Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
№39 (9413), 1 октябри соли 2015
E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU
WWW.JAVONON.TJ
АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД
РОДМАРДОНИ ВАТАН
Таронаи дард
Оромгоҳи 25 сарбози қаҳрамон, ки соли 2010 дар муқовимат бо гурӯҳи мулло Абдулло дар дараи Камароби Рашт ҳалок гаштанд.
(Дар сӯги далерони бонанги диёр)
Рафтанду бар нагаштанд, То рӯи дӯст бинанд. Кай метавон пас аз марг, Нав-нав ба ҳам нишинанд.
Ё Раб, дари биҳиштат Бикшо ба ин қадар мард. Бо хуни дил набишта, Ман ин таронаи дард. Хонед ин тарона, Эй дӯстони ҷонӣ. Бар хасм гуфта нафрин, Созед зиндагонӣ. Нуруллоҳи ОРИФ
24.09.2015 Дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон иди Қурбон таҷлил шуд. 25.09.2015 Дар шаҳри Токиои Ҷопон Намоишгоҳи cолонаи байналмилалии туристӣ «JATA Tourism Expo» оғоз гардид, ки ду рӯз идома ёфт. Соли гузашта 1129 ширкату ташкилотҳои сайёҳии 151 кишвари ҷаҳон ва зиёда аз 157000 нафар аз ин намоишгоҳ дидан намуданд. Имсол бори аввал Тоҷикистон бо павилиони алоҳида иштирок кард. Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон имкониятҳои васеи сайёҳии кишварро ба ширкатҳои туристӣ ва мардуми Ҷопон муаррифӣ намуд.
Ҳайф, аз қатори ёрон, Ҷамъи Таҳамтане рафт. Ҷамъи Таҳамтани чуст, Дар ҳифзи Меҳане рафт.
Аз тир, тири душман Як-як шаҳид гаштанд. Як ҳафта пештар хок, Аз рӯзи ид гаштанд.
ҲАФТ РӮЗ
Қаҳрамонон намемиранд
Мо - ҷавонон хоинони миллатро маҳкум мекунем! ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории№39 Тоҷикистон Индекси «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», (9413), 1“Амонатбонк”. ОКТЯБРИ СОЛИ 2015 обуна 68857.
26.09.2015 Чун ҳафтаҳои қабл бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар майдони назди театри опера ва балет ва Сирки давлатӣ бо иштироки доираи васеи ҷавонон машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид. 27.09.2015 Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, зимни сафари корӣ ба Федератсияи Русия бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград мулоқот кард. 28.09.2015 Қаҳрамони секаратаи кишвар – тими “Истиқлол”-и Душанбе дар ҳайати 16 футболбоз барои ширкат дар бозии аввали даври нимфинали Ҷоми КФО-2015 бо СК “Кувайт” ба Кувайт сафар кард. Ин бозӣ шаби 30 сентябр дар варзишгоҳи “Al Kuwait Sports Club Stadium Kaifan” баргузор мешавад. 29.09.2015 Дар шаҳри Еревани Арманистон ҳамоиши намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтика ва Гурҷистон баргузор шуд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш мушовири КМО, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов намояндагӣ карда, дар мавзӯи «Саҳми хабарнигорони варзишӣ дар рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон” маърӯза кард. 30.09.2015 Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.
1
ҲАМОИШ
Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба об калидӣ мебошанд 28 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк 70-солагии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии СММ ва мулоқоти СММ дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 ҳамоиш доир гашт. Ҷумҳурии моро дар ин чорабиниҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намояндагӣ кард. Ҷаласаи ҷашнии 70-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк 15 сентябр оғоз ёфт. Имсол Могенс Люккетофт, собиқ раиси парлумони Шоҳигарии Дания ба ҳайси раиси Маҷмаи умумии СММ интихоб гардид. Мубоҳисаҳои умумии солонаи Маҷмаи умумӣ то 3 октябр баргузор мегарданд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буд, суханронӣ кард. Роҳбари маъмурияти Барномаи рушди СММ Хонум Ҳелен Кларк чорабиниро оғоз намуда, иброз намуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз пешсафон ва асосгузорони баррасии масоили оид ба об дар сатҳи байналмилалӣ буда, ташаббусҳои Тоҷикистон барои пешрафти сиёсати оби СММ дар барномаи ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об то соли 2030 калидӣ мебошад. “Чорабинии имрӯза ва ширкати доираҳои баруманди давлатӣ, соҳавӣ ва байналмилалӣ дар ин нишасти бонуфуз нишонаи равшани ин иқдом аст”, - иброз дошт Ҳелен Кларк. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз намуд, ки дар ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди дастёбӣ ба ҳадафҳои дар сатҳи глобалӣ мувофиқашудаи соҳаи об, аз ҷумла дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар арсаи обу беҳдошт ба пешрафти назаррас ноил гардид. Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи сипаригашта дар бахши об ва берун аз онро замони дигаргуниҳои бузург ва огоҳиву иштироки бештари глобалии ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин раванд комёбии бузург номида, зикр намуд, ки “стратегияи дарозмуҳлат ва нақшаи ама-
2
лиёт дар сатҳи глобалӣ ба тасвиб расид ва муҳимтар аз ҳама, раванди сиёсӣ роҳандозӣ гардид. Даҳсола ҳамчунин ба беҳсозии амалҳои муштараки ҷонибҳои гуногуни манфиатдор дар миқёси сайёра мусоидат намуд. Он ба ҳамкорию ҳамдастии мақомоти ҳукуматӣ, ҷалб гардидани занон, ҷавонон, доираҳои соҳибкорию илмӣ ба баррасии масъалаҳои об низ такон дод. Ба ғайр аз ин, сохтору василаҳои марбутае таъсис ёфта буданд, ки фаъолияти онҳо дар ҷараёни Даҳсола ба такмилу таҳкими ҳамоҳангсозии байниидорӣ равона гардида буд”. - Бо саъю кӯшиши Ҳукумати кишвари мо, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон, – дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе чандин чорабинии бузурги байналмилалӣ доир гардиданд. Илова бар ин, бо ибтикори Тоҷикистон ва тибқи қатъномаҳои марбутаи Маҷмаи умумии СММ бахшида ба тафсири ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва ба ифтихори Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об эълон шудани соли 2013 ва бистумин солгарди эълони Рӯзи байналмилалии захираҳои об дар чаҳорчӯбаи иҷлосияҳои 64-ум (соли 2010), 67-ум (соли 2013) ва 69-уми (соли 2015) Маҷмаи умумии Созмони Милал муколамаҳои интерактивии сатҳи баланд доир гаштанд. Бо вуҷуди пешрафти муассир дар ҷодаи амалисозии Даҳсола, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромад аз камбудиву мушкилоте, ки дар ҷараёни татбиқи амалии он ҷой доштанд ва дар паймудани ин роҳ монеаҳои муайян эҷод сохтанд, сухан ронда, аз ҷумла, иброз намуд, ки мақсаду матлабҳо дар самти беҳдошт ба иҷро нарасиданд. Ҳамзамон бо ин, ӯ аз натиҷаҳои мухталиф дар татбиқи амалии ин ҳадафҳо дар сатҳи минтақаҳо, кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба рушд, шаҳрҳо ва деҳот, кишварҳои доро ва камбизоати аҳолӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба иттилои Президенти Тоҷикистон имрӯз, чун пештара, дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион нафар ба оби тозаи ошомиданӣ ва дуюним миллиард кас ба шароити асосии беҳдошт дастрасӣ надоранд. Тақрибан як миллиарду сесад миллион нафар аз барқ маҳруманд. Ба ҳисоби миёна ҳар сол офатҳои табиии марбут ба об ба андозаи зиёда аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисороти иқтисодӣ ворид сохта, хушксолӣ ва биёбоншавӣ манбаи воситаҳои зиндагии зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион одамро дар тамо-
ми ҷаҳон зери хавфу хатар қарор медиҳанд. Ба ин хотир, Президенти кишвар пешниҳоди худро, ки дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонии об садо дода буд, бори дигар ба миён гузошта, изҳори итминон намуд, ки эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии «Об баҳри рушди устувор» василаи муҳими дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об хоҳад гашт. Сарвари давлат дар фароварди суханронӣ гуфт: “Фикр мекунам, ки фароҳам сохтани ҳаёти шоистаи наслҳои оянда танҳо аз тариқи андешидани тадбирҳои муштарак имконпазир аст. Аз ин рӯ, ҷонибдории ҳамаҷонибаи ибтикороти мавҷуда барои мусоидат
нигаронӣ кард, ки татбиқи Рӯзномаи нави ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар шароити афзоиш пайдо кардани натиҷаҳои манфии таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, таназзули захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва техногенӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда оғоз гардида, онҳо ба амнияту суботи ҷаҳон хатар эҷод намуда, монеаи расидан ба рушди устувор мегарданд. Аз ин рӯ, саъю талошҳои иловагии ҷомеаи ҷаҳонӣ
ба иҷрои уҳдадориҳо оид ба об дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии марбутаи фаъолияти мо дар ин масир аҳамияти аввалиндараҷа дорад”. Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар мулоқоти Созмони Милал дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 иштирок намуд. Соли ҷорӣ соли анҷоми татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола аст. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ қайд намуд, ки “дастовардҳо ва дарсҳои аз татбиқи ҳадафҳои мазкур гирифтаи мо асоси таҳияи Рӯзномаи нави рушдро барои давраи баъди соли 2015 ташкил доданд. Дар ин кор гурӯҳи кории байниҳукуматии ҳайати кушодадоштаи Маҷмаи умумии СММ нақши муҳим бозид ва ба он муяссар гардид, ки дар зарфи ду соли охир ҳадафҳои рушди устувори барои давраи то соли 2030 пешбинишударо муайян созад ва ҳамоҳанг намояд”. Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори
бояд ба ташаккули фазои мусоид ба хотири татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар миқёси дунё равона карда шаванд. Президенти ҷумҳурӣ дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим» низ суханронӣ намуд. Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон тайи даҳсолаи охир пайомадҳои манфии тағйироти иқлим, ки ба андозаи муайян ба фаъолияти инсон иртибот дорад, ҳарчи бештар аз худ дарак медиҳад. “Пажӯҳиши чандинсолаи мутахассисони мо аз тақвияти таъсири тағйироти иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ва минтақа гувоҳӣ медиҳад”, - изҳор дошт Сарвари давлат. Қайд гардид, ки тибқи мушоҳидаҳо тайи 60 соли охир ба ҳисоби миёна ҳарорати солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба андозаи 1 дараҷа аз рӯи Селсия баланд шудааст, теъдоди рӯзҳои сербориш зиёд гардида, ҳодисаҳои ғайриодии гидрометеорологӣ
бештару шадидтар рух медиҳанд. Фақат ба иллати офатҳои табиии имсола ба иқтисоди кишвари мо ба андозаи садҳо миллион доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расид. Мутаассифона, онҳо ба талафоти ҷонӣ низ боис шуданд. Ба андешаи Президенти ҷумҳурӣ таъсири манфии тағйироти иқлим ба ҳаҷм ва сифати захираҳои оби тозаи нӯшокӣ рӯз ба рӯз возеҳтар мегардад. Тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйироти иқлим дар ҳудуди кишвар то як ҳазор пирях нобуд шудааст. Дар доираи ин сафар Сарвари давлат бо роҳбарони як қатор давлатҳо мулоқот намуд. Аз ҷумла, зимни мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте оид ба масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Нидерланд мубодилаи афкор сурат гирифт. Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории мутақобилан судбахши Тоҷикистону Нидерланд фаровонанд ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо эҷоди заминаи мутаносиби ҳуқуқию қарордодӣ зарур шумурда шуд. Зимни мулоқот бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Шоҳигарии Тайланд, генерал Праут Чан Оча мулоқот карда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф баррасӣ карданд. Президенти кишвар дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи умумии Созмони Милал низ суханронӣ намуда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ҳафт даҳсолаи Созмони Милал натиҷабардорӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки “Ҳафтод сол аст, ки Созмони Милал дар ҷодаи ҳифзи сулҳу амният, инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳимояи ҳуқуқи башар, таҳкими субот, рушди устувор ва коҳиши камбизоативу нобаробарӣ кори зиёдеро анҷом додааст. Дар ин солҳо ба шарофати таҳияи дастаҷамъонаи василаҳои ҳамёрӣ мо дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем”. Сарвари давлат, ҳамчунин саҳми хосаи СММ-ро дар амри пуштибонӣ аз равандҳои ташаккули давлатҳои нави мустақил ва рушди минбаъдаи онҳо қайд намуда, ёдовар шуд, ки “Тоҷикистон низ, ки дар оғози истиқлоли хеш бо мушкилоту душвориҳои давраи гузариш рӯ ба рӯ гашта буд, пуштибонии фарогири Созмони Милалро эҳсос кард, ки ба шарофати он кишвар дилпурона ба ҷодаи рушди демократӣ қадам ниҳод”.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
ҚАҲРАМОНӢ
Ҷоне, ки қурбони Ватан шуд
Субҳ фаро мерасид, охирин ситораҳо чашмакзанон то шоми дигар «хайру хуш» доштанд. Дар ин лаҳзаҳо миёни кӯчаҳои шаҳри зебо Раҷабмуроду ҳамкоронаш барои хоби орому осудаи сокинони Душанбе гашту гузор доштанд, то касе роҳати сокинони шаҳрро халалдор насозад. Бехабар аз он ки дур аз падару модар, ёру бародар ва ҳамсари азизу фарзандони дилбандаш лаҳзаҳои охирини умрро паси сар мекунаду дигар тулӯи офтобу ҳусни
моҳу ситораҳоро намебинад, чун ҳамешагӣ бо чеҳраи хаста аз дари падару модар намедарояд, ҳамсари зебояш дастархони пурнозу неъматро наздаш во намекунад, Ёсинҷон бағали гарми падарро намебинад ва овози Сумаяи маъсумаро, ки акнун якмоҳа шуд, намешунавад. Раҷабмурод аз ин хаёлҳо бехабар буд, ки ҷони ҷавони худро қурбон кард. Қурбони осудагӣ, оромӣ ва тинҷии Ватани азиз, ҳамдиёрони меҳрубон. Шаҳид шуд. Дар рӯзи одина. Пешнамози ҷумъа гашт ва садҳо, ҳазорҳо нафар ҷанозаашро хонд. Раҷабмурод рисолати ҷавонмардиро ба ҷо овард. Кори бузургон аст аз худ номи накӯ боқӣ гузоштану дар саҳифаҳои таърих ҷой гирифтан. Таърих ингунаҳоро фаромӯш намекунад… Субҳи чоруми сентябр Раҷабмуроду чанд рафиқи ҳамкораш ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ дар гардиши фурудгоҳи пойтахт, ҳангоми наҷот додани командирашон аз дасти сиёҳкорони хунмасти дастаи генерал Ҳалим Назарзода кушта гардид. Хабари шум дар андак муддат дар саросари ҷумҳурӣ паҳн шуд.
Ислом яъне сулҳ
Деҳаи Файзобод бошад он рӯз хун мегирист. Ҷасади сардори гурӯҳи қувваҳои зудамали назди ВКД, лейтенанти калон Раҷабмурод Орифовро ба деҳа оварданд. Модари ранҷури Раҷабмурод, ки солҳои зиёд аз фишори хун як тарафи баданаш кор намекунад, бо сӯзу гудоз «Шаҳбачаи ормониам» гуфта нола мекард, ки ҳатто дили санг об мешуд. Қатраҳои ашки падараш ҳоҷӣ Дост рӯи риши сафедаш ҷорӣ буд. Қомати баланди мӯйсафед ба назар мисли камон хам гашта буд. Он рӯз ҳама аз сифатҳои некӣ Раҷабмурод сухан мекарданд. - Раҷабмурод дар байни ҳамсинфон намуна буду ҳамсинфонаш ӯро дӯст медоштанд. Фаъоли корҳои ҷамъиятии мактаб буду дар маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ фаъолона иштирок мекард. Алалхусус дар олимпиадаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ҷойҳои сазоворро мегирифт, - ситоиш кард ӯро роҳбари синфаш, муаллима Шарифа Наҷмиддинова. Раҷабмурод пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 6 бо хоҳиши худ ба қисми низомии зу-
дамал рафта қарзи ватандӯстонаи худро ба ҷо овард. Пас аз адои хизмат барои кори доимӣ дар ин қисм монд. Дар ин давра Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ғоибона бо ихтисоси муаллими таърих ва ҳуқуқ хатм кард. Модари зори Раҷабмурод, холаи Зайнаб аз зери бистари беморияш қоғазпечеро баровард, ки дар он “Ифтихорнома” ва бастаи пулӣ буд, ки барои иштироки фаъолона дар машқҳои низомӣ чанде пеш писараш аз дасти Сарвари давлат гирифта буд. Ба ин мукофоти писар дида дӯхтаву ашки ҳасрат мерехт модари зор. Раҷабмурод, фарзанди аз ҳама хурди хонадон, дар байни бародарон бо рафтору гуфтораш намуна буд. Ба ҳамсояҳо дасти ёриаш мерасид. Ҳамин рафторҳояш буд, ки хурду калон дӯсташ медоштанд. Ҳоло дар ҳаққаш дуо карда мегӯянд: равонат шоду хонаи охиратат обод бод, Раҷабмурод! Тиллои СОҲИБНАЗАР, рӯзноманигор
НАБЗИ ҶОМЕА
Феълан ифротгароии мазҳабӣ дар олам боис шудааст, ки ҳазорон нафар бехонаву дар монда, ба кишварҳои бегона гуреза шаванд. Аммо гурӯҳҳои тундгаро ба ошуфтаҳолии гурезаҳои азияткаш кор надоранд. Имрӯз ифротгароӣ дарди сари тамоми кишварҳои дунёст. Ҷумҳурии мо ҳам аз он дар амон нест. Аз ҷумла, дар ВМКБ солҳои охир теъдоде аз ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо гаравидаанд. Мувофиқи маълумоти расмӣ, то солҳои охир дар макотиби динии хориҷ аз кишвар 114 нафар зодагони ВМКБ таҳсил доштанд. Аз ин теъдод 58 кас ба ноҳияи Ванҷ, 18 нафар Дарвоз ва 28 нафар ба ноҳияи Мурғоб рост омад. Феълан 80 каси онҳо аз ҷониби масъулини ниҳодҳои қудратӣ ба Ватан баргардонда шуданд. Аммо 24 каси дигар зиндагии доимиро дар хориҷи кишвар ихтиёр кардаанд. Тибқи итиллои шуъбаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоят, зиёда аз 18 нафар ҷавони ноҳияи Ванҷ ба давлати Сурия рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ҳамроҳ шудаанд. Албатта, миёни чунин афрод теъдоде аз донишҷӯён ҳам ҳастанд. Иддае аз онҳо пас аз бозгашти дуюмбора ба мамолики хориҷа ҷойи зисти муқимиро пешакӣ тағйир медиҳанд. Ҳоло рӯйхати ин донишҷӯён мураттаб гардида, ба махзани омори мақомоти вилоятӣ ворид шудааст. Минбаъд кору фаъолияти онҳо таҳти назорати вижаи мақомот аст. Фарзона Раҷаббекова, донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи техникии Ярослави Федератсияи Русия зимни суҳбат иброз дошт, ки пештар теъдоди донишҷӯён аз Тоҷикистон дар ин донишгоҳ зиёд буд, ҳоло кам шудааст. – Чунки зуҳуроти ифротгароӣ қариб дар ҳамаи гӯшаҳои олам реша давонд. Шуморе аз ҷавонони мо ҳам майл ба гурӯҳҳои ифротӣ карданд. Чор тан аз ҳамсабақонамон дар мамлакати Сурия қарор доштанд. Ҳамаи онҳо на зиёдтар аз 20 сол доштанд. Хабар расид, ки як нафарашон аллакай кушта шудааст, - мегӯяд Фарзона. Доктори илмҳои филологӣ Муқбилшо Аламшоев бар он назар аст, ки барои пешгирӣ кардани ин зуҳуроти нангин пеш аз ҳама волидайн бояд фарзандони худро бо усули дигар тарбия кунанд. Яъне, дар замони муосир парвариши таассуби диниву нажодпарастӣ дар вуҷуди ҳар як наврасу ҷавон хавфи ҷиддӣ дорад. Ба ақидаи Шеранвар Боваров, муаллими калони факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хоруғ феълан зуҳурёбии ифротгароӣ нисбат ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ дар Бадахшон камтар аст. “Таъсири ифротгароӣ бештар ба навоҳии поёнии вилоят - Ванҷу Дарвоз ба назар мерасад. Лекин бояд иқрор шуд, ки ин асаркунӣ аз дохил не, балки аз кишварҳои хориҷу ҳамсоя сурат мегирад. Чунки дар гузаштаи дуру наздик боре ҳам чунин рӯйдодро шоҳид нашудаем”. Агарчи таъсири ифротгароӣ аълон ба навоҳии болоӣ ва маркази вилоят чандон асар накардааст, вале сари вақт пешгирӣ нашавад, дар оянда мумкин аст реша давонад. Ҷангибек Улфатшоев, корманди хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси ВМКБ мегӯяд, то ҳол пайравӣ аз мазҳаби ноб кардан нафареро ба тирабахтӣ наовардааст. Баръакс, хулосаи ҳар як дин покии рафтор, гуфтор ва пиндори нек мебошад. Дар ҳамин ҳол коршиноси масоли мазҳабӣ дар вилоят Ҳақназари Собир ифрогароӣ ва ба мазҳаби бегона гарвидани ҷавононро як проблемаи умумимиллӣ хонда, чунин баён дошт: “Нахуст, усули муфид ва роҳи пешгирӣ кардани экстремизм он аст, ки ҷавонон бояд таълими мукаммали дунявӣ бигиранд. То ба доми ифротгароён наафтанд. Чун теъдоди зиёди ҷавонон аз нигоҳи на танҳо динӣ, балки дунявӣ ҳам ҷоҳиланд. Дуюм, ҷавонон аз ислом бардошти нодуруст мегиранд. Маҳз ҳамин боис мегардад, ки онҳо ба ифротгароӣ, догматизм ва кӯҳнапарастӣ, ки аслан бар ислом бегонаанд, гирифтор мешаванд”. Аслан агар ба моҳияти дини ислом назар кунем, мебинем, ки он ба сулҳу салоҳ кор дорад, на ба ҷанг, куштор ва хушунату зӯрӣ. Худи маънии сареи вожаи ислом ҳам сулҳ аст. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
Бузургмеҳр Ёров на ҳуқуқшинос, балки... Вокуниши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Ҳамдиёрони азиз! Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фарзанди Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол аст. Аз ин рӯ, нисбат ба тақдири ин кишвари озоду зебо бетараф буда наметавонад. Чунки фарзанд бақои хонадон буда, ҳифзи арзишҳову суннатҳо бар души фарзанд қарз аст. Воқеоти рӯзҳои ахир, ки гӯё бо роҳбарии хоини давлату миллат Назарзода Абдуҳалим расман аз 04.09.2015 зоҳир гашт, аммо солҳо боз аз ҷониби роҳбарони дохиливу хориҷиашон тарроҳӣ мешавад, моро нисбат ба ояндаи ин сарзамин, ки бароямон амонат аз гузаштагон аст, бетараф намегузошт. Хушбахтона ва шукри Худо, ки бо саъю талоши як идда ҳомиёни Ватан тири хоинон хок хурд, душман ба ҳадаф нарасид, парда аз рӯйи ҳақиқат бардошта шуд, то чеҳраи аслии раҳбарони ҲНИТ-ро ошкор дидем. Маълум буд, ки ин созмон (ҲНИТ) асосан на ба манфиати дин асту на ба нафъи давлату миллат, инҳо террористоне ҳастанд, ки мехоҳанд бар дину миллат хиёнат варзанд. Аз ин рӯ дурустар менамояд, ки ин ташкилотро Созмони хоинону террористони Тоҷикистон номем. Чунки раҳбарони ин созмон агар ба ҷойи каду саре болои гардани худ дошта бошанд, хуб медонанд, ки истифода аз Ислом барои роҳандозии манфиатҳои гурӯҳӣ (аслан нооромсозӣ, мансабталошӣ, фисқу фуҷур, бунёди Афғонистони бедарвозаи дигар) дар тӯли таърихи дини Ислом ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу давлат набуд ва
нахоҳад шуд. Чунки дини Ислом ба ҳассосият сари кор мегирад ва дар набардҳои сиёсӣ истифодаи эҳсосот на танҳо ба маънои мағлубият, балки ба миллату давлат ва дин хатароти азим морад. Дин бовару эътиқод асту бас! Барои шинохти Худову расул ба мардум да ҳизбу созмон лозим асту на пешвои наҳзатӣ! Агар кишварҳои исломиро мисол меоред, исломи онҳо мисли демократияи Амрико дурӯғ аст! Ва ин ҳақиқат “офтоб далели офтоб” аст. Вале ҳатто аз панди “...ба доно як ишора” сабақ нагирифтанд ва гӯш кардан ҳам нахостанд. Бо хоҷаҳояшон гумон карданд, ки Тоҷикистон мисли Афғонистону Ироқ як шаҳри дигари бедарвоза аст. Аммо Тоҷикистон соҳиб дорад ва соҳиби он мо – ҷавонон ҳастем! Намегузорем, ки дигар зани тоҷик барои шавҳару фарзанд ва хонаву дараш сӯг бигирад ва мансабталошону пулпарастон аз миллату дини мо суйистифода кунанд! Боиси таассуф аст, ки ҳафтаи ахир як гурӯҳ бо роҳбарии ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров ин амали хоинони миллату давлат ва динро нодида гирифта, ба хотири ҳимояи саркарда ва аъзои боздоштшудаи ҲНИТ бархостаанд ва ба ном Кумитаи ҷамъиятӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудаҳо таъсис намуданд. Боз раҳбари ин гурӯҳ шарҳ ҳам додааст, ки “кумита ба хотири ошкору ҷилавгирии қонуншиканӣ алайҳи боздоштшудаҳо таъсис ёфтааст”. Ин ҳам дар ҳоле ки мақомоти прокуратура бо далелҳои қавӣ собит намуд, ки ин гурӯҳи боздоштшуда
дар ташкили гурӯҳҳои ифротӣ даст доранд. Як формулаи мантиқии бисёр қавӣ бо чунин мазмун аст: агар нафаре, хоҳ ҳуқуқшинос аст ё фарди дигар, аз ҷинояткорону террористон ҳимоят кардан хоҳад, ӯ нафар бешак худ ҷинояткору террорист аст! Пас маълум мешавад, ки Бузургмеҳр Ёров на ҳуқуқшинос, балки як узви фаъоли Созмони хоинону террористони Тоҷикистон аст. Аз ин маълум мешавад, ки Бузургмеҳр Ёров як узви фаъоли ҲНИТ аст, ба хотири фош нашудан ва аз ҷониби мақомот дастгир нагардиданаш ба сифати ҳомии ҳуқуқ зуд ба ҳимояи ҳамаслакони худ бархоста, мехост аз хоинону террористҳо ҳимоя намояд. Хуб шуд, ки мақомот ин ҳилаву найранги ба ном муҳофизи ҳуқуқ – Бузургмеҳр Ёровро ошкор сохта, ӯро ба ҷавобгарӣ кашид. Мо – ҷавонон ин гуна ҷинояткорону хоинони миллатро чашми дидан надорем, ин гуна муҳофизони ҳуқуқ ба мо лозим нест ва минбаъд ҳам нисбат ба ин гуна ҷинояту хиёнатҳо бетараф набуда, онҳоро сари вақт пешгирӣ ва маҳкум менамоем. Мо - ҷавонони даврони Истиқлолият бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз Итиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун занҷири пулодӣ ба ҳам пайваст буда, ҳатто то охирин лаҳзаҳои ҳастӣ, ҳимоятгари сохти конститутсионӣ ва ормонҳои миллӣ боқӣ мемонем. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!
3
ҲУШДОР
СЕМИНАР
Ҷавонон корхонасозӣ омӯхтанд Ба қадри амонӣ бояд расид Таърих гувоҳ аст, ки башарият борҳо ба муқовиматҳои ақидавию мазҳабӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки бештар аз бозиҳои давлатҳои абарқудрат ва манфиатҷӯ маншаъ мегиранд. Чунин бархӯрдҳо суботро аз миён мебаранд ва ин ё он минтақаи аз ҷиҳати сиёсӣ ноустуворро ба ҳалокат мерасонанд. Барои ба алангаи чунин даргириҳо гирифтор нашудан чӣ бояд кард? Киҳо метавонанд ба чунин фоҷиаҳои сангин гирифтор нагарданд? Вақти он расидаст, ки ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин, масҷидҳо ва тамоми маърифатгоҳҳо ба як самт кори фаҳмондадиҳиро равона кунанд, то ҷавонон дарк намоянд, ки амалҳои гуногунро имрӯзҳо давлатҳои абарқудрат ба воситаи нафарони фирефташуда анҷом медиҳанд. Зикр намудан бамаврид аст, ки халқу миллатҳои зиёд дар чунин бархӯрдҳо иттиҳодро аз даст дода, дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи душвор манфиатҳои хешро дар мадди аввал гузошта, ба парокандаву нобудӣ рафта мерасанд. Аз ҳама нангинтар он аст, ки дар чунин воқеот арзишҳои миллӣ, забони худро ба ҳадди нестӣ оварда мерасонанд. Ҷои таассуф аст, ки мо - тоҷикон низ сарфи назар аз гузаштаи пурғановати фарҳангӣ чунин ҳуҷумҳои сангини таърихиро борҳо аз сар гузаронда бошем ҳам, вале то ҳол аз он сабақи зуруриро нагирифтаем. Саволе ба миён меояд, ки чаро чунин зиддиятҳои мазҳабӣ ва ҷудоиандозихо хосатан дар кишварҳои мусулмоннишин сурат мегиранд? Магар чунин зиддиятҳо ва даргириҳо танҳо хоси мусулмонон аст? Ба ин саволҳо айни муддаост, агар аз суханрониҳои доктор Алӣ Қарадоғӣ дар конфронси илмии амалӣ, дар мавзӯи «Ислом зидди экстримизми динӣ ва терроризм», ки 22-23 июли соли ҷорӣ дар кишвар баргузор гардид, ҷавоб диҳем: «Имрӯз доираи тафриқа ва парокандагӣ танҳо домангири давлатҳои исломӣ нест, балки он домани тамоми миллатҳои ҷаҳонро гирифтааст. Андешаҳои тундрав ва идеологияҳои бегона боиси пора-пора гаштани давлат ва ба фирқаву гурӯҳҳои бо ҳам душман табдил ёфтани онҳо гаштааст, ки як гурӯҳ дигар гурӯҳро кофир мехонад ва як миллат алайҳи миллати дигар меҷангад». Чунин вазъият моро водор месозад,
4
ки аз ин мусибати бузург андеша намуда, мушкилоти мавҷударо таҳқиқ намоем ва решаю сабабҳоҳояшро ҷӯё шавем. Ҳанӯз аз оғоз ва паҳн гардидани чунин ҳодисаҳои нанговар нафароне пайдо шуданд, ки барои ҳадафҳои ғаразнокашон тамоми чораҳоро истифода мебурданд. На танҳо ашхоси алоҳида, балки гурӯҳҳо ва ҳатто баъзе давлатҳо низ. Имрӯз мебинем, ки нафароне пайдо гашта, дар либоси дин, аз номи дин сухан гуфта, барои ҳадафҳои нопокашон миллатро доғдор мекунанд. Аммо набояд мо фирефтаи онҳо гардем. Ҷои таассуф аст, ки имрӯз дар ватани азизамон гурӯҳҳо ва фирқаҳое бо тақлидҳои кӯр-кӯрона байни мардум фитна меандозанд. Яке ба номи салафия, дигаре ба номи ҳизби таҳрир, сеюмӣ ба номи давлати исломӣ. Агар дуруст назар андозем, он нафароне, ки худро пайрав ба ин ё он гурӯҳ медонанд, аз таърих ва бунёди сарзаминашон умуман хабар надоранд. Аз сомонаҳои гуногун хабарҳои ба ин ё он гурӯҳ гаравидани ҷавонони тоҷикро хонда ва ё аз хусуси ҳамчун «мубориз дар роҳи ҳақ» падару модар, зану фарзанд, хешу таборро ба ҳукми тақдир ҳавола карда, ба набардҳои гуногуни хориҷӣ рафтани онҳоро шунидаву дида, хоҳ-нохоҳ дар сар андешае меояд, ки оё ин «муборизон» заррае аз таърихи халқи худ огаҳӣ дошта бошанд? Ба ҳар сурат, мо бояд ҳушёр бошем ва аз оқибатҳои ҳалокатовари тафриқаандозию фирқагароӣ амиқ биандешем. Феълан моро мебояд, ки бедорию зиракиро аз даст надода, фирефтаи шиорҳои дурӯғини ҳар гуна ҳаракатҳои ба зоҳир исломию дар асл ифротгаро ва ҷудоиандоз нашавем. Чӣ бояд кард, ки ҷавонони мо ба пуррагӣ «ҷиҳод»-и аз ҷониби ғарбиён эҷодшударо дарк карда тавонанд? Дар ҷомеаи навини Тоҷикистон байни ҷавонон бояд ақидаи солими маънавиро тарғиб намоем. Маърифати ҷаҳондонию забондонии онҳоро боло бардорем, то ки таблиғоти ифротгароёнро бидуни таҳқиқ қабул накунанд, балки тавонанд ҳамсолони гумроҳи худро аз пайвастшавӣ ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ боздоранд. Корҳои фахмондадиҳиро пайваста бояд ба роҳ монд, то ҷавонон мақсадҳои ғаразноки гурӯҳҳои тундравро дарк намоянд ва ба қадри тинҷиву амонӣ, сулҳу суботи кишвар бирасанд.
Раҷабалӣ ТУРСУНЗОДА, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб, Қандил САИДЗОДА, магистри Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт-Петурбург
Рушд додани соҳибкорӣ миёни ҷавонон аз масъалаҳои муҳимест, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани ин қишри ҷомеа мусоидат мекунад. Ин масъала таваҷҷуҳи ҳам ҳукумат ва ҳам ҷомеаро ҷалб кардааст. Ба вижа Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳояшро барои рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон ва ба ин тариқ ҳал намудани мушкилоти бекорӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо истифода мебарад. Зеро бо рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон мушкили бо ҷои кор таъмин намудани онҳо ҳал шуда, бисёре аз мушкилоти дигар, ки дар заминаи бекорӣ ба вуҷуд меоянд, аз байн мераванд. Ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” бо дарки ин масъала рушди соҳибкорӣ миёни ҷавононро ҳадаф қарор дода, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, лоиҳаи “Рушди соҳибкорӣ ва омӯзиши роҳҳои сохтани корхонаҳои хурд барои ҷавонони бекори шаҳри Душанбе”-ро татбиқ намуд. Ин лоиҳа имкон медиҳад, ки 80 нафар ҷавон аз оилаҳои камбизоату ниёзманд аз шаҳри Душанбе бо ҷои кори доимӣ бо роҳи омӯзиши усулҳои муосири соҳибкорӣ, роҳҳои ташкили корхонаҳои хусусӣ, огоҳ шудан аз қоидаҳои маркетингу менеҷмент ва фароҳам шудани имкони гирифтани қарзҳои хурд барои соҳибкорӣ таъмин шаванд. Солҳои охир масъалаи бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонон яке аз проблемаҳои муҳими ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Азбаски ҳар сол баробари мактабҳоро хатм намудани ҷавонон шумораи бекорон меафзояд ва сатҳи бекорӣ тадриҷан баланд мешавад, зарурати бо ҷои кор таъмин намудани онҳо пайдо мешавад. Қисме аз ҷавонони бекор хориҷи кишвар ба муҳоҷират мераванд ва як қисми онҳо, ки имкони ба муҳоҷират рафтан надоранд, дар кишвар ба мушкилиҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Хусусан, аҳволи ҷавононе, ки аз оилаҳои камбизоату ниёзманданд ва барои ба муҳоҷират рафтан низ пули роҳкиро надоранд, душвор мегардад. Ин гуна вазият ҷавононро ба қишри осебпазири ҷомеа табдил медиҳад. Зеро бо ҷои кор таъмин набудани ҷавонон ба пайдо шудани проблемаҳои дигар боис мешавад, ки барои амният ва осудагии аҳолии кишвар хавфу хатари бузург дорад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ бешуғл мондани ҷавонон сабаби пайдо шудани проблемаҳое, чун афзудани сатҳи ҷинояткорӣ, даст ба дуздию ғоратгарӣ задани ҷавонон, пайвастан ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, афзудани шумораи нашъамандон ва ба вуҷуд омадани даҳҳо проблемаҳои дигаре мешавад, ки ҷавононро аз масъулият дар назди ҷомеа ва оилаи худ дур намуда, боис ба роҳгум задани онҳо мегардад. Масалан, омори расмии ин вазорат нишон медиҳад, ки то ин замон зиёда аз 520 нафар шаҳрванди кишвар бар ивази маблағ ба сафи ҷангиёни ДИИШ пайвастаанд, ки аксари онҳо ҷавонони бекор мебошанд. Ин мушкилотро, ки пур аз хавфу хатар ба амният ва осудагии мардуми кишвар мебошанд, бо ҳал намудани масъалаи бекорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон пешгирӣ кардан мумкин аст. Вақте ҷавонон бо ҷои кор таъмин бошанд, зиндагиашон таъмин бошад ва машғули кор бошанд, зарурати ба ҷиноят даст задани онҳо ва ба Сурия рафтану террорист шудани онҳо ба таври табиӣ аз байн меравад. Ба ин хотир айни замон барои паст кардани сатҳи бекорӣ миёни ҷавонон онҳоро ба корҳои соҳибкорӣ фаро гирифтан, ба онҳо омӯхтани роҳҳои сохтани корхонаҳои хусусӣ, омӯхтани усулҳои фаъолияти соҳибкории муосир, имкон додан барои дарёфти қарз барои соҳибкорӣ ва ҳамин тавр фароҳам намудани ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонони ниёзманд амри зарурӣ мебошад. Бахусус, ҳоло дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиши соҳибкорӣ фаро гирифтани ҷавонони аз оилаҳои камбизоат бисёр боаҳамият аст. Бо омӯзиш ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкории муосир, ҷавонон бо ҷои кор таъмин карда мешаванд ва ин дар ниҳоят ба рушди соҳибкорӣ ва рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Дар замони иҷрои лоиҳаи мазкур барои омӯзонидани ҷавонон намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистон, устодони Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва коршиносони соҳа бо мавзӯъҳои муҳим ҷалб шуданд. Ба хотири он ки иштирокдорони лоиҳа пурра мавзӯъҳоро аз худ кунанд ва дар амал истифода баранд, дар доираи лоиҳаи мазкур чорабиниҳои шавқовар баргузор шуданд. Масалан, гузаронидани чорабиние дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ ва сохтани корхонаҳои хурд дар ҳалли проблемаи бекории ҷавонон” имкон дод, ки иштирокдорон зарурати омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ ва роҳҳои сохтани корхонаҳои хурдро барои ҳали масъалаи бекорӣ дарк намуда, барои соҳибкор шудан талош кунанд. Ба монанди ин семинару тренингҳое, ки баргузор шуданд, ба мисли «Маркетинг ва менеҷмент барои соҳибкорони ҷавон” барои иштироккунандагон бисёр муфид буданд. Дар давраҳои омӯзишӣ ҷавонон муҳимтарин принсипҳои соҳибкории муосирро аз худ карданд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти пайдошаванда ҳангоми фаъолият дар бозор қоидаҳои асосии менеҷмент ва маркетинг ба иштирокдорони лоиҳа омӯзонида шуданд. Донистани маркентингу менеҷмент барои муфлис нашудан ҳангоми фаъолият дар бозор ва имкони пешбинӣ намудани тағйирёбии нархҳо барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ барои иштирокдорони лоиҳа бисёр муҳим буд. Иштирокчиён ҳамчунин усулҳои банақшагирии фоида аз фаъолияти соҳибкорӣ, дуруст ҳисоб намудани даромаду хароҷот ва ба роҳ мондани ҳисобдории соҳибкорӣ ва сохтани бизнес-план ва фаъолият тибқи онро бо мисолҳои амалӣ омӯхта, барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ пурра омода шуданд. Дар доираи лоиҳа гузаронидани вохӯриҳо бо намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд барои ҷавонон боз ҳам шавқовар буд. Дар мулоқот бо намояндагони бонкҳо ҷавонон роҳҳои дарёфти қарзи тиҷоратӣ ва истифодаи босамари он дар фаъолияти соҳибкориро аз худ карданд. Ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон» ҳадаф доранд, дар оянда низ барои рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон ва паст намудани сатҳи бекорӣ дар байни онҳо саъю талош намоянд. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
5 ОКТЯБР – РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Забони адабии тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Бо қабул гардидани Қонун “Дар бораи забон” (соли 1989) сол то сол мавқеъ ва нуфузи он афзун мегардад. Дар баробари дигар арзишҳои фарҳангӣ забон низ нишони ҳастии миллату давлат шинохта шуда, он ҳар сол бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба Рӯзи забон бо яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи забон, доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов суҳбат кардем. - Устоди гиромӣ! Дар ибтидо Шуморо бо фарорасии Рӯзи забон табрик мегӯем! Шумо, ки ҳамеша барои тозагии забон талош доред, вазъи имрӯзаи забони тоҷикиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Ташаккур! Ба шумо ва ба тамоми ҳамзабонон ин рӯзро муборакбод мегӯям. Аз қабули қонуни забони давлатӣ 26 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат забони давлатӣ, чунон ки дар қонуни забон зикр гардида буд, мавқеъ ва густариш пайдо намуд. Албатта, ин ҳодиса падидаи хуб аст, чунки аз қабули қонуни забон – соли 1989 то истиқлолияти кишвар аксари зиёиён дудила буданд, ки забони тоҷикӣ воқеан забони расмии давлатӣ шуда метавонад ё не. Чунки дар ин муддати тӯлонии зиёда аз 70 сол мавқеи расмии забони тоҷикиро забони русӣ ишғол карда буд. Яъне доираи истеъмоли забони тоҷикӣ рӯз то рӯз танг мешуд. Бинобар ин, худи ҳодисаи қабули қонуни забон як падидаи нек буд. Вақте ки Тоҷикистон истиқлолияти худро ба ҷаҳониён эълон кард, дили ҳама пур шуд ва гуфтанд, ки забони тоҷикӣ забони давлатӣ мешавад. Лекин дар як чиз гумон буд: дар муддате, ки қонун пешбинӣ намуда буд, воқеан забони тоҷикӣ ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро ишғол карда метавонад ё не. Воқеан ҳам ишғол накард, чунки 10 сол сипарӣ шуд, аммо дар баъзе муассисаҳои давлатӣ ҳамчунон забони русӣ истифода мешуд. Хушбахтона, пас аз 26 сол имрӯз мебинем, ки дар ҳамаи муассисаҳои Тоҷикистон забони ягонаи расмӣ забони тоҷикист. - Забони тоҷикӣ дар тӯли 24 соли истиқлолият чиро ба даст овард? - Албатта, бурди якумаш
Забон имрӯз ҳам аз хатар эмин нест! ҳамин ки коргузории расмӣ қариб пурра ба забони тоҷикӣ гардид. Боз ягона чизе ки дар мо андаке ба мушкилӣ пеш мерафт, таълиму тадрис дар мактабҳои олӣ ва дар соҳаи тадқиқоти илмӣ, хусусан, дар соҳаи илмҳои дақиқ буд, зеро истилоҳоти мо ба мисли ҳамсояҳои ҳамзабонамон анъанаи пештараро идома надод. Мо бештар тақлид кардем ба истилоҳоти байналхалқӣ, ки ба таркиби луғавии забони русӣ ворид шуда буд ва онҳоро гирифтему дар соҳаҳои гуногуни илм истифода кардем. Бо ҳамин сабаб ба мо лозим омад, ки дар марҳилаи кунунии забони тоҷикӣ истилоҳоти илмию техникиамонро аз назар гузаронем. Баъзе мутахассисони мо ба ҳамин кор машғул шуданд ва рисолаҳои номзадию докторӣ навиштанд. Ҳамаи инҳо дастовардҳои мо дар замони истиқлол аз давлатӣ шудани забони тоҷикӣ ба шумор мераванд. - Мавқеи забонро дар шароити имрӯза чӣ гуна шарҳ медиҳед? - Забони тоҷикӣ аз хавфу хатар имрӯз ҳам эмин нест, чунки ҳодисаи ҷаҳонишавӣ ба забон ҳам таъсир мерасонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар дунё панҷ забони илмию техникӣ вуҷуд доранд - англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, русӣ ва итолиёвӣ. Акнун забонҳои дигар, ҳатто забони хитоӣ, ки ин қадар дар илму техника пешрав аст, чун забони илмии байналмилалӣ эътироф нашудааст. Аз ин ҷиҳат забони мо ҳам, ки қариб 150 миллион аҳолӣ бо он ҳарф мезананд, ба қатори забонҳои қудратманди илмию техникӣ ворид нашудааст. Албатта, дар ҳудуди Тоҷикистон ба ғайр аз забони тоҷикӣ боз забонҳое ҳастанд, ки аз гузашта мо онҳоро мерос гирифтаем ва хеле гаронбаҳоянд. Монанди гурӯҳи забонҳои помирӣ, забони яғнобӣ. Ман бисёр мехостам, ки садои гузаштагони мо ба туфайли ҳамин забонҳо имрӯз ҳам боқӣ монад. Дар баробари забони тоҷикӣ дигар забонҳо низ ба хатар рӯ ба рӯянд. - Оё меъёрҳои забони адабӣ дар муоширати аҳли ҷомеа риоя мешавад? - Меъёри забони адабиро чунин фаҳмидан даркор аст: забони адабӣ ду тариқа - хаттӣ ва шифоҳӣ амал мекунад. Меъёри забони адабии хаттӣ андаке хусусияти устуворӣ дорад ва дер тағйир меёбад. Бинобар ин осори хаттии асри даҳи адабиёти класикиро ҳозир хонандагони мактаби миёна ҳам мехонанд ва мефаҳманд. Аммо дар баробари
забони хаттӣ забони шифоҳӣ ҳам амал мекунад. Забони шифоҳӣ яке аз омилҳои рушду инкишофи забон аст, чунки ҳар дигаргунӣ пеш аз ҳама дар забони шифоҳӣ рӯй дода, оҳиста – оҳиста ба меъёри забони хаттӣ мутобиқ мешавад. Бояд дар байни забони адабии хаттӣ ва забони адабии гуфтугӯӣ тафовут бошад. Забони адабии гуфтугӯӣ назар ба забони адабии хаттӣ осонгӯ аст. Бинобар ин аксарият гумон мекунанд, ки забони адабӣ фақат забони хаттист ва баъзеҳо аз нутқ кардан ибо мекунанд, ки мабодо хато накунанд. Бояд қайд кард, ки дар бораи меъёри забони адабии гуфтугӯӣ мо кам тадқиқ кардем. Мо - забоншиносон муайян накардаем, ки байни меъёри забони адабии гуфтугӯӣ ва хаттӣ чӣ тафовут вуҷуд дорад. Ба назари ман, аз меъёри забони адабӣ ин қадар тарсидан лозим нест. Ҳамин забони шифоҳие, ки ҳангоми муошират ягон-ягон унсурҳои лаҳҷавӣ ва забонҳои бегона омехта мешаванд, яке аз хусусиятҳои забони зинда ба шумор меравад. Маълум мешавад, ки забони адабии хаттии мо ба ворид кардани унсурҳои созгори забони зинда, ки дар баъзе шеваҳо дучор меоянд, эҳтиёҷ дорад. Ин манбаро ҳам фаромуш кардан лозим нест, ки лаҳҷаву шеваҳо ҳам ба мисли забони адабии гуфтугӯӣ забони зиндаанд, дар онҳо ҳам ҳар рӯз як калима ва ё таркиби наве эҷод мегардад. - Чӣ бояд кард, ки аҳли ҷомеа бо забони сирф адабӣ сухан гӯянд? - Бо забони сирф адабӣ сухан гуфтан имконнопазир аст. Зеро ҳангоми муошират бо яке аз забонҳои маъруфи дунё забони русӣ, ки ин қадар рушд кардааст, баъзе лағжишҳо мушоҳида мешавад. Ин табиист, чунки забони зинда ҳамеша ба содагӣ, ба кӯтоҳӣ, ба муҷазбаёнӣ майл дорад. Он калимаҳои мушкилталаффузе, ки дар забони хаттӣ ҳаст, дар забони гуфтугӯӣ умуман ба кор бурда намешаванд. Ҳоло аз забони матбуоти мо низ андаке норозигӣ изҳор мекунанд, ки барои чӣ ба ҷойи баъзе калимаҳои тоҷикӣ калимаҳои бегонаро кор мефармоянд. Дар ин бобат ҳақ ба ҷониби мардум аст, чунки забони ВАО бояд забони зиндаи оммафаҳм бошад. Услуби рӯзноманигорӣ тақозо мекунад, ки ҳангоми муошират бо мардуми тоҷик чӣ дар дохил ва ё берун аз марзи Тоҷикистон маънои нигоштаҳои матбуотро бо як бор хондан фаҳманд. Афсӯс, бо вуҷуди он ки баъзан дар забони худамон калимаҳои хеле
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
осонгӯ ва осонфаҳм вуҷуд дошта бошанд ҳам, ба ҷойи онҳо калимаҳои бегонаро кор мефармоянд. Масалан, калимаҳои “инфиҷор” ва “таркиш”. Мардуми мо бештар калимаи “таркиш”–ро истифода мебарад, зеро маънои “инфиҷор”-ро на ҳар хонанда ба осонӣ мефаҳмад. - Роҷеъ ба масъалаи риояи асолати забони тоҷикӣ ва меъёрҳои забони адабӣ ва риояи он дар забони воситаҳои ахбори омма чӣ андеша доред? - Вазъи имрӯзаи забони адабии моро воситаҳои ахбори омма инъикос мекунад. Аз ин рӯ, забон покиза, беолоиш ва барои ҳама намуна бошад, то мардум хонанду ба он тақлид кунанд. Ё аз барномаҳои радио ва телевизион шунаванду ёд гиранд ва калимаҳоро бо маънои маъруфашон кор фармоянд. Чунончи, баъзеҳо калимаи “бурдборӣ”–ро ба маънои “комёбӣ” кор мефармоянд, ки хатост, чунки он маънои сабур буданро дорад. Ин маънои калимаро надониста кор фармудан аст. Бинобар ин ҳар чизеро ки аз забони ВАО шунид, бояд аввал маънияшро фаҳмида, баъдан кор фармояд. Ин мешавад ба асолати забон риоя кардан. Ғалатҳои калимасозии забони матбуотро ҳам дар осори мақолаҳо борҳо зикр кардаанд. Масалан, ҳоло ҳам матбуот калимаи “мусбӣ”–ро истифода мебарад, ки шакли дурусташ “мусбат” аст.
- Нафароне ҳам ёфт мешаванд, ки мегӯянд, забони имрӯзаи тоҷикӣ забони шахшуда аст. Оё воқеан забони даврони истиқлолият шахшуда аст? - Меъёри забони хаттӣ устувор аст, ҳар рӯз тағйир намеёбад, аммо меъёри забони адабии гуфтугӯӣ тағйирёбандааст, чунки инро ҳаёт тақозо мекунад, ки калимаю истилоҳоти нав ба нав ба забон ворид шаванд. Барои ифодаи мафҳуми нав аз захираҳои луғавии осори гузаштагон калима ҷустуҷӯ мекунед, қисми дигар он мафҳумҳоро бо усули калимасозӣ истилоҳи нав сохта, ифода мекунанд. Агар ин воситаҳо мушкили забонро осон накунанд, ноилоҷ калимаи бегонаро ба талаффузи забони худ мувофиқ карда, ба кор мебаред. Дар ин бобат меъёри забони тоҷикиро шахшуда гуфтан раво нест, зеро меъёри забони адабӣ дар ҳар марҳилаи инкишофи забон муқаррар карда мешавад. - Дар интиҳо таманниёти Шумо ба тамоми тоҷикзабонон? - Ба кулли тоҷикзабонон ва тоҷикистониён комёбӣ орзумандам. Бигзор ҳамеша саодатманд бошанд ва баҳри покиза нигоҳ доштани забони адабӣ кӯшиш намоянд. Мусоҳиб Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
5
НИГАРОНӢ
МУШОҲИДА
Бозӣ дар роҳи нақлиёт Чаро ғами кӯдаконро намехурем? Рӯз то рӯз сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, алалхусус биноҳои баландошёна дар кишвар, махсусан дар пойтахт шаҳри Душанбе афзоиш ёфта истодаанд, ки хуб аст. Аммо мутаассифона ҳангоми сохтмони онҳо мутахассисон ва масъулони шаҳрдорӣ як чизро ба инобат намегиранд: дар пеши ин биноҳо сохтани майдончаҳои варзишию фароғатӣ барои кӯдакону наврасон, ки аз талаботи асосӣ ҳангоми сохтмони биноҳои истиқоматӣ аст.
Ба меҳмонони хориҷӣ, ки аз Федератсияи Русия ва кишварҳои мамолики Белорусияву Қирғизистон омада буданд, атласи Хуҷанд туҳфа дода шуд. Ёдовар мешавем, ки таҷлили рӯзи шаҳр соли гузашта дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр эълон гардид.
Баъди аз мактаб баргаштан кӯдакону наврасонро зарур аст, ки ба сайругашт бароянд, ба бозӣ ва варзиш машғул шаванд, аммо аксар вақт мо шоҳиди он мегардем, ки онҳо дар роҳҳои мошингард ва дигар ҷойҳои мамнуъ машғули бозӣ мешаванд. Мо, насли калонсол хуб медонем, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди ҳар бинои истиқоматӣ майдончаҳо барои бозию фароғати кӯдакону наврасон сохта шуда буд ва ҳатто шомгоҳон калонсолон низ баромада дар он ҷойҳо истироҳат мекарданд. Имрӯз бошад, ин майдончаҳоро валангор карда, дар ҷояшон биноҳои баландошёна сохта истодаанд, ки боиси норозигии сокинон гардидааст. Масалан, дар назди бинои истиқоматии Яккачинор-146, ки дар назди пули Автовокзал воқеъ аст, майдончаи истироҳатие вуҷуд дошт, ки он ҷо ҳар шомгоҳон кӯдакону наврасон, ҳатто бузургсолон истироҳат ва тамрин менамуданд. Аммо имрӯз аз онҳо ному нишоне нест, ба ҷояшон сохтмонҳои дигар бино ёфтаанд. Чанд сол қабл Суҳробшо Раҳмонов ном сокини пойтахт аз номи сокинони маҳаллашон ба мақомоти шаҳрдорӣ муроҷиатномае ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст: “Мо, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, гузаргоҳи 3-юми кӯчаи Неъмат Қарабоев, 7 ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар кӯчаи номбурда 8 бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавҷуд аст, ки дар солҳои 1980-1984 сохта шудаанд. Ин биноҳо ҳама дорои майдончаҳои фароғатӣ барои кӯдакону наврасон буданд. Дар давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ майдончаҳои фароғатии кӯдакон аз байн рафтанд ва айни замон дар ҷойи майдончаҳо ҳар гуна сохтмонҳо ва таваққуфгоҳҳо сохта шудаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар 8 бинои баландошёнаи ин маҳалла 472 ҳуҷра мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 300-350 кӯдаки ноболиғи синнашон то 12 истиқомат мекунанд, ки барои истироҳату фароғат ва бозии онҳо мавҷудияти майдонҳои фароғатӣ ҳатмист. Аз ин лиҳоз, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои барқарор намудани майдончаҳои фароғатӣ дар маҳаллаи мазкур мусоидат намоед”. Гарчанде аз навиштани ин муроҷиатноманома ду сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол ин мушкил ҳал нашудааст. Агар масъулони идораву ташкилотҳои дахлдор барои аз нав таъмиру барқарорсозии он майдончаҳое, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ валангор шудаанд, чораандешӣ менамуданд, амали савоб ва дастгирие мешуд барои насли ояндаи ҷомеа. Ман чандест, ки дар Федератсияи Русия қарор дорам ва ба таъмири биноҳои баландошёна машғулам. Дар ин ҷо ҳам сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ҳоли рушд аст. Ҳангоми тарҳрезии ҳар бино ҳатман дар назди онҳо сохтмони майдончаҳои варзишию фароғатӣ ба нақша гирифта мешавад. Ин гуфтаҳои маро Аҳмад ном марди 45-сола, ки даҳ сол боз дар Екатеринбург истиқомат мекунад, тақвият дода мегӯяд: - Мо ҳар сол зиёда аз 10-15 майдончаи варзишию фароғатӣ барои кӯдакон месозем. Тавре дар ин солҳо мушоҳида намудам, халқи рус барои таҳсилу фароғат ва умуман зиндагии хубу осоиштаи кӯдакону наврасон тамоми чораҳоро меандешанд, зеро онҳоро як ҷузъи муҳим ва ояндасози ҷомеа мешуморанд. Мо бошем, аксар вақт вазъи мушкили иқтисодиро баҳона пеш оварда, на ба таҳсили фарзандон эътибор медиҳему на ба истироҳату фароғати онҳо. Ҳол он ки сохтмони чунин майдончаҳои фароғатӣ нисбат ба сохтмони чандин иншооти дигар, ки хеле босуръат афзоиш меёбанд, ҳам осонтар асту ҳам камхарҷ. Номбурда бо нигаронӣ афзуд, ки вақте Душанбе ба меҳмонӣ меравад, аксар вақт шоҳиди он мегардад, ки кӯдакону наврасон ҷони худро дар хатар гузошта, дар роҳҳои мошингард машғули бозӣ ҳастанд. Ин дар ҳолест ки имрӯзҳо дар Душанбе нақлиёт нисбат ба солҳои пеш бамаротиб зиёд шудааст. Агар мо, калонсолон ба тақдири фарзандонамон чунин бетафовут бошем, чӣ гуна фардо аз онҳо мардони майдон ва созандагони Ватанро тарбия карда метавонем? Охир, мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо талқин менамоем, ки кӯдакон ояндаи мо, давомдиҳандаи кору пайкори мо мебошанд. Пас, биёед, барои онҳо имрӯз шароит муҳайё созем, то ки онҳо вақти холии худро на ба оворагардию дигар корҳои беҳуда, балки ба варзиш ва тарбияи бадан сарф намоянду ҳамзамон истироҳату фароғат намуда, насли солиму ҳушёр ба воя бирасанд.
Саодат ИСМОИЛӢ, “ҶТ”
Ҳасан АЗИЗОВ
Ба талбандаҳо ҷазо таъин шавад! Рӯзе аз назди бозори «Шоҳмансур» гузар карда, занеро дидам ба замин афтодаву дастонаш ларзон. Дилам сӯхту ба ӯ пул додам ва чанд қадам рафта, ба пушт нигоҳ кардам, ки зан аз ҷой бархесту ба пулшуморӣ даромад. Аз ин манзара дар шигифт афтодам ва аз ҳамон вақт ба сохтакории талбандаву ҷӯгиҳо нафрат пайдо кардам... Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдори пойтахт зимни яке аз ҷаласаҳои васеи шаҳрдорӣ М. Убайдуллоев аз зиёд шудани талбандаҳо дар кӯчаву роҳҳои нақлиётӣ изҳори нигаронӣ карда, ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе супориш додааст, ки дар ин самт амалисозии тадбирҳо ва корҳои профилактикӣ пурзӯр гардад. Воқеан, супориши бамаврид аст, чунки имрӯз кӯчаву бозор, роҳу роҳрави шаҳри Душанбе пур аз талбанда шудааст. Ҳар нафаре, ки имрӯз ба сайругашти боғу гулгаштҳои шаҳр барояд, бешубҳа ин ҳолатро мушоҳида мекунад. Мастон Шарифов аз афзудани теъдоди талбандаҳо изҳори нороҳатӣ кард. Ба андешаи ӯ, афзоиши теъдоди талабандаҳо оқибати хуб надорад, зеро ҳар рӯз меҳмонони зиёде ба Тоҷикистон ворид мешаванд ва ин ҳолатро дида, миллатро баҳо медиҳанд. - Зуҳуроти нангини талбандагӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ ҳаст. Ба ибораи
дигар ҷӯгиҳо дар Русия ҳам ба гадоӣ машғуланду худро тоҷик муаррифӣ карда гаштаанд. Онҳоро дар хориҷа агар хориҷие, ки аз гузаштаи тоҷикон огоҳ нест, дар Русия бубинад ва боз омада дар Тоҷикистон ҳам айни ҳолатро шоҳид шавад, ҳатман мегӯяд, ки тоҷикон миллати талбандаву гадоянд. Намегӯяд, ки онҳо ҷӯгианд, мегӯяд Ифтихор Каримов. Албатта, дар ҷомеа баъзе нафарони воқеан ҳам эҳтиёҷманду касалманд ҳастанд, ки ба онҳо кӯмак кардан зарур аст. - Тавре маълум аст дар ислом амали ҷӯгиён ва гадоӣ маҳкум карда мешавад. Чунки Худованд ба онҳо вуҷуди солим додааст ва бояд онҳо меҳнат кунанд, на мисли муфтхӯр ба нони касе худро ба ҳолати хорӣ ва афтодагии сохта ва айёрона гирифтор накунанд. Вақте онҳо худро дастшикаставу ланг мегиранд ва ношукрӣ аз солимии хеш мекунанд, албатта, ин амали онҳо дер давом наҳоҳад кард, ки воқеан маъюб шаванд.
Ҳамчунин, дар маззамати талаби тамаъ кардан даҳҳо ҳадиси паёмбар Муҳаммад (с) мавҷуд аст, ки дар онҳо гадоиро маҳкум кардааст. Масалан, аз ибни Умар ривоят шудааст, ки паёмбар (с) фармудаанд: “Ҳар кас аз савол кардан ва гадоӣ боз наистад, Худоро дар рӯзи қиёмат дар ҳолате мулоқот мекунад, ки дар рӯяш як қитъае нест, обрӯ ва иззат назди Худо надорад”. Илова бар ин, нафаре агар барои як рӯз ғизо дошта бошад, набояд гадоӣ кунад ва то тамом шудани он бояд сабур бошад, - мегӯяд рӯҳонии тоҷик Аҳлиддин Имомов. Ба назари мо як роҳи коҳиш додани талабандагӣ дар кӯчаву бозорҳо, умуман дар пойтахт ва манотиқи кишвар ин аст, ки ҳар касе ба талбандагӣ даст мезанад, барояш ҷаримаи вазнин ё маҳкумият ба ҳабс муқаррар шавад. Шояд дар ин сурат амали нангини талбандагиро коҳиш додан мумкин гардад... Шаҳриёр ОЛИМӢ
МИНТАҚА
Хушнудии сайёҳон аз меҳмоннавозии тоҷикон Дар боғи фарҳангии ба номи Камоли Хучандии шаҳри Хучанд рӯзи умумиҷаҳонии туризм таҷлил гардид. Дар он даъватшудагони лагери туристии “Артуч” иштирок ва бо сайёҳони хориҷӣ вохӯрӣ намуданд. Сайёҳон аз мавзеъҳои дилкаши Тоҷикистон ва меҳмоннавозии мардум изҳори хушнудӣ карданд. Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят бо ишора ба он, ки сол аз сол мавзеву маконҳои дидании вилоят меафзоянд, гуфт, имкони рушди туризм дар вилоят фаровон аст.
Таҷлили рӯзи шаҳри Хуҷанд Бори аввал бо иштироки меҳмонони хориҷӣ ва шоирону нависандагони кишвар 26 сентябр рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил шуд. Дар ин ҷашн, ки дар назди театри мазҳакавии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид, намоиши нони хонагӣ, намудҳои гуногуни атласи Хуҷанд ва сару либос сурат гирифт. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони шаҳрро ба муносибати таҷлили рӯзи шаҳр табрик намуда, Хуҷандро яке аз шаҳрҳои зебову пештрафтаи кишвар номид.
6
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА
Оила саҳнаест, ки зану мард рӯи он нақши асосӣ доранд. Бояд иқрор шуд, ки нақш офаридан рӯи ин саҳна, ки шебу фарозиҳои зиёд дорад, аз ҳар яки мо ҳунару маҳорати хосаро тақозо менамояд. Лаҳзаҳое мешаванд, ки масту сармаст аз бодаи васл нӯш мекуниву лаҳзае низ мерасад, ки ҷоми ҳавас дар бағалҳо мешиканад. Яъне, оилаи навбунёд мисли шишаи шаффофу поку нафис аст дар дасти зану шавҳар ва то куҷо онро бо ҳамон рангу ҷилои азалиаш ҳифз карда метавонанд ба ақлу хиради ҳамсарон вобастагӣ дорад. Низоъҳо ва муноқишаҳои оилавӣ амали ногузир аст, аммо сабабу омилҳои сар задани онҳо гуногунанд. Яке аз сабабҳои сар задани муноқишаҳои оилавӣ рашк мебошад. Рашк ҳиссиёти ногуворест, ки дар ниҳоди ҳар кас, хоса зану мард тавлид меёбаду бар асари он оилаҳо вайрону фарзандон сарсон мешаванд. Яке рашкро беморӣ хонад, дигаре андеша дорад, ки он беэътимодӣ нисбат ба ҳамсар ва худ мебошад, сеюмӣ рашкро заҳри қотил ва чорумӣ дӯстдории аз ҳад зиёд ва намаки зиндагӣ маънидод мекунад. Аммо мутахассисону шахсони рӯзгордида дар ҳама маврид нигоҳ доштани меъёри муайянро дар муносибатҳои оилавӣ ва ба кор бурдани ақли солимро таъкид менамоянду рашки андакро нишони муҳаббат ва рашки аз ҳад зиёдро нишони нобоварӣ мехонанд. Равоншиносон таъкид менамоянд, ки дар заминаи рашки барзиёд ҷинояти вазнин, яъне куштор содир намудан ҳатман далели беморӣ ва ноҷурии равонии шахс аст. Намояндагони мақомоти сабти ҳолати шаҳрвардӣ аз бекор кардани ақди никоҳ, ки бар пояи бадгумониву нобоварӣ ва рашки зиёд сурат мегирад, изҳори нигаронӣ намуда, мегӯянд, мутаассифона, чунин зуҳурот дар оилаҳои ҷавон бештар ба назар мерасад. Мо борҳо шоҳиди воқеаҳое шудаем, ки шавҳар дар заминаи рашку бадгумонӣ пайваста ҳамсари худро мавриди латукӯб қарор дода, ҳатто ба қатл мерасонад. Ё он мардҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ, берун аз марзи кишвар қарор доранд, бо як сухани ноҷои баддаҳоне ё туҳмати шахси бадхоҳе
ҳамсарони худро тавассути телефон ва ё паёмакҳо талоқ медиҳанд. Дар чунин лаҳзаҳо неруи ин ҳиссиёти ногувор чандон зиёд аст, ки мардҳоро на андешаи ояндаи фарзандон, на зан ва на худи онҳо аз роҳашон гардонда наметавонад. Баракс, занҳое низ ҳастанд, ки бар асари рашку бадгумонии зиёд нисбат ба шавҳар ҳаёти худ ва ҳатто фарзандони бегуноҳро қурбон месозанд. Ба ин далел чанде қабл мо тавассути барномаҳои телевизионӣ шоҳиди воқеаи ногувори куштори зан аз ҷониби шавҳар гардидем, ки бар пояи рашку бадгумонӣ сурат гирифта буд. Мард бо телефон гап задани завҷаашро мебинаду чизеро насанҷида, занро муттаҳаму гунаҳкор меҳисобад ва ба ин қаноат накарда, ӯро ба пушти девори хона бурда пайиҳам ба
ва рӯзгордидаест, ки соҳиби 6 фарзанд ва зиёда аз 30 набераву абера мебошад. Ӯ бо ҳамсараш рӯзгори пурнишоте аз сар гузаронидаву имрӯз дар сояи давлати фарзандон даврони пирӣ меронад. Ҳамаи фарзандонаш соҳибмаълумот ва соҳиби касбу кори гуногун ва оилаҳои обод мебошанд. - Сирри асосии пойдории оилаҳо дар хонадони мо бо дуои нек ва ҳидояту роҳнамоии калонсолон амал намудани фарзандон аст, - мегӯяд холаи Гулдаста. Дар тӯли ҳаёти якҷояи зиёда аз нимасраи худ бо ҳамсарам боре нашудааст, ки сухане аз нобовариву бадгумонӣ ва ҷудоӣ миёни мо радду бадал шуда бошад. Ба ҳамдигар сидқан эътимод доштем ва дар ҳама ҳолат аз волидон маслиҳату машварат мепур-
наи олии дӯстдорӣ ва муҳаббат меҳисобад. Ӯ мегӯяд, вақте ҳамсарон нисбат ба якдигар рашк надошта бошанд, ин маънои онро дорад, ки якдигарро дӯст намедоранду нисбат ба тақдири минбаъда бетафовутанд. “Ба кӣ лозим аст он дӯстдорӣ, ки ранҷу азобу уқубат дар пай дошта бошад? мегӯяд сокини пойтахт Акрамҷон. – Рашк ҳасаду нотавонбинӣ аст. Вақте шахс бартарияти каси дигареро нисбат ба худ эҳсос мекунад, ин ҳиссиёти ногувор ӯро азоб медиҳад. Бигзор, ҷавонони мо нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошанд, на бадгумон”. Мутаассифона, баъзе мардҳо занҳоро “зери назорат қарор дода”, инро “ғамхорӣ” нисбат ба онҳо унвон мекунанд. Масалан, ин гуна “шермардҳо” занҳои худро мисли ғуломи ҳалқабаргӯш
набояд ҳамчун меъёри зиндагӣ қабул гардад. Бадбахтона, аксари мардуми мо ин масъаларо хоси муносибатҳои оилавӣ медонанду аз ин рӯ бетарафӣ зоҳир мекунанд. Атрофиёну хешу табор ва наздикон низ дахолат карданро ба чунин зуҳуроти хонаводагӣ бемаврид меҳисобанд. Ҳол он ки сари вақт бояд пеши чунин кирдорҳои номатлуб гирифта шавад, то ҷавонон дарк намоянд, ки оқибати рашку бадгумонӣ танҳо ҷудоӣ асту халос. Баъзе мутахассисон сабаби рашкро нобоварии шахс ба ҳамсар не, балки ба худаш маънидод мекунанд, ки дар шакли рашк зоҳир мегардад. Хоҳ мард ва хоҳ зан, агар ин ҳиссиёти худро идора карда тавонаду эътимод ба худ ва ба дигаронро омӯзад, ба ҳама гуна ҳиссиёти ногувор дар ниҳоди худ ғолиб омада метавонад. Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ “Маркази боварӣ” таъсис шудааст ва тавре масъулони кумита қайд менамоянд, вақте зан ва ё мард ба ин ҷо муроҷиат менамояд, бо онҳо суҳбат намуда, аз ҷониби мутахассисон то ҳадди имкон ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо кӯшиш ба харҷ дода мешавад.
баданаш чанд корд мезанад, ки зан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Чунин амалҳои ногувор аз ҷониби занҳо низ мушоҳида мешавад, вале аксар қурбонии рашку бадгумонии зан на ҳамсар, балки худи зан ва ё фарзандони онҳо мегарданд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо тақдири он зани гумроҳест, ки чанде қабл баъди шунидани хабари зани дигар гирифтани шавҳараш худ ва се нафар тифли хурдсолашро ба дарё афканд. Агар ба далелҳо диққат диҳем, миёни оилаҳое, ки дар замони шуравӣ ва умуман солҳои пештар барпо шудаанд, пошхӯрӣ бо чунин иллатҳо нисбатан камтар ба назар мерасид. Холаи Гулдаста зани солхӯрда
сидем ва ҳаминро ба фарзандону наберагон низ пайваста талқин менамоем. Аз хурдон хато, аз бузургон ато гуфтаанд. Вақте дар ниҳоди инсон рашку бадгумонӣ лона мегузорад, ишқу дӯстдорӣ ва бовариву эътимод аз он берун мешавад, чунки ин ду ҳиссиёт бо ҳам оштинопазиранд. Сабрина, донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, яке аз омилҳои зиёд шудани рашку бадгумонӣ миёни ҳамсарон ба шабакаҳои интернетӣ мароқ зоҳир намудани ҷавондухтарон ва ё ҷавонписарон низ мебошад, ки рашки ҳамсаронро овардаву оқибат онҳоро то ба ҷудоӣ мекашад. Бахтигул, ҷавондухтари ба тозагӣ издивоҷнамуда бошад, рашкро намаки зиндагӣ ва нишо-
миёни чор девори хона нигоҳ медоранду шиори “Зан бояд бе иҷозати шавҳар аз хона берун наравад”, “Зан муйдарози ақлкутоҳ аст”, “Мард розӣ - худо розӣ” ва амсоли инро ба сари онҳо бор мекунанд ва ҳамзамон инро як навъ “ғамхорӣ” нисбат ба зан арзёбӣ мекунанд. Ё аксар занон, хоса занони деҳот, мавриди хушунат ва зӯроварие, ки дар заминаи рашк аст, қарор мегиранд ва аҷибаш ин аст, ки инро қабул доранду ба хотири пос доштани оила сабру тоқатро пеша мекунанд. Дар натиҷа чунин амалҳо ба як одати маъмулӣ ва меъёри зиндагӣ табдил меёбаду таъсираш аз насл ба насл мегузарад. Аммо хушунат, ки бар пояи рашк тавлид меёбад, ба ҳеҷ ваҷҳ
Гумон мекунем, барои ҳалли масъалаи пошхӯрии оилаҳо дар заминаи рашк имрӯз ҷомеаи мо ба беҳтарин равоншиносон ниёз дорад. Тарбияву тайёр кардани мутахассисони равоншинос дар муассисаҳои олии кишвар ҷиҳати пешгирии ин масъала амри басо ҷиддӣ ва зарурист, то имкониятҳои мусоидат намудан ба ҳолатҳои руҳии одамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва оиладорӣ бештар гардад. Ғайр аз ин, агар дар оила боварӣ ва эҳтиром нисбат ба якдигар бошад, рашк низ кам мегардаду он дар ҳақиқат ҳам на заҳри қотил, балки намаки зиндагӣ хоҳад шуд.
Заҳри қотил ва намаки зиндагӣ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
7
РОДМАРДОНИ ВАТАН
Воқеоте ки оғози фасли пойизи соли равон рух дод бовар аст, ҳар фарди солимфикри ҷомеаи тоҷикро бетараф нахоҳад гузошт. Воқеоте, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар ҷавонмарди ба қавле дар зиндагӣ ҳанӯз аз сад гул як гулашон нашукуфта гашт, ки ҳама орзуву ормонҳои худро ба хок бурданд. Ҷавонмардоне, ки баҳри тинҷиву амонӣ, оромию осоиштагӣ, рӯзгори осудаи мардуми кишвар чун кормандони амнияту тартибот ифои вазифа доштанд. Гурӯҳе аз ашхоси бадтинат, сиёҳкору бадандеш, ҷоҳу ҷалолхоҳ бо сарварии собиқ муовини вазири дифои кишвар Ҳалим Назарзода, маъруф бо лақаби ҳоҷӣ Ҳалим даст ба балво зада, он субҳ сукунати кишварро халадор намуданд. Субҳи оромро ба субҳи наҳс табдил доданд. Дар шаҳри Ваҳдат ва чанд маҳалли пойтахт садои тирпаронӣ баланд гардида, сукунатро халадор, дар дили мардум тарсу ҳарос андохт. Мардум, ки пас аз нооромиҳои солҳои навадум акнун ба ҳаёти осоишта одат карда буд, садои тирро шунида, ба таҳлука афтод. Бархе гумон дошт, боз нооромиҳо оғоз гардидааст. Хушбахтона, чунин нияти нопоки ошубгарон «ҷомаи амал напӯшид». Вале боиси ҳалокати даҳҳо нафар ҷавонон - кормандони мақомот гардид. Чанде аз кормандони милиса вақти навбатдорӣ дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳи сиёҳкор ба ҳалокат расида, қисми дигар ҳангоми тоза намудани боқимондаҳои дастаи генерали ошӯбгар дар дараи Ромит шаҳди шаҳодатро чашиданд. Ба идораи рӯзнома аксҳои чанде аз кормандони ҷавони амнияту тартиботро, ки бар асари ҳодисаи рухдода ба ҳалокат расиданд, оварданд. Ҳама ҷавон. Сардию гармиҳои рӯзгорро чандон начашидаанд. Аксарашон нав оила барпо намуда, соҳиби як-ду фарзанд мебошанд. Акнун ҳамсарони ҷавони онҳо дигар раҳпоӣ карда наметавонанд, ки ҳамсарони милисаашон кай аз кор бармегарданд. Лек тифлон боумед интизорӣ мекашанд. Зеро олами тифлӣ дигар аст. Он ҷо барои кинаву адоват ҷой нест. Тифлон интизорӣ мекашанд ва сабаби дер мондани падаронро аз модарон пурсон мешаванд. Дар чунин ҳолат модарон чӣ ҳам гуфта метавонанд? Ашк дар чашмон барои «дер» мондани саробони оила танҳо сабабе пеш меоранду халос. Аз ҳама душвортар барои модарони зор аст. Ҳаргиз бовар нахоҳанд кард, ки ҷигарбанди эшон дигар дар қайди ҳаёт нест. Ҷомаи шаҳии писарро ба оғӯш гирифта хун мегирянд. Онро палмосида, бӯй мекашанд. Шояд аз он ба машом накҳати ҷигарбанди гумкарда расад. Лек ҳайҳот… Ҷавонон – кормандони мақомот баҳри оромию осоиштагӣ ҷоннисорӣ карда, аз худ далерию мардонагӣ нишон доданд. Маҳз ҷоннисории чунин ашхос аст, ки сукунати фазои кишвар халалдор намегардад. Мардум рӯзгори тинҷу осуда дорад. Зеро медонад, ки ҷавонмардоне баҳри зиндагии осоиштаи онҳо ба таври шабонарӯзӣ ифои вазифа доранд. Агар лозим шавад, дар ин роҳ ҷони худро дареғ ҳам намедоранд. Чун ҷавонмардони дар оғози фасли пойиз ба шаҳодат расида. Мардонагии онҳо намунаи ибрат барои ҷавонони имрӯз аст. Умед аст, умри кӯтоҳу пурифтихори эшон барои ҷавонони имрӯз ва наслҳои оянда чун намунаи ибрат ёдрас ва омӯзонда мешавад. Ба хотири онҳо мактаб, кӯчаю хиёбонҳо номгузорӣ мешаванд. Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки дар дарсҳои омдагии дифои ҳарбӣ аз амали ин ҷавонмардони далер қисса кунад. Зеро қаҳрамонон намемиранд...
8
Қаҳрамонон гуногун фаъолият намудааст. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Лейтенанти калони милитсия Саидов Музаффар Саидович, сардори қисми молияи ШВКД дар шаҳри Вахдат, 4 сентябри соли ҷорӣ, ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ва мубориза бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ҳалок гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2015, пас аз марг бо медали «Ҷасорат» қадрдонӣ карда шуд.
Каримов Нуъмон Искандарович 16 сентябри соли 1983 дар шаҳри Ваҳдат, деҳаи Солеҳон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №27 ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Ваҳдатро соли 2000-ум хатм намудааст. Моҳи сентябри соли 2000-ум ба факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, моҳи июни соли 2004-ум онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Моҳи августи соли 2004 ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ба вазифаи нозири минтақавӣ ба кор таъин шуда, аз моҳи декабри соли 2008 ба вазифаи таҳқиқотчии калони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат кор кардааст. Аз 7 марти соли 2014 дар вазифаи муфаттиши калони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат фаъолият дошт. Миллаташ тоҷик, оилдор, соҳиби 4 фарзанд мебошад. Майори милитсия Каримов Нуъмон Абдуманонович муфаттиши калони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, 4 сентябри соли 2015 ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ва муборизаи шадид бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша муқовимати шадид нишон дода, ҳалок гардид. Барои нишон додани ҷасорату мардонагӣ, далерию шуҷоат, бар ивази ҷонаш дифоъ кардани амнияту суботи кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2015 бо медали «Ҷасорат» пас аз марг мукофотонида шуд.
Саидов Музаффар Саидович 15 октябри соли 1976 дар деҳаи Меҳнатободи шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти умумии №25-и шаҳри Ваҳдатро соли 1993 хатм намуд.Соли 1994 дар МТМУ №80-и шаҳри Ваҳдат ба ҳайси китобдор кор кард. Аз соли 1995 то 1997 дар қисми низомии 2066-и хадамоти сарҳадоти Федератсияи Руссия адои хизмат намуд. Маълумоташ олии иқтисодӣ, соли 2005 Техникуми омори шаҳри Вахдат ва соли 2011 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм кардааст. Хизматро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2001 оғоз, то рӯзи вафот дар вазифаҳои
Ёров Нусратулло Раҳматуллоевич 7 июни соли 1984 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 2002 гимназияи №53-и шаҳри Душанбе ба номи М. Маҳмудов ва соли 2006 Академияи ВКД-ро хатм намудааст. 3 сентябри соли 2006 ба вазифаи муфаттиши Раёсати тафтишотии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. 3 марти соли 2007 ба вазифаи муфаттиши ШТ ШКД-1 ноҳияи Рудакӣ таъин шуда, то охири умраш дар ин вазифа адои хизмат намуд. Оиладор соҳиби 2 фарзанд. Майори милитсия Ёров Нусратулло Раҳматуллоевич, муфаттиши калони ШВКД1 дар ноҳияи Рудакӣ, 4 сентябри соли 2015, ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ва муборизаи шадид бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ҳалок гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2015, пас аз марг бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2 қадрдонӣ карда шуд.
Пиров Исмоил Искандарович 13 августи соли 1984 дар ноҳияи Файзобод деҳаи Сарисафедхок таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Мактаби миёнаи №24-и Файзободро соли 2001, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро соли 2006 хатм намудааст. Оилдор, соҳиби 3 фарзанд. Лейтенанти калони милитсия Пиров Исмоил Искандарович, командири взводи қисмҳои сафороии РХРД ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, 4 сентябри соли 2015 ҳангоми иҷрои вази-
фаи хизматӣ ва муборизаи шадид бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ҳалок гардид. Барои нишон додани ҷасорату мардонагӣ, далерию шуҷоат, бар ивази ҷонаш дифоъ кардани амнияту суботи кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2015 бо медалии «Ҷасорат» пас аз марг мукофотонида шуд.
Шарипов Шамшод Маҳмадович 3 марти соли 1989 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2007 мактаби таҳсилоти умумии №60-и шаҳри Душанберо хатм намуда, ҳамон сол ба факултаи №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, муассисаи номбурдаро соли 2011 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, то рӯзи вафот дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Лейтенанти калони милитсия Шарипов Шамшод Маҳмадович, муфаттиши калони шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, 4 сентябри соли ҷорӣ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ва мубориза бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша муқовимати шадид нишон дода, ҳалок гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2015, пас аз марг бо медали «Ҷасорат» қадрдонӣ шуд.
Ҷобиров Алишер Қодирович 23 июли соли 1990 дар деҳаи Шаҳдрези шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №62 воқеъ дар зодгоҳашро соли 2008 ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро соли 2013 хатм намудааст. Дар давраи таҳсил курси ҳарбиро гузаштааст. Оиладор. Лейтинанти милитсия Ҷобиров Алишер Қодирович, тирандози снайпери калони ротаи 1-уми ДТММ ВКД, 4 сентиябри соли 2015 ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ва муборизаи шадид бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ҳалок гардид.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
РОДМАРДОНИ ВАТАН
намемиранд
Мо - ҷавонон бародарони ватандӯсту фидоии худро ҳаргиз фаромӯш намекунем!
Баъд аз марг бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 24 сентябри 2015 бо медали “Ҷасорат” қадрдонӣ шуд.
Саъдуллоев Дилшод Хайруллоевич 17 ноябри соли 1988 дар шаҳри Кӯлоб, деҳаи Корези поён таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи таҳсилоти умуми №21 ба номи Мирсаид Алии Ҳамадонии Кӯлобро соли 2006 хатм намуда, ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд. То рӯзи вафот дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Лейтенанти калони милитсия Саъдуллоев Дилшод Хайруллоевич, тирандози снайпери ротаи 1-уми ДТММ ВКД ҶТ, 4 сентябри соли 2015 ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ва муборизаи шадид бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ҳалок гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2015, пас аз марг бо медали «Ҷасорат» қадрдонӣ карда шуд.
Буриев Дмитрий Ғаюрович 24 апрели соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1987 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №40-и шаҳри Душанберо хатм намуда, ба омузишгоҳи олии ҳарбӣ-баҳрии Вазорати мудофиаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, воқеъ дар шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина дохил шуда, онро бо ихтисоси педагог ва равияшиноси иҷтимоӣ дар соҳаи сиёсии ҳарбӣ-баҳрӣ соли 1991 хатм намудааст. Подполковник милитсия Буриев Дмитрий Ғаюрович, сардори ситоди Дастаи таъиноти махсуси милисаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми иҷро намудани вазифаи хизматӣ ва муборизаи шадид бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ҳалок гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2015, пас аз марг бо Ордени «Спитамен» дараҷаи 2 қадрдонӣ карда шуд. Ҳасанов Мирмад Шермаҳмадович 28 феврали соли 1987 дар шаҳри Кӯлоби ви-
лояти Хатлон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №8-и ноҳияи Муъминободро соли 2005 хатм намуда, ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2009 хатм намуда, то рӯзи вафот дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудааст. Лейтенанти калони милитсия Ҳасанов Мирмад Шермадхонович, тирандози гурӯҳи 2-юми ротаи алоҳидаи зарбазани ДТММ ВКД, 4 сентябри соли 2015 ҳангоми иҷро намудани вазифаи хизматӣ ва муборизаи шадид бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ҳалок гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 19 сентябри соли 2015, пас аз марг бо медали «Ҷасорат» қадрдонӣ карда шуд.
Идиев Алибой Шафиевич 27 феврали соли 1978 дар ноҳияи Айнӣ, деҳаи Кумарғ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №52-и ноҳияи Айниро соли 1995 ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро соли 2000-ум хатм намудааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад. Майори милитсия Идиев Алибой Шофиевич, командири ротаи 1-уми ДТММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовиматҳои шаҳри Ваҳдат фаъолона иштирок намуда, дар сафи пеш бар зидди гурӯҳҳои ҷинояткор далерона мубориза бурда, 16 сентябри соли 2015 дар муҳорибаи шадид барои несту нобуд кардани ин гурӯҳи ҷинояткор қаҳрамонона ба ҳалокат расид. Барои нишон додани ҷасорату мардонагӣ, далерию шуҷоат ва бар ивази ҷонаш дифоъ кардани амнияту суботи кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли 2015 бо Ордени “Спитамен” дараҷаи 2 пас аз марг мукофотонида шуд. Абдухолиқов Аслиддин Хайридинович 11 ноябри 1989 дар шаҳри Ваҳдат, деҳаи Ҳайталӣ ба дунё омадааст. Соли 2007 мактаби миёнаи №133-и шаҳри Ваҳдат ва соли 2012 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм намудааст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
Оиладор. Лейтенанти милитсия Абдухолиқов Аслиддин Хайриддинович, тирандози ротаи 3-юми ДТММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовиматҳои шаҳри Ваҳдат фаъолона иштирок намуда, ба ҳалокат расид. Барои нишон додани ҷасорату мардонагӣ, далерию шуҷоат ва бар ивази ҷонаш дифоъ кардани амнияту суботи кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2015 бо Ордени “Спитамен” дараҷаи 2 пас аз марг мукофотонида шуд.
Орипов Раҷабмурод Достович Соли 1984 дар ноҳияи Файзобод, деҳаи Ҳасанобод таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи рақами №6-и Файзободро соли 2002 хатм кардааст. Соли 2003 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар қисми 6593 Қӯшунҳои дохилии Вазорати мудофиа то соли 2005 хизмат кардааст. Аз соли 2005 то ин давра ба ҳайси гранатаандози гурӯҳи разветкавии ДТММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад. Лейтинанти калони милитсия Орипов Раҷабмурод Достович 4 сентябри соли 2015 ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ва муборизаи шадид бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ҳалок гардид. Баъд аз марг бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли 2015 бо медали “Ҷасорат” сарфароз гардонида шуд. Амакиев Рустам Холалиевич Соли 1974 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1997 Донишкадаи ҳарбии фармондеҳии шаҳри Рязани Федератсия Руссия ва соли 2005 Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Руссияро хатм кардааст. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Генерал-майор Амакиев Рустам Холалиевич аз моҳи июни соли 1997 то соли 2014 дар вазифаҳои гуногуни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда, соли 2011 ҳангоми хизмат дар вазифаи командири
қисми низомии 01140-и Қӯшунҳон зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи Рашт, дар амалиёти «Боздошт-25» ва барои безарар гардонидани гурӯҳҳои террористӣ фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди касбӣ ва роҳбарӣ нишон додааст. Номбурда моҳи декабри соли 2014 барои идомаи хизмат ба вазифаи командири Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. 15 сентябри соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврию ҷангӣ дар минтақаи Ромит, барои дастгир ва безарар гардонидани гурӯҳи террористии Абдуҳалим Назарзода қаҳрамонона ҳалок гардид. Дар давраи фаъолияти хизматиаш соли 2003 бо медали «Ҷасорат», соли 2011 бо Ордени “Шараф” дараҷаи 2 ва соли 2015 Ордени “Спитамен” дараҷаи 1 (пас аз марг) сарфароз гардидааст.
Муродов Орзу Маҳмараҳимович
Соли 1987 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2009 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими омодагии дифои ҳарбӣ хатм намуд. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Лейтенанти калон Муродов Орзу Маҳмараҳимович аз соли 2009 то соли 2015 дар Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то вазифаи сардори гурӯҳ хизмат намудааст. Моҳи марти соли 2015 барои идомаи хизмат дар Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 15 сентябри соли ҷорӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар амалиёти безараргардонии гурӯҳи террористии Абдуҳалим Назарзода дар минтақаи Ромит қаҳрамонона ҳалок гардид. Номбурда бо Ордени “Спитамен” дараҷаи 1 (пас аз марг) сарфароз гардонида шудааст.
9
ТУРИЗМ
Ҷиргатол: Имкони рушди сайёҳӣ ҳаст
7 ОКТЯБР – РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК
Мусоҳиба бо мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол Исмоналӣ Сафаров Туризм аз соҳаҳои муҳими кишварҳо ба шумор меравад. Бахусус, дар шароите, ки давлатҳо бо буҳрони иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунанд, мумкин аст, сайёҳӣ ҳамчун як бахши ғанигардонандаи иқтисодиёт хизмат кунад. Дар ҷумҳурии мо ҳам вақти он расидааст, ки ба соҳаи сайёҳӣ аҳамияти бештар зоҳир намуда, туризмро дар маҳалҳо рушд диҳем. Зеро минтақаҳои кишвари мо табиати назаррабо, боду ҳавои дилкушо дошта, ҷолиби диққати сайёҳони хориҷист. - Мегуфтед, ки имконоти туризм дар ноҳияи Ҷиргатол чӣ гуна аст? - Дар ноҳияи Ҷиргатол мавзеъҳое, ки қобили таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу хориҷӣ бошад, зиёданд. Масалан, қуллаи Исмоили Сомонӣ, қуллаи Каржневский, пиряхи Федченко, майдончаи Масквина, осоишгоҳи Тандиқул, осорхонаи ноҳиявӣ ва ҷойҳои таърихӣ дар деҳаи Ачкалма ҷамоати Алға ва Озодагон метавонанд барои сайёҳон ҷолиб бошанд. Дар ин замина мо бо ширкатҳои туристие, ки асосан кӯҳнавардонро меоранд, ҳамкорӣ дорем. Бештар ба масъалаи таъмин намудан бо ҷои хоб, нақлиёт, дар ҳолати зарурӣ таъмин намудан бо коргарони хизматӣ ва ғайра. - Ҷиҳати афзун гардонидани теъдоди сайёҳон ба ноҳия кадом корҳоро ба анҷом расондед? - Албатта, пеш аз ҳама муомилаи хуб ва рафтору кирдори наҷиби ҳар яки мо метавонад омили асосӣ ва муҳиме барои ҷалби сайёҳ бошад. Гуфта метавонем, ки тайи панҷ рӯзе, ки ҳаво барои парвоз номусоид буду меҳмонон имкони сафар кардан надоштанд, мо барои онҳо барномаҳои фарҳангӣ ташкил намудем. Кӯшиш кардем қадре ҳам бошад фарҳангу анъанаҳои миллии хешро пешкаши онҳо гардонем. Ба ғайр аз ин дар варзишгоҳи ноҳия бо иштироки сайёҳони кӯҳнавард чорабинии варзишӣ баргузор кардем, ки хуш қабул карданд.
10
Бояд гуфт, ба осоишгоҳи Тандиқули ноҳия нафақат аз хориҷ, балки аз тамоми гӯшаву канори ватанамон қариб ҳаррӯза меҳмонон барои табобат ва истироҳат меоянд. Инчунин, ҳар сол дар майдончаи Масквина, воқеъ дар наздикии қуллаи Исмоили Сомонӣ экспедитсяи байналхалқии туристӣ баргузор мегардад, ки дар он беш аз сад нафар кӯҳнавард ва варзишгарон аз 20 давлати дунё ширкат меварзанд. Сайёҳон оид ба меҳмоннавозии мардуми ноҳия чӣ мегӯянд, боре бо ягон нафарашон ҳамсуҳбат шудаед? - Бале, чанде пеш бо як нафар, ки роҳбаладони туристон буд, ҳамсуҳбат шудем. Аз шаҳри Архангелски Федератсияи Русия ва омӯзгори фанни информатика буд. Гуфт, “27 сол мешавад, ки ҳамчун роҳбалад барои туристон ба Тоҷикистон, хоса ноҳияи Ҷиргатол меоям ва мардуми Ҷиргатол моро хуб қабул ва меҳмондорӣ мекунанд. Бо ҳамин сабаб ман вақти бештари худро на дар меҳмонхона, балки дар хонаҳои шиносон мегузаронам”. Ба назари мо ҳамин меҳмоннавозӣ ва истиқболи самимии мардум буд, ки ӯ аз давраи шӯравӣ боз омаду рафт дорад. - Аз нигоҳи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ноҳияи Ҷиргатол бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст, оё ҳамин ҳам метавонад як воситаи рушди туризм бошад? - Вақте ки бештари туристон ба сафар мебароянд, онҳо аввал аз се қуллаи 7 ҳазорметрае, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон мавҷуд аст, дидан мекунанд. Чун мебинанд, ба қуллаи Исмоили Сомонии Тоҷикистон масофа кам мондааст, тасмим мегиранд, Тоҷикистон ҳам биёянд. Масалан, як моҳ қабл 19 нафар туристи эронӣ пас аз дидани қуллаҳо ва ҷойҳои таърихии Қирғизистон, рост ба Тоҷикистон омаданд. Яъне, ҳамсарҳад будани ду ҷумҳурӣ то андозае дар рушди туризм саҳм дошта метавонад. - Ноҳияи Ҷиргатол ҳамчун минтақаи туристӣ эълон шудааст? - Не, вале мо масъаларо ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягӯзорӣ дар минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Ҷиргатол дар Шӯрои машваратӣ баррасӣ кардем ва бояд ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шавад. Умед аст, ки аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ меёбад. Насрулло ПАРТОЕВ, коромӯзи “ҶТ”
Парвозгоҳи бузургони санъат Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб яке аз марказҳои аввалини фарҳангӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Он соли 1936 дар назди Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта, аз соли 1938 чун театри драмавӣ фаъолияти хешро идома медиҳад. Дар ташкили театр саҳми Ҷорҷ Вилямс ном марди англис, ки он замон дар шаҳр мезист, калон аст. Соли 1980 ба театр номи шоир, мутриб ва сароянда Саидалӣ Вализода дода шуд. Айни замон театр дар баргузории чорабиниҳои муҳими сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳурӣ саҳми назаррас дошта, роҳбарияти он ба тарбияи кадрҳои ҷавон низ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Атрофи ин ва дигар паҳлуҳои фаъолияти Театри мусиқӣмазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб суҳбате доштем бо сарвари он, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Амина Табарова. - Муаллима, мегуфтед, ки дар репертуари театр кадом намоишҳо мавқеи хос доранд? - Чун театр мазҳакавӣ-мусиқавӣ аст, намоишномаҳои гуногунро ба саҳна мегузорем. Ҳам аз осори классикони форсу тоҷик ва адибони муосир ва ҳам ба драматургияи ҷаҳонӣ рӯ овардаем. Солҳои охир баҳри рушди драматургияи миллӣ чанде аз намоишномаҳои адибони ватаниро саҳнавӣ намудем. Намоишномаҳои охирини театр - «Доми фиреб» (асари Ж. Кулманбеков, таҳияи Р. Одинаев), «Фирдавсӣ» (драмаи М. Бахтӣ, таҳиягар М. Миров), «Гирдоби зиндагӣ» (драмаи М. Набиев, таҳиягар С. Мадалиев), «Солори Аҷам» (драмаи Ф. Ашӯр, таҳиягар М. Миров) гувоҳи ин гуфтаҳоянд. - Ҳунармандони ҷавон чӣ гуна дастгирӣ меёбанд? Оё масъалаи кадрҳо ташвишовар нест? - Хушбахтона, қисми зиёди кормандони театрро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мустафои Ватан, Мансури Талаб, Кавгиниссо Гадоева, Саида Султонова, Фаррухи Содиқ, Фаридун Ҳамидов, Ҳуриниссо Сироҷова, Ромиши Алихон ҳам маҳорати хуби овозхонӣ ва ҳам маҳорати хуби актёрӣ доранд. Дар доираи имкон барои баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо кӯмак мерасонем ва ба таҳсил низ мефиристем. Инчунин, бо мусоидати театр дар назди Коллеҷи санъати ба номи Кароматуло Қурбонови шаҳр шуъбаи актёрӣ боз гардид, ҳунармандони ботаҷрибаи театр барои тадриси бачаҳо ҷалб гардиданд. Аксари дарсҳои ин шуъба бевосита дар театр гузаронида мешаванд. Барои онҳо шароити амалӣ фароҳам оварда шудааст. - Оё наврасону ҷавонони маҳаллӣ ба театр майл доранд? - Театр 300 ҷои нишаст дорад. Вале муҳим нест, ки он ҳамеша пур бошад, балки муҳим он аст, ки тамошобини фарҳангӣ ба театр ҷалб шавад ва аз он ғизои маънавӣ бардорад. Фикр мекунам, ки наврасони мо ба театр майл доранд. Зеро мо ҳамеша пас аз ба анҷом расидани намоишнома саволу ҷавоб доир менамоем ва фикри онҳоро нисбат ба намоишномаҳо мефаҳмем. Чун дар Кӯлоб мунаққидони театр нестанд, фикри бевоситаи тамошобин бароямон муҳим аст. Масалан, пас аз тамошои намоишномаи «Доми фиреб», ки
фарогири мавзӯи ба гурӯҳҳои террористӣ гаравидани ҷавонон буд, байни мактабиён озмуни иншои беҳтарин эълон намудем. Намунаҳои хеле хуб ҷамъ шуд ва беҳтаринҳо бо туҳфа сарфароз гаштанд. Маълум гардид, ки мазмуну муҳтавои намоишномаро ба хубӣ дарк намуданд. Меҳру муҳаббат ба театрро бояд дар дили хурдсолон бармаҳал бедор кард, то дар онҳо ҳисси зебоипарастӣ ташаккул ёбад. Бо назардошти ин, театр-студияи «Лӯхтак»-ро низ таъсис додем. Намоишномаи «Бӯрёкӯбони Харгӯшак»-ро бошад, ҳазорҳо хурдсоли шаҳри Кӯлоб ва Душанбе бо мароқи том тамошо намуданд. - Театри Кӯлоб даргоҳи ҳунар ва бузургони санъати тоҷик аст. Санъаткорони зиёде маҳз аз саҳнаи ҳамин театр парвози худро оғоз намудаанд. Оё бо кормандон собиқи театр, ё ба истилоҳ собиқадорон робита ҳаст? - Дуруст қайд намудед, ки театри мо парвозгоҳи чанде аз санъаткорони шинохта мебошад. Боиси ифтихори мост, ки Одина Ҳошим, Сурайё Қосимова, Давлатманд Холов, Бобоҷон Азизов, Фотима Тӯраева, Адолат Комилова, Бобоҷон Ҳасанов, Мирзоватан Миров ва дигарон фаъолияти худро аз театри мо оғоз намудаанд. Дар солҳои шӯравӣ ва замони истиқлолият ҳунармандони театр сафарҳои хориҷии зиёд анҷом додаанд. Аз ҷумла театр ба кишварҳои Эрону Афғонистон, Туркия, Австрия, Фаронса, Лаос, Муғулистон, Руминия, Юнон, Венгрия, Чехословакия, Ҷопон, Олмон сафарҳои ҳунарӣ доштааст. Хизмати собиқадорони театр дар рушди санъати миллӣ калон аст. Албатта, бо ветеранҳои театр робитаи қавӣ дорем ва ба аёдати онҳо меравем ё эшонро ба театр даъват менамоем. Ҷавонон аз маслиҳатҳои судманди онҳо истифода мебаранд. - Саҳми театр дар чорабиниҳои фарҳангии вилоят ва ҷумҳурӣ чӣ гуна аст? - Театр ҳамеша дар чунин чорабиниҳо иштироки фаъолона дорад. Ҳатто бо сабаби зиёд будани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб мо имсол натавонистем ба сафарҳои ҳунарӣ бароем. Чун имсол шаҳри Кӯлоб пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудааст, чорабиниҳои зиёд доир шуданд ва минбаъд ҳам доир мешаванд. Дар доираи пойтахти фарҳангӣ эълон шудани шаҳр сафари ҳунармандони шаҳри Воронежи Федератсияи Русия сурат гирифт, ки дар боғи ботаникии шаҳр муштаракан барномаи консертӣ пешниҳод намудем. Мусоҳиб Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
27 СЕНТЯБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТУРИЗМ БУД
Ҳар сол 27 сентябр Рӯзи ҷаҳонии туризм таҷлил мегардад. Соли 1979 дар Сессияи III Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ (UNWTO) таҷлили ин ид ба миён гузошта шуд. Ҳамин тавр, аз соли 1980 ин рӯзро дар тамоми ҷаҳон ҳамчун иди касбии кормандони соҳаи туризм, осорхонаю меҳмонхонаҳо ва дӯстдорони сайру саёҳат ҷашн мегиранд. Ин ид ҳар сол зери шиори муайян мегузарад. Масалан, соли 2002 ин рӯз таҳти шиори “Экотуризм – калид ба сӯи рушди устувор”, соли 2003 “Туризм – омили мустаҳками мубориза бар зидди қашшоқӣ; таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъминоти иҷтимоӣ”, соли 2005 “Саёҳат ва нақлиёт”, соли 2013 “Туризм ва захираҳои обӣ: ҳифзи ояндаи ҳамаи мо”, соли 2014 “Туризм ва рушди ҷамоаҳо” таҷлил карда шуд. Соли равон ин рӯз зери шиори “Як миллиард турист – як миллиард имконот” гузашт.
ҳарчанд қаноатбахш набошад ҳам, умедбахш аст. Зеро дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя ин рақамҳо ночиз менамоянд. Масалан, соли гузашта танҳо ба шаҳри Самарқанд 160 000 турист меҳмон шуданд. Дар ин шаҳри бостонӣ алҳол 90 меҳмонхона мавҷуд аст, ки дар як вақт 4000 нафарро ҷой дода метавонанд. Танҳо дар як шаҳри Самарқанд қариб 70 ширкати туристӣ фаъолият мекунанд. Дар ҷумҳурии мо дар маҷмӯъ 90 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки 60 ададашон ба ҷалби сайёҳони
Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз тарғиби туризм, инъикоси нақши он дар иқтисодиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди робитаҳо миёни халқҳои гуногун мебошад. Аз рӯи маълумоти СҶТ соли 2014 теъдоди туристон дар ҷаҳон ба 1 миллиарду 133 миллион нафар расид. Туризми ҷаҳонӣ соли сипаришуда 1,5 триллион доллар фоида овард. Мувофиқи пешгӯии ташкилоти мазкур соли 2015 теъдоди сайёҳон дар ҷаҳон 3-4% меафзояд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2014 ба Тоҷикистон 213 265 нафар шаҳрванди хориҷӣ ҳамчун турист ташриф овардаанд. Мувофиқи меъёри муайяншуда аз ҳисоби ташрифи туристон ба иқтисодиёти мамлакат 106 миллион доллари амрикоӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2013 2,9% зиёд аст. Дар нимсолаи аввали соли равон бошад, ба мамлакат 147 000 нафар турист ворид шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 98,6% зиёд мебошад.
хориҷӣ машғуланд. Тӯли 10 сол дар Ӯзбекистон теъдоди ташрифи туристон 10 маротиба афзудааст. Аз рӯи маълумоти Ширкати миллии “Ӯзбектуризм”, агар соли 2003 ба Ӯзбекистон 222 000 нафар турист омада бошад, соли 2013 ин рақам ба 2 миллиону 28 ҳазор нафар расид. Мақомоти туристии Ӯзбекистон умедворанд, ки имсол теъдоди ташрифи туристон ба ин кишвар ба 2,5 миллион нафар расида, даромад аз хизматрасонии соҳаи туризм 1 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Теъдоди меҳмонхонаҳо дар Ӯзбекистон 241 адад мебошад. Соли равон шаҳри Тошканд ба қатори 10 шаҳри ҷолибтарини ИДМ шомил шуд. Як бурди ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон дар он аст, ки хизматрасонии меҳмонхонаҳо, нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва қатора хеле арзон аст. Аз ин рӯ, нархи роҳхатҳои туристӣ ба Ӯзбекистон арзонтар ба назар мерасад. Масалан, агар сайёҳ аз Исроил ба Ӯзбекистон ояд, роҳхат барои 9 рӯз 1100 долларро ташкил медиҳад. Барои ба Тоҷикистон омадан бошад, нархи роҳхат 1740 доллар аст. Дар ин сурат сайёҳ ба хотири сарфаи маблағ албатта Ӯзбекистонро интихоб мекунад. Зеро бо 640 доллари сарфакардааш ӯ метавонад
ҲАМСОЯКИШВАРҲО ҶОЛИБТАРАНД Ё ТОҶИКИСТОН? Тавре аз маълумоти мазкур бармеояд, омадани сайёҳон ба мамлакат дар нимсолаи якуми соли равон зиёд шудааст. Ин нишондиҳанда
тӯҳфаи зиёд харида, ба ватан баргардад. Аз дигар кишварҳо низ ба Тоҷикистон омадан гаронтар аст, зеро нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар ҷумҳурии мо қиматтарин дар минтақа аст. Танҳо ба пули чиптаи яктарафаи хатсайри ДушанбеМаскав сайёҳи рус метавонад ба шаҳри Истанбули Туркия рафта, дам гирифта биёяд. Пас дар ин ҳол низ сайёҳи рус ба ҷои Душанбе омадан Истанбулро интихоб мекунад. Соли 2014 ба дигар кишва-
липпин, Ҷопон ва дигар кишварҳо ташриф овардаанд. Соли 2017 дар Ашқобод Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва аз рӯи варзиши муҳорибавӣ доир мегардад. Ин чорабинии калони варзишӣ низ сайёҳони зиёдеро ба Туркманистон ҷалб хоҳад кард. САЙЁҲ АЗ КУҶО МЕОЯД? Индустрияи туризм ба ҳайси яке аз соҳаҳои муҳими кордиҳанда дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим мебозад. Туризм яке аз соҳаҳоест, ки сармоягузориро
ба як хатсайр 20 турист ва зиёда аз онро пешбарӣ мекунад, 10 дарсад тахфиф карда шавад. Меҳмонхонаҳо низ бояд бо ширкатҳои сайёҳӣ ҳамкорӣ намуда, дар сурати пешниҳоди сайёҳони бештар ҳаққи будубошро арзон намоянд. Тоҷикистон соли 2008 дар рейтинги рақобатпазирии сохтори туризм ва сайёҳати Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) ҷои 114-ро ишғол мекард. Соли 2009 кишвари мо баъди ворид намудани баъзе ислоҳот дар соҳаи туризм ба ҷои 109-ум
Ташрифи сайёҳон 98% афзуд Бе ҳамкорӣ туризм рушд намекунад!
ри ҳамсояамон – Қирғизистон аз рӯи маълумоти омор каме зиёдтар аз 4 миллион турист ворид шудааст. Ҳарчанд захираҳои туристии Қирғизистон аз кишвари мо беҳтар набошад ҳам, бо сабаби бекор кардани раводид бо як қатор кишварҳо, арзон шудани чиптаҳои ҳавопаймо тавассути ба роҳ мондани рақобати озод миёни ширкатҳои ҳавопаймоӣ, беҳтар намудани хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо теъдоди бештари сайёҳонро ҷалб намуд. Дар Туркманистон низ солҳои охир таваҷҷуҳ ба соҳаи туризм меафзояд. Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии Туркманистон оид ба туризм бунёди Минтақаи миллии туристии “Овоза” ба рушди сайру саёҳат дар ин кишвар мусоидат кард. Дар минтақаи мазкур то соли 2020 майдони 5000 гектар аз худ хоҳад шуд. Аз он дар 1700 гектараш иншооти гуногун сохта шуда, дар майдони 1300 гектар дарахтзор бунёд мегардад. 2000 гектари боқимонда ҳамчун минтақаи табиӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳаҷми умумии лоиҳа 1 миллиарду 500 миллион долларро ташкил медиҳад. Аллакай ба ин ҷо сайёҳони зиёде аз Австралия, Австрия, Белгия, Булғористон, Британияи Кабир, Олмон, Италия, Чин, Корея, Сенегал, ИМА, Фаронса, Фи-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
зуд бо фоидааш бармегардонад. Соли 2014 кишвари аз ҳама сертурист чун пештара Фаронса буд. Ба ин ҷо 83,7 миллион сайёҳ ташриф оварданд. Соли 2014 ба ИМА 70 миллион нафар, Испания - 61 миллион, Чин - 56 миллион, Италия - 48 миллион ва Туркия 36,8 миллион нафар турист ворид шудаанд. Аз ҷумлаи сайёҳоне, ки ба Туркия омадаанд, 4,4 миллион нафарашонро шаҳрвандони Русия ва 1,6 миллион нафарро шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил медиҳанд. Тайи як соли охир ташрифи сайёҳони эронӣ ба Туркия 33% афзудааст. Чаро ин потенсиалро дар кишвари мо дуруст истифода намебаранд? Ҳарчанд дастандаркорони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хотири рушди туризми воридотӣ кӯшиши зиёд кунанд ҳам, мутаассифона ширкатҳои сайёҳӣ чандон фаъол нестанд. Аз тарафи дигар, чӣ тавре ки дар боло қайд кардем, гаронии роҳкиро сабаби кам таваҷҷуҳ кардани туристон ба кишвари мо гаштааст. Барои сайёҳ сарфа намудани 100 доллар ҳам хеле муҳим аст. Бинобар ин, ширкатҳои ҳавлопаймоиро зарур аст, ки бо ширкатҳои туристӣ ҳамкориро зичтар намуда, барояшон нархҳои имтиёзнок пешниҳод намоянд. Масалан, ширкате, ки
баромад. Соли 2011 Тоҷикистон боз 9 мавқеъ поён фуромада, ҷои 118-ро гирифт. Баъдан, соли 2013 ба ҷои 114 баромада, соли 2014 ба ҷои 119 фуромад. Поёнравии мавқеи Тоҷикистон маънои онро надорад, ки дар кишвари мо вобаста ба рушди соҳа коре анҷом дода намешавад. Кӯшишҳои ислоҳи сохтор ҳаст, вале миёни ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ВАО робита суст аст. Ширкатҳои туристӣ аз робита бо ВАО ҳарос доранд. Ҳол он ки як роҳи рушди соҳаи туризм ҳамкорӣ бо расонаҳо ба шумор меравад. Аз рӯи маълумоти “Global Travel Intentis Study” ҳар як туристи рус дар як сафари туристӣ ба ҳисоби миёна 2700 доллар сарф мекунад, ки аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ 20% зиёд аст. Пас чаро аз ин захираи бузург ширкатҳои туристии кишвар истифода намебаранд? Хуб мешуд, ки дар марказҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои Русия намояндагии сохтори туризм ё ширкатҳои туристии кишвар таъсис ёбад. Манзараҳои дидании кишварро дар дискҳо бо 2-3 забон сабт намуда, ба шаҳрвандони дорои Русия тӯҳфа намоянд. Чопи буклетҳои баландсифат бо тавсифи обҳои маъданӣ, чашмаҳои гарм ва лойқаҳои шифобахши кишварро низ бо чанд забон ба роҳ бояд монд. Ин гуна тарғиботро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бурдан лозим аст. Мутаассифона, ман то ҳол роҳнамои сайёҳии Тоҷикистонро ба хати форсӣ ва забони арабӣ надидаам. На ҳама эрониҳо ва арабҳо русию англисиро медонанд. Аз ин рӯ, бо ин ду забон низ таблиғномаҳоро зиёд бояд кард. Дар назди ҳар як намояндагии хориҷии Тоҷикистон бояд масъули соҳаи туризм бошад. Он атташеҳои фарҳангӣ, ки то ин дам амал мекунанд, фаъолияташон назаррас нест. Агар ҳама сохторҳои соҳа ҳамкориро на танҳо дар сухан, балки дар амал хуб ба роҳ монанд, дар муддати кӯтоҳ мо шоҳиди пешрафти туризм дар мамлакат хоҳем шуд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
11
ВАРЗИШ
«Истиқлол» - аввалин иштирокчии даври финалии Ҷоми Тоҷикистон-2015 Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии аввали даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон ба дарвозаи тими “Равшан”-и Кӯлоб 7 голи беҷавоб зад. Ин бозӣ шоми 22 сентябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир гашт.
“Хуҷанд” мавқеашро мустаҳкам кард 26-27 сентябр се бозии даври чордаҳуми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гашт.
Голҳоро Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 7, Дилшод Восиев, 15, Фатҳулло Фатҳуллоев, 39, Аҳтам Назаров, 45, Сиёвуш Асроров, 58, Парвизҷон Умарбоев, 63 ва Манучеҳр Ҷалилов, 80 заданд. Бозии дигари даври нимфинал миёни дастаҳои КМВА “Помир”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бе гол анҷом ёфт. Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан” 25 сентябр дар шаҳри Кӯлоб доир гашт. Ин бор низ бозингарони Душанбе ба дарвозаи ҳариф 3
голи беҷавоб заданд. Зиёвиддин Фузайлов дар дақиқаи 20 ҳисобро кушод. Хосе Балластер дар дақиқаи 41 ва Аҳтам Назаров дар дақиқаи 90+2 ду голи дигарро вориди дарвозаи тими “Равшан” карданд. Ҳамин тариқ, “Истиқлол” бо ҳисоби 10:0 дар ду бозӣ ғолиб шуда, ба даври финали Ҷоми Тоҷикистон-2015 роҳхат гирифт. Ҳарифи “Истиқлол” ғолиби ҷуфти “Регар-ТадАЗ”/КМВА “Помир” хоҳад буд, ки имрӯз – 1 октябр маълум мешавад.
Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бар тими “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 1:0 дастболо шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 70 Муҳсин Парпиев зад. Дар бозии дигар дастаи “Хуҷанд”, ки дар ҷои дуюми ҷадвали мусобиқа қарор дорад, дар меҳмонӣ
“Далерон-Уротеппа”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои дастаи ғолибро Фарҳод Тоҳиров ва Дилшод Бозоров заданд. Голи истаравшаниҳоро Абдусамад Ҳоҷибоев аз пеналтӣ вориди дарвозаи хуҷандиҳо кард. Дастаи КМВА “Помир” низ дар майдони
худ бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро дар дақиқаи 74 Фирдавс Чақалов зад. Ду бозии дигари давр миёни дастаҳои “Равшан” - “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” – “Вахш” ба вақти дигар гузаронида шуд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
№ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Равшан” (Кӯлоб) “Хайр” (Ваҳдат) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) КМВА “Помир” (Душанбе) “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан) “Барқи тоҷик” (Душанбе) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)
Б 13 14 13 14 13 14 14 14 13 14
Ғ 12 10 8 7 6 6 3 2 1 0
М 1 3 2 3 5 2 3 2 4 1
Б 0 1 3 4 2 6 8 10 8 13
Т-Т 49-2 28-10 30-22 18-23 19-10 10-14 15-24 10-24 4-25 3-32
Х 37 33 26 24 23 20 12 8 7 1
«Ласточка» — ғолиби мусобиқаи футболи бонувон Дастаи “Ласточка”-и шаҳри Душанбе дар даври финали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни бонувон, ки 28 сентябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ анҷом ёфт, бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд. Дар мусобиқа 6 даста дар ду гурӯҳ бо ҳам рақобат карданд. Дар гурӯҳи “А” бо дастаи “Ласточка” тими баробар набуд. Тими пойтахт бар дастаҳои “Барқ”-и Норак (3:0) ва “Сарбанд”-и Спитамен (16:0) ба осонӣ ғолиб шуд. Дар гурӯҳи “В” дастаи “Вахш” маҳорат нишон дод. Ин даста пурзӯртар аз
“Хуҷанд” (8:1) ва “Регар-ТадАЗ” (4:0) буд. 28 сентябр, ҳамчунин, бозӣ барои ҷойҳои 5-уму сеюм баргузор шуданд. Дар бозӣ барои ҷои панҷум “Хуҷанд” бар “Сарбанд” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Барқ” гардид, ки тими “Регар”-ро бо ҳисоби 6:1 мағлуб кард.
Пирӯзии Муин бар Кесӣ Суайр Муин Ғафуров, варзишгари тоҷик, баъди бо созмони осиёии “ONE Fighting Championship Team” шартнома бастан, дар аввалин рақобати касбиаш дар сатҳи ҷаҳон ғалаба ба даст овард. Ӯ 27 сентябр дар Ҷакарта (Индонезия) бо ҷангандаи ботаҷрибаи амрикоӣ Кейсӣ Суайр рақобат кард. Ҷангандаи тоҷик дар рақобат фаъол буда, бо зарбаҳои нишонрас ҳарифашро мағлуб кард. Муин Ғафурови 19-сола ҷавонтарин ҷангандаи соҳибном дар кишварҳои ИДМ дониста мешавад. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда дар бисёр мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ пирӯзӣ ба даст овардааст. Муин қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои ҳарбӣ (WCSF), қаҳрамони ҷаҳон оид ба греплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон оид ба WKA мебошад. Ду соли охир барои Муин Ғафуров, ки бо тахаллуси “Tajik” баромад мекунад, бобарор буд. Ӯ дар сатҳи касбӣ 7 рақобат карда, дар ҳамааш пирӯз шудааст.
12
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШ
ЭЪЛОН
Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
МАОШИ ВАЗИФАВӢ
№
НОМГӮИ МАНСАБҲО
1
Мудири Бахши таҳлилу иттилоотии дастгоҳи марказӣ
943.65
2
Мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд
854.55
3
Сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказӣ
855
Ҷоми Президент насиби теннисбозони тоҷик шуд
4
Сармутахассиси Раёсати рушди туризми дастгоҳи марказӣ
855
5
Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом
738
19-23 сентябри соли равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир гардид.
6
Мутахассиси пешбари Бахши кор бо кадрҳои дастгоҳи марказӣ
697,5
7
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом
603
8
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд
603
9
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус
576
10
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
576
11
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар
576
12
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қумсангир
576
13
Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз
576
14
Мутахассиси Раёсати рушди туризми дастгоҳи марказӣ
576
15
Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав
Дар мусобиқа дастаи теннисбозони наврас аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Дар давраҳои муқаддамоти варзишгарони Тоҷикистон бартарӣ нишон дода, Шаҳзода Асимова ва Насиба Турсунова миёни духтарон ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Дар бозиҳои дунафарӣ низ бартарӣ насиби мизбонон буд. Дар даври нимфиналии ин рақобат ҷуфтҳои Анастасия Турсунова/Насиба Назирмадова (Тоҷикистон) – Настя Филина/Банат Мадалиева (Қирғизистон) ва Ҳанифа Ҳасанова (Узбекистон)/Наргиза Яҳёева (Тоҷикистон) – Комила Муллоева/Шаҳзода Асимова бо ҳам вохурданд. Миёни писарон дар бозиҳои инфиродӣ Шерзодбек Раҷабов (Узбекистон) ва Шодмон Қурбонов (Тоҷикистон) ба финал баромаданд. Дар рақобатҳои дунафарӣ бошад, ҷуфтҳои Шерзодбек Раҷабов/ Беҳзод Суюнов (Узбекистон) – Кирилл Кистанов/ Тимофей Голошапов (Қирғизистон) ва Темур Каримов/Исам Шарифов – Шодмон Қурбонов/Амирҷон
Алиев (Тоҷикистон) дар даври нимфиналӣ қувва санҷиданд. Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷаи мусобиқа Шодмон Қурбонов байни писарон ва Шаҳзода Осимова миёни духтарон (ҳар ду аз Тоҷикистон) ғолиб омаданд. Дар сабқати ҷуфтӣ байни писарон Беҳзод Суюнов/ Шерзодбек Раҷабов аз Ӯзбекистон мақоми аввалро касб карданд. Миёни духтарон ҷуфти Анастасия Турсунова/Насиба Назирмадова аз Тоҷикистон пирӯз шуданд. Ғолибон бо ҷому медали тилло, ифтихорнома ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 доллари ИМА сарфароз гаштанд. Ба теннисбозоне, ки ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карданд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 1000 ва 700 доллар супурда шуд. Ёдрас мешавем, ки мусобиқа оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2005 таъсис ёфта, бори шашум аст, ки дар байни варзишгарони наврас (12-15-сола) гузаронида мешавад.
472.50
ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - ариза ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расм (4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ): - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
13
БА ИФТИХОРИ 75-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ
Дар одамият нотакрору намунаи шоистае барои ҳампешаҳо ва шогирдон... Дар муносибат ҳалим, ҳамсуҳбати дилнишин, қадршинос... Дар маҳофил суханвар, таъсиргузор, соҳибандеша... Дар зиндагӣ хирадманд, пешво, падари маҳбуб... Ихтисосманде, ки дар соҳаи илму фан ба ҳадди камолот расида, доно ва тавоност... Устоде, ки минои ҳазорон шогирд дар ҷодаи журналистика ва зиндагӣ шуда... Муаллиме, ки ҳар сатри рӯзгораш барои насли ҷавон омӯзанда, қобили пайравӣ ва идеалсозист... Олиме, ки дар арсаи илму эҷоди Тоҷикистон ҷойгоҳи вижа дорад – профессор АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ *** ШАРҲИ ҲОЛ: 22 сентябри соли 1940 дар деҳаи Карсанги шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Соли 1962 бахши филологияи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Фаъолияти амалиро дар соҳаи журналистика соли 1962 ба ҳайси муҳаррири телевизиони Тоҷикистон оғоз намудааст. Аз соли 1964 то соли 1981 дар рӯзномаҳои “Маориф ва маданият”, “Газетаи муаллимон”, “Тоҷикистони советӣ” ба сифати мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррир кор кардааст. Соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докториашро ҳимоя кардааст. Солҳои 1992-2002, 2007-2009 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ, солҳои 2002-2005 декани факултаи журналистикаи ДМТ буд. Муаллифи 40 асар ва беш аз ҳазор мақолаи публитсистӣ мебошад. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1965), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1992), Аълочии маориф, фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи Совети Олии РСС Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ (1998), медали “Хизмати шоиста” (1998), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2013). *** Журналистика дар ҳар давру замон на танҳо ба возеҳияти афкор, умқи мазмун, балки ба нафосату зарофати бадеият ва эҳтирос, феълу хӯи одам низ эътибори ҷиддӣ медиҳад. Асадулло САЪДУЛЛОЕВ Охирҳои соли 2003 буд ё аввалҳои соли 2004 устод Асадулло Саъдуллоев, ки он вақт декани факултаи журналистика буданд, маро ба ҳуҷраи кории худ даъват карданд. Донишҷӯи курси 3-юми донишгоҳ будам. Профессор бо лаҳни ба худ хос, чеҳраи боз ва падарона дар бораи таҳсил ва корҳои
14
Устоди хирадманд ва маҳбуб
эҷодиам пурсон шуданд. Хеле суҳбати гарм доштем. Устод оид ба тамоюлҳои журналистикаи муосир, идеалҳо ва рисолати касбӣ ибрози андеша карданд ва камина ҳам бо истифода аз фурсат машварати устодро оид ба чандин масъалаи мавриди таваҷҷуҳам гирифтам... Он замон аз он суҳбат дуруст пай набурдам, ки ҳадафи аслии профессор аз даъвати ман ба наздашон чӣ буд. Вале баъдтар рӯшан шуд, ки барои кадом як мақолаи танқидиам устод аз «болоҳо» «гап шунидаанд». Бо ин вуҷуд, дар сухани устод Саъдуллоев оҳанги накуҳиш, гиламандӣ ё сензураро аслан эҳсос накардам. Баръакс, устод бо пуштибонӣ аз шогирдон ҳамеша таъкид медоранд, ки «мо худамон ба онҳо навиштанро меомӯзем, чӣ сон боз онҳоро аз навиштан боздорем?!». Шумораи чунин шогирдони «сарсахт» ё «бесар»-и факултаи журналистика кам набуд ва агар азхудгузаштагӣ, сабурӣ, дурандешӣ, роҳнамоӣ ва ташвиқу таҳрики устод ба пажӯҳишу эҷод намебуд, шояд кам касе аз онҳо соҳиби диплом мешуданд...
дар пеш. Вай бояд ғамхору ҳамзамон серталаб, дилсӯзу ҳидоятгар бошад», - гуфтааст ҷое. Ба пиндори устод, журналистика ба зоти худ маърифат ва сиёсат аст. «Ҳамон шахсе ҷаҳонбинии васеъ ва донишҳои универсалӣ хоҳад дошт, ки зиндагии муосирон, донишҳои асрӣ, маърифати олиро омӯхтаю бо вуҷуди хеш онро дарк намояд, бо назарияи сохтмони ҷомеаи идеали ҳамзамононашон ошноии комил дошта бошад. Забонаш фасеҳу мардумӣ буда, зудкор ва посухаш қотеъ, ниҳодаш адолатпараст будаву одоби олии муоширатро бидонад ва асло аз пайи бадию бадкорӣ наравад», - бо чунин суханҳои муассир шогирдонро ба таҳсилу кандукови бештари эҷодӣ ташвиқ мекунанд профессор Саъдуллоев.
*** Ҷоҳилон ба илм нафрат доранд, нохондаҳо ба он бисёр шавқманданд. Аммо хирадмандон аз илму фан истифода мекунанд.
Алберт ЭЙНШТЕЙН, олими физик
Фрэнсис БЭКОН, файласуф Боре ҳини дарс аз муаллим савол кардам, ки «Чаро ҳар қадар бисёр мехонам, гумонам, бештар аз он намедонам ва саволҳои бисёртаре дар зеҳнам падид меояд?». Устод Саъдуллоев лаҳзае андеша карда, аз Оноре де Балзак, адиби фаронсавӣ, иқтибос кард: «Калиди ҳама гуна илм аломати савол аст». Ин ҷумла ба ман оромии рӯҳӣ бахшид ва дилпур шудам, ки равонаи роҳи дуруст мебошам. Устод ин ҳарфро гуфтанду бароям китоби тозанашри худ «Асосҳои журналистикаи телевизион»-ро бо соядаст тақдим намуданд: «Ба шогирди пурдону пуркор бо умеди сарсабзиҳои оянда. Имзо». Кори устод Саъдуллоев ва муносибаташ бо шогирдон саропо панду ибрат аст. Бо вуҷуди серкорӣ, ҳеҷ гоҳ профессор аз посух ба саволи шогирд канораҷӯӣ намекунанд. Ба сарнавишти ҳар донишҷӯ ҳавасманд мебошанд. Дар суҳбат бо хурдҳо устод ҳеҷ гоҳ садд намегузоранд, ҳалиму солор ҳастанд. «Устод мисли падар аст, балки аз ӯ дида
*** Илм ҳеҷ гоҳ китоби итмомшуда набуд ва нахоҳад шуд. Ҳар як комёбии муҳим саволҳои наверо ба миён меорад. Ҳама гуна рушд батадриҷ бо масъалаҳои боз ҳам навтару амиқтаре рӯ ба рӯ меояд.
Асадулло Саъдуллоев ҳамеша бо тозаназарӣ, гуфта тавонистани ҳарфи нав, таъсирбахшии сухан шогирдон ва хонандаҳои асари худро мутаҳайир мекунад. Устод журналистика ва журналистони тоҷикро прогрессив ва ҳамқадами замон дидан мехоҳад. Гоҳе танқид мекунад, «хушкорӣ аз пуркорӣ аст» мегӯяд, тасвиру ташбеҳҳои муассиреро дар нутқаш ба кор мебарад, то суханаш ба донишҷӯён рӯзноманигорони оянда кора кунаду навовариро пеша намоянд. «Одами авом (яъне камҳавсала, танбал) ҳамеша чунон буду чунин ҳаст, ки талош надорад, бечора мемонад… Мешавад ҳолатҳое, ки ҷавонон на мутолиа доранд, на завқи он. Аз панду насиҳат гоҳо дил заъф мекунад, мехоҳӣ худро ба ҷое пут кунӣ, ки ҳеҷ бандаи муъмин туро набинад – шармандагист охир, вақте мегӯӣ, ки фалон адибро хондаӣ, ё ҳама хомӯшанд ё мегӯянд, ки ӯ журналист нест. Журналист шахсияти эҷодкор аст, вай бояд инсони худогоҳ, ҷаҳонбиниаш васеъ, бомаърифат ва донишманд бошад», - мегӯяд устод. Профессор Саъдуллоев дар баробари устоди мушфиқу ҳидоятгар будан, ҳамчунин ҷое сахтгиру сахтгӯ ҳам мебошад. Вале ин сахтгӯиҳо боасос ва нарму пандомез садо
медиҳанд, ки нафари танқидшуда ҷойи ранҷидан аз сухани ин устоди хирадманд, ба ислоҳи кори худ ҷадал мекунад. Далели бисёре барои исботи ин гуфтаҳо лозим нест. Танҳо ба пешгуфтори китоби дотсент Сангин Гулов, ки муҳаққиқи эътирофшудаи журналистикаи тоҷик ва устоди чандин насли журналистон аст, муроҷиат намудан кофист. Дар сарсухани ин китоб («Амвоҷи сухан») устод дар баробари ситоишҳо аз маҷмӯаи нави шогирди худ – Сангин Гулов ва дастовардҳояш дар ҷодаи илм, чунин «гиламанд» ҳам шудаанд: «…Дар ин наздикиҳо ба Сангин Гулов барои пуркорӣ сано намехонам, зеро ӯ ҳанӯз ба марраҳое, ки интизораш будем, нарасидааст, талошаш ҳам аланӣ нест… Аммо як чиз маро ҳамеша тасалло мебахшад: Сангин Гулов як журналисти хеле пурдону пурмутолиа аст». Аз ин ҷо бармеояд, ки барои устод, ҳамон гуна ки худ иқрор мекунад, ҳисси маҳал ё ошноӣ бегона аст. Ӯ намунаи барҷастаи як устод, журналист ва муҳаққиқи бетараф, ҳақгӯ ва соҳиби ҳарфи худ мебошад. *** Илм ганҷ аст, одами олим ҳеҷ гоҳ раҳгум намезанад. ПЕТРОНИЙ Қобили зикр аст, ки устод Саъдуллоев дар ташаккули дониш ва шахсияти донишҷӯ саҳми муаллимону мударрисонро ҳам бориз мехонад. «Бисёр чиз ба устод вобаста аст, вай бояд, пеш аз он ки аз шогирд талаб мекунад, худаш босавод, сермутолиа бошад, ҳар сол қайдҳояшро аз нигоҳи танқидӣ аз назар гузаронад, китобҳои нав, адабиёти тозанашрро варақ занад. Ба саволҳои шогирдон ҷавоб дода тавонад… Устод мисли падар аст, балки аз ӯ дида дар пеш аст», - мегӯяд профессор. Ба пиндори ӯ, фанҳои тахассусии журналистикаро танҳо аз рӯйи китобҳои дарсӣ, қолабӣ гузаронидан гуноҳ аст. Муаллими ин ихтисосҳо бояд ба ягон соҳаи эҷод сару кор дошта бошад. Имрӯзҳо Асадулло Саъдуллоев шогирдонро ба дӯст доштани миллату Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пойбанди манфиати шахсону гурӯҳе набудан ҳидоят мекунад. “Нақши матбуоти даврии тоҷик дар пур кардани фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа назаррас буда, мардуми тоҷик ба каломи чопӣ эътиқодманд аст ва дар ҳар давру замон барои пешрафту шукуфоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии худ на ба шамшер, балки ба қалам такя мекунад”, - мегӯяд ӯ. Саҳми Асадулло Саъдуллоев дар ташаккул ва таҳаввули матбуоти Тоҷикистон қобили мулоҳиза буда, ӯ бо диду назари бесобиқа, навҷӯӣ, сабку услуби хосаи нигорандагӣ аз ҳамтоёни худ фарқ мекунад. Дар воқеъ, заҳамоти ин олими сермаҳсул, устоди поксиришту серталаб ва фаъоли ҷамъиятӣ шоистаи таҳсин аст. Устод Асадулло Саъдуллоев, бешак, саодати илми тоҷик, саодати журналистикаи тоҷик, саодати ҷомеа, саодати Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад! 75-умин солгарди умри бобаракат хуҷаста бод, устод! Носирҷон МАЪМУРЗОДА, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон, устоди кафедраи журналистикаи ДДҚ ба номи Носири Хусрав
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Ѓалаба, нусрат Аз љое ба љое гузарондан
Пушаймонї
Охир, оќибат
Аз тањти дил
Дастгоњи одаму боркашонии бино
Анљом, охир
Калимаи зидмаъно
Ќабати њавои Замин
Њафтаномаи њаљвїфароѓатї
Забони сунъї
Тафс, њарорати баланди бадан
Љашни бошукўњу дабдаба
Ќисми сураи Ќуръон
Тасвир, сурат
Кўтоњумрї
Фарќи байни ду чиз
Сифати телевизор ва ќаламњо
Ширкати алоќаи мобилї
Љаноби эронї
Кушодани рўза, ифтор
Орфография
..., вале, лекин
Шўришгар, балвогар
Шањр дар вил. Краснодари Русия
Њамеша, мудом
Мулоимат
Нотамом, ќисман
Собиќ роњбари Чин … Тзедун
Тањорат бо хок
Шањри Жанна Д'Арк дар Фаронса
Шањр-бандар дар Италия
Навъи себ
Парешон
Тандурустї, сињатї
Боздоштан, дастгир кардан
Эшон, онњо
... Табарова, овозхон
Халиљ дар наздикии Эрон Мевае, ки рамзи Иди Хеллоуин аст
Дилбар …, актрисаи тољик
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015
Низомнома
«Девори …» одами бесабаб ранљанда
… Капур, актёри њиндї
Киностудия дар Москва
Баба … аз афсонањои русї
Ла ..., гулўгоњи байни Фаронсаю Британия
Пойтахти кишвари «роњзанњои бањрии а. 21»
…-Ланка
... Галкин, ширинкори рус
Мадад, ёрї
Як наАсъори муди миллии варзиши Венгрия сабук
Васеъ
Зебо, хушрўй
Автомобили рамзаш чор њалќа
Аз як љинс
... Баччан, актёри њиндї
Ў роњро нишон медињад Пойтахти иёлати Љорљияи ИМА
Карамшурбои русї
Ќавми кофарон дар "Ќуръон"
РИА «…», агентии иттилоотии Русия
Айшвария Рай келини ў аст
Меваи донаи сурхдор
Сарфаю …
Дар «ду» 1-то њаст, дар «чањордањ» 3-то
Илм дар мактаб
Ба тўњмат дучоршуда
Оллоњу ...
Сигнали «Ёри дињед» аз киштї
Моњи аввали тобистон
Номи пешинаи ноњ. Спитамен
Осорхонаи машњур дар Париж
Њаёт ... Франсиско, шањр дар ИМА
Равия дар ислом
Зулфия …, шоираи тољик
Кушода (лањљавї)
Даррандаи вањшї
… Хон, актёри њиндї
Шими Сталин
Маѓлуб дар шоњмот
Дарёи сершохоби дунё
Номи маъмули мардонаи русї
Ѓазабнок
Њикояи Тургенев
… Рао, актрисаи њиндї
Лаёќат
Њаматарафа
Солшумории муКомпютери аз сулнетбук хурдмонї тар
Зоти саг
Кори навшогирд
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ Занеро, ки асабҳояш хароб шудаанд, ба беморхона мебаранд. Духтур: - Ба фикрам шавҳарат ба асабҳоят расид-а? - Не, суръати пасти интернет...
*** Духтур бо асабоният ба бемор мегӯяд: Ман шуморо тамоман намефаҳмам. Чӣ гуна доруи хоб мехоҳед ба шумо бидиҳам, дар ҳоле ки то ними шаб дар дискоклубҳо мегардед? - Ин доруро барои худам не, барои занам пурсидам.
*** Духтар ба писар: - Биё, маро ба занӣ гир, тамоми мушкилотамонро якҷоя ҳал мекунем. Писар: - Ман ягон мушкил надорам! Духтар: - Охир маро ки гирифтӣ, мушкилот пайдо мешавад...
24 сентябр ҳангоми адои фаризаи ҳаҷ дар водии Мино талотум ба амал омада, 769 нафар зери по монда ҳалок ва наздики 1000 каси дигар маҷруҳ шуданд. Ин бадтарин фоҷеа аз соли 1990 то ҳол мебошад. Он вақт низ дар чунин ҳодиса 1400 нафар ҷон бохта буданд.
Қарзи инсонӣ Қайиқи моҳигирон бар асари тӯфони сахт ғарқ шуд. Онҳое, ки дар қайиқ буданд, тавонистанд сари вақт ба навбатдорони баҳр хабари ғарқ шудани қайиқашонро расонанд. Сардори киштии муҳофизаткунандаи баҳрӣ дастаи худ ва сокинони деҳаро аз ин ҳодисаи нохуш хабар дода, дар майдони шаҳр, ҷое, ки макони ҳодиса намоён буд, ҷамъ омаданд. Ихтиёриён ба мавҷҳои баланду ваҳмовари дарё мубориза бурда, моҳигиронро меҷустанд, дигарон бошанд, бо чароғҳои равшаноибахш дар соҳил бо ғаму ташвиш интизорӣ мекашиданд. Як соат пас киштии муҳофизаткунанда пайдо шуда, сокинони деҳа бо хурсандию шодӣ ба пешвози онҳо давиданд. Баъди расидани онҳо ба соҳил, яке аз шахсони наҷотдиҳанда бо нигаронӣ гуфт, ки натавонистем ҳамаи моҳигиронро ба киштӣ савор кунем, чунки онҳо зиёд буданд, барои ҳамин яке аз моҳигирон дар баҳр монд. Агар мо ӯро савор мекардем, киштӣ бардошт намекард ва мумкин буд, ки чапа шуда ҳамаи моро ғарқ мекард. Сардори наҷотдиҳандагон дубора ихтиёриёнро барои наҷот додани моҳигири боқимонда даъват кард. Аз байни сокинони деҳа ҷавони шонздаҳсолае бо номи Ҳанс ба пеш баромад. Ӯ розӣ шуд, ки ба наҷоти моҳигир биравад. Модараш, ки он ҷо ҳузур дошт, аз дасташ дошт. Мазмун, ба азми писараш розӣ набуд. - Илтиҷо мекунам, писарҷонам, нарав
АНДАРЗ
ба он ҷо. Даҳ сол пеш дар вақти ғарқшавии яке аз киштиҳо падари ту ҷони худро аз даст дода буд. Бародарат Павлус се ҳафта пеш, ба баҳр даромада то ҳол бедарак аст. Ту ягона ҷигарбандам ҳастӣ. Ҳанс ба модараш чунин ҷавоб дод: - Модарҷон, ҳатман рафтанам даркор! Агар дигарон ҳам гӯянд, ки мо наметавонем, кори онҳо. Аммо хоҳиш мекунам бимон, ки қарзи инсониамро иҷро кунам. Ҷавон модарашро бӯса карда, дар киштии
муҳофизаткунанда нишаста, ба баҳр даромад. Ҳарчанд аз миён як соат гузашта бошад ҳам, барои модар баробари як сол тӯлонӣ намуд. Ниҳоят киштии муҳофизаткунанда аз байни туман намоён шуд, интизориён Ҳансро диданд. Сардор бо баландгӯяк фарёд зад: - Ӯро пайдо кардӣ ё не? Ҳанс эҳсосоти худро бо душворӣ нигоҳ дошта, ҷавоб дод: - Бале, ӯро ёфтем. Ба модарам бигӯед, ки ӯ бародарам Павлиус будааст! Тарҷумаи Ҳасан АЗИЗОВ
Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
16
ЭЪЛОН ЭЪТИБОР НАДОРАД Билети ҳарбии гумшудаи силсилаи ҶТ№536815, ки соли 2004 Коммисариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Сафар Шарипов додааст, беэътибор дониста шавад. Шаҳодатномаи бақайдгирии №5647, ки ба манзили истиқоматӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаи Хоҷанбиёи Боло-89 тааллуқ дошта, 2 сентябри соли 1967 дар КДФ “Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Душанбе сабт шудааст, эътибор надорад.
БАРҲАМ МЕХУРАД Шаҳодатномаи саҳми замини дараҷаи А №0243514, ки соли 1999 ҷамоати деҳоти Хонакоҳи ноҳияи Ҳисор ба Ашурова Ҳалима додааст, барҳам мехӯрад. БА ИҶОРА МЕДИҲАМ Хонаи сеҳуҷрагӣ бо тамоми шароит ба муҳлати дароз. Воқеъ дар кӯчаи Маяковский-6/2, ҳуҷраи 40, ошёнаи якум. Телефон: 93 555 50 72
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7620 нусха ба нашр расид.
•
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
САРМУҲАРРИР
Далерҷон ба модараш: - Очаҷон, барои чӣ падарам кал аст? - Барои он ки падарат олим аст, бисёр китоб мехонад. - Ааааа, фаҳмидам, ки барои чӣ мӯйи сари шумо бисёр аст.
Шиносномаи техникии шаҳрванд Хурамов Карим сокини деҳаи Бобоҷон Ғаффуров ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол аз тарафи КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Қабодиён дар санаи 20 04 2014 таҳти рақами 429 тартиб дода шудааст, эътибор надорад.
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
***
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири шуъбаи сиёсат ва иттилоот), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоиёт), Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Бахтовар АМИНЗОДА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул), Саодат ИСМОИЛӢ (мухбир дар вилояти Суғд), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (мухбир дар ВМКБ).
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9413), 1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015