javononi tojikiston/#35/2015

Page 1

Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№35 (9409), 03 сентябри соли 2015

Дарси сулҳ аз Донишгоҳи Кӯлоб 1 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии донишгоҳ ва дарси сулҳ иштирок кард. Нахуст бо буридани лентаи рамзӣ дар рӯзи аввали соли нави хониши 2015-2016 бинои боҳашамату замонавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба истифода дода шуд. Президенти мамлакат дар синфхонаҳои омӯзиши забонҳои русию англисӣ, синфи компютерӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва шароити таълим шинос шуда, бо устодону донишҷӯён мулоқот кард.

E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU

WWW.JAVONON.TJ

АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД

ҶАШН

ҲАФТ РӮЗ 27.08.2015 Дар машқгоҳи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ “Фахробод” намоиши машқҳои махсуси тактикии “Гром-2015” оғоз гардид, ки имрӯз – 3 сентябр анҷом меёбад. 28.08.2015 Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ барои ширкат дар конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо ба Амрико рафт. 29.08.2015 Дар бозорҳои калони пойтахт, ба монанди «Шоҳмансур», “Саховат”, «Қарияи боло» ва «Деҳқон» Иди асал ва харбуза - 2015 баргузор шуд. 30.08.2015 Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳамкорӣ бо нашрияи «Вечёрка» аксияи тозагии соҳил таҳти унвони «Шанбегии сабз» дар соҳили дарёи Душанбе баргузор шуд. 31.08.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дар робита ба Рӯзи Истиқлолияти ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории№35 Тоҷикистон Индекси обуна 68857. «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», (9409), 03“Амонатбонк”. СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

01.09.2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард. Сарвари давлатро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 02.09.2015 Дар шаҳри Пекин Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Чин Лю Шиюй мулоқот кард. Дар он масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо ин бонки бонуфузи Чин баррасӣ гардид.

1


ҶАШН

Сафари кории Президенти мамлакат аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат имсол 700-солагии ӯро дар саросари кишвар ҷашн мегиранд, оғоз гардид. Сарвари давлат диққати кормандони осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба корҳои ободонӣ ҷалб намуд, зеро ҳар сол шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ, бахусус онҳое, ки аз зиндагии ибратбахш ва осори гаронарзиши пур аз панду ахлоқии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ огоҳ ҳастанд, барои зиёрат ба ин ҷо ташриф меоранд. Ҳамчунин, Сарвари давлат барои чопи асарҳои пурарзиши ин мутафаккири барҷастаи машриқзамин ва огоҳонидани мардум аз он ба масъулин ҳидоятҳо дод. Бо иштироки Президенти мамлакат санги асоси Маркази перинатологии минтақавии Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб ва Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ гузошта шуд. Ҳамчунин, сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Коллеҷи тиббии Кӯлоб оғоз гардид. Бинои замонавии хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд, ки барои 400 нафар курсант пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, бинои панҷошёнаи Нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб ба истифода дода шуд. Баҳри рушди туризм дар маркази шаҳри Кӯлоб меҳмонхонаи “Чанор” барои 100 ҷой ифтитоҳ ёфт, ки 100 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар ошёнаи аввал китобхона бо 7 ҳазор китоб мавҷуд аст. Дар қисми дигари ҳамин ошёна як маркази савдо ба истифода дода шуд. Дар ошёнаи якум Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунари дӯзандагони моҳир, заргарон, ҳайкалтарошон, рассомон аз наздик шинос шуда, ба маҳорати онҳо баҳои баланд дод. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба 68 нафар кӯдаки ятим тӯҳфаҳои пурарзиш, аз ҷумла сару либос тақдим кард. Дар шафати бинои асосии муассисаи таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат» бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт. Нимаи дуюми рӯзи 31 август Президенти мамлакат барои иштирок дар барномаи рангини ҳунарии тантанаҳои асосии таҷлили 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Боғи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ташриф овард. Президенти кишвар ҳозирин ва сокинони Кӯлобро бо таҷлили 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҷашни дар пешистодаи миллӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Зикр шуд, ки пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид эълон гардидани шаҳри Кӯлоб нишонаи равшани баланд рафтани мақоми ин шаҳри таърихӣ ва пешрафти он мебошад. Дар замони истиқлолият дафъаи дуюм аст, ки ҷашни Мир Сайид

2

Дарси сулҳ аз Донишгоҳи Кӯлоб 31 август – 1 сентябр Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб, вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, иштирок дар оғози тантанаҳои ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳр дар шаҳри Кӯлоб қарор дошт. аз хатарҳои даҳшатбори муосир, мисли ҳамроҳшавӣ ба ҷангҳои давлати ба ном исломӣ ва ҳаракатҳои тундрав ҳифз намоем. Аз ҷониби ҳунармандон барои меҳмонон намоиши театрӣ ва барномаи рангини ҳунарӣ пешкаш карда шуд. 1 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии донишгоҳ ва дарси сулҳ иштирок кард. Нахуст бо буридани лентаи рамзӣ дар рӯзи аввали соли нави хониши 2015-2016 бинои боҳашамату замонавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба истифода дода

Алии Ҳамадонӣ баргузор гардида, дар доираи чорабиниҳои бахшида ба ин шахсияти барҷаста осорхона ва мақбараи ин мутафаккир азнавсозӣ карда шуд ва дар мамлакат як қатор тадбирҳои муҳими фарҳангӣ амалӣ гардиданд. Ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз шаҳри фарҳангдӯсту меҳмоннавози Кӯлоби бостонӣ шуруъ гардида, сипас, ҳамоиши илмии байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки меҳмонону донишмандони дохиливу хориҷӣ идома меёбад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи

Машриқзамин ба шумор рафта, шуҳрати беандозааш на танҳо дар кишвари мо, балки дар Эрону Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва як қатор мамолики араб ҳамчун мутафаккир, файласуф ва шоир маҳбубу машҳур мебошад. - Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ суботи ҷомеаро дар осоишу тифоқ дониста, ҳамеша хостори сулҳу ваҳдат буд, - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки дар доираи ҳамин андешаҳои мутафаккири бузург мо бояд на танҳо ба хотири расидан ба ваҳдати комил талош кунем, балки ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, ҷавононро

шуд. Президенти мамлакат дар синфхонаҳои омӯзиши забонҳои русию англисӣ, синфи компютерӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва шароити таълим шинос шуда, бо устодону донишҷӯён мулоқот кард. Сипас Президенти мамлакат дар дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ кард. Дар оғоз Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ба рушду пешрафти бахши пешбарандаи ҷомеа - соҳаи маориф ва сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки ҳар сол бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвар гувоҳи равшани эҳтироми

зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад. Зикр шуд, ки ҳазорон нафар дастпарвари донишгоҳ имрӯз дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиамон дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва хориҷ фаъолият доранд. Танҳо дар замони соҳибистиқлолии давлатамон ин даргоҳи илму маърифатро қариб 20 ҳазор нафар хатм кардаанд. Садҳо нафар ходимони давлативу ҷамъиятӣ, шоирону нависандагони номдор ва ҳунармандони варзида хатмкардагони ҳамин донишгоҳ мебошанд. Қайд гардид, ки имсол ба тариқи тестӣ 73700 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида, 36000 нафар ба макотиби олӣ дохил шудаанд. Яъне нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат 77,2 фоиз иҷро шудааст. Натиҷаи имтиҳонот тавассути Маркази миллии тестӣ бори дигар ошкор сохт, ки сатҳу сифати таълим дар кишвар беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад ва масъулони соҳаи маориф, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору мақомотро зарур аст, ки ба сифати таълим диққати махсус диҳанд ва назоратро дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар пурзӯр намоянд. - Дар чунин марҳалаи ҳассос мо ҳамчун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки шаҳрвандиро паси сар кардааст, бори дигар бо ҷиддият эълон медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон ва пуштибони ҳалли мусолиматомези ҳама гуна мухолифату низоъҳо буда, иртиҷоъпарастӣ ва ифротгароиро қатъиян маҳкум менамоем ва бар зидди ҳар гуна аъмоли номатлуб мубориза мебарем, - гуфт Сарвари давлат. - Яке аз зуҳуроти нангину хатарноки ҷаҳони имрӯза гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, ба қочоқ ё муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст задани онҳо, қонуншиканӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва тақлид ба расму ойин ва тарзи либоспӯшии бегона мебошад, ки наврасону ҷавононро аз асолати миллӣ дур месозанд. Гуфта шуд, даврони донишҷӯӣ на танҳо марҳалаи зебои ҷавонӣ, балки айёми муҳими омӯзиш, аз худ кардани илму дониш, касбу ҳунар ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад. “Бинобар ин, ман ба ҳамаи ҷавонони мамлакат муроҷиат менамоям, ки ин давраро самаранок истифода бурда, тамоми нерӯи худро барои азхуд кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед”, таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ШОДБОШӢ

ҚАДРДОНӢ

12 олими ҷавон ҷоизаи Исмоили Сомонӣ гирифтанд 28 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ба истиқболи 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофоти давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонд.

Ҷавонони боистеъдод миллатро ба оламиён муаррифӣ менамоянд Табрикоти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи дониш Ҷавонони арҷманд! Созандагони Ватан! Пеш аз ҳама, Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш, ки мо ҳар сол онро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан ҷашн мегирем, самимона табрик менамоям. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки қисмати асосии аҳолии кишварамонро маҳз ҷавонон ташкил дода, таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардидааст. Воқеан, рӯ овардан ба ҷавонон ва такя ба нерӯи онҳо дар аксари кишварҳо ба назар мерасад. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавӣ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Мо ва Шумо - ҷавонони саодатманди кишвар, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона варзида, барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон устуворона қадам мезанем. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти маҳбубамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро ҷиҳати насли ояндасозу ватанпараст тарбия ёфтани ҷавонон муҳайё сохтаанд ва сиёсати давлатии ҷавононро дар мадди назари худ қарор дода, пайваста ба ин қишри ояндасози кишвар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки дар мулоқоти худ бо ҷавонон 23 майи соли 2013 бо боварӣ изҳор намуданд: “Мо ба ҷавонони бонангу номус ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.” Хурсандиовар аст, ки боварии Президенти кишвар ба ҷавонон дар тарбияву ба камол расидани онҳо низ бетаъсир буда наметавонад. Зеро дар арафаи иду ҷашнҳо ва дар мулоқоти алоҳида пайваста ба ҷавонон насиҳатҳои падарона намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо қарорҳои дахлдор мебароранд. Дар асл, ҷавонон бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани азизамон кӯшиш карда, дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишварамон заруриро азбар карда истодаанд. Имрӯзҳо беш аз 35 ҳазор нафар ҷавони соҳибистеъдоду лаёқатманди тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Воқеан, ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод қудрат доранд, ки бори гарони илму фарҳанги миллатро бар дӯш гирифта, ҳамчун ҳалқаи зарурӣ дар занҷири маърифат аз насл ба насл хидмат намоянд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиёти нави илмию техникӣ, бо асарҳои рангорангу пурмазмуни муосир, бо санъату ҳунари баланд миллати шуҳратманду тамаддунофари хешро ба оламиён муаррифӣ намоянд. Маълум аст, ки баробари омилҳои доимии муттаҳидсозандаи миллат фақат муҳаббат ва эҳтироми фарзандона ба Ватани ягонаамон имкон медиҳад, ки дар муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб садди пурқуввати муҳофизатӣ ба вуҷуд оварем. Иҷрои ин вазифа аз мову Шумо масъулияти баландро дар таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва пайванди Тоҷикистон ба тамаддуни ҷаҳонӣ талаб менамояд. Ҷавонони гиромӣ! Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи дониш табрик ва таҳният намуда, дар симои Шумо ба кулли ҷавонони тоҷикистонӣ, ки дар дохил ва хориҷ аз кишвар кору таҳсил менамоянд, сарбаландӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва сулҳу оромӣ таманно дорам. Ҳамеша муваффақ бошед!

Аз ҷумла, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Дар ин маросим 12 нафар олими соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ сазовори Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015 гардиданд: дар соҳаи илмҳои тиб ва табиатшиносӣ Назаров Ҳилолиддин Шарофович, номзади илмҳои тиб, Ҷамолова Рухшона Ҷалолиддиновна, номзади илмҳои тиб; дар соҳаи илмҳои бунёдӣ Абдукаримов Маҳмадсалим Файзуллоевич, номзади илмҳои физикаву математика, дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ, Саидов Саймаҳмуд Сайдаҳмадович, номзади илмҳои иқтисодӣ ва Хайров Шукрулло Қурбоналиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ; дар соҳаи илмҳои техникӣ Сафиев Алишер Ҳайдарович, номзади илмҳои техникӣ; дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ Маҳмадшоев

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

Фарҳод Абдураҳмонович, номзади илмҳои ҳуқуқ, Муродов Ардашер Алишерович, номзади илмҳои ҳуқуқ, Саидмуминов Аҳлиддин Саиднуриддинович, номзади илмҳои педагогӣ, Саидов Аҳмадшо

Раҳматшоевич, номзади илмҳои педагогӣ, Саидов Ҳалимҷон Азизович, доктори илмҳои филологӣ, Саидов Шоҳин Нурович, номзади илмҳои ҳуқуқ сарфароз гаштанд.

3


МИЗИ МУДАВВАР

Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон бо ҳамкории хазинаи ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатӣ дар муҳити Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё» мизи мудаввар доир намуд. Ин чорабинӣ дар толори маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар сурат гирифт. Профессор Иброҳим Усмонов, раиси хазинаи “Гуфтугӯи тамаддунҳо” зикр намуд, ки дар шароити кунунӣ муҳоҷират ба як ҷузъи таркибии ҳаёти иҷтимоии мардуми кишвар табдил ёфтааст. Ба қавли ӯ, муҳоҷирати мардуми тоҷик асосан дар фазои пасошӯравӣ ҷараён мегирад. Баҳри беҳдошти рӯзгори хеш ва аҳли байт тоҷикон ба кишварҳое чун Русия ва Қазоқистон бештар рӯ меоранд. Муҳоҷират гарчи як василаи беҳдошти таъмини рӯзгор маҳсуб ёбад ҳам, паёмадҳои бад низ дорад. Маҳз муҳоҷират аст, ки ҳоло мутахассисони варзида хоки диёрро тарк гуфта, дигар кишварҳоро макони зист қарор медиҳанд. Барои қисме чунин сафарҳо бебозгашт аст. Масалан, мувофиқи маълумот айни замон беш аз 100 ҳазор тоҷикон маҳз баҳри беҳдошти рӯзгор шаҳрвандии кишварҳои хориҷиро қабул намудаанд. Аз ин ҳисоб то 80 фоиз дар Русия зист доранд. Павел Миллас, намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар кишвар, зикр намуд, ки дар фазои АвруОсиё рафтуомади шаҳрвандон бояд озодона сурат гирад. - Шаҳрвандони узви ин созмон ҳангоми сафар ба кишварҳои якдигар, махсусан ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ бояд дар хадамоти муҳоҷират худро ба қайд гиранд, - гуфт Павел Миллас. – Зеро ин вайронкунии тартиботи маъмурӣ маҳсуб меёбад. Илова бар он, мувофиқи қарордодҳои байналмилалӣ ҳар кишвари узви АвруОсиё дар масъалаи қабул ва будубоши муҳоҷирон байни ҳам созишнома бояд ба имзо расонанд. Ба имзо расондани чунин ҳуҷҷат имкон медиҳад, раванди муҳоҷират пеш аз ҳама ба як низоми муайян дарояд. Баъдан шароити зист, меҳнат, хизматрасонии тиббӣ, пардохти музди меҳнат ва дигар масоили вобаста ба фаъолияти муҳоҷирати меҳнатӣ бояд ба инобат гирифта шавад. Ин имкон

4

медиҳад, кишвари қабулкунандаи муҳоҷирон уҳдадориҳои хешро бар асоси қарордоди баимзорасида иҷро намояд. Павел Миллас зикр намуд, ки барои муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистон айни замон як қатор мушкилот дар Русия вуҷуд дорад. Зеро ин ду кишвар ба созмони АвруОсиё ҳанӯз шомил нестанд. - Бисёр мушкилот барои шаҳрвандони Қирғизистон бартараф гардид, - афзуд П. Миллас. – Зеро ин кишвар ба узвияти созмони АвруОсиё пазируфта шуд. Дар сурати воридшавии Тоҷикистон

миёнаро дар кишвар нисбат ба Русия ба анҷом расонд. Ин нишондод дар кишвар ба ҳисоби пули амрикоӣ 145 ва дар Русия 727 долларро ташкил дод. Аксар муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои Русия ва Қазоқистон кору фаъолият доранд. Чунки ҳар ду кишвар мисли Тоҷикистон пасошӯравӣ маҳсуб ёфта, муддати тӯлонӣ риштаҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисодиёти якҷоя моро бо ҳам мепайваст. Мувофиқи таҳқиқот, то 67 фоиз қувваи кории кишвар дар деҳот зиндагӣ доранд. Аз ин лиҳоз, деҳотиён ба муҳоҷират бештар ниёзманд мебошанд”.

мо аз Русия берун ва то муҳлатҳои муайян дубора имкони ворид шудан ба ин кишварро надоранд. Ин вазъ муҳоҷирони тоҷикро дар шароити душвор қарор медиҳад. Агар кишвари мо ба узвияти созмони АвруОсиё пазируфта шавад, аксар душвориҳо аз байн меравад. Умуман саҳми муҳоҷирони тоҷик дар пешрафти иқтисодиёти кишвар хеле зиёд аст. Ҳар сол тавассути бонкҳо аз ҳисоби заҳматҳои онҳо чандин миллиард доллар маблағ ворид мегардад. Ин имкон медиҳад, қурби асъори миллӣ то андозае дар як сатҳи устувор қарор гирифта та-

сар муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳудуди ин кишвар зист ва кору фаъолият доранд. - Агар ба созмони АвруОсиё ворид шавем, сафи муҳоҷирон шояд афзуда, то якуним миллион нафарро дар бар гирад, - изҳори андеша намуд вай. – Баъдан ин раванд бояд коҳиш ёбад. Зеро ҳамкориҳо байни аъзои созмон ба марҳилаи нав ворид шуда, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад омад. Ин боис мегардад, ки ҷойҳои кори нав муҳайё шуда, шаҳрвандони тоҷик дар диёри хеш кору фаъолият намоянд. Ило-

Яке аз омилҳои дигари муҳим, ки хоси муҳоҷират маҳсуб меёбад, хароҷоти ҷойгиршавӣ дар мулки бегона аст. Бубинед, ҳоло қисми муайяни ҳамдиёрони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Аммо шароити будубоши эшон чандон хуб нест. Махсусан, дар Русия. Онҳоро лозим аст, сари вақт худро дар қайди зист сабт намоянд. Аз муоинаи духтур гузашта, аз забон ва таърихи ин кишвар имтиҳон супоранд. Барои ҳамаи ин маблағ лозим. Аз ҳама муҳим барои муҳоҷирони тоҷик ҳатмист, ки соҳиби патент бошанд. Новобаста аз он ки онҳо ҷойи кор меёбанд ё не, ҳар моҳ бояд маблағи муайян ба буҷаи ин кишвар пардохт намоянд. Агар ба ҳамаи ин хароҷоти манзили иҷора ва хӯрокаро илова намоем, маблағи зиёдро дар бар мегирад. Сари вақт напардохтани ҳаққи патент бошад, ба супурдани ҷарима оварда мерасонад. Чунин ҳолат ва дигар омилҳо имрӯз боис шуда, ки садҳо ҳазор шаҳрванди

вонад. Ҳамчунин, аҳли байти муҳоҷирон рӯзгори худро пеш бурда метавонанд. Азбаски маблағҳои муҳоҷирон асосан баҳри рӯзгор сарф мегардад, пас ин маблағҳо асосан ба нафъи корхонаҳои хориҷа хизмат мерасонанд. Чунки Тоҷикистон дар шароити кунунӣ бештар кишвари воридоткунандаи мол маҳсуб меёбад. Агар ин маблағҳо бевосита дар дохили кишвар чархидан гирад, бешубҳа фоидаи иқтисодӣ боз ҳам зиёдтар мегардад. Мол истеҳсол шуда, мардуми зиёд бо ҷойи кор таъмин ва аз ҳама муҳимаш истеҳсоли маҳсулоти худӣ афзоиш меёбад. Яъне, пулҳои фиристодаи муҳоҷирон танҳо ба нафъи кишвар «кор» хоҳанд кард. Моёншо Маҳмадбеков, корманди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар изҳор дошт, ки мувофиқи маълумот дар 7 моҳи соли равон беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. То 90 фоизи онҳо дар Русия қарор доранд. - Ҳоло барои муҳоҷирони тоҷик як қатор мушкилот вуҷуд дорад, гуфт М. Маҳмадбеков. - Сертификат барои донистани забон русӣ ва таърихи ин кишвар, маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ, патент барои фаъолияти меҳнатӣ аз ҳуҷҷатҳое маҳсуб меёбанд, ки барои муҳоҷирони тоҷик ҳатмӣ дониста мешаванд. Баъди ворид шудани Тоҷикистон ба созмони АвруОсиё барои муҳоҷирони тоҷик як қатор сабукиҳо пешбинӣ шудааст. Имрӯз моро лозим аст, ба муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо ашхоси соҳибҳунарро фиристода, ин равандро ба як маҷрои бонизом ворид созем. Саидҷаъфар Исмонов, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, ки муддати беш аз 70 сол дар ҳайати як кишвар зиста, бо дигар миллатҳо, аз ҷумла мардуми рус хеле қарин гаштем. Маҳз ҳамин қарин будан аст, ки имрӯз ак-

ва бар он, амнияти Тоҷикистон аз хатарҳои афзунёбандаи беруна ба таври эътимодбахш таъмин гардад. Ба андешаи Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ барои мардуми тоҷик мавзӯъ ё чизи нав нест. - Агар саҳифаҳои таърихро варақгардон намоем, пай мебарем, ки мардуми мо аз замонҳои қадим ба раванди муҳоҷират ошност, - гуфт ӯ. – Ҳатто замони серу пури шӯравӣ ҳам як қисм ҳамватанони мо ба кишварҳои ҳамсояи Узбакистон, Туркманистон барои деворзанӣ ё кор дар корхонаҳои саноатӣ азим сафар доштанд. Имрӯз бошад, дар тақсимбандии раванди муҳоҷират мо ба як иштибоҳ роҳ додаем. Ҳамаи онҳоеро, ки беруни кишвар мераванд, муҳоҷир мешуморем. Дар асл ин тавр нест. Масалан, зимни як омӯзиш дар шаҳри Кӯлоб аён шуд, ки аз сокинони ин шаҳр ба беруни кишвар сафар намуда, 67 фоиз муҳоҷир, 33 фоизи дигар барои таҳсил, табобат ва дигар масоил сафар намудаанд. Дар ноҳияи Балҷувон бошад, баракс. 93 фоиз муҳоҷири меҳнатист ва танҳо 7 фоиз барои таҳсил ва табобат сафар намудаанд. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳ аз он аст, ки дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба ноҳияи Балҷувон шароити рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ дорад. Ҷойҳои корӣ бештар аст. Пас аз шунидани андешоти музокирачиён ва суолу ҷавобҳо иштирокчиёни мизи мудаввар ба хулоса омаданд, ки раванди муҳоҷират пеш аз ҳама бояд ба як низоми муайян ворид гардад. Пасон бо корфармоён дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон шартнома баста шавад, то ин ки пеши роҳи ҳама қонуншиканиҳо гирифта, манфиати муҳоҷирон дар ҳама маврид ҳимоя гардад.

Муҳоҷират: паҳлуҳои мусбат ва манфии он

ба ин созмон умед аст, бисёр масоили вобаста ба муҳоҷират ҳалли мусбат ёбад. Аз ҷумла, масъалаи ихроҷшудагон, яъне садҳо ҳазор нафаре, ки аз қаламрави Русия депортатсия ва ба муҳлатҳои гуногун ҳуқуқи воридшавӣ ба ин кишварро надоранд. Аброр Мирсаидов, сарвари Пажуҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои кишвар, зикр намуд, ки имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ, мутаассифона ба як олот, фишанги сиёсӣ табдил ёфтааст. “Пажуҳишгоҳи мо бештар ҷанбаҳои иқтисодии раванди муҳоҷиратро меомӯзад, - гуфт Аброр Мирсаидов. – Якчанд омил аст, ки дар шароити кунунӣ мардумро ба раванди муҳоҷират водор месозад. Яке аз чунин омилҳо музди меҳнат маҳсуб мебад. Агар музди меҳнат дар дохили кишвар нисбат ба хориҷ кам бошад, хоҳу нохоҳ раванди муҳоҷират ба миён меояд. Масалан, пажуҳишгоҳи мо соли 2013 таносуби музди меҳнати

Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ПУРСИШ

ТУРИЗМ

Дуруд, хонандаи азиз! Ин саҳифаро ба хотири озодона арзи дил кардани ҷавонони кишвари азизамон таъсис додем, то онҳо тавассути ин саҳифа розу ниёзи хешро ба якдигар, масъулони соҳаи кор бо ҷавонон ва хоса ба аҳли ҷомеа бирасонанд. Бинобар ин, дар ҳар шумора вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ҷавонон мавзуъ ва саволҳои мушаххас матраҳ мешавад ва дар шакли назарпурсӣ пешниҳод мегардад. Нахуст хостем аз мушкилоти ҷавонон пурсем.

Ҷавонон чӣ мушкил доранд? Муродалӣ ПИРНАЗАРОВ, савдогари бозори “Деҳқон”: - Бовар мекунед ё не, сад мушкил дорам. Яке аз онҳо ин аст, ки аз бӯйи бади партовҳо дар ин ҷо савдо карда намешавад. Ҷӯйборҳои назди бозор пур аз хасу хошок аст. Масъулоне, ки ба ин кор вобастаанд, маошро мегиранду парвое надоранд. Мушкили дигарам ҳамин аст, ки барои савдо ҷой надорам. Дар роҳи пиёдагард савдо мекунам. Чанд бор то ҳукумати шаҳр муроҷиат кардам, аммо суд набахшид. Ашур ҲУСЕЙНОВ, шаҳрванд: - Мушкилоти асосӣ хонавайронии ҷавонон мебошад. Чаро онҳо аз ҳамсаронашон ҷудо мешаванд? Сабаби ҷудоии онҳо кӣ ё чист? Баъзеҳо хушдоманҳоро гунаҳкор мекунанд. Оё ин ҳақиқат дорад? Охир модарону бибиҳоямон бо хушдоманҳояшон зиндагӣ кардаанд-ку? Онҳоро ҳам азоб додаанд, бе азоб намешавад. Сабр кардаанд ва имрӯз бошад ба ихтиёри худанд. Ҷавонондухтарон низ бояд сабур бошанд, бо ҳар баҳона қаҳр карда хонаашон нараванд. Тоқат кунанд, ба ҳама чиз мерасанд. Ошхонаҳои мо пур аз ҷавондухтароне шудааст, ки онҳо барвақт аз шавҳаронашон ҷудо шудаанд ва ба фаррошию пешхизматӣ рӯзашонро мегузаронанд. Хонае нест, ки дар он ягон нафари аз шавҳар ҷудошуда набошад. Шоҳиди чандин хонавайронӣ шудам, ки яке аз сабабҳояш беақлию содагии духтарон мебошад. Шавҳар

карда рафтаасту лекин то ҳол бо ҷавоне, ки дар давраи духтариаш дӯст медошт, гап мезанад. Боз мегӯяд, ки зиндагиаш он қадар хуб нест, шавҳараш муомилаи хуб намекунад. Ба он ҷавони дӯстдоштааш аз зиндагиааш шикоят мекунад. Он ҷавон бошад, мегӯяд, аз шавҳараш ҷудо шавад, ӯро мегирад. Ин духтари содаи беақл ба дурӯғи он хушдораш бовар карда, бо шавҳараш зуд ҷанҷол бардошта, мегӯяд ҷавобашро диҳад. Оқибаташ маълум, ки чӣ мешавад. Ана, бадбахтӣ! Пеши ин мушкилро гирифтан даркор. Гулбаҳор АБДУРАҲМОНОВА, сокини пойтахт: - Мушкилотам ҳамин аст, ки ҳар гоҳе аз кӯча гузарам, марде ҳамсоли падарам ба ман гап мепартояду аз пасам то ким куҷо меравад. Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо сафи мардони бадмиҷози зинокор зиёд шуда истодааст. Онҳо аз мӯйи сафеду рӯйи пурожангашон шарм накарда, бо духтароне, ки ҳамсоли духтарашон аст, гап мепартоянд ва аз пайи онҳо шуда ҷойи хилват мекобанд, то духтараки содаи нодонро ба дом кашанд. Ин гуна мардон дар ин корҳо гурги борондида ҳастанд. Онҳо шарм аз бандаю тарс аз Худо надоранд. Фикри имрӯзро мекунанду бо айши худ чандин духтари ба мисли духтарашонро беномус мекунанд. Ии гуна мардон аз фурсат истифода бурда, духтаронеро, ки барои идомаи таҳсил нав ба шаҳр меоянд, фиреб дода, онҳоро бо макру ҳила ба доми худ мекашанд. Ба ин гуна мардон гуфтаниям: ҳар коре,

ки нисбат ба фарзанди дигар кас мекунанд, аз зану фарзанди хеш андеша кунанд. Бузургон гуфтаанд, агар дари касро бо ангушт кӯфтӣ, фаромӯш макун, ки даратро бо мушт мекӯбанд. Як мард назди расули Худо мераваду мегӯяд, “зино кардан мехоҳам”. Расули Худо мегӯяд: “Ту мехоҳӣ, ки духтари туро, зани туро, модари туро зино кунанд?” Он мард мегӯяд, “на, намехоҳам”. Расули Худо мегӯяд: “Вақте мехоҳӣ занеро барои вақтгузаронию зино интихоб намоӣ, фикри аҳли байтатро кун!” Авазбек РАҲМОНОВА, шаҳрванд: Мушкили ҷавонон хонавайроншавӣ ва хонавайронкунист. Сабабгори хонавайрониҳо аксар вақт худи соҳибони хона ҳастанд. Алалхусус, падар ва модарон, ки аввал бо сад ҳавасу ормон фарзанди худро хонадор мекунанд ва баъдан бо мурури замон бо ин ду ҷавон мисли бегонаҳо рафтор менамоянд. Дар бисёри ҳолат мушоҳида мекунем, ки дар вайроншавии оилаҳо баъзе хушдоманҳо гунаҳкоранд. Дуюмин чизе, ки мо мушоҳида мекунем, баъд аз хонавайронӣ тарафҳо дар идораҳои дахлдор саъю кӯшиш мекунанд, то ба фарзандашон чизе расад. Вале, мутаассифона, беҳтарин чиз – муҳаббати падар ё модарро фарзанд аз даст додааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ боз намегардад. Таҳияи Гулбаҳор РАҲМОНОВА, хабарнигори ҷамъиятии “ҶТ”

Сайёҳон дар Балҷувон чӣ диданд? 25 августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, таҳти унвони “Дарёфти мавзеъҳои туристӣ барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ” семинари омӯзишӣ баргузор гашт. Қабл аз оғози семинар гурӯҳи меҳмонон ва раиси ноҳия бо вазъи зиндагии сокинони ноҳия шинос шуданд. Семинар дар осорхонаи фарҳангию таърихии ноҳияи Балҷувон ҷараён гирифт. Меҳмонон намоишгоҳи ташкилкардаи аҳли фарҳанги ноҳияи Балҷувонро тамошо карда, ба ҳунарҳои дастии занони деҳот баҳои баланд доданд. Занони ноҳия ҷавобан ба сайёҳони хориҷӣ, ки бори аввал барои омӯхтани мавзеъҳои туристии ноҳияи Балҷувон омада буданд, ҳамчун рамзи меҳмоннавозию дустӣ тоқиҳои дастдӯз тақдим намуданд. Бахши дуюми семинар боздиди меҳмонон аз Осорхонаи таърихию фарҳангии ноҳия буд. Зикр гардид, ки осорхонаро пирамарди 74-сола Мирсаид Миров 40 сол пеш ҳамроҳи оилааш ташкил кардааст. Дар он осори таърихӣ аз худи ноҳияи Балҷувон ва гирду атрофи минтақаи Кӯлоб ҷамъоварӣ шуда, шабчароғ ва хиштҳо аз замони бекигарии Балҷувон, ки таърихи беш аз 2700 сол доранд, диққати сайёҳони дохилиро ҷалб карданд. Дар осорхона, ҳамчунин шамшери Восеи размовар ва дарвозаи чӯбини Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба маъраз гузошта шуд. Диққати сайёҳонро шамшерҳо ва тангаю пулҳое, ки аз даврони Пётри I боқӣ мондаанд, бештар ҷалб намуд. Онҳо мегӯянд, осорхонаҳои зиёдеро дидаанд, вале намунаҳое, ки дар ин ҷо дидаанд, бори нахуст аст. Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи масъулин соли равон теъдоди зоирини ин осорхона ба 5000 нафар расидааст. Дар қисмати сеюми семинар суҳбати озод бо меҳмонон сурат гирифт. Раиси ноҳия Маърифат Зоирова аз ташрифи сайёҳон ба ноҳия изҳори шодмонӣ кард. Шаҳрванди Русия, ки ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон омада буд, аз меҳмоннавозии мардуми ноҳияи Балҷувон арзи сипос карда, ба ҳунари занони ноҳия баҳои баланд дод. - Воқеан, ноҳияи Балҷувон мавзеъҳои дидании зиёд дошта, имкон дорад сайёҳони зиёдро қабул кунад. Барои ҷалби бештари сайёҳон бояд ин мавзеъҳоро бо аксу навор ва навиштаҷот таблиғу муаррифӣ кард. Ба гуфтаи Шамсулло Аҳадов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Балҷувон дар ноҳия мавзеъҳои таърихию туристӣ хеле зиёд буда, қалъаи Мир (мутааллиқ ба асрҳои XVI-XIX), қалъаи Чорбоғ (асри миёна), қалъаи Тупхона (асрҳои I-и пеш аз мелод то 6-и мелодӣ), қалъаи Дектур (асрҳои XVIII-XIX), қалъаи Турк (асрҳои XIIXIII), қалъаи Чаноро, қалъаи Ҷавгонӣ, қалъаи Додӣ, бошишгоҳҳои давраи асри санг дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳиди Бобохон, Ҷимбулоқ ва мақбараю оромгоҳи орифон аз ҷумлаи онҳоянд. Вале муҳимтарин мавзеъҳои сайёҳии ноҳия мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Қалъаи Мир, Мақбараи мавлоно Қутбиддин, бошишгоҳи Файзобод, Осорхонаи таърихию фарҳангии ноҳияи Балҷувон, мавзеи Сари Хосор ва шаршараи Сари Хосор мебошанд. Бахтовар АМИНЗОДА, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

5


9 СЕНТЯБР - РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Сулҳу ваҳдатро ҳифз намоем Имрӯз вақте ахбори воқеоти ҷаҳонро ба воситаи телевизор тамошо мекунем, мебинем, ки аксар гӯшаҳои оламро нооромӣ фаро гирифтааст. Дар натиҷаи нооромиҳо ҳазорон нафар маҷруҳу сарсон ва гурезаву бехонаву дар гаштаанд. На ҳар кишвар тайёр аст, ки сели гурезагонро дар қаламрави худ ҷой диҳад. Дидани ин гуна воқеаҳо аз як тараф касро маҳзун месозад. Аз тарафи дигар моро водор мекунад, ки ба неъмати сулҳу амонӣ шукри Худоро ба ҷо орему баҳри ҳифзи он кӯшиш намоем. Расо 24 сол пеш порлумони ҷумҳурӣ Тоҷикистонро давлати соҳибистиқлол эълон кард. Мамолики дуру наздик Истиқлолияти Тоҷикистонро пайиҳам ба расмият шинохтанд. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандие, ки бо дасисаи душманони дохилию хориҷӣ сар зад, хатари парокандашавии давлати тозаистиқлолро пеш овард. Аз таърих маълум аст, ки ҷанг танҳо харобию касофат ва дилсиёҳӣ меорад. Ҳазорон хона сӯхтаю валангор, ҳазорон нафар бехонаю дар ва сарсону гуреза шуданд. Бо баргузор шудани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд раванди парокандагии мамлакат пешгирӣ шуд. Вакилони мардумӣ якдилона Эмомалӣ Раҳмонро сардори давлат интихоб карданд. Сарвари тозаинтихоб ба мардуми ташнаи сулҳу субот чунин ваъда дод: “Ман ба шумо сулҳ меорам!”. Эмомалӣ Раҳмон нахустин қадамҳои худро дар ҷодаи сарварӣ аз баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ оғоз намуд. Зеро барои ободии кишвар пеш аз ҳама сулҳу субот ва баргардонидани нафарони аз Ватан дурафтода зарур буд. Бо миёнаравии кишварҳои ба мо дӯст раванди гуфтушунид бо сарварони оппозитсия шуруъ гардида, се сол идома ёфт. Бо шарофати хиради азалии халқи тоҷик ва фарҳангу оинҳои таҳаммулгароии аҷдодиамон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Баъди ба имзо расидани ин санади муҳим кишвар ба Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор ноил гардид. Маҳз барқароршавии сулҳу субот марҳила ба марҳила барои зиндагии шоиставу арзандаи мардуми кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Халқи тоҷик қадршинос аст. Маҳз аз ҳамин лиҳоз дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 2013 баргузор гардид, 83,6 дарсади раъйдиҳандагон ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Дар шароити кунунӣ, ки бисёр кишварҳои ҷаҳонро бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ва сиёсӣ фаро гирифтааст, ҳифзи Ваҳдату ягонагии миллӣ ва сулҳу амният барои мардуми кишварамон аз ҳар вақти дигар заруртар аст. Имрӯз аксар аҳолии Украина, Сурия, Афғонистон, Ироқ, Нигерия ва ғайра ташнаи сулҳу осоиштагианд. Мардуми курд ташнаи истиқлолияту давлатдорианд. Мо, ки ҳам соҳибистиқлолу ҳам дорои сулҳу амниятем, бояд ин неъматҳоро ғанимат дониста, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Бояд насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи риояву эҳтироми Ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, меҳнатдӯстиву илму ҳунаромӯзӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ ва таҳаммулпазирӣ тарбия намоем. Ҳамеша ҳушёр бошем, то ашхоси ғаразнок ҳадафҳои нопоки худро амалӣ сохта, миёни мо тафриқаву бадбиниро тарғиб накунанд. Фаридуддин Аттории Нишопурӣ фармудааст: Шукр гӯӣ, неъматат афзун шавад, Гар нагӯӣ, аз кафат берун шавад. Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки баъди он айёми тираву ноумедиҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба чунин рӯзҳои орому осуда ва сулҳу якдигарфаҳмӣ расидем. Имрӯз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро дар бисёр созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон меомӯзанд. Орифе гуфтааст: Ду дил як шавад, бишканад кӯҳро, Парокандагӣ орад андӯҳро. Боварӣ дорем, ки хурду калони мамлакат тамоми нерӯи ҷисмонию ақлонии хешро ба хотири ободтару мутараққитар гардидани Тоҷикистони барои ҳар яки мо азиз сарф месозанд. Саидалӣ РАҲМОНЗОДА, раиси Суди ҳарбии Гарнизони Душанбе, полковники адлия

6

Чор нишонаи донишҷӯи муваффақ Ҳар сол нимаи дуюми моҳи август ташвишу такопӯи сокинон авҷ мегирад. Гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ анбуҳи одамон дида мешавад. Дар мағозаҳои дафтару китобфурӯшӣ ҷои қадамзанӣ пайдо кардан мушкил ва бозори фурӯши либосҳои мактабӣ бисёр гарм мегардад. Сабаби ин ҳама фарорасии Рӯзи дониш - якуми сентябр, оғози нави соли хониш мебошад. Ин ҳама андармон албатта фоли нек аст, чунки барои донишандӯзӣ равона шудааст. Ба муносибати ин рӯзи бошукӯҳ бо такя ба андешаҳои ҷолиби донишмандон чанд вазифа ё унсури муҳими донишҷӯиро пешкаш менамоем. Гумон дорем, ки аз фоида холӣ нахоҳад буд: 1.Нахустин вижагии як донишҷӯи намуна ва муваффақ хуб дарс хондан ва ҷаҳду талош намудан ҷиҳати рушду тараққии илму дониш аст. Донишомӯзи воқеӣ бояд тамоми ҳимати худро сарфи таҳсили илм намуда, дар пайи донишандӯзӣ бошад. Ҳар лаҳзаи зиндагиаш як андухтаи илмиро дар пай дошта бошад ва ҳамеша ба дунболи касби маърифат талош кунад. Аз ин рӯ, донишҷӯ бояд бикӯшад дар барномарезӣ ва танзими корҳои рӯзона бештари вақту талоши худро сарфи таҳсили илму дониш кунад. Мутахассисони соҳа дар ин маврид таъкид мекунанд, ки “яке аз унсурҳои ҳатмӣ барои насли ҷадид тақвияти бунёди илмии кишвар аст. Агар илм надошта бошем, иқтисодамон, санъатамон, ҳатто мудирият ва масоили иҷтимоиямон ақиб хоҳад монд. Барои пешрафт дар ҳама соҳот илм лозим. Агар мехоҳем аз лиҳози илмӣ пеш биравем, бояд ҷуръати навоварӣ дошта бошем”; 2. Дуюмин вижагии донишҷӯи муваффақ омодагӣ барои хадамоти мутобиқ бо ниёзи иҷтимоӣ ва алоқаи фардӣ аст. Яъне, ҳадафи ӯ аз дарс ва таҳсил хидмат ба миллату Ватан бошад, на қасди андӯхтани илм. Бешак, имрӯз ҳеҷ хидмате беҳтар аз ба коргирии дониш дар масири баровардани ниёзи ҷомеа ва пешрафти аҳдофи миллӣ нест. Агар донишҷӯи ватанпарвар бо таҳсили дақиқу саҳеҳ ва коромад битавонад назарияи нав ва тарҳи ҷадиде ба бозори андеша ва саҳнаи хадамот тақдим кунад, бузургтарин хидматро ба миллати хеш ва инсонҳо кардааст. Афсӯс, ки имрӯз иддаи донишомӯзон аз таҳсили дурусту воқеӣ дар ғафлат монда, аз пайи ба

даст овардани шаҳодатномаву (диплом) унвон ва расидан ба шуғл мебошанд, ки оқибати ногувор дорад; 3. Вижагии сеюми донишҷӯи ҳақиқӣ баланд бардоштани сатҳи маънавияти фардӣ ва иҷтимоӣ аст. Вай бояд дар барномаи зиндагии маънавии худ низ боиси пешрафт гардад ва ҳамчун як улгу амал кунад. Аз ин хотир, бархурдор будан аз сифоти олии инсонӣ, монанди садоқат, покӣ, сафои дил, хайрхоҳӣ, дурандешӣ, ҳусни тадбир ва ҳидояти дигарон ба ин самт (бо амал ва ҳарф) бояд аз барномаҳои донишҷӯ бошад. Мутаассифона, мо баъзан фарзандонро дар рӯҳияи тангназарӣ ва маҳдуд тарбия менамоем, ки ҷавон дар синни рушду донишҷӯӣ тангназар ва аз ҷомеа дар канор мемонад, яъне, як шахсияти иҷтимоӣ ба воя намерасад; 4. Вижагии чоруми донишҷӯи муваффақ ҳушёрӣ, зиракӣ, тезбинӣ ва доштани қудрати таҳлили сиёсӣ мебошад. Махсусан ин унсур дар замони мо аҳамияти бештар пайдо кардааст. Чуноне ба назар мерасад, аксари коршиносону таҳлилгарон сабаби пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тунгароро дар сатҳи пасти иқтисодӣ мебинанд. Аммо андешаи бархеи дигар, ки мавриди дастгирӣ мебошад, сабабро дар таназзул ва пастравии фаҳми сиёсӣ ва фарҳангӣ медонанд. Аз ин лиҳоз ҷомеаи мо ба донишҷӯе ниёз дорад, ки ин унсурҳои созандаро ба худ касб намояд ва барои пешрафту тараққӣ ва ҳифзи Ватану миллати азизамон саҳм гузорад. Таҳияи Қадриддин ИСОЕВ

ТУРИЗМ

«Артуч» - аввалин лагери туристӣ Дар вилояти Суғд бо иқдоми Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят лагери туристии «Артуч» таъсис ёфтааст, ки барои пешрафти соҳаи туризм мусоидат хоҳад кард. Тибқи иттилои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, дар лагер сайёҳони хориҷӣ низ ҷалб шудаанд ва аз мавзеъҳои таърихии вилоят дидан мекунанд. Айни ҳол ширкаткунандагони лагер дар шаҳри Панҷакент қарор доранд. Зариф Мирдадоев, сардори ра-

ёсат, мегӯяд, ин аввалин лагер аст, ки дар ҳамкорӣ бо сайёҳони хориҷӣ доир мегардад: “Мо минбаъд нақша дорем ин гуна лагерҳоро зиёд гузаронем, ҳамчунин, дар доираи лагер барои рушди туризм дар вилоят семинар-машваратҳо баргузор хоҳанд шуд”, - илова намуд ӯ. Дар лагери «Артуч» наздики 50 нафар ҷавон ҷалб шудаанд ва масъулин мегӯянд минбаъд сафи онҳоро зиёд менамоянд. Саодат ИСМОИЛӢ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА Оиларо нахустин донишгоҳ мегӯянд. Зеро инсон ошноӣ бо муҳит ва сухан гуфтану роҳ рафтанро пеш аз ҳама дар фазои оила меомӯзад. Оилае, ки дар он зану шавҳар дар асоси якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн зиндагӣ мекунанд, хушбахту саодатманд гашта, фарзандонашон боодобу поквиҷдон ба воя мерасанд. Баракс оилае, ки дар он дашномдиҳию озори тарафайн ҷой дорад, фарзандон дағалу бадгуфтор, асабию фаҳшзабон ва бадрафтор ба воя мерасанд.

асту бояд дар мадди аввал боҳунару бофарҳанг, дорои маърифати баланд, соҳиби касбу кори муайян бошад. Барои писар беҳтарин намуна падараш аст, то рафтори худро ба ӯ монанд намояд. Аммо имрӯз бисёре аз падарон солро дур аз хона, масалан дар муҳоҷирати меҳнатӣ мегузаронанд. Дар натиҷа писар аз тарбияи падар дур мешавад. Агар мард ҳамчун сарвари хонадон тамоми меҳру муҳаббати худро ба зану фарзандон бахшида, бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзӣ ёфта, ба тарбияи онон таваҷҷуҳ кунад, оилаи ӯ пойдору мустаҳкам шуда, зиндагиаш

пурфайз мегардад. Мутафаккири барҷастаи Чин Конфутсий гуфтааст: “Марди оқил ҳамвора бояд 9 нуктаро дар мадди назар дошта бошад: 1) Равшан (бо дидаи ҳақиқат) нигаристан; 2) Хуб гӯш карда тавонистан; 3) Меҳрубонона сухан гуфтан; 4) Одоб доштан; 5) Ростгӯй будан; 6) Вазифаи бар зима гирифтаашро хуб анҷом додан; 7) Ҳангоми шубҳа кардан пурсидан (аниқ кардан); 8) Худро аз хашм дур нигоҳ доштан; 9) Дар айни муваффақият одил ва боинсоф будан”. Риоя кардан ба ин ҳақиқат мардонро зиннату виқор

мебахшад. Имрӯз ҷавононеро дучор меоем, ки ба андак камбудии ҳамсари худ ҷанҷолу хархаша бардошта, фикри ҷудоиро мекунанд, вале баъдтар аз хашми беҷои худ пушаймон мешаванд. Аз ин рӯ, хашми худро фурӯ бурдан хислати ҷавонмардон аст. Чунончӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ фармудааст: Ҳарки хашми худ фурӯ хӯрд, эй ҷавон, Бошад ӯ аз растакорони ҷаҳон. Меваи сабр чӣ барои мард ва чӣ барои зан ширин аст. Аз ин рӯ,

Фарзанди ботарбия боғи умр аст

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ дар бораи нақши оила дар тарбияи насли наврас сухан карда, аз афзоиши ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳо изҳори ташвиш намуд. Сарвари мамлакат таъкид кард, ки яке аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва ноогоҳӣ аз маърифати оиладорист. Бисёр вақт мушоҳида мекунем, ки модарон духтаронро то андозае мустақилона ба ҳаёти оилавӣ омода мекунанд. Масалан, ба ӯ пухтану шустану рӯфтану дӯхтанро ёд медиҳанд. Таъкид мекунанд, ки дар зиндагӣ босабру таҳаммул, тозагидӯстдору вафодор бошанд. Мутаассифона, волидайн ба тарбияи писарон диққати камтар медиҳанд. Зеро метарсанд, ки агар духтар боҳунару ботарбия набошад, касе хостгор намефиристаду пирдухтар мешавад. Аммо писарро бисёриҳо ба ҳоли худ вомегузоранд, ки хатост. Ҳол он ки мард сутуни хонадон

мард низ ба як-ду хатою камбудии ҳамсараш бояд сабр намуда, баҳри ислоҳи он фурсат диҳад. Баъзан муноқиша дар оила миёни зану шавҳар не, балки миёни занони бародарон (авсунҳо) ё янгаву хоҳари домод ва сунҳору хушдоман сар мезанад. Сипас муноқишаи рӯйдодаро ба иловаи дурӯғу муболиғаҳои зиёд ба шавҳари он зан мерасонанду шавҳари аз асли воқеа бехабар занашро талоқ медиҳад. Дар натиҷа, зан дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон мемонад. Пас онҳое, ки оташи муноқишаро афрӯхтанд, дар назди виҷдони худ чӣ ҷавоб медиҳанд? Аз ҳамин ҷиҳат Сардори давлат соли 2015-ро Соли оила эълон намуд, то ки мардум ба масъалаи оиладорӣ бо нигоҳи тоза ва аз зовияи ақлу хирад нигаранд. Хуб аст, ки акнун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фанни “Одоби оиладорӣ” таълим дода мешавад. Ин иқдом дар омода кардани писарону духтарон ба ҳаёти оилавӣ заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт. Маҷмӯи оилаҳо ҷамъиятро ташкил медиҳад. Агар оила мустаҳкаму солим бошад, ҷамъият низ солим хоҳад буд. Бинобар ин, бояд ҳар яки мо баҳри солимии хонаводаҳо саҳм гузошта, ба тарбияи насли ҷавону наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем. Ҳеҷ гоҳ нисбат ба атрофиён бетараф набошем. Ниёкони мо насиҳати саривақтиро беҳтарин роҳи пешгирии бадкориҳо дониста гуфтаанд: “Адаб додани кӯдак аз ҳалво додан ба ӯ муфидтар аст”. Вақте аз овони кӯдакӣ фарзандро адаб ёд диҳем, ӯ хуб ба воя расида, боғи пурсамари падару модар хоҳад шуд. Аммо агар фарзанд бетарбия монад, доғи волидайн мегардад. Хусрав ДАВЛАТЗОДА, муовини раиси Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, подполковники адлия

Хиёнат – омили вайроншавии оилаҳо Оила макони аввалинест, ки фарзандон ба фарҳанг, одобу суннатҳои миллӣ шинос мегарданд. Он ҳамзамон дар тарбия ва саодати инсон нақши муҳимро мебозад. Бо назардошти муҳимияташ вазифаи ҷонии ҳар як шахси оилабарпомекарда аст, ки нозукиҳои онро бохабар шавад ва барои устувору побарҷо нигоҳ доштани ин муассисаи муҳими ҷамъият кӯшиш намояд. Ҳар нафар орзу дорад, ки соҳиби оила ва фарзандон бошад. Зиндагии хубу ҳузуру осоиши оилавиро соҳиб гардад. Аммо воқеият камтар иҷозат медиҳад, ки орзуҳои мо як ба як амалӣ шаванд. Гоҳо саҳлангории мард боиси сард шудани муносибатҳои оилавӣ мегардад.

Мунис хурд буд, ки волидонаш аз дунё гузаштанд. Ӯ бе меҳрубониву шафқати онҳо ба воя расид. Дар тарбияи бародараш камол ёфт. Чун синнаш ба оиладорӣ расид, бародараш аввал нисфи ҳавлиро ҷудо карда ба номи вай гузаронд, сипас бо маслиҳат дар пайи ҷустуҷӯи арӯс шуданд. Ҳамин тавр, соли 2006 ҷавонро бо ҳавас бо Санам ном духтар оиладор карданд. Зиндагии ҷавонҳо ширину гуворо мегузашт дар чанд соли оиладорӣ онҳо пайи ҳам соҳиби се дӯстрӯяк шуданд. Мунис аз доди Худованд басе шукргузор буд. Ӯ дар мағозаи деҳа чун фурӯшанда кор мекард, ҳамсараш хонанишин буд. Чун фарзандон калон шудан мегиранд, Мунис тасмим мегирад, мисли дигар ҳамватанон барои дарёфти рӯзӣ ба Русия равад. Ӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, аммо пайваста аз аҳволи зану фарзандон телефонӣ пурсон мешуд. Музди меҳнаташро ҳам ба онҳо равон мекард. Ҳамсар гоҳо пули бештар мепурсид, орзуҳояш зиёд буданд. Шавҳари дӯстдор ҳам хоҳиши Санамро иҷро

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

мекард. Халқ мегӯяд “фарбеҳиро гӯсфанд мебардорад”, воқеан Санам он ҳама пули мефиристодаи шавҳарро гирифта, ба қавле аз худ рафт. Ба ҳадде ки ба роҳи нодуруст ҳам по мемонд, ба шавҳар хиёнат мекард. Ин рафтори номатлуби зан ниҳоят боиси ҷудоии оилаи онҳо шуд... Албатта, сабабгори вайроншавии оилаҳо гаштани занон боиси нигаронии Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати мамлакат аст. Балки кумитаи мазкур ҳамчун ниҳоди танзимгари масоили занон дар ҷумҳурӣ борҳо бо занони манотиқи ҷумҳурӣ вохӯриҳо доир намуда, хатари вайроншавии оилаҳо ва ба василаи он бесаробон мондани фарзандонро ёдрас шудаанд. Бо вуҷуди ин ҳанӯз кам нестанд, ҳолатҳое, ки занон ба вайроншавии оилаҳо боис мегарданд. Дар воқеъ, оилавайроншавии ҷавонон дар ҷомеаи мо боиси нигаронии зиёд гаштааст. Бештари вақт ҷавонон ба носабурӣ (онҳо мушкилиҳои дар оила ба вуҷудомадаро таҳаммул карда наметавонанд) ва

каммаърифатӣ (дар хусуси печидагиҳои ҳаёти оилавӣ) айбдор мешаванд. Аммо ба назари мо бояд оила вазифаи тарбиятгарии худро комилан ва бекаму кост иҷро намояд. Духтарон ва писарон аз ибтидо то дами ба оиладорӣ расидан бояд ҳамҷониба маълумотнок гарданд. Тарбияи маънавии ҷавонон ҳам хеле муҳим аст. Хусусан, ба онҳо дар хусуси идораи нафс (ҳам аз ҷиҳатӣ моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати шаҳвонӣ) панду насиҳатҳои нишонрас дода шавад. Зан бояд дарк кунад, ки ӯ вақте оиладор шуд, тааллуқ ба шавҳараш дорад ва мебояд итоатгар бошад. Мард ҳам чун оиладор шуд бояд аз сар дур накунад, ки ӯ вазифадор ва масъул аст бо ҳамсараш ҳамаҷониба вафодор бимонад. Ин назокатест, ки бояд ба ҷавонон талқин кард, ки агар рафту омили хиёнат боиси вайронии оилаҳо дар ҷомеа бошад, ба ҳамин васила бартараф гардад... Суман ГАДОЕВА, таҷрибаомӯзи “ҶТ”

7


КОНФРОНС

Шумораи сайёҳон ба миллион мерасад Баррасии пешрафту мушкилоти соҳаи туризм дар нахустин конфронси байналмилалӣ 29 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Конфронси байналмилалии туристӣ дар мавзӯи “Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” доир гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни суханронӣ, аз ҷумла зикр кард, ки то чор соли оянда ташрифи сайёҳон ба кишвар ба як миллион ва саҳми бахши туризм дар рушди иқтисод ба 15 дарсад хоҳад расид. Ҳоло дар як сол 244 ҳазор туристи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид мекунанд ва соли гузашта онҳо ба буҷаи кишвар 106 миллион доллар фоида оварданд. Феълан мавзеъҳои Варзобу Ромит ва Балҷувон минтақаҳои туристӣ эълон шуда, лоиҳаҳои марбут ба бунёди инфросохтори туристӣ наздик ба 400 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қарор аст, то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ мавзеи Сафедораки ноҳияи Варзоб, ки нодиртарин минтақаи туризми зимистона дониста мешавад, бар ивази як миллион доллар таҷдид гардад. Тавре таъкид шуд, феълан дар кишвар 90 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки бештари онҳо дар самти ҷалби туристони хориҷӣ ба Тоҷикистон машғуланд. Тибқи омори расмӣ дар 5 соли охир ҳамагӣ 1 миллион сайёҳ ба кишвар ворид шудааст. Дар ҳоле ки, ба қавли Худобердӣ Холиқназар, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, замони шӯравӣ солона ҳамин миқдор сайёҳ аз минтақаҳои мухталифи кишвар дидан мекарданд. Аз нигоҳи Худобердӣ Холиқназар барои ҷалби сармоягузорон ва афзоиши туристон ба кишвар эҳёи базаҳои сайёҳӣ, инчунин, дуруст ба роҳ мондани таблиғот зарур аст. Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири мамлакат қайд кард, ки мақомот то имрӯз барои аз байн бурдани монеаҳои сунъии маъмурӣ дар самти рушди турзим талош мекунад. Аз ҷумла, ситонидани 100 доллар аз кӯҳнавардон барои фатҳи баландкӯҳҳо бекор карда шуд. Инчунин, ширкатҳои туристӣ ҳуқуқ пайдо карданд, ки ба воситаи намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷ ва консулгариҳо дар манотиқи мухталифи кишвар мактуб-даъватнома ба хориҷиён барои дастрас намудани раводиди саёҳии Тоҷикистон фиристанд. Нархи раводиди сайёҳӣ аз 100 доллар то 25 доллар поин оварда шуда, ҳоло шаҳрвандони 80 кишвари дунё имкон доранд, дар фурўдгоҳҳои Тоҷикистон раводид бигиранд. Филлип Риддл, роҳбари иҷроияи Ташкилоти миллии сайёҳии Шотландия гуфт, Тоҷикистон аз аҳмияти фавқулодда барои ҷалби саёҳати байналмилалӣ бархӯрдор аст ва танҳо аз миён бардошани монеаҳои сунъӣ ин бахшро ривоҷ хоҳад дод: “Агар Тоҷикистонро дар муқоиса бо Шотландия бигирем, ҳарчанд ин кишвар ба маротиб хурдтар аз Тоҷикистон аст, аммо бо ин вуҷуд, тавонистааст имкониятҳои сайёҳиро хуб истифода кунад. Даромади солонааш аз ин соҳа 8 миллиардро ташкил медиҳад. Пас, ҳамин таваққуъро метавон аз Тоҷикистон низ дошт”, - гуфт Ф. Риддл. Бино ба омори расмӣ дар ним соли аввали соли ҷорӣ теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ дар кишвар беш аз 147 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба бештар аст. Онҳо аз 69 кишвари дунё ба тамошои Тоҷикистон омадаанд ва аз ин ҳисоб ба буҷаи кишвар 73 миллион доллар фоида ворид шудааст. Дар чорабинӣ, ҳамчунин, коршиносони байналмилалӣ, мутахассисони соҳа, вазирони соҳаи туризми давлатҳои хориҷа, ташкилотҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими ҷумҳурӣ доир ба мавзӯъҳои «Рушди туризм - ҳадафи стратегӣ», “Роҳҳои тезтар амалӣ гардидани нақшаю чорабиниҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм”, “Нақши ассотсиатсияҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ” ва ғайра маърӯза намуданд.

8

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ФЕСТИВАЛ Дар доираи нахустин Конфронси байналмилалии туристӣ дар мавзӯи “Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” 30 август дар Боғи “Ирам”-и пойтахт Фестивали фарҳангию сайёҳии мероси Роҳи Абрешим: “Рангоранг” доир гардид, ки дар он ширкатҳои сайёҳӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бонкҳо ва сафоратҳои муқими Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии худро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла дар фестивал намояндагиҳои давлатҳои Афғонистон, Арманистон, Белорус, Покистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Туркия ширкат карда, ҳунарҳои дастӣ ва таомҳои миллии худро барои дӯстдорон пешкаш карданд. К о р ш и н о с о н и байналмилалӣ, мутахассисони соҳа ва сафирони кишварҳои хориҷӣ аз намоишгоҳ дидан карда, бо урфу одат, анъана ва имкониятҳои сайёҳии якдигар аз наздик ошно гардиданд. Онҳо аз гӯшаҳои намоишгоҳи минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, ки муаррифгари захираҳои бои туристии кишвар мебошанд боздид карда, соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро ояндадор арзёбӣ каранд. Ҳангоми тамошо диққати меҳмононро бештар хонаи бадахшонӣ ва гӯшаи намоишгоҳи вилояти Хатлон ҷалб кард. Онҳо ба намоишгоҳ, ки иборат аз армуғон барои сайёҳон, хӯрокҳои миллӣ, сӯзаниву девориҳо, куртаҳои чакан, тоқиҳои рангоранг, кандакорӣ ва ороишоти гуногун аз меваву сабзавот иборат буд, баҳои баланд доданд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ меҳмононро ба Тоҷикистон хуш омадед гуфт. Таъкид шуд, ки имрӯз барои рушди соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо роҳандозӣ гардида, ин самти афзалиятноки кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад. Гуфта шуд, бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва минтақаҳои зебою дидании мамлакат диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб карда, сол ба сол сафи сайёҳони хориҷӣ бештар мешавад. Барои болидарӯҳии меҳмонону иштирокчиёни фестивал ансамбли “Гулшан”-и Филармонияи давлатӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳод кард.

Сафирон: туризм дар Тоҷикистон ояндадор аст

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

9


4 СЕНТЯБР – РӮЗИ КИТОБ Дар ҳар давру замон ҳаётро бе дониш, ки аз китоб сарчашма мегирад, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Китоб барои мо дӯсти бовафо, рафиқи беғараз, мунису ҳамсуҳбати муносиб мебошад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоистаро касб кардааст. Китоб ганҷинаи бебаҳо ва роҳнамои ҳар нафар мебошад. Илму дониш мисли ҷавшанест дар тани шахси бомаърифат, ки аз ҳар гуна газанд ӯро наҷот мебахшад. Он халқе бузургу тавоност, ки таъриху тамаддунаш, ҳастиаш бо китоб ҳамбастагӣ дошта бошад. Хушбахтона, тоҷикон аз қабили ҳамин гуна миллатҳост. Бузургони миллати мо китобро “аниси кунҷи танҳоӣ” “ҷавшани тан”, “чароғи роҳнамо”, “ёри вафодор” хондаанд. Муҳаббату эътиқод нисбат ба китоб муҳаббату эътиқод ба донишу хирад аст. “Ганҷ магир – китоб гир” мегӯяд мақоли халқ. Зеро ганҷ масраф гашта, ба итмом мерасад, вале китоб як умр чун ёри мушфиқу беозор ва беғараз боқӣ мемонад. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 4 сентябр ҳамчун “Рӯзи китоб” дар сатҳи баланд ва ба таври оммавӣ таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҳарчи бештар дар сиришти насли имрӯзаву оянда бештар ҷой намудани муҳаббату ихлос нисбат ба ин ганҷинаи бебаҳо – китоб ва дар қалби хурду калон барои ҳамеша бедор намудану ҷовидона нигоҳ доштани шавқи китобхонӣ мебошад. Ин рӯзи муборак як навъ рамзи бузургдошти фарҳангу маънавиёт, илму дониш ва баёнгари ифтихори миллӣ, ҳамчунин, идомаи анъанаи фарҳангдӯстии халқи тоҷик мебошад. Падару бобоёни мо ғайр аз он ки аз китоб ғизои маънавӣ мегирифтанд, онро ҳамчун тилисм рафъкунандаи бадию балоҳо зери сари кӯдакон мегузоштанд, аз каломи бадеъ, ки дар китобҳо гирд оварда шуда буд, фол мекушоданду кашфиёт анҷом медоданд. Китоб нерӯи бузурги рушди зеҳнии инсонҳо, шиносномаи миллат, василаи абадзинда гардондани таърихи гузашта ва ояндаи насли башар мебошад. Бо мутолиаи ҳарчи бештари китоб мо сухандонию суханварӣ, одобу рафтор ва маданияти худро тақвият мебахшем. Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Додихудо Ҳамроев чунин ақида дорад, ки имрӯз муҳаббату шафқат нисбат ба китоб коста гардидаасту ҷавонон кам китоб мутолиа менамоянд ва толорҳои китобхонаҳо аксаран холист. Дар толорҳои китобхонаҳо миқдори ками донишҷӯёнро дидан мумкин аст, ки танҳо дар давраҳои муайян ба хотири гирифтани санҷишу имтиҳонҳо ба мутолиаи баъзе китобҳо машғул мешаванд,

10

ки он ҳам китобҳои фармоишии устодон мебошанд. Аксари ҷавонон сабаби ба китобхонӣ майл надоштани худро вазъи бади иқтисодӣ, надоштани вақти холӣ маънидод менамоянд. “Дар замони пешрафти илму техника тамоми соҳаҳо, аз ҷумла китобхонаҳо хазинаи худро бо адабиёти электронӣ пурра намудаанд, ки дастрасии хонандагон ба ин намуди хизматрасонӣ бештар аст ва хонанда на ҳама вақт китобу рӯзномаро аз ҳама ҷои дилхоҳ дастрас карда метавонад”,- афзуд Д. Ҳамроев. Солҳои охир мардум барои сайқал додани дониши худ аз шабакаи интернет ба таври васеъ

води видеоӣ хеле васеъ ва густурда аст, ки чунин имкониятҳо дар китоб мавҷуд нестанд. Мутахассисон бар он назаранд, ки маълумот тавассути узвҳои биноӣ нисбат ба дигар узвҳо хубтар дар хотир нақш мебандад ва маълумоти электронӣ тавассути узвҳои биноӣ ба майнаи сар ворид мешаванд, ки фаъолияти фикррониро тақвият медиҳад. Аз тарафи дигар кори ҳам устодон ва ҳам донишҷӯёнро хеле осон ва вақти онҳоро сарфа мекунад. Истифодаи интернет барои баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии устодону донишҷӯён мусоидат менамояд. Шаҳрбону Саъдиева, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ва дастрасии онҳо вобастагӣ дорад. Вобаста ба тараққиёти илму техника ва технологияи компютерӣ дастрасӣ ба маводҳои компютерӣ бештар аст ва аз ин рӯ ҷавонон бештар роҳи осону қулайи ба даст овардани маълумотро интихоб менамоянд. “Ман ба ақидае ки гӯё ҷавонон завқи паст доранду китоб намехонанд, розӣ шуда наметавонам, - андешаҳои худро тақвият медиҳад Ш. Саъдиева. - Онҳо вобаста ба табъу завқ ва салиқаи худ маълумот ва адабиётро ҷустуҷӯ менамоянд ва чунин имконият ҳангоми истифодаи интернет фаровон аст. Барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани як адабиёт ба чандин китобхонаву мағоза рафтану барои

“Ганҷ магир, китоб гир”

Ҳарчи бештар китоб бихонед, бештар аз зиндагии ҳақиқӣ бархӯрдор хоҳед шуд

истифода менамоянд. Воқеан, интернет воситаест, ки тавассути он шахс метавонад ҳама мавзӯи лозимиро осон ва дар муҳлати хеле кутоҳ дастрас ва мутолиа намояд. Шояд сабаби аз китобу китобхонӣ дур шудани мардум рӯ ба интернет овардани онҳо бошад? Дар ҳамин радиф суоле ба миён меояд, ки оё интернет ҷои китобро гирифта метавонад? Кадоме аз инҳо бештар метавонад ба шахс ғизои маънавӣ бахшад? Ба андешаи коршиносон интернет дар мавриди татбиқи роҳу усулҳои нави таълим, аз қабили низоми автоматикунонидашуда, энсиклопедияи электронӣ, низоми таълими интерактивӣ, истифодаи технологияи иттилоотӣ ва монанди инҳо мавқеи хоса дорад, ки бешак ба зоҳиршавии қобилияти зеҳнии ҷавонон мусоидат менамояд. Омӯзиши китобҳои электронӣ ба хонандагон мустақилият меомӯзад. Бо ёрии китоби электронӣ шахс ба дониши худ беҳтару хубтар баҳо дода метавонад. Дар чунин маврид ғайр аз мутолиаи муқаррарии китоб имкониятҳо барои ба даст овардани маълумот дар шаклҳои гуногун ва интихоби воситаҳои барномавӣ, истифодаи тарзҳои тасвирии мавод, аниматсия, графика, нақша ва ма-

низ ҷонибдори ин ақида аст. Ӯмегӯяд, “дар ҳақиқат имрӯз интернет ҷои китобро иваз карда метавонад. Дар замони рушди илму техника мардум рӯ ба интернет овардаву аз он ба таври васеъ истифода менамоянд. Масалан, аз китобхонаи электронӣ мо дар муддати кўтоҳ доир ба тамоми осори адибони олам маълумот пайдо кардаву намунаи аслии онҳоро мутолиа карда метавонем. Дар ин сурат ҳам маблағи роҳкиро сарфа мешаваду ҳам вақт. Интернет барои сайқали донишу маҳорати ҷавонон кӯмаки зиёд мерасонад ва дар мавриди илмомӯзӣ нисбат ба китоб афзалтар аст. Ҳамчунин,ҷаҳонбинии шахсро васеъ мегардонад. Мо дар хона нишаста, доир ба тамоми воқеаҳои олам маълумот пайдо менамоем, суҳбату муошират анҷом медиҳем, забон меомӯзем, мубодилаи таҷрибаву иттилоот мекунем, харидуфурўш ва дигар додугирифти молиявӣ анҷом медиҳем. Хуллас, вақте кас вориди сайтҳои интернетӣ мешавад, худро тамоман дар дунёи дигар тасаввур мекунад.Шахсан барои ман истифода аз шабакаи интернет нисбат ба хондани китоб шавқовару манфиатноктар аст”. Дар ҳақиқат, китоб хондан ё нахондани ҷавонон аз имконият

мутолиаи онҳо чандин рӯзҳо масраф кардан лозим меояд. Аз ин рӯ, дар шакли электронӣ хондани китоб ҳам шавқовар асту ҳам осону дастрас. Асри мо асри пешрафти илму техника аст ва моро мебояд, аз ҳама ҷиҳат ҳамқадами замон бошем.” Иқрор бояд шуд, ки баробари рушди босуръати технология, бахусус шабакаи умумиҷаҳонии интернет шавқу завқи шаҳрвандон, хусусан насли ҷавон ба китобу китобхонӣ то андозае коҳиш ёфтааст. Ҳаррӯза тавассути воситањои ахбори умум доир ба арзиши баланди китоб, ташвиқи ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ маводҳои гуногун омода ва пешкаш мегарданд. Бо вуҷуди ин коршиносон ба он назаранд, ки майлу рағбати ҷавонон нисбат ба китобхонӣ рӯз то рӯз камтар мегардад. Онҳо аз китоб дида бештар ба мусиқии сабук ва филмҳои каммазмун майл доранд. Ё истифодаи маводҳои электрониро аз дигар навъи омӯзиш афзалтар мешуморанд. Суоли матраҳ ин аст, ки шавқу завқ ва майлу рағбати насли ҷавон коста гардидааст ё вобаста ба давру замон тағйир хурдааст? - Ҳама чиз вобаста ба талаботи давру замон тағйир меёбад ва ҳар гуна хусусиятро касб мекунад, аз ҷумла китобхонӣ, - мегӯяд равоншинос Маҳмуд Кабирӣ. – Дар замони пешрафти илму техника ба интернет рӯ овардани ҷавонон ин маънои аз китоб дур шудани онҳоро надорад, балки танҳо интихоби пайдо кардани иттилоот шакли худро дигар кардааст. Барои бештар ба китобу китобхонӣ ҷалб кардани ҷавонон моро мебояд, ки дар сатҳи давлату ҳукумат, вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ аз усули интеллектализатсия васеъ истифода намоем, яъне насли ҷавонро барои китоб хондан маҷбур созем. Имрӯз мебояд, ки вобаста ба касбу кори ҳар яки мо китобҳои соҳавӣ китобҳои рӯимизии мо бошанд. Устодону волидон шогирдону фарзандонро барои китоб хондан на танҳо талқину ташвиқ, балки маҷбур созанд. Бигзор, ҷавонон маълумотро ба ҳар навъе ки мехоҳанд, дастрас намоянд, муҳим он аст, ки шавқу завқи илмомӯзӣ ҳеҷ гоҳ онҳоро тарк накунад.

Холзода Акбарҷон, хатмкардаи литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе андешаҳои худро нисбат ба он ки интернет манфиати бештар дорад ё китоб, чунин иброз намуд: “Албатта хуб аст, ки имрӯз интернет барои ҳама дастрас ва ёрирасон гардидааст. Бояд гуфт, ҳам истифодаи интернет ва ҳам хондани китоб манфиатноканд, аммо ман китобро афзалтар мешуморам. Дуруст аст, ки имкониятҳо барои аз тариқи интернет пайдо кардани маълумот бештар аст, вале чунин роҳи ба даст овардани иттилоот шахсро то андозае танбалу фориғбол мегардонад. Масалан, мо ба он ки ҳар лаҳза метавонем вориди шабакаҳои интернетӣ гаштаву ҳар гуна маълумотро дастрас намоем, одат мекунем, вале вақте барои ягон маълумоти муҳим китоберо ҷустуҷӯ ва пайдо карда, ҳар як саҳифаи онро бодиққат мутолиа менамоем, ҳам барои мустаҳкам гардидани қувваи ҳофиза мусоидат менамояду ҳам ҳисси масъулиятнокии моро афзун мегардонад. Хондани китоб ба мо заҳмат кашидану ба қадри меҳнат расиданро меомӯзад. Он ғизои маънавие, ки китоб ба шахс медиҳад, ягон чизи дигар дода наметавонад. Дар ин радиф як чизро бояд таъкид намуд, ки аз интернет бояд самаранок истифода кард. Масалан, наврасону ҷавононеро вохўрдан мумкин аст, ки соатҳои дароз сари компютер нишаста, ба ҳар гуна бозиҳои бемаънӣ машғул мешаванд, ки ин баръакс онҳоро аз илму маърифат дур месозад. Ҳамчунин, дар бораи зарари радиатсионии воситаҳои технологӣ зиёд мегӯянд ва то ҷое иттилоъ дорем, истифодаи аз меъёр зиёди компютер ба чашму дигар узвҳои инсон зарар расонда, қобилияти ҷисмониро кам мегардонад”. Дар ҳақиқат,ҷомеаи мо рушд меёбад, илму техника босуръат пеш меравад, воситаҳои донишандӯзӣ бештар мегарданд. Бесабаб нест, ки гузаштагони мо ҳамеша аз хуб ба хубтар шитофтанро талқину ташвиқ намудаанд. Бовар дорам, ки мо минбаъд дар бахши технология ба дастовардҳои аз ин бештар муваффақ хоҳем гашт, вале ин ҳама ба ҳеҷ ваҷҳ нақш ва ҷойи китобро гирифта наметавонад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ дар баромадҳои худ пайваста таъкид менамояд, ки пешрафти илму техника ва истифодаи васеи технологияи компютерӣ набояд ба раванди китобхониву китобдӯстии насли наврас таъсири манфӣ гузорад. “Бе мутолиаи пайвастаи китоб инсони бомаърифату соҳибхирад, созандаву накӯкор, озодандешу ватандӯст будан ва ифтихори баланди миллӣ доштан имкон надорад” – мегӯяд Сарвари давлат. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар имрӯз дар маркази шаҳр ва дигар навоҳии ҷумҳурӣ китобхонаҳо таҷдид гардидаву мағозаҳои фурӯши китоб амал менамоянд. Дуруст аст, ки ин маконҳои маърифат муштариёни кам доранд, аммо интихоб озод асту шахси китобдӯсту китобхон худ роҳи дастрасу мутолиаи китобро пайдо месозад.

Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ҶОМЕА

Номуси миллат оё риш аст? Ҷавоб ба журналист Азизи Нақибзод Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад? Ғайри ташвиш чӣ маънӣ дорад? Як нахӯд каллаю сад ман дастор, Ин каму беш чӣ маънӣ дорад?...

Ин мисраҳо маҳсули қалами шоири классики форсу тоҷик Абдураҳмон Мушфиқӣ мебошанд. Дар ҳоле гуфта шудааст, ки ҷомеа саросар исломӣ буду ҷангалзори риш. Имрӯз низ мехоҳанд моро ба ҳамон давра баргардонанд. Ман бо чанд муллою муллобача даъво надорам, зеро зарфияти ақлу саводашон дар доираи пойбандӣ бар ҳамон чанд мӯйи зери манаҳ маҳдуд аст. Вале, вақте нафаре мисли рӯзноманигор Азизи Нақибзод барои ин чанд тор ашки ҳасрату надомат мерезад, ростӣ, ба ҳайрат меафтам (сомонаи «Озодагон» аз 27.08.2015, «Миллат ва номус»). Зеро номбурда яқинан аз дигарон беҳтар медонад, ки агар рӯзе зимоми ҳукумат ба дасти ин мӯйлабтарошидагони хашинриши почакашида афтад, аввалан худи ӯро ҳамчун инсони соҳибмаърифату донишманд бо усулҳои сангинтарин ҷазо медиҳанд, чун бо донишҳои ғайр «мағзи худододи худро» пур кардааст. Барои исботи андеша, банда чун Азизи Нақибзод мисоли бофтаро дар бораи «муллои риштарошида ва хонуми сатркашидаи Корвон» намеорам, балки амалҳои ҳамақидагони ин бандагони ришро аз «Давлати исломӣ» ба ёди Нақибзод меорам, ки дар рӯзҳои мо наврасони 13-соларо барои тамошои футбол ва духтарони ҷавонро барои розӣ нашудан ба канизӣ даста-даста сар мебуранд. Азизи Нақибзодро маъқул нест, ки мақомот фарҳангу тамаддуни миллати моро аз таъсири ғайр ҳифз кардан дорад. Ӯ дар бораи он ки занеро дар хусуси либоспӯшӣ дар пайравии модару бибию бибикалонаш тавсия додаанд, ҳасрат мекунад, вале дар бораи он ки ин сатрпӯшҳоро аллакай ба молу чизи хона баробар кардаанду дутоиву сетоӣ дар ҳарамашон медароранд, ҳарфе наменависад. Рӯзноманигори ҳамадон дар ин хусус ҳарфе нанавиштаю наменависад ҳам, чуноне ки дар бораи садҳо кӯдакони аз ин ҳамсарҳои дуюму сеюм ба дунё омадаю бесанадмонда нахоҳад навишт. Нақибзодро ду-се тангаи «гонорар» ончунон раҳгум сохтааст, ки дигар номуси миллатро дар ҳамон ришу сатр мебинад. Дар ҳамон рише, ки баъзе ҷавонони имрӯзаи мо аз хориҷи кишвар мерос овардаанд, ҷомеаи моро шабеҳи ҷангали ваҳшиён карда истодаанд. Дар ҳамон рише, ки барҳақ моли террористону тундравони исломӣ, онҳое мебошад, ки муқими кӯҳу ҷангал

буда, танҳо ба рехтани хуни ноҳақ машғуланд. Доштани риш барои мусулмон суннат асту фарз не, яъне надоштанаш низ гуноҳ нест. Нақибзод менависад: «Ин ки риштароширо ба кишвари мо русҳо оварданд ва то кишвари моро забт кардани русҳо ҳеч тоҷике риш наметарошид ва ҳеч зани тоҷик сарлуч намегашт, ҳақиқати маҳз аст ва ҷои баҳс надорад! Пас чаро бедалел мегӯем, ки ин амалҳо фарҳанги арабу афғон аст?». Бале, дуруст аст. Русҳо барои мо риштароширо оварданду тозаю покиза гаштанро. Мардона бояд қоил шуд. Онҳо барои мо боз илму савод оварданд. Агар Нақибзод аз таърих дарак дошта бошад, яқинан огоҳ аст, ки то Инқилоби Октябр 90-95 дар сади сокинони Тоҷикистони имрӯзаи мо бесавод буданд. Боқимонда ҳам, доираи саводаш даври қориазёд донистани чанд сураи қуръонӣ ва хондани китобҳои афсонае, монанди «Чор дарвеш»-у «Ҳотами той», «Самаки айёр»-у «Ҳазору як шаб» ва монанди инҳо маҳдуд буд. Дар замони шӯравӣ бошад, тоҷикон ба яке аз саводноктарин халқи дунё табдил ёфтанд. Бадахшони Тоҷикистон аз ҷиҳати теъдоди дорандагони маълумоти олӣ ба саршумори аҳолӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро мегирифт. Ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад. Агар русҳо намебуданд. Сарнавишти мо такрори зиндагии ҳамсояҳои ҳамзабонамон аз он тарафи Панҷ мебуд. Гурезагони мо дар солҳои 90-уми асри гузашта аз ин ҳамсоякишвар бароямон маризиҳоеро бозпас оварданд, ки тоҷики мо онҳоро фаромӯш карда буд. Чизи наве, ки вориди Тоҷикистон гашт куртаэзори тани мардҳо буду риши қайчинадида. Барои Нақибзод магар ҳамин аст номуси миллӣ? Чаро рӯзноманигор А. Нақибзод дар байни соҳибришони имрӯза назарпурсие намегузаронад? Агар чунин кореро анҷом медод, эътимоди комил дорам, ки 90 дар сади онҳо саводи казоӣ надоранд. Ҳама дар баҳси сатру риш ғӯтта задаву ҳамдигарро «мавлавӣ»-ю «ҳазрат»-у «эшон»-у «ҳоҷӣ» мехонанд. Чанд ояи раббонӣ аз худ карда, хешро бузургтарин олими олами ислом меҳисобанд. Нақибзод баринҳо бошанд, гарчанде соҳиби маълумоти олиянд, «балегӯяк»-и онҳо гаштаанд. Барои Нақибзод гуфтаниам, ки номуси миллати имрӯза маърифат аст, иқтисодиёт аст, ҳунар аст, варзиш ва ғайра аст. Ҳамаи ин фақат тавассути як роҳ ба даст меояд. Тариқи илмомӯзӣ. Салими ЗАРАФШОНӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

Камоли худогоҳӣ – заволи ифротгароӣ Давлати қалбакие («Давлати исломӣ»), ки рамзи ҳукмрониашро парчами сиёҳ медонад, дар сеяки Шарқи наздик арзи вуҷуд кардааст. Ин созмони ваҳшиманише, ки тиннаташ сиёҳтар аз намуди зоҳираш аст, ба қишри осебпазири ҷомеаҳои суннатӣ ҷавонон дасти тамаъ дароз менамояд. Равандҳои ҷаҳонишавӣ имрӯз дунёро ба як деҳаи хурд табдил додаанд, ки ахбор дар бораи будубоши ҳар инсон дигар мансуби ӯ нест. Инсонҳо ҳоло аз ҷониби на танҳо шабакаҳои алоқа, балки дастгоҳҳои қавии кайҳонӣ назорат мешаванд. Олами маҷозие, ки эъмор шудааст, нақшу манзалати инсонро то андозае тавсеа додааст, вале дар айни замон бо густариши имкониятҳои фаннӣ онро таъсирпазир ва пойбанд ба қонуну меъёрҳои ҷаҳони иттилоот асос намудааст, ки раҳоӣ аз он кори осон нахоҳад буд. Ғараз аз ин лоиҳаҳои зеризаминӣ, ки дастандаркорони мустамликаи байналмилалӣ бинобар тахриби манофеи нафтиашон даст мезананд, тарбия ва таълими инсонҳои навест, ки дар ҷомеаи иттилоотӣ ба воя расидаанд, хӯю хислаташон қолабӣ, рафторашон ба воқеият носозгор, дорои афкори шахшуда ва ҳадафашон бархӯрди фарқкунанда ба ҳаводиси рӯзгор аст. Озодии интихоби макони зист, ки ҳоло аз дастовардҳои ҷараёни ҷаҳонишавӣ маҳсуб мешавад, дари ҳар тоҷикистониро низ зад, ҷавонони зиёде аз пайи қути лоямут ҷониби кишварҳои дуру наздик сафар намуданд.

Дар миёни онҳо гурӯҳи хурд ва безобитае низ арзи вуҷуд кардааст, ки ба ҷони худ ва дигарон ҷабр мекунанд. Худбохтагии ин сайёҳони террорист, ки шартан ҳамин хел номашон мебарем, дар интихоби эътиқод ва масири ҳаёти худ куллан ботил ва хилофи манфиатҳои миллӣ мебошад. Ин тоифа мафтуни душманони таърихии тоҷик шудаанд ва дар ростои тахриби тадриҷии ҷаҳонбинии миллӣ дар ҳаракатанд, ҳамеша дар камини аз байн бурдани мафкура дар раддаи аввал ва сониян асосҳои бунёдии давлатдории тоҷикон мебошанд. Замоне Абӯмуслими Хуросонӣ бар зидди ҷаҳлу таассуб ва ҳимояи арзишҳои миллӣ қад алам кард, то қусури уммавиёни биёбониро барорад, имрӯз таноқузи рӯзгорро бинед, ки тоҷик бо таъсири унсурҳои аз худгусаста сӯйи зеҳнияти қабилавӣ дар даштҳои тамузи тафсони кучӣ равон аст. Куҷост худшиносии миллии мо? Ба чӣ дард мехӯрад ин ҳама пиёданизоми истикбору истеъмори хориҷӣ шудани ҷавонони мо? Бо мақсади ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро тадбирҳои зерин бояд татбиқ шаванд: низоми маорифи Тоҷикистон бо ба назар гирифтани дастовардҳои ҷаҳонӣ дар ин соҳа, ба тарбияву таълими ҷавонон таҷдиди назар кунад; ислоҳот бояд пеш аз ҳама тарбияи инсони навро, ки ҳаррӯза ҳангуфти иттилоот ба зеҳнаш сарозер мешавад, ҳатман ба инобат бигирад ва дар таҷзияи маълумоти сараву носара ба ҷавонон ёрӣ диҳад. Андешаи давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон мавриди зарбаи чандқутба қарор гирифтааст. Аз як тараф раванди исломишавии ҷомеа, тамоюли аҳолӣ барои ҳарчи зудтар пойбанди тафаккури

динӣ шудан агар бошад, аз ҷониби дигар, фаъолшавии ҳизби динӣ, ҳаракату созмонҳои ифротгаро, суръати рӯ ба рушди тариқатҳои эҳёшуда, ҳаркатҳои номашруи руҳониёни ғайрирасмӣ амалан идеологияи миллӣ ва тарафдорони онро кӯшиши ба ҳошия рондан доранд. Дар ин марҳила, таҳкими ниёзҳои бунёдии давлат дар мадди аввал шинохта шуда, барои ҷавонон бо сухани фаҳмо ва дастрас расонида шаванд. Таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нишон медиҳад, ки дар ҳудуди иёлоти Минессото бо сабаби боло будани зуҳуроти ифротгароӣ дар байни амрикоиҳои сомалитабор аз ҳисоби роҳбарони диаспора ва волидайни ашхосе, ки дар гурӯҳҳои эҳтимолии хатарнок шомиланд, “гурӯҳҳои муборизи пешгирикунанда” (сombatant preventive group) созмон ёфтааст. Вазифаи ин гурӯҳҳо назорати қатъии нишонаҳои ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва рафъи онҳо мебошад. Ба ин таҳдидҳо тағйирот дар тарзи пӯшидани сару либос, тақлиди кӯркӯрона ба арзишҳои бегонагон, назорати муоширати ҷавонон тавассути интернет ва ғайра дохил мешаванд. Масъулони ин лоиҳа талош мекунанд, ки дар ҷараёни майл пайдо кардани ҷавонон ба ифротгароӣ то марҳилаи ворид шудани кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба қазия онро ҳаллу фасл кунанд. Ин таҷрибаро дар шакли мутобиқшуда ба расму ойинҳои дохилӣ ва воқеият дар Тоҷикистон метавон татбиқ намуд, зеро ташаббускорони ин лоиҳа муътақиданд, ки ин яке аз роҳҳои халосӣ аз мушкилот аст. Анвар СУРУШОВ, номзади илмҳои сиёсӣ

11


ҲУШДОР Бо фаро расидани соли нави хониш сафи ҷавонон дар пойтахт зиёд шудааст. Акнун нақлиёти мусофиркаш, автобусу троллейбусҳо “пур”-анд. Ин ҳолати мусоидест барои дузду кисабурҳо... Шоҳиди ҳодисае дар нақлиёти мусофирбари 22 шудам. Вақте нақлиёт ба охири хатсайр расид, якбора дар назди дар мусофирони зиёд ҷамъ омаданд. Баъди ворид шудани мусофирон ногаҳон як мард, ки ӯро ҳамсараш ҳамроҳӣ мекард, бо овози баланд «пуламро дуздиданд» мегуфт. Мусофирони дигар, ки дар дохили нақлиёт буданд, ба ҳайрат афтоданд. Ҳамсари мард аз мусофирон хоҳиш кард, ки барои ёфтани пул кӯмакашон кунанд, чун бовар дошт, ки дуздон ҳанӯз дур нарафтаанд. Мусофирон, ки бештари онҳо мардон буданд, аз нақлиёт берун шуда, ба як тараф ҳаракат карданд. Зан мегуфт, ки «илтимос, ёрдам кунед. Охир, дар кӯча одам нест ва онҳоро тез меёбед. Шояд дар ягон ҷо пинҳон шуда бошанд». Баъди ин сухани зан мусофирони нақлиёт якбора гирду атрофро кофта, дуздонро пайдо карданд. Онҳо, ки се нафар ҷавон буданд, якбора маблағи дуздидаашонро партофта, аз ҷойи ҳодиса гурехтанд. Маблағи дуздида 500 сомонӣ буда, ба соҳибонаш баргардонида шуд. Бештари нафароне, ки аз автобус ва троллейбусҳо истифода мебаранд, ҳангоми дохил шудан ҳатман дасташонро ба ҷайбашон мемонанд ё маблағро дар дохили ҷузвдон гузошта, эҳтиёткорона дошта меистанд. Мабодо кадом “шикорчӣ”-и шӯхе дар он ҷо ҳозир бошад. Аксаран ҳангоми дар истгоҳ истодани нақлиёт, ки афтидани мусофирон имкон дорад, дуздӣ ба амал меояд. Зайнура Умарова, ки ҳамеша аз нақлиёти мусофиркаши хатсайри 3 истифода мебарад, чунин мегӯяд: “Ду моҳ озодона бо автобус мерафтаму меомадам, аммо дигар намедонӣ вақти дохил шудан ба автобус сумкаро қапӣ ё барои наафтидан дастқапакро. Ин маънои онро

надорад, ки бо омадани донишҷӯён ба дарс дуздӣ зиёд мешаваду онҳо дузданд. Балки ин давра барои дуздон «мавсим»-и кор аст, ки бе ягон мушкил метавонанд аз ҷузвдон маблағатро гиранду ту пай набарӣ”. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ бештари маврид ба дуздӣ ҷавонон даст мезананд ва шояд баъди оғози соли таҳсил он афзоиш ёбад.

аз занҳо гумонбар намешавад ва ин ҳолат боис гаштааст, онҳо дуздиашонро такрор кунанд. Тоҷирон қисса мекунанд, ҳолатҳое низ ба чашм мерасанд, ки дар вақти зиёд будани харидорон ва банд будани савдогар бо харидор кори дуздон барор мегирад. Аммо тоҷирон дар чунин рӯзҳо зиракиро аз даст надода, пеши роҳи дуздонро мегиранд. Яъне барои мушоҳида ва назорати

Вазорати корҳои дохила, ҳодисаҳое низ ба қайд гирифта мешаванд, ки ноболиғонро калонсолон ба дуздӣ раҳнамун мекунанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷалби ноболиғ барои содир кардани ҷиноят дастгир шудааст. Муайян шудааст, ки дастгиршуда бо роҳи фиреб ба боварии писарбачаи 15-сола, сокини ҳамин ноҳия даромада, ӯро водор сохтааст, бо роҳи

ҷайби шимаш мондааст, то бо дили пур моли заруриашро харидорӣ намояд: - Вақте дар нақлиёт мехостам пуламро дароз кунам, ногаҳон чашмам ба ҷайби куртаам афтид, ки бо лезва бурида шудааасту пул нест, қисса кард ӯ. Ба назар чунин мерасад, ки “дуздон” низ дар бозорҳо гурӯҳгурӯҳ “шикор” мекунанд ва аз касе

“Мавсим”-и шикори дуздон

Аммо Дилором Шарифова ақидаи дигар дорад. Ӯ дар суҳбат гуфт ашхосе, ки ба дуздӣ машғуланд, ҳоло дар бозорҳо “шикор” мекунанд, на дар нақлиёт: “Аз зиёд будани харидорон ҷавонон ба дуздӣ даст мезаданд. Яке ҷузвдони занро мекобад, дигаре либоси кӯдаконаро аз назди тоҷир рабуда ғайб мезанад. Ҳоло онҳо вақт надоранд, ки дар дохили нақлиёт дуздӣ кунанд. Чун одам дар бозор зиёд аст, ки ҷузвдон ё киса кофтани дуздон дар серодамӣ осон мегардад. Ин дуздон гурӯҳ - гурӯҳ мегарданд. Якеро мебинӣ, ки киса мекобаду вақти дастгиркунӣ аз дасташ чизе намеёбӣ. Чунин нафарон бояд ҳатто ҳангоми гумонбар ҳисобиданашон низ боздошт шаванд, то номи дигар “ҳамкасбонаш”-ро бигӯянд”. Тоҷирони бозори калонтарини кишвар - “Корвон” ақида доранд, ки имрӯз дар бозорҳо ба қаллобӣ ва дуздӣ занон бештар даст мезананд. Чунки ба ақидаи онҳо касе

харидорон ёрдамчие барои худ таъин кардаанд. Инчунин, ба нақли тоҷирони бозори “Корвон”, баъди насб намудани камераҳои назоратӣ дар бозорҳо ин амал камтар ба назар мерасад. Вале рӯзҳое, ки бозор серодам аст, онҳо ба камераҳои назоратӣ низ аҳамият намедиҳанд ва гӯё назорати камераҳо ба онҳо тааллуқ надорад ва бе ягон мушкил кори худро анҷом медиҳанд. Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакатро низ ин амали занон ба ташвиш оварда, барои аз байн бурдани ин зуҳурот чораҳои зарурӣ меандешанд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи занон ва оила, дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби занон ва ноболиғон 1077 ҷиноят содир шудааст, ки бештари онҳоро дуздӣ ва қаллобӣ ташкил медиҳанд. Инчунин, дуздӣ аз ҷониби ноболиғон низ зиёд ба назар мерасад, ки аз бемасъулиятии падару модар ба амал меояд. Ба иттилои

пинҳонӣ аз хонааш ба маблағи 3000 ҳазор сомонӣ ҷавҳироти тиллоро дуздида ба ӯ диҳад. Бар ивазаш ба ноболиғ ваъда додааст, ки баъди таъмири автомашина якҷоя “мошинсаворӣ” мекунанд. Нисбат ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома дорад... Баъди мутолиаи хабари мазкур кас ба фикр меравад, ки чаро волидони ноболиғ назорат накардаанд, ки фарзандашон бо шахси ношинос муносибат дорад? Шояд боз надонанд, ки фарзанди ноболиғи онҳо ба чи корҳои дигар машғул аст. Як нафар мусофир, ки худро Додихудо Азизов муаррифӣ намуд ва дар истгоҳи назди бозори “Шоҳмансур” меистод, дар суҳбат гуфт, ки аз ноҳияи Ҳисор барои харидани лавозимоти рӯзгор ба пойтахт омадааст, вале маблағашро дар нақлиёти мусофиркаш рабудаанд. Ӯ гуфт, маблағ барои лавозимоти рузгорро дар ҷайби куртааш гузоштааст ва пули роҳкирояшро дар

тарс надоранд. Баракс тоҷирон маслиҳат медиҳанд, ки бо дуздони бозор муноқиша накунед, ки метавонанд шуморо бизананд. Қаллобӣ ё дуздие, ки аз ҷониби ҷавонон, ноболиғон ва занон дар дохили нақлиёт ё бозорҳо ба вуқӯъ меояд, тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ ҳамчун дуздӣ баҳогузорӣ мешавад. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиати шаҳрвандон ба ин ниҳод афзудааст ва бештар оид ба баргардондани содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ, лату кӯб ба қайд гирифта шудааст. Содиршавии ҷинояти дуздии амволи ғайр низ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, аз 2 ҳазору 741 (2014- 1903) ҷинояти дуздӣ 1 ҳазору 556-тояш кушода шудааст. Тавре мушҳида мешавад, дуздон на танҳо дар бозор ва дохили нақлиёти мусофиркаш даст ба дуздӣ мезананд, балки тавре аз шабакаҳои телевизионӣ мебинем, имрӯз аз назди биноҳои истиқоматӣ низ қолинҳои сокинон аз ҷониби ашхоси номаълум рабуда шуда, бо нархи ночиз ба фурӯш бароварда мешаванд. Вале кормандони милитсия бархе ҷавононро дастгир намуданд, аммо “қолиндуздӣ” то ҳол дар шаҳри Душанбе дар авҷ буда, ҳар рӯз сокинон аз гум шудани қолинҳои худ шикоят мекунанд. Аламовар ва нанговар аст, ки амали ноболиғон ва ҷавононро волидонашон нодида мегиранд. Гузашта аз ин, вақте зани тоҷик бо гумони дуздӣ дастгир мешавад, чи ҷойи гила аз ноболиғ ва ҷавоне, ки зан тарбият мекунад?

Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”

9 СЕНТЯБР – РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН Қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ташаккулёбӣ ва инкишофи шохаи сеюми ҳокимият ҳокимияти судӣ замина ба миён оварда, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон ба масъалаи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Қабули Конститутсия ва бори нахуст эълон доштани муқаррарот дар бораи амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз дастовардҳои сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия аз пайваста ғамхорӣ зоҳир намудан ба ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақил шаҳодат медиҳад.

12

Истиқлолият ва ҳокимияти судӣ Баъд аз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия 6 ноябри соли 1994, зарурати гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ ва судӣ - ҳуқуқӣ ба миён омад. Бо ин мақсад 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд, ки то ҳол идома дорад. Дар заминаи ин ислоҳот соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» ба тасвиб расиданд. Қабули қонунҳои номбурда аз як тараф ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва Суди

конститутсионӣ оғоз бахшида бошанд, аз тарафи дигар сохтори судии кишвар ба танзим дароварда шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006, таҳия ва ислоҳоти судӣ - ҳуқуқиро ба зимаи ҳокимияти судӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ вогузор намуд. Ин ислоҳот соли 1997 бо фармони Сарвари давлат шуруъ шуд. Дар ин муддат як қатор қонуну кодексҳо ба тасвиб расида, ба баъзеи онҳо тағйиру иловаҳои дархӯри муносибатҳои ҷамъиятӣ ворид шуданд, ки ба мустақилияти ҳокимияти судӣ заминаи устувор гузоштанд. Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5 январи соли равон бо фармони Президенти ҷумҳурӣ Барно-

маи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 тасдиқ гардид. Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Воқеан, дигаргуниҳои дар фаъолияти ҳокимияти судӣ бамиёномада самараи Истиқлолияти давлатӣ буда, мо - судяҳоро муваззаф месозанд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ саъю талоши бештар намоем. Ғунчагул ТОИРЗОДА, судяи Суди шаҳри Ваҳдат

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШ

Дар Кӯлоб ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода шуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб дар маркази шаҳр ҳавзи шиноварӣ бо 1800 ҷойи нишастро ба истифода дод.

Ордени “Шараф” ба Дилшод Назаров Дилшод Назаров - варзишгари маъруфи кишвар субҳи 27 август аз Чемпионати ҷаҳон бо медали нуқра ба Ватан баргашт. Ӯро дар Фурудгоҳи пойтахт Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони соҳаи варзиш ва мухлисон пешвоз гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки баъд аз роҳхат ба ХХХI Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил доир мегардад, ин дастоварди дигари Дилшод Назаров ба ҳисоб меравад. Дилшод дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, ки 23 август дар шаҳри Пекин – пойтахти Чин баргузор шуд, мақоми дуюмро соҳиб шуд, ки ифтихори мо – тоҷикон аст. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар Дилшод гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, барои ҷойи дуюм бо медали нуқра ва 30 ҳазор доллар сарфароз гашт. Дар мусобиқа ҳудуди 2000 варзишгар аз 207 кишвар барои 47 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Ғолибон дар намудҳои инфиродӣ ба ҷуз медали тилло бо 60 ҳазор доллар, барои медалҳои нуқра бо 30 ҳазор доллар ва барои медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор доллар мукофотонида шуданд. Дастоварди Дилшод Назаров дар 24 соли соҳибистиқлолии кишвар аз ин намуди варзиш якумин аст. Ин ҳам дар ҳолест, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилаливу ҷаҳонӣ сазовори медал мегарданд, мукофоти пулӣ таъсис дод. Маблағи он вобаста ба сатҳи мусобиқаҳо аз 15 то 300 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Дилшод Назаров аввалин варзишгаре мебошад, ки сазовори ин мукофот гардид. Ҳамчунин, дар маросими супоридани мукофоти давлатӣ ба кормандони соҳоти гуногун аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Дилшод Назаров бо ордени “Шараф” дараҷаи 2 сарфароз гашт.

«Ситора» дурахшон мешавад? Дастаи футболбоздухтарони «Ситора»-и ноҳияи Фархор ягона даста байни бонувон аз минтақаи Кӯлоб буд, ки соли равон дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат дошт. Бо вуҷуди ҷавон будан «Ситора» тавонист дар муқобили ҳарифони пуртаҷриба «Ласточка» (Душанбе), «Барқ» (Норак), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Зебо» (Ҷиликӯл) истодагарӣ намояд. Бозии духтарон аз тарафи масъулони соҳаи варзиш баҳои баланд гирифт. Умед буд, ки дар осмони футболи тоҷик «Ситора» бо дурахши тоза фазои варзишии кишварро мунаввар месозад. Мутаассифона, ин тавр нашуд. «Ситора» дар майдони худ дар бозии рафиқона аз дастаи «Зебо»-и ноҳияи Ҷиликӯл шикаст хӯрд. Бозӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо иштироки мухлисони зиёд баргузор гардид. Бонувони футболбози «Зебо» хуб ҳунарнамоӣ намуда, ба дарвозаи дастаи мизбон 3 тӯби беҷавоб заданд. Пеш аз ин «Ситора» дар чунин бозӣ аз «Барқ»-и Норак бо ҳисоби калони 7:1 мағлуб шуда буд.

Сабаб чӣ шуд, ки «Ситора» рӯз то рӯз бозии хуби худро гум кард? Аз суҳбат бо сармураббии даста Зоҳиршоҳ Собиров маълум гардид, асоси дастаро ҷавондухтарони 12-16-сола ташкил медиҳанд. Бо сабабҳои гуногун бонувони аз 17сола боло дастаро тарк кардаанд. Норасоии маблағҳои молӣ дастаро ба нобудӣ меоварад. Танҳо дастгириву кӯмаки мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Сайҳомид Раҳимов кифоя нест. Дастаи футболбоздухтарони «Ситора» ба кӯмак, дастгирии бевоситаи роҳбарон, мутахассисони соҳаи варзиш, соҳибкорони ватанӣ ниёз дорад. Солими ФАРХОРӢ

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат зимни сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб соли 2013 бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони қасри болопӯшидаи намудҳои обии варзиш оғоз бахшида буд, ки дар давоми ду сол он бунёд гардид. Тибқи лоиҳа, қасри варзиши обӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дарозию паҳнои ҳавзи асосии шиноварӣ 50х16 метр аст, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад. Акнун варзишгарон дар тамоми фасли сол имкони сайқал додани маҳорати худро пайдо менамоянд. Дар оянда бо истифода аз имконоти мусоид чорабиниҳои сатҳи баланд низ ташкил гардида, иштироки варзишгарони шаҳри Кӯлоб дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар хоҳад гашт. Дар шафати ҳавзи шиноварии болопӯшида санги асоси се бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва майдончаҳои футбол ва обутоби бадан гузошта шуд.

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Паҳанг» Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии аввали даври чорякфиналии Ҷоми КФО2015 тими «Паҳанг»-и Малайзияро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст дод. Бозӣ шоми 26 август дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 34 лигионери эронии “Истиқлол” Маҳдии Чорҷӯӣ кушод. Голҳои дуюму чорумро дар дақиқаҳои 37 ва 76 капитани даста Дилшод Восиев зад. Тӯби дуюм аз ҷониби бозингари тим Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 51 вориди дарвозаи «Паҳанг» гардонда шуд. Баъд аз бозӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки сармураббиёни ҳар ду тим доир гардид. Зайналобиддин Ҳасан, сармураббии дастаи «Паҳанг» ба бозии дастаи «Истиқлол» баҳои баланд дода, аз ҷумла қайд намуд, ки: «Ин футбол аст ва мо дар бозии навбатӣ, ки дар Малайзия бар-

гузор мегардад, имкон дорем 4 гол ба дарвозаи дастаи ҳариф занем». Мубин Эргашов, сармураббии дастаи «Истиқлол» аз бозии шогирдонаш қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки: «Барои мо 4:0 натиҷаи хуб аст. Мо ба ин бозӣ тайёрии зиёд дида будем. Бачаҳо

Ҷоми КФО-2015. ¼-финал. Бозии аввал «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Паҳанг» (Малайзия) – 4:0 «Ҷохор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Соут Чайна» (Ҳонконг) – 1:1 «Қадсия» (Кувейт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия) – 3:0 СК «Кувайт» (Кувайт) – «Китчӣ» (Ҳонконг) – 6:0

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

имкониятҳои зиёду қулайи голзанӣ доштанд, ҳамлаҳо зиёд буданд, аммо баъд аз голи сеюм камтар нисбат ба бозӣ беэътиноӣ зоҳир намуданд». Бозии ҷавобии давр 16 сенябр дар Малайзия баргузор мегардад. Дар сурати ба даври нимфинал баромадан ҳарифи тими “Истиқлол” ғолиби ҷуфти СК “Кувайт” – “Китчӣ” (Ҳонконг) хоҳад буд. Дар бозии аввал дастаи Кувайт ба дарвозаи тими Ҳонконг 6 голи беҷавоб зад. Шодихони НАЗАР, «ҶТ»

13


ЗИКРИ ХАЙР

Рӯзи ҷумъаи гузашта хабари фавти раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор барқосо миёни ҳамкасбон паҳн шуд. Ҳеҷ боварамон намеояд, ки шахси дирӯз бо чеҳраи хандон мулоқотнамуда фавтида бошад. Зодгоҳи Акбари Саттор – деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ҳеҷ гоҳ мисли рӯзи ҷанозаи ӯ ин қадар серодам нашуда буд. Чандин ҳазор нафар ёру дӯстон аз дуру наздик ин хабари шумро шунида, барои видоъ бо Акбари Саттор ба деҳаи мазкур омада буданд. Аҳсан ба ҳайати эҷодии рӯзномаи “Имрӯз нюс” ва матбааи ҶДММ “Аниса-95”, ки шаби дароз заҳмат кашида, шумораи махсусро ба Акбари Саттор бахшиданду пеш аз ҷаноза 2000 нусхаро миёни меҳмонон тақсим намуданд. Қаблан дар ҳеҷ маъракае ба ин миқдор ҷамъ омадани рӯзноманигорону ходимони давлатиро надида будем. Ин аз он далолат мекунад, ки Акбари Саттор миёни мардум на танҳо ҳамчун рӯзноманигор, балки ҳамчун як ҷавонмарди асилу фидоии миллат маҳбубият дошт. Вақте воизи шинохта Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар ҷаноза аз рӯи таомули тоҷикона “Акбари Саттор чӣ гуна инсон буд?” – гӯён пурсид, ровии шинохта Ортиқи Қодир гиряолуд гуфт: - Акбари Саттор ҷавонмард буд! Воқеан, зери мафҳуми “ҷавонмард” беҳтарин хислатҳои ҳамидаи Акбари Саттор ҷамъ шудааст: саховатманд, чеҳракушод, дар мушкилӣ мададрасон, ғамхори миллат, дастгири бечорагон, ҳақгӯй, ҳалолкор... Ӯ аз хушомадгӯӣ, тамаллуқкорӣ, бадзабонӣ, маҳалбозӣ, дасисакорӣ, фиребгарӣ ва дигар хислатҳои манфӣ орӣ буд. Чунончӣ, дар ин хусус хабарнигори “Садои мардум” Бурҳониддин Каримзода чунин гуфт: - Воқеан, ҷавонмарде аз миёни мо рафт, ки дар зиндагӣ раҳнаварди некрафтору шахси роҳатрасон буд. Акбари Саттор аз зумраи шахсони камназире маҳсуб меёфт, ки ба дарди оммавии маҳалбозӣ гирифтор набуд. Шояд бисёриҳо гӯянд, ки мо ҳам чунинем. Аммо кам нафароне, хоса миёни зиёиён, мансабдорон, аз ҷумла журналистон ҳастанд, ки маҳалчӣ набошанд. Акбар кӯшиш менамуд, ки дар нашрияҳояш иғво, дасиса, фитна роҳ наёбад. Ӯ андешаю афкори аҳли илму адаб ва фарҳангро ба мардум мерасонд. Акбар ба дигарон роҳатрасон буд. Ӯ дар солҳои мураккабу мушкили 90-ум, ки бисёр қаламкашон аз касби худ дилмонда шуда буданд, нахустин шуда нашрияеро бо номи “Чархи гардун” таъсис дод. Баъдан боз нашрияҳои дигари ӯ таъсис ёфтанду журналистону мутахассисони соҳаи компютер ва ғайра соҳиби кору як бурда нон шуданд... Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос, ки як рӯзноманигори мумтоз, некният, ҷавонмарди миллатдӯст, инсо-ни дасту дилаш кушод аз миёни мо рафт, қалби пурэҳсосам ба дард

14

Дарде ба дил расид, ки он дӯсти ҷонӣ рафт

даромад. Дӯсти деринаи Акбари Саттор, рӯзноманигор Нуриддини Баракатуллоҳ низ аз хислатҳои ҳамидаи рафиқи наздикаш ёдовар шуда, чунин гуфт: “Баъзеҳо баробари ба ягон мансаб расидан, ё соҳиби андаке пулу мол шудан худро дар осмони ҳафтум тасаввур карда, саломи ҳар касро алейк намегиранд. Аммо Акбар як умр хоксору мутавозеъ монд. Ӯ аз хабарнигори оддӣ ба дараҷаи сардабиру муассиси чанд рӯзнома ва раисии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон расид, вале хислаташ тағйир наёфт. Акбар ҳамеша хайрхоҳу некандеш, самимиву дилсоф монд. Акбари Саттор тӯли зиндагии кӯтоҳи хеш ба мардум ва Ватан хизмати зиёд кард. Ӯ дар он солҳои пурошӯби навадум, ки бисёриҳо умед ба ояндаро гум карда буданд, бо таъсиси нашрияи “Чархи гардун” таваҷҷуҳи оммаро ба рӯзномахонӣ ҷалб намуд. “Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!”-ро шиори рӯзнома карда, ҳамватанонро ба ояндаи нек дилгарм мекард. Худ шоҳидам, ки ба чандин нафар барои таъсиси рӯзномаю маҷаллаҳои хусусӣ беғаразона ёрӣ расонд. Кӯмаки худро ҳеҷ гоҳ миннат намекард. Рӯзноманигор Оламгул Амонбекова бо дидаи пурашк аз Акбари Саттор ҳамчун дӯсти некдил, маслиҳатчиву кордон ва дорои маданияти баланд ёдовар шуда, гуфт: - Афсӯс, ки Акбар барин як инсони хайрхоҳу олиҳимат ва поквиҷдон зуд ин ҷаҳони фониро тарк гуфт. Ҳарчанд ӯ ҳамагӣ 50 сол умр дида бошад ҳам, тавонист, ки бо корҳои неки анҷомдодааш ва хислатҳои ҳамидааш аз худ хотираи нек боқӣ гузорад. Акбар яке аз сутунҳои матбуоти имрӯзаи тоҷик буд:

Дарде ба дил расид, ки он дӯсти ҷонӣ рафт, Хун шуд ҷигар з-он, ки дар айни ҷавонӣ рафт. Сад ҳайфу сад дареғ, ки ночида гул зи боғ, Чун оҳуи рамида ба уқбои сонӣ рафт. Аз инсон баъд аз вафоташ танҳо амалҳои некаш боқӣ мемонад. Шоире дар ин хусус фармудааст: Ба гулистон на баҳору на хазон мемонад, Самари умри ту некист, ҳамон мемонад. Рӯзноманигор Саъдулло Абдуллоев Акбари Сатторро ҳамчун ғамхори рӯзноманигорони ҷавон васф намуда, чунин гуфт: - Ҳанӯз дар давраҳои донишҷӯӣ бо нашрияи “Чархи гардун” ҳамкорӣ доштам. Акбари Саттор навиштаҳои шогирдонаи моро ба чоп тавсия дода, ба ҳамкорӣ дилгарм менамуд. Баъди хатми ДМТ ба ин ҳафтанома ба кор омадам. Сипас дар нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Набзи Тоҷикматлубот” низ кор кардам. Ифтихор мекунам, ки мактаби рӯзноманигории Акбари Сатторро гузаштаам. Ин фарди шариф ҳеҷ гоҳ ба диплом, маҳал ё хеши кӣ будани корманд кор надошт. Барои ӯ истеъдод ва одамияти шахс дар мадди аввал меистод. Ҳамагӣ ду рӯз пеш аз маргаш Акбари Саттор собиқ сардабири ҳафтаномаи “Авиценна» Виктория Наумоваро, ки баъди бемории дурудароз фавтида буд, гӯручӯб намуд. Дар тӯли фаъолияти кори-аш Акбар ин гуна рӯзноманигорони танҳоро

зиёд сарпарастӣ намудааст. Сергей Лагутов, Лариса Исаева, Павел Гайвандов аз ҳамин зумраанд. Акбари Саттор дастпарвари факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербург буда, соли 1990 фаъолияти худро чун хабарнигори махсуси рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) оғоз намуд. Аз моҳи ноябри соли 1990 то моҳи ноябри соли 1994 аввал ба ҳайси мухбир, сипас ҳамчун мудири шуъбаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ ва ҳуқуқи рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият намуд. Соли 1994 ҳафтаномаи “Дайджест пресс” ва соли 1996 ҳафтаномаи “Чархи гардун”-ро таъсис дод. Аҳли қалам қобилияту истеъдоди Акбари Сатторро ба инобат гирифта, моҳи июли соли 2006 дар Анҷумани ғайринавбатии ИЖТ ӯро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб карданд. Акбари Саттор тавонист, ки иттифоқи муфлису дар арафаи парокандашавӣ қарордоштаро дубора ба по рост кунад. Сафи аъзои ИЖТ ба маротиб афзуд. Бо сарварии ӯ садсолагии матбуоти тоҷик пуршукӯҳ гузашт. Дар натиҷа ҳамкасбон моҳи октябри соли 2011 бори дигар Акбари Сатторро раиси ИЖТ интихоб намуданд. Акбари Саттор дар баробари директори генералии ҶДММ “Чархи гардун” ва раиси ИЖТ буданаш як қатор масъулиятҳои ҷамъиятии дигарро низ бар уҳда дошт. Ӯ аъзои Комиссияи марказии инти-хобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои миллии муқовимат бар зидди коррупсияи ҷумҳурӣ, аъзои ҳайати Шӯрои илмию таҳририи Энсиклопедияи миллии тоҷик, аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассиси Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ ва ғайра буд. Акбари Саттор барои хизматҳои арзандааш бо медали “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, унвонҳои “Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ”, “Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ” ва “Аълочии тандурустии ҷумҳурӣ” сарфароз гардидааст. Аз ҳама мукофоти баланд барои Акбари Саттор ин сазовори боварию муҳаббати мардум гаштан мебошад. Ӯро бо адолатпарварию инсондӯстӣ, хайрхоҳию олиҳиматӣ ва хушзабонию ҷавонмардиаш ҳамагон дӯст медоштанд. Ин гуна инсонҳои шариф солҳо дар дилу хотираҳо зинда мемонанд. Ба қавли шоир: Ман намегӯям, ки ту аз дори дунё рафтаӣ, Ҷойи ту дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтаӣ. Худованд қабрашро пурнур, ҷояшро ҷаннат ва рӯҳашро аз ҳамаи мо шод гардонад! С. СУННАТӢ, “ҶТ” Аҳли қалами рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз фавти раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон АКБАРИ САТТОР сахт андӯҳгин буда, ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум изҳори тасаллият менамоянд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Оњангари шўришгар аз «Шоњнома»

Дўстмурод …, овозхони тољик

Охирин амири Бухоро

Носозгорї, низоъ

Ќабати болоии атмосфера

Гурўњи мусиќавии иборат аз 4 кас

Телефон не, теле…

Расм, одат

Сарвари католикони дунё

Дарё дар Чин ва Ќазоќистон

Мусор

Гил, хоки тар

Аз ... то фарш (яъне аз осмон то замин)

Автомобили «Тико»монанди русњо

Сарбоз

Давлат дар ѓарби Осиё ва ќисман дар љануби Аврупо

Инсоф

Шоњ бо лаќаби Одил

Саволу љавоб аз рўи билет дар мактаб

Дарё дар ЉТ

«Ту гули лола, мо …ем љон»

Ишора

Варзишгоњи даврашакли велосипедронњо

Ноздори дилтангу зудранљ

Маркази вилоят дар Украина

Наќш дар сањна

Тоннел

Лаљом, зимом

Дузд (русї)

Њаќиќатнигорї дар адабиёт ва санъат

Асъори Русия

... Азизов, овозхон

Вазорати њуќуќшиносон

Модар (ўзб.)

… Кароматулло, овозхон

Май, шароб Роњбари суд

Асосгузори дини ќадимаи Эрон

Зудгузар

Китоби Зардушт

Инсони аввалин

Ваъзгўянда Раќси машњури бразилиягї

… Деол, актрисаи њиндї

Ранљ, шиканља, азоб

Наполеон …, императори Фаронса

Падар (лањља)

Апаи Фарзонаи Хуршед

…у ањвол

Тими футболи Италия

Ќисми ваќти футбол Раќси дукасаи аврупої

Шоири бузурги немис

Ќаторкўњ дар Осиё

Маљмўи дониш

… Дион, сарояндаи суруди филми «Титаник»

Гол ба дарвозаи худ

Оѓози шаб

Кушоду равшан

Овозхон аз Суѓд Фируза …

Ќисми поёнии рўй

Сиррфурўш, суханчин

Шакли Замин

Дуои бади волидайн

Беморхона дар ќисми њарбї

Номи ќадимии Амударё

Дуэти духтарони овозхони рус

Забони мардуми Исроил

Дар Ислом њаром

Муќобили «шаб»

Сада

... Сафар, шоир

Ќалин, мањр

Ишва, карашма

Шапалоќ

Овозхони арманитабори эронї

Кайфу сафо

Њотами ...

"Ёр ... бошад, кор сањл аст"

... Шодиев, овозхони тољик

Як хел захми пўст

Санги тарозу

Номи Юсуф дар Миср

Мустаќилї, соњибихтиёрї

Пойтахти давлати назди Балтика

Ќањрамони латифањо Хоља Насриддин …

«…бонк»

Диќќатљалбкунанда

Пойтахти Перу

... Давлатова, овозхон

Хоњари шавњар

Навъи матои миллї

Даст ба ... бардоштан

Филмимашњури Раљ Капур

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ Бонуе ба дӯстписараш: - Агар рафту ман бо ҷавони бегонае равам, афсус мехурӣ? Ҷавон: - Чаро барои кадом як бачаи бегона афсӯс хурам?

***

Мард ба ҳамсараш: - Шаб хоб дидам, ки ҳанӯз ҷавонаму зан нагирифтаам ва ба ту изҳори муҳаббат намуда, мегӯям биё зани ман шав. - Хуш, хуш, пас чаро ин қадар хурсандӣ? - Ту пешниҳоди маро рад кардӣ...

***

Муҳандис вақти наҳор ба занаш: - Ретсепти ҳамин пирогро ба ман навишта намедиҳӣ? - Ба ту чӣ лозим? - Дар саноати сементбарорӣ инқилоби ҳақиқӣ мекунам.

***

Марде аз дӯсташ мепурсад: - Чаро ҳар бор ки занат ба сурудан даромад, зуд ба балкон мебароӣ? - Барои он ки боз ҳамсояҳо гумон накунанд, ки ман ӯро латукӯб карда истодаам.

1 сентябр ҳудуди 203 ҳазор хонанда (тибқи маълумоти Агентии омор) бори аввал ба дабистон қадам гузоштанд. Омори дақиқи хонандагони синфи якумро Вазорати маориф ва илм охири моҳи сентябр омода хоҳад кард. Дар кишвар ҳудуди 3 ҳазору 845 муассисаи таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст, ки 3 ҳазору 836 ададаш рӯзона ва 9 мактаб ғоибона ва шабонаанд.

***

АНДАРЗ

Фарзанди бонанг Дохили мошин нишаста, дӯстамро интизорӣ мекашидам, ки писарчае тахминан 10-12-сола дар даст сатилу латта наздам ҳозир шуд. - Тағо, чархҳои мошинатонро бишӯям?пурсид ӯ ва илтиҷоомез афзуд:- Чанд пуле диҳед розӣ мешавам, чунки бароям бениҳоят пул даркор. Сар то пойи писаракро аз назар гузаронидам. Ҳарчанд либоси танаш кӯҳна менамуд, аммо тоза буд. Ҳамёнро аз ҷайбам берун оварда, як 5-сомонӣ ба ӯ дароз кардам. Нагирифт. - Ман гадо нестам, ки кор накарда пул гирам!- гуфт писарак, аз рафтори ман малол шуда. Ба роҳ даромада рафтан гирифт. Ӯро нигоҳ доштам. Ман акнун ба ин писараки бонанг бо илтифоту меҳрубонӣ муроҷиат кардам: - Набошад, хоҳиш мекунам, чароғҳои мошинро тоза кун. - Бо ин латта танҳо чархи мошинро мешӯям, агар чароғи мошинро тоза кунам, онро мехарошад. - Майлаш,-гуфтам ман розӣ шуда. Вақте писарак чархҳои мошинро пок мекард, аз ӯ дар бораи падару модараш пурсидам. Ғамгин шуд ва бо дили пуралам нақл кард... Ҳамроҳи модараш зиндагӣ мекардааст. Падараш ним сол пеш вафот кардааст. Чанд

моҳ боз модараш ҳам беморасту кор карда наметавонад. Барои ҳамин, писарак маҷбур шудааст кор карда, ҳам хӯрокворӣ бихараду ҳам ба модараш дору. - Ман гадоӣ намекунам! Сиҳату саломатам, дасту по дорам. Ҳам мард ҳастам, ҳар коре аз дастам ояд,мекунам, то маблағ ёбам. Рӯзона ба дарс меравам, корро бошад танҳо бегоҳ мекунам. Баъзан ба соҳибони мағозаҳо кӯмак мерасонам: партовҳои мағозаашонро мебарорам. Баъзан дар фаровардани борҳояшон мадад мерасонам. Хулас, коре карда пул меёбам. Ӯ гап мезад, ман бошам дар рӯ ба рӯи худ на писараки хурдсол, балки марди рӯзгордидаи ботаҷрибаеро медидам. Баъд аз нақли ин писараки бонанг аз ҳамён боз

30 сомонӣ бароварда дароз кардам. Аммо ин дафъа ҳам қабул накард. Гуфт: - Ин пули зиёд аст! Ман ба қадри ин пул кор накардам... Ӯ бо ин ҷавобу рафтори мардона бори дигар маро ба ҳайрат гузошт. Ба душворӣ розиаш кардам. Бовар кунонидам, ки меҳнаташ ба ин пул меарзад. Вай бо дили нохоҳам аз дастам пулро гирифтва ба роҳ даромад. Баъд аз рафтани кӯдак худ ба худ гуфтам: Худованд ба модари ин писарак - зане, ки чунин марди бонангу масъулиятшинос тарбия кардааст, шифо ва саломатии бардавом ато кун. Бигзор модар сиҳат ёбад, зиндагӣ ва кори ӯву писараш ҳамеша бобарор бошад. Синну соли ин писарак синну солест, ки ӯ бояд хурсандӣ ва шодиву бозӣ дошта бошад, на латтаву сатил... Ҳасан АЗИЗОВ

Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

16

*** Духтари қадрасе ба модараш: - Ман зебо ҳастам? - Ин суолро аз дӯстписарат пурс. - Кадом дӯстписар? - Ҷавоби саволат ҳамин...

ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Шиносномаи гумшудаи техникии ҳавлӣ таҳти рақами ИНВ13551 бо суроғаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Ҳисор, ки 16.06.2015 КФБТ-и ноҳияи Ҳисор ба Саидова Зебо додааст, эътибор надорад.

Номаи камоли гумшудаи силсилаи 0094507, ки МТМУ №48-и ноҳияи Қубодиён соли 2007 ба Насимов Зафар додааст, эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7624 нусха ба нашр расид.

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Бунафша ОДИНАЕВА (муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон).

САРМУҲАРРИР

***

Муаллим ба Салим: - Барои чӣ барои таъмири мактаб пул наовардӣ? - Чунки ман онро хароб накардаам.

Шаҳодатномаи гумшудаи ҳуқуқ ба моликияти силсилаи ХТ №0130482, ки Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Панҷ 9.04.2008, таҳти рақами 80 ба Имомов Сайҷаҳфар Холназарович додааст, эътибор надорад.

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зан ба мард: - Падару модари ман 22 июн ба хона меоянд. Қатора соати 4-и субҳ ба вокзали роҳи оҳан мерасад. Мард зери лаб: - Мисли фашистҳо дар соли 1941ум...

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шуъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоиёт), Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Бахтовар АМИНЗОДА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул), Саодат ИСМОИЛӢ (мухбир дар вилояти Суғд), Машҳур ИМОНАЗАРОВ (мухбир дар ВМКБ).

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №35 (9409), 03 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.