Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
1
№37 (9359),
11 сентябри соли 2014
ШОДБОШӢ
ҲАМКОРӢ
Оғози фаъолияти чархаи дуюми «Сангтӯда-2»
Ҳамватанони азиз! Бисту се сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкоронаи моро, манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад. Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ, яъне 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ хурду бузурги Тоҷикистони азиз ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар фарди соҳибватан хонаи обод, саломативу сарбаландӣ ва кушоиши кор орзу менамоям.
Субҳи 10 сентябри соли равон Ҳасан Руҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар доираи ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар мулоқоти хоса дошт. Баъди музокироти дуҷонибаи ҳайатҳо 9 санади ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф ба имзо расид. Бо иштироки сарони ду давлат чархаи дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба кор андохта шуд. Ҳасани Рӯҳонӣ, инчунин, дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок мекунад.
ДАСТГИРӢ
Кӯмак ба табақаҳои гуногун Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар табақаҳои ниёзманди пойтахт, ки 6 ҳазору 276 нафарро ташкил медиҳанд, ба маблағи 4 миллиону 973 ҳазору 800 сомонӣ кӯмаки якдафъина расонд.
КИШОВАРЗӢ
(Давомаш дар саҳ. 2)
Ҷавонон бояд аз ойинҳои давлатдории ниёгон огоҳ бошанд Паёми табрикии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 23-солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Ҷамъоварии беш аз 710 ҳазор тонна зироати ғалладона То аввали ҳафтаи равон кишоварзони мамлакат аз майдони қариб 265 ҳазор гектар беш аз 711 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд, ки аз ҳар як гектар 27,3 сентнерро ташкил медиҳад. Имсол тақрибан дар майдони 292 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст. Тибқи дурнамо, имсол дар ҷумҳурӣ 1 млн. 300 ҳазор тонна зироати ғалладона, аз ҷумла, 890 ҳазор тонна гандум ба даст оварданианд. Соли гузашта 1,1 млн. тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 900 ҳазор тоннаашро гандум ташкил медод.
ИНШООТИ ҶАШНӢ
Саҳифаи
e-mail: javonontj@mail.ru
3 сентябри соли равон бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд.
3
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
2
ШОДБОШӢ
Ҷавонон бояд аз ойинҳои давлатдории ниёгон огоҳ бошанд Паёми табрикии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 23-солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (Идома аз саҳ. 1) Мо имсол ҷашни истиқлолро дар остонаи санаҳои бисёр муҳими таърихӣ, яъне, 20-солагии қабули бахтномаи халқамон – Конститутсия, 20-солагии яке аз рамзҳои муқаддаси давлатамон - Суруди миллӣ ва 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ истиқбол мегирем. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд. Бист сол аст, ки Суруди миллии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо медиҳад ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Ҳарчанд ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд. Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад. Мо дар муддати 23 соли истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем. Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузорад. Бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи
ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд. Аз файзу баракат ва нерӯи истиқлолият аст, ки мо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар муддати начандон тӯлонӣ ба хеле дастовардҳо ноил гаштаем ва фаъолияти созандаи худро дар ин самтҳои стратегӣ рӯз аз рӯз вусъат бахшида истодаем. Зеро истиқлолияти энергетикӣ барои кишвари мо ва рушди минбаъдаи он аҳамияти сарнавиштсоз дорад ва гузашта аз ин, масъалаи ҳаёту мамот ба ҳисоб меравад.
Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол пеш мераванд. Имрӯз мо ҳамаи тадбирҳоро амалӣ гардонида истодаем, ки сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ баланд гардида, ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ расонида шавад. Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ меҳисобад ва барои таъмин намудани самаранокии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Истиқлолияти давлатиро
ву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд. Дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад. Дар раванди таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ масъалаи ташаккули инсони солиму донишманд, мутахассиси сатҳи баланд ва ташаббускору бунёдкор аҳамияти хоса дорад. Тарбияи насли соҳибмаърифат шарти асосии ташаккули ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад ва ин
Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд. Танҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамонро ҳадафи стратегии худ қарор диҳем ва бо заҳмати содиқонаи мардумамон ба сӯи ин ҳадаф босуръат пеш равем. Ҳифзи амнияти озуқаворӣ низ барои мо аҳамияти стратегӣ дорад. Маҷмӯи тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт имконият медиҳад, ки дар ояндаи наздик талаботи аҳолиро бо молҳои асосии озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ҳарчи бештар таъмин намоем. Ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо, ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар хонадони мамлакат мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Мо бояд тамоми чораву тадбирҳоро амалӣ созем, ки ҳар як сокини кишвар аз самараву неъмати истиқлолият баҳравар гардад.
дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Вобаста ба ин, мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 23-солагии худро дар шароити идома доштани равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони пур аз тазодҳо таҷлил менамояд. Барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ фарҳангиён ва умуман аҳли ҷомеаи кишвар бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳанд, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоянд ва ваҳдати миллиро таҳким бахшанд. Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуни-
кори муҳим на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи давлат ва тамоми ҷомеаи кишвар мебошад. Бинобар ин, мо бояд насли имрӯз ва фардоро бо суннатҳои воло ва бо мероси бузурги ниёгонамон ҳарчи бештар ошно намуда, дар зеҳну шуури онҳо ҳисси ифтихор аз давлатдории миллии худ, эҳтиром нисбат ба истиқлолият, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз ватани аҷдодиро инкишоф диҳем. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳими Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Мо борҳо таъкид кардаем ва бори дигар хотиррасон менамоем, ки истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бебаҳо ва мероси гузаштагонамон эҳтиёт кунем. Дар робита ба ин, бори дигар ба кулли шаҳрвандон ва махсусан ба ҷавонон таъкид кардан мехоҳам, ки забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихор аз ватану ватандорӣ, таъри-
ху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллӣ, аввалтар аз ҳама, ба мақому эътибори забони давлатӣ ва поку бегазанд нигоҳ доштани он вобаста мебошад. Дӯст доштани забон дӯст доштани Модар, Ватани маҳбуб ва таъриху фарҳанги худ аст. Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату ватани худро дар ихтиёр доранд. Имрӯз мо метавонем бо эҳсоси ифтихор таъкид намоем, ки асосҳои ҷомеаи демократиро ба вуҷуд оварда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи арзанда пайдо намудаем. Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо – яъне, ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Мардуми мо ва махсусан ҷавонон бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад. Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон, бо ҳиммати баланду эҳсоси гарми ватанпарастиаш ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии ҳамин мардуми шарифу сарбаланд дар солҳои наздиктарин ҳама гуна душвориҳои рӯзгорамонро бартараф мекунем, нақшаҳои бузург ва ниятҳои тақдирсози оғозкардаамонро амалӣ мегардонем ва барои ҳар сокини мамлакат зиндагии аз имрӯза беҳтару сазоворро фароҳам меорем. Бо арзи чунин ниятҳои нек тамоми ҳамватанони азизро бо ҷашни бошукӯҳи сарзамини азизамон - Рӯзи истиқлолияти давлатӣ бори дигар самимона табрик намуда, ба ҳар як хонадони мардуми диёр ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям. Пояндаву ҷовидон бод истиқлолияти миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст, бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик! Бигзор нуру зиёи истиқлолият то абад роҳи Тоҷикистони азизамонро ба сӯи ояндаи обод равшан созад ва Тоҷикистони маҳбуби мо зери парчами истиқлол пеш равад, ободу зебо ва мутараққиву нерӯманд гардад. Ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Дар хиёбони Неъмат Қарабоев маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук ва полиграфӣ ба истифода дода шуд. Маҷмаа, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фароз” бунёд ёфтааст, аз терминали гумрукӣ, мактаби ронандагӣ, толори варзишӣ, маркази муоинаи техникии автомобилӣ, маҷмааи нашриётӣ-полиграфӣ, ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва фурӯшгоҳ иборат аст. Дар корхонаҳои он беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Терминали гумрукии байналмилалии автомобилии шаҳри Душанбе бо мақсади густариш додани ҳамлу нақли байналмилалии бор бо воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва баланд бардоштани иқтидори транзитии кишвар бунёд гаштааст. Бартарии терминали мазкур дар минтақаи ҷойгиршавӣ ва пайвастшавии он бо шоҳроҳҳои асосии ҷумҳурӣ ва минбаъд бо шоҳроҳҳои магистралии байналмилалӣ мебошад. Дар кӯчаи Меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази савдои “Пойтахт-90” ифтитоҳ ёфт, ки ба истиқболи 90-солагии шаҳри Душанбе хеле зебою боҳашамат бунёд ёфтааст. Он бо харҷи беш аз 205 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ дар зарфи 22 моҳ бо тарҳу намои зебои зоҳирӣ ва шароити мусоиди хизматрасонӣ сохта шудааст. Масоҳати умумии бинои асосии сеошёна ва фурӯшгоҳи тобистонаи Маркази савдои “Пойтахт-90” 33 ҳазор метри мураббаъ ва ҳаҷми онҳо баробар ба 156 ҳазор метри мукааб аст. Дар он беш аз 1,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар атрофи биноҳои марказ 2 таваққуфгоҳ мавҷуд аст, ки яке барои 200 мошини сабукрав ва дуюмӣ барои 25 мошини калонҳаҷми боркаш пешбинӣ шудааст. Президенти кишвар зимни суханронӣ, мавриди истифода қарор гирифтани ин маркази бузурги савдоро туҳфаи пурарзиш дар арафаи 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 20-солагии қабули Конститутсия номида, таъкид дошт, ки минбаъд дар атрофи он биноҳои зиёди бисёрошёна сохта мешаванд ва ин мавзеъ хеле ободу зебо гашта, ба як шаҳраки муосир табдил меёбад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton» иштирок намуд, ки хеле зебо ва бо тарҳу намои муосир бунёд ёфтааст. Он бо харҷи 275 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати хусусии “СИ ЭЙ ЧЕЛ”-и Ҷумҳурии Ҳиндустон бунёд шуда, дорои 148 утоқи зисти дараҷаҳои гуногун мебошад ва барои қабули ҳама гуна меҳмонон, то меҳмонони сатҳи олӣ пешбинӣ шудааст. Меҳмонхона, ҳамчунин, дорои толорҳо барои маҷлису гуфтушунидҳо, маҳфилу шабнишиниҳои гуногун, 2 тарабхона, толорҳои мухталифи варзишию солимгардонӣ, аз қабили фитнес ва ғайра мебошад. Дар он 180 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 95% онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт пойгоҳи инноватсионии ронандагии “Автодром” ифтитоҳ ёфт. Ин дуюмин пойгоҳи автоматикунонидаи ҷавобгӯи талаботи муосири ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе ва панҷум дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад. Фаъолияти пойгоҳ якҷо бо мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ, мактабҳои ронандагӣ ва дигар сохторҳои марбута ба роҳ монда шуда, барои истифодабарии сокинони пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ пешбинӣ шудааст. Дар пойгоҳ имкон аст, ки то 80 нафар дар як рӯз машқҳои ронандагӣ анҷом диҳанд ва то 90 нафари дигар бо воситаҳои нақлиёти сабукрав ва боркаш имтиҳони амалии ронандагӣ супоранд.
Иншооти ҷашнии шаҳри Душанбе
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
Дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти нави хизматрасониву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
3
e-mail: javonontj@mail.ru
ОБОДОНӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
4
АМАЛИЁТИ «100 РӮЗИ ОБОДОНӢ»
ОЗМУН
Хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон» - барандаи озмун Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ озмунеро, ки бахшида ба 20-умин солгарди қабули Сарқонуни кишвар доир намуд, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст кард.
Рӯзҳои истироҳати гузашта дар доираи Амалиёти умумиҷумҳуриявии “100 рӯзи ободонӣ” бахшида ба 20-солагии Сарқонуни ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов корҳои ободонӣ сурат гирифт. Дар он, асосан, устодону донишҷӯёни соли якум атрофи толору майдонҳои варзиширо аз алафҳои бегона тоза ва бехи дарахтонро нарм карданд.
Ба озмун, ки мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони ВАО ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зистро дошт, аз 1 март то 25 августи соли ҷорӣ 7 барномаи телевизионӣ, 9 барномаи радиоӣ ва 25 мақола пешниҳод шуд. Ҳамин тавр, дар бахши телевизион Шералӣ Мустафоқулов (Шабакаи аввал), Фирӯзи Азиз (ТВ «Сафина»), Мастонаи Муъминҷон, (Шабакаи телевизионии «Азия»-и вилояти Суғд) ғолиб дониста шуданд. Дар бахши радио Орзу Ашӯров («Садои Душанбе»), Раҳимҷон Ахмедов («Садои Хуҷанд»-и вилояти Суғд), Маҳмуд Аёзов («Садои Душанбе») ғолиб гардиданд. Беҳтаринҳои бахши матбуот Сайфиддин Суннатӣ (рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»), Давлат Давронов (рӯзноманигор), Бурҳониддин Каримов («Садои Мардум»), Ҳасан Асоев, (устоди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат) эътироф шуданд.
ТУРИЗМ
Муаррифии иқтидори сайёҳии кишвар дар Брюссел Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел 2 сентябри соли равон якҷо бо Ширкати сайёҳии «Desti Travel» имконоти сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Шоҳигарии Белгия ва воситаҳои ахбори умуми ин кишвар иштирок намуданд. Ба иттилои АМИТ “Ховар”, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев роҷеъ ба имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ, фарҳанг, санъат ва таърихи тоҷикон маълумоти муфассал дода, иштирокчиёнро ба ҷалби сармоя ба инфрасохтори туристии кишвар
ДАСТОВАРД
e-mail: javonontj@mail.ru
Доруи чоруми олими тоҷик Доктори илмҳои биология ва фариакология Абдулқодир Бобоевро бисёриҳо ҳамчун муаллифи доруҳои «Тимотсин», «Тимогар» ва «Тимофед» мешиносанд. Ихтирои ин доруҳо то истеҳсол пурра дар Тоҷикистон сурат гирифтааст, то ин дам ба дарди ҳазорон нафар даво бахшида, берун аз ҷумҳурӣ низ харидорони зиёд пайдо кардаанд. Чанде пеш доруи чоруми ихитироъкардаи Абдулқодир Бобоев, ки «Тимоарг» ном дорад, аз озмоиши токлиникӣ гузаронда шуд. Доруи мазкур ивазкунандаи антибиотик буда, хосиятҳои зиддимикробии онро олимони Пажуҳишгоҳи байтории ҷумҳурӣ дар ҳайвонот санҷиданд. Алҳол дар Беморхонаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе озмоиши таъсири «Тимоарг» дар худи муаллиф идома дорад. Пеш аз санҷиш А. Бобоев аз ташхиси тиббӣ гузашт. То ин дам ба ӯ 7 сӯзандору гузаронида шудааст. Пас аз давраи пурраи санҷишӣ
(гузаронидани 10 сӯзандору) муаллиф дубора аз ташхис гузашта, таъсири дору муайян карда мешавад. - Се доруи собиқро низ аввал дар ҷисми худам санҷидам, - мегӯяд профессор Абдуқодир Бобоев. - Ин барои ихтироъкунандаи дору муҳим аст, то ки ӯ аз дарднок будан ё набудани дору, вокунишҳои ҷисм ба дору, баланд шудан ё нашудани ҳарорати бадан огоҳ шавад. Дар сурати натиҷаи хуб додани озмоиши «Тимоарг» дар муаллиф пас аз ҳалномаи Кумитаи фармакологӣ ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимои аҳолии ҷумҳурӣ он барои озмоиши клиникӣ ва муайян кардани дараҷаи фоиданокиаш ба муассисаҳои тандурустӣ тавсия дода мешавад. Алҳол доруҳои «Тимоарг», «Тимосин», «Тимофар» дар корхонаи «Тиб барои шумо» истеҳсол мешаванд. Ин доруҳо нерӯи муҳофизатии ҷисмро тавқият бахшида, барои барқарор кардани нерӯ баъди ҷароҳӣ, нерӯи муолиҷаи камхунӣ, офиятбахшии захмҳо ва ғайра мусоидат мекунанд.
С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
даъват намуд. Пасон, филми ҳуҷҷатие роҷеъ ба соҳаи туризми ҷумҳурӣ, фарҳанг, ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои дидании мамлакат манзури ҳозирин гардид. Ҳамчунин, дар идораи марказии ширкати “Desti Travel” гӯшаи махсус таҳти унвони «Туризм, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон» созмон дода шуд, ки дар он матолиби мухталиф бахшида ба имконоти сайёҳӣ, фарҳанг, санъат ва таърихи ҷумҳурӣ гирд оварда шудааст.
изҳороте гуфтаанд, ки минбаъд низ “ҳамкорӣ”-ро идома хоҳанд дод. Гуфта мешавад, ки дар Ховари Миёна Туркия воситаест, ки сӯзишвории кишварҳои арабӣ тавассуташ ба Исроил интиқол меёбанд. Қаблан баҳси он вуҷуд дошт, ки тавассути қаламрави Туркия нафти Ироқи Шимолӣ ба Исроил фурухта шудааст. Вақте ин баҳс сар зад, вазири энергетикаи Туркия изҳорот дод, ки ин гап дурӯғ аст. Чун навбати дигар масъалаи фурӯши нафти Ироқи Шимолӣ
Исроил – воситае барои татбиқи ҳадафҳои Ғарб Зимнан, бояд гуфт, ки ба қатли ому кушторҳои бешумори Исроил яҳудиҳои Аврупо эътирозу норозигиашонро баён доштаанд. Масалан, Башҳаҳам Жол Вебэр яке аз яҳудиёне, ки аз мухолифони сахти сионизм дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, чунин иброз медорад: “Яҳудизм ва сионизм як нестанд. Онҳо комилан аз ҳамдигар фарқ доранд. Ҳоло ба хотири шиддату таҷовузе, ки Исроил ба халқҳои минтақа (Ховари Миёна) раво дидааст, тамоми яҳудиҳои дунё ноҷо ҷинояткор хонда мешаванд. Сиёсате, ки Исроил аз замони ташкилшавии давлати Исроил (1948) ба ин сӯ роҳандозӣ кардан дорад, ҳам барои мардуми минтақа, ҳам барои яҳудиҳои дунё зулму ноҳақист. Сионизм на ба яҳудиҳо хизмат мекунад, балки он тамоман рӯи мақсадҳои сиёсӣ амал менамояд... Давлати Исроил аз эътиқоди мардум ба Худо истифода карда, ҳам қасд ба ҷони инсонҳо мекунад, ҳам моро (яҳудиҳоро) ба мардуми дунё нодуруст муаррифӣ менамояд. Ягон давлат ва сиёсатмадоре ҳақ надорад, ки яҳудизм ва китоби муқаддасамонро барои ҳадафҳои шахсиву гурӯҳиаш истифода барад. Ба ин не Худо иҷозат медиҳад, не мо!” Мисле, ки дар ҳаммазҳабҳои ҳар дини дигар дида мешавад, пайравони нажоди яҳуд ва дини яҳудӣ низ чандон муттаҳид нестанд. Миёни онҳо низ ихтилофу фарқиятҳо ба назар мерасад. Ба ибораи дигар, ҳамчун як падидаи муосир метавон яҳудиҳоро ба ду гурӯҳ сионистҳо ва мухолифони сионизм ҷудо кард. Ё худ, онҳое, ки дар асоси эътиқод ба дини яҳудӣ идеяи бунёди давлати миллии Исроилро дар хоки Фаластин пеш гузоштанд. Яъне, онҳо диндор буданд. Онҳое, ки барои татбиқи он идея амал карданд, ки қисми зиёдашон диндор набуданд. Бино ба навиштаи аксари таҳлилгарони вазъ, таъсиси давлати миллии яҳудиҳо на танҳо талаб ё дархости сионистҳое буд, ки дар Аврупо ранҷу азияти зиёдашон доданд. Балки фаротар аз ин, як лоиҳаи Ғарб буд, ки барои Ховари Миёна фикр карда баровардаанд. Тавре мушоҳида мешавад, олами Ғарб аз таъсиси ин давлат, яъне, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сар карда, тавассути ИМА-Исроил минтақаи Ховари Миёнаро таҳти контрол дорад. Мавҷудияти Исроил дар минтақа боиси он шудааст, ки а) режимҳои диктаторӣ, автократӣ ва монархияҳо мавҷудияташонро давом диҳанд; б) даромади нафт на барои рифоҳу осоиши минтақа сарф шавад, балки ба осонӣ ба бозорҳои Ғарб ва аз он ҷо ба бонкҳои Ғарб резад; в) тафриқаву ҷудоӣ дар кишварҳои исломӣ дар авҷи аъло бирасад; г) ислом ва олами мусулмонӣ ба ҳошия ронда шуда, ба як унсури тарсу нафрат барои мардуми дунё табдил шавад.
Барои сионистҳои насронӣ Исроил хонаест, ки наҷоти тамоми яҳудиҳои дунё ба он вобаста аст. Бо ҳамин мақсад яҳудиҳоро аз тамоми дунё дар Исроил ҷамъ меоранд. Аммо барои нухбагон ва сиёсатмадорони Амрикову Ғарб Исроил воситае барои истифодаи ҳукуматҳои империалистии минтақа аст. Ашрофҳои ғарбӣ ва Евангелистҳо (мураттибони “Инҷил”) ба хотири манфиат ва эътиқодашон аз ғасбу истисмор бешармона кор мегирад. Аз ин нуқтаи назар, мешавад гуфт, ки на Исроил Ғарбро, балки Ғарб Исроилро истифода карда истодааст. Далели дигар ҳамон гуфтаи Ҷо Байден, ноиби Президенти ИМА аст, ки яке аз сиёсатмадорони ошкорбаён маҳсуб мешавад, гуфта буд: “Агар Исроил намебуд, ба хотири манфиатҳоямон ҳатман якто меофаридем!” Зимнан... Тибқи иттилои расонаҳо ҳукумати Туркия ба Исроил қабл аз ҳамлааш ба Ғазза ҳазору панҷсад тонна сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳои реактивӣ фурухтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки то ҳамин наздикиҳо ин ду кишвар душмани сарсахти якдигар дар Ховари Миёна ба ҳисоб мерафтанд. Хусусан, баъд аз воқеаи “1 Minute”, ки соли 2009 дар шаҳри Давоси Швейтсария сурат гирифт, душмании ин ду кишвар ба маҷрои дигар гузашт. (Соли 2009 СММ таҳти номи “Ғазза: сулҳ дар Ховари Миёна” нишасте баргузор карда буд ва қатори дигарон Президенти Исроил Шимон Перес ва сарвазири вақти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон иштирок доштанд. Эрдуғон бо он, ки ба суханронии Президенти Исроил касе дахолат накард, вале дар рафти баромади ӯ гуфтанд, суханашро кӯтоҳ кунад, эътироз кард. Он ҳангом вай бо овози баланд ибораи “One Minute”-ро истифода кард...) Ҳукумати Туркия дар ҳар нишасту ҷамъомад ҳатман Исроилро ба хотири таҷовузаш ба хоки Фаластин ва қатли кӯдакону барҷомондагони бешумор маҳкуму мазаммат мекард. Аммо ҳоло аҳвол дигар аст. Туркия ба Исроил сӯзишворӣ мефурӯшад, то ки вай ҳавопаймоҳои ҷангиашро ба кор дарорад. Ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил бошад, ҳатман алайҳи Фаластин ва мардуми бегуноҳи ин кишвар истифода мешаванд. Ба ин мардуме, ки гуноҳе ба ҷуз зиндагӣ кардан дар хоки худашон надоранд, ҳамлаҳо мекунанд. Ин аъмоли зишти Исроилро кишварҳои дигар, ки аслан мусулмонианд, дастгирӣ менамоянд. Ҳоло тиҷорати сӯзишвории Ҳукумати Туркия ба Исроил дар ҷомеаи туркӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда, мардум аз ҳукумат талаб кардаанд, ки ин амали зишти худро шарҳ диҳад. Аммо сохторҳои ба истеҳсоли сӯзишворӣ ва тиҷорати он дахлдори Туркия дар
тавассути Туркия ба Исроил боз вирди забонҳо шуд, ин навбат ҳамон вазир изҳор дошт, ки мо коре ба нафти Ироқу ба тиҷорати он бо Исроил надорем. Ин ҳам дар ҳолест, ки тавре дар боло гуфтем, Туркия ягона мунаққиди Исроил ва рақиби сарсахташ дар минтақа ба ҳисоб мерафт. ... Дар ибтидои соли равон рӯзномаҳои маъруфи дунё (чунончӣ, “Телеграф”-и Англия) аз савқу тиҷорати аслиҳа ва қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳои ҷангӣ аз Исроил ба Эрон иттилоъ дода буданд. Расонаҳои юнонӣ навиштанд, ки Исроил қаблан ду маротиба - моҳи декабри соли 2012 ва апрели соли 2013 низ ба Эрон аслиҳа фурӯхтааст. Интиқоли таҷҳизоти низомӣ аз тариқи шаҳри Бинямина – Гивата Адаи Исроил сурат гирифтааст. Ба иттилои рӯзномаи исроилии «Yediot Ahranot» 10 сол муқаддам низ аз тариқи шаҳри Бинямина – Гивата Ада ба Эрон интиқоли силоҳ сурат гирифта буд. «Аммо он замон бидуни тафтишоти қонунӣ гумонбаронро озод карданд», - навишта буд рӯзнома. Мубодилаи аслиҳа байни Исроилу Эрон, инчунин, ҳамин навъи доду гирифт байни Туркияву Исроил нишон дод, ки ин ҳама хусумат ва душмании тӯлонӣ, ки ба намо мегузоранд, сохта ё дурӯғ аст! Маврид ба ёдоварист, ки мавқеъгирӣ ё интиқодҳои ҷониби Эрон нисбат ба таҳдидҳои Исроил, ки мегуфт ба Эрон ҳамла мекунад, замони роҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод бештар авҷ дошт. Президенти кунунии Эрон Ҳасан Руҳонӣ бошад, сиёсати нисбатан нармро нисбат ба Ғарб, Амрико ва Исроил пеш гирифтааст. Ин ҳам дар ҳолест ки моҳи январи соли ҷорӣ дар Форуми иқтисодии ҷаҳон дар Давос Президенти Исроил Шимон Перес Эронро маркази терроризми имрӯзи дунё эълон карда, гуфта буд, ки он ба ҷангиёни ҳаракати Ҳизбуллоҳ силоҳу муҳимот мефиристад. Ҳарчанд ин нуқтаро Президент Ҳасан Руҳонӣ қабул накарда бошад ҳам... Аммо нарм шудани сиёсати ҳукумати Эрдуғон нисбат ба Исроил, амалан баъд аз ҳаводиси 17 декабри соли равон дар Истанбул сар шуд. Қазияи “Ришвахорӣ ва пулшӯии мансабдорон дар Туркия”, ки ба он чандин вазирони ҳукумат ва худи Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамроҳи фарзандаш даст доштанд, тариқи сабтҳои савтиву видеоӣ дар ихтиёри кишварҳои абарқудрате назири Олмон, ИМА ва Исроил қарор дорад. Таҳлилгарон омили нарм шудани сиёсати Эрдуғонро нисбат ба Исроил ба ҳамин наворҳо, ки гунаҳкор ва дар ҷиноят даст доштанашро исбот мекунанд, вобаста медонанд...
М. САИД, “ҶТ”
Саммити СҲШ-ро 500 журналист инъикос менамоянд Ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро, ки 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷараён мегирад, беш аз 500 намояндаи васоити ахбори омма (370 хабарнигори хориҷӣ ва 198 рӯзноманигори ватанӣ (инчунин, хориҷие, ки дар кишвар сабти ном шудаанд) инъикос менамоянд. Бо мақсади дар сатҳи баланд тарғиб намудани чорабинии мазкур дар Китобхонаи миллии мамлакт маркази матбуот таъсис ёфтааст, ки бо тамоми техникаю таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, 160 компютер, интернети суръаташ баланд, 11 адад дастгоҳи чопию нусхабардорӣ, телефону факс ва дигар воситаҳои марбут ба алоқа муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин, 6 монитор насб шудаанд, ки тавассути онҳо ҷараёни баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ба таври мустақим пахш мегардад.
ЭКОЛОГИЯ
Тозагии муҳит боиси некӯаҳволӣ мегардад
5 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
Бенямин Нетаняҳу, Сарвазири Исроил зимни як изҳорот баъд аз ҳамлаи низмиёни кишвараш ба Ғазза гуфтааст, ки Исроил дар ҷанг алайҳи душманони инсоният бо Амрико дар як ҳандақ ҷой хоҳад гирифт. “Агар тадбир наандешем, неруҳое чун “Ҳизбуллоҳ”, “Ҳамос”, Эрон ва ДИИШ на танҳо дар Ховари Миёна, балки ба тамоми Аврупову ИМА паҳн мешаванд”, - таъкид кардааст Нетаняҳу. Бешубҳа, ин гуфтаҳои вай тасдиқи иттифоқи сионизми Исроил бо сионизми Аврупост. Дуруст аст, ки ИМА бо Исроил дар як сафанд, вале ба хотири барангехтани нафрати саросарӣ алайҳи худ, хеле пардапӯшона ва моҳирона кор мекунанд.
ВАО
Ҳафтаи равон ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлати Ҷуҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласа доир гардид. Раиси кумита Хайрулло Ибодзода ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, гуфт: “Соли 23юм аст, ки мардуми кишвар дар партави истиқлол ба сар мебаранд ва дарк менамоянд, ки Истиқлол боарзиштарин муқаддасотест, ки ба рӯзгори мо шукӯҳу ҷилои тоза эҳдо сохтааст”. Хайрулло Ибодзода таъкид намуд, ки Истиқлоли Тоҷикистон сол то сол таҳким ёфта, бо бунёди иншооти гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ, рушди саноати миллӣ, пешбурди кишоварзӣ ва тараққӣ додани коркарди ашёи хоми саноатии ватанӣ сатҳу сифати зиндагии халқ зина ба зина беҳтар мегардад. Ҷумҳури Тоҷикистон ба 3 конвенсия ва 4 протоколи экологӣ шарик аст. Бо ташабуси Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили Соли оби тоза (2003), Ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (20052015) багузор шуд. Сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии кумита Раҳматулло Хайруллоев иброз дошт, ки дар давраи кунунӣ экология ва ҳифзи муҳити зист яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ ва бурди давлат ба шумор меравад. Ҳар қадар муҳит тоза бошад, ҳамон қадар аҳволи мардум беҳ мегардад. Шоири шинохта Шаҳрияи Аҳтамзод аз дастовардҳои замони истиқлол ёдовар шуда, гуфт: “Соҳибистиқлолии ҳар кишварро арзишҳои муққадас, чун сулҳу субот ва ваҳдату ризояти ҷомеа муайян месозад. Имрӯз маҳз бо шарофати сулҳу субот мардуми кишвар дар роҳи таҳкими рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавиёт қадамҳои устувор гузошт. Ҳарчанд дар солҳои аввали истиқлолият кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печида бошад ҳам, бо саъю кӯшиши Роҳбари давлат ва ҷонибҳои сулҳхоҳ он рӯзгори пур аз даҳшати ҷанги бемаънӣ хотима ёфту мо ба рӯзҳои нек расидем. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистони азиз мешуморад, бояд ба Истиқлолият арҷ гузорад ва таҳкими ваҳдати миллию саҳм гузоштан дар ободии кишварро рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи инсонии худ ҳисобад.
С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
НАБЗИ ҶАҲОН
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
6
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
Аз бунёди нахустин таҷҳизоти самараноки биогаз дар ҷумҳурӣ 12 сол сипарӣ гардид. Моҳи июли соли 2002 бо дастгирии молиявии ташкилоти хориҷии “INTAS” ва кӯмаки олимони Институти физика ва техникаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар манзили сокини хоҷагии “Заргар”-и шаҳри Ваҳдат Муҳаммадалӣ Одинаев таҷҳизоти истеҳсоли гази биологӣ (биогаз) сохта шуд. Дастгоҳи мазкур бо риояи тамоми қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз гази табиӣ бунёд ва бо манометр, сарпӯшаки ҳифзкунанда, ҷумак ва ғайра таҷҳизонида шуд.
тов ва дигарон таҷриба гузаронида, тавсияҳои муфид додаанд. Ҳарчанд дар ҷумҳурӣ барномаи махсуси комплексии истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла, биогаз қабул шуда бошад ҳам, дар мамлакат истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ ривоҷ наёфтааст. Ҳол он ки дар Чину Ҳиндустон, Шри-Ланка, Покистон, Олмон, Маҷористон ва Ҳолланд миллионҳо нафар аз таҷҳизоти биогаз самаранок истифода мебаранд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки насби таҷҳизоти биогаз дар партовгоҳи шаҳрҳо метавонад боиси таъмини як қисми шаҳр бо гази аз лиҳози экологӣ безарар гардад. Гап дар сари он, ки дуру дароз истодани моддаҳои органикӣ дар ҳавои кушод боиси пайдошавии гази метан мешавад. Гази метан нисбат ба гази карбонат 22 маротиба хавфноктар буда, сабаби асосии дар фазо ҷамъшавии гази парник
ЭНЕРГЕТИКА логии обу корези шаҳри Душанбе кӯшиш кард. Ба таври таҷрибавӣ гази биологӣ низ ҳосил шуд. Мутаассифона, ин иқдом, ки нахустин таҷриба дар Осиёи Марказӣ буд, бе дастгирӣ монд. Агар шаҳрдории пойтахт баҳри пурра амалишавии ин таҷриба ба ширкати мазкур кӯмак намояд, Душанбе дар минтақа нахустин пойтахте хоҳад шуд, ки аз партов газ тавлид мекунад. То ин дам дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон шахсони алоҳида истеҳсоли биогазро ба роҳ монда буданд. Дар музофоти Девони Англия ширкати “Форматик”-и Олмон нерӯгоҳи ҳароратӣ бо истифодаи биогаз сохтааст. Он соле 450 тонна поруи моеъро коркард намуда, 1,5 мегаватт нерӯи барқ тавлид мекунад. Оби гарми аз нерӯгоҳ хориҷшуда барои гармкунии манзили шаҳриён истифода мешавад. Дар Англия 100 адад нерӯгоҳи хур-
Истеҳсоли газ аз порӯ имкон дорад
Аҳли хонавода то кунун биогази ҳосилшударо барои тайёр намудани хӯрок, пӯхтани нон ва истеҳсоли барқ истифода мебаранд. Пасмондаи баъди истеҳсоли биогазро ҳамчун нурии баландсифати органикӣ барои парвариши сабзавоту зироатҳо истифода бурдан мумкин аст. Олимон ҳисоб кардаанд, ки аз порӯи як гов мувофиқи технологияи биоэнергетикӣ ҳар сол тақрибан 500 метри кубӣ биогаз ҳосил кардан мумкин. Ин баробари 350 литр сӯзишвории шартӣ мебошад. Он имкон медиҳад, ки генератор (движок)-и тавоноиаш 0,5 кВт. тӯли як сол беист кор кунад. Дар самти истеҳсоли биогаз дар ҷумҳурӣ олимони зиёде, аз қабили академик Ҳаким Аҳмадов, доктори илмҳои физикаю математика Ҳасан Каримов, доктори илмҳои биологӣ Дадаҷон Эргашев, номзади илмҳои техникӣ Анвар Мадалиев, номзади илмҳои техникӣ Қурбонҷон Кабу-
(гулхона)-ӣ мегардад. Дар сурати насб кардани таҷҳизоти биогаз ин гази ба атмосфера зарарнок метавонад ба манбаи энергияву гармӣ табдил ёбад. Дар ҷумҳурии мо, ки алҳол захираи газу нафти дастрас нест, истифодаи биогаз хеле зарур аст. Аксар кишварҳои аврупоӣ, ки мисли ҷумҳурии мо сӯзишвориро аз хориҷа мехаранд, сол то сол шумораи таҷҳизоти биогазро зиёд мекунанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Литва то ҳол даҳҳо муассисаи истеҳсоли биогаз сохта шудаанд, ки то андозае баҳри таъмини сӯзишворӣ ба аҳолӣ мадад мерасонанд. Машҳуртарини онҳо корхонаҳои “Sema” ва “Utenos vandenys” мебошанд. Дар шаҳри Каунас аз пасмондаи оби коррези шаҳр ҳар шабонарӯз аз 6000 то 8000 метри кубӣ гази биологӣ мегиранд. Ширкати “Фондарё” низ барои гирифтани биогаз аз парвариши эйхорния дар ҳавзҳои био-
Ӯзбекистон низ ба энергияи офтоб рӯ меорад Тавре аз иттилооти расонаҳои хабарии Ӯзбекистон бармеояд, дар ин кишвари ба мо ҳамсоя тасмим гирифтаанд, ки Пажӯҳишгоҳи байналмилалии энергияи офтобро таъсис диҳанд.
ди ҳароратӣ бо истифодаи биогаз фаъолият мекунанд. Ҳанӯз соли 1900 дар шаҳри Бомбайи Ҳиндустон дастгоҳи истеҳсоли биогаз пайдо шуд. Баъдан, соли 1918 истифодаи амалии партовҳои растанӣ ва ҳайвонот барои истеҳсоли биогаз бо роҳи туршонидан оғоз гардид. Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, доктори илмҳои химия Шамс Назаров туршонидани 5 тонна пору як хонаводаро 6 моҳ бо гази биологӣ барзиёд таъмин мекунад. Ба ҳисоби миёна 1 кило поруе, ки 70% мепӯсад, 0,18 кило метан, 0,32 кило гази карбонат, 0,2 литр об ва 0,3 кило пасмонда медиҳад. - Баъзеҳо чунин баҳона пеш меоранд, ки дар фасли зимистон таҷҳизоти биогаз бо сабаби нарасидани гармӣ газ истеҳсол намекунад. Барои гарм кардани ферментатор метавон болои зарф (систерна ё чоҳи бетонӣ) гармхона сохт, – мегӯяд Шамс Назаров. – Плёнкаи полиэтиленӣ ҳавои гармро нигоҳ дошта, раванди ихроҷи газро метезонад. Як ҷиҳати хуби тавассути биогаз пӯсонидани партов дар он аст, ки баъди анҷомёбии истифодабарии биогаз дар таркиби нурии ҳосилшуда нитроген (азот), фосфор ва калий барин элементҳои асосии барои парвариши зироатҳо зарур боқӣ мемонанд. Инчунин, тухми алафҳои бегона пурра нобуд мешаванд. Агар дар гӯшаю канори пойтахт бо истифода аз систернаву чоҳҳои бетонӣ партовҳои биологӣ ва хазону пасмондаи растаниҳо истеҳсоли биогаз ба роҳ монда шавад, сокинону муассисаҳои тандурустӣ ва маориф бо сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тоза таъмин мегарданд.
Яке аз сарпарастони амалишавии иқдоми мазкур Бонки осиёии рушд хоҳад гашт. Пажӯҳишгоҳи мазкур, ки қароргоҳаш дар шаҳри Тошканд мешавад, лоиҳаҳои рушди энергияи офтобро дар ин кишвар амалӣ хоҳад кард. Муассисаи давлатии “Ӯзбекэнерго” якҷо бо мутахассисони Чин дар шаҳри Навоӣ корхонаи истеҳсоли панелҳои фотоэлектрикӣ хоҳанд сохт. Нахустин таҷҳизоти офтобии корхона соли 2015 ба фурӯш хоҳад баромад. Ҳоло дар ноҳияҳои Пастдарғом ва Нурободи вилояти Самарқанд бунёди Истгоҳи фотоэнергетикӣ идома дорад. Ба иттилои рӯзномаи “Правда Востока” маблағи иншооти мазкурро, ки 275 миллион доллар мебошад, Бонки осиёии рушд ва Бунёди рушд ва таҷдид медиҳанд. Барои бунёди ин иншоот 404 гектар замин ҷудо шудааст. Тавоноии Нерӯгоҳи офтобӣ 100 мегаватт буда, соле 200 миллион киловат/соат нерӯи барқ тавлид мекунад. Ин нерӯгоҳ соли 2016 ба тавлиди барқ шуруъ хоҳад кард. Азбаски дар Ӯзбекистон барқро, асосан, нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тавлид мекунанд, сохтани нерӯгоҳҳои офтобӣ аз лиҳози экологию иқтисодӣ манфиатнок хоҳад буд. Истифодабарии энергияи офтоб ихроҷи газҳои парникиро кам карда, боиси сарфаи сӯзишворӣ мешавад. Дар бисёр минтақаҳои аз марказҳои барқу гармидиҳӣ дури Ӯзбекистон ҳар сол сокинони деҳот аз набудани барқу гармӣ дар фасли зимистон танқисии зиёд мекашанд. Бо сабаби қимат будани таҷҳизоти офтобӣ касе аз пеши худ ба харидани он иқдом намекунад. Аз ин рӯ, дар ин ҷумҳурии офтобӣ тибқи барномаи давлатӣ энергияи офтобӣ мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад. То ин дам дар бисёр муассисаҳои тандурустии Ӯзбакистон таҷҳизоти офтобӣ насб шудааст. Ширкати “Гелиос продукт” то ин дам дар чанд муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти аз офтоб тавлидкунандаи барқро насб кардааст. Муассисаи давлатии “Узэлектросет” ба нақша гирифтааст, ки дар 21 муассисаи тобеи худ таҷҳизоти обгармкунаки офтобӣ барои гармкунии иншоот насб намояд. Ҳоло коршиносони Бонки осиёии рушд дар 6 минтақаи Ӯзбекистон барои ҷамъоварии маълумот оид ба захираву имкониятҳои истифодабарии энергияи офтоб фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи коршиноси Маркази таҳқиқоти иқтисодии Ӯзбекистон Галина Саидова захираи ангиштсанги Ӯзбекистон барои 50 сол, нефт барои 12 сол ва гази табиӣ барои 30 сол мерасад. Аз ин рӯ, Ӯзбекистон ба рушди энергияи алтернативӣ (офтоб ва шамол) умед мебандад. Захираи манбаъҳои барқароршавандаи энергия тамомнашаванда аст. Пажӯҳишгоҳи байналмилалии энергияи офтоб дар базаи маркази илмии “Физика-Офтоб”-и Академияи илмҳои Ӯзбекистон таъсис дода мешавад.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
С. АМИНИЁН, “ҶТ”
Шӯрои кории СҲШ яке аз ҷавонтарин сохторҳои СҲШ ба ҳисоб меравад. Дар ҷаласае, ки дар Душанбе доир мегардад, баррасии кадом масъалаҳо дар назар дошта шудааст? - Боиси хушнудист, ки дар шӯрои мазкур коллективи хубу ҳамфикр ҷамъ омада, ҳама хоҳони ҳамкории самарабахши дуҷониба дар фазои СҲШ мебошанд. Соли ҷорӣ Шӯрои корӣ як қатор чорабиниҳо, аз қабили нишасти шӯро дар Пекин, Форуми иқтисодии Санк-Петербург, Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, Форуми соҳибкорони «Исиқкӯл-2014», намоишгоҳи тиҷоратӣ дар шаҳри Кошғар ва ғайраро доир намуд. Рӯзномаи асосии ҷаласаи Шӯрои кории СҲШ дар шаҳри Душанбе масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: - Мустаҳкам намудани ҳамкориҳои минтақавӣ. - Дар якҷоягӣ кӯшиш намудан баҳри ҷалби сектори хусусии кишварҳои узви СҲШ ба тиҷорати байналмилалӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои берунӣ. - Ҷорӣ намудани тиҷорати электронӣ. - Ҷорӣ кардани системаи бима (суғурта). - Равона кардани сармоягузориҳои беруна ба иқтисоди миллӣ. - Амалисозии барнома оид ба омода сохтани кадрҳо дар сохторҳои гуногуни иқтисодиёт. - Ҳимояи манфиатҳои қонунии соҳибкорӣ дар фазои СҲШ, таъмини гардиши озоди мол, сармоя, хизматрасонӣ ва технология. - Ҷалби сармоягузориҳои муштарак. - Дар кадом соҳаҳо ҳамкорӣ намудан бештар самарабахш ба назар мерасанд? - Мо дар Шӯрои корӣ бо доираҳои соҳибкорӣ, вазоратҳои блоки иқтисодии Федератсияи Русия, Чин, Казоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамкории доимӣ дорем. Ба назари ман, мо ҳама имкониятҳоро дорем, ки дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, мошинсозӣ, металлургӣ, нефту газ, саноати сабук, хӯрокворӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, комплекси агросаноатӣ, бахшҳои илмӣтехникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ ҳамкориҳоро вусъат диҳем. - Баъзе соҳибкорони алоҳида вобаста бо монеагузориҳои маъмурӣ дар ҳавзаи СҲШ шикоят мекунанд, ки ин пеши роҳи рушди тиҷоратро мегирад. Оё Шӯрои корӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорону сармоягузорон ягон чора мебинад? - Дарвоқеъ, дар ин нишаст масъалаи таъсиси системаи ҳал кардани баҳсҳои иқтисодӣ миёни доираҳои соҳибкории
СҲШ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ба ин метавонад арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар доираи ҳамкориҳои палатаҳои саноат ва савдо ҳамчун таҳкурсӣ хизмат кунад. Мутаассифона, миёни соҳибкорони кишварҳои узви СҲШ онҳое низ ёфт мешаванд, ки шартномаро худсарона қатъ намуда, сари вақт маблағ пардохт намекунанд. Аз ин рӯ, таҳкими ҳамкориҳои кишварҳо дар самти иҷрои қарорҳои арбитражии судҳои миллӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Тиҷорат ҳалолкорӣ ва риояи қарорҳою аҳду паймонро мепазирад. - Тавре маълум аст, миёни кишварҳои узви СҲШ муҳоҷирати меҳнатӣ ба назар мерасад. Ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ тавр
Бинобар ин, дар доираи чорабинии мазкур намоишгоҳи истеҳсолкунандагони миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар он корхонаю муассисаҳои маъруфи кишвар, бонкҳо, ассотсиатсияву иттиҳодияҳои мамлакат ширкат меварзанд. Ҳамоҳангсози баргузории намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ мебошад. Ҳадафи асосии баргузории намоишгоҳ нишон додани маҳсулоти барои содирот пешбинишуда, мусоидат ба истеҳсолкунандагони ватанӣ барои роҳ ёфтан ба бозори берунӣ, муаррифии маҳсулоти муассисаҳои диёри кӯҳистонамон мебошад. Боварӣ дорам, ки намоишгоҳ дар роҳи дарёфти харидорон, шарикони тиҷоратӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ,
600 ташкилоти мамлакат маълумот гирифта метавонанд. Дар он иттилоот оид ба узвияти Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, дигаргунию иловаҳо ба кодексҳои шаҳрвандӣ ва гумрук, Кодекси андоз ва дигар санадҳои қонунӣ ҷой дода шудаанд. Дар бахши Директорияи содиркунандагони Тоҷикистон маълумот оид ба 107 содиркунандаи мамлакат аз рӯи 11 самти иқтисодиёт, саноат, энергетика, металлҳои ранга, мошинсозӣ, телекоммуникатсия, кимиё, масолеҳи сохтмон, саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ, коркарди чӯб, сайёҳӣ, маснуоти чинӣ, шиша ва коркарди сангҳо оварда шудааст. Ҳамчунин, дар қатори дигар маълумот лоиҳаҳои сармоягузории сохторҳои тиҷоратӣ, ки ба ҳайати Шӯрои кории СҲШ дохил гардидаанд, ҷой
Энергетика – самти муҳими ҳамкории СҲШ
ба роҳ монда мешавад? - Яке аз нуктаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа таъсиси системаи муташаккили муҳоҷирати меҳнатӣ дар асоси шарикии сохторҳои давлатию хусусӣ мебошад. Ҳамчунин, табодули иттилооти доимӣ дар бораи талабот ба захираҳои меҳнатӣ бо корхонаю муассисаҳо, корфармоёни маҳаллӣ, мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои таъмини онҳо ба ҷои корӣ, ҳалли мушкилоти ҳуқуқию иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ низ баррасӣ хоҳад шуд. Дар баробари ҳамаи инҳо, ҳамчунин, масъалаи таҳияи механизми ҳамкориҳо бо кишварҳои нозир (Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Муғулистон) ва давлатҳои шарики СҲШ (Белорус, Шри-Ланка, Туркия) дида мешавад. - Баргузории ҷаласаи СҲШ яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ-иқтисодии соли равон ба шумор меравад. Дар доираи он, инчунин, баргузории кадом чорабиниҳо дар назар дошта шудааст? - Дар ҳақиқат, ба ин ҳамоиши бузурги сол шумораи зиёди намояндагон аз кишварҳои гуногун ба кишварамон меоянд. Ин барои мо фурсату имконияти беҳтарини муаррифии имкониятҳо ва дарёфти шарикони ҳамкор мебошад.
таъсиси корхонаҳои муштарак, пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ, баланд шудани некӯавҳолии мардум мусоидат мекунад. Дар арафаи баргузории нишасти сарони давлатҳои узви СҲШ мо СDдиски “Роҳнамои соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон-2014”-ро ба муомилот баровардем, ки ба ҳамаи меҳмонон тақдим хоҳад шуд. - Муҳтавои СD-диски мазкур аз чӣ иборат аст? - Соли даҳум аст, ки Палатаи савдо ва саноат чунин як СD-дискро бо забонҳои русию англисӣ мебарорад. Ҳадаф аз баровардани диски мазкур нишон додани имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон, фазои сармоягузорӣ, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо, додани маълумот оид ба намояндагиҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа мебошад. Дар ин диск суроғаи мақомоти давлатӣ, бонкҳо, ширкатҳо, қонунҳои ҳифзи сармоягузорӣ ва ғайра мавҷуд аст. Хоҳишмандон аз он оид ба тамоми масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ - аз санадҳои қонунӣ сар карда, то хусусиятҳои соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт, маълумот дар бораи 470 лоиҳаи миллии сармоягузорӣ, зиёда аз
дода шудаанд. - Шумо ба ҳайси раиси Шӯрои корӣ дурнамои Созмони Ҳамкории Шанхайро чӣ гуна мебинед? - Нақши калидиро дар амалисозии фаъолияти иқтисодии СҲШ Шӯрои корӣ мебозад. Агар ба иқтидори кишварҳои узви ин созмон назар афканем, мебинем, ки ҳар кадом дорои захираву имкониятҳои бузурги иқтисодианд. Масалан, Ҷумҳурии Мардумии Чин иқтидори бузурги молиявӣ, сармоягузорӣ ва илмӣ-технологӣ дорад. Чин дар ҷаҳон бузургтарин кишвари истифодабарандаи захираҳои ашёи хом ва энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Русия дар ҷаҳон бо имкониятҳои индустриалӣ, ихтирооти илмӣ, захираҳои фаровони табииаш машҳур аст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ пули пайвасткунанда миёни қитъаҳои Осиё ва Аврупо, транзити маҳсулоти содиротии Чин ва Русия аз ҳудуди хеш ба ҳисоб мераванд. Ғайр аз ин, Қазоқистону Ӯзбекистон кишварҳои содиркунандаи барқи аз лиҳози экологӣ тоза маҳсуб меёбанд. Бояд ҳамин иқтидори бузургро дар доираи ҳамкориҳои минқавӣ ва наздисарҳадии кишварҳи узви СҲШ истифода бурд. Барои амалӣ кардани лоиҳаҳо мо бояд манбаъҳои сармоягузории худиро дошта бошем. Бо ин мақсад алҳол чанд консепсия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Якум, идеяи таъсиси Ҳисоби махсус ё хазинаи тараққиёти СҲШ. Бунёди мазкур бо мақсади қарздиҳӣ ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳо таъсис дода мешавад. Дуюм, идеяи таъсиси Бонки рушди СҲШ, ки баҳри амалишавии лоиҳаҳо қарз хоҳад дод. Аммо ин ҳоло танҳо идея буда, барои амалӣ намуданашон вақт лозим аст. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳо дар доираи СҲШ метавонад соҳаи энергетика бошад. Алҳол барои таъсиси Клуби энергетикии кишварҳои узви СҲШ, кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ корҳо идома доранд. Он бояд ба майдоне барои муоширати намояндагони ҳукуматҳо ва доираҳои илмию соҳибкории тамоми кишварҳои узви СҲШ, ки ба ҳамкориҳои энергетикӣ майл доранд, табдил ёбад.
Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар доираи нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 11-12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ҷаласаи Шӯрои кории СҲШ низ баргузор мешавад. Вобаста ба фаъолияти сохтори мазкур мо бо раиси Шӯрои кории СҲШ, раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид мусоҳиб шудем.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
7
ҲАМОИШ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
8
МАВЗӮИ РӮЗ
Созмони Ҳамкории Шанхай cозмони байналмилалии минтақавист, ки соли 2001 бо ташаббуси сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфт. Ба ғайр аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамаи кишварҳои дигар узви “Панҷгонаи Шанхай” мебошанд, ки солҳои 19961997 дар асоси ба тасвиб расидани созишнома дар бораи мустаҳкам намудани боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳ дар сарҳадҳои муштарак (байни Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) ба вуҷуд омад. Масоҳати умумии кишварҳои созмон 30 миллион километри мураббаъ, баробар ба 60% ҳудуди Авруосиё аст. То соли 2007 шумораи умумии аҳолии кишварҳои узви созмон ба 1 миллиарду 455 миллион нафар мерасид, ки ба чоряк ҳиссаи аҳолии сайёра баробар аст. Иқтисодиёти Чин аз рӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҷаҳон баъди ИМА ҷойи дуюмро ишғол мекунад. СҲШ чун НАТО блоки ҳарбӣ нест. Вазифаҳои асосии он мустаҳкамкунии субот ва бехатарӣ буда, кишварҳои узвро дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм, қочоқи мухаддирот, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамкориҳои энергетикӣ, илмӣ ва фарҳангӣ муттаҳид менамояд. Бояд гуфт, ки масъалаи таъсиси чунин як созмон ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта, вақте ки ИҶШС ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ҳалли қазияҳои марзӣ ба гуфтушунид нишастанд, гузошта шудааст. Баъди фурӯпошии ИҶШС иштирокчиёни нави созмон дар симои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба миён омаданд. Зимнан, баъди он, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳсҳои марзиро бо кишварҳои собиқ шӯравӣ (Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) иҷозат дод, имкониятҳои нави ҳамкорӣ барои бехатарии минтақа ба миён омаданд. Чун соли 1996 “Панҷгонаи Шанхай” ташкил ёфт, саммитҳои минбаъдаи он ҳар сол дар яке аз кишварҳои узв баргузор гаштанд. Чунончӣ, соли 1997 дар Маскав, 1998 дар Алмаато, 1999 дар Бишкек ва соли 2000 дар Душанбе. Дар Саммити Бишкек соли 1999 эҷоди механизмҳои доимии ҳамкориҳо ба миён
СҲШ – тадриҷан омад: вохӯрии вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзо ва гурӯҳҳои коршиносӣ. Соли 2001 ҷамъомад дар Шанхай баргузор шуд. Он вақт кишварҳои узв Ӯзбекистонро ҳам ба узвият пазируфтанд ва номи созмон аз “Панҷгонаи Шангхай” ба “Созмони Ҳамкории Шанхай” ё “Шашгонаи Шанхай” иваз шуд. Ҳуҷҷатҳои аввалине, ки СҲШ қабул намуд, “Эъломия дар бораи таъсиси СҲШ” , “Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм” ва Изҳороти муштарак дар мавриди пазируфтани Ӯзбекистон ба узвияти созмон буд. Моҳи июни соли 2002 дар Санкт-Петербург вохӯрии сарони кишварҳо доир гардид, ки он таъсиси институтсионалии СҲШ-ро идома дод. Эъломия дар бораи таъсиси созмон амалан дар ду акт таҷассум пайдо намуд. Яке Декларатсияи сарони давлатҳои узви СҲШ, дигаре Хартияи СҲШ, ки ҳуҷҷати базавӣ ва оинномавӣ аст. Аз рӯи ҷамъбасти Саммити Маскав, ки 28-29 майи соли 2003 доир шуд, Котиботи СҲШ бо штабквартираи он дар Пекин созмон ёфт ва сохтори минтақавии зиддитеррористӣ (Муоҳида дар бораи бунёди он соле пеш дар Санкт-Петербург имзо шуд) созмон ёфт. Сарони кишварҳо ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм дар минтақа, бахусус, дар мубориз бо Ҳизб-ут-таҳрир диққати ҷиддӣ зоҳир карданд. Миёни 30 ҳуҷҷати баимзорасида ҳуҷҷати муайянкунандаи функсияҳои сохторҳои созмон, ҳуҷҷат дар бораи Шӯрои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзо низ буд. Тибқи моддаи 1 ҳуҷҷати асо-
сии СҲШ аз 7 июни соли 2002 мақсад ва вазифаҳои СҲШ аз инҳо иборатанд: - таҳким бахшидани дӯстӣ ва эътимоду ҳамҷавории кишварҳои аъзо байни ҳам; - рушди ҳамкориҳои бисёрсамта бо мақсади дастгирӣ ва мустаҳкамкунии сулҳ, бехатарӣ ва эътидол дар минтақа, ҳамкории одилона ба хотири тартиботи нави демократӣ, сиёсӣ ва иқтисодии миёни халқҳои минтақа; - муборизаи муштарак бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар ҳама намуди он, мубориза бо қочоқи ғайриқонунии мухаддирот ва аслиҳа, инчунин, мубориза алайҳи соири ҷиноятҳои хусусияти фаромиллӣ дошта, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ; тавсеа бахшидани ҳамкориҳои муассири минтақавӣ дар сатҳи сиёсат, иқтисоду тиҷорат, мудофиа, ҳифзи тартибот, фарҳанг, илму техника, маълумотнокӣ, энергетика, нақлиёт, молия, қарз, инчунин, дигар соҳаҳо, ки ифодагари манофеи миллии кишварҳои аъзо мебошанд; - ҳамкории ҳамаҷониба ба хотири боло бурдани сатҳи иқтисодӣ, маишӣ ва фарҳанг дар минтақа дар асоси ҳамкориҳои баробарҳуқуқ бо мақсади баландшавии сатҳу шароити зисту зиндагии халқҳои кишварҳои узви СҲШ; - мавқеъгирӣ ҳангоми интегратсия дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ; - ҳамкориҳо барои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар ҳамбастагӣ бо уҳдадориҳои байналмилалӣ ва қонунҳои дохилии кишварҳои аъзо; - дастгирӣ ва рушди муносибатҳо бо давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналхалқӣ;
- таъсир доштан дар бартараф намудан ва ҳалли мусолиматомези низоъҳои байналхалқӣ; - муштаракан ҷустуҷӯ намудани роҳи ҳалли проблемаҳое, ки дар асри 21 сар мезананд. Кишварҳои нозири СҲШ: Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон, Покистон. Ҳамкориҳо оид ба муколама: Белорус, Туркия, ШриЛанка. Онҳое, ки ба Саммити СҲШ даъват мешаванд: Туркманистон, ИМА, ИДМ, СММ, АКОҶШ (Анҷумани кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ), ЕварАзЭС. Фарқияти СҲШ аз дигар созмонҳои минтақавии дар ҳудуди собиқ ИҶШС дар он аст, ки ба СҲШ ба ғайр аз кишварҳои собиқ ИҶШС Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳам шомил аст. Инчунин, СҲШ бо СММ, ИДМ, СПАД, ЕврАзЭС ва АКОҶШ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Бо вуҷуди ин ҳама, бархе коршиносон ба ҳамкории байни кишварҳои узви СҲШ бо чашми шубҳа менигаранд. Бахусус, иқтисодшиноси рус Р. Андреешев қайд мекунад, ки дар СҲШ барои ҳамкориҳо заминаи мушаххас мавҷуд нест. А. Колтюкова, директори Институти таърихи ҳарбии Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки Чин, Эрон, Ҳиндустону Покистон СҲШ-ро ҳамчун як нерӯе алайҳи мавҷудияти низомии ИМА дар минтақа намебинанд, ки ин чиз таҳдид ба амнияти ин кишварҳоро бештар мекунад. Бо вуҷуди муттаҳидии зоҳирӣ, коршиносон як қатор масъалаҳоеро номбар мекунанд, ки аз рӯи он байни кишварҳои аъзо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Аз ҳама муҳим ва асосии ин масъалаҳо фарқияти манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Русия ва Чин
мебошад. Чин кишварҳои СҲШро ҳамчун як бозори ояндадор дидан мехоҳад ва қайд мекунад, ки мувозинат байни фаъолияти антитерррористӣ ва иқтисодии созмон бояд мавҷуд бошад, балки дар оянда бояд бартарӣ ба стратегияи иқтисодиии СҲШ дода шавад. Баръакси Чин Русия ба фаъолияти анъанавии СҲШ – мубориза алайҳи “се шайтон” (ибораи СҲШ): терроризм, экстремизм ва сепаратизм таъкид мекунад. Ба ҷуз ин, Русия аз тасаллути иқтисодии Чин дар қаламрави шӯравии собиқ сахт ҳарос дорад ва барои монеъ шудан ба пешниҳоди Чин дар мавриди тақвият бахшидан ба фаъолияти иқтисодии созмон бештар талош мекунад. Ба ғайр аз ин, Чин дар сиёсати беруна дар мадди аввал қазияи таърихии ҳудудро мегузорад, ки аз чаҳорчӯбаи СҲШ (якҷояшавӣ бо Тайванд) мебарояд. Барои ин, Чинро зарур аст, ки муоҳидаро оид ба дахлнопазирӣ аз ҷониби ИМА гирад. Русия кӯшиш менамояд, ки бо зуд ҳамҷояшавӣ дар асоси қисмати соҳибистиқлоли кишварҳои минтақаро таҳти СПАД ва ЕврАзЭС нигоҳ дорад. Чин бошад, манфиатдор нест, ки мустақилияташро бо ягон каси дигар ҳисса кунад. Муҳаққиқи рус А. Баранова менигорад, ки “таҳлилгарони амрикоӣ бар ин ақидаанд, ки Пекин барои ноил шудан ба мақсаду мароми хеш (ҳамчун бозори ояндадор дидани кишварҳои СҲШ) дар муносибат бо Русия дуруст рафтор мекунад, яъне, ҳамонгунае, ки Русия мехоҳад ва вақташ биёяд, барои татбиқи мақсадҳои хеш “картаи Русияро” ба бозӣ медарорад, вале ба тавсеа ёфтани нуфузи сиёсии Русия дар минтақа манфиатдор нест”.
Зимни як дидор бо мансабдорон ва хабарнигорони чинӣ (соли 2006) Президенти Покистон Парвиз Мушарраф иброз дошт, ки кишвараш омода аст, ҳамчун як узви комилҳуқуқ ба СҲШ бипайвандад. Зимнан, чанде аз кишварҳои аъзои СҲШ ҷонибдори ба узвият пайвастани Ҳиндустонанд. Алалхусус, Русия, ки бо ин кишвар ҳамкории зичи иқтисодиро ба роҳ мондааст, чанд маротиба иброз доштааст, ки ба пайвастани Покистон (инро барои дастгирии Чин мегӯяд) розӣ аст, ба шарте, ки дар айни замон Ҳиндустон ҳам ба узвият пазируфта шавад. Белорус низ барои соҳиб шудани мақоми кишвари нозир ба СҲШ дархост пешниҳод кард, аммо ба хотири кишвари осиёӣ набудан дархосташ қабул нашуд. Моҳи июни соли 2009 дар
пешниҳод кард.
атрофи барномаи ҳастаияш ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондааст, СҲШ-ро иттиҳод таҳти як блок қаламдод мекунад ва сабаби бадшавии муносибатҳо бо Аврупо ва ИМА мегардад, ки ҳамкорӣ бо онҳо барои Ҳиндустон ва Чин азиз аст.
саммити СҲШ дар Екатеринбург қарор қабул гардид, ки минбаъд мақоми “Шарики гуфтугӯӣ” амал кунад. Ба ин мақом Шри-Ланка ва Белорус қабул шуданд. Октябри соли 2011 Туркия барои қабул шудан ба мақоми ҳамкор дар СҲШ дархости расмӣ
ҳарбӣ нест, бинобар ин намешавад, ки аз вай ҳалли масъалаҳои комилан ҳарбиро тақозо кард. Ҳарчанд мақсади СҲШ аз ибтидо барои пурзӯр кардани ҳифзи сарҳадҳои кишварҳои ҳамсоя равона шудааст, амалан фаъолияти вай самти иқтисодӣ низ пайдо кард. Чанд моҳ баъд аз оғози фаъолияти созмон дар Алмаато вохӯрии сарвазирони кишварҳои аъзо доир гардид, ки дар он масъалаи ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодии минтақавӣ ба миён гузошта шуд. Байни кишварҳо Меморандум оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ ба имзо расид. Дар шароити ташаккули системаи нави муносибатҳои байналхалқӣ масъалаи амнияти минтақавӣ басо актуалист. Ба ҷанбаҳои гуногуни таъмини амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ баҳо дода, бояд диққати асосиро ба сиёсати хориҷии кишварҳо равона кард, ки бегуфтугӯ, дар масъалаи таъмини амнияти давлатҳо дар самти муносибатҳои байналхалқӣ нақши асосиро мебозад.
Ҳамкориҳо дар самти бехатарӣ Бояд гуфт, фаъолияти СҲШ аз ибтидо ба ҳаракати муштараки дохилиминтақавӣ барои маҳви терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар Осиёи Марказӣ равона шудааст. Ба қавли собиқ вазири корҳои хориҷии Чин Тан Тзясюан СҲШ аввалин ташкилоти байналхалқист, ки идеяи мубориза бо терроризмро маҳаки асосии кори хеш қарор додааст. Соли 2004 аз Вячеслав Трубников, муовини аввали вазири хориҷаи Русия пурсон шуданд, ки “чаро аз фаъолияти антитеррористии СҲШ натиҷаҳо чандон ба назар намерасад?” Вай дар посух ҷавоб дод, ки аз созмони ҷавон ин қадар ҷиддӣ талаб кардан даркор нест. Ба ҷуз ин, вай иброз дошт, ки СҲШ созмони
тавсеа меёбад
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15
Нишасти сарони давлатҳо Макони Сана баргузорӣ 14-15 июни 2001 Шанхай 7 июни 2002 Санкт-Петербург 28-29 майи 2003 Маскав 17 июни 2004 Тошканд 5 июли 2005 Остона 14-15 июни 2006 Шанхай 16 августи 2007 Бишкек 28 августи 2008 Душанбе 15-16 июни 2009 Екатеринбург 10-11 июни 2010 Тошканд 14-15 июни 2011 Остона 6-7 июни 2012 Пекин 13-14 сентябри 2013 Бишкек 11-12 сентябри 2014 Душанбе Дар назар аст 2015 Уфа
Таваҷҷуҳ ба СҲШ меафзояд Дар асри XX ташкил ёфтани созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ падидаи ғайричашмдошт буд, ки ин раванд сол аз сол рушд намуд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ садҳо созмонҳоро ба вуҷуд овард. Махсусан, бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар байни кишварҳои тозаистиқлол чанд созмон таъсис ёфт, ки ҳадафи онҳо дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Дар оғози асри XXI ба фаъолият шуруъ кардани Созмони Ҳамкории Шанхай ва дар доираи кишварҳои аъзои он Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон як андоза ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва якҷо гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсиву ҳарбӣ ва фарҳангӣ яке аз нишонаҳои муваффақият ва дорои иқтидори бузурги созмони мазкур дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумлаи ниҳодҳои минтақавӣ аст, ки дар давраи нисбатан кӯтоҳ тавонист бо фаъолияти худ ҷойгоҳи қобили мулоҳизае дар раванди таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ касб намояд. Дар ин миён афзунсозии манофеи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ аз ҷумлаи имтиёзҳое буданд, ки таваҷҷуҳи чандин кишвар, аз қабили Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва Муғулистон ба ин созмон зиёд ва айни ҳол ба ҳайси давлатҳои нозир пазируфта шудаанд. Ба андешаи баъзе аз муҳаққиқони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ иллати ба созмони мазкур майл намудани давлатҳои номбаршуда эҳсоси хатар аз афзоиши нуфузи сиёсӣ ва махсусан, низомии ИМА ва давлатҳои аъзои НАТО дар минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз шурӯи амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон мебошад, ки чунин нигарониро ҳам Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳам Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доранд. Аз соли 2006 Ҷумҳурии Исломии Эрон расман барои аъзо шудан ба ин созмон кӯшиш дорад, ки то ин фурсат қаблан як маротиба мавриди мухолифати Русия ва ҳатто Қазоқистон қарор гирифт. Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишвари аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои пазируфта шудани Эрон ба ин созмон ҷонибдорӣ намуд, ки то ҳол дар ин мавқеи хеш мустаҳкам қарор дорад. Вуруд ба ин созмон метавонад иқтисоди Эронро ба иқтисоди кишварҳои узви СҲШ пайванд намуда, қаламарави бузурге дар ҳавзаҳои ҷуғрофиёии мухталиф аз Шарқ ва Ҷанубу Шарқии Осиё, минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия эҷод кунад, ки ба афзун шудани манофеи иқтисодии Эрон таъсиргузор хоҳад буд. Ҳамчунин, узвият дар СҲШ манофеи амниятӣ низ барои Эрон дар пай хоҳад дошт. Ба ин маъно, ки узвияти баробари Эрон бо Русия ва Чин дар СҲШ ба сурати ғайримустақим метавонад навъе боздорандагӣ дар баробари таҳдидҳои Амрико алайҳи Эрон эҷод намояд. Бояд қайд кард, ки узвият дар ин ё он созмон ба ҳар кишвар дар қатори имтиёзҳо маҳдудиятҳо низ ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, таҳмили бархе маҳдудиятҳо ба Эрон дар сурати узвияти он дар СҲШ-ро набояд ғайритабиӣ донист. Нуқтаи муҳим дар бархе аз таҳлилҳо ишораи маҳдудиятҳоест, ки узвияти доимии Эрон дар СҲШ барои ин кишвар эҷод хоҳад кард. Ба унвони мисол, ин созмон дорои кумитаи зиддитеррористӣ аст ва эҷоди монеаҳоеро дар кишварҳои узв дар ҳамин росто дар назар дорад. Ё ин ки Эрон дар сурати узвияти доимӣ дар СҲШ дар баробари мавзеъгириҳои он дар мавриди таҳаввулоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ машғул хоҳад буд. СҲШ айни ҳол яке аз созмонҳои бонуфуз ва дорои зарфияти бузурги ҳарбиву иқтисодӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки мутаассифона чунин имконоти мавҷуди дар ҳоли истифодабарӣ намебошад, ки он як андоза чеҳраи ин созмонро заъифу ноӯҳдабаро нишон медиҳад. Як қатор аз масъалаҳои байнидавлатии ин кишварҳо дар доираи созмони мазкур ҳалли худро намеёбанд, ки дар натиҷа чунин мушкилот садди роҳи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба мегардад. Минбаъд то чи андоз бузург ва пояндадор боқӣ мондани Созмони Ҳамкории Шанхай аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар як кишвари аъзо вобаста хоҳад буд.
Шӯҳрат САИДОВ
e-mail: javonontj@mail.ru
Кишварҳои номзад ба аъзогӣ ва нозирон Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин шуда Муғулистон мақоми кишвари нозирро ба даст овард. (соли 2004 дар саммити Тошканд). Покистон, Ҳиндустон ва Эрон мутаносибан соли 2005 дар саммити Остона ин мақомро ба даст оварданд. 6 июли соли 2012 дар Пекин Афғонистон тавонист мақоми нозирро дар СҲШ соҳиб шавад. Гуфта мешавад, ки аъзои СҲШ васеъшавии созмонро ба муҳлати номуайян вогузошта, аз кӯшиши “шусташавӣ”-и созмон ва аз камшавии “вазни” он дар сатҳи ҷаҳонӣ хавф доранд. Дуюм ин ки Покистон ва Ҳиндустон метавонанд самаранокии кори СҲШ-ро коҳиш диҳанд, зеро ки сиёсати хориҷии ин ду кишвар амалан аз ҳам дуранд. Сеюм, воридшавии Эрон, ки масъалаҳои
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
9
МАВЗӮИ РӮЗ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
10
ВОКУНИШ
АСРОРИ КОМЁБӢ
Бештари сокинони кишвар аз инқилобҳое, ки дар 10 соли охир дар тамоми ҷаҳон ба вуқуъ пайвастааст, огоҳӣ доранд. Ҳар яки мо хуб дарк кардаем, ки дар паси ин инқилобу табаддулоти ҷаҳон кадом гурӯҳу кишварҳои манфиатхоҳ нақш доранд. Маълум аст, ки мардуми ин мамлакатҳоро бо фиребу найранг ба майдонҳо кашида, ҳукуматҳоро сарнагун карданд. Ҳамзамон, шоҳиди он ҳастем, ки мардуми фиребхӯрда бо ташкили инқилобҳо ба куҷо расидаанд. Барои мисол, соли 2005 то ин дам дар кишвари ҳамсояи мо - Қирғизистон ду маротиба инқилоби ранга ба вуқуъ пайваст. Аммо сатҳи зиндагии мардум ба ҷойи пеш рафтан баръакс, рӯ ба таназзул овард. Ҳамоно мушкилиҳои зиёде сокинони ин кишварро домангир мебошанд.
Сифатҳои асосии соҳибкори муваффақ Дар дунё ашхоси муваффақ зиёданд. Новобаста аз дину оин ва забонашон ашхоси муваффақ як қатор сифатҳои умумӣ доранд, ки чанде аз онҳоро дар зер меорем.
Истаравшании ғарқи сафсата Дар кишварҳои арабӣ то ҳол даҳҳо ҳазор сокинаш ба марг расидаанду ҳамоно ҷангу куштор идома дорад. Дар гумон аст, ки дар чанд соли охир мардум тавонад ба зиндагии тоинқилобии худ бирасад. Вале воқеаҳои баамаломада далели он аст, ки то ҳанӯз иддае аз шахсияту гурӯҳҳое аз хориҷ хостори дар Тоҷикистон ташкил кардани ҳамин гуна инқилобҳо мебошанд. Гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатхоҳ дар тамоми мамлакатҳо арзи ҳастӣ мекунанд, ки аз дохилу хориҷ нишаста мардумро барои баромадан ба майдонҳо пайваста таблиғ мекунанд. Имрӯз ҳам дар дохил ва ҳам аз хориҷи кишвар хостори ба ҷангу хушунат ва нооромӣ кашидани миллатро доранд. Бо мақсади роҳандозӣ кардани нақшаҳои ғаразнокашон зарур намешуморанд, ки аз ҷониби ҳукумат тасмими нодурусте гирифта шаваду онҳо мардумро ба шӯр оранд. Асосан, бо фактҳои сохтаашон қаноат мекунанду дар бораи ташкили гирдиҳамоию инқилобҳо фаровон суханпардозӣ. Ба қавли дигар, метавон гуфт, ки Тоҷикистонро мавриди ҳамлаи иттилоотӣ қарор додаанд. Акнун онҳо аз тамоми роҳу восита ва имкониятҳои дар ихтиёрдоштаашон истифода бурда истодаанд, ки мардумро барои тазоҳуроту майдоншинӣ ҷалб намоянд. Сайидюнуси Истаравшанӣ яке аз чунин шахсоне маҳсуб мешавад, ки ҳамроҳи чанде аз дигар ҳамақидаҳои худ солҳо боз дар пайи кӯшиши барҳам задани сулҳу субот ва оромии кишвар мебошад. Номбурда бо кушодани сомонае бо номи «Кимёи саодат» ва саҳифае дар сомонаи “Фейсбук” мудом талош меварзад, ки диду нигоҳи мардуми кишварро нисбат ба ҳукумат иваз намояд. Дар навиштаҳои худ тамоми тасмимгириҳои ҳукуматро бе овардани арқому далел манфӣ арзёбӣ менамояд. Ин навбат фикру андешаҳои муғризонаи худро дар матлабе бо номи «Аз вуқӯъи як “инфиҷори дафъӣ”
дар Тоҷикистон гурезе нест» иброз доштааст. Дар ин матлаби худ инқилобҳоро зери «таҳлил» қарор дода, онҳоро ба ду намуд «тадриҷӣ ва дафъӣ» ҷудо менамояд. Вале Истаравшанӣ барои исботи фикраш аз ҳеҷ як кишваре номбар накардааст. Сабаби ном набурданаш ҳам маълум аст. Зеро то ҳол дар ҳеҷ ҷои дунё чунин воқеа ба амал наомадааст. Ин бошад танҳо фикру андешаи носолиму нодурусти вай мебошад, ки ба мардум ироа доштааст. Агар ба инқилобҳое, ки дар 10 соли охир дар кишварҳои
маи матлабаш ба воқеаҳои Тоҷикистон низ дахл намудааст. Маълум аст, ки ин аввалин маротиба нест, ки аз баргузории инқилобҳо дар Тоҷикистон фол мебинанд. Беш аз 20 сол аст, ки ашхоси мисли Истаравшанию Додоҷон Атовуллоев ва дигарон аз инқилоб дар Тоҷикистон ҳарф мезананд, оммаро барои ин кор таҳрик медиҳанд. Талош менамоянд, ки Тоҷикистон мисли давлатҳои араб ё Украина шавад. Вале миллати тоҷик, шаҳрвандони Тоҷикистон диду назари дигар доранд. Ҳодисаҳои ду даҳсола қаблро бештари сокинони
МАТОНАТ Барои касе, ки даст ба соҳибкорӣ мезанад, аксар вақт дар фаъолияташ монеаҳои ғайриинтизор пеш меоянд. Аз ин набояд ҳаросид. Бо андак мушкилӣ ноумед шуда, корро дар нимароҳ мондан хуб нест. Афсонаи “Ҳасанак”-ро ба ёд оред. Шоҳ ҳезумфурӯширо манъ кард, Ҳасанак ҷорубфурӯширо пеш гирифт... Ҷавони боматонат ва мустаҳкамирода ноумед нашуда, лозим ояд корро дубора аз сифр оғоз мекунад. Баъзан ҳатто шиносҳо маслиҳат медиҳанд, ки корро қатъ кардан лозим меояд. Танҳо матонату устуворӣ шуморо ба ҳадаф мерасонад. ТАҲАММУЛУ БУРДБОРӢ Аксар соҳибкорон дар ҳолати номуайян будани оянда фаъолият мебаранд. Ба онҳо ҳамеша паси сар кардани тарси нокомиҳо зарур меояд. Тарси муфлисшавӣ, тарси аз кор рафтани мутахассисони беҳтарин, тарси тафтиши мақомоти андозу идораи сухторхомӯшкунӣ ва ғайра мудом думболагири соҳибкорон аст. Касе ки мутеи тарс шуд, мағлуб мегардад. Танҳо ҷасорат, таҳаммул, сабурӣ ва умед ба Худованд аз ин мушкилот раҳоӣ мебахшад. ДИДАНИ ИМКОНИЯТҲО Яке аз имкониятҳои соҳибкорони муваффақ дидани он чизҳоест, ки дигарон намебинанд. Яъне, дар ҳар ҷо барои пешравии фаъолияташон имконияти фароҳамомадаро ба зудӣ истифода мебаранд. Соҳибкорони муваффақ дунёро ба тарзи дигар мебинанд. Дар тасаввуроти онҳо чизҳоест, ки дигарон онҳоро намебинанд. Соҳибкорони пешқадам бояд аз бозор якчанд қадам пеш бошанд. Ҳарчанд на ҳамаи мардум ташаббуси соҳибкоронро сари вақт дарк мекунанд, вале соҳибкорон ба раҳи худ идома медиҳанд. БОВАРӢ БА ХУД Баъзан касоне ба пешрафти кори мо халал мерасонанд, ки мо аз онҳо умеди калон доштем. Масалан, гоҳо фикри басаромадаро ба ягон наздикамон баён мекунему дар бало мемонем. “Биё тинҷ нишин”, “Чӣ кор мекунӣ ба ин чиз дахолат карда?”, “Аз дастат намеояд” ва ғайраву ҳоказо. Дар ниҳоди худ бовариро бедор карда, аз ин вазъияти ногувор берун баромадан ба манфиати кор хоҳад буд.
дунё ба амал омадаанд, назар афканем, мушоҳида мекунем, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо на «дафъӣ» будаанду на «тадриҷӣ». Ба ақидаи бисёре коршиносони масоили байналмилалӣ ҳамаи онҳо таҳмилӣ мебошанду халос. Натиҷаи ҳамаи инқилобҳо ин буд, ки мардуми зиёде ба қатл расонида шуданду бойигариашонро кишварҳои бегона тороҷ карданд. Истаравшанӣ дар идо-
кишвар дидаанду зиёни онро то ҳол фаромӯш накардаанд. Метавон гуфт, ки онҳо ҳеҷ гоҳ фирефтаи суханони ким-кадом мазҳабфурӯш намешаванду ба доми онҳо гирифтор намегарданд. Ин ақидаро онҳо хуб медонанд. Вале чӣ илоҷ, ки онҳо фармонро аз хоҷагонашон гирифтаанду ғайр аз иҷро кардан чораи дигаре надоранд.
Асад АҲЛИДДИНОВ
ЧАҚҚОНӢ Маънои чаққонӣ ин аст, ки кас дар вазъиятҳои ноқулай зуд ба худ омада, беосеб аз он ҳолат мебарояд. Масалан, новобаста аз нақшаи соҳибкор қонун ё қароре мебарояд, ки тиҷорати ӯ маҳдуд мешавад. Дар ин сурат самти фаъолиятро дигар кардан лозим аст. Ҷасорат ба чаққонию кордонӣ комёбӣ меорад. ҚОЛАБШИКАНӢ Соҳибкори муваффақ барои ривоҷу равнақи фаъолият аз тарғиб дар васоити ахбори омма истифода мебарад. Аз даромади кам ношукрӣ набояд кард. “Қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад” мегӯянд. Соҳибкори комёб барои ҷалби мизоҷон бепул маҳсулоташро ба харидор дастрас мекунад. Фоида кам расад ҳам, сафи муштариён зиёд мешавад. Вақте ки ба маҳсулот харидори доимӣ бошад, кафолат аст, ки кор пеш равад.
Таҳияи С. АМИНИЁН, “ҶТ”
Ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Бозиҳои олимпӣ борҳо собит намудаанд, ки футбол дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар замони ҷаҳонишавӣ футбол на танҳо хусусияти иҷтимоӣ, балки хусусияти иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст. Зеро мардум ҳар қадар бештар ба футбол фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломатии онҳо беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меоянд. Дар ин самт ҳадафи асосии сиёсати давлатии ҷумҳурӣ ҳам барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди футбол, инкишофи намудҳои гуногуни варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони кишвар ба футбол, гузашта аз ин, барои оммавигардонии футбол тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст. Солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба вазъи душвори сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла, бо сабаби норасоии маблағ ва дигар омилҳо дар соҳаи варзиш мушкилоти зиёд ва коҳиш ёфтани завқи мардум ба футбол ба миён омад. Дар шароити кунунӣ, ҳатто, дар ҳолати пура фаъолият намудани майдонҳои мавҷудаи футбол онҳо ҳамагӣ даҳ фоизи аҳолии кишварро бо футбол фаро гирифта метавонанду халос. Дастаҳо ва мактабҳои футбол талаботи кӯдакону наврасон ва ҷавононро қонеъ карда наметавонанд. Бо мақсади фаро гирифтани ҷавонону наврасон ба футбол зарурат ба миён омадааст, ки ҳар як корхонаву муассиса, ширкатҳои давлативу хусусӣ ва соҳибкорону сармоядорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишоф ва рушди футбол саҳмгузор бошанд. Барои ба талабот ҷавобгӯ намудани майдонҳои бозии футбол, аз ҷумла, толору майдончаҳо ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин кардани онҳо, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони соҳаи варзиш бояд чораҳои амалӣ андешанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз бархе аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо варзишро соҳаи дуюмдараҷа ҳисобида, барои вусъати ҳамаҷонибаи он диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву молиявӣ барои рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла, футбол як силсила қонуну қарор ва барномаҳоро қабул ва амалӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишофи футбол шароити заруриро фароҳам оварад. Бинобар ин, рушди минбаъдаи футбол андешида-
ни чораҳои иловагӣ ва маҷмӯиро тақозо намуда, банақшагирӣ ва маблағгузории он аз ҳисоби буҷети давлатӣ муҳим мебошад. Ҳадаф аз рушди футбол дар ҷумҳурӣ таъмини солимии аҳолӣ мебошад. Барои расидан ба ҳадафҳои аввалиндараҷа ва муҳим зарур аст, ки масъалаҳои мукаммал гардонидани маҳорати футболбозон, фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулият ба бозии футбол, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав аз байни
даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Мусобиқа дар ду гурӯҳ дар як давр гузаронида шуд. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои МВБН №1-ум ва МВБН №2-юми шаҳри Хуҷанд қувваозмоӣ намуданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи МВБН №1 анҷом ёфт. Дастаҳои «Суғдиён» (Чкалов) ва «Конибодом» (Конибодом) сазовори ҷои сеюм дониста шуданд. Ҳамчунин, 25-30 январи соли равон мусобиқа байни бачаҳои соли таваллудашон 1999-2000 баргузор гардид. Дар он
дида, алҳол марҳилаи аввали ин мусобиқа ба охир расида, дар он 12 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок менамоянд. Ҳамчунин, аз 26 июн то 4 июл дар МВБН №1-и шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мусобиқаи футбол барои дарёфти мукофоти клуби «Тӯби чармин» байни мактаббачагони соли тавалудашон 1998-2000 доир шуда, дар он 8 даста иштирок карданд. Бозиҳо дар ду гурӯҳ доир шуданд. Дар вохӯрии ниҳоӣ
ҷавонону наврасон, мукаммалгардонии фаъолияти мураббиён ва такмили ихтисоси онҳо, таъмиру барқарор намудани майдонҳои футбол, мукаммалгардонии низоми назорати тиббӣ ва оморӣ дар байни машқкунандагон, таъминоти дастаҳои футбол бо ашёи варзишӣ, эҳё намудани мусобиқаҳои анъанавӣ оид ба футбол, мусоидат намудан ҷиҳати баргузории чемпионатҳои мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаҳои якум ва олӣ амалӣ гарданд.
8 даста иштирок доштанд. Мусобиқа дар ду гурӯҳ доир гардида, дар бозии ниҳоӣ дастаҳои «Равзана» ва «Ли-нинг» қувва озмуданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи «Ли-нинг» анҷом ёфт. Дастаҳои «Зутур» (Б. Ғафуров) ва «Суғдиён» (Чкалов) сазовори ҷои сеюм гардиданд. 5-19 феврал дар майдони варзишии МВБН №1 шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ байни наврасон оид ба футбол бахшида ба ҷашни 21-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ дар се гурӯҳ доир гашт. Дар мусобиқа
дастаҳои «МТУ №14» (Хуҷанд) ва «МТУ №5» (Ҷ. Расулов) қувва озмуданд. Вақти асосӣ ғолибро муайян накард ва дастаҳо зарбаҳои 11-метра заданд. Дар хотима футболбозони шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 4:2 ғолиб гардида, ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоӣ, ки моҳи сентябр барпо мешавад, ба даст оварданд. Умуман, ҳадафи асосии Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи Соли оммавии футбол эълон намудани соли 2014» ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъ-
Футбол дар Суғд рушд мекунад
ФЕСТИВАЛИ ФУТБОЛ ДАР ҚАЙРОҚҚУМ. АВГУСТИ СОЛИ РАВОН
Аз ин рӯ, тавре Аҳлидин Юнусов, котиби масъули Федератсияи футболи вилояти Суғд иброз дошт, Федератсияи футболи Суғд, мутобиқ ба Фармони Президенти ҷумҳурӣ оид ба оммавияти футбол эълон кардани соли 2014 ва қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти №425 аз 30 августи соли 2011 дар бораи «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифт, ки онҳо дар аксар шаҳру навоҳӣ баргузор гардиданд. Чунончӣ, дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд 15-22 январи соли 2014 дар варзишгоҳи МВБН №1-уми шаҳри Хуxанд мусобиқаи анъанавӣ барои мукофоти «Бойчечак» байни ҷавонони соли таваллудашон 2001-2002 доир гашт. Дар мусобиқа 12
24 даста аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок карданд. Дастаҳои ғолиб дар се гурӯҳи синнусолӣ бо ҷом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд сарфароз гардиданд. 14-23 май мусобиқа оид ба футбол байни бонувони мактабҳои олӣ, касбӣ ва миёнаи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонон доир гашт. Дар он 16 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои «Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва «Коллеҷи омузгорӣ»-и шаҳри Конибдом вохӯрданд ва дастаи «Коллеҷи тиббӣ» тавонист бозиро бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи худ анҷом диҳад. Аз 15 майи соли равон мусобиқоти ҷумҳурӣ оид ба футбол байни дастаҳои лигаи якум дар минтақаи Суғд шурӯъ гар-
мини оммавияти варзиш, рушди минбаъдаи футбол ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти аҳолӣ ба бозии футбол равона шудааст. Инчунин, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба ин намуди дӯстдоштаи мардум мебошад. Бо ин роҳ ҳам соҳаи футбол дар кишвар рушду нумӯъ ёфта, дастаҳои футболи ҷумҳурӣ дар бозиҳои байналмилалӣ иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя менамоянд, ҳамчунин, ҷавонону наврасон ба футбол машғул шуда, худро ҳамеша бардаму солим ҳис карда, муҳимаш ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, корҳои беҳуда ва ҷинояткорӣ даст намезананд.
Нодир ТУРСУНЗОДА, шаҳри Хуҷанд
e-mail: javonontj@mail.ru
Футбол омили таҳкими дӯстӣ байни халқҳо ва ҳамкории на танҳо бозингарон, балки халқу давлатҳо маҳсуб меёбад. Илова бар ин, футбол барои насли ҷавон омили солимӣ мебошад, ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманд байни кишварҳо хизмат мекунад. Футбол яке аз намудҳои варзиши машҳур ва шавқовари ҷаҳони муосир буда, мухлиси бисёр дорад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
11
СОЛИ 2014 - СОЛИ ОММАВИЯТИ ФУТБОЛ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
12
ТЕННИС
Ифтитоҳи «Майдони теннис»-и шаҳри Душанбе 3 сентябри соли равон дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон майдони теннис бо зербинои муосир ифтитоҳ ёфт. Он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон бо харҷи беш аз 13 миллион сомонӣ мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст. Майдони асосии ин маҷмааи варзишӣ дорои се корти теннис ва 2600 ҷойи нишаст мебошад. Маҷмаа дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ ҷойгир шудааст. Дар ҳузури Президенти мамлакат даври ниҳоии мусобиқаи теннис миёни наврасони то 13-сола ва то 16-сола барои гирифтани ҷоизаҳои Президенти ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар бозии ниҳоии мусобиқа ду ҷуфти духтарон, яке то 13-сола ва дуюмӣ то 16-сола ва ду ҷуфти писарони ҳамин синну сол барои гирифтани ҷойҳои якум ва дуюм қувваозмоӣ намуданд. Барои ғолибон ҷоиза
САМБО
бо маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи дуюм 10 ҳазор сомонӣ муайян шуд. Ҳамин тариқ, ҷойи якуми мусобиқа, Ҷоми Президент ва шоҳҷоиза миёни духтарони то 13-сола насиби Наргиза Яҳёева гардид. Дар миёни духтарони то 16-сола ба ин мақом Анастасия Турсунова мушарраф шуд. Миёни писарони то 13-сола ба ин мақоми баланд Мансур Мирзоев ва дар синни то 16 Фирӯз Муҳиддинов сазовор дониста шуданд. Ҷойҳои дуюм ва ҷоизаҳои дуюми Президенти Тоҷикистон ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ба Юлия Макашина ва Сироҷ Содиқов дар миёни теннисбозони то 13-сола ва ба Нодира Муллоҷонова ва Тимур Каримов дар миёни то 16-солаҳо супурда шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба дастпарварони фаъоли мактаби махсуси наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе доир ба теннис туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла, лавозимоти бозии теннис, тақдим намуд.
ФУТБОЛ. ҶОМИ ТОҶИКИСТОН
Родригес дар бозии аввал ду гол зад 8 сентябр бозиҳои ҷавобии даври 8/1-финалии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуданд. 8 даста – “Истиқлол”, КМВА “Помир” (Душанбе), “Хайр” (Ваҳдат), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Эсхата” (Хуҷанд), “Ҳосилот” (Фархор) ва “Саройкамар” (Панҷ), ҳамчунин, тими “Вахш” (Қӯрғонтеппа), ки аз даври 8/1-финалӣ озод буд, ба даври чорякфиналӣ роҳ ёфтанд. “Хуҷанд” дар майдони худ аз дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ҳар ду голро легионери испанӣ Мануэл Родригес зад. Натиҷаи бозии аввал – 1:6. “Эсхата” дар бозии ҷавобӣ низ бар тими “Парвоз” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Бозии аввали ин дастаҳои бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфта буд. “Далерон-Уротеппа” дар майдони худ бар дастаи “Хайр” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дар бозии аввал бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд. Бозии аввал миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Энергетик”, ки мусовӣ (0:0) анҷом ёфта буд, “Энергетик” ба бозии ҷавобӣ наомад ва турсунзодагиҳо бо ҳисоби тех-
Акмалиддин - барандаи Ҷоми ҷаҳон
e-mail: javonontj@mail.ru
6-7 сентябри соли равон дар шаҳри Бургаси Булғористон даври чорум ва ниҳоии Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи пурнуфуз мардон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ, занон дар намуди самбои варзишӣ қувваозмоӣ карданд. Кишвари моро танҳо як варзишгар - Акмалиддин Каримов намояндагӣ кард. Вай дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 57 кило бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, ба финал баромад. Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Иля Тӯҳфатуллин аз Русия ғолиб омада, бо ҷому медали тилло сарфароз гашт. Дар шаҳри Бургас қабл аз Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ҷаласаи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) доир шуд. Василий Шестаков, раиси FIAS, дар маърӯзаи худ дар бораи рушди самбо дар ҷаҳон, ривоҷи ҳамкориҳои FIAS бо ташкилотҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла, бо Федератсияи байналмилалии варзишии донишҷӯён таъкид намуд. Дар ҷаласа, инчунин, масъалаҳо оид ба қоидаҳои нави самбо, ҷоизапулӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва дар оянда ба ҷои чаҳор давр дар як давр баргузор намудани Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо баррасӣ шуданд.
никии 3:0 ғолиб дониста шуданд. Бозии “Равшан” ва КМВА “Помир” мусовӣ (1:1) поён ёфт. Бозии аввали ин дастаҳо бидуни гол хотима ёфта буд. Дастаи “Ваҳдат” бар тими “Саройкамар” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дар бозии аввал тими “Ваҳдат” бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда буд. “Ҳосилот” ба дарвозаи “Исфара” 4 голи беҷавоб зад. Бозии аввали ин дастаҳо мусовӣ (2:2) анҷом ёфта буд. Бозиҳои аввали даври чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон 5 октябр баргузор мешаванд. Ин навбат “Истиқлол” бо “Ҳосилот”, “Эсхата” бо “Саройкамар, “Хайр” бо “Вахш” ва “Регар-ТадАЗ” бо КМВА “Помир” вомехӯранд.
тариқ, қарор шуд, ки нахустин Бозиҳои Осиё дар Ню – Деҳлӣ доир шавад. Соли 1962 дар мавриди қабули Тайван ва Исроил ба ҳайати федератсия ихтилоф ба миён омад. Индонезия, ки масъули доир намудани бозиҳо ба ҳисоб мерафт, зидди қабули давлатҳои номбурда буд. Соли 1970 Кореяи Ҷанубӣ натавонист, ки бозиҳоро бинобар таҳдиди хатари Кореяи Шимолӣ баргузор намояд ва бозиҳо дар Бангкок, пойтахти Таиланд, бо истифода аз маблағу воситаҳои Кореяи Ҷанубӣ доир гардиданд. Соли 1973 норозигӣ бинобар эътирофи ИМА ва як қатор давлатҳои Тайван ва Мухолифини миллии Араб дар Исроил ба миён омад.
Бозиҳои Осиё
ҷумҳуриҳои соҳибистиқлоли (баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ) Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Турманистон ва Тоҷикистонро барои иштирок дар бозиҳои соли 1994 даъват намуд. Соли 2006 барои шомил шудан ба ШОО дархости Австралия рад гардид. НОМГӮЙИ НАМУДҲОИ ВАРЗИШ Қайиқронии академӣ (аз соли 1982) Бадминтон (1962) Баскетбол (доимо) Бейсбол (1994) Билярд (1998) Бодибилдинг (2002—2006) Бокс (1954)
кай ва дар куҷо баргузор гардидаанд?
Зимни маросими ифтитоҳ бозиҳоро Кумитаи миллии олимпии давлати мизбон оғоз бахшида, дар ҷараёни мукофотсупорӣ парчами давлатии кишвари ғолиб барафрохта шуда, суруди миллии он садо медиҳад. Танҳо давлатҳои эътирофшуда, ҳолатҳои истисно бархе аз давлатҳои эътирофшудаи номустақил низ, дар бозиҳо иштирок мекунанд. Масалан, Тайван ба ҳайси «Тайбэйи Чин» иштирок мекунад. Бозиҳои Осиё аз мусобиқаҳои хурди варзишӣ шакл гирифтааст. Бахусус, аз бозиҳо – чемпионатҳои Шарқи Дур, ки ба хотири нишон додани ягонагӣ ва ҳамкорӣ байни се давлат: Империяи Ҷопон, Филиппин ва Ҷумҳурии Чин роҳандозӣ шудаанд. Бозиҳои аввалин соли 1913 дар Манил сурат гирифтаанд. Дигар мамолики Осиё баъдтар барои иштирок ҳамроҳ мешаванд. Мутаассифона, вақте ки Ҷопон соли 1938 ба Чин зада медарояд ва дар минтақаи Уқёнуси Ором истилло оғоз мекунад, баргузории бозиҳо мувақатан қатъ мегардад. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон чанд мамлакат истиқлолият ба даст оварданд ва бисёре аз онҳо майли ташкил намудани бозиҳоро дар шакли нав хоҳон гардиданд, то тавонанд ба ин васила муносибатҳои дӯстонаро мустаҳкамтар намоянд. Августи соли 1948 зимни Бозиҳои ХIV олимпӣ дар Лондон Кумитаи миллии олимпии Ҳиндустон ба роҳбарони дастаҳои варзишии Осиё пешниҳоди баррасии ғояи гузаронидани Бозиҳои Осиёро кард. Онҳо розӣ шуданд, ки Федератсияи варзишии Осиёро таъсис диҳанд. Феврали соли 1949 он расман таъсис ёфта, Федератсияи Бозиҳои Осиё номгузорӣ шуд. Ҳамин
Соли 1977 Покистон аз боиси мухолифат бо Бангладеш ва Ҳиндустон натавонист, ки бозиҳоро доир намояд. Аз ҳамин сабаб бозиҳо боз дар Бангкок доир шуданд. Баъди ин рўйдод, кумитаҳои миллии олимпии Осиё ба қароре омаданд, ки Ойинномаи Федератсияи Бозиҳои Осиёро тағйир диҳанд. Иттиҳодияи нав бо номи Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) рӯи кор омад, ки аз соли 1986 рафти баргузории бозиҳоро назорат мебарад. Тайван ба ШОО қабул шуд, вале тибқи талаботи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Чин (Тайбэй) номгузорӣ гардид. Исроил аз ҳайати Шӯрои олимпии Осиё барканор ва ба мусобиқоти аврупоӣ шомил шуд. Новобаста ба эътирози як қатор давлатҳо, Шӯрои олимпии Осиё
Гӯштингирӣ (1954) Боулинг (1978, 1986) Велосипедронӣ (1951, 1958) Волейбол (1958) Гандбол (1982) Гимнастика (1974) Голф (1982) Байдарка ва каноэ (1990) Дзю-до (1986) Каббадӣ (1990) Каратэ (1994) Аспдавонӣ (1982—1986, 1994) Крикет (2010) Варзиши сабук (доимӣ) Тенниси рӯи миз (1958-1966, 1974) Заврақронӣ (1970, 1978) Шиноварӣ (доимӣ) Регбӣ-7 (1998) Самбо (2014)
БОЗИҲОИ ОСИЁ КАЙ ВА ДАР КУҶО БАРГУЗОР ГАРДИДААНД? Сол Рақам 1951 1954 1958 1962 1966 1970 1974 1978 1982 1986 1990 1994 1998 2002 2006 2010 2014 2019
I II III IV V VI VII VIII IX X XI XII XIII XIV XV XVI XVII XVIII
Макон Ню-Деҳлӣ, Ҳиндустон Манила, Филиппин Токио, Ҷопон Ҷакарта, Индонезия Бангкок, Тайланд Бангкок, Тайланд Теҳрон, Эрон Бангкок, Тайланд Ню-Деҳлӣ, Ҳиндустон Сеул, Кореяи Ҷанубӣ Пекин, Чин Хиросима, Ҷопон Бангкок, Тайланд Пусан, Кореяи Ҷанубӣ Доҳа, Қатар Гуанчжоу, Чин Инчхон, Кореяи Ҷанубӣ Ханой, Ветнам
Шумораи давлатҳои иштироккарда 4—11 март 11 1—9 май 19 24 май — 1 июн 16 24 август — 4 сентябр 12 9—20 декабр 16 9—20 декабр 16 1—16 сентябр 19 9—20 декабр 19 19 ноябр — 4 декабр 23 20 сентябр — 5 октябр 23 22 сентябр — 7 октябр 36 2—16 октябр 42 6—20 декабр 41 29 сентябр — 14 октябр 44 1—15 декабр 45 12—27 ноябр 45 19 сентябр — 4 октябр Ноябр Таърихи рӯз
Сепактакрау (1990) Сквош (1998) Панҷҳарбаи шарқӣ (1994, 2002) Софтбол (1990) Софт-теннис (1994) Рақси варзишӣ (2010) Камонварӣ (1978) Тирпаронӣ (1954) Теннис (1958—1966, 1974) Триатлон (2006) Таэквон-до (1986) Вазнбардорӣ (1951-1958, 1966) Ушу (1990) Шамшербозӣ (1974—1978, 1986) Футбол (доимӣ) Чавгонбозӣ (1958) Шоҳмот (2006) Дар баробари баргузории Бозиҳои Осиё, инчунин, Бозиҳои зимистонаи Осиё (аз соли 1986), Бозиҳои Осиё дар толорҳои пӯшида (аз соли 2005 дар солҳои тоқ), Бозиҳои наздисоҳилии Осиё (аз соли 2008 дар солҳои тоқ) ва бозиҳои минтақавӣ (Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ғарбӣ) доир мешаванд. То кунун Бозиҳои Осиё аз ҳама зиёд дар Тайланд (чор маротиба) баргузор шудаанд. Соли равон бори шашум мешавад, ки варзишгарони мамлакат дар Бозиҳои Осиё ширкат мекунанд. Бори нахуст дастаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои ХII Осиё, ки 2-16 октябри соли 1994 дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон ҷараён гирифт, иштирок ва бо дарёфти ду медали биринҷӣ дар ҳисоби даставӣ мақоми 29-умро ишғол кард. Ба гирифтани аввалин медалҳои Бозиҳои Осиё Исроил Исмоилов (каратэ-до, 80 кило) ва Хайрулло Назриев (дзю-до, 86) мушарраф гардидаанд. Дар Бозиҳои ХIII Осиё (6-20 декабри соли 1998, шаҳри Бангкоки Тайланд) тими мунтахаби мамлакат бидуни дарёфти медал дар ҳисоби даставӣ ба гирифтани мақоми 34-ум шарафёб шуд. Зимни Бозиҳои ХIV Осиё (29 сентябр-14 октябр, шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ) дастаи мунтахаби мамлакат бо дарёфти 6 медал: 2 медали нуқра ва 4 биринҷӣ дар мақоми 28-ум қарор гирифт. Варзишгарони зерин ба гирифтани медал мушарраф шуданд (дуи аввал бо медали нуқра): Юсуф Абдусаломов (74 кило), Лидия Карамчакова (48), Шамил Алиев (ҳар се гӯштини тарзи озод, 84 кило), Абдусалом Хасанов (54), Меҳроҷ Умаров (бокс, 48 ), Исроил Исмоилов (карате-до, 75 ). Дар Бозиҳои ХV Осиё (1-15 декабри соли 2006, шаҳри Доҳаи Қатар) дастоварди дастаи мунтахаби кишвар ба тариқи зайл аст: 4 медал ( 2 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ) ва мақоми 24 дар ҳисоби даставӣ. Варзишгароне, ки медал ба даст оварданд (дуи аввал гирандагони медалҳои тилло): Дилшод Назаров (гурзандозӣ, бо натиҷаи 74,43 метр), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, 81 кило), Расул Боқиев дзю-до, 73), Шокирҷон Раҷабов (таэквон-до ВТФ, 84). Дастоварди дастаи яккачини мамлакат дар Бозиҳои ХVI Осиё (12-27 ноябри соли 2010, шаҳри Гуанчжоу Ҷумҳурии Мардумии Чин): 4 медал (як тилло ва 3 биринҷӣ) ва ишғоли ҷои 28ум дар ҳисоби даставӣ. Барандагони медал (аввалӣ тилло): Дилшод Назаров (гурзандозӣ, бо натиҷаи 76,44 метр), Расул Боқиев (дзю-до, то 73), Муродалӣ Тӯйчиев (гӯштини юнонӣ-румӣ, 120), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то 91).
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»
e-mail: javonontj@mail.ru
Бозиҳои Осиё аз соли 1951 дар чор сол як бор миёни варзишгарони мамлакатҳои Осиё таҳти назорати Кумитаи байналмилалии олимпӣ доир ва дар он ғолибони ҳар як намуд бо медал сарфароз мегарданд: барои ҷои якум медали тилло, ҷои дуюм нуқра ва барои ҷои сеюм медали биринҷӣ.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
13
БОЗИҲОИ ОСИЁ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
14
ҲИКОЯ
Модарандар - Ба хайр? - Гулоб меравам. - Тинҷӣ? - Шукр, тинҷӣ, ба дидорбинии модарам меравам. - Кадом модар? Охир чанд сол пеш модарат гузашта буд-ку? - пурсид амаки Латиф. - Дуруст, ман модари дуюмамро дар назар дорам. - Ҳа, акнун фаҳмидам. Модарандар гӯй, - гуфт ӯ бо оҳанге, ки маънии дигар дошт. - Не, вай модарандар не, балки аз худораҳматии модарам кам нест. - Сайид, ман бовар намекунам, ки ту писари раис бошӣ, - ханда дар лаб гуфт амаки Латиф. Баъзеҳо имрӯз модари худро, ки аз пистонаш шир хӯрда, камол ёфтаанд, ёд намекунанд. Ту бошӣ рӯз дар миён модарандаратро хабаргирӣ меравӣ. - Гапат дуруст амак, - гуфтам ман. - Агар аз ӯ нолам, кӯр мешавам. Модари ман ҷони одам аст. - Рост? - Бале. - Ин тавр бошад, бубахш додар. Гумон кардам, ки ту аз модарандар мисли мани сарсахт ҷабру ҷафои бисёр дидаӣ. Модарандар ҳар рӯз бо баҳонае маро бо ҷорӯби оташков ё чизе дигар мезаду дар косаи заҳрак об медод. Эҳ, хубаш додар гап назанам. Аламҳои дилам аз нав тоза мешавад, - инро гуфта, амаки Латиф роҳашро идома дод. Ман ба мошине, ки баъди ишора наздам қарор гирифт, дарҳол савор шудам. То Гулоб даҳ километр роҳ аст. Ҳафтае як ё ду бор ин деҳаи азизро, ки дар оғӯши он чашм ба олами ҳастӣ кушодаам, хабар мегирам. Дар ин ҷо волидон, ёру пайвандони ман умр ба сар мебаранд. Рости гап, дидори онҳо хотирамро болида месозад. Аз чи бошад, ки ин дафъа тамоми роҳ чеҳраи гарми модарам аз пеши рӯям дур намегардид. Бидуни ихтиёр рӯзи нахустини дидор бо ӯ пеши рӯям омад. Баъди як соли азодорӣ падарам зани навашро ба хона оварду чароғи мо сағираҳо якбора ба об зад. «Акнун рӯзамон сиёҳ мешавад, - мегуфтам дар дил. - Ҳоли зоре, ки Камоли ҷӯраамон дорад, ба сарамон омад. Аз афташ минбаъд дар кӯчаву хонаҳои мардум рӯз кӯр мекунем». Аммо ба бахти ману бародаронам модарандар ҳалиму меҳрубон баромад. Аз рӯзи аввал ӯ моро наздаш хонд ва бо лаҳни хуш сар кард: «Аз ҳамин соат маро бо дилпурӣ модари худ хонед. Қасам ба номи Худо, ки шуморо хору зор шудан намемонам. Зеро азоби бемодариро ман аз шумо зиёдтар дидаам. Дар дари хонаи амак рӯзи нек надидам. Зани бадзабону тундмиҷозаш хунамро мемакид. Аз ин рӯ, дар дил орзу мекардам, ки агар ба кадом хонае, ки келин шуда равам, ҳаргиз касеро озор додаю хору зор шудан намемонам». Солҳои қаҳтӣ буд. Модарам субҳи содиқ хеста, ба рӯбучини ҳавлӣ, пӯхту паз машғул ме-
«УРОЛЕЗИН ФОРТЕ» - давои гурда e-mail: javonontj@mail.ru
НАЗМ
Маҷмӯи растанигии ин даво барои беҳтар намудани вазъи функсионалии гурда ва роҳҳои пешобгузар таъсир расонида, инкишофи илтиҳоб ва боқимондани пешобро нест мекунад. Хунукиҳои гурдаро аз байн бурда, пайдоиши сангро дар он пешгирӣ мекунад. Уролезин форте организмро аз токсинҳо ва дигар моддаҳои зараррасон тоза мегардонад. Истифода: ба калонсолон 2 ҳаб 3 бор дар як рӯз. Давомнокӣ: 1 моҳ. Дар таркибаш спирт ва қанд надорад, аз ин рӯ, барои гирифторони диабет, фарбеҳшавӣ истифодааш зарар намерасонад. Нархи фурӯш 38 сомонӣ. Маҳсулот истеҳсоли давлати Русия аст. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
гашт. Говро ҷӯшида, ба мо яккосагӣ шир медод. Нисфирӯзӣ бошад, ба ҳар кадом якпорагӣ нон дода, худ чизе ба даҳон намебурд. Ман медидам, ки ӯ як бурда нонро, ки онро бояд худаш мехӯрд, аз нав тақсим карда, ба мо медод ва бо меҳрубонӣ «Акнун равед, бозӣ кунед», гӯён банди кор мегашт. Ману бародарон ҳаргиз қавоқи гирифта ё дурушт гап задани ӯро эҳсос накардаем. Дилам ба ӯ бисёр месӯхт. Мехостам ба баъзе корҳои хона ба ӯ кӯмак расонам. Аммо модарам баръакс рафтор мекард. Дилаш намешуд, ки моро кор фармояд. Баъзан вақт падар моро барои беодобӣ ё кори дигар сарзаниш мекард. Модар бошад, мегуфт: «Мардак, кӯдакҳоро сиёсат накун, ҳамсояҳо фаҳманд, хуб намешавад. Боақл, ки шуданд, худашон роҳашонро аз ману ту дида беҳтар меёбанд». Ба чунин рафтори модар ҳамсояҳо ҳайрон монда, баъзан байни худ мегуфтанд: «Салима аҷаб зани дилсӯзест. Гӯё ҷону ҷигараш ба ҳамин сағираҳо пайванд аст. Дилаш намешавад, ки ба онҳо кореро фармояд. Биҳишт ҷойи ӯст...» Бо гузашти солҳо мо - бародарҳо парончак шудем. Яке аз паси дигаре ба кору хондан рафтем. Аммо меҳрубонии модар маро ором намегузошт. Меҳраш дар дилам чуқуртар маскан мегирифт. Ҳатто нафақаи ночизашро барои ман мефиристод. Ҳамин ки хабаргирӣ меомадам, дар саҳни ҳавлӣ ба пешвозам мебаромад. Ашки шодӣ дар чашм ошноиам карда, мегуфт: «Бачам, ман бе шумо ба хору хаси кӯча баробарам. Тез-тез хабар гиред. Одам ғанимат». Маро баъди оиладор намудан бо як каф дуои нек ба зиндагии мустақил ҳавола намуда, бо чашми нек медид. Бисёриҳо аз ҷабру ҷафои модарандар назди худиву бегона ҳарф мезананд. Шояд то андозае онҳо дуруст бошанд. Аммо модари ман тамоман дигар аст. Нигоҳаш мудом гарму дилкаш аст. Ҳангоми ҳарфзанӣ чашму абрӯвони камоншакл, мӯйҳои нуқрагунаш ба рӯяш механданд. Қалбаш пур аз меҳру садоқат. Боре ба сӯям дида дӯхта, гуфт: «Сайид, ту миёни бародарон тамоман дигарӣ. Агар рӯзе рӯятро набинам, гумон мекунам, ки чизеро гум кардаам. Дар бисотам як додар доштам. Айнан чун ту буд. Ӯро бисёр дӯст медоштам. Лекин чанги аҷал ӯро ногаҳон аз бари ман бурд. Қаноти мани ҷигарсӯхта якбора шикаст. Аммо имрӯз ман бо ту ҳаргиз ятим нестам». Ман бошам, дар ҷавоб мегӯям: «Модар! Ту танҳо нестӣ. Моро аз хурдӣ бо ноз парваридӣ. Агар аз ту нолем, Худованд ҳаргиз намебахшад». Рӯз бегоҳ шуда, тасфи ҳаво гашта буд. Ман бо модарам хайру хуш намуда, ба роҳ баромадам. Шамолаки фораме рӯямро лесида гузашт. Ҷониби хона хушҳол қадам мезадаму суханонаш дар гӯшам садо медод: «Бачам, ман бо ту ҳаргиз ятим нестам...»
Раҳими РАФЕЪЗОД, «ҶТ»
Нуруллои ОРИФ
Тоҷикистон аст истиқлоли мо Дарк кардам, даф задам, даф, қарс, қарс, Тоҷикистон аст истиқлоли мо. Тоҷикистон мисли модар додрас, Тоҷикистон маъбади иқболи мо. Баҳри парвоз аз замин то осмон, Мо дар ин мулки гулафшон зиндаем. Шоду хандон бо дили саршори ишқ, Мо дар ин дунёи армон зиндаем. Аз чунин мулки гулафшон ҳеҷ гоҳ, Кас намехоҳад, ки боре пай кунад. Ҳаст ширин дӯстон, эй дӯстон, Обҳои нуқсаронаш ҳамчу қанд. Қатра-қатра рехт, аз нав ҷон гирифт, Хуни нофи ман ба хоки ин Ватан. Дӯст шояд кас надорад то ҳанӯз, Ин Ватанро ҳеҷ кас монанди ман. Дарк кардам, даф задам, даф, қарс, қарс, Тоҷикистон аст истиқлоли мо. Тоҷикистон мисли модар додрас, Тоҷикистон маъбади иқболи мо. Мисли шоҳин аз сари шах то ба шах, Мепарем, алвонҷ дода болро. Ҳифз месозему оро медиҳем, Тоҷикистон давлати хушфолро.
ПОЛИКАВИН - нерӯбахши мард бе таркиби кимиёӣ
БОРОВАЯ МАТКА (ДАВОИ ЗАНОНА)
«Поликавин» боҳро қувват бахшида, шавқу рағбати шаҳвониро барқарор месозад ва простатитро аз байн мебарад. Фаъолияти ҷинсӣ ва сусткамариро ба низом медарорад. Тавлиди нутфаро зиёд мекунад, инчунин, барои онҳое, ки бо сабаби шамол хӯрдани узвҳои даруниашон зуд-зуд пешоб мекунанд, дармон мебахшад. «Поликавин» мисли давоҳои дигар ё давоҳои кимиёӣ, дилбеҳузурӣ ва фишори хунро ба вуҷуд намеорад, баръакс кори дилро муътадил мегардонад. Давраи табобат: 5 қошуқча 1 маротиба пеш аз хӯрок, давоми 10 рӯз. Истеъмоли такрорӣ мумкин аст: пас аз ҳар 3 моҳ ва ба ҳамаи синну сол. «Поликавин» дар шакли хурӯшаҳо истеҳсол шуда, рангу таъми шоколадро дорад. Барои табобати безурётӣ «Поликавин»-ро бояд мард ва ҳам зан якҷо истеъмол намоянд. Муҳлати истифодааш (хусусан, барои безурётӣ) тӯлонитар аст: аз 30 то 90 рӯз (яъне, аз 3 то 9 қуттӣ). Безарар ва одатнадиҳанда аст. Нархаш аз 65 то 68 сомонӣ. Маҳсулот дорои сертификат аст. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Ҳангоми табобати бенаслӣ, хунравӣ аз бачадон, токсикоз, вайроншавии давраи ҳайз, часпидани батну найҳо, халалдоршавии гузариш аз найчаҳои бачадон истифода бурда мешавад. Он таъсири пешобронӣ дошта, ҳини табобати равандҳои илтиҳобӣ дар гурдаҳо, кори тамоми системаи ҷинсӣ ва пешобдонро самарабахш мегардонад. Шахсоне, ки хоҳиши такроран истеъмол намудани «Боровая матка»-ро доранд, истифодааш мумкин аст: соле 2-3 маротиба. Ин маҳсулот дар асоси технологияҳои баланд дар Русия истеҳсол шудааст. Тарзи истифода: аз 14-сола боло, рӯзе 2 бор 15-20 чакра, давоми 1 моҳ. Ҳангоми харидории «боровая матка» аз дорухонаҳо, дар рӯи қуттӣ ҳатман бояд навишти «живые витамины» дида шавад, зеро ҳамин намуди маҳсулот дар таркибаш спирт ва қанд надорад ва ба шахсони гирифтори диабет, атеросклероз, фарбеҳӣ истеъмоли он безарар аст. Хариди он аз дорухонаҳо ва истеъмолаш бе дорухати духтур иҷозат аст. Нархаш 24 сомонӣ.
Андоза гирифтан миёни ду чиз
Боксчии касбии рус дар вазни вазнин Пойтахти давлат дар Аврупо
Бањр дар Россия Раќси як замон хеле машњури бразилиягї
Номи ш. СанктПетербург дар замони СССР
Муќобили «воридот» Торњои њассос дар бадан
Номи Византия дар Шарќ
Бед ё арча
Тими артиш (ихтисораи русї)
Эњтиром
Хуш, савоб
Аз ... то фарш
"... бубинед, љорўб дар дастам"
Офарин
Моддаи тарканда
Рўзи пеш аз дина
Бибї (лањљ.)
Љузъи соат
Фароштурук, достак Хушо- Даянд рахти
Амиралмўъминин
Ќисми кандашудаи чизе Бемории гўш
Таоми миллї
Кишвар бо АбуДаби ва Дубай (ихтисора)
Шањр дар вил. Краснодари Русия
Фойтуни калон
Сангдил,
... Дасаев, дарвозабони машњури СССР (футб.)
Узви парлумон Маркази Голландия
Яке аз аломатњои китобатї
Муњаммад (с) – Расули …
Љои китобмонї
Шањрбандари машњури Њиндустон
Бањрнавард, пешаи Синдбоди афсонавї
Мошинчаи боркашони анборњо
ангур
Пайѓамбар, писари Марям
Тангаи Англия
Тухмбирён
Дуои бади волидайн
Шабакаи ТВ "... Планета"
Фигураи геометрї
Майдон, њавлї
Ќавмњои форсу тољикзабон
... Бусли, овозхони машњури њинд
Мењнат
Давлат дар Африќо
… Билан, сарояндаи рус
Миллати Т. Шевченко
Њар чизи гирд ва гардон
Кироякор, муздур
Гузариш аз оби љў, марз ва ѓ
Кўчидан бо хонавода
Саидалї ..., шоири тољик
СиБатора, рањна, ахтар урён
Хушбўие, ки ба палав меандозанд
Номи Аллегрова ва Роднина
Љузъи ротаи њарбї
Аспирин ... Сокини Эфиопия
Сифати занљабил
Парњои хурд
Нозук, мулоим
Озуќаи сафар
Ќадри ў аз падар беш аст
Пойтахти Бошќирдистони ФР
Унвони Олимхон дар Бухоро
Монанд, мисл
Фиристода, паёмбар
Хиёнаткунанда Асбоби мусиќии клавишдор
Яке аз њафт ранги рангинкамон
Озмоиш, санљиш
Њаммаънои боракалло
Халиљ дар љануби Осиё
Љанљол, ѓавѓо
Зеб, зинат
Љоиз, маќбул
Ширкати њавопаймоии Русия
Падар (лањљ.)
Мазоњ, нешханд
Тобу тоќат
Хушкии се тарафаш об
Рўз (арабї)
e-mail: javonontj@mail.ru
Муборак, фархунда
Варзиш (русї)
Асбоби мусиќии камончадор
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9359), 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Як фикр ба сарам омаду...
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
(котиби масъул),
***
Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ
Аз суҳбати ду нафар дар дохили қатора. Аввалӣ: - Ба куҷо меравӣ? Дуюмӣ: - Ба Маскав. Ту чӣ? Аввалӣ: - Ман аз Маскав омада истодаам.
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
Хари Афандӣ ҳалок мешавад. Дӯстонаш барои масхара кардани ӯ ба хонааш рафта, изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Афандӣ мегӯяд: - Намедонистам, ки хари ман ин қадар хешу табори зиёд доштааст.
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
(хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
e-mail: javonontj@mail.ru
***
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Нуралӣ НУРОВ
Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7047 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Табиб аз бемор: - Иштиҳоят чӣ хел аст? - Ҳар вақт ҳар хел, гоҳ ҳаст ва гоҳе нест. - Кадом вақт иштиҳоят нест? - Чун ҳамеша баъди хӯроки нисфирӯзӣ.
***
Умаралии САФАРАЛӢ
(хабарнигорон),
Лутфи ҷавонӣ
Марде ҳамсарашро ба рафиқаш таъриф мекунад: - Занам тири автомат барин! - Чаққон? - Не-е, дӯстро аз душман фарқ намекунад.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ
ФАРОҒАТ
***
АНДАРЗ
Чашми модар Модарам як чамш дошт. Барои ҳамин ӯро хеле бад медидам. Ин ҳолат маро маҷбур ба шарм доштан менамуд. Барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ ва пеш бурдани зиндагӣ дар мактаб ба ҳайси ошпаз кор мекард. Рӯзе модарам барои хабаргириам ба мактаб омад. Он вақт ман дар синфи сеюм таҳсил менамудам. Инро дида, хаёл кардам фарши мактаб аз таги поям мерафт. Чӣ тавр ӯ бо ин афт ба ин ҷо омада тавонист? Бароям шармандагӣ буд. Ҳангоме ӯро дидам, худро тарзе нишон додам, ки вайро намешиносам. Дар баробари ин, тарафаш бо нафрат нигариста, аз наздаш ғайб задам. Пагоҳаш як ҳамсинфам тарафи ман кинояомез гуфт: “Ҳм-ҳм, модари ту якчашма будааст-ку?”. Дар ин вақт замин накафиду ман дароям. Нафратам ба модарам боз зиёд шуд. Хостам несту нобуд шуда равад, дигар набинамаш. Ҳамон рӯз баъди воқеаи рӯйдода бо ӯ вохӯрда, чунин гуфтам: - Хуб нест, ки ту мурда равӣ, то ки маро дар ҳолати масхараю мазоқ намонӣ? Модарам чизе ҷавоб надод ва хомӯш буд. Ҳатто дар он ҳолат ман андеша накардам чӣ гуфта истодаам. Барои ман дар кадом ҳиссиёт қарор доштани ӯ фарқе надошт. Ман дигар намехостам модарам ба хона баргардад. Баъди ин ҳодиса барои таҳсил ба дигар шаҳр рафтам. Дар он ҷо баъди таҳсил соҳиби хонаву дар, зану кӯдакони зебо шуда, аз зиндагии худ розӣ бу-
дам. Замоне модарам ба хонаи ман омад. Чанд сол маро надида буд ва набераҳои худро намедонист. Вақте ки ба пеши дари хонаам омад, фарзандонам ӯро дида, ба ҳолаш хандиданд. Ман асабонӣ шуда, доду фиғон бардошта, гуфтам: “Дафъ шав, туро дар ин ҷо набинам!” Модарам оромона ҷавоб дод: “Бубахш маро, ба фикрам суроғаро хато кардам”. Баъди ин суханҳо аз пеши чашмам нопадид шуд. Боре ба суроғаи хонаам номае аз мактаби таҳсилкардаам, барои ҷамъ шудани ҳамсинфонам омад. Ман бошам, ҳамсари худро фиреб додам, ки ба як вохӯрии расмии хеле зарур ба дигар давлат меравам. Чанд рӯз пас ба мактаби деҳае, ки таҳсил карда будам, рафтам ва бо ҳамсабақон вохӯрдам. Баъди вохӯрӣ ба хонаи пешинаамон рафтам. Дари хона баста буд. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки модарам вафот кардааст. Аз ин хабар ман комилан ғамгин нашудам. Онҳо номаеро ба дастам доданд, ки модарам навишта буд: “Писари дӯстдору азизам, ман ҳамеша дар фикри ту будам. Афсӯс, ки ман бехату хабар ва даъват Сингапур, ба хонаи ту рафтам. Ман хеле хушҳол шудам, вақте шунидам, ки ту ба вохӯрии ҳамсинфонат меоӣ. Лекин намедонистам, ки аз бистари бемории худ хеста, ба дидори ту рафта метавонам. Мутаассифам, вақте ту бузург шудию аз пушти ман барои якчашма буданам, ҳамеша шармсор мегаштӣ. Сабаби ин ҳама он буд, ки дар хурдиат тасодуфан фалокате рӯй дод ва ту як чашми худро аз даст додӣ. Ман ҳамчун модар тоқати онро надоштам, ки писарам якчашма калон шавад. Барои ҳамин, як чашми худро ба ту бахшидам ва то имрӯз фахр мекунам, ки ба ҷойи ман ту бо ин чашм дунёи равшанро тамошо карда, аз он ҳаловат мебарӣ. Бо як меҳру самимият зиёд, модари ту... ”.
Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Салим рӯзи дароз дар кӯча давутоз кард. Бо либосҳои чиркин ба хона омада, худро дар оина диду гуфт: - Оча, ин оинаро кӣ чиркин кардааст?
***
Шаб. Зан аз хона ба ҷои кори шавҳараш телефон карда: - Ало, Собирҷон, компютер кор накарда истодааст! - Тугмаи калонашро зер кардӣ? - Зер кардам. - Симашро ба разетка пайваст кардӣ? - Ҳозир чароғро гирам, бинам... - Чароғ барои чӣ? - Охир, барқ нест...
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Билети донишҷӯии гумшудаи №116117, ки онро Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 2013 ба Абийиров Фирӯз Абдуалимович додааст, эътибор надорад. Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замин, дараҷаи А№0119198, ки дар Кумитаи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти рақами 8977 ба номи Ф. Абдуллоева (деҳаи Шапкин) ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №070433, ки онро МТМУ №3-и ноҳияи Қубодиён соли 1990 ба Давлатов Аминолло додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №267/10, ки онро Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов соли 2010 ба Нурулло Бобоев додааст, эътибор надорад. Шиносномаи гумшудаи рақами А 439988, ки шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Фархор 25 июли соли 2007 ба Ҳалимов Далер Абдукаримович додааст, эътибор надорад.
Қатъи фаъолият
Алиматова Лайло Равшановна, ки бо шаҳодатномаи №3230025352 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти рақами 00572/13 ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.