Ҷавонони Тоҷикистон, №35 (9461), 2016

Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№35 (9461), 1 сентябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 АХБОРИ ҲАФТА

 ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...”

Пешвои миллат ба фаъолон мукофоти давлатӣ супорид

Истиқлолият арзишмандтарин неъмат аст!

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

 МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН...”

Бо миллату Ватанам ҳамеша ифтихор дорам

 ҲАФТ РӮЗ 25.08.2016 Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа оғози расмӣ бахшид. Маҷмааи мазкур дар майдони 54 гектар марҳила ба марҳила бунёд гардида, қисмати бештари онро иншооти варзишӣ, ба монанди майдонҳои хурду калони бозии футбол, валейбол, баскетбол, теннис, толорҳои машқи бадан ва қасри намудҳои варзиши обӣ ташкил медиҳанд. Калонтарин майдони футболи маҷмаа барои 25 ҳазор тамошобин пешбинӣ шуда, он мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва аз ҷиҳати тарҳи меъморӣ дар кишварҳои минтақа назир надорад. 26.08.2016 Бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ марҳилаи дуюми корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани ҶДММ “Сомон” мавриди истифода қарор гирифт. 27.08.2016 Бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди соҳаи варзиш бо ибтикори Кумитаи ҷавонон,

варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб барои зиёда аз 20 нафар дастурдиҳандагони мактабҳои варзишӣ машварат доир гардид. Мутахассисони варзидаи соҳа тарзу усулҳои нави таълим, қоидаҳои нав дар намудҳои алоҳидаи варзиш, намунаи нақшаи баргузории тамринро омӯзонданд. 28.08.2016 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони соҳаи ангишт таҷлил шуд. Ин ид ҳар сол якшанбеи охири моҳи август ҷашн гирифта мешавад. Дар давраи Истиқлолият корхонаҳои соҳа истихроҷи ангиштро аз 17 ҳазор ба беш аз 1 млн. тонна расонда, ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва аз ҳама муҳим ба кам кардани вобастагии Тоҷикистон ба маводи сӯхт (гази табиӣ)-и воридотӣ мусоидат намуданд. 29.08.2016 «Саодати Истиқлол». Таҳти ин унвон китоби журналист Саидмурод Рабизода дар нашрияи ҶДММ «Нашри Камол» аз чоп баромад. Он ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он оид ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон дар як давраи муайяни таърих дар яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар - ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ҳамчун ноҳияи саноатӣ ши-

нохта шудааст, маълумоти зарурӣ пешниҳод гардидааст. 30.08.2016 Бо иштироки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллӣ - 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як қатор иншооти таъиноти гуногун – бинои нави Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, МТМУ №101 барои 2500 хонанда, корхонаи истеҳсолии “Дунёи нав”, Боғчаи байналмилалии “Малика” ва бинои истиқоматии 12-ошёна дар хиёбони Садриддин Айнӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. 31.08.2016 Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок кард. Иқтидори умумии истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матои пахтагӣ дар як сол баробар буда, дар сурати фаъол гардидан бо иқтидори пурра зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд.


2

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

АХБОРИ ҲАФТА

Пешвои миллат ба фаъолон мукофоти давлатӣ супорид 29 август Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофоти давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонд. Аз ҷумла, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Медали хизмати шоиста сарфароз гардид.

Сарвари Давлат солгарди навбатии ҷашни муқаддаси миллиро ба аҳли толор, мардуми кишвар ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ муборакбод гуфта, соҳибони ҷоизаву мукофоти давлатиро ба муносибати сазовор

шудан ба қадршиносоии роҳбарияти Давлату Ҳукумат табрик намуд. Таъкид шуд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаву ҷавонмардонаи фарзандони ватандӯсти халқамон ҳамеша шоистаи қадрдонӣ буда, заҳмати созанда

ва бунёдкоронае, ки ба ободии Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби роҳбарияти давлат бе қадрдонӣ намемонад. Сарвари давлат хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид кард. Ҳамин тариқ, бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 91 нафар бо Медали хизмати шоиста, 9 нафар бо Медали "Ҷасорат", 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Ватан, 2 нафар бо рутбаҳои навбатии махсус, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 1 нафар бо медали "Шафқат", 5 нафар бо "Ифтихорнома"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардида, ба Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ 12 нафар ва ба дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар мушарраф гардиданд. Зимни супоридани мукофоти давлатӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дастовардҳои намояндагони соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ, хизматчиёни давлативу ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар боиси афзун шудани қудрату тавоноӣ ва боло рафтани эътибору обрӯи Тоҷикистони азизамон мегардад.

ВМКБ бояд пурра бо барқ таъмин бошад Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи соҳибкории “Милал-интер”-и ВМКБ дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти увони «Помиринвест – 2016» доир гашт. Дар он намояндагони баландпояи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, созмонҳои байнидавлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва гурӯҳи соҳибкорон иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории форум таҳким бахшидани муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо мамлакатҳои дуру наздик, ҳамкориҳои судманд баҳри рушди соҳибкориву сайёҳӣ ва баррасии камбудиҳои мавҷуда дар самти сармоягузорӣ арзёбӣ шуд. Раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед иброз дошт, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушод ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ватаниву берунӣ тақвият ёфтааст. Ҷиҳати кашф ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ВМКБ пеш аз ҳама бояд бо қувваи барқ таъмин бошад. Аз ин хотир Сарвари давлат барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург дар вилоят диққати ҷиддӣ медиҳад. Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Мӯъминзода Абдумаҷид Мӯъмин зимни баромади хеш қайд кард, ки дар давоми соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиёти вилоят беш аз ҳафт миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Аз ҷумла дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,8 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Гуфта шуд, ба ҳолати кунунӣ дар қаламрави вилоят 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи ду миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор гирифта, аз онҳо то ба ҳол амалишавии 21 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз як миллиард сомонӣ ба анҷом расидааст. Татбиқи нуҳ лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи умумии як миллиард сомонӣ идома дорад. - Бояд тазаккур дод, ки дар ҳудуди вилоят 48 корхо-

наи хурду миёнаи истеҳсолӣ фаъолият доранд. Вале барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ миёни аҳолӣ фаъолияти онҳо беҳбудиро тақозо дорад. ВМКБ аз ҷиҳати захираҳои табиӣ бой буда, дар оянда метавонад ба яке аз минтақаҳои сердаромади ҷумҳурӣ мубаддал гардад. Дар вилоят қариб ҳамаи унсурҳои кимиёвии системаи даврии ҷадвали Менделеев мавҷуданд. Барои самаранок истифода бурдани онҳо моро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бо сармоягузорон тамоми кӯшиҳоро ба харҷ диҳем. Самти дигари пешрафти минтақа равнақ бахшидани соҳаи сайёҳӣ мебошад ва он ҳам бояд марҳила ба марҳила тақвият дода шавад, - гуфт А. Мӯъминзода. Назарзода Ризо, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро бар он равона сохт, ки агар то соли гузашта аз 59 давлати дунё сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон ташриф оварда бошанд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 100 адад расид. Яъне ин шумора аз ҷалби сайёҳони бештар ва таҳким ёфтани соҳаи мазкур дар қаламрави ҷумҳурӣ далолат мекунад. Солҳои охир сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама аз он қаноатманданд, ки дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон амният ва бехатарии онҳо таъмин аст. Ин омил ба инкишоф ёфтани соҳа такони ҷиддӣ мебахшад. Ёдгор Файзов, директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки тайи чанд соли охир дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати кишвар ҳазорҳо лоиҳаи тиҷоратӣ дар ҳамаи самтҳо ҷонибдорӣ шуданд. Барои амаликунонии чунин барномаҳо дар фаъолияти минбаъда бояд салоҳияти дурусти корӣ ба роҳ монда шавад. Дар фарҷом миёни ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷиву ватанӣ як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

Ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе-ҚурғонтеппаКӯлоб Субҳи 24-уми август нахустин қатора аз саристгоҳи Роҳи оҳани пойтахт бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар самти Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ба роҳ баромад. Бунёди роҳи оҳани мазкур бо иштироки Сарвари давлат оғоз гардида, арзиши лоиҳавии он зиёда 165 млн. сомониро дар бар мегирад. Дар ин шоҳроҳ 3 нақб бо дарозии умумии 3643 метр бунёд гардида, дарозтарини он 2 ҳазору 209 метрро ташкил медиҳад, ки дар шароити кӯҳистони минтақа бунёди он маҳорати баланди касбӣ ва донишу таҷрибаи мутахассисонро талаб мекард. Ҳамзамон дар ин лоиҳа 8 купрук бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардид. Агар бо назардошти аҳамият ва афзалияти иқтисодии лоиҳа назар афканем, метавон гуфт, ки роҳи қаблӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа бо убури марз 432 километрро дар бар мегирифт ва маҳз бо бунёди нақбу купрукҳо 313 километр ихтисор гардида, дарозии он ҳамагӣ 119 километрро ташкил дод. Таносуби боркашонӣ тавассути хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа барои 1 тонна қариб 120 сомонӣ арзон хоҳад шуд, яъне қаблан он ба 160 сомонӣ баробар буд ва акнун тавассути роҳи нав 35-40 сомонӣ арзиш хоҳад дошт. Мутобиқи нишондоди мутахассисон самаранокии солонаи иқтисодии роҳи оҳани ДушанбеҚурғонтеппа 46 млн. сомониро дар бар мегирад ва ин тадбир имкон медиҳад, ки дар давоми 10 сол тамоми хароҷоти барои бунёди он масрафшуда барқарор карда шавад. Сарвари давлат дар ифтитоҳи нахустин нақби роҳи оҳани мамлакат – Ҳулбук бо дарозии 2 ҳазору 209 метр изҳор дошт, ки тамоми талошҳои Ҳукумати мамлакат бо татбиқи сиёсати муваффақи баровардани ҷумҳурӣ аз мушкилоти коммуникатсионӣ барои рушди ҷомеа ва таъмини некуаҳволии мардум равона шудааст. Мувофиқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон сохтмони 41 км. роҳи оҳан дар маҷмӯъ 450 миллион сомонӣ, аз ҷумла 359 миллион сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ, 43 миллиону 602 ҳазор сомонӣ барои харидории техникаҳои муосиру муқтадир сарф шудааст. Омодасозии 41 километр таҳкурсии роҳ ва таҳкими қисми болои он, кандани 12 миллиону 374 ҳазор метри мураббаъ хок, таркиш дар 4 миллиону 230 ҳазор метри мураббаъ ва бунёди 20 километр хатти нерӯи барқ, 110 қубури обгузар, 4 гузаргоҳ ва 2 бинои истгоҳи замонавӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуда, тамоми талаботи стандартҳои муосири роҳсозиву инфрасохторӣ риоя шуданд. Президенти ҷумҳурӣ ҳангоми ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб изҳор дошт, ки имрӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон рӯзи басо хотирмони таърихӣ мебошад. Зеро дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон - 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳими мо амалӣ гардид.


ё атласу адрас либоси мавсимӣ набояд бошад

Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати саноатӣ, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд. Шоҳони қадим товони ҷангро бо матои атлас мепардохтанду бар ивази моҳонаи ҷанговарон барояшон лундаҳои матои атлас медоданд. Ба гуфти ҷуғрофиёшиносон, дар асрҳои IX-X Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Фарғона марказҳои маъруфи истеҳсоли матоъҳои пахтагину абрешимӣ маҳсуб меёфтанд. Шоҳӣ, атлас, адрас, беқасаб, карбос, алоча ва чити Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва Истаравшан дар сартосари дунё харидорони зиёде доштанд. Ривояте ҳаст, ки атласбофони Хуҷанд ба ҳунармандони Марғилон, ки то асрҳои XVIII-XIX шаҳри тоҷикони Фарғона будааст, сабку услуби бофтани матои пурнақшунигори атласро таълим додаанд. Дар ин макон дар аввали асри XX беш аз 60 намуди матоъҳои абрешимиву нимабрешимӣ, пахтагиву тибитӣ истеҳсол мекарданд, ки дар бозорҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Русия, Туркия, Қафқоз харидорони зиёд доштанд. Имрӯз коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки солҳои охир корхонаҳои саноатии кишвар тавони истеҳсоли молҳои хушсифати бозоргирро надоранд ва аз ин рӯ 90 дарсади маҳсулоти бозорҳои Тоҷикистонро молҳои хориҷӣ ташкил медиҳад ва ин як иллати аслии гаронии нарх дар бозор аст. Дар маҷмуъ матоъ ба бозорҳои Тоҷикистон аз кишварҳои Туркия, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин, Корея ва Узбекистон ворид мешавад. Аммо новобаста аз қимат ва сифати маҳсулот аксари бонувон мувофиқ ба имконот ба хотири оростани

худ аз онҳо фаровон харидорӣ мекунанд. Ҳамсуҳбати мо, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Алишер Набиев дар хусуси афзалиятҳои либоси миллӣ боифтихор сухан ронда, аз ҷумла чунин гуфт: “Либоси миллӣ рамзи миллат аст. Бонувон бояд бо ифтихори баланд онро ба бар кунанд. Ба назари ман, духтаракони атласпираҳани тоҷик чун гулҳои баҳорӣ тозаю тар менамоянд. Рангҳои атлас, ки рангҳои тиру камони баҳориро мемонанд, ифодагари тинҷиву осоиштагӣ мебошанд. Мо - тоҷикон мардуми бодавлатем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Бояд ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба ояндагон супорем”. Саида Давлатова, омӯзгор аз шаҳри Душанбе гуфт, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз онҳоро маҷбур мекунанд, ки куртаҳои атласу адрас ба бар намоянд. “Мо бояд ҳамон либосеро ба бар намоем, ки бароямон писанд аст, - изҳор медорад Саида. – Набояд касе ба мо барои пӯшидани либос дастуру супориш диҳад”. Дар ҳақиқат пӯшидани куртаи атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набояд дар арафа ва давраи баргузории иду ҷашнҳо ва илова бар ин бо супориши мақомот сурат бигирад, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад. Либоси атласу адрас бешак ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб. - Либоси миллии тоҷикӣ ба ҳусни зебои духтарони тоҷик ҳусни дигаре зам мекунад, - мегӯяд Санавбар Раҷабова, омӯзгори собиқадор аз шаҳри Ваҳдат. - Бовар кунед, он майкачаҳои беостине, ки баъзе «тоҷикони нав» мепӯшанд, ба чеҳраи тоҷикона ва абрувони пайвасти онҳо ҳеҷ намезебад. Вақте ки тариқи моҳвора телевизиони Туркманистонро тамошо мекунам, ба ин мардум аҳсант мехонам. Ҳатто депутатҳо ва вазирҳояшон аз

ҷинси латиф дар тан либоси миллӣ доранд. Пас, чаро мо наметавонем чунин бошем? Аз сари минбарҳо мо ориёием, мо сомонием, гуфта лоф мезанем, аммо на забонамонро тоза нигоҳ медорему на урфу одатамонро риоя мекунем, на либоси дуруст мепӯшем. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд. Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад. Либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷило дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст. Мутаассифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кутоҳи ба тан часпида, доманҳои кутоҳ ва ҳиҷобу сатр густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён овард. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Тавассути воситаҳои ахбори омма мушоҳида мешавад, ки анвои гуногуни либоси миллӣ бо тобиши аврупоӣ – доману блузкаҳои чакан, киманоҳои

атлас, беостинҳои адрасу чакан ва ғайраҳо симои духтарони тоҷикро оро медиҳанд, ки диққати меҳмонони хориҷиро ҷалб месозанд. Манижа Сафарова, ки солиёни зиёд ба ҳунари хайётӣ машғул аст, андешаҳои худро дар ин маврид чунин баён намуд: “Албатта, ин навовариҳо барои истифодаи умумии ҷомеа имконнопазир аст, зеро дар онҳо нишонаҳои миллӣ бештар дар шакли аврупоӣ инъикос ёфтааст. Ман зуд-зуд шоҳиди он мегардам, ки сайёҳону меҳмонони хориҷӣ бештар ба ҷӯробҳои бадахшонӣ, чиҳози гулбофту муҳракориҳои онҳо, заргариҳои ромитӣ, чаканҳои кӯлобӣ ва атласи нақшин таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Баъзе аз онҳо аз ман суол мекунанд, ки оё занони сар то по сиёҳпӯше, ки имрӯз дар кӯчаҳо зиёд ба назар мерасанд, тоҷиканд? Ростӣ, чунин суолҳо касро ба андеша водор месозад. Дар ҳақиқат, шумораи хоҳарони “сиёҳпӯш”, ҳамчунин теъдоди тоҷикдухтарони ҳиҷобпӯше, ки низ дар шакли тангу кутоҳ ва хеле ношинам либоси аҷнабиёнро ба бар кардаанд, ниҳоят зиёд шудааст”. Бояд таъкид сохт, ки дар баробари ин занону духтарони атласпӯш низ зиёданд, ки бо дидани онҳо баҳри дили кас кушода ва садои қалбҳо бо садои нағмаҳои борону хандаи тифлакон ҳамнаво мегардад. Ин гулдухтарони атласпӯш фариштаҳоеро мемонанд, ки бо рангу тобиши муҷалло зери ин навоҳо ба ҷилва меоянд. Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. Умед бар он мекунем, ки корхонаҳои тавлидотии кишвар дар истеҳсоли матоъҳои хушсифату дастрас саҳми бештар дошта бошанд ва бо истифода аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони касбии ватанӣ бозори истеъмолии кишварро бо молу матоъҳои рақобатпазиру бозоргир ҳарчи бештар таъмин намоянд.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

МАВЗӮИ РӮЗ

ШАҲЛО ЭШОНОВА

Либос нишон аз фарҳанг аст

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.

3


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

Лагери омӯзишии ҷавонон: фароғат, омӯзиш, иттиҳод...

РУШДИ САЙЁҲӢ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо шиори “Дастгирии ҷавонон шараф аст” дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон иқдомеро пеша намудаанд, ки барои инкишоф ёфтани ҷавонони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстию худогоҳӣ нақши бориз мегузорад. Тайи се моҳи таътил ҷавонони фаъоли кишварро дар Лагери ҷумҳуриявии “Мактаби омӯзиши ҷавонони фаъол” аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳам оварданд. Дар ду лагер, ки 14-18 август дар истироҳатгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва 21-26 август дар истироҳатгоҳи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода доир шуд, зиёда аз 120 ҷавон аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ба ҳам омаданд. Тибқи нақша ҷавонон дар баробари истироҳат ҳар рӯз ба машғулиятҳои омӯзишӣ, ки мақсади асосӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ҳушёрию зиракии ҷавононро баланд бардоштан аст, ҷалб шуданд.

Рӯзи гусели ҷавонон ба истироҳатгоҳи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ таъкид намуд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани чорабинӣ ҷавонон баъд аз истироҳат пешниҳодҳо намоянд.

Сабралӣ Сабралиев, ки аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омада буд, зимни суҳбат иброз дошт, тӯли панҷ рӯзе, ки мо бо ҳам будем, як имконияти хуб шуд, то бо ҳамдигар ибрози ақида намуда, аз якдигар чизи нав омӯзем. Ба андешаи ӯ ин иқдом ҷавононро бештар дар ду самт метавонад инкишоф диҳад: эҷодиёт ва фарҳанг. Дар баробари ин, метавонад дар баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон саҳм гузорад. - Бисёр хуб мешуд, ки ин гуна лагерҳо дар оянда на танҳо барои ҷавонони фаъол ё болаёқт ташкил карда шавад. Инчунин ҷавононе ҷалб гарданд, ки аз тарбия дур мондаанду ба корҳои ғайри қобили қабул машғуланд. Зеро ин барнома имконият медиҳад, ки дар ҳаёти онҳо дигаргунӣ ба амал ояд. Ҳамеша таъкид мекунем, ки ҷавонон

ояндаи миллатанд. Хоҳем, ки ҳамин ибора дар ҳақиқат амалӣ гардад, бояд ҳамон ҷавононе бештар ҷалб гарданд, ки фаъол нестанд ва дар онҳо ягон инкишоф дида намешавад. Масалан, то ин вақт ман ҳунари дар саҳна баромад карданро надоштам. Тули панҷ рӯз маҷбур шудам, ки ман ҳам қатори дигар ҳамсолон дар саҳначаҳо нақш офарам, шеър қироат кунам. Яъне, ҷавононе, ки ба оворагардӣ машғуланд, аз онҳо низ як чиз кашф карда мешавад, - гуфт Сабралӣ. - Ташкили чунин лагерҳо ба мо - ҷавонон имконият медиҳад, ки андешаю ақидаи ҷавонони минтақаҳои дигарро омӯзем, бо онҳо ошноӣ пайдо кунем. Барои ман бештар тарзи ба роҳ мондани реҷаи кори лагер писанд омад. Давоми панҷ рӯз мо ҳам истироҳат кардем, ҳам омӯхтем ва ҳам дар бахши

фароғатиаш маҳорати худро нишон додем. Ин ваҳдату ягонагии ҷавононро таъмин месозад. Хуб мешуд, ки ин иқдом дар манотиқи дигари ҷумҳурӣ низ доир гардаду мо бо расму оини

минтақаҳо бештар ошноӣ пайдо намоем. Ман пешниҳод дорам, ки имконият бошад, муддати чунин лагерҳо дарозтар бошад. Панҷ рӯз кам аст. Мо акнун бо якдигар унс гирифтем, ки истироҳат ба охир расид, - таъкид намуд Дилшода Маҳкамова, намояндаи вилояти Суғд. Дар рӯзҳои аввал мушоҳида мешуд, ки ҷавонон бо ҳамсолонашон аз минтақаҳои худ суҳбат мекунанд. Мақсад, ки муттаҳидии ҷавонон буд, муттасадиён онҳоро ҷудо карданд. Ин амал боис гардид, ки онҳо бо якдигар наздиктар шаванд. Ҳангоми суҳбат маълум гардид, ки аксар ҷавонони ташрифоварда онҳое мебошанд, ки дар зиндагӣ аллакай роҳи худро интихоб кардаанд. Миёни онҳо мо ҷавонеро

мушоҳида нанамудем, ки душвортарбия бошад. Беҳтар мебуд, ки дар чунин омӯзишгоҳҳо ҳади аққал то 10 ҷавоне даъват гарданд, ки гумроҳ шудаанду ба чӣ кор машғул шудани худро намедонанд. Дар чунин ҳол сари ҳар лагер метавон як кори хайре дар ҳаёти ҷавонони оворагард ба амал овард.

Ба андешаи Меҳрбону Ҳакимова, намоянда аз шаҳри Кӯлоб ин лагер нисбат ба лагерҳои пешин ба куллӣ фарқ мекард. Зеро дар баробари истироҳат машғулиятҳо дар фаҳмиши сиёсии ӯ навоварии зиёд ворид намуд. “Лагерҳои пешинро танҳо бо истироҳат сипарӣ мекардем ва ин барои мо дилгиркунанда буд. Ин навбат бошад, аз рӯи реҷаи муайян панҷ рӯзро гузаронидем. Аз ин пеш дар бораи расму оини мардуми Бадахшон зиёд шунида будам, аммо аз ин минтақа ягон дӯст надоштам. Лагер сабаб гардид, ки бо ҷавонони Бадахшон дӯст шудем. Ҳатто мисли апаю хоҳар гаштем”.

Самандар Абдуллоев, директори Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон таъкид намуд, ки “Ин иқдом барои истироҳату фароғати ҷавонон ва ба ин васила тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи худшиносию хештаншиносӣ нақши арзанда мебозад. Дар ду лагере, ки дар минтақаҳои зебоманзари ватанамон, истироҳатгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон ва истироҳатгоҳи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, мо чизи заруриро гирифтем. Муттаҳидии ҷавононро мушоҳида кардан мумкин аст. Давоми лагер, ки бо онҳо дарсҳои омӯзишӣ мегузаронем, чеҳраҳои нав кашф мешаванд. Ин ҷо ҷавонон дар баробари истироҳат малакаю дониши худро сайқал медиҳанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ҷавонони мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар оянда ҳам чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шудааст ва ҷавонон метавонанд, ки аз ин чорабиниҳо манфиат бинанд”.


Дар баробари дигар муқаддасот истиқлолият низ яке аз арзишҳое волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии мо аз нав эҳё гардид. Имсол истиқлолияти кишвари мо 25-сола мешавад, ки чун ҷавони матину устувор сӯйи фардои дурахшон равон асту моро ҳам бо худ бурда истодааст. Ин неъмати бузург бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст. Моро лозим аст, то баҳри пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем. Роҷеъ ба нақши Истиқлолият дар рушди кишвари азизамон андешаи чанде аз соҳибназаронро пурсидем.

Истиқлолият арзишмандтарин неъмат аст!

Кароматулло Қаландаров, сиёсатшинос: - Истиқлолият дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон соҳибистиқлол эълон гашта, тавонист бо суръат рушду нумуъ ёбад. Имрӯз хушҳолем, ки дар фазои сулҳу амонӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем. Дар даврони Истиқлолият мо тавонистем, ки ба пешравиҳои зиёд ноил гардем. Дар ин давра чанд иншооти муҳиму тақдирсоз сохта ба истифода дода шуданд. Аз қабили нақбҳои “Истиқлол”, “Хатлон”, “Шаҳристон”, шоҳроҳҳои Душанбе-Айнӣ-Бӯстон-Чаноқ, Кулоб-Дарвоз, Хоруғ-Кулма ва сохта шудани даҳҳо неругоҳҳои барқи обӣ. Дар даврони Истиқлолият махсусан сиёсати бевоситаи Давлат ба ҷавонон нигаронида шудааст. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон пайваста дастгириҳо мешавад. Сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ низ дар баробари дигар самтҳо рушд ёфт, ки имрӯз бо бисёре аз кишварҳои хориҷа муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шуда, ҳамкориҳо дар ҳама самт фаъол мебошад, ки маҳз бо пайки Истиқлолият мебошад. Умедворем, ки кишвари азизамон минбаъд низ дар фазои сулҳу оромӣ ба дастовардҳои бузург ноил гашта, миёни кишварҳои пешрафта мақоми сазоворро ишғол мекунад. Мо бояд дар ин давраи басо мушкили ҷаҳонишавӣ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, муҳофизи ин неъмати бебаҳо бошем.

Нигина Сироҷова, рӯзноманигор: - Истиқлолият пурарзишмандтарин неъмат аст. Мо тоҷикон ифтихор мекунем, ки соҳибистиқлол ҳастем ва шукри ин озодию ободӣ менамоем. Қобили қайд аст, ки соли 2016 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ ва хотирмон хоҳад буд, чунки 25умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро таҷлил мекунем. Дар ин муддат ҷумҳурии азизи мо ба як қатор дастовардҳо ноил гашт. Аз ҷумла Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид, ҷашни Наврӯз байналхалқӣ эълон шуд. Мо - ҷавонон ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор бошем. Маҳз мо - ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият мукаддасу азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо - ҷавонон ва аҳли ҷомеа бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем, барои пойдории сулҳу ваҳдат ва ободии кишварамон саҳми арзанда гузорем.

Ҷаҳонгир Саъдизода, ҳуқуқшинос: - Воқеан, аз санаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аллакай 25 сол сипарӣ мегардад. Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки баъди ба даст овардани Истиқлолият дере нагузашта кишвари мо ба нооромӣ кашида шуд. Аммо бо ташаббус ва сиёсати пайгиронаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки имрӯз ҳамчун рӯзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Пас аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ аллакай кишвари мо роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро пеш гирифт. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Парчами кишвар чун парчами давлати мустақил дар тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ болафшон аст. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳанд, ки мо дар ин 25 сол ба дастовардҳои беназир соҳиб гардидем. Аз ҷумла қабул гардидани Конститутсия низ ба даврони Истиқлолият рост меояд. Истиқлолият воқеан гавҳари ноёб аст. Имрӯз миллатҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки шумораашон миллионҳо нафар асту аммо давлат надоранд. Аз ин рӯ, Истиқлолиятро чун гавҳараки чашм ҳифз кардан даркор.

Нигина Наҷотова, таърихшинос: - Тавре ки баррасӣ ва таҳлилҳои асноди ҳуқуқии расмӣ маълум кард, аслан андеша ва афкори истиқлолпарастиву истиқлолхоҳӣ дар давоми як сол таҳаввулу такомули қавӣ ёфт, то он дараҷае, ки ба сатҳи дарку эътирофи воқеии ҷумҳурии соҳибистиқлол омода расид. Бояд гуфт, ки Истиқлолият беҳтарин ва пурарзиштарин дастоварди мо - тоҷикон аст. Зеро мо тавонистем, ки тавассути Истиқлолият номаи тақдири худро ба дасти хеш нависем: чӣ дар низоми давлатдорӣ ва чӣ дар сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба таври мустақил худамон амал кунем. Кӯшишу талошҳое, ки Президенти кишвар барои рушди давлат ва давлатдории тоҷикон карданд, бебаҳост. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо тавонистем, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем ва набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамсадо кунем. Инчунин, Тоҷикистон дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолият тавонист, ки бо кишварҳои хориҷа ҳамкориҳоро ба роҳ монад. Мо - аҳли ҷомеа дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм равему баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем.

5

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

Баракатулло Холмуродов, омӯзгор: - Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Бо ба даст омадани он тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа рӯ ба рушд ниҳод. Соҳаи маориф низ, ки чун соҳаи калидии давлат ба ҳисоб меравад, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ инкишоф ёфт ва таваҷҷуҳ ба он зиёд гардид. Рушд намудани соҳаи мазкур яке аз дастовардҳои замони истиқлолият мебошад. Сохта ба истифода дода шудани муассисаҳои гуногуни таълимӣ дар кишвар, ки солҳои охир хеле зиёд ба назар мерасад, далели ин гуфтаҳост. Имрӯз кишвари мо роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба озодии сухану виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, эҳтиром мегузарад. Бо шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, имрӯз кишвари моро чун шарики стратегӣ мешиносанду ҳамкорӣ менамоянд. Дар дунё кишваре нест, ки ҷумҳурии моро нашиносаду эътироф нанамояд. Аз ин рӯ, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки баҳри боз ҳам рушд ёфтани кишвари азизамон ва боло рафтани мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ саъю талош намоем. Барои амалигардонии ин моро лозим аст, ки дар соҳаи хеш самаранок фаъолияти намоед.


6

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН”

ШОДИХОНИ НАЗАР

20 августи соли ҷорӣ мардуми тоҷик ид дошт. Миллат ба хотири фарзанди барумандаш, ки дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-деЖанейрои Бразилия соҳиби медали тилло гашта буд, ба кӯчаҳо рехтанду якдигарро табрик намуданд. Ин тӯҳфае буд дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, ки фарзанди ин миллат ба ҳамватанон ҳадя намуд. ВАО ва саҳифаҳои иҷтимоиро ин хушхабар “монополия” намуд. Фазои иттилоотии Тоҷикистон хусусияти идона касб намуда, тавоноии миллатро нишон медод. Ба хотири ин дастовард аксар оилаҳо ба тифлакони навтавлиди худ номи ин ҷаҳонпаҳлавонро ниҳоданд. Корбарони сомонаҳои иҷтимоӣ расми худро бо расми чемпиони олимпӣ иваз карданд. Яке ӯро Рустами замон, Исфандиёри даврон, тоҷики сарфарозу пурғурур ва дигаре вориси арзандаи ҷаҳонпаҳлавоне, ки Фирдавсии Тусӣ си сол дар тасвираш ранҷ бурдааст, ба тасвир мекашиданд. Ин чемпионписар Дилшод Назаров аст. Баъд аз Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-деЖанейрои Бразилия ба Ватан баргаштани Дилшод Назаров бо ӯ суҳбат оростем.

- Аввалан Шуморо бо ин дастоварди бузурги таърихӣ табрик мегӯем. Мехостем фаҳмем, то ба қуллаи баландтарини варзиш расидан чӣ мушкилиҳо паси сар гардид? - Ташаккури зиёд. Ин пирӯзии ман не, пирӯзии миллати тоҷик аст ва ман ҳам фарзанди ҳамин миллат ҳастаму шодишарики мардуми тоҷик. Ягон кор бе мушкилӣ намешавад, варзиш ҳам чунин аст. Фикр мекунам, дар варзиш мушкилӣ зиёдтар аст. Зеро бар дӯши варзишгар масъулияту обрӯи ватан ва миллаташ бор аст. Бар дӯши ман ҳам масъулияти муаррифии миллату Ватани азизамон буд, ки дар ҳар як мусобиқа ин масъулиятро бо худ мебурдам. Ҳолатҳое буданд, ки зиёда аз 8 миллион аҳолиро бо бохти худ ғамгин мекардам, ҳолатҳое буд, ки бахт механдид ба рӯяму чеҳраи мардуми тоҷикро шукуфон медидам. Тамоми мушкилиҳои 16-сола барои ҳамин дастовард буд ва мо дар якҷоягӣ бо мардуми Тоҷикистон мушкилиҳои 16-соларо паси сар кардем. Агар ғамхории Сарвари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик намебуд, шояд дар мушкилиҳои аввал тарки варзиш мекардем ва то ин муваффақият намерасидем. - Баъди чемпион шудан аз Ватан аввалин шуда кӣ Шуморо табрик намуд? - Аввалин шахсе, ки тариқи телефон аз Ватан маро барои дастоварди варзишӣ табрик намуд, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Дар ҳоле ки рӯзи истироҳатӣ буд ва тавре медонем, роҳбарони кишварҳо дар истироҳат ҳастанд, вале Роҳбари мамлакат ин мусобиқаро пайгирӣ менамудаанд ва дар ҳамон лаҳзаи аввал якумин шуда маро табрик карданд. Аз ин фараҳу шодӣ, ифтихору эҳтиромам даҳчанд гашт. Ман он лаҳзаро ҳеҷ аз хотир бароварда наметавонам. Аз ифтихору шодмонӣ ҳамон лаҳза аз чашмонам ашк ҷорӣ мешуд. Он вақт хубтар эҳсос намудам, ки миллати ман чӣ қадар бузург аст ва ҳар яки мо назди Сарвари Давлат чӣ андоза арзиши бузург дорем. Он лаҳзаро, бовар дорам, ҳеҷ эҷодкор тасвир карда наметавонад. Ин аст Пешвои ҳақиқӣ! Ман аз Ӯ ҳамеша ифтихор дорам. Баъдан худам ба модарам занг зада хостам, ин хабари хушро расонам. Вале онҳо шаб хоб нарафта, тариқи оинаи нилгун ин хушхабарро алакай фаҳмида будаанд. Баъди вориди шабакаҳои иҷтимоӣ шудан дарк кардам, ки тамоми миллатам бо ман будаанд. Баъди ин қадар меҳрубониҳою хурсандии мухлисон қавл додам, ки ман назди ин миллат боз ҳам қарздорам ва барои ин меҳрубониҳо месазад, то охирин нафас хизмат кунам. - Пешвозгирии мухлисон дар Ватан Шуморо қаноатманд кард? - Маро дӯстдорию иттифоқии мардуми тоҷик ба Душанбе наомада, ҳамон лаҳзае, ки вориди “Фейсбук” гардидам, қаноатманд карда буд. Дар як лаҳза ҳазорон табрикоту “лайк” барои наворам буд. Ҳамон лаҳза ман эҳсос кардам, ки миллати ман ид дорад. Як-ду соат нагузашта аллакай дар васфам шеъру достонҳоро тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ хондам. Вақти

Дилшод НАЗАРОВ: Бо миллату Ватанам фуруд омадан ба Ватан президенти Федератсияи футболи кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ шахсан, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва мутасаддиёни варзиши мамлакат маро бо самимияти хоса ва бародарвор пешвоз гирифта табрик намуданд. Медонистам, ки мо миллати сарҷамъу иттифоқем. Як ҳолати дигарро то ин дараҷа интизор набудам. Издиҳоми дар назди фурудгоҳ барои пешвозам ҷамъомадаро дида, бори дигар эътимод ҳосил кардам, ки мо дар якҷоягӣ қувваи бузургем ва ҳамин қувва буд, ки мо чемпион шудем. Ҳангоми ба мардум наздик шудан дар гӯшам садои пиру ҷавон мерасид, ки ҳар яке мегуфт “ДИЛШОД ЧЕМПИОН! ДИЛШОД - ЧЕМПИОН!”. Аз ин фараҳу шодӣ дида дигар бароям чизе қиммат нест. Ҳар вақте онҳо бо ихлосу ифтихори беандоза маро табрик мегуфтанд, ҳамон қадар меҳри ман нисбат ба мухлисонам зиёд мегашт. Ин шаҳодат аз он медод, ки варзиш дар кишвари ман рушд кардааст ва варзишгар ҳам азизтарин шахс барои ҳаммиллатонаш аст. Он эҳсосе, ки дар ман буд, ҳамон лаҳза онро гуфта намешавад, онро танҳо эҳсос карда мешаваду халос. - Вақте аз Рио-де-Жанейро ба Душанбе баргаштед, дар назди мардуми тоҷик миннатдории худро аввалан ба Роҳбари ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонидед. Саҳми Пешвои миллат ва Ҳукумати кишварро дар карйераи варзишиатон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Бале, ин на танҳо ба хотири дастоварди худам буд. Ин миннадории тамоми варзишгарони кишвар буд. Зеро ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат,

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш аст, ки мо - варзишгарон ба чунин дастовардҳо ноил гашта истодаем. Ҷоизаи таъсисдодаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бевосита аз фонди Президенти кишвар барои варзишгарон ҷудо мешавад, ин худ шаҳодати он аст, ки Сарвари мамлакат ба варзиш таваҷҷуҳи хоса доранд. Дар ҳаёти варзишии ман саҳми Роҳбараи Давлат ва Ҳукумати кишвар аввалиндараҷа аст. Зеро вақтҳое буд, ки имконияти иштирок дар мусобиқаҳоро надоштем. Бо шарофати Пешвои миллат ин мушкилиҳо бартараф гардид. Солҳои пеш толор барои тамрин набуд. Айни ҳол сари ҳар қадам толорҳои замонавӣ сохта шудаанд. Дастгирию боварии онҳо буд, ки мо дар тамоми мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавӣ сафарбар гардидем, то олимпиада таҷриба омӯхта, ба ин дастовард сазовор гаштем. - То ин зина расидан саҳми оилаатон чӣ гуна аст? - Дар оилаи хизматчии давлатӣ ба воя расидаам. Падарам Ҷалолиддин Назаров хизматчии давлатӣ буданд. Соли 1996 дар ҷанг зидди гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар Тавилдара қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Ман фахр мекунам, ки фарзанди чунин падар ҳастам. Падарам ҳамеша ман ва бародарамро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия мекарданд. Тавсия ва насиҳатҳои онҳо буд, ки аз роҳи пешанамудаамон нагаштем. Модарам Зайтуна Назарова аввалин устоди ман дар ҷодаи пешанамудаам аст. Аз модарам сабру таҳаммулро омӯхтам. Дар ҳолатҳои бохт ҳамеша таъкид мекарданд, ки “...Сабр талх

аст, меваи ширин ба бор меорад” ва имрӯз ҳамон насиҳати модарам барои ман меваи ширин ба бор овард, ки ман ин шириниро баъди чемпион шудан дар самимияти мардум ва дӯстдории миллатам чашидам. Хулоса, саҳми оилаам, аз падар сар карда то ҳамсару фарзандон калон аст, ки то ин қулла расидем. Оилаам дар рӯзҳои сахтӣ ҳамеша дилбардори ман буданд. - Аз моҳи январи соли 2014 бо Қарори Ҳукумати кишвар Шумо муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти варзиш интихоб шудед. Ин мақом чӣ дигаргунӣ ва чӣ таъсир дар ҳаёти варзишиатон ворид намуд? - Ба Сардори Давлат ва Ҳукумати кишвар бори дигар минадории беандозаи худро мерасонам, ки ин вазифаи пурмасъулро бовар карда ба ман супориданд. Ин масъулият дар ҳаёти варзишии ман дигаргунии зиёд ворид намуд. Ба ман имконият дод, ки аз рӯи касби худам кор карда зиндагӣ намоям. Аз паҳлӯи дигар, ман ба худ таҷрибаи калон гирифтам. Ин сабаб гардид, ки ман варзиши кишварро таҳлил кунам, аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта нозукиҳои ин соҳаро омӯзам. Ин вазифа ба ман имконият дод, ки аз тамоми шароитҳои фароҳамгашта барои карйераи варзишиам истифода барам. Таҷрибае, ки тули ин солҳо доштам, барои варзишгарони дигар пешниҳод кардам. То вақте ин масъулият бар дӯшам аст, кӯшиш мекунам, ки барои рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон саҳм гузорам. - Барои Шумо мушкил набуд кор кардан дар вазифаи пурмасъул ва ҳамзамон омода шудан барои мусобиқаҳои сатҳи


байналмилалӣ? - Агар дар дигар сохтор мебудам, шояд мушкилӣ эҷод мешуд. Лекин ин ҷо маро ҳама фаҳмида метавонанд. Аз ин рӯ, миннатдорӣ баён мекунам пеш аз ҳама ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳояшон. Дар давоми ду соли охир бо масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нақшае тартиб дода будем, ки вақти корӣ барои тамринам тамоман монеа эҷод намекард. Дар доираи ин нақша бо фармони махсус сарбории ман сабук карда шуд ва ман ба тамрин машғул шудам. Ҳамин тарзи коргузорӣ буд, ки ман тавонистам дар тамоми машғулиятҳои варзишӣ саривақт иштирок намоям. То ҳол ба ман чунин ҳодиса рӯй надодааст, ки ба хотири кор аз тамрин фориғбол бошам, ё ба хотири тамрин аз кор дур шавам. Реҷаи кории омоданамудаи мо монеаи корҳоямон намешавад ва ин боиси он мегардад, ки ман ҳам ба мушкилӣ дучор нашавам. - Омодагии пеш аз олимпиадавиатон дар кадом сатҳ гузашта буд? - Омодагии пеш аз олимпиадавиро ман дар сатҳи олӣ гузаронидам. Зеро таи се-чор моҳи то олимпиада барои гузаронидани тамринҳо дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо муҳайё шуда буд. Чунин шароитҳо на танҳо барои ман, барои тамоми иштирокчиёни ин олимпиада фароҳам буд. Аз ҷониби Кумита ҳам вақти озоди тамрин муҳайё гашта буд. Дар баробари аз кор озод будан ҳамарӯза

- Вақте дар Олимпиадаи Пекин-2008 бардоштани Парчами кишвар бар зимаи ман вогузор шуд, бароям лаҳзаи фаромӯшнашаванда буд. Ҳарчанд дар Пекин ғолиб нашудам, вале ифтихор мекардам, ки ин масъулиятро ман анҷом додам. Рио-2016 ҷои ӯро гирифт. Дар баробари оне, ки Парчами кишварро ба майдон баровардам, инчунин ба ман муяссар гардид, ки Парчами Тоҷикистон парафшон гардиду Суруди миллӣ танинандоз шуд. Ин аст таассуроти ман ва ин аст лаҳзаи фаромӯшнашаванда дар ҳаёти ман. - Аз оғози олимпиада то рӯзи ҳунарнамоӣ кардан чӣ ҳиссиёт Шуморо фарогир буд? - Вақте дар деҳаи олимпӣ ҳамроҳи варзишгарони дигар тамрин мекардем, ҳама бо як орзу - парафшон намудани парчами ватани худ ба ин маърака қадам ниҳода будем. Намудҳое, ки аз мо пеш буданд, шоҳиди гиряю хурсандиҳояшон мешудем. Дар сарам ҳамеша як фикр чарх мезад: парчами Ватани ман ҳам парафшон мешуда бошад? Ба худам савол медодам, ҳарчанд ки ба худ бовар доштам, аммо душвор буд пешгӯӣ кардан. Ҳамин ҳиссиёт маро бештар ба ҳаяҷон меовард. Беқарор мешудам, мехостам рӯзи аввал намуди гурзандозӣ доир шаваду ман ин шаҳдро чашам. Лекин баъди ин андешаҳо ба худ меомадам, ҳарифони дигарро медидам, ки айнан мисли ман ғарқи орзуҳои зиёд ҳастанд. Ин ҳолат боз маро барои беҳтар ҷаҳду талош, барои мубориза водор месохт.

думи тоҷикро нишон додан мехостам. Ба ҳамин хотир дод мезадаму дар даст парчам назди онҳо медавидам. Исбот кардан мехостам, ки мо метавонем, миллати мо метавонад, ин парчами Ватани ман аст ва ман фарзанди ин миллатам. - Баъди вориди Душанбе гардидан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шуморо ба ҳузур пазируфта, бо Ордени “Шараф” дараҷаи I ва 300 000 сомонӣ қадрдонӣ намуд. Бо чӣ таассурот аз Қасри Миллат берун шудед? - Ҳар суҳбате, ки то имрӯз бо Пешвои миллат доштам, дар зиндагӣ бароям як дарс аст. Пеш аз ин, соли 2015, вақте ба ман Ордени “Шараф” дараҷаи II cупориданд, суханашон ҳамеша дар зеҳнам чарх мезад: “Ман аз шумо соли оянда медали тиллои бозиҳои олимпиро интизорам”. Ин сухан давоми як сол дар ҳар қадам бо ман буд, масъулияти маро дучанд мекард, маро водор намуд, ки аз болои худам бештар кор кунам. Баъд аз ин пирӯзӣ вақте маро ба ҳузур пазируфту аз наздик бо дастфишурӣ табрик намуд, ман ба хотири эҳтиром медали тиллоро бо ду дасти адаб ба Пешвои миллат доданӣ шуда афзудам: “Ин медали Шумо аст. Ин дастгириҳои Шумо аст.”, Сарвари давлат бо ифтихор гуфтанд: “Аҳсан, обрӯи миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ ин қадар баланд бардоштед, аҳсан...”, ҳаминаш бароям басанда аст. Бори дигар эҳсос намудам, ки ҳар як пирӯзии мо пирӯзии миллат аст ва назди Сарвари Давлату Ҳукумати кишвар қадр дорад. Аз мо

аз тарзи тамрин, ғизо ва мураббиёнам пурсон мешуданд. Ман бо тамоми нангу номуси тоҷикона ва бо ҷиддияти тому софдилона ба тамрин машғул будам. Ҳадафамон як буд: парафшон намудани Парчами кишвар ва танинандоз гардидани суруди миллӣ дар фазои шаҳри олимпӣ миёни тамоми давлатҳои ҷаҳон. Ҳамин ғамхориҳо ва дастгириҳои якҷоя буд, ки мо ба ин мақсади дар пеш гузоштаамон расидем. Ин ғамхориҳои Ҳукумати кишварро ҳамчун як фарзанди ин миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозам. Чемпион шудан дар Бозиҳои олимпӣ орзуи тамоми варзишгарони сайёра аст ва ман хушбахттарин варзишгар ҳастам, ки ба ин қулла расидам. - Рио-2016 чорумин олимпиаде буд, ки Шумо иштирок кардед. Бо чӣ таассурот баргаштед?

- Лаҳзае, ки охирин партоби гурзро анҷом медодед, баробари чарх задани гурзи дастатон чи гуна эҳсосоту боварӣ доштед? - То охирин партоб ман бовар доштам, ки соҳиби медали олимпӣ мегардам. Аммо барои медали тилло на онқадар боварии комил доштам. Партофти ҳарифи асосиам Войсех Новитский бароям “сюрприз” шуд. Баъди ин партофт тамоми ҳаяҷону ҳиссиётам ҷамъ шуда буданд, мисли оне ки чизе аз меъёр зиёд мешаваду мекафад. Ҳар лаҳзае, ки гурз чарх мезад, як неруи дигар болои неруям зам мегардид. Баъди ҳаво додани гурз ҳамон эҳсосоту ҳаяҷони ман ҳам кафиду чи қадар дод заданамро надонистам. Баъдан ин ҳайбату додзании худро тариқи навор дида ҳайрон шудам. Ман он лаҳза ба тамоми ҷаҳон шодию хурсандии мар-

танҳо талош ва содиқ будан ба ин миллату давлат мебояду бас! - Ба мардуми кишвар чӣ таманниёт доред? - Бо миллату Ватанам ҳамеша ифтихор дорам. Ман аз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ миннадор ҳастам, бо онҳо ифтихор мекунам. Ба онҳо ҳамеша сарбаландию иттифоқиро таманно дорам. Ҳамеша ба хотири парафшонии Парчами Ватан ба мусобиқа баромада, дар зиндагӣ инро шиор қарор додаам. Худо кунад, Парчами Ватани азизамон ба хотири фарзандони бонангу ораш ҳамеша дар ҷаҳон парафшон бимонад. Ин медали тиллои Бозиҳои олимпӣ аввалин ҳасту охирин не! - Ташаккури зиёд барои суҳбати самимӣ. - Ба Шумо ҳам ташаккур. Миннатдорам.

ҳамеша ифтихор дорам

7

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН” Тарҷумаи ҳоли ҷаҳонпаҳлавон Дилшод Назаров - 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. - Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (2006). - Варзиши сабук, гурзандозӣ. - Рекорди инфиродиаш 80,71 метр. - Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Мураббиёнаш - модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Александрович Пискунов, феълан Владимир Машко. - Соли 2015 бо Ордени “Шараф” дараҷаи II мукофотонида шудааст. - Барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанжоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанжоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум (дар Лондон Англия) ҷойи 10умро гирифтааст. Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003), барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003), ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист. Дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил роҳхат гирифт. Моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-при оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дуюмро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. 20 августи соли 2016 дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпӣ, дар шаҳри рио-Де-Жанейрои Бразилия соҳиби медали тилло гашт. Ин аввалин медали тиллои мардуми тоҷик дар 25-соли Истиқлолият ва умуман дар таърихи варзиши миллату давлат аст. 26 августи соли 2016 барои ин корнамоияш аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмлмалӣ Раҳмон бо Ордени “Шараф” дараҷаи I мукофотонида шуд. Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд – як писару як духтар мебошад.


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

РАҲОВАРД

Он ҷо, ки дилу меҳру муҳаббат гарм аст

УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ

Тавре хонандаи азиз, аз шумораи гузаштаи “Ҷавонони Тоҷикистон” иттилоъ дорад, 15-20 август як гурӯҳ хабарнигорон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат барои шиносоӣ бо зисту зиндагии сокинон ва омодагии онҳо ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба минтақаи Рашт сафар карданд. Аз Роғуну Нуробод гуфтем. Инак, рафти сафар ба ноҳияи Рашт.

ҒАРМ СИМО ДИГАР МЕКУНАД Ба ноҳияи Рашт бегоҳи рӯзи 15 август расидем. Хабарнигоронро дар даромадгоҳи ноҳия аҳли ҳунар, сокинон ва кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо сарварии муовини раиси ноҳия Зумрад Лоиқова пешвоз гирифтанд. Пас аз чашидани нону намак зери навои мусиқии халқӣ дар назди чашмаи шоирон, ки дар даромадгоҳи ноҳия воқест, базми рақсу суруд ташкил шуд. Маркази ноҳияи Рашт - шаҳраки Ғарм дар чанд соли охир симояшро ба куллӣ дигар кардааст. Биноҳои маъмурии зебо қомат афрохта, сокинон бо дили гарм баҳри боз ҳам обод кардани ин гӯшаи диёр камар бастаанд. Ғарм маркази водии Рашт низ ҳаст. Дар ин ҷо ҳоло Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фаъолият доранд. Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дорои бинои нави замонавӣ гардида, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳия ҷавонон, хусусан духтаронро ба таълим фаро гирифтааст. Мушкили асосии шаҳрак дар ҳоли ҳозир набудани системаи обу корез аст, ки оянда бартараф хоҳад шуд.

МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН Субҳи рӯзи 16 август хабарнигорон бо роҳбарии раиси ИЖТ Зиннатуллоҳ Исмоилзода бо фаъолони ноҳияи Рашт мулоқот карданд. Дар он муовини раиси ноҳия Зумрад Лоиқова низ ширкат дошт. Ба иттилои Зумрад Лоиқова соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар чанд соли охир рушд карда, зиндагии сокинон беҳтар гаштааст. Аз ҷумла, солҳои пеш бисёри мактабҳо дар хонаҳои истиқоматӣ ҷой гирифта буданд. Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ҳоло тамоми мактабҳои миёна дорои биноҳои замонавӣ гаштаанд. Шумораи омӯзгорон агар соли 2006 1232 нафарро ташкил медод, соли 2016 ба 1527 нафар (310 нафар бонувон) расидааст. Аз ин 767 нафарро омӯзгорони маълумоти олидор ташкил медиҳанд. Шумораи умумии муассисаҳои фарҳангӣ дар ноҳия 63 ададро ташкил дода, аз ҷумла, хонаҳои фарҳангӣ 13-то мебошанд. Ин нишондод соли 2006 8 ададро ташкил медод. Қасри фарҳанги ноҳия таъмиру таҷдид шуда, ҳунармандон бо либосҳои саҳнавӣ таъмин гаштаанд. Ҳамчунин, гуфта шуд бинои матбааи ноҳия, ки ҳоли хароб дошт, бо маблағи 420 ҳазор сомонӣ тармим шуда, ҳоло дар он ба ғайр аз матбаа, ҳамчунин коргоҳи дузандагӣ барои 30 ҷои кори доимӣ ва мактаби бачагонаи санъат ҷой гирифтаанд. Дар мулоқот пешниҳод шуд, ки дар минтақа шабакаи телевизионӣ ё радио таъсис дода шавад.

АДРАСБОФӢ ДАР ҒАРМ Журналистон бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии ноҳияи Рашт шинос шуданд. Он соли 2015 барои бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани 30 нафар занону духтарон таъсис ёфтааст. Ҳоло дар коргоҳ тибқи фармоиш барои қисмҳои низомӣ, мактаббачаҳо, корхонаҳо либос медӯзанд. Ҷавонтарин корманди коргоҳ Нушофарини 16-сола аст. Ӯ як сол мешавад, ки баъд аз омӯзиш ҳамроҳи апаҳояш заҳмат мекашад. Дар гӯшаи дигари коргоҳ ҷавондухтарон ба адрасбофӣ машғуланд. Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти ноҳия соли гузашта 12 духтарро ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фиристод, ки онҳо як моҳ омӯзиш диданд ва ҳоло 6 нафар дар шаҳраки Ғарм, 6 нафари дигар дар Ҳоит ба адрасбофӣ машғуланд.


ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОТ ДАР РАШТ ПУРРА БО КОР ТАЪМИНАНД 17 август бо шароити Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт шинос шудем. Муродалӣ Сангов, ректори донишкада, иттилоъ дод, ки муассиса дорои 4 факултет буда, аз рӯи 16 ихтисос мутахассис омода мекунад. Аз 1 сентябри имсол донишҷӯён дар шароити дигар таҳсил мекунанд. Бо ташаббуси ректор аз 1 сентябр китобхонаи электронӣ бо 23 компютер, озмоишгоҳҳои химия ва физика ба ихтиёри донишомӯзон супорида мешавад. Ҳамчунин, донишкада дорои 14 тахтаи электронӣ мебошад. Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди донишкада Маҷмааи варзишӣ сохта шудааст. Майдони он дорои 1700 ҷои нишаст буда, дар ошёнаҳои дуюму сеюм фитнес, толорҳои шоҳмоту шашка ва тенниси рӯи миз ҷой гирифтаанд. Маҷмаа дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад. Гуфта шуд, хатмкунандагони донишкада пурра бо кор таъминанд. Дар донишкада 2047 нафар, аксарашон дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Ғоибхонҳо ҳамзамон дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд. Тасмим гирифта шудааст, ки сафи омӯзгоронро аз ҳисоби дастпарварони худи донишкада пурра намоянд. Бо ин мақсад соли гузашта 8 нафар ба зинаи магистратураи Донишгоҳи омӯзгории Томски Русия, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ДДОТ ба номи С. Айнӣ дохил шуданд. Ҳоло 13 нафар дар Русия, 1 нафар дар Ҷумҳурии Кипр, 7 нафар дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, 3 нафар дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва 1 нафар дар ДМТ дар зинаи магистратура таҳсили худро давом медиҳанд.

9

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

РАҲОВАРД

КАМАРОБ – МАКОНИ ҲУНАРМАНДОН Одат доштем, ки вақте Камароб мегуфтанд, ба хотир суруди машҳури “Аз дараи Камароб анора овардане” меомад. Аммо акнун дараи Камароб бо марги 26 ҷавони нозанин – сарбозони Вазорати мудофиа дар моҳи сентябри соли 2010 дар ёдҳо мондааст. Инҳо он замон зимни адои хизмат аз ҷониби гурӯҳи террористӣ бо сарварии Алии Бедакӣ кушта шуданд. Ба хотири ҳомиёни Ватан дар ҷои ҳодиса лавҳа бо зикри ному насаби 26 нафар насб шудааст. Мо фотиҳа хонда, дар ҳаққашон дуо кардем. Дар ин дара ҳунармандӣ хеле рушд кардааст. Аҳтам Аҳмадов 15 сол мешавад, ки ба табақтарошӣ машғул аст. Аз пушти ин касб рӯз мегузаронад. 3 писараш ҳам касби падарро меомӯзанд, то ин ҳунар оянда аз байн наравад. Дар хонаи дигар як гурӯҳ занҳо ба гулдӯзӣ машғул буданд. Онҳо ба дӯхтани ҷиҳози арӯсӣ, аз қабили болишту даврӣ машғуланд ва ноҳияро таъмин мекунанд. Оҳангар Суҳроб Ҳотамов бошад, сокинони ноҳияро бо досу табару каланд таъмин мекунад.

ТАНГАҲОИ ДАВРАИ КУРӮШИ КАБИР ДАР РАШТ

Муҳимтарин ёдгории таърихӣ – тангаҳои давраи Курӯши Кабирро дар ноҳияи Рашт дидем. Ин ва дигар ёдгориҳоро Мирзошоҳ Акобиров дар осорхонаи шахсиаш ҷамъ овардааст. Мирзошо Акобиров асосан ба боғдорӣ машғул аст. Ӯ соли 1987 дар ин гӯшаи зебои кишвар Боғи ботаникии хусусии “Кӯҳсори Аҷам”-ро таъсис дод. Дар боғ 52 намуди себ мавҷуд аст. М. Акобиров як муруд ва як себ ихтироъ карда, дарахтони зиёдро пайванд кардааст. Шумо дар боғ шоҳид мегардед, ки як дарахт чанд намуд мева дорад. Ӯ ба парвариши ниҳолҳо низ машғул аст ва аз ҳамин ҳисоб зиндагиашро мечархонад. М. Акобиров дар рушди туризм ҳам саҳм мегузорад. Дар боғ меҳмонхона дорад, ки сайёҳонро қабул мекунад. Маҳсулоти дастии ҳунармандон, аз қабили табақу қошуқи чӯбин, давриву гулдузиҳоро ба фурӯш мондааст ва онҳоро асосан сайёҳон мехаранд. Дар як гӯшаи боғ сохтмони осорхона идома дорад, ки соли оянда ба истифода дода мешавад. Сокинону меҳмонон дар он нодиртарин ёдгориҳоро хоҳанд дид.

МАТБУОТИ МИНТАҚАВӢ БОЯД РУШД КУНАД Дар рӯзи охири сафар бо иштироки хабарнигорон, сармуҳаррирони нашрияҳои минтақа дар мавзӯи “ВАО: имконият, воқеият ва дурнамо” суҳбати гирди миз доир гашт. Дар он асосан доир ба мушкилот ва масъалаҳои матбуоти минтақавӣ суҳбат шуд. Зумрад Лоиқова, муовини раиси ноҳияи Рашт гуфт, ҳоло дар ноҳия нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия “Оинаи Рашт” чоп мешавад, ҳамчунин, сокинон ба 5612 нусха рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ обунаанд. Дар ноҳия корпунктҳои рӯзномаҳои “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” фаъолият доранд. Гуфта шуд, як сол мешавад, ки матбааи ноҳияи Рашт фаъол аст ва нашрияҳои минтақаро чоп мекунад. Пешниҳод шуд, ки нашрияҳои минтақавӣ бояд ҳатман сайти интернетӣ дошта бошанд ва барои ин аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ дастгирӣ ёбанд. Ҳамчунин, гуфта шуд, мушкили асосии нашрияҳо набудани мутахассисон аст. Сабаби асосии дар матбуоти минтақа кор накардани мутахассисон кам будани маош арзёбӣ гардид. Бо ҳамин сафари мо ба ин минтақаи зебои кишвар ба анҷом расид. Вақте бори аввал ба ин минтақа сафар мекунед, ба дурустии гуфтаи шоир Он ҷо, ки ҳаво тоза, табиат нарм аст, он ҷо Ғарм аст, Он ҷо, ки дилу меҳру муҳаббат гарм аст, он ҷо Ғарм аст, боварӣ ҳосил мекунед.


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Хоҳиши хондан ибтидои комёбист

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

 СОҲИБКАСБ Мавзуна дар баробари дигарон бо шавқи беандоза пайи омӯхтан буду доим сазовори аҳсану офарин мегардид. Ҳеҷ гоҳ намегузошт, то вақти қиматаш беҳуда сарф гардад. Пайваста барои аз худ намудани донишҳои нав аз устодон тавсияҳо мегирифт. Бо аз худ намудани донишҳои тоза онро ба ҳамсабақонаш низ мерасонду баҳсҳо мекард. Пеши худ мақсад гузошт, касберо интихоб кунад, ба ҷомеа сазовор хизмат намояд. Айни ҳол Мавзуна Қувватова дандонпизишк аст. Касбе, ки таваҷҷуҳ ба он зиёд буда, бештари ҷавонон мехоҳанд, то дар риштаи мазкур таҳсил намоянд. Вале на ҳар кас бо даст додани имкону таҳсил намудан дар ин самт фидоии он мегардаду дар як муддати кутоҳ ба комёбӣ мерасад. Агар чунин ҷавонон бошанд ҳам хеле кам ва ҳатто ангуштшуморанд. Яке аз онҳо Мавзуна Қувватова мебошад. Мавзуна соли 1989 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад (соли 2011). Айни ҳол ба ҳайси ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият дорад. Дар назди кафедра маркази дандонпизишкӣ мавҷуд аст, ки ӯ дар он ҷо кор мекунад. – Дандонпизишкӣ касбест, ки дар баробари барқарор намудани саломатӣ ба шакли зоҳирии инсон низ кор дорад. Дар замони ҳозира на танҳо ҷавонон, балки пирону миёнасолон низ ба намуди эстетикӣ - лабу дандон аҳамияти хоса медиҳанд. Чунки аз намуди зоҳирӣ, бахусус ҳолати лабу дандон бисёр чиз вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, айни ҳол ба ин касб таваҷҷуҳ бештар гардида истодааст ва нафарони зиёд мехоҳанд, дорои ин пеша бошанд, ки аз мубрамии соҳа дарак медиҳад, - иброз дошт Мавзуна Қувватова. Ба назари ӯ, барои муваффақ шудан дар самти стоматология донишҳои асоситарини ин соҳаро аз худ намудан лозим. Агар таҳкурсии мустаҳкам набошад, наметавон ба ҷое расид. Ҳар шахсе, ки дар роҳи мазкур комёбӣ мехоҳад, бояд пеш аз ҳама дорои донишҳои физикӣ, химикӣ ва биологӣ бошад. Вақте чунин донишҳоро доро бошед, баъдан ба илми дандонпизишкӣ машғул шудан беҳтар аст. Чунки ҳамаи ин ба якдигар алоқамандии зич дорад. Ӯ мегӯяд: “Ҳангоми фаъолият мо бо доруҳое вомехурем, ки асосаш физика аст. Дар ин ҳолат донишҳои физикӣ лозим мешавад. Таркиби ҳар доруро донистан даркор. Ҳангоме ки биологияро меомӯзем, мо мефаҳмем, ки сохти биологии дандон чи гуна асту аз кадом бофтаҳо иборат аст. Бинобар ин, барои дандонпизишки хуб шудан нағз хондан даркор. Дар шароити имрӯза ҳар нафаре, ки мехоҳад донише гирад, тамоми шароитҳо муҳайёст. Аз китоб сар карда то интернету дигар воситаҳо. Дар ин росто танҳо хоҳиши хондан доштан лозим. Зеро хоҳиши хондан ибтидои комёбист. Аз ин рӯ, бояд ҳар нафар баҳри сайқал ёфтани дониш ва ҷаҳонбиниаш талош намояд”. Рӯзе нест, ки чанд нафаре баҳри муолиҷаи дандонҳояш ба ӯ муроҷиат накунанд. Ҳар нафаре, ки ба наздаш меояд, ҳатман бо хотири болида баромада меравад. Зеро тавассути донишу таҷрибаҳои дар тӯли чандин солҳо азбаркардааш дардҳоро дармон мебахшад. То ба ин дараҷа расидан ӯро осон даст надодааст. Ҳамаи инро танҳо тавассути заҳмату меҳнат ва андӯхтани донишҳои марбут ба соҳааш соҳиб гардидааст. Касби дандонпизишкиро душвор меҳисобаду дорои нозукиҳои зиёд. “Мо баъзан вақт мегӯем, ки дандон будааст-да. Он қадар муҳим нест. Аммо вақте як дандон ба беморӣ гирифтор мешавад, чи қадар ба саломатӣ зарар мерасонаду асабҳоро хароб месозад. Дар ҳолати кор бо бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Чунки ҳолати дандони ҳар шахс ҳар хел аст. Вақте ки бемор ҳангоми дарди дандонаш ба назди мо меояд, ягона умедаш ба мост. Дар чунин ҳолатҳо агар дорои донишу таҷрибаи соҳавӣ набошед, пас наметавонед, ки беморро ба хубӣ муолиҷа намоед. Ҳангоми табобати дандон вақте ба як хатоӣ роҳ медиҳед, пас тамоми кори шумо ба сифр баробар мегардад. Яъне бемор зарар диданаш мумкин. Бинобар ин ҳангоми кор ба ҳар як дандон диққати ҷиддӣ додан даркор аст, то кор босифат бошаду бе ягон

нуқсон”, - гуфт Мавзуна. Имрӯз нафаре нест, ки боре аз дарди дандон шикоят ва онро табобат накарда бошад. Омилҳои ба беморӣ гирифтор шудани дандонҳоро ҳар гуна арзёбӣ менамоянд. Ба назари Мавзуна Қувватова, иллатҳои ба беморӣ гирифтор шудани дандонҳо гуногунанд. Яке аз сабабҳои асосиаш дуруст нигоҳ накардани он аз тарафи худи шахс мебошад. Нарасидани витамин ва микроэлементҳо дар организм сабаби дигараш ба шумор меравад. Бинобар ин, барои хуб нигоҳ доштани ҳолати дандонҳо бояд рӯзе ду маротиба, пас аз наҳорӣ ва шаб пеш аз хоб дандонҳоро шӯянд. Ҳар сол ба духтур муроҷиат намудану дида баромадани ҳолати дандонҳо аз манфиат холӣ нест. – Нафароне, ки ба мо муроҷиат мекунанд, бештар ба бемориҳои оризаҳои кариес, яъне пусиши дандон гирифторанд. Вақте пусиши дандон ба вуҷуд меояд, он қадар инсонро безобита намекунад. Аммо оризаҳои он инсонро безобита мегардонад. Дар баробари ин, барои барқарор намудани дандонҳо низ муроҷиат мекунанд, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Ба таъкиди ӯ, нафароне, ки дар самти дандонпизишкӣ машғул мебошанд, хуб медонанд, ки пешаи мазкур чи мушкилиҳо дорад. Аммо бояд гуфт, ки ҳамаи мушкилиҳо тавассути талошҳои пайваста осон мегарданд. Зеро душворие нест, ки бартараф нагардаду роҳ сӯйи қуллаи мақсуд наздик нашавад. Дар ин роҳ танҳо мақсади комёб гардидан шахсро метавонад ба муваффақият расонад. Ӯ соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар яке аз семинарҳои минтақавӣ иштирок карда, бо методҳои табобати нави оризаҳои дандон бо ифтихорнома қадрдонӣ гардидааст. – Ҳар инсон бояд касби дилхоҳашро дошта бошад. Зеро касбе, ки дилхоҳ аст, инсон мехоҳад, ки онро сайқал диҳаду як дониши тозаеро аз бар намояд. Вақте ки инсон касби дӯстдошта дорад, он вақт зиндагӣ ранги дигар мегирад. Вақте аз касбат ҳаловат мебариву дигарон низ роҳат мебинанд, он вақт худро сарбаланду комёб эҳсос мекунӣ. Ҳамин аст хушбахтӣ барои ҳар соҳибкасб, гуфт дар интиҳои суҳбат Мавзуна. Имрӯз ӯ дар баробари машғул шудан ба кори дандонпизишкӣ ба кори илмӣ низ таваҷҷуҳ дорад. Ҳоло дар мавзӯи “Кариес ва оризаҳои он. Роҳҳои пешгирии кариес дар боғчаҳо, мактабҳо, мактаб-интернатҳо” кор мекунад. Мақсад дорад, ки кори илмии худро сарбаландона ба анҷом расонад ва боз ҳам таҷрибаву дониши худро сайқал бахшида, ба қуллаҳои баланди соҳаи дандонпизишкӣ расад. Дар ин роҳ ба ӯ фатҳи қуллаи мақсудро таманно дорем.

Пирамарде дар партовгоҳ Вақти аз кӯча гузаштанам чашмам ба пирамарде афтод, ки маҳзун дар канори роҳ менишаст. Ӯ бо вуҷуди он ки дар тан либосҳои даридаю фарсуда дошт, аз гадоҳо фарқ мекард. Қиёфаи ҷиддӣ ва нигоҳи андешаманди ин пирамард маро водор сохт, то ба назди ӯ равам. - Бобоҷон, чаро чунин парешонхотир менамоед? Оё ягон мушкили ҷиддӣ доред? - пурсидам аз ӯ. Пирамард гӯё маро нашунида бошад ба саволам эътибор надод. Вақте саволамро дубора такрор кардам, пирамард ба сӯям нигариста гуфт: - Духтарам, ту хеле ҷавон ҳастӣ. Ин масъалаҳо барои ту ҳеҷ аҳамият надорад. Ҳоло ту намедонӣ, ки дарди зиндаҷудоӣ аз фарзанд чист. Ман калимаи “зиндаҷудоӣ”-ро шунида, ҳайрон шудам ва боз суол кардам: – Чӣ хел зиндаҷудоӣ, бобоҷон? Пирамард ҷабини пурожангашро молиш дода, нақл кард: - Ману ҳамсарам тамоми муддати якҷо буданамон кӯшиш мекардем, то як оилаи хуб бунёд карда бошем. Тамоми умр дар колхоз кор карда, бо меҳнати ҳалол фарзандонамонро ба воя мерасондем. Ҳамсарам рӯз то бегоҳ дар саҳро пахта мечинду ман бошам, бо тракторҳои махсус пахта мекашондам. Илова бар ин, шабона дар сехи пахтатозакунӣ кор мекардам, то фарзандонамон гурусна намонанду муҳтоҷи обу нони кас нашаванд. Бо азобу машаққати зиёд писаронамро ба воя расондам, хонондам, оиладор кардам. Ҳамаашон соҳиби хонаву дар гаштанд. Ҳамин тавр, аз байн солҳо мегузашт ва аз чӣ бошад, ки меҳри фарзандонам нисбат ба ману модарашон кам шудан мегирифт. Аҳён-аҳён ба дидорбиниамон меомаданд. Ҳамин тариқ, аз байн ду сол гузашт. Онҳо дигар тамоман ба хабаргириамон намеомаданд. Худам чанд маротиба ба хонаашон ба хабаргирӣ мерафтам. Чун ҳис мекардам, ки аз дидани ман чандон хушашон намеояд, хиҷил шуда, боз ба деҳа бармегаштам. Аз байн шаш моҳи дигар гузашту рӯзе ҳамсарам ба ман гуфт, ки фарзандонамро пазмон шудаам. Мехоҳам онҳоро бори охир бубинам. Ҳамсарамро бемории қалб азият медоду мехост ҳарчи зудтар бо фарзандонаш дидор бубинад. Ман ҳам хоҳиши ҳамсарамро рад накарда, боз ба шаҳр ба хонаи писари калониам омадам ва нохуб будани вазъи саломатии модарашонро фаҳмондам. Писарам ба ман ваъда дод, ки ҳатман бародаронамро гирифта меоям. Вале аз онҳо дараке нашуд. Ҳамин тавр, аз байн 11 рӯз сипарӣ гардиду ҳамсарам аз дунё гузашт. Дар маросими дафни модарашон танҳо писари хурдиам омаду халос. Ҳамин хел, худам танҳо мондам. Аз миён рӯзҳову моҳҳо мегузаштанд. Оқибат танҳоӣ ба ман бисёр асар кард. Дигар натавонистам, ки дар деҳа танҳо зиндагӣ кунам, ба худ қарор додам, ки ба шаҳр, ба хонаи фарзандонам рафта, боқимондаи умри худро бо онҳо мегузаронам. Хуллас, ба шаҳр ба хонаи писари калониам омада, дар хонаи ӯ қариб як ҳафта истодам. Рӯзе писарам ба наздам омада гуфт: - Падарҷон, келину набераҳоятонро ба хонаи бибиашон фиристодам, худам бошам, ба сафари хизматӣ меравам. Шуморо ба хонаи бародари хурдиам бурда мемонам, то мо омадан дар он ҷо истед. Вақте баргаштам, омада шуморо боз меорам. Ман ба гапҳои писарам бовар карда, ба хонаи писари хурдиам рафтам. Дар он ҷо чанд моҳ истодам. Як рӯз аз писарам пурсидам, ки “Бародарат аз сафари хизматӣ баргашт?” “Чӣ хел сафари хизматӣ, падар, бародарам қариб як сол мешавад, ки аз кор озод аст”, - гуфт писарам. Акнун ман дарк намудам, ки ин ҳама муддат фарзандам маро фиреб медодааст. Чанд вақт дар хонаи писари хурдиам зиндагӣ кардам. Як рӯз писарам ҳамроҳи келинам мағал бардошта, байни ҳам моҷаро карданд. Келинам бо садои баланд ба писарам гуфт: “То кай мо ин мӯйсафеди пустлохи бадбахтро бологузар карда мешинем? Дигар писар надорад, ки ба хонаи онҳо равад?” Субҳ писарам ба кор рафту ман бошам, ба худ гуфтам, ки дигар дар ин ҷо барои ман ҷой нест. Либосҳоямро гирифтаму ба кӯча баромадам, бояд барои худам ҷое пайдо намояму зиндагӣ кунам, аммо намедонистам ба куҷо равам. Бо ҳамин андешаҳо мерафтам, ки ногоҳ чашмаш ба партовгоҳ афтод. Дар он ҷо марде партовҳоро тагу рӯ мекард. Он мард аз ман шарҳи ҳол пурсид. Ман ба марди ношинос саргузаштамро нақл кардам. Баъди шунидани саргузашти ман дилаш ба ҳолам сӯхту маро ба хонаи худ бурд. Мо бо он мард чанд муддат дар хонааш зиндагӣ намудем. Бо сабаби он ки шабу рӯз ва дар сармою гармо кор мекард, бемор шуду аз олам даргузашт. Боз ман танҳо мондам дар чорроҳаи зиндагӣ. Писаронамро пазмон мешудам ва худ ба худ фикр менамудам, ки чаро писарони ман ба аёдатам намеоянд, ба ёдашон ҳам намерасад, ки падар доранд. Ҳатто боре ҳам ба суроғам наомаданд. Магар ман онҳоро ҳамин хел ба воя расонидам? Ман ҳамеша гуноҳи худро меҷӯяму намеёбам. Суолҳои зиёде оромам намегузоранд. Меандешам, ки чаро ман онҳоро аз тифлӣ бо ноз парваридаму онҳо маро имрӯз суроғ ҳам намекунанд? Мӯйсафед, мисли он ки бори гарони китфонаш каме сабук гашта бошад, қомати хамидаашро андаке боло бардошту ашки чашмонашро пок намуд ва вазнин қадам гузошта, ба тарафи партовгоҳ, ки ягона макони ризқу рӯзиаш буд, равон шуд. Меҳрубон ИМОМОВА


11

 ОЗМУН Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонова Хуршед БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азимов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ

Ҷамъи овозҳо

Мудири бахш

2 3

4 33

55 5

1 1

3

6

13

3 5 17 7 2 2 13

2 2 25 1 15

56 1 15

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА Дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии шӯравии сотсталистии худмухтори Тоҷикистон ё ба қавли устод Лоҳутӣ “писари ҳафтуми сотсиализм” нашрияе ба табъ расид. Он ҳам бошад, маҷаллаи ҳиҷвӣ буд, ки имрӯз номи ба ҳамаамон маълум - “Хорпуштак”-ро дорост. Ин рӯйдод навад сол муқаддам, соли 1926 ба амал омад. Он замон маҷалла ба худ номи “Мулло Мушфиқӣ”-ро гирифта буд. Баъдан номҳои “Мушфиқӣ”, “Бигиз”-ро дар худ дошт. Аз соли 1954 бо номи “Хорпуштак” ба ҳама эътибори худ мерасад. Нашри маҷаллаи нахустини ҳаҷвӣ дар кишвари шӯравии навтаъсиси Тоҷикистон кори воқеан муҳим маҳсуб меёфт. Зеро маҷалла бо нашри шумораи аввалин зиди ҳаромхӯрону фиребгарон, ҳаннотону коргурезон ва ба ин монанд афрод муборизаи беамонро оғоз намуда, то кунун ин рисолаташро идома медиҳад. Дар ҷодаи пок намудани ҷомеа аз чунин нафарон хизмати шоиста дорад. Ҳаҷви тезу пуртаъсир ва нешдори “Хорпуштак” дар дили онҳое, ки мехостанд бо пули бедарди миён, яъне бо роҳи дуздию фиреб кайфу сафо намоянд, хирому воҳима меандохт. Саҳифаҳои “Хорпуштак”-ро мақолаҳои танқидӣ бо қалами ҳаҷв рангин месозад. Ҳамчунин шеърҳои ҳаҷвӣ ва суратҳои гуногуни диққатҷалбкунанда пайваста ба табъ мерасанд. Устодон Айнию Лоҳутӣ, Турсунзодаю Раҳимзода ва дигар қаламкашони адабиёти тоҷик ва рӯзноманигорони варзида бо маҷалла ҳамкорӣ доштанду доранд. Ҳамчунин, “Хорпуштак” як зумра рассомони ҳаҷвнигорро гирд оварда буд. Аз ҷумла бародарон Расуловҳо, В. Белайн, П. Гей Виндов, С. Шонген бо расмҳои кашидаи ҳаҷвии худ дар рангину хонданбоб ва тамошобоб ба табъ расидани маҷалла саҳми арзанда доштанд. Маҳз тавассути табъу нашри “Хорпуштак” мактаби ҳаҷвнигории тоҷик рушду такомул ёфтааст. Зеро дар маҷалла ҳаҷвнигорони зиёд гирд омада, эҷод мекарданд. Инъикоси масъалаҳои мубрами рӯз, яъне камбудиҳои ҷойдошта бо қалами ҳаҷв ва расмҳои диққатҷалбкунанда боис шуда буд, ки нимаҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта теъдоди нашри маҷалла беш аз 80 ҳазор нусхаро дар бар гирад. Дар ҳар гӯшаю канори кишвар чопи ҳар шумораи онро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Дар маҳалҳо роҳбарони хоҷагиҳо ва дигар мансабдорон, чун аз ташриф овардани хабарнигори “Хорпуштак” дарак меёфтанд, дар пӯстинашон гӯё кайк медаромад, зеро медонистанд, ки онҳо баҳри таърифу тавсифи онҳо наомадаанд. Ҳатман онҳоро зери тозиёнаи танқид мегирифтанд, шармандаву беобрӯ мегардиданд. Зеро хабарнигорони “Хорпуштак” тобу тоқати камбудию норасоиҳоро надоштанд ва баҳри ислоҳи онҳо камар мебастанд. Кормандони имрӯзаи “Хорпуштак” ҳам анъанаҳои неки пешиниёнро идома дода, баҳри ислоҳи камбудиҳои дар ҷомеа ҷойдошта саҳм мегузоранд. Ин, албатта, маҳорат, истеъдод ва диди махсусро талаб дорад. Чунки баёни ҳаҷв аз эҷодкор маҳорат, заҳмати басо зиёдро

талаб дошта, баҳри нишонрасу хонданбоб шудани навишта услуб ва баёни махсусро хоҳон аст. Сармуҳаррири имрӯзаи маҷаллаи “Хорпуштак” Ашрафи Афзал мегӯяд, пеш аз ҳама шуҳрати пешинаи маҷалларо бояд ноил гашт. - Солҳои пеш дар маҷалла шумораи хеле зиёди рассомон фаъолият доштанд, - мегӯяд Ашрафи Афзал. Зеро расми ҳаҷвӣ таъсири калон ва ҷиддӣ дорад. Имрӯз онҳо қариб ки миёни мо нестанд. Моро лозим аст, ҷавононро ҷалб намоем. Аз ин хотир ташкил ва баргузории машғулиятҳои амалӣ бо иштироки рассомони ҷавон ба мақсад мувофиқ аст. Ҳоло бо яке аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ робита намуда, баргузории чунин машғулиятҳоро ба нақша гирифтаем. Ба андешаи муовини сармуҳаррири маҷалла Садриддин Ёров мавзӯоти маҷалла нисбат ба солҳои пеш хеле тағйир ёфтааст. - Расмҳое, ки солҳои пеш дар маҷалла нашр мешуданд, бештар соҳаи хоҷагии қишлоқро дар бар мегирифт. Тайёр намудани техника ба киштукори баҳорӣ, бепарвоӣ ҳангоми нашъунамои зироатҳои гуногуни кишоварзӣ, вазъи тоқатфарсои фермаҳои чорводорӣ ва ҳоли зори чорвои ҷамъиятӣ аз мавзуҳое маҳсуб меёфтанд, ки пайваста дар шумораҳои маҷалла чоп мекарданд. Имрӯз бошад, тасвири симои порахӯрон, ифротгароёну душманони давлат бештар ба назар мерасад. “Хорпуштак” услуби хос дорад, - мегӯяд котиби масъули маҷалла Толибшоҳи Давлат. – Шахсан кӯшиш дорам сафи муаллифони маҷалла аз ҳисоби хабарнигори ҷамоатӣ бештар бошад. Аз ҳамкасбон хоҳиш мекунам, бо маҷалла ҳамкорӣ намоянд. Фелетон нависанд. Вақти навишта меоранд, маълум мегардад, ки чандон аз жанрҳои рӯзноманигорӣ воқиф нестанд. Навиштаҳои онҳо ҷавобгӯйи талаботи “Хорпуштак” нест. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати “Хорпуштак” аён гашт, ки шумори эҷодкорони маҷалла чандон зиёд нест, лек саъю кӯшиш доранд, маҷалла чун даврони пеш хонданбобу рангин чоп шаваду сафи ҳаводоронаш зиёд гардад.

БЕҲРӮЗИ АБДУАЛИМ

“Хорпуштак” 90-сола шуд

1 2 3 4 5 6 7

Шаҳр, ноҳия

Овозҳо дар ҳафта

И. Сомонӣ пеш гузашт

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016


12

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

Устод, яъне ибрат барои дигарон

ИБРАТИ ҶАВОНОН

Ӯ ифтихор дорад, ки дар миёни кӯҳсорон чун нишони оянда таваллуд шудааст. Аз пирони рӯзгор сухтан омӯхт, аз китоби зери болинаш Ватан омӯхт. Бо фахр мегӯяд, “дар базми бузургон кӯдаки гаҳвораам, бо камзарфии худ узви ин сайёраам, дар миёни кӯҳсорон кӯҳсонам зодаанд, мисли он қуллаҳое, ки ғурур доранд, дар деҳаи хурде баҳри сад ҷаҳонам зодаанд”. Ӯ ошиқи дарёст, пуршӯру пурсавдост. Лоиқи номи худу фарзанди айёми худ аст. Ӯ шукр аз ҳастӣ мекунад. Ҳамчун олими дилдода ва дар кӯи илм афтода. Инсонҳои шариф ва поктинат дар рӯи замин камшуморанд. Ҳама дар ҳастии худ мехоҳанд кору амалеро анҷом бахшанд, ки аз он муроде ҳосил бошад. Зодагони кӯҳистон дили пурмеҳру садоқат ба аҳли башар доранд. Зеро дар болишти сангин бояд ва ё шояд дилҳо низ нарму инсондӯст гардида бошанд. Инсоне, ки даму нафасаш сарозер пур аз ҳикмату накӯкорист ва қалбаш саршори меҳру вафодорист, дар ҳақиқат наҷиб ва заминист. Инсонеро метавон муштоқи дидораш буд, агар хоксору дили пур аз муҳаббат дорад ва кӯлвори ӯ пур аз ҳикмат аст. Хушбахт касест, ки бо марде рӯ ба рӯ занад ва аз илму амал ва кору фаъолияташ дарс ё ибрат бигирад. Раҷабов Раҷаб Кӯчакович. Ӯ шахсест рострав, покдил, фурутан, соҳибдил, хушфеълу меҳрубон ва дорои боз чанд хислатҳои хуби одамӣ. Худситоӣ ва худситоиёнро намеписандад. Кам ҳарф мезанад. Ҳар қадам ва дамашро зери назорат мегираду ҳар суханашро санҷида мегӯяд, то даме аз худ бегона шуда, ба дили дигарон сиёҳӣ наандозад. Дар лаҳзае, ки бо ӯ суҳбат доштем, чанд суоли муқаррарӣ додем. - Устод, худро хушбахт мепиндоред? - Бале, шогирдон баракати зиндагии ман ва фарзандону наберагон боигарии ман, пас магар ман хушбахт нестам?! - Мароми Шумо дар зиндагӣ? - Хоҳам, ки ба хотири замонам бошам, Дар суҳбати гарми дӯстонам бошам. Дигар зи ҷаҳон нахоҳам иқбол, агар Дар пирӣ асои зодагонам бошам. - Аз бузургон киҳоро меписандед? - Берунӣ, Хайём, Арасту, Фирдавсӣ, Сино, Рудакӣ, Ҳофиз, Мавлавӣ, Саъдӣ, Анушервони Одил, Аҳмади Дониш…. - Аз шоирону нависандагони муосир чӣ? -Айнӣ, Турсунзода, Бозор, Лоиқ, Камол Насрулло, Сармад, Туғрал, С. Улуғзода… - Шуғли дӯсдоштаатон? - Албатта, устод будану кору амалеро покиза ва самимӣ иҷро намудан. Ҳадафи ӯ дар зиндагӣ хайру эҳсон намудан, баҳри ободии Ватан ва халқи кишвар ҷидду ҷаҳд намудан ва ба тарбияи ҷавонон камар бастан аст. Раҷаб Раҷабов аз зумраи ҳамин гуна мардон аст. Аз наврасӣ роҳи илму донишро пеша намуд ва сазовори номи пуршарафу пурифтихори омӯзгор гардид. Воқеан, ин марди наҷиб бо тамоми ҳастӣ ва қувваю истеъдоди хеш ба хидмати халқу кишвар камар баст, маҳбуби мардум ва яке аз чеҳраҳои намоёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гардидааст. Р. Раҷабов онест, ки дар суҳбат шахсияте худро пеш намегузорад, онест, ки то даме дигарон гап мезананд, суҳбат намеорояд, онест, ки суҳбатро маҷрои нав мебахшад, агар дар раванди он носозӣ ба амал ояд, онест, ки дар суҳбат оид ба муваффақият ва нокомиҳои хеш ҳазар мекунад, онест, ки ҳангоми суҳбат бадқаҳр намешавад, ба ғайбат ва ифодаҳои дурушт роҳ намедиҳад, онест, ки ба дигарон тамасхур намекунад. Устод зебоӣ дорад, ҳалимию ҳабибӣ, меҳрубонӣ, андешамандӣ, хирадмандӣ

 ОЗМУН КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ 1. Сармутахассиси Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 988 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилоот - 1 ҷой, маоши мансабӣ 806 сомонӣ.

бо панду насиҳат дар муносибат буданҳо. Ӯ дар бозор аст, бозори ақл, бозори китоб, шахсе, ки боақл аст боҳунар аст, шахсе, ки бо ҳунар аст боақл аст… Ӯ аз зумраи ин гуна одамон аст. Моҳият ва мазмуни ҳаёти омӯзгории ӯ одист: ҳамаро омӯзонидан, дар ҳама ҷо омӯзонидан, ҳамеша омӯзонидан. Касби муаллимӣ касби ватанпарастон аст, ки аниқтар ва равшантар аз он баҳо наметавон дод онро. Аҷаб дунё, профессор муҳаббатро мехоҳад. Ҳама мехоҳад, ки онро касе дӯст дошта бошад. Онҳо дӯстдори ҳама будан мехоҳанд. Аммо, хеле ва хеле кам аст, чунин одам дар амал. Ҳаёти инсон бояд таҷассумгари корнамоиҳо бошад. Дар ҷое гуфтаанд: «Кӯшиш намо, то аз ту касе чизеро омӯзад, на ин ки ту аз касе вобаста ё мансуб гардӣ». Ё дар ҷое омадааст: «Ҳамеша барои дигарон намуна бош!» Худ қазоват кунед, чӣ гуна шахс метавонад бо ақлу заковат, хирадмандиву инсонпарварӣ, таҳаммулу дурандешӣ намунаи ибрати дигарон бошад. Танҳо, нафаре, ки шахсият аст, намуна аст, хирадманд аст, инсонпарвар аст, таҳаммулпазиру дурандеш аст, метавонад омӯзгор бошад. Устоди муҳтарам Р. Раҷабов аз зумраи чунин инсонҳост. Мактаб сохтану мактаб доштан ба ҳар кас муяссар намегардад. Ӯ мактаб дорад, шогирдони худро дорад, ин ба монанди оне, ки профессор дарахт асту шогирдон шоху барг. Шиори ӯ дар зиндагӣ шинохти хеш ва шинохти дигарон барои ояндагон, тарбияи шогирдон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллист. Зистан муттасил мубориза бурдан аст. Устод дар мубориза аст, муборизаи илм ва ҳаёт. Дар мубориза барои зистан. Ғолиб одатан он кас аст, ки на бо қувваи ҷисмонӣ, балки пеш аз ҳама ба қувваи ақл ва хирад мубориза мебарад. Раҷаб Раҷабов маънии зиндагонии хеш ва дигаронро дар дарозии умр намебинад. Маънии зиндагиро ӯ дар кору амали ба анҷом расонида ва манифиат ба дигарон бахшидан мебинад. Ин марди хирад, гунбази илм ҷашни камолот дорад, ки аз сидқи дил муборакбод мегӯем. Умедворем, ки устод даҳҳо ташнагони роҳи илмро аз косаи пуропури худ бо саховатмандиву меҳрубонӣ сероб хоҳад кард. Роҳ сохт, роҳ омӯхт, дил бурд, дил овард, дил омӯхт, дил афрӯхт, аз рафтаву аз омада бас таҷриба андухт. Садҳо ин роҳҳо, садҳо ин дилҳо, садҳо ин омӯхтанҳо, садҳо ин рафтаву омадаҳо, садҳо таҷрибаҳо насибат бод. Саломатӣ, комёбӣ ва ризқи фароз, дӯстони ҷонӣ ҳамқадами ҳаётатон бошанд. Б. ҲУСЕЙНОВ, А. МИРЗОАЛИЕВ, М. ҚАҲҲОРОВ

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 1. Мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 991.70 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 811.20 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ 811.20 сомонӣ. 4. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус – 1 ҷой, маоши мансабӣ 811.20 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665.60 сомонӣ. 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665.60 сомонӣ. 7. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ 572 сомонӣ. ВИЛОЯТИ СУҒД 1. Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ – маоши мансабӣ 991.70 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара – 1 ҷой, маоши мансабӣ 852.80 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ 852.80 сомонӣ. 4. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 811.20 сомонӣ. 5. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 811.20 сомонӣ. 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665.60 сомонӣ. 7. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 572 сомонӣ. ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мурғоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ 811.20 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 733.20 сомонӣ. ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ 1. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сангвор – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665.60 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665.60 сомонӣ. ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур – 1 ҷой, маоши мансабӣ 572 сомонӣ.

2. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 572 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари мақомот; -варақа (анкета)-и баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН); - маълумотнома (справка-объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6 (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахши кор бо кадрҳо). Телефон: 236-41-87, 235-10-23. Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.


Радиои «Озодӣ» имрӯзҳо боз дар матолиби худ даст ба иғво зада, муносибатҳои байнидавлатӣ ва хусумати миллиро мекорад, ки боиси нигаронӣ ва ба вуҷуд овардани танишҳои муносибот хоҳад гашт. Яке аз матолибе, ки муҳтавои иғвобарангезӣ дорад, гузориши Сарвинози Руҳуллоҳ зери унвони «Талош барои собит кардани мустаҳкамии сарбанди “Роғун” мебошад.

Дар ин матлаб рӯзноманигор кӯшиш кардааст, сохтмони “Роғун”-ро на ҳамчун як лоиҳае, ки пуштибони манфиатҳои миллии мост, балки ҳамчун як пуружаи хатарзо ва омили тахриби минтақа нишон диҳад. Гарчанде пажӯҳишҳои донишмандони тоҷик таърихи 80-солаи заминларза дар Тоҷикистон ва минтақаро омӯхтаанд ва ба ин натиҷа расидаанд, тамоми омору арқоме, ки дар 80 соли охир дар пайи заминларзаҳо ба даст омадааст, нишон медиҳад, ки заминларзаи шадид дар ин минтақа ба вуҷуд наомадааст ва дар оянда низ эҳтимолияти чунин замиларзаҳо вуҷуд надорад. Барои мисол, дар назди кӯли Сарез дар 80 соли ахир боре ҳам зилзилаи аз 7-баллӣ зиёд рух надодааст. Аммо дастандаркорони сомонаи «Озодӣ» ба гуфтаи донишмандону коршиносон қаноат накарда, боз барои ихтилофу зиддиятро роҳандозӣ кардан ҳатман аз зикри мухолифатҳои гузашта ёдовар шуда, тухми нифоқу кина мекоранд. Махсусан рӯзноманигороне, ки шаҳрвандони тоҷик ҳастанд ва барои манфиатҳои маҳдуди яквақтаинаи худ манфиатҳои миллии худро сарфи назар карда, даст ба тавтеаҳои бемаврид бармедоранд, ки ҳеҷ оқибати хушеро ба бор намеоварад. Бо унвони чунин матлаб «Мухолифатҳо ба сарбанди Роғун» рӯзноманигор, гуё як шаҳрванди хориҷӣ бошад, ба ташвиш омада, чунин мегӯяд: «Тоҷикистон ин ҳамоишро дар ҳоле баргузор мекунад, ки талошаш барои сохтани сарбанди бузурги нерӯгоҳи “Роғун” ба мухолифатҳои кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯ шудааст.» Бо чунин лаҳни нигаронкунанда рӯзноманигор аз зилзилашиносони Узбекистон иқтибоси бедалелу ҳуҷҷат оварда, гуфтаи онҳоро ҳамчун факт қабул карда, шадидан тарафдорӣ мекунад. Дар ҳоле ки донишмандони тоҷик далелҳои илмии тадқиқоти 80-соли охирро пеши худ доранд ва исбот месозанд, ки чунин ҳолатҳо ғайримумкин аст. Рӯзноманигор бешармона иқтибос карда, мегуяд, ки «борҳо гуфтаанд, ки нерӯгоҳи “Роғун” дар минтақаи зилзилахез сохта мешавад ва барои тамоми минтақа хатарзо аст. Ҳафтаи гузашта рӯзномаи “Правда Востока”, минбари расмии ҳукумати Узбекистон, бо нашри мақолае навишт, "ду сарбанди азим дар Осиёи Марказӣ дар минтақаи печидаи рахнаҳои тектоникие сохта мешаванд, ки дар он ҷо эҳтимоли ба вуқӯъ пайвастани зилзилаҳои 9-баллӣ ва бештар вуҷуд дорад." Дар идомаи мақола омадааст, "ин омилҳо хатари рахна шудани сарбандҳо (аз ҷумла “Роғун”-ро) дар пай дорад ва мавҷҳои азими он метавонад, дигар иншооти обиро вайрон

карда... ва садҳо маҳаллаҳои зистро вайрон ва садҳо ҳазор одамро ҳалок кунад." Ин иқтибосе, ки ягон мантиқи илмӣ надорад, аз тарафи рӯзноманигор ба таъкид зикр шуда, ҳамчун «ҳақиқати ноб» ҷилва мешавад, ки боиси таассуф ва нигаронист. Имрӯз мо пеш аз ҳама ҳар матолиберо, ки матраҳ месозем, бояд манфиатҳои миллиро сарфи назар накунем, агар манфиатҳо барои шумо ва шумобаринҳо муҳим нест, бояд дуруғпароканӣ ва иғвобарангезиро канор гузоред, то ба худ ва ҳаммиллатони худ зараре нарасонед. Мушкилот ҳамеша вуҷуд дорад ва дар оянда низ боқӣ хоҳад монд. Инсон ҳамеша аз хатарҳои эҳтимолӣ наметавонад сарфи назар кунад ва олимони тоҷик низ аз омадани чунин хатарҳо огоҳӣ доранд, аммо ин ба он маъно нест, ки бо будани хатарҳои эҳтимолии беасос тамоми пуружаҳои миллии худро ки аҳмияти минтақавию ҷаҳонӣ доранд, сарфи назар кунем ва кишвари худро дар ҳоли бечорагиву дастнигарӣ нигоҳ дорем. Мо хуб медонем, ки энергияи барқ аз ҷиҳати экологӣ тозатарин ба ҳисоб рафта, дар ояндаи наздик ҷойгузини нафту газ ва дигар маводи сӯзишвории гулхонаӣ хоҳад шуд ва башарият барои чунин энергияҳои барқароршаванда кӯшишҳои зиёде хоҳад кард ва тамоми хатарҳои эҳтимолиро такя бо илм ва дурандешӣ аз байн хоҳад бурд. Яке аз ин хатарҳои эҳтимолӣ сарбанди кӯли Сарез дар вилояти Бадахшон мебошад ва аз нигоҳи сейсмологӣ хатарзо ба кишварҳои минтақа унвон мешавад. Олимони тоҷик эҳтимоли канда шудани сарбанди Сарезро ба ҳадде ташвишовар намедонанд, ки бархе мақомоти кишварҳои ҳамсоя тасвир мекунанд. Фарҳод Раҳимӣ, Президенти АИ ҶТ мегӯяд, сарбанди Сарез бо баландии 567 метр дар чандин заминларза исбот кардааст, ки тобовар аст. "Барои мисол, Сарез соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи 7-балла пайдо шуд ва 7 декабри соли 2015 зилзила такрор ёфт. Хушбахтона, на танҳо Сарез аз нирӯи баланди зилзила зарар надид, балки мустаҳкамтар шуд. Ҳарчанд дар рӯзҳои аввал, чанд сантиметр оби он баланд шуд, аммо баъдан ба ҳолати аввала баргашт ва хатаре надошт", - гуфт Фарҳод Раҳимӣ. Чунин далелҳо рӯзноманигорро қонеъ насохта, ҳатман зикр аз иттилоте мекунад, ки зеҳни ҳар хонандаро дар чолиш андохта, кинаву адовати миллигароёнаи фашистиро бедор месозад. Чунин амали нангину ифлос ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманди миёни Тоҷикистону Узбекистон монеа эҷод карда, ба ҳар ду миллати ба ҳам дӯст зарари ҷиддӣ хоҳад дошт.

Ин гуна нафарон торафт худро миёни шумораи иштирокчиёни бозиҳои сиёсӣ ва ҳокимиятҳо зада, барои ноил шудан ба мақсадҳои ниҳоии худ аз ҳама роҳу восита истифода мекунанд. Аз ҷумлаи онҳо Саидюнуси Истаравшанӣ мебошад, ки ибтидо аз номи халқ баромад карда, пас аз он халқро мефиребад ва манфиатҳои худу роҳнишондеҳонашро дар мадди аввал мегузорад. Зоҳиран, ин бор низ чун гузашта ба вазъи дохилии кишвар дахл карда, қонунҳои давлатиро бе ҷойгоҳ меҳисобад ва мегӯяд, «на танҳо бисёре аз мардумон, ки ҳатто муҷриёни қонун низ на қонуне мешиносанд ва на ба қонуне пойбанд ҳастанд ва на ба қонуне эҳтиром қоиланд». Вай бо кӯмаки гурӯҳҳову афроди аҷнабии маълум ба мардум ва сокинони кишвар таҳдид мекунад ва ҳамлаи ошкоро нишон медиҳад. Чунончи маълум аст, бо ин роҳ дар дохили ҳар як гурӯҳ ё ҳизб тарафдорони худро ҷустуҷӯ ва теъдоди онҳоро зиёд дидан мехоҳад, то ки тавассути онҳо нақшаҳои нопокашро амалӣ созад. Дар натиҷа, мардумро ба гурӯҳҳои хурду бузург ҷудо карда, оқибат ба тафриқаандозӣ оварда мерасонад. Баромади охираш аз ин дарак медиҳад. Саидюнуси Истаравшанӣ ноогоҳона мегӯяд, ки «Агар муддате пеш дар бақои ҳукумат андаке шакку тардид доштам, ҳоло кӯчактарин тардиде пешам боқӣ намондааст, ки ҳукумат бо ин мақомот ва ин муҷриёни қонунаш дигар бақое барояш қобили тасаввур нест ва суқуташ қатъист». Вай дар ниҳоят худро ҷомеашинос ва касоне, ки бо қонунҳои дар ҷомеа амалкунанда ошно ҳастанд, шиносониданӣ мешавад ва гӯё дар тӯли таърих огоҳие бардоштаву хуб мефаҳманд. Аммо ҳеҷ чизро намефаҳманд. Мардумфиребӣ ва аз номи халқ истифода кардан яке аз меъёрҳои маъмулии кории ӯ ба ҳисоб рафта, дар баъзе ҳолатҳо гурӯҳҳо ва ҳизбҳову афроди бегонаро ба таври доимӣ барои баргузории нооромиҳо гирди худ мехонад. Ҳолатҳое кам нестанд, ки ҳангоми зиёд хостани манфиатҳо бо тарафдоронаш ба тазоҳурот даст занад, бо истифодаи қувва ва силоҳ низ шуруъ кунад. Ин гуна ҳодисаҳои дурӯябозиро дар солҳои 90-уми асри гузашта дида будем ва аъмоли Саидюнуси Истаравшанӣ идомаи мантиқии ҳамон аст. Имрӯз дар баъзе давлатҳо афроди дурӯяеро мебинем, ки бо гурӯҳбозӣ барои ба даст овардани манфиатҳо аз ҳамаи воситаҳо истифода мебаранд. Дурӯягӣ дар кирдорҳои Саидюнуси Истаравшанӣ ошкоро ба чашм мерасад, ки оқибатҳои нохушро дар муносибатҳои байниҳамии мардумон ба бор оварда, ҷомеаро ба як вазъи мураккаб ва хатарнок мувоҷеҳ месозад. Ба ҳайси намуна низоъҳои нави минтақавиро гуфтан мумкин аст, ки таъсири он ба тамоми башарият расидааст. Рустам РАҲИМОВ

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”

На кофари мутлақ, на мусалмони тамом

“Озодӣ” минбари иғво

Афроди дурӯя ва сафсатафурӯш новобаста аз мавқеъ ва манзалат ҳамеша дар ҳаёти инсонҳову раванди ҷомеа яке аз шахсони хатарнок ба шумор мераванд. Махсусан, вақте чунин шахсон худ ҷомеаи дунявиро аз ҷомеаи динӣ фарқ карда наметавонанд ва ҳар дуро олуда мебинанд, вале, бар замми ин, даъвои сиёсатмадорӣ ва ё сиёсатмаобӣ мекунанд, ки оқибати харобиовар дорад ва нохушию бадбахтиро бар сари ҳар давлату миллат меоварад. Чунинҳо гоҳо худро олими ислом, гоҳи дигар олими фалсафаву сиёсатшиносӣ, гоҳи дигар шореҳу таҳлилгар ва гоҳи дигар устоди мутлақи умумиуламоӣ меҳисобанд. Вале, дар асл яке аз инҳо ҳам нестанд.


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”

Меҳанам, эй меҳанам, эй меҳани ҷонам, Дар вуҷудам, дар дилам, дар хуни шарёнам. Бе ту як дам, як нафас, як лаҳза, як соат Дур будан, зинда будан ҳеҷ натвонам. Дар дилу ҷонам мақомат бас баланд омад, Остонат осмонам, ҷону ҷононам. Меҳри меҳан ними имон аст, мегӯянд, Ман пурам бо ту, пурам, нима намемонам. Эй ту дирӯзи ману имрӯзу фардоям, Орзуву ҳастию уммеду армонам. Сарзамини хостгоҳу марзи минуӣ, Ёдгори беназирӣ аз ниёгонам.

Тоҷикистони гулистон, равзаи ризвон туӣ

МУҲТАРАМ ҲОТАМ

Бо ту гӯё шуд забону вожаву ҳарфам, Бо ту иншо шуд суруду шеъру дастонам. Меҳан, эй меҳан, умеди зиндагии ман, Ишқи ту дар сина дарёи хурӯшонам. Ҳамчу моҳие бурун аз оби ҷонбахшо Зистан бе ту набивонам, набитвонам. *** Тоҷикистони гулистон, равзаи ризвон туӣ, Дар тани сайёраи гардандаи мо ҷон туӣ. Ёдгори ҷовидонӣ аз ниёгони азиз, Динаву имрӯзи мо, ояндаи рахшон туӣ. Эй биҳишти гумшуда – дар чашми мо пайдошуда, Ҳамчу ганҷи бебаҳову ҳадяи Яздон туӣ. Эй Зарафшону Бадахшон, эй Ҳисори Шодмон, Суғди мо, Вахшони мо, Раштон туӣ, Хатлон туӣ. Васфи ту андар «Авасто»-ву ба «Ведо» омада, Ҳинди аз хотир фаромуш, гумшуда Эрон туӣ. Навҷавони паҳлавонӣ, модари чун ҷон азиз, Пири ҳикматёри мову тифлаки хандон туӣ. Чистӣ аз баҳри мо, – пурсанд, - мегӯям ҷавоб: Тан туиву дил туиву ҷон туву, ҷонон туӣ! *** Маро дар зиндагӣ бар он ки бовар буд, модар буд, Ҳамон ки бо дилу ҷонам баробар буд, модар буд. Ба ҷамъи хонадони мо азизи ҳамдигар будем Падар буду бародар буду хоҳар буд, модар буд. Намебахшид дардамро зи наздикон касе дармон, Ки бар дарди дили ман он ки довар буд – модар буд. Азобу ранҷи модарро намедонем мо ҳаргиз Кӣ медонад? Азизо, он ки модар буд, модар буд. Ба зери осмон ҳаққо рисолат аз Худо бигрифт, Бузургиовару муъҷизаофар буд, модар буд. Дареғу дард аз он ки мо ғами ӯро нафаҳмидем, Вале он, к-аз ғами мо дидааш тар буд, модар буд. Дуои давлаташ бар хонадонам файз мебахшад, Маро дар зиндагонӣ он ки ёвар буд, модар буд.

Ишқ

Медиҳадам боз садо ишқ, ишқ! Мекунадам боз нидо ишқ, ишқ! Мерасадам боз сало хез, хез! Мекашадам боз ба по ишқ, ишқ! Ишқ марав, ишқ марав, ист, ист, Ишқ биё, ишқ биё, ишқ, ишқ! Соз бидеҳ, сӯз бидеҳ боз, боз, Баҳри Худо, баҳри Худо, ишқ, ишқ! Волаву ҳайрон, ки маро кардаӣ,

Кун ҳамаро, кун ҳамаро, ишқ, ишқ! Мебариям, мекашиям сӯ ба сӯ, То ба куҷо, то ба куҷо, ишқ, ишқ? Муъҷизаи аввалу охир туӣ, Ишқ, аё ишқ, аё ишқ, ишқ!

Ошиқон

Ошиқон, боматон1 муборак бод, Субҳи бешоматон муборак бод! Ҷовидон бар ҷаридаи олам Сабт шуд номатон, муборак бод2 ! Даст бар дасту дида бар дида, Нек айёматон муборак бод! Фасл бигзашту васл пеш овард, Шаҳд бар коматон муборак бод! Меҳрубониву ғамгусориҳо, Иззу икроматон муборак бод! Бод лабрез ишқ дар дилҳо, Бода дар ҷоматон муборак бод! Дил ба даст оварида, дил бахшед, Хайру инъоматон муборак бод! Истихора чаро, ки ишқ омад Қуръа бар номатон, муборак бод! Ишқ мурғест, з-осмон омад Банд дар доматон, муборак бод! Ишқу меҳру вафову дилдорӣ Ҳарфи пайғоматон муборак бод! Шуд гулафшон ниҳоли армонҳо, Пухта шуд хоматон, муборак бод! Мурғи бахт омаду ба каф биншаст, Бахт шуд роматон , муборак бод! Фоли Ҳофиз хуҷаставу фаррух, Ҷоми Хаёматон муборак бод! Шоирон, шеъри тоза бинвисед, Фасли илҳоматон муборак бод! *** Дилам дар ҳавоят, манам дар вафоят, Ватан, эй Ватан! Бубахшам ҳаётам, фидоят дилу ҷони ман, эй Ватан! Туро меситоям, туро месароям ба шеъру суруд, Ба ҳар минбару маҷлису маҳфилу анҷуман, эй Ватан. Ту обод бошу ту озод бошу ту дилшод бош, Ватан, эй баҳору Ватан, эй гулистон, чаман, эй Ватан. Ҳама саф ба саф, як ба як, рӯзу шаб посбони туем, Ҳамеша, чи хурду бузургу чи марду чи зан, эй Ватан. Ниёи бузургам, ки соҳибватан буд ба ақсои даҳр, Кунун монда аз он ҳама Тоҷикистон ба ман, эй Ватан! Ватан буд моро ба шарқу шимолу ба ғарбу ҷануб, Ватан, эй Бухоро, Ватан, эй Ҳироту Хутан, эй Ватан. Нафас бе ту бар ман нашояд гирифтан, нашояд даме, Ки бе ту мабодо ба ман як нафас зистан, эй Ватан. *** Ватанро дӯст медорам - замину осмонашро, Зимистону тамузашро, баҳорашро, хазонашро. Ватанро дӯст медорам ба кӯҳу дашту саҳрояш, Ҳам он руди хурӯшону ҳам он абри равонашро.

Ба нӯги қуллаҳояш мебарам ному нишонашро. Гузорам ошёни меҳри ӯро дар баландиҳо, Нигаҳбон мешавам дар дидаву дил ошёнашро.

Бихон ошиқона Барои Баҳодур Неъмат Муғаннӣ, бихон, шаҳриёрӣ бихон, хусравонӣ бихон! Бихон ошиқона, бихон бо чағона, муғонӣ бихон! Бизан чангу торе, рубобе навозу дуторе бизан, Ироқӣ навозу фироқӣ бигӯву ағонӣ бихон! Ба булбул сабақ деҳ, ба қумрӣ биёмӯз ҳоеву ҳуй, Ба қумриву булбул дар ин боғ ҳамдостонӣ, бихон! Дилам дорад оташ! Дилам дорад оташ! Бихон он чуноне, Ки обе ба оташ фишониву оташ нишонӣ, бихон! Бинол ончуноне, ки дар сӯги Суҳроб Таҳмина нолид, Зи сӯзи дили Рустами Достон достоне бихон! Зи ранге ба ранге, зи боғе ба боғе, зи барге ба барг, Зи сабзу зи сурху зи норанҷию арғувонӣ бихон! Магӯ «Шаб бахайр»-ам, ки шаб рафтаву субҳдам мерасад, Чу хоҳӣ, ки моро ба ин субҳи содиқ расонӣ, бихон! Ба пиронасар ишқ берун нашуд аз дилу ҷони ман, Ба ёдам биёвар дигар ишқро, аз ҷавонӣ бихон! *** Ман нома кунам, нома ба ҷонон бифиристам, Бо бӯса бари он лаби хандон бифиристам. Бо қатраи ашкам, ки чакидаст ба коғаз, Аҳволи дилу дидаи гирён бифиристам. Бар хотири болидаву аз баҳри нисораш Ҳайрон шудаам, ки чӣ ба ҷуз ҷон бифиристам. Ӯ нома агарчӣ нанавишту нафиристод, Сад нома кунам аз дилу аз ҷон, бифиристам. Андар паси ҳар ҳарф, аз он чеҳраи зебош То сер бубинам, шуда пинҳон бифиристам. Бар хотири парвардааш аз атри фарангӣ Як шохаи пурнакҳати райҳон бифиристам. Ин ишқ, ки дар кунҷи дилам буд нуҳуфта, Пиндор, ки оташ ба найистон бифиристам. Ҳарчанд надонам, ки суроғаш ба куҷо аст, Ин нома вале сӯи Бадахшон бифиристам. *** Ман номи туро нома ба дафтар бинависам, Ҳам пора кунам номаву аз сар бинависам. Не хомаву не номаву дафтар написанданд Ҷуз ишқи ту як ҳарфи дигар гар бинависам. Ишқ аст агар оташи сӯзанда ба унвон, Унвони дилам мурғи самандар бинависам.

Ватанро дӯст дорам, ҳамватанро дӯст медорам, Ҳама тифлони шодону ҳама пиру ҷавонашро.

Ин қиссаи тиллоиву ин ишқи тилоист, Аз ишқи тилоӣ ба хати зар бинависам .

Ватанро дӯст медорам ба он оҳуи куҳсораш, Ҳамон кабки дарияшрову мӯри каҳкашонашро.

То ин ки фаромуш нашавад лавҳи мазорам, Як вожа – фақат ишқ – ба мармар бинависам.

Ватанро дӯст медорам ба ҳар унвону ҳар исмаш,

1.Бом – бомдод, субҳ. 2.Тазмин аз Шайх Саъдӣ ва Хоҷа Ҳофиз


15

Муќобили «негатив» (фото)

Њабашистон

Баландї

Муќобили суффикс

Ќањрамони асотири Юнони Ќадим

Ќашшоќ

Лаљом, зимом

... Азизов, овозхон

Њайвони хонабардўш

Ќандил, чилчароѓи барќї

СММ бо забони русї Моњи нўњуми солшумории шамсї

Покзамир

Додан

Майдончаи бокс

Номувофиќ, нобоб

Асбоб барои кабобпазї

Мењмони доимии казино

Шаклу шамоил

Пайѓамбари яњудиён

Мањсули эљоди адиб

Даррандаи вањшї

Эшон, онњо Мамлакати Араб

САНҶИШИ ДОНИШ

Номи мардона

Зарбулмасал

Канораи осмон

Дуову намоз Наљотдињанда

Катя …, овозхони рус

Юсуфро дўст медошт

... Сайид Алии Љои гургу паЊамадонї ланг дар шањр

Тамѓаи мошини хурди Русия

Рамз

Љонишини шахси сеюм

Набард, љидол

Њаёт ба забони юнонї

Мамнунї, Хўрокпаз хурсандї

Тамѓаи чархболи русї

Пасандоз

"Падари бузург"-и хитоињо … Тзедун

Дилсўз Ноз, карашма, ѓамза

Илтимос, дархост

Хирадманд, олим

Пешобдон Саркаш, нофармон

Маѓзи зардолу

Тўњфаи идона

Мурѓобї

Духтари калонї барои хурдињо

Ба восита

Меваи рангаш зарди турш

Яке аз чорёрон, падари Оиша

Кўњњои Швейтсария

«… Худо ќасам!»

Чорвои калони шохдор Шањр дар вилояти Челябински Русия

Зоти зоѓ

... Азизов, овозхон

Муњаммад ..., «шоњи бокс»

Њайвони вафодор

Офтоб (шеърї)

…и Олї – Верховный совет

Асбоби суръатсанљи нозири роњ

Овоз, садо, хитоб

Ордоб

Лутфулло ..., актёри тољик

Шањри орзуњои Остап Бендер

Хати љуѓрофї, параллел

... Шукруллоева, сароянда

Нексират, софдил,

Сканворд

Манижа …, овозхони тољик

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

Соф, тоза

Тифлњо


16

 СЕҲРИ ХОМА

Лутфи ҷавонӣ

 АНДАРЗ

Бели тиллоӣ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №35 (9461), 01.09.2016

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

- Ин Самад кӣ аст дар руйхати алоқаҳои телефонат? Занг задам, як духтар ҷавоб дод? Чӣ хел фаҳмам инро? - Бисёр одӣ! Аз он тараф ҳам кадом беақле мисли ту фаҳмидан хостааст, ки Карим кӣ бошад дар телефони Самад.

Шахсе дар орзуи ганҷу зар буд. Дар китобе хонд, ки дар як маҳал ганҷи бешуморе дар замин гӯронда шудааст ва тасмим гирифт, ки онро пайдо мекунад. Муддати тӯлонӣ он ганҷро ҷустуҷӯ намуд. Рӯзе дар ҷустуҷӯи ҷавоҳирот заминро мекофт ва ин замон аз осмон бели тиллоие ба наздаш фуруд омад. Он шахс дарҳол онро гирифта, бо хушҳолӣ ба хонааш равон шуд. Дигар дар бораи он ганҷи бешумор фикр ҳам намекард, чун ҳамон бели тиллоиро молу сарвати хубу басанда меҳисобид. Боре аз осмон нидое шунид: “Ту бояд бо ин бел ҳамон ганҷро мекофтӣ ва маҳз ҳамин бел туро ба макони он ганҷ мебурд. Аммо ту он сарвати бебаҳоро бо ҳамин як бели тиллоӣ иваз намудӣ. Аз ин рӯ, онро аз ту пас хоҳам гирифт”.

МЕҲРОБ АЗИМОВ

***

- Лиза, ту ин қадар зебо, мурчамиён, Чӣ тавр ба ин муваффақ шудӣ? - Ман ба рақси халқӣ машғулам. - Аҷиб. Кадом намуд? - Стриптиз. - Аммо ин рақси халқӣ аст? - Намедонам, аммоба халқ писанд аст.

***

Дар кӯча. Ҷониби марди ҷавон духтари зебое омад. - Бубахшед, - гуфт духтар, - ба фикрам Шумо падари яке аз бачаҳои ман ҳастед. Мард дар ҳолати шок: - Ман? - Ором шавед, - гуфт духтар. – Ман муаллимаам.

Таҳияи Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”

***

Ронандагон дар тамоми ҷаҳон тасмаи бехатариро бо андешаи “Ба ногоҳ садама рух диҳад” мебанданд. Дар Тоҷикистон бошад, бо андешаи “Ба ногоҳ милиса манъ мекунад”.

***

Худро ногувор эҳсос мекунед вақте шаб дар хонаед, аммо дар интернет ягон чизи нав нест, чунки ҳамаашро дар ҷои кор дидаед.

ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд. Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ. 3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фиристанд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд.

***

“Одноклассники” сомонаи даҳшатнок аст. “Шифти кашида”, “тирезаи пластикӣ”, “парда” ва “ҷевон” аз ман дархости дӯстӣ кардаанд. Ёд надорам, ки дар мактаб инҳо бо ман хондаанд.

Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14

АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _____ _______________________________________________________

 ЭЪЛОН

Барои чӣ беҳтарин аст?___________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________

Шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-95, ҳуҷраи 9, реестри 9Д80 аз 08.02.2000, ки ба шаҳрванд Саломов Салоҳ Роибович мутаалиқ аст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Ҳалимов Ҳусейн Абдуллоевич (РЯМ 0930043822), ки Нозироти андози шаҳри Ҳисор соли 2008 додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.

Ному насаби пуркунанда _________________________________

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Лагери кӯдакон. Вақти хоб. Дар дасти ҳамаи кӯдакон телефон. Якеаш мусиқӣ гӯш мекунад, дигарӣ СМС менависад... Мураббӣ: - Ҳама телефонҳоро супоред! Субҳ фарёди мураббӣ: - Аблаҳҳоооооооооооо... Кӯдакон пеш аз он ки телефонашонро супоранд, онро дар будилник мондаанд. Соати 12-и шаб, 1,2,3... то саҳар.

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6559 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.