НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№36 (9462), 8 сентябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
ИДЕАЛИ ҶАВОНОН
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Пайкори 25-солаи Пешвои миллат
Дави миллӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолият
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
9 СЕНТЯБР - РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар корҳои созандагӣ пешсаф бошем! Табрики Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавонони азиз! Созандагони имрӯзу фардои кишвари соҳибистиқлоламон! Ҳамаи шуморо ба муносибати муҳимтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ – 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳният мегӯям. Мову шумо насли хушбахтем, ки соҳиби давлати ободу зебоем ва дар фазои сулҳу осоиш таҳти роҳбарии ғамхори ҷавонон, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ва фаъолият дорем. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбари давлат интихоб шуданашон дар сохтмони Тоҷикистони озоду демократӣ ба ҷавонон такя карданд ва
боварашон нисбат ба ҷавонон то имрӯз идома дорад. Чунки шумо – ҷавонони гиромӣ бо адо кардани хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият саҳми сазовор мегузоред. Шумо хушбахтед, ки бо шарофати варзишгарон, ки асосан ҷавононанд, муаррифгари давлат дар ҷаҳонед. Зикр кардан ба маврид аст, ки муҳимтарин дастоварди варзишгарон дар 25 соли Истиқлолият медали тиллои Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Риоде-Жанейрои Бразиля мебошад. Хонандагон низ солҳои охир дар олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъол намуда, ба комёбиҳо ноил мегарданд. Онҳо хусусан дар шаш моҳи аввали соли равон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори 116 медал гашта-
анд, ки боиси ифтихор аст. Мо вазифадорем, аз ин пас низ, ки ҷаҳонро ҳодисаҳои нангин фаро гирифтааст, атрофи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президент ҳастанд, сарҷамъ шуда, дар корҳои созандагиву ободонӣ дар сафи пеш қарор дошта бошем. Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҷавонони сарбаланди Ватан!
2
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
АХБОРИ ҲАФТА
Туризм - даромадноктарин соҳаи иқтисод
ҲАСАН АЗИЗОВ
2-юми сентябр, дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар меҳмонхонаи "HYATT Regency"-и шаҳри Душанбе дуюмин Конфронси байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, масъулини соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ, коршиносон, сафирону кормандони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ширкатҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва журналистон ширкат доштанд. Дар ифтитоҳ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, меҳмонони хориҷиро ба Тоҷикистони зебоманзару офтобӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт: “Сайёҳӣ дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти захираҳои бузурги табиӣ ва мероси бою таърихию фарҳангии мамлакатамон ба василаи эҷоди симои қавии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз лаҳзаҳои ба даст овардани Истиқлолият бо мақсади тақвияти соҳаи сайёҳӣ даст ба иқдомҳое зад, ки ба рушди ин паҳлуи хоҷагии халқ муосидат кард. Дар ин росто сиёсати дарҳои кушод, тинҷиву оромӣ ва Ваҳдати комил дар кишвар, мавҷудияти роҳҳои замонавӣ ва ташкили инфрасохтори мусоид барои рушди сайёҳӣ ба инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон заминаи ҷиддӣ гузошт. Бунёди силсилаи меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилаӣ дар шаҳри Душанбе ва ташкили инфрасохтори аввалиндараҷа дар манотиқи гуногуни мамлакат аз амалӣ шудани нақшаҳои дурнамои хирадмандона ва дурбинонаи сиёсати Ҳукумат дар ин самт шаҳодат медиҳад. Соҳаи сайёҳӣ кишвари моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як ҷавҳари кашфношуда муаррифӣ намуда, ҳамчун биҳишти рӯйи заминро мемонад. Дар ҳақиқат соҳаи сайёҳӣ яке аз даромадноктарин соҳаҳои иқтисоди ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад ва аз рӯйи даромад дар ҷойи сеюми соҳаи воридоти кишварҳои пешрафти ҷаҳон маҳсуб мегардад. Мақсад аз баргузории чорабинии имрӯза мустаҳкам кардани мавқеи мамлакат ҳамчун кишвари мусоид барои сайёҳон, тарғиби мероси шоҳроҳи Абрешим, ки аз Тоҷикистон мегузарад ва ба ин васила муаррифии захираҳои бойи таърихию фарҳангӣ ва вусъат бахшидан ба рушди сайёҳии дохилӣ ва байналхалқӣ дар Тоҷикистон мебошад”. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг дар мавзӯи “Мероси таърихиву фарҳангӣ омили ҷалби сайёҳон: мушкилот ва дурнамо” маърӯза карда, зирк намуд, ки яке аз самтҳои даромадноки иқтисоди туризми фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шароитҳои муфид муҳайё карда шудааст. Мавқеи мамнуъгоҳҳои таърихӣтабиӣ дар фаъолияти сайёҳӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ташкил менамояд. Нигоҳдорӣ ва муҳофизати объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бо мақсади рушди сайёҳон дар ҳоли ҳозир яке аз вазифаҳои муҳими сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ёдгориҳои таъриву фарҳангӣ, ҳамчунин ба масъалаҳои тармиму нигоҳдории онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Эҳёи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меъморӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ мавқеи муҳим дорад. Муовини вазири корҳои хориҷӣ Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд дар мавзӯӣ “Соҳаи сайёҳӣ омили муаррифии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар: мушкилот ва дурнамо” баромад намуд. - Тоҷикистон аз лиҳози сайёҳӣ воқеан
ҷавҳари кашфношуда аст. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон сайёҳӣ дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, нигаҳдории тавозуни савдои хориҷӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим дошта, ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мусоидат мекунад. Тоҷикистон чун кишвари кӯҳсор дорои имкониятҳои воқеии рушди сайёҳӣ буда, бо табиати рангину дилангез ба дили ҳазорҳо сайёҳ ҷой гирифтааст. Бо дарназрадошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ташкил намудани намудҳои гуногуни сайёҳӣ имконпазир мебошад. Зиёда аз 200 чашмаи шифобахш дар Тоҷикистон мавҷуд аст, ки дар заминаи онҳо осоишгоҳҳо фаъолият доранд. Яке аз омилҳое, ки барои рушди сайёҳӣ такони ҷиддӣ мебахшад, танзими рафту омади шаҳрвадони хориҷӣ ва сайёҳон ба Тоҷикистон мебошад. Яке аз самтҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва зерсохторҳои он низ фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорон ба иқтисодиёти кишвар ва сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади содатар намудани тартиби рафту омади сайёҳон, намояндагони ширкатҳои хориҷӣ, соҳибкорон ва тоҷирон вазорат дар ҳамонҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ низоми раводиди электрониро аз моҳи июни имсол ба роҳ мондааст, - гуфт дар маърӯзааш муовини вазири корҳои хориҷӣ. Зимни конфронс зикр шуд, ки айни ҳол дар 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Тоҷкистон мутахассисони соҳаи сайёҳӣ омода карда мешаванд, ки дар онҳо зиёда аз 2,5 ҳазор мутахассис ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. - Имрӯз дар соҳаи сайёҳӣ мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки бояд ҳалли худро ёбанд. Яке аз мушкилоти асосӣ дастрас кардани раводиди ягона ва гурӯҳӣ аст. Мушкилоти дигар тайёр кардани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ мебошад. Ширкатҳои туристӣ пеш аз ҳама бояд ба тайёр кардани мутахассисон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ширкатҳои туристӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёна низ ҳамкориҳои зичро ба роҳ монанд. Намояндагони онҳо барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна семинару тренингҳои оид ба сайёҳӣ гузаронанд, чӣ будани сайёҳиро ба кӯдакону наврасон фаҳмонанд. Давраи он шудааст, ки мо - мутахассисони соҳаи туризм кӯдакону наврасонро аз хурдӣ тайёр кунем, - гуфт зимни баромадаш Файзуллоҳ Фаттоҳ, раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои мададгор ба фаъолияти сайёҳии Тоҷикистон.
“Рангоранг” - василаи муҳими рушди сайёҳӣ 3-юми сентябр дар МД «Боғи Ирам»-и пойтахт бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Фестивали байналмилалии фарҳангиву сайёҳии мероси Роҳи Абрешим таҳти унвони «Рангоранг» ва озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ доир гардид. Дар он барои меҳмонону сокинони пойтахт ҳунармандони кишвар намунаи ҳунарҳои дастии худ, ба монанди зардӯзӣ, кандакорӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мурдумиро ба намоиш гузоштанд. Намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, аз ҷумла, Афғонистон, Покистон, Чин, Қирғизистон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷопон низ ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии хешро пешниҳод намуданд. Баҳри болидарӯҳии меҳмонон ва сокинони кишвар барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод шуд. Дар ифтитоҳи ҳамоиши фарҳангӣ Тағойзода Сумангул Саид, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иброз дошт, ки бо шарофати хирадмандона ва сулҳофари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён миллати моро ҳамчун сулҳдӯсту покҷавҳар, бунёдкору созанда ва соҳибмаърифату соҳибфарҳанг мешиносанд. Маҳорати нотакрори ҳунармандон бошад, миллатамонро шуҳратёри ҷаҳон гардонидааст. “Ҳукумати кишвар ба омода кардани кадрҳои коргарӣ, эҳё ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии касбу ҳунарҳои миллӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ташкил ва баргузории озмуну мусобиқа, чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмунҳои ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ, заргару гулдӯзи беҳтарин баргузор шудаанд. Имрӯз дар баргузории даври ниҳоии он қарор дорем ва шоҳиди ҳунару ҳунармандӣ дар ин боғи зебо ва боҳашамат гардида истодаем. Дар озмун беҳтарин ҳунармандон аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳамчун ғолибони даври якум ва дуюм иштирок доранд. Бовари, комил дорам, ки ғолибони озмунҳои имрӯза дар оянда барои муаррифии ҳунару фарҳанги халқу миллати тоҷик дар ҷаҳон саҳми босазо мегузоранд”, - гуфт С. Тағойзода. Зикр гардид, ки аз соли 2014 дар миқёси ҷумҳурӣ, дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат зиёда аз 24 ҳазор нафар ба омӯзиши атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, қӯроқбофӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, сӯзанидӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ҷалб карда шудаанд. Имрӯзҳо танҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади омӯзиши атласу адрасбофӣ 159 марказ таъсис ёфтааст, ки бо 458 дастгоҳ муҷаҳҳаз мебошанд. Дар ин марказҳои таълимии истеҳсолӣ зиёда аз 21 ҳазор метр адрас ва атлас истеҳсол шудааст ва ҳамаи он ба фурӯш рафтаанд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни суханронӣ минатдории худро ба ҳунармандон, дасткорон ва онҳое, ки бевосита дар баргузории Фестевали фарҳангию сайёҳӣ ва намоиши ҳунарҳои дастӣ саҳм гузоштанд, расонида, қайд кард: “Баргузории Фестевали байналмилалии фарҳангию сайёҳии мероси Роҳи Абрешим “Рангоранг” ва даври ниҳоии озмуни ҳунарҳои дастӣ дар пешорӯи баргузории ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, баҳри аз нигоҳи нав муаррифӣ кардани миллати тоҷик дар арсаи байналмилаӣ ва ба ин васила такон бахшидан ба ҳунарҳои миллӣ ва рушди зеҳнии ҷавонон саҳми босазо дорад. Фестивали сайёҳию фарҳангии “Рангоранг” ҳамчун як василаи муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа як такони ҷиддӣ мебахшад”.
Ифтитоҳи маҷмааи муҳташами варзишӣ дар Данғара 31 август Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар маркази ноҳия маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуд. Маҷмаа аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии майдони он 14 ҳазору 253 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Сарвари давлат дар ошёнаи якум бо шароити машқу тамрин ва толорҳои баргузории мусобиқаҳои намуди гуштин, каратэ, ҷудо ва гимнастика шинос шуд. Дар ошёнаи дуюм толори калони варзиши универсиалӣ бо 2 ҳазору 148 ҷой нишаст барои тамошобинон, утоқҳои кори мураббиён ва дигар иншооти ёрирасон омода гардидааст. Дар ошёнаҳои сеюму чорум бошад, утоқҳои меҳмонони олимақом, доварон, нуқтаи ёрии тиббӣ, толори хурд ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд гардидааст. Идораҳои маъмурӣ, ҷойи либосовезӣ, қаҳвахона, хонаҳои қабули меҳмонон, нуқтаи ташхиси маводҳои допингӣ аз ҷумлаи имконоти дигари муосири ин маҷмааи варзишӣ мебошанд. Дар ин ҷо ҳамчунин барои шореҳони варзиш утоқҳои махсус бо дастгоҳҳои наворбардорӣ ва таҷҳизоти тақвияти овоз сохта шудааст.
3
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
ДУНЁИ ВАРЗИШ
УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ
«Ҷавонон»-и Тоҷикистон бо тимҳои АМА ва Эрон бозиҳои рафиқона мекунад Дар доираи омодагӣ ба даври финалии чемпионати Осиё-2016, ки 13-30 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад, тими мунтахаби футболи мамлакат (U-19) бо дастаҳои ҷавонони АМА ва Эрон бозиҳои санҷишӣ мегузаронад. Футболбозони ҷавони мамлакат таҳти роҳбарии сармураббӣ Виталия Левченко 14-16 сентябр дар Дубай бо ҳамсолонашон аз АМА ду бозӣ мекунанд. Баъдан барои вохӯрӣ бо тими ҷавонони Эрон ба ҷазираи Киш сафар мекунанд. Ин дидор 19 сентябр ба нақша
гирифта шудааст. Дастаи ҷавонон сипас ба Ватан бармегарданд ва омодагиашонро идома медиҳанд. Дар чемпионати Осиё2016 тими ҷавонони то 19-солаи кишвар дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Узбекистон, Авсралия ва Чин вомехӯрад.
Дар ин мусобиқа 4 даста соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мегарданд. Агар Кореяи Ҷанубӣ ба нимфинал барояд, дастаи ҷои панҷум низ соҳиби роҳхат мешавад.
Фаластин – Тоҷикистон – 1:1
Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади оммавӣ гардондани тарбияи ҷисмонӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим 3 сентябр Дави миллӣ доир гашт.
Бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Фаластин ва Тоҷикистон мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Вохӯрӣ 6 сентябр дар шаҳри Хеврони Фаластин баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 39 Парвизҷон Умарбоев кушод. Дар дақиқаи 50 бозингари тими мизбон Карлос Салом ҳисобро баробар кард. Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов бо чунин ҳайат ба майдон баромад: 1. Абдуазиз Маҳкамов, 4. Эраҷ Раҷабов, 19. Аҳтам Назаров, 12. Сиёвуш Асроров, 6. Амирбек Ҷурабоев, 14. Фаридун Шарифов (11. Фарҳод Тоҳиров), 7. Умедҷон Шарифов (18. Фатҳулло Фатҳуллоев), 8. Нуриддин Давронов (к) (5. Ойбек Абдуғаффоров), 17. Нозим Бобоҷонов (9. Муҳаммадҷони Ҳасан), 20. Парвизҷон Умарбоев (10. Ҷаҳонгир Эргашев), 21. Манучеҳр Ҷалилов (23. Аҳтам Ҳамроқулов). Ёдовар мешавем, ки бозии рафиқонаи тими миллии кишвар бо мунтахаби Сурия 27 августи соли равон дар Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Хуҷанд низ мусовӣ - 0:0 шуда буд.
Тоҷикистонро дар Параолимпиадаи Рио-2016 як варзишгар намояндагӣ мекунад Раҳмихудо Додихудоев ягона варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои XV тобистонаи параолимпӣ дар шаҳри Рио-деЖанейрои Бразилия муаррифӣ мекунад. Ӯ дар давидан ба масофаҳои 200 ва 400 метр ширкат меварзад. Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейро 7-18 сентябр баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар ин бозиҳо 4350 варзишгар аз 179 кишвари ҷаҳон барои 528 маҷмӯи медалҳо дар 22 намуди варзиш рақобат кунанд. Раҳмихудо Додихудоеви 26-сола дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар айёми кӯдакӣ вай ба бемории остеомиелит гирифтор шуд ва пизишкон натавонистанд, ки устухони дасти чапи ӯро муолиҷа намоянд. Ӯ соли 2015 дар шаҳри Сочии Русия дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд масофаи 400 метрро чорумин шуда тай кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Раҳмихудо ба Паралимпиада таҳти раҳбарии мураббии варзида Ғайрат Неъматов омодагӣ дидааст.
Дави миллӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолият
Ду нуқраи паҳлавонони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ Варзишгарони тоҷик дар Фестивали байналмилалии ҳунарҳои размӣ, ки 3-4 сентябр дар шаҳри Чҳонҷӯи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, ду медали нуқра ба даст оварданд. Ба барномаи мусобиқот 15 намуди варзиш дохил буд. Дар сабқати самбои размӣ Тоҷикистонро ду варзишгар – Сайриддин Шоев дар вазни то 74 кило ва Муҳаммадризо Қурбонзода дар вазни то 100 кило намояндагӣ карданд. Ҳар ду паҳлавони тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Сайриддин аз гуштингири Узбекистон Шербек Рӯзиев ва Муҳаммадризо аз варзишгари Муғулистон Ариунерден Батбаяр мағлуб гашта, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.
Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ба ширкаткунандагони Дави миллӣ барор хостанд. Дави миллӣ аз маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб оғоз гардида, дар Наврӯзгоҳи пойтахт ба анҷом расид. Ба ширкаткунандагони дави миллӣ дар Душанбе намояндагони манотиқи мухталифи кишвар низ пайвастанд.
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
Истиқлолият ва озодӣ
ШАҲЛО ЭШОНОВА
Тамоми мавҷудоти олам, ҳам инсону ҳам ҳайвонот ва ҳам наботот ба озодӣ ниёз доранд. Аммо шинохти ин озодӣ аз ҷониби ин мавҷудоту махлуқот ба таври мухталиф сурат мегирад. Аз тамоми махлуқоти олам танҳо инсон метавонад қобилияти дарки ин эҳсосро дошта бошад. Мафҳуми озодиву истиқлол ду мафҳуми бо ҳам тавъаманд. Бо дарки ин ду мафҳум инсон шуруъ мекунад ба шинохти асли худ, моҳияти худ ва рӯзгори минбаъдаи худ. Шинохти инсон бошад, марҳила ба марҳила сурат гирифта, инсон тасмим мегирад, тасмими озодӣ. Инсон тадриҷан имкониятҳо ва неруи зеҳнии худро мешиносад ва метавонад, ки озодона тасмим гирад, истодагарӣ кунад, роҳҳои раҳоӣ аз ҳар гуна бунбастҳоро ҷустуҷӯ намояд ва ба ин васила мерасад ба истиқлолият. Истиқлолият арзиши олии инсонӣ буда, дар муносибатҳо, дар тафаккури инсон, дар андешаҳои ӯ, дар муоширату муколамаҳо инъикос меёбад. Истиқлолият огоҳӣ аст ва инсони ноогоҳ наметавонад озод бошад, ӯ наметавонад ба истиқлол бирасад. Зеро ӯ имкониятҳои худро дарк намекунад, ҳатман пойбанди расму русуми бегона ва вобастаи дигарҳо аст ва андешаҳои ӯро дигарон тавлид месозанду амалӣ мегардонанд. Инсони ноогоҳ озодиро дарк кардаву молик буда наметавонад. Яъне истиқлолият дониш аст ва дониш офариниш. Истиқлолияту озодӣ низ ба инсонҳое, ба ҷомеае тааллуқ доранд, ки худро мешиносанд, маърифат доранд, андеша доранд ва ҳар қадаре ки ин огоҳ буданҳову худбаҳододанҳо зиёд бошад, ҳамон андоза истиқлолият метавонад устувор бимонад ва дар ҷараёни воқеаву ҳодисоти чашмгири замони муосир истодагарӣ кунад. Яке аз унсурҳои асосии суботу пешрафт истиқлолияти ҳар кишвар аст, ки дар баробари дигар унсурҳо баҳри он чораандешӣ мекунад ва самти пешрафти худро муайян месозад. Яъне зимоми давлатдориву пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт танҳо дар дасти худи ӯст. Ғайр аз ин, истиқлолият имкон медиҳад, ки инсон дар бозиҳои ҳам геополитикӣ, ҳам минтақавӣ ва ҳам дохилӣ ҷойгоҳи хоса дошта бошад. Истиқлолият ва шинохти арзишҳои миллӣ қабл аз ҳама ба мардуми мо имкон фароҳам овард, то такомул ёбад ва дар арсаи байналмилалӣ низ бемайлон рушд намояд. Имрӯз Тоҷикистон дар доираи Конститутсия дар ҳама гуна мушкилоти сиёсӣ мудохила ва роҳи ҳалли онҳоро пешниҳод карда метавонад. Метавонад бо мақсади рушди иқтисодиёти кишвар аз имкониятҳои табиӣ ва воқеии худ озодона ва самаракок истифода намояд. Истиқлолият мафҳуми васеъ буда, дар ҳама соҳаҳо зуҳур меёбад. Дар баробари истиқлолияти иқтисодӣ боз истиқлолияти фарҳангӣ, маданӣ ва иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Дар баробари мустаҳкам гардидани муносибатҳои иқтисодӣ дигар соҳаҳо низ, аз ҷумла иҷтимоиёту фарҳангу маърифат низ рушд мекунанд ва раванди дарку шинохти истиқлолият низ таҳким меёбад. Расидан ба ҳадафҳои асосӣ ва муҳим танҳо бо роҳи шинохти воқеии ин арзиши олии инсонӣ ба даст меояд. Истиқлолият набояд танҳо аз шиору тантана ва ҷашну маъракаороӣ иборат бошад, балки он бояд қабл аз ҳама худогоҳиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои олии инсониро дар ниҳоди ҳар шахси ватандӯсту ватанхоҳ ба таври абадӣ ҷойгузин намояд. Ҷашни Истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!
Истиқлолият – рамзи ватандорӣ Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Миллати мо аз қадимулайём озодипарасту озодихоҳ буд. Солҳои тӯлонӣ дар дил орзуи озодиро мепарварид. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта миллати мо аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияташро эълон кард. Вале аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Дар давоми 25 сол бо сарварии оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем. Бо амри Худо дар чанд соли оянда Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои муқтадир табдил хоҳад ёфт. Ҷашни Истиқлол муборак!
Ноила ВОҲИДОВА, “ҶТ”
Неъмате беҳтар зи Истиқлол нест Гарчанде Тоҷикистони азизи мо давлати ҷавон бошад ҳам, вале дар андак муддат ба як кишвари зебоманзар ва рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст. Яъне аксари соҳаҳои хоҷагии халқ инкишоф ёфта, биноҳои зебову замонавӣ сохта шуд. Танҳо дар давоми солҳои 2013-2014 дар ҷумҳурӣ 17320 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз кардаанд. Аз ҷумла дар солҳои наздик корхонаи коркарди нефт бо иқтидори қариб 2 миллион тонна, се корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори беш аз 3 миллион тонна, корхонаҳои бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, сохтмони се корхонаи саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга бо иқтидори истеҳсоли 1400 килограмм тилло, корхонаи бузурги металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна рӯҳ ва 50 ҳазор тонна сурб ва боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори 400 ҳазор тонна ба истифода дода шудаву мешаванд, ки аз неъмати Истиқлолият аст. Солҳои охир афзоиши солонаи истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз ва дар соли 2015-ум 3,2 фоиз расидааст. Ҳамчунин сатҳи камбизоатӣ дар соли 2015 то 31 фоиз паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд. Маблағи пасандозҳо дар давоми соли 2015 9 миллиард сомонӣ ё 35 фоиз афзуд. Яъне иқтисоди миллии мо ҳоло дар давраи инкишоф қарор дошта, тамоми соҳаҳои кишоварзиву иқтисодӣ тараққӣ карда истодааст. Ҳамчунин боз як дастоварди бузурги иқтисодии даврони соҳибистиқлолӣ ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти ҷаҳонии савдо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари агросаноатӣ буда, соҳаи асосии истеҳсолоти онро кишоварзӣ ва саноати сабук ташкил медиҳад. Ҷиҳати инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат дар муддати 15 соли охир 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ гардид ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даҳ соли охир 1,6 баробар афзоиш ёфт. Ин дар ҳолест ки давоми солҳои 1992-1996 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 32
фоиз паст шуд. Қарзҳои берунӣ ва дохилӣ босуръат афзоиш ёфта, сатҳи инфилятсия даҳҳо маротиба боло рафт. Дар бозори истеъмолӣ маводи хӯрока ва молҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум қариб ки ба нестӣ расид. Аммо дар соли 2015 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 48 миллиард сомонӣ афзуд ва суръати афзоиш ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 18 миллиарду 300 миллион сомонӣ қабул шуд, ки нисбат ба соли 2001 тақрибан 18 299 698 347 сомони зиёд аст. Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз афзуд. Маблағи пасандозҳо дар давоми сол 9 миллиард сомонӣ ё 35 фоиз афзуд. Яъне шароити зиндагии мардум нисбат ба солҳои пеш беҳтар шуда истодааст. Ҳамчунин манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, роҳу пулҳо, мактабу муассисаҳои тиббӣ ва хатҳои интиқоли барқе, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст ё фарсуда шудаанд аз нав сохта ва барқарор мешаванд. Соли 2015 гардиши савдои хориҷии мамлакат нисбат ба соли 2014 18 фоиз, аз ҷумла содирот 9 фоиз, воридот 20 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 7 фоиз коҳиш ёфт. Албатта ин нишондодҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб аст, чунки 93% Тоҷикистон кӯҳсор буда, танҳо 7%-ро дар соҳаи кишоварзӣ истифода мебарему халос. Чуноне ки Бенҷамин Франклин гуфтааст: «Ҷанг хубӣ надораду сулҳ бадӣ». Яъне мо ҳамеша бояд муҳофизи Истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллӣ бошем, то дар оянда иқтисоди кишвар боз ҳам рушд карда, зиндагии мардум беҳтар гардад.
Аҳлиддин НАЗАРЗОДА, донишҷӯи курси 4-уми ДМИТ
6 сентябр озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба ба хотири гиромидошти журналист ва шоири шинохта Ғоиб Сафарзода натиҷагирӣ шуд. Озмун ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ибтикори нашрияи расмии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият” якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ эълон гардида буд. Гуфта шуд, дар озмун журналистон, адибон, публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карданд. Ба озмун 50 матлаб дар жанрҳои публисистӣ: мақола, лавҳа, очерк, памфлет ва ғайра пешниҳод гардид, ки 12 матлаб беҳтарин дониста шуд. Матлабҳои 2 нафар - Сипеҳри Ҳасан ва Сайвалӣ Азизов сазовори ҷойи дуюм ва 3 нафар - Ато Ҳамдам, Азим Бойдиев ва Умари Шерхон мақоми сеюм гардиданд. Барои ҷои дуюм 2000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 1000 сомонӣ супорида шуд. 7 нафари дигар Ҷонибек Асрориён, Ҳабиб Искандаров, Ҷумъахон Темурзода, Маҷид Салим, Бузургмеҳри Баҳодур, Мирзои Фирӯз ва Усмоналӣ Холиқзода бо “Ифтихорнома” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдир гардиданд. Гуфта шуд, ки Ғоиб Сафарзода аз насли овозадори пурҳунар ва меҳанпарасти солҳои шасти қарни бистум буд, ки бо нафаси гарм, ҷуръати адабӣ, бинишу гӯиши тоза ва афкори ғайриқолабӣ мехост ба шеър пероҳани рангин бипӯшонад, ба бедорӣ, худшиносӣ ва ҳақиқаталошии ҷомеа таконе бахшад. Ӯ дар шеъру мақолаҳояш бо ифтихор аз бузургии адабиёту фарҳанги миллӣ, пок нигоҳ доштани асолати забони модарӣ бо ҳисси баланди масъулият ҷасурона овоз баланд мекард. Ғоиб Сафарзода шоире буд ҳалим, фурӯтан, меҳрубон ва бо ғурури бешикасти ватанпарварӣ. Ӯ аз миёни мо барвақт рафта бошад ҳам, аммо ғурури шоистаи миллатпарастонааш дар дили ҳамҷиҳатон ва хонандагони осори пурғановати вай ҷовидон боқӣ хоҳад монд.
Имрӯзҳо бештар саволгузорӣ мешавад, ки “Истиқлолият ба ҷавонон чӣ дод?”, “Дар замони Истиқлолият чӣ корҳо анҷом дода шуд?”, “Истиқлолияти комил чист?” ва ғайраҳо. Калимаи “Истиқлолият” дар назари баъзе мафҳуми мураккаб менамояд. Мо бояд донем, ки истиқлолият пеш аз ҳама маънии мустақилият, яъне озодиро медиҳад. Чаро ин гуна саволҳо ба миён меоянд? Ба гуфтаи Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари сиёсӣ, мо бояд ҳар марҳилаи замониро таҳлил ва баррасӣ кунем, ки ба ин ё он насл чӣ дод. Аз ҷумла даврони истиқлолиятро. Ӯ саволи “Истиқлол ба ҷавонон чӣ дод?”ро чунин шарҳ дод: “Мо бояд ба баррасӣ бигирем, ки дар даврони истиқлолият ҷавонони мо чӣ имконоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро соҳиб шуданд. Оё шароиту имконотеро, ки давлат барои ҷавонон фароҳам кардааст, барои сохтани шахсияти ҷавонон кофист? Агар бар ин назар бошем, ки истиқлол ҷаҳише бузурге дар зиндагии ҷавонон ба вуҷуд овард, пас лашкари беш аз як миллионии муҳоҷирини мо дар хориҷ, ки қисмати аъзамашро ҷавонон ташкил мекунанд, ба ин мантиқ мухолиф аст. Агар ҳам бигӯем, ки истиқлол ба ҷавонон чизе надод, боз ҳам ҷавонони зиёде, ки дар ин даврон имконият пайдо карданду дар хориҷ таҳсил карданду тиҷорату шахсиятсозӣ карданд, сарфи назар мешаванд. Аз ин рӯ, мо ҳақ дорем, ки "чӣ додани истиқлол"-ро ба ҷавонон ба таври бисёр воқеӣ, имрӯзӣ ва аз нигоҳи манофеи миллӣ таҳлилу баррасии илмиву мантиқӣ кунем”. Рӯзноманигори мустақил Раҷаби Мирзо дар ҳамбастагии истиқлолу озодӣ чунин мегӯяд: “Истиқлолияту озодӣ бояд пеш аз ҳама дар зеҳнияти инсонҳо пайдо шавад. Ғуломе, ки андешаи озодӣ дар сар надорад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад дар бораи озодӣ фикр кунад. Бубинед, агар дар боғи ҳайвонот ё сирк таваҷҷуҳ карда бошед, филҳо бо он ҷуссаи бузург ба одамон
муқобилат карда наметавонанд ва намехоҳанд ба озодӣ бароянд. Чаро? Зеро онҳо дар замони хурдии худ шояд чанд бор талош карданд, зиреҳҳоро шикастан хостанд, аммо муваффақ нашуданд, чун нерӯяшон басанда набуд. Вале ҳоло бо ҷуссаи бузург ва нерӯи қавӣ чаро аз ин асорат раҳо намеёбанд? Зеро дар тафаккурашон ҳамин чиз мондааст, ки муқобила карданашон бесамар аст, вагарна бо як таккони сахттар аз банд раҳо хоҳанд шуд. Яъне, гуфтан мехоҳам, ки асли истиқлолу озодӣ дар тафаккуру андешаҳост, агар онҳо озоду мустақил нестанд, озодии кулл ҳам ба одамон чизи нолозим менамояду хоҳанд пурсид: “Ин мустақилият ба мо чӣ дод ва чӣ зарурат дорад?” Воқеан, зиндагӣ аз аввал мубориза буду ҳаст. Озодӣ бошад, ҳамеша мақсади аввалиндарҷаи инсонҳост. Онро ҳама аз ҷону дил зиёд дӯст медоранд ва баҳри он ҳама корро мекунанд. Инсонҳо ҷанг мекунанд, хун мерезанд, қурбон мешаванд, якдигарро нест мекунанд, асир мегиранд, то замоне, ки ба озодии мутлақ расанд.
ранд”. Воқеан, имрӯз аз имконоти мавҷуда на ҳама ба таври комил истифода мекунем. Хушбахтона, қисми зиёде аз ҷавонони мо имрӯз истиқлолро ба маънии томаш дарк кардаанд. Баҳри ҳифзи он талош меварзанд. Аммо ҳастанд нафароне, ки зиндагиро танҳо дар роҳи ҷамъоварии сарвату давлат медонанд. Беҳтарин неъмат озодию ватандорист, онро тарк карда ё роҳи муҳоҷиратро мегиранд ва ё муқими мулки дигар мешаванд. Ин гурӯҳи кӯчак пеш аз ҳама ангезаи рушдро намедонанд. Онҳо ояндаи худро дар кор ва ҳадди аққал ба ҳиҷрати меҳнатӣ марбут медонанд. Дар аввал ин ба назар наменамояд, вале шояд дар солҳои баъдӣ як насли комил аз даст равад. Барои ҳамин, ҷавонон бояд пеш аз ҳама рушдро дар омӯхтани илму дониш бинанд. Имрӯз мебинем, ки ин масъулиятро бисёриҳо дарк кардаанд. Шервони Умридддин ҳамчун як ҷавоне, ки дарки мафҳуми “Истиқлолият” кардааст, мегӯяд, ки ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм
Баъзеҳо ба зудӣ ба истиқлол озодӣ мушарраф мешаванд, иддае солиёни дароз пайи муборизаанд. Аз ин монда намешаванд, зеро онҳо ҳам озодиро дӯст медоранду бо он тараннум мехоҳанд намоянд. Миллати мо низ дар аввал баҳри Истиқлолияти комил ҷонисориҳо намуд. Аммо вақте соли 1991 онро ба даст овардем, ба қадри он нарасидем. Кам монда буд, ки он дубора аз даст равад. Дар миён ҳиллаву найранги баъзеҳо сабабгори ин моҷаро шуд. Аммо ин гарди ғубор дар фазои софи Ватан дер давом накард. Зуд ин чодари сиёҳ аз осмони кишвар бадар карда шуд. Ин ҳодисаҳо ба мо дарси ибрат шуду минбаъд ҳар як шаҳрванди кишвар ин санаро дар умқи қалби худ ҳаккокӣ намуд ва онро чун гавҳарки чашм нигоҳ хоҳад дошт. Акнун бояд фаҳмид, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Истиқлолият пеш аз ҳама дар чист? Вақте мегӯем, “Истиқлолият ба ҷавонон чӣ дод?”, бояд танҳо як самти муйянро дар назар нагирем. Балки бо маънои томаш чӣ будани онро дарк кунем. Ба ақидаи адиб Рустами Ваҳҳоб, “Истиқлолият имконоти фаровон медиҳад. Масъала ин аст, ки ҷавонон то чӣ ҳад тавон ва ҳавсалаву омодагии аз ин имконот истифода карданро до-
бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем. Шоистаи таҳсин аст, ки ҷомеаи имрӯзаи мо аз чунин ҷавонон орӣ нест. Бо вуҷуди ҷавон будан, чӣ будани истиқлолу озодиро ба пуррагӣ дарк мекунанд. Сар карда аз ғамхориҳои Президенти кишвар то ҳама он имконоте, ки баҳри ҷавонон муҳайёст, мавриди назар мегиранд. - Мо - ҷавонон боварии комил дорем, ки кишвари мо дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯъ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Мо - ҷавонони зодаи Истиқлолият барои ободии диёри азизу номдорамон - Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳон аз фарзанди фарзонаи ин миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хоҳем кард, - мегӯяд Ш. Умриддин. Умед мекунем, ки ҷавонони мо дар роҳи нигоҳ доштани Истиқлолияти кишвар минбаъд низ тамоми саъю талоши худро мекунанд. Ҳамчуноне, ки то имрӯз дар ин роҳ мустаҳкаму побарҷо буданд.
5
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
ХУРШЕД МАВЛОНОВ
Ҳифзи Истиқлолият вазифаи асосии ҷавонон аст
Ғолибони озмун ба ифтихори Ғоиб Сафарзода эълон шуд
Тоҷикистони соҳибистиқлол 25-сола шуд. Дар ин муддат корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба сомон расиданд. Корҳои созандагӣ идома дорад. Ҳар вақте Истиқлолият ё озодӣ мегӯем, қабл аз ҳама ҷавонон пеши рӯ меоянд. Зеро маҳз онҳо бунёдкори имрӯзу ояндаи давлат мебошанд. Вақте ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем мебинем, ки дар он вақт ҳам маҳз гурӯҳе аз ҷавонон дар ҷангҳои шаҳрвандӣ иштирок кардаанд. Агарчи онҳо сабабгори он ҷанг набуданд, аммо аз нерӯи бузурги онҳо сӯистифода мешуд. Аммо акнун ҷавонон шароити муносиб ва мусоид, пеш аз ҳама барои рушди худ ва барои сохтани як давлати пояндаро доранд.
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
Ҳадафмандона кор бояд кард
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
СОҲИБКАСБ
4 СЕНТЯБ – РӮЗИ КИТОБ
Замони хурдсолӣ назди оинаи нилгун нишаста, ҳунарнамоии ҳунармандонро тамошо мекарду дар худ орзуҳои зиёдеро парвариш медод. Ҳар ҳаракату тарзи сухангӯии онҳоро бо диққат наззора, онро назди оина шогирдона тақлид мекард. Бисёр мехост, то мисли онҳо бошаду барои соҳиби ин ҳунар гардидан саъю талош намояд. Зеро завқи ҳунарманди ин соҳа шудан вуҷудашро фаро гирифтаву мафтуни худ гардонида буд. Барои он ки ба ин нияти накӯи хеш расад, доим пайи он мекӯшид, то чизи тозаеро аз бар намояду барои ҳунарманд шудан омода гардад. Ҳамин мақсадаш буд, ки ҳунарманди сирк шуданро ба худ мувофиқ донист. Азамат Турсунов, ҳунарманди Сирки давлатӣ, аз зумраи ҳунармандони ҷавоне маҳсуб меёбад, ки дорои таҷрибаву малакаи хуби касби интихобкардааш мебошад. Қабл аз он ки ӯ ба сирк биёяд, дар яке аз бозорҳои пойтахт ба фурӯши мева машғул буд. – Вақте соли 2002 ба сирк омадам, бароям хеле аҷиб буд. Зеро ба орзуҳоям наздик мегардидам. Аввалин чизе, ки омӯхтам акробатика буд. Дар муассисаи мазкур устод Обид Эргашев дорбозиро ба ман омӯзониданд. Аз худ намудани ин ҳунар мушкил буд. Дар натиҷаи тавсияву роҳбарии О. Эргашев тавонистам, ки дар як муддати муайян ин ҳунарро бо нозукиҳояш аз бар намоям. Ашур Бозорович устоди дигарам бошад, маро гимнаст дар тасма омӯхтанд. Аз ин нафарон бениҳоят миннатдорам. Имрӯз аз уҳдаи ин ва дигар ҳунарҳо баромада метавонам. Зеро бо гузашти солҳо таҷрибаву малакаи низ зиёд мегардад, - гуфт Азамат. Чун моҳи марти соли 2002 ба сирк омада буд, пас аз шаш моҳи тамринҳо аввалин бор 9-уми сентябри ҳамон сол дар Сирки давлатии кишвар ҳунари дорбозии худро пешниҳоди ҳаводорон намуд. Чуноне ки ӯ мегӯяд: “Ҳамроҳи устодон машқу тамрин намуда, ба ҷашни истиқлолият омодагӣ медидем. Ман дар он ҷо ҳунари дорбозиро манзури бинандагон мегардонидам. Вақте бори аввал дар миёни анбуҳи иштирокчиён ба майдони ҳунар баромадам, маро ҳаяҷони бисёре фаро гирифт. Кӯшиш мекардам, то он ҳама изтироб бартараф гардаду амаламро бо сарбаландӣ иҷро намоям. Ниҳоят ба болои банд баромада, ҳунари дорбозии худро пешкаш кардам, ки хуб пазироӣ гардид. Ин аввалин ҳунарнамоиям дар ин боргоҳи арзишманд буд. Он дар саҳифаи фаъолиятам бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардидаву ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд”. Пас аз як соли машқу тамрин дар Сирки давлатии Тоҷикистон акнун ӯву дигар ҳамсафонашро барои сафар ба дигар кишварҳои хориҷа ва муаррифӣ намудани сирки тоҷик пешниҳод менамоянд. Аз ин пас ӯро мебоист то дар кори худ боз ҳам ҷиддитару нисбат ба худ серталаб бошад. – Бори аввал соли 2003 мо ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар намудем. Дар он ҷо хуб ҳунарнамоӣ кардем. Пас аз он ба дигар кишварҳо зуд-зуд сафари ҳунарӣ доштем, ки ҳар яке аз онҳо барои қавӣ гардидани ҳунару таҷрибаамон бисёр кӯмак кардааст. Зеро дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мо аз таҷрибаи дигар ҳампешагони хеш чизҳои лозимиро меомӯхтему баҳри сайқали ҳунари худ мавриди амал қарор медодем, - иброз дошт Азамат.
Сафарҳои ҳунарии ӯ ва ҳамсафонаш ба кишварҳои Руссия, Белорус, Миср ва Фаронса идома меёбад, ки ҳар яке онро барои худ қимат меҳисобад. Ӯро ба Фаронса ба фестивал даъват менамоянд, ки тӯли се моҳ он ҷо машқ намуда, ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ гуфт: “Дар фестивали мазкур танҳо дар дорбозӣ иштирок намудам. Баъдан ба давлати Қатар сафар намудем. Ҳамаи ин сафарҳо ҳунармандро чун нӯри тоза ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамун месозад”.
Ба таъкиди ӯ, нафаре дар ин ҷода муваффақ мегардад, ки омодагии хуби ҷисмонӣ дошта бошад. Дар баробари ин, ҳадаф дар ҳама навъи фаъолият нақши асосиро мебозад. Бояд ҳар ҳунарманд пеши худ ҳадаф гузошта бошаду баҳри амалӣ намудани он талош варзад. Аз ин рӯ ҳадафмандона кор бояд кард. Чунки вақте ҳадаф муайян асту ҳаматарафа омодаед, ҳатман ба нуқтаи ниҳоӣ мерасед. Барои он ки ҳунараш боз ҳам сайқал ёбаду мустаҳкамтар гардад, рӯзе 4-5 соат тамрин менамояд. Ин барои ӯ вазифаи ҳаррӯзааш буда, онро ботинан иҷро мекунад. Азамат ба омода намудани шогирдон низ машғул аст. “Барои ман хурсандиовараш ин аст, ки то имрӯз чандин шогирд омода намудам. Онҳо имрӯз мустақилона кору фаъолият доранд. Ҳар замоне ки ҳунарнамоии онҳоро мебинам, худро хушбахт меҳисобам”. Ҳар субҳ бо қалби саршори орзуҳо ба коргоҳ меояду машқу тамрин мекунад. Зеро дар пеш ӯро сафарҳои нави ҳунарӣ интизор аст. Мекӯшад, то дар сафарҳои навбатӣ бо маҳорату истеъдоди хеш сирки тоҷикро дар дигар давлатҳо муаррифӣ созаду дар баробари ин саҳми худро дар ташаккули ин соҳа гузорад. Ба ҳунарманди ҷавон дар ин роҳи нозуку заҳматталаб барор мехоҳем.
Илм аз китоб бармеояд Инсон мисли ҳар мавҷудоти дигари офаридаи Худованд дар тӯли ҳаёт давраи камолотро аз сар мегузаронад. Камолот ду намуд аст: ҷисмонӣ ва маънавӣ. Камолоти ҷисмонӣ хоси ҳама махлуқот аст. Вале камолоти маънавӣ бузургтарин неъмати илоҳист, ки танҳо ба инсон ҳадя шудааст. Зеро инсон дорои ақлу хирад аст ва тавассути хиради хеш ҷаҳонро бо тамоми зуҳуроти печдарпечу мухталифу пуртаззодаш дониста мегирад. Инсон аз замони шинохти худ ба шинохту дарки ҷаҳон оғоз мекунад. Барои кӯдаке, ки навакак забон кушодаву нахустин калимаҳоро ёд гирифтааст, ҳама чиз шигифтангезу ҳайратовар аст. Тулӯи хуршед, дурахши моҳу ситораҳо, осмони нилӣ, раъду барқ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт, хуллас ҳама чиз тозаву шавқангез ва пурсишзо мебошад. Саволҳои зиёде дар пардаи зеҳни кӯдак фурӯрез мешавад. Ӯ ба ҳар пурсиш посух мехоҳад. Дар чунин ҳангом барои кӯдак шинохту маърифати ҷаҳон оғоз мегардад. Оҳиста-оҳиста волидайн, ки дар амри шинохту ошноии кӯдак ба падидаву рӯйдодҳо ёварони мустақим буданд, дар ин маврид худро нотавон эҳсос мекунад. Зеро шавқу ҳавас, кунҷковии кӯдак манбаву сарчашмаҳои нерӯмандеро тақозо мекунад. Ин аст ки китоб, илм, маърифат ба кӯмак мешитобад. Кӯдак худ оҳиста-оҳиста ба камол мерасад. Ба саволҳои худ ҷавоб пайдо мекунад. Аз пайи ҷустуҷӯи он мегардад. Асрори онро равшан мекунад. Барои худ саҳифаи нави ҳаёт - саҳифаи илмро мекушояд. Ин саҳифаи ҳаёти инсонӣ барои инсоният таззоди наверо ошкор мекунад. Ақлу хиради ӯро дучанд мегардонад. Барояш олами наву рангинеро боз менамояд. Қадри ӯро баланд мегардонад. Қадру манзалати инсонро ҳамон илме дучанд менамояд, ки Ю. А. Гагаринро машҳури ҷаҳон гардонид, ҳамон илме, ки одамонро сазовори ҷоизаи Нобелӣ мекунад. Илме, ки бо китоб алоқамандии ногусастанӣ дорад. Китоб маҳсули хираду зеҳни ҷӯяндаи инсон аст. Ӯ ба хотири он ки донишҳои андӯхта, андешаву афкори хешро ҳифз намояд, умр бахшаду ба ояндагон интиқол диҳад, ҳарфу ҳиҷо намуда, сипас қоғаз офарид ва ба василаи он китоб сохтанро омӯхт. Аз ҳама ихтирооту офаридаҳои инсон ба гумони мо арзишмандтаринаш китоб аст. Маҳз тавассути сатрҳои бонизоми китобҳост, ки инсон бо гузаштагони худ мусоҳиб мегардад, садои онҳоро мешунавад, бо донишу хиради онҳо, бо мушкилоте, ки онҳоро гиребонгир будааст, ошноӣ пайдо мекунад. Ӯ аз китоб меомӯзаду захираи маънавии худро ғанӣ мегардонад. Мероси хаттии аз ниёгони мо монда, меросе, ки фарогири риштаҳои мухталифи илму дониш аст, ниҳоят гаронарзиш буда, сарчашмаи зояндаи илму маърифат аст. Мо - насли ҷавон бояд ба ин ёдгории бузурги гузаштагони худ, ки илмаш ном бурдаанд, рӯй оварем. Зеро қадру манзалати инсонӣ аз илми ӯ мебошад. Беҳуда нест, ки ибни Сино дар нуздаҳсолагӣ бо табобати амир табибони дигарро, ки аз ӯ бузург буданд, маҷбур намуд, то ӯро эътироф намоянд ва ҳатто аз ӯ омӯзанд. Аз ин рӯ, биёед, он чиро, ки аз зеҳни пешиниёни мо дар саҳафоти китобҳо боқӣ мондааст, биомӯзем ва барои расидан ба ҳадафҳои олии худ рӯй ба илму маърифат орем. Рост аст, ки имрӯз инсоният аз нигоҳи фанниву техникӣ бо суръати кайҳонӣ пешрафт мекунад. Риштаи информатика, соҳаи компютер бо тамоми зарфияташ дар зиндагии мо нуфуз пайдо мекунад. Ин боиси хурсандист. Вобаста ба ин, мо бояд аз зиндагӣ, аз истифодаи комёбиҳои илмӣ қафо намонем. Аммо дар радифи ин даст аз амалӣ намудани маҳсули илми худ дар амалия нагирем. Зеро илм чизест, ки такмили худро, пешрафти худро, инкишофи худро металабад. Меҳрубон ИМОМОВА
Маориф рӯҳу равони воқеӣ пайдо кард
Ниёзбӣ ШОЕВА, омӯзгори МТМУ №98-и ноҳияи Сино
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
ИДЕАЛИ ҶАВОНОН
Дар қатори кулли шаҳрвандони Тоҷикистон хушбахтем, ки соҳиби сарвати бузурге ҳастем, ки он дар маҷмуъ маҳбубияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи Тоҷикистону ҷомеаи башарӣ ва ҳамчунин эътимоду боварии шаҳрвандон мебошад. Бо шарофати ҳамин сарвати бузург, инчунин пайкори 25-солаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастиву сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз вилояти Хатлон ба яке аз вилоятҳои таъминкунандаи самтҳои асосиву стратегии рушди мамлакат: амнияти энергетикӣ ва озуқавориву аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он табдил ёфтааст. Бояд зикр кард, ки дар ҳамаи самтҳо, ҷиҳати амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, аз ҷумла онҳое, ки тибқи сафарҳои кориашон ба вилоят изҳор менамоянд, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар сафи пеши бунёдкорони Ватан мебошанд. Асоси фаъолияти моро раванди ба шаҳрвандон расонидани моҳияту аҳамияти Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии 25-соли даврони соҳибистиқлолӣ, таҳти сарварии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар мегирад. Мо худ меомӯзем ва ба шаҳрвандон пайваста меомӯзонем, ки истеъдоди худодод, фитрати бузурги шахсӣ, ватанпарастиву ҷасорату қаҳрамонии ба худ хоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки миллати тоҷик аз пурдаҳшаттарин ва пурфоҷеатарин марҳалаи таърихии зиёда аз 2300-солаи худ гузашта: - аввалин бор аз ҷониби Пешвои миллии худ шунид, ки «шумо аз ҷумлаи миллатҳои тамаддунофар ҳастед; - аз минбари СММ бо забони ноби тоҷикӣ сухан гуфтани Пешвои худро ва муроҷиатҳову пешниҳодҳои хирадмандонаи ӯро ба оламиён аввалин бор шоҳид гардид; - аввалин дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастиву ватандориро аз суханрониву ҳидоятҳо ва китобҳои арзишманди Сарвари худ, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Дин ва ҷомеа», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» гирифта истодааст; - аз дастуру ҳидояти Пешвои худ андешаи «ИСТИҚЛОЛ»-ро миллат дар дилу ниҳодаш бедору устувор мегардонад;
- шоҳиди он гаштааст, ки дар идомаи анъанаи тамаддунофарии аҷдодони гузаштаамон, аз ҷониби Пешвои худ тамаддунсозии нав - тамаддуни сеюм оғоз гардидааст, ки таҳкурсии устувори он фарҳанги сулҳофарӣ ба шумор меравад ва оламиёнро ба ҳайрат овардаасту боиси ибрату омӯзиши онҳо гаштааст; - ифтихор дорад, ки бо ташаббусҳои наҷиб дар сатҳи оливу ҷаҳонӣ, ибрати шахсӣ ва иродаи нерӯманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияту рушди Ватани азизамон, ҳамчун Пешвои миллат халқро ба созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намуда, дар олами башарӣ ҳамчун Пешвои асри ХХI эътироф ва дар қатори 500 мусулмони машҳури дунё пазируфта шудаанд; - орзуву умеди худро ба фардои неки зиндагӣ боэътимод гардонидааст, чунки бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат аз решаҳои қавию абадии дарахти бузурги ҳастии ин миллат навдаҳои навруста дар нашъунамоанду ба болои сари вай аз хоки барбодрафтаи ниёгонаш файзи олами иқбол рехта истодааст. Бо ҳамин иқболу пойи қадами неки худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нобиғаҳои илму адабу сиёсати давлату давлатдории гузаштаи худро ёду зиндаву гиромӣ медоранд. Хулоса, воқеияту адолати худовандӣ мебошад, ки тоҷикон дар дарозои таърихи пурфоҷеаи зиёда аз 2300-сола, яъне баъди аз байн рафтани Империяи бузурги аҷдодони мо - Империяи порсоён ё Империяи форсҳо, инак 25 сол мешавад, ки ба орзуву ормони давлати соҳибистиқлол ва Пешвои миллии худ доштан расиданд. Ҳамзамон бояд зикр намуд: дар назди миллате, ки чунин Пешвои хирадманду ватанпараст дорад, инчунин масъулияти бузурге меистад, ки бо меҳнати ҳалолу саҳми арзанда дар рушду нумуи Ватан ва ҳифзи соҳибистиқлолии он, намуна барои миллатҳои дигар бошем. Аз ҳамин лиҳоз, ҳар узви ҷомеа, аз ҷумла аъзо ва ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳо вазифадорем, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои ҳизбӣ ва гурӯҳӣ боло донем ва дар ободиву осудагии Ватан саҳм гузорем. Аз ҷумла эҷодкору навовар ва ихтироъкор бошем. Хубтару равшантар дарк намоем, ки барои ҳар фарди боору номус, аз ҷумла аҳли илму адаб акнун вақту майдони амалу сухан ба хотири ободиву озодии Ватан расидааст. Боварӣ ва умед дорем, ки диду таваҷҷуҳи аҳли тақво ва намояндагони ҷамъиятҳои динӣ низ ба тақдири ояндаи Ватан, давлати Тоҷикистон ва манфиатҳои он, аз таваҷҷуҳ ба дин ва диди диниву мазҳабии онҳо болотар ва қавитар мегадад.
АҲМАДҶОН АЛИЗОДА, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Пайкори 25-солаи Пешвои миллат
Давлати навини миллӣ дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар низоми маориф шароиту имконоти созгор фароҳам оварда, он соҳаи асосӣ ва стратегӣ, омили муҳимтарини таҳкими иқтидори давлат ва наҷоти миллат эълон гардид. Дар давраи Истиқлолият маорифи Тоҷикистон ба куллӣ тағйир ёфта, асоси онро на идеологияи ягон ҳизб ё созмони алоҳида, балки фалсафаи бумии мардум, назарияи маърифат, ҳуҷҷатҳои тақдирсози замони истиқлол - Конститутсия, Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия, инчунин ғояҳои ватандорию ватандӯстӣ, ваҳдат ва ифтихори миллӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра соҳаи маорифи мамлакат ба таври бесобиқа рушд карда, дар сартосари мамлакат фароҳамсозии шароити муосири таълиму тарбия тақвият ёфт. Махсусан ба роҳ мондани фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои давлати навини мо ба ҳисоб меравад, ки қадами устувор ва боварибахш дар самти навгониҳо ва ислоҳоти соҳаи маорифи мамлакат мебошад. Ногуфта намонад, ки аз самти афзалиятнок дар сиёсати маорифпарваронаи Давлату Ҳукумат беҳдошти сатҳи зиндагии кормандон ва мутахассисони соҳаи илму маориф ба ҳисоб меравад. Бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҳавасманд намудани кормандони соҳаи маориф бо Фармони Президенти кишвар аз 18.02.2006 ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис дода шуд. Дар асоси фармони мазкур барои кормандони соҳаи маориф 5 ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2000 доллари ШМА муайян гардидааст, ки то имрӯз беш аз 14 нафар барандаи ин ҷоиза мебошанд. Вобаста ба самти афзалиятнок эълон шудани соҳаи маориф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағгузории соҳаро пайваста зиёд менамояд. Бар замми маблағҳои буҷетӣ барои дастгирии соҳа ҳамасола маблағҳои сармоягузорӣ ва грантҳо низ сафарбар карда мешаванд. Аз дурнамои сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бармеояд, ки ин соҳа дар оянда низ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳим ва сарнавиштсоз боқӣ монда, аз таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор мегардад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми апрели соли 2011 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар хусуси соҳаи маориф таъкид карда буд: “Тақозои замон ин аст, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста боло рафта, ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Ин вазифа низ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлати мо дар соҳаи маориф буда, барои муваффақ шудан ба он бояд дастҷамона талош варзем. Давлат барои ворид намудани технологияи компютерӣ ба муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад, зеро асри 21 асри технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ мебошад”. Дастрасӣ ба технологияи нав, бахусус компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати таълим беҳтар гашта, усулҳои муосири донишандӯзӣ ҷорӣ шавад ва ба омӯзиши забони давлатӣ, таъриху адабиёти миллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардида, ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ва англисӣ авлавият дода машавад. Инчунин, ҳамасола барои инкишофи тафаккури техникии кӯдакону наврасон, омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ, истифодаи технологияи нав таваҷҷуҳу дастгирӣ афзун гардида, дар ин самт тадбирҳои амалӣ зарурӣ мешаванд. Мо - омӯзгоронро қабул гардидани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бори дигар вазифадор мекунад, ки барои таълиму тарбияи фарзанд таҷриба ва донишу маҳорати худро ҳаматарафа истифода барем. Ин қонун аз дастовардҳои беназир дар роҳи тарбияи наслу ҷавону наврас мебошад. Мардуми соҳибтамаддуни мо аз қадим ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву хушахлоқӣ ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд. Зеро маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи насли солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва пойбарҷоии тамаддунҳо ба шумор меравад. Месазад гуфт, ки маҳз бо мақсади беҳтар намудани сатҳи тарбияи насли наврас ва бештар мутаваҷҷеҳ сохтани падару модарон ва умуман ҷомеа ба тарбияи фарзанд мебошад. Аз нигоҳи Сарвари давлат, таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди итимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо карда, ин се ниҳод ба муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад.
7
8
ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Дар баробари нишон, артиш ва пули миллӣ парчам низ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорист. Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои табиию рӯҳонии миллат аст. Тоҷикистон пас аз ба истиқлол расидан Парчами худро дар соли 1992 қабул намуд, ки он барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ қадами дигар ба шумор рафта, рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон аст ва дар худ тамоми арзишҳои милливу мазҳабии халқро таҷассум намудааст. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Аз соли 2010 бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли 2013 дар пойтахти кишвар Парчами давлатӣ бо баландтарин сутун дар ҷаҳон сохта шуд. Парчами давлатии Тоҷикистон имрӯз дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид барафрохта шудааст, ки ифтихори ҳар яки мо мебошад.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
Тоҷикистони соҳибистиқлолу бароямон азиз ид дорад ҷашни озодиву мустақилият, эҳёи давлату давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ, рушду тараққиёт, ободию созандагӣ, худшиносию имондорӣ, ватанпарвариву инсондӯстӣ. Дар фазои сулҳу дӯстӣ, тифоқию муттаҳидӣ имсол 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро ҷашн мегирем. Ҷашни Истиқлол иди хуррамӣ, шодмонию ҳамбастагӣ, тантанаи садоқат ва арҷгузорӣ ба озодӣ. Истиқлол – озодиву шукуфоӣ, падидаҳои ҷадиди иқтисодиву иҷтимоӣ, роҳи кушода ва бебозгашт ба бунёдкориву созандагӣ, амалӣ намудани орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик, эҳёи нави давлатдории миллати тоҷик, ба арсаи байналмилалӣ баромадани тоҷик ва муваффақ шудан ба обрӯву нуфуз ва шинохти ҷаҳониён.
Тоҷикистон бо шарофати 25 сол қабл, 21-уми августи соли 1991 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар асоси он Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12ум рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Истиқлолиятеро, ки бисёре аз фарзонагони миллати тоҷик садсолаҳо дар орзуяш ҷон додаанду дар интизораш ноумед аз дунё рафтанд. Хушбахтона, орзуи деринтизори мардуми Тоҷикистон моро насиб гашт. Сафҳаи ҷадиде дар китоби таърихи давлатдории тоҷикон боз шуда, падидаи муҳимтарину қиматтарин дар арсаи сиёсат арзи ҳастӣ намуд, ки он абадан бо ҳарфҳои заррин бо номи «Тоҷикистони соҳибистиқлол» сабт шуд. Кунун 25 сол мешавад, ки мардуми кишвари азизамон ин санаи фархундаи таърихӣ, замони шинохти миллӣ, ҳамчун давлати миллии бошукӯҳро бо дастовардҳои шоёни иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳам фарҳангиву сиёсӣ ҷашн мегирад. Мароми кулли мардум як аст: ҳарчи зудтар, бо чӣ роҳу воситае, ки набошад, Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва ободу зебо, хуштарҳу намунавӣ ва дар радифи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҷой гирад. Хушбахтона, баҳри амалӣ гаштани ин орзуву омоли наҷиб иқдоми ҷиддӣ гузошта шуд. Миллати тоҷик эҳсоси пурраи мустақилият, соҳибу вориси марзу буми аҷдодии хеш буданро кард! Мутаассифона, мустақилият, озодии дину виҷдон, озодии тафаккур, дарки худшиносию ҳисси ватандорию ватанхоҳӣ ва соҳиби мероси гузаштаи худ будани тоҷикон ба аҷнабиёни бадхоҳ маъқул наафтод. Ҳасудон чунин диёре нозанин ва миллатеро бо таърихи бою рангин, соҳибмаърифату тамаддунсоз нахостанд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ нуфуз, обрӯ ва мавқеъ дошта бошад. Ҳамин буд, ки чун серобе ташнагони мардуми озодихоҳу бедордил, бонангу боиродаро ба роҳи фиреб бурд. Ҳарчанд, заковатмандон, донишмандон, сиёсатшиносон кӯшиданд, мардумро аз гирифторӣ ба ақидаи бегонагон раҳоӣ бахшанд, натиҷае даст надод. Ин истиқлолият, озодии тафаккур бо сангинтарин, фоҷиабортарин вазъият бархӯрд кард. Бархӯрд ба ақидаи ғаразноку манфиатхоҳона, бархӯрд ба афкори носолиму барбоддиҳанда. Мардум натавонист нияти ободгариро дар амал татбиқ созад. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар мувоҷеҳи
ҳаводиси наҳсу шум ва харобиовару сӯзанда ва ҷонгудозанда гашт, ки ҳанӯз ҳам он саҳифаҳои таърихи 25 сол қабл ҷилвагар пешорӯйи мост. Соли 1992 ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар диёри нодиру зебою нотакрори Тоҷикистон сар шуд. Садҳо ҳазор ҳамватанон – ҳаммилатони бегуноҳи мо қурбони ҷанг, шаҳиди барҳақ гашта, кашмакаш, қатлу ғорат, қасосгирӣ ва маҳалгароӣ ба авҷи аъло расид. Фирориён дар диёри бегона ба мудҳиштарин рӯзгор мувоҷеҳ шуда, дар орзуи обу нону хок, хешу ақрабо ва ватани бобоии худ қисме ҳалок ва қисме беному нишон ва ҷон ба саломатбурдаҳо хору залил, хизматгори аҷнабиён шуданд. Ҳукумати Конститутсионии Тоҷикистон, ки аз ҷониби вакилони халқ моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олӣ таъсис ёфт, таҳти сарварии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1992 аз шаҳри бостонии Хуҷанд ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе омад. Танҳо, пас аз ин умеди тоҷикистониён дубора ба оянда, ҳаёти осоишта, соҳиб шудан ба хоки диёру марзу бум, зодгоҳ, ватани аҷдодӣ қувват гирифт ва ҳисси боварӣ дар мардум афзуд. «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо тайёрам ҷони худро нисор кунам», - гуфта буд, раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷаласа. Ҳамин тавр, мо - тоҷикони соҳибистиқлол ба бунёди давлатдории ҷадиди миллии хеш, аз ҳамон рӯз дубора шуруъ кардем. Воқеан, бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ бо саъю кӯшиш ва талошу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли гурезаҳои тоҷик ба Ватан баргаштанд, бо дили пурсадоқату саршор аз меҳри халқу Ватан камари ҳиммат, нангу номуси тоҷикона баҳри ободгарию бунёдкорӣ бастанд. Дар кутоҳтарин фурсат нақши наҳсу шуми ҷанги хонумонсӯз, оқибатҳои ҷанги таҳмилиро рафъ карда, гулгулшукуфии диёрамонро таъмин намуданд. Ҳамин тариқ, пас аз ба даст овардани истиқлолият, ҷиҳати таҳкими давлатдории миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби роҳбарияти кишвар як қатор тадбирҳои муҳим андешида шуд, ки тасдиқи Парчам, Артиши миллӣ, Конститутсия ва дигар рамзу рукнҳои муҳими давлатдорӣ аз ин қабил мебошанд.
АРТИШ – СИПАРИ ВАТАН Дигар қадами муҳиме, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар солҳои аввали мустақилият ба пеш гузошт, таъсиси Артиши миллӣ ба хотири таъмини амният ва бақои давлати миллӣ мебошад. Зеро буҳрони ҷиддии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро метавонист ҳамчун давлати мустақил аз харитаи сиёсии ҷаҳон пок созад. Барои як давлате, ки ба тозагӣ соҳибистиқлол гаштааст, бе доштани Қувваҳои мусаллаҳ ҳифзи арзишҳои миллии он тасаввурнопазир аст. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Миёна дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта қувваҳои мусаллаҳи худро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз артиши пурқудрати шӯравӣ техникаву таҷҳизоти гуногуни
ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи мухталифро мерос гирифтанд. Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист ягон меросе дар соҳаи ҳарбӣ ба худ гирад. Бо ҳамин сабаб зарурат пеш омад, ки Артиши миллӣ аз сифр сохта шавад. 18-уми феврали соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки он дар заминаи Фронти халқӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд, бунёд шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
9
КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ Яке аз масъалаҳои муҳими дигар барои давлати мустақили Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият қабули Конститутсияи нав, ки ба сохти нави давлатдории миллии мо мувофиқ бошад, ба шумор мерафт. Дар даврони шӯравӣ ҳарчанд дар баробари Конститутсияи Иттиҳоди шӯравӣ ҳамзамон Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон амал мекард, яъне, ҳар ҷумҳурии узви иттиҳод дорои Қонуни асосӣ буд, вале дар асл кулли ҷумҳуриҳо ба Конститутсияи ягона итоат мекарданд, ки он ба манфиатҳои нави давлатҳои миллӣ созгор набуд. Бо соҳибихтиёр гардидан Тоҷикистон ба бӯҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои
амалкунанда дар солҳои 1991-1992 фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашиҳои сиёсиву бесарусомониҳо ба вуҷуд омад. Дар ҳамон давраи ҳасос аз як сохт бо сохти дигари давлатдорӣ гузаштан, қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбҳо, ҳаракатҳо, созмонҳо ва шахсони алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия гардид. Ин зуҳурот оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Барои ба эътидол овардани вазъият, субот ва ризоияти ҷомеа зарурати эҷоди давлати навин ба миён омада буд. Аз ин лиҳоз барои эъмори давлати навин қабули конститутсияи нав лозим буд. Дар натиҷаи омӯхтани таҷрибаи таърихии таҳия ва қабули конститутсияи
давлатҳои пешрафтаи демократӣ 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистон қабул гардид. Дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон дуюмин шуда баъд аз Руссия соҳиби Конститутсия шуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути ҳамин Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Роҳу равиши зиндагӣ ва тартибу усули рушди конститутсионӣ бори дигар собит намуд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар берун аз чорчӯбаи Конститутсия наметавонад, ки орому пурмаҳсул ҷараён гирад. Пас аз қабули Конститутсия дигаргуниҳои бузурги бунёдӣ дар мамлакатамон ба вуқӯъ пайваст, ки дар таҳкими давлатдории нави миллии мо қадами ҷиддӣ ба шумор меравад.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
Истиқлолият машҳури ҷаҳон шуд ВАҲДАТ – БАҚОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДИН Истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки дар баробари эҳёи арзишҳои маънавию мазҳабӣ ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон дар низоми давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври назаррас ҳифз ва таъмин гардида, дар кишвар фазои озоди андешаи динӣ ба вуҷуд оварда шавад. Дар ин замина мулоқоти Президенти кишвар бо ходимони динро дар соли 2013 таҳаввулоти куллӣ барои фазои динии мамлакат шуморидан мумкин аст. Силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ ва таърихиву мазҳабӣ ҳамчун омили муассири бунёди давлати миллӣ ба мо имкон дод, ки ба ниёзҳои мухталифи ҷомеаи муосир ҳамчун миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги асили сиёсиву динӣ ва адабиву ахлоқӣ ҷавоб гардонида, ба ташаккули худшиносии миллии халқи Тоҷикистон ғизои маънавӣ бахшем. Дар замони шӯравӣ доир ба ин масъалаҳо ягон иқдомро амалӣ кардан ғайриимкон буд. Ҳоло бо маблағи зиёда аз 350 миллион сомонӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо истифодаи васеъ аз санъати меъмории миллиамон бунёди масҷиди бузург дар арафаи анҷомёбист. Ҳамчунин дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Маркази исмоилия амал мекунад ва халифаҳои ин мазҳаб тибқи талаботи қонун озодона фаъолият доранд. Ба хотири тарбияи насли навраси кишвар ва ташаккули фарҳанги динӣ чандин мадраса ва мактаби динӣ фаъоланд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду инкишофи фарҳанги исломии ҷомеа солҳои охир ҳамчунин як силсила тадбирҳои дигарро ҳам андешидааст. Аз ҷумлаи онҳо таҷлили бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам ва соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии “Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир” мебошад. Таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии халқамон, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва дигарон аз ҷумлаи иқдомоте мебошад, ки Ҳукумати Тоҷикистон татбиқ намудааст. Ҳамчун таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва як силсила тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ далели дигари гиромидошти фарҳанги динӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ин ҳама бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифтааст. Шумораи масҷидҳо дар даврони истиқлолият аз 17 адади замони шӯравӣ ба беш аз чор ҳазор расида, теъдоди ҳоҷиёни кишвар аз 30 нафар то ба 220 ҳазор афзоиш ёфт ва Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ ба мақоми аввал баромад. Имрӯз ҳатто дар як ноҳияи Тоҷикистон дар муқоиса бо пойтахти давлатҳои исломӣ вобаста ба теъдоди аҳолӣ шумораи масҷидҳо бештар аст.
Имзо гаштани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон дар соли 1997 дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд ва ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро оғоз намоем. Ваҳдати миллии тоҷикон барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ нақши бузург дорад. Ба назари коршиносони сатҳи байналмилалӣ ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, Истиқлолияти давлатӣ бе пирӯзии ваҳдати миллӣ бақо надорад. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар осоиш ва эҳсоси гарму самимӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва шинохти хештан ободкориро мақсади муқаддаси худ қарор додааст ва мо тамоми дастовардҳоямонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бар-
доштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан аз ҳамин сарчашма мегирад. Сулҳ имкон дод, ки зиндагии ҳар яки мо ба куллӣ дигаргун шавад ва рӯзгорамон сол аз сол осудаю ободтар гардад. Дигар садои тӯпу танк моро нороҳат намекунад ва фарзандонамон бо тарс аз хоб бедор намешаванд. Дигар тифлони тоҷик дар мулки бегона дарбадару овора, ғарибу бечора нестанд. Ин аст аҳамияти сулҳ, ин аст арзиши ваҳдати миллӣ!
ТОҶИКИСТОН ВА ҶОМЕАИ ҶАҲОН Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ба ҳалли масоили дохилӣ пардохт, балки ҳамзамон узви чандин созмонҳои байналмилалӣ гашта, қадам ба қадам мавқеи худро ҳамчун узви комилҳуқуқ дар арсаи ҷаҳонӣ бо пешниҳодоти муҳиму глобалӣ устувор намуд. Феълан Тоҷикистон бо 170 давлати ҷаҳон робитаи ҳасана дошта, узви даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аст. Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис доданд, ки то имрӯз фаъолият доранд. Яке аз иқдомоти муҳими кишвар дар муносибот бо кишварҳои олам пеш гирифтани сиёсати дарҳои кушода мебошад, ки он нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ дучанд намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба проблемаҳои минтақа, аз ҷумла ба масъалаи баҳри Арал диққати ҷиддӣ медиҳад. Кишвари мо яке аз муассисони Фонди байналмилалии наҷоти Арал буда, дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷидду ҷаҳди худро барои ҳалли ин проблемаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона менамояд. Тоҷикистон натанҳо ба мушкилоти
наҷоти баҳри Арал, балки ба проблемаи таъмини аҳолии дунё бо оби нӯшокӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои об таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад. Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии оби тоза эълон намудани соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» пазируфта шудани солҳои 2005-2015, ки аз тарафи беш аз 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтаанд ва баргузории Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар моҳи августи соли 2013 нишонаҳои возеҳи афзудани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
ХУЛОСА
Дастовардҳои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки танҳо сокинони ин марзу бум қодиранд ин сарзаминро обод намоянд. Тибқи нишондоди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва назарсанҷӣ миёни мутахассисону коршиносони масоили сиёсӣ Тоҷикистон нисбат ба ҳар кишвари дигари пасошӯравӣ ва ҳам баъзе мамолики минтақаи Аврупо бо мавқегирӣ, пешниҳодот ва нишон додани роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ дар ҷаҳон нақши бештар дорад. Хулоса баровардан мумкин аст, ки маҳз бо шарофати Истиқлолият чеҳраи Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон шинохта шуд. 25 сол дар назди таърих муддати кӯтоҳ аст, вале Тоҷикистон тавонист, ки дар ростои ағлаби давлатҳо сиёсати мустақилро пеш бигирад. Истиқлолият худшиносӣ, худогоҳӣ, эҳё, муаррифӣ ва бақои миллат аст! 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборак, хонандаи азиз! “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
10
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
ДИЛНОЗА АҲМАДЗОДА,
Тоҷикистон – сарзамини зарзамин
сардори Раёсати ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Тоҷикистон - сарзамини зарзамин, пурсахову биҳиштосо, меҳрафзо, зодгоҳи озодагону фарзонагон, оқилону орифон. Тоҷикистон - макони зебову муқаддас, ки аз ҳар зарраи хокаш тухми муҳаббату садоқат мерезад, аз ҳар гули шукуфтааш атри баҳори орзуҳои ширин ба машом мерасад. Тоҷикистон. Чун ин номи ҳуҷастаро аз радиову телевизион, аз забони мардум мешунавам, аз рӯзномаю маҷаллаҳо, аз овезаҳо мехонам, дилам аз меҳру ифтихор лабрез мегардад ва гӯё аз шунидани он ба ҷисми ман рӯҳи тоза медамад. Вақте ки Тоҷикистони моро на танҳо сокинонаш, балки меҳмонони аз кунҷу канори сайёра омадаю аз обу ҳавояш лаззат бурда, бо муҳаббат “гаҳвораи хуршед” ё “сарзамини биҳиштосо” меноманд, меҳри он дар вуҷудамон дучанд афзун мешавад. Боғистони шаҳдрез, кӯҳистони дилрабо ва шаҳру деҳоти зебояш дар назар зеботару дилработар менамояд. Ватан сар мешавад аз гаҳвора, Зи шири поку аз пистони модар, Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар! Барои ҳар фард Ватан муҳаббатгоҳи ҷовидон аст. Аввалин бор, вақте ки тифл ба дунё меояд, аз ҳавои Ватан нафас мекашад ва ин нафас нафаси шукрона аст. Ватан барои ҳама азизу муқаддас аст, зеро он дар паҳлӯи номи “модар”, “ҳаёт” ва “ишқ” навишта мешавад. Атри хоки Ватан позаҳру нӯшдоруст барои заҳрхӯрдагон, хоки Ватан барои муқимону ғарибон кимиёи саодат аст. Нақл мекунанд, вақте ки Темурмаликро дафн мекарданд, аз кисааш қоғазпораеро ёфтаанд, ки дар он навишта буд: Атри кафан аз хоки Ватан кардам орзу, Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок. Барои ҳамин рус бо Русия, англис бо Ингилистон, хитоӣ бо Хитой, куриёӣ бо Куриё, қирғиз бо Қирғизистону қазоқ бо Қазоқистон ва тамоми олам бо ватани худ фахр менамояд, меболаду менозад. Мо ифтихор дорем, ки дар гулистони Тоҷикистон, дар чунин як давлати биҳишосо чашм ба олами ҳастӣ кушодаем. Ҳар сангу хоки он бароямон аз дуру гавҳар қиматтар аст. Офтоби кишвари мо тобону осмонаш нилӯӣ, чашмасоронаш булӯрину боғистонаш ҷаннат, кӯҳҳои сарбафалаккашидааш мусаххаркунандаи дилҳост. Бесабаб ҳам нест, ки Тоҷикистон кишвари афсонавӣ ном гирифтааст. Чашмасорат чашмаи шеъру суруд, Обшорат пайки шодиву дуруд. Кӯҳсорат арсаи буду набуд, Тоҷикистон, Модари ман! Модари ҷонпавари ман! Тоҷикистон таърихи хеле ғанӣ дорад. Чӣ қадар бузургон дар ин сарзамин таваллуд шудаанд: Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷаллолидини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Туғрали Аҳрорӣ ва ғайра. Ақвоми ғайр даъво доранд, ки ин бузургон ба миллати онҳо тааллуқ доранд. Ҷои шиква нест, зеро ин ганҷҳои нодир аввал ба миллати тоҷик, баъдан ба кулли башар мансубият доранд. Ҳоло мардуми мо “Шоҳнома” мехонаду “Маснавӣ” месарояд ва аз ин осор дарси саодату ваҳдату муҳаббат меомӯзад. Тоҷикистон соли таваллуди фарзандони
барӯмандашро ботантана таҷлил менамояд: 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1300-солагии Имоми Аъзам, 675-солагии шайх Камоли Хуҷандӣ, 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 1250-солагии Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳусейн машҳур ба Ҳаким Тирмизӣ, 1150-солагии Закариёи Розӣ... Таърихи халқи тоҷик китоби сарнавишти мардуми бонангу номус аст. Бобҳои равшани зиндагии ниёгони мо аз манзари Ориёни бузург сар карда то мазҳари Тоҷикистони соҳибистиқлол пур аз корнамоӣ ва ҷоннисории мардуми бофарҳанг ва ояндасоз аст. Қисмати Ашкониёну Сосониёну Сомониён барои аҳли башар дарси садоқат меомӯзад. Тоҷик ҳама умр ба ҳар бозии қисмат, Бардошт биомӯхта зи кӯҳи ватанаш буд, Ҳар теша, ки бар синаи ҳар санг фурӯ рафт, Доғи дили бекинаю доғи баданаш буд. Ҳар ҷавшани олудаи хуне, ки ба бар дошт, Ҳам ҷавшани ҷони ватану ҳам кафанаш буд... Бисту панҷ сол муқаддам дар баҳористони рӯзгори тоҷик ниҳоли сабзу зебое қомат афрохт, шохаҳояш муғча бастанд. Он ниҳоли тару тоза ниҳоли Истиқлолият буд, ки имрӯз аллакай меваҳои шаҳдрез ба бор овардааст. Бисту панҷ соли таърихи навини давлат ва миллати мо давраи пурфоҷиа, солҳои ҳалли масъалаи будан ё набудани давлати Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ, марҳилаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсию иқтисодию иҷтимоию фарҳангӣ ба низоми комилан нав, хулоса, солҳои гузоштани таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлатдории навини тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои он буданд. Имрӯз мо - мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 25умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки бунёди давлати ҳуқуқасоси демократӣ ва дунявии Тоҷикистон ба ҳамин заминаи боэътимод такя мекунад. Фақат муваффақиятҳои дар солҳои Истиқлолият бадастовардаро номбар кардан кофист, ки кишвари моро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ бо бузургтарин мамлакатҳои олам мепайвандад. Новобаста ба он ки дар солҳои аввали иқдоми Тоҷикистон дар роҳи Истиқлолияти давлатӣ кишвари моро хавфу хатар фаро гирифта буд, имрӯз вай кишвари рушду нумӯҳост.
Чӣ қадар роҳҳо обод, нақбҳо кушода шуданд, ки мардумро саломату бехатару осон ба манзили дилхоҳи худ мерасонанд. Садҳо корхонаҳо, муассисаҳо ва табобатгоҳҳо сохтаю бо технологияи муосир таҷҳизонида шудаанд. Ҳар фарди тоҷик имконияти тариқи шабакаи ҷаҳонии интернет бо тамоми нуқоти ҷаҳон пайванд шуданро дорад. Мардуми тоҷик барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ азму талош доранд. Корзори Ватан барои имрӯзиёну фардоиён Коваву Рустам ва Сӯҳробу Сиёвушҳои дигар меофарад. Ҳамаи ин ба шарофати сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмиҳост. Мавриди зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари фаъолияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷой гирифтааст. Маҳз бо дарназардошти муҳимияти ин масъала ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, нақш ва иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва нигоҳдошти мавқеи устувори созанда дар ҷомеа баъд аз шаш моҳи соҳибистиқлол эълон гардидани давлат, 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»ро қабул менамояд. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда чунин қонун қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. Яъне, таҳияи санадҳои танзимкунандаи ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расида, вобаста ба тақозои замон ва рушди ҷомеа такмил меёбад. Дар таҳрири нав қабул шудани Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷавонон заминаи боэътимод фароҳам овардааст. Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, панҷ маротиба қабул гардидани Барномаи миллии Ҷавонони Тоҷикистон, се маротиба қабул гардидани Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон, ду маротиба Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду маротиба қабул гардидани Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стротегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020 заминаи мусоидро барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам овардаанд. Аз соли 1999 бо қабули барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон маблағгузорӣ барои рушди фаъолияти ҷавонон марҳала ба марҳала зиёд гардида истодааст ва ҳамоҳангсози ин барномаҳо ва татбиқкунандаи самарабахши сиёсати давлатии ҷавонон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буда, татбиқи дурусту самараноки онҳоро таҳти назорат гирифтааст. Таъсиси мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонон, ки татбиқкунандаи асосии сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад, самараи Истиқлолияти давлатӣ аст. Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Дар яке аз суханрониҳояшон Сарвари давлат қайд намуда буданд, ки “Ибораи истиқлолу озодӣ ба ҷавонон бояд болу пар бахшад. Зеро, минбаъд ҷавонони тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриамон аз як гиребон сар бароварда, даст ба даст дода, ҳалол меҳнат кунанд, дониш омӯзанд ва бинои ояндаи дурахшонро бунёд созанд, зеро оянда аз они ҷавонон мебошад”. Ҳамзамон зикр гардида буд, ки “Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд”. Марбут ба ин омил агар ҳар як ҷавон дар рушду таҳкими истиқлолияту ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузорад, дар атрофи давлати миллиамон муттаҳид шаванд, пас метавон гуфт, ки миллати тоҷик чун миллати воҳид бо асолату фарҳанг ва симои хос миёни давлатҳои мутамаддини ҷаҳон мавқеи сазовор пайдо хоҳад кард. Бояд ҳар лаҳза шукр гӯем, ки давлат дорем. Аз таърихи пурифтихори Ватан, саҳифаҳои дурахшони он ҳарф занем ва меҳру ифтихорамонро нисбат ба Ватани азизамон афзун гардонем.
ОЗМУН Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.
1 2 3 4 5 6 7 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонова Хуршед БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов 42 БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азимов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ
Ҷамъи овозҳо
Мудири бахш
Овозҳо дар ҳафта
Шаҳр, ноҳия
2 3
4 33
97 5
1 1
3
25
3 5 17 32 2 2 13
2 2 56 1 15
Ин гуфтаҳои Сарвари давлат баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеа, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Идомаи ин баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ ҷавлон зада ва ҳар огоҳу ноогоҳ ба он изҳори андеша карда, аз сари эҳсосот, бо пурсишҳои аблаҳона аз худ оқил метарошад. Яке аз онҳо рӯзноманигори ҳаводори ҳизби террористии мамнуъшудаи наҳзати исломӣ Ҳумайрои Бахтиёр мебошад. То ба ин вақт бовар доштам, ки ин рӯзноманигор воқеан ҷасорати гуфтан ва мутолиаи таърихӣ дорад ва дар қазовати ҳар неку бад тааммули инсонӣ дорад. Аммо ҳайҳот. Бо ин назароте, ки дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст ва онро сомонаи ҳизби террористии наҳзат ташреҳ додааст маълум мегардад, ки ақаллан чӣ гуфтани худро намедонад ва суолоте матраҳ мекунад, ки ҳатто девонае чунин ҳазёнро намегӯяд. Дар сомонаи ин гурӯҳи ҷиноятпешагон омадааст, ки “Хонум Ҳумайро Бахтиёр маҳз дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи раиси ҷумҳур сурат гирифтани ин суханрониро ба шиддат интиқод карда пурсидааст, ки чаро чунин изҳорот дар Душанбе садо надод балки дар Данғара. Ӯ менависад: “Чаро ин суханон маҳз дар Данғара гуфта шуданд? Рӯзи қабл ки дар донишгоҳи мустақар дар Душанбе ҳам суханронӣ буд?” Магар Президенти кишвар бояд аз нафаре, ки аз равандҳои даҳшатбори ҷаҳони муосир бехабар аст ва наметавонад ба дурустӣ андешад ва аз сари эҳсос ҳазён мегӯяд пурсад, ки дар куҷо чӣ бигӯяд? Оё имрӯз ҳар нафаре, ки каме аз ҳодисоти ҷаҳони муосир огоҳӣ дорад намедонад, ки бо дасти ҳаммаслакони кабиримаобҳо кишварҳо ба харобазору вайронкадаҳо табдил ёфта ва ҳазорон мардуми бегуноҳ куштаву хонавайрон шудаанд? Магар ҳар нафаре, ки каме аз воқеоти ҷаҳон огоҳӣ дорад, ин равандҳоро мушоҳида карда наметавонад? Баъди сарфи назар кардани чунин хатарҳову даҳшатафканиҳо оё метавон чунин инсонро ҷасур ва соҳибақл донист? Ҳар нафаре, ки мулоҳизаҳои зикршударо хонад, нишонаи аблаҳӣ ва сабукрафтории чунин “ҷасурхонумро” мефаҳмад, ки оё ҳар
инсони ҷасур хатарҳои воқеиро сарфи назар карда, худро бешармона оқил тарошад? Дар идома ин сомонаи дурӯғпарокан бешармона бо чунин лаҳни авомфиребона аз ин журналисти сабукандеш иқтибос карда мегӯяд, “Ин журналисти ҷасур мисли дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарияти кишвар пурсидааст, ки агар Шумо ҲНИТ-ро гунаҳкор мекунед, пас чаро қарорҳои суд алайҳи ҲНИТро расонаӣ намекунед, ки мардум аз воқеъият бохабар шавад? Ӯ мепурсад: “Додгоҳу додситон далелу натиҷаеро эълон накарданд-ку!?” Дар охир ин хонуми рӯзноманигор менависад: “Агар натиҷаи додгоҳ бошад, бояд мардум огоҳ шавад.” Дар робита ба ин нуктагирии аблаҳона, ки аз воқеият фарсахҳо дур аст, бояд боз ба ҳамон сомонаи террористони ҳаммаслакони худ мутаваҷҷеҳ мешуд, ки он бо дасти ҷиноятпешаи дигаре нусхабардорӣ (Ҷамшед Ёров) шуда, аз он шабакаи ҷиноятпешагон расонаӣ шуд. Тамоми факту далелҳо бо возеҳият дар ин санади ҳуқуқӣ нишон дода шуда, ғаразҳои шуми онҳо фош карда шудааст. Магар ин худ далели муътамаде нест, ки боз бешармона даъво пеш меоред? Ин санади ҳуқуқӣ бояд ба гардани шумобаринҳо то ба абад овезон бошад, ки фарзандони миллату давлат хиёнати шумо ва шумобаринҳоро фаромӯш насозанд. Далели дигареро низ барои ин худбохтагон ва худфиребону мардумфиребон меорам, ки дар маҳфили шоми «Гуфтугӯйи тамаддунҳо»-и устод Иброҳим Усмон, ки 28 январи соли ҷорӣ бо иштироки Амирқул Азимов баргузор гардид. Амирқул Азимов бо факту далелҳои муътамад шурӯи ҷангро аз масҷиди ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) эълом дошту собит кард. Масҷид дар ислом ҳамеша ниҳоди марказӣ буд ва имрӯз низ бо сиёсӣ шудани ислом ҳамчун ниҳоди асосӣ ба ҳисоб рафта, томоми амру наҳйи сиёсати исломӣ аз он ҷо пахш мешавад. Аз ҷумла, ҷиҳоди муқаддаси исломӣ, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи нафси худ бошад. Аммо дар ибтидои ба даст овардани истиқлолият мулоён ва махсусан бештари аъзои ҲНИТ чӣ карданд ва кишварро ба чӣ мусибатҳо гирифтор карданд, ки мисли офтоб ба ҳама рӯшан аст ва ҳоҷат ба ягон факту далел нест. Аз ҳамонвақта ҳуҷҷатҳо маълум аст, ки чӣ қадар силоҳ, лавозимоти ҷангӣ аз таҳхонаи масҷиди марказӣ ҷамъоварию мусодира карданд, ки агар далеле мехоҳед, ба архивҳои таърихии начандон дур муроҷиат кунед. Хулоса, зикри Президенти кишвар аз ин саҳифаи нангини таърихӣ танҳо ба хотири он буд, ки мо чунин иштибоҳотро борҳо дар таърих такрор кардаем ва дигар ба онҳо роҳ надиҳем. Мо бояд бо зикри чунин саҳифаҳои нангини таърихӣ, ҳамеша зиддиятҳои иҷтимоии ҷомеаи худро ба таҳлилу баррасӣ кашида, омилҳои ихтилофбарангези иҷтимоиро тасфия (бознигарӣ ва тоза кардани иштибоҳоти худ) кунем.
Умеди РУСТАМ
11
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
Дарси сулҳ дарси оштии зиддиятҳост
№
Данғара пеш гузашт
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябр зимни баргузории “Дарси сулҳ” дар бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара гуфт: «Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд.”
12
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
Мирная жизнь - основная цель нашей молодёжи
МОЛОДЕЖЬ И ОБЩЕСТВО
Наш уважаемый Президент, Лидер нации Эмомали Рахмон как правитель таджикского народа вкладывает большие надежды в дело воспитания молодёжи, так как молодёжь будущее нашей страны. В настоящее время на нашей огромной планете нет страны и нет человека, который не думал бы о спокойной жизни, все озабочены последствиями терроризма, и каждый житель планеты ищет пути избавления от чумы 21 века. Правитель каждого государства заботится о том, чтобы граждане его страны не оставались равнодушными к проблемам своего народа. В Послании Лидера нации, Президента Таджикистана уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 20 января 2016 года подчёркивается: «…события в разных регионах мира показывают, что терроризм и экстремизм превратились в первостепенные угрозы современного мир. В целом, сегодня терроризм, угрожая безопасности мира и каждого жителя планеты, как чума века, представляет для человечества опасность не менее, чем ядерное оружие. Борьба с терроризмом и экстремизмом требует создания атмосферы доверия, уважения к взаимным интересам и объединениям всех стран мира против этой угрозы». Каждое обращение Лидера нации, каждое его слово играет для нас воспитательную роль. Он учит нас своим примером, своим руководством и указаниями. Каждый молодой человек хочет брать с него пример, сопоставляет его личность с жизнью других и задумывается: «как мало я сделал хорошего для своего народа». В нашей стране властвует мир и свобода. Таджикский народ счастлив, что живёт в свободной демократической стране и ему не грозит опасность, но к тому же можно заметить некоторые факторы, от которых нужно остерегаться. Говорят, что забота о человеческой жизни и счастье, а не об их разрушении-это первая и единственная государственная задача хорошего правительства. Наше правительство опирается на молодёжь и верит молодому слою населении. И знает, что молодёжь ценит мир и не допустит поддержку иным идеям. Ведь мир добродетель цивилизации, а война её преступление. Шопенгауэр твердит, что «Веру как любовь, нельзя вызвать насильно». Мы согласны с этим, потому что в наше время люди разного возраста, попадая под дурное влияние путём лжи и насилия находятся на поле боя. Солдат, который не имеет ни патриотических чувств, ни энтузиазма, ни цели и ни отчизны, для которой можно воевать и отдать с гордостью свою жизнь, ни имеет никакой цены в поле битвы. Подумайте, о чём идет речь? Пожалуй, о том, что исламское государство, которое затеяло войну, собрал своих солдат разными способами. Большинство из них обманутые люди, которые сами чувствуют, что делают зло, ищут обратный путь домой, но их мозг занят другими мыслями, а не усваивать боевые тактики. Меерсон подчеркивает, что «человек счастлив только тогда, когда он может сказать, что исполнил свою собственную работу, что вложил душу в труд свой и довёл до конца, насколько мог лучше. Если он поступит иначе, то и покончив с трудом, он не почувствует ни отрады и ни облегчения». Значит, планируя свои цели для создания исламского государства, его организаторы могли собрать свои цели разными способами. И никто из них не умудрился задать себе вопрос, можно ли достигнуть своей цели такими омраченными способами, когда маленькие дети голодают, мамы страдают, а отцы воюют, не зная для чего и для кого. Народ, у которого была такая спокойная страна, присваивает статус беженца и не во всех странах их принимают достойно. На них смотрят как на врага, на очага бедствия. Разве этого требует правило исламского государства, разве такие поступки не оскверняют великую религию ислам? После таких результатов, какой истинный мусульманин, который живет по настоящим исламским традициям, может поддерживать эту войну. Хотелось бы знать разве священная книга Коран даёт право восстать одному мусульманину против другого мусульманина, сыну убивать мать, которая воспитала его, стерегла его как зеницу ока, отцу страдать от того, что сын отверг его. Я обращаюсь к молодежи, потому что я одна из них, будьте добродетелями, целеустремленными и патриотами, а не слабодушными, которых легко можно обманывать и призывать к непристойным поступкам. Смотрите на таких людей свысока, так как есть такое мудрое изречение: «Орлам приходится и ниже кур спускаться, но курам никогда до облака не подняться». Служите своему народу, будьте преданными своей отчизне. Работать и зарабатывать это не позор, потому что человек трудится, чтобы прокормить свою семью. Но слепо прислуживаться неизвестно кому и не иметь права вернуться в свою родину – это низко для таджикской молодежи. Манижа УСМОНОВА, студентка 216 группы романо-германского факультета
Мода и стиль. Что выбрать? Есть люди, даже мысли свои облачающие согласно требованиям моды (Бертольд Авербах). Что такое мода и стиль? Сегодня эти два понятия частенько путаются в смыслах друг друга. Молодежь Таджикистана, я обращаюсь именно к вам. Мода это не то, что требует современный мир от вас, не путайте понятие стиля и моды, избегайте ярко привлекающие наряды, особенно это касается тех, кто, побывав однажды в России и приехав обратно на Родину, пытается переодеть все общество и гордо заявляет о том, что общество должно одеваться согласно их требованиям. По вашим нарядам очень легко сделать вывод, что вы давно утратили свои ценности и тем более забыли о своей культуре, о том, что у нас существует прекрасная национальная одежда, которая в сотни раз краше ваших ярких футболок. Почему именно сегодня национальная одежда одевается вами всеми на торжества и мероприятия? Почему не модно носить национальную одежду в повседневные дни? Повседневная одежда в нашем современном Таджикистане давно приобрела лик маек, футболок, открытых кофточек, шортиков, непонятной и неудобной обуви, пляжных сланцев и коротеньких юбочек. Вспомним этику. Каждый из вас должен запомнить одно золотое правило. Для каждого мероприятия существует свой образ. Например, собрания, конференции и семинары – будь добр оденься элегантно. Здесь тебе по-
надобятся рубашка и брюки, а девушкам и женщинам юбка ниже колена. И вент мероприятия требуют от вас вечерней и желательно строгой одежды, а не коротких шорт и пляжной обуви. Поход на тренинги требует более свободной, но никак не раскрытой во всех местах одежды. Одежда в вашем гардеробе должна быть правильно подобрана как по цветовой гамме, так и по мере ее удобства. Неужели вам нравится яркая, броская и при этом неудобная одежда, которая деформирует вас. От этого страдает ваше здоровье в первую очередь. Мужской пол зачастую жалуется, что не может ни с кем познакомиться, и что на них мало кто обращает внимание. А вы не задумывались над тем, что проблема возможно в вас самих. Кому сможет понравится молодой человек, который пришел на свидание в пляжных шортах и обуви, или что еще хуже объединил в себе спортивную одежду с пляжной обувью. Или же девушки, которые забыли о том, в каком обществе они находятся. В последние годы в университетах первокурсники устраивают бунты, о том, что университеты требуют от них специальную форму. Это все во благо вас самих. Университет с самых первых дней дает вам возможность понять, какое оно общество и что нужно выглядеть подобающе и культурно. Твой образ – это твое истинное лицо.
Этика. Пропасть или бездна? Не существует малого зла. Этику не измеришь арифметикой(Станислав Лем). Это статья посвящается этическим положением, которая наша современная молодежь нуждается в нём. И так, что такое этика? Каждый из нас понимает это выражение по разному, и все же давайте сначала дадим короткое определение данному понятию. Этика (греч.) – философская дисциплина, предметом исследования которой являются мораль и нравственность. Изначально смысл слова это носил в себе совместные понятия индивидуализма и агрессивности. Позднее по мере развития общества к этим двум понятиям добавилось изучение совести, добра и зла, сочувствия, дружбы, смысла жизни и т.д. В науке под этикой понимают область знания, а под моралью – то, что она изучает. Современная сеть и газеты Таджикистана уже давно пестрят заголовками «Хамы на дорогах», «Моральные ценности», «Поведение молодежи на улицах» и тому подобное. Читая все это, я ни разу не замечала в ярких заголовках статей решения проблем. Каждый блогер и журналист открыто и красочно пишет о проблеме, но еще ни разу ни один из них не взял и не предложил путь ее решения или же, что еще хуже сам своими руками не попытался исправить или решить данную проблему. Возникает первоначальный вопрос, откуда наша со-
временная молодежь как губка впитывает различного рода жаргонизмы и слова паразиты и при этом эти самые слова становятся приличным для нашего общества лексиконом? Ответы напрашиваются сами. Во-первых, наши всеми любимые социальные сети, такие как «Одноклассники» и «В контакте», во-вторых, у молодежи отсутствует интерес к изучению наук и чтению книг. Сегодня каждый молодой человек или же девушка посещают библиотеки ради удачных и красочных селфи. Этим самым каждый из них на своих страничках в социальных сетях хочет показать свою «якобы» образованность. Хотя на самом деле под описаниями данных фотографий масса ошибок. Это все доказывает о том, что наша молодежь идет по тропинке «модных тенденций», которые были придуманы теми, кто ничего не умеет, кроме того как фотографироваться. А какие слова сейчас употребляет наша современная молодежь в своем лексиконе? Только подумайте, откуда такой интерес может возникать ко всему этому. Очень часто на страницах в социальных сетях нашей молодежи встречаются фотографии с фразами (я процитирую): «Доброта стала настолько редкой вещью, что ее часть путают с флиртом». О чем это вообще? Они хоть сами понимают значение этих фраз? Дорогие мои, это еще одно
доказательство того, что нашей молодежи проще всего поставить «лайк» и сделать «репост», но никак не «встать с дивана» и не «взять и прочитать книгу». Согласитесь, со мной о том, что в нашей республике молодежь перестала уважать себя в первую очередь, не говоря уже об отношении к пожилым людям и женщинам. Опять же наша молодежь приняла «модную эстафету» за рубежа, о том, как стоит подобать примерам хамов и людей, далеких от понятия нравственности, чтобы заслужить неизвестный и непонятный для нашего общества «авторитет». Дорогая молодежь, поймите и сделайте выводы для себя самих, что все, что вы делаете, это порочит вас самих в первую очередь, и таким поведением вы в жизни ничего не добьетесь. Ни одному работодателю, так на минуточку, не нужен сотрудник хам, который не знает о правилах этики и поведения в обществе. Меняйтесь сами, и не говорите, что мир должен измениться ради вас! Пути решения всех этих проблем заложен в нас самих в первую очередь, ведь еще издавна одна пословица гласит, что против толпы не попрешь! Оглянись вокруг – сегодня или завтра именно ты сможешь изменить этот мир.
Айза КАМОЛОВА
Арзишҳои миллиро ҳифз кунем
Равоншинос Рисолати Азиз дар робита ба мавзӯъ андешаҳои худро ба таври зайл баён намуд: «Дар илми равоншиносӣ мафҳуми «психологияи иҷтимоӣ» ҳаст, ки сарчашмаи он равандҳои таъсиркунандаи ҷомеа мебошад. Аксаран филмҳо ба рӯҳияи баъзе типҳои одамон чунон таъсир мекунанд, ки инсон қаҳрамони филмро «эталон» мешуморад, ба ғаму шодии қаҳрамони филм ҳамроҳ мешавад, ба он тақлид мекунад ва ё аъмоли ӯро пайваста иҷро мекунад. Бо сабаби он ки ҷавонон дар давраи гузариши синусолӣ қарор доранд, ин гуна ҳолатҳо метавонанд, онҳоро ба ҳодисаҳои равонӣ дучор созад. Бештар филмҳои дорои сужети ҳузнангез, ки аз нокомии ишқ, бохти зиндагӣ ва тақдиру қисмати шӯр қисса мекунанд, метавонад ба равони духтарон таъсир гузорад. Аммо аз бисёр ҷиҳат ин ба худи шахс ва устувории психологии ӯ вобастагӣ дорад». Баъзан шоҳид мегардем, ки нафароне номи фарзанди хешро ба шарафи қаҳрамони филми хориҷии дӯстдоштааш мемонад, ки аз фарҳанги номгузории миллӣ фарсахҳо дур аст. Аксари барномаҳои шабакаҳои телевизионии хориҷ аз арзишҳои миллӣ ва фарҳанги мо дуранд. Филмҳои синамогарони Ғарб, ки бештар саҳнаҳои мудҳиши ҷанг, фалокат, ҳаводиси ғайричашмдошту ғайримуқаррарӣ ва фантастикиро дар бар мегиранд, дар маркази таваҷҷуҳи ҷавонон қарор доранд. Ин гуна филмҳо дар кинотеатрҳо бо формати 3D намоиш дода мешаванд, ки таҳлукаовару даҳшатоваранд. Ҷавонони мо аз тамошои ин гуна филмҳо “ҳаловат” мебаранд ва ба истилоҳе «адреналин»-и худро зиёд мекунанд. Беҳрӯз Шукруллоев, омӯзгори ДМТ, дар ин маврид чунин ибрози назар намуд: «Омор нишон медиҳад, ки аксари ҷавонони мо истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники”, “Вконтакте”, “Facebook” мебошанд. Вақте мо дар мавриди таъсири интернет суҳбат мекунем, бояд донем, ки он ҳам зарар дорад, ҳам фоида. Ҷавоне, ки барои рушду такмил додани донишҳои худ кӯшиш кунад, аз сомонаҳое кор мебарад, ки ба манфиат аст. Баъзе ҷавонон интернетро бо мақсадҳои дигар истифода мекунанд, ки ин амал метавонад ба онҳо таъсири манфӣ расонад ва ба буҳрони маънавӣ гирифтор созад». Дар робита ба ин мавзӯъ мо аз чанд ҷавон пурсидем, ки аз тамошои филмҳои фаҳшу фантастикӣ чӣ баҳра мегиранд? Зарина Сатторова, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иброз дошт: «Ростӣ ба тамошои чунин филмҳо завқ надорам ва ба ҳамсолони худ низ тамошои онро тавсия намедиҳам. Заминаи асосии паст рафтани арзишҳои ахлоқию инсонӣ миёни ҷавонон тамошои филмҳои фаҳшу фантастикӣ мебошад. Филм низ метавонад ҷомеаро тарбия кунад, афкори оммаро ба вуҷуд орад, тафаккури ҷавононро носолим гардонад». Ҳусайн Маҳмудов, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тамошои филмҳои истеҳсоли синамогарони хориҷ таваҷҷуҳи хос дорад. Ӯ мегӯяд, ки аз маҳсули эҷоди киноофарони Амрико, Аврупо, Чин, Ҳиндустон, Туркия, Эрон ва Русия, ки шоҳкориҳои баланди соҳаи синамоянд, метавон ғизои маънавӣ гирифт. Аммо, дар ин радиф ин филмҳо хусусияти тарғиботӣ низ доранд. Насли мо, агар аз фарҳанги хеш дур бошад ва дониши кофӣ надошта бошад, ба онҳо тақлид мекунанд, аз фарҳангу асли хеш дур мешаванд, ки фоли нек надорад. - Кино дастгоҳи муқтадири идеологӣ ба шумор меравад. Сабаби асосии камтаваҷҷуҳ будани ҷавонони мо ба филмҳои истеҳсоли ватанӣ набудани филмномаҳои хуб ва продюсерҳои касбӣ мебошад. Кинои тоҷик ифодагари ормонҳои ҷавонон ва бархурди дарки ҷавонон нест. Бо ворид шудани филмҳои хориҷӣ ба фазои иттилоотии Тоҷикистон рақобат дар ин самт шадидтару ҷиддитар гардид. Сабаби асосии таваҷҷуҳи насли ҷавони мо ба филмҳои хориҷӣ ҷолибият ва ҳадафрас будани он аст, - мегӯяд Давлатмурод Каримов, коршиноси соҳаи кино. Дар давраи мушкили ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо моро мебояд арзишҳои миллӣ, фарҳангу илм ва гузаштаи пурифтихори худро ҳимоя кунем ва ҳифз намоем.
Идрис АЗИЗОВ, коромӯзи “ҶТ”
Таълиму тарбияи кӯдакон яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳамзамон ташвишовари ҷомеа маҳсуб меёбад, ки перомуни он ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, равоншиносон ва дигар мутахассисон фикру андешаҳои мухталиф иброз намудаанд. Вобаста ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣҳуқуқии зиёде қабул шудаанд, ки ҷабҳаҳои гуногуни таълиму тарбияи кӯдаконро дар бар мегиранд. Ин маҷмӯи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кӯдаконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян намуда, барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо бавосита ё бевосита равона шудаанд. Ҳимояи ҳуқуқ ва кафолатҳо оид ба вазъи ҳуқуқии кӯдак ин дар назди падару модар, ҷомеа ва давлат, на танҳо ҳуқуқ, балки уҳдадорӣ низ мебошад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълиму тарбияи кӯдак як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шудааст, ки такмил ва истифодаи самараноки онҳо боиси натиҷаҳои назаррас шуда метавонад. Таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои дахлдори кӯдак яке аз мушкилоти мубрами ҷомеа мебошад.
Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯдак аз лаҳзаи таваллуд гирифтори як қатор хатарҳо мегардад, ҳол он ки ӯ ба ғамхорӣ ва таъминоту ҳифз ниёзманд аст. Мавҷуд набудани ҳимояи дахлдор ба ташаккули минбаъдаи шахсияти кӯдак, ба муносибати мутақобилаи ӯ бо дигар аъзои оила ва атрофиён таъсири манфӣ мерасонад. Давлатҳо ҳарчи бештар дар мавриди таъминот ва ҳимояи кӯдак тадбирҳо андешида истодаанд, ки амалигардии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ дар доираи созишномаҳои универсалӣ, минтақавӣ ва дуҷониба ба роҳ монда шудааст. Тақрибан сӣ дарсади аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва агар ба ин омор тамоюли ҷаҳонишавии аҳолиро изофа намоем, бешубҳа тасвироти пурраи зарурати таъсири муташаккилона ба такомули ҷисмонию маънавии кӯдакон эҳсос мегардад. Илова бар ин, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдакон, алалхусус кафолатҳои марбут ба таъминоти кӯдак, новобаста аз синну соли онҳо, тағйироти назаррас ворид гардидааст. Яке аз рукнҳои асосии ташаккули ҳамаҷонибаи кӯдакон оила аст. Вазифаи муҳимтарини оила муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадил ва тарбияи ҳамаҷонибаи атфол аст. Бешак, кӯдакон метавонанд танҳо дар муҳити оила ба таври муътадил такомул ёбанд. Аз уҳдадориҳои дигари муҳими падару модар таълими фарзандон ба ҳисоб меравад. Дар андарзе омадааст: “Фарзандро ҳанӯз дар овони кӯдакӣ ба мактаб деҳ, зеро омӯзиш равшании чашм аст.” Ин аст, ки волидон дар тарбия ва таълими кӯдакон ва таъминоти ҳамаҷонибаи онҳо масъулияти асосӣ доранд. Кӯдакон муҳимтарин воситаи бақои оила мебошанд. Аз ин рӯ, барои тарбияи дурусти онҳо дар оила муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак зикр шудааст, ки “таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад”. Ҳамчунин, чанде аз моддаҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 63, 64 ва 65) ба ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн дар тарбия ва таълими фарзандон бахшида шудаанд, ки меъёрҳои онҳо фарогири тамоми масоили марбут ба тарбия ва таъминоти кӯдакон мебошанд. Метавон гуфт, ки самаранокии амалигардии ҳуқуқ танҳо он замоне назаррас аст, ки таъмини он ба зиммаи давлат, ё шахсони дигар вогузор гардида бошад. Масъалаҳои кафолати ҳуқуқу озодиҳо набояд хусусияти рамзӣ дошта бошанд, балки барои рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа мусоидат намоянд. Дар ҳама гуна ҷамъият ашхосе мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун имконияти ҳимоя намудани
манфиатҳои худро надоранд. Маҳз бо ҳамин сабаб нисбат ба онҳо бояд ҳимояи махсус татбиқ карда шуда, чораҳои иловагии роҳ надодан ба вайронкунии ҳуқуқҳои онҳо андешида шавад. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 қайд намуда буд: “Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар наслеро тарбия карда ба воя расонем, ки аз нигоҳи адабу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад”. Қобили зикр аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандии онҳо мебошад. Нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар таъминоту тарбия ва риояву ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак басо муҳим аст. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба ин масъала диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд як нуктаро ба инобат гиранд, ки кӯдаки солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар ва самари умри одамизод мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани одамизод аст, ӯ набояд аз тарбияи кӯдак канораҷӯӣ намояд. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сатҳи тарбияи кӯдакон то андозае паст рафтааст ва бархе падару модарон ба ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Коста гардидани ахлоқи бархе аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои гуногун, пеш аз ҳама натиҷаи беаҳмиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки таълиму тарбияи кӯдак, дар баробари ин ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, вазифаи муқаддаси ҳар падару модар, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва умуман давлату аҳли ҷомеа низ ба шумор меравад. Дар ин раванд ҳикмати пурмуҳтавои халқамонро ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки мегӯяд: «Фарзандони худро ҳунар ва илм биомӯзед ва онҳоро чунон тарбия намоед, ки оқибат сиришки ғам аз дидаҳои пурумед нарезед». Мутаассифона, имрӯзҳо дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии бархе аз падару модарон қисме аз кӯдакон аз субҳ то шом дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор менамоянд, бо ашхоси бадрафтор ҳамроҳ шуда, ба ҳар гуна амалҳои ношоиста даст мезананд. Ҳар фарди тоҷикро мебояд, ки ба донишандӯзӣ ва таълиму тарбияи дурусти кӯдакон диққати ҷиддӣ дода, нагузорад, ки онҳо ба роҳи нодуруст раванд. Кӯдакон ояндаи дурахшони миллату давлатанд. Пас, мо ҳамон вақт дилсӯзи миллату давлат шуда метавонем, ки кӯдаконро дар роҳи илму ҳунар ва касбомӯзӣ таълиму тарбия намоем.
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”
ҶАМИЛА АБДУЛХАЙРЗОДА, аспиранти ДМТ
Насли ба замона мувофиқ ба воя расонем
Ҷавонон дар радифи босуръат рушд кардани интернет ва пайдо шудани шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ аз навтарин дастоварду имконоти он истифода мебаранд. Бешубҳа бархе аз зуҳуроти номатлубе, ки дар ҷомеаи пайдо шудаанд, аз таъсири бевоситаи шабакаи интернет ва филмҳои хориҷӣ маншаъ мегиранд. Тақлид ба либоспӯшии ғайр, олудасозии забони модарӣ бо забонҳои хориҷӣ, одобу ахлоқи ношоиста аз нишонаҳои таъсири интернет ва филмҳои хориҷӣ аст. Ин вазъият дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ хеле нигаронкунанда аст.
Ҳар кас то ҷон дар бадан дорад, набояд аз тарбияи кӯдакон канораҷӯӣ кунад
14
Гулсумбӣ ЛАТИФОВА
Сулҳпарвар
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
Салом
Шаҳди Оби бақост Истиқлол
НУРУЛЛОҲИ ОРИФ
Салом, эй Пешво, фарди Худодод, Бикардӣ аз сари нав кишвар обод. Ҳама аҳсан, ҳама хонем таҳсин Ба он фарзонамодар, ки туро зод. Пайи ҳифзи Ватан аз хоб мондӣ, Гаҳе аз дида ҷое ашк рондӣ. Ба сад азму талошу заҳмати беш Ватанро бар раҳи ваҳдат расондӣ. Худо хандид бар рӯят, амон бош, Сарафроз одами рӯи ҷаҳон бош. Магӯ зинҳор рӯзе, пир гаштам, Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош. Ба халқат ҷашни Истиқлол табрик, Паё-пай бахту ҳам иқбол табрик. Ба боми ошёнат саф кашида Кабӯтарҳои махмалбол табрик.
Чист Истиқлол?
Эй Худоё, кас набинад рӯи шуми ҷангро, Он ҳама бедодҳои душмани бенангро.
Он яке мегуфт: Пулро оби дарё мекунам. Дигаре мегуфт: Нону об пайдо мекунам.
Тоҷикону Тоҷикистон монд дар зери хатар, Сад ҳазорон тифлакони гашта маҳрум аз падар.
Севумин мегуфт: Рӯзиро фаровон мекунам. Чорумин мегуфт: Нархи орд арзон мекунам...
Офтоб аз гиряҳои модарон гирён будӣ, Синаҳои решашон аз дарду ғам бирён будӣ.
Орзуи он ҳама хобу хаёли хом буд, Ваъдаҳои бардурӯғу қасди бадфарҷом буд.
Ашкрезии арӯсон буду оҳи модарон, Нолаю афғонашон дар мотами ҳар навҷавон. Булбулон афсурдаҳолу боғ бесавту наво, Нур нопайдову зулмат буд монанди бало. Тоҷикистон он замон гӯё, ки мотамхона буд, Шаҳру деҳ оташсарову гӯшаи вайрона буд. Фитнаи сайёд баски домҳо афканда буд, Мурғакони бегунаҳро болу пар барканда буд. Тоҷикистон он қадар зери ғубору чанг монд, Мардуми зору парешонаш ба ҳоли танг монд. Буд як сӯ гушнагӣ сӯи дигар ҷангу нифоқ, Хурданӣ касро набудӣ порае аз нони қоқ. Тарк мекарданд ин хоки Ватанро одамон, Он яке аз баҳри нону дигаре аз тарси ҷон. Лек дар мулки дигар ҳам зиндагӣ осон набуд, Дургашта аз ватанро рӯзияш яксон набуд.
Чист Истиқлол? Истиқлол - сулҳ, Чист Истиқлол? Истиқлол - бахт. Чист Истиқлол? Истиқлол - тоҷ, Чист Истиқлол? Истиқлол - тахт.
Он ки шуд дур аз Ватан, дилхаставу ранҷур буд, Гарчӣ ҷоне дошт, аммо зиндае дар гӯр буд.
Мо ҳама фарзандҳоят, эй диёр, Баҳри ободии ту ҷон меканем. Мо ба фармони дили шӯрида ҷон Баҳри нафъи ҷумла инсон меканем.
Ончунон аз гушнагӣ мардум фитода дар азоб, Нони гандумро ҳамедиданд андар вақти хоб.
Шукри Ҳақ, шукронаи бахти баланд, Заҳмати бисёр моро мард кард. Зиндагӣ шахсан маро аз пушти кор Рӯз рафта фарди дунёгард кард. Ҷон Ватан, то тарбият кардӣ маро Дидамат, ором як дам нестӣ. Мисли модар то ба имдодам расӣ, Бемалол аз хоби нозат хестӣ. Ин ҳама рангобарангии ҳаёт Дӯстон, аз рушди Истиқлоли мост. Ҷон Ватан, ҷонон Ватан, бо вақти хуш Рушди Истиқлоли мо, иқболи мост. Чист Истиқлол? Истиқлол - сулҳ, Чист Истиқлол? Истиқлол - бахт. Чист Истиқлол? Истиқлол - тоҷ, Чист Истиқлол? Истиқлол - тахт.
Мулк аз дасти разилон сахт ноором буд, Хилвате буд, ҳар куҷо тӯру танобу дом буд.
Аз куҷо созам фаромӯш он дили бишкастаро, Баччаҳои гушнаву кампири зору хастаро? Мардуми бечора гашта хоки раҳ дар ҳар куҷо, Раставу бозорҳо пур аз ғарибу бенаво.
Бар ман аз дунё ту болоӣ, Модари ҷониву яктоӣ.
Чун ҳазорон модарон бардоштам дасти дуо: Дар паноҳат номбардори маро гир, эй Худо! Гашт як фарзона фарзанде ба мардум раҳнамо, Ин хати иршоди ӯ бар мост аз чарху само. Бо дурустӣ кор басту кард оламро дуруст, Аз ниҳоди мардумон гарду ғубори кина шуст. Пошхӯрда миллати тоҷикро овард ҷамъ, Кард равшан ҳар дили ғамдидаро монанди шамъ. Рӯ ба рӯ шуд борҳо бо хасму бадхоҳи Ватан, По набигрифт лаҳзае аммо зи даргоҳи Ватан. Дӯсдории Ватан аз гӯшаи имон бувад, Хоки ӯ бар дида кардан қарзи ҳар инсон бувад. Рӯҳ бахшидӣ ба нармӣ ҷони ҳар як бандаро, Кард пайванд аз дигар он торҳои кандаро. Бар Ватан омад ҳама дур аз Ватан афтодагон, Адлу доди ин Ватан овоза шуд андар ҷаҳон. Бар Ватан бо ашки шодӣ мерасиданд одамон, Бо дили пур аз фараҳ бар хонаву ҷою макон. Шуҳра гардид ӯ ба кори неку рафтори накӯ, Дар дили мардум сафо оварда пиндори накӯ. Менавозад панҷаи меҳраш сари тифли ятим, Бар ятимон меҳр дорад ӯ зи даврони қадим. Ашки ӯ бо ашки сӯзони ятимон хеш гашт, Ҳар куҷое гар ятиме дид ӯ, дилреш гашт.
Халқро бинмуда ҷанги ҳамватан бехонумон, Монд андар синаҳо доғи сиёҳи он замон.
Раҳбари мо халқу миллатро саробонӣ намуд, Нони гандумро ба халқи хеш арзонӣ намуд.
Эй Худовандо, набинам он замон дигар ба хоб, Гар бубинам хоб онро, менагӯям пеши об.
Он ҳама вайронаҳоро аз дигар обод кард, Сулҳ оварду дили ғамдидаҳоро шод кард.
Он ки меҳри одамӣ будаш, ниҳодаш ғам гирифт, Он ки раҳми одамӣ будаш, рухаш шабнам гирифт.
Халқ ҳам озод гашту мулк ҳам обод гашт, Тоҷики саргашта акнун боз равнақёб гашт.
Ёвагӯён он қадар гаштанд дар ҳар ҷо зиёд, Тавба мегӯям, агар он рӯзҳо орам ба ёд.
Ҷашни Истиқлол дорад Тоҷикистони азиз, Маснади иқбол дорад Тоҷикистони азиз.
Орзуи подшоҳӣ дар дили ҳар фард буд, Саҳнаҳои ваъдабозӣ ҷои ҳар номард буд.
Ҷашни Истиқлоли Меҳан фарруху фархунда бод! Офтобаш партавафшони раҳи оянда бод!
Истиқлол
Ман ватандорам
Кишвари ман, мулки озодӣ, Кишвари ман, мулки ободӣ. Ончунон матбуъу зебоӣ, Кишвари боғу чаман дорам.
Кишвари мо дар миёни обу оташ метапид, Душмани бадхоҳ дар фикри кашокаш метапид.
Ин ҳама зории мардум кори наҳси ҷанг буд, Ин ҳама хорӣ зи дасти душмани бенанг буд.
Гурез САФАР
Ман ватандорам, Ватан дорам, Минбари розу сухан дорам. Бо забони хеш аз минбар Гуфтугӯ дар анҷуман дорам.
Андар он ҳолат рамузи раҳбарӣ осон набуд, Сулҳ меорам ба мардум, – ҳарфи бедардон набуд.
Номи ту гар бар забон гирам, Шаҳду шаккар бар даҳан дорам. Ман Ватан дорам, тавоноям, Аз тафохур сар ба болоям. Баҳри ҳифзаш то нафас боқист, Карда испар ҷону тан дорам. Ман ватандорам, Ватан дорам, Пуштибоне таҳамтан дорам. Нестам чун ту залилу хор, Мурдаву гӯру кафан дорам. Ман ватандорам, Ватан дорам!
Сафар АМИРХОН
Пайки Истиқлол Неъмати бебаҳост Истиқлол, Шаҳди Оби бақост Истиқлол. Хандаи офтоби оламгир, Субҳи пур аз зиёст Истиқлол. Ҳалқаи ҷабру зулм бигсаста, Пайки аз ғам раҳост Истиқлол. Парчами нанг бошад осораш, Кохи иқболи мост Истиқлол. Дар раҳи зиндагии осуда Бар ҳама раҳнамост Истиқлол. Баҳри халқи азизи ин кишвар Ҳадяе аз Худост Истиқлол.
Зиндагӣ бе шаҳди Истиқлол нест, Неъматашро ҳеҷ сон амсол нест. Тоҷик онро то худ истиқбол кард, Бахт додаш, соҳиби иқбол кард. Боғҳо пурбор шуд аз файзи он, Роҳҳо ҳамвор шуд аз файзи он. Сангтуда кард то нӯре падид, Барқосо дар шаби гӯре давид. Дур набвад, барқ ҳам афзун шавад, Роғ чашми бастаи Роғун шавад... Нақбҳо бар сӯи манзилҳо кананд, Меҳри беҳад ҳадяи дилҳо кунанд. Эй хушо, ки беҳ зи Истиқлол нест, Васфи он маҳдуди қилу қол нест... Файзимади НАЗАР, омӯзгори МТМУ №56и шаҳри Ваҳдат
Ҷавонон дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ фаъол мешаванд? СИНЗИЯН – МИНТАҚАИ СТРАТЕГӢ Сафари ҳайатҳои ҷавонони СҲШ аз вилояти автономии Синзиян, ки дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ аст, оғоз ёфт. Иштирокчиён бо ширкатҳои саноатӣ ва тиҷоратии вилоят шинос шуданд. Хусусан, ширкатҳои бузург ва маъруфи “Hualing Industry & Trade Group Co., Ltd” ва “YEMA Group Co., Ltd.”. Ширкати якум соҳиби бонкҳо ва марказҳои зиёди тиҷоратӣ ҳам дар ҳудуди Чин ва ҳам берун аз он будааст. Сармояи асосиаш дар поёни соли гузашта ба 22 миллиард юан (асъори Чин) баробар шуда, даромади холисаш 690 миллион юанро ташкил медиҳад. Ширкати YEMA бошад, асосан ширкати технологист бо сармояи 150 миллион доллар. Маълум гардид, ки масоҳати вилоят 1 660 000 километри мураббаъ буда, аз шаш як ҳиссаи Чинро ташкил медиҳад ва бо кишварҳои Русия, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Ҳинд ҳамсарҳад аст. Бино ба гуфтаи худи чиниҳо 17 бандари навъи якум дар ин вилоят воқеъ аст. Синзиян дар гузашта гузаргоҳи асосии Роҳи Абрешим маҳсуб мешудааст. Айни ҳол дар Синзиян 47 халқу миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон зиндагонӣ мекунанд. Шумораи аҳолии вилоят 22 643 миллионро ташкил медиҳад. Синзиян, хусусан маркази он Урумчӣ минтақаи тиҷоратӣ аст. Бозорҳояш ҳам серодаманд. Шояд аз ҳамин сабаб бо-
15
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
РАҲОВАРД
МАҲМУД УСМОНОВ
шад, ки нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои Чин кӯчаву бозорҳояш чандон тозаву тамиз нестанд. Вале як чизи ҷолиб дар ин вилоят он буд, ки занҳои солманд ҳар бегоҳ дар боғҳо ҷамъ омада, зери садои мусиқӣ мерақсанд. Вақте пурсон шудем, гуфтанд, ин як усули тарзи ҳаёти солим аст ва ба ҳукми анъана даромадааст. Дигар чизи ҷолиби диққат он буд, ки баробари ғуруби офтоб пиру барно, зану мард ба наздиктарин варзишгоҳ рафта, ба обутоби бадан машғул мешаванд. Маъмулан медаванд... Рӯзи 23 август дар доираи Лагери ҷавонони кишварҳои узви СҲШ семинари "Минтақаи иқтисодии Роҳи Абрешим" баргузор гашт. Дар он асосан атрофи аҳамияти Лоиҳаи иқтисодӣ-минтақавии "Роҳи нави Абрешим" ва бурди кишварҳои шарики лоиҳа суҳбат шуд. Намояндаи Федератсияи умумичинии ҷавонон Ши Тианчи зикр кард, ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли кишварҳои минтақа барои татбиқи лоиҳаи мазкур нақши муҳим доранд. Аз ин лиҳоз кишвараш ба ҳамоҳангии ҷавонони кишварҳои СҲШ алоқаманд аст. САЁҲАТ ДАР РЕГЗОР Рӯзи 24 август иштирокчиён ба вилояти Муғулистони дохилии Чин рафтанд. Субҳи рӯзи дигар дар ин вилоят лагери ҷавонони СҲШ расман ифтитоҳ ёфт. Иштирокчиёни лагер дар 6 гурӯҳ тақсим шуда, ба биёбон – регзори “Кубутси” раҳсипор шуданд. Бояд гуфт, бахши ҷолибу хотирмони лагери ҷавонон, саёҳат дар регзори “Кубутси” буд. Дар он бозиҳои гуногуни варзишӣ баргузор гашт. Чунончи дар тай кардани теппаҳои регзор аввалин шуда ҳайати даҳнафараи гурӯҳи 3 ба марра расид. Инчунин, дар давидан ба масоҳати 3 километр намояндаи Тоҷикистон – Зубайдулло Маҳмадуллоев ғолиб шуд. Намояндагони Тоҷикистон дар бозии дарёфти ҷавоҳирот ва бозиҳои дигари гурӯҳӣ фаъол буданд. Умуман, ғолиби мусобиқаҳои варзишии регзори “Кубутси” гурӯҳи 3 дониста шуд, ки дар он намояндагони Русия, Белорус, Қазоқистон, Ҳинду Тоҷикистон шомил буданд. Аз ҳайати Тоҷикистон дар ин гурӯҳ банда ва муҳаррири телевизиони “Варзиш” Мирхон Ҳусайнов иштирок дошт. ҶАВОНОН - ОФТОБИ ДУРАХШОН 27-29 август лагери ҷавонон дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин - шаҳри Пекин идома кард. Як бахши дигари хотирмони лагер дидани “Девори бузург” ё “Садди Чин”
буд. 29 август ба ҷавонон муяссар гардид, ки зинаҳои сершумори ин макони таърихиро боло шаванд... Ҳамин тавр, дар рафти лагер ҳайатҳо сари масъалаҳои актуалии ҷаҳон ва минтақа суҳбат карда, ба натиҷаи дилхоҳ расиданд. Сипас, санадеро дар робита ба масъалаҳои актуалии арсаи байналхалқӣ қабул ва ба котиботи СҲШ супурданд. Чанде аз масъалаҳои асосие, ки ҷавонон барои роҳи ҳаллаш чораҳо пешниҳод карданд, инҳо буданд: терроризм, оқибатҳои нохуши тағйирёбии иқлим, сустинкишофёбии ҳамкориҳои минтақавии АвруОсиё, мушкилиҳо бобати интиқоли молу маҳсулот ва таъсиси даҳлези иқтисодӣ дар доираи лоиҳаи “Як роҳу як камарбанд” ва масъалаи дастрасӣ ба оби тоза ва ҷалби ҷавонон дар татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба он. Инчунин, дар доираи барномаи маърифатии лагер вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, созмонҳои ҷавонони Чин ва Созмони Ҳамкории Шанхай сурат гирифт. Чунончи зимни вохӯрӣ бо муовини котиби генералии СҲШ, ҷаноби Ван Кайвэн ҳайатҳо дурнамои ҳамкориҳои ҷавонони созмонро баррасӣ намуданд. Мавсуф ҷавононро ба муҳаррикони замон ва офтоби дурахшон ташбеҳ дода гуфт, омили асосии рушд лоиҳаҳои муштарак дар самти инноватсия ва бахши фарҳангӣ-гуманитарӣ мебошад. Вохӯрӣ ва мулоқот бо Ли Хуэйла, муовини вазири корҳои хориҷии Чин, Ма Ксин, директори Маркази чинии мубодилаҳои байналмилалӣ ва намояндагони Вазорати тиҷорати Чин низ яке аз бахшҳои лагер буд. Дар доираи барномаи маърифатии лагер ҷавонон семинару маърӯзаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати ҷавонони кишварҳои СҲШ-ро шуниданд. Ҷониби Тоҷикистон низ аз сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар ба иштирокчиёни лагер маълумот дод. Гузашта аз ин, ҷавонон бо асосҳои рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин, сиёсати хориҷии он шинос шуда, дар доираи барномаи “Як роҳу як камарбанд” консепсияҳои гуногуни рушд ва таҷрибаи амалии татбиқи онро баррасӣ карданд. Ташаббуси баргузор кардани “Лагери ҷавонони СҲШ” ҳар панҷ сол бо иштироки намояндагони ҷавони кишварҳои узву нозири СҲШ дар Чин бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин июли соли гузашта дар Саммити Уфа садо дода буд. Таассуроти бештарро аз ин сафар дар шумораҳои минбаъда нашр мекунем.
Муҳаррикони замон
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 21-ум то 29-уми август дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аввалин Лагери ҷавонони СҲШ баргузор гашт, ки дар он 130 ҷавон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Чин, Белорусу Афғонистон, Ҳинду Покистон ва Эрону Муғулистон иштирок карданд. Ҳайати Тоҷикистонро, ки 15 нафар ҷавон аз вазорату идораҳо ва расонаҳои ахбор буданд, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президент Гулноз Мирзоева роҳбарӣ мекард.
16
СЕҲРИ ХОМА
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ
Сабаби камбағалӣ
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №36 (9462), 08.09.2016
- Содиқова, чаро барои таъмири мактаб 200 сомонӣ наовардӣ? - Ман онро вайрон накардаам!
Марди камбағал аз ҳаким пурсид: - Устод, бигӯед, ки барои чӣ ман чунин камбағалам? Ҳаким посух дод: - Чунки ту саховату олиҳиматиро ба кор намебарӣ. Шахси камбағал дарҳол аз дил гузаронд, ки барои саховатманду олиҳимат будан одам бояд хеле дорову сарватманд бошад ва гуфт: - Чӣ гуна ман метавонам олиҳимат бошам, дар ҳоле ки ягон чизи ба дигарон медодагӣ надорам? - Ту панҷ бойигарие дорӣ, ки бо ёрии онҳо метавонӣ саховатманду олиҳимат бошӣ, аммо ту аз онҳо истифода намекунӣ. Тавассути чеҳраи худ ту метавонӣ ба дигарон табассум ато намоӣ, аммо ин корро намекунӣ. Бо чашмони худ ту метавонӣ ба одамон назари саршор аз меҳру муҳаббат афканӣ, аммо ин корро намекунӣ. Бо даҳону лафзи худ ту метавонӣ ба дигарон ягон сухани нарму латиф ва меҳрбор бигӯӣ, аммо ту ин корро намекунӣ. Бо қалби худ ту метавонӣ ба дигарон хушбахтӣ орзу намоӣ, аммо ту ин корро намекунӣ. Ва бо тану равони худ ту метавонӣ барои дигарон ягон амали хайрро анҷом бидиҳӣ, аммо ту ин корро намекунӣ...
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
МЕҲРОБ АЗИМОВ
***
Модар ба духтараш: - Ту чаро ин қадар беодобӣ? Духтарак: Ҳамаи шикоятҳо истеҳсолкунанда.
ба
***
Хушбахтиро харида намешавад. Аммо гиристан дар “Мерседес” роҳаттар аст нисбат ба велосипед.
***
- Чаро назди табиб омадию, соатҳо боз интизорӣ? - Чунки вақт табобат мекунад.
***
Аз суҳбати ду модари хонандагони синфи 2: - Ту дарси математикаи писаратро тайёр кардӣ? - Бале! - Биё, ман рӯйбардор кунам.
Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
***
- Мешавад ҳолате, ки овоз мешунавед, аммо намедонед кӣ гап мезанаду аз куҷо? - Бале, духтур, чунин ҳолат бисёр мешавад. - Ҳолати бад аст. Кадом вақт чунин мешавад? - Вақте ки бо телефон гап мезанам.
ДИҚҚАТ, ОЗМУН!
***
Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд. Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ. 3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фиристанд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд.
***
Садамаи қатораҳо. Қатораи махсус бо депутатҳо аз релс баромадааст. Наҷотдиҳандагон вақте расиданд, сокинони маҳаллӣ ҳамаро гӯр карда буданд. - Ҳамааш мурда буданд-чӣ? - Ҳа. Воқеан, чанд нафар моро бовар кунонданӣ буданд, ки зиндаанд, аммо худатон медонед-ку, онҳо ҳамеша дурӯғ мегӯянд.
Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _____ _______________________________________________________
***
Занҳо субҳ ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд: 1. Рангубор намекунам, аммо мехобам. 2. Рангубор намекунам, аммо мехӯрам. 3. Намехобам, намехӯрам, аммо рангубор мекунам. 4. Дер мемонам, аммо мехобам, мехӯрам, рангубор мекунам.
Барои чӣ беҳтарин аст?___________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ Ному насаби пуркунанда _________________________________
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Суҳбат бо падари арӯс: - Барои чӣ намехоҳед ман бо духтаратон оиладор шавам. Охир ман наменӯшам, сигор намекашам, ҷанҷол намекунам... - Намехоҳам, ки ҳар рӯз туро нисбати ман намуна биёранд.
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6659 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»