javononi tojikiston/#36/2015

Page 1

Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№36 (9410), 09 сентябри соли 2015

E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU

WWW.JAVONON.TJ

АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД

Ҷашни Истиқлол муборак, ҳамватанон!

ҲАФТ РӮЗ 03.09.2015 Намояндагони Вазорати ҳаҷҷи кишвари Арабистони Саудӣ дар фурудгоҳи шаҳри Мадинаи мунаввара ҳоҷиёни Тоҷикистонро бо гулпошӣ ва шеърхониҳо истиқбол намуданд. Ин иқдом ҳар сол дар шакли озмун, бо назардошти тартиби хуби меҳмонхонаҳо ва кори мунтазами ситодҳои ҳаҷҷи давлатҳо татбиқ карда мешавад. Имсол Тоҷикистон ғолиб дониста шуд. 04.09.2015 Бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 20умин солгарди таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. 05.09.2015 Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз гашт. Дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.

ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории№36 Тоҷикистон Индекси обуна 68857. «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», (9410), 09“Амонатбонк”. СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

06.09.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат рафт. Дар ин шаҳр бо иштироки Сарвари давлат корхонаи истеҳсоли семент, мактаб барои 2400 хонанда дар ду баст, ду боғча барои 250 ҷой ва қитъаи шоҳроҳи ВаҳдатФайзобод ба истифода дода, ба сохтмони бинои нави ШВКД дар шаҳри Ваҳдат оғоз бахшида шуд. 07.09.2015 Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншоот, аз ҷумла Корхонаи саноатии “Гулоб”, корхонаи дузандагӣ, ҳунаристон мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони бинои Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ оғоз бахшида шуд. 08.09.2015 Дар Маркази исломшиносии назди Президенти ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ҳафт ганҷи Истиқлолият” баргузор гардид. 09.09.2015 Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

1


ШОДБОШӢ Ҳамватанони азиз! Имрӯзҳо ҳамаи мову шумо дар остонаи солгарди бистучоруми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон қарор дорем. Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин санаи тақдирсоз табрику таҳният гуфта, ба хурду бузурги кишвар сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонаи обод орзу менамоям. Истиқлолият, дар баробари ин ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем. Бо дарки ин масъулияти бузург давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон то ба имрӯз пайваста талош дорад, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии Истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар шароити мусоид фароҳам созад. Дар натиҷа мо дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад. Зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд. Дар қадамҳои баъдӣ мо тамоми талошро ба харҷ додем, ки сохтори мукаммали идоракунӣ, ҳукумати муосир, парламенти касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдории худро тибқи меъёрҳои замонаи нав бунёд намоем. Шахсоне, ки ин роҳи таърихиро тай кардаанд, хуб

2

рони истиқлолият мехостам бори дигар ин нуктаро таъкид намоям, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзишҳои усулӣ ва ҳаётӣ таҳдид менамоянд. Яъне онҳо, аввалтар аз ҳама, ба Истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо таҳдид мекунанд. Пас, муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад. Аз ин рӯ, ҳеҷ яки мо набояд дар ин масъала бетараф бошем. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият

Сулҳу оромӣ – муҳимтарин

дастоварди даврони Истиқлолият Паёми табрикии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 24умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ёд доранд, ки эҳё ва барқарор кардани ҳар як рукни давлатдорӣ ва ҳар як сохтори фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ заҳмати бузургеро талаб мекард. Қадами бисёр устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти сохти давлатдорӣ буд. Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, ки акнун он ҳамчун иродаи қатъии мардуми кишвар дар моддаи аввали Конститутсия барои ҳамеша сабт гаштааст. Ҳоло Тоҷикистон дар роҳи бунёди ин низоми давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурбинона буда, имрӯз худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки бо бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳу хатҳои интиқоли барқ ва садҳо корхонаи саноатӣ зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро эҳё намуда, Тоҷикистонро ба як қаламрави воҳид табдил диҳад. Дар баробари ин ҳама, ба мо муяссар гардид, ки бо пуштибониву дастгирии самимонаи мардуми ша-

рифи кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар ватани худ барқарор намуда, барои зиндагии осудаи халқамон шароити мусоид фароҳам созем. Ҳоло дар вазъияти ошуфтаву бесуботи ҷаҳони муосир ва зиндагии фоҷеабори баъзе халқу миллатҳо ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бо камоли шукргузорӣ дарк мекунад, ки аз баракати сулҳу субот мо ба чи неъмати бузурге даст ёфтаем. Дар ин лаҳзаҳо, ки ба ҷашни мубораки Истиқлолият омодагӣ меги-

рем, зикри ин дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон амри зарурӣ мебошад. Зеро шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ, қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва монанди инҳо суботу амнияти давлатҳои ҷаҳонро, дар маҷмӯъ, ба таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ намудааст. Бинобар ин, бо зикри дастовардҳои бунёдии дав-

ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад. Дар айни замон, итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Зеро мо ҳанӯз дар зиндагии ҷомеа ва давлатамон мушкилоти зиёд дорем. Вале дар айни замон итминони комил ва азму иродаи қавӣ дорем, ки ҳамаи мушкилоти мавҷударо бо дастгирии мардуми заҳматкашу таҳаммулгароямон, бо заҳмати аҳлонаву софдилона бартараф месозем ва нақшаву ниятҳои созандаамонро ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон амалӣ мегардонем. Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди кишвар ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни озодиву соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо хушбахтиву файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям. Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


НАБЗИ РӮЗ

Ҷавонон, бетараф набошед! Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мардуми шарафманди тоҷик

ИЖТ: ба муъҷизасозӣ дода нашаваед 4 сентябр таҳти раёсати муовини аввали раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода ҷаласа доир гардид. Аҳли нишаст аз марги нобаҳангоми раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов бо таассуф ва андӯҳи гарон ёдоварӣ намуда, сипас, масоили чорабиниҳои поси хотир баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, Ёқуб Исмоилзода қайд кард, ки равоншод Акбаралӣ Сатторов созмони дар даврони шӯравӣ маъруфро, ки дар солҳои баъдӣ ба ҳолати таназзул расида буд, бо тавоноии ақлу заковат, ҷасорату матонат аз нав эҳё намуд. Ӯ дар даврони даргириҳо ва мушкилиҳои иқтисодӣ матбуоти тоҷикро ба раванди иқтисоди бозорӣ мутобиқ намуда, бозори иттилооти озод ва мустақилро ташаккул дод. Даҳҳо нафар журналист, ношир аз вартаи камбизоатӣ, бекорӣ наҷот ёфтанд. Рақобати солимро миёни матбуоти давлатӣ ва хусусӣ дар фазои тафоҳум ва ҳамкорӣ ба роҳ монд. Ӯ комилан фазои холии иттилоотии кишварро бо маълумоти холис ва орӣ аз иғво пур кард. Барои инкишофи матбуот вақт, нерӯ ва ҳатто сармояи хусусиашро дареғ надошт. Пешниҳод гардид, ки барои поси хотири ин симои нотакрори матбуоти тоҷик як қатор тадбирҳо амалӣ карда шаванд. Аз ҷумла, дӯст, шарикдарс ва ҳамкори Акбаралӣ Сатторов Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи «СССР» арз намуд, ки қадрдонии ин марди бузург нишони эҳтиром ба матбуоти озод мебошад. Аз рӯи ин масъала аъзои раёсат кумитаи тадорукоти поси хотири Акбаралӣ Сатторовро бо сарварии Сайёфи Мизроб таъсис дод. Дар ояндаи наздик нашри китоби зиндагиномаи Акбаралӣ Сатторов ва дигар чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи хотираи абадии ин шахсияти нотакрор дар доираи қонугузории кишвар ба нақша гирифта шуд. Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев таклиф намуд, ки рӯзи 8 сентябр ҳамоиши ҳамраъйии журналистон ба ёдбуди Акбаралӣ Сатторов бахшида шавад. Ҳамчунин, барои идомаи фаъолияти босамари Иттифоқи журналистон ҳайати комиссия тасдиқ гардид. Зимни баррасии масъалаи ду-

юми ҷаласа аъзои раёсат аз вазъи ҷиноии шаҳри Душанбе ва атрофи он изҳори нигаронии шадид намуда, изҳорот қабул карданд. Дар изҳорот аз ҷумла чунин омадааст: “Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамлаи гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун ҷинояти ваҳшатангез ва амали террористӣ маҳкум менамояд. Терроризм маҳал, миллат, мазҳабу макон надорад. Ҳамзамон бо масъулияти том ва қотеона аз сохторҳои қудратии кишвар таҳқиқ ва тафтиши ин амали зиштро тақозо менамояд. Бояд тазаккур дод, ки ин амали нангин дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва авҷи амалҳои созандагию бунёдкории халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ обрӯ, мақом, шуҳрати ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ коста намегардонад. Имрӯз ба иқтидори ҳарбӣ, тавоноии мудофиавӣ, ҷасорату матонати сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шакку шубҳа нест. Ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористии як гурӯҳи ҷинояткор ҳеҷ гоҳ фазои ором, сулҳу субот ва ваҳдати шикастнопазири моро халалдор карда наметавонад. Дар баробари маҳкум намудани ин амал мо аз ҳамкасбони гиромӣ, ҳамаи кормандони васоити ахбори умум эҳтиромона тақозо мекунем, ки дар инъикоси ин амалҳои ҷиноӣ ба эҳсосот, муъҷизасозӣ дода нашаванд. Дар чунин ҳолат дарки манфиати миллӣ ва масъулияти ватанпарастӣ аз манфиати гурӯҳӣ, шахсӣ садҳо бор болотар аст. Бар замми ин, мо инъикоси ин ҳодисаҳои ҷиноиро аз ҷониби як идда расонаҳои иғвоангези хориҷӣ, дасисабозони зархариди хориҷи кишварро чун терроризми иттиллотӣ, «ҷанги иттиллотӣ»-и ноҷавонмардона ва хиёнат ба Ватан арзёбӣ мекунем”.

Ҳамдиёрони азиз! Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон зода ва парвардаи даврони соҳибистиқлолии кишвар, ба ирода ва матонати миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик эътимоди қавӣ дошта, рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипоси он Назарзода Абудҳалим (Хоҷӣ Ҳалим)- ро сахт махкум намуда, ҳамагонро ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, Истиклолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои ин хоку обу нон ва осоиштагии хонадону домани поки хоҳарону модарон даъват менамояд. Воқеан истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки тамоми наслҳои миллати бонуфузи тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд, вале ин ҳадяи зебои тақдири инсонӣ танҳо насиби насли кунунии тоҷикон гардида, боиси шарафу ифтихори бузурги ҳамаи мост. Албатта, 24 соли Истиқлолият дар қиёси таърихи чандинҳазорсолаи давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу кӯшишҳои истиқлолхоҳии миллатамон фурсати калоне нест. Вале муҳим он аст, ки даврони истиқлолият нерӯи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми кишварро ба зуҳур оварда, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии тоҷикону тоҷикистониёнро таҳким бахшид. Агар фаъолияти бистучорсолаи давлатдориамонро таҳлил намоем, он барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ буда, моро таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо решаҳои

тавонои чандинҳазорсолаи давлатдориамон пайваст намуд. Ҳамдиёрони арҷманд! Соҳиби давлату Ватани худ будан, дар чаҳорчӯбаи қонуниятҳои озодӣ, ободӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, эҷод ва дигар шартҳои умумибашарӣ умр ба сар бурдан, ҳама самараҳои боғи истиқлолиятанд, ки дар тӯли 24 соли охир насиби тамоми тоҷикистониён гардидаанд. Вале як нуктаро набояд фаромӯш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз байни обу оташи шадиди айём гузар карда, бо худшиносиву матонати миллӣ худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит сохт, ки соҳиби гузаштаи пурифтихор, таърихи тулонӣ ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад. Ҳадаф аз ёдрас намудани дастовардҳои даврони истиқлолият ин сабақ гирифтан аз таърихи пурфоҷиаи миллат, ба қадри давлати милливу истиқлолият расидан, якпорчагии мамлакат ва ваҳдати бо нархи ҳазорон ҷон харидаи миллӣ ва аз дастдарозии бадхоҳони миллат ҳифз кардани ин дастовардҳои беназир мебошад. Маҳз ин хулосабарорӣ ба мо имконият бахшид, ки дар дунё Парчами миллии хешро аз ҳама болотар барафрозем ва ҳамагон бояд ба қадри он бирасем. Зеро: Ҳарчи дар олам харобӣ рух диҳад, Чун бубинӣ аз нифоқ аст, аз нифоқ. В-он чи таъмири харобиҳо кунад, Дар ҳақиқат иттифоқ аст, иттифоқ. Дар ин замина Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки

тақдири имрӯзу ояндаи миллат барояш бегона нест, миллионҳо ҷавонони матиниродаву содиқро дар зери як шиор: «Зинда бош, эй Ватан, Точикистони озоди ман» пайваста муттаҳид сохта, бо шунидани хабари хиёнаткорона ва разили Абдуҳалим Назарзода ва ба ҳалокат расидани гурдони далеру ҷасур, ки дар роҳи таъмини амнияти ормонҳои миллӣ фидо гаштанд, тамоми ҷавононро ба муттаҳид шудан ва бетарафу тамошобин набудан даъват менамояд. Ватан фарзандони қаҳрамон ва шаҳидони озодипарасти хешро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Номи онҳо ҳамеша зиннатбахши дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқамон мебошад. Ҳамзамон, Ватан хоинон, буздилон ва ноҷавонмардонро низ ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Онҳо дар саҳифаҳои сиёҳи таърихи миллат ҳамчун доғи нопок бо мазаммат, бо ҳазорон лаънату нафрин ном бурда мешаванд, ки наслҳои ояндаи Ватан аз ин нопокӣ ҳазар кунанд. Мо - ҷавонони даврони Истиқлолият бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз Итиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медорем ва дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун занҷири пулодӣ ба ҳам пайваст буда, ҳатто то охирин лаҳзаҳои ҳастӣ, ҳимоятгари сохти конститутсионӣ ва ормонҳои миллӣ боқӣ мемонем. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Ҷустуҷӯи Абдуҳалим Назарзода идома дорад Соати 04:28-и 4 сентябр аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона сурат гирифт. Ҳангоми ин амали ҷинояткорона 4 нафар корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД ва 4 нафар корманди ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расиданд. Муаяйн гардид, ки дастаи террористӣ аз тарафи генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва маслиҳати қаблӣ бо ҳаммаслаконаш роҳандозӣ гардидааст. Аснои амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣҷустуҷӯӣ аз ҷои истиқомат ва корхонаи нонпазии мансуб ба Назарзода Абдуҳалим Мирзо, ҳамчунин, ҳангоми дунболагирии ин дастаи терорристӣ дар мавзеъҳои Марғоби ноҳияи Ваҳдат ва Мағмуруди ноҳияи Рӯдакӣ миқдори зиёди силоҳу лавозимоти

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Як гурӯҳ террористон бо сардории Назарзода Абдуҳалим Мирзо ба самти дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат фирор намуданд. Кофтукови Назарзода Абдуҳалим ва дигар ҳаммаслакони ӯ бо тамоми роҳу восита аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат идома дорад. Нисбати ин ҳодиса аз ҷониби Проркуратури генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ идома дорад. Умуман, то имрӯз зиёда аз 50 нафар узви ин гурӯҳ дастгир ва 14 нафарашон кушта шудаанд.

3


ҶОМЕА

“Даврони пасоназҳатӣ” дар Тоҷикистон Дар кишвар, замоне ки онро шартан “даврони пасоназҳатӣ” номгузорӣ мекунем, фаро расидааст, давроне ки дигар масири ҳаракати ҷомеа рӯ ба роҳ аст ва мақоми ҷараёни равшанфикрии асили тоҷикӣ дар ниҳоди ҳар муаллим, духтур, ҳунарманд, наққош, умуман тоҷики миёнаоморие, ки аз ин дунёву уқбо умеде доранд, ҳукмфармост. Дар ин партави созанда дигар ба тоифаи пайрави «ибн-ул-вақт» ва манфиатҷӯ иҷозат нахоҳад шуд, ки аз дин ва хосатан аз дини мубини ислом, ки тобиши соф эътиқодӣ ва тақвову тоатӣ дорад, ба ҳайси абзори зиддимардумӣ, ақибгаро ва хилофи илму ҳаёт мавриди сӯистифода қарор бидиҳанд. Он шароити ворунае, ки ҲНИТ ба ҷомеа бинобар мушкилоти иқтисодӣ ироа кард ва ҳолате ки нақши муаллим ба кунҷи узлат бурда шуд, мусиқиро инкор карданд ва тӯю маъракаи тоҷикро ба мотам табдил доданд, бо сароҳати калом гуфтан мумкин аст, ки такрор нахоҳад шуд. Насли наве, ки ҳамаи ин даҳшатафканӣ ва хушунатсозиро дар даврони ҷанги дохилӣ бо чашми сар диданду бо чашми хирад дарк намуданд, намегузоранд, созмончае, ки дар

таълимоти оштинопазири ихвонӣ гом мегузорад, сармашқ ва дастурамал қарор бигаранд ва бистари ҷомеаи дунявимеҳварро ба чолишу танишҳои тахрибӣ рӯ ба рӯ кунанд. Ҷомеа дигар ҷавоби муҳлик ва сахти худро ба онҳое, ки нишонаҳои даврони зулму золимӣ ва аморати манғитиро дар дил мепарваранд, додааст, ин навъи ҷомеа ниёз ба тоҷики дорои эътиқоди муътадили мазҳабӣ, кушо, серғайрат, коромад,

КОНФРОНС

донишпажуҳ, ҳунардӯст, забондон, зирак, ҳушёр, ҳомиву фидоии миллат ниёзи ҷонӣ дорад. Дар партави ин афзалиятҳо ҷойи наҳзатӣ ва ҳизби наҳзат ҳамчун ташкилоти бунёдгари ҷомеаи нимашарқиву нимабиёбониву нимақабилавӣ наметавонад баровардаи ниёзҳои ҷавонон ва дар маҷмуъ мардуми шарифи Тоҷикистон бошад. Шукронаи даврони Истиқлол, ки мардум ба тамоми назокатҳо муқаррароту талаботи эътиқодии худро иҷро мекунад ва ба сатҳи

идроки созанда расиданд, ки байни Худованди лоязол ва бандаи камтаринаш касе, анҷумане, ҳизбе, иттифоқи касабае, хосатан муллое, ки дар дил ҳаваси ба ҳукумат расидан дораду нафсаш ҳамеша бедор аст, ҳамчун миёнҷигар баромад кунад. Тоҷики имрӯза дарк кардааст, ӯ худ арзишмандтарин неъмати Парвардигор аст ва ҳеҷ зарурате нест, ки бо бозиҳои ботили сиёсӣ худро олуда созад. Дар ин бозиҳои сиёсӣ, имрӯз даъвати ба ҲНИТ шомил шудан аст, фардо ба ҳизбу созмони дигаре, вале марди тақвопараст бо қалби инсонҳо сарукор дорад, ки онҳо орӣ аз ҳар гуна хусумату бадбинӣ, кибру ғурур, ҳасудиву бахилӣ бояд бошад. ҲНИТ дар сурати имтиҳон кардани нақши ҳошиявии созмон, чи тавре коршиносони вафодори хатти наҳзатӣ, ки ангуштшуморанд, пешибинӣ мекунанд, гӯё ифротиён

даст ба нооромӣ мезананд, вазъро хароб мекунанд ва мисли пешин боз дахолати хориҷиҳоро ба сарзамини бобоӣ замина муҳайё месозанд. Ҳушдори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин ҳолат ба ҲНИТ ин аст, ки дар гӯшаи хотирашон набояд тасавуреро ҷой бидиҳанд, ки даст задан ба муқовимати рӯёрӯӣ ва хушунат роҳи ҳалли масъалаҳои бавуҷудомадаи дохилиҳизбӣ бошад. Ин миллат як даъфа ба хотири муҳоҷирони заҳматкаш ва азиятдида роҳи шумо наҳзатиҳоро сӯи долонҳои ҳукумат ҳамвор кард, дар сурати такрори иштибоҳ ҳамин мардум ҷою маъвои шуморо кӯҳу дараҳои ҳамсоякишвар ба сони босмачиҳои фирории солҳои 20-уми асри пор мушаххас хоҳад кард. Фирдавс КАЛОНОВ, муааррих, унвонҷӯи ДМТ

ОЗМУН

“Хандаи ҳусн” дар Суғд

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳ Рудакии шаҳри Хуҷанд озмуни тарроҳи беҳтарин дузандаи либосҳои миллӣ бо номи “Хандаи ҳусн” баргузор гардид.

Олимони ҷавон ба вазифаҳои пурмасъул таъин мешаванд 7 сентябр бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ, таҳти унвони «Нақши созандаи ҷавонон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳкими Истиқлолияти комил» баргузор гардид. Дар конфронс Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва 80 нафар олимону муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ ширкат варзида, роҷеъ ба дастовардҳои олимони ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо теъдоди зиёди ҷавонон дар пайи навиштани рисолаҳои илмӣ, таҳқиқотҳои илмӣ, ба майдони илму маърифат овардани китобҳои беназир барои насли имрӯзу фардои сарзамини маҳбубамон нақши бағоят арзанда доранд. Ҳамзамон, таъкид гардид, бештари ҷавононе, ки ба вазифаҳои пурмасъул таъин мегарданд, номзади илм, дотсент, доктор ва профессор ме-

4

бошанд. Ин далолат аз он мекунад, ки ҷавонон ба хотири пешрафти илму маърифати кишвар кӯшишҳои беназир карда истодаанд, то ки ҷомеаи мо соҳиби илму маърифати ҷаҳонӣ гардад. Масъулин изҳор намуданд, ки баргузории чунин конфронсҳо ба тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон мусоидат намуда, дар ин радиф сафи олимони ҷавон афзоиш меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар сол аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои тақвият бахшидани нерӯи зеҳнӣ ва ҷалби олимону муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ тадқиқотӣ конференсияҳои илмӣ-амалӣ бо мақсади муаррифӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотии ҷавонон ва эҷодиёти онҳо доир карда мешаванд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Озмун бахшида ба Соли оила ва 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуд. Муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ зимни суханронӣ, аз ҷумла гуфт, ҳадафи озмун дур нигоҳ доштани ҷавонон аз фарҳанги бегона ва таблиғи либосҳои миллӣ мебошад. Озмун дар чор бахш - либосҳои бачагона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои идона ва либосҳои мардона баргузор гашт. Дар ҷамъбаст беҳтаринҳо бо мукофоти пулӣ ва дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд. Саодат ИСМОИЛӢ, “ҶТ”

«Пиёдагарди намунавӣ» маълум шуд 7 сентябр дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А. Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми шаҳри Душанбе озмуни «Ронандаи намунавӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд. Ба иттилои маркази матбуоти ВКД, дар озмуни «Ронандаи намунавӣ» беш аз 200 нафар дархост дода, 40 нафарашон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Озмун дар се давр: «Донандагони қоидаи ҳаракат дар роҳ», рондани воситаи нақлиёт дар Автодром ва расонидани «Ёрии аввалияи тиббӣ ба ҷароҳатгирифтагони ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ» баргузор гардид. Ҳамин тариқ, аз натиҷаи санҷиши маҳорату касбияти ронандагӣ аъзои ҳакамон 10 нафар ғолиби озмунро, ки холҳои мушаххас гирифтанд, муайян намуданд. Дар сафи пеши рӯйхат Мунира Содиқова бо 56 хол ҷойгир аст. Фатҳиддин Фозилов бо 52 хол дар ҷои дуюм, Зикриё Олимов бо 50 хол дар мақоми сеюм ҷой гирифтаанд. Ба ғолибони озмуни «Ронандаи намунавӣ» аз ҷониби ташкилкунандагони озмун сертификат, бо маблағи 1000 сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ба тамоми ронандагоне, ки дар озмун фаъолона ишти-

рок намуданд, аз ҷониби ширкати «Умед-88» ба миқдори 10-литрӣ сӯзишворӣ тӯҳфа гардид. Ба ғолибони озмуни «Пиёдагарди намунавӣ» низ, ки дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гузаронида шуд, сертификат бо маблағи 500 сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шуд. 5 нафар пиёдагард - Мазбут Қосимов, аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе, Кароматулло Зайниддинов, донишҷӯи Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон аз ноҳияи Рӯдакӣ, Людмила Иргашева, хонашин аз шаҳри Ду-

шанбе, Шерзод Маҳмадҷонов, донишҷӯи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ва Адолат Ҳусейнова, хонашин аз шаҳри Душанбе ғолибони озмуни «Пиёдагарди намунавӣ» дониста шуданд. Озмунҳо бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон аз тарафи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Вечёрка» ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ПУРСИШ

НАБЗИ ҶАҲОН

Меваҳои истиқлолият Виҷдони ғарқшудаи аз нигоҳи ҷавонон инсоният “Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст”. Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Он дафтари воқеъоти таърих аст, ки тоҷикон бо хуни дил навишта, чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд. Имсол аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон 24 сол пур мешавад. Мо дар ин солҳо воқеъаҳои пурфоҷиа ва дар айни замон сарнавиштсозеро аз сар гузаронидем. Яъне, кишвари мо дар ин муддат ҳам ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва ҳам сулҳу ваҳдати миллиро ноил гардид. Сипас, ба як қатор рӯйдодҳои азими хушҳолкунанда имзо гузошт: роҳу пулҳо бунёд ёфт, неругоҳҳои барқӣ сохта шуд... Зимнан, андешаҳои чанд нафарро дар хусуси самараҳои истиқлолият пурсон шудем.

Носир Бозоров, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи љавонон, варзиш ва саёҳӣ

Бо ба даст овардани истиқлолият соҳаи варзиш низ чун соҳаҳои муҳими дигар ба пешравиҳо ноил гашт. Варзишгарони ҷавон акнун дар тамоми мусобиқаҳои дохилӣ ва хориҷӣ иштирок намуда, шарафи кишварамонро баланд мебардоранд. Теъдоди медалҳои варзишгарони ҷавон рӯз то рӯз меафзояд, махсусан шумораи медалҳо дар мусобиқаҳои олимпӣ. Барои мисол, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумораи медалҳои бадастовардаи варзишгарони ҷавон аз мусобиқаҳои олимпӣ ба 124 адад расид, ки дар қиёс ба солҳои гузашта 3 баробар бештар аст. Дилшод Назаров нахустин варзишгари тоҷик дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин роҳхат ба бозиҳои Олимпии Бразилияро, ки солӣ 2016 дар шаҳри Рео-де-Жанейро баргузор мегардад, ба даст овард. Умуман, дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар хеле назаррасанд, ки далели возеҳи сулҳу субот ва оромии кишвари азизамон мебошад. Баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати варзишии ҷавонон ва ба хотири таҷлили 24-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 мусобиқаи варзишӣ дар ҳама гушаю канори кишвар гузаронида мешавад.

Маҳмуд Ҷураев, ҷавони фаъол аз ноҳияи Данғара:

То имрӯз дар ҳар гӯшаю канори ватани азизамон корҳои созандагӣ ба чашм мерасад. Махсусан, дар ноҳияи мо Донишгоҳи давлатии Данғара ва Литсейи призидентӣ барои бачагони болайёқат сохта шуд, ки самараи беҳтарини даврони соҳибистиқлолии Тоҷиикистон мебошад. Имрӯзҳо барои ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш дар маркази ноҳия сохтмони “Комлекси варзишӣ” босуръат идома дорад, ки орзуи ҳар як ҷавони ноҳия аст. Инчунин, сохтмони бинои замонавии “Қасри фарҳанг” барои ҳунармандону адибони ноҳия давом дошта, нисфи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Нерӯгоҳҳои барқи обии (НБО) Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, бешубҳа меваҳои шаҳдбори истиқлолиятанд.

Ҷалилова Нуриниссо, сокини шаҳри Ваҳдат:

Яке аз дастовардҳои беҳтарини даврони истиқлолият оромии комили ҷомеа аст. Чунки агар оромию осоиштагӣ намебуд, мо ба ягон муваффақият намерасидем. Ҳамин осоиштагӣ аст, ки имрӯз мо дар фазои ваҳдати комил гаштугузор мекунем ва аз амнияти худ заррае нигарон нестем. Мо занҳо имрӯз метавонем чун мардон дар соҳаҳои гуногуни идоракунии давлатӣ фаъолият намоем. Бо кӯмак ва дастгирию ғамхориҳои бевоситаи ҳукумат ва Сарвари давлат зан ва модари тоҷик акнун ба андозаи зарурӣ метавонад, ҳуқуқҳояшро ҳимоя кунад, ки ин аз дастовардҳои дигари даврони истиқлолият ба шумор меравад.

Ҳусейн Маҳмудов, корманди рӯзномаи “Анбоз”

Истиқлолият барои ҷавонони эҷодкор фазои мусоиде фароҳам овардааст. Имрӯз саҳми олимони ҷавон дар густариши соҳаҳои илми кишвар назаррас мебошад. Дастовардҳои онҳоро давлату ҳукумати кишвар ба назар гирифта, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомониро таъсис додааст. Умед ҳаст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои ҳукумати кишвар олимони ҷавон бештар заҳмат кашида, аз пайи омӯзиш ва ихтирооти нав ба нав мешаванд.

Олимова Низора, мудири Бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиликул:

Дар тӯли 24-соли соҳибистиқлолии кишвар мо ба дастовардҳои зиёде соҳиб гаштем. Бахусус, дар ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон аҳамияти аввалиндараҷа ба сиёсати занон дода шудааст, ки ин самараи неке ба бор овардааст. Дар солҳои 2014-2015 бори аввал дар таърихи ноҳия занони варзишгар тавонистанд, ҳунару малакаи худро дар риштаи велосипедронӣ нишон диҳанд ва соҳиби ҷойи аввал дар миқёси ҷумҳурӣ гарданд. Соли гузашта ва имсол сафи донишҷуёне, ки тариқи Маркази милли тестї ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуданд, хеле афзудааст. Дар назар аст, ки солҳои наздик дар маркази ноҳия варзишгоҳи замонавї баҳри ҷавонон сохта ба истифода дода мешавад. Ин беҳтарин дастоварди даврони истиқлолият ба шумор мерад.

Нигор Соқиева, сокини ноҳияи Рӯшон

Ба андешаи ман дастоварди беназири истқлолият ин эътироф ва шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар тӯли 24 сол мо ба бисёр пешравиҳо ноил гаштем. Махсусан робитањои иќтисодиву фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дар ҳоли рушд қарор гирифт ва дар оянда низ ташаккул меёбад. Дар ин айём Тоҷикистон ба якчанд ташкилотҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ба монанди СММ, СҲШ, Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо ва амсоли ин аъзо гашт, ки нуфузи кишварро боло бурд.

Назди экрани компютер нишаста, хабарҳои навтаринро аз интернет мехондам, ки суратгузорише пеш омад. Аммо чӣ гузорише? Чӣ аксҳои ҳузновару дилхароше, ки бо диданашон гӯё дарди гароне ба рӯи дил соя гузошт. Дар як он гӯё ҳама чиз аз пардаи зеҳн тоза шуд. Тӯлонӣ ба аксҳои дилрешкунанда нигаристам. Гӯё хорасанги вазнинеро рӯи дил гузошта буданд. Ду дасти оҳанин гӯё барои фишурдани рӯҳ меомад... Дар соҳили баҳри Миёназамин сурати кӯдаке буд... Ин кӯдак дар даст белу сатилчаи пластикӣ рӯи реги соҳил бозӣ намекард. Ин кӯдак рӯи реги соҳил ин сӯву он сӯ наметохт. Ин акси кӯдаки хандону хушбахте ҳам набуд. Акси писараки маъсуме буд, ки рӯй бар замин мехобид. Либосҳояш тар... Пешонии кӯчакаш даруни рег. Панҷаҳои хурдакакаш рӯ ҷониби осмон кушода... Хобида буд, кӯдак. Беҷон. Аз почаҳои болошудаи шимаш пойҳояш менамуданд. Аз куртаи андаке даридааш миёнаш намоён буд... Ин акси кӯдаки бегуноҳе буд, ки мисли садҳову ҳазорҳо тани дигар хонаашонро ба нияти амният ва ҳифзи ҷонашон тарк карда буданд. Акси кӯдаки маъсуме, ки кишвараш туъмаи оташ асту ӯву модару бародараш мисли дигар ҳамватанонаш ба хотири зиндагии амну осуда доштан муҳоҷир шуда буданд. Акси писараке, ки қалбаш садҳо орзу дошт. Акси кӯдаке, ки бадхоҳон ватани азизашро соҳиб шуда, ӯро водор ба ҳиҷрат намуданд. Бале, вақте бузургон барои манфиатҳои хусусиашон гулӯи ҳам мефишуранд, вақте кишварҳо ба коми оташ дода мешаванд, вақте қудратҳо барои нафту газу боз кадом як сармояи дигар дар Сурия ба ҳам дарафтодаанд, кӯдакони хурдсол дар обҳо ғарқ шуда рӯи реги соҳил мебароянд. Дар воқеъ, бадкор аст инсон. Хунхору вайронкор. Низомро вайрон карда, ба атроф зиён меорад... Сураи Бақара дар зикри саргузашти тамоми инсоният чунин мефармояд: “Чун Парвардигори ту ба фариштагон гуфт: «Ман ҷонишине дар замин меофарам». Гуфтанд: «Оё дар замин касеро меофарӣ, ки дар вай табоҳӣ ва хунрезӣ мекунад? Ҳол он ки мо ба ҳамди Ту тасбеҳ мегӯем ва барои Ту ба покӣ иқрор мекунем?” Бале, табоҳкор ва хунрез будани инсон аз ҷониби фариштагон возеҳ баён шудааст. Афсӯс, ки кину нафрату манфиатхоҳӣ ва ҳирсу ҷоҳу шуҳратпарастии мо ҳар рӯз бузургу бузургтар мешавад, аммо баракси ин бузургии нафси мо кӯдакони хурд мемиранд. Ва кӯдакони мурда

дигар бузург намешаванд... Аз ҷониби дигар... Он мурда дар соҳили баҳри Миёназамин аслан кӯдаки муҳоҷири бадбахти суриягӣ набуд, балки мо будем, инсоният буд, виҷдони инсонҳо буд... Маданияти одамон, одамгарии онҳо дар соҳили баҳр рӯи рег парӯ хобида буд, на кӯдаки мазлум... Уболи инро танҳо он золимоне, ки мардумро дар Сурия дар ба дар кардаанд, намекашанд. Балки уболи ҷони он кӯдаки дар соҳил мурда ногузир бар сари инсонҳои дигар низ хоҳад буд. МАЪЛУМОТ БАРОИ АНДЕША: Соли равон беш аз 350 ҳазор нафар аз кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо ба қасди Аврупо тавассути киштиҳо баҳри Миёназаминро убур кардаанд. Кишварҳои Фаронсаву Олмон мегӯянд, Иттиҳоди Аврупо бояд аз аъзояш пазируфтани як миқдори муҳоҷиронро талаб кунад, вале Чехия, Маҷористон, Лаҳистон ва Словакия хилофи квотаҳои муҳоҷиронанд. Бино ба иттилои Фонди кӯдакони СММ тайи се моҳи охир теъдоди занон ва кӯдакони фирории аз мавзеъҳои даргири Сурия, ки мехоҳанд ба Аврупо паноҳ баранд, се баробар бештар шудааст. Фонди кӯдакони СММ гуфтааст, ҳар рӯз 3 ҳазор нафар сарҳади Македонияро убур мекунанд, ки сеяки онро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. 12 дарсади ин занон бошанд, ҳомилаанд. Зимнан, 2 ҳазор муҳоҷир дар вокзали роҳи оҳани Маҷористон ҷамъ омада, нияти ба Австрия ва Олмон рафтанро доранд, аммо полис ду рӯз онҳоро иҷозат надод. Баъдан 3 сентябр полис ба муҳоҷирон иҷозат дод, ки дар Будапешт ба қатора савор шаванд, вале баъди 40 километр онҳоро зӯран аз қатора берун карда, ба маркази паноҳҷӯён оварданд, ки дар масофаи 40 километр дуртар аз Будапешт воқеъ буд... Аз қатора берун кардани муҳоҷирон саҳнаҳои ваҳиму дилхароши дигаре дошт. Полис мехост онҳоро базӯр аз қатора берун кунад, аммо муҳоҷирон, ки чиптаи самти Австрияву Олмонро харида буданд, фаромадан намехостанд. Яке аз ин оилаҳо зану шавҳари ҷавон бо кӯдаки хурдсолашон буд, ки полис аз қатора ба берун, рӯи роҳи оҳан ҳаво дод. Вақте полис муҳоҷиронро барои бурдан ба маркази паноҳҷӯён аз қатора берун мекард, писараки хурдсоле гуфт: “Хоҳиш мекунам, ҷангро дар кишвари мо боздоред. Мо медонем, ки суриягиҳоро на дар Сербия рӯи дидан доранду на дар Юнону Маҷористон. Аммо лутфан ба мардуми Сурия кӯмак расонед. Ҳоло онҳо ба кӯмак ниёз доранд. Шумо танҳо ҷангро дар Сурия қатъ кунед, мо ба Аврупо намеоем. Ягона хоҳишамон ҳамин аст...” Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

P.S: Дар акс писараки 3-солаи суриягӣ - Айлон аст. Чанд рӯз пеш ӯ, модараш ва бародари 5-солааш (Ғолиб) савори қаиқ тавассути баҳри Миёназамин ба Юнон рафтан мехостанд. Аммо бар асари садами қаиқ ғарқ шуданд. Ҳамроҳи онҳо 9 муҳоҷири дигар низ ба ҳалокат расидааст. Акси кӯдак дар Фейсбук баҳси зиёдеро ба миён овард...

Шамсиддин Шамсиддинов, сокини шаҳри Панҷакент

Дар муддати 24 соли соҳибистиқлолии кишвар мо ба комёбиҳои бисёре ноил гаштем. Дастоварди беҳтарин дар даврони истиқлолият ин сохтмони роҳҳо ва кушодани нақбҳо мебошад. Нақби “Истиқлол” аз зумраи онҳо аст, ки шимоли кишварро ба љануби он пайваст мекунад. Дар маркази ноҳия осорхонае бо ҷойи нишасти 500 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки муаррифгари даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон - Тоҷикистон мебошад.

Бахтовар АМИНЗОДА, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

5


АНДЕША

Зиёд ба назар мерасад, ки ҷавонони кишвар аз таъриху фарҳанги миллат камтар хабар доранд. Дар баъзеи онҳо ҳатто ифтихори милливу соҳибдавлатӣ мушоҳида намешавад, баракс аз кишварҳои пешрафтаву муқтадир бо ифтихор ёд мекунанд. Ин зуҳурот барои бақои миллати мо оқибати ногувор дорад. Мо дар ин масъала ҷавонони кишварро куллан гунаҳкор карданӣ нестем. Баракс, дар ин ҷода бузургсолони мо гунаҳкоранд, ки моро дар ҳамин рӯҳия тарбия карданду ифтихор доштан аз миллати худро ба мо наомӯзонданд. Дар суҳбати гурӯҳи донишҷӯёне будам, ки байни худ бо гапҳои подарҳаво миллатро паст мезаданд. Суханҳои онҳо маро маҷбур намуд, ки дар суҳбати эшон бошаму сабабҳои чунин ақида доштани онҳоро фаҳмам. Ҳангоми суҳбат онҳо низ ба мо саволҳои худро пешниҳод карданд: «Мошин дорӣ? Дар шаҳр хона дорӣ? Маоши мегирифтаат чанд аст? ва ғ». Дар навбати худ онҳо мисол меоварданд давлатҳои пешрафтаро, ба монанди Русия, Амрико. Орзуи дар он давлатҳо зиндагӣ кардан доштанд. Ҳарчанд фаҳмонидан хостам, ки яку якбора панҷ ангуштро ба даҳон гирифта намешавад. Он кишварҳо абарқудратанду бо давлати мо муқоисанашаванда. Онҳо мегӯянд, дар куҷое, ки зиндагии нағзу пули зиёд бошад, он ҷо барои эшон Ватан аст. Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки ягонтои онҳо боре ҳам аз Ватан берун набаромадаанд. Зиндагии мардуми бегонаро аз наздик надидаанду бо шароити зиндагии онҳо ошно нестанд. Акнун суол пайдо мешавад, ки чунин андешаву назарҳо дар тафаккури ҷавонон аз куҷо пайдо мешавад? Бояд ба ин савол посух ҷуст! МУҲОҶИРАТ ВА ҶАВОНОН Имрӯз як қисм мардони кишвари мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Онҳо дар назди кӯдакони хеш миллати бегонаро таърифу тавсиф мекунанд. «Эҳ, халқи рус дигар аст. Ба маоши он ҷо зиндагии шоҳона мегузаронӣ» ва монанди ин дигар таърифу тавсифҳоро мешунавем, ки ба гуфти эшон дили кӯдаконашонро ба зиндагӣ равшан мегардонанд. Лекин намедонанд, ки аз ин гуна равшаниҳо рафта-рафта рӯи мил-

6

Тоҷик миллат аст! Калонсолон дар назди ҷавонон зиндагии даврони шӯравиро тарғиб накунанд латро торикӣ фаро мегирад. Дар ниҳоди ҳамин гуна одамон зарае ҳисси миллӣ дида намешавад. Ба қавли дигар онҳо барои фарзандони хешу ҷавонони кишвар хизмати хирсона мекунанд. Кӯдаки хурдсол ё ҷавон ба кӯча баромада, дар назди ҳамсабақонаш аз забони падараш чунон таъриф мекунад, мисли оне, ки чандин сол дар он ҷо будасту аз тарзи зиндагии онҳо бохабар аст. Ин як сабаби бегонапарастӣ ва беифтихории ҷавонони мо аст, ки падарону бародарони бузургамон ба мо омӯзондаанд. Чаро калонсолони мо дар Русия бо чи азобу машақат пул ба даст овардану аз ҷониби шаҳрвандони ин кишвар борҳо латукӯбу ғорат шуданашонро ба фарзандон намегӯянд? Чаро дар давлати бегона аз зану фарзанду пайвандон дур зиндагӣ карданро ба фарзандону бародарони ҷавони худ

ки аз забони хурду бузург садо медиҳад. Кадом кори бад, ки аз ҷониби ягон ҷавон аз нофаҳмӣ ё ноуҳдабароӣ содир шуд, ба ҷои он ки аз ҷониби бузургону устодон роҳи дурусти он фаҳмонида шавад, бо ин ҷумла баҳо дода мешавад: «Мо тоҷикем-ку!». Чаро имрӯз ин қадар ҷавонону наврасони мо дар хориҷ аз кишвар муаррифгари миллату давлатанд, барои дастгирӣ, ифтихор аз тоҷик буданашон “Мо тоҷикемку!” намегӯем? Имрӯз варзишгарони мо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчами кишварро дар зинаҳои ифтихорӣ парафшон мекунанд, чаро «Мо тоҷикем” - гуфта намефахрем? ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ БА ҶАВОНОН ЧӢ РАБТ ДОРАД? Аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 24 сол сипарӣ гашт,

Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷик будем. Ҳоло «ик» ҳастем». Ба қавли онҳо Иттиҳоди Шӯравӣ «биҳишти рӯи замин буд». Лекин дар шароити ҳозир тарғибу ташвиқи он барои насли наврас ба манфиат нест. Шояд калонсолон ҳақ бошанд, чунки мо бо чашми сар надидаем. Вале ҳарчи буд гузашт, оҳу воҳ кардану афсӯс хӯрдан фоида надорад. Акнун бояд давлати миллии худро созем, то барои мову насли оянда мисли Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагии идеалӣ фароҳам шавад. Имрӯз қисми зиёди ҷавонони мо ба як ҳолати сардаргумӣ гирифторанд. Намедонанд ба кӣ ё чӣ бовар кунанд. Кӣ онҳоро ба ин ҳол гирифтор намуд? Бо боварӣ ва дили пур мегӯям, ки аввал волидон баъдан муаллимон! Чунки ин ду гурӯҳеанд, ки барои

тарғиб мекунанд? Чаро онҳо сухан ё амалеро анҷом намедиҳанд, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва илмомӯзӣ тарбия намоянд? Аксар ҷавононро мепурсӣ, баъд аз хатми мактаб таҳсилро дар куҷо давом медиҳӣ, дар ҷавоб мегӯяд: «Эҳ, хонданаш ҳама гап аст, падарам гуфт, билет мегирам, пеши худам биё, пул кор кун». Ин ҳама омиле ҳаст, ки дар ҷавонон ҳиссӣ бегонапарастию бадбиниро нисбати миллат зиёд мекунад. Ба ин ҳама ҷавонон гунаҳгор нестанд! Ин бегонапарастиро падаронамон, яъне бузургон таълим додаанд!

аммо то ҳол волидону муаллимон бароямон ҳамон сиёсатро тарғиб мекунанд. Аз муаллим то прафессору академикҳо афсуси он давронро мехӯранду ба ҷои дарсгузарӣ ҳамон сиёсатро ба ҷавонон тавсиф мекунанд. Ҳарчанд мо - ҷавонони даврони истиқлолият он давраро надидаем, аммо аз шунидану тарғиби зиёд гоҳо аз дер таваллуд шуданамон афсӯс мехӯрем. Зеро дар тасаввури ҷавонон чунон ҷо кардаанд, ки гӯё Иттиҳоди Шӯравӣ ягона давлати идеалӣ буд. Аз тарърифу ташвиқи зиёд дар шуури ҷавонон чунон таъсир расонидаанд, ки гӯё «Иттиҳоди Шӯравӣ намебуд, мардуми тоҷик аз гуруснагӣ мемурд». Ин ҳам далели сеюм аст, ки ҷавонон, нангу номус ва ғурури миллии онҳоро дар орзуи чизи набуда мекушад. Баъзе муаллимон дарси сиёсат гуфта, аз минбар бо ифтихор таълим медиҳанд: «мо ҳоло миллат нестем, мо дар даврони

ҷавонон роҳнамо ҳастанд ва метавонанд, ки ҷавононро аз ҳама кори неку бад баргардонанд. Муаллим, ки ба унвони роҳнамо таъкид мешавад, дар ин ҳолат чӣ гуна роҳнамои насли ҷавон шуда метавонад, дар ҳоле худ аз ин ҷавонон ва аз ин миллату давлат ифтихор надошта бошад? Барои сохтани «биҳишти рӯи замин» роҳнамои асосӣ волидон ва муаллимон ҳастанд, на каси дигар! Имрӯз Тоҷикистони мо давлати озод аст. Мардуми тоҷик расму оин ва фарҳани худро идома медиҳад. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки аксарият халқиятҳо бо расму оини худ аз байн рафта истодаанд, мо ҷавононро зарур аст, ки барои муаррифии миллату фарҳанги худ ҷаҳд намоем. Барои ин ба ҷавонони кишвар роҳнамоии ватандӯстона мебояд, на бегонапарастӣ! Дар баробари Ҳукумати киш-

“МО ТОҶИКЕМ-КУ!» Ин иборае аст, ки месазад дар байни чандин халқиятҳо бо ифтихор аз тоҷик будани худ ба забон орему барои муваффақиятҳои ҷавонони миллатамон “МО ТОҶИКЕМ” - гӯён кафкубӣ намоем. Аммо имрӯз он тобиши манфӣ гирифта, чунон маъмул ва серистеъмол шудааст,

вар, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо ҷавононро дастгирӣ мекунад, калонсолону атрофиён низ бетараф набошанд. Зеро муҳит низ барои ҷавони солимро ба воя расонидан таъсири зиёд мерасонад. Барои ҳар як падару модар ва онҳое, ки дар ниҳодашон зарае ҳисси ватандӯсӣ бошад, қарз аст, ки ҷавононро дар роҳи ватандӯстӣ тарбия намоянд. Дар бисёр ҷойҳо аз рафтори ҷавонон интиқод карда, онҳоро ба бесаводӣ мутаҳам мекунанд. Ягон ҷавон аз модар дузду одамкуш таваллуд намешавад. Ин бузургсолон ҳастанд, ки онҳоро дар ҳамин рӯҳия тарбия мекунанд ва ё ба ҳамин ҳолат маҷбуран гирифтор месозанд! Дар донишгоҳҳо барои донишҷӯёни курси якум дарси фарҳангшиносӣ мегузаранд. Хуб мешуд, ки дар курси якум дар баробари ин дарсҳо дарси фарҳанги миллӣ ташкил намоянд, то ҷавонони мо аз фарҳанги қадимаи миллати худ огоҳ гарданду расму оин ва фарҳанги кишвари худро бо фарҳанги бегона муқоиса карда тавонанд. Инчунин, барои дарс гуфтан муаллимоне интихоб шаванд, ки воқеан ҳам дорои завқи баланд ва дӯстдори ин миллату давлат бошанд, то тавонанд завқу ғурури ҷавононро бедор кунанд. Ҳар як падару модар барои фарзанд дар хурдӣ идеал аст. Пас биёед барои фарзандони худ ватандӯстиро тарғиб кунем, то онҳо дар ҳамин рӯҳия тарбия ёбанд. Баъзеҳо, мутаассифона як қисми равшанфикрон ҳам бар ин назаранд, ки тоҷикон то ҳол миллат нашудаанд. Мо мегӯем, бо ин гуна андешаву ифтихор шумо ҳеҷ гоҳ миллат намешавед. Зеро инҳо нафаронеанд курдил, нобино, ношукр, ноасл, беимону беномус! Бо ин гурӯҳ оё метавон миллату давлат сохт? Ҳаргиз на! Ин тоифаро равшанфикри миллат гуфтан ҳам дуруст нест, балки онҳо курони миллатанд!!! Ин гурӯҳ муваффақиятҳои миллатро дар ин муддати кӯтоҳ дида наметавонанд, аз дастовардҳои ҷавонони кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ шукргузорӣ намекунанд. Агар мо миллат намебудем, кайҳо таърих моро фаромӯш мекард, имрӯз соҳиби давлат намебудем! Мо - ҷавонон бо ифтихор мегӯем: МО МИЛЛАТ БУДЕМ, ҲАСТЕМ ВА МЕМОНЕМ!!! Шодихони НАЗАР, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


Истиқлолият – бақои миллат Тоҷикистони соҳибистиқлолу бароямон азиз имрӯз ид дорад! Иди Истиқлол, иди озодию мустақилият, иди эҳёи давлатдорӣ, иди худшиносию худогоҳӣ, ватанпарварию инсондӯстӣ! Дар фазои сулҳу дӯстӣ 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро ҷашн мегирем! Истиқлол озодиву шукуфоӣ, роҳи кушода барои бунёдкориву созандагӣ, амалӣ намудани орзуву ормони деринаи миллати тоҷик аст! Истиқлолият эҳёи давлатдории нави миллати тоҷик, ба арсаи байналмилалӣ баромадани тоҷик ва муваффақ шудан ба обрӯву нуфуз ва шинохти ҷаҳониён мебошад! Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст, ки бузургтарини онҳо ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ мебошад. Хушбахтона, имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Истиқлолияти Тоҷикистон барои мардуми тоҷик хушбахтиест, ки арзиши он беинтиҳост. Тоҷикон аз кадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Чунки халқи тоҷик аз ҷумлаи миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад, ки ин нерӯи ботинӣ моро аз нестӣ наҷот бахшид. Шукргузори онем, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз соҳиби давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона гардидааст. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар души ҳар як шаҳванди он, махсусан ба насли ояндасозии миллат - ҷавонон вобаста аст. Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши онҳо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ масъулияти бузург аст ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ кӯшиш намоем. Барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон мо масъулияти бузурге ба дӯш дорем. Ояндаи Тоҷикистон, ки ба ҷавонон таллуқ дорад, пас онҳо бояд ба ҷаҳониён исбот намоянд, ки миллати тоҷик миллати сулҳпарвару меҳанпараст аст. Ҷавонон кӯшиш намоянд, ки ин дастоварди худро то ҷовидон нигаҳ доранд! “Ҷавонони Тоҷикистон”

9 СЕНТЯБР - РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Қадрдонии беҳтаринҳо дар арафаи Рӯзи Истиқлолият 8 сентябр бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази фарҳангии ҷавонон “Ориёно” чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар он устодону донишҷӯён, варзишварон ва доираи васеи ҷавонон иштирок намуданд. Дар оғоз Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамаи иштирокчиёнро бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Таъкид кард, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо буда, тавассути он миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шуд. Ҳамзамон, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар чорабинии тантанавӣ масъулин роҷеъ ба муҳимияти Истиқлолият ва дастовардҳои бадастомада дар ин давра андешаронӣ намуда, ҷавононро ба пос доштани арзишҳои миллӣ ва пойдории Истиқлолият даъват намуданд. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба як қатор устодону варзишгарон, роҳбарони мактабҳои варзишӣ ва ҷавонони фаъол, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳм гузоштаанд, “Сипоснома” тақдим карда шуд, аз ҷумла, Алиаҳмад Мӯсоев, директори Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои обӣ, Дилбар Шарифова, раиси Федератсияи олимпиадаи махсуси Тоҷикистон, Аҳмадҷон Умаров, сармураббии Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои обӣ, Фаридун Наврӯзов, хонандаи Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпӣ, Шӯҳрат Шонов, Азизбек Алиев, Азиза Холиқова, Дилором Уроқова, Нигора Хушқадамова, Шаҳриёр Даминов, Низом Сангов ва Ҳалим Набиев.

Ҳамзамон, варзишгарони маъруф Мавзуна Чориева ва Шоира Зулфиқорова барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи варзиш, муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва комёб гардидан ба натиҷаҳои назаррас ва Муҳаммадсафои Ҳасан, сармуҳаррири Идораи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ва чанд нафар хабарнигори дигар барои саҳми арзанда дар татбиқи си-

ёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди сайёҳӣ тавассути шабакаи телевизионӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷом аз ҷониби ҷавонони фаъол шеърҳо дар васфи Истиқлол қироат карда шуда, барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Неъмате беҳтар зи Истиқлол нест Истиқлолият барои ҳар миллат беҳтарин неъмат аст. Соҳибистиқлолӣ сари баланду ифтихор ва нишони соҳибдавлативу соҳибватанист. Ҳастанд дар дунё миллатҳое, ки барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ солҳост талош доранд. Маънои аслии Истиқлолият озодӣ аст. Сад шукр, ки ҳамин неъмати бузург 24 сол аст, ки насиби мо гардида ва мо дар фазои озодии комил кору эҷод дорем. Имрӯз аз файзи истиқлолият дар партави ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус сиёсати одилона, дурбинона ва пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар муддати 24 соли соҳибдавлатӣ ободу зебо гардидааст. Бунёди истгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, яъне, раҳоӣ аз буҳрони энергетикӣ, сохтмони роҳҳои бозгӯи талаботи стандартҳои байналхалқӣ, таъмини сокинони кишвар бо маводи хӯрока, эъмори манзилҳои истиқоматӣ, бунгоҳҳои маданӣ-маишӣ аз эъмори кӯдакистонҳо сар карда то мактабҳои олӣ, эъмори қасрҳову кушкҳо, муассисаҳои маърифатию варзишӣ ва ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хурду бузурги дунё ҳама аз он тадбирҳоеанд, ки давоми соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ба халқи бузургамон

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд ва онҳоро барои корнамоиҳои нав ба нав ҳидоят мекунанд. Дар ин муддат тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии кишварамон таҳким ёфт ва таҳкими давлатдорӣ ба рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллии ҷумҳурӣ таъсир расонд. Аз солҳои аввали истиқлолият кӯшиши ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бунёди корхонаву коргоҳҳои замонавӣ, афзоиши истеҳсолоти ватанӣ, барои аз кишвари истеҳсолкунандаи ашёи хом ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додани Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишварамон ба ҳисоб меравад, ки инро борҳо гаштаву баргашта Сарвари давлат дар суханрониҳои хеш такрор мекунанд. Бигузор ин неъмати бебаҳо - муқаддасоти давлатдории миллӣ бо забони модарӣ, ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии мову шумо бошад. Алихон ХИДИРОВ, ноҳияи Фархор

7


9 СЕНТЯБР – РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН 9 сентябр барои ҳар тоҷик, ҳар фарди худогоҳу худшинос ҳамчун рӯзи муборак дар хотир боқӣ хоҳад монд. Зеро бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи 12-уми Шӯрои Олӣ Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки ин воқеа роҳу равиши давлат ва тақдири мардуми кишварро ба куллӣ дигар кард. Истиқлолият орзуву омоли мардуми тоҷик буд. Инак бисту чор сол мешавад, ки мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарем. Тоҷикистон аз ҷониби зиёда аз 150 давлати дунё шинохта шуда, бо кишварҳои мухталифи дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, дастовардҳои сокинони кишварамон, аз ҷумла наврасону ҷавонон сол ба сол афзун мегардад ва ин ба он боис мешавад, ки Тоҷикистон тадриҷан ба марҳилаи нави рушду инкишоф ворид гардад. Тавре шоир фармудааст: Номи истиқлол чун ҳар гӯшаи кишвар гирифт, Давлати моро ҷаҳон ҳам зери болу пар гирифт. Албатта, дар таърих борҳо мушоҳида мешавад, ки истиқлоли комили милливу давлатӣ осон ба даст намеояд ва мушкилиҳои зиёдеро барои расидан ба он бояд паси сар кард. Вазнинтарин воқеаи даврони истиқлолият ҷанги шаҳрвандӣ буд. Агарчи замина ва омилҳои дохилии ҷанги шаҳрвандӣ низ буданд, асосан омилҳои беруна, ҳасудии бадхоҳони миллат асос барои шурӯи ҷанг шуд, ки барои таҳкими истиклолияти комил мушкилӣ эҷод кард. Ба гуфти шоир: Яке дар фикри истиқлоли давлат, Дигар андар пайи озори миллат. Аз ин рӯ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 аз дастоварди асосии даврони Истиқлолият маҳсуб мешавад, чун заминаи мусоид фароҳам овард, барои рушд ва инкишофи босуботи кишвар. Бояд гуфт, ки иқдомҳои оқилона ва хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи парокандашавии миллатро гирифт ва Тоҷикистонро бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ - СММ (Созмони Милали Муттаҳид), САҲА (Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо) ва Созмони конфронси исломӣ пайваста, барои тараққии давлат роҳ кушод. Фазои сулҳу ваҳдат созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар

8

пойдор ва файзу баракат, ободиву осоиштагӣ насиби ҷомеаи тоҷикистонӣ гардид. Ба муомилот баромадани аввалин асъори миллӣ дар таърихи мардуми тоҷик, ки гардиш дорад, аз дастовардҳои дигари ин даврон аст. Ислоҳоту дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сохтмони кӯпрукҳо, туннелу роҳҳо, нақбҳо, аз ҷумла нақбҳои Анзоб, Шар-Шар, Истиқлол, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна ва олии касбии замонавӣ, толору майдонҳои варзишӣ барои ҷавонон, нерӯгоҳҳои хурду бузург ба монанди “Сангтуда-1”, “Сангтуда-2” ва кӯшиши сохтмони НБО “Роғун”,

Сино, Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Имоми Аъзам, Турсунзода, Ҳамадонӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб имконпазир ва аз ҷониби мардуми кишвар сазовор таҷлил гардиданд. Мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош, ки Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад, барафроштани Парчами давлатии дорои андозаи 60Х30 дар баландии 165 метр дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳз шаҳодати файзи истиқлоланд. Дар Тоҷикистони соҳибихтиёр чун мавқеи асосиро ҷавонон

мамлакат баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Ташаккул ёфтани заминаи меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис ёфтани мақомоти давлатии ваколатдори кор бо ҷавонон (Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), баҳри дастгирии олимони ҷавон таъсис гардидани 12 адад Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, бо мақсади аз лиҳози моддӣ ва

ки дар ин ҳамоишҳо масъалаҳои зиёди мубрами ҳаёти наврасону ҷавонон баррасӣ ва ҳал гардиданд. Ба ҳамин монанд дастовардҳо хеле зиёданд, ки аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба насли ҷавон шаҳодат медиҳад. Имрӯз, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мо - ҷавонон бояд таблиғгари мероси арзандаи ниёгон бошем. Зеро дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгон

инчунин дигар иншооти ҳаётан муҳим, баргузории конфронсҳои байналмилалӣ бо шумори зиёди иштирокчиён аз даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳо аз давлатҳои мухталифи дунё, чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ, баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ на танҳо аҳамияти бузурги фарҳангиву иқтисодӣ дорад, балки шароити муносиби зиндагиро барои сокинон таъмин ва барои боз ҳам мустаҳкам гардидани истиқлолияти комили ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Ғалабаи пай дар пайи наврасону ҷавонон дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалию ҷаҳонӣ, дар озмунҳои зеҳниву фаннӣ дастболо гардидани онҳо, дар мисоли фанҳои дақиқ ва ихтироъкорӣ ва дар маҷмӯъ музаффариятҳои наврасону ҷавонон падидаҳоеанд, ки метавон онҳоро аз навгониҳо ва дастовардҳои даврони Истиқлол унвон кард. Ба туфайли Истилолият доир намудани ҷашнвораҳои фарҳангӣ оид ба мероси аҳли илму фарҳанги форсу тоҷик, аз қабили гиромидошти тамаддуни Ориёӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, ки аввалин давлати тоҷикон буд, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Ибни

ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ин қишри ҷомеа афзунтар аст. Онҳо такягоҳ, умед ва ифтихори ҷамъият мебошанд. Чи хеле ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд: “Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб мешаванд”. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо воқеан ҳам ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии кишвар имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Умуман, дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Ҷавонон рамзи бақои миллат ва имрӯзу фардои он мебошанд. Дар зарфи 24 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати

моҳияти иҷтимоӣ дастгирии наврасону ҷавонони лаёқатманд таъсиси 300 адад Стипендияи Президенти ҷумҳурӣ, Стипендияи байналмилалии Президент “Дурахшандагон”, Квотаи Президент барои ҷавонони ноҳияҳои дурдасти мамлакат, 23 май эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, қабул шудани барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон - Барномаи ҷавонони Точикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон мебошанд. Дастоварди дигари бузурги ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ, аниқтар дар соли ҷорӣ таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мақсад ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давалтии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Боиси ёдоварист, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ Сарвари кишвар панҷ маротиба бо ҷавонони кишвар бевосита мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом доданд,

бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳуввияти миллӣ хоҳад буд. Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ иборат аст аз шинохти мавқеи таърихии худ, мавқеи имрӯза ва ояндаи миллат ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ. Яке аз арзишҳои қимати маънавии мардуми мо ҳисси ифтихор аз мероси пурғановату оламшумули гузаштагон аст, вале танҳо ифтихор нокифоя аст, балки ба қадри он расида тавонистан, аз он баҳрабардорӣ намудан, ба оламиён муаррифӣ намудани паҳлӯҳои норавшани он муҳимтар аст. Мо умедворем, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунанд ва дар таҳкими вахдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушду ободии Ватани азиз ва боз ҳам боло бурдани обрӯву нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дастоварди ҷавонон дар замони Истиқлолият

Мавсума МУИНӢ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


9 СЕНТЯБР – РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолият имкониятҳои зиёд фароҳам овард

Барои ҳар кишвар бузургтарин ид Рӯзи Истиқлолият аст. Бистучор сол пеш баъди аз байн рафтани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои бародарӣ яке паси ҳамдигар соҳиби истиқлолият гардиданд. Мо хушнуд будем, ки истиқлолият ба мо хеле осон ва сабук муяссар шуд. Афсӯс, ки ба истиқлолияти осон насибгашта чашми бад расид ва кишвари ҷавони мо ба ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷаи ин фоҷиаи миллӣ ҳазорон ҳамватанонамон ҷони хешро аз даст доданд, даҳҳо ҳазор нафар гурезаю овора шуданд. Зарари иқтисодии ин ҷанги бемаънӣ зиёда аз 7 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди барқароркунӣ вусъат гирифт. Хонаҳои сӯхтаю валангор дубора барқарор шуданд, гурезагон ба Ватан баргаштанд, вале дарду доғи азизони фавтидагону ҳасрати ятимонро фаромӯш намудан мушкил аст. Шукри Худо, ки бо роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ суботу амният пойдор гашт. Пойдории сулҳу субот ба пешрафту ободонии кишвар роҳ кушод. Садҳо километр роҳҳои нав сохта шуда, нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Танҳо дар 2-3 соли охир симои шаҳри Душанбе тағйир ёфта, иншооти хуштарҳ қомат афрохтанд. Танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат дар масоҳати умумии 418,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 136,2 дарсад зиёд аст. Дар ин муддат барои 2288 талаба мактабҳои таҳсилоти умумӣ, барои 235 ҷой муассисаҳои томактабӣ ва чанд дармонгоҳ ба истифода дода шуд. Пеш аз Истиқлолият барои бунёди ҳар як иншоот аз Маскав иҷозат гирифтан лозим меомад. Истиқлолият имкон дод, ки бо тамоми кишварҳои ҷаҳон бо назардошти манфиати пешрафти иқтисод ва рушди илму фарҳанги ҷумҳурӣ муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд дошта бошем. Бунёди нақбҳои “Истиқлол”-у “Озодӣ”, “Чормағзак”, “Шаҳристон” баистифодадиҳии хатти баландшиддати барқи “Шимол – Ҷануб”, бунёди силсилаи пулҳо дар рӯди Панҷ ва садҳо иншооти муҳими дигар натиҷаи чунин ҳамкориҳои судманд аст. Бо он потенсиали ақлонӣ, фарҳангӣ ва захираҳои табиие, ки Тоҷикистон дорад, қодир аст, ки аз ҳар гуна бӯҳрон наҷот ёфта, рушду равнақи иқтисодиётро таъмин намояд. Худованд ба кишвари кӯҳистони мо шароити мусоиди иқлимӣ-табиӣ ато намудааст. Имрӯз нарху навои меваю сабзавот дар бозорҳои кишвар нисбат ба бозорҳои аксар мамолики ҳамсоя арзон аст. Пеш аз истиқлолият қисми зиёди заминҳои обии кишвар танҳо ба кишти пахта банд буд. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аз сиёсати якказироатӣ (монокултура) даст кашида, ислоҳоти соҳаи кишоварзиро ба роҳ монд. Дар натиҷа, сол то сол содироти маҳсулоти кишоварзӣ рӯ ба афзоиш мениҳад. Чунончи, аз рӯи маълумоти Вазорати кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 4 миллиарду 967,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 6,9% зиёд аст. Дар ин давра ба хориҷи мамлакат 99 000 тонна сабзавот, 1954 тонна меваи тар, 37 248 тонна меваи хушк содир карда шуд. Дастовардҳои нав ба нави иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар боиси устувории истиқлолият гардида, барои афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистони азиз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Ҳадафи ҳар яки мо бояд ободию пешрафти Тоҷикистон бошад. Зеро дар саросари ҷаҳон моро бо номи мамлакати ягонаамон – Тоҷикистон мешиносанд. Пешравии Ватан боиси сарбаландии ҳар яки мо мегардад. Тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии ҷашни истиқлолият муборакбод гуфта, таманнои онро дорем, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу амнияту осоиштагӣ ҳамеша дар ин сарзамини бостонии мо пойдор бошад ва хонадони ҳар як тоҷикистонӣ пур аз файзу баракату сафо ва самимият! Ҳабибулло АКРАМОВ, судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Истиқлолият занонро соҳибмақом кард Имсол мо 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем. Истиқлолияте, ки барои Зан - Модари тоҷик озодӣ, ободӣ ва сарҷамъии миллатро арзонӣ дошт. Оре, Модар сабзтарин барги хилқат, боғбони бӯстони зиндагии мост. Ҳамаи мо – инсонҳо дар домани поки ин мазҳари раҳмати лутфи илоҳӣ чун чашмаи меҳрубониву сафо камол меёбем ва боиси ифтихор аст, ки бонуи тоҷик имрӯз дар ҷомеа мақому манзалати воло дорад. Рӯзҳои сахт, оғози солҳои соҳибистиқлолӣ чӣ душвориҳо буданд, набояд фаромуш кард. Шукрона бояд кард, ки мардуми мо аз ин имтиҳони сангини қисмат бо раҳнамоии марди шуҷоъ, сиёсатмадор ва роҳбари хирадманд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона баромад ва дастовардҳою самараи ин сиёсат имрӯз барои ҳамагон рӯшан аст. Тоҷикистон, хонаи ҳамаи тоҷикони рӯйи олам гардид. Мо дар баробари устувор намудани пояҳои давлатдорӣ, ба рушди соҳаҳои мухталиф ноил гардида, дар сиёсати байналхалқӣ низ мақоми шоистаро соҳиб шудем. Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар давоми солҳои Истиқлолият занон дар ҳамаи соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гаштанд. Суханони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон - «ҷомеае, ки ба Зан - Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад» - асоси сиёсати давлати куҳантаъриху навбунёдамон нисбат ба ин чашмаи ҳаёт гардид. Тибқи ин сиёсат пайиҳам санадҳое ба имзо расиданд, ки боварии занонро ба оянда таъмин намуданд. Барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», барномаҳои давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд», «Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо» қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо ба беҳбуди минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияташон мусоидат менамояд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки тибқи қарори махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар сол барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои навӣ корӣ гранти Президент ҷудо мешавад. Имрӯз занон дар мақомоти гуногуни давлатӣ кору фаъолият доранд. Яке аз муовинони Сарвазири мамлакат ба танзим ва ҳаллу фасли масъалаву мушкилиҳои занону оила машғул буда, 6 нафар раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби занонанд, 4 нафар зан роҳбарии вазорату кумитаҳоро бар дӯш дошта, 48,2 дарсади вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро занон

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

ташкил медиҳанд. Тибқи Квотаи Президенти ҷумҳурӣ айни замон 123 нафар духтар соҳиби маълумоти олӣ гашта, дар сатҳҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият доранд. Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини истиқлолияти иқтисодии занон низ чораҳои мушаххас меандешад. Корхонаву ташкилотҳои зиёд ба хоҷагиҳои деҳқонӣ мубаддал шудаанд, ки занон низ роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро бар дӯш доранд, баҳри бо кор таъмин намудани занону духтарони деҳот, инчунин корхонаҳои хурди зиёде ташкил шудаанд. Ба соҳибкорӣ машғул шудани занону бонувон, фаъолияти озоду бемонеаи занон дар ҳамаи самтҳо гувоҳи ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ҳаёти инсон чунин сохта шудааст, ки одамон бо чӣ касбе машғул набошанд ва дар кадом сохтори давлатию ҷаъмиятие, ки фаъолият надошта бошанд, пеш аз ҳама узви оилаанд ва зимни адои ин вазифа масъулият дар зиндагии оилавӣ, аз таваллуди фарзанд, риояи суннатҳои милливу маҳаллӣ, арҷ гузоштан ба анъаноҳои неки аҷдодиро ба ҷо овардан аст. Чун бо ибтикори Сарвари давлат соли 2015 Соли оила эълон шудааст, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар яки мо тавонем оиларо солим, мустаҳкам ва сарҷамъ нигоҳ дорем, Дар давоми солҳои Истиқлолият бо вуҷуди мушкилиҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта шуда, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ оғоз ёфтаанд: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёду ба истифода додани марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, мо имкон пайдо кардем, асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллӣ ба хотири иҷрои рисолати пурифтихори таърихӣ - эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҷомеаи навини давлати соҳибихтиёру озод ва зиндагии осудаю босаодати наслҳои имрӯзу фардо эҳё намоем. Пас бошад, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас Истиқлолияти давлатамонро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва фарзандони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда тавонанд ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт кунанд. Зулфия ДАВЛАТЗОДА

9


9 СЕНТЯБР – РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН Истиқлол! Эй мафҳуми муқаддас, эй вожаи гӯшнавоз, эй калимаи дилпазир! Эй сухане, ки қиматат барои ман на камтар аз қимати МодарВатан аст! Истиқлол! Эй, муродиф ва ифодагари озодӣ, сулҳ, ваҳдат, саодат, ҳамдилӣ! Қариб чоряк аср пеш ман орзӯ доштам, ки рӯзе расаду ту саросари хоки муқаддаси аҷдодии маро фаро гирӣ. Марзу буми Ватан-Модар – ҷону тани маро аз накҳати мушкбезат атрогин намоӣ. Ин танҳо орзӯи ман не, орзӯи он замон афсонаосои қариб ҳамаи пиру барнои ин сарзамин буд. Ҳамду сано бод, Офаридгорро, ки моро расонд ба ин таманноямон, ба ин ормонамон! Туро мепарастам, Истиқлол! Зеро ту бароям фиристодаи Худовандӣ. Зеро ту, парастишро сазоворӣ. Буд замони на чандон дуре, ки забони модарии ман дар беҳтарин маврид дар ними олам кор меомад. Андеша мекунам ва аз лавҳи хотирам мегузарад, замоне ки дар толорҳои пуродам бо вуҷуди набудани ақаллан як нафар рус маҷлисҳо бо забони русӣ мегузаштанд. Кор ба андозае буд, ки ҳатто садри маъракаҳои тӯйҳои арӯсию домодӣ бо забони русӣ барандагӣ мекарданд. Дар ягон идора, чи хурду чи бузург, ягон ҳуҷҷати расмӣ ба забони тоҷикӣ навишта намешуд. Истиқлол! Маҳз ту забони модарии маро ҷони нав, рўҳи нав, нерӯи нав бахшидӣ. Ин аст, ки имрӯз забони модарии ман аз баландтарин ва бонуфузтарин минбари саёраи Замин – Созмони Миллали Муттаҳид садо медиҳад. Ин аст, ки имрӯз забони модарии ман забони муоширати байни миллатҳо, забони маҷлису

ҷамъомадҳо, забони конфронсҳои байналмилалӣ ва нишастҳои минтақавист. Забони модарии ман забони садою симо, забони матбуот, забони коргузорӣ дар ташкилоту созмону идораҳост. Истиқлол! Ҳоло чизеро ёдовар мешавам, ки дар борааш қариб нагуфтаам. Соли 1988 ба шаҳри Уст-Каменогорскии Ҷумҳурии Қазоқистон ба сафари хидматӣ рафтам. Вақте, ки номи Тоҷикистонро мегирифтам, кор-

рону катбонувонаш бо чирадастии хеш оламиёнро ба ҳайрат оварданд. Адибону суханварон, санъаткорону варзишгаронаш аз Амрико то Ҷапон мухлис доранд. Агар медалҳои тиллову нуқраи донишмандон ва варзишгарони ҷавону навраси тоҷикро, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба даст овардаанд, ба уштур бор кунем, миёнаш мешиканад. Эй Истиқлол! Ман наметавонам, дар бораи Душанбе - пойтах-

меҳмонсаройи «Пойтахт» буданд. Баъдтар биноҳои Хонаи маорифи сиёсӣ, имрӯза Кохи «Ваҳдат» ва қасри киною консертии ба номи Борбад, имрӯза Кохи Борбад пайдо шуданд. Ҳамон солҳо овоза буд, ки бунёдкунии кохи «Борбад»-ро роҳбарияти вақти ҷумҳурӣ чун бинои истифодааш тамоман дигар гуфта, дар Маскав ҳимоя кардааст. Яъне, мо ҳуқуқ ё имконияти ҳатто дар пойтахтамон бунёд кардани биноҳои қолабии андаке зебою

мандони ташкилоту сохторҳои фарҳангию таърихии ин шаҳри асосан руснишин мепурсиданд: «Таджикистан, это Ташкент?» Аз байни 15 байрақи ҷумҳуриҳои шӯравӣ ақаллан як нафаре пайдо нашуд, ки байрақи Тоҷикистонро шиносад. Ҳамин хел ҳолат дар шаҳри Кишинёв – пойтахти Молдоваи бародарии онвақта низ рух дод. Ҳоло чӣ? Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон мешиносанду медонанд, эҳтиром мекунанду арҷ мегузоранд. Байрақаш қариб дар 130 кишвари ҷаҳон, болои консулхонаю сафоратхонаҳояш парафшонӣ мекунад. Чойи сабзи тоҷикиро дар чойхонаи сирф тоҷикии давлати Олмон - дили Аврупо нӯши ҷон менамоянд. Тавассути бонуфузтарин сохтори Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО санъаткорони тоҷик дар афсонашаҳри Париж доди рақсу суруду таронаро доданд. Наққошону нақшдӯзон, кандакорону мисгарон, зарга-

ти Ватани биҳиштосоям нагӯям. Душанбеи имрӯза Душанбеи 20 сол пеш нест. Маро ёд меояд, давраҳои наврасию ҷавониам, ки ба солҳои 60-70-уми асри гузашта рост меомад. Худ шоҳидам, ки авҷи рушди давлати Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамин солҳо оғоз ёфт. Акнун, дар замони авҷи рушди ин давлати абарқудрати ҷаҳон Душанбе - пойтахти яке аз ҷумҳуриҳои ба ҳайати ин давлат дохилшаванда ҳамагӣ ду бинои андак зебою тамошобоб дошт. Ин бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунист – имрӯза қароргоҳи дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинои Президиуми Совети Олии ҷумҳурӣ – имрӯза бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Аз биноҳои фарҳангӣ танҳо театри ба номи Абулқосим Лоҳутию Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, аз биноҳои маишӣ бошанд, чойхонаи «Роҳат» ва меҳмонхонаи «Душанбе», - имрӯза

хуштарҳро надоштем, чӣ расад ба биноҳои хусусияти тоҷикию шарқиёна дошта. Ҳоло чӣ? Дар дидану тамошои биноҳои зебою хуштарҳи осмонбӯс роҳгум мезанед. Ҳафтаҳо лозим мешавад, то онҳоро тавре ки бояд, бубинеду тамошо кунед. Танҳо кифоя аст бигӯям, ки агар ҳар касе Кохи «Наврӯз»-ро танҳо бино пиндорад, саҳв мекунад. Он дар баробари бинои муҳташаму қашанг будан, боз асари калонҳаҷм ва пурмазмуни адабиёту фарҳанг ва санъати тасвирист. Манзараҳои гирду атрофи ин маркази фарҳангу маърифтро тасвир кардан кори осон нест. Бо як сухан, ин кох Тоҷмаҳал аст - Тоҷмаҳали Тоҷикистон! Биноҳои Осорхонаи миллӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ ва бисёр дигарҳо дар зинаи худ ва таъиноташон аз ин монданӣ надоранд. Боз ёдам меояд, ягона боғи фарҳангу истироҳатии марказии ба номи Ленин. Боғе, ки аз

Қасидаи Истиқлол

нигоҳи он замон калонтарин буду аз нигоҳи ин замон хеле кӯчак аст. Солҳои ҷавонии мо одамон барои саворшавӣ ба ягона чархофалаки ин боғ соатҳо навбат мепоиданд. Имрӯз бошад, аз дидани боғҳои Ирам, Парчам, ба номи устод Рӯдакӣ, Нишони давлатӣ, Наврӯзгоҳ ва боғи истироҳату фарҳангии шаҳр чашму дили кас сер намешавад. Соҳилҳои дарёи Душанберо касе, ки то солҳои 90-уми асри гузашта дида бошад, агар имрӯз бинад, шояд ба чашмони худ бовар накунад. Шояд барои имрӯзиён афсона намояд, агар гӯям, ки паҳноии домони шаҳр аз ҷониби офтобнишин асосан то соҳили дарёи Душанбе буд. Дар заминҳои аз дарё то бемористони Қарияи боло ҷо-ҷо киштзорон ба чашм мерасид. Агар аз баландии кӯчаи Путовскии он вақтаю Амфитеатри имрӯза ба ин бемористон нигоҳ мекардӣ, он гӯё дар охири дунё менамуд. Кӯли ҷавонон ва варзишгоҳи марказӣ, ки номи Фрунзеро дошт, ҳамчунин шаҳракҳои Лучобу Калинин чун нуқтаҳои алоҳида ба назар менамуданд. Ҳоло бошад, домони Душанбешаҳр бо биноҳои хуштарҳи истиқоматию маъмурӣ ва маишию фарҳангӣ аз Зарафшон гузаштаасту ҳудудаш қариб то гардиши Шоҳамбарӣ расидааст. Бунёдкорию ободгардониҳо дар Хуҷанду Зарафшон, Бадахшону Раштон ва Ҳисору Вахшону Хатлон низ аз Душанбе кам фарқ мекунанд. Акнун шаҳру навоҳии ин манотиқ низ ободтару зеботар гаштаанд. Қасру кушкҳое бунёд шудаанд ва мешаванд, ки сокинони ин маҳалҳо дар хоб ҳам надида буданд. Бунёди роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ба ёдоварӣ эҳтиёҷ надоранд. Ҳамаи ин аз файзу саховати туст, Истиқлол! Ту арзандаи ҳар гуна мадҳу тавсифу таъриф ҳастӣ! Истиқлол! Ту сулҳу ваҳдатӣ, ишқу муҳаббатӣ, бахту саодатӣ, амну амниятӣ! Ту қиматӣ, Истиқлол, бебаҳоӣ! Касе туро қадр накунад, инсони комил нест ё ношукр аст, ё носолим! Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, шаҳри Қӯрғонтеппа

ДАСТИ ЁРӢ

Якуми сентябр дар саросари мамлакат Рӯзи дониш таҷлил гардид. Дар ин рӯз алалхусус шодию хурсандии муаллимону хонандагони деҳаи кӯҳдомани Тахти ноҳияи Ҳисорро ҳадду канор набуд.

10

Агар маърифати аҳолӣ баланд шавад Бо мусоидати Ташкилоти ҷамъиятии “Академияи наққошӣ” ва дастгирии молиявии дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба мактаби деҳа (№55) 50 миз ва 100 курсӣ тақдим шуд. Хонандагон соли нави таҳсилро дар синфхонаҳои таъмиршуда ва мизу курсиҳои нав оғоз намуданд. Директори мактаб Фазлиддин Исматов аз номи омӯзгорону хонандагон ба намояндагони САҲА ва ТҶ “Академияи наққошӣ” изҳори сипос намуда, дар фаъолияташон барору комёбиҳо таманно кард. Омӯзгори собиқадор Ҷунайдулло Абдуллоев дар суҳбат иброз дошт, ки мизу курсиҳои мактаб соли 1987 дастрас шуда, то имрӯз хеле фарсуда гашта буданд. - Дар мактаби мо 187 нафар хонанда дар 2 баст таҳсил мекунанд, - гуфт муовини директори мактаб оид ба тарбия Хайриддин Назриалиев. – Соли равон бо кӯмаку саҳмгузории соҳибкорони деҳа Абдуғафоор Исматов ва Бурҳониддин Холов ду

синфхона пурра аз таъмир баромад. Тақдими мизу курсиҳои замонавӣ кӯмаки саривақтӣ буда, шавқу рағбати хонандагонро ба таҳсил меафзояд. Деҳаи Тахт аз маркази ноҳия дур буда, зимистонаш нисбатан сарду тӯлонӣ аст. Шуғли сокинони деҳа асосан боғу токпарварист. Бонувон бештар ба нигоҳубини чорво ва кору бори хона машғуланд. Ташкилоти ҷамъиятии “Академияи наққошӣ” баҳри ҷалби бонувон ба ҳунарҳои мардумӣ ба 8 нафар бону дӯзандагиро ёд дода, ду мошини дарздузӣ тақдим намуд. Ин ҳашт нафар дар навбати худ ба духтарон ҳунари дӯзандагиро ёд медиҳанд. - Дар Аврупо мақоле ҳаст, ки “агар ба нафаре як моҳӣ диҳӣ, як рӯз сер мешавад. Аммо агар моҳидориро ёд диҳӣ, як умр сер хоҳад шуд”, - мегӯяд сарвари ТҶ “Академияи наққошӣ” Раъно Юлдошева. – Мо дар доираи лоиҳаи “Садои аср” қабл аз ин ҳам ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд, занону духтарони камбизоат ҳунарҳои дӯзандагӣ,

қолинбофӣ ва ғайраро ёд додем. Онҳо имрӯз мустақилона ашёи туристӣ, армуғон ва либосу қолин медӯзанд. Шогирдони мо дар намоишгоҳҳои туристӣ маҳсули дасти хешро ба маъраз гузоштанд. Барои мо ифтихор ва бахти баланд аст, ки дастпарваронамон худро аз лиҳози иқтисодӣ таъмин карда, дастнигари дигарон намешаванд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ соли 2015-ро Соли оила эълон намуд. Вобаста ба ин сана Раъно Юлдошева ба бонувони деҳаи мазкур чанд нусха роҳнамои ҳуқуқи оиладориро тақдим кард. - Ҳадаф аз ҳамаи ин иқдоми мо баланд бардоштани маърифати ҳамватанон аст, - афзуд Раъно Юлдошева. – Дастрас намудани васоили таҳсил, ёд додани касбу ҳунар, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ нигаронида шудааст. Ҳар қадар маърифати аҳолӣ баланд гардад, ҳамон қадар корҳои ободкорию созандагӣ вусъат меёбад.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ТУРИЗМИ Бешубҳа, яке аз неъматҳои бузурге, ки Худованд ба мардуми мо ато кардааст, обҳои зулолу шифобахши диёрамон мебошад. Дарёҳои серобу чашмаҳои минералӣ ва обашон гарм сарвати бузурги мулки моянд. Яке аз мавзеҳои дар дохили кишвару берун аз он маъруф Чилучорчашма мебошад. Ин мавзеи таърихӣ миёни ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Носири Хусрав ҷой гирифтааст. Ба ин ҷо аз тамоми Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат сайёҳон меоянд. Воқеан, миёни биёбони сӯзон мавҷуд будани Чилучорчашма мӯъҷиза аст. Аз ин ҷо 5 чашма ҷӯш зада, дар навбати худ ба 39 чашмаи нисбатан хурд тақсим мешавад, ки дар маҷмуъ 44 чашмаро ташкил медиҳанд. Мувофиқи ақидаи мардум ин чашма каромати ҳазрати Алӣ разиаллоҳу анҳу буда, гӯё 5 чашма нақши 5 ангушти он ҳазрат аст. Вале дар таърих ба ин ҷо омадани ҳазрати Алӣ (р) аниқ нест. Яке аз қадимтарин навиштаҳо дар бораи Чилучорчашма китоби “Сафар ба Қубодиён”-и

Абулқосими Балхӣ мебошад. Дар он омадааст, ки ин чашма дар соли 129 то мелод низ вуҷуд дошт. Дар асри IV ибни Ҳавқал ва дар асри VI ибни Завқӣ низ дар бораи мавҷудияти Чилучорчашма таъкид кардаанд. Маҳбубияти Чилучорчашма дар доштани хусусиятҳои шифобахшии он аст. Ҳар як чашма вобаста ба хусусияти табобатиаш ном дорад. Чунончи, “Чашмаи

Морон”, “Табларза”, “Хунукзадагон”, “Сардард”, “Бефарзанд”, “Гурда”, “Дилу ҷигар”, “Чашму гӯш”, “Хоришак” ва ғайра. Аз рӯи хулосаи олимон дар таркиби оби Чилучорчашма 9 намуди минерал ёфт шудааст. Ҳаводорони истироҳат дар чашмаи мазкур аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле зиёданд. Дар даврони шӯравӣ, ки раводид набуд, ба ин ҷо аз Туркманистону Ӯзбекистон зиёрат-

кунандагони зиёд меомаданд. Яъне, ин мавзеи сайёҳӣ аллакай тарғибшуда мебошад. Аз ин рӯ, танҳо инфрасохтори туризмро ба роҳ мондан лозим. Бо доштани ин қадар хосиятҳои шифобахш месазад, ки дар Чилучорчашма осоишгоҳи замонавӣ бо шароити беҳтари будубош сохта шавад, зеро мардуме, ки аз роҳи дур ба ин ҷо меоянд имкон ёбанд, ки 1-2 шаб истироҳат кунанд.

Ҳамчунин, барои кӯдакону наврасон поёнтар аз чашма таъсис додани лагер низ ба мақсад мувофиқ аст. Аз баракати омадани сайёҳон дар ин мавзеъ чандин ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад. Вақте маблағ ворид шуд, имкони бештар, сердолу дарахт кардани атрофи Чилучорчашма фароҳам меояд. Тавассути муҳарик ва лӯлаҳои пластикӣ метавон заминҳои бекорхобидаи ин

Чашмаи шифобахш дар биёбон

Ҷумҳурии мо на танҳо бо қуллаҳои сарбафалаку обҳои зулолу шифобахш ва олами бойи растаниҳову манзараҳои дилфиребаш, инчунин бо ҳайвоноту парандагони нодираш барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиб аст. Бори нахуст дар мамлакат 11 сентябри соли равон дар ҷамоати Вездараи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Фестивали дӯстдорони табиати ваҳшӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус мо бо сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Мулкамон Назаралиев мусоҳиб шудем. - Дар оғоз мегуфтед, ки ҳадаф аз баргузории ин фестивал чист ва ин чорабинӣ бо ташаббуси кӣ баргузор мегардад? - Табиати ваҳшӣ дар қатори дигар сарватҳо бойигарии кишвари азизамон ба шумор меравад. Шояд дар назари баъзе одамон ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ чандон аҳамият надошта бошанд, вале олимону сайёҳони ҷаҳон ба олами ҳайвонот таваҷҷуҳи зиёд доранд. Фестивали дӯстдорони табиати ваҳшӣ бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии “Кӯҳҳои Помир”, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ баргузор мегардад. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Раёсати маорифи ВМКБ, Бунёди Кристенсен, ташкилоти GIZ, шуъбаҳои фарҳангу маорифи ноҳияи Роштқалъа ва масъулони соҳаи туризми ноҳияву вилоят дастгирӣ ёфт. Ҳадаф аз баргузории фестивал ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаҳои кӯҳистонӣ ба ҳифзи захираҳои табиии минтақа, эҳёи фарҳанги ниёгон ва арзишҳои беҳтарини инсонӣ дар оқилонаву самаранок истифода бур-

мавзеи таърихиро ба боғу гулзор табдил дод. Ҳамчунин, оби ҳар як чашмаро тибқи тавсияи табибон дар зарфҳо гирифта, метавон ҳамчун оби табобатӣ ба фурӯш баровард. Аммо ҳатман як қисми маблағи фурӯшро баҳри рушди инфросохтори Чилучорчашма сарф бояд кард. Дар ин сурат як гӯшаи диёрамон обод гашта, сатҳи зиндагии мардум баландтар хоҳад шуд. Алишери САЙФИДДИН, донишҷӯи соли 4-уми бахши туризми ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Фестивал экотуристонро ҷалб мекунад

дани захираҳои табиати ваҳшӣ, муомила (муносибат)-и анъанавии мардуми Бадахшон нисбат ба ҳайвоноти ваҳшию нодири кӯҳӣ, ба монанди гӯсфанди помирӣ (Марко Поло), озодапаланг (бабри барфӣ), оҳуи кӯҳӣ мебошад, ки солҳои охир теъдодашон кам шудааст. - Киҳо дар ин фестивал ширкат меварзанд? - Дар фестивал аҳолии ҷамоати Вездара, хонандагони синфҳои 10-11и мактабҳои ҳамин ҷамоат, фаъолони ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби ҷавонону наврасони ноҳияҳои Мурғоб, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ, на-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

мояндагони мақомоти ҳифзи табиат ва ташкилотҳои экологӣ, ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони ноҳияи Роштқалъа ва вилоят, намояндагони васоити ахбори омма иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин, аз Афғонистону Қирғизистон ва Федератсияи Русия меҳмонон меоянд. Барои бурдану овардани меҳмонони фестивал аз Хоруғ то Вездара нақлиёти махсус ҷудо шудааст. Барои баргузории фестивал як мавзеи хушманзараро интихоб намудем. - Барномаи фестивал кадом чорабиниҳоро дар бар мегирад? - Дар ин чорабинӣ пеш аз ҳама оид ба нақши табиати ваҳшӣ дар ҳаёти инсон ва роҳҳои бидуни заррарасонӣ ба табиат манфиат гирифтан аз он маълумот дода хоҳад шуд. Алалхусус дар бораи аҳамияти иқтисодию иҷтимоии туризми экологӣ маълумот дода мешавад. Ба иштирокчиёни фестивал филм дар бораи “Анъанаҳои шикор дар мардуми Помир” ва ду филми мустанад дар бораи озодапаланг намоиш дода хоҳад шуд. Озодапаланг дар тозатарин экосистемаҳо зиндагӣ мекунад. Вуҷуд доштани ин ҷонвар аз тоза будани экосистема гувоҳӣ медиҳад. Дар ин чорабинӣ китоби раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии “Кӯҳҳои Помир”, номзади илмҳои таърих Қурбон Аламшоев бо номи “Фарҳанги шикори мардуми Бадахшон” муаррифӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин дар майдони фестивал роҳандозии бозиҳои миллӣ, викторинаҳо, муаррифии хонаи помирӣ, муаррифии клубҳои дӯстдорони табиати ваҳшӣ дар назар аст. Барои мактаббачагони ноҳияи Роштқалъа дар мавзӯи “Мо табиати диёрро дӯст медорем” озмуни иншои беҳтарин эълон шуда буд. Дар ин фестивал озмун ҷамъбаст шуда, ба иншонависони беҳтарин тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда мешавад.

Барномаи консертӣ бо истифода аз асбобҳои мусиқии миллӣ хотири иштирокчиёни фестивалро шод хоҳад кард. Боварӣ дорам, ки рақси “Шикорчӣ” низ мақбули меҳмонони фестивал мегардад. Барои мусобиқаи петроглифкашӣ тахтасангҳо омода кардаем. Инчунин, барои мусобиқаи оташдаргиронӣ “тсақмоқжир” (санги чақмоқ) муҳайё аст. Чорабинии мазкур наворбардорӣ шуда, пешкаши аҳолӣ хоҳад гашт. - Интизории шумо аз баргузории фестивал чист? - Ҳадафи аслии баргузории ин чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи хурду калон ба ҳифзи ҷонварони ваҳшӣ, моил кардани туристони экологӣ ва дарёфти сармоя барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии маҳал мебошад. Мо умед дорем, ки ин гуна чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотӣ ба коҳиш додани талафи ҳайвоноти ваҳшӣ ва гуногунии биологии маҳаллӣ мусоидат мекунанд. Фестивал дар рушди устувори маҳал ва беҳтар кардани зиндагии мардуми деҳот саҳм хоҳад гузошт. Вақте ин гуна чорабиниҳо бо дастгирии мақомоти давлатию созмонҳои мададрасон бештар баргузор мешаванд, туристони экологӣ зиёдтар меоянд. Баргузории фестивал дар муттаҳидии аҳли ҷамоатчигӣ дар атрофи масъалаи ҳифзи ҷонварони ваҳшӣ, эҳёи табиат, риояи мувозинати экологӣ мусоидат мекунанд. Аз ҳама муҳим, баргузории фестивал дар ниҳоди одамон нисбат ба табиати атроф ҳиссиёти раҳму шафқат ва эҳтиромро бедор месозад. - Барои суҳбат ташаккур! Боварӣ дорем, ки ин иқдом минбаъд дастгирии васеъ ёфта, баргузории чунин фестивал анъана мешавад. Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”

11


ОДАМОНИ САРБАЛАНД Соли 1927 дар Бухоро, дар оилаи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Мирзоаҳмад Ғуломов духтарчаи дӯстрӯяке ба дунё омад, ки ӯро бо умед Солеҳа ном гузоштанд. Солҳои 30-юми асри пешин пантуркизм ба дараҷае боло рафта буд, ки ҳангоми додани шаҳодатномаи таваллуд ва шиноснома тоҷиконро маҷбуран узбек менавиштанд. Чунин сиёсати узбекгардонии тоҷикони шаҳру навоҳии тоҷикнишини Узбекистон хеле авҷ гирифта буд. Дар мактабҳо синфҳои тоҷикиро мебастанд. Ҳатто ба мактабҳои тоҷикӣ муаллимони узбекзабонро ба кор мегирифтанд. Онҳо мавқеи миллати тоҷик, забони тоҷикиро дар марзу буми аҷдодиашон танг карда, умуман вуҷуд доштани тоҷиконро инкор мекарданд.

ҷаҳон - Душанбеи имрӯза гардиданд. Соли 1933 дар қатори садҳо мардуми миллатдӯст падари Солеҳа Мирзоаҳмад Ғуломов низ ба Душанбе кӯч баст ва муқим шуд. Солеҳа дар мактаби рақами 10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳсил намуд. Азбаски зеҳни тез дошт, ба зудӣ хату савод баровард. Дар яке аз мактабҳои шаҳр омӯзгор таъин гардид. Он солҳо шахсони бомаърифат ба дигарон хату савод меомӯзонданд. Солҳои 40-ум дар шароити душвори ҷанг, сохтмони НБО-и Варзоби поён идома дошт ва ҳашари умумихалқӣ эълон гардида буд. Солеҳа Раҳматова ҳам ихтиёрӣ, яке аз аввалинҳо шуда дар он ҳашар иштирок намуд. Ӯ бо қавииродагию меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ, ҳусну латофаташ дили ҷавонеро тасхир намуд, ки дар оянда рафиқи ҳаётиаш гардид.

Ба иддаои онҳо миллати тоҷик вуҷуд надошт. Тоҷиконро туркҳое медонистанд, бо таъсири эрониҳо забони модариашонро гум кардаанд. Онҳо тоҷикони ватандӯсту ба эътироз бархостаро ба тӯҳмати «душмани халқ» маҳкум ва ба қатл мерасониданд. Онҳое, ки аз баҳри миллату забони хеш мегузаштанд, «хушбахт» мешуданд. Вале тоҷикони асилу баору номус аз баҳри он «хушбахтӣ»-ҳо мегузаштанду аз баҳри миллату забони худ не. Онҳо аз ноилоҷӣ роҳ сӯи Бухорои Шарқӣ – Душанбе пеш гирифтанд. Он солҳо Душанбе ба деҳа монанд буд. Аз хонаҳои лоину похсагин иборат буд, ки мо имрӯз аксашро дар осорхонаҳо мебинем. Мардуми саводноку мутахассисон намерасиданд. Хушбахтона, фарзандони асилу босадоқати миллат сабабгори ба шаҳри ободу зебо табдил ёфтани пойтахти тоҷикони

Ҳамсари ояндаи ӯ Бӯйдоқ Умаров мисли ҳазорон ҷавон ба ҳашари умумихалқӣ омада буд. Онҳо ба якдигар дил баста, хонадор шуданд. Солеҳа дар зодгоҳи шавҳараш, дар хонаи бачагони ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти Кӯлоб ба ҳайси мураббӣ фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуд. Соли 1949, пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, бо роҳхати Вазорати маориф ҳамроҳи шавҳараш ба ноҳияи Кангурт ба кор рафтанд. То соли 1953 дар мактаби миёнаи ба номи Сталини ҳамин ноҳия аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Соли 1953 барои кору зиндагӣ ба ноҳияи Данғара мекӯчанд. Шавҳараш нозири Шуъбаи маорифи ноҳия, худи ӯ муаллимаи забон ва адабиёти мактаби миёнаи «Победа» таъин мегардад. Соли 1954 аввал мудири қисми илмии мак-

таби 7-солаи «Комсомол», баъдтар директори он таъин мегардад. Бо ибтикор ва ташаббуси Солеҳа Раҳматова мактаби 7-сола, ба 10сола табдил ёфт. Зану шавҳар 16 сол якҷоя ба таълиму тарбияи фарзандони меҳнаткаш машғул буданд. Дар солҳои баъдиҷангӣ зиндагии мардум душвор буд. Шароити кору таълим низ. Вале зану шавҳари омӯзгор тамоми ҳастии худро ба кори таълиму тарбия бахшиданд. Бо рӯҳияи баланду дилгармӣ шогирдон ва волидайни онҳоро ба ояндаи нек бовар мекунонданд. Солеҳа Раҳматова дар мактаби «Комсомол» 14 сол роҳбар буда, онро ба яке аз мактабҳои намунавӣ табдил дод. Аз мактаби тарбияи ин ду омӯзгор – зану шавҳар шогирдони зиёде сабақи ҳаёт гирифтаанд. Зиёда аз 40 нафар аз чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, ки дар соҳаҳои гуногун ба халқу Ватани маҳбуби

Устоди Президент

Солеҳа Раҳматова ифтихор мекунад, ки номаи камол ба Президенти кишвар ӯ додааст хеш хизмат намуда ва менамоянд, дастпарварони онҳоянд. Аз ҷумла, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат ҳангоми суханрониҳояш ҳамвора аз эшон арзи сипос менамояд. Эмомалӣ Раҳмон якуми сентябри соли 2014 дар баромади хеш бахшида ба Рӯзи дониш бори дигар аз давраи мактабии худ ва муаллимаи худ ёдовар гашта, гуфт: «Ман муаллима Солеҳа Раҳматоваро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам, зеро он кас дар назари ман на директори мактаб, балки чун модар буданд, бо либосҳои хоксорона, вале шинаму зебо, суханҳои насиҳатомез, забони ширину гуфтори пандомӯз моро ба ҷаҳони ояндаи дурахшон мекашид ва орзу мекардем, ки мо ҳам чунин бошем». Ҳангоми вохӯрӣ муаллима хотираҳои хешро аз давраи

роҳбарии мактаби «Комсомол»-и ноҳияи Данғара ёдовар гашта, бо ифтихор иброз дошт: «Ман шукргузор аз онам, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз хатмкунандагони мактаби мо буд ва «Номаи камол»ро ман ба он кас супорида будам. Илова бар ин, даҳҳо шогирдонам, аз ҷумлаи Матлуб Давлатов низ ҳамин мактабро хатм намуда, имрӯз номбардор ва ифтихори миллат ва давлати мо мебошанд». Солеҳа Раҳматова пас аз вафоти шавҳараш бо 8 нафар фарзанд бесаробон монд. Зиндагӣ маҷбураш сохт ба хотири ояндаи фарзандонаш роҳи шаҳри Душанберо пеш гирад. Шаҳре, ки замоне хонадони онҳоро чун модар ба оғӯш гирифта, ба воя расонда, болу пар бахшид. Ба дунёи орзуҳои зебои худ ба парвоз омода намуда буд.

Бале, зиндагӣ дар шаҳри Душанбе маҷбураш сохт, то хонаи аз падар ба мерос мондаро фурӯшаду сарфи таълиму тарбияи фарзандон намояд, то онҳо дар оянда раҳгумзада набошанду мавқеи худро дар ҷомеа ёбанд. Ӯ дар пойтахт низ фаъолияти омӯзгориашро тарк накард. То нафақа баромадан ҳамчун ҷонишини директори мактаби рақами 68-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият намуд. Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои ӯро дар соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли ҷавон қадршиносӣ намуда, бо медалҳои «Барои меҳнати шоён», «100-солагии В.И. Ленин», «Шарафи меҳнат», Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон сазовор гардонидаст. Анзурати МИРЗО

ШИФО

Миёни мардум ақидае роиҷ аст, ки гӯё истеъмоли шир барои калонсолон зарар дорад ва он бо мушкилӣ ҳазм мешаваду ҷӯшиш ва туршшавиро дар рудаҳо ба вуҷуд меорад.

12

Шир фарбеҳ намекунад Ин ақидаи нодуруст аст. Шир ҳам дар организми калонсолон ва ҳам кӯдакон ба хубӣ ҳазм мешавад. Қанди шир (лактоза) бо ёрии лактазҳо ба қисмҳо ҷудо мешавад. Мавҷудияти ин фермент аз синну сол вобастагӣ надорад. Он ҳам дар калонсолону ҳам дар хурдсолон ба миқдори кофӣ пайдо мешавад. Ба истиснои нафароне, ки дар организми онҳо вайроншавии ҳазми ин фермент ба қайд гирифта шудааст. Воқеан, ин ба истеъмоли баъзе аз маҳсулоти ширӣ, аз қабили кефир, йогурт, панир ва ғайраҳо монеъ намешавад. Истеъмоли шир дар калонсолон дарунравӣ, метеоризм ва дарди шикамро ба вуҷуд меорад. Агар дар организми шахс қанди шир ба хубӣ ҳазм нагардад, чунин ҳолат имконпазир аст. Чу-

нин аллергия ҳам дар кӯдакон ва ҳам дар калонсолон зуҳур карда метавонад. Ҳатто як нафар дар синну соли гуногун ширро ба ҳар навъ ҳазм мекунад. Ҳамаи ин аз хусусиятҳои хос ва фардии организм вобаста мебошад. Сабаби дигари “инқилоби рудаҳо” номуътадилии истеъмоли шир мебошад. Агар шумо якбора як литр ширро истеъмол намоед, оқибати ин ногувор хоҳад буд. Андоза ва меъёрро риоя бояд кард ва дар хотир бояд дошт, ки шир на нӯшокӣ, балки ғизо аст ва онро дуруст ва бо меъёр истеъмол намудан лозим. Муҳим он аст, ки онро дар алоҳидагӣ аз хурокҳои дигар истеъмол бояд кард.

агар онро аз меъёр зиёд истеъмол намоем ва он дорои зиёда аз 5-6% равғаннокӣ бошад. Агар маҳсулоти ширии равғаннокиаш 2,5%-ро бо андозаи муайян истеъмол намоем, фарбеҳӣ ба мо таҳдид нахоҳад кард. Андозаи муътадили ғизонокии шир (2,5%) 52 калл дар 100 грам мебошад. Ғайр аз ин, шир аз равғанҳои барои организм фоиданок бой мебошад. Шир дар таркиби худ миқдори зиёди калий дорад ва баръакс барои ҷудо кардану бароварда партофтани моеъ ва “ахлот”-и барзиёди организм мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, шир барои муолиҷаи бемории остеопороз ва варамҳои калон тавсия дода мешавад. Шир барангезандаи сусти тарашшуҳи меъда мебошад, аз ин рӯ, истеъмоли он барои одамоне, ки туршӣ дар меъдаашон аз меъёр зиёд аст, тасия дода мешавад.

Шир фарбеҳ мекунад? Шир танҳо дар сурате фарбеҳ мекунад, ки

Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШ

Дилшод 10 000 сомонӣ мукофот гирифт Дар Кумитаи миллии олимпии кишвар бо иштироки дорандаи роҳхати Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-деЖанейрои Бразил Дилшод Назаров ва муштзандухтарон Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева, дорандагони медалҳои бринҷии чемпионати Осиё оид ба бокс доир гардид.

Медали биринҷии Ҷаҳон дар чемпионати Осиё

Акбари Асадулло, директори ҶДММ “Ғаюр” ва сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпӣ варзишгаронро бо дастовардҳояшон табрик намуда, ба Дилшод Назаров 10 000 сомонӣ ва ба Мавзунаву Шоира миқдори муайяни мукофоти пулӣ тақдим намуд. Ӯ изҳор дошт, ки “вақти кам барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои олимпӣ мондааст ва мо то ҳол як роҳхат дорем. Он варзишгароне, ки соҳиби роҳхат мегарданд, бо мукофотпулии Кумитаи миллии олимпӣ қадрдонӣ мешаванд”. Котиби генералии Кумитаи милии олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев қайд кард, ки “мо омода ҳастем барои варзишгароне, ки роҳхат ба олимпиадаро ба даст меоранд, тамоми шароитро

муҳайё созем. Ҳоло барои омодагии пешазолимпии Дилшод Назаров дар Бразил шароит муҳаё мекунем”. Дилшод Назаров ин иқдоми Кумитаи миллии олимпиро дастгирӣ карда, изҳор дошт, ки ҳарифи пурқуввати ӯ дар олимпиада варзишгари бразилӣ аст. Ӯ аз моҳи ноябр барои олимпида омодагии пурраи худро шуруъ мекунад. Бояд гуфт, ки рейтинги Дилшод Назаров аз ин риштаи варзиш дар Осиё якум ва дар ҷаҳон дуюм мебошад. Мавзуна Чориева дар баробари дастоварди худ аз медали бадастовардаи Шоира Зулқарнаева хурсандӣ намуда, таъкид дошт, ки “баъд аз иштирок дар Олимпиадаи Лондон-2012 фикр мекардам, ки аз миёни бонувон тақрибан

баъд аз 10 сол дар ин риштаи варзиш чепиони бозиҳои олимпӣ мебарояд. Пас аз дастоварди Шоира боварӣ ҳосил шуд, ки дар чорсолаи оянда аз ин намуди варзиш бонувони тоҷик метавонанд соҳиби медали бозиҳои олимпӣ гарданд”. Шоира Зулқарнаева, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон буда, 3 сол мешавад, ки ба ин намуди варзиш машғул аст. Ӯ соли равон дар чемпионати ҷаҳон байни донишҷуён ширкат варзида, сазовори ҷои дуюм гардид. Ин якумин дастоварди Шоира дар Чемпионати Осиё ба ҳисоб меравад. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”

Варзишгари машҳур Ҷаҳон Қурбонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни мардон, ки дар пойтахти Тайланд - шаҳри Бангкок баргузор шуд, сазовори медали биринҷӣ шуд. Ҷаҳон Қурбонов дар вазни -91 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонааш аз Корея ва Покистон ба нимфинал баромад. Вале дар даври нимниҳоӣ, ки 4 сентябр баргузор шуд, аз рақибаш Василий Левит аз Қазоқистон аз рӯи имтиёз дар ҳар се раунд шикаст хӯрд. Дар мусобиқа 188 варзишгар аз 28 кишвар ширкат карданд. Дар ҳисоби даставӣ тими мунтахаби Қазоқистон бо панҷ медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ғолиб шуд. Дастаи Узбекистон бо ба даст овардани ду медали тилло, панҷ нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Мақоми сеюмро мизбонон – муштзанҳои Тайланд бо ду медали тилло аз худ карданд. Варзишгароне, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз якум то ҳафтумро ишғол карданд, ба ҳаққи ширкат дар чемпионати ҷаҳон мушарраф шуданд. Вале дар вазни беш аз 91 кило муштзанҳое, ки ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро гирифтанд, дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс 5-18 октябри соли равон дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа баргузор мегардад.

Мусобиқаи футбол дар шаҳри Чкалов Дар вилояти Суғд барои омода намудани варзишгарон ба мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз рӯи ҳама намуди варзиш мусобиқаҳо баргузор мешаванд. Аз ҷумла, дар шаҳри Чкалов Чемпионат оид ба футбол байни наврасону ҷавонони соли таваллудашон 1998-1999 доир гашт. Дар он дастаҳо аз Мактаби махсуси варзишии бачагон ва наврасон оид ба футбол ва чавгони вилоят, Хуҷанд, Чкалов, Истаравшан, Истиқлол, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҳамин тариқ, ҷойи сеюм насиби дастаи Мактаби махсуси варзишии бачагон ва наврасон оид ба футбол ва чавгони вилояти Суғд гар-

дид. Дар финал дастаҳои шаҳри Хуҷанд ва Чкалов вохӯрданд. Футболбозони навраси шаҳри Хуҷанд маҳорати хуб нишон дода, пирӯзиро ба даст оварданд. Ғолибон бо ҷом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд сарфароз гардиданд. Тибқи иттилои раёсат баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар вилоят ҳар ҳафта ба нақша гирифта шудааст.

Австралия дар гурӯҳи “В” пешсаф аст 3 сентябр бозиҳои даври сеюми марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё баргузор шуд. Тими мунтахаби Австралия дар ин давр тими миллии Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Урдуну Қирғизистон дар Уммон бо ҳисоби мусовии 0:0 поён ёфт. Тими мунтахаби Тоҷикистон, ки

аз бозии даври сеюм озод буд, дар даври чорум дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаи мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, рақобат кард. Аз натиҷаи бозӣ дар шумораи оянда хабар хоҳем дод. Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “В” баъди натиҷагирии се даври мусобиқот

тими мунтахаби Австралия бо 6 хол пешсаф аст. Дастаҳои Урдун ва Қирғизистон бо 4-холӣ мутаносибан дар зинаҳои дуюму сеюм ҷойгир шудаанд. Тимҳои Тоҷикистону Бангладеш, ки якимтиёзӣ доранд, дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор гирифтаанд.

Тақвими бозиҳои боқимондаи гурӯҳи “В”: Даври 4-ум. 8 сентябр ТОҶИКИСТОН – Австралия Бангладеш – Урдун Даври 5-ум. 8 октябр Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН Урдун – Австралия Даври 6-ум. 13 октябр

Урдун – ТОҶИКИСТОН Қирғизистон – Бангладеш Даври 7-ум. 12 ноябр ТОҶИКИСТОН – Бангладеш Австралия – Қирғизистон Даври 8-ум. 17 ноябр Бангладеш – Австралия

Қирғизистон – Урдун Даври 9-ум. 24 март Австралия – ТОҶИКИСТОН Урдун – Бангладеш Даври 10-ум. 29 март ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон Австралия – Урдун

Саодат ИСМОИЛӢ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

13


БА ИФТИХОРИ 24-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН Нуруллоҳ ОРИФ

Истиқлоли диёр Эй Тоҷикистон – кишварам, Ҳар рӯзат Истиқлол бод. Ҳар фарди меҳанпарварат Хушбахту хушиқбол бод. Сар то ба по ғунҷидаӣ, Дар ин дили шайдои ман. Ҳастӣ ҷавон то ҷовидон, Эй мулки беҳамтои ман. Эй Тоҷикистон – кишварам, Ҳар рӯзат Истиқлол бод. Ҳар фарди меҳанпарварат Хушбахту хушиқбол бод. Ҷон кишварам, дур аз барат Рӯзам бувад чун шоми тор. Шодам аз он ки тоҷикам, Шукронаи Парвардгор. Эй Тоҷикистон – кишварам, Ҳар рӯзат Истиқлол бод. Ҳар фарди меҳанпарварат Хушбахту хушиқбол бод.

Ҷонон Ватан Эй ҷон Ватан, ҷонон Ватан, Сад шукри Истиқлоли ту. Пурсон манам фарзандвор Аз ҳолу аз аҳволи ту. Лаънат ба душман, к-ӯ ба ту Дорад ба чашми бад нигоҳ. Ором кай тонем зист, Мо бе Ватан, бе сарпаноҳ?! Раҳмат ба он, к-аз ишқи ту Дорад дили чун рӯд маст.

Мирзо САЪДӢ, корманди Академияи ВКД

Қадри Ватан донӣ, яқин Гардонадат рӯ-рӯи даст.

Лутфи Худо расид

Лозим шавад, ман чун Ҳабиб,* Баҳри Ватан ҷон медиҳам. Ҷонро бароят, эй Ватан, Бо амри виҷдон медиҳам.

(БА ИФТИХОРИ 24-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН) Мо, обирони сарҳади асри наву куҳан, Бар асри нав ба дидаи гирён расидаем. Ҷӯяндагони кишвари тилоӣ, во дареғ, То асри нав ба шӯришу исён расидаем.

* Шоири шаҳир Ҳабиб Юсуфӣ дар назар аст.

Чист Истиқлол?

Болои хуни ҳамватанон мондаем қадам, То асри тоза синакашон раҳ сипардаем. Бидрида синаҳои пур аз меҳри модарон, Ёде зи асли тоҷикии худ накардаем.

Чист Истиқлол? Истиқлол - Сулҳ, Чист Истиқлол? Истиқлол - бахт. Чист Истиқлол? Истиқлол - тоҷ, Чист Истиқлол? Истиқлол - тахт. Мо ҳама фарзандҳоят, эй диёр, Баҳри ободии ту ҷон меканем. Мо ба фармони дили шӯрида ҷон Баҳри нафъи ҷумла инсон меканем.

Мо з-он фирефтагони суханҳои печдор, Печида дар фазои риёии бефурӯғ. Пироҳани сафед намудем чу лола сурх, Аз хуни бегуноҳию талқини бардурӯғ.

Шукри Ҳақ, шукронаи бахти баланд, Заҳмати бисёр моро мард кард. Зиндагӣ шахсан маро аз пушти кор Рӯз рафта фарди дунёгард кард.

Саркардагони мо ҳама аз мо ҷудо шуданд, То нимараҳ расида, зи мардум раҳо шуданд. Шерони хоназод ҳама аз арса монда дур, Аз дарди халқ бурида, ба хун мубтало шуданд.

Ҷон Ватан, то тарбият кардӣ маро Дидамат, ором як дам нестӣ. Мисли модар то ба имдодам расӣ, Бемалол аз хоби нозат хестӣ.

Мо роғибони пайрави Иқболи Лоҳурӣ, Бархоста зи хоби гарон, сухта рахти хеш. Дар лобалои субҳи дуруғин шуда асир, Бе субҳи навҷавониву бе нақди бахти хеш.

Ин ҳама рангобарангии ҳаёт Дӯстон, аз рушди Истиқлоли мост. Ҷон Ватан, ҷонон Ватан, бо вақти хуш Рушди Истиқлоли мо, иқболи мост.

Он миллате, ки мазҳаби бегонагӣ надошт, Бегонагуна теғи маломат зи бар кашид. Фарзанди худ чу Рустами Дастон ба хун нишонд, Бечора гашту чодири мотам ба сар кашид...

Чист Истиқлол? Истиқлол - Сулҳ, Чист Истиқлол? Истиқлол - бахт. Чист Истиқлол? Истиқлол - тоҷ, Чист Истиқлол? Истиқлол - тахт.

Лутфи Худо ба кишвари бечорагон расид, Дасти дуъои Хизри сухан1 гашта мустаҷоб. Дар қалби шаб талиъаи хуршедӣ шуъла зад, Нақши сиёҳи аҳриманиро намуд хароб.

Муҳаммадалии АҶАМӢ

Истиқлол

Марде, ки бо шукӯҳу шаҳомат фурӯ расид, Пешонаи кушодаву қалби кушода дошт. Оғушта карда синаи худро ба дарди халқ, Болои дида миллати худро фаро гузошт.

Эй ҷалоли баланд, Истиқлол! Эй камоли баланд, Истиқлол! Суфраи ранг-ранги заҳматҳо, Эй ҳалоли баланд, Истиқлол!

Бигзашта з- ин миён басе рӯзу моҳу сол, Рӯйи сиёҳи пуштаҳо анбӯҳи лола руст. Марди фурӯрасида, ки қалби кушода дошт, Доғи ватан ба шабнами гулҳои лола шуст...

Фитрати ишқ чист ҷуз парвоз, Ҳиссси боли баланд, Истиқлол! Эй шукӯҳи камоли ҳар модар, Эй хаёли баланд, Истиқлол!

Мо, обирони сарҳади асри наву куҳан, Гумкардаи ҷавонӣ дар ин зиндагонием. Мо, шоҳидони мулки тилоӣ ба асри нав, «Шармандаи ҷавонӣ аз он зиндагонием».

Ҳамдилӣ нест ҷуз ҳамин бовар, Иттисоли баланд Истиқлол! Ҳуҷҷати сарбаландии миллат, Эй ҷалоли баланд, Истиқлол!

1

Ҳаким Фирдавсӣ

ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади беҳдошти фазои сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтори туристӣ озмуни “Таҳияи бизнес-планҳои соҳибкорӣ”-ро бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии туризм, ки ҳар сол 27-уми сентябр таҷлил мегардад, эълон менамояд. Дар озмун донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, аспирантону магистрантон ва олимону муҳаққиқони ҷавон метавонанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва бизнес-планҳоро дар риштаи рушди соҳаи туризм пешниҳод намоянд. Беҳтарин лоиҳа ва бизнеспланҳо барои амалӣ гардидан ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод гардида, дар нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” нашр мегарданд ва ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида мешаванд. Талабот барои омода намудани бизнес-план: - мавзӯи беҳдошти фазои сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳиро ифода на-

14

мояд; - таъсирбахш бошад, то ба рушди соҳа дар мамлакат таккони ҷиддӣ бахшад; - мазмуну муҳтавои баланд дошта, мақсади бизнес-плани соҳибкориро таҷассум намояд; Бизнес-планҳо бояд чопи компютерӣ буда, тибқи муқаррарот бо риояи шрифти Times New Roman Tj, андозаи Зх2 ва интервали 1 пешниҳод карда шаванд; Суроға: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6. Суроғаи электронӣ: tourizm.tj@mail.ru Барои гирифтани маълумоти муфассал метавонед ба рақами (8 37) 236 4266 занг занед. Муҳлати қабули мавод то 20 сентябри соли 2015.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Китоби

Таљрибадида

Муќобирели кордњои «омад» …

Парчам, алам

Сиёњидон

Лутфулло ..., актёри тољик

Номи Юсуф дар Полша

Хуб, наѓз

Дарё дар Хорватия

"... Новости"

Дар асрњои миёна Малороссия

Њамдарс

Мор, дўсти Маугли Муќобили назариявї

Дасту пои бењаракат дорад

Вобаста, рољеъ, дар хусус

Дўзах ба Пули русї Литва

Нотавон, беќувват

Шумора Об аз осмон

Душман

Кўл дар Бадахшон

Њарфи арабии якнуќтадор

Ба машом мезанад

Ваќт, лањза

Касби гўштфурўш

Њашароти асалпарвар

Дипломат дар хориља

Давлат дар Амрикои Љанубї

Овози саги норозї

Белибос

Љониб, сўй

зариш аз дарё

Роњиби буддої

Мурѓи обї

... Питт, актёри амрикої

Тоат

Воломартаба

Моддаи мухаддир

Нафас Гу-

Шамшергиёњ (русї)

Курсии шоњ

Пайи ифлосї дар либос

Шоири номдори тољик

Расм, таомул

Љонишини ишоратї

Авлодї, меросї

Варам

Хонаи паррандагон

Муњаббат

Кишвари Араб (ихтисора)

Вабои асри 20

Парњез дар моњи рамазон

Тарафи офтоббаро

Шахси сергап

Ќоидаи либоспўшии замонавї

Ин саќич аз кариес њифз мекунад

Воњиди пули Италия

Тилло

Расм, сурат

Љовидонї, умрбод

Сергап … Сайид Алии Њамадонї

Иљозат, ќабул

Хўрок

Ќомати …гаштаи пирон

Сифатњои ... ва нисбї

Хори љайра

Арзиш

Килограмм (мухтасар)

Абуали … Сино

Чанбараки мошин

Асбоби мусиќии тории калони секунљашакл

Њайрон

… Келдї, шоири тољик

Сўзандору (русї)

Хеши падарї

Таблиѓи мол

Воњиди масоњати англисї

тан Немо»

Ранљида

Дарё дар Фаронса

Зинапояи њавопаймо

… ину … он

Кобра, гурза

Андак Жюл …, муалторик лифи «Капи-

Пораи лои хушкшуда

Сараки ин гулро пуф мекунанд

Ихтисораи Љумњурии демократии Олмон (рус.)

«Тифл» ба забони кўдак

Зуком (русї)

... он турки шерозї ба даст орад дили моро

Манбаи њаёт Орзую умед

Кисабур

Садаќа Анљом

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

Чашмаш каљ

Равшанї

Таоми миллии тоторї

Кифоя

Роњбари Тољикистони Шўравї ва таърихнигор

Холигї (истилоњи илмї)

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ Муҳоҷири меҳнатие дар Русия чанд моҳ кор пайдо карда наметавонад. Як рӯз барои дарди дилашро ба об гуфтан лаби дарёи Волга меравад. Ногоҳ чашмаш ба шасти моҳигирии дохили об меафтад. Онро мебардорад, мебинад дохилаш моҳичаи тиллоист. Моҳӣ илтиҷо мекунад: - Маро накуш, чӣ хоҳише дорӣ, иҷро мекунам. Мард мегӯяд: - Барои ман як бинои 200-ошёна бошад, ки танҳо худам онро андова кунам...

***

Зан сагбачаеро нишастану хӯрдан меомӯзад. Шавҳараш: - Азизам, ман шубҳа дорам, ки ту дар ин кор муваффақ шавӣ. Зан: - Ҳеч гап не, дар ин кор асосаш сабр аст. Бо ту низ рӯзҳои аввал чандон осон набуд зистан...

*** Инсон 30 дарсади умри худро дар хоб мегузаронад. 70 дарсади дигари умраш дар орзуи хоб сипарӣ мешавад.

6 сентябр дар Боғи устод Рӯдакӣ Фестивали сурудҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ – “Суруди сарбоз” доир гашт. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Ваъда Ӯ чун бовар ҳосил кард, ки занаш аз заминларзаи мудҳиш осеб надида, сиҳату саломат аст, шитобон аз хона ба мактаби пасараш рафт. Дид, ки бинои мактаб валангор, қисмати зиёдаш ба замин ҳамвор шудааст. Мадор аз дасту пояш рафт, чӣ кор карданашро намедонист. Нохост ваъдае, ки ба писараш дода буд, ёдаш омад. “Писарам, ҳар воқеае дар зиндагӣ ба ту рӯй медиҳад бидон, ки ҳамеша ба кӯмакат расида меоям!”, - гуфта буд ба писар. Ҳоло бошад вақти иҷрои ваъда аст. Аммо шикастапораҳои бинои мактаб ба дилаш ҳисси ноумедӣ ҷой мекард. Боз ночор ба гӯшае нишаст. Аммо ҳамин ки ваъдааш дубора ба хотираш расид, аз ҷояш ҷаст! Гирду атрофи мактабро аз назар гузаронд. Ба ёд овардан мехост, ки ҳар субҳ бо писараш дар кадом гӯшаи мактаб хайрхуш мекард. Ба хотир овард, ки синфхонаи писараш дар кунҷи рости бино буд. Шитобон ба он тараф рафт ва шуруъ кард ба дур кардани сангу пораҳои девори харобгашта. Ӯ писарашро меҷуст, мехост ҳатто изе аз вай пайдо кунад. Нолаву шевани волидони хонандагон ба осмон мепечид. Онҳо “во писарам”, “во духтарам” гӯён фарёд мезаданд. Баъзе падару модарон аз рӯйи хайрхоҳӣ кӯшиш мекарданд, ба волидоне, ки фарзандонашон туъмаи офати табиӣ шудааст, ҳамдардӣ намуда, онҳоро аз дасташон дошта, аз рӯи сангу шикастапораҳо ба каноре бурда мешинонданд.

Саросема сангу пораҳои деворро дур кардани мардро дида, яке мегуфт: - Аз дасти одамизод коре намеояд. Ӯ дар муқобили офати табиӣ оҷиз аст. Дигаре таъкид карданӣ мешуд: - Ҳамаи онҳо вафот кардаанд. Талош дигар бефоида аст. Сеюмӣ ба мард фаҳмонидан мехост, ки кораш натиҷа намедиҳад: - Шумо дигар ба кӯдакон ёрӣ дода наметавонед! Биёед, ба хона равем. Аммо дар муқобили гуфтаи ҳар яке аз онҳо мард як гап мегуфт: - Оё шумо ба ман кӯмак мекунед? Инро мегуфту ба кофтукобаш давом медод ва саросемавор сангҳоро ба ҳар тараф мепартофт, то ки зудтар писарашро аз зери онҳо наҷот диҳад. Сардори хадамоти оташнишон пайдо шуда, аз ҳамаи шахсоне, ки дар даромадгоҳи мактаб буданд хоҳиш намуд, ки даромадгоҳро кушода нигоҳ доранд, чунки тамоми бино оташ мегирад, таркишҳо рух доданаш ҳам мумкин. Падари меҳрубон ва мушфиқу дилсӯз аз сардор пурсид: - Оё шумо ба ман кӯмак мекунед? Полис ҳам назди мард омада мегӯяд: - Шумо сару калобаи худро гум кардаед, ба ин рафторатон ба дигарон хатар эҷод мекунед. Беҳтар аст ба хонаатон равед. Мо кори аз дастамон омадаро мекунем. Аммо мард аз полис мепурсид: - Оё шумо ба ман кӯмак мекунед? Вай далерона кофтукобашро идома ме-

дод, то бовар ҳосил кунад, фарзандаш зинда аст ё мурда. 8 соат кофт… 12 соат кофт… 24 соат… ва 36 соат ҷустуҷӯ кард. Ниҳоят баъди 38 соати кофтукоб санги азимеро тела дода овози кӯдакон ба гӯшаш расид. - Арманд! – овоз баровард падар ва дар ҷавоб шунид: - Падарҷон?! Ин манам, падар! Ман чунин нидо кардам, то ки дигар кӯдакон нигарон нашаванд. Ман ба онҳо гуфтам, ки агар шумо зинда монда бошед, ҳатман ба кӯмаки ман меоед, чунки шумо ба ман ваъда дода будед, ки ҳатман ба кӯмакам мерасед. - Шумо чанд нафаред? - пурсид падар. - 30 нафар будем, падарҷон, ҳоло 14 нафар мондаем. Ҳамаамон сахт тарсида истодаем. Вақте бинои мактаб фурӯ рафт, девори чапи синф афтиду болои моро пӯшонд ва моро аз марг наҷот дод. Аммо хеле гурусна мондаем. Зудтар моро аз ин ҷо бароред... мегуфт писарак. - Писарам, акнун метавонӣ ба берун бароӣ. Ман ин ҷо туро аз дастат гирифта мебарорам! - Не, падарҷон! Бигзор аввал ҳамсинфонам бароянд. Охир, ман медонам, ки шумо дар ҳама ҳолат ва дар ҳама ҷо ба кӯмаки ман расида меоед. Р.S: Соли 1989 дар Арманистон заминларзаи сахт ба вуқуъ пайваст, ки шиддаташ 8,2 бал буд. Ин заминларзаи мудҳиш ҳамаро ба хок яксон карда, қариб дар чор дақиқа зиёда аз 30 ҳазор нафар нобуд гаштанд. Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ

Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

16

***

Бемор: - Духтурҷон, ман зинда мемонам? Табиб: - Шухӣ мекунед, маълум мешавад, аҳволатон хубтар шудааст.

***

Табибон ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: “Духтури Худодод, духтури Худо худаш медонад ва духтури Худо нишон надиҳад”.

ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №9909, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон соли 1999 ба Қосимов Маҳмадюсуф Қурбонович додааст, эътибор надорад.

ТАВЗЕҲ Дар саҳифаи 11-и шумораи гузашта матлаби “Номуси миллат оё риш аст?” бо имзои Салими Зарафшонӣ ба нашр расид, ки муаллифи он ба Салими Зарафшонфари шоир робита надорад.

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7624 нусха ба нашр расид.

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

САРМУҲАРРИР

Дар назди равонпизишк: - Духтурҷон, дастҳои ман меларзанд. - Менушед? - Менушидам. - Тамоку мекашед? - Мекашидам. - Чанд вақт шуд бас кардед? - Ҳоло тасмим гирифтам. - Ана дидед, организматон аллакай тарсидааст.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

***

АНДАРЗ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шуъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоиёт), Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Бахтовар АМИНЗОДА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул), Саодат ИСМОИЛӢ (мухбир дар вилояти Суғд), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (мухбир дар ВМКБ).

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №36 (9410), 09 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.