрият, шумо зинда, мо омадем, ки модарам беҳушу беёд, ба беморхонаи шаҳр бурдем. Нав ба худ омаданду шуморо пурсиданд. Ростӣ мо сарҳисоби худро гум кардем, болои ин мошинамон вайрон шуд.
Дар равшании мошин сару рӯи кафидаю пурхуни Шаҳбозро Сайрам дида монд. - Оҳ, акоҷон мебахшед, ин нокасон ба шумо чӣ кор карданд? - Ҳеҷ гап не, ҳоло зинда мондам, сад шукр… Рӯзи дигар дар гуфтори «Хоки Ватан» суханони он пиразани ҷасур садо доду як ғулғула хест. Ба зудӣ он гурӯҳи дуздону қотилон ва зинокоронро нест карданд. Директори радио Шаҳбозро гуфт, ки як ҳафта ба кор наояд. Шаб писарчаи хурдиаш дар таҳи кӯрпа ҳиқ – ҳиқ гирякунон ӯро аз хоб бедор мекунад. - Рӯзбеҳ чаро гиря мекунӣ? - Додо, гурусна мондам, нон надорем… Ин сухан дили Шаҳбозро пора кард. Ду рӯз аз паи ёфтани нон шуд, навбат нарасид. Ҳама гурусна, аммо писарчаи хурдиаш ба гуруснагӣ тобу тавон надошт. Ба нею нестони ҳамсараш Латофат гӯш надода, ба кӯча баромад. Надонист, чӣ сон ба корхонаи нонпазӣ омад. Замин кафидаю одам руста. Ин сӯ он сӯ гашт, илоҷ нашуд. Бо як азоб ба ҷавонони низомипӯш наздик шуд. - Нон … Ҷавоб надод.. - Кӯдакҳоям гурусна… - Ҳама ин ҷо гурусна… - гуфту ба Шаҳбоз нигарист. Ва бо чеҳраи кушод гуфт: - Шумо корманди радио нестед?- Ҳа. - Акаи Шаҳбоз ман, додари ҳамкори шумо Саидаҳмадам. Ман ҳозир, - гуфту ба як ҳамкораш ишора кард. Ӯро раҳ доданд, ки ба дохили корхонаи нонпазӣ шавад. Бо ёрии он ҷавон чаҳор дона хлеб гирифт. Ва аз дари эҳтиётӣ баромаду сӯи хона шитофт, шод буд, гӯё ганҷе ёфта бошад. Ҳоло саҳар нашуда буд, ба даромадгоҳи хонааш омад. Нохост чаҳор нафар ба ӯ дарафтоданд. Задухӯрде ба амал омад. Шаҳбоз танҳоӣ кашид. Корди яке аз он ноҷавонмардон ба синааш омад. Дигаре аз таппонча, ки садои кунду ношунаво дошт, ду-се тир парронду зуд баромада ғайб заданд. Шаҳбоз чун шоҳини захмхӯрда, болаш шикаста замин нишаст. Пеши чашмонаш хира мешуданд. Дар ин задухӯрд халтаи нонҳоро аз дасташ раҳо накарда буд. Тамоми дармонашро ҷамъ карду аз ҷой хест ва ҳафт қадаме ки то дари хонааш монда буд, бо ҷонканӣ кӯтоҳ кард. Дар ба рӯяш боз шуд. Халтаи нонро ба ҳамсараш Латофат доду оҳиста дар паҳлӯи дар нишаст. - Ба шумо чӣ шуд? Духтарчааш Нозгул ба пешвози падараш омаду ӯро хомӯшу бесадо диду гуфт: - Додоҷон, ана ман омадам, додоҷон шумо маро мебинед? Ва бо дастаконаш арақҳои пешонаи падарашро пок мекард. Писарчааш Рӯзбеҳ бо чашмони ҳайратбор ва ашкҳои шашқатор ба падараш менигарист. Рӯҳи ӯ ҳамаро гӯё медид, ҳис мекард. Пас аз се рӯз Шаҳбоз дар беморхона ба худ омад. Ҳамсараш, ки дар паҳлӯяш буд, сар ба рӯи синаи Шаҳбоз монду талх гирист. Ӯ хона равшан карда буд. Дутори падараш дар хаёлаш ҳазин нола мекард, яке тораш канда шуд. Имшаб ёди он ҷавонмарди ҷасуру ғаюр Шаҳбози Шамсзодро кардему он рӯзҳоро ба ёд оварда гуфтем: - Некон намемиранд… Худ нигоштаҳояш дар бораи «Хоки Ватан», бо ҳукми таърих даромаданд. Ӯ бо мо, дар дили мост. Оҳанги ёд дилу дидаи моро фаро гирифта, симои Шаҳбозро зинда мекард. Шаб қисса мегуфт, маҳу ахтарон шоҳиди ин афсона буданд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
15
НАВҚАЛАМ
Ислом “одам куш!” намегӯяд Инсонҳо дар айёми ҷавонӣ дар ҳолати равоние қарор мегирад, ки идора кардани эҳсосу асабонияти худро дар баъзан ҳолатҳо қариб аз даст медиҳанд. Махсусан дар ҳолати аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ кашидан, барои бартараф намудани ин ҳолат ба дилхоҳ корҳои номатлуб даст мезанад. Иҷрои ин амалҳо аз ҷониби баъзе ҷавононе рух медиҳад, ки ё ӯ дилбастаи ҳамон кор аст ва ё аз барои маблағ шуда, ба кори номатлуб даст мезананд. Масалан, дар баъзе вақтҳо дар телевизион аз кирдори ҷавононе сухан меравад, ки ба дӯздӣ, қаллобӣ, одамкушӣ, одамфиребӣ ва дигар амалҳое, ки онҳоро ба паси панҷара мебарад, даст мезананд. Одатан ин амалҳо аз ҷониби он гурӯҳи ҷавононе ба амалӣ мешавад, ки беирода ва танбаланд. Кам нестанд ҷавононе, ки ба амалҳои хуб даст мезананд. Дар дилхоҳ вазъият, чи равонӣ ва чи асабоният худро нигоҳ медоранд ва ба
худ иҷоза намедиҳанд, то аз доираи инсонгарӣ бираҳанд. Ҷавононе, ки шароити дар донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои касбомӯзӣ таҳсил карданро доранд рӯз аз рӯз меафзояд. Дар баробари инҳо садҳо ҷавонони бо нангу баномусе ҳаст, ки агарчанде шароити таҳсил кардан ҳам надошта бошанд, вале боақлу боиродаанд. Онҳо ҳарчанд зиндагии душвор ҳам дошта бошанд, ба он амалҳое, ки дар боло зикр кардем, даст намезананд. Онҳо фикри худ ва хонаву авлоду рафиқони худро мекунанд. Аз ҳама муҳим ба қадри ширинии ин айёми ҷавонӣ мерасанд. Асри 21 пур аз таззодҳо ва моҷароҳоест, ки таърих мисли инро дар ёд надорад. Махсусан, моҷароҳои баъзе аз давлатҳо Ховари Миёна инсониятро ба ваҳшат меоварад. Куштори мардуми бегуноҳ ва кӯдакони бесарпаноҳ. Сарсониҳо дар давлатҳои бегона баҳри наҷоти ҷони худ ва фарзандон, гуруснагӣ ва ташнагиҳои бе-
назир ҳар як ҷавони сайёраро водор менамояд, то сари ин масъалаҳо андеша намоянд ва худро дар ҷои онҳо эҳсос кунанд. Зеро тайи даҳ соли охир ин ҳама бесарусомониҳо аз ҷониби ҷавононе рух медиҳанд, ки баҳри маблағи ночиз худ ва рӯҳи муқаддаси худро зери хатар қарор дода, ғуломи хоҷагони хунхор мешаванд. Дар баъзе мавридҳо чунин ҷавонон худро ҳамчун “ҷавонмард” шинос намуда, дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ нисбати давлатҳои соҳибистиқлол санг мезананд. Бо пешрафти техникаву технолгия башарият аз ҳама гуна иттилоот огаҳӣ пайдо намуда, тариқи телевизионҳои моҳворавӣ, интернет ва дигар воситаҳои техникӣ аз вазъияти кунунии ҷаҳон хабардор мешавад. Махсусан барои ҷавонон ҷиҳати беҳтар намудани донишу малакаи худ фоидаовар ва муфид аст. Вале ҳастанд нафароне, ки тариқи интернет ба сомонаҳои гурӯҳҳои тундгаро
дохил шуда, аз он ҷо шарҳи нодурусти оятҳои Қурон ва аҳодиси пайғомбарро хонда, ба онҳо боварӣ пайдо намуда, пайрави онҳо мешаванд. Аз ҳамин нукта бояд гуфт, ки ҷавонони мо бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму дониш бошанд ва ҳар гуфтаро ба пуррагӣ омӯзанд ва баъд хулоса кунанд. Оромию осоиштагӣ ва шароити хуб ба мо
имкон додааст, ки чи илмҳои дунявӣ ва чи диниро аз худ кунем ва ба ҳама саволҳои худ ҷавоби дақиқу аниқ пайдо кунем ва донем, ки Исломи ноб дар ҳеҷ куҷо моро ба қатлу куштор амр накардааст. Далер ШОЕВ, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”
“Падарамро намебахшам” Падару модар сутуни хонадон ва такягоҳи фарзандонанд. Вақте тифл ба олами ҳастӣ чашм мекушояд, аввал падару модари худро мебинаду ба онҳо меҳр мебандад. Пасон дарк мекунад, ки ин ду фаришта маҳз барои ман офарида шудаанд. Худро дар канори онҳо ҳамеша хушбахту амн эҳсос мекунад ва намехоҳад, ки лаҳзае онҳо аз канораш дур бошанд. Рӯз то рӯз ба воя мерасад ва ҳар амалеро, ки онҳо иҷро мекунанд, кӯдак низ меомӯзад. Ҳеҷ гоҳ фикр намекунад, ки рӯзе ман ё хоҳару бародаронам аз дасти падар ё модар азият мекашем. Дар воқеъ чунин тасаввур кардан бисёр дарднок аст. Аммо, мутаассифона, дар зиндагӣ нафароне ҳастанд, ки аз дасти падари хеш азият мекашанд. Аксари ҷавонон вақте ки аз дарсҳо озод мешаванд, барои пайдо кардани коре аз ноҳияҳои дурдаст ба шаҳр меоянд. Ба мақсаде ки то оғози дарсҳо коре пайдо кунанд ва дар оғози соли хониш барои худ либос харанд, пули донишгоҳро омода кунанд. Ман низ аз соле ки донишҷӯ шудам, ҳар тобистон баъди анҷоми соли хониш дар шаҳр барои кор кардан меистам. Ин мазвуъ низ аз он ҷо сарчашма гирифт, ки дар нонвой ҳамроҳи ман як ҷавони бисёр хубу самими кор мекард. Ҳангоми кор аз ину аз он суҳбат мекардем, аммо вақте, ки аз падари ҳамкорам чизе пурсон мешудем, ӯро ҳамеша қабеҳ мегуфт. Ҳайрон мешудам, ки чаро чунин мекунад. Ҳатто борҳо ӯро мазаммат намудам, ки падар қиблагоҳ аст, ӯро зишт гуфтан куфр аст, ин хисалататро тарк кун. Вале ҳар бор падарашро дашном медоду сабабашро намегуфт. Муддати як моҳ ҳамроҳ кор кардем. Бо ҳам унс гирифта, мисли бародар шудем. Ниҳоят рӯзе дар бораи зиндагиашон нақл карда, сабаби бадгӯӣ нисбати падаршро ба ман шарҳ дод: “Мо дар оила панҷ нафар будем. Аз вақте ки ёд дорам, муносибати падару модарам онқадар хуб набуд. Падарам дар ноҳия ҷои кори хуб доштанд ва ҳамеша пул пайдо мекарданд. Аммо он пулҳоро барои таъмини зиндагӣ ва фарзандон нею барои шаробнӯшӣ ва қимор сарф мекарданд. Ҳар бегоҳ маст ба хона меомаданду бо модарам ҷанг карда, ману хоҳаронамро лату кӯб мекарданд. Ҳатто моро дашном медоданд. Ман хурд будам, аммо дар ёдам ҳаст. Маҷбур мекарданд, то арақ нӯшам. Аз ҷангу ҷанҷоли оилаи
мо ҳама ҳамсояҳо ба дод омада, дигар касе аз пушти падарам бо оилаамон муносибат намекарад. Ҳар боре, ки ба мактаб рафтанӣ мешудем, намегузошт ва агар пинҳонӣ мерафтем аз мактаб дашном карда, кашолакунон ба хона меовард. Модарам ба хотири мо шуда, он ҳама ранҷу сахтиҳоро таҳаммул менамуд ва кушиш мекард, ки падарамро аз ин роҳи бад гардонад. Аммо падарам ислоҳ нашуд. Баъд маҷбур шуд, ки ариза нависаду аз ҳамдигар ҷудо шаванд. Пас аз ҷудо шудани падару модарам ману хоҳарам бо модарам зиндагӣ кардем, апаам бошад, бо падарам. Фикр кардем, ки пас аз ҷудоии онҳо зиндагиямон осуда мешавад, вале бадтар шуду беҳтар не. Модарам, ки дар мактаби ноҳия муаллима шуда кор мекарданд, зиндагиямонро саришта мекадагӣ шуданд. Ба ману хоҳарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки мактабро хуб хонем ва ба умеди падар нашавем. Зеро медонистанд, ки падарам гарчанде аз мо ҷудо зиндагӣ кунанд ҳам, лекин моро ором намегузоранд. Дар воқеъ ҳаминтавр буд. Ҳар боре ки падарам дар назди мактаб ману хоҳарамро медид, дашномамон медод. Ҳамсинфон ҳайрон мешуданд, ки наход падар фарзанди худро чунин суханони қабеҳ гӯяд. Ман аз он гуфтаҳо назди ҳама шармандаву сархам мешудам. Қариб ҳар рӯз хоҳарам аз чунин муносибат ва сарзаниши падарам гирёну нолон ба хона меомад. Ба зами ин апаам, ки ҳамроҳи падарам зиндагӣ дошт, ӯро бар зидди мо мешуронд. Модарам ва ману хоҳарамро назди ӯ бад мекард. Чандин бор аз апаам хоҳиш кардам, ки омада бо мо истад, аммо қабул намекард. То имрӯз падаре, ки сутуни хонадонаш медонем, ба мо бо ҳар роҳу восита зарар мерасонад. Аз ин хотир бо шунидани номаш, гарчанде, ки гуноҳ аст, ӯро дашном медиҳам ва ҳеҷ гоҳ намебахшамаш”. Сад афсӯс, ки дар дунё чунин падарон ҳам ҳастанд. Дар ҳаёт оилаҳое ҳастанд, ки ба фарзанд зоранд, аммо бархеи дигар аз доштанашон шукрона намекунанд. Падарон бояд раҳнамову дастёри фарзандон бошанд, то ки дар оянда онҳо низ тавонанд падари хешро танҳо нагузоранд. Зиндагӣ бе падару модар бисёр мушкил аст. Аммо доштани чунин падар бениҳояд дарднок аст.
Деҳаҳо парвардаи ҳазорон-ҳазор нафар ҳунармандони асили бемисл аст, ки дар офариниш беҳамтоянду дастони моҳирашон бозгӯи рози дилашон аст. Бозгӯи он чизе, ки метавонанд, дунёи худ ва дигаронро тағйир диҳанд. Дунёи розҳои нуҳуфтаи ба кас ногуфта ва дунёи пур аз муъҷизаҳое, ки онҳоро рӯи хок мондаву худро соле баъд, дар дили хок ҷой бинмуда ва дунёи пур аз асрорҳо. Мақсад аз гуфтаҳо, ин умри кӯтоҳи инсонист, ки бо як мижа задан, сипарӣ мегардад. Дар ин дунё танҳо кори хайр ва ҳунари воло инсониятро абадан зинда нигаҳ медорад. Дар яке аз деҳаҳои дурдасти кишвар зани ҳунарманде бо номи Ҳалима, бо ду духтару як писар зиндагонӣ менамояд. Сутуни ин хонадон соле пеш бо амри тақдир ва бо маризие дунёи фониро падруд гуфт. Аҷали бевафо нагузошт, ки такягоҳи хона муддате роҳнамои пайвандон гардад. Роҳнамое, ки дунёи худ ва фарзандонро тағйир диҳад. Рӯзҳо сипарӣ мегарданд. Наврустаҳои паршикастаи лона мактабхон гаштанд. Аз нимятим бавоярасии хеш пай ҳам намебурданд, зеро эшон модари ғамхоре доранд, ки ба онҳо чун падарвор навозишу ширингӯиҳо мекунад. Модари меҳрубон дар ҳаёт ба фарзандон ҳам вазифаҳои модарӣ ва ҳам падариро иҷро менамояд. Ин модари меҳрубон бо меҳнату заҳматҳои шабонарӯзӣ дар даст сӯзану дар дасти дигар матои сафедеро болои зону мегузораду гул зам менамояд. Чакандӯзию гулдӯзиро касби хеш ихтиёр карда, куртаҳои арӯсакони духтарони деҳаро медӯзад. Гулҳоеро меофарад, ки чун чеҳраи наварӯсакон шукуфонанд. Чи хеле, ки мегӯянд “дасти инсон гул аст”. Анна ҳамон дастони чун гули модар дар он нигораҳои болои куртаҳо аён мегарданд. Имрӯз ин зани ҳунарманд ва модари азиз Ҳалима бо вуҷуди он ҳама мушкилӣ ва шикасту рехти рӯзгор дар зиндагӣ ҳаргиз тобеи ғам нагардида, аз нодориву бечорагӣ низ ашки ҳасрат намерезад. Ӯ ба онҳое, ки барояш чун ҷон баробаранд, бо меҳнати дастон шароити созгор муҳайё гардонидааст. Ин ҳама меҳнатҳои модари дар зиндагӣ азоб дидаю дунёи ранҷҳоро чашида, аҳли деҳаро ҳайрон намудаву ҳамагӣ ба ин бонуи ҳунарманд аҳсанту офарин мехонанд. Кулли атрофиён иброз медоранд, ки ин ҳама бурдбориҳои ӯ аз шарофати дастони бениҳоят ҳам меҳнатофаринаш сарчашма мегирад. Дар воқеъ, инсон ба ҳама кор қодир аст. Пас, дар зиндагӣ бояд ҳунар омӯхт. Зеро ҳунару ҳунармандиро бузургони мо гиреҳкушои мушкилиҳо номидаанду хислати накӯи инсонӣ.
Умедҷони КАРИМХОН
Муҳаммадалӣ УСМОН, донишҷӯи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Ҳунар ва ҳунармандӣ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №35 (9565), 30.08.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
МАНЗУРА УЛҶАБОЕВА
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Аз инсон дида махлуқи назарногиру ҳамзамон олие нест. ******** Ба мо инсонҳо умри дарозро лоиқ надиданд. Аз ин рӯ корҳоеро аз худ бояд боқӣ монем, ки исботи зиндагии бардавоми мо бошанд. ******** Табиати инсон нисбати навигарӣ нигоҳи ҳарисона дорад. ******** Эътироф намудан айб аст, вале аз ҳама мавҷудоти зинда танҳо инсон намедонад, ки чи барояш манфиатовар аст. ******** Ҳар зиёнеро суде ҳаст. ******** Чӣ қадар корҳои зиёде имконнопазир маҳсуб меёфтанд, то оне, ки онҳо амалӣ нашуданд. ******** Нест ҳаловате, ки оқибат дилбазан нашавад. Плинийи калонӣ Сарнавишти нобиға – шарафи бемарг. ******** На ҳамаи мо, мутаассифона, ба ҳама корҳо яксон лоиқем. ******** Бигузор ҷавонӣ тараннуми ишқ намояд. ******** Ишқ ба ҷуз худаш ҳеҷ табиберо намеписандад. ******** Ишқи ҳақиқӣ андозаву сарҳадро намедонад. ******** Ҳамсафари зебоӣ ҳамеша сабукандешӣ буду ҳаст. ******** Ҳар ки интиҳои беақлиҳоро интизор аст, беақл аст. Ишқи ҳақиқӣ ҳудуд надорад. ******** Аз душмание, ки ишқро тавлид мекунад, душмании бадтаре нест. Пропертсий
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
√ АНДАРЗ
Издивоҷ
Қаблан вазъи иқтисодии ҷавон хуб набуд. Лек баъдан кӯшиш намуда, ин камбудиро бартараф кард. Падараш инсони тақводор дар масҷиде имоматӣ мекард. Пас аз хуб шудани ваът иқтисодӣ ҷавон ба падараш гуфт: - Падарҷон, акнун издивоҷ намудан мехоҳам. Хоҳишам ин аст, ки ҳамсари ояндаамро худатон ёбед. Тӯямон дар рӯзи ба хона рафтанам баргузор шавад. Ҳамсари ёфтаатонро диданам ҳам шарт нест… Ин дар асл як тобиши боварии ҷавон ба падараш буд. Падар барои ҷавон як духтари солеҳаи диндор ёфт. Аммо духтар зебо набуд. Ҷавон ба ватанаш баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Миср истиқбол гирифта, ба назди ҳамсараш, ки сарандоз дошт бурданд. Хуллас, дар хона дуяшон танҳо монданд. Вақте духтар сарандозашро гирифт, табъи ҷавон тира шуд. Арӯси ёфтаи падарам ҳамин аст? Баъди ин қадар сол бо ҳаяҷони зиёд ба Ватан баргаштанам… Дили ҷавон равшан намешуд. Ба ҳамсар эътибор надода хоб намуд. Келин мазмуни ин амали домодро дарк намуда, дар қисми сеяки охири шаб ба бедор кардани шавҳараш кӯшид. Аммо шавҳараш рад намуд. Келин боз кӯшиш кард, боз ҷавоби рад
гирифт. Баъдан барои бедор намудан ба рӯи шавҳараш об пошид. Шавҳараш бедор шуд, Келин оҳиста фаҳмонд: - Эҳсос дорам, ки дар саратон чи хаёлҳо мегузарад. Зебо набуданамро медонам. Аммо хоҳиши оила бунёд намуданам як сабаб дорад. Як ҳадиси Паёмбарамон алайҳиссаломро дар амал дидан хостам. Он зот чунин гуфтаанд: “Ба марде, ки шаб намоз хонда, занашро ҳам ба хондани намоз бедоркарда, агар саркашӣ намояд, ба рӯяш об пошида раҳмати Аллоҳ бод. Ба зани шаб хеста намозашро хонда, шавҳарашро ҳам барои хондани намоз бедорнамуда, агар бедор нашавад, ба рӯяш об пошида ҳам, раҳмати Аллоҳ бошад!”
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Рисолати модарӣ Рӯзе аз кор баргаштам ва писарам Сиёвушро беҳолу бемадор дидам. Гуфтанд, ки таб дорад. Ҳароратсанҷ табашро 39 нишон медод. Доруҳои додаамон таъсир намекард. Чун бо бозиҳову хандаҳои ширинаш одат кардаем, таҳаммул кардани беҳоливу бемадориаш бароямон осон набуд ва вақтро дар назарамон дароз менамуд. Ниҳоят хобаш бурд. Дар ин вақт садои чӯҷаҳои майна, ки дар шифти айвони хонаамон лона гузошта буд, баланд шуд. Баромадам ва дидам, ки ду чӯҷаи ҳанӯз парончак нашуда аз баландӣ афтида, якеаш мурдааст. Дигарашро ба қуттии кардоние гирифта, дар баландӣ гузоштам, то туъмаи гурбаҳо нашавад. Моҳи Рамазон буд ва ҳангоми хуроки субҳона Сиёвуш низ баробари мо бедор шуд. Чун ҳарвақта машғули бозӣ шуд ва бо забони кӯдаконааш гоҳ бо ману гоҳ бо модараш суҳбат мекард. Худоро шукр гуфтем ва нигарониамон бартараф шуд. Пас аз дамидани субҳ берун баромадам ва майнаро дидам, ки аз лонааш парида, ба шохи дарахт нишаст. Саросемавор, гӯё душмане таъқибаш мекарда бошад, ба чор тарафаш менигарист ва садо баланд мекард. Дар минқораш чизе дошт, ки яқинан барои чӯҷаҳояш оварда буд. Чун чӯҷаҳояш дар лона набуданд, он хӯрокро на фурӯ мебурд ва на раҳо мекард. Майна, ки
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Валлоҳ аз ин хоҳишамро амалӣ намуданатон аз шумо хеле миннатдорам. Ба ҷо овардани ин ҳадисро зиёд мехостам, аммо аз сабаби зебо набуданамро донистанам аз издивоҷ умедамро канда будам. Хоҳиш менамоям, қисми боқимондаи ҳадисро бо ман адо намоед! Домод бедор шуд, намозро бо ҳам хонданд. Баъди адои намоз домод ба келин нигариста, аз ҳайрат карахт шуд. Худаш дар ин бора чунин мегӯяд: - Пас аз адои намоз ба занам нигариста, ба зани безеби пештар дидаам бовар намекардам. Қасам хӯрда мегӯям, ки дар паҳлуям гӯё зани зеботарини дунё меистод.
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
як паррандаи ба одам ромнашаванда аст, кӯшиши мо барои нишон додани чӯҷааш бенатиҷа буд… Дар ҳамин ҳол бемории шабонаи писарам ва ҳолати худаму модараш пеши назарам ҷилвагар шуд. Чун ғурури мардӣ моро водор менамояд, ки дар ҳама гуна ҳолат босабру пурбардор бошем, аммо зан-модарро, ки синаи раҳм мегӯянд, ҳама гуна падида ва ё вазъиятро бо оби чашм қабул менамояд. Модари фарзандҳои ман низ аз ин истисно нест. Сиёвуши мо, ки бо гиряву хандаву бозӣ оромиамонро «халалдор» мекард ва имшаб бо сабаби таби баланд чунин имкониятро надошт, мо ҳатто парвози хомӯшакҳоро эҳсос мекардем. Модараш бесадо мегирист…. Ин ду ҳодисае, ки дар як вақт иттифоқ афтод, воқеан инсонро ба андеша кардан водор менамояд: тамоми махлуқи офаридаи Худованд барои идома додани наслаш кӯшиш менамояд. Албатта, муносибати минбаъдаи фарзанд бо модар байни инсон ва дигар махлуқот фарқ мекунад, вале ҳамаи махлуқот-чӣ инсону чӣ ҳайвон, чӣ паррандаву чӣ хазанда, як рисолатро хуб иҷро менамоянд: Муҳофизати фарзандон аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо то «паррончак» шудани онҳо. Шариф АТОБУЛЛОЕВ •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3997 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»