Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
№37 (9411), 17 сентябри соли 2015
E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU
WWW.JAVONON.TJ
АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД
МАВЗӮИ РӮЗ
«Аз доми фиреб канор рафтем!»
ҲАФТ РӮЗ 10.09.2015 Китоби нави Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фурқати Саид бо номи «Мутриби ишқ» аз чоп баромад. Китоб ба истиқболи 3000-солагии Ҳисор таҳия гардида, 32 суруду оҳанги ин ҳунарманди маъруфро фаро гирифтааст. 11.09.2015 Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, барои пасандозҳо бо пули миллӣ 0,5 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,0 банди фоизӣ паст намуд. 12.09.2015 Бар асари сарозер шудани крани сохтмонӣ дар дохили Масҷид-ал-Ҳароми шаҳри Макка 107 зоир ҳалок ва 238 тани дигар захмӣ шудаанд. Миёни онҳо тоҷикон нестанд. 13.09.2015 Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард, ки мардуми кишвар чун дигар мусулмонони ҷаҳон иди Қурбонро 24 сентябри соли 2015 таҷлил менамоянд.
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории№37 Тоҷикистон Индекси обуна 68857. «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», (9411), 17“Амонатбонк”. СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
14.09.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Белорус, Арманистон, Қирғизистон ва Русия, ки барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ба Тоҷикистон омаданд, мулоқот кард. 15.09.2015 Қабл аз баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар саҳни “Қасри миллат” аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти номи “СААД - сипари боэътимод дар роҳи интиқоли маводи мухаддир” намоиши аксҳо баргузор шуд. 16.09.2015 Дар майдончаи назди китобхонаи ВМКБ ба номи А. Рӯдакӣ бо ширкати сокинон ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ бо мақсади истиқбол аз гурӯҳи «Корвони китоб» маҳфили бошукӯҳ баргузор шуд. Дар ин сафар ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо ба китобхонаҳои вилоят тақдим гардид.
1
ҲАМОИШ
ҲАМКОРӢ
Роҳбарии СААД ба Арманистон супурда шуд 15 сентябр дар Қасри Миллат ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Қазоқистон – шарики стратегӣ Барои иштирок дар ҳамоиш ба Тоҷикистон роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон - Арманистон - Серж Саргсян, Белорус Александр Лукашенко, Федератсияи Русия - Владимир Путин, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон - Алмазбек Атамбоев ва сарвари кишвари мизбон - Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд. Зимни ҳамоиш дар баробари баррасӣ шудани масоили мубрами вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави масъулияти СААД ҷараён ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон мавриди муҳокима қарор гирифт. Тавре зикр гардид, раёсати Тоҷикистон дар СААД бо муваффақият ва босамар ҷараён дорад. Аз ҷумла, ба ҳамоишҳои роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СААД ва машқҳои низомию махсус, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бо иштироки воҳидҳои низомӣ ва нерӯҳои ниҳодҳои дигар аз ин давлатҳо ҷараён гирифтанд, баҳои баланд дода шуд. Зикр гардид, ки машқҳои муштараки низомию махсуси кишварҳои аъзои СААД дар Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ ва фаврияти вокунишҳои зарурии ниҳодҳои дахлдори ин давлатҳоро нишон дод. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон ҷаласаҳои шӯроҳои вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, Кумитаи котибони шӯроҳои амният, кумитаи ҳарбӣ, роҳбарони ниҳодҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар сохторҳо, ҳамчунин, машқҳои муштараки низомию махсус баргузор шуд. Беш аз ҳама ба санҷиши ногаҳонии омодагии доимии ҷузъу томҳои нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои СААД, ки бо интиқол додани онҳо ба ҳудуди Тоҷикистон ва роҳандозии машқҳои низомӣ ҷараён дошт, баҳои баланд дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шиддат гирифтани авзои сиёсию иҷтимоӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани имконоти глобализатсия аз ҷониби нерӯҳои террористию ифротгаро изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: “Чунин вазъият аз мо амалҳои ҳамоҳангшудаи таъ-
2
14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
хирнопазирро талаб мекунад, то ҳаёти осудаю осоиштаи кишварҳо ва мардумонамонро таъмин намоем”. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки шарикони мо аз кишварҳои СААД барои тақвият додани имконоти ҳарбию сарҳадбонии Тоҷикистон чун кишвари ҳаммарз бо Афғонистон бояд талошҳои ҳамоҳангшудаи дуҷонибаю бисёрҷониба дошта бошанд. Дар идомаи суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзои СААД ва густариши робитаҳо миёни корхонаҳои саноати ҳарбии ин давлатҳо аст”. Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин тавсиаи робитаҳои СААД ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)ро амри зарурӣ номид. Дар ниҳояти сухан Эмомалӣ Раҳмон бар зарурати таҳкими минбаъда ва пайвастаи имконоти мақомоти кории СААД таъкид намуд. Ба раёсати муваффақ ва комёби Тоҷикистон дар СААД аз ҷониби сарони ҳамаи давлатҳо ва дигар маърузагарон баҳои баланд дода шуд. Сарони давлатҳо аз нақши муҳими Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, чун
кишваре, ки дар хатти пеши мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии хатарҳои терроризму ифротгароӣ қарор дорад, ёдовар шуда, омодагии худро барои кӯмак расондан ба он таъкид доштанд. Дар охири ҷаласаи ҳайатҳои васеъ як зумра санадҳои муҳим ба имзо расид, ки ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СААД мусоидат хоҳанд кард. Дар суҳбати сегона миёни Эмомалӣ Раҳмон, Серж Саргсян ва дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ Николай Бордюжа Тоҷикистон расман раҳбарии СПАД-ро ба Арманистон супурд. Саргсян гуфт, дар давраи раҳбарии кишвараш дар СПАД Арманистон ният дорад, муборизаро бо ҳар гуна зуҳуроти қавмгароӣ, фашизм ва ҷиноятҳои кибернетикӣ тақвият бубахшад. Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Узбекистон соли 1999, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб созмонро тарк кард.
Баъд аз истиқболи расмӣ сарони ҳар ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев дар мулоқоти хоса масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судбахшро баррасӣ карданд. Сарони ҳар ду давлат аз имкони ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон изҳори хушҳолӣ намуданд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Мо ба ташрифи Шумо ба Тоҷикистон аҳамияти беандоза медиҳем. Бовар дорам, ки ин боздид бо муҳтаво ва самтгириаш имкон дорад дар муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон саҳифаҳои нав боз намояд”. Нурсултон Назарбоев зикр кард, ки “Солҳои истиқлолият миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳеҷ гуна мушкилоти сиёсию дигар вуҷуд надошту надорад. Мо бисёр хоҳони суботу оромӣ дар Тоҷикистонем, зеро вай барои мо шарики басо муҳим аст. Мо омодаем рушди иқтисодии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем”. Зимни мулоқоти хоса ва музокироти расмӣ, ки баъдан бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид, масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию маърифатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар робита ба танзими муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон, аз ҷумла зикр гардид, ки бояд шароити беҳтари ҳуқуқии будубоши муваққатии онҳо муҳайё карда шавад. Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунии Афғонистон, Шарқи Наздик ва таъсири манфии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ зоҳир шуда, таъкид гардид, ки ҳамгироии муштараки дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон бояд тақвият дода шавад. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки бевоситаи сарони ду давлат 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар оғози маросим зери Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имзо гузоштанд. Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи техникии иттилоот; Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон кор мекунанд ва фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистон, ки муваққатан дар ҳудуди Тоҷикистон кор мекунанд, аз 4 майи соли 2006; Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 13 июни соли 2000; Созишнома миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ; Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2016-2017.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
“Ҳоҷӣ Ҳалим“ парвардаи ҲНИТ аст”
НАБЗИ РӮЗ
Муроҷиатномаи ҷавонони ноҳияи Рашт ба мардуми шарифи Тоҷикистон Мо - ҷавонони ноҳияи Рашт аз кишвари соҳибистиқлол ва давлати озоди худ ифтихор менамоем. Истиқлолият бузургтарин неъматест, ки баъди интизориҳо, баъди ноумедиҳо барои миллати шарифи мо муяссар гардидааст. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки дар як муҳлати хеле кӯтоҳ мамлакати мо пешрафт кунад, гул-гул шукуфад ва тавонистем, ки он мероси аз ниёгон ба мо мондаву аз хотирҳо фаромӯшшударо дубора зинда гардонем. Шаҳру деҳоти кишвар ободу зебо гардида, иқтисодиёти миллӣ рушд меёбад. Ба қадри ин неъмати бузург расидан ва барои ҳифзи он ҷонбозиҳо намудан рисолати абадии ҳар як нафарест, ки худро инсон ва соҳиби ин обу хок медонад. 24 сол барои таърих ҳеҷ аст, аммо дар ин муҳлати кӯтоҳ халқи соҳибтамаддуни тоҷик бо сарварии фарзанди баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист корҳоеро ба сомон расонад, ки дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин навишта хоҳанд шуд. Мактаби сулҳофаринию ваҳдатофарӣ, мактаби бунёдкорию созандагии тоҷикон мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад. Хеле ҷои таассуф аст, ки имрӯз баъзе қувваҳои аҳриманӣ аз дастовардҳои миллати тоҷик чашмашон кӯр шудааст, аз кину ҳасад мехоҳанд, боз болои миллати сарбаланди мо балои наве биёранду Тоҷикистони азизамонро ба оташ кашанд. Кирдори ноҷавонмардонаи генерал–майор Назарзода Абдуҳалим далели ин гуфтҳост. Мо медонем, ки «Ҳоҷӣ Ҳалим» парвардаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст ва то имрӯз ҳар бадбахтие ба сари миллати тоҷик омада, реша дар идеологияи ин ҳизб дорад. Тафаккури ӯ дар «заҳри заҳҳокӣ»-и Ҳизби наҳзат олуда гашта, дигар имкони дармонро надорад. Пас, ба хулосаи бузургони миллати мо: «Мор саркӯфта беҳ...» Кирдорҳои хиёнаткорона ва ҷаҳолатзадаи А. Назарзода ва «роҳбарони идеологӣ»-и ӯ дар симои раиси ҲНИТ М. Кабирӣ дигарбора модари бечораи тоҷикро дар азои фарзанд нишонд, зани тоҷике бе сарпаноҳ монду атфоле доғи ятимиро гирифт. Ҳамдиёрони азиз! Мо - ҷавонони раштӣ рӯзҳои хеле даҳшатноку ғамборро дидаем ва имрӯз боҷуръатона садо баланд мекунем. Садо баланд мекунем, ки «Пеши табиб нараву пеши корафтода бирав». Яъне шуморо ҳушдор медиҳем, ки ба ҷуз аз Ҳукумати Тоҷикистон, Президент ва мардуми ватандӯсти мо касе дар андешаи ободии мамлакати мо нест ва ҳеҷ гоҳ намешавад. Мо танҳо бо ақли солим, дониш ва зиракии сиёсӣ метавоем Ватани худро ҳифз намуда, пешрафти ҳамаҷонибаи онро таъмин намоем. Дар дигар сурат моро «Ҳоҷӣ Ҳалим» барин хоинон ва хоҷагони онҳо, ки ҳар сари қадам аз ҳифозати арзишҳои ислому суннат ҳарф мезананду худ бо зану фарзандон дар хориҷи кишвар оромона зиндагӣ мекунанд, ба бадбахтиву торикӣ мебаранд. Мо шоҳид будем, ки саркардагони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мардумро ба майдони мубориза даъват мекарданду худашон сарват меғундоштанд. Имрӯз низ онҳо мунтазири чунин фурсатанд ва Ҳоҷӣ Ҳалим, ки парвардаи мактаби онҳо буд, имрӯз симои ҳақиқии эшонро бори дигар барои мардуми Тоҷикистон нишон дод. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ омӯзем. Агар ҷавонони дигар гӯшаву канори кишвар талхии ин гуна рӯзҳои мудҳишро аз сар нагузаронидаанд, мо дидаем ва намехоҳем, ки ба пойи нафаре аз ҷавонони кишварамон хоре халад. Аз ин рӯ, ҳушдор медиҳем, ки ба ҷуз аз ҳарфи Сарвари давлат сухани касеро шунидан бар зарари миллат ва давлати мост. Мо - ҷавонони ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҷонфидоию заҳматкашиаш, барои миллатдӯстию ҷасуриаш, хоксорию инсонпарвариаш дӯст медорем. Номи ӯро дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ бо эҳтирому ифтихор ба забон меорем ва бо нангу ори тоҷикона дар паҳлӯи ӯ саф мекашем, барои амалӣ гардидани тамоми ниятҳои неки ӯ, ба хотири ободии Тоҷикистони азиз ва бахту саодати мардуми шарифи он меҳнат менамоем. Президенти мамлакати мо, ба қавли нависандаи ҳамдиёрамон Диловари Мирзо, ҷавонмарде мебошад, ки: «Тавонист як қавми ба мисли чашмаҳои кӯҳистон парешону саргардонро ба ҳам биёрад ва ба як дарёи бузургу тавоно табдил диҳад, кишвари ба сони ҷомаи гадоён пора-пораро руфӯ кунад, як миллату як давлати ягона бисозад». Мо омода ҳастем, ки дар лаҳзаҳои душвор тамоми дороиямон, балки ҷони ширини хешро ба хотири дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ фидо намоем. Нагузорем, ки нохалафе қадами нопокашро ба хоки муқаддаси Ватани бузурги мо гузорад. Мо кирдори ноҷавонмардонаи «Ҳоҷӣ Ҳалим», роҳбарони пасипардагии ӯро дар мисоли ҲНИТ маҳкум мекунем ва аз тамоми ҷавонони бонангу номуси кишвар даъват дорем, ки барои пойдории сулҳу ваҳдат, барои бахту саодати миллати тоҷдори мо, барои давлати миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи халқи заҷрдидаамон буд, даври Сарвари давлатамон, ки ҷаҳониён ӯро ба ҳайси Пешвои тоҷикони ҷаҳон эътироф кардаанд, чун як занҷири пӯлодин печида бошем ва нагузорем, ки дигарбора аз чашми модари тоҷик ашк бирезад, арӯси ноком рухсораҳояшро хуншор кунад ва тифли ятиме дари хонае пораи нон гадоӣ кунад.
Ҷавонони ифротӣ бадбахтӣ меоранд Тайи чанд даҳсолаи охир дар дунё ҳизбу ҳаракатҳои гуногуне пайдо шуданд, ки характери ифротӣ дошта, бо фаъолияташон ба ҷомеа бадбахтӣ, бенавоӣ, харобиву саргадониҳо “тақдим” кардаанд. Ин амали онҳо, бешак, ҳамон нафарон ё доираҳоеро шод месозад, ки гурӯҳҳои ифротиро сарпарастӣ карда, манфиат мебинанд. Ин гурӯҳҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри ободию пешрафти ҷамъият ва роҳату осоиши инсоният нестанд, балки ҳамеша бо кирдорҳои номатлуби хеш ба ҷамъият зарар расонида, аҳолии осоиштаро дар гӯшаҳои гуногуни олам азият медиҳанд. Дар робита ба ин масъала таҳлилгари тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо чунин ибрози андеша намуд: - Гурӯҳҳои ифротӣ як зуҳуроти манфӣ ва хатарнок барои ҷомеа мебошанд ва мо “ифротӣ” буданро маҳкум мекунем. Ифрот ба маънои аз ҳад гузаштану зиёдаравӣ кардан ва гурӯҳи ифротӣ, яъне гурӯҳе, ки тафаккураш аз ҳадди эътидол, ақл ва мантиқ гузашта, ба як неруи ғайримантиқӣ ва ғайриақлонӣ табдил шудааст. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки чунин гурӯҳ танҳо худро дурусту ҳақ медонад ва дигаронро ботил мешуморанд. Барои ҳамин гурӯҳи ифротӣ моҳиятан хатар аст. Воқеан, ташвишовар аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро бо роҳу усулҳои гуногун ҷалб намуда, барои расидан ба мақсадҳои худ, ки маъмулан бар зарари ҷомеа мебошанд, истифода менамоянд. Зимнан, омилҳои ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани баъзе аз ҷавононро Абдуллоҳи Раҳнамо чунин маънидод кард: - Яке аз сабабҳои асосие, ки
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
боиси майл кардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мегарданд, омили иҷтимоист. Яъне вазъи иқтисодии пасти ҷавонон. Ин ҷиҳатро ба назар гирифта, таблиғгарони ғояҳои ифротӣ ба ҷавонон молу сарвати зиёд ваъда медиҳанд...” Дар ҳамин ҳол, равоншинос Мадина Шарифова андеша дорад, ки “дар дунё миллионҳо ҷавоне ҳастанд, ки бо вуҷуди шароити пасти иқтисодӣ доштанашон ба ифрот дода намешаванд. Аммо ҳолатҳое мешавад, ки шахс шароити хуби зиндагӣ дораду ба роҳи бад меравад. Дар ин ҷо сабаби асосӣ талқиннамоӣ буда, мафкура нақш мебозад. Чанде ки дараҷаи ҷаҳонбинӣ васеътар бошаду мафкура инкишофёфта, ҳамон қадар шахс ба корҳои ифротӣ камтар даст мезанад”. Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилгари масоили сиёсӣ, сабабҳои дигари гаравидани ҷавононоро чунин шарҳ дод: “Сабаби дигар маърифатӣ аст. Мутаассифона, ҷавонони мо саводи ибтидоии динӣ надоранд. Ба ислом, ба дин таваҷҷуҳ доранд, вале як шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, вақте онҳоро бо номи дин ба ягон ҷо даъват мекунанду мегӯянд, ки ислом ҳамин асту ҷиҳод ҳамин, ҷавонон бовар мекунанд. Сабаби сеюм камбудии ҷаҳонбинӣ аст. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, ҷавоне, ки моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, гумон мекунад, ки ин ҳаракатҳо исломианд. Бинобар ин, ба онҳо ҳамроҳ мешавад. Бехабар аз он ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кимкадом хоҷае қарор гирифтааст”. Дарвоқеъ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, бештари ҷавонон аз муҳоҷирати меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Русия қарор доранд, ба дасти нафароне меафтанд, ки ба онҳо ваъдаҳои молу сарвати зиёд медиҳанд, то ки ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шаванд. Дар
натиҷа, баъзе аз ҷавононеро, ки дорои саводи кофӣ нестанд, тариқи таъсиррасонӣ ба осонӣ фиреб дода, ба чунин гурӯҳҳо ҳамроҳ менамоянд. Ба назари равоншинос, номзади илмҳои психологӣ Мадина Шарифова як методи таъсиррасонӣ ба шахс гипноз аст: - Моҳияти асосии гипноз талқин кардан ва бовар кунонида тавонистан мебошад. Вақте шахсро гипноз мекунанд, тибқи гуфтаҳои шахси талқинкунанда, кору фаъолият мекунад. Дастаҳои ифротӣ аз ин чиз бештар истифода мебаранд, - таъкид мекунад равоншинос. Бо вуҷуди ин, ҷавонони ба гурӯҳҳо пайвастшуда намеандешанд, ки майл кардани онҳо ба ҳаракатҳои ифротӣ чи паёмад дорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки донишу маърифати онҳо паст аст. Бо ин амалашон пайвандонашонро дар ҳолати ногувор гузошта, фарзандонашонро (агар оиладоранд) ятим месозанд... Ба андешаи Абдуллоҳи Раҳнамо, барои пешгирӣ намудани ин вабои аср ҳам маърифти динӣ ва ҳам маърифати сиёсии мардумро баланд бардоштан лозим: “Мо бояд масъалаи маърифатию ҷаҳонбинии ҷавононро афзун гардонда, корҳои таблиғотӣ ва таълими дурустро дар муқобили ин фикр ба роҳ монем. Моҳият, хатар ва паёмадҳои тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба мардум бисёр сода фаҳмонида шавад”. Дар тақвияти фикри таҳлилгар Абдуллоҳи Раҳнамо равоншинос Мадина Шарифова низ бо кор банд будани ҷавонон ва дар баробари ин таблиғи дурустро аз тариқи васоити ахбори омма ҷиҳати накӯҳиши гурӯҳҳои террористиву ифротӣ аз ҷумлаи корҳое медонад, ки ба майл накардани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳу равияҳои мамнуъ ва харобиовар мусоидат мекунанд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
3
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА Имрӯз, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳонро буҳрони молиявӣ ва дигар мушкилоти марбут ба моҷароҳои сиёсӣ азият медиҳад, кишвари мо беш аз ҳама ба мушкилоти бекорӣ дар миёни ҷавонон мувоҷеҳ аст, ки аксари мушкилоти дигари иқтисодиву иҷтимоӣ аз ин маншаъ мегиранд. Тадқиқоти чанд соли охир нишон медиҳанд, ки дар тамоми олам зиёда аз 75 миллион нафар ва ё қариб 13%-и аҳолии замин бекоранд ва ин мушкилӣ бештар дар мамолики Аврупои Шарқӣ ва ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ки сатҳи умумии бекорон миёни ҷавонон зиёда аз 17,5%-ро ташкил медиҳад, назаррас аст. Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҳанӯз дар соли 2009 изҳор намуда буд, ки вазъият дар ин самт то соли 2016 бетағйир хоҳад монд. Ин ниҳод мушкилоти мазкурро «таркиши иҷтимоӣ» номидаву мамолики Шарқи миёна ва Африқои Шимолиро осебпазиртарин аз ин мушкилот унвон намуда буд. Илова бар ин, масъалаи бекориро бештар мансуб ба он кишварҳое меҳисобанд, ки дар онҳо сатҳи тавваллуд нисбатан зиёдтар аст. Бо вуҷуди он ки ҷавонон қувваи асосии корӣ буда, дар бозори меҳнат талабот ба ин қувваи корӣ бештар аст, аммо хавфи бекор мондан дар байни ҷавонон нисбат ба аҳолии калонсол бештар ба назар мерасад. Коршиносон мегӯянд, то як миллион нафар ҷавонони қобили меҳнати Тоҷикистон берун аз марзи кишвар машғули кору фаъолият мебошанд. Ҳол он ки аз ин неруи тавонои корӣ дар бозори меҳнат хеле самаранок истифода бурдан мумкин. Ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳар сол тақрибан аз 30 то 35 ҳазор нафар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва зиёда аз 11 ҳазор кас муассисаҳои таҳсилоти махсуси касбиро хатм намуда, соҳиби диплом ва касбу кор мегарданд. Суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо онҳо бо ҷои кор таъмин карда мешаванд ва масъулин барои бо кори мувофиқ таъмин намудани онҳо кадом чораҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд? Ба ин суол масъули Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҳиматшо Музаффаров чунин посух дод: “Таҳлилҳои ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон нишон медиҳанд, ки аз 30877 нафар шаҳрванде, ки дар вазорати мазкур ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, 22983 нафар бо ҷои кор таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин, дар ин давра 418 ярмаркаи ҷойҳои холии кор доир шуд, ки 6960 нафар корҷӯ барои бо ҷои кор таъмин гардидан муроҷиат намуданд. Аз ин шумора 2679 нафар бо ҷойи кори мувофиқ таъмин карда шуданд. Ба 3145 нафар корҷӯ роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуда, 1136 нафар ба корҳои
4
ҷамъиятӣ ва намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифта шуданд”. Мавсуф илова намуд, ки шумораи зиёди муроҷиаткунандагонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки мушкилоти асосие, ки дар дохили ҷумҳурӣ касеро бетараф гузошта наметавонад, бекории ҷавонон аст. Гарчанде омилҳо зиёданд, мо хостем ба ин масъала аз назари худи ҷавонон баҳогузорӣ намоем. Ҳар як ҷавон бояд имконияти пайдо кардани ҷои кори муносибро дар дохили кишвар дошта бошад.
сол мешавад, ки донишгоҳро хатм намудаасту ҷои кори мувофиқ пайдо карда наметавонад. Дар суоли мо дар хусуси ба чанд ширкат барои пайдо намудани ҷойи кор муроҷиат намуданаш посух дод, ки ба се идораи давлатӣ рафтам, масъулон маоши хеле ночиз пешниҳод мекунанд, ки он танҳо барои роҳкиро ва хӯроки яквақтаи нисфирӯзӣ мерасаду халос. Аз ин рӯ, дар хона бекор нишастанро авлотар донистааст. Аз мушоҳидаҳо маълум шуд, ки мисли Манучеҳр ҷавононе, ки муассисаҳои таъли-
ми донишгоҳ ба ҷое барои кор муроҷиат менамояду аз он ҷо ҷавоби рад мегирад, зуд дипломро як сӯ партофта, роҳи кишварҳои дигар, масалан Русияро пеш мегирад. Гӯё он ҷо ҳама чашм ба роҳанду бо гулу гулдаста ба истиқболаш мешитобанд. Вақте ба мушкилоти пайдарҳам мувоҷеҳ гаштаву пушаймон мешавад, ба қавле “нанг” аз домонаш медораду “То пул кор накунам, барнамегардам” гуфта, солиёни зиёд ва аз ҳама муҳим беҳтарин давраи ҳаёти худро дар ҳиҷрат ва дур аз назди-
сад, вале ҷавононро мебояд дар навбати худ матиниродаву мушкилнописанд будаву ғурур ва ифтихори миллиро аз ҳама боло гузоранд. Аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, барои андаке ҳам бошад нафъ расондан ба халқу миллат ва билохира аҳли оилаву наздикон камари ҳимат банданд, зеро рушду тараққии кишвар пеш аз ҳама ба неруи бузург ва созандаи насли ҷавони мамлакат вобастагӣ дорад. Биёед, Ватани худро сидқан дӯст дорем ва нагузорем, ки хоре ба гулшани ҳамешабаҳораш ва ғуборе ба самои нилгунаш афтад. Ҳамагон медонем, ки баробариву мувозинат дар ягон кишвари олам нест. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз рушду инкишофи бемайлони соҳаҳои
Мутаассифона, аксари ҷавонони мо ноогоҳу камтаҷриба буда, аз бекорӣ, носолимии ҷисмонӣ азият мекашанд ва маҳз онҳо қурбонии ҳар гуна дасисабозиҳои душманону хоинони миллат ва оқибат дучори хатар ва гунаҳкорони асосии майдонҳои калони ҳарбу зарб мегарданд. Аксар ҷавононе озими кишварҳои бегона мешаванд, ки синну соли аз 16 то 24 доранд ва на танҳо таҷрибаи кофӣ барои кор надоранд, балки аз забону фарҳанги миллати худ низ огаҳии кофӣ надоранд. Пас, чаро ҷавонон он ҳама мушкилоти дандошникану тоқатфарсо, иқлими номувофиқ, фироқу ғурбат, билохира таҳқиру надомат ва ҳатто қатлу куштори ҳаммиллатонро дар кишвари бегона аз ризқу рӯзие, ки дар ватани худ пайдо мекунанд, болотару беҳтар медонанд? Шояд аз паст будани сатҳи зиндагии оилаҳост, ки ҷавонон каме ҳарису чашмгурусна ва эркаву нозпарвард ба воя мерасанд. Онҳо мехоҳанд, ки яку якбора ҳам соҳиби ҷои кори баланду маоши хуб бошанду ҳам даромади хуб ба даст биёранд. Бехабар аз оне ки “Бе заҳмату кор нон намебояд хӯрд, Як луқма ба ройгон намебояд хӯрд”, - гуфтаанд гузаштагони мо. Манучеҳр Мирзоев мегӯяд ду
мии олиро хатм намудаанду бекор мегарданд, зиёданд ва аксари онҳо боз ҳам ҳамон маоши каму нархҳои гаронро сабаб пеш меоранд. Албатта, талаботи инсон беҳудуд аст ва онҳо то рӯзе ки дунё боқист, бетағйир мемонанд, вале як чизро набояд фаромӯш сохт, ки дар олам чунин давлате ё ҳукумате нест, ки ҳама талаботи инсонро дар як вақт пурра қонеъ гардонда тавонад. Ҷавононро мебояд, аз зинаи поён сар карда, оҳиста-оҳиста боло рафтанро омӯзанд. Барои ин, пеш аз ҳама хираду заковати солим ва сабру таҳаммулпазирӣ лозим. Вале баъзе ҷавонон, ки ба неру ва иродаи худ эътимод надоранд, аз бебарории нахустин даступо хӯрдаву чашми умедворӣ сӯи волидону наздикон медӯзанд ва аз дилсӯзии онҳо истифода карда, як умр бо зану фарзандон сарбории волидайн мешаванд. Фарз кардем, агар Манучеҳр тӯли ин ду соли дар хона нишастан ба ҳамон кори маоши паст дошта қаноат мекарду аз меҳнат кардан намеҳаросид, ин ҳам ба нафъи ҷамъият буд, ҳам сабукӣ барои волидон ва ҳам таҷрибае ҳосил менамуд барои тадриҷан беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ. Бекорӣ ин идомаи мантиқии беорист. Вақте як ҷавон баъди хат-
кон дар кишварҳои бегона паси сар мекунад... Итминони комил дорем, ки ҳар як ҷавони дар ҳиҷрат қарордошта ба дарки амиқи ин мисраъҳои пандомези шоир ба хубӣ меравад, ки гуфтааст: Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар, Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар. Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард, Эй кош, гадо будӣ ба Канъон хуштар. Мушкили дигар ин аст, ки чанд сол пеш заҳматҳои сангини муҳоҷирони меҳнатӣ бо дарёфти маблағи кофие барои рӯзгузаронии аҳли оилаи онҳо ҷуброн мешуду то андозае талаботи онҳоро қонеъ месохт. Аммо мутаассифона, бошиддат паст шудани қурби рубли русӣ ва мушкил шудани қонунҳои муҳоҷират наметавонад мушкили ҷавонони тоҷикро мисли солҳои пешин бароварда созад. Ин ҷо боз ҳам дахолату дасти кӯмаки ҳукумати кишвар лозим, то бо андешидани тадбирҳои судманде дастгиру мададгорашон бошад. Албатта, кӯшишҳои давлату ҳукумати кишвар барои бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ба назар мера-
гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо ҳанӯз ҳам захираҳои иқтисодии он маҳдуд аст. Гарчанде мушкили бекорӣ дар кишварҳои дигари пешрафта низ аз мушкилоти асосӣ маҳсуб меёбад, аммо дар ҳар як кишвар раҳоӣ аз чунин мушкилот ба имкониятҳои дохилии ҳамон кишвар вобастагӣ дорад. Дар навбати аввал бо иқтидори бештар ба кор даровардани корхонаҳои калони саноатӣ, аз қабили заводи алюминии тоҷик, корхонаҳои бофандагиву ресандагӣ, заводу фабрикаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатии бозоргир метавонад дар ҳалли мусбати ин мушкилӣ то андозае муосидат намояд. Илова бар ин, ғайр аз оне ки мутахассисони варзидаро дар кишвар ва берун аз он тайёр мекунем, мебояд доир ба таъмини онҳо бо ҷойҳои кории мувофиқ тадбирҳои ҷиддӣ андешем, то ҷавонон барои баровардани талаботи худ ба кишварҳои бегона майл накунанд. Боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷавонон ҳаргиз аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Бекорӣ аз беорист
Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
ПУРСИШ Инак, мавсими таътилу истироҳат ба анҷом расида, муассисаҳои таълимӣ ба фаъолият пардохтанд. Аксар кормандони идораву муассисаҳо низ маҳз дар тобистон ба рухсатӣ баромада, ҳоло бо нерӯи нав ба кор оғоз намуданд. “Ҷавонони Тоҷикистон” аз ҳамсуҳбатонаш пурсид, ки:
Таътили тобистонаро чӣ гуна сипарӣ кардед? сипарӣ кардам. Ба истироҳатгоҳи “Дурахшон” рафтам, ки дар мавзеи хушбоду ҳавои Файзобод воқеъ аст. Дар истироҳатгоҳ барои мо тамоми шароит фароҳам буд. Мо барои хушу хурамона гузаронидани истироҳат зуд-зуд шабҳои саволу ҷавоб, шеърбарак, конференсияҳо, озмунҳои расми беҳтарин, иншои беҳтарин, инчунин чорабиниҳои гугогуни варзишӣ баргузор мекардем.
Мадина ҶУРАЕВА, донишҷӯи Коллеҷи санъати тасвирӣ ва дизайн: - Таътили тобистонаро дар сатҳи олӣ гузаронидам. Дар таътил аввалан ба истироҳатгоҳи бачагонаи ноҳияи Варзоб рафтам. Пас аз истироҳат ба омӯзиши фанни география ва забони немисӣ машғул будам. Мунираи САИДАҲМАД, донишҷӯи ДДТТ: - Албатта, ман дар таътил ба хондани китобҳои бадеӣ машғул будам. Китобе, ки ман мутолиа кардам “Бӯйи модар” ном дошта, аз ҳаёту зиндагии модарону духтарон ҳикоя мекунад. Ин китоб аз қиссаҳо иборат буда, яке аз қиссаҳояш чунин буд, ки модар барои хушбахтии худ бахти духтарашро сиёҳ мекунад. Яъне, бо домодаш наздикӣ мекунаду ҳамхоба мешавад. Ин аст ҳаёти пуршӯри модару духтар. Ростӣ, ман фикр мекардам, ки ҳамаи модарон хушбину меҳрубон ҳастанд, аммо баъд аз мутолиаи ин китоб ба хулосае омадам, ки на ҳар зан модар шуда метавонад.
Оятулло НУРОВ, хонандаи мактаби №53-и ноҳияи Файзобод: - Таътили тобистонаро хуб
Меҳрбонуи НУРАЛӢ, донишҷӯи ДАТ: - Ҳамеша орзу мекардам, ки таҳсилро дар ягон донишгоҳи пойтахт идома диҳам. Барои ҳамин, дар таътил ба имтиҳонҳо тайёрӣ дидам. Баъдан асарҳои “Чор дарвеш”, “Сафарнома”-и Носири Хусрав, шеърҳо аз эҷодиёти Лермонтов ва “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковусро мутолиа карда, бисёр чизҳоро омӯхтам.
Фаришта НАБИЕВА, донишҷӯи ДДОТ: - Дар таътил ба омӯзиши тестҳои имтиҳонӣ машғул будам. Кӯшиш мекардам, ки онро аз худ карда, аз имтиҳони Маркази миллии тестӣ гузарам. Ҳамин хел ҳам шуд. Ранҷҳои кашидаам самар доданду ман имрӯз донишҷӯ гаштам. Ба Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос мегӯям, ки
чунин имкониятҳоро барои мо ҷавонон фароҳам овард.
Раҷабгул БОБОЕВА, донишҷӯи ДМТ: - Хондани китобҳои бадеиро дӯст медорам. Махсусан, китобҳои устод Садриддин Айниро. Кӯшиш мекунам, ки ҳамаи асарҳои ин нависандаро мутолиа кунам. Дар таътил чанд асари ӯро хондам, аз ҷумла, “Ғуломон”, “Одина”, “Дохунда”, “Ятим”, инчунин “Акнун навбати қалам аст”. Асарҳоеро, ки ин нависандаи барҷаста эҷод кардааст, бисёр олӣ ва шавқовар буда, намехоҳӣ, ки аз мутолиаи он даст кашӣ.
Азиза РАҲИМЗОДА, донишҷӯи ДДОТ: - Шуғли дӯстдоштаи ман хондани китобҳои бадеӣ мебошад. Дар таътил ҳарчанд ба кору бори хона машғул будам, лекин барои мутолиаи китоби “Марги судхур”-и Садриддин Айнӣ вақт ҷудо кардам. Ҳангоми хондани ин китоб ба хулосае омадам, ки хасисӣ инсонро то ба куҷо мерасонад. Хондани китобҳои бадеӣ барои мо ҷавонон ибратомӯз аст. Адиба НАЗАРХУДОЕВА, донишҷӯи ДМТ: - Вақте ки инсон истироҳат
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
дад ва мемирад”. Боз муаллиф менависад: “Кишт аз беобӣ хушк шуда зардранг мегардад, валекин борон борид, фавран қомат рост мекунад, ташнагии дуру дарозашро фаромӯш намуда, ноумедиро аз худ дур месозад ва бепарвову ҷасурона ба саросари майдони нопайдоканор аз ҳуқуқи хеш иттилоъ медиҳад”. Бовар кунед пас аз мутолиаи ин китобҳои бадеӣ куллан тағйир ёфтам. Ҷаҳонбиниам, фикррониам тамоман дигар шуд. Ин китобҳо барои мо - ҷавонон ҳаётро меомӯзанд, ки чи гуна зист, бо ки зист.
мекунад, ҳатман болидаруҳ мегардад. Ман низ пас аз фориғ шудан аз дарсҳо ба Осоишгоҳи “Зайрон”-и минтақаи Ромит рафтам. Дар он ҷо дӯстони нав пайдо кардам. Сипас, ба омӯзиши забони англисӣ машғул шудам. Ду сол мешавад, ки ба омӯзиши ин забон машғулам.
Камолиддин ҲАНОНОВ, донишҷӯйи ДМТ: - Дар таътил ман ҳатман ба мутолиаи китобҳои бадеӣ вақт ҷудо карда будам. Зеро агар табиат ба об ниёз дошта бошад, мо ба ғизои маънавӣ ниёзи бештар дорем. Аз ин рӯ, мо бояд барои гирифтани ғизои маънавӣ саъю кӯшиш намоем. Китобҳое, ки ман хондам “Ҳамқафас”, “Сукут дар интизор”, “Чор дарвеш”, “Ҷабри таърих”, “Гузашти айём”, “Сахраи марг”, “Саги Вилгард”, “Се қатраи хун”, “Зинда ба гӯр”, “Мӯйсафед ва баҳр” ва “Регреза” буданд. “Ҷабри таърих” саҳифаҳои норавшани зиндагии нависандаи беҳтарини тоҷик Ҷумъа Одинаро равшан мекунад. Дар ҷое аз китоби “Регреза” гуфта шудааст: “Муҳаббат монанди гул аст. Вақте ки онро аз пояи вазифаҳои мураккаби оилавӣ мебуранд, вай бо шарбати худ зиндагӣ карда наметавонад, оҳиста-оҳиста пажмурда мегар-
Салима ХОЛОВА, донишҷӯи ДМТ: - Ман дар таътил ба Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” рафтам. Дар он ҷо бо яке аз сокинонаш ҳамсуҳбат шуда, аз таърихи ин осоишгоҳ огоҳӣ пайдо намудам. Дар ҳақиқат, табиаташ зебо, боду ҳавояш фараҳбахш аст ва истироҳаткунандагон аз ин ҳаловат мебаранд. Умуман, Тоҷикистони мо зебост, чун пари товус латиф асту болҳояш ҳамеша шукуфону рангин. Наргис ШОЕВА, донишҷӯи ДДТТ: - Ба ман хондани китобҳои бадеӣ бо забони русӣ писанд аст. Дар таътил ба мутолиаи китобҳои Дейл Карнеги “Как перестать беспокоится и начать жить”, Венгар Вен «Неужели я гений» машғул будам. Сомонҷон РАҲМАТУЛЛОЗОДА, хонандаи мактаби № 7-и ноҳияи Файзобод: - Таътили тобистонаи ман бисёр хуб гузашт. Дар таътил китоби “Шоҳнома”-и Абӯлқосим Фирдавсиро мутолиа кардам. Аз он бархурдор гардидам, ки Фирдавсӣ тавонист ин қадар ранҷу азобро паси сар намуда, номи хешро дар таърих гузорад. Таҳияи Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”
5
МУШКИЛИ ҶАВОНОН Бар асари муноқиша дар як тӯйи арӯсӣ байни ҷавонони ду деҳаи ҳамсоя - Порвор ва Ёли ноҳияи Шӯрообод ҷавоне ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, пас аз чанд рӯз дар беморхона оламро падруд гуфт. Аслан тӯйи арусӣ чорабинии шодиву хушнудист. Ин аст, ки нафарони он ҷо ҳузурдошта, хешону пайвандон, ҳамсоягону ҳамдеҳагон, хурду калон баробар фарогири чунин эҳсосоти шодмонӣ мегарданд. Рақсу сурудхонӣ маъракаро гарм мекунад. Ҳоло анъана шудааст, аксар дӯстону наздикони арӯсу домод зери оҳангҳои шӯх ва сурудҳои ҳофизи маърака ҳатман ба базмгоҳ баромада, шодии худро бо рақс ифода мекунанд. Масофа байни деҳаҳои Ёлу Порвор ҳатто як километрро ҳам ташикил намедиҳад. Моҳи гузашта ҷавонони деҳи Порвор бегоҳ, пас аз шом ба тӯйи арӯсии ҷавони деҳи ҳамсоя, ба Ёл ташриф оварданд. Онҳо низ ба ин маъракаи шодию нишот ҳамроҳ шуда, хостанд қатори дигарон бирақсанд. Аз чи бошад, ки чунин нияти онҳо ба ҷавонони Ёл писанд наомад. Хостанд порвориҳоро ба майдон роҳ надиҳанд. Маҳз чунин вокуниши ҷавонони ёлӣ боиси рух додани муноқиша гардид. Муноқишае, ки ба задухӯрд табдил ёфта, сабаби марги ҷавони 19-солаи порворӣ шуд. Тавре аз маълумот бармеояд, муноқишаи ҷавонони ду деҳаи бо ҳам ҳамсоя дар шакли дастҷамъона сурат гирифтааст. Ҷавони фавтида Исматҷон Раҳимови 19-сола аз зарби санги ба сараш расида аз дунё мегузарад. Лек аз чи сабаб
бошад, ки кормандони мақомоти ҳифзи тартиботи ноҳия танҳо ду нафарро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Шояд дар рафти тафтишот дигарон низ ба парвандаи ин вақеа илова шаванд. Модари яке аз ду ҷавони боздоштшуда, ки Робиямоҳ ном дошта, чун дӯзанда миёни сокинони деҳ ном баровардааст, ашк дар чашмон, бо алам чунин нақл кард:
ҷавони захмишуда даъват намудааст, аммо ҳеҷ кас ба гуфтаҳои ӯ аҳамият надодааст. Ба андешаи Тоҳир Ғуломов маҳз бетафовутии мардум боиси фавти ҷавони порворӣ шудааст. - Вақте муноқиша сар зад ва ҷавони деҳаи ҳамсоя захмӣ шуд, муаллим Хушбахти Сафар ҳамдеҳагонро ба ёрӣ хонд, - нақл кард Тоҳир Ғуломов. – Аз онҳо
ҳамсоя рухдода гувоҳи он аст, ки нақши хонавода, яъне оила дар тарбия ва ба камол расидани фарзандон хеле заиф шудааст. Нақли вакил Тоҳир Ғуломов гувоҳи бетафовутию бепарвоии мардуми деҳаи Порвор аст. Бепарвоии атрофиён, бахусус ашхоси рӯзгордида сабаб шуд, риштаи умри навҷавони захмбардошта Исматҷон Раҳмонов баъдан кан-
штааст М. Иноятова зимни суҳбат бо хабарнигори радиои “Озодӣ”. – Аммо агар ҳоло хуб мушоҳида кунем, мебинем занҳо дар назди хонаҳо нишаста машғули суҳбатанд ва кӯдакон машғули оворагардӣ. Модарон ғарқи суҳбат ҳатто ҳақоратҳои фарзандони худро намешунаванд ва намегӯянд, ки ин корат бад аст”. Ҳамин тавр, ба андешаи ин
Тӯйе, ки ба мотам табдил ёфт
Задухурд байни ҷавонони ду деҳа гувоҳи заиф гаштани нақши хонавода дар тарбияи фарзандон аст - Як сол аст, ки писари калониамро аз Русия овардам. Ӯ на аз ҷо хеста ва на гап зада метавонад. Ба ягон тӯй намеравам. Писарам домоди тайёр, лекин бемор. Магар бо чунин ҳол тӯй мефорад? Писари дуюмам, ки ҳамсинфи арӯс буд, бо даъвати ҳамсинфон ба тӯйхона рафт. Ӯро таъкид кардам, ки эҳтиёт шавад. Аслан вай афтида, сараш каме осеб хӯрдааст. Санги партофтаи писари ман ба он ҷавон расидааст ё не, инро намедонам. Ман писарамро ҳатто бегуноҳ намеҳисобам. Чи гуноҳе карда бошад, бигузор ҷазо гирад. Лекин аз чунин амали кормандони милиса ҳаргиз розӣ нестам. Чаро танҳо ду нафарро ба ҷавобгарӣ мекашидаанд? Дар ҳоле ки гунаҳкорон бисёранд. Бигузор назди қонун ҳама баробар ҷавоб гӯянд... Вакили деҳаи Ёл Тоҳир Ғуломов зимни суҳбат тамоми ҳамдеҳагони дар тӯй ҳузурдоштаашро айбдор меҳисобад. Ба ҷуз омӯзгор Хушбахти Сафар. Маҳз омӯзгор дигаронро барои ёрӣ расондан ба
хоҳиш намуд телефон карда, ёрии таъҷилиро даъват намоянд. Ҳамаи мардум, аз ҷумла калонтарони қишлоқ баъди сар задани ин воқеа ба тамошобин табдил ёфтанд. Писарак ғарқи хун мехобид. Касе фикри сари вақт ба беморхона расондани ӯро накард. Агар ин кор сурат мегирифт, шояд то ба ин дараҷа намерасид. Солҳои пеш ман ҳам дар чунин муноқишаҳои тӯйҳо иштирок доштам. Чандин сол аст, ки ин гуна ҳолатҳо қариб рӯй намедиҳад. Ҷангҳо гӯё аз байн рафта, фаромӯш шудааст. Мо - мардуми ду қишлоқи ҳамсоя дар маъракаҳои якдигар хизмат мекунем. Афсӯс, боз чунин воқеа дубора сар зад. Намегузорем, ки гунаҳкорон беҷазо монанд. Ин воқеа мисли фоҷиаи Фархундаи афғонистонӣ шуд. Афғонистонро кишвари ҷангзада меҳисобем. Бинед, ки чунин воқеа пеши чашми худамон ҳам рӯй дод. Ман ҳам аз чунин тарзи корбарии милисаҳои ноҳия розӣ нестам. Воқеаи байни ҷавони ду деҳаи
да шавад. Маҳз камрангу заиф шудани нақши оила дар тарбияи фарзандон имрӯз боис шуда, ки наврасону ҷавонон ба кӯйи хато бештар по мениҳанд. Яке аз омилҳои ба чунин кор даст задани ҷавонон ҷойи кори мувофиқ наёфтани онҳо ва раванди муҳоҷирати меҳнатист. Маҳз муҳоҷират аст, ки ҳоло модароне худ саводи дуруст надошта, дар деҳот бе падар, яъне саробони оила машғули тарбияи фарзандон мебошанд. Падар дар оилаҳои суннатии тоҷикон нақши бештару муҳим дар тарбияи фарзандро дорад. Имрӯз аксар мардон дар муҳоҷират баҳри таъмини рӯзгори аҳли байт заҳмат мекашанд. Бе падар ба воя расондани фарзандон барои модари тоҷик кори саҳл нест. Ба андешаи собиқ вазири маориф Мунира Иноятова тарзи тарбия дар хонаводаҳои тоҷик муддати даҳсолаҳои охир тағйир ёфтааст. “Пеш, вақте дар оила бача гапи сахту баланд мезад, ӯро насиҳат мекарданд, ки ин корат нодуруст аст, - изҳор до-
зани рӯзгордида аксар модарони тоҷик масъулияти худро ҳис намекунанд. Аз олами ботинии фарзандон дур ва онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят карда наметавонанд. Маҳз чунин бетафовутӣ дар масъалаи муҳими тарбия боис шуда, ки кӯдакону наврасон дар кӯча монанд ва кӯча нақши “тарбиятгар”ро мебозад. Ба ҷойи волидон, мактабу устодон. Маҳз чунин сарҳуйӣ боис шуда, ки эшон дуруст тарбия наёфта, пасон ба кӯйи хато раванд. Бо ҳам муноқиша намуда, боиси марги нафаре шаванд. Ё зери таъсири ваъдаҳои осмонии афроди мианфиатхоҳу бадандеш гардида, худро ба гурӯҳҳои ифротию сафҳои ДИИШ зананд. Баъдан хабари марги ҷавонони ғӯрамарг ба самъи волидон мерасад. Афсӯс мехӯранд ва ашки надомат мерезанд, лек ҷигарбанди аз даст рафтаро дигар баргардона намешавад. Зеро дар тарбияи фарзанд ба саҳлангорӣ роҳ додаанд. Басгули ИБРОҲИМ, “ҶТ”
ҶАВОНОНИ ҶАҲОН
Ҳангоми сафар ба шаҳри Осло (Норвегия) тасодуфан бо Орне ном ҷавони норвегӣ шинос шудам. Бо хушҳолӣ розӣ шуд, ки доир ба зисту зиндагии худ ва ҷавонони кишвараш барои ҷавонони тоҷик нақл кунад. - Орне, мехоҳам аввал дар бораи худ маълумот медодӣ? - Ман дар шаҳри Тронхейм, ки аз лиҳози бузургӣ сеюмин шаҳри Норвегия аст, ба дунё омадаам. Ин шаҳри сабзу зебо шаҳри донишҷӯёну ҷавонон низ ҳисоб меёбад. Дар хонаи сурхи чӯбини бузурге бо волидон, бобою бибӣ ва хоҳару бародаронам камол ёфтам. Бозии футболро дӯст медоштам. Дар маҷмуъ, кӯдакии хушбахтона доштам. Сипас, ба Донишгоҳи технологии Тронхейм дохил шудам. Пас аз хатми он аз рӯи ихтисоси худ – муҳандиси сохтмон дар Осло ба кор оғоз намудам. Дар вақти холӣ ба театр рафтан ва бо дӯстонам муошират карданро меписандам. - Ҷавонони Норвегия бештар ба чӣ таваҷҷуҳ доранд? - Чун ҷавонони кишварҳои дигар қисме аз ҷавонони мо ҳам ба варзиш ва қисми дигар ба бозиҳои компютерӣ майл доранд. Дар мо, инчунин, варзиши зимистона рушд кардааст. Ҳукумати мо барои истироҳати
6
Орне ЛУСАКЕР:
Мехоҳам Тоҷикистон равам тобистонаи фарзандони оилаҳои ниёзманд кӯмак ва шароит фароҳам меорад, ки ман дар яке аз чунин урдугоҳҳо кор карда будам. Ҳангоми донишҷӯӣ давлат ба донишҷӯён стипендияи арзанда медиҳад, вале онро пас аз хатми донишгоҳ чун ба кор медароед, бояд давоми чанд сол бозпас ба давлат баргардонед. - То ҷое огаҳӣ ёфтам, саёҳат карданро дӯст медоред. Ба кадом кишварҳо сафар доштед? - Давоми ду соли охир зиёд сафар доштам. Бо мусоидати яке аз созмонҳо ба Амрикои Ҷанубӣ рафта, ҳамчун волонтёр дар ҷангалзорон ва дар минтақаи нигоҳдошти ҳайвонот кор кардам. Ин таҷрибаи шавқангезе буд. Дар қисми зиёди кишварҳои Аврупо, инчунин дар Урдун, Исроил, Перу, Боливия, Эквадор, Малайзия, Непал, Чин, Туркия ва ғайра будам. - Норвегия дар бахши иқтисодиёт чӣ кишварест ва чӣ мушкилоте дорад? - Соли 1970 аз сабаби рушди саноати нафт иқтисодиёти Норвегия рӯ ба инкишоф овард. Он имкон дод, ки соҳаҳои иҷтимоӣ ва тандурустӣ беҳбуд ёбад. Вале ҳоло вазъият
каме дигаргун аст. Чун вазъияти иқтисодии ҷаҳон хуб нест, нафт низ мисли пештара даромад намеорад. Дар мо низ бекорӣ ба назар мерасад. Масъалаи дигар муҳоҷират мебошад. Бисёриҳо ба хотири таъмини зиндагии шоиста ба Норвегия ҳиҷрат кардан мехоҳанд. Чун Норвегия аҳолии кам дорад (5 миллион нафар) метавонад муҳоҷиронро қабул кунад. Инчунин, урбанизатсия, яъне аз деҳа ба шаҳр кӯчида омадани аҳолӣ ба назар мерасад. - Дар бораи Тоҷикистон маълумот доред? - То даме, ки бо ту шинос шудам, қариб ки чизе намедонистам. Аз дигарон низ пурсидам ва мутаассифона онҳо низ иттилои кам доштанд. Танҳо медонистам, ки он дар Осиёи Марказӣ воқеъ буда, кишвари кӯҳистон аст. Вале ба шарофати ту иттилои бештар ҳосил намудам ва ният дорам, ки солҳои минбаъда бо дӯстонам ба Тоҷикистон сафар намоям. Зеро кӯҳнавардиро хеле дӯст медорам. Мусоҳиб Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
ИҚДОМ
МУҲОҶИРАТ ВА ҶАВОНОН
Чор пири бетадбир
ва ё масъулияти ҷавонмардии муҳоҷирон куҷо шуд?
Ҷавонон «Роҳи Ваҳдат»-ро тай намуданд Бо ташаббуси ҳафтаномаи «Вечёрка», маркази фарҳангии «Аржанг» ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» 9-10 сентбяри соли равон бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии хурди ҷавонон «Роҳи Ваҳдат - 2015» баргузор гардид. Ҷавонони фаъол аз минтақаҳои гуногуни кишвар бо нақлиёт хатсайри Душанбе-Ҳисор-ШаҳринавТурсунзодаро тай намуданд. Онҳо бо корвони мошинҳо ба қаълаи таърихии Ҳисор ва Чойхонаи бунёдшудаистодаи «Харбуза» рафта, бо таъриху фарҳанги ин ноҳияи куҳанбунёди кишвар ошно гардиданд. Дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода низ иштирокчиёнро бо самимияти хос пешвоз гирифтанд. Тамошои осорхонаи ширкати алюминии тоҷик «Талко» ва шиносоӣ бо рафти фаъолияти кории кормандони ин ширкати бузург барои бисёре аз ҷавонону иштирокчиёни чорабинӣ шавқангез буд. Сипас дар маркази солимгардонии «Ширкент»-и ин ширкат мусобиқаи футбол ва чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Субҳи 10 сентябр бо гузоштани гулчанбар бар ҳайкали Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода корвони мошинҳо ба пойтахт баргаштанд. Чи тавре ташкилкунандагон зикр намуданд, чунин роҳпаймоиҳо мунтазам доир шуда, ҳадаф густариши дӯстии ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар мебошад. Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
Пошхӯрии оилаҳо аз саҳифаҳои тирае дар таърихи оиладории тоҷик аст. Агар имрӯзро бо даврони шӯравӣ муқоиса кунем, ҷудошавии оилаҳо зиёд шудааст. Заноне, ки дар даврони шӯравӣ оиладор шудаанд, қисса мекунанд, ки агар саробони хона вафот мекард, занон унвони “бева”-ро мегирифтанд, ки даҳшат буд. Яъне, ин калима бисёр “шум” буда, аз талаффузи он ларза ба андоми инсон медарояд. Вале имрӯз пошхӯрии оилаҳо як зуҳуроти маъмулӣ шуда, ҳатто духтарони 18-19сола унвони “бева”-ро гирифтаанд. Гарчанде омилҳои пошхӯрии оилаҳоро сабабҳо зиёд аст, вале як сабабашро ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани мардон ва аз наздикони худ бохабар нагардидани онҳо ва омили дигари пошхӯрии оилаҳои тоҷикро инчунин дар муносибати “бад”- и калонсолон нисбат ба ҷавонон унвон мекунанд. Дар анъанаҳои қадимаи тоҷикон волидони арӯсу домодро “чор пиру чор тадбир” мегуфтанд, ки дар мавриди нигаҳдошти оилаи ҷавонон тадбирҷӯ буданд ва оилаҳои ҷавон ҳам устувор буд. Вале алҳол ин зуҳурот дар ҷомеа коста шуда, чор пир баръакс худ тадбир меҷӯянд, то ҷавононро аз ҳам ҷудо кунанд. Вале насли бузург алами аз зиндагӣ доштаашонро мехоҳанд аз ҷуфти ҷавон бигиранд. Камтарин иштибоҳ боис мешавад, насли калонсол талаб кунанд, ки оила пош хӯрад. Аввалин ҳуҷҷат дар бадбахтии зану шавҳар ин аст, ки бештар аз панҷоҳ дарсади занон танҳо бо сабаби танқиди ноҷо талоқ мешаванд. Таҳқиқот ва омӯзишҳое, ки мутахассисон дар атрофи издивоҷ ва оила анҷом додаанд, нишон медиҳад, ки зуд асабонӣ шудан дар муҳити оила хатари калон дошта, сабаби вайрон шудани бисёре аз оилаҳо мегардад. Афроде низ ҳастанд, ки бо сухани волидон аз роҳи дур ҳамсарашонро талоқ медиҳанд. Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оила низ сабаби асосии ҷудошавии оилаҳоро дар шиканҷа аз ҷониби бузургони хонавода ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани саробони хонадон медонанд.
Тавре маълум аст, баъзан ба муҳоҷирати корӣ рафтани мардон сабаби вайроншавии оилаҳо мегардад. Ҳодисаҳое ҳам мешаванд, ки шавҳар дар Русия ҳамсари ӯро бо тӯҳматҳо аз хона пеш мекунанд. Дар ҳолати огоҳ шудан аз тӯҳмат шавҳар низ аз ӯ рӯ мегардонад. Ҳамин тавр, шавҳар бехабар аз асли воқеа бо хоҳиши волидон “кор” мекунад. Имрӯз шавҳароне низ ҳастанд, ки аз ҳамсар болои издивоҷ намудан, ӯро тарк ё талоқашро медиҳад. Ин суханонест, ки шавҳар набояд онро ба забон биёрад. Чун шарти издивоҷ адл аст, на ҷабр. Санам Нозимова аз зумраи занонест, ки шавҳар ҳамеша барои талоқ намуданаш ӯро таҳдид намудааст. Вале аз симои зоҳирии ин бону маълум, ки покдоман ва меҳрубон мебошад. Ӯ қисса мекунад, ки баъди бунёди оила соҳиби се духтар мешавад, ки шавҳар ҳамеша аз таваллуд шудани духтар норозӣ баён мекунад. Зан ҳамеша дар шиканҷа ва таънаи наздикони шавҳараш қарор дошта, ба ҳама тоқат мекард. Чор сол пеш шавҳараш ба муҳоҷират, барои беҳтар намудани зиндагӣ меравад. Вале боре ҳам ба ҳамсар ва фарзандонаш кӯмаки молӣ накарда, тариқи телефон талоқашро додааст. Ҳатто волидони шавҳар низ сади роҳи вайроншавии оилаашон нашудаанд. Имрӯз бошад синни ин бону ба 38 расидааст ва аввалин маротиба аз зиндагии вазнини худ қисса мекунад ва ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар омадааст, то барои талоқи хаттӣ гирифтан ба ӯ кӯмаки ҳуқуқӣ расонанд. Вобаста ба ҳолатҳои ҷой доштани зӯроварӣ дар оила зикр намудан лозим аст, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохила дар шаш моҳи соли равон 208 ҳолати зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра садҳо нафар занони ҷабрдида дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қайд шудаанд. Илова бар ин, ба гуфтаи масъулин афроди зиёди дигар ба Маркази боварӣ, ки дар кумитаи мазкур амал мекунад, муроҷиат намудаанд. Тибқи иттилои Кумитаи занон дар шаш моҳи соли равон дар ин кумита 86 аризаи хаттӣ аз ҷониби занони ҷабрдида ва 631 муроҷиати шифоҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳоро заноне ташкил медиҳанд, ки шавҳарҳояшон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Инчунин, ба гуфтаи ин ниҳод муроҷиатҳо бештар ба масоили гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ, хушунати хонаводагӣ, вайроншавии оилаҳо, тақсимоти амвол, пайдо намудани ҷойи кор, таъмин намудан бо ҷойи зист, расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва моддӣ марбут мебошанд. Вале
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
тавре мушоҳида мешавад, бештари заноне, ки ба хушунат ва зӯроварӣ дар оила гирифторанд, ба мақомоти дахлдор муроҷиат намекунанд. Яъне, ин занон то аз хонаи шавҳар ронда шуданашон ба тамоми намуди зӯроварӣ ва муносибати дағалона тоқат мекунанд. Сабаби ин амали занонро масъулон аз надоштани саводи кофӣ ва огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои занон медонанд. Ҳар оморе, ки дар мавриди зӯроварӣ ва пошхӯрии оилаҳое, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ба қайд гирифта нашудаанд ва ҳам занони талоқшудаеро, ки бар хилофи қонуни ҷумҳурӣ ҳамсари дуюму сеюм мешаванд, дар назар надорад. Яъне, ҳар оморе, ки мақомоти дахлдор пешниҳод мекунанд, шояд шумори он як баробар низ кам бошад, чун бештари ин зӯроварӣ ва ҳуҳуқпоймолкуниҳо дар ин мақомот сабти ном намешаванд. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ як амри воқеӣ барои ҷомеаи тоҷик аст. Мушкилоте, ки имрӯз рӯ ба рӯ шудаем, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон аст. Ҷавононе, ки ба зиндагии нав қадам мемонанд, барои дарёфти ризқу рӯзии хеш ба муҳоҷират сафар мекунанд ва аксаран ин оилаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд. Имрӯз баъди ҷудошавии оила занон ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуда, аз зиндагӣ дилсард гаштаанд. Барои он ки солҳои охир сафи муҳоҷирзанони тоҷик низ хеле афзоиш ёфтааст. Яъне, баъди пошхӯрии оилаҳо занони тоҷик низ рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Масъалаи ба муҳоҷират рӯ овардани занон агар аз як тараф бо кор таъмин шуданро таҷассум намояд, аз ҷониби дигар афзудани сафи ноболиғони бепарастор ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Гарчанде занон фарзандони худро дар тарбияи наздиконашон мегузоранд ва маблағи муайянро сари вақт ба онҳо ирсол мекунанд, вале меҳри модар барояшон кифоя нест. Агар соле сад оила аз ҳам ҷудо шаванд, зиёда аз сад тифл
“бепадар” ба воя мерасад, ки ин амал ба равони кӯдак ва тарбияи ӯ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз аввали соли равон то моҳи июн беш аз 40 ҳазор зан бо сабабҳои гуногун марзи кишварро тарк кардаанд. Ба иттилои ин ниҳод дар ин муддат 314 ҳазору 678 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба кишвари Русия сафар намудаанд, ки 32 ҳазору 896 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Инчунин, намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон низ мегӯяд, вобаста ба шароите, ки қонунгузории Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ муайян кардааст, вазъияти занони муҳоҷири тоҷик дар қаламрави ин кишвар боз ҳам мушкил мешавад. Зеро аксар занони муҳоҷири тоҷик аз деҳот буда, наметавонанд талаботи қонунгузории нави Русияро ба осонӣ иҷро намоянд. Ин ҳам дар ҳолест ки пеш аз таҳия гардидани қонуни нави Русия барои муҳоҷирон низ занони тоҷик корҳои сангинеро ба ҷо меоварданд. Ба чунин вазъ онҳоро рӯзгор маҷбур кардааст. Вале бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардон ё саробони хонадоне, ки ҳамсар ва фарзандони худро дар чунин ҳолат гузоштаанд, ба ҳамин хонадон боз бармегарданд ва зиндагии осударо аз аҳли оилаи худ талаб мекунанд. Кам нестанд чунин ҳодисаҳое, ки марди хонадон солҳо наздикони худро фаромӯш карда, баъди ба мушкилӣ дучор шудан ба оилаи худ бармегардад. Дар ин ҳолат ӯро фарзандон ва ҳамсари азобдида дубора шояд бахшанд, вале эҳтиром намекунанд. Набояд фаромӯш кард, ки он дуриву муддатҳои тӯлонӣ фосила гирифтани мардон аз аҳли оила боиси он мегардад, ки занҳо худро таҳқирдидаву ноком эҳсос намуда, ба роҳҳои хато по мегузоранд. Чун туҳмат ва дуриву фироқ инсонро дилшикаста ва ноумед месозад. Манзумаи ФИРӮЗ “ҶТ”
7
МАВЗӮИ РӮЗ Ҳодисаи фоҷеабори 4 сентябрро барои мардуми тоҷик набояд ғайричашмдошт, тасодуфӣ, балои осмонӣ пазируфт. Ҳаргиз ин тавр нест. Мардуми тоҷик муддати 24 соли Истиқлолият дар хонаи худ морбача калон кард, қисман онро хӯронд, пӯшонд, ба воя расонд, нозу эркагиашро таҳаммул кард, гарчанде хуб медонист ва медонад, ки ин ҳизб аз куҷо сармоя мегирад. Аз кадом давлатҳо. Аз кадом созмонҳо. Аъзо ва аҳли хонаводаашон барои сайру тамошо бурда мешаванд. Дар куҷоҳо ва бо кадом шева пазироӣ мебинанд. Кадом сафоратҳо ва дар куҷоҳо ба онҳо пулу пайса медиҳанд. Дар кадом дармонгоҳҳои хориҷӣ асбоби роҳату маишаташонро омода месозанд. Дар кадом конфронсҳо ва бо пули кадом давлатҳо ширкат мекунанд. Чӣ гуна ба онҳо дастур медиҳанд, роҳнамоӣ мекунанд, то чӣ гӯянду чӣ кор кунанд.
дидем. Фоҷиаи 4 сентябр акси садои хиёнатҳо, хунрезиҳо, амалҳои террористонаи солҳои 90-уми асри гузашта мебошад. Дар саргаҳи ин амали ҷинояткорона боз ҳам террористони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қарор доранд.
Бо вуҷуди ин ҳама таҳаммулаш мекард, ки шояд рӯзе ба қадри ин ҳама гузаштанҳою некиҳо мерасад. Аз кардаҳо пушаймон мешаваду аз роҳи пешгирифта бармегардад. Вале ҳайҳот, ки: Гургзода оқибат гург шавад, Гарчи бо одамӣ бузург шавад. Ин морбача ҳеҷ худӣ нашуд. Ғулому дастнигари бегонагон буду боқӣ монд. Садоқату вафодориашро бар ғайр аз қалби сиёҳу тиннати пургуноҳаш берун накард. Боз хиёнат кард. Боз дасти таарруз ҷониби Истиқлолияти давлати миллӣ ва миллати сарафрози худ ёзонид. Бори дигар хиёнат, худфурӯшӣ карду боз шарманда шуд. Ба мақсади касифаш нарасид. Дар давоми чанд соат нияташ хунсо гашту ҷинояткорони ҷаллодаш саркӯб. Бо дасти ҳамон мардуме, ки 24 сол дар оғӯши худ парварда будаш. Бо неруи қавии ватанпарастоне, чун он ҳашт нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аввалин шуда зарбаи ноҷавонмардонаи террористони наҳзатиро баргардонданд, бо баҳои ҷони худ оромию суботи мамлакатро ҳифз карданд. Собит карданд, ки ин кишвар бесоҳиб нест. Ҳар гумоштаю зархариде дигар наметавонад ҳадафҳои душманони миллати ин сарзамини муқаддасро пиёда созад. Албатта, доғи ин рӯз мемонад. Дар қалбҳо, дар ёдҳо, дар саҳифаҳои таърих. Бигзарад ин рӯзи сахту монад он рӯи сиёҳ. Мо як дафъа шоҳиди чунин сиёҳкориҳои ғайринсонӣ будем ва бо чашми худ
Воқеаҳои охир баръало нишон доданд, ки рафтору кирдору гуфтори Муҳиддин Кабирӣ аз худи ӯ вобастагие надоранд. Балки сабру таҳаммули танҳо интизорист. Бо дастури роҳнамоёнаш ҳамеша пайт меҷуст. Мисоли махлуқи ҳушёре, ки камин гирифтаю лаҳзаи мувофиқро барои ҳамла ба сайдаш мунтазир мешавад. Фошкориҳои Wikileaks ба ёд меоянд, ки дар соли 2013, мукотиботи сафири вақти ИМА дар Тоҷикистон Ричард Хоуглендро бо роҳбаронаш нашр карда буд. Номбурда дар номаҳояш ба Кабирӣ лақаби «Раҳбари мунтазир» (Chairman-in-Waiting)-ро дода буд. Ҳоло воқеият мувофиқати ин лақабро собит месозад. Кабирӣ ҳамеша мунтазир буду ҳаст. Мунтазири амр, дастуре, ки барояш медиҳанд. Мунтазири фармон аз кишваре, ки бозораш хариданд. Мунтазири фармони кишваре, ки барои шахсӣ кардани муассисаи сохтмонӣ ва базаи он пулаш дод. Мунтазири фармони кишваре, ки барои харидани мағоза, мошини “PRADO”, бинои маркази «Диалог», бинои марказии ҲНИТ дар кӯчаи Борбад-1-и шаҳри Душанбе, 15 офиси бахшҳои ҲНИТ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, харидани чор корпуси беморхонаи касалиҳои сирояткунанда, муҳимтараш аз ҳама, барои маоши 80 корманди дастгоҳи марказии ҲНИТ, 200 корманди бахшҳои ҲНИТ дар шаҳру вилоят ва ноҳияҳо, барои нашри рӯзномаи «Наҷот», гузаронидани вохӯриҳо
8
бо ҷавонон, занҳо, шоиру нависандагон ва ҳунармандон тибқи барномаи махсуси ҳамон кишвар ва ғайраву ғайра маблағаш дод.
си ҳизби нав ва дастгирию сарпарастии ҲНИТ. Лекин дар баробари дуздии амволи даруна пуштибонони беруна низ ҳаргиз фаромӯш
ин амалҳо Муҳиддин Кабирӣ аз берун роҳбарӣ мекунад. Ҳатман бо дастуру раҳнамоии «пирон»-и хориҷиаш. Имрӯз равшан шуд, ки
ИН ҲАМА ХАРҶҲО АЗ ҲИСОБИ КИСТ? Довару ифшокунандаи ҳама асрори нуҳуфта, ҳаводис, нақшаю ниятҳо вақт буду ҳаст. Танҳо шоҳиди асосӣ инсон аст. Фарзияву тахминҳо ҷузъиётеро даври масъалаҳои норӯшан барои умум боз мекушоянд, вале вақт бо далелҳои муътамад, муқоисаю ёдовариҳо мушкилтарин муаммо ва махфитарин амалҳоро аз пушти пардаи ноаён берун мекашад. Чуноне, ки ҳодисаи зикргардида ба саволҳои зиёде дар хусуси сабру таҳаммули Муҳиддин Кабирӣ, алоқаҳои наздики дирӯзаю имрӯзаи ӯ, сабаби рафтанаш ба хориҷи кишвар, ҳушдорҳояш оид ба эҳтимолияти ба пинҳонкорӣ гузаштани ҳизбаш, вохӯриҳои ӯ бо пешвоёну фаъолони наҳзат берун аз хоки ҷумҳурӣ ва монанди инҳо посух дод.
Акси садои хиёнатҳои Морбачае заҳрамон зад, ки худ калон кардем Ҳодисаҳои бо ҳам алоқаманди солҳои қаблу кунунӣ исбот карданд, ки Кабирӣ ва дигар ҳамҳизбонаш танҳо мошинолоте мебошанд дар бозиҳои манфиатхоҳони беруна. Бо супориши махсус, роҳу усули нишондодаи хоҷагони хориҷӣ, баҳри коҳиш додани хароҷоти он кишварҳо камтар кардани дарди сарашон, Кабирӣ тавонист «тоҷири муваффақ»-ро бо номи Зайд Саид таҳти таъсири худ дарорад. Тавассути дуздии номбурда аз буҷаи давлат миллионҳо ба суратҳисоби Кабирӣ ворид гаштанд. Акнун Кабирӣ дар Анқара хонаи сеошёна, дар Истанбул ду хонаи панҷҳуҷрагӣ ва дар Анталия бӯстонсаро харидааст. Барои деҳотие, ки ба пойтахт – шаҳри Душанбе меояд, пайдо кардани маблағ барои либоси озода, раҳкиро, ҷои истиқомат мушкил аст. Пурсида мешавад ин қадар сармояи бебаркаш аз куҷо? Албатта, аз кисаи мардуму буҷаи давлат. Бо маблағҳое, ки Зайд Саидов бо истифода аз мансаби давлатӣ ғорат кард, беш аз 8 корхонаи бузургу иншооти давлатиро бо роҳи ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида буд. Ҳангоми сохтани бинои «Душанбе-Плаза» маблағи ду миллион сомониро аз худ кард. Зимни хусусигардонии ғайриқонунии молу мулки давлатӣ ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳо бо гирифтани пора, беш аз панҷ миллион сомонӣ ба моликияти давлатӣ хисорот ворид карда буд. Ана, ин буд сарчашмаи маблағҳо барои таъси-
намешуданд. Кабирӣ маблағи беш аз 3 миллион долларро барои харидории бозор аз куҷо ёфт? Албатта, аз сарпарастони берунаи ҲНИТ. Аз ин ҷо, «супоришдиҳандаи мусиқӣ онест, ки пулро медиҳад». Наҳзатиҳо танҳо мусиқинавозанд. Тибқи супориш ғояҳоеро тараннум менамоянд, ки алайҳи давлати миллӣ, худшиносии миллӣ, ҳувияти миллии тоҷиконанд. Чун аз роҳи фиребу найранг, бо иваз кардани ришу ҷелак ба галстуку костюм нашуд, истифодаи морбачагонеро пеш гирифтанд, ки барои рӯзи мабодо ва тибқи шартҳои 30-фоиза вориди ниҳодҳои ҳукуматӣ карда буданд. Ҳоҷӣ Ҳалим (генерал-майор Назарзода Абдуҳалим, собиқ муовини вазири мудофиаи ҶТ) ва баъзе дастёрони наздики ӯ, аз қабили эшони Ҷунайд (полковник Ҷунайдулло Умаров, собиқ сардори яке аз раёсатҳои Вазорати мудофиаи ҶТ) фармон гирифтанд, ки лаҳзаи иҷрои қарзи наҳзатиашон фаро расид. Албатта, шахсияти инҳо он қадар муҳим нест. Онҳо ҷинояткор буданду ҷинояткор монданд ва боз дар пайроҳаи ҷиноят қадам бардоштанд. Лекин ба ҷойи онҳо аз намояндагии наҳзат шахси дигаре ҳам мебуд, ҳамин хел истифода мешуд. Зеро замиру тиннати ҲНИТ ҳамин аст. Замири ғуломгашта. Тиннати террористона, ки ҳар амру фармоне аз хоҷагонаш гирифт, манқуртвор иҷро мекунад. Дигар яқин аст, ки ба ҳамаи
ба кадом хотир Ҳоҷӣ Ҳалим ҳар сол рухсатии худро дар фароғатгоҳҳои Анталия ва Шарм-ул-Шайх, дар канори Кабирӣ мегузаронидааст. Дақиқ шуд, ки сафарҳои чандмаротибагии як-яку ду-ду ва гурӯҳ-гурӯҳии Сайдумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит, Муҳаммадҷони Нурӣ, Кузов Мирзораҳим, Хуҷаева Зарафо, Раҷабов Аббос, Шарипов Нуъмонҷон, Ҳасанов Сино, Ёқубов Илҳомҷон, Самиев Наим, Набиев Маҳмашариф ва дигар аъзои ҲНИТ ба Туркия бо кадом мақсадҳо будааст. Ба кишваре, ки қавмаш қарнҳо тоҷиккушӣ кардаасту аз сари тоҷик каламанораҳо сохтааст. Хонандаи муҳтарам, тасаввур кун, ки ҳамин рӯзномаи дастат чанд пул меистад? Раҳкирои троллейбус, мусофиркаш чанд сомонист? Магар метавон то бозори «Саховат» бепул аз онҳо истифода кард? Ин «тоҷикони банангу номус», ки даъвои ватанхоҳӣ доранд, аз пули кӣ то Истанбул рафтанд, зистанд, хӯрданд, омаданд, боз барои хонумҳои дуюму сеюмашон тӯҳфаҳо харида «бо рӯи сурх» баргаштанд. Ин ҳама сафарҳои серхарҷ аз кадом ҳисоб анҷом дода мешаванд? Ашхоси болоӣ, ки ҳатто барои наздикони хеш дар шаҳри Душанбе тангаеро дареғ медоранд, чаро барои як ҷаласае ин масири сермасрафро пеш мегиранд? Кабирие, ки аз ниҳояти хасисӣ ба аёдати модари бемораш – кампири Сочак, дар нафасҳои вопасини умраш аз Маскав наомаду ҳатто дар маросими ҷанозаи ӯ телефонӣ ширкат намуд
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
МАВЗӮИ РӮЗ (усули нави ҷаноза), аз ҳисоби кӣ ин қадар саховатманд гаштаву ин қадар меҳмонро дар хориҷ мепазирад, ҷаласаю машваратҳои ҳизбӣ мегузаронад? Оё барои нафаре, ки дар мурдаи модари зору чашм ба роҳи «Муҳиддини ҷон» наомад, арзишҳое чун миллат, Ватан, суботи кишвар қадр доранд? Кӣ? Кай? Кадом мусулмони асил нисбат ба модари худ чунин муносибатро раво дидааст? Вожаҳои Модар – Ватан, Ватан – Модар яканд. Тавъаманд. Агар ба модаре, ки туро 9 моҳу 9 рӯзу 9 соат дар батнаш гардонида инсон офаридааст, ба модаре, ки аз тифлӣ, наврасӣ, ҷавонӣ то ҷавонмардӣ по ба по бурдаву алфоз омӯхтааст, хиёнат кардӣ, Ватан, дӯст, миллат магар бароят қимат доранд? Хеле мехостам андешаҳои наҳзатиҳоро, ки фикр мекунам ҳама офаридаи модаранд, дар ин бора бифаҳмам. Лекин фоида надорад. Ин дастобрезони турк, ки пешвояшон он ҷост (Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит, Ҳикматулло Сайфуллозода, Муҳаммадҷони Нурӣ, Ёқубов И., Самиев Н., Набиев М. ва ғ.), аз таърих ва тақдири миллати тоҷик сабақ нагирифтанд. Гирифтанӣ
Вақте тири ҳоҷӣ Ҳалим, эшони Ҷунайд ва ҳаммаслакони террористашон хок хӯрду онҳо бо масири барои ҳоҷиву эшону қориҳо аз солҳои гурезагиашон ошно, думро хода карданд, кормандони якдигарро оғӯшгирифта мотам гирифтанд. Мотами дуру дароз ва беохир. Вале ҳоло ҳам умедашонро накандаанд. Дар он шабу рӯз онҳо «тадобири амниятӣ» низ пеш гирифтанд. Танҳо ба хотири ҳаҷман бузург нишон додани моҷаро. Моҷарое, ки рӯз дар миён дар нуқоти мухталифи сайёра, аз ҷумла дар Ватани онҳо рух медиҳад. Хандаовару шармандагист, вақте ин сафоратҳо дар Афғонистони даҳсолаҳо гирифтори ҷанг дари худро намебандаду бо як садои тир дар Душанбеи ором чунин иқдомеро пеш мегиранд. Ҳама ин барои мо ҳушдор аст. Зиёданд душманоне, ки Душанбеи зебои моро на шукуфону гулпӯш, балки зери оташу дуду хун дидан мехоҳанд. Аз берун ғаразҷӯёну аз дохил иддае гумроҳон.
ҳам нестанд. Вагарна боре модари худро ба ҷои модари чашмбароҳи ҷавони тоҷик тасаввур мекарданду аз раҳгумзании фарзандони ин миллат дигар якумра даст мекашиданд.
оташфишон, садҳо ҳазор тирро бо худ бубаранд. Барои кӣ? Барои 1015 нафар ҳаммаслаки бадкирдорашон? На. Нақшаҳо дигар буданд. Он нақшаҳое, ки зимни вохӯриҳои пешвоёну роҳбарони бахшҳои минтақавии ҲНИТ дар макони ҳозираи Кабирӣ матраҳ мешуданд. Аммо ин миллат акнун бедор аст. Бедор шудааст. Ҳушманд гаштааст. Дар шир сӯхтааст, обро боэҳтиёт менӯшад. Дар 24 сол ин миллат давлат сохт, соҳибҳукумат гашт. Фарзандони баору номусу ҷонфидо тарбия кард. Кормандони мақомоте, ки ҳуқуқи ҳамватанони хеш, марзу буми хешро ҳимоя мекунанд, фарзандони содиқи ҳамин миллат, ҳамин халқ, ҳамин Ватананд. Турк нестанд, тозӣ нестанд. Дастнигари бегонагон нестанд. Вақти он расидааст, ки наҳзатиҳои бегонапараст, чанд «маошхӯр»-и дигаре, ки боқӣ мондаанд, ин ҳақиқатро бифаҳманд. Дар мағзи худ ҷой кунанд. Кабирии пешвояшон, вақте дар ҷанозаи модари зораш ҳозир нашуд, куҷо дар мотами ҳаммаслакони ба ҷиноят таҳрикдодааш ширкат мекунад? Дар замони мо, ба қавли бузурге «барои як донишманд мушкил аст чанд шогирдеро тарбия кунад, вале як аблаҳ садҳо ҳамсони худро ба воя мерасонад». Роҳбарони наҳзат бо ҳамин шиор нияти худро амалӣ карданӣ буданд. Яъне силоҳ бошад, силоҳбардорро меёбем. Аз ҳисоби фиребдодагонашон. Аз ҳисоби онҳое, ки солҳо дар гӯшашон фалсафаи «шаҳодату ҷиҳод» хондаанд. Аз ҳисоби онҳое, ки куштани ҳамдиёру ҳамдину ҳамзабони худро ҷиҳод мепиндоранд. Бовар ҳам доранд, ки агар дар ин роҳ бимиранд,
АЗ БАЙЗАИ ЗОҒ, ЗОҒ РӮЯД Ҳоҷӣ Ҳалим ва эшони Ҷунайд мехостанд зиёда аз 500 мил силоҳи
наҳзатӣ САДОИ ТИР ДАРИ САФОРАТРО БАСТ Ду қазияи тирпаронии лаҳзавӣ дар як гӯшаи Душанбе ва берун аз он, аз тарафи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ончунон барқвор хомӯш карда шуданд, ки сокинони Душанбешаҳр ҳатто тариқи расонаҳо хабардор шуданд. Маҷрои ҳаёт дар шаҳр дақиқае ҳам халалдор нагашт. Лекин як ё аниқтараш ду сафорат дар Душанбе то рӯз хоб накард: тақдири пулҳои сарфшуда чӣ мешуда бошад? Ин ваъдаҳое, ки ба марказ додем, посухашро чӣ мегӯем? Худоё мадад кун! Вақте мошини пур аз аслиҳа аз Вазорати мудофиа баромад, вақте дар хлебзаводи ҳоҷӣ Ҳалим ба 70 нафар яроқ тақсим карданд, вақте 8 милисаи ҷавони тоҷик, ҳомиёни хоби роҳати кӯдакон, наврасон, ҷавонон, мӯйсафедон дар кӯчаҳои боғшаҳр – Душанбе шабзиндадорӣ карда, интизори дамидани субҳ, супоридани басту рафтан ба назди фарзандони дустрӯяки худ буданд ва ноҷавонмардона ба қатл расонида шуданд, вақте дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат се милисаро куштанд, инҳо огоҳ буданд. Бо ҳам алоқа мекарданд. Аз хурсандӣ аз курсиашон меҷастанд. Ба роҳрав баромада, якдигарро дар оғӯш мегирифтанд. Табрик мегуфтанд, ки акнун дар марказ онҳоро баҳо медиҳанд, иртифоъ мебахшанд, инъомҳо медиҳанд.
шаҳид мешаванд. Ғофил аз ҳаром мурдани хеш. Шахсан барои нависандаи ин сатрҳо шаҳид он шаҳрванди чинӣ, эронӣ, русиягист, ки дар Тоҷикистон омада, ҳангоми сохтмони нақбе, купруке, истгоҳи барқе, корхонае барои мардуми мо ҳалок мегардад. Оне, ки даҳҳо тифли бегуноҳро аз меҳри падарӣ маҳрум, муҷиби сахтию бадбахтӣ мекунад, ҳатто хок ба ҷасади манфураш нафрат дорад. Дар додани вазифа ба ҳоҷӣ Ҳалим ва эшони Ҷунайд барин ашхоси кӯрнамаку носипос шояд иштибоҳ ҷой дошта бошад. Вале ҳамаи ин танҳо барои некӣ, ба хотири сулҳ ба хотири оромӣ буд. Онҳоро аз решаи худ ҷудо накардем. Холисонаю тоҷикона дар паҳлуи худ гирифтем. Рутбаи генералӣ, полковникӣ додему вазифаҳои баландпоя. Панди пири бузургро фаромӯш кардем, ки: Агар байзаи зоғи зулматсиришт, Ниҳӣ зери товуси боғи биҳишт, Ба ҳангоми он байза парварданаш, Зи анҷири ҷаннат диҳӣ арзанаш. Диҳӣ обаш аз чашмаи силсабил, Дар он байза дам дардамад Ҷабраил. Шавад оқибат байзаи зоғ зоғ. Кашад ранҷи беҳуда товуси боғ. ҲНИТ – ҶОНИБДОРИ ИСЛОМИ МУСУЛМОНКУШ Ин фоҷиа бори дигар чашми миллати моро нисбат ба ҲНИТ ва сарваронаш боз кард. Сари таъзим бояд назди миллате фуруд овард, ки баҳои хешро ба ҲНИТ дар таърихи 1 марти соли 2015 дод. Мардум ин ҳизбро рад кард. Манъи фаъолияташро хост. Ба ҳамагон расонид, ки ниёз ба ҳизби исломӣ надорад. Вале наҳзату сарваронаш ин ҳақиқатро қабул кардан намехоҳанд ва даст ба чунин ҷинояти хиёнаткорона заданд. Зарбаи асосиро ба террористони наҳзатӣ боз мардуми оддӣ зад. Ташаккуру ҳамду сано бар сокинони Душанбею Ваҳдату Ромит, ки даъвати ин душманони миллатро напазируфтанд. Бо онҳо ҳамроҳ нашуданд. Баръакс, дар дастгиру нест кардани ин қувваҳои аҳриманӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯмак расониданд. Ҳоҷати шарҳи дигар нест. Ин фоҷиа собит кард, ки ҲНИТ дар роҳи расидан ба аҳдофи худ ба ҳама кор қодир аст. Ба амалҳои террористӣ, куштори ҳамватанони мусулмони худ, дар хоку хун ғарқ кардани Ватани хеш. Ин ҳизб ҳамон исломеро қабул дорад, ки сарваронаш мехоҳанду хоҷагони хориҷиашон. Исломи мусулмонкушро. Исломеро, ки ранги сиёҳу торикиро байрақи худ кардаву обу замини қисме аз кишварҳои минтақаро бо хуни мусулмон лолагун сохтааст. Илҳом ШАРАФЗОДА, бознашр аз нашрияи «Фараж», №37 (458), 9.09.2015
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
«Аз доми фиреб канор рафтем!» Хонандаи закӣ ва ниҳоят гиромӣ! Банда собиқ узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Партоев Хайриддин, сокини деҳаи Белгии ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт мебошам. Мехоҳам оид ба масъалаи доғи рӯз, ки аҳли кишварро нигарон намудааст ва дар ҳақиқат ҳам нигаронкунанда мебошад, каме ҳам бошад то сатҳи фаҳмиш ва донистаи худ ибрози назар намоям. Аслан сокинони водии Қаротегин ҷангҷӯ ва ифротӣ набуданд ва нестанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки моро роҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ – аъзои ИНОТ бо роҳи фиреб ва маҷбурӣ ба ин кашмокашиҳо ҳамроҳ карданд ва аз мавқеи ҷуғрофии ин водӣ, ки 99% куҳсор мебошад, ба манфиатҳои нопоки худ истифода намуданд. Хушбахтона, 27 июни соли 1997 ба таври расмӣ Созишномаи сулҳ имзо гардид ва пеши роҳи ин ҷанги бародаркуш гирифта шуд. Маҳз Ҳукумати ҷумҳурӣ аз гуноҳи мо - наҳзатиҳо гузашт, мо ва дар қатори мо ҳамаи мухолифинро бахшид. То имрӯз ман ҳамчун як инсон аз ин афви гуноҳ шукр менамоям ва бояд ҳар як фарди тоҷик нагузорад, ки афроде, гурӯҳе ё ҳизбе ин амнияти Тоҷикистонро халалдор созад. Ҳамаи саркардагон ва роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ мардуми оммӣ буданд, аз сатҳи баланди хурофот, диндорӣ ва зудбоварии мо сӯистифода карданд. Маҳз онҳо сабабгори ҳамаи нохушиҳо ва бадномзадагии ин диёри зебоманзар мебошанд. Ногуфта намонад, ки Мулло Абдулло Раҳимов, ки аслан зода ва парвардаи ин диёр набуд, то соли 2010 дар кӯҳҳои Қаротегин бо гурӯҳи сар то по мусаллаҳ маскан гирифта буд. Мо сокинони деҳот инро дарк мекардем, ки имрӯз не рӯзи дигар ба сари мардуми бечора Мулло Абдулло бало меорад. Чанд ҷавони ин диёр аз нофаҳмӣ бо айби Мулло Абдулло худро олуда карданд ва қурбон шуданд. Бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт аз соли 1998 ба фаъолият шуруъ намуд. Аҳолӣ ва ҳамзамон худи ман ҳам гумон доштем, ки мусалмон бояд аъзои наҳзат бошад, баъдан тасаввуроти мо нисбат ба он дигар шуд. Аъзои он рӯз то рӯз кам шудан гирифтанд ва 14 майи соли 2015 мо аъзои раёсат дар маҷлиси умумӣ ба қароре омадем, ки фаъолияти бахшро дар ноҳия ба пуррагӣ қатъ намоем, зеро рӯз то рӯз самти фаъолияти он ба назар монанди ғайбатхона аён шуда, самти ифротиро гирифта истода буд. Қарор ва протоколи дахлдор ба қароргоҳи ҲНИТ ирсол шуд. Оид ба ин масъала шахсан худи ман бо ҷаноби М. Ҳаит дар шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат шуда будам. Санаи 4 сентябри соли равон боз як хабари нохуш сокинони минтақаро ба таҳалуқа андохт. Аъзои фаъоли ҲНИТ Назарзода Абдуҳалим, ки миёни наҳзатиҳо бо номи «Ҳоҷӣ Ҳалим» шинохта мешавад, то вазифаи муовини вазири мудофиа, бо рутбаи генералмайор расида буд, ноҷавонмардона ба Ватани худ хиёнат кард. Аслан ман ин шахсиятро ҳамчун «ҳоҷӣ» эҳтиром намекардам. Зеро ӯ соли 2010 дар рафти амалиёти зидди террористии Мулло Абдулло ба ноҳияи Рашт ҳамчун шахси содиқ ба Ватан ба ҳайси роҳбар сафарбар шуда буд. Аммо дар ҳамон рӯзҳое, ки волидони сарбозони кушташудаи дараи Камаров хун мегиристанд, «Ҳоҷи Ҳалим» дар ноҳияи Рашт ноболиғдухтари 16-соларо ба таври маҷбурӣ ба ҳайси зани сеюм гирифт. Дар ин амалу рафтори ӯ аллакай ваҳшонияти ботинӣ ва хиёнат ба миллат дида мешуд. Ман ҳамчун собиқ аъзои ҲНИТ, ба истилоҳ «ҳамақидаи Ҳоҷӣ Ҳалим», амалҳои ноҷавонмардона ва хиёнати «Ҳоҷӣ Ҳалим»-ро маҳкум менамоям. Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ба миллати тоҷик муроҷиат карданиям, ки дигар фирефтаи дасисабозони манфиатҷӯ ва хоиноне ба монанди роҳбарони ҲНИТ ва «Ҳоҷӣ Ҳалим» нашавед. Шукронаи ҳамин сулҳу осоиштагӣ кунем. Ватанамонро худамон обод кунем.
9
Қаратоғ мақбули ҳар бинанда аст Имрӯз дар содироти ҷаҳонии молу хизматрасониҳо туризм баъд аз маҳсулоти нафт ва истеҳсолу фурӯши автомобил ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир туризм ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар ин соҳа бузургтарин кишварҳои олам, ки аз ин ҳисоб пешрафтаанд таваҷҷуҳ зоҳир намуда, миллионҳо нафар дар ин самт кору фаъолият доранд. Ба монанди кишварҳои Туркияву Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб (шаҳри Дубай).
Кишвари офтобии мо бо табиати афсонавӣ, дараю водиҳо, дашту саҳро, кӯҳҳои осмонбӯс, боғҳои сарсабз, меваҳои шаҳдбору болаззат дар тамоми дунё машҳур аст. Табиати зебои он мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ гардида, сол то сол шумораи онҳо дар ҳоли афзоиш аст. Яке аз мавзеъҳои зебову сарсабз дараи Қаратоғ аст. Қаратоғ бо табиати зебову дилнишин, кӯҳҳои сарбафалак ва дарёи шӯх мақбули ҳар бинандаву алоқамандони табиат мебошад. Аз ибтидои ворид шудан ба ин макони туристӣ эҳсос менамоед, ки дар воқеъ чи гуна табиати назаррабову накҳатомезе шуморо дар оғӯши хеш гирифтааст. Дар баробари дигар мавзеъҳои саёҳии кишвар кӯҳистони Бадахшон, дараи Варзоб, дараи Ромит, Балҷувон, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва қалъаи Ҳисор, ки диққати сайёҳонро ҷалб намудааст, дараи Қаратоғ низ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ кашидааст. Дараи Қаратоғ ба монанди дигар мавзеъҳои истироҳатӣ
10
дар рушди бемайлони туризми дохилӣ ва хориҷӣ саҳм гузошта, барои хубтару беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба меҳмонони дохиливу берунӣ ва рушди туризм аз ҷониби Ҳукумат ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳринав тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Барои истироҳати меҳмонон дар лаби дарёи Қаратоғ иншооту осоишгоҳҳои гуногуни истироҳатӣ сохта шудаанд. Бино ба гуфти мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Фаридун Давлатов бо сабаби он ки дараи Қаратоғ дар минтақаи кӯҳӣ ҷойгир аст, аз тарафи бахш бештар ба навъи туризми кӯҳнавардӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Фаридун Давлатов дар идомаи суҳбат афзуд: “Барои рушду таҳкими ин намуди туризм тамоми лавозимоти даркорӣ харидорӣ шудааст, ки дар вақтҳои лозимӣ аз он истифода бурда мешавад. Ҳар сол сайёҳони хориҷӣ ба минтақаи Қаратоғ омада, истироҳат мекунанд ва бо рӯҳи болида мераванд. Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон ва ба ин васила мусоидат дар рушди соҳаи туризм кӯшиш намуда истодаем, то дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳм гузорем”. Афзоиши шумораи иншооти истироҳатии ҷавобгӯ ба талаботи замон дар мавзеъҳои истироҳатии кишвар боис мегардад, ки теъдоди сайёҳон ҳам афзояд. Афзоиши теъдоди сайёҳон далели рушди иқтисодии кишвар мегардад, ҳамзамон теъдоди ҷойҳои нави корӣ бештар хоҳад шуд. Қаратоғ низ аз ҷумлаи мавзеъҳои истироҳатӣ ва туристиест, ки бо ба ҷо овардану дар амал татбиқ намудани тадбирҳои зарурӣ шумораи туристони аз ин мавзеъ боздидкунанда бештар мешавад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
ТУРИЗМ
Оромӣ бошад, сайёҳӣ рушд мекунад Имрӯз дар баробари нафту газ ва дигар омилҳои тақвият додани иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон соҳаи туризм ҳам нақши азиме дорад. Дар ҷумҳурии мо, бавежа ВМКБ низ самти мазкур сол аз сол афзалият пайдо карда истодааст ва шубҳа нест, ки дар ояндаи наздик сайёҳӣ ба сердаромадтарин соҳа табдил хоҳад ёфт. Дар иртибот бо ин масъала бо сармутахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Хоҷабегим Назармамадова суҳбат оростем. - Мегуфтед, ки то ҳол чӣ қадар сайёҳ ба вилоят ворид шудааст ва сайёҳон бештар кадом гӯшаҳои Бадахшонро қабул доранд? - Теъдоди расмии сайёҳони хориҷие, ки соли гузашта ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омаданд, 1150 нафар буд. Имсол то ҳоло зиёда аз 1400 нафар вориди вилоят шудаанд. Бештари сайёҳон ноҳияи Ишкошимро мепазиранд. Агарчи қисмати зиёди чашмаҳои табобатӣ ва мавзеъҳои таърихӣ дар ноҳияи мазкур мустақаранд, барои сайёҳон тариқи хатсайри водии Харгӯшии Ишкошим ба ноҳияи Мурғоб рафтан ва аз он ба водии Ғунди Шуғнон расидан хеле ҷолиб аст. Сабаби зиёд завқ доштани онҳо ба ин хатсайр дар он аст, ки дар масофаи хеле наздик бошандагон бо давлатии исломии Афғонистон ҳамсарҳаданд. Айни замон ҳаёти зоҳириву ҳаррӯзаи бошандагони ду канори дарёи Панҷ ба онҳо аҷиб аст. Ҳамчунин, ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили қалъаи Қаҳқаҳа ва Ямчуни Ишкошим ва дигар мавзеъҳои таърихие, ки аз тарафи Афғонистон менамоянд, мавриди диққати махсуси сайёҳон аст. Имсол бештари сайёҳон аз кишварҳои Фаронса, ИМА ва Олмон вориди Бадахшон
шуданд. Бар замми ин сайёҳони дохилӣ аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ барои истироҳату табобат ба водии Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон, Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим ва дигар ҷойҳо ташриф меоранд. - Барои пешрафти соҳаи туризм дар вилоят чӣ корҳо сомон дода шудаанд? - Аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли равон соли туризми дохилӣ эълон гардидааст. Дар ин раванд дар 13 муассисаи таълимии вилоят туризми мактабӣ ташкил намуда, шоҳид гаштем, ки толибилмон ба сайёҳӣ рағбати зиёд доранд. Бо ин ҳадаф ҳатто гурӯҳи сайёҳиеро таъсис додем, ки аз ҳар мактаб 50 нафар толибилм ба он аъзо шуданд. Ҳоло нақша дорем, ки ҳар моҳ аз шумораи аъзо 15 нафарро ба мавзеъҳои саёйҳии вилоят барем, то толибилмон аз назокати ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва дигар маконҳои дилнишини ВМКБ воқиф гашта, моҳияти соҳаи сайёҳиро ба хубӣ дарк кунанд. Бояд гуфт, ки риштаи сайёҳии вилоят хароҷоти зиёд ҳам талаб намекунад. Баръакс онро сокинон метавонанд ба манфиати худ истифода баранд. Мисоли оне, ки дар вақт ё худ мавсими сайёҳӣ бонувони хонашин имкон доранд, ҳунари бофандагиро ба кор баранд. Яъне, аз маҳсулоти анъанавӣ амсоли ҷӯроб, тоқии бадахшонӣ ва ғайра савғотӣ омода кунанд ва аз ҳисоби фурӯши он ба сайёҳон даромад дошта бошанд. Чунки сайёҳон бештар маҳсулоти дохилии анъанавиро мепазиранд. Вобаста ба ин масъала, яъне истифода аз ҳунари занону бонувон дар соҳаи сайёҳӣ бо бонувони марказ ва навоҳии вилоят ҳамкориҳо ба роҳ монданием. Дар ин самт бо созмони ҷамъиятии ПЕКТА (асотсиатсияи экофарҳангии Помир) равобити судманд дорем, ки ба он 12 ширкати сайёҳии вилоят аъзо мебошанд. - Кадом мушкилоти соҳа ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондааст? - Ҳоло инфрасохтори навоҳии вилоят, бавижа роҳҳои автомобилгард ба андозае садди роҳи воридшавии сайёҳон мешаванд. Чуноне ки таҳлилҳо нишон
медиҳанд, солҳои охир сайёҳон бо автомашинаҳои шахсӣ меоянд. Азбаски баъзе хатсайрҳои вилоят ҷавобгӯи талабот нестанд, дар баъзе ҳолатҳо сайёҳон дар роҳҳои кӯҳистон азият мекашанд. Инчунин дар бобати ҳусни муошират ва гуфтугӯ бо хориҷиён мушкилот ҷой дорад. Пеш аз ҳама барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз қабили БДА, корҳои дохилӣ, гумрук ва ғайра лозим аст, ба андозаи даркорӣ забонҳои хориҷӣ, хусусан забони англисиро донанд, то бо сайёҳон муносибати қобили қабулро барқарор карда тавонанд. Чун онҳо дар кору фаъолияти ҳаррӯза бо чунин ашхос рӯ ба рӯ мешаванд. Албатта бештари сайёҳони хориҷӣ ба инфрасохтори вилоят чандон аҳамият намедиҳанд. Барои онҳо пеш аз ҳама мавҷудоти асили табии, ёдгориҳои бостонӣ урфу одат ва фарҳанги мардуми кӯҳистон қобили таваҷҷуҳанд. Бо вуҷуд, мо вазифадорем, ки тозагиву созандагиро пеша кунем. - Дар самти туризми вилоят то ҳамин наздикиҳо масъалаи норасоии кадр ҷой дошт. Чӣ чора дида шуд дар ин бобат? - Чанд сол пеш дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар факултаи биология гурӯҳи сайёҳӣ-меҳмоннавозӣ кушода шуд. Соли оянда донишҷӯён аз рӯи ин ихтисос бояд донишгоҳро хатм кунанд. Аз шумораи онҳо ва донишҷӯёне, ки дар Федератсия Русияву маркази ҷумҳурӣ вобаста ба сайёҳӣ таҳсил доранд, дар ояндаи наздик беҳтарин мутахассисонро интихоб карда, ба кор ҷалб карданием. Умед аст, ки бо ин роҳ камбуди кадриро бартараф хоҳем кард. Аз ҷониби дигар дар назар бояд гирифт, ки соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯъ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз соҳаҳои ҷадид ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин, солҳои наздик дар ВМКБ ҳам ба дараҷае рушд кардааст. Умуман, дар ҳар кишваре, ки тинҷию оромӣ ва сулҳу субот дар ҳадди эътидол аст, соҳаи сайёҳии он ҳам пайваста пеш меравад. Мусоҳиб Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
22 CEНТЯБР – РӮЗИ РӮДАКӢ
Рӯдакӣ ва тараннуми ҳунармандӣ Устод Рӯдакӣ дар таърихи халқи тоҷик ва форсзабонон нахустин сухангустарест, ки бо сабки нави шеър сабки хуросонӣ, яъне сабки Рӯдакӣ (равону содаву малеҳ, латифу баландмазмун) асос гузошта, сардафтари адабиёти тоҷику форс гардид. Осори Рӯдакӣ фарогири мавзӯъҳои гуногун буда, дорои мазмуни баланд мебошад. Бештар ба мавзуъҳои умда ва муҳиму мубрами зиндагиву ҷомеа, замону макон таваҷҷуҳ кардааст, ки ба оянда нигаронида шудаанд. Ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, инсонпарварӣ, донишомӯзӣ, хирад, рӯзгор, фарҳанг, мардӣ ва ҳунаромӯзӣ меҳвари эҷоди Рӯдакианд. Замони зиндагии Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Мухаммад Рӯдакӣ бо аҳамиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва адабӣ дар таърихи халқи тоҷик мавқеи хосаро ишғол мекард. Воқеаи аввалин дар таърихи халқҳои эронинажод ба вуҷуд омадани халқияти мардуми тоҷик, зуҳур намудани аввалин шакли давлатдории тоҷикон мебошад. Бино ба маълумоти маъхазҳои хаттӣ дар асрҳои IХХ ҳунармандӣ равнақу ривоҷ дошт ва маҳсулоти аксари косибон басо хушсифат буда, берун аз хоки Осиёи Марказӣ шуҳрат дошт. Дар натиҷаи рушди қувваҳои истеҳсолӣ, ривоҷ гирифтани миносибатҳои тиҷоратӣ тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд меомад. Масалан, бозори Бухоро дар он вақт на танҳо ҷои доду гирифти мол, балки маконе буд, ки машғулиятҳои ҳунармандонро ташкил менамуданд. Дар он замон ҳунари бофандагӣ хеле равнақ ёфта, анвои матоъҳо сершумор ва сифати онҳо баланд буд. Ҳунармандон аз абрешиму пахта навъҳои олидараҷаи матоъ истеҳсол мекарданд. Устод дар ин маврид байти зеринро ба қалам додааст: То либоси умри аъдояш нагардад бофта, Тор-тору пуд-пуд андар фалоти он фавот Инчунин, дар он замон истеҳсоли матои зебои сурх, сабз ва сафед ва талабот ба ин навъи матоъ зиёд буд. Намунаҳои ин матоъҳои карбосӣ аз миёнаҳои асри Х то ба рӯзҳои мо омада расидааст. Гузашта
аз ин, ҳунармандони тоҷик бо маҳсулоти чармин ва пашмин машғул буданд. Дар асри IХ-Х бисёр бинову иморатҳои аз қабили масҷиду мадрасаҳо, дуконҳо кушкҳои қоматафрӯхта комёбии нави меъмории замони устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, то рӯзҳои мо омада расидааст. Мувофиқи эътирофи умум, мақбараи Исмоили Сомонӣ осори беназир ва беҳамтои санъати меъмории асримиёнагии Осиёи Марказӣ мебошад. Зоҳиран мақбара шакли муракаб дошта болояш бо гумбаз пӯшида шудааст. Андозаи мақбара гарчанде калон нест, вале басо бошукӯҳ буда, ороиши берунии бино намуди асосии нақш тарзи гуногун чидани хишт аст, ки бо тарзи амудию уфуқӣ ҳунарманд тавонистааст онро бағоят нафису латиф оро диҳад. Тасвири лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёт ва масоили ба зиндагии шахс ва муҳити ӯ алоқаманд бахши дигари ашъори устод Рӯдакиро ташкил медиҳад. Шоир панду насиҳат, ҳимояи ҳуқуқи мазлумон, хуш гузаронидани вақт, масъалаҳои ишқу ошиқӣ, тасвири май, баҳор ва манзараҳои табиат ва амсоли инҳоро низ ҷой додааст. Масъалаи ҳунармандӣ як воситаи асосии рушди ҳунар буда, шоир саъю кӯшиши шахсро дар байти зерин равшан ифода кардааст: Эй он, ки надорӣ хабаре аз ҳунари ман, Ҳоҳӣ, ки бидонӣ, ки наям неъматпарвард, Асп ору каманд ору китоб ору камон ор, Шеъру қаламу барбату шатранҷу маю нард. Инсон аз нуқтаи назари Рӯдакӣ дар ҳаёти худ фаъол аст. Яъне, бояд фаъол бошад. Замона мутеи дасти ӯст, ӯ бояд замонро мувофиқи талаботи зиндагии худ тағйир диҳад: «Замона аспу ту рози барои хешат тоз! Замона гӯю ту чавгон барои хешат боз». Ақидаи побасти тақдир ва сарнавишти инсон чи навъе дар байт дида мешавад, аҳамияти худро то имрӯз гум накардааст. Бо ибораи дигар, шоири бузург сарнавишти инсон ба кадом тараф равона карда шудани онро дар муҳити ҷамъияти инсонӣ, балки ба фаъолият худ вобаста гардонида, кӯшиш ва ҳаракати шахсро воситаи ягонаи ҳалли мушкилоти ҳаёт медонад.
АНДЕШАИ ДИГАР Чун мардуми тоҷик дар анҷоми ҳазораи дуюми мелодӣ дафъатан ба истиқлолу озодӣ расид, мутаваҷҷеҳи эҳёи арзишу суннатҳои миллӣ гардид. Яке аз арзишҳои миллати мо фарзандони фарзонааш аст, ки миллатро на танҳо дар гузашта, балки имрӯз ҳам дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ доранд ва аз рӯйи донишу ҷаҳонбинӣ ва осори бебаҳои онҳо ба тоҷик, ба нерӯи зеҳниву офарандагии ин миллат баҳо дода мешаванд. Барои ҳамин, онҳо ба як арзиши миллии фаромӯшнашаванда табдил ёфтаанд.
Сино тоҷик аст! ё афсонаи узбек кардани Сино
Панду андарз ва насиҳат, хусусан таълими одоби нек, ситоиши ҳунар ва васфи илму дониш ганҷинае дар осори Рӯдакӣ буда, қисми барҷастаи адабиёти асри Х-ро ташкил медиҳад. Илму донишро сарвати бебаҳои маънавӣ, наҷотдиҳанда аз тангдастӣ эътироф мекарданд, ки ҷамъият фақат ба илм эҳтиёҷ дорад. Рӯдакӣ мефармояд, ки шахс бояд дар кӯдакию ҷавонӣ илму ҳунарро аз худ кунад ва таҷрибаи зиндагиро бо чор чиз зарур мешуморад: «Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад, Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад. Ҳар он ки эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард, Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад» Шоири инсондӯст тарафдори он аст, ки фарзандон бо одоби писандида, ахлоқи нек, илму дониш ва бо ҳунари хеш обрӯи падару модар ва номбардори халқу миллати хеш бошад. Эй дареғо, ки
хирадмандро, Бошад фарзанду хирадманд не. В-арчи адаб дораду дониш падар, Ҳосили мерос ба фарзанд не». Панду насиҳатҳои Рӯдакӣ дурдонаи тобдори ганҷинаи ҳикмати халқи мо, ки аз имтиҳони таърих гузашта, чун ҳукмати рӯзгорон барои ҷавонони имрӯза боқӣ мондааст. Мақоми Рудакӣ дар эҷоди шеъри тоҷикӣ, аз лиҳози шакл тамоми масъалаҳои зиндагии иҷтимоии халқро инъикос намуда, дониши он давраро таҷассум менамояд ва ба мазмунҳои наҷиби умумиинсонӣ ороста шудааст. Матлуба АМИНОВА, корманди Осорхонаи ба номи Рӯдакӣ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
Вақте сухан дар бораи бузургони миллати тоҷик меравад, бешак пеши назар ҳама нобиғаҳои миллат, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Хайёму Сино ва дигарон ҳувайдо мегарданд. Чун мо одат кардаем, ки ҳангоми онҳоро номбар намудан Синоро на аз рӯйи тартиб баъди Рӯдакию Фирдавсӣ, балки номураттаб ном мебарем. Барои эҳтиром, эҳёи арзишҳои миллӣ ва аз байн нарафтани осори ин родмардони бузурги адабиёти тоҷик чун идомаи анъанаи аҷдодон соли 2009 ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакиро ҷашн гирифтем, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ба хотири Фирдавсии бузург шоҳномахонӣ кардем, барои гиромидошти Ҷалолуддини Балхӣ дар сатҳи чаҳон озмуни мавлавихониро ба роҳ мондем, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомиро пуршкуҳ қайд намудем ва дар қатори инҳо чандин нобиғаҳои дигари тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудем ва ин анъанаро бетаъхир идома додему медиҳем. Лекин яке аз нобиғаҳои бузурги миллат аз мадди назар дур монд. Абӯалӣ ибни Сино. Дар баробари мо ҳастанд қабилаҳое, ки худро аз ҳисоби миллати дигар миллат эълон намуда, дар заминаи таърихи миллатҳои дигар барои худ таърихсозӣ мекунанд. Баъд аз миллат эълон намудани худ, боз барои он миллат фарзандони ба ору номус даркор, то дар арсаи ҷаҳонӣ муарифгари он миллату давлат бошанд. Фикр карданду Синои бузургро пазируфтанд. Мардуми тоҷик барои эҳтироми ин фарзанди миллати хеш дар шаҳри Душанбе пайкараашро сохтаанд, чандин кӯчаю хиёбонҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, беморхонаҳо ва ноҳияро ба номи Сино гузоштаанд. Баъдан онҳо низ фикр карданд, ки пеш аз ин корро анҷом додан бояд пайкараи ӯро созем. Онҳо дар давлати худ пайкараи Синоро сохтанд, ки фарқият байни ин ду пайкара дар шакли зоҳирии чашмон аст - дар пайкараи сохтаи онҳо чашмони Абӯалӣ ибни Сино танг тасвир ёфтааст, дар мо шакли модарзодиаш. Соли гузашта ин қабила бахшида ба зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино конфронси байналмилалӣ гузаронд. Дар ин конфронс онҳо Синоро нобиғаи қабилаи худ муаррифӣ намуда, ба ҷаҳониён пешниҳод намуданд, ки Сино намояндаи бузурги ин қабила аст ва бо ин далел онҳо таърихи куҳан доранд. Ҳарчанд ин мавзӯъ дар расонаҳои мо васеъ инъикос нашуд, аммо дар расонаҳои хориҷӣ дар сархати хабарҳо қарор дошт. Шояд олимону адибони мо пурра огаҳ бошанд, лекин мисли пешина муҳри хомушӣ ба лаб гирифта нишастанд. Гӯё Синоро намешиносанду ин ном барояшон бегона аст. Ин суханҳо аз забони ҷавоне аст, ки аз таърихи нобиғаҳои кишвари худ каму беш огоҳ аст. Лекин дар баробари ин ҷавон ҳазорон олимону профессорон дорад ин миллат, ки оид ба ин мавзӯъ китобҳои зиёд ба чоп расонидаанд. Аз таърихи зиндагиномаи ин шахсият ва аз кадом миллат буданаш пурра огаҳанд. Аммо аз чи бошад, ки ҳама муҳри хомушӣ ба лаб мезананд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳама миллату давлатҳо барои бақояшон бо ҳар восита худро муарифӣ карда истодаанд. Қабилаҳо аз ин фурсат истифода бурда, аксарияти расму оин ва фарҳанги мардуми тоҷикро азони худ карда, дар ҷаҳон бо ин расму оин ва фарҳанг худро ҳамчун миллат муаррифӣ менамоянд. Аз таомҳои миллӣ сар карда то расму оинҳои мардумиамонро азони худ намуданд. Акнун навбат ба нобиғаҳои миллат расидааст. Ин чӣ гуна миллат аст, ки аз худ ва аз фарҳангу адабу фарзандони гузаштаи худ дифоъ карда наметавонад? Боз мо худро озода мегирему даъвои равшанфикру бузургиро дорем. Ҷавонон аз ин гуна беномусӣ чӣ гуна ибрат гиранд? Агар кор ҳамин гуна идома ёбаду олимону донишмандони мо хомӯширо ихтиёр кунанд, мо боз як нобиғаи миллати худро аз даст медиҳем. Агар мо Синоро аз даст диҳем, онҳо фардо он нобиғаҳоеро, ки дар Бухорою Самарқанд таваллуд шудаанд, гузаштагони худ мешуморанд. Ҳол он ки Бухорову Самарқанд дар он замонҳо махзани илму адаби мардуми тоҷик буд. Онҳо бо як далели дар Бухоро таваллуд ёфтан, ки аслан шаҳрҳои тоҷикон аст, ҳамаро аз худ намуданд. Лекин ин қадар сарчашмаҳою китобҳо исбот мекунад, ки ин фарзанди кадом миллат аст. Чаро то ҳол сари ин мавзӯъ касе фикр намекунад? Ё мо - ҷавононро низ дар ҳамин руҳияи тарсуӣ тарбия кардан мехоҳед?!... Мо ҳеҷ гоҳ мисли шумо – “бузургони миллат” тарсӯ нахоҳем буд! Абӯалӣ ибни Сино тоҷик буд, ҳаст, мемонад! Инро мо ба ҳама исбот мекунем! “Бузургон”, агар шумо тарсуед, мо - ҷавонон тарсу нестем, мо аз гузаштагони худ дифоъ карда метавонем! Мо бо ифтихор мегӯем: МО ТОҶИКЕМ, АЗ НАСЛИ СИНОИ БУЗУРГ!!! Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
11
ВАРЗИШ
“Хуҷанд” мавқеашро мустаҳкам кард Рӯзҳои истироҳат даври сенздаҳуми чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ доир гардид. Қаҳрамони феълии кишвар “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт тими “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшанро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров ва Манучеҳр Ҷалилов заданд. Дар бозии байни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бошад ғолиб маълум нашуд. Ба голи задаи Кароматулло Саидов, бозингари “Вахш” Муҳсинҷон Парпиев, бозингари “Хайр” бо гол ҷавоб гуфт. Қаҳрамони дукаратаи кишвар - дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
“Антикоррупсия” – қаҳрамони нави Ҷоми “Истиқлол” 10 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқа барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд анҷом ёфт. Дар бозии финалӣ дастаи “Антикоррупсия” бо ҳисоби 4:2 бар дастаи соҳибони мусобиқа “Истиқлол”-и пойтахт ғолиб шуда, унвони чемпионӣ ва ҷоизапулиро дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ соҳиб гардид. Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад, қаҳрамони дукаратаи Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” - дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз рӯи пеналтӣ аз дастаи “Ориёнбонк” бо ҳисоби 5:3 мағлуб шуд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Мусобиқа 8 август оғоз ёфта, дар он 27 даста ширкат карданд. Дар маросими ботантанаи мукофотсупорӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода, ноиби аввали президенти Федератсияи футбол Хуршед Мирзоев, президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидов ба ғолибон ҷому медал, ифтихорнома, инчунин, чекҳоро дар ҳаҷми 40 ҳазор, 20 ҳазор ва 10 ҳазор сомонӣ тақдим сохтанд.
бар “Парвоз” бо ҳисоби бузурги 5:0 дастболо шуд. Ҳусейн Суҳробӣ, легионери эронии “Равшан”, ки 4 гол зад, қаҳрамони бозӣ гардид. Ӯ дар дақиқаҳои 30, 34, 47 ва 82 ба фатҳи дарвозаи ҳариф муваффақ шуд. Як голи дигарро легионери “Равшан” аз давлати Гана, ниммуҳофиз Акуффо Гершон ба самар расонд. Дар бозии дигари давр КМВА “Помир” дар майдони худ бар “Барқи тоҷик” бо ҳисоби минималии 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 80 ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов зад. Даври сенздаҳуми чемпионат бо бозии миёни дастаҳои “Хуҷанд”
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Равшан» (Кӯлоб) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хайр» (Ваҳдат) КМВА «Помир» (Душанбе) «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) «Барқи тоҷик» (Душанбе) «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
Б 13 13 13 13 13 13 13 13 13 13
Ғ 12 9 8 6 6 5 3 2 1 0
М 1 3 2 5 3 2 3 2 4 1
Б 0 1 3 2 4 6 7 9 8 12
Т-Т 49-2 26-9 30-22 19-10 17-23 9-14 14-22 10-23 4-25 3-31
Х 37 30 26 23 21 17 12 8 7 1
– “Регар-ТадАЗ” ҷамъбаст шуд. “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд қаҳрамони ҳафткаратаи мамлакат “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро қабул карда, бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт. Голҳои дастаи ғолибро Дилшод Бозоров ва Фарҳод Тоҳиров, як голи “РегарТадАЗ”-ро ҳамлагари тими мунтахаби миллии кишвар Комил Саидов заданд. Баъди ин ғалаба “Хуҷанд” бо 30 хол мавқеашро дар ҷадвали чемпионат мустаҳкамтар сохт. “Регар-ТадАЗ” бо 23 хол дар мақоми чорум қарор дорад. Ин даста нисбат ба “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа аст, ҳамагӣ се хол камтар дорад. Даври 14. 26 сентябр (шанбе). Оғоз 16:00 «Барқи тоҷик» — «Хайр» «Далерон-Уротеппа» — «Хуҷанд» «Равшан» — «Истиқлол» 27 сентябр (якшанбе). Оғоз 16:00 «Регар-ТадАЗ» — «Вахш» КМВА «Помир» — «Парвоз»
Ҳавасмандӣ варзишгаронро рӯҳбаланд мегардонад Чанде пеш Дилшод Назаров баъди гирифтани медали нуқра дар чемпионати ҷаҳон дар Чин аввалин варзишгари тоҷик гардид, ки ба Ҷоизаи Президент барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мушарраф шуд. Ҷоизаи мазкур барои гирандагони медали тиллои Бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, медали нуқра 200 ҳазор сомонӣ ва биринҷӣ 150 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Суҳбати мо бо Устоди варзиши ҷумҳурӣ оид ба муҳорибаи омехта Ғайрат Сиддиқов дар мавзӯи таъсиси Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ сурат гирифт. - Дар оғоз мехостем дар хусуси чӣ гуна ба ҷодаи варзиш қадам ниҳоданатон каме маълумот диҳед. - Чун аксар варзишгарони кишвар нахустин қадамҳои худ дар ҷодаи варзишро аз гӯштини миллӣ оғоз кардам. Дар айёми
12
мактабхонӣ гоҳо дар чорабиниҳои наврӯзӣ ва мусобиқаҳои маҳаллӣ ширкат меварзидем. Солҳои донишҷӯӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар намудҳои каратэкиёкушинкай ва муҳорибаи омехта тамрин карда, соҳиби камарбанди сиёҳ дани 1 гардидам. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ҳастам. Аз соли 2010 узви Федератсияи миллии ҷумҳурӣ оид ба муҳорибаҳои омехта мебошам.
- Андешаи шумо дар бораи таъсиси Ҷоизаи Президенти мамлакат ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ чӣ гуна аст? - Ин бори дигар аз ғамхориҳои Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи варзиш дарак медиҳад. Баъд аз вохӯрии Президенти мамлакат бо варзишгарони ҷумҳурӣ (соли 2010) дар кишварамон зиёда аз 3000 иншо-
оти хурду бузурги варзишӣ сохта шуд. Яъне, дар китоби таърихи варзиши мамлакат саҳифаи наве боз гардид. Ҳоло база барои тамрин кардану такмили маҳорати варзишгарон мавҷуд аст. Акнун барои ғолибият дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ кӯшиш бояд кард. Таъсиси ҷоиза варзишгарону мураббиёнро водор мекунад, ки ба мусобиқаҳо ҷиддитар омодагӣ бу-
бинанд. Аз ин рӯ, бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин иқдом самараи нек хоҳад дод. Соли равон шогирди ман Файзиддин Давлатов дар Чемпионати Осиё оид ба кикбоксинг миёни наврасон сазовори медали тилло гашт. Ӯ ҳамчунин дар чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба гирифтани медали нуқра ноил гардид. Алҳол ман дар мактаби варзишии ба номи Абдулманнон Зокирови ноҳияи Ҳисор ба ҳайси мураббӣ дар намуди муҳорибаи омехта ва яккаҳарбаи шарқӣ-аврупоӣ наврасонро машқу тамрин медиҳам. Мақсад дорем, ки оянда ба намудҳои олимпии варзиш, махсусан бокс ва дзюдо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Умед аст, ки аз миёни дастпарварони мактаби варзишии мо низ чемпионҳои ҷаҳону бозиҳои олимпӣ ба воя хоҳанд расид. Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШ
Талош барои Ҷоми Президент шуруъ мешавад 19-24 сентябри соли равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар ин мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои Арманистон, Туркманистон, Қазоқистон, Украина, Эрон ва дигар кишварҳо иштирок хоҳанд кард. Ин 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис мебошад, ки теннисбозони наврас барои ба даст овардани Ҷоми Президенти Тоҷикистон миёни худ рақобат мекунанд.
Тими ҷавонон дар Эрон тамрин мекунад Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 ҷамъомади омӯзишию машқиро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мекунад. Дар Теҳрон дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар бо тими мунтахаби ҷавонони Эрон ду бозии санҷишӣ мегузаронад. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳалаи интихобии Чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” бо тимҳои мунтахаби ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Мол-
див вомехурад. Бозиҳои ин гурӯҳ 2-6 октябр дар Душанбе баргузор мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо ва 5 дастаи ҷои дуюм, ки натиҷаи беҳтар доранд, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд. Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад.
Мунтахаби наврасон ба Қатар сафар кард Дастаи мунтахаби наврасони кишвар (U-16) зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Душанбе анҷом дода, 14 сентябр ҷиҳати иштирок дар бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 ба шаҳри Доҳаи Қатар сафар кард. Тими мунтахаби наврасони кишвар дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои наврасони Қатар, Ироқ ва Туркманистон барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мекунад. Ба марҳилаи ниҳоии чемпионат ғолибони ёздаҳ гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ва чор дастаи ҷои дуюм, ки нишондиҳандаи беҳтар доранд, роҳхат мегиранд. Ҳайати тими мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар барои иштирок дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2016: Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Хисрав Раҳимов («Саройкамар»), Меҳвар Сулаймонов («Помир»). Муҳофизон: Ваҳдат Ханонов, Шаҳром Абдуллоев (хар ду аз «Истиқлол»), Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳусейн Нурматов, Амир Иброҳимов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдо Малиев (ҳама аз «Помир»). Ниммуҳофизон: Саидмухтор Азимов, Аслам Камолов, Шервони Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Искандар Солиев («Помир»), Зиёвуддин Фузайлов («Истиқлол»). Ҳамлагарон: Мубинҷон Муминов, Рамз Амрохонов, Аваз Қамчинов, Тоҳир Малодустов, Шаҳзод Давлатов («Помир»), Далер Ёдгоров («Истиқлол»). Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни наврасони то 16-сола дар гурӯҳи «С»: Даври 1-ум. 16 сентябр (чоршанбе) 18:00. Қатар – Туркманистон 21:00. ТОҶИКИСТОН – Ироқ Даври 2-юм. 18 сентябр (ҷумъа) 18:00. Туркманистон – ТОҶИКИСТОН 21:00. Ироқ – Қатар Даври 3-юм. 20 сентябр (якшанбе) 18:00. Қатар – ТОҶИКИСТОН 21:00. Ироқ – Туркманистон Эзоҳ: Соати бозиҳо бо вақти Душанбе аст.
Ҳадафи ман иштирок дар бозиҳои олимпист Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс ба хотири Маъруф Ҳусейнов баргузор гардид. Донишҷӯи соли дуюми факултаи омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Устоди варзиши ҷумҳурӣ Баҳодур Усмонов дар вазни 56 кило ҷои якумро ишғол намуд. Мо бо ин варзишгари ҷавону умедбахш вохӯрда, аз нақшаҳои минбаъдааш пурсон шудем. - Баҳодур, нахустин мусобиқае, ки ширкат варзидӣ дар ёдат ҳаст? - Албатта. Ман 8 сол аст, ки таҳти роҳбарии мураббиҳои сахтгиру мушфиқ Комил Лашкаров ва Рустам Музаффаров дар толори “Тоҷварз” тамрин мекунам. Бори аввал соли 2011 дар чемпионати ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб доир гардид, дар вазни 52 кило ширкат варзида, сазовори ҷои аввал гардидам. Ин пирӯзӣ ба ман рӯҳу илҳом бахшида, дар машқҳо бештар ширкат намудам. Кӯшиш мекардам, ки ҳамеша сазовори боварии устодон бошам. - Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ ширкат варзидаӣ? - Соли 2013 дар шаҳри Киеви Украина дар мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок доштам. Ҳарчанд медал ба даст наоварда бошам ҳам, аз ширкат дар ин мусобиқа бисёр чизҳо омӯхтам. Ҳамон сол дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар мусобиқоти Осиё ширкат варзида, соҳиби медали нуқра гардидам. Ҳарифонам аз Ҳиндустон, Муғулистон ва Чинро мағлуб карда, аз намояндаи Ӯзбекистон дар финал мағлуб шудам. Варзиш ҳамин аст. Аз нокомӣ набояд ноумед шуд, балки аз камбудӣ хулоса бароварда, дар мусобиқаҳои навбатӣ ба хато роҳ набояд дод. - Ширкат дар мусобиқаҳо ба ҷараёни таҳсил халал намерасонад? - Донишкадаи мо боргоҳи омодакунандаи мутахассисони соҳаи варзиш аст. Ба ҳар мусобиқае, ки равем, роҳбарияти факултаву донишкадаро бохабар месозем. Ректори донишкада Шодӣ Сафаров ғамхори варзишгарон буда, моро ҳамеша дастгириву рӯҳбаланд месозанд. Як моҳ пеш қарор дар Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ ба
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ содир шуд. Инро мо боз як ғамхории дигари Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш меҳисобем. Чунин ғамхорӣ варзишгаронро ба масъулиятшиносӣ бештар водор мекунад. Шахсан ман ба ҷои ду бор рӯзе се бор машқ мекунам, то дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчами кишварро баланд бардорам. - Дар пеш чӣ нақшаҳо дорӣ? - Ҳоло ба мусобиқаҳои навбатии бокс миёни калонсолон омодагӣ дида истодаам. Ният дорам, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни калонсолон ғолиб омада, ба мусобиқаи литсензионие, ки соли оянда дар Қазоқистон баргузор мешавад, роҳхат бигирам. Ҳадафи ниҳоии ман роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Рио-деЖанейро 2016 аст. Орзу дорам шарафи варзиши тоҷикро баланд бардорам. - Ғайр аз тамрин барои ҷисману рӯҳан нерӯманд шудан варзишкор бояд чӣ кор кунад? - Бо тавсияи устодони меҳрубонам китобҳо оид ба таърихи бокс навишташударо мутолиа менамоям. Баъдан сабти мусобиқаҳои ҷаҳонии боксро тамошо мекунам. Варзишгар бояд ғизои солиму табиӣ истеъмол кунад. Аз машруботи масткунандаю тамоку дур бошад. Ҷисму андешааш, рафтору пиндораш пок бошад, устодонашро эҳтиром намояд. Дар ин ҳол пирӯзӣ насибаш мегардад. - Барои расидан ба нақшаҳои дарпешгузоштаат комёбиҳо хоҳонем! Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
13
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА Ба зан чӣ лозим? Ин суол дар майнаи Хушдил, ки кӯфтаю шалпар аз кор ба хона бармегашт, борҳо барқ зада, бештар бадқаҳру асабониаш менамуд. Ӯ худ ба худ мегуфт: «Аҷаб табиате доранд мардон: бо дидани зани хушсурат дилашон гум мезанад. Вале чун ба ҳам омаданд, почаки занро мехоянд». Чақ-чақи имрӯза аз ҷаҳиши доллар оғоз ёфту ба баҳси «Ба зан чӣ лозим?» печид. Ана, ёбеду гиред! «Дарро задам, девор кафид»аш ҳамин будагист. Эҳ, хомхаёлҳо! Магар талаботи занро метавон баён дошт? Не, ки не. Ин аз имкон берун аст. Ҳо, ҳеҷ кас намедонад. Танҳо Худо медонад. Беҳуда ҳам се бор зан ва як бор мард нагуфтаанд». Ҳарфи охирин ба гӯши марди роҳгузаре расид, ки завқ карду зуд-зуд нафас гирифта, саросема гуфт: – Чӣ гуфтӣ? Се бор зан? Ана, ин ба ман маъқул! Офарин, ҳаққи гапро гуфтӣ! Занро задан лозим! Мард боз завқиду гӯӣ суханаш Хушдил нашунида бошад, такрор кард: – Занро задан лозим! Хушдил таконе хӯрд ва бо беқарорӣ пурсид: – Занро задан лозим? Мард хандаи бепардае карда, бо оҳанге, ки ягон бӯйи ҳазлу шӯхӣ надошт, афзуд: – Ҳо, «занро се бор зан, намурд бо табар зан!», гуфтаанд оқилон. Ӯ чунон баланд хандид, ки чанд зани роҳгузар «Ё тавба!» гӯён гиребон гирифтанд. Мард ба онҳо нигоҳи ғолибонае афканда, боз қаҳ-қаҳаи хандаро сар дод: – Ҳа-ҳа-ҳа!.. Ҳо-ҳо-ҳо!.. «Уҳ, махлуқи бедум-е!» - таҳи дил дашном дода, бо изтироб ба гирду пешаш нигоҳ кард Хушдил ва бо гилаву коҳиш ба мард дарафтод: – Оҳистатар, баланд наханд. Дар хонаат нестӣ-ку. Ин ҷо ҷойи ҷамъятӣ аст. Одобро риоя кун. – Хайр, чӣ?! – бепарво гуфт мард ва аз дасти Хушдил дошту даҳон ғунча кард. Хушдил дарёфт, ки мард яқин толиби баҳси маҳкуми зан аст. Якбора рӯяш аз шиддати ғазаб арғувонӣ шуд. Дасти мардро чунон сахт фишурд, ки ӯ беихтиёр хам заду садо сард дод: – Оҳ! Дигар ёрои сухан гуфтан надошт. Хушдил ба ӯ нигоҳи оташборе карда, бо қаҳр гуфт: – Чӣ шах шудӣ?! – Чӣ?.. – Тезтар, гум шав! Лаҳзае нигоҳи Хушдил дар нигоҳи мард гиреҳ хӯрд. Бо хашм абрӯҳояшро ба аломати асабоният ба ҳам гиреҳ зад. Аз тарси нигоҳаш мард саросема гуфт: – Шуд, шуд. Гум шудам. Занҳоро дар дил фараҳ ва дар лаб табассум дамид. Аммо изтиробе ба ҷони Хушдил роҳ ёфт. Ба андешаи «хонаи ман – қалаи ман» афтод. Ҳамсараш зоҳиран тавре вонамуд мекунад, ки аз ҳама чиз розӣ аст. Рост ё дурӯғ худро хушбахт нишон медиҳад. Ҳамеша як чизро такрор мекунад: «Аз ҳеҷ чиз камӣ надорем». Вале Хушдил
14
бепарвоии ӯро ба зиндагӣ эҳсос мекард. Бештар хомӯшӣ ихтиёр карданаш низ ба ӯ хуш намеомад. Ин тазод дар рафтори завҷа Хушдилро ором намегузошт. Мисле ки дар зиндагиаш ким-чи намерасад. Чӣ? Ҳеҷ намедонад. Бештар худро бо гуфтаи мардум «Зоғи бе доғе нест» тасалло медод ва роҳе ба ғайр аз сабру таҳаммул надошт. Пиёдарави пуродам ва пурсару садо бӯйи бегонагӣ медод. Эҳсоси танҳоӣ ба ҷонаш афтода, гӯё тарси пинҳоншудае дар як гӯшаи зеҳнаш чун хӯра вуҷудашро мехӯрд. Ба
– Имшаб дар хона хоб накардӣ-а? Ин ҳарф ба Хушдил сахт расид, ки хашмолуд ғуррид: – Ин чӣ гап аст?! Баҳодур як қадар ғолибона, вале нарм гуфт: – О, ришат расидааст. – Наход? – ҳайрон даст ба манаҳаш бурд Хушдил, дар қайди андеша монда, як-ду дақиқа сукут варзид. Сипас чун барқ ба хотираш зад: дар хона хамираи ришгирӣ надорад. Дар таҳти дил аз Баҳодур миннатдор шуда,
мехоҳад маро фиреб диҳад. Дар рӯзи равшан. Рӯйиросту бешармона». Хушдил бо ангуштонаш рӯйи пештахта хашмомез таблнавозӣ кард. Ҷавон ба ӯ нигоҳ кард ва каме шаф-шафкунон пурсид: – Боз ягон чиз мехоҳӣ?! – Ҳа... – Чӣ? Забони Хушдил ба «бақия» гуфтан нагашт. – Гӯй, чӣ лозим? Хушдил аз худро ба нодонӣ задани ҷавон дилтанг шуда, ба сари ӯ баланд гап зад: Шералӣ МӮСО
Андак эътибор (ҳикоя)
касе бархӯрду ба худ омад ва боз байни одамон дарёфт худро. Аммо мебинад, эҳсос мекунад, ки танҳову танҳост. Ҳар кас ба ҳоли худ: яке парвои дигаре надорад. Танҳо, ҳай метозанд. Ба куҷо?! Барои чӣ?! А?!. Ҳеҷ намедонад. Дар қиёфаи одамон нигаронӣ ва асабоният дида мешуд. Баъзеҳо худ ба худ ҳарф мезаданд. Занонро медид, ки бо борхалтаҳои сангин аз бозор меомаданд. Дарки ин саҳна барои Хушдил каме душвор буд ва ӯро гиҷ ҳам мекард. Лекин ба ҳар сурат аз ҳар пешомад таскини дил меҷӯст. Хушо, ки ин лаҳза шиносе садояш кард. Истоду кунҷковона ба ӯ хира шуд. – Ҳа, мулло Хушдил! – маънидор чашмакӣ зада гуфт Баҳодур, ки парвои хубу бади дунёро надошт ва чун ҳамеша табъи болида дошт. Аз дидори Хушдил магар лаззату кайфияте бардошт, ки мамнунона баланд хандид. Худи Хушдил, ки ин вақт даст дода вохӯрӣ мекард, ҳайрон шуда, теғ кашида ба рӯи ӯ нигаристу тунд пурсид: – Ханда барои чӣ? Чашмонашро айёрона нимкоф кард Баҳодур ва бо тамасхур гуфт:
ба мағозаи «Атриёт» даромад. Ҳарчанд фурӯшанда ҷавон буд, аввалин шуда одоби салом ба ҷо овард. Вале вай саломашро алек нагирифт, бо қавоқи гирифта ба ӯ нигоҳ карда гуфт: – Чӣ лозим?! Хушдил тавонист дарк бикунад, ки душмани фурӯшанда забони ӯст. Зарбулмасали чинӣ ба ёдаш расид: «Ҳар шахсе, ки табассум карда наметавонад, набояд ба тиҷорат шуғл варзад». – Креми ришгирӣ. Ҷавон на «ҳа» гуфту на «не», пас гашту аз раф як дона кремро гирифта, таққи наздаш, рӯи пештахта гузошту иллатомез гуфт: – Се сомониву чил дирам. Хушдил нафаҳмид, рӯйи турши ҷавон аз бебарории савдо бошад ё боло рафтани қурби доллар. Як панҷсомонии дар ҷайбаш бударо ба ӯ дод. Пулро гирифту гардонидани бақияро дар гӯшаи хаёлаш ҳам наовард. Хушдил таассуфангез пушти сарашро хорид. Чунин беэътиноӣ ӯро бераҳмона неш зад. Ҷавон худро ба коре андармон сохт. Хеле ҷунбу ҷӯл кард. Хушдил андешид: «Бинед, ки одам чӣ хел аҳмақ аст! Охир, ман бача не, мард ҳастам! Не, вай
– Бақия! – Чӣ гуфтӣ? – Чӣ гуфтам? – Бақия гуфтӣ? Чанд сомонӣ додӣ ки? – Панҷ сомонӣ. – Пули майда нест! – бо иллат гуфт ҷавон. – Ба бақия ана ин крем барои дастро гир. – Ба сарам мезанам, – эътироз кард Хушдил. – О дастонам булӯр барин-ку. – Аз занат чӣ? Аз густохии вай Хушдил надонист чӣ гӯяд. Бо ҳарос таҳи дил гуфт: «Зани маро аз куҷо мешиносад?» – Аз занам чӣ? – Пурожанг. Ҳарфи охири ҷавон монанди ғурриши раъд дар ҳавои соф садо дод. – Чӣ-ӣ?! – нигоҳи Хушдил аз ҳад зиёд бераҳмона буд, ки ҷавон тамоман худро гум кард. Хушдил худ нафаҳмид, ки чӣ хел аз гиребони ҷавон гирифт. – Сар те-е! – бо қаҳр силтав зад ҷавон, вале гиребонашро аз дасти ӯ раҳо карда натавонист. – Мекушам!.. Баъдтар, вақте ки сӯи хона мерафт, ҳайрон шуд, ки ин қадар
ҷасорату нотарсӣ дар вуҷудаш аз куҷо пайдо шуд. Охир, то имрӯз ёд надорад, ба касе гапи сахт зада, ё пашшаеро озор дода бошад. Пас, ҳамсарашро дӯст медорад?! Бале, дӯст медорад. Дар акси ҳол оташи рашк якбора аланга намезад. Табиист, ки ин оташ тану ҷонашро сӯзонд. Гӯё осмон ба сараш фурӯ рехт... – Ёрӣ диҳед! – фарёди ҳавлангези ҷавон баланд шуд. – Ёрӣ ди-ҳед! Мекушад!.. Вале касе ба ёрӣ нашитофт. Гӯё намехостанд аз тамошои аҷибу бепул маҳрум гарданд. Ҷавон фаҳмид, касе ба имдодаш намерасад, худро ба беҳушӣ зад. Чун ба ҳуш омад, боз Хушдил аз гиребонаш гирифт: – Ку, гап зан ноасл, зани маро аз куҷо мешиносӣ?! Ҷавон аз тарс дар тору пудаш ларза афтода, саросема ба гап даромад: – Акоҷон, бовар кунед, ман шуморо бори аввал мебинам, ҳамсаратонро ҳам намешиносам. Ман ба он маъно гуфтам, ки дасти аксари занҳои тоҷик пурожанг аст. Охир, онҳо дег мешӯянд, табақ мешӯянд, чирку чаркана мешӯянд… Суханҳои фурӯшанда дар кадом як ҷойи майнаи Хушдил қолаб гирифт. Гапи ӯ рост бошад чӣ? Э, не-е, не! Худро талқин кард, ки ин гап дурӯғ аст. Ҳа, дурӯғ аст. Пурожанг мешуд, ман намедидам магар? Аз оташи кунҷковӣ сӯхтаю бо сари хаму маҳзун ба хона омад. Аз дарун – аз тарафи ошхона садои табақча ба гӯш расид: ҳамсараш табақу коса мешӯяд. Оҳу-воҳкунон ким-чиҳо мегӯяд. Аён аст ки алами Исо аз Мӯсо меситонад. Аз остона то ошхона ҳамагӣ шаш қадам аст. Ҳамин шаш қадам барояш тӯлонӣ ва душвортарин масофа тофт. Саъй кард пеши изтиробашро бигирад. Натавонист. Дилаш гупгуп мезад. Он қадар ҳамсараш машғули косашӯӣ буду дар хаёли худаш сайр мекард, омадани ӯро пай набурд. Ҳама чиз дар хона паҳну парешон мехобид. Эҳсос кард, ки завҷааш изтироболуд ва аз чизе норозӣ аст. Бори нахуст ба дастони ҳамсараш зеҳн монд. Оҳ, кош нигоҳ намекард! Чӣ дид? Пурожанг буданд дастони ҳамсараш. Комилан ва қатъӣ фаҳмид, ки ҳақ ба ҷониби фурӯшанда аст. Чунин ҳол ба андозае ғайримунтазира буд, ки аз ҳайрат даҳонаш воз шуд. Ҳамон лаҳза мехост замин кафаду ӯ дарояд. Ба тани Хушдил мурғак давид. Дастони ҳамсараш ӯро ба риққат овард, замирашро сӯзонд, эҳсоси тараҳҳум ва раҳму шафқат кард, чизе дар гулӯяш банд шуд. Иқрор кард, ки дар кӯчаи беинсофӣ қарор доштааст. Завҷааш як қад парид. Дасту по хӯрд. Баъд базӯр талаффуз кард: – Э... омадед?.. Хушдил базӯр ҷуръат пайдо карда, кремро ба ҳамсараш дароз кард. Қалби завҷааш кашиш хӯрд, гӯё ягон чизи фавқулоддаро дид. (Давом дорад)
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Фурўзонакњои навбаромад
… Степаненко, зани артист Е. Петросян
Неъмат додан, ато
Номи падарњои Ленин ва Брежнев
Адам ва ...
Њиссачаи ишоратии лањљавї
Мева
Фарзанди зану марди гуногунмиллат
At - элементи кимиёвї
Меваи ширин Њарфи алифбои инглисї
Дунуќта – аломати …
Яккасї
Кушоиши кор
Шайтон
Боб, ќисм
Димоѓаи шимолтарини Австралия
«Роллс…», мошини миллионерњо
Хоксор
Шамс, хуршед
Хеле баланд (сифати шоиронаи кўњњо)
Меваи дўстдоштаи маймунњо
Зеб, њусн
Миллати Расул Ѓамзатов
Муќобили астар
Таваллуднашуда
«… Раша» - барнома дар ТНТ
Квартети машњури эстрадї аз Шветсия
Хоки соњилу биёбон
Давлати араб дар Африќо, пойтахташ Работ
Тадбир, илољ
Пеш аз ид
Њаёт (лотинї)
Халќ дар Русия
Раводид, гузарнома
... ва Шодї
Банд, ќапќон, тўр
Хонаи чукча ва ненесњо
Наслу авлод
Ин тавр, ин хел
Баќувват
Тамѓаи радиотехникаи Љопон
Насли аълосифати њайвон
Ноодам
Мањсулоти нонвойхона
Томат
Шањр дар љазираи Сахалин
Нидо аз тарс Пешвої, роњбарии динї
Тоќат, бардошт
Ченаки дарозии англисї, 91,4 см
Воњиди маъмурии њудудї
Барномаи бачагонаи ТВТ
Сеяки моњ
Пойгаи яхтањо
Сабзавоти сабзранги сероб
Асбоби мусиќии тордори тољикии ќадима
Пурра, бекаму кост
Истодагарї кардан
Зани Бобои Одам
"... Каренина"и Л. Н. Толстой
Фарзанди абера
Миз
Чирки љароњат
Номи мардона
Шањр ва дарё дар Русия
Сардафтари адабиёти ќазоќ
... Мукњерљи, актрисаи њиндї
Ѓижжаксози машњури Италия
Символ, аломат
Ќаторкўњ дар Амрикои Љанубї
Шањрбандари машњури Њиндустон
Варами обдор
Муќобили «дурўѓ»
Мурољиат ба зани итолиёвї
"Њар кї ... ёд кард, эзид мар ўро ёр бод" (Њамадонї)
Кристина ..., духтари А. Пугачёва
Актёри америкої ...Норрис Сайди шикор
Равон Тамѓаи креми мардона
Одам, башар
Матои нимабрешимї
Муруд
Зоти зоѓ
Ќисми њарбї
Зинапоя
Њайратовар
Зеби дастархони наврўзї ... Елсин
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015
Шањри ќадимаи арманї Sунсури кимиёвї
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ Афандӣ занашро ба сайри Париж мебарад. Зан: - Вауууу, Париж. Дар зебогияш мурӣ меарзад. Афандӣ: - Одам бояд ҳамеша ба гапаш истад.
***
Мард дар бистари беморӣ занашро ҷеғ зада, мегӯяд: - Баъди маргам ба ҳамсояи дасти рост ба шавҳар баро. - Тавба гӯй, ин чӣ васият аст? - Ин ҳамсоя дар вақташ маро зиёд азоб додааст, мехоҳам бо ин роҳ қасдамро бигирам...
***
Мард дар китобхона аз навбатдор мепурсад: - Китоби “Мард ҳокими зан” дар куҷо аст? Навбатдор: - Китобҳои фантастикӣ дар қатори сеюманд...
***
Аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба як оилаи зарардидагони офати табиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмак, иборат аз маводи ғизоӣ, аз қабили орду биринҷ, равған, пиёз, картошка, намак, харбуза, инчунин қолин, кӯрпаю кӯрпача, болишт, мизу курсӣ, як адад компютер ва ашёву ҷиҳози рӯзгор ирсол карда шуд. АНДАРЗ
Роҳ сӯи ҷаннат Шахсе дар роҳи тулонӣ ва нообод ҳамроҳи саги худ қадам мезад. Онҳо зиёд роҳ паймуданду аз куфти роҳ хаставу бемадор шуданд. Нохост аз пеши роҳашон дарвозае намудор шуд, ки аз дохили он садои форами мусиқӣ ва шилдирроси об ба гӯш мерасид. Мусофир аз посбони дар назди дар истода пурсид: - Ин чӣ маконест? - Ин ҷаннат аст, ту аллакай фавтидаӣ ва акнун метавонӣ ба ин ҷо ворид шуда, истироҳат намоӣ. - Дар ин ҷо об ҳаст? - Бале, ин ҷо макони обҳои мусаффост: ҳам фаввораҳои тоза, ҳам ҳавзҳои пур аз обҳои сарду ширин дорад… - Хӯрок медиҳанд? - Албатта, ҳар чизе дилат мехоҳад, бароят муҳайё месозанд. - Вале ман танҳо нестам, балки сагам ҳамроҳи ман аст. - Мутаассифона, ба ин ҷо ҳамроҳи саг даромадан мумкин нест. Онро дар ин ҷо гу-
зоред. Мусофир аз паҳлуи дарвоза гузашта, роҳашро идома дод. Баъди чанд муддат роҳ рафтан ба назди дарвозаи дигар расид, ки дар назди он низ посбоне менишаст. - Ман об нӯшидан мехоҳам, - гуфт мусофир. - Даро, дар ҳавлӣ чоҳи об ҳаст. - Сагам чӣ? - Дар назди чоҳ як обхурае низ ҳаст, бигзор саг низ об нӯшад.
- Хӯрок медиҳед? - Бале. - Барои сагам чӣ? - Барои саг устухоне меёбем. - Ин чӣ маконест? - Ин ҷаннат аст. - Чӣ хел? Посбони дарвозаи аввалӣ гуфт, ки ҷаннат дар он ҷост? - Ӯ дурӯғ мегӯяд. Он ҷо дӯзах аст. - Шумо чӣ гуна дар ҷаннат ба ин ҳама тоқат мекунед? - Ин барои мо хеле зарур аст. Ба ҷаннат танҳо касоне мерасанд, ки дӯстони худро дар нимароҳ танҳо намегузоранд. Таҳияи Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”
Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
16
Имрӯз бародари азизамон Пиронқул Маъмуров мавлуд доранд. Мо аҳли хонавода бародари гиромиамонро бо ин ҷашни муборак табрик намуда, барояшон тани сиҳат, дили беғам ва хотири осуда таманно дорем. Аз Яздони пок хоҳонем, ки ҳамеша дар канори дӯстон, наздикон ва наберагони ширин шоду хандон бошанд. Илоҳо мисли моҳ тобанда бошед, Чу ғунча бо лаби пурханда бошед. Ба сад соли дигар акои ҷонӣ, Таманно мекунем поянда бошед. Бо эҳтиром оилаи СУФИЕВҲО, аз шаҳри Душанбе
ЭЪЛОН
Шартномаи ҳадя гирифтани чойхона ва ошхона, таҳти рақами №1 Ш-77, ки 28.07.2006 дар идораи натариалии ноҳияи Қубодиён аз номи Сайфиддинов Шароф ба номи Сайфиддинов Муқим Шароффович ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад.
ТАВАҶҶУҲ! Шиносномаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳорис Низомиддин, таҳти №857 ва Руъё Низомиддин, таҳти №213 гум шудааст. Агар касе дарёфт кардааст, хоҳиш бо рақамҳои 934304042 дар тамос шаванд.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7624 нусха ба нашр расид.
•
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
САРМУҲАРРИР
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҷангал. Шер тӯй дорад. Муш бисёр хурсанд асту аз ҳама зиёд мерақсад. Хирс мепурсад: - Барои чӣ ин қадар хурсандӣ? Муш: - Бародарам тӯй дорад. - Чӣ хел бародарат? Ӯ шер аст, ту муш. - Пеш аз издивоҷ ҳама шеранд, баъд муш мешаванд.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шуъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоиёт), Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Бахтовар АМИНЗОДА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул), Саодат ИСМОИЛӢ (мухбир дар вилояти Суғд), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (мухбир дар ВМКБ).
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №37 (9411), 17 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015