НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№38 (9464), 22 сентябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
ВАҲДАТИ ҶАВОНОН
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Қудрат дар самимияту ваҳдат аст
Беҳрӯз, Кароматулло ва Комроншоҳ соҳиби автомобил шуданд
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
Идеяи миллӣ ғояи марказии давлатсозӣ аст
ҲАФТ РӮЗ 15.09.2016 Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 100 нафар варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҳам рақобат карданд. Мақсади мусобиқа муайян намудани дастаи мунтахаби наврасони мамлакат барои ширкат дар мусобиқоти Осиё ва ҷаҳон мебошад. 16.09.2016 Дар доираи даври дувоздаҳуми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.
17.09.2016 Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо баргузории барномаи консертӣ аз рӯи асарҳои бастакорони тоҷик ва хориҷӣ мавсими 76-уми театрӣ оғоз гардид.
миллӣ бо сокинон ва ҷавонони ноҳияи Нуробод мулоқот карданд.
18.09.2016 Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Рӯзи сафед” намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шариф доир гашт. Дар он рассом беш аз 20 асари худро пешниҳод кард.
20.09.2016 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Урумчии Ноҳияи мухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар расми ифтитоҳи Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии «ЭКСПО Чин-Аврупою Осиё» иштирок ва суханронӣ намуд. Намоишгоҳ то 25-уми сентябр идома меёбад.
19.09.2016 Намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва эҳтироми арзишҳои
21.09.2016 Рӯзи байналмилалии сулҳ таҷлил шуд. 21 сентябр ҳамчун Рӯзи сулҳ дар иҷлосияи 55уми Ассамблеяи генералии СММ эълон шуд. СММ ба ҳамаи давлатҳо пешниҳод кард, ки дар ин рӯз аз амалиёти ҷангӣ даст кашанд.
2
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
АХБОРИ ҲАФТА
ИДМ 25-сола шуд. Ҷаласаи ҷашнӣ дар Бишкек доир гашт 16 сентябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласа Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок намуданд. Дар ин ҳамоиш Молдоваро Сарвазир Павел Филип, Туркманистонро муовини якуми Раиси Девони вазирон Бяшиммурод Хоҷамамедов, Узбекистонро вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов ва Украинаро сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Қирғизистон Николай Доро-
шенко намояндагӣ карданд. Роҳбарони кишварҳо нахуст рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳоро, ки масъалаҳои марбут ба ҳамгироии сиёсӣ, таъмини амнияту субот дар қаламрави Иттиҳод ва ҳамкориҳои гуманитариро фарогир буд, дар нишасти хоса мавриди муҳокима қарор доданд. Дар оғози суханронии хеш дар ҷаласаи хосаи ҳайатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар вобаста ба марги бармаҳали Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, шодравон Ислом Каримов изҳори ҳамдардию тасаллияти амиқи хешро ба мардуми дӯсти ӯзбек расонд.
Пеш аз оғози кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар ҳайати васеъ ба хотири гиромидошти Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид. Зимни суханронӣ дар нишасти ҳайатҳои васеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввал ба ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон барои раёсат дар иттиҳод ва ташкили кори бонизоми ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ изҳори сипос намуд. Сарвари давлат, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар чоряк асри гузашта ИДМ нақши боризи худро дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии
давлатҳои аъзо гузошта, ҳамгироии манфиатбори байнидавлатиро дар ҳама соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи ҷавобгӯ ба талабот нигоҳ доштааст. Дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви ИДМ масъалаҳои мутобиқсозии иттиҳод ба шароити имрӯзи ҷаҳон, тақвияти ҳамгироии минтақавии давлатҳои аъзои иттиҳод дар соҳаҳои гуногун, таъмини амнияту субот ва мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ баррасӣ шуда, вобаста ба 25-солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳороти муштараки роҳбарони ҳайатҳо қабул гардид. Ҳамин тавр, баъд аз анҷоми раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Шӯрои давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2017 раёсат ба ҷониби Федератсияи Русия, ҳамраисии он бошад, ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар «Текстиллегпром» Ҳайате иборат аз корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии кишвар дар намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федератсияи Русия – “Текстиллегпром”, ки 20 сентябр дар шаҳри Маскав ифтитоҳ ёфта, то 23 сентябр идома меёбад, иштирок дорад.
Омӯзишӣ ҳаёту фаъолияти Пешвои миллат барои ҷавонон воҷиб аст Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи Моҳномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – Қаҳрамони Тоҷикистон» дар иртибот ба ҳаёту фаъолияти ибратомӯзи фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид. Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректори донишгоҳ иброз дошт, ки барои миллати мо вожаҳои “Ватан”, “Истиқлолият”, “Озодӣ”, “Ҳувият” арзиши бебаҳо доранду дар айёми мураккаб ва пурфоҷиаи таърихи башар эҳёи дубораи таърихии миллат кори саҳлу осон нест. Дар ин роҳ танҳо халқу миллате муваффақу қодир аст, ки фарзандони сарсупурдаву ҷоннисор ва сарвари оқилу хирадпешаи худро дошта бошад. “Миллати тоҷик дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсияти ормонии худро дарёфт. Бо иқдомҳои роҳнамо, шуҷоату боварӣ, фидо кардани ҳастии худ барои Меҳан, бунёди кохи бебаҳои сулҳу дӯстӣ ва истиқлолият Пешвои пазируфтаи халқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати моро ба пирӯзиҳо ва сўйи фатҳи қуллаҳои орзу мебаранд. Дар ин росто, омӯзиши ҳаёту фаъолияти вусъатбори ин абармарди миллат барои насли ҷавон шоиставу воҷиб аст. Сипас, М. Акмалова, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, Б. Алимов, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, Ш. Саидов, роҳбари шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ, С. Юсуфов, донишҷӯйи курси чорум дар мавзӯҳои «Фарзанди фарзонаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат», «Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ», «Мактаби дипломатияи Эмомалӣ Раҳмон», «Эмомалӣ Раҳмон ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон» маърӯза карданд. Дар фарҷом асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусаввараҳо ва слайдҳои ҷолиб, китобҳои олимону адибон дар хусуси ҳаёту фаъолияти ибратомӯзи Сарвари давлат намоиш дода шуд. Шаралӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”
Корхонаҳои Тоҷикистон маротибаи ҳафтум аст, ки бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ меҳмони ин намоишгоҳ мегарданд. Имсол корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат» (ҷӯроб ва ришта), “ХИМА-Текстил” (ришта), “Мафтуна” (либоси занонаву кӯдакона), “Меҳровар” (либоси махсус ва либосворӣ), “Нафиса” (ҷӯроб), “Нассоҷии Хуҷанд” (матоъ, либоси мардонаву занонаву кӯдакона), «Ноҳид» (трикотаж, либоси тагпӯши мардонаву занона), “Олим Текстайл” (ришта, матоъи пахтагин), ва «РБТ Тоҷикистон» (ришта). “Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37000 нафар мерасад,
ки дар майдони бештар аз 65000 метри мукааб бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат шинос мешаванд. “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирди ҳам меорад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Русия яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Сабабаш ҳам имкониятҳои ин бозор, мавқеи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти тамосҳои фарҳангӣ ва шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад.
Бозиҳои паралимпӣ бо пирӯзии варзишгарони Чин анҷом ёфт Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ, ки 7-уми сентябр дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шуруъ шуд, рӯзи 18-уми сентябр хотима ёфт. Маросими пӯшидашавии бозиҳо шоми 18 сентябр дар варзишгоҳи "Маракана"-и Рио-де-Жанейро баргузор шуд. Дар Бозиҳои XV тобистонаи Додихудоев танҳо варзишгаре паралимпӣ беш аз 4000 варзиш- буд, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои гар аз 160 кишвари ҷаҳон барои XV тобистонаи паралимпӣ дар 528 маҷмӯи медалҳо дар 23 наму- Рио-де-Жанейро муаррифӣ кард. ди варзиш рақобат карданд. Баъди Раҳмихудо дар мусобиқаи интихобӣ натиҷагирӣ варзишгарони Чин бо дар давидан ба масофаи 100 метр 239 медал (107 тилло, 81 нуқра, 51 миёни мардон дар байни 14 нафар биринҷӣ) ғолиб шуданд. Британияи бо натиҷаи 12,89 сония дар ҷойи Кабир бо касби 147 медал (64 тил- охирин қарор гирифт. Дар давидан ло, 39 нуқра, 44 биринҷӣ) ҷойи дуюм ба масофаи 400 метр бошад, дар ва Украина бо 117 медал (41 тилло, байни 17 варзишгари маълул бо 37 нуқра, 39 биринҷӣ) ҷойи сеюмро натиҷаи 56,34 сония ҷойи 14-умро ишғол карданд. ишғол кард ва аз ҳаққи идомаи муЁдовар мешавем, Раҳмихудо бориза барои медал маҳрум гашт.
«Истиқлол», «Ҳосилот» ва “Регар” бар ҳарифонашон раҳм накарданд “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 10:1, “Ҳосилот” дар меҳмонӣ “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 5:1 ва “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ “Хайр”-и Ваҳдатро бо ҳисоби 5:1 шикаст доданд. Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. 14-ум давр «Истиқлол» – «Хуҷанд» – 10:1 Голҳо: Дэвид Мавутор, 36 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 38 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 43 (3:0). Ҷаҳонгир Алиев, 44 (4:0). Нозим Бобоҷонов, 58 (5:0). Манучеҳр Ҷалилов, 63 (6:0). Ҷаҳонгир Алиев, 65 (7:0). Дэвид Мавутор, 76 (8:0). Фарҳод Тоҳиров, 79 – аз пеналтӣ (8:1). Дэвид Мавутор, 80 (9:1). Манучеҳр Ҷалилов, 87 – аз пеналтӣ (10:1). «Парвоз» – «Ҳосилот» – 1:5 Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 28 (0:1). Наврӯз Рустамов, 29 (0:2). Наврӯз Рустамов, 42 (0:3). Комил Саидов, 52 (0:4). Бахтовар Зокиров, 74 (1:4). Комил Саидов, 76 (1:5). «Вахш» – «Равшан» – 1:1 Голҳо: Зокир Абдулхайров, 2 – аз пеналтӣ (0:1). Нумонҷон Ҳакимов, 17 (1:1). «Регар-ТадАЗ» – «Хайр» – 5:1 Голҳо: Санҷар Баротов, 8 (1:0). Комрон Турсунов, 28 (2:0). Расул Пайзов, 40 (3:0). Умед Азизов, 74 (3:1). Ромиш Ҷалилов, 77 (4:1). Фирӯз Қараев, 82 (5:1).
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Ҳосилот” (Фархор) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) КМВА “Помир” (Душанбе) “Вахш” (Қурғонтеппа) “Барқчӣ” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Хайр” (Ваҳдат) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) “Равшан” (Кӯлоб)
Б 13 12 12 12 13 11 12 13 12 12
Ғ 10 6 6 6 5 5 5 4 1 0
М 3 4 2 2 3 2 1 4 2 3
Б 0 2 4 4 6 4 6 5 9 9
Т-Т 15-13 25-12 28-14 16-9 19-24 16-16 13-28 17-22 9-26 10-34
Ду бозии рафиқонаи тими ҷавонон дар Дубай Дар доираи омодагӣ ба чемпионати Осиё-2016 тими мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19) дар Дубай бо тими ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии рафиқона кард. Вохӯрии дуюми дастаҳо 16 сентябр баргузор шуда, мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 60 капитани тими ҷавонони кишвар Кароматулло Саидов кушод. Дар дақиқаи 72 ҳимоятгар Ҳусейн Нурматов корти сурх гирифта, майдонро тарк кард. Ҳамин тариқ тими ҷавонони кишвар натавонист ғолиб шавад. Мизбонон дар дақиқаҳои охир аз бохт раҳо ёфтанд. Дар бозии якум тими мизбон бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда буд. Машғулиятҳои машқиву омӯзишии тими ҷавонони кишавар дар Дубай 20 сентябр ба анҷом расид. Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати Осиё миёни бозингарони то 19-сола, ки 13-30 октябр дар Баҳрайн доир мегардад, футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бо ҳамсолонашон аз Узбекистон (15 октябр), Чин (18 октябр) ва Австралия (21 октябр) вомехуранд.
Х 33 22 20 20 18 17 16 16 5 3
Беҳрӯз, Кароматулло ва Комроншоҳ соҳиби автомобил шуданд Паҳлавонони мамлакат – Беҳрӯз Хоҷазод (вазни -65 кило), Кароматулло Ҳакимов (-80) ва Комроншоҳ Устопириён (+100) дар мусобиқаи ҷумҳурӣ оид ба гӯштини миллӣ соҳиби шоҳҷоиза – автомобил шуданд. Мусобиқа 17 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мусобиқа, ки бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон доир гашт, зиёда аз 100 паҳлавон дар вазнҳои гуногун рақобат намуданд. Натиҷаи қувваозмоиҳо: Вазни -65 кг. 1. Беҳрӯз Хоҷазода (Душанбе -1) 2. Ориф Додов (Душанбе -2)
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
ДУНЁИ ВАРЗИШ
УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ
Раддабандии FIFA: Тоҷикистон дар мақомаш монд
“Истиқлол”-и Душанбе, “Ҳосилот”-и Фархор ва “Регар-тадАЗ”-и Турсунзода дар даври чордаҳуми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бар ҳарифонашон раҳм накарданд.
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
3
3. Асадулло Тоиров (ШНТҶ) Вазни -80 кг. 1. Кароматулло Ҳакимов (Душанбе -1) 2. Саидҷамол Алимардонов (Душанбе – 1) 3. Ҳамроз Раҷабов (Суғд) Вазни +100 кг. 1. Комроншоҳи Устоприён (Суғд) 2. Саидҷалол Саидов (Душанбе -1) 3. Нуралишо Неъматов (ШНТҶ) Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”
Дастаи мунтахаби футболи кишвар дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар мақоми 144-ум қарор дорад. Бар асоси рейтинги моҳи сентябрии FIFA тими мунтахаби Тоҷикистон бо 215 хол мақоми моҳи қаблиашро ҳифз кард. Миёни кишварҳои Осиё Марказӣ Узбекистон пештоз аст. Ин кишвар бештар аз моҳҳои гузашта мавқеашро беҳтар карда, зинаи 49-умро муаррифӣ мекунад. Қазоқистон дар ҷойи 83, Қирғизистон дар зинаи 108 ва Туркманистон дар зинаи 116-ум қарор доранд. Тими миллии Аргентина дар садри раддабандии FIFA қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Белгия ва мақоми сеюмро Олмон соҳиб шудаанд. Колумбия, Бразилия, Чили, Португалия, Фаронса, Уругвай ва Уэлс шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
МАВЗӮИ РӮЗ
Ҳукумати кишвар Русияи нав меҷӯяд
ТОЛИБШОҲИ ДАВЛАТ
Солиёни зиёд мақомоти гуногуни Русия шиква доштанд, ки аз ҳузури муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷа, бахусус Осиёи Марказӣ барои Русия ҳеҷ нафъе нест. Онҳо танҳо дарди сар эҷод мекунанду халос. Мувофиқи навиштаҳои расонаҳои хабарии Русия муҳоҷирон маблағҳои ҳангуфт ба наздикону пайвандони хеш ирсол намуда, аз ҳисоби онҳо ба буҷаи ин кишвар ҳеҷ маблағ ворид намешавад. Аммо заҳмату саҳме, ки дар ободонии ин кишвар муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла тоҷикон доштанду доранд, ҳеҷ ба назар намегиранд. Чи қадар биною иншооти замонавӣ маҳз бо заҳмати муҳоҷирон дар ин мулк бунёд шудаанд. Кӯчаю хиёбонҳои шаҳрҳои сернуфуси ин кишвари паҳноварро муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолати тозаю озода нигоҳ медоранд. Зеро мардуми таҳҷо ба чунин корҳои ба назарашон сиёҳ даст намезанад.
Тавре аз маълумот бармеояд, дар нимсолаи аввали соли равон танҳо ба буҷаи шаҳри Маскав 6,8 миллиард рубл аз ҳисоби пардохти андози муҳоҷирони корӣ ворид шудааст. Сардори Раёсати сиёсати иқтисодии шаҳри Маскав Максим Решетников ин даромадро натиҷаи ҷорӣ намудани патенти ҳамтӣ барои муҳоҷирон арзёбӣ намудааст. Агар воридшавии маблағ аз ҳисоби муҳоҷирон ба хазинаи Русия дар пайи афзоиш ёфтан бошад, пас фиристодани маблағ, ҳаққи заҳмати онҳо ба наздикону пайвандон тайи чанд соли охир хеле коҳиш ёфтааст. Авҷи фиристодани маблағҳои зиёд соли 2013 ҳисобида шуд. Он сол муҳоҷирони тоҷик беш аз севуним миллиард доллар ба кишвар ворид намуда буданд. Баъдан воридоти маблағ хеле коҳиш ёфта, нимсолаи аввали соли равон, ҳатто ним миллиард долларо ҳам дар бар нагирифтааст. Чунин коҳишёбӣ натиҷаи сиёсати начандон хуби пешгирифтаи ҳукумати Русия дар масъалаи муҳоҷирон дониста мешавад. Солҳои охир бо ҳар баҳона беш аз сесад ҳазор муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ихроҷ ё ба қавли маъруф «депортатсия» шудаанд. Як масъалаи басо муҳими вобаста ба муҳоҷират ҳолати будубоши онҳо дар қаламрави Русия аст. Мувофиқи қонунҳои Русия муҳоҷирони кориро лозим аст пас аз се моҳ аз ҳудуди ин кишвар берун шаванд, вагарна ҷазоҳои гуногун онҳоро интизор аст. Муҳоҷирон ба ягон кишвари ҳамсоя рафта, дубора вориди Русия шуда метавонанд. Лек дар ин ҷо низ масоиле ҷой дорад, ки барои муҳоҷирон дарди сар шудааст. Масалан, моҳи июли соли равон фурудгоҳи «Бориспол»-и
шаҳри Киев, пойтахти Украина барои даҳҳо нафар муҳоҷири тоҷик ба хобгоҳи муваққатӣ табдил ёфт. Онҳо бо сабабҳои гуногун натавонистанд сари вақт ба маҳалли зист ва кору фаъолият баргарданд. Чунончи, дар шиносномаҳои муҳоҷирон муҳри махсус зада шудааст, ки онҳо бояд муддати 72 соат қаламрави Украинаро тарк намоянд. Танҳо тавассути фурудгоҳи «Бориспол» ҷуз ҷониби ватани худ ба самти дигар ҳаққи парвозро надоранд. Ин вазъ боис шуд, ки муҳоҷирони тоҷик ва дигарон дар фурудгоҳ дармонанд. Аз ҷумла, зани тоҷик Аниса дар Украина побанд шуда, шавҳар ҳамроҳи ду тифли хурдсолаш дар Русия қарор доранд. Онҳое, ки мехоҳанд бевосита аз гузаргоҳҳо сарҳадро убур намоянд, низ ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Чуночи, дар гузаргоҳи Погар қариб ҳар рӯз 10 нафар муҳоҷири тоҷик ҳуқуқи воридшавӣ ба Русияро аз даст медиҳанд. Ҳарчанд тамоми ҳуҷҷатҳо дуруст ҳам бошад. Ин ҳолатро муҳоҷирон як воситаи нави «депортатсия» меҳисобанд, ки барои Русия тамоман бе харҷи маблағ сурат мегирад. Масъалаи ихроҷ имрӯз барои муҳоҷирони тоҷик ва дигар миллатҳои дар қаламрави Русия фаъолият дошта гӯё доғи рӯз шудааст. Муҳоҷиронро дар боздоштгоҳҳо муддати тӯлонӣ нигоҳ дошта, сари вақт ба ватанашон бозпас намефиристанд. Маҳз чунин беэътиноӣ боис гашт, ки як гурӯҳ муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикон, дар шаҳри Артёми кишвари Приморе гуруснанишинӣ эълон намоянд. Комиссияи ҷамъиятию назоратии маҳаллӣ муайян намуд, ки дар боздоштгоҳи шаҳр ба ҷои 65 нафар, беш аз сад кас нигоҳ дошта шуда, шароити будубоши онҳо берун аз қоидаҳои сани-
тарист. Ҳатто як қисми онҳо аз моҳи март дар ин ҷо нигоҳ дошта шудаанд. Дар боздоштгоҳи Сахарово, воқеъ дар атрофи Маскав беш аз сад нафар шаҳрванди Тоҷикистонро барои ихроҷ нигоҳ медоранд. Шароити нохуб ва таъмин набудан бо хӯроки дуруст дигар шаҳрвандони тоҷикро водор намудааст, барои ҳамватанони худ баранд. Ҳолатҳои зиёд рух додааст, ки муҳоҷирони ихроҷшуда баъди ба Ватан баргаштан ивази ному насаб намуда, бо шиносномаи нав дубора вориди Русия шудаанд. Ҳоло бошад, роҳи боз ҳам пурхатарро барои худ муҳоҷирон “кашф” намудаанд. Онҳо мекӯшанд пиёда сарҳади Русияро убур намоянд. Нисбат ба панҷ нафар муҳоҷири тоҷик Прокуратураи вилояти Омски Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз намудааст, ки онҳо мехостанд, маҳз пойи пиёда аз Қазоқистон ба ин вилоят ворид шаванд. Бо таваккал истифода аз чунин усули нав ба муҳоҷирон то шаш сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Илова бар ин, дарҳои кишвари Русия ба рӯи чунин афрод абадан баста хоҳад шуд. Дар Русия қонуне ба ҳукми амал даромад, ки онро «Қонуни Яровая» ном мебаранд. Ирина Яровая, намояндаи Думаи давлатии Русия ба қонуни «Зиди терроризм» маҷмӯи иловаҳое пешниҳод кард, ки ширкатҳои телефонҳои мобилӣ вазифадоранд, суҳбатҳои телефониро сабт ва ба мақомоти интизомӣ пешниҳод намоянд. Қонуни мазкур баҳри пешгирӣ ва рух надодани амалҳои ифротгароӣ дар қаламрави Русия нигаронида шудааст. Вале ба андешаи коршиносон ва худи муҳоҷирон маҳз ин қонун имкон медиҳад, ки ҳар
касро бидуни назардошти миллаташ ба ифротгароӣ муттаҳам намоянд. Ҳатто ноболиғонро. Ҳоло дар Русия ба додгоҳ кашиданро аз синни 18 то 14 поин фаровардаанд. Акнун дар хонаводае, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ волидон ба созмонҳои ифротӣ гумонбар дониста шаванду фарзанди ноболиғ ба мақомоти ҳифзи хуқуқ хабар надиҳад, вай низ ҷинояткор ҳисобида мешавад. Айни ҳол дар Русия Хадамоти муҳоҷират барҳам дода шуда, ваколатҳояш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дода шудааст. Аз суҳбат бо чанд нафар муҳоҷир, ки рӯзҳои охир ба Ватан баргаштаанд, аён гашт, ба полиси рус гӯё Худо дод. Онҳо тафтишотро пурзӯр намуда, ҳатто ҳангоми адои намоз атрофи масҷидҳоро печонда, ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро пайваста тафтиш мекунанд. Ба ҳама бо назари шубҳа менигаранд. Пулситонӣ боз ҳам афзудааст. Дар гирдоби масоили пурпечутоби муҳоҷират як нафар зан, Турсуной Зиёева, сокини ноҳияи Данғара ба ҷустуҷӯи шавҳари бедаракгаштаи худ озими шаҳри Маскав шудааст. Тавре расонаҳо менависанд, шавҳари ин зан Умедҷон Холматов се сол пеш ба Русия рафтааст. Вале ҳамагӣ пас аз чанд моҳ аз мавзеи Митишевои Маскав, ки он ҷо ҳамроҳи падараш кору фаъолият дошт, бедарак мешавад. Турсуной акси шавҳари худро дар кӯчаҳои Маскав насб карда, барои дарёфти ӯ ба созмонҳои гуногун муроҷиат намудааст. Мудати як соли охир беш аз сад нафар шаҳрванди тоҷик дар Русия бедарак шуда, пайвандон барои дарёфташон ба созмонҳои бо муҳоҷирон сарукордошта муроҷиат намудаанд. Мувофиқи иттилои Иброҳим Аҳмадов, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия ҷасади се нафар гумшуда пайдо гардид. Ҳамчунин, 13 нафари дигар паси панҷараи маҳбасхонаҳо буда, 16 нафар то ҳол бе ному нишон аст. Ҳоло Ҳукумати кишвар ба вазорату идораҳои марбута дастур додааст, то барои пайдо намудани кишварҳои нав барои муҳоҷирони кории тоҷик тадбирҳо андешанд. Ҳамин тавр, имкон пайдо мегардад Русияи нав дарёфт шаваду муҳоҷирони тоҷик, ки аксар ҷавонанд, аз сафар ба кишвари сарду бемеҳри Русия раҳо ёбанд. Зеро дар ин мулк аз ҷониби ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ, яъне полис асосу беасос дар ҳар қадам дучори беадолатию нақзи ҳуқуқҳояшон мегарданд.
Тавре хонанда иттилоъ дорад, 8-уми сентябри соли ҷорӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар гузашти низомӣ баргузор гардид. Дар он дар баробари афсарону сарбозон собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, хусусан гурӯҳи 150-нафараи ихтиёриён низ ширкат карданд. Онҳо ба таври ихтиёрӣ дар ҳама ҷашну маросимҳо, парадҳои низомӣ иштирок мекунанд. Сар аз ҷанги Афғонистон дар солҳои 1980-90 то ором намудани кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хизмат намудаанд. Чанд нафари онҳо андешаи худро доир ба Истиқлолият иброз доштанд:
Ҳифзи Истиқлол амрест ногузир
Бобомурод ПУЛАШОВ, аскари қатторӣ: - Инак, 25 сол шуд, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ расман ба сифати давлати мустақил мешиносанд. Хушбахтии халқи мо аст, ки дар як муддати кутоҳ қариб ҳама кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла қудратмандтарин мамолики Ғарбу Шарқ истиқлолияти моро ба таври расмӣ шинохтанд. Аксарияти онҳо бо мо муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондаанд. Роҳҳои тиҷоратӣ ва рафту омад миёни бисёр кишварҳо кушода шуд. Ҳамчунин кишвари мо бо як қатор мамлакатҳои дигар ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангиро ба роҳ мондааст. Таҳсили донишҷӯёни тоҷик далели дигари даврони истиқлол аст. Дар аввал шумораи онҳо хеле андак буд, ҳоло бошад, чандин ҳазорро ташкил медиҳанд. Чизи дигаре, ки боиси ифтихор аст, шомил ва узвияти Тоҷикистон дар чандин созмонҳои байналмилалист. Яке аз онҳо Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки Тоҷикистонро дар аввалҳои ба даст овардани истиқлолияташ ба узвият пазируфт. Суханрониҳои Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин созмон низ маҳз дар даврони истиқлолият сурат гирифт. Ин ҳама нишон медиҳад, ки имрӯз Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият дар тамоми дунё ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр шинохта шудааст. Аз ҳамин лиҳоз ҳифзи ин муқаддасоти арзишманд барои ҳар яки мо амрест ногузир.
Хайриддин ЁРОВ, сержант: - Аввалан шукри беҳад ба ҷо овардан даркор аст, ки бузургтарин империяи коммунистии ИҶШС пош хурд ва халқҳои он таъми озодию истиқлолро чашиданд. Хосатан, баъди ИҶШС ҷумҳуриҳои миллӣ аз тобеият раҳо шуданд. Танҳо баъди он дарки мустақилияту соҳибихтиёриро карданд. Бешак, метавон гуфт, ки ин руйдоди муҳимро ҳар фарди кишварҳои тобеи он мехостанду орзуи деринаашон буд. Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои понздаҳгона буд, истисно намебошад. Шояд насли зодаи истиқлол ба ин мафҳум чандон сарфаҳм нараванд, ки озодӣ чист ва он пеш аз ҳама чиро дар бар мегирад. Созишномаи соли 1922 барои таъсиси ИҶШС-ро ҳамагон хондаанду медонанд. Мафҳуми он дигар буду, амали роҳбарон дигар. Нафароне, ки дар он давра ҳаёт ба сар бурданд, медонанд, ки созишнома бо амали роҳбарони давр ҳеҷ мувофиқат намекард. Давлате, ки тақрибан 70 сол арзи вуҷуд дошт ва ба худ номи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ном гирифта буд, аммо моҳиятан аз он бӯи иттиҳоду шӯро ва сотсиализм намеомад. Ҳама медонистанд, ки ҳокимиятро на шӯроҳо балки ҳизбиён (коммунистҳо) идора мекарданд. Чаро ман аз ИҶШС ёд мекунам? Мехоҳам мардум ҳама вақт чизеро, ки нав ба даст меоранд, ҳатман зери муқоиса гиранд. Бубинанд, ин ки сизи ҷадид аз қаблӣ бо чӣ фарқ мекунад.
Садриддин ЁРОВ, сержанти калон: - Баъзе нафароне пайдо мешаванд, ки ба ман ин саволро медиҳанд: “Ҳоло ки дар ягон мақомоти давлатӣ кор намекунед, чаро зарур мешуморед, ки дар ҳама параду ҷашнҳо иштирок намоед?” Воқеан чаро зарур мешуморам? Ман дар солҳои 1981-1983 дар ҷангҳои Афғноистон иштирок кардам. Ҳамчунин, панҷ соли нооромии кишварро ҳам ба хубӣ дар хотир дорам. Ман акнун нағз медонам, ки оромӣ чӣ ҳасту нотинҷӣ чӣ. Сулҳ чӣ ҳасту ҷанг чӣ. Озодӣ, истиқлолият ва демократия чӣ аст. Нафароне, ки муқоисаи ин ҳамаро бо таҷриба медонанд, ба ин савол ҷавоби хуб медиҳанд. Вақте ки ман аз ҷанги Афғонистон баргаштам, ҳоло барои пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ гап набуд. Вале, хуб медонистам, ки доштани як ватани соҳибистиқлол барои шаҳрвандонаш чӣ аҳамият дорад. Соли 1991, вақте мо соҳиби давлат шудем, пушида нест, баъзе онро муфт пиндоштанду хунукназарона рафтор карданд. Ҳамин буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Нафароне, ки воқеан ватанхоҳ буданд, ин ҷо монда мубориза бурданд. Аммо худхоҳон ҳама аз элаки замон гузаштанд. Пояшонро аз ин ҷо канданд. Ба хубӣ ёд дорам, касонеро, ки дар пеши синаҳояшон бо мушт зада, марзу бум мегуфтанд, аммо ҳадаф танҳо мансабу ҷоҳ ва пулу бойигарӣ буд, лаҳзае барои оромии ин Ватан саъй накарданд. Муқими дигар ҷойҳо шуданд. Имрӯз ман барои ҳар фарди ин кишвар воҷиб медонам, ки корномаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хубӣ донанду аз он ёд кунанд. Зеро вазъияти он даврро на ҳар кас қудрати ором кардан дошт.
ФАРҲАНГ
Оғози мавсими нави тетрӣ Театр яке аз рукнҳои асосии фарҳанги ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Дар ҳар давру замон театр сатҳи маънавии инсонҳоро инкишоф додааст. Имрӯз низ бо вуҷуди тарақӣ кардани технология театр мавқеи хешро аз даст надодааст. Мавсими навӣ театрӣ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов 19 сентябр бо пешниҳоди намоиши “Гирдбод” оғоз гардид. Мазмуни асосии намоиш ҷаҳду талоши устод Садриддин Айниро дар бар мегирад, ки барои соҳибдавлат шудани халқи тоҷик хизматҳои арзанда кардааст. Ин намоиш дар ду мавсим пешкаш гардид ва мавриди таҳсину офарин қарор гирифт, зеро намоиш, махсусан барои нафароне ки таърихи асли табартақсим кардани миллати хешро намедонистанд, ҷолиб буд. Когардону таҳиягари намоиш Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов ва коргардони дуюм, барандаи ҷоизаҳои байналмила-
лии ҷашнвораҳои театрӣ Нозим Меликов мебошанд. Нақши Садриддин Айниро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов офаридааст. Тамошобин дар рафти намоиш саҳифаи таърихи як аср гузаштаро варақ мезанад ва дар бераҳмиҳои аввали асри гузашта кӣ гунаҳкор буданро хулоса мекунад. Аз ин пас намоишномаҳои Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов пешкаш мегардад. Тамошобин дар ин театр шоҳиди намоишҳои нав хоҳад шуд. Фирӯз КОМИЛЗОДА
5
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”
ХУРШЕД МАВЛОНОВ
Зиёвиддин ТОҲИРОВ, прапоршик: - Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон барои мардуми кишвар, бахусус ҷавонон бояд аз ҳама чиз боарзиш бошад. Як ба атроф назар афканем мебинем, ки истиқлолият ба ҷавонон чӣ дод. Ободӣ, оростагӣ, озодӣ... Хушбахтона, мо мебинем, ки ҷавонони мо ҳам дарки ин масъулиятро кардаанду онро пос медоранд. Инак, аз истиқлоли мо 25 сол сипарӣ гардид. Он марҳилаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ мебошад. Вале ба таҳқиқ назар афканем, он пур аз ҳодисаву руйдодҳои муҳим ва тақдирсоз барои халқи мо маҳсуб меёбад. Албатта, бо истиқлолият нозидан хуб аст, аммо бояд то ба ин ҷо расидан, аз хизматҳои шоёни фарзандони ин миллат фаромӯш накунем. Номи онҳоро ҳамеша дар аввал зикр намоем. Худи Президенти кишвар ҳам истиқлолро самараи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси кишвар арзёбӣ кардааст: “Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад”, - гуфта буд, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Аз ҳамин нуқтаи назар таъкид карданиам, ки ҷавонон бояд ин хизмати фарзандони миллатро қадр намуда, истиқлолияти давлатиро бо роҳи худшиносии миллӣ, донитсани таърихи Ватан, эҳёи ойину суннатҳо, рушди илму адаб ва монанди ин нигоҳ доранд.
6
Гузориш аз меҳмонии ҷавонони фаъоли кишвар дар минтақаи Рашт
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
ВАҲДАТИ ҶАВОНОН
Қудрат дар самимияту ваҳдат аст
ҲАСАН АЗИЗОВ
ГУРӮҲИ 60-НАФАРАИ ҶАВОНОН БА РАШТ МЕҲМОНӢ РАФТАНД 13-16 сентябр як гурӯҳи 60-нафараи ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери шиори “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар меҳмонии ҳамсолонашон дар минтақаи Рашт қарор доштанд. Зимни гусели ҷавонон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз намуд, ки меҳмонии ҷавонон ба минтақаҳо ба устувор гардидани дӯстиву рафоқати онҳо боис мегардад, аз ҳаёту фаъолияти якдигар огоҳ мешаванд, ки ин ба баланд гардидани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Ҷавонон панҷ рӯз бо зиндагиву фаъолияти ҳамсолонашон аз ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Тоҷикобод ва Нуробод ошно гардида, бо наврасону ҷавонони минтақа мулоқот карда, пирони рӯзгорро аёдат намуданд. Ҷавононро нахуст сокинони ноҳияи Файзобод бо нону намак пешвоз гирифтанд. Дар шаҳри Роғун бошад, гурӯҳ рафти сохтмони иншооти бузурги аср - Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро тамошо карданд. Нисфирӯзӣ гурӯҳи ҷавонон ба ноҳияи Нуробод расиданд. Ба пешвози онҳо ҷавонон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баромаданд. Муовини аввали раиси ноҳияи Нуробод Давлатзода Мирзоумар Кенҷа гурӯҳи ҷавононро хушомадед гуфта иброз дошт, ки иқдоми пешгирифтаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон саривақтӣ буда, он дар таҳкими дӯстии ҷавонони ҷумҳурӣ ва зиёд намудани меҳру муҳаббат байни онҳо мусоидат мекунад. Дар ҳамин ҷо ҷавонон ба гурӯҳҳои хурд тақсим шуда, ба ноҳияҳои Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш сафарбар гардиданд.
МУЛОҚОТ БО НАВРАСОНУ ҶАВОНОН 14 сентябр, рӯзи дуюми меҳмонӣ, намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҷавонони фаъол бо наврасону ҷавонони шаҳру навоҳии минтақаи Рашт вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва эмин нигоҳ дошани насли ҷавон аз сӯистифодаи неруҳои манфиатдор ва дигар хатарҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва экстремизми динӣ ва бо мақсади шомил нагардидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротии динӣ ва мазҳабу равияҳои бегона, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифти онҳо, парвариши эҳсосу ифтихори ватандорӣ, таҳаммулгароӣ ва инсондӯстии ҷавонон мулоқот анҷом доданд. Ҳабибулло Амирбекзо- фаъолияти ташкилотҳои тун- ва террористӣ, инчунин да, муовини раиси Кумитаи драв ба амнияти миллӣ ва иштироки онҳо дар ҷангу ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ давлатии бисёр кишварҳо муноқишаҳои давлатҳои дар баромадаш иброз дошт, хатари ҷиддӣ эҷод меку- хориҷӣ ба яке аз масъалаҳои ки бо шукргузорӣ аз тинҷию над. Аз ин лиҳоз, имрӯз доғи ҷомеа табдил шудааст. оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдату тадбирҳои муҳими ҳамаи Яке аз сабабҳои асосии ин якдилӣ дар кишвар ва бо да- давлатҳо барои мубориза зуҳурот дур мондани наврастуру супоришҳои Пешвои бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои сону ҷавонон аз китобхонӣ, миллат, Президенти ҷумҳурӣ, тундрав ва пешгирии гу- донишандӯзӣ ва каммаълумуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон стариши фаъолияти ҳизбу мотии онҳо аз фарҳангу тасафари ҷавонони фаъоли ҳаракатҳои иртиҷоӣ равона маддуни хеш ба ҳисоб меҷумҳурӣ ба минтақаи Рашт гардидаанд. Пешвои миллат, равад. Инчунин, маълумоти роҳандозӣ гардид. Ин иқдом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлилнашудае, ки ҷавонону аз таваҷҷуҳи бевоситаи Дав- дар Паёми имсолаи худ ба наврасон тавассути интернет лат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи мазкур таваҷҷуҳ ба даст меоранд, барояшон нисбат ба насли ояндасо- намуда, таъкид карданд, ки бар ивази манфиат зарар зи кишвар дарак медиҳад. барои аз байн бурдани ин мерасонад. Ин маълумоти Баргузории ин гуна мулоқот, хатари умумӣ кишварҳои дастрасшуда ба рушди дусафарҳо ва чорабиниву олам алайҳи он бояд дар русти шахсияти онҳо халал фестивалҳо бо иштироки ва- фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва расонда, маънавиёташонро сеи ҷавонон дар мустаҳакам муттаҳидӣ муборизаи бе- коста мегардонад. ва тақвият бахшидани дӯстии амон баранд, - гуфт зимни Аз тарафи волонтёрон наҷавонон ҳисагузор аст. баромади худ Зубайдулло моиши театрӣ вобаста ба “Ха- Имрӯз тамоми ҷомеаи Маҳмадуллоев, мудири бах- риду фурӯши одамон”, “Гарабашариро зуҳуроти номатлу- ши таҳлилу иттилооти Ку- видани ҷавонон ба гурӯҳҳои би терроризм ва экстремизм митаи ҷавонон, варзиш ва террористиву экстремистӣ”, ба ташвиш оварда, он ба сайёҳӣ ва афзуд, - Масъа- “Даст задани ҷавонон ба масъалаи доғи рӯзи ҷомеаи лаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷинояту ҷинояткорӣ” ва амҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ соли он намоиш дода шуд.
“ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶАВОНИИ ХУДРО БАРОИ ХУШ ГУЗАШТАНИ ҶАВОНИИ ШУМО БАХШИДАНД” 15 сентябр, рӯзи сеюми сафар, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳамоиши ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар он Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, раиси ноҳияи Рашт, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷавонони фаъоли кишвар, мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои минтақа ва ҷавонони ноҳия ширкат карданд. Дар ифтитоҳ Лоиқзода Қаноатшо ҷавононро ба ноҳияи Рашт хайрамақдам гуфта, иброз дошт: “Шумо - ҷавонони саодатманд ҳастед, ки дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо саъю талошҳои беандоза фароҳам оварда шудааст, зиндагӣ доред. Бояд иқрор шуд, ки Пешвои миллат ҷавонии худро барои хушу хуррам гузаштани ҷавонии шумо бахшидаанд. Шароит фароҳам оварданд, муноқишаҳои сиёсиро бартараф намуданд, роҳҳо кушоданд, марказҳои таълимӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва маишӣ бунёд намуданд, ки имрӯз ҳамаи инро мову шумо мебинем ва аз онҳо самаранок истифода мебарем. Ҳамаи инро мо бояд қадр кунем ва ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат намоем. Дар давоми 25 соли Истиқлолияти кишвар ноҳияи Рашт ба андозае рушд кардааст, ки дар 70 соли замони шӯравӣ накарда буд. Албатта, Ҳукумати Шӯравиро Ҳукумати абарқудрат меномиданд, вале Пешвои миллат исбот кард, ки қудрат дар муҳаббат ва самимияту ваҳдат аст. Бахусус, барои донишандӯзӣ, машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш, баргузории ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ он гуна шароит фароҳам омадааст, ки мардум 3 даҳсола пеш ҳатто орзуяшро намекарданд. Бунёди Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт, ки имрӯз фарогири беш аз 2000 донишҷӯ аст, коллеҷҳои тиббӣ, омӯзгорӣ, литсейи касбии техникӣ, таъмиру азнавсозии бештар аз 110 муассисаи таълимӣ ва 38 клубу китобхона фарогири ҷавононанд ва барои баланд бардоштани маърифати илмию касбомӯзии онҳо фаъолият менамоянд. Бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ ва майдони варзишии дорои зиёда аз 6 ҳазор ҷойи нишаст ҳама аз зумраи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ме-
бошанд, ки хоса барои ҷавонон сохта, ба истифода дода шудаанд. Роҳбарияти ноҳияи Рашт ҳамеша дастгир ва мададгори ҷавонон буда, дар ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат менамояд. Гузашта аз ин, бояд қайд намоям, ки беҳтарин дастовард барои ҷавонон Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ягонагии Тоҷикистони азиз аст. Ҳамаи инро бояд ҳифз ва қадр намуд. Бояд коре кард, ки ин ҳама муқаддасотро ба дасти нохалафе нагузошт”. Аҳтам Абдуллозода зимни суханронӣ минатдории худ ва ҷавонони фаъолро ба сокинони минтақаи Рашт барои истиқболи гарм ва пазироии пур аз меҳру муҳаббат расонид. - Мақсади меҳмонии имрӯза ба ҳам овардани нерӯи ақлониву ҷисмонии тамоми ҷавонон аз манотиқи гуногуни кишвар дар атрофи сиёсати бунёдконаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Шумо - ҷавонони азиз давоми ду рӯз шоҳиди он гаштед, ки ягон аломати ҷанги шаҳрвандӣ дар ин ноҳия боқӣ намондааст. Чанд сол пеш меҳмонии ҷавонони Хатлон, Бадахшон ба ин минтақа бениҳоят мураккабу мушкил буд. Дар баробари ин, меҳмонии ҷавонони Рашт ба дигар
минтақаҳо низ мушкил буд. Он ҷанги таҳмилие, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ тарҳрезӣ ва дар миёни мо - тоҷикон андохта шуд боиси даҳсолаҳо ақиб мондани миллат аз рушди босубот ва боиси марги зиёда аз 100 ҳазор ва гуреза шудани 1 миллион сокини ҷумҳурӣ гардид. Вале имрӯз мо якҷо бо ҳам озодона ва бе тарсу ҳарос ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар намуда, бо ҳам шодӣ мекунем. Якҷо сари як дастархон атрофи масъалаҳои гуногун суҳбат мекунем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард, ки танҳо муттаҳидӣ, ҳамгироӣ, ба ҳам омадан асоси муваффақияти мо ва рушди ҷомеа аст, - гуфт А. Абдуллозода. - Мо имрӯз дар шароите зиндагӣ мекунем, ки қувваҳои бузург дар муҳориба байни ҳамдигар ҳастанд ва дар миёни ин муҳориба миллату давлатҳоеро метавонанд зери таъсир қарор диҳанд. Ба монанди глобализатсия, пешрафти босуръати илму технология. Инҳо дар баробари бартарият боиси коста гардидани фарҳанги миллатҳо низ мегарданд. Давлатҳои абарқудрат ба хотири расидан ба ҳадафҳои аслии миллатгароёнаи худ мехоҳанд фарҳанги миллатҳову давлаҳои хурди рӯ ба инкишофро ба нестӣ баранд ва фарҳангу тамаддуни худро дар
7
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
ВАҲДАТИ ҶАВОНОН
он ҷо ҷой диҳанд. Барои ҳамин, мову шумо - ҷавонони муҳтарам бо ҳам муттаҳид шуда, фарҳанги миллии худамонро ҳифз бояд намоем. Шумо - ҷавонони азиз, даст ба даст гирифта Ватанро обод созед. Ватанро ғайр аз мову шумо касе обод намекунад. Шумо бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, дар оянда мутахассиси хуби касби худ шавед. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон Ватанро ҳифз кард. Имрӯз барои рушди илми шумо тамоми шароит муҳайё аст. Аз шумо танҳо як чиз талаб карда мешавад - хондан. Сипас, ҷавонон баромад карда, минатдории худро ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имкониятҳои фароҳамнамуда баҳри ба камол расидани ҷавонони бо илму маърифат баён намуданд. Инчунин, ба масъулин барои ташкил намудани чунин чорабиниҳо, ки заминаи мусоидро баҳри васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, шинос шудан бо урфу одат, фарҳанг, маданият ва расму русуми сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ фароҳам меорад, изҳори миннатдорӣ намуданд. Аз тамоми мардуми минтақаи Рашт даъват карданд, ки ҳамеша мунтазири меҳмонии шумо дар зодгоҳамон хоҳем буд.
ТОҶИКИСТОН - МУЛКИ БЕҲАМТОИ МАН
АКСИЯИ ЭКОЛОГИИ ҶАВОНОН Гурӯҳи ҷавонони фаъол дар чор рӯзе, ки дар минтақаи Рашт буданд, ҳамроҳи ҷавонони минтақа аксияи “Ин Ватанро мо – ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” ташкил карда, дар ободкорию сарсабзгардонии ноҳияҳои минтақа иштирок намуданд. Онҳо дар тоза ва ободу зебо гардонидани роҳравҳои назди варзишгоҳ, шинонидани гулу буттаҳо, нарм кардани бехи дарахтон ва гулу буттаҳо саҳм гузоштанд. Инчунин, дар доираи сафар Аксияи ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид, ки буклетҳо бо шиорҳои “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, “Дӯстии ҷавонони Тоҷикистон поянд бод!” ва зиёда аз 500 нусха рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” байни сокинону ҷавонони навоҳии минтақа тақсим карда шуд.
Гурӯҳи ҷавонони фаъол дар минтақа шоҳиди озмуни мақолаи беҳарин дар мавзӯи “Тоҷикистон - кишвари ман, мулки беҳамтои ман” шуданд, ки миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид. Баъд аз натиҷагирии аъзои ҳакамон ҷойи аввалро Саидзода Аниса аз ноҳияи Сангвор, ҷои дуюмро Ш. Лутфуллоева аз ноҳияи Рашт ва мақоми сеюмро Фараҳноз Убайдуллоева аз ноҳияи Лахш соҳиб гар-
диданд. Миёни бонувони минтақа бошад, бо мақсади рушди ҳунарҳои миллӣ озмуни “Нонпази беҳтарин” баргузор шуд. Ҷавондухтарон ҳунари нонпазии худро нишон доданд. Маҳорати онҳоро масъулин баҳогузорӣ намуда, мақоми якумро ба Марҷонаи Салоҳиддин аз ноҳияи Тоҷикобод салоҳ донистанд. Ҷои дуюмро Меҳрангез Шерова аз ноҳияи Сангвор ва ҷои сеюм-
ро Ирисгул Ҷалолова аз ноҳияи Лахш сазовор шуданд. Ғолибон бо тӯҳфа ва “Сипоснома”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Шоми 15 сентябр бо як барномаи калони фарҳангӣфароғатӣ таҳти унвонӣ “Поянда бод дӯстии ҷавонони Тоҷикистон” меҳмонии ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар минтақаи Рашт ҷамъбаст гардид.
8
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
Идеяи миллӣ ғояи марказии давлатсозӣ аст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти Дар марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистон масъалаи таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуда, ҷомеаи суботмеҳвари худро шакл дод, ки дар дарозмуддат ҳамчун заминаи қавӣ дар тақвияти аслҳои давлати соҳибистиқлол нақш мебозад. Дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ тамоми рамзҳои давлати соҳибихтиёр шакл гирифтанд, ки имрӯз дар самти рушд додани эҳсоси ватанпарастӣ ва давлатмеҳварии шаҳрвандон васеъ истифода мешаванд.
Истиқлолияти давлатӣ шароити арзандаро барои ташаккул, шинохт ва татбиқи манфиатҳои миллии кишвар ба вуҷуд меорад. Худи мафҳуми «соҳибихтиёрӣ» ҷузъи ҷудонопазири консепсияи манфиатҳои миллӣ мебошад, ки танҳо будани яке дигареро рушд медиҳад. Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ аз афзалиятҳои доимии давлати миллӣ ба шумор меравад ва барои ҳифзу татбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои усулӣ ноил гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи даст омаданд. Рушд ва таҳкими дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ барои наслҳои минбаъда фазои озод ва шароити мусоидро ба вуҷуд меорад, ки дар дарозмуддат барои ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мақоми калидӣ доранд. Бо дарназардошти таҷрибаи мавҷудаи давлатдорӣ ва давлатсозӣ дар Тоҷикистон махсусан муҳим аст, ки баъзе иқдомҳо барои дарозмуддат таҳия ва дар амал татбиқ карда шаванд, зеро вазъи мураккаби ҷаҳони муосир тақозо дорад, ки давлат барномаи комилан миллӣ ва дохилии рушд дошта бошад. Тавре аз фалсафаи сиёсат бармеояд, агар давлат барномаи вижа надошта бошад, пас аз рӯи барномаи дигарон пеш меравад. Шароити дуюм дар дарозмуддат хатари ҷиддиро барои татбиқи манфиатҳои миллӣ ва умуман соҳибихтиёрии давлатӣ ба вуҷуд меорад. Бинобар ин, бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои муосир ва ғайриқобили пешбинӣ гардидани равандҳои сиёсати ҷаҳонӣ бар хилофи сиёсати инерсионӣ гузаштан ба сиёсати фаъоли миллӣ барои таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар дарозмуддат мусоидат мекунад. Дар ҳамин росто, баъзе мулоҳизаҳоро барои таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар дурнамо пешниҳод мекунем, ки ба ҳифзу татбиқ гардидани манфиатҳои дарозмуддати миллӣ таъсири мусбат мерасонад: Якум, дар шароити муосир бисёр муҳим аст, ки истиқлолият ба арзиши зиндаи шаҳрвандони кишвар табдил дода шавад. Зеро заминаи қавии истиқлоли фикриро ба вуҷуд оварда, осебпазирии шаҳрвандонро нисбат ба манбаъҳои ғайриватании шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ паст мекунад. Нуктаи мазкур дар замони ҷанги иттилоотӣ бисёр муҳим аст, чунки ҳар давлати манфиатдор кӯшиш менамояд, ки андешаи мавриди назари худро барои ба даст овардани ҳадафҳои дарозмуддати геостратегӣ ва геоиқтисодӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намояд. Дар фазои иттилоотии ҷаҳон тафсирҳои гуногун перомуни равандҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мавҷуд аст, ки бо ҳадафҳои муайну мушаххас паҳн карда мешаванд. Шакли пешниҳоди афкори мазкур бисёр муосиру ҳирфаӣ буда, муҳтавои қавӣ дорад ва истеъмолкунанда (бинанда, хонанда ва шунаванда)-и мавриди назарро мафтун намуда, асотиру пешфарзҳои мавриди назарро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меорад. Ҳар сол дар арафаи
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди ниҳоят зиёди иттилоот бо тафсиру фарзияҳои гуногун барои шаҳрвандон пешниҳод мешавад, ки на ҳамаи онҳо ба манфиатҳои миллии мо мутобиқанд. Бинобар ин, устувор гардидани мафҳуми «истиқлол» ба ҳайси арзиши ҳаётии шаҳрвандон дар шароити имрӯза ва дар дурнамо ҳамчун масунияти табиӣ баромад мекунад. Барои густариш додани ин раванд ба роҳ мондани модернизатсияи ҳаёти ҷамъиятӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Заминаҳои чунин иқдом бо эълон ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ гузошта шудааст. Зеро ин се ҳадаф аз матни истиқлол баромада, барои амалӣ намудани соҳибихтиёрии давлатӣ рӯи даст гирифта шудаанд. Ноил гардидан ба ин ҳадафҳо кишварро ба марҳилаи нави рушд ворид мекунад ва бо ҳамин тарз манфиатҳои миллӣ татбиқ мешаванд. Яке аз хусусиятҳои манфиатҳои миллӣ дар он аст, ки ҳамеша рӯ ба рушд аст ва муҳтавои худро тағйир медиҳад, яъне дар он унсури гузаштан аз миқдор ба сифат дида мешавад, ки омӯзишу баррасии доимиро талаб дошта, бо дигар шудани (рушд ёфтани) вазъи иқтисодӣ авлавиятҳои боз ҳам калонро дар бар мегирад. Ин шароит дар назди давлат ва ҷомеа вазифаҳои нав ба навро пеш мегузорад, ки дар умум бо истифодаи васеи неруи инсонии ватанӣ дар амал татбиқ шуда, эҳсоси истиқлолгароиро боз ҳам густариш медиҳад. Нуктаи дигари муаррифии истиқлол ба ҳайси арзиши зиндаи шаҳрвандӣ мавҷудияти ваҳдати миллии фарогир аст, зеро ҳар ду бо ҳам пайваст буда, яке заминаи мавҷудияти дигарро қавӣ мекунад. Маҳз ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ барои тақвияти давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон нақши калидӣ дорад ва дар дарозмуддат аҳамияти ҳаётан муҳимро аз даст намедиҳад. Шаҳрвандон дар шароити ваҳдату ягонагии миллӣ бо пазируфтани истиқлол ҳамчун омили рушд ва суботи инфиродии худ метавонанд барои тақвият ва устувории он кору фаъолият намуда, неруи зеҳнӣ ва ҷисмии худро баҳри он сарф намоянд. Зеро бо меҳнати созанда, ихтироъкорӣ ва модернизатсияи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ татбиқи амалгароёнаи Истиқлолият ҳамчун арзиши зинда ба вуҷуд оварда мешавад. Дуюм, тақвияти таҷрибаи давлатдории миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати собит мебошад. Дар фазои иттилоотӣ перомуни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ истилоҳҳои гуногуни манфӣ истифода мешавад, ки дар умум барои камранг нишон додани дастовардҳои мавҷудаи замони истиқлолият равона шудааст. Бар хилофи ин гуна ақидаҳо, таърихи сиёсии Тоҷикистон дар замони истиқлол собит месозад, ки кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, ваҳдат ва ягонагии миллиро устувор намуд ва суботу амниятро тақвият бахшид. Худи ин дастовард далели давлати собит будани
Тоҷикистон мебошад. Аз ҷониби дигар мафҳуми давлати собит паҳлуи дохилӣ ва хориҷӣ дорад, ки онро мешавад дар асоси таҷрибаи мавҷудаи давлатдорӣ асоснок намуд. Таҳлили вазъи дохилии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлол то имрӯз нишон медиҳад, ки тамоми инфросохтори як давлати соҳибихтиёр дар кишвар офарида шуда, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амният дар кишвар ҳукмфармо гардид, низоми фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ барқарор ва механизми ҳадафмандонаи фаъолияти он пурра таҳия шуд. Дар соҳаи иқтисод ва иҷтимоёт кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ дар муддати кутоҳ аз 80% ба 31% поён фароварда шуд. Дар умум, имрӯз дар Тоҷикистон модели худии бунёди давлатдории миллӣ ба миён омад, ки дар дарозмуддат барои таҳким ва татбиқи Истиқлолияти давлатӣ шароити арзанда меофарад. Таҷрибаи худии рушди миллӣ дар асоси қабул ва татбиқ гардидани Стратегияи миллии рушд то соли 2015 имконпазир гардид, ки дар асоси натиҷаҳои бадастомадаи он Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Консепсияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 дар ҳоли таҳия қарор доранд. Нуктаи боло ҳадафмандона будани сиёсати дохилии кишвар ва аз рӯи барномаи мушаххас пеш рафтани онро нишон медиҳад, ки яке аз нишонаҳои асосии давлати собит мебошад. Паҳлӯи хориҷии давлати собит будани Тоҷикистон эътироф гардидани кишвари мо аз тарафи давлатҳои ҷаҳон аст. Имрӯз Тоҷикистонро 147 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол мешиносанд ва 128 давлат бо мо робитаҳои дипломатӣ барқарор намудаанд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати байналмилалӣ бо як силсила ташаббусҳо баромад намуд, ки ба муҳимтарин мушкилоти курраи замин бахшида шудааст. Хусусан, пешниҳодҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об фарогир буда, 15 соли охир дар сиёсати умумиҷаҳонӣ аз нуктаҳои муҳим ба шумор меравад. Сеюм, дар шароити имрӯза шинохти моҳияти истиқлол муҳим ба шумор меравад, зеро истифодаи амалии дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дуруст дарк намудани моҳияти он оғоз мешавад. Тавре дар боло ишора намудем, аксари барномаҳое, ки аз тарафи давлат пиёда мешаванд, моҳиятан ба истиқлол рабт дошта, аз ҷавҳари созандаи он мехезанд. Дар шароити кунунӣ, аз масъалаҳои усулии давлатӣ рушди истиқлол ва дарки истиқлол аст. Истиқлол ҳамчун унсури арзишии шаҳрвандони кишвар барои таҳкими ҳувияти давлатӣ мусоидат намуда, ба устувор гардидани ҳувияти миллӣ оварда мерасонад. Ҳувияти давлатӣ тамоми зинаҳои рушди инсонро дарбар мегирад ва барои расидан ба саодат мусоидат менамояд. Рушди аксари қудратҳои пешрафтаи дунё дар устувории ҳувияти давлатӣ, истифодаи самараноки истиқлолият ва ба дарки моҳиятии он вобаста аст. Маҳз чунин шароит имконият
фароҳам меоварад, ки заминаи рушди босубот ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир гузошта шавад. Бояд зикр намуд, ки ҳувият яке аз доманадортарин масъалаҳои рушди инсон ба шумор рафта, маҳз устуворӣ ва хусусияти созандаи он барои ташаккули инсони солиму муосир сабаб мегардад. Дар ин самт, унсури манфии бегонапарастӣ ва ба партови иҷтимоӣ мубаддал гардидани шаҳрвандон ба худи истиқлолият таъсири манфӣ ва хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Яке аз чунин таҳдидҳо ақидаҳои ифротию террористӣ буда, нафаре, ки гирифтори чунин афкор шудааст, арзишҳои давлатӣ, аз қабили марз, рамз, парчам, суруди миллӣ, Сарқонун ва дигар атрибутҳои давлати соҳибихтиёри дунявиро қабул надоранд. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон тамоми омилҳои ҳифзкунандаи суботу амният рӯи даст гирифта шудаанд ва кишвари мо бо истиқлоли сиёсии худ вазъи мусоидро барои ташаккул ва рушди инсони муосир офарида аст, ки он ҳам барои таҳкими заминаҳои иҷтимоиву фикрии соҳибихтиёрии давлатӣ равона аст. Чорум, ташаккул ва фарогир гардидани идеяи миллӣ ҳамчун ғояи марказии давлатдорӣ ва давлатсозӣ аст. Тавре маълум аст, Пешвои миллат зимни суханронии худ бахшида ба ХХ-солагии Иҷлосия ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси идеяи миллӣ «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо»-ро эълон намуданд. Ғояи мазкур воқеияти инфиродии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро дарбар мегирад ва аз матни истиқололу озодӣ баромада, мақсади асосии он таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ мебошад. Бинобар ин, махсусан муҳим аст, ки барои фарогир шудани ин ғоя, ки аз этатизми давлатӣ асос гирифтааст, маҳакҳои асосии татбиқи он муайян гардида, барои ҳадафмандона амалӣ гаштани он дар шароити муосир мусоидат намояд. Мулоҳизаҳои мазкур ҳамчун пешниҳод барои тақвият ва фарогир гардидани ғояи миллӣ пешниҳод мешавад, ки то андозае ҳамчун механизми амалии татбиқи идеяи миллии «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо» баромад мекунад. Маҳаки аввали идеяи миллии «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо» ба ҷомеаи иттилоотӣ нигаронида шудани он бояд бошад. Раванди ҷаҳонишавӣ собит намуд, ки рушди ба ҳампайванди давлатҳо ба як падидаи оддӣ мубаддал гардидааст ва сарфи назар намудани ин воқеият ғайриимкон мебошад. Зеро дар асри ХХI рушди технология бо суръати кайҳонӣ ба ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ мусоидат намуда, вазъи имрӯзаи ҷаҳонро комилан тағйир додааст. Дар шароити кунунӣ масъалаи таҳкими истиқлоли давлатӣ бо мавҷудияти таҳдид ва хатарҳои ҷаҳонӣ тамоми кишварҳои курраи заминро дар рӯ ба рӯи ифротгароӣ, терроризм, тағйирёбии иқлим, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи инсон ва ғайра муттаҳид намудааст. Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, мутобиқи андешаи олимони варзидаи дунё
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир
9
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
ШЕРАЛИ РИЗОЁН,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба давраи пасомуосирии рушди худ ворид гардид ва омилҳое, ки ба тақвият ва рақобатпазирии давлатҳо таъсири мусбат мерасонад илм ва фановарӣ мебошад. Бо дарназардошти воқеияти имрӯзаи ҷаҳон истифодаи амалии дастовардҳои ҷомеаи иттилоотӣ ба мақсад мувофиқ буда, барои муаррифии зарфияти амалии миллат ва таҳкими истиқлоли давлатӣ заминаи мусоиди рушдро фароҳам месозад. Ҷавҳари маҳаки якум ташаккули давлати муосири рӯ ба рушд аст, ки шароити арзандаро барои тарбия ва ташаккули шаҳрвандон равона намуда, сатҳи зиндагии шоистаро барои сокинон фароҳам меоварад. Маҳаки дуюми идеяи миллӣ ҳифз, тақвият ва муаррифии фарҳанги миллӣ мебошад, ки дар асри ҷаҳонишавӣ барои устувории эҳсоси шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад. Фарҳанги миллӣ ба ҳайси шиносномаи Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ баромад намуда, дар гирдоби инқирозҳо ва бӯҳрони ҳувиятӣ худии инфиродӣ ва давлатии моро метавонад ҳифз намояд. Бинобар ин, дар Тоҷикистон таҷрибаи мусбат дар самти рушди илму маориф ва фарҳанг ба назар мерасад, ки бешубҳа аз афзалиятҳои доимии сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд. Ин се унсур дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати шаҳрвандӣ, ба густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ ва давлатӣ таъсири амиқ мегузоранд. Дар ин замина, мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки таҳаввули фаҳмиши фарҳанг, илм ва маориф дар кишвар сурат гирад ва вобаста ба талаботи давлати соҳибихтиёр ба роҳ монда шуда, барои истеъмолкунандаҳои ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ҳамчун абзори «неруи нарм» васеъ истифода шавад. Ин иқдом гардиши усулиро дар сиёсати давлатӣ дар самти илм, маориф ва фарҳанг метавонад ба вуҷуд орад, ки ба талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ҷавобгӯ буда, боиси таҳкими асосҳои давлати соҳибихтиёр мегардад. Ҷавҳари маҳаки дуюм таҳким ва муаррифии фарҳанг ҳамчун омили тақвият ва рушди давлатдории миллӣ мебошад, зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ хусусияти фарҳангӣ метавонад унсурҳои бунёдии ҳувияти миллӣ ва давлатиро ҳифз ва рушд диҳад. Маҳаки сеюми идеяи миллиро фалсафаи рушди инсон, яъне иқтисоди инсонгаро дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ ташкил медиҳад. Тоҷикистон барои татбиқи он тамоми шароити табиӣ ва зеҳниро дорад. Барои татбиқи чунин як сиёсати давлатӣ асоси конститутсионӣ вуҷуд дорад, ки дар моддаи якум омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Маҳаки мазкур нуктаи марказии идеяи миллиро ташкил медиҳад, зеро амалияи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ танҳо дар сурати иқтисоди муосир ва рӯ ба рушд имконпазир мегардад. Дар сурати пазируфта шудани ин ғоя аз тарафи шаҳрвандон, он ҳамчун унсури таркибии ҳувияти инфиродӣ баромад менамояд ва дар натиҷа ба рушди ҳувияти давлатӣ оварда мерасонад. Танҳо дар чунин ҳолат имкони татбиқи амалиягароёнаи истиқлол ҳамчун арзиши воқеии шаҳрвандӣ фароҳам оварда мешавад. Дар давлатдории
миллӣ инсон ҳамчун сармояи муҳим барои рушд эътироф шуда, тамоми сиёсатгузории давлатӣ пеш аз ҳама ба инсон равона карда шудааст. Бо таҳкими асосҳои давлати миллӣ дар Тоҷикистон риштаи пайванди шаҳрванд ва давлат, воқеият ва иқтисод, фалсафа ва рушд, истиқлол ва саодат ба вуҷуд меояд, ки барои устувории пояҳои давлатдории мо дар дурнамои дарозмуҳлат таъсири мусбат мерасонад. Дар умум, идеяи миллии «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо» барои ба падидаи инсонӣ табдил додани ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, шароити арзандаро барои рушди инсон ба вуҷуд меоварад. Аз ин рӯ, формулаи амалишавандаи идеяи миллии «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо» дар чунин шакл падидор мегардад: Тоҷикистон ҳамчун давлати собит + Тоҷикистон ҳамчун давлати некуаҳволии умум = Тоҷикистони соҳибихтиёр, ки зарфияти созандаи шаҳрвандонро муттаҳид намуда, барои таҳким ва рушди Истиқлолияти давлатӣ заминаи мусоид муҳайё месозад. Тавре дар боло ишора намудем, барои ба вуҷуд овардани заминаи воқеии татбиқи Истиқлолияти давлатӣ, сартосарӣ намудани идеяи миллӣ зарур аст ва он ба воситаи барномарезии мушаххаси давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё нишон медиҳад, ки ғояҳои марказӣ аз ҷониби давлат ба шаҳрвандон пешниҳод шуда, тибқи сиёсати пухта ва санҷида дар амал татбиқ карда мешавад ва дар дарозмуддат ба арзиши воқеии шаҳрвандон мубаддал мегардад. Дар зимн раванди «анъанасозӣ»-и давлат низ муҳим аст, ки ба тадриҷ таҳия ва дар амал татбиқ карда мешавад. Бинобар ин, барои ба вуҷуд овардани насли муосир ва содиқ ба ватану миллат муҳим аст, ки барномарезиҳои давлатӣ дар самти илм, маориф ва фарҳанг бознигарӣ шаванд. Дар ин ҷода истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ барои мудирияти ин соҳаҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Рӯи даст гирифтани барномаҳои санҷидашуда ва коркардшудаи давлатӣ барои ташаккули мавқеи шаҳрвандӣ ва тафаккури давлатӣ аз тарбияи кӯдакон ва наврасон оғоз намудан даркор ва дар ин роҳ истифодаи зарфияти зеҳнии зиёиён нақши калидӣ дорад ва тариқи моделсозии иҷтимоии сиёсат татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоии давлатии шахсиятсоз метавонад амалӣ шавад. Барои насли наврас ва ҷавони кишвар пешниҳод намудани образҳои идеалӣ дар симои шахсиятҳои асотирӣ аз “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ (Рустами Дастон, Исфандиёр, Сиёвуш ва дигарҳо), таърихӣ (Шерак, Томирис, Сино, Хайём, Темурмалик, Восеъ ва дигарҳо) ва қаҳрамонони асарҳои нависандагони муосир ва классикӣ аз аҳамият холӣ нест. Иқдоми мазкур ба он мусоидат мекунад, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳо ва ҳувияти миллӣ бо абзори муосир ба роҳ монда шуда, чунин шароит ба рушди фановарӣ ва технологияи муосир оварда мерасонад. Ҳамчунин, таъсири унсурҳои фарҳангиву арзишии ҳувияти мусоири мо ба давлат ва минтақаҳои мухталифи дунё интиқол меёбад. Таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи
манфиатҳои миллӣ аз суботу амнияти миллӣ сарчашма гирифта, маҳз устувор будани ваҳдату ягонагии миллӣ шароити арзандаро барои рушд ба вуҷуд меорад. Дар ин самт, ҷойгоҳи вазъи умумии дохилӣ калидӣ аст, зеро он ба авзои умумии ҷомеаи кишвар рабт дошта, дар таҳкими суботу амнияти давлат нақши ҷиддиро мебозад. Ҳамзамон, мақоми сиёсати дохилӣ дар тақвияти давлатдории миллӣ баланд буда, маҳз инкишофи босуботи он заминаҳои рушди устуворро таҳким бахшида, барои тавсеаи соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг ва маънавиёт мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи манфиатҳои миллӣ дар дарозмуддат таваҷҷуҳ ба нуктаҳои музкур ба мақсад мувофиқ мебошад: 1. Таҳлили вазъи имрӯза имкон медиҳад, ки мо перомуни ташаккул ёфтани фарҳанги нави сиёсӣ суҳбат намоем. Хусусиятҳои ин падида дар он зоҳир мегардад, ки бо баробари устувор гардидани аслҳои ҷомеаи иттилоотӣ, абзорҳои таъсиррасонанда ва ҳам тақвиятдиҳандаи он мақоми худро таҳким бахшида истодаанд. Бинобар ин, воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба абзори ҷиддии самтдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ мубаддал гардидаанд. Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар истифодаи васеи воситаҳои номбаршуда ба назар расида, фазои чандири сиёсию идеологиро ба вуҷуд овардааст. Дар ин ҷода, таҳлили матлабҳои ВАО-и чопию электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки маҷмуаи масъалаҳои нав ба вуҷуд омадаанд. Баррасии васеи он рушди фарҳанги сиёсиро бо сенарияҳои мухталиф имконпазир намуда, маҳз бо мудирияти давлатӣ метавонад барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, таҳкими суботу амният, инчунин ба татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон заминаи мусоид офарад. Аз ин рӯ, инкишофи фарҳанги нави сиёсӣ бо васеъ гардидани истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ табақаҳои мухталифи ҷомеаи кишварро ба корҳои сиёсӣ ҷалб намудааст. Дар ин самт, махсусан муҳим аст, ки манбаи шаклдиҳандаи фарҳанги нави сиёсӣ дар дасти давлат боқӣ монад. Зеро омили мазкур ба ҳифзи ваҳдату ягонагии миллӣ мусоидат менамояд. 2. Самти афзалиятноки дигар масъалаи таҳкими ҷойгоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои густариши арзишҳои давлатӣ мусоидат намуда, заминаи ҷиддиро барои инкишофи ҳувияти миллӣ (давлатӣ) ба вуҷуд меорад. Масъалаи калидии ин самт ба абзори нерӯи нарми қудратҳои манфиатдор мубаддал нагардидани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, зеро дар чунин шароит он наметавонад рисолати аслии худро иҷро кунад. Имрӯзҳо аксарияти ҳизбҳои сиёсии расмӣ рушди ҷомеаи шаҳрвандиро аз афзалиятҳои худ медонанд. Фаъолият дар ин самт метавонад ба ҷалби шаҳрвандон тариқи воситаҳои қонунӣ ба сиёсат мусоидат кунад. Бо таҳким ёфтани ҷойгоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон пешгирӣ карда мешавад, зеро рисолати аслии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тарбия ва ташаккули шаҳрвандони қонунмеҳвар
аст. Дар ин ҷода, боло рафтани маърифати шаҳрвандӣ ба таҳкими фарҳанги нави сиёсӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. 3. Масъалаи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон аз афзалиятҳои дарозмуддат ба шумор меравад. Зеро теъдоди қобили мулоҳизаи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон вуҷуд доштани зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, тундгароӣ ва ифротгароии мазҳабӣ нигарониҳоро ба вуҷуд овардааст. Ҷавонон бо вуҷуди доштани зарфияти баланди навоварию эҷодӣ табақаи осебпазир ба шумор мераванд, зеро афзалиятҳои ҳаётии онҳо пурра шакл нагирифтааст. Аз чунин ҳолат гурӯҳҳои мухталиф - ҷинояткорон, қочоқчиён ва ифротиҳо сӯистифода намуда, ҷавононро ба сафи худ ҷалб менамоянд. Баррасии вазъи имрӯзаи ҷавонон нишон медиҳад, ки тамоюлҳои мухталиф гуногунсамт ва гоҳе ба ҳамдигар зид дар муҳити онҳо шакл гирифта истодааст. Чунин шароит осебпазии ҷавононро зиёд намуда, имкони истифода ё сӯистифода шуданашонро зиёд мегардонад. Аз ин рӯ, татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи ҷавонон дар партави чунин равандҳо муҳимият ва хусусияти нав касб намуда, дар дурнамо моҳияти актуалии худро ҳифз менамояд. 4. Истифодаи самараноки захираҳои иттилоотӣ ва масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ дар ин марҳилаи давлатдорӣ афзалияти хоса дорад. Зеро ҳар ду ҳам барои таъмини суботу амният ва ҳамчунин барои бесуботию муташанниҷии авзои ҷамиятӣ истифода шуда метавонанд. Ҳамзамон, тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар аксарияти нуқтаҳои доғи ҷаҳон барои ба вуҷуд овардани бесуботию низоъ иттилоот васеъ истифода шуда, ба аслиҳаи ҷиддии нерӯи нарм мубаддал гардидааст. Баррасии вазъи ба вуҷуд омадани бӯҳроне бо номи «баҳори арабӣ» нишон медиҳад, ки маҳз заифии иттилои дохилӣ боиси бесуботӣ гардидааст. Дар фазои иттилоотӣ, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанги иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст, ки мақсади асосии он тағйири муносибати шаҳрванд бо давлат мебошад. Кӯшишҳои коҳиши эҳсоси боварӣ ва эътимод ба назар мерасад, ки дар натиҷаи муваффақият теъдоди қобили мулоҳизаи шаҳрвандонро ба партовҳои иҷтимоӣ мубаддал мегардонад. Ин тоифа аз назари равонӣ осебпазир буда, ҷалб шуданашон ба гурӯҳҳои тундгарову ифротӣ осон аст. Аз ин рӯ, рушди зерсохтори ҷомеаи иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки пешрафти иҷтимоию сиёсии кишвар ба ҳисоб меравад. 5. Ҳифзи амнияту суботи давлатӣ низ аз масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ба шумор меравад. Зеро суботу амният ба таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, ягонагии миллиро устувор мегардонад. Ҳамзамон, бо дарназардошти вазъи осебпазири минтақа ва ҷаҳон, бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва дар ҳоли номуайянӣ қарор доштани муносибатҳои байналмилалӣ таъмини субот ва ҳифзи амният ба масъалаи муҳими давлатӣ мубаддал гардида, тақвияти он бо истифода аз имкониятҳои муосир заминаҳои ҷиддии рушдро фароҳам меоварад.
Мувофиқи бозори меҳнат бояд касб омӯхт
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
Илм ба рушди ҷомеа мусоидат намуда, дар баробари ин, омили муҳими рушди ҳар як шахсият аст. Фаридун зимни суҳбат гуфт: - Илм бояд ҳамқадами замон бошад. Зеро проблема ва масоиле, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад, ба воситаи тадқиқотҳои илмӣ ва навовариҳое, ки дар ин ё он соҳаи илм ба миён меоянд, бартараф мегарданд. Хушбахтона, дар қиёс ба солҳои пеш машғул шудани ҷавонон ба корҳои илмӣ ҳам миқдоран ва ҳам сифатан бештар шудааст. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ ба корҳои илмӣ машғул гардида, вобаста ба масъалаҳои гуногун матлабҳо менавишт. Пас аз хатми донишгоҳ ба роҳи илм ҷиддитар ворид гардид. – Машғул шудан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ осон нест, мегӯяд ӯ. – Чун вақте ба фаъолияти илмӣ сару кор мегиред, бояд дар ҳамон соҳа навоварӣ намоед. Барои ин танҳо заҳмат кашидан даркор. Имрӯз барои инкишофу рушд ва машғул шудан ба корҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст. Аз чунин шароит истифода бурдан зарур аст. Дар пайи омӯзишҳои пайваста Фаридун Давлатов чанд китоб ва дастурамали таълимиро омодаю нашр намудааст: китобҳои “Асосҳои маърифати шаҳрвандӣ”, “Шаҳрвандшиносӣ”, “Назарияи давлат ва ҳуқуқ”, “Методикаи таълими ҳуқуқ” ва дастурҳои таълимии “Ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ”, “Ҳуқуқи меҳнатӣ”, “Ҳуқуқи оилавӣ” ва ғайраҳо. Шӯрои олимони ҷавони кишвар дар ҳамбастагӣ бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии олимони ҷавон таъсис ёфтааст. Зери роҳбарии Фаридун Давлатов ду соли охир чорабиниҳои зиёде ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам минтақаҳо гузаронида шуданд. Ҳамаи ин барои ҷиддитар машғул шудани ҷавонон ба корҳои илмӣ таконе мебахшад. Фаридун бар ин бовар аст, ки муваффақияти ҳар инсон пеш аз ҳама ба саъю кӯшиш, идрок, ахлоқ ва имконоте, ки барои вай пешбинӣ шудааст, вобастагӣ дорад. Барои рушди ҳар як шахсият дар баробари ваҳдату оромӣ, инчунин шароит лозим аст. Имрӯз дар
Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.
Хуҷанд пешсаф мешавад
1 2 3 4 5 6 7
ҷумҳурӣ ҳам қонунан ва ҳам амалан ин чиз муҳайёст. Ҳар як ҷавон бояд вобаста ба имконият ҷиҳати рушду нумӯи ҷомеа хизмат намояд. Вақте доир ба фаъолияти олимони ҷавон пурсон шудем, Фаридун чунин ибрози назар намуд: “Имрӯз дар фаъолияти шӯроҳои дифое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, агар аз лиҳози омор нигоҳ кунем, аксарияташон ҷавононанд. Дар баробари ин, барои дастгирии олимони ҷавон ҳар сол ба 12 нафар Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ тақдим мегардад”. Ба таъкиди ӯ ояндаи илм дурахшон аст. Зеро роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ин масъала низ таваҷҷуҳи хос дорад ва дар робита ба ин бисёр корҳо ба сомон расонида шудаанд. Фаридун Давлатов ҳоло дар мавзӯи “Танзими давлатӣ-ҳуқуқии масъалаҳои демографӣ дар Тоҷикистон” тадқиқоти илмӣ бурда истодааст. – Соҳибкасб шудану касб омӯхтан бояд ҳадафу мақсади ҳар шахс бошад. Ҳар нафар вобаста ба синну сол ҷиҳати беҳтар намудани шароити зиндагии худ, хизмат намудан ба халқи хеш ва аз худ гузоштани номи нек ҳатман бояд ҳунар ва ё пешаеро интихоб намуда, онро омӯзад. Ҳар ҷавон бояд вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқи ҷумҳурӣ касб интихоб кунад, то дар пайдо кардани ҷои кор ба мушкилӣ дучор нашавад.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4
Шаҳр, ноҳия
Мудири бахш
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон 7 БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар 12 БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат 21 БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр 67 БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азимов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ
Ҷамъи овозҳо
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
Фаридун Давлатов аз моҳи январи соли 2009 дар вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ кору фаъолият дошта, ҳамзамон аз соли 2014 раиси Шӯрои олимони ҷавони ҷумҳуриро бар дӯш дорад. Соли 2011 номзади илмҳои педагогӣ гардида, аз соли 2010 Аълочии маорифи Тоҷикистон ва соли 2013 барои фаъолияти пурсамар ва тадқиқоти илмӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардидааст.
Овозҳо дар ҳафта
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
ОЗМУН
№
10
СОҲИБКАСБ
2 10
4 67
12
97 5 21
1 68
90
3
15
15
3 5 17 32 2 2 13
2 2
11
56 12 15
Аз қочоқчӣ то таблиғгари ифротгароӣ
11
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
РУШДИ ТУРИЗМ
Кирдори мудҳишу ғамнок, ғамбору пурпеч ва фоҷиаангези ҷавонони тоҷик нигаронкунанда мебошад. Дар дохили созмонҳои иртиҷоии исломӣ фарқ байни инсону ҳайвон сутуда шудааст. Кас намедонад ба киву чи бовар кунад. Ба чунин воқеаҳо нигаристан ва дар бораи он чизе гуфтан хеле гарон аст. Дар баробари ин, ҳадди аксар ва ҳадди имконпазир инсон ба рафтори инсони ҳайвонсифат бетарф буда наметавонад. Бадбахтиҳои зиёдеро гурӯҳу қувваҳои ифротгарову террорист ба сари мардум меоваранд, махсусан, ба сари ҷавонон. Онҳоро бо роҳҳои гуногун мефиребанд. Вақтҳои охир аъзои «Давлати исломӣ» ба фиреби ҷавонон дар зиндонҳои хориҷи кишвар пардохтаанд.
Рустам РАҲИМОВ
ВОКУНИШ
“Гули Сурх” бо ЛГБТ ҳамкорӣ накардааст Дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” таҳти №34 (9460) дар саҳифаи 4 мақолаи “Ҳифзи ҷомеаи суннатӣ ногузир аст” чоп гардида буд. Дар он гуфта мешавад, ки ташкилоти “Гули Сурх” гӯё: “Бо ҷомеаи ЛГБТ кор мекунад ва оид ба ҳимояи ҳуқуқи онҳо грантҳо гирифта, онҳоро дастгирӣ менамояд, ки ин бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба зиёдшавии шумораи ин тоифа гурӯҳҳо мусоидат менамояд”. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ташкилоти мо таҳти рақами қайдгирии 174 аз 14.03.2004 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба одамони бо вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ) сироятшуда хизмати рӯҳию эҳсосотӣ расонида, онҳоро дастгирӣ менамояд. Ташкилоти “Гули Сурх” ҳеҷ вақт бо гурӯҳи ЛГБТ кору фаъолият накардааст, грант нагирифтааст ва ҳуқуқҳои онҳоро тибқи грантҳо ҳимояву дастгирӣ накардааст. С.КОМИЛОВА, директори ТҶ “Гули Сурх”
Ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҳанӯз аз давраҳои пеш бо ҷойҳои таърихиву мавзеъҳои сайёҳӣ, аз қабили чашмаи Носири Хусрав, Кофирқалъа ва маъбадҳои оташпарастии он, мақбараи Сарои Баҳор ва ибодатгоҳи Имом Муҳаммади Боқир маъруфи ҷаҳон шудааст. Мувофиқи ривоятҳои таърихӣ чашмаи Носири Хусрав дар асри XI аз ҷониби Шоҳносири Қубодиёнӣ, ки баъди сафари тӯлонӣ дар водии мазкур қарор гирифтаст, пайдо шуд. Яъне вақте ки Шоҳносир ба Поршнев расиду мехост дар мавзеи Миденшори ин водӣ муваққатан фароғат кунад, дар ин мавзеъ назараш ба як пиразан афтод. Барои шикастани ташнагии худ Шоҳносир аз ӯ қатраи об талаб намуд. Зани солхӯрда дар кӯзаи хурд барояш об оварда бо Шоҳносир мулоқот орост. Ӯ аз он хотир изҳори таассуф намуд, ки сокинони маҳаллӣ солиёни зиёд аст, аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Шоҳносир ба нақли пиразан гӯш дода, дар ҳузури даҳҳо нафар сокини ин мавзеъ чӯбдасти хешро ба замин зер кард ва аз он чашмаи мазкур падид омад. Феълан садҳо сайёҳи хориҷиву ватанӣ ва дигар шахсони расмиву ғайрирасмӣ, ки бори аввал ба ноҳияи Шуғнон ташриф меоранд, пеш аз ҳама аз чашмаи Шоҳносир ва осорхонаи дар шафати он қарордошта дидан мекунанд. Мақбараи Сарои Баҳори водии Поршнев яке аз ёдгориҳои асосии таърихӣ дар Помири ғарбӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷо нафақат мақбараи беназири роҳбарони рӯҳонии асри XI мавҷуд аст. Инчунин метавон дар дохили ин мақбара маҷмӯи бойи дастнависҳои бостонӣ, маҳсули ҳунарҳои хаттотӣ ва петроглифиро пайдо кард. Кофирқалъаи ҷамоати Сучони Шуғнон, ки ҳамчунин онро Дижи Истанбул унвон мекунанд, дар канори рости танаи доманакӯҳҳои мавзеи Боғеф воқеъ мебошад. Бар замми ин, аз тарафи ғарбии қалъаи мазкур маъбадҳои қадимаи оташпарастони замони зардӯштӣ вуҷуд дорад. Ин маъбадҳои бостонӣ ба шакли доира сохта шуда, дар миёни онҳо оташдонҳои чоркунҷашакл қарор доранд. Қалъаи мазкур барои ҷалби сайёҳон аҳамияти бештар дорад. Аммо деворҳои асосии қалъа хароб
гашта, боиси кам шудани сайёҳон шудааст. Ин ёдгории камёб ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Таи чанд соли охир сайёҳонро дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон ғайр аз мавзеъҳои номбаршуда ҳамчунин чашмаи шифобахшии Ҷелондеҳ, машғулиятҳои рафтингу қайиқронӣ дар Яшилкӯл ва сайёҳии кӯҳнавардӣ дар сарҳади Батчор ҷалб месозад. Ҳоло дар ҳамбастагӣ бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ширкатҳои маҳаллӣ, ба монанди “Сарез”, “Шифо” ва “Ташриф” фаъолият доранд, ки дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон саҳми муносиб мегузоранд. Ба гуфтаи мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шуғнон Имомёрбек Имомёрбеков аз рӯи маълумоти расмӣ давоми сол зиёда аз 700 нафар сайёҳ ба ноҳия ташриф оварданд ва воридшавии онҳо идома дорад. Ба иттилои ӯ, чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти рушди сайёҳии деҳотӣ, аз ҷумла байни ҷавонон як қатор корҳо амалӣ шуданд. - Бо ҷалби меҳмонони хориҷӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Вер ва Ванқалъаи ноҳия бо ҷавонон мулоқоту вохӯриҳои судманд доир кардем. Маҳз самараи ин мулоқот буд, ки қариб 70 фисади ҷавонон ҷиҳати беҳбуии хизматрасонии сайёҳӣ камар бастаанд. Онҳо ихтиёран меҳмонхонаҳои навро аз ҷумлаи “Homestay” ва “Peace house” дар муҳлати кӯтоҳ мавриди истифода қарор дода, даромади хуб ба даст меоранд. Ба ин васила сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон беҳтар шудааст, - гуфт И. Имомёрбеков ва афзуд, - Ягона норасоии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Шуғнон дар он аст, ки дар самти пешбурди сайёҳӣ дар сатҳи ноҳия воҳиди корӣ нест. Барои ин лозим меояд, ки ҷиҳати дасрас намудани маълумот оид ба будубоши сайёҳон аз манбаъҳои ҳархела истифода барем.
Барои рушди сайёҳӣ дар Шуғнон чӣ намерасад?
Чеҳраи ифротгарою террористи машғули хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ кор мекард ва кунҷи зиндонро макони ҳамешагии худ қарор дод, кам нест. Ҳарчанд ҳар рӯз қочоқчиии маводи мухаддире боздошт шуда ба зиндон меравад, ба ҷои он ки ислоҳ шуда, аз аъмоли ғайриқонунии худ даст кашад, баръакс, бо рафтори тундгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ рӯз то рӯз шумораи онҳо меафзояд. Ҳоло бошад баъзе қочоқчиёни маводи мухаддир, ки боздошт шуда буданд, ба кори разилтаре даст мезананд. Гӯё барои равон намудани мардону занону ҷавонон ба сафҳои «Давлати исломӣ» «камари ҳиммат» бастаанд. Акнун аз хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир боз ба ифротгарову террорист табдил ёфтаанд. Ҳамин аст, ки Суди Нижний Тагили Русия баррасии парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистонро бо айби даъвати ошкоро барои пайвастан ба сафи «Давлати исломӣ» шуруъ кард. Ҳарчанд аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда намешавад, вале дафтари матбуотии Суди Нижний Тагил гуфтааст, ки ӯ ҳангоми адои ҷазо дар зиндони рақами 5-и ин шаҳр маҳбусонро барои пайвастан ба гурӯҳи террористӣ ва экстремистии «Давлати исломӣ» даъват кардааст. Қарор буд, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудааст, пас аз 6 моҳ аз маҳбас озод шавад. Ҳамакнун дар сурати собит шудани айб мумкин аст ин шахс ба муддати 4 соли дигар равонаи зиндони низомаш сахт маҳкум шавад. Бояд ёдовар шуд, ки аксари чунин ҷавонон ба дасти нимчамуллоҳову таблиғотгарони ифротӣ афтода, ба роҳи бад мераванд. Фаҳми нодурусти дингароиҳост, ки бо ду-се гумроҳ ба ифротгароӣ мепайванданд. Ҷойи нигаронии ҷиддист, ки ба ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ рафта, лекин ба корҳои баде, ки нафрати дигаронро меоварад, ҳамроҳ мегарданд. Ин дар ҳолест ки соле қабл мақомоти Русия панҷ муҳоҷири тоҷикро бо рафтори ифротгароӣ дар Санкт Петербург боздошт карда ба Тоҷикистон фиристонида буданд. Дар кирдорҳои муҳоҷирини тоҷик даъватҳои оммавӣ ба хотири ташвиқи терроризм, кӯшиши сафед намудани терроризм, даъват ба душманӣ ва таҳқири шаъни инсон ба мушоҳида мерасид. Бояд ҳарчи зудтар бадкирдорҳоро боздошт намуда, ҳам давлат ва ҳам ҷоеаро аз ифротгарою террорист тоза намуд. Чунки онҳо тавассути тақаллубкориву чоплусӣ ва ифротгароӣ маблағ ба даст меоранд ва ин тақаллубкорону чоплусон дер ё зуд боздошт мешаванд.
МАШҲУР ИМОМНАЗАРОВ
12
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
Устод такрор надорад
ЧЕҲРАИ МОНДАГОР
Устоди равоншод Асадулло Саъдуллоев аз публитсистикаву журналистика дарс мегуфт. Асрори эҷоди илмиву адабиву бадеиро таълим медод. Вобаста ба соҳаи публитсистика доим аз воқеияти бунёдӣ ҳарф мезад. Мегуфт, ки ҷони публитсистика баёни воқеӣ аст. Дар публитсистика аз даҳ калима интихобу баёни якеро комёбии муаллиф медонист. Дар такя ба ҳамон таълиме, ки устод дошт, чанд воқеияти кутоҳро чун маълумот дар бораи ӯ пешкаш мекунем. Соли 1940 чашм ба олами ҳастӣ кушодаву таълимдидаи УДТ (имрӯза ДМТ) буд. Кори эҷодиро аз даргоҳи телевизион оғоз намуда, минбаъд тӯли қариб бист сол дар идораҳои рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон», «Тоҷикистони советӣ» ва ғайра аз мухбири оддӣ то ҷонишини сармуҳаррир кор кард. Солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба олами таълиму таҳқиқ ворид шудаву дар донишгоҳҳои дохилу хориҷ фаъолият намуд. Дар шоҳроҳи таҳқиқи доманфарох аз унвонҷӯи оддӣ то дараҷаи доктори илми филология ва профессори соҳа расид. Зиёда аз панҷоҳ китобу асар таълиф намуда, даҳҳо нафар шогирдони соҳибунвонро ба камол расонид ва дар тамоми саҳифаҳои ВАО-и кишвар бо садҳо мақолаҳояш чун як чеҳраи эҷодӣ маҳбубият дошт. Дар таҳкими пояҳои касби журналистӣ нақши устуворро соҳиб буд ва аз нафароне ба ҳисоб мерафт, ки дар факултети навтаъсиси журналистика рӯҳу равони таълиму илмро бахшид. Сазовори ҷоизаву унвону мукофоти зиёди давлатӣ гашт. Шогирдонаш дар тамоми кафедрҳои факултети журналистика ба таҳқиқу тадрис машғуланд. Чоруми феврали соли ҷорӣ дар сини 76-солагӣ дунёро падруд гуфт. То охирин соли умр бо донишгоҳу факултети азизаш буд… ДАР ХОТИРАВУ ХОБУ ХАЁЛҲО МОНД Устод Асадулло Саъдуллоев моро тарк гуфт. Шахси наздике аз миёни мо рафт, ки ҳама нияту амалаш хайр буд. Ӯро дигар дар ин дунёи бевафо дучор намеоем. Дигар нигоҳи андешаманду пурмаънии ӯро намебинем ва садои орому ҳалимонаи ӯро намешунавем. Дигар аз дидани қадамзании марде, ки дар роҳраву зинаҳои ошёнаи дуюми бинои ДМТ (факултаи журналистика) ҳар рӯз чун як нерӯ ба сӯи мо меомад, маҳрум гаштем. Ӯ бемор буд, аммо гӯё бемориашро ошкор намудан намехост. Дардро фурӯ мебурду бо тинати устувораш ва иродаи қавияш худро водор менамуд, ки доиман бо мо бошад. Он қадар дуру қадим не, соли гузашта ӯро дар дохили аудитория медидем. Ӯ меомаду дар
атрофаш парвона мегаштем. Дар нигоҳаш хастагиву ҳузнеро хондан мумкин буд, аммо бо забон аз он чизе намегуфт. Солиёни тӯлонӣ аз ӯ таҳаммулу одобро омӯхтем ва дар охирин рӯзҳои ҳаёташ ҳамон таҳаммулро дар рафтораш медидем. Аз дард шикоят намекард. Бечоранолӣ наменамуд. Танҳо шӯхиомез дардро ҳақорат мегуфт. Акнун ӯ барои мо хобу хаёл гашт. Устод ҳанӯз дар овони донишҷӯӣ доштани дафтари хотираро ба мо талқин менамуд… Акнун сурату садои ӯро аз ҳамон дафтарҳои сабту хотираҳо суроғ мекунем. Ӯ ХУДРО СОХТА БУД Ӯро мисоли як чанори бузурге медонистем, ки ҳазорон шохаву ҳазорон реша дошт. Ба фикр фуру меравем ва меандешем, ки ин чанор воруна ба рӯи хок афтид. Шогирдону дӯстону ҳамнишинонаш худро таскин мебахшанд ва мегӯянд, ки барои арвоҳи шоди устод кори ӯро давом медиҳем. Аммо ин ҳама як омили таскинбахшанда аст. Устод такрор надорад. Ба қавли худи устоди равоншод ҷисмҳо монанд мешаванд, аммо ботинҳо мураккабу пур аз тафовутҳоянд. Қоил бояд буд, ки ҷои ӯро касе иваз карда наметавонад. Ӯ мусофири ботаҳаммулу бурдбори садҳои пайроҳаҳои тоқатфарсову пуршебу фарози касби худ буд. Акнун фаҳмидем, ки дар ҷодаҳои таҳқиқу эҷод касе қолаби касе буда наметавонад. Ҳар кас худро месозад ва ҳеҷ гоҳе ҷои дигареро гирифта наметавонад. Дар роҳи сохтани худ низ на ҳар кас муваффақ аст. Устоди равоншод бошад, он саодатманде буд, ки худро сохта буд. САҶДА БА ДИЛҲО МЕНАМУД Ӯ намунаи устодону эҷодкорон буд. Дилу нияти пок дошт. Ҳасуд набуд ва қасдгириву душманиро намеписандид. Зеро маърифату маънавиёти баланд дошт. Заминаи ин маърифату маънавиёташ донишу фаросати амиқаш ба ҳисоб мерафт. Бо шогирду ҳамнишасту ҳамкасбаш дар баҳсҳо як орифе буд, ки назир надошт. Ҳеҷ гоҳ ҳамсуҳбату ҳамнишасти худро бо он ки аз чизе бехабар буд, дар хиҷолат намегу-
зошт. Касеро муҷриму муттаҳам сохтан одати ӯ набуд. Ҳар нафаре аз ӯ чизе омӯхта метавонист. Донишу малакаву маҳораташро ҳеҷ гоҳе аз атрофиён дареғ намедошт. Ҳама дӯсташ медошт, зеро ӯ касеро бад намедид. Ӯ асрори ин дунёву он дунёро дарк карда буд. Ӯ дар хонаи дил намозу саҷдаи дилҳоро адо менамуд. ДАР САРГАҲИ ДАРЁҲОИ ЭҶОД ҚАРОР ДОШТ Одатан шахсияти олиму эҷодие аз дунё реҳлат намояд, ба тартиби хронологӣ аз фаъолияту ҳаёташ чизе месозанду ёдашро гиромӣ медоранд. Аммо чи сангин аст, ки ба феҳрастсозии эҷоди ин устод даст занем. Охир ӯ корро аз сатрҳои рӯзнома оғоз кардаву ба эҷоди «достонҳо» расонидааст. Дар бораи ин устоди зиндаёд китобҳо навиштан кифоят намекунад, ки дар бораи осору эҷоду фаъолияташ танҳо маълумотномае созем. Ҳатто хеле душвор аст, ки шумори заҳматҳои ӯро намоем. Ӯ як қомуси зиндаи баландарзиши дастрас барои мо шогирдон ба ҳисоб мерафт Дар саргаҳи эҷоди толибилмони мактаби эҷоду таҳқиқ қарор дошт. Ӯ устоди аксару ағлаби эҷодкорону муҳаққиқони публитсистикаву адабиёт буд. Ӯ дар тамоми пайраҳаҳову ҷодаҳои илми эҷоду таҳқиқ кашфиёт дошт ва пайроҳаҳои зиёдеро ба шогирдон пешниҳод карду рафт. ЧАНД ПАНДИ ПИРИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ТОҶИК Устод ба мо дар ҳар нишасту суҳбат дарс мегуфтанд. Дарси эҷод, дарси таҳқиқ, дарси одамгарӣ ва билохира дарси зиндагӣ… Устод моро тарк карду рафт, аммо ин гуфтаҳояш бо мо монду доимо дар хонаи дил садо медиҳанд: «Бадхӯву бадрӯву бадгӯ набошед… Гумон накунед, ки фаттоҳем… Болои курсӣ нишастану рӯи миз ба мутолиаву эҷод машғул шуданро одати худ созед… Давлати шумо заҳмати шумо аст… Эҷоду таҳқиқ фиребро намепарварад… Кибру ғурурро одат насозед, ки манфур мешавед… Худро таъриф накунед ва дар шунидани таърифи худ низ мафтун нашавед… Сохтакорӣ бақо надорад… Агар дар зиндагӣ
назди имону виҷдон ҳақ бошед, аз аккоси сагон, ҳатто газидани онҳо парво накунед… Аз донишҷӯ қасд нагиред, ки камоли аблаҳист… Бо олимону устодони хасакӣ худро хаста карда, дар мубориза қарор нагиред, онҳоро ҳамин зиндагӣ ҷазо медиҳад… Нисбат ба пешаатон ҳамон гунае, ки муносибат кардед, ҳамон гуна подош мебинед… Бесаводу ҷоҳил намоишкориро бештар меписандад… Ба умеди он набошед, ки илму эҷод шуморо сарватманд месозад, аммо мутмаин бошед, ки чун деҳқон соҳиби нони ҳалолед… Танҳоии шаб ва бедорӣ дар субҳи содиқ саодати ҳар эҷодкор аст… Аз устоду ҳамкоре, ки тамаъ дорад, дур буданатон беҳтар аст… Корро шумо не, вақт ҳал мекунад… Баъзе додаҳои номақбули зиндагиро қабул доред…». Саҳифаҳои хаёлу хотираро варақ мезанем ва мазмуни он саҳифаҳо бароямон дарс ва бозгӯи зиндагианд. Гуфтаҳои пурҳикмати устодамон баландарзишу беохир аст. БОШАД, КИ… Устод инсонгарии баланд дошт. Аз ноҷуриҳои зиндагӣ азоб мекашид. Кӯмак ба нафаре барояш рӯҳбаландӣ буд. Шогирдонро баробари фарзандонаш медонист. Одамро ба осонӣ мешинохт. Сахттарин ҷавоби ӯ дар муқобили нохалафеву ҷоҳиле танҳо хандаи маънидораш буд. Даҳсолаҳо ӯро мешинохтем, аммо боре садои дурушту баланди ӯро нашунидем. Хоксору заминӣ буд. Суҳбати гуворо дошту дунболи маснаду мақом намерафт. Озодаву пероста мегашт. Ботину зоҳири софу тозаву озода дошт. Бисёриҳоро бо амри тақдир сабаб гашт, ки соҳиби ному нон намояд, аммо дар ин ҷода миннатро намеписандид. Бисёр мехост, ки одамон дӯст бошанду ҳамдигарро фаҳманд. Сифатҳои биҳиштӣ дошт. Ин ҳама сифатҳо беҳикмат нестанд ва бошад, ки дар дунёи боқӣ ӯ дар сояи раҳмати ҷаҳонофарин қарор дошта бошад. Ба ин мо ҳама дӯогӯем. Саъдӣ МАҲДӢ, Бахтиёри ҚУТБИДДИН, муаллимони ДМТ
Дуди тамоку ба тифл зарар дорад
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
СОЛИМИИ ҶАВОНОН
Падар сигор мекашад – фарзанд ранҷ мебарад
Маълум аст, ки бисёр занон, алалхусус, агар онҳо донишу маърифати тиббӣ дошта бошанд, то ҳомиладорӣ ва дар давоми ҳомиладорӣ ба саломатӣ, ба шеваи зиндагии хеш эътибори махсус медиҳанд. Онҳо мекӯшанд ғизоҳое истеъмол намоянд, ки таркибашон аз витаминҳо бой бошад, ба тану ҷони худашон ва тифли батнашон фоида орад, аз ҳар гуна гапу корҳои беарзиш асабӣ намешаванд, ҳар сари чанд вақт аз муоинаи табибон мегузаранд ва аз рӯйи маслиҳати онҳо амал мекунанд. Ин бисёр хуб ва шоистаи таҳсин мебошад. Оё мардон дар ин давра, яъне барои бе ҳеҷ нуқс ҳомила шудани ҳамсар ва солим инкишоф ёфтани тифли батни ӯ ягон масъулият бояд ҳис кунанд ё на?! Ҳоҷат ба исбот нест, ки дар тасаввури аксари мардон ин масъалаҳо намеғунҷад ва ба он аҳамият ҳам намедиҳанд. Аммо мутахассисон ин андешаҳои ғалатро рад намуданд ва собит сохтанд, ки таъсири падарон ба саломатии фарзанди оянда аз модарон камтар нест. Донишмандон дар ҷараёни омӯзиш муайян намуданд, ки сигоркашии падарон ба пайдо шудани тифл ва инкишофи минбаъдаи он дар батн, ба солимии узвҳои нафаскашии ӯ сахт таъсир мерасонад, боиси инкишофи диққи нафаси ғайриаллергиявӣ дар байни кӯдакон гашта, ба сифати тухмҳуҷайраҳо, нутфа ва минбаъд ба ҷанин таъсири ногувор мерасонад. Сигоркашии волидайн яке аз омилҳои асосии марги нобаҳангоми тифлон дониста шудааст ва ин ба сатҳи баланди бемориҳои распираторӣ, аз ҷумла бронхит, шамолкашӣ ва газаки шуши (пневмания) кӯдакон алоқаманд мебошад. Дар як тадқиқоти дигар донишмандон муайян карданд, ки агар падар дар як рӯз 20 дона сигор кашад, беш аз 30 дарсад хавфи он мавҷуд аст, ки фарзанди ояндаи ӯ ба бемориҳои саратонӣ мубтало хоҳад шуд, ҳол он ки чунин хавф ба ҷони фарзандони шахсоне, ки сигор намекашанд, таҳдид намекунад. Хавф боз ҳам бештар меафзояд, агар падар аз шумораи зикршуда зиёдтар сигор кашад. Чанд далелро аз омор барои андеша ба хонандагони арҷманд пешниҳод мекунем: - Дар ҷаҳон бар асари тамоку дар ҳар 6 сония як кас ҷони худро аз даст медиҳад, дар як шабонарӯз 10 ҳазор нафар, дар як сол бошад 3,5 миллион нафар. - Тадқиқот собит сохт, ки агар фавт аз сирояти ВИЧ/СПИД, бемории сил, оризаҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд, фалокати садамаҳои нақлиётӣ, ҳодисаҳои худкушӣ ва кушторро дар якҷоягӣ ҷамъ оварем ҳам, наметавонем онро ба фавт аз таъсири тамоку баробар созем. - Тамокукашӣ дар кишварҳои ҳолати рушд нисбат ба кишварҳои мутараққӣ бештар ба мушоҳида расидааст. - Тамоку таъсири машруботи спиртиро ду баробар меафзудааст. - Дар дуди тамоку беш аз 4000 моддаҳои зараровари кимёӣ вуҷуд дорад, ки 40 намуди он таъсири бениҳоят сахт доранд ва дар охир ба саратон мубтало месозанд. - Таъсири як қуттӣ сигор дар як шабонарӯз баробар аст ба 500 радиатсиияи рентген дар як сол. - Никотини таркиби тамоку баъд аз 7 сонияи кашидани он ба мағзи сар таъсир расонида, ҳаҷми рагҳои хунгардро танг месозад ва таъмини майнаи сарро бо оксиген кам менамояд. Танг шудани ҳаҷми рагҳои хунгард пӯстро пажмурдаю бенур мегардонад. Никотин мисли маводи мухаддир касро ба вобастагӣ мерасонад. - Собит шудааст, ки 90 дар сади фавт аз саратони шуш, 75 дар сади фавт аз бронхит ва эмфизема, 25 дар сади фавт аз бемориҳои дил маҳз ба тамокукашӣ вобаста мебошанд. Шахсони тамокукаш ба ҳисоби миёна 15 соли ҳаёти худро дидаву дониста кӯтоҳ мекунанд. - Тамокукашӣ занонро ба безуриётӣ мубтало месозад, дар онҳо бемориҳои илтиҳоби узвҳои занона бешатар мушоҳида мешавад. Генекологи олмонӣ Берхнард тақрибан 6000 занро ташхис намуда, ба хулосае омадааст, ки хавфи безуриётӣ дар занони сигоркаш 42 дарсад, вале дар заноне, ки ин одати номақбулро надоранд, ҳамагӣ 4 дарсадро ташкил медиҳад. Тамоку на танҳо ба ҷисму ҷони зан, балки ба тифли батнаш низ сахт зарар мерасонад. Занони сигоркаш пеш аз вақт ба ҳусну ҷамоли хеш зарба мезананд, пиру фартуту нозебо мешаванд. Гуфтем ва боз ёдрас мешавем, ки тамоку вобастагиро ба вуҷуд меорад, яъне кашидани тамоку одат мешавад, одати бисёр сахту ҳалокатовар, ки тарки он кори саҳлу осон нест. Кам нестанд одамоне, ки аз ин одати бад сахт дар ранҷу азобанд, ангушти пушаймонӣ мегазанд, роҳу воситаҳои даст кашидан аз онро меҷӯянд. Табибон бар он ақидаанд, ки дар ин роҳ пеш аз ҳама азму иродаи матин, сабру субот, устуворию пойдорӣ роли ҳалкунанда мебозад. Таманно дорем, ҳамаи онҳое, ки бо сабабҳои гуногун даст ба тамоку задаанд, бахусус ҷавонон зудтар худро аз банди марговари тамоку озод намоянд ва шеваи солими зиндагиро пеш гиранд, зеро роҳи наҷот ва зиндагии шоиставу арзанда маҳз дар ҳамин аст ва умед аст, ки дар ин роҳ ғолиб мешаванд. Илҳом АЙМАТОВ, табиби оилавӣ, мудири шуъбаи Маркази саломатии №4-и шаҳри Душанбе
Помидор на танҳо ба ҷисму тан муфиду судманд аст, балки ба рӯҳия низ таъсири нек дорад. Дар таркиби помидор моддаи табиии тирамин мавҷуд аст, ки дар организм ба серотонин мубаддал мешавад. Маҳз ба туфайли серотонин рӯҳия болида мегардад ва ёрӣ мерасонад, ки ҷисм ба стрес мубориза барад. Хосиятҳои шифоии помидор бисёр аст: узвҳои асабро қавӣ менамояд, таъсири зиддигазаккашӣ ва зиддибактериявӣ дорад, кори узвҳои ҳозимаро беҳ месозад, мубодилаи моддаҳоро ба эътидол меорад. Хусусияти пешобронӣ дорад. Помидорро ҳамчун воситаи косметологӣ барои ҷавон сохтани рӯй, ҷаззобу дилкаш сохтани ҳусн, аз байн бурдани ожангҳо низ истифода мебаранд. Ҳамаи ин ба туфайли аз таркибҳои кимиёӣ бой будани он мебошад. Витаминҳои “А”, гурӯҳҳои “В”, “С”, “К”, “РР”, бета-каротин, глюкоза, фруктоза, ғозҳо (клетчатка), моддаҳои пектинӣ дар помидор фаровонанд. Помидор якчанд намуд кислотаҳои органикӣ – ҷавҳари лиму, кислотаи дикорбонат рабо, кислотаи оксалат ва ғайра дорад. Дар таркиби помидор инчунин намакҳои маъданӣ, мисли бор, йод, калий, калсий, фосфор, натрий, магний, оҳан, мис, руҳ ва ғайра фаровон мебошанд. Албатта, ин истилоҳҳои кимиёӣ на ҳамааш ба хонанда фаҳмо аст, аммо пай бурдан душвор нест, ки помидор бо ин қадар таркиби фаровон аз витаминҳо ва маъданҳо ба тану ҷисм нафъи бекарон дорад. Бинобар ин, помидор дар тибу табобат низ ба таври густурда истифода мешавад. Дар таркиби помидор як антиоксиданти бениҳоят пурзӯр бо номи ликопин мавҷуд аст, ки хосиятҳои шифоии зиёд дорад ва ба помидор ранги сурхи хушнамуд медиҳад. Ликопин ба туфайли хосиятҳои табобатиаш аз витамини “Е” садҳо бор боло меистад, қудрати бо бисёр бемориҳо мубориза бурданро дорад. Пеш аз ҳама организмро аз ҳуҷайраҳои бадсифат ҳимоя мекунад. Онро ҳамчун давои босамар борои пешгирии бемориҳои гарданаи бачадон дар занон ва ғадуди простата дар мардон истифода мебаранд. Муҳаққиқон ёдрас мекунанд, ки ба андозаи кофӣ мавҷуд будани ликопин дар организм хатари бемориҳои дилу рагҳоро кам менамояд. Помидорро бо ғизоҳои гуногун истифода карда, метавон сатҳи холестеринро паст ва пайдошавии суддаҳо (лахтаи хун, тромбҳо)-ро кам кард. Аз тадқиқот бармеояд, ки мардони миёнасоле, ки ликопин кам истеъмол мекунанд, дар онҳо хавфу хатари пайдошавии сактаи дилу мағз 3 баробар бештар мебошад. Хӯрдани помидор ба онҳое, ки аз диабет, фарбеҳӣ ва мубодилаи моддаҳо ранҷ мекашанд, муфид мебошад. Хроми таркиби помидор пеши роҳи гуруснагиро мегирад ва ба он мусоидат менамояд, ки кас худашро сер ҳис намояд. Помидор инчунин хосияти зарда ва пешобронӣ дорад, бинобар ин, агар баъд аз ним соати хӯрдани таом ним истакон оби помидор нӯшед, мушкилоти ҳазми таом шуморо ранҷ нахоҳад дод. Калсии таркиби помидор устухонҳоро мустаҳкам мекунад, калий бошад, фаъолияти дилро беҳ намуда, обҳои зиёдатиро аз бадан хориҷ месозад. Мавҷуд буда-
ни оҳан пеши роҳи камхуниро мегирад, руҳ (цинк) ба ҳолати пӯст ва мӯй таъсири нек дорад, фосфор ҷараёнҳои мубодиларо дар организм хубтар менамояд. Ба мақсади табобатӣ бо ғизо истифода намудани помидори тару тозу ва шарбати он дар мавриди газаки меъдаи (гастрит) туршиаш паст, заифии хотира ва хастагии тамоми бадан фоида дорад. Помидор то андозае бошад ҳам, таъсири мулоим кардани шикамро дорад, аз ин рӯ истеъмоли он ба шахсоне, ки қабзият доранд, муфид хоҳад буд. Чунонки ёдовар шудем, помидор дар мубодилаи моддаҳо иштирок мекунад, аз ҷумла дар табодули обу намак. Помидор ба шахсони сигоркаш бисёр судманд аст. Агар онҳо доиман помидор истеъмол кунанд, ба шарофати баъзе моддаҳои таркиби помидор қатрони никотин (моддаи равғанмонанди сиёҳ) ва заҳрҳо (токсинҳо) пароканда мешаванд, инчунин онҳоро аз шуш берун мекунад. Он моддаҳо ёрӣ мерасонанд, ки дандонҳо аз лояи (налет) тамоку то андозае бошад ҳам эмин монанд ва лаззати ғизо хубтар эҳсос шавад. Бар замми ҳамаи он чи гуфтем, помидор тағйири синнусолии пардаи тӯрии чашм (шабакия, сетчатка)-ро пешгирӣ мекунад ва ба ин восита биноӣ, нуру қуввати чашмро солҳои дароз нигоҳ медорад. Кори мағзи сарро беҳ месозад, инкишофи атеросклерозро нигоҳ медорад. Одамоне, ки аллергияи ғизоӣ доранд, беҳтар аст, ки аз истеъмоли помидор худдорӣ кунанд. Баъд аз омӯзиши таркиби помидор донишмандон ба хулоса омаданд, ки дар помидори дар ҳарорати баланд ҷӯшонида миқдори ликопин чанд баробар афзуда, хосиятҳои фоиданокиаш боз ҳам бештар мегардад. Чӣ тавр? Онро бо ҳар роҳ тайёр кардан мумкин аст. Як роҳаш ин аст, ки помидори яклухтро ба хӯроки пухтаистода, масалан, шӯрбо меандозем, он дар оби шӯрбо муддате меҷӯшад, баъд аз он мегирем. Ин аст помидори пурвитамин, хушлаззат ва ба саломатӣ судманд. Аз ҳамин ҷост, ки дар қайлаи (томати) помидор миқдори ликопин нисбат ба помидори тару тоза ва афшурдаи (соки) он бештар аст. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки агар ҳавсала ё хоҳиши ҷӯшонидани помидорро надоред, дар он сурат помидори тару тозаро бо равғанҳои растанӣ омехта, тановул кунед. Дар ин маврид ликопини таркиби он зиёдтар гашта, ҳазмаш низ осон мешавад. Аз истеъмоли помидорҳои дар намак ва сирко хобонида даст кашидан беҳтар аст, чунки онҳо ба шиддат ёфтани бемориҳои захми меъда ва дилу рагҳо мусоидат менамоянд. Умеда БОЙМАТОВА, мудири шуъбаи тибби оилавии Маркази саломатии №4-и шаҳри Душанбе
Помидор ҷисмро ҷавон нигоҳ медорад
Донишмандон муқаррар намудаанд, ки сигор кашидани мардон ба ҳомила шудани ҳамсар ва тифли батни ӯ хавфу хатар дорад, аз ҷумла хавфи ба диққи нафас (астма) гирифтор шудани фарзанди ояндаро чандин маротиба меафзояд.
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
Хуни ишқи туст дар шарёни ман
ВАЛИҶОН БАЁНӢ
Адиб ва журналист, муаллифи фаъоли “Ҷавонони Тоҷикистон” Валиҷон Баёнӣ 28 сентябр ба синни 45 мерасад. Аҳли эҷоди рӯзнома Валиҷон Баёниро шодбош гуфта, барояш тансиҳатӣ, умри дарози бобаракат ва муваффақиятҳои эҷодӣ хоҳонем. Ин се шеър аз эҷодиёти В. Баёнӣ, ки барои бачаҳо иншо шудааст, пешкаш мегардад.
Мактаб Эй мактаби азизам! Эй боғи илму ирфон! Дар оғӯши ту гаштам Чун ғунчае шукуфон. Рӯзе, ки ту даратро Кардӣ ба сӯйи ман во. Меҳри туро намудам Дар хонаи дилам ҷо. Ҳастӣ ба мисли модар Ғамхору раҳнамоям. Маънии зиндагӣ гашт Рӯшан зи ту бароям. Гулғунчаи нават ман Дар боғи сабзи гулпӯш Эй мактабам, насозам Асло туро фаромӯш.
Муаллим Дар зиндагӣ бароям Шамси само муаллим. Дар ҳалли мушкили ман Рӯ бар дуо муаллим. Даҳ соли даври мактаб Дарси ту кардам аз бар. Аз заҳматат кашидам Чун нахли босамар сар. Бо нури ҳикмати ту Шуд роҳи ман мунаввар. Миннатпазирам аз ту, Устоди меҳрпарвар. Хоҳам идома бахшам Роҳи туро муаллим. Чун дастпарвари ту Дар боғи сабзи таълим.
Нишона Биншаста дар лаби ҷӯ, Хоҳаракам Нишона. Бо куртаи гулдӯзӣ, Бо нози духтарона. Чун саъбаи хушовоз Бо сад карашмаву ноз, Мехонад аз таҳи дил, Сурудаки дилнавоз. Хоҳаракам мешавад, Бо ин ҳама савту соз. Мисли Нигина – апа Ҳофизаи хушовоз.
Чакидаҳо
Алимуҳаммад МУРОДӢ
Падарҷонам, умеди зиндагонӣ, Дуоят бахшадам амну амонӣ. Сарат дарду дилат ғамро набинад, Маро ҳастӣ нигаҳбон аз хазонӣ.
Ин қадар ширин бихандӣ
Аё модар, шукӯҳи зиндагонӣ, Бароям қиммат аз ганҷи ҷаҳонӣ. Агар қадрат бидонам ман ҳамеша, Шавад ҷоям биҳишти ҷовидонӣ.
Ин қадар ширин бихандӣ, Ин қадар ширин битобӣ, Ошноӣ, ношиносӣ, Кистӣ, рӯъёӣ, хобӣ? Аз диёри ёд ойӣ, К-ин қадар бар дил қаринӣ. Ин қадар шириннамоӣ, Нозанинӣ, нозанинӣ. Рӯҳи як ишқи шаҳидӣ, Ёди як эҳсоси покӣ. Хунбаҳо мехоҳӣ аз ман, Хунбаҳо аз мушти хоке.
Ҳамеша, эй бародар, бо Ватан бош, Мабош озурдадил, ширинсухан бош. Чу Сомонии боазму ирода, Сари хат ифтихори марду зан бош. Адаб дар қалби ақл чун нигин аст, Адаб ҳар кас ки дорад, нозанин аст. Ҳамеша, эй бародар, боадаб бош, Ки маънии ҳаёт аслан ҳамин аст. Эй Ватан, эй Тоҷикистон, ҷони ман, Баҳри ҳар як дарди ман дармони ман. Бо ту умре сарбаландам, сарбаланд, Хуни ишқи туст дар шарёни ман.
Бедор бош! Душман чӣ мекорад? Низо, Моро чӣ месозад? Ҷудо. Кишташ чӣ бор орад? Бало, Эй ҳамватан, бедор бош. Ӯ дӯстрӯ, ту дӯстҷӯ, Ӯ ҳилладон, ту содахӯ, Заҳр аст дар ҳар қанди ӯ, Эй ҳамватан, бедор бош. Гаҳ ёру ёвар мешавад, Гоҳе бародар мешавад, Мор аст, аждар мешавад, Эй ҳамватан, бедор бош. Иғвои мову ман кунад, Моро ба мо душман кунад, Коре чу Оҳарман кунад, Эй ҳамватан, бедор бош.
Шукри ҳар як резасангат, эй Ватан, Шукри мардони банангат, эй Ватан. Мурғи илҳомам ба парвоз омадаст, Дар фазои ранг-рангат, эй Ватан.
Чун гард боло мешавад, Бар дидаат ҷо мешавад, Бахтат таги по мешавад, Эй ҳамватан, бедор бош!
Саидбурҳони РАҶАБАЛӢ, хонандаи синфи 9, МТМУ №5-и ноҳияи Шамсиддини ШОҲИН
Мирзоюсуф ШАРИФЗОДА
Табиати афсункор Табиатро бубин дорад салобат, “Табиат мекунад моро табобат”. Дарахти ар- араш болор гардад, Дарахти мевааш пурбор гардад. Анору себу зардолуву нокаш, Ба бор ояд зи таъми обу хокаш. Сафедораш нигаҳдори балоҳост, Шифобахшанда оби пок бо мост. Давои ҷисм бошад мумиёяш, Даво бошад ба ҳар дарде гиёяш. Давои захм ёбӣ охчераш, Ба мушкил ёбӣ гарчи дер – дераш. Сафои рӯҳу ҷон бошад гули ӯ, Ба ҷисми мо тавон бошад гули ӯ. Табиатро бубин сарсабзу хуррам, Ки аз дилҳо барад ҳар лаҳза сад ғам. Табиат баҳри ҳар одам сахӣ аст, Вале тахрибкораш дӯзахӣ аст. Табиатро бибояд пок дорем, Барояш боядо хидмат гузорем. Яки моро ҳазорон мекунад боз, Сафои рӯзгорон мекунад боз. Аз ин пас боз гӯям бо хитобат: “Табиат мекунад моро табобат”. Табиатро табиатвор бошем, Ба ҳар дарди табиат ёр бошем.
Чӯпон
Ба бародарам мебахшам, ки беш аз чил соли умри пурбаракати худро ба чӯпонӣ бахшид. Умрат ба чӯпонӣ гузашт Дар кӯҳу дашту ёлаҳо. Кӯи ба кӯ аз пушти мол Бо барраву бузғолаҳо.
Ман он мурғам, ки сайри лолаам нест, Ман он сайдам, ки ғайри нолаам нест. Ман он оҳам, ки дар ғамхонаи дил Ниҳон гаштам, ки ёре волаам нест. Дилам аз ишқи покат пора-пора, Миёни раҳ шудам, ёрам, чӣ чора? Миёни раҳ шудам, айни ҷавонӣ, Ба қалбат кай кунад ин дард кора?
Гаҳ хор дар поят халид, Гаҳ санг буд болини ту. Гоҳе худургӣ хурдаӣ, Гаҳ марға буд болини ту.
Ғами ишқи ту қалбамро фишурдаст, Ҳама ақли маро аз сар бибурдаст. Магир айбам, ки сӯзи ишқ дорам, Худо ин дардро бар ман супурдаст.
Гаҳ гург меомад падид, Гаҳ хирс меомад дучор. Гоҳе паланг аз теғае Дар чашми ӯ ҳирси ниқор.
Ба пушти хонаам боғи биҳишт аст, Диламро панҷаи меҳрат сириштаст. Чу мурғи озарин нолам шабу рӯз, Ки тухми ҳасратам доғи ту киштаст.
Гаҳ барфу борон дидаӣ, Гаҳ тар, гоҳе ҷар шудӣ. Гаҳ сӯхтӣ дар офтоб, Дар нимараҳ шалпар шудӣ.
Ба сар дорам яке савдои ёре, Надорам бо дигар кас кору боре. Дилам шод аст бо ғамҳои ширин, Аз ин ғамҳо маро дар дил баҳоре.
Гаҳ то саҳаргаҳ бечирим, Гаҳ хоб кардӣ рӯи санг. Бедор мекардат гаҳе Оҳанги хар бо “ҳанг - ҳанг”.
Дил андар оташи ишқат кабоб аст, Ду чашмам аз фироқат ғарқи об аст. Намеоӣ, намешинӣ ту бо ман, Дареғо, умри ширин дар шитоб аст.
Умрат ба ин маъно гузашт, Якто гузашт, танҳо гузашт. Дар қуллаҳои кӯҳҳо, Дар дашту дар саҳро гузашт. Дорам таманно аз Худо Умрат диҳад монанди бурс. Аз ҳоли фарзанди падар Эй ҷони ман, ҳар лаҳза пурс.
Қатраборон
(Аз дафтари рубоиёт ва дубайтӣ)
Тори дили ман садо надорад бе ту, Ин зиндагиям баҳо надорад бе ту. Аз дарди муҳаббати ту бемор шудам, Дарди дили ман даво надорад бе ту.
Биё, дар ишқи ӯ шайдо шав, эй дил, Зи пинҳонӣ баро, пайдо шав, эй дил. Дар ишқи поки он Якто чунон сӯз, Аз ин поин ба он боло шав, эй дил. Ало, ёрам, чаро аз ман шитобӣ? Саропо ғарқа дар нозу итобӣ. Ман он ранҷидаэҳсосам, ки рафтам, Агар кобӣ, дигар борам наёбӣ. Аз он рӯзе туро дидам, асирам, Асири он ду чашми беназирам. Бароям зиндагӣ ҷовид бошад, Агар дар роҳи ишқи ту бимирам. Намедонӣ, ки ҳастӣ дар хаёлам, Хаёле, ки барад сӯи висолам. Ту донию Худои арши аъло, Ки ман дар роҳи ишқат бемисолам.
15
Худои некии зардуштия
Ќисми математика
Нобудї
Пойтахти Њиндустон
Чоп кардан
Пойтахти Руминия
Анзоб, Шаршар ё Фахробод
Номи мардона
Шакли пурраи номи Саша
Уќёнуси яхбастаи …
Меваи дар Тољикистон маъмул
Воридшавї
Оњиста, Њакам, додпаст дар рас мусиќї (рус.)
Касе, ки дар дарс нест
Рањм, дилсўзї
Эњсосот
Тими футболи Мадрид, Испания
Моњи аввали њиљрї
Малика …, овозхон
Ин тамокуро ба дањон мепартоянд
Рўи панља
Одат, хислат
Марди диндори ботаќво
Њавзи Ќайроќќум, Норак ё Фарњод
Сардафтари адабиёти тољик
Модар ба забони шуѓнї
Ќалин, мањр Гузариш аз оби љў, марз ва ѓ
Боигарї, сармоя
Фоидарасон
Масхара, истењзо
Монанд, мисл
... -Ато, шањр дар Ќазоќистон
Шањр дар љазираи Сахалин
Падруд, хайрухуш
Меваи маъмул
Сулњу осоиш
... Нињолова, овозхон ва раќќоса
Тўњматзада
Љўй, ариќ
«Эй …бон, оњиста рон», шутур
Муќобили «бисёр» ... аз тору ... аз пуд задан
Шаб дар осмон мебарояд
Тољир
Њайвон, сайди даррандаю шикорчиён
Симо, зоњир
«Моњ» ба ўзбекї
Намози моњи Рамазон
Шамол
Номи маъмули мардонаи русї
Хирсаки австралиягї
Оќил, муќобили нодон
Чизи нав ба вуљуд овардан
Ќисми бозии теннис
... и Ѓазнавї, шоири асри 1112
Мошини аввалини шўравї
Китоби «Канзи …»
Забони Покистон
Леопарди амрикої
"Ёр ... бошад, кор сањл аст"
Ситам, зулм
Михаил …, мушкетёри кинои рус
Шакли кўтоњи номи Евгений
Картошкабирёни амрикої
Ситораи синамои Њинд Зинат …
«Лабу …аш овезон» (табъаш гирифта)
Пойтахти Бошќирдистон
СНГ (тољ.)
Шањр дар ИМА
САНҶИШИ ДОНИШ
... Ќурбонова, овозхон
Шахс, нафар
Бахтиёр …, ширинкор
Дењќони дос ба даст
Сканворд
... и Наљмиддин, овозхон
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
Шарм
16
СЕҲРИ ХОМА
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ
Фарқ байни ҷаннату дӯзах
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №38 (9464), 22.09.2016
Имтиҳон. Профессор: - Дар тайёра 500 хишт мебаранд. Як хишт меафтад. Чанд хишт мемонад? Донишҷӯ: - Ин осон. 499! - Дуруст. Саволи дигар. Чӣ хел филро бо се амал дар яхдон ҷо мекунанд? - 1. Яхдонро мекушоянд. 2. Филро мегузоранд. 3. Яхдонро мепӯшанд. - Давомаш. Чӣ хел оҳуро дар чор амал ба яхдон ҷо мекунанд? - 1. Яхдонро мекушоянд. 2. Филро берун мекунанд. 3. Оҳуро мемонанд. 4. Мепушанд. - Офарин. Саволи оянда. Шоҳи ҷангал – шер зодрӯз дорад. Ҳамаи ҳайвонҳо омадаанд ба ғайр аз якеаш. Барои чӣ? - Барои он ки оҳу дар яхдон аст. - Мумкин аст, ки кампир аз ботлоқи пур аз крокодил гузарад? - Албатта. Охир ҳамаи крокодилҳо дар зодрӯзи шеранд. - Хуб. Акнун саволи охирон. Кампир бо вуҷуд вақти гузаштан аз ботлоқи холӣ мурд. Чӣ ҳодиса рух дод? - Ғарқ шуд. - Не. Ба сари ӯ ҳамон хиште зад, ки аз тайёра афтода буд. Дафъаи дигар биё!
Марди нексириште, ки ба суҳбати Худованд мушарраф гардид, аз ӯ пурсид: - Парвардигорам, ман донистан мехоҳам, ки ҷаннат чисту дӯзах чист. Худованд ӯро ба назди ду дар бурда, яке аз он дарҳоро боз кард ва мардро ба дохили он ворид намуд. Дар он ҷо мизи мудаввари азиме меистод, ки дар миёнаи он косаи калони пур аз хӯрок гузошта шуда буд ва аз он бӯйи хуш ба машом мерасид. Мард ҳис кард, ки оби даҳонаш ҷорӣ шуд. Одамони дар гирди миз нишаста, мисли он ки муддати тӯлонӣ чизе нахӯрда бошанд, ба назар хастаҳолу гурусна ва мариз менамуданд. Ҳамаи онҳо дар даст қошуқҳои калоне доштанд, ки дастаҳои дарози онҳоро дар дасташон маҳкам дошта меистоданд. Онҳо бо ин қошуқҳои худ аз дохили коса хӯрокро пур карда гирифта метавонистанд, аммо бо сабаби он ки дастаҳои ин қошуқҳо хеле дароз буд, онро ба даҳон бурда наметавонистанд. Марди нексиришт аз дидани ин манзара ва ин одамони бадбахт хеле ба риққат омаду андуҳгин шуд. Худованд ба ӯ гуфт: - Худи ҳозир ту дӯзахро дидӣ. Сипас, Худованд ва он марди нексиришт ба самти дари дуюм равон шуданд. Худованд дарро кушод. Манзарае, ки мард дар мушоҳида намуд, ба манзараи қаблан дидааш монандӣ дошт. Он ҷо низ мизи калони мудавваре меистод ва дар болояш ҳамон гуна косаи калон гузошта шуда буд. Одамони дар гирди миз нишаста ҳамон гуна қошуқҳои калони дорои дастаҳои дароз дар даст доштанд. Танҳо онҳо ин дафъа ба назар хушбахту хушҳол менамуданду саргарми суҳбати самимӣ бо якдигар буданд. Марди нексиришт ба Худованд рӯ оварда гуфт: - Ман чизеро намефаҳмам. - Ин як чизи муқаррарӣ аст, - ҷавоб дод Худованд. - Ин одамон ба якдигар хӯрок хӯронданро омӯхтаанд. Он нафарони аввалӣ бошанд, танҳо побанди фикри худашон ҳастанд. Ҷаннату дӯзах як хел офарида шудааст. Фарқ танҳо дар табиати одамон ва дар ниҳоди худи онҳост.
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
МЕҲРОБ АЗИМОВ
22 сентябр - Рӯзи Рӯдакӣ
***
- Духтур Айболит даҳ соат амалиёти ҷарроҳии мураккабтарини микрохирургияро гузаронд. - Тамом. Парвоз кун, хомӯшаки майдаяк ва дигар паратро нашикан. Баъд аз дақиқае ба гарданаш зад: - Лаънатии кӯрнамак!
Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
ДИҚҚАТ, ОЗМУН!
***
Мард ба зоомағоза ворид шуда, мепурсад: - Шумо ягон чизе доред, ки гап занад? - Ҳаст, - мегӯяд фурӯшанда, - чилпо. Мард ба хона омада, ба чилпо хӯрок медиҳад ва мегӯяд: - Сайругашт мебароем? Чилпо хап. - Сайругашт мебароем ё не? – бо зарда мепурсад мард. Боз ҳам оромӣ. - Худо занад, боз фиреб карданд! Ту чӣ хел чилпои сухангӯӣ? - Э, хап кун, ман попӯшӣ пушида истодаам.
Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016, озмуни соҳавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30.03.2016, таҳти №61, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади муайян намудани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмун эълон менамояд. Шартҳо: 1. Ҷавонон: - дастгирии ҷавонон; - ҷалби ҷавонон ба маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ; - баргузории озумунҳо, чорабиниҳо, аксияҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ; - иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. 2. Рушди варзиш: - дастоварди варзишгарон (шумораи медалҳо ва ҷоизадорон); - баргузор намудани мусобиқаҳо; - теъдод ва шароити толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ. 3. Рушди сайёҳӣ: - ташрифи сайёҳон; - рушди инфрасохтори соҳа; - ба роҳ мондани усулҳои муосири ҷалби сайёҳон. Ҳайати эҷодии рӯзнома имкон дорад, ки ҳар шумора дар бораи фаъолияти пурсамари бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии муваффақ маводи муфассал (то як саҳифа) интишор намояд. Озмун охири соли ҷорӣ (2016) анҷом меёбад. Хонандагон метавонанд беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва роҳбари онро интихоб намуда, дар анкетаи зерин сабт намоянд ва онро бурида, ба суроғаи нашрия фиристанд. Дар анҷом се нафар: соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм бо ҷойизаҳои махсуси рӯзнома сарфароз гардонида мешаванд. Теъдоди овозҳо ҳар ҳафта тавассути рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дода мешавад.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Имрӯз фурсат расидааст, бояд онро аз даст надиҳед ва беҳтарин роҳбар будани худро ифшо намоед. Фурсати худро муаррифӣ кардан расид! Натиҷаи рейтинг ба озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсир дошта метавонад. Анкетаҳои пуршуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16, КТН “Шарқи озод”, ошёнаҳои 1 ва 4, идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” қабул карда мешавад. Анкетаҳои нусхабардоришуда эътибор надоранд. Масъули озмун: Шаҳбози Асомиддин. Тел: 985 48 26 48, 238 53 03, 238 54 14
АНКЕТА
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Дипломи гумшудаи силсилаи НТ-1 №330672, ки Техникуми бинокории шаҳри Душанбе соли 1990 ба Раҳмонов Собир Ҳасанович додааст, эътибор надорад.
Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) _____ _______________________________________________________
Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи Д13051, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли 2013 ба Давронов Ҳакимҷон додааст, эътибор надорад.
Барои чӣ беҳтарин аст?___________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________ _______________________________________________________
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Соҳибкори инфиродӣ Раҳимов Акмал Сайҷафарович (РЯМ 0430198322), ки аз 03.06.2015 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Ному насаби пуркунанда _________________________________
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
ЭЪЛОН
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6459 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»