Javononi Tojikiston, #35, (9357), 28.08.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

1

№35 (9357),

28 августи соли 2014

РУШДИ МАҲАЛ

АРТИШ

Боздиди Президенти мамлакат аз қисми низомии 3502

26 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қисми низомии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ташриф оварда, бо шароити хизмати афсарону сарбозон шинос шуд. Сарвари давлат дар назди ҳайати шахсии қисми низомӣ суханронӣ намуда, Қӯшунҳои дохилиро чун як шохаи муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар “сипари боэътимоди давлату миллат, кафили амнияту суботи кишвар ва тартиботи ҷамъиятӣ” номид.

ФАРҲАНГ

«Корвони китоб» ба Бадахшон рафт 12-19 августи соли равон бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанг ва аҳли илму адаб «Корвони китоб» аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд сафар кард. Дар он ҷо муассисаҳои давлатии «Бибколлектор» 317 нусха, «Бибтехника» - 36319, муаллифҳо - 2966, «Хонаи китоби Тоҷикистон» - 200, нашриётҳои «Адиб» 3507, «Ирфон» - 921, «Энсиклопедия» - 242, «Адабиёти бачагона» - 60, «Бебок» - 250, «Истиқбол» - 204, «Афсона» - 11 ва «Истеъдод» 246 нусха китоб ва бибтехникаро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. 26 август «Корвони китоб» ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳ пеш гирифт.

Саҳифаи

Таваррум 0,2 фоизро ташкил дод Тибқи маълумоти расмӣ моҳи июл сатҳи таваррум 0,2 фоиз ва дар ҳафт моҳи соли равон 4,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 фоиз зиёд аст. Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ин нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ дар зарфи 12 моҳи охир ба 6,1 фоиз баробар шуд. Меъёри бозтамвил аз 19 майи соли ҷорӣ то ба имрӯз дар сатҳи 5,9 фоиз қарор дорад.

ОҚИБАТИ АЗ МАЗҲАБ БЕРУНРАВИИ ҶАВОНОН

Саҳифаи

6 e-mail: javonontj@mail.ru

Ифтитоҳи корхонаҳо дар Суғд 2

ИҚТИСОД


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

2

РУШДИ МАҲАЛ

Ифтитоҳи корхонаҳо дар Суғд Ҳафтаи гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд як қатор корхонаву иншооти иҷтимоию маиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Аз ҷумла, бо иштироки Сарвари давлат дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Чкалов меҳмонхонаи муосири “Сипеҳр” ба истифода дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов бунёд ёфтааст. Меҳмонхона иборат аз 3 ошёна мебошад. Дар ошёнаи якум утоқҳои корӣ, фурӯшгоҳи чиптаҳои ҳавопаймоӣ, тарабхона, толорҳои маркази таълимӣ ва толори хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи сеюм толорҳои варзишӣ ва маҷлисӣ ҷойгир шудаанд. Меҳмонхона дорои 46 ҷойи хоб буда, 30 ҳуҷра барои қабули мизоҷон омода аст. Ин ҷо 55 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1500 сомонӣ таъмин мегарданд. Сарвари давлат таъкид дошт, ки дар шароити афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳону сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон бунёди зербинои сайёҳӣ, аз ҷумла, сохтмони меҳмонхонаҳои хурду миёна ва бузург хеле муҳим аст. Дар мавзеи «Рухак»-и деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҶДММ «Таҷ-Роуд» ба кор дароварда шуд. Корхона, ки ба истеҳсоли сангу шағал ва асфалт машғул мешавад, аз ҷониби бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматовҳо дар заминаи ҶДММ “Сомонроҳ” бунёд ёфтааст. Коргоҳи асфалт бо технологияи истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ ва коргоҳи коркарди регу шағал бо технологияи Ҷумҳурии Федеролии Олмон муҷаҳҳаз

чаи бозиҳои кӯдакона, майдони сунъӣ барои футболи хурд, майдончаҳои волейбол, баскетбол, тенниси калон ва 3 ҳавзи шиноварӣ мебошад. Дар ҳудуди марказ, ҳамчунин, толори бузурги варзишӣ, варзишгоҳи стандарти ҷаҳонӣ, ҳаммом ва майдони бозии голф сохта хоҳад шуд. Тавре Сарвари давлат таъкид дошт, ин варзишгоҳ туҳфаи арзишмандест ба ҷавонону наврасони варзишгар дар Соли футболи оммавӣ. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як навраси футболбоз,

гирифт. Сохтмони бинои нави ин мактаб бо харҷи 5 миллион сомонӣ анҷом ёфта, бо маблағи 321 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин шудааст. Он дорои 14 синфхона ва 360 ҷойи нишаст буда, дар ду баст 720 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Дар шаҳри Хуҷанд нахуст Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «НАНО-ТЕХ-М» ифтитоҳ ёфт. Муассиси корхона соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Аюбов мебошад. Корхона, асосан, ба истеҳсоли маҳсулоти оҳану

гардидааст. Дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳини шаҳри Қайроққум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як толори бузурги варзишӣ, варзишгоҳи олимпӣ ва чанд биною иншооти нави дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Масоҳати умумии марказ 19,5 га буда, он дорои бинои зимистона барои 226 нафар, 9 бинои тобистона барои 456 нафар, бинои таълимӣ, майдончаи гулханафрӯзӣ бо 280 ҷойи нишаст, амфитеатр бо 320 ҷойи нишаст, майдон-

ки қисмате аз онҳо духтарчаҳои хурдсол буданд, тӯби футбол тақдим намуд ва изҳори боварӣ кард, ки дар воқеъ ин навъи варзиш дар Тоҷикистон оянда метавонад рушди назаррас дошта бошад, зеро барои ин кор дар ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё мегардад ва ҷавонону наврасон ба он шавқу рағбати беандоза доранд. Дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 мавриди баҳрабардорӣ қарор

бетонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, ташхиси лаборатории масолеҳи сохтмонӣ, борпеч кардани семент (халта кардан) дар ҳаҷми 40 тонна дар як шабонарӯз, ба андозаҳои гуногун майда кардани санг, хизматрасонӣ бо мошинҳои махсус дар самти ба фармоишгарон расондани маҳсулот ва ғайра мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо коргоҳ таъкид дошт, ки соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷиро ба густариши фаъолияти созандагию бунёдкорӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии

ҷойҳои нави корӣ ҳамаҷониба ҳавасманд бояд кард. Дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар бинои нави Маркази такмили ихтисоси кормандони Раёсати андози вилоят, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, ифтитоҳ ёфт. Дар он имкон аст, ки бо истифода аз технологияи муосир ва устодони ботаҷриба кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон савияи дониши худро баланд бардоранд. Дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» бо иштироки Президенти кишвар коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ, ки маҳсулоташ дар бозори ҷаҳонӣ харидори бешумор дорад, ба кор даромад. Ин тадбири муҳим дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Сарвари давлат доир ба эҳё намудани истеҳсолоти хонагии занону духтарон, ҳунарҳои миллии дастӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, кам намудани сафи занони муҳоҷир, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманду хонашин амалӣ шуда, боиси шодию нишоти шавқмандони соҳа гардид. Барои бо сифати баланд истеҳсол намудан ва минбаъд ба аҳолӣ ва хориҷи кишвар содир намудани адраси дастибоф 7 мутахассиси соҳибтаҷриба аз ноҳияи Рӯдакӣ даъват шудаанд, ки давоми 2 моҳ ба занону духтарони вилоят касби адрасбофии дастиро меомӯзонанд. Тибқи нақшаи роҳбарияти корхона марҳила ба марҳила ин намуди ҳунари мардумӣ дар ноҳияҳо, деҳот ва хонаҳо низ амалӣ хоҳад шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Хуҷанд ширкат кард. Сарвари давлат аз фаровонии маҳсулоти асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лӯбиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ аст, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол ба сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб қудрати содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад. Инчунин, қайд гардид, ки Тоҷикистон метавонад дар бозори ҷаҳонии асал ва меваю сабзавот, аз ҷумла, бо зардолу ва олуи сиёҳи хушк, мавизи кишмиш, харбуза, ангур, помидору бодиринг, пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгоҳи намоён дошта бошад. Дар анҷоми сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилоят машварати корӣ доир намуд. Зикр гардид, солҳои охир дар вилояти Суғд садҳо иншооту корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, ҳазорҳо гектар боғу токзори нав бунёд ва шаҳру ноҳияҳо тадриҷан ободу зебо мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо вуҷуди афзоиши ҳаҷми маҷмӯи умумии маҳсулот дар вилоят ҳиссаи истеҳсоли мол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дар вилоят дар ин давра 72 корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ кардааст. Барои ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур гирифтанд, ки якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияи нав ва Агентии омор масъалаи зикршударо мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, аз натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат гузориши муфассал пешниҳод намоянд.


ҲАМКОРӢ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Эрон Ҳафтаи равон дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид. Дар он 44 нафар соҳибкори эронӣ ва зиёда аз 60 нафар соҳибкори тоҷик ширкат варзиданд.

Парвози андалебон дар фазои санъат Бо ташаббуси Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, вобаста ба иҷрои “Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2015” ба ифтихори 23-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ аз моҳи март то охири августи соли равон бо иштироки ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2014” баргузор гардид. Аз 4 то 9 августи соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи ҳунарии ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Қумсангир, Қӯрғонтеппа, Рашт, Хуҷанд, Фархор, Роштқалъа, Сино, Кӯлоб, Ҳисор, Шуғнон, Зафаробод, Тоҷикобод, Ваҳдат пешкаш гардид. Қабл аз оғози чорабиниҳо аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои мазкур намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон, аз ҷониби муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанг намоиш-фурӯши китобҳои то-

занашр ба маъраз гузошта шуд. Тибқи хулосаи ҳакамон шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Ҳисор ва Сино, ки 119,8 хол ба даст оварданд, сазовори ҷойи аввал шуданд. Ноҳияҳои Тоҷикобод (119,7 хол), Зафаробод (119,6) ва Фархор (119,1) ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд. Шаҳри Хуҷанд (119), ноҳияи Шуғнон (118,8) ва шаҳри Кӯлоб (118,7) сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибон аз ҷониби Вазорати фарҳанг мукофотҳои пулӣ тақдим гардида, инчунин, ба 14 шаҳру ноҳияе, ки иштирокчии даври хотимавии озмун буданд,

диплом, телевизор ва китобҳои тозанашр тақдим гардид. Ҳамчунин, аз ҷониби вазоратҳои кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ширкатҳои “Рухом” ва “Ёқут-2000” ба ширкаткунандагон туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Маросими ҷамъбаст ва гулчини барномаҳои ҳунарии фестивал-озмун 20 август доир гардид.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, ба роҳ мондани ҳамкориҳои бештарро таманно кард. - Имрӯз дар Тоҷикистон барои сармоягузорон фазои хеле мусоид муҳайё карда шудааст, – гуфт Шариф Саид. – Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои ҳар ду кишвар инҳоянд: гидроэнергетика, саноати маъдан, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, саноати сабук, хӯрокворӣ, соҳаи кишоварзӣ (чорводорӣ, моҳипарварӣ, парандапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, тухмипарварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ), сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ва хонаҳои

иқтисодӣ кӯшиши бештар намоянд. Баргузории ин гуна ҳамоишҳо сабаби имзошавии тафоҳумномаву созишнома ва шартномаҳои нави ҳамкорӣ мегарданд. - Бояд мо мушкилоти қаблан мавҷударо бо кӯшиши тарафайн рафъ созем, – гуфт Ғуломҳусейн Шофеӣ. – Бояд соҳибкорони тоҷик низ аз Эрон дидан карда, бо фаъолияти ҳамтоёни эронии худ ошно шаванд. Дар он сурат дарк хоҳанд кард, ки ончи дар бораи Эрон мешуниданд, аз ончи мебинанд, фарқ мекунад. Вакили парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳандис Неъматӣ баргузории ҳамоишро боз як қадаме дар густариши робитаҳои ду

баландошёна, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, соҳаи тандурустӣ (гиёҳҳои шифобахш), соҳаи маориф, инфрасохтори сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби устодони қолинбофӣ ва пайдо намудани бозор барои онҳо. Шариф Саид ба меҳмонон дар бораи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ маълумот дода, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳури Исломии Эрон Ғуломҳусейн Шофеӣ таъкид намуд, ки роҳбарияти ду кишвари ҳамзабон алоқаманди рушди робитаҳои иқтисодӣ ҳастанд. Бояд бахшҳои соҳибкории Тоҷикистону Эрон низ барои густариши ҳамкориҳои

кишвари дӯсту ҳамфарҳанг шуморида гуфт: “Тоҷир ба ҷое пой мегузорад, ки дар он суд бошад. Агар тоҷирон барои лоиҳае сармоя гузоштанду муваффақ нашуданд, аз ин ҳар ду кишвар бой медиҳанд. Чаро баъзе аз соҳибкорони мо то ин дам муваффақ нашуданд? Агар утоқҳои тиҷоратӣ, сафорат ё вазоратҳо муқассиранд, бояд барои ҳалли мушкилот кӯмак расонанд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳисоби вакилони парлумон “Кумитаи 76” таъсис дода шудааст, ки мушкилоти сармоягузориро муайян намуда, ба соҳибкорон кӯмак мерасонад.

3 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

ФАРҲАНГ

Д. НАЗАРВАЛИЗОДА

ДУ ХАБАР АЗ ЯК НОҲИЯ

Орзуи дерин амалӣ мешавад Хушбахтона, бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ орзуи дерини кенҷаободиҳо имсол амалӣ мешавад. Ду ҳафта пеш раиси ноҳия Каримиён Имомназар бо як ҳайати баландпоя барои гузоштани хишти аввали мактаби ибтидоӣ меҳмони сокинони ин деҳа шуданд. Раиси ноҳия иброз дошт, ки мактаб дар оянда наслҳои соҳибсаводу соҳибхирадро таълиму тарбия хоҳад намуд, то номбардори давлат бошанд. Сохтмони ин мактабро бо маблағи як миллион сомонӣ соҳибкори саховатпеша Ҷамшед Ғафуров, ки муқими Русия мебошад, роҳандозӣ намуд. Субҳиддин Ғафуров бародари Ҷамшед, ки назорати корҳои сохтмониро бар дӯш дорад ва раиси маҳаллаи Кенҷаобод Сайфиддин Табаров суръати корҳои сохтмониро метезонанд, то ҳарчи зудтар мактабро ба истифода диҳанд .

Р. НАЗИР

Бунёди мактаби нав Дар арафаи соли нави таҳсил дар деҳаи Фатҳободи деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод мактаби нави таҳсилоти асосӣ дари худро ба рӯйи хонандагон боз намуд, ки он аз ҷониби Сафароати Ҷопон дар Тоҷикистон ба маблағи 155 ҳазор доллар бунёд ёфтааст. Таълимгоҳи нав 150 нафар хонандаро ба таҳсил фаро гирифта, бо тамоми шароит муҳайёст. Синфхонаҳояш бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти таълимӣ пурра ҷиҳозонида шудаанд. Ҳамчунин, мактаб барои зимистонгузаронӣ бо ангишт ва ҳезум аллакай пурра таъмин аст.

Ҳокими САФАР

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Солҳост, ки мактаббачаҳои деҳаи Кенҷаободи ноҳияи Файзобод масофаи зиёдро пойи пиёда тай намуда, барои дарсхонӣ ба деҳаи ҳамсоя мераванд. Сокинони деҳа аз замони шуравӣ ин масъаларо борҳо назди масъулин гузоштанд, аммо ҳалли худро намеёфт.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

4

МУШКИЛИ ТИБ

САТРҲОИ МИННАТДОРӢ

Сухан ва муомилаи хуш низ як тарзи табобат аст

Дари майхона равам, зиндагӣ маҷбурам кард Саломатӣ гавҳари ноёби инсоният аст. Ҷомеаи солим ободии давлат мебошад. Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар қатори бисёр давлатҳои рӯ ба тараққӣ рушд ёфта истодааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ дорад. Солҳои охир дар марказ ва навоҳии ҷумҳурӣ садҳо беморхона ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Саволе ба миён меояд, ки баъзе аз табибони мо ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустиро қадр намекунанд. Афроде, ки пушти дари табибон гардан каҷ мекунанд, маҷбуранд, зеро саломатиашон хуб нест. Ба доди онҳо расида, барояшон маслиҳатҳои муфид додан лозим. Дар сатҳе, ки доираи ҳурматашон баҷо бошад. Чанде пеш бо як шиносам, ки тифли хурдсол дошт, ба Бемористони Қарияи Боло рафтем. Аз

ҷавоне, ки дар даҳлези бино нишаста буд, духтури асабшиносро пурсидем. Гуфт: “Духтури 7-сомона ё 20-сомона?”. Аксари мардум роҳхати 20-сомонӣ мегирифтанд. Мо ҳам ба қабули духтури “бақувват” қоғазча гирифтем. Пушти дари духтури бемориҳои асаб, ки дар ошёнаи якум ҷойгир аст, зиёда аз 25 нафар интизор буданд. Ҳамширае дар пушти дар меистод ва касеро, ки мехост ба назди духтур медаровард. Баъзе аз беморон илтимос мекарданд, ки онҳоро бо ягон воситае иҷозат диҳад, то назди духтур дароянд. Албатта, ҳамшира имкони ҳамаи онҳоро якбора ба пеши духтур даровардан надошт, аммо метавонист мизоҷонро номнавис кунад, то бо навбат назди духтур дароянд. Ҳар гоҳ рӯяшро турш карда, дарро беэҳтиромона ба рӯи беморон мепӯшид. Дар симои ин ҳамшираи шафқат меҳру шафқат набуд. Пиразани 75-солае бо дасту пойи ларзон хеле интизор шуд. Ӯро ба пушти дар оварда, зора карданд, ки аввал дарояд ё як курсӣ диҳанд, то нишинад. “Не, ман ин хел ҳақ надорам” - гуфта, ҳамшира дарро сахт пӯшид. Шояд духтур М. Шукуров аз рафтори ҳамшираи пушти дараш бехабар буд. Аз чашмони

пиразан ашк мерехт. Оё аз маблағи ҷудошуда ё аз ҳисби мизоҷон имкони харидани чанд курсӣ набуд, то ақаллан бемороне, ки имкони рост истодан надоранд, нишаста, интизорӣ кашанд? Магар ҳурмати пиронсолонро то ҳамин андоза ба ҷо меорем? Аз дидани ин ҳодиса сахт андӯҳгин шуда, аз бино баромаданӣ шудем. Охир, назди духтур фақат одамон бо ишорати ҳамшира медаромаданд... Аз ҷавони дар қабулгоҳ нишаста хоҳиш намудем, то чекро гираду пуламонро диҳад, зеро назди духтур надаромадем. Ҷавон гуфт, “Интизор шавед, маблағ бозпас гардонида намешавад”. Ман ҳам асабӣ шуда, аз доираи қонун баромаданашонро фаҳмондам. Ӯ бо дили нохоҳам маблағамонро дода, чекро гирифт. Шояд ин гуна ҳодисаҳо дар беморхонаҳо зиёд рух диҳанд, аммо табибон бояд қоидаи қабули беморонро ба ҷо оваранд. Аз ҳама аламовар он буд, ки вақте мо аз дар берун мешудем, дар роҳрави беморхона ҳамон модари бузург аз ҳуш мерафт.

Чанд муддат саломатиам бад шуд. Ноилоҷ ба маркази саломатии рақами 1, ки дар маҳалли зистамон воқеъ аст, рафтам. Духтурон ба ман дорую дармон фармуда, таъкид намуданд, ки пас аз истеъмол дубора наздашон равам. Мувофиқи фармудаи онҳо доруҳои лозимаро дастрас ва истеъмол намудам. Вазъи саломатиам хеле беҳ шуд. Тавре духтурон фармуда буданд, дубора ба қабули онҳо рафтам. Вазъи саломатиамро санҷида, дорую мармони нав фармуданд. Боз таъкид намуданд, ки пас аз истеъмоли доруворӣ ба қабулашон ҳозир шавам. Чун дафъаи пешина пас аз истеъмоли доруворӣ, ҳарчанд вазъи саломатиам пурра барқарор гардид, боз наздашон рафтам. Чун дафъаи гузашта саломатиамро ташхис намуда, бовар ҳосил намуданд, ки пурра шифо ёфтаам ва дигар ба истеъмоли доруворӣ ҳам эҳтиёҷ надорам. Танҳо таъкид намуданд, ки саломатиамро эҳтиёт намоям. Рости гап, чанд муддат, ки бо табибон сарукор доштам, аз муомилаи хуши эшон хеле мамнун гардидам. Сарварии маркази мазкурро духтури ҳозиқ Гулхумор Амирова ба зимма дорад. Муомилаи хуш бо ҳамкорон ва корафтодагон ӯро соҳибэҳтиром намудааст. Чунин суханони некро дар ҳаққи мудири шуъба Махфират Сангинова низ метавон гуфт. Маҳз Махфират Сангинова табобати маро ба уҳда дошт. На танҳо бо дорую дармон, балки бо муомилаи хуш ва суханҳои нек баҳри шифоёбии ман кӯмак расонд. Ҳамчунин, муомилаи хуби ҳамшираи шафқат Марҷона низ ба ман писанд афтод. Мегӯянд, ки муомилаи нек ва сухани хуш низ як воситаи табобат аст. Маҳз чунин рафторро ҳангоми муроҷиат дар маркази тибии рақами 1-и пойтахт, аз ҷониби табибони дар боло номбаршуда мушоҳида намудам. Бинобар ин, аз тариқи рӯзномаи дӯстдоштаи ҷавонон ба эшон комёбиҳо орзу намуда, хоҳони онам, ки дар ҳифзи саломатии мардум доимо омода бошанд.

Дилрабо НАЗАРВАЛИЗОДА

Зайнаб САИДОВА, сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт

ТАЪРИХИ ТИБ

Нахустин беморхонаи хонигарии Бухоро дар Душанбе бунёд ёфтааст e-mail: javonontj@mail.ru

Ҳар сол дар мамлакат даҳҳо нуқтаи тиббӣ сохта шуда, беморхонаҳо бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мешаванд. Дастрасие, ки мардум имрӯз ба соҳаи тандурустӣ доранд, дар ягон давру замон набуд. Ҳафтаи гузашта дар ҳафтаномаи “Азия плюс” бознашри мақолаеро аз сомонаи интернетӣ хондам, ки хеле аҷиб буд. Соли 1889 дар мавзеи Анзоб эпидемияи вабо сар мезанад. Аҳолии деҳаҳои гирду атрофи Анзоб аз ин беморӣ мефавтиданд. Ҳокимони бекигарии Ҳисор ба ҳукуматдорони Русия барои расонидани кӯмак муроҷиат карданд. Барои муайян кардани ҳолат аз шаҳри Самарқанд духтури рус Афрамовичро ба Анзоб фиристоданд. Ӯ вақте натиҷаи таҳлилу ҳисоботашро ба Самарқанд овард, ҳукуматдорони рус тасмим гирифанд, ки таввасути карантин, яъне, манъи рафтуомад ба мавзеи Анзоб пеши паҳншавии эпидемияро бигиранд. Тирамоҳи соли 1909 амири Бухоро ба генерал-губернатори Туркистон муроҷиат

карда, хоҳиш намуд, ки дар хонигарии Бухоро беморхона сохта, онро бо мутахассисони соҳа таъмин намоянд. Қарор дода шуд, ки нахустин беморхона дар хонигарии Бухоро дар водии Ҳисор сохта шавад. Вақте комиссия ба маркази бекигарӣ – қалъаи Ҳисор омад, мавқеи ҷуғрофии онро барои бунёди беморхона қобили қабул нашуморид. Дар ҳисоботи комиссия чунин таъкид шуд: “Шаҳр дар наздикии доманакӯҳ ҷой гирифта, атрофашро шолизор ва қамишзор иҳота намудааст. Ба гуфтаи сокинони шаҳр (Ҳисор) аксари онҳо аз табларза азият мекашанд.” Аз ин рӯ, қарор шуд, ки беморхона дар деҳаи Душанбе сохта шавад. Било-

хира, ҷое, ки то ба наздикиҳо беморхонаи шаҳрии №1 (ҳоло қисмати ҷанубии Боғи Рӯдакӣ) воқеъ буд, барои сохтани нахустин беморхона дар хонигарии Бухоро интихоб шуд. Беморхона бо маблағи хайрияи мардуми Русия бунёд гардид. Хишти нахустинро соли 1912 гузоштанд. Соли 1915 аз Тирмиз бо аспу шутур ба Душанбе таҷҳизоти тиббӣ оварданд. Дар сохтмони беморхона аҳолии таҳҷоӣ ба низомиёни рус фаъолона кӯмак расониданд. Мутаассифона, бо сабаби сар задани Ҷанги якуми ҷаҳон духтурони рус натавонистанд қабули беморонро ба роҳ монанд.

Танҳо баъди барқарор шудани Ҳокимияти Шӯравӣ қабули беморон дар ин беморхона ба роҳ монда шуд. Он вақт беморхонаи мазкур, ҳамчунин, ба ҳайси маркази гарнизони муҳофизат аз босмачиҳо хизмат мекард. Соли 1938 дар пойтахти мамлакат Донишкадаи давлатии тиббӣ таъсис ёфт, ки дар даврони шӯравӣ бо мутахассисони олидараҷааш машҳур буд.

Фароҳамсоз С. СУННАТӢ, “ҶТ”


Якҷо бо ҳамсолон ба ягон маъракаи деҳ мерафт, ба ӯ гӯшрас мекарданд, ки падараш бехабар аз одаму олам дар кунҷе масту аласт хоб аст. Ӯро бояд гирифта ба манзилашон барад. Аксар вақт гирифтори таънаю маломати ҳамсолону атрофиён мегардид. «Бачаи пиёниска», гӯён мазоҳу масхарааш мекарданд. Муомилаи дуруст як тараф, ҳатто одам намешумурданд. Аз чунин рафтору гуфтор сахт аламаш мекард. Дар гӯшаи хилват ашк мерехт. Ашки талх, лек илоҷ надошт. Намедонист ба кӣ дардашро гӯяд. Ягон дӯсти роздон надошт. Ягона дилбардор модараш буд. То ҷое метавонист оромаш мекард. Насиҳат мекард, то ин ки рӯҳафтода нашавад. «Писарам, ту бояд нағз хонӣ. Кӯшиш кун, то ба ягон мактаби олӣ дохил шавӣ. Он вақт муносибати ҳама бо ту дигар мешавад», - таъкид мекард модар. Корд замоне ба устухон расид, ки яке аз хешдухтарон ҳамроҳи модар барои меҳмонӣ хонаашон омад. Дар омади гап модарон изҳор доштанд, ки оянда ҳар ду ҷуфти муносиб хоҳанд шуд. Хешдухтар гуфтугӯи модаронро шунида, бо тамасхур ҷонибаш нигоҳ афканд. Рӯирост бо истеҳзо гуфт: «Ҳамсари бачаи одами майзада шавам? Нее, ҳаргиз!» Пас, дар дил аҳд кард, гуфтаҳои модарашро ба инобат мегираду мехонад. Аз таҳти дил. Синфи нуҳумро дар мактаби деҳ хатм карду ба пойтахт омад. Дар хонаи яке аз хешовандон зист. Ду соли охирро дар яке аз макотиби шаҳр бо баҳои хубу аъло хонда, ба итмом расонд. Аз худ, ки боварӣ дошт, хост таҳсилро дар яке аз макотиби олии берун аз кишвар идома диҳад. Имтиҳонҳои дохилшавиро бомуваффақият супурда, ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Астрахани кишвари Русия роҳхат гирифт. Ин соли 2011 буд. Некқадам Саидов акнун чанд сол мешавад, ки донишҷӯи ин мактаби олии кишвари рус буда, аз рӯйи ихтисоси бонки ҷаҳонӣ ва идоракунӣ таҳсил мекунад. На танҳо таҳсил, ҳамчунин, дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ

ширкати фаъолона дорад. Ӯ на танҳо донишҷӯ, инчунин, варзишгар, ташкилотчии чорабиниҳои гуногун маҳсуб меёбад. Ҳарчанд айёми бачагию наврасиаш душвор мегузашт, аммо ба варзиш шавқи беандоза дошт. Ҳини дар пойтахт таҳсил намудан дар мусобиқаҳои футбол ба сифати дарвозабон пайваста ширкат мекард. Ҳунари хубаш имкон дод, дар мусобиқаи ҷумҳуриявии мактаббачагон «Тӯби чармин - 2008» ширкат варзида, дарвозабони беҳтарин ҳисобида шавад. Дар Астрахан низ ба ҳайси дарвозабон шарафи донишгоҳро

ҷавон, ки дар Донишгоҳи давлатии молиявии Урали шаҳри Екатеринбург баргузор шуд, ширкат варзид. Некқадам назди устодони донишҷӯёни сершумор бо маърӯза баромад кард ва бо ифтихорномаю сипоснома қадрдонӣ шуд. - Маро ба маркази фарҳангию маърифатии «Этномир», ки дар вилояти Маскав ҷойгир аст, даъват намуданд, - ба нақлаш идома дод Некқадам Саидов. - Он ҷо донишҷӯён, мутахассисони соҳаҳои гуногун, коршиносон ва ғайра гирд омаданд. Мебоист вобаста ба нақши тамаддунҳои гуногун дар пешрафти инсоният суҳбату мубоҳисаҳо сурат ме-

манфӣ гирифтааст. Нафароне, ки даврони шӯравӣ макотиби олии кишварро хатм кардаанд, дар Русия аксар аз рӯйи ихтисос кору фаъолият доранд. Маълум, ки дониши хуб доранд. Бисёр ҷавононе, ки ҳоло ба муҳоҷират мераванд, низ соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Лекин дониши хуб надошта, забони русӣ барояшон қариб, ки ноошност. Корашон дар муҳоҷират аробакашию кӯчарӯбист. Илова бар он, дар мулки бегона рафтори дуруст, одоби хуб надошта, ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда наметавонанд. Сарчашмаи дар аксар шаҳрҳои Русия беқадрии ҳамватанон маҳз аз ин ҷост.

ҳимоя мекунад. Маҳз ширкат дар корҳои варзишии донишгоҳ боис гашт, соҳиби се медал гардад. Аз ҷумла, медале, ки соли равон дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми «Дӯстии халқҳо», ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи шаҳр баргузор шуд, ба даст овард, барояш азиз аст. - Астрахан шаҳрест, ки он ҷо дар донишгоҳ на танҳо шаҳрвандони Русия, балки аз аксар кишварҳои олам донишҷӯён таҳсил доранд, - нақл кард Некқадам Саидов зимни суҳбат. – Танҳо аз Тоҷикистони офтобии мо 55 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Муносибати роҳбарияти донишгоҳ, мақомоти иҷроияи шаҳр бо донишҷӯёни хориҷӣ хеле хуб буда, баҳри таҳсил тамоми шароит муҳайёст. Мекӯшанд байни донишҷӯёни маҳаллӣ ва хориҷӣ дӯстию рафоқат вуҷуд дошта бошад. Баргузории Ҷоми «Дӯстии ҳалқҳо» доир ба футболи хурд маҳз ба ин хотир буд. Азбаски мақсади асосии ӯ омӯхтани илм ва касбу ҳунар аст, саъй дорад, дар донишандӯзӣ ҳам доимо пешсаф бошад. Аз ин рӯ, фанҳои таълимиро хуб аз бар намуда, чун донишҷӯи аълохон дар чорабиниҳои байни макотиби олии Русия доиршуда низ ширкат варзидааст. Масалан, Некқадам дар мавзӯи «Нусхагирии панҷаҳо, чун маҷмӯи навоварии рухсатномаҳо» лоиҳа омода намуд. Ин лоиҳа дар ҳамоиши умумирусиягии донишҷӯён аз ҷониби устодони макотиби олии ин кишвар сазовори баҳои баланд гардида, яке аз беҳтаринҳо дониста шуд. Ҳамчун намояндаи Донишгоҳи давлатии Астрахан соли равон дар Кунгураи молиячиёни

гирифт. Иштирокчиён аз кору бор, рӯзгор ва намояндаи кадом миллат будани якдигар пурсон мешуданд. Чун донистанд, ки тоҷикам, гӯё махав бошам, ҳама аз ман гурезон шуданд. Мувофиқи тартиби муайянгардида, пасон назди ҳозирин бо маърӯза баромад намудам. Иштирокчиён онро бо шавқ шуниданд. Ду нафар русдухтар, ки аз афташ донишҷӯ буданд, баъди анҷоми маърӯза омада гарданамро оғӯш гирифтанд. Ашкрезон узр пурсиданд. Имрӯз мафҳуми тоҷик дар тафаккури мардуми рус бо айби баъзе аз ҳаммилатҳои худамон як симои

Аз Некқадам Саидов оид ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Астрахан пурсон шудам. Тавре ӯ нақл кард, дар он ҷо Созмони ҷамъиятии ҳамкорӣ ва ҳимояи ҳукуқу манфиатҳои тоҷикон бо номи «Помир» фаъолият дорад. Роҳбариашро полковники мустаъфӣ Ҷумъа Воҳидов ба уҳда дошта, Некқадам муовини ӯ мебошад. Ҳамчунин, созмони ҷамъиятии рушд ва нигоҳдошти фарҳанги аққалиятҳои миллии «Душанбегиҳо» амал мекунад, ки дар он низ Некқадам муовини раис аст. - Бисёр мешунавем ва мехонем, ки дар дигар шаҳрҳои рус

Ҷавоне бо иродаи қавӣ

вазъи ҳамватанони мо чандон хуб нест, - мегӯяд Некқадам. – Шукр, ки дар вилояти Астрахан чунин ҳолат ҷо надорад. Ҳама тоҷиконе, ки ин ҷо зист доранд, машғули кор ва фарогири таҳсиланд. Муносибати мардуми таҳҷо, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва ҳифзи ҳуқуқ хеле хуб аст. Ҳамчунин, созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон бо ҳамватанон робитаи зич барқарор намуда, мекӯшанд қоидаҳои будубошро пурра риоя карда, ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳанд. Натиҷаи чунин робитаи зич аст, ки дар чорабиниҳои ташкилнамудаи созмонҳо, ҳамватанони мо фаъолона ширкат меварзанд. Масалан, дар ташкил ва гузарондани иди Наврӯзи имсола тамоми тоҷикони вилоят ҳузур доштанд. Илова бар он, мо ба ин ҷашни миллии хеш сокинони таҳҷо ва дигар миллатҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллиро даъват намудем. Ҳама хушу хурсандона зери садои мусиқии форами тоҷикӣ рақсиданд. Ҳузури намояндагони миллат-ҳои гуногунро дар вилоят ҳис намуда, мақомот соли равон Фестивали байналмилалии сару либоси мардумии «Услуби халқӣ»-ро ташкил намуд. Дар он тоҷикон ҳам фаъолона ширкат намуда, ба гирифтани диплому ифтирхономаҳо ноил шуданд. Умуман, ба дастовардҳои Некқадам Саидов - роҳбари ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷики шаҳри Астрахан дар ҷодаи таҳсил ва фаъолият дар корҳои ҷамъиятӣ нигариста, метавон пай бурд, ки ин ҷавони тоҷик дар мулки бегона чун номбардори миллат комёбиҳои назаррасро ноил шудааст. Зиёда аз 50 ифтихорномаю сипоснома аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ, шаҳрдории Астрахан, Вазорати маориф ва илми Русия ва дигар макотиби олӣ ба ӯ дар рафти таҳсил тақдим гардидааст. Имсол падараш ба аёдати ӯ рафт. Аз дастовардҳои писар воқиф гардида, ашк рехт ва аз ӯ узр пурсид. Аз он ки барои таълиму тарбияи писар ягон шароите фароҳам наовардааст. Рафтори писар барои падар намуна шуд. Аз нӯшидан тамоман даст кашид. Ҳоло мекӯшад, ба аҳли байт нафъаш расад. Некқадам ҳангоми таътили тобистона чанд муддат дар Ватан ҳузур дошт. Ба зодгоҳаш Файзобод рафт. Нигоҳу рафтори ҳамсолон акнун дигар шудааст. Дигар касе ҷонибаш на бо тамасхур, балки бо эҳтиром назар мекунанд. Ҳатто хешдухтари замоне ӯро истеҳзо намуда, аз карда пушаймон аст. Ӯ низ дигар шудааст. Ҳоло саъй дорад мактаби олиро хубу аъло хатм намуда, ба диёр баргардад ва ба нафъи халқу Ватан хизмат намояд.

Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Айёми бачагию наврасии ӯ хеле душвор паси сар шуд. То ҳаде ки гузашти онро эҳсос накард ва бардошти нек ҳам дар лавҳи хотир натавонист ҷо созад. Ба ин ҳама падар сабаб гардид. Чунки марди майзада буд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

5

АЗ ҲАЁТИ ДОНИШҶӮЁН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

6

СИЁСАТИ ҶАҲОН

Чанд рӯз пеш Ҷумҳурии Исломии Покистон 68-солагии истиқлолияташро ҷашн гирифт. Ҳарчанд Покистон тавассути муборизаҳои сиёсӣ бо роҳи сулҳҷӯёна таъсис ёфта бошад ҳам, баҳри ҳифзи соҳибистиқлолӣ қурбониҳои зиёде додааст. Баъд аз воқеаҳои сентябри соли 2001 Покистон аз лиҳози талафоти моддию ҷонӣ дар ҷанги муқобили терроризм зарари зиёд дид. Пас аз вуруди нерӯҳои низомии Амрико ба Афғонистон Минтақаи федералии қабиланишин (ҒАТА), махсусан, Вазиристони Шимолӣ ва Ҷанубӣ паноҳгоҳи ҷангиёни гурезаи афғону хориҷӣ гардид. Гурезаҳо дар ҳудуди Покистон гурӯҳҳои муташаккили низомӣ таъсис дода, ба фаъолияти террористӣ машғул мешуданд. Ҳамаи онҳоро дар маҷмуъ “Толибон” меноманд, ҳарчанд ки ҳадафу мақсади онҳо аз толибони афғон фарқ мекунад. Декабри соли 2007, тақрибан 13 нафар ҷангии зери роҳбарии Байтуллоҳ Меҳсуд гирдомада, “Таҳрики Толибони Покистон”-ро таъсис доданд. Соли 2008 фаъолияти он бо роҳбарии Мавлоно Фазлуллоҳ мамнуъ эълон гардид. “Таҳрики Толибони Покистон” ба муқобили давлати Покистон ҷанг эълон карда, риояи қонунҳои шаръ дар умури давлатдорӣ ва муттаҳидӣ дар мубориза бар зидди нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро ба миён гузошт. Ин ҷангиён ноҳияҳои қабилавии Вазиристони Шимолӣ ва Ҷанубиро ҳамчун базаи низомӣ ба

Покистон - дар ҷустуҷӯи сулҳ муқобили давлати Покистон истифода бурданд. Ба воситаи истифодабарии худкушҳо ва амалиёти террористӣ ҳазорон нафар корманди мақомоти ҳифзи тартибот ва аҳолии осоиштаи Покистон ба ҳалокат расиданд. Онҳо ҳаёти аксар сокинони минтақаҳои қабиланишинро фалаҷ сохта, ба мардуми сулҳдӯсту ватанпарвари муқимӣ фишор меоварданд. Бинобар ин, соли 2009 нерӯҳои давлатӣ ба муқобили толибон дар Вазиристони Ҷанубӣ ва водии Сват амалиёти васеъ гузарониданд. Ҳукумати Покистон борҳо пешниҳод намуд, ки омода аст бо ҷангиёни силоҳашонро ихтиёрӣ супурда музокирот кунад. Сарвазири Покистон Навоз Шариф низ борҳо омодаи гуфтугӯи мусолиматомез бо Толибон буданашро изҳор намуд. Нахустин даври музокирот 26 марти соли ҷорӣ дар Исломо-

бод баргузор шуд. Намояндагон зимни музокирот пешниҳод намуданд, ки қонунҳои шариат риоя шавад. Ҷониби ҳукуматӣ аз Толибон риояи оташбасро талаб намуда, пешниҳод кард, ки музокирот бояд дар доираи Қонуни асосии Покистон сурат гирад. Вагарна, ҳукумат ба амалиёти густурдаи зидди ҷангиён иқдом хоҳад кард. Бинобар риоя накардани оташбас аз ҷониби ҷангиён нерӯҳои ҳукуматӣ зидди гурӯҳҳои зери итоати Шаҳриёр Меҳсуд ва “Таҳрики Толибони Покистон” бо роҳбарии Саид Саҷна амалиёти калонмиқёсро шуруъ намуд. Аз охирҳои моҳи март то ин дам зиёда аз 90 нафар ҷангии гурӯҳҳои мазкур кушта шуданд. Гуфтугӯи мусолиматомез баъди ҳамлаи террористӣ ба фурудгоҳи Карочӣ (8 июни соли равон) қатъ гардид. Масъулияти ин ҳамларо Толибон ва

Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба ӯҳда гирифтанд. Дар ин ҳамла 26 нафар, аз ҷумла, кормандони хадамоти амниятӣ ба ҳалокат расиданд. Дар натиҷа, артиши Покистон ба муқобили ҷангиён амалиёти густурдаи “Зарби Азб”-ро эълон намуд. Ин амалиёт 15 июл шуруъ гардида, ба муқобили “Таҳрики Толибони Покистон”, “Ал Қоида”, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ҷангиёни шабакаи Ҳаққонӣ нигаронида шудааст. Маънии “Зарби Азб” зарбаи буранда мебошад. Инчунин, “Азб” номи шамшери ҳазрати Муҳаммад (с) аст, ки дар ғазваҳои Бадр ва Уҳуд ба муқобили мушрикон истифода бурда буданд. Амалиёти мазкур, ки дар он қариб 30 ҳазор низомиёни ҳукуматӣ ширкат варзиданд, аз ҷониби доираҳои сиёсӣ, низомӣ ва ҷамъиятии Покистон ҳамовозӣ пайдо кард. Шӯрои уламои По-

кистон ва Шӯрои идеологияи исломии Покистон фатво содир намуда, амалиёти “Зарби Азб”ро ҳамчун мубориза бар зидди терроризм дастгирӣ намуданд. Нерӯҳои ҳавоии Покистон ба базаҳои ҷангиён ҳамла оварда, нерӯҳои заминӣ ҷангиёнро дар шаҳрҳои Миралӣ ва Мироншоҳ иҳота намуданд. Зимни амалиёти бобарор қумандони нерӯҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, яке аз масъулони ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ Абу Абдураҳмон Алманӣ ҳалок шуд. Танҳо дар се рӯзи амалиёт нерӯҳои ҳукуматӣ 40 дарсади Вазиристони Шимолиро аз ҷангиён озод намуданд. Ба нерӯҳои давлатии Афғонистон пешниҳод шуд, ки ба вуруди ҷангиёни гуреза дар вилоятҳои Кунар, Нуристон ва ғайра мамониат кунанд. Аз 27 июли соли ҷорӣ то ин дам зимни давраи дуюми амалиёти “Зарби Азб” 570 нафар ҷангӣ кушта шуда, 98 паноҳгоҳи онҳо, 3 корхонаи силоҳбарорӣ, миқдори зиёди техникаву аслиҳаи ҷангиён нобуд гардид. Аслиҳаи аз террористон ғанимат гирифташуда барои намояндагони расонаҳои хабарии кишварҳои гуногун дар шаҳри Мироншоҳ ба намоиш гузошта шуд. Яке аз пешвоёни Толибон Аднон Рашид, муфтӣ Зубайр Марват ва ду мухолифи ӯ дар ин амалиёти бобарор асир афтоданд. Бо сабаби норомиҳо зиёда аз 900000 нафар мардуми осоишта аз мавзеъҳои иқоматашон кӯч бастанд. Ҳукумати Покистон гурезаҳоро бо маҳсулоти зарурӣ, аз қабили хӯрокворӣ ва васоити шӯяндагӣ таъмин мекунад. Бо ин мақсад 8 миллиард рупия ҷудо шудааст, ки тадриҷан ба мардум расонида мешавад.

С. АМИНИЁН, “ҶТ”

АМНИЯТ

Оғози размоишҳои “Рисолати сулҳ – 2014” дар Чин

e-mail: javonontj@mail.ru

Дар пойгоҳи Чжужихэи Чин (ноҳияи мухтори Муғулистони Дохилӣ) густардатарин размоиши кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай шурӯъ шуд. Дар машқҳои ҳарбии зиддитеррористии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай наздик ба 7 000 сарбозу афсар аз Чину Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Ҳарчанд Ӯзбекистон низ узви ин эътилоф аст, аз ширкат дар тамринҳои ҳарбии 24-29 августи соли равон худдорӣ намудааст. Аз кишвари мо дар ин размоишҳо 200, Қазоқистон 300, Қирғизистон 500, Русия зиёда аз 1000 ва Чин наздик ба 5000 сарбозу афсар ширкат доранд. Аммо техникаи ҳарбӣ, асосан, аз Чин ва Русия аст. Ҳадафи тамринҳо таҳкими ҳамоҳангии кишварҳои узв дар мубориза бо терроризм, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ унвон шудааст. Қатъномаи соли 2002-и СҲШ ин се зуҳуротро душмани асосии худ номидааст. Бино бар тарҳи тамринҳо нерӯҳои панҷ кишвар дар шароите ҳамкорӣ хоҳанд кард, ки террористон қисме аз қаламрави яке

аз кишварҳои узвро ишғол кардаанд ё ҳокимиятро дар яке аз ин мамолик ба даст гирифтаанд. Ба ҷараёни размоиш муовини сардори ситоди Артиши миллии озодихоҳи Чин Ван Нин фармондеҳӣ мекунад ва дар онҳо аз нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва ҷузъу томҳои муборизаи радиоэлектронӣ истифода мешавад. Барои баргузории ин тамринҳо дар пойгоҳи Чжужихэ шаҳраке сохта шуда, бахши умдаи «ҷанг» дар шароити шаҳр ҷараён мегирад. Аз замони таъсиси СҲШ дар соли 2001 чандин машқи ҳарбии муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узв баргузор гаштааст, вале ин тамрин густардатарини онҳо ба шумор меравад. Зимни размоиши «Рисолати сулҳ - 2007» дар пойгоҳи Чебуркули вилояти Челябински Русия зиёда аз 6000 нафар бо 1000 адад мошини ҳарбӣ ширкат кард ва ягона машқе буд, ки дар он Ӯзбакистон низ иштирок дошт.

Размоиши «Рисолати сулҳ - 2010» дар пойгоҳи Мотибулоқи вилояти Ҷамбули Қазоқистон наздик ба 5000 сарбозу афсари Чину Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро ба ҳам овард. Баъд аз он зери унвони «Ри-

солати сулҳ - 2012» тамринҳое дар пойгоҳи Чоруқдарони вилояти Суғд ҷараён ёфт, ки дар онҳо зиёда аз 2000 сарбозу афсари ин панҷ кившар ширкат варзиданд.


Бо ҳамин усул дар вақташ мустамликадорон кишварҳои афроиқоиро байни худ тақсим намуданд. Мустамликадорони Бритониё бо усули “тафриқа андозу ҳукмронӣ кун” миёни ҳиндуву мусулмону синҳ зиддият андохта, Ҳиндустони чанд маротиба аз ҳудуди давлати худ калону сераҳолиро забт карданд ва ду аср зери мустамлика қарор доданд. Пайдошавии фирқаву равияҳои динӣ низ бо мақсади заиф кардани кишварҳои муайян таҳия мешаванд, ки душманон дар лаҳзаи зарурӣ аз он истифода мебаранд. Танҳо тайи чанд соли охир ба миён овардани ихтилофоти мазҳабӣ дар Афғонистон, Ироқ, Сурия ва Миср боиси аз байн рафтани суботу оромӣ ва фалаҷшавии иқтисодиёти ин кишварҳо гардид. Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) таъкид шудааст: “Хушбахт (саодатманд) он касест, ки аз саргузашти дигарон панд гирад”. Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба ҳамин маънӣ фармудааст: Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд. Имрӯз тавассути матбуот, радио ва телевизион бисёриҳо аз вазъи кишварҳои зикршуда огоҳанд. Наворҳои сӯхтор, харобшавии шаҳру деҳот, марги занону кӯдакон, нолаи модарону тифлонро мебинанд, вале хулосаи дуруст намебароранд. Фикр намекунанд, ки “сенариянависон”-и ин ҷангу харобиҳо бо мақсади амалӣ кардани ғаразҳои сиёсиву иқтисодии хеш нақшаҳои “ихтилофи сунию шиа”, “ҳаракати салафиҳо барои поксозии дин”, “талаби адолат дар тақсими мансаб” ва ғайраро тарҳрезӣ мекунанд. Ба созмону пешвоёни мазҳабу равияҳо бо ёрии миёнаравонашон маблағ ҷудо мекунанд. Пас аз он ки оташ шуъла зад, ба ду ҷониби даргир аслиҳа фурӯхта, баъдан конҳои нефту газ, тиҷорати техникаву таҷҳизот, хӯрокворӣ ва ғайраро ба дасти худ ё ашхоси ба онҳо вафодор мегиранд. Дар миёна мардуми одӣ зарари моливу ҷонӣ ва равонӣ мебинад. Қариб ҳафтае нест, ки дар бораи боздошти пайравони равияи салафия дар расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ хабаре чоп нашавад. Чунончи, ҳафтаи гузашта дар аксар рӯзномаҳо хабари аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ боздошт шудани Ҳумайнӣ Ғозиеви 25-сола ба табъ расид. Муайян карданд, ки номбурда аз соли 2009 аз шаҳрванд Баҳром Олимов таълимоти динии равияи салафияро омӯхта будааст. Ҳамчунин, чанд нафар ҷавони дигарро ба ин равияи барои ҷомеаи мо бегона ҷалб кардааст. Бо гумони таблиғи салафия 5 нафари дигар дар ноҳияи Фархор боздошт шуданд.

Оқибати аз мазҳаб берунравии ҷавонон Хабари дигари нохуш, ки дар рӯзномаҳо чоп шуд, фавти ҷавони 22-солаи фархорӣ дар Сурия буд. Мувофиқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ имрӯз 200 нафар шаҳрванди кишвар ғайриқонунӣ ба Сурия рафта, дар сафҳои мухолифини ҳукумати ин кишвар бар зидди нерӯҳои давлатӣ меҷанганд. Саволе ба миён меояд, ки чаро ҷавонони тоҷик мазҳаби ниёгони хешро тарк намуда, равияи мутаассибонаи салафияро ихтиёр мекунанд ва ба ҷои илму ҳунаромӯзӣ ва ободии диёр ба мулки дигар рафта, даст ба одамкушӣ мезананд? Донишманди улуми дин Зубайдуллои Розиқ дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки “Ҳоло дар Тоҷикистон тарғиби мазҳаби шиа ва салафия афзоиш ёфтааст, ки пайравони ҳар ду ҷараён ҳамдигарро чашми дидан надоранд ва ҳар лаҳза омодаанд, ки ба ҷони ҳам дарафтанд. Ҷавононе, ки пайрави ин ақидаҳо ҳастанд, аз нақшакашиҳое, ки онҳо дар он танҳо нақш мебозанд, хабар надоранд. Ин ҷавонон нақшаи идеологони салафиаву шиаро дуруст сарфаҳм намераванд. Ҳоло олами ислом аз дасти ҳамин гурӯҳ шикаст мехӯрад. Хатари онҳо хеле ҷиддӣ аст, аммо бояд нахуст сармоягузорону афроди болоии ин гурӯҳҳо боздошт шаванд”. Боре баъди намозгузорӣ дар масҷиди “Ҳоҷӣ Мулло Яъқуб”-и шаҳри Душанбе ба шахсе, ки дар паҳлӯи ман дастонашро баробари қафаси синааш гузошта намоз мехонд, гуфтам: “Мавлоно Шарофуддини Бухорӣ фармудааст: Баъд аз он дасти ростро бар чап, Биниҳӣ зери ноф баҳри адаб. Мар занонро ба ҷумлаи ақвол, Даст бар сина беҳ бувад ҳама ҳол. Ту чаро мисли намозхонии занон на-

хондани намози суннат ман шоҳид будам, ки чанд нафар ба намозхонии ту диққат медоданд. Биё, аз мазҳаби бобогиат дур нашаву худро ангуштнамои ҷомеа нагардон. Дигар кардани тарзи намозхонӣ танҳо оғози фаъолияти салафиҳост. Баъди саломи намоз бе дуову фотиҳа, густохона сафи намозхонҳоро рахна кардану бе риояи одоб дар бораи бузургони дин ва аҳли адаби форсу тоҷик сухан карданашон давоми фаъолияти онҳо хоҳад буд. Билохира, пайравони ин равия мисли манқурт ғурури миллиро аз даст дода, ҳатто номҳои тоҷикиро ба баҳонаи “маънии зардуштӣ” доштанашон дигар мекунанд. Худ саводи казоӣ надоранд, вале ба ҷои гӯш кардани фикри дигарон ё барои таҳлил мутолиа кардани китобу фаҳмидани ақидаҳои гуногун гапи худро ҳақ шумурданӣ мешаванд. Чунончи, нафаре дар як сомонаи интернетӣ ба ҷои андеша кардан дар гуфтаҳои нафаре, ки аз Имом Абӯҳанифа (р) мисол овардааст, чунин посухи густохона додааст: “Дин моли туву Абӯҳанифа нест!” Ҳазрати Имоми Аъзам (р) ҳеҷ гоҳ даъво накардаанд, ки ин дин “мол”-и ишон аст, аммо иддае аз ҷоҳилон, ки аз ҳазор як ҳиссаи тақводорию худотарсии он ҳазратро надоранд, ба ишон чунин тӯҳматҳо мезананд. Устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон, номзади илми фалсафа Зайниддин Наботов ҳанӯз соли 2008 навишта буд: “Ин “салафиҳо” ҳамон “ваҳҳобиҳо”-и асри гузаштаанд, ки баъди фошу беобрӯ шудан тағйири ном кардаанд. Имрӯз низ садои онҳо дар ин ё он масҷид баланд мешавад ва аз шумори мардуми бехабар аз асли ислом сафҳои худро зиёд мекунанд”.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Абдуҷаббор Аминзода дар китоби “Чеҳраи воқеии ваҳҳобият (салафия)” чунин овардааст: “Решаи пинҳон дар ваҳҳобият (салафия) ин аст, ки ин фирқа миёни мусулмонон ихтилоф меандозад ва ошӯбу ҷанг барпо мекунад, ба истеъморгарони ғарбӣ хидмат менамояд. Ва ин асли махфӣ ҳамон меҳвари аслӣ аст, ки тамоми кӯшиши ваҳҳобият (салафия) аз оғози пайдоиш то кунун гирди он мечарханд. Ва ҳамин аст решаи воқеие, ки асли ошкор ба манзури гумроҳ сохтани содалавҳон ва оммаи мардум дар ихтиёри он қарор гирифтааст... Ба эътиқоди ваҳҳобият (салафия) зиёрати қабрҳо ширке ҳаст, ки рехтани хуни зиёраткунандагон ва тороҷи амволашонро мубоҳ месозад ва бо таваҷҷуҳ ба ин ақида, дар ҳақиқат, салафия нисбат ба Имом Аҳмади Ҳанбал ва муосирону гузаштагони вай, ки ба зиёрати аҳли қубур мерафтанд ва онро мустаҳаб медонистанд, хуни ба ширк ва мубоҳ будани хуну тороҷи амволи онҳоро додаанд”. Ваҳҳобиҳо аз башардӯстӣ баҳрае набурдаанд. Дар китоби зикршуда омадааст: “Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) ақида доранд, ки фақат онҳо дорои тавҳиди холис ҳастанд, вале бақияи мусулмонон мушриканд ва куштани онҳою қатли авлодашон ҳасол, ғорати амволашон ҷоиз ва сарзаминҳояшон ҷузъи билоди куфр ва ширк мебошад”. Он ҷавонони ноогоҳ, ки имрӯз кӯр-кӯрона ба намозхонии салафиҳо пайравӣ мекунанд, аз нақшаҳои ниҳоии салафиҳо хабар надоранд. Ба гузориши хабаргузории “Форс” Вазорати маорифи Қирғизистон бо мақсади пешгирии таблиғоти созмонҳои динии мамнӯъ мақсад дорад, ки омӯзиши фанни “Дин

моз хонда истодаӣ? Ман бинам, ки як араб ё доғистонӣ чунин намоз хонанд, ӯро мефаҳмаму чизе намегӯям. Зеро 7 пушти онҳо бо ин равиш намоз хондаанд. Ту чаро хилофи мазҳаби Имоми Аъзам (р) намоз мехонӣ?” Ӯ гуфт: - Расулуллоҳ (с) ба ин тарз низ намоз хондаанд. Дубора савол кардам: - Расули Акрам (с) дастро зери ноф гузошта ҳам намоз хондааст? Ӯ посух дод: - Оре! Ман гуфтам: - Пас, ту низ ҳамон хел намоз хон! Шарт аст, ки намозхонии ту аз дигар ҷавонон фарқ кунад? Ҳангоми

Яке аз уламои шинохтаи кишвар Маъруф Раҳимов низ дар бораи хатари салафия ба ҷомеаи мо чунин ҳушдор додааст: “Ҳузури салафия дар майдони таблиғоти динӣ метавонад таркишҳои амиқи иҷтимоиро падид оварад, зеро мазҳаби ҳанафӣ ва асосҳои истидлолии он солиёни зиёд дар миёни мардуми мо чун ҷузъи фарҳанги ҷудонашавандаи ин миллат мавриди пайравӣ ва асоси амри иҷтимоӣ будааст...” Ихтилофи бемаънои мазҳабӣ барои садсолаҳо заминаи кашмакашҳои бефоидаро фароҳам меорад ва пояҳои давлатдории миллӣ ва асолати фарҳанги миллиро таҳдид мекунад”.

дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ»-ро ба роҳ монад. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ чанд сол пеш эълон карда буд, ки таълими фанни “Маърифати ислом”-ро дар макотиби мутавассита ба роҳ мемонад. Вале бо кадом сабабе ин иқдоми нек то ҳол амалӣ нашудааст. Ҳол он ки ба роҳ мондани таълимоти асосҳои дин дар мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ хеле муҳим аст. Зеро вақте мубалиғини салафия майдонро холӣ ва наврасу ҷавононро аз мазҳаби аҷдодӣ ноогоҳ меёбанд, зуд онҳоро ҷалб мекунанд.

С. АБӮИСМОИЛ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

Аз қадимулайём ғосибон бо мақсади забт кардани мулке пешакӣ заминаи ихтилофро дар он сарзамин фароҳам мекарданд. Агар худ ихтилоф андохта натавонанд ҳам, сар задани гурӯҳбозию нотифоқиҳоро ғанимат шумурда, фавран ба мулки ноором лашкар мекашиданд. Зеро сарзамини мардумаш парокандаро забт намудан осон аст.

7

e-mail: javonontj@mail.ru

МУЛОҲИЗА


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

8

БА ИСТИҚБОЛИ 85-СОЛАГИИ РӮЗНОМАИ «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» (Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта) - Аз байн рафтани Комсомоли лениниро чӣ гуна қабул намудед? - Маро ҳангоми дар Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил карданам ҷонишини мудири шӯъбаи кумитаи ҳизбии вилояти Хатлон таъин намуданд. Баъди як моҳи дар ин вазифа фаъолият доштанам вилояти Хатлон барҳам хӯрду маро ба вазифаи инструктори шӯъбаи иҷтимоӣ-иқтисодии кумиҷроияи вилояти Қӯрғонтеппа гузарониданд. Моҳи сентябри соли 1989 дар пленум котиби якуми кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ таъин гардидам. Ростӣ, ҳеҷ тасаввур намекардем, ки дар солҳои охирини мавҷудияти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ дорем. Бо ба миён омадани ҳаракату ҳизбҳои нав дар сафҳои комсомол низ гуногунфикрӣ ба миён омад. Билохира, соли 1991 ВЛКСМ (комсомол) аз Маскав барҳам хӯрд. Ман дар пленуми охирин сухан карда, таъкид намудам, ки мо набояд сохтори мавҷударо аз байн барем. Зеро ҷавонон ба чунин як сохтори муташаккил ниёз доранд. Аз ин рӯ, оинномаро дигар карда, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро таъсис додем. Маро нахустин раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб карданд. Баъдан, дар ин созмон қаноти демократӣ ташкил шуд, ки дар интихоботи президентии соли 1991 Давлат Худоназаровро ба ҳайси номзад пешбарӣ кард. - Яъне, дар пешниҳоди номзад миёни аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фикри ягона набуд? - Дар пленуми ИҶТ, вақте масъалаи пешбарии номзадҳо ба миён омад, ман фикри худро чунин баён кардам. Дар чунин шароите, ки имрӯз Тоҷикистон қарор гирифтааст, фикр мекунам, Раҳмон Набиев чун шахси таҷрибадор метавонад роҳбарии ҷумҳуриро ба дӯш бигирад. Аз ин рӯ, Р. Набиевро аз ИҶТ ба ҳайси номзад пешбарӣ мекунам. Аммо ҷонибдорони Давлат Худойназаров зиёдтар овоз гирифтанд. - Шояд ҷавонон мехостанд дар симои шахсияти нав дар ҷомеа дигаргунӣ бубинанд? - Ҳамон давра аз рӯзномаи “Садои мардум” ба ман савол доданд, ки “Чаро номзадии Раҳмон Набиевро ҷонибдорӣ мекунед?” Ман гуфтам: “Раҳмон Набиев аз зинаҳои поёнӣ сар карда, мактаби роҳбариро гузаштааст. Собиқаи хуби роҳбарии мамлакатро дорад. Давлат Худойназаров коргардону киносози моҳир аст, вале таҷрибаи роҳбарии давлатро надорад”. Мутаассифона, иддае ба натиҷаи интихоботи озод қаноат накарда, митингбозиҳоро шуруъ карданд, ки боиси носуботии ҷомеа гардид. Ба роҳбари тозаинтихоб имкони кор кардан надоданд. Соли 1992 давраи сангинтарин барои мардуми кишвар буд. Иқтисодиёт фалаҷ шуд. Мардум ба ҷои кишту кори баҳорӣ майдоншинӣ карданд. Ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба мустақилият мутобиқ мешуданд, мо бошем гиребони ҳамдигар мегирифтем. Пушти ин бозиҳои сиёсӣ кӣ меистод, ростӣ, мо намедонистем. Он вақт таҳлил надоштем. Мо, ки тарбияи даврони шӯравиро гирифта будем, бовар доштем, ки ҳама қонунро риоя мекунанду

Достиев, Қадриддин Аслонов, Назаршо Сияров ва Давлат Худойназаровро пешниҳод кардам. Раҳмон Набиев рӯйхатро дида, қабул накарданд ва сабабҳояшро ҳам гуфтанд. Сипас, танаффус эълон карданд. Баъди чанд муддати ба назди Раҳмон Набиев омадани иҷрокунандаи вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров ва Сарвазири вақти ҷумҳурӣ Акбар Мирзоев маро дубора даъват намуданд. Раҳмон Набиев синчакорона ба рӯям нигариста гуфтанд: Мо шуморо роҳбари вилояти Қӯрғонтеппа таъин мекунем. Гуфтам: - Раҳмон Набиевич, ман ҳоло барои роҳбарии вилоят ҷавонам. Дуюм ин ки вилоят маркази даргириҳосту ба он ҷо шахси таҷрибадорро фиристондан лозим. Р. Набиев гуфтанд: - Шуморо аксар мардум ва ҷавонони вилоят, новобаста аз миллату маҳаллашон мешиносанд. Ҳамчун роҳбари ҷавон, албатта, ҷонибдорӣ мекунанд. Мо ҳам дастгирӣ мекунем. Ман он вақт 36-сола будам. Ҳанӯз дар рӯзи дуюми ба кор шуруъ карданам иғвогариҳо сар шуданд. Як гурӯҳи мусаллаҳ аз ноҳияи Колхозобод 33 нафарро гаравгон гирифта, ба ноҳияи

Давлати осоишта Суҳбат бо собиқ раиси Кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ ва аввалин раиси Иттифоқи ҷавонони мамлакат Нуралӣ Қурбонов аз рӯи виҷдону одамгарӣ фаъолият мебаранд. Намедонистем, ки сояи интригаҳо аз куҷо меояд. Ин камбудӣ ё хомии мо буд. Имрӯз воқеаҳои ҷаҳонро дида, аллакай хулосаи заруриро мебарорем, ки чӣ бозие пушти найрангҳо пинҳон аст. Акнун фаҳмидем, ки дар куҷоҳо нақшаи бозиҳои сиёсиро таҳия мекардаанду барои аз байн бурдан ё заиф сохтани давлате чӣ қадар маблағ сарф мекардаанд. - Шумо дар лаҳзаҳои мушкил роҳбарии вилояти Қӯрғонтеппаро ба уҳда доштед. Чаро ба шумо имкони дуруст фаъолият карданро надоданд?

МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОН. СОЛИ 1989

- Баҳори соли 1992 ман дар Маскав будам. Вақте дар бозгашт аз ҳавопаймо фуромадам, маро назди Раҳмон Набиев бурданд. Он ҷо роҳбарони дигар мақомот низ ҳузур доштанд. Раҳмон Набиев ба ман рӯ оварда гуфтанд: Вазъият дар вилояти Қӯрғонтеппа хеле ногувор аст. Абдуллоҷон Ахмедов хуб кор карданд, вале мо ба хулосае омадем, ки роҳбари вилоятро иваз кунем. Вазъият ҳаминро талаб мекунад, ки шахси дигарро роҳбар таъин намоем. Аз ин рӯ, мехоҳем андешаи Шуморо шунавем. Ман 16 нафар, аз ҷумла, Абдулмаҷид

Бохтар оварданд. Ин ҳодисаро шунида, мошин фиристодам то Сайид Абдуллоҳи Нуриро ба дафтари кориам биёранд. Вазъиятро фаҳмонида, хоҳиш кардам, ки дар раҳо намудани гаравгонҳо кӯмак расонад. Нурӣ суханамро гӯш карда, гуфт, ки ҳоло вақти пешин шудаасту баъди намоз дар ҳалли қазия кӯмак мерасонад. Гуфтам, ки намозро дар ҳамин ҷо хонед. Мо бояд фавран ин 33 нафарро сиҳату саломат раҳо кунем. Нурӣ гуфт, ки дар ин ҷо шароити намоз хондан нест. Ҷавоб додам, ки дар ҳуҷраи паҳлӯӣ шустушӯ кунеду дар ҳуҷраи


пешрафт мекунад истироҳатӣ марҳамат намозатонро хонед. Шумо супориш диҳед, ки он 33 нафарро биёранд. Ман бубинаму боварӣ ҳосил намоям, ки дар ҳақиқат гаравгонон раҳо шуданд. Он гоҳ ба Шумо рухсат медиҳам. (Ҳамин созишкории моро иддае дигар хел маънидод карда, мегуфтанд, ки кабинети кориаш ҷои намозхонии Нурӣ будааст...) Хулоса, то рафтанд, ки як нафар гаравгонро аллакай куштанд. Боқимонда 32 нафарро ба ҳуҷраи кориам оварданд, ки ҳамаашонро ба оғӯш гирифта, ҳолпурсӣ намудем. Вақте мардумро ҷамъ карда, ба сулҳу оромӣ даъват менамудем, иддае ба маънии суханонам нею ба лаҳҷаи сухангӯиям диққат медоданд. Баъдтар мегуфтанд, ки ӯ ҳам аз фалон маҳалла ва ҷонибдори оппозитсия будааст. Маҳалро дӯст доштан лозим, вале маҳалчӣ шудан лозим нест. Миллати мо аз рӯи маҳалчигӣ зиёни зиёд дид. Рӯзе аз он рӯзҳо дар Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ ҷаласа баргузор шуд. Ман ба минбар баромада гуфтам, афсӯс, ки то ҳол чун миллат мо ташаккул наёфта будаем. Балки мо ғармию кӯлобӣ, помирию хуҷандӣ ва ҳисорию зарафшонӣ будаем. Агар ҳамаамон худро дар мадди аввал тоҷик меҳисобидем, ба ин рӯз намерасидем. Чӣ, магар фарзанде, ки падар ё модараш аз дигар маҳал аст, тоҷик нест? Бо ин кашмакаш бо дасти худ мо тоҷикро аз байн бурда истодаем. - Барои ҳалли қазия чӣ пешниҳод намудед? - Гуфтам, ки бояд саҳифаи таърихро, талх ҳам бошад, холисона баён кунем. Зеро ин барои наслҳои минбаъда сабақ хоҳад гашт, то хатои моро такрор накунанд.... Хулоса, бо эҳсосот тамоми дарди диламро дар он ҷаласа баён кардам. Ҳама ҷонибдори сулҳ, аммо, ҳамин ки ҷонибҳо ба мувофиқа меомаданд, ногаҳонӣ

ҳодисае рух медоду боз тарафҳо зидди ҳамдигар мешӯриданд. Борҳо хоҳиш карда, сарбозону техникаи низомии дивизияи 201-уми Федератсияи Русияро чун девор миёни гурӯҳҳои даргир мегузоштем, вале аз дигар ҷо боз оташи ҷанг шуъла мезад. Бинобар беҳуда будани кӯшишҳоям, баъди севуним моҳи фаъолият, бо хоҳиши худ аз вазифаи роҳбарии вилояти Қӯрғонтеппа рафтам. Сад офарин ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он лаҳзаҳои барои кишвар мушкил роҳбарии мамлакатро ба уҳда гирифта, ҷумҳуриро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун кашид. - Шумо дар сессияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ иштирок доштед? - Не, ман дар ин ҷаласаи таърихию сулҳофар ширкат надоштам, зеро даъват нашуда будам. Тирамоҳи соли 1992 вазъияти ҷумҳурӣ он қадар хатарнок гашта буд, ки ҳеҷ кас намехост роҳбарии ҷумҳуриро ба уҳда гирад. Ҳама аз ҷони худ метарсид. Бисёриҳо бо муҳофиз мегаштанд. Ман ба ҳайси роҳбари вилоят муҳофиз надоштам. Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Қӯрғонтеппа ба ман гуфт, ки шумо бояд таппонча бигиред, мувофиқи қонун ҳақ доред. Ман ба ӯ гуфтам: “Охир таппонча гирифта киро мепарронам? Тоҷикро? Ман ҳеҷ гоҳ ин корро карда наметавонам ва дастам пеш намеравад”. Он шабу рӯз баъзе силоҳдорон рӯирост шартҳои худро пеш мегузоштанд. Мутаассифона, сохторҳои интизомӣ низ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, мавқеи худро аз даст дода буданд. Ягонагӣ дар сохторҳои идоракунӣ дида намешуд. Тайи қариб чор моҳе, ки роҳбари вилоят будам ягон маротиба маош нагирифтаам. Пеш аз рафтанам дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ гуфтам: “Дар ҳолате, ки давлат имрӯз дар сатҳи Конститутсия ҳимояи шаҳрвандонро таъ-

мин карда наметавонад, дар чунин вазъ роҳбари сохтори давлатӣ шуда наметавонам. Зеро мардуми бегуноҳ ба ҳалокат мерасанду ман ҳамчун раиси вилоят пеши хунрезиро гирифта натавонистам”. Зеро вазирону роҳбарони сохторҳоро ба вилоят даъват мекардем, намеомаданд. Боре Раҳмон Набиев ва Сайфиддин Тӯраев рафта буданду халос. Хушбахтона, вақте дар сессияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Сардори давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонро шунидам, дар дилам шуълаи умед фурӯзон гашт, ки Худо хоҳад дубора қонун дар ҷумҳурӣ барқарор мегардад. Зеро ки ӯро ҳангоми котиби якуми Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон кор карданам чун роҳбари хоҷагии пешқадам мешинохтам. Ӯ кадрҳои ҷавонро дастгирӣ мекард. Бо мурури солҳо исбот шуд, ки ҳамон вақт вакилон дар интихоби Роҳбари давлат хато накарда буданд, зеро барои мардуми мо он солҳо муҳимтарин чиз сулҳу оромӣ буд, ки шукри Худо ба даст омад. Гузашт кардану сулҳ овардан кори осон нест. Дар кишвари ноором тараққиёт намешавад. Давлати амну осоишта пешрафт мекунад. Бинобар ин, мо бояд ба чунин тинҷиву осудагӣ шукрона кунем. Танҳо дар як соли охир ман аз Маскав ба Душанбе омада, хеле дигаргуниҳоро дидам. Дар ҳама гӯшаҳои пойтахт сохтмони манзилу гулгашт ва иншооти гуногун дар авҷ аст. Ҳамчунин, дар дасти ҳар сокини шаҳр ду-сетоӣ телефонро дидан мумкин. Солҳои нооромӣ аҳёнан дар кӯчаҳо мошинро медидед. Бубинед, ҳоло аз бисёрии мошин роҳҳо муддати зиёд банд мешаванд. Ҳамаи ин аз баракати тинҷист. - Баъди аз вазифаи роҳбари вилояти Қӯрғонтеппа рафтанатон ба чӣ кор машғул шудед? - Пас аз анҷоми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, вақте ки нерӯҳои

ҳукуматӣ вориди пойтахт шуданду назму тартиб андаке пойдор гашт, ман 18 декабри соли 1992 тавассути ҳавопаймо ба Маскав рафтам. Ман, ки хатмкардаи Академияи идоракунии Федератсияи Русия будам, 7 моҳ ба ҳайси мутахассиси Кумитаи ҷавонони Федератсияи Русия кор кардам. Аз он ҷо барои таҳсил дар аспирантура ба ман роҳхат доданд. Моҳи сентябри соли 1993 ба аспирантураи Академияи идоракунии Федератсияи Русия (ҳоло Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия) дохил шудам. Академияро соли 1996 хатм карда, рисолаи номзадиамро ҳимоя кардам. Аз соли 1996 то 2000 ҳамчун муҳаққиқ дар кафедраи иқтисодиёти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия кор кардам. Соли 2000 баъди ҳимояи рисолаи илмӣ доктори илмҳои иқтисод шудам. Аз якуми феврали соли 2001 профессори академияи мазкур мебошам. Моҳи сентябри соли 2013 бо даъвати Донишгоҳи ҷустуҷӯи геологии Русия маро декани факултаи муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисодиёти асосҳои ҳуқуқии истифодабарии қаъри замин ба номи Серго Орҷоникидзе таъин карданд, ки то ҳоло дар он ҷо кор мекунам. - Дар ин донишгоҳ ҷавонони тоҷик низ таҳсил мекунанд? - Бале, дар донишгоҳи мазкур 25 нафар тоҷикистонӣ таҳсил мекунанд. Имсол ду нафарашон ба аспирантура дохил шуданд. Мақсади асосии ман ин аст, ки шумораи онҳо дар ин донишгоҳ зиёд шавад. Зеро барои кофтану коркарди ганҷинаи кӯҳистони тоҷик мутахассисони сатҳи баланд заруранд. Соли 1994 Амон Тулеев масъули кор бо ҷумҳуриҳои ИДМ буд. Ман ба ҳайси муҳаққиқи Академияи хизмати давлатии назди Президенти ФР аз ҷонишини якуми ӯ, ки зимни як суҳбати гирди мизи мудаввар иштирок дошт, пурсидам, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд нафарро аз ҳисоби буҷаи ФР ба академия ҷалб мекунед? Ӯ набудани маблағро баҳона карда, гуфт, ки алҳол имкон нест. Ман ба ӯ Туркияро мисол оварда, гуфтам, ки захираҳои табиӣ ва иқтисодиёти Русияро бо Туркия муқоиса кардан ғайриимкон аст. Чаро Туркия барои дар зиёда аз 100 кишвар кушодани литсейҳо маблағ меёбаду Русия барин як кишвари абадқудрат соле барои ба таҳсил гирифтани донишҷӯёни чанд кишвари дӯст маблағ намеёфтааст? Ин суханон ба ӯ таъсир карданду гуфт, ки дар сатҳи давлатӣ пешниҳод мекунад. Хушбахтона, миёни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси омодасозии кадрҳо созишнома имзо шуду маро аз ҷониби академия масъули амалисозии он таъин намуданд. Дар натиҷа, ҳар сол аз Тоҷикистон 17-18 нафар барои таҳсил ба академия фиристода мешуданд. То ин дам онро 280 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм карданд. Ғайр аз ин, 700 нафар дар курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таҳсил намуданд. Ҳоло аксар дастпарварони академия дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ софдилона ба нафъи миллат кор карда истодаанд.

Мусоҳибон Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

НУРАЛӢ ҚУРБОНОВ ДАР МЕҲМОНИИ РӮЗНОМАИ «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»

9

e-mail: javonontj@mail.ru

БА ИСТИҚБОЛИ 85-СОЛАГИИ РӮЗНОМАИ «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

10

БА ИФТИХОРИ 600-СОЛАГИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Мусаллам аст, ки фарзанди инсон натиҷаи омол ва орзуҳои деринаи ӯ мебошад. Ғайр аз ин, фарзанд самараи ҳаёти инсон маҳсуб ёфта, ба унвони ҷойнишин ва нишон дар рӯйи замин аз ӯ боқӣ мемонад. Аммо чӣ гуна ба камол расидану чӣ гуна зиндагӣ доштани ин орзуи деринаи инсон, вобаста аст ба тарбияи солим, ки пеш аз ҳама, дар оила барои фарзанд дода мешавад. Тарбия ва ба камоли инсонӣ расонидани фарзанд амале нест, ки танҳо чанд сол пеш мавриди таҳқиқ ва ё аҳамият қарор гирифта бошад. Ин омил аз бузургтарин ва пурарзиштарин масъала ба шумор меравад, ки қарнҳои гузашта дар мавриди он таваҷҷуҳи хоса доштаанд. Гузаштагони мо низ дар робита ба таълиму тарбия ва ба камол расидани фарзандони худ саҳми беназир дошта, барои ба натиҷаи дуруст ноил гардидан осор ва навиштаҷоти зиёдеро ба мерос гузоштаанд. Ба ин тартиб, метавон гуфт, ки пеш аз ҳама, дар таълим ва тарбияи фарзанд оила мақоми аввалиндараҷа дорад, зеро чун фарзанд чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, худро дар оғӯши модар ва муҳити оилаи худ мебинад. Пас, ибтидои ҳаёти фарзанд ва оғози олами тарбия ва таълими ӯ аз омӯзишгоҳе ибтидо мегирад, ки онро оила меноманд. Ҳамин аст, ки бузургон ва гузаштагони мо низ дар баробари мақом пайдо карданашон дар олами илму таълим таъсири муфид ва назаррасе дар тарбияи фарзандони худ доштаанд. Аз ҷумла, яке аз олимон ва орифони маъруфи форсу тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар дунёи илму маърифат ва шеъру шоирӣ мақоми вижа дорад, дар мавриди чи гуна ба камол расидани фарзанд ва тарбияи ӯ дар сояи илму таълим асари машҳур ва маъруферо ба мерос гузоштааст. Ҷомӣ чун дигар бузургон аз хурдӣ ба тарбияи фарзанди хеш машғул гардида, ӯро аз улуми зарурии замонаш ва забони арабӣ дарс мегуфт. Дар баробари таълими улум ва забономӯзӣ Мавлоно Ҷомӣ ҳангоми таълим аз усули вижаи тарбия кор мегирифт, то фарзандаш дар баробари илм омӯхтан соҳиби ахлоқу рафтори инсонӣ бошад. “Баҳористон” асарест, ки Мавлоно Ҷомӣ онро барои тарбия ва таълими фарзанди хеш нигоштааст. Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин асари пурбаҳои худ, фарзанди арҷманди хеш Зиёуддин Юсуфро дар баробари ташвиқ ба ватандӯстиву меҳанпарварӣ, роҳу равиши зиндагӣ ва роҳу рафтори як инсон дар ҷомеаро ташвиқ мекард. Ӯ фарзанди азизи худро огоҳ мекард, ки аз дурӯғ, ҳасад, кибр, худписандӣ, коҳилӣ, танбалӣ, мардумозорӣ, ҷаҳолат, мансабпарастӣ, тамаллуқу чоплусӣ ва дигар рафторҳои разила, ки ҳаёти ин-

ДОНИСТАН ХУБ АСТ

Мавлоно Ҷомӣ ва тарбияи фарзанд сонро ҳамеша зери хатар ва бадгӯии мардум қарор медиҳанд, дурӣ ҷӯяд. Дар баробари ин, хушахлоқ будан, рафтори нек доштан бо мардум ва бо мардум зиндагӣ карданро меҳвари асосии зиндагӣ барои фарзанди худ талқин мекард. Яке аз дигар вазифаҳои муҳиме, ки Мавлоно Ҷомӣ барои фарзанди худ пеш мегузорад, илму ҳунар омӯхтан аст. Ба ақидаи Мавлоно фарзанд, новобаста аз он ки дар кадом шароит ҳаёт ба сар мебарад, бояд талоши илм намояду дар худ ҳунарҳоеро дошта бошад. Аз ин хотир аст, ки ӯ ба писараш таъкид мекунад, то аз хурдӣ дорои илму ҳунар бошад ва ҳамеша бо касбу ҳунари худ миёни мардум зиндагӣ кунад ва бояд мардум ӯро на бо насаб ва мақоми доштаи гузашта-

гонаш бишносанд, балки бо ҳунару истеъдоди воло мақомаш диҳад. Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин росто чунин мегӯяд: Чу нодонон на дар банди падар бош, Падар бигзору фарзанди ҳунар бош. Аз гуфтаи ин олими бузурги форсу тоҷик бармеояд, ки камоли инсонӣ ва мақоми ӯ дар зиндагӣ танҳо аз касб ва ҳунару маҳорати ӯ вобастагӣ дорад. Зеро касбу ҳунар ва дороиву сарвати оила наметавонад мақом ва манзалати ояндаи фарзандро муайян кунад. Ҳамин аст, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин маврид ҷои дигар фарзанди худро таъкид мекунад, ки: Ҳар писар, к–ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар, Филмасал гар дидаро мардум

бувад, номардум аст. Шохи бебар арча бошад аз дарахти мевадор, Чун наорад мева бар, андар шумори ҳезум аст. Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин асари пургуҳари худ боз масъалаи дигареро барои тарбияи фарзанд пеш мегузорад, ки шинохтани қадри инсон аст. Ӯ таъкид мекунад, ки дар зиндагӣ шинохтани қадри инсон яке аз вазифаи асосӣ ба шумор меравад. Шинохти инсон ба симу зар ва дороӣ набуда, балки бо ҳунар ва касби ӯст. Ҷомӣ дар мавриди шинохти инсон ва бо кӣ дӯстиву рафоқат пайдо кардани фарзандаш чунин мефармояд: Қимати мард на аз симу зар аст, Қимати мард ба қадри ҳунар аст. Эй басо банда, ки аз баҳри ҳунар, Қадраш аз хоҷа басо бештар аст! В-эй басо хоҷа, ки аз беҳунарӣ, Дар раҳи бандаи худ пайсипар аст. Ғайр аз ин, Абдураҳмони Ҷомӣ дар “Баҳористон” аҳамият ва пурарзишии илму донишро дар ҳаёти инсоният ва хусусан фарзандон зикр карда, инсонҳоро ба омӯзиш ва таълим даъват менамояд. Мавлоно дар ин самт иброз медорад, ки дарёи илм беканор аст ва инсон наметавонад онро куллан аз худ намояд, ба ин хотир бояд мутобиқи истеъдод ва дониши худ илми заруриро аз худ намояд. Ӯ мегӯяд: Илме, ки ногузири ту бошад, бад-он гарой, В-онро, к-аз он гузир бувад, ҷустуҷӯ макун! В-он дам, ки ҳосили ту шавад илми ногузир, Ғайр аз амал ба мӯҷиби он орзу макун! Ба ин тартиб, агар ба ин асари бузурги Мавлоно Ҷомӣ назар афканем, метавон дид, ки олими бузург дар ин асари худ тамоми ҷанбаҳои таълим ва тарбияи фарзандро фаро гирифтааст. Дар баробари ин, метавон гуфт, ки “Баҳористон” агарчи як асари бадеист, аммо он дорои панду андарз ва нақлу ривоётест, ки аҳамияти умумиинсонӣ доранд. Яъне, ҳар шахс метавонад дар ҳаёти худ аз ин китоби маъруф ва машҳур истифода кунад. Лозим ба ёдоварист, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва қарори ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ таҷлил мешавад. 6 октябри соли равон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мегардад. Пас муносиб аст, ки аз осори гаронбаҳои ин олими бузург намунае аз хирвор мавриди омӯзиш ва тазаккур қарор бигирад.

Ҳувайдои АБДУЛЛО

Чораҳои мубориза бар зидди серарақӣ Бисёриҳо дар ҳавои гарм аз серарақӣ нороҳат мешаванд. Моҳи сентябр низ дар бисёр минтақаҳои кишвар ҳаво рӯзона аз 30 дараҷа гарм буда, боиси арақкунии зиёд мегардад. Серарақӣ сабабҳои гуногун дошта, ба хусусиятҳои анатомиии ҳар шахс вобастагӣ дорад. Аммо сабабҳои умумии серарақӣ низ ҳастанд. Масалан, истеъмоли доимии ғизоҳои тунд боиси арақ кардани бисёр мешавад. Сир ва пиёзро сӯйистеъмол намудан боиси серарақӣ ва пайдо кардани бӯйи тезу нохуши бадан мегардад. Сифати матои либос низ ба арақкунӣ таъсир мерасонад. Масалан, пӯшидани либоси синтетикӣ сабаби арақкунӣ ва бадбӯии бадан гашта метавонад. Аз ин рӯ, беҳтараш либос аз пахта ва ё нахи зағир бошад. Агар кафи пойҳо зиёд арақ кунад, ғайр аз хуб шустани пойҳо ба интихоби дурусти пойафзол низ диққат додан лозим меояд. Пояфзол набояд танг, намнок ва аз чарми сунъӣ бошад. Барои ин гуна пойҳо нигоҳ доштан дар ҷӯшобаи пӯслохи булут (корадуба) муфид аст. Агар зиёд арақ кунед, рӯзона ба як истакон об як қошуқча сирко (уксус) омехта карда, онро ба ҷӯшобаи пӯслохи булут ҳамроҳ намоед ва баданро шӯед. Баданро бо пораи лимӯ ё бодиринг пок намудан низ нафъ мерасонад. Бо ҷӯшобаи бобуна (ромашка) оббозӣ кардан бӯи нохуши арақи баданро рафъ месозад. Серарақӣ метавонад нишонаи ягон намуди беморӣ, аз қабили сил, вараҷа (табларза), инсулт, диабети қанд ва ё сустии умумии организм (беҳолӣ) бошад. Бинобар ин, агар Шуморо бӯйи нохуши арақи бадан тамоми сол азият диҳад, ба духтур муроҷиат намоед. Танҳо мутахассис метавонад беморӣ ва сабабҳои арақкуниро муайян карда, табобати дурустро тавсия намояд.

Таҳияи С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”


Фарҳанги нави имлоро, ки бо дастури Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия мегардид, бесаброна интизор будем ва аз он умедҳои калон низ доштем. Ниҳоят, интишор ҳам шуд. Чунонки дар пешгуфтор омадааст, “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”, ки беш аз 65 ҳазор вожа ва истилоҳотро фаро мегирад, бар асоси қоидаҳои имло, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, навишти бархе аз вожаҳо бар пояи таърихии онҳо ислоҳ (гулӯ - гулу), ду меъёри навишти як зумра калимаҳо муқаррар (қулф - қуфл) ва ташдиди баъзе ҳамсадоҳо бартараф шудааст (содда - сода), ки чунин бархӯрди илмӣ ва таърихӣ ба манфиати ҳифзи асолати забони миллӣ мебошад. Воқеан, фарҳанги нав аз луғатҳои қаблӣ (1974, 1991) бо теъдоди фарогирии вожаҳо, тариқи навишти вомвожаҳои арабиву аврупоӣ ва ӯзбекӣ, истифодаи “у”, “ӯ” ва “и”, “ӣ” “й”, ки қоидаҳои нави имло тақозо дорад, фарқ мекунад. Мувофиқи қоидаҳои имло, калимаҳое, ки таърихан дар таркиби худ ҳамсадои “й” доранд, на бо як йотбарсар, балки бо ду ҳарф навишта мешаванд, яъне, ҳангоми калимасозию калимабандии онҳо “й” барқарор мегардад: чой (чойи сиёҳ), ҷой (ҷойи муносиб), лой (лойи нарм), пой (пойи чап); найистон, оройиш, осойиш, чораҷӯйӣ, рӯйи хотир, ба рӯйи, ба сӯйи, ба ҷойи ва ғайра. Дар фарҳанг ҳамин қоида асосан риоя гардида, бо “й” навиштани вожаҳои сохтаву мураккаби йотдор: бадеҳагӯйӣ, беобрӯйӣ, хушбӯйӣ, ғазалсаройӣ, дастозмойӣ, даҳшатафзойӣ, аҳволҷӯйӣ, дилкушойӣ, гаройиш, говпойӣ, ҳарзадаройӣ, бадхӯйӣ; забонхойӣ ва монанди инҳо ниҳоят зиёд вохӯрад ҳам, навишти “ороиш, ороишгар, ороишгоҳ, ороишӣ, серороиш, серороишӣ, худороӣ, базмороӣ, суратороӣ, суханороӣ, суҳбатороӣ, танороӣ; осоидан, осоиш, осоишгоҳ, осоишта, осоиштагӣ, чораҷӯӣ” барин вожаҳо бо намунаҳои қоидаҳои имло мувофиқат намекунанд. Дар калимаҳои “аллагӯӣ, аскиягӯӣ, афсонагӯӣ, бепардагӯӣ, беҳудагӯӣ, дугӯӣ, латифагӯӣ, мадҳгӯӣ, муаммогӯӣ, муғлақгӯӣ, мутоибагӯӣ, назирагӯӣ, оҳгӯӣ, ростгӯӣ, хушомадгӯӣ, ҳазлгӯӣ, чакомагӯӣ, чарбгӯӣ,

баобрӯӣ, рӯизаминӣ, рӯимизӣ, рӯин, рӯиобӣ, рӯирост, рӯисангӣ, рӯиустухонӣ, рӯихотир, рӯиҳавлигӣ, рӯиҳам, рӯиш, рӯидан, таршрӯӣ, фарохрӯӣ, хушрӯӣ, якрӯӣ, либосшӯӣ, мурдашӯӣ, намакшӯӣ, пашмшӯӣ, ҷомашӯӣ, бӯидан, бӯимодарон, нағмасароӣ, назирасароӣ, сароидан, таронасароӣ, фахриясароӣ, чакомасароӣ, қувваозмоӣ, озмоиш, озмоишгар, озмоишгоҳ, озмоишкор, толеъозмоӣ, худозмоӣ, афзоиш, афзоишнок, рӯҳафзоӣ, комҷӯӣ, мададҷӯӣ, мансабҷӯӣ, манфиатҷӯӣ, моҷароҷӯӣ, сарфаҷӯӣ, сулҳҷӯӣ, худоҷӯӣ, ҳолҷӯӣ, гиреҳкушоӣ, заминкушоӣ, кишваркушоӣ, кушоиш, оташкушоӣ, рамзкушоӣ, розкушоӣ, роҳкушоӣ, рӯзакушоӣ, ҷаҳонкушоӣ, роҳнамоӣ, ҷавоннамоӣ, суннатгароӣ,

шудаанд. Вале “ноилоҷ, ҳамақида, ҳамаср, соҳибиноят” барин вожаҳо, ки айн доранд, аз рӯйи одат бе сакта сабт ёфтаанд. Бар замми ин, ба калимаҳои “таъйин, таъйинот, таъйиннома” ҳарфи “й” илова гардида, аз вожаи “семисрагӣ” ҳарфи сакта афтидааст. Луғатномаи нав навишти аслии вомвожаҳои аврупоии “объект, объектив, объективизм; субъект, субъективизм”-ро тавсия менамояд, дар фарҳанги тафсирӣ (2008, 2010) бошад, дар шакли “обйект, обйектив, обйективизм; субйект, субйективизм” корбаст шудаанд. Чунонки маълум аст, аломати “ъ” дар забони русӣ талаффуз намешавад, аммо овози ҳамсадои сактаро мо талаффуз мекунем. Ба ақидаи мо, бидуни сакта навиштану талаффуз намудан шояд тоҷикӣ бошад.

калимаҳои зерин: маънавиёт (бемаънавият); панҷто(г)ӣ, садтогӣ, сетогӣ, шаштогӣ, яктогӣ, якчандтогӣ (дутоӣ, даҳтоӣ, шаштоӣ); мелодӣ (милодӣ); савум (севум), сенздаҳ (сездаҳ); тарҷима (дар қоидаҳои имлои қаблӣ бо “у” навиштани калимаҳои “тарҷума” ва “Хусрав” таъкид гардида буд); увол (убол); фисад (фоиз, дарсад), шишум (шаш) мушоҳида кардан мумкин аст. Дар анҷоми исмҳои ҷинси иқтибосии навъи “такси, туфли” навиштани ҳарфи “и” дар қоидаҳои имло муқаррар шудааст ва “колготки, конки, кроссовки, туфли”ро дар фарҳанг ҳамин тавр навиштаанд (вожаи “такси” нест), лекин “шассӣ” “и”и дароз дорад. Навишти “мену” ва “песа, пиеса” баҳснок аст, чунки чунин усули навишт на дар ҳамаи ин навъи вомвожаҳои

томгароӣ, чапгароӣ, роӣ, ситезароӣ, говпоӣ, раҳпоӣ, зоиш, зоишгоҳ, навзоида, сухандароӣ, мӯин, мӯина, мӯинавор, мӯинафурӯш, мӯинафурӯшӣ, хушхӯӣ, ҳамхӯӣ, боигарӣ, соиш, таносоӣ, нокороӣ, падидаоӣ, равшаноӣ, фурудоӣ, гадоӣ, нонгадоӣ, ҳаминҷоӣ, яксӯӣ, чаманороӣ, шаҳророӣ, пӯиш; хоидан, хоидашуда, хоиш, бапоиқадам, хитоӣ” ва монанди инҳо муқаррароти қоидаҳо татбиқ нашудаанд. Шакли сохтаи калимаи “вабо” “вабойӣ” нишон дода шуда, “якхудоӣ” ва “давлатхудойӣ” ҳам вохӯрд. Вожаи “оина” ду хел истифода шудааст: чороина ва чоройна. Яъне, навишти ин навъи вожаҳо якгун нестанд. Кас намедонад, ки дар кадоме аз ин калимаҳо ҳарфи “й” истифода мегардад ва дар кадоме аз инҳо не. “Даро, зо, намо, о, хӯ” барин калимаҳоро дар шакли “бӯ(й), мӯ(й), сӯ(й), ҷӯ(й)” нишон медоданд, кор осонтар мешуд. Дар пешгуфтори китоб истифодаи вожаи “ҷойе” мувофиқи кадом қоида бошад, номаълум аст. Дар қоидаҳои имло омадааст, ки ҳамсадои “н” пеш аз “б” ба сурати “м” талаффуз шуда, аммо тибқи меъёр “н” навишта мешавад: анбор, анбӯр, занбар, занбӯр, пунба, сунбул, танбал, танбӯр, шанбе ва ғайра. Дар фарҳанг меъёри фавқ ин муқаррарот асосан риоя шуда бошад ҳам, бо баробари “дунба, занбӯруғ, танбал, ҷунбонидан” навиштан, ҳамчунин, “думба, замбӯруғ, тамбал, ҷумбонидан” навиштанро низ тавсия менамоянд. Сабти “самбӯса”, ки ба ғалати умум табдил ёфтааст, ба фарҳанг низ сироят намудааст. Ҳол он ки дар луғатҳои қаблии имло танҳо “санбӯса” мушоҳида гардида, дар фарҳанги тафсирӣ (2008, 2010) ҳар ду навишт вомехӯрад, аммо фарҳанги нави имло танҳо “самбӯса” навиштанро муқаррар менамояд. Дар ин маврид ҳам номувофиқатии қоида ва фарҳанг касро раҳгум мезанад. Дар байни ду садонок, ба истиснои калимаҳои “фаъол” ва “таъин” навишта нашудани ҳарфи “ъ” дар қоидаҳои имло таъкид гардида бошад ҳам, дар вожаҳои “васеъэкран, толеъозмоӣ, шуоъафкан, шуоъосо” байни ду садонок ҳарфи сакта омадааст. “Инон” ва “иёр” дар алоҳидагӣ бидуни сакта ва дар таркиби вожаҳои мураккабу сохтаи “сабукъинон, ҳамъинон, ҳамъинонӣ; комилъиёр, соҳибъиёр” сактадор навишта

Дар пешгуфтори фарҳанг омадааст, ки навишти “у” (ӯ) бо риояи меъёри суннатии таърихӣ ва фарҳангномаҳои форсӣтоҷикӣ сурат мегирад ва риоя ҳам гардидааст, вале дар навишти баъзе калимаҳо имлои пешина мондааст. Чунончи: муҳра - гилмӯҳра, резамӯҳра; абру - камонабрӯ, сиёҳабрӯ; паҳлу – каҷпаҳлӯ; маъруза – маърӯзакунанда; муътадил – номӯътадил. Ду шакли навишти вожаҳои зер тавсия гардидааст: муҷиб – мӯҷиб, зуфунун – зӯфунун, нумув(в) – нумӯ, неру – нирӯ. Дар “танаввӯъ, татаббӯъ; қомӯс, қомӯснигор” ҳарфи “ӯ” ва дар “лундашакл; куҳнавард, куҳнавардӣ” садоноки “у” саҳван истифода шудаанд. Дар навишти калимаҳои “замбӯруғ” ва “замбурӯғ” (саморӯғ) якгунӣ дида намешавад. Дар луғатҳои қаблӣ вожаи “бархурдор” тавсия гардида бошад, фарҳанги нав “бархӯрдор” навиштанро муқаррар менамояд. Ин ҷо ҳам як андоза саҳвравӣ мушоҳида мешавад. Бар замми ин, дар пешгуфтори вожанома ҳам “бархӯрд” ва ҳам “бархурд” истифода гардидааст. Дар иншои калимаҳои ташдиддор низ баъзе иштибоҳҳо ба чашм расиданд: ғайриоддӣ (одӣ), таасурангез (таассур), хориқулодда (фавқулода), ғаллаҷалоб, ғаллаҷалобӣ (ҷаллоб). Мувофиқи қоида ҳамсадоҳои анҷоми як зумра калимаҳои иқтибосии арабӣ, ки таърихан ташдид доранд, дар калимасозию калимабандӣ ташдидашон дубора барқарор мегардад, аз ҷумла, “кори хаттӣ, хатту савод” ва монанди инҳо. Лекин вожаҳои “бадхатӣ, каҷхата, каҷхатӣ, ростхатӣ, ростхата, хушхат(т)ӣ; зиқӣ” бидуни ташдид, “машшоққӣ” (зеро дар “машшоқ” ташдиди ҳарфи “қ” нишон дода нашудааст) мушаддад омадаанд. Калимаҳои “кулл” ва “ҳубб”-ро мисли “фан(н)”, “ум(м)” ва монанди инҳо “кул (л)” ва “ҳуб(б)” навиштан мумкин буд. Вожаҳои тоҷикии “буранда, паранда, чаранда” бе ташдид, вале “дарранда” ташдиддор омадааст. “Каҷӣ” ташдид надорад, аммо “кажжӣ” ташдид дорад. Ба мушаддад “каллак” ва “макконидан” навиштани вожаҳои тоҷикӣ зарурат набудагист. Дар калимаи “ҳифзуссиҳҳат” ташдид тақозои забони арабист, вале дар танҳоӣ мувофиқи талаффузи тоҷикӣ “сиҳат” омадааст. Бо баробари ин дар намунаҳои қоидаҳои имло “50-грамӣ” ғалат истифода шудааст. Таъсири забони гуфтугӯро дар навишти

байналмилалӣ (компютер, плюрализм, тюлен) ба мушоҳида мерасад. Ҳамчунин дар луғат вожаи “ғурунгидан” 2 маротиба омадааст. Бояд тазаккур дод, ки ба тарзи навишти “бинобар ин” ё “бино бар ин”, “чунонки” ё “чунон ки” барин таркибу калимаҳои таркибӣ, “сесомона”, “сесомония” ё “сесомонигӣ”, “куртаи атласпӯш” ё “куртаиатласпӯш”, “Ҳӯте” ё “Гёте”, сифатҳои феълие, ки аз се ҷузъи маънодор иборатанд (анҷомёфтаистода, бакамолрасидаистода ва монанди инҳо), ба мавриди истифода қарор доштани “ҳидроген”, “конференсия” рӯшанӣ андохта, ба фарҳанг номи тоҷикии давлатҳои дунё, аз қабили Лаҳистон, Маҷористон, Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва монанди инҳо, номи шаҳру навоҳӣ, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои кишварамон замима мегардид, боз манфиатовартар мешуд. Ҳамин тариқ, ҳангоми шиносоӣ бо “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар як назар ба баъзе носаҳеҳиҳо ва ё номувофиқатиҳо бо қоидаҳои имло (қоидаҳои имло низ аз камбудӣ орӣ нест) дучор шудем. “Дар ҳама фарҳангҳои имло дар риояи меъёрҳои таърихӣ ва илмии савтиёти забони тоҷикӣ камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд дошт”, вале то ин дараҷа иштибоҳоти имлоӣ ба мушоҳида намерасиданд. Ҳол он ки ин санадҳо, ки аз нигоҳи амиқу дақиқ, бо хираду фазли баланд, дархӯри ниёзи ҷомеа ва тақозои замон бидуни саросемагӣ таълиф ёфтанашон лозим аст, даҳсолаҳо хизмат менамоянд. Агар, аз як тараф, қоидаҳои имло ва аз тарафи дигар, луғати имло дуруст ва босаводона навиштанро таъмин нагардонанд, навиштори маводи рӯзномаву маҷаллаҳо, асарҳои илмиву бадеӣ ва оммавӣ, ҳуҷҷатҳои расмӣ чӣ тавр танзим мегарданд? Мақомоти давлатӣ - Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳияи қоида ва луғати имло машғул шавад, пас, Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ кор мекунад? Наход, олимони ин ниҳод аз уҳдаи ин кор баромада натавонанд?

Иштибоҳҳо дар фарҳанги нави имло

Исматҷон ПӮЛОДОВ, узви ИЖ Тоҷикистон, устоди филиали ДТТ дар Исфара

e-mail: javonontj@mail.ru

Қоида ва фарҳангҳои имло барои он таҳия ва қабул мегарданд, то ки навиштор танзим ва дар он ягонагӣ побарҷо гардад. Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки соли 1998 қабул гардид, то як андоза аз иҷрои ҳамин вазифа баромада тавонист. Барои он ки, аввалан, он қоидаи нахустини даврони соҳибистиқлолии кишвар ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ бошад, сониян, дар таҳияи он тамоми мардум иштирок карда буданд, яъне, беш аз се сол дар муҳокимаи тамоми қишри аҳолӣ – аз деҳқону коргар то олиму адиб қарор дошт. Қоидаҳои имлои соли 2011 ба ҷойи он ки раванди тоҷикӣ кунонидани навишту талаффузро такмил диҳад, маҷрои дигареро роҳандозӣ намуд. Дар хусуси бурду бохти қоидаҳои нави имло (“Ҷавонони Тоҷикистон”, № 7, 16.02.2012) пештар ибрози ақида намуда будем.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

11

НИГОҲИ ДИГАР


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

12

ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ

ВОЛЕЙБОЛ

Даври 11: Шикасти мизбонон Шанбеи гузашта бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ доир гаштанд. Тими “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ аз дастаи “Энергетик” бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Бозингари меҳмонон Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 13 ҳисобро кушод. Феликс Баффое дар дақиқаи 29 голи дуюми меҳмононро зад. Дар дақиқаҳои иловагии қисми якум Фирӯз Раҳматов ҳисобро тағйир дод – 1:2. Дар қисмати дуюм меҳмонон боз ба ҳуҷум гузаштанд. Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 53 голи сеюми “Энергетик”-ро зад. Бахтиёр Ҳасанов дар дақиқаи 88 ҳисобро ба 1:4 расонд. Боз ҳам дар дақиқаҳои иловагӣ Фирӯз Раҳматов голи дуюми турсунзодагиҳоро зад. Тими “Вахш” низ дар майдони худ аз дастаи “Далерон-Уротеппа” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро Сафаралӣ Каримов дар дақиқаи 66 аз ҷаримаи ёздаҳметра ба ҳадаф расонд. Бозӣ миёни дастаҳои “Хайр”

ва “Истиқлол” на дар шаҳри Ваҳдат, балки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашт. “Истиқлол” бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Бозингари “Хайр” Ҳусейн Суҳробӣ дар дақиқаи 57 ҳисобро кушод. Ба ин голи ӯ Ромиш Ҷалилов аз тими “Истиқлол” дар дақиқаҳои 77, 86 бо ду гол ҷавоб гардонд. Дар дақиқаи 89 легионери дигари “Хайр” Менсах Даниел Абан ҳисобро баробар кард. Баъди як дақиқа Дилшод Восиев голи

ҳалкунандаи вохуриро зад. Дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ ба дарвозаи “Парвоз” 4 голи беҷавоб зад. Ҳикматулло Расулов дар дақиқаи 9 ҳисобро кушод. Дилшод Каримов дар дақиқаи 37, Вайсиддин Сафаров – 61 ва Сайриддин Ғаффоров дар дақиқаи 89 3 голи дигарро ба ҳадаф расонданд. Бозии миёни дастаҳои “Равшан” ва КМВА “Помир” бидуни гол хотима ёфт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа: ДАСТАҲО Б «Истиқлол» (Душанбе) 11 1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 11 2 «Энергетик» (Душанбе) 11 3 4 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 11 «Хайр» (Ваҳдат) 11 5 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 11 6 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 7 КМВА «Помир» (Душанбе) 11 8 «Равшан» (Кӯлоб) 11 9 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 11 10

Ғ 10 6 5 5 5 5 3 2 2 2

М 1 3 3 3 1 1 3 2 2 1

Б 0 2 3 3 5 5 5 7 7 8

Т/Т 46-6 16-12 17-12 11-8 16-15 16-23 16-18 8-17 13-31 3-20

Х 31 21 18 18 16 16 12 8 8 7

Суғд - барандаи Ҷоизаи Нуралӣ Одинаев 14-18 августи соли равон дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни бонувон барои соҳиб шудан ба Ҷоизаи Нуралӣ Одинаев баргузор шуд, ки дар он тимҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бададхшон ширкат варзиданд. Дар марҳилаи нимниҳоӣ дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тими Душанберо бо ҳисоби 3:1 ва дастаи Суғд тими Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуданд. Дар бозии финалӣ дастаи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон аз тими Суғд бо ҳисоби 3:2 шикаст хӯрд. Бори дуюм аст, ки варзишгарони дастаи Суғд соҳиби ин ҷоиза мешаванд. Беҳтарин варзишгари мусобиқа Азима Абдураҳмонова аз дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дониста шуд. Нуралӣ Одинаев Устоди Иттиҳоди Шӯравӣ, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи мукофоту ифтихорномаҳои федератсияи байналмилалӣ мебошад. Ӯ 15 сол вазифаи президенти Федератсияи волейболи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

М. ШАҲНАВОЗ, шаҳри Хоруғ ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ

ФУТБОЛИ ХУРД

Ширкати дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ-2014

e-mail: javonontj@mail.ru

Натиҷаи қуръакашии мусобиқаи футболи Бозиҳои осиёӣ-2014: Гурӯҳи «А»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Лаос. Гурӯҳи «B»: Узбекистон, Ҳонконг, Бангладеш, Афғонистон. Гурӯҳи «С»: Умон, Фаластин, Сингапур, ТОҶИКИСТОН. Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Кувайт, Ироқ, Непал. Гурӯҳи «E»: Тайланд, Молдив, Тимори Шарқӣ, Индонезия. Гурӯҳи «F»: Кореяи Шимолӣ, Чин, Покистон. Гурӯҳи «G»: Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Урдун. Гурӯҳи «Н»: Эрон, Ветнам, Қирғизистон.

Чемпионати ҷаҳон оид ба дзю-до шуруъ шуд 25 август дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия Чемпионати ҷаҳон оид ба дзю-до оғоз ёфт. Дар он 751 варзишгар аз 120 кишвар иштирок доранд. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа варзишгарони шинохта Қабатулло Аминов (вазни 60 кило), Расул Абдушарифов (66), Самандар Қаландаров (73),

Дастаи мунтахаби футболи кишвар дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инхчони Кореяи Ҷанубӣ бо дастаҳои Умон, Фаластин ва Сингапур рақобат мекунад. Дар мусобиқаи футбол аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII 29 дастаи мунтахаби мардона (U-23) ширкат меварзанд. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шуданд. Панҷ гурӯҳ аз чордастаӣ ва се гурӯҳ аз седастаӣ иборатанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебароянд. Дар мавриди ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби мамлакат рақибаш яке аз тимҳои гурӯҳи «D» (Ҷопон, Кувайт, Ироқ ва Непал) мешавад. Дар мусобиқот футболбозони то 23-сола иштирок мекунанд. Инчунин, ҳар даста имкон дорад, ки се футболбози синнашон аз 23 болоро ба ҳайат ворид намояд.

ДЗЮ-ДО

Саидмухтор Расулов, Фарҳод Раҳимов (81), Комроншоҳ Устопириён, Саидҷалол Саидов (90), Дадахон Қурбоналиев (100), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Парвиз Собиров (+100) намояндагӣ мекунанд.

«Динамо» - барандаи Олимпиадаи наврасон: Ҷоми Чин пешсаф аст Тоҷикистон ОЛИМПИАДАИ НАНҶИНГ-2014

Дар бозии ниҳоии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон оид ба футболи хурд дастаи “Динамо”-и Душанбе тими “Бонки миллӣ”-ро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футболи хурд бо ширкати 8 даста – 4 даста аз Суғд ва 4 даста аз Душанбе - дар шаҳри Хуҷанд доир гашт.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки дар шаҳри Нанҷинги Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, аз рӯи натиҷагирии нӯҳ рӯзи мусобиқот ҳамоно дастаи мизбон дар ҳисоби даставӣ бо дарёфти 34 медали тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ пешсаф аст. Тими мунтахаби Федератсияи Русия бо 22 медали тилло, 18 нуқра ва 11 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва дастаи яккачини и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 7 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи сеюм қарор доранд. Зинаҳои баъдиро Украина (6, 8, 7), Итолиё (6, 7, 5) ва Маҷористон (6, 6, 11) ишғол кардаанд. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо низ Чин бо 57 нишон пешсаф мебошад. Федератсияи Русия бо 51 медал дар ҷойи дувум ва Маҷористон бо 23 медал дар ҷойи сеюм қарор доранд. Умуман, миёни намояндагони 204 давлат варзишгарони 84 кишвар соҳиби медали олимпӣ гардиданд.


Илҳом Одинаев ба Итолиё меравад

Яке аз чунин варзишгарони шӯҳратманд ва шинохтаи ҷумҳурӣ, ки чанд соли охир номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бо қаҳрамонии худ муаррифӣ мекунад, Илҳом Одинаев мебошад. Ӯ ҳабдаҳ сол дорад ва аз соли 2001 дар намуди таэквондо (ITF) машқ мекунад. Ӯро падараш дар панҷсолагӣ барои тамрин назди яке аз мураббиёни шинохтаи ҷумҳурӣ

Фурқат Урунов бурд. Ф. Урунов ба ҳаракатҳои шогирди хурдсолаш зеҳн монда, дар симояш варзишгари ояндадорро тасаввур кард. Барои ҳамин, бо ӯ ҷиддан машғул шуда, машқҳои иловагӣ мегузаронд. Кӯшишу заҳмати устод самараи хуб дод. Илҳом дар ҳафтсолагӣ дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба таэквандо (ITF), ки дар шаҳри Душанбе соли 2003 баргузор гардид, иштирок карда, ба гирифтани медали нуқра сазовор шуд. Ин аввалин дастовардаш дар соҳаи варзиш буд. Акнун ӯ кӯшиш мекард қуллаҳои баландтари олами варзишро фатҳ, комёбиҳои худро афзун намояд. Ба ин хотир баҳри сайқали маҳорат пайваста машқ мекард. Заҳматҳоии пайвастааш буд, ки то имрӯз соҳиби 38 медал гардидааст, ки аз ин 25-тоаш тилло мебошад. Аз ҷумла, соли 2012 дар Чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэквандо (ITF), ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки 300 варзишгар баргузор шуд, дар вазни 45 кг. ду медали тилло ва як нуқра ба даст овард. Худи ҳамон сол дар мусобиқаи даҳуми ҷаҳон оид ба таэквандо (ITF), дар пойтахти Ҷумҳурии Эстония - Таллин ширкат варзида, Қаҳрамони ҷаҳон гардид. Имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, байни наврасону ҷавонон ва бузургсолон миёни варзишгарони 20 кишвар, ки дар шаҳри Катмандуи Ҷумҳурии Демо-

кратии Федералии Непал баргузор шуд, соҳиби чор медали тилло ва як биринҷӣ шуд. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо (ITF), ки аз 7 то 11 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар вазни то 57 кг 1 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овард. Ӯ айни ҳол ду карат Қаҳрамони Осиё ва ду карат Қаҳрамони ҷаҳон мебошад. - Тамринҳои шогирди ман хеле хуб аст ва ӯ ба ин намуди варзиш шавқу ҳаваси зиёд дорад. Аз рӯзҳои аввал худро хуб нишон медод, ки дастовардҳои имрӯза инро тасдиқ мекунанд. Бовар дорам, ки Илҳом дар оянда яке аз варзишгарони беҳтарини ҷумҳурӣ дар варзиши таэквандо (ITF) мешавад, — гуфт Фурқат Урунов. Дар баробари машқҳои пайвастаи варзишӣ Илҳом таҳсил ва ислмомӯзиро ҳам канор намегузорад. Сари вақт ба дарсҳо ҳозир мешавад. Айни ҳол хонандаи синфи 11-и литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мебошад. Қобили қайд аст, ки Илҳом Одинаев 6 сентябри соли ҷорӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг, ки дар Итолиё баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард. - То мусобиқа вақт хеле кам мондааст. Аз ин рӯ, пайваста машқ мекунам, то дар Итолиё Парчами Тоҷикистони азиз барафрохта шавад, - гуфт Илҳом Одинаев.

Иродаи қавӣ – омили муҳими комёбӣ Ширин Набиева варзишгардухтарест, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо (ITF) байни наврасону собиқадорон, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, соҳиби се медали тилло гардид.

Ӯ, ғайр аз ин, дар бисёре аз мусобиқаҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ иштирок карда, ба гирифтани бисту нӯҳ медал мушарраф шудааст. Соли 2012 дар Чемпионати Осиё оид ба таэквандо (ITF), ки дар шаҳри Душанбе, бо иштироки варзишгарони 20 мамлакат баргузор гардид, ба гирифтани се медали тилло ва ду нуқра мушарраф шуд. Пеш аз он Ширин дар Чемпионати ҷаҳон оид

ба таэквандо, ки дар Ҷумҳурии Эстония баргузор гардид, ширкат намуда, соҳиби ду медали биринҷӣ шуд. Соли 2014 Ширин Набиева дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Катмандуи Ҷумҳурии Непал доир гашт, бо гирифтани панҷ медали тилло Чемпиони мутлақ гардид. Ширин аз дувоздаҳсолагӣ машқ мекунад. Сабаби рӯй овардани ӯ ба таэквандо ҳамсинф ва дугонаи наздикаш Гулноза мебошад. Гулноза чанд сол пеш аз Ширин ба ин намуди варзиш машғул буд. Ҳар гоҳе ки аз машқ бармегашт, Ширин аз ӯ бо як шавқу ҳавас дар бораи чӣ тавр тамрин намудану иштирок дар мусобиқаҳоро пурсон мешуд. Ҳамсинфаш бо як эҳсоси баланд ба Ширин ҳикоя мекард. Рӯзе ӯ ҳамроҳи дугонааш ба толори таэквандо рафт. Тамрин намудани варзишгаронро тамошо намуда, илҳомаш омад ва аз мураббӣ Зуҳро Холова, Чемпиони ҷаҳон оид ба кикбоксинг, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ иҷозаи тамрин пурсид. Мураббӣ қаду қомати

ӯро дида, иҷозат дод. Аз ҳамон рӯз Ширин пайваста машқ карда, тамоми нозукиҳои таэквандоро омӯхт ва маҳораташро сайқал дод. Натиҷаи заҳматҳои ҳамешагии ӯ буд, ки дар тӯли панҷ сол аввал Чемпиони мутлақ ва баъдан Қаҳрамони секаратаи ҷаҳон гардид. Ширин миёни варзишгарон шинохта аст. Айни ҳол таҳти роҳбарии мураббии сахтгиру серталаб Фурқат Урунов тамрин мекунад. Дар дил нақшаву орзуҳои зиёд мепарварад. Орзуи дар ин риштаи варзиш байни ҷавонону калонсолон Чемпиони ҷаҳон шуданро дорад. Тарбия ва ба камол расонидани варзишгарони умедбахш ва пешрафту муваффақияти онҳо, пеш аз ҳама, обрӯи миллату давлат мебошад. Қаҳрамони ҷаҳон Ширин Набиева имсол донишҷӯи Донишкадаи давлатии санъат ва дизайни Тоҷикистон гардид. Ӯ дар баробари таҳсил пайваста машқ мекунад, то ба орзуяш расад.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Чанд соли охир барои рушди варзиш ва фароҳам овардани шароит барои наврасону ҷавонон дар мамлакат майдону толорҳои варзишии муосиру замонавӣ сохта шуданд. Ҳамин аст, ки наврасону ҷавонон дар мусобиқаҳои гуногуни осиёиву байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

13

ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

14

ЭЪЛОН

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмуни кушода эълон менамояд: - мудири бахши молия ва муҳосибӣ; - сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат; - мутахассиси пешбари шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ; - мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ; - мутахассиси пешбари шуъбаи агентӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; - мутахассиси пешбари шуъбаи агентӣ дар вилояти Хатлон. 1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби мудири бахши молия ва муҳосибӣ: - таҳсилоти олии касбии молиявӣ ё иқтисодӣ; - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон; - таҷрибаи кор дар мансаби сармуҳосиб; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши мансабӣ 992,25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ. 2. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат: - таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши мансабӣ 900 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ. 3. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ; - таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ё дигар ихтисосҳои гуманитарӣ; - як сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши мансабӣ 733,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ. 4. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ: - таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ; - як сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши мансабӣ 733,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: Номгӯи мансабҳо Сардори Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказӣ Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказӣ

Маоши вазифавӣ 1709.1 1405.3

Мудири Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи марказӣ

1150.2

Мудири Бахши таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи марказӣ Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом

943.65

Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ

773.55

854.55 814.05

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Роғун

738

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент

738

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара

738

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қайроққум

738

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом

738

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус

702

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ

702

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фархор

702

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ

702

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим

702

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон

702

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол

702

Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказӣ Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қумсангир

702

697.50 635 603 576 576

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ

576

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар

576

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб

576

Мутахасиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт

576

5. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи агентӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: - таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ; - як сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши мансабӣ 634,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ.

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҳисор Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тавилдара

576

6. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи агентӣ дар вилояти Хатлон: - таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои гуманитарӣ бартарӣ дода мешавад); - як сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши мансабӣ 634,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ. 7. Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд.

e-mail: javonontj@mail.ru

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

8. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: - аризаи шахсӣ ба номи муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 086У); - нусхаи шиноснома. 9. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи хадамоти кадрии агентӣ дар муҳлати 14 рӯз баъди чопи аввалини эълон қабул карда мешаванд. Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33 (назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ). Индекс: 734003, телефон/факс: 224-02-74, почтаи электронӣ: info@rhd.tj, вебсайт: www.rhd.tj

576 576

576 576

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шуғнон

576

Мутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказии Кумита

576

Мутахассиси Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд

522

Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қурғонтеппа

495

Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

472.50

Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хисрав

472.50

ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - ариза ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расм (4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).


Аспирин ... Бар, канор, пара

Пушаймонї

… Рао, ситораи кинои њиндї

Њарфи аввали алифбои лотинї

Килограмм воњиди ... Мўњтарам, воломаќом

Сифати автомат ва аждањо

Доѓи пўст

Банди ѓафс

Шоњи Шекспир

Зањ

Намоиши эстрадї ё телевизионї

Соф, тоза, пок

Ќисми китоб

Мухолиф шудан, зиддият

... -Ланка, давлат дар Осиё Ранги ялаќќосии пойафзол

… Баччан, ситораи кинои њиндї

Ќабати њавои Замин

Маллоњ, моряк

Чўби такя

Меваи пешпазак

«Дафтари хотирот»-и шахсї дар Интернет

Бадан, андом

Нўшокї аз мева, шарбат

Ѓизол

Варзиши Мавзуна Чориева

Гимнастикаи хитої

Фонтан

Мисл, монанд

Бандї, ѓулом Номи гуфтугўии микроавтобуси Рига

Як утоќ дар ќатора

Мазоњ, шўхї

... Рашидова, санъаткор

Муќобили «бегонагї»

Тими футболи Мадрид, Испания

... Муњаммадљонов, актёри тољик

Нидои мухлиси футбол

Майдаи нон

... Зинта, актрисаи њиндї

Њайвони бешагии «либосшўй»

Дуюм, баъд

Пастї, нокасї

Шоњи футбол

Бо суръати суст

… ва Шодї (театр) Попўши намадии русњо

«Чупа-…»

Ќањрамони тавонои филмњои ИМА

Амонї, осоиш

… Падуконе, ситораи кинои њиндї

Шањри текстили Русия

Хо Ши …, доњии Ветнами сотсиалистї

Душанбе, Париж, Лондон

«Мерседес…»

… Степаненко, зани артист Е. Петросян

Фарзанд аз љинси мард

Љазираи Индонезия

Хонум, бегим

Май, бода Компютери дастї

Шими поёнвасеъ

Њиссачаи инкорї

Мошинчаи боркашони анборњо

Давлат дар Аврупо

Харчанги бањрї

Матоъ аз нахи кирмак

Майдон, њавлї

Ишора

Гавњар

Мукофоти синамогарони ИМА

Ташкилоти баскетболи ИМА (русї)

Тираву ...

Парешон

Њама, кулл

Хубї, некї

Султони аморат

Дарё дар Хитой

Квартети машњури эстрадї аз Шветсия

Логика ба за- Падар бони (лањљ.) тољикї

Бањр дар Осиёи Миёна

Абоненти алоќаи телефонї

Паймони хаттии оштї

Пойтахти Аљаристони Гурљистон

Ќасри шоњон дар Њиндустон

сиќии тўёна

Пойтахташ Буэнос-Айрес

Охири арѓамчин

e-mail: javonontj@mail.ru

Муќобили «негатив» (фото)

1000 грамм

Бомбаи ... Асбоби му-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9357), 28 АВГУСТИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марде ба табиб: - Духтурҷон, аз чӣ бошад, гурдаҳоям дард мекунад. Табиб: - Одекалон менӯшед? Бемор: - Ҳа, менӯшам, аммо ёрдам накарда истодааст.

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Умаралии САФАРАЛӢ

Марде дар ҳавопаймо паҳлӯи бонуи зебое нишастааст, аммо намедонад, ки ӯро чӣ гуна ба гап дарорад. Билохира, мепурсад: - Мебахшед, духтари нозанин, шумо ҳам дар ҳамин тайёра парвоз мекунед?

(котиби масъул),

Обид САФАРЗОД

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

Дар назди бозор ду гадо талбандагӣ доранд. Хориҷие назди онҳо омада, ба пеши ҳар кадом яксомонӣ партофта мегӯяд: - Дар ин ҷо он қадар пули зиёд ҷамъ карда наметавонед, беҳтараш ҷоятонро иваз кунед. Баъди рафтани хориҷӣ як гадо ба гадои дигар: - Аку, ҳамин хориҷӣ ҳам ба мо тиҷорат ёд медиҳад...

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

***

Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7042 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

АНДАРЗ

Муҳаббат Мағозаро давр зада, харид мекардам. Дидам, ки хазинадор бо писари 5-6-солае гуфтугӯ мекунад. - Афсус, маблағат барои харидани лӯхтак намерасад. Писарак аз ман пурсид: - Тағо, ҳамин маблағи ман барои харидани лӯхтак нокифоя аст? Ман пули ӯро шумурда, дар ҷавоб гуфтам: - Писарҷон, дар ҳақиқат, маблағи ту барои харидорӣ кардани ин лӯхтак намерасад. Писарак ҳанӯз ҳам лӯхтакро дар даст дошт. Баъди ба охир расондани хариди худ, боз назди писарак омадам. - Ин лӯхтакро хоҳарам бениҳоят дӯст медошт, барои ҳамин, ман онро харидан мехоҳам, то ки дар зодрӯзаш тӯҳфа намоям! Баъдан, ки лухтакро харидам, онро ба дасти модарам медиҳам, то ӯ ба хоҳарам бидиҳад. Вақте писарак ин суханҳоро мегуфт дар чашмонаш ғаму андӯҳ намоён буд! Боз илова кард: - Падарам гуфт, ки хоҳарам назди Худованд рафтааст, ба наздикӣ модарат ҳам ба назди Аллоҳ меравад. Барои ҳамин, фикр кардам, ки модарам лӯхтакро ба хоҳарам бурда расонад! Дили ман баъди шунидани ин суханҳо гӯё аз тапидан монд. Писарак сӯйи ман нигариста гуфт: - Ман ба падарам гуфтам, то аз саёҳат барнагардам, модарам ба ҳеҷ куҷо наравад. Сипас, ӯ сурати худро, ки дар он хандонрӯ буд, нишон дод. Ман мехоҳам модарам сурати манро бо худ гирад, то хоҳарам онро дида, маро ҳеҷ гоҳ аз хотир набарорад. Модарамро бениҳоят дӯст ме-

дорам ва намехоҳам, ки маро партофта равад, лекин падарам мегӯяд, модарам ҳатман бояд назди хоҳари хурдсолам равад. Пасон, бо чашмони пур аз ғаму алам ба лӯхтак нигарист. Ман зуд ҳамёни худро гирифта, ба писарак гуфтам: - Биё, маблағатро аз сари нав ҳисоб мекунем, мумкин барои харидани лӯхтак басанда бошад... - Бале, ман хаёл мекунам пули ман барои харидани лӯхтак мерасад! Ман аз ҳамёни худ як миқдор маблағро ба болои маблағаш гузоштам ва аз сари нав шумурдем. Маблағи мавҷуда, ҳам барои харидани лӯхтак расид ва ҳатто як миқдор боқӣ монд. Писарак ин ҳолро дида, гуфт: - Раҳмат ба Худованд, барои он ки ба ман маблағ дод. Баъдан ӯ сӯйи ман нигариста илова кард: - Дирӯз пеш аз хоб ман аз Худованд талаб кардам, ки ба ман пул диҳад, то барои хоҳарам лӯхтак бихараму бо дасти модарам барои ӯ бирасонам. Аллоҳ хоҳиши маро шунид. Ман мехостам андак маблағ дошта бошам, то ки барои модарам гули садбарги сафед бихарам. Лекин инро аз

***

Аллоҳ напурсида будам, аммо ӯ пули барзиёд барои ман ато кард, то ки ман ҳам лӯхтак харида тавонаму ҳам гул. Модари ман гули садбарги сафедро хеле дӯст медорад!... Ба хона баргаштам, лекин ҳикояи писари хурдсол аз хотирам намебаромад. Ба хотирам омад, ки ду рӯз пеш дар яке аз рӯзномаҳои маҳаллӣ мақолае чоп шуд, ки ронандаи масти нақлиёти боркаш занеро бо як духтарчаи худрсол зер карда, гузашта буд. Духтарак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, зан дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад. Баъд аз ду рӯз ҳамон рӯзнома хабар нашр кард, ки зан аз бардоштани захмҳои зиёд дар бемористон ҷон додааст. Баъди мутолиаи рӯзнома ашки худро нигоҳ дошта натавонистам. Аз дукони гулфурӯшон, гули садбарги сафед харида, ба ҷанозаи ин оилаи пурғам рафтам. Зани ҷавон дар тан сони сафед, дар як даст лӯхтак ва сурати писарак, дар дасти дигар гули садбарги сафед дар тобут хомӯш хоб буд. Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Ду табиб бо ҳам суҳбат доранд. Аввалӣ: - Мешавад, ки шумо беморро аз як касал табобат доред, аммо ҷароҳии баъди марг нишон медиҳад, ки касали дигар будааст? Дуюм: - Не, боре ин хел нашудааст. Дар мо аз кадом касал, ки табобат кунем, аз ҳамон касал мемиранд...

ЭЪЛОН

Эътибор надорад

Дафтарчаи гумшудаи манзил бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Асадулло Ғуломов-7 (Федина), хонаи 1, ки ба Ҳалимов Тоҷиддин, мутаалиқ аст, эътибор надорад. Шиносномаи техникии гумшудаи №2889 л/с-и мансуб ба хонаи рақами 287-и кӯчаи Анзоби ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки ба Неъматулло Шамсов мутааллиқ аст, эътибор надорад. Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ, бо суроғаи ноҳияи Тавилдара, деҳаи Каранак, ки ба Расулов Ҳоким Нозимович мутааллиқ аст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №044543, ки муассисаи таълимии рақами 5-и ноҳияи Қубодиён соли 1987 ба Муродова Маълумбибӣ додааст, эътибор надорад.

Қатъи фаъолият

Соҳибкори инфиродӣ Фарида Ашӯрова Муқимовна (РЯМ 0430159382), ки аз 27 декабри соли 2013 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

ҲАМДАРДӢ Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги бемаҳали журналист, корманди Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон ЛАТОФАТ АКБАРОВА сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.