НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№37 (9463), 15 сентябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
ВАРЗИШ
ҲУНАРИ ҶАВОН
Таэквандо ITF: Тоҷикистон дар ҷои 4-ум
Духтари танбӯрӣ
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
Тоҷикистон давлати ҷавон ва ҷавонон аст
Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла гуфт: “Халқи азизам! Ман ба қудрати созанда ва нангу номуси ҳар як фарди ту бовар дорам! Миллати бузурги ман! То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дӯст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам! Халқи бузургу қаҳрамони ман! Мо ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, дар фазои сулҳу оромӣ Ватани азизамон Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил медиҳем! Миллати куҳанбунёд ва соҳибмаърифату таҳаммулгарои тоҷик! Рӯзҳои сангин ва вазнину торикат паси сар шуданд. Акнун, дилпурона ва бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи ободу осуда ва қуллаҳои боз ҳам баланд ба пеш! Мардуми сарбаланду сарфарози ман! Роҳат ба сӯи ояндаи обод сафеду иқболат то абад нек бошад! Ҷашни бузурги истиқлолият муборак бошад, ҳамватанони азиз!”
ҲАФТ РӮЗ 08.09.2016 Дар шаҳри Вашингтони ШМА бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои аксбардори маъруф, Арбоби шоистаи кишвар, академики Академияи мусаввирони Тоҷикистон Заур Дахте доир гардид. 09.09.2016 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи Истиқлолият бо тантана ҷашн гирифта шуд. 10.09.2016 Бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва густариши робитаҳо як гурӯҳ ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Кувайт ба вилояти Суғд омаданд. Дар доираи сафар меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, бо устодону донишҷӯён мулоқот карданд. 11.09.2016 Нависанда, драматург, мунаққид, тарҷумон ва сенариянависи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода 105 сол пеш дар ҳамин рӯз таваллуд шудааст. Филмномаҳои «Ҷавонии Ибни Сино», «Қисмати шоир» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Фаъолияти нависандигиаш аз иншои қиссаи «Ёрони боҳиммат» (1947) оғоз ёфтааст. Баъдан романи «Навобод» (1953), қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» (1954), романҳои «Восеъ» (1967), «Фирдавсӣ» (1988), қиссаи «Ривояти суғдӣ» (1975-2014)ро навиштааст. Сотим Улуғзода ба тарҷумаи осори адибони хориҷӣ низ машғул шудааст. 12.09.2016 Дар ҷумҳурӣ Иди Қурбон таҷлил шуд.
13.09.2016 Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шаҳри қадимеро кашф карданд, ки аз қалъа ва шаҳристон иборат аст. Муайян гардид, ки ин шаҳр на дертар аз асри I то мелод пайдо шудааст ва давраи нашъунамои он ба замони ҳукмронии Сотер Мегас — Вима Такту ва Вима Кадфиз, яъне ба асри I мелодӣ рост меояд. 14.09.2016 Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи Истиқлолро, ки 58 метр баландӣ дошта, дар майдони 1 гектар бунёд ёфтааст, ба истифода дода, барномаи фарҳангиро бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо роҳпаймоии 15 ҳазор нафар дар саҳни маҷмаа тамошо кард.
2
11-14 сентябр Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дошт. Сарвари давлат дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен, шаҳрҳои Бӯстон ва Хуҷанд як қатор иншоотро ба истифода дод.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
Сафари кории Пешвои миллат ба Суғд
РУШДИ МАҲАЛ
Аз ҷумла, бо иштироки Президенти мамлакат дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин ноҳияи кӯҳистон Сарвари давлат, ҳамчунин, бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳия шинос шуда, аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дидан намуда, бо вазъи соҳаи картошкапарварӣ ва дастовардҳои кишоварзон ошно гардид. Дар коргоҳи дӯзандагӣ 20 мошинаи муосири дарздӯзӣ харидорӣ гардида, барои кор дар онҳо 20 нафар занону бонувони ҳунарманд ҷалб гардидаанд. Дар сехи атласу адрасбофӣ, ки дар шафати коргоҳи дӯзандагӣ ҷойгир аст, 25 дастгоҳи бофандагӣ танзим карда шудааст ва дар он бонувони чирадасти ноҳия ба омода кардани матоъҳои аз лиҳози сифатнокиашон баланд, ки аз маҳсулоти ватанӣ, пахта ва риштаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад, машғул мебошанд. Зимни шиносии Сарвари давлат бо дастовардҳои кишоварзон иттилоъ дода шуд, ки имсол аҳли заҳмати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар картошка кишт намудаанд. Иқлими ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариши навъҳои гуногуни картошка мувофиқ аст ва заҳмати пайвастаи кишоварзон дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 20122016 барои пешрафти соҳа ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам овард. Ҳосили интизории картошкаи аҳли заҳмати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар соли равон бештар аз 70 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳозиринро ба муносибати ҷашни бистсолагии таъсисёбии ноҳия, ки ба ҷашни бузурги миллиамон, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омадааст, табрик гуфт. Таъкид гардид, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зода ва маҳсули даврони Истиқлолият буда, дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат он ҳам аз файзу баракати ин неъмати бебаҳои таърихӣ баҳравар гардидааст. Зикр гардид, ки ҷиҳати таъмини рушди гуногунсоҳаи ноҳия дар 15 соли охир беш аз 100 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар ноҳияи Зафаробод бошад, Сарвари давлат бинои нави МТМУ №20, коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза”, муҷассамаи Исмоили Сомониро ба истифода дода, дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва оғози ғунучини пахта дар маҳаллаи «Бахт» иштирок кард. Иттилоъ дода шуд, ки имсол аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Бахт» дар майдони 10 гектар кишти пахта гузаронида шудааст ва ҳосилғундорӣ дар ин хоҷагӣ пурра бо истифода аз техникаҳои пахтачинӣ ба роҳ монда мешавад. Дар маҷмуъ дар ноҳияи Зафаробод имсол хоҷагидорон дар майдони 9 ҳазору 325 гектар пумбадона кишт намудаанд, ки ҳосили қариб 300 гектари он тавассути техникаҳои махсуси пахтачинӣ ҷамъоварӣ мегардад. Дар маркази шаҳраки Зафаробод Сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро гирифта, Парчами давлатиро боло бардошт. Пояи парчам 26 метр баландӣ ва андозаи матои парчам 3,5 ба 7 метрро ташкил медиҳад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки ба истиқболи биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми
шаҳру ноҳияҳои мамлакат раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардуми худогоҳу худшиноси мо, аз ҷумла сокинони ноҳияи Зафаробод, ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашидаанд. Таъкид гардид, ки ҳаҷми буҷети ноҳия аз 380 ҳазор сомонии соли 1992 то 18 миллион сомонӣ дар соли 2015 расидааст. Дар ин давра барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия танҳо аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар 14 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар маҷмуъ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри пешрафти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 250 миллион сомонӣ хароҷот гардидааст. Дар ноҳияи Спитамен бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл», корхонаи истеҳсолии ҶСП "Норд Азия Металл", бинои Кумитаи идораи замин дар ноҳия ва муассисаи нави таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат мавриди истифода қарор гирифт. Корхонаи равғанбарорӣ дорои ду деги бухорӣ ва дегхонаи равғангармкунӣ бо иқтидори 2 млн килокалория дар як соат буда, ҳамчунин анбори захираи ашёи хом барои 12 ҳазор тонна, анборҳои равғани нимтайёр ва тоза барои 150 тонна, инчунин анбори хӯроки чорвою паранда барои 1000 тонна дорад. Дар ҶСП «Норд Азия Металл» бошад, асосан қубурҳо ва профилҳои металии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда, иқтидори солонааш 60 ҳазор тонна металл мебошад. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “Деҳмой”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории
сил, ки ба тозагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, боздид ба амал овард. Тавре маълум гардид, дар баробари таҷдиду азнавсозӣ, маркази мазкур бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин имкон хоҳад дод, ки кормандони марказ бо истифодаи муосиртарин дастгоҳҳои соҳавӣ гирифторони бемории силро саривақт ташхису табобат намоянд. Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа иштирок намуд. Бино дорои 32 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад. Гуфта шуд, ки масоҳати умумии ин мавзеъ 1,8 гектар буда, дар заминаи он боз як бинои дуошёнаи истиқоматии нав ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда беш аз 30 нафар хизматчии ҳарбӣ бо манзили зист таъмин медгарданд. Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд Кохи ақди никоҳ ва Кохи фарҳанги «Суғдиён»-ро ба истифода дод. Бо ифтитоҳи чунин як даргоҳи фарҳангӣ Сардори давлат ба 25 ҷуфт оилаҳои навбунёд шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 25 навзод шаҳодатномаи таввалуд супорид. Ҳамчунин, ба волидони сегоникҳо Набиев Мутаалибҷон ва Набиева Мағфират калиди хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим карда шуд. Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори ақди никоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой гирифтаанд. Дар ошёнаи дуюм қисмати шуъбаи ақди никоҳ ва асноди шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд. Ошёнаи сеюм аз шуъбаи ақди никоҳ ва асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд иборат мебошад. Дар бино толори тамрин барои ансамбли рақсии «Зебо», хобгоҳ барои писарон ва духтарон бо 80 кат ва хуҷраҳои ёрирасон низ сохта шудааст.
3
Таэквандо ITF: Тоҷикистон дар ҷои 4-ум
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
Дар Андрия (Италия) бо иштироки намояндагони 58 кишвари дунё чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ITF миён наврасон доир гардид, ки дастаи Тоҷикистон дар он 5 медали тилло, 8 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст овард. Камолиддин Тоҷибоев, қаҳрамони ҷаҳон ва дорандаи медали нуқра дар спарринг чемпиони мутлақи ҷаҳон дониста шуд. Медалҳои тилло: 1. Камолиддин Тоҷибоев 2. Фаридун Гадоев 3. Умед Юлдошев 4. Аминҷон Ғиёсов 5. Сиёвуш Иброҳимов Медалҳои нуқра 1. Ҳайдар Шоев 2. Сипар Беромов 3. Сайдамир Содиқов 4. Камолиддин Тоҷибоев 5. Сафия Исмоилова 6. Ромиш Гадоев 7-8. Дар мусобиқоти даставӣ Медалҳои биринҷӣ: 1. Мижгона Самадова 2. Элина Содиқова 3-4. Дар мусобиқоти даставӣ Рақобатҳо барои дарёфти медалҳо дар спарринги даставӣ, техникаи махсуси даставӣ, худдифоӣ ва дар мусобиқаҳои инфиродӣ оид ба техникаи махсус сурат гирифтанд.
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Кикбоксинг: аввалин медали тиллои бонуи тоҷик Варзишгари тоҷик Зуҳро Холова дар мусобиқаи Осиё оид ба кикбоксинг, ки 3-9 сентябр дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, медали тилло ба даст овард.
Дар мусобиқа Тоҷикистонро чор варзишгар (3 писар ва як духтар) таҳти роҳбарии Хуршед Тоҳирӣ муаррифӣ карданд. Зуҳро баъди ин пирӯзӣ ба чемпионати ҷаҳон, ки дар Полша баргузор мегардад, роҳхат ба даст овард. Ӯ аввалин бонуи тоҷик аст, ки дар ин ришта ба гирифтани медали тилло сарфароз гардид.
Нуқра ва се биринҷии ҷудочиёни тоҷик дар чемпионати Осиё Варзишгарони кишвар дар чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон, ки 8-11 сентябр дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон баргузор шуд, чор медал – як нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд. Акмал Муродов дар ваз- Дар сабқати наврасон бошад, ни то 81 кило миёни ҷавонон Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазсоҳиби медали нуқра шуд. ни -81 кило мақоми сеюмро Миёни ҷавонон, ҳамчунин ишғол карда, соҳиби медали Хуршед Маҷидов дар вазни биринҷӣ гардид. +100 кило ва Ҳоҷимашраб Дар мусобиқа варзишгароРаҳмонов дар вазни -90 ни наврасу ҷавони кишварҳои кило ба гирифтани медали Осиё барои 16 маҷмӯи биринҷӣ мушарраф шуданд. медалҳо мубориза бурданд.
КМВА “Помир” ба ҷои дуюм баромад 13 сентябр дар доираи даври 12-уми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дастаи КМВА “Помир” бар тими “Вахш”-и Қурғонтеппа бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳар ду гол дар қисми дуюми вохӯрӣ зада шуд. Баъд аз танаффус Акмал Сабуров ҳисобро кушод, дар дақиқаи 51 бошад, Давронҷон Тухтасунов голи дуюмро зад. Баъд аз ин ғалаба КМВА “Помир” бо 20 хол дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои дуюм баромад. 14 сентябр боз як бозии дигари даври 12-уми чемпионати мамлакат доир гардид. “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт “Хайр”-и Ваҳдатро қабул кард.
ДТҶТ - ғолиби мусобиқаи волейболи соҳилӣ Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейболи соҳилӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-7 сентябр дар шаҳри Душанбе доир гашт, тими Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ғалаба кард. Дар мусобиқа шаш дастаи мардона - се даста аз шаҳри Душанбе, ду даста аз вилояти Хатлон ва тими шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат карданд. Дар бозии ниҳоӣ дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ бар тими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ба дастаи ғолиб, инчунин ба тими Донишгоҳи миллӣ ва дастаи Душанбе-3, ки мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карданд, Ҷому туҳфаҳои хотиравии Кумитаи миллии олимпӣ тақдим шуд.
УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ
ҶОЙ ДАСТАҲО Б Ғ 1 "Истиқлол" (Душанбе) 11 8 2 КМВА "Помир" (Душанбе) 12 6 3 "Ҳосилот" (Фархор) 11 5 4 "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) 11 5 5 "Барқчӣ" (Душанбе) 11 5 6 "Вахш" (Қурғонтеппа) 12 5 7 "Хуҷанд" (Хуҷанд) 11 5 8 "Хайр" (Ваҳдат) 11 4 9 "Парвоз" (Ғафуров) 11 1 10 "Равшан" (Кӯлоб) 11 0
М 3 2 4 2 2 2 1 4 2 2
Б 0 4 2 4 4 6 5 3 8 9
Т-Т 31-11 16-9 20-11 23-14 16-16 18-23 12-18 15-13 8-21 9-33
Х 27 20 19 17 17 17 16 16 5 2
Ҷоми Тоҷикистон: се дастаи даври нимфинал муайян гардид 10-11 сентябр се бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуд. Дастаҳои “Ҳосилот”, “Равшан” ва “Истиқлол” ба даври нимфинал роҳ ёфтанд. Бозӣ миёни дастаҳои “Барқчӣ” ва “Ҳосилот” мусовӣ анҷом ёфт – 2:2. Ҳисобро дар дақиқаи дуюм бозингари меҳмонон Иброҳим Рабимов кушод. Дар қисми дуюм баъд аз голҳои Азиз Бегов ва Кароматулло Саидов тими мизбон ба пеш баромад. Вале дар дақиқаи 66 Соҳиб Саванқулов ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро баробар кард. Аз ҳисоби ғалабаи бозии аввал (4:2) “Ҳосилот”-и Фархор ба даври дигар роҳ ёфт. Дар даври нимфинал ҳарифи “Ҳосилот” ғолиби ҷуфти “Хуҷанд”-“Регар” хоҳад буд. Бозии ин дастаҳо 27 сентябр ба нақша гирифта шудааст. Дар бозии дигар “Равшан” бар дастаи лигаи якум “Ваҳдат” бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Аквела Канкама (43-юм дақиқа) ва Ширин Наимов (77) заданд. Бозии аввали дастаҳо дар шаҳри Ваҳдат мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта буд. Дар бозии дигари ҷавобӣ “Истиқлол” ба дарвозаи дастаи “Хайр”-и Ваҳдат 3 голи беҷавоб зада, бо ҳисобии умумии 4:1 (бозии аввал – 1:1) ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар ин давр “Истиқлол” бо “Равшан” вомехурад.
4
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 19891998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
АХБОРИ ҲАФТА
Маҳфили ҷавонони эҷодкор дар ҳузури раиси КҶВС Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар боғи назди кумита чорабинии “Маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор” баргузор гардид. Дар он наврасону ҷавонони боистеъдод, сароянда Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва навозандагони соҳибзавқ иштирок ва ҳунарнамоӣ ва сайёҳӣ дар поёни чорабинӣ аз баргузории чунин намуданд. Инчунин дар доираи маҳфил шоми эҷодии маҳфили эҷодӣ изҳори хушнудӣ намуда иброз дошт, ки ду эҷодкори ҷавон - Доро Суҳробӣ ва Дилором Чорие- имрӯз дар доираи он сиёсате, ки Ҳукумати кишвар пеш ва баргузор гардид. мебарад, ҷавонон дар маркази диққату таваҷҷуҳи беДар рафти чорабинӣ эҷодкорони ҷавон аз воситаи Пешвои миллат қарор доранд. Ҳар ҷое, ки наэҷодиёти худ шеърҳо қироат намуда, табъи иштирок- зар мекунем, акс, ҳусн ва латофати ҷавониро мебинем. чиёнро болида гардониданд. Инчунин дигар ҷавонон Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар боғҳои бо навохтани асбобҳои гуногуни мусиқӣ ва сароида- фарҳангии кишвар дар назар аст, ки мақсад аз баргузони сурудҳои ватандӯстона маҳфилро боз ҳам рангин рии он баланд бардоштани тафаккури эҷодӣ, фароғати сохтанд. ҷавонон ва рушди фарҳанг мебошад.
Гурӯҳи 60-нафараи ҷавонон ба Рашт меҳмонӣ рафтанд 13 сентябр як гурӯҳи 60-нафараи ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери шиори “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба минтақаи Рашт рафтанд. Зимни гусели ҷавонон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз намуд, ки меҳмонии ҷавонон ба минтақаҳо ба устувор гардидани дӯстиву рафоқати онҳо боис мегардад. Аз ҳаёту фаъолияти якдигар огоҳ мешаванд, ки ин ба баланд гардидани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Меҳмонии ҷавонон панҷ рӯз давом карда, онҳо тибқи нақшаи пеш-
бинишуда бо зиндагиву фаъолияти ҳамсолонашон аз ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Лахш, Тоҷикобод ва Нуробод ошно мегарданд. Ҷавононро сокинони ноҳияи Файзобод бо нону намак пешвоз гирифтанд. Дар шаҳри Роғун бошад, гурӯҳ рафти сохтмони иншооти бузурги аср - Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро тамошо карданд. Нисфирӯзӣ гурӯҳи ҷавонон ба ноҳияи Нуробод расиданд. Ба пеш-
Кӯмаки ИҶТ ба ҷавонони эҳтиёҷманд Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба хонандагони мактаб-интернети ноҳияи Қубодиён ашёҳои зарурии рӯзгор ва маводи ғизоӣ кӯмак расонида шуд. Ҳамзамон, аз ҳисоби Раёсати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба як гурӯҳ оилаҳои ҷавони эҳтиёҷманд ва имконияташон маҳдуд маводи ғизоӣ, аз қабили картошка, пиёз, равған, гушт, тухм, макарон ва ғайра дастрас карда шуд.
вози онҳо ҷавонон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳия баромаданд. Муовини аввали раиси ноҳияи Нуробод Давлатзода Мирзоумар Кенҷа гурӯҳи ҷавононро хушомадед гуфта, иброз дошт, ки иқдоми пешгирифтаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон саривақтӣ буда, он дар таҳкими дӯстии ҷавонони ҷумҳурӣ ва зиёд намудани меҳру муҳаббат байни онҳо мусоидат мекунад.
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд. 2. Моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд. 4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд. 5. Раисони шаҳру ноҳияҳо бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани муқаррароти модаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000, №30 «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд. 6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд. 7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 3 сентябри соли 2016, №751
5
Ба воситаи он мехоҳанд хилофати исломӣ барқарор кунанд Баъд аз ошӯби номуваффақи 15 июли соли равон дар Туркия ҳукумати ин кишвар “вазъи фавқулодда” эълон намуд. Он рӯз ва баъд сохторҳои амниятии Туркия як силсила амалиёт гузарониданд. Дар натиҷа беш аз 80 ҳазор нафар аз кор ронда ва ҳудуди 30 ҳазор нафар бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулот боздошт шуданд.
НАБЗИ ҶАҲОН
дар дунё ба монанди мо 70 ширкат фаъолият мекунад, вале дар Туркия мо аввалинем”. Аднан Танривердӣ ҳоло мушовири ҳарбии Президенти Туркия мебошад. Маҳз зери идораи Танривердӣ ва аъзои “SADAT” низомиёни турк ба хоки Сурия даромада, амалиёти ҳарбӣ мебаранд. Қабл аз табаддулоти ноком дар Туркия Фуат Авнӣ ном корбари шабакаи твиттер, ки аз амалиёти тираи ҳаукумати Эрдуғон маълумоти фаврӣ нашр мекунад, дар саҳифааш (@fuatavni_f) доир ба фаъолият ва ҳадафҳои “SADAT” чунин қайд карда буд: “Ташкилоти “SADAT” сохтори махфӣ буда, аз ҷониби собиқ афсарони баландрутба таъсис дода шудааст. Ҳарчанд ташкилот худро зоҳиран расмӣ муаррифӣ мекунад, аммо бештар ба фаъолияҳтои ғайрирасмии пардапӯшона даст мезанад. Доир ба даромади молияш маълумоти дақиқ мавҷуд нест. Дар лагерҳои махсуси ин ташкилоти низомӣ ба аъзои гурӯҳҳои террористӣ таълими ҳарбӣ дода мешавад. Вақте ташкилотҳои истихборотии ғарбӣ дар бораи робитаҳои “SADAT” бо гурӯҳи террористии ДИИШ огоҳӣ меёбанд, он фаъолияташро як муддат қатъ мекунад. Вале лагерҳояш то ҳол вуҷуд доранд. Яке аз ҳадафҳои асосии “SADAT” дар дохили Туркия ва берун аз он бо дасти ашхоси дар
лагерҳо таълимгирифта ташкил намудани ҳамла ва амалиёти террористӣ мебошад. Ҳоло ин ташкилоти махфӣ заминаи ҷанги шаҳрвандиро дар Туркия омода месозад. Эҳтимол дар ояндаи наздик “SADAT” бакуллӣ ҷойгузини Ситоди ҳарбии Туркия гашта, идораи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро ба даст мегирад”. “Пешгӯиҳо”-и Авнӣ тадриҷан дуруст баромадаанд. Ҷиҳати нигаронкунанда ва барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам муҳим ин аст, ки дар лагерҳои тамринии “SADAT” таълимоти шаръии салафия омӯзонида мешавад. Дар он лагерҳо нафароне ҷамъ оварда шудаанд, ки аз Аврупо ва Осиё барои пайвастан ба террористони ДИИШ омадаанд. Қабл аз пайвастшавӣ муддате дар ин лагерҳо таълим ва тамрин гирифта, сипас барои “ҷиҳод” омода мешаванд. Ҳоло ки вазъи ДИИШ барин гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаи Ховари Миёна торафт танг мешавад, эҳтимоли ба кишварҳояшон баргаштани “муҷоҳидони” тамриндида қувват мегирад. Аввалин бор номи Ташкилоти хусусӣ-низомии “SADAT” дар расонаҳои хабарӣ бинобар иддаои дар ноҳияи Лиҷеи Туркия оташ додани як деҳа зикр мегардад. Нашрияи туркии “Cumhuriyet” чунин қайд мекунад: “Гурӯҳе дар даст навиштаҳо бо забонӣ арабӣ ва ришу фаши да-
мида дар даст зарфҳои пур аз бензин ба назди деҳа омада, 34 нафар сокини онро таҳдид мекунанд, ки ҳамаро яксара оташ хоҳанд зад. Агар қумандони низомии ноҳия ба онҳо монеа намешуд, тайёр буданд, ки ҳамаро оташ зананд”. Пасон маълум гардид, ки он гурӯҳ мансуби Ташкилоти хусусӣ-низомии “SADAT” будааст. Бояд гуфт, аз аввали асри XX сар карда, шуури исломи сиёсӣ кӯшиш мекунад, ки дини исломро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ карда, хилофати замоне дар дасти мусулмонҳо бударо аз нав эҳё намояд. Хусусан ҳаракати сиёсии “Ихвон-улмуслимин” ба ин раванд суръат бахшида, ба пайдоиши гурӯҳҳои зиёди иртиҷоӣ манбаи илҳом шудааст. Ҳукумати кишвари мо низ солҳои зиёд алайҳи шуури исломи сиёсӣ талош варзида, муваффақ шуд, ки онро аз дахолат ба умури давлатӣ дур созад. Вале хатари ин зуҳурот ҳанӯз дур нашудааст. Ҳоло гуфта мешавад, шуури исломи сиёсӣ дар қиёфаҳои гуногун кӯшиш дорад, ки аз болои сохторҳои амниятӣ-ҳарбии мамолики Осиё нуфузи хешро таъсиргузор намояд. Ин вазифаро Ташкилоти хусусӣ-низомии “SADAT”, ки ниҳоди парваридаи шуури исломи сиёсӣ аст, ба ҷой меоварад. Маҳмуд УСМОНОВ, “ҶТ”
Мо тангдастем, аммо ... Зиндагӣ аҷаб рангҳое дорад ва аҷаб инсонҳое... Яке дар ғами сарват асту дигаре дар орзуи саломатӣ. Яке аз ғаму кулфати рӯзгор ба ҷон омада, ҳаёти осоишта мехоҳад, дуюмӣ дар ҳасрати роҳ ёфтан ба ҳаёти оилавист. Хоҳарбузурги Рамзия аз қабили ҳамин гуна инсонҳост. Ӯ ба қавле дертар издивоҷ кард. Дар синну соле, ки ба қавли худаш фарзандони ҳамсолони вай кайҳо мактабрав шудаанд. Суҳбати ману Рамзия дар ҳоле иттифоқ афтод, ки ман ба аёдати дугонаам, хоҳари вай Мижгона рафтам. Рамзия дар хонаи хоҳараш зиндагӣ мекунад. Ӯ сарнавишташро чунин қисса кард: - Азбаски синни ман аз шавҳаркунӣ кайҳо гузашта буд, ночор розӣ шудам, ки ба нафаре ҳамчун ҳамсари дуюм ба шавҳар бароям. Ӯ маро бо фиребу найранги зиёд ба доми худ андохту ман розӣ шудам, ки бо ӯ издивоҷ кунам. Вале аз рӯзи аввали оиладоршавӣ
ӯ маро ба мисли дигар арӯсон ба хонаи падару модараш нею ба хонаи иҷора бурд. Бо ҳамин зиндагии пур аз ғаму андуҳи ман оғоз шуд. Пас аз 2 соли зиндагии муштарак соҳиби ана ҳамин духтарак шудам (Рамзия ба тифлаки дар паҳлуяш хобида ишора намуд). Мани зори фарзанд аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам. Шавҳарам рӯзе маро дар наздаш шинонда гуфт: - Духтарамро ба зани аввалам медиҳам. Ӯ калонаш мекунад, ту ба кор баро. Рамзия намедонист ба суханони шавҳараш чӣ ҷавоб гӯяд. Каме андеша кард, пасон ба худ омад ва гуфт духтарашро ба ҳеҷ кас намедиҳад. Ӯро худаш ба воя мерасонад. Вале шавҳар гапи ӯро бурид:
- Зани аввалам духтар надорад, барои ҳамин ӯ духтарамонро бо дилу ҷон ба воя мерасонад. - Ба пешниҳоди шавҳарам розӣ нашудам, - мегӯяд Рамзия. - Духтарамро гирифта, ба хонаи модарам рафтам ва воқеаро ҳикоя кардам. Модарам низ маро дастгирӣ намуда, гуфт, ки рафта кор кунам. Тифламро худаш нигоҳубин мекунад. Зиндагии модарам ҳам вазнин буд. Ӯ кӯчаҳои шаҳрро рӯфта, зиндагиашро базӯр мегузаронд. Ҳамин тавр ман ба кор баромадам. Баъди ба хонаи модар рафтану ба кор баромадан шавҳараш ба Рамзия гуфт: - Зиндагиатро худат бурдан гир. Ман дигар пули зиёдатӣ надорам, ки барои ту сарф кунам.
Рамзия ҳар рӯз аз соати 12 то 16 кор мекунад. Яке аз ҳамсояҳои хайрхоҳаш розӣ шудааст, ки то ёфтани ягон парастор духтари ӯро нигоҳубин кунад. - Бо модарам маслиҳат кардем, ки вай дар басти якум кор кунаду ман дар басти дуюм. Бо ҳамин роҳ мо духтарамонро якҷоя нигоҳубин мекардагӣ шудем. Духтарчаам оромтабиат аст ва нигоҳубинаш осон. Аммо дар семоҳагӣ ӯ якбора гиря мекардагӣ шуд. Бо азоб ӯро ором мекардам. Хостам ба беморхона ба назди духтур бурда, муоина кунам духтарчаамро, аммо маблағ надоштам. Маблағи ёфтагиам барои масрафи рӯзгор мерасад. То пайдо намудани маблағ духтарчаам яксола шуд.
Шуури исломи сиёсӣ
Дар пасманзари рӯйдодҳои як моҳи охир Ситоди ҳарбии Туркия аз нафарони “шубҳанок” ба куллӣ тоза шуда, ҳоло гуфта мешавад, ки қудрати низомӣ ба Ташкилоти хусусӣнизомии “SADAT” супорида шудааст. Тибқи иттилои расмӣ “SADAT” соли 2012 бо мақсади фаъолият намудан ба ҳайси мушовири ҳарбӣ барои таълим ва таъмини лавозимоти ҳарбии кишварҳои исломӣ таъсис ёфтааст. Ҳоло “SADAT” дар кишварҳои исломии Ховари Миёна ва Африқо, аз қабили Миср, Тунис, Либиё, Афғонистон бо қувваҳои мусаллаҳ ҳамкорӣ дорад. Ҳайати ташкилот аз 58 нафар собиқ афсарони баландрутба иборат аст. Роҳбари “SADAT” Аднан Танривердӣ ҳадаф аз таъсиси ташкилотро шарҳ дода, чунин гуфтааст: “Вазифаи қувваҳои мусаллаҳи Туркия таъмини амният ва бехатарии кишвар аст. Аз ин рӯ мо фикр мекунем, ки бо таълим ва тамрини артиши давлатҳои дигар машғул шудани Қувваҳои мусаллаҳи Туркия дуруст нест. Бо ин мақсад мо ҳамроҳи як қатор собиқ афсарони баландрутба ташкилоти хусусӣ-низомиро, ки характери тиҷоратӣ дорад, таъсис додем ва қувваҳои мусаллаҳи кишварҳоеро, ки аҳолиашон мусулмонанд, аз нозукиҳои таълимоти ҳарбӣ огоҳ намуда, ба ин васила мехоҳем онҳоро аз султаи ғарбиён озод кунем. Ҳоло
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
Ӯро ба беморхона овардам. Табибон муоина карда гуфтанд, ки чурра (грижа) дорад ва бояд ҷарроҳӣ шавад. Зӯрам барои пардохти маблағи ҷарроҳӣ намерасид... Рамзия духтарашро гирифта ба хонаи хоҳараш меояд ва пас аз чанд рӯз ба онҳо муяссар мешавад, ки дар назди боз кадом табиби хайрхоҳе бо нархи хеле арзон, ҳамагӣ сесад сомонӣ духтаракро ҷарроҳӣ кунанд. Рамзия, агарчи зиндагӣ барояш хеле душвор аст, мегӯяд кор карда, духтарашро ба воя мерасонад. Гоҳо нигарон мешавад, ки сарнавишти минбаъдаи ӯву фарзандаш чи гуна хоҳад шуд. Аз надоштани манзили зист ғам мехӯрад. Вале боз ҳам ба худ омада, мегӯяд: Худо карим аст! Ӯе, ки моро ҳаст кардаву насиби зистан гардондааст, ҳатман ризқамонро ҳам медиҳаду барои сомон ёфтани зиндагиамон ҳам мададгор мешавад. Ноилаи АБДУФАТТОҲ, “ҶТ”
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Волидон беҳтарин омӯзгоранд
МЕҲРУБОН ИМОМОВА
Фарзанди одам аз лаҳзаи таваллуд то дами марг ба омӯзиш ниёз дорад. Дар омӯзиш ва дарки олами воқеӣ волидайн нақши муҳим мебозанд. Гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти омӯзгории волидайн аз лаҳзаи таваллуди фарзанд шуруъ мешавад. Аз хӯрдану нӯшидан сар карда то роҳ рафтану хобидан, хондану навиштан, сухан гуфтану ҳурмату эҳтиром ба ҷо оварданро волидайн меомӯзонанд ва ин марҳилаи омӯзиш дар давраи кӯдакӣ маҳдуд намемонад. Инсонҳое ҳастанд, ки синну солашон ба ҷое расидаасту ҳанӯз аз мактаби падару модар сабақ мегиранд. Аз ин нуқтаи назар гуфта метавонем, ки аввалин омӯзгори мо волидайнамон ба ҳисоб мераванд. Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем мебинем, ки аксари бузургон дарси ибтидоиро аз волидайн гирифта, падару модари худро устоди нахустин мешуморанд. Пас, маълум мешавад, ки онҳо волидайни бузург доштаанд, ки дарси ибтидоиро аз даргоҳи маърифати онҳо аз бар намуда, ба пояҳои баланди илму маърифат расидаанд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки волидайн ба ҳаёти иҷтимоии ҳар шахс таъсир расонда, беҳтарин омӯзгори мову шумо ба ҳисоб мераванд. Зеро онҳо хислатҳои фарзанди худро беҳтар аз ҳама медонад. Онҳо медонанд, ки фарзандашон чиро дӯст медораду чиро не. Волидон ҳамеша мехоҳанд, ки фарзандашон муваффақ бошад, дар зиндагӣ азоб накашад ва ҳамеша хушбахт бошад. Аз ин рӯ, волидон ҳар қадаре ки рӯзгордида бошанд, ба фарзанди худ ҳамон қадар бештар сабақ меомӯзанд. Таъсири сухан муҳимтарин унсури таълиму тарбия ба шумор меравад. Омӯзгороне, ки ин маҳоратро доранд, дар таълиму тарбия ҳамеша муваффақанд. Сухани падару модар ба фарзанд таъсирбахш аст. Мутаассифона, баъзе волидон бо сабабҳои гуногун таъсири сухани худро ба фарзанд аз даст додаанд. Чӣ хел мешавад, ки дигар сухани падару модар ба фарзанд асар намекунад? Аксари падару модар намунаи ибрати фарзанди худ мебошанд ва фарзанд низ кӯшиш мекунад, ки ба падар ё модари худ тақлид кунад. Аммо базе аз волидайн ҳангоми роҳ додан ба хато қадру қимат ва шаъну шарафи худро дар назди фарзандон паст мекунанд. Масалан, вақте ки падар ё модар ба фарзанди худ насиҳат карда мегӯяд, ки дашном надеҳ, сухани бад ба забон нагир, калонсолонро эҳтиром кун, ба калонсолон салом гӯй, аммо худ ин амалҳоро риоя намекунад, он гаҳ сухани ӯ, насиҳати ӯ куллан ба фарзанд таъсир намекунад. Яъне мебояд, ки аввалан худи волидайн ботарбия бошанд, то ки фарзандашон тарбия гирад. Набояд фаромӯш сохт, ки кӯдак ба ҳама чиз аҳамият медиҳад ва ҳамеша дар пайи дарки олами атроф кӯшиш ба харҷ медиҳад. Амалҳое, ки дар кӯча ё дар хона рух медиҳанд, ҳатман ба рӯҳияи кӯдак таъсир мерасонанд. Бо ин сабаб волидайн бояд кӯшиш кунанд, то дар назди кӯдак бо овози баланд баҳс накунанд, якдигарро танбеҳ накунанд, суханони қабеҳ нагӯянд, зеро ҳар як амале, ки аз ҷониби волидон анҷом дода мешавад, кӯдак онро ба хотир мегирад. Яке аз нуқтаҳои муҳиме, ки барои волидайн зарур аст, ба ваъда вафо кардан аст. Агар ба кӯдак ваъда диҳӣ, ки фалон корро анҷом деҳ, ба ту фалон чиз мехарам, ҳатман онро иҷро бояд кард. Дар акси ҳол волидайн эътимод ва боварии фарзандашро нисбат ба худ аз даст медиҳанд. Эътимод яке аз хислатҳои муҳим дар тарбияи фарзанд буда, бидуни он тарбия кардан номумкин аст. Агар фарзанд боварӣ ва ихлос ба волидайнро, ки барои ӯ наздиктарин ашхос ба шумор мераванд, гум кунад, пас дигар ба ҳеҷ кас бовар намекунад. Дар аксар маврид, ҳангоме ки кӯдак ба аҳли оилаи худ бовар намекунад ва сирри дили худро ба онҳо гуфта наметавонад, ба афроди берун аз оила рӯ меорад. Ин афрод метавонад ҳамсоя бошад ва метавонад одами бегонае бошад, ки дар атрофи худ одамонро ҷамъ оварда, ба қиссагӯию бозию машғулиятҳои ҳархела машғул шавад. Дар ин ҳолат ояндаи кӯдак ва тақдири тарбияи ӯ дар дасти афроди бегона мемонад. Аз ин рӯ, аввалин вазифае ки бояд волидайн ба анҷом расонанд, ба даст овардани эътимоди фарзанд мебошад. Волидон набояд фикр кунанд, ки фаҳмиши кӯдакон маҳдуд асту ақлашон ба ҳар гуна кор намегирад. Фарзанд ба ҳар гуна ҳодиса аз нуқтаи назари худ баҳо медиҳад ва бо фаҳмиши ночизи худ онро таҳлил мекунад. Мутаассифона, таҳлилҳои онҳо дар бисёр маврид худи онҳоро ба шубҳа меандозад ва онҳоро нороҳат мекунад. Саволҳои зиёде дар сари онҳо пайдо мешавад ва мехоҳанд ҳарчи зудтар ба ҳар яки онҳо ҷавоб пайдо намоянд. Пас онҳо маҷбур мешаванд, ки ба волидайн муроҷиат намоянд. Аммо дар ин ҳолат агар эътимод ба волидайн набошад, онҳо ҳеҷ вақт ба волидайн муроҷиат намекунанд. Дар аксари маврид кӯдаконе, ки сирри худро ба касе гуфтан намехоҳанд, ба ҳолати бади равонӣ гирифтор мешаванд ва ҳамеша аз ҷамъият дурӣ ҷуста, танҳоиро ихтиёр мекунанд.
Девонагӣ ҳам оламе дорад Сапеда надамида, паси дарвозаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ меистодем. Ин табобатгоҳ соли 1940 ташкил ёфта, калонтарин беморхонаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Сардухтури беморхона Хуршед Қунғуротов чун ҳарвақта аз шуъбаҳои дахлдори беморхона дидан мекард. Таваҷҷуҳи моро ду фаррошзани беморхона ҷалб карданд. Ҳар ду ҳам оромона саргарми кори худ буданду кас гумон намебурд, ки онҳо ақли заиф доранд. Баъдтар маълум гашт, ки ин ду зан, яке тоҷику дигаре рустабор чор фасли сол соати ҳафти субҳ бо масъулияти баланд ҷойҳои муайяни ба онҳо ишорашударо мерӯбанд, партовҳоро мебароранд ва охири ҳар моҳ маоши муқаррарии худро мегиранд. Дар муддати чанд соле, ки инҷоянд, ҳаргиз ба кор дер накардаанд ва ё ба кори худ хунукназарона рафтор нанамудаанд. Сардухтур моро ба дафтари кориаш даъват намуд. Таҷрибаи кор дар ин ҷода мадад расонд ва ё аз назари равонӣ ҳисси кунҷковии моро дарк кард, ки гуфт: - Қонуну қоидаҳои ҷорӣ иҷоза намедиҳанд, ки аз аҳволи беморон бевосита хабар гиред. Тамоми мушкилот, пурсишу хоҳиш ва ниёзи рӯзноманигории шуморо банда бароварда мекунам. Дар муддати чил сол бо онҳо чунон пайвандӣ ёфтаам, ки ногуфтанӣ. Агар хоҳед, тариқи камераҳои назоратӣ метавонед чанд лаҳза бо онҳо бошед. Рафтору кирдори онҳоро назора бурда, байти шоир ба ёдам расид: Зи ҳушёрони олам ҳар киро дидам, ғаме дорад, Дило, девона шав, девонагӣ ҳам оламе дорад. Аз суҳбати самимӣ ва ошкори сардухтур ҳувайдо гашт, ки беморони ин даргоҳ ҳама ба таъбири мо мардумони бедарду беранҷ «девона» нестанд. Дар байни ин «девонаҳо», ки аксари мо аз онҳо ҳазар дорем, фаррошон, ёрдамчиҳои ошпаз, устои корҳои барқӣ, олимон, сарояндаҳо, ҳатто таъмиргарони компютер ҳам буданду ҳастанд, ки мушкилоти бинои табобатгоҳро ҳамчун муаммои хонаи аслии хеш мепиндоранду пайи ҳаллу фаслаш мегарданд. Муҳимтар аз ҳама ташвише доранду коре ҳам. Андеша кардем, ки охир онҳо ҳам дунёи худро доранд, дар замирашон «ман»-и худро мепарваранд, аз мову шумо бо он фарқ мекунанд, ки бештар саргарми андешаҳои худ ҳастанд ва мисли мо дарду доғашонро ба чор сӯ ҷор намезананд. - Аввалҳо хешу пайвандони беморон аз ҳоли онҳо хабар мегирифтанд, саломатии бемор беҳтар шавад, ба хона мебурданд, аммо солҳои охир касе онҳоро аёдат намекунад, ба хона бурдан намехоҳад ва ба онҳо чун нафари сарборӣ муносибат менамоянд, - бо таассуф иброз дошт Х. Қунғуротов. - Аз 644 беморе, ки шумораашон каму зиёд мешавад, ҳамагӣ 10-15 нафарро хабар мегиранду бас. Вақте ки онҳо ба
муҳити табобатгоҳ одат мекунанд, аз ин ҷо бурдани онҳо мушкил аст. Ба гуфтаи сардухтур, то замоне ки модари бемор зинда аст, фарзандон, бародарону хоҳарон хабаргирӣ меоянд, вақте омадани онҳо тадриҷан кам мешавад, хабар меёбем, ки модари бечора вафот кардааст ва наомадани аёдаткунандагон низ аз ин ҷост. Аксари онҳо баҳонаеро пеш меоранд, ки гӯё бемори рӯҳӣ ба оилаашон зарар мерасонад ва осудагии рӯзгорашонро барҳам мезанад. Дар асл, на ҳамаи беморон зараррасону хатарноканд. Баъзеашон зарбаи рӯҳӣ гирифтаанду табобат шудаанд, асабашон хаста ва ё хотирашон парешон аст, ки дар ҳоли эҳёшавист. Мувофиқи маълумоти гирифтаи мо, занону мардони дараҷаи бемориашон пасттар ба ҳамдигар дил баставу хонадор ҳам мешудаанд. Ақди никоҳ мебанданду дар хонаи пиронсолони ноҳияи Рӯдакӣ зиндагиро идома медиҳанд. Аммо фарзанддор шудани онҳоро тиб маҳдуд кардааст. Дар замони шӯравӣ нафарони бемориҳои рӯҳидошта тибқи муқаррароти қонун ба корҳои истеҳсолӣ ҷалб мешуданд. Тӯр мебофтанд, либосҳои корӣ медӯхтанд ва ба корҳои хоҷагӣ низ ҷалб мешуданд. Имрӯз аз корҳои истеҳсолӣ тамоман дур шудаанд, зеро коргоҳҳои хурду бузург корношоям шудаву таъминоти беморон, ба ҷуз аз ёрамандиҳои чандин саховатпешагону савобҷӯён пурра дар зиммаи давлат аст. Бо вуҷуди ин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар 7 гектар замине, ки барои беморхона ҷудо шудааст, кишту кор мегузаронанд ва дар ҷараёни кор баъзе беморон, ки худашонро хуб ҳис мекунанд, ихтиёран ба кор фаро гирифта мешаванд. Бавижа, дорувории беморон гароннарханд, аз ин рӯ борҳо ба соҳибкорону мардони боҳиммат такя мекунанд. Хуршед Қунғуротов ҳамчун мутахассиси соҳа аз ҷониби Президенти кишвар ду маротиба бо медали «Шараф» дараҷаҳои 1, 2 сарфароз гардонда шудааст ва дар тамоми конфренсияву ҷаласаҳои байналмилалии соҳавӣ маҳз ӯ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Бино ба маълумоти ӯ, мардуми тоҷик на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳон солим буда, дорои иродаву матонати хосаи рӯҳиянд. - Мардуми мо дар тӯли таърих ба шикастҳои сахти рӯҳӣ гирифтор шуда бошад ҳам, рӯҳу равонашро ҳаргиз осебпазир накардааст. Махсусан, ҷанги шаҳрвандӣ метавонист ҳазорон нафарро аз ақл бегона кунад. Аммо боз ҳам иродаи худододи мардум ва сабру таҳаммул боис шуд, ки ин халқи дилшикаста худро аз нав эҳё намояд ва ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор гузорад. Ба гуфтаи масъулон, ҳоло ду мушкили ҳалшаванда аст: яке омода ва ба камол расондани мутахассисони рӯҳшинос, ки солҳои охир ба ин ихтисос таваҷҷуҳи ҷавонон костааст ва дуюм меҳру муҳаббати беғарази пайвандони бемор. Бузургмеҳри БАҲОДУР
Дар саросари кишвар равандҳои худшиносии динӣ вусъат ёфта, таваҷҷуҳи ниҳодҳо ва созмонҳои мухталифи дохилию хориҷӣ, шаҳрвандони алоҳида ва умуман ҷомеа ба масъалаҳои диниву эътиқодоти динӣ баръало рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аммо, густариши саросарии дини мубини ислом, робитаҳои хориҷии иҷтимоиву фарҳангӣ ва шиносоии бештари мардуми кишвар бо фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳои дигар барои ба фазои сиёсии кишварамон ворид шудани баъзе унсурҳои манфӣ ва барои ҷомеаи мо номатлуб мусоидат кард. Баъзе гурӯҳу созмонҳои дохилию хориҷӣ ва шаҳрвандони алоҳида ноогоҳии мардумро аз арзишҳои умумиинсонии ислом истифода карда, таблиғоти ифротиро ба роҳ монда ва экстремизму радикализми диниро талқин мекунанд. Ин гурӯҳҳо кӯшиш кардаанд ва мекунанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ғояҳои ба дину фарҳанги миллии мо бегонаи онҳоро, ки сирф сиёсӣ, дур аз арзишҳои исломӣ мебошанд, ҳамчун ҳақиқати том қабул намояд. Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ аз таъсири манфии чунин гурӯҳҳои ғайрианъанавии динӣ, ки поягузори хушунат ва моҷаро мебошанд, ба қабули Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» замина гузошт. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии мубориза бар зидди экстремизмро муайян карда, мақсади он аз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини ягонагӣ ва амнияти кишвар, ташаккули вазъи тоқатнопазирии мардум нисбат ба экстремизм иборат мебошад. Экстремизм имрӯз ба проблемаи умумибашарӣ табдил ёфта, инкишофи муътадили давлатҳо ва амнияти мардумро халалдор месозад. Мафҳуми «экстремизм» (калимаи лотинии «extremmus») дар адабиёти илмӣ ва фарҳангиву иттилоотӣ ба маънии ҷонибдор ё моил будан ба қоидаҳои тундравона ва пайравӣ ба амалҳои
экстремистӣ омадааст. Дар луғатҳои русӣ-тоҷикӣ бошад, мафҳуми «экстремизм» ҳамчун моҷароҷӯӣ ва «экстремист» ҳамчун моҷароҷӯ ифода гардидааст, ки воқеан ба фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва экстремистон мувофиқат мекунад. Дар ҷумҳурии мо ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини ягонагӣ ва амнияти кишвар ташкилотҳои ба монанди «Ал-қоида», «Туркистони шарқӣ», «Туркистон» (собиқ ҲИУ), «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари тайиба», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Таблиғ», «Созмони таблиғот», ва «Тоҷикистони озод» хатар эҷод мекунанд. Ин ҳизбу ҳаракатҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун бо қарори Суди Олӣ аз 30 марти соли 2006 ташкилотҳои экстремистӣтеррористӣ эътироф гардидаанд. Ҳамчунин, ба ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ташкилоти экстремистии «Ҳизби таҳрир» ва равияи динии ғайриқонунӣ эътирофшудаи «Салафия» хатарнок дониста шудаанд. «Ҳизб-ут-таҳрир-ал-исломӣ», ё дар тарҷума аз арабӣ «Ҳизби озодии ислом» ҳизби суннимазҳабӣ буда, соли 1952 дар шаҳри Қуддуси давлати Фаластин ташкил шудааст. Асосгузори ҳизб қозии шариатӣ Тақийюддини Набҳонӣ буда, онро то соли 1977 сарварӣ кардааст. Хусусияти экстремистӣ доштани ғояҳои ҳизб дар он зоҳир мегардад, ки он ягонагӣ ва соҳибихтиёрии давлатҳоро эътироф намекунад. Низоми исломиро низоми ягона ва олии давлатдорӣ дониста, демократияро низоми куфр меҳисобад. Роҳҳои қонунӣ ба сари ҳокимият омадан ва қонунҳои давлатро инкор менамояд. Бартарияти мусулмононро аз намояндагони дигар динҳо талқин карда, нисбат ба онҳо мавқеи душманона дорад. Аввалин пайравони равияи тундрави «Салафия» дар ҷумҳуриамон соли 2005 ошкоро ба фаъолият шуруъ намуданд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки пайдоиши равияи «Салафия» ба Муҳаммад Ибни Абдулваҳҳоб ва ҷараёни «Ваҳҳобия» алоқаманд аст. Салафиён хешро намояндагони асосии Қуръон ва суннат хонда, дар Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Яман, Туркия, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон бо номҳои мухталиф, ошкору пинҳонӣ амал менамоянд. Пайравони мазҳаби Имоми Аъзам афкори динии ҷонибдорони равияи «Салафия»-ро мақбул надониста, онро яке аз омилҳои ба миён омадани низоъҳо мешуморанд. Исбот шудааст, ки ҳадафи ниҳоии салафиён ҷудоиандозӣ дар байни мардуми масулмон мебошад. Таҳлили ҳолати содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи пайравон ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ нишон дод, ки мақсади асосии ин ҷиноятҳоро халалдор кардани амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат ташкил медиҳад. Барои содир намудани чунин ҷиноятҳо ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ то 20 сол муқаррар гардидааст. Аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ аксаран ҷиноятҳои барангехтани иғво ва кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати оммавӣ дар амалигардонии фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), ташкили иттиҳодияҳои экстремистӣ (ифротгароӣ), ки дар моддаҳои мухталифи Кодекси ҷиноятӣ маҳкум мешавад, содир намудаанд. Дар таҷрибаи тафтишот ҳолатҳои аз тарафи шаҳрвандон пазируф-
тани аъзогӣ ё пайравӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ бе дарки моҳияти ғояҳои онҳо ва баъдан изҳори пушаймонӣ кардан аз ин амалҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, зимни пурсишҳо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ муайян шуд, ки се нафар ашхоси бо ҷурми даст доштан дар фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкум шуда то ҳол худро аъзои ин ҳизби экстремистӣ намеҳисобанд, зеро бе дарки ҳадафҳои ҳизб ба он аъзо шудаанд. Дар ҳақиқат солҳои қабл мардуми кишвар дар бораи «Ҳизб-ут-таҳрир» ва равияи «Салафия» тасаввуроти амиқ надоштанд. Вале, воқеаҳои мудҳиши солҳои охир дар давлатҳои Сурияву Ироқ боиси таҳия ва чопи як қатор маводҳои илмиву оммавӣ гаштанд ва мардум дар бораи ҳадафҳои ин ташкилотҳои тамоюли экстремистидошта тасаввуроти кофӣ пайдо намуд. Тоҷикистон аз хатари экстремизм эмин набуда, эҳтимолияти бо истифода аз ҳар гуна шароити мусоид сар бардоштани гурӯҳҳои ифротӣ мавҷуд аст, ки зери ниқоби дини мубини ислом амал карда, метавонанд вазъи муътадили ҷамъиятӣ-сиёсии шаҳр ва дар маҷмуъ кишварро халалдор созанд. Аз ин рӯ, зоҳир намудани ҳушёрии сиёсӣ бо мақсади таъмин намудани амният қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Солхои охир масъалаи мубориза зидди терроризм дар сиёсати ҷаҳонӣ рӯзмарра гаштааст. Терроризмро ҳамчун таҳдиди рӯирост ва хатарнок ба давлатҳои муосир аксари сиёсатмадорон эътироф менамоянд. Аз таҳдиди терроризм ҳеҷ кас ва ҳеҷ давлат худро эмин дошта наметавонад. Аз ин хотир, ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро мебояд дар мубориза бар зидди терроризм якҷоя фаъолият намоянд. Муборизаи зидди терроризм бояд мушаххасан ва мақсаднок сурат бигирад ва манфиатҳои умумибашарӣ дар мадди аввал гузошта шаванд. Бояд сабабу шароитҳо ва заминаҳои мухталифи ташаккулу инкишофи ин зуҳуроти иртиҷоӣ ҳамаҷониба дарк карда шавад ва роҳу воситаҳои беҳтари мубориза дарёфт гардад. Барои бархе аз давлатҳо терроризм таҳдид ба амнияти давлат, вале барои кишварҳое терроризм воситаи асосии стратегияи байналхалқӣ ва олоти амалигардонии манфиатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир қувваҳои сиёсие, ки терроризмро ҳамчун методи амалӣ гаштани мақсадҳои худ истифода мебаранд, бояд муайяну ошкор намуд. Барои пешгирӣ ва бартараф намудани экстремизму терроризм усулу воситаҳои ошкору ниҳонро бояд оқилона истифода кард. Терроризм моҳиятан мақсадҳои зиддиинсонӣ дорад. Даҳшат афкандан ва тарсондан дар тӯли асрҳо ба сифати воситаи муборизаи сиёсии неруҳои гуногуни иртиҷоӣ вуҷуд доштанд. Терроризм бештар дар ҳолатҳои гузариши инкишофи ҷамъиятию сиёсии ҷомеа ва давлат рух медиҳад. Доираи кирдорҳои террористӣ васеъ гардида, роҳу воситаҳои амалигардонии онҳо низ нав шудааст. Даҳшати терроризм имрӯз ҷахони муосирро ба ларза оварда, амнияти инсониятро таҳти хатар гузоштааст. Қурбони амалҳои террористӣ имрӯзҳо занҳо, кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон мебошанд. Нерӯҳои ҳарбӣ ва захираҳои молиявии созмонҳои террористӣ, аз қабили “Давлати исломӣ” бо суръат афзоиш ёфта, онҳо имрӯзҳо имкони муқовимат намудан бо кишварҳои абарқудрат ва ҳатто паймонҳои ҳарбӣ – сиёсии онҳоро пайдо карда истода-
анд. Яке аз омилҳои пурқудратшавии ташкилотҳои террористӣ муттаҳидшавӣ ва азнавтақсимшавии созмонҳои террористӣ, ҳадаф интихоб кардани кишварҳои ҷангзадаи аз захираҳои табиӣ бой, истифодаи моҳирона аз тарзу усулҳои ҷангҳои иттилоотӣ, истифодаи моҳиронаи идеологияҳои динӣ ва албатта бозиҳои калони геополитикӣ маҳсуб меёбад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳо ва воситаҳои самараноки мубориза бар зидди терроризм аст. Ба таври доимӣ масъалаи мазкур дар СММ мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор мегирад. Комитети махсуси мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ аз соли 1972 фаъолият мекунад, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти кишварҳои гуногунро бар ӯҳда дорад. Мубориза бо терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба созмонҳои террористию экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо аз муҳимтарин вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки созмонҳои террористию экстеремистӣ дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолияти густурдаи ташвиқотӣ бурда, сокинони кишварро барои пайвастан ба сафҳои худ ва иштирок дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар шимоли Покистон, Афғонистон, Сурия ва Ироқ ташвиқ мекунанд. Бо ҳукми суд дар Тоҷикистон як қисмати муайяни аъзо ва иштирокчиёни ин созмону ҳаракатҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ин нафарон, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Ироқ ва Сурия иштирок доранд, муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки аз ҳудуди дигар давлатҳо ба доми фиреби кортаъминкунандагон афтида, ба ин кишварҳо рафтаанд. Ин ҷавонон, ки саводи кофии динӣ надошта, дур аз таъсир ва назорати падару модар, бо шунидани мавъизаҳои имом-хатибони ифротӣ дар масҷидҳо, муошират бо ҷавонони минтақаҳои ҷангзода ба доми онҳо меафтанд. Барои пешгирӣ аз ин раванди номатлуб имрӯз аҳли ҷомеаи кишвар ва тамоми мақомоти давлатӣ, имом-хатибон ва ташкилоту муассисаҳо, хусусан, волидонро зарур аст, ки дар якҷоягӣ амал кунанд. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии созмонҳои террористӣ ба мафкураи наврасону ҷавонон чунон зиёд гардидаанд, ки мо бе ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимию аҳли ҷомеа ва пешвоёни дину падару модарон ба пешгирии ин раванди номатлуб муваффақ гашта наметавонем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки талабот нисбат ба омӯзиши илм ва касбу ҳунар дар муассисаҳои таълимӣ ҷиддитар ба роҳ монда шавад. Масъулияти нозирони қитъавии ШВКД, сардорони минтақаҳою комендантҳои РХМК ва раисони маҳаллаҳо баланд бардошта шавад. Хусусан, талабот аз волидон нисбат ба тарбияи фарзандон дар асоси Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷиддитар ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин, аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адибон, кормандони бахшҳои зан ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва масъулони дину фарҳанг ташкил кардани гурӯҳҳои ташвиқотӣ ва вохӯрию суҳбатҳо бо аҳли ҷомеа имрӯз ба мақсад мувофиқ аст.
Хайём ҲАЗРАТЗОДА, cардори шуъбаи тафтишотии Прокуратураи шаҳри Ваҳдат, мушовири адлияи дараҷаи 3
7
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
Экстремизм поягузори бадбахтиҳост
Ҳуқуқ ба озодиҳои динӣ аз ҷумлаи арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи матаммаддин маҳсуб ёфта, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти сиёсӣ ва маънавии ҳар давлат ва дар маҷмуъ аҳли башар дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ муқаррар шудааст. Моддаи 18-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар кардааст, ки ҳар инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад. Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои динии инсонро таъмин ва ҳифз намуда, татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи озодии виҷдон кафолат медиҳад. Бо шарофати ин имрӯзҳо шаҳрвандони кишвар ниёзҳои эътиқодии хешро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ мегардонанд.
8
Гузориш аз тантанаҳои асосии ҷашни 25-умин солгарди
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
Тоҷикистон давлати ҷавон ва ҷавонон аст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
ГУЗАШТИ НИЗОМӢ – ОҒОЗИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ Тантанаҳои идонаи ҷашнӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт субҳи 8 сентябр бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Гарнизони Душанбе оғоз гардид. Ин чорабиниро Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорат кард. Баъд аз ташрифи Президенти ҷумҳурӣ ба майдони баргузории чорабинӣ фармондеҳи парад, сардори Гарнизони ҳарбии Душанбе, генерал - майор Латиф Файзиев ба вазири мудофиа, генерал - лейтенант Шералӣ Мирзо аз омодагии парад гузориш дод. Вазири мадофиа ҳайати шахсии ҷузъу томҳоро бо арзи салом ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба суи минбари ифтихорӣ раҳсипор гардид ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии қисму воҳидҳои низомии сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе, оид ба расми гузашти ҳарбӣ гузориш дод. Президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, оид ба комёбиву дастовардҳои беназири ҷумҳурӣ дар даврони соҳибихтиёрии мамлакат бо нутқи пурмӯҳтаво баромад намуд. Баъд аз шунидани Суруди миллӣ расми гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид, ки нахуст ба майдон тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ворид шуданд. Ба ҳамин тартиб бо қадамҳои мутантани сафӣ аз маркази майдони чорабинӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ, занону бонувони Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ, воҳидҳои таъиноти махсус, Вазорати адлия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоту агентиҳои махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҷузъу томҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ, баталёнҳои тобеи Ситоди генералӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамал ва ротаи кинологҳо бо сагҳо ва аспҳои хизматӣ, ки шумораи онҳоро беш аз 16 ҳазор нафар хизматчии ҳарбӣ ташкил медоданд, гузаштанд. Дар ҷараёни ин чорабинии муҳими сиёсӣ, инчунин аз ҷониби афсарону сарбозони ротаи Қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон платс-консерт ё ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуд. Илова бар ин аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбии муттаҳида, ки иборат аз 200 нафар буданд, маҷмуи созҳои нафасии ҳарбии бастакорони тоҷик, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оҳанг дароварда шудаанд, намоиш дода шуд.
РОҲПАЙМОӢ-МУАРРИФИИ ДАСТОВРДҲОИ СОҲАҲОИ ГУНОГУНИ МАМЛАКАТ Субҳи 9 сентябр бо иштироки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатӣ ширкат карданд. Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ Президенти ҷумҳурӣ бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати биступанҷумин солгарди Истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуд. Ба андешаи Роҳбари давлат, мардуми соҳибдавлати тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба хотири ободии диёр, ҳимояи марзу буми он ва раҳоӣ ёфтан аз мушкилот ҳамеша сарҷамъу муттаҳид шуда, Ватани худро соҳибӣ кардаанд ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшидаанд. Бисту панҷ сол муқаддам ҳамаи мо шоҳиди барқарор гардидани адолати таърихӣ дар тақдири халқи созандаи худ шудем, ки чӣ гуна мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири гузоштани пойдевори давлати навини соҳибистиқлолу демократӣ паҳлуи ҳамдигар истода, то ба имрӯз барои пешрафту ободии он содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ ДАР “КОХИ БОРБАД” 8 сентябр, ҳамчунин дар “Кохи Борбад” ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, фаъолону собиқадорони ҷумҳурӣ, ҷавонон, намояндагони сершумори кормандони касбу кори гуногун ва сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон иштирок карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик номида, аҳли толор ва мардуми кишвар, ҳамчунин кулли ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо солгарди 25-уми ин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат оид ба дастовардҳои тамоми соҳаҳо, шуруъ аз давраи баъди ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт, барқарорсозии шохаҳои фалаҷгаштаи ҳокимият, қабули Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчаму Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ, ислоҳоти соҳаҳо ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум, интихоби се самти асосию стратегӣ ва қабули барномаҳои давлатии стратегии рушд андешаронӣ намуд. Ноил шудан ба ҳамаи ин дастовардҳоро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҳишу талошҳои мардуми тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар мансуб донист. Таъкид гардид, ки Иҷлосияи 16уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки баъдан тақдирсоз унвон гирифт, аҳамияти таърихӣ
дошта, барои пойдории сулҳу субот ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат саҳми муносиб гузошт. Давра ба давра миллати тоҷик соҳиби Конститутсия ва парламенти касбӣ гардид ва дар асоси моддаву бобҳои бахтномаи миллат мардум роҳ ба сӯи фатҳу кушоишро пеш гирифт. Президенти мамлакат изҳор дошт, ки ба туфайли амалӣ гардидани стратегияву барномаҳои миллӣ дар 15 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамзамон, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат қариб се баробар коҳиш ёфта, аз 83 фоизи охири соли 2000ум то 31 фоиз дар соли 2015 паст карда шуд. Дар даврони Истиқлолият шумораи аҳолии мамлакат аз панҷуним миллион то 8 миллиону 700 ҳазор нафар, яъне 1,6 баробар афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт. Сарвари давлат таъкид дошт, ки давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар дар роҳи бунёди роҳу пулҳои мошингузар, роҳҳои оҳан, нақбҳо, неругоҳҳои хурду бузурги барқӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд ва қаламрави сепорчаи Тоҷикистон танҳо дар замони Истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил ёфт. Дар замони Истиқлолият беш аз 2000 километр роҳ, 240 пул ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии беш аз 11,4 миллиард сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
ТАНТАНАҲОИ ФАРҲАНГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ Тантанаҳои фарҳангӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бегоҳи 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид. Зимни суханронӣ Сарвари давлат иброз дошт, ки неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо Истиқлолият мебошад. Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақил дошта бошад. Баъд аз суханронии Президенти мамлакат барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид. Барномаи театрӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби бештар аз 12 ҳазор нафар манзури ҳозирин карда шуд. Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи театрӣ буд, ки хушу хотирмон сурат гирифт.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинонро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд. Бо дарназардошти ин, мо аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар намудем. Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд. Дар ин давра, инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат қабул гардид, ки татбиқи он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад. Имрӯз шумораи ҷавонони то 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳад. - Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳазорҳо иншооти наву замонавии варзишӣ, аз қабили варзишгоҳу толорҳои варзиш, ҳавзҳои шиноварӣ ва майдонҳои варзишӣ бунёд гардиданд, гуфт Пешвои миллат. - Дар натиҷа варзишгарони мо, ки аксари онҳо зодаи даврони истиқлол мебошанд, дар мусобиқоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил шуда, шарафи Тоҷикистони
соҳибистиқлолро дар ҷаҳон баланд бардоштанд. Дар бозиҳои олимпии ба наздикӣ дар Бразилия баргузоршуда Тоҷикистони мо дар байни 206 давлати дунё мақоми 54-умро ишғол кард ва варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дар байни 12 гурзандози номии ҷаҳон ғолиб шуда, дар баробари соҳиби медали тилло шуданаш ба қатори сад варзишгари беҳтарини сайёра шомил гардид. Мо дар роҳи ҳифзи Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати муосиру пешрафта нақши ҷавононро хеле муҳим медонем ва минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки вазъи иҷтимову иқтисодии наслҳои наврасу ҷавонро беҳтар гардонем ва барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити заруриро муҳайё созем. Дар баробари ин, зарур мешуморем, ки ҷавонон сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хешро дуруст аз худ намоянд, Ватан, миллат, истиқлолият ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, забон ва фарҳанги худро эҳтиром намоянд ва самимона дӯст доранд. Дар охир Сарвари давлат бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрику муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки бояд мардуми тоҷик Истиқлолияти давлатӣ ва давлати мустақили Тоҷикистонро неъмати бебаҳо шумурда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳамеша пос доранд. Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барномаи рангини консертии устодони санъати тоҷик, ки таҷассумгари дастовардҳои мардуми шарифи тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолӣ буд, хотима бахшид.
10
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
Истеъдод ҷон асту ҳунар тан
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
СОҲИБКАСБ
Дар ҷодаи шеър на ҳама муваффақу комёб мегарданд. Яке аз ҷавондухтароне, ки дар олами шеър қадамҳом шогирдона мегузорад, Дилором Чориева мебошад. Ӯ 23 феврали соли 1994 дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи С. Айнӣ аз бар карда, минбаъд таҳсилро дар литсейи давлатии ноҳия идома дода, онро соли 2012 бо медали тилло хатм кардааст. Худи ҳамон сол тибқи квотаи Президенти ҷумҳурӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, факултети тиббӣ дохил шуда, айни ҳол дар курси панҷум таҳсил менамояд. Дилором нисбат ба шеъру шоирӣ таваҷҷуҳи беандоза дошта, то имрӯз дар ҳама мавзуъҳо шеър гуфтааст. Истеъдоди шеър гуфтан дар ӯ аз овони хурдсолӣ пайдо гардида, бо тавсияи чандин устодон онро сайқал додаву имрӯз шеърҳое мегӯяд, ки ҳамнабзи замонанд. – Вақте ки дар синфи сеюм таҳсил менамудам, шеъргунаҳо менавиштам, аммо касе эътибор намедод. Бисёр вақт аз волидонам хоҳиш менамудам, то маро ба пеши шоире баранду маҳсули маро дида баҳо диҳад. Билохира, рӯзе ҳамроҳи ҳамсабақам дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҷустуҷӯи шоир баромадем. Ба мо гуфтанд, ки адиб Алимуҳаммад Муродӣ дар ноҳия аст. Устодро пайдо кардем. Гуфтам, ки чанд шеъре дорам ва мехоҳам, ки онро аз назар гузаронед. Устод гуфтанд, ки чор мисраъ хон, агар хуб бошад, ба шогирдӣ қабул менамоям. Шеъреро, ки дар васфи модар буд, бо ҳаяҷон қироат намудам. Пас аз шунидани он устод Алимуҳаммад Муродӣ гуфтанд, ки хуб аст ва ту алаккай шогирдӣ ман шудӣ. Он лаҳза худро боз ҳам қавитар эҳсос намудам, зеро раҳнамое дар ин роҳ пайдо намудам, то аз нозукиҳои ин ҷода бархурдор гардаму камбудии эҷодиёти худро ислоҳ намоям, - иброз дошт Дилором Чориева. Пас аз ин, ӯ ҳар рӯз шеърҳояшро ба назди устодаш мебурду маслиҳатҳо мегирифт. Баргашта бо шавқу завқ қалам ба даст мегирифту дар дарёи беинтиҳои илҳом шиноварӣ намуда, аз қаъри он дурдонаҳо ба даст оварда, рӯйи авроқи сафед пайи ҳам мечид. Гарчанде дар ҳамаи мавзӯъ шеър гуфта бошад ҳам, вале мавзӯи Ватан дар эҷодиёташ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Гуфтааст: Эй Ватан, бар осмони беғуборат ошиқам, Бар баҳори ҷонфизои нурборат ошиқам. Эй Ватан, бошад баҳорат файзбору бехазон, Бар баҳори файзбори мушкборат ошиқам. Мардуми бонангу орат, комгору сарфароз, Ростӣ, бар мардумони комгорат ошиқам. Ҳар канорат сабзу хуррам, чун гулистон дар баҳор, Сабзу хуррам гаштаам, бар ҳар канорат ошиқам. Сарфарозиҳои мо аз дасти ҳомии Ватан, Эй Ватан, бар ҳомиёни нангдорат ошиқам. Ҳам ба Хатлону Бадахшону ба Рашти дилкашат, Ҳам ба Суғду бар Ҳисори зарнисорат ошиқам Ӯ дӯстдори адабиёт ва шефтаи забону шеъри дарист. Дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва хориҷ аз он иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Дорандаи дипломи дараҷаи аввали озмуни байналмилалии шеъри беҳтарин дар васфи баҳри Арал (соли 2010) мебошад. Дар баробари таҳсил узви маҳфилҳои адабӣ буда, соли 2015 дар озмуни Ҷумҳуриявии “Килки сабз”, ки зери назари адибони шинохтаи кишвар – Аскар Ҳаким, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло гузашт, дар байни тамоми иштирокчиёни озмун, яъне навқаламони роҳи эҷод ғолиб гардида, соҳиби ҷоизаи адибони ҷавони киш-
вар гардидааст. Дилором дар овони мактабхониву донишҷӯӣ шеърҳо ва таронаҳояшро дар рӯзномаҳои “Зангӯла”, “Чашма”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Зафар”, “Муҳаббат”, “Ворисони Сино”, “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаҳои “Мактаб”, “Фирӯза”, “Садои Шарқ” нашр намудааст. - Беш аз даҳ сол аст, зери роҳбарии Алимуҳаммад Муродӣ дар олами эҷод қадам мениҳам. Дар воқеъ, роҳи дурусти шеър гуфтанро ба ман омӯзониданд. Бо нафаре дар ҷодаи шеър ҳамкорӣ намудам, ки мактаби худашро дорад. Дар баробари ин, бояд таъкид намоям, ки сабаби ба ин дараҷа расиданам падару модарам низ мебошанд. Зеро пайваста баҳри соҳибмаълумот гардидану комёб шудан дар ин ҷода кӯмак намуданд, - гуфт Дилором.
Ба назари Дилором, шоирони ҷавон бояд реалист бошанд. Чизеро ки ба чашм мебинем, ба гӯш мешунавем, ҳамонро бовар ва зиндагиамонро идома диҳем. Бас аст дигар афсонаҳоро домангир шудан. Яъне гуфтан, ки Синову ину он доштем. Нозидани ин ҳама афсонаҳо бас, зеро исбот кардани дурустии ана ҳамин афсонаҳо омадааст. Шоир ҳама шуда метавонад, аммо шоири асил касе шуда метавонад, ки диди нав дорад. Шоири ҷавон бояд чизе гӯяд, ки то имрӯз касе онро нагуфтааст. - Дар ҳар ҳунар дар мадди аввал истеъдод аст. Агар истеъдод бошад, кӯшиш намоед, ҳатман ба ҳунареву касбе соҳиб мегардед. Зеро истеъдод ҷон асту ҳунар тан. Бинобар ин, агар истеъдод набошад, тани мурда ба ҳеҷ кор намеояд. Шеър бояд аз қалб гуфта шавад. Вақте шеър аз қалб гуфта мешавад, ҳатман ба қалбе роҳ меёбад, - мегӯяд Дилором. Худро хушбахт меҳисобад, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби нахустини хешро бо номи “Соҳили хаёл” ба нашр расонда, ҳамчун армуғоне ба ин санаи муқаддас ҳадя намудааст. Ҳоло ки донишҷӯ аст, пайваста талош дорад, ки дар оянда ҳам дар ҷодаи тиб ва ҳам шеър муваффақ бошаду саҳми худро дар пешрафти ин соҳаҳо гузорад ва навоварие дар ин росто намояд. Дар интиҳои суҳбат афзуд: “Ҷавонӣ давраест, ки ҳамаи комёбиҳо маҳз аз ҳамин айём ибтидо мегирад. Вақте дар ин давраи хуби умр ҳар лаҳза вақти хешро босамар истифода мебаред, ҳатман ояндаи дурахшон шуморо интизор аст. Ҷавонон бояд ин лаҳзаи қимати умри хешро самаранок истифода намоянд. Зеро баъд аз гузашти солҳо дигар пушаймонӣ суде надорад. Имрӯз пайи он бояд кӯшид, то чизе ба даст оварду дар оянда аз он истифода кард. Чунки ҷавонӣ ибтидои комёбиҳост”.
Айёми бачагии мо Замоне, ки мо тифли навзод будем, фазои кӯчаки дохили гаҳвора барои мо ҷаҳони номаълуму пурасроре буд. Ба берун аз гаҳвора бо ҳавас ва як андоза ҳаросу изтироб менигаристем. Баъдан, ки роҳрав шуда, гаҳвораро падруд мегӯем, дохили хонаи падару модар аст бароямон ҷаҳони нав. Бо мурури замон, чун бузургтар мешавем, мебинем, ки берун аз хонаи мо ҳам макони паҳнотаре ҳаст, ҷаҳони васеътаре вуҷуд дорад. Дарвозаи ҳавлиамон ба кӯчаи ношинос, ки бо мурури замон барои мо азиз мегардад, ҳанӯз дигар кӯчаҳои маҳалҳои мо дурдаст ва наздиканд. Мо бузургтар мегардему далертар ва ба сайри тамоми деҳа мебароем, замоне мерасад, ки хиради мо онро ҳам аз худ менамояду боз ғизои бештаре металабад. Акнун деҳаву атрофи мо бароямон танг аст. Албатта, рӯзе фаро мерасад, ки ба он баландиҳо бо чашмони пурхайру мафтун менигарем ва ҳатман бармегардем ба он аввалин “фазо”... Шабҳо рӯз шуданд. Рӯзҳо ҳафта шуданд. Ҳафтаҳо моҳу моҳҳо ба сол табдил ёфтанд. Чи хӯш аст ёд овардани даврони кӯдакӣ барои ҳар инсон, ки дар ҳалқаи аҳли оила гузашта бошад. Ин ёдҳо моро лаҳзае ҳам бошад ба дунёи зебои кӯдакӣ боз мегардонанд. Фасли баҳор буд. Бӯи гулу гиёҳ ба машом расида, касро маст менамуд. Баҳор на танҳо муҳит, балки дилҳои сарди инсонро нарму гарм месохт. Хусусан мо, наврасон дар ин фасли сол наметавонистем дар паси партаҳои мактабӣ хомӯш нишинем. Агар фурсати муносибе пайдо намоем, зуд тарафи талу теппаҳо давида бойчечаку сияҳгӯш мечидем. Моҳи май фаро расиду ташвишҳои мо низ зиёд гаштанд. Зеро ба имтиҳонҳо тайёрӣ дидан даркор буд. Ниҳоят имтиҳонотро низ супоридему таътили тобистона фаро расид. Ҳеч гоҳ аз хотирам нахоҳад рафт, як рӯзи таътил гусфандонро ба чарогоҳ мебурдам. Ногоҳ дидам, ки як мард ва писараки ношиносе бо ҷӯраҳоям бо завқ бозӣ карда истодаанд. Ман ба наздашон омадам. Мард пеш омаду гуфт: - Ку, ин сӯ биё, шинос шавем! Ман акаи Маҳмуд ва ин писарам Шарафҷон, - гуфт ӯ ба писараш ишора карда. - Аз ин баъд мо ҳам ҳамроҳи шумо гусфандонамонро ба чарогоҳ меорем... Бо Шарафҷон ва падараш - акаи Маҳмуд шинос шудем. Дар чарогоҳ, ки аз хонаи акаи Маҳмуд он қадар дур набуд, бо шавқу завқ бозӣ мекардем. Ҳар бегоҳ падари Шарафҷонро дар он ҷо интизор будем. Бегоҳӣ аз кор ки меомад, кисаҳояш пур аз ширинӣ буд ва ба мо - бачаҳо тақсим мекард... Шарафҷон, ки нав ба деҳа омада буд, аспсавориро хуб наметонист. Мо ӯро дар давоми 3 рӯз аспсаворӣ омӯхтем. Хурсандию бозӣ, ҷӯрагии мо ҳамто надошт. Аз байн чанд соли кӯдакиямон мисли як мижа задан гузашт. Як рӯзи офтобӣ ҳаво софу беғубор буд. Якбора борон сар шуд, мо аз яку якбора пайдо шудани борон дар ҳавои бе абр ҳайрон шудем. Ҳамин вақт садои гиряву нола аз сӯи хонаи Шарафҷон баланд шуд. Давида рафтем, ки ҷасади акаи Маҳмуд руйи ҳавлӣ гузошта шуда, тамоми мардуми деҳа дар фиғону нола буданд! Мо, ки хурдсол будем, аз тарс чи кор карданамонро намедонистем. Ҳама марду зан гиря мекарданд. Баъди ин мо дигар бо Шарафҷон вонахӯрдем. Бо ҳамин гусфандчаронии мо тамом шуд. Акаи Маҳмуд бо хоксорию одамдӯстиаш дар дили мо ҳамчун инсони хубу ғамхор боқӣ монд... Ёдаш ба хайр. Беҳрӯз КАРИМЗОДА, “ҶТ”
ОЗМУН Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.
1 2 3 4 5 6 7 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4
Мудири бахш
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед 34 БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон 90 БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азимов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ
Ҷамъи овозҳо
Шаҳр, ноҳия
Овозҳо дар ҳафта
№
Данғара пешсаф аст
2 3
4 67
97 5
Истиқлолият Фархорро ба куллӣ дигар кард
11
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
Ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор 5 иншооти маъмурӣ, истеҳсолӣ, кору хизматрасонӣ, фарҳангиву фароғатӣ бунёду навсозӣ шуда, симои ноҳия ба куллӣ дигаргун шуд. Бино ба иттилои Камолзода Раҳматхӯҷа, муовини раиси ноҳия иҷрои корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо бо суръат идома дорад. Айни ҳол 95 дарсади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, қисми зиёди иншоот ба истифода дода шудааст. Фархор, ки як гӯшаи дурдасти мамлакат аст, аз файзу баракати Истиқлолият хеле зебо ба чашм мерасад. Дар ҳама гӯшаву канори ноҳия аллакай боғоти ба ҳосиломадаро дидан мумкин аст. Дар рӯзҳои ҷашн ду бинои зебои замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз ба истифода дода шуд. Яке аз инҳо бинои дуошёнаи суғурта ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,
дигарӣ бинои шуъбаи маорифи ноҳия иборат аз се ошёна мебошад. Тибқи фармони роҳбарияти ноҳия аз моҳи феврали соли равон роҳбарон вазифадор гаштанд, ки ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳни ҳавлии ҳама корхонаву муассисаҳои давлатии ноҳияро гулзор ва бо шиору овезаҳои мазмуни идонадошта оро диҳанд. Имрӯз ҳар идораву муассисаи ноҳия бо ороишоти идона аз дигар зеботар аст. Хуб дарк мекунед, ки мардуми ноҳия ба ҷашни 25-солагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаматарафа тайёрӣ дидаанд. Мо вазифадор ва масъ-
ул ҳастем, ки Истиқлолият ва ваҳдати миллату давлатро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Нагузорем, ки ба ин сарвати бебаҳо чашми ҳасуде каҷ нигоҳ кунад. - Ҳеҷ бовар надоштам, ки соҳаи маорифи ноҳия ба чунин як бинои зебои сеошёнаи замонавӣ соҳиб мешавад. Бе ягон муҳобо мегӯям, ки ин натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бе гуфтугӯ натиҷаи пирӯзии Истиқлолияти давлатиамон аст, - иброз дошт мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғазалшо Сафарзода. Раҳматулло КАРИМОВ, рӯзноманигор
Бо сарвари худ ифтихор дорем
1 1
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз мо аз зафарҳои халқу давлати Тоҷикистон, аз шукӯҳи Ватани ҷоноҷон, аз барору комёбиҳои сокинон, аз ваҳдату ҳамбастагӣ, осудагиву оромӣ бо муҳаббату самимият ва бо дилгармии хос сухан меронем. Ифтихор мекунем, ки ҳама сарҷамъ шудему ба бунёдкориву меҳнати созанда машғулем. 90
3
3 5 17 32 2 2 13
2 2 56 1 15
Бе гумон, роҳи расидан ба чунин комёбиҳои азим осону сода набуд. Кофист, ки воқеаҳои оғози Истиқлолият, яъне ҳодисаҳои солҳои 90-ро ба хотир орем. Он замон Тоҷикистон диёри парокандаву хусуматро мемонд, насли ҷавон гурӯҳи роҳгумзадаву бероҳбаре буд, ки аз ҷангандозиҳои сиёсатмадорони хоин ба танг омада буд. Дар чунин вазъият, ки хатари аз байн рафтани давлату миллат ба миён омада буд, касе ҷуръат намекард, ки роҳи наҷотро нишон диҳад. Худо ба миллати тоҷик раҳм кард ва аз вартаи нобудӣ берун. Ба миллати тоҷик шахсе роҳбар шуд, ки бо ҷасорату меҳрубонӣ, донишу оқилгуфторӣ ҳамто надошт. Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлату саробонии миллатро бо ҷасорату матонати хоса бар уҳда гирифт ва мардуми парешонро сарҷамъ кард, чун роҳбари оқилу доно Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонд. Имрӯз мо - ҷавонон ифтихор мекунем, ки дар атрофи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ҳастем, меболем ва фахр мекунем, ки Пешвои миллат ба проблемаҳои ҷавонон эътибору ғамхории хоса зоҳир мекунанд. Сарвари давлат барҳо бо
аҳли ҷавонони ҷумҳурӣ мулоқоти самимона доир намуда, бо пешниҳоди Президент Маҷлиси Олии кишвар 23-юми майро Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон кард. Барои ҷустуҷӯи истеъдодҳои ҷавон, ҳавасмандию дастгирии моддию маънавӣ ва барои корҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб кардани онҳо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 12 олими ҷавон барои комёбиҳои илм ва техника ба он сазовор мешаванд. Чанд сол пеш, бинобар низоъҳои дохилӣ теъдоди донишҷӯдухтарони минтақаҳои кӯҳистон хеле кам буд. Ин аз назари Пешвои миллат дур намонд. Бо ташаббусу дастгирии Президенти кишвар имрӯз ҷавондухтарони аълохони минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ, яъне тариқи квотаи Президент ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд, ҳамзамон бо хобгоҳ таъмин гашта, барои таҳсили онҳо тамоми шароитҳо муҳайёст. Иззатулло ФАЙЗУЛЛОЕВ, донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Эмоми Аъзам Абуҳанифа
12
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
ҲУНАРИ ҶАВОН
Духтари танбӯрӣ
ШОДИХОНИ НАЗАР
Миҷгона Иброҳимова ягона духтари танбӯрнавоз дар кишвар, шояд дар ҷаҳон аст - Ин дутор не, танбӯр аст. Пурратар назар афканед аз тарзи доштани ман пай мебаред, ки барои чӣ инро танбӯр мегӯянд. Бинед, ки ман инро бо ҳамин зайл дошта меистам, аз мобайни тани ман бурида гузаштааст. Номи ин асбоби мусиқӣ аз ҳамин ҷо пайдо шудааст, - мефаҳмонад духтараке дар иҳотаи ҷавонон нишаста. - Шумо дар баробари навохтани ин асбоб суруд замзама карда метавонед барои мо?, мепурсад ҷавони дигар. - Албатта. Фидои як нигоҳат ман, Бимирам пеши поят ман, Бимирам пеши поят ман, Ба рӯ ожангу чин бошад, Чу марг андар камин бошад.... гӯён духтарак барои ҷавонони атрофаш суруди модарро дар жанри шашмақом сароид. Дигарон аз овози ширину марғуладораш лаззат бурданд. Баъди дидани ин манзара ба худ гуфтам, ки шашмақом ҳарчанд шикаста бошад ҳам, нарехтааст. Моро ҳам ин овози ширину маҳорати баланд бетараф нагузошт. Наздиктар рафта, қатори дигарон он шомро бо шашмақом хушу гуворо гузаронида, баъди ба охир расидани маҳфили фароғатӣ бо духтари танбӯрӣ ҳамсуҳбат шудем. Миҷгона Иброҳимова хонандаи МТМУ №8-и шаҳри Конибодом аст. 16 сол дорад. Ягона духтаре мебошад, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ба навохтани танбӯр машғул аст. Миҷгона дастпарвари Мактаб-студияи бачагонаи шашмақоми шаҳри Конибодом буда, аввалин бор дар 8-солагӣ дар Фестивали ҷумҳуриявии “Донак” дар вилояти Суғд баромад кардааст. Ин ҳунарнамоияшро аввалин пирӯзӣ дар ҷодаи пешанамудааш меҳисобад. Ӯ дар ин фестивал шеъри “Бӯи ҷӯи мулиён”-ро замзама намуда, мақоми аввалро касб намуд. Миҷгона дар оилаи санъаткор ба воя расида, шашмақомсароиро аз падараш Фурқатҷон Иброҳимов ба мерос гирифтааст. Ӯ аз шашсолагӣ ба хондани сурудҳои шашмақом машғул буда, як сол мешавад, ки ба омӯзиши нозукиҳои танбӯр машғул аст. - Чӣ сабаб шуд, ки аз шашмақом ба танбӯрнавозӣ гузаштед? - Айни ҳол дар баробари танбурнавозӣ шашмақом ҳам мехонам. Сабаби асосии танбӯрнавозиам устод Абдувалӣ Абдурашидов шуданд. Соли 2015 Рӯзи шашмақомро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев ҷашн мегирифтем. Ман аз Конибодом як мизроби (нохун барои танбӯрнавозӣ) танбӯрро ҳамту аз рӯи ҳавас сохта бо худ овардам. Вақте нохуни дасти маро диданд, устод Абдувалӣ ба ман гуфтанд, ки хоҳиши танбӯрнавозӣ доред? Ман пешниҳоди устодро рад накардам. Баъди чорабинӣ аз хонаашон як танбӯри навро бароварда, ба ман пешниҳод
На он фарёдрасе, ки фарёд кард Пайдоиши созмону ташкилотҳои ифротгарову террористӣ бо шаклу намудҳои гуногун танҳо муқовимату муборизаро зидди башарият давом додан аст. Қувваҳои ифротӣ гоҳе давлатҳоеро, ки низоми исломӣ доранд, зери интиқод мегиранду гоҳи дигар раванди дунявии ҷомеаро ва дар ҳар ду ҳолат даъвои хилофат мекунанд. Аз ин қабил қувваҳо ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Раҳбари ҳизби ифротгарои наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ тамоми қоидаву қонунҳои ҷории давлату миллати тоҷикро, ки ба таври демокративу инсондӯстӣ ҷараён дорад, нодида мегирад ва муқобили он мубориза мебарад.
карданду дар наздам шарт гузоштанд, ки агар давоми як сол, то Рӯзи шашмақоми оянда танбӯрчӣ нашавед, онро мегирам. То ин вақт ман ягон асбоби мусиқиро ба даст гирифтагӣ набудам. Баъд аз ин ҳамроҳи устодам Шуҳратҷон Эргашов пайваста тамрин карда, нозукиҳои ин касбро аз худ кардам. Танбӯрнавозӣ бештар хоси мардон аст. Заҳмати бисёр талаб мекунад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистону Узбекистон, ки ин намуди асбоб бештар истифода мешавад, ба қавли устод Абдувалӣ Абдурашидов духтарони танбӯрнавоз нест. Ҳастанд духтарон дутор менавозанд, рубоб, чанг, доира, вале танбӯрнавоз нест. - Чӣ нозукӣ дорад ин асбоб, ки бештар хоси мардон аст? - Вақте якум бор фаҳмидам, ки ин асбобро духтарон кам менавозанд, аз устодон сабабашро пурсидам. Гуфтанд, ки ин асбоб қувваи зиёд талаб мекунад, барои ҳамин қуввати мардон ба ин мувофиқ аст. Духтарҳо дасташон нозук дар навохтани танбӯр азоб мекашанд. Барои ҳамин, ба хотири боварии устодон, ки нисбати ман доштанд, танбӯрнавозиро тарк накардам. Ҳарчанд бисёр азоб кашидам. Буданд ҳолатҳое ки мегиристам, қувватам намерасид. Айни ҳол зинаҳои мушкил пушти сар шуданд ва ман кӯшиш мекунам, ки сазовори боварии устодон бошам. - Диди ҷавононро ба шашмақом чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Имрӯз ҷавонони мо аз шашмақом дур шуда истодаанд. Зеро лаззати шашмақомро намедонанд, аз ширинии шашмақом бебаҳра мондаанд. Аксари онҳо эстрада гӯш мекунанд. Вақте ман шашмақом месарояму дар ҳар кашиш дод мезанам, баъзе ҷавонон дарк накарда механданд. Онҳо фикр мекунанд, ки танҳо дар реп ва эстрада ишқ асту халос. Онҳо фаҳмида наметавонанд, ки шашмақом саропо ишқ аст. Танҳо ба эстрада рӯ овардану
дур шудан аз фарҳанги мусиқии аҷдодон хуб нест. Беҳтар мешуд, ки сарояндаҳои ҷавон ба шашмақом зиёд рӯ оранд. Зеро дар тамоми ҷаҳон реп, эстрада ҳаст. Вале шашмақом хоси мардуми тоҷик аст ва моро зарур аст, ки ин санъати ниёгонро дар ҷаҳон муаррифӣ намоем. - Дар нақша ҳаст, ки аз шашмақом ба эстрада гузаред? - То ҳол ин фикрро накардаам. Ҳеҷ гоҳ шашмақомро тарк карданӣ нестам. Эстрада ҳам хонам аз шашмақом дур намешавам, зеро бе шашмақом худро тасаввур карда наметавонам. Аз вақте ки танбӯрнавозиро аз худ кардам, меҳрам ба шашмақом зиёдтар гардид. Зеро навохтану замзама кардан кайфияти дигар дорад. Дарди шашмақомро касе мефаҳмад, ки нолаи шашмақомро дарк карда метавонад. Ҳар нолаи шашмақом ба ман фараҳу оромиш мебахшад. Вақте ба як кор одат мекунед ва аз он кайфият мебаред, тарки он одат бисёр душвор аст. Шашмақом ҳам барои ман одате аст, ки тарки ин одат бароям душвор мебошад. - Дар шашмақомсароӣ ба кӣ пайравӣ мекунед? - Ҳарчанд падарам маро дар ин ҷода ҳидоят намуданд, баъд аз огаҳӣ пайдо кардан ба нозукиҳои ин касб ва ошно шудан ба ҳунари устодони гузашта, бисёр кӯшиш мекунам, ки монанди Барно Исҳоқова шашмақомсароӣ кунам. Тарзу услуб, кашишу нолаҳои ӯ бисёр ширин аст. - Ба ҷавонон чӣ гуфтанӣ доред? - Минадории худро ба Ҳукумати кишвар мерасонам, ки барои мо - ҷавонон ин қадар ғамхор аст. Шароит муҳайё намудаанд, то дар кадом ҷодае набошад, мо - ҷавонон ба мушкилӣ дучор нашавем. Баъдан ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастам, ки дар баробари эстрадаю реп шамақомро ҳам гӯш кунанд. Зеро ин моли худамон аст ва барои муаррифӣ ба ҷавонон эҳтиёҷ дорад.
Вобаста ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки ба давлат истинод оварда буд, ҳатто дар як вокуниш нисбат ба ин ҷашни бузурги миллӣ мардуми тоҷикро хостааст табрик намояд. Дар баробари ин, Кабирӣ худ миёни ҷаҳони дунявиву олами динӣ қарор дорад, ҳарчанд шариатро танҳо барои расидан ба манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мекунад. Вай баъзан аз шариат баргашта, даъвои дунявият низ мекунад ва гоҳи дигар аз дунявият баргашта, даъвои динии мухторият мекунад, ки «Ин ду омӯза — яке динӣ ва дигаре миллӣ, ба мо тоҷикон нишон медиҳад, ки роҳи расидан ба озодӣ ва истиқлолият дар марҳалаи аввал ниёз ба сабр ва умед дорад». М. Кабирӣ аз ҳама талаб мекунад, ки барои қурбонӣ шудан дар роҳи озодии миллат ва истиқлолияти воқеии кишвар омода бошанд. Ҳарчанд худи ӯ яке аз таҳдидҳо ба истиқлолияти миллӣ аст. Дар рафтор ва кирдори вай сухан гуфтан дар бораи Истиқлолияти милллӣ аз мантиқ дур менамояд. Зеро чӣ гуна, як ифротгарои ашадӣ дар бораи соҳибихтиёрии миллате ҳарф мезанад, ки замоне онро аз байн бурдан мехост. Пас, дар ин ҷо ошкор мегардад, гурӯҳу қувваҳое, ки дар он исломгароёни ашадӣ ва муллоҳои ифротгаро бо беномусӣ ба ноором кардани ҷамъият ва бадбахтии ҳар миллату давлат даст мезананд, аслан, аз низоми динӣ ва дунявӣ бехабар ҳастанд. Чунинҳо аз исломи ноб сӯистифода карда, номи ислом ва мусулмононро бад месозанд. Даъвати Кабирӣ танҳо барои аз байн бурдани сулҳу салоҳи ҷомеа ва қурбонӣ намудани фарзанди инсон аст, ки мегӯяд, «Бешак, ҳама гуна истиқлолият қурбонӣ мехоҳад ва бидуни қурбонӣ ҳеҷ инсоне, миллате ва кишваре ба истиқлолияти воқеӣ нарасидааст ва нахоҳад расид. Инсон барои расидан ба истиқлолияти фардӣ бояд ҳавову ҳавас, молу мулк ва беҳтаринҳои худро қурбон кунад». Дар ҳоле ки худи Кабирӣ дар ҳавои ҳавову ҳавас буд, молу мулк ҷамъоварӣ кард, чунки барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ талош надорад ва дар роҳи манфиатҳои хеш аст. Чунин роҳро барояш пешвоёни маънавии дохиливу хориҷӣ, ки дар навбати худ аз хориҷи кишвар супориш ва кирояпулӣ мегиранд, роҳандозӣ кардаанд. М. Кабирӣ дар хонаҳои боҳашамату муфарраҳ, серу пур зиндагӣ дораду як умр аз боби хизмат ба ислому шаҳодат дар роҳи ислом шиорпартоӣ мекунад. Садҳо нафар гирифтори доми тазвир ва фирефтаи гуфтаҳои ӯ гашта, ба хизмати вай камар бастанд ва дар навбати худ наврасону ҷавонони зиёдеро гумроҳ намуда, ба ин ҷода мекашад. Касе аз ин миён боре суол накардааст, ки агар рисолати мусулмонии Кабирӣ чунин аст, пас, чаро худро аз миёни қувваи фиребидааш канор мегираду, онҳоро ба балоҳо олуда месозад ва худ нақши тамошобинро мебозад. Бо нобакории чунинҳо ҳазорон мусулмон дар мамолики мусулмонии дуру наздик ва дигар кишварҳо ба қатл мерасанд ва қурбони ваъдаҳои дурӯғини Кабирӣ мегарданд.
Рустам РАҲИМОВ
Эҳтиёт! Миопия афзоиш дорад Беаҳамиятӣ ба он ба нобиноӣ мерасонад!
Рӯз аз рӯз ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии бемориҳои гуногун таҳдид мекунад. Бо вуҷуди он ки мутахассисони соҳаи тиб роҳҳои пешгирии аксарияти онҳоро пешниҳод карда истодаанд, вале наметавон гуфт, ки хатари онҳоро ба куллӣ бартараф мекунанд. ӯ “бемории миопияро асосан ҳангоми кӯдакро ба боғча ё ба мактаб бурдан муайян мекунанд. Зеро то ин вақт кӯдак аз паст будани биноишаш шикоят карда наметавонад. Чунки меъёрро намедонад. Бо ҳамин сабаб аз 4-7-солагӣ миопия муайян карда мешавад. Агар барои пешгирии он чора андешида нашавад, дар 15-20-солагӣ то ду маротиба меафзояд. Яъне дар давоми таҳсили кӯдак ва инкишофи вай миопия афзоиш меёбад”. Ӯ ҳамчун мутахассиси ин соҳа иброз медорад, ки яке аз сабабҳои асосии гирифтор шудан ба ин беморӣ рушди техологияи муосир ва зиёд бо онҳо сари кор гирифтан аст. “Вобаста шудани кӯдакон ва ҷавон ба технологияи муосир аз ҷумла смартфон, телефонҳои мобилӣ, компютер ва ба инҳо монанд, ба пайдошавии ин беморӣ оварда мерасонад”. Барои бартараф кардани ин беморӣ олимони соҳаи тиб роҳҳои гуногун пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон низ барои он чораҳои пешгирикунанда андешида шудааст. Шамсулло Маҳмудов роҳҳои пешгирӣ ва зуҳур накардани онро пеш аз ҳама дар риоя кардани чанд талаботи оддӣ медонад. “Беҳдошти хониш. Мактаббачагон ҳангоми хондан бояд тарзи дуруст нишастанро дар курсӣ донанд. Онҳо бояд дар синфи равшаниаш кофӣ (150300ЛК) дарс хонанд. Ҳамчунин ҳангоми хондан ё навиштан дар болои миз равшанӣ аз тарафи чапи хонанда бояд қарор гирифта бошад. Дар ҳолати рӯ ба боло китоб нахонанд. Ҳамчунин дар нақлиёти ҳаракаткардаистода. Дафтар ва китобҳое, ки мактаббачагон истифода мебаранд, бояд аз коғазҳои равшанифурубаранда тайёр шуда бошанд, то ки ҳангоми хондан ё навиштан равшаниро инъикос накунанд”. Иҷрои ин қоидаҳо метавонад, ки гирифтории аҳолӣ, алалхусус мактаббачагон ва ҷавононро аз миопия ба маротиб кам кунад. Шаҳодат ДАВЛАТОВА, донишҷӯи ДМТ
Шеваи зиндагиро дигар кунем
Ё фишори шараёнро ба ҳоли худаш нагузорем! Зери даст будани тонометр (фишорсанҷ) баъзан аз як қуттии пур аз дору дида муҳимтар аст. Атеросклероз, сактаи мағзу дил, халал ёфтани набзи дил ва кори гурдаҳо аз куҷо ибтидо мегиранд? Омор шаҳодат медиҳад, ки 70 дарсади онҳое, ки аз ин дардҳо пеш аз вақт дунёро падруд гуфтаанд, дар вақташ аз фишори баланди шараён ранҷу азоб кашидаанд. Маълум, ки фишор яку якбора «ба боло намеҷаҳад», онро ё нодида мегиранд ё чунон ки бисёр мушоҳида мешавад, ба он ҳеҷ аҳамият намедиҳад. То андозае ин як амри табиӣ низ мебошад: фишори шараён доиман дар як нукта намеистад, масалан, рӯзона ҳамеша нисбат ба шаб боло меравад. Стрессҳо, нооромиҳо, сарбориҳои ҷисмонӣ, як пиёла қаҳва, сигарет муваққатан фишорро боло мебаранд, вале ба саломатӣ чандон хавфу хатаре надоранд. Аммо бисёр муҳим аст, ки ин «боло рафтанҳо» доимӣ набошад. Инро ҳам ба назар гирифтан лозим аст, ки ба баланд шудани фишор омилҳои гуногуни носозу номусоид, мисли рӯзҳои тӯфонӣ, боду ҳаво, хастагии аз ҳад зиёд таъсири ногувор доранд. Дар ин гуна ҳолатҳо тағйири номаълуми фишори шараён, ки аслан одам ба он чандон эътибор намедиҳад, рагҳо ва дилро ба «бозӣ» медарорад. Аз бисёр фалокатҳо метавон наҷот ёфт, агар омилҳои номусоидро донӣ, пешгирӣ намоӣ ва чораву тадбир андешӣ. Саривақт истеъмоли доруҳо, зери даст нигоҳ доштани фишорсанҷ аз он ҷумлаанд. Барои он ки нишондоди фишорсанҷ дилпуру боварибахш бошад, донистани баъзе нозукиҳои санҷиши фишор зарур аст. Агар аз фишорбаландӣ ранҷ мекашед, санҷиши он бояд ба таври мунтазам сурат гирад. Фишорро мунтазам санҷида, шумо худро дилпуру хотирҷамъ ҳис мекунед. Фишорро ҳатман дар як вақту соати муайян санҷед, масалан, саҳар ва бегоҳ. Дар вақти санҷидани фишор дар курсӣ озоду бароҳат нишинед, баданро осуда гузоред, ба ифодаи дигар суст намоед, дастро ба рӯйи миз гузошта, сипас фишорро санҷед. Ба қадри имкон пешакӣ якчанд бор чуқур нафас гиред ва нафас бароред. Фишорро баъди ним соати нӯшидани қаҳва ва ё кашидани сигор месанҷанд. Як зумра донишмандону табибон андеша доранд, ки одам набояд аслан ба бемории фишорбаландӣ гирифтор шавад ва ё мабодо мубтало гардад ҳам, роҳи наҷот ҳаст, пас аз муддате истифода кардани доруҳо метавон тадриҷан аз онҳо даст кашид ва даст ба домани машқу кори ҷисмонӣ зад. Ба ирсият пайванд додани он низ чандон заминаи илмӣ надорад, фишорбаландӣ аз амалҳои нодурусти худи одам сар мезанад. Доктори илҳои тиб, профессор Ирина Чазова ба саволи «Ба назари шумо кадом омилҳо ба зиёд шудани шумораи гирифторони фишори хун сабаб мешаванд?», чунин посух мегӯяд: - Шеваи зиндагӣ - тарзи ҳаёти мо. Мо нодуруст ғизо мехӯрем, кам ҳаракат мекунем, бисёр асабӣ мешавем. Аз хонандагони муҳтарам хоҳиш доштем, ки ба ин се нукта - «мо нодуруст ғизо мехӯрем, кам ҳаракат мекунем, бисёр асабӣ мешавем» ҷиддан таваҷҷуҳ намоянд. Зери ин мафҳумҳо дунё-дунё маънӣ доранд. Масалан, барои он ки ғизои дурусту солим бихӯрем, пеш аз ҳама донистан лозим, ки худи ғизои солим чӣ маънӣ дорад, кадом ғизоро солим мегӯянд? Дар ин сурат танҳо маърифти тиббӣ ёрӣ мерасонад, ки ин мафҳумҳоро хуб дарк намоем ва амал кунем. Барои саломатии хуб доштан дониш ва саъю амал намудан даркор. Агар фарохтар нигарем, фишорбаландӣ решаҳои иҷтимоӣ низ дорад. Тасодуфӣ нест, ки фавт аз бемориҳои дилу рагҳо дар солҳои бӯҳронии 90-ум хеле афзуд. Мутаассифона, ғалаёни хун (гипертония) бемории зуком нест, барои он ваксинаи муайяне ихтироъ накардаанд, аз ин рӯ, хавфи ба он гирифтор шудан дар ҳар кас мавҷуд аст. Аммо, барои он ки лаҳзаи пайдо шудани бемориро ҳарчи дуртар андозем, маслиҳат он аст, ки ҳоли ҳозир шеваи зиндагиро таҷдиди назар созем. Ғизои солиму дуруст хӯрдан, ба ҳадди муайян кору машқи ҷисмонӣ кардан, худро аз стрессҳои пай дар пай, ки моро дар ҳар қадам таҳдид менамоянд, дар канор гирифтан, аз ҳар гуна корҳои хурду реза асабонӣ нашудан, баданро ба ҳолати табииаш гузоштан, дар ҳамоҳнагӣ бо табиат зистан ёрӣ мерасонанд, ки солҳои дароз тану ҷони бардам дошта бошем. Табиби мо пеш аз ҳама худамон ҳастем. Пас, чаро сари гуфтаҳои «Мо нодуруст ғизо мехӯрем, кам ҳаракат мекунем, бисёр асабӣ мешавем», ки, бешубҳа, натиҷаи омӯзишу тадқиқот ва мушоҳидаҳои солҳои зиёд аст, наандешем ва тафаккур накунем ва чаро ҳоли ҳозир шеваю тарзи ҳаётамонро дигар насозем?! Меҳринисо СОБИРОВА, мудири шуъбаи тибби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №4
Ҳар кас метавонад ҷавонии пӯстро нигоҳ дорад, ба шарте ки одатҳои неку хубро роҳнамои зиндагӣ созад ва аз одатҳои баду зарарарнок даст кашад. Омилҳои зер пӯстро тез пир мекунанд. Аз ҳад зиёд истеъмол кардани шириниҳо чандирӣ, ёзандагӣ, тарангӣ ва зебоии пӯстро аз байн мебаранд. Аз рӯйи баъзе маълумот то 40 дарсади нишонаҳои пирӣ маҳз ба бисёр истеъмол кардани шириниҳо марбут мебошад. Бисёр шириниҳо аз чашми мо ниҳон мебошанд. Масалан, фруктозаҳо, глюкозаҳо, сахарозаҳо низ ба навъи худ қанд ба шумор мераванд. Асал ҳам ба қатори шириниҳо медарояд, аммо фоидаи он бо қанду шакар муқоисанашаванда аст. Донишмандони баъзе кишварҳо шириниҳоро душмани ашадии ҷавонии пӯст мешуморанд. Онҳо барои исботи фикри хеш ҳолати пӯсти ду гурӯҳи одамон - онҳое, ки глюкозаи таркиби хунашон табиӣ/муътадил аст ва онҳое, ки сатҳи глюкоза дар хунашон баланд аст, санҷиданд. Маълум шуд, ки пӯсти одамони гурӯҳи дуюм бештар пир ва пурожанг метобад. Муҳаққиқон ба хулоса омаданд, ки қанд моддаи коллаген ва сафедаи эластинро хароб месохтааст. Тоҷикистон кишвари офтобист. Дар бораи таъсири нурҳои офтоб навиштаҳо бисёранд. Аксари муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки беҳтарин вақти офтобхӯрӣ то соати 11 ва баъд аз соати 14 мебошад. Зеро дар ин соатҳо таъсири нурҳои офтоб чандон сахт нест. Нурҳои ултрабунафш ҳам сохти ҳуҷайраҳои пӯшиши (мембранаи) пӯстро вайрон мекунанд. Ба ғайр аз ин, бисёр офтобхӯрӣ пӯстро хушк месозад, вақте ки пӯст хушк шуд, ожангҳо паси ҳам пайдо шудан мегиранд. Ҳоло дар ҳар қадам ғизоҳои саридастӣ - фастфудҳо мефурӯшанд. Дар таркиби онҳо равғанҳои зараровар бениҳоят фаровонанд. Ин равғанҳо ба тамоми аъзои бадани инсон таъсири ногувор доранд, аз ҷумла ба пӯст. Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки равғани таркиби ғизоҳои саридастӣ хавфи маҳкамшавӣ, суддабандии мӯйрагҳо/капиллярҳоро, ки пӯст аз онҳо ғизо мегирад, зиёд мекунанд. Албатта, чунин ҳолат ба пӯсти бадан бетаъсир намемонад, онро пеш аз вақт пир мегардонад. Дар бораи зарари тамоку бисёр мегӯянду менависанд. Мутаассифона, онҳое, ки тамоку мекашанд, бахусус ҷавонон оқибатҳои фалокатбори онро фаҳмидан, дарк намудан намехоҳанд. Зарари тамоку беҳудуд аст. Ин ҷо фақат аз як тадқиқоти донишмандон оид ба таъсири тамоку ба пӯст ёдовар мешавем. Муҳаққиқон дар байни дугоникҳо, ки як нафарашон тамоку мекашид ва дигарӣ чунин одат надошт, тадқиқот анҷом доданд. Маълум шуд, ки «ошиқон»-и тамоку ба ҳисоби миёна аз бародар ва ё хоҳаре, ки ба сигарет рағбат надорад, 5-7 сол калон менамоянд. Пажӯҳишгарон мегӯянд, ин ҳеҷ ҷойи ҳайрату тааҷҷуб надорад, зеро дуди тамоку пеши роҳи ба ҳуҷайраҳои рӯй ворид шудани оксигенро мегирад, инчунин ба ҳазмшавии яке аз оксидантҳои асосӣ – витамини “С” монеъ мешавад. Аз «баракат»-и тамоку дар бадан варам пайдо шуда, ожангҳои пеш аз вақт пайдогашта пӯстро пир нишон медиҳанд. Баракси андешаҳои боло неъматҳо, омилҳо, амалу корҳое ҳастанд, ки вуҷуди инсонро, аз ҷумла пӯстро ҷавон нигоҳ медоранд, ҳусну таровату малоҳат мебахшанд. Машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ, ба варзиш гардиши хунро дар тамоми ҳуҷайраҳои бадан, аз ҷумла дар ҳуҷайраҳои пӯст беҳ месозад ва ҷараёни мубодилаи моддаҳоро метезонад. Бар замми ин, вақте дар ҷараёни машқ арақ мерезад, ба воситаи он аз бадан заҳрҳо/токсинҳо, ки сабаби пиршавии пӯсти бадан мешаванд, хориҷ мегарданд. Машқҳои ҷисмонӣ, варзиш ба ҳолати саломатӣ, обутоби бадан вобастаанд, аз ин рӯ дар мавриди машғул шудан ба намудҳои вазнини варзиш ҳатман бо табибони оилавӣ маслиҳату машварат кардан зарур меояд. Аз ҳад зиёд саргарми варзиши вазнин шудан ҳам нашояд, зеро он ба сиҳатӣ бетаъсир нахоҳад буд, аз ҷумла метавонад боиси пайдо гаштани ожангҳои барвақтӣ шавад. Аҳамияти об ба ҳама маълум аст. Тамоми ҷараёни мубодила дар организм тавассути моеъот ба амал меояд. Аз ин рӯ, об барои нав шудани ҳуҷайраҳои пӯст бениҳоят зарур мебошад. Бар илова, нарасидани об дар бадан хушкии пӯшиши пӯстро ба вуҷуд меорад. Агар хоҳем, ки ҷавониро ҳифз намоем, зарур аст, ки ҳар рӯз на камтар аз 2 литр об нӯшем. Аммо об нӯшидан ҳам вақту соат, тартибу низом дорад. Пеш ва баъди истеъмоли ғизо, пас аз кори ҷисмонии сахт, пиёдагардӣ дарҳол об нӯшидан, бахусус агар об хунук бошад, зарари бисёр дорад. Барои он ки пӯст ҷавониашро нигоҳ дорад, ғизо бояд гуногун, аз витамину микроэлементҳо бой бошад. Элементҳои асосии ҷавонӣ витаминҳои гурӯҳҳои “В”, “А”, “С”, “Е”, оҳан, мис, селен ва руҳ мебошанд. Вояи (ратсион) шабонарӯзии одам бояд дорои он қадар калория бошад, то тавонад онро дар ин муддат сарф кунад. Риояи накардани тартибу низоми муайян дар ғизохӯрӣ, пурхӯрӣ, ба ҳам омехтани неъматҳои гуногун, ки мизоҷашон, таркибашон мухталиф аст, дер ё зуд ба бемориҳо гирифтор мекунанд, пӯстро пиру фартут менамоянд. Аз хоб сер нашудан ба паст шудани қобилияти пӯст меорад, пӯст наметавонад ба муқобили омилҳои номусоиди берунӣ мубориза барад. Бар замми ин, таҷдид/барқароршавии қабати нозуки рӯйи пӯст (эпидермис) маҳз дар хоб ба амал меояд. Ба олимон муяссар шудааст собит созанд, ки офтобзадагӣ дар онҳое, ки 8 соати пурра хоб мераванд, тезтар мегузарад, нисбат ба онҳое, ки аз камхобӣ ҳамеша ранҷу азоб мекашанд. Шод будан ҳунар аст, шод кардан ҳунарест волотар. Вақте ки инсон механдад, мушакҳои рӯй кашиш мехӯранд, раванди таҷдиди пӯст тез мешавад. Маълум аст, ки ҳеҷ кас бе сабабе ҳаргиз нахоҳад хандид, вале шумо метавонед аз фарзанди дилбанд, аз набераи ҷигарбанд, аз падару модар, аз азизону наздикон табассумро дареғ надоред. Исбот шудааст, ки табассум ба андозаи назаррас рӯйро чанд сол ҷавон месозад. Ин хусусан ба одамоне, ки синнашон аз 40 гузаштааст, басо муфиду судманд мебошад. Таҳмина ҲОМИДОВА, мудири шуъбаи ташхиси Маркази саломатии шаҳрии №4
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
СОЛИМИИ ҶАВОНОН
Пирӣ ва ҷавонии пӯст аз чист?
Миопия ва ё наздикбинӣ аз ҷумлаи бемориҳоест, ки чанд соли охир батадриҷ афзоиш ёфта истодааст. Инсон аз 80 то 85 фисади маълумотро тариқи қувваи босира қабул менамояд. Аммо нафароне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, аз ин қобилият маҳруманд. Зеро ин ашхос ҳангоми биниш биноияшон дар масофаи дур паст шуда, дар масофаи назик баланд мешавад. Шумораи зиёди гирифторони ин беморӣ дар Ҷопон, Чин, Эрон, Малайзия ва Сингапур зиндагӣ мекунанд. Тибқи маълумоти оморӣ 50 то 80 фисади аҳолии ин кишварҳо ба бемории миопия гирифторанд. Чанд соли охир ин раванд дар кишвари мо низ ба назар мерасад. Шумораи онҳоро тахмин ба 1820%-и аҳолӣ медонанд. Махсусан гирифторони ин беморӣ дар миёни ҷавонон зиёд шуда истодааст. Миопия дар тиб ҳамчун шакли беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо дар давраи шӯравӣ миопияро ҳамчун беморӣ меҳисобиданд ва шахсони гирифтори онро то 25-солагӣ назорат мекарданд. Олимони соҳаи тиб бар он ақидаанд, ки миопия беморӣ нест, аммо ин маънии онро надорад, ки шахсони гирифтори он бепарво гарданд. Онҳо бояд айнаки мувофиқашонро, ки аз ҷониби мутахассисон тавсия мешавад, доимо истифода баранд. Ҳамчунин, мунтазам зери назорати духтури чашм бошанд. Чунки дараҷаҳои баланди миопия ба каҷшавии чашмҳо, хурдшавии чашм, нобиноии мутлақ ва ғаӣра бурда мерасонад. Шамсулло Маҳмудов, мудири кафедраи офталмологияи ДДТТ ба номи А. Сино сабабаҳои аслии гирифторӣ ба миопияро дар се омил мебинад. Омили аввал ирсист, ки он дар давраи то мактабӣ мушоҳида мешавад. Дуюм, дар шароити номусоид китоб хондан ва риоя накардани беҳдошти хониш (хусусан китоб хондан дар масофаи наздик, дар равшании паст, рӯ ба боло, дар нақлиёти ҳаракаткардаистода ва ғайра). Охирон, сустшавӣ ё заифии аввалиндараҷаи аккомодатсия (мутобиқшавии чашмҳо). Ба гуфтаи
Ожангҳо аз куҷо пайдо мешаванд ва ба муқобили онҳо чӣ тавр мубориза метавон бурд?
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
Тоҷикистон, модари ҷон
НУРУЛЛОҲИ ОРИФ
Тоҷикистон
(Попурӣ, дар се вазн)
Тоҷикистон давлат аст, Тоҷикистон ваҳдат аст. Тоҷикистон мулки нур, Тоҷикистон савлат аст. Маъбади мо Тоҷикистон, Маснади мо Тоҷикистон. Тоҷикистон, бахту ҳам тахт, Тоҷикистон, модари ҷон. Бо ту меболам диёрам, эй диёр, Бо ту меболам, диёри номдор. Эй диёр, эй сарзамини бостон, Меҳри ту дар қалби ман дорад қарор. Ту саропо кони ганҷӣ, кони ганҷ, Дар канорат кас надорад дарду ранҷ. Ҳар кӣ ояд, бинадат бо чашми дил, Медиҳад умре баҳоят панҷ, панҷ. Нозанинӣ, нозанин, эй ҷон, Ватан, Ҷаннати пурфайзу пурэҳсон Ватан. Рӯз рафта бо ҳазорон ранг, ранг, Дар шукӯҳӣ, баҳри фарзандон Ватан. Пешвоят фарди оламдида аст, Гул зи гулзори ҳақиқат чида аст. Баҳри ҳифзат аз хатар, аз чашми бад, Ғунчавор аз мазраат сабзида аст.
Ватан, Ватан Мададрасони ҷон, Ватан, Ба қалби ман мадор бош. Манам дарахти сабзи шеър, Маро ту такядор бош. Ба пои ту ҳазор бор Ниҳам саре, ки аз ман аст, Ҳамеша мисли модарам Базебчеҳра Меҳан аст. Чи хуш, ки боз гаштаӣ Ба чашми дӯстон ҷавон. Макони сулҳу ваҳдатӣ, Ту, эй диёри гулфишон. Қаландарам, агар зи ту Ниҳам ба мулки ғайр по. Ман, эй Ватан, Ватан, даме Нагардам аз барат ҷудо.
Қарибиҳои нисфирӯзӣ наваскоронро аз ноҳияи дурдаст ба вилоят оварданд. Хешу наздикони онҳо аллакай дар комиссариати ҳарбӣ ҳозир буданд. Наваскарон саф оростанд. Баъди шиносоӣ ду соат ҷавоб доданд. Шамс, ки борхалта дар китфаш мехост дар ҳалқаи издиҳом ба назди бародараш равад, марде дар роҳ рӯ ба рӯ омад ва ӯро сахт дар оғӯш кашид: - Медонистам, ки ту ҳамқишлоқии манӣ? - гуфт мард ва вақти аз оғӯш раҳо кардан боз пурсид: - Аз Камар гаштӣ? - Бале! - ҷавоб дод Шамс. Ин лаҳза бародари Шамс Меҳрдод наздик шуд. Марди миёнақад, ки аҳён-аҳён захми покуи кунд дар рухсорааш нақш баста буд, панҷаи бародарашро бо ду даст сахт фишурд ва гуфт: - Насаби Додобоев фақат ба ҳамқишлоқиҳои ман - камардаштиҳо хос аст. Онҳо падарро эҳтиром мекунанд. Барои ҳамин дар он ҷо насаби Додоев, Додоҷонов, Додохонов ва Додобоев зиёд аст. Воқеан, ду-се сол пеш Додобоевро ман ба хизмат гусел намуда будам. Шумо бо ӯ амакбачча нестед? - Не, - ҷавоб дод Меҳрдод, - вай дар саргаҳи деҳа зиндагӣ мекунад, мо дар поён. - Ху-уб, ҷои хоб ҳаст? - савол кард мард. - Не. Барвақттар ҷавоб медоданд, ба меҳмонхона мерафтем. - Меҳмонхонаро фаромӯш кунед! – гуфт мард қиёфаашро ҷиддӣ нишон дода. - Агар мани камардаштӣ ду-се нафар ҳамқишлоқиҳоямро дар хона ҷо дода на-
Чехов ва Муҳаммадиев Назари ду нафар ба фардои ҷомеа Чаро Антон Павлович Чехов ва Фазлиддин Муҳаммадиев? Дар байни ин ду нависандаи бузург чӣ иртиботи маънавие вуҷуд дорад? Барои ҷавоб ёфтан ба ин савол бояд аввал ба бузургии Чехов назар кунем. Барои тақвияти андеша аз нависандаи бузурги англис Сомерсет Моэм кӯмак мепурсем. Дар “Ҳикоянависон” офаридаи ӯ Редярд Киплинги англис, Ги де Мопассани франсавӣ ва А.П. Чехови русро дар навиштани ҳикояҳои хурд дар ҷаҳон дар қатори аввал мегузорад. “Аммо,- мегӯяд ӯ, - дар Чехов ман рӯҳеро дарёфтам, ки аз бисёр ҷиҳат бароям наздик аст”. Дар поёнтар боз меорад: “Ман эҳсос кардам, ки танҳо дар Чехов калиди дарк кардани ин Русияи мармузро метавон ёфт”. Боз ба навиштаҳои худи Чехов рӯ меорем, ки ӯ барои нависанда чунин маслиҳат медиҳад: “Агар шумо барои имрӯз менависед, пас коратон ночиз хоҳад буд, танҳо бо назардошти фардо бояд заҳмат кашид”. Дар ҷои дигар ӯ боз меоварад: “Ман танҳо аз рӯи хотираам навишта метавонам ва ҳеҷ гоҳ мустақиман воқеапардозӣ накардаам. Барои ман лозим аст, ки хотираам сужаро ҳазм намояд ва дар он, чун дар полоиш, фақат чизе боқӣ монад, ки пурарзиш бошад ё ки типӣ”. Бояд ёдрас шуд, ки офаридани образи типӣ ва пешгӯӣ намудани фардои ҷомеа Фазлиддин Муҳаммадиевро ба Антон Чехов наздик кардааст. Ин ҷо мехоҳем ду ҳикоя - “Володия” “Володия большой и Володия маленький”-и А.П. Чехов ва “Рӯзи дафни усто Оқил”-и Ф. Муҳаммадиевро, ки таҷассумгари образи типӣ аст, мавриди таҳлил қарор диҳем. Софя Лвовна, ки қаҳрамони асосии ҳикояи “Володия” аст, дар байни се чиз – шавҳараш Володияи калонӣ, ки афсари солхӯрда аст, дӯстдоштааш Володияи хурдӣ, ки аз
адабиёти Ғарб рисолаи номзадӣ менависад ва бо духтархолааш Оля, ки роҳибаи калисо аст, калавиш дорад. Бояд гуфт, ки Антон Павлович Чехов дидаву дониста Софя Лвовнаро зани беидея, бемақсад ва заиф офаридааст. Ба муроҷиати ӯ ба Володияи хурдӣ таваҷҷӯҳ кунед. “Ман дар пеши чашмони шумо сабзидаам. Агар мехостед, мувофиқи табъи худ, аз ман ҳама чиз, хоҳ фаришта офариданатон мумкин буд. Аммо шумо бо ман муносибати дурушт мекунед. Ягич шавҳараш, ки аллакай солхурда буд, бо ман хонадор шуд, шумо бошед... Эй кош медонистед, ки чӣ қадар мехоҳам тағйир бихурам, ба зиндагии нав оғоз намоям. Инсони хуб, бовиҷдон ва покиза будан мехоҳам”. Софя Лвовна дар ин ҳикоя чун рамзи рӯҳи мардуми рус омадааст. Рӯҳе, ки як давра бар артиши рус такя менамуд. Имрӯз артиш якранг, дилбазан ва солхурда шавҳараш аст. Он тобишҳои дарунии Софяро наметавонад инъикос бикунад. Баъд ба Володияи хурдӣ рӯ меорад. Бо ин роҳ мехоҳад аз ғояҳои хориҷӣ кӯмак бигирад. Ӯ низ мисли Софя муносибати дурушт дорад. Баъд ба Оля, роҳибаи калисо рӯ меорад. Софя пай мебарад, ки Оля низ дар роҳи дин чандон шахси устувор нест. Пас, Софя, яъне рӯҳи мардуми рус ки идеяи амиқи миллӣ надорад, дар ҳама ҳолат бо калавиш рӯ ба рӯст. Дар чунин ҳолат ғояҳои бегона хоҳ нохоҳ дар тафаккури вай ворид мешаванд. Дар чунин вазъият аз сар задани Инқилоби Октябр ҷои гурез ҳам нест. Ҳикояи “Рӯзи дафни усто Оқил”-и Фазлиддин Муҳаммадиев низ паҳлуҳои иҷтимоӣ дорад. Дар баробари ин мафҳуми рамзӣ низ гирифтааст. Воқеа аслан дар рӯзи дафни усто Оқил сар мезанад. Рӯзи гӯру чӯб одамон кам меоянд. Абдурауф-амак аз ин дилтанг аст. Ӯ айби асосиро аз хасисии усто Оқил мебинад. Ӯ усто
Зиёфат тавонам, пас чӣ хел мардам? Ба хонаи ман меҳмон мешавед вассалом! Бо Дадабоев дар ҳамин ҷо вохӯрда будем. Вай меҳмони ман шуд. Ба хотираш буз куштам. Он давра зиндагӣ дигар буд. Ҳоло хеле тағйир ёфтааст. Ман ба ҷои бӯз шаш сар гӯсфанд парвариш мекунам. Ҳамин ки омадӣ, гӯсфанд мекушам. Медонам, вақти баргаштан боз ба хона меоӣ. Бо “Волга” туро ба деҳа мебарам. - Чӣ мешуд, ки ҳамроҳи мо як пиёла чой менӯшидед? - гуфт Меҳрдод. - Ман мудири анбори сабзавот ҳастам, бе ман ягон корашон пеш намеравад. Бояд дар ҷойи кор мешудам, аммо чӣ кунам, ҷигар ҷигар аст. Бояд ҷигарро ба армия гусел кунем. Ҳар се ба тарабхона расиданд. Дар қадаҳи аввал мард суханро ба зимма гирифт. Ӯ “маслиҳат” дод, ки хизматро нотарсида пушти сар намояд. Дар рӯзи аввал қадамашро устувор гузорад. Агар як мушт хурад натарсида ду мушт занад. Баъд туро эҳтиром мекунанд. Иштиҳои мард гӯё карнай буд. Хӯриш нисф шуд. Хӯроки аввал тамом гашт, навбат ба сихкабоб расид. Меҳрдод ба мард рӯй овард: - Дар деҳа шояд ягон хешу табор доштагистед?
- Ман дар сағирахона калон шудаам, - гуфт ӯ ва аз кисааш рӯймолчаи чиркинро бароварда гӯё ашки чашмонашро пок кард, баъди лаҳзае боз суханашро давом дод. - Тарбиятгарамон маро ҳамеша “бачаи камардаштӣ” гуфта муроҷиат мекард. Чанд бор хостам, ки ба деҳа равам, аммо ҳавсала пайдо нашуд. Акнун умр ба ҷое расидааст. Бештар сари “кӣ будану аз куҷо буданат” андеша мекунӣ. Ман ҳам мехоҳам бо ҳамдеҳагони худ робита дошта бошам. - Ӯ аз нав рӯмолчаро ба дидаҳояш бурд. - Ман як духтару ду писар дорам. Духтарамро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кардам. Ҳозир дар курси ду мехонад. Ду писарам мактабхон. Мехоҳам духтарамро бо шумо шинос кунам. Шояд ба якдигар маъқул меафтед. Баъд деҳа рафтани ман осон мешавад... Баъди холӣ шудани се шиша арақ ва ба анҷом расидани охирин ҳамели сихкабоб мард дар коғазчае суроғаро навишт ва гуфт: - Дар анбор маро интизоранд. Бояд як мошин картошка меомад. Ҳамин ки қабул кардам, зуд хона бармегардам. Ман дар хона шуморо интизор. Ӯ аз ҷой хест. Тугмаи пиҷакаш кушода ва куртаи ғиҷимаш намоён буд. Калавида-калавида аз дар берун шуд. Наваскарон аз нав муоинаи тиббӣ гу-
буд, аммо ягон шогирде тайёр накард. Агар ба ҳикоя бо назари зоҳирӣ нигоҳ кунем, дар ҷодаи ҳунар беҳад хасис будани ӯ дуруст меояд. Аммо мо қолабро мешиканем ва ба даруни ҳикоя ворид мешавем. Он лаҳза пай мебарем, ки усто Оқил чӣ қадар дилсӯзи миллат будааст. Ӯ намехоҳад ҳанарашро ба ҷуз писараш ба каси дигаре биомӯзонад. Ӯ баъди инкор кардани писараш ба андеша меафтад. Баъд бо хоҳиши ҳамсояаш Абдурауф-амак (кишвари ҳамсоя дониста шавад) писари ӯро ба шогирдӣ қабул мекунад. Нодир, шогирди усто Оқил бо хоҳиши устодаш бист тухми кӯчакро ба қишлоқи ҳамсоя бурда, бо понздаҳ тухми калон иваз мекунад. Аз ноуҳдабароии Нодир дар ҳавлии усто Оқил тухмҳо бар замин зада, мешикананд. Усто Оқил бо ин айби ночиз ӯро аз шогирдӣ дур мекунад. Агар дақиқ назар кунед, нависанда 15 тухми калон ва бист тухми кӯчакро дидаву дониста офаридааст. Яъне ин ишораест ба понздаҳ Ҷумҳурии Шӯравӣ ва бист кишвари мухтор. Аз ин навишта ва офаридаҳои дигар бармеояд, ки Фазлиддин Муҳаммаддиев ба пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ бовар доштааст. Ӯ сабаби парокандашавиро дар образи раиси тасмапеч мебинад. Раисе, ки майдони ҷангро надидаву худро иштирокчии ҷанг нишон медиҳад. Дар ҳикоя тасма ду мафҳум - якум иштирокчии ҷанг, дуюм золимии ӯро ифода мекунад. Яъне бо ин роҳ мардумро ба дом афкандаву дар ҳолати зарурӣ аз онҳо истифода мебурд. Ашхосе, ки бо роҳи чоплусӣ, лаганбардорӣ ва хушомадзанӣ бар сари қудрат омадаанд, ҷомеаро хоҳ нохоҳ ба торикӣ хоҳанд кашонид.
Ҳамроҳи АВЛИЁПУР
заштанд. Баъд то пагоҳ ҷавоб доданд. - Ту ба ҳамин мард бовар кардӣ? - пурсид Шамс аз бародараш. - Суроғаро аниқ навишт-ку? - Ба гумонам, ӯ моро фиреб мекунад, гуфт Шамс. - Вақти дар оғӯш кашидан бӯйи баде бар машомам расид. Гӯё ним сол боз баданаш обро надида бошад. - Хайр, аз карнайчӣ як пуф, меравем, агар набошад, дар меҳмонхона ҷо мегирем. - Ҳавлиро пайдо намуданд. Занги дарро заданд. Зани кушодачеҳрае дарро кушод. - Салом! - Салом! - ҷавоб дод зан бо нимтабассум. - Ҳавлии Беҳрӯзи Собир? - Кадом Беҳрӯзи Собир? - қиёфаи зан оҳанги ҷиддӣ гирифт. - Ҳамоне ки суроғаашро бар мо дод, гуфт Меҳрдод, ки коғазча дар дасташ буд. Зан аз дасти Меҳрдод коғазчаро гирифту дуру дароз ба он нигоҳ кард ва гуфт: - Шояд ба шумо духтарашро низ шинос кунонидан хост? - Шумо аз куҷо медонед? - Аз ҳусни хаташ шинохтам, – гуфт зан коғазчаро такон дода ва илова кард: - Як ҳафта пеш ду ҷавон бо чунин суроға омада буданд. - Ҷавонҳо аз Камардашт буданд? – пурсид Меҳрдод. - Не, аз Паҳндара. - Мард Беҳрӯзи Собир ном дошт? - Не ... Олими Фарҳод! Ҳамроҳи АВЛИЁПУР
15
Хурофотпарастї
«Њадаф»и ќошуќ
Тањорат бо хок
Кўњи афсонавї, љои љину парињо
Транспорт
... бувад, њар Њарфи арабї кї доно бувад
Гуногун, њархела
Зодгоњи Борбад Дењаи лижаронони Тољикистон
Љойи исти автобус
Пиндор, хаёл
Падари арўс нисбати модари домод
Пайваст
Сўзандору (русї)
Маъшуќаи Саид («Ман ба духтаре вохўрдам»)
Сурат, тасвир
Моњи толеънома
Квартети эстрадии шведї
САНҶИШИ ДОНИШ
…и Ѓафурзод, овозхон
Номаи камоли мактаб
Њамкасб
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
Мева
Наќлиёти ду ё сечарха
Фурудгоњи Париж
Робиндранат…, адиби Њинд
Маркази вилоят дар Русия
Адади номаълум
Љазираи Русия дар уќ. Ором
Бритни ..., овозхони амрикої
Мил барои кабобпазї
Сўњбат
Љонибдорї
… Шокирова, овозхон Мўйхушккунак
Ноњия дар вилояти Суѓд
Расм, одат «Кўлоб будам, маро ба … овардї» (суруд)
Зоти саг
Гавњар
Ќисми болоии пой
Дилбар …, актрисаи тољик
... Ши Мин
Калонї, бузургї
Латифагўї, аскиягўй
Наќб дар ЉТ Маликаи рус
Иёлат дар ИМА
Ѓулом, бандї
Фаъолият
Кўњи муќаддас дар Арабистон
Асоси ахлоќ
Гази асил
Механизми одаммонанд
... и Шодиев, овозхон
Нуќси истењсолї (русї)
Тўр, ќапќон
Зарф барои хўроки чорво
Номуборак, нањс
... и Сомон
Љўрабек ..., њофиз ва оњангсози тољик Аввали номњои Рўдакї ва Сино
Кайфу сафо
…тут, навъи тут Унвони олии илмї
Холї, мањрум
Сахї, босаховат
Хурсанд, хушнуд
Таскиндињанда
Воњиди вазн баробар ба 16 кг
Тамѓаи сигори булѓорї
Падар (лањља)
Боксчидухтари тољик … Чориева
Сиёњии даруни чашм
Сканворд
... и Нурзод, овозхон
Ранг барои мижа
Давлат дар Осиё
16
СЕҲРИ ХОМА
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ
Имтиҳони мушкил
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №37 (9463), 15.09.2016
Модари ҷавон, ихтисосаш – ҳамшираи шафқат, гоҳ-гоҳ писарашро (4-5-сола) бо худ ба бемористон мебурд. Ин ҷо тартиботи дохилиро риоя кардан зарур. Ба ӯ халат ва кулоҳи сафед мепӯшонд. Кӯдак одат карда буд, тартиботро риоя намуда, ҳамчунин, аз куҷое бахилу дастпӯши тиббӣ ёфта пӯшиду ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ даромад. Ба саволи ҷиддии “инаш боз чист?” бо виқор чунин ҷавоб гуфт: - Ман – микрохирург!
Сарбози амрикоӣ баъд аз ҷанг дар Ветнам ба иёлати Сан Франсиско омада, ба падару модараш телефон мекунад. - Падар ва модари азиз, ман акнун ба хона бармегардам. Вале мехоҳам, ки як ҳамхизматамро бо худ биёрам. - Бо ҷону дил, писарам, биёр ӯро. Мо интизор... - мегӯянд волидон. - Вале як масъала ҳаст, - мегӯяд сарбоз. - Рафиқи ҳамхизматам аз таркиши мина ҷароҳат бардошта, аз як дасту як пояш маҳрум аст. Ӯ ҳеҷ кас надорад. Ман мехоҳам, ки ӯ дар хонаи мо зиндагӣ кунад. - Барои рафиқат бисёр зиқ шудам, писарам, - мегӯяд падар ва меафзояд: - Шояд барояш кӯмак расонда тавонам, то дар ягон ҷои дагар сарпаноҳ ёбад. - Не, падар, мехоҳам, ки ӯ бо мо зиндагӣ кунад. - Ҷони падар, ту ҳоло намедонӣ, ки рафиқат аз мо чӣ мехоҳад. Ӯ барин як нафари маъзур ва маъюб барои мо бори гарон мешавад. Мо ҳаёти худро дорем ва наметавонем иҷозат диҳем, ки чунин як ҳолате ба равиши ҳаёти мо монеъ шавад. Ман маслиҳат медодам, ки ту рафиқатро фаромӯш куну зуд ба хона баргард. Бо шунидани суханҳои падар сарбози ҷавон гӯширо мегузорад. Волидонаш муддате аз вай хату хабар намеёбанд. Чанд рӯзи баъд аз идораи пулиси Сан Франсиско ба хонаи волидони сарбоз телефон мекунанд. Навбатдори милиса ба онҳо мегӯяд, ки фарзандашон аз бинои баланд афтида ҳалок шудааст. Волидони ғамзада дарҳол ба вилояти Сан Франсиско парвоз мекунанд. Барои аниқ кардан, ки оё дар ҳақиқат фавтида фарзанди онҳост ё не, пулис ҳар дуро ба мурдахонаи шаҳр мебарад. Ҷасади писарашон рӯи мизи дарозе гузошта шуда, рӯяш бо матои сафед пӯшида аст. Баробари кушодани рӯи ӯ волидон домани гиряро сар медиҳанд. Зор-зор гиря мекунанд. Охир, фарзанди ҷигарбандашон, ки боэҳтиёт ва тарсону ларзон ба воя расонида буданд, наздашон беҷон мехобид. “Бале... ӯ фарзанди мост...” - тасдиқ мекунад падар. Вале пас аз чанде ҳолати дигареро мушоҳида мекунанд. Онеро, ки пеш аз ин дар фарзандашон надида буданд: Сарбоз як дасту як пой надошт.
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
МЕҲРОБ АЗИМОВ
***
Устои пианино дар ҳуҷраи истироҳатии беморхонаи рӯҳӣ ба таъмир оғоз кард. Ба ҳуҷра марде даромада, телевизорро даргиронд. Садои телевизор ба кори устои пианино халал мерасонд. Ӯ хост, ки баҳс накунад ва рафта телевизорро хомӯш кард. Мард бо ҳайрат ба усто нигариста, аз нав телевизорро даргиронд. Ин ҳолат чанд маротиба такрор шуд. Усто тоқат накард: - Гӯш кун, ман бояд пианиноро таъмир кунам ва барои ин ба ман хомушӣ лозим. Мард хуб хандиду гуфт: - Ман устои телевизорам. Омадам, ки телевизорро соз кунам. Фикр кардам ту бемори рӯҳиию ҳамту тугмаҳои пианиноро зер карда истодаӣ.
Таҳияи Башир УСМОН, “ҶТ”
***
Оилаи ҷавон хона мехаранд. Таъмир кардан даркор. Зан ба шавҳараш мегӯяд: - Рафта ҳамсояи ошёнаи поёнро пурс, канӣ, барои таъмири хонааш чанд лӯла зардеворӣ истифода кардааст. Мард рафта пурсид. Гуфтанд: - 20 лӯла. - 20 лӯла хариданд. Часпонданд. 6 лӯлааш монд. Мард бо қаҳр ба хонаи ҳамсоя рафт: - Ҳақиқатро гуфтан ҳамин қадар мушкил буд? 6 лӯлааш монд! - Аз мо ҳам 6 лӯлааш мондааст.
ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд. Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ. 3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фиристанд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд. Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Аттестати гумшудаи силсилаи ШМА №0032345, ки МТМУ №90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соли 2004 ба Саидова Ирода Каримовна додааст, эътибор надорад.
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _____ _______________________________________________________
Шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Сайдуллоева Ҷамиля Ибодуллоевна (РЯМ 0430168659), ки Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 23.04.2014 додааст, эътибор надорад.
Барои чӣ беҳтарин аст?___________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Соҳибкори инфиродӣ Сайдуллоева Ҷамиля Ибодуллоевна (РЯМ 0430168659), ки аз 23.04.2014 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Ному насаби пуркунанда _________________________________
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
ЭЪЛОН
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6459 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»