Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
1
№38 (9360),
18 сентябри соли 2014
ҲАМОИШ
ИҚТИСОД
Буҷети соли оянда - беш аз 15 млрд. сомонӣ
Тавре аз Вазорати молия ба “Азия плюс” хабар додаанд, тибқи маълумоти пешакӣ, қисмати даромади буҷети давлатӣ барои соли оянда дар ҳаҷми 15 млрд. 112,5 млн. сомонӣ пешгӯӣ мешавад, ки ба андозаи 8,7% аз ҳаҷми буҷети соли равон зиёдтар аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли оянда дар ҳаҷми 52 млрд. 821 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
ҲАҶ-2014
Гусели зоирин ба Ҳаҷ шуруъ шуд Гусели зоирин барои анҷоми фаризаи Ҳаҷ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 14 сентябр шуруъ гардида, то 29 сентябр идома хоҳад кард. Бино ба иттилои Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, имсол аз ҷумҳурӣ 6125 нафар ба зиёрати Каъба мушарраф хоҳанд шуд.
Саҳифаи
Ҳамоиши пурарзиш ва таърихӣ
2
ФАРҲАНГ
Нахустнамоиши “Муаллим”-и Носир Саидов Филми нави Носир Саидов, коргардони шинохтаи кишвар бо номи “Муаллим” шоми 15 сентябр дар “Кохи Ҷомӣ”-и пойтахт намоиш дода шуд. Ин филм аз сӯи киностудияи “Тоҷикфилм” наворбардорӣ шуда, аз зиндагии оилаи омӯзгор дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта ҳикоя мекунад. Нақшҳои асосиро ҳунарманди Эрон Маҳноз Афшор ва Марат Орифов, ҳунарманди маъруфи кишвар офаридаанд. Ба он сароянда ва оҳангсоз Далер Назаров оҳанг бастааст.
Саҳифаи
e-mail: javonontj@mail.ru
БОЗИҲОИ ОСИЁ - 2014
13
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
2
ҲАМОИШ
Ҳамоиши пурарзиш ва таърихӣ 11-12 сентябри соли равон дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Дар он роҳбарони 6 давлати аъзои СҲШ - Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омаданд. Ба онҳо роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои нозири созмон ва меҳмонони олимақоми дигар, аз ҷумла. Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ ва мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба масоили сиёсию амниятӣ Сартоҷ Азиз ҳамроҳ шуданд. Дар намоиш, ҳамчунин, намояндагони воломақом аз созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва роҳбарони сохторҳои кории СҲШ иштирок доштанд. Ҳамоиши мазкур дар бинои навбунёди Кохи Наврӯз баргузор ва масоили вобаста ба амнияти минтақавию байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир, тартиби қабули аъзои нав ба созмон ва ғайра баррасӣ шуданд. Зимни ҷаласа, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай – Нурсултон Назарбоев, Си Ҷинпин, Алмазбек Атамбоев, Владимир Путин ва Ислом Каримов суханронӣ намуданд. Имзои созишномаи истифода аз роҳҳои мошингард, ва ҳалли буҳрони Украина ва Афғонистон аз масъалаҳои мубраме буданд, ки дар суханронии сарони кишварҳо садо доданд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод кард, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар қаламрави давлатҳои СҲШ ба миқдори 5 миллиард доллар қарз медиҳад. Тақрибан дар суханронии ҳамаи роҳбарони кишварҳои аъзо масъалаи Афғонистон ва роҳҳои ҳалли низоъ дар Укра-
ина таъкид гардид. Чунончӣ, Владимир Путин Президенти Русия иброз дошт, мушкилоти Афғонистон бояд дар як конфронси байналмилалӣ, ки кишвараш хостгори баргузории он аст, баррасӣ шавад. Ҳамчунин, бахши асосии суханронии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Узбекистон Ислом Каримовро вазъи Афғонистон ташкил дод. Таъкид шуд, ки буҳрони феълии ин кишвар дар робита ба натиҷаҳои интихобот баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон барои минтақа хатароти муҳликеро ба бор меорад. Пас аз ҳисоботи Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай ва роҳбари Маркази минтақавии зиддитеррористии ин созмон сарони 3 давлати нозир - Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж суханронӣ карданд. Сипас, ба ҳайси меҳмони фахрӣ Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва дар фароварди ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, мушовири Сарвази-
ри Ҷумҳурии Исломии Покистон Сартоҷ Азиз ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид андешаҳои худро баён доштанд. Дар интиҳои нишаст Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узв, Стратегияи рушди созмон то соли 2025, ҷашнгирии 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, созишномаи байниҳукуматии давлатҳои аъзо доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва дигар санадҳо ба имзо расид. Санадҳое, ки дар ин ҳамоиш ба имзо расиданд, аз ҷумла, қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон ва тартиби додани мақоми давлати узв барои қабули аъзои нав ба Созмони Ҳамкории Шанхай роҳ мекушоянд. Зимнан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотӣ ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши Душанберо пурарзиш ва таърихӣ номид.
Ҷавононро эҳтиёт кунем
Мутаассифона, сиёсати нави ҷаҳонӣ, ки аз бархӯрди манфиатҳои тозаи абарқудратҳо об мехӯрад, арзишҳои худию бегонаро ба ҳам омехт. Кам касоне пайдо мешаванд, ки ба хотири манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, манофеи умумимиллиро ба назар гиранд. Чун аз ин боб сухан меравад, ҷонибҳои ба истилоҳ «мухолиф», ҳатман онро зери назари интиқод қарор медиҳанд ва ҳатман худро дар муқобили он мегузоранд, гарчанде дар пешниҳоди андешаҳои солиму алтернативӣ оҷизанд. Баҳри пӯшонидани заифии хеш, қабл аз ҳама, қишри аз лиҳози шуури сиёсӣ нопӯхтаю осебпазир, ҷавононро ҳадафи таъсир қарор медиҳанд. Решаи вохӯриҳои пайдарпайи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон низ, ки ин маротиба 12 сенябр доир гардид, дар ҳамин ҷо ниҳон аст. Ӯ бо лаҳни гуворою суханони зебо ҷавонҳоро мефиребад, то тақдири хешро бо ҲНИТ бипайванданд. Таъкид мекунад, ки теъдоди аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон рӯ ба афзоиш аст. Танҳо бо забон. Ин теъдодро рӯйхате нест ва санҷишҳои прокурории соли гузашта ин ҳақиқатро собит намуданд. Дуруст аст, ки алоҳида волидайн фарзандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаашонро ба рӯйхати ҲНИТ ворид кардаанд ва аксари онҳо дар ин бора иттилое надоранд. Муҳиддин Кабирӣ бо зарфияти зеҳнӣ ва эътиқоди динии ҷавонон бозӣ мекунад. Ӯ вожаи «исломӣ»ро дар номи ҳизб барои ҷалби онҳо сӯистифода мебарад. Шиор медиҳад, ки «андешаи мо ислом, ақидаи мо “Қуръон” аст». Зеро медонад, ки ҷавонон ба умқи масъала намерасанд. Фикр ҳам намекунанд, ки ин ду арзишу ақида моли тамоми мусулмонони дунёянд, новобаста аз доштану надоштани шаҳодатномаи ҲНИТ. Вагарна дар «Хирадномаи Искандарӣ» равшану возеҳ омада ки: Нуқтаи хуш гуфтааст он некбин, Ақл дорад мулкро қоим на дин. Гаройиши қисмати ҷавонон ба ҲНИТ, кӯчак ҳам бошад, аз саво-
ди казоӣ ва дарки сиёсӣ дур будани онҳост. Чун наҳзатиҳо аз минбарҳои доштаашон аз расу нораси иҷтимоии онҳо суханфурӯшӣ мекунанд, фавран бовар мекунанд, ки ҳаминҳо наҷотдиҳандаи фардои эшонанд, ғофил аз он, ки вазъи иқтисодиро бо ҳусни сухану кафки даҳан наметавон ислоҳ кард. Инҳо гумон доранд, ки агар бо ҲНИТ пайванданд, зиндагиашон беҳтар мешавад, наздиконашон дигар Русия намераванд, дигар бебарқ намемонанд. Онҳо намедонанд, ки ин ҳизб дар талоши он аст, ки роҳҳои истифодаи наздикони онҳоро ба манфиати худ ёбад. Бо ҳамин мақсад дар давоми як сол роҳбарони ҳизб 5-6 маротиба ба Русия сафар мекунанд. Ду моҳи охир шаш нафар сарварони сатҳи болоии ҳизб, бо ҳар баҳонае дар ҳудуди Русия қарор дошта, ба ҷамъоварии маблағҳои аз ҳисоби арақи ҷабин ҷамънамудаи муҳоҷирони меҳнатӣ машғуланд. Агар ин идда ҷавонон соҳибандеша мебуданд, фикр мекарданд, ки Муҳиддин Кабирӣ, бо сафарҳои бешумори 163-рӯзааш (танҳо дар соли ҷорӣ) ба хориҷи кишвар, кӯмакҳои гирифтааш аз созмонҳои исломию ғайриисломии Шарқу Ғарб, кадом амали хайреро барои дастгирии онҳо сарф кардааст. Чанд нафар ҷавонро, ба истиснои фарзандони худу наздиконаш, барои донишомӯзӣ ба риштаҳои улуми муосири дунявии донишгоҳҳои хориҷӣ фиристодааст? Ин ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки бо ташаббуси Муҳиддин Кабирӣ, ҳанӯз соли 2010 барномаи худсозӣ ва тарбияи 100 лидери ҷавон дар ҲНИТ қабул шуда буд. Вале бо гузашти чор сол натавонистанд ҳадди ақал якеро аз он 100 омода созанд. Пас куҷо метавон бовар кард, ки Кабирию ҳизбаш метавонанд роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷавононро пайдо кунанд? Ягона амале, ки аз дасти онҳо меояд, пасгардонии қишри ҷавон ҷониби ҷаҳолату торикист ва афзоиш додани теъдоди муллобачаю «бибиотун»ҳои ҳизбӣ. Маҳз ҳамин гурӯҳ имрӯз дар ҷангҳои Сурияю Ироқ, нуқтаҳои доғи Покистону Афғонистон ҲНИТро намояндагӣ доранд. Ҳамин гурӯҳ аз номи ҲНИТ дар Рашту Хоруғ, Хуҷанду Исфара ба муқобили сулҳу салоҳ яроқ бардоштанду кӯшиш намуданд, ки ҷумҳуриро бори дигар ба майдони муқовиматҳои дохилӣ ворид созанд. Чуноне, ки падару бародарони онҳоро дар айни камолоти ҷавонӣ, солҳои 92-юм ҲНИТ-у падарони маънавиаш ба ин майдон кашида буданд. Бигузор ин матлаб ҳушдоре бошад ба волидайне, ки фарзандони худро бо ҲНИТ-у сарваронаш якка мегузоранд.
Валиҷони КАМОЛ
Зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон мушкили ҳалталаб аст Бо ибтикори Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид “ЮНИСЕФ”, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи кӯдак”, намояндагии Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) ва Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак 16 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи “Серена Душанбе” конфронси байналхалқӣ таҳти унвони “Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон” баргузор гардид. Зимни конфронс, Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иброз дошт, ки вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак стратегия барои солҳои 2011- 2015 қабул шудааст. “Яке аз самтҳои ин стратегия ҳифзи ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла, ҳуқуқи кӯдакон аст. Бо дастгирии намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон як шуъбаи махсус дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо номи “Ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак” таъсис ёфт. Ҳамчунин, имрӯз дар ҷумҳурӣ барномаи махсуси адлияи ноболиғон амалӣ мешавад, ки бисёр барномаи муҳим ва барои пешрафти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак натиҷабахш мебошад. Дар барномаи мазкур баррасии парвандаҳои нисбат ба ноболиғонбуда аз тарафи мақомоти судӣ ва дигар мақомоте, ки ба ҳамин масъала сару кор доранд, равона карда мешавад”. Бино ба натиҷаи мониторинги муштараки ҳуқуқҳои кӯдак, ки Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ ва Маркази ҳуқуқи кӯдак гузаронид, зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар кишвар яке аз мушкилоти ҳалталаб аст. Дар баробари мусоидат ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, лоиҳа ба он равона шудааст, ки дар навбати аввал истифодаи ҳабси ҷудогонаи кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида қатъ гардида, ба нигоҳдории якҷояи кӯдакону калонсолон роҳ дода нашавад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба қонунгузории миллӣ ворид гардида, ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, кӯмаки ҳуқуқӣ расонда мешавад. Барномаи таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона роҳандозӣ шуда, барномаи тавонбахши равонии кӯдаконе, ки аз хушунат осеб дидаанд, таҳия мегардад. Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон чунин зикр
кард: “Масъалаи ҳимояи ҳукуқҳои кӯдак ҳама вақт дар маркази диққати парламенти кишвар буд ва дар тамоми санадҳои ҳуқуқие, ки вобаста ба ҳуқуқи инсон қабул мегардад, боби алоҳида ё ин ки моддаи алоҳида ва ё як қисми он ҳатман ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдак бахшида мешавад. Аз нигоҳи тиббӣ ҳам исбот карда шудааст, шахсе, ки дар хурдсолӣ мавриди зӯроварӣ қарор мегирад, дар вай камбудиҳое пайдо мешаванд, ки минбаъд тамоми ҳаёт метавонад ӯро халалдор созаду нороҳат кунад”. Дар ҷараёни конфронс коршиносон аз Норвегия, Англия, Қазоқистон ва Қирғизистон мушоҳидаҳои худро оид ба вазъи муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона зикр карда, ин чунин, дар мавриди беҳбуд ва такмили низоми таълим барои кормандони муассисаҳои пӯшида нисбат ба кӯдакон тавсияҳо пешниҳод намуданд.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ФАРҲАНГ
Эҳёи «Шоҳ Фаридун» Ба муносибати 66-умин солгарди зодрӯзи Фаррухи Қосим, коргардони шинохтаи кишвар, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ ҳамкасбон ва шогирдон дар Театри тамошобини ҷавони «Аҳорун»-и ба номи Ф. Қосимов барои дӯстдорони санъати волои театрӣ намоишномаи «Шоҳ Фаридун»-ро пешниҳод карданд. Фаррух Қосим солҳои тӯлонӣ (1969-1988) ба ҳайси актёр ва коргардони Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст. 20 соли охири умри худро дар Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун», ки бо ибтикори ӯ соли 1990 таъсис ёфт, ба ҳайси коргардон, драматург ва ҳунарманд сипарӣ намуд. Ӯ дар ин муддат қариб 20 намоишнома ба саҳна гузошт, ки онҳо дар озмунҳои театрии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ соҳиби шоҳҷоизаҳо гашта, инчунин, дар озмунҳои байналхалқии театрӣ дар Лаҳистон, Русия, Эрон ва Белгия иштирок намудаанд. Нақши шоҳ Фаридунро дар ин намоишнома Фирдавси Қосим - писари шодравон Фаррухи Қосим иҷро мекунад.
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҷавонон ояндаи моанд. Ҳар касе аз ҷавонӣ дил ба илму маърифат ва камар ба хидмати миллату Ватан мебандад, бидуни муҳобот, на танҳо мояи фахри ҳаммиллатон, балки азизи тамоми башар мегардад. Чун Балхию Синою Турсунзодаю садҳо фарзандони барӯманди миллати тоҷик.
3
КОНФРОНС
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
НАЗАРИ ХОС
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
4
ФОРУМ
Ҳафтаи сипаришуда дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнесфоруми аҳли тиҷорату саноати давлатҳои аъзои СҲШ, кишварҳои нозир ва шарикон оид ба муколама баргузор гадид. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ҷомеаҳои соҳибкории кишварҳои узви СҲШ, муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҷойдошта ва самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷорат миёни соҳибкорону сармоягузорони кишварҳои СҲШ маънидод гардид. Давлаталӣ Саид, муовини аввали Сарвазири мамлакат иштирокчиёнро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки баргузории Бизнес-форумҳо падидае мебошад, ки тавваҷуҳи аҳли тиҷорат ва саноатро дар миқёси СҲШ ҷалб менамояд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки му-
Рафъи монеаҳои маъмурӣ
соидат ва ҳамкории расмии байни давлатҳои аъзои СҲШ, давлатҳои нозир ва шарикон оид ба муколама, ноил гардидан ба рушди муштараки мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти СҲШ мебошад. Дар робита ба ин, давлатҳои аъзои ин созмон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва вусъати ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳо, ба монанди иқтисодиёт ва савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт ва телекомуникатсия, энергетика, кишоварзӣ, илму техника, фарҳанг ва ғайра кӯшиш менамоянд. Давлаталӣ Саид афзуд, ки чорабинии мазкур таҳти шиори «Ҳамкорӣ, рушд, равнақи муш-
тариён» баргузор шуда, ба намояндагони аҳли тиҷорату саноти давлатҳои аъзои СҲШ барои ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилаи судманд ҷиҳати рушду пешрафти муштарак шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон» маърӯза кард. Ӯ таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон барои вусъат бахшидани ҳамкории байналмилалӣ, иқтисодӣ ва ташаккули боварии инвеститсонӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. То ин дам чор минтақаи
озоди иқтисодӣ таъсис ёфтааст, ки рушди фаъолона дошта, дар қаламрави онҳо низоми имтиёзноки андозу гумрук амал мекунад. Қодири Қосим зимни муаррифӣ ба се соҳаи муҳими ҳамкории иқтисодӣ - истифодаи самараноки захираҳои обу энергетикии минтақа, рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва туризм тавваҷуҳи хоса зоҳир намуд. Барои иштирокчиёни Бизнез-форум филми мустанад дар мавзӯи «Имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон» намоиш дода шуд. Дар қисмати дуюм иштирокчиён аз рӯи манфиатҳои соҳавӣ ба бахшҳои зерин тақсим шуданд:
1. Ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва амнияти энергетикии кишварҳои СҲШ. 2. Рушди комплекси агросаноатӣ ва амнияти озуқавории кишварҳои СҲШ. 3. Нақшаи созмонҳои молиявӣ дар миқёси СҲШ. 4. Бартараф намудани монеаҳои савдо дар миқёси СҲШ бо роҳи долонҳои нақлиётӣ. 5. Рушди туризм дар миқёси СҲШ. Иштирокчиён дар бораи рафъи монеаҳои маъмурӣ, сода кардани барасмиятдарории гумрукӣ ва назорат дар сарҳад, татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ аз рӯи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳамкории молиявии кишварҳои СҲШ, таҳияи пешниҳодот оид ба рушди зироаткорӣ ва бунёди зеркомплексҳои агросаноатӣ дар кишварҳои СҲШ, имкониятҳои нав барои инкишофи муносибатҳои тиҷоратии кишварҳои СҲШ, амнияти энергетикии Тоҷикистон аз нигоҳи суботи энергетикии минтақа ва ғайра изҳори ақида намуданд. Пешниҳод шуд, ки инфрасохтори энергетикии фазои иттилоотии тиҷорат таъсис меёбад.
С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
ТУРИЗМ
Тоҷикистон ва имкониятҳои туристии СҲШ
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар ҷаласаи бахши «Рушди туризм дар миқёси СҲШ», ки роҳбарии онро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷуҳурӣ Аҳтам Абдуллозода ба зима дошт, самтҳои муҳими ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар бахши туризм мавриди баррасӣ қарор гирифт. - Агар саҳифаҳои таърихро варақ занем, мебинем, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аз даврони қадим мавзеи ҷолиби диққати сайёҳону тоҷирони ҷаҳон буд, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. – Соҳаи туризм дари ҳамкориҳоро барои дигар соҳаҳо боз мекунад. А. Абдуллозода афзуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои ҳаммуассиси СҲШ ба рушди соҳаи туризм таваҷҷуҳи зиёд дорад. Тоҷикистон, ки аз қадим дар шоҳроҳи бузурги «Роҳи Абрешим» қарор дошт, имрӯз низ ҳамчун кишвари пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар ривоҷу равнақи соҳаҳои туризми минтақа нақши муҳим бозида метавонад. - Тоҷикистон аз қадим бо меҳмоннавозии мардуми худ машҳур аст, - илова намуд А. Абдуллозода. – Мардуми тоҷик меҳмонро атои Худо мегӯяд. Ман боварӣ дорам, ки ҳар кадоми мо имкониятҳои туристии кишварҳоямонро муаррифӣ карда, баҳри ҳамкории на-
здиктар иқдом мекунем. Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи имкониятҳои туристии Тоҷикистон дар минтақа сухан карда, гуфт, ки сол то сол таваҷҷуҳи сайёҳон ба истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои кишварамон зиёд мешавад. Дар бахши инфрасохтори соҳаи туризм солҳои охир дар Тоҷикистон пешравиҳои зиёд ба назар мерасад. Чунончи, бунёди меҳмонхона ва сохтмони нақбу роҳҳо сифати хизматрасонӣ ба туристонро хеле беҳ намуд. Раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои туристии Тоҷикистон (ТАТО) Фаттоҳ Файзуллоев дар хусуси имкониятҳои вусъати ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои СҲШ сухан кард. Ӯ гуфт, ки ТАТО узви ASR (Эътирофи операторҳои туристии мустақил) буда, бо шарикони худ дар ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ҳамкории зич дорад. Фаттоҳ Файзуллоев пешниҳод намуд, ки робита миёни ассотсиатсияҳои тиҷоратии кишварҳои аъзои СҲШ-ро вусъат бояд дод. Ҳангоми ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ якдигарро дастгирӣ намудан лозим. Рушди стратегия, идея ва маҳсулоти туристӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ ба пешрафти кор мусоидат мекунад. Яке аз пешниҳодоти ҷолиби Фаттоҳ Файзуллоев ҷорӣ намудани раводиди ягонаи «Роҳи абрешим» барои кишварҳои аъзои СҲШ мебошад. Ин боиси осонии кори сайёҳон гашта, сабаби аз байн рафтани сарсонию хароҷот ва пешгирии талафи беҳудаи вақт мегардад.
Асадшо Зоолшоев, директори Ассотсиатсияи сайёҳӣ, экологиву фарҳангии Помир бо истифода аз аксҳо ба ҳозирин дар бораи имкониятҳои туристии кӯҳистони Помир маълумот дод. Боғи миллии Помир ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст. Баландтарин қуллаи собиқ Итиҳоди Шуравӣ - Қулаи Исмоили Сомонӣ дар Помир ҷой гирифтааст. Ин сарзамини баландкӯҳ бо чашмаҳои мусаффо, обҳои гарми табобатӣ, рудҳои тезоб, гиёҳҳои шифобахш ва лаълу мармар дар ҷаҳон машҳур гаштааст. Имруз кӯҳнавардон, дӯстдорони саёҳати экологӣ, лижаронҳо, велосипедронҳо ба Помир омада, аз ҳавои софу беғубори
он нафас кашида, бо фарҳанги бойи сокинони ин диёри бостонӣ ошно мешаванд. Рустам Сунгатов, раиси Шӯрои директорони ташкилоти “DICOM Consulting”-и Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ чунин гуфт: “Афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ ва зиёдшавии сайёҳон ба кишварҳои аъзои СҲШ масъулияти иловагиро барои ҳифзи саломатии аҳолӣ, расондани ёрии саривақтии тиббӣ талаб мекунад. Аз ин рӯ, туризми тиббӣ яке аз самтҳои ояндадори давлатҳои аъзои СҲШ маҳсуб меёбад. Сулҳия Ҳайдарова, сардори шуъбаи маркетинги меҳмонхонаи «Серена Душанбе» иброз дошт, ки алҳол дар Тоҷикистон 165 меҳмонхона мавҷуд аст, ки аз ин 54 ададаш дар Душанбе, 50 адад дар Хуҷанд, 45 адад дар Кӯлоб ва 16 адад дар шаҳри Хоруғ ҷой гирифтаанд. Шумораи меҳмонхонаҳои 5-ситорадор чорто, 4-ситорадор 15 ва 3-ситорадор 25 адад мебошанд. Имрӯз дар Тоҷикистон бозори меҳнати кормандони баландихтисоси меҳмонхона пайдо шудааст. Бунёди меҳмонхонаҳои нав рақобати солимро миёни иншооти туристӣ вусъат бахшида, боиси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мегардад. Дар хотима, ширкаткунандагон қатъномаро, ки дар он зарурат ва имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар доираи СҲШ ироа гардидааст, қабул намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
- Ҳадаф аз сафар чӣ буд? - Ҳадаф дарёфти роҳҳои беҳтару муассири танзими раванди муҳоҷират ва беҳтар намудани шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия. Аксар муҳоҷирони кории кишвари мо ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ озими Русия мешаванд ва ҳамаи онҳо хоҳони шароити мусоиди кору фаъолият мебошанд. Парламенти мамлакат ҳамеша ба ин масъала таваҷҷуҳ менамояд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», ба тасвиб расонидани чандин созишномаи байнидавлатӣ ва доир намудани муҳокимаҳои парлумонӣ дар сатҳи кумита ва ҷаласаҳои Парла-
муҳоҷирони мо, аслан, ҷавонон дар Русия ба он мувоҷеҳ мешаванд, надонистани забони русӣ, риоя накардани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қавонини он кишвар аст. Ҳамчунин, сабаби дигар надоштани касбу ҳунар ва ихтисоҳои лозима аст, ки ба имиҷу обрӯи миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ халал ворид менамояд. Бо ин сабаб тамоми корҳои паст, ифлос ва вазнинро муҳоҷирони бекасбу беихтисоси мо иҷро мекунанд. Тибқи маълумоте, ки аз ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердловск гирифтем, танҳо 3 фоизи муҳоҷирони меҳнатии мо ҳамчун мутахассис дар муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ, 5
- Аз 18-20 мулоқоте, ки бо муҳоҷирон доштем, танҳо дар ду вохурӣ ҷавонон аз фаъолияти консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург шикоят намуданд, ки дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ ба таъхир роҳ медиҳанд. Посухи намояндаи консулгарӣ дар шаҳри Екатеринбург, ки моро ҳамроҳӣ менамуд, собит кард, ки сабабгори ба таъхир мондани ҳуҷҷатҳо ва сари вақт омода нагардидан аз тарафи худи муҳоҷирон рух медиҳад. Ман шахсан шоҳид гардидам, ки дари консулгарии Тоҷикистон ҳамеша ба рӯи шаҳрвандони тоҷикистонӣ боз аст ва кормандони он дар пайи ҳалли проблемаҳои муҳоҷирон масъулиятшинос ҳастанд. Бо таассуф бояд зикр намуд, ки баъзе афрод ва гурӯҳҳои махсуси мухолифи Ҳукумати ҷумҳурӣ мехоҳанд ғаразҳои сиёсии худро амалӣ намуда, аз нерӯи муҳоҷирони меҳнатӣ сӯистифода намоянд. Бо ҳар роҳу воситаҳо иғвоангезӣ намуда, вазъи онҳоро мушкил мегардонанд.
мент далели боэътимоди ин гуфтаҳост. Мо дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 1 то 8 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Москва ва Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор доштем. Дар рафти сафари хизматӣ, қабл аз ҳама, бо фаъолияти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират шинос шуда, бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон вохӯрию мулоқот доир намудем. Зимни вохӯриҳо аз шароити корӣ ва будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳрҳои Москва ва Екатеринбурги Федератсияи Русия пурсон шудем. Аз ҷумла, дар Марказҳои калони тиҷоратии «Садовод», «Люблино», «Мега», «Ашан», «Реал», «Таганский ряд», «Ханой», иншооти сохтмонӣ, муассисаҳои ободонӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ бо муҳоҷирони тоҷик вохӯрда, бо шароити кору зиндагии онҳо аз наздик шинос шудем. - Муҳтавои суҳбатҳои Шумо бо муҳоҷирон фарогири кадом масоил буд? - Ба онҳо дар хусуси навигариҳои қонунгузории ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ва созишномаҳои байналмилалии дар ин соҳа ба тасвибрасонидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот додем. Ҳамзамон, таъкид намудем, ки барои роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳо онҳо бояд муқаррароти санадҳои қонунгузории мамлакати будубошашонро риоя намуда, ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии он эҳтиром гузоранд. Баҳри такмили маҳорати касбӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ пайваста кӯшиш намоянд. Дар тамоми мулоқоту вохӯриҳо аз ҷониби муҳоҷирон барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирони меҳнатӣ андешаҳои судманд иброз гардиданд, ки ба инобат гирифтани онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ барои беҳдошти вазъи кунунии муҳоҷирон манфиатбахш хоҳад буд. - Мушкилоти асосии муҳоҷирони тоҷик дар чист? - Яке аз мушкилоте, ки аксари
фоиз дар бозору муассисаҳои савдо ва боқимонда, асосан, дар сохтмон ҳамчун коргари оддӣ ва кӯчарӯбу дарбон фаъолият менамоянд. - Дуруст аст, ки аксари муҳоҷирони корӣ, хусусан, ҷавонон нисбат ба намояндагии мақомоти давлатии кишвар дар Русия нобоварӣ доранд?
- Эътироф гардида, ки нақши муҳоҷирони меҳнатӣ дар иқтисодиёти кишвар калон аст. Оё кишвари қабулкунанда низ манфиате аз онҳо мебардорад? - Пазируфтани муҳоҷирони тоҷик аз тарафи Русия далели ниёзмандии он ба қувваи арзони муҳоҷирони корӣ аст. Сар-
Надонистани забони русӣ мушкили асосии муҳоҷирон
дори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Кристин Рамадановский чанд маротиба қайд намудааст, ки рушди имрӯза ва ояндаи Русия, бешак, аз муҳоҷирони меҳнатии бурунмарзӣ вобаста мебошад. Тибқи гуфтаи ӯ ҳар як муҳоҷири корӣ бо ин ки 1 рубл ба ватанаш равон мекунад, ба андозаи 5-6 рубл барои рушди иқтисоди Русия манфиат меорад. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки муҳоҷирони тоҷик ҳар сол ба иқтисоди Русия беш аз 30 миллиард доллар ворид менамоянд. Зимнан қайд бояд намуд, ки ягон табааи Русия ба маоши ночиз наметавонад корҳоеро ба сомон расонад, ки тоҷикон бо ҷону дил ба ҷо меоваранд. - Дар маҷмӯъ, муҳоҷират оё барои ҷавонони мо манфиатбахш буда метавонад? - Давлату Ҳукумати кишвар ҳамеша талош бар он менамояд, ки раванди бошиддати муҳоҷиратро пешгирӣ намуда, ҷойҳои кории мувофиқу мусоид барои шаҳрвандон дар дохили кишвар муҳайё намояд. Умуман, агар ба муҳоҷират ҳамчун як ҳодисаи табиӣ назар намоем, дармеёбем, ки он дар тӯли таърих дар пайванду васли тамаддунҳо, пайдоиши тамаддунҳо, густариши тамаддунҳову фарҳангҳо нақши бориз дошта метавонад. Масалан, муҳоҷирон дар баробари гирифтани манфиатҳои иқтисодӣ, бо забон ва таъриху тамаддуни халқҳои дигар ошноӣ пайдо карда, ҳамзамон, соҳиби ҳунару ихтисоси хуб мешаванд, инчунин, ҷаҳонбинии хешро ғаниву бой мегардонанд. Беҳуда бузургонамон нагуфтаанд, ки: «Бисёр сафар бояд, то пӯхта шавад хоме..» Ин буд, ки дар ин сафар ҷавонони тоҷики муваффақеро вохӯрдем, ки аз донишу ҷаҳонбинӣ ва андешаву забондониашон ифтихор намудем. - Барои беҳтар гардонидани вазъи муҳоҷирон, ҳамватанони мо дар Русия чӣ тадбирҳоро дар оянда роҳандозӣ бояд кард? - Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тайёрии касбии мутахассисон ва омодагии пеш аз сафар дар марказҳои шуғли аҳолӣ ва бо кор таъминкуниии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин, ҷалби агентиҳои хусусии шуғл дар масъалаҳои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои зарурӣ бояд андешида шаванд. Мувофиқгардонии лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа вусъат бахшида шавад. Бастани шартномаҳои байнидавлатӣ барои таҳсил дар омӯзишгоҳҳои касбӣтехникии Федератсияи Русия мувофиқи мақсад аст. Дар оянда зиёд намудани воҳидҳои корӣ дар намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия аз ҳисоби мутахассисон, аз ҷумла, аз ҳисоби ҳуқуқшиносон ба манфиати кор хоҳад буд. Инчунин, таъсис додани Хазинаи (Фонди) кӯмакҳои моддӣ барои дастгирии баъзе гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии ниёзманди тоҷикистонӣ ва фиристонидани ҷасадҳои муҳоҷирони фавтидае, ки дар қаламрави Федератсияи Русия хешованд надоранд, айни муддаост. Ғайр аз ин, бояд корҳои иттилоотӣфаҳмонидадиҳӣ дар омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон тақвият дода шавад.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
e-mail: javonontj@mail.ru
Моҳи равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия сафар намуда, бо муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ мулоқот анҷом доданд. Дар робита ба ин, бо ҷавонтарин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдураҳмон Хонов сӯҳбат анҷом додем.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
5
МУҲОҶИРАТ ВА ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
6
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
Ташаккули муносиботи нави сиёсӣ барои зуҳури пайвандҳои тоза ва эҷоди ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳои мухталиф омили муассир мегардад. Дар ин миён ин робитаҳо ба фаъолияти ҷавонон, аз ҷумла, ҷавонони болаёқат ва эҷодкор низ бетаъсир намемонанд. Бар пояи ин пешрафтҳои назаррас дар самти ҳамкориҳои ҷавонон бо ҳамсолони хеш аз кишварҳои дигар буд, ки чанде қабл мутобиқ ба мактуби маъмурияти сарзамини Олтойи Федератсияи Русия аз 29 апрели соли 2014, таҳти №2394 ва дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 5 нафар ҷавони эҷодкор ва 6 нафар соҳибкори ҷавони вилоят бо роҳбарии сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зарифҷон Мирдадоев дар Форуми VI байналмилалии “Алтай. Нуқоти таҳаввул” ва Форуми II Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай «Соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ», ки дар шаҳри Белокурихаи сарзамини Олтойи Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат намуданд.
Саҳифаи тозае дар ҳамкориҳои ҷавонони тоҷику рус Дар нишастҳо муҳимтарин масоили ҳамкориҳои кишварҳои наздисарҳадӣ ва рушди соҳибкорӣ бо ҷалби бештари ҷавонон баррасӣ гардида, натиҷагириҳои зарурӣ анҷом ёфта, хулосаҳои муҳим барои беҳтар гардидани корҳо дар ин самт пешниҳод шуданд. Ҳамзамон, дар заминаи баргузории форумҳо барномаҳо ва ба истилоҳ майдонҳои омӯзишии “Эҷодкорӣ”, “Технологияи иҷтимоӣ”, “Менеҷмент”,
ҶАВОНОН ВА ИЛМ
“Соҳибкорӣ” “Идоракунии давлатӣ”, “Ман пешво”, “Соҳибкор шудан мехоҳам”, “Парламентаризм”, “Ҳуқуқшиносӣ” ва “Технологияи инноватсионӣ” фаъолият доштанд, ки бо назардошти ҷалби ҷавонони эҷодкор тарҳрезӣ гардиданд. Инчунин, барномаҳои муаррифии фарҳангҳои миллӣ доир гардид. Ҷавонони тоҷик дар ҳавои қироати ашъор бо забонҳои тоҷикӣ ва тарҷумаи онҳо бо за-
бони русӣ паёми муҳаббату иродати хешро ба ҳамсолони олтоии хеш расонданд. Ҳамчунин, тавассути навор манзараҳои Тоҷикистон намоиш ва дар як вақт нозу неъмат аз дастурхони тоҷик мавриди баҳрабардории ҳозирин қарор гирифт. Суханронии ҷавонони тоҷикро ҳамсолони худ аз кишварҳои дигар бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуданд, ки баёнгари унсу иродати байниҳамдигарии ҷавонон буд. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки минбаъд низ дар самти тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини пайвандҳои бештари ҷавонони соҳаву касбу кори мухталиф иқдом хоҳанд намуд. Дар нишаст аз тарафи роҳбари форум Елена Лебедева пешниҳод гардид, ки апрели соли 2015 Форуми муштараки ҷавонони вилояти Суғд ва сарзамини Олтойи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон баргузор шавад. Дар бозгашт ҷавонони болаёқат ва соҳибкорони ҷавони вилояти Суғд дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон» иброз доштанд, ки минбаъд низ барои тақвияти ҳамкориҳо бо ҳамсолони хеш аз Федератсияи Русия иқдом намуда, пайваста дар робитаву ҳамкориҳои судманд хоҳанд буд.
Суҳроби КАЁНӢ, “ҶТ” ТУРИЗМ
Ҷавонон поягузори миллатанд
e-mail: javonontj@mail.ru
Бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ва иштироки олимони донишгоҳҳои вилоят конфронси илмӣ доир гардид. Он ба мавзӯи дастовардҳои даврони истиқлолият дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бахшида шуда, «Ҷавонон – кафили пойдории Истиқлолият!» ном дошт. Дар расми ифтитоҳи конфронс, ки аз се бахш – сайёҳӣ, тантанавӣ ва фарҳангӣ иборат буд, мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Шоҳзод Раҳимов ва раиси шаҳри Кӯлоб Раҳмонзода Абдуғаффор сухан карда, аз нақши созандаи ҷавонон дар пешрафти кишвар ёдовар шуданд. Ҳамчунин, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Ҷумахон Алимӣ аз дастовардҳои ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот дод. Сипас, ба 25 нафар олими ҷавон барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарғиби ғояҳои ватандӯстии ҷавонон ва саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва ба 32 нафар донишҷӯи фаъоли вилоят барои дониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ «Ифтихорнома»-ҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳамчунин, ба 20 нафар ятимони кулли Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва коллеҷҳои тиббию омӯзгории шаҳри Кӯлоб кӯмакпулӣ ба маблағи 100 сомонӣ ба ҳар як нафар дода шуд. Дар ин бора Ш. Раҳимов, мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон хабар дод.
Дар Хатлон ширкатҳои туристӣ нестанд 4 сентябри соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа конфронси вилоятӣ таҳти унвони “Афзалиятҳо барои рушди туризми устувор дар Хатлон” баргузор гардид. Ба гуфтаи Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, мақсад мусоидат намудан ба рушди туризми устувор дар вилояти Хатлон тавассути муттаҳид намудани ҷонибҳои манфиатдору масъул, баррасии вазъи кунунии соҳа ва муайянсозии афзалиятҳо барои фаъолияти минбаъда буд. Вилояти Хатлон аз ҷиҳати мавҷудияти захираҳои зиёди туристӣ хеле афзалият дорад. Мавқеи ҷуғрофӣ, обу ҳавои тоза ва чашмаҳои гуногуни шифобахши манотиқи гирду атрофи он барои ҷалби сайёҳон, хусусан, барои рушди туризми экологӣ мусоид аст. Ҳамчунин, туризми транзитӣ, экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, сайёдӣ, динӣ-фарҳангӣ барои вилоят хос мебошанд. Дар кори конфронс намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ, Палатаи савдо ва саноати вилоят, раёсатҳои фарҳангу иқтисод, соҳибкорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма ва ҷавонони фаъолу донишҷӯён ширкат намуданд.
Дар рафти конфронс намоиши маҳсули ҳунармандон, аз ҷумла, армуғону туҳфаҳо, сӯзаниву девориҳо, аксу расмҳо аз мавзеъҳои сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуд. Зимни конфронс таваҷҷуҳи бештар ба ҳамоҳангии байниидоравӣ, менеҷменти идоракунии соҳа дар бахши хусусӣ, мушкилиҳои таҳсили донишҷӯёни соҳа, заиф гаштани таблиғи соҳа ва фаъолият накардани ширкатҳои туристӣ дар ҳудуди вилоят дода шуд. Қайд гардид, ки бояд ҳарчи бештар доираи соҳибкорон ба рушди соҳа ҷалб гарданд. Барои таблиғи соҳа ҳамкориро бо ВАО зич ба роҳ мондан даркор. Яке аз заминаҳои дигар барои расидан ба дастовардҳои назаррас, тарбияи кадрҳои ба рақобат тобовар дар соҳа мебошад. Имрӯз дар ду массисаи олии вилоят ДДҚ ба номи Н. Хусрав ва ДДК ба номи А. Рӯдакӣ барои соҳа мутахассисон омода мегарданд. Аз рӯи таҳлилу мушоҳидаҳо маълум гаштааст, ки лавозимоти дарсӣ барои таълими донишҷӯён тамоман кам буда, донишҷӯёни соҳа тамоман кам ба омӯзишҳои амалӣ ҷалб мегарданд. Ҳамзамон, донишҷӯён ба таъсиси ширкатҳои туристӣ дар вилоят таваҷҷуҳи зиёд карданд.
боис шуда, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳрҳо, махсусан, пойтахт аз бисёрии нақлиёт ҳаракат суст ҷараён ёбад. Мусофирон аз боиси ба кор дер мондан асабонӣ мешаванд. Сабукрав дар шароити кунунӣ барои мардуми тоҷик серхароҷот маҳсуб меёбад. Лек ба ин нигоҳ накарда, бисёриҳо дар сар ҳавои соҳиби сабукрав шуданро доранд. Аз чанд нафар дӯстам, ки соҳиби сабукраванд, пурсон шудам, ки магар намешавад савори дучарха ба коргоҳ ҳозир шаванд? Суолам барояшон чун таҳқир буд. Маълум шуд, ки савор шудани дучархаро барои худ ор дониста, аз он ҳазар мекунанд.
сар ҳавои хариди сабукрав доранд. Мувофиқи нақли Фирӯз тамоми навъҳои дучарха ба бозорҳои кишвар асосан аз давлати Чин ворид мегарданд. - Имрӯзҳо дучархаи кӯдакона бештар ба савдо меравад, - изҳор намуд Фирӯз. – Баъзеҳо намуди дилхоҳро фармоиш медиҳанд. Як миқдор маблағро чун пешпардохт месупоранд. Дар ин маврид хоҳиши онҳоро ҳатман ба ҷо меорем. Мувофиқи иттилои расонаҳои Қирғизистон Омурбек Абдураҳмонов, вакили мардумии ин кишвар аз ҳамтоёни хеш дархост намудааст, тавассути дучарха ба кор ҳозир ша-
Майли наврасон ба дучархаронӣ
Ҳангоми донишҷӯӣ дар солҳои шӯравӣ бисёр мушоҳида мекардам, ки ҳунарманди варзида, шодравон Маҳмуд Тоҳирӣ ба Театри академӣдраммавии ба номи Лоҳутӣ бо дучархаи варзишӣ меомад. Ҳамчунин, дар кӯчаҳои шаҳр савори он сайру гашт мекард. Фирӯз ном ҷавони соҳибкор, ки дар бозори “Султони кабир” ба фурӯши дучархаҳо машғул аст, изҳор дошт, тиҷорати ин навъ мол мавсимист. Бо оғози баҳор то оғози сармо. Нархҳо низ гуногун аст. Вобаста ба сифат. Аз сад то ҳафтсад сомонӣ. Аз Фирӯз пурсон шудем, ки мизоҷони ӯ бештар киҳоянд: калонсолон ё наврасону ҷавонон? Ӯ посух дод: - Мизоҷони мо, асосан, наврасон ба ҳисоб мераванд. Аз ҳама бештар мо велосипедҳои гуногунро маҳз барои ин гуна мизоҷонамон меорем. Калонсолон ба хариду савори велосипед он қадар майл надоранд. Онҳоро бештар дар мошинбозор дидан мумкин, ки дар
Имрӯз зиндагиро бе автомобил тассавур кардан мушкил аст. Ҳамаи мо мехоҳем ҳар саҳар бо мошини шахсиамон роҳат ба ҷои кору таҳсил, истироҳат ва аёдати хешовандон равем. Аммо аз пайи роҳати худ шуда, фикр намекунем, ки мошин дар баробари сари вақт ба манзил расонидан ҳаворо бо газҳои заҳрнок ифлос мекунад. Инчунин, мошинҳо баробари дучори садама гаштанамон боиси марги одамон мешавад. Аз рӯи маълумоти омор ҳар рӯз дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна дар садамаҳои нақлиёти автомобилӣ зиёда аз 3000 нафар мефавтанд.
ванд. Ӯ ин таклифи хешро бо далели пешгирии харҷи беҳудаи хазинаи давлат асоснок медонад. Омурбек Абдураҳмонов изҳор доштааст, ки тамоми вакилон мошини хизматӣ доранд. Ин боиси ҳарҷи беҳудаи маблағ ва зидди демократия аст. Ба қавли ӯ, ҳоло тамоми мансабдорони кишварҳои аврупоӣ аз имтиёзҳои барояшон пешбинишуда даст кашидаанд. Президенти кишвари мо низ дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ изҳор намуд, ки мансабдорон аз имтиёзҳои барзиёд ва истифодаи мошинҳои хидматии гаронарзиш худдорӣ намоянд. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки бархе аз мансабдорон ҳамоно гуфтаҳои Сарвари давлатро аз пеши гӯш гузаронда, бо харҷи беҳудаи маблағҳо, маҳз аз мошинҳои гаронарзиш истифода мебаранд. Мабодо ба онҳо пешниҳоди истифодаи дучарха шавад, пас онро чӣ тавр қабул мекарда бошанд?
Ҳар дақиқа дар корхонаҳои автобилбарории кишварҳои ҷаҳон 1 мошини нав истеҳсол мешавад, ки боиси хатарноктар шудани роҳҳо мегардад. Бинобар ин, ҳар сол дар бисёр кишварҳо 22 сентябрро чун Рӯзи ҷаҳонии бидуни автомобил таҷлил мекунанд. Аввалин бор ин чорабинӣ дар Фаронса баргузор шуд. Соли 1998 якбора дар 20 шаҳри Фаронса сокинон маъракаи «Як рӯз бе автомобил»-ро таҷлил карданд. Аз соли 2001 Рӯзи ҷаҳонии бидуни автомобил дар 35 кишвар расман ба қайд гирифта шудааст. Албатта, сарварони ташкилотҳои экологӣ ва мири шаҳрҳое, ки чунин чорабиниҳоро доир мекунанд, ба хубӣ медонанд, ки пурра аз автомобил даст кашидан ғайриимкон аст. Аммо баргузории чунин чорабинӣ нишон медиҳад, ки ақалан соле як бор диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти аз автомобил сарзананда равона шавад. Рӯзи ҷаҳонии бидуни автомобил дар тамоми шаҳрҳои калони Аврупо бисёриҳо мошинашонро дар хона монда, бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор мераванд. Иддае дар ин рӯз аз велосипед истифода мебаранд ва ё пиёда гаштанро афзалтар мешуморанд. Баргузории чунин маърака ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ мусоидат карда, ифлосшавии ҳаворо пешгирӣ менамояд. Имрӯз қариб аз се як ҳиссаи аҳолӣ соҳиби мошини хусусианд. Аз ин рӯ, дар тамоми кишварҳо ифлосшавии ҳаво аз ҳисоби мошинҳо зиёд мешавад. Маъракаи Рӯзи ҷаҳонии бидуни автомобил имкон медиҳад, ки ҳар як шахс новобаста аз дину миллаташ дар пешгирии ифлосшавии ҳаво ҳисса гузорад. Танҳо ҳангоми дар назди чароғаки роҳнамо ё истгоҳ хомуш кардани мотор ихроҷи газҳои зарарнок 10% кам мешавад. Рӯзи ҷаҳонии бидуни автомобил дар маркази шаҳри Париж роҳҳои марказии шаҳрро мебанданд. Ба сокинон барои ба манзил расидан велосипед кироя медиҳанд. Кироягир танҳо ҳуҷати худро ба гарав гузошта, бе пул велосипедро истифода мебарад. Соли гузашта сокинони 1931 шаҳри 47 мамлакат дар ин маъракаи муҳими экологӣ ширкат карданд. Федератсияи варзиши велосипедронии Тоҷикистон мақсад дорад, ки 20-21 сентябри соли равон дар ҳудуди варзишгоҳи «Спитамен» ва хиёбони Рӯдакии пойтахт Фестивали велосипед доир кунад. Дар доираи ин маърака, ки ба рӯзи тавлиди велосипед (15 сентябри соли 1801) ва Рӯзи ҷаҳонии бидуни автомобил бахшида мешавад, намоиши велосипедҳо, мусобиқа миёни велосипедронони ҷавону наврас ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Баргузории чунин чорабиниҳо нишон медиҳад, ки муносибати аҳолӣ, алалхусус, насли наврас ба тозагии муҳити зист дигар шуда, мардум моҳияти нақлиёти аз лиҳози экологӣ тозаро бештар дарк намоянд. Илова бар ин, велосипедронӣ як намуд тарғиби тарзи ҳаёти солим буда, тавваҷуҳи аҳолиро ба варзиш ва саёҳат ҷалб менамояд.
Толибшоҳи ДАВЛАТ, “ҶТ”
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
ва ҳазари калонсолон аз он Албатта, савори дучарха сайру гашт намудани наврасон ҳеҷ ҷойи бадӣ надорад. Лек тарзе ки онҳо дучархаронӣ мекунанд, на танҳо ҷони худ, балки атрофиёнро ҳам ба хатар меандозанд. Ҳамаи ин пеши назари волидону калонсолон, атрофиёну ҳомиёни тартибот сурат мегирад. Мутаассифона, касеро ба ин масъала коре нест. Ҳине ки воқеаи нохуш рух дод, домани афсӯсу надомат бод медиҳему халос. Баҳри сари вақт пешгирии он бошад, саъй намекунем. Сайру гашт бо дучарха як василаи истироҳат ва шуғл ба варзиш маҳсуб меёбад. Дар баъзе кишварҳо, бахусус, кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё, чун Ветнам, Лаос ва дигар шаҳрҳо пур аз саворони дучарха аст. Дар ин давлатҳо, дар баъзе кӯчаҳо танҳо дучархаҳо ба чашм мерасад, ки ҳазорҳо нафар савори он дар равуоянд. Яъне, дучарха чун воситаи нақлиёт шакли оммавиро гирифтааст. Дар як қатор кишварҳои Аврупо барои дучархаронон ҳатто кӯчаҳои махсус ҷудо шудааст. Ба ин васила эшон аз дигар нақлиёт ҷудо ва озод рафтуо карда, ба роҳҳои мошингард ва пиёдароҳҳо нахоҳанд баромад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳоло нархи сӯзишвории нақлиёт чӣ қадар арзиш дорад. Бархе аз дорандагони нақлиёт, махсусан, сабукрав, бар он андешаанд, ки нигоҳдошташ баробари як оила хароҷот талаб мекунад. Аз ин хотир, на ҳар кас имкони нигоҳубини онро дорад. Ҳоло як қисми муайяни ҷавонони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Чун ба Ватан баргаштанд, аксар саъй мекунанд, сабукрав харанд. Ба он хотир, ки ҳам мошинсавор бошанд ва ҳам то бозгашт ба муҳоҷират, побанди шуғле. Шуғлро дар Ватан қисми бештари муҳоҷирбачаҳо, асосан, дар мусофиркашонӣ мебинанд. Бо сабаби набудани ҷойи кори дилхоҳ. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар аксар хонадони тоҷик нақлиёти сабукравро дидан мумкин аст. Ҳар сол ба кишвар шумори зиёди сабукравҳо ворид мегарданд. Ин ҳолат
Як рӯз бе автомобил
7 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
Бо фарорасии фасли гармо дар кӯчаю хиёбонҳо ва роҳҳои пойтахт наврасону ҷавонони зиёдро дидан мумкин, ки савори дучарха сайругашт менамоянд. На танҳо дар пойтахт, балки дар дигар манотиқи кишвар, бахусус, шаҳрҳо ин вазъ зиёд мушоҳида мегардад.
ИҚДОМ
e-mail: javonontj@mail.ru
МУЛОҲИЗА
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
8
АМНИЯТИ МИЛЛӢ
Дар ҳама давру замон вобаста ба шароити мавҷуда ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ба раванди ҳаёти ҷомеа таъсири назаррас мегузоранд. Бо ишора метавон аз даврони шӯравӣ ёдовар шуд, ки ҳизби ҳукмрон бо мафкураи марксистии худ ва ё ба истилоҳ «идеологияи коммунистӣ» дар сари қудрат қарор дошт ва тамоми паҳлӯҳои рӯзгори мардумро зери назорат ва таъсири пурраи маънавӣ гирифта буд. Мафкураи мазкур бо таъкид ба андешаи фаромиллӣ манофеи аслии миллатҳои ҷумҳуриҳои иттиҳодро сарфи назар намуда бошад ҳам, бо вуҷуди ин талқин ва асоснок мекард, ки ягонагии пролетарии миллатҳо бо таҷассуми он дар миллати ягонаи шӯравӣ ва ё халқи шӯравӣ мурод ва орзуи ниҳоии миллатҳо мебошад. Гӯё маҳз дар заминаи чунин ягонагӣ дар ҷомеаи коммунистӣ, аз рӯи принсипи «аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ ва ба ҳар кас мувофиқи талаботаш» адолати иҷтимоии ҳақиқӣ, саодати ҳамешагӣ, озодии комил, баробарии мутлақи моддӣ ва маънавӣ ҳукмрон хоҳанд гашт. Чунин даъвоҳои мафкуравӣ тамоми аҳли ҷомеаро фаро гирифта, боиси мафкуравигардонӣ ва сиёсисозии яктарафаи ҷомеа, азхудбегонашавии миллатҳо, аз ҷумла, тоҷикон, аз асолат ва арзишҳои миллии худ гардида буданд. Ба хотири аз байн бурдани чунин сиёсати ғалати мафкуравӣ дар охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ҷунбишҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сар заданд. Бо мақсади идора кардани раванди эҳёи арзишҳои миллӣ ва заиф гардонидани нуфуз ва иқтидори мафкураи коммунистӣ тасвиб ва татбиқи қарорҳои ҳукумати ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар масъалаи ғайрисиёсӣ ва ғайримафкуравӣ гардонидани ҳаёти давлат ва ҷомеа амри зарурат ва тақозои замон шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин қарорҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расида, мавриди иҷро қарор гирифтанд. Якум, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғайрисиёсигардонии ҷомеа» ва дуюм, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғайриидеологигардонии ҷомеа», ки дар шоҳроҳи эҳёшавии арзишҳои миллӣ дар Тоҷикистон қадамҳои нахустин гардиданд. Бо назардошти он ки арзишҳои миллии мардуми мо дар тӯли зиёда аз 1300 соли охир дар омезиш бо арзишҳои динӣ рушду такомул
Нуриддин САИД, профессор, Мумин НАЗАРОВ, дотсент
меёфтанд, барои арзишҳои динӣ, хосатан, арзишҳои исломӣ ҷойгоҳ ва нақши муносиб ҷустуҷӯ мегашт. Ҳатто баъзе ҳизбу гурӯҳҳои алоҳидаи одамон кӯшиш мекарданд, ки дар муқоиса бо арзишҳои миллӣ бештар ба эҳёи авлавият ва арзишҳои исломӣ, хусусан, сиёсигардонии ислом таваҷҷуҳи бештар ва яктарафа диҳанд. Ҳақиқати ҳол он шуд, ки миллати тоҷик аз ифротгароии мафкуравии коммунистӣ раҳо наёфта, мубталои ифротгароии динӣ-сиёсӣ гашт. Зиёда аз ин, зиёиёне, ки солиёни зиёд зери таъсири мафкураи коммунистӣ зиндагиву фаъолият мекарданд ва руҳияи миллӣ надоштанд, беихтиёр, аз лиҳози маънавӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи андешаи миллиро дар мафкураи давлатӣ холӣ
зии дин ва теократисозии ҷомеа муқобил гузошт, то пеши роҳи чунин равандҳои ифротӣ гирифта шавад ва дар баробари ин, ҳисси бегонапарастиро, ки дар ҷомеа тавассути мафкураи динӣ ба вуҷуд омадааст, аз байн бурда, ба давлат ва ниҳодҳои он характери миллӣ бахшида шавад. Ба фикри мо, ин мафкураи миллист. Танҳо рушду нумӯи мафкураи миллӣ метавонад пеши роҳи ҳар гуна гароишоти тундравии динӣсиёсиро дар ҷомеа гирад ва бақои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд. Гузашта аз ин, дар сохтори ин мафкура бояд ҷойгоҳи Ватану миллат ҷиҳати хидмат ба давлатдории навини тоҷикон ба хотири хунсо гардонидани ғаразҳои бегонапарастонаи ҳокимиятхоҳии онҳо
ҳамчун низоми назариявии том дорои сохтори хеле мураккаб аст. Ҳарчанд ин низом моҳият ва мазмуни махсус дошта бошад ҳам, вале он аз доираи арзишҳои умумиинсонӣ берун буда наметавонад. Он дар асоси мафҳумҳои илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ таҳия шуда, аз онҳо босамар истифода мебарад. Ҳама гуна мафкура, алалхусус, мафкураи миллӣ, маҷмӯи ақидаю тасаввуроти фалсафӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва динӣ мебошад, ки манфиати муайяни давлати миллиро ифода намуда, фаъолияти ҷамъиятиро ҷиҳати татбиқи онҳо роҳнамоӣ месозад.
карда мешавад. Аз ин бармеояд, ки мафкура, аз ҷумла, мафкураи миллӣ, вазифаи мақсадгузорӣ, муттаҳидгардонӣ, ваҳдатсозӣ ва сафарбаркуниро иҷро намуда, дар ҳаёти ҷомеа нақши фавқулодда ва ниҳоят муҳим дорад. Мафкураи миллӣ чунин зуҳуроти ҷамъиятие мебошад, ки бидуни истифодаи он, фаъолияти пурсамари давлати миллӣ (давлат агар характер ё моҳияти миллӣ дошта бошад) имконнопазир аст. Моҳиятан ва амалан давлати миллӣ ва мафкураи миллӣ ҳамрадиф ва ҷудонопазир мебошанд. Як мушкилоти мафкураи
гузоштанд. Ба ин васила, фазо ва зарфияти маънавии холиеро, ки ба иллати оҷизии мафкуравии зиёиён ва донишмандон дар ҷомеа ба миён омад, руҳониёни қудратхоҳ ва исломиёни сиёсӣ бо арзишҳои фаромилии динӣ ва бегонапарастӣ босуръат фаро гирифтанд ва пур карданд. Ҳамзамон, бо чунин дигаргун шудани фазои мафкуравӣ дар ҷомеа ташаннуҷи сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба вуҷуд омад. Дар натиҷа, дар ҳаёти ҷомеа муттасил ва пай дар пай ҷараёни сиёсисозии исломӣ шиддат гирифт, хусусан, дар забон, илм, фарҳанг, тарзи ҳаёт, сарулибос, рафтор, кирдор, гуфтор, симои зоҳирии одамон ва ғайра хусусияту тобишҳои динӣ-мафкуравӣ намоён гаштанд. Ҷараёни сиёсисозии исломӣ рафта-рафта чунон тезу тунд гашт, ки дар бисёр ҳолат пайравони тундрави он табиат, моҳият ва таъиноти ахлоқии умумиинсонии дини мубини исломро тағйир доданд. Акнун кас гумон мекунад, ки Худованд одамонро барои тундравии динӣ офаридааст, на дини мубини исломро барои одамон. Ё ба ибораи дигар, гӯё мардуми мусулмон бояд дар хидмати руҳониёни сиёсии ислом бошанд, на баръакс, ходимону руҳониёни дини мубини ислом дар хидмати мардум. Маҳз сиёсисозии исломии ҷомеа, ки як шакли нави мафкуравикунонии ифротӣ буд, боиси пайдоиши даҳҳо равияи тундрави динӣ, ба истилоҳ «Таҳрир», «Таблиғ», «алҚоида», «Аҳмадия», «Салафия» ва ғайраҳо гардид, ки пасомади нохуш дорад. Вале, агар масъала дар сари пойдории асосҳои анъанавии ҷомеа, хосатан, ҳифзи амнияти мафкуравӣ ва аз ҳама асосӣ, бақои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равад, он гоҳ вазъият хеле нигаронкунанда хоҳад буд. Дар робита ба масъалаи мавриди назар саволе ба миён меояд, ки чӣ бояд кард? Кадом мафкураро метавон ба ҷараёни сиёсисо-
муайян гардад ва рисолати маънавию ахлоқии ин дини муқаддас барқарор шавад. Ёдовар мешавем, ки аз ҷумлаи динҳои ҷаҳонӣ дини мубини ислом ҳамчун дини ҷавонтарин дорои ҷавҳари бузурги фарҳангии умумиинсонист. Чунин характер доштани ин дин ҳодисаи тасодуфӣ нест ва аз ягонасозии асли инсоният маншаъ мегирад. Гузашта аз ин, дини мубини ислом дар миёни динҳои ҷаҳонӣ ягона динест, ки дар пояи инсонмеҳварӣ рисолати абадӣ дорад. Асосгузори дини ислом паёмбар Муҳаммад (с) дар як вақт роҳбари уммати бузург низ гардида буд. Зиёда аз ин, таъиноти дини ислом ва паёмбар Муҳаммад (с) дар баробари ҷаҳонгир кардани дини мубини ислом ва мутамарказ гардонидани қабилаҳои парокандаи араб аз таъсиси уммати ягонаи исломӣ дар миёни қавму қабила ва халқияту миллатҳои (дар фаҳмиши исломии истилоҳ) мухталиф аён мегардид. Аз ин рӯ, дини исломро аз рисолати умумиинсонии он ҷудо намудан, ё пайравони онро бе ормони расидан ба ҷомеаи одилона ва ваҳдати умумиинсонӣ амрест муҳол. Албатта, роҳу усули эҳёи ҷавҳари инсонмеҳварии дини ислом дар Тоҷикистон зиёд мебошад, пеш аз ҳама, бунёди кохи муҳташами мафкураи миллӣ. Зиёда аз ин, миллисозии арзишҳои фарҳанги ислом ва аз ин тариқ аз худ кардани арзишҳои инсондӯстонаи он. Ҳамзамон, андеша ва амалияи давлатдории исломиро аз ҷавҳари динӣ-ахлоқии он то абад ҷудонопазир донистан, эҳёи фарҳанги инсонмеҳварии онро маҳз ба давлат алоқаманд сохтан муносибати ҳакимона бо ин дини бузург нахоҳад буд. Зеро бисёр хилофатҳо ва давлатҳои исломӣ аз байн рафтаанд, вале ислом ҳамчун дини фародавлатӣ ва фаромиллӣ побарҷо боқӣ мондааст. Дар ин маврид аз таърих бояд ибрат гирифт, ки баҳс дар атрофи он албатта, мавзӯъ ва таҳқиқоти алоҳидаро талаб менамояд. Мафҳуми мафкураи миллӣ
Азбаски мафкура ҳамеша низоми муайяни ақида ва ғояҳо мебошад, дар он дар асоси манфиат муносибати одамон ба воқеияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин, нисбат ба ҳамдигар дарк ва баҳогузорӣ мешавад. Бинобар ин, ба сифати шаклҳои зоҳирии ифодаёбии он як зумра таълимоту консепсияҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ баромад мекунанд. Мафкураи миллӣ новобаста аз он ки дар шакли як таълимоти бонизом ба қайд гирифта мешавад, ё дар намуди ғояҳои парешон ва мухталиф қобили қабул мегардад, бояд ба сифати таълимоти бонизом ва мақсаднок шакл гирад ва рушду нумӯ ёбад: монанди мафкураи миллии амрикоӣ, фаронсавӣ, бритониёӣ, русӣ, яҳудӣ ва ғайра. Албатта, мавҷудияти намудҳои дигари мафкураҳо аз воқеият берун ва истисно нестанд. Қобили зикр аст, ки мафкураҳо, хусусан, мафкураи миллӣ дорои қонунияти хоси инкишоф мебошанд. Ҳама гуна сохтори мафкуравӣ мафҳум ва ғояҳоро, ки дар дин, илм, санъат, фарҳанг, тамаддун, таърих, ҳуқуқ, ахлоқ ва ғайра мавҷуданд, дар шакли назариявӣ ба низом, дароварда, ба онҳо рушду нумӯи хос мебахшад. Вобаста ба сохтори ҷомеа мафкура ба се гурӯҳ тасниф мешавад: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ё гуманитарӣ. Ҳамзамон, намудҳои дигари таснифи мафкура низ дар илми ҷомеашиносӣ маълуму машҳур мебошанд. Ҳарчанд донишмандони маъруф, аз қабили К. Манхейм, Р. Михелс, Г. Моска, В. Парето ва даҳҳо назариячиёни дигар роҷеъ ба ин масъала нуктаҳои назари мухталиф доштанд, аммо восита ё олоти амалӣ ва нотакрори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ будани мафкура, хусусан, мафкураи миллиро инкор накардаанд. Баръакс, бар он андеша буданд, ки бо ёрии мафкура, хусусан, мафкураи миллӣ ҳадафи инкишофи ҷомеаи миллӣ коркард, умумияти иҷтимоӣ сарҷамъ, нерӯи иҷтимоии одамон, нерӯи сиёсӣ ва иқтисодӣ муттаҳид ва самтгир
миллӣ дар ҳама давру замон новобаста аз тафовути давлату миллатҳо «давлатӣ» будан ё набудани он аст. Бояд изҳори назар намуд, ки дар ин росто дар илми ҷомеашиносӣ ду истилоҳ мавриди истифода аст: “мафкураи давлатӣ” ва “мафкураи давлат”. Коршиносон дар атрофи ин ду мафҳум баҳсу андешаронӣ мекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки ин ду мафҳумро танҳо пасванди калимасози «ӣ» аз ҳам ҷудо мекунад. Дар асл, аз лиҳози маъно ва мазмун айниятдор набуда, аз якдигар тафовути ҷиддӣ доранд. Хотиррасон мекунем, ки мафкураи давлатӣ ҳамон замон моҳиятан характери давлатӣ мегирад, агар ба сифати мафкураи давлатӣ дар банди махсус дар Сарқонуни кишвар қайд шавад: чи тавре дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар моддаи 6-и Сарқонуни он сабт гардида буд. Давлатӣ гардидани мафкураи миллӣ, чуноне таҷрибаи таърих нишон дод, зуҳуроти чандон хуб нест. Дар ниҳояти кор, он метавонад ба гуногунандешӣ, плюрализм ва озодиҳои фитрии инсон монеа эҷод кунад. Зиёда аз ин, сабабгори якандешӣ, якбинӣ, тафаккури қолабӣ гардад ва дар ҷомеа манзалати «доварии ақлҳо»-ро иҷро кунад. Дар натиҷа, мафкураи давлатӣ ғалбери мудҳишеро мемонад, ки ҳама ашё аввал аз он гузаронида шуда, сипас, «қобили қабул» мегарданд. Маҳз аз ин хотир шахсиятҳои бузург ва коршиносони варзида ҳамин паҳлӯи мафкураи давлатиро написандида, муқобили он мубориза мебаранд ва ҷомеаи дунявиро, ки дар он ҳеҷ як мафкура ва дин дар назди қонун нисбат ба мафкура ва дини дигар афзалият ва бартарӣ надорад, мепазиранд ва барои ҳастии чунин ҷомеа талош меварзанд. Мафҳуми мафкураи давлат бошад, дорои мазмуни дигар аст. Маълум аст, ки давлат бе мафкура буда наметавонад, чунки мафкура ҳамрадифи давлат аст. Мафкураи давлат маҷмӯи ғояҳо, назарияҳо ва таълимоти ҷамъиятии шах-
Мақоми мафкураи
давоми асрҳои гузашта омили инкишофи маънавии ҷомеа буданд. Арзишҳои мафкуравӣ таърихан ташкилшавии сохтору ниҳодҳои нави иҷтимоиро муайян мекарданд: дар ибтидо таълимоти мафкуравӣ рӯи кор меомаданд ва дар асоси онҳо муносибатҳои иҷтимоӣ дигаргун мешуданд. Мафкураи миллии давлат на танҳо воситаи самараноки идоракунӣ, ҳамчунин, силоҳи пурқудрат, воситаи нерӯманди таъсиррасониҳои давлат мебошад. Вай қудратеро дорост, ки нисбат ба қувваҳои ҳарбӣ, тавоноии иқтисодӣ ва дипломатӣ матинтар аст. Агар ҷомеа ё давлат аз мафкураи миллӣ, умуман, рӯ гардонад, ё мафкураи миллӣ надошта бошад, ё мафкураи миллии худро насозад, пас,
муборизаи миёни тарзи ҳаёти миллатҳо, истиқлолиятҳо, стратегияҳои миллӣ ва ҳатто миёни пешгӯиҳо, лоиҳа ва нақшаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, ки дар чорчӯбаи мафкуравӣ то андозаи лозима ҷойи худро пайдо карда натавонистаанд. Ҳамин тавр, мафкураи миллӣ ҳамчун низоми ғояҳо ва назариёти мукаммал, дар навбати худ, пояи сиёсати мушаххас мебошад. Дар чунин ҳолат, сиёсати ҳақиқӣ татбиқсозии ҳадафу афзалияти мафкуравӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт аст. Аммо бояд қайд намуд, ки дар таърих ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки «соҳибмаърифатҳои зеҳнӣ» (интеллектуалҳо) бо машғул шудан ба мафкураҳои парешону аз истеъмол дурмон-
Ҷавҳари умумимиллии давлатро мафкураи миллӣ ташкил медиҳад. Масъалаи ба тасвиб расонидани мафкураи миллӣ вазифаи ниҳоят мураккаб аст. Дар ҷомеаи мо низ аз давраи соҳибистиқлолӣ коркард ва тафсири мазмуни мафкураи миллии тоҷикон оғоз ёфтааст. Ташаккулёбӣ ва рушди мафкураи миллӣ тақозо менамояд, ки созишу ҳамдигарфаҳмии субъектҳои фаъолияти сиёсӣ дар мавзӯи арзишҳои волои ҷомеа, майлгирӣ ба барномаҳои инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат ва таҳкими давлатдории миллӣ авлавият дошта бошанд. Таҷрибаи рушду нумуи ҷумҳурӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ нишон дод, ки ваҳдати миллӣ, муросою ҳамдигарфаҳмӣ
ситаи иҷтимоӣ мебошад, ки бидуни истифодаи он фаъолияти пурсамари давлати миллӣ имконнопазир аст. Воқеан, тавре гуфтем, давлат ва мафкура таърихан ҷудонопазир ҳастанд. Ғайримафкуравигардонӣ ё худ деидеологизатсия (кӯшиши бартараф кардани ҳама гуна мафкура), ки солҳои 90-уми асри ХХ дар фазои пасошӯравӣ вусъат гирифт, барои заиф гардонидани мафкураи коммунистӣ мусоидат мекард. Агар баҳои воқеӣ дода шавад, худи «ғайримафкуравигардонӣ» дар асл як навъ ивазкунии як мафкура бо мафкураи дигар аст. Ҷойи баҳс ҳам нест, ки агар фардҳо, гурӯҳҳои одамон ҳеҷ ягон тасаввуроти ғоявӣ надошта бошанд, пас, онҳо ба сифати субъекти иҷтимоӣ баромад карда ҳам наметавонанд. Мафкураи миллӣ аз донишу арзишҳо бунёд гардида, ҳадафу тамоюли инкишофи ҷомеаро равшан месозад. Мафкураи миллӣ ба низоми давлатдорӣ марбут буда, фаъолияти ошкорои сохторҳои ҳокимиятии онро таъмин месозад. Мафкураи миллӣ нисбат ба сохти минбаъдаи ҷамъият, ки шаҳрвандон ҷаҳди барпо кардани онро доранд, тасаввуроти некбинона пешниҳод менамояд, рафтору амали шахсро муташаккил ва танзим месозад. Аз ин нигоҳ, мафкураи миллӣ, ҳамчунин, ба фаъолияти ҳокимияти давлатӣ самт мебахшад ва рафтори одамонро ба манфиати миллат ва давлати миллӣ идора менамояд. Мафкураи миллӣ низоми донишу арзишҳои ҷамъбастӣ ва таърихан мушаххаси фалсафӣ, илмӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доир ба миллат, ҷомеа, инсон, мавқеъ ва нақши фард дар он ва дарки воқеъии маънии ҳаёт мебошад. Ташкилоти мафкуравӣ таълимоти мафкуравиро коркард ва онҳоро дар шуури омма «татбиқ» менамоянд, фаъолияти сохторҳои иҷтимоӣ ва шохаҳои гуногуни ҳокимиятро дар ҷомеа зери назорат қарор медиҳанд. Гузашта аз ин, мафкурачиёни миллӣ дар
ҳатман аз воситаҳои пурқуввати таъсиррасонӣ бебаҳра мемонад. Мафкураи миллӣ яке аз воситаҳои пурсамари идора ва рушди ҷомеа, давлат ва миллат буда, манбаи тавоноест, ки истифодаи оқилонаи он метавонад ба хотири ҳадафҳо ва идеалҳо натиҷаи пурбор диҳад. Дар ҳолати муайян ва равшан набудани ҳадафҳо ҳама гуна мафкураи миллӣ аҳамиятро аз даст медиҳад ва ба ибораи дигар, чунин мафкура амалан бе манфиат хоҳад буд. Аз ин нигоҳ, эҷоди мафкураи миллӣ ё ташаккули он масъалаи ҳаётӣ буда, дарки зарурати он тақозои замон аст. Ҷомеа ва давлате, ки мафкураи миллӣ ва ормонҳои созанда надоранд, ҳастӣ ва рушди он амри муҳол аст. Ҳар як миллат бояд дорои мафкураи миллӣ бошад ва он мафкураи давлат, алалхусус, давлати миллӣ қарор гирад. Ҳатто миллатҳое, ки «намояндагони соҳибмаърифаташ» мехоҳанд зуҳуроти мафкураи миллиро инкор кунанд, ногузир бояд мафкураи миллӣ дошта бошад. Ҳарчанд дар сатҳи муайян ташаккул додани мафкураи миллӣ дар тафаккури чунин «соҳибмаърифатон» кори осон нест, вале руҳияи созандаи миллат мафкураи онҳоро ба хотири рушду камолоти худ ҳамеша тағйир медиҳад ва аз онҳо ислоҳи назар талаб мекунад. Шоёни зикр аст, ки дар меҳвари ҳама гуна мафкураи миллӣ инсон, шахс дар назар аст. Намудҳои мафкураи миллӣ гуногун бошанд ҳам, ҳадафаш инсон мебошад. Зиёда аз ин, маҳз дар марҳилаи кунунӣ беш аз пеш равшантар мегардад, ки мубориза барои инсон, пуштибонии манофеи сиёсӣ, таъмини бехатарии ӯ дар маркази муборизаҳои мафкуравӣ қарор гирифтааст. Дар ин марҳила, ҷаҳду талоши доимии давлати миллӣ нақши ҳалкунанда хоҳад дошт. Мазмуни муборизаи мафкураҳо танҳо бо рақобати мафкураҳо ё муборизаи андешавии сиёсӣ маҳдуд намешавад. Бояд иқрор шуд, ки ин, ҳамчунин,
да саргарманд. Масалан, аъзои ҳизби коммунист. Ҳарчанд ин иродаи хоси онҳост, вале ҳеҷ кас иҷро нагаштани ҳадафҳои онҳоро аз эшон намепурсад ва онро ҷуброн намекунад. Воқеан, имкон надорад, ки ҷомеа ягон ғояи барои замони худ муҳимро «сари вақт офарида натавонад» ё нисбат ба ягон мафкураи нав беэътиноӣ зоҳир намояд. Назариячиёни мустақил дар ҳар ҷомеа мавҷуд мебошанд ва ғайриҷоиз аст, ки онҳо андешаҳои назариявии барои инкишофи кунунӣ ва ояндаи ҷомеа зарурро пешниҳод нанамоянд. Табиатан ин гуна андешаҳо дар шуури ҷамъиятӣ каму беш дар шакли пӯшида ё ошкоро ҷой доранд. Ҷомеаи мо низ дар қатори ҷомеаҳои дигар, то андозае барои тақвияти беш аз пеши заминаҳои мафкуравӣ ва маънавии раванди дигаргунсозиҳои демократӣ ниёз дорад. Таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки агар дар мамлакат мафкура ё худ низоми арзишҳои барои мардум боэътимод, боварибахш мавҷуд набошад, пас дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маънавӣ ба пешравиҳои назаррас сазовор шудан мушкил аст. Зиёда аз ин, мафкураи миллӣ нисбат ба дигар омилҳо дар демократикунонии ҷомеа аҳамияти беназир дорад. Комёбиҳои ИМА, Шведсия, Ҷопон ва чандин кишварҳои дигар аз омилҳои муайян, ҳамзамон, аз мавҷудияти мафкураи миллӣ, эътирофи волоияти арзишҳои миллӣ ва манфиати миллӣ вобастагии калон доранд. Дар ин ҷода, аҳамияти мафкураи миллӣ дар он аст, ки низоми арзишҳо, тамоюли арзишмандӣ ба ташаккулёбии камолоти ҳар шахс, гурӯҳи иҷтимоӣ, синфҳо, гурӯҳҳои этникӣ, миллат, давлат мусоидат мекунад. Албатта, дифоъ намудан аз ягонагӣ, инкишоф додан ва ғанӣ гардонидани он, аз қабили вазифаҳои асосии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравӣ ба шумор мераванд.
дар байни субъектҳои сиёсӣ, ба осонӣ ба даст намеоянд. Ин кори осон нест. Таҷрибаи як қатор кишварҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки арзишҳои бунёдии миллиро аз таърих ва фарҳанги хеш бояд ҷуст. Аз таҳлили ҳамаҷонибаи мазмуни мафкураи миллӣ худдорӣ намуда, танҳо қайд менамоем, ки дар асоси ташакулёбии сохтори мафкураи миллӣ ва арзишҳои он, чунин унсурҳои умда бояд ҷой дошта бошанд: анъана ва зеҳнияти (менталитети) миллии тоҷикон ва дигар халқҳои хешовандшудаи маскуни ҷумҳурӣ; аз тарафи халқҳои хешовандшудаи маскуни ҷумҳрӣ эҳсос шудани ҳиссӣ соҳибдавлатӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ, худдорӣ аз бегонапарастӣ; қабули демократияи намояндагӣ; эътирофи иқтисоди бозорӣ ва ғайра. Мафкураи миллӣ, инчунин, арзишҳои зеринро бояд фарогир бошад: дарки тақдири муштараки ватандории намояндагони тамоми халқҳои Тоҷикистон; хотираи нек аз ниёгони халқамон, ки дар инкишофи илму фарҳанг саҳми босазо гузоштаанд; эҳтиром ба калонсолон, ки бо ҷаҳду ҷасораташон нерӯи иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кишвар созмон ёфтааст; масъулиятшиносӣ, қавииродагӣ ва ташаббускорӣ баҳри ташаккули давлати демократӣ, иқтисоди мутараққӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони муосир. Мафкураи миллӣ натиҷаи ихтирооти сиёсатмадорон набуда, чуноне ки олими рус Н. Моисеев қайд менамояд, маҳсули истеъдоди олимон ва муҳаббати сиёсатмадорон нисбат ба халқи худ мебошад. Барандагони мафкураи миллӣ одамонанд. Мафкураи миллӣ ва барандагони он аз тарафи ниҳодҳои давлат идора мешаванд. Ниҳодҳои давлат дар самти корҳои мафкуравӣ бояд бо мутахассисони аз нигоҳи маънавӣ ва мафкуравӣ рақобатпазир, тавоно, хирадманд, устувор, мулоҳизакор,
миллӣ дар ҷомеа
баномус, ҳамадон, дорои сифати баланди худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ таъмин бошанд. Зиёда аз ин, мутахассисони ниҳодҳои мафкуравӣ бояд дорои қобилияти эҳсос кардан, шунидани орзую омоли халқ ва ифодагари манофеи онҳо ба хотири накӯсозии зиндагии шаҳрвандон бошанд. Бояд тазаккур дод, ки корбарии мафкуравӣ аз вазифаҳои муқаддастарин маҳсуб меёбад. Онро ба ашхоси бетаҷриба, нохалаф, хусуматҷӯй, бемаърифат, хусусан, ба онҳое, ки ҷаҳонбинии илмии муосир, техникӣ ва технологӣ, инноватсионӣ надоранд, «аз рӯи пӯсти сафед» бовар кардан мувофиқи матлаб нест. Амалигардонии чунин фаъолият меҳнати фидокоронаест, ки аз ҷониби мутахассисони шоиста таҳти роҳбарии оқилонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегирад. Мафкураи миллӣ ифодаи субъективии манфиати танҳо миллати тоҷик набуда, он бояд манофеи тамоми халқҳои маскуни кишварро новобаста аз мансубияти динӣ, мазҳабӣ, синнусолӣ, равонӣ, этникӣ, касбӣ ва ғайра фарогир бошад. Мафкураи миллӣ ҳеҷ гоҳ асоси шовинизми миллӣ, ё мухолифати миллатҳо ва паст задани шаъну эътибори халқияту миллатҳои дигарро надорад. Дар ин маврид сухан дар бораи ифтихори ватандорӣ, номуси шаҳрвандӣ ва муҳаббати аҳли ҷомеа нисбат ба якдигар ба хотири саодати ояндасоз меравад. Махсусан, дар оғози асри XXI, ки ҷаҳонро буҳронҳои шадиди иҷтимоию ахлоқӣ, сиёсӣ ва иқтисодию молиявӣ фаро гирифта, проблемаҳои глобалии ба осоиштагии тамоми бошандагони кураи замин таҳдидкунанда, фарорӯи инсонҳо ва кишварҳо қарор дошта, экспансияи тарзи ҳаёт, хусусан, экспансияи (ҷабран интиқолдиҳии) мафкураҳои мухталифи динӣ ва ғарбгароӣ, ки ба манфиати миллӣ ва бақои давлати миллӣ, хатари ҷиддӣ ворид месозанд, ба хотири рақобатпазирӣ дар муқобили чунин мушкилот мардуми кишвар бо тафаккури созанда ва ғояҳои мафкураи миллӣ омода карда шаванд ва мусаллаҳ бошанд. Бо заҳматҳои пайвастаи Сарвари миллат, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва халқи азизу меҳрубонамон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар бо омезиши ҷаҳонбиниҳои мухталиф, тафаккури арзишманду пешрафта фазои устувори сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоие, ки барои тавлиду густариши мафкураи муттаҳидсоз ё худ мафкураи миллӣ мусоидат намояд, шароит фароҳам оварда шудааст. Инкишофи ҳаёти ҷомеаи солим аз ватандӯстӣ ва гумманизми ҳамаи ходимони давлатӣ, аз ҷумла, пешвоёни давлатӣ, динӣ ва дигар субъектҳои фаъолияти сиёсӣ дар пояи мафкураи миллӣ ва татбиқи амалии ормонҳои асилу олии халқи кӯҳанбунёди тоҷик вобастагии калон дорад ва он рӯз дур нахоҳад буд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз, бо ҳадафҳои олии мафкураи милии хеш ба мурод хоҳанд расид.
e-mail: javonontj@mail.ru
шуда, барҷомонда ва догматикӣ нест. Он як шакли низоми тактикии бахшҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии фаъолияти давлат дар зинаи таърихан муайяни инкишофи ҷамъият мебошад. Давлат метавонад вобаста ба зинаи муайяни инкишоф онро тағйир диҳад, мукаммал созад, ба он характери миллӣ бахшад ва аз он дар пиёдасозии барнома ва ҳадафҳои миллии худ истифода барад, ҷомеаро муттаҳид созад, ягонагии шаҳрвандонро ба вуҷуд орад, сохтори конститутсиониро пойдор гардонад, бехатарии сиёсии ҷомеаро таъмин намояд. Давлати миллӣ бе мафкураи миллӣ вуҷуд дошта наметавонад, чунки мафкураи миллӣ ва давлати миллӣ ҳамрадифанд. Мафкураи миллӣ чунин во-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
9
АМНИЯТИ МИЛЛӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
10
АНДЕША
Яке аз падидаҳои хеле назарраси сол таъсиси Маркази миллии тестӣ мебошад, ки фасодро дар маъракаи дохилшавӣ ба донишгоҳҳои кишвар аз беху бун барканд. «Маркази тестӣ сари «тағо»ро хӯрд!» Чунин аст хулосаи баъзе расонаҳо. Аммо дар аввал баъзеҳо бовар надоштанд, шубҳа мекарданд. Яке бо қавоқи гирифта ва бо ғазаб даст афшонда гуфт:
имкони ришва додан ва ришва гирифтан нест. Калиди дари он танҳо дониш асту халос. Инро воқеае ки дар маҳаллаи мо рӯй дод, тасдиқ мекунад. Он рӯз ҳаво бениҳоят гарм буд. Вале чеҳраи бобои Дамирро аз он ҳам гармтар дарёфта, ҳайрон шудем, зеро ӯ ҳамеша малулу афтодарӯҳ буд. Вай моро ба меҳмонӣ даъват карда, илова намуд: – Наоед, хафа мешавам. Бобомурод ҳайрон ба ман нигарист: – Мӯйсафед хоб дида бошад? Ҳарфаш ҷон дошт, бобои Дамир фақирона мезист. Ман танҳо китф дар ҳам кашидам.
– Э, роҳашро меёбанд. Дигаре фикри ӯро тақвият дод: – Ҳо, албатта, инро ҳам одам фикр кардааст-ку! Сеюмӣ қафо мондан нахост: – Одам ба ҳама чиз қодир аст! Ба оташи ин шубҳаҳо қаллобон равған рехтанд. Яке аз онҳо Раъно Раҷабова мебошад, ки барои чанд «хидмат», аз ҷумла, барои дохил кардани як довталаб ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 85 ҳазор доллар пора гирифтааст. Қаллоб ба даст афтод ва мисаш баромад, зеро ӯ на устоди донишгоҳ будааст ва на корманди он. Ба қавли дӯсти шоирам Алиакбари Абдулло, ки дар суҳбат ба мухбири «Чархи гардун» гуфтааст: «Далелҳои фасод дар Маркази миллии тестӣ ошкор нашуданд, вале дар зеҳни мардум ҳанӯз ҳам ақидае боқист, ки бо пул
Рӯз бегоҳ шуда, тафси ҳаво гашт. Бобои Дамир моро бо чеҳраи шукуфону нигоҳи меҳрубон истиқбол гирифт, баъд аз салому алайки муқаррарӣ бо овозе, ки моломоли шодӣ буд, гуфт: – Имрӯз дар хонаи мо тӯй аст. Ҳама бо як овоз гуфтем: – Муборак бошад! Ва ҳамон дам бо табассуми ҳалим ва садое, ки оҳанги узр дошт, илова кард: – Вале дастахонам хоксорона. Бо тасалло гуфтем: – Ҳеҷ хоксорона нест, шоҳона аст! Ӯ бо шавқ боз афзуд: – Ин зиёфат барои адолат аст. Пурсидем: – Кадом адолат. Бо чашмони шуълабор гуфт: – Адолати ҳамин ҷаноб. Сипас, хитоб кард: – Э, ҳазорҳо раҳмат бар падараш!
ҳама корро метавон ҳал кард. Бархе аз устодони донишгоҳҳо ва афроди миёнрав ҳам аз соддагии мардуме истифода мебаранд, ки мутмаинанд бо вуҷуди ташкили Маркази миллии тестӣ роҳҳои зиёди ба донишгоҳҳо дохил кардани фарзандонашон мавҷуданд. Мардуме, ки саводи кофӣ надоранд, мегӯянд, ки фалон муаллим дар фалон донишкада аст, ки ба ӯ мисли солҳои пешин «як чиз-ним чиз» медиҳанду умедвор мешаванд, ки фарзандашон донишҷӯ мешавад». Хулоса, дар Маркази миллии тестӣ
Мо бо ҳайронӣ ҷонибаш нигаристем, ки ӯ кадом ҷанобро дар назар дорад. – Кадом ҷаноб? – Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмонро дар назар дорам. Ҳамаатон медонед, ки ҳамин набераамро Иқбол ном ниҳодем, вале иқболаш нахандид. Падару модараш дар садама ҳалок шуданд. Дирӯз иқболаш хандид, тавассути низоми нави имтиҳонсупорӣ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Фараҳи масарратомезе
Тӯй дар кӯчаи камбағалон
МАОРИФ вуҷудамонро фаро гирифту бархоста, дасташро фишурда, табрикаш кардем. – Муборак бошад! – Ташаккур, – чашмонаш аз шодӣ об гирифтанд. Андаке хаёл карда, дар лабонаш табассуми хайрхоҳонае падид омад ва илова кард: – Ба ростӣ, ман дар шаби хобам ҳам орзу карда наметавонистам, ки ҳамин набераи сағираам ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешавад. Ба ӯ гуфтам: – Иқбол сағира нест. Пирамард гуфт: – Оҳ, бале! Акнун фаҳмидам, ки ӯ дигар сағира нест. Бо қаноатмандӣ афзудам: – На танҳо ӯ, ҳазорҳо нафари дигар низ. – Бале, гапи ҳақро гуфтӣ, – бо хушрӯӣ гуфт бобои Дамир ва афзуд. – Худо ҳозиру бино аст ва ман бо тамоми ҳиссиёту масъулият мегӯям, ки ҳамеша ба Эмомалӣ Раҳмон меҳр доштам, аммо акнун меҳрам даҳчанд зиёд шуд. Бори дигар бовар кардам, ки ин абармард, барҳақ, Президенти адолатпарвар мебошад. Бигзор мардум дигар ба умеди пулу «тағо», холаву амма ва ким-киҳои дигар нашаванду фарзандонашонро аз хурдсолӣ дар рӯҳияи зебопарастиву ватандӯстӣ ва накӯӣ кардан, эҳтироми волидайну арзишҳои миллӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия кунанд. Ҳар нафасу ҳар дақиқа дониш омӯзанд, дар дилашон меҳр ба китобро парваранд. Мо як миқдор пул ба ӯ дароз кардем. – Не, не, намегирам! – қатъӣ рад кард бобои Дамир. – Маро шарм надоронед. – Ин ба Шумо не, ба Иқбол. Бигузор ин пулро барои хӯроки нисфирӯзӣ сарф кунад. Гурусна нагардад, саломатиашро ҳифз кунад, бо баҳои аъло хонад. Бобои Дамир таъзим карду пулро гирифта, ба чашмаш молид.
Вай фавқулодда хурсанд буд ва беқаророна даст ба ришаш мекашид. – Иқбол куҷост? – дафъатан суол кард Бобомурод. Пирамард бо изтироб ба гирду пешаш нигоҳ карда, китф дар ҳам кашиду аз ҳамсараш пурсид. – Ба фикрам, ба гӯристон рафт, – оби дидаашро поккунон ҷавоб дод бибӣ. Аз ғалаёни ҳиссиёт боз дар чашмони бобои Дамир ашк ҳалқа зад.
Шералӣ МӮСО
Сарвари ҷавону кордон
Деҳаи Сангоба дар мавзеест, ки атрофашро талу теппаҳо, кӯҳҳо печонда гирифтаанд. Аз байни деҳ дарёчае бо номи «Оби шифобахш» ҷорист. Дар қисмати ҷануби деҳ мактаб ҷойгир аст, ки ба ҳусни деҳа ҳусни нав зам мекунад. То солҳои қаблӣ бинои мактаб хурд, ба талабот ҷавобгӯ набуд. Машғулиятҳо дар вагон сурат мегирифт. Таълимгоҳ мактаби асосӣ маҳсуб меёфт. Хонандагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 1-и шаҳри Роғун идома медоданд. Деҳа то шаҳр се километр дурӣ дошт, рафту омади хонандагон душвор буд. Маҳина Сангова соли 2009, пас аз хатми Донишгоҳи миллӣ ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба ин мактаб ба кор омад. Ӯ шогирдонро дар рӯҳияи донишомӯзӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, накӯкорӣ, созандагию бунёдкорӣ, меҳнатдӯстию ватандорӣ таълиму тарбия медиҳад. Бо ташаббуси муаллима алоқаи мактаб бо падару модарон ба роҳ монда шуд, ки волидайн барои фаҳмидани донишандӯзии фарзандон ҳафтае як маротиба ба мактаб омада, аз савияи дониши фарзандон огоҳӣ меёбанд. Омӯзгори ҷавон Маҳина Сангова дар бунёди мактаби нав дар ин деҳа фаъолияти хуб нишон дод. Муддати ду соли охир мактаби нав бо ҳамаи шароитҳо сохта, мавриди истифода қарор ёфт. Мактаби таҳсилоти асосӣ ба мактаби миёна табдил дода шуд. Донишу малака, ҷаҳонбинию заҳматҳои Маҳина Санговаро ба инобат гирифта, шуъбаи маориф ӯро сарвари мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 22 таъин кард. Чанде пеш ба мактаби номбурда омадам. Он ҷо гӯшаҳои ҷолибу диққат таъсис дода шудааст. Аз ҷумла, ба ифтихори бузургдошти 600-солагии мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ асарҳои ин адиби бузург гирд оварда шудаанд.
Ҳокими САФАР
Насли наврас имрӯзҳо ҷаҳду талош мекунанд, то номи Тоҷикистонро бо ҳар гуна машғулиятҳо, хоҳ зеҳнӣ бошад, хоҳ ҷисмонӣ берун аз кишвар муаррифӣ намоянд. Мӯниса Мирзоева аз ҷумлаи ҳамин насли пурталошу серғайрат аст, ки ба бозии футбол дилбастагии беандоза дорад.
устоди футбол баранд. Ниҳоят, ӯро назди устоди варзиш Сулаймон Бобокалонов оварданд, ки маҳораташро сайқал диҳад. Мӯнисабону он чи ки аз футбол медонисту метавонист, нишон дод. Маҳорати ӯро ҳам устоди варзиш, ҳам шогирдони футболбозаш хуш қабул карданд. Инак, вай бозингари дастаи футболи “Ласточка”-и Душанбест. Дар ин ҷо пайваста дар талош аст, то орзуи кӯдакиашро ҷомаи амал пӯшонад. Вай бо дили пур аз меҳр мегӯяд, ки “мехоҳам ба мисли беҳтарин футболбозони
донем, ки онҳо бесмар нахоҳанд буд. Мӯниса Мирзоева дар дастаи “Ласточка” яке аз шогирдонест, ки аз мусобиқаҳо дасти холӣ барнамегардад. Медалҳои зиёдеро ба даст овардааст. Чуноне ки худи Мӯнисабону мегӯяд: “Дар ҳар мусобиқае, ки бо дӯстонам сафарбар мешавем, пешакӣ ба худ шарт мегузорам, ки ҳатман бояд гол занам ва барои амалӣ шудани шартам кӯшиш мекунам”. Сулаймон Бобокалонов маҳорати хуби футболбозии шогирдаш Мӯниса Мирозоева-
Мӯниса ҳоло дар синфи 10-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 таҳсил мекунад. Вай баъд аз дарсҳо пайваста дар кӯча бо дӯстон футбол бозӣ мекард. Волидон, ки ба таълиму тарбияи фарзандонашон аҳамияти ҷиддӣ медоданд, рағбати духтарашонро ба футбол дида, ба қароре омаданд, ки Мӯнисаро ба назди ягон
ҷаҳон, ки бо ном гирифтани онҳо кишварашон пеши назар меояд, футболбози беҳтарин гардаму кишварамро муаррифгар бошам”. Албатта, мо ҳам умед дорем, ки дар ин навъи варзиш, ки дар кишвар рушд карда истодааст, Мӯнисабону яке аз муаррифгарони Тоҷикистони азиз хоҳад шуд. Зеро ба талошҳои ӯ дар ин ҷода бовар дорем ва ме-
ро дида, ӯро капитани дастаи “Ласточка”, ки дар он духтарони то 16-сола машғули бозӣ ҳастанд, таъин кард. Эътимоду боварии мураббиаш ҳоло Мӯнисабонуро водор кардааст, ки бештар машқу тамрин намуда, нозукиҳои футболро омӯзад.
Кӯчарӯб ва фаросати мо
Духтари соҳиби орзуҳои рангин
Суман ГАДОЕВА, донишҷӯи соли дуюми ДМТ
Шип-шипи ҷорӯб мисли ҳаррӯза аз хоб бедорам кард. Ба айвон баромадаму тирезаро кушода, ба холаи кӯчарӯб, ки поёни бинои баландошёнаро меруфт, нигаристам. Ин зани меҳрубон саҳар барвақт мехезад. Доим аз пайи кор аст, кораш рӯфтану тамиз кардани саҳни бинои истиқоматист... Ман дар дил ба ин зани тозакор, ки ҳар субҳи барвақт барои озода кардани саҳни бинои истиқоматӣ аз партоб ба кор мебарояд, аҳсан мегӯям. Воқеан, ӯ корашро хуб иҷро мекунад, касе шиква карданашро нашунидааст. Барои кораш, албатта, ҳақмузд мегирад, вале онро ҳалол карда мегирад, чунки хеле ҳассос аст, дар тозагӣ, дар кораш... Зани кӯчарӯб андармони кор буду ман аз тирезаи айвон ба ӯ менигаристам. Ногоҳ халтаи сурхе (бешак, аз ошёнаҳои боло буд) аз пеши чашмам башаст гузашта, рост ба замин бархӯрду он чи ки дарунаш буд, ба чор тараф пош хурд. Ҳуш аз сарам парид. Пучоқи тарбуз, хӯроки гандида, хулоса, ҳар чиз... ва замини навакак аз ифлосӣ тозакардаи холаи кӯчарӯбро дубора олуда кард. Хеле ғашам омад. Таъби занак низ хира шуд. Ба боло нигарист. Соҳиби халтаи партоб, ҳамоне ки лаҳзае пештар онро ба замин партофта буд (аз афташ тамоман аз тарбия маҳрум буд), бо лафзи дағал ва оҳанги таҳқир гуфт: «Эй девона, ба ман нигоҳ накун, кори худата кун, вазифаи ту тоза кардан аст...» Зан, ки дар аввал аз халтаи партобро ҳаво додани ҷавон озурда шуд, баъди шунидани оҳанги гуфтори вай дар чеҳраву симои маъсумаш табассум падид омад. Чизе нагуфт. Вокуниш накард. Шояд андешид, ки ба беақлу бефаросат сухан ҳайф аст! Ӯ дар ҳоле ки табассум чеҳраашро зеб медод, сарашро хам карда, ба рӯфтани тӯдаи партоб давом дод...
11 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Усулҳои беҳтарини забономӯзӣ Масъалаи забондониву забономӯзӣ яке аз он падидаҳоест, ки дар асри нав (асри ХХI-ро асри иттилоот ва пешрафти технология ном мебаранд, бинобар ин бисёриҳо мехоҳанд, ки ҳамзамон бо технология забони мардуми гуногуни сайёраро бидонанд) ҷавонон ба он бештар таваҷҷуҳ доранд. Агар яке ба хотири тавсеа бахшидани ҷаҳонбиниаш забон омӯзад, дигаре ба хотири кашфу ошноии дунёву маданияти инсонҳои манотиқи гуногуни олам мехоҳад забон донад. Сеюмӣ, албатта, барои соҳиби ҷоҳу сарват шудан майли забономӯзӣ мекунад ва бешак, ба назар мерасад, ки ин гуруҳ барои татбиқи мақсади худ бо ҳирс ва ё шавқи бепоён роҳи курсҳои забономӯзиро пеш мегиранд. Аммо мақсад аз донистани забон ҳар чизе, ки набошад, он кори мусбату савоб аст, чунки кас бо мардуми дунё бо забони худи онҳо муошират мекунад. Ин амал инсонҳоро ба ҳам қарин мегардонад.
Зимнан, ҳастанд иддае аз ҷавонон, ки рағбати зиёд ба забономӯзӣ доранд, аммо аз роҳу усулҳои омӯзиши он камтар огоҳанд. Аз ин рӯ, дар поён ҳашт қоидаи омӯзиши забони хориҷиро, ки воқеан, санҷида ва натиҷа додаанд, барои ҷавонон пешкаш менамоем: 1. Забономӯз бояд маҳорати гӯш кардан дошта бошад. Чунки тифл ҳам пеш аз он, ки ба гап задан сар кунад, ба гапҳои атрофиёнаш гӯш медиҳад ва аввалин калимаҳое, ки ӯ талаффуз мекунад, ҳамоне аст, ки аз онҳо шунидааст... Шумо ҳам агар хоҳед, ки забони англисиро ёд гиред, бештар ахбору мусиқии англисӣ (аз талаффузи худи англис ё амрикоиҳо) гӯш кунед. Филмҳое, ки бо забони англисианд, тамошо кунед ва дар ҷамъомаду конфронсҳое, ки бо забони англисӣ доир мешаванд, фаъол бошед! 2. Забономӯз бояд ҳар як калимаи нав ёд гирифтаашро дар гуфтору навиштор зуд-зуд истифода барад, чунки бо ин роҳ калима метавонад дар хотирааш хуб нақш бандад. 3. Чунин ҳам мешавад, ки шумо як калимаро медонед, аммо он дар рафти суҳбат ба хотиратон намеояд. Ин, албатта, аз он сар мезанад, ки гӯянда ё забономӯз
ба худ чандон бовар надорад, балки ҳарос дорад. Бояд тарсу ваҳм як сӯ гузошта шавад. Аз хато кардан натарсем, чунки кас аз хатоҳои кардааш меомӯзад. 4. Бо хориҷиҳо ва забондонҳо муошират кунед. Ин дар рафти омӯзиш ба шумо кӯмак мерасонад ва метавонад такони дигар ва ҷиддие шавад. 5. Ба дарсҳои иловагӣ ё курсҳои махсуси иловагӣ равед. Бо ин роҳ метавонед дар фаъолиятҳои гуруҳӣ, муколама ва саволу ҷавобҳо дараҷаи забондониатонро такмил бахшед. 6. Имрӯз дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ гӯшаҳои амрикоӣ, чинӣ, куриёӣ ва дигар забонҳо мавҷуданд. Ҳар забономӯзе, ки имкони пардохти маблағ барои омӯзиши забонро дар курсҳои омӯзишӣ надошта бошад, метавонад ба ин гӯшаҳо рафта ройгон забон омӯзад. 7. Китобҳоро бо забони англисӣ бештар хонед, ки ин метавонад захираи луғавии шуморо бой кунад ва барои инкишофи нутқатон мусоидат намояд. 8. Дафтарчаи кисагиро тартиб диҳед. Калимаҳои мушкилфаҳмро дар он навишта, дар вақти холигӣ такрор кунед. Ин ба шумо ҳатман кӯмак хоҳад кард. Аммо шарт ва қоидаи аз ҳама асосӣ ин аст: забони модариатонро бояд хуб донед! Наврӯзмоҳ ВАЗИРБЕКОВА, донишҷӯи ДМТ
e-mail: javonontj@mail.ru
Маърифат САЙФУЛЛОЗОДА, донишҷӯи ДМТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
12
ФУТБОЛ. БОЗИҲОИ ОСИЁ-2014
КАРАТЭ
Ғалабаи Тоҷикистон бар Сингапур
Фарзод Қаҳрамони Аврупо шуд
14 сентябр дар Кореяи Ҷанубӣ мусобиқаи футболи Бозиҳои Осиё шуруъ шуд. Тими олимпии кишвар (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев дар аввалин бозиаш дастаи Сингапурро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро дар дақиқаи 87 ҳимоятгар Сиёвуш Асроров зад. Муҳсин Муҳаммадиев дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки “бозӣ хеле сода набуд. Мо ба Инчхон як рӯз пеш аз бозӣ расидем. Бачаҳо ба муҳит одат накарда буданд. Ба ҳар ҳол пирӯз шудем. Натиҷа барои мо аз ҳама муҳим аст. Вазифаи мо аз гурӯҳ баромадан аст”. Рақиби навбатии шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев дастаи Фаластин аст, ки дар даври аввал бар дастаи Уммон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Тибқи низомнома дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ ба даври 8/1-финалӣ роҳхат мегиранд. Агар дастаи олимпии кишвар аз гурӯҳ барояд, дар даври дигар бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» - Ҷопон, Кувейт, Ироқ, Непал бозӣ мекунад.
Кувейтро бо ҳисоби 4:1 шикаст доданд. Дар гурӯҳи “В” Бангладеш бар дастаи Афғонистон як голи беҷавоб зада, бозӣ миёни Узбакистон ва Ҳонконг мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Дар гурӯҳи “Е” Индонезия ба дарвозаи Тимори Шарқӣ 7 гол ва Тайланд ба дарвозаи Молдив 2 голи беҷавоб заданд. Дар гурӯҳи “F” Кореяи Шимолӣ Чинро бо ҳисоби 3:0, гурӯҳи “G” Аморати Муттаҳидаи Араб Ҳиндустонро бо ҳисоби 5:0 ва дар гурӯҳи “Н” Ветнам Эронро бо ҳисоби 4:1 шикаст доданд.
Ҷадвали бозиҳои ояндаи гурӯҳи «С»: Даври дуюм. 17 сентябр. 13:00. Фаластин – ТОҶИКИСТОН. 16:00. Уммон – Сингапур. Даври сеюм. 21 сентябр. 13:00. ТОҶИКИСТОН – Уммон. 13:00. Фаластин – Сингапур. Дар даври аввали гурӯҳи «А» Арабистони Саудӣ бар Лаос ва Кореяи Ҷанубӣ бар Малайзия бо ҳисоби якхелаи 3:0 ғалаба карданд. Дар гурӯҳи «D» Ироқ дастаи Непалро бо ҳисоби 4:0 ва Ҷопон
ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ
“Хуҷанд” ба ҷои дуюм баромад 13-14 сентябри соли равон ду бозии даври дувоздаҳуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гаштанд. Се бозии дигар бо сабаби ширкати дастаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои Осиё ба вақти дигар гузошта шудааст. Дастаи “Хуҷанд” дар майдони худ тими “Равшан”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро дар дақиқаҳои иловагӣ Манучеҳр Аҳмадов зад. Баъди ин ғалаба дастаи “Хуҷанд бо 24 хол ба ҷои дуюми ҷадвали мусобиқа баромад. Бозии миёни дастаҳои “Далерон-Уротеппа” ва “Хайр” бидуни гол хотима ёфт.
e-mail: javonontj@mail.ru
МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА: ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т/Т
Х
«Истиқлол» (Душанбе)
11
10
1
0
46-6
31
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
12
7
3
2
17-12
24
«Далерон-Уротеппа» (Истаравшан)
12
5
4
3
11-8
19
«Энергетик» (Душанбе)
11
5
3
3
17-12
18
«Хайр» (Ваҳдат)
12
5
2
5
16-15
17
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
11
5
1
5
16-23
16
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
11
3
3
5
16-18
12
КМВА «Помир» (Душанбе)
11
2
2
7
8-17
8
«Равшан» (Кӯлоб)
12
2
2
8
13-32
8
«Вахш» (Қӯрғонтеппа)
11
2
1
8
3-20
7
Фарзод Нуруллоев, варзишгари ҷавони кишвар дар Чемпионати Аврупо оид ба каратэ-киёкушинкай, ки дар шаҳри Истанбули Туркия доир гашт, медали тилло ба даст овард. Дар мусобиқа 200 варзишгар аз 16 давлат ширкат доштанд. Фарзод дар вазни 55 кило бар ҳарифони худ аз Ироқ, Туркия, Доғистони Федератсияи Русия дастболо гашт. Фарзод Нуруллоев, инчунин, соҳиби камарбанди сиёҳи дараҷаи аввал шуд.
РУШДИ ФУТБОЛ
Фестивали футбол дар Рашт Бо ташаббуси Федератсияи футболи мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба ифтихори 23-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар дар варзишгоҳи марказии ноҳия Фестивали футболи кӯдакону наврасон доир гашт. Дар он зиёда аз 3500 кӯдаку наврас аз ноҳияҳои Рашту Нуробод ва Тоҷикобод иштирок доштанд. С. Абдураҳмонзода, раиси ноҳия ва Шавкат Ахмедов, намояндаи Федератсияи футболи мамлакат зимни суханронӣ ҳозиринро бо ҷашни истиқлолият шодбош гуфта, ба онҳо тӯби футбол тақдим карданд. Кӯдакону наврасон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ фаро гирифта шуданд. Баъд аз анҷоми фестивал дар ҳамин варзишгоҳ бозии финалии мусобиқаи
футбол барои дарёфти Ҷоми истиқлол миёни дастаҳои «Рашт» ва «Ялдамич»-и деҳоти Қалъанак баргузор шуд, ки бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи дастаи “Рашт” анҷом ёфт. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар мусобиқаи мазкур 16 даста аз ташкилоту муассиса ва деҳоти ноҳия ширкат доштанд. Дар ин бора Ҷ. Зулфиқаҳоров, сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт иттилоъ дод.
Аз 19 сентябр то 4 октябри соли равон дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ Бозиҳои ХVII Осиё баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони зерин ҷумҳурии моро намояндагӣ мекунанд: №
НОМУ НАСАБИ ВАРЗИШГАР
НАМУД
1.
Умаров Ёқубҷон
Шиноварӣ
2.
Алӣ Сомон Алиаҳмадзода
Шиноварӣ
3.
Хоркашев Рамзиёр
Шиноварӣ
4.
Қурбонов Олимҷон
Шиноварӣ
5.
Қосимов Раҷабмурод
Шиноварӣ
6.
Зубайдова Фирӯза
Камонварӣ
7.
Нам Роберт
Камонварӣ
8.
Назаров Дилшод
Варзиши сабук
9.
Куралов Фарҳод
Варзиши сабук
10.
Пронженко Кристина
Варзиши сабук
11.
Проженко Александр
Варзиши сабук
12.
Атобаев Даврон
Варзиши сабук
13.
Веглина Светлана
Бокс
14.
Ҷафоев Наврӯз
Бокс
15.
Чориева Мавзуна
Бокс
16.
Юнусов Анвар
Бокс
17.
Қурбонов Ҷаҳон
Бокс
18.
Расулов Муродҷон
Бокс
19.
Воҳидов Асрор
Бокс
20.
Ғафуров Абдусаттор
Қайиқронӣ
21.
Даминов Шаҳриёр
Қайиқронӣ
22
Нурмуҳаммади Тоҳирӣ
Қайиқронӣ
23.
Сериков Виталий
Қайиқронӣ
24.
Тӯйчиев Алишер
Футбол
25.
Гадойбоев Муминҷон
Футбол
26.
Азимов Бахтиёр
Футбол
27.
Шарифов Алишер
Футбол
28.
Асроров Сиёвуш
Футбол
29.
Бекназаров Хуршед
Футбол
30.
Улмасов Наим
Футбол
31.
Назаров Аҳтам
Футбол
32.
Давронов Нуриддин
Футбол
33.
Чориев Бахтиёр
Футбол
34.
Ҷалилов Ромиш
Футбол
35.
Ҷӯрабоев Амирбек
Футбол
36.
Шарифов Умед
Футбол
37.
Фатҳуллоев Фатҳулло
Футбол
38.
Саидов Абдулло
Футбол
39.
Файзов Расул
Футбол
40.
Ғаффоров Шодибек
Футбол
41.
Эргашев Ҷаҳонгир
Футбол
42.
Восиев Дилшод
Футбол
43.
Абдураҳмонов Муҳаммадмурод
Дзю-до
44.
Комроншоҳи Устопириён
Дзю-до
45.
Қурбоналиев Додохон
Дзю-до
46.
Аминов Каъбатулло
Дзю-до
47.
Расулов Сайидмухтор
Дзю-до
48.
Абдушарифов Расул
Дзю-до
49.
Раҳимов Фарҳод
Дзю-до
50.
Давлатов Сафаралӣ
Каратэ
51.
Ёров Далер
Тирпаронӣ
52.
Валиев Тоҷиддин
Тирпаронӣ
53.
Усмонов Умед
Тирпаронӣ
54.
Козак Анастасия
Тирпаронӣ
55.
Лапшина Любов
Тирпаронӣ
56.
Лагутенко Малика
Тирпаронӣ
57.
Шомаҳмадова Аниса
Тирпаронӣ
58.
Ахмедова Сабрина
Тирпаронӣ
59.
Кучкаров Эраҷбек
Тирпаронӣ
60.
Шерматов Ҷаъфар
Тирпаронӣ
61.
Арутюнян Нурмуҳаммад
Тирпаронӣ
62.
Гулов Алишер
Таэкван-до
63.
Ҳалимова Моҳрӯ
Таэкван-до
64.
Неъматов Фарҳод
Таэкван-до
65.
Раҷабова Фарзона
Таэкван-до
66.
Каримов Давлатурод
Таэкван-до
67.
Шарифова Маҳбуба
Таэкван-до
68.
Алишерова Адолатхон
Таэкван-до
69.
Ҳамидов Наврӯз
Таэкван-до
70.
Каримов Шаҳриёр
Таэкван-до
71.
Ғиёсов Хусрав
Таэкван-до
72.
Яҳёев Мирҳусейн
Софт теннис
73.
Раҷабалиев Неъматулло
Софт теннис
74.
Диловаршоева Малика
Волейбол
75.
Рустамзода Муҳсин
Волейбол
76.
Ёрзода Шариф
Волейбол
77.
Назирова Шаҳноза
Волейбол
78.
Сангов Низом
Вазнбардорӣ
79.
Шукуров Азизҷон
Вазнбардорӣ
80.
Искандари Рустам
Гӯштингирӣ
81.
Облобердиев Хусрав
Гӯштингирӣ
82.
Тӯйчиев Муродҷон
Гӯштингирӣ
83.
Юсуфов Зелимхон
Гӯштингирӣ
84.
Қодиров Баҳодур
Гӯштингирӣ
85.
Воҳидов Сомиршо
Гӯштингирӣ
86.
Абдуллоев Ҳабибулло
Гӯштингирӣ
87.
Усмонзода Фарҳод
Гӯштингирӣ
88.
Шарифзода Азизбекӣ
Гӯштингирӣ
89.
Ноев Николай
Гӯштингирӣ
90.
Раҳмонова Машва
Ушу
91.
Гулмамадов Сиёвуш
Ушу
92.
Хуршедзода Мирзодалерхон
Ушу
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби мамлакат аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиё иштирок мекунад. То кунун 12 варзишгари мамлакат зимни Бозиҳои Осиё 16 медал: 3 тилло, 2 нуқра ва 11 биринҷӣ ба даст овардаанд. Ба гирифтани аввалин медал (биринҷӣ) Исроил Исмоилов (каратэ-до, 80 кило) зимни иштирок дар Бозиҳои ХII Осиё, ки 2-16 октябри соли соли 1994 дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон ҷараён гирифт, мушарраф гардидааст.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
Киҳо ба Инчхон мераванд?
13
e-mail: javonontj@mail.ru
БОЗИҲОИ ОСИЁ-2014
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
14
СИЁСАТИ ҶАҲОН Чанд моҳи охир дар сархати ахбори расонаҳои дунё мавзӯи “Ба таври махфӣ гӯш кардани телефонҳои мансабдорон” қарор дорад. Эдвард Сноуден, собиқ корманди Созмони амнияти миллии Амрико бо фош кардани як қатор ҳуҷҷатҳои махфӣ нишон дод, ки ягон давлат ва сарони ҳукуматҳояшон эмин буда наметавонанд, ки касе онҳоро ба таври махфӣ гӯш намекунад. Маҳз атрофи ҳамин масъала чанде пеш миёни Амрико ва Олмон буҳрони сиёсӣ сар зад... “Пайгирии телефонӣ”
Ба олмониҳо маълум гашт, ки Созмони амнияти миллии Амрико (NSA) дер боз телефони мобилии Ангела Меркел, Канслери Олмонро гӯш мекардааст. Ҳамзамон, аён гашт, ки ҷониби Олмон низ на кам аз як маротиба гуфтушунидҳои телефонии собиқ вазири корҳои хориҷаи ИМА Хиллари Клинтон ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҷон Керриро махфиёна гӯш кардааст. Илова бар ин, маълум шуд, ки яке аз кормандони Агентии истихборотии Олмон (BND) бо номи Р. Маркус ду сол боз ба Агентии истихборотии Амрико (CIA) беш аз 200 адад ҳуҷҷати махфии давлатии кишварашро «тақдим кардааст». Дар ҳамин ҳол, чанд моҳи охир барои ҳукумати Туркия, яке аз кишварҳои дигари минтақа ва муттафиқ бо ИМА-ву Олмон, ки дар садри он Раҷаб Тайиб Эрдуғон шиштааст, замони бебарор маҳсуб меёбад. Бо он далел, ки ба навиштаи расонаҳои маҳаллии олмониву туркӣ як «гӯши» «Bundesnachrichtendienst» (BND) беш аз 40 сол мешавад ба сӯи Туркия равона шудааст. Воқеан, ин ҳама хабарҳоро мутолиа намуда, беихтиёр андешае пайдо мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мансабдорони кишвар аз ин гуна гӯшкуниҳои мафхӣ ва бозиҳои пуштипардаи абарқудратҳо то куҷо эминанд? Оё муколамаҳои телефонии шаҳрвандони Тоҷикистон низ зери назорати ягон кишвари аҷнабие қарор надоранд? Ё кӣ гуфта метавонад, ки муколамаҳои телефонии шаҳрвандони Тоҷикистонро ягон кишвари “дӯст”-у “муттафиқ” гӯш намекунад? Тибқи иттилое, ки расонаҳои олмонӣ моҳи гузашта нашр карданд, Агентии истихборотии Олмон (BND) аз соли 2009 гуфтушунидҳои телефонии вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Туркияро гӯш мекардааст. Аммо бояд ёдовар шуд, ки қабл аз ин ҳодиса, соли 2013 ҷосусони амрикоӣ махфӣ гуфтушуниди телефонии Ангела Меркелро гӯш карда буданд. Ин кор эътирози сиёсатмадорони олмониро ба миён овард ва Меркел бо шиддат изҳор дошт: «Дӯстон» набояд телефони ҳамдигарро гӯш кунанд!». Изҳороти шадидуллаҳни Меркел Барак Обамаро маҷбур кард, ки аз ҳукумати Олмон бахшиш пурсад... Дар сиёсати байналмилалӣ мафҳумоти «дӯст», «муттафиқ» ва ё «душман» маъноҳои хосро дороанд. Одатан байни давлатҳои бо ҳам
«дӯст» гуфутугузор ва ҳамкориҳо ба таври равшан сурат мегиранд ва онҳо «сари роҳи якдигар чоҳ намекананд».
Сукути ҳукумати Эрдуғон
Қаблан маҷаллаи «Der Spiegel»-и Олмон иттилоъ дод, ки Агентии истихборотии Олмон муколамаҳои телефонии як кишвари узви НАТО-ро гӯш мекунад. Баъдан ҳамин нашрия Туркия будани он узви НАТО-ро ошкор кард. “BND аз соли 2009 гуфтугӯҳои телефонии шаҳрвандони Туркия, хусусан, сарони давлат, тоҷирони калон ва ашхоси бонуфузи қишри гуногуни ҷомеаи кишварро махфӣ гӯш мекунад”, - навишта буд нашрия.
Кабир ва Олмон ҳастанд ва бе иҷозати онҳо дар ин минтақа пашша пар намезанад. Пас, метавон чунин хулоса кард, ки қудратҳо аз ҳаводиси минтақа хуб огоҳанд ва барои амалӣ сохтани нақшаҳои худ Туркия барин ходимонашонро дар корҳои «ифлос» истифода мебаранд. Инчунин, бо сабту қайди гуфтугузорҳои махфии чунин «ходим»-он лаҷоми онҳоро дар даст маҳкам медоранду ҳар кореро хостанд, фармонашон медиҳанд.
ҷанг захмбардоштаро дар беморхонаҳои Туркия табобат мекунанд. «ARD», шабакаи телевизионии давлатии Олмон чанд ҳафта пеш бо такя ба иттилои Кумитаи иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки ҳаракати террористии салафигарои ДИИШ дар шаҳри Истанбул, ноҳияи Фотеҳ бюрои иртиботие дорад. Ин бюро одатан барои таъмини харҷи роҳи ҷанговарон ба Сурия хизмат мекардааст. Дар хабар қайд гардид, ки ҷангиён беш аз 400 евро харҷпулӣ гирифта, сарҳадро убур мекунанд. Пас аз убури сарҳад, ба марказҳои гуногуни ДИИШ дар Сурия пайваста, таълимоти идеологӣ ва ҳарбӣ мегиранд. Баъзе аз он ҷанговарон пас аз гирифтани таълим барои пайвастан ба низомиёни ДИИШ ба Ироқ равона мегарданд. Иддае талоши ба Ватан баргаштанро мекунанд. Сардори Кумитаи иттиҳоди Аврупо қайд кард, ки ҳамин тавр танҳо аз қитъаи Аврупо беш аз 2000 нафар ба ҳаракати салафигарои ДИИШ пайвастаанд ва ҷониби Туркия дар ин раванд нақши калидиро мебозад.
муроҷиат кард, то иҷозати таъсиси марказ дар марзи Туркия барои маълум ва пешгирии ҳаводиси Ховари Миёна дода шавад. Иҷозат дода мешавад ва аз ҳамон рӯз ҳайати 32 нафараи баландихтисос дар марзи мо ба таврӣ расмӣ фаъолияти ҷосусӣистихборотиашонро ба ҷо меоранд. Ин марказ ба ташкилоти истихборотии Олмон - BND тобеъ аст». Воқеан, дар мисоли Олмон барин кишварҳои абарқудрат ба осонӣ пай бурдан мумкин аст, ки чунин давлатҳо аз истиқрори давлатҳои ҳамсоя ва минтақа дида, ба амалиёте авлавият медиҳанд, ки ҷавобгӯи манфиятҳояшон аст. Гуфта мешавад, яке аз роҳҳои маъмули амалисозии корҳои ҷосусӣистихборотии BND-и Олмон, ба кор бурдани зан ва пул будааст. Дар ин самт беш аз 5000 ҷосус фаъолият мекунанд. Гарчӣ аз ҷониби сохторҳои махфии ҷосусӣ фаъолона истифода бурдани занон падидаи нав нест, чунки КГБ-и советӣ, МИ6-и англис, МОССАД-и исроилӣ, Вазорати амнияти миллии Эрон ва СРУ барин ташкилотҳо аз ин ҷода доим васеъ истифода бурда, ашхоси лозимаро ба доми хеш меафтонанд... Метавон бе ягон шубҳа қайд кард, ки қитъаи Осиё, хусусан, Осиёи Миёна ҳамчун Ховари Миёна қарнҳои зиёд боз зери назорат ва таъсири як қатор давлатҳои соҳибқудрати минтақа қарор дорад. Ҳарчанд бо чунин давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дипломатии қавӣ дорад, аммо набояд ҳушёриро аз даст дод. Дар кишварамон низ созмону ширкатҳои зиёди хориҷӣ, хусусан, дар минтақаҳои дурдаст бо мақсади рушди ин ё он соҳа фаъолият мекунанд. Ба касе пӯшида ҳам нест, ки ҳар як муассисаи ҳарбӣ ва ё дипломатии кишварҳои хориҷӣ, метавонад ҳамчун маркази истихборотии феълӣ алайҳи кишвари дар он мустақар хизмат кунад.
Осиёи Миёна ҳам минтақаи стратегӣ аст Ба иттилои як профессори турк «соли 1985 ҷониби Олмон ба ҳукумати Туркия
Таъқибҳои телефонӣ Баъзе ҳукуматдорони Туркия аз вуқӯи чунин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, ки агар иддаои мазкур саҳеҳият дошта бошад, Олмон аз Туркия дарҳол бахшиш пурсад! Олмон иддаои “пайгирӣ”-и телефони туркҳоро тасдиқ карда бошад ҳам, рафторашро дурусту баҷо хонда, маълум ҳам кардааст, ки дар оянда ҳам гӯшкуниро давом хоҳад дод. Ангела Меркел низ дар баромадаш доир ба ин масъала гуфтааст, ки Туркия «муттафиқи» Олмон аст (на «дӯст»). Ҳукумати Эрдуғон алайҳи чунин ҳамлаи Олмон чизе гуфта натавониста, сукутро ихтиёр кардааст. Ёдовар мешавем, ки декабри соли 2013 барои Туркия, бахусус, барои ҳукумати Эрдуғон хеле сарду шадид хотима ёфт. 17 декабри соли гузашта, дар натиҷаи гузаронидани «Амалиёт алайҳи фасод ва ришваситонӣ» як қатор ашхоси воломақоми Туркия ва фарзандони чанде аз собиқ вазирон, ҳамчунин, тоҷири эронӣ Ризо Зарроб (дӯст ва шогирди Бобак Занҷонӣ) бо ҷурми фасод ва ришваситонӣ боздошт шуданд. Аммо аз он рӯз Туркия то ҳол истиқрори иқтисодӣ ва амниятиро ба даст оварда натавонистааст. Аммо новобаста ба ин, ҳукумати Эрдуғон бо душмансозиҳои сохта умед дорад, ки парвандаҳои фасодкории алайҳи ҳамроҳону пайвандонаш кушодаро пӯшонад ва ҳамин тариқ, лаҷоми давлатро дар даст нигоҳ дорад. Лаҷомеро, ки аслан дар дасти дигарон аст!
«БИОЛИФТ»-ро барои:
e-mail: javonontj@mail.ru
Робитаи ҳукумати Туркия бо ДИИШ Волфганг Босбах, сардори Кумитаи корҳои дохилаи маҷлиси федералӣ дар як мусоҳибааш масъалаи “таъқиби” телефониро чунин шарҳ додааст: «Агентии истихборотии BND бо сабабҳои зиёд махфиёна ҷониби Туркияро гӯш мекунад. Зеро ҳукумати Туркия бо «даст»-и Ташкилоти истихборотии миллии худ (MIT) гурӯҳҳои радикалӣ-исломии чун ДИИШ-ро бо силоҳ ва логистика таъмин месозад». Гуфта мешавад, ҳудуди Туркия воситаи асосиест, ки ҷанговарон аз Ғарбу Шарқ ба сафи ҳаракати террористии ба ном исломии ДИИШ мепайванданд. Ҳатто афсарону қумандонҳои ҳини
- калон намудани сина, зиёд намудани тарангӣ, қавӣ намудани мушакҳои сина ва мавзун намудани шакли берунии он; - нигоҳ доштани шакли сина, (аз ҷумла, баъд аз таваллуд) истифода мебаранд. - Барои ҳамаи синну сол истифодааш мумкин аст. «Биолифт» аз ҷамъи гиёҳҳо иборат буда, истифодаи он безарар ва одатнадиҳанда аст. Ба шахсоне, ки истеъмолашро давом додан мехоҳанд,
иҷозат аст. Тарзи истеъмол: 2 капсулагӣ ду маротиба дар як рӯз ё 5 донача пилюлӣ 2 маротиба дар як рӯз, давомнокӣ - 30 рӯз. Нархи фурӯш: «Биолифт» пилюлӣ №100 то 57 ва «Биолифт» капсула №60 то 69 сомонӣ. Аз дорухонаҳо дастрас карда метавонед.
Ҳукумати Туркия сохторҳои амниятии Аврупоро дар чунин ранг гирифтани масъала айбдор медонад. Ба гуфтаи ҷониби туркҳо, истихбороти Аврупо доир ба шаҳрвандони аврупоие, ки мехоҳанд аз тариқи Туркия ба ҳаракати ДИИШ пайванданд, маълумоти кофӣ намедиҳанд. Ҳол он ки, тавре маълум аст, ҳокими Ховари Миёна давлатҳои абарқудрате чун ИМА, Фаронса, Бритониёи
«АРТРОВИТ» - (фитобальзам) барои бемории артритҳо (буғумдард), дарди мушакҳо, невралгияҳои байниқабурғавӣ, невритҳо, сарбориҳои барзиёд ва узвҳои такяву ҳаракат истифода мешавад. Рагҳоро васеъ мекунад, ангезиш ба вуҷуд оварда, ба беҳшавии гардиши хун мусоидат мекунад. Истифодаи малҳам аломатҳои нотобии буғумҳоро кам мекунад, дард, варам, илтиҳоб бартараф мешавад. Тавсияҳо оид ба истифода: Малҳамро рӯзе 2 ё 3 маротиба дар ҷои дардмандбудаатон бо ҳаракатҳои маҳскунанда молед. Рақами телефон барои тамос: шаҳри Душанбе - 378-82-29-26, вилояти Суғд ва ноҳияҳои он - 92 749 33 47. Нархи фурӯш - 30 сомонӣ. Аз дорухонаҳо пурсон шавед.
М. САИД, “ҶТ”
«БАЮ БАЙ» ХОБИ ШИРИН БА КӮДАКОН… «Баю-Бай» бедорхобиро аз байн мебарад ва хобро муътадил мегардонад. Рӯзона хобро ба вуҷуд намеорад. Ба раванди қавӣ шудани хотира ва ақл мусоидат карда, ҳолати азхудкунӣ ва омӯзишро беҳтар месозад. Хосияти оромибахш дошта, ба афзоиши асабоният - стресс монеа мешавад. «Баю-Бай»-ро такроран истеъмол намудан мумкин аст. Тарзи истеъмол: Барои кӯдакони аз 1,5-сола боло 15-20 қатрагӣ 3 маротиба давоми як моҳ. Безарар ва одатнопазир аст. Нархи фурӯш - 21 сомонӣ. Истеҳсоли Русия. Истеъмоли он бе дорухати духтур иҷозат аст.
Њоло, акнун Олуда, чиркин
Фурудгоњи Бишкек
Оши бурида
... Ѓафурї, овозхон
Каљпањлу
Гапногир, сартоб
… Сафина, сарояндаи рус
Бањо, арзиш, ќимат Ибодатгоњи бутпарастон
Ањсант, офарин
Хурофотпарастї
Тасвир, сурат Парвои гурусна надорад
Шарм, њаё
Тими машњури футболи Англия
Чашм ба роњ, мунтазир
Фармон
Муњаммад (с) – Расули …
Миллати В.В.Путин
Паёмбари масењиён
Маѓзи зардолу Њарфи аввали алифбои лотинї
Нотоб, касал
Гунањгор
Нохушї, бадбахтї
Модда, элемент
Бемории илтињоби гўш
Пешгўї, рамл
Ширеш, клей
Њашароти хазанда
Рамзи шоњї
Давлат дар Амрикои Љанубї
Садаќа
Камбудї
Чиркин …тут, навъи тут
…и Абубакр, овозхон
Рўй, симо
Ќотили Пушкин
Нозук, мулоим
Калиди автоматикии барќ
Суруди модарон
Шањри Труфалдино дар Итолиё
Бахтиёр …, ширинкор
Нерўгоњи калонтарин дар Тољикистон
Кўл дар системаи Кўлњои Азим
Хоњари падар
« …-24», тамѓаи самолёт
Доруи машњури зуком
Сохтмончї
Моњи нўњуми солшумории шамсї
Агарчї
Моњи пурра
Дарё, ба Арал мерезад
Умедворкунанда
Иёлот дар ИМА
Барои пиёдагардон ё мошинњо мешавад
Аз камон мепарад
Ќаторкўњ дар Аврупо
Марк ..., нависандаи амрикої
Шањр-бандари машњури Њиндустон
Сир, матлаби махфї
Шањри орзуњои О. Бендер
Падар (лањљ.)
Алвонљаки лабораторї
Шутури мода
... Азизова, овозхон
Кўр
Муќобили «ист!»
Аз љинси лўбиё
Буратино, Расм, Малтаовина мул ё Пйеро
Лутфулло ..., актёри тољик
Миллати сокини Вашингтон
Хояндаи «љомашўй»и бешањои рус
Бандагї, њабс Равияи ба Ирон хоси Ислом
Ситораи эстрадаи эронї
«Доллар»и Аврупо Аспи Рустам
ИМА
Камзўлча
Сайёње, ки аввалин бор гирди заминро давр зада буд
Љисми сахти кўњї
Тамасхуру мазоњ
Нидои мухлиси футбол
Воњиди пулии Љопон
Таътили …
Онро бо чашмони пўшида мебинанд
e-mail: javonontj@mail.ru
«Чемодан» ба тољикї
Хуљанди пештара
Камкунї, камТабобат бо шавї сураи Ёсин
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9360), 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маъмур ба нафаре, ки ҳукми қатл гирифтааст, пеш аз ба дор кашидан мегӯяд. - Хоҳиши охиринатро гап зан. Маҳкумшуда: - Носата медодӣ… Маъмур носро ба ӯ дароз мекунад. Баъди нос кашидан маҳкумшуда мепурсад: - Имрӯз чандшанбе бошад? Маъмур: - Душанбе. Маҳкумшуда: - Ё тавба, о... ҳафта нав сар мешавадку...
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ
***
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
Донишҷӯ ба муаллими забони арабӣ: - Гусола ба арабӣ чӣ мешавад? Муаллим, ки тарҷумаи онро намедонист, каме сукут карда, мегӯяд: - Арабҳо сабр мекунанд, то гусола бузург шавад ва он гоҳ мегӯянд “бақар”, яъне, гов.
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ
***
(муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7047 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
АҶОИБ
Манзараи мудҳиш Баҳори соли 1993 Кевин Картер барои акс гирифтан ба Ҷумҳурии Судон, ки он ҷо одамон аз гуруснагӣ ҷон медоданд, меравад. Аксҳои зиёди шахсони аз гуруснагӣ ҷон додаро мегирад. Боре дар майдони буттазори хурде роҳ мерафт, ки ногаҳон садои нарме шунид. Кевин ба тарафе, ки садо мебаромад, назар карда, духтараки дар ҳоли марг қарордоштаро дид. Хост акс бигирад. Ногоҳ чанд қадам дуртар парандаи лошахӯр дар назди ӯ менишинад. Саросема ва оҳиста парандаро натарсонда, чанд сурат мегирад. Бист дақиқаи дигар интизор мешавад, то паранда қанотҳои
худро боз кунад ва ӯ чанд акси хуби дигаре ҳам бигирад. Аммо паранда ҳаракат намекунад ва оқибат духтаракро обдаҳон карда, каме пеш тела медиҳад. Кевин ин манзараро дида, лошахӯрро зада пеш мекунад. Дар ҳамин ҳол духтарча қудрат ба даст оварда, хазида дуртар меравад. Кевин дар назди дарахт нишаста, ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешавад ва ногоҳ майли ба оғӯш гирифтани духтари худро мекунад...
Р.S.
Кевин Картер, аксбардори машҳури дунё баҳори соли 1993 барои аксҳои гирифтаи худ бо номи “Гуруснагӣ дар
Судон” ҷоизаи Пулитсировскийро ба даст овард. Аксҳо аз тарафи рӯзномаи номдори “New York Times” харида шуда, ҷомеаи ҷаҳонро мушавваш кард. Инчунин, ӯро барои ҳамкорӣ ҳамчун аксбардор ба маҷалаҳои номдори ҷаҳон даъват мекунанд. “Манро ҳама муборакбодӣ карда истодаанд, - менависад ба волидонаш, - мехоҳам зудтар бо шумо вохӯрда, аксҳои гирифтаамро нишон диҳам. Ин меҳнати эътирофкардаи ман буд, ки ҳатто дар шаби хоб ҳам орзу намекардам”.
Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Бобо ба наберааш: - Вақте ман дар мактаби миёна мехондам, аз фанни таърих ҳамеша баҳои “5” мегирифтам. Ту бошӣ, “4” мегирӣ. Барои чӣ? Набера: - Бобоҷон, вақте шумо дар мактаб мехондед, таърих кӯтоҳтар буд.
*** Дар толори суд. Судя: - Шоҳид, медонӣ, ки барои шоҳидии бардурӯғ чӣ мешавад? Шоҳид: - Бале, як “Мерседес” ваъда кардаанд...
*** Мард ба ҷойгаҳ медарояд. Занаш, ки аллакай хоб буд, мегӯяд: - Равшан… Бо шунидани ин калима мард асабӣ шуда, занашро шаллоқ мезанад. Зан дар ҳолати тарс ба шавҳараш нигариста, мепурсад: - Барои чӣ задӣ? Мард: - Аблаҳ, ман Равшан не, Акрам. Зан: - Ман равшаниро хомуш кун гуфтанӣ будам.
*** Пулодбой чанд сол дар як тарабхона ба ҳайси пешхидмат кор кард. Дӯстонаш аз ӯ мепурсанд: - Аз ҳама кори душвор дар тарабхона чӣ буд? Пулод: - Пур кардани намакдонҳо. Гуфтанд: - Чаро? Гуфт: - Охир, сурохҳои намакдонҳо бисёр майда буданд.
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Номаи камоли гумшудаи ТШТУ №0509042, ки онро мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24-и ноҳияи Қубодиён соли 2012 ба Умаров Саидмурод додааст, эътибор надорад.