Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад.
№3 (9377), 15 январи соли 2015. e-mail: javonontj@mail.ru
ДАСТГИРӢ
ВАРЗИШ
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АХБОРИ РӮЗ
Истеҳсоли «Кока-Кола» дар Тоҷикистон Миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва Ширкати “Кока – Кола Ичечек А.С.” оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ созишнома ба имзо расид. Лоиҳа дар ду давра татбиқ шуда, дар давраи аввал ҳаҷми умумии сармоягузориҳо 30 млн. доллари ИМА ва дар давраи дуюм 20 млн. доллари ИМА-ро дарбар мегирад. Баъд аз мавриди амал қарор гирифтани лоиҳа зиёда аз 120 ҷойи нави кории мустақим ва то 500 ҷойи кории нави ғайримустақим ташкил шуда, иқтидори солонаи он 100 млн. литр маҳсулоти ғайримашруботиро ташкил медиҳад.
Соли 2014 мизони таваррум 7,4%-ро ташкил дод
Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо, фармон медиҳам: 1. Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шавад. 2. Маблағгузории Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад. 3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 2 моҳ: - Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо таҳия ва тасдиқ намояд; - масъалаҳое, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, аз ҷумла масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявиро ҳал намояд; - санадҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.
Ғояҳо бояд дастрас бошанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 9 январи соли 2015, №328
Чӣ гуна метавон намудҳои варзиши олимпиро оммавӣ кард?
Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, моҳи декабри соли гузашта нарху тарифҳо ба молу хизматгузориҳо 0,5% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 0,2% зиёдтар аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар барои соли 2014-ро дар мизони 7,5% тарҳрезӣ намуда буд. Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар кишвар барои соли гузаштаро дар сатҳи 7% ва Хазинаи байналмилалии асъор дар сатҳи 6,6% пешгӯӣ карда буданд. Ёдрас мекунем, ки сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил медод.
РУШДИ ВАРЗИШ
Арзи сипоси варзишгарон ба Президенти ҷумҳурӣ 10 январи соли равон миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва федератсияҳои варзишии мамлакат шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Ку- си шартнома амалӣ карда шавад. мамлакат ба Бозиҳои тобистонаи митаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Дар асоси он ҳуқуқу уҳдадориҳои олимпӣ-2016 дар шаҳри Рио-Деба роҳбарони федератсияҳо тарафайн муайян мегардад ва Жанейро бо кумита ҳаммаром ҷиҳати ҳамкории судманд арзи метавонем баҳри рушди варзиши гардида, кӯшиш намоянд. Зеро сипос намуда, ҳадаф аз ба имзо ҷумҳурӣ дар риштаҳои алоҳида иштироки варзишгарон дар олимрасидани шартномаҳоро рушди саҳмгузор бошем, - гуфт А. Абдул- пиада ва соҳиби медал гардидани варзиши мамлакат маънидод кард. лозода. онҳо номи кишварро дар сатҳи - Мо кӯшиш мекунем, ки соли Раиси кумита, ҳамчунин, байналмилалӣ бамаротиб баланд 2015 фаъолияти кумита ҳамчун аз роҳбарони федератсияҳои бардошта, дар муаррифии мамламақоми ваколатдори давлатӣ ва варзишӣ даъват ба амал овард, кат нақш мегузорад. Таъкид гарфедератсияҳо ҳамчун ташкилотҳои ки ҷиҳати дар сатҳи баланд омо- дид, ки кумита омодааст тамоми «ҶАВОНОНИ №3намудани (9377), 15дастаҳои ЯНВАРИ СОЛИ 2015 ҷамъиятии соҳаи ТОҶИКИСТОН», варзиш дар асо- да мунтахаби маслиҳату пешниҳодҳои муфидро
ҷиҳати баланд бардоштани мақоми варзишгарон ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирад. Аҳтам Абдуллозода аз дастгирии пайвастаи Президенти мамлакат нисбат ба варзишгарон ёдовар шуда, гуфт: “Ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бай-
налмилалии варзишӣ” бори дигар собит сохт, ки Роҳбари давлат ҳамеша варзишгаронро дар мадди назар қарор додааст”. Аз ба тасвиб расидани фармони мазкур тамоми роҳбарони федератсияҳои варзишӣ истиқбол намуда, онро барои боз ҳам рушду инкишофи соҳаи варзиши мамлакат муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд. Дар фарҷом роҳбарони федератсияҳои варзишӣ ва варзишгарони мамлакат барои чунин як ғамхорӣ ба Президенти мамлакат арзи сипос намуданд.
1
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
ОБОДОНӢ
ҶАВОНОН, ВАРЗИШ, ТУРИЗМ
Соли 2015 – Соли туризми дохилӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 8 январи соли равон дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2014 ба мамлакат 213265 нафар шаҳрванди хориҷӣ ҳамчун турист ташриф оварданд. Ин рақам соли 2013 207911 нафарро ташкил медод. Тибқи меъёри муайяншуда аз ҳисоби ташрифи туристон ба иқтисодиёти мамлакат 106 миллион доллари амрикоӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2013 2,9% зиёд аст.
Иштироки Президент дар ҳашари ниҳолшинонӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар дар ҳашари умумии ниҳолшинонии ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуд. Боғи нав дар майдони беш аз 300 гектар заминҳои лалмии ҷамоати деҳоти Султонобод бунёд меёбад. Иттилоъ дода шуд, ки тайи 10 соли охир нишондодҳои ду барномаи давлатии рушди боғутокпарварӣ дар кишвар барзиёд иҷро шуда, ҳоло барномаи нави ин соҳа таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст, ки тибқи он боз дар зиёда аз 30 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд хоҳад ёфт. Ба иттилои мутахассисони соҳа сарфи назар аз лалмӣ будани ин заминҳо иқлиму хоки ин мавзеи зебо, ки дар баландии беш аз 1100 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, барои бунёду парвариши боғу токзор мувофиқ аст ва дар сурати риояи талаботи агротехникӣ аз ин ҷо
ҳосили фаровони мева гирифтан мумкин. Тибқи нақша дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ дар ин ҷо 300 гектар боғу токзори нав бояд бунёд ёбад. Дар оянда имкон аст, ки дар зиёда аз 3000 гектар заминҳои ин мавзеъ боғу токзор бунёд карда шавад. Барои ҳавасмандсозии мардуми ин деҳот ба боғутокпарварӣ, омодасозии заминҳо барои ниҳолшинонӣ бо сафарбар кардани даҳҳо техникаи кишоварзӣ ройгон аз ҳисоби давлат сурат мегирад ва ҳам ниҳолҳои хушсифати пайвандӣ ба ҳамин тартиб аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ, аз ҷумла, аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи мар-
каз дастрас карда мешавад. Гузашта аз ин, барои дуруст ба роҳ мондани ниҳолшинонӣ ва ҳам нигоҳубини боғу токзор ба ин ҷо олимону мутахассисони соҳа аз Академияи илмҳои кишоварзӣ ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур сафарбар карда мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо мардум, аз ҷумла таъкид дошт, ки талабот ба меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар сол ба сол бештар мегардад ва ҳар касе, ки боғу токзори хушсифат бунёд намуда, парвариши онро дуруст ба роҳ мемонад, суди зиёд ба даст меорад.
ҲАМРАЪЙӢ
Тоҷикистон амали террористӣ дар Парижро маҳкум мекунад 7 январ афроди ношинос ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавии “Charlie Hebdo” ҳуҷум карда, 12 нафар, аз ҷумла, сардабири маҷалла Стефан Шарбонеро ба қатл расонданд. Франсуа Ҳолланд, Президенти Ҷумҳури Фаронса, ба ҷойи ҳодиса омада, ҳамларо амали террористӣ номид. Дар робита Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат ба ҳамтои фаронсавиаш барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар он аз ҷумла, гуфта мешавад, “хабари даҳшатангез дар бораи ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Шарли Эбдо”, ки 12 нафар кушта гузоштааст, мардум ва Ҳукумати Тоҷикистонро бениҳоят андӯҳгин кард. Ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист. Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин “вабои аср” бояд ҳамаи моро муттаҳид созад. Тоҷикистон, ки бо Фаронса дар ин ҷода ҳамеша ҳамкориҳои хубу созанда дошт, таъкидан иброз медорад, ки дар амри решакан намудани ин зуҳуроти фалокатбор бо Фаронса хоҳад буд». Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ бо пахши изҳорот ин амали ваҳшиёнаро маҳкум карда, ба ҳамкасбон ва наздикони кушташудагон изҳори тасаллият намудааст. “Маҷалла дорои таърих ва барои касбияти баланд миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳибэҳтиром буд. Мо умедворем, ки доир ба ин амали мудҳиш таҳқиқ гузаронида шуда, гунаҳкорон ҷазои
2
муносиб мебинанд. Ин гуна амалҳо бояд беҷазо намонанд”, омадааст дар изҳорот.
Бо мақсади рушди соҳаи туризм дар назар аст, ки соли 2015 бо Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расад. - Боиси хушнудист, ки соли 2014 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва меҳмонхонаҳо аҳамияти тараққӣ додани соҳаи туризмро дарк намуда, дар тамоми чорабиниҳо ҳамкорӣ карданд, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. - Соли равон намояндагони ширкатҳои ҳавонавардии кишвар дар бузургтарин чорабинӣ - Намоишгоҳи байналмилалии «ITB-Берлин» ширкат хоҳанд кард. Нақша дорем, дар шаҳри Душанбе бо мақсади рушди туризми дохилӣ туризми шиносоӣ - «Сити-тур»-ро ба роҳ монем. Бинобар ин, соли 2015-ро соли туризми дохилӣ эълон кардем. Бо мақсади беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ соли сипаришуда 6 чорабинӣ вобаста ба такмили кормандони соҳаи туризм баргузор гардид, ки 240 нафар мутахассис фаро гирифта шуданд. Дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» соли гузашта 368 чорабинӣ доир гардид, ки нисбат ба соли 2013 28% зиёд мебошад. Яке аз чорабиниҳои муҳими маърифатии соли 2014 баргузории аксияи «Биёед, китоб мехонем!» буд, ки дар ду марҳила доир гардид. Қариб 20 000 нусха китоб ба қисмҳои низомӣ, муассисаҳои ислоҳӣ ва китобхонаҳои навоҳии дурдаст тақдим шуд. Соли ҷорӣ ин чорабинӣ дар шакли дигар идома меёбад. Кумита соли гузашта 108 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла, 85 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 23 чемпионати мамлакатро баргузор намуд, ки дар онҳо зиёда аз 9719 нафар варзишгар иштирок намуданд. Ин нисбат ба соли 2013 4378 нафар зиёд аст. Варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 897 медал, аз ҷумла 250 тилло, 243 нуқра ва 404 биринҷӣ ба даст оварданд, ки дар муқоиса ба соли 2013 436 медал бештар мебошад. Аҳтам Абдуллозода иттилоъ дод, ки бо ташаббуси кумита 3 табло дастрас шуда, ба фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб тақдим гардид. Дар он ба меҳмонони кишвар иттилоъ оид ба захираҳои туристии мамлакат пешниҳод мегардад. Алҳол аз Чин, Эрон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Туркия ва Ӯзбекистон шумораи бештари сайёҳон ба Тоҷикистон меоянд. Бо пешниҳоди кумита минбаъд 5 апрел ҳамчун рӯзи умумиҷумҳуриявии тамошои осорхонаҳо ба таври ройгон таҷлил мегардад. Соли 2014 дар чорабинӣ зиёда аз 13 000 нафар сокини мамлакат ширкат варзида, бо диёри бостониямон ошно гардиданд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ВАО
ТАНДУРУСТӢ
Муҷаҳҳазсозии муассисаҳои тандурустӣ беҳтар гаштааст Солҳои охир муҷаҳҳазсозии муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти муосири тиббӣ беҳтар гаштааст. Алҳол дар муассисаҳои тиббии кишвар бо назардошти рушди тибби хусусӣ 10 адад томографи компютерӣ, 6 адад томографи магнитию резанансӣ, 5 адад антиограф, 6 адад маммограф, 19 адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ, 16 адад дастгоҳи поксозии хун (диализ) фаъолият доранд.
Академияи ВАО ба кор оғоз мекунад. Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбутие, ки ҳафтаи сипаригардида доир шуд, зикр намуд, ки фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ ба пахши рақамии шабакаҳои телевизион то якуми январи соли 2015 51 фоизро ташкил дод. То охири соли равон Телевизиони “Бадахшон” низ ба пахши рақамӣ пайваст хоҳад шуд. Дар баробари шабакаҳои телевизионии ҳукуматӣ, телевизионҳои хусусӣ низ ба пахши рақамӣ фаро гирифта мешаванд. Аз ҷумла, телевизионҳои мустақили “СМ-1” ва ТВ “Азия”-и вилояти Суғд ба пахши рақамӣ фаро гирифта шуданд. Фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши аналогии барномаҳои Шабкаи якуми телевизиони Тоҷикистон 99,72 фоиз, телевизиони “Сафина” - 92,7, телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” - 88,99 ва “Ҷаҳоннамо” 78,96 фоиз мебошад. Фарогирии аҳолии кишвар дар мавҷи FM барномаҳои давлатии шабакаҳои Радиои “Тоҷикистон” 85,3 фоиз, Овози тоҷик” - 55,13, “Садои Душанбе” - 63,45 ва “Фарҳанг” 59 фоиз ме-
бошад. Асадулло Раҳмон, қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсоли фиристандаҳои рақамӣ бо ширкатҳои аврупоӣ ба роҳ монда шудааст. Нахустин фиристандаи рақамӣ аз ҷониби ширкати “Тоҷикэлектроника” истеҳсол шуда, мавриди озмоиш қарор дорад. Баъд аз озмоиш истеҳсоли он ба роҳ монда мешавад. Асадулло Раҳмон хабар дод, ки моҳҳои наздик Академияи ВАО ба кор оғоз хоҳад кард. Айни ҳол биное, ки барои он ҷудо шудааст, таъмир мешавад. Таҷҳизоти зарурӣ низ омода шудааст. Фаъолияти Академияи ВАО барои тарбияи мутахассисон, инчунин, тарбияи баъдидипломии мутахассисони васоити ахбори амма равона карда мешавад. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ 7 январи соли равон гуфт, ки бо мақсади таъмини сифат дар самти ташхиси бемории дил, дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо шарикон, алҳол дар қаламрави мамлакат 14 адад дастгоҳи муосир (Gen Xpert) барои ташхиси бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи он (ШМС) харидорӣ шудааст ва бо маводи масрафшавандаи озмоишӣ таъмин мебошад. Харидории боз 32 адад чунин таҷҳизот дар нақша аст. То дастрас намудани таҷҳизоти мазкур муайянкунии гирифторӣ ба ШМС қариб се моҳ тӯл мекашид. Ҳоло ин дастгоҳ дар ду соат натиҷаи ташхисро аниқ мекунад. - Бо мақсади таъмин намудани беморони гирифтори диабети қанди дараҷаи 1 ва 2 бо инсулин ва доруҳои қандпасткунанда, соли 2014 тавассути Лоиҳаи “Houp” бо маблағи умумии 5,4 миллион доллар ба муассисаҳои соҳаи эндокринологияи ҷумҳурӣ маводи дорувории инсулин ва доруи «левотироксилин» барои гирифтори бемории ғадуди сипаршакл дастрас карда шуд, ки то моҳи июни соли равон басанда аст, гуфт Нусратулло Салимзода. - Қайд кардан ба маврид аст, ки тайи даҳсолаи охир дар ҷумҳурӣ фавти кӯдакон 2,5 ва фавти модарон 3 маротиба кам гардидааст. Соли сипаришуда аз ҳисоби Бонки осиёии рушд дар чорчӯбаи барномаи «Беҳтар намудани саломатии модару кӯдак ба воситаи рушди алоқаи нақлиёт» шуъбаи ташхисии Беморхонаи минтақавии шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт ба маблағи зиёда аз 180 000 доллар сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз гардид. Соли 2014 ба 113 нафар кӯдаки гирифтори
нуқсони модарзодии дил муоинаи антиокардиографӣ ва ба 146 нафар кӯдак амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои кӯдакони гирифтори нуқсони модарзодии дил 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Дар маҷмуъ, соли гузашта дар 120 иншооти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ корҳои сохтмонию таъмирӣ ба анҷом расида, муассисаҳо бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гаштанд.
ИЛМ
Таҷҳизоти офтобии ватанӣ истеҳсол мешавад Фарҳод Раҳимзода, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ 8 январ дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки соли сипаришуда таваҷҷуҳ ба иҷрои 65 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 40 мавзӯи амалӣ ва коркарди 15 технология аз рӯи самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ тибқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва 9 барномаи давлатии илмиӣ-техникӣ, ҳамчунин, ба беҳтар кардани ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, ҷустуҷӯ ва истифодаи манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузории таҳқиқоти илмӣ ва равнақ додани робитаҳои илмии байналмилалӣ равона шуд.
ДОДГОҲ
Судҳои сайёр манфиат доранд Зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди олии кишвар Нусратулло Абдуллоев иброз дошт, ки дар тамоми зинаҳои судӣ соли гузашта 125284 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ин 6714 парванда дубора боздид ва 416-тояш бекор шудааст. - Соли сипаришуда 46 мақолаи дар нашрияҳои гуногун чопшуда мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба як қатор рӯзномаҳо посухҳо фиристода шуд, - гуфт Нусратулло Абдуллоев. – Ҳамчунин, судяҳои судҳои шаҳру навоҳии кишвар ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ тавассути радио ва телевизион дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ 214 баромад омода намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 40 мақола ба табъ расондаанд. Тавре Н. Абдуллоев итти-
лоъ дод, 17 парванда аз тариқи шабакаҳои гуногуни телевизонӣ бевосита аз толорҳои судӣ омода гардида, муҳтавои онҳо ба мардуми кишвар расонда шудааст. Нусратулло Абдуллоев минбари судҳои сайёрро яке аз омилҳои асосии тарбияи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, муҳокимаи ҳукму ҳалномаҳо меҳисобад. Аз ин хотир, 13 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
- Олимони академия таҷҳизоти хурди офтобиро бо иқтидори 100 ВАТ пурра аз таҷриба гузаронида, иҷозатнома гирифтанд, - гуфт Фарҳод Раҳимзода. - Соли ҷорӣ мақсад дорем, ки истеҳсоли онро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монем. Таҷҳизоти мазкур барои истифода дар хонаҳои истиқоматӣ,
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
бустонсаройҳо, котеҷҳо ба сифати манбаи эҳтиётӣ ва ё алоҳидаи таъмини барқ истифода мешавад. Ба гуфтаи сарвари Макази инноватсионии рушди илм ва технологияи нави Академияи илмҳо Маҳмадшо Илолов соли равон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзеи Ромит дар майдони 1 гектар
хонаи экологӣ сохта мешавад, Дар он таҷҳизоти офтобӣ, бодӣ ва биогаз насб мешавад. Ин як майдони таҷрибавӣ хоҳад буд, ки дар он чӣ гуна ба таври алтернативӣ бо барқу гармӣ таъмин намудан нишон дода хоҳад шуд. Соли гузашта аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҶТ 6 патент ва 6 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 1 шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба сабти моликияти зеҳнӣ ба даст оварда шуд. Тайи як сол барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот қариб 30 коркарди олимони АИ пешниҳод гардидааст. То охири соли 2014 шумораи умумии аспирантон 263 нафар буданд, ки 140 нафарашон дар шуъбаи рӯзона ва 123 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Аз ин 88 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. С. САЙФИДДИН
3
СТАНДАРТ
МАОРИФ
Сифат баланд бошад, шикоят намешавад
“Вожаномаи тиббӣ” - дастоварди сол Дастоварди муҳими кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли сипаришуда, ба нашр расидани асари дуҷилдаи илмии “Вожаномаи тиббӣ” мебошад.
Бахтиёр Шукурзода, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, 9 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли сипаришуда дар агентӣ 275 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи чораҷӯии саривақӣ ҳамаи муроҷиатҳо дар муҳлати кӯтоҳ мусбат ҳал гардиданд. Соли 2014 бо мақсади таъмини шафофият, бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, кам намудани вақти барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва дар ин замина суръат бахшидан ба масъалаи ҷорисозии тартиби барасмиятдарории воридот ва содироти молҳо барои гирифтани сертификати мутобиқат ба молу маҳсулот тавассути усули «Равзанаи ягона» фаъолияти Раёсати баҳодиҳии мутобиқати «Тоҷикстандарт» омода шуд. - Соли гузашта бо мақсади дастгирии рушди истеҳсолоти ватанӣ, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир, ҳамзамон, баланд бардоштани имконоти содироти мамлакат татбиқи «Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» идома ёфта, дар асоси нақшаи барномаи мазкур дар 20 корхонаи истеҳсолӣ тибқи феҳристи барнома ва дар 3 корхона бо тариқи ихтиёрӣ низоми идоракунии сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ шуд, - гуфт Бахтиёр Шукурзода. Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ моҳи августи соли 2014 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ду озмоишгоҳ оид ба муайян кар-
дани ГМО (организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда) дар таркиби маҳсулоти ғизоӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ин озмоишгоҳҳо, ки мавҷудияти ГМО-ро ба таври дақиқ дар таркиби маҳсулоти ғизоӣ муайян мекунанд, бо дастгоҳҳои муосир ҷиҳозонида шудаанд. Тайи соли сипаришуда, дар маҷмӯъ 1147 тонна маҳсулоти хӯроквории бесифат, муҳлати истифодаашон гузашта ва хатарнок аз муомилот гирифта шуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида чора андешида шуд. Пас аз нишасти матбуотӣ хабарнигорон бо ҷараёни аз муомилот гирифтани маҳсулоти пастсифату муҳлати истифодаашон гузашта ошно шуданд. Нӯшобаҳои пастсифату барои истеъмол ношоям ба шабакаи корез рехта шуданд. Дигар маҳсулоти хурокворӣ, ки барои истеъмоли чорво мувофиқ аст, ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе бурда мешавад. Аз ин рӯ, фурӯшандагонро лозим аст, ки маҳсулоти баландсифатро ба фурӯш гузоранд. Агар сифати маҳсулот баланд бошад, на шикоят мешаваду на мусодираву на ҷарима. С. СУННАТӢ
МАОРИФ
- Асари номбурда зиёда аз шаст ҳазор истилоҳро дар бар гирифта, дар он баробари вожаҳои тибби муосир, инчунин, истилоҳоти тибби қадим ҷой дода шудааст. Бартарии вожанома боз он аст, ки дар он номҳои лотинии мафҳумҳо баён ёфта, тарзи навишти он бо ҳуруфи форсӣ нишон дода шудааст. “Вожаномаи тиббӣ” барои бо забони тоҷикӣ беҳтару хубтар ба таҳсил фаро гирифтани толибилмони донишгоҳ ва кормандони соҳа, унвонҷӯёну аспирантон, ҳатто профессорон хизмати босазое хоҳад кард, - гуфт Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббӣ, зимни нишасти хабарӣ, ки 12 январи соли ҷорӣ баргузор гардид. Нисбат ба солҳои пеш шумораи аълохону хубхонҳо дар донишгоҳ афзудааст. Дар натиҷаи ҷамъбасти сессияи зимистонаи соли хониши
2014-20 миқдори донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло супориданд, 42,2 фоиз (2640 нафар)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 5,2 фоиз зиёд
мебошад. Дараҷаи дарсазхудкунӣ 87,8 дарсадро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта 5,9 фоиз зиёд гаштааст. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ИҶТИМОИЁТ
Марҳилаи сеюми маблағгузорӣ идома дорад Саидаҳмад Мирзоев, директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузорӣ 13 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки марҳилаи сеюми барномаи Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ, ки аз аввали моҳи июни соли гузашта оғоз гардид, 14 ноҳияи вилояти Хатлонро фаро гирифтааст. Дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳа 14 бинои фарсудаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ба биноҳои нави аз ҷиҳати хараҷоти энергетикӣ ва истифодабарӣ ба мақсад мувофиқ ва каммасраф иваз карда шуданд. Арзиши умумии лоиҳа 9,18 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Сарчашмаҳои маблағгузорӣ - гранти Ҳукумати Олмон (KWF) - 8,04 миллион доллари ИМА, ҳиссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ - 1,04 миллион доллар ва дигар манбаъҳо (ҳиссаи аҳолӣ) 0,10 миллион долларро ташкил медиҳад. А. ҲАСАН , “ҶТ”
БЕХАТАРӢ
Соли 2014 дар соҳаи кӯҳкорӣ 13 нафар фавтиданд Сафи донишҷӯёни хориҷӣ дар ДДОТ меафзояд 12 январи соли равон Носирҷон Салимов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли гузашта фаъолияти донишгоҳ дар самти рушди ҳамкориҳои муфид бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии мамлакатҳои хориҷӣ, тайёр кардани барнома ва қарордодҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва фарҳанг беҳтар гардида, корҳои бисёре иҷро шуданд. Аз ҷумла, соли сипаришуда теъдоди умумии донишҷӯёни хориҷӣ ба 242 нафар расид, ки дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ таҳсил менамояд. Инчунин, ба ду нафар омӯзгор ва 15 нафар донишҷӯи донишгоҳҳои Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар донишгоҳ курси кӯтоҳмуддати омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил шуд. Соли нави таҳсил тибқи мактуби Вазорати маориф ва илм барои таҳсили шаҳрвандон ва тоҷиктаборони Ҷумҳурии Қазоқистон дар донишгоҳ 19 бурсия ҷудо гардид. Инчунин, соли 2014, теъдоди зиёди донишҷӯёни хориҷӣ донишгоҳро бомуваффақият хатм намуданд. Аз 136 нафар хатмкунандаи шуъбаи рӯзона 128 нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон ва 8 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
4
Соли 2014 аз тарафи нозироти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 15 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 13 нафар ҳалок ва 3 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз ин 2 нафараш шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Сабабҳои фавтидани кормандон, афтидани қисми олоти пармакунӣ, кран, пораҳои кӯҳӣ дар болои сар ва амсоли инҳо мебошад. Саломзода Сиҷоуддин, сардори
Хадамотии назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 9 январ, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард: “Барои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгӯ на-
будани фаъолият, барои иҷро накардани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва рух додани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба роҳбарони 40 корхона, аз ҷумла, ба ҶДММ “Шоҳроҳ”-и ноҳияи Ҳисор, ҶДММ “Амон”-и шаҳри Исфара, ҶДММ “Шангдон”-и ноҳияи Рӯдакӣ, КВ “Экспедитсияи иктишофӣ-геологии Моғиён” ва ғайра нишондод оид ба қатъ гардидани фаъолият пешкаш гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони хадамот нисбат ба шахсони масъули корхонаҳо барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 104 640 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Инҳо ҶДММ “Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой”, ФҶСШП “Умрон-Морун”, ҶСК “НБО Роғун”, ҶСП “Обшорон” ва ғайраҳо мебошанд”. Ҳ. ТАЛАБШО, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
АЗ МИНТАҚАҲО
Бадахшон: 12 ширкати туристӣ фаъолият доранд Расо Раҷабов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни нишасти матбуотӣ бо кормандони васоити ахбори омма қайд кард, ки давоми соли 2014 ба рушди варзиш ва сайёҳӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Ба гуфтаи ӯ, алҳол дар қаламрави вилоят зиёда аз 450 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 78 толори варзишӣ, 10 варзишгоҳ барои зиёда аз якуним ҳазор ҷои нишаст, 3 қасри варзиши «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон ва 58 иншооти дигар мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Корҳои сохтмонӣ дар «Қасри варзиш»-и маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ идома дошта, сохтмони «Қасри варзиш»-и ноҳияи Шуғнон анҷом ёфт.
қисми муҳимтарини он - тиҷорати меҳмонхонаҳо вусъат ёфт. Алҳол дар ҳудуди вилоят 12 ширкати туристӣ фаъолият доранд. Соли гузашта беш аз 1050 нафар турист аз давлатҳои Олмон, Фаронса, Амрико, Британия, Русия, Испания, Ҳолланд, Эстония ва Белгия вориди вилоят гардиданд. Тибқи Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон қариб дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят меҳмонхонаҳои хурд (ҳомстей) барои қабули сайёҳон ташкил шудаанд.
- Варзишгарони вилоят соли 2014 дар 112 мусобиқа ширкат варзида, сазовори 240 медал (80 тилло, 73 нуқра, 87 биринҷӣ) гардиданд, - гуфт Р. Раҷабов. - Дар ин давра соҳаи сайёҳӣ ба таври назаррас инкишоф ёфта,
Дар шаҳри Хоруғ барои беҳтар кардани инфрасохтори соҳаи туризм аз тарафи сектори хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, 11 меҳмонхона амал мекунанд. К. ШАРИФЗОДА
Ваҳдат: бунёдкорӣ идома дорад Соли 2014 ҷамъи даромадҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Ваҳдат 163 миллиону 646 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 101 дарсади нақшаи солона мебошад. Зимни нишасти матбуотӣ Б. Азизов, муовини ав- корхонаи сементбарории “Тоҷ-чайна” бо иқтидори як вали раиси шаҳри Ваҳдат, зикр кард, ки соли гузашта миллион тонна семент дар як сол, корхонаи коркарҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 59 мил- ди тиллои “Покрӯд”, корхонаҳои коркарди маҳсулоти лиону 542 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ширӣ ва консервабарорӣ бомаром ҷараён доранд. соли 2013 6 миллиону 991 ҳазор сомонӣ зиёд мебоБо маблағгузорӣ аз буҷаи маҳаллӣ толори варзишад. Соли 2014 дар шаҳр 12 корхонаи истеҳсолӣ ба шии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва 8 истифода дода шуда, 1062 нафар бо кори доимӣ таъ- аз таъмир бароварда шуда, азнавсозии толори вармин гаштанд. Умуман, соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат зишии мактаби №131 идома дорад. 5 ҳазору 668 ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки баробаСоли сипаригардида дар шаҳри Ваҳдат 454 ри 103 дарсади нақша мебошад. Ҳамчунин, 350 на- ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 422-тои он кушода фар ба курсҳои кутоҳмуддати соҳибкорӣ, қолинбофӣ, шудааст. 26 силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 8 автозанбӯри асалпарварӣ, сабадбофӣ, дӯзандагӣ, забони мат, 2 пулемёт, 8 таппонча, 4 яроқи суфтамил, 1 зеррусӣ ва муҳосибӣ ҷалб гардиданд. мил, 3 норинҷак, 555 дона тир дарёфт ва мусодира Дар ин давра 20875 нафақахӯр ба қайд гириф- гардидааст. Ҳамчунин, 25 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ та шуда, ба онҳо ба маблағи 48 миллиону 768 ҳазор доштани растаниҳои нашъаовар ошкор гардида, дар сомонӣ нафақапулӣ дода шудааст. Давоми сол ба 15 натиҷа, 4 килову 456 грам мухаддирот мусодира нафар маъюб аробача ва 59 нафар иштирокчии ҶБВ, шуд. Дар 79 садамаи нақлиётии дар ҳудуди шаҳр ҷанги Афғонистон, садамаи Чернобил ва маъюбони рухдода 15 нафар ҳалок ва 113 нафар ҷароҳат баргурӯҳҳои якуму дуюм дар осоишгоҳҳо ба фароғат доштанд. фаро гирифта шуданд. Аз ҷониби ташкилоту идораҳо Қайд гардид, ки соли 2014 зиёда аз 17 километр ва шахсони саховатманд ба оилаҳои камбизоат, яти- роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта аз таъмири асосӣ му бепарасторон ва шахсони ниёзманд ба маблағи ва 76 километр роҳҳои ҷамоатҳои деҳот ва маркази 460 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонда шуд. шаҳр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Барои ин Зикр гардид, ки соли сипаришуда 1900 на- аз буҷаи маҳаллӣ 1361 сомонӣ ҷудо гардид. фар, аз ҷумла, 300 хоҷагии деҳқонӣ, 1351 замини - Соли 2015 сохтмони варзишгоҳ барои 25 ҳазор наздиҳавлигӣ, 59 хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва 190 ҷои нишаст, боғи фарҳангу фароғат дар майдони 3 нафар истифодабарандагони замин бо сертификати гектар, азнавсозии роҳи кӯчаи Сомониён, сохтмоҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардиданд. Дар ин ни мактабҳо барои 240 хонанда дар деҳаи Яфраки давра 169 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин деҳоти Ромит, барои 1176 хонанда дар деҳоти Гулиошкор ва нисбат ба 152 нафар оид ба бартараф кар- стон, барои 240 хонанда дар деҳаи Ҷарбошӣ, барои дани қонунвайронкунӣ ҳуҷҷатҳои лозимӣ таҳия ва 1240 хонанда дар маҳаллаи навбунёди Истиқлолият, бо маблағи 54 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид. сохтмони хобгоҳ барои омӯзгорон дар деҳаи Варва Ҳамчунин, ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода на- ва таъмири роҳҳои марказ ва деҳот дар масофаи 50 бурдани қитъаҳои замин 67 гектар заминҳои корами километр ба нақша гирифта шудааст, - гуфт Б. Азиобӣ бо қарорҳои раиси шаҳр ба ҳолати аввала бар- зов. гардонда шуданд. Айни замон сохтмони 30 бинои баландошёна, У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
Натиҷагирии фаъолияти солонаи ҷавонони Суғд Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он намояндагони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони мактабҳои варзишӣ, Қиёмиддин Миралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд иштирок намуданд. Нахуст Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар робита ба дастоварду фаъолияти бахшҳои шаҳру ноҳияҳо баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти раёсатро дар давоми соли 2014 ба самъи ҳозирин расонд. Номбурда, ҳамзамон, таъкид дошт, ки баробари дастовардҳо соли 2014 худкушиву ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомилшавӣ ва ба ҷиноят даст задани ноболиғону ҷавонон боиси ташвиш аст. Зариф Мирдадоев афзуд, ки Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят фаъолияташро ба
он равона сохтааст, ки ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию ватанпарварӣ ва эҳсосу ифтихори ватандорӣ тарбия ёбанд. Пас аз ҳисоботи сардори раёсат саволу ҷавоб ва таҳлилу баррасии соҳа сурат гирифт. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилоят аз З. Мирдадоев дар мавриди барномаҳои пешниҳодгардидаи соли 2014, аз қабили оммавӣ гардондани футбол ва дастоварду рушди ин намуди варзиш, мактаби сиёсатмадорони ҷавон ва натиҷаҳои бадастомада пурсон шуд. Ҳамчунин, Ҷумъабой Санги-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
нов ба мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят таъкид намуд, ки дар давоми соли 2014 ҷавонони вилоят ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бештар шомил гардидаанд, ки аз фаъолияти сусти эшон дарак медиҳад. Ташкилу баргузории чорабиниҳо, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим метавонад сафи ҷинояткориро аз байн барад. Барои рафти камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Суҳроб КАЁНӢ, «ҶТ»
5
ВОКУНИШ
Тарбияи кӯдак аз масъалаҳои асосӣ дар оила ба шумор рафта, аз волидон дониши амиқу заруриро тақозо мекунад. Хусусан, дар шароити кунунӣ, ки пешрафти техника бо суръат ҷараён дорад ва дар ҳар хона технологияи нав мавҷуданд, падару модаронро зарур аст, ки бештар донанд, то дар муқобили фарзандони худ оҷиз намонанд. Яке аз масъалаҳои ҳассос дар тарбияи атфол, ки равоншиносон бештар атрофаш гуфтаанд, дуздии кӯдакон аст. Иддае аз равоншиносон бар ин ақидаанд, ки он хислати муваққатӣ буда, бо бузургсолтар шудани кӯдак ислоҳ мешавад. Гурӯҳи дигар андеша доранд, ҳар гоҳ ки ин амал дар кӯдак мушоҳида шуд, бояд зуд пешгирӣ карда шавад. Бояд гуфт, дуздии кӯдакон бо сабабҳои гуногун ба амал меояд. Кӯдак ягон чизро аз ҷайби падару модар ва ё аз хона бе пурсиш мегираду андеша ва ҳатто дарк намекунад, ки ин кораш нодуруст аст. Маҳз дар чунин вазъият волидайн муносибати дурустро бояд истифода баранд ва эҳтиётро аз даст надиҳанд. Рафтори муносибу дурусти волидон метавонад боис гардад, ки кӯдак ин амалро дубора такрор накунад. Сабабҳои ба дуздӣ даст задани кӯдак Яке аз сабабҳои асосии рушд ёфтани дуздии кӯдак осебӣ равонӣ мебошад. Чунин навъи дуздиро кӯдак ба он хотир мекунад, ки диққати дигаронро ба худ ҷалб созад ва чизи дуздидааш ба ӯ ҳеҷ аҳамияте надорад. Равоншиносон таъкид мекунанд, ки сабаби даст задани кудак ба дуздӣ диққат надодани волидон ба кӯдак ва кам гардидан муҳаббати калонсолон ба ӯст. Кӯдак ба хотири ба даст овардани муҳаббат ва ҷалби диққати падару модар ва афроди дигари оила мекӯшад тамоми воситаҳои дастрасро истифода кунад, аз ҷумла, дуздиро. Вай дарк намекунад, ки чунин кирдорҳо баданд ва бо ин роҳ на муҳаббату диққати волидайн ва калонсолони гирду атрофро ба худ ҷалб месозад, балки баръакс онҳоро аз худ дуртар месозад. Сабаби дигаре, ки кӯдак аз падару модар
Дуздии кӯдак Мушкилот ва роҳҳои ҳалли он ва хешовандони худ пул ё чизи дигаре медуздад, ин аст, ки кӯдак мехоҳад бо ҳамсолонаш баробар шавад ва ё дар ҳалқаи онҳо азиз бошад. Ҳолатҳое мешавад, ки кӯдак наметавонад дар атрофи ҳамсолони худ мавқеъ пайдо кунад, аксари онҳо аз ӯ дурӣ меҷӯянд ва намехоҳанд бо вай дӯстӣ кунанд. Дар ин вақт маҷбур мешавад, аз ҷайби падару модар ва ё аз хона ҳар гуна қанду шириниҳоро бе иҷозат гирифта, ба рафиқонаш тақдим кунад. Бо ин роҳ дар атрофаш “дӯстони ҷонӣ” ҷамъ мекунад. Бадбахтӣ дар он аст, ки ин намуди дӯстӣ дер намепояд, чунки ин дӯстони ӯ бо хотири чизе дӯстӣ мекунанд. Дар ин ҳолат кӯдак бештар кӯшиш менамояд, ки дуздӣ кунад ва дӯстони худро аз даст надиҳад. Дар ин давраи нозук, ки кӯдак гирифтори маризие шудааст, калонсолон, махсусан падару модарон бояд чунон нозукона ва оқилона кӯдакро фаҳмонанд, ки чунин намуди дӯстӣ нодуруст аст ва дӯстони пайдонамудаи ӯ ба хотири пулу қанду қандалот бо вай ошноӣ мекунанд. Ба вай фаҳмонанд, ки бо дигар роҳ бояд ба худ дӯстон пайдо намояд, на ба ин роҳ. Сабаби дигаре, ки кӯдак ба дуздӣ даст мезанад, тарбияи нодуруст аз тарафи калонсон, хусусан, волидайн мебошад. Кӯдак рафторашро дар тақлид ба атрофиёнаш месозад. Ба ибораи дигар, ҳар чиро ки ӯ дар атрофиёнаш мебинад, ҳамон тавр амал мекунад. Чунки андеша дорад, ки рафтори дуруст ҳамоне аст, ки дигарон доранд. Агар падару модар, хешовандон ва дигар калонсолони дар гирди ӯ буда нафаҳмонанд, ки чизи шахси дигарро бе иҷозат гирифтан мумкин нест, ин амал хеле бад аст ва барои ин кор шахс дар оянда ба азобҳои гуногун гирифтор мешавад, чунин шахсон дар назари дигарон ҳамеша баданд, дар танҳои ӯ ин чизҳоро нахоҳад фаҳмид. Аз ҷониби дигар, кӯдак одатан танҳо чизҳои ба худ мақбулро беиҷозат мегирад ва инро наметавон мутлақо дуздӣ номид, ин як амалиёт ва машғулияти кӯдакии ӯст. Дар чу-
нин ҳолати дуздии кӯдак, бештар калонсолон гунаҳкор ҳисобида мешаванд. Барои он ки бузургон дар вақташ ба ӯ фаҳмонанд, ки ин амали номақбул аст, кори хато карда истодааст, вай такроран дуздӣ намекунад ва аз ин роҳи хато бармегардад. Маслиҳат ба падару модароне, ки фарзандони хурдсолашон ба дуздӣ даст мезананд Пеш аз ҳама, бояд вазъияти марбутаро дурусту аниқ ва возеҳу равшан муайян кард. Масалан, ҳолатҳои дуздӣ, синну соли кӯдак, ангеза ва сабабҳои даст задани ӯ ба дуздиро. Шумо набояд зуд ба тарафи кӯдак доду фиғон бардошта, вайро зери лату кӯб қарор диҳед, ҳолату вазъиятро аниқу равшан накарда, дар чунин ҳолат шумо баръакс кӯдакро аз худ дур месозед. Дар дасти ӯ чизи бегонаеро, ки бори аввал мебинед, зуд дуздиро зери назари худ наёред. Чун эҳтимол дорад, онро кӯдак надуздида, балки касе ба вай дода бошад. Яъне, аввал дақиқ кардан даркор, чунки саросемавор амал кардан метавонад як умр муҳри дуздиро ба номи кӯдак пахш кунад ва кӯдак ҳам аз ин сахт осеб бинад (аз нигоҳи равонӣ). Ҳолатҳое мешавад, ки кӯдакон бозичаҳои худро бо ҳамдигар иваз менамоянд. Агар дар ҳақиқат фиреб накарда бошад, бисёр зарур аст, ба ӯ фаҳмонд, ки чизи каси дигарро бе иҷозат гирифтан мумкин нест, ин кор нодуруст аст. Падару модарон пас аз содир кардани дуздии фарзандашон ба рафтори вай диққати махсус бидиҳанд, ҳатто онро дарк накарда бошанд ҳам. Дар ин ҳолат кӯдак шарм дошта, аз он ҳиҷолат мекашад ва дарк мекунад, ки кори хато кардааст, баъди чанде ин амалашро такрор нахоҳад кард. Агар кӯдак тарзе рафтор намояд, ки ҳеҷ гап нашудааст, чизе рӯй надода аст, он бояд ба падару модар огоҳӣ (сигнал) бошад, чунки ӯ амалан кори худро такрор мекунад. Дар ин вақт хуб мешавад,
ҚАДРДОНӢ
ки волидайн ба равоншинос вобаста ба мушкилоти мазкур муроҷиат намоянд. Равоншинос проблемаро ҳаматарафа омӯхта, роҳи ҳаллашро нишон медиҳад, то ки ин амали кӯдак дубора такрор наёбаду ба он одат накунад. Зимнан, чунин мушкилотро калонсолон дида, набояд доду фиғон бардоранд ва қуввати ҷисмониро истифода кунанд, чунки чунин рафтор метавонад танҳо мушкилотро аз ин ҳам бадтар кунад. Барои ҳамин, равоншиносон бештари вақт дар чунин ҳолатҳо бо кӯдак бо нармӣ ва дар танҳоӣ суҳбат анҷом доданро маслиҳат медиҳанд. Ба кӯдак ҳикояҳои ҷолиб ва дардовареро дар бораи зиндагии дуздоне, ки дар зиндагӣ аз пушти чунин кор ба азобҳои сахт гирифтор шудаанду бо роҳҳои гуногун ба ҳалокат расидаанд, нақл кардан муфид аст. Муҳимтар аз ҳама, падару модар коре кунанд, ки фарзандони онҳо дар ҳама гуна вазъияти боэътимод бовар кунанд ва бе тарсу ҳарос дар ҳама гуна рӯзҳои мушкил муроҷиат намоянд. Чӣ тавр метавон дуздии кӯдакро пешгирӣ кард? Аз давраи кӯдакӣ бояд ба кӯдак арзиши ҳар чизро фаҳмонд ва ба вай талқин бояд кард, ки ашё ба худӣ ва бегона ҷудо мешавад ва набояд бо роҳҳои ғайр чизи бегонаро аз худ намуд, чун ин қатъин мумкин нест. Ҳар кӯдак бояд чизҳои шахсӣ дошта бошад ва ӯ бо салоҳияташ онҳоро ихтиёр дошта, истифода намояд. Мо бояд то ҳадди имкон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки вақти холии кӯдакро ба корҳою машғулиятҳои ҷолиб ҷалб созем, то ки ӯ худро хушбахт ҳисобида, танҳоиро эҳсос нанамояд. Дар ин ҳолат, дар майнаи сари ӯ ҳар гуна фикрҳои бад ҷой намеёбад ва ҳатто ба он ҳам вақт намерасад. Кӯдакони хурди синни мактабиро бошад, идоракунии пул, тақсимоти онро ба андозаи муайяни хароҷоти ҷайби худ омӯхтан лозим. Ҳангоме ки кӯдак бузургтар мешавад, барои пайдо намудани пул ба ӯ ҳар гуна корҳои хона, мисли рӯбу чин, шӯстани дегу табақ, партофтани партов ва амсоли инҳоро истифода кунед, дар он вақт ӯ дарк мекунад, ки пул бе ягон сабаб дода намешавад ва барои онро ба даст овардан бояд заҳмат кашид ё кореро анҷом дод. Баъд ӯ ба қадри молу чиз хоҳад расид... Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
НАВГОНӢ
Номи Юсуф Акобиров абадан мемонад Маҷаллаи нав дар фазои иттилоотии кишвар Ҳафтаи гузашта дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 бо иштироки Руқия Қурбонова, муовини раиси шаҳри Душанбе, Ҳамидуллохон Фақиров, сардори Раёсати маориф ва илми шаҳри Душанбе ва шоирону нависандагон ба хотири номгузории мактаби номбурда ба номи нависандаи маъруф Юсуф Акобиров чорабинӣ баргузор гардид. Дар ифтитоҳ Руқия Қурбонова иттилоъ дод, ки дар иҷлосияи 22-юми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 25 ноябри соли 2014 МТМУ №71-и ноҳияи Шоҳмансур ба номи нависандаи шинохта Юсуф Акобиров гузошта шуд. “Ин шараф ба ҳар кас муяссар намегардад. На ҳама имкон доранд, ки ягон муассиса, шаҳру ноҳия ва мавзеҳои таърихиро ба номаш гузоранд. Юсуф Акобиров бо кӯшишу заҳматҳои зиёд романи “Норак”-ро навишт. Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак солҳои 1961-1979 сохтмони аср буд. Он нерӯи барқе, ки имрӯз мо аз он истифода мекунем”, - афзуд Р. Қурбонова. Мансур Сайфиддинов, мушовири калони Президенти ҷумҳурӣ иброз дошт, ки ба номи Нависандаи халқии Тоҷикистон,
6
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Юсуф Акобиров номгузорӣ шудани МТМУ №71 дар ҳаёти адабию фарҳангии пойтахти кишварамон рӯйдоди хотирмон мебошад. Ю. Акобиров яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёти тоҷики нимаи дуюми қарни гузашта буд. Адабиётшиносон бар он ақидаанд, ки Ю. Акобиров бо нахустин асарҳояш - повести “Вақте ки осиёб боз монд”, “Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекунам”, “Осмони соф” баробари дигар устодони насри муосири тоҷик Пулод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев ба адабиёти даврони худ як таҳаввулот ворид намудаанд. Дар тӯли фаъолияти адабии беш аз нимасра Ю. Акобиров як қатор романҳои ҷолиб, аз қабили “Замини падарон”, “Водии муҳаббат”, “Норак”, “Дунё ба
умед”-ро офаридаанд, ки ба забони русӣ ва дигар забонҳо тарҷума шуда, шуҳрати адабиёти моро дар ҷаҳон афзун кардаанд. Нозигул Акобирова, духтари Ю. Акобиров аз ин иқдоми накӯ шод гашта, чунин изҳор дошт: “Ман ва аҳлу оилаам миннатдори худро ба раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев, раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ, ба комиссияи номгузорӣ ва дигар шахсоне, ки барои номгузорӣ шудани ин мактаб ба номи падарам заҳмат кашиданд, мерасонам. Акнун номашон ҳамеша ва абадӣ зинда мемонад, чунки ҳазорон хонанда ин мактабро хатм менамоянд ва дар номаи камолашон номи падари ман Ю. Акобиров навишта мешавад”. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Дар фазои иттилооти кишвар боз як маҷаллаи нав - «Марворид» пайдо шуд. Муассиси маҷаллаи нав Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй маҳсуб ёфта, бештар матолиберо ба табъ мерасонад, ки муҳтавояш ба табобати дандон ва ҷарроҳии чеҳраи инсон бахшида шудааст. Дар шумораи нахустини маҷаллаи «Марворид» табрикоти вазири тандурустӣ Нусратулло Салимзода ва дигар матолиби хонданбоб ба табъ расидааст. Тавре муҳаррири масъули маҷалла дар нахустшумораи «Марворид» нигоштааст: «Нигоҳубин ва солим нигоҳ доштани дандонҳо дониши махсус ва бохабар будан аз нозукиҳои илми дандоншиносиро тақозо мекунад». Дар ин маврид «Марворид» кӯмакрасони пиру барност.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ИҚТИСОД
Пасандозҳои «Амонатбонк» ба 1,8 млрд. сомонӣ расид Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», 13 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бонки мазкур ба зиёда аз 6 ҳазор муассисаи соҳаи буҷавӣ, 11 ҳазор корхонаи ғайрибуҷавӣ, 622 ҳазор нафар нафақагири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 748 ҳазор нафар амонатгузор тавассути 512 маркази хизматрасонӣ, 221 нуқтаи интиқоли маблағ, 54 нуқтаи мубодилаи асъор, 75 филиал бо 2748 нафар корманд хизмат мерасонад. То 1 январи соли равон дороиҳои «Амонатбонк» 1,8 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба январи соли 2014 37% зиёд аст. - Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардузӣ, қолинбофӣ, ресандагӣ ва ғайра ба 234 нафар зани хонанишин қарзҳои имтиёзнок пешниҳод кардем, гуфт Ҷамшед Нурмуҳаммадзода. – Ҳамчунин, бахшида ба 23-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва 20-солагии Сарқонуни ҷумҳурӣ ба муштариён қарзҳои хурд бо фоизҳои нисбатан арзон пешниҳод кардем. «Амонатбонк» бо 3885 корхонаву ташкилоти буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ тавассути корхонаи пардохти бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мандааст, ки нисбат ба соли гузашта 11 маротиба зиёд аст. Теъдоди мизоҷоне, ки хизматрасонии онҳо тавассути кортҳои пардохти бонкӣ ба роҳ монда шудааст, ба зиёда аз 623 ҳазор нафар расидааст. Аз ҷониби бонк соли сипаришуда 81 банкомат ва 220 посттерминал
(банкомати мобилӣ)-и нав барои хизматрасонии мизоҷон пешкаш гардид. Посттерминал метавонад дар набудани барқ ҳам то 48 соат хизмат расонад. Дар маҷмӯъ, имкониятҳои бонк васеъ буда, хизматрасонии босифати он ҳамеша дастрас аст. Соли гузашта «Амонатбонк» бо маблағи 30 миллион сомонӣ «Қарзҳои мушкилситон»-ро баргардонд. Соли 2014 ба 34679 нафар мизоҷ ба маблағи умумии 861,7 миллион сомонӣ қарз пешниҳод шуд. Аз қарзҳои ҷудошуда 31,6% ба соҳаи кишоварзӣ, 21,5% ба саноат, 13,9% ба сохтмон рост меояд. Агар шаҳрвандон барои харидани таҷҳизоти барқи офтобӣ ё шамолӣ ҳам муроҷиат кунанд, бонк маблағи қарзӣ пешниҳод хоҳад кард. Зеро энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Боиси хушнудист, ки «Амонатбонк» соли 2014 дар озмуни ташкилкардаи маҷаллаи «The Banker»-и Британияи Кабир сазовори ҷоизаи «Бонки сол» гардид.
ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ
Соли мулоқотҳои самарабахш Имрӯз иқтисоди мамлакатро бе сармоягузории хориҷӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки алҳол палата қариб 700 аъзо дорад. Сомонаи палата яке аз беҳтарин сомонаҳои соҳавӣ ба шумор рафта, дар он тайи як сол 282 навид, мусоҳиба, иттилоъ, 144 эълон ва 107 пешниҳоди тиҷоратӣ барои соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷой дода шуд. Бо ташаббуси палата соли сипаришуда 31 намоишгоҳ-ярмаркаи миллию байналмилалӣ, 26 бизнес-форум ва вохӯриҳои доираҳои соҳибкорӣ бо иштироки ВАО баргузор гардид. Моҳи сентябри соли 2014 дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ муарифии лоиҳаи «Сохтмони бинои 24-ошиёнаи Комплекси намоишгоҳии байналмилалии СҲШ дар шаҳри Душанбе» баргузор шуд. - Имрӯз ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ дар самтҳои афзалиятнок фаъолият доранд, - гуфт Шариф Саид. - Барои доираҳои соҳибкорӣ чораҳо баҳри беҳтарсозии гардиши дуҷонибаи мол аз ҳисоби дар он бештар сохтани маҳсулоти технологияи нав, мошинсозӣ, электроника, махсусан, ҳавасмандкунии сармоягузорӣ ва интиқоли технологияи нав заруранд. Сармоягузорони хориҷӣ, асосан, ба азхудкунии муштараки иқтидори энергетикии Тоҷикистон, соҳаҳои коркарди маъдани кӯҳӣ, саноати химия, нассоҷӣ, саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, беҳтарсозии ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, обёрикунии заминҳо, кишоварзӣ, савдо, дорусозӣ ва туризм таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Соли 2014 дар палата 366 мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии мамолики гуногун баргузор шуд. Моҳи марти соли гузашта бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ намоишгоҳярмаркаи байналмилалии «Туҳфаҳо ва туризм» бо иштироки 40 ширкат аз Фаронсаву Олмон, Туркияву Чин ва Эрону Афғонистону Тоҷикистон, Намоишгоҳи «Тоҷэкспо Баҳор-2014», Намоишгоҳи байналмиллалии саноати сабук «Интер Лег Пром-2014», намоишгоҳи «Тандурустӣ-2014», ярмаркаи «Зан, ҳунар, соҳибкорон» ва ғайра баргузор гардид. Аз баракати баргузории ин намоишгоҳҳо созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба имзо расид. С. САЙФИДДИН, «ҶТ»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ҶОМЕА ВА ҶАВОНОН Имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҷавонон яке аз қувваҳои асосии барпокунанда ва пешқадами ҳаёти ҷамъиятӣ эътироф шуда, таъмини мустаҳкамии иқтидори сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва мадании мамлакатро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан нашояд. Ҷавонон аз нерӯҳои пурқуввати ташаккулёбии ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Айни ҳол зиёда аз 30 фоизи аҳолии тамоми ҷаҳонро ҷавонон ташкил дода, шуморашон бо суръат афзоиш дорад.
гирифтааст, давоми мантиқии инкишофу такмили ҳамон ҳувияти миллиест, ки собиқаи зиёда аз панҷҳазорсола дорад. Таҷрибаи сулҳофарии мо собит сохт, ки ғояҳои ваҳдату башардӯстӣ ва фарҳангсозиву ватанпарастӣ муҳимтарин унсури ҳувияти миллии тоҷикон аст. Натиҷаи ҳидояти ҳамин ҳувияти миллӣ ва хиради азалӣ буд, ки пеши роҳи бародаркушиву худсӯзии миллатамон сари вақт гирифта шавад. Ин таҷриба ҷавонони моро водор месозад, ки ҳувияти миллии худро на танҳо ҳифз намоянд, балки такмил ва инкишоф диҳанд. Барои он ки Истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хос ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда
вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо мустаҳкам кардани ҳувияти миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, эҷодкор, номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошанд. Мафкураи ҷавонони имрӯзаи солимфикрро на ақидаҳои иртиҷоӣ, балки арзишҳои созандаи ҷомеаи анъанавии фарҳанги исломӣ, аз қабили одоби муоширату рафтор нисбат ба волидайн ва эҳтироми зан ва оиладорӣ, майл ба сӯи донишандӯзӣ ва раҳоӣ аз ҷаҳолати динию дунявӣ чун рукни асосии маданиятдорӣ фаро
Ҳувияти миллӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ
Ҷавононро зарур аст, ки худро ба талаботи иҷтимоӣмаданӣ мувофиқ кунанд Дар кишварамон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонон ба 58,4 фоиз расида, мувофиқи дурнамои давлатӣ то соли 2015 ин шумора ба 2676,4 ҳазор нафар баробар ва сеяки аҳолии кишварро ташкил хоҳад дод. Вақте сухан дар мавриди мафҳуми ҷавонон меравад, бояд ёдовар шуд, ки дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеа саҳми ҷавонон дар ташаккулёбии ҳувияти миллӣ беандоза баланд буда, онҳо чун унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии ҳувияти миллӣ баромад мекунанд. Масъалаи таъсири ҷавонон ба ташаккулёбии ҳувияти миллӣ аз масъалаҳои хеле қадимаи илмҳои ҷомеашиносӣ ба ҳисоб рафта, он таърихан дар раванди инкишофи миллат ташаккул ва такомул ёфта, дар фарҳанг ва маънавиёташ зуҳур мекунад, зеро ҷавонони имрӯза асоси ҷомеаи оянда мебошанд. Ҳувияти миллӣ сарчашмаи маънавӣ, муайянкунандаи арзишҳои зеҳниву ахлоқӣ ва ҷавҳари фарҳанги миллӣ буда дар миёнаҳои асри XX он яке аз ифодакунандаи асосии ҷанбаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии миллат ба ҳисоб мерафт. Тавассути эҳёи ҳувияти миллӣ, арзишҳо, маданият, асотир ва муайянкунии он бо арзишҳои умумиинсонӣ, миллати тоҷик мекӯшад бо ҷаҳони муосир мувофиқа карда, дар навбати худ мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян намояд. Барои амалӣ гардидани ин равандҳо ҷавонони имрӯзаи кишварро зарур аст, ки ба талаботи иҷтимоӣ-маданӣ худро мувофиқ ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ кунанд. Дар акси ҳол метавонад қобилияти зисти худро нест карда, ташаккули худро дар ҳастии ҷамъиятӣ аз даст диҳанд. Раванди сиёсиву фарҳангие, ки имрӯз ҷомеаи тоҷикистонӣ пеш
ҷой гирад, бояд ҷавонон гузаштаи худро хуб дарк карда, бо нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оваранд. Зеро давлат ва ҷамъият ҳамеша дар инкишоф буда, дар ҳар марҳилаи таърихӣ ба онҳо хатар ва омилу зуҳуроти номатлуб таҳдид мекунад. Даврони ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии осудаи мардуми тоҷик оғоз ёфтааст ва рӯзҳои беҳтару хуштар ва саодату некбахтиҳо дар пеш қарор дорад. Муҳимаш ин ки мо барои зиндагии осудаю хушҳолонаи оянда заминаи устувор, азму иродаи созандагӣ, ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиш ба вуҷуд оварда тавонистем. Имрӯз замонест, ки тақдиру ояндаи миллат ба ҷавонон вобаста буда,
гирад. Мувофиқи пурсишномаи ҷомеашиносӣ донишҷӯён (89 фоиз) нисбат ба нафақахӯрон (84 фоиз) бештар меъёрҳои асосии исломро иҷро мекунанд. Хулоса, метавон гуфт, ки бо назардошти чунин омилҳо мо имрӯз бояд ба се масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем: якум, таъмини амнияти милливу давлатӣ, дуюм, суботи сиёсӣ ва сеюм, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ. Дар ин маврид комёбиро муваффақ хоҳем шуд. Фирдавс ҲАИТОВ, мудири кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, номзади илмҳои фалсафа, дотсент
7
НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТ Дар ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 январи соли равон бо ҳузури роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои системаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” баргузор гардид, масоили зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: 1. Гузориш оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014; а) гузориш аз натиҷаи омӯзиш ва таҳлили фаъолият дар Муассисаи давлатии “Маркази таъминоти варзишӣ”; б) гузориш аз натиҷаи омӯзиш ва таҳлили вазъи коргузории сохторҳои маҳаллӣ ва дастурдиҳии кормандони онҳо оид ба беҳдошти ҳуҷҷатнигорӣ ва КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон” дар соли 2014; в) гузориш аз натиҷаи омӯзиш ва таҳлили фаъолият дар муассисаҳои давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук”, “Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои варзиши зимистона”, “Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба теннис”, “Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ”, “Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба таэквандо ИТФ”, “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин”дар соли 2014; г) гузориши директори КВД “Маркази ҷавонони ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор” оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2014; 2. Баррасии ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳо вобаста ба татбиқи қарори Ҳайати мушовараи кумита аз 16.10.2014, №4.3; 3. Оид ба тасдиқи Нақшаи кори Дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2015; 4. Оид ба тасдиқи Нақшаи маблағгузории чорабиниҳои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар соли 2015; 5. Оид ба тасдиқи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2015; 6. Дар бораи тасдиқи Нақшаи маблағгузории чорабиниҳои Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 барои соли 2015;
8
сатҳи татбиқи нақшаи маблағгузорӣ дар ҳадди 32-36% иҷро нагардидааст. Дар навоҳии тобеи марказ соли 2014 75% маблағи пешбинигардида ҷудо нашудааст ва ин таносубнокӣ нисбат ба соли 2013 4% паст мебошад. Он бештар ба шаҳру ноҳияҳои Файзобод-92%, Турсунзода-86%, Ҳисор-82% ва Ҷиргатол-79% рост меояд. Дар ноҳияи Тавилдара барои татбиқи барнома, умуман, маблағ ҷудо нашудааст. Новобаста ба ин, маблағгузории барнома дар байни ноҳияҳои тобеи марказ дар таносубнокӣ ба маблағи умумии дар соли 2014 ҷудогашта бештар ба шаҳри Ваҳдат (15%), Рӯдакӣ (11%) ва Ҷиргатол (11%) рост меояд. Соли сипаригардида баҳри фаъолнокии ҷавонон ва иштироку саҳмгузории онҳо дар беҳдошти ҳаёти худ ва ҷомеа тадбирҳои гуногун татбиқ гардиданд. Бо ин мақсад барномаҳои нав амалӣ шуданд, ки онҳоро ҷавонон хуш пазируфтанд ва дар пиёдасози-
Иҷрои вазифаҳо
Ё чаро мақомоти маҳаллӣ дар татбиқи барномаи
7. Масъалаҳои ҷорӣ. Роҷеъ ба масъалаи якум Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гуфт, ки соли 2014 ҷиҳати такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ва равона сохтани онҳо ба танзими муносибатҳо дар беҳдошти вазъи коргузорӣ, хизматрасонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо гурӯҳҳо созмон дода шуда, қонунҳо, барномаҳо, низомномаҳо ва дигар санадҳо таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида ба тасвиб расиданд. Алҳол дар кишвар ҷабҳаҳои амалии сиёсати давлатии ҷавононро Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20132015 ташкил медиҳад. Дар соли 2014 барои маблағгузории барнома дар сатҳи ҷумҳурӣ (вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо) 4756613 сомонӣ пешбинӣ гардида, 3695564 сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли пешин 30,6% зиёд
мебошад. Маблағгузории барномаи мазкур соли 2014 дар сатҳи кумита 2164100 сомонӣ пешбинӣ гардида, 95,2% аз худ карда шуд, ки нисбат ба соли 2013 28,3% зиёд мебошад. Ҳамчунин, сатҳи фарогирӣ нисбатан зиёд гардид, ки он аз рӯи нишондиҳандаҳо ба ҳар нафар маблағгузорӣ ба 10 сомонӣ рост омадааст. Ҳамин тариқ, дар доираи маблағи ҷудогашта, барнома дар соли 2014 тавонист, ки 24,5% (828 ҳазор нафар) ҷавононро фаро гирад ва ин таносубнокӣ нисбат ба соли 2013 афзоиш ёфтааст. Аммо боиси зикр аст, ки дар татбиқи барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кам ба назар мерасад, аз ин рӯ, сатҳи иҷрои вазифаҳои барномавӣ дар маҳалҳо номукаммал мемонанд. Барои татбиқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои
2013-2015 дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2014 2467113 сомонӣ пешбинӣ гардида, ҳамагӣ 45% (1% камтар нисбат ба соли 2013) ҷудо шудааст. Аз маблағгузорӣ нагардидани барномаҳои маҳалӣ Аҳтам Абдуллозода изҳори нигаронӣ карда, аз мудирони бахшҳо тақозо кард, ки ҳамкориро бо раисони шаҳру ноҳияҳо хуб ба роҳ монда, ҷиҳати ҷудо намудани маблағ ба онҳо мактуби расмӣ исрол намоянд. Тавре сарвари ҷавонони мамлакат қайд кард, барнома дар ВМКБ, умуман, маблағгузорӣ нагардидааст ва дар шаҳри Душанбе соли 2014 82% маблағи пешбинигардида ҷудо ва аз худ карда шудаасту халос. Дар вилоятҳои Суғду Хатлон вазъият нисбатан муътадил буда, барнома дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳо маблағгузорӣ мегардад. Аз маблағи барои татбиқи барнома соли 2014 пешбинишуда дар ин вилоятҳо 6468% ҷудо карда шудааст, яъне,
ашон фаъолона иштирок намуданд. Дар ин замина, Амалиёти “Биёед, китоб мехонем!”, Амалиёти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъоварии коғазпораҳои кӯҳна, таҳти шиори “Дарахтонро ҳифз намоем”, Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100 рӯзи ободонӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем”, инчунин, Амалиёти 100 рӯзи ниҳолшинонӣ, ки айни замон идома дорад, метавон ёдовар шуд. Дар робита ба ин масъала, ба масъулини Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии кумита, сохторҳои маҳаллӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ супориш дода шуд, ки баҳри ташаккул, таҳким ва талқини идеяҳои нав дар байни ҷавонон, ба монанди рушди имконоти зеҳнию эҷодкорӣ ва ихтирооти ҷавонон, ҷалб ва бедор намудани завқи ҷавонон ба китобхонию китобдорӣ, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар тозаю обод ва хурраму сарсабз гардонидани муҳити зист тадбирҳои зарурӣ андешида, вобаста ба масъалаи ниҳолшинонӣ аз худ ташаббус ва фаъолнокӣ нишон диҳанд. Доир ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш Аҳтам Абдуллозода изҳор намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корти тенниси замонавӣ дар шаҳри Душанбе ва толори калони майдони олимпии Маркази солимгардонии «Шоҳин» дар шаҳри Қайроққум кушода шуд. Инчунин, дар шаҳри Ҳисор барои бунёди як қатор иншооти замонавӣ, аз ҷумла, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд, ки он дар масоҳати сеюним гектар ва қариб 50 миллион
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТ сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Дар шаҳри Ваҳдат барои бунёди варзишгоҳи замонавӣ бо 25 ҳазор ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд. Дар ноҳияи Шаҳринав толори наву муосири варзишӣ, ки масоҳати умумиаш 1200 метри мураббаъ мебошад, ифтитоҳ гардид. Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ соли 2014 108 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла, 85 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 23 чемпионати мамлакат доир гардид, ки дар онҳо зиёда аз 9719 варзишгар (1341 занон) иштирок намуданд. Боиси зикр аст, ки сатҳи иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ сол ба сол афзоиш ёфта, ин таносубнокӣ нисбат ба соли 2013 45% (ё 4378 нафар) зиёд мебошад. Зикр гардид, ки новобаста аз тадбирҳои андешида мушкилоти соҳаи варзиш, аз ҷумла, танзими фаъолияти мактабҳо ҷиҳати таълими пурсамар ва омода намудани варзишгарон таваҷҷуҳи хоса талаб
Вобаста ба масъалаи якум, банди “а” Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, муовинони раиси кумита Қиёмиддин Миралиев (банди “б”), Дилшод Назаров (банди “в”) гузориш дода, аз
Оид ба масъалаи якум, банди “г” раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба директори КВД “Маркази ҷавонони ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор” дастур дод, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҷавонон корҳоро боз ҳам
ҳайати мушовараи кумита аз 16 октябри соли 2014, таҳти №4.3 иҷро гардида, боқимонда дар ҳоли иҷро қарор доранд. Таъкид гардид, ки бахше аз бандҳои қарор хислати ахборӣ дошта, бандҳои алоҳидаи он низ аз ҷониби баъзе ташкилотҳои
ин рӯ, ба масъулин супориш дода шуд, ки дар иҷрои он ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Ҳангоми баррасии масъалаҳои 3 - оид ба тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2015, 4 - оид ба тасдиқи Нақшаи маблағгузории чорабиниҳои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 барои соли 2015, 5 - оид ба тасдиқи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2015, 6 - дар бораи тасдиқи Нақшаи маблағгузории чорабиниҳои Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 барои соли 2015 гуфта шуд, ки онҳо пас аз такмил тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода ша-
номукаммал мемонад рушди иҷтимоии ҷавонон таваҷҷуҳ надоранд?
менамояд. То ба имрӯз санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба танзим дароварда нашудаанд, ки дар навбати худ мушкилиҳои зиёдеро ба бор овардаанд. Низомномаи ҷории мактабҳои варзишӣ истифодаи самараноки буҷети давлатиро таъмин наменамояд, чун дар як мактаб мураббӣ маоши зиёд гирифта, дар дигар мактаб ҳамон мураббӣ (бо ҳамон квалификатсия) моҳонаи кам мегирад, яъне, нобаробарӣ ва носаҳеҳӣ дар ин самт хеле зиёд мебошад. Соҳаи туризм яке аз соҳаҳои афзалиятнок арзёбӣ гардида, қайд шуд, ки соли 2014 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баҳри беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин самт корҳои муайян ба сомон расонд. Аз ҷумла, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 9 март ҳайати намояндагони соҳаи туризм дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии “ITB Берлин” иштирок намуданд. Баҳри татбиқи босифати Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014 чораҳои зарурӣ андешида шуда, 18 июни ҳамон сол муҳокимаи парлумонӣ оид ба натиҷаҳои амалишавии қисмати маблағгузории он баргузор гардид. Инчунин, лоиҳаи Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 омода ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Умуман, соли 2014 барои туризм соли бобарор арзёбӣ шуд. Чунки дар давоми сол баҳри татбиқи босифати сиёсати давлатӣ 110 чорабинӣ баргузор гардид, ки нисбат ба соли 2013 89 чорабинӣ зиёд мебошад.
натиҷаи омӯзиш ва таҳлили вазъи коргузории сохторҳои маҳаллӣ ва дастурдиҳии кормандони онҳо оид ба беҳдошти ҳуҷҷатнигорӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта таклифҳои судманд ироа намуданд.
ҷоннок карда, байни наврасону ҷавонон чорабиниҳои таблиғотиро зиёд ба роҳ монанд. Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси кумита изҳор дошт, ки қисмати асосии бандҳои қарори
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
система ва бахшҳои маҳаллӣ иҷро нагардидаанд. Вобаста ба ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳо ва татбиқи қарори ҳайати мушовара Аҳтам Абдуллозода изҳор намуд, ки ҳар як банди он дар алоҳидагӣ бояд иҷро гардад. Аз
ванд. Зимни баррасии масъалаи 7 Аҳтам Абдуллозода ба тамоми сардорони раёсат ва мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супориш дод, ки маблағҳои буҷетиро сарфакорона истифода намуда, бинову утоқҳои кории худро ба таври ҳашар тармиму таъмир намоянд. Инчунин, маоши кормандонро сари вақт пардохт намуда, масъалаи ниҳолшинонию кабдизоркуниро хуб ба роҳ монанд. Аз роҳбарони мактабҳои варзишӣ тақозо карда шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт ва дар муҳлати муайян ислоҳ намоянд. Дар анҷом Аҳтам Абдуллозода, ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳо ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба як қатор муассисаҳои тобеи кумита, аз ҷумла, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, МҶМОВ оид ба варзиши сабук, оид ба намудҳои гӯштин, оид ба футбол, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, Маркази иттилоот ва тамоюли ҷавонон, Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Турсунзода, Қайроққум, Роғун, Муъминобод, Темурмалик, Балҷувон, Қубодиён, Панҷ, Вахш, Хуросон, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Фирдавсӣ, Шаҳринав, Рашт, Бобоҷон Ғафуров “Сипоснома”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро тақдим намуда, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар ҳамбастагӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав кӯшиш ба харҷ диҳанд. С. АСОЕВ, Н. ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
9
НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ - Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Фаъолияти Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2014 чӣ гуна буд? - Ноҳияи Тоҷикобод зиёда аз 40 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, ки 31 дарсадашро наврасон ва ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд. Мувофиқи омор аз 12963 нафар ҷавон 4729 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, 1214 нафар дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд. 514 нафар дар давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таълим гирифта, 1653 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Ҳамчунин, 1620 нафар ҷавони ноҳия ба варзиш, шуғлҳои соҳибкорию кишоварзӣ фаро гирифта шудаанд. Теъдоди ҷавонони бешуғл 2836 нафарро ташкил медиҳад. Бо дастгирии пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (МИМҲД) Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани насли ҷавон, тарбия ва омода намудани онҳо барои рушду такомулёбӣ дар муқобилият бо ҳодисаҳои номатлуб доимо чораҳои зарурӣ меандешад. Соли сипаришуда бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва МИМҲД-и ноҳия бо мақсали баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқию маърифатнокии ҷавонон,
- Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ (соли 2010) барои рушди варзиш дар кишвар такони ҷиддй шуд. Шумораи зиёди иншооти варзишӣ дар мамлакат ба истифода дода шуда, ҳазорон нафар ба варзиш ҷалб гардиданд. Соли гузашта дар доираи Барномаи Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2011-2015 дар ноҳия як қатор чорабиниҳои варзишию оммавӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, моҳи феврал дар толори
варзиши МТМУ №13 мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол дар байни ҷавонон гузаронида шуд. Баргузории ин мусобиқаи шавқовар боиси дарёфти чеҳраҳои нав миёни варзишгарони наврас гардид. Ҳамчунин, аз моҳи феврали соли гузашта дар байни муассисаҳои таълимӣ мусобиқаҳои варзишӣ
минтақаи Рашт аз 4 октябр то 5 ноябр идома ёфт, дастаи мунтахаби ноҳияи Тоҷикобод фаъолона ширкат намуда, бо гирифтани 21 хол сазовори ҷои дуюм гардид. Ин гуна чорабиниҳо дар давоми сол хеле зиёд буданд. Ҳадаф аз баргузории онҳо тарғиби ҳаёти солим, чусту чолокӣ миёни ҷавонон
муфид гузаронида шуданд. Тибқи қарори раиси ноҳия аз 5 майи соли 2014, №118 баҳри бедор намудани ҳисси шавқмандӣ ва тарғиби эҷодкорӣ дар байни ҷавонон маҳфилҳои адибони ҷавон - «Барги сабз» ва намоиши дастони моҳири ҷавонони ҳунарманд дар маркази ноҳия доир шуд, ки дар он
ҷалби онҳо ба корҳои созандаву бунёдкорона, шуғлҳои муфид, касбу ҳунаромӯзӣ, тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон дар соли сипаришуда чорабиниҳои тарғиботию оммавӣ ва фарҳангию варзишӣ гузаронида шуданд. Чунончи, моҳи январи соли сипаришуда бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Лаби об, Шогадоев, Нушор ва Лангари Шоҳ доир ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷалби онҳо ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мулоқоти ҷавонон бо собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор шуд. Ин гуна вохӯриҳо рӯзи 22 феврал бо иштироки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ моҳи май дар арафаи ҷашни Ғалаба низ доир гардиданд. - Вазъи соҳаи варзиш дар ноҳия чӣ гуна аст?
оид ба шоҳмот, тенниси рӯи миз, гӯштини миллӣ ва самбо доир шуданд, ки дар онҳо 550 нафар ҷавон ширкат намуданд. Соли сипаришуда варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ бомуваффақият қувваозмоӣ намуда, соҳиби 4 медал, аз ҷумла, 1 медали нуқра ва се медалӣ биринҷӣ гардиданд. Паҳлавонони ноҳия Парвиз Ҷобиров, Муҳаммадшокир Зокиров, Самандари Муҳаммадӣ, Раҳматшоҳ Амонов, Файзалӣ Орифов дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, бо медалу мукофот шарафёб шуданд. Бо мақсади тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ 8 майи соли 2014 мусобиқаи Дави миллӣ ба масофаи 5 км. дар байни ҷавонон ва дар масофаи 1 км. миёни калонсолон баргузор шуд.
мебошад. Вақте ҷавонон ба варзиш майл намуданд, аз бекорию ҷинояткорӣ ва ҳамроҳ шудан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ эмин мемонанд. - Баҳри баланд бардоштани маърифати ҷавонон чӣ корҳо анҷом дода мешавад? - Дар ҳамкорӣ бо МИМҲД, шуъбаи маориф, бахши занон ва оилаи ноҳия моҳи апрели соли гузашта дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия доир ба татбиқи Қонуни ҶТ «Доир ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои марбут ба ҷавонону наврасон мулоқотҳо доир намудем. Дар ин вохӯриҳо 800 нафар ҷавон, аз ҷумла, 337 нафар духтарон иштирок карданд. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ
ҷавонони боистеъдод эҷодиёти худро пешкаш намуданд. Мувофиқи нақшаи муштарак дар семоҳаи охири соли равон дар самти коҳиш додани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои моҷароҷӯ, баргардондани ҷавонону наврасоне, ки ғайриқонунӣ дар кишварҳои исломӣ таълим мегирифтанд, дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар масҷидҳои ҷомеаи ноҳия бо ҷавонону волидони онҳо мулоқотҳо доир гардид. Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр) дар муассисаҳои таълимии ноҳия маҳфили адабии «Рӯдакихонӣ» доир шуд, ки дар он беш аз 200 нафар наврасу ҷавон саҳм гирифтанд. Моҳи декабр дар байни ҷавонони ҷамоатҳои Калъаи Лаби об ва Нушор чорабинии тарғиботӣ баргузор шуд. Ҳамчунин,
10
Дар доираи “Ҳафтаи ҷавонон” аз 20 то 23 май дар варзишгоҳи наву замонавии ноҳия миёни ҷавонон мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол доир гардид. Бо мақсади тарғиби ҳаёти солим ва варзиш миёни наврасону ҷавонон бо дастури Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар давоми таътили тобистона мусобиқаҳои варзишӣ зери унвони «Варзиш гарави саломатӣ ва кафолати ҳаёти солим» баргузор шуд. Дар мусобиқаҳои футбол байни дастаҳои мунтахаби минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун, ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи ФФТ ва ФФ
байни ноболиғону ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод гурӯҳи тарғиботию назоратӣ таъсис дода, давоми сол дар муассисаҳои миёнаи умумӣ ва касбии таълимӣ ва 5 ҷамоати деҳот чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ доир намудем. Дар рафти вохӯриҳо доир ба пешгирии ҳар гуна равандҳои номатлуб дар байни ҷавонон, пешгирии ҷинояткориҳо, шомил нашудан ва роҳ надодан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию моҷароҷӯёна, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ, ислоҳи камбудию мушкилиҳо дар самти тарбияи ҷавонон суҳбатҳои
Тоҷикобод сайёҳонро мафтун мекунад
Суҳбат бо Ҳилолӣ Фозилов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод
15 декабр дар толори Маркази ҷавонони ноҳия якҷо бо Ассотсиатсияи ҷамъиятии «Сурхоб» ва Маркази иттилооти муҳоҷират дар водии Рашт аксияи тарғиботии «Муҳоҷират ва мушкилоти имрӯзу фардои он» гузаронида шуд, ки вобаста ба асноди ҳуқуқии Ҳукумати Федератсияи Русия дар соли 2015 қонуну шартҳои рафтуомад ва будубоши муҳоҷирон сурат гирифт. Дар он зиёда аз 200 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ва ҷавонони ноҳия иттилои зарурӣ гирифта, бо дастурамалҳо таъмин шуданд. - Дар соли 2015 чӣ нақшаҳо доред? - Соли ҷорӣ дар тамоми ҷамоҳири собиқ шӯравӣ 70-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ҷашн гирифта мешавад. Мо аз ҳоло ба ин ҷашн омодагӣ дида, онро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор карданием. Масъалаи пешниҳоди мо бобати бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ноҳия соли ҷорӣ баргузор намудани мусобиқаи гӯштини миллӣ ба хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Раҳматулло Ғиёсов мавриди баррасӣ қарор дорад. Умуман, бо мақсади татбиқи Барномаи «Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2011-215» тарғиби рушди варзиш дар байни ҷавонон давоми соли равон чорабиниҳои зиёди варзишӣ пешбинӣ шудаанд. Соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2011-2017» нақшаи чорабиниҳо роҳандозӣ мегардад. Соли гузашта дар доираи “Ҳафтаи ҷавонон” таҳти унвони «Рушди туризми ҷомеасоз» чорабинии саёҳати пиёдагардӣ амалӣ шуд, ки дар он 700 нафар иштирок намуданд. Мо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳуриро оид ба ривоҷу равнақ додани туризми дохилӣ дастгирӣ карда, ҳамин гуна чорабиниро имсол низ доир карданием. Ҳоло мо дар бораи захираҳои туристии ноҳия иттилоот ҷамъ намуда, маълумоти муфассалро ба кумита пешниҳод хоҳем кард. Дар ноҳияи Тоҷикобод мавзеъҳои мафтункунанда зиёданд. Бо бунёди инфрасохтори муосир метавонем ба ин ноҳияи хушманзара сайёҳони зиёди ватанию хориҷиро ҷалб созем. Сайёҳонро обу ҳавои мусаффо, меваҳои лазизу аз лиҳози экологӣ тоза ва мардуми меҳмоннавози ноҳияи Тоҷикобод мафтун хоҳад кард. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШ Дар яке аз ҷаласаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ шуд, ки намудҳои варзиши олимпӣ чандон оммавӣ нестанд. Варзишгарони ҷавон ва сарпарастон бештар ба бозиҳои якҳарба майл доранд. Вобаста ба ин вазъ, бо мутахассисон ҳамсуҳбат гардида, фикри эшонро фаҳмидан хостем. Посухҳо гуногун буданд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, бозиҳои олимпӣ аз замонҳои қадим оғоз ёфта, дар замони муосир торафт ба худ шакли оммавӣ мегирад. Ҳоло бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз рӯйи 28 намуди варзиш доир мегардад. Бозиҳои зимистона бошад, аз рӯйи 7 намуд. Дар кишвари мо низ баҳри ҷалб ва ширкати бештари варзишгарон ба бозиҳои гуногуни олимпӣ корҳои назаррас ба сомон расонда мешаванд. Ҳар сол дар манотиқи гуногуни кишвар толорҳои нав ба нави варзишӣ сохта шуда истодааст. Варзиш гарави саломатист. Бунёди толору иншооти нав ба нави варзишӣ имкон медиҳад варзишгарон ва хоҳишмандон ба машқу тамрин бештар фаро гирифта шаванд. Лек тавре имрӯз ба ҳамагон маълум аст, сайқали маҳорат дар аксар толору иншооти тозабунёди варзишӣ пулакист. На ҳар кас имкони пардохти маблағҳои талабнамудаи соҳибони ин гуна даргоҳҳо ва мураббиёнро дорад. Даврони шӯравӣ ҳар сол спартакидаи мактаббачагони ҳар ноҳия аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш сурат мегирифт. Беш аз як ҳафта тӯл мекашид. Ба маркази ноҳия бурда овардани хонандагони варзишгар бепул буд. Инчунин, дар рафти мусобиқот бо хӯрок таъмин мегардиданд. Маҳз чунин спартакиадаҳо имкон фароҳам меовард наврасон ҷисман обу тоб ва аз миёнашон варзишгарони оянададор камол ёбанд. Беҳтаринҳо ба мусобиқоти вилоятию ҷумҳуриявӣ ва ҳатто умумиттифоқ роҳхат мегирифтанд. Мутаассифона, имрӯз анъанаи пешинаи нек вуҷуд надорад. Агар мактабҳои варзишӣ дар маркази ҷумҳурӣ фаъол бошанд, дар манотиқи гуногуни кишвар акси ҳол ба назар мерасад. Ҳолатҳои дар боло зикрёфта, боис шуда, қисме аз дӯстдорони варзиш аз доираи машқу тамринҳо берун монанд. Ин гуна ҳолатҳо боис шуда, ки имрӯз намудҳои гуногуни бозиҳои олимпӣ чандон оммавӣ нестанд. Мирзо Шамсиев солиёни зиёд аст, ки ба таълиму тарбияи варзишгарони ҷавон машғул аст. Айни замон ӯ сармураббии дастаи боксчиёни кишвар мебошад. Ҳине ки бо ӯ вохӯрдем, дар толори варзишии мактаби рақами 37-и пойтахт ҳамроҳи шогирдон машғулият мегузаронд. Толор хеле назарногир ва танг буд. Варзишгарони ҷавон ҳатто ҷойи дурусти либосивазкунӣ надоштанд. Вале ба ин нигоҳ накарда Мавзуна Чориева - барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон (2012) тарбиятгирандаи ин даста аст. Шоме, ки бо сармураббӣ Мирзо Шамсиев дар ин толори танг суҳбат доштем, Мавзуна ҳамроҳи дигар ҳамдастаҳояш машқ дошт. Зимни суҳбат бобати оммавӣ набудани намудҳои бозиҳои олимпӣ ва дастгирии нокифояи сарпарастон сармураббӣ чунин андеша баён кард: - Дастгирӣ, асосан, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Кумитаи миллии олимпӣ, ва Федератсияи бокси кишвар зоҳир мегардаду халос. Мо сарпараст надорем. Дастгирии нафарони хайрхоҳ хеле кам эҳсос мегардад. Асосан, ба ин масъала Федератсияи бокс бояд машғул шавад. Кори мо таълиму тарбияи варзишгарон аст. Федератсия кӯшиш дорад, лекин дарёфти нафарони дилсӯзу
кӯмакрасон хеле кам аст. Сарпарастоне, ки ёфт мешаванд, ҳамагӣ як маротиба ёрӣ мерасонанд ва он чандон лоиқи таъриф ҳам нест. Дар бозии бокс даҳ вазн дорем. Даҳ чемпион шуданаш мумкин. Онҳоро омода намуда, ба мусобиқот бурдан лозим. То ҳунари худро намоиш диҳанд ва пирӯз шаванду ба шарафи онҳо парчами кишвар бардошта шавад. Лек бо сабаби набудани маблағ ҳамагӣ як ё ду нафарро ба мусобиқаҳои гуногун мебарему халос. Барои тайёрӣ ва гузарондани машқҳо, масалан, дар Қазоқистон ва Қирғизистон ва
ҳангоми ширкат дар бозиҳои олимпӣ комёбиро ноил шуда, соҳиби медалҳо шавем. Мо аз 15 нафар варзишгаре, ки ба онҳо умеди калон дорем, шояд аз миёни эшон барҳақ нафарони ба комёбиҳо ноилшаванда барояд. Инҳо нафароне мебошанд, ки аз рӯйи намудҳои гӯштини тарзи озод, бокс, таэквандо, гӯштини классикӣ, дзю-до баромад хоҳанд кард. Масалан, Комроншоҳи Устопириён, аз намуди дзю-до аллакай комёбиҳои беназирро ноил шудааст. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Абдушариф Расулов аз дзюдо. Аз намуди таэквандо бошад, Фарҳод Неъ-
рӯйи бозиҳои олимпӣ ҷадвали махсус омода шавад. Фикр мекунам ин тадбир саривақтист. Шумо медонед, ки дар замонҳои қадим бозиҳои олимпӣ ба кадом хотир доир гардидаву оммавӣ шудаанд? Файласуфон, донишмандон он замонҳо бо ҳам гирд омада, ин гуна бозиҳоро ба роҳ монданд. Ба он хотир ки пеши роҳи хунрезиву кашмакашиҳои беҳуда маҳз бо чунин тарз гирифта шавад. Аз ин хотир, имрӯз варзишро қосиди сулҳ меноманд. Вақте варзишгарон дар мусобиқоти олимпӣ ширкат варзида, медал меоранд, бояд таваҷҷуҳи ҷомеа ва давлат ба онҳо
Ғояҳо бояд дастрас бошанд Чӣ гуна метавон намудҳои варзиши олимпиро оммавӣ кард?
дигар кишварҳо барои як нафар дар як рӯз 60 доллари ИМА лозим аст. Аз ин хотир, бисёр варзишгарони болаёқат бо сабаби набудани маблағ аз ширкат дар мусобиқот канор мемонанд. Аксар дастаҳои варзишии кишварҳои олам барои иштирок дар мусобиқот то 280300 рӯз имкони тайёрӣ ва машқ доранд. Як даста не, якбора се-чор даста тайёрӣ мебинанд. Дар ҳар вазн ду-се нафарӣ. Илова бар он, онҳо стипендия мегиранд, моҳе аз шашсад то якуним ҳазор доллар. Аз ҷониби федератсияҳо. Мутаассифона, дар мо чунин имконият вуҷуд надорад. Бачаҳои мо ҳамагӣ аз 150 то 200 сомонӣ стипендия мегиранд. Барои омода намудани як варзишгар ба бозиҳои сатҳи байналмилалӣ панҷ-шаш сол лозим аст. Барои ҳамаи ин маблағ даркор. Дар масъалаи таъмини варзишгарон бо лавозимоти варзишӣ ҳам душворӣ дорем. Масалан, барои варзишгарони мо, асосан, аз Чин дастпӯшак меоранд, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. Бо онҳо дар бозиҳои бонуфуз ширкат варзидан нашояд. Аз ноилоҷӣ Мавзуна Чориева, ҳине ки ба як қатор мусобиқот мерафт, аз пули худаш сару либоси варзишӣ мехарид. Агар гӯем, ки кӯмак, умуман, дида намешавад, албатта нодуруст аст. Пеш аз сафар ба бозиҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, олимпӣ варзишгаронро бо сару либос таъмин мекунанд. Такрор шавад ҳам, боз мегӯям, ки барои рушди варзиш ва тарбияи варзишгарон набояд маблағро дареғ дошт. Дар он сурат, ба комёбии боз ҳам бештар умед бастан мумкин. Мудири шуъбаи варзиш ва таълимоти Кумитаи миллии олимпӣ Носир Бозоров ба ин масъала нигоҳи дигар дорад ва дар ин ҷода ҳеҷ мушкилӣ намебинад. - Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамчунин, федератсияҳои варзишӣ барномаи махсус омода доранд, - гуфт Носир Бозоров. - Он баҳри омодагӣ ба бозиҳои олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразил равона карда мешавад. Ҳоло диққати асосӣ ба он намудҳои варзишие бештар равона шудааст, ки аз онҳо чун намудҳои шинохташуда умедамон калон аст. Боварӣ ҳаст, ки маҳз аз чунин намудҳо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
матов, Алишер Гулов, Моҳру Ҳалимова. Дилшод Назаров дар варзиши сабук рақами як маҳсуб ёфта, бо номи ин варзишгар мо фахр мекунем ва умед дорем дар бозиҳои гуногун ва олимпиадаи дарпешистода комёбиҳои нав ба навро муваффақ хоҳад гашт. Дар бокс Анвар Юнусов, Асрор Воҳидов ва Мавзуна Чориева, дар гӯштин бошад, Искандари Рустам ва дигарон варзишгарони соҳибистеъдод маҳсуб ёфта, натиҷаҳои хуб доранд. Ин варзишгарон аз ҷониби федератсияҳо барои гирифтани стипендия пешниҳод шуда, барои мусобиқот омодагӣ мебинанд. Аз ҷониби Кумитаи миллии олимпӣ ҳам ба қадри имкон ба онҳо стипендия дода мешавад. Ҳар сол рӯйхати сарпарастон иваз мешавад. Касе мехоҳад, мувофиқи имкон дар ин бобат кӯмак мерасонад. Лекин айни замон ягон нафар барои ёрӣ расондан ба ягон варзишгар бобати омодагиҳо ба бозиҳои навбатии олимпӣ расман таклиф пешинҳод накардааст. Аслан, сарпарастон бо федератсияҳо бештар шартнома баста, ёрии худро ба ин ё он варзишгар мерасонанд. Умуман, нафароне, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, баҳри пешрафти варзиш саҳм мегузоранд, зиёданд. Масалан, нафаре бо номи Ҳоҷӣ чанд нафар варзишгарро дастгирӣ мекунад. Чунончи, варзишгар Парвиз Собиров, ки бо номаш имрӯз ифтихор дорем, маҳз бо дастгирии Ҳоҷӣ ба мусобиқаҳо роҳхат ёфта, пайваста машқ мекунад. Ба андешаи муовини ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов Саидаҳмад Баҳриддинов намудҳои варзиши олимпӣ дар ҳолати ногувор қарор доранд. - Бозиҳои олимпӣ яке аз бозиҳои бонуфуз маҳсуб ёфта, чор сол пас доир мегардад, - изҳори андеша кард С. Баҳриддинов. - Қадру қимати онҳо аз замин то осмон аст. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода дар яке аз ҷаласаҳои васеъ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки чаро ба намудҳои варзиши олимпӣ сарпарастон мароқ зоҳир надоранд, мусобиқоти гуногуни дар сатҳи ҷумҳурӣ аз рӯйи намудҳои ба бозиҳои олимпӣ воридшаванда дар сатҳи паст сурат мегирад? Раис дастур дод, доир ба гузарондани мусобиқот аз
зиёд бошад. Тавассути радио, телевизион дастовардҳои варзишгарон дар бозиҳои олимпӣ ба таври бояду шояд тарғибу ташвиқ гардад. Тасаввур кунед, варзишгаре тӯли солҳо парчамбардори варзиши кишвар буд. Дар мусобиқоти гуногуни байналмилалию олимпӣ медалҳо ба даст оварда, ҳини ба нафақа рафтан баробари як коргари оддӣ ба ӯ нафақа таъин мекунанд, магар ин аз рӯйи адолат аст? Заҳмати варзишгар ба таври лозима бояд қадрдонӣ шавад. Солҳои донишҷӯии мо варзишгароне, ки ба ин ё он тими мунтахаби кишвар аъзо буданд, дар ошхонаи махсус се маҳал бо хӯроки бепули серғизо ва ҷойи хоб таъмин буданд. Ин як навъ ғамхорӣ ва имтиёз дар ҳаққи варзишгар буд. То ин ки ӯ фориғ аз дигар ташвишҳо танҳо машғули машқҳо бошад. Мутаассифона, ин гуна имтиёзҳо имрӯз, қариб ки вуҷуд надорад. Пас, чӣ тавр аз варзишгари олимпӣ натиҷаҳои дилхоҳро метавон интизор шуд? Дар кишварҳои хориҷа барои омода намудани як варзишгар ба бозиҳои олимпӣ то 500 ҳазор доллар маблағ сарф мекунанд, то натиҷаҳои дилхоҳро комёб гардад. Истиқлолият бароямон неъмати бебаҳост. Имрӯз истиқлоият аст, ки бачаҳои мо аз паси партаи донишкада ба мусобиқоти гуногуни байналмилалӣ ва олимпӣ мераванд. Агар мо моҳияти бозиҳои олимпиро ба омма, ҷомеа дуруст фаҳмонда тавонем, бовар дорам, он нафароне, ки бозиҳои якҳарбаро сарпарастӣ мекунанд, ба бозиҳои олимпӣ бештар мароқ зоҳир хоҳанд кард. Имрӯз мо бояд ҷаҳд кунем, ки ҳарчи бештар идеали бозиҳои олимпиро ба мардум фаҳмонда тавонем. Мардум бояд дарк кунад, ки моҳияти бозиҳои олимпӣ аз чӣ иборат аст. Чӣ қадру қимат дорад. Дар бозиҳои олимпӣ намояндагони қариб тамоми кишварҳои олам ширкат меварзанд. Варзишгарон саъй мекунанд, аз рӯйи ин ё он намуд комёб шаванд. Мавзуна Чориева дастпарвари донишкадаи мост. Вақте ӯ дар Бозиҳои олимпии Лондон ба комёбӣ ноил шуд, бисёр волидон фарзандони худро ба гурӯҳҳои ин намуди варзиши олимпӣ, яъне, бокс супурданд. То онҳо низ мисли Мавзуна шуҳратёр шаванд. Агар имрӯз дар маҳалҳои гуногуни шаҳр майдончаҳои варзишӣ вуҷуд дошта бошаду он ҷо мураббиёни соҳибтаҷриба бачаҳоро ба ин ё он намуди варзиш побанд созанд, бовар дорам, ҳаргиз беҳудагардӣ нахоҳанд кард. Шояд аз чунин машқҳо оянда варзишгарони номӣ ба саҳнаи варзиш ворид шаванд. Хушбахтона, ҳафтаи гузашта Фармони Сарвари давлат дар бораи таъсиси Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба имзо расид. Ба андешаи мутахассисони соҳа ин ташаббуси Роҳбари давлат ба рушди намудҳои олимпии варзиш мусоидат хоҳад кард. Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
11
Ҷоми «Баҳористон»: «Хайр» мусобиқаро бо ғалаба оғоз кард 13 январ дар шаҳри Қайроққум мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Осоишгоҳи Баҳористон» шурӯъ шуд. Дар мусобиқа 6 даста – “Истиқлол”-и Душанбе, “Хайр”-и Ваҳдат, “Хуҷанд”, “Эсхата”-и Хуҷанд, тими мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) ва ҳайати дуюми дастаи “Жетису”-и Талдиқурғон (Қазоқистон) ширкат доранд. Дар бозии ифтитоҳӣ дастаи Раҷабзода ва Ҷаҳонгир Хайров ба мунтахаби ҷавонони то 19-солаи задани якголӣ муваффақ шуданд. мамлакат бар дастаи «Эсхата»-и Дар бозии сеюм ва ҷамъбастии Хуҷанд бо ҳисоби 4:2 дастбо- рӯзи аввали мусобиқа миёло шуд. Аз ҳайати тими ҷавонон ни барандаи феълии ҷоми мазду голро дар дақиқаҳои 20 ва 23 кур – «Истиқлол»-и Душанбе ва Саидҷон Шарифов, Отабек Кари- «Хуҷанд»-и Хуҷанд ғолиб маълум мов дар дақиқаи 40 ва Кароматуло нагашт. Бозӣ, ки хеле пуршидСаидов дар дақиқаи 44 якголӣ за- дат ва шавқовару диданӣ баргуданд. Ду голи «Эсхата»-ро бошад, зор гардид, бо ҳисоби 2:2 анҷом Ҷӯрабой Исоев дар дақиқаи 36 ва ёфт. Голҳои «Истиқлол»-ро Эраҷ Сӯҳроб Сабуров дар дақиқаи 78 ба Раҷабов ва Аҳтам Назаров ва ҳадаф расонданд. аз дастаи «Хуҷанд»-ро бошад, Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ки 10 Фарҳод Тоҳиров ва Фирӯз Бобиев феврал дар варзишгоҳи марказии (аз пеналтӣ) ба самар расониданд. ҷумҳуриявӣ дар доираи даври квалификатсионии Ҷоми КФО-2015 бо қаҳрамони Бангладеш - «Шайх Рассел» вомехӯрад, ҳайати ҷавонони «Жетису»-и Талдиқӯрғони Қазоқистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод. Ду голи ваҳдатиҳоро Баҳодур Шарифов зад. Шодибек Ғаффоров, Маҳмадалӣ Содиқов, Шарафҷон
ҶАМЪБАСТИ СОЛ
ДТҶТ барои 2 ҳазор донишҷӯ хобгоҳ месозад Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар нишасти матбуотӣ, 12 январи соли равон иброз дошт, ки алҳол дар донишкада дар асоси барномаи таълимӣ шогирдон аз рӯи 28 намуди варзиш тамрин мекунанд. Барои машқу тамрини онҳо 12 толору майдончаи варзишӣ мавҷуданд. - Аз 112 нафар иштирокчии панҷ Бозиҳои олимпии охир 92 нафарашон дастпарвару шогирдони Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошанд, - гуфт Шодӣ Сафаров. - Соли ҳафтум аст, ки дастаи яккачини волейболбозони донишкада зери роҳбари ноиби ретор оид ба варзиш, номзади илмҳои таърих Саидаҳмад Баҳриддинов, Мураббии шоистаи Тоҷикистон Ҳусейнҷон Давлатов, Корманди шоистаи варзиши ҷумҳурӣ Раҳматулло Нуров ғолиби ягона дар қаламрави мамлакат ба шумор меравад. Инчунин, натиҷаи баланди варзиширо гӯштингирони тарзи дзю-до, самбо, тарзи озод бо роҳбарии Мураббии шоистаи ҷумҳурӣ Ҳикматулло Зайдуллоев, Устоди варзиши иттиҳоди Шӯравӣ Ҷамшед Ибронов, мудири кафедра, муаллими калон Хуршед Убайдуллоев, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Қурбонхон Шоев, Мураббии шоиста Муҳаммадшариф Сулаймонов низ ба даст оварданд. Соли сипаришуда дар донишкада конфронси байналмилалӣ таҳти увони «Варзиши донишгоҳӣ: солимӣ ва шукуфои миллат» бо иштироки олимони ҷавони сайёра дар сатҳи баланд бургузор гардид. Соли 2014 21 нафар бепарастор ва донишҷӯёни бесаробонмонда бо хӯроки ройгони ҳаррӯза таъмин гардида, ба онҳо ба таври илова ҳар моҳ ба маблағи 50 сомонӣ кӯмак дода шуд. Ин иқдом имсол низ идома меёбад. Тайи ду соли охир дар донишкада майдонҳои замонавии футбол, баскетбол, осорхона ва маркази нави компютерӣ созмон ёфта, барои 4000 ҷойи нишаст болои варзишгоҳҳо пӯшонида шуд. - Мо тасмим гирифтем, ки барои ду ҳазор нафар донишҷӯ хобгоҳи наву замонавии сеошёна бунёд созем, - гуфт Шодӣ Сафаров. - Барои истиқоматкунандагони хобгоҳи донишҷӯён ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ҷиҳози рахти хоб харида шуд. Тавассути саъю кӯшиши устодони варзида имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ як зумра варзишгарони бомаҳорат ба камол расидаанд, ки шарафи варзишии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ бо сарбаландӣ ҳимоя карда метавонанд. С. АМИНИЁН, “ҶТ”
12
ФУТБОЛ
Ғалабаи “Истиқлол” бар тими ҷавонон Дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакат (U-21) дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод-2015 бо чемпиони феълии кишвар – тими «Истиқлол»-и Душанбе вохӯрд. Дар дақиқаи 76-уми вохӯрӣ ҷавонон ба задани гол муваффақ шуданд. Бобоев дар ҷаримагоҳ Ҷаҳонгир Эргашевро аз пой афтонд ва довар ҷаримаи ёздаҳметра таъин кард. Ҷаҳонгир Алиев аз дастаи «Парвоз» ҳисобро кушод. Як дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ, баъди партофти Дилшод Восиев тӯб ба пойи муҳофизатгари тими ҷавонон Ойбек Абдуғаффоров бархӯрда, вориди дарвозаи дастаи худашон шуд. Дар вақти иловагӣ бошад, шогирдони Алишер Тӯхтаев ба саросемагӣ роҳ дода, дар ҷаримагоҳи дастаи худ Нуриддин Дароновро аз пой афтонданд. Фатҳулло Фатҳуллоев
бе хато зарба зада, ғалабаи дастаашро таъмин сохт. Натиҷаи бозӣ 2 бар 1 ба фоидаи «Истиқлол»-и Душанбе. “Истиқлол” охирҳои моҳи феврал дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 иштирок мекунад. Бозии аввали қаҳрамони мамлакат бо «Эрбил»-и Ироқ дар Душанбе доир хоҳад шуд. Тими мунтахаби ҷавонони кишвар бозии охиринни санҷиширо 11 январ бо дастаи КМВА «Помир»-Душанбе гузаронда, бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Абдурасул Раҳмонов дар дақиқаи 39 ва Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 88 заданд.
ТАСМИМ
Суғд: чавгонбозӣ эҳё мешавад Моҳи ноябри соли 2014 Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд бо ҷамъе аз фарҳангиёни вилоят ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари корӣ анҷом дода буд. Дар ҷараёни ин сафар ёддошти тафоҳум миёни раиси вилоят ва раиси Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди эҳёи бозии чавгон дар Тоҷикистон ва таъсиси дастаи чавгонбозӣ ба имзо расид. Бо ҳадафи иҷрои нуктаҳои тафоҳум дар самти эҳё ва ба роҳ мондани бозии қадимаи форсзабонон аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, бо ҷалби мутахассисони соҳаи варзиш тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин замина, аллакай масъалаҳои муайян намудани ҷойи мувофиқ барои бунёди ипподром, майдони бозии «Чавгон» ва сохтмони утоқҳои махсус барои нигоҳубини аспҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Айни ҳол барои бунёди майдони бозии «Чавгон» ва сохтмони утоқҳои махсус барои нигоҳубини аспҳо мавзеи мувофиқ аз паҳлӯи «Қасри варзиш»-и комплекси иншооти варзишии «20–солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ва назди Қасри маданияти «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муайян гардида, аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, Федератсияи кокбору, пойга ва бузкашии вилоят 20 асп ҳамроҳи 20 аспсавор (10 ҷавонписар ва 10 духтар) барои гузаронидани машқҳои таълимӣ омода мегарданд. Бо сабаби он ки барои гузаронидани машқҳои таълимӣ ва омода намудани 20 нафар аспсавор барои бозии «Чавгон» мутахассиси ин намуд дар вилоят ва ҳатто дар ҷумҳурӣ вуҷуд надошт, зарурати ҷалби мутахассис ва харидории лавозимоти зарурии истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии
Эрон барои аспсаворон ба вуҷуд омад. Чанде қабл мутахассисони Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вилояти Суғд омада, барои интихоби ҳайати аввалин дастаи чавгонбозон аз ҷумҳурӣ корҳои муқаддамотиро ба анҷом расонданд. Дар назар аст, ки ҳайати мунтахаби дастаи чавгонбозони вилояти Суғд бо ҳадафи ошноии бештар ба аслу моҳияти навъи бозии қадимаи чавгон барои таҳсил дар Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро гирифта шаванд. Интизор меравад, барои ром намудани аспҳои мувофиқ дар бозии чавгон аз тарафи Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломи Эрон ба Тоҷикистон мутахассис фиристода шавад. Айни замон аз ҷониби мутахассисон тарҳи либосҳои дастаи чавгонбозон бар асоси падидаҳои фарҳанги миллӣ таҳия гардидааст. Маҷмӯи ин иқдомот ва талошҳо бар он равона шудааст, ки нахустин бозии дастаи чавгони вилоят дар маросими таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд бар-
гузор мешавад, намоиш дода шавад. Бозии чавгон аз куҳантарин намуди варзиши миллии тоҷикон буда, замони пайдоиши онро ба давраи Ҳахоманишиҳо нисбат медиҳанд. Дар даврони Сосониён ҳам аз намудҳои маъруфи варзиш будааст. Ҳанӯз дар сурудаҳои шоирони қарнҳои нуҳуму даҳуми милодӣ, аз ҷумла, устод Рӯдакӣ ин бозии варзишӣ васф шудааст: Ҳама кӯдаконро ба майдон фирист, Барои дидани гӯю чавгон фирист. Ҳатто баъдан достонҳое дар васфи ин бозӣ ба сурати «Гӯй ва чавгон» дар адабиёт рӯи кор омаданд, ки аз маҳбубияти ин намуди варзиш дар фарҳанги миллии мо дарак медиҳанд. Чавгонбозӣ солҳои 1900 - 1939 дар мусобиқаҳои ҷаҳониву бозиҳои олимпӣ маъруфият доштааст ва айни замон дар 77 кишвари дунё доир ба чавгон мусобиқаҳо баргузор мешаванд. Нуралӣ НУРЗОД, «ҶТ»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ИСТИҚБОЛ
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
Қадрдонӣ варзишгаронро рӯҳбаланд месозад Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» варзишгарону мураббиён, кормандони соҳаи варзиш ва аҳли ҷомеаро руҳбаланд намуд. Ба ин муносибат 12 январ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ҳамоиш доир гардид. Шодӣ Сафаров, ректори донишкадаи мазкур аз иқдоми Сардори давлат изҳори хушнудӣ карда, чунин иброз дошт: “Мо аҳли варзиш - тамоми устодону донишҷӯёни Донишкадаи
байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад. Сафарбек Самадов, намояндаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ варзишгаронро номбардору пачамбардори мамлакат номида, ба тасвиб расидани Фармони Президентро ифтихори ҳар тоҷикистонӣ хонд.
“Тӯби тиллоӣ” насиби Роналдо шуд Имсол ҷоизаи маъруф дар олами футбол боз насиби Кристиано Роналдои португалӣ гардид. Соли сипаришуда низ ин ҳамлагари тими “Реал”-и Мадриди Испания барандаи “Тӯби тиллоӣ” шуда буд.
тарбияи ҷисмонии Тоҷистон ба номи С. Раҳимов ин навгонии руҳбахшро ба мардуми шарифи Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба Президенти мамлакат арзи сипос мекунем. Баъди мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо варзишгарони мамлакат (соли 2010) дар кишварамон бештар аз 3000 иншооти варзишӣ ба истифода шуд. Имкони машғул шудан ба варзиш хеле беҳтар гардид. Дастоварди донишҷӯёни донишкадаи мо, ки боргоҳи асосии омодасозии варзишгарони касбӣ мебошад, сол то сол бештар мешавад. Мо аз тасвиби фармони мазкур рӯҳбаланд гашта, умед мекунем, ки дастовардҳои варзишии шогидони мо боз ҳам бештар хоҳад шуд. Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ устодону донишҷӯёни донишкадаро бо тасвиби Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз номи раиси кумита табрику таҳаният намуда, гуфт, ки «Варзишгарон парчамбардорони кишвар дар арсаи байналмилалианд». - Ба тасвиб расидани фармони мазкур такони ҷиддие дар пешрафти соҳаи варзиши мамлакат хоҳад буд, - гуфт Мавсума Муинӣ. - Имрӯз барои машғул шудан ба варзиш дар тамоми шаҳру ноҳияҳо шароит фароҳам омадааст. Боварӣ дорам, ки ҳар варзишгар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри рушду нумуи соҳаи варзиш ва баланд бардоштани обрӯи кишвар дар арсаи
- Кам мамлакатҳоро метавон ном бурд, ки роҳбараш ба соҳаи варзиш чунин таваҷҷуҳ кунад, - гуфт С. Самадов. - Ин фармон варзишгаронро водор месозад, ки беҳтару хубтар машқу тамрин намуда, ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ омодагии ҷиддӣ бубинанд. Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон саҳми Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди ҳаракати олимпӣ ёдрас шуда, таъкид намуд, ки чунин дастгирӣ ва қадршиносӣ варзишгаронро барои фатҳи қуллаҳои баланди варзиш ҳидоят мекунад. Ӯ пешниҳод кард, ки зимни таҳияи низомнома ҳавасмандии муррабиёнро низ қайд кардан бамаврид аст. Зеро барои омода кардани варзишгарони муввафақ мураббиён солиёни зиёд заҳмат мекашанд. Агар заҳмати мураббиён низ қадрдонӣ шавад, натиҷаҳои варзишӣ боз ҳам беҳтар хоҳад гашт. Муҳаммадшариф Сулаймонов, мураббии варзида, таъкид намуд, ки чунин қадрдонӣ нисбат ба варзишгарон дар даврони шӯравӣ ҳам набуд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ин иқдом боиси дарёфти чеҳраҳои варзишӣ дар мамлакат хоҳад гашт. Дар хотима як қаттор мураббиёну устодони донишкада дар вазъияти тантанавӣ бо «Сипоснома» қадрдонӣ гардиданд. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои футболи соли 2014 12 январ дар шаҳри Сюррихи Швейтсария доир гашт. Роналдо бо дарёфти 37,66 дарсади раъйи мураббиёни тимҳои миллӣ, сарвари дастаҳо ва намояндаҳои ВАО беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф гардид. Ҳарифони ӯ - Лионел Мессӣ, ҳамлагари “Барселона” ва Мануэл Нойер, дарвозабони “Бавария”-и Мюнхен мутаносибан 15,76 ва 15,72 дарсади овозҳоро ба даст оварданд. Барои унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 дар даври аввал 23 бозингар муддаӣ буданд: Гарет Бэйл (Уэлс), Карим Бензема (Фаронса), Диего Коста (Испания), Тибо Куртуа (Белгиа), Анхел ди Мария (Аргентина), Кристиано Роналдо (Португал), Марио Гетсе (Олмон), Эден Азар (Белгиа), Златан Иброҳимович (Шведсия), Андрес Инеста (Испания), Тони Кроос (Олмон), Филипп Лам (Олмон), Хавер Маскерано (Аргентина), Лионел Мессӣ (Аргентина), Томас Мюллер (Олмон), Мануэл Нойер (Олмон), Неймар (Бразил), Пол Погба (Фаронса), Серхио Рамос (Испания), Арен Роббен (Нидерланд), Ҷеймс Родригес (Колумбиа), Бастиан Швайнштайгер (Олмон), Яя Туре (Кот-д’Ивауар). Йоахим Лёв, ки тими мунтахаби Олмонро Қаҳрамони ҷаҳон-2014 кард, беҳтарин мураббии сол аз рӯи ривояти FIFA гардид. Мутахассиси олмонӣ бар рақибонаш – итолиёӣ Карло Анчелоттӣ, сармураббии “Реал”-и Мадрид ва аргентинӣ Диего Симеоне, сармураббии “Атлетико”-и Мадрид пирӯз шуд. Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” соли 2010 баъди ба ҳам
омехтани “Тӯби тиллоӣ”-и France Football ва “Бозингари соли FIFA” таъсис ёфта, яке аз ҷоизаҳои маъруф маҳсуб меёбад. Роналдо се маротиба ба дарёфти он мушарраф шудааст. Мессӣ бошад, чор маротиба пайи ҳам “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳибӣ кардааст. Кристиано Роналдо душ Сантуш Авейру 5 феврали соли 1985 дар Фуншал (Португал) ба дунё омадааст. Қадаш 185 см, вазнаш 80 кило мебошад. Ӯ гаронтарин бозингар дар таърихи футбол аст. Барои аз клуби “Манчестер Юнайтед”-и Англия ба “Реал”-и Испания гузаштани ӯ 80 миллион фунт стерлинг пардохт шудааст. Маҷаллаи “Forbes” даромади Роналдоро дар соли 2014 73 миллион доллар арзёбӣ мекунад. Кристиано бо 52 голи задааш дар ҳайати тими миллии Португал беҳтарин зарбазан шинохта шудааст. Ӯ соли 2004 беҳтарин футболбози ҷавони Чемпионати Аврупо эълон шуда, солҳои 2008, 2011 ва 2014 ба гирифтани ҷоизаи “Бутсии тиллоӣ” мушарраф гаштааст. Дар хурдӣ мухлиси дастаи “Бенфика” будааст. Дар ҳаштсолагӣ дар ҳайати тими “Андориня”, ки падараш он ҷо кор мекард, бозӣ мекунад. Соли 1995 Кристиано бо клуби “Насонал” қарордод мебандад. Баъдан, ба ҳайати “Спортинг”-и Лисабон мепайвандад. Тобистони соли 2003 “Спортинг” тими “Манчестер Юнайтед”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст медиҳад ва ҳамин сабаб мешавад, ки сармураббии “Манчестер” Алекс Фергюсон Роналдоро ба дастааш даъват намояд. Маблағи ин трансфер 12,24 миллион фунт буд. Тобистони соли 2009 бошад, Кристиано ба “Реал”-и Мадрид гузашт.
АНДЕШАИ БОЗИНГАРОН ВА МУТАХАССИСОНИ ФУТБОЛ ДАР БОРАИ РОНАЛДО “Роналдо беҳтарин футболбози ҷаҳон аст. Ӯ чанд қадар пештар аз дигарон мебошад”, - Алекс Фергюсон. “Роналдо футболбозе аз ҷаҳони дигар аст. Барои васфи маҳорати ӯ сухан ёфтан душвор аст”, - Карло Анчелотти. “Машқ додани Роналдо беҳтарин чизе дар карйераи ман буд. Ӯ футболбози ҳирфаӣ аст. Ман ба гуфтаҳои Карло Анчелотти мувофиқам, ки мегӯяд, Роналдо футболбозе аз сайёраи дигар аст”, -Жозе Моуриню. “Мисли Роналдо бозингари касбие нест. Ӯ дар ҳар мавқеъ бозӣ карда метавонад. Вай аз ҳама тезтар медавад ва аз ҳама баландтар меҷаҳад. Бозингари фавқуллодаест”, - Луи Саа. “Ман аз дидани ҳаракатҳои Роналдо дар майдон ба ваҷд меоям. Ӯ сифатҳоеро дорост, ки фикр мекунӣ бозии воқеӣ нест, балки “PlayStation” аст”, - Эммануэл Адебайор. “Рости гап, ман мехоҳам, ки Кристианоро дар “Манчестер Юнайтед” бубинам. Ӯ футболбози беҳтарин ва нотакрор дар ҷаҳон аст, аз ин рӯ, дар дастаи мо касе нест, ки аз гузаштанаш ба “Реал” таассуф нахӯрад”, - Уэйн Рунӣ. “Ӯ бузург аст. Вақте дар майдон аст, ҳимоятгарони дастаҳои рақиб ғамгин мешаванд. Ман мушоҳида кардаам, ки ба онҳо пешбинӣ кардани ҳаракатҳои Роналдо душвор аст, махсусан, вақте суръат мегирад”, - Мартин Шкртел. “Роналдо аз беҳтарин бозигаронест, ки ман бо онҳо футбол кардаам. Ӯ одам нест, як мошин аст”, — Зоран Тошич. “Кристиано бозингари беҳтарин аст. Ӯ тамоми хусусиятҳои як футболбози бомаҳоратро дорад. Зарбаҳояш хеле сахтанд. Вақте зарбаи ҷаримавӣ мезанад, тӯб ба самти пешгӯинашаванда меравад”, - Лионел Мессӣ.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
13
АМАЛИЁТИ “100 РӮЗИ НИҲОЛШИНОНӢ” Рӯзҳои истироҳати сипаришуда дар доираи Амалиёти 100 рӯзи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо-ҷавонон сабзу хуррам мекунем”, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ эълон гардидааст, дар Боғи Ғалабаи пойтахт ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов маъракаи ниҳолшинонӣ доир гашт.
Дар Боғи Ғалаба бо роҳбарии Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷавонони фаъоли минтақаҳои кишвар ҷамъ омада, дар маъракаи ниҳолшинонӣ саҳм гузоштанд. Ин ҷо бо ширкати намондагони вилоятҳо ниҳоли дӯстӣ ва аз ҷониби ҷуфти ҷавони навхонадорон Станислов Мамаев ва Замира Султонова ниҳоли бахт шинонида шуд. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ низ аз ҷониби устодон ва донишҷӯён бештар аз 500 ниҳол шинонда шуд. Иқдоми мазкур ба хотири сарсабзии Ватани азизамон - Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, минбаъд низ дар доираи Амалиёти 100 рузи нихолшинони дар кишвар идома меёбад.
Ниҳолҳои дӯстӣ ва бахт дар Боғи Ғалаба
СУРАТГИР Т. ФОЗИЛОВ
14
Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади таҳияи тарҳи либоси ягонаи миллии варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш озмун эълон менамоянд. Ғолиби озмун бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Дар тарҳи (эскизи) либосҳои варзишӣ рамзи муқаддасоти миллӣ (парчами давлатӣ, нишон), таҷассумкунандаи хиради ниёгону муосир тасвир шаванд. Ҳар як қисмати либоси варзишӣ бояд мазмуни мушахасси худро дошта бошад. Ранг, аломатҳои алоҳидаи дарҷшуда, намуди берунии либос бояд дар худ рукнҳои таърихию муосири давлатдории тоҷиконро дар алоқамандӣ бо унсурҳои муосири варзиши ҷаҳонӣ тараннум намоянд. Тарроҳон тарҳи либосҳои варзишии мавсимиро (курта, пиҷак ё болопуш, шим, калапуш, ҷӯроб, пойафзол, борхалта) дар нақша ва шакли тайёр бо нишонии кӯчаи Спортивная-6, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Озмуни тарроҳон» пешниҳод намоянд. Муҳлати пешниҳод то 30 январи соли 2015 муайян гардидааст. Телефонҳо: 236-31-66, 907-58-73-60
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ
Раванд
... Нињолова, сароянда, раќќоса
Шањри истироњатї дар Русия
Набард, љидол
Алвон, гуногунранг
Шакли пурраи номи Оля
Акнун
Асбоби мусиќии тордори тољикии ќадима
Кўчаи машњури ш. Москва
... Файзуллоев, нависанда
Шамшер, тўп
Љови- Меваи «донадонї дона»
Хотима, поён
Автомобили олмонї
Ќалъа, кўшк Моњи дањуми соли шамсї
Суруди модар барои тифл
Воќиф, бохабар
Тўњфаи идона
... Сафар, шоир
Асъори арманињо
Масъалаи чигил
Ќаторкўњ дар Аврупо
Тарафдори сохти сиёсии маъмул
Моеи хушбўй
Исм аз феъли «љунбидан»
Њайвони хазанда
Дастаи њофизон дар сањна
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
мино Ишќу дилгармї
Исён
Номи маймуни Аладдин
Бачаи хурдакаки афсонавї
Насими салќин Бозрасии автомобилї
Беизогї «Келин» ба тољикї
… Падуконе, ситораи кинои њиндї
Номи саг аз сериали олмонї
Муќобили тор дар бофандагї
Гўркунї Дарвозабони футболи Шўравї Лев …
Ба чашм намудор
Нињон (лањља)
Манзил доштан
Бар, баѓал
...у ишрат
Парерўзаш сешанбе
Њазоряки литр мухтасаран
Тарс, дањшат
«Хулиган» бо тољикї
Чубтаёќи маљрўњон
…мат, яроќи оташфишон
Киножурнали бачагонаи њаљвї
Падару модару фарзандон
Моњи зимистон
…-Ланка
Сангрезаи хокамонанд
Настаран, шиповник
Танњо, ягона
Харитаи кураи замин
Маркази вилоят дар Русия
Ноњияи химзаводдор дар Хатлон
Дурўя
... Зоњир, њофизи афѓон Љонишини шахси сеюм
Бародари калон (лањљ.)
... Кихот аз асари М. Сервантес
Ќисми ваќти футбол
Њайвони халтадор
Мева
Авлодї, меросї
… Хон, ситораи синамои Њинд
Њиссачаи ишоратии лањљавї Таоми миллии тоторї
Ra металл
Яке аз чор ёрони пайѓамбар (с)
Сурат, расм
… «Тансор …» - филми машњури њиндї
Бањр дар байни Балкан ва Аппенин
Њарфи дуюми алифбои лотинї
Худованд, Эзид
Султони аморат Яке аз «з»-њои алифбои форсї
Дору
Ноњаќ, бепоя
Дарёи љорї аз Чин ба Ќазоќистон
Љоизаи синамои Њолливуд
Хўроки чорво
Дониш, маърифат
Дарё дар Ќазоќистон ва Русия
Мувофиќ, мутобиќ
Мењри мард ба зан
Номи ќадимаи Волга
Намуди наќлиёт
Инкор
Маѓзи устухон
Орзу, тасмим гирифтан
Тамѓаи телефонњои мобилї
Миёна
Нерўгоњи барќии Чернобил
Аорта
Болопўши чароѓ
Кўмак
Пок кардан бо об
Мурѓи обї аз балети Чайковский
Таљрибадор
Дастгоњи болобардорї дар биноњои бисёрошёна
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салим сархуш ба боғчаи кӯдакон меояд. Мураббӣ мепурсад: - Кадомаш писари Шумо? Салим: - Фарқаш чӣ? Кадомашро, ки маъқул аст, биёр. Аздусар пагоҳ субҳ боз ҳаминҷо меорам.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ
***
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),
Маҳмудҷон УСМОНОВ, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон, Душанбе),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, Хатлон),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7790 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
Шароити муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аз 1 январи соли равон вазнинтар шуд. Агар солҳои пеш муҳоҷири меҳнатӣ бо доштани 5 ҳуҷҷат - шиноснома, корти муҳоҷират, ҳуҷҷат барои қайди ҷойи буду бош, ариза, баргаи пардохти маблағи патент соҳиби ҷойи кор мешуд, акнун доштани ҳуҷҷатҳои дигар, аз қабили шартномаи (полис) ихтиёрии суғуртаи тиббӣ (ДМС), маҷмӯи маълумотномаҳои тасдиқкунандаи тиббӣ дар хусуси надоштани бемориҳои хатарноки сирояткунанда, нашъамандӣ, ВИЧ-инфексия, сертификати тасдиқкунанда оид ба донистани забони русӣ, донистани таърихи Русияю асосҳои қонунгузории он ва расм илова гардид. Аз 1 январи соли ҷорӣ патент даҳ маротиба қимат шуд. Солҳои пеш, агар барои соҳиби ҷойи кор шудан 1000, баъдтар 1216 рубл сарф шуда, дар маҷмӯъ 14592 рублро ташкил мекард, кунун муҳоҷири меҳнатӣ бо пардохти 48000 рубл, ҷамъи роҳкиро, пардохти маблағи ҷойи хоб ва пардохтҳои ғайричашмдошт соҳиби ҷойи кор мегардад.
Нақорачӣ
АНДАРЗ
Бо вуҷуди нав буданаш мошини сабукравам худ аз худ дард пайдо карда, маро ҳайрон гузошт. Ҳарчанд зӯр задам, тела додам, ба кор надаромад. Ночор ба назди усто бурдам, аммо аз ин ҳама кашмакаш, ки як рӯзи дароз давом кард, хеле монда шудам. Ҳоло бошад, ҳеҷ хобам намебарад. Дар ҳоле ки рӯи кати хобам аз ин тараф ба он тараф мегаштаму ба чашмонам хоб намеомад, садое аз дур ба гӯш расид, ки ба овози нақора монанд буд. Нағз медонистам, ки ин садои нақоранавозии нақорачии маҳалла нест. Таваҷҷуҳ карда, сарамро аз болин бардоштам, садо хомӯш гашт. Каме гӯш кардам, аммо дар атроф садое шунида намешуд. Ба ҷойгаҳ дароз кашидам, вале садои нақора дубора шунида шуд. Ба ҳайрат афтодам. “Хайрият аст, иншоллоҳ, ин садо аз куҷо меомада бошад?” - гуфтам ба худ ва чун чуқур нафас кашида, ҷустуҷӯ кардам, маълумам гашт, ки он овози қалби ман аст. Азбаски парӯ хобида будам, садои дилам гуп-гуп мебаромад. Диққат додам, хеле
Соя
Соли нав ҳар қадар наздик мешуд, беқарории мард ҳамон андоза меафзуд. Ӯ чуноне ки ҳар соли нав анҷом медод, мебоист дар ин сари сол ҳам ба набераҳояш туҳфа бихарад ва ба хона рафта, то дами субҳ пушти оинаи нилгун барномаҳои солинавии шабакаҳои телевизиониро тамошо кунад. Шишаҳои машруботи рангоранги барои шаби соли нав харидаашро ҳанӯз пагоҳӣ холӣ карда, зоҳиран маст шуда буд. Бо вуҷуди ин дар ҷайби дарунии костюмаш шиша-
аҷибам намуд. Садое, ки то ҳол нашунида будам. Он гӯё бо андаке ҷунбиш аз қалб рост ба гӯшам меомад... Баъди чанде маро тарс фаро гирифту зуд аз ҷоям хестам. Азбаски аз бемадории зиёд барои ҳаракат кардан чандон қувват надоштам, меандешидам, ки эҳтимол қалбам ҳам аз кор монад. Чунки барои кор кардани он ҳам қуввату нерӯ лозим аст. Вақте дубора ба ҷойгаҳ дароз кашидам, беихтиёр гуфтам: “Бас аст ин қадар нофаҳмӣ. Охир қалбро ту ба кор намедарорӣ, агар он ба фармони ту кор мекард, пас баробари ба хоб рафтанат мисли мошини сабукрават аз кор мемонд. Дар ин сурат туро зарур буд, ки ҳеҷ хоб накунӣ, то қалбат аз кор намонад”. Пас, қудрате бояд бошад, ки маро нағз шиносад ва дар хоб ҳам эҳтиёҷамро барорад. Чунки бо вуҷуди нав буданаш мошини сабукравам аз кор монд, аммо панҷоҳ сол боз дилам беист кор мекунад... Илова бар ин, на мисли мошинам овозаш проблема дораду на нигоҳубинаш... Вақте бо як роҳати тамом ба тарафи рост хобидам, дигар садои тапиши қалбамро намешунидам. Гуфтам: “Бизан, нақорачӣ! Бизан ва қудрати парвардигорро ба ҳама ҷо бирасон. Оне, ки дунёву офтобро ба ҳам мепайвандад, шак нест, ки қалби туро ҳам идора мекунад”.
чаи хурде дошт, ки ҳар лаҳза бӯй мекарду хумор мешикаст. Ӯ аз шиддату таъсири сахти машрубот одамонеро, ки дар интизори билети консерти сарояндае навбат мепоиданд, ҷуфтҷуфт медид. Мард бо кафи даст чашмонашро молиш дода: - Ба фикрам, шишаҳо корашонро карданд... гуфт ва хандида, афзуд: аммо дутоӣ дидани одамон ҳам хеле шавқовар будааст. Қарор дод, ки ӯ ҳам қатори одамон дар навбат истад. Гумон дошт, мардум бозии лоторея карда истодаанду ӯ ҳам чизе бурд мекунад. Вақте навбаташ наздик омад, ҳис кард, ки дасти касе аз пушт ба китфаш расид. Ба қафо гашт, то бубинад, ки кист,
аммо танҳо сояеро дид. Соя ба мард каме наздик шуда гуфт : - Солиёни зиёд ба шумо барои зиндагии шоиставу инсонвор шанс додем. Аммо солҳоро якранг паси сар намудед ва аз шансатон дуруст истифода накардед. Марди сархӯш бо қаҳр гуфт: - Агар навбати маро гирифтан мехоҳед, малол нашавед, ман онро ба шумо доданӣ нестам. Ҳоло охири сол аст, ман бахтеро, ки дар ин рӯз насибам мешавад, аз даст намедиҳам... - Бепарво бошед, барои шумо на танҳо охири сол, балки охири роҳ низ ҳаст. Ҳоло пеш дароед, меравем!!! Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
Муллими мумсике ба донишҷӯёни шӯъбаи ғоибона, мегуяд Канӣ, шогирдон, як-як бигӯед, ки чикораед? Салим: - Ман шиму кастюм мефурӯшам. Муаллим: - Хеле хуб, ман баъд андозаамро бароят мегӯям. Хуш, Ҳалим, ту чикораӣ? - Як нуқтаи хизматрасонии телефони мобилӣ дорам. Муаллим: - Хуб аст, ҳоло рақамҳоямро менависам. Зафар, ту чӣ? - Муаллимҷон, ман дар як қабристон гуркоб ҳастам...
***
Аз марде мепурсанд: - Чанд фарзанд дорӣ? Мард: - Чор фарзанд. - Чӣ кору шуғле доранд? - Аввалӣ духтур аст, дуюмӣ милиса, сеюмӣ депутат ва чорумаш дузд. Ҳайрон шуда, боз мепурсанд: - Чаро ҷилави чорумашро намегирӣ? - Харҷи зиндагии моро ҳамон пардохт мекунад, маоши дигарҳояш ба роҳкирояшон намерасад.
*** Писараке аз падараш мепурсад: - Занро барои чанд вақт мегиранд? - Барои як умр. Писарак ғамгин шуда: - Эҳа, яъне, он аз мактаб ҳам душвортар аст, гӯед?
***
Рӯзи тӯй мулло баъди никоҳ ба домод мегӯяд: - Ягон сум намедиҳӣ? Домод: - Чӣ қадар мехоҳӣ? - Ба андозаи зебогии арӯс бошад, мешавад. Домод ба ӯ панҷ сомонӣ дароз мекунад. Мулло ҳайрон шуда, мегӯяд: - Худам як бор рафта арӯсро бинам. Баъди чанд лаҳза баргашта омада, ба домод мегӯяд: - Мана, ин се сомониро бақия бигир.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9377), 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2015