НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№39 (9465), 29 сентябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
РУШДИ МАҲАЛ
РУШДИ САЙЁҲӢ
Сафари кории Пешвои миллат ба минтақаи Рашт
Рушди сайёҳии дохилӣ ба инкишофи сайёҳии байналмилалӣ мусоидат мекунад
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”
Қаҳрамонӣ худситоӣ нест...
ҲАФТ РӮЗ 22.09.2016 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил шуд. Аз ҷумла дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ ба ин муносибат конфронси илмию бадеӣ доир гардид.
футболи мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ “Ҳосилот” бар КМВА “Помир” бо ҳисоби 2:1, “Регар-ТадАЗ” бар “Хуҷанд” – 2:0 ва “Барқчӣ” бар “Вахш” бо ҳисоби 4:0 ғалаба карданд.
23.09.2016 Дар чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ-до, ки дар пойтахти Эрон - шаҳри Теҳрон баргузор шуд, варзишгарони кишвар панҷ медал - як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд. Миёни калонсолон Шероз Икромов (-84 кило) медали тилло, Сафаралӣ Давлатов (-67) медали нуқра ва Бадриддин Умедов (+84) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар сабқати наврасон бошад, Мурод Назаров (-55) ва Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-52) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
25.09.2016 Ду бозии дигари даври 15-уми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. “Равшан” бар “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 ва “Хайр” бар “Парвоз” бо ҳисоби 3:0 пирӯз гаштанд.
24.09.2015 Дар доираи даври 15-уми чемпионати
26.09.2016 Дар осоишгоҳи «Баҳористон» бо иқдоми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми «Усулҳои ҳисоббарор дар илмҳои дақиқ KSCMBS-2016» бо иштироки беш аз 30 меҳмони хориҷӣ аз кишварҳои Олмон, Ҷопон, Ҳиндустон, Ҳолланд, Нидер-
ландия, Федератсияи Русия ва кишварҳои ҳамҷавор шуруъ шуд, ки то 28 сентябр идома дошт. 27.09.2016 Дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ таҷлил шуд. Ба ин муносибат дар боғи Маркази кӯдакону наврасони пойтахт намоиши фарҳангиву сайёҳии “Марҳабо ба Душанбе” доир гашт. 28.09.2016 Дар маркази Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо ширкати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи “Карон-Арена” барои 400 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
2
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
Сафари кории Пешвои миллат ба минтақаи Рашт
РУШДИ МАҲАЛ
25-28 сентябр, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим, ки ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта шудаанд, бо сафари корӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт қарор дошт.
Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Сангвор оғоз ёфт. Бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ бинои маъмурии Суди ноҳияи Сангвор ба истифода дода шуд. Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ мебошад. Дар маркази ноҳия Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан кард. Дар намоиш анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла, картошка, сабзӣ, каду,
себ, нок ва асали хушсифати истеҳсоли занбӯрпарварони ноҳия пешниҳод шуд. Дар маркази ноҳияи Сангвор, инчунин, маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Он аз ду ошёна иборат буда, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шобуддин Алиев сохта шудааст. Маркази савдо аз ду фурушгоҳ ва як сехи дӯзандагӣ иборат мебошад. Дар сехи дузандагӣ 55 нафар духтар ба кор фаро гирифта шудаанд, ки сару либоси мактабӣ, либосҳои миллии занона ва дигар ашёи зарурии рӯзгорро омода мекунанд. Дар ин ҷо, ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат тӯйи суннатии 40 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Дар маркази ноҳия Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолон мулоқот кард. Аснои суханронӣ Сарвари давлат иқдоми созандагиву бунёдкориро, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат амалӣ гардид, ба заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик марбут донист. Таъкид гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди ноҳияи Сангвор, аз ҷумла ҷиҳати пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, бунёди роҳу пулҳо ва беҳсозии шароити зиндагии сокинон зиёда аз 183 миллион сомонӣ сарф гардида, дар солҳои 2016-2019 барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сангвор 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Сафари кории Сарвари давлат дар ноҳияи Нуробод идома ёфт. Дар мавзеи Сари қоши ноҳияи Нуробод Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи парвариши картошка, ғунучини ҳосил, кишти такрории заминҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар мавзеи Сари қош дар майдони 15 гектар навъи хуби картошка, аз ҷумла “Тоҷикистон”, “Пикассо”, “Кардинал”, “Ғончӣ” кишт карда шудааст ва меҳнаткашон аз он ҳосили дилхоҳ рӯёниданианд. Дар намоишгоҳ деҳқонони ноҳия маҳсулоти гуногуни соҳаи кишоварзӣ аз қабили сабзавот, мевагиҳо, асал, гиёҳҳои гуногуни табии шифобахш, моҳии зиндаро пешниҳод намуданд. Дар идома Президенти ҷумҳурӣ бинои шуъбаи Хадамо-
ти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Бино аз ду ошёна иборат буда, дорои шароити мусоид барои фаъолияти хизматӣ мебошад. Ҳангоми шиносоӣ бо шароити хизматӣ дар бинои нав Сарвари давлат ба ҳайати шахсӣ барои ҳамавақт дар ҳолати омодабош қарор доштан ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум дастуру супоришҳо дод. Ба кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон автомошинаи нави замонавии оташхомушкунӣ тақдим карда шуд. Дар шаҳраки Дарбанди ноҳия бо ширкати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Боғчаи бачагонаи “Зебунисо” барои 140 нафар тарбиятгиранда ба истифода дода шуда, хатнасури дастаҷамъонаи 30 нафар кӯдаки ятим доир гашт. Баъди шиносоӣ бо шароити боғчаи бачагон дар ҳамин ҷо Сарвари давлат дар хатнасури 30 кӯдак ва туйи домодию арӯсии 10 ҷуфти ҷавон иштирок карда, ба тифлакони хуштолеъ дар рӯзи тӯяшон туҳфаҳои арзишманд тақдим намуд. Дар ноҳияи Нуробод, ҳамчунин корхонаи коркарди шир ва бастабандии равған мавриди истифода қарор гирифт. ҶДММ «Шири Нуробод» дорои ду сехи истеҳсолӣ буда, дар доираи дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар аз соҳибкории хурду миёна аз тарафи соҳибкор Фатҳуддин Ҳоҷиев сохта шудааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди шир дар як шабонарӯз то 2 тонна ва дар як моҳ то 60 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Дар ҶДММ «Шири Нуробод» 8 намуд маҳсулоти ширӣ - ҷурғот, кефир, қаймоқ, қурут, творог, сметана, чака ва дӯғ истеҳсол карда мешавад. Дар коргоҳи дуюм бошад, бастубанди равғани растанӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо 3 намуди равған, аз ҷумла равғани пахтаи доғкардашуда ва равғани офтобпараст истеҳсол карда мешавад. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, инчунин тамошои намоиши дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияи Нуробод дар маркази ноҳия бо фаъолону сокинон мулоқот кард. Сарвари давлат бунёд гардидани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳу пулҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, даҳҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ
ва тиҷоративу хизматрасониро, ки боиси ободу зебо гардидани диёри биҳиштосо ва хеле беҳтар шудани шароити зиндагиву фаъолияти сокинон шудааст, аз баракати истиқлолияту ваҳдат ва пуштибонии мардум аз сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард. Таъкид гардид, ки дар давоми бисту панҷ соли истиқлолият барои вусъати корҳои созандагӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Нуробод аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ қариб 800 миллион сомонӣ сарф шуда, илова бар ин, дар се соли оянда барои рушди ноҳия аз буҷети давлатӣ ҷудо намудани беш аз 230 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ноҳия ба маблағи умумии қариб 425 миллион сомонӣ 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи барқарорсозии баъдиҷангӣ амалӣ шуда, айни замон татбиқи се лоиҳаи дигар идома дорад. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои гуногуни ноҳияи Нуробод ва бахусус, суръат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ амалисозии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2013-2017 идома ёфта истодааст, ки дар доираи он татбиқи 189 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба минтақаи Рашт Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Тоҷикобод боздид намуд. Пешвои миллат дар ноҳияи Тоҷикобод нахуст бо дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иброз дошт, ки ноҳияи Тоҷикобод дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорад ва бо истифодаи оқилона аз ин неъмат аз заминҳо ҳосили дилхоҳ рӯёндан мумкин аст. Президенти ҷумҳурӣ дар ин макон, инчунин бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка дар Хоҷагии деҳқонии "Қалъа" шинос шуд. Дар хоҷагии мазкур аз масоҳати умумии 180 гектар замини дар ихтиёрдошта дар масоҳати 50 гектар картошка кишт шудааст. Имсол деққонон нақша доранд, ки аз ҳар як гектари он 300 сентнер ҳосили катошка рӯёнанд. Ба бахти кӯдакони хуштолеи ноҳияи Тоҷикобод Пешвои миллат, сарвари ғамхору ятимпарвар дар хатнасури 50 кӯдак аз оилаи камбизоат иштирок намуд. Пре-
зиденти кишвар волидони кӯдаконро бо ин рӯзи саид табрик намуда, иброз дошт, ки аз замони соҳибистиқлолии мамлакат дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ афзалияти бештар дода шуда, дар ин самт як қатор барномаҳо амалӣ карда мешаванд. Ин буд, ки дар давоми 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба маротиб коҳиш ёфт. Дар ин чорабинӣ ба кӯдакон аз ҷониби Пешвои миллат туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид. Хизматчиёни давлатӣ низ, ки дар сохторҳои гуногун дар ноҳияи Тоҷикобод фаъолият менамоянд, соҳиби туҳфаи арзанда гардиданд. 12 оилаи хизматчиёни давлатӣ аз ҷумла кормандони мақомоти қудратӣ аз дасти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои аз 1 то 4-ҳуҷрадор гирифтанд. Дар маркази ноҳия меҳмонхонаи наву замонавӣ, ки дорои 85 ҷои хоб мебошад, ифтитоҳ гардид. Сарвари давлат баъди буридани лентаи рамзӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани меҳмонхона аз шароити фароҳамгардидаи дохили он дидан намуд. Бино аз се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3 ҳазору 319 метри мурабаъро ташкил медиҳад. Он аз 43 утоқ барои қабули меҳмонон ва 3 утоқи корӣ барои кормандон иборат аст. Зимни боздид аз утоқҳои хоб ва дигар иншооти ёрирасони меҳмонхона Пешвои миллат таъкид намуд, ки бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ бо шароити хуб дар ноҳияи Тоҷикобод барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақаи дурдасти мамлакат мусоидат мекунад. Зеро меҳмонхона дар шафати шоҳроҳи аҳамияти байналмилалидоштаи Ваҳдат-Нуробод-Лахш-сарҳади Қирғизистон ҷойгир буда, барои масъулон имкон фароҳам меорад, ки дар баробари меҳмонон аз дохили мамлакат, инчунин хориҷиёнеро, ки тавассути ин шоҳроҳ мегузаранд, қабул намоянд. Дар идома Сарвари давлат дар назди роҳбарону фаъолон ва шумораи зиёди сокинони ноҳия суханронӣ намуда, бо онҳо мулоқот кард. Таъкид шуд, ки дар давоми 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон халқи заҳматкаши ноҳияи Тоҷикобод дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо азму иродаи қавӣ, садоқат ба давлату миллат дар пешрафту тарақиёти ноҳия ва дар маҷмуъ ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштанд. Президенти мамлакат қайд намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳияи Тоҷикобод 432 миллион сомонӣ равона гардидааст. Зикр гардид, ки дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод 25 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 100 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳо дар доираи лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Саритош пурра таҷдид гардидаанд. Сафари кории Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт дар ноҳияи Лахш идома ёфт. Ба Сарвари давлат сокинони деҳоти ноҳия ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахши ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Иттилоъ доданд, ки дар ноҳия соли равон дар майдони 6 ҳазору 235 гектар кишти зироатҳои гуногун ба роҳ монда шуд ва деҳқонони соҳибтаҷриба бо истифода аз шароиту иқлими мусоид ҳосили фаровон ҷамъоварӣ карданд. Кишоварзони ноҳия ба Пешвои миллат мужда расониданд, ки соли ҷорӣ ҳосили интизорӣ аз кишти картошка ҳудуди 100 ҳазор
тоннаро ташкил медиҳад. Сипас боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи роҳи марказии ноҳияи Лахш, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, идома ёфт. Масофаи роҳ беш аз 3 километрро дар бар гирифта, он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 3 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шудааст. Ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлил аз 25умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5 километр роҳи мошингард, шуруъ аз гардиши деҳаи Қалъаи Занкон то даромадгоҳи маркази ноҳия баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар идомаи сафар Сарвари давлат дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии деҳоти Ҷиргатол бо рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуд. Президенти ҷумҳурӣ бо хоҷагидорон суҳбат намуда, онҳоро барои фаъолияти босамар ва истифодаи самараноки замин ҳидоят намуд. Иттилоъ доданд, ки соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 2 ҳазору 380 гектарро ташкил дода, ҳосилнокии он ба 350-360 сентнер мерасад. Имсол аслан хоҷагидорон навъҳои серҳосили картошка, ба монанди «Тоҷикистон», «Сурхоб», «Рашт» ва «Шукрона», ки маҳсули кори олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат аст, кишт карданд. Сипас бо иштироки Сарвари давлат кишоварзони деҳоти Ҷиргатол ба ҷамъоварии картошка оғоз намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии деҳоти Ҷиргатол 320 хоҷагии хурди оилавӣ ташкил гардида, нафарони зиёд соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, маоши баланд мегиранд. Дар маркази ноҳияи Лахш бо иштироки Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ як бинои дуошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Он аз 12 манзили як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, барои афсарони қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ пешбинӣ гардидааст. Сарвари давлат калиди ҳуҷраҳоро шахсан ба соҳибони хуштолеъ супорид ва ба сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамшуда дар манзилҳои истиқоматӣ бевосита шинос гардид. Зимни мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо фаъолону сокинони ноҳия таъкид гардид, ки дар зарфи 25 сол дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои рушди ноҳияи Лахш ва ҳалли масъалаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, сохтмону роҳҳо ва дастгирии буҷети маҳаллӣ беш аз 600 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Президенти мамлакат зикр намуд, ки Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2013-2017 амалӣ шуда истодааст, ки дар асоси он 121 лоиҳа бо маблағи умумии 312 миллион сомонӣ татбиқ карда мешавад. Ҳукумати мамлакат барои рушду пешрафти минбаъдаи ноҳия дар се соли оянда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо кардани беш аз 130 миллион сомониро пешбинӣ намудааст. Сокинони ноҳия дар навбати худ ба Пешвои миллат барои ғамхориҳои падарона ва дастуру ҳидоятҳои созанда изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. 27 сентябр Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт рафт. Сарвари давлат нахуст бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт шинос шуд. Тавре маълум гардид, хоҷагидорон дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб гашта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъол мегузоранд. Президенти мамлакат бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Насим”-и деҳоти ба номи Нусратулло Махсум, ки баҳори соли равон дар майдони қариб як гектар боғи интенсивӣ
бунёд карда шудааст, шинос шуд. Дар боғ навъҳои ниҳоли себи “Заринтоб”, “Бибиҷон”, “Шоҳҳусайнӣ” ва ноки “Сантамария” шинонда шудааст, ки дар маҷмуъ ниҳолҳои шинондашуда 1100 ҳазор бехро ташкил дода, аз ин шумора 900 адад себ ва 200 ададаш нок мебошад. Дар қатори ниҳолҳо кишти зироатҳо, ба монанди мош, лубиё ва бодиринги навъи “Беназир” ба роҳ монда шудааст. Сипас, Сарвари давлат дар ноҳия ба фаъолияти дармонгоҳ расман оғоз бахшид. Биноҳои дармонгоҳ бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, дар онҳо барои истироҳат ва барқарор кардани саломатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фарзандони онҳо шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Он аз 17 бино иборат мебошад ва макони хуби истироҳату тавонбахшӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳад буд. Президенти ҷумҳурӣ, ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи маҷмааи муҳташами варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок кард. Маҷмаа аз толори варзишӣ бо 1790 ҷойи нишаст, утоқи корӣ барои роҳбарият, барои бозиҳои шашка, шоҳмот, тенниси рӯйи миз, утоқи либосивазкунӣ, толори машқ, фитнес-зал, ошхона, утоқҳои маъмурӣ, духтуру ҳамшираи шафқат, лавозимоти варзишӣ ва утоқҳои машғулиятҳои умумӣ иборат мебошад. Дар тарафи паҳлӯи толори варзишӣ пешайвон барои 40 ҷой барои шореҳон ва кормандони матбуот пешбинӣ шудааст. Дар шафати донишкада, инчунин бинои нави Коллеҷи тиббии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин хобгоҳ ба истифода дода шуд. Он низ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 138 ҷойи хоб аст. Дар он ҳамаи шароитҳо барои донишҷӯён муҳайё карда шудааст. Дар доираи сафари корӣ Сарвари давлат бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивии “ПайвандРашт” баҳори соли равон дар масоҳати 6 гектар аз тарафи ҶДММ “Пайванд” бунёд гардидааст. Дар ин ҷо навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбад, ки ба содирот нигаронида шудааст. Сарвари давлат дар суҳбат бо боғдорон оид ба соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғот, ба маҳал мутобиқ кардани навъҳои беҳтарини мева, афзоиши содироти меваҳои хуштаъми Тоҷикистон ва дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рушди боғу токпарварӣ маслиҳатҳои муфид дод. Супориш дода шуд, ки дар ҳамин мавзеъ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар майдони 40 гектар ва дар ҳудуди ноҳияи Рашт 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд ва ҷиҳати хубу бегазанд нигоҳ доштани ҳосили боғ барои 5 ҳазор тонна сардхона бунёд кунанд. Дар идомаи сафар Президенти ҷумҳурӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Рашт боздид ва дар назди шумораи зиёди сокинон, ки барои вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия ҷамъ омада буданд, суханронӣ намуд ва барномаи рангину бошукуҳи идонаи устодони санъат ва ҳаваскоронро ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тамошо кард. Таъкид гардид, ки дар замони истиқлолият дар ноҳияи Рашт барои сохтмону таҷдиди иншооти гуногун қариб 500 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳаҷми 360 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд. Аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 310 миллион сомонӣ корҳои сохтмону барқароркунӣ ба анҷом расонида шудааст. Илова бар ин, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳия дар 10 соли охир 149 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда
аз 270 миллион сомонӣ татбиқ карда шудааст. Зикр шуд, ки бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ноҳия ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016 қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад. Дар намоишгоҳ асосан мардуми меҳнатқарини ноҳия бо эҳтиром ба гузаштагони бузургу тамаддунофар, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва расму оинҳои миллӣ, анъанаҳои неку ибратбахши ниёгон ба хотири эҳё ва рушди онҳо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, маҳсули дасти устоҳои ҳунарманд ва дигар асбобҳои рӯзгорро пешниҳод карданд.
Tаҳия аз president.tj
3
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
РУШДИ МАҲАЛ
УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ
4 Рушди сайёҳии дохилӣ ба инкишофи
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
РУШДИ САЙЁҲӢ
ҲАСАН АЗИЗОВ
24 сентябр дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии туризм, ки ҳар сол 27 сентябр таҷлил мегардад, дар меҳмонхонаи “Лотус”-и шаҳри Душанбе семинари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Такмили қонунгузорӣ омили рушди сайёҳӣ» доир шуд. Дар он намояндагони Парлумони мамлакат, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ширкатҳои туристӣ ва омӯзгорону журналистон ширкат доштанд.
сайёҳии байналмилалӣ мусоидат мекунад Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон иштирокдоронро ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ таҳният гуфта, иброз дошт: “Дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷойи сеюмро ишғол менамояд ва он 30 фоизи содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Дар соли 2015 дар сатҳи ҷаҳон ташрифи сайёҳони байналмилалӣ 4 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,2 миллиард нафар расид ва даромади умумии он ба мамлакатҳо ба 1,5 триллион доллар баробар гардид, ки ҳудуди 10 дарсади ММД ҷаҳонро ташкил медиҳад. Дар ин роҳ ба рушди сайёҳӣ бояд шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд. Яке аз усулҳои муосир ва мувофиқ, бахусус барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, чун Тоҷикистон, ташаккул ва рушди сайёҳии дохилӣ маҳсуб меёбад, ки бо ин роҳ метавон дар муддати кутоҳ шароити хуби инфрасохторӣ ташкил намуд, маърифат ва маданияти сайёҳии шаҳрвандонро баланд бардошт, ҷойҳои нави корӣ фароҳам овард ва мамлакатро барои қабули сайёҳони хориҷӣ омода ва ба меъёрҳои сайёҳии байналхалқӣ мутобиқ гардонид”. Зикр шуд, ки батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти сайёҳии дохилӣ таҷрибаи нахустин буда, дар арсаи ҷаҳонӣ бо василаҳои гуногун ба меъёр дароварда шудааст. Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ зери унвони “Баъзе назарҳо оид ба туризми дохилӣ” ҳуҷҷатеро ба тасвиб расонидааст, мутобиқи он ҳар сол 4,8 миллиард нафар дар рӯйи ҷаҳон ба саёҳат мебароянд, ки 83 фоизи онро сайёҳони дохилӣ ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ ва муосири ҳуқуқӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар тавассути танзим ва таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти ташаккул ва рушди сайёҳии дохилӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва маданияти сайёҳии ҷомеа, маълумотноксозии шаҳрвандон, бахусус наврасону
ҷавонон оид ба таъриху тамаддун, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият ва мусоидат намудан ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти васеи қабули сайёҳони хориҷӣ дар кишвар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳии дохилӣ” ташаббус карда шуд. Миралиён Қиёмиддин, вакили МНМО ҶТ, иброз дошт, ки: “Мақсади асосии қонуни мазкур ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои туризми дохилӣ, батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартибот дар бозори сайёҳӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифат ва маданияти сайёҳӣ дар мамлакат мебошад”. Назарзода Ризо, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни баромад иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллии кишвар эълон намудааст ва маҳз дар асоси сиёсати дарҳои кушод ва макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ва байналмилалӣ қарор гирифтани пойтахтамон, шаҳри Душанбе сайёҳӣ марҳила ба марҳила рушд ёфта истодааст. Аз соли 1999, баъд аз қабул гардидани Қонун “Дар бораи сайёҳӣ”, то имрӯз ба он се маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо, Консепсияи миллии рушди сайёҳӣ барои солҳои 2009-2019, Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2010-2014 ва Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 20152017 нишонаи олии ин гуфтаҳо аст. Аз соли 2007 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ гардид ва имконият фароҳам омад, то дар тамоми чорабиниҳои сатҳи байналмилалии сайёҳӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сайёҳӣ муаррифӣ кунад. Аз соли 1999 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ 3 минтақаи кишвар: Варзоб, Ромит ва Балҷувон ба ҳайси минтақаҳои сайёҳӣ пешниҳод гардиданд, ки барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузоро-
ни дохиливу хориҷӣ ва сайёҳон мусоид мебошанд. - Сайёҳӣ дар ҳоле рушд меёбад, ки агар ҷомеа ба фазои рушди сайёҳии ҷомеасоз ворид гардад. Яъне, ҳар шахс дар ҷомеа бояд донад, ки мафҳуми соҳаи сайёҳӣ чӣ аст ва сарфаҳм равад, ки бо сайёҳ чӣ хел муносибат кардан мумкин. Агар мо ба давлатҳои Аврупо назар кунем, нисбат ба сайёҳии воридотӣ, дар он сайёҳии дохилӣ бештару хубтар рушд ёфта истодааст, - афзуб Р. Назарзода. Зикр гардид, ки дар асоси таҳлили коршиносон бо такя ба далели кӯҳсор будани 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистон айни замон 6 самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар муайян шудааст, ки инҳо сайёҳии кӯҳнавардӣ, сайёҳии кӯҳиву варзишӣ, алпинизм, сайёҳии таърихию фарҳангӣ, сайёҳии этнографӣ, сайёҳии экологӣ мебошанд. Соли 2014 Тоҷикистон аз рӯйи таҳлили сомонаи байналмилалии “Глопс Нопс” ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарин аз рӯйи сайёҳии саргузаштӣ ё экстремалӣ ворид шуд, ки дар ин қисмат махсусан сайёҳии экологӣ нақши хеле босазо дорад. Аз соли 2014 раванди афзоиши ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон ба назар мерасад. Агар соли 2014 207 ҳазор сайёҳ ба кишвар ворид шуда бошанд, соли 2015 ин нишондиҳанда ба 414 ҳазор расид, ки 2 маротиба зиёд мебошад. Дар шаш моҳи соли равон 20 ҳазор сайёҳ нисбат ба шаш моҳи аввали соли 2015 зиёд ворид шудаанд. Агар дар 24 соли Истиқлолият шаҳрвандони 59 давлати дунё ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон омада бошанд, дар шаш моҳи соли 2016 ин нишондиҳанда ба 100 давлат расид. Ин бесабаб нест. Соли 2015 Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарин аз рӯйи таъмини амнияти шабона ворид шуд ва дар охири соли 2015 ва аввали соли 2016 аз рӯйи таҳлили Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои беҳтарин аз рӯйи инкишофи соҳаи сайёҳӣ ё дар марҳилаи рушд қарор ёфтани соҳаи сайёҳӣ ворид гардид. Амриддин Самиев, декани фа-
култети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ гуфт, ки ДДОТ яке аз муассисаҳое ҳаст, ки аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ихтисоси сайёҳиро ташкил намуд ва аз соли 2001 барои тамоми субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ мутахассис тайёр мекунад. Кадрҳое, ки донишгоҳ тайёр кардааст, имрӯз дар меҳмонхонаҳои бонуфузи кишвар, дар КҶВС ва дигар сохтору зерсохтори соҳаи сайёҳӣ кору фаъолият мекунанд: - Мушкилоти асосие, ки мо дорем, дар мувофиқа бо дигар зерсохторҳои соҳаи сайёҳӣ омода намудани мутахассисон аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар мутахассисе, ки тайёр карда мешавад, бояд ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат бошад. Имрӯз ана ҳамин бозори меҳнате, ки бевосита дар соҳаи сайёҳӣ аст, бо муассисаҳои таълимӣ мувофиқаву робитаи зичи ҳамкорӣ надоранд. Масалан, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, вақте донишҷӯён хатм мекунанд, онҳо бояд тариқи роҳхат ё тариқи музояда ба ширкатҳо ва дигар сохторҳои сайёҳӣ ба кор фиристода шаванд. Мутаассифона, вақте донишҷӯёни мо ҳамчун мутахассис донишгоҳро хатм мекунанд, онҳо ба ихтиёри худашон гузошта мешаванд. Донишҷӯёне, ки тариқи буҷавӣ хатм мекунанд, бо роҳхат ба ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ фиристода мешаванд. Вале бо баҳонаи набудани имконият ба ҳоли худ мемонанд. Агар тариқи шартномавӣ бошад, ба ҳеҷ кас муроҷиат намекунанд. Ин яке аз мушкилоти асосии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аст, ки мову шумо бевосита бояд дар ҳамин самт бештар кор барем. Мушкили дигар нагузаштани мутахассисон аз курсҳои такимили ихтисос мебошад. Соҳаи сайёҳӣ соҳаест, ки ҳар рӯз дар таҳаввул ва рушд қарор дошта, мунтазам намудҳои нави хизматрасониҳо ба вуҷуд меоянд. Барои ҳамин, бояд мутахассисоне, ки дар ин самт кору фаъолият мекунанд, ҳар сол аз такмили ихтисос гузаранд ва барои рушди минбаъдаи соҳа ва барои тайёр кардани кадрҳои болаёқат саҳм гузоранд. Сайёҳӣ соҳаест, ки аз рӯи боздеҳ ба сармояи гузошташуда хеле самаранок аст ва имкониятҳои Тоҷикистон дар дунё назир надоранд. Ман ёд дорам, ки солҳои пеш дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ (Шаҳринав, Вахш, Ваҳдат ва шаҳри Душанбе) клубҳои кӯдаконаи экосайёҳӣ амал мекарданд, ки онҳо бо дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ бисёр фаъолияти хуб доштанд. Бо қатъ шудани маблағгузорӣ фаъолияти ин клубҳо аз байн рафта истодааст. Пешниҳод менамоям, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамин гуна клубҳои кӯдаконаи экосайёҳӣ ташкил карда шаванд, чунки дар баробари ташкили ин клубҳо мо метавонем маърифати экологии кӯдакону наврасонро боло бардорем ва ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, дӯстдории табиатро дар онҳо бедор намоем”.
Беш аз якуним ҳазор ҷавони вилояти Суғд аллакай барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран худро дар комиссариатҳои ҳарбии вилоят номнавис кардаанд. Ҳарчанд то оғози маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияи кишвар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Гузашта аз ин, омилҳои вусъатбахши худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар ростои сиёсати кунунии Давлату Ҳукумат кор дода истодаанд. Бовар дорем, ки ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватанро ҷавонон аз вазифаҳои муҳими худ дониста, баъд аз гирифтани даъватнома барои хизмат сари вақт ҳозир мешаванд. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик
ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!». Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Чунончи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: «Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад». Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба дар як сол баргузор мегардад. Ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонуни мазкур танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27 расидааст даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 моҳ буда, барои даъватшавандагони маълумоти олидор 12 моҳ мебошад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2016, таҳти рақами 751 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 19891998 ба хизмати ҳарбӣ» моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 ҷавонони синну солашон мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Метавон гуфт, ки татбиқи чорабиниҳои даъватӣ дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстиро бедор кардааст, ки ин омил метавонад дар баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи содиқонаи марзи кишвар мусоидат намояд. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ
- Бо соҳиби квотаи Президенти ҷумҳурӣ гардидан гӯё афсонае бароям ҳақиқат шуд. Ҳаяҷону хурсандие, ки он замон маро фаро гирифта буд, тасвираш карда наметавонам. Бо роҳбаладии падари бузургворам ин бахт ба ман насиб гардид. Падар дар ҳар ҳолат бо ман буд. Донишҷӯӣ маро тавассути маслиҳату ҳидоятҳои падар ва ғамхориву дастгириҳои бевоситаи Президенти муҳтарам, ки ҷиҳати ба таҳсил мушарраф шудани духтарони навоҳии дурдаст квота таъсис додаанд, насиб гашт. Монанди Баҳор духтарони дигари хушбахт зиёданд, ки тавассути квота таҳсил доранд. Агар шароити зисту зиндагии хонаводаи онҳоро пурсон шавед, маълум мегардад, ки аксарияташон имкони мустақилона таҳсил карданро надоранд. Вале ин имконро квотаи Президенти мамлакат, балки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ба онҳо ато кардааст. Бале, маҳз бо дастгирии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии ҷумҳурӣ масъалаи ҷалби бештари занону духтарон ба ҳаёти ҷаъмиятиву сиёсӣ ва мансабҳои давлатӣ, ин нафарон ба орзуи ягонаи худ расиданд. Худи ҳамон сол барои таҳсили духтарон ва чанде баъд барои писарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ, барои таҳсил дар мактабҳои олӣ квота ҷорӣ карда шуд. 19 сол мешавад, ки чандин ҳазор духтарону писарони кӯҳистонӣ бо квотаи Президент донишгоҳу донишкадаҳоро хатм намуда, соҳиби ҷои кор шуданд. Нафароне, ки тариқи квота шомили донишгоҳу донишкадаҳо мешаванд, тибқи шартнома бояд ба ноҳияе, ки квотаро дастрас кардаанд, рафта фаъолият намоянд. Аммо баъзан ба чашм мерасад, ки пас аз хатм дар онҳо хоҳиши дар шаҳр мондан пайдо мешавад. Мехоҳанд минбаъд кору фаолияти худро маҳз дар шаҳр ба роҳ монанд. Барои он ки шароиту имкониятҳои пойтахт дигар аст. Зисту зиндагӣ нисбат ба деҳот фарқ дорад. Масалан, Бону Ашӯрова низ дар пойтахт кор карданро меписандад, аммо аз кори феълиаш ҳам розист. “Дар шаҳр кор кардан орзуи ҳар нафар мебошад, аммо бояд фикри навоҳиро низ кунем... Айни ҳол ман мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошам. Хушбахтона, ҳукумати ноҳия нафарони бо квота хатмкардаро дастгирии ҳамаҷониба мекунад. Ҳама нафарони бо квота хатмкардаро бо ҷои кор таъмин менамояд”. Баҳром Ниёзов низ соли 2012 дар ноҳияи Варзоб соҳиби квотаи Президенти мамлакат шудааст. Ӯ чор сол дар ДМТ дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил намуд. Инак ӯ дар клуби фарҳангии ҳукумати ҳамин ноҳия ба ҳайси ровии барномаҳои фарҳангӣ кору фаъолият дорад: “Квота кӯмаки хубе шуд. Таҳсили буҷавӣ насибамон гашт. Бар замми ин, ба мо ҳар моҳ стипендия ҷудо шуд. Аз ҳама муҳим, тайёр будани ҷои корамон пас аз хатми донишгоҳ буд... Барои ҳамин, ҳар нафаре, ки соҳиби квота мегардад, бояд софдилона ва содиқона баҳри ободии кишвар хизмат намояд”. Зимнан, бояд гуфт, соли таҳсили 2016-2017 мувофиқи нишондодҳои нақшаи қабули духтарон ва писарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 1221 ҷой ҷудо гардидааст. Аз ҷумла, танҳо барои духтарон 625 ҷой. Квотаи Президентро Ҳукумати кишвар барои ҷавонони қобилиятноки оилаҳои камбизоат дар мактабҳои олӣ пешбинӣ кардааст. Дар ин баробар шароити таҳсилро ҳам барои донишҷӯёни тариқи квота таҳсилмекарда фароҳам овардааст. Аз таъсиси квотаи Президенти ҷумҳурӣ барои ҷавонони ниёзманди минтақаҳои кӯҳистон соли оянда 20 сол сипарӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол чанд нуктаро диққат додан зарур меояд: а) Бояд таҳсили донишҷӯи барандаи квота дар мактаби олӣ ҷиддӣ назорат шавад. Ин нафарон бояд ҳамаҷониба омода шаванд. б) Механизми ба навоҳӣ фиристодани хатмкардагони донишгоҳ (онҳое, ки аз тариқи квота дохил шуда, хатм кардаанд) низ ҷиддӣ ба роҳ монда шавад, то ин ки маҳалҳои дурдасти мо низ бо мутахассисони варзида таъмин гарданд. Бовар дорам, ки ба ин нуктаҳо бе ин ҳам таваҷҷуҳ мешавад. Вале агар ҷиддитар ва амиқан машғул шавем, кадрҳои хубу варзида омада мегарданд ва мушкили кадр дар навоҳии дурдаст ҳал мешавад.
5
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА
Кадрҳои варзида омода мешаванд, агар...
Хизмат ба Ватан шараф аст
Барои Баҳор, ки дар оилаашон ягон нафар маълумоти олӣ надошт, таҳсил дар мактаби олӣ хобу хаёлеро мемонд. Духтараки деҳотӣ ҳарчанд дар мактаб нағз таҳсил мекард, вале ҳич бовар надошт, ки орзуи деринаи ӯ – таҳсил кардан дар ягон донишгоҳ ё донишкада муяссараш мегардад. Падари Баҳор, ки аз таҳи дили духтараш хабар ёфта буд, балки саъю талошҳои ӯро медид ва аз муаллимонаш дар маҷлисҳои падару модарон фаъол будани ҷигарбандашро мешунид, қарор дод, ки ба вай барои расидан ба муроди дилаш кӯмак расонад. Падар духтарашро барои иштирок дар озмуни квотаи Президент роҳнамоӣ кард. Худованд ҳам ба имдоди вай расид, магар ки квотаро соҳиб гашт. Худи Баҳор он лаҳзаро ба ёд оварда мегӯяд:
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН”
Умри миллат ба забон вобаста аст
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
Яке аз муқаддасоте, ки муаррифгари миллат асту моро бо ҷаҳониён мепайвандад, забон мебошад. Аз санаи қабул гардидани Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” (22.07.1989) сол то сол мавқеъ ва нуфузи он афзун гардида, ҷиҳати рушду инкишоф ва татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати пешгирии вайрон кардани он чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Зеро забон яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, нишони ҳастии миллату давлат шинохта шудаааст. Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр ҳамд карда мешавад бо Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат кардем. - Муаллимаи азиз! Дар ибтидо Шуморо бо фарорасии Рӯзи забони тоҷикӣ табрик мегӯем. Шумо ҳамчун роҳбари Кумитаи забон ва истилоҳот вазъи имрӯзаи забони тоҷикиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Ташаккур! Рӯзи забони давлатӣ ба ҳамаи ҳамватанон муборак бошад. Зеро ин забон забони тамоми тоҷикони рӯйи олам аст ва бо ифтихор гуфта метавонам, ки зиёда аз 247 миллион нафар дар рӯйи олам бо ин забон сухан мегӯянд. Таманнои онро дорам, ки дар ҳар хонаводаи тоҷик ва тоҷикистонӣ на танҳо як рӯз, балки ҳар рӯз рӯзи забон бошад. Гузаштагони мо ҳам танҳо ба хотири донистани забон ва арҷ гузоштан ба он бо ашъори хеш оламро такон доданд. Имрӯз аҳли фарҳанги ҷаҳон, ки аз адабиёт ва забони гузаштагони мо мехоҳанд сухан бигӯянд, ба гузаштаи мо назар мекунанд ва аз ашъори классикони мо огаҳ мешаванд. Имрӯз ҳастанд мардуме, ки дар рӯйи олам кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки аз латофату назокати забони тоҷикӣ бархурдор бошанд. Ваъзи имрӯзаи забон нисбат ба солҳои пеш хеле хуб аст. Имрӯз ҷавонони мо бисёр озоду зебо метавонанд сухан бигӯянд. Мардум имрӯз ба ин забон арҷ мегузорад. Намояндагони аққалиятҳои миллие, ки дар ҷумҳурии мо ҳастанд, бо ин забон сухан мегӯянду онро эҳтиром менамоянд. Ваъзи имрӯзаи забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ алаккай дар як қолаби муайян ҷо шудааст ва аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба он эҳтиром гузошта мешавад. Мутаассифона, вазъи забон дар китобҳои таълимӣ ва бадеию илмӣ хуб нест. Тарҷумонҳои мо бисёр вақт барои пайдо намудани истилоҳи зарурӣ кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, аз ин хотир онҳо бемашаққат истилоҳи ғайрро дар тарҷумаҳояшон ҷо медиҳанд, ки мутаассифона оҳиста-оҳиста ин ба захмӣ шудани пайкараи бузурги забон мерасонад. Мо имрӯз вазифадор ҳастем, кӯшиш ба харҷ бидиҳем, ки аз ҳамон тарҷумонҳо сар карда, то хурду пири хонавода рӯ орем ба истилоҳҳои худӣ. Зеро фарзанд ҳангоми суҳбат кардан ва ҳангоми бо ашъор шинос шудан тавонад, ки бо як забони бисёр шевою фаҳмо сухан гӯяд. - Ҷиҳати ба тоҷикӣ баргардонидани шиору овезаҳо то имрӯз аз ҷониби кумита чӣ тадбирҳо андешида шудаанд? - Барои назорати лавҳаю овезаю шиорҳо ва номгузории нуқтаҳои савдою марказҳои хизматрасонӣ дар назди Кумитаи забон ва истилоҳот гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Гурӯҳи корӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва дар баробари ин намояндагони мақомоти қудратӣ кор карда истодаанд. Дар шаҳри Душанбе лавҳаю овеза ва номгузории марказҳои хизматрасонӣ аллакай рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Дар натиҷаи санҷишҳо чандин марказҳои хизматрасонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Чанде аз онҳо барои дуруст нагузоштани номи лавҳаҳо ва марказҳо огоҳӣ гирифтанд ва нисбат ба қисми зиёдашон парванда боз шудааст. - Кумитаи забон ва истилоҳот дар асоси қарори Маҷлиси намояндагон Феҳристи номҳои миллии тоҷикиро таҳия намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кард. Ҳадаф аз таҳияи чунин як феҳрист дар чист ва он то кадом андоза метавонад ба эҳёи арзишҳои
маънавӣ мусоидат намояд? - Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 27-уми июли соли 2016, №325 “Феҳристи номҳои миллӣ” (номҳои писарона ва духтарона) тасдиқ гардид, ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шудааст. 7500 ном пешниҳод шуд. Ҳадаф аз таҳияи “Феҳристи номҳои миллӣ” эҳёи арзишҳои миллӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллии тоҷикӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад, ки 3500 номро дар бар мегирад. Минбаъд номҳои тозаэҷоде, ки дар Феҳристи номҳои миллӣ ва Фарҳанги номҳои миллӣ ворид нагардидаанд, дар асоси хулосаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд ва тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мешаванд. Ин номҳо поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон набуда, баръакс ба пешвози онҳост. Зеро ҳастанд падару модароне, ки ба фарзандон номҳое мегузоранд, ки он номҳо шахсияти инсонро таҳқир мекунад. Дар баробари ин, номҳое ҳастанд, ки барои миллат ва барои забон бегонаанд. Чун ба сарчашмаҳо ворид мешавед мебинед, ки маънии он ном тамоман қабеҳ аст. Аз ин хотир як дастурамали бисёр хуб аст, барои падару модарон. Гурӯҳи корӣ вобаста ба ин масъала тамоми дунёро омӯхтанд ва дар натиҷа маълум гардид, ки дигар кишварҳо низ чунин феҳристи номҳои миллии худро доранд. Аз ҷумла Олмону Португалия дорои чунин дастурамал мебошанд. Ин албатта муваффақият аст. Ба хотири он ки суннати номгузории миллии тоҷикӣ эҳё гардад. Чунки дар пайи ҳуҷуми Искандару арабу турку муғул суннати зебои номгузориро аз даст додем. Ҳар номе, ки пеш меомад, ба фарзанди хеш мегузоштем. Ба монанди Хораливу Хаскашу Сангалӣ, Тешаву Табару Ҷорӯбу ғайраҳо. Аз маънии номҳо бархурдор набуда, онро ба фарзанд мегузоранд. Номҳое мегузоранд, ки меъёри забони моро вайрон карда истодаанд. Мисол, ба ҷойи “Парвин” “Парвина” мегӯем, ки алаккай меъёрро вайрон сохтааст. Вобаста ба ин масъала дар моҳи гузашта аз ҷониби шаҳрвандон зиёда аз 200 муроҷиатнома гирифтем, ки ду нафари онҳо ҳамин гуна савол доштанд, ки шумо ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунед. Аммо пас аз ҳамсуҳбат шудан ба онҳо фаҳмондем, ки чунин нест. Дар пайи муроҷиатҳо аз мо пурсон шуданд, ки ба фарзандонашон чӣ ном гузоранд. Аз дугоникҳо сар карда, то духтаронаву писарона. Кумита ҳар сол вазифадор шудааст, ки номҳои нав эҳёшударо, ки решаи тоҷикӣ доранд, дар мувофиқа пешниҳод намояд. Дар натиҷа ҳар сол бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ин феҳрист бозбинӣ мешавад. - Мавқеи забонро дар шароити имрӯза чӣ гуна шарҳ медиҳед? - Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ бо ин забон сухан мегӯянд. Ин аллакай гувоҳи он аст, ки ҷаҳон ин забонро эътироф кардааст. Зеро аз ин забон асарҳои хеле машҳур бо забонҳои дигар тарҷума шудаанд. Яъне оламиён мутахассисони худашонро дар соҳаи тарҷумаи забони тоҷикӣ доранд. Дар худамон низ ҷавонон бо ифтихор бо ин забон суҳбат
менамоянд. Ҳатто кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҳангоми ҷаҳонишавӣ тоҷикона ҷаҳонӣ шаванд. Зеро яке аз рисолатҳои тоҷикона ҷаҳонӣ шудан арҷ гузоштан ба забони тоҷикӣ мебошад. Имрӯз ҷавонон дар баробари донистани забони модарии худ ба омӯхтани дигар забонҳо машғуланд. Сиёсати донистани чандин забон, ки Сарвари давлат аз тамоми ҷавонон ва кормандони мақомоти идораи давлатӣ тақозо мекунад, барои рушди солими шахсият, ҷомеа ва дастрасии ҳар фард ба иттилооти ҷаҳонӣ дар замони муосир аз падидаҳои хеле мусбат арзёбӣ мегардад. - Ҷиҳати танзими номгузории воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва иваз намудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар то имрӯз чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд? - Дар асоси супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми ин масъалаҳо бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа мешаванд. Як гурӯҳи бисёр калони корӣ, аз ҳисоби олимони кишвар бо мо ҳамкорӣ карда истодаанд. Дар ибтидо гурӯҳи корӣ сарчашмаҳоро меомӯзанд, фикрҳояшонро баён месозанд. Дар ҳолати бисёр асоснок кардан ва пешниҳод кардани фикри олимон мо дар мувофиқа бо гурӯҳи корӣ хулосаи худро доир ба гузоштани номи ин ва ё он мавзеъ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод менамоем. - Чӣ корҳоро анҷом додан зарур аст, то меъёрҳои забони адабӣ дар муоширати сокинон риоя шавад? - Мардум бояд пеш аз ҳама эҳсос кунад, ки забон дар қатори дигар муқаддасот яке аз нишонаҳои ҳастии миллат аст. Аз ин хотир Президенти кишвар ҳанӯз соли 2010 гуфта буданд, ки умри миллат ба умри забон вобастааст. Падару модарон ва тамоми тоҷику тоҷикистониён бояд эҳсос кунанд, ки то кадом андоза забон дар доираи меъёри худ бошад ва бегонапарастӣ накунаду истилоҳоти бегона кам ворид гардад, забон ҳамон қадар умри дарози бобаракат дорад. Чун забон умри дароз дошта бошад, миллат ҳам ҷовидон аст. Дурнамои кумита доир ба ин масъала тарҳрезӣ шуда истодааст бо номи “Консепсияи миллии рушди забони давлатӣ барои солҳои 20162027”, ки тамоми шаҳрвандон метавонанд фикрҳояшонро пешниҳод намоянд, то мо тавонем, консепсияи миллӣ ё дурнамои рушди забони давлатиро дар давоми даҳ сол ба шаҳрвандони азиз пешниҳод кунем ва тавонем ҳама дастаҷамъона барои ривоҷу равнақи ин забон кӯшиш ба харҷ бидиҳем. - Баъзе аз шаҳрвандон ҳангоми суҳбат бо омехтагии чандин забон гуфтугӯ менамоянд, ки ин албатта баҳри ҳифзу гиромидошти забони миллӣ хуб нест. Роҷеъ ба ин масъала чӣ назар доред? - Донистани забонҳои хориҷӣ бисёр муҳим аст. Ҳатто дар гузашта бузургони мо дигар забонҳоро медонистанд. Бахусус Рӯдакӣ забонҳои юнонию арабиро медонистааст. Пас маълум мешавад, ки дар ниёкони мо низ донистани забон маъмул буд. Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи ҳамватанон
бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд ва аслан ҷавонон вазифадор шудаанд, ки чандин забонро омӯзанду бо он сухан бигӯянд. Лекин ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, фалсафаи чуқур аст. Ба хотири он ки муҳаббату самимият ва эҳсоси ифтихори миллиро дар забони хеш дида тавонем, пас метавонем, ки дигар забонҳоро низ осон аз худ намоем. Бартараф намудани ин масъала бояд аз боғча оғоз шавад. Боғчаҳо бояд хеле фаъол бошанд. Мураббие, ки аз саҳар то бегоҳ бо кӯдакон сари кор дорад, ӯ бояд бо забони шевою дилнишин ва пур аз муҳаббат сухан бигӯяд, то ҳамон муҳаббату садоқат дар қалби тифлон ҷо гирад. Инчунин дар мактаби миёнаву олӣ риояи ин масъала хеле муҳим аст. Бинобар ин, омехта ҳарф задан дар ҳолати ҷаҳонишавӣ хуб нест. Ба забон, агар калимаҳои хориҷӣ зиёд ворид шавад, он барои мо як забони бегона мегардад. Омехтагии зиёд дар забон миллатро аз байн мебарад. Пас месазад, мо талош бар он кунем, ки омехташавии забонро пешгирӣ кунем. Тарҷумонҳо кӯшиш ба харҷ бидиҳанд, ки истилоҳоти зиндониро ки тоҷикӣ ҳастанд, рӯйи кор оваранд. - Нафароне ёфт мешаванд, ки мегӯянд, забони имрӯзаи тоҷикӣ забони шахшуда аст... - Дар ягон давру замон забони тоҷикӣ шахшуда набуд ва намемонад. То он даме, ки сарчашмаҳои таърихии мо, фарзандҳои фарзонаи ин миллат қалам доранд ва менависанду эҷод мекунанд, ин забон забони шахшуда намешавад. Зеро тибқи сарчашмаҳо, агар дар олам шаш ҳазор забон бошад, забони тоҷикӣ дар зинаи 27-ум қарор дорад. Дар баробари ин, дар олам 100 забон, агар мақоми давлатӣ дорад, яке аз онҳо забони тоҷикӣ аст ва имрӯз бо ин забон қариб 250 миллион нафар дар рӯйи олам сухан мегӯянд. - Роҷеъ ба масъалаи риояи асолати забони тоҷикӣ ва меъёрҳои забони адабӣ ва риояи он дар забони воситаҳои ахбори омма чӣ андеша доред? - Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо васоити ахбори омма меъёри забони давлатиро риоя намекунанд. Қисме аз онҳо, ба монанди шабакаҳои телевизиониву чанде аз радиёҳо кӯшиш карда истодаанд, то қоидаҳои забонро истифода баранд. Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳот сари ин масъала кор карда истодааст. Мо ҳатман бо соҳибони ВАО ва рӯзноманигорон мулоқот мекунем. Гурӯҳи корӣ вазифадор шудааст, ки забони барномаҳои телевизионию радиоиро омӯзад ва ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод намояд. Дар асоси он мо бо муҳаррирони барномаҳо ҳамсуҳбат мешавем. Ҳар шаҳрванд бояд худшинос бошад. Инсон то он даме, ки худашро ҳамчун инсони комил намешиносад, ҳеҷ вақт ба ягон муқаддасот арҷ гузошта наметавонад. Аз ин хотир худшинос будан ва ифтихори миллию ватандориро дар қалбҳо парваридан, метавонад муқаддасоти моро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дорад. Ман аз ҳамаи хонандагони арҷманду гиромӣ даъват мекунам, ки худшинос бошанд ва бо ифтихор гуфта тавонанд, ки тоҷик ҳастанду забони модариашон тоҷикист.
Баёнияи бадномкунанда
То ҳол роҳбарону ҳамсафони наҳзат дӯсти қарини афроди ҷинояткор буданд, аммо пас аз содир кардани амалҳои зиддидавлатӣ бегуноҳанд магар? Ин як намуд худсафедкунии наҳзатиҳо мебошад. Ба андешаи ғалати онҳо гӯё, «бо истифода аз вазъияти ноороми ҷаҳон ва бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ, садҳо фаъоли сиёсӣ ва мунтақидони сиёсати истибдодиро фишор ва ҳабсу шиканҷа карда, ҳизби умдаи мухолиф - ҲНИТ-ро саркӯб ва тамоми анвои озодиҳоро ба шиддат маҳдуд карданд». Интиқод ва пешниҳоди ТЭТ ҲНИТ ҳамеша сӯзанда ва барои заминмагузории зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа равона шудааст. Инро ТЭТ ҲНИТ вазифаи ҷонии худ медонад ва дар оянда ҳам ин мавқеи сӯзандаро ҳифз хоҳад кард. Дар гузашта ва ҳоло низ андешаҳое дар расонаҳо матраҳ гардида асоснок шудаанд, ки аз ҷониби ҳамин гуна пайравони ТЭТ ҲНИТ таҳдидҳо ба ҷомеа ва давлату миллати тоҷик ҷой дошт. Аз ҷумла, роҳбарият ва сатҳи болоии ҳизб мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Мавқеъгирӣ ва тафсирҳои авомонаву муғризонаи раёсати шӯрои фирории ТЭТ ҲНИТ мухолиф ба арзишҳои демократӣ ва гуногунандешӣ мебошад. Зеро мавқеи интиқодии наҳзат хусусияти динӣ дорад ва ҳамеша мухолифи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ аст. Ҳангоме узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҷиноят муттаҳам мешавад ва ба таъсиси гурӯҳи ифротгарову терроризм оварда мерасонад, наҳзатиҳои фирорӣ бечоранолиро сар мекунанду сарзаниши худро ба таври дигар баҳо медиҳад, ки «дарҷи номи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ дар листи Интерпол, як шармандагӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус ба ин ниҳоди байналмилалӣ аст. Зеро тамоми иттиҳомот алайҳи ӯ беасос, сохта ва бо ангезаи сиёсӣ ҳастанд ва он ҳам аз тарафи як ҳукумати худкома». Раҳбарияти ТЭТ ҲНИТ вазъияти кишварро бад карда, бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт мардумро мехост гумроҳ намояд. Акнун бо вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир мисли ҳамеша омода аст, ки дар рӯзҳои сахту тақдирсоз барои миллат нақшаи разилонаро амалӣ созад ва манфиатҳои миллии мардум ва давлати тоҷиконро зери по гузорад. Айни замон аъзои ҲНИТ хиёнаткориҳои роҳбараш Муҳиддин Кабириро дарк намуда, баҳри ҳимояи ӯ роҳҳои гуногунро пеша карда, ҷалби рӯҳониён ва рӯзноманигорон, наҳзатиён ва хоҷагони хориҷиро ба роҳ монда, дар хориҷи кишвар нишасту вохӯриҳо мегузаронанд, то мардумро гирди хеш хонанд. Нигарониҳои пайравони ТЭТ ҲНИТ аз он далолат медиҳад, онҳо фикри обрӯю нуфузи худро намудаанд, ки ба манфиатҳои сиёсии худ ва роҳбари фирориашон бисёр латма задааст. Баҳри нигоҳ доштани мавқеи хеш чунин баёнияҳои бемазмунро ироа дошта, мекӯшанд гунаҳкорони ифротгарои наҳзатиро ҳимоят кунанд. Аммо намедонанд, ки халқи тоҷик кайҳо аз фаъолияти тахрибкоронаи роҳбарият ва ҷонибдорони ТЭТ ҲНИТ огоҳ ҳаст. Хуб мешуд, агар роҳбарият ва аъзои гурезаи Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ аз фитнасозиву дасисабозиҳо даст кашида, мардуми тоҷикро ба ҳоли худ гузоранд. Рустам РАҲИМОВ
Муҳимтар дар ин қазия ин аст, ки ин гурӯҳ баёнияи навбатиро мунташир карда, аз созмонҳои баландпоя имдод металабанд ва худро мусичаи бегуноҳ ҷилва дода, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гунаҳкор ва сиёсати онро режими золимона нишон додаанд. Ин баёнияи сар то ба по муғризона ва бадбинона дар ҳоле садо дод, ки коршиносони варзидаи ҷаҳонӣ ҳуқуқи башарро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Маълум аст, ки расонаҳои ба наҳзат наздик аз баёния ва гузоришоти ба он марбут дифоъ намуда, аз он як ҳангомаи навбатӣ сохтаанд. Албатта, аз наҳзати фирорӣ ҷойи гила нест, зеро роҳбарияти ҷиноятпешаи он дар маҳбас қарор доранд ва фирориён бо ин гуна эътирозоту худнамоиҳо аз созмонҳои байналмилалӣ «таваҷҷуҳи хос» талаб менамоянд. Дигар ин ки барои таҳаққуқ бахшидани баёнияи пур аз даъвию худситоӣ наҳзатиёни фирорӣ таҷаммӯи эътирозиеро дар Варшава баргузор намуда, тарҳи бозии минбаъдаро бо ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ кардан мехоҳанд. Баёния, мисли баёноти қаблии наҳзатӣ аз як мушт музахрафот таркиб ёфтааст. Аммо дар ин музахраф, барои ҷалби таваҷҷуҳи табақоти равшанфикр, ҷомеаи маданӣ ва созмону идораҳои марбутаи аврупоӣ аз технологияи такаллуми маданӣ ва риторикаи сиёсӣ истифода шудааст. Барои инсони огоҳ ин нукта дар як бор чашм давонидан ба баёния маълум мегардад. Суоли матраҳ дар баёния «режими истибдодии Тоҷикистон» аст. Барои чӣ истибдодӣ? Барои он ки симои зишти наҳзатӣ фош карда шуд ва муҷриёни асосии тарҳҳои низомӣ ҷиҳати пиёда сохтани табаддулоти ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ пушти панҷара қарор гирифтанд. Ба назари шумо, бояд нафароне, ки дар роҳандозӣ кардани тарҳи сиёсӣ-низомии сентябри 2015 (балвои Назарзода дар назар аст) муҷрим шинохта шудаанд, озодона дар манотиқи ҷумҳурӣ сайр кунанд ва барои пиёда сохтани дигар тарҳҳои сиёсию низомӣ омодагӣ бубинанд ва Ҳукумату дастгоҳи интизомию амниятии он ду даст дар бинӣ нишаста, тавтеаю исёни навбатиро мунтазир шаванд. Магар ин давлатдорӣ аст? Ба назари наҳзатиёни фирорӣ ва муштариёну ҳаводорони дохилию берунии он бояд Ҳукумат дар баробари тавтеаҳои наҳзатӣ хомӯш бинишинад ва ҳарфи эътирозие бар забон наоварад. Онон худро дигарандеш қаламдод мекунанд. Бо кадом рӯ? Шумое, ки даъвии исломият мекунед, дар куҷои манобеи дасти аввали исломӣ барои дигарандешон ҷойгоҳро дидаед?! Оё исломи сиёсӣ барои дигарандешон мақом ва ҷойгоҳ таъйин кардааст? Кадом режими исломӣ дигарандеш ва равшанфикрро пазируфта ва интиқоди ӯро мавриди баррасӣ қарор додааст? Маълум аст, ки муште хурофотӣ ва ҷаҳолатписандед, вале барои пинҳон доштани симо ва мафкураи вопасгарои худ аз либосҳои аврупоӣ, тарзи муоширати аврупоӣ, техника ва технологияи муборизаи сиёсӣ (ба хотири гул задани ҷомеаи мадании аврупоӣ) истифода намуда, дар минбарҳои бароятон «демократҳо»-и аврупоӣ пешниҳодкарда «дод»-и сухан медиҳед. Аҷабо, бо мафкураи кӯҳнаю хурофотӣ, вопасгарою ақибмонда дар ҷигари демократияи ҷаҳонӣ алайҳи давлати дунявии Тоҷикистон шиор дармедиҳед. Мантиқ куҷост? Қартаи наҳзати исломӣ ҳамеша дар бозиҳои геополитикии дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ истифода мешавад ва ин бозӣ, қабл аз ҳама, пешорӯи мо чеҳраи сохта, маснуъ ва бофтаи Аврупои демократиро фош сохт. Аврупо ва бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, бо он ки аз хабосати фундаментализм, экстремизм, радикализм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ дар қолаби ваҳшонияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва даҳшатафкани исломӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ фарёд мезанад ва зоҳиран, аз мардуми сайёра даъват ба амал меоварад, ки дар муборизаи беамон алайҳи созмонҳои террористии исломӣ фаъол бошанд, дар ботин бо ин гурӯҳҳои хатарнок созиш менамояд ва барои фаъол сохтани нуфузи сиёсӣ ва иқтисодии худ дар манотиқи калидӣ гурӯҳҳои наҳзатиро ҷонибдорӣ мекунад. Агарчи қаблан ҷонибдорӣ аз наҳзатиёни фирорӣ пинҳонӣ ва дур аз чашми мардум сурат мегирифт, имрӯз дастгирии молиявӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, маънавӣ ва муҳимтар
аз ҳама, ҳаводории сиёсии ниҳодҳои сиёсии дахлдори аврупоӣ аз фирориёни наҳзатӣ рӯйирост ва бепарда ба намоиш гузошта мешавад. Агар чунин нест, пас чаро дар рӯзи равшан, дар ҷаласаи васеи САҲА нафарони наҳзатӣ ба толор ворид мегарданд ва дар баробари коршиносони аршади созмонҳои байналмилалӣ аз «ҳуқуқи» худ дифоъ менамоянд? Воқеоти ҳалокатборе, ки дар чанд соли ахир дар дили Аврупо – Фаронса, Белгия, Дания, Олмон тариқи терроризми исломӣ рӯйи кор омад, на танҳо ниҳодҳои марбутаи аврупоиро ба ташвиш наовард, балки иддае аз онон ба пуштибонии режимҳои наҳзатӣ «камари ҳиммат» барбаста, роҳи эътирозу шиорпарокании гурӯҳҳои фурсатталаби наҳзатиро дар ҳудуди Аврупо, бахусус Варшава кушодааст. Оё САҲА ва созмонҳои марбутаи аврупоӣ, ки ҳар рӯз дам аз демократия ва либерализм мезананд, намедонанд, ки исломи сиёсӣ ҳеҷ гоҳ аз демократия ва озодии инсон дифоъ накардааст? Баръакс, он ҳамчун мафкураи сиёсӣ озодии инсонро ҳамеша зери суол бурда, ӯро мутеъ ва барда сохтааст. Ин раванд – бардасозии саросарии инсонро имрӯз дар фаъолияти гурӯҳҳои тундрав ва ифротии исломӣ ва ҳатто давлатҳои исломии муосир бидуни ишкол мушоҳида мекунем, аммо ниҳодҳои тавтеталаб ва шиорзани аврупоӣ дидаву дониста, барои пиёда сохтани ниёзҳои геополитикии худ аз режимҳои тундраву ифротии исломӣ дар манотиқи гуногуни Ховари Миёна ва дар маҷмӯъ, Шарқи мусулмонӣ васеъ корбаст мекунад. Илова бар ин, фурсатталабони исломиро дар симои фирориёни ҲНИТ-и дар Тоҷикистон мамнуъ рӯйирост пуштибонӣ мекунад ва бо ин кор гӯё аз ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олии инсонӣ маҳсуб мешавад, дифоъ мекунад. ҲНИТ, агар қудрат намехост, чаро худро реклама мекард ва то имрӯз бегуноҳӣ ва бетамаъии худро дар созмонҳои байналмилалӣ эълом медорад ва холи сиёсӣ дармеоварад? Агар ба симои тазоҳургароне, ки бидуни шарму ҳаё вориди маҷлисгоҳи САҲА гардиданд (албатта, бо иҷозат ва илтифоти дастандаркорони ниҳодҳои зидахли аврупоӣ) аз рӯйи инсоф таваҷҷуҳ намоем, дар они воҳид дармеёбем, ки онҳо, аксаран ҷинояткоре беш нестанд ва ба хотири бароварда сохтани эҳтиёҷоти роҳбарони наҳзатӣ (М. Кабирӣ ва пайравони фирории ӯ) худро қурбони дасисаю иғвоҳои собиқадори ниҳоди сиёсии динӣ, ки таҷрибаи зиёди иғвогарӣ, низоъбарангезӣ, ҳангомагарӣ, шӯру валваласозӣ, ҷаҳолатписандӣ ва фурсатталабӣ дорад (иғвою дасиса ва фитнаю найранги охири солҳои ҳаштод ва аввали навадуми садаи бист дар назар аст), мекунанд. Баъдан торнамои «рayоm.net», ки минбари наҳзатиёни фирорӣ мебошад, дар ҳама ҳолат, бидуни шарму ҳаё аз ин ниҳоди сиёсии ифротгаро таърифу тамҷид мекунад ва наҳзатро ба арши сурайё мерасонад. Наҳзат ва наҳзатиён ҳамеша ба таърифу тавсиф ниёз дошт ва дорад, чунки аз он меҳаросад, ки симои зишташ пешорӯйи мардум намоён мегардад ва дигар имкони ба арсаи сиёсӣ по гузоштан ва қудратманд шуданро аз даст медиҳад. Ин аст, ки бо таърифу тавсифҳои бебунёд, хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, худнамоиву риёкорӣ, даъвигарию даъвидорӣ, авомфиребию найрангбозӣ, дурӯғбофию дурӯғпароканӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва торнамоҳои «худӣ» майдондорӣ мекунад ва пеш аз ҳама, насли ҷавонро ба доми фиребу найранг мекашад. То куҷо дар ин кори зишт муваффақ мешавад, вақт нишон медиҳад, аммо набояд фаромӯш кард, ки наҳзат, чи дар гузашта ва чи имрӯз дар мағшуш сохтани зеҳни насли ҷавон ва ба сӯйи бегонашавӣ ва аҷнабигароӣ раҳнамун намудани онон «нақши калидӣ» дошту дорад. Бо вуҷуди ин, доимо риёкорона иброз медорад, ки бо рафтани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсӣ интиқод аз байн рафт ва наҳзатиёну наҳзатмаобон худро «қаҳрамон» дар майдони сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ талаққӣ мекунанд. Бехабар аз он ки:
Қаҳрамонӣ худситоӣ нест, ай даъвипараст, Худситойиву риёкорӣ бувад асли шикаст! Шараф ҚУРБОН
7
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН”
Қаҳрамонӣ худситоӣ нест...
Мақсад аз изҳороти пай дар пайи аъзо ва раҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИТ) аз он иборат аст, ки хиёнаткору хиёнатпеша ва зиндониёни наҳзатиро гунаҳкор наҳисобида, танҳо аз давлату миллати тоҷик интиқод кунанд, ки «Тоҷикистон имрӯз ба яке аз бадтарин кишварҳои худкома ва саркубгар на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон мубаддал гаштааст». Дар ҳоле ки ҳамагон медонанд ва ба хубӣ огаҳанд, ки пайравони наҳзат ҳамеша бо кишварҳои кӯмаккунанда дар робита буда, то замони ба ҷиноят даст задан худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд, вале баъди ҷинояткориҳо ошкор шудан ва ба панҷаи қонун гирифтор гардидан бо интишори баёнияҳо худро бегуноҳ меҳисобанд.
Наҳзатиёни фирорӣ, барои он ки ҳаққонияти худро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба субут расонанд, бори дигар ба тазоҳурот даст заданд. Ин дафъа тазоҳуроти ба ном наҳзатӣ дар биное, ки 19 сентябр ҷаласаи васеи САҲА дар пойтахти Полша - шаҳри Варшава баргузор гардид, сурат гирифт. Коргардонҳои ин сенария ин маротиб хостанд гурӯҳи ба истилоҳ, «бегуноҳ» ва «адолатпараст»-ро, ки дар фазои толори барҳаво таҳти шиорҳои наҳзатӣ (албатта, даъвиҳои сиёсӣ ва худпарастона) «ҷавлон» мекарданд, ба толори ҷаласаи САҲА роҳ диҳанд ва аз ин тариқ рӯйи Ҷумҳурии Тоҷикистон фишор биёваранд.
8
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
МЕҲРАФЗУН ДАВЛАТОВ,
Пешвои миллат ва ҷавонон
донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ
Сиёсати давлатии ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ «Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем». Эмомалӣ Раҳмон
Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми 25 соли истиқлолият дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ин давра дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Махсусан қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд. Дар ин давра «Барномаҳои миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000 ва 2001-2003», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд. Илова бар ин, ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад. Аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ намудани Шӯрои мазкур намунаи олии эҳтиром ва эътимоди Роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад. Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар асоси паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд. Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии ҷавонон солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати сохтмони муассисаҳои нави замонавӣ, компютеркунии муассисаҳои таълимӣ, инчунин барои рушди китобхонаҳо аҳамияти зарурӣ дода шуда, Китобхонаи миллӣ ба истифода
дода шуд. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, №502 бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои хориҷӣ аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷа Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд. Айни ҳол зиёда аз 300 нафар ҷавони кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд ва хушбахтона 86 нафари онҳо баъди анҷоми таҳсил дар соҳаҳои гуногуни кишвар муваффақона фаъолият доранд. Инчунин барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон дар солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияи президентӣ ва номӣ, квотаи Президент (барои 1200 хонанда дар як сол), грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда аз ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон аст. Мувофиқи маълумот дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият доштанд, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рӯи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд. Ҳоло дар мамлакат 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 300 ихтисос мутахассис омода месозанд. Шумораи умумии донишҷуёни мактабҳои олӣ зиёда аз 156 ҳазор нафар буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд. Тибқи таҳлилҳо шумораи ҷавонони то 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳад. Ҳукумати мамлакат саҳм ва нақши ҷавононро дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар ҳамеша қадрдонӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ қариб 1000 нафар ҷавон барои фаъолияти самаранок ва меҳнати софдилонаашон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Аммо, имрӯзҳо ҳастанд ҷавононе, ки мутаассифона аз мактабу донишгоҳ ва фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ дур монда дар кӯчаю бозорҳо ба беҳудагардӣ машғуланд. Бо сабаби надоштани дониши кофӣ, касбу ҳунар ва баъзан аз рӯи ҳавою ҳавас ин гурӯҳ ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ равона мегарданд. Рӯзҳои охир мо мушоҳида мекунем, ки аз ҷониби баъзе ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва саводи кофии сиёсӣ надоранд, нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ суханҳои беасос паҳн карда мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаю сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳоҷирати меҳнатӣ, ки ба ҳаёти ҷавонон вобастагӣ дорад, масъалаи муҳими рӯз қарор гирифта аст. Ба хотири танзими масъалаи муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар Хадамоти мухоҷират таъсис ёфта, дар давлатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии кишварамон нисбатан зиёданд, сохтор ва намояндагии давлатии муҳоҷират ташкил карда шудааст. Бо дарназардошти ин ки муҳоҷират як раванди табиии ҷаҳони муосир мебошад, давлату Ҳукумат доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба он мунтазам чораҷуӣ карда истодааст. Инчунин мо мушоҳида мекунем, ки Президенти кишвар ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ пайваста дар суханрониҳои худ ба ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъкид менамояд, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ доир ба ташкили шумораи ҳарчи бештари ҷойҳои кори доимӣ барои шаҳрвандон, бахусус ҷавонон дар дохили кишвар, чораҳои мушаххас андешанд. Имрӯз таърихи давлати соҳибихтиёри тоҷикон собит намуд, ки халқи мо дорои чунин Пешвои комилан мардумист. Аз ин хотир, муттаҳидию сарҷамъии ҷавонон дар атрофи Роҳбари давлат гарави сулҳу субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон аст. Боиси таассуф аст, ки дар замони пешрафти илму техника, ки ҳар нафари мо бояд танҳо дар фикри омӯхтани дониш ва вусъат бахшидани ҷаҳонбинии хеш бошем, баъзан фирефтаи иғво ва дасисаҳои беруна мешавем. Яке аз масъалаҳои дигари ташвишовар ва муҳими рӯз шомил шудани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани даҳҳо нафари онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Ба ақидаи донишмандон чанд сабаби шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мавҷуд аст, ки асоситаринаш паст будани савияи дониш ва надоштани саводи кофии динию сиёсии онҳо мебошад. Ҷиҳати пешгирии ин вабои аср бояд сатҳи дониши динию сиёсии ҷавонон баланд бардошта шавад, чунки дар асри 21 яроқи асосӣ дигар тӯпу танк нест – яроқи асосӣ дониш, маҳорат ва илму адаб аст. Ҷавононро зарур аст, ки ба гӯши рафиқу бародарони дуру наздики хеш, ки аз кирдорҳои нопок огоҳ нестанд, расонем ва ин ҷавонону наврасони ноогоҳро, ки ҳоло зиндагии онҳо дар пеш аст, аз ин роҳи хатар гардонида, ба роҳи рост ҳидоят намоем. Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солиму бардам бошанд, давлат ва миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманд мегардад. Вале чунонки мушоҳида мегардад, имрӯз баъзе бемориҳо, аз ҷумла нашъамандӣ, тамокукашӣ ва дигар одатҳои номатлуб дар байни ҷавонон рӯ ба афзоиш доранд. Мубтало шудани наврасону ҷавонон ба нашъамандӣ ва тамокукашӣ на фақат ба саломатии худи онҳо, балки ба рушди минбаъдаи ҷомеа низ таъсири манфӣ расонида, дар ниҳояти кор ба генофонди миллат хатар эҷод мекунад. Махсусан ҳолатҳои даст задани ҷавонони мо ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон, ки сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, ҳифзи дастовардҳои 25 соли истиқлолиятро ифтихор донистан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонон бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ҳам қарз, ҳам масъулият, ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш аст. Бинобар ин мо – ҷавононро зарур аст, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Ҳукумат, махсусан Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзанда ба ҷо орем.
Омӯзиши таърихи Давлати Сомониён нишон медиҳад, ки шахсиятҳои аввали мамлакат дар пешрафти давлат чӣ нақше доштаанд. Дар ҳама давру замон шахсиятҳои аввали давлат вазифаи пурмасъулият ва тақдирсозро бар дӯш доштаанд. Нахустин намояндагони Сомониён аз уҳдаи чунин коре, хоса дар он замон душвор, бо шарофатмандӣ баромаданд ва давлати тоҷиконро бунёд намуданд, ки дар охири чаҳоряки асри IХ ва нимаи аввали асри Х ба авҷи шукуфоии худ расида буд. Аммо, аз нимаи дуюми асри Х дар асари ба сари кор омадани амирони белаёқат ва бесиёсат оҳистаоҳиста пояҳои давлатдорӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Мулкҳои тобеъ ба нимтобеъ мубаддал шуданд ва баъзе аз вилоятҳо аз хироҷ додан ба ҳукумати марказӣ тамоман даст кашиданд. Набудани сиёсати миллӣ, ки мардумро дар рӯҳияи ватандорӣ тарбият кунад, давлатро аз дастгирии табақаҳои васеи захматкашон маҳрум менамуд. Ин ҳолат боис шуд, ки давлати бузурге, ки халқи парокандаи тоҷикро гирд овардаву ба дараҷаи миллат расонида буд, аз байн равад ва то ҳазор соли дигар вайро аз саодати давлатдорӣ бенасиб гардонад. Дар чунин вазъият барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои сарнавиштсози таърихи фоҷиабораш сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллатро аз манфиатҳои қавму маҳалу минтақа болотар донад. Қайд кардан бамаврид аст, ки Истиқлолияти Тоҷикистон, ки бо гузашти даҳ садсола ба даст омад, бо вайрон кардани давлат оғоз
шуд. Қувваҳои мухталифи сиёсӣ аз вазъияти мавҷуда, яъне аз байн рафтани дастгоҳи абарқудрати идеологӣ ва низомии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳанӯз ба шароити нав созгор нашудани сохторҳои идорӣ ва низомии давлати маҳаллӣ – истифода карда, даъвои ҳокимияти сиёсӣ карданд. Ба онҳо чунин намуд, ки тоҷи давлатдорӣ сари роҳ афтодааст. Ҷанги шадиде ба вуқуъ пайваст. Аҳолии шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳрчаву деҳот торафт ба набарди хунӣ кашида мешуд. Хатари нобуд шудани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ шуда буд. Бо кӯшиши фарзандони ҷоннисори тоҷик имконият даст дод, ки рӯзи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор гардад ва марҳилаи наверо дар таърихи Тоҷикистони навин боз намуда, паём аз ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик дихад. Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардид ва давлати Тоҷикистон роҳбари хешро интихоб намуд ва бо ҳамин давлати навини соҳибистиклоли Тоҷикистон соҳиби сарвар гашт. Ҷараёни таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ ва якдигарфаҳмиву якдигарбахшӣ дар Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 1992 оғоз шуд. Бо имзо шудани Созишномаи оштии миллӣ марҳилаи душворе аз таърихи навини Тоҷикистон паси сар шуд. Ваҳдатофари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро ҳамчун бунёдгузори давлатдории сифатан нав, ки дар пояи сиёсати ваҳдати миллӣ ва арзишҳои демокративу дунявӣ қарор дошт, бо сарбаландӣ анҷом дод. Ӯ дар мураккабтарин ва печидатарин вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳарбӣ тадбирҳои гуногунро барои таҳким ва рушди давлатдории нав ба кор бурд. Дар ҷараёни тараққиёти ҷомеа вобаста ба талаботу шароит баъзан масъалаҳое пеш меоянд, ки ҳалли онҳо барои пойдории миллату давлат аҳамияти муҳим дорад. Пас аз имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидан ба ваҳдату ягонагии мардуми кишвар бо кӯшиши Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳаракати умумихалқии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфта, дар қисматҳои Тоҷикистон ҷонибдорони зиёде пайдо намуд. Раҳнамоёни ин ҳаракати бузург олимони обрӯманду шинохта, шоирону нависандагон ва рӯзноманигорон буданд, ки ба шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ сафар карда, роҷеъ ба таъриху фарҳанги ниёкон, дӯстиву бародарӣ ва расидан ба қадри сулҳу осоиш мулоқотҳо меоростанд. Таҳти сарварии роҳбари ин ҳаракат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ дар роҳи таҳкими сулҳу ваҳдат дастовардҳои бузург рӯи кор омаданд. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мардуми моро аз буҳрони шадид раҳо намуда, дар саросари кишвар баҳри сохтмони як силсила иншоотҳои азим асос гузошт. Бо шарофати сулҳу ваҳдат кишвари мо ба марҳилаи нави зиндагӣ - давраи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошта, сол то сол комёбиҳоро афзун мегардо-
9
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
ИДИАЛИ ҶАВОНОН
над ва ба пешравиҳои намоён соҳиб мегардад. Бунёдкориҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба назар мерасад, аз бисёр ҷиҳат аз баракати Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст. Яке аз омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ густариш ва бо рӯҳи замон мувофиқ кардани худшиносии миллӣ мебошад. Дар кишвари мо ҷараёни босуръати густариши худшиносии миллӣ пас аз соҳибистиқлол шудани он бо номи шарофатманди абармарди ваҳдатофари тоҷик - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ҷудонопазир дорад. Маҳз ӯ аҳамияти густариш додан ва таҳаққуқ бахшидан ба худшиносии миллиро аз масъалаҳои бунёдии давлатдорӣ дониста, роҳу равиши даст ёфтан ба ин ҳадафи бузургро муайян намуд. Хизмати бузург ва таърихии сарвари давлат дар он зоҳир мегардад, ки тавонист дар шароити бӯҳрони амиқи иқтисодиву маънавӣ ва дар вазъияти мураккаби сиёсиву ҳарбӣ ҳам пояҳои давлатдориро бунёд созад ва ҳам мардуми мамлакатро зери парчами иттиҳоди иҷтимоӣ фароҳам биоварад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва фарогирии таърихро аз сарчашмаҳои муҳимтарини густариши худшиносии миллӣ ва ифтихори огоҳонаи ватандорӣ медонад. Ӯ таъкид мекунад, ки «рӯ овардан ба таърих ва омӯзиши он маҳз барои худогоҳӣ, бедорӣ ва ҳушёрии миллати мо басо ногузир аст. Ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ вақте баҷову шоиста аст, ки онро донӣ, дарк кунӣ ва аз бурду бохташ огоҳ шавӣ. Вагарна ифтихорат пучу бепоя аст ва ба ҷуз саргарангию гумроҳӣ ҳосиле нахоҳад
дошт». Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид. Хизмати шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ӯ бо ба даст гирифтани идоракунии кишвар, таҳдиди нобудии онро пешгирӣ, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор намуд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё сохт, ба сулҳу суботи миллӣ асос гузошт, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, асоси устувори бунёди ҷомеаи навро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар амал татбиқ кард, Контитутсияи навро таҳия намуд, манбаи ҳуқуқиву сиёсиро барои имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошт, ба истиқрори сулҳ ноил шуд, ки он таҷрибаи беназир ва падидае барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд, ба эҳёи миллӣ ва ибтидои корҳои нави бузург асос гузошт, ба таври қатъӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолиро беҳтар кард, таҳдиди гуруснагиро бартараф намуд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардошт. Нодира МАДМУСАЕВА, омӯзгори МТМУ №14, ноҳияи Мастчоҳ
Таҳкимбахши ваҳдат ва худшиносии миллӣ
Дар таърихи инсоният аз замони қадим то имрӯз шахсиятҳои бузургеро дидан мумкин аст, ки қисмат онҳоро ба ин ё он миллат ато намудааст ва ин бешубҳа бурди ҳамон миллатҳост. Зеро маҳз онҳо бунёдгузори давлат, машъалафурӯзони роҳи ояндаи миллатанд. Дар роҳи тараққиёти худ миллати тоҷик ду бурди калон дидааст, яке Исмоили Сомониву дигаре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Агар Исмоили Сомонӣ аввалин давлати тоҷиконро бунёд карда бошад, Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти ҳазор сол анъанаҳои миллии давлатдории тоҷиконро эҳё намуд.
Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешсаф шуд
1 2 3 4 5 6 7 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4
Шаҳр, ноҳия
Мудири бахш
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед 41 БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар 2 БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат 27 БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азимов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ
Ҷамъи овозҳо
ОЗМУН
Овозҳо дар ҳафта
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
№
10
Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.
2 10
4 108
14
97 5 48
1 68
90
3 15 3 5 17 32 2 2 13 2 2
28
56 12 43
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) ___________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?_________________________________________________________________ _____________________________________________________________________________________ _____________________________________________________________________________________ _____________________________________________________________________________________ _____________________________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда _______________________________________________________________
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмуни кушода эълон менамояд: ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ 1. Сармутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 988 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 988 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Шуъбаи молия ва ҳисобдорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 806 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилоот - 1 ҷой, маоши мансабӣ -806 сомонӣ. 5. Мутахассиси Шуъбаи умумӣ ва назорат - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 1. Мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 991,70 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 991,70 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 991,70 сомонӣ. 4. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 991,70 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 7. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Восеъ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 8. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ. ВИЛОЯТИ СУҒД 1. Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 991,70 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 852,80 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 852,80 сомонӣ. 4. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 811,20 сомонӣ. 5. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 811,20 сомонӣ. 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 7. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 8. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ. ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мурғоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 811,20 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 733,20 сомонӣ. ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 811,20 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Лахш - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 811,20 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи
Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ. 2. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН) - маълумотнома (справка-объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кор бо кадрҳо). Телефон: 236-41-87, 235-10-23. Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Накӯномист рамзи ҷовидонӣ Чанде қабл ба муносибати зодрӯзи ҳунарманди маҳбуб Ҷамшед Исмоилов матлаберо хондам, ки дар он аз ҷумла зикр мешуд: “...барои дар рӯҳияи инсонсолорӣ ва инсонгароӣ тарбия ёфтани насли ҷавон шеъри Лоиқ, суруди Ҷӯрабеку Ҷамшед намерасад...”.
Умарқул БЕКЗОДА, омӯзгори МТМУ №12-и ноҳияи Айнӣ
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо ташаннуҷи авзоъ дар ҷаҳон вазъ дар Афғонистон низ ранги дигар мегирад. Хатар сар боло мекунад ва ба сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ наздик буданашро гӯшрас менамояд. Ин фикр соли гузашта исботи худро бо он ёфт, ки баробари мавриди ҳамлаи нерӯҳои ҳарбии Русия қарор гирифтани мавзеъҳои ДИИШ дар Ховари Миёна “Толибон” музофоти Қундузро дар Афғонистон таҳти идора гирифтанд. Русия эълон кард, ки мавзеъҳои ДИИШро “мезанад”, ШМА эътироз кард, дар қаламраве, ки Русия ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданист, ғайр аз гурӯҳҳои радикалӣ ва террористии ДИИШ боз мухолифини нарме ҳам ҳастанд. Русия алорағми ШМА ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод... ва баъд аз чанд рӯз, ки “Толибон” вилояти Қундузи Афғонистонро гирифтанд, андешаи таҳлилгарон ин шуд: “ШМА ба Русия гуфтан мехоҳад, ки мо метавонем дар ҷои дигар ба шумо мушкил эҷод кунем!” Вале коршиносони маркази таҳлилии байналмилалии “Валдай” мегӯянд, вазъ дар навоҳии Афғонистон, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад аст, аз соли 2009 пайваста ноором будааст. Алалхусус дар қисмати шимолӣ-шарқии Афғонистон, наздик ба сарҳади кишвари мо тайи ду соли охир вазъият бештар тезутунд шудааст. Баракси ин вазъ дар ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Покистон ҳарчанд мураккаб ҳам бошад, чандон шиддат наёфтааст. Дар ҳамин ҳол Асадулло Умархел, яке аз чеҳраҳои сиёсии Афғонистон, ки дар гузашта қумондони ҷангҳои саҳроӣ дар Қундуз будааст ва соли гузашта баробари аз дасти “Толибон” раҳо кардани Қундуз волии он таъин гардид мегӯяд, нооромӣ дар Қундуз омили хориҷӣ ва иқтисодӣ дорад. Номбурда дар шарҳи ин ақидаи худ зимни суҳбат дар портали хабарии “Афғонистон” чунин гуфтааст: “Тайи 15
соли охир аз Покистон, аз тариқи бандарҳои Торхам ва Спинбулдак ба Афғонистон ҳазорҳо тонна масолеҳ барои сохтмон - метал, семент ворид мегашт. Давоми ин солҳо ҳазорҳо мошинҳои Покистон ба хоки кишвари мо ворид шуданд. Афғонистон ба яке аз харидорон ва истифодабарандагони асосии масолеҳи покистонӣ бадал гашт. Вале баробари бунёди пули мошингард миёни вилояти Қундуз ва Тоҷикистон хатсайри тиҷоратӣ тағйир ёфт ва ба Афғонистон ҳазорҳо мошинҳои боркаш аз Осиёи Марказӣ ворид шуданд”. Умархел иброз медорад, ки ин раванд ба иқтисоди кишвари ҳамсояашон бетаъсир намонд. Бинобар ин, онҳо ҳама корро карданд, то Қундуз ба минтақаи таҷаммӯи “Толибон” табдил ёбад. - Ҳоло дар Қундуз, - гуфтааст вай, - ҷангиёни зиёде қарор доранд, ки ба доираҳои низомии Покистон тааллуқ доранд. Ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбекистон низ ҳастанд. Илова бар ин, дар набардҳо аъзои ҳаракати террористии “Алқоида” иштирок мекунанд. Вале базаи асосии ҳамаи онҳо дар қаламрави Покистон аст. Дар Покистон ва Эрон онҳоро бо силоҳ ва маблағ таъмин мекунанд ва баъд онҳо амалҳои тахрибкоронаашонро дар вилояти мо анҷом медиҳанд”. Ин ки чеҳраҳои сиёсии Афғонистон дар нооромии кишварашон дасти берунаро эҳсос ва таъкид мекунанд, дар гузашта ҳам зикр шуда буд. Масалан, соли 2001, вақте Аҳмадшоҳи Масъуд аз Аврупо ба Душанбе омад, дар ҳузури журналистон ва коршиносон нишасти матбуотӣ орост. Ӯ гуфта буд, “дар ҳар кишвари Аврупо, ки мегуфтанд ҷиҳати кӯмак расондан ба шумо чӣ кор кунем?”, таъкид мекардем, ки Покистон ҷониби даргири ҷанг аст... агар мехоҳед, ки Афғонистон ором бошад, нагузоред, ки Покистон дахолат кунад”. Воқеан, шимоли Афғонистон пайвандгари Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубист. Аз ин рӯ, нооромӣ дар ин нуқта ҳатман ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дахл мекунад. Дар ҳамин ҳол моҳи августи соли ҷорӣ дар Урумчии Чин вохӯрии сардорони ситоди Қувваҳои мусаллаҳи чор кишвар – Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон ва Чин доир
гашт. Ҷонибҳо дар рафти ин вохӯрӣ ба натиҷа расиданд, ки як эътилофи чоргонаи ҳарбӣ ба муқобили хатарҳои минтақавӣ – терроризм ва экстремизм ташкил шавад ва ҳамкории кишварҳо ҷиҳати мубориза бо хатарҳои номбурда пурзӯр гардад... Албатта, ҳар яке аз ҷонибҳо манфиатҳои худро суроғ мекунад. Барои кишвари мо, ки Роҳбари давлат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз дар арсаи байналмилалӣ масъалаи сулҳу субот ва осоиштагии Афғонистонро ба миён гузоштаву таъкид мекунад, амнияти Афғонистон, ҳамзамон амнияти минтақа муҳим аст. Худи Афғонистон ҳам беш аз ҳар кишвари дигар манфиатдор аст, ки ором бошад. Вале барои Чин ва Покистон, тавре худи волии Қундуз таъкид кардааст, кишвараш бозори иқтисодӣ аст, ки барои аз даст надоданаш талош сурат мегирад. Яъне Покистон низ ҳамчун як қудрати минтақа дар Осиёи Ҷанубӣ манфиатдор аст, ки бозори иқтисодиашро ҳифз кунад, балки Афғонистонро аз даст надиҳад. Вале дар ҳамин ҳол Чин лоиҳаҳои зиёде дорад, ки мехоҳад ба бозори ҷануби Осиё роҳ ёбад. Яке аз лоиҳаҳо, албатта, ҳамон лоиҳаи “Як роҳу як камарбанд” аст, ки Чин таъкид мекунад, аз он ба ҳар кишвари шарики лоиҳа нафъ мерасад. Таҳлилгарон ҳам гуногунии манфиатҳои ҷонибҳоро таъкид карда гуфтаанд, ки аз эътилофи ҳарбии чоргона бештар аз ҳама Чин бардошт хоҳад кард... Ин ҳама нишон медиҳад, ки Афғонистон ҳоло ҳам минтақаи бархурди манфиатҳо боқӣ мемонад. Агар пештар рӯирост бархурди ШМА ва Русияро шоҳид мешудем ва дар паҳлуи ин талошҳои Чин чандон назаррас набуд, чунки лоиҳаҳои иқтисодиро гардон мекард ва ин нисбат ба ҳузури низомӣ чандон ба назар намерасид, акнун эҳсос мешавад, ки Чин ҳам фаъолмандиашро таъмин карданист. Намунаи ин ҳамон эътилофи чоргона шуда метавонад, инчунин хабарҳо дар хусуси ширкати Чин дар ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Вале зарур аст, ки қудратҳо дар хусуси соҳиб шудани бозори минтақа ба ифоқа бирасанд, ки ин ба хотири амнияти минтақа зарур аст.
11
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
НАБЗИ ҶАҲОН
МАҲМУД УСМОНОВ
Талош барои бозор
Беихтиёр дар лавҳи хотирам ҳамчун омӯзгор симои яке аз аввалин муаллимони деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ, яке аз барӯмандтарин шахсиятҳои диёр Муҳиддин Маликов падидор гардид, ки то лаҳзаҳои охирини умр барои мардуми деҳ шахси азиз ва ниҳоят соҳибэҳтиром буданд. Боиси ифтихору қаноатмандӣ ва сипосгузорӣ ба мардуми қадршиноси деҳа аст, ки то имрӯз бо унвони ифтихории “муаллим” аз устоди марҳум ёд мекунанд. Бо унвони ифтихорӣ, бидуни ном ёд овардан миёни мардуми кӯҳистон мазмуни хос дорад, нишони эҳтироми беандоза аст. Ончунон ки волидонро бо ном садо намекунанд ва бо эҳтиром “қиблагоҳу бузургвору олампаноҳ” мегӯянд, то имрӯз бо унвони ифтихории “муаллим” ёд кардани шодравон Муҳиддин Маликов, ки имсол ба солгарди зодрӯзашон 100 сол пур мешавад, рамзи чунин арҷгузории бесобиқа аст. Муҳиддин Маликов ба чандин наслҳои деҳ (ва на танҳо деҳаи Искодар, балки деҳаҳои дигари ноҳияи Айнӣ) ҳаққи устодӣ доранд. Шодравон ҳамчун омӯзгори сахтгиру серталаб ва ниҳоят принсипнок дар лавҳи хотири шогирдон ба таври абадӣ нақш бастаанд; барои онҳо дар ҳама ҳолат намунаи ибрат хоҳанд монд. Дар оғоз аз ҳунармандони маҳбуб ва устод Лоиқ ёд карданам бесабаб нест. Ба назари ман, ба насли имрӯз ибратгирӣ аз сарнавишту корнома ва амалу рафтори чунин бузургмардон, амсоли Муҳиддин Маликов намерасад. Гумон мекунам, мо омӯзгоронро зарур аст, ки чун намунаи ибрат рӯзгору фаъолияти абармардони соҳаи маорифи кишварро ба шогирдон ба таври бояду шояд муаррифӣ намоем, то онҳо ҳамчун насли солиму содиқу вафодор ба халқу Ватан ба воя расанд. Шодравон нафақахӯри дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буданд. Албатта, ин барои мо, пайвандону шогирдон боиси ифтихор буд. Бо ин вуҷуд, меандешидам, чӣ боис гардида, ки он кас дар сатҳи ҷумҳурӣ чунин қадршиносӣ гардидаанд? Дарёфтам, ки барои саҳми арзанда дар таҳкимбахшии сохти нав, махсусан пиёдасозии инқилоби маданӣ дар водӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қадр шудаанд. Муҳиддин Маликов яке аз аввалин нафарони соҳибмаълумоти деҳа буданд. Он нукта, ки се маротиба ба муҳлатҳои гуногун директории мактаби деҳаро бар уҳда доштанд, гувоҳи маҳорати сатҳи олии омӯзгорӣ ва қобилияти ташкилотчигии шодравон аст. Шоҳид будам, ки шогирдони мактаби деҳ, ки имрӯзҳо шахсиятҳои шинохтаи на танҳо ҷумҳурӣ, балки берун аз онанд, ба мисли Мирзоазим Насимов, Амирқул Азимов, Ғафури Искодарӣ, шодравон Акрамалӣ Ҳасанов нақши Муҳиддин Маликовро ҳамчун омӯзгор дар ташаккули шахсияти худ махсус таъкид карданд. Қиссаи тӯҳфаи тиллоии яке аз машҳуртарин тарҷумонҳо ва ба истилоҳ, чекистони ҷумҳурӣ Қосимбек Насимов (равонашон шод бод) ба устодашон Муҳиддин Маликов, ки аз аввалин маротибаи сафар ба Арабистони Саудӣ оварда буданд, миёни омӯзгорон ва мардуми деҳа ҳамчун намунаи олии эҳтироми шогирд ба устод ёд мешавад. Шодравон Муҳиддин Маликов дар вазифаҳои масъули давлатӣ низ фаъолият доштанд. Мудири шуъбаҳои гуногуни ҳукумати ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти Дар-дар, директори Хонаи маданияти ноҳия буданд ва дар густариши корҳои идеологиву маърифатӣ дар ноҳия саҳми муносиб доранд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ҳама ҳолат принсипи касби омӯзгорӣ – таваҷҷуҳи хоса ба тарбияи дурусти насли наврас дар маркази диққати онҳо буд. Ҳамеша талош мекарданд, ки ин ҳадафи олӣ амалӣ гардад. Ин принсипи кориашон аз назари роҳбарияти ноҳия дур намонд ва мавсуфро мудири шуъбаи кор бо ноболиғон таъин намуданд. Дар ин вазифаи масъул солҳои сол фаъолият намуда, барои ба роҳи рост ҳидоят намудани наврасону ҷавонони бешуморе заҳмат кашидаанд. Устод Муҳиддин Маликов дар оиладорӣ низ намунаи ибрат буданд. Фарзандонаш чун шахсиятҳои баркамол ба нафъи халқу Ватан заҳмат кашидаву ба ин амали шоиста идома дода истодаанд. Аз аввалин нафаре буданд, ки ба таҳсили духтарон дар деҳа асос гузоштанд. Духтарашон Маҳбуба Муҳиддинова имрӯзҳо ҳамчун табиби ҳозиқ сазовори эътимод ва эҳтироми мардуми деҳа аст. Шодравон умри бобаракате доштанд. Дар 80-умин солгарди зодрӯз аз дунё гузаштанд. Барои хидматҳои шоён бо ордену медалҳо, ифтихорномаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф, ҳукумату шуъбаи маорифи ноҳия сарфароз гардида буданд. Муҳимтару гиромитар аз ҳама унвонҳо муҳаббату эҳтироми мардуми диёрро дарёфта буданд. Фикр мекунам, барои як инсон, ки Худованд ӯро баҳри иҷрои рисолате масъул мекунад, аз ин бештар хушбахтие нест.
Ё омили иқтисодӣ дар нооромиҳои Қундуз
12
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
ВАРЗИШ
Ояндаи гӯштини озод дурахшон аст
ШОДИХОНИ НАЗАР
Давоми 25 соли истиқлолият соҳаи варзиш дар кишвар қатори дигар сохторҳо рушд намуд. Дар ин соҳа дигаргуниҳои ҷиддӣ ба миён омад. Ҳукумати кишвар барои дастгирии варзишгарон як қатор иқдомҳоеро амалӣ намуд, ки барои муаррифии миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кард. Давоми соҳибистиқлолии кишвар варзишгарони мамлакат миёни дигар намудҳои варзиш аз рӯи гӯштини тарзи озод низ ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд.
Давраи рушди гӯштини тарзи озодро дар ҷумҳурӣ аз соли 2003 гӯем хато намекунем. Соли 2003 дар Тоҷикистон мусобиқаи Осиёи Марказӣ аз намуди гӯштини тарзи озод баргузор гардид. Дар он чанд лигонер Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд ва ба Федератсияи гӯштини тарзи озод шатрнома ба имзо расониданд. Зеро баъди пушти сар намудани нооромиҳо дар ин риштаи варзиш дарёфти паҳлавонҳо мушкил буд. Баъди рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаи варзиш дар кишвар гӯштини тарзи озод низ рушд намуд ва бо дастгирию таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат гомҳои устувор сӯи музаффариятҳо ниҳод. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд варзишгароне, ки аз ин намуд миёни 15 давлати Иттиҳоди Шӯравӣ садрнишин буданд, вале бинобар сабаби масъалаҳои сиёсӣ наметавонистанд муаррифгари миллати тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ бошанд. Истиқлолияти кишвар сабаб гардид, ки намояндагони ин ришта аз Тоҷикистон дар мусобиқаҳои берун аз кишвар миллати тоҷикро барои дигарон муаррифӣ намоянд. - Дар замони шӯравӣ дар ин ришта мо варзишгарони ботаҷриба зиёд доштем ва онҳо барои пойдории ин намуди варзиш хизматҳои шоён кардаанд. Вале ба-
рои дар як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок кардан мушкилиҳо хеле зиёд буд. Аз миёни чандин варзишгар барои олимпиадаҳо танҳо як ё ду нафар ҳамчун намояндаи як миллат сафарбар мешуд. Имрӯз бо шарофати истиқлолияти кишвар мо дар тамоми мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ як нафар нею дастаи мунтахабро сафарбар менамоем. Ҳамин имкониятҳо буд, ки мо давоми 8 соли охир ду медали Бозиҳои олимпиро аз ин намуд вориди хазинаи варзиши кишвар намудем, - мегуяд Абдурозиқ Олимов, сармураббии гӯштини тарзи озод. Ба гуфти Абдурозиқ Олимов, истиқлолият ба варзишгарони тоҷик имкон фароҳам овард, ки давоми 10 соли охир ба дастовардҳое ноил гардиданд, ки давоми 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор нагашта буданд. Барои тайёр намудани варзишгарон дар сатҳи ҷумҳурӣ толорҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар сохта ба истифода дода шуд ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сексияҳои гӯштини тарзи озод амал мекунанд, ки барои дарёфти чеҳраҳои нав дар ин ришта мусоидат менамояд. Иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла, чемпионати Осиё, ҷаҳон ва олимпиада имкон фароҳам меорад, ки варзишгарони мо таҷриба гиранд. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, агар чунин дастгириҳо идома ёбаду Ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо сарпарастон ҷавононро омода созанд, аз миёни онҳо дар оянда беҳтариин чеҳраҳо ба воя мерасанд. Зеро наврасон дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми зинаҳои омӯзишро дар сатҳӣ олӣ пушти сар намудаанд. - Захираи гӯштингирони тарзи озод аз ҳисоби наврасон барои олимпиадаҳо хуб аст. Онҳое омода шуда истодаанд, ки аллакай дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас доранд ва ҳарҷониба таҷрибаи варзишиашон ба синну соли худашон мерасад. Наврасонро мо бояд ҳарҷиҳата тарбия ва дастгирӣ намоем. Дар ҳолати то синни ҷавонию калонсолӣ расидан дастгирӣ намудани наврасон, аз миёни онҳо қаҳрамонҳои олимпӣ ба воя мерасанд, - меафзояд Абдурозиқ Олимов Баъд аз соҳибистиқлолии кишвар дар ин намуди гӯштин дар аксар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистон бо тими мунтахаб ҳунарнамоӣ мекунад. Дар кутоҳтарин муҳлат варзишгарон дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ омода шуданд. Баъди мусобиқаи Осиё, ки соли 2003 дар Душанбе гузаронида шуд, чанд лиганер ба
тими мунтахаби Тоҷикистон пайвастанд. Юсуф Абдусаломов, Никалай Ноев, Зелимхон Юсупов аз зумраи онҳо мебошанд, ки парчами Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ борҳо баланд бардоштаанд. Аз миёни онҳо Юсуф Абдусаломов, ситораи варзиши ҷаҳонӣ миёни варзишгарони ин ришта муаррифӣ гашт. Аз Олимпиадаи соли 2004 (Афина) сар карда, то ҷамбасти карйераи варзишиаш, баъди Олимпиадаи Лондон-2012 Юсуф бо маҳорату малакаи худ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро парафшон намуда, соли 2008 аввалин шуда роҳхати Бозиҳои олимпиии Пекинро ба даст меоварад. Баъд аз натиҷаи нишондодаи Юсуф дар пайравӣ ба ӯ варзишгарони ҷавон тарбия ёфтанд. Чеҳраҳои нави варзиш, ки зодаи истиқлоланд, ба монанди Баҳодур Қодиров, Азамат Сӯфиев, Фирӯз Ёқубов, Фарҳод Анақуллов, Сомиршо Воҳидов, Искандари Рустам ва дигарон ба воя расиданд. Соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин Юсуф Абдусалломов дар вазни 84 килло мақоми дуюмро ишғол намуд ва ба хотири ин варзишгар парчами кишвари Тоҷикистон аввалин бор дар олимпиада аз рӯи ин намуди варзиш парафшон шуд. Ин дастовард дар баробари парчами кишвар муаррификунандаи гӯштини тарзи озоди Тоҷикистон буд. Ба хотири паҳлавонони гӯштини тарзи озоди кишвар дар замони истиқлолият инчунин парчами кишвар соли 2008 дар чемпионати ҷаҳон дар давлати Озарбойҷон парафшон гардид. Дар мусобиқаи Осиё солҳои 2010, 2011, 2014 варзишгарони тоҷик ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар аввалин Бозиҳои олимпии наврасон, ки соли 2010 дар Сингапур баргузор шуд, Баҳодур Қодиров (вазни 63 кило) медали нуқраро ба гардан овехт. Инчунин ба хотири паҳлавонони ин ришта парчами кишвар дар Бозиҳои осиёӣ парафшон гардидааст, ки ба қатори беҳтарин дастовардҳои 25 соли истиқлолият дар соҳаи варзиш дохиланд. Дар 25 соли истиқлолият паҳлавонони кишвар аз рӯи гӯштини тарзи озод дар се олимпиада иштирок намуда, як медали нуқра ба даст овардаанд. Дар Олимпиадаи Афина-2004 Тоҷикистонро ду нафар - Юсуф Абдусаломов ва Шамил Алиев муаррифӣ карданд. Дар Олимпиадаи Пекин-2008 бошад, шумораи роҳхатгирифтагон аз ин намуди гӯштин ба се нафар расид ва онҳо аз ин олимпиада бо медали нуқра баргаштанд. Дар Лондон-2012 варзишгарони тоҷикистонӣ бо гирифтани чор роҳхат мавқеи худро дар давлатҳои
пасошӯравӣ ба зинаҳои ифтихорӣ бароварданд. Инҳо Искандари Рустам, Николай Ноев, Залимхон Юсупов ва Юсуф Абдусаломов буданд. Ғайричашмдошти мухлисон ва мутахассисони соҳа дар Олимпиадаи Рио-2016 аз ин риштаи гӯштин паҳлавонони кишвар натавонистанд роҳхат ба даст оранд. Зеро чеҳраҳои варзиши гӯштини тарзи озоди Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун аз ҳаққи ширкат дар олимпиада маҳрум гаштанд. Зелимхон Юсупов бо гумони истифодаи допинг ҳаққи ширкат дар Рио-2016-ро аз даст дод. Сомиршо Воҳидов пеш аз мусобиқаҳои интихобӣ барои роҳхат ба олимпиада бо гумони кадом нофаҳмии пешина аз ҷониби интерпол дастгир карда шуд. Азамат Сӯфиев ва Искандари Русатам баъди натиҷаи нишондодаи худ дар мусобиқаи Осиё ба қавли мутахассисони соҳа соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ буданд, вале қонуни нав ё тарзи холҷамкунӣ дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиада ба онҳо имкон надод, ки соҳиби роҳхат гарданд. Абдурозиқ Олимов, сармураббии гӯштини тарзи озод, дар суҳбат гуфт: “Дар Олимпиадаи 2020, ки дар шаҳри Токио мегузарад, кӯшиш мекунем, ки роҳхат ба даст орем. Ҳастанд варзишгарон ба монанди Ҳ. Воҳидов, Содиқ Исмоилзода, Азамат Сӯфиев, Г. Ҷалилов, Баҳодур Қодиров, Фарҳод Анақуллов ва дигарон, ки мо аз инҳо умеди роҳхат ба олимпиадаро дорем. Ба гуфти мутахассисони соҳа мактабҳои кӯдакона ва маҳфилҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои омода намудани наврасон аз рӯи ин намуди варзиш машғуланд, барои оянда нақши бориз мегузорад. Таъсиси Ҷоизаи Президенти мамлакат барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ низ барои гӯштингирон такони дигар аст. Чун варзишгар медонад, ки меҳнати ӯ қадр мешавад. Агар ба дастовардҳои наврасони кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ такя намоем, ояндаи ин намуди гӯштин дар Тоҷикистон равшан аст. - Дар оянда нақша аст, ки толори махсус барои гӯштингирони тарзи озод сохта мешавад. Дар ҳоли сохта шудани толори замонавӣ ман боварӣ дорам, ки дар ин ришта варзишгарони беҳтарин ба воя мерасанд, зеро шавқи ҷавонон ба ин риштаи варзиш зиёд аст. Толорҳои варзишӣ ва мактабҳои кӯдаконаи мо пур аз наврасону ҷавонон аст ва онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ миёни наврасон дастовардҳои назаррас доранд. Ояндаи ин намуди гӯштин дар Тоҷикистон дурахшон аст, - мегӯяд Абдурозиқ Олимов.
Асолатшинос
- Киностудияи “Суғдсинамо” бо идеяи кӣ таъсис ёфт ва чӣ гуна тавонистед дар муддати кӯтоҳ якчанд филмро ба навор гиред? - Идеяи таъсиси киностудия дар вилоят пешниҳоди чанд ҷавони эҷодкор -Муҳиддин Музаффар, Дилошӯб Орифзода, Фарҳод Ғаффорпур ва ман буд. Пас аз сабти филми “Паймон” роҳ ба гурӯҳи мо кушода шуд. Филми мазкурро Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд тамошо карда пешниҳод намуд, ки бояд дар вилоят киностудия таъсис дода шавад. Ин буд, ки моҳи марти соли 2015 Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов таъсис ёфт. Барои расидан ба ҳадаф амали аввалин кашидани нақшаи муайян мебошад. Дар натиҷаи заҳматҳои зиёд давоми як сол муассиса се филм – филми кӯтоҳҳаҷми “Коса”, филми ҳуҷҷатии “Духтари Сайҳун” ва филми ҳунарии “12 соли интизорӣ”-ро пешниҳод намуд. Ҳангоми сабти филмҳо гурӯҳи корӣ шабҳо хоб намерафтанд ва пайваста аз пайи эҷод буданд. - Бинанда филмҳоро чӣ гуна қабул кард? - Вақти ба намоиш гузоштани филмҳо мушоҳида мешуд, ки мардум ниёз ба филмҳои тоҷикӣ доранд. Ҳама филмҳоро бо эҳсоси баланд тамошо менамуданд ва дар толор каф мекуфтанд. Мо медидем, ки бинанда дар толор баробари қаҳрамони филм ашк мерехт ва механдид. Вақте филм хуб омода мешавад, ҳатман бинандаи худро меёбад. Бо сабаби вуҷуд доштани фазои холӣ дар синамои кишвар ва хуб таҳия гардидани филмҳои киностудия бинандагон филмҳоро хуб қабул карданд. Пас аз намоиши филмҳо ба гурӯҳи филмофарон миннатдории хешро баён менамуданд. - Гуфтед дар фазои синамои тоҷик холигӣ ҷой дорад. Сабаби ҷой доштани фазои холиро дар чӣ мебинед ва чаро филмҳои тоҷикиро мардум кам тамошо мекунанд? - Сабаби ҷой доштани фазои холӣ дар синамои кишвар пеш аз ҳама кам будани киностудияҳо ва гурӯҳи филмофарон аст. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ се ё чор киностудия фаъолият доранд, ки дар як сол як ё ду кино сабт менамоянд. Аз ин ҷиҳат фазои синамои кишвар холист. Дар давлати ҳамсоя Узбекистон зиёда аз 150 киностудия фаъолият доранд. Агар ҳар киностудия дар як сол як филм сабт намояд дар як сол 150 филм рӯи навор меояд. Коршиносони соҳа ақида доранд, ки дар Узбекистон тақрибан 55 гурӯҳи ҳирфавӣ фаъолият доранд. Яъне дар як сол 55 филми касбӣ рӯи кор меояд. Дар кишвари мо бошад, гурӯҳи филмофарон кам ҳастанд ва синамо ҳамчун соҳаи даромаднок эътироф нашудааст. Ҷиҳати дигар камбуди молӣ аст, ки барои таҳия кардани филми хуб имкон намедиҳад. Барои сабт намудани як филми ҳирфаӣ зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ зарур аст, аммо ин ҳам кифоя нест. Дар шароити имрӯза пайдо намудани маблағгузор (спонсор) мушкил аст. Кам ҳастанд нафароне, ки синаморо таблиғи молу маҳсулоти худ медонанд. Филми хуб ҳатман байни ҷомеа маъруфият пайдо мекунад. Вақти ба навор гирифтани филми “12 соли интизорӣ” мо бевосита бо мардум кор кардем ва сенарияи филмро дар асоси зиндагии мардум таҳия намудем. Филм саропо дарди мардумро инъикос менамояд ва имрӯз дар ҷомеаи мо, мутаассифона, ҳамин гуна камбудиҳо ҷой доранд. - Дар филмҳое, ки ба навор гирифтед, чеҳраҳои нав низ ба назар мерасанд. Омода намудани чеҳраи нав барои нақшофарӣ мушкил нест? - Бо нафаре, ки навкор асту ҳунарпеша нест, кор кардан бисёр душвор аст. Муҳиддини Музаффар, коргардони филмҳои киностудияи “Суғдсинамо” маҳорати хуби кор бо ин гуна нафаронро дорад. Аз ҳама мушкил омода намудани кӯдакон ба нақшофарӣ мебошад. Мо пеш аз сабти филмҳо кастинг эълон менамоем, нафарони соҳибистеъдод ва маҳорати нақшофарӣ доштаро интихоб мекунем ва онҳоро барои офаридани нақш дар филм омода менамоем. Ҳангоми сабти филми “Паймон” дар кастинге, ки мо эълон намудем, ҳамагӣ 60 нафар иштирок карданд. Дар кастинги навбатӣ, ки барои филми “Тангно”
эълон намудем, 207 нафар ҷамъ омаданд. Ман фикр мекунам, ки бинанда ба филмҳои мо муҳаббат дорад, барои ҳамин теъдоди иштирокдорони кастинг зиёд гардид. - Филмҳое, ки аз ҷониби киностудияи “Суғдсинамо” сабт мегардад, фарогири кадом мавзӯъҳо мебошад ва сенарияи филмҳо аз ҷониби кӣ таҳия карда мешавад? - Мавзӯи филмҳо актуалианд. Дар филмҳои сабтнамудаи мо ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқи зан, пош хӯрдани оилаҳо, хиёнат, муҳаббат ба Ватан, ҳимояи арзишҳои миллӣ, инъикоси анъанаҳои миллӣ ва урфу одатҳои миллӣ мавзӯҳои асосианд. Ҳама филмҳои мо тарбиявӣ буда, барои бинанда панд медиҳанд ва дар жанрҳои мелодрамма, детектив, триллер ва драмма сабт шудаанд. Зиёдтар сенарияи филмҳои “Суғдсинамо”-ро сенариянавис Бахтиёр Каримов таҳия мекунад. - Ҳама кормандони “Суғдсинамо”-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Кадрҳои ҷавон барои пешбурди соҳаи синамо дар вилоят чӣ саҳм доранд? - Худи киностудия ҷавон асту гурӯҳи корӣ ҷавононанд. Баробари бузург шудан кор меомӯзем, ҳар ғалати хешро ислоҳ мекунем. Ояндаи синамои тоҷик ҳам ба ҷавонони имрӯзу оянда вобастагӣ дорад. Ҷавонони эҷодкор бо назари нав вориди синамо гаштанд. Ин як таҳаввулоти навро дар синамои тоҷик ба вуҷуд меорад. Аз корҳое, ки анҷом додем, қаноатманд нестем ва пайваста аз пайи омӯзиши сабку услуби нав мебошем. Гурӯҳ бояд барои мустаҳкам намудани касбият рӯз аз рӯз гомҳои мустаҳкам гузорад ва филмҳои писанди бинандаро омода намояд. - Таъсири филҳои хориҷӣ ба ҷавонон чӣ гуна аст? - Вақте фазои синамо холӣ аст, табиист, ки ҷои онро чизе пур мекунад. Замоне филмҳои амрикоӣ ва мексикоиро ҷавонон бештар тамошо мекарданд, имрӯз бошад, филмҳои туркиро. Синамо василаи хуби тарбия барои наврасон ва ҷавонон шуда метавонад ва имрӯз тариқи филмҳои хориҷӣ мо идеологияи ғайрро қабул карда истодаем. Давлату миллат тариқи филм минталитети худро тарғиб мекунад. Мо кӯшиш менамоем дар филмҳои тоҷикӣ андешаи миллӣ ва урфу одати миллиро ҷой кунем. Ҳадафи ҳар коргардон муаррифӣ намудани давлату миллати худаш аст. Имрӯз он филмҳое, ки мо сабт намудем, хусусияти тарбиявӣ доранд ва намунаи ибрат барои ҷавонон шуда метавонанд. Мақсади асосии гурӯҳ бо нишон додани камбудӣ дар филм тарбия намудани мардум аст. - Баъди намоиши филмҳои киностудияи “Суғдсинамо” тамошобинон андешаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён менамоянд. Эродҳои тамошобин то кадом андоза барои беҳбудии кори шумо мусоидат мекунад? - Ҳар эроди бинандаро ба инобат мегирем. Зеро кӯшиш менамоем, ки филми писанди аудиторияро омода кунем. Вақте бинанда баъди тамошои филм ақидаашро баён мекунад, вай зери таъсири филм қарор мегирад. Мо баъди намоиши филмҳо ақидаи тамошобинро мепурсем, ки аксарият аз кори киностудия қаноатманд ҳастанд. Ҳангоми пурсишҳо гуфтанд, ки филм хуб омода гаштааст. Вақте аз камбудии филм тамошобин ҳарф мезанад, вай пешравии гурӯҳи филмофаронро мехоҳад. Ин қадамҳои аввали студияи “Суғдсинамо” аст ва ман бовар дорам, ки ин киностудия оянда ба як мактаби омӯзишӣ табдил меёбад ва филмҳои писанди тамошобинро ба навор мегирад. - Оянда чӣ нақша доред ва аз пайи сабт намудани кадом филм ҳастед? - Нақшаҳо барои сабти дигар филмҳо зиёд ҳастанд. Баробари хуб гардидани шароити молиявӣ нақша дорем филмҳои тасвириро ҳам ба навор гирем. Алҳол нақшаи асосии гурӯҳи мо сабт ва таҳияи муваффақонаи филми “Тангно” аст, ки аз рӯи асари устод Сорбон дар шаҳри Панҷакент сабт мегардад. Барои сабти ин филм гурӯҳи корӣ дар шаҳри Панҷакент омодагӣ мебинанд. Дар солҳои 2017-2018 сабти филмҳои дигарро низ ба нақша гирифтаем.
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
ҲУНАРИ ҶАВОНОН
САОДАТ ИСМОИЛӢ
“Суғдсинамо”: ҷавонон бо назари нав
Солҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзгор шуда кор кардааст. Ҳар куҷо аз забони мардум мешунид, ки омӯзгорон масъулияти худро намедонанд, аз уҳдаи таълиму тарбияи хонандагон намебароянд. Гӯё ки вазнинии рӯзгор ва буҳронҳои иқтисодӣ бар душашон бори гароне гардидааст. Дар ҳар коре манфиати хешро меҷӯянд. Рӯз то рӯз омӯзгор қадру қиматашро дар назди падару модарон гум мекунад. Ҳамаи ин суханон дилашро ба сӯз меовард. Мақсад гузошт, ки баҳои баланди мардумро ҳамчун омӯзгори бошараф соҳиб шавад. Қафомондатарин муассисаи ҳамагониро, сарварии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №123 – и Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро бар уҳдаи ӯ супурданд. Тайи се соли фаъолияташ корҳои зиёдро ба анҷом расонд. Муассиса навбунёд буду саҳни майдони он сарсабз нашуда. Дар саҳни майдони муассиса ниҳолони сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонд. Ҳангоми вохӯриҳо бо падару модарони хонандагони муассиса огаҳӣ ёфт, ки дар Ҷамоати деҳоти Чоряккорон камбизоатон зиёданд. Аз пайи чораҷӯӣ шуд. Ҳамин тавр, барои хонандагон - духтарон аз оилаҳои камбизоат ва занони бекор курси дӯзандагӣ таъсис дод. Айни ҳол дар курси дӯзандагӣ ҳам хонандагон – духтарон шуғли дӯзандагиро аз бар мекунанду ҳам занони бекори ҷамоати деҳот соҳиби касби дӯзандагӣ мешаванд. Баъд аз хатми курси кӯтоҳмуддат соли 2015 18 нафар духтару зани бекор сертификат гирифтанд. «Ҳамон сол, ки Саттор Холов сарвар таъйин шуд, дар муассисаи мо дермонӣ ба дарсҳо, иштирок накардани бачаҳо дар машғулиятҳо зиёд ба назар мерасид. Хонандагон талаботро оид ба пӯшидани либоси ягонаи умумимуассисавӣ риоя намекарданд. Аз нарасидани омӯзгорон мактаб танқисӣ мекашид»,- мегӯяд Бибимастура Ҳаитова, омӯзгори собиқадор. Ҳоло бошад муассисаро масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун мактаби пешқадам ном мебаранд. Аз солҳои хизмати аскарӣ намуданаш чун сарбози Қӯшунҳои шӯравӣ дар хоки Афғонистон сангарҳову набардҳои зиёдеро дидааст. Аз майдони ҷанг ва бархӯрдҳо бо шебу фарози зиндагӣ сабақҳо омӯхтааст. Ӯ кордидаву корозмуда гаштааст. Пиндори ӯ чунин аст: «агар ман ба касби хеш садоқат наварзам, шарафи номи омӯзгорро пос надорам, насиҳати ману омӯзгорон ба онҳо асар намекунад». Бале, садоқат ба касби омӯзгорист, ки ҳамчун устод ба 830 хонандаи ин даргоҳи муқаддас меҳр бахшидааст. Бо падару модарон мунтазам оид ба одобу дониши фарзандонашон маслиҳат менамояд. Аз ин рӯ, мардуми Ҷамоати деҳоти Чоряккорон ӯро эҳтиром мекунанд. Ҳамаи талошҳояш баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаи номбурда буд, ки бовариву эътимоди масъулони соҳаи маорифро сазовор гардид. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба ташкил ва гузарондани низоми нави таҳсилот дар чанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва пойтахт синфҳои озмоишӣ ба роҳ монда шудааст. Яке аз талаботҳои асосии воридшавӣ ба сатҳи ҷаҳонии таҳсилот меъёрҳои нави баҳогузорӣ (10, 12… 100 бала) мебошад. Мувофиқи меъёри нав хонандагонро аз бобати афзалияти донишу маҳорат ва қобилиятнокию рафтори намунавиаш баҳогузорӣ менамоянд. Муассисаҳои барои ин мақсад интихобшуда инҳоянд: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41, литсейи 55 ва литсейи техникии № 5, - и ноҳияи Шоҳмансур, гимназияи № 53 – и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, литсейи ба номи Собири Шоҳонии ноҳияи Ҳисор, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 141 -и ноҳияи Ваҳдат. Ба қатори ин мактабҳои фаъолу пешқадам муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 123 ва гимназия барои бачагони лаёқатманди ноҳияи Рӯдакӣ низ шомиланд. Ин ҳама муваффақиятҳои муассиса, аз ҷумла дар мусобиқаҳои варзишӣ (футбол) дар сатҳи минтақави ҷойи якумро соҳиб гардидани бачагон таваҷҷуҳи соҳибкорони ҷамоати деҳотро ба худ кашид. Ҳамин тавр, онҳо ташаббуси С. Холовро оид ба азнавсозии майдони варзишӣ маъқул донистанд. Айни ҳол майдони варзишӣ бо амали хайрхоҳонаи соҳибкорон ба таври замонавӣ аз нав бунёд гардида, масоҳати он боз ҳам васеътар шудааст. Ба андешаи ман барои кори неке ташаббус нишон додан ва бо меҳнати ҳалол кору зиндагӣ намудан ҳам як рукни имон аст. Бале, ин ҳам ҳисси ватандорист. Иронбӣ МӮСОЗОДА
Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов соли 2015 бо ташаббуси як гурӯҳ ҷавонони эҷодкор ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъсис ёфт. То ин дам киностудия филмҳои “Паймон”, “Коса”, “Духтари Сайҳун” ва “12 соли интизорӣ”-ро пешкаши бинанда намуд. Баъд аз намоиши филмҳои киностудия тамошобинон андешаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён дошта, бархе ба ҳунар ва истеъдоди кормандони “Суғдсинамо” баҳои баландро сазовор донистанд. Гурӯҳи дигар байни ҳам аз ҷой доштани камбудӣ дар филмҳо баҳс намуданд. Филми кӯтоҳҳаҷми “Коса” моҳи сентябри соли ҷорӣ дар 12-умин Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия иштирок намуда, барои иштирок дар фестивалҳои байналмилалӣ, хусусан Фестивали байналмилалии ОСА IF 2016 (Open Central Asia) се роҳхат ба даст овард. Фестивалҳои мавриди назар моҳи октябри соли равон дар шаҳри Лондони Британияи Кабир, Рими Итолия ва шаҳри Даккаи Бангладеш баргузор мешаванд. Филми “Коса” 25 дақиқа буда, он ба мавзӯи муҳим - оилаву оиладорӣ бахшида шудааст. Сенарияи филм дар асоси ривоятҳои халқӣ таҳия гардида, муаллифи он Бахтиёр Каримов мебошад. Нақшҳои асосиро ҳунармандони шинохта Ислом Саломов ва Сайёда Турсунова иҷро кардаанд. Оид ба фаъолияти “Суғдсинамо” бо Осим Орифпур, директори филмҳои киностудия ҳамсуҳбат гардидем.
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
Сагвафо
ҒАФФОР МИРЗО
Онҳо, зану шӯ, фарзанд надоштанд ва баъд аз се соли хонадорӣ, вақте ки умедашонро аз бача канданд ва хотирҷамъ шуданд, кучук гирифтанд. Кучук сагбачаи одии таҳҷоӣ, аниқтараш ҳамхуни куттаи подабонӣ ва рубизи шаҳрӣ буд, лекин азбаски ҳанӯз якмоҳа нашуда буд, хеле ширин ва дилҷӯ менамуд, чашмакони монанди солуки занбӯр сип-сиёҳи ӯ аз шавқу завқи бачагона лабрез буданд, шухи серқилиқ ва бозингар буд, яъне дар оила ҷои бачаро нагирифта бошад ҳам, ба мисли лухтаки зинда ҳамчун бозича ва дастхуши кулӯлаи пахмоқи чондорак он ду калонро машғул медошт ва хурсанд мекард. Хусусан, марди хонаро. Ӯ ба ин ҷонварак чунон меҳру муҳаббат баст, ки рӯзона ба он лаби дунё рафта бошад ҳам, бегоҳӣ бешубҳа гашта меомад. Соати ба хона баргаштан ӯро ба дақиқаи хумори тамоку монанд шуда буд: ҳамин ки вақташ омад - тамом, ҳеҷ касу ҳеҷ чиз ӯро манъ ва маътал карда наметавонист. Кучук ҳам ба ҷадвали бозгашти соҳиби меҳрубон ва кӯдакмиҷози худ одат карда буд. Чанд дақиқа пеш аз омадани ӯ тӯбчаву пишакчаи резиниашро бо ҳама гуна бозиву ғалтанаку ҷастухез як сӯ мемонд ва дар паси дар ҷо мегирифт. Фукашро ба рахнаи дар ниҳода, берунро зуд-зуд ва чуқурчуқур бӯ мекашид, аз бетоқатӣ ва беқарорӣ винг-винг мекард ва дарро мехарошид. Ва ҳангоми аз дар даромадани соҳибаш хурсандие зоҳир мекард, ки ягон рӯз дилкаф ва шодимарг шуданаш ҷои тааҷҷуб надошт. Инро соҳибаш ҳамон рӯз аз дил гузаронд ва тахмин намуд, ки ба хона дер баргашт ва ҳангоми вохӯрӣ кучукча аз шиддати шодию хурсандӣ қад-қад парид.
Лекин муносибати кучукча ва зани соҳибхона ин зайл самимӣ ва гарму ҷӯшон набуд. Аз рӯзи аввал кучукча сард ва сохта будани меҳрубонӣ ва навозиши ӯро бо инстинкти бобоии худ пай мебурд. Пай мебурд ва метарсид. Метарсид ва кӯшиш мекард, ки бо ягон қилиқ ё кирдори ношоиста ӯро наранҷонад ва қаҳри ӯро набиёрад. Баъзан ҳатто ба марди хона, ки сагбача ӯро аз ҷонаш бештар дӯст медошт, гапгардонӣ мекард, лекин ба ҳар як имову ишорати зани хона гӯшбақимор меистод, ҳар як фармони ӯро ҳамон замон ба ҷо меовард. Ҳангоми дар хона дуяшон мондан кучукча бозию талош намекард, ба рӯи палосчаи худаш ба шикам зада, фукашро ба болои ду панҷааш мегузошту аз симои зани соҳибхона чашм наканда ба ӯ менигарист. Менигарист ва майдатарин, нозуктарин зарраи зуҳуроти ҳиссиёти ӯро дошта мегирифт, ба хотир медошт ва омода буд, ки ӯ фармояд ва ин ба ҷо орад. Зани соҳибхона монанди тамоми намояндаҳои ҷинси хеш аввал чунон муҳтоҷ ва интизори кӯдак буд, ки гӯё кӯдак наёбад, мемурад. Лекин чун боварӣ ҳосил кард, ки безурёт аст, ба бебахтии худ қоил шуд, ба тақдири худ тан дод ва оҳиста-оҳиста ба айби худ одат кард. Ҳамин ки одат кард, бачаҳоро бад медидагӣ шуд. Пештар лафзи ширин ва қилиқҳои дилфиреби кӯдакон дар ким-куҷои дили ӯ ба тори маҳини меҳри модарӣ расида мегузаштанд ва он тор дуру дароз ширин-ширин меларзид, ки дили ӯ гум мезад. Вале ҳангоме, ки ба айби худ одат кард, он тор занг зад, ба як қабати заҳраи ғафс пӯшида шуд, ки ба он расида гузаранд ҳам, акнун ба ҷуз ҳиссиёти ғаш ва ғиҷин дар ӯ чизеро бедор карда наметавонист. Вақтҳои охир бошад, худаш ҳис мекард, ки он ғашу ғиҷини одӣ ва нафрат ба бадбинии сиёҳу чуқур табдил ёфта истодааст. Ҳатто як маротиба аз таҳти дил хост, ки ба тухми он қирон ояд. Ин фикр рӯзе ба сараш чарх зад, ки кӯдаки ҳамсоя химчаро ба кулмак куфт ва чилчаи оби лойолуд ба домани ӯ парид. Айёми кучукии сагбача бисёр тез гузашт, вале на аз таъсири хурду хӯрок ва нигоҳубини нағз, балки аз таъсири вуҷуд, аз сирояти нигоҳи он зан, ки сартосар сириштаи як ҳиссиёти ҳамчу кобус сиёҳу вазнин ва онро ба воситаи биотокхо ба гирду атрофи худ пахн мекард. Ва азбаски кучукча дар паӣбарии ҳиссиёти пинҳон аз соҳиби худ но- зуктар ва ҳассостар буд, инро мефаҳмид ва азоб мекашид. Чун дар пеши пои модагург ҷони худро кулӯла медошт. Чунон фишурда ва чунон кулӯла, ки аз шиддати чунин ҳолат оқибат девона шудан мумкин аст. Ин тазъийқи паӣваста ба қафаси танге монанд буд, ки сагбачаро ҷисман калон шудан намемонд, вале дар ҷисми кучуконаи ӯ як ҳиссиёти бузурги саги калонро маҷбурӣ ҷо мекард. Дар натиҷа он на ба отаи куттаи худ, на ба очаи рубаҳмонанди худ, балки ба ким-чи хел як ҷонвараки нестандарҷаҳон монанду калон шуда, дӯстрӯии кучуконаи худро, ки яке аз воситаҳои хушомад ва рӯзгузаронии сагони безот аст, рӯз то рӯз бештар ва бештар гум мекард. Оқибат «омад ба сарам, аз он чӣ метарсидам» гуфтагӣ барин, он рӯзе, ки кучук омаданашро хеле пеш ба тарс пай бурда буд, расид.
- Мардак, бас будагист акнун. Хуб бозӣ кардӣ, хуб машғул шудӣ, ҳавасат аз сагпарастӣ ҳам шикаст. Акнун несташ кунӣ ҳам, мешавад,- гуфт як рӯз зани соҳибхона ба шавҳараш. - Несташ кунам? Чӣ тавр?нафаҳмид мард. - Сагро чӣ тавр нест мекунанд? Ба дасти сагкушҳо месупоранд. Ё агар бераҳмӣ намояд, ба ягон кас ҳадяаш мекунанд. Лекин охир ин хунуку тунуки тӯро кӣ ҳамчун ҳадя қабул мекунад. Бар, дар ягон ҷои дур сараш деҳ, ки хонаро наёбад ва гашта наояд. - Занак, о ин мискин ба мо тангӣ намекунад-ку?! Истад-чӣ?- тавалло кард мард. - Кучук буд, тангӣ намекард. Ман ӯро ҳамчун дилхушии ту мегунҷондам. Акнун калон шудааст, дилхушие надорад. Ба болои ҳама «ҳунарҳои» дигараш боз тӯда мекардагӣ ҳам шудааст. Бар, нест кун, - гуфт қатъӣ зани соҳибхона. Саг ба мард ва мард ба саг нигоҳ мекарданд. Ҳамон сонияе, ки чашмони одам ба чашмони саг ба паллаҳои тамоман баробарвазни тарозуи ғаму ҳасрат монанд шуда буданд, ҳамин буд. Мард имрӯз як чиз, пагоҳаш чизи дигареро бахона карда, ду-се рӯз тадбире наҷуст ва ба қароре наомад. Аммо таънаву надомати зан рӯз то рӯз меафзуд ва хонаро ба сарои дуову дашному ҳақорат табдил медод. Ниҳоят мард фарёде зад, ки ёли саг хест, зан бошад ҷуволбандро аз даҳони ҷуволи тайёр карда мондааш пар тофта, гилаву таънаву надомат ва ҳазор гуна дуову дабараи дигари худро ба сари ӯ ҷуволакӣ рехт ва дар охир ҷамъбаст кард: - Аз сарат монад ҳам хонаат, ҳам сагат! Гап якто, хоҷасагпараст: агар ҳамин рӯз несташ накунӣ, ман кадамамро ба хона намемонам!- гуфт ва сумкаашро гирифта баромада рафт. - «Кошкӣ намемондӣ,- беихтиёр гузашт аз дили мард.- Кошкӣ намемондӣ ва ман ба ин осонӣ аз ту халос мешудам! Лекин афсӯс, ки мегӯиву намекунӣ». Дар даҳлез, дар ҳамон ҷое, ки истода буд, мард сари по нишаст ва сари сагро бо ду кафи даст гирифта наздик овард ва ба чашмони ӯ нигоҳ карда гуфт: - Чӣ кор кунам, ҷонвари безабон? Худат медонӣ, ки ман ба ту одат кардаам. Ба саг не, ба ту, ба як ҷонвари аз чинс инсӯтар ва ба инсон наздик одат кардаам. Туро ба кӯча партофтан кӯдакро ба кӯча партофтан аст. Кӯдакеро, ки барои тарбия мегиранд, вале аз уҳдааш набаромада, аз cap соқиташ карданӣ мешаванд. Чӣ кор кунам, кошкӣ хушрӯ мешудӣ, ё ҳеҷ набошад, каҷу килеби ғалатӣ мешудӣ, ки шавқи ягон касро меовардӣ. Ҳеҷ ҷои шавқовар надорӣ, ҷонвар. Не, дорӣ, чашмони хушрӯи бамаънӣ дорӣ. Лекин ба чашми саг нигоҳ мекардагӣ касро аз куҷо меёбӣ? Эҳ бечора, бечора! - самимӣ афсӯс хурд мард ва пешонаашро ба таври муқаррарӣ ба пешонаи саг расонда бархост... ... Ҳардуи онҳо, саг пеш-пеш ва соҳибаш аз қафо, аз хона баромаданд ва ба сӯи гараж раҳсипор шуданд. Саг давида чанде пеш аз соҳибаш ба дарвозаи гараж расида, фукашро ба таги дарвоза хаста, бӯ мекашид, ханҷол ме¬кард ва гаштаю баргашта ба сӯи соҳибаш нигариста, бесабрии бачагона зоҳир ме-
намуд. Соҳиби ӯ дар ҳавлӣ бо яке аз ҳамсоягони худ чанд сония маътал шуд, саг давида омада, аз домани ӯ гирифт ва ба сӯи гараж кашола кард. Онҳо хандиданд. Саг дар ҳақиқат рӯзи якшанбе мошинсаворӣ ва дар талу теппаҳои беруни шаҳр ҷасту хез карда гаштанро бисёр дӯст медошт. Ин аст, ки чун бача бетоқатӣ мекард ва ба маътал шудани соҳиби худ сарфаҳм намерафт. Бинобар ин баробари кушодани дари мошин саг давида ба кабина даромаду бусидагӣ барин карда рӯи соҳиби худро хеле зуд ва озод лесида монд. Ин қилиқ ҳам ӯро одат шуда буд. Саг аз тирезаи пушти мошина тамошо мекард ва намефаҳмид, ки чаро имрӯз кӯчаҳо ин қадар ношиносанд. «Пештар ба як нишебе мефаромадем ва аз cap шуданаш мошина фурӯ меафтидагӣ барин мешуд ва дил ҳиққӣ мекард. Баъди он кӯҳҳо cap мешуданд. Имрӯз ҳеҷ не, ки он нишеб ояд». Оқибат мошин қарор кард. Вале дар ҷое қарор кард, ки ба манзараҳои сайру гашти пешинаи онҳо ҳеҷ монанд набуд. На кӯҳ, на пушта, на сабза. Чор дарахти баланд дар паси як рахна, ки як вақт девор буд, акнун бошад, бо як пора релс ва чандин симу тунукаву оҳанпораҳои гуногунҳаҷм ва гуногунвазифа бетартиб ва каҷу килеб русташ карда монда буданд. Хӯҷаин фаромад ва дари пасинаи мошинаашро кушод. Саг ҳам ҷаҳида берун шуд. Берун шуд, вале мисли пештара ҷастухезу ғалтанаку даводави худро cap накард. Балки сарашро бардошта, ба чашмони соҳиби худ бо аломати савол нигоҳ кард ва интизори фармон шуда истод. Хӯҷаин дар пеши ӯ чунгур нишаст ва сари ӯро ба ду кафи даст гирифта гуфт: - Бубахш маро, азизам. Медонам, ки ту ҷонатро аз ман дареғ намедорӣ. Медонам, ки мемирию аз баҳри ман намегузарӣ. Лекин ту сагӣ ва ман одамам. Одамон, албатта ба манфиати худ, одат ва қоидае бароварданд, ки саг метавонад барои одам ҷон диҳад, вале одам барои саг ҷон додан он тараф истад, аз баҳри чизе, амале, мақоме гузашта наметавонад. Бубахш, ки ман ҳам дар вуҷуди худ қудрате, шуҷоате, девонагие паӣдо накардаам, то ин қоидаи худбинона ва худписандонаи фарзанди инсонро вайрон кунам. Ту сагӣ ва ман одамам, вале дар айни ҳол мехостам, ки ба ҷои ту бошам. Ман-ку ба ҷои ту буданро мехоҳам, вале оё ту мехоҳӣ, ки ба ҷои ман бошӣ? Не, намехоҳӣ. Наметавонӣ. Агар медонистӣ, ки ҳозир бо ту чӣ кор карданиям, аз ман, аз ман барин одамаки нотавон, нангин ва бевафо нафратат меомад. Хайр, азизам, насибаат ҳамин будааст. Ё агар такдири нек дошта бошӣ, мумкин аст соҳиби аз ман одамтареро ба ту насиб бинад. Хайр, бубахш эй саг, одамро... Хӯҷаин пешонаашро ба пешонаи саг ниҳода чанд сония хомӯш истод ва сонӣ тезу қатъӣ бархоста ба мошина нишасту газ дода гайб зад. Саг ҳайрон-ҳайрон аз пушти мошини саросема дур шуда истода нигоҳ кард ва ҳангоме, ки вай аз назар ғоиб шуд, cap фӯроварда пайҳои соҳибашро чуқур-чуқур бӯ кашиду ба гирди худ як гирд гашта, ба рӯи онҳо ҳалқа зада хобид. (Давом дорад)
15
Соњиби овози форам
«Ман ба ту … медињам!» (тањдид)
Бенасиб, бесамар
Сињат шудан
Панд Њаммактаб
… бастан, њуљљат доир ба њамкорї
Санги тарозу
Љузъи сура
Орзуњои амалишуда чї «мепўшанд»?
Намади дохили пойафзол
Њайвони бисёрпои бањрї
Аз зону поёни пой
Монанд
Њељ гоњ, њаргиз
Фармон
Марг
САНҶИШИ ДОНИШ
… Пўлодова, овозхон
Мактаб барои бепарасторон
Зинапояи њавопаймо
Авло- …мат, ди яроќи шоњон, оташ«дифинасшон тия»
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
Бањои «чор»
Рафтор, хўй, расм
Банди ѓафс
Эшон, вайњо
Торољ, яѓмо
Мамлакати 15 љумњурии собиќ
... -Вегас, шањри казиноњои Америка
Паррандаи маъмул
Ќамчин
Њалолкор
Њарфи лотинї
… Кайф, актрисаи њиндї
Тўњфаи идона
Мева
Соњиби мулку мол
Кўмак
Њиссачаи саволї
Ваќт, лањза
Ба чашм намудор
Дањони парранда
Худои Юно- Элвира ..., ни Ќадим раќќоса
Иёлати Амрико
Леонид ..., овозхони рус
... Раљаб, шоири тољик
Шањр дар Фаронса
Президенти ИМА дар даврони ЉБВ
Шањр дар Эрон, зодгоњи Фирдавсї
«Доллар»и Аврупо
Санги ќиматбањо
Шаршара
Андом Ќисми сахту ѓафси дарахт
Маќомот (русї)
Поёноби дарё
... Сулаймонова, шоира
Њамеша, мудом
Насронї
Муќобили «васеъ»
Нитроген
Хато
Сомона барои «чаќ-чаќ» дар Интернет
Тамѓаи мотосикли шўравї
… «Новости» - агентии иттилоотии Русия
Бозї бо оташ
Њайвон бодпои кўњї
Амали математикї
Дар бањр ё дарё сокин
Ричард ..., актёр
Абрў
Монанд, мисл
... Ниёзова, овозхони тољик
Сињатї, бардамї
Сканворд
... Рустамова, камонкаш
Муќобили «харобї»
16
СЕҲРИ ХОМА
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №39 (9465), 29.09.2016
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ
Маънии ҳаёт
Муаллими биология мепурсад: - Себро кай мечинанд? Карим: - Моҳи август! Малоҳат: - Дар моҳи сентябр! Раҳим аз партаи қафо: - Вақте саг бастагӣ бошад!
Зан дар фабрикаи гушт кор мекард. Рӯзи корӣ анҷом ёфту зан ба яхдони гушт рафт, то чизеро аз назар гузаронад. Аммо дари яхдон ногаҳон пушида шуд. Зан дар дохил монд. Гиря кард, дод зад, дарро бо пойҳояш куфт, аммо ҳеҷ кас ба ёрӣ наомад. Кормандон ҳама рафта буданд. Баъд аз 5 соат посбон дарро кушод. Зан наҷот ёфт. Аз посбон пурсид, чи хел шуд, ки ба яхдон омад, чун ин вазифааш нест. Посбон чунин ҷавоб дод: - Ман дар ин фабрика 35 сол мешавад кор мекунам. Ҳазорон коргар ҳар рӯз меоянду мераванд. Аммо шумо ягона касе ҳастед, ки субҳ бо ман салом карда, шом худоҳофизӣ мекунед. Барои бисёриҳо гӯё ман вуҷуд надорам. Имрӯз мо одатан салому алейк кардем. Аммо бегоҳӣ ин ҷумлаи шуморо нашунидам: “Хайр, то пагоҳ!” Барои ҳамин хостам фабрикаро аз назар гузаронам. Бо шарофати шумо маънии дар ҳаёт буданамро ҳис мекунам. Хайрбоди шуморо нашунидам, фикр кардам чизе рух додааст.
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
МЕҲРОБ АЗИМОВ
***
Арӯс падарашро бӯсиду ба дасташ чизе дод. Ба ҳамаи толор будагиҳо аҷиб буд, ки арӯс ба падараш чӣ дод. Мард ҳис кард, ки меҳмонон ба ӯ нигоҳ доранд, хост сирро кушояд. Табассум карда гуфт: - Хонумон ва ҷанобон! Имрӯз дар ҳаёти ман беҳтарин рӯз аст. Духтарам ниҳоят корти бонкиамро баргардонд. Дар толор ҳама хандиданд ба ғайр аз домод.
***
АНДАРЗ: нафарони атрофатонро дӯст доред, эҳтиром кунед, охир намедонед, ки фардо шуморо чӣ интизор аст.
Модар ба писараш, ки дар маҳбас аст, менависад: “Писарам, баъд аз он ки туро зиндонӣ карданд, намедонам чӣ кор кунам: ба корҳои хоҷагӣ расида наметавонам, обчакорӣ накардааму картошка накоштаам...” Писар дар ҷавоб менависад: “Модарҷон! Заминро накан, ки ҳам туро зиндонӣ мекунанд, ҳам муҳлати ҳабси ман дароз мешавад!” Баъд аз як моҳ номаи модар ба писар мерасад: “Писарам! Вақте номаи ту расид, милисаҳо омаданд, тамоми заминро канданд, ҳеҷ чиз наёфта, бо қаҳр баромада рафтанд”. Писар ҷавоб дод: “Модар! Ҳамин қадар тавонистам, кӯмак кардам, картошкаро худатон коред!”
Таҳия У. САФАРАЛӢ
ЭЪЛОН
5 октябр - зодрӯзи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЭЪТИБОР НАДОРАД
ОБУНА - 2017
Аттестати гумшудаи силсилаи Т-ШТУ №0070084, ки МТМУ рақами 9-и шаҳри Душанбе соли 2011 ба Исмаилова Фирӯза Муродовна додааст, эътибор надорад.
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Аттестати гумшудаи силсилаи Т-АТУ №0266869, ки МТМУ рақами 71 ба номи Юсуф Акобирови шаҳри Душанбе соли 2016 ба Назаров Бахтовар Ҳасанович додааст, эътибор надорад.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 80 сомонӣ - барои шаш моҳ - 42 сомонӣ - барои се моҳ - 23 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №071/12, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ соли 2012 ба Изатуллои Хайрулло додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №172/14, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ соли 2014 ба Юсуфов Хуршед Мансурович додааст, эътибор надорад.
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857. Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, ШНТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, Суғд).
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Соҳибкори инфиродӣ Мамуров Илҳом Мухторович (РЯМ 0430211971), ки аз 21.04.2016 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6509 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/к 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».