ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Муаррифии имконоти ҷавонони Тоҷикистон миёни ҷавонони СҲШ
№39 (9569), 27/09/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Вақте ки хиёнат мегӯем... саҳифаи
Соҳибкорон: Манфиат ё солимии миллат саҳифаи
ФИФА: Беҳтаринҳоро эълон кард
саҳифаи
5
7 8
Паймони миллӣ ва ё паймони паймоншиканон? саҳифаи
Дарвозаи тиллоӣ саҳифаи
Қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҷавонони далер
Имрӯз чанд тан бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд. Ба назар чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар ватан аст. Лаб ки вокунанд, аз ватан мегӯянду аз муқаддас будани он. Ба минбар ки баромаданд, нидои ватандорӣ мезананд. Худро ба гунае нишон медиҳанд, ки агар ҳазор ҷон ҳам дошта бошанд, баҳри ватан нисор мекунанду ҳазор бори дигар баҳри ҳифзи он зинда шудан мехоҳанд. Аммо бехабар аз он ки дигар мардумро гӯл дода наметавонанд. Ё шояд ҳам инро дуруст дарк намудаанд, ки нақшофарӣ дар нақши ватандӯст аз ҷониби хоин чи гуна пазируфта мешавад. Аммо то фукашон дар равған расидану гулӯ тар кардан маҷбуранд, ки нақшро давом диҳанд. Ба шакли дигар хоинон ба масал чун хоҷаву саг ҳастанд. Ҳар ҷо ки хоҷа нон афканд ҳамон ҷониб медаванд.
13
11
саҳифаи
15
2
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи МТТУ «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» Устодону хонандагони азиз! Меҳмонони арҷманд! Чунонки сокинони пойтахт дар хотир доранд, моҳи апрели соли 2017 мо дар шаҳри Душанбе санги асоси Муассисаи ғайридавлатии таҳсилоти умумии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»-ро гузошта будем. Инак, баъди якуним сол бунёди муассисаи таълимӣ ба анҷом расид ва имрӯз ба фаъолият оғоз кард. Ба ин муносибат кулли устодону шогирдони ин муассисаи навбунёд ва аҳли маорифи шаҳри Душанберо табрик мегӯям ва ҳамзамон бо ин, ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин боргоҳи донишу маърифат саҳм гузоштаанд, аз ҷумла ба ҷамъиятҳои «Меъмориву шаҳрсозӣ» ва «Маркази таълимии «Ганҷина» миннатдорӣ баён менамоям. Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ва хусусан, баъди солҳои 2000-ум дар асоси ҳамкориҳои судманд бо як қатор кишварҳои дӯст, шарикони рушд ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар мамлакатамон доир ба беҳсозии шароити таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат даҳҳо муассисаи таҳсилоти умумии миёна бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар шаҳри Душанбе филиали чандин муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафта таъсис дода шуданд. Дар ин раванд, чанд рӯз пеш дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба фаъолият оғоз кард, ки он минбаъд барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси сатҳи ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷавонону наврасони болаёқати Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа саҳми арзанда хоҳад гузошт. Яъне давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт аз ҳамаи имкониятҳо истифода карда истодааст, то ки барои фарзандони мо тамоми шароити зарурии таълиму тарбия фароҳам оварда шавад ва насли ояндасози ватанамон соҳиби дониш ва касбу ҳунари замонавӣ гарданд. Донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд ва таҳсил дар чунин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ орзуи ҳар як наврасу ҷавон мебошад. Аммо барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳҳо омодагии амиқу ҳамаҷонибаи довталабон зарур аст ва на ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ҷавобгӯи талаботи онҳо бошанд. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки намояндагии донишгоҳҳои зикршударо дар кишварамон таъсис дода, дар заминаи онҳо ҷавонони худро барои шомил шудан ба зинаи таҳсилоти олии донишгоҳҳои зикршуда омода созем. Муассисаи навбунёди имрӯза, яъне Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ аз се бинои ду ва сеошёна иборат буда, бо дарназардошти санъати баланди меъморӣ бунёд гардидааст. Дар бинои якуми муассиса ошхона, нуқтаи тиббӣ, китобхонаву синфхонаҳо барои таълиму тарбияи томактабӣ ва барои хонандагони синну соли аз 7 то 11 - сола ҷойгир шудаанд. Китобхонаи муассиса дорои китобхонаи электронӣ буда, он ба шабакаи китобхонаҳои машҳури Аврупо пайваст мебошад ва дар он барои омӯзгорону хонандагон имконияти дастрасӣ ба адабиёту иттилооти зарурии таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, дар китобхона маводи таълимӣ ва адабиёти гуногун аз осори шоирону нависандагони машҳури Аврупо мавҷуд буда, барои баргузор намудани машғулиятҳои амалӣ ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё карда шудаанд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар бинои дуюми муассиса синфхонаҳои алоҳида барои таълими меҳнат, аз ҷумла азхудкунии ҳунари кадбонугӣ, омӯзиши технологияҳои муосир, толори варзиш, ҳавзи оббозӣ, синфхонаву утоқҳои фаннӣ барои хонандагони синни 12-13 ва 14-18 сола, толори маҷлис барои 90 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудаанд. Дар бинои сеюм маркази коркарди маводи иттилоотиву технологӣ ҷойгир гардида, минбаъд дар он имконияти қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Аврупо фароҳам оварда мешавад. Раванди таълим дар муассиса тибқи меъёрҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир, стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо забони англисӣ сурат мегирад. Таълиму тарбияи томактабӣ дар маркази инкишофи кӯдакон ва давраи таҳсилоти умумӣ дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ карда мешавад ва минбаъд таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷиҳати омода намудани хонандагон барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз хоҳад гашт. Дар маркази инкишофи кӯдак тарбиягирандагон аз синни сесолагӣ барои таҳсил омода карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар муассиса барои 640 нафар шогирдон шароити таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фароҳам оварда шуда, хонандагон бо сару либоси ягонаи мактабии тарзи аврупоӣ таъмин мегарданд. Бояд гуфт, ки омӯзгорону хонандагони муассиса бо маводи зарурии таълимӣ, воситаҳои аёнӣ, китобҳои дарсӣ, адабиёти бадеӣ ва дигар таҷҳизоти таълим, ки дар Аврупо таҳияву истеҳсол шудаанд, таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки ҷараёни таълим дар муассиса бо истифодаи пешрафтатарин технологияҳои иттилоотӣ сурат гирифта, раванди азхудкунии фанҳои таълимӣ, иҷрои машғулиятҳои синфӣ ва хонагии шогирдон тавассути таҷҳизоти электронии муосир таҳти назорати доимӣ қарор дода мешавад. Пас аз хатм ба шогирдони мактаб ҳуҷҷатҳои таҳсилоти намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дода мешаванд ва онҳо метавонанд минбаъд таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои Аврупо, Амрико, Ҷопон ва мамолики дигар идома диҳанд. Ҳайати омӯзгорону устодон аз ҳисоби беҳтарин мутахассисони Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида,
машғулияту дарсҳо бо истифода аз усулҳои пешрафтаи таълим ба роҳ монда мешаванд. Омӯзгоронро дар ҷараёни таълиму тарбия ассистентҳои соҳибкасби риштаҳои педагогика ва психология кумаку роҳнамоӣ мекунанд. Муассиса ҳамкории мутақобилан судмандро бо яке аз ширкатҳои маъруфи Британияи Кабир – «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» ба роҳ мондааст, ки он бо 370 муассисаи таълимии 25 давлати хориҷӣ, аз ҷумла Аврупо, Амрико, Осиё, Шарқи Наздик ва Африқо ҳамкорӣ менамояд. Роҳбарони муассиса нақша доранд, ки то соли 2020 барои ҷавонони синни аз 18 то 23 - сола коллеҷ бунёд намоянд, ки дар он шаҳрвандони ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар оянда онҳо метавонанд таҳсили худро ба тариқи гузариш дар коллеҷҳои кишварҳои хориҷӣ, ки бо Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ ҳамкорӣ доранд, идома диҳанд. Ҳозирини гиромӣ! Таъсис ёфтани намояндагии муассисаҳои таълимии давлатҳои пешрафтаи дунё дар кишварамон ба ҷавонони болаёқати мо, яъне насли даврони истиқлолият имконият фароҳам меорад, ки ҳарчи бештар соҳиби донишҳои мукаммал ва касбу ҳунарҳои муосир гарданд. Наврасону ҷавонони мо, дар навбати худ, бояд хуб дарк намоянд, ки барои соҳиб шудан ба донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ бисёр кӯшиш намоянд, Ватани муқаддаси худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона дӯст доранд, рафтору кирдори намунавӣ дошта бошанд ва ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи илму дониш саъю талош кунанд. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем кадрҳои баландихтисос, соҳиби илму дониши замонавӣ ва ватандӯсту ояндасозро ба воя расонем ва минбаъд тақдири давлати худро ба дасти онҳо супорем. Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарони дигар муассисаҳои таълимии пойтахти мамлакат таъкид менамоям, ки таҷрибаи пешбурди корҳои таълиму тарбияро, ки дар ин мактаб ва умуман муассисаҳои пешрафта ба роҳ монда шудааст, омӯзанд ва дар ҷараёни фаъолияти худ усулҳои муосири таълимро ҳарчи бештар истифода баранд. Дар охир ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷмандро бори дигар ба ифтихори оғози фаъолияти муассисаи нави таълимӣ табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо дар ҷодаи омӯзиши донишҳои замонавӣ ва таълиму тарбияи фарзандон барору комёбӣ орзумандам. Ҳамеша саломату муваффақ бошед!
Дар кори маҷлис нахуст Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қарори мазкур такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меъморӣ ва сохтмон, боз ҳам беҳтар кардани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, инчунин мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси шаҳрсозӣ мебошад. Сипас дар кори маҷлис баъди муҳоқима шаш хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба рӯзномаи маҷлиси навбатии ҳукумат шомил гардида буд, баррасӣ карда, оид ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Дар анҷоми кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин дигар дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд. Дастурҳои мушаххас оид ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ба давраи зимистони солҳои 20182019, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии пурраи бахшҳои энергетика, марказҳои барқу гармидиҳӣ, нақлиёт, захираи маводи озуқаворӣ дар минтақаҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, захираи хӯрок ва беталаф баровардани чорво аз зимистон, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дода шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳисобот манзур намоянд. www.president.tj
Мусобиқаи Ҷавонон бояд фирефтаи баскетбол байни маҳаллаҳои иғвогарӣ нашаванд ВМКБ
Муовини раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон бо ҷавонони ноҳия ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хорӯғ ба номи Моёншо Назаршоев (ДДХ) вохӯрӣ намуд. Дар мулоқот муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Дидоршоҳ Насриддинов ва омӯзгорони ДДХ иштирок карданд. Н. Умедҷон қайд кард, ки ҷавонон бояд тамоми қувваю нерӯи худро ба донишандӯзию бозомӯзӣ равона сохта, дар ҳама ҷо аз худ тартибу интизоми намунавиро нишон диҳанд: “Рисолати шумо муҳассилину ҷавонон аст, ки бо натиҷаҳои хубу аъло таҳсил карда, ҷиддан аз пайи илм шавед. Аз аъмоли паст, кирдорҳои нангини ҷомеа дурӣ ҷуста, зиракии сиёсиро ба кор баред, то фирефтаи иғвогарию ифротгароён нашавед”. Таъкид шуд, ки соли 2019 ҷашни Истиқлолияти давлатии сатҳи ҷумҳуриявии кишвар дар ВМКБ баргузор хоҳад гашт ва барои ҳамаи табақаҳои аҳолии вилоят лозим аст, ки бо омодагии комил онро истиқбол намоянд.
Хоруғ
Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хорӯғ байни ҷавонону наврасони маҳаллаҳои шаҳр мусобиқаи баскетбол гузаронида шуд. Чорабинии варзишӣ ба ифтихори 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он 16 даста миёни ҳам рақобат карданд. Дар даври ниҳоии бозӣ дастаи “Носири Хусрав” ҷойи аввалро ишғол намуд. Дастаҳои “Сайфулло Абдулло” ва “Тем” ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шуданд. Мудири бахш Имомёрбек Имомёрбеков ба ғолибон медалу ифтихорномаҳо тақдим кард. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Оғози расмии бунёди Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ
Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшида шуд. Тибқи лоиҳаи сохтмон ва
иқтидору имконияти истеҳсолӣ 9 корхонаи нави саноатӣ, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд, ки дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ
таъмин мегарданд. Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз таъсиси минтақаҳои саноатию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, афзоиш бахшидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.
Душанбе: Ифтитоҳи “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ”
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ гардид. Масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимии мазкур 6847 метри мураббаъ ва
масоҳати умумии сохтмонии он бошад, 2345 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Муассиса аз ду бинои 3 ошиёна бо таҳхона ва болохона ва як бинои 2 ошёна иборат буда, дар мактаби мазкур 640 ҷой барои таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фароҳам оварда шудааст. “ҶТ”
ШНТМ
Рӯдакихонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба “Рӯзи Рӯдаки” ихтиёриён, хонандагони макотиб барномаи театркунонидашуда доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешкаши ҳозирин гардониданд. Дар чорабинӣ иштирокчиён ҳаёт ва даврони ҷавонии устод Абуабдуллоҳ Рӯдакиро рӯи саҳна оварда, аз осори бою рангини шоир маърӯзаҳо на-
муданд. Инчунин дар асоси осори шоир сурудҳо хонда шуд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия М. Ҳайдарова ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия А. Саттори сухан гуфта, ҳозиринро бо Рӯзи Рӯдакӣ табрик карда, ба онҳо барои корҳои ояндаашон муваффакиятҳо орзу намуданд.
Шанбегӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шанбегии умумидонишгоҳӣ бо ширкати 1500 нафар устодону донишҷӯён сурат гирифт. Дар шанбегӣ атрофи биноҳои таълимӣ, роҳравҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин, дар хобгоҳҳои донишгоҳ низ шанбегӣ
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
ҷараён ёфта, бо саъю кӯшиши донишҷӯён гирду атрофи хобгоҳҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҳар гуна ахлоту партовҳо тоза гардид. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
ХАТЛОН
Корҳои фаҳмондадиҳӣ
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба риояи қоидаҳои эстетикӣ, тарзи либоспӯшӣ ва пешгирии бегонапарастӣ, манъи истифодаи ороишоти зоҳирӣ, аз қабили гӯшвораҳову дандонҳои тиллоӣ ва дастпонаҳо,
дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо аз тарафи масъулин санҷиш гузаронида шуда истодааст. Чунин як санҷиши муштарак дар бозори “Саховат”-и шаҳр гузаронида шуд. Масъулин зимни санҷиш аз гузаргоҳҳои фурӯшандагон боздид ба амал оварда, бо шахсоне, ки либоси бегона
ба бар доштанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд. Гуфта шуд, ки ба бар намудани либосҳои бегона ин таъсири манфӣ ба фарҳанги миллӣ буда, дар ин самт бояд ҳамаи аҳли ҷомеа ҷиҳати таҳкими фарҳанги миллӣ масъулият эҳсос намоянд.
Дар Кӯлоб муҷассамаи устод Рӯдакӣ қомат афрохт Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар назди бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ муҷассамаи сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қомат афрохт. Дар маросими муаррифии муҷассама Хайруллоҳ Амонуллоҳ, раиси шаҳри Кӯлоб, шоирону нависандагон ва донишҷӯён ширкат намуданд. Абдулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ зимни суханронии хеш иброз дошт, ки “баъди сохтмони бинои нави ҳафтошёнаи донишгоҳи мазкур ҳайкали устод Рӯдакӣ баъди навсозӣ
дубора дар назди донишгоҳ қомат афрохт. Қомат афрохтани муҷассамаи устод Рӯдакӣ дар назди донишгоҳи мо шаҳомати ин даргоҳро афзуда, он ҳидоятест ба донишҷӯёну сокинони шаҳр, ки мисли устод Рӯдакӣ ҳамеша тараннумгари андешаҳои инсонпарварона ва номбардори миллат бошанд”. Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолони донишгоҳ, ки дар баланд бардоштани таълиму тарбия саҳм гузоштаанд, ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим гардид.
Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
СУҒД
Мулоқот доир ба ВНМО ва нашъамандӣ бо ҷавонон
Дар факултети тиҷорат, гумрук ва ҳуқуқи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба пешгирии ҷавонон аз бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ бо донишҷӯён мулоқот баргузор гардид. Дар рафти мулоқот доир ба бемориҳои мазкур суханрониҳо сурат гирифта, таъкид шуд ки ВНМО (ВИЧ-СПИД) аз бемориҳоест, ки оқибати нохуш дорад. Мутаассифо-
на, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нафарони гирифтор ба ин беморӣ ба чашм мерасанд. Хавфнок будани бемории мазкур буд, ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20172020” қабул гардид. Дар идома миёни донишҷӯён ва масъулин суолу ҷавоб сурат гирифта, доир ба натиҷаи ин бемориҳо маълумотҳои мушаххас гирифтанд.
Суғд: Таъсиси 812 ҷойи корӣ дар 8 моҳ Дар вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани сокинон ва беҳтарсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, инчунин таъмини рушди соҳаи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. Бино ба таъкиди масъулин дар 8 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 57 адад корхонаҳои
хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида, дар натиҷа 812 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Тавре аз шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, дар корхонаҳои нави истеҳсолӣ асосан маҳсулоти шириву гӯштӣ, қаннодӣ, сохтмонӣ, дӯзандагӣ, мебел, семент, сангҳои ороиш ва ангишт истеҳсол гардида, инчунин банду басти меваи хушк ба роҳ монда мешавад. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
4 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
Муаррифии имконоти ҷавонони Тоҷикистон миёни ҷавонони СҲШ Аз 19 то 23 сентябр дар шаҳри Хабаровскии Федератсияи Руссия II-юмин Форуми роҳбарони ҷавони давлатҳои СҲШ баргузор гардид. Ҷиҳати иштирок дар форуми мазкур роҳбарони ҷавони даҳ давлатҳои СҲШ: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорусия, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Русия ба шаҳри Хабаровски Федератсияи Руссия ташриф оварданд. Тоҷикистонро дар форуми мазкур 7 нафар роҳбарони ҷавон аз мақомотҳои гуногун намояндагӣ карданд. Дар рӯзи аввал – 19 иштирокчиёни форум аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Хабаровск дидан намуданд. 20 сентябр бошад, II-юмин Форуми роҳбарони ҷавони давлатҳои СҲШ ба кори худ расман оғоз намуд. Дар маросими ифтитоҳӣ қатори дигар меҳмонон губернатори шаҳри Хабаровск Вячеслав Иванович Шпорт ва Александр Александрович Карелин, қаҳрамони секаратаи олимпӣ, аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Пас аз қисмати ифтитоҳӣ дар самти самаранокӣ ва имконияти иштироки ҷавонон дар кори институти СҲШ маърӯзаҳо хонда шуд, ки роҳбари гурӯҳи ҷавонон аз Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев низ қатори роҳбарони
ҷавони дигар давлатҳои иштирокчӣ баромад намуда, имконият, шароит ва дастгириҳои давлатиро дар самти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ назаррас арзёбӣ намуд. Дар рӯзи дуюми конфронс намояндагони кишвари мо низ дар баробари 10 давлати иштирокчӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Аз ҷумла, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев, дар мавзуи “Фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар байни ҷавонон, робитаи ҳамкорӣ бо ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ”, Маҳмадализода Абдулло, оиди лоиҳаи “Як роҳ ва як маром дар кишварҳои СҲШ ва ҳамкориҳои иқтисодии Аврупо” ва Маҳинбону Шарипова бо лоиҳаи “Меҳмонии ҷавонон ба минтақаҳои Тоҷикистон” маърӯза карданд. Масъулин зимни баромадҳои хеш аз имконоту шароит ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумату давлат буда, барои рушди малакаи зеҳнии онҳо кулли шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Пас аз презентатсияи намояндагони кишвар иштирокчиёни аввалин Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои СҲШ ва ИДМ, ки дар Тоҷикистон аз 28-уми август то 1 сентябри соли ҷорӣ баргузор гашта буд, ҳузур доштанд, зимни суҳбати озод аз мавзеъҳои таърихӣ, табиати афсункори Тоҷикистони офтобӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона ёдовар шуда, бо нону намак пешвоз гирифтани меҳмононро ҳамчун рамзи эҳтиром арзёбӣ намуданд. Дар рӯзи сеюм баъди шунидани маърӯзаҳо дар маросими хотимаи II-юмин Форуми роҳбарони ҷавони давлатҳои СҲШ намояндагони давлатҳо дар чорабинии тантанавӣ туҳфаҳои худро, ки ҳамчун рамзми дӯстӣ ва ёдоварӣ ба хотири ҳамкориҳои минбаъда ба якдигар тақдим намуданд. Намояндагони кишвари мо низ ин фурастро самаранок истифода намуда, дар баробари туҳфаҳои хотиравӣ ба ҳозирин фитаҳоро, ки дар онҳо табиати биҳиштосо ва мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ, инчунин дастгириҳою барномаҳои то имрӯз амалигардидаи Ҳукумати кишвар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ҷой дода шуда буд, ба ҳамтоёни хориҷии худ тақдим намуданд. Шодихони НАЗАР, шаҳри Хабаровскии Федератсияи Руссия
Ҷамъбасти озмуни грантҳо барои ташкилотҳои кор бо ҷавонон Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар, 25 сентябр, маросими ҷамъбастии ду озмуни грантҳо барои ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон доир гардид.
Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш чорабиниро ифтитоҳ бахшида, доир ба нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ, саҳми онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолияти босамари онҳо дар самти кор бо ҷавонон суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон”, ки 10 майи соли 2005 таҳти №167 тасдиқ гардидааст, озмуни Грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватанпарастии ҷавонон дар соли 2018 эълон намуда буд, ки тибқи эълони мазкур дар озмун ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва марказҳои ҷавонон, ки аъзои ИТҶТ (ОМОТ) мебошанд, лоиҳаҳои дархостии худро ба Кумита пешниҳод намуданд. Ҳамин тавр барои дарёфти Грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ватанпарастии ҷавонон барои ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон 20 лоиҳаҳои дархостӣ аз ҷониби ташкилотҳои
ҷамъиятии “Сайёраи умед”, “Ҳамсол ба ҳамсол”, “Насли бунёдкор”, “Элъёр”, “Саид”, “Дӯстӣ-рафоқат”, “Сафинаи рушд”, “Сафинаи рушд ШОТО”, “Ҷавонони созанда”, “Нури зиндагӣ”, “Маъюбон ва ятимони минтақаи Кӯлоб”, КВД “Маркази
ҷавонони ҷамоати Чоркӯҳ”, Филлиали КВД “Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон дар ноҳияи Ёвон”, Филлиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров, “Хайрия”, “Эҷодкор” ва Филлиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар
ВМКБ пешниҳод гардида, аз ҷониби Котиботи Комиссия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Пас аз ҷамъбасти озмун дар натиҷа 10 лоиҳаи дархостии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятии “Насли бунёдкор”, “Элъёр”, “Дӯстӣ-рафоқат”, “Ҷавонони созанда”, “Нури зиндагӣ”, Филлиали КВД “Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон дар ноҳияи Ёвон”, Филлиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров, “Хайрия”, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази ҷавонони ВМКБ сазовори грантҳои мазкур гардиданд. Ҳамзамон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон”, ки 10 майи соли 2005 таҳти №167 тасдиқ гардидааст, озмуни Грантҳо-фармоишҳои иҷтимоӣ дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018” барои ташкилотҳои кор бо ҷавонон вобаста ба самтҳои афзалиятноки Барнома эълон карда буд, ҷамъбаст намуд. Дар натиҷаи озмуни мазкур ташкилотҳои ҷамъиятии “Сайёраи умед”, КВД “Маркази ҷавонони ҷамоати Чоркӯҳ”, “Имрон”, “Бонувони Панҷ”, “Пешрафт”, “Донишвар”, “Маркази фарҳангӣ-омӯзишии Томирис”, “Филлиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён”, “Филлиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон” ва “Филлиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд” сазовори грантҳои мазкур шуданд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018 Бо меҳнат аз роҳи ҳалол ҷӯёи ризқ шудан иродаи мардӣ ва шарафи инсонӣ мехоҳад. Воқеан на ҳама метавонад, ки бо пулу моли ҳалол рӯзгорашро таъмин ва оилаашро хӯронаду пӯшонад. Зиёд ба чашм мерасад, ки инсонҳо маҳз барои пайдо намудани маблағ ва таъмини оилаи худ даст ба дӯздию ғоратгарӣ, қаллобию одамфиребӣ, қатлу куштор ва даҳҳо ҷинояти дигар мезананд. Ва бо гумони ғолиб дар назари аксари мо он нафарон гурӯҳи одамони баду зиёноваранд. Чун ҳамеша бо амалҳои нохуби худ ба ҷомеа зарари моддию маънавӣ мерасонанд. Аммо бадтар аз ин ҳама гуноҳе низ вуҷуд дорад, ки ҳатто бахшиданаш гуноҳ асту нафринаш савоб. Ҳар он ки ба ин амал пойбанд шуд, бе шаку тардид пастфитраттар аз тамоми зиштиҳои дунёст. Нафаре, ки ба ин роҳ гом мениҳад, бераҳмона бояд пояш реза карда шаваду чашмаш кур. Ҳар ки ба он мегаравад баҳри дилсӯзиаш нигоҳе ҳайф аст. Ва ин амали пасту мазамматшуда ва чоҳи сиёҳу бӯгинро “хиёнат” ном аст, ки мутаассифона шумори ба он афтидагон кам нестанд.
5
МУЛОҲИЗА
Вақте ки хиёнат мегӯем...
Вақте ки хиёнат мегӯем, дар пешорӯямон оинаҳои тозаву пурҷилое мисли эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дӯстиву рафоқат пора мешаванд ва ҷои онро девори нафрату кин мегирад. Ва бешак дар он девор амали афроде падид меояд, ки баҳри луқмаи ноне, ки як зани мушти пар низ метавонад, бо меҳнату заҳмат ва арақи ҷабин пайдо кунад, бузургтарин муқаддасот, ноёфттарин неъмат, онеро, ки миллионҳо дар ҳасрати як мушт хокашанд, ганҷинае, ки аз азал дар васфи бузургиаш шеъру суруд сароиданду иншо кардан ва ҳоло ҳам кам аст, ВАТАН-ро мефурӯшанд. Оре, хонандаи гиромӣ, маҳз барои луқмаи нон. Танҳо ва танҳо барои бурдае ноне беномусу бевиҷдону сифла мегарданд. Бегона ба мо санг занад, боке нест, чун медонем санги ҳариф аз ҳасад аст. Душман синаи мо шикофад, беобрӯӣ маҳсуб намешавад, чун нанги мардӣ ва шарафи инсониро коста намекунад. Аммо наметавон тасаввур кард, ки баъди аз пистони модар шир хӯрдану онро аз даҳон берун кардан, ба рӯи он тӯф кард. Ҳатто ин манзара дар андешаи одам намеғунҷад, ки чи гуна метавон ба зояндаву парварда чунин як амали хашинро раво дид. Шояд бадтарин ҳайвон ба чунин як кирдор қодир набошад. Ба таъбири устод Садриддин Айнӣ: “Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва
ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёддат дӯст медорад, ӯро ҳимоя ва мудофиа мекунад”. Дар рӯёрӯи ҳама ин бадиҳо, бо қабули ҳама пастиҳо, имрӯз чанд тан тоҷике, ки ҳайф бод номи тоҷику тоҷик будан ба онҳо, шарафу номус ва сифати инсонии худро аз даст доданду ба пистони модари худ тӯф карданд, шири сафедашро пос надоштанд ва ҷонибаш санг андохтанду назди дигарон бадаш гуфтанд. Имрӯз чанд тан бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд. Ба назар чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар ватан аст. Лаб ки вокунанд, аз ватан мегӯянду аз муқаддас будани он. Ба минбар ки баромаданд, нидои ватандорӣ мезананд. Худро ба гунае нишон медиҳанд, ки агар ҳазор ҷон ҳам дошта бошанд, баҳри ватан нисор мекунанду ҳазор бори дигар баҳри ҳифзи он зинда шудан мехоҳанд. Аммо бехабар аз он ки дигар мардумро гӯл дода наметавонанд. Ё шояд ҳам инро дуруст дарк намудаанд, ки нақшофарӣ дар нақши ватандӯст аз ҷониби хоин чи гуна пазируфта мешавад. Аммо то фукашон дар равған расидану гулӯ тар кардан маҷбуранд, ки нақшро давом диҳанд. Ба шакли дигар хоинон ба масал чун хоҷаву саг ҳастанд. Ҳар ҷо ки хоҷа нон аф-
То шамол набошад... Чанде пеш дар шаҳри Варшава, пойтахти кишвари Лаҳистон Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо чорабинии ҳарсолаи худро анҷом дод. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ба он намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон даъват шуда, вазъи ҳуқуқи инсон баррасӣ мегардад. Баргузории чунин чорабинӣ, албатта ҳеҷ бадие надорад. Ба шарте ба манфиати тарафе халал нагардад. Мутаассифона, маҳз ин ҳолат дар ҷаласаи имсола рух дод. Созмондиҳандагони ин чорабинӣ баробари даъвати намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, мухолифини онро, аз ҷумла намояндагони ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломро ҳам даъват доштанд.
Мутаассифона, ин ҷаласа бе фитнаю ҳангома анҷом наёфт. Пеш аз ҳама нафаре аз наҳзатиҳо, бо мулло Айёмидин наҳзатии собиқ, ки ҳамроҳи намояндагони ҳукуматӣ дар ин ҷаласа ширкат варзида, мехост ҳақиқати ҳолро ба эшон баён дошта, онҳоро аз роҳи хато баргардонад, дар алоқа шувад. Чунин рафтори ӯ боиси иғво ва ба бархӯрд анҷом пазируфт. Ва боз чун солҳои пешин наҳзатиҳо Ҳукумати Точикистонро барои паси панҷара кашидани ҳамтоёняшон айбдор намуда, минбари САҲА-ро баҳри амалсозии манфитҳои хеш истифода бурданӣ шуданд. Сухани мардум аст, ки то шамол набошад, барги дарахт намеҷунбад. Агар наҳзатиҳои ҳукмшуда бегуноҳ мебуданд, пас чӣ ло-
канд ҳамон ҷониб медаванд. Баид нест, ки хиёнат ба ватан ва ҳар кори ношоиста дар ҳақи он ҳатман рӯзе ошкор мешаваду муҷрим назди миллату ватан шармсору хиҷолатзада ҷазояшро мегирад. Аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз шумули ҳамон афроде буданд, ки чанде пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, ватан, хоки муқаддаси онро саҳнаи театр дониста, мардумро фиреб доданд. Ё дар ҳар даврае хоҷаашон луқмаи ноне гузошт, сагвор ҷониби он давон шуданд. Ҳамакнун ин зишткориҳо, ки ҳамагӣ дар сояи хиёнат ба ватан сурат мегиранд, берун аз ватан идома доранд. Ин ватанбезорҳо ва зормондаҳои як бурда нон барои ҳарчи бештар ба даст овардани нон, ташкилоти калони террористию эекстремистии худ ҲНИ-ро ба шохаҳо тақсим намуданд. “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешон”, “Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва асирони сиёсӣ”, “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” зершохаҳои дигари ТЭТ ҲНИ мебошанд, ки аъзоёну тарафдорони он амале ба ҷуз хиёнат ва доғдор кардани номи ватани азизамон надоранд. Як нуқтаи аз ҳама муҳим дар аъмоли эшон ин аст, ки худро қабл аз ҳама ҳомии дин ва гиромидорандаи арзишҳои исломӣ медонанд. Агар худое накарда амали ин “ходимони дин” ба бехудое ошкор гарадад, ҳазорон нафрин ба дини муқаддаси ислом хоҳанд кард. Ва
зим паси панҷари кашидани онҳо? Магар роҳбарони наҳзатӣ воқеаҳои оғози тирамоҳи соли 2015-ро фаромӯш кардаанд? Дар кӯшиши табаддулот баҳри сарнагун намудани ҳукумати кунунӣ оё ҷанобони наҳзатӣ даст надоштанд? Даст доштанд, хеле зиёд даст доштанд. Афсӯс, эшон амалкардаҳои худро фаромӯш кардаю минбари чунин созмонро баҳри амалисозии манфиатҳои хеш истифода мебаранд. Ва боз ҳам афсӯс, ки намояндагони САҲА, ба қавле нархи сабзию пиёзро напурсида, ба чунин афрод минбар медиҳанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки якчанд моҳ пеш, боз як наҳзатии дигар, эшони Қиёмиддини Ғозӣ бо ҷурми шиапарастӣ ва саъй дар табаддулоти давлатӣ бо ҳукми суд паси панҷара фиристода шуд. Тариқи ҷаҳоннамо тамоми сокинони кишвар гуфтори пур афсӯсу надомат ва пушаймонии ӯро дидаю шуниданд. Ин наҳзатии собиқ
агар онҳо дарёбанд, ки хиёнат дар шинохти эшон қаҳрамонист, пас... Агар ба таҳқиқ пардозем хиёнатро дар олами ҷиноӣ ҳам, ки эшон ба ҳеҷ арзише эҳтиром қоил нестанд, бо нафрат қабул мекунанд ва “тфу бар ту” гуфтанро ба рӯи хиёнаткор ҳайф медонанд. Чун аз нигоҳи эшон ҳам хиёнат хотимаи тамоми арзишҳои ҳастист. Ҳоло агар ба таҳқиқотҳои илмие, ки доири олами вуҳуш аст, бингарем, хоҳем дид, ки хиёнаткор чӣ арзишеро соҳиб аст. Пас сари ин масъала мебояд ба таври ҷиддӣ мулоҳиза кард. Роҳбарон ва аъзоёни ҲНИ солҳо дар дохили ватан буданд. Ҷою мақом ва вазифаҳоро соҳиб буданд. Аз ҳисоби хоҷагони худ пули бешумор ва бештар аз ҳар касе доштанд. Аммо барои ободию пешрафти ватан чӣ кореро ба сомон расониданд? Бадтар аз ин онҳо имрӯз аз дур ҷор мезнанду даъвои ватанхоҳӣ ва ободии онро мекунанд. Ба таъбире аз ҷуйбор нагузаштаанду иддао доранд, ки аз уқёнус гузаштаанд. Биноан вазифа ва қарзи шаҳрвандии мост, ки хоинонро шиносему онҳоро ҳамвора нафрин кунем. Дарк намоем, ки гуфтаҳои онҳо ба хаспорае намеарзаду доду вовайлои онҳо чун “аккоси сагон ба сӯи моҳ” асту бас. Донем, ки онҳо ба андозаи як донаи арзан ҳаққи ҳарф задан аз номи ватани моро надоранд. Бигузор то ҳастанд, назди соҳибони худ қарзи хоиниашонро иҷро намоянду назди омма нақши ватандӯсторро бозанд. Бешак худи эшон низ инро ба дурусти дарк кардаанд, ки латтапорае беш барои истифодаи яквақтаина нестанд. Ҳама бадбинию багӯӣ дар ростои хоинон кам аст ва агар онҳо дар пасттарин ҳолат низ афтанд, зарраи тараҳҳум барои эшон ҳаром аст, чун онҳо пурарзиштарин ганҷ, муқаддастарин арзиш, ноёфтарин неъмат, волотарин сарват барои инсон ВАТАН-МОДАРро фурӯхтанд. Ин гурӯҳро ҳатто Худо дӯст намедорад ва сароҳатан ин чиз дар сураи “Ҳаҷ“ ояи 38-и “Қуръон” чунин омадааст: “... ҳамоно Худо ҳар хиёнаткунандаи носипосро дӯст намедорад”. Хуршеди МАВЛОН, “ҶТ”
иқрор шуд, ки бо ёрию дастгирии хоҷагони шиимазҳаби эронӣ, баҳри роҳандозии ниятҳои нопоки хеш наҳзатиҳои тоҷик чи нақшаҳои зиште ба сар доштаанд. Имрӯз, ки наҳзатиҳо бо сарварии роҳбари хеш Кабирӣ дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд, бешубҳа аз дасгирию ёрии бевоситаи хоҷагони эронии хеш бархӯрдоранд. Бовар аст, боз баҳри амалисозии нақшаҳои зишти хеш ба ҳама кор даст хоҳанд зад. То ин ки амнияти кишварро дубора халалдор созанд. Бовар аст, мардуми тоҷик аз ҳодисоти солҳои навадуми асри пешин сабақ гирифтааст. Сабақи талх. Ва умед аст, ҳаргиз дубора ба доми фиреби наҳзатиҳои пурғаразу сиёҳкор нахоҳад афтод. Қутбиддин МУҚИМОВ, декани факултаи муносибатҳои иқтисодию байналмилалии ДДМИТ
6
МАВЗӮИ РӮЗ
Ҷои шак нест, ки аз замони пайдоиши нахуст инсонҳои бошуур мафкураҳои қавӣ ва идеологҳои муваффақ ҷомеаҳоро идора мекарданд ва тамоми қонунҳои ҷомеа бо андешаву мафкураи эшон роҳандозӣ мегардид. Саркарда аз нахуст давлатҳо ва ҷомеаҳои ибтидоӣ то имрӯз ҳамин қавонин дар гардиш аст. Ҳамин чиз сабаб мегардид, ки баъзан як идеология қариб кулли сайёраро идора мекард ва ҷомеаҳои аз нигоҳи тафаккур ақибмондатар дар зери идеологҳои пурқудрат мемонданд ва гоҳе аз нигоҳи ҳуввият ба нобудӣ мерафтанд. Инро дар мисоли Империяи Ҳахоманишиҳо, Мақдуния, Хилофати Араб, Империяи Муғулҳо, Империяи Римиҳо ва чанде дигар метавон дарёфт.
Асорати фикрӣ! Ин аз он сарчашма мегирифт, ки ҷомеаҳои нисбатан заифтар дар асорати фикрӣ қарор мегирифтанд ва ҳуввияти милливу инсонӣ ва тамоми арзишҳои як ҷомеа ба хок тиҳӣ мегардид. Чуноне ки дар 70 соли арзи ҳастӣ кардани ИҶШС як қатор давлатҳои Осиё аз ин ранҷ мекашиданд ва Тоҷикистон низ дар шумули дигар “бародарон” огоҳонаву ноогоҳона аз тамоми арзишҳои худ чашм мепушид. Ин ҳақиқатест бе баҳс. Донишмандону ҷомеашиносон ба ин ҳол гирифтор гаштан ё дар зери идеалогияи ғайр мондани ҷомеаҳоро дар набудани шахсиятҳои фикрӣ ва коста гардидани арзишҳои ҷомеаи фикрӣ медонанд, ки ҷаҳони муосир мавзӯи баҳсбарангез аст. Чуноне ки дар давраҳои таъсиси ИҶШС ва пас аз пошхӯрии он бино бар сабаби халое, ки дар фазои идеологии кишварҳои собиқи он вуҷуд дошт кашмакашҳои хунине ба вуҷуд омад ва то ҳол бисёре аз ин давлатҳо аз ин ранҷ мекашанд. Мутаассифона дар кишвари мо низ бо вуҷуди корҳои зиёде, ки дар ин самт роҳандозӣ мегардад, ин мушкил ҳалли худро наёфтааст. Дар ҷаҳони маҷозӣ вақте мебинем, ҷомеа худро воқеан ҳам то андозае озодандеш ва дар баёни фикру андеша орӣ аз вобастагӣ мешуморанд. Аммо воқеият чизи дигар аст. Ин ба он далел аст, ки вақте дилхоҳ мавзӯъ миёни ҷомеа мавриди баррасӣ қарор мегирад, назару андешаҳои перомуни он гардиш мехӯранд ва анқариб бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалношуда боқӣ мемонанд. Бидуни шак бояд пазирем, ки андешаҳои мухталиф метавонанд ҷомеаро ба пеш кашанд ва дар рушди он саҳм гиранд, вале чун ба таҳқиқ бингарем хоҳем дарёфт, ки аксари ин андешаҳо дар доираи идеалогияҳои муайян ироа мегарданд. Аз ҳамин гирифторӣ дар асорати фикрӣ будани ҷомеа аст, ки ҳар мавзӯъ бо андешаву мафкураи ғайр мавриди ҳаллу фасл қарор мегирад. Барои мисол барои баҳс дар дилхоҳ мавзӯъ дар ҷомеаи мо аллакай гурӯҳҳо муайянанд, ки мутаассифона бештаринашон ифротиянд. Қисмате ҳанӯз ҳам коммунистанд (коммунисти ифротӣ) ва қисмате дигар ифротии исломӣ. Ё гурӯҳҳои дигарро метавон ҳамин гуна номбар кард. Яъне модоме, ки пойбанди фикрҳои ғайранд ва ё аз набудани идея ва андешаи инфиродӣ фикрҳои дигарон ба онҳо таҳмил мешавад. Ба андешаи Диловари Мирзо “тафаккури таҳмилӣ ва асорати фикрӣ қарнҳои қарн аст, ки думболагири миллати мост ва коммунистони ифротӣ ҳамон гурӯҳеанд, ки қарнҳои пешин бо номи "даҳрӣ" ёд мешуданд. Аммо Ато Мирхоҷа, муовини раси
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон перомуни ин масъала фикри дигар дорад. Ӯ мегуяд: “Инсон ҳамеша дар асорати фикрӣ буда ва мемонад. Ҳеч кас ҳақ надорад ва наметавонад, ки ҳаққи андешаеро аз инсон бигирад”. Агарчанде наметавон аз касе ҳаққи андеша карданро гирифт, вале бояд сари ин масъала аз дидгоҳи дигар нигарист, ки чун ҳар гоҳе андешаҳои мухталиф ва мақсаднок зиёд мегарданд, дар сохтани як ҷомеаи воқеан миллӣ танқисӣ хоҳем кашид. Чи гунае, ки равоншинос Маҳмудшоҳ Кабирӣ мегуяд: “Дар асорати фикрӣ гирифтор гаштани ҷомеа аз набудани модели тафаккури миллист. Мо онро сохтаем, вале ба ҷомеаи мо муаррифӣ нашудааст. Дар ин ҷо чанд омилҳое ҳаст, ки наметавон ном бурд”. Хоҳу нохоҳ коммунист, демократ, исломӣ ваҳоказо, ҳар маслаке, ки дар ҷаҳон вуҷуд дорад, бозтоби зиндагии инсонҳост ва инҳо ҳама то башарият ҳасту ҷаҳон боқист, чун ҷузъи маданияти инсоният боқӣ мемонанд, мубориза мебаранд, гоҳе ин як пирӯз мешавад, гоҳе он дигар, чун зиндагӣ иборат аст аз муборизаи доимии бо хам зидҳост, вале дар лобалои ин ҳама бояд мафкураи миллиро бунёд кардаву ҷомеаро аз асорати фикрӣ озод намоем. Ин ҳолат ҳамеша буд, ҳаст ва хоҳад монд. Албатта, марзҳо кам ё беш васеъ ва тангтар хоҳанд шуд. Гоҳе як мафкура ва гоҳе мафкураи дигар боло хоҳад гирифт ва ин бастагӣ ба қишри рушанфикр дорад, ки агар
фаъол, донишманд, ҷасур ва тавоност, ҷомеаро пеш хоҳад бурд. Аммо агар ин қишр сершумор ва ҳамфикр бошад, бо душворӣ бошад ҳам, ҷомеаро пеш бурда метавонад. Набояд андешид, ки дар замони муосир асорати фикрӣ аз байн меравад ва ё коста мегардад. Балки он дар ҳар сурат, ҳамеша, агарчи дар як шакли шахшуда ҳам набошад, дар намудҳои гуногун болои ҳама ҷомеаҳои аз лиҳози илму дониш қафомонда бор карда мешавад. Хоҳ дар шакли идея ва ғояи нав бошад, хоҳ бо роҳи таъсиси ин ё он ҳаркату гурӯҳ. Дар ин росто мебояд барои ташаккули шахсиятҳои фикрӣ замина муҳайё кунем, барои соҳибандешаву соҳибтфаккур гардидани эшон заҳматҳои бештаре ба харҷ диҳем. Зеро ин масъаларо ҷавонони асилу меҳандӯст дар ҳолате, ки гирди ҳам оянд ва бо далелу бурҳонҳои қавӣ сари масоили фикрӣ пофишорӣ кунанд, таҳаввулоте хоҳад шуд. Ва бояд гуфт, ки шахсияти фикрӣ саломатии ҷомеа ва тамоми ниҳодҳои онро ҳифз мекунад. Ҷомеае, ки дорои шахсияти фикрист, барои ҳар дарди худ роҳе дорад ва барои ҳар мушкили худ чора меёбад ва тамоми дардҳо, ниёзҳо ва масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро худ ҳаллу фасл мекунад. Ҳар ҷомеае, ки шахсияти фикрӣ надошта бошад таърифи худро, ҳуввияти худро ва дарду ангезаҳои худро бо андешаи дигарон ба миён меорад ва бозбинӣ мекунад. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ... Кӯдакӣ давраи ширин ва замони хубу гуворое дар зиндагии хар шахс ба ҳисоб меравад. Зеро ширинтарину рангинтарин хотираҳо маҳз аз замони кӯдакӣ дар хотироти ҳамагон нақш мебандад. Ин давраро баъзеҳо ширину баъзеҳо рангин ва баъзеи дигар талху сангин пушти сар мекунанд. Аммо бад аст, ки кӯдак ҳаёташро талху сангин аз сар гузаронад. Чун ин даврае мебошад, ки онҳо ба меҳру муҳаббат ва дилсӯзии наздикон, аз ҷумла волидон ниёз доранд. Диққати нокифояи волидон боиси нокомил ба воя расидани кӯдакон мегардад ва онҳо ба корҳои баду ношоям даст мезананд. Оила асос ва рушддиҳандаи ҷомеа ба шумор меравад. Ҳама чиз аз оила маншаъ мегирад. Тарбияи дурусти кӯдак низ вазифаи ҳар як аъзои оила аст, то ин ки он ба воя расида ба халқу ватани нафъаш расад. Рафтору кирдори худи аъзоёни оила, муносибати онҳо нисбат ба якдигар барои кӯдак намунаи ибрат аст. Кӯдакон хеле ҳассосанд. Ҳама чизро зуд қабул мекунанд. Агар байни аъзоёни оила нофаҳмӣ бошад ҳолати рӯҳии кӯдак низ ба он мутобик мешавад ва ӯ шахси бераҳм ва нокомил ба воя мерасад. Чунин кӯдак маънии зиндагиро гӯм мекунад ё танҳо дар ҷангу нофаҳмӣ онро мебинад ва барои чизеро ба субут расонидан талош намекунад. Ё муносибати сангдилонаи волидон боиси он мешавад, ки кӯдак дастгирӣ ва дилсӯзиро дар кӯча меҷуяд ва пайдо ҳам мекунанд. Кӯдак, ки аз бепарвоии падару модар ба муҳити кӯча барвақт ворид шуд дигар аз он дур буда наметавонад, зеро дар он ҷо ӯро ҳама дастгирӣ мекунанд ва хуб мефаҳманд. Барои ин гуна кӯдакон одамони кӯча аз аъзоёни оила наздиктар мешаванд ва ин боис мешавад, ки кӯдак ҳақорат кунад ва гапҳои бемаъниро дар суханрониаш истифода барад. Бехуда нест, ки хишти аввал гар каҷ равад, то ба охир девор каҷ мемонад. Омили дигари ҳақораткунии кӯдакон ин баддаҳонии худи падару модарон аст. Агар волидон ҳангоми муноқишаи хонаводагӣ якдигарро бо гапҳои нофорам таъна ва паст зананд ва агар чунин ҳодиса зуд-зуд ба вуқуъ ояд, албатта кӯдак ба ин муҳит одат мекунанд ва худ калимаҳои бемавридро истифода мебарад. Барои ӯ дар куҷо ва дар назди кӣ қарор доштан бефарқ мешавад. Чунки барои ӯ гапҳои ҳақоратомез ба монанди гапҳои одӣ менамоянд. Агар аз хурдӣ ба кӯдак чӣ тавр одоби сухан гуфтанро ёд надиҳем, ӯ худ аз муҳит онро меомӯзад. Ва бояд тасаввур кард, ки як кудак дашномҳои қабеҳу тарзи сухангӯии номувофиқро агар ба худ касб кунад, дар оянда ислоҳ нашаваду оила барпо кунад, соҳиби ду фарзанд мешавад ва фарзандонаш низ мисли падар мешаванд. Онҳо дар муҳите агар се чор рафиқӣ дошта бошанд, ҳатман ягон ҳамсуҳбат барои худ меёбанд. Мешавад ҳафт ё ҳашт нафар. Агар ин ҳафт ҳашт нафар боз ислоҳ нашаванду тарбия надида бошанд, дар оянда фикр кунед фарзандони онҳо чӣ гуна мешуда бошанд? Агар падару модар ба тарбияи кӯдакони худ аҳамият диҳанду мо низ кӯдакеро, ки дашном медиҳад, камакак насиҳаташ кунем, оҳистаоҳиста ин амал ба замона таъсир мерасонад. Ва ҳатман замона, ки агар кӯдакони боодобу хушмуомила қабул кунад, ҳамон чизро ба дигарон интиқол медиҳад ва ниҳоят ҷомеа низ ҷомеаи хубе хоҳад шуд. Пас барои ин пайваста бояд кӯшид, то худрову ояндаи ҷомеаи дар пеш истодаро дурахшон кард. Шанбиева СИМО
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
НИГОҲИ ДИГАР
Ҳафтаи охир расонаҳои дохилӣ бо такия аз дафтари матбуотии Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» хабар доданд, ки дар ин минтақа лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсолии бозичаҳо барои кӯдакон (аробача, велосипед ва ғайра)… ҷараён дорад ва он дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
ин корхонаҳо ба саломатии кӯдакон таъсир мерасонанд ва бо кадом сифат истеҳсол ва ба аҳолӣ пешниҳод карда мешавад? Тибқи иттилои табибон истифодаи бозичаҳои пастсифати кӯдакона дар аксари маврид ба саломатии кӯдакон зарар дошта яке аз омилҳои аслии афзоиш ёфтани бемориҳои пӯсту роҳҳои нафас, мебошад. Гуфта мешавад, ки қисми зиёди бозичаҳое, ки дар бозорҳои кишвар роҳ меёбанд аз Ҷумҳурии Халқии Чин ба Тоҷикистон во-
иштибоҳ мебаранд, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ» аз тарафи Агентии «Тоҷикстандарт» регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии бозичаҳо» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 таҳти № 375 қабул шуд ва минбаъд ҳамаи талабот нисбати бозичаҳо тибқи Регламенти техникии мазкур амалӣ карда мешавад. Номбурда илова намуд, ки
Ф. Собиров илова намуд, ки ин рақам дар соли 2016 12 ҳолати воридоти ғайриқонунии бозичаҳои кӯдакона ба миқдори умумии 46 657 адад ва дар давоми соли 2017 16 ҳолати воридоти ғайриқонунии бозичаҳои кудакона ба миқдори умумии 40650 ададро дар бар мегирифт. «Тибқи моддаи 66 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарорӣ танҳо баъди анҷом додани назорати давлатии санитарию карантинӣ, карантинию фитосанитарӣ,
Гуфта мешавад, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар коргоҳҳои истеҳсолӣ ба охир расида, корҳои нақшу пардозу ороишӣ ва бунёди зербинои иншооту ободонии қаламрави корхона ҷараён дорад. Ҳамчунин, соле пеш чунин як корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Истаравшан, аз ҷониби ҶДММ «Адл» сохта ба истифода дода шуда буд, ки он барои кӯдакон бозичаҳо истеҳсол менамуд. Тибқи иттилои масъулин корхона бозичаҳои хушсифат ва мустаҳкамро истеҳсол мекунад. Дар сехҳои корхона истеҳсоли 15 номгӯи бозича, аз ҷумла, мошинчаҳои бачагона (самокат), сечарха (велосипеди кӯдакона), нақлиёти автомобилии моделҳои 606 ва 608 (ду намуд), аробачаҳои чорчарха (коляска), гаҳвора (колибел), роҳпаймо (ходоног) ва 3-4 навъи велосипеди дучарха дар назар дошта шудааст. Воқеан бозичаҳо инъикосгари дунёеанд, ки дар қолабҳои гуногуни тахайюлот сохта шуда, ба кӯдакон пешниҳод мешаванд. Мутаассифона, бархе аз исеҳсолкунандагон ва созандагони ин гуна ашё, манфиати хешро болотар аз саломатии кӯдакон гузошта солимии онҳо ва умуман ҷомеаро фаромӯш мекунанд. Тадқиқоти олимон нишон медиҳанд, ки дар рушди иҷтимоӣ ва ташаккули шахсияти кӯдак бозӣ ва истифода аз бозичаҳо нақши муҳим дорад. Онҳо яке аз масъалаҳои гуногунҷанбаи психологияи бачагона ва педагогикаи томактабӣ буда, намудҳо, мазмун ва хусусиятҳои ба худ хоси таълиму тарбиявӣ доранд. Тавре мебинем, бозича ва истифодаи он дар таълиму тарбияи кӯдак нақши бузург дорад ва пеш аз ҳама бояд ба сифати он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд. Ин ки сохтмони корхонаҳои истеҳсолии бозичаҳо барои кӯдакон рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст, ин воқеан ҳам аз ҷиҳати таъмини маҳсулоти дохилӣ ва таъмини ҷои кор барои аҳолӣ фоли нек аст. Аммо масъалаи асоси ин аст, ки то куҷо истеҳсоли бозичаҳои кӯдаконаи
рид ҳамеша аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор назорат карда мегарданд. Аммо бо вуҷуди ин дар бозори маҳсулоти кӯдакона, молу маҳсулоти пастсифат ва зараровар низ ба чашм мерасад. Қисми зиёди онҳо ба саломатӣ ва рушди зеҳнии кӯдакон осеб мерасонанд. Вале бархе аз тоҷирон ба хотири пули бедарду миён ба ин амалҳои нангин даст мезананд. Сардори шӯъбаи матбуоти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт), Мурод Ашӯров мегӯяд, ки вобаста ба ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти молҳои пастсифат ва хатарнок, аз ҷумла бозичаҳои воридотӣ нозирони Агентӣ дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо санҷиш гузаронида, дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 69212 дона бозичаҳои ба тариқи кочоқ ба қаламрави кишвар воридшуда ва дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат надоштаро ошкор намуда, барои нобудсозӣ пешниҳод карда шуданд. «Бозичаҳое, ки мусодира шудаанд, асосан аз Ҷумҳурии Чин ворид мешаванд, ки ягон тамғагузории дуруст надоранд. Сифаташон паст аст. Кӯдак вақте бозичаро мегирад аввал ба даҳонаш мебарад. Ранги он ба луоби даҳони кӯдак медарояд табиист, ки ранг химикат аст. Ҳамчунин теғаҳои тез доранд, ки тез мешикананд, овозҳои гушхарош доранд ин бозичаҳои ғайристандартӣ ҳастанд. Ҳамчунин дар таркиби ин бозичаҳои бесифат асосан моддаи заҳрноки формалдегит ҳаст. Ҳамон пластмасе, ки истеҳсол мекнунад, формалдегит дорад, ки ин албатта таъсири худро ба кӯдаке, ки онро ба даҳонаш мебарад, мерасонад»,- мегӯяд М. Ашӯров. Мавсуф гуфт, ки ҷиҳати муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ ба бозичаҳо бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон, ҳамчунин огоҳ намудани амалҳое, ки истифодабарандагони (истеъмолкунандагони) бозичаҳоро нисбат ба таъинот ва бехатарии онҳо ва ҳифзи муҳити зист ба
онҳо санҷишҳоро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” аз рӯи нақша мегузаронанд: «Аз харидорон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми хариди ҳама гуна махсулотҳо аз ҷумла бозичаҳо сертификати мутобиқати онро талаб кунанд. Чун сертификати мутобиқат ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бехатарӣ аст ва ин аллакай маълум мешавад, ки бозича бо роҳи расмӣ ворид шуда аз ташхис гузашта шудааст ба сифату бехатарии вай кафолат дода мешавад. Дар ҳоли набудани ин сертификат маълум мешавад, ки ин бозича бо роҳи қоҷоқ ворид шудааст». Ба гуфтаи масъулини Тоҷикстандарт, бо вуҷуди тақвият додани корҳои назоратӣ дар бозору нуктаҳои савдо то ҳол воридшавии бозичаҳо ба таври коҷоқ ба назар мерасад. Котиби матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фахриддин Собиров омили асосии ғайриқонунӣ ворид намудани молу маҳсулоти пастсифат ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон, махсусан бозичаҳои кӯдаконаро ба даст овардани фоида арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки молҳои мазкур арзиши паст дошта, ба талаботи муқарраргашта ҷавобгӯ нестанд. Аз ин хотир барои ба даст овардани маблағи муайян шахсоне ҳастанд, ки молҳоро ғайриқонунӣ ва бо роҳи кочоқ ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид менамоянд. - Таҳлилҳо бозгӯйи онанд, ки аксари ҳолатҳои интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулот ба кишвар тавассути чапроҳҳое, ки дар қаламрави вилояти Суғд дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мавҷуд аст, ба назар мерасанд,мегӯяд Ф. Собиров. Номбурда гуфт, ки дар 8 моҳи соли 2018 3 ҳолати воридоти ғайриқонунии бозичаҳои кӯдакона ба миқдори умумии 28000 адад ба қайд гирифта шуда аст рӯи ин ҳолатҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.
байторӣ ва намудҳои дигари назорати давлатии воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти онҳо аз ин ҳудуд сурат гирад. Агар мол тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти муқаррароти пешбининамудаи қисми 3 моддаи 77 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман мавриди чунин назорат қарор гиранд», - илова намуд номбурда. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки хуб мешавад, ки волидайн ба ҷои бозичаҳои пастифати бозорӣ, ки нархи ҳангуфт низ доранд, даст кашида, аз бозичаҳои дастсохт, ки ҳар як падару модар вобаста ба завқи худ онро омода карда метавонад, истифода баранд. Ба гуфтаи онҳо бозичаҳои дастсохтро меҳнати бадеӣ - эҷодкории кӯдакон номидан мумкин аст, ки дар рафти он аз маводи гуногун - коғаз, ширеш, кардон, матоъ, сӯзан, ресмон, пенопласт, тугма, маводи нимпартов - қуттичаҳои холишудаи гӯгирд, атриёт, маводи табиӣ - хас, донагиҳо, шохчаҳои дарахтон, лой ва ғайраҳо истифода бурда мешаванд. Ҳангоми сохтани бозичаҳои дастсохт кӯдакон тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнӣ, маҳорату малакаҳои худро истифода бурда, аз натиҷаи кори худ қаноатманд мегарданд, аз он ифтихор менамоянд ва кӯшиш мекунанд ба маҳсули дасти худ эҳтиёткорона муносибат намоянд. Тибқи мушоҳида бархе аз бозичаҳои замонавӣ ҷанбаи инсондӯстӣ, тарбиявӣ ва таълимӣ надоранд. Дар бозору мағоза бештар номгӯи зиёди бозичаҳои ҳарбиро дидан мумкин аст, ки онҳо образи техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳаро дар худ таҷассум мекунанд. Ин бозичаҳо бештар таваҷҷӯҳи писарчаҳоро ба худ ҷалб намуда, сабаби ба вуҷуд омадани бозиҳо дар мавзӯъҳои ҷанг, задухӯрду муҳорибаҳо мегарданд. Дар даҳсолаи охир бозичаҳои электронӣ бо истифодаи микропротсессор, фитаҳо, дискҳо дар компютер, бозӣ бо воситаи телефонҳои мобилӣ
Соҳибкорон: Манфиат ё солимии миллат
7 ба вуҷуд омаданд. Албатта, ин самт идома хоҳад ёфт, чунки асри XXI асри рушди воситаи техникаи иттилоотӣ ва иртиботӣ аст. Лекин истифодабарии онҳо бояд ба хусусиятҳои синнусолӣ ва равонию ҷисмонии кӯдакон мувофиқат намояд. Мудири шуъбаи модару кӯдаки Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», духтури бемориҳои кӯдакона, Раҳматулло Шаъбонов бар он назар аст, ки аксаран бозичаҳое, ки аз маводҳои пластикӣ сохта мешаванд, ба кӯдакон зарари бештар мерасонанд: «Дар таркиби бозичаҳо миқдори кислотаҳои зарарнок зиёд аст ва баъди истифодаи зиёди ин гуна бозичаҳо кӯдак ба бемории дил, ҷигар, меъда, дарунравӣ, ҳассосият гирифтор мешавад. Ҳаҷми бозича бояд хурд набошад, вагарна кӯдак метавонад онро фурӯ барад. Бозичаро бояд ба синну соли кӯдак мувофиқ харем. Бисёр хуб мешуд, ки волидайни мо бозичаҳои нархаш гаронтарро, ки аксар вақт сифаташ беҳтар аст харидорӣ намуда, мувофиқи сину соли кӯдак онро дуруст интихоб намоянд. Ва ҳамичунин қабл аз харидорӣ аз фурӯшанда сертификати мутобиқати онро пурсидан лозим аст”. Оилаҳои тоҷик серфарзанд буда, имкони таъмини онҳо бо бозичаҳои гаронарзиш нест. Бештари онҳое ки фарзанди зиёд доранд аз ночорӣ маҷбур мешаванд, ки аз чунин бозичаҳои пастсифат, ки нархи арзон доранд, харидорӣ намоянд ва талаботи фарзанди худро қонеъ намоянд. Зулфия Каримова, яке аз сокинони шаҳри Душанбе аст, ки соҳиби 4 фарзанди хурд буда, сари чанд вақт ба хотири баровардани эҳтиёҷоти фарзандонаш бозичаҳо харидорӣ менамояд. Ӯ гуфт: «Ман чор фарзанд дорам. Имконияти харид аз мағозаҳои бозичафурӯшӣ маро нест, зеро нархҳо гаронанд. Ба нархи як мошинчаи мағоза, ман барои ҳар се писарам яктоӣ мошинча аз Бозори “Корвон” мехарам. Мехоҳам хостаҳояшонро бароварда бошам ва дунёи кӯдакияшон рангину хотирмон шавад. Аммо чӣ илоҷ, ки чунин имконяитро надорам». Пӯшида нест, ки бозичаҳои зиштрӯю ваҳмангез дар бозору мағозаҳои марбута муштариёни зиёдеро пайдо кардаанд. Чаро аксари волидайн ва кӯдакон онҳоро интихоб мекунанд? Оё онҳо ба ҷиҳати равонии кӯдак таъсири бад намерасонанд? Равоншиносон бар он назаранд, ки кӯдакон тавассути бозӣ дунёро дарк месозанд, бозичаҳо василаеанд, ки кӯдаконро ба олами воқеӣ омода мекунанд. Ба гуфтаи онҳо волидон бояд донанд, ки дар баробари бозӣ кардан бо бозичаҳо, кӯдак аз онҳо бояд чизеро омӯзад. Садбарги РАҲМИДДИН, коромӯзи “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
Анҷоми марҳилаи интихоботӣ Дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали интихобии Чемпионати Осиё-2019 миёни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи “С” бо пирӯзии тими Тайланд ба анҷом расид.
Лигаи олӣ: “Истиқлол” дар зинаи аввал
Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Тоҷиддин Наботов чор вохурӣ гузаронида, бар дастаи Марианаи Шимолӣ ғалаба (3:0) кард, вале аз дастаҳои Сингапур (1:4), Тайланд (0:8) ва Эрон (0:8) мағлуб гардид. Ҷои аввалро дар гурӯҳ тими Тайланд бо 12 хол ишғол кард. Зинаи дуюмро Эрон бо 9 хол сазовор шуд. Ҷойҳои сеюмро Сингапур, чорумро Тоҷикистон
ва панҷумро Марианаи Шимолӣ ишғол намуданд. Дастаи мунтахаби духтарони Тайланд, ки ҷои аввалро ишғол намуд, ҳамчун мизбон ба чемпионат роҳхат дошт. Аз гурӯҳи “С” тими Эрон ба марҳилаи дуюм роҳ ёфт. Ҳамчунин, дастаҳои Австралия, Бангладеш, Чин, Лаос, Мянма, Ветнам ва Филиппин дар марҳилаи дуюм, ки аз 23 феврал то 3 марти соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ширкат меку-
нанд. Ин ҳаш даста дар ду гурӯҳ барои ба марҳилаи финалӣ баромадан мубориза мебаранд. Ба марҳилаи финалӣ дудастаӣ аз ҳар ду гурӯҳ мебароянд. Дастаҳои Кореяи шимолӣ Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон ҳамчун дастаҳои беҳтарини чемпионати гузашта бе иштирок дар марҳилаҳои интихобӣ ба финал, ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат доранд.
Дар доираи бозиҳои даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар майдони худ тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Дидори мазкур 23 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Футболбозони ҳар ду даста, ки довталаби қаҳрамонии лигаи олии кишвар ба ҳисоб мераванд барои ғалаба талош намуданд. Аммо мухлисон дар ду қисм шоҳиди як гол гардиданд. Шериддин Бобоев ҳамлагари дастаи “Истиқлол” дар дақиқаи 66-ум бо як зарбаи нишонрас тӯбро вориди дарвозаи Алексей Матросов намуда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд. Дар бозии дигар дастаи КМВА “Помир”-и шаҳри Душанбе тими “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзодаро пазируфта бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Голҳоро Бахтиёр Қаландаров (44) ва Амирҷон Сафаров (74) ба номи худ муҳр заданд. Рақобати дастпарварони “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор бо дастаи “Хатлон”- и шаҳри Бохтар дар Варзишгоҳи “Пахтакор” пуршиддат ҷараён гирифт. Парвиз Ахунов ҳамлагари тими “Хатлон” дар дақиқаи 29-ум голи аввалро ба дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев ворид намуда, дастаашро пешсаф кард. Қисми аввал бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи соҳибони майдон хотима ёфт. Аммо дар қисми дуюм тақдири бозӣ ҳал гардид. Дар 49-ум дақиқа Нуриддин Ҳамроқулов ҳамлагари ҳисориҳо дастаашро аз мағлубият наҷот дод ва пас аз 25 дақиқа Далер Ёдгоров голи ғалабаовари дастаашро ба ҳадаф расонд. Дар охири бозӣ барои футболбозони дастаи “Барқчӣ” имконияти сеюми голзанӣ муҳаё шуд. Аммо ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов зарбаи 11-метраро истифода бурда натавонист. Бозӣ 1:2 ба фоидаи ҳисориҳо хотима ёфт. Дар бозии дигар Меҳроҷиддин Музаффаров ҳамлагари дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо задани ду голи беҷавоб тими “Панҷшер”-и Ҷалолиддин Балхиро ноумед ба хонаашон равон кард. Бозии мазкур 23 сентябр дар Варзишгоҳи “Нефтяк”-и ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд. Пас аз натиҷагирии даври 18-уми чемпионати кишвар дар ҷадвали мусобиқа тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо 45 хол садрнишин гардид. Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо 42 хол дар мавқеи дуюм қарор дорад. Бошгоҳи “Кӯктош” - и ноҳияи Рӯдакӣ бо 27 хол дар зинаи сеюм меистад. Бозиҳои даври 19-уми лигаи олӣ: 26 сентябр (чоршанбе) “Панҷшер” – “Истиқлол” “Барқчӣ” – “Куктош” 29 сентябр (шанбе) “Регар-ТадАЗ” – “Хатлон” 30 сентябр (якшанбе) “Хуҷанд” – КМВА “Помир”
ФИФА: Беҳтаринҳоро эълон кард Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) беҳтаринҳои соли 2018-ро эълон намуд. Лука Модрич, нимҳимоятгари “Реал” Мадрид ва капитан дастаи миллии Хорватия, дар раъйдиҳии ниҳоӣ аз Криштиан Роналдо ва Муҳаммад Салоҳ овози зиёд гирифта, беҳтарин бозигари сол шуд. Инчунин, сармураббии тими мунтахаби Фаронса Дидйе Дешам, унвони беҳтарин мураббӣ ва Тибо Куртуа дарвозабони мунтахаби Белгия ва “Реал” Мадрид унвони беҳтарин дарвозабони солро ба номи худ сабт намуданд. Марта Виейраи бразилиягӣ беҳтарин футболбозӣ зан ва Рейнолде Педроси фаронсавӣ, ки дастаи “Лион”-и Фаронсаро тамрин медиҳад, беҳтарин мураббии дастаи занона эълон шуданд. Дар ин радиф ФИФА, ҳаводорони мунтахаби Перуро бо унвони беҳтарин мухлис қадрдонӣ намуд. Маросими пуршукӯҳи муаррифии беҳтаринҳои соли-2018, 24уми сентябр дар шаҳри Лондон баргузор шуд. Муҳаммад Салоҳ ҳамлагари дастаи “Ливерпул”-и Англия ва бозингари тими мунтахаби Миср, ки яке аз довталабони беҳтарин футболбози сол буд,
муаллифи голи беҳтарини сол номбар гардида, бо ҷоизаи ба номи Ференс Пушкаш сарфароз шуд. Муҳаммад Салоҳ, голи беҳтарини солро моҳи декабри соли 2017 ба дарвозаи “Эвертон” зада буд.
Ҷоизаи мазкур аз соли 2009 ба футболбозе, ки (сарфи назар аз ҷинсият) голи аз ҳама зебои солро мезанад, супурда мешавад. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
Зиндагӣ роҳест, ки ҳамеша аз инсон сабурӣ, ҷустуҷӯкор ва саводнок буданро талаб менамояд. Оне, ки дорои чунин хислатҳост, ҳаргиз дар раванди фаъолият ба дилсардӣ рӯ ба рӯ нагардида, агар мушкилоте низ ба миён ояд, тавассути дониш ва таҷриба онро бартараф хоҳад кард. Кам касон ёфт мешаванд, ки умри худро ба соҳае бахшидаву дар шебу фарози он ботамкин ва бо бурду бохти он ҳамнафас бошанд. Зеро бо рӯ ба рӯ гардидан бо андак душворӣ ва ё монеа дар ҷараёни фаъолият баъзеҳо дарҳол мехоҳанд, то риштаи кори хешро тағйир диҳанду ба пешаи дигаре андармон гарданд. Ҳамаи ин гуфтаҳоро қаҳрамони мо гӯё аз овони туфуллият медонист, ки баъди ба камол расидану хатми мактаби миёнаву муассисаи олӣ танҳо ҳамнабзу ҳамсадо ва равонаи як пеша гардида, ки меҳр ва муҳаббати онро тӯли солҳо дар замири хеш парваридаву тухми онро андар қалбаш коштааст. Барои дар зиндагӣ хушбахту некном мондан, кореро бояд ба анҷом расонид, ки дар он бештар манфиат ба ҷамъият расида бошад. Ӯ аз ҳамин гуфта кор гирифта, бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор, ки дар он айём на ба ҳар кас муяссар мегардид, то ба таҳсил пардозаду дониш андӯзад, муҳассили бахши ғоибонаи Донишкадаи педагогии Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) гардида, онро бо пешаи ибратомӯзу пурифтихори омӯзгорӣ ба анҷом мерасонад. Ин омӯзгори кордидаву кордон ва фидоии касби хеш, ки собиқаи беш аз панҷоҳсолаи омӯзгориро дорост, Ғуломов Муҳаммадӣ мебошад. Муҳаммадӣ Ғуломов соли 1943 дар деҳаи Наврӯзии шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Муҳаммадии ҳанӯз аз меҳри падар сер нагардидаву панду насиҳатҳои қиблагоҳашро нашунида, дар овони кӯдакӣ аз падар маҳрум гардид. Зеро қиблагоҳи ӯ мисли ҳазорҳо нафари дигар ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтаву барнагаштааст. Ин ҷанге буд, ки дар баробари ҳама гуна оқибатҳои нохуши овардааш, инчунин Муҳаммадии хурдсолро аз меҳру муҳаббат ва навозишҳои падар бенасиб гардонд. Барнагаштани падар ин зарбаи сахте
Ҳар гоҳ ки назараш ба аксҳои рӯйи ҷевони китобҳо меафтад, орзуҳои ширини даврони наврасиву ҷавониаш ба ёдаш меоянду қалбашро эҳсоси гарме фарогир мешавад. Якояки он аксҳо монанди сатрҳоеанд, ки китоби зиндагияшро пурра месозанд. Ӯ як солу ду сол на, балки умри худро пурра ба роҳе фидо карда, ки дар натиҷа на зару зевар ба даст овардаву на чизи дигар. Чизе ки ба даст оварда, ин обрӯ, эҳтиром ва намунаи ибрат будан дар мисоли як инсони хоксор аст. Ба таъкиди ӯ инсон дар соҳаи хеш ҳаргиз бояд хастагиро эҳсос нанамояд. Барои омӯзгори хуб гардидан, шахс
Фидоии касби хеш буд, ба зиндагии ӯву хонаводааш. Ӯ дар тарбияи модар монда, меҳри модарӣ ва ҳам меҳри падариро аз ӯ мегирифт. Модар дар синни ҳафтсолагӣ ӯро ба мактаби ҳаштсолаи ибтидоии №31 супорид. Ӯ ҳашт сол дар он ҷо таълиму тарбия гирифта, соли 1953 ин мактабро бо баҳои хубу аъло хатм менамояд. Пас аз хатми мактаби миёна се сол ба кори истеҳсолот машғул гардида, сипас ба мактаб-интернати Шаҳринав баҳри идомаи таҳсил меравад ва пас аз хатми он ба шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи педагогии Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил гардида, онро бо муваффақият ба анҷом мерасонад. Аз замони таҳсил дар мактаби миёна ва баъдан дар мактаби олӣ бештар ба мутолиаи китобҳои соҳавию бадеӣ пардохта, мақсади ягонаи худро, ки омӯзгор шудан буд, пурра месозад. Зеро ӯ яке аз омилҳои аслии интихоб намудани роҳи омӯзгориро дар муҳаббати беинтиҳо доштанаш ба китобу китобхонӣ медонад. Аз солҳои таҳсили 1966 -1967 аввал дар МТМУ №41 ва сипас ба МТМУ №31- и деҳаи Ҳофизкадаи шаҳри Ҳисор ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёт ба фаъолият шуруъ намуда, беш аз панҷоҳ сол дар соҳаи маориф кору фаъолияти назаррасу ибратбахш намудааст. Ҳангоми ба даргоҳи маърифат ворид гардидану ба ҳайси омӯзгор ба фаъолият шуруъ намудан, ӯро ҳадаф ин буда, ки ташналабони роҳи донишро то мадор дар тан аст, таълим дода, ба роҳи илму дониш роҳнамоӣ хоҳад кард. Ҳамин ҳадафи сидқӣ ва самимӣ ӯро сол то сол нерӯмандтар менамуд. Талошро дӯст медошту доим пайи ҷустуҷӯ буд. Аз он хотир ӯ бештар кунҷкобӣ менамуд, то дар пешааш роҳу равишҳои хубтару
беҳтар омӯхтани донишро ба шогирдон дарёбаду дар ин самт зина ба зина рушд намояд. Солҳо сипарӣ мегардиданду ӯ пешаашро ва пешааш ӯро мустаҳкамтар доштаву ба ҳам бештар ширеш мешуданд. Ба ибораи халқӣ, ки “дарахт дар як ҷо месазад” ӯ низ дар як ҷо боқӣ монду баробари гузаштани солҳо маҳорату малака ва истеъдодаш густариш ёфтаву дар дилу дидаи шогирдон ва аҳли коллектив ҷо гардид. Ҳамин меҳнати софдилона ва содиқонааш буд, ки дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар, аниқтараш соли 1993, барои хизматҳои шоистааш дар соҳаи маориф бо нишони “Аълочии маорифи халқ” қадрдонӣ гардидаву худ аз ин қадршиносӣ рӯҳу илҳоми дучанд гирифта, боз ҳам ҷиддитар ба фаъолият машғул гардид. Муҳаммадӣ Ғуломов омӯзгори пуртаҷриба айни ҳол дар синни нафақа қарор дорад. Суҳбати мо бо устод аз аҳволпурсӣ ва бо чӣ кор машғул буданашон оғоз гардид. Ӯ пас аз каме андеша намудан, бо чеҳраи хандону хушнудона чунин посух доданд: “Хубам ва хушбахтам, ки умри худро сарфи роҳе сохтам, ки ҳамеша роҳнамои шогирдон ба роҳи илму дониш буду то имрӯз садҳо шогирдонро тарбия намуда, дар замирашон муҳаббати дониш андӯхтанро ҷо намудам.” Чун суҳбат атрофи хотироту чи гуна сипарӣ гардидани ин ҳама солҳои заррини фаъолияти устод мерафт, ӯ аксҳои дар солҳои гуногун бардоштаашро аз дафтари расмҳояш гирифта, ҳар якеро нишон медоду бо завқ ба кадом муносибат гирифтани онро ва дар расм кӣ будани нафаронро шарҳу тавзеҳ медод. Аз дидани ҳар расми даврони ҷавониву замони фаъолияти омӯзгорӣ ва сафарҳои гуногунаш ба минтақаҳои гуногуни кишвару хориҷ аз он чеҳрааш аз шодӣ мешукуфту ожангҳои рӯяш бештар намудор мегардиданд.
бояд пайваста худомӯзӣ намояд. Худомӯзӣ шахсро дар пешаи хеш муваффақ месозад. Омӯзгор бояд дар байни халқ шахси обруманду донишманд бошад. Дар баробари ин ӯ бояд шогирдонашро дӯст дораду нисбат ба онҳо боэҳтиром бошад, то шогирдон аз устод чизи хуберо омӯзанд. “Албатта дар як синф ҳамаи хонандаҳо баробар нестанд. Аз миёни 25 хонанда панҷ нафараш ҳатман хониши хуб надоранду баҳои хуб намегиранд. Омӯзгор бояд кӯшиш намояд, ки ҳамон панҷ хонандаи сустхон ҳадди ақал ба хонандаҳои миёна баробар шаванду чизеро омӯзанд. Ҳамаи ин аз худи омӯзгор вобастагӣ дорад. Маҳорат, малака ва кунҷкобу сермутолиа будан, ҳамеша ба омӯзгор дар раванди таълим кӯмакрасон аст. Омӯзгор ки чунин хислатҳоро доро бошад, пас ӯ шогирдони хуберо таълим додаву ба камол мерасонад. Ман ҳамеша ашъори бузургонро мутолиа мекардаму доим аз гуфтаҳои пурмаънои онҳо дурдонаҳои арзишмандро ба худ мегирифтам, ки ҳар яке аз онҳо дарси хубе буданд, барои омӯзгори хуб гардидан”, - иброз медорад Муҳаммадӣ Ғуломов. Ӯ низ чун омӯзгори собиқадор аз он хушнуд аст, ки ҳар сол дар ибтидои моҳи октябр Рӯзи муаллимон қайд мегардад, ки ин як туҳфаи хубест ба маорифчиёни кишвар. “Аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорам, ки ба соҳаи маориф ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, - афзуд М.Ғуломов. – Хизматҳои омӯзгоронро давлату Ҳукумати кишвар ба назар гирифта, ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун иди омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Дар чунин рӯз гарчанде дар нафақа ҳам бошам, ба мактаб рафта, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, ба онҳо доир ба нақш ва масъулияти баланди омӯзгор суҳбат менамоям. Мо ҳама омӯзгорон аз Пешвои миллат миннатдорем, ки рӯзи
9 омӯзгорон қайд карда мешавад ва ҳамаи омӯзгорон бояд ҷавобан ба ин ҳама дастгирӣ ва ғамхориҳо софдилонаю содиқона фаъолият намоянду дар рушди малакаи зеҳнии наврасону ҷавонон саҳми худро гузоранд”. Дар рафти суҳбат аён гардид, ки устод бештари вақти холии хешро бо хондани рӯзномаву маҷалла ва китобҳои бадеӣ гузаронида, ҳар лаҳзаи умри худро самаранок истифода менамоянд. Имрӯз дар соҳаи маориф омӯзгорони ҷавон хеле зиёданд. Чун аз устод доир ба ҷавонони шавқманди пешаи омӯзгорӣ суол кардем, гуфт: “Ҷавононе, ки пешаи омӯзгориро интихоб менамоянд, тавсияи ман ҳамчун собиқадори соҳа ин аст, ки пеш аз ҳама онҳо бояд сидқан омӯзанд. Худомӯзӣ намоянд. Агар онҳо содиқона наомӯзанд, омӯзгори хуб шуда наметавонанд. Инчунин бояд китобҳои бадеӣ хонанд. Хондани китобҳои бадеӣ бениҳоят манфиатнок аст. Чунки инсон тавассути мутолиаи китобҳои бадеӣ суханрониро меомӯзад, одобу рафтори хуб ва ҳурмату эҳтироми калонсолонро аз худ менамояд. Китоб рафиқи меҳрубони инсон буда, он инсонро тарбия менамояд. Инчунин ҷавонон бояд ҷиҳати ҳалли ин ё он мушкилӣ бо бузургсолон маслиҳат намоянд ва маслиҳат гиранд. Ин ҳама барои мутахассис гардидан манфиатнок хоҳад буд”. Аз суҳбати устод ҳаминро дарк намудам, ки дар воқеъ фидоии касби худ буда, умри хешро сидқан фидои роҳи маърифатомӯз намудааст. Чун оромтабиату дурандеш ва дорои шогирдони зиёдест, ки ҳар яке дар соҳае муваффақу комёбанд. Ҳамин гуна хислатҳои неки инсонияш боис гардида, ки ҳар яке аз шогирдон ҳангоми дидораш ташаккур мегӯянд, ки барояшон дониш омӯхтаву роҳи дурусти ҳаётро нишон додааст. Пурсиши интиҳобахши суҳбати мо бо устод Муҳаммадӣ Ғуломов ин буд, ки ҷавонон дар пешрафти меҳан чӣ нақш дошта метавонанд. Устод бо самимият чунин посух доданд: “Ҷавонон бояд ҷавониро ҳадафмандона сипарӣ намоянд. Зеро кулли муваффақияти инсон маҳз аз ҳамин айём сарчашма мегирад. Ҷавонон бояд касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзанду мутахассис гарданд. Ояндаи кишвар дар дасти онҳост. Имрӯз барои он ки як ҷавон хонаду мутахассис гардад, кулли имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ватани худро дӯст доранду ба қадри ин ҳама ободонию пешрафт бирасанд, хубтару беҳтар омӯзанду мутахассис гарданд ва дар рушду пешрафти Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳмгузор бошанд”. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
10
САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО
Зиёд мушоҳида мегардад, ки солҳои охир дар кишвар бемориҳои сироятӣ (гепотити В ва С, СПИД) доман паҳн карда, шумораи гирифторони ин беморӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Бемориҳои мазкур тамоми ҷомеаро нигарон намуда, макони аслии беморӣ ин беморхона, дармонгоҳи стоматологӣ ва кошонаи ҳусн мебошад. Чун беморӣ метавонад аз беаҳамиятии табибон, дандонпизишкон ва сартарошон паҳн гардад. Мавзӯи саломатӣ ва дастрасии мардум ба тибби босифат, бо вуҷуди тадбирҳои зиёде, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои соҳаи тиб роҳандозӣ мегарданд, ҳанӯз ҳам аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондааст. Масъалаи мазкур нигаронкунанда буда, ахиран Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз он интиқод карданд. Президент рӯзи 1-уми сентябр дар суҳбат бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ба мақомот пешниҳод кард, ки кормандони корхонаҳои мазкур, ки боиси сирояти сокинон мегарданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда ва масъалаи мазкур ҳар чи зудтар ба Кодекси ҷиноӣ ворид гардад. Тавре Президент дар суҳбаташон қайд карданд, “дар аксар муассисаҳои хусусии табобати дандон меъёрҳои соҳаи тандурустӣ риоя намешавад. Қисми зиёди утоқу таҷҳизоти онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқат намекунад. Чунин вазъ боиси ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамоне мегардад, ки ба чунин муассисаҳо муроҷиат мекунанд”. Баъди суханронии Пешвои миллат дар паи санҷиш чаҳор дармонгоҳи дандонпизшкӣ, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набу-
Духтурони аъмо ва халқи бепарво
данд, мақомот ба дари онҳо муҳр заданд ва санҷиш аз болои онҳо идома дорад. Тибқи иттилои расмӣ имрӯз дар кишвар 579 дармонгоҳи дандон фаъолият доранд, ки 250 –тои онҳо дармонгоҳи хусусӣ мебошанд. Дар давоми соли гузашта дар ҷумҳурӣ 22 муассисаи дандонпизишкӣ барои риоя нашудани меъёрҳои санитарӣ баста шуда буд. Тавре мушоҳида мегардад имрӯз шумори ин дармонгоҳҳо афзуда онҳо яке аз муассисаҳои “сердаромад” ба шумор мераванд. Вале дар баробари зиёд гардидани дармонгоҳҳои стоматологӣ баъзан меъёрҳои тиббӣ ба талабот ҷавобгӯ набуда, нархномаи хизматрасонӣ муштариёнро қонеъ намегардонад. Ба гуфтаи бархе аз беморон гарчанде сатҳи хизматрасонӣ ва таҷҳизоти тиббӣ дар бештари дармонгоҳҳои стоматологӣ дар сатҳи хуб қарор дошта бошад ҳам, табобати дандон хеле нархи гарон дорад. Имрӯз масъалаи нархҳои гарон доштани марказҳои дандонпизишкӣ аз умдатарин масъалаҳоест, ки ҳамеша атрофаш ҷомеа ақидаҳои гуногун дораду таъкид месозанд, ки дар бисёр маврид бо вуҷуди нархи гарон доштан баъзеи онҳо талаботи гигиениро риоя намекунанд. Дар натиҷа корафтодагон пас аз муолиҷа ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд. Суҳроб Камолов, ҳамсуҳбатамон, низ аз гарон будани нархи хизматрасонӣ дар дармонгоҳи стоматологӣ шиква
намуда мегӯяд, ки вақте як нафарро дандонаш ба дард меояд, ӯ бештар на барои он ки як узви баданаш дучори беморӣ шудааст ғамгин аст, балки барои он нигарон мешавад, ки чи тавр бо нархи гарони осмонӣ–и муассисаҳои стоматологӣ дандонашро табобат намояд. Ва бештари маврид дарди дандонро тоқат намуда, аз рафтан ба ин муассисаро даст мекашад. Номбурда илова мекунад, ки бо гарон будани нархи табобат имкон аст “бемор барояш бемории сангинтаре бихарад”. Тавре маълум аст, пеш аз табобат дар дармонгоҳи дандон бемор бояд бо худ маълумотномаи тиббӣ дар бораи бемориҳои сироятӣ дошта бошад. Аммо имрӯз мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари маврид табибон аз беморон маълумотномае дар бораи бемории сироятӣ надоштанашон талаб намекунанд. Худи беморон низ ин паҳлӯи масъаларо ҷиддӣ нагирифта беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Сабаби хунукназарона рафтор намудани масъулони соҳаи тиб ва маризонро коршиносон ба ҳар навъ баҳо медиҳанд. Иддае дар ин масъала корафтодаро гунаҳгор кунад, гурӯҳи дигар табибонро айбдор месозанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари гирифторони бемории гепатити В ва С дар сироят ёфтанашон табибонро гунаҳгор мекунанд. Шуҳрат низ аз нафароне мебошад, ки гирифтори бемории гепатити В буда, баъди се моҳи дарди ҷигар ва супоридани хун
беморияшро муайян кард. Аммо номбурда то ҳол макони сироят ёфтанашро намедонад, ки аз дандонпизишкӣ сироят ёфт ё сартарошхона. Ҳоло бошад дар беморхонаи бемориҳои сироятии ҷумҳурӣ ба қайд гузошта шуда, ҳар се ё шаш моҳ аз ташхиси духтур мегузарад. Ӯ хеле таассуф хурад, ки пеш аз табобат аз ташхиси духтур нагузашт ва маълумотномаи тиббӣ ҳамроҳ надошт. Бархе дигари сокинон бар онанд, ки дар дармонгоҳҳои стоматологии давлатӣ бемор то маълумотномаи тиббӣ пешниҳод накунад, барои табобат роҳхат намегиранд. Аммо хуб мешуд, дар ҳар дармонгоҳи стоматологӣ утоқи махсус барои ташхиси бемориҳои сироятӣ таъсис дода, барои беморон ройгон хизмат мекард. Чун супоридани хун барои бемориҳои сирояти 40-50 сомониро ташкил медиҳад, ки на ҳама онро метавон супорид. Агар ин амал дар муассисаҳои мазкур ташкил карда шавад, ҳам беморон саргардон намешаванд ва ҳам табиб бо гирифтани маълумот кори худро дар сатҳи аъло анҷом медиҳад. Ва на бемор табибро ва на табиб беморро дар бемории сироятӣ доштанаш гунаҳгор месозад. Тибқи иттилоъ, имрӯз дар ҷаҳон гирифторони бемории гепатити В ва С 325 миллион нафарро ташкил медиҳанд, ки манбаи асосии саратони ҷигар мебошад. Ва ҳар сол дар ҷаҳон 1,34 миллион нафар аз бемории мазкур вафот мекунанд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018 Духтурони соҳа низ мегӯянд, ки бемории гепатити В ва С бештари маврид дар дармонгоҳҳо бо супоридани як таҳлили хун муайян мегардад. Гепатити С ва В хатарнок буда дар ҳолати сари вақт табобат накардан ҷигарро дар муддати кӯтоҳ аз кор мебарорад ва инсонро ба вайроншавии ҷигар гирифтор мекунад. Ин ду намуд гепатитҳо ба хун, бо роҳи таносул (на ҳама вақт) аз бемор ба одами солим мегузарад, ки сабабҳои асосии он табобати дандон, ҷарроҳӣ ё дигар усулҳои табобат ё омехташавии хуни бемор ба хуни одами солим аст. Инчунин аз истифодабарии асбобҳои тоза танзиф нашуда ё такроран истифодабарии асбобҳои яккарата ба амал меояд. Ду омили асосӣ метавонанд ба ин сабаб шаванд: аввал беаҳамиятӣ ё хуб надонистани танзифи асбобҳои тиббӣ аз тарафи кормандони тиб, дуввум, набудани шароит, асбобҳои яккарата ва маводҳои танзифӣ дар табобатгоҳҳо. Имконпазир аст, ки ин масъала ҳалли худро пайдо кунад, чун борҳо сари ин мушкил гуфтанду дари чандин дармонгоҳҳои дандонро бастанд. Вале масъулон баъзан дар ин масъала саҳлангорӣ намуда, ба чашмашон гӯё хок пошида бошанд, ки бо ба талабот ҷавобгӯ набудани дармонгоҳ фаъолият мекарданду солимии ҷомеаро фаромӯш. Шояд ҳамин паҳлӯи масъала бошад, ки ахиран Президент низ фаъолияти ин дармонгоҳҳоро маҳкум кард. Итминон аст, ки баъди суханронии Президент масъулон ҷиддӣ кор гирифта, ҳам паҳлӯи гегиенӣ, маблағгузорӣ ва ташхиси тиббиро дуруст ба роҳ монда, солимии ҷомеаро дар маддӣ аввал мегузоранд. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018 Дар асл он на тиллоӣ, балки танҳо сурх аст. Аз маконҳои тамошобобест, ки дар резишгоҳи уқёнуси Ором ба халиҷи Сан-Франсиско воқеъ гардидааст. Ин иншооти азим солҳои 1933 - 1937 бунёд ёфта, он замон аз пулҳои бузургтарини ҷаҳон маҳсуб меёфт. СОХТМОН “Дарвозаи тиллоӣ” кӯпруки овезон ё муаллақ буда, нимҷазира ва шаҳри Сан-Франсискоро бо қисмати қитъагии Калифорния мепайвандад. Нақшаи бунёди ин кӯпрук ҳанӯз дар асри 19 тарҳрезӣ шуда буд. Батадриҷ афзоиш ёфтани аҳолии Сан-Франсиско ва густариши босуръати шаҳр зарурати бунёди боз як роҳи нақлиётиро миёни минтақаҳои шимолии Калифорния ба миён овард. Он замон “Дарвозаи тиллоӣ” - ро танҳо аз гузора убур кардан имкон дошту халос. Пешниҳоди расмӣ доир ба сохтмони он соли 1916 дар рӯзномаи San Francisco Bulletin ба нашр расид. Аз лиҳози муҳандисӣ амалисозии ин лоиҳа кори саҳлу осон набуд. Чун он бояд бо дарназардошти умқи халиҷҳо, маҷроҳои бузурги уқёнус, ки ҳини мадду ҷазр ба миён меомаданд, инчунин хавфу хатарҳои сейсмикӣ (заминларзаҳо) дар маҳал бунёд мегардид. Оқибат сохтмони иншоот 5 январи соли 1933 оғоз ёфт. Сохтмон дар шароити хеле мураккаб ҷараён дошт. Барои бехатарии коргарон дар зери кӯпруки сохташаванда тӯри махсуси симин кашида шуда буд, вале бо вуҷуди ин ҳини иҷрои корҳои сохтмонӣ 11 нафар ҳалок гардид. Гузоштани таҳкурсиҳои азими зериобӣ заҳмати зиёдеро талаб мекард. 27 майи соли 1937 президенти вақти Амрико Франклин Рузвелт тавассути телеграф ҳаракати пиёдагардонро ба воситаи кӯпруки “Дарвозаи тиллоӣ” кушод ва рӯзи дигар нахустин автомобилҳо дар ин роҳ ҳаракат намуданд.
27 СЕНТЯБР – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ КАЛОНТАРИН КӮПРУКИ МУАЛЛАҚ Дарозии кӯпруки дар гулӯгоҳи “Дарвозаи тиллоӣ” бунёдгардида 2 737 метрро ташкил медиҳад, дарозии қисмати овезони он бошад, 1 966 метр аст. Паҳноии кӯпрук – 27 метр, баландии пояҳои он – 227 метр, баландии қисмати марказии кӯпрук аз сатҳи об – тақрибан 67 метр мебошад. Қутри ҳар яке аз ду симтанобҳои асосӣ 92 см (онҳо аз 27572 риштаҳои пӯлодини қутрашон 4,9 миллиметраи руҳ давондашуда тофта
штати Ню-Йорк соҳиб гардид. Ҳаракат дар болои ин кӯпрук тавассути 6 хати автомобилӣ ба роҳ монда шудааст. Вобаста аз мавсими сол миқдори хатҳо барои ҳаракат ба самтҳои мухталиф тағйир меёбад. Қад-қади хатҳои автомобилӣ метавон кӯпрукро пиёда ва ё тавассути велосипед убур намуд, ки ин куллан ройгон аст. ХАТАРҲО Барои пешгирӣ аз зангзании металл кӯпрук аз рӯзи аввал бо
да шуд. Иншоот имтиҳони зиёдеро паси сар намудааст. Соли 1951, ҳангоми тӯфон, вақте суръати бод зиёда аз 110 км/соатро дар бар гирифт, қисмати овезони он сохти худро тағйир дода, то масофаи 7,5 метр лағжид, ки баъди он кӯпрук таъмир карда шуд. Инчунин солҳои 1982-1983 аз сабаби шамоли сахт як муддати муайян кӯпрукро бастанд. Ба бехатарии иншоот заминларза хавфи бештаре эҷод карда метавонад. Чун он дар мавзеи
шудаанд). Баъди ҳар 15 метр 250 ҷуфтӣ симтанобҳои амудӣ баста шудаанд. Ин иншоот дар лаҳзаи кушодашавӣ кӯпруки муаллақи калонтарини дунё эътироф гардида буд. Танҳо дар соли 1964 ин рекордро кӯпруки Верразино дар
ранги сурхи баланд ранг карда шуд. Ин моддаҳои рангкунанда дар таркиби худ қурғошим доштанд. Баъдтар бо мақсади кам намудани шумораи худкушиҳо аз тӯрҳои пӯлодин истифода намуданд. Кӯпрук дар тули мавҷудияти худ борҳо навсозӣ ва тармим кар-
кӯҳдоман ва тарқишҳои тектоникӣ бунёд ёфтааст. Кӯпрук соли 1989 чунин як имтиҳони бузурге, яъне заминларзаи шадиди 7,1 балларо паси сар намуд, вале хушбахтона осебе надид. Соли 1985 автомобили миллиардум аз болои кӯпрук ҳаракат на-
Дарвозаи тиллоӣ
Омили муҳими иҷтимоӣ Дар асри ХХ1 сайёҳӣ ба падидаи муҳиме табдил ёфта, дар иқтисодиёти ҳар як кишвар мақоми хос дорад. Боиси хурсандист, ки ба шарофати сулҳу субот кишварамон дар қатори дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар самти сайёҳӣ низ тӯли солҳои охир ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Воқеан сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, дар шароити ҷаҳонишавӣ мавқеи устуворро касб намудааст. Имрӯз ҳазорон сайёҳон аз як кишвар ба кишвари дигар ба сайру саёҳат мераванд. Мақсади ҳар як сайёҳ аз сафар, албатта дар навбати аввал истироҳат, беҳтар кардани
саломатӣ, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинист. Дар ин раванд кишварҳое чун Фаронса, Олмон, Туркия, Швейтсария, Австралия, Ҳиндустон, Кипр тавонистанд, худро ҳамчун макони сайру сайёҳӣ муаррифӣ намоянд. Қисми зиёди даромади ин кишварҳо маҳз аз ҳисоби сайёҳист. Беҳуда нест, ки соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳои Аврупо аз тарафи давлат ҳаматарафа дастгирӣ меёбад. Боиси хурсандист, ки ҳудуди Тоҷикистон аз қадим дар шоҳроҳи Абрешим ҷой гирифта буд, ки он ба тиҷорати байналмилалӣ ва дар ин радиф ба мубодилаи фарҳангии халқҳо таъсири амиқ боқӣ гузоштааст. Аз
ҷониби дигар, Тоҷикистони офтобрӯяву кӯҳсори мо бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, кӯҳҳои осмонбӯс ва боғҳои дилрабо аз қадим дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Воқеан мардуми Тоҷикистон аз азал табиатан меҳмоннавозанд ва бо ин хислати бузурги худ дар ҷаҳон овозадору машҳур гаштаанд, ки бешубҳа он як омили муҳими рушди сайёҳист. Тавре шоҳидем, бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина ба шарофати татбиқи мунтазами сиёсати дарҳои кушод ва ба амал баровардани ислоҳоти бозорӣ, дар ҷумҳурӣ айни замон хизматрасонии бозори сайёҳӣ ба вуҷуд омад ва дар қатори дигар соҳаҳо, соҳаи сайёҳӣ тадриҷан рушд мёбад. Муҳимтар аз ҳама, роҳу воситаҳои рушди сайёҳӣ бо истифода
11
муд. Соли 1987 (вақте 50-солагии кушодашавии он ҷашн гирифта мешуд), зиёда аз 300 ҳазор нафар одамон тавассути он ҳаракат намуданд. Ҳамасола тавассути ин кӯпрук қариб 112 ҳазор воситаҳои нақлиётӣ ҳаракат мекунанд. Соли 1968 гузаштан аз болои кӯпрук ба самти Сан-Франсиско пулакӣ шуд. ДАРВОЗАИ ТИЛЛОӢ – ВАРАҚАИ БОЗДИДИ ШАҲР Кӯпруки “Дарвозаи тиллоӣ” на танҳо яке аз шоҳроҳҳои асосии нақлиётии Калифорния, балки яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва хеле тамошобоб маҳсуб меёбад. Ҳамасола зиёда аз 10 миллион сайёҳон аз ин мавзеъ дидан менамоянд. Ин кӯпрукро варақаи боздиди на танҳо мавзеи Сан-Франсиско, балки тамоми штати Калифорния меноманд. Он ҳамчун яке аз 7 муъҷизаҳои олам эътироф гардида, дар масофаи 5 км тӯл кашидааст. Тамошои ин иншооти аҷиб ба кас таассуроти мондагоре мебахшад. Кӯпрукро субҳгоҳон дар ҳавои софу беғубор ба пуррагӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Ин лаҳзаҳо ҳар як болор ва ҳалқаҳои он, ҳар як кунҷу канор ва тамоми сохти иншоот зери шуои офтоб бо ранги норанҷии баланд медурахшад. Ҳангоми ғуруби офтоб абрҳо чунон паст шино мекунанд, ки қисмати болоии кӯпрук якҷоя бо хокрезаи роҳ нопадид мегарданд ва ба назар чунин мерасад, ки ҳамин замон пояҳои он аз об канда шудаву оҳиста ба осмон парвоз мекунанд. Аҷибаш ин аст, ки дар чунин ҳолат танҳо қисмати поёнии иншоотро мушоҳида кардан мумкин асту халос. Ин хеле манзараи ҷолибу асрорангез аст. Гӯё абрҳои ғализ ба нуки кӯпрук часпидаву дар болои халиҷ овезон шудаанд. Шабона бошад, он бо рангҳои гуногун, мисли наварӯсе дар пироҳани идона ҷило дода, манзараи ҷолибтареро пеши назар падидор месозад. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, ҶТ
аз имкониятҳои васеи мавҷудаи кишварамон мавҷуд аст. Умуман Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ҳамаи шаҳрвандони кишварамонро барои боз ҳам бештар дӯст доштани Ватани биҳиштосоямон, ифтихор аз таъриху фарҳанги кишвар, ҳифз кардани табиати нотакрори Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои наҷиби ниёгон даъват менамояд. Вақте ки Тоҷикистони моро натанҳо сокинонаш, балки меҳмонони аз кунҷу канори сайёра омада, бо муҳаббат «сарзамини биҳиштосо» меноманд, бешубҳа меҳри он дар вуҷудамон дучанд мегардад. Фотима ШАРИФОВА, донишҷӯи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе
12 (Идома аз шумораи гузашта) Аз ин ҷо роҳ ба пастхамии дуоба мебарад. Мо чун аз ин ҷо поин шудем, дар роҳ чанг хест: чӯпонҳо рамаро барои обдиҳӣ ба сӯи дарёи Сарбин ронданд. Дарё камобу ҳамвор аст, бузу гӯсфандон бемалол аз он ба соҳили рост гузашта, чаро мекунанд. Мо соати 9.00 дар дуобаи дарёи Сарбин ва шохоби он - дарёи Каҷоба, ки як ҷӯй об дошт, барои истироҳати кӯтоҳе истодем. Ман ба педиометри телефонам назар кардам, аз субҳ 5, 4 км ҳаракат карда будем. Қад-қади дарёи Каҷоба пайраҳа ба шимолу шарқ, ба болои кӯҳ мебарад. Ба гуфти чӯпонҳое, ки он ҷо рама мечаронанд, дар ду соат аз дуобаи Сарбину Каҷоба метавон ба болои ағба баромад. Он ҷо манзараҳои зебои марғзори алпӣ мавҷуд аст. Мегӯянд, ки агар имрӯз гӯсфандон чаро кунанд, боз пагоҳ алафҳо аз нав сабз мешаванд. Баъди 10 дақиқаи истироҳат мо боз ба роҳ баромадем. Роҳ акнун қад-қади дарёи Сарбин ба баландӣ мебарад. Мо бо роҳи мошингард тақрибан 500 метр ҳаракат кардем. Ин ҷо роҳ дарёи Сарбинро ба самти ҷануб убур карда, ба кӯҳи Заҳргоҳ мебарад. Роҳ ба боло рафта, нисбатан мушкилҳаракат мешавад. Аз роҳравӣ ману Алишер нафастанг мешавем ва баъди ҳар дусад-сесад метр дар соя андаке дам мегирем. Дар шимоли мо ағбаи Чароғмазор ба назар мерасад. Мо оҳиста-оҳиста ба боло ҳаракат мекунем ва ба хамгаште тоб мехӯрем. Ин ҷо роҳ аз сангрезаву шағал иборат, аст, ки ба по мезанад. Ниҳоят баъди тақрибан 500 метр роҳ ба охир мерасад. Булдозер ин ҷо ба харсангҳо расида, дигар роҳ накандааст. Ба педиаметр назар мекунам: аз субҳ 9,1 км ҳаракат кардаем. Яъне аз аз даромадгоҳи дараи Сарбин то ин ҷо тақрибан 13 км роҳи мошингард мавҷуд аст. Албатта, шартан онро роҳи мошингард меномем, зеро дар он ба ҳолати мавҷудааш ҳаракат кардани нақлиёт ғайриимкон аст. Агар роҳро васеъ ва тахту ҳамвор накунанд, мошинҳои боркаши «КАМАЗ» ва «Дулан» наметавонанд, то ба охири роҳ расанд. Аз ин ҷо дар ағбаи Сутункамар ва Чароғмазор конҳои ангишт ба назар мерасанд, ки метавон ба таври кушода мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Акнун маълум шуд, ки ин роҳро барои истифодаи кони ангишт сохтаанд. Мо ба пайроҳа роҳамонро идома медиҳем ва соати 12.00 баъди тақрибан 1,1 км ҳаракат кардан бо пайраҳа ба саргаҳи дарёи Сарбин, остонаи ағбаи Сутункамар (2750 м.) мерасем. Ин ҷо қариб, ки дарахте ба назар намерасад. Аз субҳ мо 10,2 км ҳаракат кардем. Қурбон гӯшт реза мекард. Маъруф ба оташдон алов мемонд. Ман сари роҳ гулхани сӯхтаро дидам. Чанд кундаи насӯхта он ҷо меистод. Ман якеро бо худ гирифтам.
ДИЁРИ ЗЕБОИ МО Дар ин мавзеъ ҳезум ёфтан хеле мушкил аст. Зеро ба ғайр аз пояи камол дигар на дарахте ҳасту на буттае. Ман ба шариконам расида, мӯзаамро аз пой кашидам ва ба онҳо дар пухтани таом кумак кардам. Ниҳоят хӯроки мо омода шуд. Чойро аллакай дам карда буданд. Сари дастархон барои тановули хӯроки нисфирӯзӣ нишастем. Саросема хӯрок хӯрда, соати 13 ба роҳ баромадем. Моро роҳи сангину хавфнок ва душворгузар дар пеш аст. АҒБАИ СУТУНКАМАР Аз ин ҷо бо ду роҳ ба Пашми Куҳна рафтан мумкин аст. Роҳи
чашм мерасанд. Дар водии Яхоб ягон дарахту бутта, ба ғайр аз пояҳои камол нест. Танҳо арчазор ва баъан зарбеду фарк дар ағбаи Ҳазорхона мерӯяд. Роҳи мазкурро бинобар манзараи якранг доштанаш дарозу дилгиркунанда меноманд, ки дар асл баъд маълумамон гашт, нисбат ба роҳи дараи Харкуш 1 км наздиктар ва осонгузар аст. Мо роҳи аввалро интихоб кардем ва ба шимол то чоряки кӯҳ баромада, аз назди қӯтани тобистонаи гӯсфандон ба шарқ тоб хӯрдем. Ин ҷо сагони рама аккосзанон моро огоҳ мекарданд, ки ба
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
Воқеан ҳам, роҳ ба болои ағба хеле вазнин буд. Аввалан, пайраҳаи асосиро аз пайраҳаи бузгузар ҷудо кардан хеле мушкил аст. Зеро рама ин ҷо чаро карда бузу гӯсфандон бо пайраҳаҳои гуногун гаштаанд, ки аксаран ба бунбаст ё шахи касногузар мебаранд. БОҒИ МИЛЛИИ ШИРКЕНТ Бо як азобу машаққат ба болои ағба расидем. Аз ин ҷо мо ба ҳудуди Боғи миллии Ширкент ворид мешавем. Боғи миллии Ширкент мавзеи таърихиву табиӣ буда, Ҷовид МУҚИМ
Сайри саргаҳи дарёи Ширкент очерки сафарӣ
аввал аз шарқ тавассути ағбаи Сутункамар ба дараи Харкуш ва ба дуобаи дарёи Ширкент бо шохобаш, ки аз дараи Харкуш мерезад, мебарад. Аз ин ҷо бо соҳили дарёи Ширкент то ба поёни деҳаи Пашми Куҳна (ҷануби деҳа) пайроҳа ба масофаи 4,5 км тӯл кашидааст. Роҳи мазкур аксаран, ба ғайр аз фаромадан аз ағбаи Сутункамар дарахтзор буда, нисбатан зебо аст. Роҳи дуввум, ба шимол, ба болои ағбаи Чароғмазор аст. Аз он ҷо ба водии дарёи Яхоб баромада, ба ҷануб тавассути ағбаи Ҳазорхона ба нишебӣ, ба деҳаи Пашми Куҳна метавон рафт. Ин роҳ шуруъ аз ағбаи Чароғмазор қариб, ки дарахт надорад. Аҳёнаҳён дар дуриҳо арчаҳои якка ба
гӯсфандон наздик нашавем. Аккоси сагонро шунида, чӯпони ҷавоне аз хайма (қӯш) баромада, назди мо, ки беҳаракат истода будем, омад. Ӯ бо мо салому ҳолпурсӣ карда, ба як пиёла чой ба хаймаи чӯпонӣ даъват кард. Мо, ки нав хӯрок хӯрда будем, ин илтифоти ӯро эҳтиромона рад кардем. Аз суҳбат бо ӯ маълум шуд, ки вай дар вақти таътил ба бобояш кумак мекардааст. Бобояш, марди 65-70 сола айни замон дар хамгашти назди чашма таҳорат мекард, то ки намози пешин хонад. Ин ҷавони донишҷӯ, ки бо тоҷикӣ хуб ҳарф мезад, аз ӯзбекони деҳоти шаҳри Турсунзода буд. Ӯ моро то пайраҳае, ки болои ағба мебурд, роҳбаладӣ кард, то ки сагон ҳуҷум накунанд.
21 майи соли 1991 бо қарори Кумитаи иҷроияи шаҳри Турсунзода ва баъдан, 12 сентябри соли 1993 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи генофонди олами набототу ҳайвоноти минтақа ва ташкили сайёҳии экологӣ таъсис ёфтааст. Он дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар ҳавзаи дарёи Ширкент дар масоҳати 3 ҳазор гектар доман паҳн кардааст. Сарҳади шимолии он бо қуллаи Мачиталӣ, дар Ғарб обтақсимкунаки дарёи Оби Заранг (Ӯзбекистон) ва дар Шарқ дарёи Қаратоғ маҳдуд мешавад. Сарҳади ҷанубии боғи миллӣ аз наздикии деҳаи Ширкент, аниқтараш харобаҳои деҳаи Қирғизқишлоқ мегузарад. Дар қисми шимолии боғ деҳаи Пашми
Куҳна ҷойгир аст. Дар се мавзеи Боғи миллии Ширкент беш аз 400 изи пои динозаврҳои азимҷусса дар сангҳо боқӣ мондааст, ки таърихи 160-140 миллион сол доранд. Ҳамчунин дар ин ҷо 10 бошишгоҳи одамони ибтидоӣ дар давраҳои палеолити миёна то неолит ёфт шудаанд. Беҳтарин вақти сафар ба Боғи миллии Ширкент аз миёнаи моҳи апрел то миёнаи моҳи июн аст. Зеро дар ин вақт табиат хурраму зебо аст ва чорво сабзаву рустаниҳоро начаридааст. Воқеан, мо ҳам мушоҳида кардем, ки дар кӯҳ чорвои хонагӣ хеле зиёд аст. Рамаву подаҳо чарида заминро лайс кардаанд. Намедонам, ки баъди чанд соли дигар рустание дар ин кӯҳсор месабзида бошад. Ман манзараҳоро аксбардорӣ карда, ақиб мондам. Вақте болои ағба расидам, шариконам ба назар наменамуданд. Пайраҳае ба чап, ба кӯҳи Заҳргоҳ (3489 м.) мебурд. Ман бо он тақрибан 50 қадам гузоштам ва дар роҳ пайи кроссовкиро дидам, ки ба пайи пойафзоли Алишер монанд буд. Вале дар пеш касе наменамуд. Ман андаке истодам ва беихтиёр ба қафо, ба шимолу шарқ нигаристам. Шариконам аз дур хеле хурд менамуданд. Алишер тақрибан 100 метр ақибтар аз паси онҳо базӯр ҳаракат мекард. Ман раҳгум заданамро фаҳмида, ба пас баргаштам. Дар роҳе, ки шариконам ҳаракат мекарданд, осори пайраҳа набуд, зеро роҳ тақрибан 500 метр аз болои харсанг ва рег гузашта, дар он пай намемонд. Хуллас, агар шахс қаблан аз ин роҳ нагузашта бошад, пайраҳаро ёфта наметавонад. Ман тахминӣ бо ин роҳ ҳаракат мекардам. Боэҳтиёт пой мегузоштам, зеро дар таг вартае аст, ки мумкин 200 - 300 метр бошад. Дар кӯҳ аслан бояд пой ба пой ҳаракат бикунӣ, то ки ба ҷарӣ сарозер нашавӣ. Махсусан, мавзеи регзор, ки нишеб буда, рост ба ҷарӣ мебарад, хеле хавфнок аст. Агар кас ба поён нигарад, чашмонаш сиёҳӣ мезанад. Ман чашмамро аз роҳ наканда, таёқро тиргак мемондам ва минтақаи хавфнокро мегузаштам. Дар ин пуштакӯҳ қариб, ки дарахт намерӯяд. Аҳён-аҳён арча ба назар мерасад. Баръакси ин дар кӯҳи рӯ-ба рӯ, ки дараи Харкуш мегӯянд, анбӯҳи дарахтон ба чашм мерасад. Аз кӯҳ фаромадан аз баромадан ба он мушкилтар аст, зеро вазни шахс ба пеш тела медиҳад ва ба зонуҳо зӯр меояд. Агар шахс вазни худро дошта натавонад, ба поён сарозер шуда, ҷароҳат мебардорад. Барои коҳиш додани суръати ҳаракат беҳтараш кӯҳро яктарафа ва каҷ фаромадан лозим аст. Барои ҳамин ҳам аз баландӣ рост намефароянд. Воқеан, барои наврасону ҷавонон, ки пойҳояшон чандиранд, кӯҳгардӣ нисбати калонсолон осонтар аст. Давом дорад
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
Дар таърихи 9-уми сентябри соли равон дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава роҳбарони ҷиноятпешаи ТТЭ ҲНИ ва баъзе афроду созмонҳои дигари зиддимиллӣ гӯё дар алоқамандӣ ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эътилофи якчанд ниҳодҳои ифротгаро ва худхонда бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” созмон дода шуд. Бояд гуфт, ки ТТЭ ҲНИ бо назардошти заъфи нерӯи худ таъсиси эътилофи нави тамоми гурӯҳҳои оппозитсиониро аллакай аз ибтидои соли 2016 ба нақша гирифта буду дар ин росто бо истифода аз тамоми иқтидор ва имконоти худ пайваста талош меварзид, аммо бинобар сабаби паймоншиканиҳои хеш дар мавриди фаъолияти ИНОТ, яъне эътилофи қаблан таъсисдодаи худ дигар натавониста буд, ки тамоми нерӯҳои дигарандеши тоҷикро зери чатри ягона ҷамъ оварад. Чанд моҳе пеш ТТЭ ҲНИ ва ба вижа роҳбари он М.Кабирӣ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамчун ташаббускори аслии таъсиси чунин эътилоф бо ирсоли даъватномаҳои бешумор хеле талош карда буд, ки дар нишасти банақшагирифтаи хеш теъдоди ҳар чӣ бештари тоҷикистониёни бурунмарзиро ҷамъ оварад ва дар ин замина эътилофи худро созмон диҳад, аммо бар хилофи интизориҳо ва саъйю талошҳои чандинмоҳаи Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бархе аз афроду ниҳодҳои мухолифандеши тоҷик на фақат дар ин ҳамоиш иштирок накарданд, балки расман мухолифати худро нисбат ба баргузории он нишаст ва ҳамчунин
E - MAIL: javonontj@mail.ru
Паймони миллӣ ва ё паймони паймоншиканон?
таъсиси дигарбораи ИНОТ изҳор доштанд. Маҳз ҳамин мавқеъгирии устувору мушаххаси онҳо ба “ташаббускорон”-у “бунёдгузорон”-и эътилоф имкон надод, ки ҳадафҳои аз қабл матраҳкардаи худро дар муддати кӯтоҳ ба осонӣ амалӣ намоянд. Аммо М. Кабирӣ бо вуҷуди дарки ин вазъият ва донистани чунин нуқтазаъфи худ даст аз таъсиси эътилоф накашид. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро ТТЭ ҲНИ бо вуҷуди иддаоҳои мутантану баландпарвозонаи хеш дар хусуси он ки гӯё аксарияти афроди ҷомеаи Тоҷикистон аслан аз мавқеи ҳизби онҳо ҷонибдорӣ мекунанд, боз ҳам ба дастгирии дигар гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик ниёзманд будани худро ошкоро дар намоиш гузошт? Сараввал бояд ба эътибор гирифт, ки ТТЭ ҲНИ ба хубӣ дарк мекунад, ки бо вуҷуди ҳама иддаоҳои мағруронаи хеш аслан ҳеҷ ҷойгоҳ ва пуштвонаи иҷтимоие дигар дар Тоҷикистон надорад, яъне дигар ҳеҷ қишре аз мардуми кишвар ба ин ҳизби ифротгаро ва шиорҳои фиребои он бовар надорад. Аз ин рӯ, раҳбарияти ТТЭ ҲНИ барои ислоҳи ин нуқтазаъфи худ ночор ба ниҳодҳо ва афроди дигарандеши тоҷик рӯй овардааст то сафҳои парешони худро мукаммал кунад, аммо афроду ниҳодҳои дигарандеши тоҷик низ дар заминаи таҷрибаи талхи пешини ҳамкорӣ бо ин ҳизби худхоҳи террористӣ дигар намехоҳанд аз як сӯрох ду бор моргазида шаванд. Маҳз бо дарки ин вазъият ва афзудани таҷрибаву баланд шудани сатҳи фаҳми сиёсии афроду ниҳодҳои дигарандеши тоҷик ва ба вижа бо назардошти вокуниши онҳо дар баробари паймоншиканиҳои пайдарпайи ТТЭ ҲНИ ҳини фаъолияти эътилофи қаблии нерӯҳои оппозитсионии тоҷик, яъне ИНОТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай пай бурда буданд, ки ҳангоми таъсиси эътилофи нави нерӯҳои оппозитсионӣ ҳатман ба мушкилӣ дучор хоҳанд шуд. ТТЭ ҲНИ барои аз ин вазъият ақаллан ба таври зоҳирӣ раҳоӣ ёфтан ва дар назди хоҷагони хориҷии худ ҳанӯз масрафношуда нишон додани энергия ва зарфияти хеш даст ба найранг заданд. Ин найранг таъсиси созмонҳои худсохта ва рамзие чун “Анҷумани озодандешони тоҷик” (роҳбараш Алим Шерзамонов), “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” (роҳбараш Шарофиддин Гадоев) ва “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ”
(роҳбараш Илҳомҷон Ёқубов) буд, ки маҳз ба хотири созмон додани эътилофи нав ва пур кардани ҷои нерӯҳои оппозитсионии қаблии аз ТТЭ ҲНИ канор гирифта тӯли ҳамин чанд соли охир бо ташаббусу таҳрики худи онҳо таъсис дода шуда буданд. Бубинед, ки эътилофи кунунии ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” маҳз дар заминаи ҳамоҳангии ҳамин се гурӯҳи ношинохтаву камнуфусу камнуфуз ва ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда шудааст. Оё ин гурӯҳҳои худхондаву худсохта ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон таъсис додани “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро доранд? Албатта не! Зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо созмони дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътирофшуда нестанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишвари моро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти аксарияти ин созмонҳо низ ҳеҷ гуна иттилооте надоранд. Пас чӣ тавр бо нишасти чанд нафар афроди худхоҳ ва ҳамоишу рақси дастобадасти аҷибу ғариби онҳо метавонад “Паймони миллӣ”-е таъсис дода шавад, ки он машруъияти тасмимгирӣ ба ҷои давлати расмӣ, Парлумони мардумӣ ва 9 млн. нафар аҳолиро дошта бошад? Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне созмон додани чунин эътилофи бебунёд чӣ ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Бубинед ин муддаиёнро, ки агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо амалан алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Магар тақозои дини мубини ислом ҳамин аст? Не, албатта не! Ин тақозои дили чанд муддаии фазлфурӯшу иззатталаб ва ҷоҳпараст асту бас! Аммо намояндагони ин гурӯҳи
тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд ва нек донанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Воқеияти ин масъаларо ҳатто дар робита ба сатҳи баргузории нишасти доиркардаи ТТЭ ҲНИ ва афроди ҳангомаҷӯи даъваткардаи онҳо низ метавон пай бурд. Ин воқеият бори дигар исбот кард, ки ТТЭ ҲНИ на фақат ҳизби миллӣ нест, балки он фақат як ташкилоти ҳангомаҷӯёну муддаиёни ҷоҳпараст ва террористон асту бас ва на беш аз ин! Баъзан мешунавем, ки масъулини ТТЭ ҲНИ ҳини мусоҳибаҳову нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳи сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор додан мехоҳад, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чанбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард. Ин ғайр аз ҳангомасозӣ ва бузургтарошӣ чизи дигаре нест, зеро ТТЭ ҲНИ на фақат акнун, балки ҳатто дар даврони ҳассосияти вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта низ натавониста буд ҳадди ақал шинохтатарин рӯҳониёни кишварро дар сафҳои худ ба ҳам оварад. Гузашта аз ин ТТЭ ҲНИ натавониста буд сабаби сарҷамъии ҳатто рӯҳониёни ИНОТ гардад. Пас чӣ гуна метавон муътақид шуд, ки ин ҳизб хостаҳои оммаи васеи мардумро дар кишвар муаррифӣ мекунад ва намояндаи як қисми мардуми Тоҷикистон аст? Бидуни шубҳа ин ҳизб фақат як ҳизби хонаводагӣ аст, ки дар сатҳи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари мо куллан мавқеъ надорад. Таъсиси “Паймони миллӣ”-и кунунии онҳо бо ин ҳайати камзарфият далели дигари равшане бар дурустии ин гуфтаҳост. ТТЭ ҲНИ ният дорад, ки дар заминаи ташкили эътилофи дигарбораи гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик, яъне “Паймони миллии Тоҷикистон” сояи худро аз буда бузургтар ҷилва диҳад ва дар баробари зери бол гирифтани ин нерӯҳо баландпарвозӣ кунад, аммо воқеият куллан чизи дигареро ба намоиш мегузорад. Наомадани афроду ниҳодҳои аслии мухолифандеши тоҷик, аз ҷумла Анҷумани нирӯҳои созандаи Додоҷони Атовуллоҳ , "Гурӯҳи 24”, “Ватандор” ба нишасти мазкур бо вуҷуди даъватҳои такрор ба такрори ТТЭ ҲНИ ва раҳбари он - Кабирӣ далели рушани ин ҳақиқат аст, ки ТТЭ ҲНИ дар
13
асл ҳатто дар байни афроду ниҳодҳои мухолифандеши тоҷик низ ҳеҷ гуна обрӯву эътибор ва ҷойгоҳе надорад. Ба ин ҳизби террористӣ, ки боиси ҷанги шаҳрвандии кишвар ва кушта шудани ҳазорон ҳазор ҳамватанон гардид, аслан ҳеҷ касе бовар надорад. Ин ҳизб на фақат бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, балки он ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ пайвастаанд, аслан ё аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд ва ё зери таъсири он мондаанд. ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳҳои дигари ҳаммаслаки он аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Баргузории ин ҳамоиш ва корҳои тадорукотии он, аз ҷумла пардохти хароҷоти равуои беш аз 60 нафар иштирокдорон, ки аз кишварҳои мухталиф дар Варшава канори ҳам омаданд, бозтоби пасманзараи буғранҷест, ки даст доштани сарпарастони манфиатҷӯи ТТЭ ҲНИ-ро ошкор мекунад. Чаро феълан ҳайати раҳбарӣ ва намояндагони ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар дар такя ба сарпарастони манфиатҷӯи бурунмарзиашон, ки аз рӯи таоруф худро бо мардуми тоҷик бародар мехонанд, моҷароҷӯӣ карда такрори ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро дар Тоҷикистон талабгор ва умедворанд? Оё ин гуна пиндор ва рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар паи ҳақиқат, балки дар паи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд. Хусрави ШЕРЗОД, тахлилгари сиёсӣ
14
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
НАЗМ
Нуруллоҳи ОРИФ
АЙНАКИ БОБОМ
ШОИРИ КӮДАКОН
Монанди ҷон ҷост Меҳрат ба дилҳо. Хоҳем баҳрат Мо умри ҷовид. Шодем, ҳастед Марди батавҳид.
Айнаки чашми бобом Аз дур ранг-ранг аст. Бобом нест айнак Дар тоқ зери чанг аст.
ОБИ МО
ДОНОИ МАКТАБ
Ҳар кас ба серӣ Нӯшад аз ин об, Дар чеҳрааш нур Рахшад чу маҳтоб. Шукрона, ки мо Ҳастем хушбахт. Моро насиб аст Ҳам обитоза, Ҳам тоҷу ҳам тахт.
Чун вай шумо ҳам Пайваста хонед. Дар зиндагӣ ҳеч По каҷ намонед.
ПАДАРҶОН Эй ҷон, падарҷон, Ҷонон, падарҷон. Ҳарфат ба ҳар дард Дармон, падарҷон.
БИБИҶОН
Хушҳол гардӣ Аз дидани мо.
ОШИҚИ ВАТАН Ошиқ ба Ватан, ба хоки Хатлон бошам, Бар дарди Ватан давову дармон бошам. Ҳар нохалафе, ки душмани ин Ватан аст, Дар синаи ӯ чу тири пайкон бошам. Бо ҷону танам сипар шавам дар ҳифзаш, Зеро ба Ватан чу пораи ҷон бошам. Ҳар ҷо, ки қадам ниҳам ба лаб шукрона, Дар васфи Ватан шеъру ғазалхон бошам. Темур ЛАТИФӢ
Дастони гулкор Муъҷизаофар. Рӯида з-онҳо Ёсу нилуфар.
Якҳафтапас дар оташ Маскаҳоша ов мекард. Отам меомад аз кор, Очам қурутов мекард.
ШАҲРИ МАН
Қурутовой очама Хӯрда, ман калон шудам. Хонда мактаб, муаллим Дар дабиристон шудам.
Чун боғ шаҳрам Сабз асту гулпӯш. Дар кӯчаҳояш, Дар пеши пояш Гул мезанад мавҷ, Гул мезанад ҷӯш.
ПАС АЗ ЯК Пас аз як ояд Дую сею чор. Мо булбулонем, Мактаб чу гулзор.
Дар канораш миллати оқилу дилшод аст, Қодиру мардонаву покизабунёд аст, Милллате тоҷи шараф дорад, худодод аст. Ҷилваи номуси мардон аст истиқлол, Раҳкушои бахту армон аст истиқлол. Зиндагиву зӯри дармон аст истиқлол, Ҳурмати рӯҳи ниёгон аст истиқлол, Қуллаи сад шуҳрату шон аст истиқлол. Муқими ШАРИФЗОДА, Омӯзгор аз н. Ҷалолиддини Балхӣ
ҶИЛВАИ НОМУС НАБЕРАЯКИ БОБО То ба сар партавфишон шуд парчами миллат, Сарвари дардошно шуд ҳамдами миллат. Гашт иқболу саодат марҳами миллат, Бо шаҳомат гашту воло олами миллат, Шодӣ омад, рафт аз дилҳо ғами миллат. Тоҷикистон сабзу хуррам чун баҳорон шуд, Аз сафои меҳри дилҳо файзборон шуд. Сарзамини шаъну шони бахтёрон шуд, Босаодат кишвари эъҷозкорон шуд, Атроғӯш, гулбадомон, анбарафшон шуд. Ин ватан аз файзи истиқлол обод аст, Мардумаш аз файзи истиқлол озод аст.
Набераяки бобо, Хушчеҳраяки бобо. Ширинсухани бобо, Ҷон дар бадани бобо. Бесабриву беқарор, Дар зимистону баҳор. Қадамзанон шуморӣ Яку дую сею чор. Набераяки бобо, Хушчеҳраяки бобо. Ширинсухани бобо, Ҷон дар бадани бобо.
Гул ханда, ханда Дорад ба гулзор. Бедард бодо Дастони гулкор.
Дӯғи чағдеги очам Ними қишлоқа бас буд, Пехи* ҳар як певочиш* Навдаи беду хас буд.
* Пех - чӯби ченак. * Певочӣ – се, чор ҳамсоязане, ки ба навбат дар як хона певоз гардон мекунанд.
Бибиҷон аз тӯй омад, Тақ-тақ дарвозаро зад. Лабханд сӯи мо кард, Қулфаки дарша во кард. Рафтем назди бибӣ, Ману апай Асалбӣ. Бибӣ ба мо қандак дод, Қанфитакой яхак дод. Ба бибӣ раҳмат гуфтем, Хонаи ховша руфтем.
Монанди хуршед Пурнур рӯят. Мо аз раҳи дур Оем сӯят.
ХАНДАИ ГУЛ
ДӮҒИ ЧАҒДЕГ
Оби мо ширин, Оби мо пок аст. Обе ки чун шир Бе гарду хок аст.
Худоёри Нур Донои мактаб. Хонад “Алифбо” Ҳар рӯз, ҳар шаб.
Мактаб ба мо ёд Додаст хондан. По дар раҳи рост Озод мондан.
Очам маро ҷигар гуфт, Шираи тути тар гуфт. Ангури боғи дил гуфт, Бачаҳаки қобил гуфт. Раҳмат ба очаҷонам, Ба мағз - мағзи нонам. Очам маро калон кард, Шоири кӯдакон кард.
Эй ҷон, падарҷон, Ҷонон, падарҷон. Ҳарфат ба ҳар дард Дармон, падарҷон.
Бобо, равӣ Самарқанд, Айнакта ҳамраҳат гир. Раҳро наметавон дид Бе айнак одами пир.
По сӯи мактаб Ҳар рӯз монем Дар мактаби хеш Мо дарс хонем.
ТЕҒИ ХОМА Шоири халқ аст Бозор Собир. Шеъраш ба ҳалқ аст Бозор Собир. Баҳри Анӯша Ӯ шеър гуфтаст. Бо теғи хома Шеъраш бисуфтаст.
Гоҳе равӣ сайру гашт, Ба пуштаву кӯҳу дашт. Лола чинӣ фаровон, Панҷу шашу ҳафту ҳашт. Набераяки бобо, Хушчеҳраяки бобо. Ширинсухани бобо, Ҷон дар бадани бобо. Овозакат хон суруд, Тоза чун обаки рӯд. Аз дар даромадан пас, Ба бобо бигӯ дуруд. Набераяки бобо, Хушчеҳраяки бобо. Ширинсухани бобо, Ҷон дар бадани бобо.
АЛИФБОРО ОМӮЗЕМ Маҳвашбону хоҳарам, Пеш о, биншин дар барам. Алифборо омӯзем. Ҳардумон аз модарам, “А” гӯяд, ту ҳам “А” гӯй, “Б” гӯяд, ту ҳам “Б” гӯй. Ҳар ҳарферо кас донад, Ӯ хонда метавонад.
Ёбад ҳамеша Шеъраш ба дил ҷо. Тораш зи атлас*, Пудаш зи кимхо*. *Атлас ва кимхо-матоъҳои рангоранги қиматбаҳо.
БИШКАСТА БОДО Бишкаста бодо Дасти табарзан, К-ӯ арчаҳоро Бубрид аз тан. Дар кӯҳ арча Боқӣ намондаст. Бар душманаш кӯҳ Лаънат бихондаст.
ВОРИСИ ВАТАН Бо ҳам Ватанро Обод кардем. Аз чанги душман Озод кардем. Бе ин Ватан мо Бесарпаноҳем. Дар коми андӯҳ, Дар зери чоҳем. Моем, моем Шахси ватандор. Ё Раб, дигар ҳеч Моро макун хор.
Дар хондану навиштан, Асло дар намемонад. Ҳардумон калон мешем, Якҷо мактабхон мешем. Чун акаҷонам Мурод Рӯзе аълохон мешем. Муҳаммадюсуфи ДАВЛАТ
МЕҲРИ ВАТАН Меҳри беандозаат, эй меҳани зебои ман, Ҷой дорад дар дили чун кӯҳ побарҷои ман. Аз ду- се ҷо бе ягон ҳарфи хато ман розиям, Бишканад гардад агар дур аз канорат пои ман. Гаштаву баргашта ҳаст, эй ҷон Ватан, ҷонон Ватан, Гарди хокат сурмаи ду дидаи бинои ман. Ғарқ дар гул даштҳову боғҳову роғҳот, Нест мислат дар ҷаҳон, эй мулки беҳамтои ман. Ишқи ту чун меҳри ту то ҷон ба тан дорам, ба тан. Кам нагардад ҳеҷ гоҳе аз дили шайдои ман. Тешахон РАҶАБОВ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
Рафторҳои нодурусти ҷавонон дар чист?! Ояндаи ҳар як давлату миллат аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Ин аст, ки ҷавононро ояндасози давлат ва пешбарандаи миллат мегӯянд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳо ҷавонони мо кор ва фаъолият намуда, баҳри ободу зебо гаштани ватани азизамон ва пешрафти тамоми соҳаҳо саъю кӯшиш карда истодаанд. Мутаассифона, дар баробари ин мо имрӯзҳо бо баъзе ҷавононе вомехурем, ки бо рафторҳои нохуби худ ба ҷомеа костагӣ меоваранд. Зиёд ба назар мерасад, ки ҷавонони мо дохили нақлиёт бо овози баланду хандаҳои дилхарош табъи сокинонро хира мегардонанд. Инчунин дар ҷомеаи мо ҳастанд ҷавононе, ки дар роҳраву боғу хиёбонҳо бо ҳар гуна нағмаҳову суханҳои қабеҳ ва бо қавли худ суханпартоӣ ба духтарҳо, ки ин қариб ба иддае аз ҷавонон одат шудааст, машғул мегарданд, ки ин гуна суханпартоиҳо дар бисёр маврид боиси нофаҳмӣ ва ҷанҷолҳои лафзӣ мегардад, ки ин албатта боиси нигаронист. Мушкилии бо суханҳои қабеҳ сухан рондан ва суханпартоӣ намудани иддае аз ҷавонон имрӯз аз масоиле дониста мешавад, ки бо он дар сари ҳар қадам рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро баъзе ҷавонон ба ин гуна амалҳо машғул мешаванд. Вобаста ба ин масъала коршиносони соҳа андешаҳои гуногун дошта, сабабҳои ин гуна рафторҳои ҷавононро ҳар гуна арзёбӣ менамоянд. Бино ба таъкиди Нодир Амонов, равоншинос, “ҷавонон ин гуна рафторҳоро аз пеши худ намекунанд. Онҳо аз калонсолон меомӯзанд ва ба онҳо тақлид мекунанд. Баъзан рафтору амали хатои ҷавонон ин аксуламали ягон кори калонсолон аст. Вақте ки калонсолон мувофиқи хоҳишу хусусиятҳои психологии ҷавонон рафтору гуфтор намекунанд, талаботи маънавию иҷтимоии онҳо, ки қонеъ намешавад, ин ҳама баъзе ҷавононро ба ғазаб меоранд, безобита мекунанд, ки дар ин ҳолат онҳо дар гуфтору рафтор ба дағалӣ роҳ медиҳанд”. “Яке аз сабабҳояш ин аст, ки ҷавонҳо завқи баланду майлу хоҳишҳои зиёд доранду лекин маҳорату малакаи ба даст гирифтани худро надоранд. Ҳар он фикре, ки дар сарашон мезанад ва ҳар он хоҳише, ки дар сарашон меояд, онро амалӣ мекунанд. Чунки табиати онҳо ҳамин хел аст. Бинобар ин ҳамаи гуфтору рафтори хатои онҳо нишонаи он аст, ки ҷомеаи мо худ камбудиҳо дорад. Ҷомеаи мо бояд дар таълиму тарбияи насли наврас ҳиссагузор бошад, ҷараёни таълиму тарбияро дигаргун созад, ки дар раванди таълиму тарбия хусусиятҳои психологии ҷавонону наврасон дурусттар ба инобат гирифта шавад. Масалан, дар мактаб вақте ки омӯзгор хонандаро дашном медиҳад, таҳкир мекунад, ӯ ин корро дар кӯча нисбат ба дигарон мекунад ва ин ба ӯ як одате мешавад. Аз ин рӯ, таълиму тарбияи насли наврас чи дар ҷомеа ва чи дар мактаб бояд хубтару беҳтар карда шавад” – гуфт дар идома равоншинос Нодир Амонов. Албатта, дуруст аст, ки ҷавонону наврасон дорои завқи баланду хоҳишҳои зиёд ҳастанд ва дар қалби онҳо шуру шавқи ҷавонӣ шӯъла мезанад. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ байни ҷомеа рафторҳои нохуби худро нишон диҳанд, то боиси
15
НАВҚАЛАМ
нороҳатии сокинон гардад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки на ҳама ҷавонон ин гуна рафтор мекунанд. Танҳо ҳамон ҷавонону наврасоне ин амалҳоро анҷом медиҳанд, ки дорои дониши пастанду аз таълиму тарбияи оила хуб баҳравар нагардидаанд. Беҳрӯ Асадуллоевна, ҷомеашинос, дар ин маврид гуфт: “Модели рафтору гуфтори ҳамин гуна ҷавонон ин муҳити оила ва мактабу ҷомеа аст. Ин гуна масъалаҳо ҳатто зиёд дар мактаббачаҳо дида мешавад, ки дар кӯчаҳо бо суханҳои кабеҳ байни якдигар муошират мекунанд. Сабабҳои ин беаҳмиятии падару модар, мактаб ва ҷомеа шуда метавонад. Як иштибоҳи бузурги ҷомеа ин аст, ки мо мебинем, мешунавему аммо бетарафӣ мекунем ва ин боиси авҷ гирифтани чунин рафтору гуфтор аз ҷониби ҷавонон мегардад. Агар мо ба ҳамин гуна ҷавонҳо як маротиба гӯем, ки ту чи гап гуфта истодаӣ, оё ҳамин рафтори ту аз руйи одоб асту оё ҳамин сухани ту бароят писанд аст, ӯ худ истода, андеша мекунад, ки ҳамин кори ман, рафтори ман ноҷо будааст, ки қобили қабули ҷомеа нест. Дар оянда ӯ метавонад, ки ислоҳ шавад ва дигар ин гуна суханҳоро нагӯяд. Хело зиёд шудааст, баъзе вақт шунидани суханҳои қабеҳи баъзе ҷавонон шарми касро бедор мекунад, ҳол он ки ба забон гирифтан. Мо бояд бетарафиро касб накунем, ҳатман бояд эрод гирем, то ки ҷомеаи мо аз ин гуна нуқсонҳо тоза бошад”. Бояд гуфт, ки омили афзоиши рафтори ноҷои баъзе аз ҷавонон дар ҷомеа ин бетарафист. Агар ки мо ҳар рӯз ин гуна рафтори ҷавононро бинему бетарафӣ намоем, ба монанди ҳамон суханҳое мешавад, ки ҳамарӯза мо мегӯем ва ин ҳамчун анъана ба одоб медарояд. Ба мисли сигоре мегардад, ки ба он вобастагӣ пайдо мешавад, вобастагӣ, ки пайдо шуд, бояд ҳамон рафтор ва суханҳоро ба забон орем. Аз ин рӯ, баҳри бартараф гардидани ин мушкилӣ дар баробари соҳаҳои дахлдор тамоми аҳли ҷомеа бояд масъулият эҳсос намоянд, то пеши роҳи мушкилии мазкур гирифта шавад. Зеро миллати тоҷик аз азал дорои таърихи пурғановат ва фарҳанги бойи ибратбахш аст, ки он аз насл ба насл мегузарад. Мо бояд ҳурмату эҳтироми калонсолонро ба ҷо орем, дар назди калонсолон суханҳои ҳархелаву рафтори ноҷо нанамоем, пеши зан-модар, ки ҷинси латиф аст, кӯшиш бояд кард, ки одоби ҳамидаи инсониро ба ҷо оварем. Талош бояд кард, ки ҳамон фарҳанг, маданият ва урфу одати шарқиёнаамонро фаромӯш насозем. Ҷавонон ояндаи миллат, пешбарандаи давлат ва бунёдгузори фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлол мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро пеш аз ҳама лозим аст, то аз ҳар гуна рафторҳои бад дурӣ ҷӯянду баръакси он илму дониш омӯзанд ва дар рушди кишвари хеш саҳми арзандаи худро гузоранд. Акобир ШАРИФОВ, донишҷӯи ДМТ
Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад. Аз қадимулайём гузаштагонамон низ дар ҳалли ҳама гуна мушкилоти зиндагӣ ба китоб такя мекарданд. Зеро китоб инсонро дар олами ҳастӣ роҳ нишон дода, касро аз вартаи ҳама гуна нокомиҳо мераҳонад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад.
Ганҷинаи бебаҳо
Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо на ҳамаи шахсон ба китоб рӯй меоранд. Аз ҷумла қисми бештари ҷавонон аз мутолиаи китоб дур гаштаву рӯй ба компютер ва телефонҳои мобилӣ оварданд. Ин хуб аст, ки техникаву технология тараққӣ кардаву диққати ҷавонон ба он равона шудааст. Аммо, ҳеҷ гоҳ ҷои китоби аслиро ҳеҷ як техникаву техналогия ва ё китобхонаҳои бузурги электронӣ гирифта наметавонад. Зеро лаззати қироати китоби асл дигар асту ба саломатии инсон ҳам зарар надорад. Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО дар тамоми китобхонаҳо 20 млрд китоб маҳфуз аст. Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ширкати Google-books дар соли 2010 дар тамоми дунё наздики 130 миллион намуд китоб
мавҷуд аст. Агар китобҳои электронӣ нури чашмони моро кам гардонида, онро хаста намояд, китобҳои анъанавӣ бошад, баръакс, нурбахши дидагон ва роҳатбахши равони мо мебошанд. Ҷиҳати дигари масъала он аст, ки агар барқ набошад, мо наметавонем, ки аз техника истифода намоем, вале дар ҳама ҷо ва дар ҳама вақт имкони истифодаи китоб барои мо дастрас аст. Аз ин нуқтаи назар ҳамеша арзиши китоб бебаҳо буд ва ҳаст. Хушбахтона, Сарвари оқилу хирадманд ва дурбину дурандеши мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуқтаҳоро пештару хубтар дарк намуда, дар рӯзи ба истифода додани Китобхонаи миллӣ пешниҳод карданд, ки 4 сентябри соли 2007- рӯзи гузоштани хишти
аввали Китобхонаи миллӣ – Рӯзи китоб эълон шавад. Аз ҳамон лаҳза ин ҷониб 4 сентябрро мардуми таммаддунофару фарҳангдӯсти тоҷик ҳамчун рӯзи гиромидошти китоб бо тантана таҷлил менамоянду аз он бо таассурои неку хотирмон ва бо меҳру муҳаббати зиёд ба китоб бар мегарданд. Дӯстони азиз, биёед ҳар чи бештар рӯ ба китобхониву китобдорӣ меорем ва ба ин васила ҷавҳари андешаҳои олӣ ва пурсамари мутафаккиронаамонро ҳифз намуда, бо ақлу заковати хеш онро афзун месозем. Зеро мо то он даме, ки китоб дорему китоб мехонем, немирандаем. Нурматов ШОДМОН, магистранти соли дуюми ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
Қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҷавонони далер Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат мебошад. Шахсе, ки аз ин мактаб гузаштааст, барои рӯҳану ҷисман обутоб додани худ кӯшиш менамояду аз душвориҳо намеҳаросад. Ҳангоме ки ба шаҳрванд даъватнома дода мешавад, ӯ бояд дар рӯзи майяншуда ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир гардад. Вақте даъватшаванда ба қисми низомӣ сафарбар гардид, ӯ наваскар номида мешавад. Ҳангоми ба қисми низомӣ шомил шудан наваскарон дар давоми 20- 30 рӯз давраи кӯтоҳмуддати омодагии ибтидоии ҳарбиро паси сар мекунанд. Пас аз анҷоми давраи омӯзиш наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуда, ба иҷрои вазифаҳои низомӣ шурӯъ менамоянд. Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошанд, ки ҳанӯз дар оғози ба истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардида, роҳи хеле мушкилу сангини таърихро тай карданд ва ҳоло қодиранд амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро пурра таъмин намоянд. Аз замони таъсиси Артиши миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба қисмҳои низомӣ ташриф оварда, бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарон огоҳ мешавад. Роҳбарияти сохторҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ чораҳои судбахш меандешанд. Падару модарони сарбозон имкон доранд, ки аз қисмҳои низомӣ дидан карда, бо шароити хизмату будубоши муҳофизони Ватан ошно гарданд. Дар замони шӯравӣ хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна фанни «Омодагии дифои ҳарбӣ»- ро бо забони русӣ таълим ме-
гирифтанд. Он солҳо бо забони тоҷикӣ китоби дарсӣ набуд. Ҳоло адабиёти таълимӣ ба забони тоҷикӣ дастрас буда, ба хонандагон фанни «Омодагии дифои ҳарбӣ» дар сатҳи зарурӣ омӯзонида мешавад. Мулоқот бо собиқадорони ҷангу меҳнат низ меҳри ватандӯстиро дар дили насли наврас бедор мекунад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ягона муассисаи олии таълимии ҳарбие, ки барои Артиши миллӣ афсарони касбӣ омода мекунад, Донишкадаи ҳарбӣ мебошад. Илова бар ин Академияи корҳои дохилӣ барои Вазорати корҳои дохилӣ ва Омӯзишгоҳи қувваҳои сарҳадӣ барои қӯшунҳои сарҳадӣ афсар омода мекунанд. Ҳамчунин донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбиро хатм намудаанд, вобаста ба ихтисосҳои омӯхтаашон метавонанд дар мақомоти қудратӣ фаъолият намоянд. Хатмкардагони мактабҳои олӣ, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ нахондаанду ба хизмат сафарбар мегарданд, ҳамагӣ як сол хизмат мекунанд. Мирзошариф ШАРИПОВ, омӯзгори МТМУ №91 шаҳри Душанбе
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №39 (9569), 27.09.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Се навъи одамон ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ” Муаллим аз хонандагон хоҳиш намуд, ки ба се бозича таваҷҷуҳ намоянд. Дар назари аввал ҳамаи онҳо аз лиҳози андоза, шакл ва матоъ куллан якхелаанд. Вале бо вуҷуди ин, муаллим аз хонандагон талаб кард, ки фарқи байни онҳоро пайдо намоянд. Баъди азназаргузаронии тӯлонӣ ва бодиққат зеҳн мондан хонандагон дар бадани бозичаҳо сӯрохиҳоеро мушоҳида намуданд, ки миқдори онҳо дар ҳар як бозича гуногун буд. Дар бозичаи якум ду сӯрохӣ дар ду гӯш, дар бозичаи дуюм як сӯрохӣ дар як гӯш ва сӯрохии дигар дар даҳон, дар бозичаи сеюм бошад, як сӯрохӣ дар як гӯш вуҷуд дошт. Яке аз хонандагон сӯзанеро гирифта, ба дохили сӯрохии гӯши бозичаи якум халонд. Сӯзан озодона гузашта, аз сӯрохии гӯши дуюм баромад. Хонандаи дигар сӯзанро ба сӯрохии гӯши бозичаи дуюм халонд,
√ ОБУНА-2019
АЛИШЕР НАВОӢ
√ САЙҚАЛИ
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
АНДЕША
Бад накардан аллакай некист. ******** Камонғуллак аз фишор, рӯҳ аз заифӣ мешиканад. ******** Ҳар ки шарафманд аст озорро ба дил намегирад. ******** Халосӣ аз ҳама ранҷишҳо фаромӯшист. ******** Ҳар ки хоҳишаш кам аст эҳтиёҷоташ камтар аст. ******** Ҷароҳати ғолибон бедард аст. ******** Куҷое ваҳдат – он ҷо ғалаба. ******** Тарси ҳаррӯза – марги ҳаррӯза. ******** Айби дӯстро таҳаммул кардан онро дар худ таҳмил кардан аст. ******** Дӯстие, ки қатъ шудааст, ҳеҷ гоҳ оғоз ҳам нашудааст. ******** Дӯсти хасакӣ бадтар аз душмани қаттол. ******** Талафи дӯст – бузургтарин талафот. ******** Шикастани қасами ишқ ҷазо надорад.
Шодихони НАЗАР
√ ЭЪЛОН
Номаи камол бо силсилаи А ва рақами 289328, ки онро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ноҳияи Маркази (ҳоло Фирдавсӣ)-и шаҳри Душанбе соли 1988 ба Насибова Бадалмоҳ Ядигаровна додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
Билети донишҷӯӣ, ки онро Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат соли 2018 ба Беҳрӯз Зикиров додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
Публилий Сир
И.В.САРМУҲАРРИР
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
Билети донишҷӯӣ, ки онро Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат соли 2014 ба Файзалӣ Ҷӯраев додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
******** Ишқу тарс ҳамзистӣ надоранд.
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
Билети донишҷӯӣ, ки онро Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино соли 2017 ба донишҷӯ Шамсиддин Аҳмадхонов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
******** Гоҳо пушти бӯсаҳо низ нафрат ниҳон аст.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
ки он аз сӯрохии даҳон берун шуд. Хонандаи сеюм бошад, сӯзанро ба сӯрохии гӯши бозичаи сеюм халонд ва сӯзан дар дохил дармонд. Баъди ин муаллим ба хонандагон гуфт: - Ҳар як инсонро мисли яке аз ҳамин бозичаҳо тасаввур кардан мумкин аст. Бозичаи якум – ин одамонеанд, ки худро тавре вонамуд месозанд, гӯё аз шумо хушашон меояд. Онҳо гӯё шуморо гӯш мекунанд, барои шумо заҳмат мекашанду нисбати шумо ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Аммо ин ҳама дурӯғ аст. Шумо бо онҳо ғаму шодиатонро қисмат намуда, ба ҳамдардиву дастгирии онҳо умед мебандед. Аммо тамоми суханҳои шумо аз як гӯш даромада, кайҳо аз гӯши дигар берун шудааст. Ба меҳру самимияти чунин ашхос умед бастан нашояд! Бозичаи дуюм – одамонеанд, ки
мисли якумиҳо дар назари аввал шумо барояшон муҳим мебошед. Аммо он сӯзанеро ба ёд биёред, ки аз даҳон берун шуда буд. Онҳо барои манфиати шахсии худ асрори шуморо ба атрофиён фош мекунанд ва ҳамеша суханони шуморо алайҳи худатон истифода менамоянд. Аз онҳо низ худро канор бигиред! “Наход ҳама одамон чунин бошанд”? – мепурсед шумо. Албатта не! Одамоне низ ҳастанд, ки бозичаи сеюм тимсоли онҳост. Дар ёд доред, ки сӯзан дар дохили он бозича дармонд? Ана ба чунин одамон эътимод бастан, аз онҳо умеди кӯмаку дастгирӣ намудан мумкин аст. Андарз: Ҳамеша дар иҳотаи мардумоне бошед, ки дар ҳақиқат сазовори боварии шумо ҳастанд. Ва дурӣ ҷӯед аз онҳое, ки намоишкорона вонамуд месозанд, бо ягон аъмоли хеш дар қалби шумо таассуроте боқӣ мегузоранд.
Билети донишҷӯӣ ва дафтарчаи имтиҳонии гумшуда, ки онҳоро Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат соли 2015 ба Худоёр Саркоров додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3967 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»