ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Истиқлолият мояи ифтихор ва манбаи худшиносист Ҳаводиси солҳои охир собит месозанд, ки ба мавқеъ ва ташаккули қисмате аз оилаҳо, хатари маънавӣ таҳдид намуда истодааст, ки он ба инкишоф ва раванди ҳаёти солим мондагор шуда метавонад. Ба назар чунин мерасад, ки дигар ибораи талоқ, зани дуюм ва ё сеюм, талоқ ба воситаи паёмак, фарзандони беникоҳ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон баъди як ва ё думоҳи хонадорӣ, ба хотири сарват барпо сохтани “оилаҳо” ва издивоҷ намуда, бо мардони пиронсол ё худ баръакси ин ҳол, ба воситаӣ никоҳҳои ғайриқонунӣ барпо намудани оилаҳо, дидаву дониста содир намудани зино, машғул шудани шаҳрвандон ба фоҳишагариву тарғиби он ва бо ин восита рӯзгузаронидан гӯё як ҷизи муқаррари шуда, аз ҷониби ҷомеа нодида гирифта шуда ба бешарафӣ ва ноҷавонмардӣ табдил ёфтааст. Нотавонбинӣ ва бепарвогии худи мост, ки ҷомеа ба ин роҳ равон асту миёни зиндагии «назариявӣ» ва аслии рӯзгори мо фосилаҳо пайдо шуда истодаанд.
№37 (9567), 13/09/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Майли ҷавонон ба ихтироъкорӣ меафзояд саҳифаи
Мо ҳуқуқи хато кардан надорем саҳифаи
5
6
Фаҳшҷӯии иддае аз чист? саҳифаи
7
Тӯҳфаи навбатии Дилшод Назаров дар ҷашни Истиқлолият саҳифаи
8
Ҷамъбасти Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ 2018 саҳифаи
9
Ифротгароӣ маризи ҷомеаи муосир саҳифаи 13
2 Ҳамватанони азиз! Дар остонаи бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад. Мо ифтихор дорем, ки дар бисту ҳафт соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расонидем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем. Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд. Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд. Вале хушбахтона, мардуми кишвар дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва фарзандони бонангу номуси худ муттаҳид шуда, ягона роҳи дурусти таърихӣ, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифтанд. Ҳарчанд ки бисёр мушкилу тӯлонӣ буд, вале бо дастгириву пуштибонии самимонаи сокинон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё карда шуданд. Мо имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар он айёми сангину ҳассос роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, зеро он роҳ ба сӯи пешрафт ва бунёди ҷомеаи мутамаддин буд. Дар солҳои баъдӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули як қатор барномаҳои давлатӣ ва консепсияву стратегияҳои миллӣ ба шоҳроҳи рушди устувор ворид гардид. Ҳамзамон бо ин, татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, корҳои бунёдкориву созандагӣ,
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018 шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар
Қарзи фарзандии ҷавонон аст, ки Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати 27-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ яъне сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, иншооти энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва дигар иқдомоти созанда вусъат пайдо карданд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат тайи бисту ҳафт соли соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоиз то 28 фоиз коҳиш ёфт ва мо тасмим гирифтаем, ки то соли 2030 сатҳи камбизоатии аҳолии кишварро ба 15 фоиз расонем. Имрӯз мо дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ барои солҳои 2016–2020 ҷиҳати аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани нақши саноат дар таъмини тараққиёти мамлакат заминаҳои заруриро фароҳам оварда истодаем. Дар ин раванд, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тақвияти иқтидори содиротии
кишвар ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул барои ҳамватанонамон ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Ҳоло ба шарофати хизмати аҳлонаи халқи азизамон ва заҳмату талошҳои миллати шарафмандамон се ҳадафи стратегии миллии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст. Барои кишвари соҳибистиқлоли мо соли 2018 дар самти сиёсати хориҷӣ соли таърихӣ мебошад. Моҳи марти соли ҷорӣ татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне об таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Яъне ибтикори кишвари мо дар давоми даҳ соли минбаъда дар миқёси сайёра амалӣ мешавад.
Ҳамчунин, моҳи марти соли равон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович ба кишвари мо ва моҳи августи соли ҷорӣ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида, дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ тамоми мушкилоту масъалаҳои дар давоми беш аз ду даҳсола миёни ду кишвари ҳамсоя бавуҷудомада ҳаллу фасл ва бартараф гардиданд. Имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо ҳамчун ҳамсояҳои наздиктарин бо ҳам ёру бародар, балки шарикони стратегӣ мебошанд, ки ин, албатта, мояи ифтихор аст. Ҳамдиёрони арҷманд! Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад. Муҳимтарин вазифаи
кунем. Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад. Мо - хурду бузурги кишвар бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд кунем, иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави кор муҳайё намоем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро мунтазам баланд бардорем, Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаҳои он ободу пешрафта гардонем ва собит созем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри би-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018 сту як ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи худро дорад. Ман ба азму иродаи мардуми соҳибмаърифату тамаддунсози тоҷик ва ҳар фарди бонангу номуси миллат эътимоди комил дорам ва хуб медонам, ки онҳо барои таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи озодӣ, пешрафти давлат ва ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон минбаъд низ тамоми талошу кӯшиши худро сафарбар месозанд. Бо изҳори ин ниятҳои нек бори дигар ҷашни фархундаи 27умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик мегӯям. Ба хурду бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол тандурустиву саодати рӯзгор ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям. Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ 27 –УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ Ҳамватанони азиз! Муҳтарам намояндагони сокинони пойтахт! Ҳозирини гиромӣ! Пеш аз ҳама, кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва сокинони пойтахти азизамон - шаҳри зебои Душанберо ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон - бистуҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ ҳоло боиси рушди босуръати пойтахти маҳбубамон гардида истодаанд. Бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳри Душанбе ҳусни тоза бахшидааст. Итминони комил дорам, ки со-
Тоҷикистонро сидқан дӯст доранд Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи бисту ҳафт соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд. Зеро ин ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи кишвар ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некӯаҳволии сокинон ба шумор мераванд. Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд. Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Хусусан, ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об пайваста ҷонибдорӣ мегарданд. Соли 2018 барои кишвари мо соли воқеан таърихӣ мебошад. Зеро бо қарори Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардидани ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал, Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” расман оғоз шуд, ки ин иқдом саҳми арзишманди кишвари мо дар самти ҳалли яке аз мушкилоти мубрами аҳли башар, яъне масъалаи об мебошад. Ҳозирини арҷманд! Боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву
кинони шаҳри Душанбе минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро дар пойтахти азизамон вусъати бештар мебахшанд, шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд ва собит месозанд, ки тоҷикон дар тӯли таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд. Ман ба азму иродаи ватандӯстона ва қудрати созандаи мардуми шарифи кишвар ва сокинони соҳибмаърифату сарбаланди пойтахт эътимоди комил дорам. Ва хуб медонам, ки онҳо ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд. Бори дигар, ҳамаи сокинони кишвар ва шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори 27 – мин солгарди истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хушбахтиву иқболи нек, оромиву осоиш ва муваффақияту комёбиҳо орзумандам. Бигзор, ба шарофати истиқлолият маркази сиёсӣ ва илмиву фарҳангии давлати тоҷикон - пойтахти азизамон боз ҳам ободу зебо гардад! Бигзор, Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ва шаҳри Душанбе ҳамчун меҳвари сулҳу субот абадан боиси ифтихори тамоми тоҷикон бошад! Ҷашни фархундаи истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз! ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР “НАВРӮЗГОҲ” - И ПОЙТАХТ 9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор
3 гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард. Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омадааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон - бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст. Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони пойтахт минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро вусъати бештар мебахшанд ва шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд. Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони пойтахтро ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу карданд. Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо барномаи рангину пурмӯҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хушу хотирмон идома ёфт. www.president.tj
4
АХБОРИ ҲАФТА
ВАНҶ: Истиқлолият дар фазои фараҳболӣ таҷлил шуд
Мусобиқаи футбол байни ҷамоатҳои Роштқалъа
Сокинону ҷавонони ноҳияи Ванҷ ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ва дар фазои сулҳу фараҳболӣ таҷлил намуданд. Дар ин бора мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Масрур Ғайратов иттилоъ дода гуфт, ки чорабинии фарҳангӣ дар маркази ноҳия, ҷамоати Маҳмадулло Абдуллоев бо ширкати раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффорзода Нуъмон баргузор гашт. Раиси кумита ҳозиринро ба ифтихори ин иди бузург табрику шодбош гуфта, дар ҳифзу гиромӣ доштани дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва пешравии ноҳия ба сокинон барору комёбиҳо таманно кард.
Дар ноҳияи Роштқалъа байни 18 дастаи ҷамоатҳои ноҳия мусобиқаи футбол гузаронида шуд. Аз рӯи маълумоти масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия аз миёни дастаҳо ду тими маркази ноҳия “Роштқалъа” ва “Шабдез” ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ҳамин тавр, баъди рақобати ҷолибу диданӣ дар дақиқаҳои охир “Роштқалъа” дастаи рақибро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ғолиби мусобиқа гашт. Мавриди зикр аст, ки чорабинии варзишӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ташкил гардида, ғолибон бо ифтихорномаю мукофотпулӣ сарфароз шуданд.
ВМКБ
ДУШАНБЕ
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Марафони велосипедронӣ
Бо мақсади иҷрои банди 25 нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марафони велосипедронӣ баргузор
карда шуд. Мусобиқа бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии
сокинони пойтахт ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонону наврасон ва сокинон ба тарғиби ҳаёти солим арзёбӣ гардид. Дар фарҷом ғолибон бо диплом, медал ва тўҳфаҳои таъсисдодаи раёсат қадрдонӣ карда шуданд.
Дунёи ҷавонӣ Дар доираи Форуми роҳбарҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар дар шаҳри Душанбе шоми фарҳангӣ таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ” доир гардид. Макони баргузории чорабинӣ Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон”, ки ба тозагӣ азнавсозӣ шуд ва аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, интихоб гардида, иштирокчиён дар баробари ширкат дар чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ аз имконоту шароити
ШНТМ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
боғи номбурда дидан карданд. Дар доираи чорабинӣ ҷавонон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи диёр, соҳибистиқлолии кишвар, ваҳдату ягонагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва шароити арзанда барои насли наврасу ҷавон баромад намуда, миннатдории самимии хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иброз намуданд. “ҶТ”
да, дар бораи дастовардҳои истиқлолият суханронӣ намуданд. Тавре мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия А. Сатторӣ иттилоъ дод, дар рафти чорабинӣ навори видеоӣ дар бораи дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар даврони истиқлолият пешкаши ҳозирин гардонда шуд.
Соҳибистиқлолему соҳибдавлатем... Дар доираи нақшаи чорабиниҳои идона бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳури Тоҷикистон дар толори Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат намоиши идона таҳти унвони “Соҳибистиқлолему соҳибдавлатем” бо иштироки ҷавонон ва фаъолони
шаҳр сурат гирифт. Дар ин чорабинӣ дастовардҳои мардуми шаҳру деҳоти Ваҳдат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шуд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
Ҷилои ахтарони Истиқлолият
Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб бахшида ба 27 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳр бо иштироки васеи ҷавонон ва гурӯҳи ҳунармандони “Садои дӯстӣ”-и назди бахш консерти бошукӯҳ таҳти унвони “Ҷилои ахтарони
Истиқлолият” доир гардид. Ҳамзамон дар ҷараёни таҷлили ин ҷашни миллӣ дар толору майдончаҳои шаҳр байни ҷавонону наврасон мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи 10 намуди варзиш доир карда шуда, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои
хотиравӣ сарфароз карда шуданд. Дар маҷмуъ, ҷавонони Кӯлобшаҳр ҷашни Истиқлолияти давлатиро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ва рӯҳияи фараҳмандона дар осмони софу беғубори Ватан, ваҳдати саросарӣ ва сулҳу субот таҷлил намуданд.
Левакант: Конфронси илмӣ адабӣ баргузор гардид Бахшида ба 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Левакант конференсияи илмӣ - адабӣ баргузор гардид. Дар конференсия омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, омӯзгорон дар мавзӯҳои “Истиқлолият-дастоварди бузурги миллат”, “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби мо”, “Рушди Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият” ва “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони
СУҒД
“Саҷда бояд кард хоки пои истиқлол”
Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти кишвар, бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ дар толори бахш дар мавзуи “Саҷда бояд кард хоки пои истиқлол” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ масъулин аз идораю ташкилотҳои гуногуни ноҳия ширкат варзи-
ХАТЛОН
Истиқлол” маърӯза намуданд. Қайд карда шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ, озодию ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ Истиқлолиятро ҳамчун ҷашни миллӣ ба таври хоса истиқбол мегирем. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳаваскорони муассисаҳои таълимии шаҳр намоиши адабию фарҳангиро пешкаши иштирокчиёни конференсия гардониданд. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
Дӯстӣ ғалаба кард
Дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Динамо”-и шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бозии рафиқона доир гардид. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, қабл аз оғози бозии футбол ҳайати меҳмонон аз вилояти Самарқандро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев робита миёни кишварҳо аз нав барқарор гардида, муносибатҳои
дӯстонаи байни вилоятҳо тақвият меёбанд. Сипас бозии дӯстона оғоз гардида, он бо ҳуҷумҳои пайдарпайи дастаҳо ҷараён гирифт. Нахустин гол аз ҷониби бозингари меҳмонон Дилмурод Каримов дар дақиқаи 31 ба дарвозаи мизбонон ворид карда шуд. Мухлисони беш аз 20 ҳазорнафараи дастаи “Хуҷанд” ноумед нагардиданд ва ниҳоят ҳуҷумкунандаи марказӣ Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 52 тӯбро моҳирона вориди дарвозаи меҳмонон намуд. Бо вуҷуди хатарҳои зиёди голӣ ба дарвозаи меҳмонон ҳисоби бозӣ то охир тағйир наёфт ва ҳамин тавр дидори дӯстона бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Масъулин зимни мулоқот бо сокинони ноҳия аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва вилоят ёдовар шуда, ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Гуфта шуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи варзишии замонавӣ барои сокинони ноҳия туҳфаи хубе дар арафаи таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сохтмону бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ бо шумули майдону толорҳои варзишӣ идома дорад ва дар ин раванд нақши соҳибкорон низ назаррас мебошад. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
Барои ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ тарғиби ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар ҷумҳурӣ, ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонони кишвар ва муҳайё намудани шароити муносиб лозим аст. Имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ баҳри донишандӯзӣ, аз бар намудани илм ва донишҳои гуногун тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Хушбахтона, ҷавонону наврасони мо аз ин ҳама имкониятҳои муфид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муҳайё гардидааст, самаранок истифода намуда, дар баробари ин дониш ва малакаи зеҳнии худро дар самти ихтироъкорӣ низ санҷида истодаанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист. Бино ба маълумотҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ айни ҳол шумораи умумии ихтироъкорони ҷавон (аз 21 то 30-сола) 92 нафар буда, онҳо ба ихтироъкорӣ машғул мебошанд. Имрӯз хушбахтона ҷавонону наврасони мо дар зери офтоби дурахшони сулҳу ваҳдат паи донишандӯзӣ буда, аз талошу заҳмат ва кӯшиши эшон бараъло намудор аст, ки ҳар яке дар қалб ҳадафи дар соҳаи мавриди назари хеш мутахассиси хуб гардидану баҳри ободии ин меҳан саҳм гузоштанро доранд. Баҳри ҷалби наврасону ҷавонони шавқу завқи ихтироъкорӣ дошта, дар кишвар ҳар сол озмуну чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд, ки ҳадаф аз он муайян намудани наврасону ҷавонони малакаи зеҳнии навоваридошта мебошад. Чунин як озмуни ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” маротибаи дуюм аст, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Ҷавонон - созандагони ватан” баргузор мегардад, ки мақсад аз он дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманди дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ ва ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ шавқу рағбат дошта мебошад. Вобаста ба рафти баргузории озмуни мазкур, ки муҳити хуби гирд овардани ҷавонони лаёқатманд мебошад, бо Баҳодур Назаров, сардори Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намудем. - Муҳтарам Баҳодур Назаров, дар ибтидо мегуфтед, ки
ИХТИРООТ ВА ҶАВОНОН ки бештар аз чаҳор ҳазор ададро ташкил медиҳанд, умуман кам аст. Бинобар ин, ҷиҳати тарғиби ҳаматарафа ва фаҳмондадиҳии моҳияти озмун мутахассисони муассиса ба минтақаҳои ҷумҳурӣ равон карда шуданд, ки натиҷаи назарраси он ин зиёд шудани шумораи аризаҳо барои иштирок дар озмун мебошанд. -Озмуни мазкур чанд сол аст, ки баргузор мегардад ва он чӣ натиҷа дод? -Озмуни зикргардида навбати дуюм аст, ки баргузор шуда истодааст ва нисбат ба навбати яку-
Майли ҷавонон ба ихтироъкорӣ меафзояд ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” таҳти шиори “Ҷавонон- созандагони Ватан” дар чист? -Озмуни ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” таҳти шиори “Ҷавонон созандагони Ватан”, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандона, иқдомҳои наҷибона ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби наврасону ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани онҳо мебошад. -Ҷиҳати иштироки ҷавонону наврасон ба озмун аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба гӯшаҳои гуногуни кишвар сафарҳо анҷом дода шуд. Мегуфтед, ки ин сафарҳо чӣ натиҷа доданд? -Дар доираи чорабиниҳои ташкилӣ маълумот (эълон) оид ба баргузории озмун аз ибтидои моҳи апрел тариқи фиристонидани мактубҳо бевосита ба унвонии мақомотҳои идоракунии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва ҳамзамон ба раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо кӯмаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тавассути ВАО паҳн карда шуда буд. Мутаассифона, новобаста аз паҳннамоии маълумоти васеъ оид ба баргузории озмуни зикргардида, то санаи 6 июн аз тамоми манотиқи кишвар ҳамагӣ 60 адад ариза аз ҷониби наврасону ҷавонон (довталабони озмун) ба муассиса ворид гардид, ки ин бо тафовут аз шумораи умумии ҷавонон ва навсарони кишвар, ҳамзамон шумораи умумии муассисаҳои таҳсилотии кишвар,
ми баргузорӣ ин дафъа шумораи довталабон бештар аст. Агар дар озмуне, ки соли 2016 баргузор шуда буд, ҳамагӣ 76 адад ариза бо муаллифии 88 нафар ҷавонону наврасон пешниҳод шуда бошад, пас то имрӯз барои иштироки озмуни навбатӣ 272 ариза бо муаллифии 296 нафар наврасону ҷавонон ба унвонии Кумитаи тадорукот пешниҳод шудааст. Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 20 сентябр муқаррар шудааст ва мо умед дорем, ки рақамҳои дар боло овардашуда боз ҳам афзоиш меёбанд. Маълумоти дигаре, ки вобаста ба озмуни соли 2016 гузаронидашуда ҷоизи қайд аст, ин бо мукофотҳо қадрдонӣ шудани довталабони ғолиб мебошад. Бар зами ин, дар натиҷаи озмун баъзе пешниҳодҳои ҷолиби диққат аллакай бо дастгириҳои тавсиявии кормандони муассиса барои ҳуҷҷати муҳофизатӣ ариза пешниҳод намуда, соҳиби нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтироъ гардидаанд. Мисоли равшани он ин пешниҳоди маводи доруворӣ аз ҷониби ихтироъкори ҷавон Сай-
5
фидинов Фирӯз мебошад. Дар баробари ин, ба наврасону ҷавонон имконияти пешниҳодҳои ҷолибашон тариқи Интернет-портали миллии инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияташ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешавад, фароҳам оварда шудааст. -Барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмун кадом тадбирҳо роҳандозӣ шуда истодаанд? -Айни замон барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Озмун Кумитаи тадорукот дар ҳайати муовинони раисони вилоятҳои ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти худро дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ва таъмини иштироки онҳо тибқи нақшачорабиниҳои баргузории Озмун ба таври муташаккилона дар тамоми манотиқи кишвар роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ҷониби кормандони Муассиса низ ҳамарӯза тариқи телефонӣ ва почтаҳои электронӣ бо нафарони масъули кор бо ҷавонону наврасон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамос гирифта, барои кӯмакрасонӣ ва ҷалби шумораи ҳарчи бештари довталабон кӯшиш ба харҷ дода мешавад. -Барои ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ чӣ бояд кард? -Албатта барои ҷалби ҷавонон ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ амалҳои зеринро ба монанди ташвиқ ва тарғиби ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар ҷумҳурӣ, ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонони кишвар, муҳайё намудани шароити муносиб барои амалисозии ғояҳои пешқадам дар самти навоварӣ ва ихтироъкорӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди завқмандии наврасон ва ҷавонон ба эҷодиёти техникӣ, навоварӣ ва ихтироъкорӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас ва ҷавон, мусоидат ба мубодилаи таҷрибаҳо дар самти рушди эҷодии наврасон ва ҷавонон дар соҳаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, паҳн намудани иттилоот дар байни шаҳрвандон оид ба рушди афкори навоварӣ ва имкониятҳои эҷодии наврасон ва ҷавонон ва бедор кардани эҳсоси аҳамиятнокии иҷтимоӣ-иқтисодии фаъолияти навоварӣ ва ихтироъкорӣ дар байни волидон ва наврасону ҷавононро анҷом додан зарур аст. Ин амалҳо дар навбати худ аз ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сиёсати хирадмандонаву наҷибона ва дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадаанд ва баргузории озмун низ ба амалигардонии онҳо равона шудааст. -Ташаккур барои суҳбат! -Саломат бошед. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
6 Аз фазои солими оила, ҳаёти солими миллат маншаъ гирифта, оила дар бунёди ҷомеа нақши меҳвариро мегирад. Дар сатҳи баланди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию ахлоқӣ қарор доштани оилаҳо, мусоидаткунанда ба рушду нумӯъ ва пешрафти давлату миллат гардида, бақои солимии фарзандон ва инкишофи бомароми ҷомеаи солим мегардад.. Саодату хушбахтии оила яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, устувории оила, маҳаки асосии суботи ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҳастии инсонҳо маҳз аз оила оғоз ёфта пас он дар ҷомеа ташаккулу инкишоф меёбад. Солимии ҷомеаро аз солими оила ва насли солим арзёбӣ менамоянд, ки барҳақ дуруст аст. Инсоният барои қонеъ намудани талаботи хеш дар ҳамаи давру замонҳо кӯшиш ба харҷ додааст, ки пеш аз ҳама худро аз ниёзмандӣ раҳо намуда, тадбирҳо ҷӯяд. Оила рисолати бузургест, ки асрҳо боз побарҷост. Мазмун ва роҳу равиши оиларо шароитҳои моддӣ ва маънавии ҷомеа муайян намуда, онро рӯи кор оварда, дар шароити кунунӣ давлат онро муҳофизат ва тараққӣ медиҳад. Оиларо муаррихон ячейкаи ибтидоии ҷамъият ва пояи асосии давлат шуморидаанд, ҷои баҳс нест. Дар ин робита ахлоқ ҳамзистии одамро ба одамон, муносибатҳои онҳоро бо ҷамъият дар доираи оила муайян ва танзим менамояд. Дар ҳамаи давру замон оила ба ахлоқи ҳамида ниёз дошт. Ҳамагон огаҳ ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гирдоби нави муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ ва бархӯрдҳои фарҳангӣ қарор дошта, косташавии ахлоқ мушкилоти рақами як маҳсуб ёфта, дар навбати худ проблемаҳои навинро тавлид месозад. Низоми навин бисёрсамта буда, хатари ҷиддиеро ба арзишҳои пойдории оила ва рисолати хонаводагӣ таҳдид намуд, ки он хоҳу нохоҳ ба ҷомеа ва ба шохаҳои давлату миллат бетаъ-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
ҶОМЕА сир намемонад. Таърихи навини кишвар бисёр омезишҳо ва бархӯрдҳои этникию маданӣ ва таҳаввулотҳои гуногунро аз сар гузаронида истодааст. Моро зарур аст, дар ин раванд андешамандона муносибат намуда, монанди занбӯри асал аз беҳтарин накҳатҳову зебоиҳо, дастоварду дарёфтҳои муфиду мусбат истифода намуда, барои миллати хеш ва ояндаи фарзандонамон заминагузор бошем. Рафтору кирдор, муносибату муошират ва қабули тазодҳои нав бояд чунин бошанд, ки ба ҷомеаи шаҳрвандӣ безарар ва баъди қабулашон набояд боиси норозигии ҷомеа ва шармандагии умум гардад. Дуруст аст, ки ҷаҳонишавии тамаддунҳо бо суръати кайҳонӣ идома дорад. Аммо ин маънии онро надорад, ки мо мавқеи тамошогарро интихоб намуда, нисбати фарҳангу тамаддуни хеш бетарафӣ зоҳир созем. Халқи тоҷик ба ҷаҳониён мероси гаронбаҳои илму тамаддун мерос гузоштааст ва дар ин замина эҳёи муносибатҳо, ҳамгироии маданияту тамаддунофарӣ дар омезиш буда, ҳалли дурусти он
уламо, мӯйсафедону шахсони рӯзгордида, ҳамоно ҷамъ омада, тарафҳоро моил сохта пеши роҳи ҷудошавии оилаҳоро мегирифтанд. Бо ин кирдор ҳам оилаҳо рӯ ба солимият ва ҳам фарзандон аз роҳҳои нодуруст бар гардонида мешуданд. Ҳаводиси солҳои охир собит месозанд, ки ба мавқеъ ва ташаккули қисмате аз оилаҳо, хатари маънавӣ таҳдид намуда истодааст, ки он ба инкишоф ва раванди ҳаёти солим мондагор шуда метавонад. Ба назар чунин мерасад, ки дигар ибораи талоқ, зани дуюм ва ё сеюм, талоқ ба воситаи паёмак, фарзандони беникоҳ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон баъди як ва ё думоҳи хонадорӣ, ба хотири сарват барпо сохтани «оилаҳо» ва издивоҷ намудан бо мардони пиронсол ё худ баръакси ин ҳол, ба воситаи никоҳҳои ғайриқонунӣ барпо намудани оилаҳо, содир намудани зино, машғул шудани шаҳрвандон ба фоҳишагариву тарғиби он ва бо ин восита рӯзгузаронидан гӯё як ҷизи муқаррарӣ шуда, аз ҷониби ҷомеа нодида гирифта шуда, ба бешарафӣ ва ноҷавонмардӣ табдил ёфтааст. Нотавонбинӣ ва бе-
намедиҳем. Мо наметавонем бо дилҳои сарду беҳарорат, холӣ аз меҳру садоқат ба тарбияи фарзанд машғул бошем. Оё метавонем бо виҷдони хуфта ва кулбори холӣ интизори эътироф ва сазовори зиндагии шоистае бошем? Ҷаҳони имрӯза пур аз ҳаводису таззодҳое мебошад, ки одам дар ҳолати андешаи солим дар ҳайрат монда, сари интихоби роҳҳо лолу ҳайрон ва нигарон мондааст. Хатарҳо он қадар зиёданд, ки лаҳзае волидон ғофил монанд наврасону ҷавонон метавонанд бо таъсири муносибатҳои манфии иттилоотӣ пайванд ба афкори бегонаву ахлоқи бад ва дигар муносибатҳои нодурусти байни инсонҳоро қабул созанд. Зуҳуротҳои номатлуб аз қабили “ҳамҷинсгароӣ”, “издивоҷи сафед” бо суръати баланд дар байни миллатҳои гуногун паҳну парешон шуда, хатари воқеан бузургро дар муқобили рисолатҳои муқаддаси оиладорӣ ва фарҳангу маданияти миллӣ ба вуҷуд оварда истодаанд. Ҳамагон огаҳем, ки ҳамзистии зану мард бидуни анҷом додани
бита сироят ёфтан аз чунин бемориҳо миёни оилаҳое, ки бо никоҳи хешутаборӣ бунёд шудаанд, аз ҳама зиёд аст. Дар кишварҳои муттарақии тиббӣ олимон ба хулосае омадаанд, ки насли аз никоҳи хешутаборӣ тавлидшуда, умри дароз надида, сониян ҷисмашон бо дарози қад мувофиқ набуда, аз дигар ҳамсолонашон ба андозаи 5 то 7 см кӯтоҳ ва аз лиҳози вазну бадан низ костагиҳо ба назар мерасанд.Чунин кӯдакон дар ҷараёни камолот эҳтимолияти зиёди гирифторӣ ба бемориҳои гуногун пайдо мекунанд. Хушбахтона атрофии ин масъла ва паҳлуҳои мухталифи он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо амалӣ карда мешавад. Равшану возеҳ аст, ки сухан асосан атрофи солимии кӯдакон ва оилаҳои солим рафта, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва фарҳангии он низ масъалаи зарурӣ ба ҳисоб меравад ва матраҳ намудани он вазифаи мутахассисон, масъулон ва тамоми ҷомеа мебошад. Издивоҷи хешутаборӣ агар пешгирӣ нагардад, он метавонад паёмадҳои зиёди нохушро
тақозои ақлу фитрати инсонҳоро талаб менамояд. Замоне мардуми шарафманди кишвар барои худ айбу шармандагӣ меҳисобид, агар ба забон калимаи “талоқ” меовард ва ё занро аз хона пеш менамуд. Ҳозир бошад, ҳатто падару модарон аз ду ҷониб мусоидат менамоянд, ки фарзандони онҳо хонавайрону тифлакон бе сарпаноҳ ва аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ танқисӣ кашанд. Замоне пештар мабодо оилае дар маҳаллае агар ба нокомӣ ва ё ҳолати ҷудошавӣ дучор мегардид, ин ҳаводис барои ҳама бошандагон фоҷеа ҳисоб мегардид. Аҳли
парвогии худи мост, ки ҷомеа ба ин роҳ равон асту миёни зиндагии “назариявӣ” ва аслии рӯзгори мо фосилаҳо пайдо шуда истодаанд. Ҳайратовар ин аст, ки ҳар яки мо ба хотири ҳимояи худ аз чизе даст накашида, танҳо худро ҳақ мешуморем. Ғайбату шиква менамоем, ҳамеша дар орзуи онем, қи рӯзгорамон обод дастовардҳоямон бекарона бошанд, аммо худ кӯшише ҳам барои дастовард ва фоидаи умумимиллӣ, сарф намекунем. Ба ҷузхеш дигар ҳамаро гунаҳкор, олудаи фасод ва ҷурму норасогиҳо пиндошта аз худ иқдом барои кори нек анҷом
никоҳ мақбули қабул нест, аммо ҳайфу сад ҳайф, ки дидаву дониста, мо аҳли ҷомеа чашм аз ин ҳодисаҳои нангин пӯшида, худро кар ва лол мепиндорем. Мусалламан равшан аст, ки никоҳи “муваққат” ва ё “сиға” ҳадафашон танҳо нафъу лаззати як лаҳзаина буда, шикасти имон, нангу номус ва хатои ислоҳнопазир аст. Аз нуқтаи назари фарҳангшиносони масоили мазҳабӣ, ягон дини олам робитаи маҳрамонаро то ақди никоҳ қабул намедорад. Илми тиб собит сохтааст, ки аксарияти бемориҳои хусусияти ирсӣ дошта, аз насл ба насл мегузаранд. Дар ин ро-
ба оилаҳо, ба ҷомеа ва давлату миллат биёрад. Муваззафем ояндаи фарзандони хешро имрӯз фикр намуда, оилаи солим барпо намуда, барои фардо замина гузорему дар талоши покии ахлоқ ва меҳру муҳаббати самимӣ бошем. Фардо дер хоҳад шуд. Мо ҳуқуқи хато кардан ва нодида гирифтанҳо надорем.
Мо ҳуқуқи хато кардан надорем
Сафаралӣ СОБИРОВ, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10, ба номи Файз Усмонови ноҳияи Ёвон
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
Ду роҳиби насронӣ аз дарёчаи пуртуғёне мегузаштанд. Дар наздикии эшон ҷавондухтари бисёр зебое истода буд, ки ӯ низ мехост аз дарёча убур кунад, вале метарсид. Духтар аз роҳибон хоҳиш намуд, то кӯмакаш кунанд. Яке аз онҳо ӯро сари шонаҳояш гирифт ва хомӯш ба дигар тарафи дарёча гузаронд. Роҳиби дигар хеле асабонӣ шуд. Чизе нагуфт, вале дарунаш ҷӯш мезад: “Ин корест мамнӯъ! Китоби муқаддас ба роҳибон ҳатто даст расондан ба занҳоро манъ мекунад, ин бошад на танҳо даст расонд, балки рӯи шонаҳояш бардошт”. Ҳангоме ки онҳо ба савмаа расиданд, аллакай шаб шуда буд. Роҳиби хашмгин ба рафиқаш рӯ оварду гуфт: - Ту набояд ин корро мекардӣ! Ин корест мамнӯъ! Ман бояд дар ин бора ба сарроҳиб хабар диҳам. Роҳиби аввалӣ ҳайратзада пурсид: - Дар чӣ бора мегуӣ, чӣ мамнӯъ аст? - Фаромӯш кардӣ, -гуфт дуввумӣ, - зани зебоеро рӯи шонаҳоят бардоштӣ? Роҳиби аввалӣ хандиду посух дод: - Ман ӯро танҳо як дақиқа рӯи шонаҳоям, аз як тараф ба тарафи дигар интиқол додам. Ту бошӣ ҳанӯз ӯро бардошта гаштаӣ! Ин ҳикоя қазияи рассоми ҷавон, Маърифат Давлатоваи 25-сола ва як гурӯҳ бо ном “озодандешон”-у “ҳомиёни дину миллат”-ро мемонад, ки перомунаш чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёд чарх мезанад. Ба рӯи ин наққошдухтар мехоҳанд тӯфони қаҳру ҷаҳлро фурӯ резанд. Ва дар сомонаи иҷтимоии фейсбук чандин маъракаҳои фарохонӣ (питетсия) нисбати ин рассоми ҷавон баргузор гашта истодааст. Ҳатто баъзе сокинон ва шаҳрвандони алоҳида ин мавқеъгириҳои худро мехоҳанд ба гӯши масъулин бирасонанд ва нисбати ин ҷавонзани
НИГОҲИ ДИГАР
Фаҳшҷӯии иддае аз чист? Ё “Воизон чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд” тоҷик чораҳои “зарурӣ”-ро андешанд. Баъзе расонаҳои дохиливу хориҷии кишвар низ ин қазияро пайгирӣ карда чанд гузоришу мақолаи таҳлилӣ низ таҳия карданд. Ба иддаои эшон Маърифат дар офаридаҳояш ба тарғиби озоди порнография роҳ додааст, ки ин хилофи оини мардумии мост. Аммо вақте мо бо чанде аз мутахассисони соҳаи рассомӣ ва равшанфикрон вобаста ба тасвирҳои офаридаи ин рассоми ҷавон ҳамсуҳбат шудем, ҳамагӣ офаридаҳои ӯро санъати воло ва намунаи барҷастаи санъати рассомӣ медонанд: “Наққошиҳои Маърифат Давлатоваро дидам ва мехоҳам бо ӯ гуфтугӯ кунам, дасташро хоҳарона бифишорам ва ба ӯ бигуям, ки маро ба оянда маърифат ва фарҳангу ҳунари Тоҷикистон боз дубора пур аз умед кард. Диди комилан ҳунарӣ ва бидуни тақлиду пайравӣ аз наққошони дигар”, - менигорад, Шаҳзода Самарқандӣ. Вафо Назаров, рассоми мардумии Тоҷикистон тасвири бадани занро, ки аз дидгоҳи ин гурӯҳ комилан аз доираи одоб берун аст, чизи дигар медонад. Ӯ мегуяд: “Ин чиз натанҳо порнография нест, балки як санъати зебои рассомист, ки на ҳар рассом қудрати офаридани чунин мусаввараҳоро дорад. Аз як осори тасвирӣ намешавад, ҳангома сохт. Вақте рассом чизеро меофарад, ин ҳунари ӯст”. Худи Маърифат Давлатова дар як мусоҳибааш ба хабарнигорон гуфтааст, ки сабаби офари-
дани ин гуна расмҳо эътирозе ба таҳқирҳои ноҷое баъзе аз мардон аст: "Инро метавон ҳамчун як вокуниш ба таҳқири мардон гуфт. Ман зан ҳастам ва мутаассифона, на як бору ду бор нигоҳҳои бешармонаи мардонро нисбат ба худ мушоҳида кардаам. Борҳо таҳқир мекарданд, муҳокима мекарданд. Хостам ба як гурӯҳи мардон дар ҷомеа нишон бидиҳам, ки бадани зан як чизи маъмулист ва набояд онро зиёд муҳокима кард",-мегуяд ӯ. Ҳам аз гуфтаҳои Маърифат ва ҳам аз чанд далеле, ки мо дорем, бармеояд, ки ба таъбири Ҳофиз “Воизон чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд”. Ба дунболи қазияи мазкур вақте ки амиқтар фурӯ меравию аз дидгоҳи дигар мехоҳӣ ба масъала баҳо диҳӣ, комилан як чизи норӯшане пеши чашмат намудор мегардад. Вақте мо нишондиҳандаи ширкатҳои мобилии кишвар вобаста ба масрафи трафики интернетии онҳо дар сомонаҳои тарғибкунандаи порнографиро дида баромадем, дар мавқеъгирии ин афрод надонистем чӣ қазовате дошта бошем. Албатта инро тадқиқот номидан мумкин нест. Чун дилхоҳ истифодабарандаи интернет метавонад, онро ба чашми худ бубинад. Ба дунболи мавзӯи мазкур ва барои дақиқ намудани сару садоҳои паҳншуда, ки мо “мусалмонему ба расму оини мо ин намуди санъат хос нест ё рост намеояд” ва садҳо таҳқиру мазаммат, вақте мо муқоисаи калима ё худ мавзӯъҳои ҷустуҷӯшудаи
“порнография”, “илм”, “китоб” ва “маориф”-ро дар ҳудуди кишвар дар ҷусторгари “Google” дидем, натиҷааш чунин буд, аз ин чор мавзӯи ҷустуҷӯшуда дар қиёс 76 фисадаш ба порнография рост меояд ва 24 фисади дигар ба сеи ниҳоӣ. Мувофиқи таҳқиқоти вижае, ки яке аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон барои масраф гардидани трафикҳои интернетии ин ширкат гузаронидааст, маълум гардид, ки зиёда аз 90 фисади трафикҳои интернетиаш ба тамошои маводҳои видеоӣ меравад ва аз ин шумора 95 фисадашро видеоролику филмҳои порнографӣ ташкил медиҳанд. Як масъули ин ширкат бо махфӣ нигоҳ доштани номи худ ва ширкаташ ба мо баён кард, ки ҳатто онҳо дар бораи ба кадом навъи порнография таваҷҷӯҳ кардани муштариёнашон низ маълумотҳои дақиқ доранд ва фош кардани онҳоро ҳанӯз барвақт арзёбӣ мекунанд. Зимнан бояд гуфт, ки баррасии масъалаи мазкур на ҷонибдорӣ аз ҳунари Маърифат Давлатова ҳаст ва на пайгирии истифодаи трафикҳои интернетӣ дар ҳудуди кишвар. Мо донистан мехоҳем, ки мавқеъгириҳои нодақиқи як гурӯҳи бузург дар ҷомеаи Тоҷикистон, он ҳам бошад нафарони шинохтаву саршиносро сабаб чист? Ба ин ҳама чӣ шуда, ки дар ҷустуҷӯкунандаи “Google” танҳо шаҳвоният меҷӯянд ва вақте дар сари фейсбук менишинанд ҷор аз миллатдӯстӣ мезананду худро ҳомии дину оин медонанд. Чаро
7 аз ин “маърифати баланд” ва “ғамхории оилаҳо”, ки чандест наворҳоро дар шакли қисм дар интернет мегузоранд, ки ҳамагӣ таҳқири зани тоҷик ва беобрӯ намудани он аст, чизе намегӯянд? Чаро аз ин намеандешанд, ки ин ҳама миллатдӯстиву оиладӯстдории эшонро аз ин газанд расида, ки ҳамасола зиёда аз 10 ҳазор оила аз ҳам фурӯ мепошанду ҳамарӯза даҳҳо зан аз хушунатҳои оилавӣ ба мақомотҳои интизомӣ мактуби шикоятӣ менависанд? Магар ҳамин “маърифати баланд”-и ин гурӯҳ нест, ки қариб ҳар лаҳза дар кӯчаҳои шаҳр ҷавондухтарону ҷавонзанони зиёде мавриди хушунати лафзиву равонӣ қарор мегиранд? Ҷои баҳс ҳам нест, ки наворҳои хиёнати чандин занро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи ютуб маҳз ҳамин гурӯҳ паҳн кардаву миёни дигар қавму миллатҳо миллати худ ва покдомании занони худро “муаррифӣ” карданд. Таҳқир, “чашмобдиҳӣ”, гаппартоиҳои бемаънӣ ва нигоҳҳои дӯздонаву пур аз шаҳват ва ба монанди инҳо аз ҳамонҳоест, ки мехоҳанд занону модарони худ дар хона “чормех” бошанду худ дар пайи “ҷустуҷӯ”ҳои нав ба нав. Ҳатто ин қабил дар назди рафиқони хеш аз чанд, ба истилоҳ арӯс доштани хеш миёни ҳам мефахранд. Ва таъкидан, агар воқеан мехоҳем, ғами ватану миллат, расму русум ва покдомании занонамонро ҳифз кунем, фаротар аз як мафкураи танг равему дунболи худнишондиҳӣ нагардем. Чун возеҳ аст, ки бадин тартиб “дил ҷудову забон ҷудо бошад,” ҳеҷ гоҳ ба хосту ниятамон нахоҳем расид! Хуршед ХОВАРӢ “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
Тӯҳфаи навбатии Дилшод Назаров дар ҷашни Истиқлолият Қаҳрамони феълии Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гурзандозӣ Дилшод Назаров дар Ҷоми қораҳои АБФВС (IAAF) медали тиллоро ба гардан овехт. Мусобиқаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) 8-9 сентябр дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор гардид. Қувваозмоии варзишгари машҳури тоҷик дар рӯзи 27 – умин солгарди Истиқлолияти кишвар 9-уми сентябр рост омад. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 77,34 ҳаво дода, ҷои аввалро ишғол кард. Ҷои дуюм бо натиҷаи 74,22 насиби намояндаи қитъаи Африқо Мустафо Ал Ҷамоли мисрӣ, ҷои сеюм бо натиҷаи 74,80 насиби намояндаи Аврупо Бонсе Ҳалази маҷористонӣ шуд. Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии кишвар Дилшод Назаров андешаашро дар бобати ғолибияташ чунин баён доштааст: “Ман ба Ҷоми қораҳо омодагии хуб дида будам. Ду сабаб боис гардид, ки ман ин ҷо пирӯз шавам. Пеш аз ҳама мехостам ба қораи Осиё ва Уқёнус кӯмак расонам то ҷои беҳтарро дар мусобиқа сазовор гардад. Дуюм, ман дар Бозиҳои Осиё-2018 натиҷаи на онқадар хуб нишон додам ва маро зарур буд, исбот кунам, ки беҳтаринам. Имрӯз ман дар ҳар партоб натиҷаи баландтарро нишон додам, ки техникаи маъмулии ман дар ҳамаи мусобиқаҳо мебошад. Бисёр шодам, ки имрӯз аз ӯҳдааш баромадам”. Дар риштаи гурандозӣ 8 варзишгари 4 қора иштирок карданд. Қораи Осиёро, ҳамчунин, қаҳрамони Бозиҳои Осиё-2018 Ашраф Алсайфии қатарӣ намояндагӣ кард. Ӯ бо натиҷаи 74,08 ҷои панҷумро ишғол намуд. Дар мусобиқа 329 варзишгар аз 78 кишвар, инчунин дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 200, 400, 800, 1500, 3000 метр, 3000 метр бо монеа, 110 метр бо монеа, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш ба
Тақдими лавозимоти варзишӣ ба мактаби Шуғнон Абдуллозода Аҳтам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли зиё, ҷавонону варзишгарон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Шуғнон мулоқот намуд.
баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби гулӯла, партоби диск, гурзандозӣ, найзаандозӣ, эстафетаи 4х100 миёни мардону занон ва эстафетаи омехта 4х400 метр қувва озмуданд. Варзишгароне, ки то ҷои 8-умро ишғол карданд, соҳиби ҷоизаи пулӣ гардиданд. АБФВС барои ғолибон 30000 доллари ИМА, ҷои дуюм 15000, ҷои сеюм 10000, ҷои чорум, 7000, ҷои панҷум 5000, ҷои шашум 3000, ҷои ҳафтум 2000 ва ҷои ҳаштум 1000 доллари ИМА тақдим кард. Дар эстафета барои чор ҷои аввал ҷоиза муқаррар шуд: ҷои аввал – 30000, ҷои дуюм 20000, ҷои сеюм - 10000, ҷои чорум - 8000 доллари ИМА. Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бразилия медали тилло ва дар Лаҳистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ӯ дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия сазовори медали нуқра шуд.
Дастоварди таэквандочиён Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэеквондо (WTF) дар аввалин Чемпионати кушоди Осиё сазовори 8 медал гардиданд. Мусобиқаи мазкур 7-9 сентябр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор гардид, ки мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар зери роҳбарии мураббиён Исломиддин Фозилов, Зафар Тошматов ва роҳбари даста Фирӯз Файзиев Тоҷикистонро намояндагӣ карданд. Таэквондочиёни тоҷик миёни наврасон ва ҷавонон қувваозмоӣ намуда, сазовори 2 медали тилло,
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
3 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд. Миёни ҷавонон Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73 кило, Амал Ибрагимов дар вазни 59 кило сазовори медали тилло шуданд. Медалҳои нуқраро Рамазон Мирзоев дар вазни 59 кило, Муҳаммадҳусайн Шомаҳмадов дар вазни 51 кило миёни ҷавонон ва Маснавӣ Хоҷаев дар вазни 61 кило миёни наврасон сазовор гаштанд. Медалҳои биринҷиро Насиба Давлатова дар вазни 46 кило, Лутфулло Алиҷон дар вазни 63 кило
миёни ҷавонон ва Асланбек Фозилов дар вазни 57 кило миёни наврасон ба даст оварданд. Дар Чемпионати кушоди Осиё наздики 400 варзишгар аз 15 давлати қора иштирок карданд. Ба иттилои Ҷаҳонзеб Қармишев, раиси Федератсияи таэеквондо (WTF)-и Тоҷикистон, барои ҳакамӣ ба мусобиқаи мазкур ду нафар довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Вафоназар Алиназаров ва Ошурмуҳаммад Ошуров даъват шуда буданд.
Абдуллозода А. зимни суханронӣ иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди миллати тоҷик буда, дар як давраи ҳассоси таърихӣ ба даст омад. Душманони миллат ба ҳар роҳу восита мехостанд давлату миллати тоҷикро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест намоянд, вале дар ин лаҳзаҳои душвори сарнавишти миллати тоҷик ба сари қудрат шахсияти нотакрор таърихӣ, Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад, ки барои миллат тамоми ҳастии хешро бахшида, бо ҷоннисориву корнамоиҳои беназир фазои оромиву осудагӣ, саодату иқбол ва фараҳу шодиро ба миллати тоҷик ҳадя намуд. - Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад, – зикр намуд Абдуллозода Аҳтам. Раиси кумита ҳамзамон, аз Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон дидан намуда, бо масъулини соҳаи варзиш, мураббиёну варзишгарон мулоқоти судманд анҷом дод. Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар қаламрави кишвар рушд намуда, мураббиёну варзишгарон пайваста аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд. Дар ин замина, ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд.
Медали биринҷии тими ҷавонон дар Чин Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни дастаҳои футболи ҷавонони то 21-сола дар шаҳри Сюсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷои сеюмро ишғол кард. Дар мусобиқа 4 даста иштирок карданд – Мянма, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев 3 вохурӣ гузаронида, ду бозиро бо Чин (1:1), Мянма (0:0) мусовӣ карда, дар як вохурӣ аз дастаи ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд ва сазовори медалҳои биринҷии мусобиқа гардид. Тими ҷавонони Ӯзбекистон бо 7 хол ҷои аввалро ишғол намуд. Зинаи дуюм насиби дастаи мизбон – Чин гардид. Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Чин барои футболбозони ҷавони Тоҷикистон (бозингарони соли таваллудашон то 1997) як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба шумор мерафт, ки 18-26 марти соли оянда доир мегардад.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
ВАРЗИШ
Ҷамъбасти Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ - 2018 Дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти кишвар дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бошукӯҳтарин чорабинии варзиши сол – Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид. Дар марҳилаи сеюми Бозиҳои миллии варзишӣ варзишгарони шинохтаи кишвар, дастаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатии варзишии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Фестивали мазкур, ки ҳамасола дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ): дар остонаи таҷлили иди байналмилалии Наврӯз (марҳилаи якум), Ваҳдати миллӣ (марҳилаи дуюм) ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ (марҳилаи сеюм) доир карда мешавад, имсол нисбати соли қаблӣ ҷавонону наврасон ва сокинони касбу кори зиёдеро ба ҳам оврд, ки метавон гуфт, чорабинии мазкур дар оммавияти варзиши кишвар нақши калидӣ дорад. Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳилаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ – 2018 зиёда аз 37144 нафар иштирок намуда, дар маҷмӯъ 71420 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар дар он фаъолона иштирок намуданд. Марҳилаи сеюми фестивали мазкур 8-10 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Роғун, Шаҳринав, Турсунзода ва шаҳри Душанбе доир гардид. Дар шаҳрҳои болозикр мусобиқаҳо аз рӯи намуди гӯштини миллӣ, ҷавгонбозӣ, шоҳмот,варзиши сабук, сангбардорӣ, шиноварӣ, дастхобонӣ ва бандкашӣ доир гардид. Бо мусоидати бевоситаи раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 17 сентябри соли 2016, дар заминаи баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (намоишӣ) дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Баъдан бо мақсади эҳё, рушд ва амалии бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас, баргузории ҳамасолаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ) дар остонаи таҷлили иди байналмилалии Наврӯз (марҳилаи якум), Ваҳдати миллӣ (марҳилаи дуюм) ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ (марҳилаи сеюм) тасдиқ гардид. Соли дуюм аст, ки фестивали мазкур таҳти сарпарастии раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор мегардад. Абдулло Маҳмадализода, муовини сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни суҳбат таъкид намуд, ки ҳайати тадорукоти фестивал ба нақшаҳои дар пеш гузоштаи худ қадам ба қадам расида истодаанд: “Се марҳилаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ – 2018 дар сатҳи баланд доир гардид. Махсусан ду марҳилаҳое, ки қаблан дар маҳал ва минтақа баргузор гардид, нисбати соли қаблӣ хеле хуб буд. Дар соли 2017 аввалин маротиба Фестивали бозиҳои миллии варзиширо гузаронидем, барои мо бисёр мушкил буд. Зеро дар маҳал ба моҳияти бозиҳо ва тарзи дурусти гузаронидани онҳо сарфаҳм намерафтанд. Наврасон умуман номи баъзе бозиҳоро намедонистанд. Таҷрибаи як сол дар ин самт нишон дод, ки наврасону ҷавонони кишвар ба варзиши аҷдодии гузаштагони худ ворид шуданд ва нигоҳи онҳо нисбати соли аввал дигар аст. Зимни гузаронидани фестивал мо бо мушкилоте, ки дар соли аввал буд дучор нашудем. Дар даври сеюм шумораи иштирокчиён ба 1392 нафар расид, ки аз ин шумора 230 нафарашро бонувон ташкил медод. Дар маҷмӯъ зиёда аз 17000 нафар сокинон ба чорабиниҳои даври сеюми фестивал дар шаҳри Душанбе фаро гирифта шуданд. Мо бовар дорем, ки рафта – рафта Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ба яке аз бузургтарин чорабиниҳои варзишии кишвар табдил меёбад ва саҳми
беандозае мегузорад дар оммавияти варзиши кишвар”. Дар доираи фестивали мазкур 10 сентябр инчунин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки паҳлавонони ҷумҳуриро дар Нарӯзгоҳи пойтахт ба ҳам овард. Паҳлавонон аз рӯи 8 вазн миёни ҳам рақобат намуданд. Ташкилкунандагони чорабинӣ ба ғолибони зинаҳои аввал 5000 сомонӣ, ҷои дуюм 3000 ва мақоми сеюм 1500 сомонӣ тақдим намуданд. ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ НАМУДИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ Вазни 60 кило: 1.Муҳаммад Баротов – Хатлон 2.Муҳаммадризо Қувватов – Душанбе 3.Абдуллозода Тилло - Суғд Вазни 65 кило: 1.Ёқуб Боқиев – ВМКБ 2.Исоқзода Ҳусейн – Хатлон 3. Баҳром Суфиев - Хатлон Вазни 70 кило: 1.Муҳаммадраҳим Сарахонов – Душанбе 2.Наврӯз Каримзод – Душанбе 3.Мирзоҷамил Рамазонов - Хатлон Вазни 75 кило: 1.Раҳматулло Фарҳодов – Душанбе 2.Шоҳмансур Ёқубов – Душанбе 3.Эраҷ Абдуллоев - Душанбе Вазни 80 кило: 1.Ҳамроз Раҷабов – Суғд 2.Сабрулло Ҳикматуллоев - ШНТМ 3.Исроил Разимов - Душанбе Вазни 90 кило: 1.Ҳоҷимашраб Раҳмонов – Душанбе 2.Саймумин Алиев – Хатлон 3.Меҳрубон Идрисов - ВМКБ Вазни 100 кило: 1.Ғазалшои Давлатшо – ШНТМ 2.Фирдавс Насимов – Хатлон 3.Фарёд Шайхов - ВМКБ Вазни зиёда аз 100 кило 1.Нурулло Неъматов – ШНТМ 2.Башири Раҳидӣ – Рашт 3.Одил Сафаров - Душанбе Баъди натиҷагирӣ аз се даври Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дастаи Душанбе ҷои якум, Суғд зинаи дуюм ва Хатлон мақоми сеюмро ишғол намуданд. Тибқи қарори Кумитаи тадорукот намудҳои варзиши зерин вориди Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ шудаанд, ки ҳамасола дар се марҳила аз ин намудҳо мусобиқаҳо гузаронида мешавад. Намудҳои миллии варзишие, ки аз рӯи онҳо мусобиқаҳои даставӣ баргузор карда мешаванд: - Гӯштини миллии суннатӣ; - Чавгонбозӣ; - Шиноварӣ; - Вазнбардорӣ (сангбардорӣ); - Дастхобонӣ; - Пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр) - Шоҳмот; - Бандкашӣ. Намудҳои миллии варзишие, ки ҳамчун намудҳои намоишӣ дар ҷараёни оғози Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ба маъраз гузошта мешаванд: - Хурусҷанг; - Чиликдангал; - Ланкабозӣ; - Биҷилбозӣ; - Камонварӣ; - Шамшерзанӣ; - Камолғулак; - Фалахмонронӣ; - Арғунчакбозӣ; - Бандпарак. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
9
10
ҶАВОНОН ВА ИЛМ Дуои устодон
Парвина донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи журналистика шуд. Ин мужда низ чун дигар комёбиҳои духтараки резапайкари деҳаи наздики пойтахт – Тезгари поён, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и ноҳияи Рӯдакӣ Парвинаи Абдуғаффор зуд дар миёни ёру дӯстон, устодон ва хешу ақрабо паҳн шуд ва боварӣ ҳам доштанд, ки ӯ муваффақ мешавад. Бале, ба ӯ Худованд ақли расо, рафтори накӯ ато фармудааст. Дар оилаи шахсони оддию меҳнатқарин ба дунё омада. Падараш Абдуғаффор сохиби касби барқчӣ ва модараш Ҷаҳонгул муаллима аст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мактаб қадам мондан таваҷҷӯҳи омӯзгорон ба ӯ ҷалб шуда буд. Бо шавқу завқи хоса ва майли зиёд ба суханони омӯзгорон таваҷҷуҳ ва бо кунҷкобию ҳозирҷавобиаш аз дигар ҳамсинфонаш фарқ мекард. Вақте ки дар синфи якум мехонд барои ширкати фаъол дар ҳафтаи илмию адабии «Дониш андар дил чароғи равшан аст» бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. Ин аввалин мукофоташ ва роҳнамоии волидайну устодон ӯро ба пайроҳаи дониш дилгарму собитқадам гардонд. Давоми ёздаҳ соли таҳсил дар мактаб соҳиби 20 ифтихорнома ва даҳҳо
сипосномаи хаттию шифоҳӣ шуданаш далели ин гуфтаҳост. Аз ҷумла, соли 2016 дар озмуни минтақавии байни таълимгоҳҳои водии Ҳисор ҷои сеюм, соли 2018 дар озмуни ноҳиявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷои аввал ва озмуни минтақавӣ сазовори ҷои дуюм гардид. Соли таҳсили 2016 – 2017 бошад барандаи стипендияи раиси ноҳияи Рӯдакӣ буд. Дар ин давра ҳамзамон курси кӯтоҳмуддати «Роҳбарони ҷавон»ро, ки аз ҳисоби гирандагони стипендияҳои Президентӣ, раиси ноҳия ва аъзои фаъоли ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан» ташкил гардида буд, хатм карда, соҳиби сертификат шуд. Парвинаро ҳамчун навраси соҳибистеъдод ба бисёр чорабиниҳои маърифатӣ, вохӯрию мулоқотҳо, озмуну маҳфилҳо даъват мекарданд. Солҳои охир Парвинаро устодаш, муаллимаи мактаби номбурда Зайнаб Ниёзова роҳбаладӣ мекард. - Соли гузашта ҳамроҳ бо шогирдам дар маҳфили бошукӯҳе, ки ба муносибати 75 – солагии адиби шинохта, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, ширкат доштем. Дар он масъулону роҳбарони сохторҳои ноҳия, адибон, муаллимон ва хонандагони зиёд ҳозир буданд.
Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон дар кишвар самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тавре маълум аст, Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми сифатан нав ба бисёр мушкилиҳои сахту сангин рӯ ба рӯ гардид. Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ҷомеаи моро ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан, бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, дар баробари талафоти гарони ҷонӣ, ки мутаассифона, қисми зиёди онҳо ҷавонон буданд, иқтисоди кишварамон ба хисороти вазнини моддӣ рӯ ба рӯ шуд. Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла
Дар ин маҳфили бошукӯҳ Павинаи мо ангуштнамо шуд. Вақте ки аз ин минбари баланду бошукӯҳ суханронӣ ва назми дар ҳаққи устод К. Мирзоев эҷодкардаашро қироат кард, аҳли толор ба ваҷд омада, бардавом кафкубӣ карданд. Нависандаи маҳбуб ва номдор ба Парвина изҳори миннатдорӣ карда, фотеҳаи нек дод. Ба ростӣ ин лаҳзаҳо барои ман ҳам хеле хушоям ва боиси ифтихор буд,- мегӯяд муаллима. Вақте бо Парвина барои навиштани ин сатрҳои кӯтоҳ суҳбат кардам, бовар ҳосил намудам, ки воқеан ин духтараки соҳибистеъдоду хушрафтор ва ботарбияро беҳуда таъриф намекардаанд. Дар бораи мактаби азиз, устодонаш, падару модараш, бобою бибиҳояш ва китобҳои хондааш самимона, бо меҳр гап мезад. Беш аз 100 китобро мутолиа кардааст. Ҳоло китоби «Дарди номуси»-и устоди Муҳаммад Ғоибро рӯи даст дорад ва шеърҳои ӯро азёд мекунад. Бо матбуот хуб ошно аст. Бисёр нашрияҳоеро, ки дар Тоҷикистон чоп мешаванд, медонад. Қариб ҳар як шумораи «Ҷавонони Тоҷикистон» - ро дарёфт ва мутолиа менамояд. Орзу дорад ва мехоҳад бо ин нашрияи дӯстдоштааш давоми донишҷӯиаш ҳамкорӣ кунад, аз рӯзноманигорони варзида сабақ омӯзад. Соли ҷорӣ барои иштироки фаъол ва намоиши донишу истеъдод дар «Библиомарафон», ки дар доираи фестивали
умумиҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоб» баргузор шуд, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвинаи Абдуғаффорро бо диплом мушарраф гардонд. Барои як духтараки навраси деҳотӣ дар ин синну сол чунин муваффақияту пешрафтҳо кам нестанд. Инак, Парвина ба курсии донишҷуии таълимгоҳи олии бонуфузи кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишаста, мехоҳад бо
Нерӯи пешбарандаи ҷомеа
беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷои кор гардидани онҳо, инчунин, мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, ки онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар мушоҳида намудан мумкин аст. Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор имтиёзҳо, аз қабили квотаи Президентӣ, Стипендияи баӣналмилалии президентӣ -“Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилоти ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун падидаи ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад. Ҳамасола сафи ҷавонон хизматчиёни давлатӣ дар мақоми давлатӣ афзоиш ёфта истодааст. Дар ҳоли ҳозир шумораи ҷавонони то сини 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ ҳудуди 50%-ро ташкил намуда, 23%-и дар ҳайати корҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ
пайроҳа ва шоҳроҳи илму дониш пеш равад ва ҳамчун инсони бомаърифат ба падару модар, устодон ва Ватани азизи худ хизмат кунад. Итминон дорем бо дастгирии устодони донишгоҳ маҳорату истеъдоди Парвина афзун ва аъзои фаъоли ҷомеа мегардад. Зеро вай дуои устодонро гирифтааст. Бурҳониддин КАРИМЗОДА, рӯзноманигор
мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбаранда буда, истифодаи васеи технологияҳои муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи афкори нав, эҷодкори тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ғамхории Пешвои миллат нисбати ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтаринро дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳу қоллеҷҳо фароҳам намудаанд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯза ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон моро мутмаин месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд. Бо истифода аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҳамчунин, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош варзанд. Садбарги РАҲМИДДИН, коромӯзи “ҶТ”
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
Омили баландшавии нуфузи кишвар
1058 нафар мураббиён соҳиби шаҳодатнома шуданд
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ дар пешрафти иқтисодиёти бисёр кишварҳо нақши муҳим бозида, боиси бо ҷои кор таъмин гаштани аҳолӣ мегардад. Сайёҳӣ махсусан дар Чин, Ҳиндустон, Фаронса, Олмон, Кипр, Хорватия, Тунис, АМА, Туркия ва Малайзия миллионҳо нафарро бо ҷои кор таъмин намуда, боиси болоравии сатҳи зиндагии сокинони ин кишварҳо гаштааст. Ин соҳа аз лиҳози сармоягузорӣ камхарҷ буда, сарчашмаи осони воридшавии асъор ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳукуматдорони Аморати Муттаҳидаи Араб бо вуҷуди аз захираҳои нафт бой будан такя ба рушди соҳаи сайёҳӣ намудаанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «як сайёҳ се соҳибхонаро мехӯронад».
Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии методӣ” дар ҳамкорӣ бо Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷиҳати мусоидат дар такмили ихтисос ва омодагӣ ҳайати маъмурият ва мураббиёни муассисаҳои тайёрии варзишӣ ба марҳилаи навбатии аттестатсияи давлатӣ дар доираи “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” раҳнамои кард. Ин барнома аз 21 июн то 31 августи соли 2018 дар ҳашт шаҳру ниҳояҳои ҷумҳурӣ: Нуробод, Турсунзода, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Истаравшан, Хуҷанд ва Душанбе ҷараён гирифта, дар он 5 семинармашварати бозомӯзӣ барои ҳайати маъмурият ва 10 курси такмили ихтисос барои мураббиёни муассисаҳои тайёрии варзишӣ доир шуд. Тавре дар сӯҳбат Сайраҳмон Раҳмонов, директори муассисаи давла-
тии “Маркази ҷумҳуриявии методӣ” иброз дошт, дар ин семинару курсҳо 1373 нафар (315 нафар ҳайати маъмурият ва 1058 нафар мураббиён аз 114 муассисаҳои тайёрии варзишӣ) иштирок намуда ба 1058 мураббӣ шаҳодатнома ҷиҳати такмили ихтисос дастрас гардид, ки барои иштирок дар марҳилаи навбатии аттестатсияи давлатӣ ба инобат гирифта мешавад. Масъулин мақсади бар-
гузории чунин семинармашваратҳои бозомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои ҳайати маъмурият (директор, ҷонишини директор оид ба таълим ва методист) ва мураббиёнро мусоидат дар такмили ихтисос ва омодагии ҳамаҷонибаи онҳо ҷиҳати иштирок дар марҳилаи навбатии аттестатсияи давлатӣ арзёбӣ намуданд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
Об: Аз хусусият то захира Дар фалсафаи Юнони Қадим фаҳмишҳои хело чуқур дар бораи об барои табиат ва ҳаёти одам вуҷуд дошт. Ҳамин хел олими бузурги Юнони Қадим файласуф ва математик Фалес Милетский, ки дар асрҳои VI - VII пеш аз милод зиндагӣ мекард, чунин ақида дорад: “Об - ҳуқуқи асосӣ дар Замин дорад”. Илми муосир, аз ҷумла экология инро пурра исбот кардааст. Об - қисми асосии таркибии организми зинда ба шумор рафта, он дар ҳаёт нақши аввалиндараҷаро мебозад. Чихеле ки олимон қайд мекунанд ҳаёт аввалин маротиба дар об пайдо шуда, баъдан ба хушкӣ паҳн шудааст. Ва ҳамин тавр ҳаёт бе об вуҷуд дошта наметавонад. Набояд фаромӯш кард, ки об - сарвати бебаҳои ҳар як организми зинда буда, қисм - қисм ҷудо шудааст. Ҳангоми пайвастшавӣ боз ба уқёнус, баҳр, дарёҳҳо ва чашмаҳо табдил меёбад. Таҳсин ба об, ки дар табиат тухм ба растанӣ, хушкӣ ба дарё, кӯл ва уқёнус, ҳаво ба хушкӣ, ғизонокии организами зинда ё умуман фаъолияти ҳаёт ба вуҷуд омадааст. Ба дастрасӣ ва истифодаи васеи об ҳоло ҳам, олимон тадқиқотҳо, кашфиётҳои ҷиддӣ мебаранд, вале бисёр чизҳое ҳастанд, ки барои он инсоният даст наёфтааст. Ҳамин тавр қайд кардан мумкин аст, ки байни чанде аз сарватҳои нодири табиат об сарвати бебаҳотарин аст. Вай дар таркиби худ сарватҳои табиӣ ва химиявиро доро буда бо ҳамин хусусияташ муҳофизаткунанда ва ҳаётбахш дар рӯи замин номида мешавад. Олимон соли 1960 дар Германия ҳангоми гузаронидаи тадқиқотҳо ба хулосае омаданд, ки дар таркиби об супермолекулае мавҷуд аст, ки кластер ном дошта қобилияти ба худ аз берун ҷамъ кардани информатсияро дорад. Дар ҳамин самт дар Русия олимони рус доктори илмҳои биология Станислав Зенин, Павел Госков, Людмила Балотова ақидаҳояшонро пешниҳод менамоянд. Олими ҷопонӣ Эмото Масаро дар зери микроскоп мушоҳида карда исбот намудааст, ки ин супермолекула аз табиат равшанӣ, фикронӣ, мусиқӣ, дуо ва сухани оддиро мефаҳмад. Ба ақидаи уламои аҳли дин ва тандурустӣ бошад, об қобилияти табобаткуниро дорост. Дар замони муосир об ҳамчун маҳсулоти содиротӣ
11
ва воридотӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, Нидерландия аз Норвегия, Сингапур аз Малайзия обро харидорӣ мекунанд. Инчунин аз Антарктида ба Африка, аз Гренландия ба Африка айсбергҳо оварда мешаванд. Ғайр аз ин дар давлатҳои Халиҷи Форс, соҳили баҳри Кариб, қисми ҷанубии ИМА, Япония, Туркманистон ва ғайра оби баҳру уқёнусҳоро аз нав коркард намуда, истеъмол мекунанд. Оби нӯшокӣ дар асри ҷадид ба проблеммаи умумиҷаҳонии инсоният табдил ёфтааст, ки яке аз сабабҳои асосии он рушди босуръати технологияи мосир ва истифодаи нооқилонаи он аз тарафи инсоният мебошад. Дар асри ХХ ҳаҷми партовҳои гази карбон (СО2) ба атмосфера 6 млрд. тоннаро ташкил менамуд. Ҳоло бошад, ба 27 млрд. тонна расидааст. Мантиқан хело дуруст аст, ки созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мавзӯи об таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Зеро масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд, ки манбаи ҳаёт дар рӯи замин аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, тавонист аввалин маротиба дар масъалаи оби ошомиданӣ ба аҳолии сайёри Замин хабар диҳад. 19 сентябри соли 2017 ҳангоми суханронӣ дар чорабинии баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: “Ба назари мо, ҳамкории самараноки фаромарзӣ метавонад ба мудирият ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об мусоидат намуда, боиси коҳиши хатари хароҷоти беасос ва таъмини тавозун байни шаклу навъҳои гуногуни истифодаи захираҳои об шавад”. Моро зарур аст, ки баҳрии ободӣ ва шукуфоии ватанамон, баҳри дастгирии ҷомеаи ниёзманди ҷаҳонӣ аз пешниҳоди Пешвои миллати худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа бояд пуштибонӣ намоем. Панҷшанбе НАЗАРШОЕВ, омӯзгори Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Фирдавсӣ
Теъдоди сайёҳоне, ки ба кишварамон меоянд, торафт зиёд мешавад. Масалан, соли 2003 ба мамлакат 130 ҳазор нафар, соли 2009 зиёда аз 400 ҳазор нафар, соли 2012 зиёда аз 500 ҳазор нафар сайёҳон ба кишварамон ташриф оварда буданд. Дар назар аст, ки то соли 2020 теъдоди ташрифи солонаи сайёҳон ба кишварамон 1 миллион нафарро ташкил диҳад. Меҳмонон бештар ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Ҳисор, Душанбе, Варзоб, Норак, Балҷувон ва ВМКБ ташриф меоранд. Сайёҳон ба шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳулбук, Аҷинатеппа, қалъаи Ҳисор мадрасаҳои Хоҷа Машҳад, Олим Додхоҳ, мақбараҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шайх Муслиҳиддин, Хоҷа Муҳаммади Башоро, Махдуми Аъзам ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд: Соли гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии Созмони байналмилалии British Backpacker Society аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ дар даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон қарор гирифт, ки ин боиси ифтихор аст. Ҳоло ин намуди сайёҳӣ бинобар арзон буданаш сол то сол афзоиш меёбад. Саёҳати саргузаштӣ дар навбати худ аз навъҳои зиёде, ба монанди кӯҳнавардӣ, автомобилӣ, пиёдагардӣ, велосипедронӣ, қаиқронӣ ва ғайра иборат мебошад. Иқлиму табиати Тоҷикистон барои пешрафти ин намуди сайёҳӣ қулай аст. Чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат якчанд меҳмонхонаҳои хуштарҳ сохта ба истифода дода шуданд, вале сифати хизматрасонӣ дар баъзеи онҳо ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест. Бояд дар соҳаи меҳмонхонадорӣ, роҳбаладӣ, оператору менеҷери соҳаи сайёҳӣ мутахассисони забондону хушмуомила тайёр кунем. Зимни қабули кормандон ба сатҳи саводнокии онҳо таваҷҷуҳ зиёд карда шавад. Зеро дар сурати хизматрасонии босифат сайёҳи хориҷӣ ба дӯстону наздиконаш сафар кардан ба Тоҷикистонро тавсия медиҳад. Агар мо манзараҳои зебо, ёдгориҳои таърихӣ, обу лойқаҳои шифобахш, ғизоҳои хуштамъ ва сатҳи хизматрасонии баландамонро муаррифӣ карда тавонем, соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон аз ин ҳам бештар рушд хоҳад кард. Тараққӣ кардани соҳаи сайёҳӣ натанҳо сарчашмаи даромади буҷету таъсиси ҷойҳои корӣ, балки боиси боз ҳам баландшавии нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Гулшан ТАБАРОВА, омӯзгори ТТМУ № 91-и пойтахт
12 ОҒОЗИ САФАР Дер боз орзуи сафари дараи Қаратоғро доштам, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст. Қаторкӯҳҳои Ҳисор дар қисми ғарбии системаи кӯҳии Помиру Олой воқеъ буда, тақрибан 200 км дарозӣ дорад. Вай дар шимоли водии Ҳисору Душанбе ва водии Сурхандарёи Ӯзбекистон тӯл кашида, аз ҷануби қаторкӯҳҳои Зарафшон мегузарад. Қаторкӯҳҳои Ҳисор обтақсимкунаки ҳавзаи дарёҳои Зарафшону Амударё маҳсуб меёбанд. Баландтарин қуллаи он Ҳазрати Султон, ки 4643 метр мебошад, дар қаламрави Ӯзбекистон, дар марзи Тоҷикистону ин кишвар ҷойгир аст. Ба дараи Қаратоғ қаблан сафар карда, кӯлҳои Париёну Темур ва Ҷувозакро дида будам. Вале бисёр мехостам, ки ба мавзеи Хоҷа Ҳасан сафар кунам. Зеро аз ин ҷо тавассути ағбаи Мӯҳра (3787 м.) ба деҳаи Саратоғи ноҳияи Айнӣ ва сипас ба Искандаркӯл фаромадан мумкин аст. Аз Саратоғ ҳамчунин метавон тавассути ағбаи Чимтарға (4750 м.) ба деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент гузашт. Воқеан, дар замони Аморати Бухоро бо роҳи мазкур тоҷирон аз водии Ҳисор гӯсфанду аспи худро ба бозори Самарқанд бурда мефурӯхтанд ва аз он ҷо бо либосу матоъ ва анвои дигар бармегаштанд. Дар ҳамин ҳол ҳеҷ гоҳ сафари деҳаи Пашми Куҳнаву саргаҳи дарёи Ширкентро орзу ҳам намекардам. Зеро ба шунидам роҳ ба ин мавзеъ хеле мушкилгузару сангин аст. Субҳи 9-уми августи соли равон бародарам Маъруф, ки кӯҳгардӣ шуғли дӯстдоштааш аст, ба ман занг зада, гуфт: - Омода ҳастед, имрӯз ба Пашми Куҳна сафар мекунем. Мо пешакӣ қарор карда будем, ки ба Хоҷа Ҳасан сафар мекунем. Ин пешниҳоди Маъруф бароям ғайриинтизор буд ва ман лаҳзае худро гум карда, сипас гуфтам: - Бале, соати чанд? - Мо ҳозир дар бозор харид карда истодаем. Чун бозорӣ кардем, ба Қаратоғ меравем ва он ҷо дар пирожкихонаи Аюб шуморо интизор меистем. - Ин дар куҷо аст? - Аз пули болои дарёи Қаратоғ гузаштед, ба тарафи дасти рост мағоза ва пирожкихона мешавад. - Ман чӣ гирам?- пурсидам. - Либосҳои сафариву борхалта гиред, мешавад. - Консерваҳои гӯштӣ харидаам, бигирам? - Гиред, мумкин даркор шавад. - Чандрӯза меравем? - Шояд якҳафта ва аз ин бештар. То тамом шудани ғизо, - гуфт ӯ ва афзуд: - Тез расида биёед. Ман зуд аз паи ҷой кардани
ДИЁРИ ЗЕБОИ МО чизҳои зарурии сафар ба борхалта шудам. Рахти сафарии хоб ва либосҳои кӯҳгардиро қаблан дар борхалта ҷо карда будам. Хаймаи сафарӣ ва консерваҳоро ба борхалта гузаштам. Либоси сафариро ба бар карда, мӯзаи кӯҳгардиамро пӯшидам ва суратгиракро бо сумкааш гирифта, борхалта дар пушт аз хона баромадам. ДАРАИ ҚАРАТОҒ Аз маҳаллаи Зарнисори Душанбе ба як таксие, ки то Шаҳринав мерафт, нишастам. Баъди тақрибан 30 – 35 дақиқа мошини мо ба сари пули маркази ноҳияи Шаҳринав расид. Ронанда ману мусофирони дигарро баъди чароғак, назди дари
деҳаи Қаратоғ намудор шуд. Аз ронанда хоҳиш кардам, ки маро баъди пул фарорад. Ронанда аз ман 2 сомонӣ роҳкиро гирифт ва роҳашро то бӯстонсарое, ки тайёра дорад, идома дод. Маро ин ҷо бародарам Маъруф ва Алишер ном ҷавонмарди 45-сола, зодаи ҳамин деҳа интизор буданд. Алишерро ман қаблан надида будам, вале бародари калонии ӯ - Фозилро мешинохтам. Ӯ дӯсти Маъруф буд ва ба хонаи падарам равуо дошт. Алишер дар ноҳияи Ёвон нонво буд. Воқеан, дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон аз замони шӯравӣ инҷониб зодагони деҳаи Қаратоғ нонпаз мебошанд. Ҳоло ӯ дар рухсатӣ ба хо-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
ҳам харидан лозим. Зеро дар саросемагӣ бо марҷумаку консерваи гӯштӣ ғизои бомаззаи саридастӣ пухтан мумкин аст. Қурбон борхалтаи маро гирифта ба сӯи мошинаш рафт ва мо се нафар ба мағозаи наздамон буда даромадем. Ман марҷумак пурсидам. Фурӯшанда халтаеро нишон дод. Донаҳои марҷумаки халта хеле хурд ва ифлос ҳам буд. Ман ба мағозаи ҳамсоя, ки аз роҳи мошингард поин буд, омадам. Марҷумаки ин дӯкон ҳам хурд ва ифлос буд. Фурӯшанда, марди тақрибан 60-сола ба ман марҷумаки бастабандшударо пешниҳод кард, ки 800 грамм вазну 9 сомонӣ қимат дошт. Одатан дар деҳаҳои Ҷовид МУҚИМ
Сайри саргаҳи дарёи Ширкент очерки сафарӣ
дар соҳили чапи дарёи Қаратоғ ноҳияи Шаҳринав ҷойгир аст. Деҳаи Қаратоғ аз маркази маъмурии ноҳияи Шаҳринав 8 км ва аз шаҳри Турсунзода ду маротиба дуртар мебошад. Дар дараи Қаратоғ лаб-лаби дарёи ҳамном аз ин ҷо то деҳаи Ҳакимӣ, 21 км роҳи мошингард ҳаст. Вале ин роҳ танҳо то минтақаи истироҳатии ТАЛКО –«Куран», ки 7 км болотар аз деҳаи Қаратоғ воқеъ аст, ҳанӯз замони шӯравӣ асфалтпӯш шудааст, ва дар он дар фасли гармо таксиҳо ҳаракат мекунанд. Аз он боло 14 километри дигар роҳ хоку сангӣ аст ва агар баъди ҳар зимистон бо булдозер тахту ҳамвор накунанд, сабукравҳо ҳаракат карда наметавонанд. Ҳоло ҳам агар ронандаҳо эҳтиёткор набошанд, картери мошинашон ба сангҳои байни роҳ зада, сӯрох шуданаш эҳтимол дорад. Аслан зимистон роҳ то Лаби Ҷӯй, ки аз Қаратоғ дар масофаи 14 км ҷойгир мебошад, кушода аст. Аз он боло, то деҳаи Ҳакимӣ тарма мефарояд ва зимистон роҳ маҳкам мешавад. Дар қади роҳ, тақрибан 1,5 км ба деҳаи Ҳакимӣ нарасида кони ангиштсанг воқеъ аст. Ба хотири истеҳсоли ангиштсанг роҳи мазкурро ҳар баҳор тоза мекунанд, то ки мошинҳои боркашу сабукрав ҳаракат карда тавонанд. Деҳаи Ҳакимӣ чун деҳаи Лаби Ҷӯй дар соҳили рости дарёи Қаратоғ ҷойгир аст. Дар замони Ҳукумати Шӯравӣ аҳолии деҳаи мазкурро ба ноҳияи Шаҳринав кӯчонида буданд. Дар замони бозсозии горбачёвӣ баъзе сокинон дар деҳаи Ҳакимӣ хонаҳои мавсимӣ сохтанд ва тобистон дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Дар шимоли деҳаи Ҳакимӣ, рӯ ба рӯи дидбонгоҳ НОБ-и хурде бо иқтидори 60-80 квт мавҷуд аст, ки на ҳамеша фаъолият мекунад. ЛАБИ ҶӮЙ
бозор фаровард ва 8 сомонӣ аз ҳар кас роҳкиро гирифт. Ман, ки зарядгираки телефони мобилиамро фаромӯш карда будам, ба як дӯкони ҷиҳози телефонҳо даромада, сими зарядгирак харидам, то ки тавассути он аз аккумулятори сафарӣ ба телефонам нерӯ диҳам. Баъди ин ба истгоҳи таксиҳои Қаратоғ, ки дар шимолу ғарби бозор буд, рафтам. Аз ин ҷо то зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири шаҳир Мирзо Турсунзода 7 км роҳ аст. Як таксии «Нексия», ки роҳакӣ буд, маро дида, истод. Ронанда борхалтаамро гирифта ба бордони мошин гузошт ва мо ба сӯи шимол ҳаракат кардем. Тақрибан баъди 5 дақиқа
нааш омада буд. Мо болои кат нишаста, ҳамсафари чорумамон Қурбонро аз деҳаи Лаби Ҷӯй мунтазир шудем. Ӯ ба бозор, барои фурӯши маҳсулоти кишоварзиаш рафта буд ва бояд ҳамин лаҳзаҳо бо мошини шахсиаш - «УАЗ- 469» меомад. Қурбон, ки синнаш аз 50 гузашта буд, аслан бо кишоварзӣ оилаашро мехӯронид. Баъди чанде Қурбон ҳам расида омад. Маъруф аз кисааш рӯйихати чизҳои харидаашро бароварда хонд. Дар он ба ғайр аз ғизо боз собуну моеи зарфшӯӣ ва коғази ташноб низ буд. Қурбон гуфт, ки ягон кило ширинӣ низ бояд харид. Ман пешниҳод кардам, ки марҷумак
калон ба марказ наздик нархи маҳсулот аз шаҳрҳо фарқ намекунад. Вале ин ҷо нархи маҳсулот аз Душанбе камаш 1 сомонӣ зиёд буд. Ман марҷумакро харида аз мағоза берун шудам. Маъруф як баста печак (парварда) ва конфети «Барбарис» харида, бо Алишер аз дӯкони дигарӣ берун шуданд. Мо ба мошини «УАЗ» савор шудем ва Қурбон муҳаррикро ба кор даровард. Деҳаи Қаратоғ дар соҳили чапи дарёи ҳамномаш ҷойгир бошад ҳам, аз нигоҳи маъмурӣ ба шаҳри Турсунзода тобеъ аст. Ҳол он ки ҳамин дарёи Қаратоғ ноҳияи Шаҳринавро аз шаҳри Турсунзода ҷудо мекунад. Яъне,
Мошини Қурбон куҳна аст ва зуд-зуд ҳарорати оби радиатори муҳаррик баланд мешавад. Ронанда маҷбур мешавад, ки ист кунад ва ба радиатор оби хунук резад. Ба ҳамин минвол роҳи Қаратоғ – Лаби Ҷӯйро, ки ҳамагӣ 14 км аст, дар як соат тай кардем. Деҳаи Лаби Ҷӯй дар соҳили рости Қаратоғ дар пуштакӯҳ ҷойгир аст. Дар ин ҷо 30 хонавода сукунат доранд. Якчанд хона ба роҳ наздиканд. Хонаҳои дигар дар байни боғи себу чормағз ва дарахтони дигар ба назар намерасанд. Хонаи Қурбон дар болои деҳа, дар қисми ғарбии он, тақрибан 1 км аз роҳи калон ҷойгир аст. Қурбон мошинро ба сӯи хонааш тоб дод. «УАЗ-ик» чун мӯрча ба роҳи кӯҳӣ часпида боло шуд. Ба ин роҳ мошинҳои сабукрави дигар ҳаракат карда наметавонанд: қувваашон намерасад ё тагашон ба санг, ё чуқурие мезанад. (Давом дорад)
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018 Раванди сиёсии ҷомеаи муосир аз унсурҳои мухталиф таркиб ёфтааст, ки дар моварои он ҷараёнҳои идеологию сиёсӣ зуҳурот пайдо кардаанд. Дар низоми навини ҷаҳонӣ яке аз ҷараёнҳои пуриқтидори сиёсӣ, ифротгароӣ (терроризм)-и сиёсӣ мақоми махсус пайдо намудааст. Моҳият, хусусиятҳо ва асрори он ақлу ҳуши бисёри ходимони давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадорон, роҳбарони иттиҳодияҳои гуногуни байналхалқӣ ва ҳатто шаҳрвандони кулли кишварҳои оламро ба худ кашидааст. Аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳама ба онанд, ки сабабҳои пайдоиш, самти инкишоф, оқибатҳо ва роҳу воситаҳои пешгирии чунин ҷараёни идеологию сиёсии иртиҷоии ифротгароиро ёбанд. Вале дар ҳалли он мубориза ва ҷонбозиҳои беше пеш омада, ин падида ба маризи бе табобат табдил ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки имрӯз инсоният рӯ ба рӯи як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Дар раванди ҷаҳоншавӣ ифротгароӣ яке аз проблемаҳои номатлуби ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ифротгароӣ бештар ба ишораҳо ва даъватҳои авомфиребонаю ҷоҳталабона сурат мегирад. Онҳо бештар ба эҳсосоти одамон таъсир мерасонанд. Мехоханд, ки дар байни
E - MAIL: javonontj@mail.ru
Ифротгароӣ маризи ҷомеаи муосир
мардум нооромиҳоро ба вуҷуд оранд. Одамонро ба саркашӣ ва шаклҳои дигари эътирози сиёсӣ даъват менамоянд. Дар мавриди зарурӣ даст ба сӯиқасд мезананд. Ифротиён ба одамон авомфиребона иҷрои камбудӣ ва норасоиҳои ҳаёт ва мушкилоташонро дар таъминоти иҷтимоӣ ваъда медиҳанд ва қисми зудбовари аҳолиро ба доми тазвир медароранд. Онҳо ҳар гуна дигарандешӣ ва ваҳдату якпорчагиро ба хотири сулҳу салоҳ инкор намуда, фақат арзишҳои сиёсӣ ва мафкуравии хешро меписанданд. Ташкилотҳои ифротгароӣ, ки хосияти динию сиёсиро касб кардаанд, дар кишварҳои Осиё ва Африқо, Амрикои лотинӣ, махсусан мамлакатҳои араб бештар мушоҳида мегарданд. Дар байни онҳо солҳои охир иттиҳодияҳои ифротгароии «Ат-Такфир ва алҲиҷра», «Муназзат-ат-таҳрир»,
«Ал-Марказ ал-исломӣ», «АсСалафиюн», «Аҳли ҷиҳод», «Ҳаракат ал-ҷиҳод» ва ғайраҳо мақоми хосса доранд. Ифротгароӣ дар Покистону Афғонистон ва шимоли Ҳиндустон низ рушду нумӯъ меёбад. Ифротгароӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Махсусан ифротгароии сиёсӣ, динӣ ва миллӣ намоёнтар мебошад. Ифротгароии миллӣ талаботу манфиатҳои миллату қавми хешро ҳимоя намуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои дигари миллию этникиро сарфи назар месозад. Дар бисёр ҳолатҳо вай ба ҷараёнҳои ҷудоиандозӣ пайваста, ҷудо намудани ноҳияҳо, минтақаҳои алоҳидаро мақсади худ медонад. Муқовиматҳо оид ба Ҳолландия, дар Ҳиндустон, масъалаҳои Ирландияи шимолӣ дар Британияи кабир, баскҳо дар Испания, бретинҳо ва корсиканҳо дар Фаронса, музофоти Квебек дар
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмун эълон мекунад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва худфаъолӣ байни рӯзноманигорон ва нависандагон озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин матнҳои ҳаҷвӣ (латифа, саҳнаҳои ҳаҷвӣ, суруду шеърҳои ҳаҷвӣ, таронаҳои ҳаҷвӣ, ҳикояҳои ҳаҷвӣ) аз рӯи риояи услубҳои ҳаҷвнависӣ вобаста ба масъалаҳои рӯзмарраи дар ҷомеа ҷойдошта эълон менамояд. Тибқи талаботи озмуни мазкур матнҳои ҳаҷвӣ то санаи 25 октябри соли ҷорӣ қабул ва ғолибон аз ҷониби комиссияи босалоҳият иборат аз мутахассисони соҳа баҳогузорӣ ва муайян карда мешаванд. Довталабон метавонанд матнҳои ҳаҷвии худро бо зикри ному насаб, вазифа, суроғаи ҷойи зист ва телефонҳои тамос бо ишораи “Ба озмун” тариқи электронӣ ба почтаи электронии ahmadzoda8923@ gmail.com ва хаттӣ ба унвонии Кумита пешниҳод намоянд. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.
Канада ва ғайра шаҳодати он аст. Ифротгароии динӣ давлатҳои гуногуни оламро фаро гирифтааст. Бадбинӣ ва тоқатнопазирӣ нисбат ба динҳои дигар ҳатто муқовимати дохилидинӣ хосияти асосии онро ташкил медиҳанд. Дар бисёр ҳолатҳо ифротгароии динӣ характери сиёсӣ пайдо намуда, барои ҳокимият мубориза мебарад. Махсусан дар мамлакатҳои исломии Шарқи наздик амали мазкур бештар мушоҳида мегардад. Ифротгароии сиёсӣ дар мамлакати Амрико, ки мақоми бо ном «демократи»-ро гирифтааст, пурра дида мешавад. Ҳуҷум ба Ветнам, Ироқ, Афғонистон, Сурия ва ғайра оё ин амали ифротгароӣ нест? Мамлакатҳои зикргардида ягон гуноҳе надоштанд, вале бо мақсадҳои ғаразнок ин давлати таҷовузкор бо ёрии блоки истибдодгари НАТО-и худ дар ин кишварҳо амалиётҳои ифротӣ гу-
13
заронида, хилофи қонуни ҳимояи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид амалиёти зишту ғоратгаронаро раво дид. Ифротгароӣ дар сатҳ ва шаклҳои мухталиф амалӣ мегардад. Натанҳо гурӯҳҳои алоҳида ва ташкилотҳои сиёсӣ, балки гурӯҳҳои давлатҳо, ки дар блокҳои ҳарбию сиёсӣ ба ҳам омадаанд, метавонанд ба амалҳои ифротгароӣ даст бизананд. Дар давраҳои муайян ташкилот ва баъзе давлатҳо ифротгароиро ҳамчун усули тактикӣ истифода карда, тавассути он манфиатҳои хешро ҳимоя менамоянд. Дар сиёсати ҷаҳонӣ ифротгароӣ мақоми махсусе пайдо намуда, он ба шакли мудҳиши зӯроварӣ табдил ёфтааст. Аз ин одамони бегуноҳи бисёре қурбони амалҳои ифротгароӣ мегарданд. Инро сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз фоҷиаи 11-уми сентябри соли 2001 аллакай аз минбари СММ таъкид карда буд. Ин фоҷиа бори дигар нишон дод, ки ифротгароӣ бо сӯистифода аз тамоми имкониятҳо роҳи инкишофи давлатҳоро метавонад бигирад. Аҳли ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки бо тамоми шаклҳои зуҳуроти ифротгароӣ мубориза барад. Пӯшида нест, ки дар сафҳои ифротгароёни дар мамлакатҳои араб ҷанганда, иддае аз ҷавонони гумроҳи мамлакати мо низ ширкат меварзанд. Ин падидаи номатлуб барои мардуми мо хеле нангин аст. Мо бояд пеши роҳи чунин амалҳои ношоямро бигирем ва ин амал бояд қатъиян маҳкум гардад. Чунин амалҳо ба тарбияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ эҳтиром ба хоки муқаддаси зодгоҳ, волидон, ҳамватанон, хешу пайвандон, халал расонида ба пешрафти давлат ба таври шаҳрвандию демократӣ монеа ворид месозад. Барои рафъи ин падидаҳои номатлуб муборизаи беамон бурдан вазифаи натанҳо давлат ва ҳокимият, балки кори ҳамаи шаҳрвандон аст. Шодибек СОБИРӢ, омӯзгори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
14
МАЪРИФАТАФРӮЗ
Чанд соли охир мӯйсафед умуман ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор намешуд. Аз мусофиркашҳои куҳнаву ифлос, тела-телаву садоҳои дағалу гӯшхарош ва муомилаи дағали пулчинакҳо асабӣ шуда, фишораш боло мерафт. Ҳатто боре қариб аз по афтода буд. Аз ин рӯ писари хурдӣ Кенҷабой бо мошини сабукрав ӯро ба ҳар куҷое мехост мебурду меовард. Бори зиндагӣ рӯз аз рӯз вазнин гашту Кенҷабой маҷбур шуд мошинро фурӯхта ба Русия равад. Мӯйсафед ба қавли худаш «бе пои равон» монд. Болои сӯхта намакоб, роҳи калонеро, ки аз назди маҳаллаашон мегузашт бастанд. Ва рӯзе мӯйсафед сар ба болин гузошту дигар нахест. Рӯ ба шифти хона «Уфф-ф-ф» мегуфту «Э вой ҷонаме-е… Худоҷон!» На духтурро қабул дошт, на табибро. Бо «дастамро молед, поямро молед миёнамро молед, сарамро молед», ҷони аҳли оиларо ба лаб меовард.
– Чӣ хел ба ман чӣ? Обод карани он орзуи шумо буд-ку? – Ҳо, буд… – Бобоҷон, хезед, берун бароем, бо чашмони худ бинеду лаззат баред. – Э, ту мастӣ чӣ бало. Ба куҷо меравам? Ман интизорам. – Киро? – Азроилро. – Худо нишон надиҳад, – гуфт ҳамсараш. – Бачаро натарсон. Набера ҳунгос зада гирён шуд. – Гиря накун. Мард бош. Дар худи ҳамин лаҳза касе дарро тақтақ зад. – Ана, омад…
– Ҳа! – Чӣ қадаре ки хоҳам? – Албатта! Шабу рӯз! – То кай? – То охири умр. – Аааа! Корт ҳушу ёди беҳушашро рабуду ҳисси кунҷковиро бедор кард. Аҷиб он буд, ки руҳи мӯйсафед якбора болида гашт, мадору тавон гирифт. «Ё пирам!» гуфта аз бистар боло шуд ва ба келинаш амр кард, ки ҷогаҳро ғундорад. Чунин менамуд, ки ӯ гӯё ҳеҷ гоҳ бемор набуд. Ба аҷала ғусл карду либосҳои ҷойравиашро ба бар карда, ба ҳамсараш гуфт: – Хайр, ман рафтам. Шералӣ МӮСО
КОРТ
– Уфф-ф-ф…Э вой ҷонаме-е… Худоҷон! – Э, ту чаро ин қадар менолӣ-а?! – норозиёна эътироз намуд ҳамсараш. Мӯйсафед озурда шуд. – Ман нанолам кӣ нолад? Ту ва ё мурғони ҳаво? – Охир, бояд ягон сир ва ё сабабе бошад? – Сиру сабабаш он аст, ки ҷаҳон бароям зиндон аст. Мефаҳмӣ, зиндон! – Аъ! Чаро? – Барои он ки лаззати дунё намонд. – Чӣ будааст лаззати дунё? – Зану дандон, – посух дод ӯ ва афзуд: – Шоири донову бино чӣ хуб гуфтааст: Лаззати дунё зану дандон бувад, Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад… – Ай рум сафед. Хайр дандонҳоят номардӣ карданд, аз ман чаро нолонӣ. Ҳамеша дар баратам-ку? Ношукрӣ накун… – Ба чӣ шукр кунам-а?.. – ӯ лаб газид. – Э вой ҷонаме-е… Худоҷон! Дид, ки аз қошу қавоқи кампираш барфу борон мерезад, афзуд: – Шонздаҳ фарзанд ба дунё овардӣ, ҳаштояш зери хок, сетояш дар хонаи мардум, панҷтояш дар мулки бегона хору зор. Пиразан ду-се қатра ашки ба ожингҳои рӯяш таровида фаромадаро бо пушти дасташ пок кард. Рӯзи дигар набера хабар овард, ки истгоҳҳо ва биноҳои ду тарафи роҳро вайрон мекунанд. – Ҳа-а, – гуфт бобо. – Вайрон кардан осон. Рӯзе аз рӯзҳо набера хабари хуш овард: – Бобоҷон, роҳи навро кушоданд, истгоҳҳо ҳам нав, автобусҳои нав дар равуо, чунон зебо ки… – Зебо бошанд ба ман чӣ? – бо ҳасрату надомат гуфт бобо.
Бале, омад, вале на Азроил, балки намояндаи шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ. – Ассалому алейкум, бобоҷон! – Уфф-ф-ф… – Хуб ҳастед? – Э вой ҷонаме-е… Худоҷон! – нолид мӯйсафед. Меҳмон дигар пурсуҷӯ накарда, ба ӯ корт тақдим намуд. – Ин чӣ? – бо авзои гирифта пурсид ӯ. – Корт. – Аааа? Корд? Ман қассобам, ки корд туҳфа мекунед? Не, не, корд лозим. Лекин… Ин дам надорад-ку? Чӣ хел мебурад? Ҳама бо завқ хандиданд. – Ин корд не, корт аст. – Корт? – Ҳо, яке аз меваи инқилоби илму техника. – Инро чӣ кор мекунам? Бо худ ба он дунё мебарам? – Астағфуриллоҳ, шукр кунед, бобо, ин хел нагӯед. Шумо ба ватан хизмати шоён кардаед. Акнун метавонед бо ин корт ба нақлиёти шаҳрӣ бепул савор шавед. – Аааа!
– Ба куҷо меравед? Истед… – Саросемаам… – Ҳамроҳат меравам. – Ту дар хона шин. – Чӣ хел? – Чӣ хеле ки тамоми умр нишастӣ… Мӯйсафед ба истгоҳ расид ва аз ҳайрат ҳушаш рафту дар ҷояш шах шуда монд. – Ё тавба!.. Ин гуна ногаҳон пайдо шудану нидо задани мӯйсафед таваҷҷуҳи ҳамаро ба худ кашид. – Худоё, хобам ё бедор?!. – Хоб нестед, бедоред, бобоҷон. Ҳа, аз бедорҳо ҳам бедортар. Хушгӯии ҷавон ба мӯйсафед хуш омад. – Аммо чӣ гап шуд, ки ин қадар ба ҳаяҷону изтироб омадед? – Ман ба ҳаяҷону изтироб наоям, ки биёяд? О, ин ободиро бинед, роҳи васеъ ва ҳамвор чун кафи даст, гулу гулзору санавбарҳои ҳамешасабз ва истгоҳи зебову замонавиро бинед. Гӯё дар яке аз кӯчаҳои Амрико бошам. – Оҳ-ҳо! Шумо дар Амрико будед?
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018 – Э, не-е! Аз куҷо? Дар оинаи нилгун дида будам… – Ин ободиро нав дидед, бобо. Ба тасдиқ сар ҷунбонд. – Эҳа-а, қафо мондед бобо… – Худо якта… Ба номи Худо… – забонаш лол монд, зеро чашмаш ба сатри равон афтод, ки хабар медод: баъди ду дақиқа мусофиркаш меояд. Дарвоқеъ, пас аз ду дақиқа мусофиркаши нави замонавии оҳарӣ дар истгоҳ қарор гирифт. Духтараки зебое як тараф истода, ба мӯйсафед роҳ дод. – Марҳамат, дароед, бобоҷон! – Не, не! – қатъӣ розӣ нашуд мӯйсафед. – Аввал ту даро, ҷони бобош. Ту ояндаи мо ҳастӣ. Духтарак дигар чуну чаро накарда зуд ба мусофиркаш ворид шуда, корташро ба валиатр наздик намуд. Садои хушҳолонаи «Хуш омадед!» баланд шуд. Мӯйсафед ба духтарак пайравӣ намуда, корти худро ба валиатр наздик карда буд, ки садои «Корти ройгон!» баланд шуд. Мӯйсафед як қад парида, дасту по хӯрд. Сипас худро ба даст гирифта, бо қаҳр ба ронанда гуфт: – Ин чӣ гап-а? Не, худаш чӣ гап?! – Ҳа, бобо, чӣ шуд? Чаро дод мезанед? – Ман дод назанам кӣ занад?! – ба шӯр омад мӯйсафед. – Ҳааа! – Охир, чӣ гап шуд? – Боз чӣ мешуд? Чаро ба духтараки зебо, ки аз даҳонаш бӯи шир меояд бо лаҳни ширин «Хуш омадед!» гуфтеду ба ман «Корти ройгон!» гуфта, дағалона дӯғ задед? Ронанда бо завқ хандид: – Ҳа-ҳа-ҳа!.. Мусофирон гӯш ба қимор шуданд. – Боз маро масхара мекунӣ?! – Ҳаргиз, бобоҷон! Охир, инро ман нагуфтам… – Кӣ гуфт?! – Валиатор гуфт, бобоҷон. – Валибой гуфтӣ? Кадом Валибой? Ман Валибой палибойро намешиносам. Мусофирон баланд хандиданд. – Не, Валибой не, бобоҷон, – бо ханда гуфт ронанда. – Ана ин асбоб, ки номаш валиатор аст. Касе кортро бо пули нақд харидааст «Хуш омадед!» мегӯяд, касе бепул гирифтааст «Корти ройгон!» мегӯяд. – Барои чӣ? – Ҳақиқатро мегӯяд. – Кадом ҳақиқатро? Чӣ, ман муфтхӯрам, ки дар назди ин қадар одам шармандаам кардед. – Техника аст, бобо, техника. – Техника, техника! – аз нав шӯрид мӯйсафед. – Ин пораи оҳани беҷон чӣ донад, ки ман кистаму чӣ коре барои Ватан кардам. Баъзе мусофирон бетоқат шуданд. Садоҳои норизонаи «уф-ф»-у «об-бо» ва «эъ»-и мусофирон баланд шуданд. – Бале, бобо, шумо ҳақ ҳастед, – бо табассум гуфт ронанда ва афзуд: – Ин асбоб ҳеҷ чизро намедонад. Вале ҳамаи мо хуб медонем. Аз ин рӯ, мегӯем: «Хуш омадед!» Мусофирон низ бо як овоз чун як тан гуфтанд: – Хуш омадед! Қалби мӯйсафед аз ин меҳрубонӣ таскин ёфт, руҳаш болид, фараҳе вуҷудашро навозиш кард. Ва аз сидқи дил баланд хандид. Чунон хандид, ки даҳонаш намоён гардид. Дар он ягон дандон набуд. Ва рӯяш чунон нуронӣ гашт, ки гӯӣ кӯдаки навзод бошад.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
15
НАВҚАЛАМ
Рисолати ҷавонон Аз замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрда, қатори дигар давлатҳои иттифоқ кишвари тоҷикон соҳибистиқлол гардид, 27 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат бо дасисаи душманони дохилаю беруна Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, мардуми бегуноҳи зиёд ба ҳалокат расид. Ба иқтисодиёт зарари хеле зиёд расонда шуд. Хиради азалии мардуми сулҳпарвари тоҷик билохира боло гирифту ҷангишаҳрвандӣ хотима ёфт. Инак даҳсолаҳост, ки мардуми тоҷик дар фазои сулҳу салоҳ, оромӣ машғули бунёдкориҳост. Кишвар сол то сол гул-гулшукуфон мегардад. Метавон гуфт, ки истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории мардуми бохирад ва сарбаланди тоҷик аст. Миллати куҳанбунёди тоҷик номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳони муосир дарёфтааст. Солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки диёри тоҷикон ба комёбиҳои хеле назаррас соҳиб шудааст. Ҳоло Тоҷикистон дар давраи гузариш қарор дорад. Яъне гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ. Баҳри ба муваффақият ноил шудан, роҳбарияти кишвар сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифтааст. Чунин сиёсат имкон медиҳад, ҷалби сармояи хориҷӣ, ки ба пешрафти соҳоти гуногуни иқтисодиёт мусоидат менамояд, ҳар чи бештар шавад. Маҳз ҷалби сармоя ва маблағҳо боис гардид, роҳҳои нақлиётӣ таҷдид ва нақбҳо кофта ва ба истифодабарӣ супурда шаванд. Зеро дар гузаштаи начандон дур, барои аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар намудан лозим меомад, ағбаҳои душворгузарро убур кард. Дар натиҷа садамаҳои нақлиётӣ тез-тез рӯй дода, одамон ба ҳалокат мерасиданд. Техника ва таҷҳизоти гуногуни зиёд корношоям ва зарар медид. Акнун, ки нақбҳо мавриди истифода қарор ёфтаанд, ҳаракати нақлиёт осон ва ҳодисаҳои нохуш кам рӯй медиҳад. Сарзамини тоҷикон дорои захираҳои бойи обӣ ва канданиҳои фоиданок аст. Бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ имкон медиҳад, ки натанҳо эҳтиёҷи дохила, ҳамчунин кишварҳои минтақаро метавон бо қувваи барқ таъмин намуд. Ин бошад, яке аз воситаҳои хубест, баҳри пур намудани буҷаи давлат аз ҳисоби фурӯши қувваи барқ. Ҳоло Ҳукумати кишвар баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 саъю талош дорад. Амалӣ намудани ин ҳуҷҷати муҳим барои аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар саргаҳи ин ҳама дигаргуниҳо, пешравӣ ва бунёдкориҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш ин марди наҷиб дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба бунёд, барқарор ва навсозии сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ оғоз бахшид. Ислоҳоти ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро пеш гирифт, ки он то ҳол идома дорад. Маҳз таҳти сарварии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён кишвари тоҷикон ва мардуми онро шинохтанд. Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ сухан гуфта, баҳри беҳбудии башарият, бо об таъмин намудани мардуми минтақа чандин таклифҳои судманд пешниҳод намуд. Ин таклифҳоро намояндагони кишварҳои гуногуни олам бо хушнудӣ пазируфтанд. Мардуми тоҷик, бахусус насли ҷавон, аз ин неъмат шукрона кунанд. Шукронаи соҳибистиқлолӣ, тинҷию амонӣ. Мо – ҷавононро дозим аст, масъулияти бузургеро ҳис намоем. Зеро ояндаи кишвар ва миллат ба дасти мост. Рисолати ҳифзи сарзамин ва ба наслҳои минбаъда барои мерос гузоштан масъулияти хеле бузург аст. Ин масъулият ҳар ҷавонро водор месозад, ки баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдорӣ ва устувории давлати соҳибихтиёри худ пайваста саъй намояд. Балхияи МИРЗОПУР, омӯзгори МТМУ № 71-и ноҳияи Шоҳмансур
Мафҳуми истиқлолият Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон шароити мусоид фароҳам овард. Вазифаи муҳим ва аввалиндараҷа ба ҷавонон фаҳмонидани мазмуну моҳияти истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Ҷавонон-ояндаи миллатанд” дар ин маврид чунин таъкид менамояд: «…Бояд пеш аз ҳама ҷавонон мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд. Зеро инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавон дер ё зуд барои фаҳмидани мазмуни аслии онҳо мекӯшанд. Воқеан, донистани ин масъалаҳои тақдирсоз, барои ҷавонон хеле муҳим аст, зеро онҳо, масъулияти бунёди ҷомеаи навинро бар дӯш мегиранд, мақсаду ҳадафҳо ва роҳи пешгирифтаи моро идома медиҳад». Дар тақвияти ин фикр Сарвари давлат меафзо-
яд: “Нахуст бояд донист, ки мафҳуми истиқлолият чист? Истиқлолият- ин соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комили давлат дар танзими фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар аст. Истиқлолият дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдорӣ, мустақилона пеш бурдани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад.” Истилолият ин дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳамагуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати Истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Конститутсия, билохира Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар муқаддасот, рамзҳои миллии давлатӣ гардидем. Имрӯз мо ҷавононро мебояд барои ҳимояи ин муқаддасот ҳамаҷониба кӯшиш намуда, баҳри пойдории сулҳу суботи кишвар ва рушди минбадаи Тоҷикистон саҳми худро гузорем. Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ, омӯзгор
Истиқлолият ва рушди маориф Истиқлолият беҳтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он миллати тоҷикро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди тоҷик зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз мушкилоти ҷойдошта давлати мо, ки дар вартаи нестшавӣ буду мардумаш пароканда, ба кишвари ободу осоишта табдил ёфт. Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон дар ростои таҳким бахшидани сулҳу субот ободу зебо гардонидани Ватани азизамонро сармашқӣ кори худ қарор доданд. Ҳамин буд, ки дар як муддати кутоҳ Тоҷикистони азиз роҳи чандасраро тай намуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ба маротиб рушд намуд. Зеро Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: “Ман
дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки Сарвари кишвар ба кадом шаҳру ноҳияе, ки сафар намоянд, мактабҳои наву замонавиро ба истифода медиҳанд. Таъсиси Квотаи президентӣ, Спендияи президентӣ аз иқдомҳои дигари Пешвои маорифпарварамон дар ин соҳа мебошад. Натиҷаи ин ҳама заҳматҳо имрӯзҳо бор оварда истодааст. Ҷавонони бо нангу ори миллат дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари худ дар олимпиадаҳои фаннӣ берун аз кишвар шарафи Тоҷикистони азизро ҳимоя намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати маорифпарвар муаррифӣ намуда истодаанд. Таъсиси мактабу литсей, коллеҷу донишгоҳҳои нав заминаи асосии рушди соҳа дар солҳои баъдӣ буда метавонад. Солҳои аввали Истиқлолият дар соҳаи мазкур мушкилоти зиёд ҷой дошт. Набудани шароити таҳсил, нарасидани
кадрҳои баландихтисос, набудани айёниятҳои хониш аз мушкилоти аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафтанд. Мардуми тоҷик зери сиёсати бунёдкорона ин мушкилотро зина ба зина пушти сар намуданд. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик туҳфаи тақдир бошад ҳам, нигоҳдории он вазифаии ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Моро зарур аст, ки ба қадри ин ободию созандагӣ расем, аз як гиребон сар бароварда, мисли фарзандони як модару ангуштони як даст Истиқлолияти кишварамонро ҳифз намоем. Нагузорем, чашми бади нохалафе сӯи истиқлолияти кишвари мо ало шавад. Зеро шоир дуруст таъкид намудааст: Ҷон ба раҳи Ватан фидо ман накунам, кӣ мекунад? Фахр ба номи Пешво ман накунам, кӣ мекунад? Бибималика АКРАМОВА, омӯзгори ДДМИТ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №37 (9567), 13.09.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
АНДЕША
Аз бисёрии бахс ҳақиқат гум мешавад. ******** Агар хохони шунидани хакикати бигзор, ки андешаатро озодона баён кунӣ. ******** Ҳар ки зуд маҳкум мекунад, зуд пушаймон мешавад. ******** Саросема хулоса баровардан ҷиноят аст. ******** Вакте ноҳақӣ фоидаовар аст, ҳақиқат зиёновар хоҳад буд. ******** Хотира бадбахтиҳои моро дучанд менамояд. ******** Ҳангоми расидани офат пурсидани маслихат дер шудааст. ******** Беобрӯ намудани касе худро беобрӯ кардан аст. ******** Ба даст қароре, ки иваз карданаш номумкин аст. ******** Роҳи шараф бо меҳнат эъмор мешавад. ******** Ҳаётро барои инсон тӯҳфа накардаанд, балки қарз додаанд. ******** Хушбахт на он аст, ки касе ӯро чунин пиндорад, ҳамон аст, ки худро чунин эҳсос кунад. ******** Муҳим он нест, ки туро кӣ меҳисобанд, муҳим он аст, ки ту воқеан кистӣ. ******** Пуршарафтарин пирӯзӣ ғалаба аз болои худ аст. ******** Фурсати аз даст рафта хело кам такрор мешавад. Публилий Сир Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Оиди камбудиҳо хомӯш мабош Вазире мушовире дошт, ки бо меҳнатдӯстӣ, бовиҷдонӣ ва покизакорӣ машҳур буд. Баъди он ки ӯ се сол дар хизмати вазир буд, ӯро ба наздаш хонд ва гуфт: - Дигар ба хизматҳои шумо эҳтиёҷ надорам. Мушовир аз ин суханони вазир ҳайрон монд ва пурсид: - Магар боре ман аз уҳдаи вазифаҳоям набаромадаам? Оё ягон бор дар корҳоям саҳлангорӣ кардаам? Ё ин ки боре ҳам танбалӣ намудаам? - Ҳамааш дуруст аст, - гуфт вазир. - Пас чаро шумо дигар намехоҳед, ки ман дар хизмати шумо бошам? Вазир дар ҷавоб: - Муддати се соле, ки мушовири ман будед, боре ҳам камбудиҳои маро нагуфтед. Яъне шумо дар фикри он набудед, ки ман беҳтар кор кунам, балки оне ки ба ман писанд аст. Аз ҳамин сабаб ман дигар ба хизматҳои шумо ниёз надорам.
АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ
√ САЙҚАЛИ
√ АНДАРЗ
ҶАВОБИ ОҚИЛ
Конфутсий 3 шогирди бошараф дошт: Гун, Лу ва Чжан. Рӯзе дайрнишини сайёҳе аз донишманд пурсид, ки дар бораи шогирдаш Гун чӣ фикр дорад? Конфутсий гуфт: - Ҳатто олимон аз хиради Гун ба ваҷд омадаанд. - Пас Лу чӣ эътибор дорад? - Ҷасурии Лу аз ҷанговарони машҳур афзалият дорад. - Шогирди сеюматон Чжан чӣ? - Меҳнатдӯстии ӯ арзандаи ҳама чист. Ҳамаи ин суханони оқилро дайрнишин шунида дар ҳайрат шуд ва гуфт: - Агар Гун ин қадар боақл, Лу диловар ва Чжан меҳнатдӯст бошад, пас онҳо бояд назди шумо боз чӣ омӯзанд? - Ҷавоби маро гӯш кун,- гуфт Конфутсий. - Гун боақл аст, вале танбал. Лу ҷасур, вале беандеша аст, Чжан меҳнатдӯст, вале ҳасуд аст. Гун намедонад, ки ақл ба одами танбал хушбахтӣ намеорад. Лу низ намедонад, ки беандешагӣ боиси марги ҷасурии ӯ хоҳад шуд ва
Тарҷумаи Шарофат БДУЛВОҲИДОВА, аз китоби масалҳои қадимаи чинии “Бурҷи ҳикмат”
√ ОБУНА-2019
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
√ ЭЪЛОН Шартномаи хариду фуруши манзил (ДШ № 0542388), ки дар идораи нотариалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар феҳрист таҳти рақами 2219 моҳи октябри соли 2014 ба қайд гирифта шуда, ба шаҳрванд Фирдавс Маҳмадалиев тааллуқ дорад, бинобар гум шудан беэътибор дониста шавад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Чжан бошад фикр намекунад, ки хурсандӣ бо ҳасудӣ зиндагӣ намекунад. Ҳамаи инро шогирдони ман намедонанд. То он замоне ки онҳо ин ҳақиқатро дарк накунанд, ман устоди онон ва онҳо шогирдони фармонбардони ман мемонанд.
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4017 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»