Javononi Tojikiston, #36 (9358), 4.09.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

1

№36 (9358),

4 сентябри соли 2014

БОЗИҲОИ ОСИЁ-2014

ШОДБОШӢ

Барқияҳои табрикии Президенти кишвар ба сарони давлатҳои ҳамсоя

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии ин кишварҳо барқияи табрикӣ ирсол намуд. «Қирғизистон барои мо ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад ва мо барои тавсеа ва таҳкими муносибот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дорои анъанаҳои бойи таърихианд, ҳавасмандем», - омадааст дар барқия ба А. Атамбаев. Дар барқия ба Ислом Каримов зикр шудааст: «Мо хоҳони муносиботи зичи мутақобила, ки аз манфиатҳои умумии таъмини амнияти минтақавӣ, субот ва ташкили шароитҳо барои рушди устувори ҳар ду кишвар ва некӯаҳволии мардумонамон бармеоянд, мебошем».

ҚАДРДОНӢ

Маросими супоридани мукофоти давлатӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 160 нафар кормандони касбу кори гуногуни ҷумҳуриро ба истиқболи 23юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо мукофоти давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои олии низомию махсус сарфароз гардонд. Аз ҷумла, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаҳои илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, ба шаш нафар олими ҷавон – Маҳмадалӣ Қурбонов, Фариза Қурбонова, Сироҷиддин Раҷабов, Дилшод Равшанов, Некрӯз Қудратов ва Қадамҷон Сафизода супурда шуд. ҲАЙАТИ ОПТИМАЛИИ ТИМИ МУНТАХАБИ КИШВАР ДАР БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ОСИЁ-2014

Натиҷаҳои баландро чашмдорем 13 Саҳифаи

ЭНЕРГЕТИКА

Бонки ҷаҳонӣ ба сохтани «Роғун» иҷозат дод Бонки ҷаҳонӣ 1 сентябр дар сомонаи расмиаш ҳамроҳ бо хулосаҳои ниҳоии арзёбиҳо дар бораи тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” санади тозаеро бо номи “Масоили калидии мавриди баррасии минбаъда дар бораи тарҳи пешниҳодии НБО Роғун” нашр кардааст. Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла, менависад: “Сохтмони амн ва истифодаи сарбанд дар ҳудуди Роғун имконпазир аст. Ҳар кадом аз 3 тарҳи сарбанди Роғун барои таъмини эҳтиёҷи Тоҷикистон ба нирӯи барқ назар ба алтернативаҳои бидуни Роғун аз нигоҳи иқтисодӣ бештар муносиб аст”.

Дар маросими ифтитоҳи он, ки 3 сентябри соли равон доир гашт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт. Дарвоқеъ, он тӯҳфаест ба мардуми шарифи кишвар дар арафаи 90-солагии авиатсияи граждании мамлакат ва 23-солагии Истиқлолияти давлатӣ.

Терминали нави фурудгоҳ ба кор оғоз кард Ба иттилои Муҳаммадюсуф Шодиев, сардори маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» маблағи умумии сохтмони терминал, бар асоси қарордод миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Фаронса ва байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ю Ширкати фаронсавии «Винчи Констраншин Гранд

Проҷекст - VINCI» 39 миллион евроро ташкил дод, ки пардохти 19 миллион еврои он ба зимаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» буд. Ба корҳои сохтмонии терминал, ки аз ду ошёна иборат буда, масоҳати умумиаш 11 000 метри квадратӣ мебошад ва имконияти хизматрасонии 500 мусофирро дар як соат дорад,

e-mail: javonontj@mail.ru

ХИЗМАТРАСОНӢ

187 коргар, аз ҷумла, 108 мутахассиси маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Инчунин, бинои терминал ду зинапояи телескопӣ дорад, ки имкон медиҳад дар як вақт ба чор ҳавопаймо хизмат расонда шавад. Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонии терминал 28 ноябри соли 2012 шуруъ гардид.


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

2

РУШДИ МАҲАЛ

МАОРИФ

Иштироки Президент дар чорабиниҳои Рӯзи дониш Якуми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави панҷошёнаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ифтитоҳ намуд ва дар тантанаҳои Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ширкат варзида, бо намояндагони соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ мулоқоти судманд анҷом дод.

Оғози бунёди шаҳраки нав дар Ваҳдат 28 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун ба шаҳрати Ваҳдат сафар кард. Бо иштироки Президенти мамлакат дар яке аз мавзеъҳои зебои шаҳри Ваҳдат ба сохтмони варзишгоҳи марказӣ, боғи марказии фарҳангу фароғат ва як мактаб барои 1240 хонанда оғоз бахшида шуд. Майдони асосии варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ дар масоҳати 3,5 гектар бунёд меёбад, дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд. Варзишгоҳ, ҳамчунин, аз майдонҳои хурду миёнаи дигар, толорҳои гуногуни варзишӣ ва толору ҳуҷраҳои таъиноти мухталиф иборат мешавад. Мактаби нав барои 1240 хонан-

фароғати шаҳри Ваҳдат бо нигоҳи нав ва усулҳои замонавӣ таҳия гардидааст. Он дар масоҳати 3,5 гектар доман паҳн намуда, ба беҳтарин мавзеи сайру гашт ва фароғату дилхушии сокинону меҳмонони шаҳр табдил хоҳад ёфт. Муҳлат барои анҷоми сохтмони ин иншоот 2 сол, яъне, то моҳи сентябри соли 2016 ва рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муайян шуд. Дар ин шаҳраки навбунёд, ки масоҳати умумиаш 37 гектар мешавад, ҳамчунин, 22 бинои истиқоматии аз 9 то 12-ошёна, меҳмонхона бо 300 ҷойи хоб,

да бо навтарин шароити таълиму тарбия бунёд ёфта, аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар толору утоқҳои корӣ иборат хоҳад буд. Ҳамин гуна мактаби замонавӣ барои 1240 хонанда дар деҳаи навбунёди Истиқлоли шаҳри Ваҳдат бунёд меёбад, ки санги асосаш моҳи апрели соли равон аз ҷониби Сарвари давлат гузошта шуда буд. Ҳоло корҳо барои оғози сохтмони он бо суръати баланд идома дорад. Боғи марказии фарҳангу

кӯдакистон барои 340 кӯдак ва иншооти дигар бунёд хоҳад ёфт. Зимни суханронӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, зикр кард, ки бо бунёд ёфтани ин шаҳраки муосир ва дигар иншооти сершумор шаҳри Ваҳдат пас аз чанд соли дигар ба яке аз зеботарин шаҳрҳои Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт. Дар мавзеи сохтмони варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат аз ҷониби варзишгарони касбӣ ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим намо-

иши бошукӯҳи варзишию фарҳангӣ ороста шуд. Чунонки иттилоъ доданд, варзишгарони шаҳри Ваҳдат соли 2014 дар 20 мусобиқаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва ҷамъиятҳои варзишӣ иштирок намуда, соҳиби 55 медали тилло, 28 медали нуқра ва 31 медали биринҷӣ гардидаанд. Варзишгарони Ваҳдат, ҳамчунин, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ, соҳиби 3 медали тилло ва 3 медали нуқра гардидаанд. Аз ҷумла, Шарифҷон Шукуров соли равон дар Чемпионати Осиё оид ба муайтай (бокси тайландӣ) қаҳрамон шуд. Соли 2013 варзишгари шаҳри Ваҳдат Адҳам Мисоқов Чемпиони Осиё оид ба гӯштини дзю-до гардида, мақоми Устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро ҳимоя намуд. Сарвари давлат дар деҳаи Тангаӣ шифохонаи хусусии “Парастор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Он бо 100 кати хоб барои беморон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холиқов сохта шудааст. Бинои шифохона дуошёна буда, барои бунёдаш 11 500 000 сомонӣ масраф шудааст. Ҳоло ин шифохона дорои шуъбаҳои умумитиббӣ ва кӯдакона буда, барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба наздики 80 ҳазор аҳолии 4 деҳоти дараи зебои Ромит пешбинӣ шудааст. Соҳибкор Акрам Холиқов тасмим дорад, ки оянда дар паҳлӯи ин бино, ҳамчунин, як бинои сеошёнаи дигар барои шуъбаи муосири ҷарроҳӣ бунёд намояд. Бо маслиҳати Президенти кишвар соҳибкор уҳдадор шуд, ки оянда то ба 50 нафар маъюби минтақа ройгон хизмат расонанд. Дар деҳаи Лиҷҷак мактаби замонавӣ барои 1280 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд. Сарвари давлат, инчунин, бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Шоразми Боло шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан ба амал овард.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо шароити таълимии дар бинои нав муҳайёгардида, аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки он аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи қариб 14 миллион сомонӣ сохта ва ҷиҳозонида шудааст. Бинои нави донишгоҳ барои факултаҳои технология, забонҳои романию олмонӣ ва англисӣ пешбинӣ шудааст. Дар факултаи технология барои омӯзиши ҳунарҳои зебои мардумӣ ва ташкили дурусти дарсҳои он шароити бисёр хуб, аз ҷумла, барои омодасозии рассомону тарроҳони либос ва мутахассисони гулдӯзию зардӯзӣ, муҳайё гардидааст. Зимни суханронӣ, Сарвари давлат вазъи кунунии соҳаҳои илму маорифи кишвар ва нақшаҳои ояндаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар ин самти фаъолият таҳлилу

баррасӣ карда, таълиму тарбияи дуруст ва ҳадафноки насли наврасро аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат номид ва талаб намуд, ки барои шарафманд шудан ба ин ҳадафи воло аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва муҳайёшаванда самарбахш истифода баранд. Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ бо маҳфили пурсишу посух ва баррасии таклифу пешниҳодҳои ба миён гузошташуда идома ёфт.


3

ОБОДОНӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

“Ин Ватанро мо – ҷавонон сабзу хуррам мекунем” 30 август дар доираи Амалиёти умумиҷумҳуриявии “100 рӯзи ободонӣ” бахшида ба 20-солагии қабули Сарқонуни ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» дар вилояти Суғд корҳои ободонӣ сурат гирифт. Дар доираи он 150 нафар ҷавон дар маҳаллаи Мевагули шаҳри Хуҷанд назди толори варзиширо тамиз карданд.

ОМОР

БОНГИ ИЗТИРОБ

Солҳои 2009-2014: 8041 ҷавон барои таҳсил ба хориҷа фиристода шуданд таҳқиқоти аэрокайҳонӣ, бизнеси байналмилалӣ, тарҷумони забонҳои хориҷӣ, ҳуқуқшиноси байналмилалӣ, сохтмони иншооти гидротехникӣ, таъминоти барқӣ) барои таҳсил фиристода шудаанд. Ин муддат 450 нафар ҷавон, аз ҷумла, 142 нафар (31 фоиз) аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 308 нафар (69 фоиз) аз ҳисоби тарафи даъваткунанда таҳсилро хатм намудаанд. Аз шумораи умумии фиристодашудагон 104 кас хориҷ шуда, 238 нафар (52 фоиз) бо ҷои кор таъмин гардидаанд. Умуман, дар давраи зикршуда аз 51 вазорату идора, корхона, ташкилот ва муассиса ҷавонон барои таҳсил ба давлатҳои хориҷӣ ҷалб гардидаанд.

БУЗУРГОН НАМЕМИРАНД

Деҳоти Файзобод номи Дӯстмурод Алиевро гирифт Дар ноҳияи Файзобод баҳри абадӣ гардонидани хотираи неки номдорони диёр чораҳои лозима меандешанд. Бо ин мақсад чанде пеш бо пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мутобиқи моддаи 19-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 719 қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он деҳоти Файзобод ба номи Дӯстмурод Алиев, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон гузошта шуд. Қабл аз ин, бо қарори Маҷлиси вакилони халқ Филармонияи халқии ноҳия номи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистонро гирифт. Алҳол, мардуми ноҳия ба таҷлили 120-солагии Ҳикмат Ризо, гурғӯлисарои машҳур, шоири халқӣ омодагӣ мегиранд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Файзобод иттилоъ гирифтем.

Ҷӯйҳои нокандаву дарахтони хушкида Яке аз одатҳои хуби ниёгонамон дар арафаи иду ҷашнҳо тозаву озода кардани маҳалли зист мебошад. Дини мубини ислом низ пайравони худро ба риояи тозагӣ даъват намуда, онро пояи мустаҳками зиндагии шоиста меҳисобад. Чунончи, дар як ҳадиси Расули Худо (с) омадааст: “Ад-дину назофату” (Дин покизагист). Чанде пеш аз самти ноҳияи Ҳисор тавассути роҳи Ҳисор – Айни – Душанбе ба пойтахт омадам. Аз маркази ноҳияи Ҳисор то деҳаи Турдибобо бехи дарахтони тути ду тарафи роҳ тоза ва сафед шуда буданд. Ҷӯйҳои тозаву алафҳояшон паст даравкардашуда ба назар зебо менамуданд. Аммо ҳангоми ба ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ наздик шудан вазъи ду тарафи роҳ табъи бинандаро хира мекунад. Ба

назар чунин мерасад, ки бехи тутҳоро солҳо тоза накардаанд. Ҷӯйҳо нокандаву дар баъзе қитъаҳо об ба роҳ баромада, боиси дар роҳи мумфарш пайдо шудани чуқуриҳо гаштааст. Ҳол он ки ҳамагӣ ду моҳ пеш роҳсозон заҳмат кашида, чуқуриҳоро “дарбеҳ” намуда буданд. Дар ду тарафи ҷӯйҳо хору банги девона, қамишу дигар алафҳои бегона қад кашидаанд. Дар мавзеи шаҳраки Айнӣ бошад, дар канори роҳи мумфарш як мошин партов ҷамъ шудааст. Чунин вазъият рӯ ба рӯи бозори “Балх” дар мавзеи нави аҳолинишин низ ба назар мерасад. Дарахтони арча аз самти чапи роҳи деҳаи Шайнаки Чинор то чорраҳаи Ҷӯйбодом хушк шудаанд. Инчунин, аз самти рости чорроҳаи Ҷӯйбодом то деҳаи Конститутсия 40-50 ниҳоли дарахти арча аз беобӣ хушкидаанд. Азбаски Рӯдакӣ калонтарин ноҳияи ҷумҳурӣ аст, шояд раиси ноҳия соле як бор ҳам аз ин мавзеъ гузар накунад. Аммо раисони ҷамоату маҳаллаҳо наход, ки боре ин манзараҳои ногуворро набинанд? Тоза нигоҳ до-

штани маҳал ҳам савоб асту ҳам ҳифзи саломатӣ. Дар қисмати шимолии деҳаи Шайнаки Чинор бошад, партовро дар наздикии дарёча рехтаанд, ки хилофи талаботи гигиенист. Мутаассифона, масъулони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ то ҳол барои пешгирию рафъи ин камбудиҳо чорае наандешидаанд. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мамлакат рӯзҳои истироҳат Амалиёти ҷумҳуриявии «100 рӯзи ободонӣ» унвонии “Ин ватанро мо – ҷавонон сабзу хуррам мекунем” идома дорад. Хуб мешуд, ки Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамдастӣ бо раисони маҳаллаҳои деҳаҳои мазкур рӯзҳои истироҳат ҳашар эълон карда, ба ин кори савоб ҷавононро ҷалб намоянд. Ин дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон беҳтарин хизмат ва исботи садоқату ватандӯстии ҷавонон мешуд.

С. АБӮИСМОИЛ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Тайи панҷ соли охир ба зиёда аз 110 муассисаи таҳсилоти олии касбии 24 давлати хориҷӣ (Австрия, Англия, Белорус, Олмон, ИМА, Ирландия, Испания, Италия, Қазоқистон, Кипр, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Литва, Лаҳистон, Федератсияи Русия, Словения, Туркия, Украина, Чин, Ҳиндустон, Чехия, Эрон ва Ҷопон) 8041 нафар, аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети давлатӣ 378 нафар ва аз ҳисоби маблағҳои ҷониби даъваткунанда 7663 нафар ҷавони мамлакат аз рӯи зиёда аз 100 равия ва ихтисос (аз ҷумла, ҳавонавардӣ, алоқаи соҳаҳои нақлиёт, бехатарии парвоз, лоиҳакашии роҳҳо, нанотехнология, пармакунии чоҳҳои нафту газ,


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

4

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН

Истиқлолият. Вақте ин вожа дар тафаккур шакл мегирад, пеши назар марҳилае падид меояд, ки мардуми тоҷик муддати беш аз ду даҳсола ба маънои томи калима мустақилиятро соҳиб шудааст. Бархе ба он андешаанд, ки бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикон бе ягон мамониат истиқлолиятро ба даст оварданд. Чун неъмати аз осмон афтида.

шарт ва муҳим аст. Асри бистуякро, асри иттилоот мегӯянд. Ин аз ҷавонони тоҷик тақозо дорад, хонда, соҳибмаълумот гарданд, дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ бештар саъй намоянд. Чанде пеш, ба идораи рӯзнома Неққадам Саидов ном ҷавонписари тоҷик, муҳассили Донишгоҳи давлатии шаҳри Астрахани Федератсияи Русия меҳмон шуд. Мувофиқи нақли ӯ дар ин боргоҳи илму ҳунари кишвари рус даҳҳо ҷавони тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Онҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ширкати фаъолона доранд. Чун Некқадам Саидов ҳазорҳо ҷавони тоҷик чӣ

мешаванд. Ин ҳам як шакли қадрдонии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар аст. Шароити муфиди таҳсил ва қадрдониҳо бояд ҷавононро водор созад, ки ҳарчи бештару хубтар дар омӯзиши илмҳои замона саъй намоянд, то фарзанди арзандаи даврони хеш бошанд. Замони шӯравӣ аҳён - аҳён номи варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти гуногуни варзишии умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ ёдовар мегардид. Онҳо ангуштшумор буданд. Масалан, Иброҳим Ҳасанов дар қайиқронӣ, Зебунисо Рустамова дар камонварӣ, ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар гӯштини самбо маъруфият до-

ноил гардид. Гурзпарто Дилшод Назаров Чемпиони дукаратаи Бозиҳои Осиё мебошад. Номи бисёр варзишгарони дигари ҷавони тоҷикро метавон ёдовар шуд, ки аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш комёбиҳои баландро ноил шудаанд. Танҳо соли гузашта варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти минтақавию байналмилалӣ ба гирифтани 461 медал мушарраф гардидаанд. Моҳе пеш дар диёри офтобрӯяамон Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до (ITF) доир шуд. Дар он варзишгарони тоҷик аз рӯйи ҳисоби даставӣ миёни 52 кишвар ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуданд. Ҳоло ҳайати беш аз садна-

Ҳамаи ин аз он гувоҳ аст, ки барои рушди варзиш заминаи боэътимод ба вуҷуд оварда шудааст. Аз чунин имконот истифода бурда, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти гуногун фаъолона ширкат варзида баҳри рушди варзиш, бардамию солимӣ нақши муаассир мегузоранд. Баҳри пешрафти таълиму тарбия, рушди варзиш ҳар сол мактабҳои нав сохта мешаванд. Таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, баҳри таълиму тарбия тамоми шароит муҳйё карда мешавад. То ин ки насли наврас хонда, соҳибмаълумот гардад. Бобати ҳарчи бештар ба варзиш фаро гирифтани наврасону

Мутаассифона, истиқлолият ба даст омад, лек бо ҷаҳди гурӯҳҳои мансабхоҳ аз як тараф ва муқобилияти шадиди мансабдорон аз ҷониби дигар кишвари тоҷикон ва мардуми он ба гирдоби кашмакашию низоъ ворид гардид. Билохира, ҷанги шаҳрвандӣ рух доду кишвари ангубини тоҷикон ба хун оғӯшта шуд. Он чӣ натиҷа ба бор овард, ба ҳамагон маълум аст. Вақт ноаён гузашт. Захмҳои замони ҷанг пас аз барқарории сулҳ батадриҷ шифо ёфта, чеҳраи кишвар тағйир ёфтан гирифт. На танҳо чеҳраи кишвар, балки мардуми он низ. Дубора лабони модарону тифлон бо табассум гул кард. Имрӯз мардуми тоҷик шукронаи онро дорад, ки дар диёр сулҳу ваҳдат пойдор асту дар ин фазои оромию осоиштагӣ пайи пешбурди рӯзгори хеш аст. Саъй дорад, рӯзҳои пурдаҳшатеро чун замони ҷанги шаҳвандӣ ин сарзамини пурсаховат, ин миллати сарбаланд дигар ҳаргиз набинад. Ҳоло дар кишвар беш аз нисфи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Эшонро қувваи пешбарандаи миллат меҳисобанд. Маҳз фазои сулҳу оромӣ боис гашт, ки ҷавонон дар соҳоти гуногун кору пайкор намуда, бобати пешрафти кишвар саҳми арзанда гузоранд. Имрӯз танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафар ҷавон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Оянда онҳо духтур, муҳандис, омӯзгор, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос ва дигар мутахассис хоҳанд шуд. Баҳри нафъи халқу Ватан садоқатмандона хизмат хоҳанд кард. Фазои оромии даврони Истиқлолият боис шуда, ки ҳазорҳо нафар ҷавони тоҷик, на танҳо дар дохил, ҳамчунин, дар макотиби олии мамолики хориҷа бо маблағҳои Ҳукумати кишвар таҳсил намоянд. На танҳо илм, касбу ҳунар омӯзанд, балки забондон шаванд. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои хориҷӣ барои ҷавонон

дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, оянда дар соҳоти гуногун заҳмат кашида, баҳри пешрафти диёри хеш саҳм хоҳанд гузошт. Чунин имкониятро барои таҳсил, омӯзиши касбу ҳунар даврони истиқлол ба вуҷуд овардааст. Ҳар сол дар арафаи Истиқлолияти кишвар шаш нафар олим, аз ҳисоби ҷавонон бобати саҳм дар дастовардҳои илмӣ ба гирифтани ҷоизаи Исмоили Сомонӣ лоиқ дониста

штанд. Шукронаи истиқлолият, ҳар сол дар мусобиқоти гуногуни байналмилалӣ парчами кишвар ба шарафи дастоварди варзишгарони тоҷик боло мегардад. Паҳлавони ҷавон Расул Боқиев дар Бозиҳои олимпии Пекин (2008) дар намуди дзю-до сазовори медали биринҷӣ шуд. Тоҷикдухтар Мавзуна Чориева бошад, дар Бозиҳои олимпии Лондон (2012) дар намуди бокс ба гирифтани медали биринҷӣ

фараи варзишгарони кишвар барои ширкат дар Бозиҳои 17-уми осиёӣ, ки дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ доир мегардад, азми сафар доранд. Бозиҳои осиёӣ барои варзишгарони мо як имтиҳони ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Маҳз ширкати фаъолона имкон медиҳад, дар мусобиқоти интихобӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразил, заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.

ҷавонон ҳар сол иншооти нави замонавии варзишӣ бунёд мегардад. Танҳо дар 2,5 соли охир наздики 3 ҳазор иншооту толорҳои варзишӣ бунёд ёфтааст. Садҳо ҳазор ҷавон ба варзиши оммавӣ майл доранд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, насли наврас ба таври бояду шояд илм омӯзад, ҳунар ёд гирад ва ба варзиш, ки гарави бардамию солимист, шуғл варзад. Мутаассифона, солҳои охир ҷавонону наврасони ҷавони тоҷик ба равияҳои гуногуни ифротию тундрав ҳамроҳ гардида, дар ҷомеаи тоҷик хатар эҷод мекунанд. Имрӯз, тавре ба ҳамагон маълум аст, як қисм аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, бештар дар Русия, қарор доранд. Маҳз муҳоҷирони ҷавони тоҷик фирефтаи ваъдаҳои болохонадори ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ шуда, ба гӯшаҳои доғи ҷаҳон, яъне, барои ширкат дар ҷангу ҷидол, хунрезиҳои ин гуна гурӯҳҳо ширкат варзанд. Чунончи, дар низоъҳои дохили кишвари арабии Сурия чандин ҷавони тоҷик иштирок доранд. Чанд тан аз онҳо аллакай кушта шудаанд. Чанди дигар хатои худ ва ваъдаҳои дурӯғини ташвиқгаронро дарк намуда, аз карда пушймон, озими Ватан шудаанд. Баҳри пеш гирифтани чунин амалҳои номатлуб ва гумроҳии ҷавонон Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳо меандешад. Умуман, ин кори танҳо ҳукумат нест, кори аҳли фарҳанг, зиёиёни эҷодкор, диндорон, тамоми ҷомеа ба ҳисоб меравад. То ин ки пеши роҳи чунин хатокориҳои наврасону ҷавонон гирифта шавад. Ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа, бунёдгарони оянда меҳисобанд. Пас, коре бояд кард, ки ин бозуи тавонои миллат дар руҳияи ватанпарастию созандагӣ тарбия ёфта, оянда барҳақ бунёдкори ҷомеа бошад.

Бозуи тавонои миллат

Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»


Чин ҳамсояи хайрхоҳи Тоҷикистон аст

2 сентябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Сянжун бо рӯзноманигорони тоҷик доир гардид. Хабарнигори “Ҷавонони Тоҷикистон”, ки дар ин мулоқот ширкат дошт бо чанд савол ба сафир муроҷиат намуд. - Ҷумҳурии Мардумии Чин бузургтарин ҳамсоякишвари Тоҷикистон аст. Робитаҳои ду давлати ҳамсояро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Муносибатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Тоҷикистон хайрхоҳона, гарм ва дӯстона аст. Дар сатҳи олӣ низ роҳбарони ду давлат муносибати нек доранд. Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ доир мегардад. Вобаста ба ин воқеаи муҳим Сардори давлати ҶМЧ Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Тавре шумо медонед, сафари давлатӣ сатҳи баландтарини ташриф аст. Ин сафари нахустини Си Ҷинпин ба Тоҷикистон мебошад. Мо боварӣ дорем, ки пас аз ташрифи ҷаноби Си Ҷанпин ба Тоҷикистон робитаҳои ду кишвари ҳамсоя боз ҳам бештар рушд хоҳанд кард. Дар хотир дорам, ҳангоме ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд, оғози соли 1992 ман дар як ҳайати намояндагони ҶМЧ ба ҳайси тарҷумон ба Тоҷикистон омадам. Ҳуҷҷатҳоеро омода намудам, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекард. Имрӯз ба сифати Сафири ҶМЧ дар Тоҷикистон ман аз он ифтихор мекунам, ки дар таҳияи ин санади муҳим нақш доштам. Тайи ин солҳо муносибати ду кишвар дар ҳама соҳаҳо густариш ёфтанд, ки бо солҳои 90-ум қобили муқоиса нест. - Дар рафти сафари давлатии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон кадом санадҳои муҳим дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо хоҳанд расид? - Ман боварӣ дорам, ки ин сафар бисёр хотирмону таърихӣ ва пурмуҳтаво хоҳад буд. Соли гузашта, вақте ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар намуд, зимни мулоқот бо сарвари кишва-

ри мо Чинро шарики стратегӣ номид. Шарики стратегӣ чӣ маъно дорад? Муносибат дар сатҳи шарики стратегӣ аз ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо фарқ дорад. Яъне, муносибатҳои шарики стратегӣ дар пойдории субот ва тараққиёти кишвар аҳамияти калон дорад. Танҳо тайи як соли ҳамкориҳо дар сатҳи шарикии стратегӣ муносибатҳои ду давлат ривоҷу равнақи тоза пайдо кард. Шояд аксари шумо рӯзноманигорон дар хотир дошта бошед, ки дар як соли охир миёни сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ман нафаре бошам, ки аз ҳама зиёдтар бо Президенти Тоҷикистон (дар сафарҳо) будам. Масалан, дар маросими кушодашавии мактабе, ки бо тамоми шароит дар ноҳияи Данғара бо бурсияи Чин сохта шуд. Ҷаноби Президентро ҳамроҳӣ кардам. Инчунин, дар оғози сохтмони корхонаи коркарди нафт дар вилояти Хатлон низ иштирок доштам. Тоҷикистон сӯзишвориро аз хориҷа ворид мекунад. Пас аз чанде дар мамлакат корхонаи коркарди масолеҳи нафтӣ кушода мешавад. Ман дар муаррифии минтақаи саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон – шаҳри Истиқлол будам. Имсол аз ҷониби Чин сармоягузории зиёд сурат гирифт. Дар шаҳри Панҷакент ба наздикӣ яке аз калонтарин корхонаи коркарди тилло ва сангҳои қиматбаҳо бо иқтидори бузург ифтитоҳ хоҳад ёфт. Илова бар ин, дар вилояти Хатлон корхонаи коркарди пахта бо иқтидори 500 ҳазор тонна сохта мешавад, ки дар Осиёи Миёна ҳамто надорад. Худ шоҳидед, ки бо ифтитоҳи корхонаҳои хишти чинӣ нархи хишт дар Тоҷикистон хеле арзон шуд. Ҳамчунин, бо ба кор даромадани корхонаҳои сементистеҳсолкунӣ нархи ҳар як тонна семент то 100 доллари амрикоӣ поён фуромад.

- Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф ва омода кардани мутахассисон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? - Имрӯз дар Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 1500 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Миёни онҳо донишҷӯёне ҳастанд, ки бо маблағи ҷудокардаи ҶМЧ таҳсил доранд. Иддае аз онҳо аз ҳисоби худ таҳсил мекунанд. Дар баробари гирифтани маълумот ва ихтисоси зарурӣ ҷавонони тоҷик забони чиниро низ хуб аз худ мекунанд. Сол то сол шумораи донишҷӯёне, ки мехоҳанд дар ҶМЧ таҳсил кунанд, меафзояд. Масалан, имсол 300 нафар ба донишгоҳҳои Чин роҳхат гирифтанд. Мо барои омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои энергетика, коркарди саноати кӯҳӣ ва кишоварзӣ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳем кард. Ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази Конфутсиӣ амал мекунад, ки дар он хоҳишмандон забону фарҳанги Чинро меомӯзанд. Ба наздикӣ боз як марказ дари худро ба рӯи ихлосмандони забону таърих ва фарҳанги Чин боз хоҳад кард. Тавре хабар доред, бо кӯмаки Чин дар шаҳри Душанбе нерӯгоҳҳои ҳароратии ҳозиразамон ба кор даромад. Ҷониби Чин тасмим гирифтааст, ки барои кор кардан дар он мутахассисони тоҷикро омода намояд. - Ҳамкории ду кишвар дар бахши пойдории амну субот ва масоили бехатарӣ чӣ гуна аст? - Тавре медонед, имрӯз таҳдидҳо, аз қабили терроризм, радикализм, экстремизм ва сепаратизму қочоқи маводи мухаддир аксари кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистону Чинро низ ба ташвиш овардааст. Барои мардум муҳимтарин чиз чист? Албатта, суботу оромӣ. Аз ин рӯ,

5 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

ҲАМКОРӢ

мақомоти амниятӣ ва ҳифзи тартиботи ду кишвари ҳамсоя ҳадафи муҳимтарин доранд, ки он нигоҳ доштани амну субот дар ҷомеа аст. Чанде пеш вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо сафари расмӣ ба Чин рафта, бо ҳамтои чинии худ санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷонибдори соҳибистиқлолию осудагии Тоҷикистон буда, ҳамеша амну оромӣ ва пешрафти кишвари ҳамсояро таманно дорад. Мардуми Тоҷикистон мутмаин бошад, ки давлати бузурги Чин ҳамсояи хайрхоҳи онҳост.

Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”

ИФТИХОРИ МО

Тоҷикписар ҷарроҳи беҳтарини Слансӣ шуд

Ҷамшед Аминов зодаи деҳаи Муъминободи ноҳияи Ҳисор буда, пас аз хатми мактаби №30-и ҳамин ноҳия, соли 1998 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд. Соли 2002 пас аз хатми соли чоруми донишгоҳи мазкур таҳсилро дар Академияи олии ҳарбии тиббӣ ба номи С.М. Кирови шаҳри Санкт-Петербург идома дод. Баъди хатми академия ба ординатураи клиникӣ дохил шуда, курси мукаммали онро бо ихтисоси ҷарроҳии умумӣ хатм намуд. Дониши баланди Ҷамшедро ба

инобат гирифта, соли 2007 ӯро дар бригадаи низомии №139 шаҳри Виборги вилояти Ленингради Федератсияи Русия ҷарроҳ таъин намуданд. Ҷамшед дар ин ҷо ду сол ба ҳайси ҷарроҳи умумӣ фаъолият кард. Баъдан Ҷамшед Аминов бо сабабҳои оилавӣ ба Ватан баргашта, солҳои 2009-2010 дар маркази саломатии шаҳрии №2-и шаҳри Душанбе ҳамчун табиби ҷарроҳ фаъолият намуд. Сипас, ба шаҳри Сланси вилояти Ленинград рафта, солҳои 2010-2013 дар беморхонаи марказӣ ҳамчун ҷарроҳ ва баъдан мудири шуъбаи ҷарроҳӣ

кор кард. Барои фаъолияти софдилона ва муомилаи хубу истеъдоди баландаш Ҷамшед Аминов ду маротиба бо «Ифтихорнома»-и Ҳукумати шаҳри Сланси сарфароз гардонида шуд. Алҳол Ҷамшед Аминов аспиранти кафедраи ҷарроҳии Академияи тиббии бо номи Мечникови Федератсияи Русия мебошад. Мақсад дорад, ки дар ҷодаи илми тиб муваффақ шуда, номбардори миллату Ватан гардад.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Сардухтури беморхонаи шаҳри Слансии вилояти Ленингради Федератсияи Русия Лариса Глушне духтури ҷавони тоҷик Ҷамшед Аминовро ҳамчун «Ҷарроҳи беҳтарини шаҳр» қадрдонӣ кард. Ин бесабаб нест. То ин дам дар бисёр рӯзномаҳои шаҳрию вилоятӣ аз номи шифоёфтагон ба Ҷамшед Аминов сатрҳои миннатдорӣ чоп шудааст. Ин ҷавони кушодачеҳраи тоҷик бо донишу малакаи баланд ва муомилаи некаш миёни ҳамкорон соҳиби обрӯву эҳтиром гаштааст.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

6

СИЁСАТИ ҶАҲОН

Давлати Исроил аз ташкилшавиаш (1948) то имрӯз дар ҳоли ҷанг аст. Тамоми кишварҳои узви СММ марзҳои худро муайян ва эълон доштаанд, аммо ягона истисно Исроил аст, ки ин корро накардааст. Номаълум аст, ки сарҳади ин кишвар аз куҷо сар мешаваду дар куҷо анҷом меёбад. Аҷиб аст, ки вай на танҳо сарҳадҳояшро ба СММ мушаххас ва маълум накардааст, инчунин, ягон қарори дар борааш баровардаи ин созмонро, ки таъсисдиҳандаи давлати Исроил ба ҳисоб меравад, қабул надорад.

бри 2008 – январи 2009 ва ҳамлаҳои ноябри соли 2012 ва июли соли 2014. Ин солҳову рақамҳо чеҳраи аслии Исроилро мекушояд, Исроили ҷангҷӯ, ишғолгару таҷовузкорро. Як халқ ё миллат ҳақ надорад, ки халқу миллати дигарро ба парешонӣ, фирору дарбадарӣ маҷбур карда, худ вуҷуд дошта бошад. Бар бадбахтии дигарон вуҷуд доштан ҳақи ҳеҷ як давлат нест. Ин як ҳолати ғайритабиӣ ва ғайриинсонист, ки на танҳо вазъи Ховари Миёна, балки авзои ҷаҳонро ноором карда, ба амнияту истиқрори он халал мерасонад. Теъдоди яҳудиҳое, ки ба дарки ин ҳақиқат расидаанд, кам нестанд. Ҳам дар дохили Исроил ва ҳам дар дунё миёни яҳудиҳо ихтилофи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Чунончӣ, миёни пайравони ҳизби Ликуди Исроил ва ислоҳотхоҳони ин кишвар мухолифати шадид мавҷуд аст, инро метавон «ҷудоии

ВОКУНИШ ки ба муқобили давлати заифу бечорае тамоми неруҳои ҷаҳониро ба ҷонибдориаш мехонад (Исроил барои таҷовузи Фаластин аз дастгириҳои ИМА бархурдор аст), тадриҷан хусумат ва нафрати дунёро ба худ ҷалб мекунад. Рӯзе мерасад, ки «нафрат ба яҳудӣ» ба наслкушиҳои навбатӣ роҳ мекушояд (дар Ҷанги дуюми ҷаҳон наслкушии яҳудиҳо аз ҷониби олмониҳо сурат гирифта буд). Чунки ҳарчанд Исроил бартарии моддӣ, низомӣ ва дипломатиро соҳиб ҳам бошад, бартарии ахлоқиро соҳиб нест. Аммо Фаластин бо вуҷуди заиф будани иқтидори моддиаш руҳбаланд асту бартарии ахлоқиро соҳиб. Зимнан, бояд таъкид дошт, ки нисбат ба Ғарб, хоса Амрико, ки амалҳои ғайриинсониву ғайриахлоқии Исроилро нодида мегирад, балки дар пушти ин аъмоли зишти Исроил меистад, оҳиста-оҳиста кину

Роҳи ниҳоии ҳал

e-mail: javonontj@mail.ru

Ё яҳудиҳо муттаҳид нестанд ва на ҳамаашон таҷовуз бар Фаластинро дастгирӣ мекунанд

Барои он ки перспектива ё дурнамои давлати Исроил зиндагӣ кардан дар доираи сарҳадҳои муайян дар минтақа нест, балки пайваста тавассути ҷангу ишғол ба ҳадафҳои муайянкардааш, ки яке аз онҳо тавсеа бахшидани ҳудуд мебошад, расидан аст. Хронологияи ҷангҳои Исроил пеши рӯи кас манзараи ваҳимеро «ҷилва» медиҳад. Чунончӣ, ҷангҳои солҳои 1948, 1956; набард барои заифшавӣ, ки аз соли 1967 то соли 1970; ҷанги октябри соли 1973; марти соли 1978 (амалиёти Литонӣ); қатлиоми Телзотар соли 1975 ва қатли оми соли 1982 дар Сабра ва Шатиллаи Бейрут, ки тавассути артиши Исроил бо сардории Ариел Шарон роҳандозӣ шуд; ҷангҳои апрели 1996 - июли 2006 (Лубнон); дека-

яҳудиҳо» низ ном бурд, чунки ҳоло байни яҳудиҳои сионист ва худи сионизм масофаи тӯлоние ба миён омадааст. Ликудиҳо иддао мекунанд, «заминеро, ки миёни дарёҳои Нил ва Фурот дар Фаластин воқеъ аст, Офаридгор ба онҳо ваъда кардааст. Бинобар ин, то охирин сангу хоки ин заминро ишғол накунанд, ҷангу хунрезӣ идома меёбад, зеро дер ё зуд ғолибият насиби бани Исроил хоҳад шуд». Ислоҳотхоҳон бошанд, ин амалро номумкин меҳисобанд. Балки эътиқодро дар бораи ғалабаи исроилиҳо, ки дар Таврот ифода ёфтааст, барои мавҷудият ва ояндаи яҳудиҳо хатарзо мехонад. Ҳоло алайҳи таҷовузи пайвастаи Исроил бар фаластиниҳо ҳам дар дохили Исроил, ҳам дар дунё яҳудиҳо садо баланд кардан доранд. Давлате,

нафрат ва ғазаб дар сатҳи ҷаҳонӣ падид омадан дорад. Ин нафрату ғазаб тадриҷан ба «мухолифати Ғарбуамрикоӣ» табдил мешавад. Ҳамзамон, баъзе доираҳои олами Ғарб, ки ҷонибдори арзишҳои демократӣ, волоияти қонунанд, аз амалҳои Исроил сахт нороҳат шуда, нигарониашонро баён доштаанд. Табиист, ки ин норозигиву нобоварӣ ба нафрати саросарӣ бадал шуда, истиқрору оромиши дунёро барҳам мезанад. Аввалин нишонаҳои ин эътирозот ташаккули созмону гурӯҳ ва ҳаракатҳои радикалӣ дар минтақаи Ховари Миёна аст. Заминаи асосӣ барои пайдоиши ин гурӯҳҳо, бешак, зулми Исроил ба мардуми Фаластин ва пуштибонии Ғарб аз ин аъмоли зишт мебошад. Гумони ғолиб, ҳалли ниҳоӣ ва одилонаи масъалаи Фаластин муқовимати ин кишвар алайҳи Исроил, ки бар асоси идеологияи сионистӣ (ҳаркати сиёсиест, ки мақсадаш муттаҳид ва эҳё кардани тамоми яҳудиҳо дар ватани таърихиашон мебошад) амал мекунад, нест. Балки роҳи ҳал он аст, ки тамоми мусулмонону ғайримусулмонони минтақа як иттиҳоди бузурги сиёсӣ ташкил диҳанд. Яъне, позаҳр алайҳи (заҳри) Исроил Фаластин нест, балки иттиҳоди кулли халқҳои минтақа сарфи назар аз этникаву дину мазҳабҳояшон мебошад.

М. САИД, «ҶТ»

Чаро ҲНИТ пайрави созмонҳои террористӣ аст?! Вазъияти кунунии ҷаҳони муосир нишон дод, ки ҳар гурӯҳ ё созмону ҳаракте, ки исломро барои ҷамъоварии қувва истифода мебарад, ба ҷое намерасад. Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дониставу надониста аз гурӯҳу созмонҳое ҷонибдорӣ мекунад, ки ифротию террористӣ муаррифӣ шудаанд. Бахусус, ҳамақида будани ҲНИТ бо «Ихвонулмуслимин» -и Миср боиси нигаронист. Дар сомонаи «Nahzat.tj» бо номи «Таҳқиқот: Ихвонулмуслимин созмони ифротӣ нест» матлаби Бобоҷон Қаюмзод рӯи чоп омада, ақидаҳои ҳизбро муаррифӣ кардааст. Қаюмзод чун мебинад, ки созмонҳои иртиҷоиву ифротие, ки рафтори ҳамгуна бо ҲНИТ доранд, рӯз аз рӯз аз байн рафта истодаанд, ба тавсифи онҳо мепардозад ва мегӯяд, ки «Тибқи гузориши сомонаи «Алҷазира» Вазорати хориҷаи Бритониё хеле пештар ба ин натиҷа расида будааст, ки «Ихвонулмуслимин» як ҳаракати муътадил ва мусолиматомез буда, дар он нишонае аз ифротгароӣ ва терроризм дида намешавад. Аммо ба хотири нороҳат нашудани АМА, Арабистони Саудӣ ва ҳукумати табадулотии Миср бо раҳбарии Сисӣ натиҷаи таҳқиқоти худро эълон накардаанд». «Ихвонулмуслимин» як гурӯҳи террористӣ ва барои ҷомеаи имрӯза нолозим буд ва чунин будани инро аксари давлатҳои дунё эътироф намудаанд. Вале гаштаву баргашта ба он таваҷҷуҳ кардан аз мантиқ дур менамояд. Ҷонибдории Бобоҷон Қаюмзод тарафи дигар низ дорад, зеро ки Ҳизби наҳзат қаблан фаъолияти «Ихвонулмуслимин»-ро ба расмият шинохта буд ва ҳатто аз амали он пайравӣ мекард. Имрӯз, акнун аз пайравӣ ба он даст кашидан намехоҳад. Бобоҷон Қаюмзод менигорад, «...аммо нуқтаи муҳим он аст, ки аксари кишварҳои диктаторӣ ва худкома ин гурӯҳро ифротӣ ё террористӣ эълон кардаанд. Кишварҳои худкомаи Имороту Саъудӣ ва ҳукумати дар асари табаддулот ба қудрат расидаи Миср ҳам ин гурӯҳро ифротӣ мехонанд». Чунки куштору ҳабс барои ихвониҳо чизи анъанавӣ буд. Замони даргириҳои Миср ҷониби «Ихвонулмуслимин» хостаҳои худро даҳчанд зиёд карда, вазъиятро рӯз то рӯз бадтар мегардонд ва хостори мусаллаҳона ҷараён гирифтани гуфтушунид ё ин ки сулҳ дар кишвар набуданд. Ҳатто ин рафтори ихвониҳо исломро ба ҷаҳониён чун «дини террористон» шиносонд ва вазъи бе ин ҳам печидаро бадтар кард ва барои ҳамин ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шуд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро чӣ зарур монда, ки аз қувваҳои террористиву ифротӣ ҷонибдорӣ карда, гунаҳкорони ифротгаро ва созмонҳои аҷнабиро ҳимоя кунад? Рафтори раҳбарият ва аъзои ҳизб метавонад ба манфиатҳои сиёсиашон бисёр латма ворид созад. Чунки ин як намуд бегонапарастӣ ва террористдустдорӣ мебошад. Бисёриҳо аз ин созмон тавассути воситаҳои ахбори омма ё ин ки рӯзнома-интернетҳо то ҷое хабар доранд, мутаассифона, ҳама наҳзатиҳо аъмолу фаъолияти онро ҷонибдорӣ мекунанд. Аксарияти ин қабил «соҳибназарон» ботил будани созмонро инкор карда, мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Аз он ҳайронем, дар ҷое, ки бояд мавқеи ҳизби мазкур ҳис шавад, ҲНИТ худро канор мегирад, аммо, беҳудаю баҳуда эътирозу вокуниш нишон дода, аз қувваҳои ифротӣ дастгирӣ менамояд. Ин аст, ки доимо пайи эътирозу роҳандозии ақидаи бегонагон дар кишвар ҳастанд.

Фаридун РАҲИМЗОДА


Албатта, ҳар сол дар оғози соли нави таҳсил таҷлил намудани Рӯзи китоб хеле бамавриду муносиб буда, барои тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, бахусус, мактабиён аҳамияти калон дорад. Чунки ин чорабинии фарҳангӣ, дар баробари муаррифии китобхонаву китобдор, мақому манзалат ва манфиати китобро дар ҳаёту зиндагӣ барои онҳо рӯшантар ва меҳру муҳаббат, шавқу рағбаташонро нисбат ба китобхонаву мутолиаи китоб бештар месозад. Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст: Баргу сози мо китобу ҳикмат аст, З-ин ду маънӣ эътибори миллат аст. Албатта, ҳар як халқу миллатро дар арсаи олам, пеш аз ҳама, бо китоб, бо таъриху фарҳангу адабиёташ мешиносанду эътироф мекунанд. Миллати тоҷик аз қадим соҳибкитобу соҳибмаърифат аст. Бо нобиғаҳои давру замон, бо симоҳои намоёни адабиёту фарҳангаш машҳур гардида, бо мероси гаронбаҳои онҳо оламро тасхир кардааст. Китобҳо, албатта китобҳои хубу арзишманд, хазинаи бузурги мероси гаронбаҳои гузаштаву имрӯзанд. Онҳо моро ба таърих, фарҳангу ҳунар, суннату анъана ва давлатдории аҷдодонамон ошно месозанд. Дар баробари ин, хазинаи панду андарзу насиҳат ва дастуру тавсияномаи ҳаётанд, ки моро ба инсондӯстию ватанпарварӣ, хислати ҳамидаву маърифати баланд, хуллас, ба роҳи дурусту зиндагии шоиста ҳидоят месозанд. Ба ҳаёту рӯзгорамон рангу бӯйи маънавӣ мебахшанду ба дилу дидаамон рӯшаниву нур. Барои инсон «аниси кунҷи

танҳоӣ», беҳтарин ҳамнишину ҳамроз ва ёри вафодор дар зиндагӣ, пеш аз ҳама, китоб аст. Мисле, ки Хуршед ҳар субҳидам бо хандааш дар ҷаҳон инқилоби нур мекунад, китоб ҳам дар зиндагии мо инқилоб мекунад, то огоҳу худшиносу Худошинос бошему ба маънии ҳастиву ҳаётамон сарфаҳм равем. Ба ҳамин маънӣ нақли зебое ҳаст: рӯзе шоир ва ҳакими маъруф Шаҳиди Балхӣ дар хона нишаста, китоберо мутолиа мекард. Дар ҳамин асно, яке аз ашрофони шаҳр, ки аз неъмати фазлу дониш чандон баҳравар набуд, ба дидори ӯ меояд. Баъди

дам. Дар симои китоб ҳамсуҳбати хубе доштам, вале шумо омадеду маро аз суҳбати хушу гуворои он маҳрум кардед. Акнун, ки шумо инҷоед, ман танҳоям. Чунки аз будану суҳбати шумо ҳеҷ ризоияти маънавие ҳосил намекунам. Мо бояд пайваста саъю кӯшиш кунем, ки насли имрӯзамон ба китобхонаву китобхонӣ бештар рӯ биёрад. Давраи тиллоии умри худ - наврасиву ҷавониро беҳуда нагузаронида, онро сарфи роҳи мутолиаву омӯзиш кунанд. Албатта, сарфи роҳи мутолиаву омӯзиши китобҳои хуб, китобҳое, ки арзиши баланди маъ-

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст

ем». Ба ҳамин маънӣ нависандаи маъруфи рус Толстой гуфтааст, ки: «Мутолиаи китоби хуб баробари мусоҳиба бо одами донишманд аст». Воқеан, мутолиаву омӯзиши китоби хуб ба хонандаи худ як ҷаҳон ғизои маънавию маслиҳати зиндагӣ медиҳад, дасти ӯро гирифта, то қуллаҳои

саломуалейку пурсупос ба Шаҳиди Балхӣ рӯ оварда, мегӯяд: - Чӣ хуб шуд, ки ман омадаму шуморо аз вартаи танҳоӣ наҷот додам. Шаҳиди Балхӣ дар ҷавоб мегӯяд: - На, шумо саҳв мекунед. Ман танҳо набу-

баланди хушбахтию саодат мебарад ва барояш равшан месозад, ки ободию пойдории олам ва осоишу осудагию пешравии насли одам, пеш аз ҳама, китоб, фарҳангу маърифат аст.

навию ахлоқӣ доранд. Санъатшиноси англис Ҷон Рескин гуфтааст, ки: «Азбаски зиндагӣ хеле кӯтоҳ асту соатҳои холӣ каманд, мо ҳақ надорем, ки соатеро ба хондани китобҳои камарзиш сарф намо-

Беҳтарин ганҷ китоб аст

Аниси кунҷи танҳоӣ…

2 сентябр дар Китобхонаи миллӣ маросими ифтитоҳи Иди китоб баргузор гардид. Дар он директори Китобхонаи миллӣ, академик Носирҷон Салимов, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Назри Яздон иштирок доштанд.

Вазири фарҳанг Ш. Орумбекзода зикр кард, ки “мо ифтихор дорем, ки миллати китобхону китобдор ҳастем. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Китоб ба инсон беҳтарин роз, маълумот ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад”. Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон иброз дошт: “Соли 2010 олимони Русия дар мавзӯи “Барои камолоти ҷавҳари инсон нақши интернет ва ҳамаи воситаҳои навини технологӣ чӣ қадар асту нақши китоб ва устод чанд аст?” таҳқиқот гузаронданд.

Валиҷон БАЁНӢ, корманди Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Натиҷаи таҳқиқот бисёр аҷоиб буд. Барои ба камолот расидани ҷавҳари инсон нақши тамоми воситаҳои техникии нав ва қадим панҷ фоиз асту нақши китоб ва устод наваду панҷ фоиз. Ин ҳаргиз чунин маънӣ надорад, ки воситаҳои нави иттилоърасонӣ нуқсон доранд, зарур нестанд. Аммо китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрорҳои олами ҳастӣ ва нашъунамо меомӯзонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳифаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Мутоли-

аи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон, ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад, - афзуд Назри Яздон. Вазири фарҳанг ба кори китобдорони Китобхонаи миллӣ баҳои баланд дода, чун нишони қадршиносӣ чанд нафари онҳоро бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Ифтихорнома”-и Вазорати фарҳанг мукофотонид.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Бидон, ки ҳар қадам андар ҳисоб аст, Зи некӣ насли инсонро савоб аст. Чароғи раҳнамои раҳнавардон Фақат одобу фарҳангу китоб аст. Муродалӣ Собир Китоб ганҷинаи илму фарҳанг ва равшанкунандаи хиради башар буда, яке аз муъҷизаҳои бебаҳои инсонист. Барои падид омадани як китоб меҳнату заҳматҳои зиёди фикронию ҷисмонӣ сарф мешавад. Он дурру гуҳаре, ки аз дунёи ботинии нависанда рӯи авроқ мерезад, кас аз хонданаш ғизои маънавӣ мегирад, барои бою ғанӣ гардонидани ақлу заковат, мустаҳкам намудани ҷаҳонбинии мо - хонандагон хизмат мекунад. Оре, китоб таҳкурсии илму дониш, дарёи ҳикмат, беҳтарин ёри вафодор ва ҳамдаму ҳамрози ҷонист. Бузургии китоб аст, ки Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Бедил, Синою Ҷомӣ ва даҳҳои дигар адибону олимон машҳури дунё шуданд. Президенти кишвар Эмомалӣ

Раҳмон 4 сентябри соли 2007, зимни маросими гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллӣ, аз ҷумла, таъкид намуд: «Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар фард нақши бузург дорад». Китоби куҳнаи аҷдоди мо, бешак, Тамоми умр дасти ворисон гирад, Варо ҳарчӣ ҳазорон бор гӯронданд Намемирад, намемирад, намемирад! Тавре аз мисраҳои пурмазмуни шоири муътабари мо Алӣ Бобоҷон бармеояд, халқи тоҷик аз қадим соҳибкитобу соҳибмаърифатанд. Бояд ба қадри ин ганҷинаи нодир ва дӯсти беозор расем.

Анора АЗИЗОВА, хонандаи синфи 8, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №50, ноҳияи Сино

e-mail: javonontj@mail.ru

Рӯзи китоб 4 сентябри соли 2007 бо гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки боргоҳи азими ҳифзу нигаҳдорӣ ва таҳқиқу омӯзиши мероси фарҳангии халқҳои кишвар мебошад, аз ҷониби Президенти мамлакат эълон гардид ва таҷлили бошукӯҳи ин кишвари моро ҳусну таровати маънавӣ мебахшад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

7

4 СЕНТЯБР – РӮЗИ КИТОБ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

8

БА ИФТИХОРИ 20-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои ҷумҳурӣ масъалаи қабули Сарқонун пеш омад. Албатта, Сарқонуни ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул шуд, ба талаботи ҷомеаи баъди шуравӣ, яъне, ба талаботи давлати соҳибистиқлол ҷавобгӯ набуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиру сарнавишташро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлати ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона сохт. Халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда, онро бевосита (тавассути интихоботи Президент, ваколати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ) ва ё бавосита (намояндагӣ) амалӣ мегардонад. Солҳои баъди қабули Конститутсия, воқеан, давраи пойдории ҳаёти конститутсионӣ, ҷустуҷӯӣ ва интихоби роҳи нави инкишоф баъди пошхӯрии ҷамъияти сотсиалистӣ буд. Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонист. Беҳуда нест, ки дар суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардид, ки раванди нави таърих бар дӯши давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифа Конститутсия нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро Конститутсия ҳуҷҷати сарнавишту тақдирсоз буда, аз марҳилаи нави таърихӣ оғоз гашта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд. Ин хусусияти хос, умуман, ба ҳамаи конститутсияҳои давлатҳои демократӣ тааллуқ дорад. Давраи нави инкишофи конститутсионии Тоҷикистон ба марҳилаи бозсозии ҷамъияти шӯравӣ, ҷараёни тайёр кардани лоиҳаи шартномаи нави ИҶШС рост меояд. Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта, баробари муайян кардани таърихи конститутсия дар Тоҷикистон, кори тағйиру илова даровардан ба конститутсияи амалкунанда ва муайян кардани самтҳои асосии тайёр кардани конститутсияи нав оғоз ёфт. Мақсад аз тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи нав дар давраи аввал баланд бардоштани вазъи ҳуқуқии конститутсионии Тоҷикистон, ба соҳибихтиёрии расмию давлатии Тоҷикистон додани мазмуни ҳақиқӣ ва таъмин намудани тараққиёти пуравҷи ҷумҳурӣ дар ҳайати ИҶШС буд. Қадами аввал барои амалӣ гардонидани ин мақсад қабули Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 гардид. Тоби-

стони соли 1991 варианти аввали лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз муқаддимаи мухтасар, 7 фасл, ки баъзеи онҳо ба бобҳо ҷудо мешуданд, иборат аз 150 модда тайёр карданд. Давоми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон моҳиятан бо сабаби барҳам хурдани ИҶШС мавқуф гузошта шуд. Давраи дуюми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди барҳамхурии ИҶШС ва дохил шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун давлати соҳибихтиёр сар шуд. Дар ин давра мувофиқи амри Президент аз 10 феврали соли 1992 гурӯҳи кории 9-нафара ташкил ёфт. Лоиҳаи конститутсияи соли 1992 аз муқаддимаи мухтасар, 7 фасл, ки баъзеи онҳо ба бобҳо ҷудо мешуданд, 12 боб

иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олӣ аз 26 июли соли 1993 дар бораи тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ алоқаманд аст. Дар аввали моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи навро дар ду вариант: лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ ва лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии парлумониро гурӯҳи кории комиссияи конститутсионӣ пешниҳод кард. Раёсати Шӯрои Олӣ бо қарори худ аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаро интишор кард ва ба комиссияи конститутсионӣ супориш дод, ки таклифу эъродҳои мардумро оид ба такмил додани лоиҳа ба ҳисоб гирад ва ба лоиҳа тағйироти лозима дароварда, то якуми июли соли 1994 онро ба Раёсати Шӯрои Олӣ пешниҳод намояд. Лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-22 апрели соли

яъне, ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ аст, ки дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷамъият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар мешавад. Қабули Конститутсия омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъиятро муайян менамояд, яъне, шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат ва муҳимтарин ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо гурӯҳҳои иҷтимоии ҷамъиятро дар низоми сиёсӣ аниқ сохта, таъйинот, вазифаҳо, таркиби дохилӣ ва сохтори мақомоти худидора дар маҳалҳо - ҷамоатҳоро инъикос менамояд. Конститутсия новобаста аз низоми иҷтимоии давлат вазифаҳои муассисӣ,

вай пояи ҳуқуқии фаъолияти сиёсати хориҷии давлат мебошад. Вазифаи идеологии Конститутсия дар он ифода меёбад, ки ягон мафкураи сиёсиро ба сифати ғояи ҳукмрон ё муайянкунанда муқаррар намекунад. Бояд тазаккур дод, ки Конститутсияи ҳозираи Тоҷикистон аз ин хусусият холист, зеро ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла, мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад. Вазифаи ҳуқуқии Конститутсия дар он ифода мегардад, ки вай асоси низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҳуқуқии нав мегардад. Конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ аст, сарчашмаи асосӣ барои қабули дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мегардад, ки онҳо асосан ифодагари ғояҳои Конститутсия хоҳанд буд.

ташкилкунандагӣ, сиёсати беруна, идеологӣ (ғоявӣ) ва ҳуқуқиро адо менамояд. Вазифаи муассисии Коститутсия дар он зоҳир мегардад, ки вай дар натиҷаи табаддулоти куллии ҳаёти ҷамъиятӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқию сиёсии инкишофи зинаи ояндаи ҷамъиятро муайян менамояд. Асосҳои муассисии Конститутсия чӣ дар низоми ҷамъиятию сиёсӣ дар якҷоягӣ ва чӣ дар падидаҳои мушаххаси давлатию ҳуқуқӣ зоҳир мешавад. Вазифаи ташкилии Конститутсия дар он ифода мегардад, ки дар назди ҷамъият мустаҳкам намуда, дар назди ҷамъият ва давлат вазифаҳои навро пеш мегузорад, инчунин, фаъолияти сиёсии мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар руҳияи қонуни нав ҳавасманд мегардонад. Вазифаи сиёсати берунии Конститутсия аз он иборат аст, ки

Дар муқаддимаи Конститутсия зикр гардидааст, ки халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст. Ҳар як қисми муқаддима бо ин ё он бобу моддаҳои Конститутсия алоқамандӣ дорад. Масалан, дар муқаддима дар хусуси муқаддас донистани озодӣ ва ҳуқуқи шахс гуфта шудааст, ки он ба мазмуни матни моддаи 5, боби 2 (моддаҳои 14-47) ва баъзе моддаҳои боби 8 таъсир мерасонад. Пайдоиши боби алоҳида дар хусуси асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон дар таҷрибаи конститутсионии ҷумҳурӣ чизи нав мебошад. Чи тавре ки маълум аст, фасли якуми Конститутсияи соли 1978 “Асосҳои сохти ҷамъиятӣ ва сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дошт ва аз бобҳои низоми сиёсӣ, низоми иқтисодӣ, тараққиёти иҷтимоӣ ва фарҳанг, фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва муҳофизати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд. Акнун боби якуми Конститутсия аз 13 модда иборат буда, дар онҳо хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат, рамзҳои давлатӣ, дахлнопазирии инсон ва ҳуқуқҳои инкорнашавандаи ӯ, соҳибихтиёрии халқ, ягонагии давлат ва сохти марзию маъмурии он, кафолати гуногунии равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, эътибори олии Конститутсия ва таъсири ҳуқуқи байналмилалӣ ба Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон, усулҳои асосии самтҳои асосии

Инкишофи Конститутсия

ва 136 модда иборат буд. Фасли якум “Асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дошт, ки ба бобҳои давлат, ҳолати ҳуқуқии ВМКБ ва асосҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷудо мешуд. Фасли дуюм ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуд. Дар фасли сеюм мувофиқи усули таҷзияи ҳокимият низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҷлиси миллӣ, Президент, суд ва прократура муқаррар шуд. Фасли чорум низом ва тарзи ташкилёбию фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллиро муқаррар мекарду фасли панҷум низоми интихоботро. Фасли шашум вазъияти фавқулодда ва фасли ҳафтум тартиби қабул ва тағйир додан ва илова даровардан ба конститутсияро ба танзим медароварданд. Саршавии давраи сеюми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба

1994 дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардид ва муҳокимаи он оғоз ёфт. Лоиҳа аз муқаддимаи мухтасар, 10 боб ва 100 модда иборат буд. Ниҳоят, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Бо баробари қабул гардидани Конститутсия халқи Тоҷикистон роҳи нави инкишофро интихоб намуд. Марҳилаи гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба шаҳрвандӣ ва аз давлати шӯравӣ ба давлати ҳуқуқбунёд оғоз ёфт. Халқи Тоҷикистон дар назди худ мақсади бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва фаъолияти озоди иқтисодиро пеш гузошт. Конститутсия (калимаи лотинии «constitutio» муқаррарот, сохтор) сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ аст, ки дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ҷои баландтаринро ишғол менамояд. Ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ,


Сиёвуш АФЗАЛОВ, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сия аз конститутсияи пешина аз ҷиҳати номгӯи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрвандон кам фарқ дорад. Дар конститут-

сияи нав боби дуюм аз 34 модда, дар конститутсияи пешина фасли дуюм аз 37 модда иборат буд. Мазмунан низ онҳо бо ҳам наздиканд, вале аз ҷиҳати ҳаҷм баъзе меъёрҳо мухтасар гардидаанд. Масалан, дар конститутсияи пешина ба падидаи баробарҳуқуқии шаҳрвандон 3 модда (32, 33, 34) дар конститутсияи нав фақат 1 модда (17) бахшида шудааст. Якумин бор дар таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон конститутсияи нав ҳолати ҳуқуқии инсонро дар вазъияти фавқулодда ба танзим даровардааст (моддаи 46 ва 47). Дар низоми ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрвандон дар соҳаи бехатарии шахсӣ ва озодии фардӣ, дахлнопазирии шахс ва кафолатҳои ҳифзи судии он ба сӯи васеъшавии онҳо тағйирот ба назар мерасад. Ба-

робари ин, вазифаҳои асосии шаҳрвандон хеле мухтасар ва камшумор гардидаанд. Масалан, эҳтиром намудани қоидаҳои зисту зиндагонии сотсиалистӣ, сазовори номи олии шаҳрванди шӯравӣ будан, поквиҷдонона меҳнат кардан дар соҳаи интихобкардаи кори фоиданоки ҷамъиятӣ, интизоми меҳнатро риоя кардан, эҳтиёт ва мустаҳкам кардани сарвати халқ, вазифаи интернатсионалии ба инкишофи ҳамкорию дӯстӣ бо халқҳою мамлакатҳои дигар мусоидат кардан ва ғайраҳо, ки хислати идеологӣ дошта, дар конститутсияи соли 1978 нишон дода шуда буд, дар конститутсияи нави ҷумҳурӣ вомехуранд. Бобҳои 3, 4, 5, 6, 8 ва 9 Конститутсия низоми мақомоти давлатии Тоҷикистонро муқаррар карда, тартиби ташкилёбӣ ва

дар давраи истиқлолият

айянкунанда ва таъсискунӣ дорад, гарчӣ меъёрҳои боби якум хусусияти мустақиман амал кардан доранд. Масалан, моддаи 9 Конститутсия, гарчи ҳачман хеле мухтасар аст, аммо дар он усули муҳимтарини ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ ва асоси муайян кардани ҳадди салоҳияти онҳо муқаррар карда шудааст. Мувофиқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Яъне, ҳамаи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамин се шакл ё узв тааллуқ дорад ва ҳеҷ як мақомоти давлатӣ аз он берун ва ё хилофи он ташкил ёфта, амал карда наметавонад. Бинобар ин, дар бобҳои 3, 4, 5, 8 ва 9 Конститутсия усули боздорӣ ва мувозинат татбиқ шудаанд. Боби дуюми Конститутсия ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро ба танзим андохта, усул ва кафолати ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои онҳоро муқаррар кардааст. Дар он чанд падидаи ҳуқуқӣ-конститутсионӣ муттаҳид шудаанд. Аз ҷумла, падидаҳои шаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии инсон, ҳуқуқу озодӣ ва кафолати онҳо, ки мақоми шахсро дар ҷамъият ва шаҳрвандро дар давлат муайян менамоянд. Давлат ба воситаи меъёрҳои Конститутсия ба худ уҳдадорӣ гирифтааст, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ба низоми ҳуқуқу озодии конститутсионии шаҳрвандон ҳамеша аз рӯи он баҳо дода мешавад, ки давлат дар кадом ҳаҷм онҳоро муқаррар карда, то кадом дараҷа ба татбиқи онҳо кафолат додааст. Конститутсияи нав баробари васеъ гардонидани номгӯи ҳуқуқу озодӣ, кафолати онҳоро низ нишон додааст. Вале ин кафолатҳо бо чораҳои ҳақиқӣ таъмин нагардидаанд. Боби дуюми Конститут-

Фарқиятҳои конститутсияи соли 1994 ва конститутсияҳои пешина Миёни Конститутсияи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи даврони шӯравӣ фарқиятҳо хеле зиёданд. Қисме аз онҳоро баррасӣ менамоем. Якум, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) бе ягон мувофиқат ё дахолати дигар давлат, мустақилона аз тарафи халқ барои шароити имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ ва бо ба назаргирии дурнамои давлат қабул шудааст. Лекин чор Конститутсияи то истиқлолият, замони шӯравӣ амалкарда бо ба назаргирии нуқтаҳои Конститутсияи ИҶШС қабул шуда буданд. Дуюм, ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқи моддаи 5-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ ва мувофиқи моддаи 14 ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барои давлат ва дар шахсияти давлат тамоми мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ибтидои фаъолият ва муайянкунанда эълон шудааст, ки ин гуфта ҳосили ҳуқуқи фитрӣ аст. Яъне, мувофиқи Конститутсияи имрӯза ҳуқуқи фитрӣ нисбат ба ҳуқуқи меъёрии позитивӣ афзалият пайдо кардааст, ки қисми таркибии фалсафаи ҳуқуқ аст. Аммо мувофиқи конститутсияи даврони шӯравӣ афзалият на ба ҳуқуқи фитрӣ, балки ба позитивӣ дода мешуд. Ҳуқуқҳои инсон «туҳфа»-и давлат буда, ҳар вақт мехост маҳдуд кунад. Сеюм, конститутсияҳои даврони шӯравӣ плюрализми (гуногугандеши)-и сиёсиро манъ карда буд. Сензураи давлатӣ ба таври максималӣ (ҳадди ниҳоӣ) ба роҳ монда мешуд. «Идораи адабӣ» (Главлит) назорати (сензураи) чопшавандаро беист ва бе мондашавӣ ба роҳ мемонд. Имрӯз моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногунфикриро кафолат додааст. Ягон мафкура ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф карда намешавад. Чорум, дар асоси талаботи моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат оид ба иштироки шаҳрванд дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, атеистӣ ва ғайраро муайян кардааст. Конститутсияи даврони шӯравӣ дар моддаи 6 ҳизби комунистиро ҳамчун ҳизби идоракунанда шинохта буд. Ғайр аз ҳизби комунистӣ амали дигар ҳизбҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ манъ буд. Ҳизби комунистӣ тамоми сохторҳои сиёсӣ ва шаҳрвандиро тобеъ карда, чи хеле ки мехост, ҳамон хел аҳолиро идора мекард. Инсон дар ихтиёри худ набуд. Панҷум, қаблан таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ риоя намешуд. Мувофиқи моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Шашум, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ моликият ҷамъиятӣ ва ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ манъ буд. Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта мешуд. Лекин имрӯз фаъолияти соҳибкорӣ раванди декримилизатсиониро аз сар гузаронида, ҳамчун фаъолияти аз тарафи давлат ҳавасманд ва кафолат дода шудааст. Мувофиқи моддаи 12-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла, моликияти хусусӣ кафолат дода шудааст. Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ принсипу ғояҳои асосие, ки манфиати инсонро боло мебардорад, ҷойгир кардааст. Ҷавҳари асосии Конститутсияро (дар назар дорем, мазмуну муҳтавои Конститутсия) ҳуқуқу озодиҳои инсонро ташкил медиҳад. Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз Конститутсияҳои демократитарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар он афзалияти ҳуқуқи инсон нисбат ба сиёсат эътироф карда шудааст.

салоҳияти онҳоро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба танзим даровардааст. Ба ҷои Шӯрои Олӣ ташкили Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон , ба ҷои Президиуми Шӯрои Олӣ, раёсати Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси Олиро муқаррар кард. Мувофиқи ислоҳоти конститутсионии соли 1999 бо сабаби таркиби дупалатагӣ пайдо кардани Маҷлиси Олӣ раёсати он барҳам дода шуд. Низоми мақомоти иҷроия аз президент ва ҳукумат, ки ба он сардорӣ мекунад, иборат аст. Дар конститусия номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда нашудааст, вале он аз раис, муовини якум ва муовинон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Президент дар як вақт сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст, бинобар ин, ба ӯ салоҳияти хеле зиёд дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ дода шудааст. Ҳокимияти маҳалӣ аз мақомоти намояндагӣ – Маҷлиси вакилони халқ, ки ба он раис роҳбарӣ мекунад иборат аст. Ҳокимияти иҷроия намояндаи Президент – раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия мебошад. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия иборат аст. Қисми таркибии ҳокимияти судӣ прокурорӣ буда, аз Прокурори кулл ва прокурорҳои тобеи он иборат мебошад. Дар боби ҳафтум ҳолати ҳуқуқии ВМКБ дар ҳайати Тоҷикистон танзим шудааст. Меъёрҳои ин боб нисбат ба меъёрҳои ба ВМКБ бахшидаи конститутсияи соли 1978 муфассалтар баъзе ҳуқуқҳои мухтории вилоятро нишон додаанд. Муқаррар карда шудааст, ки вазъи ҳуқуқии ин вилоятро қонуни конститутсионӣ ба танзим меандозад. Боби охирин ба тартиби тағйири конститутсия бахшида шудааст. Дар он тартиби нисбатан мураккаби тағйир додан ва илова даровардан ба конститутсия пешбинӣ шудааст. Ҳамин тариқ, мазмуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 давраи ҳозираи барпоёбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва хусусиятҳои он, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии ВМКБ ва сохти марзию маъмурии Тоҷикистон, низом, тарзи ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳуриро инъикос мекунад. Таркиби конститутсия шаклҳои дохилии конститутсия мебошад. Таркиби конститутсия ва мазмуни конститутсия ҳар ду шакли муайянро доро аст. Мазмуни конститутсия бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ муайян мегардад.

e-mail: javonontj@mail.ru

сиёсати хориҷӣ, гуногуншаклии моликият ва объектҳои моликияти истисноии давлат муқаррар ва нишон дода шудаанд. Матни боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам шаклан ва ҳам мазмунан бо қисми аввали конститутсияҳои Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон ва баъзе давлатҳои дигари аъзои ИДМ умумияти зиёд дорад. Ин фаҳмост, чунки заминаҳои пайдоиш ва инкишофи давлатдории онҳо, даст кашидан аз қолабҳои пешина ва бунёд кардани шаклу сохторе, ки пойдорӣ ва устувории давлату ҷамъияти онҳоро таъмин намояд, ба ҳам хеле монанд ва наздиканд. Баробари ин, бояд ба эътибор гирифт, ки ҳолату меъёрҳои боби якуми Конститутсия барои дигар бобҳои он хусусияти му-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

9

БА ИФТИХОРИ 20-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ


10 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

ҲИКОЯ Олуфта паси панҷараи оҳанин саҳифаҳои ҳаёти кӯтоҳашро варақгардон намуда, оби дидагонашро пок менамуд. Аз дил мегузаронд: “Худоё, ин чӣ кори кардаам буд? Барои чӣ ба кӯчаи сарбаста ва ботлоқи бадбӯй ғутидам? Охир, мақсаду орзуҳоям дигар буданд-ку?” Хонаи бечораҳолонаи падар, 9 хоҳару бародар, шиками нимсер ва либосҳои кӯҳнаи апаҳо, баъди дарсҳо то шом дар саҳро кор карданаш ба ёд омад. Ороиши дастархонашон як табақи чубин, ки аксар вақт шакароб мехурданд, як чойник ва 5-6 пиёла, ки бо навбат чой менушиданд, буду бас. Орзу дошт ба шаҳр рафта, хонад, маълумот гирад, соҳиби вазифа ва шавҳари серпул ша-

аммо барои соҳиби хонааш, модари фарзандаш шудан, ҳеҷ гоҳ! Олуфта оҳи чуқуре кашида, номаълум оби дидагонашро тоза кард. Ҷавоне, ки вазифаи миёнаравиро иҷро мекард, бо маблағи ночизе ба Олуфта ва «ҳамкоронаш» куртаҳои пур аз муҳра харида дода буд. Шабҳо дар зери равшании чароғ муҳраҳои куртаашон дурахшида, мизоҷонро ҷалб мекарданд, чашмонашон низ медурахшиданд, ба тавраш шод буданд. Бо мизоҷҳои ҳархела вомехӯрд. Яке дасткушод буду сахӣ, дигари мумсику мурда, сеюмӣ бадқаҳру ҷоҳил… Рӯзе мизоҷи навбатӣ марди ҷоҳил будааст, дасту пои Олуфтаро баста, бо тасма то беҳуш шу-

Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА

e-mail: javonontj@mail.ru

Фирор

вад. Чун шаҳриҳо дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ намуда, дар тарабхонаҳо хӯроки шом хӯрад... Аммо ба мактаби олӣ дохил нашуду ҷои кори маъқул наёфт. Бо духтарони бероҳа ҳамроҳ шуд. Дар ботлоқи пур аз фаҳш ғутида, на ба музофот баргашта тавонисту на муқимӣ шуд. Бо дарёфти мизоҷони серпул хурсандӣ мекард. Аз он ки «шабпаракҳо» номашон гузошта буданд, ифтихор дошт. Ҳар гоҳе барои назди мизоҷи навбатӣ рафтан дар назди оина тайёрӣ медид, аз тамошои ҳусни худододаш сер намешуд. Аз оинаи қад ба ӯ зебонигоре бо табассуми хос нигоҳ мекард, ки қад чун сарв буду чашмон мисли олуи пӯхта, лабон мисли ғунчаи гули ношукуфта, миҷгонҳои дарози то абрувон расида чап гашта, муйҳои ҷингилааш устокорона бофта, як қабзаи мӯй чун занҷира як тарафи рӯйро оро дода. Дугона ва “ҳамкоронаш” мегуфтанд: - Олуфта, ба Худо як шоҳа занӣ, аммо афсӯс, ки дар сад сол ягон мард моро ҳамчун зани қонунӣ эътироф намекунад. Барои дамгирӣ мумкин,

дан лату кӯб намуд. Ду ҳафта захмҳои баданашро табобат кард. Шукр гуфт, ки мисли «ҳамкораш» Бунафша пояш нашикаст, набошад «чор тарафат қибла» гуфта, пешаш мекарданд. Ё мисли Фариштамоҳ баъди хизмат расонидани мизоҷи навбатӣ ороишот ва пулҳои коркардаашро ба яғмо бурда, ӯро гирён танҳо монда, думро хода кардааст. Имрӯз баъди табобат рӯзи аввали кораш буд, ки дар рейди навбатии кормандони милиса ба даст афтод. Як гурӯҳ «шабпаракҳо»-ро ба шӯъбаи корҳои дохила оварданд. - Апаи Олуфта, ин шумоед? Ба чашмонам бовар намекунам, ки Шуморо бо фоҳишаҳо мебинам? - гуфтани милисаи ҷавон, писари муаллими деҳа Ғайратшоҳ Олуфтаро ба худ овард. Осмон ба сараш фурӯ рафт. Гӯшҳояш кар ва чашмонаш кӯр гаштанд. Сараш чарх зад... - Худоё, ҷонамро гир. Охир, падару модар бо фахр “духтарамон донишҷӯ” гуфта, мегарданд. Ман бошам, ба ин ботлоқ афтида, худро бадном, радди маърака, рӯсиёҳ гардондам. Агар волидайн шуна-

ТУРИЗМИ ДОХИЛӢ ванд, ба ин шармандагӣ тоб меоварда бошанд? Бечора падарам дигар ба масҷид рафта метавониста бошад? Модари муштипар-чӣ? Ӯро ҳатто ба маъракаи гаҳворабандон даъват нахоҳанд кард. Барои хоҳаронам касе хостгорӣ намеояд. Ба бародаронам низ духтар додани ҳамдеҳагон ба гумон аст. Касе аз хонаи мо нони худоӣ намехӯрад, чунки фарзанди ин хонадон - фоҳиша ҳастам. Рӯям сиёҳ... Ҳамаи ин фикрҳои шум дар як дақиқа аз пеши назараш гузашт. Охир, он ҷо шаҳр нест, ки касе касеро нашиносад? Он ҷо деҳа аст, саги ҳамсояро мешиносӣ, духтараш он тараф истад. Ба нигоҳи маҳкумкунандаи Ғайратшоҳ тоб наовард. Домони куртаи танги кутоҳашро бо азоб болои зонувони бараҳнааш кашида фуровард. Мӯйҳои парешону ба таври худ оро додааш, ки болои сар чун лонаи парандагон оро дода буд, хост ба тартиб дарорад, нашуд. Аз ҳар ду бари рӯяш муйҳои ҷингилаи сиёҳаш чун шаби тор бетартиб овезон буданд. Пеши бари кушодаашро, ки хати байни синаҳои дамидааш менамуд, хост бо кафи даст пинҳон кунад, аммо… Оби дида беихтиёр аз чашмони рангмолидааш мерехту ба рӯи сап-сафеди ӯ ҷӯяҳои сиёҳи рангоба нақши нозеб мемонд. Қатраҳои ашки сӯзону ранголуд аз рӯяш шорида, пеши барашро низ сиёҳ кард. Сиёҳ… сиёҳтар аз шаби тор, сиёҳтар аз қисмати ноҷур, сиёҳтар аз он рӯзҳои шум, ки музофотро тарк гуфта буд... Дар ин лаҳзаҳо Олуфта мехост бол кушояду аз он макони афсонавии фаҳш парвозӣ шавад, ба ҳавлии бечораҳолонаи падар, ба музофот, шояд аз ин шармандагӣ паси девори гилини падар пинҳон шуда тавонад? Оё падару модар ин гуноҳи ӯро мебахшида бошанд?... Қаноатманд мешуд ба хӯрдани ҳамон шакаробе, ки аз шибиту райҳону пудинаю гашничу дуғу каланфур, ки модар дар табақи чубин куфта, бо нони гарми осиё тайёр мекард. Бомазза буд, чунки бо хандаю шухӣ бо аҳли хонадон, дар иҳотаи волидайн нӯши ҷон мекарданд. Розӣ мешуд фақат бо баргҳои усмаи тар, ки ҳар баҳор бечора падараш пал кашида, «барои духтаронам усма мекорам, худро оро диҳанд, зебо шаванд» гуфта мекорид, худро оро диҳад. Агар падар розӣ шавад… Хост фирор кунад, аз ин дунё, пеш аз ҳама, фирор кунад аз худ, аз худе, ки барои худ бегона шуда буд... Аз фикрҳои сарбаста сараш чарх зад, пардаи сиёҳӣ чашмон ва дунёи хурдакаки ӯро пӯшонд, пеши пойи писари Ғайратшоҳи муаллим беҳуш афтид...

Хоҷа Машҳад –

макони зиёрати сокинон Яке аз ёдгориҳои таърихие, ки дар қисмати ҷанубии кишварамон ҷойгир аст, мақбараи Хоҷа Машҳад мебошад, ки дар асри нуҳ бино шудааст. Он то асри сенздаҳ ҳамчун мадраса машҳур буд. Дар ин мадраса ҷавонони зиёде аз ҳар гӯшаву канор барои таълими илм меомаданд. Яке аз шоирони маъруфи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ дастпарвари ин мадраса аст.

Баъди истилои муғулҳо қисме аз ин мадраса хароб гардида, шӯҳраташро аз даст медиҳад ва баъдан ба мақбара табдил меёбад. Новобаста аз ҷангҳое, ки дар ин бино сар задаанд, деворҳои ин бино чандон хароб нагардидаанд, зеро паҳнии деворҳо 2,5-3 метрро дар бар мегиранд ва баландии яке аз ин мақбараҳо 14 метр ва дигаре 12 метрро ташкил медиҳанд. Мадрасаи Хоҷа Машҳад аз ду мақбараи гунбазшакл иборат буда, болои ҳар дуи онҳо сӯрох мебошанд ва деворҳои мақбара ба заминларза тобовар ҳастанд. Хоҷа Машҳадро бо 54 нафар наздикони худ дар ин мавзеъ ба хок супоридаанд. Бостоншиносон қабрҳои пешинаи онҳоро кофта, кафанпӯш карда, баъдан дар дохили яке аз ин макбараҳо ба хок супоридаанд. Асри гузашта дар ин мавзеъ се маротиба кофтукоби бостоншиносӣ гузаронидаанд - солҳои 1962, 1984 ва 1988. Аз ин мақбараҳо сангҳое дарёфт кардаанд, ки дар болои ҳар яки онҳо оятҳои “Қуръон”-и карим навишта шудаанд. Инчунин, аз ин ҷо танга-

ву тилло низ дарёфт гардидааст. Ба гуфтаи нигаҳбони мақбараҳо Хоҷа Машҳад як нафари донишманд, олими исломшинос буда, бо ташаббуси ӯ ин мақбараҳо бино шудаанд. Мардуми маҳал дар бораи бино шудани ин макбараҳо ба мо гуфтанд: «Ин макбараҳо, ба гуфтаи гузаштагони мо дар як шабонарӯз бино шудаанд». Дар пушти мақбараҳо хонаҳои харобгардида мавҷуданд. Ба гуфтаи нигаҳбон, хонаҳои тарафи рост ҷои хоби устодон ва хонаҳои тарафи чап ҷои хоби толибилмон будаанд. Инчунин, дар паси ин хонаҳои харобгардида оромгоҳ мавҷуд аст, ки ҷасадҳои мардуми ин маҳал ба хок супурда мешуданд. Аз даврони шӯравӣ ин макон ба зиёратгоҳ табдил ёфтааст. Чуноне, ки мушоҳида кардем, ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе нафарони зиёде ба ин макон ба хотири амалӣ шудани орзуҳояшон ба зиёрат меоянд.

Соҳибқирони ЗАФАР, донишҷӯи соли дуюми ДМТ


Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: Номгӯи мансабҳо Сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказӣ

1709.1

Мудири Бахши таъминоти ҳуқуқии дастгоҳи марказӣ

943.65

Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказӣ

Мудири Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии дастгоҳи марказӣ

Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ

Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Балҷувон

Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳринав

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Роғун

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қайроққум

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом

Сабабҳои бӯйи нохуши даҳон Бӯй кардани даҳон (халитоз) боиси хиҷолат кашидани бемор ва нороҳат шудани атрофиёнаш мешавад. Баъзан ҳатто бо хамираи хушбӯйтарин шустани дандонҳо низ кӯмак намекунад. Зеро баъди 10-15 дақиқа накҳати хамираи дандон мераваду бӯйи нохуш боз атрофро фаро мегирад. Мувофиқи тавсияи табибон ба хушкшавии даҳон набояд роҳ дод. Бинобар ин, зимни камшавии оби даҳон ва ё зиёд гап задан даҳон хушк шуда, аз он бӯйи нохуш мебарояд. Дар ин сурат як пиёла об ё чой нӯшида ва ё сақичи хушбӯй хоидан мушкилро каме ҳам бошад, рафъ мекунад. Агар дандонҳо дучори кариес (пӯсидан) бошанд, на танҳо чайқонидан, балки дам ба дам бо хамираи дандон шӯстан низ фоида намерасонад. Пайдоиши санги дандон низ метавонад сабаби бӯй кардани даҳон шавад. Варами вораҳо (продонтоз) низ боиси фаъолшавии бактерияҳо мегардад. Агар дандони сунъӣ нодуруст часпонида шуда бошад, метавонад сабаби омадани бӯйи нохуш шавад. Аз ин рӯ, чунин дандонҳоро иваз кардан (дубора дуруст часпонидан) лозим аст. Агар дандон сиҳат бошаду бӯйи бад ҳамоно нороҳат кунад, ба духтури оториларинголог (лор) муроҷиат кардан лозим. Зеро бадбӯйии даҳон метавонад бо сабаби сар задани як қатор бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ, аз қабили синусит, ринит, тонзиллит, аденоидҳо ва ғайра ба миён ояд. Бемориҳои меъда ва рӯда низ сабаби бадбӯйии даҳон шуда метавонанд. Эзофагит, гастрит ва бадҳазмӣ боиси аз даҳон баромадани бӯйи нохуш мешаванд. Бинобар ин, ба духтури бемориҳои дарунӣ (терапевт) муроҷиат бояд кард. Агар даҳон бӯйи хоси атсетон кунад, ҳолати қанди баданро санҷидан лозим. Зеро беморони диабети қанд аз худ чунин бӯйи тез ихроҷ мекунанд. Дар ин сурат ба духтур – эндокринолог муроҷиат карда, сари вақт табобат бояд гирифт. Кашидани носу сигор низ сабабгори бӯйи даҳон мешаванд. Нӯшокиҳои спиртӣ даҳонро хушк карда, боиси хориҷшавии бӯйи дилбеҳузуркунанда мегарданд. Дар аксар ҳолат худи касоне, ки даҳонашон бӯйи нохуш мекунад, аз бадбӯйии даҳонашон огоҳ намешаванд. Аммо бояд аз рафтори атрофиён, монанди худро дур гирифтан ё зимни суханронии ӯ безобита шудан бояд ҳис кунанд, ки ҳамсӯҳбаташон ноҳинҷор шудааст. Дар ин сурат худро дуртар гирифта, кам гап задан ва аз пайи муолиҷа шудан дуруст аст.

Таҳияи С. АМИНИЁН, “ҶТ”

Маоши вазифавӣ

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фархор Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ

Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қумсангир Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҳисор

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тавилдара Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шуғнон

Мутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ

Мутахассиси Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа

Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хисрав

1405.3 1150.2 854.55 814.05 773.55 773.55 773.55 738 738 738 738 738 702 702 702 702 702

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

11

ЭЪЛОН

702 702 702

697.50 635 603 603 576 576 576 576 576 576 576 576 576 576 576 576 522 495 495

472.50 472.50

ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расм (4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236 4187, 235 1023 (Бахши кор бо кадрҳо).

e-mail: javonontj@mail.ru

ДОНИСТАН МУҲИМ АСТ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

12

РУШДИ ВАРЗИШ

Шиносоии Президент бо рафти сохтмони Маҷмааи универсалии варзишии “Пойтахт-90” 30 август, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Маҷмааи универсалии варзишии Пойтахт-90 шинос шуд.

Он дар майдони қариб 10 гектар бунёд ёфта, болои боғи фарҳангу фароғати “Пойтахт” ва дар миёни талу теппаҳои Лучоб ва рӯди Душанбе қарор

дошта, яке аз ҷойҳои зеботарин ва мувофиқ аст. Дар ин ҷо қасрҳои варзишии болопӯшида, нимпӯшида ва ҳам май-

дону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ, ҳамчунин, қасри намудҳои варзиши рӯйи ях бо навтарин

ФУТБОЛ

Бозиҳои аввали Ҷоми Тоҷикистон доир шуданд 27 августи соли равон бозиҳои аввали даври 8/1-финалии Ҷоми Тоҷикистон доир гардиданд. Дар ин мусобиқа ба ғайр аз дастаҳои лигаи олӣ 5 дастаи лигаи аввал низ ширкат доранд. «Истиқлол» дастаи «Хуҷанд»-ро бо ҳисоби 6:1 ши- 34 ҳисобро кушод. Айдох Наполеон дар дақиқаи 80 каст дод. Дилшод Восиев, бозингари “Истиқлол” ду ғалабаи “Хайр”-ро таъмин кард. гол зад. Ҳамдастаҳояш Умедҷон Шарифов, Ҷаҳонгир Бозӣ миёни дастаҳои «Энергетик» - «Регар-ТадАЗ» Эргашев, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Ромиш Ҷалилов ва КМВА «Помир» - «Равшан» мусовӣ ва бидуни гол якголӣ заданд. Голи “Хуҷанд”-ро Сайриддин Ғаффоров анҷом ёфт. ба ҳадаф расонд. «Саройкамар» бар дастаи «Ваҳдат» бо ҳисоби 5:0 Тими «Парвоз» аз дастаи лигаи аввал «Эсхата» ғолиб омад. Иброҳими Муҳтоҷзода се гол, Соҳибҷон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Ба голи задаи бозингари Ваҳобов ду гол ва Ҷонибек Ғаффоров як гол заданд. “Парвоз” Фарҳод Тоҳиров Абдумалик Шодиев ҷавоб Бозӣ миёни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Исфара” низ гардонд. Иброҳим Раҳматов, бозингари “Эсхата” дар мусовӣ (2:2) анҷом ёфт. Ба ду голи задаи Муҳаммад дақиқаи 75, аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро афзуд. Абдураҳмонов, бозингари “Ҳосилот” дар дақиқаҳои (1:2). Шерзод Бердиқулов дар дақиқаи 88 голи сею- 17 ва 65, бозингарони “Исфара” Дилшод Бозоров дар ми “Эсхата”-ро зад. Голи дуюми “Парвоз”-ро Нодирбек дақиқаи 47 ва Акрам Файзиев дар дақиқаи 80 голҳои Мамиров дар дақиқаи 89 ба ҳадаф расонд. ҷавобӣ заданд. Тими «Хайр» ба дарвозаи «Далерон-Уротеппа» ду Бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякфинал 8 сентябр голи беҷавоб зад. Идибек Ҳабибуллоев дар дақиқаи доир мегарданд.

e-mail: javonontj@mail.ru

ГӮШТИНИ МИЛЛӢ

Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ 28 август, дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор шуд. Дар он 51 варзишгари беҳтарин аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доштанд. Мусобиқа дар се гурӯҳ сурат гирифт. Дар гурӯҳи варзишгарони вазнашон то 70 кило Адҳам Исҳоқов аз шаҳри Ваҳдат ғолиб шуд. Дар гурӯҳи варзишгарони вазнашон то 80 кило Зайналобуддини Аъзамхон аз шаҳри Кӯлоб пирӯз гашт. Дар гурӯҳи варзишгарони вазнашон беш аз 80 кило Зиёратшо Баротов аз шаҳри Душанбе мақоми аввалро ишғол намуд. Ғолибони мусобиқа бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз шуданд.

стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд. Маҷмаа дорои толор ва майдонҳои гуногуни варзишӣ хоҳад буд (ҳар яке дорои аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон). Аз ҷумла, 7 майдони омӯзишии теннис ва қасри теннис. Қасри калони варзиши обӣ дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд. Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Русия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешаванд. Майдону майдончаҳои теннис ва ҳавзҳои аз рӯйи масоҳат ва чуқурӣ гуногуни ин маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла, барои бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола то пиронсолон метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои аз чуқуриашон камтарин то 3 метр мавҷуд аст. Дар ин ҳавзҳо, ҳамчунин, ҷойҳои аз баландиҳои 1,5 метр, 3, 7 ва 10 метр ба об сарозер шудан мавҷуд аст, ки ба талаботи стандартӣ мутобиқат мекунанд. Дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин, таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои мошинҳо, роҳраву гулгаштҳои зебо ва ороишоти дилписанд пешбинӣ шудаанд. Дар рафти сохтмони ин маҷмааи бузурги варзишӣ аз 1,5 то 2 ҳазор нафар ва пас аз ба кор даромаданаш беш аз 600 кас бо кор таъмин мегарданд.

ДЗЮ-ДО

Паҳлавонони тоҷик аз Челябинск бе медал баргаштанд Зимни Чемпионати ҷаҳон оид ба дзю-до, ки бо ширкати беш аз 700 варзишгар аз 110 кишвар дар шаҳри Челябински Русия аз 25 то 31 августи соли равон доир шуд, мардону занон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) мубориза бурданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 9 варзишгар шомил буданд. Вале онҳо дар рақобатҳои инфиродӣ ноком шуданд. Каъбатулло Аминов дар нахустин қувваозмоии худ дар вазни то 60 кило бар Филипп Китадал (Бразил) ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Минг Йен Тсаи (Тайван) мағлуб гашт. Расул Абдушарифов, Самандар Қаландаров (ҳар ду – 66 кило) ва Саидмухтор Расулов (-73 кило) бошанд, дар аввалин рақобатҳо мутаносибан аз Давид Газарян (Арманистон), Себастян Сеидл (Олмон) ва Энрико Парлати (Италия) шикаст хӯрданд. Инчунин, Фарҳод Раҳимов (-81 кило) дар даври аввал аз Валерий Думиника (Молдова) мағлуб гардид. Саидҷалол Саидов дар вазни -90 кило дар даври аввал бар Наиф Мазиу аз Арабистони Саудӣ дастболо шуд, вале баъдан аз Ноэл Ван Т Энд аз Ҳолланд ноком гашт. Комроншоҳи Устопириён (-90 кило) баъди ду пирӯзӣ бар Доменик Вензингер (Швейтсария) ва Азамат Бектурсунов (Қирғизистон), дар даври сеюм қувваозмоиро ба Кирилл Денисов (Русия) бохт. Дадахон Қурбоналиев дар вазни то 100 кило аз Дмитрий Березний (Украина) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кило) аз Андрей Брейбарт (Олмон) шикаст хӯрданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Ҷопон бо чор медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ғолиб шуд. Фаронса (2-1-4) дар ҷойи дуюм ва Бразил (1-1-2) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.


Натиҷаҳои баландро чашмдорем Аз 19 сентябр то 4 октябри соли равон дар шаҳри Инчхони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Бозиҳои XVII Осиё баргузор мегардад. Ба ин муносибат якуми сентябр дар Китобхонаи миллӣ маросими гусели варзишгарони мамлакат ба ин чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд. Дар оғози ҷамъомад раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода ҳозиринро ба Рӯзи дониш муборакбод карда, гуфт: “Таърих гувоҳ аст, ки шахсияти алоҳида метавонад дар масири давлатдорӣ дар радифи миллатпарастии кишвари худ нақши созгор дошта бошад. Як шахс қодир аст, ки бо эҳсоси пурраи камолот миллатро муаррифӣ намояд. Шумо варзишгарони азиз дар ин мусобиқаҳо шаъну обрӯи беш аз 8 миллион нафар сокини мамлакатро муаррифӣ менамоед. Ин як вазифаи пурифтихор, пурмасъулият ва хеле мушкил аст. Ман боварӣ дорам, ки шумо аз иҷрои ин вазифаи пурмасъулият ба хубӣ мебароед”. - Бозиҳои осиёии дарпешистода ҷашни варзишест, ки нерӯи ҷисмонии кишварҳоро муттаҳид месозад, - афзуд Аҳтам Абдуллозода. – Он як майдони набардест, ки дар давраи муайян парчами давлатҳо бардошта мешаванд. Аслан, парчами ҳар давлат дар ҳудуди он барафрохта мешавад. Дар мавридҳои алоҳида зимни ташрифи меҳмонони олиқадр парчами давлатҳои мизбону меҳмонро мебардоранд. Вале шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ тӯли 17 рӯз минтақае ба шумор меравад, ки дар он ҷо на аз рӯи ҳатмият, балки аз рӯи иқбол ва нерӯи ҷасорати варзишгар парчами давлат бардошта мешавад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи варзиш дар мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Он тадбирҳое, ки тайи 23 соли истиқлолият дар соҳаи варзиш амалӣ шуд, дар ягон давру замон нашуда буд. Зиёда аз 3000 майдону толорҳои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, даҳҳо ҳазор нафар ҷавон ба варзиш рӯ оварданд. Танҳо дар соли ҷорӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои омодагӣ ва ширка-

ти варзишгарон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ харҷ кард. Ба наздикӣ категорияи муайяни варзишгарон бо витаминҳои зарурӣ таъмин хоҳанд шуд, ки бо ин мақсад 40000 сомонӣ ҷудо мешавад. Аҳтам Абдуллозода аз маҳорати варзишгароне, ки дар бозиҳои қаблии Осиё медал гирифта, Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштанд, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки номи онҳо дар сафҳаҳои заррини таърихи варзиши кишвар сабт гардидааст. Инҳо, Исроил Исмоилов, Дилшод Назаров, Муродалӣ Тӯйчиев, Шокирҷон Раҷабов, Абусалом Ҳасанов, Меҳроҷ Умаров, Ҷаҳон Қурбонов, Хайрулло Назриев, Расул Боқиев, Юсуф Абдусаломов, Шамил Алиев

ва Лидия Карамчакова мебошанд. Баъдан, муовини сардори Раёсати илму маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Адҳам Маъруфзода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, аввалин ҷоизадори Бозиҳои Осиё аз Тоҷикистон Исроил Исмоилов ба иштирокчиёни Бозиҳои XVII Осиё барору комёбӣ хостанд. Сипас, Аҳтам Абдуллозода ба

ҷоизадори Олимпиадаи Лондон – 2012 Мавзуна Чориева Парчами Тоҷикистонро супурд ва Мавзуна вазифадор гардид, ки дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVII Осиё Парчами миллии кишварро бардорад. Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки дар шаҳри Инчхон мегузарад, Мавзуна Чориева парчамбардори дастаи яккачини Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар поёни маросими гусел варзишгарон ба пайкараи поягузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиё ширкат меварзад. То ин дам 12 варзишгари мамлакат 16 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 3 медал тилло, 2 нуқра ва 11 биринҷӣ мебошад. Ду медали тилло ба гурзандози маъ-

руф Дилшод Назаров ва як медали тилло ба боксчии шинохта Ҷаҳон Қурбонов мансуб аст. Умед мекунем, ки ҳайати беш аз 100 нафараи варзишгарони мамлакат дар Бозиҳои XVII осиёӣ аз рӯи 18 намуди варзиш маҳорату чолокӣ нишон дода, бо натиҷаҳои баланд ба Ватан бармегарданд.

С. СУННАТӢ, “ҶТ” Суратгир Толиб ФОЗИЛОВ

Дар маросими расмии гусели варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII Осиё мо бо варзишгари маъруфи ҷумҳурӣ, нахустин ҷоизадори Бозиҳои Осиё аз Тоҷикистон Исроил Исмоилов вохӯрдем. Ишон розӣ шуданд, ки ба чанд саволи мо посух диҳанд.

- Шумо 20 сол пеш аз ҷумлаи нахустин варзишгароне будед, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё намояндагӣ кардед. Аз он давра то имрӯз чӣ фарқият мебинед? - Моҳи октябри соли 1994 бори аввал тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар шаҳри Ҳиросимаи Ҷопон ширкат варзид. Он сол ҳайати Тоҷикистон варзишгарони зиёдеро дар бар намегирифт. Мо дар вазъияте ба Ҷопон рафтем, ки дар кишварамон ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Мардум соатҳо дар навбати нон меистоданд. Дар Ҳиросима Парчами Тоҷикистонро аз тими мунтахаби кишвар ман бардошта будам. Аз ин мусобиқаи бонуфуз бо медали биринҷӣ ба Ватан баргаштам. - Ҳарифонатон дар мусобиқа киҳо буданд? - Ман дар риштаи каратэ қувваозмоӣ кардам. Чанд ҳарифамро аз дигар кишварҳо, аз ҷумла, Ӯзбекистон мағлуб карда, ба нимфинал баромадам. Дар нимфинал аз варзишгари ҷопонӣ мағлуб шуда, барои гирифтани ҷойи сеюм бо каратэчии салтанати Бруней қувва озмудам. Ӯро мағлуб карда, соҳиби медали биринҷӣ гаштам. Вақте ба муносибати супурдани медал Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштанд, тамоми вуҷудамро ҳаяҷону ифтихор фаро гирифт. Зеро дар Осиёи Марказӣ ман ягона нафаре будам, ки аз намуди каратэ медал гирифтам. Медали дуюмро Хайрулло Назриев аз рӯи гуштини дюз-до ба даст овард. Ҳамон сол Тоҷикистон миёни 45 кишвари иштирокчии Бозиҳои Осиё ҷойи 18-умро ишғол намуд. Чандин кишварҳо аз Ҷопон бе медал баргаштанд. - Устоди Шумо дар риштаи каратэ кӣ буд? - Дар ин намуди варзиш устодам каратэчии маъруф Умархон Мадвалиев мебошанд, ки ҳамроҳам ба Ҷопон рафта буданд. Дар воқеъ, соли 2002 низ дар Бозиҳои XIV Осиё, ки дар Кореяи Ҷанубӣ доир гашт, парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон ман будам. Дар ин ҷо низ дар намуди каратэ медали биринҷӣ ба даст овардам. Каратэ аз варзишгар мисли дзю-до ва бокс машқу тамрини доимӣ ва иродаи мустаҳкамро талаб мекунад. Аз ин рӯ, аз рӯи ин намуди варзиш гирифтани медал хеле мушкил аст.

Мусоҳибон С. АСОЗОДА, С. СУННАТӢ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Тамрин ва иродаи мустаҳкам калиди ғалабаанд

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

13

БОЗИҲОИ ОСИЁӢ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

14

ВАСФИ ИСТИҚЛОЛ Нуруллоҳи ОРИФ

Ваҳдати Тоҷикистон

Дурахши Истиқлол

Тоҷикистони азизам, мулки озодам, Мулки пурфайзу саховат, мулки ободам. Ваҳдататро дӯст дорам, дӯст дорам, дӯст, Бе ту ман аз ғам ҷигархун, бо ту ман шодам.

Ҳаст Истиқлол бахти шоди мо, Рӯҳи сабзи давлати ободи мо. Аз ҳавояш мекашад нав-нав нафас, Халқи аз банди алам озоди мо.

Гулгулафшонӣ, дил аз ту кандан осон нест, Он, ки қадратро надонад, бешак инсон нест. Дар ҳақиқат, эй диёри ваҳдатободам, Ғамгусорат ҳеҷ кас чун пури Раҳмон нест.

Зиндагиро зинда Истиқлол кард, Одамиро соҳиби иқбол кард. Мурғаконро фурсати парвоз дод, Ҳар ятимеро басо хушҳол кард.

Дасти Ваҳдат дар замират ишқ мекорад, З-осмон дар остонат дур меборад. Халқи ҳушёру далерат, ҷон Ватан, баҳрат Сулҳу Истиқлолро поянда медорад.

Шарҳи Истиқлол роҳат дидан аст, Рақсу бозӣ, шӯхию хандидан аст. Баҳри табрику қабули дӯстон Дастагул аз боғи Меҳан чидан аст.

Сафар Айюбзодаи МАҲЗУН

Савганд Қасам! Қасам! Қасам ба номи Истиқлол! Қасам ба покии каломи Истиқлол! Ватан, ба зулматат завол меорем, Чу офтоби хушпаёми Истиқлол! Намешавад зудуда аз вуҷуди мо Ҳаёт то бувад, мароми Истиқлол! Ба шири поки Модари Ватан савганд, Кашем саф ба эҳтироми Истиқлол! Ба номи пурфутӯҳи ин Ватан савнанд, Фузӯн кунем эҳтишоми Истиқлол! Баланд мекунем парчами номӯс, Баланд то шавад мақоми Истиқлол! Қасам! Қасам! Қасам ба номи Истиқлол!

Абдуалӣ АБДУМАҶИД

Тоҷикистони ман Тоҷикистон, эй Ватан, эй кишвари ободи ман, Дар канорат шоду хандон миллати озоди ман. Қуллаҳои сарбаландат гӯӣ чун ман сарфароз, Мардуми озодарӯҳат хушдилу меҳмоннавоз. Даштҳоят киштзору боғҳоят мевабор, Кӯҳҳоят кони ганҷу рӯдҳоят зарнисор. Рашту Хатлону Зарафшону Бадахшону Ҳисор Пораҳои хоки гулободи ин зебодиёр. Дар Хуҷанду Ашту Айниву Зафарободи ту Шукри истиқлол дорад мардуми дилшоди ту. Водии Вахши ту аз нав хурраму гулзор гашт, Сулҳу амният дар он хоки кӯҳан подор гашт. Тоҷикистон, эй Ватан, аз нав гулафшон гаштаӣ, Кишвари тоҷик - яъне Тоҷикистон гаштаӣ. То нафас боқист, фарзанди вафодори туям, Посбони ту, нигаҳбону нигаҳдори туям.

Шуълаи умед Беҳтарин ганҷина баҳри мост Истиқлол, Мисли як дурдона беҳамтост Истиқлол. Ҷовидон миллат бувад хоҳони амну сулҳ, Дар Ватан чун кӯҳ побарҷост Истиқлол. Шуълаи умед дар қалби ҷавону пир, Баҳри озодии миллат беҳтарин тадбир. Тоҷикистон ҷаннати рӯйи замин гардад, З-он ки бошад маскани фарҳанги оламгир. Сабзаву оби Ватан мегӯяд: Истиқлол, Барг-барги ин чаман мегӯяд: Истиқлол. Мурғи озоди самову моҳии дарё, Бо сухан, ҳам бе сухан мегӯяд: Истиқлол. Беҳтарин ганҷина баҳри мост Истиқлол, Мисли як дурдона беҳамтост Истиқлол. Ҷовидон миллат бувад хоҳони амну сулҳ, Дар Ватан чун кӯҳ побарҷост Истиқлол.

Бузургмеҳри ҲАКИМ, хонандаи синфи 9-и литсейи ба номи Т. Собирови шаҳри Ваҳдат

Робияи ХОЛМИРЗО

Ҳамболи истиқлол (Барои Парвин) Як духти хушиқбол ман, Осудаву хушҳол ман. Пар мезанам бар сӯи нур, Чун мурғаки хушбол ман Ҳамболи Истиқлол ман, Ҳамсоли Истиқлол ман. Ман вориси арзандаам, Пайки нишоту хандаам. Дар осмони ин Ватан, Як ахтари тобандаам. Ҳамболи Истиқлол ман, Ҳамсоли Истиқлол ман. Лутфу вафову исматам, Як духтари хушқоматам. Як навниҳоли орзу Аз боғи сабзи ваҳдатам. Ҳамболи Истиқлол ман, Ҳамсоли Истиқлол ман.

e-mail: javonontj@mail.ru

«УРОЛЕЗИН ФОРТЕ» - давои гурда Маҷмӯи растанигии ин даво барои беҳтар намудани вазъи функсионалии гурда ва роҳҳои пешобгузар таъсир расонида, инкишофи илтиҳоб ва боқимондани пешобро нест мекунад. Хунукиҳои гурдаро аз байн бурда, пайдоиши сангро дар он пешгирӣ мекунад. Уролезин форте организмро аз токсинҳо ва дигар моддаҳои зараррасон тоза мегардонад. Истифода: ба калонсолон 2 ҳаб 3 бор дар як рӯз. Давомнокӣ: 1 моҳ. Дар таркибаш спирт ва қанд надорад, аз ин рӯ, барои гирифторони диабет, фарбеҳшавӣ истифодааш зарар намерасонад. Нархи фурӯш 38 сомонӣ. Маҳсулот истеҳсоли давлати Русия аст. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!

ПОЛИКАВИН - нерӯбахши мард бе таркиби кимиёӣ

БОРОВАЯ МАТКА (ДАВОИ ЗАНОНА)

«Поликавин» боҳро қувват бахшида, шавқу рағбати шаҳвониро барқарор месозад ва простатитро аз байн мебарад. Фаъолияти ҷинсӣ ва сусткамариро ба низом медарорад. Тавлиди нутфаро зиёд мекунад, инчунин, барои онҳое, ки бо сабаби шамол хӯрдани узвҳои даруниашон зуд-зуд пешоб мекунанд, дармон мебахшад. «Поликавин» мисли давоҳои дигар ё давоҳои кимиёӣ, дилбеҳузурӣ ва фишори хунро ба вуҷуд намеорад, баръакс кори дилро муътадил мегардонад. Давраи табобат: 5 қошуқча 1 маротиба пеш аз хӯрок, давоми 10 рӯз. Истеъмоли такрорӣ мумкин аст: пас аз ҳар 3 моҳ ва ба ҳамаи синну сол. «Поликавин» дар шакли хурӯшаҳо истеҳсол шуда, рангу таъми шоколадро дорад. Барои табобати безурётӣ «Поликавин»-ро бояд мард ва ҳам зан якҷо истеъмол намоянд. Муҳлати истифодааш (хусусан, барои безурётӣ) тӯлонитар аст: аз 30 то 90 рӯз (яъне, аз 3 то 9 қуттӣ). Безарар ва одатнадиҳанда аст. Нархаш аз 65 то 68 сомонӣ. Маҳсулот дорои сертификат аст. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!

Ҳангоми табобати бенаслӣ, хунравӣ аз бачадон, токсикоз, вайроншавии давраи ҳайз, часпидани батну найҳо, халалдоршавии гузариш аз найчаҳои бачадон истифода бурда мешавад. Он таъсири пешобронӣ дошта, ҳини табобати равандҳои илтиҳобӣ дар гурдаҳо, кори тамоми системаи ҷинсӣ ва пешобдонро самарабахш мегардонад. Шахсоне, ки хоҳиши такроран истеъмол намудани «Боровая матка»-ро доранд, истифодааш мумкин аст: соле 2-3 маротиба. Ин маҳсулот дар асоси технологияҳои баланд дар Русия истеҳсол шудааст. Тарзи истифода: аз 14-сола боло, рӯзе 2 бор 15-20 чакра, давоми 1 моҳ. Ҳангоми харидории «боровая матка» аз дорухонаҳо, дар рӯи қуттӣ ҳатман бояд навишти «живые витамины» дида шавад, зеро ҳамин намуди маҳсулот дар таркибаш спирт ва қанд надорад ва ба шахсони гирифтори диабет, атеросклероз, фарбеҳӣ истеъмоли он безарар аст. Хариди он аз дорухонаҳо ва истеъмолаш бе дорухати духтур иҷозат аст. Нархаш 24 сомонӣ.


Тамошои љойњои таърихию осорхонањо

Яке аз уќёнусњо

Нашриёти давлатї

Футболбози рус Андрей …

… Чавес, собиќ президенти Венесуэла

Шарт, паймон

Љеки …, актёркунгфучии машњур

Њам, инчунин

Аланга, гулхан

«Медицина» ба тољ.

Наќлиёт

Либоспўшиамон аз рўи он аст

Манораи ТВ дар ш. Москва

Бахшиши гуноњ

Оњане, ки бо он тангаро мўњр мезананд

Валс, танго ё брейк

Шоњи олами њайвонот

Ќош

Дарахти ростќомат

Бародари падар

Муњаммад ..., «шоњи бокс»

Ислом …, президенти Ўзбекистон

Модар (лањљ.)

Танњо Ноњия дар наздикии Душанбе

Забони тољикии Афѓонистон

Кассетаи DVD

Ахбор дар ТВ Русия

Майлу хоњиши хўрокхўрї

... и Љомї, Борбад, Вањдат

Гўштингир Расул …

Иттињод

Онро занњо сурх мекунанд

Рол дар кино ва расми рўи гилем

… Делон, актёри машњури фаронсавї

Муќобили «рафта»

Муаллифи ќасидаи «Шикоят аз пирї»

Пайѓамбари пеш аз Муњаммад (с)

Тазарви думзебо Даррандаи холдор аз зоти гурба

Намуди љумлаи аломати хитобдор

Пайрања дар ињотаи гулњо

…и Султон, сароянда

Меваи маъмул

Њоло донишљў нест

Тез, мазаи ќаланфур

Рўзи хурсандї, љашн

Мањмудљон ..., наттоќ ва актёри тољик

Зидди торикї

Меваи сурхдона

Жанри таќлидии театрї

Даврашакл

Поён, зер Њиссачаи тасдиќї

Матои таги либос

Тарфаи муќобили рост

Шохоби Волга

Абуали …-и Сино

Ќањрамони халќи тољик Шириншо …

Тарки он амри мањол

Поя, бех

Субњони … сароянда

Фариштаи марг

Асбоб барои даравидан

Мори печони обї

Писари Дедал

Ѓурур

Хонандаи мактаби олї

Донандаи фалсафа

Гурусначашм

Ватани сиёњпўстон

Сафаркунанда Асбоб барои номафиристонї

Номи Ибн Сино

Дар байни дарсњо

Равѓани зард

Пойгаи мошинњо

«Тиллои сиёњ»

Раќамњои махфї

Бахтиёр …, ширинкор

Шеър бо мусиќї Њайвони калонтарин

... Зоњир, сарояндаи афѓон

Ќанди машњури шўравї Муќобили «асир»

Маънии «О» дар химия

Дўстон …, љонї ё забонї мешаванд

Шакли пурраи номи Володя

Нерўгоњ ва бомбаи …ї

Фахр

Душмание, ки дар дил аст

Аловиддин …, актёри њаљвї

Вобаста, доир

e-mail: javonontj@mail.ru

Тими машњури футболи Русия

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9358), 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

ХӮРОКИ ПӮХТАИ МОДАР БОЗ БА КӢ МАЪҚУЛ НАШУД?!

*** Бозор. Як зани фурӯшанда: - Меваҳои хитойида биё, бача. Арзону болаззат! Савдогари паҳлӯяш: - Дугонаҷон, о, ин хел нагӯ, ҳеҷ кас намехарад... – Меваҳои туро намехаранд, аз манро мехаранд: як кас барои занаш, дигарӣ барои хушдоманаш…

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Обид САФАРЗОД

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

Аз суҳбати ду рафиқ. Аввалӣ: - Мегӯянд, Салим арақнӯширо партофта, зан гирифтааст. Дуюмӣ: - Партофтааст? Боварам намеояд. Занашро дидам. Одами ҳушёр ин хел интихоб намекард…

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ

(муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

***

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Ашрафи АФЗАЛ

Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7042 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Лутфи ҷавонӣ Таззод: Дар мактаб муаллимон аз хонандаҳо аз тамоми фанҳо дониш талаб мекунанд, аммо худашон танҳо як фанро медонанд.

Самариддин АСОЕВ

(муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

ФАРОҒАТ

***

АНДАРЗ

Дар ҷустуҷӯи модар Соат чори субҳ аст, лекин Дамири хурдсол хоб нест. Модари худро интизор аст. Модараш шаб баромада, ҳоло ҳам барнагаштааст. Писарак намедонад чӣ кор кунад, ба берун рафта, ӯро кофтан маънӣ надорад. Дамир ба рақамҳои телефони модари худ 31 маротиба занг зад, аммо телефон хомӯш буд. Чӣ кор карданашро надониста, домони гиряро сар дод ва ногаҳон хобаш бурд. Аз хоб бедор шуда, хаёл кард: “Модарам баргаштааст! Ман бе ӯ ғамгин шудам!” Саросема ба ҷойи хоби модараш рафт, лекин он ҷо касеро наёфт. Кати хоб ботартиб ва касе надаромада буд. Боз телефонро гирифта, ба модараш занг зад... Баъди интизориҳои зиёд маҷбур гӯшаки телефонро гирифта, ба полис занг зад: - Гӯш мекунам, - садо баромад аз он тараф. - Ассалому алейкум, ман Дамир, шашсолаам, модарам дирӯз ба меҳмонӣ рафта буд, то ҳол барнагаштааст. Ман дар ҳаросам! - Писарак, аҳмақӣ накун! Агар не, волидайни туро ҷарима мебандем, баъд мефаҳмӣ! – гуфт корманди полису гӯшаки телефонро гузошт. Чунин дағалиро аз ҷониби корманди полис шунида, аз чашмони Дамири хурдсол ашк ҷорӣ шуд ва саросема либосашро ба бар карда, давида, ба роҳи кӯчаи асосӣ баромад. – Модар! Модарҷони азизам! Ту дар куҷоӣ?! Ҷавоб деҳ! - фарёд зад, лекин касе аз роҳгузарон ӯро диққат ва ҳатто мадад нарасонд. Писари хурдсол ноумед ба хона баргашт. Хушбахтона, дар хона хӯроки чанд рӯз пеш пӯхтаи модараш боқӣ монда буд. Дамир аз он тановул намуд ва ин ҳолат се рӯз давом кард. Дамир дар як ҳолати ногувор қарор дошт ва касе дар ҷустуҷӯи модари ӯ низ нашуд. Ба ёрии дигарон бовар надошт, бо полис ҳам дигар занг назад. Писар ба хурдсолии худ нигоҳ накарда,

шабу рӯз гирду атрофи кӯчаҳои ноҳияашонро давр зада, доду фиғон бардошта, модари меҳрубонашро меҷӯст ва ашк аз чашмонаш мисли борон мерехт. Дигар намехост касе ӯро ба ин аҳвол бинад, барои ҳамин, ба мошинхонаи кӯҳнаи худашон рафта, дар танҳоӣ бисёр гиристу афгор шуду хобаш бурд. Баъди хоби тӯлонӣ ба худ омада, аз ҷой хеста рафтанӣ шуд, ногоҳ чашмаш ба модараш афтод. Модари азизи худро даруни гараж дид... Хунукшуда... Дамир хурсанд шуда, худро ба оғӯши модар партофт. Хаёл кард, модараш хоб аст. - Модар! Модарҷони азиз! Хезед, ба хона равем! Модар хомӯш буд, ба саволҳои писарак ҷавоб намедод. Вақте ӯро ба тарафи худ гардонд, чашмони модар калон кушодаву даҳонаш пур аз хун буд. Дамир инро дида, сахт тарсид, аммо фарёд назад, чунки касе ба ӯ ёрӣ расондан намехост. Аз одамон дилхунук шуда буд, барои беэътиноиашон. ... Баъди як ҳафта писарак ва модарашро мурда ёфтанд. Оид ба ин воқеаи шум дар тамоми рӯзномаҳои маҳаллӣ хабару гузоришҳо чоп шуданд.

Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Духтури шикастабанд аз бемор: - Чӣ ҳодиса шуд? - Занам партофт. - Хайр, барои ин кор худро аз ошёнаи дуюм ҳаво додан шарт набуд. - Шумо нафаҳмидед. Ӯ маро гирифту аз тиреза ба берун партофт.

*** Таззод: Интернет одамони дар ду гӯшаи дунё бударо бо ҳам мепайвандад, аммо аз онҳое ҷудо мекунад, ки дар паҳлӯят ҳастанд.

ЭЪЛОН

Таваҷҷуҳ!

Шиносномаи техникии автомобили рақами давлатиаш TJ7314АК07, ки ба Ҷайлобов Раҳмиддин тааллуқ дорад, гум шудааст. Нафаре, ки онро ёфтааст, метавонад ба рақамҳои зерин занг занад: 918 39 0310. Мукофотпулӣ дода мешавад.

Қатъи фаъолият

Соҳибкори инфиродӣ Зияев Мирзораҳим Дулянаевич (РЯМ0430035238), ки дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Нурматов Хусрав Мустафоевич (РМА 025048792) фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Қозиев Бахтовархон Амирович (РЯМ0130037793), ки дар Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

Эътибор надорад

Шиносномаи техникии ҳавлидории маҷмуи бойторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки ба шаҳрванд Тағоев Илҳомиддин мутааллиқ аст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №154425, ки онро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2009 ба Ахмедова Фариза додааст, эътибор надорад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.