javononi tojikiston/#40/2015

Page 1

Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№40 (9414), 8 октябри соли 2015

E-MAIL: JAVONONTJ@MAIL.RU

WWW.JAVONON.TJ

АЗ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 1930 НАШР МЕШАВАД

Ҷоми Президент насиби Муҳаммадмурод гардид ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТ - 2015 ОИД БА ЗЮ-ДО

ҲАФТ РӮЗ 01.10.2015 Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣтадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг бахшида ба 3000-солагии Ҳисори шодмон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Ҳисори Шодмон дар рушду нумӯи фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. 02.10.2015 Дар шаҳри Хуҷанд намоишфурӯши маҳсулоти Ҳиндустон оғоз ёфт, ки то 11 октябр идома меёбад. 03.10.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук дар робита ба 25-умин солгарди Иди миллии ин кишвар – Рӯзи ваҳдати Германия барқияи табрикӣ ирсол дошт. 04.10.2015 Дар Қирғизистон интихоботи вакилон ба парлумон доир гашт. Бино бар натиҷаҳои пешакӣ, Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон бо 48 дарсади раъйи мардум 37 курсии парлумонро аз худ кард. 5 ҳизби дигар низ садди 7-дарсадиро гузашта дар парлумон ҷой гирифтанд.

ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории№40 Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015 обуна 68857.

05.10.2015 Дар кишвар Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил шуд. Аз ҷумла дар Қасри фарҳанги ноҳияи Тавилдара конфронси илмию адабӣ дар мавзӯи “Забон нишонаи миллат аст” доир гашт. 06.10.2015 Нахустин гурӯҳи наваскарон аз ҳисоби ҷавонони водии Рашт ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Ба ин муносибат дар ҳамаи ноҳияҳои водӣ бо ҳузури ҷавонон, афсарону сарбозон, фаъолони ноҳияҳо чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардид. 07.10.2015 Дар шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили нахустин солгарди Рӯзи соҳибкор, бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, таҳти унвони «Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

1


АЗ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо Сюзан Эллиот Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот мулоқот кард. Ҷонибҳо доир ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ҷавонон табодули афкор намуданд.

Аҳтам Абдуллозода нахуст барои фаъолияти пурсамари сафир, ки дар Тоҷикистон баъди се сол ба итмом расид, арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки дар ин давра ҳамкории кишварҳо хеле тақвияту густариш ёфтанд. Ҳамзамон, аз таърихи ҳамкории кишварҳо ёдовар гардида, изҳор намуд, ки Амрико дар баробари дигар кишварҳо аввалин шуда Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф кар-

да, сафорати худро кушод. Гуфта шуд, ки давоми бештар аз 20 сол ҳамкории ҷонибҳо дар ҳамаи самтҳо рушду густариш ёфтааст. Дар навбати худ сафир Сюзан Эллиот аз ҳамкории кишварҳо дар давраи фаъолияти худ ёдовар гардид, ки як қатор барномаю лоиҳаҳо дар самти ҷавонон амалӣ гардидаанд. Изҳор намуд, ки тавассути барономаҳои гуногун, ки аз ҷониби Намояндагии Оҷонсии

ИМА оид ба рушди байнанлмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, аз қабили Барномаи мубодилаи донишҷӯён, бештар аз 5 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Амрико таҳсил кардаанд. Гуфта шуд, ки дар самти ҷавонон ҳамкориҳо бояд боз ҳам бештару хубтар ба роҳ монда шуда, фарогири ҷавонони маҳал низ бошанд. Дар мулоқот, ҳамчунин масоили ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳида дар самти варзиш ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо аз корҳои анҷомшудаи кишварҳо дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ёдовар шуда, баҳри густариши муносибатҳои дуҷониба дар оянда омодагии хешро иброз намуданд. Дар мулоқот роҳбари Намояндагии агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Кетлин Макдоналд ва масъули масоили рушди барномаҳои сафорат Вилиам Триг низ ширкат доштанд.

Мулоқоти Абдуллозода бо ҷавонони Кӯлоб Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб мулоқот кард. Дар мулоқот ба масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, фарҳанги либоспушӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон таваҷҷуҳ шуд. Аҳтам Абдуллозода таъкид дошт, ки имрӯз бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ободу зебо гардида, ҷавонон озодона ба кору фаъолият ва таҳсил машғуланд. Зикр гардид, дар ин давра ҷавонон бояд бештар ба корҳои хуб машғул гардида, баҳри ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Зимни мулоқот як гурӯҳ ҷавонон доир ба мавзӯъҳои «Хиёнат ба Ватан», «Пешгирӣ аз нашъамандӣ» ва дигар мавзӯъҳои мавриди назар баромад карда, изҳор доштанд, ки ҳар гуна амали нангину ноҷавонмардонае, ки муқобили давлат равона гардидааст, маҳкум менамоянд. Ҷавонони фаъол ҳамсолони худро ба муттаҳидӣ ва ҳифзи ҳимояи марзу буми кишвар даъват намуданд. Дар анҷом миёни иштирокчиён ва раиси кумита саволу ҷавоб сурат гирифта, ҷавонон доир ба масъалаҳои гуногун посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Баррасии ҳамкориҳо бо Эрон 30 сентябри соли равон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломиии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ мулоқот анҷом дод. Аҳтам Абдуллозода сафирро барои таъинаш ба ин мақом табрик намуда, изҳор дошт, ки барои ҳамкории бештар дар самтҳои гуногун миёни ду кишвари ҳамзабон имкониятҳои зиёд фароҳам аст. Ӯ аз ширкати фаъоли Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Фестивали сайёҳӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, арзи сипос намуда, изҳор дошт дар он бештар аз 18 ҳазор нафар тамошобинону дӯстдорон иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки равобити мустаҳками фарҳангиву варзишӣ миёни ҳарду кишвар хеле муҳим мебошад. Ҳуҷҷатулло Фағонӣ дар навбати худ аз ҳамкории мустаҳками кишварҳо дар риштаҳои гуногун изҳори ҳавасмандӣ карда, таъкид дошт, ки бо таъин шудан ба ин мақом нахуст корҳои то ҳанӯз ба анҷомнарасидаро анҷом медиҳад. Ӯ аз 170 санади миёни кишварҳо ба имзорасида ёдовар

2

шуда, изҳор намуд, ки дигар санадҳои зарурӣ дар самти сайёҳӣ низ бояд ба имзо расонида шаванд, то ҳамкории кишварҳо дар ин самт боз ҳам рушду инкишоф ёбад. Дар мулоқот ҷонибҳо, инчунин, атрофи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои варзиш ва сайёҳӣ табодули афкор намуда, роҷеъ ба нақшаҳои

минбаъда суҳбат карданд. Баҳри густариши ҳамкориҳо дар самти сайёҳӣ ва варзиш ҳар ду ҷониб диққати махсус зоҳир намуда, дар баргузории конфронсу нишастҳои муштарак, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ даъвати ширкатҳои сайёҳӣ ва варзишгарони ҳар ду ҷонибро муҳим арзёбӣ карданд.

“Забон омили асосии рушду камолоти миллат аст” Таҳти ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маҳфили адабӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар он Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Наҳтулло Назаров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, намояндаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва донишҷӯёну устодони донишгоҳ иштирок намуданд. Аҳтам Абдуллозода иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, нақши забонро дар таҳкими давлатдорӣ муҳим арзёбӣ кард. Таъкид дошт, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдориро забон ташкил медиҳад. Аҳтам Абдуллозода аз таърихи забони модарӣ ва рушду инкишофи он дар давраҳои гуногуни давлатдорӣ ёдовар шуда, онро хеле қадимӣ ва забони бою ғанӣ унвон кард. Гуфта шуд, ки имрӯз низ забони давлатӣ ба меҳрубонӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват карда шуд, ки нисбат ба забони модарӣ эҳтироми хоса зоҳир карда, вориси ин забони бою ғанӣ бошанд. Зимни баромади хеш Гавҳар Шарофзода таъкид дошт, ки забони тоҷики ҳанӯз дар асрҳои 9-10 миллати тоҷикро ҷаҳонӣ карда буд. Номбурда изҳор намуд, ки баъзан аз ҷониби баъзе ҷавонон алфози қабеҳ садо медиҳад, ки ба забони тоҷикӣ хос нест. Дар чорабинӣ дигар иштирокчиён низ вобаста ба аҳамияти забон маърӯза намуда, таъкид доштанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ забони давлатӣ хеле рушду инкишоф ёфтааст. Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар васфи забон қироат карда шуда, маҳфили фарҳангӣ хотири ширкаткунандагонро болида гардонд.

Нигаронӣ аз фаъолияти сусти баъзе федератсияҳо 2 октябри соли равон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бо роҳбарони федератсияҳои варзишии мамлакат мулоқот кард. Аҳтам Абдуллозода фаъолияти федератсияҳои варзиширо мавриди таҳлил қарор дода, аз фаъолияти сусти баъзе аз онҳо изҳори нигаронӣ кард. Таъкид шуд, ки то имрӯз бештар аз 50 федератсияи варзишӣ бо кумита шартномаи ҳамкорӣ доранд, аммо ба назар мерасад, ки баъзе аз онҳо уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд. Гуфта шуд, ки фаъолияти федератсияҳои намуди ғайриолимпӣ нисбат ба намудҳои олимпӣ хубтар ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки ба намудҳои олимпӣ бештар афзалият дода мешавад. Ҳамзамон дар ин мулоқот аз саривақт пешниҳод накардани гузоришу ҳисоботи баъзе федератсияҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Раиси кумита аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи варзиш ёдовар гардида, изҳор намуд,

ки таъсиси Ҷоизаи Президент барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ шоҳиди ин гуфта мебошад. Аз роҳбарони тамоми федератсияҳои варзишӣ даъват шуд, ки ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои банақшагирифта, пешниҳод намудани варзишгарони беҳтарин ба мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ, одилона доварӣ намудан дар мусобиқаҳои варзишӣ ва дар маҷмӯъ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият табдирҳо андешида, ҳамкориро бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пурзӯр намоянд. Роҳбарони федаратсияҳои варзишӣ оид ба бокс, карате-до ва дигар иштирокчиён барои ҳамкории пайваста ба кумита арзи сипос намуда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва оммавӣ гардондани варзиш корҳои заруриро анҷом медиҳанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015


РУШДИ ТУРИЗМ

РОҲИ БЕХАТАР

Таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2015, №564 Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм таъсис ёфт. Он мақоми олии доимоамалкунандаи машваратӣ-ҳамоҳангсоз дар соҳаи туризм ба ҳисоб меравад. Шӯро барои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, субъекти хоҷагидори соҳаи туризм, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, меҳмонхонаҳо, савдои хӯроки умумӣ ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шакли моликияташон, ба пешниҳоди мол ва хизматрасонии туристӣ машғул мебошанд, таъсис ёфтааст. Барои ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳои туристӣ ва мусоидат намудан барои ҷалби туристон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ таъсиси шӯрои мазкур ва дар доираи он муттаҳид намудани ташкилотҳои (ассоситасия ва шӯроҳо) ҷумҳуриявӣ ва минтақавии туристӣ мувофиқи мақсад аст. Лозим ба ёдоварист, ки қаблан бо назардошти зиёд будани шӯроҳои мухталифи ҳукуматӣ, таъсиси шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар

соҳаи туризм аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ наёфта буд. Бинобар ин, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ масоили ҳалталаби марбут ба рушди саноати туристиро дар доираи Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ҳаллу фасл мекард. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки татбиқкунандаи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ба ҳисоб меравад, ниҳоят ба ин натиҷаи назаррас ноил гардид. Иқдоми наҷиб идомаи амалигардонии сиёсати дарҳои кушоди роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар самти муаррифии Тоҷикистони муосир ва кишвари осоишта барои саёҳату истироҳати туристони дохиливу хориҷӣ роҳандозӣ гардидааст. Шӯро дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

ҶАШН

Мавлоно - пуле миёни Шарқу Ғарб 30 сентябр бахшида ба Рӯзи Мавлоно дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ таҳти унвони “Ҷалолуддин Балхии Румӣ ва умури давлатдорӣ” конфронсии илмию амалӣ баргузор шуд. Лутфия Абдухолиқзода, ректори донишкада, иброз дошт, ки Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхии Румӣ яке аз чеҳраҳои тобони фарҳанг ва маънавиёти халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, мероси гаронмояаш пуле барои табодули фарҳанг ва дӯстии инсонҳо дар Шарқу Ғарб аст. Хайриддин Идиев, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов изҳор дошт, ки дар баробари арзишмандие, ки мероси Ҷалолиддини Румӣ дар арсаи фарҳанг ва адабиёт дорад, мақоми ӯ аз нигоҳи имрӯз дар чолишҳои сиёсӣ, инчунин андешаҳои фалсафие, ки марбут ба дарки ин замони муосир аст, арзишманданд. Зеро дар ҳар як мисраи осори ӯ на танҳо тақозои андешамандона рафтор карданро мебинем, балки дар баҳодиҳии ҳодисаҳо ва гиромӣ доштани арзишҳо дучор меоем. Яъне, андешаҳои фалсафии Мавлоно дар ҳар давру замон ҷойгоҳи махсус дорад. Зикр гардид, ки Ҷалолиддини Румӣ аз нобиғаҳои назми классикии тоҷик форсу буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун султони беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Бо ин ҳама маҳз тафаккури тасаввуф дар дохили ислом имконият додааст, то дар фарҳангу тамаддуни нотакрор по ба арсаи вуҷуд монад. Мероси адабии Мавлоно моломоли даъват ба таҳаммулпазирӣ мебошад. Дар хотима гурӯҳе аз донишҷӯёни донишкада аз эҷодиёти Мавлоно шеърҳо қироат карданд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Аз садамаҳои нақлиётӣ ҳар сол 1,3 млн нафар мефавтанд Имрӯз шумораи нақлиёти автомобилӣ дар мамлакат нисбат ба 10 соли пеш хеле афзудааст. Аз рӯи маълумоти Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти мамлакат то моҳи январи соли равон шумораи ҳама намуди воситаҳои нақлиёти рӯизаминие, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, 411 548 адад будааст. Ин шумора ҳар моҳ меафзояд. Миёни ронандагони нақлиёти автомобилӣ зиёданд, касоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, сиҳату саломат ба манзили мақсуд мерасанд. Мутаассифона, ронандаҳое ҳам вомехӯранд, ки бинобар сабуксарӣ (“бодигӣ”), кибр ва худнамоию шитобкориашон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ба ҷони худу дигарон хатар эҷод мекунанд. Аксари вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҷавонони 18-35-сола ташкил медиҳанд. Барои исботи гуфтаҳои боло аз маълумотномаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ чанд мисол меорем. Моҳи августи соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди деҳаи Тағояк бинобар бо суръати баланд ҳаракат кардан аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти тут бархӯрд. Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расид. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба тарафи шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, ба автомашинаи дигари тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Восеъ бархӯрд. Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и аввал, ҷавондухтари 17-солаи сокини ноҳияи Фархор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ронандаи автомашинаи тамғаи “ОпелАстра”-и дуюм ва мусофирони ҳар ду автомашина, духтарчаи 11-сола,

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015

навраси 15-сола, ҷавони 21-сола (сокинони ноҳияи Фархор), бонуи 26-сола (ноҳияи Шӯрообод) ва се нафар бонувони 21, 26, 49-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуданд. Сокини 27-солаи пойтахт моҳи сентябри соли равон ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба дарёи Фон афтод. Дар натиҷа ронанда ва мусофираш – сокини 25-солаи пойтахт дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд. Ин гуна мисолҳо зиёданд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳарсола дар натиҷаи садамаҳои нақлиёт ба ҳисоби миёна 1,3 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд. Илова бар ин аз 20 то 50 миллион нафари дигар ҷароҳат мебардоранд. Аксари онҳо ҷавонони 15-30-сола мебошанд. Аз рӯи маълумоти омор баъди бемориҳои дилу рагҳо садамаи нақлиёт яке аз омилҳои асосии марги ҷавонон ба шумор меравад. Баъзе ронандагони ҷавон бинобар баланд кардани суръат пиёдагардонро зер мекунанду ба ҷои расонидани ёрӣ аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд. Чунончӣ, 16 августи соли равон тавассути камераҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт “Шаҳри бехатар” дар пойтахт 2 ҳолати зер кардани пиёдагардон аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки ронандагон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ронандагони воситаҳои нақлиёти аз ҷойи ҳодиса фироркардаро муайян ва дастгир намуданд. Инҳо, ҷавони 26-солаи сокини пойтахт, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната” ва ҷавони 25-солаи сокини

пойтахт, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” мебошанд. Нисбат ба онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ронандаҳои ҷавоне низ ҳастанд, ки огоҳиву ҳушдори кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро нодида гирифта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд. Мутобиқи маълумоти Раёсати БДА-и ВКД-и ҷумҳурӣ, аз тарафи ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс S 500” аломати қайди давлатиаш 1111АН01 аз 4.11.2013 то 03.08 соли 2015 70 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир гардидааст, ки тавассути камераҳои “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд. Маблағи ҷаримаи маъмурии таъиншуда 18 270 сомонӣ ба буҷети давлатӣ гузаронида шуда, аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт Т. Ахмедов ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи ҷарима ба РБДА ВКД ҶТ пешниҳод гардид. Аз ҷониби воситаи нақлиёти тамғаи “ТайотаЛэнд Крузер” (8044ВН01) бошад, 83 далели вайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст. Соҳиби воситаи нақлиёти мазкур С. Хидиров ба маблағи 14 210 сомонӣ ҷарима супурда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро ба РБДА ВКД ҶТ супурд. Мувофиқи тадқиқоти СҶТ дар бисёр мамолики дунё ронандагони маст муҷозот шуда, маҳдудияти суръати ҳаракат, маҷбур сохтани бастани тасмаи бехатарӣ амал мекунад. Ҳамаи ин қоидаҳо бо мақсади пешгирии садамаву фалокатҳо пешбинӣ шудаанд. Агар ронандагону пиёдагардон новобаста аз синну солашон ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя кунанд, аксар фалокату садамаҳои нақлиётро пешгирӣ намудан мумкин хоҳад шуд. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

3


ТАНДУРУСТӢ

Саидаи 11-сола чанд рӯз боз ба дарди сар, пой ва нафастангӣ гирифтор шудааст. Беҳол менамуд ва ҳамроҳи модараш дар назди беморохона барои ташхиси духтур навбат мепоид. Ҳангоми суҳбат бо модараш маълум гашт, ки Саида 3 сол боз ба дарди сару пой ва агар иқлими ҳаво дигар шавад, ба нафастангӣ дучор мешавад. “Мо намедонистем, ки бемории ҷоғар ин қадар сахттаъсир аст. Фикр мекардем, ки синни гузариш аст. Акнун чанд вақт мешавад, ки беморӣ авҷ гирифта, зери манаҳи духтарам варам кардааст”, - мегӯяд модари Саида. Мутахассисон бемории ҷоғарро барои духтарон хеле хатарнок арзёбӣ карда, мегӯянд агар сари вақт пешгирӣ нашавад, метавонад дар оянда духтар соҳиби фарзанд нашавад ва ҳамчунин ба дигар бемориҳои вазнин дучор гардад. Ҷоғар ё худ варами ғадуди сипаршакли гулӯ аз зумраи бемориҳоест, ки сари вақт табобат накардани он ба дил, системаи асаб ва дигар узвҳои инсон таъсири бад мерасонад. Гарчанде ин беморӣ хусусияти сироятӣ надорад, аммо сол аз сол шумораи гирифторони ҷоғар дар кишвар афзоиш меёбад. Ихтисосмандони ғадудшинос иброз медоранд, ки хатари бемории ҷоғар на танҳо ба гирифтори ин беморӣ, балки ба наслҳои ояндаи ӯ низ таъсирнок аст. Моҳбегим Давлатмаҳмадова, духтури Маркази ҷумҳуриявии клиникаи индокринологӣ мегӯяд, ки бемории ҷоғар аз норасоии йод дар организми инсон сар мезанад: «Барои бемор бояд аз ҷониби духтурони бемории ҷоғар истифодаи намаки йоддор ва доруҳое, ки дар таркибашон йод вуҷуд дорад, тавсия шавад». Давлатмаҳмадова, ҳамчунин гуфт, ки ба бемории ҷоғар бештар кӯдакон, духтарон ва занҳои қобили таваллуд гирифтор мешаванд. Мавсуф илова мекунад, ки занҳо бештар ба ҳолатҳои гармоналӣ дар организмашон дучор мешаванд. Ҳангоми таваллуд ва дигар бемориҳои занона йоди дар бадан будаашонро гум мекунанд. Духтурон шиква мекунанд, ки занони ҳомила ба онҳо сари вақт муроҷиат намекунанд ва баъди ташхис маълум мегардад, ки зан гирифтори бемории ҷоғар ва дигар бемориҳост, ки метавонад ба саломатии тифли дар батн буда таъсири манфӣ расонад. Духтурон ба занони ҳомила тавсия медиҳанд, ки бояд ҳафт маротиба ба дармонгоҳ биёянд. Ҳангоми

4

мулоқот бо духтур зани ҳомила дар бораи ғизои худ, камхунӣ, барпо намудани тарзи ҳаёти солим, дигаргуние, ки дар бунияаш ҳангоми ҳомиладорӣ мушоҳида мешавад, аломатҳои хатарнок ва дигар бемориҳо маълумот бигирад. Ба гуфтаи масъулон, дар ҳамаи марказҳои солимии репродуктивӣ, ки дар назди марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо мавҷуданд, ҳуҷраи «Мактаби модар» бо мақсади омода кардани занон барои валодат вуҷуд дорад. Ҳамаи занон метавонанд, дар ин дарсҳо иштирок намуда, маслиҳатҳои зарурӣ бигиранд. Инчунин, табибон дарёфтаанд, ки дар ҷисми 70 фисади духтарони наврас норасоии йод мавҷуд аст. Ин ҳолат барои солимии ҷисми духтарон зараровар нест, вале метавонад минбаъд барои насли ояндаи онҳо хатар эҷод кунад.

ҳамеша аз саломатиаш шикоят мекард. Тавре қисса мекунад, онҳо дар як деҳаи шаҳри Роғун иқомат мекунанд. Беморхона аз манзили онҳо дуртар қарор дорад ва дар деҳот, ки занон бо кори хонаву саҳро бештар машғул мешаванд, фурсати ба беморхона рафтанро надоранд. Ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, то кунун ба масъалаи таваллуди кӯдакони норасид, беэътиноӣ шудааст вагарна дар сурати дидани чораҳои зарурӣ беш аз 75 фоиз аз як миллион кӯдаки норасидро, ки мемиранд, аз марг наҷот додан мумкин аст. Тавре гуфта мешавад, дар Покистон аз миёни ҳар 100 кӯдак 16 нафари онҳо норасид таваллуд мешудааст, ки болотарин нишондиҳанда дар ҷаҳон аст. Табибон низ сабаби асосии ба дунё омадани тифли

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба ташвиш овардааст, ки бори аввал ҳудуди 15 ҳазор кӯдак ба бемории ҷоғар ва 66 кӯдак гирифтори бемории қанд соли гузашта ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соле пеш дар умум 402 кӯдак ба бемории диабети қанд, 38 кӯдак гирифтори диабети беқанд ва қариб 15 ҳазор кӯдак гирифтори бемории ҷоғар будаанд. Тавре имрӯз мушоҳида мешавад, дар ҷумҳурӣ баъзан волидон бемории ҷоғарро ҷиддӣ қабул намекунанд ва мекӯшанд, ки бо роҳи худтабобаткунӣ ё дар назди табибони халқӣ онҳоро муолиҷа намоянд. Вале Моҳбегим Давлатмаҳмадова мегӯяд, ки бе-

иброз дошт, ки ҷоғарро тибби мардумӣ даво намебахшад. «Табибони мардумӣ бо гиёҳҳои гуногуни фоидабахш беморонро сиҳат мекунанд. Дар таркиби ин гиёҳҳо йод вуҷуд надорад ва ин бемориро табобат намекунанд. Бемории ҷоғарро танҳо духтурон бо доруҳои йоддор метавонанд табобат кунанд”. Ҷоғар яке аз бемориҳое мебошад, ки ягона роҳи пешгирии он йодкунии намак дар кишвар аст. Аз ин рӯ, дар сурати ба бозор роҳ ёфтани намаки бейод шумораи гирифторони ин беморӣ меафзояд. Сокинони кишвар бояд аз истеъмоли намаки бейод худдорӣ намоянд. Зимни харидории он аз дӯконҳо ба болои бастаҳои намак таваҷҷуҳ намоянд, ки навишта шудааст “Намаки коркардшуда ва йоддори ошӣ”. Яке аз роҳҳои са-

Кӯдаконро аз “панҷа”-и ҷоғар раҳонем! Соли 2014 15 ҳазор кӯдаки гирифтори бемории ҷоғар қайд шудааст.

Зеро йод дар инкишофи мағзи сари кӯдак дар батни модар нақши асосӣ мебозад. Хуршед, як нафар ҳамсуҳбатамон, ки ҳамсараш тифли норасид ба дунё меорад ва баъди чор моҳи беморӣ тифл мефавтад, сабабашро дар сари вақт нарафтан ба беморхона ва аҳамият надодан ба саломатии ҳамсараш медонад. Мавсуф мегӯяд, ҳамсараш гирифтории бемории ҷоғари гурӯҳи сеюм буда,

норасидро дар инкишоф наёфтани бачадон, ба бемориҳои сироятӣ гирифтор будани модар, кашидани сигор ва нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ, ҷоғар ва дигар бемориҳо медонанд. Бино ба иттилои расмӣ теъдоди гирифторони бемории ҷоғар дар Тоҷикистон зиёда аз 27 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки бештари ин маризон занон ва духтаронанд. Аммо ҳоло афзоиши бемории мазкур миёни кӯдакон

мории ҷоғар танҳо бо роҳи табобати духтурӣ муолиҷа меёбад, на бо роҳи табобати табибони мардумӣ. «Духтурон барои гирифторони беморони ҷоғар доруҳои йоднок, ки ба организми онҳо таъсири хуб мерасонад, тавсия мекунанд. Тибби мардумӣ бо кадом роҳ метавонад бемориро шифо бахшад, маълум нест», - мегӯяд Моҳбегим. Махсуми Одина, табиби мардумӣ низ суханони болоро тасдиқ намуда, зимни суҳбат

мараноки ҷилавгирӣ аз норасоии йод ва бемории ҷоғар низ истеъмоли намаки йоддор мебошад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт инсон бояд дар як шабонарӯз тақрибан 6 грам намак истеъмол намояд. Танҳо истеъмоли намаки йоддор имкон медиҳад, ки худ ва кӯдаконро аз панҷаи бемории ҷоғар раҳо намоем. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015


ПУРСИШ

ЗАБОН ДОНӢ - ҶАҲОН ДОНӢ

Бекорӣ, бетахассусӣ...

Чанд мушкили асосии ҷавонони Бадахшон Дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ба наслҳои имрӯз ҳар гуна рӯйдодҳо асар мекунанд. Бинобар ин монеаҳое садди роҳи ҷавонон мешаванд, ки муддатҳо ҳалли худро намеёбанд. Дар натиҷа ҷавонон ба мубҳамиҳои ваҳиме бармехуранду намедонанд аз кадом ҷониб дастгирӣ ёбанд. Бо ин ҳадаф чанд нафар ҷавони касбу кори гуногуни ВМКБ оид ба мушкилоти ҷавонон андешаҳои худро чунин баён доштанд:

Шаҳнавоз МУҲАББАТШОЕВ, рӯзноманигори ҷавон: - Агар ҷавонон бештар ба корҳои ҷамъиятӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ ҷалб шаванд, албатта маънавиёти онҳо ҳам пайваста инкишоф меёбаду фаъолияти онҳо дар ҷомеа арзанда хоҳад гашт. Имрӯз тамоми имкониятҳо мавҷуданд, ки ҷавонон ҳамсоли роҳу усулҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратро рӯи кор биёранд. Онҳо метавонанд бо ин васила пеш раванд ё таклифу пешниҳодашонро ҷиҳати ҷалб шудан ба ягон намуди фаъолият тариқи ашхоси воқеӣ, идороти дахлдор бирасонанд. Аммо паҳлӯи заъфи масъала он аст, ки баъзе ҷавонони мо аз саҳм гузоштан дар корҳои ҷамъиятӣ канорагирӣ мекунанд. Ё он аъмолеро, ки ба манфиати шахсӣ ва ояндабинии онҳо равона шудааст, аз корҳои ҳақир мешуморанд. Ба ибораи дигар, худ пушт ба дарахт такя мекунанду пайваста чизеро ё касеро айбдор мешуморанд. Вале ин рафтор ба ҳеҷ ваҷҳ пазируфтанӣ нест.

Сураҷ ЧОРШАНБИЕВ, директори Маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ; Агарчи имрӯз тарғиби ҳаёти солим яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор мераваду саҳми ҳукумату давлат ҳам дар

иртибот бо он назаррас аст, аммо ҳоло ҳам теъдоди зиёде аз ҷавонони вилоят даст ба нашъамандию нашъаҷалобӣ мезананд. Инчунин, носкашиву тамокукашӣ, истеъмоли машруботи спиртӣ ва дигар одатҳои номатлуб байни ҷавонон бисёр шудааст. Ҳаррӯза шоҳиди чунин ҳолатҳо мешавем. Яъне ин масъала проблемаи рӯз буда, ба он бояд беш аз пеш аҳамият дода шавад. Мушкили дигар дар самти тақвият наёфтани маҳорати сарварӣ ва норасоии кадрҳои талаботи замон дар вилоят аст. Дар воқеъ ҷавононе, ки аслан бояд фардои ҷомеаи солимро нерӯи тоза бахшанду созанда ва бунёдкор бошанд, пеш аз ҳама бояд тариқи идеологияи нав худро муаррифӣ кунанд, то наслҳои ояндаро барои беҳзистиву бардамӣ ҳавасманд карда тавонанд. Лекин то кунун шумораи чунин афрод бениҳоят кам аст.

Юсуф НАЗАРХУДОЕВ, сарвари ташкилоти ҷавонони Шӯрои маҳаллӣ: - Дар ҳолати кунунӣ ҷавонон мушкилоти беш доранд. Онҳо барои пайдо кардани роҳи ҳалл беҳад танқисӣ мекашанд. Албатта ҷавононро на дар фазои зоҳирӣ, балки бо равиши маънавӣ ҷонибдорӣ кардан лозим. Имрӯз чунин давронест, ки бахусус ба ҷавонон ҳар гуна зуҳуроти замон асар мекунанд. Нахуст проблемаи бекорӣ аз мушкилоти рӯзмарра аст. Дар баъзе хонаводаҳо агар гирем аз худи волидон сар карда, то фарзандон ҳама бекоранд. Худи бекорӣ дар ҳудуди оилаҳо низоъҳоро

ба вуҷуд меорад. Аз он пас кашмакашиҳои оилавӣ ба маҳал гузашта, ҳамин хел доманадор шудан мегиранд. Яъне, пеш аз ҳама ҷавонон бояд бо ҷои кор таъмин шаванд. Баъдан барои шуғли доимии онҳо бояд чораандешӣ шавад. То онҳо воқиф гарданд, ки тарзи дурусти беҳзистии инсон тамоман ранги дигар дорад. Даврони шӯравӣ дар маркази вилоят театрҳои фарҳангӣ, синамо ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ мувофиқи матлаб роҳандозӣ мешуданд, ки ҷавонон ҳамеша ба ин ё он машғулият банд буданд. Имрӯз ҳам лозим аст барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам овард, то онҳо воқеан ба коре шуғл дошта бошанд.

Подшохоним АБДУРАҲМОНОВА, самутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят: - Дар ҳолати кунунӣ дараҷаи тахассуси ҷавононро баланд бардоштан лозим. Ҳарсола теъдоди ангуштшуморе аз ҳисоби онҳо барои такмил додани маълумоти касбӣ ба хориҷ аз кишвар мераванд. Мутаассифона, худи онҳо ҳам ба ин раванд рағбати нокифоя доранд. Ба фикри банда агар барои чунин кор ақалан дар дохили ҷумҳурӣ шароиту имконот фароҳам оварда шаванд, баманфиат хоҳад буд. Яъне ҷавонони Бадахшон ба дигар манотиқи кишвар раванду дигарон ба вилоят биёянд, бо ин васила метавон сатҳи маълумотнокии на танҳо ҷавонони вилоят, инчунин дигар минтақаҳои ҷуҳуриро низ такмил дод. Рашид ХУҶАОРИФОВ, сарвари ташкилоти «Маърифат»:

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015

- Пеш аз ҳама, дар вуҷуди ҳар як наврасу ҷавон шавқро, масалан ба касбомӯзӣ бедор созем. Онҳоро ба касбомӯзӣ ҳавасманд намуда, одати бекор гаштанро дар хулқу рафторашон тағйир диҳем. Яъне ин ҳамон ҳолест, ки табиб нахуст дарди беморро ба воситаи таҳқиқу муоина муайян месозад, сипас, ки дардро муайян кард, дар вақту давраҳои муайян ба муолиҷа мепардозад. Баъдан боз беморро аз муоина мегузаронад, ки оё воқеан беҳбудӣ ҳаст ё нест. Пас агар пешравӣ бошад, усули кор қобили қабул аст. Бинобар ин, ҳамаи дардҳои ҷавонон бояд пеш аз ҳама ошкор шаванду баъдан муолиҷа. Вазъи феълии маърифатнокии ҷавонону наврасон ба шароит ва муҳити кунунӣ хеле вобастагӣ дорад. Ҳозир бо онҳое, ки мо кору фаъолият дорем, воқеан ҳам тавсияҳо, тарбия ва гуфтори моро қабул мекунанд. Яке аз рамзҳои маърифатнокӣ маҳз ҳамин аст, ки тарбиятгирандагон ҳарфи моро мепазиранд. Аммо дараҷаи бемаърифатӣ ва коҳишёбии онро аз ҷониби баъзе ҷавонон метавон пеш аз ҳама бо як эҳсоси ноумедӣ нисбат ба ҳаводиси давр маънидод намуд. Яъне гап сари он меравад, ки баъзе ҷавонон сари дуроҳа қарор доранд. Ноумеданд. Аммо мушаххасан аз чӣ? Шояд ноумедӣ пеш аз ҳама аз худи баъзе таълимгоҳҳо маншаъ мегирад ва ҳозир дар он дарсҳо бо кадом усул таълим дода мешаванд!? Ё омӯзгорони ҷавони макотиб то чӣ андоза шавқи толибилмонро нисбат ба саводнокиву маърифат бардошта метавонанд?! Дар даврони шӯравӣ, агар гирем, мактабҳо мувофиқи талаб хонандагонро ба хонишу истеъдод ҷалб намуданд. Дар он вақтҳо корҳои амаливу лабараторӣ, маҳфил ва кружокҳои беруназсинфӣ зуд-зуд доир мегаштанд. Паҳлӯи дигари масъала он буд, ки ҳаққи маоши омӯзгорон ҳам қонеъкунанда буд... Таҳияи Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

Далер Ёқубов:

Ба ҷавонони имрӯза ҳасад мебарам Далер Ёқубов соли 1974 дар деҳаи Турдибобои ноҳияи Ҳисор дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1997 факултаи химияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо комёбиҳо ва ихтирооти илмӣ ба фарҷом мерасонад. Сипас, ба мактаби №13 омада, ба ҳайси муаллими химия ба фаъолият оғоз мекунад. Аз соли 2007 ҷонишини директор оид ба тарбия аст. Ӯ мутахассиси хуби соҳаи химия ва метематика мебошад. Дар баробари донистани илмҳои дақиқ Далер Ёқубов ҳамчунин донандаи панҷ забони хориҷӣ - русӣ, англисӣ, туркӣ, узбекӣ ва пашту мебошад. Ба ҳавасмандон забонҳои хориҷӣ меомӯзад. Суҳбати мо бо омӯзгор аз боби омӯзиши забонҳои хориҷӣ сурат гирифт. - Ба Шумо чӣ гуна муяссар шуд, ки фанҳои дақиқ ва панҷ забони хориҷиро аз худ намоед? - Ҳангоми таҳсил устодон тавонистанд дар дили мо шогирдон, меҳру муҳаббатро нисбат ба омӯхтани илм, хусусан ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ бедор созанд. Ман аз устодон Шарифхон Мирзоев, мутаххасиси забоншинос шодравон Умар Амониддинов, омӯзгори фанни география, Солеҳ Расулов ва чанди дигар сипосгузорам. Имрӯз, ки худ омӯзгорам, кӯшиш мекунам бо ҳамон тарзе, ки устодон ба мо таълим доданд, ба насли наврас таълим диҳам, балки барои фанҳои дақиқу забонҳои хориҷиро омӯхтанашон пайваста ташвиқ мекунам. - Айёми донишҷӯиатон чӣ гуна буд? Кадом мушкилиҳо сари роҳ буданд ва оё чунин мушкилотро мушоҳида мекунед? - Донишҷӯии мо ба солҳои вазнин рост омад. Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ мегузашт. Амният таъмин набуд. Шукр, ки имрӯз кишвар тинҷ асту дар амон. Ба кадом гӯшаи кишвар мехоҳед сафар кунед, касе ба амнияти шумо таҳдид намекунад... Ҷавононро дар хиёбону кӯчаҳои Душанбе дида, ҳасад мебарам, чунки мо ба ин ҳад имкони озод гаштану фаъолият кардан надоштем. Шодам, ки ҳоло ҷавонон мушкилиҳои вазнини солҳои навадумро надоранд. Ин оромию осоиштагӣ аз ҳар як ҷавон талаб мекунад, ки ба қадраш бирасад. Ба қадраш расидан ба маънои он, ки аз ҷавонии худ, аз вақт самаранок истифода барад. Забон омӯзад, илми муосирро аз худ кунад. Кӯшиш кунад, ки бо ҳамсолони худ аз гӯшаҳои дигари сайёра ҳамқадам бошад. Имрӯз имконияти ҷавонон нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд шудааст. Дар давраи илмомӯзии мо дар ҷумҳурӣ ҳамаги 6-7 мактаби олӣ буд. Имрӯз бошад дар кишвар теъдоди муассиаҳои олии таълимӣ беш аз 30 адад аст. Инчунин, ба бахти ҷавонон китобхонаҳои зиёде ифтитоҳ шудаанд. Таҳсили ҷавонон дар хориҷ аз кишвар низ яке аз бартариятҳои онҳо дар замони истиқлолият аст. - Аз бартариятҳо ёдовар шудед. Аммо то чӣ андоза метавонад сатҳи дониши ҷавонон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад? - Ин масъала аз проблемаҳои мубрам барои мутахассисони соҳаи маориф аст. Барои ин масъала хизмати маориф ва муаллимон басандагӣ намекунад, падару модаронро низ лозим аст, то фарзандонашонро ба омӯзиши ҷиддӣ раҳнамоӣ кунанд. Дар ин сурат метавонем мисли давлатҳои хориҷӣ мутахассисони соҳибтаҷриба омода намоем. - Майлу рағбати наврасону ҷавонон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ чӣ гуна аст? - Ҷавонони ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бетафовут нестанд. Аммо ҳангоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо мушкилиҳои зиёд дучор мешаванд, яке аз мушкилиҳо вазъи пасти иқтисодии ҷавонон мебошад. Албатта, ягон кор бе душворӣ намешавад, касоне, ки ба омӯзиш мепардозанд, бояд заҳмати зиёд кашанд, то ба қуллаи мақсуд бирасанд. Ба ҳар сурат, ман ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки дар баробари омӯзиши забони модарӣ ва илмҳои дақиқ ҳатман ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ бипардозанд. Мусоҳиб Бахтовар АМИНЗОДА, “ҶТ”

5


МУШКИЛИ ДОИМӢ

Ба ҷои 33 шумо метавонед рақами дилхоҳ хатсайрро гузоред. Зеро ин ибораест, ки имрӯзҳо аз забони пулчинакҳои нақлиёти мусофирбарӣ дар пойтахт шунида мешавад. Шумо бо ворид шудан ба дохили нақлиёти мусофирбар шоҳиди дар ҳолати бад ё ногувор қарор доштани мусофирон мегардед. Яъне, нақлиёт пур аз мусофир асту баъзе мусофирони солхӯрда аз нарасидани ҳаво маҷоли ҳарф задан надоранд. Барои нафаре, ки дар охири нақлиёт нишастаасту навбати фаромаданаш расидааст, камаш 3 то 5 мусофир аз нақлиёт мефарояд. Ҳамин ки аз мусофирбари пур як нафар пиёда шуд, дарҳол ҳамон ибора садо медиҳад: “Биё, холӣ аст“. Баробари шунидани садои пулчинак ё ронанда баъзе мусофирон, ки ба танг омадаанд, эътироз мекунанд: “Канӣ ҷои холӣ, инсоф дорӣ ё не?” Аммо ин суханҳоро пулчинак “намешунавад” ва такроран мусофир фарёд мекунад. Охир, пул кор карданаш даркор.

“Биё, 33-и холӣ!”

Бечора мусофирон чунон ҷафс ҷойгиранд, ки бӯи бадани яке ба дигаре омехта ҳавои вазнини дохили нақлиётро вазнинтар мегардонад. Аммо мусофироне, ки ҷояшон, ба қавле роҳат аст, парвои дигарон надоранд. Ин ҳол хеле вақт аст, ки давом дорад ва зоҳиран касеро аз масъулин кореву парвое нест! МОРО КӢ МАҶБУР МЕКУНАД РОНАНДА Ё ПУЛЧИНАК? Мутассифона, ин ҳама камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ то андозае ба маданияти худи мусофирон ҳам алоқаманд аст. Зеро мебинем, ки нақлиёт пур аст, аммо сарсахтӣ карда мешинем. Нақлиёт, ки ҷои нишаст надошта бошад, бояд нашинем! Интизор шавем, ҳатман нақлиёти холӣ омада мерасад. Охир, шаҳр пур аз нақлиёти мусо-

фирбар аст! Бовар дорам, ҳар кас мехоҳад пагоҳӣ бо табъи болида ба коргоҳ ворид шуда, рӯзашро хуш гузаронад. Аммо рӯзе нашудааст, ки бо табъи болидаю вақти хуш вориди коргоҳ шуда бошам. Ҳар субҳ шоҳиди ҷанҷолу нофаҳмии байни ронандаю мусофир ё пулчинак мешавем. Гоҳе ҷанҷол барои аз меъёр зиёд гирифтани мусофир мешаваду гоҳе барои зиёд истодани ронанда дар роҳ. Бисёри вақт ин ҳолат касро ба кӯи ноумедӣ мебарад. Беихтиёр мегӯем: мерасад он рӯз, ки нақлиёти ҷамъиятии мо баробари ҷойи нишасташ мусофир бигирад? ПУЛЧИНАК ВА МУСОФИРОН Сабаби дигари ҷангу хархашаи дохили нақлиёти мусофирбар муомилаи бади пулчинакҳо нисбат

ба мусофирон мебошад. Аксари пулчинакҳо кӯдакони ноболиғанд ва ё болиғанду беодоб. Не одоби муошират медонанду не эҳтироми калонсол. Ҳолатҳое ҳам мешавад, ки калонсолон ба қавле бо пулчинак сар ба сар мешаванд. Инчунин, дар бисёр нақлиёти мусофирбар мусиқиро баланд мемонанд, ки на ба ҳар кас мефорад. Садои баланди мусиқӣ боис мегардад, ки ронанда мусофирро нашунида, ӯро аз ҷои зарурӣ хеле поёнтар мефарорад. Масалан, боре пулчинаки хатсайри 33 ба ҷониби зани пиронсоле, ки даъво дошт, аз кор дер мемонаду ронанда дар роҳ камтар истад, чунин посух дод: “Хола, як сомонӣ медиҳиву қадри 1000 сомонӣ ғам медиҳӣ”. Бори дигар дар ҷавоб ба шикояти модаре, ки мегуфт ӯро аз ҷои даркорияш гузаронда бурданд, пулчинаки

хатсайри 5-А чунин гуфт: “Э, ина фро дафъша, иқа занаки зқоқӣ бдай!” Ронанда ҳам афзуд: “Чанд бор гуфтум ҳамитари беваҳои шатоҳа нагир!”... СӮИСТИФОДА АЗ ЭҲТИРОМИ ҶАВОНОН Сабаби дигари аз меъёр зиёд мусофир гирифтани нақлиёти ҷамъиятӣ эҳтироми ҷавонон аст. Аксари калонсолон дидаю дониста дар нақлиёте, ки ҷои нишаст надорад, ба умеде, ки ҷавонон ба онҳо ҷой медиҳанд, менишинанд. Вале камтар меандешанд, ки ҷавонон низ барои ҳамон ҷой роҳкиро медиҳанд. Хеле кам аст, ки дар нақлиёт ҷавонон нишаста бошанду калонсолон рост раванд. Ин боис шудааст, ки мусофирбарҳо аз ҳад зиёд мусофир бигиранд. Аз ин ҳурмати ҷавонон пулчинакҳо низ сӯистифода намуда, калонсолонро мегӯянд: “Биё тағо, шербачаҳо ҷоят медиҳанд”... Боз одоби як пулчинаки аз таълим дурмондаро дида тамоми ҷавононро бад мегӯянд. Ҳол он ки ҳамон ҷавон низ аз беназоратии падару модараш ва набудани шароити зиндагӣ ба чунин корҳо машғул мешаваду эҳтиёҷ ба таълиму тарбия дорад. Хонандаи азиз, ҳоло як бор аҳволи дохили нақлиёти ҷамъиятиро пеши назар биёр. Бешубҳа, хеле нигаронкунандаву дилхарош аст. Бегонагон ин аҳволро дида ба мо механданд. Аммо ронандаҳо ба ҷуз фоидаашон чизи дигареро намендешанд. Афсӯс. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”

ҶОМЕА Сабрина Ниёзова имсол мактаби миёнаро хатм кард. Ҳамеша орзу дошт, ки баъди хатми мактаб ба ягон донишгоҳ ё донишкада дохил шавад. Азбаски волидон таҳсилнодида буданд, нахостанд фарзандашон таҳсил кунад. Дар вақти суҳбат Сабрина бо нигаронӣ иброз дошт, ки то ҳол падару модараш ақидаи куҳна доранд ва монеи таҳсили ӯ гаштаанд. “Ба ақидаи волидонам гӯё духтар хонад, беҳаё мешавад. Аммо ман фикр дорам, ки зани бошараф, донишманд, зане, ки худу номуси худро қадр мекунад, асло роҳи каҷро интихоб намекунад”. Тибқи мушоҳида дар деҳаҳои дурдасти кишвар духтароне, ки баъди хатми мактаб ба шавҳар дода мешаванд ё дар ҷое таҳсил намекунанд, кам нестанд. Чанд фисаде аз онҳо кӯшиш мекунанд барои соҳибмаълумот шудан ба макотиби олӣ дохил шаванд, вале волидон сади роҳашон мегарданд. Ин дар ҳолест, ки дабири кул-

6

Духтар хонад, беҳаё мешавад? ли СММ Пан Ги Мун дар рӯзи байналмилалии “Мубориза бар зидди бесаводӣ” гуфт, дар сайёраи Замин 750 миллион нафарони болиғ бесаводанд ва аз 3,2 ҳиссаи ин шумораро занҳо ташкил медиҳанд. Тибқи омори расмии кишвар соле қабл ҳудуди 30 фоизи духтарон аз таҳсил дур мондаанд. Ғолибан, дар навоҳии дурдасти кишвар баъд аз синфи панҷ ва нуҳ духтарон тарки мактаб мекунанд. Он гурӯҳи духтарон, ки бо талаби волидон тарки таҳсил мекунанд, бармаҳал оила-

дор мешаванд... Мутассифона, аксари маврид ҳамин таҳсилнодида ё бесавод будани занон мушкилиҳои ҷиддиеро дар ҳаёти оилавӣ дар ҷомеаи мо ба бор овардааст. Чунончи масъулини умури занон таъкид медоранд, синну соли ҷавону камтаҷрибагӣ тайи чанд соли охир яке аз сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳо мебошад. Ҳамин буд, ки бо пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар синни издивоҷи духтарон 19-сола муқаррар шуд.

Маҳбуба Азимова, мудири бахши иттилоотии Кумита кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар мегӯяд, ки аз таҳсил дур мондани духтарон нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфтааст. Яъне тибқи омори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ танҳо 145 нафар духтарон аз таҳсил дур мондаанд, ки ин нисбат ба солҳои пеш хеле кам аст. Ба гуфтаи мавсуф, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши занон аз ҷониби мақомоти дахлдор тадбирҳо сурат гирифта, онҳо дастгирӣ меё-

банд. - Он ҷавондухтарон ё он ҷавононеро, ки дар давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ шаҳодатномаи таҳсил гирифта натавонистаанд ё аз таҳсил дур мондаанд, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мактабҳои шабона таъсис дода, ба таҳсил фаро мегирд.ёдовар мешавад М. Азимова. Воқеан, бештари занон аз бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат, ноогоҳии ҳуқуқи худ дар зиндагӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шуда, мавриди хушунат қарор мегиранд. Бо назардошти мушкилоти мавҷуда соли равон дар макотиб дарси маърифати оиладорӣ ҷорӣ шудааст. Акнун, бояд ҳамаи мо, хусусан волидон аз мушкилоти ҳаёти оилавии духтарони ҷавон, ки бештари маврид ба зарбу лату хушунати хонаводагӣ, вайроншавии оилаҳо ва ҳатто то ба марг рафта мерасад, ибрат гирем. Ибрат гирему ҳамвора талош бар он кунем, ки духтаронзанони ояндаро аз вартаи бесаводӣ раҳо созем. Нагузорем, ки бесавод монанд, чунки бесаводии зан далели бесаводии ҷомеа, далели заволи ҷомеа ва бадномии миллат аст. Шахсони босаводу таълиму тарбиятгирифта ҳаётро сабзу хуррам ва шукуфон мегардонанд. Одамони бесаводу бемаърифат- тираву тор. Зимнан, таҳсил кардану соҳибмаълумот гаштан беҳаёӣ нест. Нахондану ҷоҳил мондан асли беҳаёӣ мебошад!

Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015


ҶАШН

Меҳргон – иди файзу баракат Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи тоҷикон буда, ба фасли тирамоҳи заррин, тирамоҳи бофайзу баракат рост омада, дар моҳи октябр таҷлил мегардад. Иди Меҳргон меҳри модар, меҳри диёр, меҳри офтобу замин ва меҳру муҳаббати одамон ба табиатро ифода мекунад. Он иди рамзиест, ки деҳқон ҳосили парваридаашро дар ин фасли зебои сол - тирамоҳи заррин ҷамъ меорад. Зимнан, хуррамии ҷаҳон, боғу бӯстон, нозу неъмат, гулу гулистонҳо ҳосили дасти деҳқон аст. Деҳқон барои зинда мондану зистани одамон дар олами ҳастӣ, шабу рӯз заҳмат мекашад. Меҳри ватану офтобу зиндагиву замин марди деҳқонро ором намегузорад ва ба меҳнати софдилона ҳидоят мекунад. Ӯ тамоми фасли сол заҳмат мекашад, ба хотире ки ҳосили фаровон гирад ва зиндагии мардум ширину гуворо ва хонаш пур аз нону неъмат бошад. Нақл аст, ки шоҳ Фариддун дар сари аввали моҳи Меҳр, яъне октябр тоҷ бар сар ниҳода, подшоҳ шуд. Халқ ӯро нагункунандаи шоҳи ситамгар ва озодбахш аз салтанати бегонагон медонистанд. Бо ёди ғалаба бар истилогарон ва озод шудани кишвар аз ситамгарони аҷнабӣ рӯзи тахтнишинии Фаридун сари моҳи Меҳр рӯзи муборак дониста шуд. Шоҳ тамоми халқро дар ин моҳ ба кишту кори замин, ба коштани тухми гандум даъват кард.

ХАБАРИ РӮЗ

ҲНИТ-ро тарк кунед, аз ҷавобгарӣ озодед Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо пахши баёния гуфтааст, афроде, ки довталабона Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро тарк мекунанд ва баъд аз мамнуъ шудани он ҳамкориашонро идома намедиҳанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб нахоҳанд шуд. «Онҳое, ки ҳуҷҷати аъзогии ҳизбро доранд, бояд ба ниҳодҳои вазорати адлия дар маҳалҳо бо аризаи хориҷшавӣ аз сафи ҲНИТ муроҷиат намоянд», - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ. Дар ҳамин ҳол, ВКД аъзои ҲНИТ-ро огоҳ кардааст, ки идомаи фаъолият дар ин ҳизб, узвият, таъсиси ниҳодҳои нави ҳизб ҷавобгарии ҷиноиро дар пай дорад. Бо қарори Суди олии Тоҷикистон аз 29 сентябр ҲНИТ созмони террористӣ эълон гардид.

Халқ шиори «Замин инсонро мехӯронаду мепӯшонад ва ба оғӯши худ мегирад»-ро пешаи худ карда, ба кишту кор баромаданд. Шоҳ ба ин роҳ тавонист давлати дар зери ҷанг нобудшударо аз нав бунёд намояд ва халқ ӯро ҳамчун шоҳи ободкору ватандӯст қабул карданд. Аз ин хотир рӯзи тахтнишинии шоҳ Фариддун сари моҳи Меҳр рӯзи муборак дониста шуда, иди Меҳргон ном гирифт. Таҷлили иди Меҳргон дар замони Шӯравӣ ва пас аз Шӯравӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон то андозае камранг шуда буд. Вале баъди ба сари давлату миллат омадани Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон дубора эҳё шуд. Яъне президенти мо амалеро иҷро кардаанд, ки дар асрҳои пешин ниёкони мо ин корро анҷом дода буд. Ҳамчунин ба шарофати ин ҷашн маҳсулот дар бозори мамлакат фаровон шуда, таъмин сохтани соҳаи кишоварзӣ ва босамар

истифода бурдан аз обу замин роҳандозӣ мегардад, ки ин албатта аз аҳамияти зиёд бархӯрдор аст. Илова бар ин дар Тоҷикистон дар солҳои охир бо иқдоми Ҳукумат ва махсусан Сарвари давлат ҳар ваҷаб замин ба халқи меҳнаткаши тоҷик тақсим шудааст, ки мардум дар заминҳо (хоҷагиҳои деҳқонӣ) содиқона меҳнат карда ризқу рӯзиашонро ба даст меоранд. Аз ин рӯ, дар ин авохир мардуми тоҷик ба ин маросим рӯ оварданд. Ба гуфтаи устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Меҳргон иди ҳосил аз замони шоҳ Фариддун 8-уми октябр дар байни сокинони дунё ҷашн гирифта мешавад. Донишҷӯён ва устодони ДАТ, ба номи Ш. Шоҳтемур Меҳргонро бо тантана ҷашн мегиранд... Иди Меҳргонро ба мардуми кишвар муборак мегӯем! Замира БЕРДИҚУЛОВА, омӯзгори Донишгоҳи аграрӣ

Бибиотунҳо шомили «гурӯҳи хатар» шуданд Мақомоти кишвар пешниҳод карданд, ки фаъолияти «бибиотунҳо» - занҳое, ки дар маросимҳои ҷашну сур ва мотам дар мавзуҳои динӣ суҳбат мекунанд, манъ шавад. Мақомот бар ин бовар аст, ки созмонҳои террористӣ тавассути «бибиотунҳо» ақидаҳои худро миёни занҳо паҳн мекунанд. Ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳангоми баромадаш дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ изҳор дошт, ки ҳама навъи тарғиби бибиотунҳо дар маросимҳои мардум бояд манъ карда шавад. Ба гуфтаи Раҳмонзода, солҳои охир шумори бибиотунҳо дар кишвар афзудааст ва онҳо бе мамониат дар маросимҳо амри маъруф мекунанд. «Баъзан намояндагони Ҳаракати исломии Узбекистон тавассути ин гуна занҳо сиёсати худро тарғиб мекунанд. Мо бояд нисбат ба ин масъала ҷиддӣ рафтор кунем ва аз ин амалҳо пешгирӣ намоем», - изҳор доштааст А. Раҳмонзода.

СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА

Ба ҳамагон маълум аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар саросари кишвар ҳамовозӣ ёфта, қабул гардид. Мутассифона, то ҳол волидон на дар иҷрои ҳама паҳлуҳои он масъулият ҳис мекунанд. Бахусус, мушоҳида мешавад, ки банди 8-и қонуни мазкур зиёд сарфи назар мешавад. Дар ин банд омадааст, ки волидон бояд “ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд”. Бале, маҳз номи нек! Тамоми мавҷудоти рӯйи дунё соҳиби номанд, аниқтараш инсон ба онҳо ном ниҳодааст. Ҳар як ном мазмуну маънои хос дорад. Дақиқтараш, бояд ҳар ном соҳиби маънову мазмуни хуб бошад, ки ба гӯш форам расад. Давоми фаъолияти омӯзгориам борҳо шоҳиди ҷангу хархашаи шогирдон шудаам, ки яке дигареро ба хотири номаш таъна ё масхара кардааст. Ба

Фарзандро Ҷорӯб ном надиҳем

хотири номе, ки оҳанги истеҳзо ё масхара доштааст. Ё ба ибораи дигар номи номуносиб будааст. Чаро волидон қабл аз номгузорӣ ва тасдиқи номи фарзандашон ба маънои он намеандешанд? Оё фикр намекунанд, ки исми номақбулу номуносиб ва бемаънӣ дар оянда боиси нороҳатии фарзанди азизи онҳо мегардад? Бешубҳа, фарзандоне, ки номҳои номуносиб до-

ранд, на танҳо ба нафароне, ки онҳоро таънаву масхара кардаанд, балки ба волидонашон ҳам барои ба онҳо исми хуб нагузоштанашон нафрату бадбинӣ мекунанд. Шунидани номи зебову пурмазмун ва хушоҳанг ба шунаванда ҳаловат мебахшад. Соҳиби номи хушоҳанг низ аз шунидани исмаш руҳбаланд мешавад. Баракси ин шунидани номҳои нохушоянд

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015

соҳибонашонро дар кадом ҳолат қарор медиҳад, маълум аст. Албатта, барои шунавандагон хандаовару барои соҳиби ном шармовар. Мо, ки вориси миллати бофарҳанг, соҳиби таъриху тамаддуни куҳан ҳастем, набояд нисбат ба номгузории фарзандони худ беаҳамият бошем, ба онҳо номҳои дурушту дағал интихоб кунем. Чунки саҳлангории мо дар ин ху-

сус, метавонад кӯдакро тамоми умр зери таънаву масхараи атрофиёну ҳамсолонаш қарор диҳад. Барои миллате, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузург барин шоҳасар дорад, айб аст, ки номи зебо наёбад! Мо имрӯз сокинони замони нави сайёраем ва набояд дигар дар ҳеҷ масъала бе таҳлили амиқ хулосагирӣ намоем, аз ҷумла дар интихоби номи азизон. Номи паррандаву даррандаҳо, ҳашароту ҳодисаҳои табиӣ, номи асбобу анҷоми рӯзгор аз қабили майнаву мӯсича, гургу шағол, малаху мӯр, сангу кулӯх, зилзила, табару хаскашу хоркаш ҷорӯб ва ғайраҳоро нагузорем ба фарзандонамон. Волидони азиз, бигузор номҳои интихобкардаи шумо ифодакунандаи армони шумо гардад ва исми интихобкардаи хушоҳангу пурмазмунатон ба ҷисми қимати ворисони ояндаи шумо ва миллати сарбаланд мувофиқ бошад. Идигул ҚАЛАНДАРОВА, омӯзгори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

7


МАОРИФ

Ҳисси ватандӯстиро чӣ тавр бедор кунем? Ман омӯзгори ҷавонам. Бисёр вақт оид ба масъалаҳои методика, таълим, асрори касб аз ҳамкасбон пурсон мешавам. Шогирдон бошанд, дар навбати худ аз муаллимони ҷавон мекӯшанд чизи нав омӯзанд. Се гавҳари бебаҳо: Ватан, модар ва Тоҷикистонро мехоҳам бо меҳр дар дили шогирдон ҷо намоям. Аксаран аз онҳо пурсон мешавам: “Оё шумо Ватан, модар ва Тоҷикистонро дӯст медоред ва ин вожаҳоро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Ватандӯстии шумо дар чӣ зоҳир мегардад? Киро ватандӯст мегӯянд?” 35 дақиқа. Дақиқаҳои пурқимат, бешумор, 35 нафар чашмакон ба ман нигарон. Ман ҳис мекунам, ки аллакай онҳо заҳмати зиёд ба дӯш гирифтаанд. Дастҳои шогирдон паси ҳам бол мешаванд. Шараре дар дили ман мавҷ мезанад. Олами эҳсоси кӯдакона маро ба худ ҷалб мекунад. Яке аз хонандагон, ки Меҳроб ном дорад, чунин посух мегӯяд: Ман калон мешавам, Қаҳрамон мешавам. Дар ватани худамон Посбон мешавам. - Бисёр хуб, - мегӯям. – Меҳроб, ту чӣ тавр қаҳрамон мешавӣ? Аз шеъри хондаат маълум, ки ту оянда посбони Ватан мешавӣ. Мо инро чӣ тавр фаҳмем? Шарораи чашм дар нигоҳи бача хомӯш мегардад. Гӯё, ки пушаймон шуда бошад, китф дарҳам кашида интизори кӯмаки атрофиён, ба ду тарафи худ назар мекунад. Ба дарёфти ҷавоб мехоҳам кӯмакаш кунам: - Меҳрубон, бигӯ, ки қаҳрамон кист? Сарвина, ки нисбатан хонандаи зирак буда, бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ дар як маҳфил ширкат варзидаву рӯи саҳна қиссае аз размандагони ин ҷанг хонда буд, беихтиёр ва бидуни иҷозат аз ҷо хеста гуфт: - Исмоил Ҳамзаалиев, Саидқул Турдиев, Туйчӣ Эрйигитов, Ҳайдар Қосимов... Мавзуъ маҷрои худро дарёфт. Умқи масъаларо мехостам миёни бачаҳо равшан кунам. - Сарвинаҷон инҳо барои чӣ ҷанг кардаанд? – мепурсам аз хонанда. - 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ ба Ватани мо аҳдшиканона ҳуҷум кард. Ватани паҳновари мо он солҳо хеле калон, пойтахти ватанамон Москва ва СССР аз 15 оилаи бародар иборат будааст. Тоҷикистон мо низ ба ҳайати СССР дохил буд. Ҳамин 15 давлат якҷоя ба по хеста ватани худро озод карда, дар лонаи душман байрақи зафар овехта, моҳи майи соли 1945 ҷашни Ғалабаро ид кардаанд. То кунун 70 сол даргузашта ва мо онро ҳар сол ид мекунем. Иштирокчиёни ин ҷанг қаҳрамонони майдони набардро ба мактаб даъват карда, аз онҳо дарси мардонагӣ меомӯзем. Афсӯс ин сол саҳнаи мо бе иштирокчиёни ҷанг гузашт. Гарчанде аз байнамон рафта бошанд ҳам, мо тавассути китоб онҳоро ёд мекунем.

8

- Сарвинаҷон, СССР гуфтед, ин чӣ маъно дошт? Сарвина якбора мулзам гашт. Ба ин ҳам ӯ гунаҳкор набуд, зеро ки соатҳои таълими дарси таърих муаллим боре ҳам гӯшрас накарда буд. Бинобар ин дар шарҳи ин калима ба онҳо кӯмак кардам: - СССР, ин калимаи кӯтоҳкардашудаи русӣ буда, маънояш Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистист. Ин иттиҳод, яъне СССР соли 1991 пош хӯрд ва Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд. Он замон Тоҷикистонро РСС Тоҷикистон, Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мегуфтанд. Ҳоло бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин калимаҳоро ба тахтаи синф навиштам, то дар хотири хонандагон монад. Баъд боз ба пурсиш оғоз кардам. - Оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаҳрамон ҳаст? Умедаи Ҳидоятулло, Зулфияи Музаффар, Аҳмадҷони Одил, Танзилаи Робиқул ва Сарвинаи Давлатшоҳ даст боло карданд.

Сарвина, ки ҳозирҷавоб буд, гӯш ба қимор дода, номбар накардани як қаҳрамонро пай бурда афзуд: - шоир Мирзо Турсунзода. - Шумо агар сураташонро бинед, мешиносед? - Бале, мешиносем. - Акси онҳо дар куҷост? - Дар синф, ҳо ана, - ишора карданд. - Боз дар долони мактаб, дар рӯи пулҳои тоҷикӣ. - Аксҳои қаҳрамононро дар рӯи кадом пулҳо мебинед? - Мирзо Турсунзода, дар яксомона, гуфт Зоҳир. Бачаҳо аз ҷавоб гуфтани як бачаи дамдузди начандон фаъол дар ҳайрат афтоданд. Онҳо пай набурданд, ки падараш ронанда асту вай пулчинак. Рости гап, Зоҳир таваҷҷуҳи маро ҳам бедор кард. Боз аз ӯ пурсидам ва аз дигарҳо хоҳиш кардам, ки ба ӯ кӯмак накунанд. - Ту медонӣ, ки дар болои 5-сомонӣ,

Чун дидам, ки 5 нафар хоҳиши ҷавоб гуфтан доранд, то яки онҳо малол нашавад, фармудам ҳар кадомашон яке аз Қаҳрамонҳои ҷумҳуриро номбар кунанд. Сарвина: - Садриддин Айнӣ, нависанда, аввалин Президенти Академияи фанҳои кишвар. Зулфия: - Бобоҷон Ғафуров, котиби якуми ҳизби коммунист дар ҷумҳурӣ, таърихнигор, муаллифи китоби «Тоҷикон». Танзила: - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Одилҷон: - Шириншоҳ Шоҳтемур. Умеда: - Нусратулло Махсум.

10-сомонӣ, 20-сомонӣ ва 50-сомонӣ акси кист? Зоҳир дарҳол посух дод: - Болои сесомонӣ Шириншоҳ Шоҳтемур, 5-сомонӣ Садриддин Айнӣ, 50-сомонӣ Бобоҷон Ғафуров. Бачаҳо қарсак заданд, дили Зоҳир ба ҷӯш омад. Шерак шуда илова кард, ки дар рӯи 10-сомонӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар рӯи 20-сомонӣ Абӯалӣ Ибни Сино, дар рӯи 100-сомонӣ Исмоили Сомонӣ ва дар рӯи 500-сомонӣ акси Абӯабдуллоҳи Рӯдакист. Қарсак аз нав авҷ гирифт. Зоҳир ҳамаро қоил кард. Аз ӯ пурсидам, ки чӣ тавр акси

пулҳоро ба хотир гирифт? Ӯ ҷавоб дод: - Рӯзе падарам ману додарамро имтиҳон карда гуфт, ки канӣ, кадоми шумо гуфта метавонед, ки рӯйи пулҳои тоҷикӣ сурати кист? Додарам, ки бештар ба пул таваҷҷуҳ дошт, ҷавоби дуруст гардонд. Падарам ба ӯ 10 сомонӣ мукофот дод, маро қаҳрам омаду пулҳоро як ба як аз додарам пурсида, аз ёд кардам, вале то ин рӯз падарам маро имтиҳон накардааст. Ман ки ба пул сару кор дорам, бехато тез ҳисобӣ карда метавонам. Пай бурдам, ки «Ҳар касеро баҳри коре зодаанд”. Фаҳмидам, ки шуғлу машғулият ӯро ба ин пеша овардааст. Дарк намудам, ки фардияти бачаҳоро омӯхтан лозим, киро чӣ ҳавас ҳасту киро чӣ ҳадаф? Дақиқаҳои пурқимати дарс тез мегузашт, вале мақсад ҳанӯз ҳал нашуда буд. Бачаҳоро ба тарафи дигари масъала ҷалб кардам. - Мо ба Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қаҳрамонони Тоҷикистон ошноӣ дорем, оё қаҳрамонони халқи тоҷик киҳоянд медонед? Бачаҳо дар ҳолати ногувор монданд. Яке ба дигаре нигариста, ҳайратзада менамуд. Касе ҷавоб пайдо карда натавонист. Дар шигифт афтодам, ки мабодо саволро бармаҳал додам, ки ҳанӯз оид ба ин дарс нахонда бошанд? Ҳарчи бодо бод, яке аз қаҳрамононро номбар кардам: - Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик. Танзила, ки аз дарсҳои таърих доимо баҳои 5 мегирифт, даррав ин тавр ҷавоб гуфт: - Спитамен, Шерак, Муқаннаъ. - Офарин, Танзила! Боз ман хаёл кардам, ки шумо аз таърихи гузаштаи халқи тоҷик маълумот надоред. - Чаро муаллима? - гуфт Сарвина. Мо медонем, ки Спитамен ва Шерак ба муқобили лашкари Искандари Македонӣ мубориза бурдаанд. Муқаннаъ бар зидди арабҳои истилогар ба ҷанг хестааст. Темурмалик бошад, бар зидди муғулҳо. Хушҳолии ман ҳаду канор надошт, барои мустаҳкам кардани дарс саволеро чунин матраҳ кардам: - Шумо пай бурдед, ки чанд навъи қаҳрамонон доштем? Хонанда Аҳмадҷони Одил гуфт: - Мо се навъи қаҳрамонон дорем. Қаҳрамонони Тоҷикистон, Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қаҳрамонони халқи тоҷик. - Меҳроб, акнун фаҳмидӣ, кӣ қаҳрамон будааст? – пурсидам аз хонандае, ки дар аввали машғулият шеър қироат карда буд. - Агар ту қаҳрамон шуданӣ бошӣ, мактабатро, Ватанатро, халқатро дӯст дор. Хуб хон, ба хизмат рав, онро посбонӣ кун, баргашта ба халқу Ватанат хизмат намо. Албатта, қаҳрамон мешавӣ. Бачаҳо на ин ки бодиққат гӯш мекарданд, балки андешаронӣ ҳам доштанд. Умедаи Ҳидоятулло барои рӯшанӣ андохтани як фикраш даст боло карда, аз ман пурсид: - Муаллима, Мироненко оё қаҳрамон нест? - Бале, қаҳрамон аст, қаҳрамони башардӯст. Ӯ бо амри Ватан дар Афғонистон аз инфиҷори душман таркидааст. Чӣ тавре ки фаҳмидед, ҳама баҳри Ватан ҷон нисор кардаанд. Чӣ тавр садои занг ҳам баланд гашт, нафаҳмида мондам. Гумон кардам, ки баҳри ояндаи дурахшони Ватан хонандагони як синфро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, ҳувият ва ифтихори миллӣ тарбият додаам... Балхияи МИРЗОПУР, омӯзгори МТМУ №71-ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Ҳунаромӯзӣ дар ҳама давру замон афзалияти хоса дорад. “Ҳунар беҳ аз симу зар аст” – гуфтаанд гузаштагони мо. Бешак, касбу ҳунари дӯстдошта метавонад муҷиби саодати ҳар инсон гардад. Вақте шахс аз касбу кори дӯстдошта қаноатманд аст, зиндагиаш низ бобарор ҷараён мегирад. Аммо дар зиндагӣ зиёд шоҳид мешавем, ки баъзе ҷавонону наврасон касбу ҳунар омӯхтанро зарур надониста, ба оворагардӣ машғул шудаву ба ҳар гуна аъмоли ношоиста даст мезананд. Чунин ҷавонон бо мурури замон ба шикасту нокомиҳо мувоҷеҳ гардида, ҳам барои волидон, ҳам барои худ ва ҳам барои ҷомеа мушкил эҷод менамоянд. Имрӯз дар дунё зиёда аз 40 ҳазор намуди касб вуҷуд дорад. Бо мурури замон, талаботи бозори меҳнат ва авзои сиёсиву иҷтимоӣ аксари ин касбҳо аз байн мераванду касбҳои наву ба талаботи муосир ҷавобгӯ рӯи кор меоянд. Суоле, ки мо ин ҷо матраҳ кардан мехоҳем, ин аст, ки оё ҷавонони мо касбро аз рӯи шавқу завқ ва хоҳишу қобилияти худ интихоб мекунанд ва ё бо тақозои волидону атрофиён? Оё ҳама шахси маълумотнок соҳибкасб шуда метавонад? Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар кишвари мо ҷавонони боистеъдоду соҳибназар зиёданд, аммо баъзан дар интихоби касби оянда ба кӯчаи сарбаста афтида, бо хоҳиши волидон ё бо дастури ягон нафари шинос касберо интихоб мекунанд, ки ба он шавқу ҳавас надоранду танҳо ба хотири дар оянда аз пушти ин касб сарватманду баобрӯ шудан, интихобаш мекунанд. Масалан, Ислом

Аз ҳодисаҳои ахири кишвар як моҳ гузашта бошад ҳам, аъмоли собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода сари забонҳост ва бисёриҳо дар кирдори ҷинояткоронаи ӯ барои саволҳои худ посух меҷӯянд. Чаро? Ба кадом мақсад? Чӣ мехост? Кӣ таҳрикаш дод? Барояш чӣ намерасид? Баъди имзои созишномаи сулҳ, ки тибқи он саҳми 30-фоиза дар вазифаҳои давлатӣ барои мухолифини ҳукумат ҷудо гардид, ҳоҷӣ Ҳалим низ соҳибвазифа шуд. Ба қавле: «Норафта ба мактабу нафаҳмида сухан, аз каҷравии замона домулло шуд». Коргари одии корхонаи нассоҷӣ ва муассисаи «Курортстрой», ки аз соли 1986 бо истифода аз таъсири гурӯҳи муштзӯрон бо унвони «рэкэт» мудирии анбори «Межоблаграпром»-ро соҳиб шуда буд, баъди мағлуб шудани неруҳои мухолифин дар соли 1992, на ҳамроҳи ҳаммаслаконаш ба Афғонистон, балки ба Қазоқистон фирор мекунад ва ба тиҷорат машғул мешавад. Барои касе пӯшида нест, ки баҳри фирориёни тоҷик, ки чанд

Иштибоҳ дар интихоби касб бадбахтӣ меорад ном ҷавоне мехост ронандаи крани борбардор шавад, вале падару модар қатъиян зидди ин хоҳиши ӯ баромада, бо даъвои “Ҳамин ҳам касб шуд? Моро шарманда мекунӣ, ту танҳо дар Донишгоҳи миллӣ, факултаи ҳуқуқшиносӣ бояд таҳсил намоӣ?!” маблағи калони солҳо пасандознамудаашонро сарф намуда, ба таври шартномавӣ ӯро ба факултаи мазкур дохил карданд. Падару модараш аз табақаи миёнаҳоли аҳолӣ буданду бо ранҷу азоби зиёд маблағи шартномаи таҳсилро ҳарсола ҷамъоварӣ карда месупориданд. Инак, ин ҷавон баъди хатми донишгоҳ чанд сол мешавад, ки берун аз марзи кишвар дар ширкати сохтмоние фаъолият дорад. “Вақте ба кори дӯстдоштаам машғул мешавам, худро роҳат ва хушбахт ҳис мекунам”, – мегӯяд ӯ. Ҷавонону наврасон табақаи хушзеҳни аҳолианд ва ҳангоми интихоби касб ба роҳнамоии дурусту манфиатбахши насли калонсол ниёз доранд. Машваратчиён, аз ҷумла волидону устодонро мебояд, ки ҳатман шавқу завқ, хоҳишу имконият ва болотар аз ҳама қобилияти зеҳниву ҷисмонии ҷавононро ҳангоми интихоби касб ба инобат гиранд. Ҷавонон бояд завқманди касби интихобнамуда бошанд, то дар оянда бо дасту дили гарм ба он машғул шаванд. Илова ба ин, зарурати касбу ҳунар дар бозори меҳнат низ аз талаботи ҳатмӣ бояд бошад, то ки ҷавонон баъди диплом ё номаи камол ба даст гирифтан аз касби интихобнамудаашон пушаймон нашаванд. Равоншиносон

низ бар он назаранд, ки ҳар як шахс вобаста ба қобилият ва майлу хоҳиши худ бояд касб интихоб кунад. Зеро на ҳар соҳибмаълумот соҳибкасб шуда метавонад. Дар ниҳоди ҳар як инсон аз хурдсолӣ қобилиятҳое вуҷуд доранд, ки онҳо дар майлу хоҳишҳои кӯдак ва ё наврас зоҳир мегарданд. Волидонро мебояд, ки барои сайқал додани ин қобилиятҳо ва ба ҳунар табдил додани истеъдодҳо ба фарзандон кӯмак намоянд... Як мушкил ин аст, ки имрӯз ҷавонони бостеъдоди зиёд аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар барои таҳсил сафар мекунанду дар хориҷа мутахассиси хуби соҳае мегарданд, ки ҷомеаи мо ба он сахт ниёз дорад. Аммо чунин мутахассисон на дар ҷумҳурии мо, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя соҳиби ҷои кор ва обрӯву мақоми баланд мегарданду ҳамчун шаҳрванди он кишварҳо маъруфият пайдо мекунанд. То куҷо интихоби касб аз ҷониби ҷавонон дуруст сурат мегирад ва оё он талаботи бозори меҳнатро қонеъ гардонида метавонад ё не? Имрӯз гӯё мӯд шудаст, ҷавонон танҳо ихтисосҳои ҳуқуқшиносу иқтисодчӣ, духтуру бизнесмен ва дипломату овозхонро интихоб менамоянд. Ҳол он ки дар бозори меҳнат талабот ба касбҳои тахассусӣ барои истеҳсолот бештар аст. Дар ин маврид аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта истифода намудан аз манфиат холӣ нест. Дар аксари давлатҳои тараққикарда барои ҷавонон доштани маълумоти олӣ ҳатмӣ нест. Балки

касби дилхоҳро дар коллеҷу муассисаҳои касбомузӣ низ соҳиб шудан мумкин аст. Ба ақидаи коршиносон имрӯз дар бозори меҳнати Тоҷикистон талабот ба касбу корҳое, аз қабили муҳандису сохтмончӣ, челонгару бетонрез, барқчиву мутахассиси роҳи оҳан, танкчиву ронандаи чархболу тепловоз ва амсоли инҳо зиёд аст. Ин дар ҳолест ки сафи менеҷеру муҳосибу банкирҳо ва ҳуқуқшиносу ҳофизу тоҷирон босуръат афзоиш меёбад. Ҷавонон набояд дар интихоби касб ба шитобкорӣ ва иштибоҳ роҳ диҳанд. Онҳо бояд касберо интихоб кунанд, ки ба донишу малака ва шавқу рағбаташон мувофиқ бошад. Дар акси ҳол худро бадбахт гардонида, ба ҷомеа низ зиён меоранд. Мустақилият на танҳо дар интихоби касб, балки дар тамоми ҷодаҳои рӯзгор зарур асту моро ба нерумандиву мушкилнописандӣ ҳидоят менамояд.

Девори ҲНИТ аз аввал каҷ буд сол муқими лагерҳои гурезагӣ дар Афғонистон буданд, аз ҳисоби ташкилоту созмонҳои ёрирасони ҷаҳонӣ ва соири кишварҳои минтақа, инчунин манфиатдорони идома ва густариши ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон кӯмакҳои зиёде дар шакли маблағ ва маводи зарурати аввалия ворид мегаштанд. Зимоми қабулу тақсимоти ин ҳама кӯмакҳо дар дасти ҲНИТ буд. Дилхоҳ гурезаи тоҷик имрӯз ба Шумо аз «шеваи риояти инсофу адолат» дар тақсимоти ин кӯмакҳо метавонад соатҳо қисса кунад. Сарчашмаи аслии тиҷорати «ҷавонони ояндаи наҳзат», ки зикрашон дар боло рафт, аз ҳамин ҷо сероб мегашт. Аз ҳамин ҳисоб онҳо қисман сармоя ёфтанд (сармояе, ки аз доштанаш то баргашт ба Тоҷикистон, ҳамеша таъкид мекунанд) ва мувозибони худро дар сатҳи болоии ҲНИТ низ фаромӯш намекарданд. Ин ҳамкории дар пояи манофеи инфиродӣ судманд, нақши ҳалкунандаеро дар пешниҳоди ду нафар аз эшон ба вазифаҳои калидии барои мухолифин ҷудошуда бозид. Сеюмӣ бошад, бо мурури замон курсии якуми ҲНИТ-ро соҳиб гашт. Алоҳида саркардагону фаъолони ҲНИТ аз «хизматҳо»-и

ин се нафар огаҳӣ надоштанд ва иқдомоти пешвоёнашонро зери интиқоди шадид гирифтанд. Онҳо хешро сазовор ба ин вазифаҳо медонистанд, на ба қавли худашон «семичкафурӯшони Черкез» (манзурашон Зайд Саид ва Муҳиддин Кабирӣ буд) ва на «сникерсхӯраки Маскав (Ҳоҷӣ Ҳалимро чунин лақаб дода буданд)-ро. Куҷо медонистанд, ки садоқату вафодорию ҷонфидоӣ дар ин ҳизб ченаки пулӣ дорад. Бо ҳамин васила Ҳоҷӣ Ҳалим фармондеҳи баталёни 25-ум таъин шуд, ки дар он собиқ ҷанговарони ИНОТ гирд оварда шуда буданд. Шахсе командир таъин шуд, ки ҷуз шаҳодатномаи мактаби миёна ва собиқаи мудири анбор санади дигаре надошт. Шахсе, ки ҳатто рутбаи ефрейторӣ надошт, дар бораи нангу номуси афсарӣ на ин ки тасаввурот, балки аз мавҷудияти чунин вожаҳои барои афроди низомӣ муқаддас бехабар буд, якбора соҳиби ситораҳои полковникӣ гашт. Хиштҳои каҷ болои ҳам чида мешуданду девор торафт каҷ мешуд. Чун ба мансабҳои баландтар расид, тавонист баъди 40-солагӣ дипломи донишгоҳу академияи низомиро ба даст орад. Вале танҳо ду варақпораеро, ки дар

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015

онҳо ному насабаш сабт шуда буданд. На донишу саводи низомиро. Оне, ки дар рагу пайвандаш хуни тоҷиру фурӯшанда гардиш мехӯрд, дар ҳамин сатҳ боқӣ монд. Ҳама кору ҳама чизро бо ченаки савдо ҳисоб мекард. Боигариаш дар ҳама ҷо навишта шуд, ки ҳоҷат ба такрораш нест: хонаҳою ҳавлиҳою дачаҳою заминҳою галаи аспону селаҳои мурғу ғайра. Ҳамаро мехариду мефурӯхт, мефурӯхту мехарид. Дар ҳаёт мушкиле надошт, вале якбора Ватанро ба савдо гузошт. Шояд аз ӯ талаб карданд!? Барои аз баракати ҲНИТ ба ин ҳама соҳиб гаштанаш. Шояд тақозо карданд, ки қарзашро баргардонад!? Қарзе, ки болотар аз Ватан, оромишу суботи ҳамватанон, модар, зану фарзанд, хоҳару бародар ва ҳама наздиконаш буд. Наҳзатиҳо дар рӯзи дуюми террору фирори Ҳоҷӣ Ҳалим, ҳамин ки шикасти амали террористонаи ӯро фаҳмиданд, изҳорот додаву ҳайсияти ӯро ба ҳизби худ рад карданд. Аҷиб он аст, ки ӯро муттаҳам карданд, ки чанде қабл бо талаби баста шудани фаъолияти ҳизб дар изҳороте аз номи қумандонони собиқи мухолифин имзо гузошта буд. Онҳо мунтазир набуданд, ки баъди чаҳор рӯзи фи-

Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

рор Ҳоҷӣ Ҳалим тавассути наздиконаш баёнияе пахш карда, сабаби хиёнати худро, тарси боздошт барои имзо нагузоштанаш маҳз дар ҳамон изҳорот шарҳ медиҳад. Яъне нимкосаи таги косаро ҳама диданд. Наҳзат узви вафодорашро инкор мекунаду наҳзатӣ хиёнаташро ба Ватан дар садоқаташ ба ҲНИТ тафсир кард? Оқибат маълум шуд, ки тарҳрези аслӣ дар ҳодисаҳои 4-16-уми сентябр кӣ будааст. Иҷрокунанда ҷазояшро ёфт, ҳамдастон ба даст афтоданд, вале оне, ки дастури дигаронро ба ин василаи хунин мехост амалӣ созад, дар гурез аст. Маълум аст, ки акнун худро мушаки бегуноҳ гирифтаю ба сӯрохиҳое, пинҳон хоҳад шуд, ки хоҷагонаш нишон медиҳанд. Лақабҳои хубе ҳам барояш ҳадя хоҳанд кард: «мухолиф», «дигарандеш», «фирории сиёсӣ» ва монанди онҳо. Борҳо собит шудааст, ки чун ниёз ба пуштибонии ӯ намонд, чун диданд дигар наметавонад манфиати онҳоро ҳимоя кунад, лағате ба пушташ задаю чор тарафашро қибла эълон мекунанд. Ин роҳи аввал аст. Роҳи бекасона мурдан аст, дар ғарибӣ ва беному нишон. Лекин бадтарин ҷазо барои ин гуна ашхос лаънати Ватан асту миллат. Ватан фарзандони хиёнаткорашро намебахшад. Ҳаргиз! Ҳусейни ЛОИҚ

9


НАБЗИ ҶАҲОН

ТУРИЗМ

Дурнамои рушди туризми деҳот дар Ховалинг

Савти “Чор фасли сол” Зиндагии анбӯҳи муҳоҷироне, ки ба дари кишварҳои Аврупо рафта умеди паноҳ доранд, моломоли ҳузну андӯҳ аст. Ҳоло дар сарҳади Сербияву Маҷористон, ки муҳоҷирон, мардуми аз ҷабри ҷангу кашмакаш дар кишварашон хасташуда ҷамъ омадаанд, саҳнаҳое аз ҳаёти инсоният падид меоянд. Ин ҷо чеҳраи аслии инсонҳо дида мешавад. Дар як он дурӯғ будани шиорҳои башардӯстии Ғарб ошкор мегардад... Ҳанӯз ҳодисаи муҳоҷири сесола - Айлон Курдӣ, ки ҷасадашро об ба соҳил баровард, аз хотираҳо тоза нашуда, дар сафҳаи аввали рӯзномаҳои Ғарб акси муҳоҷирбачаи дигаре нашр шуд. Акси ин гурезаи хурдсол, ки дар шоҳроҳи яке аз кишварҳои Аврупо ғижак менавохт, низ ба хотираҳо наққошӣ шуд. Номи ин ғижакнавози хурдсол Аломаддин аст. Аломати дин яъне. Ҳанӯз сездаҳсола аст. Cинне, ки не наврасиро “алвидоъ” гуфтаасту не ҷавониро “хуш омадӣ”. Гӯё бар дӯшаш бахту толеи кишварашро бардошта, масъулияти вазнинеро миёни умеду ноумедӣ бар зимма гирифтааст. Бозиҳои ифлос ва қудратталошии давлатҳо ӯву ҳамнажодонашро унсури тамаъ, қурбонии суду манфиатҳо қарор додааст. Ӯ шояд бо исрори волидонаш ва ё бо “хоҳиши” рӯзноманигорон рӯ ба дастгоҳҳои наворбардорӣ ва ба издиҳому полис гардонда, ғижак ба даст аз савтҳои бастакори итолиёвӣ Вивалди

10

ба инсоният маънои чор фасли солро мефаҳмонад. Ӯ “Чор фасли сол”-и Вивалдиро менавозад ва, бешак, инсонҳоро ба фасли панҷум – фасли виҷдон мехонад! Шояд ба онҳое, ки ба сарнавишти инсонҳо бетафовутанд, бо мусиқӣ хитоб мекунад, шояд ин навбат ба гӯшҳое, ки фарёди Айлони бечораро нашуниданд, бо мусиқӣ таъсир расонидан мехоҳад. Навозандаи кӯчак шояд надонад, ки бастакори итолиёвӣ падари консерти Итолиё ном бурда мешавад. Шояд надонад, ки Вивалди дар хонаи ятимони духтарона фаъолият мекард, кӯдакони бепарастору маъюбро ғижакнавозӣ ёд медод, барои онҳо мусиқӣ мебаст, оҳанг таҳия мекард. Ӯ инро медонад ё не, маълум нест. Вале эҳтимол ин кӯдаки ғижакнавоз тавассути мусиқии худи Вивалди ба ӯ расондан мехоҳад, ки дарду алами беватанӣ гаронтар аз сокини хонаи ятимон будан аст... Вивалдиро муаллифи беш аз 500 консерт ва 100 опера мегӯянд, ки то замони мо 50 операи ӯ омада расидааст. Аммо бо вуҷуди истеъдоди баландаш ӯро ҳомиёни ҳамнажодаш тарк мекунанд. Вивалди на дар ватани худ, балки дар Вена қашоқона ба сар бурда, ҳамин тавр дунёро падруд мегӯяд. Баъд дар мазори бесоҳибон дафн карда мешавад. Бастакори машҳур, ки аз бемории диқи нафас фавтида буд, шояд намедонист, ки самари зиндагии ӯ, бастаҳои муъҷизаосояш пас аз 374 сол ба муҳоҷирини суриягӣ манбаи илҳом шуда, паноҳҷӯён бо бастаҳои ӯ ба маданияти Аврупо, ки Вивалди мансуби он буд, хитоб мекунанд... Аммо Аломаддин ва ҳамнажодони ӯ кадом манзареро таҷассум накунанд ҳам, қодир нестанд виҷдонҳои мурдаи инсонҳоро зинда гардонанд. Ҳоло гуфта мешавад, ки

бархе муҳоҷирон ба ҳимояти чанде аз кишварҳои Аврупо роҳ ёфтааанд. Аммо ба ин на ҳисси “инсондӯстӣ”-и ин кишварҳо боис шудааст. Балки бар асари коҳиш ёфтани сатҳи таваллуд дар ин кишварҳо аҳолии ҷавон кам шудаасту ин раванд ба иқтисодиёташон таъсир дорад. Яъне кишварҳо мехоҳанд бо роҳи ҷалби муҳоҷирон иқтисодиёти худро аз футурравӣ нигоҳ доранд. Қисматро бинед, муҳоҷироне, ки ҳоло худ бо марг рӯ ба рӯянд, ба онҳое мадори зиндагӣ мешаванд, ки агар нуфусашонро тақвият надиҳанд, хавфи нобудшавиашон мавҷуд аст. Кӣ медонад, шояд дар оянда чанд суриягӣ ба қатори мудирони Аврупо ворид шаванд. Саҳифаҳои таърих дар мавриди ин ки нафароне аз зиндон баромада ба тахт нишастаанд, мисолҳо дорад. Пас, акси кӯдаки ғижакнавоз аслан нерӯи хайру шарро нишон медиҳад... Ҷанг дар Ховари Миёна, ки қудратҳо ба хотири манфиатҳояшон ташкил кардаанд ва ҳамин тавр муҳоҷирати мардум ба Аврупо бояд, ки беҳикмат набошад! Мо не аз ғайб огоҳему не ҳозирро ба тамом медонем. Гоҳо саҳнаҳои тахайюлӣ ё табиии филм паёми аслии онро номафҳум мегардонад. Дар ҳамаи ин гирудор ҳатман бояд паёме бошад. Паёме аз он Зоти Бино барои инсоният... Вивалди дар поёни яке аз шоҳасарҳояш қайде дорад: “Агар ин баста писанди Шумо наомад, минбаъд мусиқӣ наменависам”... Умри мо ҳам яктост. Вақте аз саҳна рафтем, дигар ба он барнамегардем. Дигар не китоби зиндагӣ аз сари нав навишта мешаваду не инсонҳо савтҳои Вивалдиро дар иҷрои кӯдаки бесарпаноҳи суриягӣ хоҳанд шунид... Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

Минтақаи Ховалинг бо шароити хуби табиӣ, иқлим ва олами бойи набототу ҳайвоноташ аз дигар минтақаҳо фарқ дорад. Заминаш бо намӣ хуб таъмин буда, барои нашъунамои набототи гуногун қулай мебошад. Минтақаи Ховалинг баҳри тараққӣ додани боғдорию кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал низ мусоид аст. Яъне, барои рушди базаи агротуристӣ дар Ховалинг тамоми шароит мавҷуд аст. Дар сурати таъсис додани базаи туристӣ, иқтисодӣ ва хоҷагидории “Саёҳат” минтақаи Ховалинг метавонад ба мавзеи дӯстдоштаи ҳаводорони агротуризм табдил ёбад. Барои ин модели иқтисодии рушди туризми деҳотро таҳия кардан лозим. Зимнан, туризми деҳот дар ҳар мавзее, ки захираҳои бою қулайи табиӣ дошта, мардумаш соҳиби расму анъанаи ғанӣ ҳастанд, метавонад рушд ёбад. Дар аксар кишварҳо сайру саёҳат рафтан ба деҳот баъди истироҳат дар соҳили баҳрҳо дар ҷои дуюм меистад. Агар “туризми сабз” дар минтақаи Ховалинг ба роҳ монда шавад, фоидаи аз ҳисоби рушди ин соҳа бадастомада баҳри ҳифзи табиати нодир ва ғанишавии муҳити фарҳангии он сарф хоҳад шуд. Муҳити ороми фазои деҳоти ин ҷо барои истироҳат қулай аст. Кӯҳҳои сарсабз, ҷангал, садои мурғони хушилҳон, кӯлу дарёчаҳои ин минтақа ба кас таъсири оромибахши эмотсионалӣ мерасонанд. Бо мақсади истифодаи самарабахш аз ин неъмати худодод якчанд имконияту захираҳои мавҷударо дар мадди назар бояд гирифт: иқтисодӣ (молиявӣ, фароҳам овардани шароити зист), табиӣ (интихоби мавзеъҳои аз лиҳози экологӣ қулай, чашмаҳои табобатӣ), фарҳангӣ-таърихӣ (ёдгориҳои таърихӣ, фарҳанги бостон ва муосир), меҳнатӣ (имконияти шуғли сайёҳон, хусусиятҳои шуғли аҳолӣ), иҷтимоӣ (сатҳи маданият, маърифати қабулкунандагони сайёҳон), истеҳсолӣ (имкониятҳои пешниҳоди хизматрасонии алоқа ва нақлиёт). Аз ин рӯ, баҳри фаъолияти босубот ва рушди соҳаи “туризми сабз” дар минтақаи Ховалинг инфрасохторе бунёд кардан лозим аст, то ба ду талаботи асосӣ ҷавобгӯ бошад: 1. Бояд барои иқомати туристон шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. 2. Аҳолии маҳаллиро барои хизматрасонии босифат ба сайёҳон омода бояд кард. Туризми сабз дар ин мавзеъ саёҳат ба деҳот тавассути мошин, велосипед ва аспро дар бар хоҳад гирифт. Ҳамчунин метавон зистан дар меҳмонхонаҳои деҳот (“ҳомстей”)-ро ба роҳ монд. “Туризми сабз” боздид аз деҳот, табобат бо лойқаю чашмаҳои шифобахш, зиёратгоҳу марказҳои фарҳангиро фаро мегирад. Ғайр аз ин рушди “туризми сабз” ба мустаҳкамшавии дӯстии халқҳои гуногун мусоидат хоҳад кард. Аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта бармеояд, ки “туризми сабз” қисман бо пешниҳоди хизматрасонии меҳмонхона алоқаманд мебошад. Симои асосии амалкунанда дар ташкили истироҳат дар деҳот оилаҳое хоҳанд буд, ки хоҷагии шахсӣ ё деҳқонӣ доранд. Таъсири рушди “туризми сабз” дар беҳтаршавии шароит ва сифати зиндагии аҳолии деҳот эҳсос хоҳад шуд. Чунончӣ, пайдошавии ҷойҳои нави корӣ, алалхусус барои занони деҳот боиси болоравии сатҳи зиндагии онҳо мегардад. Сарварони меҳмонхонаҳо барои фароҳам овардани шароити беҳтар ба сайёҳон ғайр аз пешкаш намудани манзил ва ғизоҳои безарару табиӣ як қатор тадбирҳои дигарро метавонанд амалӣ созанд. Масалан, омода кардани ғизо аз маҳсулоти дар хоҷагии ёрирасон (наздиҳавлигӣ)-и худ рӯёндашуда. Оббозӣ дар манбаъҳои оби наздиктарин, кироя додани асбоби варзишӣ, моҳидорӣ ва ғайра, иштирок дар тайёр намудани маҳсулоти ҳунармандӣ (сабадбофӣ, кандакорӣ, дуредгарӣ, табақтарошӣ...), ошноӣ бо расму анъанаҳои маҳаллӣ (тӯйи арӯсӣ, хатнасур, идҳои миллию мазҳабӣ), ҷалб намудан ба корҳои саҳро (чаронидани чорво, алафдаравӣ, ҷамъоварии ҳезум, ниҳолшинонӣ), ташкили машғулиятҳои шавқовар (зиёрати чашмаҳои шифобахш, заврақсаворӣ, моҳидорӣ, мушоҳидаи зисти парандагону ҳайвонот), саёҳат ба кӯҳсор (кӯҳнавардӣ) ва ғайра истироҳати сайёҳонро рангин месозад. Баҳри ташкили туризми босифат омода кардани туроператорон, роҳбаладони донандаи ду-се забон муҳим аст. Робита бояд бо ширкатҳои туристӣ бардавому устувор бошад. Зеро ширкатҳои туристӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ метавонанд ҳаводорони “туризми сабз”-ро ба минтақа ҷалб намоянд. Бо ин мақсад таҳияи филму роликҳои видеоӣ, омода кардани буклетҳои тарғиботӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои туристӣ низ муҳим ва зарур аст. Фаррух АБДУВОСИЕВ, номзади илмҳои иқтисодӣ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015


ШОДБОШӢ Охирҳои тирамоҳи соли 1987 буд. Дар курси аввали шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсил мекардем. Рӯзе ҳангоми танаффус шахси чеҳрахандоне вориди аудиторияи мо гардид. Ҳама ба истиқболаш аз ҷой бархоста, одоби муошират ба ҷой овардем. Баъд он шахс ба мо рӯй оварда пурсиданд: - Шумоён донишҷӯи соли аввали шуъбаи журналистика ҳастед? - Бале, устод, - гуфтем дар посух. - Ба самъи шумо мерасонам, ки маъмулан донишҷӯён аз соли дуюми таҳсил шурӯъ карда, ба навиштани кори курсӣ машғул мешаванд, аммо тибқи барномаи таълимӣ донишҷӯёни журналистшав, яъне таҳсилгирандагони шуъбаи журналистика, аз соли аввал ба ин кор бояд ҷалб мешудаанд. Муайян шудааст, ки донишҷӯёни соли аввали ин шуъба аз фанни забони тоҷикӣ кори курсӣ навиштаву онро дар кафедраи таърихи забон дифоъ менамоянд. Номгӯйи корҳои курсӣ таҳия шудааст, метавонед ба кафедра муроҷиат карда, бо мавзӯъҳо шинос шавед ва барои худ мақбулашро интихоб намоед. Зимни ҳамин аён гардид, ки аз каломи ин муаллим шаҳду шакар рехтаву муносибаташ бо мухотабон бисёр самимӣ, хоксорона ва муаддабона мебошад. Ҳамзамон аён гардид, ки ин устод масъулияти ба дӯшдоштаашро, ки кафедра ба ӯ супоридааст, иҷро мекунад. Бо муаллим Баҳриддин Камолиддинов дар долону роҳравҳои факулта борҳо рӯ ба рӯ омадаву мушоҳида кардаем, ки он кас нисбат ба атрофиёну шахси рӯ ба рӯ омада бетафовут набуда, ба саломи устодону шогирдон алайк гуфта, изҳори шодмониашонро бо табас-

суми зебандаи даври лабонашон аён мекарданд. Чида-чида, бардамона, устувору бовиқор ва беозор қадам монда, роҳ рафтанҳои устод ҳавасоварандаву хоси худашон мебошад, ки инро ҳанӯз ҳамон солҳо эҳсос намуда будем. Солҳои донишҷӯӣ бахт ёру толеъ мададгорамон гашт, ки аз суфраи дарсҳои ин устоди баркамолу нозукхаёл донаи маърифат чинем. Ҳангоми дар курси 4-ум таҳсил карданамон як нимсола ба мо ҳам муяссар гардид, ки аз дарси устод баҳра бардорем. Ҷараёни дарсҳои

ин маврид мабодо соҳибистеъдод камҳавсалагӣ зоҳир кунаду танбалӣ нишон диҳад ва ба мутолиаву эҷод машғул нашавад, дар он сурат шамъи истеъдод хомӯш мегардад, ки ин, албатта, талафоти гарон аст. Чаро талафот гуфтам? Барои он ки, воқеан, табиат тору пуди баъзеҳоро бо чунин падидаи маънавии нодир месириштанд ва бо сабаби камҳавсалагию танбалӣ ва бепарвоии худ онҳо аз ин лутфи табиӣ оҳиста-оҳиста маҳрум мегарданд. Мумкин буд бо роҳи сайқал додан маҳорату истеъдод,

Устоди шакаргуфтор

Ба ифтихори 80-солагии профессор Баҳриддин Камолиддинов он кас нишон медод, ки устод бо як ҳисси масъулият ҳамеша бо тайёрии пухта ва қонеъкунанда ба синфхона ворид шуда, озод, сода ва диққатрабо дарс мегуфтанд, ки ин воситаи мутаваҷҷеҳсозии ҳар яки мо мегардид. Сеҳри сухани муаллим намегузошт, ки мо дар раванди дарс бо дигар корҳои майда-чуйда машғул шавем. Баёни муаллим озод, бо рабти муайян, тибқи талаботи меъёрҳои забони адабӣ сурат мегирифт. Забонашон дар раванди нақли мавзӯъҳо равону шеваи гуфтору баёнашон дилрасу пурмаонӣ буд. Дар баробари баррасию ҳаллу фасли мавзӯъҳо, ҳамчунон он кас ба мо, донишҷӯён, супоришҳои амалӣ дода, иҷрои онҳоро ҳам якҷоя мавриди таҳлилу тавзеҳ қарор медодем. Зимни дарсҳои амалӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд, ки кӣ чӣ мегӯяд ва ё кӣ чӣ менависад. Ба ҳамоне ки мағзи гапро мегӯяду қалами эҷоду тасвир дорад, ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир карда, ӯро дастгирӣ кардаву ҳамзамон рӯҳбаланд ҳам месохтанд. Ӯро талқин мекарданд, ки истеъдоди доштаро тавассути китобхонию қаламронӣ боз ҳам сайқал додан мумкин аст. Агар дар

ки тавассути хондану навиштан даст медиҳад, ин қабил ашхос дар ҷодаи илму эҷод ба дастовардҳои шоён ноил мегарданд. Ҳам дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо мекарданду ҳам бо ин васила худрову кишвари худро ба беруниён муаррифгар мешуданд. Инро устод ҳар лаҳза ба мо таъкид мекарданд, то бо қаламу китоб ва сухани ноб анису мунис бошему аз танбалию камҳавсалагӣ канорагир. Ана ҳамин тавр хушоянду дилписанд, шавқовару пурмазмун мегузаштанд дарсҳои устод Баҳриддин Камолиддинов ва ин василае мегардид, ки шогирдон дарсҳои он касро интизорӣ мекашиданд. Устод хислатҳои неку наҷиб ва мутаҳайиркунандаву аҷиб доранд. Шогирдонро холисона мададгор ва дар ҳолатҳои зарурӣ муттако ҳам мебошанд. Дар курси панҷум таҳсил мекардем. Баҳоррӯя, ташвишу тараддуди имтиҳоноти хатму дарёфти ҷойи корро ба сар доштем. Троллейбуссавор аз истгоҳи боғи ҳайвонот ба бинои марказии Донишгоҳ мерафтам. Дар истгоҳи назди Фурӯшгоҳи марказӣ чашмам ба устод афтод, ки ба троллейбус

савор шуда истодаанд. Бо он кас салому алайк кардем. Устод ба курсии холӣ нишастанду ман рост истода, ҳамроҳашон суҳбаткунон рӯ ҷониби бинои марказии донишгоҳ шудем. Бояд ёдрас шуд, ки устод аз нахустин ашхосе буданд, ки тӯли таъсиси донишгоҳ (1948) то имрӯз аз байни тоҷикон чанде пеш ба маснади проректори қисми таълим пазируфта шудаву самаранок фаъолият доштанд. Зимни суҳбат устод пурсиданд, ки баъди хатми донишгоҳ бо чӣ кор машғул шуданӣ ҳастам. - Рости гап, ҳоло сари ин масъала фикр накардаам. Фикру хаёлам айни ҳол асосан ба супоридани имтиҳоноти давлатӣ банд аст, - гуфтам ба устод. - Чаро ин масъаларо аз шумо пурсон шудам? Чунки ман ба курси шумо дарс додам, тақрибан медонам, ки кадоме аз шумо ба чӣ қодир ҳастед. Ба ҳар навъ аксари донишҷӯёни курсатон фаъол, мушоҳидакор, донишдӯстдор, дар паймудани роҳи ҷода устувор, муҳимтар аз ҳама қаламдоранд. Агар мабодо дар оянда ба донишгоҳ ба кор монданӣ бошеду пешорӯятон ягон монеа ё мушки-

лот барояд, марҳамат ба мо ҳам муроҷиат кунед. Мумкин аст барои рафъи он бароятон ягон кӯмаке расонда тавонем, - гуфтанд устод аз троллейбус фаромада истода. - Ташаккур, саломат бошед устоди гиромӣ, ки хеле мамнунам кардед, - гуфтам дар ҷавоб. Тақдиру сарнавишт чунин будааст, ки бисту чаҳор сол инҷониб бо устод ҳамроҳ дар факултаи журналистика кор карда истодаам. Дар ин муддат чӣ қадар ҳодиса, воқеа, рӯйдод ва дигаргуниҳо рух дода бошанд ҳам, устод ҳамон хел меҳрубону мададгор буда, ба пешаи худ устуворанд. Хаста нашуда, дарс мегӯянд, барнома месозанд, китоби дарсӣ менависанд, ҳамчунин барномаи телевизионӣ барои кӯдаконро дар ТВ “Баҳористон” пеш мебаранд. Ҳоло ҳам вақтҳои зарурӣ ба устод муроҷиат кардаву аз маслиҳату машваратҳояшон баҳравар мегардем. Саломат бошеду муваффақ, устоди гиромиқадр! Саъдулло ҲАЙДАРӢ, дотсенти факултети журналистикаи ДМТ

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН Ҳаёти имрӯзаро бе интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Айни замон дар дунё беш аз 5 миллиард истифодабарандаи интернет мавҷуданд. Соли 2014 шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон 3 миллиону 816 ҳазорро ташкил додааст. Ин далели он аст, ки нақшу мавқеи интернет дар ҳаёти ҷомеа рӯз то рӯз пурзӯр мешавад.

Интернетро дуруст истифода мебарем? Аммо аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки на ҳама интернетро бо мақсади дуруст - дониш гирифтан, ҷаҳонбиниро васеъ кардан истифода мебаранд. Хоса, баъзе аз наврасону ҷавонон. Агар шумо ба дилхоҳ маркази интернетӣ ворид шавед, мебинед, ки аксари наврасону ҷавонон ба бозиҳои интернетӣ ва ё ба тамошои аксҳои ғайриахлоқӣ машғуланд. Ками андар кам нафаре ёфт мешавад, ки бо мақсади ҳалли масъала ё гирифтани иттилои тоза нишаста бошад. Ин боиси таассуф аст. Равоншинос Алиаҳмад Ёраҳмадов андеша дорад, ки истифодаи интернет, хоҳ манфӣ бошад, хоҳ мусбат, ба доираи донишҳо, ҷаҳонбинию маърифати муҳите, ки шахси истифодабарандаро иҳота кардааст, вобастагӣ дорад. “Бадбахтона, дар ҷомеаи мо нафарони рӯзномаву маҷаллахон каманд. Ҳол он ки ҳар як волидайн бояд аз хурдӣ ба фарзандаш китоб, маҷаллаву рӯзнома хонданро ташвиқ намояд. Агар кас аз хурдӣ ба ҷустану хондани маълумоти мусбат одат карда бошад, вақте ба интернет ворид мешавад, ҳатман аз чизҳои хуби он истифода мебарад. Аз интернет барои ҳалли мушкилоту масъала оқилона истифода мебарад. Лекин агар дар оилае ба дунё омада бошад, ки волидайн ба хондан ҳавас надоштанд ва фарзанди хешро ба хондан одат накунонида бошанд, пас кӯдак талаботи маънавии

худро нею талаботи физиологии худро бештар мехоҳад қонеъ гардонад. Бинобар ин, барои қонеъ гардонидани талаботи физиологӣ интернетро аз ҷиҳати манфӣ истифода мебарад. Ба монанди тамошои филмҳо ва аксҳои шаҳвонӣ”. Дар ҳамин ҳол Қурбоналӣ Бобоев яке аз истифодабарандагони интернет мегӯяд, аз бозе, ки интернет истифода мебарад, доим ба ҷиҳатҳои мусбати он таваҷҷуҳ мекунад. Ӯ афзуд: “Ман ҳеҷ гоҳ беҳуда ба интернет ворид намегардам. Ҳар чизи нофаҳмо пеш ояд, ҳамон лаҳза ба интернет даромада, онро барои худ маълум мекунам. Яъне, кӯшиш дорам интернетро барои маълумот гирифтан истифода барам”. Дар воқеъ кам нестанд ҷавононе, ки интернетро ба манфиат истифода мебаранд. Ин қабил ҷавонон дорои дониши хубу тафаккури созандаанд. Имрӯз интернет шароитеро барои мо муҳайё сохтааст, ки ҳар кас метавонад дар як лаҳза маълумоти барояш заруриро дастрас намояд. Ба суоли мо ки “интернетро чӣ гуна истифода мебаред?” Баракатулло Холмуродов яке аз корбарони интернет, ки муаллими забони англисӣ аст, чунин посух дод: “Ман ҳамеша мекӯшам, то аз интернет ягон маълумоти бароям даркорӣ гирам. Вақте дар фаъолияти корӣ бо мушкиле рӯ ба рӯ шавам, ба ин-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015

тернет ворид гардида, роҳи ҳаллашро ҷӯё мешавам. Имрӯз интернет кори ҳар нафарро осон гардондааст, албатта агар аз он ба дурустӣ истифода барем. Кӯшиш бояд кард, то аз интернет ба манфиат истифода намуд”. Истифодабарандагони интернет истисно намекунанд, ки истифодаи зиёди он касро монда, хоболуд карда, одатҳои дигарро низ пеш меорад. Тавре равоншинос Алиаҳмад Ёраҳмадов баён дошт: - Аз нигоҳи психологӣ ҳар чизе ки аз меъёр зиёд бошад, ба шахс ҳатман таъсири манфӣ мерасонад. Интернет ҳам агар аз ҳад зиёд истифода шавад, дар инсон одатҳо ба вуҷуд меоянд. Вақте одат пайдо шуд, ба характер мубаддал мешавад. Аз меъёр зиёд истифода бурдани интернет шахсро аз муошират бо дигарон дур мегардонад. Дар баробари ин, бисёр нишастан дар назди экрани компютер ба чашм таъсири манфӣ дорад. Мо бояд онро оқилона истифода барем”. Воқеан, зарур аст, ки аз интернет дуруст истифода шавад. Зеро дар сурати истифодаи нодуруст дар мо одат пайдо мешавад. Одате, ки чизи аз ҳама арзишноки мо - вақтро медуздад!

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

11


ВАРЗИШ

Ҷоми Президент насиби Муҳаммадмурод гардид Дар сеюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 октябр дар Қасри тенниси пойтахт доир гашт, варзишгари маъруфи кишвар Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ғолиб шуд. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа варзишгаронро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Адҳам Маъмурзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ва Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои кишвар, табрик карданд. Дар мусобиқа варзишагрони 15 кишвари ҷаҳон, аз қабили Афғонистон, Беларус, Италия, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Миср, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Юнон иштирок доштанд. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар финал бар гӯштингири Беларус Александр Ваховяк ғолиб шуд. Муҳаммадмурод ба ҷуз Ҷом бо ҷоизапулӣ ба маблағи 7 ҳазор доллари ИМА сарфароз гардид. Ба Ваховяк, ки ҷойи дуюмро сазовор гашт, 4 ҳазор доллар супурда шуд. Алварис (Куба) ва Фирдавс Насимов (Тоҷикистон) барои ҷойи сеюм бо 2 ҳазор долларӣ қадрдонӣ шуданд. Мусобиқаи мазкур аз соли 2013 ҳамасола бо иштироки доираи васеи паҳлавонони ҷаҳон баргузор мешавад.

Медали нуқраи Комроншоҳ дар Тошканд Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи кишвар, 3 октябр дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд (Judo Grand-Prix Tashkent 2015) соҳиби медали нуқра гардид.

Тими ҷавонон ба даври финали чемпионати Осиё-2016 роҳ ёфт Тими ҷавонони кишвар (U-19) дар даври ниҳоии марҳалаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” ба дарвозаи тими Малдив 8 голи беҷавоб зада, ба даври финалӣ, ки соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Бозиҳои гурӯҳи “F” 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Футболбозони ҷавони кишвар зери роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар даври аввал аз дастаи Ироқ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда, дар даври дуюм бар тими Баҳрайн бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Тими ҷавонони кишвар бо 6 хол дар гурӯҳ ҷои дуюмро ишғол кард. Тибқи низомномаи мусобиқа 5 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доштанд, ба даври финалӣ роҳ ёфтанд.

Меҳри варзиш дар дили ӯ аз хурдӣ ҷо гардид. Таваҷҷуҳашро ба варзиш дида, вақте дар синфи 7 таҳсил мекард, падару модар гуфтанд, пас аз дарс ба варзиш машғул шавад. Акнун Ганҷавӣ ҳар рӯз баъд аз дарсҳо тамрин мекард. Дар муддати кӯтоҳ ба варзиш чунон вобаста гардид, ки дигар худро бе он тасаввур намекард. Алоқамандии зиёд ба варзиш ва тамринҳои ҳаррӯза ӯро дар мусобиқаҳои хурди варзишӣ ғолиб мегардонд ва қувваозмоиҳо андак-андак барои дар ҷодаи варзиш гомҳои устувор ниҳоданаш мусоидат кард. Ҳамин тавр, аз соли 2008 ба гӯштини самбо машғул шуд. Аввалин устодаш дар ин ҷода Хушвахтшо Қаноатов, устоди хизматнишондодаи ҷумҳуриро ном мебарад.

12

Марҳилаи интихобӣ анҷом ёфта 16 дастаи даври финалии чемпионати Осиё2016 маълум шуданд: Узбекистон (ғолиби гурӯҳи «А»), Арабистони Саудӣ («В»), АМА («С»), Қатар («D»), Эрон («E»), Ироқ («F»), Ветнам («G»), Кореяи Ҷанубӣ («H»), Чин («I»), Ҷопон («J»), ТОҶИКИСТОН, Австралия, Тайланд, ҶХДК, Яман (дастаҳои ҷои дуюм, ки нишондиҳандаи беҳтар доранд) ва Баҳрайн – мизбони чемпионати Осиё-2016.

Вай дар вазни -90 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Темур Болат (Қазоқистон) ғолиб омад. Баъдан Патрик Сиечомскии лаҳистониро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр бар Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон) пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Марк Одентҳал (Олмон) мағлуб гашт ва барои ҷойи дуюм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд, ки 1-3 октябр баргузор шуд, 354 варзишгар (199 мард ва 155 зан) аз 52 кишвар ширкат доштанд. Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон (-60, -66, -73, -81, -90, -100, +100 кг) ва 7 вазн миёни занон (-48, -52, -57, -63, -70, -78, +78 кг) сурат гирифт. Тоҷикистонро 9 гуштигир намояндагӣ карданд. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Аваз-

хон Тӯймуродов (Узбекистон), дар даврҳои минбаъда аз Евгений Бородавко (Латвия) ва Соиб Қурбонов (Узбекистон) шикаст хӯрда, мақоми ҳафтумро касб кард. Ҳафт паҳлавони дигари кишвар – Хаёмиддин Ҷабборов (60 кг), Умед Абдураҳимов (66 кг), Шӯҳратҷони Фахризода ва Кароматулло Ҳакимов (ҳар ду – 73 кг), Фарҳод Раҳимов (81 кг), Аминҷон Ҷалолов (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) дар нахустин рақобати худ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Дар ҳисоби даставӣ тими мунтахаби Ҷопон бо 4 медали тилло ҷойи аввалро соҳиб шуд. Кореяи Ҷанубӣ бо 3 медали тилло ва як нуқра ҷои дуюм ва Узбекистон бо як медали тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо як медали нуқра дар байни 52 кишвар дар мақоми 15-ум қарор гирифт.

Парчамбардорӣ орзуи ӯст Ганҷавӣ Сурхов 3 майи соли 1991 дар деҳаи Рохорби ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Бо мақсади рушди маҳорати варзишӣ ва ноил гаштан ба мақсадҳояш соли 2009 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил шуд. Ҳангоми донишҷӯӣ дар мусобиқаҳои донишгоҳии гӯштингирӣ иштирок намуда, дар вазни то 90 кило сазовори ҷойи аввал гардид. Инчунин, дар чанд мусобиқаи дигар сазовори ҷойҳои намоён шуд. Аз ҷумла дар мусобиқаи дзюдо, ки бахшида ба 20-солагии Истиқлолият дар шаҳри Хоруғи ВМКБ баргузор гардид, ширкат варзида, дар вазни 75 кило ба гирифтани ҷойи 2-юм мушарраф мегардад. Дар ҳамин вазн боз дар мусобиқаи байни наврасон ва ҷавонон аз намуди дзюдо, ки дар ноҳияи Ванҷ барои дарёфти ҷоми ра-

иси шаҳри Хоруғ соли 2009 баргузор гардида буд, ғолиб омада, сазовори дипломи дараҷаи I гаштааст. Ганҷавӣ Сурхов айни ҳол дар риштаи гӯштини самбо ва дзюдо таҳти роҳбарии мураббии хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Муҳаммадшариф Сулаймонов тамрин менамояд. Ганҷавӣ Сурхов дар қатори садҳо ҷавонони варзишгари ҷумҳурӣ орзуву мақсадҳои зиёд дорад ва мегӯяд барои ноил шудан ба онҳо машқу тамринашро асло кам намекунад. “Бисёр мехоҳам, ки шарафи бардоштани парчами кишвар дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ба ман насиб гардад. Барои ин тайёрам, ки шабонарӯз тамрин кунам”, - мегӯяд Ганҷавӣ. Мо дар ин роҳ ба ӯ муваффақият хоҳонем. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШ

Бо футбол низ Тоҷикистон муаррифӣ мешавад Ё мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол чӣ ҳол дорад? Замоне, тими мунтахаби наврасони кишвар оид ба футбол дар Чемпионати Осиё мақоми сеюмро соҳиб шуда, ба Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт. Зимни намоиши мустақими бозии наврасони Тоҷикистон бо наврасони Тунис шореҳи рус гуфта буд: «Акнун мардуми ҷаҳон аз харита Тоҷикистонро меҷӯянд!» Дар он ва дигар бозиҳои сатҳи байналмилаливу ҷаҳонӣ аксарияти футболбозони мунтахаби кишварро дастпарварони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол ташкил медод. Бо мақсади шиносоии бештар аз вазъи мактаб бо масъулинаш суҳбатҳо доштем. Дарёфтем, ки дар баробари варзиш дар ин мактаб тарбияи ахлоқию ватандӯстӣ ҳам дода мешавад. Мураббиёни ин муассиса таҷрибаи кофӣ дошта, ба варзишгарон усулҳои гуногуни корро меомӯзонанд. Ба воситаи экранҳои калон қариб ҳамарӯза пеш аз шурӯи тамрин, тарзи футболи наврасон ва ҷавонони як давлатро, ки варзиши пешрафта дорад, ба таври аёнӣ нишон медиҳанд. Бартариҳои онҳоро меомӯзанд ва дар бозиҳои худ татбиқ мекунанд. Қудрат Муродов, иҷрокунандаи мудири қисми таълимии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол, мегӯяд, бо фарқ аз солҳои пешин имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ футбол дар ҳоли рушд аст. Номбурда изҳор медорад, ки алҳол ба ғайр аз майдону майдончаҳои варзишӣ дар тамоми кӯчаву тангкӯчаҳо баъди соати 17:00 наврасон машғули футболбозианд, ки фоли нек аст. Агар ин раванд давом ёбад, он рӯз дер нест, ки моро ҳам бо футболамон дар ҷаҳон шиносанд. “Маҳз ҳамин рушди футбол аст, ки се нафар мураббии мо барои ёрӣ расонидан ба кишвари дӯсту бародари Афғонистон, ки чемпионати Афғонистон баргузор мегардад, даъват шудаанд”, мегӯяд Қудрат Муродов. - Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол дорои мурабиёни соҳибтаҷриба ва 234 варзишгар буда, аз онҳо 92 нафараш наврасон, боқимонда ҷавонон мебошанд. Соли 2014 дар кишвар

ҳамчун соли оммавии футбол эълон шуд. Бо ин мақсад бо ташаббуси Федератсияи футболи кишвар, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ҳар як шаҳру ноҳия ва вилоят фестивалу мусобиқаҳо доир гаштанд. Соли ҷорӣ низ чунин фестивал-озмунҳо дар мактабҳои варзишӣ, мактабҳои миёнаи шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Данғара, Восеъ, Кӯлоб, Дарвоз, Хоруғ, Ванҷ баргузор шуданд, - афзуд ӯ. Вале Қудрат Муродов истисно намедонад, ки футболи тоҷик то ҳанӯз мушкилоти зиёде ҳам дорад. “Барои ташкил намудани дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ ва барои лигаҳои аввали ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама шароити хуб фароҳам овардан даркор, теъдоди майдонҳои варзиширо бештар кард, то варзишгарон ҳар вақт хоҳанд тамрин карда тавонанд. Инчунин, дар назди варзишгоҳҳо ҳаммом бояд сохт, то варзишгар баъди бозӣ бо оби гарм оббозӣ кунад... Албатта, чунин шароит фароҳам оварда шавад, дастаҳои мо низ метавонанд натиҷаи беҳтар нишон диҳанд. Чунин ҷойҳо ҳастанд, аммо каманд. Чаро ки имрӯз нисбат ба солҳои пеш шумораи варзишгарони мактаб бисёр шудааст”, таъкид мекунад Қ. Муродов. Нарасидани духтурон ҳам яке аз мушкилоти дигари Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол будааст. Ба ақидаи ҳамсуҳбати мо, барои дастаи сатҳи ҷаҳонӣ омода намудан варзишгарон бояд гоҳ-гоҳ дар хориҷа, дар академияҳои дастаҳои машҳуре чун Барселона, Арсенал, Қазоқистон, Қазон, Туркия, дар шаҳрҳои алоҳидаи Русия ва дигар давлатҳое, ки футболашон тараққӣ кардааст, тамрин кунанд... Мо ҳам умед мебандем, ки бо кӯмаки ин ва дигар мактабҳову клубҳои футбол футболи тоҷик рушд кунад ва Тоҷикистонро ҳар лаҳза аз экрани телевизионҳои ҷаҳон бинанд. Насрулло ПАРТОЕВ, коромӯзи “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015

Суриягии пешпохӯрда мураббии тими Испания шуд Ҳамлагари маъруфи дастаи “Реал” Криштиану Роналду 19 сентябри соли равон дар бозӣ бо тими “Гранада” ҳамроҳи кӯдакони суриягие ба майдон баромад, ки падарашро дар сарҳади Маҷористон рӯзноманигори венгерӣ пешпо дода буд.

Муҳоҷири суриягие, ки писар дар дасташ зимни аз марзи Маҷористон гузаштан аз пешподиҳии журналистзани венгерӣ Петра Лазло ба замин афтод, мураббии футбол Усома Муҳаммад Абдулмуҳсин будааст. Ғайри чашмдошт Абдулмуҳсини аз ҳама гапу кор бехабар рамзи фоҷиаи гурезаҳои суриягӣ гашт. Ӯ ҳамроҳи дигар гурезаҳои суриягӣ аввали моҳи сентябр ба шаҳраки марзии Рёскеи Маҷористон расид. Вақте аз марзи Маҷористон ба самти Сербия медавид, хабарнигори шабакаи телевизиони интернетии NITV пешпояш дод. Абдулмуҳсин ба замин афтоду писараш Зайд, ки дар дасти ӯ буд, лат хӯрда гиря кард. Абдулмуҳсин гумон кард, ки ӯро корманди пулис пешпо додааст. Аз ин рӯ вайро дашном дод. - Ман ҳеҷ гумон намекардам, ки журналистка ба чунин амал даст мезада бошад,- ба хотир меорад Абдулмуҳсин. Баъд аз он ки навори пешпо додани Абдулмуҳсин дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд, ӯро барои кор ба филиали Маркази миллии омодасозии мураббиёни футбол дар шаҳри Ҳетафи наздикии Мадрид ба кор даъват намуданд. Абдулмуҳсин соли 1963 дар шаҳри Дайраззори шарқи Сурия таваллуд шудааст. Ҳанӯз дар овони кӯдакӣ дар дастаи наврасони тими маҳаллии “Ал футувват” (ҷавонмардӣ) бозӣ мекард. Ӯ дар донишгоҳи шаҳри Ҳалаб соҳиби ихтисоси мураббии футбол шуда, 10 сол дар дастаи “Ал футувват” ба ҳайси мураббӣ фаъолият намуд. Ибтидои соли 2000-ум Абдулмуҳсин масъули омодасозии дастаи яккачини минтақаҳои шарқии Сурия таъин шуд. Баъдтар ӯро узви Ассотсиатсияи дастгирӣ ва рушди соҳаи варзиши Сурия таъин намуданд. Абдулмуҳсин моҳи июли соли 2011 бинобар ҷонибдори инқилоб буданаш тарки вазифа кард. Ӯ дар Димишқ ба Дайраззор ва баъдан Раққа кӯчид. Аммо ҷангиёни ДИИШ шаҳри Раққаро ишғол намуданд. Ҷангиёни бераҳм рӯзе ба хонаи Абдулмуҳсин тир парронданд, ки он ба пойи писараш бархӯрд. Абдулмуҳсин баъди ин

қарор дод, ки бо аҳли оилааш кишварро тарк намояд. Бо ин мақсад ҳамроҳи зану чор фарзандаш аввал ба шаҳри Мерсини Туркия омад. Вай дар як беморхона ба сифати физиотерапевт ба кор даромад. Ҳамзамон, дастаи футболеро бо номи “Умед” таъсис дод, ки дар якчанд бозиҳои рафиқона қувваозмоӣ намуд. Азбаски дар бемористон саривақт маош намедоданд, Абдулмуҳсин қарор дод, ки аз Туркия кӯч бандад. Бо ин мақсад писари хурдиаш Зайди 7-соларо ҳамроҳ гирифта, ба назди писари калониаш Муҳаммад, ки 9 моҳ боз дар Олмон аст, роҳ пеш гирифт. Аз шаҳри Бодруми Туркия то пойтахти Сербия шаҳри Белград ба Абдулмуҳсин лозим омад, ки дар як ҳафта 2500 евро сарф намояд. Баъди пешпо хӯрдани Абдулмуҳсин ӯ ва Зайди латхӯрдаро тавассути автобус ба Австрия бурданд. Рӯзи дигараш рӯзноманигорон ба Абдулмуҳсин мусоҳиб шуданд. Маҳз онҳо ба ӯ гуфтанд, ки навори пешпо хӯрданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст. Ин марди суриягӣ бо алам гуфт: - Ман ин ҳодисаро ҳамту намемонам. Гап дар бораи як ману писарам намеравад. Чунин рафтор беҳурматӣ нисбати суриягиҳо ва тамоми гурезагон аст. Абдулмуҳсин мақсад дорад, ки адвокат гирифта он бонуи рӯзноманигор ва ширкати телевизионии дар он фаъолият мекардаро ба суд диҳад. Ду ҳафта пеш Абдулмуҳсин ба шаҳри Мюнхени Олмон расида, бо писари калониаш вохӯрд. - Моро олмониҳо хеле хуш пазируфтанд, ки ҳама дарду ранҷи сафари тӯлониро фаромӯш кардам, - мегӯяд Абдулмуҳсин. Ба зудӣ Абдулмуҳсинро кишвари дигари Иттиҳоди Аврупо – Испания қабул карда, барояш ба ҳайси мураббии футбол ҷои кор пешниҳод намуд. Абдулмуҳсин ҳамроҳи Муҳаммаду Зайд ба шаҳри Ҳетаф рафт. Рӯзҳои наздик ӯ ба фаъолият шуруъ мекунад. Шукр, ки баъди сарсониҳо Абдулмуҳсин соҳиби сарпаноҳ ва ҷои кори дилхоҳ гардид. Фароҳамсоз С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

13


ШЕЪР Байни махлуқоти олам Аз ҳама пеш истад инсон. Зиндагӣ дорад даводав, Зиндагӣ дорад кашокаш. Зистан осон набошад, Байни обу байни оташ. Мушкилоташ беш, лекин Зиндагӣ бас беназир аст. Созтар сӯяш назар кун, Дар танаш нав-нав ҳарир аст.

КУРТАСУРХАК

Нуруллоҳи ОРИФ

ҶАВОНӢ Ба зери чатри ёр, аз вақт Ниҳон кардам ҷавониро. Ба фармони дилам рондам Саманди зиндагониро. Надонистам, ки аз пуштам Давида мерасад пирӣ. Рафиқон, дӯстон, набвад Маро айёми дамгирӣ. Задам маҳмез, аз наълаш Парид оташ, парид ахтар. Бируст аз ҷои ҳар сумбаш Гули насрин, гули абҳар. Лаҷомаш дар кафи дастам, Намеистад, ки дам гирам. Намеистад, ки аз думбаш Ва ёлаш мӯқалам гирам. Агар истад, лиқояшро Ба дил тасвир месозам. Ба пояш аз ҳубоби ашк Гаҳе занҷир месозам.

ЗИНДАГӢ Баҳри баъзе дар ҳақиқат, Зиндагӣ гитарнавозист. Кору бораш айшу ишрат, Манманию сарфарозист. Баҳри ман бошад, давидан, Рӯз чун аз пушти пода. Не ба аспу не ба мошин, Не ба хар, пойи пиёда. Пас чӣ сон бар лаб наорам, Зиндагӣ дард аст, дард аст. Кори ман бо зиндагӣ сахт, Ошноӣ не, набард аст. Ошно мебуд, ман ҳам, Нӯш мекардам майи ноб. Аз шукуфтан шоми хилват Қисса мекардам ба маҳтоб.

ГУЛИ ХУРШЕД

Фароғат ном дорад куртасурхак, Лабе чун ҷом дорад куртасурхак. Ба гӯшам гуфт булбул: - Хезу биштоб, Ба ту пайғом дорад куртасурхак. Бирафтам, гуфтамаш гӯ, хоҳишат чист, Сафар бар Шом дорад куртасурхак. Марав гуфтам, надонистам, ки хилват Ба роҳам дом дорад куртасурхак. Ба дом афтодам, озодам накард ӯ, Ба комам ком дорад куртасурхак. Дар оғӯшаш маро дид, аз сафар гашт, Накӯ айём дорад куртасурхак.

ТЕҒИ ИШҚ Бароям гиря кун нав-нав, Ки мурдам дар суроғи ту. Нишон аз ишқи беҳосил Ба қалбам монд доғи ту.

Дар ин ҷо ҳам бувад корам Ҳамеша бе ту раҳпоӣ.

ИЛТИҶО

Илҳом аз шеъри Искандари Хатлонӣ ва таронаи Аҳмад Зоҳир «Бароям гиря кун имшаб»*, Ки дурам аз канори ту. Надорам то ҳанӯз афсӯс, Ба каф ҷуфти анори ту. Ба ман ку фурсати хуфтан, Ба ҷуз гиря дар ин водӣ. Дар ин шаҳре, ки меҳмонам, Надорам бе ту озодӣ. Ба додам рас, ки фаҳмидам Сафар бе ҳамсафар марг аст. Баҳор ояд-наояд ҳам, Дарахти хушк бебарг аст. Талош андар талошам ин-к, Ба наздат аз сафар гардам. Зи нав ояд ба рақсидан Дар оғӯшат тани сардам. «Бароям гиря кун имшаб» Худо гӯ, боз пайвандем. Чу хуршеду маҳу ахтар, Зи иқболи наку хандем. * Мисраъ аз Искандари Хатлонист.

ШАБНАМ

Таманно доштам боре Лабатро бар лабам бандӣ. Бубинад ҳар касе, гӯяд: - Муборак бод пайвандӣ.

Чу шаб, эй Шабнам, оҳиста Ба охир мерасам бе ту. Ба ту дил баста, пай бурдам, Тамоман бекасам бе ту.

Чу ман шояд ҳазор инсон Ба пеши пот сар монда. Зи мижгон ашки навмедӣ Чу об аз новдон ронда.

Макан аз ман ту он дилро Ки андар рӯи каф дорӣ. Худ огоҳӣ ва ё ки не, Дилат рахшад чу марворӣ.

Натарсидӣ, ба теғи ишқ Маро нодода лаб, куштӣ. Насозад то касе пайхас, Маро бо зарби таб куштӣ.

Чу шаб, эй Шабнам, оҳиста Ба охир мерасам бе ту. Ба ту дил баста, пай бурдам, Тамоман бекасам бе ту.

Биё, болои қабрам шин, Ки метарсам зи танҳоӣ.

Агар афтад зи дастат дил, Маро бе теғ хоҳӣ кушт. Мани дар ҳасратат бемор, Надорам тоқати як мушт. Чу шаб, эй Шабнам, оҳиста Ба охир мерасам бе ту. Ба ту дил баста, пай бурдам, Тамоман бекасам бе ту.

ТАМАННО Бароям гиря кун кам-кам, Ки дар хоби шабат бинам. Гаҳе масту гаҳе ҳушёр, Лабамро бар лабат бинам. Агар бинам ба хобат, лаб Набардорам зи лабҳоят. Бувад, то ҷон ба тан дорам, Канори гарми ман ҷоят.

Одамон, гар метавонед, Гул, гули хуршед коред. Бо ҳама ранҷе, ки доред, Зиндагиро дӯст доред.

Бароям гиря кун кам-кам, Ки дар хоби шабат бинам. Гаҳе масту гаҳе ҳушёр, Лабамро бар лабат бинам.

Зиндагиро дӯст доред, То шавад олам гулистон.

Гиристан хуб агарчи нест, Вале таскин диҳад ҷонро.

14

Ба хотир оварад ашкат Гул, эй Гул, қатраборонро. Бароям гиря кун кам-кам, Ки дар хоби шабат бинам. Гаҳе масту гаҳе ҳушёр, Лабамро бар лабат бинам.

ҒАМИ ИШҚ Гаштам ошиқ, ғами ишқат санамо, бори ман аст, Аксат, эй силсиламӯ, нақш ба девори ман аст. Аз раҳи дур ба тилфон сари шаб то ба саҳар Ҳолпурсат дили озурдаву бемори ман аст. Мисли хуршеди само мижазанон рӯзи дароз Дав-давон аз паси ту дидаи бедори ман аст. Ҷуз ту сарве, ки манам волаву дар доми ту банд, Ҳама дар ҳасрати як дидани дидори ман аст. Ту наӣ, шояд аз ин роз хабардор, вале Бурдам ин аст, Худованд мададгори ман аст. Боядам гуфт ба ҳамсояву бегонаву хеш, Бевафо, ёраки ман, ёраки ман, ёри ман аст.

ДАР ТАКОПУ Ёрам шитоб дорад, Дар кӯза об дорад. Зулфони пар-парашро Борон ҳисоб дорад. Зулфош боли кафтар, Абрӯш неши ханҷар. Шояд зи хайфи борон Ёрам дарояд аз дар. Биншастаам ба роҳаш, Хоҳони рӯи моҳаш. Пурнур гардад ин дил, Аз партави нигоҳаш. Рӯмол даври рӯяш, Чанг аст, чанг мӯяш. Боз асту дар такопуст, Гӯшам ба гуфтугӯяш.

ГАДОИ КӮЧА

Оча дорӣ, мағзи поча дорӣ. (Аз халқ)

Кард тарки даҳри фонӣ очаам, Об шуд бе оча мағзи почаам. Аз ҳамон рӯзе, ки бар сайри адам Рафт очам, ман гадои кӯчаам. Оча гуфта, мезанам сарро ба санг, Мекунам бо хеш чун девона ҷанг. Ҳар занеро дида, сӯяш беасос, Аз давидан ланг гаштам, ланг, ланг. Рафт очам, рафт шодӣ аз дилам, Монд бе нури ҷамолаш манзилам. Нест дар чашмони ман як зарра хоб, Моҳии афтода дур аз соҳилам. Ман гадои кӯча, очам бехабар, Очаи бетоқатам аз дарди сар. Дар фироқаш ҳар шабу ҳар рӯз сахт Гиря кун ҳамроҳи ман, шамсу қамар.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ -

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ Аз суҳбати ду рафиқ. Аввалӣ: - Кӯдакӣ комилан тағйир ёфтааст. - Чӣ тавр? - Мо дар кӯдакӣ себҳои ҳамсояро медуздидем, кӯдакони ҳозира Wi-Fi медузданд...

*** Афандӣ моҳи июл либоси зимистона пӯшида ба ҷамоат барои гирифтани нафақа меравад. Масъули ҷамоат мепурсад: - Тинҷист, Афандӣ? Дар чиллаи тобистон либоси ғафс пӯшидӣ?... Афандӣ ҷавоб медиҳад: - Тинҷӣ, ман барои гирифтани нафақаи моҳи январ омадаам.

*** Дар кафедраи фалсафа. Муаллим: - Забиров, шпаргалкаро пинҳон кун! (Забиров шишаи арақро ғамгинона ба сумкааш меандозад)

*** Падар аз духтараш мепурсад: - Барои чӣ гиря дорӣ? – Китоби пурғам. - Чӣ китоб? – Имтиҳон...

1 октябр дар Донишгоҳи KAIST (Korea Advanced Institute of Science and Technology) Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Кореяи Ҷанубӣ таҳсил мекунанд, расму одат ва таърихи мардуми тоҷикро муаррифӣ намуда, ба устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла палов, самбӯсаи варақӣ ва хӯришҳо пешкаш намуданд.

***

ИБРАТ

Муносибат бо турист чӣ гуна бошад? СЕ КОНФЕТ Боре Дастин Рэй ном дӯстдори сайру саёҳат тавассути интернет аз меҳмонхонаи Woodlands Resort’s барои худ пешакӣ ҳуҷра киро намуда, дар муқобили навиштаҷоти “Дархости махсус” чунин қайд кард: “Се дона конфети MEM’S-и сурх рӯи миз гузоред. Яктояш барои худам, дигараш барои маҳбубаам, сеюмашро ду тақсим мекунем. Инчунин расми бекон (гӯшти бенамаки дудодашуда)-ро дар кати хобам гузоред. Ба ман расми бекон писанд аст”. Сафари Рэй баъди як моҳ сурат гирифт. Ӯ дар бораи хоҳиши худ фаромӯш карда буд. Вақте ба ҳуҷра даромад, дар ҳайрат монд. Рӯи миз 3 дона конфети сурхи MEM’S ва болои кати хоб сурати бекони дар чорчӯба гирифташуда гузошта шуда буд. Маълум шуд, ки маъмурияти меҳмонхона таманниёти ҳатто дар назар ночизи ҳар як мизоҷро ба эътибор мегирифтааст. МЕВА – ТӮҲФАИ СТЮАРДЕССА Яке аз мусофирони ширкати “Сингапур эйрлаинз” чанд сол пеш аз шаҳри Мумбайи

Ҳиндустон ба Сингапур парвоз мекард. Он солҳо парвоз аз Ҳиндустон ба Сингапур кам ва хеле гарон буд. Аз сабаби он ки мусофири мазкур вегетерианс (гӯштнахӯранда) буд, хоҳиш намуд, ки барояш ғизои бегӯшт биёранд. Азбаски экипажи ҳавопаймо аз фурудгоҳ ғизои бегӯшт нагирифта буданд, стюардесса ва капитани экипаж аз мусофир узр пурсиданд. Яке аз стюардессаҳо ба хотири ягона мусофири вегетарианс каме биринҷ ҷӯшонда, меваҳоеро, ки аз бозор барои хӯрдани худаш гирифта буд, ба ӯ пешкаш кард. Вақте ҳавопаймо ба майдони ҳавоӣ фуруд омад, менеҷери ширкати ҳавопаймоӣ бори дигар аз мусофир узр пурсида, барои то меҳмонхона бурданаш мошини “лимузин” пешниҳод кард. Зимни бозгашт ба Мумбай экипажи ҳавопаймо мусофири мазкурро ба “бизнескласс” шинонда, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Чун мусофир ба офиси дар Мумбайбудаи худ баргашт, ӯро қуттии пур аз шоколади намояндагии ширкати “Сингапур эйрлаинз” интизор буд.

БОЗИЧАЕ, КИ “ИСТИРОҲАТ” КАРД Аҳли хонаводаи як оилаи амрикоӣ чанд рӯз дар меҳмонхонаи Ritz - Carlton–и Флорида истироҳат намуда, ба хона баргаштанд. Танҳо дар хона диданд, ки Ҷошӣ ном бозича – зарофаи писарашон дар меҳмонхона фаромӯш шудааст. Аксар волидайн медонанд, ки кӯдакон чӣ гуна ба бозичаашон дил мебанданд. Аз ин рӯ падару модар кӯдакро бо дурӯғ таскин доданд: “Ҷошӣ хуб аст. Вай ҳамту хост каме истироҳат кунад”. Шаби аввали ба хона омадан менеҷери меҳмонхонаи мазкур ба мизоҷи худ занг зада хабар дод, ки бозича дар дасти онҳост. Падари кӯдак дар бораи дурӯғи эҷодкардаашон ба менеҷер нақл карда, хоҳиш намуданд, ки ба хотири ба ҳақиқат табдил додани дурӯғ Ҷоширо дар назди ҳавз сурат бигиранд. Менеҷер “о кей” (хуб шудааст!) – гӯён гӯшаки телефонро гузошт. Расо баъди 2 рӯз менеҷери меҳмонхона Ҷоширо тавассути почта бо якчанд сурат ба хонаи мизоҷ фиристод. Дар аксҳо Ҷошӣ дар назди ҳавз, ҳамроҳи “дӯстонаш” (дигар бозичаҳо), дар сари чамбарак (рул)-и голфмобил буд. Маҳз одамгарию самимияти баланди кормандони меҳмонхонаи Ritz - Carlton буд, ки оилаи мазкур дигар ҳар сол дар таътил ҳамин меҳмонхонаро киро мекунад. Таҳияи Алишери САЙФИДДИН, донишҷӯи соли чоруми ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Бахтовар КАРИМОВ Ҳафтанома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

16

Зан ба шавҳараш: - Як сухане бигӯ, ки ҳам хурсанд шавам, ҳам ғамгин. Мард: - Ту зиндагии ман ҳастӣ... Марг бар чунин зиндагӣ...

***

Аз ёддошти зане: Имрӯз бо шавҳарам меҳрубон хоҳам буд, пагоҳ маош мегирад!

***

Мард ба занаш: - Азизакам, бубин имрӯз чӣ гуна рӯзи хуш аст... Зан: - Баъд чӣ? Мард: - Ёд надорӣ, гуфта будӣ, як рӯзи хуш ҳатман маро тарк мекунӣ?

ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №25110, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов соли 2010 ба Халилов Саидмуҳаммад Саидхоҷаевич додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонӣ, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур соли 2009 ба Қудратзода Раҷабалии Насрулло додааст, эътибор надорад.

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7620 нусха ба нашр расид.

Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

САРМУҲАРРИР

***

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имтиҳон аз таърих. Муаллим: - Аввалин зани лётчик кӣ буд? - Аҷузакампир, ки бо ҷорӯб парвоз мекард.

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоиёт), Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Бахтовар АМИНЗОДА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул), Толибшоҳи ДАВЛАТ (мухбир дар НТМ),Саодат ИСМОИЛӢ (мухбир дар вилояти Суғд), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (мухбир дар ВМКБ), Фарзона ИСМОИЛОВА (мухбир дар вилояти Хатлон).

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №40 (9414), 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.