Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
1
№40 (9362),
2 октябри соли 2014
БОЗИҲОИ ОСИЁ
ҲАМКОРӢ
Мулоқоти Зуҳуров бо Президенти тозаинтихоби Афғонистон
Дилшод Назаров дар Фурудгоҳи Душанбе ҳангоми пешвозгирӣ
Пас аз иштирок дар маросими расман сари мансаб омадани Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллӣ Абдулло Абдулло раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Шукурҷон Зуҳуров бо онҳо мулоқот кард. Зимни мулоқот бо Президенти тозаинтихоби Афғонистон масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, амният ва амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд. Дар сӯҳбат бо доктор Абдулло Абдулло масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши иқтисод баррасӣ шуданд.
ТАСМИМ
Кӯлоб пойтахти фарҳангии ИДМ эълон мешавад 10 октябри соли равон дар шаҳри Минск нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Дар нишасти мазкур қабули қарор дар бораи дар соли 2015 амалисозии барномаи байниҳукуматии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар Русия ва Тоҷикистон ва мутаносибан пойтахтҳои фарҳангии ИДМ эълон кардани шаҳрҳои Воронеж ва Кӯлоб дар соли 2015 дар назар аст.
ЭНЕРГЕТИКА
Чор медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё
Лимити истифодаи барқ оғоз шуд Аз 1 октябри соли равон дар кишвар лимити истифодаи барқ шуруъ шуд. «Маҳдудият каме пештар, бинобар сабаби сарфаи об дар обанбори Норак дар сурати сард омадани зимистони ҷорӣ роҳандозӣ мешавад», - шарҳ додаанд дар ширкати «Барқи тоҷик». Тавре ба «Азияплюс» аз Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» хабар додаанд, имсол сатҳи маҷрои дарёи Вахш нисбат ба соли гузашта ба таври назаррас камтар аст.
Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2015 оғоз шуда, тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
e-mail: javonontj@mail.ru
ОБУНА-2015
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
2
КОНФРОНС
Тоҷикистони меҳмоннавоз - кишвари туризм Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Ассотсиатсияи ташкилотҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон 29 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи «СеренаДушанбе» Конфронси IV миллии туристӣ, зери унвони «Тоҷикистони меҳмоннавоз -кишвари туризм» баргузор гардид. Чорабинӣ бо дасгирии Иттиҳоди Аврупо, АСЕУД, Бунёди Оғохони IV ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе доир шуд. Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои сайёҳӣ, сафоратхонаҳо, соҳибкорон ва мутахасисони ватаниву хориҷии соҳаи туризм ширкат варзиданд. Дар оғоз Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва дурнамои рушд” сухан карда, таъкид намуд, ки туризм яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба ҳам наздикшавии халқҳо ва пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мегардад. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табииву ёдгориҳои таърихӣ буда, барои
сайёҳон хеле ҷолиб аст, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. - Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи туризмро яке аз соҳаҳои афзалиятноки эълон кардааст. Сиёсати пешгирифтаи дарҳои кушод ва ба маркази чорабиниҳои байналмилаливу минтақавӣ табдил ёфтани шаҳри Душанбе боиси афзудани имкониятҳои бештари соҳаи туризм мегарданд. Агар соли 1950 дар сайёра 2,5 миллион нафар ба саёҳат баромада, фоидаи соҳаи туризм 2,1 миллиард доларро ташкил дода бошад, соли 2013 теъдоди сайёҳон ба 1 миллиарду 87
бояд ҳарчи бештар ташвиқ шуда, ташкилотҳои туристӣ пуштибонӣ шаванд. Алалхусус, дар маҳалҳо барои рушди соҳаи туризм мусоидат бояд кард. Инкишофи соҳаи туризм дар Тоҷикистон яке аз роҳҳои беҳтар гардондани зиндагии мардум ба шумор меравад. Аҳтам Абдуллозода илова намуд, ки ҳар кишвар бо хусусиятҳои фарқкунандааш диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунад. Тоҷикистон бо иқлими якбора тағйирёбанда, кӯлу пиряхҳо, дарёҳои обашон зулол, чашмаҳои шифобахш ва ёдгориҳои таърихиаш маъруф
миллион нафар расид. Имрӯз саҳми соҳаи туризм дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон 6 дарсадро ташакил медиҳад. Қариб 7 дарсади сармоягузориҳои ҷаҳон ба соҳаи туризм рост меояд. Туризм қосиди сулҳ буда, дӯстии байни миллатҳоро мустаҳкамтар мегардонад. Муовини сарвари намояндагии Иттиҳоди Арупо дар Тоҷикистон Иштван Нитрай ҳамкорӣ барои рушди туризмро муҳим арзёбӣ намуда, онро барои пешрафти иқтисоди кишвар зарурӣ хонд. Соҳаи туризм
аст. Қариб 93 дарсади ҳудуди кишварро кӯҳсор ташкил медиҳад. Ҳукумати мамлакат бароии пешбурди соҳаи туризм санадҳои муҳимро қабул кардааст. Дар ҷумҳурӣ Консепсияи рушди соҳаи туризм ва Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2018 таҳия шуда, баҳри баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ривоҷу равнақ додани соҳаи туризм ноҳияҳои Вазоб, Балҷувон ва дараи Ромитро минтақаи туризм эълон
намуд. Қадами дигари пешравии соҳа ба узвияти Созмони ҷаҳони туристӣ қабул шудани Тоҷикистон аст. Ҷумҳурии мо 27 ноябри соли 2007 ба узвияти ин созмон пазируфта шуд. Роҳбари ин ташкилоти бонуфуз моҳи майи соли 2010 ба Тоҷикистон омада, бо захираҳои туристи мамлакат ошно шуд ва бо Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Содагардонии раводиди туристӣ дар кишвар кори сайёҳонро осон намуд. Солҳои пеш маблағи хироҷ то 100-150 долларро ташкил медод. Акнун маблағи хироҷи ягона ҳамагӣ
Қатар, Кувайт, Эрон ва Малайзия шартнома оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи туризм имзо кардааст. Аҳтам Абдуллозода таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон туризми табобатӣ-осоишгоҳӣ, омӯзишӣ-этнографӣ, кӯҳнавардӣ ва ғайра афзалиятнок ба шумор мераванд. Ба муносибати 20-солагии таъсисёбии ИДМ бори аввал дар мавзеи Заминқарори ноҳияи Айнӣ мусобиқаи кӯҳнавардон доир гардид, ки дар он вазишгарони Федератсияи Русия, Украина, Белорус ва Қазоқистон иштирок намуданд. Аз соли 2009 ҳар сол экспедитсияи байналмилалӣ оид ба фатҳи қуллаҳои «Озодӣ» ва «Сомонӣ» ташкил мешаванд. Дар он варзишгарони Осиё ва Аврупо иштирок мекунанд. Тоҷикистон дорои чашмаҳои оби гарм дар ВМКБ, ноҳияи Вазоб (Хоҷаобигарм), Ҳисор («Хирманак»), Роғун («Оби гарм») ва ғайра мебошад. Бо муаррифии осоишгоҳҳо мо метавонем сайёҳҳони зиёдеро дар бахши туризми табобатӣ ҷалб созем. Шумораи осоишгоҳҳо дар кишвар ба 68 адад мерасад. Дар Тоҷикистон 2200 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки 8-тои он ба рӯйхати махсуси ЮНЕСКО шомил гаштаанд. Тоҷикон фарҳанги ғаниву қадимаи худро нигоҳ дошта25 доллар аст. Таҷрибаҳо ни- анд. Аз ин рӯ, сайёҳони зиёде шон медиҳанд, ки даромади метавонанд бо нияти ошноӣ ба консулӣ аз ҳисоби зиёд будани расму оинҳои мардумӣ кишвари теъдоди муроҷиаткунандагон мо оянд. мешавад, на аз баланд будани Имрӯз дар мамлакат 90 нархи раводид. ширкати туристӣ фаъолият Моҳи декабри соли 2013 доранд. Боиси хушнудист, ки дар 12-умин ҷаласаи машвара- дар ВМКБ ва минтақаи Зати назди Презденти мамлакат рафшон меҳмонхонаҳои зиёди масъалаи рушди соҳаи туризм хусусӣ амал мекунанд. Яъне, баррасӣ гардида, нақшаи корӣ сокинони деҳот дар хонаи худ иборат аз 29 банд тартиб дода меҳмононро пазироӣ менамошуд. янд. Тоҷикистон бо кишварҳои Барои қабулу гусели Арабистони Саудӣ, Афғонистон, меҳмонон дар мамлакат се Баҳрайн, Белорус, Озарбойҷон, фурудгоҳи байналмилалӣ (Ду-
Суратгир Т. ФОЗИЛОВ, «ҶТ»
сайёҳии кишвар дар рушди туризми воридотӣ ва дохилӣ» сухан карда, хотиррасон намуд, ки ТАТО соли 2006 таъсис ёфта, 28 ташкилот ба он аъзо шуданд. Ф. Файзуллоев таъкид намуд, ки тахассуси кормандони сохтори туризмро баланд бояд бурд. Дар соҳа мутахассисони баландихтисос намерасанд. Имрӯз донишҷӯён як тараф истанд, худи омӯзгорони макотиби олии кишвар ба бозомӯзӣ ниёз доранд. Ӯ сабук гардондани раводидро омили муҳими афзоиши теъдоди сайёҳон шумурда, идомаи ин равандро самарабахш ҳисобид. Қирғизистони ҳамсоя соли 2012 бо 44 кишвар яктарафа раводидро бекор кард. Ин боис шуд, ки соли 2013 ба ин ҷо як миллион сайёҳ оянд. Мутахассиси бахши туризми Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Зарина Ҳасанова, директори минтақавии Олмон дар Душанбе Йенс Элснер, менеҷери MSDSP-и кишвар Кишвар Абдулалишоев ва дигарон дар бораи имкониятҳои рушди туризм дар мамлакат пешниҳодоти ҷолиб баён карданд. Пешниҳод шуд, ки шабакаи ягонаи иттилооти туристӣ таъсис дода шуда, барои беҳтар муаррифӣ кардани захираҳои туристии кишвар баҳри ширкат дар Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Берлин-2015» ва баргузории фестивали «Роҳи Абрешим» дар шаҳри Душанбе ташкилоту мақомоти дахлдор омодагии ҷиддӣ бубинанд. Баъди конфронс намоиши ҳунармандон ва санъаткорони миллӣ баргузор шуд.
Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
Меҳмонавозии тоҷикон ҳамто надорад Ба муносибати Рӯзи байналмилалии туризм рӯзномаи олмонии «Dach der welt» мусоҳиба бо коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи туризм Маттиас Пошелро, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, чоп намуд.
- Ҷаноби Пошел, имсол тобистонро дар куҷо гузаронидед? - Аввал тавассути мотосикл кӯҳҳои Алпро сайр намудам. Сипас, ба воситаи Ҷип ва баъдан пиёда ба сайри кӯҳҳои Помири Тоҷикистон рафтам. - Чаро ба Тоҷикистон рафтед, дар ҳоле ки рухсатии худро метавонистед дар кӯҳҳои Алп гузаронед? - Ҳар ду кӯҳ дорои манзараҳои назаррабоянд. Агар шумо ба мавзеъҳои сермағали туризми оммавӣ рафтан нахоҳед, пас ба Тоҷикистон равед. Шумо дар он ҷо кӯҳҳои фазояш орому камодам ва ба осмон наздикро хоҳед ёфт. Беҳуда баландкӯҳҳои Помирро «Боми ҷаҳон» нагуфтаанд. Дар роҳ шуморо ба чойнӯшӣ, хӯроки шом ва ҳатто шабгузаронӣ даъват мекунанд. Бо чашмони худ хоҳед дид, ки меҳмоннавозии тоҷикон ҳамто надорад. - Шумо ба фаъолияти «Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон» (MSDSP), ки кор бо ҷамоаҳоро ба роҳ мондааст, чӣ гуна баҳо медиҳед? - Ҳангоми ҷустуҷӯи саргузаштҳои нав ба нав дар кӯҳистони Помир ба касбияти мутахассисони соҳаи туризм таваҷҷуҳ мекарданд. Ман фаъолияти MSDSP-ро дар сатҳи баланд бардоштани касбияти мутахассисон ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти туристӣ дастгирӣ менамоям. Ин метавонад ба сокинони кӯҳистон даромад орад. Рушди устувори туризм дар мубориза бар зидди камбизоатӣ накши муҳим бозида метавонад. Туризм дар баробари саноати автомобилбарорӣ яке аз бахшҳои сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Муҳимтарин қисми фаъолияти ман дар Тоҷикистон ин аст, ки огоҳии мардум аз имкониятҳои соҳаи туризмро баланд бардорем. Ҳамчунин сохторҳои давлатиро мутмаин созем, ки рушди туризм боиси ғанишавии иқтисоди кишвар мешавад. - Мақсади шумо рушди туризми оммавӣ дар Тоҷикистон аст? - Ин ҷо сухан дар бораи кишвари афсонавии кӯҳистон меравад. Чи тавр мо бояд онро муаррифӣ кунем, ки ҳам сайёҳон ва ҳам сокинони деҳот аз рушди туризм бурд кунанд? Ҳоло шумораи сайёҳоне, ки меоянд, ночиз аст. Тоҷикистон имкони зиёди қабули сайёҳонро дорад. - Барои рушди устувори туризм чӣ тавсия медиҳед? - Бо мақсади рушди устувори туризм ва саҳм гузоштан дар болоравии иқтисодиёти мамла-
кат ҷанбаҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро бояд ба назар гирифт, то ба табиат ва фарҳанги минтақаҳо зарар нарасад. Дар ин бобат мо бо аҳолӣ кор мебарем. Мардум барои ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани фарҳанг ва табиати диёри хеш ғамхорӣ мекунанд. Мо мехоҳем, ки на танҳо сайёҳони хориҷиро ба Помир барем, балки туризми дохилиро низ равнақ бахшем. Бисёр тоҷиконе ҳастанд, ки то ҳол Помирро надидаанд. Агар мо муваффақ шавему сайёҳони дохилиро низ ба Помир орем, боиси бештар шудани ҳамдигарфаҳмӣ ва пайдоиши сулҳу ваҳдат мегардад. Яъне, туризм ба ҳамкории одамон ниёз дорад. Агар рушди туризмро хоҳем, аҳолиро бештар ба ин соҳа ҷалб намоем, гӯш ба пешниҳоди онҳо диҳем, мустақилияташонро бештар намуда, ҳисси масъулияшиносиашонро зиёд кунем. Самараи бештарро ҳамон вақт ноил мегардем, ки агар сокинони маҳаллиро ба инкишофи туризм ҷалб карда тавонем. Агар ҳаққи хизматрасонӣ ва маҳсулоти сокинони маҳаллӣ сари вақт пардохт шавад, даромади онҳо зиёд мегардад. Зеро турист ба меҳмонхона, хӯрок, нушокӣ, роҳбалад, ронанда, аспу хари кироя, армуғон (маҳсулоти дастии ҳунармандон) ниёз дорад. Агар ин имкониятҳо самаранок истифода шаванд, ба рушди деҳот мусоидат хоҳад кард. - Шумо аз моҳи ноябри соли гузашта дар Тоҷикистон қарор доред. Оё натиҷаҳои пешакиро ҷамъбаст кардед? - Ман ҳамчун коршиноси байналмилалӣ бо шарикон аз MSDSP дар соҳаи идустрияи туризм ҳамкорӣ мекунам. Ман барои мушоҳида кардан, дарёфти имконоти нав фурсат дорам. Агар зарурат бошад, эҳтиёткорона, дар якҷоягӣ тағйир медиҳем. Яке аз дастовардҳои бузурги мо он аст ки муваффақ шудем, ҳамкории оператори туристии “Studiosus”-и Мюнхенро бо ширкатҳои туристии Помир ба роҳ монем. Бисёриҳо дар бораи Тоҷикистон тасаввуроти нодуруст доранд. Дар воқеъ, ин кишвар аз баҳр дур ҷой гирифтааст, вале Помир иқтидори бузурги туристӣ дорад. Аз 13 то 16 сентябри соли равон дар Қарокӯл мусобиқаи қайиқронӣ дар яке аз баландтарин кӯлҳои ҷаҳон доир гардид. Велосипедронҳои зиёде аз Душанбе қад-қади дарёи Панҷ ба Помир мераванд. Заврақронҳо дар шохобҳои тезоби кӯҳӣ, мисли дарёи Аличур дар ноҳияи Мурғоб қувваозмоӣ мекунанд. Инҳоро муаррифӣ бояд кард.
Таҳияи С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
шанбе, Хуҷанд, Кӯлоб) фаъолият мекунанд. Шумораи меҳмонхонаҳо нисбат ба даврони шуравӣ ба маротиб афзуда, 65 ададро ташкил медиҳад. Дар шоҳроҳи бузурги абрешим, ки 31 кишвар узви он ҳастанд, Тоҷикистон яке аз минтақаҳои муҳим мебошад. Чор пайроҳаи шоҳроҳи мазкур аз ҷуҳурии мо мегузарад. Қариб 22 дарсади ҳудуди кишварро минтақаҳои махсуси муҳофизатшаванда ташкил медиҳанд. Табиати Тоҷикистон чунон дилчасп аст, ки дар як вақт 4 фаслро дар он дучор омадан мумкин аст. Аз ин рӯ, сомонаи «Глобспот» Тоҷикистонро баъди Малта дуюмин кишвари барои саёҳати саргузаштӣ ҷолиб эътироф кард. Баҳри муаррифии захираҳои туристии кишвар ҳар сол буклету руқъа ва харитаи туристии мамлакат нашр ва ба сафортхонаҳо тақсим мешавад. Бори нахуст соли равон “Гейтбук” (муаррифномаи захираҳои туристӣ дар шакли маҷалла) ба таъб расида, ба иштирокчиёни Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ тақдим шуд. Роҳбари котиботи Шӯрои машваратии сармоягузории назди Президенти ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Нӯъмон дар мавзӯи «Ислоҳоти соҳаи туризм дар доираи фаъолияти Шӯрои машварваратии сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши туризм» маърӯза кард. Раиси Ассотсиатсияи мададгор ба рушди ташкилотҳои соҳаи сайёҳи (ТАТО) Фатоҳ Файзуллоев дар мавзӯи «Заминаҳои баланд бардоштани ҳавасмандии субъектҳои хоҷагидории соҳаи
3
e-mail: javonontj@mail.ru
ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ДИГАРОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
4
КОНФРОНС
ТУРИЗМ
Маблағгузории хурд бо суръат рушд мекунад Имрӯз саноати ҷаҳонии маблағгузории хурд баробар ба 140 миллиард доллари амрикоӣ буда, теъдоди умумии қарзгирандагони соҳа 180 миллионро ташкил медиҳад. Дар ин бора 26 сентябр зимни баргузории 8-умин Конфронси миллӣ оид ба маблағгузории хурд иттилоъ дода шуд. Конфронси мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ ва ҶСК “Бонки Эсхата” дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency“ таҳти унвони “Маблағгузории хурд дар Тоҷикистон: дастрасии молиявӣ дар мувозина бо ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон” доир гардид. Дар он раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров, директори Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ Рейнхард Войтек, раиси ҶСК “Бонки Эсхата” Хуршед Носиров, муовини раиси Бонки миллӣ Юсуфиён Ҷамшед, раиси “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷиддин Пирзода, раиси Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков, вакили парлумон Исмоил Талбаков, сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот ва коршиносону намояндагони ВАО ширкат доштанд. Тавре зикр гардид, мақсад аз баргузории конфронс ошкорсозии алоқаи мутақобила ва муайянсозии тобеияти дутарафаи
байни стандартҳои касбӣ ва этикаи кории институтҳои молиявӣ, муҳити рақобатпазир ва дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ, санҷишу назорати танзимгарони бозори молиявӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрониҳои молиявӣ мебошад. Конфронсро муовини раиси Бонки миллӣ Юсуфиён Ҷамшед ифтитоҳ намуда, сипас, иштирокчиён оид ба дастовардҳо ва бурду бохти соҳаи маблағгузории хурд дар Тоҷикистон маърӯза хонданд. Чунончӣ, Сюзан М. Эллиот, сафири ИМА дар Тоҷикистон иброз дошт, сухан гуфтан дар бораи як бахши муҳими ҷомеа – микрофинанс барояш мояи ифтихор аст. “Мардуми тоҷик, асосан, барои пешбурди зиндагӣ ва дарёфти рӯзӣ ба хориҷ аз кишвар мераванд. Вале агар соҳаи маблағгузории хурд дуруст танзим ва пеш бурда шавад, умед аст, ки ҳам сафи муҳоҷират коҳиш меёбад, ҳам аз ин ҳисоб ба иқтисоди Тоҷикистон фоида мерасад”. Иштирокчиёни дигар маблағгузории хурдро як бахши муҳими рушди иқтисодиёти
кишвар унвон карданд. Зимнан, дар ин рӯз аз таъсиси яке аз бонкҳои кишвар ҶСК “Бонки Эсхата” 20 сол пур шуд, ки иштирокчиён кормандони бонки мазкурро ба ин муносибат таҳният гуфтанд. Аз ҷумла, Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” “Бонки Эсхата”-ро яке аз рушддиҳандагони хизматрасонии маблағгузории хурд дар кишвар номид. Ба қавли Иззатулло Лаълбеков, раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон “яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти бонкҳо ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аст ва он бояд дуруст иҷро шавад”. Инчунин, дар чорчӯбаи конфронс байни “Бонки Эсхата” ва Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ (IFC) созишнома оид ба ҷудо намудани қарзи субардинатсияшуда дар ҳаҷми 10 миллион доллар ва қарз бо пули миллӣ баробар ба 5 миллион доллар баста шуд. Дар маҷмуъ, ба маблағи 15 миллион доллар созишнома имзо шуда, зикр гардид, ки маблағи мазкур барои афзун намудани сандуқи қарзии маблағгузории хурди “Бонки Эсхата” равона мешавад. Хуршед Носиров, раиси ҶСК “Бонки Эсхата” изҳор дошт, ки “15 миллион доллари имзошуда ба хотири дастгирии маблағгузории хурд дар Тоҷикистон ва дастгирии занони соҳибкор равона шуда, умед дорем, дар оянда низ ҳамкориҳо идома ёфта, барои рушди системаи молиявии кишвар кӯмак мерасонем”.
Б. УСМОН, “ҶТ”
Пойтахтҳо дар рушди туризм саҳм доранд Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе 27 сентябр ба ифтихори Рӯзи байналмилалии туризм дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе намоишгоҳи туристӣ таҳти унвони «Туризм дар Душанбе» доир гашт. Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Аббос Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе зимни суханронӣ ёдовар шуданд, ки дар сатҳи давлатӣ ҷиҳати густариши соҳаи туризм тадбирҳо андешида шуда, бояд ҷавонон барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари туризм саҳми сазовор гузоранд. Тавре маълум аст, марказҳои маъмурию сиёсӣ ва пойтахтҳои кишварҳо барои рушди туризм ва инкишофи он нақши ҳалкунанда мебозанд. Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе низ аз ҷумлаи шаҳрҳои сайёҳии минтақа мебошад, ки тавонистааст ҳамаи нишонаҳои куҳани таърихӣ ва фарҳангиро тавассути ободкориҳо ҳифз созад. Ҷалби сармояи хориҷӣ дар бунёди меҳмонхонаҳои панҷситорадор, иншооти тиббӣ ва боғҳои фарҳангӣ, бунёди биноҳои истиқоматии замонавӣ, марказҳои тиҷоратӣ барои муаррифии шаҳр нақши калон мебозанд. Ба ғайр аз намоиши маҳсулоти туристӣ, инчунин, барномаи рангини фарҳангӣ ҳамчун рамзи фарҳанги пурғановати миллӣ пешниҳоди меҳмонон гардид. Барнома бо суолу ҷавоби шавқовар дар мавзӯи туризм хотима ёфта, иштирокчиёни фаъол бо туҳфа ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд. Аз соли 1979 ҳар сол 27 сентябр дар ҷаҳон бо қарори Ассамблеяи марказии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Рӯзи байналмилалии туризм ҷашн гирифта мешавад.
Н. ТӮЙЧИЗОДА ИҚТИСОД
Манфиати саноати ғизоӣ аз СҶТ e-mail: javonontj@mail.ru
30 сентябри соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таҳти унвони “Манфиатҳо ва чолишҳои саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозии Тоҷикистон аз узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат” семинар баргузор гардид. Дар он намояндагони соҳаҳои мазкур, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ иштирок доштанд. Гуфта шуд, мақсад аз баргузории семинари мазкур талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар робита бо саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозӣ (металлургия), манфиатҳо ва чолишҳое, ки ин соҳаҳо аз узвияти кишвар дар СҶТ мебардорад ва таъсири узвияти Тоҷикистон ба СҶТ бо ин саноатҳо мебошад. Паоло Вергано, коршиноси тиҷорати байналмилалӣ ва масъули давраҳои омӯзишии семинар, дар мавриди таъсири узвияти СҶТ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар чунин
ибрози ақида кард: «Новобаста ба таъсирҳои манфӣ аз вурудшавӣ ба Созмонии ҷаҳонии тиҷорат ба бахши хусусӣ, бахусус, ҷорӣ намудани асосҳои шаффофу боэътимоди тиҷорат, натиҷаи мусбат аз вурудшавӣ ба СҶТ, шояд дар оянда эҳсос гардад. Ман тавсия медиҳам, ки ба доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон бобати бартарият ва имконоту захираҳои СҶТ бештар иттилоот дода шуда, манфиатҳои соҳа тавассути идомаи гуфтушунидҳои тиҷорӣ, ҳалли масоили техникӣ, ҳамчунин, масъалаҳои дастрасӣ ба васоит ва ҳуҷҷатҳои лозимаи СҶТ барои бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон идома ёбад».
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Сентябри соли равон дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод конфронси байналмилалӣ дар сатҳи вазирони нақлиёт баргузор гардид. Дар он намояндагони 30 мамлакат ва 16 ташкилоти байналмилалӣ ширкат варзиданд. Ширкаткунандагони конфронс Эъломияи Ашқободро қабул намуданд, ки дар он нақшаи фаъолияти муштарак дар бахши нақлиёт инъикос ёфтааст. Вобаста ба ин, ҳафтаи сипаришуда сафири фавқулодда ва мухтори Ҷуҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ишонқулӣ Аманлиев барои ВАО-и мамлакат брифинг доир намуд, ки хабарнигори мо низ дар он ширкат варзид.
муд, ки магистрали самарабахши нақлиётӣ миёни баҳрҳои Сиёҳ, Каспий ва Балтика таъсис дода шавад. Фаъолиятҳо вобаста ба таъсиси шабакаи нақлиётӣ, ки минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқиро ба Шарқи Наздик ва баҳри Миёназамин мепайвандад, идома дорад. Ин нақшаҳо тавассути сохтмони роҳҳои нави оҳану автомобилӣ ва фаъолсозии хатсайрҳои нави баҳрӣ амалӣ мегарданд. Сохтмони роҳи оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эрон ба ин мисол шуда метавонад. Бо пешниҳоди Туркманистон роҳбарони кишварҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Эрон моҳи октябри соли 2007 Эъломияи муштарак оид ба сохтмони роҳи оҳани Узен (Қазоқистон) – Қизилқая – Баракат – Этрек (Турманистон) – Гургон (Эрон)-ро имзо намуданд. Якуми декабри ҳамон сол ҷониби Туркманистон дар ҳудуди худ ба корҳои сохтмонӣ шуруъ кард. - Ҳоло ин роҳ мавриди истифода қарор гирифтааст? - Мутахассисони туркман дар шоҳроҳи Қазоқистон – Туркманистон – Эрон дароз-
- Тавре дар боло гуфтем, бунёди роҳи оҳани Туркманистон-АфғонистонТоҷикистон дар густариши робитаҳои мамолики Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Доир ба ин масъала моҳи апрели соли равон дар вазорати корҳои хориҷии Туркманистон намояндагон дурнамои самтҳои ҳамкориро баҳри амалисозии Созишномаи ҳусни тафоҳум миёни Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон доир ба амалисозии лоиҳаи зикршуда баррасӣ карданд. Дар ин мулоқот, инчунин, масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар дигар соҳаҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Алҳол дар Туркманистон таҷдиди пули дарёи Омӯ идома дорад. - Дар даврони шӯравӣ тавассути роҳи оҳан ва роҳҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Ашқобод шаҳрвандон бемалол рафтуомад мекарданд. Кай хатсайри ҳавоии Душанбе-Ашқобод барқарор мешавад? - Барқароршавии хатсайри мазкур ба нафъи шаҳрвандони ду кишвар аст. Аммо ширкатҳои ҳавопаймоӣ имрӯз вобаста ба
- Ҷаноби сафир, соҳаи нақлиёт яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар Ҷумҳури Туркманистон барои пешрафти ин соҳа чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? - Барои Туркманистон, ки дорои мавқеи қулайи географӣ мебошад, рушди инфрасохтори нақлиётӣ-транзитӣ аҳамияти хос дорад. Бинобар ин, кишвари мо тадриҷан иқтидори нақлиётии худро тақвият дода, лоиҳаҳои бузурги байналмилалию минтақавиро амалӣ месозад. Ин барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалию тиҷоратӣ миёни кишварҳо мусоидат мекунад. Ин фаъолнокӣ ба он равона шудааст, ки ба робитаҳои байниминтақавӣ такони ҷиддӣ дода, таҳкурсии бинои фазои нави геоиқтисодии Авруосиё гузошта шавад. Дар ин ҷода Туркманистон ба сифати пули иқтисодие миёни Осиёву Аврупо хизмат хоҳад кард. - Баҳри амалишавии ин ҳадафҳо дар Турманистон чӣ корҳоро анҷом медиҳанд? - Турманистон баҳри таъсиси долонҳои нави нақлиётӣ-транзитӣ ва тиҷоратӣ ба самтҳои «Шарқ – Ғарб» ва «Шимол-Ҷануб» кӯшиш ба харҷ медиҳад. Кушодашавии ин долонҳо ба беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои системаи нақлиёти миллию минтақаҳои гуногуни Авруосиё мусоидат хоҳад кард. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пешниҳод на-
тарин қитъаи роҳҳо, ки қариб ҳазор километрро ташкил медиҳад, сохтанд. Имрӯз таввасути марзи Туркманистон кишварҳои минтақа метавонанд ба роҳи наздиктарин аз Шимол, Ғарб ва Шарқи Авруосиё ба самти Ҷануб бираванд. Дар баробари ин, бо ташаббуси Президенти Туркманистон тамоми шароит баҳри амалисозии боз як лоиҳаи муҳими нақлиётии дигар – хатсайри Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Уммон фароҳам омадааст. Асоси ҳуқуқии онро Созишномаи чорҷонибаи байниҳукуматӣ, ки моҳи апрели соли 2011 дар Ашқобод имзо шудааст, ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҷумҳурии мо корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани ТуркманистонАфғонистон-Тоҷикистон оғоз шудааст. Бунёди роҳи мазкур минтақаи Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ пайванд хоҳад кард. - Ҷумҳурии Туркманистон дер боз ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштааст. Оё нақлиёти барқӣ низ истифода мешавад? - Барои ба роҳ мондани нақлиёти барқӣ, алалхусус, электровоз (қатораи барқӣ) ва метро имконият ҳаст. Аммо ин лоиҳаро аз лиҳози бехатарӣ асоснок бояд кард. Азбаски Туркманистон барқи изофӣ дорад, оянда дар роҳҳои оҳан ҳаракати электровозро низ ба роҳ мондан мумкин аст. - Ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар бахши нақлиёт чӣ гуна ба роҳ монда шудаааст?
тавваҷуҳу талаботи мусофирон парвози ҳавопаймоҳоро ба самтҳои муайян ба роҳ мемонанд. Аз рӯи ҳамин нуқтаи назар хатсайрҳои зарарнокро мебанданд. Ҷониби Туркманистон алҳол масъалаи кушодани хатсайри ҳавоӣ миёни Ашқобод ва Душанберо омӯхта истодааст. - Имрӯз дар макотиби олии Тоҷикистон чанд нафар ҷавони туркман таҳсил мекунанд? - Соли таҳсили 2013-2014 дар макотиби олии Тоҷикистон зиёда аз 200 нафар донишҷӯи туркман таҳсил мекарданд. Имсол боз як миқдор донишҷӯёни нав барои таҳсил омаданду хатмкардагон ба Туркманистон баргаштанд. Донишҷӯёни туркман дар мамолики хориҷӣ зиёданд. Танҳо дар Украина шумораи онҳо ба 1000 нафар мерасад. Ҳамчунин, мувофиқи квота 10 нафар донишҷӯи тоҷик низ ба макотиби олии Туркманистон дохил шуданд. - Дар водии Вахши вилояти Хатлон солҳои зиёдест, ки туркманҳо дар паҳлӯи тоҷикон дӯстона зиндагӣ мекунанд. Робитаи сафорат бо диаспораи туркманҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? - Теъдоди туркманҳои муқими Тоҷикистон имрӯз ба 2500 нафар мерасад. Онҳо маркази фарҳангӣ доранд. Имрӯз дар 7 мактаби Тоҷикистон кӯдакону наврасони туркман бо забони модариашон таҳсил мекунанд. Мо бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бобати таъмини мактабҳои таҳсилашон бо за-
Пули иқтисодии Осиёву Аврупо бони туркманӣ бо китобҳои дарсӣ ҳамкорӣ дорем. Дар Туркманистон Ассотсиатсияи туркманҳои ҷаҳон амал мекунад, ки шӯъбаи Тоҷикистон низ дорад. Ҳар сол дар Ашқобод анҷумани туркманҳои ҷаҳон баргузор мегардад, ки аз Тоҷикистон намояндагон ширкат меварзанд. - Робитаҳо дар соҳаи туризм чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? - Миёни Туркманистону Тоҷикистон дар соҳаи туризм санади ҳамкорӣ имзо шудааст. Ҳар ду кишвар потенсиали бузурги туристӣ доранд. Барои таҳкими робитаҳо дар соҳаи туризм, пеш аз ҳама, ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ ва роҳи оҳан хеле муҳим аст. Дар Туркманистон мавзеи туристии «Овоза» сохта шудааст, ки ҷалбкунандаи таваҷҷуҳи сайёҳон аст. Тоҷикистон низ мавзеъҳои дидании зиёд дорад. Алҳол 6 нафар варзишгари ҷавони тоҷик, ки иштирокчии Фестивали фарҳангии мактабиён ҳастанд, дар мавзеи туристии «Овоза» қарор доранд. Таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст аз иродаи неки роҳбарони Туркманистону Тоҷикистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Боварӣ дорем, ки ин робитаҳо сол то сол мустаҳкамтар гашта, боиси баланд гаштани некӯаҳволии халқҳоямон мегардад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
5
ҲАМКОРӢ
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
ҶАЛАСА
Вусъати ҳамкориҳои прокуратураҳои ИДМ Дар он прокуророни генералии Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, муовинони прокуророни генералии Русия ва Озарбойҷон, ҳамчунин, котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд. Ҷаласаи мазкур таҳти сарварии прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ҷараён гирифта, дар он масоили вобаста ба вазъи имрӯзаи қонуншиканиҳо ва пешгирии ҷинояткориҳо муҳокима гардиданд. Аз ҷумла, «Маълумот дар бораи вазъи ҷинояткорӣ, кори тафтишот, фаъолияти прокурорӣ, амалияи иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ», ҳолати иҷрои барномаи ҳамкорӣ дар соли 2013, амалияи фаъолия-
ти мақомоти прокуратура дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, бахусус, дар хориҷи кишвар ва ғайра мавриди баррасӣ қарор ёфт. Прокурори генералии кишвар Шерхон Салимзода изҳор дошт, ки баргузории чунин ҷаласаҳо танҳо ба нафъи кор аст. - Маҳз ин гуна ҳамоиш имкон медиҳад, кормандони прокуратураи кишварҳои аъзои ИДМ аз кору фаъолияти якдигар бохабар ва аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор шаванд, гуфт Шерхон Салимзода. Иштирокчиён изҳор доштанд, ки ҳамкории хешро бобати боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳои воқеӣ дар масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, гардиши ғайриқонунии маводи
нашъадор, яроқу аслиҳа, хариду фурӯши инсон, ҷалби ҷавонону наврасон ба равияҳои тундрав ва иштироки эшон дар амалиёти ҷангии кишварҳои ғайр вусъат хоҳанд бахшид. Чунин иқдом дар шароити кунунӣ басо муҳим аст. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки шӯрои мазкур солҳои навадуми асри гузашта таъсис ёфта, дар атрофи худ мақомоти прокуратураи собиқ нуҳ ҷамоҳири шӯравиро муттаҳид намудааст. Дар ҷаласаи Душанбе намояндагон аз мақомоти прокуратураи кишварҳои Арманистон, Молдова ва Украина ширкат надоштанд.
Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҳафтаи гузашта дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҷаласаи 24-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд.
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
6
МУҲОВАРА
Туризм барои Рашт нав аст
ҚАДРДОНӢ
Сӯҳбати рӯзноманигор Ҳотам Вализода бо мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт Бахтиёр Муродов - Ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа меҳисобанд. Нақши онҳоро дар пешрафти ҳаёти ноҳия чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Беш аз як сол аст, ки ба ҳайси мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия фаъолият дорам. Мувофиқи нишондод ва ҳисобот давоми сол назар ба бохтҳо, бурдҳо хеле зиёданд. Мо масъулони бахш доимо дар пайи ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, муҳофизати марзу бум, ваҳдату ягонагӣ ва дигар масоил бо ҷавонони ноҳия ҳамкории пайваста дорем. Дар шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҳисоби ҷавонони фаъол то ҳол 134 созмони ибтидоии ҷавонон таъсис ёфтаанд, ки мунтазам бо ҷавонон ва наврасон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, қарору барномаҳои соҳаи кор бо ҷавонон, иштироки фаъолонаи онҳо дар маъракаҳои сиёсӣ ва санаҳои таърихӣ, суҳбату вохӯриҳо оид ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сатҳи саломатии ҷавонон, ташвиқу тарғиби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра кор мебаранд. Ҷавонони ноҳия 43000 нафарро ташкил медиҳанд ва дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ саҳм мегузоранд. Вазъи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон зери таваҷҷуҳи ҳамешагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Баҳри солимии ҷавонон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ҷинсӣ ва даст назадани онҳо ба корҳои номатлуб бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия тайи солҳои охир баргузории чорабиниҳои оммавии варзишӣ, аз қабили Дави наврӯзӣ, Дави миллӣ, Соли оммавияти футбол, баргузории мусобиқоти сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш амалӣ мегарданд. Варзишгарони ноҳия дар ин чорабиниҳо нисбат ба солҳои қаблӣ фаъолона ширкат варзида, сафи онҳо сол то сол меафзояд. Мутаассифона, дар баробари дастовардҳо, баъзе аз ҷавонони мо аз раванд ва табодулоти ҷаҳони муосир, ки таҳсили босифат, донишандӯзӣ ва азхудкунии технологияи навинро тақозо дорад, то андозае дур мондаанд, ки ба корҳои ношоям, аз қабили бегонапарастӣ, фаҳшу зӯроварӣ ва амсоли инҳо даст мезананд. Ин аст, ки соли ҷорӣ аз тарафи ҷавонони аз 14 то 30-сола 20 ҷиноят содир шудааст, ки боиси таассуф аст. Яке аз рӯйдодҳои муҳиме, ки тайи солҳои охир барои ҷавонони ноҳия амалӣ гардид, таъмир ва ба истифода додани варзишгоҳи марказӣ ва боғи фарҳангу истироҳатии ноҳия мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар ободу хуррам намудани боғи фарҳанг ва майдони футболи варзишгоҳи марказӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ 6700 литр сӯзишворӣ ҷудо гардида, дар бунёди лоиҳаи номбурда зиёда аз 2500 нафар ҷавон аз ташкилоту муассиса ва
шаҳраку деҳот аз тариқи ҳашар, дар давоми 23 рӯз 12600 метри мураббаъ заминро ҳамвор ва сабзапӯш намуданд. Имрӯз боғи фарҳанг ба яке аз гулгаштҳо, майдони марказӣ ба ҷои тамрину оммавигардонии ҳамаи намудҳои варзишӣ мубаддал гардидаанд, ки ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солими онҳо дар ноҳия нақши муҳим мегузорад.
- Масъалаи бо квота ба таҳсил фаро гирифтан ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон дар кадом сатҳ қарор дорад? - Соли гузашта 18 нафар ҷавон, аз ҷумла, 8 духтар, ки таҳсили худро дар макотиби олии кишвар тибқи Квотаи президентӣ ба анҷом расонида буданд, ба ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки бо ташкили ҷойҳои нави кор 472 нафар ҷавон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд. Соли сипаригардида 27 нафар ҷавон тибқи квота ба донишгоҳу донишкадаҳои гуногуни кишвар дохил гардиданд, ки 14 нафарашро духтарон ташкид медиҳанд. Нисбат ба ҷавонони довталаб ба макотиби олӣ ҳаминро гуфтаниям, ки барои онҳо соли равон соли бобарор буд. Шумораи умумии дохилшудагон 480 нафарро ташкил дод, ки боиси хурсандист. Баҳри ҳавасманд намудани муҳассилини лаёқатманди Донишкадаи омӯзгорӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, коллеҷи тиббӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия соли равон стипендияи раиси ноҳия таъсис ёфт, ки шумораи гирандагон 20 нафарро ташкил медиҳад. - Варзиш дар ҳаёти ҷавонони ноҳия чӣ нақши муассир дорад? - Айни ҳол дар ноҳия 34 майдончаи варзишӣ, 1 маркази фитнес, 5 толори варзишии бе ҷои нишаст, 4 ҳавзи шиноварии мавсимӣ фаъолият менамоянд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои оммавӣ гардондани варзиш як қатор чорабиниҳоро ба анҷом расонд. Аз ҷумла, дар доираи Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ баргузор гардидани даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ, дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ноҳиявӣ мунтазам рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳар ҳафта чорабиниҳои оммавии гуногуни варзишӣ дар ҳудуди ноҳия баргузор мегарданд. Ин аст, ки иштироки варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии минтақавию ҷумҳуриявӣ назар ба солҳои пеш бештар гардида, танҳо соли ҷорӣ дар мусобиқоти
гуногуни ҷумҳуриявӣ 13 медал (7 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар маҷмӯъ, 70 нафар варзишгар дар мусобиқаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд, ки 4 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Варзишгарони мактаби варзишии ноҳия, дар риштаи карате-до бо сарварии мураббӣ Искандар Шарифов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шотокан СКИФ карате-до, ки дар
шаҳри Душанбе байни варзишгарони макотиби варзишии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид, 6 медал, аз ҷумла, 2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ оварданд, ки ин боиси ифтихор ва қаноатмандии мост. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ, ки дар ноҳияи Рашт баргузор гардид, паҳлавонони раштӣ 4 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин натиҷаи беҳтарини варзишгарони ноҳия дар солҳои охир мебошад. Дар ин мусобиқа варзишгари умедбахши ноҳия Абдулло Сафаров ҳам дар вазни 95 ва ҳам дар вазни мутлақ 2 медали тилло ба даст овард. Дар ҳисоби даставӣ низ паҳлавонони мо ҷои аввалро соҳиб шуданд. Инчунин, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ варзишгари ҷавону умедбахш Маҳмадрасул Давлатов дар Чемпионати Осиё оид ба самбо ширкат варзида, сазовори ҷои дуюм гардид, ки ин нишондиҳандаи беҳтарини варзишгарони ноҳия дар замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. - Сайёҳиро яке аз соҳаҳои сердаромад меҳисобанд. Вазъи ин соҳа дар кадом сатҳ қарор дорад? - Аслан, соҳаи сайёҳӣ барои ноҳияи мо нав аст ва аз ин пеш бо он қариб сару кор надоштем. Лекин заминаи хуб мавҷуд аст. Иқлими нарм ва муътадил, мавзеъҳои таърихию фароғатӣ дар ноҳия хеле зиёданд. Дараҳои серобу зебоманзар ва овозадори Камаробу Ясманд, Ҳакимию Сиёҳдараро борҳо шоирону нависандагон васф кардаанд. Дар робита ба ин, қарори раиси ноҳия “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар ноҳияи Рашт” қабул шудааст. Умед аст, дар ҷодаи сайёҳӣ низ дастовардҳои назаррасро ноил хоҳем гашт. Умуман, нақшаҳо хеле зиёданд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия минбаъд ҳам кӯшиш менамояд татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дуруст ба роҳ монда, баҳри рушду инкишофи Ватани азиз саҳми сазовор гузорад.
Хабарнигори “Ҷавонон...” сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ шуд 24 сентябри соли равон бо иштироки раиси вилояти Суғд маросими супурдани ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров доир шуд. Имсол аз 20 нафар довталаб тибқи хулосаи комиссия ва бо қарори раиси вилоят 7 нафар ба ин ҷоизаҳо лоиқ дониста шуданд: дар риштаи адабиёт, санъат ва меъморӣ шоир, хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Нуралӣ Нурзод барои китоби «Такрори таронаи борон», Сайрам Исоева ва Умар Алиев, ҳунарпешаҳо барои хидматҳояшон дар рушди санъати театрӣ ва Абдураҳим Ҷабборов барои силсилаи осори тасвирӣ ба Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва дар бахши илм Туғрал Шокиров, доктори илмҳои суханшиносӣ барои китоби «Фарҳанги тоҷикӣ-русии истилоҳоти ҳуқуқ», Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, номзади илмҳои суханшиносӣ барои рисолаи «Об - асли мавҷудият» ва Ҳотам Муртазоев, номзади илмҳои физикаву математика барои китоби «Радиационно-экологические особенности природных сред северного Таджикистана» ба Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ гирандагони ҷоизаҳоро таҳният гуфт ва изҳор намуд, ки ин нишони қадршиносии давлату Ҳукумати ҷумҳури ба аҳли зиё мебошад. Ин ҷоизаҳои бонуфуз дар ду сол як маротиба ба намояндагони илму адабиёт, ки дар рушди ин соҳаҳо саҳми арзанда гузоштаанд, супорида мешавад. Тӯли 18 сол бо ин мукофот 71 нафар аҳли илму адабиёт сарфароз гардидаанд.
Дар як қатор кишварҳои дунё, чун Тоҷикистон, қонуни махсуси забон вуҷуд дорад. Сокинон забони модарии хешро эҳтиром ва ҳуҷҷатнигорию коргузориро аз рӯйи меъёрҳои он ба роҳ мемонанд. Дар Тоҷикистон қабули қонуни забон аз ноилоҷӣ буд. Чунки даврони шӯравӣ, тавре дар боло ишора рафт, забони тоҷикӣ тамоман зери таъсири забони русӣ монда буд. Дар тамоми идораю муассиса, корхонаю ташкилот коргузорӣ танҳо бо забони русӣ сурат мегирифт. Хоҳиши роҳбарони маскавӣ барои ҳокимони маҳаллӣ воҷиб буд, онро бидуни гуфтугӯ ва бекаму кост ба ҷо меоварданд. Маскав талаб дошт, дар тамоми ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ забони русӣ чун забони коргузорӣ ва муомилаю байни миллатҳо мавриди истифода қарор гирад. Ҳатто дар боғчаҳои кӯдакона тифлон маҷбур буданд, на бо забони модарӣ, балки бо забони русӣ ҳарф зада, тарбия ёбанд. Ба андешаи идеологҳои коммунистӣ, ин амал баҳри ҳарчи бештар бо ҳам наздик шудани насли навраси миллатҳои гуногуни сокинони кишвари шӯроҳо ва ривоҷи дӯстию рафоқат амалӣ мегардид. Кас агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар андозад, манзараи аҷибе пеши назар ҷилвагар мегардад. Асрҳои 5 ва 6-и солшумории милодӣ қавмҳои гуногуни туркнажоди бадавӣ аз дашти Қипчоқ ба Вароруд, баъдан маъруф бо вожаи арабӣ - Мовароуннаҳр сар даровардан гирифтанд. Миёни мардуми бумӣ сукунат варзида, муқимӣ шуданд. Дар як қатор мавзеот ҷойгоҳи забони тоҷикӣ хеле танг гардида, мавқеашро аз даст дод. Махсусан, миёни тоҷикон, суғдиёни қадим дар водии Фарғона. Бо мурури вақт забони эшон батадриҷ тағйир ёфта, туркӣ шуд. Пас аз истилои арабҳо чанд сулолаи давлатдории тоҷикон – Саффориён, Тоҳириён ва Сомониён дар минтақа ҳузур пайдо карданд. Муборизаҳои дохилӣ барои ҷоҳу ҷалол ва омилҳои беруна ба он оварда расонд, ки давлати Сомониён барҳам хӯрад. Лек аҷиб он аст, ки тӯли беш аз ҳазор сол ҳарчанд тоҷикон бедавлат буданд, забони эшон забони давлатдорӣ маҳсуб меёфт. Ҳама гуна коргузорӣ маҳз бо ин забон сурат мегирифт. Ҳатто дар кишвари имрӯзаи
Ҳол он ки агар каме заҳмат кашем, тарҷумаи ҳама гуна калимаро ёфтан мумкин. Ҳарчанд ҳаводис ва нооромиҳои солҳои навадуми асри гузашта боиси кӯч бастани русзабонҳо шуда бошад ҳам, қисми муайяни онҳо дар кишвар ҳамоно зист ва кору фаъолият доранд. Чун даврони шӯравӣ гуфтугӯ байни мардуми бумӣ, яъне, тоҷикон ва русзабонҳо, аз чӣ сабаб, то кунун бо русӣ сурат мегирад. Гӯё эшон «имтиёз»-еро соҳиб бошанд. Айнан чунин ҳолат бо мардуми кореягӣ, ки миёни омма бо номи «каресҳо» маъруфанд, вуҷуд дорад. Ҳатто бо чиниҳои тоҷир ва дар кишвар кору фаъолиятдошта, ҳамчунин, донишҷӯёни хориҷӣ, муҳассилини макотиби
Қимати дурри лафзи дарӣ Чаро дар кишвари хеш ҳангоми муколама бо хориҷиён забони бегонаро истифода барем? Озарбойҷон тӯли садсолаҳо маҳз ин забон рӯйи кор буд. Дар таърих ин гуна мисол ниҳоят кам аст. Забони тоҷикӣ ҳатто дар Ҳиндустон истифода мешуд. Як қатор қавмҳои ин кишвар то ҳол бо забони ноби тоҷикӣ гуфтугӯ доранд. Ин гувоҳ аз шаҳомату тавоноӣ, ғановату тароват ва ширинии забони ноби тоҷикист. Ҳине ки дар ҳайати давлати шӯроҳо Тоҷикистон ташкил ёфт, аз шаҳрҳои асосии хеш –
Бухорою Самарқанд ҷудо шуд. Давлати шӯравии тоҷикон дар қисмати Бухорои шарқӣ аввал чун худмухтор дар ҳайати Узбекистони шӯравӣ, пасон узви мустақили иттиҳод гардид. Аз он замон, яъне, солҳои бистуми қарни гузашта то даврони истиқлолият алифбои тоҷикон ду маротиба тағйир ёфт. Аввал лотинӣ, пасон кириллӣ, ки то ҳол бо он мехонему менависем. Тағйири алифбо миёни рӯшанфикрони тоҷик борҳо до-
Нуруллоҳ ОРИФ
Забони мо Эй забони мо, ба тан чун ҷони мо, Эй фурӯғи ақли мо, ирфони мо. Борҳо ман дидаам, санҷидаам, Нест бе ту ишқ дар фармони мо. Вориси Мавлои Балхи ман туӣ, Бар тани ҳар бихраде ҷавшан туӣ. Нест осон мисли хас бишкастанат, Сахт чун пӯлод, чун оҳан туӣ. Пойдеворат баҷо аз Рӯдакист, Ҳар касе к-ин дарк месозад, закист. Фарз моро, ганҷи беҳадду канор, Посдорият зи фасли кӯдакист. Кас раҳо аз ҷисми худ кай ҷон кунад? Худ ба худ кас баҳри чӣ исён кунад? Фарди соҳибдил ба ду дасти адаб, Он чи қадраш мефизояд, он кунад. Қадри ман аз ту баланд аст, эй забон, Эй забони Ҷомии ширинбаён. Дорад андар қалби ман чун Бӯалӣ. Ҳофизу Саъдиву Бедил ошён. Эй забони мо, ба тан чун ҷони мо, Эй фурӯғи ақли мо, ирфони мо. Борҳо ман дидаам санҷидаам, Нест бе ту ишқ дар фармони мо.
мани баҳсро афрӯхтааст. Даврони шӯравӣ ин гуна ақидаҳо чандон кушоду равшан баён намеёфт. Танҳо дар маҳфилҳои хос ва ҷудогона. Зеро «тамға»-и миллатгароиро ҳатман ба ин гуна афрод мечаспонданд. Пас аз истиқлолият ба қонуни забон тағйиру иловаҳо ворид ва Рӯзи забон муайян шуд. Ҳар сол он таҷлил мегардад. Лек мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам вазъи забон чандон хуб нест. Чун даврони пеш ҳоло ҳам ташкилот ва муассисаҳое ёфт мешаванд, ки коргузориашон бо забони русӣ сурат мегирад. Вазъи ноҳинҷор ва нигаронкунанда дар масъалаи забон дар пойтахти мамлакат бештар ба назар мерасад. Кас агар дар кӯчаҳои пойтахт каме гаштугузор намояд, ба ин гуфтаҳо бовар хоҳад кард. Пеши даромадгоҳи баъзе муассисаю ташкилот номи корхона бо забони русӣ насб ёфтааст. Ҳоло корхонаю муассисаҳои хурди хусусӣ, мағозаю дӯконҳои тиҷоратии бешумор дар ҳама кӯчаҳои шаҳр фаровон ба чашм мерасанд. Онҳо хизматрасониҳои гуногунро ба ҷо меоранд. Лекин бо номҳои булаҷаб ва навиштаҷоти тоҷикию русӣ ва ҳатто англисӣ. Васоити ахбори омма ба мардуми кишвар дар ҷодаи таъмини саривақтии иттилоот саҳми арзанда бояд дошта бошанд. Мутаассифона, ҳоло нашрияҳои гуногун, бахусус, хусусӣ ва радиову телевизион дар тарҷумаи баъзе вожаҳо душворӣ мекашанд ё беҳавсалагӣ зоҳир мекунанд, ки онҳоро айнан истифода мебаранд. Дар масъалаи истифодаи калимаю ибораҳои ғайрирусӣ ҳоҷати гап ҳам нест.
олии кишвар «зӯр» зада, бо русӣ ҳарф мегӯем. Чанд сол пеш, дақиқтараш, соли 2006 ҳангоми вохӯрӣ бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи шаҳри Уфаи ҷумҳурии Бошқирдистон Президенти Русия Владимир Путин талаб дошт, ки муҳассилини макотиби олии Русия аз кишварҳои хориҷӣ, бояд забони русиро хуб донанд ва сухан гӯянд. Ҳоло бошад, мувофиқи талаботу тартиботи ин кишвар ҳар муҳоҷири кории хориҷӣ бобати донистани забони русӣ ва таърихи Русия бояд имтиҳон супорад. Аз ҷумла, муҳоҷирини тоҷик. Вагарна барои фаъолияти меҳнатӣ соҳиби иҷозатнома нахоҳанд шуд. Пас, чаро мо – тоҷикон дар кишвари хеш бо хориҷиён бо забони бегона гуфтугӯ намоем? Чаро русзабонҳо, ки дар ин кишвар ба дунё омада, ин ҷо аз олам мегузаранд, барои омӯхтани забони тоҷикӣ заҳмат намекашанд? Магар ин беҳурматӣ нисбат ба забон ва миллати тоҷик нест? Дар кишвари Фаронса барои истифодаи вожаи ғайр аввал дар парлумон масъала матраҳ мегардад. Барои хато навиштани овезаю навиштаҷот идораҳои дахлдор ё афроди масъул ҷаримаи ҳангуфт месупоранд. Дар мо чӣ? Ҳарчанд Кумитаи забон ва истилоҳот дар ин ҷода масъул аст, лек чандон салоҳияту ваколати васеъ надорад. Ин аст, ки беҳурматӣ нисбат ба забони ноби тоҷикӣ бисёр ба назар мерасад. Афсӯс, сари ин масъала кам андеша мекунем ва касеро ҳам ба ташвиш намеорад.
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Масъалаи мақоми давлатӣ пайдо намудани забони тоҷикӣ ҳанӯз нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми қарни гузашта бо ҷаҳди бархе аз рӯшанфикрон ба миён омад. Чунки зери таъсири забони русӣ қариб ба хонагӣ табдил ёфта буд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
7
5 ОКТЯБР - РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
8
5 ОКТЯБР - РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - Устод, Шумо дар баробари эҷоди шеър дар боби таъриху фарҳанг ва забон ковишҳо анҷом медиҳед. Бо такя ба ин ва манбаву сарчашмаҳо пайдоиши забони тоҷикиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва сари вожаи тоҷикиву форсӣ ва дарӣ, ки мавриди баҳсу андешаҳои мухталиф қарор мегиранд, чӣ андеша доред? Масалан, профессор Сафар Абдулло дар як суҳбаташ, ки тавассути ҳафтаномаи «Озодагон» пешкаш шудааст, гуфтааст, ки «забоне бо номи «тоҷикӣ» вуҷуд надошту надорад»? - Вобаста ба марҳалаҳои гуногуни таърихӣ баҳогузорӣ роҷеъ ба ин ё он масъалаи марбут ба таъриху забон яксон буда наметавонад. Ҳар марҳилаи муайяни таърихӣ дорои хусусиёти хос аст. Забон низ чандин марҳалаҳои таърихиро пушти сар кардааст. Масъалаи пайдоиши забони тоҷикӣ низ масъалаи мушкил аст, мисли он ки бигӯем, тоҷикон кай пайдо шудаанд. Аммо дар асоси муқоисаи адабиёти халқҳо ва давраҳои гуногун роҷеъ ба ин масъала баъзе андешаҳоро иброз намудан мумкин аст. Албатта, сарчашмаҳо метавонанд асотирию таърихӣ бошанд, дар ҳар сурат, дар ин мавзӯъ аз ҳар гуна сарчашма истифода бояд кард. Хушбахтона, назари аз вожаи “тай” ва “тозӣ”-и арабӣ пайдо шудани вожаи тоҷик куҳна шуд. Инҷониб дар чандин рисолаҳоям, аз ҷумла, «Ориётоҷикон: 18 000 сол пеш…», «Тоҷи заррини Тоҷик» ва ғайра роҷеъ ба маънӣ ва пайдоиши вожаи “тоҷик” андешаҳоямро ба қалам додаам. Бори дигар мехоҳам бигӯям, ки пайдоиши вожаи “тоҷик” дар номаҳои Тибети бостон ба ҳаждаҳ ҳазор сол пеш аз ин мансуб дониста шудааст. Дар ин номаҳо кишваре бо номи Тоҷик зикр гардидааст, ки дар ғарби Тибет мавқеият дошта, аз чаҳор се ҳиссаи ҷаҳони ҳамонвақт маълумро дар бар мегирифтааст. Тибқи ин навиштаҳо гурӯҳе аз осмон ба замин нузул намуда, бо одамон издивоҷ кардаанд ва аз онон қавми шоҳони Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Сабаби “тоҷик” номгузорӣ шуданашон он будааст, ки рӯи сарашон тоҷи ҳафтранге доштаанд, ки як нӯгаш ба осмон боло шуда, аз назарҳо нопадид мегардидааст. Ин тоҷ “dmythaq” ном доштааст. Аз ҳамин “thaq” тоҷ ва тоҷик (тҳаг – тҳаҷ – тоҷ) ба вуҷуд омадааст. Ба забони мардуми кишвари Тоҷик дар адабиёти Тибети бостон чандин китоб боқӣ мондааст. Яъне, забони тоҷикӣ дар он даврони қадим вуҷуд дошт! Аз гунаҳои мухталифи номи тоҷик даҳҳо номи дигар ба вуҷуд омадаанд. Мавҷуд будани номи тоҷик дар адабиёти санскрит ва чанд маҳали Осиёи Миёна ва ғарби Хитой низ далели қадимияти ин ном мебошад. Дар адабиёте, ки роҷеъ ба вожаҳои форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ, суғдӣ, сокоӣ, тахорӣ ва ғайра маълумот дода шудааст, вожаи “тоҷик” аз ҳама қадимтар мебошад. Вақте вожаи “тоҷик” ҳамчун номи сарзамин ва номи қавм вуҷуд дошт, аз дигар номҳо нишон набуд. Форс, Суғд, Соко,
Тахор ва ғайра баъдҳо ҳамчун номи маҳал дар ҳудуди сарзамини Тоҷик, воқеъ дар Осиёи Миёна арзи ҳастӣ менамуданд. Форс ба шаклҳои Парт, Парса (дар санскрит Парша) ва ғайра вуҷуд дошта, маънояш паҳлу ё қароргоҳ
Суҳбати рӯзноманигор Валиҷон Баёнӣ бо шоир ва донишманди шинохта Муҳтарам Ҳотам ба ифтихори Рӯзи забони тоҷикӣ
бони Эрон гардид. Пас, чаро номи тоҷик наметавонистааст, фарогири номи забону миллате бошад? Инкор кардани забони тоҷикӣ инкори миллати тоҷик аст. Масъалаи забони тоҷикиву форсӣ ва дарӣ низ масъалаи равшан аст. Як забон бо се ном. Ин балки хуб аст. Номҳои таърихии як забон дар ҳар минтақа ҳифз мешаванд: Зи тоҷикӣ дариву форсӣ ҷӯй, Ки ин серо бувад бешак яке рӯй. Аз ин се дона гул ояд яке бӯй, Якеро се магӯ, серо яке гӯй. Аксари номи забону миллатҳои дунё шартианд. Фикр мекунам, се омили таърихӣ: ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ бо номи мушаххас; мавҷудияти халқе, ки сокин ва номбардори ин ҳудуди ҷуғрофӣ бошад ва мавҷудияти забони халқи мазкур дар ҳудуди мазкур барои ҳукми таъини забону миллат кифоят бошад. Албатта, дар таърих халқҳое буданд, ки забонашон бо номи онҳо набуд ва забонҳое буданд, ки ба минтақаи
Забон ҳар миллатеро будааст. Ин ном низ номи як минтақаи воқеъ дар Осиёи Миёна буд. Паҳлавӣ ё Паҳлуӣ (бо баргашти овозии парт-палҳ-паҳл) ба ҳамин маъност. Барои дарёфти маънии номи маҳалҳо таъин намудани мавқеияти ҷуғрофияшон нақши муҳим дорад. Забон ё забонҳои ориёӣ истилоҳи шартист. Чунин забон ва миллате вуҷуд надошт. Ба хотири як маҳали хурди муқаддас гурӯҳи халқҳо ва забонҳо баъдҳо чунин номгузорӣ гардидаанд. Умуман, аз ҷониби баъзе муҳаққиқон эътироф нагаштани Осиёи Миёна, бахусус, сарзаминҳои Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳамҷаворашон ҳамчун иқоматгоҳи нахустини ориёиҳои ҳинд ва эронӣ (дигар халқҳо низ) барои рӯшан шудани воқеияти таърихӣ ба онҳо имконият надодааст. Аксаран сарзаминҳои мазкурро ҳамчун сарзаминҳои туронӣ қаламдод менамоянд, ки саҳв аст. Сарзаминҳои Эрони бостон аз Сарикӯли кунунии Бадахшон то водии Сурхондарё ва Самарқанди кунунӣ дар шарқу ғарб ва аз кӯҳҳои Тяншон, воқеъ дар шимоли водии Фарғона то рӯди Панҷ дар ҷанубро дар бар мегирифт. Тоз ва Тозак дар «Авасто» ва «Бундаҳишн» номҳоеанд, ба тоҷикон иртибот мегиранд. Хеле қадим будани номи тоҷик ҳақиқат аст. Аммо дар мавриди забони марбут ба ин вожа бояд гуфт, ки вай дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ тағйир меёфт, бисёр вожаҳояш аз байн рафта, ҷои онҳоро вожаҳои дигар мегирифтанд. Номи Форс (Порт) ҳамчун номи минтақа аз Осиёи Миёна ба Эрони кунунӣ кӯчида, фарогири номи кишвар (то соли 1935 Эрон Форс номида мешуд), халқ ва за-
нуфуз ва соҳибонашон ҳамном набуданд. Истилоҳи «забони тагзикӣ (тоҷикӣ)» дар номаҳои Тибети бостон дар асрҳои 10-6 то солшумории мелод вуҷуд доштааст. Дар ин номаҳо гуфта мешавад, ки асарҳои асосгузори дини бон Тонпа Шенраб аз забони тагзикӣ (тоҷикӣ) ба забони тибетӣ тарҷума шудаанд. Як шеъри шоири тоҷик дар асри 6 то мелод низ аз тоҷикӣ ба тибетӣ тарҷума шуда будааст, ки то имрӯз вуҷуд дорад. Агарчи он забон хеле дигар буд, аммо забони тоҷикӣ ном дошт. Як сабаби дар як давраи муайяни таърихӣ, хусусан, баъди нуфузи ислом коҳиш ёфтани номи тоҷик он буд, ки дар фарҳангҳои даврони сосонӣ тозиҳо аз лиҳози маърифату маданият мавриди сарзаниш қарор ёфта буданд ва азбаски дар он даврон тозии арабӣ ва тоҷики Мовароуннаҳру Хуросон ҳамчун як тоифа муаррифӣ гашт, аксари номбародорони ин қавм аз мансубияташон ба он худдорӣ карданд. Вале дар бисёр маҳалҳо ин ном вуҷуд дошт ва то имрӯз ба ҷуз аз Тоҷикистон ҳамчун қавму халқ боқӣ монд. Забони тоҷикӣ имрӯз бо қонун нигоҳбонӣ мешавад. Забони тоҷикӣ вуҷуд дошту дорад! Забонро «шиносномаи миллат ва рукни муҳими давлатдорӣ» медонанд. Вобаста ба шарҳу маънии ин гуфтаҳо мақом ва нақши забони тоҷикиро дар шинохту муаррифии миллатамон ва пойдориву ташаккули давлату давлатдориамон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Забони ҳар як шахс баёнгари дараҷаи донишу тафакку-
ри ӯст. Ҳамин гуна забони халқу миллат низ. Дар забони ҳар як миллат ҳикмату фалсафа, таъриху ҷуғрофиё, ҳувият ва худшиносии ӯ таҷаммуъ мегардад. Забони аз ҳар лиҳоз комил барои рушди ҳамаи бахшҳои ҷомеа, аз ҷумла, илму иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад. Албатта, забон, пеш аз ҳама, баёнгари тафаккуру андешаи мост. Бе тафаккуру андешаи комил забон низ ноқис аст. Забони комил воситаи муҳими рушди давлатдорист. Вақте забон аз ҷониби давлат ҳимоя мешавад, вақте аз ҷониби мардум мавриди риояву эҳтиром қарор мегирад, вақте мо дар овезаву рекламаи кӯчаҳо, дар суханронӣ, дар матбуот ва радиову телевизион ва дигар нашрияҳо забонро аз саҳву хатоҳо орӣ дармеёбем, далели ҷомеаи пешрафта аст. Амру ҳидоятҳо, табрикот, муроҷиат, қонуну дигар санадҳо, хулоса, муколамаи халқу давлат ба воситаи забон амалӣ мегардад ва табиист, ки ин муколама бояд дар сатҳи баланди забон сурат бигирад.
забон амалӣ мегарданд. Хусусан, вақте кишварҳои ҳамзабон ҳастанд, чунин равобит бидуни монеа ва судманд хоҳад буд. Бо кишварҳои ҳамзабон равобит бояд ҳарчи бештар бошанд.
- Вақтҳои охир дар расонаҳо чунин андешаҳо иброз мегарданд, ки барои ба асолати тоҷикӣ баргаштан бояд, пеш аз ҳама, ба ҳуруфи ниёкон – хатти форсӣ баргардем. Дар ин бора чӣ андеша доред? - Тавре аз таърихҳо маълум аст, хатти форсӣ ё арабиасосро мирзоёни эронии тоҷиктабор дар асоси алифбоҳои мавҷудаи гуногун, аз ҷумла, паҳлавию авастоӣ эҷод кардаанд. Бо ин хат мероси беш аз ҳазорсолаи тоҷикон рӯи коғаз омадааст. То ин хат аҷдоди мо хатҳои дигари зиёду гуногун дошт. Хатту алифбо як муъҷиза ва ҳадяи Худовандист. Ҳар як дигар кардани хатту алифбо барои халқу давлат садамаи илмиву фарҳангӣ ва иҷтимоист. Тоҷикон аз замонҳои қадим дар сарзаминҳои Осиёи Миёна бо - Аз нигоҳи Шумо хидма- дигар шудани панҷ дин (бонӣ, ти забони тоҷикӣ ба сифа- ведоӣ, зардуштӣ, буддоӣ, ислом) ти пешоҳанги арзишҳои бу- чандин маротиба мероси адабиву зурги адаб ва илму фарҳанг фарҳангии худро аз даст дода ё дар таъмини равобит миёни қисман аз он ҷудо шуданд. Вале кишварҳо, ба вижа, форсиза- фарҳанги ин миллат ҳар дафъа бонон то кадом андоза аст? мисли мурғи самандар боз аз Тамоми дастовардҳои оташ ҳувайдо мегардид. Акнун илмӣ-техникӣ ва фарҳангии ҳар наздик ба сад сол аст, ки мо аз халқ ба воситаи забон ифода, хатти ба истилоҳ, кириллӣ иснигоҳдорӣ ва ба дигар забонҳо тифода мекунем. Бояд гуфт, ки тарҷума мешавад. Пешоҳангии аксари алифбоҳои дунё асоси нақши забон низ дар ҳамин аст. ориёӣ доранд. Имрӯз дар кишИмрӯз ҷаҳонро бе робитаву му- вари мо бисёр асарҳои марбут ба коламаи тамаддунҳо тасаввур мероси ниёгон ба хатти кириллӣ кардан имкон надорад. Ин ро- баргардон шудаанд. Вале дар ин битаву муколамаҳо тавассути масъала боэҳтиёт бояд буд. Ба-
- Яке аз масъалаҳои муҳими забон мушкилоти имло буд ва дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои табъу нашр, ки барои рушду инкишофи забони давлатӣ манбаи муҳим маҳсуб мешаванд, риоя нагардидани муқаррароти қоидаҳои имло ва меъёрҳои забони адабӣ мушоҳида мегарданд. Хушбахтона, Ҳукумати кишвар барои рафъи камбудиҳо дар ин самт «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро бо таҳриру такмили нав нашр ва мавриди истифода қарор дод. Аз нигоҳи Шумо «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» то кадом андоза ба талабот ҷавобгӯ буда, барои рафъи камбудиҳо ва рушду инкишофи забон мусоидат мекунанд? - Қисме аз мушкилоти имло
дар асл решаи ориёӣ-тоҷикӣ доранд. Дар ёд дорам, 30-40 сол пеш дар деҳа номи бисёр гиёҳҳо, парандаҳо, ашёи рӯзгор ва дигар вожаҳое муравваҷ буданд, ки мутаассифона, имрӯз бисёре аз онҳо аз байн рафтаанд. Вале таҳқиқот собит менамояд, ки аксари ин вожаҳои шевагӣ таърихи беш аз 6-7-ҳазорсола дошта, дар забони санскрит ва асарҳои «Маҳабҳакрата», «Ригведо» ва ғайра, инчунин, дар дигар забонҳои гурӯҳи ориёӣ вуҷуд доранд. Масалан, мо аз истифодаи вожаи шевагии “анча” дар забони адабӣ ҳазар мекунем. Вале ин вожа дар таркиби анҷуман (анчамана) ба маънои “зиёд”, “бузург” вуҷуд дорад. Ё вожаи “амба” (амма), ки дар гӯишҳо вуҷуд дорад, дар ин мисраъ аз «Ригведо»: «Ambitamenaditamedevita mesarasvati». (Беҳтарини модарон, беҳтарини рудҳо, беҳтарини эзадбонувон - Сарасватӣ) ба маънои модар истифода шудааст. Ин гуна мисолҳо фаровонанд. - Имрӯз дар тарзи навишти нашрияҳо, гуфтори радио-
посбон аст низ пайомади дигар шудани алифбои ниёгон ба кириллӣ мебошад. Дар навишти ҳарфҳои хурду калон, “ӯ”, “у”, “ӣ”, “и” ва ғайра дар алифбои ниёгон зарурату мушкилот нест. Хатту забони комил ба қоидаҳои имло зарурат надорад. Мутаассифона, аксаран дар ин бахш ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешавем. «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ин мушкилотро то ҷое ба танзим даровард. Аммо дар ин боб ҳанӯз ҳам бахшҳои ҳалнашуда зиёданд. Хусусан, мушкилот дар сатҳи коргузории идоравӣ зиёд аст. Аммо танҳо «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» кифоят нест. Мо ба даҳҳо фарҳангу қомусҳои дигар зарурат дорем. Аз ҷумла, ҳанӯз фарҳанги тафсирии вожаҳои ориёӣ-тоҷикӣ вуҷуд надорад. Охир, ҳама ин вожаҳо маъное дар худ ниҳон доранд. Инҷониб қисматеро дар «Сарнавишти вожаҳо» ном рисолаам тафсир кардаам. Масалан, падар – нигоҳбон, модар – майдон, меҳан, мард – миранда, зан – ҷон ва зиндагӣ, хоҳар – худӣ. Ҳамин гуна, фарҳанги истилоҳоти шеваҳо, фарҳанги тафсирии номи маҳалҳо (топонимӣ) ва бисёр фарҳангҳои дигар лозим аст. Бисёр вожаҳои забони тоҷикӣ дар тӯли таърих ба дигар забонҳо гузашта, моли он забонҳо шудаанд. Масалан, вожаҳои адаб, аҷам, шамс, ид, арӯс, қаҳр, қаър, ало, омин, амм (ум), ғам, ғанӣ, иштиҳо, мавт, далв, раф, тамом ва бисёр вожаҳои дигар дар фарҳангҳо моли забони арабӣ ва ота, бала, ёш, қош, қошуқ, теппа, кӯл, эш, ким ва ғайра ҳамчун вожаҳои туркӣ маънидод гардидаанд, ки
ву телевизион ва муоширати мардум кадом камбудиҳоро мушоҳида мекунед? Ба фарҳанги суханронии ҷавонон чӣ гуна баҳо медиҳед? Чӣ бояд кард, то камбудиҳои мавҷуда бартараф шаванду забони ширини шоиронамон поку беолоиш ҳифозату нигоҳбонӣ шавад? - Албатта, дар навишти нашрияҳо, гуфтори ровиён, овезаҳо ва ғайра ин ҷову он ҷо саҳве, ғалате нуқсе ба назар мерасад. Мисолҳо хеле зиёданд, ки фикр мекунам, ба оварданашон ҳоҷат нест. Хуб аст, ки агар чунин саҳву хатоҳо вуҷуд надошта бошанд. Аммо чунин хатоҳо имрӯз ё фардо ҳатман ислоҳ мешаванд. Забони имрӯзи мо назар ба забони 15-20 сол пеш хеле хуб шудааст. Дар оянда боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Барои волоият, эҳтиром ва риояи талаботи қоидаҳои забон тамоми шароиту заминаҳо вуҷуд доранд. Бояд бештар ба масъалаҳои бунёдии забон таваҷҷуҳ намуд. Масъалаи забон бояд на танҳо асоси фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, балки аксари муассисаҳои илмиву фарҳангӣ ва итиллоотӣ ва ғайра қарор дошта бошад. - Шумо бахшида ба забон як силсила шеърҳо, достони «Сурӯши сухан», мақолаву рисолаҳо эҷод намудаед. Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? - Бале, метавонам қисмате аз онҳоро номбар намоям, ки ба дасти хонанда расидаанд. Роҷеъ ба маънову пайдоиши қисмате аз вожаҳо бо номи «Сарнавишти вожаҳо» асаре до-
рам, ки қисматҳои алоҳидаи он дар маҷаллаи «Садои шарқ» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат” нашр шудаанд. Ҳамчунин, «Фарҳанги ҳамвожаҳои русӣтоҷикӣ» (тақрибан 2700 вожа), ҳамвожаҳои санскрит ва шеваҳои тоҷикӣ, ҳамвожаҳои тоҷикӣсанскрит-русӣ, «Овогароишҳои забон ва моҳияти таърихиашон», «Тӯли таърихӣ ва арзи ҷуғрофии сайри вожаи тоҷик», «Тоҷи заррини тоҷик» низ дар саҳифаҳои нашрияҳои мазкур қисман ба нашр расидаанд. Дар оянда низ дар ин бахш пажӯҳиш хоҳам намуд. Соли 2008 ба ифтихори бузургдошти Соли забони тоҷикӣ бо номи «Сурӯши сухан» достоне эҷод карда будам, ки мехоҳам пораеро аз он пешниҳод намоям: Забон шуд посбони номи миллат, Ба субҳи рӯзи нав пайғоми миллат. Дили фарҳанги миллат дар забон аст, Забон ҳар миллатеро посбон аст. Забони тоҷикӣ волосиришт аст, Забони миллати аҳли биҳишт аст.
Гӯшти қурбониро тақсим кардан беҳтар аст Мувофиқи тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа Иди Қурбон фаро мерасад. Ин идро дар аксар кишварҳо 4 ва дар баъзе мамолики исломӣ 5 октябр таҷлил мекунанд. Субҳи ид барвақт аз хоб бархоста, ғусл намудан, дандонҳоро мисвок кардан, либоси тоза пӯшидан, хӯшбуӣ кардан суннат аст. Пас аз адои намози бомдод, баъди баромадани офтоб хондани ду ракат намози иди Азҳо (Қурбон) воҷиб аст. Мувофиқи қарори Шӯрои уламои ҷумҳурӣ дар тамоми масоҷиди мамлакат намози ид соати 7-и субҳ хонда мешавад. Баъд аз хондани намози ид касоне, ки қуввату тавоноӣ доранд, чорвои ба нияти қурбонӣ гирифтаашонро забҳ мекунанд. Қурбонии бӯзу гӯсфанд аз як нафар қабул мешавад. Дар гову шутур 7 нафар метавонанд баробар маблағ ҷамъ карда, шарикона қурбонӣ кунанд. Бояд мақсад аз қурбонӣ ризои Худованд бошад.
9
Забон – ойинаи фарҳанги миллат, Забон – ганҷинаи ҳамсанги миллат. Забон, эй нома аз номи ниёкон, Ҳазоронсола пайғоми ниёкон. Забон, эй розу эй овози миллат, Ба гардунҳо пари парвози миллат. Маро ончи гиромӣ чун Ватан буд, Забону миллату ному сухан буд. Забон монандаи дарё равон аст, Ҳазорон мавҷхезаш дар миён аст. Ба дунёи чу баҳри пурталотум Забонгумкарда худро мекунад гум. Забони мардуми дунё чу донӣ, Ба дунё давр гардӣ – дар намонӣ. Забон доди Худо баҳри башар буд, Чунин як ҳадя баҳраш кай дигар буд? Миёни ин ҳама эҷоди инсон Дигар кай карда ӯ эҷод ин сон? Ҳама кашшофию эъҷозу эҷод Наарзад бар забоне, ки Худо дод. Дигар, сиҳативу комгорӣ насиби ҳама хайрхоҳон бод!
Гӯшти қурбониро се ҳисса кардан мустаҳаб аст: як ҳиссаашро ба фақиру камбизоатон тақсим кадан, ҳиссаи дигарро барои аҳли хонавода мондан ва ҳиссаи сеюмро барои меҳмонон, хешу ҳамсоягон таом пӯхтан. Агар соҳиби қурбонӣ серфарзанд бошад, метавонад ҳамаи гӯштро барои аҳли хонаводааш сарф намояд. Ҳамчунин, соҳиби қурбонӣ метавонад тамоми гӯштро ба фақирон тақсим кунад. Гӯшти хом тақсим кардан беҳтар аст. Зеро дар ин сурат шахси камбизоат бо тамоми аҳли хонаводааш таоми дилхоҳ мепазад ва исрофкорӣ пешгирӣ мешавад. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, баъзан дар як рӯз дар як маҳалла 3-4 нафар қурбонӣ мекунанд. Аз ин рӯ, иддае дар хонаи якум сер шуда, дар хонаҳо танҳо гӯшти шӯрборо мехӯранд. Дар натиҷа, як дег оби шӯрбо исроф мешавад. Қурбониро рӯзи ид ва ду рӯзи баъди он низ забҳ кардан мумкин аст. Чорворо худи соҳиби қурбонӣ забҳ карданаш афзо набошад. Агар забҳ карда натавонад, шахси дигарро киро мекунад, вале музди қассобро бо пул медиҳад, на бо гӯшти чорвои қурбонӣ. Пӯсти чорворо метавонад ба касе ҳадя диҳад. Агар соҳиби қурбонӣ пӯсти чорвои қурбониро фӯрушад, бояд ба камбизоате садақа намояд. Тоҷиронро зарур аст, ки дар арафаи ид аз ҳадди инсоф берун набароянд. Зеро дар ду иди мусулмонӣ бо мақсади фоидаи чандрӯза нархро баланд бардоштан айб аст. Он фоидаи ночиз баракату бақо надорад ва бо сабаби беморӣ, пора додан барбод меравад.
Ҳоҷӣ Сайфиддини НАҶМИДДИН
e-mail: javonontj@mail.ru
рои ба хатти ниёгон баргаштан тайёриву заминаҳои махсус лозим аст, ки дар айни ҳол вуҷуд надоранд.
ИДИ ҚУРБОН МУБОРАК!
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
5 ОКТЯБР - РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
10
НАБЗИ ҶАҲОН
“Алқоида” барои он рӯи кор омад, ки бо Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон муқовимат кунад. Аз ҷониби дигар он ҷавобе буд ба системаҳои ноадолат ва ғаддори ҷаҳонӣ. Аммо он ҷавоби ислом нест, балки ҷавобест, ки аз дохили олами ислом пайдо шудааст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ва иштироки бисёр ғайримусулмонони Ғарбро ҳам ба даст овардааст.
ки баръакси идеяи ҷиҳоди умумиҷаҳонии “Алқоида” ба вуқуъ пайваст. “Алқоида” ҳеҷ гоҳ соҳиби қудрати сиёсӣ буданро инкор накардааст, аммо бештар ба дур андохтани қудратҳои ғарбӣ аз кишварҳои исломӣ авлавият медиҳад ва принсипҳои “ҷиҳод то абад” ва “инқилоб то абад”-ро асос мешуморад. “Ақоида” ҳам барои ДИИШ ва ҳам барои Нусра маркази фармондеҳӣ маҳсуб мешавад. Баръакси ДИИШ ҳаракати Нусра бо “марказ” муносибати нарм дошта, мақсадаш сарнагун сохтани Башор Асад аст. Бешубҳа, агар режим дар Сурия сарнагун шавад, вазъият дар ин кишвар ба ваҳомат мегаравад. Чунки мубориза байни нерӯҳо барои қудрат дар Сурия авҷ мегирад.
АНДЕШАИ ХОС гун шудани Башор Асад бо дигар ҳаракатҳои “ҷиҳодӣ” дар ҷангу ҷидол қарор гирифтанӣ нест. Аммо нуктаи қобили андеша ин аст, ки дар ҳар ду гуруҳ ҳам ҷангиёни зиёде аз маммолики Осиёи Миёна, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳузур доранд. Яке аз ҷангиёни ҳаракати Нусра, ки солҳо боз аз ҷангҳои Афғонистон сар карда, то Чеченистону Босня ширкат доштааст, дар суҳбате бо як расонаи хориҷӣ чунин гуфтааст: “Ҳамин ки ҷиҳод ба поён бирасад, мо ҳам оиладор шуда, дар Сурия осудаҳолона зиндагӣ хоҳем кард”. Яъне, ҷангу “ҷиҳод” барои ҷангиёни Нусра доимӣ нест. Он ҳатман рӯзе анҷом меёбад. Аммо ДИИШ чунин андеша надорад, ҷангиёни ин ҳаракат поёни
ДИИШ ва Нусра ду боли “Алқоида”-анд!
Дӯстии Атовуллоев то чӣ андоза аст? 11 сентябри соли гузашта Додоҷон Атовуллоев дар мусоҳибааш бо хабаргузории «Tojnews» дар робита бо пешниҳод шудани Ойниҳол Бобоназарова, барои номзад ба курсии президентӣ аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон шадидан интиқод карда буд: «Хонум Ойниҳол Бобоназарова коммунист буд, демократ шуд, боз даст кашид, агар даъват мекарданд, шояд ба ҲХДТ ҳам дохил мешуд. Ин хонум ҳамеша маншаи мансаб дошт. Агар мансабталаб намешуд, чаро «самоотвод» надод? Чаро рад накард? Чаро нагуфт, эй азизон, ман ин борро бардошта наметавонам?»
“Алқоида” “ҷиҳод” ва “шаҳодат”-ро ҳамчун як нерӯи руҳбахшу таҳрикдиҳанда ба кор бурда, аз ишғолу таҷовузи низомӣ, режимҳои худкома ва аз сохторҳои харобкори иҷтимоӣ тоза кардани тамоми олами исломро ҳадафи худ қарор додааст. Ҳоло Давлати исломии
Ҳамон гуна ки дар Афғонистон баъди сарнагун шудани ҳукумати Муҳаммад Наҷибулло рух дода буд. Ҳамон гуна ки дар Миср сурат гирифт... Аммо ҳаракати ДИИШ чунин фикр надорад. Ба ақидаи ДИИШ ҳар қаламраве, ки онҳо ишғол мекунанд, замини Давлати исломӣ (ДИИШ) ё “хило-
ҷиҳодро интизор намешаванд. Барои онҳо “ҷиҳод” абадӣ ва як тарзи зиндагист. Феълан, коршиносони рус ҳам аз он бонги изтироб мезананд, ки дар сурати баргаштани ҷангиёни осиёи миёнагии ДИИШ ва Нусра вазъият дар минтақа муташанниҷ мешавад. То ин дам сари забони ин кор-
Ироқ-Шом (ДИИШ) ва Нусра ду ҷабҳае, ки дар Ироқ ва Сурия меҷанганд, бар асоси таълимоти “Алқоида” амал мекунанд. Вале дар идеология ва тактикаҳо байни онҳо ҳам монандиҳо дида мешаваду ҳам ихтилофот. Ин далели рӯшани он аст, ки ДИИШ ва Нусра як ҳадаф надоранд. Асосан мухолифат байни ДИИШ ва “Алқоида” аз соли 2010 ба ин сӯ вуҷуд дорад. Он идеяи таъсис додани давлати исломӣ ва забти Билоди Шом буд,
фат” буда, дар онҳо амалӣ шудани “аҳкоми шариат” ҳатмист. Ин як ихтилофи асосӣ ва муҳиме миёни ДИИШ ва Нусра аст, ки ҳар ду ҳам “бачаҳои” “Алқоида”-анд... Аз сӯи дигар дар фикри “давлат” набудани ҷабҳаи Нусраро, ки бо ин махсусияташ аз ДИИШ фарқ мекунад, бо ду сабаб мешавад маънидод кард: 1) Шояд монанди “Алқоида” миссияи бузургтар аз заминҷамкунӣ дорад. 2) Бо сабабҳои прагматикӣ то сарна-
шиносон масъалаи хатар доштани “Толибон” ба кишварҳои минтақа баъди аз Афғонистон рафтани неруҳои эътилоф қарор дошт. Ҳоло дигар ҷои онро “омили дигари тарс” гирифтааст. Ташвишу парешонии коршиносони рус то куҷо асос дорад? Барои ҷавоб ёфтан ба ин савол бояд, ки махсусият, таърихи пайдоиш ва идеологияи ДИИШ ва Нусра хуб омӯхта шавад.
Вале аз ин ҳама як моҳ сипарӣ нагардида буд, ки боз исмаш расонаӣ шуд. Ин навбат боз фикрашро иваз карда, зидди суханони қаблияш баромад. Номбурда дар мусоҳибааш бо сомонаи «Республика»-и Қирғизистон ба хатои худ дар бораи фармоишӣ будани номзадии Ойниҳол Бобоназарова аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ иқрор шуда, гуфтааст ки: «Ошкоро эътироф мекунам, ки замоне ИНИТ номзадии ӯро пешниҳод кард, ман расман гуфта будам, ки ин қисмати нақшаи ҳукумат бо оппозитсия мебошад. Вай тарҷумаи ҳоли аҷиб, имкониятҳои васеъ дорад. Вале хато карда будаам ва тайёрам аз ҳамаи онҳое, ки ман танқид карда будам, бахшиш пурсам. Ман бовар доштам, ки онҳо ҳатто баро ҷамъоварии имзоҳо ба ӯ кӯмак мекунанд». Аз ин ҳодиса расо як сол сипарӣ гардид. Ин навбат чунин сафсатаҳои худро болои Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бор кардааст. Ӯ дар як мактуб ба унвонии Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки: «Чаро шумо бо Фаттоҳ Саидов вохӯрдед? Ин мулоқот бо ташаббуси кӣ буд?» Тавре саволгузорӣ менамояд, ки гӯё Зоиров гуноҳе содир карда бошаду Атовуллоев қозист. Гузашта аз ин, ба кадом хотир бояд ҷавоби ин саволҳоро диҳад? Акнун ӯ Зоироверо, ки бародари қиёматии худ ва сарсупурдаи миллат ном мебурд, дарафтодаю рақиби худ кардааст. Ин ҳама суханон агар аз забони як нафар шахси одӣ ва бори аввал шунида мешуд, шояд ҷои тааҷҷуб набуд. Вале чунин даъвоҳои беасосу дурӯғ беш аз 20 сол аст, ки идома доранд. Ӯ солҳост, ки бо ба забон овардани ибораи «ман бовар дорам»-у «ман бовар доштам» бо як такаббури ба худ хос даъвои сиёсатмадорӣ менамояд. Вале дар асл аз сиёсату сиёсатмадорӣ бӯйе намебараду фарсахҳо дур мебошад. Бар замми он, суханаш дар миёни ҷомеа қадру манзалате надораду касе ба ҳарфҳояш аҳамияте намедиҳад. Вале ҳамоно мегӯяду мегӯяд. Чунин сафсатахонияш буд, ки бештари давлатҳои пасошӯравӣ низ аз ҳузури шахсе монанди Атовуллоев ҳазар доранд, намехоҳанд, ки кишварашонро пойи чунин аҳримансиришти сафсатахон ифлос намояд. Далели гуфтаҳои боло боздошт ва бадарға кардани ӯ аз фурӯдгоҳи Домадедовои Федератсияи Русия мебошад. Ба ҳамин монанд, кишвари Гурҷистон низ ӯро аз кишвараш ронд, то раваду дигар барнагардад. Вале ҳамоно аз роҳи хатои худ барнагаштааст ва аз хориҷи кишвар нишаста, айби ҳаммиллатони худро меҷӯяду мегӯяд. То чанде ки Тоҷикистон обод мешавад, касалии ӯ авҷ мегирад. Аз пешрафти Тоҷикистон тамоми вуҷуди ӯ мисли нашъамандҳое, ки ҳар гоҳе хумори нашъаашон мегираду устухонҳояш печу тоб мехӯрад, ягона роҳҳои интиқом гирифтанашро дар танқид ва таҳқири ҳаммилатони худ мебинад. Ҳар куҷо минбаре меёбад, аз Ватан ва сулҳу оштии он ва пешравию комёбиҳои ин миллату давлат шикоят мекунаду аз он норозигӣ баён менамояд. Ӯ пайваста зидди сулҳу осоиштагӣ ва ободии ин сарзамин, сарзамине, ки дар он таваллуд шудаву дар ин ҷо ба воя расидааст, сарзамине, ки хоки он тамоми гузаштагони онро дафн кардааст ва ҳамон сарзамине, ки боз мурдаи ӯро қабул хоҳад кард, баромад дорад. Тавре сухан меронад, ки гӯё хеле бузуг асту дар ҷомеа нуфӯзу эътибори хосаро соҳиб. Аммо ӯ фаромӯш кардааст, ки тамоми бемороне, ки табобат намешаванд, бо ҳамон дард ин дунёро падруд хоҳанд гуфт.
М. САИД, “ҶТ”
Асад АҲЛИДДИНОВ
- Устод, азбаски мо дар арафаи таҷлили Рӯзи муаллимон қарор дорем, аз ин хотир Шумо ва тамоми аҳли донишгоҳро бо иди касбии омӯзгор табрику таҳният мегӯем. Лутфан бигӯед, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар зарфи 23 соли соҳибистиқлолӣ ба чӣ дастовардҳо ноил гаштааст? - Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ҳамчун зодаи даврони истиқлолият дар роҳи 23-солаи худ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамчун маркази калони таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва фарҳангӣ рушд намуд. Омӯзгорони донишгоҳ бо дониши
сорону омӯзгорони донишгоҳ чӣ гуна ҷараён дорад? - Донишгоҳ коллективи калони 631-нафараро муттаҳид намудааст. Дар Донишгоҳ 21 кафедра амал карда, дар онҳо 313 нафар омӯзгори собиқадору варзида, мутахассисони ҷавон, аз ҷумла, 12 доктори илм ва 48 номзади илм фаъолиятро идома медиҳанд. Бояд ёдовар шуд, ки аз байни 48 нафар номзади илм 38 нафарашон бевосита дастпарвари донишгоҳ мебошанд, ки ин меваи заҳмати шабонарӯзии омӯзгорон буда, парвардагони замони истиқлолият мебошанд. Аз миёни олимон - хатмкардагони донишгоҳ 4 нафар барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ мебошанд. Беш аз 5500
баланди илмӣ, саъю кӯшишҳои ҳаррӯзаашон дар ҷаҳони таҳқиқу бозёфтҳо ва комёбиҳояшон дар фатҳи қуллаҳои нав ба нави дониш обрӯю нуфузи онро тақвият мебахшанд. Тӯли 23 соли мавҷудият донишгоҳ як макони меҳр, махзани ҷаззоби ҷӯяндагони ҳунар, парвозгоҳи донишҷӯён сӯйи баландиҳои илму маърифат гардид. Донишгоҳ на танҳо вазифаи таълиму тарбияи мутахассисонро иҷро карда истодааст, балки ҳамчун маркази илмӣ дар гирд овардани нерӯҳои зеҳнӣ аз ноҳияҳои вилоят, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ саҳми арзанда дошта, ба пайванди риштаҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард. Раёсати донишгоҳ аз ибтидои ташкилёбиаш пайваста дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ташкили шароити хубу муосири таълимию тарбиявӣ саъю кӯшиш карда, дар самти васеъ намудани сохтор, тахассус, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ, ташаккули кадрҳои зеҳнӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Донишгоҳ дорои 8 факулта буда, аз рӯйи 41 ихтисос кадр тайёр мекунад. Ҳоло зиёда аз 4000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди хатмкунандагон дар соли ҷорӣ 735 нафар буд. Аз ҷумла, 4 нафар бо дипломи аъло ва 36 нафар тибқи Квотаи президентӣ донишгоҳро хатм карданд.
нафар хатмкардагони донишгоҳ номи бошарафи омӯзгорро соҳиб гардиданд. Як қисми дастпарварон дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, иддаи дигар ба фаъолият машғул мебошанд, ки мояи ифтихори мост. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят пойгоҳи моддии донишгоҳ васеъ шуда, имрӯз дорои 5 бинои таълимӣ, синфхонаҳои компютерӣ, лабораторияҳои таълимӣ, ду бинои ҳозиразамони хобгоҳ, толори хониш ва шабакаи электронӣ мебошад. Қобили тазаккур аст, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ соли 2013 3 ихтисоси нав, аз ҷумла, забони хитоӣ, информатика, кори иҷтимоӣ ва ҳифзи наботот ва 3 ихтисоси нав ба шуъбаи магистратура - сохтмони гидротехникӣ, менеҷмент ва таъриху ҳуқуқ ҷудо гардиданд.
Донишгоҳе дар диёри домани гардун
- Фаъолияти ҳайати профес-
- Равобити байналмилалии донишгоҳ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Робитаи байналмилалии донишгоҳ дар соли таҳсили 20132014 густариш ёфта, донишгоҳ дар барномаҳои байналхалқии «Медиате», «Квадрига», барномаи «Темпос» «Ерасмус Миндус», лоиҳаи «Аркаде», барномаи «Даад», фонди Авру-Осиё иштирок намуда, табодули омӯзгорону донишҷӯён аз тариқи ин барномаҳо ба роҳ монда шуд. Соли ҷорӣ дар хориҷи кишвар 27 омӯзгор бо мақсади бозомӯзии касбӣ дар семинарҳо иштирок на-
муданд ва 16 нафар донишҷӯ дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар таҳсилро идома дода истодаанд. Соли 2013 ва нуҳ моҳи соли равон Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо 5 Донишгоҳи Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи миллии Киев, Донишгоҳи омӯзгории Украина, Донишгоҳи Санкт-Петербург, Донишгоҳи Алгаври Португал, Донишгоҳи Кобленс-Ландауи Олмон, Донишгоҳи давлатии Белорус, Донишгоҳи давлатии Томски Русия, КИМЭТ (Қазоқистон), Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ва Академияи таҳсилоти миллии Қазоқистон робитаи илмӣ-методӣ дошта, шартномаҳои ҳамкории тарафайн ба имзо расиданд. Инчунин, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо мақсади бозомӯзии илмиву методӣ 6 семинари байналмилалӣ баргузор шуд. - Дар арафаи Рӯзи муаллимон ба ҳаммаслакони худ чӣ гуфтанӣ доред? - Ҳамаи омӯзгорони ҷумҳуриро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таълиму тарбияи насли наврас комёбиҳои беназирро тамманно дорам. Бигузор рӯзгорашон обод ва шодию нишот дар хонадонашон ҳукмфармо бошад.
Мусоҳиб Кӯйбек ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
Муаллим Ҳар ки туро ба ҳайкалсоз монанд намуд, иштибоҳ кард. Ҳайкалсоз мешудӣ, ба инсон чун ба санги беруҳ муомила мекардӣ. Ба ҷабини беҳиссиёташ мебурдӣ асбоби сангтароширо. Аммо инсон санг нест, муаллим. Ту ҳам ҳайкалсоз наӣ. Ҳар ки туро ба меъмор ташбеҳ дод, хато кард. Ту ба он соҳири ҳисоб, ки аз арш то фарши бино ҳар як миллиметрро ба коғаз меғунҷонад, монанд нестӣ. Ҳам инсон, ки аз кӯдакӣ то камолот бо ҷадвали дониш ва фазлу хиради ту рост мешавад, чӣ гуна рӯи коғазе биғунҷад? Ҳар ки туро рассом гумошт, иштибоҳ кард. Инсон худ саропо рушноист. Зебову мунаққаш аст. Чӣ гуна боз барои ҳаёт бахшиданаш, барои зебо тасвир карданаш ба қаламу рангдони мусаввири хаёлпардоз рӯ меорӣ? На, муаллим, таваҷҷуҳ накун барои ранг бахшидани инсон, барои зебо шуданаш ба қаламу рангдони рассом, шино накун бо ин киштии сӯрох! Ҳам ту вазифаи муҳиму муқаддас дорӣ ва ба расм кашидан фурсатат нест. Қаламро рӯи миз гузору лавҳаро ба соҳибаш деҳ. Ҳар ки туро монанд ба бастакор намуд, хато кард. Чӣ мешуд, агар ба инсон чун ба торҳои нозуки рубоб, ки бо ҳар расиш нолаи ҷонгудоз мебарорад, нохун мезадӣ? Пас, ту бастакор наӣ, муаллим, чунки бо инсон чун бо мусиқӣ муносибат намекунӣ. Ҳар ки ба боғбон ташбеҳат дод, иштибоҳ кард. Боғбон мешудӣ, бесамар аст гуфта, миёни сангу сангзор ҷаҳду талош намекардӣ. Тавре, ки боғбон барои парвариш ва самар додани ниҳол замини нарм меҷӯяд на сангзор. Ту нағз медонӣ, ки аз миёни душвортарбияҳо низ инсонҳои муфиду ба ҷомеа нафърасон мерӯяд, вагарна чун боғбон аз заминҳои бофайзу ҳосилхез қадаме берун намемондӣ. Ҳар ки туро ба машъал монанд кард, хато кард. Машъал танҳо атрофи ҳамонеро рӯшан мекунад, ки дар дасташ аст. Ту ҳам ба як кас рӯшноӣ мебахшидӣ, агар мешъал мебудӣ. Пас, ту машъал наӣ, муаллим. Машъал даст ба даст мегардад, аммо ту ба каф намеғунҷӣ. Зеро ки бузургӣ, муаллим. Оре, муаллим, дар ҳоле ки ту ба касе монанд нашудӣ, он қомати воло, он Паёмбари бемислу монанд худро ба ту монанд кард: “Ман як муаллимам. Ҳамчун муаллим фиристода шудам”. Устод ҳам гӯянд, омӯзгор ҳам, аммо номи ту аз он рӯз эътиборан “муаллим” аст. Чунки дар ин калима “илм” ҳаст. Бале, илм, ҳамоне ки бо душворӣ ба даст оварда шуда, баҳри нафъи башар сарф мешавад. Дар ин калима “олим” ҳаст. “Олимон меросбари паёмбаранд”, - фармуда буд Муаллим. Аз ин рӯ, ту дар синаат гавҳар мепарварӣ. Гавҳаре, ки аз қотилон ҳомии адолат... месозад. Бале, дар синаат гавҳаре мепарварӣ, ки инсонҳоро ба сӯи некӣ тоб дода, ба хайр раҳнамун месозад. Ҷаъфар ибни Абӯтолиб яке аз ситорагони рӯи замин ба шоҳи Ҳабашистон аз зиндагии то омадани Муаллим доштаашон қисса карда, чунин гуфта буд: “Мо хун мехурдем, аз ҳаром шарм намедоштем, зино ва дуздӣ мекардем. Одам мекуштем ва аз ғорату таҷовуз рӯ наметофтем... Зӯр нозӯрро пахш мекард ва аз номи инсоният корҳои зиёди номақбул содир мешуд...” Муаллим! Охир баҳри эҳтиромат чӣ бигӯему чӣ сон рафтор кунем, ки мо эҳтиром ба туро боз ҳам аз ту омӯхтем... Мо туро ба касе монанд карда натавонем ҳам, ту ба кӣ монанд буданатро нағз медонӣ! Оре, ту ҳаммаслаки Паёмбарӣ!
Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
Муҳовара бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Имомёрбек Қаландарбеков
11
e-mail: javonontj@mail.ru
ЯКШАНБЕИ АВВАЛИ ОКТЯБР - РӮЗИ МУАЛЛИМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
12
ҲАМКОРӢ
БОЗИҲОИ ОСИЁ-2014
Чор медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё Варзишгарони кишвар дар Бозиҳои XVII Осиё, ки дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Мулоқоти Абдуллозода бо раиси Шӯрои олимпии Осиё Дар ҷараёни Бозиҳои XVII осиёӣ дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ шайх Аҳмад Ал-Сабоҳ Ал-Фаҳад, раиси Шӯрои олимпии Осиё бо Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мулоқот кард. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди варзиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Шайх Аҳмад аз иштироки ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII Осиё изҳори хушнудӣ намуда, ба варзишгарони тоҷик комёбиҳо орзу кард. Раиси Шӯрои олимпии Осиё, ки ду бор ба Тоҷикистон ташриф овардааст, изҳори боварӣ намуд, ки иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба бунёди инфрасохтори варзишӣ, аз ҷумла, сохтмони варзишгоҳҳо ва дигар иншооти ин
соҳа, боиси рушди босуръати варзиш дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки Бозиҳои XVII Осиё дар сатҳи баланд ҷараён доранд ва мизбонон барои ширкаткунандагону меҳмонони бозиҳо тамоми шароити заруриро фароҳам сохтаанд. Вай ба шайх Аҳмад барои дастгириҳои пайвастааш ҷиҳати рушди варзиш дар Тоҷикистон сипосгузорӣ намуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки барои таъмиру таҷдиди иншооти варзишии кишвар мусоидат намояд.
ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ
Ғалабаи «Далерон» бар «Равшан»
28 сентябр ду бозӣ аз панҷ бозии даври чордаҳуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гашт. Се бозии дигар бо сабаби ширкати дастаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои Осиё ба вақти дигар гузаронда шудааст.
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар Истаравшан тими маҳаллии “Далерон-Уротеппа” бо қаҳрамони феълии мамлакат – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб вохӯрд. Бозӣ бо ғалаби мизбонон анҷом ёфт – 1:0. Голи ягонаро кӯлобиҳо худашон ба дарвозаашон заданд. Баъди ин ғалаба тими Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз рӯи холҳо бо “Хуҷанд” баробар шуд. Фақат “Хуҷанд” як бозӣ дар ихтиёр дорад. Дар бозии дигари даври 14-ум “Хайр” дар меҳмонӣ бар дастаи “Вахш” бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Маҳмадлоиқ Нуриддинов, дар дақиқаи 36 ва Ҳусейн Суҳробӣ дар дақиқаи 90+2 ба ҳадаф расонданд.
МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) «Хайр» (Ваҳдат) «Энергетик» (Душанбе) «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) КМВА «Помир» (Душанбе) «Равшан» (Кӯлоб) «Вахш» (Қӯрғонтеппа)
Б Ғ 11 10 13 7 14 7 13 6 11 5 12 5 11 3 12 2 13 2 12 2
М 1 4 4 2 3 1 3 3 2 1
Б 0 2 3 5 3 6 5 7 9 9
Т/Т 46-6 17-12 14-9 18-15 17-12 17-25 16-18 8-17 13-33 3-22
Х 31 25 25 20 18 16 12 9 8 7
Ба иттилои торнамои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи мамлакат, дар намуди гурзандозӣ миёни мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр бо медали тилло сарфароз гашт. Дилшод Назарови 32-сола маротибаи сеюм дар Бозиҳои Осиё ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуд. Намояндаи дигари кишвар Зелимхон Юсуфов дар намуди гӯштини озод дар вазни то 65 кило рақибонаш Улуғмон Маматов аз Қирғизистон, Ихтиёр Наврӯзов аз Узбекистон ва Томотсугу Ишида аз Ҷопонро шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар даври ниҳоӣ аз Ёгешвар Дутти ҳиндустонӣ бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт. Фарҳод Неъматов дар намуди таэквандо (WTF) миёни мардон (80 кило) рақибонаш Вей Тинг Лиу аз Ветнамро бо ҳисоби 6-2 ва Иброҳим Носир аз Афғонистонро бо ҳисоби 3-0 шикаст дода, ба нимфинал баромад. Вале дар даври нимниҳоӣ аз Маҳдӣ Худобахшӣ аз Эрон бо ҳисоби 2-7 шикаст хӯрд ва мақоми сеюмро ишғол кард. Алишер Гулов низ дар намуди таэквондо (WTF) (+87 кило) бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, бар Янг Йи аз Чин бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар нимфинал Алишер аз Дмитрий Шохин аз Узбекистон бо ҳисоби 0-12 шикаст хӯрда, мақоми сеюмро соҳиб шуд. Гӯштингирони дигари кишвар Николай Ноев (-57 кг), Сомиршо Воҳидов (-70 кг) ва Искандари Рустам (-97 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ мағлуб гашта, аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Мавзуна Чориева, муштзани маъруф дар нахустин даври сабқати бокс миёни занон дар вазни то 60 кило рақибаш Аяко Миноя аз Ҷопонро дар раунди аввал дар муддати 56 сония бо нокаут шикаст дод. Вале дар даври чорякниҳоӣ аз Тҳи Дуен Луу аз Ветнам бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Инчунин, дар сабқати занон Светлана Веглина дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 51 кг аз Тҳи Банг Ли (Ветнам) бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Дар сабқати бокс миёни мардон Муродҷон Расулов дар вазни то 49 кило дар даври аввал аз Квангу Корнелис Лангу (Индонезия), Асрор Воҳидов (-56 кг) аз Муҳаммад Алвадӣ (Урдун) бо ҳисоби як-
хелаи 1:2 ва Анвар Юнусов (-60 кг) аз Сатоши Шимизу (Ҷопон) барои огоҳии сеюм мағлуб шуданд. Дар сабқати дзю-до се варзишгари кишвар – Расул Абдушарифов (-66 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) имкони ба даст овардани медалҳои биринҷиро аз даст доданд ва дар натиҷа, ҳар се ҷойҳои 5-умро соҳиб гаштанд. Чор паҳлавони дигар Каъбатулло Аминов (-60 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарҳод Раҳимов (-81 кг) ва Дадахон Қурбоналиев (-100 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.
иштирок карда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд. Инчунин, дар масофаи 50 метр бо усули брасс Ёқубҷон Умаров (1:23,35) дар даври интихобӣ дар байни 28 нафар ҷойи охиринро гирифт. Дар сабқати ушу ва варзиши сабук (давидан ба масофаҳои мухталиф) низ намояндагони кишвар ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар сабқати инфиродии камонварӣ миёни занон Фирӯза Зубайдова бо 590 хол дар байни 56 нафар ҷойи 45умро соҳиб шуд. Дар сабқати инфиродӣ миёни мардон Роберт Нам бо 1231 хол дар байни 71 нафар ҷойи 43-
Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи кишвар дар бозии даври ҳаштякниҳоии мусобиқот аз тими Ироқ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Дар сабқати тирпаронӣ бори аввал дар Бозиҳои осиёӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо теъдоди зиёд - 11 варзишгар (6 марду 5 зан) ширкат кард. Ба ҳайати дастаи мардона ва ҳам дастаи занона, аслан, варзишгарони ҷавони синнашон 14-18-сола шомил буданд. Натиҷаи нисбатан беҳтарро Малика Лагутенко нишон дод. Вай дар тирандозӣ аз милтиқ ба масофаи 10 метр бо 405,5 хол дар байни 54 нафар ҷойи 40-умро гирифт. Дар сабқати волейболи соҳилӣ дастаи мардонаи кишвар дар ҳайати ду нафар – Мӯҳсини Рустамзода ва Шариф Ёрзода дар гурӯҳи худ дар ҳар се бозӣ аз тимҳои Тайланд, Молдив ва Қатар бо ҳисоби якхелаи 0:2 шикаст хӯрд. Дастаи занона низ дар ҳайати Шаҳноза Назирова ва Малика Диловаршоева дар нахустин бозиаш аз тими Чин ва дар бозии дуюмаш аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:2 мағлуб гашт. Дар сабқати шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод варзишгарони тоҷик Олим Қурбонов (27,65 сония) ва Раҷабмурод Қосимов (28,29) дар даври интихобӣ
юмро ишғол кард. Дар сабқати вазнабардорӣ Низом Сангов дар вазни то 69 кило бо натиҷаи 262 кг (122+140) дар байни 23 нафар мақоми 12-ум, Азизҷон Шукуров дар вазни то 94 кило бо натиҷаи 288 кг (123+165) дар байни 16 нафар ҷои 11-умро соҳиб шуданд. Дар XVII Бозиҳои Осиё, ки то 4 октябр идома мекунанд, ҳайати варзишии кишвар бо шумули беш аз 150 нафар, аз ҷумла, 91 варзишгар ширкат дорад. То имрӯз дастаи мунтахаби Чин ҳам дар ҳисоби умумидастаӣ ва ҳам бо назардошти сифати медалҳо пешсаф мебошад. Варзишгарони Чин 268 медал – 126 тилло, 80 нуқра ва 62 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Тими мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 170 медал - 54 тилло, 55 нуқра ва 61 биринҷӣ дар ҷойи дуюм аст. Варзишгарони Ҷопон бо ба даст овардани 146 медал - 37 тилло, 54 нуқра ва 55 биринҷӣ дар мақоми сеюманд. Тими Қазоқистон бо 56 медал - 15 тилло, 16 нуқра ва 25 биринҷӣ дар мақоми 4-ум ва дастаи мунтахаби Эрон бо ба даст овардани 35 медал (14 тилло, 11 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи 22-юм қарор дорад.
Хэй Кличкоро шикаст доданист
Дэвид Хэй, қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба бокс дар вазни вазнин то охири соли равон ба ринг мебарояд, то унвони қаҳрамониро аз Владимир Кличко биситонад. “Охирҳои имсол ман ба ринг мебароям. Ҳоло пурра ба тамрин гузаштаам. Мехоҳам дидори аввалинамро ҳарчи зудтар анҷом диҳам. Барои мулоқот омодаам ва барои қувваозмоӣ дар тамоми нуқоти олам тайёр. Мехоҳам чемпиони ҷаҳон дар вазни вазнин бошам ва Владимир Кличкоро мағлуб созам”, - изҳор доштааст, ин муштзани бритониёӣ.
Дэвид Хэй ноябри соли 2013 аз анҷоми карйерааш хабар дод. Ӯ моҳи октябр 34-сола мешавад ва дар ринги ҳирфаӣ 26 маротиба дастболо шуда (24 нокаут), ду бор шикаст хурдааст. Соли 2011 Хэй бо Кличко муштзанӣ кард, аммо ноком гардид. Кличко дорандаи чор камарбанд дар вазни вазнин аст. Ӯ дар версияҳои Федератсияи бай-
налмилалии бокс (IBF), Созмони ҷаҳонии муштзанӣ (WBO), Анҷумани байналмилалии бокс (WBA) ва Созмони байналмилалии бокс (IBO) беҳтарин шинохта шуда, 16 маротиба унвонҳои қаҳрамониашро ҳифз мекунад. Ӯ дар 62 рақобат дастболо (53 нокаут) ва танҳо дар се дидор мағлуб шудааст.
Мессӣ голи 400-умашро зад Лионел Мессӣ, ҳамлагари “Барселона”-и Испания ва тими миллии Аргентина голи 400-ум дар карйераашро задааст. Ин гол дар бозӣ бо “Гранад”, дар чемпионати Испания зада шудааст, ки бо ҳисобӣ 6:0 поён ёфт. “Ҳеҷ вақт фикр намекардам, ки дар карйераам ба чунин дастовард ноил мегардам. Барои дастовардҳои аз ин бештар заҳмат хоҳам кашид”, - навиштааст Мессӣ дар саҳифааш дар “Фейсбук”. То он ки шумори голҳои Мессӣ ба 400 бирасад, ӯ 525 бозӣ анҷом дод. Дар бозӣ бо “Гранад” ду тӯб зад ва шумори голҳояш ба 401 расид. Лионел Мессӣ аз соли 2000, вақте 13 сол дошт, ба “Барселона” пайваст. Дар аввалин бозиаш дар ҳайати тими ҷавонони ин клуб чор гол зад. Бо гузашти чор сол вай ба ҳайати асосии даста пайваст.
Дрозд унвони қаҳрамониро аз Влодарчик рабуд Муштзани рус Григорий Дрозд унвони Қаҳрамони ҷаҳон дар вазни вазнин аз рӯи версияи WBC-ро соҳиб шуд. Ҳарифи ӯ, Кшиштоф Влодарчики лаҳистонӣ буд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
13
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
Ин рақобат 12 раунд идома карда, Дрозд аз рӯйи холҳо — 118-109, 119-108, 119-108 дастболо шуд ва Влодарчик унвони қаҳрамониро, ки аз соли 2010 соҳиб буд, аз даст дод. Вай шаш маротиба ин унвонро ҳифз карда буд.
Неймар “Уберландия”-ро мехарад Падари ҳамлагари клуби “Барселона” ва тими миллии Бразил – Неймар тасмим дорад, клуби “Уберландия”-ро бихарад, то назорати футболбозонеро, ки дар ихтиёр дорад, аз даст надиҳад. Ба иттилои “Eurosport.ru”, ин тасмими Неймари калонӣ баъди он гирифта шуд, ки Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ҳуқуқи доштани футболбозонро аз агентҳо гирифт. Бо харидории клуби “Уберландия”-и Бразил ӯ ҳаққи фурӯхтани бозингарон ба бошгоҳҳои Аврупоро хоҳад дошт.
Деннис Киметто, варзишгар аз Кения ғолиби 41-умин марафони байналмилалии Берлин шуд. Ӯ масофаи 42 километру 195 метрро дар 2 соату 2 дақиқаву 57 сония тай карда, рекорд гузошт. Мақоми дуюмро дар ин сабқат боз як намояндаи Кения - Эммануэл Мутаӣ соҳиб шуд. Зинаи сеюм насиби Абер Кум аз Эфиопиа гардид. Киметто 120 ҳазор евро гирифтааст: 50 ҳазор барои рекорд, 40 ҳазор барои ғолибият ва 30 ҳазори дигар барои масофаи муқарраргардидаро дар камтар аз 2 соату 4 дақиқа тай кардан.
Клуби футболи “Локомотив”-и Маскав барои дар вақти дидори ин бошгоҳ бо “Амкар”-и Перм дар майдон гаштугузор кардани саг, муҷозот мешавад. Дар ин бора Артур Григорянтс, раҳбари кумитаи назорат ва ахлоқ ба “Р-Спорт” хабар додааст. Ин бозӣ дар майдони Черкизов баргузор шуд ва бо ҳисоби 3:1 бар нафъи “Локомотив” ба поён расид. Саг дар дақиқаи 59уми ин дидор дар майдон пайдо шуд. Гуфта мешавад, он ҷониби курсии мансуб ба бозиyгарони “Амкар” давид ва кормандони варзишгоҳ зуд аз майдон берунаш карданд.
Рой бар Ханӣ ғолиб шуд Рой Ҷонси хурдӣ, муштзани амрикоӣ дар давоми як дақиқа бар ҳарифаш - Хани Атийои мисрӣ дастболо шуд. Ин сабқат дар шаҳри Краснодари Русия баргузор шуд. Тибқи иттилои расонаҳои варзишӣ, аз мушти боксчии 45-солаи амрикоӣ, ки ба миёни Атийо зад, варзишгари 30-сола натавонист рақобатро идома бидиҳад. Ин 59-умин пирӯзии Ҷонс дар 67 муштзанӣ аст. 42-тои ин ғолибият бо нокаут анҷом ёфта, дар ҳашт рақобат мағлуб гардидааст. Атийо аз 17 қувваозмоӣ дар 3-тоаш шикаст хурдааст.
e-mail: javonontj@mail.ru
“Локомотив” Киметто қаҳрамон шуд ва ҷазо рекорд гузошт мебинад
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
14
ОБОДОНӢ
Шанбегии ҷавонон дар Боғи Ғалаба 27 сентябри соли равон дар доираи Амалиёти “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем”, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ифтихори ҷашни 20-солагии Конститутсия эълон шудааст ва Рӯзи байналмилалии туризм дар Боғи Ғалабаи пойтахт шанбегии умумиҷумҳуриявии ҷавонон доир гардид. Дар он зиёда аз 1300 нафар ҷавони касбу кори гуногун, аз ҷумла, кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сохторҳои маҳаллӣ, волонтёрҳо, кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии пойтахт ширкати фаъолона доштанд. -
Суратгир Т. ФОЗИЛОВ, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
«БИОЛИФТ»-ро барои: - калон намудани сина, зиёд намудани тарангӣ, қавӣ намудани мушакҳои сина ва мавзун намудани шакли берунии он; - нигоҳ доштани шакли сина, (аз ҷумла, баъд аз таваллуд) истифода мебаранд. - Барои ҳамаи синну сол истифодааш мумкин аст. «Биолифт» аз ҷамъи гиёҳҳо иборат буда, истифодаи он безарар ва одатнадиҳанда аст. Ба шахсоне, ки истеъмолашро давом додан мехоҳанд,
иҷозат аст. Тарзи истеъмол: 2 капсулагӣ ду маротиба дар як рӯз ё 5 донача пилюлӣ 2 маротиба дар як рӯз, давомнокӣ - 30 рӯз. Нархи фурӯш: «Биолифт» пилюлӣ №100 то 57 ва «Биолифт» капсула №60 то 69 сомонӣ. Аз дорухонаҳо дастрас карда метавонед.
«АРТРОВИТ» - (фитобальзам) барои бемории артритҳо (буғумдард), дарди мушакҳо, невралгияҳои байниқабурғавӣ, невритҳо, сарбориҳои барзиёд ва узвҳои такяву ҳаракат истифода мешавад. Рагҳоро васеъ мекунад, ангезиш ба вуҷуд оварда, ба беҳшавии гардиши хун мусоидат мекунад. Истифодаи малҳам аломатҳои нотобии буғумҳоро кам мекунад, дард, варам, илтиҳоб бартараф мешавад. Тавсияҳо оид ба истифода: Малҳамро рӯзе 2 ё 3 маротиба дар ҷои дардмандбудаатон бо ҳаракатҳои маҳскунанда молед. Рақами телефон барои тамос: шаҳри Душанбе - 378-82-29-26, вилояти Суғд ва ноҳияҳои он - 92 749 33 47. Нархи фурӯш - 30 сомонӣ. Аз дорухонаҳо пурсон шавед.
«БАЮ БАЙ» ХОБИ ШИРИН БА КӮДАКОН… «Баю-Бай» бедорхобиро аз байн мебарад ва хобро муътадил мегардонад. Рӯзона хобро ба вуҷуд намеорад. Ба раванди қавӣ шудани хотира ва ақл мусоидат карда, ҳолати азхудкунӣ ва омӯзишро беҳтар месозад. Хосияти оромибахш дошта, ба афзоиши асабоният - стресс монеа мешавад. «Баю-Бай»-ро такроран истеъмол намудан мумкин аст. Тарзи истеъмол: Барои кӯдакони аз 1,5-сола боло 15-20 қатрагӣ 3 маротиба давоми як моҳ. Безарар ва одатнопазир аст. Нархи фурӯш - 21 сомонӣ. Истеҳсоли Русия. Истеъмоли он бе дорухати духтур иҷозат аст.
Њуљраи корї
Дард аз оташ
Чакра Устод, мураббї
Тамѓаи шоколади љуфт
Маркази кайњонии ИМА
Меваи тропикї
Фасли сол Лоиќ, сазовор
Хаффош, шапалак
Гузариш аз марз Ибодатгоњи бутпарастон
Кишвар, њамсояи Њиндустон
Ќабилаи њиндуњои Перу
Њайронї
Масолењи меъморї Болопўши асп ва хар
Пеш музофоти мусулмонони Испания
Охирин амири Бухоро
Мевае, ки номи ду њайвонро дорад
Саргардонї, сарсонї
Оќибат, хулоса
Нидои љанговарони рус њангоми њуљум
Кўзапушт
Тайёраи љангии русї
Љонишин, муовин ... -Ато, шањр дар Ќазоќистон
Моњи якуми зимистон
Дарё, ки ба бањри Арал мерезад Маротиба, бор Калиди автоматикии барќ
Курорти соњили бањри Сиёњ
Тамѓаи хокаи љомашўї
…у ибодат
Гулўлаи тарканда
Сарсон, саргардон
Зављаи Адам
Устои пойафзол
Майдони даврашакли велосипедронњо
Берун аз ёд
365 рўз
Меваи полезї
Њамсари Буш
Њамсинф
Андеша, тааммул
Воњиди дарозї
Таом аз гўшти ќимаву хамир
Нотаи мусиќї
... Бусли, овозхони машњури њинд
хондану Зинапояи Вай навиштан њавопаймо наметавонад
Асбоб барои ченкунии ќувваи барќ
"... ва Ромин"и Гургонї
Њар чизи гирд ва гардон
Аспи ќадпаст
Паёмбари масењиён
Муќобили «марг»
Таоми миллии тоторї
Ќањрамони халќи тољик Шириншо …
ни сунъї
Фарзанди падар
Њарфи алифбои арабї
Паймон
Фаќир, ќашшоќ
Юбкаи раќќосаи баЗаболет
Зоти тўтии калон
Ситораи хоккейи Шўравї Валерий …
Пойтахти Озарбойљон
Моеи хушбўй
Меваи сердона
Кори њавопаймо
Пойтахташ Вентян (Осиё)
Ченаки байналми- Инсоф, лалии адомасолат фаи кайњонї
Зани афсонавї сокини пушти кўњи Ќоф
Хурофотпарастї
Тез, мазаи ќаланфур
Ќисми поёни бино
Нишона, тамѓа, рамз ИМА ба русї
Мева, асоси шароб
Навъи њаљ Кишвари фиръавнњо
Дилбар …, актрисаи тољик
Љои китобмонї
Ќолаби наќќош, шаблон
Чўлоќ Ќиблагоњи пайѓамбар (с)
Лўлї
Адиби Олмон Иоњанн Волфганг …
Маѓозаи электротехника дар Душанбе
Мил барои кабобпазї
e-mail: javonontj@mail.ru
Муњассили мактаби олї
Келаске, ки ранг иваз мекунад, хамелеон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9362), 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ МУАССИС:
ФАРОҒАТ
Модар, тугмачаи ин мушак дар куҷост?
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ
(муовини котиби масъул),
Писари даҳсола ба духтур занг мезанад: - Акаи духтур, тез хонаамон меомадед! - Шумо кӣ? - Писари Афандӣ. - Чӣ шудааст дар хонаатон, ягон кас бемор? - Бале, ба ғайри ман ҳама беморанд... - Чӣ хел? - Намедонам, замбурӯғ мехӯрданд, маро беодоб гуфта, ба дастархон роҳ надоданд...
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
(хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ
***
АНДАРЗ
Кӯдакон бесоҳиб намемонанд
(хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7047 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Мард ба духтари ҳаштсолааш мегӯяд: - Пагоҳ ба мактаб рафта, ба муаллимат гӯй, ки модарам дугоник таваллуд кард ва як ҳафта ба дарс омада наметавонӣ. Духтарак фардо аз мактаб меояд. Падараш: - Ба муаллима гуфтӣ? - Бале. - Хуш, чӣ гуфт? - Оилаамонро бо таваллуди кӯдак муборакбод кард. - Чӣ хел бо таваллуди кӯдак? Чаро нагуфтӣ, ки дугоник таваллуд шудааст? - Охир таваллуди яктои дигарашро ҳафтаи дигар гуфтаниям.
***
Сайфиддин СУННАТӢ
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ
Лутфи ҷавонӣ
Троллейбус чун ҳамеша бо роҳи худ мерафт. Одамон медаромаданду мефаромаданд. То охири хатсайр ду истгоҳи дигар буд ва даруни нақлиёт ду зан монду як кӯдак, ки либосҳои фақирона ба тан ва чашмони калони андӯҳзада доштанд. Яке аз занҳо як истгоҳ пеш аз нуқтаи охири хатсайр поин шуд. Кондуктори троллейбус хаёл кард, ки кӯдак ҳамроҳи ӯст, фарёд зад: - Бонуи муҳтарам, шумо фарзандатонро фаромӯш кардед? - Ҳаминро магар? - ба кӯдак ишора карда пурсид зан ва бо нафрат илова кард: - Не, ин бача фарзанди ман нест. - Ту писари кистӣ? Шояд гум шуда бошӣ? - дилсӯзона пурсид кондуктор. Ман?... Ман писари ҳеҷ кас. - Кӯдакон наметавонанд писари ҳеҷ кас набошанд. Падару модарат кӣ? - Модари ман ба осмон рафтааст. Ман ҳам ба он ҷо рафтан
мехоҳам. Шумо намедонед, ки кадом троллейбус ба осмон меравад? - Бачаи нағз, ин гуна хатсайр вуҷуд надорад ва ба он ҷо рафтан ҳам осон нест. - Модарамро пазмон шудам, охир. Наход, ба осмон рафта нашавад? Дар ин вақт мусофири дигар, ки ҷавонзани зебое буд, назди писарак омад. Ӯро меҳрубонона ба оғӯш гирифта, пурсид: - Номи ту чист, бачаҷон? - Мурод. Аммо дар интернат маро 57 мегӯянд. Он ҷо бачаҳо хеле зиёданд, барои ҳамин мураббия номи ҳар яки моро дар хотир гирифта наметавонад ва моро бо рақам фарёд мекунад. Ҳар ду зан ва кондуктори ҷавон аз нақли кӯдаки маъсум мутаассир шуданд. Писарак нақлашро идома дод: - Модарам ҳамеша маро ба оғӯш гирифта, бӯса мекард. Шабҳо суруд мехонд ва афсона
нақл мекард. Ҳоло ки модарам нест, касе маро дӯст намедорад. Барои ҳамин бисёр мехоҳам назди модарам равам... Зан дасти кӯдакро сар надода, гуфт: - Агар хоҳӣ туро ба хонаам мебарам, ҳамроҳи писари ман бозӣ мекунӣ. Шабҳо ба ҳар дуятон афсона мехонам. Чашмони кӯдак аз шодӣ дурахшиданд. Ӯ ба зани меҳрубон наздик шуд, чунон ки бо модари худ наздик мешуда бошад. Зан ҳам бо чеҳраи хандон сари кӯдакро бо меҳр сила кард. Дар истгоҳи охир ҳар ду аз троллейбус фаромаданд. Онҳо даст ба дасти ҳамдигар роҳ мерафтанд. Ронанда, ки суҳбати зан ва кӯдакро шунида буд, ба кондктор рӯ оварда гуфт: - Кӯдакон асло бесоҳиб нестанд, онҳоро ҳатман парасторе пайдо мешавад...
Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Муовин ба роҳбараш мегӯяд: - Раис, ман фикр карда, роҳи чӣ гуна сарфа кардани пули зиёди корхонаро пайдо кардам! - Мавзуна, ту аз кор рафтаниӣ-чӣ?
*** Духтар ба дӯстписараш мегӯяд: - Ба падарам гуфтам, ки ошиқи ман шоир аст, вай бисёр хурсанд шуд. - Оҳо, падарат шеърро дӯст медорад? - Не, охирин ҷавоне, ки мехост маро ба занӣ бигирад, аммо падарам ӯро аз дари хонаамон берун кард, боксёр будааст.
ЭЪЛОН
Эътибор надорад Номаи камоли гумшудаи ШТШ-№0102976, ки онро МТМУ рақами 51-и ноҳияи Хуросон соли 2004 ба Ҳусейнов Маҳмадраҷаб Туғаевич додааст, эътибор надорад.
Қатъи фаъолият
Хоҷагии деҳқонии “Латиф” (РЯМ 2130003636), ки дар Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз 2 феврали соли 2010 ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Мефурӯшам Манзили дуҳуҷрагӣ бо таҳхона, ду қароргоҳи мошиннигаҳдорӣ, боғи наздиҳавлигӣ дар масоҳати 20 сотих. Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Лучоб-7. Тел.: 917 25 1968, 915 55 2452
ТАВАҶҶУҲ Дар Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ бемориҳои пӯст (шукуфа, сафедшавӣ), паразитҳои кирмҳои меъдаю рӯда (лямбия, аскарида, карликовый цепень, бичей цепень, свиной цепень) бо усули лабараторӣ ва гиёҳдармонӣ табобат мекунанд. Суроға: шаҳри Душанбе, шаҳраки тиббӣ, бинои 12. Телефонҳо: 98 720 5554, 90 734 5882.