НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№40 (9466), 6 октябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
РӮШДИ МАҲАЛ
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Сафари кории Пешвои миллат ба минтақаи Кӯлоб
Ширинтар аз набот аст
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
ИДЕАЛИ “ҶАВОНОН...”
Инсонро сабақи зиндагӣ шуҳратёр месозад
ҲАФТ РӮЗ 29.09.2016 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо директори Гурӯҳи молиявӣ дар Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Георгий Орлов мулоқот кард. Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои вусъати тадбирҳои солимгардонии низоми бонкӣ, расонидани кӯмакҳои молиявию техникӣ ва афзун намудани сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид намуданд. 30.09.2016 Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба солрӯзи шоир, ориф ва мутафаккири Шарқ Ҷалолиддини Балхӣ бо ширкати донишҷӯёну олимони донишгоҳ конфронси илмию оммавӣ баргузор гардид.
01.10.2016 Дар тамоми ҷаҳон Рӯзи пиронсолон ҷашн гирифта шуд. Мутобиқи омори расмӣ айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 436 ҳазор нафар шаҳрвандони калонтар аз синни меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки зиёда аз 5% аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Шумораи умумии нафақахӯрон бошад, зиёда аз 620 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 390 ҳазорашон аз рӯи пиронсолӣ нафақа мегиранд.
Данғара ва Ёвон зимни мулоқоту суҳбатҳо ба ҷавонон доир ба қонунгузории Федератсияи Русия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия ва инчунин тартиби гирифтани патент (иҷозатномаи корӣ) маълумот доданд.
02.10.2016 Дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат карданд.
04.10.2016 Дар Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфоваи ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки шоирони шинохтаи кишвар Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева, Раҳмат Назрӣ, овозхони маъруф Муҳаррама Шарифова, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорон таҳти унвони «Қишлоқаки кӯдакӣ» маҳфили шеъру суруд баргузор гардид.
03.10.2016 Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» дар ноҳияҳои
05.10.2016 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатӣ таҷлил шуд.
2
Иншо: Ҷавонон зидди терроризм
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
28 сентябр дар МТМУ №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабинтернатҳо, литсею гимназияҳои ноҳия дар мавзӯи “Ҷавонон бар зидди терроризм” озмуни иншои беҳтарин баргузор гардид.
АХБОРИ ҲАФТА
Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030 қабул гардид 30 сентябр таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Ҳукумати мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд. Сарвари давлат оид ба қабули ин санади муҳим баромад намуда таъкид дошт, ки бобати таъмини афзалиятҳои миллӣ лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз тарафи вазоратҳо бо ҷалби коршиносон таҳия гардид. Ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 давоми 15 соли оянда ҷиҳати муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ гардидааст. Президенти мамлакат барои татбиқи ин ҳадафҳо чанд омили муҳим, аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод бо сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ таб-
дил додани кишвар, се баробар аз 17 то 45 миллиард соат боло бурдани иқтидори энергетикии ҷумҳуриро номбар кард. Маълумотнок кардани аҳолӣ, боло бурдани сатҳи дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кӯдак, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар аз омилҳои дигари татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид. Таъкид шуд, ки барои пурра ноил гардидан ба ин стратегия дар назди давлату ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои он як қатор вазифаҳои муҳим меистад. Дар амал татбиқ кардани се самти стратегии мамлакат – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин самт аст.
Баъд аз қабул кардани лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аъзои Ҳукумати мамлакат, инчунин лоиҳаи 5 қонун, аз ҷумла қонунҳо "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро маъқул дониста барои баррасӣ ба Маҷлиси Олӣ ирсол намуданд. Ҳамчунин ба Маҷлиси Олӣ барои баррасӣ 5 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар охир баъди баррасии пурраи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати иҷрои масъалаҳои баррасишуда ва дигар тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Абдулло Давлатзода,мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино қайд кард, ки мақсад аз баргузор намудани озмуни мазкур рушди фаъолияти эҷодии хонандагон, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди босифати таҳсилот, тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва ҳавасмандии моддию маънавии онҳо мебошад. - Рисолати наврасону ҷавонон имрӯз пеш аз ҳама ҳифзи арзишҳои миллӣ, муқовимат бо андешаҳои тундгаро ва терроризму экстремизм мебошад. Онҳо бояд дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз созандагиву бунёдкорӣ тарбия ёбанд ва ҳамеша пайрави андешаҳои солиму солеҳ бошанд, - гуфт А. Давлатзода. Дилбар Ҷӯраева, ҷонишини директор оид ба таълими МТМУ №101 дар баромадаш, аз ҷумла гуфт, дар замони бисёр мушкили вазъи ҷаҳон баргузории чунин озмунҳо ва ҳар гуна мулоқоту вохӯриҳо наврасону ҷавононро ба сӯи созандагӣ раҳсипор менамояд. Мо - насли калонсол, махсусан омӯзгорон бояд нисбат ба тақдири кӯдакону наврасон ва ҷавонон бетараф набошем ва дар ҳама ҳолат онҳоро ба роҳи дурусту созанда ҳидоят намоем. Ӯ таъкид дошт, ки наврасону ҷавонон омӯзиши илмро вазифаи аввалиндараҷаи худ донанд ва фирефтаи андешаҳои хоми ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нашаванд. Баъд аз натиҷагирӣ ҷойи аввал насиби Дилноза Қурбонова, хонандаи синфи 10-и МТМУ №83 гардид. Ҷойи дуюмро Аниса Хайриддинова, хонандаи синфи 11-и МТМУ №92 ва Робиямоҳи Баҳром, хонандаи синфи 10-и МТМУ №101 ва ҷойи сеюмро Сиёвуши Фирӯз, хонандаи синфи 10-и МТМУ №54 ва Мастонаи Нурулло, хонандаи синфи 10-и МТМУ №82 ишғол намуданд. Ба ғолибон ва 15 нафари дигар барои навиштани иншои беҳтарин “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино тақдим шуд.
Бар зидди терроризм ҳама бояд мубориза барем 30-юми сентябр бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018, бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст задани наврасону ҷавонон ба ҷинояту ҷинояткорӣ намояндагони Прократура, Кумитаи кор бо занон ва оила, Шуъбаи Вазорати корҳои дихилӣ ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мулоқот карданд. Мирзозода Азизахон, ёрдамчии прокрори ноҳияи И. Сомонӣ дар баромадаш, аз ҷумла иброз дошт: “Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавӣ дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ сурат мегиранд”. Гуфта шуд, хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан дар навбати аввал бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте дучор шудаанд. Бо дарназардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Бо ҳамин сабаб намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд, ки боиси вусъат пайдо намудани радикализм, ифротгароӣ
ва даҳшатафканӣ дар байни ҷавонон мешавад. Сипас, Сайалӣ Шаҳобов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия сухан намуда, гуфт: “Ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ходисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ (алалхусус шабакаҳои иҷтимоӣ) бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон равандҳои сиёсиву иҷтимоиро тағйир доданӣ мешаванд. Бинобар ин, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз зарурати бартараф намудани рушди экстремизм аст. Аз ин рӯ, ба муқобили радикализм, ифротгароӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир, ки барои ҷомеаи мо бегона мебошанд, мубориза бурда, барои пешгирӣ намудани онҳо чораҳои мушаххаси тарбиявӣ андешидан зарур аст”. Танҳо бо фишор ва қувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза намудан бо гурӯҳҳои ифротӣ кифоя нест. Ин вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар аст. Барои ҳалли ин масъала равона кардани нерӯ ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст ва бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғиб намоем.
Таъкид гардид, ки барои мубориза бурдан бо радикализм, ифротгароӣ ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои давлатӣ бо он мубориза баранд ва ҷомеаро аз гирдоби дардноки оқибати он эмин нигоҳ доранд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
3
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс миёни наврасон
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
30 сентябр - 3 октябри соли равон дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни наврасони соли таваллудашон 2000-2001 доир гардид.
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар мусобиқа зиёда аз 104 варзишгар аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе дар 13 вазн миёни ҳам рақобат намуданд.
Қайиқронӣ: 7 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё Варзишгарони мамлакат дар Ҷоми Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, ки 28 сентябр – 1 октябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор гашт, ҳафт медал – 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа Шаҳриёр Даминов се медал ба даст овард. Вай дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр медали нуқра ва ба масофаи 500 метр медали биринҷӣ ба даст овард. Инчунин, дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр ҳамроҳи Диловар Расулов бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Абдусаттор Ғаффоров дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр
соҳиби медали нуқра шуд. Дар сабқати наврасон дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр Умар Рустамов ва Давронхӯҷа Аҳмадов бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоҳирҷон Набиев, Абдусаттор Ғаффоров ва Абдумаҷид Абдураҳимов дар байдаркаи чоркаса ба масофаҳои 500 ва 1000 метр бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Анҷоми Бозиҳои V соҳилии Осиё дар Ветнам Бозиҳои V соҳилии Осиё дар шаҳри Дананги Ветнам ба анҷом расид. Дар ин бозиҳо беш аз чор ҳазор варзишгар аз 43 кишвари қора аз рӯи 23 намуди варзиш рақобат карданд. Дар ҳисоби даставӣ Ветнам бо 139 медал (52 тилло, 44 нуқра ва 43 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Тайланд бо 90 медал (36 тилло, 24 нуқра, 30 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Чин бо 49 медал (12 тилло, 18 нуқра, 19 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд. Умуман, варзишгарони 35 киш-
2-3 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни ҷавонон доир шуд. Дар он 123 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, Душанбе-1, Душанбе-2 ва ШНТҶ ширкат карданд. Дар ҳайати даставӣ бо ба даст овардани бештари медалҳо дастаи Хатлон-1 ҷойи аввал, дастаи Хатлон-2 ҷойи дуюм ва Душанбе-1 ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
бар Дортгулӣ Ҷумъаев (Туркманистон) ғолиб шуд. Баъдан Тунг Ҳоанг Манро аз Ветнам шикаст дод. Дар даври чорякниҳоӣ Ҳайдар Ал-Рашидро аз Урдун мағлуб кард, вале дар қувваозмоӣ барои медалҳо аз Сукнати Сунтра (Тайланд) шикаст хурд. Нурсултон дар даври муқаддамотӣ дар вазни -62 кило аз Гиан Тейлор Ди (Филиппин) мағлуб гашт.
Қадамҳои устувори "Истиқлол" ва "Ҳосилот" ба финали Ҷоми Тоҷикистон "Истиқлол"-и Душанбе ва "Ҳосилот"-и Фархор дар вохуриҳои аввали даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон, ки 1 октябр баргузор шуд, ғалаба карданд.
Душанбе – ғолиби мусобиқаи тӯби дастӣ байни занон Хатлон-1 – ғолиби мусобиқаи гӯштини миллӣ
вар медалҳои Бозиҳои V соҳилии Осиёро ба даст оварданд. Намояндагони 27 кишвар барандагони медалҳои тиллои бозиҳо гардиданд. Тоҷикистонро дар Бозиҳои V соҳилии Осиё ду варзишгар – Нурсултон Бозоров ва Абдуғафур Абдуллоев аз намуди ҷиу-ҷитсу намояндагӣ карданд, вале ҳар ду аз медалҳо бенасиб монданд. Абдуғафур дар вазни -85 кило дар нахустин рақобаташ
УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ
Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-28 сентябр дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тӯби дастӣ байни занон доир гашт. Дар мусобиқа дастаҳои ВМКБ, Хатлон, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Дар натиҷа, ҷои аввал насиби дастаи Душанбе гардид. ВМКБ ҷойи дуюм ва Хатлон мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Ба ғолибон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Футболбозони "Истиқлол" ба дарвозаи "Равшан" 4 голи беҷавоб заданд. Дар ин вохӯрӣ Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Дэвид Мавутор ва Нозим Бобоҷонов якголӣ ба ҳадаф расонданд. Дар бозии дигар "Ҳосилот" тими "Хуҷанд"-ро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Антиқаҳрамон ҳимотягари "Хуҷанд" Шоҳрух Раҷабматов шуд. Ӯ ду маротиба тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Ду голи дигари тими Фархорро Ҳасан Рустамов ва Комил Саидов заданд. Голҳои "Хуҷанд"-ро Илҳомҷон Баротов ва Манучеҳр Аҳмадов вориди дарвозаи ҳариф карданд.
Душанбе – ғолиби мусобиқаи акробатикаи варзишӣ Рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба акробатикаи варзишӣ ва ҷаҳиш дар батут баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 60 нафар варзишгар аз вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Бо ба даст овардани бешта-
ри холҳо варзишгарони шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал, дастаи Хатлон соҳиби ҷойи дуюм гардида, варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойи сеюмро касб намуданд.
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
ВАТАН ВА ҶАВОНОН
Даъват-2016:
ХУРШЕД МАВЛОНОВ
Дарвоз, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Носири Хисрав нақшаро дар рӯзи аввал иҷро карданд Меҳроб Шарифов соли 1994 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 2012 баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмумин Раҳимов дохил шуда, онро соли 2016 ба итмом расонд. Меҳроб дар оила фарзанди нахустин мебошад. Ӯ бо модар ва чаҳор бародараш зиндагӣ мекунад. Имрӯз ӯ тасмим гирифтааст, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дохил шуда, хизмати Ватан-Модарро адо намояд. Ҳангоми суханронӣ бо Меҳроб дилхоҳ шахс дарк мекунад, ки вуҷуди ӯ моломоли муҳаббати Ватан аст. Меҳандӯстии ӯ аз ҳар калимаи гуфтааш эҳсос мешавад: - Вақте ки мактаби миёнаро хатм кардам, дар фикрам набуд, ки бояд ба хизмати Ватан равам. Ҳангоми донишҷӯиам дар семоҳаи таътил ба Русия рафта будам. Ман на барои кор кардан, балки барои истироҳат ва тамошо рафтам. Ҳамин сафар сабаб шуду ман азм кардам, ки баъд аз хатми донишгоҳ ҳатман ба хизмати Ватан меравам. Меҳроб бо таассуф аз он ёд мекунад, ки дар миёни ҷавонон ҳастанд нафароне, ки ду соли хизматро барои худ вақти барҳадар меҳисобанд. Ҳол он ки хизмат барои ҳар ҷавонмард фарз аст: - Дар Маскав як моҳ зиндагӣ кардам. Дар ин муддат Ватанро бисёр пазмон шудам. Ҳатто ба гарди хокаш зор шудам. Имрӯз маро танҳо номуси ватандорӣ ба ин ҷо овард. Касе ё чизе маро маҷбур накард. Меҳроб ягона роҳи зиёд гардонидани меҳру муҳаббат нисбат ба Ватанро дар ҳозир шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ медонад. Фи-
кри ӯ ин аст, ки ҳар ҷавонмарде, ки хизмати Ватанро адо накарда бошад, дар зиндагӣ шикаст мехурад. Чун ин мактаби мардонагӣ барои ҳар ҷавонмард дар баробари ҳувияти ватандорӣ дарсӣ зиндагиро низ меомӯзонад: - Дар Ватан падар, модар, бародар ва хоҳари мо зиндагӣ мекунанд. Ба хизмати Ватан ман наравам, ту наравӣ, як нафари дигар наравад, пас кӣ модару хоҳари моро посбонӣ мекунад. Бояд инро ҳам донем, ки ягон бегона Ватани моро ҳифз намекунад. Ҳар ҷавонписаре, ки ба синни балоғат расидааст, пеш аз ҳама ҳамин саволро назди худ гузорад ва фикр кунад, ки муҳофизи Ватан, модар ва хоҳари ӯ ҷуз худаш касе нест. Рӯзи 1-уми октябр монанди Меҳроб садҳо ҷавонписар ба хоҳиши худ ба комиссариатҳои ҳарбӣ омаданд, то ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дохил шуда, хизмати Ватанро содиқона адо намоянд. Аз ҷумла дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе зиёда аз 150 нафар ба таври ихтиёрӣ барои хизмат ҳозир шуданд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамбастагӣ бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор суҳбату вохӯрӣ ва чорабиниҳо миёни ҷавонон доир шуда истодааст. Чунон ки Насимҷон Ҳасанов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур гуфт, ин вохӯриҳо баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон баргузор мегарданд: - Натиҷаи ҳамин чорабинӣ ва вохӯриҳо буд, ки дар рӯзи якуми
даъват ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур 50 нафар ба таври ихтиёрӣ ҳозир шуданд. Мақсад аз ин чорабиниҳо ҳам маҳз ҷалби ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ мебошад. Мо дар чорабиниҳо кӯшиш мекунем, ки иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва дар умум сокинони ноҳияро даъват намоем, то онҳо омада бубинанд, ки шароит имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад. Албатта ин бенатиҷа нест ва мо дар оянда низ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ин чорабиниҳоро идома хоҳем дод. Раҷаб Раҳимов, падари яке аз нафарони ихтиёрӣ мебошад. Ӯ мегӯяд, шароити хуби хизматчиёни ҳарбиро дида, дубора орзуи дохил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳро кардам. Писаронам низ пайи ҳам ин хоҳишро дар дил парварида истодаанд: - Соли 2015 писари калониам ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафт. Як сол мешавад, ки ӯ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хизматро адо намуда истодааст. Бо таъкиди бевоситаи ӯ писари дуюмам низ имрӯз худро ба сафи нафарони ихтиёрӣ номнавис кард. Саводи писарам бисёр хуб аст. Аз ӯ хостам, ки ба ягон мактаби олӣ дохил шаваду таҳсилашро идома диҳад. Аммо ӯ рад карда, гуфт: “Пас аз адои хизмат таҳсиламро идома медиҳам”. Ҳамчунин ӯ имрӯз зодрӯз дорад. Мегӯяд беҳтарин ҷашн барои ман шуд. Писари сеюмам, ки ҳоло дар синфи 8-ум мехонад, пайваста суол мекунад, ки “ман ба хизмати Ватан кай меравам?” Ман мефахрам, ки имрӯз тавонистам ҳамаи писаронамро дар роҳи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия
МЕҲРОБ ШАРИФОВ
намудаам. Дар ҳамин ҳол Вазорати мудофиаи кишвар аз 10 дарсад иҷро гардидани нақша дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иттилоъ додааст. Тибқи маълумоти Вазорати мудофиа дар ҷумҳурӣ 700 ҳазор ҷавони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ мебошанд, ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 200 ҳазораш сафарбар карда мешаванд.
Ба иттилои Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиа, имсол дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ноҳияҳои Дарвоз, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Носири Хусрав аз аввалинҳо шуда нақшаи даъватро пурра иҷра намуданд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15, Хатлон 11, Суғд 3, ноҳияҳои тобеи марказ 8 ва шаҳри Душанбе 10 дарсад нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро карданд. “Бо боварӣ гуфта метавонем, ки имсол аксарияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз муҳлат нақшаи даъватро иҷро менамоянд”, - гуфт Ф. Маҳмадализода.
ҲАФТ РӮЗ
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон” баргузор гардид.
Забон ҷавҳари миллат аст Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, иброз дошт, ки забони давлатӣ яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ буда, таҷассумгари таърихи куҳан мебошад. Дар солҳои истиқлолият доираи истифодаи забони давлатӣ хеле вусъат ёфта, асарҳои зиёди илмию адабӣ ва сиёсиву публитсистӣ эҷод шуданд. Номбурда дар идомаи суханрониаш таъкид сохт, ки забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, асоси илҳом ва меҳвари ҷунбишҳои ҳунарию фарҳангӣ ва илмии равшангарони он мебошад. Аз ин рӯ, бояд зикр намуд, ки Сомониён барои пойдории суннатҳои миллӣ ва ободии кишвар, бахусус барои боло бурдани мақому мартабаи давлат ва забону фарҳанги хеш аз ҳамаи имкониятҳо истифода карда, донишмандону адибонро ҷамъ оварда, осори арзишманде таълиф намуданд, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ айёми тиллоии давлати тоҷикон шинохта шудааст. Мо бояд ба забони миллии худ арҷ гузорем. Зеро он воситаи муҳиму муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳамаи давру замон мебошад.
Дар конференсия зиёда аз 10 маърӯзаи илмӣ аз тарафи мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ ва дигар соҳаҳо шунида шуд. Зикр гардид, ки забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил дода, тамоми мардуми тоҷикзабони кишварҳои ҳамсояи моро бо ҳам мепайвандад. Имрӯз забони тоҷикӣ дар як қатор давлатҳои Аврупову Осиё, ба монанди Фаронса, Канада, Ҷумҳурии Чех, Чин, Ҳиндустон ва Русия омӯзонида мешавад ва дар ин кишварҳо нашрияҳо бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасанд. Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Таҷлили ҳарсолаи Рӯзи забони давлатӣ далели равшани сиёсати давлат дар самти забони давлатӣ буда, ин нуқтаро бори дигар ба таври равшан собит месозад. Б. ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
5
Олимон исбот намудаанд, ки дар 90%-и ҳолатҳо сабаби ба саратони шуш гирифтор шудани одамон сигор мебошад. Ҳар сол аз зарари сигор тақрибан 5 миллион нафар мефавтанд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҷавондухтарону ҷавонписарон ҳам рӯ ба сигоркашӣ оварда, онро ба худ муд кардаанд. Аз мусоҳибон пурсидем:
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”
Чаро ҷавонон сигор мекашанд?
Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО, аспиранти ДМТ: - Онҳое, ки ба сигоркашӣ майл доранд, фикр мекунам ё мушкилоти зиёди равониву иҷтимоӣ доранд ва ё ин роҳи як навъ дилхушии онҳост. Инро ҳам бояд таъкид кард, ки сигоркашии ҷавондухтарону ҷавонписарон дар ҷомеаи шарқӣ бисёр зишт аст ва мардум қабул надоранд. Ин бархурди ҷомеа табиист, чун вақте зан сигор мекашад, на фақат худаш, балки фарзандонашро низ заҳролуд мекунад. Онҳое, ки таҷрибаи сигоркашӣ доранд медонанд, ки халос шудан аз ин "дард" хеле мушкил аст. Қисми ками одамони сигоркаш ҳастанд, ки ин амалро тарк мекунанд. Сигоркашӣ як навъ восбатагӣ аст. Касоне ҳастанд, ки мисли ин ки одат карда бошанд, сигор мекашанд.
Мавҷуда КОМИЛОВА, ҷомеашинос: - Аз рӯйи мушоҳидаи сотсиологҳо дар даврони шӯравӣ шумораи сигоркашон кам буд. Ин амал баъди солҳои навадуми асри гузашта зиёд гардид. Ҳолати сигоркашии одамон ҳар гуна аст. Сигоркашӣ зуҳуроти иҷтимоӣ буда, сабаби асосиаш нишондоди равонӣ мебошад. Озодӣ ҳам метавонад сабаби сигоркашии ҷавонон гардад. Чун бисёри онҳо худро озоду мустақил шуморида, ҳар коре, ки дилашон хост, мекунанд. Баъдан ин ба одат мубаддал гардида, аз иҷтимоӣ ба биологӣ мегузарад. Бешубҳа синамо ҳам таъсири худро гузоштааст. Сигоркашии ҷавонон бештар дар пойтахт ва марказҳо дида мешавад. Як чизро бояд қайд кард, ки маъмулан одамоне, ки бисёр серкоранд, бештар ба кори илмию эҷодӣ банданд, сигор мекашанд.
Нур НЕЪМАТУЛЛОЕВ, сокини пойтахт: - Чуноне ки “мутахассисон”-и соҳа мегӯянд, сигор, ки дар таркибаш никотин дорад, барои орому муътадил нигоҳ доштани асаб “созгор” аст. Соддатар бигӯям, мушкилоти рӯзмаррае, ки ҳамвора як фарди мустақил ва масъулро хаста мекунад, омили сигоркашӣ аст. Аммо агар ин масъаларо аз зери пурбини фарҳанги шарқиёна бигузаронем, як каме хосияти дигаргуна пайдо мекунад. Шарқ бар он назар аст, ки ҳар фарди соҳибмушкил бо такя ба сабру иродаву имонаш бо мушкилот мубориза барад. Яъне ҳар шахсе, ки тариқи никотину машруботи карахткунандаи зеҳн бо мушкилоташ мубориза мебарад, фарди заифе ба ҳисоб меравад.
Ният ҲАЁТ: - Зарари сигорро коршиносони соҳаи тиб борҳо таъкид намудаанд. Ҳамагон бар он андешаанд, ки он ба ҷисми фарди сигоркаш зарар дорад. Солҳои охир иҷрои ин амал дар байни духтарон ва ҳатто занони тоҷик низ ба назар мерасад. Агар иҷрои ин амал таъсири ҷахонишавии тамаддуни Ғарб бошад, аз ҷониби дигар гурӯҳе онро чун ҳавас, гурӯҳи дигаре чун рамзи духтари муосир ва як иддаи камтарин барои раҳоӣ аз ноомади қисмат истифода мебаранд. Табиати инсон як хел набуда, боз чанд омили дигари таъсиррасон дорад.
ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА
Фараҳноз САФАРОВА, донишҷӯ: - Имрӯз мо ҷавондухтарону ҷавонписаронеро мебинем, ки дар кӯчаҳои пойтахт ба сигоркашӣ машғуланд. Ба қавли онҳо гӯё ин “муд” шудааст. Баъзеҳо дар он ақидаанд, ки ба ин восита худро ором месозанд, аммо сигор инсонро ором не, балки гаранг намуда, фаъолнокии майнаи сарро суст месозад. Умуман, сигоркашии мардҳо як чизи маъмулӣ гаштааст, вале зани сигоркашро ҳеҷ кас қабул надорад. Чунки ба шаъни духтари тоҷик зебанда нест!
НИГАРОНИИ ҶАВОНОН
Ҷавонон бояд бо кор таъмин бошанд Вазъи ҷаҳони имрӯза, зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизми динӣ, гаравиши афроди сабукмағз, хусусан иддае аз ҷавонон ба ин гурӯҳҳо боиси нигаронии ҳар фарди соҳибхирад гардида, баҳри бартарафсозии он ақлҳои солимро ба ҳам овардан мебояд, то дар ҳамдастӣ садди роҳи он шаванду решааш ба тамом канда гардад. Боиси афсӯсу надомат аст, ки дар кишвари мо низ бархе аз ҳамватанон, бештар ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро, ки дар кишварҳои хориҷ бо номҳои гуногун ташкил ёфта, аз тарафи фондҳо ва ташкилотҳои тундгарои байнанмилалӣ ва кишварҳои ҷудоиандозу манфиатҷӯ маблағгузорӣ мегарданд, шомил гардида, ободию озодӣ ва сулҳу осоиштагии Ватану миллатро зери хатар мемонанд. Барои пешгирии амалҳои номатлуб ва бедор кардани ҳисси ватандорию меҳанпарастӣ дар қалби ҷавонон месазад пешниҳоду роҳнамоии ҳамватанони барумандеро, ки рӯзгордидаанду пастию баландии ҳаётро хуб озмудаанд, ба инобат гирифта, беҳтарину хубтарини онро маҳаки корӣ қарор диҳем, то Тоҷикистони азизу тоҷикистониён сулҳу ваҳдатеро, ки бо талошҳои зиёд ба даст омадааст, дубора аз даст надиҳанду мардуми баномуси кишвар чун мардуми кишварҳои даргир дастнигари давлатҳои ғайр нашаванд. Суҳбатеро, ки дар ин маврид бо Нозук Шоазизова, собиқадори меҳнат (солиёни да-
роз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кардааст), узви Президиуми занҳои Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва маорифи халқ, дорандаи ордени “Дӯстии халқҳо”, вакили маҷлиси ноҳиявӣ (панҷ даъват) ва модари се фарзанд сомон додем, фарогири ин мавзуъ буд. - Муаллима, тайи солҳои охир дар кишвар оид ба ахлоқи ҷавонон, гаравиши онҳо ба урфу маданияти бегона ва шомил гаштанашон ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки мардуми саросари ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст, зиёд ҳарф мезанем. Аммо боиси афсӯсу нигаронист, ки бо вуҷуди чораандешиҳои зиёд дар ин самт то ҳанӯз ҳам самараи дилхоҳро ба даст наовардаем. Мехостам дар ҳамин маврид фикру ақидаи худро баён доред. Чӣ бояд кард, то ҷавонони мо аз зуҳуроти номатлуб дур бошанд? - Воқеан, гаравиши ҷавонон ба ифротгароӣ боиси нигаронист, ки мутаассифона, ин омил дар кишвари маҳбуби мо - Тоҷикистони азиз низ ба мушоҳида мерасад. Ба ақидаи ман бояд дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шуда, вусъат ёбад. Яъне вохӯриҳои намояндагони илму маданият, шахсони баруманд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла нозирони минтақавӣ ва мутахассисони кор бо ҷавонону ноболиғон бо волидайну ҷавонон як бар даҳ афзуда шавад. Аз ҳама асосӣ, бояд дар Ватан ҷойҳои зи-
ёди кориро ба роҳ монему ҷавононро бо кор таъмин намоем. - Гуфтаниед, ки бештар ҷавонон аз бекорӣ ба корҳои ношоиста даст мезананд? - Бале. Пӯшида нест, ки тамоми корҳои хусусияти манфидошта аз бекориву беназоратӣ ба амал меоянд. Вақте ки ҷавонону наврасон ба кор фаро гирифта мешаванд, онҳо барои корҳои номатлуб вақт намеёбанд, ғайр аз ин дар корхонаҳо аз болои коргарон назорат бурда мешавад, ки ин омил ҳалли аввалияи мушкилот аст. - Асоси тарбияи фарзанд бар дӯши волидайн аст ва ин масъулиятро бештар падару модар бояд амиқ дарк намоянд. Дар ин маврид қонун низ қабул шуд, ки ҳамагон аз он воқифем. Дар шароити имрӯз ба андешаи Шумо волидайн метавонанд пурра аз тарбияи фарзанд дар танҳоӣ бароянд? - Наметавонанд. Зеро имрӯз фарзандони мо дар замоне зиндагӣ доранд, ки саросари ҷаҳонро пешрафти илму техника фаро гирифтааст ва мутаассифона, на ҳар фарзанд аз паҳлӯи мусбати он истифода мебарад. Зиёданд ҷавонону наврасоне, ки рӯзи худро дар пушти компютер - дар бозиҳои компютерие, ки талқинкунандаи ҷангу ҷидол ва зӯроварию бераҳмист, мегузаронанд. Падару модар дар хона фарзандро тарбия мекунанд, вале бештар ба ахлоқи фарзанд берун аз хона – дар ҷомеа рахна ворид мешавад.
Бояд фарзандони имрӯзаро ҳамагон - чи волидайн, чи мурабияҳои боғчаҳо, чи муаллимони мактаб ва чи ҷомеа якҷоя таълиму тарбия диҳем. Фарзандон ва дар баробари фарзандонамон худ низ ба ин эҳтиёҷ дорем. Барои ин ҳамдастӣ лозим ва пеш аз ҳама волидайн бояд дарки моҳияти онро намоянд. Падару модар бояд ҳамавақт аз ҳар қадами фарзанд бохабар бошанд. Робитаи доимиро бо боғчаву мактаб ва муҳите, ки фарзандро фаро гирифтааст, накананд. Бояд қайд намоям, ки бохабарии волидайн аз он ки фарзанд дар куҷо бо киҳо нишастухез дорад, дар самти тарбия нақши мубрамро мебозад. Суҳбаторо Наргиси МУРОДАЛӢ
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
5-УМИ ОКТЯБР - РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
ВОРИСИ ЗАБОН Бехато мо миллати оринажод, Рӯдакиро пири худ бишнохтем. Буд тоҷик, аз забон огаҳ, ки буд, Бо ғазал,бо шеъри ӯ дил бохтем. Хобро аз даст дода, рӯзу шаб Ин забонро ӯ ба ҳар ки хеш кард. Шеъррову қиссаву афсонаро Ошно бо шоҳу бо дарвеш кард.
НУРУЛЛОҲИ ОРИФ
Бехато мо миллати оринажод, Рӯдакиро пири худ бишнохтем. Буд тоҷик, аз забон огаҳ, ки буд, Бо ғазал,бо шеъри ӯ дил бохтем. Хидмати шоён ба мо кард он ҷаноб, Хидмате, ки васфаш осон нест, нест. Номи ӯ дар лавҳи дил бо ҳарфи зар Дарҷ гашта, зери борон нест, нест.
Ширинтар аз набот аст
Бехато мо миллати оринажод, Рӯдакиро пири худ бишнохтем. Буд тоҷик, аз забон огаҳ, ки буд, Бо ғазал,бо шеъри ӯ дил бохтем.
ЗАБОНИ ТОҶИК Ширинтар аз набот аст Ёрон, забони тоҷик. Меҳмон шавӣ, шавӣ шод Дар хонадони тоҷик. Пайваста дод модар Бо ин забон ба мо дарс. Хондем «Шоҳнома», Рафт аз ниҳоди мо тарс. Ҳам «Бӯстон», «Гулистон» Бо ин забон ба по шуд. Аз моҳ то ба моҳӣ Бар мо дилошно шуд. Дар роҳ, роҳи ҳифзаш Мо чун Таҳамтан астем. Дар ҷашни зодрӯзаш Гулдастаҳо ба дастем. Ширинтар аз набот аст Ёрон, забони тоҷик. Меҳмон шавӣ, шавӣ шод Дар хонадони тоҷик.
МОДАРИ ТОҶИК Модари хушбахти тоҷик Баҳри миллат Пешво зод. Бо дуои модараш гашт Пешво фарди Худодод. Кас ба ин сон модар оре, Месазад, хушҳол бошад. Соҳиби тахти забарҷад, Соҳиби иқбол бошад. Рӯдакиро ҳам ба гетӣ Модари тоҷик додаст. Модари тоҷик Сино, Лоиқу Бозор зодаст. Модари ман ҳам маро зод Бо ҳазор уммеду армон. То ки бошам фахри миллат, Болад аз ман Тоҷикистон. Шукри Ҳақ, дилсӯз модар, Дар ҳақиқат беназирӣ. То ҷаҳон боқист, боқӣ, Орзу дорам намирӣ.
Забони тоҷикӣ ворисони аслиашро пайдо кард Забонро ҳастии миллат, бақои давлат, бавуҷудоварандаи ҷамъият ва гоҳо созандаву гоҳе сӯзанда гуфаанд, ки бе ҳеҷ мулоҳиза дуруст аст. Аз қабули қонун “Дар бораи забони тоҷикӣ” зиёда аз се даҳсола сипарӣ шуд ва ин забони беш аз таърихи сеҳазорсоладошта дар тули таърих ба гармиву сардиҳо тоб оварда, хушбахтона, то ба мо омада расид. Аз ҳуҷуми юнониҳову муғулҳо, турку барлос, арабу рус боми ин бино қисман хароб гашта бошад ҳам, хушбахтона, то ҳол таҳкурсии он пойбарҷост. Забоне, ки Рӯдакиро аз Рӯдак машҳури дунё гардонид, ибни Синоро дар ҷаҳон муаррифӣ кард, Хайёмро бо рубоиёташ дар мамолики дуру наздик шиносонид, Фирдавсиро шуҳраи офоқ гардонд, магар метавонад, ки мисли ситорагони даванди роҳи каҳкашони шабҳангомгузар як равшанӣ намуда, зуд маҳв гардида нопадид шавад? Не. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимии мардуми ориёинажод аст. Таърих гувоҳ аст, ки чи тавр ин забони пок аз тарафи душманонаш зери таҳдиду танқид қарор гирифт. Таърих гувоҳ аст, ки чи тавр ба ин забон борҳо ҳамла оварданд, вале хушбахтона, ин забон тавонист, ки худро аз вартаи ҳалокат вораҳонад. Таърих гувоҳ аст, ки чи тавр бар сари ин миллати забондор борҳо ҳуҷум кардаанд. Юнониҳо бо лашкари бешумор ва бо сарлашкари худ Искандар соли 330327 п.м. фарҳанги ниёконамонро ба коми оташ андохтанд, китобҳои нодирамонро сӯзанданд ва қисме аз онҳоро, ки ба худ лозим донистанд, ба Юнон бурданд (китоби Авесто ба ин гуфтаҳо мисол шуда метавонад, ки он аз 21 ҷилд иборат буда, масъалаҳои панду ахлоқии навиштаи пайғамбари оташпарастон Зардуштро дар бар мегирифт), арабҳо дар асри VIII ба сари мардуми ориёинажод тохта, исломро ҷорӣ намуданд ва ба ин восита забони хешро маҷбуран бар сари мардум бор намуданд ва забони тоҷикӣ дар ин аср хеле коҳиш ёфт, ба он дараҷае, ки қариб ба нобудшавӣ рафта мерасид. Калимаҳои арабӣ бошанд, дар он давра вирди забони мардум буд ва оҳиста-оҳиста ҷойи калимаҳои забони тоҷикиро танг менамуд. Забони арабӣ дар асри VIII ва баъд аз он ба он дараҷе таъсири худро ба болои забони тоҷикӣ гузошт, ки натиҷаашро имрӯз ҳам мушоҳида мекунем. Лашкари Чингизхон ва хунхориҳои ӯ низ зулме буд, ба болои сари мардум. Дар бораи аз байн бурдани миллате ҳамчун тоҷик лашкаркашии Чингизхон ҳам бетаъсир нест. Муғулҳо дар асри XIII бо сардории Чингизхон ба маҳаллаҳои тоҷикнишин лашкар кашида, мадрасаву масҷидҳоро вайрону валангор менамуданд, бойигарии мардум, гову мол, зару зевар ва ғайраро ба яғмо мебурданд. Дардовартарин кори муғулҳо дар он замон ин буд, ки ҳар куҷо мударрисеро медидаданд, барои он ки ба фарзандони мардум таълим надиҳад, қатл менамуданд, китобҳоро месӯзонданд, занону духтаронро таҷовуз мекарданд. Чингизиён гӯё балои осмоние буданд, ки чун борони қиёмат бар сари мардуми тоҷик рехтанд ва адабиёти тасаввуфия
низ дар ҳамин давра ба вуҷуд омада, инкишоф ёфта буд. Таърих магар метавонад ба ин ҳама зулму ситам ва бераҳмиҳои замон чашм пӯшад? Не. Таърих оинаи дирӯз асту ояндабини фардо. Забони тоҷикӣ дар тӯли солҳое, ки дар ҳолати маҳвшавӣ қарор дошт, хушбахтона тавонист аз ин вартаи марг вораҳад, дубора ба пой хезад, қомат афрозад ва мардуми тоҷдори ориёинажод – тоҷикон тавонистанд, ки ин боми аз боду борон газандёфтаро дубора таъмир намоянд ва дар боду борон дар зери он панаҳ баранд. Аммо замон ва чархи ҳамешагард доим бар сари мардуми тоҷик пас аз рафъ шудани як бало боз балои дигареро меовард. Дар соли 1924 ҳангоми тақсимоти марзӣ як қисмати калони шаҳрҳои тоҷикнишин аз даст рафт. Онҳо шаҳрҳои хеле ривоҷу равнақёфта дар соҳаи илм ва тарақикадаву пешрафтатарин шаҳрҳои тоҷикнишин дониста мешуд. Дар онҳо илмҳои адабиёт, санъат, кимиё, забоншиносӣ, маъданшиносӣ, масоҳат, дарёнавардӣ, мусалласот, муҳосабат, наботот, наҳв, нуҷум, расад, сарф, заминшиносӣ, тиб, ҳайъат, ҳикмат, ҳайвонот, ҳандаса, ҳикмат ва ҷабру муқобала пешрафта буд. Он рӯз рӯзи бадбахтии мардуми тоҷик буд. Он рӯз хома хун гириста, дар авроқи таърих бо сӯзу гудоз бадбахтии мардуми тоҷикро сабт намуд. Душанбе бошад, дар он замон ба деҳаи харобаи кӯчаки назарногире шабоҳат дошт. Вале мардуми заҳматкаш, деҳқони одии тоҷик тавонист дубора шаҳр бунёд кунад, забонашро пос дорад, марзашро посбонӣ кунад, ватанашро ҳимоят кунад. Мардуми деҳқон талу теппаҳоро ҳамвор намуда, баҳри худ Ватан сохт, номуси ватандории тоҷик боло гирифт ва дубора тавонист, ки забони худро муаррифӣ кунад, миллати тоҷдор буданашро дар олам эътироф намоянд. Ҳамин тариқ, бо талоши мардуми бо нангу ор ва бономуси тоҷик 22 июли соли 1989 қонун “Дар бораи забони тоҷикӣ” қабул шуд. Соли 1991 бошад, Тоҷикистон соҳбистиқлол гашт ва зиёда аз 165 мамлакати дунё онро эътироф намудаанд. Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” бори дигар соли 2007 қабул гардид, ки тибқи он забони тоҷикӣ забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнидавлатҳо эътироф шуд. Хуллас, забони тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳо роҳи печутоби таърих ба пастиву баландиҳо ва шебу фарозҳо дучор омадаву аз боду борон гузашта, акнун дубора эҳё гардид ва ворисони аслии худро пайдо намуд. Муҳаммади МЕЛИКИЁН, донишҷӯи факултаи журналисткаи ДМТ
7
Аҷиб аст, ки муассиртарин хотираҳо хотираҳои овони наврасиву ҷавонӣ ба шумор мераванд. Илова бар ин, хотираҳои боз ҳам дилчаспу фаромӯшношуданӣ хотираҳо дар бораи инсонҳои маъруфу муаззам аст.
ИДЕАЛИ ҶАВОНОН
хондааст ва маҳз ҳамин даргоҳ чунин шахсияти фидокор, сарсупурда ва миллатдӯсту ватандӯстро ба мардуми тоҷик ва ба ҷаҳониён эҳдо кардааст. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки хушбахтии миллати тоҷик ва махсусан хушбахтии шумо - насли наврас ва ҷавонони Тоҷикистон гӯё аз ҳамин даргоҳ сарчашма гирифтааст. Дар идомаи суҳбат муаллим аз рафтору гуфтор ва аз шахсияти нотакрори аҳди ҷавонии Сарвари давлат сухан карда, барои мо маълумоти басо арзишманд дод. Баъд аз ин маро якбора ҳаяҷоне фаро гирифт, ки ҳатто баъди сипарӣ гаштани чандин сол то ҳол дар хотирам боқӣ мондааст ва ҳамон таассуроте, ки аз даргоҳи он мактаб ва аз дару девор ва мизу курсиҳои он синфхона бардоштаам, то ҳол маро тарк намекунад. Дар синф мизеро, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои тӯлонӣ дарс хондааст, дидем. Ба ғайр аз ин дар синфхонаи мазкур, ки айни замон барои таблиғи насли наврасу ҷавонон аз ҳаёти мактабхонии Сарвари давлат осорхона ташкил гардидааст, бо журнали синфие, ки дар он номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидааст, шинос гардидем. Аз наздик шинос гардидани дастовардҳои Сарвари давлат дар айёми мактабхонӣ, дидани либосҳои ҳарбии Сарвари давлат аз давраи хизмати низомӣ як лаҳзаи басо хотирмону дилписанди таърихие гардид, ки дар хотираи мо амиқ нақш бастааст. Матлаб аз навиштани мақолаи мазкур дар он аст, ки имрӯзҳо дар байни хешовандон, ҳамсояҳо,
ҳамсолон ва бисёр дигар ҷавонон ҳолатҳое ба назар мерасад, ки барои дар муассисаҳои таълимии замонавӣ таҳсил намудан волидайни худро барои маблағ дарёфт кардан маҷбур месозанд. Албатта, дар шароити имрӯза таҳсил намудан дар муассисаҳои таълимии замонавӣ, ки дорои шароитҳои хуб мебошанд ва аз худ намудани илмҳои замонавӣ аз манфиат холӣ нест. Аммо ба инобат гирифтани вазъи молиявии оила шарт ва зарур аст. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои касби камол ва барои мутахассиси арзанда шудан дар хориҷа ва мактабҳои гаронарзиш таҳсил намудан шарти асосӣ ба шумор намеравад. Асос он аст, ки шахс пеш аз ҳама бояд Ватани худро дӯст дорад, хештаншиносӣ ва ҳисси миллӣ дошта бошад, муқаддасот ва суннатҳои кишвари худро ҳифз ва эҳтиром намояд. Дар дили худ ҳамеша орзуи хизмати содиқона ба Ватанро бипарварад. Қазоват кунед, шахсе, ки дар оилаи деҳқон ба воя расида, хатмкардаи мактаби якошёнаи деҳот асту дар синфхонаи одӣ таълим гирифтааст, имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сарваре, ки дар рӯзҳои вазнинтарини вазъи сиёсию иқтисодӣ ва душвориҳои ҳаёти ҷамъият ба сари ҳокимият омада, ҷони ҷавони худ ва аъзои оилаашро дар хатар гузошта, дар як муддати кӯтоҳ кишварро на танҳо аз зиддияту муноқишаҳои байниҳамдигар раҳо кард, балки Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ба тамоми оламиён муаррифӣ на-
муд ва собит кард, ки мардуми тоҷик соҳиби мероси пурғановати таърихӣ ва фарҳанги гаронарзиш аст. Нуктаи дигари хотирмон гузаштани он сафари мо дар он буд, ки падарам моро дар арафаи рӯзҳои тирамоҳи пурбаракат ба осорхонаи давраи мактабхонии Президенти мамлакат бурд ва фаҳмидем, ки сафари мо дар он рӯзҳо як рамзи хосе доштааст. Яъне мо он вақт дар арафаи зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштем. Ҳамакнун ба табъ расонидани мақолаи мазкур низ ба ин рӯзи муборак рост меояд ва ин рӯз ҳамзамон бо иду ҷашнҳои гуногуни мардуми Тоҷикистон ҳамоҳанг омадааст. Зеро мо ба наздикӣ ҷашни Истиқлолияти кишварро ҷашн гирифтем ва якшанбеи аввали моҳи октябр иди омӯзгорон буд ва ҳамчунин Рӯзи забони тоҷикӣ, ки маҳз дар рӯзи таваллуди Пешвои миллат таҷлил карда мешавад. Ба ҳамсабақону ҳамсолони худ гуфтаниам, ки бояд аз даврони имрӯзаи кишвари худ шукргузор бошему дар баробари ҳамаи дигар тоҷику тоҷикистониён дуогӯи он бошем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳатманду сарбаланд бошанд, Тоҷикистони мо то абад пояндаву обод ва мардуми он сарбаланду шод бошанд. Шоҳзода САТТОРОВА, донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Инсонро сабақи зиндагӣ шуҳратёр месозад
Аввалҳои моҳи октябри соли 2009 буд. Дар синфи панҷум мехондам. Падарам ҳангоми ба кор рафтан аз ман ва хоҳаронам пурсид: – Дар бораи Президенти кишвар ба воситаи телевизор бисёр барномаҳо тамошо мекунед, оё аз давраи мактабхонии Сардори давлат маълумот доред? - Не! – гуфтем ҳамаамон баробар. Падарам табассумкунон пурсид: - Мехоҳед, ки оид ба давраи мактабхонии Президенти ҷумхурӣ маълумот дошта бошед? - Албатта! - гӯён бо як овоз ҷавоб додем. Худи ҳамон рӯз падарам ман ва хоҳаронамро ба деҳаи Данғараи боло, ки аз маркази ноҳия – шаҳраки Данғара каме дуртар буд, бурд. Мо ба саҳни бинои якошёнаи одӣ ва назарногире ворид шудем, ки он ҷо мактаб будааст. Дар даромадгоҳи мактаб як мард – омӯзгори тақрибан 55-60-сола моро пешвоз гирифта, аз падарам пурсид: - Чӣ хизмат кунам? Падарам гуфт, ки фарзандони ман мехоҳанд дар бораи давраи мактабхонии Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти пурра дошта бошанд. Аз Шумо хоҳиш дорем, ки ба мо кӯмак кунед. Муаллим андешамандона ҳамроҳи мо қадам зада, бо хушҳолӣ ба мо нигаристанду гуфтанд, ки «Офарин, фарзандони азиз, чунин завқу талоши шумо барои ҳамаи мо боиси хурсандӣ аст, зеро шумо мехоҳед таърихи Ватани худ, таъриху зиндагии мардони барӯманди ин сарзаминро хуб донед». Муаллим бо нигоҳи пур аз меҳр ба мо ва ба дару деворҳои мактаб менигарист, оҳиста-охиста қадам зада, нақл кард: - Мактабе, ки мову шумо дар саҳни он қадам зада истодаем, пештар ҳамчун мактаби миёнаи №7-и ноҳияи Данғара шинохта мешуд. Дар ҳақиқат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатмкардаи ҳамин мактаб мебошад ва ин ҳама боиси ифтихори мардуми диёр аст, ки дар як мактаби оддии деҳа чунин шахсияти маъруфи таърихӣ, абармарди майдони сиёсат ба камол расида, дар ҷаҳон шуҳратёр гардидааст. Муаллим суханҳояшро давом дода, моро аз саҳни мактаб ба воситаи долон ба синфхонае, ки аз дигар синфхонаҳо ягон фарқ надошт, даъват намуд. - Ана, дар ҳамин синфхона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарс
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
8
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
Сафари кории Пешвои миллат ба минтақаи Кӯлоб
РУШДИ МАҲАЛ
3 октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим, бо сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сафар карданд.
ВАРЗИШГОҲ ВА ЯК ҚАТОР ИНШООТИ НАВ ДАР МУЪМИНОБОД Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт. Президенти кишвар дар ин ноҳия нахуст бо буридани лентаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 барои 624 ҷойи нишаст дар як бастро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Онро бо дастгирии Ҳукумати кишвар гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” марҳилаи III бо маблағгузории Бонки исломии Рушд бунёд кардааст. Мактаб аз 28 синфхона, аз ҷумла утоқҳои фаннии химия ва физика, синфхонаи компютерӣ, китобхонаи электронии муҷаҳҳаз бо 15 компютери пайваст бо шабакаи интернет, толори маҷлисгоҳ бо 288 ҷойи нишаст, ошхона бо 144 ҷой, толори варзишӣ бо 140 ҷойи нишаст ва биноҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар идомаи сафар Сарвари давлат ба фаъолияти Қасри фарҳанги ноҳия оғоз бахшиданд. Бино аз ду ошёна иборат буда, сохтмони он моҳи августи соли 2008 оғоз ёфта буд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои Қасри фарҳанг дар масоҳати 1874,06 метри мураббаъ ҷойгир буда, бо сабку услуби муосири меъморӣ қомат афрохтааст. Толори калони намоишии он барои 350 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Аҳли ҳунару фарҳанг ба Пешвои миллат барои чунин як туҳфаи арзанда ва дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд. Зеро то ин дам дар маркази ноҳия барои гузаронидани ҷамъомаду чорабинӣ ва ҳар гуна маҳфилҳои фарҳангӣ шароити зарурӣ фароҳам набуд. Роҳбари давлат аҳли ҳунару фарҳанги ноҳияро вазифадор намуд, ки дар рушду нумуи санъати асил ва фарҳанги волои миллӣ талоши бештар намуда, пайваста дар роҳи эҷоду тақвият додани маҳорати касбӣ бошанд. Сипас, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» дидан намуд ва дар ҳамин ҷо бо намоиши дастовардҳои мардуми ноҳия ошноӣ пайдо кард. Аҳли заҳмати ноҳияи Муъминобод маҳсули дастранҷи худро, ки намунаҳое аз ҳунару маҳорати кадбонуҳои ноҳия, файзу баракати замини ҳосилхези ин диёр буд, ба намоиш гузоштанд. Зимни боздид аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии ин боғ 1 гектарро ташкил дода, дар он асосан дарахтони себи хушсифат шинонида шудааст. Навъҳои себи «Гранни смит», «Голден делишес» ва «Супер гиф», ки айни замон дар бозорҳои дигар кишварҳо серхаридор аст, ҳамчун маҳсулоти содиротӣ парвариш карда мешавад. Пешвои миллат масъулинро чиҳати нигоҳубини дурусти дарахтони мева, барқарор кардани боғҳои кӯҳна ва васеъ намудани майдони боғот дастуру супоришҳои муфид дод. Дар ноҳияи Мӯъминобод, ҳамчунин бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба истифода дода шуд. Бино аз 3 ошиёна иборат буда, дар ошёнаи якум 6 утоқи корӣ барои кормандон ва дар ошёнаҳои болоӣ шароити арзандаи истиқомат фароҳам оварда шудааст. Президенти ҷумҳурӣ ҳангоми шиносоӣ бо шароити зисти ин манзилҳо ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия Мӯъминобод ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳои 2 ва 3-ҳуҷрагӣ супорид ва онҳоро ба хизмати софдилонаву содиқона ба халқу Ватан ва таъмини сулҳу суботи он даъват намуд. Бо иштироки Роҳбари давлат Варзишгоҳи марказии ноҳия низ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Варзишгоҳи мазкур барои 7000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар зери нишастгоҳҳо 2 толори варзишӣ, меҳмонхона, мағоза ва шароити муосири корӣ, аз ҷумла ҳамом, ҳуҷраи либосивазкунӣ барои мураббиёну варзишгарон фароҳам оварда шудааст. Пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот кард. Сарвари давлат фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияро давоми 25 соли соҳибистиқлолии кишвар таҳлилу натиҷагирӣ намуда, барои идомаи тадбирҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда ба фаъолон дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар зарфи 25 сол барои бунёду барқарорсозии иншооти муҳимми соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 450 миллион сомонӣ ва дар давоми 10 соли охир бо татбиқи 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ барои беҳдошти вазъи соҳаҳо ҷудо карда шуд. Айни замон татбиқи 10 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 50 миллион сомонӣ идома дорад ва бо татбиқи лоиҳаҳо сатҳи зиндагии мардум боз ҳам боло меравад. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ теъдоди
коргоҳу корхонаҳои хурди саноатӣ ба 106 адад расида, садҳо нафар сокини ноҳия, аз ҷумла занону духтарони деҳоти кишвар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Мӯъминобод ноҳияи аграрӣ буда, маҳсулоти кишоварзӣ манбаи аввалиндараҷаи даромади беш аз 80 фоизи аҳолии он ба ҳисоб меравад ва кишоварзони ноҳия дар таъмини аҳолии минтақа ва кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми муносиб доранд. Бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур, Сарвари давлат зарур шуморид, ки доир ба баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва рушди соҳа аз тарафи сохторҳои дахлдор чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат диққати масъулини ноҳияро ба парвариши боғу токзор, зиёд кардани майдони боғҳо, аз ҷумла ташкили боғҳои интенсивӣ, афзун намудани ҳаҷми содирот ва рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ҷалб намуда, дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт. Дар охир Сарвари давлат диққати сокинонро ба рушди чорводорӣ ва бунёди корхонаҳои коркарди мева, сабзавот, гиёҳҳои дармонбахш ва маҳсулоти чорво ҷалб кард. Сокинони ноҳия, кормандони касбу кори гуногун бо эҳтирому самимият баромад карда, ба Сарвари давлат барои талошҳои созанда барору комёбӣ орзу намуданд.
9
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ИДОМА ЁФТ
Баъд аз анҷоми сафари корӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳияи Муъминобод сафари кории Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ идома ёфт. Сарвари давлатро роҳбарият ва сокинони ноҳия дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шодиву нишоти беандоза ва эҳтироми хос истиқбол гирифтанд. Баъдан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг иштирок намуд. Масофаи роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг 88 километрро ташкил дода, бо харҷи 600 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонии навбати дуюми роҳи мазкур моҳҳои наздик шуруъ гардида, асфалтпӯш кардан, чароғонкунӣ, сохтмони роҳҳои пиёдагард ва дигар иншооти ёрирасон саривақт ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида шуда, роҳи мазкур ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешавад. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Президенти мамлакат бо дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Восеъ ва расму оинҳои миллию ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби хоҷагидорон ва ҳунармандону кадбонуҳо дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуд. Сарвари давлат ба деҳқонон барои истифодаи босамари замин ва интихоби тухмиҳои серҳосил дастуру маслиҳат дода, таъкид кард, ки ҷиҳати дар оянда таъмин кардани рушди бахшҳои соҳаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, занбӯри асалпарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ аз шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд. Дар ҳамин ҷо хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастҷамъона гузаронида шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Сипас, дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ варзишгоҳ ва майдони корти теннис мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгашта дар майдони корти теннис, ки бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бунёд гардидааст, дидан карда, барои амалӣ кардани иқдоми мазкур ба ин соҳибкори ташаббускор арзи сипосу миннатдорӣ намуд. Гуфта шуд, ки дар он барои машғул шудани наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Дар расми ба истифода додани варзишгоҳ бо 5 ҳазору 260 ҷойи нишаст ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ин иншооти муҳташами варзишӣ низ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ сохта шуда, барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон мувофиқ мебошад. Дар рӯзи аввали ба истифода додани варзишгоҳ даври ниҳоии мусобиқаи вилоятии “Тӯби чармин” оид ба футбол миёни дастаҳои ноҳияҳои Восеъ ва Фархор доир гардид, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ нахустин тамошобини ин чорабинии варзишӣ буданд. Дар деҳаи Меҳнатобод, ҳамзамон беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳа ба истифода дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи №3-и деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ дорои шароити муосири ташхису табобат буда, бо фарогирии 50 кат барои беморон аз ҷониби хоҷагии деҳқонии “Файзи Сайид” бо харҷи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Беморхона бо сармоягузории Фонди хайрияи Араб бо пешрафтатарин таҷҳизоти ташхису табобат, аз қабили ултросадо, дастгоҳҳои муосири физиотерапия, сабти барқии дил ва ғайра таъмин гардида, ин муассисаи тандурустӣ аз нигоҳи имконият ва шароити тиббӣ дар ноҳия назир надорад. Сарвари давлат ба табибони беморхона дастур дод, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва пеш аз ҳама баҳри беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Зимни ифтитоҳи Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи тандурустӣ бо маблағгузории давлати Ҷопон ва Фонди хайрияи Араб, ки арзиши лоиҳа 826 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохта шудааст. Ба гуфти роҳбари Фонди хайрияи Араб дар Тоҷикистон таҷҳизоти ҳозиразамони соҳа, аз қабили лор комбайн, систоскоп, бронхоскоп, гастроскоп, колпоскоп, дастгоҳҳои ултрасадо, дастгоҳҳои дандонпизишкӣ ва сабти барқии дил имкон медиҳад, ки кори табибон дар самти муайяну мушаххас намудани бемориҳо осон гардад. Ҷараёни қабул ва барои ташхису маслиҳат ба табибон роҳхат додан, дар маркази саломатӣ ба воситаи барномаи махсуси компютерӣ сурат мегирад, ки ин ҳам дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон навоварии калон аст. Ҳамзамон маркази саломатӣ дорои озмоишгоҳҳо, маркази таълимӣ барои корҳои амалӣ, утоқҳои муоина ва муолиҷаи гулу, гӯшу бинӣ, дандон, узвҳои нафаскашӣ, меъдаю рӯда, бемориҳои занона, урологӣ, чашм, дил ва ғайра мебошад. Дар деҳаи Меҳнатобод Сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бинои муассиса аз ду ошёна иборат буда, барои 340 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Ҳамаи синфхонаҳои мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз карда шуда, ҳамчунин дорои ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Таъкид гардид, ки муассисаи мазкур бо назардошти ояндабинӣ таҳия гардида, оянда дар ин ҷо се бинои дигар, иборат аз толори варзишӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва 8 синфхона сохта мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 1998 бо сабаби баланд шудани оби дарёи Ёхсӯ ва омадни сел бинои пешинаи мактаби рақами 51 пурра хароб гардид ва солҳои зиёд хонандагон дар шароити на он қадар хуб таҳсил доштанд. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ мулоқот кард. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки дар зарфи бисту панҷ соли соҳибихтиёрӣ мардуми заҳматпешаи ноҳияи Восеъ бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоид, аз ҷумла захираҳои бойи обу сарватҳои табиӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд ва бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, барқарорсозии мавзеъҳои таърихӣ ва ободии гулгашту хиёбонҳо симои ноҳияро куллан дигаргун намуда, ҳоло ноҳия ба як мавзеи хеле ободу зебо табдил ёфтааст. Сарвари давлат таъкид дошт, ки бо мақсади пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлат қариб 700 миллион сомонӣ равона гардидааст ва ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ барои бунёди иншооти соҳаи иҷтимоӣ беш аз 330 миллион сомонӣ равона шуд. Ҳамзамон бо ин, дар асоси барномаҳои давлатии рушд дар ноҳия то соли 2020 татбиқи 370 лоиҳа ба маблағи умумии 520 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Баъд аз анҷоми суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия баромад карда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои талошҳои шабонарӯзӣ баҳри ободии диёр ва осудагии мардуми кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Изҳор доштанд, ки бо шарофати сулҳу ваҳдати пойдор ва сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат ҳамаи бахшҳо рушд карда, шароити мусоиди кору зиндагӣ ва таҳсил фароҳам омадааст.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
РУШДИ МАҲАЛ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОРОМГОҲИ ҲАМАДОНИРО АЁДАТ КАРДАНД 4 октябр Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кориашро дар минтақаи Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб идома дод. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб мардуми шарафманду меҳмоннавози ин сарзамини бостонӣ Сарвари давлатро бо самимияти хоса ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешвоз гирифтанд. Президенти ҷумҳурӣ нахуст дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бо буридани лентаи рамзӣ бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Сохтмони муассисаи таълимӣ барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб аз солҳои 1991 қарни гузашта ҳамчун иншооти нотамом боқӣ монда буд. Идомаи сохтмон моҳи августи соли 2015 аз ҳисоби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна, марҳилаи III” бо маблағгузории Бонки исломии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, аввалҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расид. Бинои таълимӣ аз 2 ошёна ва 6 қисм иборат мебошад. Дар қисми якуми бино ду синфхонаи лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар утоқҳои маъмурӣ ҷойгиранд. Дар қисми дуюм синфхонаҳои махсус барои омӯзиши касбу ҳунар бунёд гардидааст. Дар ошёнаи аввали қисми сеюм бошад, ошхона барои 144 ҷой ва дар ошёнаи дуюм толори барҳавои варзишӣ бо 140 ҷойи нишаст ҷойгир мебошанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар толори варзишӣ имконияти гузарондани машғулиятҳо дар намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва гӯштин вуҷуд дорад. Ҳамзамон дар толори мазкур барои обу тоби бадан дигар лавозимоти варзишӣ низ насб гардидааст. Мактаби нав, инчунин дорои толори бошукуҳ барои гузарондани ҳар гуна ҷамъомадҳо мебошад. Дар ин толор, ки 300 ҷойи нишаст дорад, аз ҷониби дастпарварони мактаби мазкур намоишнома пешниҳод шуд. Баъдан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи номбурда дар заминаи хоҷагии Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 7 ҳазор гектар ташкил гардидааст. Президенти кишвар ва ҳайати ҳамроҳонаш бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта шинос гардиданд. Кишоварзон соли равон дар майдони 830 гектар пахта кишт карда, то имрӯз 700 тонна ҳосили ғундоштаи хешро ба корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Зарҳам", ки ашёи хоми кооперативро ҳамчун тухмӣ қабул ва коркард месозад, супоридаанд. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 190 тонна бештар мебошад. Сардори давлат ба дастранҷи боғу токпарварон, ки меваҳои шаҳдбори боғоти кооперативро муаррифӣ мекарданд, таваҷҷуҳ намуд. Боғпарварон таъкид доштанд, ки алҳол майдони умумии боғҳои кооператив 344 гектарро дарбар мегирад ва 75 гектараш боғҳои ҳосилдиҳанда мебошанд. Соли ҷорӣ аз ин боғот 130 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагидорони кооператив парвариши намудҳои беҳтарини чорвои калони шохдор, аз ҷумла зоти «Сиёҳало» мебошад. Иброз шуд, ки алҳол саршумори чорво дар хоҷагӣ ба 600 сар, аз ҷумла 110 сар модагов, 100 сар асп ва зиёда аз 1000 сар моли майда мерасад. Соли равон беш аз 400 тонна шир ва 25 тонна гӯшт истеҳсол гардида, ба бозорҳои шаҳри Кӯлоб ба фурӯш бароварда шудааст. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар, ҳамзамон бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шинос шуд. Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ва атрофи он 3 сой
мавҷуд аст, ки ҳангоми боришоти зиёд ва омадани сел эҳтимоли ба хоҷагии халқи вилоят расонидани зарар вуҷуд дорад. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона ва Маркази татбиқи лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим корҳои барқарорсозӣ ва соҳибмустаҳкамкунӣ дар сойи Даҳана, Зиракӣ, Тебалай ва шафати дарёи Қизилсуву Ёхсу ҷараён дорад. Президенти мамлакат ба масъулини марбутаи вазорату идораҳои дахлдор барои бо истифода аз имконоти мавҷуда сари вақт ва дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар доираи сафар ба шаҳри Кӯлоб Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд. Мавриди зикр аст, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки дар кишварҳои ҷаҳон пайравону эътиқодмандони зиёд дорад, таъмиру таҷдид шуда, ба як макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонон мубаддал гардидааст. Зимни шиносоӣ бо вазъи оромгоҳ Роҳбари давлат ба кормандони осорхонаи шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб маркази замонавии хизматрасонии “Роҳи абрешим”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Он дар шафати роҳи байналмилалии мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма” бо маблағи 2 миллион сомонӣ қомат афрохта, дорои мағозаи фуруши шабонарӯзӣ, қаҳвахона ва тарабхона бо 150 ҷойи нишаст мебошад ва бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст. Дар ошёнаи сеюми марказ меҳмонхонаи нав бо 13 ҳуҷраи хоб сохта шудааст. Дар рӯзи ифтитоҳи марказ дар ошёнаи якуми бино тӯйи дастаҷамъонаи суннатии 25 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор шуд. Президенти мамлакат ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Дар маҳаллаи навбунёди Умари Хайём бошад, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 ифтитоҳ гардид. Он аз се ошёна ва 28 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 624 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум китобхона бо фарогирии номгӯи зиёди адабиёти бадеию дарсӣ, ошхона барои 50 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва толори хуштарҳи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои гуногун, ки имкони ғунҷоиши беш аз 200 нафарро дорад, ҷой гирифтаанд. Ҳамзамон ба хотири касбомӯзии хонандагон дар ин муассисаи таълимӣ ду синфхонаи касбомӯзӣ ҳам ташкил шудааст, ки дар онҳо ба хонандагон ҳунарҳои дӯзандагию пазандагӣ ва дуредгарию дигар ҳунарҳои зарурӣ омӯзонида мешаванд. Майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои футболу волейбол ҳам бо дарназардошти талабот бунёд гардидааст. Сарвари давлат аз сифати корҳои сохтмонӣ дар мактаби нав изҳори қаноатмандӣ намуда, устодонро ба беҳдошти сифати таълиму тарбияи насли наврас ва хонандагонро бошад, ба кӯшишу талошҳои ҳарчи бештар дар роҳи донишандӯзӣ даъват намуд.
Сидқан омӯзем ва омӯзонем
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
Дилфидо Маъруфова зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд мебошад. Фаъолияти аввалини мураббиягии худро аз кӯдакистони №3-и шаҳри Душанбе шуруъ намуда, айни ҳол дар кӯдакистони №110 фаъолият дорад. Ӯ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси педагог-психолог хатм намудааст. Бо ҳар кӯдак тавре муносибат менамояд, то фазои хуберо баҳри муошират созмон диҳад. Яке аз комёбиаш дар ин росто маҳз ҳамин аст, ки бо кӯдакон муоширати хуб карда метавонад. Ба гуфтаи ӯ, вақте шахс ба кори мураббигӣ машғул мешавад, пеш аз ҳама бояд психологияи кӯдакро донад ва тарзи дурусти муносибат бо тифлонро ёбад. Дар баробари ин бояд дорои дониши хуб бошаду сабуру таҳаммулпазир. Зеро баъзе кӯдак хусусияту характери хос дорад. Дар ин маврид мураббӣ бояд таҳаммулпазир бошад. – Ҳоло дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб кӯдаконро таълим медиҳем. Мехоҳам, ки ҳар тарбиятгирандаи кӯдакистони мо дониши хубу аълоро соҳиб гардад ва дар мактаб номи моро баланд бардорад, - гуфт Дилфидо. Сабаби мураббӣ шуданашро шарҳ дода, афзуд: “Вақте фарзандонамро ба боғча мебурдам, кору фаъолияти мураббиҳоро дида, эҳсоси наҷибе фарогирам мегашт. Муҳаббати касби мазкур дар ботинам ҷо гардиду оқибат маро ба кӯдакистон овард. Аз омаданам ба ин соҳа ҳеҷ гоҳ пушаймон нашудаам, балки худро хеле хуб ҳис мекунам. Шодам, ки баҳри тарбияи кӯдакон саҳм мегузорам. Ҳар гоҳе ки яке аз шогирдонам омада, бо меҳр маро ба оғӯш мегирад, ҳамон лаҳза ботинан рӯҳбаланд мегардам, ки заҳматам самаранок асту натиҷаовар”. Ба гуфтаи Дилфидо, мураббӣ шудан бисёр душвор аст. Бояд нисбат ба кӯдакон меҳри зиёд дошта бошед. Фарзандони мардумро ҳамчун фарзандони худ донеду тарбия намоед. Яке аз душвориҳои касби мураббигӣ ҳамин аст, ки падару модар ҳастии худ, яъне фарзанди худро ба мо бовар карда месупорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳоро мисли гавҳараки чашм нигоҳубин намоем. Доим ҳушёр бошему эҳтиёткор, ҳалиму меҳрубон ва ғамхор. – Дилфидо яке аз мураббиҳои фаъоли мо мебошад. Ӯ чи кор карданашро хуб медонад. Бо кӯдакон самимист. Ҳар боре ки ҳангоми машғулият ба наздаш медароям, шоҳид мегардам, ки кӯдакон ӯро дӯст медоранду ӯ низ бо кӯдакон нағз кор мекунад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки ӯ дар ин роҳ аз ин ҳам дида
Ноҳияи Ҷ. Балхӣ пешсаф аст
1 2 3 4 5 6 7
муваффақтар хоҳад шуд. Зеро кори худро дӯст медорад ва баҳри дар дараҷаи зарурӣ иҷро намудан кӯшиш менамояд, - иброз дошт Бустоной Валиева, мудири кӯдакистони №110-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе. - Мураббӣ вақте бо кӯдак дурушт муносибат менамояд, маълум мешавад, ки асабҳои худи ӯ хароб шудаанд ва талаботи кӯдакро қонеъ карда наметавонад. Ӯро мебояд, то худашро табобат намояд. Бо кӯдак муносибати бад кардан мумкин нест. Зеро дар ин синну сол вай танҳо ташнаи муҳаббату дӯстдорист. Аз ин рӯ ҳар нафаре, ки мураббӣ шуданист, ин чизҳоро дар ибтидо бояд ба назар гирад, - иброз дошт Дилфидо ва афзуд, вақте дар як синф 30 кӯдак бошад, он ҷо сӣ характер мавҷуд мебошад. Барои бо ҳар яке аз онҳо муоширати нағз намудан, албатта мушкил аст. Мураббӣ бояд пеш аз ҳама соҳибкасб бошаду дорои донишҳои гуногуни психологӣ. Вақте ки психологияи кӯдакро намедонед, дар он сурат кори шумо мушкил хоҳад шуд. Дар соҳаи мазкур бомуваффақият кор намудан, алаккай ҳар нафарро рӯҳшинос менамояд. Кӯдакро дидан замон хулоса бароварда метавонед, ки чи гуна характерро доросту бо ӯ бояд чи тавр рафтор намуд”. Ба назари ӯ, имрӯз волидайн дарк намудаанд, ки таълиму тарбия аз кӯдакистон ибтидо мегирад. Имрӯз таваҷҷуҳи мардум ба кӯдакистонҳо хеле зиёд гардида истодааст. Ин албатта хуб аст. Аз баъзе волидайн пурсон мешавед, ки чаро масалан худ кӯдакашонро тарбия наменамоянду ба ин ҷо меоранд, дар ҷавоб мегӯянд, ки таълиму тарбияи кӯдакистон дигар аст. Ин аст, ки хушбахтона имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ низ дар ин самт хеле назаррас аст. Ҳар сол даҳҳо кӯдакистони нав сохта ба истифода дода мешаванд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки таълимоти томактабӣ рушд намуда истодааст, ки ин ҳатман ба беҳтар гардидани сатҳу сифати дониши насли наврас мусоидат мекунад. – Мо - ҷавонон бояд ҳамеша пайи он талош намоем, ки бо донишу малакаи хеш дар рушди соҳае саҳм гузорем. Ҳар ҷавон бояд дар назди худ ҳамчун шаҳрванд мақсад гузорад, ки касберо аз худ намояду бо тамоми вуҷуд ва сидқан фаъолият намояд. Вақте сидқан ба фаъолият мепардозед, ҳатман комёбӣ ҳамсафаратон мегардад. Пас месазад, то самимӣ бошему садоқатмандона омӯзем, омӯзонем ва дар роҳи бунёдкорӣ тарбия намоем. Ин аст рисолати ҳар яки мо, - иброз дошт дар охири суҳбат Дилфидо Маъруфова.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4
Шаҳр, ноҳия
Мудири бахш
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азизов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ
Ҷамъи овозҳо
СОҲИБКАСБ
Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.
Овозҳо дар ҳафта
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
ОЗМУН
№
10
Ҳангоми ворид гардидан ба кӯдакистони №110-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе садои гӯшнавози кӯдакон, ки ба ҳар гуна бозӣ машғул буданд, ба гӯш мерасид. Ҷавондухтаре бо шавқи тамом ғарқи тамошои манзараи мазкур буду баҳри боз ҳам афзун шудани шодии кӯдакон ба онҳо тавсияҳо медод. Аз чеҳрааш маълум буд, ки пешаи худро дӯст медораду баҳри дар дараҷаи зарурӣ анҷом додани он тамоми қувваи хешро равона намудааст. Вақте кӯдакон механдиданду шодиву сурур менамуданд, ӯ низ табассуму хурсандӣ мекард, то бо шодиву нишоти онҳо шарик бошад.
2 10
4 37
145
120 3
120 17
97 5 48
1 53
121
40
40
90 40
40 3 15
20
3 5 17 52 2 2 13 2 2
43
99 12 43
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) __________________ ____________________________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда ______________________________________________
Тиҷорати доруворӣ дар ҷаҳон дар авҷ аст, дар Тоҷикистон низ. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки номгӯи доруҳо ҳоло аз 300 ҳазор гузаштааст ва ин ҳадди охир нест, тавлиди он сол аз сол бештар хоҳад шуд. Муайян шудааст, ки истеҳсоли бештари доруҳо ба даҳсолаҳои охир рост меояд.
Пояҳои нахустини пайдоиши кошонаи ҳусн, ҳамчун макони зебоӣ ба даврони шумерҳо ва мисриҳо марбут мебошад. Шумерҳо ва мисриҳо хизматгороне доштанд, ки барои зебу зиннат додани хонумони соҳибхона ёрӣ мерасониданд. Баъдан чунин хизматрасонӣ барои мардон дар бозорҳо, барои занҳо бошад, танҳо дар хонаҳояшон пешбинӣ карда мешуд. Занҳо ба ин гуна хизматрасонӣ бештар эҳтиёҷ доштанд. Ин ҳолат то аввалҳои асри XX давом ёфт. Аслан пайдоиши аввалин кошонаи ҳусн, ки ба охирҳои асри XX рост меояд, ба боло рафтани эҳтиёҷоти занҳо асос гузоштааст. Аввалин кошонаи ҳуснро Елена Рубинштейн дар шаҳри Мелбурни Австралия бунёд намуд. Бо мурури замон чунин кошонаҳои ҳусн ба тамоми давлатҳо паҳн шуданд. Айни замон чунин хизматрасонӣ ба ҳамаи бонувони сайёра дастрас мебошад. Ин намуди фаъолият дар кишвари мо, Тоҷикистон низ зиёд ба назар мерасад. Ҳарчанд бонувони тоҷик худ зебоянд, аммо барои оро додани хеш аз кошонаҳои ҳусн истифода мебаранд. Кошонаҳои ҳусн хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла пешгирӣ аз офтоб, сӯхтани пӯст, кӯтоҳ кардани мӯй, нохунороӣ, чидани абрувон, ороиши мӯю рӯй ва ғайраро ба муштариён пешниҳод менамоянд. Бо вуҷуди он ки намудҳои хизматрасонӣ ва маҳсулоти омодашаванда дар ҳамаи кошонаҳои ҳусн якхела аст, аммо тафовут дар нархи хизматрасонӣ ба назар мерасад. Масалан, дар кошонаи ҳусни “Динара” нархи хизматрасонӣ барои муолиҷаи рӯи дар офтоб сӯхта 60 сомониро ташкил медиҳад. Аммо арзиши чунин хизматрасонӣ дар кошонаи ҳусни “Дила” 20 сомонӣ мебошад. Вақте аз корманди он Дилором сабаб пурсидем, дар посух чунин гуфт: “Маҳсулот якхел аст, бо сабаби он ки кошонаи ҳусн нав ба фаъолият оғоз намудааст, хизматрасониҳо ба муштариён бо нархи арзон пешниҳод карда мешаванд”. Хушзабонӣ ва муомилаи хуб бо муштариён аз шартҳои асосии фаъолияти кормандони кошонаҳои ҳусн мебошад. Тавре мушоҳида намудем, бархе аз кормандони кошонаҳои ҳусн бо муштариён муомилаи дурушт мекунанд. Баъдан аниқ намудем, ки онҳо танҳо бо муштариёни доимии худ нармзабонанд, вале вақте мефаҳманд, ки шахси ба кошонаи ҳусн воридшуда муштарии онҳо несту барои пурсидани чизе омадааст, гап задан як тараф истад, ба ҷонибаш назаре ҳам намекунанд. Чунин ҳолатро дар кошонаҳои ҳусни “Зуҳал”, воқеъ дар хиёбони Н. Махсум-98, “Шабнам”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-66, “Зулҳиҷа”, воқеъ дар кӯчаи Нахимова возеҳ метавон дид. Хуллас, имрӯз кошонаҳои ҳусн то ҷое тавонистаанд эҳтиёҷоти занонро қонеъ созанд ва бо фаъолияти пурсамари хеш ба рӯзгори бонувон ҷилои тоза бахшанд. Манижа ГУЛОВА, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ
созем. Дар ин маврид ҳатто шарт нест, ки машқҳои душвору мушкил иҷро намоем, машқҳои одии ҷисмонӣ ҳам басандаанд. Машқҳои ҷисмонӣ ба хуб шудани гардиши хун мусоидат менамоянд, сабаб мешаванд, ки қисматҳои гуногуни бадан тоза гардад ва ба ин восита оксиген, ғизо ва моддаҳои фаъоли биологиро гирад. Бисёр не, ҳамагӣ 15 дақиқа давидан ба тану ҷони кас, ба тез шудани гардиши хун аҳамияти бениҳоят зиёд дорад. Давидан бар замми он ки гардиши хунро метезонад, кори дилро беҳ месозад, асабҳоро низ ором менамояд, эҳсоси доимии ҳаяҷону изтироб, шиддати асабониятро аз байн мебарад, хобу орому бофароғат меорад. Ҳакимон дар мурури замонҳо аҳамияти ҳаракатро дар тарозуи таҷриба санҷидаанд. Аз ҳосили он таҷрибаҳо як намунаи одӣ меорем: муҳаққиқон аз як гурӯҳ ихтиёриён – ҷавонони солим хоҳиш карданд, ки дар рахт беҳаракат бихобанд. Барояшон ҳама нозу неъматҳоро муҳайё сохтанд. Пас аз гузаштани як ҳафта нафаре аз онҳоро хезонданд, фардо нафари дигарро… Ба ҷавононе, ки ҳар қадар дер бархоста бошанд, ҳамон андоза роҳ рафтан, мувозинатро нигоҳ доштан душвор буд. Мушакҳо, узвҳои дилу рагҳо натавонистанд, қудрате надоштанд, ки ҳатто рост истоданро таъмин намоянд. Ҷисму тани инсон ба кору машқи ҷисмонӣ сахт ниёз дорад. Онро аз чунин имконият, аз ҳаракат маҳрум намудан маънои бо дасти хеш парваридани бемориҳоро дорад. Бадани инсон бояд дорои захираи нерумандӣ, мусаҳкамиву устуворӣ, тавоноиву пойдорӣ бошад, то ба бемориҳо, ҳолатҳои ғайричашмдошт истодгарӣ карда тавонад ва мубориза барад. Инсон ба кору машқҳои ҷисмонӣ машғул шуда, дар як вақт системаи муҳофизавӣ – иммунии баданро фаъол месозад, ба организм ёрӣ мерасонад, ки аз моддаҳои нодаркор озод шавад. Воқеан, на танҳо мушакҳо ва рагҳоро, балки банду буғумҳо, устухонҳо, узвҳои ҳозима, басират, шунавоӣ, хотира ва ғайраро низ машқ додан мумкин аст. Фирӯза ҲОМИДОВА, мудири шуъбаи озмоишгоҳи Маркази саломатии №4-и шаҳри Душанбе
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН”
Тани инсон дорухона аст
Кошонаи ҳусн ҷилои рӯзгор
Дуруст аст, ки тибро бе доруву дорувориҳо тасаввур кардан номумкин аст. Истеҳсоли доруҳо ба устувору мустаҳкам шудани сиҳатии мардум, дарозумрӣ сахт мусоидат намуд ва дар ин шакку шубҳае нест. Вале боз ҳам саволе пеш меояд, ки наход ҷисму тани одам ба ҳамин миқдор дорую даво муҳтоҷ бошад? Наход табиати босаховат тани шарифи инсонро асири ранҷу дардҳо офарида бошад? Магар мо, одамон, ин ҷо тақсире дорем ё на? Магар аксари ин бемориҳо бо айбу гуноҳи худамон ба ҷисму танамон лона намегузоранд? Барои ин ки танамон солим ва хотирамон осуда бошад, мо худамон чӣ кор карда метавонем? Дар байни донишмандони тиб ва биология ақидае маълуму машҳур аст, ки дар таркиби хуни инсон бисёр моддаҳои муфид мавҷуданд ва онҳо қудрате доранд, ки тани инсонро аз дардҳо муҳофизат намоянд. Ба маънии дигар, тани инсон дар айни вақт дорухонае мебошад, ки он ҷо ба муқобили ҳама дардҳо даво ёфтан мумкин. Миқдори бениҳоят зиёди моддаҳои фаъоли биологиро организм худаш мустақилона ҳосил мекунад, як миқдори дигари онро ба воситаи ғизо мегирад. Дар организме, ки муътадил, бо низоми табиӣ кор мекунад, ҳама чизҳои зарурӣ вуҷуд дорад. Аз он ки ба кадом як қисмати бадан хун ба андозаи даркорӣ намеравад ва намерасад, шояд сабаби он зарар дидани мӯйрагҳо/капиллярҳо, халал ёфтани кори табиии рагҳо бошад, онҳо танг гашта, чандирии худро то андозае аз даст медиҳанду баста мешаванд. Ба сухани дигар, агар ба ин ё он ҳуҷайра миқдори кофии хун ва ба воситаи он миқдори зарурии ғизо, оксиген, моддаҳои фаъоли биологӣ расад, ҳамчунин, агар маҳсулоти фаъолияти ҳаётӣ боз ҳам тавассути хун хориҷ гарданд, дар он сурат ҳуҷайраҳо набояд нодуруст ва бад кор кунанд. Организми инсон, то даме ки ба он ягон хел халал ва он ҳам асосан аз системаи хунгард нарасад, бисёр хуб кор мекунад. Агар инсон дар ҳамоҳангӣ бо табиат, ба он тарзу шевае, ки табиат дар вуҷуди мо рехтааст, зиндагӣ мекард, дар он сурат дарду ранҷҳои вазнин ба сараш намеомад. Барои рагҳо бошад, ба андозаи даркорӣ сарборӣ ё худ машқу ҳаракат лозим аст, то ки онҳо чандир бимонанд ва дуруст кор кунанд. Кори ҷисмонӣ, машқу варзиш карда, мо имкон дорем системаи хунгардро фаъол
11
12
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
Осорхонаи мактабӣ воситаи тарбияи ватандӯстӣ
МИНБАРИ АНДЕША
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҷаҳонишавии низоми маориф таъсири ҷаҳони муосир ба маънавиёти ҷомеа равшан мушоҳида мегардад. Тарбияи маънавии хонандагон яке аз масъалаҳои муҳим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад. Тавре, ки дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд гардидааст, «Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар дорад». Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: «Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад». Тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ дар низоми маориф аз муайян намудан ва ҳифзи беҳтарин анъанаҳо дар тарбияи насли наврас, таҷдиди мазмуни он ва ҷорӣ намудани технологияи навин алоқаманд аст. Мақсади асосии тарбияи маънавӣахлоқӣ зиёд намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба арзишҳои фарҳанги миллӣ, ташаккули эҳтиром ба Ватан ва мероси ғании таърихиву фарҳанги миллӣ мебошад. Зеро ватандӯстӣ аз муҳаббат ба зодгоҳ ва Ватан, эҳтиром ба гузаштаи таърихӣ ва таърихи пурғановати миллӣ сарчашма мегирад ва дар ин замина беиштибоҳ нақши осорхонаҳо хеле назаррас аст. Осорхона воситаи ҳифзи хотираи инсоният буда, ҳамчун муассисаи фарҳангӣ мероси таърихӣ-фарҳангиро ҷамъоварӣ, ҳифз, муаррифӣ ва тарғиб намуда, таваҷҷуҳи хонандагонро ба олами фарҳангӣ зиёд менамояд. Барои осорхонаи муосир фаъолияти фарҳангӣтаълимӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Осорхонаи мактабӣ яке аз шаклҳои пешбурди фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятии хонандагон ба шумор рафта, дорои арзиши баланди тарбиявӣ ва илмӣ мебошад. Осорхона маълумотро дар бораи гузашта ва имрӯзи ҷомеа ҷамъоварӣ намуда, ҳамчун воситаи ташаккули худогоҳии насли наврас хизмат мекунад. Тавассути осорхона хонанда имконият пайдо менамояд, ки муносибати худро ба таъриху фарҳанг муайян намояд. Хонандагон тавассути сайрҳои илмӣ ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангиро омӯхта, дар корҳои ҷустуҷӯӣ ширкат меварзанд, бо ашхоси барӯманд мулоқот намуда, таърихи Ватани худро дақиқ меомӯзанд, инчунин дарк менамоянд, ки ниёкону аҷдодонашон дар рушди фарҳангу иқтисодиёти кишвар заҳматҳо кашидаанд. Чунин фаъолият ҳисси эҳтироми хонандагонро ба гузаштаи таърихӣ ва муносибат ба мероси пурғановати фарҳанги кишвар дучанд мегардонад. Осорхонаи мактабӣ имконият медиҳад, ки хонанда дар ҳамаи намудҳои фаъолияти илмӣ, техникӣ ва ҷамъиятӣ қувваозмоӣ намояд, соҳиби дониши таҷрибавӣ гардад, сарчашмаҳои таърихиро тавсиф, шаклбандӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихиро таҳия намояд. Фаъолияти ҳаррӯзаи осорхонаи мактабӣ ба фаъолияти аҳли омӯзгорон ва хонандагон пурра вобастагӣ дорад. Ҳамин тариқ, вазифаи осорхонаи кишваршиносии мактабӣ на танҳо ҷамъоварӣ, балки кори мақсадноки тарбиявӣ ва таълимӣ мебошад. Ашё ва нигораҳои ба намоиш гузош-
ташудаи осорхонаҳои мактабӣ, баргузории чорабиниҳои мухталиф, аз қабили вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва сайрҳои илмӣ ба мавзеъҳои таърихӣ низ дар тарбияи ҳисси ватандӯстии хонандагон нақши муҳим дорад. Чунин фаъолияти назариявиро ба назар гирифта, хулоса баровардан мумкин аст, ки тарбияи маънавӣ-ахлоқии хонандагон бояд дар асоси дониши фарҳангӣ ташаккул ёбад, ки он метавонад дар бораи Ватан, анъанаҳои фарҳангию таърихӣ ва дастовардҳои он тасаввуроти амиқ диҳад. Барои амалисозии ин иқдом осорхонаҳои мактабӣ саҳми арзанда гузошта, фаъолияти худро ба ташаккули муносибати иҷтимоӣ ҷалб менамоянд, ки дар он муносибати бевоситаи тарбиядиҳанда бо ҳуҷҷатҳои таърихӣ нақши асосиро мебозад. Осорхонаи мактабӣ на танҳо як шакли ташкили фаъолияти таълимӣ-фаҳмондадиҳӣ ба шумор меравад, балки он воситаи тарбияи маънавӣ низ маҳсуб мешавад. Он соҳиби иқтидори ғании таълимӣ-тарбиявӣ мебошад, зеро ҳуҷҷатҳои таърихии аслиро ҳифз ва ба маъраз мегузорад. Иштироки хонандагон ба корҳои ҷустуҷӯӣ, омӯзиши ашёи осорхонавӣ, ташкили намоишҳо, гузаронидани сайрҳо, шабнишиниҳо ва конференсияҳо як шакли ташкили фароғати онҳо ба шумор меравад. Дар ин замина хонандагон малакаҳои фаъолияти тадқиқотӣ, кишваршиносӣ ва осорхонашиносиро азхуд менамоянд, ки дар барномаи мактабӣ пешбинӣ нагардидааст. Имрӯз бештари насли наврас, мутаассифона ба таърихи кишвари худ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Қисме аз хонандагон таърихи зодгоҳи худро намедонанд ва хуб дарк намекунанд. Осорхона як маъбади таърихии мактаб ва зодгоҳи мост. Зеро калимаи «Осорхона» бо калимаи «Маъбад» ҳамрадиф аст. Аз ин лиҳоз, осорхонаи мактабиро зарур аст, ки фаъолияти худро бо мақсади тарбияи ҳисси ватандӯстии хонандагон ва эҳтиром ба зодгоҳ оғоз намояд. Зеро дар айни замон омӯзиши арзишҳои таърихии ниёконамон қадре аҳамияти худро гум намудааст. Мақсади осорхонаи мактабӣ ташаккули ҳисси масъулиятшиносии хонандагон дар ҳифзи фарҳанги таърихии зодгоҳ, ифтихор аз Ватан ва мактаб, ҳисси эҳтиром ба гузашта ва имрӯзаи таърихи зодгоҳ, расму оини халқ, урфу одати гузаштагон, мусоидат ба баланд бардоштани дониши хонандагон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо ба шумор рафта, вазифаҳои аввалиндараҷаи он: - тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ки он аз муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз гузашта ва имрӯз сарчашма мегирад; - барои насли ҷавон ҳифз намудани сарчашмаҳои таърихӣ, ашёи осорхонавӣ, ки дорои арзиши баланди таърихӣ мебошад; - мусоидат ба ҷорӣ намудани маводи осорхонавӣ дар раванди таълим; - табдил додани ашёи осорхонавӣ ба воситаи иттилоот ва дарки эҳсоси давраҳои гузашта; - мусоидат ба ҷалби хонандагон дар фаъолияти эҷодкорӣ ва тадқиқоти иҷтимоӣ-фарҳангӣ оид ба омӯзиши таърихи Ватан;
- мусоидат ба ташаккули арзишҳои маънавӣ; - ба воситаи иттилоотӣ ва дарки эҳсосотии давраҳои гузашта табдил додани ашёи осорхонавӣ, мусоидат намудан ба ҷалби хонандагон ба корҳои эҷодии иҷтимоӣ-маданӣ, ба роҳ мондани фаъолияти ҷустуҷӯӣ-тадқиқотӣ ҷиҳати омӯзиши таърихи зодгоҳ ва омӯзиши таҷрибаи мусбат низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти осорхона мебошад. Ҳангоми фаъолият дар масъалаи мазкур ба хонандагон тавсия дода мешавад, ки дар раванди ташкили осорхонаи мактабӣ фаъолона иштирок намоянд. Хонандагон метавонанд масъалаи мазкурро омӯхта, ба гурӯҳҳои зерин тақсим гарданд: ҳуқуқшиносон, мухбирон, таҳлилгарон ва ҷомеашиносон. Фароҳам овардани шароити мазкур ба хонандагон барои ташкили тамоюлҳои ахлоқӣ ва арзишии онон кӯмак менамояд, ки он тавассути омӯзиши таърихи зодгоҳ ба даст меояд. Дар ин раванд осорхонаи мактабӣ дар асоси нақшаи татбиқи лоиҳаи зерин бояд фаъолият намояд: - Омӯзиши фаъолияти тадқиқотии хонандагон. - Омӯзиши маводи бойгонии маҳфили кишваршиносии «Ҷӯяндагон». Гузаронидани мулоқот бо кӯҳансолони зодгоҳ. - Маълумотдиҳӣ ва пурсиш аз аҳолӣ. - Коркарди маълумот. - Ҷустуҷӯ, коркард ва нигоҳ доштани маводу маълумот оид ба таърихи мактаб ва маданияти зодгоҳ. - Таҳия намудани нақшаи корӣ. Тарбияи хонандагон аз идомаи авлод асос ёфта, тақдири ҳар фард ба мактаб вобастагӣ дорад, ки ба хонанда на танҳо аз имрӯзу фардо, балки аз гузашта низ дониши амиқ медиҳад. Ҳар шахс бояд таърихи Ватани худро донад. Пеш аз он ки шаҳрванди кишвар гардӣ, бояд сокини мактаб, деҳа ва шаҳр бошӣ. Маҳз кишваршиносӣ дар аксари ҳолатҳо ба он мусоидат менамояд. Кишваршиносии таърихӣ марҳила ба марҳила ҳатмӣ мегардад. Барои ҳамин, осорхона бо мақсади он ташкил карда мешавад, ки алоқаҳои ҷудогардидаи давраҳоро ба ҳамдигар пайванд диҳад ва дар ин замина насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия карда, эҳтироми онҳоро ба таърихи деҳа, мактаб, кишвар ва миллати худ зиёд намояд. Ба ҳар вазифагузориҳо тарбияи хонандагон дар асоси натиҷаҳои зерин бояд ба нақша гирифта шаванд: - Гирифтани маълумоти мухтасар аз таърихи рушди мактаб ва суннатҳои он. - Пешбурди фаъолият дар шакли тарбияи ватандӯстию шаҳрвандӣ. - Дарёфт ва ҷамъоварии маълумот доир ба омӯзгорон ва хатмкунандагони мактаб. Ҳифзи маълумоти ҷамъоваригардида. - Истифодаи мақсаднок ва тарғиби мавод дар бораи мактаб, деҳа ва арзишҳои фарҳангӣ. - Тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ифтихор аз мактаб, деҳа ва хоҳиши саҳмгузории онҳо дар раванди ташкили осорхона. - Ташкили корҳои экскурсионии оммавӣ: сайрҳо, дарсҳо, машғулиятҳои инфиродӣ, шабҳои мавзӯӣ, вохӯриҳо, намоишҳои сайёр. - Мусоидат ба интихоби касби хонандагон. - Ҷалби хонандагон ба корҳои тадқиқотӣ. Хулоса бо мақсади ҳамаҷониба ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстии насли наврас бояд таъсис ва ташкили ҳатмии осорхонаҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар низоми маориф дар асоси дастуру тавсияҳои зарурӣ ба расмият дароварда шавад. Мақсудҷон ВАСИХОВ, корманди илмии Осорхонаи ба номи А. Рӯдакии шаҳри Панҷакент
Баррасии оммавии буҷет Дар ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Хайрулло Суфизода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ки бо ширкати коршиносони дохиливу хориҷӣ бургузор шуд, масъалаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ баррасӣ гардид. Ин таҷрибаи нахустини баррасии буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ширкати масъулини бахшҳои хоҷагии халқ, роҳбарони ноҳия ва намояндагони касбу кори гуногун мебошад. Дар ҷаласа нахуст аз ҷониби вакили МН МО ҶТ масъалаҳои мубрам оид ба буҷети давлатӣ баррасӣ гашта, пасон иқтисодшиносони варзида, коршинсони дохиливу байналмиллалӣ масъалаҳои буҷети маҳаллиро муҳокима намуданд. Зикр шуд, ки қабули буҷети маҳаллӣ бо дарназардошти ироа ва пешниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутахассисони касбу кори гуногун ва аҳолӣ, роҳи ҳаллӣ мушкилоти ҷомеа аст. Абдураҳмон Наҷмиддинов, коршиноси масоили иқтисодӣ иброз дошт, ки агар дар тамоми навоҳии кишвар қабули буҷети маҳалӣ дар асоси баррасии оммавӣ ва табодули афкори ҷаъмиятӣ сурат гирад, он метавонад дар истифодаи самароноку оқилонаи маблағҳои давлатӣ таъсири калон гузорад. Ҳамчунин, дар решакан кардани амалҳои ришваситонӣ нақши муҳим бозад. Тоҷикистон дар қабули буҷети давлатӣ бештар ба соҳаҳои иҷтимоӣ диққат медиҳад. Ҳуҷҷатҳои муҳими рушди мамлакат, ки барои солҳои муайян қабул шудааст, тавонистааст, ки вазъи зиндагии сокинони кишварро боло барад ва дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми шоиста гузорад. Бо баррасии оммавӣ ва тариқи шаффоф ба роҳ мондани қабули буҷети маҳаллӣ имкон додааст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ мушкилиҳои соҳаи мактабу маориф, тиббу кишоварзӣ, хизматрасониҳои обу энергетика ва дигар масоил роҳи ҳалли худро барои солҳои минбаъда пайдо кунанд. Умед меравад, ки ин таҷриба дар дигар манотиқи кишвар амалӣ шуда, бо қабули шаффофу ҳамраъйии оммавии буҷаи маҳал, соҳаи иқтисодиёт рушду тақвият ёфта, зиндагии мардум боз ҳам хубтар мегардад. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
Асри 21. Ҷавонон ҳоло ба кадом масъалаҳо шавқу рағбат доранд? Ба кадом арзишҳо арҷ мегузоранд ва чӣ гуна афзалиятҳоро мепарастанд, чӣ гуна андеша доранд? Ба саволҳои мазкур бо чанд сухан посух гуфтан мушкил аст. Аз ин рӯ ба ҳар савол бо навбат посух мегӯем.
“Муаллим”
Ба автобуси хатсайри 3 нишастам. Автобус дар истгоҳи назди Донишгоҳи омӯзгорӣ қарор гирифт. Дар истгоҳ ду марди миёнасоли либоси расмӣ ба бардошта, дастонашон дар гардани ҳам якдигарро қабеҳ мегуфтанду дағалона муносибат мекарданд. Мушоҳида кардам, ки ба ҷуз ман дигарон ҳам ба ҳолу аҳволи онҳо менигаристанд. Аз дохили автобус писарбачае ишора ба яке аз он майзадаҳо карда, ба модараш гуфт: “Очаҷон, ана ҳамин муаллими ман аст. Аз ҳамин кас гуфтам дарси иловагӣ бигирам”. Маълум шуд, ки онҳо омӯзгори мактаби миёна будаанд. Модар ба ҷониби он ду омӯзгори майзада, ки то ҳол дар бораи ким чизе бо овози баланд қисса мекарданд рӯй оварда, гуфт: “О, инҳо худашонро идора карда наметавонанду чи хел ба шумо одоб меомӯзанду дарс мегӯянд?”. Мусофирон рафтори он ду “омӯзгор”-и бадмастро муҳокима мекарданд. Яке ба дигаре мегуфт: “Мурад ҳамин хел муаллим. Мо бовар карда фарзандонамонро ба тарбияи онҳо месупорем, то одам шуда илму ҳунар ёд гиранд, аммо инҳоро бинед...” Вақте ин суханонро мешунидам, дилам ба садҳо ва ҳазорҳо устодон, муаллимону омӯзгорони воқеӣ, онҳое, ки мӯйи сарашонро дар роҳи таълими насли наврас сафед кардаанд, сӯхт. Пеши назарам симои нуронии устодони азизам ҷилвагар шуданд. Нахостам он суханонеро, ки мусофирон дар ҳаққи он ду муаллими майхора гуфтанд, бинависам. Чун намешавад бадахлоқии якеро намуна оварда, ба сари тамоми омӯзгорон санги маломат бизанем. Ба ибораи дигар, як кас меъёр шуда наметавонад. Вале зарур донистам бинависам, то рафтори ноҷои онҳоеро, ки дар либоси муаллим даромада, ҷузвдони муаллимӣ гирифта мегарданд, аммо аз алифбои омӯзгорӣ огоҳ нестанд ва номи муқаддаси муаллимро хор кардаанд, ба ҷамъият гӯшзад кунем. То бошад, ки “муаллим” худро ба тартиб оварда, минбаъд муаллимвор рафтор кунад. То бошад, ки минбаъд мо вожаи бузурги муаллимро бенохунак нависем. То бошад, ки бо ба забон овардани номи муаллим пеши рӯямон танҳо зебоиҳо ҷилва кунанд. То бошад, ки бо муаллим гуфтан фақат илму таълиму омӯзиш пеши рӯямон биояд, на чизи дигар. Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”
КЛУБҲО Ҷавонони муосир ҳаёташонро бе клуб тасаввур карда наметавонанд. Клуб маҳаллест барои шиноси нав пайдо кардан, барои фароғат ва хушгузаронӣ. Аксари ҷавонони муосир ба ғайр аз фароғат дар клуб маҳалли дигари фароғатро намедонанд. МУД Агар андеша дошта бошед, ки муд танҳо хоси духтарон аст, хато мекунед. Бо сару либоси зебо худро оро додан хоси аксари писарон низ ҳаст. Онҳо ҳатто омодаанд барои либоси шинаму зебо музди пурраи меҳнати якмоҳаашонро сарф кунанд. Ба андешаи чунин писарон, харидани ашёи нав кори бад нест. Зеро ҷавонписарон низ мехоҳанд оростаю зебо намудор гарданд. МУСИҚӢ Ҳаёт бе мусиқӣ монанди беҳаво зистан аст. Насли муосир маҳз ба воситаи мусиқӣ мехоҳад тамоми эҳсосот, андеша, шодию андӯҳашро ифода намояд. Бо ҳамин сабаб зуд-зуд ҷараёнҳои нави мусиқӣ арзи ҳастӣ мекунанд. КИНО Оё дар хотир доред, ки чӣ тавр замони ба вуҷуд омадани видеоплейерҳо кинотеатрҳо яку якбора беэътибор гаштанд? Имрӯз чӣ? Тавре мебинем ҳоло кинотеатрҳо обрӯи аздастдодаашонро дубора барқарор карда истодаанд. Ҳоло намудҳои гуногуни видео пайдо шудаанд - 3D, 5D. Дар чунин видеотолорҳо чипта пайдо кардан душвор аст. Зеро ҷавонон онро меписанданд ва бо тамошои чунин филмҳо намоиш медиҳанд, ки тамоюлҳои нав дар санъати киноро пайравӣ менамоянд. АВТОМОБИЛ ВА МОТОТСИКЛҲО Ҷавонони зиёд ҳаёташонро бидуни автомобилу мототсикл
тасаввур карда наметавонанд. Ҷавонон баъзан худашон аз қисмҳои мошинҳои кӯҳна мошини нав месозанд ва маҳсули заҳматашон касро ба ҳайрат меорад. ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ Дар бораи телефонҳои ҳамроҳ сухан нагуфтан ғайриимкон аст, зеро онҳо имрӯз оламро тасхир намудаанд. Одамон ҳаёташонро бе телефони ҳамроҳ тасаввур намекунанд. Ҳатто баъзеҳо дар даст якбора чанд телефон гирифта мегарданд. Зеро агар дар як телефон як унсури техникӣ мавҷуд бошад, ҳамон унсур дар телефонии дигар беҳтар аст. Бо дарназардошти операторони сершумори сотӣ як адад телефони ҳамроҳ ҳанӯз кам аст. ВАРЗИШ Бо вуҷуди пешрафти техникӣ варзиш низ хушбахтона дар байни ҷавонон шуғли писандида боқӣ мондааст. Намудҳои аз ҳама маъруфи варзиш – футбол, волейбол, чавгонбозӣ, баскетбол, теннис мебошанд. Ҷавонони зиёде имрӯзҳо бо скетбордҳо дар роҳҳо тохту тоз мекунанд ва майдону роҳҳои шаҳрҳоро ишғол кардаанд. КИТОБ Кадом китобҳо писанди ҷавононанд? Китобҳое, ки дар мавзуъҳои «хатарзо», вампирҳо ва ҷодугарон иншо шудаанд. Ба ҷавонон китобҳо дар мавзӯъҳои тақдир ва детективҳо низ писанд мебошанд. Ҷавонон китобчаҳои хурд ё китоби электрониро дӯст медоранд. МУОИШРАТ Муошират албатта на танҳо ба ҷавонон, инчунин ба калонсолон писанд аст. Вале барои ҷавонон аҳамияти хос дорад. Сухан воситаи ифодаи шахсият, воситаи дар бораи худ нақл кардан аст. ПУЛ Барои чӣ ҷавонон ба пул рағбат доранд? Зеро онҳо нисбат ба одамони синну соли калон чизи бештар харид кардан мехоҳанд. Ба ҷавонон писанд аст, ки ба воситаи пулҳояшон дар назди ҳамсолонашон худнамоӣ кунанд, нишон диҳанд, ки чӣ тавр онҳо мустақил ҳастанд. Албатта ба ҳамаи ҷавонон пайдо кардани пул кори осон нест, вале онҳо бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки албатта пул дошта бошанд. ПЕШТОЗ БУДАН Масъалаи чӣ тавр пештоз шудан низ як идда ҷавононро ором намегузорад. Дар ҳар маҳфили ҳатто иборат аз даҳ нафар ҷавон, албатта ҷавоне пайдо шуда, вазифаи сарвариро ба ихтиёри худ мегирад. Аммо ҳама пештоз ё сарвар шуда наметавонанд. Бинобар ин, бояд мақсад дошта бошанд ва барои расидан ба он кӯшишу ғайрат кунанд.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
НОИЛАИ АБДУФАТТОҲ
Машғулиятҳои асосии ҷавонони муосир
“Муаллим”, “омӯзгор” вожаҳои ошнову муқаддасанд. Ин калимаҳо ифодагари бахшишу омӯзишанд. Яъне муаллим илму дониш ва он маърифати баланди инсонсозе, ки худ дорад, ба дигарон медиҳад, мебахшад. Ба ибораи дигар, муаллим гуфта шахсеро мешиносем, ки дар баробари волидони мунису ғамхор ба инсон олами маъниву маънавиёт меомӯзонад. Муаллимро метавон ба машъале ташбеҳ дод, ки оламро мунаввар мегардонад... Аммо афсӯс, ки гоҳо ҳамин номи муқаддасу ҳамин вожаи муборакро нафароне таҷассум менамоянд, ки ба он доғ мегузоранд.
ИНТЕРНЕТ Интернетро дар қатори машғулиятҳои дӯстдоштаи ҷавонон ҷойи авал нагузоштан ноодилона мебуд, зеро имрӯз қариб аксари ҷавонон дар фазои маҷозӣ «парвоз» мекунанд. Писарону духтарон дар як вақт дар чанд олам зиндагӣ мекунанд. Мутаасифона, фазои маҷозӣ ботадриҷ фазои воқеии ҳаёташонро ишғол мекунад. Форумҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳои фароғатӣ… Ҳамаи онҳо одамонро водор месозанд, ки соатҳои тулонӣ назди монитори компютерҳо шинанд. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки ҷавонону духтарони дар реҷаи «онлайн» зиндагикунанда дубора ба олами воқеӣ баромада наметавонанд. Олами маҷозӣ бо он сабаб ҷолиб аст, ки дар он ҳар чизи дилхоҳатонро гуфта, шарҳ дода, дар бораи он муҳокима ронда метавонед ва аз нуқтаи назари мухолиф ҳарос надоред.
13
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
Хаёлам, се моҳ қабл, субҳи барвақт ба дафтари кориам ҷавони зебое бо андоми бароям каму беш шинос ворид шуда, одоби салом ба ҷо овард. Даст дода, вохӯрӣ кардем. Ӯро ба нишастан ва ба як пиёла чойи навакак дамшуда ҳидоят намудам. – Хуш омадӣ, писарам. Аз куҷо пурсем? – пиёлаи холии чойро аз дасти ҷавон гирифта, суол додам. – Ман писари Махсум Олимӣ. Шумо падарамро мешиносед, албатта. – Наход? Шумо писари Махсум мешавед. Дар дил гуфтам-а. Ин чеҳраи шиносро дар куҷо, кай дида бошам. Шумо ба падаратон хеле монанд ҳастед. Ӯ дар дилу дидаи ман, ана, ҳамин тавр, мисли шумо боқӣ мондааст. – Мехоҳем ба қарибӣ маҳфили ёдбуди падарро гузаронем. Аз ёру дӯстони падар маводи бисёр ҷамъ овардем. Дӯстони падар тавсия доданд, ки ба шумо ҳам муроҷиат кунем. Як нафарашон гуфт, ки шумо ҳини дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба ҳайси сармуҳаррир кор кардан ба падарам некиҳои зиёд кардаед. Барои ҳамин назди шумо омадам. Агар фурсат даст диҳад, дар бораи он некиҳо чанд сатр рӯи коғаз биёред. Ман ба андеша рафтам. Гап дар бораи кадом некиҳо мерафта бошад. Ба ростӣ, дар хотир надорам. «Комсомоли Тоҷикистон» он айём даргоҳе буд, ки садҳо нафар корафтода сар медароварданд, то мушкилашон ҳал гардад. Чӣ некие карда бошам дар ҳаққи шоири навқаламе, ки бо умед ба идораи «Комсомол» омада бошад. Мусоидат намудан ба чопи чанд шеъри ӯ магар некист? Ин вазифаи рӯзномаи ҷавонӣ ва сарвари ӯст. Лаҳзае хомӯшӣ ба миён омад. Ман ба чеҳраи ошно боз нигоҳе карда афзудам: – Ваъда намедиҳам, лекин кӯшиш мекунам, хоҳиши шуморо ба ҷо биёрам. Рақами телефони мобилиатонро монда равед. Аз байн беш аз як моҳ гузашт. Банди корҳои зиёд шуда қариб буд, ки хоҳиши фарзанди шоири ҷавонмарг Махсум Олимиро аз хотир барорам. Як рӯзи истироҳат ҳангоми аз назар гузаронидани китобхонаи шахсиам чашмам ба нахусткитоби Махсум Олимӣ «Бӯи умед», ки онро интишороти «Ирфон» соли 1985 аз чоп бароварда буд, уфтод. Хоҳиши писари ӯ ба ёдам омаду зуд китобро ба даст гирифта варақгардон намудам. Китоб бо соядасти Махсум Олимӣ ба ман ҳадя шуда буд. Чунин сатрҳо бо дастони Махсум рӯи коғази китоб сабт шуда буданд: «Устод Ато Ҳамдам, ман тамоми некиҳои Шуморо дар хотир дорам ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Ягона касе, ки бо некбиниҳои худ дили маро ба шеъру шоирӣ гарм кард, шумо ва боз ҳам шумоед. Махсум Олимӣ, соли 1985.» Аз байн беш аз 30 сол гузашт. Ман имрӯз аранге ба ёд меорам он лаҳзаҳоеро, ки як тан ҷавони рустоӣ, донишҷӯи Донишкадаи умумииттифоқии адабии ба номи Максим Горкий ҳини таътили тобистона ба диёр омада, пайваста меҳмони «Комсомоли Тоҷикистон» мешуд ва дари ҳуҷраи кори ман ҳамеша ба рӯи ӯ боз буд. Аз шиносоии аввал вай ба ман писанд омад, чусту чолок, хушгуфтор буд. Ғурури баланд дошт, аз
То сухан боқист...
Ёде аз шоири ҷавонмарду ҷавонмарг Махсум Олимӣ
АТО ҲАМДАМ
Рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) дар тақдири бисёр қаламкашони тоҷик нақши бориз гузоштааст. Шоири боистеъдоди ҷавонмарг Махсум Олимӣ, ки пайвандону ҳаводоронаш 60-солагии зодрӯзашро бе ӯ таҷлил намуданд, маҳз бо дастгирии ин рӯзнома ба майдони адабиёт омад ва баъд аз сари хеш ашъори рангине ба ёдгор монд. мушкилоти ба сараш омада кушоду равшан ҳарф мезад. Баъзан шикоят мекард, ки бо сабабҳои моддӣ таҳсил дар мактаби адабӣ барояш мушкилиҳоро пеш меорад, мехоҳад, ки онро тарк намуда, ба назди падару модар баргардад. Вале ман мутлақо зидди ин андеша будам. «Махсумбой, на ба ҳама муяссар мешавад, ки ба мактаби олии адабӣ дохил шавад. Ин пилтаи хомро аз гӯшат берун кун. Ман, то имконият ҳаст, ба ту ёрӣ мерасонам. Шеърҳои наватро монда рав. Бе навбат чоп мекунем, аз маоши хизматиям бисёр не, кам-кам медиҳамат. Ту фақат хон, мактабро тамом кун. Шукр, ки истеъдод дорӣ. Онро пешпо назан». Баъди шунидани ин суханҳо Махсум ба рӯям ҳам бо тааҷҷуб ва ҳам бо оҳанги нобоварӣ менигарист, чизе дигар намегуфт. Дастаи шеърҳои навашро болои миз мегузошту аз ҷой мехест. Хомӯш ҷониби дар мерафт. Ман аз пас ӯро ово мекардам: «Махсум, як лаҳза. Мана, инро бигиру беҳуда сарф накун. Ту кӯдак нестӣ, – гӯён ба кафи дасташ чанд сӯм мегузоштам. Вай гирам-нагирам сурху сафед мешуд. Ман ӯро шерак мекардам. «Бигир, шарм надор. Шеърҳои хуб навис. Ба адабиёт хизмат кун». «Гардонда наметавонам», – мегуфт ӯ бо овози ларзон. «Ман ба ту зуд бозгардон нагуфтам. Кай вақте серпул шудӣ, пас бармегардонӣ». «Агар раваду то охири умр ман пулдор нашавам». «Нияти бад накун, ҳамааш хуб мешавад. Акнун бирав. Ман шеърҳои нави туро интизорам». Инро гуфта ӯро то беруни дар гусел мекардам. Чунин ҳолатҳо гоҳ-гоҳе рӯй медоданд. Ба қавли худи Махсум то ба Маскав рафтан вай аз ду ҷо – ҳам аз рӯзнома, ҳам аз ҷайби сармуҳаррир ҳаққи қалам мегирифт. Рӯзи сафар барои хайрухуш омада, маро сахт ба оғӯш гирифта мегуфт: «Намедонам, некиҳои шуморо мегардонда бошам». Ман ӯро сахт ҷанг мекардам. «Ин гапҳоро як тараф мон. Ман ба ту некие накардам, ки шабу рӯз дар андешаи чӣ тавр гардондани он бошӣ. Ин кор бароям қарзи инсонӣ ва кории ман аст. Ба ту роҳи сафед! «Комсомоли Тоҷикистон»-ро фаромӯш накунӣ, шуд. Вай ашъори нави туро интизор аст!» Махсум Олимӣ, чӣ тавре ки худаш дар чанд суҳбату мулоқоти баъдӣ зикр намуд, бо дастгирии хонандатарин рӯзномаи Тоҷикистон – «Комсомоли Тоҷикистон» Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийро бо муваффақият ба анҷом расонда ба Ватан баргашт. Маҷмӯаи аввал ва охири зиндагии заминиашро ба чоп расонд, дар дилу дидаи хонандаи соҳибзавқ сахт ҷо гирифт. Сад афсӯс, ки нохалафон, нокасон риштаи умри ин адиби умедбахшро бармаҳал буриданд ва ашъори чопнашудааш бо номи «Парвози нотамом» соли 2013 ба дасти хонандагон бирасид. Вай пешомади нофарҷоми худро пешакӣ эҳсос намуда буд, ки боре дафъатан чунин гуфт: Аз кӯчаҳои холӣ, чун бигзарам хаёлӣ, Тарсам, ки мекушандам як рӯз чун Ҳилолӣ. Ман дар хотимаи сухан мегӯям: Нарафтааст Махсум, то сухан боқист. Зи дида рафта, валекин дар қалбу хотири мо абадан маъво дорад…
ҒАФФОР МИРЗО
Сагвафо (Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)
Саг, мегӯянд, заминҷунбиро се соат пеш, бӯйро аз як фарсанг, душманро аз як нигоҳаш, дуздро аз як қадамаш ва боз ҳазору як чизи дигарро аз одам пештар ва аниқтар пай мебарад. Вале хиёнати дӯстро намефаҳмидааст. Дар вуҷуди худ ҳамин хел узве надоштааст, ки маънии хиёнат ва бевафоии дӯстро ба майнаи содаи ӯ бурда расонад. Ин аст, ки ӯ айнан ба рӯи пайҳои соҳиби худ ҳалқа зада хо¬бид ва хаёл кард, ки соҳибаш посбонӣ кардани онҳоро ба ӯ фармуда рафт. Кӯча дур набуд. Садои сигнал ва шарфаи чархҳои мошинаҳо аввал ба гӯши ӯ расида мегузаштанд. Ӯ ҳар за¬мон як садо ва як шарфаро медошту cap медод, медошту cap медод. Интизор буд, ки ҳозир ё замони дигар шарфаи чархи мошинаи соҳибашро мешунавад, ӯро мебинад ва сари худро боз як бори дигар дар миёни панҷаҳои ҷонбахши ӯ ҳис мекунад. Шаб наздик меомад. Садоҳо торафт камтар мешуданд. Як зану як мард, ки аз ҳардуяшон бӯи собун ва оби гарм меомад, аз паҳлӯи ӯ гузашта, ба ҳамон девори шикаста даромада рафтанд. Писараки велосипедсаворе ба гирди ӯ як чарх зада, аввал хост думи ӯро зер карда гузарад, лекин сонӣ аз фикраш гашту кордор нашуд. Чароғҳои шаҳр дар гирифтанд. Вале на торикии он маӣдонча, на торикии фикру хаёли он саги мунтазирро равшан карда натавонистанд. Ними шаб як села сагҳои кӯчагард паӣдо шуданд ва ҳар кадоми онҳо ӯро банавбат бӯ кашида гузашт. Саги калони серпашми гушбуридае, ки сардори он села ва аз афташ, ҳокими ҳамин гирду атроф буд, ба ӯ як «иур-р» гуфт, вале дид, ки ин саги навомад ба ҳокимии ӯ муқобил нест, дигар начақид. Ҳатто ба бозӣ гузашт, иҷозат дод ва илтимос кард, ки ӯ ҳам ба ин селаи озоди шабгард қатӣ шавад. Якчанд дақиқа кайфу сафои озодию шабгардиро бо забони қилиқҳои аҷоибу ғароиб ба ӯ намоиш дод. Ташвиқоти гӯшбурида бетаъсир намегузашт, агар ӯ вазифадор намебуд, агар пайҳои хушбӯ ва азизи хӯҷаини худро посбонӣ намекард. Сагҳои кӯчагард, ки аз ин гуна вазифа ва ҳиссиёт умуман бехабар буданд, чизе нафаҳмида, ӯро ба ҳоли худаш монда рафтанд. Шаби кӯча аз шаби хона чандин баробар дарозтар будааст. Саг инро фаҳмид. Қариби субҳ ӯ бархост. Аввал борашро ба по, сонӣ ба даст андохта, хамёза кард ва пайҳои соҳибашро боз як бори дигар бӯ кашида боварӣ ҳосил намуд, ки онҳоро касе надуздидааст, баргашта ба рӯяшон хобид. Рӯз шуд. Садохо барқарор гардиданд. Гушнагӣ ба ёдаш наомад, вале ташнагӣ дар тасаввури ӯ ҳамчун гули алов як шукуфту хомӯш гардид. Ҳамон бачае, ки бегоҳӣ бо велосипедаш думи ӯро пахш карда гузаштанӣ буд, акнун пиёда дар даст портфел мактаб мерафт. Ӯ наздиктар омад ва дид, ки ҳамон саг дар ҳамон ҷояш ҳоло ҳам наҷунбида хобидааст, хуб хайрон шуд. Саг ба у аҳамият надод. Сонӣ бача ба ёд овард, ки сагҳои девона ҳамин хел хаппак ме- шаванд, ӯро якбора воҳима гирифт ва гурехта рафт. То пешин ҳеҷ воқеае рӯй надод. Соҳибаш наомад. Вале ягон каси дигар ҳам ба ӯ кордор нашуд. Аммо баъд аз пешин боз ҳамон бача, ки ин дафъа дусе рафиқашро ҳамроҳ оварда буд, пайдо шуд. Онҳо аз дур истода аввал ба ӯ санг партофтанд. Як-ду-се санг ба ӯ расида бошад ҳам, ӯ на ин, ки cap набардошт, балки сарашро чуқуртар панаҳ карда аз ҷояш наҷунбид. Бачагон сангпартоиро бас карда, шерак шуданд ва наздиктар омаданд. Вале маълум буд, ки ҷасорати онҳо дар нуги гӯши саг овезон аст: ҳамин ки ҷунбид, мегурезанд. Онҳо чанд дақиқа дар гирди ӯ чарх зада, бо ҳазор гуна валвалаи аҳмақона сагро аз ҷояш хезонда гурезонданӣ мешуданд, вале наметавонистанд. Оқибат як бача, ки аз дигарон шердилтар ва боақлтар буд, бо навозиш наздик шуда, хост, ки сари саг¬ро сила кунад. Лекин дид, ки саг намехоҳад. Ӯ саги худашро ба ёд овард: агар устухонро аз пеши ӯ гирифтанӣ шавад, айнан ҳамин хел дӯстона уррос мезанад. Яъне «ман тӯро дӯст медорам, лекин бо вуҷуди ин ба устухон даст нарасон». Ин саг ҳам cap набардошта, ӯро айнан ҳамин хел хабардор кард. - Ин саг девона нест,- эълон кард бача ва айнан монанди он гӯшбуридаи шабона дастаи худро гирифта рафт. Аммо даҳ дақиқа нагузашта буд, ки ҳамаи онҳо гушту ҳасибу нон гирифта баргаштанд. Дар пеши саг дар як за¬мон як тал хӯрок пайдо шуд. Лекин саг ба таом нигоҳ ҳам накард. Вай ҷобаҷо насиби ҳамон сардори гӯшбурида шуд, ки имшаб ҳам бо селаи шабгарди худ ҳамчун шабохун гузашту рафт. Ду шабу ду рӯз. Се шабу се рӯз. Чор шабу чор рӯз. Овозаи саги аҷоиб торафт паҳн мегардид ва аз ду-се маҳалла гузашта ба афсона табдил меёфт. Бомдоди рӯзи ҳафтум, вақте ки хӯҷаин аз бистари хоб бархост, гӯши ӯ ҷарангос зад ва он ҷарангос ба садои нолиши саги ӯ хеле монанд намуд. Дили ҳанӯз аз саг наканда, виҷдони ҳанӯз наосуда ва раҳму шафқати ҳанӯз карахш набастааш ӯро маҷбур карданд, ки зуд либос пӯшида, автомобилашро бароварда, аз пахлуи ҳамон майдончаи ҷинояти худ гузаре кунад. Саги беҳолу бемадор аз дур, аз миёни ҳазору як гуна садову шарфаи мошинаҳои дигар шарфаи чархҳои авто¬мобили соҳиби худро шунид. Шодие, ки аз ин шарфа ҳосил шуд, дар хақиқат бузург буд, вале азбаски ғаму кулфати якҳафтаинаи ӯ аз ҳадду андоза гузашта буд, он шодӣ ӯро ба по хезонда натавонист. Ӯ як cap бардошт, мошинаи соҳибашро дид ва пеши чашми ӯро сиёҳӣ гирифт. Соҳиби саг гумон намекард, ки ӯро меёбад. Боварӣ дошт, ки саг дар ҷустуҷӯи роҳи хона дарбадар ва кӯчабакӯча шудааст. Лекин ана ин андеша, ки саг дар чунин ҳолат метавонад ҳафт рӯз не, ҳафтод рӯз аз ҷояш наҷунбида хобад, ҷон диҳад, вале нахӯрад, нанӯшад, наравад - ба гирду гӯшаи хаёли он мард нагашта буд. Аз нақлу ривоятҳои вафодории саг огаҳ буд, вале онҳоро афсона мепиндошт. Бинобар ин баробари дидани сагаш азоби ҳафтрӯзаи ҳаӣвони бечораро якбора тасаввур кард ва аз дарду алам, аз айбу гуноҳ ва аз шарму ҳаё ба мурдани худ худро розӣ ҳис кард. «Худоё худовандо! Чӣ қадар аблаҳам ман, ки ҳамин ҳиссиёти одии сагон - вафодории сагона ба ёдам нара сидааст!» - гузаронд аз дил соҳиби саг ва сари ӯро бо ду кафи даст бардошта ба чашмони бенур ва ифлосгардидаи ҷондори безабон нигоҳ кард. Саг зӯр зад, ки аз ҷо хезад, вале қувват надошт, ки тани пусту устухоншудаи худро бардорад. - «Не, гуноҳамро бояд харам! То забон набарорию «бахшидам» нагӯӣ, намегӯям, ки аз гуноҳам гузаштаӣ, - фикр кард соҳиби саг ва ӯро ба рӯи ду даст бардошта, ба кабинаи мошин бурд. - Хас барин сабук шудааст, бечора!».
15
Равѓани косметикї
Сањм, њисса дар тиљорат
Авфи гуноњ
Эзоњ
… Ѓафурї, ситораи эстрада
Сарбози ѓулом дар Рими Ќадим
…- Батор, пойтахти Муѓулистон
Њама, кулл
Кемерон ..., актрисаи амрикої
Азобдида
Вазнингўш
Тарсанда, бимбаранда
Кароматулло …, нависанда
Њиссачаи розигї
Илми дину шариат
Навори Нав соњиби магнитофон пулшуда
Эљодиёти дањанакии халќ
Театри Фаррух Ќосимов
Тамѓаи автомобили Корея
Худо Асари илмии донишљў Бобои Одам – Адам, Момоњаво - …
Иљрокунии ќонуну ќоида
Операи Љ.Верди
Бахшишпурсї, авф
Пеш- Оташ музд Асоси нўшокњои масткунанда
... и никоњ, ањднома
Номи дигари тирамоњ
Зављаи Муњаммад (с)
Дегдон
Эътибор, ќадру ќимат
Шавњар Таблетка ба тољ.
Љон, нафас
Ватани Майк Тайсон
Дастгир кардан
Тарз, сабк
Тез, мазаи ќаланфур
Ќуттии «сармозада» дар ошхона
… Келдї, шоири тољик
Саќфи дањон
Панддињанда, насињатгар
Паёмбари «Инљил»дор
Пораи дуюми номи имрўзаи ш. Ленинград
Љамъи асар, ёдгорї
Устухони Њамсабаќ моњї
Асбоб барои дарав
Падар (лањљ.)
Ќоидањои дурустнависї
Пурсиши љинояткор
Наќш, тасвир
Музояда
Зани зебо дар љаннат
Некнињод
САНҶИШИ ДОНИШ
Ду навозанда
Насли аълосифати њайвон
Йошкар-... Ихтисораи Љумњурии демократии Олмон (рус.)
Дарё дар сарњади Русия ва Хитой
Аз килограмм камтар
Њафтафањм, содда
...у пўписа
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
Муќаддас …, овозхони тољик
Касби вай хандондани тамошобин аст
Сиёњабрў
Њамдигар
Баъди борон аз зери хок мебарояд
Мўзаи нарм
Ваќт, њангом
…-и Мурод, овозхон
Созмон
Сканворд
Дењотї, шоири даврони шўравї
СМИ-и русї ба тољикї
16
СЕҲРИ ХОМА
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №40 (9466), 06.10.2016
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ
Подшоҳи оқил
Мард дар истгоҳ мунтазири автобус нишастааст. Наздаш як каси ношинос телефон дар даст меояд ва мегӯяд: - Гир, гап зан! Мард ҳайрон, ки бо кӣ баро чӣ гап занад. Телефонро мегирад: - Алло... - Салом, гӯш кун, ба ҳамун аблаҳ фаҳмон, ки то вокзал чӣ хел бояд ояд!!!
Шоҳе буд, хеле парҳезкор. Ҳеҷ гоҳ намехост, ки барои кори шахсии худ аз хазинаи давлат маблағ гирад. Барои пайдо кардани маблағ вай китоби муқаддаси Қуръонро нусхабардорӣ намуда мефурӯхт. Дар баробари ин баъзе чизҳои дигари рӯзгордориро сохта мефурӯхт ва ба ин васила хароҷоти шахсии худро рӯйпӯш менамуд. Рӯзе донишманде барои маслиҳат назди шоҳ ба қаср омад. Вақте ба коргоҳи шоҳ даромад дид, ки машғули нусхабардории Қуръони карим аст. Ӯ садое набароварда ба кунҷе рафта нишаста, навиштани шоҳро бо диққат тамошо кард. Шоҳ дар баробари дидани донишманд, аз рӯйи эҳтиром навиштани худро як тараф гузошта, бо донишманд суҳбат кард. - Аълоҳазрат, мутаассифона, шумо ҳангоми нусхабардорӣ як калимаро хато навиштед, - гуфт донишманд ба шоҳ. Шоҳ ҳам дар ин ҳолат чизе нагуфт. Калимае, ки донишманд онро хато гуфта буд хат зада, калимаи пешниҳоднамудаи ӯро ворид кард. Донишманд аз рафтори шоҳ дар ҳайрат монд, барои он ки шоҳ сухани вайро гӯш дод, хатои гуфтаашро ислоҳ намуд. Аз чунин рафтор бениҳоят шод шуда рафт. Баъд аз он ки донишманд рафт, шоҳ калимаи гуфтаи ӯро хат зада, калимае, ки пеш дуруст навишта буд, гузошт. Ин ҳолатро вазирони шоҳ дида пурсиданд: - Шоҳам, чаро чунин рафтор кардед? Калимаи дар аввал навиштаи шумо дуруст буд, пас, барои чӣ онро хат задед, аммо дубора ворид намудед? Шоҳ дар ҷавоб гуфт: - Ман шоҳам, ӯ бошад донишманд аст ва аз ман зиёдтару хубтар мефаҳмад. Аммо мутаассифона, калимаи пешниҳодкардаи вай дар ин ҷо нодуруст буд. Агар ман калимаи пешниҳоднамудаи ӯро хато мегуфтам, дар ин ҳолат ба иззати нафси вай расида, шаъну шарафашро паст мезадам. Ман инро ба инобат гирифта, калимаи хато гуфтаи ӯро навиштам, то дар ҳолати ногувор нагузорамаш. Аммо ман намехоҳам калимаи хаторо дар ин ҷо нависам. Дар ин вақт одамон китоби бо хато навиштаро мехаранд, ки хеле бад аст. Инсонро ранҷондан аз рӯйи шарафи инсонӣ нест, ҳарчанд, ки ҳақ бошӣ. Ҳангоми навиштан ва нусхабардории китоб инсон бояд борикбин ва хоксор бошад. Ҳар пешниҳоде, ки аз тарафи бузургону донишмандон барои ислоҳ мешавад, онро бояд самимона қабул намояд, ҳарчанд хато ҳам бошад. Агар донишманд ба ман вобаста ба идора кардани мамлакат маслиҳат медод, шумо хаёл мекардед ман вайро гӯш мекардам? Ҳаргиз. Идора кардани мамлакат ва подшоҳӣ тамоман чизи дигар аст. Аммо хамеша ба дониши инсон дар соҳаи пешанамудааш таваҷҷуҳ зоҳир намудан хуб аст.
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
МЕҲРОБ АЗИМОВ
ОБУНА - 2017
***
- Санам, агар ту маро воқеан дӯст медоштӣ, ба каси дигар ба шавҳар мебаромадӣ...
***
Духтарони зебо ҳамеша дар интизори шоҳзода бо аспи сафед ҳастанд. Дар охир ё ба ҳеҷ кас намерасанд, ё касеро мегиранд, ки дар гӯшаи хаёлашон ҳам набуд.
***
Зан: - Ҳамроҳи писарам дар кӯча дар ҳар мавзуъ суҳбат кардем. Ором роҳ мерафтем, ногоҳ гуфт: - Шумо зани хубед, вақте дод намезанед!
***
Ба мағоза нафаре бо ҷомадон медарояд ва аз фурушанда мепурсад: - Мебахшед, мегуфтед, ки агар ман бо ҳамин кӯча равам, вокзали роҳи оҳан хоҳад буд? - Медонед, вокзал он ҷо хоҳад буд, ҳатто агар шумо он ҷо наравед!
***
Дар таксӣ шиштам, вақти ронанда бисёр хуш. “Ман корамро дӯст медорам, - гуфт ӯ. – Худам ба худам хуҷаин, ҳеҷ кас фармон намедиҳад”. Ман ба ӯ гуфтам: “Ин ҷо ба тарафи чап гард”...
ЭЪЛОН
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Соҳибкори инфиродӣ Олимов Хайрулло Насурович (РЯМ 0430148455), ки аз 29.07.2013 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 80 сомонӣ - барои шаш моҳ - 42 сомонӣ - барои се моҳ - 23 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
ГУМШУДА
Дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Назархудоев Адиб Ҷаҳонгирович, таҳти №5806/15 гум шудааст. Ҳар касе онро пайдо кардааст, хоҳиш бо рақамҳои 501865247, 501161660 тамос гирад.
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Дафтарчаи имтиҳонӣ ва билети донишҷӯии донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Шафиев Муҳаммад Айниддинович бинобар гум шуданашон эътибор надоранд.
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, ШНТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, Суғд).
Дипломи гумшудаи 107705 0273458, ки Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон соли 2015 ба Шарифов Шариф Маҳмадзарифович додааст, эътибор надорад.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6459 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/к 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».