Ҷавонони Тоҷикистон, №03 (9481), 2017

Page 1

 ДУНЁИ ВАРЗИШ

Ҳаҷв боназокат бошад

Фаррух Амонатов дар Ҳиндустон сазовори ҷои аввал шуд

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№03 (9481), 19 январи соли 2017/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 НИГОҲИ ДИГАР

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

 ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Солномаи Пешвои миллат - 2016  ТОҶИКИСТОН - БИҲИШТИ КАШФНОШУДА

ТИРАҲМОҲ


2

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Солномаи Пешвои миллат - 2016 Соли 2016 дар таърихи соҳибистиқлолии давлати ҷавони Тоҷикистон соли хотирмону таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар ин сол мардуми шарафманди кишвари офтобрӯяи мо дар фазои сулҳу осоиштагии комил 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди созандагию ободкориҳо истиқбол гирифт. Соли 2016-ро метавон бо боварӣ соли пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаҳои нави рушду тараққиёт ва қадамҳои устувору созанда ба сӯи ояндаи босаодат маънидод кард. Дар ин соли таърихӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои пурарзиш ва саривақтӣ анҷом дода шуданд. Фаъолияти кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои сол то ба имрӯз андешидани силсилаи тадбирҳои муҳим дар роҳи ободонию шукуфоии беш аз пеши кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро фаро мегирифт. Дар раванди беҳбудбахшии сатҳи зиндагии мардум ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳо, ифтитоҳи як зумра иншооти наву замонавии таъйиноти гуногун, дидору вохӯриҳои судманд бо аҳли заҳмату сокинони зафарманди ин шаҳру ноҳияҳо, таҳлилу вазифагузорӣ дар машваратҳои корӣ, суҳбату мулоқот бо намояндагони соҳаҳои гуногуни сохтори давлатӣ ва ба имзо расонидани амру фармонҳои гуногунтаъйинот нақши мусоид гузоштаанд. Дар моҳҳои аввали соли 2016 бо иқдомоти ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйир додани номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофии мамлакат ба имзо расида, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар асоси ин қарорҳо ва ҷонибдории Маҷлиси миллӣ номи ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор, ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор, ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ноҳияи Ҷиликул ба ноҳияи Дӯстӣ, ноҳияи Қумсангир ба ноҳияи Ҷайҳун, ноҳияи Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, шаҳри Қайроққум ба шаҳри Гулистон, шаҳри Чкалов ба шаҳри Бустон, ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Деваштич ва Обанбори Қайроққум ба Обанбори «Баҳри Тоҷик» табдил дода шуд. Ҳар соли фаъолияти серҷабҳаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҳамчунин баргузории сафарҳои

корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, иштирок дар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ифтитоҳи иншооти наву замонавии таъйиноти гуногун, боздидҳои расмию давлатӣ ва корӣ ба давлатҳои дигар ва машваратҳои корию суҳбатҳои самимӣ бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли заҳмат ва сокинони шарафманди мамлакатро фаро мегирад. Бо ҳар ташрифи Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сатҳи кӯча то марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ба таври назаррас ободу зебо гардида, теъдоди зиёди иншооти маъмурию истиқоматӣ, хизматрасонию истеҳсолӣ ва дорои таъйиноти дигари иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Ҳамаи ин тадбирҳо, пеш аз ҳама, барои фароҳам овардани зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ва рушди бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа роҳандозӣ мегарданд. Ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва тадбирҳои дигари хуррамгардонии мамлакат бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2016 дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи Қасри Миллат оғози расмӣ бахшида шуд. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯзҳои моҳи феврал ҳамчунин бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ва ба ноҳияи Хуросон ташриф бурда, дар маъракаи оғози бунёди Боғи намунавии ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат ширкат варзиданд. Ибтидои соли 2016 Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар расми ифтитоҳи бинои нави истиқоматӣ барои афсарону кормандони сохторҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар пойтахти мамлакат ҳамчунин бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», телевизиони «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма, ки маҳз бо иқдоми Сарвари давлат сохтмонашон оғоз гардида буд, Маҷмааи бузурги тиҷоратии «Душанбе мол», корхонаҳои гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, мактабу иншооти гуногуни маориф ва боғчаҳои бачагона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, сохтмони эстакада дар маҳаллаи 82 оғоз гардид. Дар самти беҳбудбахшии сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат дар соли 2016 низ тадбирҳои судманд анҷом дода шуданд. Баҳори соли 2016 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир аст. Лоиҳаи бунёди Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар солҳои шӯравӣ тасдиқ шуда, солҳои дароз сохтмони он ба таъхир афтода буд. Бо дастгирии Роҳбари давлат ва туфайли соҳибистиқлолии мамлакат баъди беш аз 30 сол имкон фароҳам омад, ки лоиҳаи сохтмони марказ тибқи меъёрҳои муосир таҳия гардида, дар асоси он маҷмааи тандурустӣ ба истифода дода шавад. Дар доираи тадбирҳои омодагӣ

ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як маркази саломатӣ ва бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба оғози сохтмони бинои муосири истиқоматии 9-ошёна асос гузошта шуд. Дар ин ноҳия Президенти мамлакат бо фаъолият ва таҷрибаи ибратбахши кишоварзон шинос шуданд. Ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзон Сарвари давлат ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи калони таъмини сокинони пойтахт ва атрофи он бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулоти барвақтии воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо доданд. Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни ҷаҳонии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат дар тантанаҳои наврӯзӣ ва Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок карда, дар ҳамин рӯзҳои ҷашнӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Корхонаи бузурги истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзали Зарзамин» шинос шуданд ва дар хоҷагии деҳқонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ба кишту кори баҳорӣ оғоз бахшиданд. Дар ҳамин рӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ мактаби нав дар деҳаи Андарвашт ва Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардида, барои бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошта шуд. Дар шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи корхона ва муасиссаҳои хизматрасонӣ ва бинои маъмурии Прокуратураи шаҳр мавриди истифода қарор гирифта, дар ноҳияи Конибодом як корхонаи азими саноатӣ-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Нафтрасон ба кор оғоз намуд. Дар ҳамин ноҳия Президенти мамлакат бо фаъолияти корхонаи коркарди меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меваи қанд аз наздик шинос шуда, ба корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди Исфара-КонибодомҶаббор Расулов оғоз бахшиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ашт Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба номи Камоли Хуҷандӣ, Кохи фарҳанг, чойхона ва дар шаҳри Гулистон Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи Баҳористон шинос шуданд.

(Давом дорад)


3

Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе таъин шуд 12 январ бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод карда шуд. Бо фармонҳои Президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ аз вазифаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд ба вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, Назирмадзода Бахтиёр, Муинӣ Мавсума, Саидзода Қурбон Тағай ва Ҷумазода Фаррух Турақул ба ҳайси муовинони раиси шаҳри Душанбе таъин шуданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардид. Самӣ Шариф Ҳамид иҷрокунандаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин шуданд.

√ ИХТИРОИ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

√ МУШОҲИДАИ

ҶАВОНОН

“ҶТ”

Ҳаводори ҷавоҳирот

ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА

Ангуштариҳои пурҷило, гарданбандҳои қимат, гӯшвору дасмонаҳои чашмрабои мағозаи ҷавоҳирот муштариёнро афсун карда буд. Зару зевар, ки ин аз ону он аз дигарӣ зеботар буд, гӯё дар сабқати назаррабоӣ қарор доштанд ва муштариёнро дар интихоб ранҷ медоданд.

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

Миниэкскаватор

Асри 21-ро бе истифода аз техникаю технологияи муосир тасаввур кардан мушкил аст, зеро илм ба суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст. Ин нуктаро Зафар Воҳидов ба хубӣ дарк намуда, ба ихтироот машғул аст. Шавқу завқ ва талошҳояш дар роҳи мазкур барабас нарафта, ниҳоят ба сохтани чанд таҷҳизот дастёб гардид. Зафар донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ мебошад. То имрӯз се ихтироъ кардааст. Аз ҳарсеи ихтирои кардашуда якеаш пурра амалкунанда буда, дуи дигараш дар ҳолати коркард қарор дорад. Ихтирооте, ки ӯ анҷом додаасту айни ҳол пурра амалкунанда аст, миниэкскаватор мебошад. “Ин экскаваторро дар муддати ду моҳ сохтам. Идеяи таҳияи чунин як ихтироот албатта, пас аз мушоҳидаҳои зиёд пайдо гардид. Чун шавқу завқи ихтироъ кардан дорам, ҳамеша пайи он талош меварзидам, ки то чизи наве офарам, ки то ҳол касе онро пешкаш накарда бошад. Дар натиҷаи таҳқиқот ва заҳматҳои пайва-

√ ҶАВОНОН

ста бароям муяссар гардид, то як чизеро биофарам, ки дар воқеъ мувофиқ ба талаботи рӯз аст”, - мегӯяд Зафар. Ду ихтирои дигаре, ки ҳоло пайи пурра сохтани он пардохтааст, яке микроавтобуси бо нерӯи офтоб ҳаракаткунанда, дигараш дастгоҳи парвозкунандаи дорупошӣ мебошад. Миниэкскаватори сохтаи Зафар Воҳидов 800 кг вазн дошта, 500-600 килоро мебардораду хароҷоташ дар 2 соат 1,5 литр сӯзишвории дизелӣ мебошад. Яке аз фарқиятҳои ин экскаватор он аст, ки дар ибтидо хурд буда, ба ҷойҳое ки экскаватори калон рафта наметавонад, меравад. Он барои кандани чуқурӣ барои кабелҳо, дарахтон, қубурҳои обгузар ва тоза кардани ҷӯйборҳо хеле қулай аст. Тавсифномаи техникии миниэкскаватор: - Тавоноии муҳаррик – 11,3 кВт; - Дарозии максималии коркард бо кавш (м) – 3,19; - Баландии максималии боркунӣ

(м) – 1,80; - Чуқурии максималии коркарди хок (м) – 1,2; - Ҳаҷми самараноки кавш – 10 л (0,01м3). Ба таъкиди ӯ, яке аз серталабтарин воҳиди техникӣ экскаватори хурд мебошад, ки онро васеъ истифода мебаранд. Бартарии ин техникаи хурди пешниҳодшуда дар он аст, ки дар шароити маҳдуди ҷой, дар дохили бино, пайроҳаҳо ва гузаргоҳҳо кор карда метавонад. Бартарии дигари ин техникаи хурд истеҳсолоти баланд дар баробари андозаҳои хурд мебошад. Ҳангоми кандани ҷой барои таҳкурсиҳо, корҳои заминӣ, гузаронидани қубурҳои газ, барқ, шабакаҳои алоқа ва об ин техникаи пешниҳодшуда истифода мешавад. Мехоҳад, то ин ихтирооти худро дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гираду ихтироаш дорои патент гардад. Ӯ боварӣ дорад, ки агар ихтироъкорони ҷавон бисёртар дастгирӣ ёбанд, ихтироот зиёд гардида, механизмҳои нав сохта хоҳанд шуд.

ВА ИЛМ

30 фисади олимон ҷавонанд Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, аз зиёд шудани сафи олимони ҷавон қаноатмандӣ намуд. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки 30 дарсади олимони кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ҳамчунин, аз 2000 нафар корманди академия 1000 нафараш ҷавонон мебошанд. Фарҳод Раҳимӣ иитилоъ дод, ки аз ҷониби олимони Акдемияи илмҳо дар соли 2016 1733 кори илмӣ ба анҷом расонида шуд. Дар ин давра олимони академия тавонистанд аз рӯи 22 ихтироъ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ патент ва шаҳодатнома ба даст оранд. Соли сипаришуда, олимони тоҷик якҷоя бо Академияи тиббӣ дастгоҳи креохирургӣ - дастгоҳи нодири табобати саратон сохтаанд, ки тавассути он бемории ҷигар, аз ҷумла саратони ҷигар табобат карда мешавад. Ба воситаи ин дастгоҳ аллакай 52 нафар гирифторони бемории саратони ҷигар табобат шудаанд. Барои омӯхтани ин дастгоҳ олимон аз Фаронса омада, онро нодир хондаанд ва зарур донистанд, ки ин дастгоҳ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ роҳандозӣ шавад. Дастоварди бузурги илми тоҷик дар пояи Институти техника ва физикаи ба номи Султон Умаров сохта шудааст.

Воқеан дасти инсон муъҷиза аст, ки ин ҳама зебоиро меофарад ва чашмҳоро аз ҷилваи он хушбахт мегардонад. Мағозаи пурхаридор пурмағал бошад ҳам, пас аз боз шудани дар диққати ҳамагон ба сӯи даромадгоҳ равона шуд. Садои қадамзаниҳои бомавзуни духтараки пошнабаланде ҳамаро водор кард, то ба сӯи дар нигоҳ кунанд. На танҳо харидорон, фурӯшандаи серкору серташвиш низ чира ба он зебоӣ шуд, ки аз дар медаромад ва бо чашмҳои оҳувонаву нигоҳҳои мафтункунанда ҳатто ҷавоҳироти зеборо низ тасхир кард. Нозанин, ки бо табассуми малеҳу ишваҳои дилбарона ба пеш меомад, ҷавоҳиротро бо диққат тамошо карда, ба ҳар ороишот дурудароз нигоҳ мекард. Аҷаб, ки тамошояш ҳам чун қомати зебову мӯйҳои орододааш диданӣ буд. Чунон рафтор мекард, ки дилбастаи ҳар кадоми он тиллову нуқра шуда бошад ва шояд хоҳиши соҳибии ҳамааи он дар дилаш ҷӯш мезад. Аз фурӯшанда, ки то ҳол ба духтарак менигарист, арзиши ҷавоҳироти писандидаашро мепурсид ва боз ба дигараш майл мекард. Аз пурсидани нархҳову интихоби гуногунаш пай бурдам, ки ӯ харидор не, балки ошиқи зару зевари гаронбаҳост. Намедонам ӯ чӣ мехост, вале медидам, ки бо ишваҳои дилбарӣ аз назди фӯрашандаи ҷавон дур намерафт ва дар интихоби дигар муштариён халал мерасонид. Зебоӣ ва ороишот қудрати аҷиб доранд. Духтарак тавонист бо нозҳои дилфиребу табассумҳои ҳушбар ҷавони фурӯшандаро шефта гардонад. Суҳбати самимонаи фурушанда ва хандаҳои диққатҷалбкунандаи духтарак гувоҳи он буд, ки ҷавон аллакай орзуманди ошноии наздик бо ӯст. Баъди пурсидани арзиши чанд ҷавоҳироти дигар духтарак дар телефони мобилии худ рақамҳои телефони ҷавони фурӯшандаро сабт карду бо мамнунияту сарфарозӣ ва орзуи дидор аз мағоза берун рафт. Баъд аз рафтани ӯ мағозаи ҷавоҳирот пур аз муштариёни ҳайратзада буд, ки то дер аз дар чашм намеканданд. Шояд андешаи онҳоро низ мисли ман садҳо суол ба ҳар кӯчаву паскӯча бурда бошад. Шояд онҳо низ гуфта бошанд, ки “мақсади ин духтари зебо чӣ буд?”. Ҳадафаш ҷавоҳирот буд ё фурӯшандаи тилло ва ё ин рафторе, ки ӯ кард ба шаъни духтари тоҷик мезебад ё не? Садҳо саволи дигар, ки маро инҳисор кардаанд ва то ҳол посухи дурустеро пайдо карда наметавонам. Қазоват ва посухро бо чароҳои бешумор ба хонанда месупорам.


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

ҶАВОНОНИ МАҲАЛ

Ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Ваҳдат таҷлил мешавад Дар шаҳри Ваҳдат ҳоло корҳои сохтмони як бинои чорошёнаи ташхисию табобатӣ, ду бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, се бинои истиқоматии сенздаҳошёна, як бинои истиқоматии бистушашошёна, бинои маъмурии ШВКД, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст ва бинои мактаб барои 640 ҷойи нишаст бо маром идома доранд. Дар назар аст то ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин иншоот ба истифода дода шаванд. «Cоли 2017 барои мардуми шаҳри Ваҳдат соли хотирмону таърихӣ ва масъулиятнок мебошад. Чунки дар ин сол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат таҷлил карда мешавад. Ин боиси ифтихору сарфарозии мост. Ба пешвози ин ҷашни ҷумҳуриявӣ корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Ваҳдат авҷи тоза гирифта, симои меъмории шаҳр ҳусни тоза мегирад», - иброз дошт раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода зимни нишасти матбуотӣ.

ХУҶАНД: Маркази оши палав бунёд мешавад Дар шаҳри Хуҷанд бо иқтоми соҳибкорон Маркази оши палав бунёд мешавад. Маркази хӯрокҳои миллӣ дуошёна буда, ороиши он пурра бо усули меъмории анъанавӣ ба роҳ монда мешавад. Зимни боздид аз ин марказ Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд таъсиси онро пеш аз ҳама барои эҳё ва рушду нигаҳдории фарҳанги миллии ошхонадории тоҷикон муфид арзёбӣ намуд. Таъкид кард, ки таъсиси марказ баъд аз ба феҳрасти фарҳанги умумибашарии ғайримоддӣ дохил шудани оши палави тоҷикон аз ҷониби идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид - “ЮНЕСКО” хеле рамзист. Дар маркази навбунёд беш аз 10 намуди оши палав ва навъҳои гуногуни таомҳои дигари миллӣ пешниҳод мешавад. Дари ин марказ барои шаҳрвандон ва меҳмонони вилоят соли равон боз мешавад.

СПИТАМЕН: Мулоқоти раиси ноҳия бо ҷавонон Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен вохӯрии раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода бо ҷавонон баргузор гардид.

Дилрабо Раҳимӣ, муовини раиси ноҳия оид ба рафти иҷрои корҳо дар самти кор бо ҷавонон ҳисобот дода, қайд намуд, ки айни ҳол дар ноҳия 51 ҳазору 900 нафар ҷавон зиндагӣ намуда, 27 ҳазору 490 нафарро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Аз 53 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи ноҳия 6 нафараш ҷавон ва аз 35 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 3 нафар ҷавонон буда, дар баробари ин дар ноҳия зиёда аз 2 ҳазор нафар ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият мекунанд. “Соли 2016 дар ноҳия 142 чорабинӣ байни ҷавонон гузаронида шуда, аз он 90 вохӯрӣ оид ба пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, семинартренингҳо, маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон, консерти “Садои дил”, озмунҳои ноҳиявии «Хонандаи сол», «Омӯзгори ҷавони сол», «Табиби сол», «Сипар», «Бунафша» ва дар умум 44 чорабинии варзишӣ дар ҷамоат ва шаҳраку деҳоти ноҳия,

муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир шудааст, ки дар маҷмуъ беш аз 40 ҳазор ҷавон иштирок намудаанд”, – афзуд Д. Раҳимӣ. Сипас ҷавонони фаъоли ноҳия пешниҳодҳои худро оид ба рушди соҳаи ҷавонон баён доштанд. Раиси ноҳия қайд намуд, ки ҳар таклифу пешниҳоди ҷавонон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуда, дар доираи имконият ҷиҳати амалӣ намудани онҳо кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Инчунин раиси ноҳия масъулини соҳаҳои дахлдорро доир ба бештар намудани тарғиботу ташвиқот дар байни ҷавонон, интихоб ва тарбияи лидерҳои ҷавон дар маҳаллаҳо, чораҷӯӣ баҳри тарбияи кадрҳои ҷавон ва ҳавасмандкунии онҳо, барқарорсозии фаъолияти хонаҳои фарҳанг, клубҳо дар деҳот, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус бунёди майдончаҳои варзишӣ вазифадор намуд. Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”

ХОРУҒ: Бинои асосии ДДХ 9-ошёна мешавад Шермамад Ҷонмамадов, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар нишасти хабарӣ оид ба пешбурду дастовардҳои донишгох дар давоми соли сипаригашта маълумот дода, қайд намуд, ки соли гузашта 1176 нафар довталаб шомили донишгоҳ гаштанд, ки наздики 64 фоизи нақшаи қабулро ташкил дод. Ҳафт нафар устоди донишгоҳ давоми соли 2016 рисолаҳои номзадиро ҳимоя карда, рисолаҳои доктории ду омӯзгори дигар муҳокима шуданд ва барои ҳимоя пешниҳод гардиданд. Ба гуфти Ш. Ҷонмамадов, давоми сол Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо донишгоҳҳову барномаҳои байналмилалӣ робитаҳои ҳамкориро тақвият бахшид ва айни ҳол 16 нафар омӯзгори донишгоҳ дар марказҳои илмии хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд. Муждаи нек барои омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар соли нав он аст, ки моҳи апрел бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои асосии донишгоҳ, ки аз нуҳ ошёна иборат хоҳад буд, шуруъ мешавад. Тибқи иттилои сардори Раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев, соли 2016 панҷ нафар хонандагони

муассисаҳои таълимии миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математикаву физика иштирок намуда, хонандагони Литсейи Оғохон ва Мактаби президентӣ соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» омӯзгори Мактаби президентии шаҳри Хоруғ Нилуфар Сабоиева сазовори мақоми дуюм гашт. Як соли охир дар ҳудуди вилоят панҷ иншооти соҳаи маориф мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, чанд сохмони дигар дар марҳилаи бинокунӣ қарор доранд. Аз ҷумла биноҳои Раёсати маорифи вилоят, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Ванҷ, Ишкошим ва муассисаҳои таълимии Шуғнону Ишкошим. - Яке аз мушкилоти асосии соҳаи маорифи вилоят нарасидани омӯзгорони фанҳои физика, химия, география, технологияи информатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад, -

афзуд Эраҷ Ҷонмирзоев. Директори Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Тоҷикистон Шодихон Юсуфбеков қайд намуд, ки ҳоло институт дар мавзӯъҳои забон ва адабиёт, фолклор, таърих, мардумшиносӣ, бостоншиносӣ ва тадқиқоти иҷтимоӣ- иқтисодии ВМКБ кор бурда истодааст. Феълан кормандони илмӣ ба ҷамъоварии маводҳо аз навоҳии вилоят ва кишварҳои ҳамҷавор, ки аҳолии помиризабон дар онҳо маскунанд (Афғонистон, Хитой, Покистон ва шимоли Ҳиндустон) сарукор доранд. Мувофиқи тавзеҳоти мавсуф аз рӯи мавзӯъҳои номбаршуда 24 нафар корманди илмӣ, ки 18 нафар номзад ва панҷ нафари дигар докторони илманд, корҳои илмӣ-тадқиқотиро бурда истодаанд.

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

ДЕВАШТИЧ: Паём сармашқи фаъолияти мост Чун анъана ҳарсола баъд аз ироаи Паёми Президенти ҷумҳурӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи минбаъдаи он, расонидани муҳтавои он ба интихобкунандагон дар ҳайати гурӯҳҳои муштарак бо аҳолӣ баргузории вохӯриҳо ба нақша гирифта мешаванд. Бо ҳамин мақсад дар ноҳияи Деваштич низ доири фаҳмонидани тамоми нуқтаю хулосаҳои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва гурӯҳи тарғиботии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷараён гирифт. Аз ҷумла, дар Қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Исмоилзода Зуфар, Мироанвар Ахмедов, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Амриддин Шарипов, Фирӯз Қодиров, устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Абдураҳмон Мирсаидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилов, сардори ШВКД дар ноҳияи Деваштич Маҳмадсафар Пирзода, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Деваштич Бахтиёр Абдуллоев бо сокинон мулоқот карданд. Таъкид шуд, ки дар таъминоти яке аз стратегияҳои асосӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ нақши сокинони ноҳияи Деваштич басо назаррас мебошад. Ноҳия бо истеҳсоли картошкаи аълосифат дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойгоҳи хосаро касб кардааст. Амриддин Шарипов гуфт, ки бо шарофати расидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи маориф зиёда аз 2500 муассисаҳои таълимӣ бунёду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин гадиданд. Зиёда аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёни лаёқатмад аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Ин нишондиҳандаҳо моро водор месозад, ки нисбат ба

ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аҳамияти хоса дода, ҳамеша баҳри пешрафту ободии сарзамини биҳиштосоямон дар талош бошем. Ғамхории дигари Сарвари мамлакатамон ин аст, ки соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Ҷавонони босаодати моро зарур аст, ки аз ин фурсат истифода бурда дар таҳкими Истиқлолият, рушди тамоми соҳаҳои мамлакат ҳамаҷониба дар талош бошанд. Собиқадори маориф Муҳибулло Нуруллоев диққати хешро ба иқдомҳои наҷиби Сарвари мамлакат доири таъмини барқ равона сохта, қайд намуд, солҳое буданд, ки ба мо 2 соат барқ медоданд, имрӯз шукрона мекунем, ки ба истиқлолияти энергетикӣ расидем. Баъди бунёди НБО “Роғун” ва хатти баландшиддати CASA-1000 мо барқамонро ба хориҷ содир намуда, ба дасдовардҳои зиёди иқтисодӣ ноил мегардем. Шоираи ҷавон Парвина Амонова ба сухан баромада қайд кард, ки мо - ҷавононро зарур аст, ҷавобан ба иқдомҳои Пешвои миллат давомдиҳандаи кору фаъолияти гузаштагон бошем ва баҳри пешрафту тараққиёти ояндаи давлат, ҳифзи истиқлолият тамоми ҳастиямонро равона созем. Чунин мулоқот дар ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва Муҷун низ ҷараён гирифтанд. Лоиқ ТӮЙЧИЕВ, ноҳияи Деваштич


130 банди чорабиниҳо ба ифтихори Соли ҷавонон Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки кумита лоиҳаи нақашаи чорабиниҳои Соли ҷавононро омода кардааст, ки зиёда аз 130 банди чорабиниҳоро дар бар мегирад. Қисмати аввал аз такмил додани заминаҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи кор бо ҷавонон, таҳкими инфросохтори соҳа, баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандони соҳа аз ҳисоби ҷавонон иборат аст. Қисмати дигар бошад, бевосита ба ҷавонон дахл дорад, ки фаро гирифтани онҳоро ба омӯзиш илм, касбомӯзӣ ва ҳунаразхудкунӣ дар бар мегирад. Инчунин дар назар аст, ки чарабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, васеъ кардани иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, тавассути пешбарӣ кардани онҳо ба вазифаҳои хизматчии давлатӣ баргузор карда шавад. Ҳамчунин, дар асоси ин лоиҳа баргузории силсилаи лагерҳо барои ҷавонон ба нақша гирифта шудааст. Кумита кори худро ҷиҳати беҳтар кардани ҳамгироӣ бо ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, пурқувват намуданист.

√ ХОСИЯТҲОИ

√ СОЛИМИИ

ЯК ҶАВОН

Иффат

Барои боиффат камол ёфтани ҷавонон ҳамаи шароит муҳайёст Чанд вақт пеш ҳамкори мо Ҳасан Азизов як ҳолати дидаашро ҳикоят кард. Ӯ рӯзи бороние аз назди истгоҳ мегузашт, ки ҷавондухтараке канори роҳ мунтазири нақлиёт буд. Чанд муддате, ки духтарак мусофиркаш мепоид, мошинҳои зиёди сабукрави сиёҳшишаву сафедшиша рӯ ба рӯяш қарор гирифта, ба нишастан даъват мекарданд. Бечора духтарак аз нигоҳҳои шаҳватзову эҳтимол суханҳои гӯшношуниди мошинсаворон рамида, дуртар мерафт. Аммо онҳое, ки нангу номус таркашон карда буд, боз ҳам мошинро ё ба пеш ё пас меронданд ва дубора назди духтар меистоданд ва боз ҳамон таклифи зиштро ба забон меоварданд... Ҳолатро дида, ҳамкори мо гузашта ба истгоҳ мешинад, духтарак ҳам дарҳол паҳлӯи ӯ ҷой гирифта, илтиҷоомез мепурсад: “Бародар, мумкин ман назди шумо нишинам? Аз ин мардуми беҳаё метарсам...” Дар ин боб ӯ ду матлаб навишт ва ҳолатро шарҳ дод. Аммо маълум аст, ки ин масъалаи нангин дар гузашта ҳам буд, ҳоло ҳам дар авҷ аст ва оянда ҳам эҳтимол идома ёбад. Яъне, то он вақте ки ҷомеа, ҷавонон тарбияти дурусти ахлоқӣ нагиранд, ин масъала – ҳарисона ва бо дидаи шаҳват нигаристан ба духтарону занон - идома меёбад. Ин дар ҳолест, ки бадахлоқӣ ҷомеаро ба қафо бурда, миллатро сӯи завол тела медиҳад ва солимии онро зери хатар мегузорад. Иффат, ҳаё ва нангу номус доштан на танҳо зевари занҳо, балки тоҷи сари мардон ҳам ҳаст, ки бояд ҷавонон худро бо онҳо ороста намоянд. Асир наафтодан ба ҳавасҳои ҷисмонӣ ва хостаҳои нафсонӣ дар ин шабу рӯз барои ҳар ҷавон бояд дастури зиндагӣ бошад. Вагарна бо пайи фармудаҳои нафсамон равон шуда мо, бегуфтугӯ, худро ба вартаи ҳалокат мебарем. Зиндагии мо, дуруст аст, ки пуропури вазниниҳост ва барои растан аз қайди онҳо инсонро мебояд фароғату истироҳат ҳам дошта бошад ва шодмонӣ кунад. Вале фароғат доштан дигар асту хилофи ахлоқ амал кардан дигар. Фароғатро ҳам мешавад бе рахна кардани девораҳои ахлоқӣ дошта бошем, аммо ахлоқ ки зарар дид, касро ба сӯи харобӣ ва ҳамин тавр ба нобудӣ мерасонад. Пас, ҷавонон бояд ба тарбияи ахлоқии худ машғул шаванд. Шарт нест, ки касе омада ахлоқи моро дуруст кунад, худамон бояд иқдом кунем. Қадами аввал метавонад, дур шудан аз ҳар гуна зиштие бошад, ки мо дар пешорӯямон мебинем. Муқовимат кардан бо фармудаҳои нафс кори осон нест, вале имконпазир аст. Бояд худро маҷбур кард ва нафсро, ки бузургони мо дар мазамматаш зиёд таъкид кардаанд, ба занҷир гирифт! Таърихи инсоният ва адабиёти ҷаҳон намунаҳои зиёде дар бораи иффату парҳезгории ҷавонон дорад. Худи қиссаи Ҳазрати Юсуф намунаи барҷастаи иффат барои ҷавонон аст... Инчунин, ривоят аст, ки дар гузашта ҷавони донишҷӯе нимишабӣ зери рӯшании шамъ ба тадрис машғул будааст, ки дари хонаашро касе мекӯбад. Ҷавон бо андешаи “Кадом мусофири раҳгузарест, ки дар кӯча мондааст” дарро мекушояд ва рӯ ба рӯяш духтари соҳибҷамолеро мебинад. “Роҳро гум кардам, - мегӯяд духтар хиҷолат кашидаву шарм дошта, - азбаски дар гирду атроф ба ҷуз хонаи шумо рӯшноие наменамуд, маҷбур шудам, ки ин ҷо биёям”. Ҷавон мусофирро дар торикии кӯча ҳавола кардан намехоҳад, бинобар ин ночор

ба хонааш роҳ медиҳад. Сипас, кунҷеро нишон дода, ба духтар мегӯяд: “Метавонед ин ҷо то рӯз истироҳат кунед”. Худаш бошад, то дами субҳ ба мутолиа ва таълиму тадрис машғул мешавад. Духтари шармгин пинҳониву ниҳонӣ як-як ба дарстайёркунии ҷавон менигарад ва ҳолати аҷиберо мушоҳида мекунад: ҷавон дар давоми бедорхобӣ ва мутолиа яке аз ангуштонашро ба шамъи наздаш сӯхтаистода медорад, чанде медорад ва пас мекашад. Ин амалро чанд дафъа такрор мекунад. То саҳар шудан... Баробари дамидани субҳ духтар ба кӯча мебарояд, бо ёрии одамон роҳи хонаашро меёбад. Хона не, балки кӯшки яке аз вазирони подшоҳ будааст. Духтар хоҳари он вазир. Маълум мегардад, ки ӯро то саҳар кофтаанд, аммо пайдо накардаанд. Духтар ҳама воқеаро - роҳгум заданаш ва ба хонаи донишҷӯ афтиданашро, инчунин он ҳалати аҷиби ҷавонро ба вазир нақл мекунад. Вақте донишҷӯро ба ҳузури вазир меоранд, ноиби шоҳ ба вай миннатдорӣ мекунад ва мепурсад, ки чаро ангушташро ба оташи шамъ доштааст. Ҷавони Юсуфмасал мегӯяд: “Вақте нимишабӣ духтари бечораи раҳгумзада назди дари ман омад, наметавонистам ӯро пушти дар кунам. Вале ангуштамро ба оташи шамъ медоштам, то нафси худро, ки як-як ба дасисаи шайтон гӯш фаро дода, аз роҳ берун шудан мехост, аз оташи дӯзах огоҳ намоям. Ҳамин тавр, муяссарам шуд, ки кори хатоеро ба сар набарам!” ...Воқеан дар шароити ҳозира тамоми “имкониятҳо” барои бадахлоқ шудан мавҷуд аст. Он қадар роҳу воситае ҳаст, ки ҷавононро фавҷ-фавҷ ба бадахлоқӣ, беҳаёӣ, беномусӣ мекашад. (Технологияи муосир, шабакаи интернет аз ҷумлаи ин васоитанд). Вале барои хушахлоқ, намунавӣ ва боиффат ташаккул ёфтан ҳам ҳамон андоза, балки бамаротиб бештар шароит фароҳам аст. Ҳама навъи имкониятро ҳам мешавад ба зиёни худ истифода бурд ва ҳам ба манфиати худ. Беҳтар он аст, ки ба фоидаи худ истифода барем. Пас, ҷавони имрӯз бояд аз бадахлоқӣ, бешарафӣ ва беномусиву беҳаёӣ ҳазар кунад! Чанг ба домони маърифат занад. Зеро инсони бомаърифат аз ҳар гуна таҳлукаҳои нафсониву ҷисмониву ғайриахлоқӣ эмин аст. Ҳар қадар инсон бофаҳму фаросат аст, ҳамон андоза ба ҷомеа дархӯр мебошад. Ҳар қадар аз номусу шараф маҳрум аст, ҳамон қадар ба ҷамъият нолозим! Биёед, аз зумраи ҷавононе бошем, ки дархӯри ҷамъиятанд! Башир УСМОН, “ҶТ”

5

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ҶАВОНОН

32 ҳазор ҷавон пеш аз тӯй ташхис шуданд

ҲАСАН АЗИЗОВ

Машғули кор будам, ки садои занги телефон баланд шуд. Гӯширо бардоштам. Аз он тараф садои ғамангези табиб шунида шуд: «Апаҷон, муоина маълум кард, ки домодшаванда ба бемории табобатнашаванда гирифтор аст. Ҳоло ҳам вақт доред, маросими тӯйро гардонед...» Бо шунидани ин хабар баданамро сардӣ фаро гирифт, гӯё аз сарам оби хунук рехтанд. Дунё дар назарам торик шуд. Ба беморхона рафтам, то бо ҳуҷҷатҳо аз наздик шинос шавам. Баъди аз назар гузаронидани ҳуҷҷатҳо маълум гардид, ки домодшаванда дар ҳақиқат гирифтори бемории табобатнашаванда аст. Ночор ба модари домодшаванда занг зада, ҳодисаи шумро ҳикоят кардам, роҳи ҳалро пурсидам. Ӯ аз он тараф хоҳиш кард, ки каме интизор шавам, баъд аз чанд дақиқа ба хона омада, маслиҳат мекунем. Ман ҳам чизе нагуфтам. Баъд аз 20 дақиқа расид. Пешниҳод кардам, ки тӯйро мегузаронем, чизе шавад таваккалаш ба Худо. “Охир, ман тӯли як моҳ шуд ба тӯй тайёрӣ дидаам, тамоми лавозимоти арӯсро харидам, маблағи додаи шуморо ҳам масраф кардаам. Бадии кор дар он аст, ки ман тамоми хешу табор ва ҳамсояҳоро ба тӯй даъват кардаам. Баъди ду рӯз меоянд. Агар ба онҳо гӯям, ки наоед, тӯй намешавад, ба ман механданд. Хаёл мекунанд, ки духтарам ягон айб дорад...” Модари ҷавон маро оромона гӯш карда. Пасон гуфт: “Апаи Моҳира, шумо суханҳои гуфтаи худро сарфаҳм рафта истодаед?! Аз кадом хешу табор ва шарму ҳаё ҳарф мезанед? Ин чӣ гуна шарму ҳаё ва хешу табордорӣ будааст? Охир, ин ҷо сухан дар бораи ҷони инсон рафта истодааст. Шумо бошед, аз гапи мардум андеша доред. Магар духтаратон барои шумо азиз нест? Мехоҳед духтари шумо ҳам баъди издивоҷ гирифтори бемории табобатнашаванда гардад? Апаи Моҳира, ман инро умуман намехоҳам ва барои ҳамин биёед бе ранҷишу малоли хотир издивоҷро гардонем. Ин ба манфиати шумо мешавад. Боз як нафари дигарро гирифтори мубталои ин беморӣ кардан хатост. Инро ман хуб дарк мекунам, чунки худ табиб ҳастам ва медонам, ки гирифторони ин намуд беморӣ чӣ гуна ранҷ мекашанд. Апаи Моҳира, фикри онро накунед, ки хешу табор ва ҳамсоягон шуморо механданд, балки аз ояндаи духтаратон андеша кунед...” Баъди суҳбати тӯлонӣ ду тараф ба хулосае омадем, ки издивоҷро манъ кунем.

Дар ҳақиқат имрӯз дар ҷомеа чунин проблемаҳо зиёд ба чашм мерасанд. Шералӣ Раҳматуллоев, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, қайд кард, ки то имрӯз 32 ҳазор арӯсу домодшавандаро қабл аз издивоҷ ташхис кардаанд. Миёни ташхисшудаҳо 161 нафар мубталои бемории гепаттити В, 30 нафар - гепаттити С, 9 нафар - бемори СПИД, 8 нафар - бемории сил ва 2 нафар мубталои бемории оташак ошкор карда шуд. Ӯ афзуд: “Ҳар сол дар кишвар беш аз 200 ҳазор нафар ҷавон издивоҷ мекунанд, ки барои муоинаи тиббии қабл аз издивоҷи онҳо 16 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд. Аммо ҳамагӣ 32 ҳазори онҳо аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Гузаштани муоинаи тиббии қабл аз издивоҷи 4 моҳ пеш ҳатмӣ гашта буд, вале то ҳол бархе аз навхонадорон онро риоя намекунанд. Ҳарчанд ин пеш аз ҳама ба фоидаи худи онҳост”. Ташхиси пеш аз издивоҷи навхонадорон ройгон аст. Мутобиқи талаботи моддаи 23 Конститусияи Тоҷикистон “Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст”, инчунин мутобиқи моддаи 15 Кодекси оила гузаронидани муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқомати онҳо ба таври ройгон (бепул) ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳкунанда анҷом дода мешавад. “Агар яке аз никоҳкунандагон ба бемории венерикӣ ва ё вируси норасоии масунияти одам ва бемории муҳассали норасоии масуният мубтало будани худро пинҳон дорад, шахси дигар метавонад ба суд муроҷиат карда, беэътибор донистани никоҳро талаб намояд” (моддаҳои 28-31 ҳамин кодекс). - Хатои мо - волидон дар он буд, ки нисбат ба муоинаи духтур бепарвоӣ зоҳир карда, натиҷаи онро интизор нашуда, натиҷаи талхи онро чашидем. Ҳарчанд ду ҳафта пеш духтарам бо домодшаванда аз муоина гузашта буданд. Беҳуда шахсони маъруф нагуфта будаанд, ки меваи сабр ширин аст. Аммо мо сабр карда натавонистем. Ман акнун дарк кардам, ки ташхиси пеш аз издивоҷи навхонадорон бениҳоят зарур будааст. Хуб шуд, ки онро Ҳукумати кишвар ҳатмӣ гардонд. Барои ҳамин, аз дигар волидон даъват ба амал меорам, ки пеш аз издивоҷ фарзандони худро аввал аз муоинаи тиббӣ гузаронида, сипас андешаи хонадоршавиашонро намоянд. Имрӯз дар ҷомеа мутаасифона, баъзе волидон дар хонадории фарзандон ба саросемагию шитобкорӣ роҳ медиҳанд, - гуфт Моҳира. Дар ҳақиқат боиси нигаронист, ки тайи чанд соли охир парокандашавии оилаҳои ҷавон афзуда, сатҳи маърифати оиладории насли ҷавон хеле коҳидааст. Яке аз омилҳои парокандашавии оилаҳои ҷавон ночиз гирифтани маълумоти тиббӣ аст. Ҳар сол ҳазорҳо ҷавони тоҷик аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, пайи бунёди оила мекӯшанд. Аммо лоақал касе намепурсад, ки ин ҷавон дар Русия тайи чанд моҳ ё чанд сол ба чӣ кор машғул буд, бо киҳо буд…


6

Минтақаҳои марзӣ ба мавҷи ТВ ва радио фаро гирифта мешаванд

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

БАРОИ ҶАВОНОН

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои кишвар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2017 барои ҷалби ҷавонон ва мутахассисони баландихтисос озмун эълон менамояд. Ин нуктаро Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радио зимни нишасти матбуотӣ, ки 13 январ баргузор гардид, баён кард. Ба таъкиди номбурда, соли ҷорӣ минтақаҳои наздисарҳадии кишвар, ки ба мавҷи шабакаҳои телевизиониву радиоии давлатӣ пурра дастрасӣ надоранд, ба куллӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Ӯ аз зиёд шудани шумораи фиристандаҳои мавҷ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ибрози хушнудӣ намуда афзуд, ки шумораи онҳо то моҳи декабри соли 2016 ба наздики 1400 адад расидааст.

√ ГУЗАШТИ

ХУРШЕД ХОВАРӢ

Гузашти ҷавонӣ бароям ҳасрат аст

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарманди театр, ровии шинохта Оритиқи Қодир дар деҳи кӯҳистоне чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми тифливу наврасиашро бо дараву хушачиниҳо гузарондаву кӯшиш намудааст, то дар айёми ҷавонӣ роҳи муваффақият дар зиндагиро пайдо кунад. Тамоми муваффақиятҳояшро ба даврони ҷавониаш иртибот медиҳад. Афсӯс ҳам мехӯрад, ки чаро бештару бештар аз пайи дониш нагардидааст.

√ СОЛҲОЕ,

АЙЁМ

- Ҷавонӣ аз нигоҳи Шумо чист? - Ҷавонӣ ганҷи бебаҳост. Ҳар нафаре, ки дар аҳди ҷавонӣ қарор дораду неруманд аст ва аз ҳар дарду ранҷ орӣ аст, ба қадри ин ганҷ расиданро эҳсос намекунад ва дарк намесозад, ки чӣ ганҷинаи бузурге дар даст дорад. Барои ҳамин ҳикматест, ки мегӯянд: “Эй кош ҷавонӣ, медонист ва эй кош пирӣ метавонист.” Дар як маҳфил ҷавонон аз Афзалшо Шодӣ хоҳиш карданд, ки суруди “Ҷавонӣ рафт”-ро, ки ба қалами устод Лоиқ тааллуқ дорад, қироат намояд. Ҷавонон аз ин суруд бо кафкӯбию хушҳолӣ истиқбол гирифтанд. Чун навбати сухан ба ман расид, таъкид доштам, ки “Ҷавонӣ рафт” набояд ҷои хандаву кафкӯбӣ бошад, балки ҳасрат аст. Низомӣ бисёр некӯ қайд мекунад, ки: Ҷавонӣ дар сари кӯч аст, дарёб ин ҷавониро, Ки шаҳрӣ боз кай бинад, ғариби корвониро. Хамидапушт аз он гаштанд, пирони ҷаҳондида, Ки андар хок меҷӯянд айёми ҷавониро. Агар ҷавонӣ ройгону бедарак нарафта бошад, ҳасратхӯрӣ кам мегардад. Ман агарчанде аз овони

ҷавониам ҳасратҳо надорам, аммо баъзан аз он пушаймонӣ менамоям, ки чаро забонҳои хориҷиро хуб аз бар накардам, то имрӯз метавонистам ба ин васила осори бузургони миллати хешро тарҷума намоям. Миллати худро дар баҳамоӣ ва набарди фарҳангҳо муаррифӣ ва ҳифз карда тавонам. Шояд дар доираи сафарҳои ҳунарӣ моноспектакле намудаву осори бузургони миллати хешро ба хориҷиён намоиш медодам. Гузашти ҷавонӣ ҳасрате аст, барои ҳар нафаре, ки аз ин кӯча убур кардааст. Ҷавонони даврони Истиқлолиятро бо ҷавонони даврони худ чӣ гуна қиёс мекунед? - Айёми ҷавонии мо ба даврае рост омад, ки марҳилаи гузариш ба худшиносии миллӣ буд. Шоирон ва равшанфикрон қадам ба қадам аз чорчӯбаи идеологияи комунистӣ берун мегаштанд ва рӯ меоварданд ба ифтихори миллӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ. Он замон шеърҳои ватандӯстонаи Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир рӯи чоп меомаданд, ки ба мафкура ва ҳисси худшиносии ҷавонон таъсири амиқ мерасонид. Ҷавониҳои мо дар марҳилаи бедоршавии миллӣ сипарӣ гаштааст. Ҷавонони Истиқлолият дар даврае умр ба сар мебаранд, ки метавонанд озодона перомуни арзишҳои миллӣ андеша ронанд ва ифтихор аз миллату ватани азизи хеш дошта бошанд. Дар гузашти таърих чунин як ҳарорат, ҷӯшу хурӯш ва эҳсоси ватандӯстию худшиносие, ки ҷавонони ин даврон доранд ва онро бидуни тарсу биме ошкор менамоянд, шояд набуд. Ёд дорам, соли 1976 замоне, ки донишҷӯ будам, ҳамроҳи ҳунармандони театри Лоҳутӣ ба шаҳри Бухоро сафари ҳунарӣ доштам. Банда ровӣ будам ва ҳамон ҷо шеъри “Забони модарӣ”-и Бозор Собирро қироат намудам. Аксари мардум нороҳат гардида, вокунишҳо нишон доданд ва ман мавриди сарзаниш қарор гирифтам. Сармуҳаррири рӯзномаи “Бухоро ҳақиқати” Тошпулот Ҳомид дар як ҷамъомад ба

ман “насиҳатомез” гуфт, ки ин гуна шеърҳои миллатгароиро нахон. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки ин миллатгароӣ нест, ҳақиқати ҳол аст. Миллатгароӣ ин аст, ки дар ин ҷо мактаби тоҷикиро бастаанд, рӯзномаи тоҷикиро бастаанд ва ҳатто дар китобхонаҳо як китоби тоҷикӣ нест. Ҳатто, ин суханҳо то ректори мо омада расид ва ин сабабгори он шуд, ки аз дипломи сурх бенасиб гардам. Бояд ҷавонони даврони Истиқлолият аз миллияти хеш ифтихор намоянд ва пайваста шукргузор бошанд, ки чунин давроне насибашон гаштааст. Дар даврони мо аз арзишҳои миллӣ ва ҳақиқати таърихӣ ҳарф задан мамнуъ буд. - Дар мавриди ахлоқи ҷавонон чӣ андеша доред? - Вақте сухан дар мавриди бурду бохт ва ахлоқи ҷавонон меравад дар ин ҷо пеш аз ҳама бузургсолон саҳмгузоранд. Ман чунин андеша дорам, ки ҳар амали нодурусте, ки аз ҷониби ҷавонон содир мешавад, ин ҷо айб бар дӯши бузургсолон аст. Ҷавонро ҳар гунае, ки тарбия кунӣ, ҳамон гуна ба воя мерасад. Баъзан калонсолони мо муҳтоҷи тарбия ҳастанд. Вақте дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷавонон ба калонсолон ҷой медиҳанд, онҳо менишинанду ҳатто “раҳмат”, “саломат бошед” намегӯянд. Ин суханҳо ба кас равони тоза мебахшад ва касро барои чунин корҳои нек таҳрик медиҳад. Вақте мо дар хурдӣ ягон кори хубе анҷом медодем, аз ҷониби колонсолҳо ҳазорҳо таҳсину офарин мешунидем. Ҳатто як салом додан кифоя буд, ки мавриди эҳтироми калонҳо қарор гирем. Гумон мекунам, ин чизҳо дар психологияи ҷавонону наврасон таъсир мегузорад. - Ҷомеае, ки 70%-и онро ҷавонон ташкил медиҳад, чӣ гуна бояд бошад? - Бояд ягон нафар аз бузургсолон нисбат ба тақдири насли наврас ва ҷавонон бетараф набошад. Ин чиз мусаллам аст, ки ояндаи ҷомеа ва рушду нумӯи давлату миллат ба ҷавонон вобастагӣ дорад ва ояндаи мо дар дасти ҳамин насли созанда аст. Вақте мебинам байни мактабҳо

хусумату хушунат аст ва дар ниҳоди ҷавонон ҳисси маҳалгароӣ аланга мезанад, пеш аз ҳама худро гунаҳкор менамоям, ки шояд дар куҷое заъфе аз аъмол нишон додаам. Имсолро беҳуда Соли ҷавонон эълон накардаанд. Ин маънии онро дорад, ки мо дар ғами оянда ҳастем. Пешвои миллат аз минбарҳои баланд пайваста таъкид мекунад, ки ба ҳаёти ҷавонон бетараф набошем, вале мутаассифона, баъзе гуфтаҳои Сарвари давлат дар сохторҳои алоҳида саҳл ва нодида гирифта мешавад. Як кас наметавонад сарбози ғолиб бошад, бояд ҳамагон гирди ҳамин идеяи миллатсозӣ муттаҳид бошем. Агар ҳар яки мо дар ғами нафсу манфиати хеш бошем, бисёр бад аст ва натиҷаҳои бадро низ ба бор хоҳад овард. Вақте Пешво ва роҳбари ар-

Ҳар амали нодурусте, ки аз ҷониби ҷавонон содир мешавад, ин ҷо айб бар дӯши бузургсолон аст. Ҷавонро ҳар гунае, ки тарбия кунӣ, ҳамон гуна ба воя мерасад. Баъзан калонсолони мо муҳтоҷи тарбия ҳастанд.

занда дорем, бояд ӯро ҳамчун идеал барои худ интихоб кунем ва дар гирди ғояҳои миллӣ муттаҳид шавем ва бетараф набошем. Ҷомеае, ки ба насли ҷавон эҳтиром мегузорад, ба комёбиву муваффақиятҳо хоҳад расид.

КИ МАН ҶАВОН БУДАМ...

Қурбон Ҳалимов, Сержанти хурд, сокини ноҳияи Ёвон: - Соли 1983 ба ман, ки дар он замон омӯзигоҳи касбӣ-техникиро хатм ва дар колхоз фаъолият мекардам, аз Комиссариати ҳарбии ноҳия даъватнома омад. Ин даъват аз ҷониби кулли хонадон, ба ҷуз ман ба хубӣ пазируфта шуд. Ҳатто модарам, барои он ки писарашро ба хизмати ҳарбӣ даъват мекарданд, хушнудӣ менамуд ва даъватномаро ба чашму абрувонаш мемолид. Ман, ки ҷуссаи бузургу бозувони паҳлавонона надоштам, аз хизмати ҳарбӣ метарсидам ва роҳи гурез меҷӯстам. Ба Комиссариати ҳарбӣ омадаву аз комиссияи тиббӣ гузаштам ва сардухтур дар поёни ҳуҷҷатҳои ман навишт, ки солим ҳастам. Маро ҳамроҳи чанд нафар даъватшудаи ди-

гар тариқи роҳи оҳан ба Ҷумҳурии Қазоқистон бурданд. Хушбахтона, ману рафиқам Маъруф дар як қисми ҳарбӣ афтодем. Мо 10 нафар аскарони навдаъватшударо пас аз ду рӯзи хизмат барои кор ба як коргоҳи коркарди чӯбу тахта бурданд ва дар он ҷо бояд бо роҳбарии як аскар, ки рутбаи сержанти калон дошт, кор мекардем. Сержант амр кард, то як ғулачӯберо, ки 1012 метр дарозӣ ва қутраш аз 1,5 метр ҳам зиёд буд, ба коргоҳи бурандаи чӯб гузорем. Мутаассифона, мо 10 нафар аз иҷрои ин кор баромада натавонистем, ки боиси дар ғазаб шудани сержант гардид. Ӯ ҳамаи моро дар як саф гузошта, ҳар яки моро бо лагад зад ва худаш танҳо ба

воситаи як ломчае ғулачӯбро ба сари дастгоҳ гузошт. Аз ин кор хеле аламам кард ва тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат аз хизмат гурезам. Аз ин тасмимам рафиқамро огоҳ кардам. Ӯ низ гӯё мунтазири гуфтаҳои ман буд, ки якбора барои аз хизмат гурехтан тайёрӣ дид ва мо пас як рӯзи дигар, яъне пас аз 9 рӯзи хизмат аз қисми ҳарбӣ фирор кардем. Чун шаб буд, мо ҷониби кӯҳ, ки дар наздикии қисми ҳарбӣ воқеъ гардида буд, роҳ пеш гирифтем. Ду рӯз дар кӯҳҳои бесару нуг гашта, қариб аз тобу тавон монда будем. Ташнагиву гуруснагӣ моро чунон пахш карда буд, ки дигар маҷоли роҳ рафтан надоштем. Он замон дарк кардем, ки хато кардаем ва бояд аз роҳ баргардем. Вале чун нахустин бор дар он ҷойҳо қадам мезадем, намедонистем, ки аз ка-

дом ҷониб омадаему, ба кадом самт раҳсипор гашта истодаем. Фақат орзу мекардем, ки эй кош дигарбора ба ободӣ расему дигарбора ба қисми ҳарбӣ баргардем. Танҳо он замон меҳру муҳаббати Ватан-Модарро эҳсос мекардам ва чӣ миқдор мушкилфизо будани берун аз навозишаш монданро дарк намудам. Дар ҳамон биёбон савганд ёд кардам, ки то ҷон дар бадан дорам, барои Ватан содиқ хоҳам монд ва ҳеҷ гоҳ аҳд нахоҳам шикаст. Ман аллакай мафҳуми Ватанро дарк карда будам. Ногаҳон аз дур ободие намудор шуд. Ин қисми ҳарбие буд, ки мо ду рӯз пеш аз он ҷо фирор карда будем. Билохира бо машаққати зиёде расидем. Ман то ҳол ба он савганди худ содиқам ва содиқ хоҳам буд.


Озмуни «Соҳибистеъдод» ба ифтихори Соли ҷавонон Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат як қатор чорабиниҳои илмию амалӣ, аз қабили озмунҳо, конфронсҳо, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор шуд. Дар озмуни «Соҳибистеъдод», ки бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардида буд, 63 донишҷӯ ихтироъҳои худ, суруд, рақс, бофандагию дӯзандагӣ, рассомӣ, кашидадӯзӣ, ҳаҷвнигорӣ ва дигар ҳунарҳо пешкаши ҳакамон намуда, 11 нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд. Ғолибон аз тарафи маъмурияти коллеҷ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

√ АСРОРИ

ҲУНАР

Оҳангарӣ – касби қадимии тоҷикон Оҳангарӣ яке аз касбҳои маъмули мардуми тоҷик аст. Ин касб аз қадим то имрӯз расидааст. Мардуми мо ин касбро аз давраи Кова ба ёд дорад. Сабаби як андоза бардавом будани ин пеша ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ мебошад. Дар гузашта устохона ё корхонаҳои оҳангарӣ дар ҳар шаҳру деҳа мавҷуд буданд. Тибқи маълумот, оҳангарӣ аз чилу як ҳунар иборат буда, ҳар яке аз дигар фарқ дорад, яъне устои каландгар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкӯб, кордсоз, қуфлсоз ва амсоли инҳо. Рушди истеҳсоли маснуоти оҳангарӣ дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар шаҳру навоҳии кишвар бештар мушоҳида шудааст. Зеро пас аз ҳамроҳ шудани Осиёи Марказӣ ба ҳайати Русия воридоти ашёи хом, аз ҷумла, оҳан меафзояд. Аз он пештар масъалаи дарёфти ашёи хом барои оҳангарони деҳот хеле мушкил буд. Дар Шуғнону Вахон бинобар камчин будани оҳан наъли аспонро аз шохҳои бузи кӯҳӣ тайёр мекарданд. Дар Ванҷ оҳанро бо роҳи гудохтани маъдани кӯҳӣ ба даст меоварданд. Сӯзишвории асосӣ барои оҳангарон ангишти дарахтони чӯбашон сахт ба ҳисоб мерафт. Дар кӯҳистон ангиштро аз дарахтони арча, бурс ва баъзан аз ангат тайёр мекарданд. Олоти устохонаи ин касб аз кура, дами оҳангарӣ, саночи дам, сандон, кундаи чӯбӣ, новаи об, путк, гиро, анбӯр, каҷанбӯр, қалам ё сумба, хоиск ва ғайра иборат мебошад. Дар ҳар устохона ҳадди аққал як усто ва 2-3 нафар шогирд кор мекарданд. Устои калон дар назди кураи оташ истода, бо анбур оҳанро дар оташ сурх мекард ва ҳамроҳи яке аз ҳамкорон ё шогирдон онро дар болои сандон бо путку хоиск зада, ба шакли дилхоҳ медаровард. Шогирди дигар банди саночи дамро мунтазам болову поён кашида, ба шуълаи ангишт бод медод, то ки оташ беист забона занад. Маҳсулоти сохтаи оҳангарон гуногун буданд. Аз ҷумла олоти кор - каланд, бел, теша, хоркантеша, табар, искана, исканатабар, новатеша, ҷоду, токбур, болға, анбӯр; асбобҳои рӯзгор – кафгир, дег, корд, оташгирак, зулфаки дар, мехча, даравши мукидӯзӣ, поку; олоти кишоварзӣ – дос, оҳани ҷуфт, гулмех, наъл бо мехаш ва ғайра истеҳсол мешуданд. Оҳангарӣ имрӯз низ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъмул аст. Ҷавононе ҳастанд, ки ин касбро аз падарон омӯхта, идома медиҳанд. Суҳроб Ҳотамов аз зумраи чунин ҷавонон аст. Ӯ дар деҳаи Шилмаки ноҳияи Рашт дӯкони оҳангарӣ дорад ва эҳтиёҷоти мардумро бароварда месозад. Ӯ асосан дос, каланд, табару теша ва наъл месозад. “Талаботи мардум асосан ба ҳамин маҳсулот аст”, - мегӯяд ӯ. Вақтҳои охир ба назар мерасад, ки касби оҳангарӣ хеле кам шудааст. Бо шарофати бародарони чинӣ бозорҳои ҷумҳуриро масолеҳи бесифат, аз қабили досу тешаву табар гирифтааст. Бо ин сабаб дари чандин дӯкони оҳангарӣ дар кишвар баста шудаанд. Хуб мешуд, ки барои аз байн нарафтани ин касби бобоӣ ва барои мардуми мо азиз Ҳукумати ҷумҳурӣ воридоти маҳсулоти оҳангариро манъ намояд. Бо ин роҳ метавон касби оҳангариро асрҳои дигар нигоҳ дошт.

√ МАСЛИҲАТИ

7

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

“ҶТ”

Дар мактаби олӣ аълочӣ бошед

НОИЛА ВОҲИДОВА

Шумо агар хоҳиши таҳсилоти олӣ гирифтан дошта бошед, вале дар баробари он мудом бо таҳсил банд нашавед, чанд маслиҳатро ба гӯш гиред. Асрори таҳсили аъло дар мактаби олӣ мураккаб нест, вале онҳоро риоя намуда, шумо ба дастовардҳои калон ноил мегардед. Ба андешаи мо, таҳсил дар мактаби олӣ ба монанди таҳсил дар мактаби миёна мушкил нест. Табиист, ки донишҷӯён ба даъвои мо розӣ намешаванд. Мо ҳоло исбот менамоем, ки онҳо хато мекунанд. Инчунин дар бораи роҳҳои ноил гаштан ба муваффақият суҳбат мекунем.

ва дар лексияи фанни дигар ба осонӣ истифода мебаред. Бинобар ҳамин, донишҷӯ пеш аз ҳама бояд хотираи қавӣ дошта бошад. Манбаи номушаххаси мактаби олӣ санҷиши донишҳост. Муаллимон асосан дидан мехоҳанд, ки шумо чӣ тавр фанро мефаҳмед. Мутаассифона, аксари донишҷӯён фанҳоро дуруст намефаҳманд, бинобар ҳамин, кӯшиш мекунанд, ки барои омодагӣ ба имтиҳон мавзӯъҳоро азёд кунанд. Муаллимон чунин донишҷӯёне, ки фанро азёд мекунанд, чандон намеписанданд, бо ҳамин сабаб ба онҳо баҳои паст мегузоранд. Педагог фаҳмиши шуморо дидан мехоҳад. Агар шумо дар имтиҳон дониши умумӣ намоиш диҳед, он гоҳ дар 90 фоизи ҳолатҳо муаллим ба шумо баҳои баланд

бинед. Бо ин мақсад конспект навишта, бо тамоми қувва кӯшиш кардан лозим. Бовар кунед, вақте аз синф бо баҳои баланд мебароед, он гоҳ қимати кӯшишу ғайрататонро мефаҳмед. Заҳматаҳоятон ҳаргиз барҳадар намераванд, ҳатто вақте ки муаллим дар баҳогузорӣ одами чандон сахӣ набошад ҳам. Шумо аз ду сар дониш аз худ мекунед ва он дар оянда буш мо лозим мешавад. Имтиҳон барои донишҷӯ чизи аз ҳама муҳим дар вақти таҳсилаш аст. Дар имтиҳон муаллим аз шумо метавонад қасдашро ситонад, инчунин метавонад муносибати хуб кунад. Сирри дигари аълохонӣ дар мактаби олӣ: бо муаллимон дӯстӣ кунед. Касе намегӯяд, ки бо муаллим

Шумо бояд фаромӯш накунед, ки таҳсили муваффақона танҳо дар ҳолате имконпазир мегардад, ки агар шумо мактаби олиро бошуурона интихоб карда бошед ва хоҳиши ҳамон илмеро доред, ки ба шумо зарур аст. Бо вуҷуди он, аксар вақт донишҷӯён лексияҳоро бо дили нохоҳам мешунаванд, вале аз ду сар имтиҳон месупоранд. Қайд кардан лозим аст, ки чунин донишҷӯён ҳамеша аз донишҷӯёне, ки фан писандашон аст, қафо мемонанд. Дар воқеъ, агар шумо чанд сол боз дар мактаби олӣ таҳсил дошта бошед, дар бораи сирри шунидани лексияҳои хуб бо шумо гуфтугӯ кардан чандон аҳамият надорад. Мактаби олӣ манбаъҳои мушаххас ва номушаххас дорад. Манбаи мушаххаси мактаби олӣ омӯзиши фанҳо аст. Фанҳо мудом бо ҳам робита дошта, агар хотираи хуб дошта бошед, онҳоро бе мушкилӣ меомӯзед. Як маълумотро дар як лексия шунида, онро ба хотир мегиред

мегузорад. Фаромӯш накунед, ки фаҳмиши умумӣ низ вуҷуд дорад. Метавонед чанд сухани умумӣ дар бораи мутафаккирон гӯед. Ин ҳолат шуморо дар назари муаллим ҳамчун донишҷӯи бофарҳанг ва донишманд намоиш медиҳад. Вале аз ҳад нагузаронед, зеро муаллимон одамони беҳудагӯро низ чандон хуш надоранд ва кӯшиш мекунанд, ки онҳоро хомӯш созанд. Ҳар кор ҳадду ҳудуд дорад. Ба шумо, ба монанди мактаби миёна, вақти донишҷӯӣ мудом исбот кардани донишҳоятон зарур нест. Муаллим ба шумо лексия мехонад, шумо метавонед ҳатто лексияи муаллимро конспект накунед. Донишгоҳ маконест, ки шуморо ба шахси мустақил ва масъулиятшинос табдил медиҳад. Бинобар ин шумо метавонед ҳатто дар лексия иштирок накунед. Вале он гоҳ имтиҳон супоридан бароятон мушкил мегардад. Беҳтараш ба имтиҳонҳо ва санҷишҳо пешакӣ тайёрӣ

чой нӯшед ва ба хонааш меҳмонӣ равед. Танҳо бо вай дӯстона муносибат кунед. Салому алейк гӯед, дарсҳояшро бодиққат гӯш кунед. Илова бар он, хеле муҳим аст, ки шумо дар хотираи муаллим монед. Албатта, муаллим садҳо донишҷӯро дар хотир гирифта наметавонад. Вале агар шумо ба назди муаллим рафта, ба вай дар бораи мавзӯи нав чанд савол дода, посух гиред, муаллим шуморо албатта, дар хотир мегирад. Бо ҳамин васила шумо якбора ба ду мақсад мерасед: ҳам иттилои нав мегиред, ҳам бо муаллим наздик мешавед. Барои аълохон шудан боз кадом корҳо муҳиманд? Тамоми вақтатонро дар китобхона нагузаронед. Муошират бо ҳамсабақон низ барои шумо муҳим аст. Аксар вақт чунин мешавад, ки ҳамсабақон иттилоотеро медонанд, ки ба шумо низ муҳим аст. Кори илмиро беҳтараш бо ҳамсабақатон якҷоя анҷом диҳед.


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

ШОДИХОНИ НАЗАР

Фаррух Амонатов дар Ҳиндустон сазовори ҷои аввал шуд Фаррух Амонатов, шатранҷбози шинохтаи кишвар дар мусобиқаи байналмилалии “Delhi International Open-2017” бо дарёфти 8,5 хол мақоми аввалро соҳиб гардид. Гош Диптаян, намояндаи Ҳиндустон бо 8 хол зинаи дуюм ва Марат Ҷумъаев, намояндаи Узбекистон бо 8 хол ҷойи сеюмро ишғол намуданд. “Delhi International Open-2017” аз 9 то 16 январ дар Ҳиндустон бо ҳузури 285 шоҳмотбоз аз 23 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Мусобиқа мувофиқи низоми швейтсарӣ дар 10 давр гузаронида шуда, шартранҷбози тоҷик дар 7 давр ғалаба ва се даврро мусовӣ кардааст.

Соли 2017 чеҳраҳои нав Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд

Соли 2016 барои варзиши кишвар муҳим ва хотирмон ба ҳисоб меравад. Варзишгарони тоҷик дар аксар намудҳои варзиш ба дастовардҳое ноил гардиданд, ки аввалин ҳисобида мешуд. Оғоз аз аввалин медали тиллои Осиё аз намуди ҷудо то ба тиллои олимпӣ аз намуди гурзандозиро варзишгарон ба Ватан оварданд. Ҳукумати кишвар соли 2017 низ якчанд иқдомҳоеро ба роҳ мондааст, ки барои рушди соҳа муосидат мекунад. Пешниҳоди ҷудо шудани соҳаи сайёҳӣ аз варзишу кор бо ҷавонон яке аз ин иқдомҳо ба ҳисоб меравад. Мутасаддиёни соҳаи варзиши кишвар бар он назаранд, ки соли 2016 барои варзиши тоҷик давраи рушди баланд буд ва дар соли 2017 варзишгарони тоҷик ин рейтингро аз даст нахоҳанд дод. Дар мусобиқаҳое, ки соли 2017 ба нақша гирифта шудааст, варрзишгарон обрӯи Тоҷикистонро ба зинаҳои боло мебароранд.

Муродалӣ Тешаев, таҳлилгари соҳа дастоварди муҳими соҳаро дар соли 2016 барои варзишгарону оммавӣ гардонидани варзиш

кушода шудани муассисаи давлатии ТВ “Варзиш” арзёбӣ намуд. “Варзишгарони мо аз Олимпиадаи Рио-2016 ба медали тилло баргаштанд. Инчунин дастовардҳои таэквандочиёну муҳорибаҳои омехта дар кишвар беназир буд. Соли 2017 аллакай мо як шаҳди пирӯзӣ аз футбол чашидем. Тибқи тақвими Федератсияи байналмилалии ҷудо як мусобиқаи қитъавии Осиё дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Бори дуюм баргузории мусобиқаҳои байналмилалии файн-найт (АСВ) намуди муҳорибаҳои омехта дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст ва мо аз варзишгарони тоҷик умедҳои зиёд дорем”, - афзуд М. Тешаев.

Бобо Холмуродзода, шореҳи варзиш, гуфт, “бовар дорем, ки дар соли 2017 варзишгарони тоҷик аз намудҳои олимпӣ метавонанд дар арсаи байналмилалӣ муваффақ бошанд. Чун ҳамешагӣ дар соли 2017 мо аз намуди гӯштини ҷудо, тарзи озод, юнону римӣ натиҷаҳои назаррас интизорем. Ҷудочиён дар мусобиқаҳои Гранд Слам ширкат мекунанд,

паҳлавонони тарзи озод ва юнону римӣ дар чемпионати осиёию ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Умед дорем, ки Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди гурзандозӣ медали тиллоро соҳиб мегардад. Ҳамчунин дар соли 2017 ду дастаи Точикистон - “Истиқлол” ва “Ҳосилот” дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 шарафи кишвари моро муаррифӣ месозанд ва аз ин дастаҳо низ натиҷаи баландро интизорем. Тими мунтахаби Точикистон оид ба футбол соли 2017 дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 ширкат мекунад ва мо бовар дорем, ки дастаи мо ба ин мусобиқаи бонуфузи Осиё роҳ меёбад». Тибқи нақшаи таҳрезигардидаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чорабиниҳои варзишӣ нисбат ба соли 2016 як баробар зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки баҳри оммавияти варзиш дар кишвар саҳм мегузоранд. Масъулин таъкид мекунанд, ки варзишгарони мо акнун барои натиҷа ба муҳориба мебароянд. То ин вақт мутасаддиён баҳри бартараф кардани камбудиҳои соҳа талош мекарданду ҳамзамон варзишгарони ҷавонро ба воя мерасониданд. Замони он расидааст, ки мо аз варзишгарони даврони истиқлол танҳо натиҷа интизор шавем. Носир Бозор, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар суҳбат ба мо таъкид намуд, дар соли 2017 варзишгаронро бештар ба мусобиқаҳои

сатҳи байналмилалӣ сафарбар менамоянд. Ба монанди Бозиҳои варзишии кишварҳои исломӣ, Унверсиадаи зимистона, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мегардад ва чандин мусобиқаҳои дигар. - Соли 2017 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи шароити мавҷуда тасмим гирифтааст, ки варзишгарон барои сафарбар шудан ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷиҳати молӣ ягон мушкилӣ надошта бошанд. Айни ҳол дар пайи амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳои соли 2017 ва оммавияти варзиш қарор дорем, ки баргузории 129 чорабинӣ ба назар гирифта шудааст. Аз ин шумора 25-тояш мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мебошад ва ин нишондод нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб зиёд аст. Ин мусобиқаҳо аксар дар минтақаҳои дурдасти кишвар гузаронида мешаванд ва чеҳраҳои нави варзиш ҷалб мегарданд”.- афзуд номбурда. Рӯзноманигор Бахтиёри Зоир зимни суҳбат иброз дошт, ки дастоварди Дилшод Назаров як омили илҳомбахшандаи варзишгарони

дигари кишвар дар мусобиқоти минбаъдаи байналмилалӣ хоҳад буд. “Дар соли нав мо аз ҷудокорони мамлакат ва дастаҳои футболи кишвар умеди калон дорем. Фикр мекунам, ки имсол Комроншоҳи Утоприён ба хазинаи варзиши мамлакат чанд медали тилло аз мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ворид менамояд. Ба кор омадани чеҳраи маъруфи футболи кишвар Муҳсин Муҳаммадиев дар масъулияти сармурабигии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дастовардҳои ин дастаро дар мусобиқоти байналмилалӣ низ зиёд хоҳад кард. Ин даста соли ҷорӣ имкони ғолиб омаданро дар Ҷоми КФО дорад. Барои ин акнун ба ин даста ҳам таҷриба, ҳам футболбозони хуб ва ҳам ҳайати мураббиёни ботаҷрибаву кордон фароҳам оварда шудааст. Умед дорем, ки дастаи «Ҳосилот»-и Фархор низ бо вуҷуди камтаҷрибагиаш ҳадди аққал ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО роҳ меёбад”. Варзиши кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад ва метавон гуфт, ки дар соли 2017 чеҳраҳои нав Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ аз намудҳои гуногуни варзиш муаррифӣ мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки мухлисону мутасаддиёни соҳа нисбат ба дигар намудҳои варзиш дар соли 2017 ба ҷудокорону футболбозони тоҷик эътимоди зиёдтар доранд. Варзишгарони кишвар дар давоми сол бо чӣ дастовард хотири мухлисонашонро шод мегардонанд, инро вақт нишон медиҳад.

Даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни бонувон дар Душанбе доир мегардад

Натиҷаи қуръакашии даври пешакии Ҷоми ФФТ

Конфедератсияи футболи Осиё Душанберо ба ҳайси мизбони даври интихобии Ҷоми Осиё миёни дастаҳои мунтахаби бонувон тасдиқ кард.

12 январ дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии даври пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе доир гашт.

Қуръапартоии даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни бонувон 21 январ дар Уммон баргузор мешавад. Дар мусобиқа дар баробари тими футболи бонувони Тоҷикистон, дастаҳои футболи занонаи Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Урдун, Мянма, Тайбэйи Чин, Узбекистон, Филиппин, Ҳонконг, Лубнон, Баҳрайн, Эрон, Ҳинд, Фаластин, Кореяи Шимолӣ, Гуам, Ироқ, Сингапур, Сурия ва АМА ширкат мекунанд. Тими миллии бонувони Урдун оид ба футбол ҳамчун мизбони Ҷоми Осиё-2018 дар даври интихобӣ ширкат мекунад, аммо барои роҳхат талош намекунад. Дастаҳо дар натиҷаи қуръапартоӣ ба чор гурӯҳ – 3 гурӯҳи 5-дастаӣ ва як гурӯҳи шашдастаӣ тақсим мешаванд. Даври интихобӣ 3-12 апрели соли равон дар Тоҷикистон, Фаластин, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам доир мегардад. Ба даври финалии Ҷоми Осиё-2018 ғолибони чор гурӯҳ роҳ меёбанд. Ба даври финалӣ се дастаи беҳтарини чемпионати охирин (Ҷопон, Автралия, Чин), ки соли 2014 дар Ветнам доир гашта буд, роҳ ёфтаанд.

Чун анъана Ҷоми ФФТ дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва финалӣ баргузор мешавад. Дар даври пешакӣ бозиҳо дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон баргузор мешаванд. Дар Душанбе мусобиқа 26 январ, дар Суғд 20 январ ва дар Хатлон 27 январ оғоз мегардад. Дар минтақаи Душанбе 9 даста ширкат мекунад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи “А” тимҳои “Ваҳдат” (Ваҳдат), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), КМВА “Помир” (Душанбе), “Локомотив” (Душанбе) ва “Куктош” (Рӯдакӣ) дохил шуданд. Гурӯҳи “Б” аз дастаҳои “Ҳосилот” (Фархор), “Барқчӣ” (Душанбе), “Истиқлол” (Душанбе) ва “Хайр” (Ваҳдат) таркиб ёфт. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври финалӣ, ки 10-19 феврал дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд. Ба ин чор даста ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд ва ду дастаи беҳтарини минтақаи Хатлон ҳамроҳ мешаванд.


Насрулло Кабиров ба бозиҳои Лигаи чемпионҳои КФО роҳ ёфт Довари FIFA Насрулло Кабирови тоҷикистонӣ ҳаққи ширкат дар бозиҳои гурӯҳии лигаи чемпионҳои КФО-2017-ро ба даст овард. Довари 31-сола аз Норак ба ҳайати доварони эҳтиётии Конфедератсияи футболи Осиё ворид карда шуд. Акнун Насрулло Кабиров аввалин бор дар соли нав дар бозиҳои байналмилалӣ таъин шуд. Ба довари тоҷик вазифаи давари эҳтиётиро дар бозии даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2017 дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои “Ал-Аҳлӣ” (АМА) ва ғолиби ҷуфти даври “Истиқлол”(Эрон)/“АлСадд” (Қатар) бовар карданд. Дар ин вохӯрӣ, ки 20 феврал да Дубай доир мегардад, Кабиров ба ҳайси довари эҳтиётӣ ба бригадаи доварон аз Австралия бо роҳбарии Грин Петер Даниэл кӯмак мекунад.

√ МАЙДОНИ

9

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

САБЗ

23 октябри соли 1940 дар шаҳри Трес-Коросаеси штати Минас Жерайси давлати Бразил, дар хонадони Жоао Рамос ду Насимент хурсандӣ ҳадду ШАҲБОЗИ канор надошт, зеро он рӯз фарзанди АСОМИДДИН нахустини ин оила ба дунё омад. Жоао Рамос номи писарашро Эдсон Арантис ду Насимент ном гузошт, баъдан писарак бо номи Пеле дар ҷаҳон машҳур гашт ва имрӯз ҳамаи мо ӯро шоҳи футбол ном мебарем.

Футболбози асри ХХ Мусобиқаи Гаранаткин: Қувваи баробари ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамаи дастаҳо? Тими ҷавонони кигвар оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA Валерий Гранаткин, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ҷараён дорад, баъд аз як ғалаба бар тими ҷавонони Юнон (1:0) ва як бохт бар тими ҷавонони Булғористон (0:1) ҳамаи бозиҳояшро муовӣ анҷом дод. Тими ҷавонони кишвар бозии охирони даври ёздаҳметра заданд. Дар ин қуввасанвӣ бахт ба рӯи гурӯҳиро бо тими Эстония мусовӣ – 1:1 карда, дар ҷавонони Белорус хандид – 7:6. гурӯҳ ҷои сеюмро гирифт. Голро дар дақиқаи 55 Баъд аз ин барои ҷойҳои 13-16-ум футболбоШериддин Бобоев вориди дарвозаи ҳариф кард. зони ҷавони кишвар бо ҳамсолонашон аз Литва Аз гурӯҳи “А” дастаҳои Юнон ва Булғористон ба вохӯрданд. Ин дидор низ ғолибро муайян накард даври чорякфинал роҳ ёфтанд. – 0:0. Пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра футТими ҷавонони кишвар бозиро барои ҷойҳои болбозони ҷавони Литва ғолиб шуданд – 5:4. 9-16-ум идома дод. Ҳарифи навбатии Тоҷикистон Дар навбати охир тими ҷавонони мо барои дастаи мунтахаби ҷавонони Белорус буд. Ин вохӯрӣ ҷойҳои 15-16-ум вориди майдон мешавад. Ҳарифи низ мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид. Аммо бояд навбатӣ тими ҷавонони Ҳиндустон аст. Бозӣ 20 янғолиб муайян мешуд ва дастаҳо силсилаи зарбаҳои вар соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Ду ғалабаи “Истиқлол” дар бозиҳои санҷишӣ Чемпиони мамлакат – “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии санҷишӣ бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби калон ғалаба кард.

Бозӣ, ки 13 январ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гашт, бо ҳисоби 5:1 анҷом ёфт. Дар ҳайати “Истиқлол” голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаи 18), Манучеҳр Ҷалилов (45+1 аз пеналтӣ), Сиёвуш Асроров (68), Ромиш Ҷалилов (78) ва Юрий Верешак (89) заданд. Голи “Регар”-ро Давронҷон Тухтасунов ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари санҷишӣ, ки 15 январ баргузор шуд, “Истиқлол” бар тими “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ҳисобро дар дақиқаи 7-уми вохӯрӣ легионери узбекистонии “Ҳосилот” Сайриддин Ғаффоров кушод. 10 дақиқа пеш аз танаффус Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро баробар кард. Дмитрий Баркови рус дар дақиқаи 50 тими Душанберо пеш баровард.

Баъд аз 12 дақиқа Ҷаҳонгир Алиев голи сеюми “Истиқлол”-ро зад. Дар дақиқаҳои охир Хайрулло Азизов ҳисобро тағйир дод – 3:2. Бо ҳамин ҳисоб бозӣ анҷом ёфт. Тими “Истиқлол” бо роҳбарии сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев 17 январ барои гузаронидани машғулиятҳои машқиву омӯзишии дуҳафтаина ба Туркия сафар кард.

Эдсон Арантис вақте ҳафтсола буд, падараш ӯро ба дастаи кӯдакони маҳаллӣ дохил кард. Эдсон Арантис дар он вақт лақаби Пелеро гирифта буд. Вақте ҳунарнамоии Пелеро мураббӣ дид, зуд ӯро дар хатти ҳамла гузошт. Пеле нозукиҳои футболи касбиро аз падараш Жоао Рамос, ки устоди аввалинаш мебошад, омӯхт. Пас аз чанд сол бозингари собиқи тими миллии Бразилия Валдемар де Брито писари наврасро ба клуби машҳури «Сантос»-и штати СанПауло раҳнамоӣ намуд. Дере нагузашта Пеле шартномаи аввалини худро дар 15-солагӣ бо дастаи “Сантос” баст ва шомили бозингарони ҳайати эҳтиётӣ гардид. Пеле ҳамчун футболбози касбӣ бозии нахустинашро дар 16-солагӣ (соли 1956) бо дастаи “Коринтианс” гузаронида, дар ин бозӣ як гол ба ҳадаф расонид. Ҳамагӣ дар дастаи “Сантос” аз соли 1956-1974 бозӣ намуда, дастаро 11 маротиба қаҳрамони штати Сан-Паулу, 6 маротиба ғолиби ҷоми Бразил ва 2 маротиба соҳиби Ҷоми Либертадорест ва Ҷоми интерсонтинентал гардонидааст. Дар тими “Сантос” қариб 650 гол вориди дарвозаи рақибон намудааст. Соли 1958 Пелеро ба тими мунтахаби Бразилия шомил намуданд ва худи ҳамон сол дар Ҷоми ҷаҳон голи ҳалталабро дар бозӣ ба дастаи Уэлс зад. Тими мунтахаби Бразилия бори нахуст дар таърихаш Ҷоми ҷаҳонро ба даст овард ва Пеле дар таърихи футбол бозингари хурдтарин дониста шуд. Пеле дар давоми 21 соли бозиаш (1956-1997) 1375 бозӣ анҷом дода, 1281 гол ба дарвозаи рақибон задааст. Дар ин солҳо тими мунтахаби Бразилияро 3 маротиба чемпиони ҷаҳон (1958, 1962, 1970) ва 2 маротиб ғолиби Ҷоми Америкаи Ҷанубӣ намудааст. Дар як бозӣ ӯ корти сурх гирифтааст, 90 бор хетрик кардааст, 30 маротиба дар як бозӣ 4-голӣ, 4 маротиба 5-голӣ задааст ва 1 бор соли 1964 ҳашт маротиба ба дарвозаи "Ботафаго" гол задааст. Дар тими мунтахаби миллиаш 92 маротиба бозӣ намуда, 77 гол задааст. Соли 1975 Пеле аз дастаи "Сантос" ба дастаи "Ню-Йорк Космос"-и Амрико пайваст ва дар ҳамон давра қиматтарин бозингар дониста мешуд. 1 октябри соли 1977 дар таърихи бозиаш тағйирот ворид намуд, чемпиони ШМА шуд ва бозии охиронашро бо дастаи “Сантос” гузаронида, аз ҷамъбасти карйерааш хабар дод. Соли 1969 Пеле дар филми мелодрамаи афсонавии “Бегонаҳо”, баъд аз се сол дар филми “Похон” нақшӣ асосиро бозид. Минбаъд бо коргардони амрикоӣ Ҷон Хюстон ҳамкорӣ намуда, дар филмҳои “Ғалаба” (1981), “Педро Мино” (1984), “Содаҳо ва шоҳи футбол” (1986) иштирок намуд. Филми охирони Пеле соли 2016 “Таваллуди қаҳрамонҳо” баромад, ки ҳаёти пураи Пелеро фаро мегирад. Соли 2000-ум Федератсияи футболи байналмилалӣ Пелеро футболбози беҳтарини асри 20 ҳисобид.


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

ПАЁМИ ПЕШВО ВА ҶАВОНОН

Хоруғ: 200 манзил барои таҷдиди қубурҳо монеъ мешавад Ба истифода додани хати обгузари Боғевдара имкон дод, ки 90 фисади аҳолии шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин гарданд. Танҳо қисмати маҳаллаи Ниводак бе хати оби нӯшокӣ монд. Дар ин бора сардори Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналии ВМКБ Тоҳир Паҳлавонов иттилоъ дода гуфт, ки ҷиҳати худсарона пайваст кардани 60 адад қубури обгузар ба чашмаи Хуфак бархе аз маҳаллаҳои маркази вилоят бо оби нӯшокӣ таъмин нашуданд. - Айни замон аз тарафи Бонки аврупоӣ барои таҷдиди насосҳои идораи обу ташноб 4,5 миллион доллари ШМА ҷудо гардидааст. Марҳилаи аввали кор дар ин самт аз моҳи феврали соли равон оғоз меёбад. Мутаассифона дар шаҳри Хоруғ 200 манзили сокинон ғайриқонунӣ болои қубурҳои обу ташноб сохта шудаанд, ки ҳоло барои вусъат додани кор халал мерасонанд, - афзуд Тоҳир Паҳлавонов.

Паём – роҳнамои ҷавонон

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2016 ироа гардид, таҳлиле мебошад, ки тамоми бурду бохт, муваффақияту музаффарият ва мушкилиҳоро дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар 25 соли соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон дар бар мегирад. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, зери сиёсати хирадмандонаву некбинона ва дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд. Тавре аз Паём бармеояд, кишвари мо, аз охири соли 1997 барои рушд, таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозиро қабул карда, амалӣ намуд, ки ин тадбирҳо мусоидат намуданд то Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими давлати соҳибистиқлол Конститутсия ва рамзҳои давлатиро қабул намояд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷавон аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, ба марҳалаи рушд ворид гардида, ба пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо қадами устувор гузошт. Тоҷикистон, ки кишвари ҷавон аст ва 70 фисади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз мадди назари роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, ояндагони Ватан ва идомадиҳандаи амалҳои созандаи падарону бузургон ва созандагони фардои ҷомеа эътироф гардидаанд. Басо рамзист, ки сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати

ҷавонпаварона буда, ба нерӯи ҷавонони кишвар боварии бузург дошта, ҳанӯз аз нахуст суханонаш дар ҷаласаи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд дар дили ҷавонон бо пайкори созандааш ҳамчун пайкари осоиштагию амният, таҳкимбахши сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон таҷаллӣ гардида, мавқеи хоса касб намуда, дар афкори ҷавонони муосири кишвар чун ҳомии миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пазируфта шудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”. Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи

онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Пешвои миллат бори дигар ҷавононро хушнуд намуд. Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 туҳфаи Пешвои муаззами миллат ба ҷавонони саодатманди кишвар маҳсуб ёфта, ҳар як ҷавони баору номусро вазифадор менамояд, ки баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, амнияту суботи ҷомеа, пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ тамоми кӯшишу талош ва дониши хешро равона намояд. Ҷавононро зарур аст, ки аз амалҳои наҷибу ҷавонмардонаи Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳарӯзаи хеш истифода намоянд. Зеро бахшидани як сол барои ҷавонон баҳри рушди босуботи ҷавонони кишвар дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда кори басо бузург буда, бори дигар исботи он мебошад, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони саодатмани кишвар бо-

варию эътимоди қавӣ дошта, бо онҳо ифтихор менамояд. Барои ба ин боварию эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор гардидан, ҳар як ҷавони кишваро мебояд бо амалҳои нек, баҳри андӯхтани илмҳои муосир, донистани фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, математика, химия, астрономия, донистани техникаву технология ва забонҳои хориҷӣ аз қабили русию англисӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар оянда ҳамчун донишманд ва мутахассиси арзанда дар раванди давлатдории навин мавқеи хосаро касб намояд. Шоҳзод РАҲИМОВ, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон

Дар Соли ҷавонон забондони беҳтаринро муайян кунем Дақиқ аст, ки дар ҳама давру замон донистани забони модарӣ барои мо вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Онро бояд ҳар шаҳрванди кишвар бо тамоми нозукиҳояш аз худ намояд. Чунки донистани забони модарӣ меъёри асосии худшносии миллӣ ба шумор меравад. Аммо барои он ки мо худро дар як ҷо маҳдуд накунему ба хориҷи кишвар равем, берун аз Тоҷикистон корҳои илмию тадқиқотӣ анҷом диҳем, тиҷорати худро берун аз кишвар ба роҳ монем, фаротар аз ин фарҳанги худро ба дигар халқу миллатҳо муаррифӣ намоем, моро зарур аст, ки ҳатман забонҳое, ки ҳоло ҷаҳониён мушоират мекунанд, омӯзем.

Хушбахтона баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар кишвари мо ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии онҳо диққати махсус равона шуда, барои омӯзандагон шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиш ва азхудкунии яке аз забонҳои хориҷӣ аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки чанд соли охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ афзудааст. Дар донишгоҳу донишакадаҳо, литсейю муассисаҳои касбӣ ва мактабҳои миёнаи кишвар имрӯзҳо забонҳои зиёд, аз қабили забонҳои рӯсӣ, англисӣ, франсузӣ, арабӣ, чинӣ, олмонӣ ва ғайра таълим дода мешаванд. Аз ин миён омӯзиши забони англисӣ аҳамияти махсус дорад. Зеро ин забон яке аз забонҳои сергӯиштарин маҳсуб меёбад. Хушбахтона, имрӯз омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон босуръат пеш рафта истодааст, ба вижа дар чанд соли охир он дар кишвари азизамон вусъати тоза пайдо кардааст. Методҳои педагогии нав аз мо талаб мекунад, ки барои ҳарчи зудтар аз худ намудани забони англисӣ

дар рафти омӯзиш аз технологияҳои информатсионӣ аз қабили, проектор, тахтаи электронӣ, воситаҳои ахбори матнии электронӣ, тасвирҳои аудиовидеоӣ, тасвирҳои графикӣ ва ғайра ба таври васеъ истифода барем. Ҳамин аст, ки солҳои охир дар масъалаи истифодаи технологияҳои информатсионӣ дар соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Истифодаи технологияҳои навин имкони бо методҳои муосир гузаронидани дарсҳоро бештар фароҳам меоварад. Шунидани ахбори аудиоӣ ё тамошои видеофайлҳо ба хонандагону донишҷӯён барои зудтару васеътар омӯхтани забони хориҷӣ мадад мерасонад. Албатта ин равандро ман ҳамчун омӯзгори забони хориҷӣ дар рафти дарс бараъло мушоҳида кардаам. Бешак, заминаи ҳамаи донишҳо аз мактаби миёна сарчашма мегиранд. Бо дастгии Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Раёсати маориф ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳои забони хориҷӣ, махсусан забони англисӣ мактаби мо бо синфҳои лингофонӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Дақиқ гар-

дид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба воситаи компютер, тасвирҳои графикӣ, видеофайлҳои омӯзишӣ, аудиофайлҳо, китобҳои электронӣ ва ғайра имкон медиҳад, ки хондагон дар муддати кӯтоҳ ҷиҳатҳои нозуки забонро аз худ кунанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 2013 бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва тадриси сатҳи баланд хонандаи мактаби мо Рамзия Одинаева дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ аз забони англисӣ сазовори ҷои аввал гардид. Ҳоло шароити хуби дарсӣ ба мо имкон додааст, ки ба шогирдон бо усулҳои замонавӣ ва нисабатан осон дар камтарин вақт забони англисиро омӯзонем. Пушида нест, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои азхудкунии забонҳои хориҷӣ миёни ҷавонон бисёр назаррас аст. Ҳамин аст, ки Президенти маҳбубамон зимни ҳар вохӯрӣ бо ҷавонон таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд ҳатман донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанду аққалан ду забони хориҷиро донанд. Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ба мо боз ҳам имкон

медиҳад, ки дар ҷодаи забономӯзӣ саъю талоши бештар варзему забондонии худро вусъат бахшем. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар Соли ҷавонон саъй менамоем, ки барои боз ҳам хубтар омӯзонидани забони англисӣ ба хонандаҳо аз усулҳои замонавӣ кор бигирем. Пешниҳод менамоям, ки дар соли ҷорӣ барои боз ҳам ҳавасманд гардонидани ҷавонон баҳри азхудкунии забонҳои хориҷӣ аз рӯи номинатсияҳои гуногун мусобиқаҳо багузор гардад. Масалан, аввал як мактаб дар доираи хонандаҳои худ тарҷумони беҳтарин, луғатдони беҳтарин ва ровии беҳтаринро муайян намояд. Ба ҳамин минвол дар мактабҳои ноҳияву шаҳрҳо, вилоятҳо ва ахиран дар сатҳи ҷумҳурӣ озмун баргузор шавад. Аз рӯи се номинатсияи зикршуда ғолибон эълон гарданду бо тӯҳфаҳои арзанда сарфароз гарданд. Боварӣ дорам, ки он барои боз ҳам оммавӣ гардидани омӯзиши забонҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Озода ЮЛДОШЕВА, омӯзгори МТМУ №24-и шаҳри Душанбе


11

“Садои Душанбе” 18-сола шуд Аз таъсиси Радиои мустақими “Садои Душанбе” 18 январ 18 сол пур шуд.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

Ин шабака соли 1999 бо ташаббуси раиси вақти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайф Раҳимзоди Афардӣ таъсис дода шуд. “Садои Душанбе” ягона шабакаи сартосарии Тоҷикистон аст, ки барномаҳояшро мустақиман бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ – пешниҳод мекунад. Ин шабакаи радиоӣ яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар муддати кӯтоҳ миёни шунавандагон маҳбубият ёфт.

ОБРО бояд сарфа намуд Айни замон наздик ба як миллиард аҳолии сайёра ба оби тоза дастрасӣ надоранд ва масъулияти таъмини об барои ниёзҳои маишӣ асосан ба уҳдаи занону кӯдакон буда, вақти зиёди онҳоро талаф мекунад. Таъмини қисмати зиёди аҳолии ҷаҳон бо оби тоза ниёз ба минтақаҳои кӯҳӣ дорад. Чунончи, 50 миллион аҳолии Осиёи Марказӣ аз файзи пиряхҳои кӯҳҳои Помиру Тён-Шон бархӯрдоранд. Вале дар баробари омилҳои табиӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва сарфаи беҳудаи об боиси камшавии ҳаҷми захираҳои ин неъмати бебаҳо гардида, эҳтимоли эҷоди хатарҳоро ба бор меорад. Аз ҷумла, бар асари муносибати нодуруст ба табиат ва манбаъҳои об аз меъёр бештар об шудани пиряхҳо ба вуҷуд омадааст, ки дар сурати пешгирӣ нашудани он хавфи обхезӣ ва дигар офатҳои маргборро дар пай хоҳад дошт. Бинобар ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин мушкилии сайёра борҳо диққати ҷаҳониёнро ба ин масъала ҷалб намудаанд. Созмони Милали Муттаҳид алҳол ягона созмони бузурги байналмилалист, ки дар ҳалли ин проблема саҳми назаррас дошта метавонад. Хушбахтона, чанде аз қатъномаҳои Маҷмаи умумии СММ марбут ба об аз рӯи пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон қабул шудаанд. Ба андешаи коршиносон, талошҳои Президенти мамлкати мо вобаста ба масоили об, ҳифзу нигаҳдошти захираҳои обӣ, сатҳи некуаҳволии инсониятро кафолат дода, оқибатҳои фалокатборро ҷилавгирӣ менамояд. Ин дар ҳолест ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Созмони Милали Муттаҳид то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз норасоии оби нӯшиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Қобили қайд аст, ки новобаста ба кишвари дорои захираҳои фаровони оби тоза маҳсуб будани ҷумҳурии мо беш аз 40 фоизи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ дастрасӣ надоранд. Дар баъзе маҳалҳо масъалаи оби нӯшокӣ хеле нигаронкунанда мебошад. Масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ сол ба сол мушкилтар мегардад. Зеро шумори таваллуд дар аксари мамолик хеле зиёд буда, айни замон ҳаҷми заминҳои кишт сол ба сол коҳиш ёфта истодааст. Нарасидани оби тоза, торафт ифлос гардидани ҷӯю дарёҳо ва манбаъҳои об ҳалли мушкилотро бадтар мегардонад. То соли 2025 дар кишварҳое, ки аз оби тоза танқисӣ доранд, шумори аҳолӣ ба 3 миллиард мерасад. Кулли кишварҳои дар ҳоли рушд инфраструктураи дуруст надоранд, шабакаҳои мукаммали нигоҳдорӣ, тақсимкунанда ва истифодаи об кор намекунанд. Мамлакатҳои ҷаҳон ҳар сол дар масъалаи қабул кардани қарорҳо дар бобати тақсимоти об ва ба ҷо овардани манфиати истеъмолкунандагони об ва сохторҳои истифодабарандаи он ба мушкилот рӯ ба рӯ меоянд. Торафт сангинтар гардидани бехатарии озуқаворӣ, рушди гидроэнергетика, баланд шудани қимати маводи ғизо дар солҳои охир ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва афзудани талабот ба об дар соҳаи кишоварзӣ ва энергетика таъсири манфӣ расонида истодааст. Дастрасии пурра надоштани табақаи васеи аҳолӣ ба оби тоза, кори дурусти корезҳо низ пеши роҳи баланд шудани сатҳи зиндагонии мардумро мегирад. Дар панҷ соли сипаригардида дар ҳалли бисёр проблемаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ ҷунбише ба амал омад. Ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаҳои марбут ба об бештар диққат медодагӣ шуд. Ҳоло давраи ба поён расидаро баррасӣ намуда, хулосаҳои даркорӣ бароварда, оид ба амалигардонии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва дигар нақшаҳои азим чораҳои иловагӣ андешида мешаванд. Хабари навбатие, ки миллати тоҷикро хушҳол кард, ин бевосита аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қабул гардидани ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо пешниҳоди сарвари давлати мо Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул гардида, он аз ҷониби 192 давлати дунё эътироф карда шуд. Зарурати қабули қатънома барои ҳамаи кишварҳои олам дахл дорад. Аз ҷумла, дар он зикр шудааст, ки «афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад». Дар баробари ин «хоҷагидории бесамар, таҳияи бемақсад, афзоиши номуайяниҳо ва хатарҳое, ки бар асари тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо ба амал меоянд, бисёре аз низомҳои экологиро (экосистемаҳоро) зери хатар қарор медиҳанд». Дилбар ФАҚИРОВА, омӯзгори МТМУ №82-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Ҳаҷв боназокат бошад Ё чаро фазои ҳаҷви тоҷик пур аз алфози қабеҳ шудаасту касе чизе намегӯяд? Сафия Аъзамова омӯзгори синфҳои ибтидоист. Ба талабаҳо дарс мегӯяду дар ин баробар ба онҳо одобу ахлоқ низ меомӯзонад. Ӯ аз он нигаронӣ намуд, ки ҳама кӯшишу талошҳои муаллимон, ки барои беҳтар кардани одобу ахлоқи наврасон равона мешавад, имрӯз аз ҷониби баъзе нақшофарон ва ҳаҷвнигорон барабас меравад. - Вақте ба дарс меравам, ба гапҳои кӯдакон диққат медиҳам. Зиёд кӯшиш мекунанд, ки ба қаҳрамони дӯстдоштаашон худро монанд кунанд. Мутаассифона, дар тақлидкориҳо зиёд алфози қабеҳ ба гӯш мерасад, ки онҳоро аз қаҳрамонҳои худ омӯхтаанд, - гуфт С. Аъзамова. - Ҳаҷв набояд бо дашном омехта бошад. Он хоҳу нохоҳ ба аудитория таъсир мерасонад. Психологияи кӯдак бисёр нозук аст. Ҳар гуфтаро зуд қабул мекунад. Имрӯз мебинем, ҳаҷви мо кӯдаконро барои гуфтани дашному алфози қабеҳ роҳнамоӣ мекунад, ки аз он бояд ҷилавгирӣ намоем. Ҳаҷв яке риштаҳои муҳими фарҳанг ба шумор меравад. Он дар фарҳангу тамаддуни ҳар қавму миллат ҷойгоҳи махсус дорад. Аз рӯи пайдоиш жанри ҳаҷв хеле қадима мебошад. Масхарабозону ҳаҷвнигорон аз замонҳои қадим ба воситаи ҳаҷв шоҳону дарбориёнро хушҳол мекарданд. Ё баръакс ҳаҷвнигорон миёни мардум ба воситаи ҳаҷв табақаи болоиро ба риштаи ҳаҷв мекашиданд. Дар ҳама давру замон нафароне, ки ба ҳаҷвнигорӣ машғул буданд, кӯшиш мекарданд, ки дар маркази ҳаҷви худ як масъалаи мубрамро ба миён гузоранд. Дар фарҳанги мо низ ҳаҷв ҷойгоҳи махусус дошту дорад. Аз замони шӯравӣ дар кишвари мо беҳтарин санъаткорону ҳаҷвнигорон фаъолият мекарданд. Чандин гурӯҳҳои ҳаҷвӣ ва нафарони ҳаҷвнигор доштем. Саҳнаҳои ҳаҷвии Убайдулло Раҷабов, Коно ва Доно то ҳол миёни мардум маҳбубият доранд. Агар ба таҳқиқ назар афканем, ҳавҷи имрӯзи мо комилан ҳаҷв нест. Мисле ки ин вожа барои мо як кам бегона шудааст. Чанд сол аст, ки фазои ҳаҷви тоҷик комилан холӣ мондаасту ҷои онро саҳнаҳои бемаънию бемантиқ ва таҳқир пур кардааст. Чандин гурӯҳҳои ҳаҷвӣ, монанди “Хандинкамон”, “Ғарибшо”, “Арабшо”, “Шакарханд”, “Лаҳзаҳои гуворо”, “Маҳфилоро” ва ғайраҳо дорем, ки бо саҳнаҳо ҳаҷвии худ миёни мардум роҳ ёфтаанд. Гурӯҳҳои номбаршуда

ХУРШЕД МАВЛОНОВ

дар саҳнаҳои ҳаҷвии худ аз ҳақорату дашном зиёд истифода мекунанд. Масалан, маҳфили ҳаҷвие, ки ин гурӯҳҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти кишвар дар Сирки давлатӣ баргузор карданд, саропо ҳақорат буд. Чанд лаҳзаи ин саҳнаҳоро айнан меорем: Гурӯҳи “Ғарибшо”: “Ма ҷӣ-ҷӣ, эй занак, ба умеди ҷӣ-ҷии ту се астановка гузаштам”, “мана кампири ман ҳам меҷумбад, лекин свежий нестку”, “ҳамино хушбахт мешаванд ё не манба ...”, “ҷиҷифлан”; Гурӯҳи “Конову Доно”: “Ака не, шуморо, ки зӯр омад, дарав ака меген”, “номам Шарифтентак, маънои тентак, даркор шавад қаврта меканм”, “директори туалетои Корвон”, “любой туалет барои худат бепул. Очата меорӣ, отата меорӣ. Бо бонус дорем, ҳафт маротиба омадӣ, ҳаштумаш бе-

суханҳои бемаънӣ ва дашном як доираро механдонанд, он ҳаҷв нест. Он танҳо як тақлидкорӣ аст. Ин бошад, аз набудани ҳунармандони касбӣ гувоҳӣ медиҳад. Вақте фазо холӣ аст, табиист, ки онро бояд чизе пур кунад. Мутаассифона, фазои ҳаҷви тоҷик имрӯз бо беҳудагӯии баъзе нафарон пур шудааст, ки ба ҷомеа на фоида, балки зарар мерасонанд, - мегӯяд Фарзона. Сармутахсассиси Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги кишвар Қиёмиддин Иброҳимов мегӯяд, ки аксарияти гурӯҳҳои ҳаҷвӣ дар Тоҷикистон худсарона амал мекунанду дар доираи ягон қонун фаъолияти худро ба роҳ намондаанд. Ӯ масъулияти ба назорат гирифтани саҳнаҳои ҳаҷвиро ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати кишвар вогу-

пул”, “ҳози хӯрок мехурем, дуюм этаж мебароем...”; Гурӯҳи “Шакарханд”: “Э гӯш къ, мана, ана, вана, нечего себе, мо йигит нестем, ака хдт оли бини арусои мора куу, и аҷинаҳай чияй, хдоё товба кардам, фигураш ранги ренҷровияй.. (бо даст ишора мекунад)”, “ма ира блокировкаша ҳуй кнм”, “а дъхта бест ами чодари сарта вардорм”, “иии да къҷоҳай тъгмачаи тъ”, “э чақ-чақ, пақчақ даркор нест, и нами дивана акам барои мо харидай, иҷа биё як корак...”, “э дъхта бахдо чӣ алабла дидай, хиёли бачаи замбӯрмон кардӣ, прикол кестӣ”, “ака, ҳами тъ якум шаб даромадӣ, кадом тъгмаи янгама пахш кардӣ? Э тъ девнаӣ, як тугмачаи калонай тамом”, “э модари търа...”, “кайф кардестам”, “дивани мада одих кардан гир, ма блитузша мерам ҳуй мекнм...”. Инҳо суханҳое ҳастанд, ки дар рӯ ба рӯи оммаи тамошобин гуфта мешаванд. Сар аз латифаҳои бемантиқона то саҳнаҳои пури алфози қабеҳ, ҳамагӣ аз доираи одоб берун ҳастанд, ки ин ҳолат дар аксарияти саҳнаҳои онҳо ба мушоҳида мерасад. Ҳама механдему фикри онро намекунанд, ки ба чӣ гуфтаву ба чӣ коре хандида истоаанд. Фарзона Муродӣ, сокини шаҳр мегӯяд, ростӣ аз ин саҳнаҳо шарми одам меояд. Чун ҳеҷ кадоме аз онҳо ба талаботи ҳаҷв ҷавобгӯ нест: - Ҳаҷв бояд нозук бошаду назокат дошта бошад. Яъне нозукӣ дар ҳаҷв ба инъикоси масъала рабт дорад. Назокат ин суханҳои равон аст, ки дар доираи ахлоқи касбӣ гуфта мешавад. Ҳаҷв ҳам як соҳа аст, зеро нуқси ҷомеаро ошкор мекунад. Нафароне, ки бо

зор карда, чунин мегӯяд: “Ду сол пеш тариқи матбуот мо вокуниш нишон дода будем. Лекин ягон натиҷа надод. Вақте дар Кумитаи телевизион ва радио аз пеши худ ин наворҳоро сабт мекунанд, мо коре карда наметавонем. Дар назди ин кумита бояд шӯрои бадеӣ таъсис дода шуда бошад ва ҳар саҳнаи таҳияшуда бояд аз назари мутахассисон гузарад”. Ба гуфтаи Қиёмиддин Иброҳимов ин наворҳо ягон ҷои ханда надоранд. Онҳо аслан ба минталитети мо рост намеояд: “Ҳоло мо фестивали ҳаҷвнигорҳоро доир карда истодаем. Бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дар Наврӯзи имсола дар шаҳри Турсунзода озмуни ҳаҷвнигорҳоро баргузор карданием. Мо ҳар саҳнаи омодамешударо аз назари ҳакамон мегузаронем. Барои як сухани ноҷо чандин саҳнаҳоро ё дигар мекунем ё тамоман барҳам медиҳем”, - мегӯяд ӯ. Имрӯз маъруфтарин гурӯҳҳои ҳаҷвии мо ҳамеша нақши 3 тоифаи мардумро бозида метавонанд, ки он ҳам бошад, девона, маст ва зан мебошад. Мутаассифона ҳаҷвнигорони мо миёни ҳаҷви тӯй ва саҳнаи калон фарқ намегузоранд ва ё гузошта наметавонанд. Борҳо шоҳид мешавем, ки тамошобинонро ошкоро таҳкир мекунанд ва чун баъзе аз тамошобини мо дар сатҳи пасти фаҳмиши маънавӣ карор дорад, инро эҳсос намекунад. Чуноне шоҳид гарштем, дар саҳнаҳои гурӯҳи “Арабшо”, “Хандинкамон”, “Лахзаҳои гуворо” ва “Шакарханд” ин гуна саҳнаҳо зиёд ба чашм мерасад.


12

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

ҶАВОНОНИ ҶАҲОН

Дар Донишгоҳи тиббӣ бори аввал таҷрибаомӯзии клиникӣ ташкил шуд Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли сипаришуда бори аввал дар донишгоҳ барои курси 6-уми факултаи тиббӣ таҷрибаомӯзии клиникӣ ташкил шуд. Донишҷӯён гурӯҳбандӣ шуда, ба 35 шаҳру ноҳияи ҷумуҳурӣ сафарбар гардиданд. Ба иттилои ректори ДДТТ, соли 2016 бори аввал 7 донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҷрибаомӯзии тобистонаро аз рӯи 4 даврабандӣ - бемориҳои ҷарроҳӣ, акушерӣ-гинекологӣ, дарӯнӣ ва кӯдакона дар пойгоҳҳои таҷрибаомӯзии донишгоҳ гузаштанд ва бо таассуроти хуб ба ватани худ баргаштанд. Гуфта шуд, ки дар соли таҳсили 2016-2017 дар донишгоҳ 810 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз 13 давлати дунё таҳсил карда истодаанд. Аз ин 21 нафар аз Афғонистон, 2 нафар аз Ҳиндустон, 2 нафар аз Русия, 1 нафар аз Яман ва 1 нафар аз Амрико мебошанд.

√ РОҲ ШАҲЛО ЭШОНОВА

Марк Сукерберг аз ҷавонтарин тоҷирони муваффақу кордони сайёра эътироф гардида, таҷрибаи ҳаётии ӯ мавриди таваҷҷуҳи тамоми наслҳои ҷомеаи имрӯза қарор гирифтааст. Ӯ асосгузори шабакаи иҷтимоии калонтарини дунё - «Facebook» мебошад, ки шумораи истифодабарандагони он ба 1,3 миллиард нафар расидааст. Моликияти ӯ имрӯз 50 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

√ МАЪЛУМОТИ

www.oftob.org

БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ

Ҷавонтарин миллиардери сайёра Чӣ муҳим аст: шавқу рағбат ё истеъдод? Марк 14 майи соли 1984 дар шаҳри Уайт-Плейнси штати Ню-Йорки ШМА ба дунё омадааст. Волидони ӯ ба техникаву компютер ягон робитае надоштанд. Падараш Эдвард табиб ва модараш Карен равоншинос буда, дар миёни чор нафар ӯ фарзанди дуюми оила ва яккаписар мебошад. Аз солҳои аввали мактабхонӣ ба техникаву технология ва барномасозиҳо мароқ зоҳир менамуд. Дар 10-солагӣ падар ба ӯ компютер тақдим намуду Марк ба таҳияи ҳар гуна бозиҳои компютерӣ машғул мешуд. Дӯстони мактабиаш дар ин корҳо ба ӯ кӯмак менамуданд. Лоиҳаи нахустини ӯ ба шабакаи виртуалӣ кучондани бозии рӯимизии “Риск” буд. Соли 1996 Марки 12-сола барномаи компютериеро бо номи «ZuckNet» таъсис дод, ки тавассути шабакаи маҳдуд аъзои оилаи онҳо бо ҳам муошират менамуданд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна бо мақсади рушду такмил додани маҳорати барномасозии худ ҳамзамон дар мактаб-пансиони “Phillips Exeter Academy” таълим гирифта, дар радифи барномасозӣ забони юнониро аз бар намуд. Сипас, лоиҳаҳои бузург, аз қабили “Mikrosoft” ва “America Online” Маркро ба кор даъват намуданд. Аммо ин даъватҳоро напазируфт ва қарор дод, ки касби модарро интихоб менамояд. Ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи равоншиносии Донишгоҳи Ҳарвард супорид. Аммо дар давоми таҳсил Марк ҳатто як лаҳза аз шуғли дӯстдоштаи худ дар канор набуд. Ҳамеша худро “қулфшикан”-и асилу ботаҷриба меҳисобад. Лоиҳаи дуюми Марк “Facemash” буда, дар доираи он донишҷӯён имкон доштанд, ки барои аксҳои беҳтарини муҳассилини Ҳарвард овоз бидиҳанд. Барои таъсиси ин лоиҳа Марк махзани маълумоти донишгоҳро шикаста, қариб буд, ки хориҷ карда шавад. Чун аксари донишҷӯён барои бе иҷозат истифода кардани аксҳояшон изҳори норозигӣ намуданд. Facebook Дар ҳамин давра ӯ ба таъсиси шабакаи иҷтимоӣ шуруъ намуд. Марк ин лоиҳаро дар якҷоягӣ бо ҳамсабақонаш Эдуардо Саверин, Дастин Моковитс ва Крис Хюз тарҳрезӣ намуд. Шабакаи “Facebook” дар

“ҶТ”

муддати кутоҳ даҳҳо маротиба нисбат ба “Facemash” маъруфият пайдо кард. Эдуардо, донишҷӯи бразилиягӣ дастгирии молиявии лоиҳаро бар зимма дошт. Вақте соли 2005 Марк Сукерберг хост Эдуардоро аз идораи ин лоиҳа барканор созад, ба моҷарои судӣ гирифтор шуд. Ба ақидаи аксари одамон, бо сабаби он ки Марк мубталои як навъи иллати чашм бо номи далтонизм мебошад, дар “Facebook” танҳо ранги кабуд истифода мешавад. Баъди чанд моҳи таъсисёбии “Facebook” Марк дарк намуд, ки барои рушди ин лоиҳа сармояи зиёд лозим аст. Ин буд, ки ӯ таҳсилро тарк намуда, тамоми маблағи барои таҳсил пешбининамудаи волидонро, ки он замон 85 ҳазор долларро ташкил медод, ба ин шабакаи иҷтимоӣ мебахшад. Тобистони соли 2004 Марк ба Пало-Алто кӯчида, лоиҳаи худро ба қайд гузошт ва чун шахси ҳуқуқӣ директори генералии “Facebook” гардид. Баъдан барояш муяссар гардид, сармоягузорони машҳурро ба лоиҳаи худ ҷалб намояд. Соли 2009 бо тоҷири рус Юрий Милнер шинос шуд ва 26 майи соли 2009 миёни онҳо шартнома ба имзо расид, ки тибқи он ширкати “Digital Sky Technologies” (DST) ба маблағи 200 миллион доллар лифофаҳои саҳмияҳои ширкати “Facebook”-ро дар ҳаҷми 1,96 % харидорӣ

намуд. Айни замон ин миллиардери ҷавонтарини ҷаҳон соҳиби 24% саҳмияҳои таъсисдодаи ширкати “Facebook” мебошад. Соли 2005 Марк Сукерберг фазои “Facebook.com”-ро ба маблағи 200 ҳазор доллар харидорӣ намуд. Он замон шумораи истифодабарандагони шабака 5 миллион нафарро ташкил медод ва он рӯз то рӯз афзоиш ёфта, ҳамин тариқ “Facebook” дар миёни сомонаҳои Амрико аз рӯи маъруфият дар мақоми ҳафтум ҷой гирифт. Ҳатто барои харидории ин шабака ба ӯ маблағи калон пешниҳод гардид. Яқин, ки ӯ инро рад намуд ва шуҳрати он бо суръати рекордӣ боло мерафт. Миллиардери саховатпеша Соли 2007 ширкати “Microsoft” “Facebook”-ро 15 миллиард доллар нарх гузошт ва 1,6% саҳмияҳои онро ба маблағи 240 миллион доллар харид. Соли 2008 Марк дар Дублин марказ кушода, соли 2009 доир ба даромади нахустини худ ба таври оммавӣ иттилоъ дод. Моҳи марти соли 2010 маҷаллаи “Forbes” Марк Сукербергро яке аз сарватмандтарин ҷавонони дунё эълон намуд. Он замон дороии ӯ 4 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод. Моҳи сентябр Сукерберг дар ҳамон маҷалла ҷои 29-умро ишғол намуд ва дороияш то ба 6,9 миллиард доллар расида буд. Соли 2010 Марк

Дар Ҷопон хонандагонро то синфи 4-ум имтиҳон намекунанд. Зеро мақсад аз таълими то синфи 4 санҷиши дониши хонандагон набуда, балки заминагузории тарбияи шахсияти солим ва ахлоқи ҳамида дар кӯдак аст. Муаллимони ҷопонӣ қабл аз таълим кӯдакро тарбия медиҳанд.

Сукерберг дар маҷаллаи “Time”соҳиби унвони “Фарди сол” шуд. Моҳи декабри соли 2010 асосгузори “Facebook” ба ширкати хайриявии “Клятва дарения”, ки аз ҷониби Уоррен Баффет ва Билл Гейтс таъсис дода шуда буд, шомил шуда, ба кори хайру кӯмак ба ниёзмандон оғоз намуд. Соли 2015 Марк Сукерберг эълом дошт, ки 99%-и саҳмияҳои “Facebook”ро ба кори хайру савоб, инчунин рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва густариши равобити миёни одамон мебахшад. Ҳамин сол “Facebook” аз рӯи миқдори ширкаткунандагони сомонаҳо дар ҷаҳон дар ҷои дуюм, Марк бошад, ҷавонтарин сарватманди дунё ҳисобида шуд. Ин дар ҳолест, ки музди моҳонааш ҳамагӣ 1 долларро ташкил медиҳад. Симои зоҳириаш низ одиву хоксорона буда, бекарру фар либос мепӯшад. Ҳамчунин, Марк дар миёни тоҷирони муваффақи то 40-сола бонуфузтарин эътироф гардид. Тибқи иттилои маҷаллаи “Forbes”моликияти Сукерберг дар моҳи феврали соли 2016 50 миллиард доларро ташкил дод. Яъне ӯ дар ин ҷода нисбат ба асосгузорони “Google” Сергей Брин ва Ларри Пейҷ, инчунин роҳбари ширкати “Амазон” Ҷефф Безос, ки моликияташон ба 49 миллиард доллар мерасад, пешгомтар аст. Нақшаҳои миллиардери ҷавони сайёра дар соли 2017 Тавре нашрияи “Cristian Science Monitor” иттилоъ додааст, асосгузори “Facebook”, миллиардери ҷавон Марк Сукерберг ният дорад, ки имсол ба тамоми штатҳои ШМА сафар намуда, бо мақсади шиносоии бештар аз вазъи рӯзгори ҳамватанон бо онҳо суҳбату мулоқот доир намояд. Муаллифон менависанд, ки асосгузори ин шабакаи машҳуртарини дунё ҳамасола дар назди худ мақсад мегузорад, ки барои васеъ гардондани доираи ҷаҳонбинӣ ва сайқали донишу маҳорати худ амали судмандеро анҷом медиҳад. Ба ақидаи Марк таззоду мухолифат дар ҷомеаи имрӯза тамоми аҳолии сайёраро ба таҳлука андохтааст ва башарият лаҳзаҳои душвору мураккаби таърихро аз сар мегузаронад. “Аз ин рӯ, қоидаҳои бозиҳоро тарзе бояд иваз намуд, ки онҳо барои ҳама созгору мувофиқ бошанд”, – мегӯяд ӯ.

Хонандаи азиз, тавре мушоҳида кардед, рӯзнома дар соли нав, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудааст, бо шакли нав ва мавзӯъҳои хоси ҷавонон пешниҳод шудаву мешавад. Мо тамоми имкониятамонро ба он равона мекунем, ки барои шумо матлабҳои хонданӣ ва дархӯр пешниҳод кунем. Рубрикаи наве, ки пешниҳод мешавад, “Пурсед, посух медиҳем!” ном дорад. Агар шумо кадом мушкиле доред, кадом масъалае мағзи шуморо машғул медорад, пас саволатонро фиристед, мо бо ҷалби мутахассисон ба қадри имкон ба саволи шумо посух медиҳем. Тамос: 2385109, 2385414, email: javonontj@mail.ru, саҳифаи Ҷавонони Тоҷикистон дар “facebook”


Иштироки ҷавонон дар бартарафозии омилҳои номатлуб Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (КҶВС) 13-14 январ дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода дар мавзӯи “Иштироки ҷавонон дар бартарафозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ” миззи мудаввар баргузор гардид. Исмоил Шерхонов, сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони КҶВС иброз дошт, ки дар мубориза бо радикализм, ифротгароӣ ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои давлатӣ бо он мубориза бурда, ҷомеаро аз оқибати он эмин нигоҳ дорем. Миззи мудаввар дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018” доир гардида, баргузории чунин чорабинӣ дар ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ низ дар назар аст.

Ватандӯстӣ танҳо ҳифзи Ватан дар набардҳо нест Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам, Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам. Ин мисраҳо моли шоир Ҳабиб Юсуфӣ аст. Ватан барои Ҳабиб Юсуфӣ хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор аст ва бо рангу бӯ ва таровати худ ба чаман шабоҳат дорад. Ватан чӣ калимаи зебост. Баҳри ҳифзи Ватан ҳазорон нафар ҷони ширини худро қурбон кардаанд. Вақте, ҷасади қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро пайдо мекунанд, аз бари ӯ як каф хок ва як хатчае меёбанд. Дар хатча гуфта шуда буд. “Эй он, ки некхоҳи мардумон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хоки ватанам гӯрон, ки ёдгории ватани азизи ман аст”. Ватан барои ҳар яки мо хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодати халқҳо мебошад. Бинобар ҳамин, мо бояд дар замири хонанда ва шуури онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи Ватанро парвариш намоем. Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро ба мафҳуми «Инсон» «маънои зиндагӣ», «меҳнат», «оила», «забони модарӣ», «муҳити табиат», «зебоӣ», «муҳаббат», «садоқат» алоқаманд медонад. Мафҳуми «Ватан» чун мафҳумҳои дигар як чизи сокиту шахшуда нест, балки инкишоф меёбад. Инсон халқи худ ва меҳани худро шинохта, худро мешиносад, худро ҳамчун ҳиссаи халқ дарк мекунад. Муҳаббати Ватан бидуни муҳаббат ба забони модарӣ берун аз имкон аст. Муҳаббати Ватан дар замири мо зиёдтар мегардад. Сию ҳафт сол аст, ки дар мактаб кор мекунам, суханони ман дар васфи Ватан ба дили садҳо нафар расидааст. Солҳои гузаштаро назар мекунаму ба андеша меравам. Асоситарин мушкили кори ман ин аст, ки мехоҳам дар дили шогирдон ҳисси ватандӯстиро бедор намоям. То ки Ватан, қудрати он, бузургиву шуҳрати он, чун чеҳраи модари меҳрубону падари ғамхор пойдор ва устувор гардад. Ашъори Ҳабиб Юсуфӣ ба рӯҳи замон мувофиқат карда, саршори ғояҳои ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ, ҳақиқатпарастӣ ва адолатхоҳӣ мебошад. Мирзо Турсунзода дар достони «Писари Ватан» симои падарро чун шахси ватандӯст, таҷрибадида ва соҳиби рӯҳи қавию орзую омоли наҷиб тасаввур намудааст. Ба воситаи образҳои «Қодир ва Малика» ҷавонони ватандӯсти Иттиҳоди Шӯравиро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасвир намудааст. Ватанро танҳо касе бо чашми ватанпарвар дида метавонад, ки бо тамоми иқтидор онро дӯст медорад, бо ранҷаш ранҷ мекашад, бо бемориаш бемор мешавад. Дар достони «Ғалабаи Таня» Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳифзи обу хоки Ватан мубориза бурдани тамоми халқу мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ифода мекунад. Шоир тавонистааст, ватандӯстиву ватанпарастии насли наврасро дар рӯҳи қавии ҷавонон, бахусус дар симои комсомолдухтар Зоя Космедиянская инъикос намояд. Зоя ҳамчун қаҳрамони асосии достон қаҳрамонона барои мудофиаи Ватан ҷон медиҳад. Дар симои Зоя тамоми хусусиятҳои неки инсонӣ - поквиҷдонӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, қавииродагиро хуб таҷассум кардааст. Ба андешаи мо, наҷибтарин, муқаддастарин эҳсос барои ҳар инсон эҳсоси ватанпарастӣ аст, ки зодгоҳи аслиаш домони хонавода аст. Пас аз хонавода муаллимон ҳастанд, ки дар дили хонандагон ҳисси ватандӯстиро бедор менамоянд. Маҳз мактаб аст, ки ба ин калима маънои тоза, тафсирҳои тоза зам мекунад. Ба шогирдон меомӯзад, ки ватандӯстӣ танҳо иборат аз ҳифзи Ватан дар набардҳо нест, балки майдону арсаи ватандӯстӣ фарроху пурдоман аст. Хубу аъло таҳсил намудан, ширкати фаъол доштан дар зиндагии мактаби худ намунае аз ватандӯстиву меҳанпарастист. Инсони ҳақиқӣ касест, ки барои хушбахтии одамон талош мекунад ва омода аст тамоми нерӯи худ, вуҷуди худро баҳри он бубахшад. Мо - омӯзгорон кӯшиш мекунем, ки шогирдон омода бошанд зиндагии худро баҳри шаъну шараф ва гулгулшукуфии Ватан бубахшанд. Танида ёди ту дар тору пудам, Меҳан эй, Меҳан, Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, Меҳан эй, Меҳан. Зулҳиҷҷа ЗАЙНАЛОВА, омӯзгори МТМУ №43-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

ПОЧТАИ “ҶТ”

Ҷавонон ва таҳдидҳои асри нав Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ (аз 20 январи соли 2016) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд: «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад». Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як соки-

ни сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Тероризм ва экстримизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ҷавонон аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи

зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати таммаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла, баъзе ҳизбу ҳаракатҳои «исломӣ»-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Аз ин рӯ, ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, бояд ба ҳар хел ваъдаю найрангҳои душманони миллати тоҷик бовар накунанду худро ба доми онҳо напартоянд.

Фирӯзи ҶОМӢ

Волидон дар тарбияи фарзанд масъулият ҳис карданд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз зумраи ҳуҷҷатҳои муҳиме мебошад, ки хусусият ва моҳияти бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа нақши бузург мебозад. Қонуни мазкур маҳсули хиради волои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷавобгӯи масъалаҳои муҳими рӯз аст. Имрӯзҳо дар баробари омӯзгорон падару модарон низ дар таълиму тарбияи фарзандон масъулият ҳис намуда, ин ҳамкории муфид боиси баланд гардидани сатҳи дониш ва тарбияи намунавии хонандагон гардидааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки “Тарбияи фарзанд рисолати муқаддаси волидон буда, таҳкими оила, таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат, яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва пойдевори тамаддунҳо ба шумор меравад”. Барҳақ аст, ки бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст. Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт. Шароити номусоиде, ки солҳои аввали истиқлолият ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама боиси халалдор шудани таълиму тарбияи ҷавонон гардид. Ин авзои номатлуб ба зудӣ тавонист, ба ҷомеа, хоса ба наврасону ҷавонон асари амиқ гузорад, аз ҷумла сатҳу сифати таълиму тарбияро коҳиш диҳад. Аз ҷумла, ба корҳои ношоиста

даст задани ҷавонон ва дигар зуҳуроти номатлуб авҷ гирифт. Бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои бегона, хурофотпарастӣ, манфиатҷӯӣ рӯй оварданд ва ин костагиҳо сабабгори вайрон шудани ахлоқи ҷомеа гардиданд. Бинобар ин, иқдоми неки Пешвои миллат ва мардуми кишвар гирифтани пеши роҳи омилҳои мавҷударо пайдо намуд ва қонуни мазкур садди роҳи амалҳои номатлуби ҷомеа гардидааст. Дар доираи талаботи қонуни мазкур имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ, махсусан дар муассисаи мо таҳти шиори «Як рӯзи падару модар» бо падару модарони хонандаҳо ва дигар намояндагони фаъоли маҳалла, аҳли зиё, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чорабинӣ ва конфренсияҳо гузаронида мешавад. Ин иқдом имконият медиҳад, ки дар мавзӯъҳои гуногун, таълиму тарбия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" корҳои фаҳмондадиҳӣ барем. Барно ВАЛИЕВА, директрои МТМУ-и №117-и ноҳияи Рӯдакӣ


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

КИТОБХОНАИ “ҶТ”

√ КИТОБИ НАВ “Дили модар”

√ СЕРФУРӮШТАРИН

ҲАМРОҲ АВЛИЁПУР

Бибӣ ва набера

Пиразани нобиное бо кӯмаки асо вориди утоқ шуд. - Фараҳноз, чанд бор такрор кардан мумкин? Ҳавлия кай мерӯбӣ? - Ҳозирррре! - норозиёна гуфт Фараҳноз. Фараҳноз ҳалқаҳои тиллоӣ, дастпона, гарданбанд, куртаи ранга ва попӯши пошнабаландро, ки падару модараш аз Дубай фиристода буданд, дар бар намуда, аз назди оинаи қаднамо дур намешуд. Баъди шунидани садои бибияш ӯ попӯшро оҳиста аз по бароварда, дар даст гирифт ва қуттияшро бо нӯки по ба таги кат тела дод. - Дер интизор шавам? - пурсид бибияш. - Мана, рафтам, - гуфт Фараҳноз ва аз паҳлӯи бибияш оҳиста гузашта, аз дар берун шуд, баъд кафшро ба по кард. Ӯ бо назокату карашма аз ҳавлӣ баромад. Дар берун Нигора, Шамисо ва Мижгона интизор буданд. - Ай, арӯсаки таппа тайёр! - гуфт Мижгона. Духтаракон атрофи Фараҳнозро печониданд ва бо ҳавас чарх занониданд. Яке бар дастпона даст расонид, дигаре бар гарданбанд, сеюмӣ бар ҳалқа. Нигора дастпонаро бар даст кард. Бар Шамисо гарданбанд расид. Ӯ дар оина, ки ҳамроҳаш буд, нигоҳ кард. Мӯйҳояшро соз намуд. Баъд ба гарданбанд даст расонид: - Ай, чӣ қадар чеҳраи зебо! Беҳуда нагуфтаанд: «хонаву палос, одаму либос». Баъд Шамисо гарданбандро бо дили нохоҳам кушода, ба Фараҳноз дароз кард ва гуфт: - Ман намефаҳмам, ту ҳам ҳамроҳи падару модарат бояд дар Дубай зиндагӣ мекардӣ. Ана, баъд дар байни зару зевар мемондӣ.

√ ОНҲО

Дар мағозаи китоби «Адиб» воқеъ дар хиёбони Неъмат Қарабоев (шафати Нашриёти “Адиб”) китоби «Латифаҳои халқи тоҷик»-и Додоҷон Обидов серхаридор аст.

Китоби тозанашри нависанда Равшан Махсумзод “Дили модар” ном дошта, аз қисса ва ҳикояҳои ҷолибу ибратомӯз бо сарлавҳаҳои “Шабе дар замини бетараф”, “Ғуруб”, “Дили модар”, “Ғамро намефурӯшанд” ва “Модар”иборат аст. Равшан Махсумзод ба ёди модари азизаш, ки бо вуҷуди раҳпоиҳояш натавонист ба аёдаташ бирасад, ба қалам додааст. Ӯ мегӯяд: “Ин дарди чигарсӯз то охири умр маро азият хоҳад дад”.

√ НАСР

(ҳикоя)

- Агар чашми бибиям бино мешуд, бурданашон мумкин буд, - бо ҳасрат гуфт Фараҳноз. - Бибиятро ҳам ҳамроҳ мебурданд, тоқат накард Мижгона. - Не-е, бибиям намехоҳанд. «Агар ман ҳам равам, ин обу ин хока фаромӯш мекунед, - мегӯянд. - Шукр, ки будани ман шуморо ба ин замин пайванд месозад. Ба дидани ман ба зодгоҳатон, ба Ватанатон меоед». - Фараҳноз! - садои бибияш ба гӯш расид. - Ой, бибиям! - гуфт Фараҳноз. - Ҳавлия нарӯфтаам. Пай бурданд-чӣ? Баъди лаҳзае Фараҳноз пайдо шуд. Бибияш дар ошхона нишаста буд. - Ҳавлия рӯфтӣ? - пурсид бибияш. - Ҳа-а! Фақат бардоштани хокрӯба мондааст. - Хайр, чой дам кун! Фараҳноз чой дам кард. Баъд аз лаълии рӯи миз бананеро гирифту пӯст канд ва раҳораҳ хӯрд. Пӯсташро дар назди дари ҳавлӣ партофт. Боз ба назди дугонаҳояш рафт. Мижгона ин дафъа ҳалқаро дар гӯш андохтанӣ шуд. Бибии Фараҳноз бошад, ба ҳавлӣ баромад. Бо нӯги асо пайраҳаро санҷид. Ду-се баргаке бар нӯги асо бархӯрд. Баъд хам шуда, панҷаашро расонид ва бо алам дод зад: - Фа-раҳ-но-оз! - Ваҳ, бибиям! - гуфт ӯ. Фараҳноз бо шитоб ба сӯи ҳавлӣ давид. Попӯши пошнабаландашро надониста бар рӯи пӯсти банан гузошт, пояш лағжид ва чаппагардон шуда сараш бар сутуни оҳанини дарвоза бархӯрд.

КИТОБИ ТОҶИКИСТОН

«Латифаҳои халқи тоҷик»-ро нашриёти «Адиб» соли 2015 нашр кардааст. Китоб аз 160 саҳифа иборат мебошад. Адади нашраш 2000 нусха.

√ НАЗМ

√ КӢ

ЧӢ МЕХОНАД?

Гули ЗАРД, адиб

Нуруллоҳи ОРИФ

ЁРИ ҶАФОПЕША (Дар ду вазн)

Ёри ҷафопеша зи ман меравӣ, Карда чаро тарки Ватан, меравӣ. Пушти дарат бехабарам, ҳамчунон Ҷони сафаркарда зи тан меравӣ. Марав аз ман, марав аз ман, марав, ҷон, Равӣ аз ман, шавӣ охир пушаймон. Зи роҳат гард, қалбамро ба даст ор, Ба пеши пот хоҳам гашт қурбон. Ёри ҷафопеша зи ман меравӣ, Карда чаро тарки Ватан, меравӣ. Пушти дарат бехабарам, ҳамчунон Ҷони сафаркарда зи тан меравӣ. Намехоҳам зи пешам дур гардӣ, Ба ҳар як шаҳру деҳ мағрур гардӣ. Ба додам рас, марав, манро напарто, Агар қадрам надонӣ, кур гардӣ. Ёри ҷафопеша зи ман меравӣ, Карда чаро тарки Ватан, меравӣ. Пушти дарат бехабарам, ҳамчунон Ҷони сафаркарда зи тан меравӣ.

ГУЛИ СЕБ Дил зи ту канда нашуд, Гули себ, эй гули себ. Дар Душанбе ба Худо, Нест мисли ту базеб. Эй базеб аз ҳама кас, Кай шавӣ ҳамдами ман? Кай ба пову сари хеш Беш созӣ ками ман?! Ғалатиӣ, ғалатӣ, Қадакат химчаи тар. Cадаф аз дурри Адан Баста дар пешаки бар.

“ТАЛОШ” (роман) Муаллиф: Шоҳмузаффар ЁДГОРӢ Соли 2016 тариқи Нашриёти “Русская литература” чоп шудааст. Нависанда вазъияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро баъди ба даст омадани сулҳ дар Тоҷикистон инъикос кардааст. Ӯ бар он ақида аст, ки ҳама вақт ҷангу кашмокашиҳо ба ҳолати маънавии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Нависанда дар мисоли зиндагии мардуми як деҳа, сокини фаъоли ин русто, бобои Афзал воқеаҳоро мисли марворид ба ришта мекашад. Қаҳрамонаш одами заҳматкашу ҳалолкор мебошад, бо обилаи кафи даст нон хӯрда, фарзандонашро хонондааст. Ба ақидаи муаллиф ягон ҷанг ба манфиати мардум анҷом намеёбад. Ҷанг адолатро аз байн мебарад, ҳарки беинсоф аст, дар аввал бурд мекунад, ғорат, дуздӣ пешаи ӯ мегардад. Хислати одамон дигар мешавад. Нависанда дар мисоли як деҳаи хурд нишон медиҳад, ки агар деҳа сарваре, саркардае баобрӯ дар миёни мардум дошта бошад, сокинон аз яъсу ноумедӣ, тарсу ҳарос камтар осеб мебинанд. Барои ҳалли мушкилоти худ ба ӯ муроҷиат мекунанд, маслиҳат мепурсанд, ҷавоби муносиб мегиранд. Муаллиф як шохаи менталитети миллии мо - эҳтироми бузургсолон ва иҷро кардани дастуру ҳидоятҳои онҳоро ба хубӣ кушода тавонистааст. Дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ ин анъанаву одатҳои мардумӣ бисёр коста гардида буданд.

ХОМӮШИРО АВЛО ДОНИСТАНД...

Бартлбиҳои адабиёти ҷаҳон “Фикр хунҳо мехӯрад, то ранг мегирад сухан” гуфтани Сайидо ҷои баҳс надорад, вале таърихи адабиёти ҷаҳон дар бағал адибоне ҳам дорад, ки баъди расидан ба қуллаи баланди эҷод ва маъруфият тарки нависандагӣ кардаанд. Ба ибораи дигар баъди “хунҳо хӯрдани фикрҳояшон” ва ба миён овардани осори пурарзише барои башарият даст аз навиштан шустаанд. Чаро онҳо хомӯширо авло донистанд, аз саволҳоест, ки зиёд пурсида мешавад ва аз мавзӯъҳои ҷолиби адабиёт ба ҳисоб меравад. Воқеан, чаро як адиб дар авҷи камолоти эҷодияш якбора хомӯш мешавад? Сабабҳои бисёреро метавон номбар кард. Чунончи, бими муваффақ нашудан, эҷодро кори беҳуда пиндоштан, ба нигилизм ё худ шаккокӣ гирифтор шудан, аз ақл бегона (девона) шудан, андеша кардан, ки “минбаъд чизи нав навиштан имконнопазир аст”, навиштанро бефоида донистан ва ғайра. Намунаи олии хомӯширо (яъне ба коре даст назаданро) дар адабиёт нависандаи амрикоӣ Ҳерман Мелвилл бо қаҳрамонаш –

Бартлби таҷассум кардааст. Дар қиссаи “Бартлбии муншӣ” сарнавишти як адвокате тасвир мешавад, ки бо заҳмати кам маоши беш ёфтан мехоҳад. Адвокат дар маҳаллаи Уолл Стрити (Wall Street) Ню-Йорк соҳиби як бюрои хурдест, чун корҳояш зиёд мешавад, зарур медонад дар қатори якчанд муншие, ки дорад боз як муншии дигарро ҳам ба кор гирад. Ҳамин тавр ӯ Бартлбиро ба кор мегирад. Вале баъди чанде кор кардан Бартлби рафтори комилан дигаре нишон медиҳад. Ӯ ба ҳар супориши хӯҷаинаш чунин посух медиҳад: “Ман авло медонам, ки ин корро иҷро накунам...” Ҳарчанд хӯҷаинаш муншӣ Бартлбиро сарзаниш кунад ҳам, ӯ ба ҳама фармудаҳои адвокат “накардан”, “нарафтан”, “аз ҷой барнахостан”, ҳатто “кор накардан”-ро авло медонад. Яке аз рӯзҳои истироҳат вақте адвокат ба бюро меояд мебинад, ки муншӣ дар онҷост. Мефаҳмад, ки Бартлби бюрои хӯҷаинашро маҳалли иқомат баргузидааст. Адвокат мунширо на танҳо аз кор пеш карда наметавонад, балки зердасташ ба ҳаёти ӯ ворид шуда,

ба зиндагиаш таъсир мерасонад. Яъне, як навъ эътироз ва саркаширо ифода мекунад ин муносибати корманду хӯҷаин. Дар адабиёти Ғарб ин ҳолатро бо номи “Синдроми Бартлби” мешиносанд ва адибонеро, ки якбора аз навиштан даст мекашанд, бо ин аломат ташхис медиҳанд. ...Дар ин гӯшаи рӯзнома тасмим гирифтем, ки ҳар ҳафта дар бораи “Бартлбиҳо”-и дунёи адабиёт маълумот диҳем. Сэлинҷер Ж. Д. (1919-2010) Агар дар бораи адибоне, ки тарки навиштан кардаанд, сухан равад, бешубҳа дар ҷои аввал Жером Дэвид Сэлинҷер қарор мегирад. Ӯ муаллифи чор асари муҳташамест: «Хорошо ловится рыбка-бананка», «Фрэнни и Зуи», «Выше стропила, плотники», «Симор: Введение». Сэлинҷер то охири умраш дар Амрико ба сар бурд ва 45 соли охир не акс гирифт, не бо касе мусоҳиба орост, не дар пардаи ТВ намоён шуду не дар гирду атроф. Духтари нависанда Маргарэт Сэлинҷер

солҳои 2000-ум бо номи “Зиндагии афсонавӣ” дар бораи падараш китобе навишт. Писари нависанда Мэтт Сэлинҷер ҳам ҳунарманди машҳуре дар соҳаи синамои Амрико гашт. Вале ҳеҷ яке аз пайвандонаш натавонист ба сатҳи ӯ бирасад. Ҳаводорони осораш барои дидани ӯ ба ИМА рафта, дар кӯчаҳои Ню Йорк ҷустуҷӯяш мекарданд, вале дидани нависанда ба онҳо муяссар намегардид. Бо вуҷуди ин бовар доштанд, ки нависандаи маҳбубашон ҳаргиз аз навиштан бознаистодааст ва пинҳонӣ ба таълифи асарҳо машғул аст. Ҳарчанд аз фавти нависанда соли ҳафтум сипарӣ мешавад, ихлосмандонаш ҳоло ҳам умедворанд, ки як рӯз не, як рӯз сандуқи пур аз китобҳои нави Сэлинҷер кашф хоҳад шуд. Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”


15

Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 3930,3 миллон доллар Аз маблағи умумии гардиши таҷорати хориҷӣ 3031,0 миллион доллари амрикоӣ ба воридот ва 899,4 миллион доллари амрикоӣ ба содирот рост меояд, ки нисбат ба соли 2015 воридот ба маблағи 404,7 миллион доллари амрикоӣ ё ба андозаи 11,8 фоиз коҳиш ёфта, содирот бошад ба маблағи 8,0 миллион доллар ё 9 фоиз афзоиш ёфтааст. Каримзода Хуршед, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нашасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2016 бинобар сабаби идома ёфтани ноустувории вазъияти молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва вазъияти сиёсӣ дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла пастравии рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратӣ, талабот ба як қатор молу маҳсулоти содиротиву воридотӣ кам гардидааст. Гуфта шуд, ки соли сипаришуда гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3930,3 миллон доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта ба маблағи 396,7 миллион доллари амрикоӣ кам буда, 90,8 фоизро ташкил медиҳад.

Сканворди “Ҷавонӣ” Ҷумҳурии СароянНанг, Исёнгар Рақам ....и Эрон даи эронӣ номус

Айёми шубоб

Мироб

Осмон бо русӣ

Афсӯс

Тори ...

Фарёд, шеван

Кушода, боз

Меросхӯр

Ӯ, он

Ҳисачаи Биёр, тасдиқӣ овар...

Парчам, байрақ

Майлкунанда

Аҳвол Соҳиби хонаи нав

Қаноатманд Пайпоқ барои мӯйсафедон

Зидди “не”

H 2O

Ҷамъи Ҳарфи асар арабӣ

Як, ду...

Назм...

Қаҳрамони Тоҷикистон

Падар (арабӣ)

Маҳсулоти лозима барои хамир: 1 стакан сметана 1 пиёла шакар 1 дона модаи ковоккунанда 100 гр равғани маска ё маргарин 6 дона тухм Орд

Хуршед, Шамс

... он

Нота Гӯру чӯб

Қоил Хуҷаин дар Англия

Тамғаи Канор Издиҳом тайёра

Маҳсули неругоҳ Сиришк Нидои таассуфомез

Ширеш Нота

Қаҳрамони Меҳнат, “Кунгфу фаъолият Панда”

15+15=

√ МАСЛИҲАТИ

Асбоби мусиқӣ ҶСП бо русӣ

Номи занонаи русӣ

Шакли дигари форсӣ Ҷонишин

Ораз, рӯй

Бодпо, Меваи тозӣ нопухта

Ҳасрат, Номи умед мардона

Рӯдакӣ менавохт

Муқобили Ишора “наздик”

Квитансия Дарё

Мева Талаби кӯмак

Наво, оҳанг

РАНГОРАНГИИ “ҶТ”

Торти “Накҳат”

Ҷуз ин Зиндагӣ ки (ар.) Ҳарза

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

Асбоб, олат

Барои крем 1 қуттӣ равғани маска, 1 дона ширқиём Инчунин, 1 дона себ, 1 дона банан, 2 дона кивӣ, 1 дона афлесун Тарзи тайёр намудан: Тухмҳо, сметана ва шакарро бо миксер лат занед ва маскаро ҳамроҳ намоеду хуб омехта карда, орд ва модаи ковоккунандаро низ ҳамроҳ намоед, лат занед ва сипас хамири омодашударо ба лаълии тафдон рехта, пазед. Пухта гирифта, аз байн ду тақсим кунед, сипас крем молида болои ҳам гузоред. Агар шумо хоҳед, метавонед онро дар қолаби тортпазӣ ду корж пухта гиред, яъне хамиратонро 2 тақсим кунед. Баъд аз он ки коржҳоро крем молидед, бо мева оро диҳед, дар қабати коржҳо себ гузоштан мумкин, дигар меваҳоро низ метавонед дар болои торт истифода баред.

ҲАМДАРДӢ Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги бемаҳали журналисти собиқадор Кароматуллои Аҳмад сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд. Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз марги собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Халқ овозӣ” Муҳсин Исмоилов андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

“ҶТ”

Ба бешу кам шукрона бояд кард Нафароне ҳастанд, ки ба оби софи зулол, ба қасру хонаҳои боҳашамат ва боғҳои зебо, ба нони мулоим, ба таомҳои болаззат ҳаргиз шукр намегӯянд. Зеро нафси ношукр, модоме ба кам шукр накард, ба бисёр ҳам шукр намегӯяд. Баъзе нафси бахил орзу мекунад, ки ҳарчи неъмати бисёр дода шавад, шукр мегӯяд, садақаву нафақот медиҳад ва Худованд неъмати зиёд ба ӯ медиҳад, вале фаромӯш мекунад. Мулоҳиза мекунем, баъзан аз мардумро, ки хотири парешон, дили ғамгин ва тақдир гумони бад дорад, ки барои ӯ ризқи васеъ ато накарда, зиндагии ӯро танг кардааст. Лекин ӯ Аллоҳро фаромӯш карда буд. Модоме дар ҳамон ҳолати тангияш бар тақдираш чунин рафтор бикунад, пас чӣ тавр тақдир ӯро неъмат медиҳад? Баъзе мегӯянд: Агар Худо барои ман пойпӯше расонад, шукр мегӯям, аммо пойпӯшдор мегӯяд: вақте маро мошине расад, шукр мегӯям. Мошиндор мегӯяд, ки вақте маро хонаву дари боҳашамат бирасад, шукр мегӯям. Агар хонаву дари боҳашамат ҳам дастрасаш гардад, аҳд мекунад: агар соҳиби тайёра шавад, он гаҳ шукр мегӯяд. Ин гуна тоифа ҳатто кулли дунёро соҳиб шаванд ҳам, боз мехоҳанд сайёраву ситорагон аз онҳо бошад. Неъмати нақде, ки дар даст дорем, бе шукрона ба он назар мекунем ва шукрро ба неъматҳое, ки нася ҳастанд, мавқуф мегузорем. Зеро рағбати мо ба тақдир кам аст ва ҳоло ин ки неъмати Худо ба мо фаровон аст.

Қарз ғам меорад. Оне, ки хотирро парешон ва ғаму андуҳро афзун мекунад, қарздорӣ ва тангии зиндагист. Барои ҳамин баъзе роҳҳои наҷот аз ин балоро зикр мекунем: 1. Касе молашро эҳтиёт кунад, ба хубӣ нафақа кунад, молашро аз барои ҳоҷат ҳифз кунад ва худашро аз исрофу сарфакории беҳуда дур гирад, фақир намегардад. 2. Касби мол бо роҳи ҳалол ва дур шудан аз касбу пулу моли ҳаром, зеро Аллоҳ пок аст, нопокиро қабул намекунад ва барои моли ҳаром баракат намедиҳад. 3. Кӯшишу ғайрат дар талаби ризқи ҳалол ва дур шудан аз бекориву вақтро беҳуда гузаронидан. Табассум ва меҳрубонӣ. Аз ҳусни толеъ ва муқобилаи хуб, табассуми зан ба шавҳар ва шавҳар бо занаш аст. Пас, ин табассум эълони аввал мебошад аз барои мувофиқат ва дӯстӣ. Расули Худо (с) мефармояд: “Беҳтарини шумо касест, ки беҳтарин барои аҳлаш бошад ва ман беҳтарини шумоям барои аҳлам”.

Аз саодати оила нармӣ ва хушрафтории ҳар ду тараф аст. Эй кош, мард ва эй кош, зан ҳар дуи онон сухани бадро ва изои якдигарро дур мекарданд ва ба камбудиҳои ночизи инсонӣ, ки ин дар табиати инсонӣ вуҷуд дорад, аҳамият намедоданд ё баъзе хулқи бадро ба эътибор намегирифтанд. Агар мард некиҳои занашро ҳисоб бикунад ва баъзе камбудиашро ба эътибор нагирад, хушбахт мегардад. Ҳабиби Худо мефармоянд: “Бад набинад муъмине муъминазанро, агар бад бинад хулқеро розӣ мегардад ба хулқи дигари ӯ”. Аксари мушкилоти хона аз баъзе чизҳои ночиз сар мезанад. Даҳҳо ҷудоиҳо бо сабаби андаке рух додаанд. Мисол, хона ба тартиб оварда нашудааст, таом дар вақташ пухта нашудааст ё зан мегӯяд, ки меҳмон бисёр меорӣ ва ғайраҳо. Ҳамин корҳост, ки сабаби хонавайронӣ ва зиндаятим гаштани фарзандон мегардад. Пас, барои мо лозим аст дар воқеияти худ ё дар ҳолати худ зиндагӣ бикунем ва аз

хаёлот худро дур бигирем, ба монанди ин ки фалонӣ ҳамин хел либос харид ман ҳам бояд бихарам, ё чунин хона доранд, мо ҳам бояд дошта бошем. Ҳамаи мо башар ҳастем, гоҳе ғазаб мекунем, гоҳе хато мекунем ё занҳои мо гоҳе ғазаб мекунанд, ё гоҳе хато. Пас, барои ҳар ду тараф лозим аст, бардошт кунем, гоҳе сабр бикунем ва гоҳе ба тарафи хубаш назар афканем. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал баъди вафоти ҳамсараш мегӯяд: “Чил сол бо ӯ (ҳамсараш) хонадорӣ кардам, ягон маротиба дар коре ихтилоф накардем”. Пас барои мард ҳам вақте занаш ғазаб мекунад, лозим аст сукут кунад ва зан ҳам вақте шавҳараш ғазаб мекунад, сукут бикунад, ҳатто то ором гаштан ва аз изтироб дур гаштан. Ибн Қайюми Ҷавзӣ мегӯяд: “Вақте бидидӣ шавҳарат ғазаб кард ва суханҳои нолоиқ гуфт, парвое накун ба сухани ӯ ва рад ҳам накун, зеро ӯ дар ҳолати ғазаб монанди маст аст, намедонад чӣ мегӯяд, балки як лаҳза бошад ҳам, сабр кун, зеро ту ба ӯ баробар нагардӣ, гӯё оқиле ҳастӣ бо де-

вонае рӯ ба рӯ гаштаӣ, пас ба чашми раҳмат интизор шав, то ин ки ғазабаш равад, пас вақте ба худ меояд, пушаймон мегардад бо он чи карда буд ва гуфта буд. Ин ҳолат танҳо барои дар ҳолати ғазаби шавҳараш лозим нест, балки ба фарзанд ҳам дар ҳолати ғазаби падар лозим ва зарурист. Аммо аксари одамон ба мухолифи ин амал мекунанд. Вақте ғазабкардаро мебинанд, як ба як бо ӯ муқобил мешаванд. Он чӣ мегӯяд, мегӯянд, он чӣ мекунад, мекунанд. Ин аз рӯи ҳикмат нест, балки ҳикмат сабр ва бардошт бо каси ба ғазаб фурӯрафта аст.

Таҳияи Шайдулло ДОДАРОВ, омӯзгори МТМУ №66-и шаҳри Душанбе


16

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №03 (9481), 19.01.2017

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Лутфи ҷавонӣ Воизе болои минбар аз базли мол ва хайрот дар роҳи Худо сухан меОмӯзгори таърих аз донишомӯзе пурсид: гуфт, ки ҳанӯз суханаш тамом нашуда буд. Писараш бархост ва ба хона рафт, - Бигӯ, шоҳ Султон Маҳмуд чӣ тур миқдоре аз моли падарашро ба муҳтоҷон дод. Воизи бечора ҳамин ки ба хона подшоҳе буд? баргашт, дид, миқдоре аз асбоб нест. Пурсид: “Эй фарзанд, лавозими хона чӣ Донишомӯз ҳарчи фикр кард, натавонист шуд?” ҷавоб бидиҳад. Ночор гуфт: Гуфт: “Магар худи шумо набудед, ки муҳассаноти хайротро зикр мекардед?” - Муаллим, медонед, аслан хуб нест, ки Гуфт: “Бале, аммо он сухан барои дигарон буд, на барои худамон”. пушти сари мурда ҳарф бизанем.

Сеҳри хома МЕҲРОБ АЗИМОВ

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам...

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

√ АНДАРЗИ

Заҳмати 30-солаи модар Модар баъди ба итмом расидаи моҳи асали писару келинаш табассумкунон ба келинаш гуфт: - Воқеан ҳам, тавонистӣ, ки писарамро дар 30 рӯз аз шаробнӯшӣ боз дорӣ. Ин коре буд, ки ман дар 30 сол комёб нашудам. Бар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Келин гуфт: - Модарҷон, оё аз қиссаи “санг ва ганҷ” бохабар ҳастед? Овардаанд, санги калоне сари роҳи мардумро гирифта буд ва ба роҳгузарон халал мерасонид. Марде хост, то ин мушкили мардумро осон намояд. Путкро гирифта, 99 маротиба бар санг зад, аммо он пора нашуд. Хеле хаста шуд. Марде аз наздаш гузашт. Аз ӯ талаби кӯмак намуд. Баъди як зарбаи марди роҳгузар санг пора шуду аз дарунаш кӯзаи пур аз тилло баромад. Ҳар ду мард мегуфтанд ганҷ аз ман аст, лекин ҳеҷ ба муросо наомаданд. Барои ҳалли мушкилашон назди қозӣ рафтанд. Марди аввал гуфт: - Ин ганҷ ҳаққи ман аст, чун ман 99 зарба задам то пора шавад. Дуюмӣ гуфт: - На, сангро ман пора кардам ва ганҷ моли ман аст. Қозӣ масъаларо баррасӣ намуда, чунин ҳукм баровард: барои марди аввал 99 қисм ва барои марди дигар 1 қисми

боқимонда дода шавад ва дар давоми суханаш гуфт: - Агар он мард 99 зарба намезад, ҳаргиз бо 1 зарба задани марди дуюм санг пора намешуд. Модар 30 сол фарзандашро ҳамеша ба тарки шаробнӯшӣ ташвиқ мекард, бе он ки ноумед шавад ва хушҳол аст, ки фарзандаш бо сабаби занаш ин одати бадро тарк кардааст. Келин басо ахлоқи зебо ва ақли расо аз худ нишон дод, ки фазлро танҳо ба худаш нисбат надод, балки ба хушдомани худ баён намуд, ки он 30-сола ранҷи ӯ монанди 99 зарба задани марди аввал буда, барбод нараафтааст ва коре, ки келинаш кардааст, ҳамоно зарбаи охирон аст. Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Аттестати гумшудаи №А163687, ки МТМУ №30-и ноҳияи Файзобод соли 1992 ба Гадоев Илҳомиддин Файзуллоевич додааст, эътибор надорад. Шиносномаи шаҳрванд Ҳасанова Сабрина Олимҷоновна таҳти рақами А00224816, ки ШВКД ноҳияи Шаҳристон аз 25.06.2015 додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

Матолиби рӯзнома ва ҳаррӯза хабарҳои соҳа дар

JAVONON.TJ

Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

ЭЪТИБОР НАДОРАД Шаҳодатномаи гумшудаи U04 №005900 барои бақайдгирӣ оид ба ААИ, ки аз 19.01.2013 ба ҶДММ “Сафар ЛТД” дода шудааст, эътибор надорад.

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

√ ЭЪЛОН

“ҶТ”

√ ОБУНА-2017 Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.

Дар девонахона. Девонаи аввалӣ: Чӣ шудааст, ки ин қадар механдӣ? Девонаи дуюм: – Ҳеҷ чиз, як латифаи хушмазае барои худам эҷод кардам, ки то ҳол нашнида будам.

БО МО ПИР НАМЕШАВЕД!

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 5076 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шералӣ ҶАЛОЛОВ (хабарнигор, в. Суғд).


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.