ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №38 (9568), 20/09/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Забони давлатӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ саҳифаи
Намудҳои сайёҳӣ ва рушди он саҳифаи 5 Саҳм дар беҳдошти хизматрасонӣ
саҳифаи
Сигоркашии занон: Аз ҳавас, мушкилот ё асабоният?
саҳифаи
Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии Пешвои миллатанд саҳифаи
Итминон ба садоқат Ҷавонон дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои онҳо ҷиҳати рушди малакаи зеҳнӣ ва омӯхтани илму донишҳои муосир, омода намудани кадрҳои баландихтисос, ватандӯст ва дорои дониши замонавӣ тамоми шароити мусоид муҳайё гардидааст. Дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳибкорӣ низ имрӯз аҳамияти махсус равона гардида, барои рушди ин соҳаи муҳими иқтисодӣ тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва имкониятҳои фарох фароҳам оварда шудааст, то ҷавонони кишвар ба он машғул гарданду бо фаъолияти хеш дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми худро гузоранд.
4
6
7
10
Сайри саргаҳи дарёи Ширкент саҳифаи 12
2
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
Дар ҷараёни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маъмурӣ ба истифода дода шуд. Субҳи 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд. Боздиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Пешвои миллат дар ноҳияи Ванҷ бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави муассисаи мазкур дар маркази ноҳияи Ванҷ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои муосиртарин шароити таълиму тарбия барои насли наврас аст. Иншооти мазкур аз се бинои ду ва сеошёна иборат мебошад. Ҳамчунин дар ноҳияи Ванҷ Президенти ҷумҳурӣ бинои Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва тарҳи меъмории бино баҳои баланд дода, иншооти муосири фарҳангиро туҳфаи арзишманд барои аҳли ҳунар ва сокинони ноҳияи Ванҷи ВМКБ маънидод намуданд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, толори барҳавои он дорои 350 ҷойи нишаст мебошад. Дар ошёнаи дуюм бошад, пешайвон бо 76 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳо барои рақсҳои миллӣ, дӯзандагӣ ва утоқҳои корӣ барои ҳайати кормандон ҷойгир шудааст. Бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ дар масоҳати зиёда аз 909 метри мураббаъ бунёд шуда, дорои шароити муосир барои фаъолияти аҳли ҳунар мебошад. Ҳамзамон дар доираи сафари корӣ Пешвои миллат дар ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хоса бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Дар ин ҷо ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида буд ва дар давоми се сол иншооти мазкур бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд. Дар ошёнаи якуми бино ҳафт утоқи корӣ барои кормандон ва дар қабатҳои болоӣ шароити истиқомат барои кормандони ин мақомот фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам
нёди иншооти бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 1.0 гектар замин дар маркази вилоят сохта шуда, аз 7 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Худи ҳамон рӯз дар маркази шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сафари Пешвои миллат ба ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо калиди хонаҳои истиқоматии ду ва сеҳуҷрагиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ванҷ супориданд ва бо шароити муҳайёгардида дар онҳо шинос шуданд. Президенти мамлакат кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа даъват намуда, баъди ифтитоҳи як зумра иншооти гуногун бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқоти озоду самимӣ доир намуданд. Нисфирӯзии 11 сентиябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз нахуст бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шуда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо фарогирии 110 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 7 ҷойи хоб ва дигар иншооти зарурӣ мебошад. Дар маркази ноҳияи Дарвоз Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ сутунпояи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия бо баландии 30 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Баландии Нишони давлатӣ, ки дар паҳлуи Парчам сохта шудааст, 15 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар назди Нишон ва Парчами давлатӣ тоҷ бо паҳноии 12 ва дарозии 14 метр сохта шудааст. Баъдан бо иштироки Президенти мамлакат бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт. Иншооти мазкур сеошёна буда, аз 39 ҳуҷраи корӣ, як хонаи машваратӣ бо 39 ҷойи нишаст ва толори
маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст иборат мебошад. Масоҳати умумии бино 1160 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баъди ифтитоҳи бинои мақомот Пешвои миллат барномаи рангини ҳунарии сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди сокинони ин минтақаи кӯҳистони мамлакат баҳои баланд доданд. Рӯзи 12 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Президенти ҷумҳурӣ барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд. Президенти мамлакат дар вазъияти тантанавӣ беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ дар майдони қариб 2 гектар доман густурда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат барои беморон мебошад. Бино аз ду ошёна иборат буда, се бинои ба ҳам пайвастро дарбар мегирад ва дорои ҳама шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ ба маризон мебошад. Дар беморхона се шуъба, аз ҷумла мардона, занона ва кӯдакона ба беморон хизмат мерасонад. Ҳама ҳуҷраҳои табибону маризон ба системаи гармидиҳии муттамарказонидашуда пайваст буда, тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг гарм карда мешаванд. Беморхона ҳамчунин дорои ҳамом, утоқи либосшӯйӣ буда, дар он чор ошхона низ бунёд гардидааст. Баъдан Пешвои миллат бо сокинони ноҳияи Роштқалъа мулоқоти судманд анҷом доданд. Нисфирӯзии 12 сентябр ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар намуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузоштанд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бу-
Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат бо шароити муосири хизмат ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд. Бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қушӯнҳои дохилии ВКД дар ВМКБ аз синфхона бо 120 ҷойи нишаст, хобгоҳи сарбозон бо 300 ҷой, ошхона бо 150 ҷой, хонаи дидорбинии сарбозон бо хешовандон, ҳаммом, толору майдончаҳои муосири варзишӣ ва ҳуҷраҳои корию хизматӣ иборат мебошад. Сарвари давлат дар ротаи алоҳидаи қушунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Хоруғ дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, таъкид намуданд: “Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба қобилияту садоқати шумо итминон дорам ва бовар дорам, ки шумо ба савганди ёдкардаи худ ҳамеша содиқ мемонед”. Субҳи 13 сентябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва суҳбату мулоқот бо аҳолии ноҳияи Мурғоб бо сафари корӣ ба ин ноҳияи дурдасттарину баландкӯҳ ташриф оварданд. Зимни сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти шароити кору зиндагии сокинон, бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон”, корхонаи саноатии “Комбинати ғанигардонии маъдани нуқра” ва бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғобро ба истифода дода, бо сокинон суҳбати самимию созанда доир карданд. Субҳи 14 сентябр дар доираи сафари корӣ Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ, бинои маъмурии Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро мавриди истифода қарор доданд. Бино аз чор ошёна иборат буда, дорои 42 ҳуҷра мебошад. Дар он зиёда аз 100 нафар корманди соҳа бо ҳуҷраҳои корӣ таъмин гардида, ҳамзамон ошхона барои 40 ҷой
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018 ва хобгоҳ барои 30 нафар корманди соҳаи маориф, ки аз ноҳияҳои дурдаст ташриф меоранд, пешбинӣ гардидааст. Сарвари давлат бо шарту шароити иншооти нав аз наздик шинос шуда, ба сатҳу сифати корҳо баҳои баланд доданд. Пешвои миллат зимни шиносоӣ ва суҳбат ба кормандони раёсат ва зерсохторҳои он барои фаъолияти пурсамар, дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии олимони ҷавон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Дар идомаи сафар, 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд. Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва се ошёна иборат мебошад. Тибқи нақшаи кулл бинои донишгоҳ дар маҷмуъ дар масоҳати зиёда аз 80 гектар дар се қисмат бунёд карда мешавад. Айни замон қисмати якуми он дар масоҳати наздики 15 гектар қомат афрохта, бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии таълим ба истифода супорида шуд. Президенти мамлакат зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳҳо ба сифати корҳо ва шароити таълимии дар ин ҷо фароҳам сохта, баҳои баланд доданд. Дар ин рӯз Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ бинои Маркази таълимии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шарту шароити дастаи сарҳадии Хоруғ, ки пас азнавсозӣ фаъолияташро роҳандозӣ намуд, аз наздик шинос шуданд. Дар ҳудуди дастаи дар муддати кӯтоҳ дар маҷмуъ то 30 иншооти ҳарбӣ, пул ва роҳҳои мошингузару пиёдароҳ бунёду таъмир гардида, бо назардошти тамоми талаботҳои хизматӣ ба истифода дода шуд. Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ, 15 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карданд. Зимни мулоқоти пурмуҳтаво, ки дар он тамоми камбудиҳою норасоиҳо ва инчунин пешрафти ВМКБ дар солҳои соҳибистиқлолиро фарогир буд, Пешвои миллат иброз доштанд, ки: “Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандории сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон итминони комил дорам ва хуб медонам, ки онҳо барои ободиву пешрафти ояндаи Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талоши худро дареғ намедоранд”. Таҳияи Шодихони НАЗАР, “ҶТ"
Хоруғ: Мусобиқаи тенниси рӯи миз анҷом ёфт ВМКБ
Ба муносибати 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Хоруғ миёни панҷ дастаи ҷавонону наврасони шаҳр мусобиқаи тенниси рӯи миз гузаронида шуд. Тавре мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков иттилоъ дод, рақобат байни теннисбозон хеле ҷолибу шадид гузашт, зеро ҳар яке аз онҳо мехост медалу ифтихорномаро соҳиб шавад. Даври ниҳоӣ ба фоидаи дастаи “Тирчид” анҷом ёфта, соҳиби ҷои аввал гашт. Тимҳои “Носири Хисрав” ва “М.Табобатхона” бошанд, зинаҳои дуюму сеюмро ишғол карданд. Ба ғолибон ғайр аз ифтихорномаву медал ҳамчунин тӯҳфаҳои гуногун тақдим гардид.
ДУШАНБЕ
Оғози сабқати футбол байни ризокорони Хоруғ Барои дарёфти Ҷоми Истиқлолият дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ байни ризокорони 18 маҳаллаи шаҳр мусобиқаи футбол оғоз ёфт. Сабқати мазкур бо иқдоми Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳамчунин ба хотири рушди футбол байни ҷавонону наврасон, тарғибу тақвияти тарзи ҳаёти солим гузаронида мешавад. Ба гуфтаи масъулини бахш ғолибонро ҷом ва мукофотҳои гуногун интизор аст.
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Рушди ҳунармандӣ дар оила
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “ДушанбеПлаза” таҳти унвони “Рушди ҳунармандӣ дар оила- омили саодату пойдории он” конференсияи илмӣ –амалӣ баргузор гардид. Пеш аз оғози кори конференсия намоиши ҳунарҳои
мардумӣ ташкил гардида, дар доираи “Дастурамали тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” либосҳои миллӣ ва расмӣ ба намоиш гузошта шуданд. Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, конференсияи мазкурро ифтитоҳ намуда, сипас коршиносон
дар мавзӯъҳои гуногуни рушди ҳунар ва аҳамияти он дар пешрафти ҷомеа, аз ҷумла, “Коркарди сангҳои ороишӣ ва ранга дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ”, “Хунарҳои мардумӣтарғибгари фарҳанги миллӣ” ва “Рушди ҳунарҳои мардумӣасоси рифоҳии иқтисоди оила” маърӯза карданд.
Рангоранг: фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон дар Душанбе
Дар Боғи кӯдакони Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” Фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон таҳти унвони “Рангоранг” баргузор гардид. Дар доираи фестивал кӯдакону наврасон, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии пойтахт дастранҷи ҳунару эҷоди худро дар бахшҳои ҳунариву техникӣ, санъати тасвирӣ ва варзишу тарбияи ҷисмонӣ ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар рафти фестивал ба хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт имконият дода шуд, ки бо иттиҳодияҳои таълимӣ ва маҳфилҳои Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт аз наздик ошно шуда, ба онҳо аъзо шаванд. “ҶТ”
ШНТМ
Зебоӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод ҷиҳати иҷрои нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар варзишгоҳи марказии ноҳия машқҳои пагоҳирӯзиро ба роҳ монд.
Дар ин чорабинӣ мураббияҳои варзишӣ ва ҷавонону наврасон ширкат варзиданд. Тавре мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ҷунайдулло Каримов иттилоъ дод, минбаъд саъй карда мешавад, ин чорабинӣ пайваста доир шуда, он оммавӣ гардад.
Иқдом ҷиҳати пешгирӣ аз беморӣ Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сироятии масунияти бадан (ВНМО), бо мақсади пешгирии аҳолӣ иқдоми тарғиботӣ ва назарпурсии ройгони аҳолӣ дар назди КВД ‘Роҳи оҳани Тоҷикистон”
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018
сурат гирифт. Ба таъкиди масъулин мақсад аз баргузории чунин иқдом ҳар чӣ бештар маълумотнок гардонидани аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бобати мубтало нашудан ба ин вабои аср аст. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
ХАТЛОН
Тарғиби фарҳанги либоси миллӣ
Дар назди Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав, коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ дар шаҳр буда, аз ҷониби сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оиди бегонапарастӣ, алалхусус пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона рейди муштарак гузаро-
нида шуд. Сипас, вобаста ба ин масъала дар донишгоҳи мазкур бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон суҳбату вохурӣ баргузор карда шуд, ки дар он муовини сардори раёсат иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавсуф дар ҳошияи гуфтаҳои хеш қайд намуданд, ки имрӯз вақти
он расидааст, ки мо ҳама аҳли ҷомеа баҳри пешгирии ин амали номатлуб, ки аз ҷониби баъзе донишҷӯдухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дида мешавад, корҳои ташвиқотиву тарғиботиро ҷоннок намоем ва дар таҳкими фарҳанги миллӣ саҳмгузор бошем.
Вохӯрии судманд Дар ноҳияи Қубодиён оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар МТМУ №24и ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷавонон ва ходимони дин иштирок намуда, доир ба масъалаҳои
зикршуда мазкур суханронӣ намуданд. Шахсони масъули гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои дахлдор сокинонро огоҳ намуда, онҳоро ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дӯст доштани ватан ва ҳифзи дастовардҳои миллӣ даъват намуданд.
Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
Суғд: “Пешвои миллат ва сиëсати давлатии ҷавонон” СУҒД
Бо ташаббуси Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилоят барномаи телевизионии Назаре ба оина дар мавзӯи “Пешвои миллат ва сиëсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид. Дар барнома собиқадорони меҳнат ва ҷавонони фаъоли вилоят аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миëнаи касбии вилоят иштирок намуда, доир ба мавзӯъ андешаронӣ намуданд. Зикр гардид, ки мо ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории ватани биҳиштосоямон Тоҷикистони муосир то абад боқӣ мемонем. Бо ифтихори баланд иброз менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавоноӣ аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Дар охир иброз гардид, ки дар ҳақиқат хизматҳои шоёни Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф, тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва миллати худ бебаҳост. Аз ин рӯ бояд мо ҷавонон ба қадри ин ҳама расему омӯзем ва дар пешрафти меҳан саҳм гузорем.
Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем!
Дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ Конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем!” бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Зимни суханронии иштирокчиёни конфронс гуфта шуд, ки озодиву истиқлол барои ҳар як миллат дастоварди муқаддас ба шумор меравад. Миллати тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба сар мебурд ва дар тӯли ин давронҳо ҷони садҳо ҳазор нафар фарзандони содиқу меҳанпарасташро аз даст додааст. Ҳазорҳо шукр, ки имрӯз мо давлати миллии худ - тифли ормонҳо гузаштаи
худро дорем ва бо азму талоши мардуми ватандӯст онро аз соле ба соле бо меҳнати созанда ва талошҳои хастанопазир ба ояндаи босаодат раҳнамун месозем. Вале ҳақиқати таърихӣ ва сабақе, ки дар оғози истиқлолияти Ватанамон бардоштем, нишон медиҳад, ки ҳифзи дастоварди истиқлол маротибаҳо аз ба даст овардани он мушкилтар аст. Дар интиҳо таъкид гардид, ки бояд ҳар як сокини кишвар дар ҳифзу таҳкими истиқлолият саҳмгузор бошаду дар ин росто фаъолияти худро ба роҳ монад. Зеро бузургтарин дастоварди ҳар як миллату давлат маҳз истиқлолият ва сулҳу ваҳдати он мебошад. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
4
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018
НУҚТАИ НАЗАР
Забони давлатӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ Забон ҳамчун рамзи давлатӣ ва рукни муҳими давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории давлат ва ҳифзи фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад. Забони тоҷикӣ таърихи дурударозро аз сар гузаронида, дар раванди гуногуни омезишёбӣ тавонист асолати таърихӣ ва миллии худро нигоҳ дорад. Шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯали ибни Сино, Ҷалолиддин Балхӣ, Умари Хайём ва дигарон дар густариши забони тоҷикӣ ва ҳимояи он аз олудашавӣ бо дигар забонҳо ва нестшавӣ саҳми бузург гузоштаанд. Эҷодиёт ва дастоварди ин шахсиятҳои таърихӣ ба забони тоҷикӣ дар соҳаҳои фарҳанг, иқтисод, кимиё, ситорашиносӣ ва тиб дар пешрафтатарин давлатҳо, бахусус Аврупо мавриди тарҷума ва истифода қарор гирифтааст. Забони тоҷикӣ ҳамчун қисми муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллӣ дар ғанӣ гардонидани фарҳанг ва маданияти моддию маънавии давлатдории тоҷикон асоси воқеӣ гузоштааст. Шароити муосири ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёдеро нисбат ба забонҳое, ки таърихи куҳан доранд, ба миён оварда истодааст. Падидаи мазкур ба коста шудани нақши забон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳамчунин нестшавии он оварда расонида, имконияти васеи истифодаи забони давлатҳои абарқудрат назар ба забонҳои миллӣ зиёдтар мегардад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ таваҷҷӯҳ ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи забони давлатӣ бештар аҳамияти муҳим пайдо мекунад. Дар ин раванд моро зарур аст, ки ба тарғибу ташвиқи мероси гаронмояи фарҳанги миллӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намоем. Баръакс, диққати зарурӣ надодан ба арзишҳои фарҳангӣ, аз қабили забони тоҷикӣ ва таърихи гузаштаи худ, инчунин эътирофи арзишҳо ва фарҳанги замонавии дигар давлатҳо, ба нестшавии фарҳанги миллӣ ва ноустувор сохтани пояҳои давлат оварда мерасонад. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки тоҷикон дар таърихи гузаштаи худ борҳо ба мисли ҳодисаҳои имрӯзаи ҷаҳонишавӣ дучор шуда, тавонистанд забони миллии тоҷикиро аз нестшавӣ эмин нигоҳ доранд. Инро мо дар мисоли лашкаркашиҳои Искандари мақдунӣ, cалибдорон, арабҳо, муғулҳо, туркҳо, Русияи подшоҳӣ дида метавонем. Таърих гувоҳи он аст, ки агар дар дунёи қадим чандин давлатҳои дорои фарҳанги куҳан аз қабили Бобул, Шумер, Аққад ва ғайра дар натиҷаи амалӣ гардидани мақсадҳои ташкили давлатҳои ягона аз байн рафта бошанд, пас дар асрҳои миёна дар натиҷаи ҳуҷуми арабҳо давлатҳои Миср, Суриё, Тунис, Марокаш, Алҷазоир ва ғайра аз забон ва анъанаҳои миллии худ маҳрум шуда, ба ҳайати давлатҳои араб дохил шуданд. Дар чунин вазъият моро зарур аст, моҳияти асосии ҷаҳонишавиро дуруст дарк намоем ва фирефтаи ба ном ҷаҳонишавии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон нашавем. Сарварони бонангу номус ва халқи дорои таърих ва фарҳанги куҳан тавонистанд, дар чунин ҳодисаҳои мудҳиш ва гирдоби таърихӣ, фарҳанги азалӣ ва забони худро нигоҳ доранд ва сарбаландона имрӯз, аз нав давлати соҳибистиқлоли худро дар заминаи арзишҳои миллию таърихии худ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд намоянд. Дар чунин шароит моро мебояд, ки бо назардошти фарҳанг ва арзишҳои миллӣ қонунгузории миллии худро қабул намоем. Василаи мазкур метавонад бо ин падидаи номатлуби аср муқовимат намояд ва пеши роҳи паёмадҳои манфии ҷаҳонишавиро гирад. Ҳамзамон, зикр намудан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи тамоми забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллӣ имконияти мусоид фароҳам овардааст. Чунончӣ, дар моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» омадааст: «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад». Бори дигар зикр намудан мумкин аст, ки дар баробари тарғибу ташвиқи худогоҳиву худшиносӣ, суннатҳои миллӣ, фарҳанг ва таърихи гузашта, бидуни фароҳам овардани заминаи ҳатмии меъёрию ҳуқуқӣ дар ҷунин вазъият моро аз таъсири ҷаҳонишавӣ дар канор монда наметавонад. Забони давлатӣ ва дигар арзишҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурат ба танзим ва ҳифзи воситаҳои ҳуқуқӣ дорад. Далер САФАРАЛИЕВ, аспиранти факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ
Мо имрӯз шоҳиди бунёди иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, варзишию солимгардонӣ, сохтмону баистифодадиҳии осорхонаву китобхонаҳои бошукӯҳ, технологикунонии муассисаҳои таълимиву пажуҳишӣ, бунёди иншоотҳои бузурги миллӣ дар мисоли нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бунёди нақбҳо ва садҳо иқдомоту ташаббусҳои дигари созанда гашта истодаем, ки барои кишварамон натанҳо аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд, балки нақши ниҳоят гаронарзиш дар заминагузориву ташаккули маърифативу инкишофи зеҳнӣ, фароҳам овардани ташаккули шахсият ва ба вуҷуд овардани ифтихори ватандориву ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ доранд. Албатта, ин навгониҳо моро ба ояндаи боз ҳам нек роҳнамоӣ мекунанд ва аз ин ҳама ҳар як фарди ватандӯсту баору номус шоду масрур мешавад ва мекӯшад, ки баҳри ободонии минбаъдаи мамлакат боз ҳам фаъолтар бошад.
Насли худогоҳро бояд ба воя расонд Дар баробари ин, набояд фаромӯш намоем, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тағйиротҳои пай дар пай ба амал омада истодааст. Айни ҳол раванди ҷаҳонишавӣ дар тамоми мамлакатҳои дунё вусъат ёфта истодааст. Имрӯз дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта, инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорон аз ин ҷараён дар ташвишанд. Дарвоқеъ, сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишварамон аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд. Мутаассифона, имрӯз бинобар камтаҷрибагӣ далелҳое кам нестанд, ки ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор меоянду гоҳо ба ҷараёнҳои ифротгаро мепайванданд. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ҳанӯз аз костагиҳо орӣ нест. Дар ин замина, тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ як шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар он, миёни ҷавонон тарбияи ватандӯстиро бояд ба таври пуртаъсиру густурда ба роҳ монему онҳоро ба зиракию таҳаммулгароӣ даъват намоем. Маҳз ватандӯстӣ, меҳри Ватан ҷавононро аз таъсири омилҳои гуногуни номатлуб эмин медорад, онҳоро ба ҳифзи кишвар ва бузургдошти арзишҳои миллӣ водор месозад. Шахси ватандӯст хиёнаткор буда наметавонад. Ватандӯст ҳеҷ гоҳ тарки Ватан намекунад. Танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Дар раванди тарбияи ватандӯстӣ пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро бояд танҳо ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату худшиносии миллӣ ташкил диҳад. Мо-насли калонсол бояд барои баланд бардоштани ҳисси ва-
танпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон кӯшишу мусоидат намоем. Яке аз вазифаҳои муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа ин аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон мебошад. Вале ба ҷои ин, баъзан танқиди бамавриду бемавриди ҷавонон ва шикоят аз онҳо ба назар мерасад. Яъне баъзан калонсолон ба ҷои тарбияи ҷавонон танқид кардани онҳоро одати худ қарор додаанд. Чунин шахсон гоҳо ҳикмати халқро фаромӯш мекунанд, ки «ҳар чӣ киштӣ, ҳамон медаравӣ». Чун омӯзгор аз таҷрибаи зиндагӣ ба насли ҷавон гуфтаниам, ки айёми ҷавонӣ ба мисли оби дарё зудгузар асту бебозгашт. Пас онро бояд ғанимат донанду хуб гузаронанд. Воқеан, барои бунёди ҷомеаи солим ҷавонони солеҳро ба воя расонида, дар руҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ тарбия намуда, донишу маърифати ҳуқуқии онҳоро баланд бардоштан зарур аст. Ба ибораи дигар, фасли ҷавонӣ навниҳолеро мемонад, ки ба нигоҳубини боғбони гулдасте эҳтиёҷ дорад. Ин боғбонҳои гулдаст волидон, устодон, калонсолон ва атрофиён мебошанд. Бахусус, волидон дар тарбияи фарзанд масъулияти бештар доранд. Чунки ҷавонон муҳимтарин сифатҳои одамиро аз волидон меомӯзанд. Танҳо оилаи солим метавонад ба ҷавонон хислатҳои ҳамидаро омӯзад. Оилаи солим боиси осудагиву пешравии ҷомеа мегардад. Нуктаи дигар. Панду андарз дар ҳама давру замонҳо баҳри тарбия равона шудааст. Яъне, нахустин
чизе, ки ба ҷавонон таъсири мусбӣ мерасонад, ин панду насиҳат аст. Албатта, пӯшида нест, ки имрӯз мушкилот дар кору фаъолияти ин қувваи пешбарандаи ҷомеа низ кам нестанд, вале тавре шоҳидем, ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти мамлакат ғамхориҳои зиёде зоҳир гардида, шароитҳои муносиб барои зиндагии арзандаи ҷавонон фароҳам гашта истодааст ва албатта ҳар як мушкилот тадриҷан гузарандаву ҳалшаванда аст. Насли ҷавон имрӯз масъул аст, ки на танҳо дастовардҳои истиқлолият, сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифзу эҳтиёт кунад, балки масъул аст, ки он ҳама корҳои неки анҷомдодаи падарони шарафмандамонро дар ҷодаи дӯстӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ҳамраъйӣ бо халқҳои сулҳпарвару тараққихоҳи оламро ба тамоми ҳастӣ ҳифз намояд. Мо набояд ба он мероси беназири гузаштагон носипосӣ кунем. Хушбахтона, аксари ҷавонони кишвар ин ҳикмати бузургро хуб дарк намудаву қадр мекунанд. Фаромӯш накунем, яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ маҳз бо сабаби нокифоягии савияи идроки сиёсӣ буд. Мо сокинони кишвар ва дар навбати аввал ҷавонон бояд аз он ҳодисаҳои пурфоҷиаву пурзарар, ки асосан ҷавононро дар гирдоби ҳалокатбори худ қарор дод, сабақ бигирем, хулосаҳои зарурӣ барорем ва ба тамоми он дигаргуниву ҳодисаҳое, ки имрӯз ба вуқӯъ меоянд, баҳои дуруст дода тавонем. Ба ҳар гуна ақидаҳои носолим, ташвиқоти нодуруст дода нашавем. Саидҷамол НУРАЛИЕВ, декани шуъбаи ғоибонаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018
Дар замони муосир сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва тараққикарда табдил ёфта истодааст. Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар самти рушди сайёҳӣ хусусан сайёҳии байналмилалӣ барои шаҳрвандони хориҷа шароитҳои хуб муҳайё карда истодааст. Солҳои охир дар масоҳати ҷумҳурӣ ҳазорҳо мавзеъҳои сайёҳӣ таҳқиқ шудаанд, ки бо шароитҳои хоси худ аз якдигар фарқ мекунанд. Масоҳати онҳо ҳазорҳо гектарро дар бар мегирад ва онҳо барои истироҳат, солимгардонии бадан ва фаъолияти сайёҳони хориҷӣ шароитҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ фароҳам оварда шудааст. Баъди ба даст овардани истиқлолият ва ба муносибатҳои бозоргонӣ гузаштани иқтисодиёти Тоҷикистон, соҳаи сайёҳии кишвар ба таври зарурӣ равнақу ривоҷ ёфта истодааст, ки он дар соҳаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва ҳамчунин қоидаҳои ягонаи фаъолияти сайёҳиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Дар Тоҷикистон захираҳои сайёҳӣ аз қабили чашмаҳои шифобахш, табиати зебою нотакрор, қуллаҳои баланди кӯҳӣ, таърихи куҳани тоҷик, ёдгориҳои табиию таърихӣ, фарҳанги ғанӣ ва расму оини миллӣ мавҷуд мебошанд, ки барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ имкон медиҳанд. Чуноне зикр намудем, дар кишвари мо намудҳои гуногун ва зернамудҳои сайёҳӣ мавҷуд аст: Сайёҳии рекреатсионӣ (истироҳатӣ). Ин намуди сайёҳӣ дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла кишвари мо низ хеле мамул аст. Муддати зиёд дар як ҷой будан, давомнокии зиёди сафар, фароғатхои назди баҳр ва истироҳат лар осоишгоҳҳо хоси ин намуди сайёҳист. Сафарҳо бо мақсади табобат аз дигар намудҳои сайёҳӣ фарқ мекунанд, зеро онҳо характери шахсӣ до-
5
ҶОМЕА
Намудҳои сайёҳӣ ва рушди он ранд. Давомнокии давраи сафари барои табобат 24-28 рӯзро ташкил медиҳад, ки ин нишондод назар ба дигар нишондодҳои сайёҳӣ хеле баланд аст. Барои ба вуҷуд овардани талабот ба сайёҳатҳои табобатӣ, огоҳ кардани намояндагони муассисаҳои тиббӣ оид ба фароғатгоҳҳо (осоишгоҳҳо) ва имконияти табобат дар дигар давлатҳо аҳамияти бузург дорад. Сайёҳии саёҳатӣ. Ин намуд сайру сафарҳои маърифатиро дар бар мегирад. Саёҳат ҳамчун шакли дарк кардан ва намуди гузаронидани вақти холӣ вазифаи ахбор васеъкунандаи ҷаҳонбинӣ ва зеҳнӣ ҳар як шахс иҷро мегардад. Сайёҳии илмӣ. Ин намуди сайёҳӣ нисбат ба дигар намудҳо нав ва ба ҷавле ҷавонтар аст. Рушди ҳамкориҳои байналхалқӣ, инқилоби илмию техникӣ ва тараққиёти моддию техникӣ, кӯшиши истифодаи таҷрибаҳои пешқадами дигар халқу давлатҳо барои эҳёи арзишҳои моддӣ ва маънавӣ ба вусъати ҳамкориҳои байналхалқӣ дар миёни намояндагони соҳаи илми давлатҳои гуногун мусоидат мекунанд. Ин намуди сайёҳӣ, ки сафарҳои мақсадноки иштирок дар ҷаласа, конгресс ва симпозиумҳоро дар бар мегирад, дар сайёҳии муосири байналхалқӣ бештар мавқеи устувор пайдо мекунад. Сайёҳии корӣ. Дар сайёҳии корӣ машваратҳои байналхалқӣ ва дуҷониба оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ, илмию техникӣ низ ҷой доранд. Конгресс
ва маҷлисҳои гуногуни ташкилотҳои байналхалқӣ низ яке аз шаклҳои сафарҳои кориянд, ки чун кори аз форумҳои илмӣ то шумораи ками иштироккунандагон фарқ мекунанд. Дар барномаи кории ин саёҳатҳо тамошои марказҳои илмӣ, корхонаҳои саноатӣ бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои ин ё он давлат дар илму техника, омӯхтани технология, такмили ихтисоси сайёҳон дохил шудаанд. Сайёҳии саргузаштӣ. Ин шакли хеле хоси истироҳат ба сайёҳон имкони натанҳо будан дар ҷойҳои ҷолиб, балки ба кори ғайриоддӣ (шикори ягон намуди ҳайвонот, моҳидорӣ, доштани шапаракҳо, паррандаҳо, сайёҳат ва ғайра) машғул буданро низ ташкил медиҳад. Аслан, ин даврҳои гурӯҳӣ аст. Хусусияти хоси ин намуди сайёҳӣ гирифтани иҷозатномаҳои гуногун аст, ки ба шикор, моҳидорӣ ва бурдани ғаниматҳои шикорӣ иҷозат медиҳанд. Туризми саргузаштӣ каме хатарнок аст, барои ҳамин бо мақсади таъмини бехатарӣ устодони баландихтисос, роҳбалад ва дигарон лозиманд. Ин намуди сайёҳӣ арзиши баланд дорад ва метавонем онро ба намудҳои истироҳатҳои баргузида, дохил кунем. Сайёҳии варзишӣ. Истифодакунандагони асосии ин намуд клубҳо ва ассотсиатсияҳои варзишии гуногун мебошанд. Вазифаи асосии саёҳати варзишӣ ба меҳмонон фароҳам овардани имконият барои машғул шудан ба ягон намуди варзиш аст. Ба лавозимоти саёҳати
Мо бетараф нестем Терроризму экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, сарчашмаи нафрат, қатлу куштор ва даҳшату ваҳшоният мебошанд. Масъалаи ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бояд дар маркази таваҷҷӯҳи ҳар як фард қарор дошта бошад. Зеро ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи зуҳуроти мебошанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатии ҳар як кишвар ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин суханрониашон таъкид намудаанд: «Террорист дин, мазҳаб ва миллат надорад». Ин гуна шахсоне, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстримистӣ дошта дохил мешаванд, шахсоне мебошанд, ки саводи казоии динию дунявӣ надоранд, моҳияти ҳаракатҳои худро дуруст дарк карда наметавонанд. Ин ашхоси фирефта ва гумроҳ даст ба амалҳое мезананд, ки сабаби мар-
ги инсонҳои бегуноҳ мегардад. Имрӯзҳо ҳодисаҳои нангину даҳшатборе, ки дар Сурияву Ироқ ва дигар давлатҳо сар зада истодаанд, ҳеҷ шахси солимфикрро бетараф намегузоранд. Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, ягон давлати мусулмоннишин набояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд дошта бошад. Мақсади ин ҷараёни террористӣ як аст: расидан ба мақсадҳои ғаразноки молӣ ва сиёсӣ, ки паси он миллиардҳо маблағ ва ҳадафҳои стратегии кишварҳои ҷудогона меистад. Роҳи расидан ба ин ҳадафҳо ҳарчи бештар намудани пайравон, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани мардум ва бо ин роҳ ноором сохтани вазъи сиёсии мамлакат мебошад. Мо бояд хотирҷамъ набошем, ки хатари ҷараёнҳои террористӣ ба Тоҷикистони азизи мо таҳдид надорад. Таъкидҳои пайвастаи роҳбари давлат, мақомоти амниятии кишвар ва теъдоди зиёди ҷавонони фиребхӯрдаи мо, ки дар майдонҳои ҳарбии кишварҳои ба хуноғушта қурбон шуда ис-
варзишӣ роҳҳои махсус мураттаб шуда, трамплин, майдончаҳои варзишӣ ва асбобҳои гуногун дохиланд. Сайёҳии таълимӣ. Дар ин намуд, албатта диққати асосӣ ба омӯзиши забонҳо равона мешавад. Вале омӯхтани ягон намуди варзиш, бозиҳои варзишӣ, такмили ихтисос ва ғайра низ буданаш мумкин аст. Асосан машғулиятҳои ҳаррӯзаи барномаи саёҳати таълимӣ то нимарӯз буда, фурсати боқимонда бо шуғли дӯстдошта ва истироҳат мегузарад. Ғайр аз ин барномаи омӯзиши бошиддат (дар як ҳафта 20-30 соат) низ вуҷуд доранд. Дар маҷмӯъ чунин намудҳои сайёҳӣ ва зернамудҳои он арзи вуҷуд дорад, ки бо бисёр намуди онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон вохӯрд. Онҳо метавонанд дар рушди сайёҳии кишвари мо нақши
тодаанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз ин рӯ, зарур аст, ки табиат ва ҳадафҳои ин гурӯҳҳои худхоҳ ва террористӣ ошкор карда шавад, то ки насли наврасро фиреб ва хонаи ороми моро вайрон насозанд. Тоҷикистониён низ дар баробари дигар мардумони кишварҳои ҷаҳон ин амали нангинро маҳкум намуда, атрофи сиёсати ягонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дастовардҳои Тоҷикистони азизро беш аз пеш дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон, ташвиқу тарғиб менамоянд. Мо низ ба суханҳои сарвари давлати худ пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Яъне, имрӯз ҳамаи моро зарур аст, ки муҳаббат ва самимияти худро нисбати миллат, давлат ва сарзамини аҷдодии хеш нишон дода тавонем. Заррае ҳам бошад, аз ҳимояи ин хоки муқаддас, марзу буми хеш дар канор набошем ва ҳамеша ҷиҳати пойдории сулҳу салоҳ кӯшиш намоем ва итоат кардан ба фармонравои хешро фаромӯш накунем. Аз ёд набарорем, ки дину эътиқоди мо ҳеҷ гоҳ моро барои таркондан, фитнаю ҷидол ҳидоят намекунад, ин гурӯҳи ғаразнок аст, ки аз эътиқоди мо истифода менамояд. Имрӯз мо, кормандони соҳаи маориф,
устувор ва назаррас гузоранд. Дар замони муосир яке аз соҳаҳои афзалиятноки сайёҳӣ ин сайёҳии рекреатсионӣ (истироҳатӣ) мебошад, ки бештар ба хусусияти кӯҳӣ доштани релефи нотакрори кишвар вобаста аст. Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд. Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми соддаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар руйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Айниддин ҚУРБОНОВ, донишҷӯи ДИД назди Президенти ҶТ
бояд баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб саҳмгузор бошем. Моро зарур аст, ки дар истифодаи аз меъёр зиёди компютер аз тарафи насли наврас бепарвоӣ зоҳир накунем. Бахусус, имрӯзҳо, ки бозиҳои компютерӣ, телефони мобилӣ ҷои китобхониро гирифтааст. Яке аз усулҳои маъмултарини заҳролуд кардани майнаи наврасону ҷавонон бо идеяи террористию экстремистӣ ин бозиҳои компютерӣ ба ҳисоб мераванд. Он мисли оҳанрабо насли ҷавонро ба худ мекашад. Кормандону омӯзгорони Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом низ нисбат ба ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, кирдори разилонаи гурӯҳҳои террористию экстремистиро маҳкум менамоянд, Имрӯз, моро мебояд, тамоми малакаву дониши худро барои бунёди ҷомеаи озод аз терроризму экстремизм равона намуда, баҳри ҳаёти осоиштаи инсоният, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ, ҳимояи сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистон саҳми босазо гузорем. Дилрабо МАҲМУДОВА, мудири китобхонаи Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом
6
ҶАВОНОН ВА СОҲИБКОРӢ
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ рушду нумуъ ёфта, ҷиҳати пешрафти соҳа тамоми имконияту шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба дастовардҳои гуногун ноил гардидани ватани азизамон дар соҳаи соҳибкорӣ далели гуфтаҳои болост. Ҷавонон дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои ҷавонон ҷиҳати рушди малакаи зеҳнӣ ва омӯхтани илму донишҳои муосир, омода намудани ҷавонони соҳибтахассус, ватандӯст ва дорои дониши баланд тамоми шароитҳои мусоид муҳайё гардидааст. Дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳибкорӣ низ имрӯз аҳамияти махсус равона гардида, барои рушди ин соҳаи муҳими иқтисодӣ тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва имкониятҳои фарох фароҳам оварда шудааст, то ҷавонони кишвар ба он машғул гарданду бо фаъолияти хеш дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми худро гузоранд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон - такси сайр” низ аз зумраи ширкатҳоест, ки дар шаҳри Душанбе ба хизматрасонӣ машғул аст. Сомон-таксӣ (Somon Taxi) – ин фармоиши таксӣ ба воситаи барнома ва ё ба воситаи алоқаи телефонӣ дар ҳудуди шаҳр буда, ба таъкиди масъулини ширкат ҳадафи он бо туфайли нархи арзон ва сифати баланд ба муштарӣ хизматрасонии бароҳат пешниҳод кардан аст. Чун аз Сабури Шарафзода, директори ҶДММ “Сомон – такси сайр” омили таъсиси ширкати мазкурро пурсон гардидем, гуфт: “Пеш аз таъсиси ширкати худ ба давлатҳои Аврупо сафар доштем. Вақте ки дар он ҷо тарзи хизматрасонии автомобилӣ
Саҳм дар беҳдошти хизматрасонӣ ва муносибати хуби онҳоро бо мусофирон дидем, аллакай мо чи гуна кишвар будани он давлатро аз ҳамин муносибати хуби онҳое, ки ба хизматрасонӣ, яъне таксӣ машғул буданд, эҳсос намудем. Аз ҳамон ҷо пеши худ мақсад гузоштам, ки вақте ба ватан бармегардам, ҳатман ширкати хизматрасонии таксиро таъсис медиҳам. Инчунин боз вақте ки ободкориҳоро дар шаҳри Душанбе мушоҳида намудам, пеши худ мақсад гузоштам, ки бояд саҳми худро дар пешрафти пойтахт дар кадом соҳае, ки набошад, гузорам. Ҳамин тавр ширкатро таъсис додем ва он ду моҳ мешавад, ки ба меҳмонону сокинон хизмат мерасонад”. Бояд тазаккур дод, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ин бо ҷои кор таъмин намудани сокинони мамлакат мебошад. “Айни ҳол 150 автомошина барои хизмати мардум омода ва ҳамарӯза ба эшон хизмат мерасонанд. Чун таъсис додани ҷойҳои корӣ аз ҳадафҳои Ҳукумати кишвар мебошад, бо дарки ин ҳадаф ва сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ бо таъсис ёфтани ширкати “Сомон-такси сайр” беш аз 150 нафар ронандагон бо ҷои кор таъмин гардида, барои ширкат рақами 888-ро интихоб намудем, ки зуд дар ёд меистаду чуноне мегӯянд, рақами ҳашт доим дар гардиш аст ва ҳама вақт мошинҳои мо дар гардиш бошаду ба аҳолӣ хизмат расонанд”, - афзуд С. Шарафзода. Воқеан, дар соҳаи соҳибкорӣ имрӯз ҷавонон фаъолияти хуб дошта, дар ҳама гуна шакли соҳибкорӣ дорои таҷрибаву
комёбӣ мебошанд. Дар фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 28 август то 1 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид, аз ҷониби роҳбарияти ҷавони ширкати “Сомон-такси сайр” 15 адад автомашина ҷиҳати бо хизматрасонии сатҳи баланд таъмин гардидани иштирокчиён ҷудо гардида, ройгон хизмат намуданд ва масъулини ширкат ин иқдоми худро чунин шарҳ доданд: “Дар фестивали мазкур ҷавонони беш аз даҳ давлат иштирок доштанд. Вақте ки аз дигар давлатҳо ба кишвари мо меҳмонон меоянд, вақте онҳо муносибат ва шароити хуби хизматрасониро мебинанд, хизматрасонию маданияти моро бурда, дар кишварҳои худашон иброз медоранд. Аз ин рӯ, мо иқдом гирифтем, ки баҳри иштирокчиёни фестивали мазкур аз ҳисоби мошинҳои ширкат ба меҳмонон ройгон хизматрасонӣ намуда, дар ин самт ба ҷавонон саҳми худро гузорам”. Чун доир ба дастгирии Ҳукумати кишвар дар соҳаи соҳибкорӣ пурсон гардидем, Шарафзода Сабури Асатулло, директори ширкати мазкур гуфт: “Дастгирӣ дар рушди соҳибкорӣ ҳамин қадар мешавад. Ин қадар имконияту шароите, ки барои соҳибкорон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муҳайё гардидааст, дар ин росто фақат каме ҳаракат кардан даркор аст. Зеро ин ҳама шароитҳо ҷиҳати фаъолияти соҳибкорӣ дар дигар давлатҳо
дида намешавад. Танҳо бояд нисбати Ватан, кор ва касб бо дили гарм ва меҳру муҳаббати самимӣ назар намоему фаъолияти босамар кунем”. Ҷавононро ояндагони миллат меноманд. Ҳамсуҳбати мо таъкид менамояд, ки ҷавонон бояд хонанду илм омӯзанд. Ӯ афзуд: “Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ”. Ҳар як ҷавон бояд аз муҳити оила сар карда, тарбия омӯзад. Пасон бояд аз мактаб дониши хуб гирад ва хонаду мутахассис гардад. Чунки имрӯз дар тамоми соҳа мутахассиси хуб лозим аст. Тоҷикистони азизи мо ки ҷавон асту дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба кулли дастовардҳо ноил гардидааст, мо ҷавононро водор менамояд, ки илму касб
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018
омӯзему баҳри рушди ватани азизамон саъю кӯшиш намоем. Ин қадар имконияту толорҳои варзишӣ ва китобхонаҳои муосир ҳамаи ҳаминро мо бояд истифода барем. Ҳар як ҷавон дар ин росто агар каме талошу заҳмат намояд, ба ҳама чиз мерасад. Ин имкониятҳое, ки муҳтарам Пешвои миллат барои мо-ҷавонон фароҳам овардаанд, мо ҷавонон бояд аз он самаранок истифода намоем. Зеро ин даврони тиллоии ҳар як ҷавон аст”. Роҳбарияти ҶДММ “Сомонтакси сайр” дар оянда нақша доранд, ки автомашинаҳои бо нерўи барқ ҳаракаткунандаро биёранду арзиши хароҷоти роҳкирои аҳолиро поён фароранду хизматрасонии хубу аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба роҳ монанд ва ба тозагии пойтахти азизамон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Инчунин тасмим доранд, ки самтҳои фаъолияти ширкатро васеъ намуда, бахусус фаъолиятро дар самти сайёҳӣ низ ба роҳ монанд, то тамоми меҳмонон ва сайёҳоне, ки вориди кишвари мо мегарданд, ватани азизамон-Тоҷикистонро, ки дорои ҷойҳои таърихиву тамошобоб ва мавзеъҳои нотакрор мебошад, шинос намоянд ва баҳри муаррифии ватани азизамон ба сайёҳон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ саҳми назарраси худро дар рушди соҳа ва умуман дар рушду нумӯи Ватани азизамон гузоранд. Хулоса, вақте ки имрӯз ҷавонони созандаи мо дар андешаи рушду нумӯи кишвари азизамон мебошанд, бо боварӣ метавон гуфт, ки зери сиёсати созандаву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ҷавонони мо дар ҳама самт ба кулли комёбиҳо ноил гардида, дар пешрафти ватани азизамон самҳи худро хоҳанд гузошт ва вазифаи ҷонии ҳар як ҷавон низ ин аст, то ба қадри сулҳу ваҳдат бирасаду саҳмгузор дар рушду пешрафти меҳан бошад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018 Саломатӣ барои инсон сарвати ноёб буда, онро ба ҳеҷ чиз иваз карда намешавад. Агар қисмате аз одамон пул дода, худро аз бемориҳои марговар ҳифз намоянд, мутаассифона, қисми дигар пул дода, бадани солими худро заҳролуд месозанд. Мисоли ин гуфтаҳо сигоркашии бархеҳо аст, ки он яке аз зухуроти номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба воситаи моддаи заҳрогини "никотин" барҳамзанандаи саломатӣ, барбоддиҳандаи молу сарват ва ифлоскунандаи ҳавои солими муҳити зист мебошад. Бо вуҷуди он, ки он ба саломатии инсон, хусусан занон зарар дорад, вале тибқи омор сафи онҳое, ки ба ин амали номатлуб даст мезананд рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодааст. Чуноне, ки мушоҳида мешавад, имрӯз дар байни аҳолӣ сигоркашӣ ба қавле «мӯд» шудааст. Бояд қайд намуд, ки сигор натанҳо боиси бад шудани саломатии худи шахси сигоркаш, балки ба атрофиён низ зарар расонида, ҳатто дар баъзе маврид сабабгори марги одамоне мешавад, ки онро истеъмол намекунанд. Зарари сигоркашӣ ва тақлид ба бародари сигоркаш Аз нигоҳи тибб истеъмоли сигор боиси тангшавии рагҳои хунгард мегардад, ки дар натиҷа, одам ба сактаи дилу пӯсидашавии бофтаҳои бадан мубтало мешавад. Сигоркашӣ ба вайроншавии рагҳои хунгарди чашм низ сабаб шуда, нури онро хира мекунад ва оқибат ба нобиноӣ мерасонад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, дар таркиби сигор 1200 навъ моддаи заҳрнок мавҷуд аст, ки инсонро ба бемории саратон мубтало мегардонад. Зарари онро ба назар гирифта чанде пеш Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ба хотири солимии аҳолӣ ва пешигирӣ аз бемориҳои марговар кашидани сигорро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва умумӣ, харидуфурӯши беназм ва дастрасии содда ба тамоку ва истифодаи он дар тарабхона, қаҳвахона ва дар дохили дигар биноҳоро то андозае маҳдуд намуд, аммо ҳамоно шахсонеро вохӯрдан мумкин аст, ки даст ба ин одати номатлуб мезананд. Тавре имрӯзҳо ба назар мерасад, дар баробари мардони сигоркаш занонеро низ вохӯрдан лозим аст, ки даст ба ин амал мезананд. Ба андешаи занони сигоркаш кашидани сигор асабро ором
МАВЗӮИ РӮЗ мекунад, одамро аз ҳолатҳои дилтангиву стресс мебарорад ва танҳоиро бартараф мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои табибон дар баробари он ки сигор ба бемориҳои марговар саратонҳои шуш, даҳон (лабу забон), гулӯ, гурда, ғадуди зери меъда оварда мерасонад, боз ба як қатор маризиҳои дигари занона, ба мисли вайроншавии ташаккули ҷанин, исқоти ҷанин (бачапартоӣ), мурдазоӣ, бо нуқс таваллуд шудани тифл оварда мерасонад. Инчунин, сигоркашӣ то 10 маротиба афзудани гирифторӣ ба сактаи дил ва сактаи мағзи сарро метезонад. Навобаста ба он ки зиёни сигоркашӣ ба занон дар сатҳи баланд аст, омилҳое ба мисли дар ҳаёт сахт шикаст хурдан, аз ҷониби наздикон дастгирӣ наёфтан, мушкилоти равонӣ ва аз рӯи ҳавову ҳавас даст ба чунин амал задани занонро ба қайд гирифтаанд, ки ин ба ҳаёти онҳо-модарони оянда, хатари ҷиддӣ дорад. Тавре ҳамсуҳбати мо Дилором Рабиева қайд намуд, сигоркашии ӯ аз тақлид ба бародараш, ки си-
сигор инчунин, ба бемории дил, безуриётӣ ва ё бо нуқс таваллуд шудани тифл оварда мерасонад. Вақте зан ҳомиладор асту сигор мекашад, ҳатман заҳри он ба узви кӯдак мегузарад”. Ӯ ҳамчун духтур-генеколог ба занҳо махсусан ба ҷавондухтарон ва занҳои қобили таваллуди тифл тавсия намуд, ки иродаашонро қавӣ намуда аз сигоркашӣ даст кашанд. Чунки сигоркашӣ на танҳо ба саломатии худ, балки ба фаъолияти таваллуди фарзанди онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ҳар зане, ки нияти модар шудан дорад, бояд маҷбур аз ин амали номатлуб даст кашад, чунки ӯ дар назди фарзанди ояндааш ҷавобгар аст, то онро солим таваллуд намояд. М. Ғафурова гуфт, ки аслан зани тоҷик бояд ба ин амалҳои номатлуб даст назанд, чунки ин ба фарҳанг ва суннати мо бегона аст. Аммо мутаассифона вақтҳои охир сафи чунин занҳо зиёд шудааст ва ҳангоме ки занони ҳомила ба мо муроҷиат менамоянд, иқрор мешаванд, ки на танҳо сигор мекашанд, балки нӯшокиҳои спиртӣ
созмонҳои байналмилалӣ назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифа гузоштаанд, то алайҳи ин падидаи аср дастаҷамъона мубориза баранд. Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мубориза алайҳи тамоку ва хатари он ба саломатии инсон ба таври ҷиддӣ муносибат карда намешавад. Ин ниҳоди саломатӣ ҳадс мезанад, ки дар ҳоли беаҳамиятӣ ва канораҷӯӣ намудан ва ё баргузор накардани маҳфилҳои зидди тамоку эҳтимол то соли 2020 бемории саратон байни аҳолии ин минтақа афзоиш ёбад. Ба маълумоти ин созмон феълан аз рӯйи нишондоди оморӣ дар кишварҳои Аврупо бахусус, Австрия, Дания, Ирландия, Норвегия, Ҳоланд ва Шветсия сафи занони сигоркаш ҳар лаҳза меафзояд. Дар Булғористон, Лаҳистон, Словения ва Хорватия бошад, теъдоди сигоркашон дар қиёс ба мардон миёни занон зиёд ба қайд гирифта шудааст. АФСОНАИ “СИГОР АСАБРО ОРОМ МЕКУНАД” Бештари занон мегӯянд, ки
Сигоркашии занон: Аз ҳавас, мушкилот ё асабоният?
горкаш будааст, оғоз ёфтааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳанӯз замоне, ки дар мактаби миёна таҳсил мекард, пинҳонӣ аз волидайн сигор мекашид, ки имрӯз ҳангоми ташхис таъсири заҳри тамоку ба тафли батни ӯ муайян шудааст. ҶАВОБГАРӢ ДАР НАЗДИ ТИФЛИ ОЯНДА Роҳбари Маркази тиббии «Шафқат», генеколог Манзура Ғафурова зимни суҳбат бо мо қайд намуд, ки мутаассифона имрӯз бо вуҷуди таъкидҳоии пайваста оид ба зарари сигоркашӣ сафи занону духтароне, ки даст ба чунин амалӣ номатлуб мезананд, зиёд шуда истодааст. Номбурда гуфт, ки вақте одам сигор мекашад, моеъи некотин дар вуҷуди ӯ қатра-қатра ҷамъ шуда, ба хун ҷабида мешавад, дар охир ба каслии шуш ва дигар касалиҳо оварда мерасонад: “Зарари сигор ба занон бештар мерасад, чунки тибқи омор фоизи касалии шуш дар онҳо бештар аст. Кашидани
низ истеъмол мекунанд, ки ин воқен ҳам ҷои ташвиш аст. РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БИДУНИ ТАМОКУ Дар воқеъ имрӯз мушкили сигоркашии занон ба проблемаи умумимиллӣ мубаддал гаштааст. Тибқи иттилои омори ҷахонӣ агар вазъият бетағйир боқӣ монад, то соли 2030 аз сигоркашӣ мумкин аст, ки дар як сол то 8 миллион нафар ба ҳалокат расанд. Бинобар ин, барои пешгирӣ аз ин амали номатлуб бо ташаббуси созмонҳои байналмилалӣ 31-уми май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку (World No Tobacco Day) қайд мегардад. Ин рӯз ба хотири ҷилавгирии мардум ба хусус ҷавонон аз истеъмоли тамоку аст. Вобаст ба ин рӯз дар бештари кишварҳои дунё чорабиниву маҳфилҳои мухталиф алайҳи тамоку ва таблиғи шеваи солими зиндагӣ гузаронида мешавад. Дар робита ба ин, як қатор
аз сабаби сахт шикаст хӯрдан ва аз ҷониби наздикон дастгирии зарурӣ наёфтан маҷбур мешванд, ки даст ба ин амал зананд. Аммо ҷомеашинос Марям Давлатова мегӯяд, майл кардани ҷавонон ба сигоркашӣ бештар ин пайравӣ ба волидон, кушиши қавӣ нишон додани худ ва ё баръакс эътироз ба фишори наздикон аст: «Сабабҳои сигоркашии инсонҳо, хоҳ зан ва хоҳ мард ба ҳамдигар монанд аст. Кӯшиши худро қавитару калонтар (аз нигоҳи синну солӣ, чун маъмулан ба ин одати бад дар наврасӣ даст мезананд) ҳис кардан, эътироз ба фишори калонсолон, тақлид ба рафиқон барои аз ҷониби онҳо пазируфта шудан ва амсоли ин аз ҷумлаи сабабҳои маъмулӣ ҳастанд. Баъзан пайрави ба калонсолони мӯътабари оила, волидон ва дигар аъзои хонадон ҳам метавонад яке аз ин сабаҳо бошад”,- мегӯяд М. Давлатова. Мавсуф андешаи “сигор асаби одамро ором мекунад” –ро афсона хонда, қайд намуд, ки ин баҳонаи сигоркашонест, ки дигар партофта наметавонанд, вале вобастагияшонро эътироф каран намехоҳанд. Ба гуфтаи ӯ дар асл сигор асабро метавонад, бо вобастагӣ хароб намояд ва ягон сарчашма манфиати онро тасдиқ накардааст. М. Давлатова пешгирӣ аз сигоркаширо пеш аз ҳама дар иттилоотгардонии аҳолӣ дар мавриди зарарҳои сигор ва бо диққаттар будан нисбати наврасон мебинанд: “Роҳи дигар нисбати наврасон ботаваҷҷуҳтар будан аст, ки ба роҳи хато по намонад. Ин аст, ки муборизаи беамон зидди
7 сигоркашӣ дар ҷомеа дар мо ҳам андак-андак оғоз шудааст”. ИФТИХОР Ё ШАРМ? Боиси таассуф аст, ки новобаста ба таъкиди мутахассисон аз зарари сигор сол то сол ҷавонон вобастаи ин вабо мегарданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 4 миллион нафар одамони мубталои нашъамандӣ ва никотин ба ҳалокат мерасанд. Мушкили дигар ин аст, ки бештари занон аз рӯи ҳавову ҳавас ба ин амал даст мезананд, ки оқибат ба он вабаста гардида, аз он даст кашида наметавонанд. Ҳамсуҳбати мо Заррина Амирова, ки чандин сол аст, ба сигкоркашӣ машғул аст, гӯфт, ки аз рӯи ҳавову ҳавас даст ба ин амал задааст ва имрӯз аз он даст кашида наметавонад. Ӯ, ки журналист аст, гуфт, ки вақте мегуфтанд, ки журналистӣ ҳақиқӣ ҳамонест, ки сигор мекашад, ман ҳамеша зиқ мешудам. Рӯзе зиқ шуда, сигор кашидам ва сарам тоб хурду писандам омад. Рӯзи дигар яктаи дигар кашидам ва ҳамин хел одат шуд. Мушкили дигар дар он аст, ки онҳое ки ба ин амали номатлуб даст мезананд, бештари вақт ифтихор мекунанд ва ин кирдори худро ҳамчун намоишкорона ба аҳолӣ пешкаш мекунанд, дар ҳоле, ки медонанд, ки оқибати он ба марг оварда мерасонад. Коршиноси масоили тиббӣдиректори Маркази тибби “Насл” Шамсиддин Қурбонов зимни суҳбат қайд кард, ки бештари сигоркашон ифтихор мекунанд, ки ба ин амали номатлуб даст мезананд, вале дар охир ба бемориҳои саратон гирифтор мешаванд: «Аслан сигоркашӣ миёни мардум таърихи дерина дорад. Дар тӯли таърих мардумони зиёде ба ин кор машғул будаанд ва ин ба як фарҳангӣ ин ва ё он халқ мубаддал гардидааст. Мардумоне, ки сигор мекашанд бештар гирифтори бемориҳои саратон мешаванд». СИГОРКАШӢ ЗАНОНРО ПИР МЕКУНАД Шахсони тамокукаш ба ҳисоби миёна 15 соли ҳаёти худро дидаву дониста кӯтоҳ мекунанд. Вақте зан сигор мекашад дар рӯи зан ожангҳо пайдо мешавад, ки занро калонсол нишон медиҳад. Тавре гуфта шуд, кашидани тамоку вобастагиро ба вуҷуд меорад ва ин одати бисёр сахту ҳалокатовар, ки тарки он мушкил аст. Аксари одамон имрӯзҳо роҳу воситаҳои даст кашидан аз онро меҷӯянд. Табибон бар он ақидаанд, ки дар ин роҳ пеш аз ҳама азму иродаи матин, сабру субот, устуворию пойдорӣ роли ҳалкунанда мебозад. Онҳо тавсия медиҳанд, ки беҳтар аст, ки аҳолӣ шеваи солими зиндагиро пеш гиранд, зеро роҳи наҷот ва зиндагии шоиставу арзанда маҳз дар ҳамин аст. Садбарги РАҲМИДДИН, коромӯзи “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018
VI-умин Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо Аз 2 то 5 октябри соли равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе 6-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мақоми сеюми варзишгари тоҷик дар муҳорибаи тан ба тан Давлат Болтаев, донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонии ДТҶТ ба номи С.Раҳимов дар чемпионати ИДМ миёни ҳарбиён, ки аз 10 то 13 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба муҳорибаи тан ба тан доир гардид, иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар чемпионати мазкур 6 нафар варзишгар муаррифӣ намуда, рақобатҳо пуршиддат сурат гирифтанд. Ҳарчанд ҳарифони варзишгари тоҷик дар муҳорибаи тан ба тан таҷрибаи бештар доштанд, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Давлат Болтаев тавонист, ки бо маҳорату малакаи варзишии худ мақоми сеюмро ба даст биёраду кишвари хешро миёни дигар давлатҳо муаррифӣ созад. Ёдовар мешавем, ки Давлат Болтаев чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалӣ буда, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон доир мегардад. Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои хориҷ даъват шудаанд. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом соҳиби ҷоизаи пулӣ мегарданд. Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба ғолибон 10000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 3000 сомонӣ тақдим хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо бори аввал соли 2013 доир гардида буд, ки дар он Виталий Дудчик аз Украина дар вазни -81 кг ғолиб шуд. Зинаи дуюмро Фарҳод Раҳимов (Тоҷикистон), ҷои сеюмро Сергей Терешенко (Балорус) сазовор шуда буданд. Дар вазни мутлақ ва барои шоҳҷоиза бошад, Ислом Шаҳобӣ аз Миср ғалаба кард. Медали нуқра насиби Муҳаммад Абдураҳмонов ва медалҳои биринҷӣ насиби Парвиз Собиров ва Фурқат Назриев (ҳар се аз Тоҷикистон) гардида буд. Соли 2014 бошад, Муҳаммад Абдураҳмонов (Тоҷикистон) дар вазни мутлақ пирӯз гашт. Зиёратшо Баротов, дзюдочии дигари тоҷик медали нуқра, Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ва Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) медали биринҷӣ ба
“Хуҷанд” ҳарифашро интизор аст Бошгоҳи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон тими “Барқчӣ” –и шаҳри Ҳисорро аз рӯи силсила зарбаҳои 11-метра мағлуб намуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дидори мазкур 16-уми сентябр, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт. Дастпарварони “Хуҷанд” рақобати аввалро, ки 23 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардида буд, бо ҳисоби 0-2 ғалаба намуда буданд. Ин навбат футболбозони “Барқчӣ” дар меҳмонӣ ҳарифро бо ҳисоби 0-2 шикаст дода, рақобатро то силсила зарбаҳои 11-метра бурданд. Голҳои тими “Барқчӣ”-ро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 30-юм ва Тоҳир Малодӯстов дар дақиқаи 31-ум ба самар расонданд. Замони изофӣ бидуни гол хотима ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони “Хуҷанд” бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд. Ҳамакнун бошгоҳи “Хуҷанд” дар даври ниманиҳоӣ ҳарифи худ, ғолиби ҷуфти “РегарТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода – “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро интизор аст. Бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои
“Душанбе-83” ва “Истиқлол”-и Душанбе сурат мегирад. Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 шуруъ гардида, 27 маротиба баргузор шудааст. Ин ҷомро ҳамагӣ даҳ даста ба даст овардаанд. Дар зинаи аввал миёни ғолибони ҷом, дастаҳои “РегарТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе қарор гирифтаанд. Ин тимҳо шаш маротибагӣ Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд. Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта дастаи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд. Шаҳбоз КАРИМОВ, “ҶТ”
даст оварданд. Дар сеюмин Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо дар соли 2015 40 варзишгар аз 13 кишвар ширкат карданд, ки дар он ҷои аввалро ин дафъа низ Муҳаммад Абдураҳмонов ишғол кард. Ҷои дуюм насиби Александр Ваховяк (Белорус), ҷои сеюм насиби Фирдавс Насимов (Тоҷикистон) ва Энди Алварес (Куба) гардид. Соли 2016 Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардида буд. Дар он 45 варзишгар аз 15 давлат: Афғонистон, Белорус, Италия, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Ҷопон ва Эрон ширкат намуданд. Дар ин мусобиқа Станислав Бондаренкои украинӣ соҳиби ҷом шуд. Ҷои дуюмро Алекс Гарсия Мендоза аз Куба, ҷои сеюмро ӯзбекистониҳо Муҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тан-
гриев ишғол карданд. 5 октябри соли 2017 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат барои дарёфти 5-умин Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо варзишгарони 15 давлати дунё: Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Русия, Германия, Непал, Япония, Беларус, Украина, Голландия, Америка ва Куба миёни ҳам рақобат карданд. Рақобатҳо барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ дар вазни мутлақ сурат гирифта, паҳлавони номдори тоҷик Саидҷалол Саидов соҳиби 5-умин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Мусобиқаи солҳои гузашта дар вазни мутлақ баргузор мешуд, имсол бошад, варзишгарон дар вазнҳои маъмулии гуштини дзюдо миёни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг қувва меозмоянд.
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018 Ҷудо яке аз намудҳои маъмултарини гӯштин дониста шуда, имрӯзҳо таваҷҷӯҳи аксар варзишгарони дунёро ба худ кашидааст. Федератсияи байналмилалии ҷудо барои ҳаводорони ин намуди варзиш соли 1956 мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонро таъсис дод, ки он тавонист аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дуюм қарор гирад. Нахустин чемпионати ҷаҳонӣ оид ба ҷудо дар ватанаш Ҷопон бо ширкати 31 варзишгар аз 21 кишвари ҷаҳон доир гардид. Ин чемпионати ҷаҳонӣ ба гӯштингирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намуда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ имтиёзҳоро соҳиб гарданд. Аз 20-ум то 27-уми сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку 32юмин чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ 810 варзишгар (497 мард ва 313 зан) аз 131 кишвари 5 қора ширкат менамоянд. Дар қатори варзишгарони дигар кишварҳо 10 варзишгари тоҷик низ барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихории ин чорабинӣ сабқат менамоянд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Суҳроб Боқиев вазни то 60 кг, Ёқубҷон Боқиев то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков вазни то 73 кг, Акмал Муродов вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён вазни то 90 кг, Саидҷалол Саидов то 100 кг, Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов зиёда аз 100 кг, аз миёни бонувон Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 кг шомиланд. Ҷудо дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ рушд намуд ва дар як муддати кӯтоҳ таваҷҷуҳи варзишгарони ҷавон ба ин намуди гӯштин зиёд гардид. Аз сабабе ки аксар усулҳои ин гӯштин ба гӯштини миллии мардуми тоҷик монанд аст, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо усули хоси худ рақобат менамоянд. Масалан Расул Боқиев, ягона варзишгари тоҷикест, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар Рео-де-Жанейрои Бразилия
соли 2007 миёни калонсолон баромад намуда, маҳорату малакаи олӣ нишон дод ва мақоми сеюмро сазовор шуд. Корнамоие, ки Расул дар ин мусобиқа нишон дод, дар баробари муаррифии ҷудои тоҷик худи ӯ ситораи ҷудои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Пас аз ин мусобиқа ВАО-и варзишии ҷаҳон сари маҳорати паҳлавони тоҷик ҳарф мезаданд. Баъд аз ин соли 2008 ин ҷавонпаҳлавони тоҷик дар бозиҳои олимпӣ, ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардида буд, нишони биринҷиро ба гардан овехт. Ин нишондоди ҷудокори тоҷик тамоми мардуми оламро ба ҳайрат овард. Парвиз Собиров варзишгари тоҷик дар як сӯҳбаташ иброз намуда буд, ки нақши Расул Боқиев баҳри шинохти ҷудои тоҷик дар ҷаҳон бисёр калон аст. “Замонҳое, ки мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок мекардем, аз намуди ҷудо Тоҷикистонро намешинохтанд. Баъди мақоми сеюмро касб кардани паҳлавони мо – Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин
гузашта шаш варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд. Ба андешаи мутахассисони соҳа дар мусобиқаи навбатӣ дастаи миллии кишварро чеҳраҳои нав муаррифӣ менамоянд, ки аз бархеи онҳо метавон медал интизор шуд. Ба андешаи Каримхон Некматов, шореҳи ТВ Варзиш дар ин мусобиқа ворисони Расул Боқиев имкони гирифтани медалҳоро доранд. Ӯ гуфт: “Дар замони соҳибистиқлол мо ҳамагӣ аз чемпионати ҷаҳон як медали нуқра дорем, ки он ҳам ба Расул Боқиев тааллуқ дорад. Дигар аз соли 2007 инҷониб ки ҳамасола мусобиқаи мазкур доир мегардад, то имрӯз касе аз паҳлавонони мо натавонистанд, ҳадди ақал ҳамон зинае, ки Боқиев тай кард, бирасанд. Вале хушбахтона имрӯз як зумра паҳлавонони ҷавон ҳастанд, ки метавонанд, ҷойгузини
дад, имкони гирифтани медали бозиҳои олимпиро хоҳад дошт. Ба таъкиди ӯ бо вуҷуди оне ки дар тими мунтахаби мо паҳлавонони номдор шомиланд, вале имсол нисбат ба соли гузашта рақобат мушкил мешавад, зеро дар ин чемпионат аз 131 кишвари дунё паҳлавонони маъруф сафарбар гардидаанд. Умаралӣ Сафаралӣ, сухангӯи Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, 6 нафар аз ҳайати тими кишвар, ки бори нахуст дар чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон ширкат менамоянд, машқу тамринҳояшонро ҷиддӣ дида бошанд, албатта умед аст, сазовори медалҳои мусобиқа гарданд. “Аз 6 нафар ҷавоне, ки бори нахуст дар мусобиқаи қаҳрамонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, аз инҳо ду нафарашон дар миёни ҷавонону наврасон дастовардҳои хуб доранд, мисли Сомон Маҳмадбеков, ки дар чандин ҷоми Аврупову Африко сазовори медали тилло гардидааст. Ҳамчунин Суҳроб Боқиев ҷоизадори чандин мусобиқаҳои
– 2008 моро мепурсанд, ки аз куҷо баромад мекунед, бо шунидани номи Тоҷикистон онҳо дарҳол -73 кило гуфта, Расулро ёд мекунанд”, - иброз доштааст Парвиз Собиров. Ҳарчанд гӯштини ҷудо сол то сол дар кишвар рушд ёбад ҳам, вале ёздаҳ сол аст, ки варзишгарони калонсол ба хазинаи варзишии кишвар аз чемпионати ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ ягон медал ворид накардаанд. Соли
паҳлавонони номии тоҷик бишаванд. Аз он ҷумла бародарзодагони Расул, Суҳроб Боқиев ва Ёқубҷон Боқиев ва Комроншоҳи Устопириён имкони ба даст овардани медали чемпионати ҷаҳонро доранд”. Муродалӣ Тешаев, коршиноси соҳа андеша дорад, ки чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо бозиҳои олимпии тобистонаро пешгӯӣ мекунад. Варзишгаре, ки ҷоизадори ин мусобиқа мегар-
Аврупову Африқо ва Осиё мебошад. Масалан Хоҷазода Беҳрӯз соли гузашта дар чемпионати Осиё мақоми панҷум шуда буд ва хулоса, ки ин варзишгарон таҷрибаашон дар миёни калонсолон кам аст. Аммо барои ин мусобиқа омодагии ҷиддӣ дида бошанд, умед аст, дастоварди хуб нишон диҳанд. Ин ҷо як мушкилии дигар ин ноадолатии доварон мебошад. Азбаски имрӯз дар кишвар доварони
Аз Бразилия то Озарбойҷон: медали навбатиро кӣ меорад?
9 сатҳи байналмилалӣ кам аст, варзишгарони мо дар бештари мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз надоштани пуштибон ба ноадолатиҳо рӯ ба рӯ мегарданд ва ин сабаби шикаст хурдани варзишгар мегардад. Ва дар ин мусобиқа аз Комроншоҳу Темур умед аст, соҳиби зинаҳои ифтихорӣ гарданд. Зеро Комроншоҳ дукарат қаҳрамони Осиё ва ҷоизадори чандин мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мебошад. Темур Раҳимов бо вуҷуди ҷавон будан бисёр варзишгари хуб аст, ки метавонад миёни калонсолон ҳам натиҷаи хуб нишон диҳад. Дар вазни мутлақ аз Шакармамад Мирмамадов низ натиҷа интизорем, зеро ин паҳлавон машқҳои тамриниашро дар Федератсияи Русия зери тарбияи мутахассисони пуртаҷрибаи ин кишвар гузаронидааст”, - афзуд Умаралӣ Сафаралӣ, сухангӯи Кумитаи миллии олимпӣ. Дар такя ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи варзиш ояндаи гӯштини ҷудо дар кишвар дурахшон аст. Зеро имрӯз шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд ва танҳо меҳнати софдилона мебояду бас. Танҳо моро зарур аст, ки барои фатҳи қуллаҳои баланди чемпионатҳои ҷаҳону бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз мутахассисони сатҳи байналмилалӣ истифода барем. Каримхон Бекматов, шореҳи ин намуди варзиш ноил нагардидан ба натиҷаҳои сатҳи ҷаҳониро дар набудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ меҳисобад. Бино ба гуфти ӯ “имрӯз барои ба авҷи баландтарин баровардани як варзишгар мо ба мутахассиси олӣ, яъне устодони кордони сатҳи байналмилалӣ ниёз дорем. Мураббиёни мо он қудрату маҳорате, ки доштан, варзишгаронро тавонистанд, то сатҳи Бозиҳои осиёӣ ва ё то мусобиқаҳои минтақавӣ роҳбаладӣ намуда, сазовори медалҳо гарданд. Аммо фикр мекунам, барои омода намудани варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ, яъне барои чемпионати ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ, самти ҷудои кишварро зарур аст, мутахассисони байналмилалиро даъват намоянд. Чунки ин таҷриба аллакай дар кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистон ва Қирғизистон истифода гардида, то як андоза натиҷаи дилхоҳро нишон додааст”. Мардуми тоҷик аз қадим дӯстдори гӯштин аст ва таҳкурсии ҷудо гӯштини миллии тоҷикӣ мебошад. Мо умед дорем, ки паҳлавонони мо дар чемпионати ҷаҳон ҷоизадор гардида, варзиши халқу миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянду чеҳраҳои нав дар оянда бо маҳорату малакаи худ ҷудои тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ аз ин ҳам зиёд муаррифӣ хоҳанд кард. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
10 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ватани маҳбуби мо ҷавонон дар саргаҳи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумат ва бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамасола барои рӯҳбаланд намудани ҷавонон ва сарфи ҳарчи бештари нерӯи созандаи онҳо дар роҳи бунёдкорию пешрафти давлат чораҳои судманд андешида мешавад. Намунаи ин дастгириҳо таъсиси Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки ҳамасола ба олимони ҷавон аз ҷониби Пешвои миллат тақдим карда мешавад. Аз ҷумла дар соли ҷорӣ низ як қатор олимони ҷавон барандаи ин Ҷоиза гардиданд. Мо доир ба самти фаъолияти илмӣ, дастгирии имрӯзаи ҷавонон ва вазифаҳои онҳо, бо як тан аз барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 Одиназода Рамазон Сафар суҳбат намудем. - Нахуст Шуморо аз номи ҳайати эҷодӣ ва хонандагони сершумори нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои сарфароз гардиданатон бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ шодбош мегӯем. Мехостем, оид ба муҳтавои монографияи “Ниҳодҳои мазолим дар таърихи давлатдории пешазшӯравии Тоҷикистон”, ки ба Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ гардида буд, чанд нуктаро баён медоштед. - Воқеан, дар масири даврони Истиқлолияти давлатӣ, ҷавонони саодатманди кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз донишу малакаи хеш дар ҷодаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар намуда, барои рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон саҳми шоён гузошта истодаанд. Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки ҷавонон воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии Пешвои миллат ҳастанд. Дар ин росто, мулоқотҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат бо ҷавонон собит месозанд, ки Роҳбари давлат ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати созандаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияташон маҳсуб меёбад. Боиси хушнудист, ки ҳар як мулоқоти Пешвои миллат бо намо-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018
Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои яндагони ҷавонон ба манзур сохтани як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Аз иқдомҳои наҷиб ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, ин таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, Стипендияи президентӣ, Квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, Грантҳои ҳукуматӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” инчунин баргузории конфронсу форумҳо, анҷуману фестивалҳо, семинарҳои омӯзишиву мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои зиндагии шоиста тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд. Аз тарафи дигар, давраи
Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарурати таҳқиқи илми ватаниро ба миён гузошт. Аввалин шуда ин масъаларо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди олимони тоҷик як қатор вазифаҳои муҳим гузоштанд. Дар ин замина як идда олимони тоҷик, махсусан олимони ҷавон асарҳои ҷолиб эҷод намуданд. Таълифи монографияи “Ниҳодҳои мазолим дар таърихи давлатдории пешазшӯравии Тоҷикистон” аз ҷониби банда заррае ҳам бошад дар таҳқиқи проблемаҳои илмии ҳуқуқшиносӣ аз нигоҳи таърихӣ саҳми назаррас дорад, зеро монографияи мазкур ба таҳқиқи яке аз ниҳодҳои муҳимтарин дар таърихи давлатдории тошӯравии тоҷикон ниҳоди мазолим бахшида шудааст. Дар тадқиқот таърихи пайдоиши механизмҳои нахустини баамалбарории адолати судӣ дар таърихи Тоҷикистон ва мазолим ҳамчун адолати судӣ, сабабҳои таъсиси ниҳоди мазолим дар марҳилаи зардуштӣ ва рушди ислом, ташаккул ва рушди додгоҳ дар давраи зардуштӣ, ташкил ва рушди ниҳоди мазолим дар давраи исломии рушди тоҷикон, хусусиятҳои ташкили мазолим ва ваколатҳои он, пешбурди истеҳсолоти суди мазолим ва хусусияти иҷрои қарорҳои мақомоти дигари адолати судӣ аз ҷониби мазолим бахшида шудааст. Монографияи мазкур ҳамчунин дар илми ҳуқуқшиносӣ дар самти тадқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ падидаи нав буда, танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, зеро масъалаи мазкур дар илми ҳуқуқи замони шӯравӣ ва пасошӯравӣ ба таври васеъ мавриди тадқиқ қарор нагирифтааст. Ҷоизаи мазкур, боз як масъулияти баландро назди ман гузошт, ки бояд дар рушди илми ватанӣ, бахусус илми ҳуқуқшиносӣ тадқиқотҳои доманадореро бояд анҷом диҳам. Зеро дар маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, иброз доштанд, ки дар оянда низ тамоми донишу таҷрибаи худро барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона равона созанд. - Оғози соли 2018 аз тарафи ҷамъияти озоди маҷозии “Диссернет” ба олимони ҷавони тоҷик тӯҳматномаҳо равона гардид ва то ҷое ҳангомасозии ин ҷамъият расонаӣ ҳам гардид. Назари Шумо ба ин ҳангомаҳо чи гуна буд? - Нашри маводҳои муғризонаи ҷамъияти маҷозии “Диссернет” оид ба рисолаҳои илмии олимони тоҷик бозгӯи он аст, ки як гурӯҳи “озодандешон”, ки дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд ва бо нони муздурӣ ва андешаи маҳалгароӣ як навъ ҳуҷуми муғризонаи иттилоотиро нисбати олимони ҷавон ва олимоне, ки дастовардҳои илмию ихтироотдошта дар амал идеяҳои онҳо
татбиқ гардидааст, оғоз намудаанд. Ҳадафи нопоки ин тоифа ба сӯи фарзандони фарзонаи миллат, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро содиқона пеш мебаранд, мебошад. Дар тули даҳсолаҳо садҳо нафар олимони тоҷик дар риштаҳои гуногуни илм рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанду маҳз ҳадафи ин гурӯҳи иғвоангез рисолаҳои илмии олимони тоҷик қарор гирифтааст. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки як идда аз “олимон”-и ҳангомаҷӯ ва “хабарнигорон”-и ҳангомасоз, ки дар Тоҷикистони азизи мо об рӯ ё иммиҷи хешро пайдо накардаанду дар хориҷи кишвар муздурию манқуртӣ мекунанд, танҳо ва танҳо супоришҳои хоҷагони хешро иҷро мекунанд, инчунин дар ҳошияи маводҳои нашркардаи муғризонаи хеш бо номҳои дигару мустаор садҳо шарҳҳо менависанд. Ҳарчанд ин навиштаҳо муғризонаю сатҳианд ва бо як шунидан чун боди дайду аз кунҷи гӯш вазида мераванд, изофа аз он ба шахсияти олимони тоҷик аз ин ғаразҳо ва айбҷӯию ниқорталабию хусумат, доғе намерасад, вале касро беихтиёр ба андеша намудан водор месозад. Чунки, зери ин ҳама сатрҳои иғвоангез имзои номуборак ва мустаори бадандешони миллати тоҷик қарор дорад. Аз тарафи дигар оид ба ин ҳолатҳои муғризона мо сомонаи интернетии ташкилоти “Диссернет”-dissernet.org-ро гунаҳгор карданӣ нестем, зеро сомонаи мазкур ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ягон муносибат надорад, маълумотҳои паҳннамудаи онҳо нуқтаи назари расмии Комиссияи олии аттестатсионии назди
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018
ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ 11
Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ҳам нест. Дар ин маврид аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия мактуби расмӣ ирсол шуд. Хушбахтона маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди алоҳида, ки дар баробари муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бевосита ба назорату масъулияти тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ - омӯзгории сатҳи олиро ба уҳда дошта бошад, ба номи “Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфт. Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як иқдоми навбатӣ ва саривақтӣ дар роҳи таъмин ва таҳкими истиқлолияти кишвар дар самти тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгории сатҳи олӣ мебошад. Аммо, ҳамин нотавонбинон, манқуртон ва бо ном
яи олии аттестатсионӣ дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд ва минбаъд олимони мо дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳқиқотҳои назаррас анҷом дода, ба масъалаи тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар дар дохили кишвар эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Бояд қайд намуд, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ заминаи таърихӣ ҳам дорад, масалан мавҷуд будани академия ва китобхонаи маъруфи “Дижи нибишт” (қаср, кохи навиштаҳо, китобҳо), академияи маъруфи “Гунди Шопур” дар замони Сосониён. Маҳз, дар ҳамин давраи таърихӣ як гурӯҳ олимони юнонӣ барои кори доимӣ ба Академияи Гунди Шопур омаданд. Ҷамъ шудани олимони юнонӣ ва ҳинду ба инкишофи илм таъсири зиёд расонид. Рушди илм дар замони Сомониён ва таъсиси марказҳои илмӣ дар ин давра ба майдони эҷоду фаъолият қадам ниходани силсилаи олимону адибони ҷахоншумул чун Мухаммад ал-Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ,
ва геологияи муҳандисӣ геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат, масолеҳшиносӣ ва технологияи масолеҳи навин, мошинсозӣ, мошинҳои технологӣ ва таҷҳизотҳо, математика, амсиласозии математикӣ ва компютерӣ, сохтмон, меъморӣ, низом ва шабакаҳои муҳандисӣ , истеҳсоли мавод, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ ва дигар самтҳои гуногуни ихтисосҳо шароити мусоидро барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ фароҳам овардааст. Аз тарафи дигар, татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки илми ватанӣ ва дар ин самт тайёр намудани кадрҳои илмӣ, таҳкиму такмили рукнҳои давлатдорӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои болаёқат, ҳифзи нерӯ ва моликияти зеҳнӣ аз ҳадафҳои асосии Комиссияи олии аттестатсионӣ мебошад. Дар даврони истиқлолияти комили миллӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ махсусан ба рушди илмҳои гуманитарӣ заминаҳои мусои-
“озодандешон” аз пешравии илми ватанӣ ҳасад мебаранд. - Назари Шумо ба Комиссияи олии аттестатсионӣ - ҳамчун рӯйдоди муҳими илмӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ. - Дар меҳвари сиёсати илмиву маорифпарваронаи Пешвои миллат рушди илм дар ҷои аввал қарор дорад, зеро асосу пойдории ҳар як миллату давлат ба илми он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, Комиссияи олии аттестатсионӣ бо ибтикори Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ниҳоди мустақил, ки бевосита масъулияти назорату тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ - омӯзгории тахассуси олиро ба уҳда дорад, таъсис ёфт, ки рӯйдоди муҳими таърихии дорои аҳамияти сиёсӣ, байналмилалӣ ва илмию амалӣ мебошад. Комисси-
Закариёи Розӣ, Абӯали ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ заминаҳои асосии таърих барои ташкили як ниҳоди илмӣКомиссияи олии аттестатсионӣ дар даврони истиқлолияти миллӣ мебошад. Комиссияи олии аттестатсионӣ ҳамчун дастоварди беназир дар пешбурди фаъолияти муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, умуман олимону донишмандони соҳаи илми ҷумҳурӣ заминаи воқеиро барои омода намудани мутахассисони илмӣ фароҳам овардааст. Дар самти омода намудани мутахассисони илмӣ дар самтҳои технологияи химиявии моддаҳои ғайри органикӣ, технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, гидрогеология
ди илмиро фароҳам овардааст. Муҳаққиқони ҷавонро мебояд, ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона мавриди таҳқиқ қарор диҳанд. Махсусан, олимони ҷавон, ки зодаи даврони истиқлолият мебошанд, бо ташвиқи ҷаҳонбинии миллӣ ва арзишҳои солими дунявӣ ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолият корҳои бунёдиро дар самти илми ватанӣ роҳандозӣ намоянд. Дар ин росто, олимони шинохта ва муътабари моро зарур аст, ки ба олимони ҷавон дасти ёрӣ дароз намоянд ва барои ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинии онҳо ёрии амалӣ расонанд. Махсусан, илми гуманитариро дар даврони Истиқлолияти миллӣ, бояд ба равандҳои ҷомеа аз диди нави таърихӣ баҳо диҳанд ва
олии Пешвои миллатанд
дурнамои рушди минбаъдаро муайян созанд, таърихи навини давлатдории миллии мо дар марзи ду аср ва умуман таърихи ҳаёти иҷтимоӣ ба таври бояду шояд ва воқеъбинона таҳлилу арзёбии илмӣ қарор нагирифтааст ва навиштани таърих, инчунин таҳқиқи таърихи адабиёт бо диди нав аз нигоҳи илмӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст. Муҳаққиқони ҷавонро лозим аст, ки аз нигоҳи илмӣ ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ диҳанд, зарурати таҳкими Ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа ба таври асоснокии илмӣ талқин намоянд, барои тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳқиқи масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, аз нигоҳи илмӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар бо як шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта шуд, дар пешорӯи мо таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Барои истиқбол аз ин ҷашни пуршукӯҳ ҷавонони тоҷик, махсусан олимони ҷавон чӣ тадбирҳоеро бояд рӯи кор гиранд? - Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо ҷавонон вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем. Ҳамчунин, дар роҳи иҷрои тадбирҳои созанда ба хотири ободии кишварамон ва болоравии сатҳи зиндагии шоистаи ҷавонони кишвар мо бояд ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем. Ватани худро мисли модарамон ва баробари ҷонамон дӯст дорем, тамоми кӯшишу ғайрат ва қуввату имконияти худро ба хотири ободии он сафарбар намоем ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз кӯшишу талоши намоем. - Хитоби Шумо ба ҷавонони кишвар - Волотарин хитоб ба ҷавони кишвар, ин хитоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наврасону ҷавонон дар Паёми телевизионии хеш ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки таъкид доштанд: “Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Раванди
бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем”. Ин гуфтаҳо ҳар нуктааш бояд саршмақи кори мо бошад. Мо бояд дар пайравӣ аз Пешвои муззами миллатамон барои ҳифзу нигоҳдошти тамоми арзишҳои миллат камари ҳимат бубандем. - Ба Шумо бурдборӣ ва дар корҳои илмии минбаъдаатон барору комёбӣ таманно дорем. Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво. - Саломат бошед. МУАРРИФИНОМА Одиназода Рамазон Сафар 23 июни соли 1984 дар ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омада, соли 2003 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, соли 2008 шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2012 шуъбаи рузона аспирантураро дар назди кафедраи “Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ”-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм намудааст. Соли 2012 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Ташаккул ва инкишофи девони мазолим дар ҳудуди Тоҷикистони тошуравӣ” соли 2012 дифо намуда, фаъолияти меҳнатияшро аз соли 2012 ба ҳайси ассистенти кафедраи “Ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ”-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намуда, айни замон дар кафедраи номбурда ба ҳайси ҳамкор фаъолият карда истодааст. Соли 2013 тариқи гузариш ба вазифаи мудири шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, 21 ноябри соли 2014 дар Анҷумани XII Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, дар вазифаи мазкур то ҳол фаъолият дорад. Номзади илми ҳуқуқшиносӣ буда, муаллифи се монография ба забонҳои тоҷикӣ ва рӯсӣ, барномаҳои таълимӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ - оммавӣ мебошад. Хуршеди МАВЛОН, “ҶТ”
12 (Идома аз шумораи гузашта) Вақте ба хонаи Қурбон расидем, келинаш бо зани ҳамсоя як дег помидорро бо қаламфури булғорӣ ҷӯшонида ба лаҳчаи мардум зирабой пухта буданд ва акнун онро дар банкаҳои дулитра маҳкам мекарданд. - Имсол помидор хуб шуд, - гуфт Қурбон ва афзуд: Ба худамон мерасад, зиёдатиашро мефурӯшем. - Дар водӣ бошад, бутаи помидор аз гармӣ сӯхт. Барои ҳамин ҳам, нархи помидор дар бозорҳои Душанбе аз 4 сомонӣ поин намешавад, - луқма партофтам ман. Ду писари Қурбон лой карда, оғил месохтанд. Завҷаи ӯ бо набераҳояш андармон буд. Агар хонаи Қурбонро бо ҳамдеҳаҳояш муқоиса кунем, ӯ манзили хушсохти якқабата дорад. Пеши хонааш бо бетон бардошта ҳамвор карда шудааст. Як лӯлаи резинии об низ дар ҷуйи назди хонааш мерезад. Қурбон чанд сол қабл ба 650 доллар як генератори яккиловатаи хитоӣ харида ба оби ҷуй насб кард. Аз барқи истеҳсолшуда чароғҳо рӯшан мешаванд ва ҳамчунин телевизиор тамошо мекунанд. Мо борамонро аз мошин фаровардем ва рӯи кат, зери сояи чормағзи куҳансол нишастем. Қурбон аз пайи ҷамъ кардани ҷиҳози кӯҳравӣ шуд. Завҷааш картошкаву помидор, чакка ва дегу табақ гирифта, ба халтаҳо ҷо кард. Манучеҳр, писари Қурбон ба боғ рафта харҳояшонро овард ва онҳоро ҷул кард. Сипас бо кумаки Маъруфу Алишер хӯрокаву ҷиҳозҳоро ба харҳо бор карданд. Соати расо 5-и бегоҳ мо ба роҳ баромадем. Аз хонаи Қурбон то кони ангишти Ҳакимӣ, ки аз он ҷо дараи Сарбин сар мешавад, 6 км роҳ аст. Мо ба роҳи Қаратоғ - Ҳакимӣ фаромада бо соҳили рости дарё ба сӯи шимол ҳаракат кардем. Аз ин ҷо то деҳаи Ҳакимӣ роҳ 7 км тӯл мекашад. Мо бояд то кони ангишт 5 км ҳаракат карда, сипас ба дасти чап - ба ғарб, ба дараи Сарбин тоб хӯрем. Ба Пашми Куҳна аз чанд мавзеъ – аз ҷануб, аз деҳаи Ширкенти ш. Турсунзода тавассути соҳили дарёи Ширкент, аз деҳаҳои Гулхас ва Работи ш. Турсунзода, аз шарқ, аз Лаби Ҷӯй ва деҳаи Ҳакимӣ, аз шимол аз Деҳқондара тавассути дараи Яхоб рафтан мумкин аст. Вале ҳамаи ин роҳҳо нисбати дараи Сарбин ва Ағбаи Чароғмазор мушкилгузару хатарноканд. Дар болои деҳаи Лаби Ҷӯй кӯли моҳии кадом як соҳибкоре воқеъ аст. Ӯ аз дарёи Қаратоғ об оварда, гулмоҳӣ мепарварад. Мо бо соҳили ғарбии дарёи Қаратоғ бо роҳи мошингард боло меравем. Дарё аз миёни ду кӯҳ, ки дар шарқ ва ғарб ҷойгиранд, аз шимол ба ҷануб ҷорӣ аст. Ба чашм манзараҳои зебои дарё мерасад. Баъзан об ба сангҳо зада пош мехӯрад ва қатраҳои он чун борон ба рӯи кас мерасад. Дар ин мавзеъ дара хеле танг мешавад. Кӯҳҳо нури офтобро мегардонад
ДИЁРИ ЗЕБОИ МО ва ба роҳ соя афтодааст. Мо бо як маром пеш меравем ва баъди як соат ба кони ангишти Ҳакимӣ расидем. Бо кадом сабабе имсол ангишт истеҳсол намекунанд. Дар майдончаи сари роҳ, ки чанд хонаи истиқомативу маъмурии якқабата дорад, баъзе техникаи вайрона истодааст. Марди ришдоре, ки ҳоло синнаш ба 60 нарасидааст ва шояд посбон бошад, дар рӯи ҳавлӣ, дар бухорие об ҷӯшонида истодааст. ДАРАИ САРБИН Дарёчаи Сарбин дар ин ҷо ба дарёи Қаратоғ мерезад. Мо пули оҳанинеро, ки болои дарё Сар-
роҳгузаронро ба нону чой даъват мекунад. - Бале, - тасдиқ кард Қурбон. Роҳи куҳна, ки чанд сол пеш сохта шудааст, дарёро убур карда, ба соҳили рости Сарбин мегузарад. Ҳоло бошад, геологҳо роҳи наве сохтаанд, ки бо соҳили чапи дарёи Сарбин боло мешавад. Мо бо ин роҳ, ки баъди гузаштани чорво ва одамон пурсангу хок гаштааст, бо як азоб боло меравем. Афсӯс мехӯрем, ки чаро бо роҳи кухна нарафтем. Ду тарафи роҳро дарахтони арчаву фарк иҳота кардаанд. Ин то андозае шахсро рӯҳбаланд мекунад. Баъд
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018
гӯшт ӯ маҳсулоти боқимондаро ба дег андохт ва сарпӯшашро пӯшонида, хоҳиш кард, ки мо аз дег хабардор бошем, то хӯрок насӯзад. Қурбон шастро аз хурҷин гирифта бо Алишер, ки ӯ ҳам шавқманд аст, барои моҳигирӣ ба дарёи Сарбин нишеб шуданд. Маъруф бошад, чойҷӯшро бо об пур карда, назди оташ гузошт, то биҷӯшад. Мо алови таги дегро танзим мекардем, то ки хӯрокамон насӯзад. Дар баландии кӯҳистон хӯрок дер мепазад. Барои зуд омода шудани хӯрок ва ҷӯшида дар буғ пухтани он ба дег як коса Ҷовид МУҚИМ
Сайри саргаҳи дарёи Ширкент очерки сафарӣ
хоб рафтем. Қурбону Алишер, болои палос дар ҳавои кушод хоб карданд... Садои ҷумбуҷули Қурбон маро аз хоб бедор кард. Субҳ нав медамид. Аз хайма бароям, ба ғайр аз Алишер ҳама аз хоб хестаанд. Барои сарфаи вақт барои ношто марҷумакро бо консерваи гӯштӣ пухтем. Баъди сарфи ғизо соати 6-у 45 дақиқаи 10 август ба роҳ баромадем. Роҳи мошингард, ки ҳамин сол сохтаанд, печутоб хӯрда ба болои дараи Сарбин мебарад. Дар ду тарафи роҳ дарахтони арча, фарк, олучаи даштӣ, чормағз, дӯлона ва баъзан себи ёбоӣ рӯидаанд. Дар лаби дарё ва чашмаҳо зарбед ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки имсол чормағз дар дараи Қаратоғ ҳосили кироӣ надорад. Ба гуфти Қурбон имсол дар вақти гули Чормағз барф боридааст. Сари роҳ дар баъзе мавзеъ оби чашмаҳо мешорад. Мо аз ин чашмаҳо ташнагии худро шикаста, ба боло ҳаракат мекунем. Дар кӯҳи мазкур мазори Сарбиной мавҷуд аст, ки барои зиёраташ занҳои ӯзбек бисёр ихлосманданд ва ба ин ҷо бузу гӯсфанд оварда хун мекунанд. ДАШТИ САРБИН
бин аст, гузашта ба чап, ба сӯи ғарб тоб хӯрда, ба дараи ҳамноми дарё ворид мешавем. Ин ҷо роҳи мошингард сохта шудааст. Баъди тақрибан 1 км аз дасти рости мо, ба чашм тақрибан 200 қуттии замбӯри асал ба чашм мерасад. Ин замбӯрҳо ба Ҳоҷӣ Шамсиддин ва бародари ӯ аз деҳаи Ҳакимӣ тааллуқ дорад. Қаблан Ҳоҷӣ як хоначаи мавсимие ин ҷо сохта буд. Ҳоло ӯ таҳкурсие барои хонаи бузургтаре рехтааст. Бародараш ҳам хоначае сохта болояшро болор гирифтааст. Ҳоҷӣ Шамсиддин моро дида, ба чойу асал муроот мекунад. Мо «ташаккур» гуфта роҳамонро идома медиҳем, то ки торик нашуда, дар ҷойи мувофиқе хайма занем. - Марди меҳмондӯст аст, акои Шамсиддин, - гуфт Маъруф. – Ҳамеша аз самими қалб
аз кӯтал роҳ каме ба нишебӣ мефарояд. Дар ин ҷо роҳи куҳна дарёи Сарбинро убур карда ба сӯи шимол, ба соҳили чап мегузарад ва ба ин роҳ мепайвандад. Роҳи куҳна ҳамагӣ 4 км тӯл мекашад. Шом наздик шуда, пардаи торикӣ мефаромад. Мо соати 7 дар як ҷои мувофиқе дар соҳили рӯдаке, ки аз шимол ҷорӣ шуда ба дарёи Сарбин мерезад, хайма задем. Қурбон борҳоро аз харҳо фароварда, онҳоро ба чаро сар дод. Дар ин ҷо оташдон омода будааст. Маъруф мегӯяд, ки борҳо ин ҷо хайма задаанд ва ин оташдони сангинро низ онҳо сохтаанд. Мо зуд ҳезум ҷамъ кардем. Қурбон гӯштро пора карда, ба дег андохт. Мо ба ӯ барои пуст кардани картошка ва реза кардани пиёзу қаламфури булғорӣ ва помидор кумак кардем. Баъди таф хӯрдани
об андохтам. Баъди тақрибан ним соат, ки аллакай торикӣ фаромада буд, Қурбону Алишер аз моҳигирӣ баргаштанд. Онҳо 3 дона гулмоҳӣ дошта буданд, ки яке қариб ним кило ва дуи дигар камтар вазн доштанд. Қурбон зуд моҳиҳоро тоза карда шуст ва намак карда, болои хӯрок гузошт то дар буғи он пазад. Мо ба замин палос партофта барои тановули хӯроки шом дастурхон густурдем. Барои рӯшану гарм шудан бошад, гулхан афрӯхтем. Баъди тақрибан 10 дақиқа моҳиҳо пухтанд. Қурбон гӯшту картошкаро ба табақи чӯбин, ки Алишер аз хонааш гирифта буд, андохт ва моҳиҳоро ба зарфи дигар гирифт. Хӯроки саридастии мо хеле бомазза буд... Шабона ману Маъруф дар хаймаи ӯ, ки барои ду нафар буд,
Ниҳоят баъди 3 километру 300 метр гаштан, соати 8-у 15 дақиқа ба болои ағбаи Сарбин расидем. Болои ағба дашти кушоди хокӣ буда, қариб ки санг ба назар намерасад. Мегӯянд, ки ин ҷо қариб 400 га замини кишт дорад. Вале ба мушоҳидаи мо замини кишт ба маротиб кам аст. Қисса мекунанд, ки дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки гандуму орд дар ҷумҳурӣ камчин шуд, ҳакимчиҳо, ки баъди ба водӣ муҳоҷир шуданашон, дар ноҳияи Шаҳринав сукунат доранд, дар дашти Сарбин гандум киштаанд ва барои даравидани он бо чархбол комбайн овардаанд. Ба назари ман, ин ривояте беш нест. Зеро замини киштбоби комбайндарав шояд ҳамагӣ 3-5 га бошад. Агар бо барзагову асп шудгор кунанд, шояд замини киштбоб 10 гектарро ташкил диҳад. Воқеан ҳам, дар қисми ҷанубии роҳ, дар хамие осори замоне шудгор шудани замин ба назар мерасад, ки аз 3 га зиёд нест. Дар миёни дашт, болои роҳ 5 себи ёбоӣ мерӯяд. Дар ҳамин ҷо, дар лаби роҳ аз ҷануб чанд арча ва олучаи даштӣ низ ба назар мерасад. Дашти мазкур дар шимол доманакӯҳ гардида, аҳёнаҳён дарахт дорад. Дашти Сарбин сари роҳи гузари подаву рамаҳо буда, алафашро қариб пурра чарида лайс кардаанд. Дар ҳамин ҳол дар доманакӯҳ рамаи бузу гӯсфандон ба назар мерасад. Мо бо роҳ ба самти шимолу ғарб боло баромадем. Аз он ҷо хамие сар мешавад. Дар ҳамвории сари роҳ, дар назди харсанги азимҷуссае булдозери бузургҳаҷми хориҷӣ бо як компрессори сангшикан истодааст. Дар атрофи он бузу гӯсфандон. (Давом дорад)
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018 ТӮЙ ПЕШ АЗ ТӮЙ Кабирӣ мехост дар Варшава ин навбат на танҳо бо костюми нав, балки бо арӯсони сиёсии нав ба саҳна ояд. Аммо ҳама арӯсон дастзада ва аз даст ба даст гузашта буданд. Ҳамон Беги оппозитсия — Шароф Гадоев, ки аз «Гуруҳи 24» шармандавор ӯро ронда бӯданд, ҳамон Олим Шерзамонови Раҳматулло Зоировро ба пули кредиташ иваз карда ва ҳамон як наҳзатии дигар, ки номаш аз ёдам рафт. Ба як мусалмон чор зан доштан равост. Кӣ арӯси чоруми «исломии рақами 1» мешавад, ҳоло маълум нест. Овоза ҳаст, ки Темур Варқӣ хеле уфаку туфак дорад, шабу рӯз Кабириро хору мол мекунад ва шонси ӯ бештар аз дигарон аст ва ин рашки Сайидюнуси Истаравшаниро овардааст. Алқисса, эътилофе, ки Кабирӣ се сол барояш ҷон мекоҳонд, эълон гашт: Паймони миллии Тоҷикистон. Номи пурҷозиба ва дилрабо. Аммо маълум гашт, ки ин ном ҳам дуздӣ будааст. Олим ва сиёсатшиноси номдор Ҳафиз Бобоёров эълон дошт, ки ин ном моли ӯст ва Кабирӣ ин номи воқеъан зеборо дуздидааст ё касе аз огоҳон фурӯхтааст. Ҳатман бояд зикр кард, ки Кабирӣ талош дошт, то Ҳафиз Бобоёров ва боз чанд тоҷикони обрӯманди муқими Аврупо бо ӯ бипайванданд. Аммо онҳо пайвастан бо як ҳизби бадномшуда ва чанд шахсияти беобрӯгаштаро барои худ мояи ор донистанд. «Гуруҳи 24», «Ватандор» ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон низ ба ин эътилоф напайвастанд. Посухи эътилоф бо Кабириро Суҳроби Зафар — роҳбари «Гурӯҳи 24» барвақт дода буд: «Мо ҳеҷ гоҳ ба киштии шикастаи Кабирӣ нахоҳем нишаст ва ягон хел ҳамкорӣ нахоҳем кард!» Додоҷон Атовуллоев баёния пахш кард, ки бо паймоншикастагон ҳеҷ гоҳ паймон нахоҳад баст, яъне роҳи мо дигар аст ва дар ин роҳ мо бо раҳгумзадагон ҳамсафар нахоҳем шуд. Дар Варшава-2 раҳбари наҳзатиён дигар илоҷ надошт ва ҳамон эътилофи фейкиро эълон кард. «Эътилофшудагон» аз қаллобии худ ба ваҷд омада, бешармона ба рақсу бозӣ даромаданд. Рақси дастобадасти аҷоибулғароиб. СЕ ПРОВОКАТСИЯИ М. КАБИРӢ ДАР ҲОШИЯИ НИШАСТИ САҲА 1.М.Кабирӣ ба нафаронаш супориш дод, ки аъзои ҳайати Ҳукумати Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Варшава пешвоз гиранд. «Онҳо меҳмону мо ин ҷо мизбонем, чун аврупоӣ шудем дигар» — гуфт Кабирӣ бо ҳамон табассуми мулоимхунукона. Муҳиддино, ту агар дар Варшава мизбон бошӣ, пас
E - MAIL: javonontj@mail.ru ин ҷаласаи САҲА-ро ту омода сохта, (ҳайати ) Ҳукумати Тоҷикистонро ба ҳайси меҳмон даъват кардаӣ? Ту магар дабири кулли САҲА ҳастӣ? Агар ту аврупои шуда бошӣ, ба Тоҷикистон чӣ муносибат дорӣ? Умуман, ту дар Аврупо чӣ гум кардӣ, дар ҳоле, ки хоҷаҳоят дар Эронанд? Ҳамин пешвозгирии ҳайати ҳукумат аз ҷониби нафарони ту худ як таҳқири ҳукуматиҳо буд ва ин пешвозгирӣ бори дигар нишон дод, ки ту як рӯ не, сад рӯ
дар майдони набард бошанд. Рафтори “кабиричаҳо” ва “кабирилесакони” солманд саҳнаеро аз филми амрикоие ба ёд меовард, ки чи тавр харкурраҳоро ба ошхона сар медиҳанд ва онҳо дар як они воҳид ҳамаро ба ҳам мезананд. «БИЁ ЗАНТАЛОҚИ ТОҶИКӢ БИХӮРЕМ…» Ин ҷумлаи Муҳиддини «аврупоишуда» ҷумлаи таърихии ин
наш шабе бо дигаре алоқаи ҷинсӣ кунад. Кабирии асабонишуда паст намеомад: «ЧӢ ХЕЛ МО ТЕРРОРИСТ ҲАСТЕМ? ЯРОҚ ДАР ДАСТИ ШУМО БУД!» Ҳақ асту рост! Ҳамин яроқ буд, ки аввал пешвоҳои собиқи наҳзат ва баъд Кабирӣ сармоядор шуданд. Ҳамин яроқ буд, ки соҳиби фурӯшгоҳ, бозори сердаромад, корхонаҳо ва заминҳои ҳосилхез
13
тағои ман Мирзоҳомид Каримов, писари исломшиноси забардаст, хатмкардаи мадрасаи Бухоро — Мирзокарим Туқсабо дар куҳҳо пинҳон шуданд. (Бобои ман он вақт дар қайди ҳаёт набуд). Шахсиятҳои обрӯманди водии Рашт ба Фузайл Махсум маслиҳат доданд, ки баромада равад. Вагарна, ба касофатии вай садҳо одамони бегуноҳ кушта мешаванд. Ба аспҳояш ҷав надоданд. Аз чунин пазироӣ ин фанатики хунхор ба ғазаб омада, бо алфози
Аз кӯлбори гадоӣ то даъвои подшоҳӣ Андешаҳои рӯзноманигор дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава
шуданд. Ҳамин яроқ буд, ки Кабирӣ яке аз сердаромадтарин бозорро дар Тоҷикистон соҳиб шуд. Ҳамин «файзи» яроқ буд, ки як писараке имрӯз дар Аврупо ҷавлон мезанад! БОСМАЧӢ – ҚАҲРАМОНИ МИЛЛАТ
Саломиддин МИРЗОРАҲМАТОВ, рӯзноманигор дорӣ. 2. Як лесаки Кабирӣ акси ду сол қабл барои ёдоварӣ бо Д.Атовуллоев ва писари Нурӣ — Муҳаммадҷон бардоштаро дар рӯзи аввали иҷлосияи САҲА дар саҳифааш ба намоиш гузошта, хонандаҳои Фейсбукро гумроҳ кард — гӯё Д.Атовуллоев бо Кабирӣ пайваста бошад. Ҳатто М. Нурӣ дар ин ҳамоиш ширкат надошт. 3. Дар рӯзи аввал , вақте иҷлосия ба охир расиду ҳама аз толор баромаданд, як наҳзатӣ дағалона кӯшиш кард ба дасти домулло Айёмиддин шиори «Озодӣ ба махбусони сиёсӣ»-ро зӯран часпонда, ӯро аксбардорӣ кунад. Вақте ки кӯшиши яке аз ҳамроҳони домулло барои бо сухани хуб пеши роҳи ин амали пастфитратонаро гирифтан натиҷа надод, ӯ мушти обдоре ба сари наҳзатибачаи авбош зад. Зеро дигар чора надошт, чунки он наҳзатӣ мехост домуллоро таҳқир кунад. Ман домулло Айёмиддинро аз солҳои 80-ум хуб мешинохтам. Домуллои муҳтарам, аз ҷумлаи наҳзатиҳои ангуштшумор буд, ки бо вай баҳс кардан хатар надошт. Вақти танаффус наҳзатиҳо ӯро иҳота карда, саволборон мекарданд: «Ба ҳукумат фурӯхта шудӣ?, ба ту чӣ қадар пул доданд?, хиёнат кардӣ?». Гӯё, ки дар ҷаласаи САҲА не,
маҷлис гашт. Қасами нав, ки аллакай дар интернет машҳур шудааст. Ҳангоми танаффус наҳзатиҳо бо сардории Кабирӣ ба мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) низ дарафтоданду исбот карданӣ шуданд, ки ҳизби наҳзат террорист набуд ва нест. Домулло ба онҳо посух дод, ки ҳадафи шумо ҷорӣ кардани равияи шиа дар Тоҷикистон аст. Шумо моҳи сентябри соли 2015 бо супориши хоҷаҳоятон кӯшиши табаддулот кардед. Ва ба Кабирӣ муроҷиат карда, чашм ба чашм гуфт: «Писари ту як миллиону дусад ҳазор долларро аз ҷои муайян гирифта, ба ҳоҷӣ Ҳалим дод!» Дар ҷавоб М.Кабирии маккор аз суоли мушаххас гурехт ва даступохӯрда гашт: — Домулло, агар наҳзат террористӣ бошад, биё як занталоқи тоҷикӣ хурем! Эҳ, Мулло Кабирӣ! Боз мегӯянд, ки ту сиёсатмадори «нестандарҷаҳонӣ»! Ин чӣ ҳарфу ин чӣ савганд аст? Агар мулло Абдураҳим ба ин пешниҳод розӣ мешуду ҳарду «занталоки тоҷикӣ» мехӯрданд, пас ба Кабирӣ лозим меомад, ки ҳамаи занҳои худро ҳалола кунад. Зеро кӯшиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015-ро инкор кардан наметавонист. Шархи мухтасар: Агар нафаре занашро талоқ диҳад ва аз нав онро ба никоҳ дарорад, бояд ҳалола кунад, яъне ақаллан за-
Дар галстукат садқа, Кабирӣ! Ин суханро кӣ бар даҳони ту монд? Кабирӣ дар рӯзи зоида шудани эътилофаш эълон дошт, ки босмачиҳо ҳамчун қаҳрамонони миллӣ эътироф шаванд. Ӯ ба ҳамкосаҳояш вазифа дод, ки сафед кардани босмачиҳо аз барномаҳои асосии ин Паймони миллаткуш аст. Ман мутмаинам ҳар каси солимакл суханронии Кабириро дар ҷаласаи «эътилоф» мутолиа кунад, ҳатман ба хулосае меояд, ки ин даъват ба асри миёна аст. Ба ин маърӯзаи Кабирӣ ду шиор намерасад: «Зинда бод ҷаҳолат, таассуб ва торикӣ!», «Нест бод илм ва маърифат!». Аз рӯи ҳамин шиорҳо ҳизби наҳзат дар давоми бисту панҷ сол як насли нави ҷавонони тиҳимағзро тарбия карда, ба воя расонд, ки таассуб ва ҷаҳолат дар мағзу устухонашон ҷойгир аст. Аз забони Кабирӣ чанд маротиба ибораи «муборизаи миллӣмазҳабӣ» садо дод. Муборизаи шумо, наҳзатиҳо, на миллӣ буд, на мазҳабӣ. Шумо соли 1992 мазҳабро барои ба даст овардани қудрат истифода бурдед. Ба шумо ҳукумат даркор буд, то ки моликияти умумихалқии ҷумҳуриро, ки он вақт тақсим нашуда буд, ба дасти худ гиред. Шумо дар бораи кадом муборизаи миллӣ ҳарф мезанед?! Вақте ки пешвоҳои шумо ва муридонашон ҳамон солҳо дар ҳар як амри маъруфашон таъкид мекарданд, ки дар ислом миллат вуҷуд надорад? …Баҳори соли 1929 собиқ беки Ғарм Фузайл Махсум мисли ҳамлаи гургон ба водии Рашт шабохун зад. Мактабҳоро оташ зад, се муаллимаро дар Ҳоит ба дор кашид, ҷавонзани чорумро, ки ҳомиладор буд, мӯйсафедон дар сари дор аз дасти ин ҷаллод бо нолаву зорӣ гирифтанд. Дигар муаллимҳо, аз ҷумла
қабеҳ (мисли наҳзатиҳои имрӯза) ҳамаро дашном доду таҳдид кард, ки боз бармегардад. Ворисони Фузайл Махсум соли 1992 водии Раштро Давлати Исломӣ эълон карданд. Ва ҳамаи онҳоеро, ки дар Душанбе донишгоҳ, техникум ва ҳатто ПТУро хатм кардаанд, кофир эълон карда, номашонро дар рӯйхати сиёҳ барои ба қатл расондан сабт намуданд. Пеши роҳи қатли омро қумандон Мирзохӯҷа Низомов гирифт. Аз рӯи мантиқи Кабирӣ, агар Фузайл Махсумҳо, Иброҳимбекҳо каҳрамони миллӣ бошанд, пас роҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов, ки тавонистанд дар зарфи ҳафтод соли шӯравӣ потенсиали бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар ҷумҳурӣ бунёд созанд, бояд кофир ва душмани халқ эълон карда шаванд?! ҲУКУМАТИҲО ТАВОНИСТАНД Суханронии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини директори Маркази исломӣ Рустам Азизӣ дар сатҳи баланд буд. Ҳама гуфтаҳояшон мантиқӣ, далелҳо раднашаванда буданд. Ман суханронии онҳоро гӯш карда, боз ҳамон шиори нашрияи «СССР»-ро ба ёд овардам: «Мо метавонем!». СОЯРӮШАНҲО Қариб як соли охир дар рафтору гуфтору кирдори М.Кабирӣ дигаргуниҳо эҳсос мешуд. Ба назар мерасид, ки артисти хизматнишоннадодаи Тоҷикистон режиссёри дигаре пайдо кардааст. Ва номи ин режиссёр ҳам маълум шуд: Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён — собиқ Саймиддин Дӯстов. Баъзе аз атрофиёни Кабирӣ, аз пайдо шудани чунин политтехнолог дафи шодӣ мезананд. Гурӯҳи дигар бар онанд, ки Дӯстов як шахсияти мармуз ва машкук аст, ки оқибат «раиси моро ба ҷарӣ мебарад» >>14
14
НАСР
Дар ҳунаристон, ки дар ҳудуди хоҷагии “Забардаст" ҷойгир буд, як қазоқ кор ва аз қазоқ буданаш ифтихор дошт. Онро бо як мамнунияти махсус ба ҳар ҳамсуҳбаташ изҳор мекард. - Ман дар ин омӯзишгоҳу хоҷагӣ як қазоқ мебошам, дарҳол бо ҳазлу мазоҳ илова мекард. - Қаерда қазоқ, буерда азоб. Тарҷумаи ин мисраъҳоро худаш дар варақе сабт намуда, ба ҳар хоҳишманд нишон медод: Дар куҷое қазоқ аст, Дар он ҷо мазоқ аст. Калимаи азобро ба мафҳуми мазоқ иваз карда, бо ҳамин вазни шеърашро ҳамқофия намуда, худаш тафсир медод. Насабаш Мелибоев буд. Номаш Алпомиш. Қаду басташ ба мардуми қазоқ, ки аслан онҳо одамони қадпаст мебошанд, ҳеҷ монандие надошт. Ӯ марде буд қоматбаланд, рӯйпаҳну чашмони шуълаваре дошт. Пойафзоли андозааш 48 мепӯшид. Дар лабонаш доимо табассум чарх мезад. Хушгуфтору суҳбаторо ба ҳисоб мерафт. Аз ин хотир ҳеҷ гоҳ ӯро танҳо дида намешуд. Дар атрофаш ҳамеша мардуми зиёде ҷамъ меомад. Ҳайратовараш он буд, ки оила надошт ва худаш танҳо дар ҳуҷраи хобгоҳ мезист. Ба назар чунин мерасид, ки ҷинси латиф умуман барои ӯ вуҷуд надошт. Худаш хӯрок мепӯхт ва худаш сару либос мешӯст. Доимо тозаю озода мегашт. Касе намедонист, ки Мелибоев зодаи кадом минтақаи Қазоқистон мебошад ва аз кадом ноҳия ё шаҳр ба ин водии навобод омадааст. Синну солашро низ касе аниқ муайян карда наметавонист ва баъзан агар дӯстонаш ба тариқи шӯхӣ доир ба ин паҳлуҳои ҳаёташ савол диҳанд, бо ханда ҷавоб мегардонд. - Ин маълумотҳо барои шумо чи лозим? Ман аз куҷояму чанд солаам? Муҳимаш он ки ман дар рӯ ба рӯятон нишастаам ва бо шумо суҳбат дорам. Ва баъд ба ҳазлу танз мегузашт: - Чӣ - ӣ, як қазоқро чашми
√ E-MAIL:
<<13
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018
дидан надоред? Охир, ман дар байни шумо якто гул ҳастам ва чун булбул вақти шуморо бо сурудхонӣ хуш мегузаронам. Шуморо лозим аст, ки маро ҳамчун гаҳвараки чашм эҳтиёт кунед. - Эҳ - ҳа, бигӯй, ки пуфу чаш карда болои сарамон бардошта гардем, - бо оҳанги гуфтораш луқма мепартофт муаллим Парпиев. - Набошад чӣ, - Мелибоев суҳбатро метафсонд. - Канӣ, бигӯед, ки ман барин қазоқи қадбаланди хушсуҳбатро дар куҷо дидаед? Дар ҳеҷ куҷо. Агар дар рӯзи равшан бо чароғ кобед ҳам намеёбед. Шумо бояд назди
гуфта, хислатҳои неки ӯро ёдовар шуданд. Кумитаи иттифоқи касаба бо қарор ҳуҷраи Мелибоевро ба ман вобаста кард. То анҷомҳоямро ба манзил ворид намудан қарор додам, ки онро аз таъмир барорам. Бо ин мақсад ҳама ҷиҳози марҳумро рӯи ҳавлӣ кашондам. Ҳангоми баровардани мизи корӣ аз ғалладон дафтари хотироти Алпомиш афтид. Кушода ба саҳифаҳои он чашм давондам. Мелибоев Алпомиш Чалишбоевич соли 1925 дар шаҳри Алмаато таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо факултети филологияи университетро хатм карда, Зариф ҒУЛОМ
Маҳрумият аз баҳри миллат
пойи ман ҳамчун авлоди Абай Қунанбоев саҷда кунед. - Ҳо, балое, - ба суҳбат ҳамроҳ мешуд Абдусаттори чойхоначӣ. - Дилат дӯғи турш мехоҳад. - Дӯғ не, - дарҳол посух медод Алпомиш. - Дилам қимизи қазоқӣ мехоҳад. - Чаро насабатро Мелибоев гузоштаанд, - мавзӯи суҳбатро ба дигар самт мегардонд Юлдошев. - Охир калимаи «бой» тоҷикӣ буда, ба номи қазоқҳо ҳеҷ иртиботе надорад.
JAVONONTJ@MAIL.RU
Бале, ҳама медонанд, ки Дӯстов яке аз душманони Кабирӣ буд, то замони гуреза шуданаш. Муҳоҷират ба Дӯстов осон наафтид. Ӯ бисёр орзу дошт дар Олмон паноҳандагӣ гирад. Аммо мақомоти Олмон ба ин меҳмон рӯи хуш надоданд ва ӯ ночор ба Австрия рӯ овард. Баъди чанде Дӯстовро аз Австрия низ ронданд (депортация карданд). Баъди ин ӯ ба Полша омад. Як муддат дар лагери гурезаҳо буд. Баъдан, аз ноилоҷӣ ё хирси молу пул, ба душмани собиқаш Кабирӣ пайваст. Тааҷҷубовар ин аст, ки С.Дӯстов политтехнологи пасипардагии Кабирӣ аст. Ва маълум
- Мо ин мафҳумро дӯст медорем, - бо хандаю наранҷида ҷавоб мегардонд Алпомиш. - Чун даштҳои беканор бузург буданамонро дар бой будан маҳз ишора мекунем. Мелибоев, Назарбоев, Сотбоев, Қунанбоев, Қазоқбоев, Сегизбоев ва монанди инҳо. - Алпомиш, бифаҳмон, ки чаро зан намегиред? - ин дафъа Валиҷон ҷилави суҳбатро ба дасти худ мегирифт. - Эъ, як бор зан гирифта дар бало мондам, - чеҳраи Мелибоев тира мегашт. Ӯ бо қаҳр аз ҷой хеста, ҳамсуҳбатонро дар ҳолати карахтӣ мононда, ба тарафи манзилаш гом мебардошт.
нест, ки дар ин эътилофи дурӯғин ӯ узви наҳзат аст ё узви яке аз иттиҳодияҳои фейкӣ. Лекин як чиз рӯшан аст: Дӯстов замоне на фақат узви фаъоли ҳизби Президент — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буд, балки борҳо ва ошкоро ба тоҷирон, сиёсатмадорон, вазирон, Дастгоҳи Президенти ҶТ худро ҳамчун хизматгор пешниҳод карда буд. Вай омода буд, ки ҳама корро барои баланд бардоштани имиджи ҳукумат кунад. Аммо ҳукуматиҳо ҳам ончуноне ки Дӯстов гумон мекард, соддалавҳ ва гӯл набудаанд. Оре, се- чор бор аз ҳукумат пули калон «канд» ва бо ҳамин тамом. Акнун Дӯстов рӯ ба наҳзат
- Маълум, ки аз дасти зан ба кулфати алиме гирифтор шудааст, - хулоса мебаровард директор Абдулло Холов. Хеле баъд, бо гузашти чандин солҳо кӯшоиши ин муаммо ва ҷавоб ба дигар саволҳои ҳамсуҳбатон танҳо ба ман муяссар гардид. Охирҳои солҳои 70-ум Мелибоев аз олам гузашт. Маъмурияти омӯзишгоҳ маъракаи ҷанозаи ин қазоқро бо эҳтиром гузаронд. Дар сари гӯр дӯстону ҳамкорон бо ашки равон сухан
бо роҳхат ба рӯзномаи вилоятии Семипалатинск фиристода мешавад. Дар ин шаҳр бо духтари котиби кумитаи вилоятӣ Шамсия Салимбоева шинос мешавад ва баъдтар оила барпо мекунад. Мақолаҳояш пайваста дар рӯзномаҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ чоп мешаванд. Хулоса, Алпомиш бо зани ҷавону нозанинаш зиндагии хушбахтонаро аз сар мегузаронад. Аввалҳои соли 50 - ум дар шаҳр овоза паҳн мешавад, ки дар дашти беканори вилоят,
овардааст, ки «аз хук муе биканад» ( шиори зиндагии ин политтехнологи нодонакон). Баъди шикастҳои пай дар пайи наҳзат дар раёсати ин ҳизб садоҳое баланд мешаванд, ки мабодо ӯ фиристодаи ҳукумат бошад? Чаро чеҳраи худро нишон намедиҳад? Чаро дигаронро «тела- тела» мекунаду худаш ҳанӯз дар паси парда аст? Дӯстов бисёр мехоҳад дар Аврупо як ташкилот оид ба дифоъ аз рӯзноманигорон созад. Аксари рӯзноманигорони дар Аврупо буда аз ҳамкорӣ бо Дӯстов даст кашидаанд. Якеи онҳо чунин гуфт: «Дӯстов гумон мекунад, ки аксаран ба афсонаҳои ӯ бовар мекунанд. Мо-ку медонем Дӯстов
кист?». Ин ҳамон Дӯстове аст, ки чанд калимаро пеш аз вохӯриҳо азёд мекунад ва дар рафти суҳбат барои намоиши «донишмандӣ»-и худ истифода менамояд: фактчикен, инсайдер, рефлексия, ребрендинг, бренд, тренд ва ҳоказо. ОХИРСУХАН Баъде ки ба ин мақола нуқта мондам, хабар омад, ки Темур Варқӣ эълон кардааст, ки барои табобати набераи Кабирӣ ба аҳолии тамоми дунё муроҷиатнома пахш кардаанд, ки ҳар касе чи имконе дорад, як сомон, даҳ доллар, сад евро, ҳазор рубл тавонад ба номи онҳо бифиристанд…
дар наздикии шаҳри Экибастуз пойгоҳи озмоиши зеризаминии яроқи ядроӣ сохта мешавад. Ходими рӯзнома барои муайян кардани ҳақиқати ҳол ба сохтмони махфигоҳ сафар мекунад. Ӯро ба пойгоҳ наздик шудан намемонанд. Он гоҳ ӯ ба дӯсташ муаллими фанни физика Кичикбоев муроҷиат менамояд. Муалллим оқибати фоҷиабори ба сари аҳолии вилоят омадаро ба ходими рӯзнома мефаҳмонад. Мелибоев барои ба муҳокимаи афкори ҷамъиятӣ кашидани ин сохтмони махфигоҳ шабона мақолаи тезу тунд омода менамояд. Пагоҳӣ аз хоб хеста, мақоларо рӯи миз намебинад. Шамсия низ ғайб зада буд. Ҳайрон дар байни хона истода, чи кор карданашро намедонад. Ҳамин замон ходимони амният ба хона зада даромада, Алпомишро ба ҳабс мегиранд. Аз пурсиши муфаттиш мефаҳмад, ки субҳи барвақт Шамсия мақоларо хонда хулоса мебарорад, ки агар он дар васоити ахбори омма пайдо шавад, падарашу худаш аз вазифа маҳрум мегарданд. Котиби кумитаи вилоятӣ бе таъхир ба кормандони амният занг мезанад. Дере нагузашта Мелибоевро ба муҳокимаи судӣ мекашанд. Қарори суд беадолатона ва бераҳмона буд. Дар натиҷаи хиёнати зани дӯстдоштааш ӯро абадан аз Қазоқистон бадарға мекунанд. Ана, ҳамин тавр Алпомиш ба водии Вахш меафтад. Ва вазифадор мешавад, ки доир ба ин ҳодиса ба касе даҳон накушояд. Гузаштаи худро зери муҳри махфӣ нигоҳ дошта, қасам мехӯрад, ки дигар ҳаргиз оиладор намешавад. Пас аз мутолиаи ёддоштҳои Мелибоев ӯ дар назарам бо хислати дигар ҷило дод. Дафтари хотироташро, ки чун чизи нолозим бароварда партофтанӣ будам бо меҳр дар коғазе печонида, байни китобҳо гузоштам ва ба худ қавл додам. Бо фаро расидани фурсати муносиб ҳатман дар бораи як қазоқ, ки баҳри наҷоти миллати худ талош карда, бо маҳрумиятҳо дучор шудааст, қисса менависам.
Гуфта будам, ки номи ин палидро дигар ба забон намеоварам, зеро Темур Варқӣ гӯӣ, забонат ҳаром мешавад, чеҳраи хабисашро бинӣ чашмат гунаҳгор мегардад, садояшро бишнавӣ гӯшат бенамоз мегардад. Магар Кабирӣ пул барои табобат надорад? О ту даст каш аз моҳонае, ки Кабирӣ ба ту медиҳад. Темуриён аз Канада наояд. Шерзамон костюми нав нахарад. Кабирӣ 50 — 60 касеро, ки ба Варшава аз гӯшаҳои гуногуни дунё даъват кард, агар намеовард, пули ҷарроҳии наберааш мешуд. Ё шумо дигар ба гадоӣ одат кардаед?
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018 Ин кулбаи лоини бомаш фурӯрафтаву деворҳояш кафида, бароям аз ҳама чизи дунё азизу муқаддас аст. Чунки дар ин кулбаи фарсудаву назарногир ширинтарин лаҳзаҳои ҳаётам, айёми кӯдакиам пушти cap шудааст. Ман имрӯз баркамолам, донишҷӯям, дар ҳавлии мо хонаҳои нави замонавӣ сохтанд, ҳама аҳли хонавода ба хонаҳои нав гузаштанд. Ин кулбаяки куҳна дар як гӯшаи ҳавлӣ танҳою бесоҳиб ва аз хотирҳо фаромӯшгашта, чун ёдгории таърихӣ маҳфуз мондааст.
Кулбаи кӯдакӣ
Ҳар гоҳ, ки аз шаҳр ба дидорбинии падару модар, бародарону хоҳаронам меояму вориди ҳавлии падар мегардам, пеш аз ҳама ин кулбаи вайрона маро ба худ мекашад. Он хонаҳои зебову барҳаво ба назарам ҳеҷ менамоянд. Кулбаяки ман дар худ як ҷаҳон меҳру гармӣ дорад. Ва боз ким чизе дорад, ки маро чун оҳанрабо ба худ мекашад. Мераваму ба деворҳояш даст мерасонам, вуҷудамро як ҳиссиёти фараҳбахш ва гуворо фаро мегирад. Ин кулба буйи кӯдакиҳои ман мекунад. Чун дохили кулба медароям аз ҳар кунҷи он хандаҳои беғаши тифлиям дар гӯшам садо медиҳанд. Худро лаҳзае чанд дар дунёи тифлиям мебинам, ин лаҳзаҳо аз нав кӯдак мешавам, ҳамон Парвизи хурдакаки пойлучу сарлуч, рӯхарошидаву лаби нон таги дандон газида. Ҳарисона аз ҳар кунҷу равоқи ин хона кӯдакиямро ҷӯё мешавам, мекобамаш, вале ҳайҳот. Аҷабо, куҷо рафта бошад? Лаби чашма, сари пода, ё аз дунболи модар гирёну фарёдзанон ба меҳмонӣ? Куҷои эй кӯдакии сарсону овора, биё ман туро пазмон шуда ба дидорбиниат омадам, биё, маро як дам ба он дунёи тифлию беғамиам бубар: Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст, Чун ба пои худ равон гаштем саргардон шудем. Шабҳои тобистон болои боми кулба хоб мерафтам, аҷаб ҳаловату фароғате дошт, шаббодаи деҳа. Болои сарам осмон ситоразор буд, ман ҳар шаб ситора мешумурдаму кай хобам мебурд намефаҳмидам. Ҳоло ҳам, ҳар вақте ки аз шаҳр ба деҳа меравам чун кӯдак болои боми кулбаи кӯдакиям мебарояму лолахасакҳои лаби бом чун байрақчаҳо ҷавлонзанандаро бӯй мекунам, аз онҳо ҳам бӯйи кӯдакиам меояд, беихтиёр дар чашмонам ашк ҳалқа мезанад, дилам ба ёди кӯдакиам гум мезанад. Кулбае, ки дар оғуши гармаш аҳли ин хонавода, ман ва бародарону хоҳаронам ба воя расидем, имрӯз аз мадди назарҳо дур мондааст, танҳо мондааст, касе дари куҳнаву фарсудаашро намекушояд, фаромӯшаш карданд. Аммо ман ин кулбаро фаромӯш накардаам ва фаромӯш карда ҳам наметавонам. Чунки гумон мекунам кӯдакии ман дар кадом кунҷаки он аз ман пинҳон шуда, маро менигарад, бо ман рустшаваконбозӣ дорад, “кобу ёб”- мегуяд ва ман ҳарчанд мекобам намеёбамаш. Дӯст медорам ин кулбаро бо ҳама куҳнагиву валангориаш. Чун дар деворҳои он хотираҳои кӯдакиамро мехонам. Онро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Ҳар куҷое набошам ҳамеша пеши назарам аст. Имсол бародарамро хонадор карданианд, ба ин мақсад ҳавлӣ ва гирду атрофи хонаро тоза карда, тайёрии тӯйро мебинанд. Дар қафои ҳамон кулбаи лоинамон як чуқурие буд, он чуқуриро пур кардан ва болояшро ҳамвор намудан лозим омад. Падар ва бародаронам ба хулосае омаданд, ки ҳамин кулбаи вайрона дар пеши хонаҳои зебову замонавии навсохта бисёр безеб метобад. Умуман ҳусни ҳавлиро мекоҳонад. Бо маслиҳати падарам кулбаи куҳнаро канда ба даруни чуқурӣ мепартоянд, то ки чуқурӣ пур шавад. Як рӯзи истироҳатӣ ман ба деҳа омадам, ба ҳавлӣ даромадаму карахт шудам, кулбаи куҳнаи ман дар ҷояш набуд. Дилам сиёҳ шуд, ҳайрону гаранг ба ҳар тараф менигаристам. Чун аз асли воқеа воқиф шудам, болои чуқурӣ аз кулбаи ман як тӯдаи хок боқӣ монда буду халос. Осмон ба сарам фурӯ рафт. Ба назарам чунин намуд, ки кулбаи маро дар ин чуқурӣ гӯронидаанд. На фақат кулбаро, балки кӯдакии маро, орзуҳои ширини маро, хотироти маро ин ҷо гуронидаанд. Болои чуқурӣ, болои гӯри орзуву ҳавасҳоям, болои гӯри кӯдакиям нисшастаму ҳой-ҳой гиристам... Парвиз АСАДУЛЛОЕВ, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ
15
НАВҚАЛАМ Забондонӣ роҳ ба сӯи комёбиҳост Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият ин васеъ шудани ҷаҳонбинӣ ва беҳтар гаштани қобилияти забондонии сокинони кишвар аст. Дар давраи шӯравӣ аксари мардум ғайр аз забони модарӣ танҳо забони русиро медонистанд. Дар макотиби миёна ҳафтае ҳамагӣ 1 ё 2 соат забони хориҷӣ (англисӣ ё немисӣ) таълим дода мешуд. Зеро аз сабаби хеле маҳдуд будани сафар ба хориҷи мамлакат зарурат ба омӯхтани забони хориҷӣ набуд. Баъди соҳибистиқлолӣ имкони сафар кардан ба хориҷи кишвар зиёд гардид. Дар баробари ин ташрифи меҳмонони хориҷӣ низ ба Тоҷикистон афзуд. Аз ин рӯ, талабот ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мамлакат зиёд шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҳангоми мулоқот бо
ҷавонони мамлакат онҳоро дар баробари омӯхтани касбу ҳунар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ раҳнамоӣ мекунанд. Имрӯз дар рӯзномаҳо эълони қабули мутахассисони забондонро зиёд дучор меоем. Мутахассисони забондон на танҳо дар корхонаю муассисаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, балки берун аз он низ ба кор қабул карда мешаванд. Ҳар боре, ки дар бораи мутахассисони тоҷики муқими Олмону ИМА, Полша, Яман, Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҳатто Мадагаскар дар рӯзномаҳо мақолае мехонам шод мешавам. Зеро мутахассиси хушсалиқаю забондон муаррифгари миллати худ мебошад. Инак соли нави таҳсили 2018-2019 оғоз ёфт. Донишҷӯёнро лозим аст, ки дар баробари омӯхтани ихтисоси муайян ба ёд гирифтани забони хориҷӣ низ таваҷҷуҳ намоянд, чунки забондонӣ роҳи васеъ ба сӯйи комёбиҳост. Ма-
салан, духтуре, ки дар баробари хуб донистани нозукиҳои касби хеш забони англисӣ ё арабиро ҳам донад, роҳи кор кардан дар кишварҳои хориҷ ба рӯяш кушода мешавад. Барномасозии компютер низ метавонад аз чунин имтиёз бархурдор гардад. Ғайр аз барномаҳои таълимӣ иддае дар давраҳои забономӯзии шашмоҳаву нуҳмоҳа таълим мегиранд, ки аз аҳамият холӣ нест. Омӯхтани забон ба азму иродаи ҳар шахс вобастагӣ дорад. Вақте ба омӯхтани забоне ният кардед, онро дар нимароҳ намонед. Азму иродаи қавӣ касро ба мақсад мерасонад. Беҳуда нагуфтаанд: Агар гӯйӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ, В-агар гӯйӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ. Фирдавс ҲУСЕЙНОВ, устоди Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор
Ромит - минтақаи сайёҳию истироҳатӣ Яке аз самтҳои муҳими пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ин баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Маҳз рушди сайёҳӣ муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллии мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Суханони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати ин гуфтаҳост: “Муҳайё намудани шароити хуби хизматрасонӣ дар мавзеъҳои истироҳативу фароғатии кишвар, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, муаррифии шоистаи табиати зебо ва пеш аз ҳама, таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар имкон медиҳанд, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ дар қатори мамлакатҳои аз ҷиҳати қабули сайёҳон пешрафтаи олам мақоми арзандаи худро пайдо намояд”. Туризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳон яке аз соҳаҳои тараққикардаву фоидаовар ба шумор меравад. Имрӯзҳо Тоҷикистон низ ба як минтақаи сайёҳӣ мубаддал гардида, дорои мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардиву варзишӣ ва ғайра мебошад. Он дар мамлакати мо соҳаи нисбатан нав ба ҳисоб рафта, аз рӯи хусусиятҳои хосаш аз дигар соҳаҳо фарқ мекунад. Дар мамлакат минтақаҳои сайёҳӣ зиёданд, ки онҳо аз даврони истиқлолият ҳамчун минтақаҳои сайёҳӣ шинохта шудаанд. Яке аз ин минтақаҳои сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир шудааст. Шаҳри Ваҳдат яке аз шаҳрҳои пешрафта ва минтақаи сайёҳии кишвар ба шумор рафта, бо табиат ва иқлими мусоиди худ дорои ҷойҳои истироҳатию фароғатӣ ва табобатӣ аз қабили дараи Ромит, Мамнӯъгоҳи Ромит, гармчашмаи шифобахши “Зайрон”, оби шифобахши “Шӯр”, базаҳои сайёҳӣ ва ғайра мебошад, ки дар ҳудуди онҳо мавзеъҳои табобатию сайёҳӣ бисёранд ва тӯли сол дар хизмати шаҳрвандони кишвар ва сайёҳони берун аз кишвар ҳастанд. Дараи сайёҳиву истироҳатии Ромит дар миёни дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҷойи намоёнро ишғол намуда, соли 1959 бо қарори Ҳукумати Шӯравӣ ташкил карда шудааст ва он аз 18 сентябри соли 2000-ум бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дараи Ромит минтақаи сайёҳию истироҳатии Тоҷикистон” эълон гардидааст. Мувофиқи маълумотҳо дараи Ромит дар паҳнои 16 200 гектар замин доман густурда, дар “Мамнӯъгоҳи давлатии табии Ромит” муттаҳид карда шудааст ва то 50 километр тӯл дорад. Ин дара дар самти Шарқ ба Обигарм ва аз тариқи дараи Канаск ба дараи Камароби ноҳияи Рашт, дар Ғарб аз тариқи Роҳатӣ ва теппаи Самарқандӣ ба дараи Варзоб ва аз он тараф то марзи Регар бо Ӯзбекистон, инчунин дар самти Шимол ба навоҳии Айниву Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон роҳ дорад. Дараи хушманзараи Ромит дар болооби дарёи Кофарниҳон ҷойгир буда, номашро аз номи деҳаи зебои Ромит гирифтааст. Дар дараи мазкур меҳмонхонаву тарабхонаҳои замонавӣ ва чойхонаҳои миллӣ сохта шу-
даанд, ки дар давоми сол метавонанд садҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро қабул намоянд. Гармчашмаи шифоии “Зайрон” низ дар ҳамин дара ҷойгир аст, ки мисли дигар гармчашмаҳои ҷумҳурӣ маълуму машҳур аст. Ин оби шифобахш барои табобати дарди миёну пой, буғумҳо хеле муфид аст. Дар ин минтақа гармхонаҳои тобистона, фабрикаи парандапарварӣ, заводи консервабарорӣ, идораи занбӯри асалпарварӣ, хоҷагиҳои ҷангали Кофарниҳон, Ромит, якчанд истироҳатгоҳҳои корхонаву идораҳои давлатӣ ва ғайра ҷойгиранд. Ҳамасола дар дараи Ромит лагерҳои истироҳатии тобистона ба монанди “Ҳамсафар”, “Афсонаи кӯҳӣ”, “Кайҳон”, “Булбулакон”, “Явроз” ва ғайра фаъолият менамоянд, ки аз тамоми гӯшаҳои мамлакат наврасон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат, ҷавонон аз корхонаҳо ва кумитаҳои гуногун барои истироҳат фаро гирифта мешаванд. Ҳангоме ки аз ин мавзеъ дидан менамоем, зебогии кӯҳу даман ва табиати зебо ва нотакрори онро эҳсос мекунем. Обҳои зулоли ин минтақа ба кас рӯҳу илҳоми тоза бахшида, манзараҳои он диққати шахсро ба худ ҷалб мекунанд. Воқеан, дараи Ромит рӯз то рӯз ба як минтақаи сайёҳию истироҳатӣ ва табобатии замонавӣ мубаддал гардида, барои рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, алалхусус баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. Фарида КАРИМОВА, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №38 (9568), 20.09.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Ҳама чиз бо ченаки худ баркашида мешавад ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ” Оилае буд камбағалу нодор, аммо ҳамагон аъзои онро бо олиҳиммативу боинсофӣ ва бошарафӣ мешинохтанд. Онҳо аз ҳисоби даромади равғане, ки зани ин хонадон худаш ҳосил мекард, рӯз мегузарониданд. Ҳар субҳ зан равғани маскаро дар шакли гирд тайёр мекард, ки ҳар кадоми он як кило вазн дошт. Шавҳари он зан равғанҳоро ба марди баққоли шиносаш мефурӯхт ва ба пули он аз мағоза ҳама молу маҳсулоти лозимӣ, аз ҷумла нону шакар мехарид. Боре марди баққол чизи нобоберо эҳсос кард. Ба назараш чунин намуд, ки равғанҳои навбатии марди камбағал аз андозаи муқаррарӣ хурдтар шудаанд. Дӯкондор
ШАҲРИЁР ДАМИНОВ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
******** Вақте тилло бовар мебахшад,сухан қудрат надорад. ******** Бадзабонӣ нишонаи тирадилист. ******** Дар сухану хомӯшӣ ҳамеша андозаро нигаҳ дор. ******** Хомӯшии боақлона беҳ аз суханони аблаҳона. ******** Дар одамӣ забон дигар чиз асту дар фикраш дигар чиз. ******** Инкори меҳрубононаи хоҳиш хомӯшист. ******** Қабули хидмат – маҳрумӣ аз озодӣ.
******** Бахшида тавонистӣ, қудратат дучанд мешавад. ******** Аз шӯҳратат дида бештар дар бораи виҷдонат андеша кун. ******** Аз нутқи сухангӯ дида, ахлоқаш муътақид мекунад. Публилий Сир
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
√ ЭЪЛОН Шаҳодатномаи соҳибкорӣ, таҳти рақами 00130037848, ки онро нозироти андози ноҳияи Шоҳмансури пойтахт соли 2011 ба Шамсиддин Сиддиқов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
******** Сабр доруи ҳамагуна дардҳост.
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
Марди камбағал бошад, маъюс ва шигифтзада буду чӣ кор карданашро намедонист. Аммо худро ба даст гирифта, гуфт: - Ҷаноб, мо хеле нодор ҳастему дар хона тарозу надорем. Ва ҳар боре ки ман аз шумо як кило шакар мехарам, дар худи ҳамон зарф ва ба андозаи ҳамон равған мегирам...
√ ОБУНА-2019
Барои наҷоти инсон ӯро ранҷ додан низ ҷоиз аст. ******** Барои амали нек шармандагӣ ҳам ор нест. ******** Оқил аз айби дигарон панд мегирад. ******** Хирадманд аз душмани заиф низ метарсад. ******** Шубҳа қадами нахустин ба остонаи шуур аст. ******** Ҳар киро комёбӣ ёр шуд, ақл душман мешавад. ******** Ҳар ки беақлияшро дарк кардааст, беақл нест.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
танбалӣ накарда, онҳоро як-як ба тарозу гузошта, баркашид. Маълум шуд, ки вазни ҳар кадоми он равғанҳо ба андозаи 100 граммӣ аз вазни муқаррарӣ камтаранд. Баққол хашмгин шуд, аммо қарор дод, ки як рӯзи дигар мунтазир мешавад. Рӯзи дигар камбағал ба назди ӯ ҳозир шуд, то маҳсулоташро фурӯшад. Баққол ғазаболуд ба ӯ гуфт: - Ту инсоф дорӣ ё не? Охир мо маслиҳат карда будем, ки вазни ҳар як равғани пешниҳодкардаи ту бояд як кило бошад. Ту бошӣ, маро фиреб додӣ, чун ҳар як равғани ту 900 грамм вазн дорад! Дигар ба ин ҷо наё, ман молсупорандаи дигар меёбам, - муштҳояшро гиреҳ карда, дод зад фурӯшанда.
Билети донишҷӯӣ, ки онро Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат соли 2014 ба Акобир Холмуродов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Билети донишҷӯӣ, ки онро Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 ба Хоҷаев Доробхуҷа Шоҳхуҷаевич додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшуда (№ 111218), ки онро Донишгоҳи давлатии тиббии тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни сино ба донишҷӯи курси панҷум Султонов Мардон Шаҳобиддинов додааст, эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3967 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»