ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №36 (9566), 06/09/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Бо фейсбук ба куҷо равонаем? саҳифаи
4
Рушди варзиш дар 27 соли соҳибистиқлолӣ саҳифаи
5
Истиқлолият – роҳкушои ҷавонон саҳифаи
6
Муаррифгарони Истиқлолият дар хориҷи кишвар саҳифаи 7 Ҷавонони СҲШ ва ИДМ: Тоҷикистонро дӯст доштем саҳифаи
Хуршеди беғуруби миллат
9
27 зинаи камолоти миллат ва давлат саҳифаи 12
Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад. Бо дарназардошти он, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани дастовардҳои истиқлолият аз наврасону ҷавонони имрӯза вобаста мебошад, мо таълиму тарбияи шоистаи насли наврасро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумат эълон кардаем. Чунки бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ бе рушди сармояи инсонӣ, яъне бидуни тарбия ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ободгар, инчунин, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст. Ман ҳамеша ба ақлу заковат, нерӯи созанда ва ҳисси миллии ҷавонони саодатманду ватанпарвар ва бонангу номуси кишвар, яъне фарзандони даврони истиқлол бовар дорам ва бо итминон изҳор менамоям, ки онҳо минбаъд низ ба хотири ҳифзи арзишҳои истиқлолият чун сипари боэътимод хизмат мекунанд.
2 1 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт парда аз руйи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино бардошта, дар таҷлили “Рӯзи дониш”, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок карданд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28 апрели соли 2017 Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузошта буданд. Тибқи лоиҳа шаҳраки нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар масоҳати наздики 11 гектар замин таҳия шудааст. Дар асоси нақшаи кулл дар ҳудуди иншоот хонаҳои истиқоматии баландошёна барои омӯзгорон, биноҳои хобгоҳ барои донишҷӯён, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварии пушида бо ҷойи нишасти тамошобинон, биноҳои озмоишгоҳҳо, ошхона, 3 адад бинои таълимии иловагӣ, майдони варзишӣ, бинои баландошёнаи маъмурию таълимӣ бо маҷлисгоҳ ва муҷассамаи шоиру олими барҷаста ва нобиғаи ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино ҷойгир карда шудааст. Агар ба таърихи таъсиси донишгоҳ ва рушди он дар даврони соҳибистиқлолӣ назар созем, ин даргоҳи илм ҳамчун яке аз бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ зии донишгоҳ пурра корношоям гардид. Бинои асосӣ бар асари ин ҳодиса валангор гардида, толорҳо ва синфхонаҳо вайрон шуданд. Дар натиҷаи чораҳои фаврии андешидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи камтар аз 11 моҳ биноҳои донишгоҳ пурра барқарор ва аз пештара дида хеле ободу зебо ва бо таҷҳизот муҷаҳҳаз шудаанд. Танҳо барои сохтмону барқарорсозии биноҳо бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 14 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сарф шудааст. 25 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои марказии донишгоҳ пас
Иштироки Пешвои миллат дар таҷлили “Рӯзи дониш” тандурустӣ дар кишвар, рушди илми тиб ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа, мақоми хоса дорад. Соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба фаъолият оғоз карда, соли 1992 баъди соҳибистиқлол гардидан, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ табдил дода шудааст. Донишгоҳ 79 сол боз барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассис тайёр карда, пойгоҳи асосии таълимӣ, илмӣметодии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар донишгоҳ 3 академик, 4 нафар узви вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, 83 нафар доктори илм, профессор, 229 нафар номзади илм, дотсентон ва 325 муаллими калон ва ассистентон фаъолият мекунанд. Донишгоҳ дар давраи фаъолияташ зиёда аз 42 ҳазор нафар табиб тайёр кардааст, аз ҷумла 1500 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 36 давлати дунё мебошанд. Айни замон дар донишгоҳ 790 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 13 мамлакат, аз қабили Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Лат-
Санаи 3 август, дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷи Фуруяро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Япония баррасӣ
вия, Озарбойҷон, Афғонистон, Яман, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка таҳсил доранд. Имсол бошад, тибқи квота донишҷуён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар 10 соли охир ба донишгоҳ 1445 нафар донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ қабул карда шудааст. Дар донишгоҳ тибқи ихтисосҳои ҷойдошта 5 факултет - тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, фармасевтӣ мавҷуд аст. Аз рўйи 39 ихтисоси таҳсилоти баъдидипломӣ таҳсил дар зинаи ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура ва таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар сохтори донишгоҳ ҳамчунин 10 шуъба, 11 марказ, 11 шуро ва 27 озмоишгоҳ бомуваффақият фаъолият карда истодааст. Дар сохтори донишгоҳ дар 10 соли охир 11 марказ, 5 шуъбаи алоҳида ва 1 озмоишгоҳ таъсис дода шудааст, ки самаранок гардидани раванди таҳсилот ва фаъолияти донишгоҳро таъмин менамоянд. 26 декабри соли 2007 дар натиҷаи сӯхтори шадид, масоҳати зиёда аз 9 ҳазор метри мураббаъи биноҳои марка-
аз барқарорсозии баъдисӯхторӣ дубора ба истифода супурда шуд. Ҳамон рӯз баъди ба истифодадиҳии бинои навтаъмири Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Сарвари давлат бо шароити нави таълим дар донишгоҳ шинос шуда, бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ доир карданд. Имрӯз баъди пардабардорӣ аз руи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар таҷлили “Рӯзи дониш”, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил иштирок ва дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, аҳли зиёи кишвар ва кормандони соҳаҳои маорифу тандурустии ҷумҳурӣ бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд. Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ донишҷуён ва устодон, аз ҷумла Маликабону Наимзода, Набиҷон Ҳамидов, Нуралӣ Зарифзода, Садирова Сабрина, Гулнора Хоҷиева ва Фуруғ Ҳайдарова суханронӣ карда, ба Сарвари давлат барои таъмини сулҳу субот, ваҳдати комил, якпорчагии кишвар, талошҳову тадбирҳо барои зин-
дагии шоистаи мардум, пешрафти илму маориф, рушди соҳаи тандурустии мамлакат, изҳори сипос карданд. Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниро ба ифтихори “Рӯзи дониш”, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷамъбаст карда, оид ба ҳалли баъзе масъалаҳои муҳими ҷомеа андешаронӣ ва дар назди вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аҳли ҷомеа вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Президенти мамлакат аз вазъи ногувори гирифторшавӣ ба нашъамандӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ изҳори нигаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки бемориҳои сироятӣ ва нашъамандӣ яке аз мушкилоти замони муосир маҳсуб ёфта, дар қатори дигар касалиҳои ҷанбаи иҷтимоидошта на танҳо ба соҳаи тандурустӣ, балки ба иҷтимоиёту иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон хисорот ворид месозад. Вобаста ба ин вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон, ҷавонон ва варзиш, корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, рушди сайёҳӣ, Агентии маводи нашъаовар вазифадор карда шуданд, ки барои пешгирии ин бемориҳо, ки ба обрӯю эътибори мамлакат таъсир мерасонанд, чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ҳамчунин Президенти мамлакат зимни баромади худ вобаста ба ҳолатҳои истифодаи ғайрисамараноки маблағҳои буҷетӣ дар як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, даст ба ҷиноят задани кормандони соҳа, Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамаи муассисаҳои тиббиро вазифадор карданд, ки барои решакан кардани чунин кирдорҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешанд. Мавриди зикр аст, ки Рӯзи дониш ва дарси сулҳ тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии радио ва телевизион мустақиман пахш карда шуд ва тамоми мардуми кишвар имкон пайдо карданд, ки суханронии Пешвои миллатро дар як вақт бо иштирокчиёни мулоқот тамошо намоянд.
Мулоқот бо Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷи Фуруя шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Муколамаи “Осиёи марказӣЯпония”-ро барои фарох кардани доираи масъалаҳои ҳамкорӣ ба манфиати мардумони кишварҳои аъзо махсус таъкид карданд. Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ду киш-
вар дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ намуданд. Барои идомаи муколамаи сатҳи олӣ оид ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, инчунин зарурати таъмиқи ҳамкорӣ дар
соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманд изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. www.president.tj
Иштироки Футбол ба тими Мурғоб дар ифтихори Ҷашни III - юмин Бозиҳои Истиқлолият кӯчманчиёни ҷаҳон ВМКБ
Дастаи мунтахаби Мурғоби ВМКБ - и Тоҷикистон аз намуди бозии миллии Ордо барои ширкат варзидан дар III -юмин Бозиҳои кӯчманчиёни ҷаҳон ба шаҳри Чолпон Атаи Қирғизистон сафарбар шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев иттилоъ дода гуфт, ки дастаи Мурғоб аллакай ба шаҳри мазкур расида, бо дигар дастаҳо аз кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Озорбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва ғайра қувваозмоӣ мекунад.
Ба ифтихори 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва баҳри дарёфти Ҷоми раиси ноҳияи Рӯшон аз рӯи намуди футбол 15 дастаи ноҳия бо ҳам рақобат карданд. Дар даври нимниҳоӣ тими “Вамар -1” бар “Дерзуд” бо ҳисоби 5:1 ва дастаи “Вамар - 2” бошад “Барӯшон” - ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Даври ниҳоӣ байни тимҳои “Вамар -1” ва “Вамар - 2” мусовӣ 1:1 анҷом ёфт. Аммо аз рӯи зарбаҳои ёздаҳметра “Вамар -1” дастаи рақибро бо ҳисоби 4:3 мағлуб намуда, ҷойи аввал ва ҷомро ба даст овард. Ғолибонро Шуҳрат Алиев, корманди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва раҳбарияти ноҳия бо медал, ифтихорнома ва мукофотҳо сарафроз гардонданд.
Россия, ҷониби Россия дар соли хониши 2018 – 2019 26 омӯзгори фанҳои гуногунро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон кард. Соли хониши 2017-2018 аз ин мамлакат 29 омӯзгор ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ки аз ин шумора 8 нафарашон ба Федератсияи Русия баргашта, 21 нафар дубора корашонро идома медиҳанд. Дар соли хониши нав 51 нафар омӯзгори рус дар макотиби Тоҷикистон дарс хоҳанд
гуфт. Ба иттилои масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони рус ба муассисаҳои таълимии тамоми минтақаҳо тибқи талаботи онҳо сафарбар карда мешаванд ва маоши онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мувофиқати ду кишвар пардохт карда, бахши иловагии маблағҳоро Вазорати маорифи Русия пардохт мекунад.
Ҷамъбасти Библиомарафон 4 сентябр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ” ҷамъбаст гардид. Озмун ба таҷлили Рӯзи китоб, ки ҳамасола санаи 4 сентябр таҷлил мешавад, бахшида шуда, миёни муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сурат гирифт. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз созмондиҳандагони асосии ин озмун ба
ҳисоб меравад, мақсади баргузории онро дар ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар миёни онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим маънидод намуд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
ШНТМ
Файзобод: Тайёрӣ ба ҷашн
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ - 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ ва созандагӣ вусъати тоза касб кардаанд. Дар ноҳияи Файзобод низ дар ин самт корҳои ободониву тозагӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, варзишгоҳи ноҳия, ки макони
баргузории ҳама гуна чорабиниҳост, бо саъю кӯшиши ҷавонони маҳаллӣ ва варзишгарон тармим ва навсозӣ мегардад. Ҳамчунин, кӯчаҳои маркази ноҳия ва гирду атрофи биноҳои маъмурию истиқоматӣ тоза карда мешаванд. “ҶТ”
Баргузории мусобиқаи футбол Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Дар мусобиқа футболбо-
Конференсия: “Занон ва Истиқлолият”
ХАТЛОН
Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони “Занон ва Истиқлолият” баргузор гардид. Хидирзода Махфират Умар, муовини раиси вилояти Хатлон,
ба кори конференсияи илмӣ оғоз бахшида, доир ба болоравии мақоми занон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуданд. Сипас, Амиршоева Саодат, аввалин генералзани тоҷик, Абдусаломзода Анзурат, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи “Нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти
давлатӣ”, Маҳкамова Дилором - дотсент, номзади илмҳои филологии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Саҳми бонувони тоҷик дар рушди илм дар даврони Истиқлолият” баромад карданд. Дар конференсия 135 нафар занони фаъоли вилоят аз тамоми ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Ташрифи омӯзгорони рус Як зумра омӯзгорони фанҳои гуногун аз Федератсияи Русия ба пойтахти Тоҷикистон барои дарсдиҳӣ дар соли хониши 2018-2019 омаданд, ки эшонро дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Федератсияи Русия пешвоз гирифтанд. Тибқи шартномаи байнидавлатии Тоҷикистону
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
зон байни ҳам қувваозмоӣ намуда, ғолибон бо медалу ифтихорномаҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ шуданд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
Данғара: Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба Рӯзи Истиқлолият Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи варзишӣ” мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд оғоз гардид. Мусобиқа бахшида ба 27 – солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он дастаҳои муассиса ва ташкилотҳои ноҳия байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Бино ба иттилои масъулин марҳилаи ниҳоии мусобиқа рӯзҳои 7-8-уми сентябр доир гардида, ғолибон бо ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
СУҒД
Гулистон: Истироҳати 70 кӯдаки маъюб дар осоишгоҳи “Шоҳин”
Аз ноҳияи Айнӣ 70 нафар кӯдаки маъюб, волидайни онҳо ва кормандони тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал муддати як ҳафта дар осоишгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар оғози лагери истироҳатӣ барои кӯдакони маъюб гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба некӯаҳволии шахсони маъюб пайваста таваҷҷӯҳи махсус медиҳанд. Тибқи барнома кӯдакони маъюб дар зарфи як ҳафтаи истироҳат дар лагер асосан ба машқҳои пагоҳирӯзӣ, расмкашӣ, ширешкорию гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, кулолгарӣ, оббозӣ, шеъру сурудхонӣ, рақс, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва ҳунарӣ машғул шуданд.
Ашт: Хонаи саломатӣ ба истифода дода мешавад Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бунёду сохтмони иншооти гуногун идома дорад. Аз ҷумла, дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон бунёди Хонаи саломатӣ ҷараён дошта, он бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳия бунёд шуда истодааст. Корҳои сохтмонии иншооти мазкур соли 2016 оғоз гардида, то имрӯз беш аз 43 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Хонаи саломатӣ дорои 4 ҳуҷра буда, дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
4 Идома аз шумораҳои гузашта. ОГОҲИИ ДИГАР Моҳи ноябри соли гузашта яке аз мудирони шабакаи Facebook Шон Паркер пушаймониашро аз ҳолати имрӯзаи шабакаи иҷтимоӣ иброз дошт. Ӯ гуфт, аз ин равише, ки ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ доранд ва инсонҳоро фаро гирифта истодаанд, сахт нигарон аст. “Намедонам, ки ҳоло касе ба дарки гуфтаҳои ман мерасад ё не. Лек медонам, ки вақте теъдоди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз миллиардҳо гузашта рӯз аз рӯз меафзояд, бегуфтугӯ, он ба муносибати байни афроди ҷамъият бетаъсир намемонад. Ва натиҷаҳое ба миён меоянд, ки касе хосторашон набуд ва нест. Хусусан, барои кӯдакон. Худо медонад, ки ба ташаккули майнаи сари кӯдакон чи гуна таъсир хоҳанд дошт ин шабакаҳо”,- менависад сомонаи www.gizmodo.com қавли Шон Паркерро. Тавре қаблан ҳам зикр карда будем, ҳар амале, ки бар зарари башарият аст, бадахлоқӣ ва зиштист ва ҳатман рӯзе ошкор мешаваду омилонашро расвову сарафканда хоҳад кард. Агар диққат дода бошем, амалҳои номатлубе, ки аз ҷониби роҳбарият ва тими кории Facebook анҷом шудаанд, боз ҳам аз тарафи худи кормандони ин шабакаи иҷтимоӣ ифшо гардиданд. Онҳое баромада парда аз болои ин бадкориҳо бардоштанд, ки худашон ҳам замоне саҳм доштанд... Паркер, корманди собиқи шабакаи Facebook, балки яке аз мудирони он, бар ин назар аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷамъият ҳалқаи дигареро сохта истодаанд. Ба гуфтаи ӯ ҷамъияте шакл гирифта истодааст, ки аз ҷомеаи маъмулӣ фарқ дошта, ҳама чиро дар олами маҷозӣ мебинад. Дақиқан моҳе пас аз эътирозу нигаронии Паркер корманди дигари Facebook Чамат Палиҳапития низ истеъфо дод ва ба шабакаи CNN чунин иброз дошт: “Гумон мекунам, мо ба кори барои ҷамъият зарарнок даст задем...” Шак нест, ки гуфтаҳои Палиҳапития як навъ дастгирӣ ва тақвият ба нигаронии Паркер буд. Ӯ зимни суҳбат ба CNN гуфтааст: “Воқеан, он ҳалқаи аз лиҳози давомият кӯтоҳумре, ки мо сохтем бешак бо дофамин амал мекунад ва табиист, ки ҷамъиятро ба порчаҳо ҷудо хоҳад кард. Не иттиҳоди иҷтимоӣ мемонад дигар, не ҳарфи умум... Балки танҳо маълумоти бардурӯғ ва беэътимодӣ. Ва ин танҳо ба ҷомеаи Амрико хос нест, ба рекламаву тарғиботи русӣ ҳам алоқаманд намебошад. Ин мушкили глобалист! Ба тамоми олам дахл дорад”. Палиҳапития меафзояд: “Ҳамаи мо кормандон медонистем, ки ба як амали барои ҷамъият харобиовар машғул шуда истодаем, вале чунон вонамуд мекардем, ки гӯё кори мо ба зарари инсонҳо нест. Дар асл медонистем, ки рафта-рафта рӯзе фаъолияти
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
МАВЗӮИ РӮЗ мо натиҷаҳои нохуш медиҳад... Ҳолати имрӯза (он бадкориҳое, ки аз тарафи Facebook ва Кембриҷ аналитикаву дигар шарикони ин гурӯҳ сурат гирифт) як навъ баёнгари ин гуфтаҳо шуда метавонад. Бо вуҷуди ин ман фикр дорам, ки вазъият аз он ки менамояд бадтар аст ва ба шакли муносибати ҳар як фарди ҷамъият таъсири худашро расонида истодааст. Мутаассифона, барои наҷот аз ин ягон роҳи ҳал ҳам надорам. Ягона он чи ки медонам ин аст, ки аз ҳамааш даст бояд кашид. Ман дигар солҳост, ки ин шабакаҳоро истифода намебарам”.
онро дорад, ки агар инсонҳо дастоварду пешрафтҳои муосирро дарк накарда, ба он бетаваҷҷуҳӣ намоянд, қафо мемонанд. Қафомонда ҳама вақт дастнигар аст. Қафо мондан маънои аз ҷониби дигарон истифода шуданро дорад. Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки аз дастовардҳои замон огоҳ бошем, истифодаи онҳоро донем, ҳамзамон муҳим аст, ки хубу бад – муфид ё музир – будани онҳоро дарк намоем. Ҳоло мо мехоҳем ё не, аср асри рушди технология, хоса технологияи рақамӣ ва босуръат паҳну тавсеа ёфтани маълумот аст. Равандест,
олами Ғарб доир ба шабакаи иҷтимоии Facebook нишон дод, ки роҳбарони ин шабака мисли ҳамон ҷинояткор аз корд истифода бурдаанд. Аз маълумоти инсонҳо, ки бовар карда, балки хушбоварӣ нишон дода дар саҳифаашон ба Facebook нашр кардаанд, сӯиистифода кардаанд. Истифодабарандагони Facebook, албатта, ҳам қурбонианд дар ин маврид, ҳам айбдор. Айбдор ба он маъно, ки ба дасти худ тамоми маҳрамияташонро ба намоиш гузоштаанд. Ин бошад ба соҳибони шабакаҳои иҷтимоӣ ва шариконашон имкон дод, ки аз он маълумот
Бо фейсбук ба куҷо равонаем?
Ба қавли корманди собиқи Facebook - Палиҳапития истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, алалхусус Facebook бехабар барномарезӣ шуда истодаанд. “Ман барномарезӣ шудан намехоҳам бинобар ин аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ даст кашидам... Шумо хабар надоред, лекин тамоми ҳаракати шумо дар Facebook барномарезӣ мешавад. Дар аввал ин кор чандон маъмул набуд, ҳоло дониста ва хоста ҳар як амали истифодабарандагон идора ва сӯиистифода мешавад...” – изҳор доштааст вай. Албатта, даст кашидан аз шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеъ ва тасмими фардии ҳар нафар аст. Ин ки кормандони собиқи Facebook аз он рӯ гардониданд, маънои онро дошта метавонад, ки эшон аз хатари мавҷуда беҳтар огоҳӣ доранд. Чаро ки дар дохили “бало” қарор доштанд. Зимнан, тамоман огоҳӣ надоштан аз дастовардҳои муосир ҳам чандон хуб нест. Ба ҳар сурат бояд огоҳ буд, вале эҳтиёткориро аз даст надод. Бо меъёр ва дуруст истифода бурданро ҳамеша дар мадди назар бояд дошт... ЧӢ БОЯД КАРД? Мегӯянд, ҳар қавму миллате, ки аз асри худ қафо мемонад, ба нобудӣ маҳкум аст! Ин маънои
ки аз он қафо мондан даркор нест, худро канор гирифтан ҳам ҳеҷ зарурат надорад. Баръакс, кӯшиш бояд кард, ки дастовардҳои замонаро ба худ, ба менталитету суннатҳои милливу фарҳангии худ мутобиқ гардонд. Аз шабакаҳои иттилоотӣ бояд дар ҳама сатҳу соҳа самаранок истифода бурд. Ҳеҷ ҷои шак нест, ки шабакаҳои иҷтимоӣ як майдони васеанд, дар он ҳарфи хуб ҳам коридан мумкин сухани бад ҳам. Як нафарро таҳқиру беобрӯ кардан ҳам осон, ба авҷи аъло бароварда тавсиф намудан ҳам шояд. Вале аз ҳама муҳим шабакаҳои иҷтимоӣ, умуман худи олами интернет, агар дақиқ нигоҳ кунем, як неъмати бузургест, ки метавон ҳамвора ба нафъ ва барои пешрафт истифода бурд. Боре гуфта будем, ки он (интернет ва имкониятҳои дигари маҷозӣ) монанди корд аст: агар ба дасти ҷинояткор афтад, мумкин аст, ки ба чандин нафар зарар расонад, ҳатто боиси ҳалокати инсонҳо гардад. Лек бо корд ҳамзамон амалҳои дигари муфид ҳам анҷом додан мумкин: Агар ба дасти як устои гулдаст афтад бо истифодаи он аз чӯб шояд беҳтарин чизҳоро омода созад. Яъне ҳам мешавад барои санъат, ҳунар ва зебоӣ ба кор бурд, ҳам мешавад ба зарари ҷони инсонҳо. Зимнан, рӯйдодҳои охири
сӯиистифода кунанд... Дар ин сурат чи бояд кард? Аз шабакаҳо даст кашид? Ба назари мо шарт нест. Зеро дар ин сурат хоҳ-нохоҳ аз ҷараёни рӯйдодҳо бехабар мемонем. Танҳо бояд боэҳтиёт муносибат кард. Зарур нест, тамоми ҳаракату амалҳои ҳаррӯзаамонро аксу навор гирифта ба Facebook гузорем. Бисёр агар шавқманд бошем як ё ду акс кифоя аст. Зеро ҳар қадар маълумоти бештар ҷой кардем, ҳамон андоза хавфи истифода шудани мо аз тарафи бадхоҳон бештар мегардад. Ва ё ҳар қадар бештар ба матну навору аксҳо “like” гузоштем, ҳамон қадар бадхоҳонамон моро беҳтар мешиносанд... Аз ин лиҳоз бояд ҳушмандона, оқилона ва боидрок амал кард. Ҳар амали мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд огоҳона сурат бигирад. Вагарна метавонад ба зарари худи мо тамом шавад. Ба ибораи дигар, бояд пеш аз он ки ба Facebook ва ҳар шабакаи дигари иҷтимоӣ медароем, бидонем, ки ба куҷо даромаданӣ ҳастем ва мақсади мо аз ин чист: завқ бурдан, ягон навгонии ҳаётамонро ба дигарон ҳисса кардан ва ё маълумоти нави дар лента дарҷёфтаро хондан... Иловатан, бояд ёдовар шуд, ки “манипулятсия”-ву сӯиистифода шудани истифодабарандагони Facebook танҳо дар Ғарб сурат
гирифтааст. Ё ҳадди ақал танҳо ҳамин қисматаш ифшо шудааст. Лек ин маънои онро надорад, ки минтақаи Осиё Марказӣ аз ин хатар эмин аст. Ба ёд биёрем, ки барои таъсир расондан ба равандаи маъракаи Брексит ё ба интихоботи президентии ИМА нафароне пайдо шуданд, ки маблағҳои ҳангуфтро дареғ надоштанд... Барои кишвари мо хатарҳои дигар дошта метавонад. Хусусан, дар ҳамин шабу рӯзе, ки садҳо нафар бадхоҳони Тоҷикистон аз минтақҳои дигар истода санг меандозанду бадгӯиҳо мекунанд. Ва дар ҳоле, ки ин бадхоҳон сарпа-
Ҳар қавму миллате, ки аз асри худ қафо мемонад, ба нобудӣ маҳкум аст! Агар инсонҳо дастоварду пешрафтҳои муосирро дарк накарда, ба он бетаваҷҷуҳӣ намоянд, қафо мемонанд. Қафомонда бошад, ҳама вақт дастнигар аст ва аз ҷониби дигарон истифода мегардад. расту маблағгузор доранд ва ҳар як амали онҳо бо эҳтимоли зиёд ҳақмузд дорад. Ниҳояти калом ҳамин ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ тавре истифода барем, ки ба “робот” табдил наёбем. Яъне набояд куҷо рафтану чи кор кардан ва киро тарҷеҳ додану кадом тасмиро гирифтани моро шабакаҳои иҷтимоӣ муайян кунанд. Бояд ҳушёр буд, вагарна шабакаҳои иҷтимоӣ қодиранд, ки ритми зиндагии моро дигар кунанд. Чунон ки Палиҳапития гуфтааст, набояд имкон дод, то барномарезӣ шавем! Манбаъҳои истифодашуда: Bloomberg, Deutsche Welle, The Guardian, The New York Times, www.bbc.co.uk, www.businessinsider.com, www.cbsnews.com, www.discovermyprofile.com, www.gizmodo.com www.michalkosinski.com, www.nytimes.com, www.propublica.org, www.snob.ru, www.technologyreview.com, www.unian.net, ru.wikipedia.org/wiki/ Cambridge_Analytica, en.wikipedia.org/wiki/ Aleksandr_Kogan М. УСМОН, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018 Варзиш, ки яке аз соҳаҳои муаррификунандаи ватану миллат мебошад, Ҳукумати кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати пешрафти он пайваста ҷаҳд дорад. Варзишгарони тоҷик ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати кишвар талош намуда, бо нангу номуси тоҷикона нахустин маротиба соли 1994 дар Бозиҳои XII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон баргузор гардид, ширкат карданд. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа бо гирифтани 2 медали биринҷӣ номи мунтахаби Тоҷикистонро ба рӯйхати 32-юм бароварданд, ки ин аввалин қадамҳои варзишгарони кишвар ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ буд. То ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ варзишгарони тоҷик барои роҳхат гирифтан ба мусобиқаҳои байналмилалӣ имтиҳонҳои зиёдро пушти сар менамуданд. Онҳоро зарур буд, ки барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо варзишгарони 15 давлати Иттиҳоди Шӯравӣ вориди майдон шаванду роҳхат ба даст оранд. Хушбахтона, Истиқлолият сабаб шуду ин мушкили варзишгарони тоҷик роҳи ҳалли худро ёфт. Акнун варзишгарони тоҷикро зарур аст, танҳо дар мусобиқаи чумҳуриявӣ ғолиб баромада, роҳхати бозиҳои байналмилалиро соҳиб гарданд. Олимпиадаи тобистона, ки яке аз қуллаи баландтарин барои варзишгарон дониста мешавад, бо шарофати Истиқлолият варзишгарони мо шуруъ аз соли 1996 то имрӯз дар ин мусобиқаи сатҳи баланд иштирок мекунанд. Варзишгарони мо давоми соҳибистиқлолӣ 4 медали бозиҳои олимпиро (1 тилло, 1 нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ин дастовард дар муқоиса ба давлатҳои варзишаш рӯ ба инкишоф натиҷаи хуб арзёбӣ мегардад. Бо дастгириву таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо маром инкишоф ёфта, дар ин давра як қатор федератсияҳои варзишӣ аз нав барқарор гардида, федератсияҳои дигар таъсис ёфт. Пеш аз истиқлолият яке аз мушкилоти варзишгарон ин набудани комплекс ва толорҳои варзишии замонавӣ ба ҳисоб мерафт. Роҳбарияти кишвар ин масъаларо ба хубӣ дарк намуда, дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута дар як муддати кӯтоҳ барои номбардорони миллати тоҷик шароитҳои хуби варзишиву имкониятҳои фаровон муҳайё намуданд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар кишвар 9317 иншоотҳои гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 122 варзишгоҳ, 6619 майдончаи варзишӣ, 1702 толорҳои варзишӣ, 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 788 маҷмааҳо новобаста аз шакли моликияташон фаъолият доранд. Барои ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш дар кишвар 140 мактабҳои варзишӣ, аз ҷумла 4 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази омода кардани дастаҳои мунтахаб, 1 Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 96 муассисаи (мактабҳои) варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 мактабҳои вар-
ВАРЗИШ
5
Рушди варзиш дар 27 соли соҳибистиқлолӣ зишии тобеъ ба иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” фаъолият доранд. Дар ин мактабҳо 4130 гурӯҳҳо бо фарогирии 47654 машқварзони наврасу ҷавон фаро гирифта шудааст. РУШДИ ТЕННИС ДАР КИШВАР Баъди барқарор ва бунёд намудани комплексу иншооти муосиру замонавии варзишӣ Ҳукумати кишвар дар ин соҳа диққати ҷиддиро баҳри баланд бардоштани ин навъи варзиш дар кишвар равона сохт. Аз ҷумла, баҳри рушд ёфтани теннис дар кишвар бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” оид ба теннис миёни наврасон ташкил гардида, ҳамасола рӯзҳои 20-27 август варзишгарони сайёраро ба шаҳри Душанбе меорад. Мусобиқаи мазкур имсол маротибаи нуҳум баргузор шуда, теннисбозони тоҷик ин ҷомро бори ҳафтум соҳиб шуданд. Дар даврони Истиқлолият Ҳукумати кишвар ба ин намуди варзиши олимпӣ таваҷҷӯҳи хосса дошта, баҳри рушд ёфтани теннис дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ бунёд намуда истодааст. Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ буда, аз ҷумла дар он ҳафт майдони омӯзишии теннис, ҳар яке дорои 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст, мавҷуд аст. ТАБАДДУЛОТ ДАР СОҲАИ ВАРЗИШ Дар даврони соҳибистиқлолӣ варзиши кишвар ду марҳиларо паси сар намуд. Марҳилаи аввал аз давраи бадастории истиқлолияти кишвар то соли 2010 ва марҳилаи дуюм аз соли 2010 то имрӯз. Дар давраи аввал таваҷҷӯҳи роҳбарияти кишвар ва сохторҳои марбута ба бунёди муассисаҳову ташкил намудани федератсияҳо бошад, дар марҳилаи дуюм муаррифӣ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ва парафшон намудани парчами кишвар ба ҳисоб меравад. Аз оғози марҳилаи дуюм, яъне пас аз мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони мамлакат (20.12.2010) дар ин соҳа таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омад. Зеро дар мулоқот тамоми паҳлӯҳои соҳаи варзиш аз тарафи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлил карда шуд. Пас аз ин мулоқот ҳар як варзишгар амиқан дарк намуд, ки соҳаи варзиш аз мадди назари Ҳукумати кишвар дур нест ва варзишгари тоҷик бо камтарин дастовардаш назди Сарвари давлат ва миллати худ қадр дорад. Ин суҳбати самимонаи Пешвои миллат бар дӯши варзишгарон масъ-
улияти бузург вогузор кард. Акнун иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба маротиб зиёд гардида, дар як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ аз чемпионатҳои ҷаҳону Осиё то бозиҳои осиёиву олимпӣ миллату давлати азизи хешро байни дигар халқиятҳо муаррифӣ намуда, дар таърихи варзиши тоҷик саҳифаи наверо боз кардаанд. Аз он ҷумла Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-Де-Жанейрои Бразилия, Расул Боқиев, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, Мавзуна Чориева, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба бокс, Беҳрӯз Хоҷазода, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо, Комроншоҳи Устопириён, чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Шаҳриёр Даминов, чемпиони Осиё оид ба қаиқронӣ ва дигарон тамоми маҳорату малакаи варзишиашонро истифода намуда, Парчами Тоҷикистонро дар зинаҳои фахрии мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ баланд бардошта, номи худро дар саҳифаи таърихи варзиш ҳаккокӣ намуданд. Сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, алалхусус ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам намуд, ки соҳаи варзиш инкишоф ёфта, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёд гардад. Баҳри ҳавасманд намудани варзишгарони бомаҳорати кишвар соли 2015 “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ” таъсис дода шуд, ки то имрӯз се маротиба бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 нафар варзишгарон бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шудаанд. ФУТБОЛ ОММАВӢ МЕГАРДАД Дар давраи Истиқлолият Ҳукумати кишвар футболро яке аз омили муттаҳидкунандаи миллату давлат дониста, барои рушд ёфтани ин намуди варзиш таваҷҷӯҳи хоса намуд ва аз соли 2012 инҷониб як қатор иқдомҳои ҷадид роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2012 марҳилаи нави футбол оғоз ёфт. Дар ин давра барномаи давлатии рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016 қабул гардида, инчунин, варзишгоҳҳои замонавӣ бунёд гаштанд. Дар баробари ин, Фонди рушди футбол, лигаҳои миллӣ ва кӯдакону наврасон, Лигаи касбии футзал, Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфт. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри тарғиби ҳаёти солим, соли 2014-ро соли оммавияти футбол дар кишвар эълон намуд. Ин иқдоми бузург дар
баробари инкишоф ёфтани варзиш дар ҷумҳурӣ Тоҷикистонро миёни ҷаҳониён ҳамчун давлати варзишпарвар муаррифӣ намуд. Дар худи ҳамон сол Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе таъмир шуда, ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ гардид. Баъди роҳандозӣ гардидани ин иқдом собиқ Президенти ФИФА Ёзеф Блаттер баҳри дидан намудан аз ин кишвари ҷавону варзишдӯст ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин давра бозии футбол бо таври хоса инкишоф намуд. Дастаи лигаи олии кишвар тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе тавонист дар се сол 2015-2017 ду маротиба ба финали бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳ ёбад. Новобаста аз ноком гардидани дастаи миллии кишвар дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё2019, дастаи наврасон ва ҷавонони кишвар ба даври финалии Ҷоми Осиё-2020 роҳ ёфт. Соли 2018 аввалин мусобиқаи лигаи бонувони кишвар ташкил гардида, тими мунтахаби занонаи кишвар ба бозиҳои тобистонаи Осиё-2018 роҳ ёфт. Дар пеш дастаҳои яккачини духтарони 16 ва 19-солаи Тоҷикистонро марҳилаи интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019 интизор аст. Ва инчунин моҳи ноябри соли ҷорӣ даври аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио - 2020 дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои мунтахаби футболи занона барпо мегардад. Ин марҳилаи гурӯҳӣ дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифта, тими бонувони тоҷик бо дастаҳои Чин, Филиппин, Сингапур ва Муғулистон рақобат менамоянд. Ҳарчанд то ҳол тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол натиҷаи дилхоҳро ба даст наоварда бошад ҳам, аммо роҳбарияти федератсияи футболи кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ, баҳри ҷавобгӯ намудани футболи кишвар ба талаботи ФИФА ва КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.
БОЗИҲОИ МИЛЛӢ ЭҲЁГАРИ ТАЪРИХ
Ҳукумати кишвар аз соли 2017 бо мақсади эҳё, рушд ва амалии бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас, ҳамасола баргузории фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ) дар остонаи таҷлили иди байналмилалии Наврӯз (марҳилаи якум), Ваҳдати миллӣ (марҳилаи дуюм) ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ
(марҳилаи сеюм) роҳандозӣ намуд. Баҳри оммавӣ гардидани варзиш дар кишвар соли 2017 дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе беш аз 75 майдончаи муосири варзишӣ ва бозии кӯдакона сохта ба истифода дода шудаанд. Ва ин иқдом то ҳол амалӣ шуда истода, дар соли 2018 бошад, дар назар аст, ки боз 95 адад майдончаҳои варзишӣ, гулгашт ва мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ барои сокинони шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шавад. АЗ ХИРОСИМА ТО ҶАКАРТА Бозиҳои тобистонаи осиёӣ барои варзишгарон яке аз мусобиқаҳои бузург ба ҳисоб рафта, аз замони таъсисёбӣ то имрӯз тӯли чор сол як маротиба баргузор мешавад. Нахустин маротиба соли 1951 мусобиқаи мазкур дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор шудааст. Варзишгарони тоҷик аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз дар Бозиҳои тобистонаи Осиё маротибаи ҳафтум ширкат намуданд. Ва дар ин мусобиқаи бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон 28 медал (4 тилло, 7 нуқра ва 17 биринҷӣ)-ро соҳиб гардидааст. Аз он ҷумла, варзишгарони кишвар дар бозиҳои тобистонаи Осиё2018, ки аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Ҷумҳурии Индонезия баргузор шуд, дар миёни 45 давлати қитъаи Осиё бо 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ) аз рӯи сифати медалҳо дар ҷои 30-юм, аз рӯи шумораи медалҳо дар ҷои 23юм мавқеъ гирифт. Медалҳои нуқраро ба хазинаи варзиши кишвар Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Шаҳриёр Даминов (қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, С-1 1000 метр), Беҳрӯз Хоҷазода (кураш, 81 кг), Умед Ҳасанбеков (самбо, 90 кг) ва медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён (дзюдо ва самбо, 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (дзюдо, 100 кг) ворид карданд. Новобаста аз ин дастовардҳо Ҳукумати кишвар алалхусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш ва варзишгарон тавваҷҷӯҳи хосса дошта, сол то сол барои варзишгарон ва мактабҳои варзишӣ имкониятҳои фарох ва шароитҳои муосир фароҳам оварда истодааст. Иқдомҳое, ки дар 27 соли истиқлолият дар соҳаи варзиш аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба роҳ монда шуд, дар солҳои наздик ба пурраги амалӣ гардида, варзишгарон боз ҳам бештар Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, Парчами кишварро дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ парафшон хоҳанд кард.
Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
6
ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ
Истиқлолият аз зумраи ҷашнҳоест, ки барои мо мардуми сарбаланди миллати тоҷик озодию ҳамдигарфаҳмӣ, ҳаёти осоишта ва муҳимтар аз ҳама зиндагии шоистаро ҳадя намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз мо ҳама сокинони ин сарзамини биҳиштосо дар фазои сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти комил умр ба сар мебарему кору фаъолият менамоем. Дар баробари дигар муқаддасот истиқлолият низ яке аз арзишҳои воло мебошад. Истиқлолияти ҷумҳурии мо имсол 27-сола гардида, он дар ин муддати начандон дарози таърихӣ кишвари моро тавонист, ки дар миёни дигар мамлакатҳои рӯи олам муаррифӣ намояд. Бо пайки ин неъмати бузург, яъне истиқлолияти давлатӣ нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ, осоиштагиву абадият ва сулҳу ваҳдат ба диёри азизи мо-Тоҷикистон омада, ин ҳама моро водор месозад, то баҳри пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монему дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Истиқлолияти давлатӣ пеш аз ҳама дар ҳаёти ҷавонон нақши бениҳоят муассир гузошт. Зеро бо ба даст омадани ин неъмати бебаҳо тамоми шароиту имконоти мусоид ҷиҳати илмомӯзии ҷавонон муҳайё гардида, баҳри соҳибдонишу соҳибкасб гардидани ин қишри ояндадори ҷомеа мактабҳои наву замонавӣ, литсейю гимназия ва донишгоҳу донишкадаҳои олӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бениҳоят хушоянд аст, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар зери сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ояндадори ҷомеа – ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, ҷиҳати рушди нерӯи зеҳнӣ ва муайян гардидани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Далели ин гуфтаҳо ҷиҳати рушду инкишоф ёфтани насли ҷавони мамлакат ин қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13 марти соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 “Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон”
Истиқлолият – роҳкушои ҷавонон ва дар ин замина таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 1999-2000, Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003”, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъсиси квотаи Президентӣ, таъсиси стипендияи Президентӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣтехникӣ, 23 май эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар ниҳоят эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” мебошанд. Имрӯз ҷавонони мо дар тамоми соҳаҳои муҳим дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа бо дасту дили гарм пайи кору пайкоранд ва содиқонаву софдилона фаъолият бурда истодаанд. Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои ваҳдату истиқлолият бо боварии комил ба сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранду роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои накӯ, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишварро маҳз дар омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун медонанд. Ҳамин аст, ки имрӯз наврасону ҷавонони мо бо аз бар намудани донишҳои муосир дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, ба ҷаҳониён исбот месозанд, ки ҷавонони тоҷик низ баробари ҷавонони сайёра дар самти донишу илмомӯзӣ ҳамнабз буда, дар ин самт низ дорои комёбиҳои гуногун мебошанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ширкати хонандагони ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бештар гардида, дастовардҳо низ дар ин самт чашмрасанд. Агар дар соли 2016 хонандагони тоҷик аз
олимпиадаҳои байналмилалӣ 133 медал – 21 тилло, 33 нуқра ва 79 биринҷӣ ба даст оварда бошанд, пас дар соли 2017, ки соли хубу бобарор унвон мешавад, хонандагони тоҷик дар 26 олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, 165 медал, аз ҷумла, 34 тилло, 57 нуқра ва 74 биринҷӣ ба даст оварда, парчами Меҳанро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд, ки нисбат ба соли 2016 – 32 медал зиёд мебошад. Ҳамин дастоварди хонандагони тоҷик бозгӯи он аст, ки онҳо ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Роҳбарияти олии кишвар сидқан илм меомӯзанду номбардори миллати хеш мебошанд. Дар воқеъ Истиқлолият аст, ки имрӯз ҷавонон дар ҳама самт комёбанду муваффақ. Боиси хушҳолист, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, илм, маориф, иқтисодиёт, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳо ҷавонон бо муҳаббат машғули фаъолиятанд. Дар самти илму ихтироот ҷавонони шавқманд хеле зиёданд. Имрӯз онҳо чун дигар ҷавонони ҳамнабзи сайёра навоварӣ менамоянду худро ҳамқадами аср, ки асри илму техника аст, меҳисобанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҷавонон ба илм таваҷҷӯҳи беандоза доранду бо боварӣ метавон гуфт, ки ояндаи илми кишвар умедбахш аст. Имрӯз ҷавонони ихтироъкор дар кишвар фаъолияти назаррас дошта, онҳо бо навовариҳои хеш дар олами илму техника навгониҳои хуберо ворид сохтаанд. Ҷавонони навовар имрӯз дар соҳаи тиб тарзу усулҳои гуногуни табобат, ҷарроҳӣ ва маводҳои дорувориро кашф сохта, инчунин дар соҳаи технология идеяҳои нави хешро дар амал татбиқ намудаанд, ки намунаҳои он ин ихтирооти “Мини – Экскаватор”, “Пойафзоли роҳнамо”, “Аробачаи маъюбӣ”, “Мавҷхомӯшкунаки телефонӣ”, “Робот” ва “Култиватор – нуриандозу молакунандаи хок” мебошад, ки ин ҳама боиси хуш-
нудист. Бино ба иттилои Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” –и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ айни ҳол шумораи умумии ихтироъкорони ҷавон (аз 21 то 30-сола) то санаи 3 сентябри соли 2018 – 92 нафар буда, онҳо ба ихтироъкорӣ машғул мебошанд. Ба шарофати истиқлолият имрӯз ҷавонон, ки қишри созандаву ояндаи кишваранд, бо таваҷҷӯҳ ба раванди рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба фаъолият машғул буда, дар риштаи илм низ ба дастовардҳои хубе ноил гардида истодаанд. Яке аз механизмҳое, ки имрӯз ҷавонони соҳибилмро гирди ҳам овардааст, ин дар фазои илмии кишвар фаъолият намудани Шӯрои олимони ҷавони ҷумҳурӣ (ШОҶ) ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, аниқтараш соли 2015, низомномаи Шӯрои олимони ҷавон аз нав қабул шуд, ки дорои 18 бюро буда, айни ҳол 200 нафар олимону муҳаққиқони ҷавон аъзои он мебошанд. Ба таъкиди мутахассисон дар солҳои соҳибистиқлолӣ фаъолияти олимони ҷавон дар ҳайати он шӯроҳои дифое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, пурсамар гардид. Агар аз лиҳози оморӣ нигоҳ намоем, аксарияти он нафароне, ки дар он ҷо дифоъ менамоянд, ҷавононанд, ки ин яке аз дастовардҳои хуби олимони ҷавон ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин барои олимони ҷавон ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” ташкил ёфтааст, ки ҳамаи ин маҳз барои он аст, то олимони ҷавон боз ҳам ҷиддитару самимитар ба корҳои илмӣ машғул шаванд. Ин ҳама аз он дарак медиҳад, ки сатҳу сифати корҳои илмӣ – тадқиқотии ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ миқдоран ва сифатан хуб гардида, онро метавон бо шарофати дастгирии давлату Ҳукумати кишвар, Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории Ваҳдати миллӣ номид. Воқеан, истиқлолият чун
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018 нерӯест, ки ҷавононро баҳри амалӣ намудани нақшаву ҳадафҳои накӯяшон таҳрик медиҳад, орзуҳои якояки моро месабзонаду қалбҳоро ба фардои зебои зиндагӣ умедвор мегардонад. Имрӯз ҷавонон истиқлолиятро омили ба вуҷуд омадани саҳифаҳои нави комёбӣ дар ҳама самтҳо медонанд. Ба таъкиди Беҳрӯзи Одина, аълочии Кумитаи телевизион ва радио, “Дар зарфи 27 соли соҳибистиқлолӣ дар сарнавишти таърихии миллати тоҷик рӯйдодҳои наву тозаи саршор аз комёбиву муваффақият ба амал омаданд. Дар ҷаҳони муосир пайваста падидаҳои наве ба миён меоянд, ки аз марҳалаҳои қаблии таърих ба куллӣ фарқ менамоянд. Бештари онҳо дар асоси заминаву равандҳои ҷаҳонишавии муносибату арзишҳо ба амал меоянд. Аз ин рӯ, дар чунин вазъияту шароит ҳифз ва нигаҳдошти арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Боиси шукргузорӣ ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама душвориҳо паси сар шуда, давлат орому миллат дилшод гардид. Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакор будани миллат имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд. Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд ва ман барои таваҷҷӯҳи хосса доштан ва пайваста дастгирӣ намудани ҷавонон миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам. Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик, Ба парвози навин шаҳболи тоҷик. Гар истиқлолаш истиқбол дорад, Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик”. Дар ҳақиқат, имрӯз истиқлолият чун офтоби тобоне самои зиндагии моро нуру зиё мебахшаду ба мо зиндагии шоистаро ҳадя месозад. Ҳамин ҳикмати нерӯбахшандаи ин неъмати бебаҳо буд, ки пеш аз ҳама барои қишри ояндадори ҷомеа – ҷавонон дар зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат кулли имконоти зарурӣ фароҳам гардид, то ҷавонон омӯзанду соҳибдониш гарданд ва дар рушду нумӯи минбаъдаи кишвар саҳмгузор бошанд. Пас, вазифаи якояки мо ҷавонон, дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ин аст, то ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумату давлат илм омӯзему дар ҳифзу таҳкими истиқлолият, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар саҳмгузор ва муаррифгари ин сарзамин дар арсаи ҷаҳон бошем. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
“Ман тариқи квотаи Президентӣ соли 2011 ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дохил шудам. Баъди ду соли таҳсил, дар доираи шароитҳои муҳаёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ба шаҳри Брянск барои идомаи таҳсил рафтам. Дар он ҷо тӯли чор соли дигар таҳсил кардам. Ба маънии аслии Истиқлолият низ замоне сарфаҳм рафтам ва онро дуруст дарк намудам, ки таҳсилро берун аз кишвар ба роҳ мондам. Соли 2015, ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Брянски Федератсияи Русия аввалин маротиба Наврӯзи байналмилалиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтем. Расму русум ва шаҳомати ин ҷашни бузурги ниёгон аст, ки дар он ҷо ба ҷуз тоҷикони дар Русия таҳсилдошта, дигар миллатҳо низ моро ҳамроҳӣ мекарданд. Соли 2015 моро чун намояндагони Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Брянск ба Фестивали байналмилалӣ ба шаҳри Нюрнберги давлати Олмон бурданд. Он ҷо мо бо нишон додани расму оинҳои худ, рақсу сурудҳои тоҷикӣ давлатамонро муаррифӣ намудем. Ҳамчунин, дар ҳамин сол ба шаҳри Парижи давлати Фаронса сафар намудем. Дар он ҷо ҳам бо шеъру сурудҳои тоҷикӣ, рақсу либосҳои миллӣ Ватани азизамонро намояндагӣ намудем. Дар ҳама ҷое, ки будему рафтем, моро ба унвони шаҳрвандони Тоҷикистон истиқбол гирифтанд ва аз мо тоҷикистонӣ ном мебурданд. Вақте дар як гӯшаи дури дунё туро бо номи давлатат мешиносанду аз туву давлатат ном мебаранд, он гоҳ дарк мекунӣ, ки Истиқлолият чист ва чаро онро неъмати бузург медонанд,”- мегӯяд Бахтовари Диловар, донишҷӯи ғоибонаи риштаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Брянски Федератсияи Русия. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти кишвар таваҷҷӯҳи асосиро ба қишри ояндасоз – ҷавонон равона намуданд. Мо дастгириву ғамхории Сарвари давлатро нисбати ҷавонон сари ҳар қадам метавонем мушоҳида намоем. Дар ҳама ҷашну чорабиниҳо Президенти муҳтарами мо нисбат ба ҷавонон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва дар баромадҳояшон қайд мекунанд, ки “ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст”. Дар тамоми даврони Истиқлолият дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ғамхории бевоситаи Пешвои миллат ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус равона гардида, дар ин росто имконият фароҳам оварда шуд, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон санадҳои зиёди байналмилалӣ оиди таҳсили онҳо дар хориҷи кишвар ба имзо расонида шуд. Ин ғамхориҳо ва сиёсати дарҳои кушоди кишвар барои ҳар як ҷавон имконият фароҳам овард,
ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ ки ба донишкадаву донишгоҳи давлатҳои хориҷа озодона дохил шаванд ва такмили илму дониш кунанд. Дар ин росто Пешвои миллат барои ҳавасманд намудани ҷавонон ва бедор кардани ҳисси нангу номуси онҳо таъкид намудаанд, ки: “Ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда, эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем”. Имрӯзҳо монанди Бахтовар зиёда аз сӣ ҳазор ҷавонони тоҷик муҳассилини донишгоҳҳои хориҷи кишвар мебошанд. Ба ин теъдод расидани ҷавонони дар хориҷи кишвар
ҳар як фарди берун аз кишвар муаррифгар ва номбардори миллати хеш ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо барои муаррифии Ватани хеш ҷашну маросимҳои милливу ниёгонамонро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирем. Ва ҳар гоҳ, ки дар муаррифии Ватан саҳм мегузорем, фикр мекунам, заррае ҳам бошад, ба ғамхориҳои Ҳукумати кишвар баҳри ҷавонон, ҷавоб гардонидаам”, - гуфт Шаҳбоз Шакиров. Ба андешаи ӯ ҷавононе, ки дар давлатҳои дигар таҳсил мекунанд, дар баробари шинос шудан бо фарҳанг ва тамаддуни кишвари дигар, бояд ба хориҷиён расму оини бойи миллати тамаддунофари
мегардад. Маҳз дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ба омӯзиши яксолаи забономӯзӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар намудам. Имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ яке аз вазифаҳои асосии ҷавони даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Аз имкони фароҳамовардаи давлату Ҳукумат истифода намуда, имрӯз бо чанд забони хориҷӣ озодона суҳбат карда метавонам. Ин нуктаро ба хубӣ дарк мекунам, ки ҳамаи имкониятҳое, ки фароҳам оварда шудаанд, неъмати Истиқлоли комили мо ва натиҷаи татбиқи сиёсати бобарори Ҳукумати кишвар мебошанд”. Равшан Раҳимӣ, донишҷӯи кур-
таҳсилдошта, маҳз баъди ба даст овардани Истиқлолияти комил падид омад. Ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар агар дар соли 1994 теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тибқи бурсияҳои таҳсилӣ ба муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ фиристода шуданд, 59 нафарро ташкил диҳад, пас ин шумор дар соли 2018 ба 4993 адад расидааст. Ҷавонони дар хориҷ буда, бо шукргузорӣ аз шароити маҳайёгашта ва дастгириҳои ҳамаҷониба таҳсил намуда истодаанд. Шаҳбоз Шокиров, магистри соли дуюми Донишгоҳи миллӣтадқиқотии шаҳри Москави Федератсияи Русия дар робита ба мавзӯи мазкур чунин иброз дошт, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат ва ободии кишвари азизи хеш ба ҷавонони фаъоли кишвар имрӯзҳо муяссар мешавад, ки берун аз Ватан таҳсили илм намоянд. “Шукр аз он ки ба ман низ унвони донишҷӯӣ ва таҳсил дар хориҷи кишвар насиб гардидааст. Ин ҳама аз Истиқлолияти миллист. Зеро Тоҷикистони азиз барои мо - ҷавонон баҳри таҳсиламон дар кишварҳои хориҷ шароитҳои фаррох фароҳам овардааст. Бояд таъкид намуд, ки
тоҷикро низ нишон диҳанд. Ӯ гуфт: “Бояд ҳар як фарди тоҷикистонӣ фаромӯш насозад, ки ӯ муаррифгари миллат аст ва кӯшиш намояд, ки илму заковат, ростию ростқавлӣ, иззату ҳурмат, дӯстию бародарӣ, ки хоси фарҳанги миллии тоҷикон аст, ба дигарон нишон диҳад”. Саъдулло Юсупов, ҷавони дигари тоҷик низ бо истифода аз шароитҳои муҳайёгардида, баҳри аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар намуда, забондонии худро такмил додааст. Чуноне Саъдулло Юсупов изҳор дошт: “Истиқлолияти давлатӣ барои ҳамаи мо- ҷавонон беҳтарин имконияту шароитҳоро фароҳам овард. Стипендияҳои Президентӣ, квотаҳои Президентӣ, таъсиси мақоми салоҳиятдор дар самти кор бо ҷавонон - Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳамоварии шароити беҳтарин барои таҳсили бобарор, забономӯзӣ ва бунёду ба истифода додани муассисаҳои таълимии замонавӣ намунаи олии таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат нисбат ба қишри ояндасози кишвар арзёбӣ
си 2-и Донишгоҳи Федералии Қазон мегӯяд имрӯз ҷавонони тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар кишварҳои хориҷ таҳсил менамоянду аз суханрониҳои Пешвои худ ҳамеша нерӯ гирифта, доимо кушиш ба харҷ медиҳанд, то донишу малака ва қобилияти худро сайқал диҳанд: - Дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия 34 000 шаҳрвандони Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд, ки 980 нафарашон донишҷӯён мебошанд,мегӯяд Равшан. - Инчунин дар Тотаристон диаспораи тоҷикон таъсис ёфтааст, ки мунтазам аъзои он иду ҷашнҳои милливу таърихиро дар сатҳи баланд таҷлил намуда, таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷикро муаррифӣ менамоянд. Ҷавобан ба ғамхориҳои Президенти кишвар аз номи кулли ҷавонони дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия таҳсилдошта ваъда медиҳем, ки баҳри татбиқи сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муттаҳид мешавем, пешниҳодҳои Сарвари давлатро сармашқи зиндагӣ менамоем ва ҳама якҷону яктан шуда,
Муаррифгарони Истиқлолият дар хориҷи кишвар
7
баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидан ва дар арсаи ҷаҳонӣ шўҳратёр шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол талош меварзем. Хуш аст, ки имрӯзҳо ҷавонон низ ба маънии комили Истиқлолият сарфаҳм рафта, дарки онро намудаанд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва оромию ободии Ватан онҳо тавонистаанд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи дунё донишу биниши худро такмил диҳанду мутахассиси хуби дилхоҳ соҳа гарданд. Истиқлолият ба ҷавонон даст дод, ки онҳо имрӯзҳо аз ҳама чораҳои андешидаи Ҳукумати кишвар истиқбол намуда, ғамхориҳои Пешвои миллатро хуб дарк намоянд. Шароитҳои муҳайёшударо дар зеҳни худ таҳлил кунанду азми ободу пешрафта шудани Ватанро созанд. Чуноне Бахтовари Диловар мегӯяд: “Фикр мекунам Истиқлолият барои ҷавонон чун “Оби ҳаёт” аст. Чунки он барои мо хонишу дониш овард, озодию ободӣ овард. Ман намегӯям ҷавонони даврони Шӯравӣ намехонданд ё бесавод буданд. Аммо худ андеша кунед, агар Истиқлолият намебуд, ҳатто орзуи онро намекардам, ки як рӯз дар давлатҳои Аврупо барои муаррифии Ватан меравам. Ё дар донишгоҳи бонуфузи Русия бо тамоми имкониятҳо ва дастгириҳо таҳсил мекунам. Дар баробари таҳсил ман роҳбари Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошам. Маҳфили мазкур, ки 16 октябри соли 2014 бо мақсади муттаҳид сохтани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта таъсис ёфта буд, ҳоло ҳудуди 5 ҳазор ҷавон аъзои он мебошанд. Ҳамарӯза шоҳиди он мешавам, ки ин ҷавонон аз Ватани соҳибистиқлоламон бо фахри баланд сухан мегӯянду бо Истиқлолияти кишвари маҳбубамон менозанд”. Шаҳбоз Шокиров ҳамсуҳбати дигари мо чунин андеша дорад: “Мо ҷавонони тоҷикистонӣ , ки дар фазои сулҳу вахдат, дар як Ватани ободу зебо умр ба сар мебарем, худро хушбахттарин қишри ҷомеаи ҷаҳонӣ меҳисобем. Ободию оромии Ватанро ҳар фарде, ки ба хориҷа сафар мекунад, хубу беҳ дарк мекунад. Аз ин рӯ, ҳар куҷое бошем, ёд аз Ватан мекунем ва меҳри он дар дили мо ҳамеша фурӯзон аст. Имрӯзҳо бо кӯмаку дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат барои зист ва таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ҳама гуна шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Мо - ҷавонон дар навбати худ ваъда медиҳем, ки таҳсили хуби илм намуда, ба Ватани азизи хеш баргашта, содиқона баҳри ободию пешрафти он талош менамоем”. Хулосаи гуфтаҳо ин аст, ки ҷавононро месазад, бо меҳру муҳаббат ва садоқати беандоза Истиқлолияти давлатиро ҳифз намоянд, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва танҳо ба хотири ободу зебо гардонидани Ватан дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар таҳсил намоянду Тоҷикистони азизро машҳури ҷаҳон гардонанд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
8 Соҳибистиқлолӣ сабаб гардиду миллати тоҷик дар кӯтоҳтарин муҳлат марҳилаҳоеро пушти сар намуд, ки давоми ҳафтод соли Иттиҳоди Шӯравӣ ба он ноил нагардида буд. Миллати тоҷик дар ин марҳилаи начандон тӯлонӣ зери сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатеро, ки дар вартаи нестшавӣ буд, натанҳо аз нав бунёд кард, балки муаррифӣ ва мақеашро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд. Дар ин муддат дар қатори дигар соҳаҳо самти ҷавонон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат буд. Ташаббусу иқдомҳое, ки дар самти ҷавонон роҳандозӣ шуд, дар кам андар ками давлатҳои сайёра ба назар мерасад. Эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон ва дастгирию ҳавасмандгардонии ин қишри ҷомеа аз ҷониби тамоми сохторҳо намунае аз иқдомҳои Пешвои миллат буд. Президенти кишвар дар Пайёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ (22.12.2017) таъкид намуданд, ки: “Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”. Давоми 8 моҳи сипаригардидаи соли 2018 низ ҷавонони мо аз дастгирию ғамхориҳои Пешвои ҷавонпарварашон бенасиб намонданд. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар аввалин маротиба Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои СҲШ ва ИДМ таҳти унвони “Тоҷикистон ва Роҳи абрешим: таърих ва замони муосир” роҳандозӣ шуд ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи ваколатдор дар самти ҷавонон ва варзиш фестивали мазкурро аз 29 август то якуми сентябр дар сатҳи баланд баргузор намуд. Дар фестивал ҷавонон аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон ва Русия иштирок намуданд. Дар ибтидо, 29 август иштирокчиён ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба халқу миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи поягузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Пас аз маросими гулчанбаргузорӣ ва гирифтани акси хотиравӣ иштирокчиёни фестивал аз Боғи фарҳангӣфароғатии “Ҷавонон”, Боғи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо таърих ва фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ошноӣ пайдо карданд ва пасон ба сӯи вилояти Суғд роҳ пеш гирифтанд.
ФЕСТИВАЛ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
“Тоҷикистон ва Роҳи абрешим:
Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни ҶАВОНОНИ СҲШ ВА ИДМ: ТОҶИКИСТОНРО ДӮСТ ДОШТЕМ
Меҳмононро дар доираи фестивал ҷавонон ва сокинони ноҳияи Айнӣ бо самимияти хос ва меҳмоннавозии тоҷикона пешвоз гирифта, ба истиқболи онҳо дастурхони идона оростанд. Ҷавонони шаҳри Истаравшан низ бо карнаю сурнай ба истиқболи ҳамтоёни хориҷии худ баромада, ба хотири ташрифи онҳо барномаи консерти пешниҳод карданд. Баъди рақсу сурудхонӣ иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва аз намоиши ҳунарҳои дастии мардуми Истаравшани бостонӣ дидан намуданд. Махсусан тамошои Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ”, ки ба наздикӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони қадршиносию аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанги бою қадимаи мардуми тоҷик азнавсозӣ карда шуд, ба меҳмонон хотироту бардоштҳои зиёд ҳадя намуд: - Бисёр шодам ва миннатдории худро бо ташкилкунандагони фестивал мерасонам, - Азиз Юлдошов, намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз таассуроти якрӯзаи худ қисса чунин кард. - Фестивал имрӯз сафи дӯстони маро зиёд намуд. Дар Тоҷикистон баргузор гаштани он бароям басо рамзист, зеро мо як халқему як фарҳанг дорем. Дар ин ҷо худро бегона ҳис намекунам. Баъди кушода шудани сарҳадҳо нияти ба Тоҷикистон ташриф овардан ва дар миёни мардум тоҷик орзӯи суруд хонданро доштам, фестивал сабаб шуду имрӯз ман дар Тоҷикистонам
ва аз меҳмонавозии тоҷикона баҳравар гашта истодаам. Тоҷикистонро аз шунидаам ободу зеботар дарёфтам ва ин омаду рафти мо минбаъд низ идома меёбад. Зинда бод дӯстии халқҳо! “Маротибаи аввал аст, ки вориди Тоҷикистон шудам. Аз ин пеш дар бораи мардуми тоҷик шунида будам ва имрӯз фестивали мазкур сабаб шуду аз меҳмонавозии гарми тоҷикона баҳравар гардидам. Дар нахустин рӯзи саёҳат на танҳо меҳрубонии иштирокчиён, балки самимияти сокинонро эҳсос намудам. Мавзеъҳои таърихие, ки мо аз он дидан намудем, гувоҳи қадима будани миллати тоҷик мебошад. Ман дар аввалин рӯзи фестивал Тоҷикистонро дӯст доштам”, - иброз дошт иштирокчии дигари фестивал аз Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Даирбеков. Иштирокчиён рӯзи аввали фестивалро бо рақсу суруд миёни сокинони шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷамъбаст намуданд.
ИШТИРОКИ ҶАВОНОНИ СҲШ ВА ИДМ ДАР ИФТИТОҲИ МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ ИҶТИМОИИ ИННОВАТСИОНӢ
Рӯзи дуюмро (30.08.2017) ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои СҲШ ва ИДМ бо машқи пагоҳирӯзӣ оғоз намуда, пас аз он дар маросими ифтитоҳи Мактаби тобистонаи иҷтимоии инноватсионӣ таҳти унвони “Чашмаҳо набзи ҳаёт” иштирок намуданд. Он барои иштирокчиён басо ҷолиб буд, зеро зимни ифтитоҳ аз ҷониби хонандагони Мактаби Прези-
ФЕСТИВАЛ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018 дентии №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон намоиши рақсии “Дӯстии миллатҳо” намоиш дода шуд. Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилояти Суғд меҳмононро хайрамақдам намуда, сипас ба кори Мактаби тобистонаи иҷтимоии инноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд ва меҳмонон аз ихтирооту дастовардҳои ба намоишгузоштаи донишҷӯёни тоҷик дидан намуданд. Бекаристон Амонҷонов, иштирокчии форум аз кишвари Қазоқистон, зимни баёни таассуроташ бисёр хушҳол буд, ки дар чанд рӯзи буданаш дар Тоҷикистон каме забони тоҷикиро ёд гирифт. Ӯ
намоиши Мактаби тобистонаи иҷтимоии инноватсионӣ бо иштироки меҳмонон конфронси илмӣ – назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон ва Роҳи Абрешим: таърих ва замони муосир” баргузор гардид. Қисмати аввали конфронс бо баромади намояндагон аз давлатҳои иштирокдошта хотима ёфт. Қисмати дуюми конфронс дар бахшҳои алоҳида сурат гирифта, иштирокчиён дар мавзӯъҳои “Ҷавонон зиди ифротгароӣ ва тафриқаандозӣ”, “Нақши ҷавонон дар замони ҷаҳонишавӣ”, “Нақши ҷавонон баҳри ҳифзи оби тоза”, “Рушди ҳаракати ихтиёрӣ дар ИДМ ва СҲШ: вазъ ва пешомадҳо”, “Лоиҳаҳои беҳтарини соҳибкории ҷавонон”, “Механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии
фестивалҳо чорабиниҳои муҳими аҳмияти ҷаҳонидоштаро дар якҷоягӣ бо ҷавонони тоҷик ба роҳ монем”. Силенко Андрей ҳамсуҳбати дигари мо, ки бори аввал аст ба Тоҷикистон ташриф меорад, мафтуни ҳунари кандакорӣ шудааст ва зиёд мехоҳад, ин ҳунарро омӯзад: - Ман хушҳолам, ки имрӯз бо мардуми тоҷикам. Онҳо бисёр меҳмоннавоз ва хушмуомилаанд. Зимни дидан намудан аз мавзеъҳои таърихии кишвари шумо пай бурдам, ки Тоҷикистон таърихи куҳан дораду Истиқлолияти ҷавон. Давлат новобаста ба ҷавон буданаш барои мардуми хеш, махсусан ба ҷавонон бисёр шароитҳоро муҳайё намудааст. Пойтахти Тоҷикисон – шаҳри Душанбе хурд
таърих ва замони муосир” давлатҳои СҲШ ва ИДМ
суҳбатро бо забони тоҷикӣ оғоз намуда гуфт: “Салом алейкум дӯстони ман. Хоҳиш мекунам, инро дар нигоштаи хеш қайд кунед, - иброз дошт Б. Аминҷонов. - Зеро ман аз ворид шудан ба Тоҷикистон кӯшиш карда истодаам, ки забони тоҷикиро омӯзам... Бароям бисёр фараҳбахш аст, ки дар чунин ҳамоиш иштирок дорам. Фестивал на танҳо дӯстии моро қавӣ намуд, балки он аз якдигар омӯхтанро дар мо бештар талқин сохт. Мо ин ҷо бо ихтирооти навин ошно шудем. Ҷавонони тоҷик дастовардҳои худро барои мо сода намуда, муаррифӣ намуданд. Мо ба ҷавонони тоҷик эҳтироми хосса дорем ва аз ин баъд низ кӯшиш мекунем, ки риштаи дӯстии мо аз ин ҳам бештар мустаҳкам гардад". Королина Линская, намояндаи дигар аз кишвари Молдова, бо ҳаяҷон ва самимияти хосса таассуроти худро оиди табиати афсонавии Тоҷикистон чунин баён кард: “Ҳангоми аз Душанбе ба Суғд омадан, таваҷҷуҳи маро дарёҳои кишвари шумо ҷалб намуд. Онҳо аз миёни кӯҳҳои осмонбус ҷорӣ мешаванд. Ин гуна дарёҳо дар кишвари мо кам дида мешавад. Боду ҳавои кишвари шумо бисёр хуб аст. Айни ҳол ки мо аз намоиши дастовардҳои ҷавонони тоҷик дидан намудем, якчанд ихтироотро бо дастгирии ҷавонони кишвари шумо барои худ қайд кардам, ки дар шароити кишвари мо низ созгор аст. Вақте аз ин ҷо меравам, ин ихтироотро ба масъулини кишварамон мерасонам ва дар куҷое набошам, аз меҳрубонӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик хоҳам гуфт, ки воқеан меҳмондӯсту самимиянд”. Баъди дидан намудан аз
ҷавонони кишварҳои ИДМ” баромад намуданд. 31 август дар доираи Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои СҲШ ва ИДМ таҳти унвони “Тоҷикистон ва Роҳи абрешим: таърих ва замони муосир” иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: “Қасри Арбоб”, Баҳри тоҷик, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааи фарҳангию таърихии Истиқлол ва Маҷмааи “Оши палав” дидан намуда, ҳамзамон аз рафти омода намудани навъҳои гуногуни оши палов ошно шуданд.
САДОИ ДӮСТӢ
Суҳробоҷон Мақсудов, иштирокчии фестивал аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз кушода шудани сарҳадҳо миёни ду давлат – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва баргузории фестивали мазкур бо хушнудӣ сухан намуда, ба сарони давлатҳо миннатдорӣ баён намуд: “Баъди кушода шудани сарҳадҳо мардуми тоҷику ӯзбек боз бо ҳам қарин ва наздиктар шуданд. Тоҷикистонро аз тасаввури мекардаам зеботар пайдо намудам. Шояд хурсандтарин иштирокчии фестивали мазкур ман бошам, зеро ман худро дар хонаи худамон эҳсос кардам. Ман зодаи Самарқанд мебошам, расму оин, урфу одат, фарҳанг, забон ва хислати ҷавонони тоҷик бароям ошно аст. Аз ин рӯ, ман худро бегона эҳсос намекунам. Мардуми тоҷик бисёр меҳмоннавозанд, барои иштирокчиён тамоми шароитро муҳайё намудаанд. Ба наздикӣ дар доираи сафари Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари мо санадҳои нав ба имзо расид. Дар доираи ин санадҳо ҳамкориҳои мо зичтар шуд ва дар оянда нақша дорем, ки дар боробари чунин
бошад ҳам, бисёр зебост. Фикр мекунам, ки табиати афсункори Тоҷикистон натанҳо ман, балки ҳар нафари ба ин сарзамин воридшударо мафтуни худ месозад. Махсусан қасрҳое, ки дар ин ҷо дидем, аксар аз чӯб сохта шуда, бо як тарзи махсус ороиш ёфтаанд. Вақте аз дӯстони тоҷикам пурсон шудам, ин ҳунари зеборо кандакорӣ ном бурданд ва то ҳадди имкон дар бораи ин ҳунар маълумот доданд. Воқеан бароям ифтихор аст, ки дар Тоҷикистон будам ва ҳатман аз ҳунари кандакории мардуми шумо ба дигарон қисса мекунам,- гуфт Силенко Андрей. Шоми 31 август дар доираи фестивали мазкур барномаи фарҳангӣ – фароғатии “Садои дӯстӣ” баргузор гардид. Дар барнома суруду рақсҳое ҷой дода шуд, ки ҳар яке ифодагари фарҳанги давлатҳои аъзои ШОС ва ИДМ-ро ифода мекард. Махсусан сурудхонии Азиз Юлдошов, намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндаи ҷавонони давлати Озарбойҷон Роланд Феидов ҷолибу хотирмон буд. Дар охир аз ҷониби ташкилкунандагони фестивал – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба фаъолони фестивал диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои СҲШ ва ИДМ таҳти унвони “Тоҷикистон ва Роҳи абрешим: таърих ва замони муосир” бо ибораи “Зинда бод дӯстии халқҳо”, ки аз ҷониби тамоми иштирокчиён садо дод, ба анҷом расид. Шодихони НАЗАР,“ҶТ”
9
10 Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту ҳафт сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рӯз барҳақ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Аз Истиқлолияту дастовардҳои он, ки асоситаринашон сулҳу оромӣ, ваҳдату дӯстӣ, пешрафту гулгулшукуфоӣ, ҳамгироию баҳамоист, ҳама шаҳрвандони кишвар, хусусан ҷавонон, медонанд ва ҳар кадом доир ба ин неъмати бебаҳо фикру мулоҳизаи худро дорад. Роҷеъ ба ин дастоварди бузург аз чанд ҷавон пурсон шудем:
Қандил САИДОВ, омӯзгори фанни физикаи Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе: Ба андешаи банда Истиқлолият ин озодӣ, ҳудмухторӣ, худиродагӣ ва мустақилият мебошад. Яъне, дар ҳама ҷодаҳо мустақил будан аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чиро ба даст овард? Бояд қайд намоям, ки ман парвардаи даврони истиқлолам. Тоҷикистони азиз дар солҳои Истиқлолият бисёр чизҳоро ба даст овард. Агар мо ин дастовардҳоро рӯи қоғаз биёрем, рӯзҳо камӣ мекунанд. Аз ҳама дастоварди бузурги даврони Истиқлолият ин амният, ваҳдат ва сулҳу салоҳ мебошад. Зеро тамоми дастовардҳое, ки имрӯзҳо мо мабинем самараи тинҷиву оромии Ватани азизамон аст. Бояд ба қадри ин бирасем ва барои ҳифзи ин неъмати ноёб ҷаҳду талош варзем. Ман гумон мекунам, ки дар назди ҷавонон имрӯз як масъ-
АНДЕША улияти хело сангин истодааст. Ин нақши эшон дар таҳкиму нигоҳдошти соҳибистиқлолӣ аст. Тавре имрӯзҳо мебинем, ҷавонони бо нангу номуси миллат то андозае барои таҳким ва муаррифии Ватани аҷдодиашон, чӣ дар соҳаи варзиш ва чӣ дар соҳаи илм ва ихтироъкорӣ, кӯшишҳо карда истодаанд. Вале ба ин набояд қаноат кард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон таъкиди падарона ба ҷавонон менамоянд, то онҳо илмҳои замонавиро аз худ карда, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд. То битавонем, арзишҳои миллии худро дар ҷаҳон муаррифӣ ва ҳифз намоем. Маркази мо бо хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе фаъолият менамояд ва имрӯзҳо хонандагон дар олимпиадаҳои дохили ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар иштирок намуда, Парчами Ватани азизамонро боло мебардоранд. Ин бешубҳа самараи Истиқлолият мебошад.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
меҳисобанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҷавонон ба илм таваҷҷӯҳи беандоза доранду бо боварӣ метавон гуфт, ки ояндаи илми кишвар умедбахш аст. Маҳз дар даврони 27-соли Истиқлолият дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо бунгоҳҳои тиббӣ барои мардум сохтаву ба истифода дода шуд. Дастовардҳои кишвари маҳбуби мо дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки халқи мо бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт саъю талош мекунад. Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки забону фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор кунем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшем ва ҳамзамон бо ин, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ бо унсурҳои бегона ҳифз намоем. Насли имрӯза бояд ба қадри ранҷу
Ба баракати Истиқлолият дастоварду комёбиҳои зиёде ба ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф, насиб гардид. Яке аз чунин дастовардҳо дар соҳаи маориф таъсиси Маркази миллии тестӣ ва ҷорӣ шудани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ аст. Муассисае ташкил гардид, ки он дар пояи низоми миллии тестӣ қудрати роҳандозӣ намудани имтиҳонҳои муътамаду боварибахшро дошта, ҳамчун татбиқгари абзори боарзиши миллии маориф фаъолият мекунад. Тавре маълум аст, мақсади асосии фаъолияти марказ таъмини арзёбии шаффоф ва одилонаи дониши довталабон ва баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Марказ имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро на танҳо барои амалисозии ин мақсад ба роҳ монда истодааст, балки аз он бо мақсади таъсири бозгаштии натиҷаҳои имтиҳонҳои мазкур, ки ба зинаҳои гуногуни таҳсилот, аз ҷумла
он мебошад. Дар дунёи пуртаззоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
заҳматҳои насли калонсол расад ва рисолати хешро дар роҳи ҳифзу ободии Ватан иҷро карда тавонад.
ба таҳсилоти миёнаи умумӣ таъсири мусбат мерасонад, истифода карда истодааст.
Абдувосид ЮЛДОШЕВ, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бузургу бебаҳо ва мояи ифтихору иззати ҳар фардест, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунад. Вазифа ва рисолати ҳар фарде, ки ин кишварро Ватани хеш медонад, новобаста аз ҷойи буду боши кунунӣ ва кору шуғли анҷомдиҳандаи хеш, ин аст, ки барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва рушди он саҳмгузор бошад. Аз ҳадафҳои стратегию манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангии волои он дифоъ кунад. Дар пешрафти ҳар кишваре ҷавонон, чун бахши асосии нерӯи созанда, нақши муҳим доранд. Вобаста ба ин, ҷавононро зарур аст, ки барои тараққию пешрафти Ватани азизу дӯстдоштании хеш, ҳифзи Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу амният ва оромию субот дар он саъю талош намоянд.
Давлатбӣ ШАБУНОВА, мудири Бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Турсунзода: - Истиқлолият неъмати Худодод аст. Хушбахтона, баъди орзуҳои чандинасра ин неъмати бебаҳо насиби халки тоҷику Тоҷикистони азиз низ гардид. Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлолият ба душвориҳои сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ омад. Ин давра барои ҳар як сокини он, бахусус ҷавонон, давраи имтиҳону озмоишҳо буд. Дар миёни ҷавонон то андозае дилсардӣ, ноумедӣ ва хусумат ба миён омад. Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин Истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва узви комилҳуқуқи СММ ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки имрӯз ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ аллакай кишвари мо роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро пеш гирифт. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Парчами кишвар чун парчами давлати мустақил дар тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ болафшон аст. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳанд, ки мо дар ин 27 сол ба дастовардҳои беназир соҳиб гардидем. Аз ҷумла, қабул гардидани Конститутсия низ ба даврони Истиқлолият рост меояд. Имрӯз миллатҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки шумораашон миллионҳо нафар асту аммо давлат надоранд. Аз ин рӯ, Истиқлолиятро чун гавҳараки чашм ҳифз кардан вазифаи мо – ҷавонон аст.
Насиба КАВРАКОВА, омӯзгори МТМУ №25-и н. Данғара: - Аз санаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аллакай 27 сол сипарӣ мегардад. Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки баъди ба даст овардани Истиқлолият дере нагузашта кишвари мо ба нооромӣ кашида шуд. Аммо бо ташаббус ва сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами
Истиқлолият аз нигоҳи
Фирӯза ИМАТОВА, табиби маслиҳати момодояи Маркази саломатии шаҳрии №1-и Душанбе: - Мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Қобили зикр аст, ки Ватани азизамон 27 сол аст, ки аз дасти зулми нохалаф дар амон асту мардумаш озоду сарбаланд зиндагии шоиста доранд. Сад шукри Истиқлол мекунем, ки имрӯз дар фазои орому осудаи кишвар фарзандон ва хешу пайвандони мо дар дохили кишвар ва хориҷ аз он эмин аз хатаранду осуда ҳаёт ба сар мебаранд. Боиси хушҳолист, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, илм, маориф, иқтисодиёт, тиб, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳо ҷавонон бо муҳаббат машғули фаъолиятанд. Дар самти илму ихтироот ҷавонони шавқманд хеле зиёданд. Имрӯз онҳо чун дигар ҷавонони ҳамнабзи сайёра навоварӣ менамоянду худро ҳамқадами аср
Мартаба МИРМАМАДОВА, мутахассиси шуъбаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ:
- Истиқлолияти Ватан мояи ифтихору саодати мо буда, сароғози эҳёи тозаи кишвар аст ва дар замири ҳар як ҷавон эҳтиром ба фарҳанг ва хоки поки аҷдодиро, ки амонат дар дасти мо - ворисон аст, зиёд намуд. Мо - ҷавонон бояд хуб дарк кунем, ки Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодӣ, ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон ва ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллии мо боқӣ хоҳад монд. Истиқлолият ин мустақил будани давлат, озодона баён кардани фикру ақида, ғами миллатро хӯрдан, ба сарнавишти худ бознигарӣ кардан, осмони софу беғубор, хотири ҷамъ ва табъи болида мебошад. То он даме, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол нагардида буд, ҳама бозёфтҳои таърихӣ ба осорхонаҳои машҳури ҷаҳонӣ, ба мисли Маскав, Санкт- Петербург, Третяковский кӯчонида мешуд. Аз замоне, ки мо Истиқлолиятро ба ба даст овардем, тамоми бозёфтҳо ба осорхонаи кишварамон ворид
ёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Истиқлолият дар баробари ин орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҷлили масъулияти мо ҷавонон барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки мо - ҷавононро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон ба тамоми ҳастӣ талош варзем. Сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар самти кор бо ҷавонон, омода намудани мутахассисони баландихтисосу бо талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ ва донандаи забонҳои хориҷию дорои маҳорати баланди кор бо техникаю технологияи навин равона карда истодааст, ки ин ҳама аз самараи 27 соли Истиқлол шаҳодат медиҳад. Меҳрубон ИМОМОВА, Малоҳат ХОЛМУРОДОВА “ҶТ”
ҷавонон
гаштанд. Соли 2017 бо ташаббус ва пешниҳоди Пешвои миллат “Соли ҷавонон” эълон гардид. Ин иқдом гувоҳи возеҳи таваҷҷӯҳи ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолист. Аз ин рӯ, барои нигохдошти Истиқлолият ҷавонон бояд саъю талош намоянд ва барои пешрафти кишвари азизамон саҳми худро гузоранд.
11
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
Хуршеди беғуруби миллат Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва парокандашавии миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем.
Эмомалӣ Раҳмон
Таърих он ҳама даҳшату кирдорҳои ноҷавонмардона ва қатлу куштори шаҳрвандони бегуноҳро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷониби душманону бадхоҳони миллат, ки супоришҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро мекарданд, аъмоли экстремистӣ ва террористӣ эътироф карда, маҳкум намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид хеле дуруст фармудааст: “Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.” Дар чунин даврони сарнавиштсоз, ки хатари парокандагию заволи аркони давлат моро таҳдид мекард, нафаре лозим буд, ки хуршеди истиқлолиятро аз зери абрҳои тираи ҷаҳолату
маҳалгароӣ ва мансабхоҳӣ берун оварад. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадяи Илоҳӣ ба миллати тоҷик зимоми давлатро ба даст гирифт. Аввалин сухане, ки ӯ гуфт ин буд: “Ман ба шумо сулҳ меорам!” Ин ҷумла дар худ як ҷаҳон маънӣ дошт ва ба қалби миллионҳо тоҷику тоҷикистонӣ нури умед бахшид. Сулҳ овардан, яъне якпорчагию истиқлолият ва иттиҳоди миллиро таъмин намудан, сохтори давлатиро барқарор ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқро суръат бахшидан, дар маҷмуъ шароити беҳтари зиндагии мардумро аз нав сохтан фаҳмида мешуд. Таърихи 27-солаи истиқлолияти давлатӣ исбот намуд, ки ин марди шариф тавонист, истиқлолият ва ягонагии миллату давлатро ҳифз кунад, Ваҳдати миллиро асос гузорад, пояҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро суръат бахшад ва дар маҷмуъ барои сокинони
мамлакат шароити зиндагии беҳтару хубтарро фароҳам оварад. Бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ обии хурду бузург ва нақбу роҳҳои пайвандгар, таъсиси корхонаҳои гуногун, сохта ба истифода додани садҳо мактабу беморхона, донишгоҳу донишкада ва марказҳои илмию фарҳангӣ, симои нав касб кардани пойтахт ва ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат ва аз ҳама муҳим тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аз ҷумлаи неъматҳои пурфайзи истиқлолияти давлатист. Ин ҳама дастоварду пешрафт ва рушди рӯзафзуни мамлакат ба мо итминон мебахшад, ки хуршеди истиқлолияти давлатии мо беғуруб ва файзу баракати он беинтиҳост. Пас ҳамаи мо, махсусан насли даврони истиқлолро зарур аст, ки ба қадри чунин неъмати бузург бирасем ва аз доштани озодию иттиҳод шукргузорӣ намоем. Акобир ИЗЗАТУЛЛОЗОДА, прокурори ноҳияи Мастчоҳ
Неъмати бебаҳо Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он, ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми кишвар масъулияти азимеро низ мегузорад. Эмомалӣ Раҳмон
Манижа ЯТИМОВА, мутахассиси Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Турсунзода: - Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад. Ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои Истиқлолият кори аз он душвортар аст. Қабл аз ҳама мо - ҷавонон бояд дарк кунем, ки Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати мо дар давоми даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати Истиқлолият узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи си-
Истиқлолият дар баробари он ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем. Дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем. Тоҷикистон дар фурсати начандон тӯлонии таърихӣ тавонист, ки ба бисёр дастовардҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ноил гардад. Дар зарфи 27 соли соҳибистиқлолиятӣ Тоҷикистони азиз ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардид, ки сарнавишти минбаъдаи давлати мустақиламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат борҳо дуруст таъкид намудаанд, ки чеҳраи насли ҷавони солҳои 90- ба куллӣ фарқ мекунад, Ҳикоят аз он достонҳои мондагор ва беназири бунёди
давлати навин, ки пушти он ҳазорон қиссаву достони мардонагӣ ва ҷасорату қурбониҳои беназир нуҳуфтааст, воқеан барои насли имрӯз сабақи муҳим хоҳад буд. Чун ваҷҳи ин саодат ва ин рӯзҳои офтобиро бояд ҷавонони мо дарку эҳсос кунанд ва ҳамин шеваи муносибат ба таърих хамчун рукни муҳими давлатсозӣ метавонад ҷавонони моро ба сӯи корномаҳо ва муҳимтар аз ҳама расидан ба қадри озодиву нишоти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ҳидоят созад. Фарохтар аз ин таҳқиқи амиқ ва бо нигоҳи дигаргуна ба таърихи 27 соли сӯхтанҳою сохтанҳои мо дар ҳақиқат худ ба мисли оина хидматҳои бузургу бемисли Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони роҳнамо, ҳидоятгар, мушкилкушо, фотеҳ, наҷотбахш равшан мекунад. Маҳз, хидматҳои пешвоёнаи роҳбари давлат буд, ки мо миллат гардидем ва соҳиби давлат шудему мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтем. Пас месазад, ки мо бо ҳузури Пешвои миллии хеш дар ин араси ҷаҳонишавӣ, ки пайваста моро ба сӯи худогоҳии таърихӣ ва худшиносии миллӣ даъват намуда, ҳисси ифтихор аз тоҷику тоҷикистонӣ буданро дар вуҷудамон нусрати тозае ато мекунанд, роҳи фардои миллатамонро мунаввару нурафшон нигоҳ дорем. Вафоҷон ҚӮЛДОШЕВ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич, Маратҷон ҶАББОРОВ, узви бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич
12
27 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
27 зинаи камолоти миллат ва давлат Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Дастоварди бузургтарини мардуми мо дар тӯли 27 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи мост, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Пас аз истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ пояи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайра шаҳодат медиҳад. Бояд зикр намуд, ислоҳоти иқтисодӣ дар шароите оғоз ёфт, ки бо пош хӯрдани ИҶШС аз як тараф риштаҳои ҳаёти иқтисодӣ канда шуда, аз тарафи дигар бо нарасидани ашёи хом, қисмҳои эҳтиётӣ аз ҷумҳурӣ кӯч бастани мутахассисони русзабон низ сабаби аз фаъолият боз мондани корхонаҳои саноатӣ ва таваққуфи сохтмонҳои калон гардид. Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000 қабул гардид, ки вай роҳи иқтисодиёти бозоргониро интихоб намуд. Ҳангоми тартиб додани барнома таҷрибаи байналмилалӣ истифода гардида, хусусиятҳои хоси инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он ба назар гирифта шуд. Дар Тоҷикистон аксарияти аҳолиро ҷавонон ва занон ташкил дода, бештари онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Захираҳои зиёди меҳнатие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, метавонад иқтисодиёти онро баланд бардорад. Сарфи назар аз мушкилот ислоҳоти иқтисодӣ оҳиста-оҳиста ҷомаи амал мепӯшад. Дар роҳи ҳалли масъалаҳои аграрӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввал 50 ҳазор, баъд 25 ҳазор гектар замин ба шаҳрвандон тақсим карда шуд. Чунин тадбир натиҷаҳои дилхоҳ дод. Ҷумҳурӣ акнун бозори кишварро бо мева ва сабзавоти худӣ таъмин мекунад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни моликият: хусусӣ, коллективӣ ва давлатӣ вуҷуд дорад. Ҷумҳурӣ тавонист пули миллии худро ҷорӣ намуда, хусусигардонии амвол ва бозори пулиро ташкил диҳад. Инчунин бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои ба даст овардани истиқлолият ба сохтмони иншоотҳои бузург шуруъ карда шуд. Комёбии асосие, ки ба музаффарияти минбаъдаи Тоҷикистон боис гашт, ин хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ мебошад. Ин маънои онро дошт, ки Сарвари давлат баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ваъдаи додаи хеш дар назди халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вафо кардааст. Дар тӯли 27 соли Истиқлолият мо истиқлоли сиёсӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро ҳифз намуда, дар як муддати кӯтоҳ ба як қатор муваффақият ноил шудем. Хушбахтона, аксарияти кишварҳои дунё ба расмият Ватани моро шинохтанд. Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз баландтарин минбарҳои сиёсии дунё суханронӣ ва дар сессияи Созмони Милали Муттаҳид раисӣ карда, обрӯву эътибори Ватани азизамонро баланд бардошт. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти мост. Аз ин лиҳоз, орзу мекунем, ки 27 соли истиқлолият, чун 27 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумуъ оварад. Бигузор, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони Ватани азизи мо гардад. Мадинабону РАҲИМОВА, омӯзгори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
Истиқлолияти давлатӣ Санаи 9 сентябр барои мардуми тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда, яъне рӯзи истиқлолияти давлатӣ аст, ки мо ҳар сол онро бо танатана ҷашн мегирем. Ин иди пуршукӯҳ ва пурсафо имсол дар шароите фаро мерасад, ки дар ҳамин сол агрегати якуми иншооти аср - НБО «Роғун» ба истифода дода мешавад ва корхонаҳои зиёд, хонадони кулли мардуми тоҷик, чанд кишвари ҳамсоя бо нерӯи барқ ва боз нуру зиёи бештар таъмин мегарданд. Қобили зикр аст, ки ҳоло дар ин иншооти бузурги аср 18 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисию техникии Тоҷикистон, ширкатҳои хориҷӣ ба меҳнати бунёдкорона машғуланд ва заҳмати онҳо кишвари моро ба як пойгоҳи бузурги аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил медиҳад. Дар соли аввали иҷрои ташаббуси ҷаҳонии мо даҳсолаи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 -2028» истифодаи чархи бузурги иншооти Роғун як рамзи шоистаи ташаббуси кишвари мо дар масъалаи тавлидоти барқ дар доираи ҳадафҳои «нерӯи сабз» хоҳад буд. Ҳамзамон воқеаи дигари хурсандибахш ин поягузории корхонаи тавлидкунандаи оби мусаффои «Сиёма» дар шаҳри Душанбе мебошад. Оби дарёчаи Сиёма, ки аз ҷумлаи обҳои нодири Тоҷикистон аст, тимсолашро дар ҷаҳон кам пайдо кардан мумкин аст. Корхонаи мазкур бунёд гардида, дар қатори корхонаи муштараки «Оби зулол» маҳсулоти хушсифати худро ба истеъмолкунандагони дохилию хориҷӣ пешниҳод хоҳад намуд. Соли равон дар пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе чандин воқеаҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор шуданд, ки ба тамоми иштирокдорони ин чорабиниҳо таассуроти фаромӯшнашаванда бахшиданд. Муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои пешрафти тарафҳо аҳамияти ниҳоят калон доранд. Мулоқоти Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои ба мо дӯсту бародар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Белорусро дар назар дорем, ки дар ҷараёни онҳо даҳҳо созишномаҳо ба имзо расиданд, дар ҳаҷми садҳо миллион доллари амрикоӣ қарордодҳо баста шуданд, мубодилаи молҳо ва хизматрасониҳо сурат гирифтанд,
корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Яке аз дастовардҳои бузург дар даврони истиқлолияти давлатӣ ин, ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад ва дар ин радиф таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон, аз ҷумлаи сабақҳои пурарзишест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътирофи ҳамагон ва тадқиқу омӯзиши васеъ қарор гирифт. Аз ин рӯ, истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед садсолаҳо интизори соҳибистиқлолӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ буданд, заминаи воқъӣ гузошт. Бинобар ин истиқлолияти давлатиро бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро ҳифзу нигоҳдорӣ намоем. Дар ин замина, мо бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлолияти Ватани азизу маҳбубамон - Тоҷикистонро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ҷавони кишвар беш аз пеш таблиғ намоем. Ҳамзамон, агар ба таърихи он миллату давлатҳое, ки бо давлати Тоҷикистон ҳамзабон, ҳамфарҳанг, ҳамдин ҳастанд назар намоем, мебинем, ки онҳо то кунун дар гирдоби ҷангу хунрезиҳои пурдаҳшат ва ихтилофу нофаҳмиҳои даҳшатбор қарор доранд. Ин ба мо ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дастовардҳои истиқлолро якдилона ҳифз намоем. Мо ба тарғиби фарҳанги миллӣ, гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона, паҳншавии ҳар гуна зуҳуроту мафкураи номатлуб ва мубориза бар зидди ифротгароӣ ҳар як фарди бонангу номуси миллат бетарафӣ зоҳир накунем. Зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ, бо тамоми аҳли ҷомеа - сохтору мақомоти давлатӣ, фаъолон ва аҳли зиё, шахсони рӯзгордидаву обрӯманд Ватану миллати хешро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Дар ин даврони истиқлолияти давлатӣ самараи иттиҳоди мардуми нексиришти тоҷикро эҳсос намудем ва шукрона аз он мекунем, ки чунин
Ватану миллати азизу маҳбуб дорем. Ва ин ҳама он дастовардҳо ба халқи шарафманди тоҷик нерӯву тавони тоза ато кардааст, ки дар лаҳзаҳои душвору мураккаб бо ҳамдигар аз як гиребон сар бароварда, баҳри боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани кишварамон талош намуда, то солҳои наздик барои амалигардонии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мамлакатамонро ба кишвари пешрафта ва пуриқтидор табдил хоҳем дод. Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолияти давлатӣ амалӣ намудани ҳамаи чораҳои заруриро барои рушду равнақ, тараққиёт, ободу зебо гардонидани Ватани азизамон тавассути амалисозии стратегияҳои дарозмуҳлат, барномаҳои миёнамуҳлати давлативу соҳавӣ ва минтақавӣ идома медиҳад. Солҳои наздик дар мамлакат татбиқи даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузории нав ба маблағи умумии миллиардҳо сомонӣ барои таҷдиди роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳо ва таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бешубҳа, боиси боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии мардуми азизамон хоҳад гардид. Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои дурахшони ватани азизамон қадам мезанад. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву худогоҳии мо пайваста рушду такомул меёбад. Итминони комил дорем, ки дар ин даврони истиқлолияти давлатӣ ва минбаъд халқу миллати сарбаланду шарафманди мо бо меҳанпарастиву меҳнатдустӣ, муттаҳидиву ягонагии хеш бори дигар собит менамояд, ки барои ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон ва рушди он, алалхусус ҷавонони мамлакатамонро зарур аст, ки дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ, пос доштани забони модарӣ ба донишомӯзиву рушду равнақ додан ба илму фанҳои дақиқ, омӯзиши илмҳои муосир, техникаву технология, забонҳои хориҷӣ, аҳамияти хосса зоҳир намуда, дар арсаи ҷаҳон обрӯи Ватану миллати хешро баланд бардоранд ва сазовори зиндагии арзанда бошанд. Манучеҳр РАСУЛОВ, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
27 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин, волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид. Ҳанӯз 24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Эъломия бо муқаддимаи мухтассар оғоз мешавад, ки дар он Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон ба сифати мақоми ифодакунандаи иродаи халқҳои сокини Тоҷикистон бо дарки масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи Тоҷикистон ва давлати миллии он, бо дарназардошти ҳуқуқи дахлнопазирии ҳар як халқ дар таъини сарнавишти худ, бо эътирофи он ки иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳои шӯравӣ дар мисоли ИҶШС таҷдид ёфта, зомини тараққиёти ҳамаҷонибаи онҳо мебошад ва ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуда, мақсади эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёдро изҳор дошт. Моддаи 1 Эъломия соҳибистиқлолии Тоҷикистонро сабт намуда, таърифи мафҳуми истиқлолияти давлатиро, ки «дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад», дар бар мегирад.
Заминаи ислоҳоти конститутсионӣ Бо ин ҳама хусусиятхояш эъломияи мазкур аввалин санадест, ки аз наздик шудани Тоҷикистон ба истиқлолияти воқеиаш башорат медод. Масалан, моддаи 5 сарфи назар аз ҳидояти моддаи 74-и Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки афзалияти қонунҳои иттифоқиро нисбат ба қонунҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ муаӣян мекард, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз боздоштани амали хуҷҷатҳои ИҶШС, ки ба ҳуқуқи дахлнопазирии Ҷумхурии Тоҷикистон мухолифат доштанд, бархурдор сохта буд. Моддаи 7 эъломия бошад, андешаи умумиеро, ки дар моддаи 72-и Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба озодона аз ҳайати ИҶШС хориҷ шудани ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ифода ёфта буд, инкишоф дода, мустақиман сурат гирифтани ин амалро «бо тартибе ки шартномаи иттифокӣ муаӣян мекунад ва мутобиқи қонунҳое, ки дар асоси он тартиб дода мешаванд», марбут медонад. Албатта, бар асари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чунин шартнома ва қонунҳои мувофиқи онҳо, ки тартиботи хориҷшавии ҷумхуриҳои иггифоқиро муаӣян мекарданд, ба имзо нарасиданд ва ё қабул нашуданд, аммо худи гузориши масъала хеле ҷиддӣ буд. Андешаи тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии он, ҳуқуқи том паӣдо кардани ҷумҳурӣ нисбат ба сарватҳои миллии худ, моликияти истисноии Ҷумхурии Тоҷикистон, эълон кардани замин, сарватҳои зеризаминӣ ва дигар захираҳои табиӣ, таъсиси низоми бонкӣ ва мустакилона муқаррар намудани сиёсати молия аз ворид шудани арзишҳои навтарин ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишварамон шаҳодат медод. Ҳамин тавр, эъломия, агар аз як тараф, масъалаҳои истиқлолияти Тоҷикистонро бо назардошти хусусиятҳои замон, аз ҷумла мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ муайян намояд, аз ҷониби дигар, як силсила масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсонро, ки бе замонати онҳо эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд ғайриимкон мебо-
шад, эълон карда буд. Ибтидои солҳои 90-уми асри XX барои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқии шомили он як давраи ғайричашмдошти инкишофи таърихии онҳо буд ва воқеан падидаю ҳодисаҳои сиёсӣ босуръат тағйир меёфтанд, ки ҳатто баъзе аз роҳбарони мақоми аввали ин давлатҳо аз асрори онҳо ғофил мемонданд. Бахусус, ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 аз оғози сукути ин давлати абарқудрат дарак медод. Акнун ҷумҳуриҳо якояк мазмуну муҳтавои истиқлолияти худро мавриди таҷдиди назар қарор дода, барои ба даст овардани истиқлолияти комил саъй ва талош менамуданд. Ин тамоюл Тоҷикистонро низ аз маҷрои худ истисно насохта буд ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба эъломияи соли 1990 равшан эҳсос мешуд. Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон, (даъвати дувоздаҳум), аз 9 сентябри соли 1991 қабул шуда буд, ин андешаро нозукбинона чунин ифода намудааст: «Тағйироти инқилобро дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ ба назар гирифта ва кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёрӣ ба он дохилшаванда оиди аз нав бар карор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда... мувофики Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шурои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». Дар ин ҷо муҳимтарин нуқта кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр оид ба аз нав барқаpop намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ буд. Изҳороти қабулшуда боиси он гардид, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси худро «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуда, матни изҳороти Шӯрои Олиро дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
маъқул донад. Қабул шудани ин ду санади таърихӣ ба таври ҳатмӣ такмили Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекард. Бо дарки ин амри воқеӣ Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қарори алоҳидаи худро «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд. Қабл аз ҳама Тоҷикистон ба сифати давлати мустақили демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълон гардид. Бояд зикр намуд, ки зарурати муайян намудани заминаи ҳуқуқии таъмини истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар қарори Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шуда буд. Аммо гирдиҳамоиҳое, ки моҳҳои сентябр ва октябри соли 1991 оғоз гардид таҳияи лоиҳаи конститутсияи навро ба таъхир гузоштанд. Ҳамин тавр, худи ҳамон рӯзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳои мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1978) ворид гардиданд ва воқеияти истиқлолияти Тоҷикистонро ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида, ба он аз нигоҳи ҳуқуқӣ хусусияти баргаштнопазир дода шуд ва 6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон баробари қабули Конститутсия роҳи нави инкишофашро интихоб намуд. Аз Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳилаи гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба шаҳрвандӣ ва аз давлати шӯравӣ ба давлати ҳуқуқбунёд оғоз гардид. Халқи Тоҷикистон дар назди худ мақсади бунёди ҷомеаи шахрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд, ривоҷи хаёт ва фаъолияти озоди иқтисодиро гузошт. Раҳмонқул ШАРИФЗОДА, мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
13
Истиқлолият - омили ҳастии миллат Чун сухан аз истиқлолияти давлатӣ меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорист. Зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад. Соҳибихтиёрии миллии халқи мо, ки баъди чандин асрҳо насибамон гашт, ба 9 сентябри соли 1991 рост омад ва арзиши гароне дорад. Чи тавре ки ба мо аён аст сараввал истиқлолияти ба даст омадаро нодида гирифтем. Бадхоҳони миллати тоҷик бо истифода аз роҳандозии бозиҳои сиёсӣ тавонистанд, миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги шаҳрвандӣ гардонанд. Натиҷаи ин ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳамаи мо аён аст. Талаву тороҷ гардидан, хуни ноҳақ рехтан, касодии иқтисодиёт ва ҳоказо. Сари вақт ва дуруст дарк накардани ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсиву мафкуравии баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ арзиши муқаддаси истиқлол ва давлатдории миллиамон поймол гардида, ба нестшавии давлати навбунёдамон оварда расонид. Бо вуҷуди ин, бар хилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундрави дохилӣ ва доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо таҳти роҳбарӣ ва роҳандозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро, ки мардуми мо онро дер боз интизор буданд, интихоб карданд. Дере нагузашта ҳаёт дуруст будани онро собит намуд. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ бояд халқу миллатҳо симои маънавии миллӣ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи муқаддаси ҳар миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад. Дар таърихи тамаддуни башарӣ бисёр халқҳо ва қавмҳои гуногун бинобар нигоҳ дошта натавонистани асолати худ оқибат аз байн рафтаанд. Вақте ки доир ба нақши истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин роҳҳои устувор сохтани давлатдории миллӣ сухан мегӯем, бояд масъалаи ваҳдати миллӣ, зарурат ва аҳамияти ҳифзу таҳкими онро низ аз мадди назар дур насозем. Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву таҳрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон нуфуз пайдо кунанд. Чунки мардуми Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ диданд. Маҳз аз ҳамин хотир сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии тамоми халқи мамлакат мебошад. Барои он ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем. Зеро давлат ва ҷамъият ҳамеша дар инкишоф буда, дар ҳар як марҳилаи таърихӣ ба онҳо хатар ва омилу падидаҳои номатлуб таҳдид мекунанд. Бо назардошти чунин омилҳо мо имрӯз бояд сиёсати давлат ва ҳукумати мамлакатро дар се самт, яъне таъмини амнияти милливу давлатӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дастгирӣ намоем. Дар шароити ҳозира масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва бағоят муҳим пайдо намудааст. Зеро солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва хатарҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткоронаи трансмиллӣ қувват гирифта истодаанд, ки онҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ расонанд. Хатарҳои мавҷуда бевосита ба пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамоянд. Аз ин рӯ, мо бояд пешгирии ин амалҳои номатлубро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем ва барои таъмини амнияти давлат тадбирҳои мушаххас андешем ва ҳамзамон дар дифои манофеи давлату миллати худ омода ва ҷонсупор бошем. Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳо, иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеъият табдил ёфт. Муҳаммади МӮСО, донишҷӯи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода
14
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
НАЗМ Нуруллоҳи ОРИФ
ҶОНОН ВАТАН Эй ҷон Ватан, ҷонон Ватан, Сад шукри Истиқлоли ту. Пурсон манам фарзандвор Аз ҳолу аз аҳволи ту. Лаънат ба душман, к-ӯ ба ту Дорад ба чашми бад нигоҳ. Ором кай тонем зист, Мо бе Ватан, бе сарпаноҳ?! Раҳмат ба он, к-аз ишқи ту Дорад дили чун рӯд маст. Қадри Ватан донӣ, яқин Гардонадат рӯ-рӯи даст.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ Пешвои миллати маҳбуби мо, Миллати маҳбуби беҳад хуби мо. Хидмати шоён ба ҳар як фард кард, Қалби ҳар як фард пок аз дард кард. Гашта марду зан ризо аз кори ӯ, Меписанданд одамон рафтори ӯ. Ӯ ба мо ин Сулҳу Истиқлол дод, Ваҳдату бахти накӯ, иқбол дод. Ӯ ба бадхоҳон бигуфт; “Одам шавед, Ошно бо мардуми олам шавед”. Пас, чӣ сон розӣ наӣ аз заҳматаш, Доштан фарз аст моро иззаташ.
ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ? Чист Истиқлол? Истиқлол-Сулҳ, Чист Истиқлол? Истиқлол-бахт. Чист Истиқлол? Истиқлол-тоҷ, Чист Истиқлол? Истиқлол-тахт. Мо ҳама фарзандҳоят, эй диёр, Баҳри ободии ту ҷон меканем. Мо ба фармони дили шӯрида ҷон Баҳри нафъи ҷумла инсон меканем. Шукри Ҳақ, шукронаи бахти баланд, Заҳмати бисёр моро мард кард. Зиндагӣ шахсан маро аз пушти кор Рӯз рафта фарди дунёгард кард. Ҷон Ватан, то тарбият кардӣ маро Дидамат, ором як дам нестӣ. Мисли модар то ба имдодам расӣ, Бемалол аз хоби нозат хестӣ. Ин ҳама рангобарангии ҳаёт Дӯстон, аз рушди Истиқлоли мост. Ҷон Ватан, ҷонон Ватан, бо вақти хуш Рушди Истиқлоли мо, иқболи мост.
Чист Истиқлол? Истиқлол-Сулҳ, Чист Истиқлол? Истиқлол-бахт. Чист Истиқлол? Истиқлол-тоҷ, Чист Истиқлол? Истиқлол-тахт.
БОЛИ ИСТИҚЛОЛ
Лозим шавад, ман чун Ҳабиб,* Баҳри Ватан ҷон медиҳам. Ҷонро бароят, эй Ватан, Бо амри виҷдон медиҳам. *-Шоири шаҳир Ҳабиб Юсуфӣ дар назар аст.
Додаст Истиқлол бол Бар дӯстдорони Ватан. Роҳат сафед, осӯда зӣ, Эй тоҷики ширинсухан. Дасти дуо бардошта, Хоҳем бошӣ некбахт. Хоҳем бошӣ беназир, Эй ҷон Ватан, эй тоҷу тахт. Додаст Истиқлол бол Бар дӯстдорони Ватан. Роҳат сафед, осӯда зӣ, Эй тоҷики ширинсухан. Аз номи пуршаҳдат Ватан, Ширин даҳон дорем мо. Ҳифзат ба нархи ҷони хеш Аз душманон дорем мо. Додаст Истиқлол бол Бар дӯстдорони Ватан. Роҳат сафед, осӯда зӣ, Эй тоҷики ширинсухан.
ИСТИҚЛОЛИ ДИЁР Эй Тоҷикистон – кишварам, Ҳар рӯзат Истиқлол бод. Ҳар фарди меҳанпарварат Хушбахту хушиқбол бод. Сар то ба по гунҷидаӣ, Дар ин дили шайдои ман. Ҳастӣ ҷавон то ҷовидон, Эй мулки беҳамтои ман. Эй Тоҷикистон – кишварам, Ҳар рӯзат Истиқлол бод. Ҳар фарди меҳанпарварат Хушбахту хушиқбол бод. Ҷон кишварам, дур аз барат Рӯзам бувад чун шоми тор. Шодам аз он, ки тоҷикам, Шукронаи Парвардгор. Эй Тоҷикистон – кишварам, Ҳар рӯзат Истиқлол бод. Ҳар фарди меҳанпарварат Хушбахту хушиқбол бод.
Гурез САФАР
БА НОСИПОС Ин олами зеборо, Ин мулки дилороро, Ин сулҳу мадороро, Дирӯзи аламбору Имрӯзи гувороро Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
Раҳҳои аҷаб зебоПайвандгари дилҳо, Пайваста чӣ соҳилҳо, Пайваста чӣ манзилҳо. Доноии доноро Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
Аз неъмати Истиқлол, Аз давлати Истиқлол, Ҳар дил ба наво ояд Аз Ваҳдати Истиқлол. Рақсидани дилҳоро Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
Пурзӯр шуда тоҷик, Машҳур шуда тоҷик. Бо НОБ-и калону хурд Пурнур шуда тоҷик. Бозуи тавоноро Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
Ғамҳост пароканда, Лабҳост пур аз ханда. Гардид зи нав имрӯз Наврӯзи Аҷам зинда. Ин базму тамошоро Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
Мактаб чӣ фаровон шуд, Матлаб чӣ фаровон шуд. Дониш талабу илме Имрӯз, ки арзон шуд. Ин махзани маъноро Кӯрӣ , ки намебинӣ?!
Дунё ҳама дигар шуд, Тоҷик музаффар шуд. Лафзи хуши зебояш Лафзи сари минбар шуд. Дороии дороро Кӯрӣ, кӣ намебинӣ?!
Ҳар дил зи фараҳ нозад, Аз шодии пур бозадҲар рӯз бинои нав Бо зеб қад афрозад. Ин суръати эҳёро Кӯрӣ, ки намебинӣ?!.
Дар кишвари озодем, Дар кишвари ободем. Озод сухан гӯем, Озодаву дилшодем. Шодии дили моро Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
Бас кун ту дигар ғайбат, Озод шав аз нафрат , Шукрона бикун дигар Бар ин Ватану Давлат! Мулки чаманороро Кӯрӣ, ки намебинӣ?! Шоҳмузаффар ЁДГОРӢ
ДӮСТӢ ТОҶИКИСТОН Тоҷикистон, Ватанам, ҷон Ватанам, Бо ту шаҳд аст сухан дар даҳанам. Баҳри ободию сарсабзии ту Ҳамчу Фарҳод дили кӯҳ канам. Сурмаи чашми дилам хоки дарат, Ҷигарам об хӯрад аз ҷигарат. Мефитам дар раҳи пурпечи ҳаёт Гар равам дур каме аз назарат. Тоҷикистон, Ватанам, ҷон Ватанам, Бо ту шаҳд аст сухан дар даҳанам. Баҳри ободию сарсабзии ту Ҳамчу Фарҳод дили кӯҳ канам. Дод Ҳақ сарвари ғамхор ба ту, Ҳамдаму ёру мададгор ба ту. З-ибтидо шукри Худо то ба ҳанӯз Сарварат ҳаст вафодор ба ту. Тоҷикистон, Ватанам, ҷон Ватанам, Бо ту шаҳд аст сухан дар даҳанам. Баҳри ободию сарсабзии ту Ҳамчу Фарҳод дили кӯҳ канам.
Дастҳо бо дастҳо печанд агар, Ақлҳо бо ақлҳо оянд агар. Кӯҳҳоро чаппагардон мекунанд, Дардҳоро зуд дармон мекунанд. Чашмро бо чашмҳо дӯзем агар, Мисли ҳам бо ёди ҳам сӯзем агар. Мушкили бисёр осон мешавад, Носипос аз мо гурезон мешавад Гар ба роҳи ҳамдигар монем пой, Гар яке бошад ҳама омолу рой,
Роҳ кӯтаҳ мешавад, мақсад қариб, Дар намемонем бар доми фиреб. Гар ба ҳам бошем ёвар, муттафиқ, Дар ҳама ин дору гире чун рафиқ, Ёр розӣ мешавад аз кори мо, Меравад аз мо ғаму озори мо. Гар чу гул аз як замин сар мекашем, Сар ба сӯи нури ховар мекашем, Ин замин бисёр зебо мешавад, Тоҷикистон зеби дунё мешавад.
Юсуфҷон АҲМАДЗОДА
ТОҶИКИСТОН – НАБЗИ МАН Як нафас имкони ман бе Тоҷикистон нест, нест, Дар тани ман ҷони ман бе Тоҷикистон нест, нест. Тоҷикистон номи ман, парварда шираш коми ман, Ҳам намак, ҳам нони ман бе Тоҷикистон нест, нест Тоҷикистон-кӯҳи ман, кӯҳи баландаш-рӯҳи ман, Қиблаи имони ман бе Тоҷикистон нест, нест. Тоҷикистон-набзи ман, хораш-баҳори сабзи ман, Абри ман, борони ман бе Тоҷикистон нест, нест. Тоҷикистон-ёди ман, аждоди ман, авлоди ман, Гавҳари чашмони ман бе Тоҷикистон нест, нест. Тоҷикистон-бахти ман, фархунда тоҷу тахти ман, Давлати Сомони ман бе Тоҷикистон нест, нест.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
Истиқлолият: заминаи расидани ҷавонон ба дастовардҳои беназир Имрӯзҳо мо, шаҳрвандони ин диёри биҳиштосо, аз он меболем, ки озод фаъолият ва зиндагӣ дорем. Албатта, ин ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллист. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои ҷаҳон исбот кард, ки Тоҷикистон дар муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ мустақил мебошад. Ҳар як падидаи наве, ки дар ҷумҳурии ҷавони мо ба даст меояд, бешубҳа натиҷаи Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳар як шахси ватандӯст инро бояд дарк кунад, ки Истиқлолият чист, бо кадом роҳ Тоҷикистон онро ба даст овард, он чӣ самара дод ва барои рушди минбаъдаи кишвар он чӣ гуна нақш хоҳад дошт? Ҳар яки мо ба ин суолҳо бояд посух биҷӯем, зеро дарки ин мафҳумҳо ниҳоят муҳим буда, надонистани онҳо ношукрӣ аз ин фазои озоду амн маҳсуб мешавад. Ба ҳамагон фаҳмонидани моҳияти мафҳумҳои зикргардида, вазифаи ҳар як шаҳрванд, аҳли зиё, ВАО ва ташкилоту идораҳои дахлдор мебошад. Сабаби асосии ба хиёнат зидди давлат ва паст намудани шаъну эътибори миллат, инчунин халалдор намудани якпорчагии мамлакат даст задани як афрод, ин дарк накардани ҳамин мафҳумҳо мебошад. Аз ин рӯ, дар қалби шаҳрвандон, бахусус қишри нисбатан фаъоли ҷомеа - ҷавонону наврасон парваридани ҳисси эҳтиром нисбати ин арзишҳо ниҳоят саривақтӣ ва муҳим мебошад. Истиқлолият ин озодӣ, соҳибихтиёрӣ, мустақилӣ буда, бе истиқлолияти комил мустақилияти ҳеҷ миллату давлат эътироф карда намешавад. Маҳз Истиқлолият дарвозаи асосӣ ва калидии фаъолияти давлат ба ҳисоб меравад. Ҳар гуна давлат танҳо баъди ба даст овардани Истиқлолият дар миёни давлатҳои дигар ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф мешавад. Дар дунё давлатҳои зиёде вуҷуд доранд, ки тӯли садсолаҳо ҷиҳати таъмини якпорчагӣ, ваҳдат ва истиқлолияти комил мубориза мебаранд. Онҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз тарафи давлатҳои ҷаҳон эътироф нашудаанду танҳо бо ном давлат ҳастанд. Имрӯзҳо дар аксар давлатҳо муборизаҳои озодшавӣ аз тобеияти дигар давлатҳо ва эълон доштани Истиқлолияти миллӣ идома доранд. Бисёре аз ин давлатҳо ҳуҷҷатҳои худро баҳри ба даст овардани истиқлолият ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пешниҳод мекунанд, вале аз сабаби мувофиқат накардан ба шартҳои ба даст овардани истиқлолият аз тарафи давлатҳои дигари аъзои созмонҳо эътироф намешаванд. Албатта барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар давлат ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин танзими фаъолияти мақомоти асосии давлатӣ, муайян намудани танзимоти ҷамъиятӣ қонуни асосии амалкунандае зарур аст, ки дар заминаи он дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва қабул мешаванд. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ буд, ки қонуни асосии давлат, ки
15
НАВҚАЛАМ
дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад ва он ҳамчун шиносномаи миллат дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст, қабул шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят сангин, бо иродаи халқи ватандӯст ва таҳаммулпазир, ки ояндаи худро бо дасти худ муайян кард, ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул карда шуд. Ин воқеаи таърихӣ ва ин падидаи тақдирсоз дастоварди бузурги даврони Истиқлолият мебошад. Маҳз дар даврони 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ муяссар гардид. Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳонро хатарҳои глобалӣ таҳдид мекунад, мебояд, ки сутуни истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ боз ҳам мустаҳкамтар карда шаванд. Имрӯзҳо давлату ҳукумат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон аҳамияти хосса зоҳир мекунанд. Ин албатта аз тарафи ҷавонон беҷавоб намемонад. Мо, ҷавонон, дар баробари боварӣ ва эътимоди роҳбари давлат барои ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша омодаем. Қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони Тоҷикистон имрӯзҳо бо иродаи қавӣ ва шикастнопазир дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона иштирок доранд. Ин гувоҳи он аст, ки ҷавонон дар ҳаёти ин кишвар нақши бағоят муҳим ва ояндасозе доранд. «Истиқлолияти давлатӣ, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ – бунёди давлати навину пешрафтаи тоҷиконро гузоштааст» - гуфта буд Пешвои миллат. Албатта, ин суханҳо таъкид бар он мекунанд, ки мо дар назди таърих, имрӯзу ояндаи миллату давлати худ баҳри бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати навину пешрафта барои наслҳои ояндаи миллат вазифадор ҳастем. Воқеан, аз ин муҳити осудаву ороме, ки давлату ҳукумат баҳри мо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ фароҳам овардааст, шукргузорӣ намуда, пайваста зери сарпарастӣ ва эътимоду боварии давлату ҳукумат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлолият саъю кӯшиш менамоем. Мо, ҷавононро мебояд ки ватани худро сидқан дӯст дошта, барои дар заминаи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани дастовардҳои нав талош намоем. Чунки Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои асосии расидан ба муваффақиятҳои беназир мебошанд. Суҳроби ТОИР, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара
Ҳар сол, санаи 1- уми сентябр бо садои занги аввал мо қадами нахустини худро ба остонаи мактаб мегузорем. Ҳар марҳилаи ҳаёт хотираҳои ба худ хосе дорад, махсусан вақте, ки кас умри худро сарфи донишандӯзиву касбу ҳунар менамояд. Якуми сентябр ҳамчун Рӯзи аввали соли хониш ва Дарси сулҳ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ анъана шуда буд ва ботантана ҷашн гирифта мешуд. Аввалин маротиба соли 1984 Ҳукумати Шӯравӣ 1-уми сентябрро Рӯзи якуми соли хониш эълон намуд. Баъд аз барҳамхӯрии Ҳокимияти Шӯравӣ таҷлили ин рӯз дар собиқ кишварҳои Шӯравӣ чун анъана боқӣ монд.
Марҳабо, соли хониш
Мо худ воқиф ҳастем,ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо - Тоҷикистони маҳбуб низ Рӯзи дониш -Дарси сулҳ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ҳамасола дар арафаи ин рӯз дар ҷумҳурӣ муассисаҳои нави таълимӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Барои омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара соли 2013 соли хотирмону фаромӯшнашаванда буд, чунки бо азму ташаббуси фарзанди баруманди диёр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Лангари деҳа, ки аҳолиаш 8000 ҳазор нафар мебошаду то ин дам мактаб надошт, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47- ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буданд. Хонандагони муассиса шукрона аз он доранд, ки дар чунин мактаби сеошёнаи замонавии дорои синфхонаҳои фаннӣ ва ба ҳамаи шароитҳои замон мутобиқ аз омӯзгорони пешқадам ва варзида ба монанди Тоҳирхон Ӯлмасов, Мансуриддин Ёрматов, Азизахон Каримова, Алиҷон Салоев, Ҳусейнбой Тоҷиддинов, Кенҷабой Мирсалимов, Сулаймонхон Бобохонов, Нусратхон Атохонова, Икромхон Каримов, Озодахон Ҷамилова, Анварбой Сафаров, Бобохон Ҳамдиддинов, Ҷалолиддин Эшонов, Мавҷудахон Юлдошбоева, Рофибой Асроров, Нозимҷон Ҷамилов, Зиёваддин Бободӯстов,Содиқҷон Раҳмонов, Қаҳорхон Қаҳоров, Олимхон Ҳоҷиматов, Холиқбой Маъмуров, Аҳадбой Аҳмадов, Ҳайдарҷон Бобоев, Шарафхон Қароев, Хайруллохон Ҳабибулоев, Ҳофизахон Самадова, Исмоилхон Қосимов, Майрамхон Абдуллозода, Ҳасанхон Сатторзода, Наҷибуллоҳ Ҳасанов ва дигарҳо сабақи илм мегиранд.
Ман имсол хатмкунандаи ин мактаби замонавӣ мебошам ва ният дорам, ки баъд аз хатми ин муассиса таҳсиламро дар ягон донишгоҳ идома дода, соҳиби касбу кори доимӣ гардам. Чуноне, ки Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромаду вохӯриҳояшон бо ҷавонону аҳли зиёи кишвар атрофи илму дониш ва нақши омӯзгорону олимон ва донишмандони миллат дар пешрафту тараққиёти пайвастаи давлат суханрониҳо менамоянд, агар ба саҳифаи таърих назар афканем, самараҳои аҷиби дарахти озодиро мушоҳида мекунем, ки саршор аз панду насиҳат ва дониши судманди бунёдӣ мебошад. Ҳакими шуҳратёр ва донишманд Фирдавсии Тӯсӣ гуфтааст: Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад, Зи дониш дили пир барно бувад. Дар ин ҷо шоир донишро мояи тавонгариву қудрати инсон ба қалам додааст. Дуруст аст, донишро бояд биомӯзем ва шарти асосии он ҳифз кардани он мебошад. Фаромӯшӣ офати илм мебошад. Дар ин маврид Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд: Ҳар он кас, ки дониш фаромӯш кунад, Забонро зи гуфтор хомӯш кунад. Ҳамин тариқ, 1-уми сентябр Рӯзи Дониш асту аввалин дарс дар мактаб Дарси сулҳ унвон гирифтааст. "Дониш" ва " Сулҳ " арзишҳое мебошанд, ки тақвиятдиҳандаи ҳамдигаранд: танҳо бо доштани саводу дониш кас метавонад ба қадри сулҳу субот бирасад ва дар навбати худ, фазои сулҳу суботи давлат боиси рушди илму дониши миллат мегардад. Абдураҳмон АВЕЗОВ, волонтёри Маркази ҷавонони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, шаҳри Исфара
Меъмори сулҳу ваҳдат Осудагиву амният, вахдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ арзишҳои ниҳоят муҳим ва муқаддас буда, баҳри таҳким, густариш ва ҳифзи ин арзишҳо бояд ҳар як фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулияти том ҷаҳду талош намояд. Эҷоди фитнаву буҳтон ва барангехтани кинаву адоват байни сокинони кишвар, тарғибу ташвиқи ақидаҳои зиддидавлативу зиддимиллӣ, ҷорӣ намудани андешаву омоли хоҷагони хориҷӣ аз ҷониби хоинони миллат, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣтеррористии ҳизби наҳзати ислом буд, ки мардумро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро бар муқобили оромиву субот ба по хезониданд. Ҷавонони ноогоҳ, камсаводу бетаҷриба, бехабар аз асли дини мубини ислом ва мардуми зудбоварро бо баёни ақидаву андешаҳои нопок ба доми фиреби худ кашонида, дар муборизаҳои хунин ва бесарусомониҳо онҳоро чунон моҳирона истифода намуданд, ки ин шахсони бехабар аз ҳилаву хиёнатҳои
наҳзатӣ сабабгори ҳазорон ҷинояту сарсониҳо гардиданд. Чун даст доштани ин ташкилоти тахрибкор ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ ошкор гардид, пешсафон ва аъзои раёсати олии ҳизби наҳзат аз кишвар фирор намуданд. Баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз минбари баланди он фарзанди фарзона ва фидоии миллат, меъмори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат қадамҳои устувор гузошта, зимоми давлатдории навини миллии моро ба уҳда гирифта, шуълаи умедро дар қалби мардум ба ояндаи дурахшон ҷилвагар намуд. Маҳз бо талош ва кӯшишҳои наҷиби Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон танинандоз гардида, роҳи рушди ҷомеаи муосири мо равшану мушаххас гардид. Баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуд.
Бояд насли имрӯзи кишвар ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон рисолати шаҳрвандии хешро бо масъулияти баланд эҳсос намуда, беш аз пеш барои ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳиссаи босазо гузорем. Ба ҳар гуна андешаву омоли ғаразноку нопоки гумроҳон дода нашуда, ваҳдату осоиштагии Тоҷикистони азизу муқаддасро ҳифз ва гиромӣ дорем. Чун мо мардуми Тоҷикистони офтобрӯя дар остонаи фарорасии 27-умин солгарди истиқлолияти миллӣ қарор дорем, таманнои онро дорем, ки ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, осудагиву амният, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад ва бигзор офтоби Ваҳдати мо то абад поянда бошад! Шахноза ҚУРБОНЗОДА, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №36 (9566), 06.09.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√
САЙҚАЛИ АНДЕША
Ҳаётро барои инсон тӯҳфа накардаанд, балки қарз додаанд. ******** Хушбахт на он аст, ки касе ӯро чунин пиндорад, ҳамон аст, ки худро чунин эҳсос кунад. ******** Муҳим он нест, ки туро кӣ меҳисобанд, муҳим он аст, ки ту воқеан кистӣ. ******** Пуршарафтарин пирӯзӣ ғалаба аз болои худ аст. ******** Фурсати аз даст рафта хело кам такрор мешавад. ******** Қонуни умумие мавҷуд аст, ки бо амри он тавлид мешаванду мемиранд. ******** Фардо шогирди дирӯз аст. ******** Қисмат чун шиша аст: дурахшида мешиканад. ******** Худат гунаҳкорӣ, аз сарнавиштат шикоят накун. ******** Дарёфти хушбахтӣ аз нигаҳдошташ осонтар аст. ******** Хушбахтӣ дар нерӯву сабр набуда пас дар чист? Публилий Сир Одамони хуб аз одамони бад заифтаранд. ******** Бовиҷдонии айбдоркунандаро аз айби мондааш баҳо диҳед. ******** Инсонро на рутбааш, балки амалаш муҳим аст. Плинийи хурдӣ
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Ифтихор аз падар Чарли Чаплин мегуяд: "Вақте ки наврас будам, як шаб бо падарам дар сафи хариди билет истода будем. Дар муқобили мо як хонаводаи серфарзанд меистод. Ба назар мерасид, ки вазъи молии хубе надоранд. Шаш тифли муаддаб, ки ҳамагӣ аз 12 сола поин буданд, бо либосҳои куҳна, аммо тамиз пушти ҳам истода буданд. Онҳо дуто - дуто дасти ҳамдигарро гирифта пушти падару модарашон қарор доштанд ва бо ҳам бо ҳаяҷон оиди барномаҳо ва саҳнаҳое, ки қарор буд доир шаванд, суҳбат мекарданд. Вақте ки навбат ба онҳо расид, масъули билетфурӯш аз падари хонавода пурсид: — Барои шумо чанд билет лозим? Падари хонавода ҷавоб дод: — Лутфан ду билет барои калонсолон ва шаш билет барои кӯдакон. Масъул қимати билетҳоро ҳисоб кард.
РАҲМОН ШАРИФОВ
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
√ АНДАРЗ
Мард ба билетфурӯш наздик шуд ва бо оромӣ пурсид: — Бубахшед, чӣ миқдор гуфтед? Масъули билетфурӯш дубора нархи билетҳоро иброз кард. Ногаҳон ранг дар рӯйи мард тағйир кард ва бо ноумедӣ нигоҳе ба ҳамсараш андӯхт. Бачаҳо ҳанӯз мутаваҷҷеҳи мавзӯъ нашуда, саргарми суҳбат оиди саҳнаҳои барнома буданд. Маълум буд, ки мард пули кофӣ надошт ва намедонист, ки чӣ кор кунад ва ба бачаҳо чӣ бигӯяд. Ногаҳон падарам даст ба ҷайбаш бурд ва як 20 доллараеро берун кард ва онро ба замин партофт, сипас хам шуду пулро бардошт ва ба шонаи мард заду гуфт: — Бубахшед, ин пул аз ҷайби шумо афтод. Мард, ки дарҳол вазъро дарк карда буд, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва ба падарам ташаккур гуфт. Марди шарифе буд, аммо дар он лаҳза барои он ки назди
Таҳияи Абдурашид САФАРОВ
√ ОБУНА-2019
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
√ ЭЪЛОН
Дафтари ҳавлӣ, ба номи Сироҷиддин Сангинов, бо суроғаи маҳаллаи Қаротегин, гузаргоҳи 1, хонаи рақами 8, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки онро ШВКД ноҳияи Шоҳмансур додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Замимаи диплом, ки онро Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон соли 2013 ба Абдуалимова Мавзуна Комилҷоновна додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун таҳти феҳристи НК – 1377 аз 22.03.1986 ба соҳибмулк Кучакшоев Диловаршо, бо суроғаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Айнӣ 39 тааллуқ дорад, бинобар гум шудан эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
фарзандон хиҷолат накашад ва онҳоро ноумед накунад, кӯмаки падарамро қабул кард. Баъд аз он ки бачаҳо ҳамроҳи волидон вориди толор шуданд, ману падарам оҳиста аз саф ҷудо шуда, хона баргаштем. Ман дар дилам бо доштани чунин падар ифтихор кардам ва он зеботарин тафреҳе буд, ки дар умрам нарафта будам.
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4037 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»