javononi tojikiston/#38/2015

Page 1

Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№38 (9412), 23 сентябри соли 2015

E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU

WWW.JAVONON.TJ

АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД

ҚАҲРАМОНӢ

Зиндаву ҷовид монд... Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ ба номи Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи “Алфа”, гурӯҳи махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гузошта шуд. Дар ин бора наздикони марҳум ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ин литсей қаблан номи Ленинро доштааст. Дар назар аст кӯчаи Душанбеи ноҳияи Восеъ низ, ки марҳум он ҷо зиндагӣ мекард, ба номи ӯ гузошта шавад. Полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа” дар бархӯрд бо гурӯҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода 15 сентябр дар дараи Ромит қаҳрамонона ҳалок шуд.

ҲАФТ РӮЗ 17.09.2015 Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар деҳаи Рангкӯли ноҳияи Мурғоб 12 хонаи истиқоматии навсохтро ба соҳибонашон супориданд. 18.09.2015 Доктор Георг Макс Майер - роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар шаҳри Норак бо хатмкардагони магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак фаъолият доранд, мулоқот намуда, аз обанбори Норак ва табиати зебои ин шаҳри сайёҳӣ дидан намуданд. 19.09.2015 Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшед, раиси ноҳияи Ишкошим Зикрхудо Самадов калиди хонаҳои навбунёдро, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардиданд, ба соҳибонашон супориданд. 20.09.2015 Аминҷон Абдуллозода, донишҷӯи тоҷик дар Варшава – пойтахти Лаҳистон барандаи озмуни таҳияи бозиҳои компютерии “Microsoft” гардид. Барномаи таҳиякардаи ӯ аз миёни 25 гурӯҳи барномасозон беҳтарин шинохта шуд.

ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Индекси «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23“Амонатбонк”. СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015обуна 68857.

21.09.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян дар робита ба Рӯзи Истиқлолияти ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд. 22.09.2015 Дар боғи фарҳангу фароғати «24-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Қайроққум бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт…» чорабинӣ баргузор шуд. 23.09.2015 Рӯзи дуюми бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федератсияи Русия - “Текстиллегпром”, ки дар он ҳашт корхонаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар иштирок доранд. Намоишгоҳ то 25 сентябр идома меёбад.

1


ДАЪВАТ-2015

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РУШДИ МАҲАЛ

Дар Турсунзода дору истеҳсол мекунанд 18 сентябр Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода сафар кард.

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2015 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд. 2. Моҳҳои октябр-ноябри соли 2015 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд. 4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал мукаммалгардонии онҳоро бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд. 5. Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳру ноҳия масъул аст. 6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд. 7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 14 сентябри соли 2015, №567

2

Зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода роҳи мошингарди Душанбе - Турсунзода, бинои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитаменбонк», ҶДММ «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ва 119-ро ифтитоҳ намуда, аз хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва Боғи Сомон боздид ба амал овард. Ҳамчунин, Сарвари давлат бо фаъолони шаҳр оид ба татбиқи сиёсати ҳукумати кишвар ва корҳои ободонию созандагӣ мулоқот намуда, бо шароити кору зиндагии онҳо шинос шуд. Роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Турсунзода аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода тӯл дошта, 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати 4 хати нақлиёт бунёд ёфтааст. Боқимонда қисми роҳ бошад, бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати ду хати нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 61 км роҳи ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин пурра чароғон шудааст. Сарвари давлат ифтитоҳи роҳу пул, нақб ва дигар иншооти муҳими коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатисонӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шарои-

ти арзандаи зиндагӣ ба мардум чунин тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад. Дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр бошад, ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ ҶДММ «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар ба фаъолият оғоз карданд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи дорусозӣ бо харҷи беш аз 60 миллион сомонӣ навсозӣ гардида, дар ин ҷо бо истифода аз технологияи пешрафтаи хориҷӣ зиёда аз 20 намуди маводи доруворӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як басти корӣ 32 ҳазор адад зарфҳои маҳлулҳои обӣ буда, дар оянда бо насби хатҳои технологии нав истеҳсоли маводи доруворӣ дар шакли ҳаб, ғилофак ва ампулаҳо ба роҳ монда мешавад. Дар корхонаи маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар истеҳсоли 3 намуди хишти сохтмонию ороишӣ ва 20 намуди маҳсулоти чиниворӣ ва сафолӣ ба роҳ монда шудааст. Президенти мамлакат маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи коргоҳро, ки ба маъраз гузошта шуда буд, тамошо карда, ба роҳбарият ва коргарон барои беҳтар намудани сифат, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Дар маркази шаҳр Сарвари давлат дар назди шумораи зиёди сокинон, ки барои мулоқот ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, оид ба вазъи корҳои

ободонию созандагӣ, дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, комёбиҳои мардуми меҳнаткаши ин шаҳри саноатию аграрӣ, ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаю бобарори Ҳукумати мамлакат ва таассуроти хеш аз сафари корӣ андешаронӣ намуд. Сарвари давлат ба сокинони шаҳри Турсунзода барои заҳмати созандаву фидокорона ва пазироии самимӣ, ки нишонаи возеҳи ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат аст, изҳори сипос намуд. Оид ба пешрафту тараққиёти шаҳри Турсунзода давоми 10 соли охир андешаронӣ карда, Президенти мамлакат изҳор дошт, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои ободиву пешрафти шаҳр зиёда аз 800 миллион сомонӣ ҷудо гардида, он барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун, сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳо равона гардидааст. Аз соли 2004 то имрӯз дар шаҳри Турсунзода 5 лоиҳаи муштараки сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 230 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, аз он се лоиҳа ба маблағи 180 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст. Таъкид шуд, ки дар барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2015-2019 татбиқи 173 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр бо маблағи умумии 545 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар барномаи мазкур афзалияти бештар ба иқтидори соҳаҳои воқеии иқтисодиёти шаҳр дода шудааст, зеро 106 лоиҳа ба маблағи 499 миллион сомонӣ ё 92 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои пешбинигардида ба бахшҳои воқеии иқтисодиёти шаҳр рост меояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, инчунин оид ба корҳои ободонӣ, рушди соҳаи боғдорию зироаткорӣ, амалисозии чораҳои зиддибӯҳронӣ, таъсири зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба тарбияи ҷавонон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташаббуси соҳибкорони ватанӣ андешаронӣ карда, сокинонро ба корҳои созандагӣ, дурӣ ҷустан аз расму бегонапарастӣ, ифтихор аз ватандорӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи хештаншиносӣ ва риояи қонуну қарорҳо даъват намуд.

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар Ҳисор 22 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор як қатор муассисаҳои маорифу фарҳангро ба истифода дода, бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000-солагии Ҳисор шинос шуд. Бо иштироки Сарвари давлат, аз ҷумла, Осорхонаи ноҳиявӣ мавриди истифода қарор гирифт. Осорхона аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои тамоми шароит барои нигоҳдории нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад. Ҳоло дар фонди осорхона зиёда аз 3000 нигораи таърихӣ гирд оварда шудааст. Дар маркази ноҳия, ҳамчунин Китобхонаи марказии ноҳия ба истифода дода шуд. Сардори давлатро хонандагони ин боргоҳи маърифат ва кормандони соҳа самимона истиқбол гирифта, китоби тозанашрро таҳти унвони «Донишномаи Ҳисор», ки бахшида ба 3000-солагии Ҳисори шодмон чоп шудааст, тақдим намуданд. Китобхона дорои 40 утоқ, аз ҷумла 25 ҳуҷраи корӣ ва 15 хонаи ёрирасон мебошад ва дар онҳо 38 компютер насб шудааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи аввали бино аз толори маҷлисгоҳи китобхона боздид ба амал оварда, дар маҳфили “Рӯдакихонӣ”-и муштариёни ин махзани илму маърифат иштирок кард. Президенти кишвар бо шароити китобхона пурра шинос

шуда, бунёди чунин китобхонаи муосирро саривақтӣ донист ва онро ҳамчун тӯҳфаи арзишманд ба ҷавонону дӯстдорони китоб дар рӯзҳои таҷлили 3000-солагии Ҳисори шодмон тақдим намуд. Дар маркази шаҳр, ҳамчунин Кохи бошукуҳи фарҳанг мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои 700 ҷойи нишаст мебошад. Бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ба кор оғоз кард, ки барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар назди мактаб 2 хобгоҳ барои 400 хонанда, бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 36 хона барои омӯзгорон, толору майдонҳои варзишӣ ва дигар шароитҳои ба талаби замон мувофиқ бунёд шудаанд. Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хонандагон онҳоро ба хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, дӯст доштани ватан ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд. Хонандагон низ дар навбати худ ба Президенти ҷумҳурӣ барои чунин муассисаи бошукӯҳи таълимӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ҚАҲРАМОНӢ

Зиндаву ҷовид монд... Амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи Назарзода Ҳалим дер боз дар қалбҳои мардуми тоҷик доғи худро мегузорад, зеро оромии ватани моро халалдор намудаанд. Хушбахтона, нафарони ватандӯсту ватанпарвар тавонистанд сари вақт кирдорҳои зиштро пешгирӣ намоянд риштаи ин муамморо канда кунанд. Ҳарчанд, бар ивази ҷони худ бошад ҳам, қаҳрамонона ин ватанро ҳифз карданд.

16 сентябри соли равон сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Ҳайталии ҷамоати деҳоти Симиганҷ, корманди шуъбаи таъйиноти махсуси ВКД, варзишгар, номзад ба Устоди варзиши ҷумҳурӣ оид ба гӯштини дзюдо, Чемпиони дукаратаи мамлакат миёни наврасон ва ҷавонон Аслиддин Абдухолиқов дар задухурди мусаллаҳона бар зидди гурӯҳи мухолифини Назарзода Ҳалим, дар дараи Ромит ба ҳалокат расид. Бо пешниҳоди Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дастуру су-

пориши раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №133, ки шодравон дастпарвари он ҷо маҳсуб меёбад, ба номи Аслиддин Абдухолиқов номгузорӣ шуд. Номи неки ин ҷавонмард чун нафарони дигари дар ин задухурд ҳалокшуда абадан дар хотири ҳамагон нақш хоҳад баст. Аслиддин Абдухолиқов 17 ноябри соли 1989 дар оилаи корманди ҳифзи ҳуқуқ таваллуд шудааст. Соли 2007 МТМУ №133-и деҳаи Ҳайталӣ ва соли 2012 Донишкадаи

аграриро бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 2013 фаъолияти кориашро дар дастаи таъйиноти махсуси ноҳияи Рашт оғоз намуда, соли 2014 ба дастаи таъйиноти махсусуси ВКД гузашта, то рӯзи фавташ дар он ҷо адои вазифа намудааст. Сафарбег САИДОВ, сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат

ВАТАНДӮСТӢ

Захме, ки бар ҷисми Ватан расад...

Мутаассифона, имрӯз онҳое хиёнат мекунанд, ки Напурс, ки Ватан барои ту чӣ кард, пурс, ки ту барои Ватан чӣ коре кардӣ (Ҷон Кеннедӣ) барои Ватан коре кард. Шумори ин гуна фарзан- ранд. Бо ҳайвон муқоиса карда- худ хиёнат мекунанд, чӣ ибрат Як гурӯҳ равшанфикрони доне, ки ба Модари хеш хиё- ни онҳое, ки ба Модари худ хи- гирем? Чӣ гуна шумо баринҳоро тоҷикро ҷиҳати иштирок дар як накардаанд. Аммо натро раво дидаанд, зиёд аст. ёнат кардаанд, аз рӯи одоб нест. дар зиндагии худ идеал интихоб конфронси байналмилалӣ ба Ватан барои шахсият Ба ин таърих гувоҳӣ медиҳад. Зеро саг, ҳарчанд ҳайвон аст, ле- намоему пайравӣ аз кору пайко- ИМА даъват намуданд. Чун замони ҷаҳонишавист, ҳар як давлат шудани онҳо шароит Хушбахтона, ба мақсади нопока- кин ба соҳибаш содиқу вафодор ратон намоем? шон нарасиданд. Баъзеашон дар мемонад. барои муаррифии миллати худ фароҳам кард ва пушти панҷараанду қисми дигар Ситсерон мегӯяд: “Ҳеҷ макоҲИССИ МИЛЛӢ Ё ҷаҳд мекунад. Баъди маърӯзаҳо аз хоҷагони хориҷиашон паноҳ не роҳатбахштар аз Ватан нест!” МАНФИАТҲОИ ШАХСӢ? ва ошно шудан ба ҷойҳои таъонҳоро ба зинаҳои ҷуста, аз дур ба Модари хеш санг Аммо ин хоинон аз оғӯши МодаПешниҳод мекунам, ки ба рихии Амрико, аз ҷониби намозада истодаанд. Инҳо баъди дар ри хеш магар ҷои роҳатбахшро ҳайси намоянда берун аз киш- яндагони ин кишвар ба хотири баланди мансабу шуҳрату дороӣ ғута задан панди пайдо карданд, ки даст ба чунин вар дар кадом соҳае, ки набо- санҷиш пешниҳод мешавад, ки савлат расонд. Дар бузургонро фаромӯш карданд: кирдор заданд? шад, шахсоне интихоб шаванд, “агар мо шуморо шаҳрванди Ам“Намакро хӯрдӣ, намакдонро маки ҳисси баланди миллӣ ва рико кунем, шумо қабул доред ё домони Ватан ба воя яндоз!” Ин хиёнати онҳоро хеҷ “ҶАНГИ БАРОДАРКУШ” – ватандӯстӣ дошта бошанд, то мо- не?” Ин савол ногаҳонӣ ҳам борасиданд, соҳиби гоҳ миллат фаромӯш намекунад! ШУМТАРИН ИБОРА! нанди ин хоинон бар ивази пулу шад, баъзеҳо чунин вонамуд меГомер мегўяд: “Дуди Ватан Чанд сол пеш, вақте сухан мол ва ваъдаҳои дурӯғин номус карданд, ки аз кайҳо боз чунин обруву мартаба ширин аст!” Ба қадри ин сухан дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ ва модари худро нафурӯшанд. пешниҳодро орзу мекарданд ва касоне мерасанд, ки аз Ватан мерафт, калонсолон ин ҷангро Дар вазифаҳои пурмасъули мунтазираш буданд. Онҳо ба мингаштанд. Пас онҳо дур афтодаанду пайваста ёди ҷанги бародаркуш ном мебур- давлатӣ низ шахсоне таъин ша- бар баромада, аз ҳаяҷон чи гуффарзанди ин Ватан ёру диёр мекунанд. Хоинон ҳам данд. Аз чунин номгузорӣ карда- ванд, ки ғурури тоҷикӣ доран- танро намедонистанд. Ин кори зиёд дар хориҷа буданд. Аммо ни онҳо дар ғазаб мешудаму ба ду дар дилхоҳ шароит дифоъ аз онҳо ба манфиати ИМА ки буд, нестанд?! Ватандӯстиро дар онҳое зиёд мушоҳида мекунем, ки зиндагии хоксорона доранду дифоъ аз фарҳангу манфиатҳои миллии кишвар мекунанд ва аз ин шароит шукргузоранд. Ҳисси бадбинию хиёнат зиёдтар дар онҳое дида мешавад, ки дар ҷомеа соҳиби мартабаю мақоманду зиндагии осоишта доранд. Аммо ба қадри ин ҳама неъматҳо расида наметавонанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “фарбеҳиро гусфанд мебардорад”. Барои мисол Гулмурод Ҳалимов дар аввал кӣ буд? Давлат барои таҳсил карданаш шароит муҳайё намуд, ба хориҷа равон кард. Бовар карда, дар вазифаҳои мухталифи мақомоти махсус ҳамчун сардор таъинаш кард. Хулоса, дар Ватан соҳиби обру буду зиндагии шоҳона дошт. Вале ба подоши ин некиҳо барои Ватан чӣ коре кард? Хиёнат! Абдуҳаллим Назарзода, генерал, муовини вазири мудофиа! Бисёриҳо орзуи ба ин мартаба расиданро доранд. Ин вазифаро ба ӯ бовар карданд. Дар баробари ин ҳама хизматҳои Ватан имрӯз ба Модари худ хиёнат

инҳо мисли онҳое, ки аз Ватан ба хотири қути лоямут дур афтодаанд, сафар накардаанд. Инҳо аз маблағи Ватан сафар карда, дар берун аз Ватан низ беҳтарин шароитро доштанд. Дар беҳтарин донишгоҳҳо таҳсил намуданду дар тарабхонаҳои машҳур ба айшу нӯш машғул буданд. Ҷои хоби инҳо мисли муҳоҷирон кӯчаву истгоҳҳо набуд. Аз ҳисоби Ватан дар меҳмонхонаҳои барҳавову гаронарзиш бо ойимчаҳои зиёд комситонӣ мекарданд. Аз ин рӯ, ба қадри Ватан нарасиданду дуди Ватан барояшон ширин набуд. Инҳо дар аввал кӣ будану аз кадом зина ба ин мартабаҳо расидани худро фаромӯш карданд. Инҳо вақте аз Ватан берун сафар мекарданд, то баргаштан соҳиби иззату эҳтиром буданд, аммо фаромӯш карданд. Боре фикр накарданд, ки агар аз ҷониби Ватан сафарбар нашаванд, ба ҳайси фаррош ҳам кор намеёбанд. Барои он ки дар давлати хоҷаҳояшон барои инҳо вазифаи роҳбарикунанда нест. Инҳо фикр накарданд, ки хоҷагони хориҷиашон инҳоро мисли коғази ташноб барои манфиатҳояшон истифода меба-

худ мегуфтам, ки ҳеҷ гоҳ бародар бародарро намекушад ва мо набояд чунин гӯем. Чунки бегонагон ба мо механданд. Зеро он ҳодисаҳоро ба чашми сар надида будам. Ҳамеша фикр мекардам, ки бегонагон мардуми тоҷикро куштанд. Қабул карда наметавонистам, ки бародар барои сарвату мансаб шуда, ҷониби бародари худ силоҳ кашад. Ибораи нафратовари “ҷанги бародаркуш”-ро фаромӯш карда будам. Кӯшиш мекардам, ки аз забони ягон калонсол нашунавам. Баъди ин ҳодисаҳо боз ин ибора ба ёдам расиду бори дигар маро ба фикр кардан сари ин ибораи шум водор кард. Дар ҳақиқат бегонагон танҳо восита мешудаанд, то бародар ҷониби бародари хеш силоҳ кашад. Бурида гардад он сар, ки барои нооромии Ватани худ фикр мекунад. Кур бод чашме, ки барои манфиатҳои шахсӣ сӯи бародари худ бад нигоҳ мекунад. Лол монад забоне, ки сухани ноҷое барои Ватан мегӯяд. Шикаста бод дасту пое, ки барои куштани бародару хиёнат ба Модар силоҳ мегираду гом мебардорад. Мо ҷавонон аз шумову шумо баринҳое, ки ба Модари

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

фарҳангу ойин ва манфиатҳои миллӣ карда тавонад. На ин ки Ватанро ба хотири мансабу дороӣ дӯст доранд. Дар куҷое ки бошанд, муаррифгари миллату давлат бошанд. Замоне шудааст, ки аксари воситаҳои ахбори хориҷӣ дар симои як нафар миллатро баҳо медиҳанд. Акнун аз амали ин хоинон ба миллати тоҷик баҳо дода мешавад. Вале набояд фаромӯш кард, ки дар баробари чунин хиёнаткорон, ин миллату давлат фарзандоне дорад, ки барои бақои аслу насли худ ҷонашро дареғ намедорад. Аммо ҷиҳати мусбати ин мавзӯъ дар расонаҳо кам инъикос мешаванд. Чунин хиёнаткориҳо барои ҷавонон дарси ибрат аст, на намунаи ибрат. Аз дидани чунин ҳолатҳо мо - ҷавонон набояд рӯҳафтодаву дилшикаста шавем, зеро дар баробари ин хиёнаткорон кам нестанд фарзандони бонангу номус, ки дар ҳама ҳолат дифоъ аз миллату модари худ мекунанд. Ҳарчанд онҳо вазифа ҳам надошта бошанд. Ҳодисаеро бароям ҳикоят карданд, ки баъди шуниданаш ҳар гоҳ ба ёдам ояд, як нерӯи дигар мегирам.

аз ин қабат-қабат гӯшт мегирифтанд. Лекин хурсандии онҳо дер давом накард. Бонуе бо ғурури тоҷикона назди минбар меояду ба худи онҳо савол медиҳад: “ИМА чанд штат дорад?” “50”, ҷавоб медиҳад намояндаи ИМА. Бонуи тоҷик бо ифтихор мегӯяд: “50 штати ИМА-ро ба як пора санги Бадахшонам иваз намекунам!” Ин аст номусу миллӣ, ин аст муаррифии миллату давлат. Ин аст ғурури миллии тоҷикона доштан! Баъди ҷамбасти конфронс бонуи тоҷик бо ин суханаш дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори ИМА ҷой гирифт. Ягон миллату давлат бе камбудию норасоӣ намешавад. Онҳое, ки ҳисси миллӣ надоранду ғурури тоҷикиашон коста аст, донанд: он чизе ки аз ҷониби хоҷагони хориҷиатон ба шумо пешниҳод мешавад, танҳо барои тарғиби онҳост. Ба хотири пулу мол шуда монанди тамаъҷӯёну хоинон ба Ватан – Модар хиёнат накунед. Ин аз ҷониби ҷавонони ин Ватан ҳоҳиш аст. Зеро: ЗАХМЕ, КИ БАР ҶИСМИ ВАТАН МЕРАСАД, БАР ДИЛИ ҲАР ЯКИ МОСТ! Шодихони НАЗАР, “ҶТ”

3


НИГАРОНӢ Вақтҳои охир худсарона нархи маҳсулоти хӯроквориро дар бозору фурӯшгоҳҳо баланд кардани савдогарон пинаки касеро вайрон намекунад. На танҳо масъулин, балки ба ин ҳолат сокинон ҳам одат кардаанд. Агар мушоҳида кардаед, дар як бозор нархи як маҳсулот бо арзиши гуногун ба муштариён пешниҳод мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан мавсими ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзист ва имкон дорад, бозорҳои кишвар аз маҳсулотҳои тару тоза пур бошад... Зимнан, гӯё расм шудааст, ки бо фарорасии соли нави мелодӣ, моҳи шарифи Рамазон, иди Фитр, иди Қурбон ва дигар ҷашну маросим нархи хӯрокворӣ дар бозорҳо боло меҷаҳад. Аллакай нархи маҳсулоти хӯрокае, ки тақрибан як моҳ пеш дар бозорҳои пойтахт ба харидорон пешниҳод мегардид, якбора тағйир ёфтааст. Аз суҳбат бо фурӯшандагон маълум гардид, ки нархи маҳсулоти истеъмолӣ нисбат ба як моҳи қабл ҳамон тавре боло рафт, ки дар солҳои гузашта низ дар ин шабу рӯз мушоҳида мешуд. Як тоҷирзан аз бозори «Сафариён», ки худро Гулрафтор Салимова муаррифӣ намуд ва ба фурӯхтани меваҷот машғул буд, ҳангоми суҳбат гуфт, мардум ба нархе, ки тоҷирон барои маҳсулоти хӯрокворӣ дар моҳи Рамазону Қурбон мегузоранд, одат кардаанд: «Қариб ду моҳ мешавад нархи меваю сабзавот иваз нашудааст. Ангурро аз 3 то 10 сомонӣ мефурӯшем. Меваҳоро бештар аз ноҳияи Ҳисор дастрас менамоем, ки барои мошин ҳам бензин харидан даркор. Дар бозор ҳам маблағи чеку патент месупорем. Мардум бо ин нарх одат кардаанд, бешикоят харида рафтан мегиранд». Аммо харидороне ҳам ҳастанд, ки аз боло рафтани арзиши маҳсулоти истеъмолӣ

изҳори нигаронӣ доранд. Инро фурӯшандагон хуб медонанд, вале бо баҳонаи боло рафтани арзиши асъори хориҷӣ худу амалшонро асоснок мекунанд. Ҳамсуҳбати дигари мо, ки худро Марям Ҳасанова ном бурд, иброз дошт, ки чун талабот ба гӯшт, равған, тухм, шакар, биринҷ, картошка, нон ва сабзӣ зиёд аст, фурӯшандаҳо кӯшиш мекунанд нархи онҳоро боло баранд. Зеро медонанд, ки мардум ночор мехарад. - Маҳсулоте, ки имрӯз дар бозорҳои пойтахт ба фурӯш бароварда мешаванд, моли Тоҷикистонанд ва заҳмати дастони деҳқони тоҷик. Дар ин сурат ба болоравии қурби асъори хориҷӣ марбут донистани болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо беасос аст. Балки ин амали тоҷирон беинсофии маҳз аст! Кадом омӯзгор ё коргари давлат метавонад бо

чунин нархи маҳсулот оилаи худро таъмин кунад? Агар деҳқон маҳсулоти худро ба тоҷирон гарон савдо мекард, гапи дигар буд. Вале деҳқон маҳсули заҳматашро ду баробар арзон мефурӯшадку? Айбро ба сари деҳқон задани тоҷирони бозорҳо ҳам асос надорад...”, - мегӯяд М. Ҳасанова. Воқеан, агар шумо пагоҳи барвақт ба бозор равед, мебинед, ки чи гуна фурӯшандагон барои моли деҳқонро соҳиб шудан байни ҳам хархашаву ҷангу даъво мебардоранд. Ба қавле рӯи моли деҳқон “ҷанг” аст... Ҳоло қимати як литр равғани растанӣ 13 сомонӣ, шакар 6-6,5 сомонӣ, биринҷ аз 6,5 то 13 сомониро ташкил медиҳад. Арзиши помидор дар ин шабу рӯз якбора аз 2,5 то 3-4 сомонӣ боло рафт, ки моҳи равон 1,5 – 2 сомонӣ нарх дошт. Ҳамин тариқ, нархи боди-

ринг 2 - 3 сомонӣ, ангур аз 5 то 10 сомонӣ, себ 7- 17 сомонӣ, тухм 85 дирам ва сабзӣ, картошка, пиёз 2,5 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Нархи як кило гӯшти гов бошад, дар бештари дуконҳои гӯштфурӯшӣ 35-40 сомонӣ арзиш дорад. Тавре маълум аст, нархи гӯшт низ дар арафаи ҷашнҳо боло меравад. Ба қавли гӯштфурӯшон, гӯшти гову гусфанд дар ҷумҳурӣ кам шудааст. Аз ин рӯ, тоҷирон онро бо нархи гарон савдо мекунанд. Тӯли як соли охир гӯшти гов дар бозорҳои ҷумҳурӣ 40 фоиз қимат шудааст. Аз рӯи маълумоти расмӣ гӯшт бояд 31 сомонию 13 дирам ба муштариён фурӯхта шавад. Орд, ки маҳсулоти аввалияи аҳолӣ аст, дар бозорҳо аз 135 то 175 сомонӣ арзиш дорад. Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ то 3 августи соли равон дар саросари кишвар 680 ҳазору 578 тонна

ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 ҳазору 300 тонна зиёд аст. Ба гуфтаи мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, ҳавои мусоиди баҳорӣ ба деҳқони тоҷик имкон дод, ки масоҳати кишти ғалладонаро зиёд кунад ва ҳосили гандум дар Тоҷикистон афзоиш ёбад. Яъне, шояд соли равон нисбат ба соли гузашта ҳосили ғалладона дар кишвар зиёдтар шуда, ба арзон шудани орд дар тирамоҳи имсола мусоидат кунад, аммо натиҷа дар бозорҳо баракс аст. Дар ҳамин ҳол, меваҷот ва сабзавоте, ки дар бозори “Корвон” ба фурӯш бароварда шуда буд, нисбат ба дигар бозорҳо тақрибан як баробар нархи арзон дошт. Тоҷирони бозорҳои дигар арзон будани нархи маҳсулотро дар “Корвон” ба он вобаста донистанд,

Инсофи тоҷир мегурезад! Ба назар мерасад, ки бо фарорасии Иди Қурбон нархи маҳсулот дар бозорҳо баланд мешавад

ки гӯё тоҷирони “Корвон” аз пардохти андозу чеку патент сарпечӣ мекунанд. Вале ба андешаи таҳлилгарони масоили иҷтимоӣ ба бозорҳои Тоҷикистон аз хориҷи кишвар низ маҳсулоти хӯрокворӣ ворид мегардад, ки тағйир додани қимати онҳо душвор буда, маҳсулоте, ки дар худи ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд, бояд бо нархи муайян фурӯхта шаванд. Ин амали тоҷирон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро низ ба ташвиш оварда буд. Шаҳрдор ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин амал чанд дафъа супоришҳои қатъӣ низ дод. Вале тоҷирон ҳамоно кори худро мекунанд. Ёдрас менамоем, қаблан низ шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе эълон дошт, ки нисбат ба тоҷироне, ки беасос нархро баланд мебардоранд ва бе ҳуҷҷати лозима фаъолият доранд, парванда боз мекунад. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рӯзноманигорон, рассомону бастакорон, режиссёрону меъморон ва санъаткорони ҷавоне, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ (компютерӣ/ технологиҳои иттилоотӣ) барои соли 2015 такроран озмун эълон менамояд. Барои гирифтани ҷоиза дастовардҳо аз рӯи ҷойҳои (истеъдодҳо, ихтироот ва телевизионӣ ва ғайра); эҷодкорӣ) зерин баҳогузорӣ карда мешавад: - санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ ва ҳоказо); - адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор); - меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, - рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва роҳравҳои варзишӣ, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифорадиоӣ, гузоришҳои хабарӣ, бахусус дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон); даи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад). - рассомон (расмҳои хусусияти тарбиявидошта, портрет, пейзаж, нақшу нигор Дар озмун хоҳишмандон тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ (то ва ғайра); 4 нафар дар синну соли 14-30) ширкат варзида метавонанд. - бастакорон (оҳангҳои ҷолиб ва мусиқии дилангез, пиессаҳо, либретто, опера Ҳуҷҷатҳо бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6 (Кумитаи ва балет); ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ) то 15 октябри соли 2015, соати 14:00 қабул карда - барномасозон (ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотии компютерӣ, мешаванд. бахусус дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва махзани кадрӣ); Маълумоти иловагӣ тавассути рақамҳои (+37) 2351953, 2363726 ё дар сай- коргардонҳо (филмҳо, намоишномаҳои саҳнавӣ-театрӣ, барномаҳои ти интернетии www.youth.tj.

4

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ПУРСИШ

НАБЗИ ҶАҲОН

Хиёнаткор кист? Ҳаводиси ахири кишвар, амали нобахшидании собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода ва шарикони ӯ, ки чандин нафарро ба қатл расонда, кӯдакони бегуноҳро ятим ва занҳоро бева гузошт, намунаи “барҷастаи” хиёнат ба Ватан буд. Дар пайи ин аъмоли зишт ва хёнаткориҳои собиқ генерал хабарнигори рӯзнома аз хонандаҳо пурсид: родзода ва онҳое, ки ба ӯ пайравӣ мекунанд, хоинанд. Ба ватани худ имрӯз ва то ҳол хиёнат карда истодаанд. Хиёнат ба Ватан аз беимонист. Хиёнат ба Ватан паст задани шаъну шарафи худ аст.

Қутбиддин Мухторӣ, устоди ДМТ - Хиёнаткор касе аст, ки масъулияти дар назди шаҳрвандон, дар назди аҳли ҷомеа доштаи худро иҷро намекунад. Аслан хиёнаткор кӣ аст? Хиёнаткор метавонад омӯзгоре бошад, ки талабагони мактаби миёнаро дар рӯҳияи дуруст тарбия намекунад ва ҳатто ҳамон дарси худашро дар вақташ намегузарад, ҳамин одам ҳам хиёнаткор аст. Хиёнаткор боз як шахси вазифадор, масъул, мансабдоре ҳам шуда метавонад. Барои кишвари мо хафноктар аз ҳама ҳамон касоне ҳастанд, ки, масалан, аз вазифаашон сӯистифода мекунанд, ба ҷаъмияти Тоҷикистон, ба мардуми он хиёнат мекунанд. Хоинро ҳеҷ гоҳ бахшидан мумкин нест, зеро агар як бор бахшӣ, маротибаи дуюм ҳам хиёнат мекунад.

Зиёрат Киромиддинов, донишҷӯ - Оне, ки ба Ватан зарар мерасонад, хиёнаткор аст. Мо имрӯз аз нигоҳи худ гуфта метавонем, ки яке аз кормандони фаъоли ВКД Абдуҳалим Гулму-

Яҳё Маҳмаднабиев, донишҷӯ - Хиёнат як калимаи бисёр манфур ва безеб аст. Аз хиёнатҳо бисёр вазнин ва нобахшиданиашон хиёнат ба Ватан мебошад. Ҳар кӣ хиёнат ба Ватан мекунад, ақлу тафаккури паст дорад, ӯ дигар маълум аст, ки ба қадри сангу хок, неъматҳое, ки барои мо эҳдо шудааст, намерасад.

Гулсара Мамадносирова, донишҷӯ - Аслан, хиёнат аз оила сарчашма мегирад. Нафаре, ки ба модараш, оилааш, ба ҳамсараш хиёнат кунад, интизор бошед, ки рӯзе ба давлату миллат ҳам хиёнат мекунад. Барои ӯ миллату давлат арзише надорад. Хиёнат калимаи нофорам ва дилхарош аст. Кас аз бесаводию беақлӣ ба ин кор даст мезанад. Вақте, ки хиёнаткор ба

Ватан хиёнат мекунад ва халқро ноором мегардонад, бигузор ба нафрати халқ гирифтор шавад.

Мансур Мирзораҳимзода, донишҷӯ - Хиёнат ба бандаи муъмину мусалмон хос нест. Хиёнаткор шахсест, ки барои манфиати худ ба ин гуна корҳои қабеҳ даст мезанад ва фикр намекунад, ки аз ҳама хатои нобахшиданиро содир карда истодааст.

Манижа Давлатова, донишҷӯ - Фикр мекунам, хиёнат ҳам мисли як дард аст ва шахси хиёнаткор мисли бемор аст. Ман шоҳиди чандин воқеаҳое шудам, ки дӯсти ҷонӣ ба дӯсташ хиёнат мекунад. Воқеан, нафаре хиёнат кунад, ӯ ҳатман зарарашро ба оилааш, ба ватанаш, умуман ба атроф мерасонад. Аз ҳама хиёнати вазнин ба Ватан хиёнат кардан аст! Нафаре, ки ба Модар-Ватан хиёнат кунад, амали ӯ нобахшиданист! Гулбаҳор Раҳмонова, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

Фавҷи муҳоҷироне, ки ҳамарӯза аз Сурия ва кишварҳои африқоӣ мехоҳанд озими Аврупо шаванд, боиси нороҳатии ҷиддии роҳбарони кишварҳои аврупоӣ гаштааст. Масъалаи муҳоҷирон ҳам акнун ба як мушкили глобалӣ табдил ёфтааст. СММ мегӯяд, теъдоди умумии муҳоҷирон дар дунё, ки ба ҷоддаҳо рехта бо марг рӯ ба рӯянд, ҳудуди 200 миллион аст. Ин шумора ҳар рӯз дар афзоиш будааст. Созмони байналмилалии муҳоҷирон бошад, теъдоди паноҳандагонеро, ки соли равон тавассути роҳи обӣ ба Аврупо расидаанд беш аз 300 ҳазор нафар арзёбӣ мекунад. Шумораи муҳоҷирони ғарқшуда дар баҳру дарёҳо 3500 нафар будааст.

Дасти муҳоҷирату гулӯи Аврупо...

Ҳанӯз соли 2009 коршиносони Агентии байналмилалии “Ҳидрожен энерҷӣ” гуфта буданд, ки “Бар асари обшавии пиряхҳо то поёни аср як қатор давлатҳое, ки дар ҷазираҳо ҳастанд, нобуд мешаванд. Кишварҳое монанди Бангладешу Ҳоланд аз сабаби баландшавии сатҳи оби дарё сахт азият мекашанд. Тақрибан 150 миллион нафар аз 6 қитъа маҷбур мешавад, кӯч банданд. То охири аср сатҳи оби дарё як метр баланд мешавад”. Вале масъалаи фирору муҳоҷирати мардуми сайёра танҳо бар асари вайроншавии мувозинати табиат: обшавии пиряхҳо, обхезиҳо рух намедиҳад. Балки аз бенавоӣ, қаҳтӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ, ҷангҳои минтақавӣ, террор, муқовиматҳои этникии дохили давлатҳо ва фишори режимҳои мавҷуда низ ба амал меояд. Сар карда аз муҳоҷирони суриягӣ ҳоло ҳазорҳо нафар ба хотири ҳимояи ҷонашон кӯшиши паноҳ бурдан ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро доранд. Аммо кишварҳои аврупоӣ, яке дар ба рӯи муҳоҷирон мебандаду дигаре қаиқу киштии муҳоҷиронро метарконад, сеюмӣ ба сарҳадаш симхор мекашад, то гузаштан имконпазир набошад. Аз миёни кишварҳои аврупоӣ танҳо Олмон нисбати муҳоҷирон ғамхорӣ зоҳир карда истодааст. Ин кишвар талош дорад, ки дигар мамолики Аврупо низ муҳоҷиронро паси дар накунанд, балки барояшон дасти кӯмак намоянд. Баракси кишварҳои дигари Аврупоӣ ҳукумати Олмон розӣ аст, ки муҳоҷиронро қабул кунад. Дар ин роҳ масъалаи асосӣ барои Олмон ин аст, ки мехоҳад муҳоҷиронро аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ ҳимоят кунад. Зимнан, бо афзудани теъдоди паноҳандагон дар Олмон эътирозу норозигии баъзе гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат шиддат гирифтааст. Ин гурӯҳҳо муҳоҷиронро дашному ҳақорат дода намехоҳанд, ки дар кишварашон сукунат ихтиёр намоянд. Ҳатто эътирозҳо ҳафтаи гузашта ба ҷангу кашмакаш ва сангпартоиву ҷӯбпартоӣ бадал шуда, дар натиҷа чанд кормани милиса ва худи эътирозгарон маҷруҳ шуданд. Ин ҳодисаҳо дар ВАО-и Олмон бо сарлавҳаҳои аҷиб нашр шуд. Мухолифин автобусҳоеро, ки муҳоҷиронро мекашонданд сангборон карда, биноҳои барои онҳо ҷудошударо оташ заданд. Ангела Меркел сарвазири Олмон эътирозу бенизомиҳои мухолифинро сахт мазаммат кард. Ҳодисаҳои охир олмониҳоро ба таҳлука оварда, онҳо аз муҳоҷири бештар қабул кардани кишварашон хавф доранд. Ҳол он ки иқтисоддонҳо мегӯянд, имкон дорад ин ҳолатро ба нафъи Олмон бадал кард. Барои Олмон, ки насли пиронсолаш рӯз аз рӯз бештар мешавад, метавон аз нерӯи муҳоҷирон-паноҳандагони ҷавон ҳамчун фурсат истифода бурд. Иқтисоди Олмон, ки ҳанӯз ниёзманди қувваи корист, дар сурати барномарезии дуруст метавонад камбуди нерӯи кориашро аз ҳисоби муҳоҷирон пӯшонад. Дарбандиҳои кишварҳои Аврупо ба рӯи муҳоҷирон онҳоро аз роҳҳои хушкигард ноумед карда, маҷбур намудааст, ки дубора ба роҳи обӣ рӯ оранд. Ин ҳолат баҳри Миёназаминро ба баҳри марг табдил додааст. Чунки маргумири муҳоҷирон, хоса кӯдакон дар ин баҳр аз нав хурӯҷ кардааст...

Б. УСМОН, “ҶТ”

5


ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Як рӯз бе автомобил Ҳаёти имрӯзаро бе автомобил тасаввур кардан мушкил аст. Бо мошин ба ҷои кору таҳсил ва истироҳат рафтан осону бароҳаттар аст. Аз рӯи маълумоти омор ҳар дақиқа дар ҷаҳон як автомобил истеҳсол мешавад. Зиёдшавии теъдоди автомобилро мо ҳар рӯз мушоҳида мекунем. Рӯз то рӯз ҳаракат дар роҳҳои пойтахт бинобар аз меъёр зиёд будани автомобил мушкилтар мегардад. Имрӯз 80% моли талаботи хоҷагии халқи ҷаҳон тавассути автомобилҳо ба нуқтаи ниҳоӣ расонида мешавад. Нисфи ҳаҷми мусофиркашонии дунё ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Дар баробари осону кӯтоҳ шудани масофа тавассути нақлиёти автомобилӣ ин намуди нақлиёт барои одамон ва муҳити зист мушкилиҳои зиёд низ пеш меорад. Агар ба ҳисоби миёна дар сайёра ба 1 километри мураббаъ 5 автомобил рост ояд, дар шаҳрҳои калонтарин ин рақам 200-300 маротиба бештар аст. Автомобил яке аз манбаъҳои асосии даромад низ ба шумор меравад. Ҳар сол дар натиҷаи истифодаи соляркаву бензин аз дудбарои мошинҳо садҳо миллион тонна моддаҳои зарарнок ба фазо ихроҷ мешавад. Аз ин рӯ дар рӯзҳои офтобии бешамол болои фазои шаҳрҳоро пардаи дуди ғафси аз нақлиёт ихроҷшуда мепӯшонад. Мувофиқи маълумоти омори ИМА тамоми намуди нақлиёт 60% ҳаҷми умумии ифлосии ҳаворо ихроҷ менамоянд. 17% ифлосӣ ба саноат, 14% ба соҳаи энергетика ва 9% ифлосиҳо ба гармкунии хонаҳо, сӯзонидани партов ва ғайра рост меояд. Мутахассисон муайян кардаанд, ки як мошини сабукрав соле ба ҳисоби миёна 4 тонна оксигенро фурӯ бурда, 800 кило туршии карбон, 40 кило туршии нитроген ва 200 кило карбогидрадҳои гуногун ихроҷ мекунад. Агар инро ба зиёда аз 400 миллион адад автомобили дар ҷаҳон мавҷудбуда зарб занем, рақамҳои калонро ташкил хоҳад дод. Бо сабаби зиёдшавии теъдоди мошинҳо дар шаҳрҳои калон хавфи садама ва заҳролудшавӣ аз газҳои ифлос торафт бештар мегардад. Ҳоло дар Ҷопон бинобар хурдтар будани ҳудудаш теъдоди мошинҳо дар воҳиди майдон нисбат ба ИМА 5 маротиба бештар аст. Танзимгарони ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Токио бо ниқоб кор карда, баъди ҳар 2 соат иваз мешаванд, то дар ҳуҷраҳои махсус аз ҳавои тоза нафас кашанд.

6

Ҳавои ҳама шаҳрҳои калон бо сабаби зиёд будани нақлиёт камоксиген буда, бинобар сӯхтани маҳсулоти нефтӣ пайвастагиҳои зарарноки бисёр доранд. Ин пайвастагиҳо ба воситаи барфу борон ба об ҳамроҳ шуда, манбаъҳои обро низ ифлос месозанд. Зимни сӯхтани сӯзишвориҳои моеъ чунин моддаҳо хориҷ мешаванд: 1. Оксиди карбон. Ин модда хеле заҳрнок буда, барои табиат ва инсон хатар дорад. Агар одам миқдори ками ин заҳрро дар фосилаи на он қадар зиёди вақт нафас кашад, ин заҳролудшавӣ ба ҳолати беҳушӣ меорад. Оксиди карбон ба системаи асаб таъсири манфӣ мерасонад. 2. Заррачаҳои сахт. Ҳангоми сӯхтани сӯзишворӣ ба фазо заррачаҳои сахт ихроҷ мешаванд, ки зимни нафаскашии инсон ба узвҳои дохилии ӯ, алалхусус роҳҳои нафаскашӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ғайр аз ин, заррачаҳои сахт ба нашъунамои растаниҳо таъсири манфӣ расонида, обанборҳоро ифлос месозанд. 3. Оксиди нитроген. Ҳангоми робита бо муҳити намнок оксиди нитроген ба кислотаҳои нитрогендор табдил меёбад. Нафаскашӣ аз ин моддаҳо ба роҳҳои нафас ва рагҳои хунгард таъсири манфӣ мерасонад. 4. Акгидриди сулфур (SO2). Ин пайвастагӣ дорои заҳрнокии баланд буда, ба тамоми мавҷудоти хунгарм таъсири ногувор мерасонад. Дар натиҷаи таъсири он норасоии гурда, норасоии қалб ва бемориҳои дилу раг хуруҷ мекунад. 5. Фармалдегид. Таъсири он ба системаи асаб вазнин буда, ба саломатӣ зарари ҷуброннашаванда дорад. 6. Бензопирен. Моддаи кансерогении бензопирен метавонад ба ҷисми инсон тағйироти мутатсионӣ расонад. Хатари моддаҳои аз маҳсулоти нафтӣ ихроҷшуда дар он аст, ки таъсири онҳоро кас дарҳол эҳсос намекунад. Ин моддаҳо солҳо дар ҷисми инсон ҷамъ шуда, берун намебароянд. Бемор то аз ҳақиқати ҳол огоҳ мешавад, ки дигар чизеро тағйир додан имкон надорад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 1998 дар эъломияе оид ба робита доштан миёни моддаҳои кансерагении дудҳои автомобили бо дизел коркунанда ва бемории саратони шуш иттилоъ дод. Мутахассисони соҳаи кардиология (дилшиносӣ) муайян кардаанд, ки дар шаҳрҳои сернақлиёт теъдоди беморони аз сактаи қалб фавтида (ба сари ҳазор нафар) нисбатан зиёд аст. Якҷояшавии дуоксиди нитроген, карбогидрадҳо ва оксиген боиси пайдоиши пайвастагии хеле зарарнок – пероксиатсетилнитратҳо мегардад. Бо таъсири ин пайвастагӣ дар одамон варами чашм ва пардаи луобӣ, нафастангӣ, бемориҳои шуш ва асаб, астма (зиққи нафас) пайдо мешавад. Садои баланди ҳаракати

мошинҳо ба узвҳои шунавоии инсон таъсири манфӣ расонида, хобу истироҳати касро халалдор месозанд. Аз ин рӯ, аҳолии шаҳр ҳамеша эҳсоси хастагӣ мекунанд. Дар баъзе навъҳои бензин ба ҳайси антидетонатор пайвастагиҳои қӯрғошимро ҳамроҳ менамоянд. Тавассути роҳҳои нафас то 50 дарсади қӯрғошим ба ҷисми инсон ворид мешавад. Бо таъсири қӯрғошим дар ҷисми инсон синтези гемоглобин вайрон шуда, бемориҳои роҳи нафас, узвҳои пешоброн ва системаи нафас хуруҷ мекунад. Пайвастагиҳои қӯрғошим алалхусус барои кӯдакони синни томактабӣ хатарнок аст. Дар аксар кишварҳои мутараққӣ автомобил ба манбаи асосии ифлоскунандаи ҳаво табдил ёфтааст. Муҳаққиқон ҳисоб кардаанд, ки ронанда дар шаҳри Детройт тӯли рӯз он қадар аз ҳавои ифлос нафас мекашад, ки ба кашидани 20 сигор дар як рӯз баробар аст. Фурӯшандаи сари роҳ дар шаҳри Лондон баробари кашидани 100 дона сигор аз ҳавои ифлос нафас мекашад. Ана, ҳамин зарарҳои сершумори автомобилро ба инобат гирифта, 22 сентябри соли 1998 як гурӯҳ фаъолони ҳифзи муҳити зисти Фаронса як рӯзи бидуни автомобил эълон намуданд. Сол то сол теъдоди ҷонибдорони ин тасмим афзудан гирифт. Комиссияи Аврупо соли 2000 гузаронидани ин чорабиниро як ҳафта тамдид намуд. Аз ҳамон сол дар аксар мамолики ҷаҳон 22 сентябр Рӯзи ҷаҳонии бидуни автомобил (World Carfree Day) таҷлил мегардад. Дар ин рӯз кӯчаҳои марказии аксар шаҳрҳо аз автомобил холӣ шуда, аксари шаҳрвандон тавассути метро, трамвай, автобус ва троллейбус ба ҷои кору таҳсил мераванд. Теъдоди велосипедсаворон меафзояд. Ба хоҳишмандон бо гарав мондани ҳуҷҷаташон ройгон велосипед дода мешавад. Баъзе мансабдорон ба аксия ҳамроҳ шуда, пиёда ба ҷои кор мераванд. Ҷонибдорони ҳифзи муҳити зист доир ба манфиати электромобил ва велосипедронӣ варақаҳо тақсим мекунанд. Роҳкирои нақлиёти мусофиркашии шаҳрӣ дар ин рӯзҳо нисбатан арзон мешавад. Масалан, дар пойтахти Бошқирдистон шаҳри Уфа ҳар сол 22 сентябр пойгаи велосипедронон баргузор мегардад. Рӯзи ҷаҳонии бидуни автомобил бо ташаббуси шаҳрдориҳо, кумитаҳои варзиш, мақомоти ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ ва ғайра доир мегардад. Ҷонибдорони ин аксия сол то сол дар кишвари мо низ зиёд мешаванд. Як рӯз аз мошини шахсӣ даст кашидан моро ба таваҷҷуҳ намудан ба масоили покизагии муҳити зист водор мекунад. Бигзор ҳавое, ки ҳар сония барои ҳар яки мо зарур аст, доимо софу беғубор ва аз олоишот пок бошад. Шамс НАЗАРОВ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

Оби ифлос зиндагиро мушкил месозад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, ки дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея баргузор шуд, таъкид намуд, ки дар соли 2030 тақрибан 50 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкили норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбуди об шиддати бештар пайдо мекунад. Масъалаи дастрасӣ ба оби тоза дар сайёра бо сабаби тағйирбии иқлим, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ сол то сол душвортар шуда истодааст. Маҳфили навбатии экожурналистон, ки чанде пеш дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ба ҳамин масъала бахшида шуд. Ширкаткунандагон дар мавзӯи “Фаъолияти назоратӣ ва илмии ҳифзи захираҳои об” ибрози андеша намуданд. Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби кумита Саидмуҳиддин Маҳмадаминов ба ҳозирин оид ба назорати давлатӣ дар самти истифодаи манбаъҳои обӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, дар бораи кӯлу дарёҳо ва дигар захираҳои обии ҳудуди мамлакат ва ҳолати экологии онҳо тавассути таҷҳизоти электронии рӯнамо маълумот дод. Ӯ зикр намуд, ки қисми зиёди захираҳои оби олам шӯр буда, обҳои ширин 35 029 000 км3 (2,35%)-ро ташкил медиҳанд. Захираҳои оби ҷоришавандаи Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона 64 миллиард м3 мебошад, ки 55,4 дарсади обҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми умумии обҳои дар ҳудуди мамлакат ташаккулёбанда - 62,9 миллиард м3 дар ҳавзаи Амударё (дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон) ва 1,1 миллиард м3 дар ҳавзаи Сирдарё мебошад. Тоҷикистон аз обҳои дар ҳудуди худ ташаккулёбанда тахминан 20% ва дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ташаккулёбанда танҳо 11%-ро истифода мебарад. Захираҳои оби Тоҷикистонро пиряхҳо, оби кӯлҳо, обанборҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд. Шумораи пиряхҳо дар ҷумҳурӣ 14509 адад мебошад, ки аз ин 3000 ададаш ба нестӣ расидааст. - Вобаста ба иқлим ва мавқеи ҷуғрофиаш Тоҷикистон маркази яхбандӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, - гуфт С. Маҳмадаминов. – Пиряхҳои Тоҷикистон масоҳати 8,4 ҳазор километри мураббаъро ишғол менамоянд, ки 8% ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад. Пиряхи аз ҳама калонтарин Федченко мебошад, ки дарозиаш 77 км, паҳнояш 3-4 км ва ғафсиаш то 1 км аст. Тӯли сад соли охир пиряхи мазкур аз рӯи масоҳат 11 километри мураббаъ кам гаштааст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 1300 кӯл буда, 80 дарсади ин кӯлҳо дар баландии зиёда аз 3000 метр ҷойгир шудаанд. Аз 46,3 км3 захираи оби дар кӯлҳо мавҷудбуда, 20 км3 ошомиданӣ мебошанд. Ҳарсола дар ҷумҳурӣ аксияи тозагии соҳил гузаронида мешавад, ки мақсад аз чунин чорабиниҳо пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва ба ин восита баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Дар чорабинии экологии “Тозагии соҳил – 2015”, ки тайи 6 моҳаи аввал доир гардид, тамоми табақаҳои аҳолӣ аз шаҳраку ҷамоатҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, макотиби олӣ ва қисмҳои низомӣ иштирок намуданд. Дар ин аксия 105 082 нафар ширкат варзида, 3788,6 км дарёҳо, каналҳои магистралӣ, обанборҳо, чашмаҳо, заҳкашу заҳбурҳо ва дигар манбаъҳои обиро тоза намуда, 6608 м3 партовҳои маишию истеҳсолиро ба партовгоҳҳои расмӣ бароварданд. Вобаста ба мавзӯи мазкур, инчунин кормандони илмии Муассисаи давлатии Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист Назриаллоҳ Сарабеков ва Иброҳим Саидов, директори Маркази дар шаҳри Душанбебудаи “Орхус” Сулҳия Содиқова изҳори назар карданд. Таъкид гардид, ки баҳри пок нигоҳ доштани манбаъҳои об ҳамагон бояд масъулият эҳсос кунанд. Зеро ифлоскунии манбаъҳои об боиси хуруҷи бемориҳои гуногун гашта, зиндагиро мушкил месозад. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА

Ҳар як шахси солимақл мехоҳад зебову озода ва дергоҳ ҷавон бошад. Аз қадимулайём барои орою торо додани бонувон афроди махсус – машшотагон хизмат мерасониданд. Имрӯз дар аксар маҳаллаҳои шаҳрҳо “кошонаҳои ҳусн” мавҷуданд, ки чунин хизматро адо мекунанд. Доираи фаъолияти Маркази тиббӣ – эстетикии “Жасмин” (“Ёсуман”), ки дар наздикии бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт ҷой гирифтааст, нисбатан васеъ мебошад. Ба ин ҷо аз гӯшаю канори мамлакат одамони дорои синну сол ва касбу кори гуногун омада, саломатии худро беҳтар ва ҳуснашонро афзунтар мекунанд. Бо хоҳиши яке аз дӯстонам, ки дер боз мизоҷи ин марказ мебошад, барои инъикоси фаъолияти муассисаи мазкур ба он ҷо рафтам. Дар даромадгоҳи марказ бонуи кушодачеҳрае бо хилъати сафед ҳар як меҳмонро бо муомилаи хуш истиқбол намуда, ба шуъбаи зарурӣ роҳнамоӣ мекунад. “Жасмин” дорои ҳуҷраҳои косметологӣ, гинекологӣ, стоматологӣ, невропатология, шулукмонӣ, масҳ, ултрасонографӣ мебошад. Ба ин ҷо нафарони зиёд барои равондани доғи рӯй ва доначаҳо, гузоштани дандон, муолиҷаи рехтани мӯй, гирифтани маслиҳати муфид барои кам кардани вазн, роҳҳои ҷавону ботароват мондан ва ғайра муроҷиат мекунанд. Сарвари муассиса, доктори илмҳои тиб Назира Раҷабова ба ин ҷо мутахассисони варзидаро ҷалб намудааст. Маҳз натиҷаи муомилаи нек ва хизматрасонии босифати табибони мумтоз аст, ки шуҳрати Маркази тиббӣ-эстетикии “Жасмин” торафт боло меравад.

Марказе, ки ҷавонӣ мебахшад Ин марказест, ки ба мардум зебоӣ ва ҷавонӣ мебахшад. Сарвари Маркази тиббӣэстетикии “Жасмин” Назира Раҷабова барои фаъолияти пурсамараш соҳиби чанд диплому ифтихорномаҳо гаштааст. Аммо ба гуфтаи ӯ беҳтарин ҷоиза сазовори муҳаббати мардум гаштан аст. АСРОРИ КОМЁБИҲО Вақте аз Назира Раҷабова дар бораи асрори комёбиҳояш пурсон шудем, бо ифтихор ва муҳаббати зиёд номи духтари калониаш Таҳминаро ба забон гирифт. - Шукр мегӯям, ки аз олимони намоёни илми тиб, ба монанди Ҳамид Мансуров ва Ғиёсиддин Меъроҷов дар соҳаи гастроэнтерология сабақ омӯхтаам, – мегӯяд Назира Раҷабова. – Дер боз мехостам клиникаи шахсӣ кушоям. Ҳадаф аз таъсиси Маркази тиббӣэстетикии “Жасмин” ато кардани саломатӣ ва зебоӣ ба ҳамватанон аст. Баъди такудави зиёд соли 2006 ба мо муяссар шуд, ки ин марказро ифтитоҳ намоем. “Жасмин” дар Тоҷикистон яке аз нахустин марказҳои тиббӣ-эстетикӣ ба шумор меравад. Аз оғози кор духтарам Таҳмина чун қуввати дил дар паҳлӯям буд. Ӯ низ дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мебошад. Охирҳои солҳои навадум ва аввалҳои соли 2000-ум дар шаҳри Маскав фаъолият дошт. Таҳмина маро дилпур мекард, ки дар ин ҷода комёб мешавем. Ҳамеша маслиҳатҳои муфид медод. Назира Раҷабова тарбияи дурусти фарзандонро асоси пешравии ҳар як оила ва ҷомеа меҳисобад. Ӯ зимни суҳбат ин байти Хоҷа Ҳофизи Шерозиро ёдовар шуд: Гуле, ки тарбият аз дасти

Оила ва одоби оиладорӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Аз давраҳои қадим пеш аз оиладор кардани фарзандон ба онҳо одоби оиладорӣ меомӯхтанд. Аз ҷумла, сабру таҳаммул, одоби сухангӯӣ, эҳтироми дигарон, ба инобат гирифтани фикри аъзои оила ва амсоли инҳо. Оила маконест муқаддас. Маконест, ки туро дар он ҷо бо як самимият интизор мешаванд. Ҷое, ки шахс аз дидани фарзандону наздикон хушнуд мегардад. Дар бунёди оилаи солиму устувор дар аввал калонсолони хонадон, сипас зану шавҳар саҳми асосӣ доранд. Зеро дар оила фарзанд ба дунё меояду тарбият мегирад. Барои он ки оила устувор бошад ва фарзандони солиму арзанда тарбия ёбанд, аввал бояд дар байни аъзои оила якдигарфаҳмӣ бошад. Дар ҳолате ки зану шавҳар байни худ меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигар, эҳтироми дигар аъзои оиларо доранд, пас аз як нигоҳ ё ҳаракату сухане якдигарро фаҳмида метавонанд, ки дар зиндагӣ хеле муҳим аст. Агар зану шавҳар дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бошанд, фарзандони худро дар роҳи дуруст

боғбон нагирифт, Агар ба чашмаи хуршед сар кашад, худрӯст. - Фарзанд ба манзалаи ниҳол аст. Агар боғбон тамоми маҳорати худро сарфи нигоҳубини ниҳол намояд, самараи ширини меҳнаташро хоҳад чашид, - мегӯяд Назира Раҷабова. – Падару модар бояд мисли боғбони моҳир фарзандро дар роҳи дуруст тарбия кунанд, фарқи неку бадро ёд диҳанд. Тарбияи фарзанд кори мураккаб, нозук, душвор ва пурмасъулият буда, аз волидайн бардошту таҳаммул талаб мекунад. Касе ки дар тарбияи фарзанд беэътиноӣ намояд, самари талхи бепарвоияшро мечашад. Вақте ки Таҳмина ба дунё омад, Назира Раҷабова ҳанӯз донишҷӯ буд. Модараш (Тӯхтахон Иброҳимова), падараш (Иброҳим Ашӯров), хусуру хушдоман, бародарону хоҳарони шавҳараш (Абдурашид Раҷабов), бародарону хоҳарони худаш ҳама дар нигоҳубини Тахминаи дустрӯяк ба Назира кӯмак расониданд. - Маҳз кӯмаку дастгирии атрофиён буд, ки ман дар як вақт духтарчаамро нигоҳубин карда, донишгоҳро низ аъло хатм кардам, - ба ёд меорад Назира Иброҳимовна. – Мутаассифона, солҳои охир баъзеҳо самимияту одамгариро гум кардаанд. Келин агар донишҷӯву кӯдакдор бошад, дар тарбияи тифл танҳо мемонад. Ба ҷои дастгирӣ аз хушдоману хоҳаршӯ ғурбат мешунавад. Дар чунин шароит келин аз зиндагӣ дилмонда мешавад ва ин рӯҳияи ӯ ба кӯдак низ таъсир мерасонад. МЕҲР ВАРЗӢ - МЕҲР БИНӢ Педагоги машҳур В.А. Сухомлинский гуфтааст: “Дар ҳаёти оилавӣ эҳтироми арзу ниёз, та-

лабу хоҳиш ва ҳиссиёти ҳамдигар аҳамияти бағоят муҳимро дорост”. Аз ин рӯ, тарбияи тифл ба солимии равонии падару модар вобаста аст. Назира Раҷабова шукр мекунад, ки ҳамроҳи шавҳараш ба фарзандонаш Таҳминаю Ширин ва Муҳамадшоҳрух тарбияи нек дода, онҳоро соҳибмаълумот гардонидааст. Ҳоло духтари Таҳмина Жасмин (Ёсуман) донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Аморати Муттаҳидаи Араб мебошад. Муҳаммадшоҳрух низ пас аз хатми Донишгоҳи Лондони Англия дар яке аз ширкатҳои АМА фаъолият карда истодааст. - Фаромӯш набояд кард, ки оромию табъи хуши модар кафили солим ба дунё омадани тифли дар батнбудаи ӯст, – мегӯяд Назира Раҷабова. – Мо бояд ба ҳамдигар меҳрубон бошем ва дили худро аз ҳар гуна кинаву бадхоҳӣ ва ҳасад дур нигоҳ дорем. Агар ба фарзанд меҳр варзӣ, ӯ баъди ба воя расидан ин меҳрро дучанд бармегардонад. Ман ин ҳикмати ниёгонро дар мисоли фарзандони худ мушоҳида кардам. Шахсе, ки ба саломатӣ сарукор дорад, тамоми таровату хушиҳои зиндагиро дар саломатӣ мебинад. Шояд баъзе ҷавонон

тарбия намуда, аз хурдӣ онҳоро ба роҳи мустақилият сафарбар менамоянд. Мустақилияти фарзанд, маънои онро надорад, ки ҳамаи хоҳиши онҳо аз тарафи волидон иҷро шавад. Балки онҳоро ба пастиву баландии зиндагӣ омода сохтан лозим. Ҳунар омӯхтану бо меҳнати ҳалол зистан, касеро наранҷондан, кори оғозкардаро ба сомон расонидан, ба дармондагон дасти ёрӣ расонданро ба фарзандон омӯхтан қарзи волидон аст.

якдигарфаҳмиву эҳтироми ақидаи якдигар лозим аст. Агар шахс дорои ин хислатҳо набошад, метавонад дар як лаҳза аз рӯйи кӯтоҳандешӣ оилаи худро аз даст диҳад. Нафароне ҳам ёфт мешаванд, ки ба атрофиён аз хушгуфторӣ, самимият ва содиқ будан дар оиларо насиҳат мекунанд, аммо худ баръакс рафтор менамоянд. Бо аҳли хонавода муносибати хуб надоранд, дар суханронӣ дурушту дар рафтор носипосанд. Дар оила фикри дигаронро ба

Барпо намудани оила, махсусан дар замони имрӯза, басо мураккаб аст, зеро бештари ҷавонони имрӯза нисбат ба зиндагӣ андешаи нодуруст доранд. Бештари онҳо аз пайи зоҳирпарастӣ мебошанд. Диққат додан ба зоҳири худ кори хуб аст, аммо фаромӯш набояд кард, ки дар зиндагӣ зебоии ботин муҳимтар аст. Вақте ки оила барпо мегардад, хоҳу нохоҳ масъалаҳои зиёде пайи ҳам пайдо мегарданд. Калонсолони хонаро лозим аст, аз рӯйи ақлу заковат онҳоро ҳал намоянд. Пас дар чунин лаҳзаҳо барои нигоҳ доштан ва устувории оилаи худ маҳз

инобат намегиранд, танҳо аз пайи манфиати худ ҳастанд. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки аъзои ин гуна оилаҳо бо ҳам муттаҳид нестанд, баръакс роҳи дуриву халосиро мекобанд. Оё гуфтан мумкин аст, ки чунин оилаҳо устуворанд? Албатта, не. Пас, месазад ҳар як фарди солими оила пеш аз ҳама худро тарбия намояд, намунаи ибрат ба аъзои оила ва дигарон гардад. Дар роҳи тарбия ҳадисҳо, панду андарз, зарбулмасалу мақолҳои гузаштагонро сармашқи кори худ намудан бамаврид аст. Фарзандони худро тарзе тарбия намоем, то ки дар

Макони муқаддас

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

саривақт ба ин неъмат сарфаҳм нараванд. Аммо зиндагӣ, ки беҳтарин устод аст, ба мо ҳушдор медиҳад, ки саломатӣ беҳтарин сармоя аст. Ҳар як падару модар орзуи сарсабзию саодатмандии фарзандонро дорад. Назира Раҷабова низ ба фарзандонаш чунин таманно дорад. - Ҳамеша дуогӯи онам, ки ба ҳама ниятҳои некашон бирасанд, - мегӯяд ӯ. – Нақша дорам, ки як Пажӯҳишгоҳи ҳусн кушояму Таҳмина роҳбари он шуда, ба ҳамватанон зебоӣ ва ҳусн бахшад. Тоҷикон мардуми зебочеҳраанд. Мехоҳам, ки онҳо боз ҳам зеботару ҷавонтар ва нерӯманд бошанд. Дар баробари ҳусни зоҳирӣ ба зебоии ботинӣ низ диққат диҳанд. Эстетика тақозо мекунад, ки инсон бояд дар рафтор, гуфтор ва андеша зебо бошад. Дар зебо будани сират, яъне ботини инсон тарбия нақши муҳим мебозад. Шоир барҳақ фармудааст: Сурататро чӣ кунам, гар ту надорӣ сират, Ки ба як ҷав нахарам сурати бемаъниро. Дар поёни суҳбат аз Назира Раҷабова пурсидам, ки ба хонандагони рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” чӣ таманниёт доранд? - Ба ҳамватанон, аз ҷумла, хонандагони нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” саломатӣ, саломатӣ ва боз ҳам саломатӣ хоҳонам! Оре, саломатӣ маънии васеъ дошта, сулҳ, амонӣ, осудагӣ, тандурустӣ ва фаровониро ифода менамояд. Кош ин дуои нек мустаҷоб шаваду тамоми ҳамватанон ҳамеша дар сулҳу амонӣ, осудагӣ, тандурустӣ ва фаровонӣ зиндагӣ кунанд. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

оянда ҳангоми дучор шудан ба мушкилӣ аз рӯйи ақлу фаросат ҳама паҳлуҳои зиндагиро ба тарозуи ақл баркашида, хулосаи дуруст бароранд. Маҳз ин тарзи рафтор оиларо аз вайрон шудан эмин медорад. Барои пойдории оила роҳҳо зиёданд. Аммо аз ҳама муҳимтаринаш сабру таҳаммул ва якдигарфаҳмист. Мо бояд фаромӯш накунем, ки танҳо дар оила худро хушбахт ҳис мекунем. Зеро он ҷо наздикони мо ҳастанду моро мефаҳманд. Дар ҳар маврид дастгирӣ, аз нохушиҳо эмин ва ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Пас, месазад барои доимо солиму устувор будани оила кӯшиш намоем. Хушбахтона, бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли равон Соли оила эълон шуд. Давлату Ҳукумат ободии оилаи ҳар як фарди тоҷикистониро хоҳон аст, зеро пешравии ҷамъият ба оилаи солим вобастагӣ дорад. Боварии комил дорем, ки ҳар як фарди солимфикр барои хушбахтии наздикон ва ояндаи нек оилаи худро аз ҳар гуна носозгориҳо ҳифз намуда, мекушад он ҷойи муқаддас бошад. Дилбар БОБОЕВА, омӯзгори МТМУ №37-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

7


АЗ ТОЛОРИ СУД - Ман бо корд одамро захмӣ кардаам? – ҳайрон шуда пурсид Бобошо. - Бале, - гуфтанд ба ӯ дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳр. – Вайро нияти куштан доштӣ. На танҳо ӯро, боз як нафари дигарро. Инчунин доду фарёд бардошта, одамонро таҳқир намуда, дашном ҳам додаӣ. - Намедонам, ҳеҷ чиз дар хотирам нест. - Аз куҷо дар хотират бошад, вақте кайфҳоят тарангу ҳамаро ба сар бардошта, ҷиноят содир кардӣ? Бобошо ҳине ба худ омад, ки худро дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳр дид. Ҳарчанд мефаҳмонданд, ки ба амали нораво даст зада, ҷиноят содир намудааст, бовараш намеомад. Чун одат он рӯз ҳам хумори нӯшидан боло гирифту Бобошо ҷониби маркази савдои “Гулҷаҳон”, воқеъ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб роҳ гирифт. Марди чилсола чунон ба майнӯшӣ дода шуд, ки дар ягон ҷо дигар ҳавсалаи кор кардан надошт. Назди маркази савдо расида, аз яке дӯконҳои шаробфурӯшӣ панҷ зарфи пластмассии ҳар кадомаш садграмӣ арақдошта харид. Баҳри рафъи хумор назди маркази савдо якбора ду зарфро ба сар бардошт. Ҳис кард, хумораш каме рафъ гардид. Пасон се зарфи боқимондаи пуршаробро ба даст гирифта, қафо, ҷониби манзили истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи Ҳофизи Шерозӣ равон шуд. Назди бинои истиқоматӣ бо ҳамсояаш Паригул вохӯрд. Паригул медид, ки ҳамсояаш Бобошо дар ягон ҷо кор намекунад. Аз аҳлу байт ҷудо, худаш танҳо зист дорад. Ҳарчанд кораш майнӯшист, лек дар чунин ҳол ӯро дида, дилаш сӯхт. - Додар, атола тайёр кардаам, - гуфт ӯ ба Бобошо. – Биё, як коса кашида диҳам, бурда дар хонаат нӯши ҷон кун. Инро гуфта Паригул вориди ҳуҷраи истиқоматиаш шуда, лаҳзае пас як косаи пуратола дар даст назди Бобошо ҳозир шуд.

шуда пурсид Далер. - Мекушад, - каме нафас рост карда гуфт соҳибхона. – Ин майзада нӯшида маст шудааст. Дар дасташ корд, қариб зада кушта буд-е, шӯрапушти худозада. - Ҳамсояамон Бобошо, - ба амакбачааш фаҳмонд Далер. – Кораш арақнӯшию девонагӣ. Маст ки шуд, ҳамаро ба сараш мебардорад. Инро гуфта Далер ҳуҷраи дигар барои иваз кардани либосҳояш даромад. Дубора садои мағал, фарёди ҷонкоҳ ба гӯшаш расид. Саросема либос пӯшида, хост худро назди дар расонад. Дид, ки падару амакбачааш аз берун вориди хона шуданд. Фаррух бошад, нолиш дошт. - Боз чӣ гап шуд? – ба чизе

Шӯрапуште аз гузари Хоҷа Ҳофиз - Хайр, раҳмати калон, ғурунгид Бобошо ва косаро аз дасти Паригул гирифт. Дар хона Бобошо хӯроки гармро истеъмол намуда, аз болояш бо сад грамми дигар ҳалқашро дубора тар кард. Мебоист пас аз хӯроки гарм ва рафъи хумор асабҳояш ором ва истироҳат мекард. Лек акси ҳол ба амал омад. Тавре мегӯянд, шароби сабилмонда дар дохили шиша ором аст. Чун вориди ҷисми одам шавад, ба ҳар кор қодир аст. Чӣ разолатҳое рӯй додааст, ҳангоми мастии инсон. Бобошо тамоман масту аласт гардида, ба сараш ҳар гуна фикрҳои мағшуш омад. Фикр дошт, ки ҳамсояҳо дар набуданаш ба манзили ӯ даромада, ҷиҳози хонаашро ба яғмо мебаранд. Дар ошхона ба гирду атроф нигариста, нигоҳаш ба корд афтод. Онро ба даст гирифту аз дари манзил ба даромадгоҳ баромад. Дар пайи “қасос” шуд. Фаррухи ҷавон чанд муддат аз аҳволи амакаш хабар нагирифта буд. Он рӯз аҳд кард ба маҳаллаи Ҳофизи Шерозӣ рафта, аз аҳволи амакаш Шамсиддин хабар мегирад. - Хуш омадӣ, ҷиян, - пас аз дидани Фаррух изҳори хушнудӣ кард амакаш.

Дар манзили амакаш, ҳамчунин писари ӯ Далер низ ҳузур дошт. Пас ҳар се якҷоя гирди суфраи пурнозу неъмат нишаста, хӯрок тановулкунон аз ҳар хусус бо ҳам суҳбат намуданд. - Шумо бо ҳам каме суҳбат кунед, - ба ҷиян ва писараш рӯ оварда гуфт соҳибхона. – Ман як ба берун бароям. Соҳибхона аз дар берун шуду амакбачаҳо танҳо монданд. Фаррух ба амакбачааш нақл кард, ки нияти сафари Русияро дорад. Ба муҳоҷирати меҳнатӣ. - Агар шиносҳо бошанд, он ҷо азоб намекашӣ, - пас аз шунидани мақсади амакбачааш гуфт Далер. – Дар ин шабу рӯз таваккал карда сафар намудан душвор аст. - Бачаҳои шинос ҳастанд, Далерро дилпур намуд Фаррух. – Назди ҳамонҳо меравам. Овози ҳавлангези соҳибхона суҳбати ҳар дуро халалдор кард. - Ҳой, дарро кушоед! – пушти дар нидо кард соҳибхона Шамсиддин. – Маро мекушад! Ҳар ду саросема аз ҷо бархоста, худро ба даҳлез расонда, дарро кушоданд. Соҳибхона ҳаросон дарҳол худро дарун гирифт. Ранги рӯяш кандагӣ. - Чӣ гап шуд? – чеҳраи ваҳшатзадаи падарро дида, ҳайрон

сарфаҳм нарафта пурсид Далер. - Хостем майзадаро ором кунем, вай бошад ҷиянро зада захмдор кард, - ба Фаррух ишоракунон гуфт соҳибхона Шамсиддин Қосимов. – Аз дасти ин авбоши гузаро ҳеҷ рӯз надорем. Аз думбаи чапи Фаррух, ки захмӣ шуда буд, хун мешорид. Вай аз амак ва Далер хоҳиш кард, ки ба модараш занг зада, воқеаро фаҳмонанд. - Мекуша-ам! – дар қабати якуми даромадгоҳи бино Бобошо ҳамоно маст ҳамаро ба сараш бардошта, доду фарёд дошт. Дашномҳои қабеҳ ба забон оварда, таҳдид мекард. Падару писар кӯшиш доштанд, хунравиро аз ҷойи захм дар бадани Фаррух манъ созанд. Ба манзил модари Фаррух ҳамроҳи табибе ворид шуданд. Аҳволи писарашро дида, модар ба гиристан даромад. Духтур бошад, ба муоина пардохт. - Беҳуда худро зиқ накунед, ҳамшира, - пас аз муоина модари Фаррухро ором карданӣ шуда гуфт табиб. – Захм чандон хавфнок нест. Беморхона бурда, дорую дармон мекунем, тез шифо меёбад. Далер ҳамроҳи табиб аз ду ҷониби Фаррух дошта, аз қабати боло хостанд поин шуда, ӯро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” расо-

нанд. Корди хунолуд дар даст, дар қабати поён ҷонибашон Бобошо дар ҳолати мастӣ бо чашмони пуркина нигоҳи хусуматборе дошт. Далер ба янгааш фаҳмонд, ҳамроҳи табиб Далерро қафо, ба хона баранд. Худ поин, ҷониби Бобошо равон шуд. - Шарм намедорӣ? – ба ҳамсояаш Бобошо нигариста гуфт Далер. – То ба кай мастигарӣ карда, ҳамаро аз ҷон безор мекунӣ? - Меку-ша-ам! Бобошо корд дар даст ҷониби Далер бо зинапояҳо боло шудан гирифт. Якбора ба ӯ ҳамла карда, хост кордро ба шикамаш халонад. Далер чолокӣ намуда, як тараф тоб хӯрда, худро чанд зина аз Бобошо боло гирифт. Ба қабати болоӣ нигоҳ афканда, боварӣ ҳосил намуд, ки янгааш Мавлонбӣ ва духтур амакбачаашро ба манзил даровардаанд. Бобошо дубора аз пушт ба ҳамла гузашт. Инро пай бурда, Далер хост худро ба канор гирад. Ин амали ӯ ба мақсади Бобошо, ки тахтапушташро ҳадаф гирифта буд, халал расонд. Танҳо пушти Далерро харошида тавонисту халос. Далер дасти Бобошоро тоб дода, кордро ба замин ғалтонд. Ҳар ду кашокаш доштанд, ки милисаҳо ба ёрӣ омаданд. Маълум шуд, ки ҳамсояҳо аз воқеа огоҳ ёфта, онҳоро хабар кардаанд. Ҳангоми мурофиаи судӣ Бобошо Муродов изҳор дошт, ки аз карда пушаймон ва аз ҳамсоягон узр пурсид. Лек шоҳидони ҳодиса изҳор доштанд, ки Бобошо Муродов аксар вақт шароб истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ оромии атрофиёнро халалдор, ҳатто суханҳои қабеҳ дар ҳаққашон мегуфтааст. Ба майнӯшӣ дода шуда, дар маҳалла чун шӯрапушт ном баровардааст. Бо ҳукми Суди вилояти Хатлон Бобошо Муродов 7 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Ҳамчунин, дар маҳалли ҷазо ӯ бояд маҷбуран аз майзадагӣ табобат карда шавад. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо Бобошо Муродов барин ашхос зиёданд. Шояд натиҷаи кирдори ношоистаи “қаҳрамон”-и навиштаҳои мо барои ин гуна ашхос дарси ибрат шаваду пеш аз анҷоми амале андеша намоянд. Зеро ҳар кирдору рафтори ношоиста, “подош”-е дорад. Намоз АМОНЗОДА, судяи Суди вилояти Хатлон, Толибшоҳи ДАВЛАТ, “ҶТ”

ҶОМЕА

ҲНИТ – ҲИЗБИ МАРДУМӢ? Ҳафтаи гузашта Муҳиддин Кабирӣ – раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки муддати мадидест дар хориҷи кишвар умр ба сар мебарад, дар мусоҳибае оид ба нокомиҳои ҳизби наҳзат ва сабабҳои ба ҳолати буҳронӣ расидани он изҳори ақида кардааст. То ин муддат, дар мусоҳибаву суханрониҳо Кабирӣ асосан чунин вонамуд мекард, ки гӯё таҳаммулпазириву созишкорӣ аз самтҳои асосии пешгирифтаи фаъолияти ҳизби ӯ буда, дар ҳама ҳолат аз доираи ин ду самт берун намеомад. Вале, имрӯз, ки дар хориҷи кишвар ҳузур дорад, чеҳраи воқеии худро нишон дода, «дипломатия»-и рӯякии ба худ хосашро фаромӯш сохта, мағлубияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикиситонро дидан намехоҳад. Бинобар ҳамин, санги маломатро сӯи Ҳукумати Тоҷикистон ҳаво дода, аз худ мусичаи бегуноҳ ме-

8

Кабирӣ дар васфи террорист тарошад. Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои фаъоли ҲНИТ дар баромадҳои худ пайи даъвое ҳастанд, ки гӯё Вазорати адлия нисбат ба онҳо амали сохтаву бардурӯғро асос хонда, фаъолияти ҳизби мазкурро ба талаботи қонунгузории кишвар ҷавобгӯ надонистааст. Кабирӣ бо итминони комил иллати асосии мушкилиҳои ҲНИТ-ро ба мардумӣ будани он нисбат додааст. Дар ҳамин ҷо низ роҳбари дурафтода ҳиллаҷӯӣ намуда, мехоҳад номи мардумро ба ҳизбаш пайванд созад. Ӯ берӯёна садо баланд мекунад: «Манъи расмии як ҳизбе, ки ин ҳама ҷонбозиҳоро барои сулҳу

ваҳдат кардааст ва ин ҳама сабру таҳаммулро барои ватану миллат, назди таърих – кори соддае нест». Хуб мебуд ҷаноби Кабирӣ «ҷонбозиҳо»-и ҳизбашро барои ватану миллат ва ё сулҳу суботи кишвар каме ҳам бошад, шарҳ медод. Дар ин роҳ чӣ амали хайреро анҷом дода бошанд, худи Кабирӣ медонаду як-ду балегӯёнаш. То ҷое, ки маълум аст, сарони ҲНИТ мунтазам дар пайи вохӯрӣ бо намояндагони созмонҳои хориҷӣ ҳастанду бо нолаву шеван аз худ ҷабрдида метарошанд ва бо ин роҳ маблағҳои заруриро ба даст меоваранд. Шояд ҳамин кор барои Кабирӣ «ҷонбозӣ» бошад?

Аз сӯи дигар аъзои ҳизби мазкур дар тамоми амалҳои террористии кишвар даст доштанд, вале оид ба ҷонбозиҳои ягон узви он касе хабар надорад. Шояд Кабирӣ ҷонбозиҳо дар амалҳои террористиро дар назар дошта бошад? ҲНИТ – ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТ ВА ҲИМОЯТГАРИ ТЕРРОРИСТОН Ҳар гуна даргириҳое, ки баъди мусолиҳаи миллӣ дар минтақаҳои кишварамон ба вуқӯъ пайвастанд, ҳатман ба ягон узве аз ҲНИТ рост меомад. Мардуми кишвар то имрӯз аъмоли зишти Алии Бедакӣ ва

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


МУЛОҲИЗА

Аз тарафи чапи даромадгоҳи бозори ноҳияи Варзоб, ки мардум он ҷоро маҳаллаи “Воданасос” меноманд, дӯкони майфурӯшие ҳаст, ки ҳамеша сермуштарист. Чанд рӯз пеш дар назди бозор мунтазири нақлиёт будам, ки садои дағалона бо ҳам сухан гуфтани ду нафар аз назди ҳамон дӯкон ба гӯш расид. Ин дағалгӯиҳо ба гиребонгирӣ бадал шуда, мардуми зиёдеро даври даъвогарон ҷамъ овард. Ҷавонон ҳар ду сархӯш буданд. Ҳамдигарро мекӯфтанду қабеҳ мегуфтанд. Мардум аксаран тамошобин буданд. Ниҳоят, нафаре ба ин ҳамоқат тоб наоварда, ба миён даромада, моҷароро тинҷ кард. Гапҳои обдори ӯ ба ҷавонони айёш таъсир кард магар ки ҷудо шуда, ҳар яке ба роҳи худ рафт... Мутаассифона, шаробнӯшӣ миёни ҷавонон бештар шуда, ба як мушкили доғ табдил ёфтааст. Ҳарчанд аз нигоҳи арзишҳои динӣ нӯшидани шароб ҳаром аст, вале шумораи шаробнӯшҳо рӯ ба афзоиш дорад. Воқеан, чаро май менӯшем? Албатта, аз як тараф барои он ки кадом ғаму ғусса ё мушкилеро фаромӯш созем ё ба ёд наорем. Аммо то куҷо шаробнушӣ метавонад ғаму ғуссаи касро пасанда кунад, маълум нест. Дарвоқеъ оё шаробнӯшӣ ғамро пасанда ё фаромӯш месозад? Равоншинос Алиаҳмад Ёраҳмадов мегӯяд, шароб қобилияте дорад, ки ба ҳиссиёти инсон озодӣ медиҳад. - Мутаассифона, шаробнӯшӣ дар байни ҷавонон ҷой дорад. Аз нигоҳи психологӣ сабабу омилҳои шаробнӯшӣ гуногунанд. Аксари ҷавонон майл ба шаробнӯшӣ надоранд, аммо ҳисси кунҷковӣ доранд. Ҳисси кунҷковӣ онҳоро водор месозад, ҳар чизро дар зиндагӣ таҷриба кунанд. Ана, ҳамин ҳисси кунҷковӣ боис мегардад, ки онҳо ба ин кор даст зананд. Вақте шаробро мечашанд, ҳисси бори дигар аз он истеъмол карданашон пайдо мешавад. Дар баробари ин онҳое, ки ниёзманд ба истифодаи шаробанд, ҳис мекунанд, ки пас аз истеъмоли он аз ҳолатҳои гуногуни психологӣ мебароянд. Ин чиз рафта-раф-

Шаробнӯшӣ

аввал одат, баъд беморист! та ба одат мубаддал мегардад ва шахси истеъмолкунанда шаробро ҳамчун воситаи баромадан аз ҳолатҳои гуногуни изтироб, тарс ва мушкилот меҳисобад, - иброз дошт А. Ёраҳмадов. Дар ҳамин ҳол табиб Абдуллоҳ Ташрифзода низ истисно намедонад, ки нӯшидани шароб тадриҷан ба одат, сипас ба характер табдил меёбад: - Организми нафарони шаробнӯш ба нӯшидан одат мекунад, ки тарки одат балои ҷон аст барояшон. Такроран нанӯшанд, функсияҳои физиологии онҳо иҷро намешавад. Гузашта аз ин, онҳое, ки шаробнӯшӣ барояшон одат шудааст, хӯрок хӯрда наметавонанд, бедорхобӣ мекашанд, тарсу воҳимаҳо пайдо мешаванд. Ҳаёт нишон додааст, онҳое, ки шароб менӯшанд, обрӯи худу пайвандонашонро мерезонанд. Боз, шаробнӯшӣ ба оқибатҳои нохуше, чун моҷаро дар оила, ҷанҷол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маконҳо бурда мерасонад. Дар хусуси зарару хатари шаробнӯшӣ овардани факте аз гузориши Созмони

ҷаҳон аз истеъмоли машрубот мебошад. Ба назари табиб Абдуллоҳи Ташрифзода аз нигоҳи тиб низ нӯшокиҳои спиртӣ ба саломатии инсон зарар доранд. - Пас аз истеъмол он зуд ба рудаву меъда ва 45%-аш дар меъда ҷафида шуда, қисми дигараш дар рудаи борик ҷафида мешавад, баъдан тавассути рагҳои хунгард ба ҷигар меравад. Он дар ҷигар коркард шуда, аввалан ба худи ҷигар ва ба системаи асаб таъсири манфӣ мерасонад. Аз назари илмӣ дар як сония дар асаби инсон 100 ҳазор реаксияҳои химиявӣбиологӣ мегузарад. Вақте кас маводи спиртиро истеъмол мекунад, хоҳ-нохоҳ ба асабаш таъсир мерасонад. Маводи спиртӣ вақте вориди организми инсон шуд, ӯ худро хурсанд ҳис мекунад, вақташ хуш мешавад, ҳолатҳои ғаму андӯҳ ва зиқӣ аз сари ӯ нест мегардад. Шароби нӯшидагӣ аввал инсонро хуш мегардонад, баъдан ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки ақлро тира месозад. Дар баробари ин, ҳолатҳои контролие, ки дар системаи асаб ҳаст, нест мешавад. Баъдан ҳолати эҳсосӣ боло ги-

ҷаҳонии тандурустиро (СҶТ) кифоя медонем: тибқи гузориши СҶТ соли 2012 аз истеъмоли машруботи спиртӣ (шароб, пиво ва дигар анвои он) дар ҷаҳон 3,3 миллион нафар ба ҳалокат расидаанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 2014 194 кишвари узви СММ-ро таҳлил карда, дар натиҷа изҳор дошт, ки 5,9%-и фавт дар саросари

рифта, инсон ҳама корро мекунад, - афзуд табиб А. Ташрифзода. Равоншинос Алиаҳмад Ёраҳмадов муҳитро яке аз омилҳое медонад, ки ҷавононро ба шаробнӯшӣ таҳрик медиҳад. - Муҳити иҳотакарда низ метавонад, шахсро ба шаробнӯшӣ водор созад. Масалан, вақте як нафар дар муҳите меафтад,

ки ҳама шароб нӯшида истодаанд, ӯро низ ба ин кор талқин менамоянд. Чунин муҳит яке аз омилҳо ё ангезаҳоест, ки ҷавононро ба шаробнӯшӣ таҳрик медиҳад. Бинобар ин, дуруст интихоб кардани чунин муҳит бисёр муҳим аст. Зимнан, зинаи дигар камолот аст, ки дар он майл ба шаробнӯшӣ каме дигартар аст. Масалан, дар ҷавонӣ шаробро таҷриба кардаву баромадан аз ҳолатҳои гуногунро дар истеъмоли он мебинанд. Бинобар ин, вақте дар зинаи камолот ба мушкиле рӯ ба рӯ мешаванд, барои лаҳзае фориғ гардидан аз он шароб истеъмол мекунанд. Машруботи масткунанда тибқи нишондоди илми тиб сабаби бемориҳои асаб, меъда, рудаҳо мешавад, ҳамчунин тезии фикр ва зеҳнро табоҳ мекунад, инчунин боиси дардмандии узвҳои ҳозима мегардад. Гузашта аз ин, иштиҳоро аз байн бурда, боиси сӯитағзия, лоғарӣ, беқадрӣ ва нотавонии ҷинс мешавад. Оқибат ба сахтшавии бофтаҳои бадан ва бемории давомдори девори шараёнҳо бурда мерасонад. Аз боиси шаробнӯшӣ моҷароҳои оилавӣ, хушунату зарбу лати ҳамсар ва фарзандон сар мезанад, ки мояи нигаронист. Ин масъаларо Алиаҳмад Ёраҳмадов чунин шарҳ дод: “Дар оилае, ки падар шаробнӯш аст, муҳити солими психологӣ аз байн меравад. Муҳити солими психологӣ дар оила ки аз байн рафт, фарзандон дараҷаи изтиробнокии баланд пайдо мекунанд, худбаҳодиҳишон номувофиқ ва бо дигар мушкилиҳои психологӣ гирифтор мешаванд”. Дар тақвияти фикри равоншинос Алиаҳмад Ёраҳмадов табиб Абдуллоҳи Ташрифзода кӯшиш намудану ба худ, ҷомеа ва оилаи хеш зарар нарасониданро рисолати асосии инсонӣ меҳисобад ва мегӯяд, кӯдакон ҳар амали падарро ки мебинанд, онро қабул мекунанд. Дарвоқеъ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ин беморӣ ва ё одат худро дур нигоҳ доштан мумкин аст. Танҳо бояд ақлро дуруст истифода бурду иродаро қавӣ сохт. Пас, андеша намуда, роҳи дуруст ва орӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлубро интихоб бояд кард. Сарҳади хоҳишҳои инсон поён надорад. Оқилу дурандеш онест, ки аз ҳар гуна одат ва рафтори бад канора ҷӯяд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

ҶОМЕА Мулло Абдуллоро, ки бар асари он чандин фарзандони далеру шуҷои кишвар ҷони азизи худро аз даст дода буданд, аз ёд набурдаанд. То ба ҳол ашки чашмони ҳамсарони ҷигархуни онҳо хушк нагардида буд, ки боз ҳам модари тоҷик аз дасти хиёнаткорони навбатии ҲНИТ либоси мотам ба бар кард. Хиёнаткории Абдуҳалим Назарзода, ки солиёни зиёде дар мартабаҳои баланди ҳукуматӣ фаъолият карда, оқибат ба намакдони он туф кард, то абад дар саҳифаи таърихи тоҷикон сабт хоҳад шуд. Муҳиддин Кабирӣ дар мусоҳибаи ихтисосии худ аз ин хиёнаткор муҳофизат карда, ҳамчун «дӯсту ҳамсоя» аз ӯ ёд намуда, инсони дақиқ ва эҳтиёткору бомулоҳизааш хондааст. Тавре ки дар боло гуфтем, Кабирӣ ва командаи ӯ кӯшиш мекунанд, ки воқеиятро нодида гиранд, аммо ҳар амали ғайриқонуниеро, ки бар суди онҳост, мехоҳанд онро дурусту саҳеҳ арзёбӣ кунанд.

Бо вуҷуди хиёнаткорӣ ва одамкушии Назарзода, Кабирӣ дар ҳаққи ӯ гуфтааст: «Як афсари хушк нест, номуси инсонӣ ва ватандориву миллатдориаш хеле қавӣ аст ва аз ҳама муҳимаш, хеле сарсупурда ба ҳукумат ва роҳбарияти кишвар буд». Мутмаинам, ки ҳар як хонанда ин порчаи мусоҳибаро ба як бору ду бор хондан сарфаҳм намеравад, зеро ин тавсиф ба ягон мантиқе рост намеояд. Пас аз ин ҳама даргирию хунрезию харобкориҳо чӣ тавр мумкин аст дар бораи саркардаи ҷинояте, аз қабили хиёнат ба Ватану миллат, чунин суханони волоро истифода бурд? Ҳатман ҷаноби Кабирӣ ҳангоми ин мусоҳиба сари ҳол набудааст… Дар ҳамин шабу рӯз тамоми мардуми заҳматкаши кишвар амали зишти Назарзодаро маҳкум мекунад, аммо Кабирӣ аз ӯ ватандӯсту миллатдӯст ва фарзанди ба Ватан содиқ месозад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

Қобили зикр аст, ки аксари ошӯбгарон, эътирозгарон ё нафароне, ки даъвои таҳаввулотро доштанд, аз қабили Зайд Саидов, Абдуҳалим Назарзода ва ҳатто Муҳиддин Кабирӣ соҳиби сарвату дороии ҳангуфте будаанд. ФОЛБИНӢ ВА ТАҲДИДИ КАБИРӢ Муҳиддин Кабирӣ дар мусоҳиба боитминон гуфтааст, ки ҳизбаш ин лаҳзаи душворро паси сар хоҳад кард ва ҳукуматро дар ноогоҳӣ нисбат ба рисолати ҲНИТ гунаҳкор донистааст. Ҳамчунин, низоми ҳукуматро ба сифатҳои манфии зиёде мансуб донистааст, ки аслан хоси аъзои ҲНИТ ҳастанд. Дар охири мусоҳиба Кабирӣ заъфу нотавонии худро ошкоро нишон дода, мисли толибилмони мадраса, ки ҳангоми даъво бо ҳамдигар мегӯяд, таҳдид кардааст, ки ё дар муколама, ё дар маҳкама, ё дар наз-

ди Парвардигор ҳатман рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Чунин таҳдиди кӯдакона дигар аз таҳаммулпазирии ӯ бӯе ҳам намебарад. Далели чунин ҳолати аз мувозинат берун омадани Кабирӣ ба суқут ё таназзули ҲНИТ вобастагӣ надорад. Ин аксуламал танҳо ба хотири сарвату боигарии ӯст, ки ба номи худу хешовандони наздикаш аз ҳисоби ҳизби наҳзат ҷамъоварӣ намудаасту имрӯз аз он фосила дорад ва дар ҳарос аст, ки шояд онро аз даст бидиҳад. Дар баромадҳои ахири худ Кабирӣ барои аз даст рафтани ҳизбаш руҳан менолад, вале боре ҳам аз ислом ёд намекунад, боре ҳам нагуфтааст, ки ҲНИТ ба хотири ислом арзи ҳастӣ дошт, зеро рисолати ҲНИТ на ислом, балки маблағу мансаб буд.

Назаралии ФАЙЗАЛӢ

9


ТУРИЗМ

7 мавзеи туристии Балҷувон Балҷувон, яке аз ноҳияҳои таърихии вилояти Хатлон аст, ки бо обҳои мусаффо ва чашмаҳои шифобахшаш ҳазорон дилдодагону дӯстдорони табиатро мафтун сохтааст. Ин ноҳия дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон ҷойгир буда, бо кӯҳу пуштаҳо, руду дарёҳои назаррабо ва табиати беҳамтояш диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, обу ҳавои тоза ва табиати дилкушояш имконияти хубест барои рушди сайёҳати экологӣ. Агар ба ин соҳа, яъне туризми экологӣ аҳамият дода шавад, имкон дорад сатҳи бекорӣ дар ноҳия коҳиш ёфта, буҷаи маҳаллӣ ғанӣ гардад. Гузашта аз ин, ноҳияи Балҷувон маконҳои таърихиву дидание дорад, ки метавонад ба ҷалби сайёҳон мусоидат кунад.

дар канори зинаи баланди соҳили рости рӯди Сурхоб воқеъ гардидааст. Санагузории ин қалъа аз рӯи маводи кашфгардида ба асрҳои XVI-XIX мансуб аст. Зимнан, он яке аз ҷойҳои хушманзараю тамошобоби мардуми ноҳия гаштааст.

МАҚБАРАИ МАВЛОНО ҚУТБИДДИН Мақбараи яке аз шахсиятҳои намоёни ислом Мавлоно Қутбиддин 40 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар қисмати ҷануби он, дар деҳаи Оличадараи боло, ҷамоати деҳоти Дектур ҷой гирифтааст. Мақбара дар асри XVI сохта шуда, бо мурури замон оромгоҳаш хароб гашта буд. Вале соли 2003 бозсозӣ гардид. Ҳар як меҳмоне, ки аз дохил ё хориҷи мамлакат ба ноҳияи зебоманзари Балҷувон сафар кунад, ҳатман мақбараи Мавлоно Қутбиддинро зиёрат мекунад.

МАҚБАРАИ ШОҲ НЕЪМАТУЛЛОҲИ ВАЛӢ Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Заробӣ) дар канори шарқи маркази ноҳияи Балҷувон, дар байни рӯдҳои Обимазор ва Тоир воқеъ гаштааст. Гирду атрофи мақбараро чанорҳои бузург иҳота кардаанд, ки тибқи пажӯҳишҳо таърихи 700-850-сола доранд. Мақбара барои яке аз намояндагони охирини мактаби тасаввуф Шоҳ Неъматуллоҳи Заробиддин 600 сол қабл сохта шудааст. Ӯ дар ҷаҳони илму маърифат бо номҳои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Шайх Сайидшоҳ, Неъматуллоҳи Кирмонӣ ва Шоҳ Неъматуллоҳи Заробӣ маълуму машҳур аст. Ӯ соли 1311 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон таваллуд шуда, дар 5-солагӣ “Қуръон”ро азбар карда, дар 25-солагӣ илмҳои замонашро пурра меомӯзад. Ному насаби пурраи олим, шоир ва мутафаккир Сайид Нуриддин Неъматуллоҳ ибни Абдуллоҳ буда, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои руҳонияти ислом мебошад. Аксари муҳаққиқони ватанию хориҷӣ санаи валодати ӯро тақрибан ба соли 1329 ба қалам додаанд. Дар аксари манбаъҳо омадааст, ки ин алломаи улуми қуръонӣ ва пешвои ҷамоаи бонуфуз 103 сол умр дида, соли 1414-и мелодӣ аз олам даргузаштааст. Дар ҳамин ҷой, дар ҳудуди боғ шумораи зиёди қабрҳо ба назар мерасанд, ки онҳо ба хешу ақрабо, шогирдон ва пайравони ин шахсияти бузург мансубанд. Оромгоҳи ин марди фозил соли 2000 аз сари нав пурра таъмир гардид. Солиёни зиёдест, ки ҳазорон-ҳазор ихлосмандон ба зиёрати қадамгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ меоянд.

ҚАЛЪАИ МИР Мир-Қалъа дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон ҷойгир шуда,

10

БОШИШГОҲИ ФАЙЗОБОД Бошишгоҳи Файзобод дар масофаи 10 километр дур аз шаҳраки Балҷувон, дар қисми шимоли деҳаи ҳамноми ҷамоати Тоҷикистон, дар боқимондаи обшустаи роҳи соҳили чапи дарёи Сурхоб ҷойгир шудааст. Ин мавзеъ ба давраи Неолит мансуб аст.

ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН Осорхонаи таърихию фарҳангии ноҳияи Балҷувон ҳамчун мавзеи туристӣ шинохта шудааст. Имсол аз фаъолияти он 40 сол сипарӣ мешавад. Осорхонаро марди накӯкору ватанпарвар Мирсаид Миров ҳамроҳи оилааш дар вазъияти душвор ташкил намудаанд. Осори маҳфуз дар осорхона, ки бештарашон ба даврони пеш аз милод мансубанд, бо заҳмати

ин марди накӯном ҷамъоварӣ шудааст. Осори куҳантарини ин осорхонаро Шабчароғ ташкил медиҳад, ки таърихи беш аз 3500-сола дорад. Осори дигаре, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб кардааст, хиштҳои боқимондаи бекигарии Балҷувон аст, ки таърихи 2700-сола доранд. Ҳамчунин, дар осорхона китобҳои дастнависи муқаддас, маҳсулоти кулолгарию сангтарошӣ ва асбоби шикору олоти сангин ва тангаҳои қадима низ нигоҳдорӣ мешаванд. Ёдгории таърихие, ки барои мардуми Балҷувон арзиши баланд дорад, шамшери Восеи размовар, инчунин яке аз дарҳои чӯбини Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аст, ки дар осорхона нигаҳдорӣ мешаванд. Теъдоди ашёи осорхонаи таърихию фарҳангии ноҳияи Балҷувон ба 2700 мерасанд. Барои боздид аз ноҳияи Балҷувон Сардори давлат Эмомали Раҳмон ду бор солҳои 2001 ва 2010 ба ин осорхона ташриф оварда, ба кори сармутахассиси осорхона Мирсаид Миров баҳои баланд додааст. Теъдоди саёҳони дохилӣ ва хориҷие, ки ба осорхона меоянд, беш аз 5000 нафарро ташкил медиҳанд. Онҳо баъд аз дидани ин мавзеи таърихию фарҳангӣ маълумоти пурраеро аз таърихи ноҳия дарёфт хоҳанд кард.

МАВЗЕИ САРИ ХОСОР Мавзеи Сари Хосор аз зеботарин манзараҳои табиати афсункори ин гӯшаи зебои Тоҷикистон аст. Обҳои мусаффо ва чашмаҳои шӯх қалби ҳар сайёҳро тасхир месозад. Дар доираи “Барномаи маҷмӯи рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ” сохтмони базаи туристӣ иборат аз 50 ҷой дар деҳаи Султон Увайси ҷамоати деҳоти Сари Хосор дар назар аст. Ҳар сол ба ин минтақаи зебоманзари диёрамон сайёҳони дохилию хориҷӣ қадам ранҷа намуда, бо урфу одат ва фарҳанги волои сокинони ин гӯшаи дурдасти кишвар ошноӣ пайдо мекунанд.

ШАРШАРАИ САРИ ХОСОР Ин ёдгории нодири табиат дар мавзеи Пушти Боғи деҳаи Муллоконии ҷамоати Сари Хосор ҷойгир шудааст. Ба минтақаи истироҳатӣ ва курортию туризм табдил додани ноҳияи Балҷувон, боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад, ки барои мардуми ноҳия бисёр зарур аст. Чунки табиати басо зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахш манзараҳои зебои дилхушкунандаю кӯҳҳои сарбафалак барои сохтмони муассисаҳои рекреатсионӣ-курортӣ ниҳоят мувофиқанд. Таҳияи Бахтовар АМИНЗОДА, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


БА ИФТИХОРИ 3000-СОЛАГИИ ҲИСОР

Дар арафаи 24-солагии Истиқлолият, бо ибтикори Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Ҳисор вохӯрии нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳ Мирзо, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, нависандаи шинохта Амирхон Аҳмадхон, нависанда, бостоншинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Султонмуроди Одина ва боз чанде аз қаламкашони ноҳияи Ҳисор барпо гардид, ки он ба 3000-солагии Ҳисори бостон бахшида шуд. Камина низ чун дастпарвари ҳамин боргоҳи илму адаб дар ин нишаст ширкат доштам. Дар вохӯрӣ хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорон, аъзои Ассотсиатсияи волидайни муассиса, ҳамчунин сокинон иштирок карданд. Ҷиҳати фарқкунанда ва ҷолиби вохӯрӣ он буд, ки суҳбати қаламкашон ва аҳли толор якҷониба нагузашт. Ширкатдорони он дар суҳбати рӯ ба рӯ на танҳо ба адибон савол додаю посух гирифтанд, балки худашон ҳам аз асарҳои насрии эшон порчаҳоро ёдовар шуда, аз ашъори назмиашон қитъаҳо хонданд.

Мусоидат ба баландшавии завқи хонанда Илҳом аз вохӯрии адибон дар Ҳисор Аз гуфтаҳои иштирокчиён маълум буд, ки онҳо ниёзманди сухани мавзун ҳастанду пазмони ҳамин гуна вохӯрию суҳбатҳои дилпазир. Баъд аз гусели меҳмонон атрофи ин чорабинӣ андеша ронда, барои худ бори дигар исбот намудам, ки агар масъулин баҳри гузаронидани ҳамин гуна чорабиниҳо пешакӣ нақша бикашанду омодагӣ бигиранд, азму талошашон ҳаргиз барабас намеравад ва албатта натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Яъне, чорабинии пешакӣ омодагашта шавқовару дилпазир мегузарад ва баҳри баландшавии завқи шунавандаю хонандаю бинанда мусоидат мекунад. Ин чиз дар кори таълиму тарбияи насли наврас бисёр муҳим мебошад. Аз афти кор ҳамин ҷиҳати басо нозуки кори таълиму тарбияро маъмурияти мактаб таҳти сарварии Сурайё Назарова хеле хуб дарк мекунанд, ки чорабиниро бо тайёрии пухта гузарониданд ва муваффақ ҳам шуданд. Ин сатрҳоро навиштаму ба ҳамин монанд чорабиниҳое ба ёдам расиданд, ки дар солҳои мактабхонӣ ва ҷавонии мо доир мешуданд. Он замон адибони шинохта - онҳое, ки дар қаламронию суханварӣ роҳу равиши худро ёфта буданд, ба ҳамин гуна чорабиниҳо даъват мешуданд. Ин адибон ҳатман бо худ як-ду нафар навқаламонро мегирифтанд, ҳатто бевосита аз маҳалҳо. Адибон

Боиси хушнудист, ки соли равон ҷашни 3000-солагии як гӯшаи биҳиштосои Ватан - Ҳисори шодмонро таҷлил менамоем. Дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳонӣ он як минтақаи дорои табиати зебо, фарҳанги ғанӣ, маъвои ҳунармандони шуҳратманд ёдовар мешавад. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки халқи тоҷик, аз ҷумла мардуми Ҳисори шодмон дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми сазовор доранд. Масалан, академик Аҳрор Мухторов дар асараш “Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон” (Душанбе, соли 1984) навиштааст, ки: “... дар Ҳиндустон аз парастории Бобур Мирзо ва мансабдорони дарбори ӯ истифода бурда, муҳоҷирони Осиёи Миёна на танҳо ҳаёти фаровон ба сар мебурданд, балки ба мансабҳо соҳиб шуда, кӯшиш кардаанд, осоре аз худ дар ин сарзамин боқӣ гузоранд. Яке аз ин одамон Хон Юсуфоғо аз Ҳисори шодмон буд. Ӯ дар Маҳам ном шаҳри Ҳиндустон масҷиде бино намуда, барои абадӣ гардонидани ном ва кори худ дар девори масҷид санги мармарро бо чунин матн бо хати насх навиштааст: “Дар аҳди ҳазрати давлати шаҳаншоҳи олам Бобур ғозӣ подшоҳ...” ал-фақири Хон Юсуфоғо ибни Шайх Юсуф, сокини Ҳисори шодмон, ба тавфиқи Аллоҳ таъоло масҷиде дар қасабаи Маҳам рост кунонид... Ба таърихи панҷуми моҳи раби-ул-аввал санаи ситта ва салосина ва тисъамия (936) ҳиҷрӣ”. Профессор М. Рандхава иттилоъ додааст, ки дар аҳди темуриёни Ҳинд боғе

Камол Насрулло, Низом Қосим, Мункӣ, Сиёвуш, Аҷамӣ, Маҳзун ва боз чанд нафари дигарро, ки имрӯз қаламкашони баркамоланд, шахсан ман маҳз дар ҳамин гуна чорабиниҳо шинохтааму баъд асарҳояшонро хондаам. Аммо боре ҳам надидаам, ки чанд нафар навқалам, ки аз худ аллакай нобиға метарошанд, бе нависандагони варзида ба назди мардум рафта, чакидаҳои хому хаталаи худро пешниҳод карда бошанд. Мутаассифона имрӯз ба чунин ҳолатҳо хеле зиёд вомехӯрем. Ба иззати нафсашон нарасад, бархе аз «адибони» ҳозиразамон бе ягон тайёрию машқи пешакӣ, новобаста аз он ки даъватӣ ҳастанд ё на, ба ҷамъомаду нишастҳо ва маъракаҳо мераванд ва даъвои адибӣ намуда, баландгӯякро мегиранду ба минбар мебароянд. Ҳатто ба чандин карат ишораи «бас кун»-и садри маърака эътибор надода, то дилбеҳузурии одамон «суханпардозӣ» мекунанд. Ин гуна ҳолатҳо бахусус дар таҷлили Наврӯз ва рӯзҳои ҷашнӣ бештар мушоҳида мешаванд. Аз ҳамин ҷост, ки вохӯрию суҳбати ҳатто шоиру нависандагони шинохтаю муътабарро ҳам баъзеҳо муқаррарӣ пиндошта, бепарвоёна мегӯянд, ки «ҳоло олам пури шоиру нависанда шудааст». Муддаои ман аз навиштани ин сатрҳо он аст, ки масъулин то замони баргузории ҳамин гуна

чорабиниҳо нақшаи пешакӣ бикашанду омодагӣ бигиранд. Дар хусуси кадом адибу суханваронро даъват намудан, бо сохторҳое, ки масъули ин гуна корҳо ҳастанд, машварат кунанд. Зеро чорабиние, ки бе таёрӣ мегузарад, шунавандаю бинандаашро дилгиру хаста месозад. Зиёда аз ин, агар дар ин чорабинӣ адибони навраҳу навқалам ва ҳанӯз суханашон нопухтаю носуфта ашъори хешро пешниҳод кунанд, завқи шунавандаю хонанда сахт коҳиш меёбад, ӯро нисбат ба китобу китобхонӣ дилхунук мекунад. Шояд яке аз сабабҳои асосии аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта то ба имрӯз аз китобу китобхонӣ дур гаштани бархе аз ҷавонон, маҳз дар бе тайёрӣ ва хом гузаронидани чорабиниҳои адабию фарҳангӣ ва пешниҳод намудани ашъори носуфта бошад? Шояд сабаби асосии дигараш он бошад, ки вохӯрию суҳбатҳои бевосита ва рӯ ба рӯйи адибону суханварони варзида бисёр кам ташкил мешаванд? Зиёда аз ин бархе аз роҳбарону масъулони идораю ташкилотҳо сухани мавзунро тамоман қадр

Нақши дастони ҳисориҳо дар Ҳиндустон Наққошони ҳисорӣ дар ороиши “Тоҷмаҳал” саҳм доштанд

бино шудааст, ки дар он гулу дарахтони гуногунро аз Осиёи Миёна (аз Тоҷикистон О.А.) оварда шинонидаанд. Ба М. Осимӣ ҳангоми сафараш дар Кашмир нақл кардаанд, ки ниҳоли баъзе дарахтони “Боғи нишот”-ро аз Ҳисори шодмон овардаанд. Ғайр аз ин, муаррих А. Мухторов дар Университети Усмонияи Ҳайдаробод дастнависеро пайдо мекунад, ки “Интихоби каломи шуарои мутақаддимин ва мутафарриқин” ном дошта, дар он дар қатори дигар шоирон

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

панҷ шеър зери сарлавҳаи “Мин мақулоти Маҳмуд бинни Ҳасани Ҳисорӣ” омадааст, ки мутаваҷҷеҳ бошед ба яке аз он шеърҳо: Нигоро, дар сарат саҳбост имрӯз, Рухат бин, хурраму зебост имрӯз. Шароби лаъли соқӣ хӯрдаӣ дӯш, Ҳама шаб то саҳар пайдост имрӯз. ...Чунин к-осон ба даст овард васлаш, Ҳисорӣ Бӯалӣ Синост имрӯз. Чӣ тавре мебинем, ғазали боло бо як самимияти хоса ва сухани зебову ҷаззоб иншо шуда, аз истеъдоди баланди Ҳасани Ҳисорӣ шаҳодат медиҳад. Ҳисори шодмон дар асрҳои минбаъда, хусусан асри ХХ тавассути фарзандони шӯҳратёри худ боиси таваҷҷуҳи ҷаҳониён гардидааст. Қаҳрамони халқи тоҷик М. Турсунзода, олим Н. Маъсумӣ, нависанда Ҳ. Назаров ва даҳҳо дигарон корномаи ниёкони худро идома дода, баҳри абадӣ гардонидани шуҳрати таърихии диёрашон заҳмат кашидаанд. Боиси хушнудӣ ва сарбаландист, ки шоири маҳбуб М. Турсунзода дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун мунодӣ, мубориз ва муҳофизи сулҳ эътироф шуда, сазовори эҳтироми ҷаҳониён гардидааст ва бо асарҳои ҷовидонааш “Садои Осиё”, “Қиссаи Ҳиндустон” дар дилу дидаи мардуми Африқо

намекардагӣ шудаанд ва ҳангоме ки ба онҳо муроҷиат мекунӣ, хеле беэътиноёна муносибат мекунанд ва вохӯрию суҳбати аҳли илму адабро кори чандон ҷиддӣ намешуморанд. Акнун саволе ба миён меояд: оё яке аз сабабҳои асосии бадкирдорию бадгуфтории бархе аз ҷавонон ва ба гурӯҳҳои моҷароҷӯю ифротгаро пайвастани онҳо маҳз дар дуриашон аз сухани Ватану ватандорӣ, ахлоқу одобу одамгарӣ ва башару башардӯстӣ нест? Агар «ҳа», пас зарур аст, ки чун дар солҳои шӯравӣ роҳбарони ташкилоту идораю муассисаҳо барои дар рӯҳияи ватанпарварӣ, одамдӯстӣ, хушахлоқӣ ва монанди инҳо тарбия кардани зердастонашон масъул дониста шаванд. Зеро яқин аст ва ин бори дигар дар чорабинии гузаронидаи МТМУ №24-и ноҳияи Ҳисор исбот гашт, ки мардум, алалхусус, деҳотиён ташнаи нишастҳои адабианд ва новобаста аз хостану нахостани роҳбаронашон ба сухани воло, гапи пухта, андешаи солим ниёз доранд. Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ

ва Осиё маъво гирифта, сазовори баҳои баланди аҳли адаби мамолики мазкур гаштааст. Шоири озарӣ Самад Вурғун навишта буд: “Қиссаи Ҳиндустон”-и М. Турсунзода яке аз муҳимтарин асарҳои замони мо ба шумор меравад”. Шоири судонӣ Абдураҳмони Гулдӣ афзуда: “Мо - африқоиён М. Турсурзодаро хуб медонем, назми оташини вай қалби моро гарм карда, ба кас умед мебахшад ва моро ба мубориза даъват менамояд”. Шоири маъруфи Эрон Н. Нодирпур меафзояд: “Дӯсташ медоштам, чаро ки чун ӯ марде дар рӯзгори мо бисёр набуд ва бисёр нахоҳад буд”. Шоири афғон Бориқ Шафеъӣ суруда: Садои дили Осиёро шунидан, Ҳамеша тавонам зи оҳанги шеърат. Чароғи адабро зи дастат гирифтан, Ба нураш раҳи орзуҳо кушудан... Сухан гуфтан аз Шарқи озод бо ту, Зи Ҳиндустон достонҳо сурудан. Илова бар ин, Ҳисори шодмон бо ҳунармандону деҳқононаш, чун аҳли фарҳанг, мақому манзалати хоса дорад. Соли 1976 ҳангоми сафарам ба Ҳиндустон аз забони роҳбалад Сабҳурами шунида будам, ки дар ороишоти муъҷизаи ҷаҳонӣ Тоҷмаҳал чанд тан наққошони Ҳисорӣ ширкат доштаанд. Дар поёни сухан мутмаинем, ки таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон саҳифаҳои пурифтихори гузаштаи онро боз менамояд. Охун АМИНЗОДА, собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Тоҷикистон, деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷ. Расулов

11


ВАРЗИШ

9 медали наврасон аз Бишкек Чанде пеш дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мусобиқаи дзюдо байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Дордой баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик нуҳ медал – 3 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи минтақавӣ, ки бори сеюм доир шуд, 161 варзишгар (107 писару 54 духтар) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон барои 14 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Дар сабқати писарон Шарифҷон Назриев дар вазни -90 кило ва Муҳаммадбек Фарҳодов дар вазни 90 кило бо медалҳои тилло, Нуроншо Бадомаев дар вазни -66 кило бо медали нуқра, Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -60 кило, Ёқубҷон Назиров дар вазни -81 кило ва Меҳроб Давлатзода дар вазни -90 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Шамсиддин Куканбеков дар вазни -55 кило мақоми панҷум ва Шаҳзод Воҳидов дар вазни -60

кило ҷои ҳафтумро ишғол карданд. Дар сабқати занон Шоҳида Қаландарова дар вазни -57 кило медали тилло, Шукрона Қарчиева дар вазни -48 кило медали нуқра ва Баҳригул Бобиева дар вазни -57 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Узбекистон бо 12 медал (6 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ғолиб омаданд. Тими Қирғизистон бо 30 медал (5 тилло, 9 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва дастаи Тоҷикистон бо 9 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми сеюм ҷой гирифтанд. Қазоқистон бо 9 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар зинаи охирин – чорум ҷойгир шуд.

“Истиқлол” ба нимфинали Ҷоми КФО-2015 баромад Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ҷавобии даври чорякфинали Ҷоми КФО-2015 аз “Паҳанг”-и Малайзия бо ҳисоби 3:1 мағлуб шуд, аммо аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (5:3) ба нимфинали ин сабқати бонуфузи байналмилалӣ, ки дар Конфедератсияи футболи Осиё аз рӯи дараҷабандӣ баъди лигаи чемпионҳо дуюмин маҳсуб меёбад, роҳхат гирифт. Акнун, “Истиқлол” дар даври нимфинал бо клуби футболи СК “Кувайт”-и Кувайт рақобат мекунад. Бозии аввал байни ин дастаҳо 30 сентябр дар Кувайт

ва бозии ҷавобӣ 21 октябр дар Душанбе доир хоҳад шуд. Дар бозии дигари даври нимфиналӣ “Ал-Қадсия”-и Кувайт бо “Ҷоҳор Доруд Такзим”-и Малайзия

вомехӯранд. Бозии аввали ин дастаҳо 29 сентябр дар Кувайт ва бозии ҷавобӣ рӯзи 20 октябр дар Малайзия баргузор мешавад.

Ду бохти тими мунтахаби ҷавонон дар бозиҳои санҷишӣ Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё2016 дар гурӯҳи “F”, ки 2-6 октябр дар Душанбе баргузор мегардад, тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар, таҳти роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар Теҳрон бо тими мунтахаби ҷавонони Эрон ду бозии санҷишӣ гузаронд. Бозии аввал, ки 16 сентябр доир гашт, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи дастаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Голҳои тими мунтахаби ҷавонони кишварро Худойдод Узоқов ва Амирҷон Сафаров ба самар расонданд. 19 сентябр мунтахабҳои ҷавонони Эрону Тоҷикистон бори дигар бо ҳам вориди рақобат шуданд. Ин бор низ соҳибони майдон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 37 Меҳдихони Муҳаммад зад. Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” бо ҳамсолони худ аз давлатҳои Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Молдив (6 октябр) рақобат мекунад. Марҳилаи ниҳоии чемпионат соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа ғолибони гурӯҳ ва панҷ дастаи нишондиҳандаҳояшон беҳтари ҷои дуюм роҳхат мегиранд. Агар мунтахаби Баҳрайн, ки мизбони марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа мебошад, дар гурӯҳ ҷои аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори панҷ дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаашон беҳтари гурӯҳҳо шомил гардад, он гоҳ дастаи шашуми нишондиҳандааш беҳтар ба марҳилаи финалии сабқат роҳ меёбад.

12

Наврасони кишвар ба даври ниҳоии чемпионати Осиё-2016 роҳ наёфт Тими мунтахаби наврасони кишвар оид ба футбол, таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016, ки дар Доҳаи Қатар доир гашт, бо ду ғалаба ва як бохт ба даври ниҳоӣ роҳ наёфт. Дар бозии аввал дар гурӯҳи “С” тими мунтахаби наврасони кишвар аз наврасони Ироқ бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд. Ҳисобро наврасони Тоҷикистон боз карданд. Дар дақиқаи 39 Фаридун Неъматов аз масофаи дур дарвозаи ироқиҳоро рахна сохт. Дар дақиқаҳои охири қисми якуми вохӯрӣ наврасони тими мунтахаби Ироқ на танҳо ҳисобро баробар карданд, балки дастаи худро ба сафи пеш бароварда, ба танаффус баромаданд. Дар дақиқаи 45 Муҳаммад Ридха ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи дуюми вақти иловагии қисми якум Мунтадҳир Абдулсада голи дуюми ироқиҳоро ба самар расонд. Голи сеюми тими мунтахаби Ироқро дар қисми дуюми бозӣ Алаа Аднан Ҷаббор зад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ наврасони Қатар бар тими мунтахаби наврасони Туркманистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуданд. Дар даври дуюм дружинаи Зайниддин Раҳимов

ҳамсолонашонро аз Туркманистон бо ҳисоби 5:1 мағлуб сохтанд. Голҳои тими наврасони кишварро Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ҳанонов, Мубинҷон Муминов, Аваз Қамчинов ва Агаҷан Ҷумаев (ба дарвозаи дастаи худ) заданд. Дар бозии даври сеюм наврасони кишвар тими наврасони соҳибони майдон – Қатарро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Голи ягонаро Зиёвуддин Фузайлов зад. Ин бозиро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мухлисӣ кард. Ироқ бо 9 хол дар гурӯҳи “С” ҷои аввалро сазовор гашт. Тими наврасони кишвар, ки 6 хол ба даст оварданд, дар мақоми дуюм ҷой гирифтанд. Тибқи низомномаи мусобиқа аз 11 гурӯҳ ғолибон ва 5 дастаи ҷои дуюм, ки нишондиҳандаи беҳтар доштанд, роҳ ёфтанд. Мутаассифона ба тими наврасони Тоҷикистон ду гол камӣ кард.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШ

Ҳар намуди варзиш ҷаззобияте дорад Чанде пеш ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ходимони давлатию ҷамъиятӣ бо ордену медал ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, ноиби аввали ректор оид ба таълими Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, номзади илмҳои педагогӣ Дилором Каримова бо медали “Барои хизмати шоиста” мушарраф шуд. Суҳбати мо бо муаллима сари ин ва дигар масъалаҳои соҳаи варзиш сурат гирифт.

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президент оғоз ёфт 19 сентябри соли равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими расмии кушодашавии Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир гардид. Дар он намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, Маҷлиси Олӣ, вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва доираи васеи ҷавонону варзишгарон иштирок варзиданд. Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зимни суханронӣ нақши варзишро дар муаррифии кишвари соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ барои мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни варзишгарони кишварҳои гуногун заминаи мустаҳкам мегузорад. Сипас, Адҳам Маъмурзода бо намояндагӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президент суханронӣ карда, ба варзишгарон ва иштирокчиёни мусобиқа муваффақият хост. Мавсума Муинӣ, муовинин якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз номи роҳбарият кулли меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиёни мусобиқаро хушомадед гуфта, изҳор дошт, ки “дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат варзиш чун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муҳими муаррифии давлати соҳибистиқлол пайваста мавриди таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад”. Гуфта шуд, бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи варзиш бо дастурҳои саривақтии Президенти ҷумҳурӣ дар мамлакат варзишгоҳҳо, майдону толорҳои варзишии зиёд сохта шудаанд, ки дар заминаи онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун макони баргузории мусобиқаи байналмилалӣ интихоб гардидааст. Пас аз суханронии масъулин бо садо додани Суруди миллӣ Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ташкил гардидааст, расман оғоз ёфт, ки то 24 сентябр идома меёбад. Дар мусобиқа дастаи теннисбозони наврас аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон ширкат доранд. Ёдрас мешавем, ки мусобиқа оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2005 таъсис ёфта, бори шашум аст, ки дар байни варзишгарони наврас гузаронида мешавад. Тибқи натиҷаҳои ду рӯзи мусобиқа теннисбоздухтарони тоҷик пешсаф мебошанд. Бино ба иттилои сардовари мусобиқа Мансур Яҳёев, теннисбоздухтарони тоҷик ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифта, омодагӣ дида истодаанд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

- Муаллима, аввалан ҷоизаро бароятон муборакбод мегӯем. Сониян, мегуфтед, ки Шумо чӣ гуна ба ҷодаи варзиш қадам ниҳодед? - Ташаккур! Барои соҳаи варзишро интихоб намудан падарам (Ҷумъабой Муҳаммадҷонов, Худо раҳматашон кунад) сабаб шуданд. Ҳанӯз дар синфи сеюми мактаби №6-и шаҳри Исфара хондан маро ба маҳфили варзишии волейбол бурданд. Мураббии нахустинам дар ин ҷода Владимир Смолников буд. Ин намуди варзишро чунон дӯст доштам, ки то хатми мактаб пайваста машқ мекардам ва узви дастаи волейболбоздухтарони шаҳри Исфара шудам. Баъди гирифтани номаи камол қарор додам, ки таҳсил ва тамринро дар ин ҷода идома медиҳам. Соли 1980 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шудам. Солҳои донишҷӯӣ узви дастаи волейболбозони донишкада ва дастаи яккачини волейболбозони ҷумҳурӣ будам. - Баъди хатми донишкада низ ба волейбол машғул будед? - Оре, соли 1984 донишкадаро хатм карда, то соли 1992 дар мактаби №89-и шаҳри Душанбе омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ будам. Дар давраи омӯзгорӣ низ аз волейбол ҷудо набудам. Духтарони зиёде ба ин намуди варзиш дилбастагӣ пайдо карданд. - Чаро бонувон нисбат ба дигар намудҳои варзиш бештар волейболро интихоб мекунанд? - Ҳар як намуди варзиш бо худ зебоӣ ва ҷаззобият дорад, аз ҷумла волейбол. Ба андешаи ман волейбол барои бонувон як намуди варзиши нисбатан дастрас аст. Дар он нисбат ба футбол осебпазирӣ камтар ба назар мерасад. Аз ин рӯ, бонувон зуд ин намуди варзишро дӯст медоранд. Ман ҳамзамон раиси Ассотсиатсияи бонувони варзишгари ҷумҳурӣ мебошам. Бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ баҳри тарғиби варзиш миёни бонувон ва дастгирии бонувони варзишгар ҳамкорӣ дорем. - Соли ҷорӣ дар мамлакат Соли оила эълон шудааст. Вобаста ба ин дар донишкада чӣ тадбирҳо андешида мешавад? - Эълони Соли оила хеле саривақтӣ аст. Зеро ободию солимии ҷомеа аз солимии оила маншаъ мегирад. Дар навбати худ солимии оила аз солимии ҷисм шуруъ мешавад. Яъне, шахс бояд ҷисман ва руҳан солим бошад. Ҳар субҳро донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаи мо бо варзиш шуруъ мекунанд. Албатта, дар ҷисми солим фикри солим пайдо мешавад. Дар ҳар як чорабинии адабие, ки дар донишкада баргузор мегардад, оид ба мавзӯи солим нигоҳ доштани оила ҳатман таъкид мешавад. - Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ манбаи асосии омодасозии варзишгарони касбӣ ба

шумор меравад. Донишҷӯёне, ки ба комёбӣ ноил мегарданд, оё аз ҷониби роҳбарияти донишкада қадрдонӣ мешаванд? - Ректори донишкада муҳтарам Шодӣ Сафаров, ки дастпарвари ҳамин донишкада буда, мутахассиси соҳаанд, донишҷӯёнеро, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ғолиб омада, парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд, дастгирӣ мекунанд. Дар донишкада “Ошхонаи варзишгарон” таъсис шудааст, ки варзишгарон дар он ғизои махсус мехӯранд. Ғолибони бозиҳои байналмилалӣ аз имтиёзоти махсус бархурдоранд. - Дар гузашта аксари адабиёти таълимӣ ба забони русӣ буд. Ҳоло китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ пурра дастраси донишҷӯён гаштаанд? - Шукр имрӯз бо кӯшиши роҳбарияти донишкада адабиёти таълимӣ барои ҳама фанҳо мавҷуд аст. Корҳои таълимӣ-методӣ ба забони тоҷикӣ бурда мешаванд. Дар донишкада бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ факултаи сайёҳии кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ таъсис шудааст. Дар ин факулта мутахассисонро оид ба сайёҳии кӯҳӣ омода мекунем. Дар ҳамин факулта ихтисоси воқеанигори варзишро ҳам кушодаем, ки донишҷӯён баъди хатми он дар ВАО ҳамчун шореҳи варзиш фаъолият мекунанд. - Фаъолияти илмиатонро низ идома дода истодаед? - Соли 2004 дар мавзӯи “Равияи педагогика ва тарбияи ҷисмонӣ ба нафарони ҳаракати маҳдуддошта” рисолаи номзадӣ ҳимоя кардам. Барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ барномаи таълимии фанни тарбияи ҷисмониро таҳия намудаем. Бори аввал бо роҳбарии ректори донишкада китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ба забони тоҷикӣ аз фанни мазкур чоп шуд. То ин дам барои мактабҳои ёрирасон, нафарони имконияташон маҳдуд низ барномаи таълимӣ таҳия кардем. Оянда нақша дорем, ки оид ба фанни тарбияи ҷисмонӣ дастурамале тайёр кунем, ки мутахассисони соҳа аз он истифода карда тавонанд. Ҳоло рисолаи докториамро барои дифоъ омода карда истодаам. Худо хоҳад, дар фурсати муносиб онро ҳимоя мекунам. Мо - омӯзгорон як ҳадаф дорем: тарбияи мутахассисон дар рӯҳияи ватанпарварӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҳалолкорию ростқавлӣ. Вақте мешунавем, ки ба ифтихори шогирдони мо дар мусобиқаҳои варзишӣ парчами Тоҷикистон баланд гаштааст, диламон аз фараҳ лабрез мегардад. Бигзор варзишгарони тоҷик ҳамеша дастболо ва мардуми кишвар доимо солиму бардам бошанд!

Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”

13


СОЛИ ОИЛА (Идома аз шумораи гузашта) – Ин чӣ? – Крем. – Инро аз куҷо гирифтед? – Аз мағоза харидам. – Барои кӣ? – Барои ту. Ҳамсараш оташгун гашт. – Чӣ? – пурсид ӯ. – Барои дастакони ту. Завҷааш мутааҷҷибона ба ӯ нигоҳ афканд: – Яъне чӣ хел? Крем барои дастони ман? Наход? Рост мегӯӣ? – Ҳа, – гуфт Хушдил ва афзуд. – Охир ту ба худат тамоман эътибор намедиҳӣ. Ҳамсараш дар лаҳну оҳанги гапаш нисбат ба худ меҳрубоние, ғамхорие эҳсос кард. Дилаш чун гули садбарг ба якборагӣ шукуфт, вуҷудашро ҳаловати ширине фаро гирифт. Хомӯшии амиқе фаро расид. Хушдил дид, ки қатраҳои ашк аз ду рухсори камнури ҳамсараш фурӯ мерезад. Намедонист, ки ӯро чӣ сон ором созад. Ниҳоят худро ба даст гирифта, бо дилсӯзӣ гуфт: – Гиря накун. Ҳамсараш чизе гуфтан хост, лекин садояш дар гулӯ ҳабс шуд. Ҳиқ-ҳиқ карду бо шитоб худро ба хонаи хоб зад. Тарбузи Хушдил аз бағалаш афтид. Мисли одами барқзада дар ҷояш шах шуд. Баъд ба худ омад. Вале надонист чӣ кор кунад. «Тамом ранҷид!» Ин аввалин фикре буд, ки дар зеҳнаш пайдо шуд. Баъд пеши худ андешид: «Аз афти кор ба иззати нафсаш сахт расид. Ҳо, аниқ, табъаш озор ёфт. Аввал шод шуд-ку! Ҳамин шодӣ мағзашро рӯшан кард. Бедораш кард, фаҳмид. Масхара пиндошт. Аз ман сахт ранҷид. Акнун, тамом, бӯхча баста, ба хонаи падараш меравад. Ё?.. Ё не, рост. Мераваду пеши модар халтаи шиква мекушояд. Донистам, то чӣ андоза қадру қимат доштаам назди шӯям. Рост, як крем чӣ арзише дорад? Гапи Валӣ рост, ба зан пули калон лозим». Дар як он қиёфааш тираю тор шуд, дар дилаш ғаму андуҳ маскан гирифт. Бо садои олуда ба ноумедию яъс гуфт: – Бӯхча ба оғӯш меравад. Ӯ гӯё мадори дидани ин манзараро надошт, ки по аз хона кашиду чобук берун рафт. Бе он, ки ба чапу рост нигоҳ кунад, ба рӯи хараке нишаст. Нафасашро ба заҳмат тоза карду оҳи бадард кашид ва чашм ба замин дӯхт, то бӯхча оғӯш карда, рафтани ҳамболинашро набинад. Ин фавқулодда ранҷовар буд. Худро ба оғӯши андешаҳо андохт. Илоҷи воқеа меҷуст. Ба ҷойи илоҷ баҳси Алӣ бо Валӣ дар хотираш зинда шуд. «Ҷое ки як зан нест мазору ҷое, ки ду зан ҳаст, бозор», - мегӯянд. Мардҳо низ аз занҳо камӣ надоранд. Ҳамин ки ду-се нафар сар ба сар оянд, албатта, оташи баҳсу мунозира аланга мезанад. – Ҳой, Валӣ! – ба Валӣ рӯ овард Алӣ ва илова намуд. – Мегӯянд, ки оби уқёнусро чен кардан мумкину қуми биёбонро дона-дона ҳисоб намудан имконпазир, вале макри занро фаҳмидан амри муҳол. – Гапат рост, – ӯро тарафдорӣ

14

кард Валӣ. – Макри занро на шоҳ фаҳмида тавонисту на гадо. Баъд хеле кӯфтанд занҳоро. Аз об гирифта ба лой заданду аз лой гирифта ба об. Сипас баҳси «ба зан чӣ лозим?» сар шуд. Мошин. Қолин. Мебел. Кристалл. Хрустал. Мавҷи дарё. Ламбада… – Не, наёфтед, – гуфт Валӣ. – Ба зан пул лозим. – Ҳо, ҳоло зӯртар аз пул ҳеҷ нерӯе нест, ки нест! – Бахт дар пул нест…

Ҳама ҳарфҳоро шунида буд, вале қудрати таҷзияву таҳлили ҳамзамонро аз даст дода буд. Чӣ кор бояд кард? Китфон дарҳам кашиду шона бардошт. Аз ҳаяҷону изтироб сахт тафсида, зери обу арақ монд. Сонӣ тадриҷан арақи баданаш сард гашту ҳисси пушаймонӣ вуҷудашро фаро гирифт. Худро сарзаниш кард, ки сабаби ранҷишу озори ҳамсараш гашт. Мушт ба зону зад: «Эҳ-ҳ! Беҳуда нагуфтаанд: «Худкардаро

онро мутааҷҷибона аз назар гузаронд. Хона манзараи чашмнавозе дошт. Ҳама чизҳои паҳну парешон ҷамъу ҷӯр, хона аҷаб олуфта пероста шуда буд. Гӯӣ ҷони тоза дамидааст дар тани кошона. Хушдил моту мабҳут, хомӯшу сокит лаҳзае дар ҷояш гӯё ях кард. Баъд ба худ омаду нафаси роҳат кашид. Ба ин тағйирот базӯр бовар мекард. Ба худ андешид: «Эҳтимол, ман хобам?» Ин лаҳза буд, ки зане бо ҳусну ҷилои чашмгир падид

Андак эътибор

Шералӣ МӮСО

(ҳикоя)

– Бале, дар миқдораш аст! – Доноӣ накун! – эътироз кард Алӣ. – Пул худаш чӣ аст? Хас аст, хас! Баъзеҳо онро чирки даст мегӯянд… – Боз мегӯянд ки «бе пул суханат асар надорад, ҳоле ки ту дорӣ, саг надорад». Ҳама чизро пул ҳал мекунад, пул! – Як олим медонед чӣ гуфтааст? – ба баҳс ҳамроҳ шуд Даврон. – Чӣ гуфтааст? – Гуфтааст, ки «вақте ки одам мегӯяд пул ҳама чиро ҳал мекунад, бидонед: ӯ пул надорад”. – Э, нав фаҳмидам, ки барои чӣ зани Валӣ баромада рафта будааст, – писханд зад Алӣ. – Чӣ-ӣ-ӣ?! Чӣ гуфтӣ?! – якбора оташ гирифт Валӣ. Ду марди капа-калон чу ду хурӯси ҷангӣ, парида, аз гиребони якдигар гирифтанд. Валӣ ғазаб карда, мегуфт: – Мекушам! Алӣ низ паст наомада, мегуфт: – Мекушам! Вале аз куштор дарак набуд. Яке беғамона лӯқма партофт: – Авҷи баҳор-да! Ниҳоят «мекушам» гуфтанҳо ба дили одамон заду онҳоро ҷудо карданд. Хушдил танбеҳомез гуфт: – Аввал одоби баҳсро омӯзед!..

даво нест, вовайлои пинҳонӣ». Аз худ ба ғазаб омаду ба мазамату надомати хеш пардохт: «Беақл! Аҳмақ! Ба як савдогари бефаросат гӯш додӣ, ба гапаш бовар кардӣ? Ана, чӣ шуд?! Фоҷиа!» Хушдил ҳис намуд, ки гулӯяш аз изтироб фишурда шуд. – Ҳааа, – сар ҷунбонд худ ба худ. – Не, ин найранги савдогар нест, хашми Худо аст, ки ба сарам рехт. «Уффф! – аз ҷо бархост. – Намегузорам биравад!» Ҳамзамон чашмонаш сиёҳ заду сараш калавид. Даме ноҷунбон истод. «Хестӣ, ки хобат. Тушбераро хом шумурдаӣ. Бе пул суханат асар надорад». Бо вуҷуди ин Хушдил беихтиёр по тез кард, давида худро ба лифт зад. Хонаи худро шинохта натавониста аз тарс «Ой!» гуфту осема аз хона бадар рафт. Ба хаёлаш вориди манзили бегонае шудааст. Дилаш сахт ба тапиш даромад, ки балое пеш ояд. Марди хона «Кӯрӣ!» – бехи гӯшаш мушти обдоре фурорад. Муҳити ошнои даҳлез мехкӯбаш кард. Гашту ба пушти дар нигарист. Не, хонаи худаш. «Ё тавба! Ба ман чӣ шуд?» Қадам ба даруни хона ниҳоду

омад. Нигоҳаш «биё» гуфт. Хушдил чашм пӯшиду кушод, кушоду пӯшид. Бозу боз. «Не, хобу хаёл нест. Рӯъё низ нест». Зан ишораи сар кард, то пеш ояд. Пойи Хушдил пеш нарафт. Зан пеш омад, Хушдил як қадам пас кашид худро. – Парӣ… – Неее… Кабк… – Ҳар кас гуфтааст, номаъқул кардаааст. – Худат гуфта будӣ бори аввал. Хушдил чашм возеҳтар кушоду тамоми нури дидаашро ба ӯ равона сохт. – Ҳааа не, рост… Нури рухи рахшони ҳамсар чун нури хуршед чашмони ӯро хира сохт. Гӯши ӯ ҷаранг заду сонӣ қуфл. Гӯё дилаш лаҳзае аз тапиш монд. Баъд набзи дилаш шунаво гашт. Дук!.. Дук!.. Дук!.. Дили Хушдил бо ҳамиин зарб метапид. Аммо хомӯш буд. Забони сухан гуфтан надошт. Зан бо нозу карашма пеш омад. Аввал бӯйи мушку амбар расид ба димоғи Хушдил. Ёд надорад кай ба ҳамсараш атр харида буд. Дарёфт, ки мушку амбари аз арӯсӣ мондааш аст. Баъд садои ошнои меҳрубону ҷонбахш тану ҷонашро навозиш кард:

– Хуш омадӣ, сутуни хонадонам! Чӣ қадар ин ҳарф ҳисси хубу ифтихоре дошт. Гӯё тамоми вуҷудаш бо ташнагӣ ниёзманди ин ҳарф буд. Оҳиставу боназокат ва нарм-нарм сила зад ҳамсар ба китфони шавҳар ва бо меҳр гарм-гарм бӯса зад ба лабонаш. Нафаси ҷонбахши завҷа гармии фораме ба танаш ато кард. Камкам аз фишори гуноҳе, ки эҳсос мекард, сабук шуд. Чеҳраи тирагунаш осмони соф шуду ғаму ғусса аз дил чун абр пароканда гашт. Ҷояшро фараҳу шодӣ гирифт. Сипас ҳамсараш ӯро ба ташноб бурду либосҳояшро бадар овард. Бо оби ширгарму собун сару танашро шуст. Бо сачоқи нав тозааш карду либоси нав пӯшондаш. – Шумо роҳат кунед, ман хӯроки дӯстдоштаатро мепазам. Овозаш ба Хушдил хушоҳанг ва бисёр гӯшнавоз расид. Ҳама ҳарфаш бӯйи меҳрубонӣ медод. Оромиши аҷиберо ҳис мекард Хушдил ва эҳсоси хушбахтӣ мекард. Ҳамсараш шӯрбои қаблан тайёркардаашро як сӯ гузошту чусту чолок оши палав пӯхт ва дастархоне орост идона. Бӯйи хуши хӯрок машомро навозиш мекард. Бештар аз ҳама суханони меҳромези завҷааш ӯро обу адо мекард. Вай аз хурсандии зиёд ҷои шиштанашро намеёфт. Хӯроки шом аз пештара болаззаттар буд. Баъди хӯрок завҷааш чун одат ба хонаи ҳамсоя нарафта либосшӯӣ кард. Сипас қаҳва тайёр карда ба назди шавҳар монду кулчаи қандин пухт. Шаб Хушдили хушбахт аз чашмони хумор ва чеҳраи гулгуни ҳамсараш чашм барнамедошт. Гӯё чеҳраи шоду нигоҳи муҳаббатомези завҷа ӯро сеҳру ҷоду карда буд. Завҷа сарашро ба рӯи ӯ наздик овард: – Ҳа, чӣ шуд? Бӯйи хуши мӯяш ба машоми Хушдил зад. – Ҳеҷ. – Не, чашмонат ким-чи хел. – Чӣ хел? – Гӯё мегӯянд «туро мехӯрам». – Ҳо, мехоҳам туро бихӯрам. Эҳсос кард, ки барои шавҳар хеле азиз аст. – Не, ман туро мехӯрам, – гуфт ӯ ва бори нахуст бо эҳсоси ташнагӣ ӯро танг ба оғӯш гирифт. – Ҷонакам! – гуфту ба ҷисму ҷонаш печид. Хушдил меҳру муҳаббати завҷаро бо тамоми вуҷудаш эҳсос кард. Гармии ҷисму ҷони ӯ ниёзи хуфтаеро дар вуҷудаш мисли оташ шуълавар кард. Ором-ором ба худ омад ва эҳсос кард, ки бори аввал мазаи оиладориро чашид. Сараш гӯё ба тори тахти Сулаймон расид. Гӯё ин крем гавҳари гаронбаҳое буд, ки ҳамсарашро ба куллӣ тағйир дод. Нахустин маротиба кашф кард, ки ба зан сарвату дороӣ не, андак эътибор лозим будаасту бас. Як зарра эътибор ба ҳамсараш руҳ, зебоӣ ва завқи зиндагӣ бахшид. Зан ниёзманди ҳамин як зарра эътибор будааст. Дар мағзи Хушдил зарбулмасале ба ҷилва омад: “Як зарра эътибор беҳ аз сад ҳазор динор!”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Пойтахти пешинаи Олмони Федеративї

Таѓоймурод ..., њунарманд

Њарфи охирини алифбои юнонї

Охири номи њамаи давлатњои Осиёи Миёна

Амалї кардан

Асосгузори давлати Сомониён

Љонишини шахси сеюм

Алав

Бародар Президенти Ќирѓизистон

Ноз, ѓамза

СММ бо забони русї

Дарё дар Осиёи Миёна «Аз дўсти нодон душмани доно …»

Пойтахти Гурљистон

Иёлат дар ИМА

…и Султон, овозхон

Муќобили «омадан»

Дарде, ки хамуростшавї намемонад

Насл

Театри Убайдуллои Раљаб

Шањр дар ИМА

Маза

Ња

Нисфи маош

Буѓ

Масолењи меъморї Электроди зарядаш мусбат

Оин, анъана

Љуфти љуѓрофии тўл

Бахшиш пурсидан

Њиссаи нутќ Санги ќиматбањо

… Рампал, актёри њиндї Яке аз «з»-њои алифбои форсї

Сардафтари адабиёти тољик

Яке аз устухонњои одам

Номи занона, «садбарг» ба русї Пойтахти Швейтсария

Љои кассетаро гирифт

Устои соат

«Њоло …», филми тасвирї

Гуноњ, љурм

Ѓалаба Зоянда, самардињанда

Навъи шафтолуи бепашм Тамѓаи таппонча

... Бусли, овозхони машњури њинд

Тамѓаи автомобили ИМА

«Дафтари хотирот»-и шахсї дар Интернет

Шањр дар Њиндустон

Шањр дар Эрон

Хўрдан

Љумлаи хабарї, саволї, …

Зодгоњи И.Сталин дар Гурљистон

Тайёраи Антонов

Тарс, њарос

Намї

Воњиди вазн

Сураи Ќуръон

Номи кўтоњи ТВ «Бањористон»

Гармї, њарорат

Асоси тахаллуси Муслињиддини Шерозї

Тамѓаи ќанди машњури шўравї

Таёќ, чўбдаст

Вилояти Ќазоќистон

Муќобилмаънои «баромадан»

Муњассили мактаби олї

Асбоби ситорашиносњо

Шањр дар ИМА

Тафовут, фарќ

Садриддин ..., сардафтари адаКўмак биёти тољик

Навъи санъати тасвирї Шоњи рус, ки СанктПетербургро сохтааст

… Ибни Сино

Мехи печдор барои болт

Тамѓаи телефон

… суд надорад

Суруд

Эътиќод ба Оллоњ

Асл, моњият

Адиб Аскар …

Сарзамини халќњои эронинажод Доною оќил

Донандаи њама чиз

Мароси арўсбинї

Редактор

Бародари падар

Соњиби хона

Пойтахти Бошќирдистони ФР

Созиш, сулњ

Пайѓамбари насронињо

Номи "зани оњанин"-и У. Раљаб дар спектакл

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ Ду маст. Яке аз онҳо: - Табассум кун, ки аз пеш милиса меояд. Баъди 20 дақиқа: - Дигар наханд, мо кайҳо дар милисахонаем...

***

Шахсе ба Хоҷа Насриддин мегӯяд: - Шумо бисёр одами доноед, бигӯед, ки дар як биёбони беодам танҳо намоз хонда истода бошаму як шер пеши намозамро бурида гузарад, намозамро давом диҳам ё аз нав хонам? - Ба ҳолати таҳорататон нигоҳ кунед...

***

Падари донишҷӯ ба профессор: - Профессор, ба фикрам, писари ман пагоҳ имтиҳони шуморо супорида наметавонад. Профессор: - Биё, бо дусад доллар шарт мебандем, ки гирифта метавонад.

***

Дар суд. Додгоҳ мӯйсафеди 80-соларо 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳангоми сухани охир ӯ мегӯяд: -Рафиқ судя, ташаккур, ки бовар доред ман 20 соли дигар умр мебинам.

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ субҳи ҳар рӯзи шанбе дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт, аз ҷумла, назди Театри опера ва балет, Сирки давлатӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ доир мегардад. Шанбеи гузашта варзишгари маъруф Моҳру Ҳалимова ба сокинон машқ нишон дод.

Ислоҳи хато Бо аҳли оила қарор додем, ки рӯзи якшанберо дар домани табиат, ба тамошои манзараҳои дилкушо гузаронем. Барои аз шаҳр баромада, ба оғӯши кӯҳҳои сарсафеду даштҳои васеи лолазор ва осмони софи лоҷувардӣ рафтан чанде роҳ бояд тай кард. Ҳамсар ва фарзандонро ба мошин савор карда, ба роҳ баромадем. Сӯзишвории мошин кироӣ набудаст магар ки дар роҳ тамом шуд. Хушбахтона, дар наздикӣ нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ будааст, зуд мошинро пур кардем. Азбаски ҳаво гарм буд, аз мағозаи шафат яхмос ҳам харидем. Писарам вақте яхмосашро хӯрда тамом кард, оинаи мошинро поён фароварда, қутии холии яхмосро ба берун партофт. Аз ин кораш малӯл шуда, мошинро дар канори роҳ нигоҳ доштам. Сипас, халтаи селофаниеро ба писарам дароз карда, гуфтам: - Ин корат хуб не. Ҳоло фарову қутти партофтаатро ба ин халта гир. Боз агар ягон партови дигар ҳам бошад онро ҳам ғундор. Писарам, ки ба қавле эркаву нозпарвар буд, розӣ нашуд. Ин корро нанг медонист. Исрори маро дида, ҳамсарам низ ӯро ҷонибдорӣ кард. Ҳамсарамро сарзаниш кардам, ки дахолат накунад. - То партовро ҷамъ накунӣ, мо ба ягон ҷо

АНДАРЗ

нарафта, аз роҳ бармегардем, - гуфтам ба писарам. Ӯ ки тамошои табиатро дер боз орзу мекард, дили нохоҳам халтаро аз дастам гирифта, ба ғундоштани партов оғоз кард. Ман ҳам халтаи дигареро гирифта, ба чидани партови сари роҳ пардохтам. Дар даҳ дақиқа ду нафар як қисмати роҳро тоза кардем. Баъд аз он ба мошин нишаста роҳро давом додем. - Ватанро бояд дӯст дошт, писарам, - гуфтам ман, ки аз кори анҷомдодаи фарзандам

хеле шод шуда будам. - Ватанро, ки самимона дӯст дорӣ намехоҳӣ, ки ба номаш, ба рӯяш доғ бошад. Агар доғро дидӣ, пайи тоза карданаш мешавӣ. Роҳро тоза кардани ту ҳам навъе аз дӯстдории Ватан аст... Писарам, ки ба ҳарфҳои ман бо диққат гӯш мекард, ниҳоят пурсид: - Падар, қуттии яхмосро-ку ман партофтам, барои чи шумо низ ҳамроҳи ман партов ҷамъ кардед? - Ҷони падар, дар хатои як писар ҳатман падараш ҳам айбдор аст. Чунки ӯ ба тарбияи писар масъул аст. Ман туро ҳамроҳӣ кардам, то хатои худро ислоҳ кунам... Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ

Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

16

ЭЪЛОН Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе рӯзи 26 сентябри соли 2015 соати 14 00 нахустнамоиши «Кист гунаҳкор?»-и Кожевниковро дар таҳияи И. Сафаров пешкаши тамошобинон менамояд. Маълумот барои харидории чипта бо телефонҳои зерин дасрас мегардад: 221-66-58, 904-122-393

Номаи камоли гумшудаи рақами Т-ШТУ 0111311, ки МТМУ №2-и ноҳияи Қубодиён соли 2007 ба Норматова Лутфия додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи рақами ТШТУ 0692904, ки МТМУ №1-и ноҳияи Хуросон соли 2013 ба Бобоалиева Шаҳноза Шарифалиевна додааст, эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7624 нусха ба нашр расид.

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

САРМУҲАРРИР

***

Салим ба Шаҳноз: - Баъди мактаб ба кино меравем? Шаҳноз: - Не, наметавонам. Баъди мактаб ман бояд ба донишгоҳ дохил шавам, баъди он бояд кор кобам.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

***

Шаҳноза ба модараш: - Ман намедонам, ки ба муаллимаи математика бовар кунам ё не. Модар: - Барои чӣ? - Охир дирӯз гуфт, ки 6+4=10 мешавад, имрӯз мегӯяд, 7+3=10 мешавад.

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шуъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоиёт), Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Бахтовар АМИНЗОДА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул), Саодат ИСМОИЛӢ (мухбир дар вилояти Суғд), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (мухбир дар ВМКБ).

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №38 (9412), 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.