«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД
Боздиди 240566 сайёҳ аз Тоҷикистон дар 9 моҳ
Ғунчаи хазонгашта дар навдаи сабз
САҲИФАИ 2
САҲИФАИ 3
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
БАРОИ ҶАВОНОН
1 E-mail: javonontj@mail.ru
№41, (9415), 15 октябри соли 2015
Худшиносӣ чист ва худношинос кист?
САҲИФАИ 8
ҲАФТ РӮЗ 08.10.2015 Дар шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкор ва Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мизи мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон доир гашт. 09.10.2015 Гурӯҳи 18-нафараи ҷавонон иборат аз намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва гурӯҳи «Пешоҳанг» бо мақсади шиносоӣ бо зисту зиндагии ҷавонони тоҷик, ки дар Федератсия Русия кору таҳсил менамоянд, ба шаҳри Маскав сафар намуд. 10.10.2015 Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ бо иштироки вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода дар мавзӯи «Рӯ ба сӯи
муваффақият» дарси кушод баргузор шуд. 11.10.2015 Дар Ҷумҳурии Белорус интихоботи президент доир гардид. Александр Лукашенко, президенти феълии ин кишвар бо ба даст овардани бештари раъйи мардум ғолибият ба даст овард. 12.10.2015 Дар даҳ рӯзи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим, Истиқлолу Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Носири Хусрав, Сарбанд ва Балҷувон иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд. Умуман, иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 51% баробар гаштааст. 13.10.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон Николас
Ҳейсом мулоқот карда, масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳониро баррасӣ карданд. 14.10.2015 Дар Маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкор баргузор гардид. Дар Форум намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вакилони Парлумони кишвар, ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ватанӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз ду ҳазор нафар, аз ҷумла 350 ширкату сармоягузор аз 35 мамолики олам ҳузур доштанд.
www.javonon.tj
№41, (9415), 15 октябри соли 2015/ e-mail: javonontj@mail.ru/ www.javonon.tj/ аз 5.04.1930 нашр мешавад
ТУРИЗМ
АЗ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ 2 Форуми соҳибкорони ҷавон дар Душанбе Рушди туризми экологӣ дар Муъминобод
E-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
12 октябр дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» дар ҳошияи «Форуми соҳибкории ҷавонон-2015» Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон доир гардид, ки дар он доираи васеи соҳибкорони ҷавон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва меҳмонон аз хориҷи кишвар ширкат варзиданд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, нақши соҳибкориро дар паст кардани сатҳи бекорӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид дошт, ки таҳлили ҳайати синнусолии соҳибкорони инфиродӣ нишон медиҳад, ки аз 189 ҳазор субъектҳои дар ин самт фаъолияткунанда қариб 51 ҳазори онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Зикр шуд, ки солҳои охир дастгирии давлатии ҷавонони соҳибкор тадриҷан афзоиш ёфта, бо ин мақсад танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳии мамлакат ба соҳибкорони ҷавон беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Форуми мазкур бори аввал бахшида ба Рӯзи соҳибкорон доир гардида, онро гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва департаменти гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба роҳбарӣ, омӯзиш ва навовариҳо сарпарастӣ намуд.
Форуми мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он намояндагони ширкатҳои хусусӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҳамшарикони рушд гӯшаҳои иттилоотии хешро барои иштирокдорон ба намоиш гузоштанд.
Боздиди 240566 сайёҳ аз Тоҷикистон дар 9 моҳ Дар нуҳ моҳи соли равон ба кишвар 274908 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд, ки 240566 нафараш турист мебошанд. Аз ҳисоби 240 566 турист ба иқтисодиёти мамлакат 120 млн. 283 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст. Дар нуҳ моҳи соли 2014 аз ҳисоби 166185 туристи хориҷӣ ба буҷаи мамлакат 83 миллиону 92 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ворид гашта буд. Ба иттилои Бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ин нишондиҳанда дар 5 соли охир беҳтарин арзёбӣ мегардад, зеро танҳо соли 2012 244 000 сайёҳ ба кишвар ташриф оварда буданд, ки нишондиҳандаи баландтаринро ташкил медод. “Боварии комил дорем, ки дар соли ҷорӣ нишондиҳандаи ташрифоти сайёҳон ба кишвар баланд-
тарин маҳсуб мешавад Рушди туризм дар кишвар пеш аз ҳама ба беҳбуди иқтисодиёти мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд”, - гуфт манбаъ. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон ҷиҳати амалӣ намудани идомаи сиёсати созандаи дарҳои кушоди Ҳукумати мамлакат, ҳамзамон босамар ва босифат мавриди амал қарор додани сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин самти муҳими иқтисодӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
«Ворисони Ҳамадонӣ» дар Душанбе
www.javonon.tj
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон ба воситаи қироати шеъру ғазал, дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби ҷавонон, ки маҳорати хуби суханварӣ доранд ва бедорсозии ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон, фаъолнокии онҳо дар ҳаёти муосири ҷомеа чанде қабл дар Маркази фарҳангии ҷавонон “Ориёно” чорабинии фарҳангиву маърифатӣ доир гардид. Чорабинӣ ба ифтихори 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар доираи як маҳфили ҷавонон таҳти унвони “Ворисони Ҳамадонӣ” гузаронида шуда, дар он беш аз 60 нафар ҷавони соҳибистеъдоди чор ноҳияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Чорабинӣ дар партави ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирӣ ва бедор намудани завқи эҷодиву маҳорату истеъдоди наврасону ҷавонон, ташвиқу тарғиби арзишҳои муҳими ваҳдату ягонагӣ, такомули фарҳанги миллӣ, ҳифзи мероси ҳунарӣ ва эҳёи маданияти пурғановати ниёгон дар шаҳри Душанбе, раҳнамоии насли ҷавон оид ба риояву ҳифзи арзишҳои миллии либоспӯшӣ, пешгирии тақлидкорӣ аз урфу одатҳои либоспӯшии ба фарҳанги мардум бегона роҳандозӣ гардида, дар робита ба ҳифзи арзишҳои милливу анъанаҳои хоси либоспушиии тоҷикона, намоиши либоси тарроҳони варзидаи пойтахт доир гардид. Чорабиниро сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Аббосидин Саймуддинов оғоз намуда, сипас муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода ва муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ташаббуси пешанамударо таҷлили сазовори 700-солагии мутаффакири шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Рӯзи
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таҷлили ҳафтаи соҳибкорӣ ва нахустин Рӯзи соҳибкор дар кишвар дар заминаи баррасӣ намудани нақши соҳаи сайёҳӣ дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори он, ҳамзамон тарғибу ташвиқи имкониятҳои туристии мамлакат 12 октябри соли 2015 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон семинари омӯзишии “Рушди туризми экологӣ бо мақсади беҳдошти сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ”-ро доир намуд. Дар семинар муовине раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ризо Назарзода, роҳбарияти ноҳия, ҳунармандони маҳаллӣ, намоняндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Ризо Назарзода оид ба имкониятҳои сайёҳӣ дар ноҳияи Муъминобод, аз ҷумла, туризми экологӣ иброзӣ андеша карда, таъкид дошт, ки мавзеъҳои ҷолиби ноҳия, хусусан мавзеи “Чилдухтарон" таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб кардааст. Дар семинар гуфта шуд, ки дар ноҳия имкониятҳои сайёҳӣ зиёданд, аммо то ҳанӯз аз онҳо ба таври васеъ истифода бурда намешавад. Дар зимн масъулин тасмим гирифтанд, ки барои боз ҳам рушду инкишофи туризм дар маҳал чораҳои заруриро рӯи даст гирифта, таҳияи харитаи туристии ноҳия, афзоиш додани истеҳсоли армуғону туҳфаҳо барои сайёҳон ва фаъол намудани хатсайрҳои туристӣ ба роҳ мемонанд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
Дин шинохти худ аст
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирии ҳамроҳшавии ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии фарҳанги ғайр, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ» вохӯрӣ доир гардид.
забони давлатӣ намунаи хуби арҷгузорӣ ба арзишҳои забони давлатӣ маънидод намуда, эҳтироми забонро дар қатори Модар-Ватан ба ҷавонон вазифаи асосӣ донистанд. Чорабинӣ дар се бахш - маҳорати ровигӣ, намоиши либос ва барномаи фарҳангӣ роҳандозӣ шуда, ғолибон бо
туҳфаву ифтихорномаҳо сарфароз гардида, 15 нафар равиёни ҷавон барои иштирок дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ пешниҳод шуданд. Дар ин бора Маҳкамбой Гулов, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Дар вохӯрӣ 280 нафар омӯзгорону донишҷӯёни донишкада, Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят намоянда аз Шӯрои уламои дини вилоят, ҳамчунин аз прократураи вилоят иштирок намуданд. Зариф Мирдадоев таъкид кард, ки мо бояд тибқи дастури ҳукумати мамлакат амал намуда, аз оқибати кор андеша кунем. Зеро паст задани арзишҳои миллӣ ва пайвастан ба ҳизбҳо ҳеҷ касро ба мақсад намерасонад. “Пайвастан ба ҳизбу ҳаракати ғайриқонунӣ сӯзонидани ҳаёти худ ва ҳаёти оилаи худ аст”. Намояндаи Шӯрои уламои дини вилоят бо нигаронӣ изҳор дошт, ки баъзеҳо худро диндор нишон дода, аслан ба дин доғ мегузоранд. “Дин шинохти худ аст, ки раҳму шафқатро ба мо меомӯзонад, на ин ки ифротгароиро”. Саодат ИСМОИЛӢ, “ҶТ”
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
3 E-mail: javonontj@mail.ru
ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД Падар рӯи ҳотаи назди манзили зист бел дар даст замин побел мекард. Фасли пойиз оғоз меёфт. Ният дошт заминро дар ин фасли сол ба кишт омода созад. Маҳз тавассути ҳота манзилашон пайваста бо сабзавот таъмин аст. Дар тирамоҳ низ ҳар гуна сабзавот киштан мумкин. Аз ин рӯ, падар саъй дошт, ҳарчи зудтар замини ҳотаро омода намояд. Чунин қитъаҳои заминро тамоми сокинони деҳот доранд. Лек на ҳар кас ҳавсалаи коркарди онро мекунад. Беҳавсалагӣ боис мегардад, ки ҳатто сабзавотро ҳам бархеҳо аз бозор харид намоянд. Вай бошад аз чунин зумра нест. Ҳамеша замини ҳотаи назди манзилро коркард ва кишт менамояд. Гоҳо ҳосили зиёди сабзавот мерӯёнад. Дар ин маврид қисми онро ба ҳамсоягон ройгон тақсим мекунад. Фарзандонро низ ба меҳнатдӯстию заҳматкашӣ талқин месозад. Мегӯяд, ки самараи бо арақи ҷабин бадастомада бобаракат аст. Саргарми заҳмат чӣ тавр аз берун ба ҳавлӣ ворид гардидани писарашро пай набурд. Писар бошад, падарро машғули кор дида, каме ба ӯ наздик омад. Гӯё дар омади гап бошад, гуфт: - Падар, дар тарафҳои Душанбе тирпаронӣ шудааст. Якчанд милиса ҳам ҳалок гаштанд. Падар аз кор бозистода, суоломез ҷониби писараш нигарист. Мазмун, ба гуфтаҳои ӯ сарфаҳм нарафта, хоҳони такрори он аст. Писар дубора суханашро ба падар гуфт. Падар хомӯш монд. Гӯё гуфтаҳои писарашро дарк кардан мехост. Аз дастаи бел дошта оҳиста болои замин сари ду по нишаст. Сари дилашро даст гирифт. Дарунакӣ оҳи сар кашид. Сараш тамоман хам шуд. Назди ҳота писар рост истода, рафтори падарро назора дошт.
Ғунчаи хазонгашта дар навдаи сабз Ҳайрон шуд аз чунин рафтори ӯ ва сабаб пурсид. Падар сар боло кард. Чашмонаш ашколуд буд. - Ба бачам тир расидаст,- бо азобе овоз баланд кард ӯ. Ин гуна гуфтори падар фарзандро тамоман ҳайратзада кард. - Шаҳр пури милиса, як акаам танҳо нест, ку? - гуфт писар. - Эҳ, бачам, тир ба сағира мерасад, мефаҳмӣ? Падар гӯё нохушиеро пешгӯӣ дошт. Вуҷуди писарро даҳшат фаро гирифт. Наход пешгӯии падар рост бошад? Қарор дод, ки пойтахт меравад, то асли воқеаро фаҳмад. Аз падар иҷозати рафтан пурсид. Гиря падарро гулӯгир карда буд. Аз ин рӯ чизе гуфта натавонист, танҳо сар ҷунбонда тавонисту халос. Писар дарҳол хона даромада либос иваз кард. Сипас ҷониби пойтахт роҳ гирифт. Падар бошад, ҳамоно рӯйи ҳота сари ду по нишаста андеша дошт. Андешаи он ки чӣ тавр муддате фарзандонро бе модар ба воя расонд.
Ба душворӣ бошад ҳам, онҳо дар зиндагӣ роҳи худро ёфтанд. Аз ҷумла писари милисааш Дилшод. Бале, Дилшод Саъдуллоев пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб таҳсилро дар Академияи Вазорати корҳои дохила идома дод. Фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барояш ки писанд буд, корро идома дод. Заҳмат кашида, ба дараҷаи афсарӣ сабзид. Оиладор ҳам шуда, соҳиби ду фарзанд гардид. Ҳамин тавр, дар ҳифзи риояи тартиботи ҷамъиятӣ ба нафъи халқу диёр хизмат мекард. Лек хабари имрӯзаи писар хотири падарро парешон кард. Болои ҳота сари ду по нишаста, дигар ёрои ҳаракат надошт. Ҳатто мадораш намонда буд, ки аз ҷо бархезад. Бародар бошад, ба пойтахт, дақиқтараш шаҳри Ваҳдат, ки Дилшод дар шуъбаи корҳои дохилии ин шаҳр иҷрои вазифа дошт, расид. Аз симои кормандони шуъба пай бурд, воқеаи нохуш сар задааст. Ба
ӯ фаҳмонданд, ки сабру таҳаммулро пеша гирад. Зеро Дилшод қатори чанде аз ҳамкорон ҳини иҷрои вазифа, баҳри оромии кишвар ва осудагии мардуми он аз ҷониби афроди ҷиноятпеша ба ҳалокат расидааст. Ҷасади бародари ба ҷону дил баробараш Дилшодро аз мурдахонаи беморхонаи шаҳраки тиббии пойтахт пайдо кард. Ба чеҳраи ором, ба чашмони пӯшидаи ба хоби абадрафтаи бародар нигариста, беовоз аз чашмонаш ашк мерехт. Меандешид, ки фавти бародари ғӯрамаргро ба падари чашм ба роҳ чӣ тавр расонад? Дилшод аз ҳамсолони худ қариб ҳеҷ фарқе надошт. Мекӯшид аз машғулиятҳои мактаб қафо намонад. Ба кори милиса ки ҳавас дошт, пас аз хатми мактаб дар Академияи ВКД таҳсил намуда, пасон ба фаъолият пардохт. Тақдир Дилшодро ба шаҳри Ваҳдат овард. Чунин иттифоқ афтод, ки маҳз он шаби наҳси оғози фасли пойиз ӯву чанде аз ҳамкорон дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳр навбатдор
буданд. Ҳамлаи гурӯҳи ҷиноятпеша боис шуд Дилшод ва чанде дигар аз кормандони шуъба ба ҳалокат расанд. Баъдан ҳини саркӯб намудани пасмондаҳои ин гурӯҳ дар дараи Ромит даҳҳо корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, асосан ҷавонон ҳалок гардиданд. Аксари эшон хонадор ва соҳиби фарзанд буданд. Аз ҷумла, лейтенанти калони милиса Дилшод Саъдуллоев ду фарзанди хурдсол дошт. Онҳоро лозим аст, ҳамроҳи модари ҷавони бевамонда ба воя расанд. Чун дигар фарзандони афсарони ғӯрамарг. Ин ҷавонон мисли ғунчаҳои навшукуфта дар навдаҳои ниҳолони боғи диёр нумуъ доштанд. Афсӯс бармаҳал хазон гаштанд. Лек хотираи нек ва дурахшони эшон, ки баҳри оромию осоиштагии диёри худ ҷон бохтаанд, дар ёди имрӯз будагон ва ояндагон абадан боқӣ хоҳад монд. Толибшоҳи ДАВЛАТ, “ҶТ”
НАМОИШГОҲ
Тавре муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова иттилоъ дод, намоишгоҳ бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои нав барои фурӯши маҳсулот, пайдо намудани шарикон, ташкил кардани корхонаҳои нав, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ба бозор баровардани амволи хушсифату замонавӣ созмон дода шуд. - Намоишгоҳи мазкур, ки бахшида ба Рӯзи соҳибкор баргузор мешавад, имконияти хубро барои соҳибкорону хоҷагиҳои деҳқонӣ фароҳам меорад, - гуфт М. Ру-
Имкониятҳои нав барои дарёфти шарикон
МАҲМУД ЭР
стамова. – Дар ин намоишгоҳ зиёда аз 60 ширкати истеҳсолӣ аз 15 кишвар иштирок доранд. Сарвари ширкати “Ехро Central Asia” Маҳмуд Эр таъкид намуд, ки барои баргузории намоишгоҳи мазкур ширкаташ 6 моҳ корҳои ташвиқотӣ гузаронидааст. - Беш аз 40 000 муштарию соҳибкор аз соири мамолики дунё, ки дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Тоҷикистон намояндагии худро доранд, бо мо тамос гирифтанд, - гуфт Маҳмуд Эр. – Дар намоишгоҳи мазкур техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ, тухмию ниҳол, технологияҳои обёрӣ, маҳсулоти боғдорию гулпарварӣ ва таҷҳизоти гуногун, инчунин маҳсулоти ширӣ, моҳӣ, сабзавот, мева, консерва, нону кулча, маҳсулоти қаннодӣ, шарбатҳои гуногун ва таҷҳизоти пазандагӣ низ ба маъраз гузошта шудааст. Дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон, Гурҷистон, Италия, Испания, Туркия,
Ҳолланд, Словения, Олмон, Белорус, Озарбойҷон, Эрон ва ғайра бо ҳам мулоқот карда, имкониятҳои ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки ширкати “Ехро Central Asia” созмондиҳандаи бонуфузи намоишгоҳҳои байналмилалӣ буда, аз соли 2010 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Ширкати мазкур мақсад дорад, ки соли 2016 дар кишварамон Сеюмин намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ ва интерйер (март), Сеюмин намоишгоҳи байналмилалии энергия барқ ва равшанкунӣ (март) Намоишгоҳи байналмилалии туризм ва саёҳат (апрел), Намоишгоҳи байналмилалии тандурустӣ, фармасевтика ва стоматологӣ (июн)-ро баргузор намояд. Дар доираи барномаи намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Барномаи Рушди СММ мулоқоти сегонаи соҳибкорони Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон дар назар аст. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
www.javonon.tj
14 октябр дар Маҷмааи “Кохи Борбад”-и пойтахт Намоишгоҳи III байналмилалии кишоварзию хӯрокворӣ, саноатӣ ва бастабандии “Agrofood2015” ба оғоз шуд, ки то 16 октябр идома меёбад.
E-mail: javonontj@mail.ru
4
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
Духтарон тавонманд бошанд!
www.javonon.tj
Бо қарори СММ аз соли 2012 11 октябр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии духтарон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзро СММ ба хотири эътирофи мушкилоти духтарони хурдсол эълон дошт. Бори аввал, яъне соли 2012 рӯзи ҷаҳонии духтарон ба проблемаи издивоҷи духтарони ноболиғ бахшида шуд... Маълум аст, ки тайи солҳои охир дар пайи низоъҳои сиёсӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё ҳазорҳо нафар муҳоҷиру гуреза шуда, ватанашонро тарк мекунанд. Ин ҳолат барои аз таҳсил дур мондани атфол, хусусан духтарбачаҳо боис шуда, аз проблемаҳои глобалӣ дар назди СММ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ноамниҳои сайёра андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ҳар гӯша ҷиҳати ба таълим фаро гирифтани духтарбачаҳо, пешгирии издивоҷҳои ноболиғон ва ҳимояи онҳо аз хушунат кори хайр ва амалест барои ояндаи дурахшон... Зимнан, тибқи маълумоти СММ дар тамоми дунё 774 миллион нафар хондану навиштанро балад нестанд, ки аз се ду ҳиссаи ин рақамро занҳо ташкил медиҳанд. Агар тамоми модарони дунё ҳадди аққал мактаби миёнаро хатм мекарданд, фавти модарон аз 3 то 2 ҳисса камтар мегашт. Дар кишварҳои рӯ ба рушд ҳар ҳафтум духтар пеш аз 15-солагӣ оиладор шуда, сатҳи издивоҷ миёни духтароне, ки ба 18 нарасидаанд, 38 дарсад будааст. Дар ин кишварҳо ҳар сол 16 миллион ҷавондухтар таваллуд мекунанд. Сабаби аз ҳама калонтарини марги духтарони 15-19-сола мушкилиҳои ҳангоми оиладорӣ ва таваллуд будааст. Ҳоло гуфта мешавад, ки аз 1,8 миллиард аҳолии ҷавони дунё нисфаш духтаронанд. Аз ин теъдод 600 миллионаш дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ мекунанд. 116 миллион духтари синни 15-25-сола ҳеҷ гоҳ мактаби миёнаро хатм карда наметавонанд. Дар тамоми дунё 66 миллион духтарбача ягон маротиба ба мактаб нарафтааст. Духтарҳо ва занҳои аз 16-сола боло 90 дарсади даромадашонро барои оилаашон масраф мекунанд. Ин рақам дар писарон 30-40 фоизро ташкил медиҳад. Ҳар соли таҳсили духтарбачаҳо ба даромади онҳо дар оянда 10-20 фоиз меафзудааст. Модароне, ки таҳсилдидаанд, нисбат ба модароне, ки таҳсилнадида мебошанд, 2 баробар бештар фарзандонашонро ба мактаб мефиристодаанд. Тибқи як пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ ҳар кишваре, ки дар мактаби миёна идома додани таҳсили духтаронашро як дараҷа боло мебарад, даромади аҳолиаш ба пули миллии ҳамон кишвар 0,3 дарсад бештар мешавад. Ҳар соли таҳсиле, ки дар вақташ модар дар мактаб гузарондааст, фавти атфолро аз 5 то 10 дарсад коҳиш медиҳад. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳар сеюм духтар барвақттар аз синни 18 издивоҷ мекунанд. Агар ягон тағйирот рӯй надиҳад, то соли 2020 издивоҷи 142 миллион кӯдак сурат мепазирад. Дар дунёе, ки ҳар лаҳза моил ба дигаргунӣ аст, ҳар духтаре, ки ҳамагӣ 7 сол таҳсил кардааст, 4 сол дертар издивоҷ карда, ду кӯдак камтар ба дунё меорад. Воқеан, ин арқом нишон медиҳад, ки “тавонманд” гардонидани духтарон барои муқовимат карданашон алайҳи бенавоӣ, нобаробарӣ ва хушунат шарт аст. Аз сӯи дигар агар духтарон аз таҳсил маҳрум неву баракс ба таври муассир ба омӯзиш фаро гирифта шаванд, имкон дорад, ки ҳам занону модарони тавонманди имрӯзи ҷомеаи ҷаҳон бошанд, ҳам нафарони соҳиби неруе, ки қодиранд ояндаи дунёро ба самти мусбат дигар созанд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, 71 дарсади онҳое, ки садди таҳсили духтарон мегарданд, падарон будаанд. Пас, барои баланд бардоштану тавонманд гардонидани духтарон аввал бояд, ки мафкураи ин қабил падаронро баланд бардошт. Зеро тавонмандии духтарон тавонмандии ҷомеа арзёбӣ мегардад. Б. УСМОН, “ҶТ”
Ҳисор: ҳама иншоот баҳри ҷавонон
Таври маълум, имсол 3000-солагии яке аз ноҳияҳи таърихии кишвар Ҳисори шодмон таҷлил мегардад. Интизор меравад, дар ҷашн беш аз 15 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ширкат варзанд. Ҷавонони фаъоли ноҳия дар пайравӣ ба ҷавонони дигар гӯшаю канори кишвар сиёсати Призиденти кишварро дастгирӣ намуда, дар тараққиёти соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, маорифу варзиш саҳми арзанда гузошта истодаанд. Онҳо ҳаррӯза дар мактабу варзишгоҳҳо ба таҳияи барномаву намоишномаҳои ҷашнӣ машғуланд. Бояд гуфт, тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷавонони ноҳия тавонистанд дар муҳлати на чандон зиёд бо дастовардҳои баланд, хусусан дар соҳаи варзиш мушарраф гардида, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд. Сунатулло Расулов, Аъзамшоҳ Расулов ва Беҳрӯз Хушматов аз намуди гӯштини дюздо ва карате-кёкушинкай, ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, соҳиби медали тилло шуданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Ҳисор дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба сиёсату дастгирии ҷавонон корҳои созандагию бунёдкориро анҷом дода истодаанд, ки то ин муддат касе ин тавр ғамхориву дастгириро нисбат ба ҷавонон надида буд. Аз ҷумла, ба истифода додани кохи варзиши “Авитсена”, ки дар як баст 120 нафар варзишгарро қабул мекунад. Маркази ҷавонон дар деҳаи Турдибобо, толори вазиш барои гӯштини миллӣ дар ҷамоати Мирзо Ризо ва таъмиру азнавсозии варзишгоҳи деҳаҳои Аминиён, Латабанд ва Мӯъминобод далели ин гуфтаҳост. Барои ҳарчи бештар ба ҳаёти орому осуда ба сар бурдани ҷавонон, дар ноҳия чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ва илмию адабӣ гузаронида мешаванд, ки метавонад сари роҳи ҷиноякорӣ ва даст задан ба кирдорҳои ношоямро гирад. Ба муносибати идҳои миллӣ дар ноҳия сари чанд вақт мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда, ба ҷавонони ғолиб туҳфаҳо тақдим карда мешавад. Бо иқдоми раиси ноҳия Усмон Раҳмонзода сари чанд вақт мулоқоти ҷавонон бо роҳбарони азҳоби сиёсӣ ва шахсиятҳои таҷрибадори ноҳия сурат мегирад. Онҳо перомуни мушкилу дастовардҳои ҷавонон сухан ронда, маслиҳатҳо медиҳанд. Мувофиқи маълумоти омории соли гузашта шумораи ҷавонони ноҳия ба 83835 нафар мерасад, ки дар қиёс ба
солҳои гузашта хеле зиёд аст. Аксари ҷавонони ноҳия соҳибмаълумот мебошанд. Ҳар сол аз ноҳия донишҷуён ба хориҷи кишвар рафта, таҳсили худро дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои Русия ва Аврупо идома медиҳанд. Инчунин нисф зиёди хатмкунандагони мактабҳои миёна ҳамасола ба донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу мактабҳои касбомӯзӣ дохил шуда соҳиби ихтисос мешаванд. Ба фаъолияти занони ҷавон дар ноҳия аҳамият аввалиндараҷа дода мешавад. Дар ноҳия занону духтарон ба корҳои давлатӣ ҷалб карда шудаанд. Айни ҳол 300 нафар аз ҳисоби занону духтарони ноҳия дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Беш аз 37 фисади директорони мактабҳо ва муовинони онҳоро занҳою духтарони ҷавон ташкил медиҳанд. Аз хоҷагиҳои деҳқонии фаъоли ноҳия, ки сарварии 550-тоашро занон ба ӯҳда доранд. Дар вохӯрӣ бо ҷавонон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 3000-солагии ноҳияро дар охири моҳи окятбр эълон намуд. Ҷавонон рӯҳияи нав гирифта, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин чорабинии муҳимро дар сатҳи баланд таҷлил кунанд. Ба ин муносибат 22 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Президенти мамлакат баҳри ҷавонон Литсейи призидентӣ, Кохи фарҳанг, Осорхонаи таърихию фарҳангии ноҳияи Ҳисор ва Китобхона мавриди истифода қарор гирифт, ки аксари кормандони ин муассисаҳои давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ба муносибаи таҷлили 3000-солагӣ дар ноҳия театри бузурги фарҳангӣ амал карда истодааст, то хотири меҳмононро дар ин рӯз шод гардонанд. Дар машқҳои омодагӣ ба ин рӯзи фаромӯшношуданӣ ҷавонони 17-25сола ҷалб шудаанд. Онҳо бо дили гарму завқи баланд тайёрӣ мебинад ва шоданд, ки дар ин ҷашнвораи бузурги сол ширкат меварзанд. Отаҷон НИЁЗОВ, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҳисор, Бахтовар АМИНЗОДА, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
5
Дар замони иқтисоди бозорӣ масъалаи бо кор таъмин намудани ҷавонон аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Эҳсос мегардад, ки дар шароити ҳозира ин танҳо вазифаи давлат нест. Яъне худи ҷавонон ҳам бояд таваҷҷуҳ ба касбу кор дошта бошанд. Бояд онҳо аввал аз қайди “бекорхуҷагӣ” ё танбалӣ бароянд, ба кор майл кунанд. Сипас, ҳамаи муассисаҳои кишвар, чӣ таълимию чӣ истеҳсолӣ бояд барои бо кор таъмин гардидани ҷавонон манфиатдор бошанд. Ба ҳар ҳол аз соҳибназарон пурсидем:
Барои бо кор таъмин намудани ҷавонон чӣ бояд кард? таваҷҷуҳ мекунанд. Сабабаш паст будани маош аст ё ин ки шароити корӣ ба ҷавонон мувофиқ нест. Ҷавонон талаботи худашонро доранд, бояд маоши хуб гиранд, то соҳиби хона шаванд, оиладор бошанд оилаашонро таъмин кунанд. Яъне бо маоши гирифта ҳадди аққал оилаи худро таъмин ва хароҷоти рӯзгорашонро пеш бурда тавонанд.
Умеда АХМЕДОВА, ҷомеашинос: - Ҳар нафаре, ки донишгоҳро хатм мекунад, бояд ба бозори меҳнат ҷалб шуда, ба қавле харидор ёбад. Фикр намекунам, ки бозори меҳнати ҷумҳурӣ беш аз ҳама ба ҳуқуқшинос талабот дошта бошад. Вале довталабону хоҳишмандони ихтисоси ҳуқуқшиносӣ бисёранд. Бисёри онҳо вақте хатм мекунанд, вобаста ба ихтисосашон ҷойи кор намеёбанд, чунки бозори меҳнат ба ин ихтисос ниёзманд нест. Баракс, ҷомеаи мо талабот ба кадрҳои илмҳои дақиқ доранд. Мо бояд ҷавононро ҳанӯз дар мактабҳои миёна ба ин гуна тахассус омода кунем. Чизи дигар ин, ки донишҷӯёне, ки ба таҷрибаомӯзӣ фиристода ме-
ДАЪВАТ-2015
Дар Комиссариати ҳарбии ВМКБ ҷаласаи машваратии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва маҷлиси комиссияи даъват баргузор гашт. Дар он намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти маҳаллии вилоят ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро баррасӣ намуданд.
Фаррух ҚУРБОНИЕВ, донишҷӯ: - Шояд барои бо кор таъмин кардани ҷавонон аввал музди меҳнат баланд карда шавад. Ба ҳамон андозае, ки ба ҳақиқати рӯз, яъне ба нарху навои бозор мувофиқ бошад. Агар ҳамин масъала ҳал шавад, бо кор таъмин кардани ҷавонон осон мегардад. Зеро маош беҳтар бошад, ҷавонон худашон ба кор таваҷҷуҳ ме-
кунанд. Барои он ки медонанд маоши мегирифтаашон барояшон кофист. Аз надоштани маоши хуб ҷавонон рӯ ба муҳоҷират меоранд. Чун ҳаққи пардохти иҷора барои иқомат дар шаҳри Душанбе аз 1000 сомонӣ сар мешавад. Яъне, аввал маошро бояд хуб кард.
Мавҷуда КОМИЛОВА, ҷомеашинос: - Шуғли имрӯза ҷавононро ҳатман давлат бояд ба инобат гирад. Барои он ки аксари падару модар фарзандашонро бо кор таъмин карда наметавонанд. Бояд давлат барои ҷавонон варзишгоҳ, маҳфилҳои ҳунарӣ, курсҳои тахассусӣ таъсис диҳад, барои маълумотро баланд бардоштан. Гарчанде, ки ин гуна курсҳо имрӯз фаъолият мекунанд, вале каманд. Яъне таъсиси бештари курсҳои омӯзишӣ барои ҷавонон имконият медиҳад, ки дар оянда саводи кофӣ бигиранд ва дар ҷомеа ҷойи кори муносиб пайдо кунанд. Инчунин бояд андоз барои марказҳои омӯзишӣ поён бурда шавад, то хоҳишмандон низ бо нархҳои дастрас ба таҳсил ва омӯзиш пардозанд.
Мирзоҳусайни БАДАЛИПУР, фарҳангшинос: - Дар шароити истиқлол барои бедорӣ ва пешрафти ҷавонон ашхосе, ки ба кори тарбия ва муносибат ба онҳо машғуланд, вазифадоранд, ки дар ин роҳ рисолат ва вазифаи худро анҷом диҳанд. Барои бо кор таъмин намудани ҷавонон роҳҳои гуногун вуҷуд доранд. Пеш аз ҳама руҳия ва равони инсонро ба назар гирифтан даркор, ки бештар ба кадом шуғл майл дорад. Аз ҳамин ҷиҳат барои ба ин ҳадаф расидан бояд мо ҳамагон талош кунем ва роҳҳои ба мақсад расидани ҷавононро ҷустуҷӯ намоем. Шоҳиди он мешавем, ки ҷавонони зиёд ба бекорию беҳунарӣ, ба корҳои ношоиста даст мезананд. Фақат дар марказҳои интернетӣ аз субҳ то шом ба корҳои беҳудаю бозиҳои нолозими компютерӣ машғул мешаванд. Ин шуғл нест. Ин як харобии зеҳн, фоҷиаи инсон аст, ки ба чунин як бемасъулиятӣ роҳ медиҳад. Сабаб ин аст, ки дар роҳи тарбияи дурусти камоли маърифати ҷавонон бетарафӣ ҳис мекунанд. Аз ин ҷиҳат пеш аз даъвати ҷавонон ба шуғл бояд дар ботини онҳо муҳаббат нисбат ба шуғл, касбу кор ҷой дошта бошад. Ин вазифаи ҷонии тамоми афроди масъул ва ҷомеа мебошад. Гулбаҳор РАҲМОНОВА,“ҶТ”
Даъват ҷавононро муҳоҷир мекунад... Феълан вазъи беҳзистии ҳамаи ҷузъу томҳои низомӣ, қисматҳои ҳарбии марказ ва ноҳияҳои ВМКБ ба талабот ҷавобгӯ буда, бо тарҳи наву замонавӣ, таҷҳизот ва имконоти қобили қабул муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Зимни машварат ҳозирин паҳлӯҳои муҳими парвариши моҳияти ватанпарастӣ дар зеҳни ҷавонон, усулҳои муносиби даъват ба сафи қувваҳои низомӣ ва мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро
муҳокима намуданд. Мамадвафо Мамадвафоев, ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ дар бораи даъвати тирамоҳӣ ҳарф зада гуфт, ки айни ҳол он дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят бомаром ҷараён дорад. Даъватшудагони ихтиёрӣ ва ҷавонони бонангу номус ҳам аз маъракаи даъватӣ дар канор нестанд. Ҳарчанд ҳоло шумораи даъватшудагон 1400 нафар бошад ҳам, баъзе аз онҳо дар қаламрави вило-
ят нестанд. Теъдоди онҳо пешопеши маъракаи даъват ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ки ин раванд дар кори масъулини сохторҳои низомии вилоят мушкил эҷод кардааст. Прокурори ҳарбии гарнизони вилоят Мамадамин Шарифзода ба масъулини комиссариатҳо ва дигар сохторҳо сари вақт пешгирӣ кардани камбудиҳои ҷойдоштаро тавсия дод. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Ҷовид МУҚИМ, профессор, устоди ДМТ: - Аввалан бояд ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад, ки ҳоло проблемаи рӯз аст. Дар шароити феълӣ ихтисор кардани кормандони нафақагир ё ба нафақа гусел намудани онҳо ҳалли проблема шуда наметавонад. Чунки ҷавонони нав донишгоҳу донишкадаҳоро хатмкарда таҷрибаву малакаи хуби корӣ надоранд ва онҳоро якбора ба ҷойи нафароне, ки солиёни зиёд фаъолият намудаанд, ба кор гирифтан шояд ба сифати кор халал эҷод кунад. Зеро онҳо наметавонанд корро якбора иҷро кунанд. Як муддати муайян даркор аст, ки ҷавонони нав мактаби олиро хатмкарда ба кор одат карда, малака пайдо намоянд. Аз ҷониби дигар ҷавонон дар кишвар аз нигоҳи теъдод зиёданд ва ҳамаро яку якбора ба кор таъмин кардан имкон надорад. Барои ҳамин сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ миёни ҷавонон зиёд аст. Мушкили дигар ин аст, ки агар ҷойи кор бошад ҳам, маош ночиз аст. Барои ҳамин ҳам ҷавонон ба кор намераванд. Хуб, шумо мегӯед, ки дар эълонҳои шуғли аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ пешниҳод мешаванд, вале на ҳама ба он
шаванд, на дар ҳама муассисаҳо дастгирии хуб меёбанд. Донишгоҳ, ки вазифааш додани донишҳои назариявӣ ба ҷавонон аст, корашро иҷро мекунад, аммо қисмати амалии масъала нопурра мемонад. Барои он ки дастгириҳо аз ҷониби баъзе ташкилотҳо дида намешавад, ҳарчанд имконият доранд. Дар натиҷа вақте ҷавон донишгоҳро хатм карда, ба муассиса ба кор меравад, шикоят мешунавад, ки кор карда наметавонад... Яъне, агар ҳамин ҳамоҳангӣ миёни мактаби оливу муассисаҳои истеҳсолӣ бошад, мумкин аст масъалаи бо шуғл таъмин кардани ҷавонон то ҷое ҳал гардад ё ҳадди ақал бекорӣ дар кишвар коҳиш ёбад.
E-mail: javonontj@mail.ru
АНДЕШАИ ҶАВОНОН
E-mail: javonontj@mail.ru
6
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
Дар замони ҷаҳонишавӣ дифоъ аз фарҳангу арзишҳои миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Забон, ки аз ҷумлаи арзишҳои миллист, низ ба ҳифзу ҳимоят ниёз дорад. Беҳуда «марги миллат аз марги забон сар мешавад...» нагуфтаанд. Мутаассифона, имрӯзҳо на ҳама эҳтироми ин арзишро ба ҷо меоранд. Ҳар сол 5 октябр дар кишвар Рӯзи забони давлатӣ қайд мешавад. Имсол ҳам иди забонро бо тантана ҷашн гирифтем. Ҳамон шабу рӯзе, ки дар кишвар Рӯзи забон ҷашн гирифта мешуд, ба шаҳри Қӯрғонтеппа ба аёдати дӯстон рафтем. Он рӯз васоити ахбори омма дар гӯшаҳои гуногуни кишвар аз таърихи забону таҷлили ин маъракаи муҳим ҳарф мезаданд. Мо низ аз таърихи бою пурғановати забонамон суҳбат намуда ифтихор доштем. Вале хурсандиамон дер напоид... Ҳарчанд забони тоҷикӣ забони бой (яъне калимаҳо фаровон дорад) бошад ҳам, дар бархе аз ноҳияҳои кишвар то ҳол масъулин вожаҳои муносибе аз забони тоҷикӣ наёфтаанд, то номҳои деҳаю ҷамоатҳояшонро тоҷикӣ гузоранд. Ҳанӯз номҳои зиёде ба чашм мерасанд, ки ғайритоҷикианд. Шояд ягон давру замоне бо назардошти махсусияти кадом ҳолати таърихие номашон маъно дошт, вале имрӯз дигар он ном комилан бемаъност. Мавзееро дар роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа “Вахшская долина” номгузорӣ намудаанд. Мутаассифона, маънои тоҷикии он бо забони тоҷикӣ дар паҳлуи “Вахшская долина” мавҷуд нест. Сабаби чунин ном гирифтани ин мавзеъро таъсири сиёсати даврони шӯравӣ гуфта гузаштем. (Ҳарчанд, ки аз пош хурдани Иттиҳоди шӯравӣ 24 сол сипарӣ гаштааст). Баъди тай намудани масофаи муайяни роҳ боз ба деҳае ворид шудем, ки “Уялӣ” ном дорад. Барои ин ном бошад, баҳонае пайдо карда натавонистем, ки гӯем таъсири кадом даврон аст. Дар дохили деҳа низ чанд мағоза ба худ ҳамин номро гирифтаанд. Аз сокинон маънои номи деҳаашонро пурсидем. Ягон нафаре пайдо нашуд, ки маънои ин калимаро шарҳ диҳад. Дар луғати забони тоҷикӣ низ “уялӣ”-ро вонахурдем. Ин дар ҳолест ки мувофиқи модаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии
карда буданд. Гӯё як нақшае буд, ки мехостанд забони тоҷикиро маҳдуд созанд. То андозае ба мақсадашон низ расиданд. Дар номгузориҳо пасванди “ов”, “ич”, “на” илова менамуданд, ки хоси забони тоҷикӣ набуд. Ин анъана то ҳол идома ёфта истодааст. Дар он давра талабот ҳамин буд ва ҳама онро риоя мекард. Чаро талаботи ҳозираро риоя намекунем? Ҳукумати кишвар бо пешниҳоди Кумитаи забон истилоҳот барои бо номҳои тоҷикӣ иваз намудани шаҳру деҳаҳо қарор қабул кард. Аммо то ҳол ин мушкилӣ ҷой дошта пурра ҳал нашудааст.
“Ортод”-у “Уялӣ” чӣ маъно доранд? Тоҷикистон” “Ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ навишта мешаванд”. Ба монанди ин кам нестанд мавзеъҳо (дӯкону мағозаҳо...), ки бо забонҳои ғайридавлатӣ номгузорӣ шудаанду бо кадом сабаб чунин ном гирифтанашон маълум нест. Бо пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аксар деҳаҳое, ки номи ғайритоҷикӣ доштанд, номи тоҷикӣ гирифтанд. Барои мисол деҳаи Бошбулоқи ноҳияи Данғара Саричашма номгузорӣ шуд, Ёхсу бо номи тоҷикии Сафобахш иваз гардид... Аммо ин иқдоми пешгирифтаи Кумитаи забон ва истилоҳот на дар ҳама ноҳияҳо ба роҳ монда шуд. Махсусан, дар шаҳру деҳоти гирду атрофи шаҳри Қӯрғонтеппа. Мо номгузории кӯчаю мағозаҳоро як сӯ мегузорем. Ин деҳаю мавзеъҳое мебошанд, ки дар сари шоҳроҳҳо қарор доранду барои сокинони худи
www.javonon.tj
ҶАВОНОНИ ҲУНАРМАНД
ҳамон деҳа нофаҳмо аст. Дар наздикии даромад ба шаҳри Қӯрғонтеппа деҳае бо номи “Ортод” мавҷуд аст, ки маънояш барои сокинони худи ҳамон деҳа муаммост. Фарз кардем ба як сайёҳи хориҷие, ки аз ин деҳа гузараш меафтаду номи деҳа ва шарҳи онро мепурсад, чӣ ҷавобаш медиҳем? Мегӯем, мо тоҷикон худамон намедонем зодгоҳ ё маҳалли иқоматамон чӣ ном дорад? Баъди пурсуҷӯҳо калимаи узбекии “уялӣ” (ба қавли баъзе узбекидонҳо) маънои зичиро ифода мекардааст. Сабаби зиёд будани чунин номҳои ба забони мо бегонаро прафессор Баҳриддин Камолиддинов чунин шарҳ дод: “Ин номҳо бештарашон замонҳои пеш аз ҷониби кучманчиён гузошта шудаанд. Онҳо ки дар як мавзеи муайян зиндагӣ намекарданд, ба куҷое, ки мерафтанд, вобаста ба завқ ва бо забони худашон ба он мавзеъ ном мениҳоданд.
Қисмати дигари шаҳру деҳоти мо дар замони сиёсати шӯравӣ ба худ чунин номҳоро гирифтаанд. Имрӯз, ки забони тоҷикии мо рушд кардааст, бояд ин номҳо иваз карда шаванд”. ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ Идеологияи шӯравӣ боис гардида буд, ки аз мактабҳоямон сар карда то кӯчаю хиёбонҳо, заводу фабрикаҳо, шаҳру ноҳияҳоямон номҳои русӣ доштанд. Ҳуҷҷатгузориҳо ҳама бо забони русӣ буд. Дар ҷаласаҳои ҳукумат суханрониҳо бо забони русӣ сурат мегирифт. (Фарқ надошт, ки дар маҷлис пахтачин нишастааст ё колхозчӣ, забони русиро мефаҳмад ё не). Ҳатто барои нафароне, ки тоҷик буданду ба ҳайси роҳбар дар дилхоҳ корхона фаъолият мекарданд, суханронӣ бо забони тоҷикӣ манъ буд. Баъзеҳо бо забони модарии худ ҳарф заданро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қариб ки фаромӯш
Бо пайраҳаи падар
ИДИ ЗАБОНРО МАҚСАДНОК ҶАШН ГИРЕМ Барои густариш додан ва беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ хуб мешавад, ки ҳар сол иди забонро бо як кори хайре барои забони тоҷикӣ ҷашн гирем. Барои мисол, дар рӯзи иди забон қароре қабул гардад, ки тибқи ҳамон қарор дар тӯли як соли оянда ҳамон мушкилӣ дар тамоми кишвар ҳал шавад. Масалан, дар рӯзи забон эълон кунем, ки то 5 октябри соли дигар ба тамоми деҳаю шаҳрҳои ҷумҳурӣ номҳои тоҷикӣ гузошта шаванд. Ба ин восита мо метавонем оҳиста-оҳиста мушкилиҳоеро, ки дар ин самт мавҷуданд, ҳал кунем. Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем, давраҳои мураккабро аз сар гузаронида то ба имрӯз расидааст. Вале шукри истиқлолияти кишвар, ки имрӯз касе моро барои бо забони модариамон ҳарф задан таҳдид намекунад. Аммо аз чӣ бошад, ки баъзеҳо дидаю дониста нисбат ба забони давлатӣ носипосанд. Хуб мешуд, ки дар баробари фарҳанги тоҷикона доштан, тамоми кӯчаю хиёбонҳо, шиору овезаҳоямон тоҷикӣ шаванду ин ҳама нишонаҳои тоҷикона дар арсаи ҷаҳон муаррифгари мо ТОҶИКОН бошанд. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
Пешаи духтури дандонро метавон гуфт, ки ӯ аз падар мерос гирифтааст. Падараш Шарбат Шарифов пас аз хатми Донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ Сино муддати 45 сол баҳри саломатии мардуми ноҳия заҳмат кашидааст. Ҳини мактабхонӣ Киромиддини наврас ба коргоҳи ӯ ба ҷо меорад. Сокинони ноҳия аз фаъолияти табиби падар мерафт. Ба фаъолият ва муомилаи ӯ бо кораф- ҷавон Киромиддин Шарифов қаноатманд буда, дар тодагон диққат медод. Чӣ тавр ба ин пеша шавқ пайдо ҳаққаш суханони нек мегӯянд. кард, худ бехабар монд. Пас аз хатми мактаби миё- Хизмат намудан ба мардум бароям ифтихор аст, на бе ягон дудилагӣ ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи тибии - изҳор дошт зимни суҳбат духтури дандон Киромидпойтахт супурд. Онро аз рӯйи ихтисоси дандонпизишк дин Шарифов. – Нозукиҳои пешаи дандонпизишкиро бомуваффақият хатм намуда, ба зодгоҳаш - ноҳияи бошад, аз падарам омӯхтаам. Мекӯшам дар ҳифзи Рашт баргашт. Дар паҳлуи падар ба фаъолият пар- саломатии мардум саҳмгузор бошам. дохт. Ҳоло 12 сол мешавад, ки дар хизмати мардум аст. Акнун падар дар нафақа буда, хизмати мардумро Шариф ШАРИФЗОДА, рӯзноманигор
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
- Падарҷон, дар хонаи ҳамсоя серияи нави “Пулод Алемдор” ҳаст, рафта биёрам. Падар: - Ҳа, ин тавр бошад, тезтар биёр, ки хобам набурда тамошо кунем... ...Мақсад аз овардани саҳнаҳои боло дар он аст, ки имрӯзҳо мардум зиёд ба филмҳои хориҷӣ рӯ овардаанд. Агар ҳамин тавр идома ёбад, мутаассифона аз маданияту фарҳанги худ дур мешавем. Бо бовари комил гуфта метавонам, ки харидории филмҳои туркӣ нисбат ба харидории китоб бештар аст. Агар ҳар як падару модар ҳар моҳе ба 30 сомонӣ китоб харад, дар тӯли 3-4 сол аллакай дар оила китобхонаи шахсӣ бунёд мегардад, ки барои тарбияи фарзандон ва бедор намудани ҳисси ватандустӣ мусоидат мекунад. Афсӯс, сад афсӯс чунин оилаҳо беҳад кам ба назар мерасанд, ки доир ба хариди китобу устувор намудани китобхонаи шахсӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ман гуфтанӣ нестам, ки филм харидорӣ накунед ё тамошо накунед, лекин барои ҳамааш вақт ҷудо кардан лозим. Ҳар як падару модар вазифадоранд барои тарбияи фарзанд аз имкониятҳои гуногун истифода баранд. Баҳри баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии онҳо кӯшиш кунанд, то ки фарзанд ба халқу миллати худ як фоидае оварда тавонанд. Агар оила дорои хату савод бошад, аллакай дар ҷамъият обрӯ дорад. Мутаассифона, волидоне ҳам ҳастанд, ки барои китобҳои дарсии фарзандонашон пул сарф намекунанду ҳар рӯз ба телефони мобилиашон қариб 5-10 сомонӣ гузаронда, суҳбат мекунанд. Яъне, барои тарбияи фарзанд ҳама кӯшишро харҷ намекунанд, баъд фарзанд калон мешаваду ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамроҳ мегардад. Ҳама гуна кор ва умуман пешрафт ба роҳнамои босаводу соҳибмаърифат ниёз дорад. Аз ин рӯ, нақши китоб дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа хеле бузург мебошад. Ман орзуи онро дорам ки дар хонаи ҳамаи миллати тоҷик китобу маҷалла бошад, то ки барои пешрафти фарҳангу маданияти баланд кӯмак расонад... Исмоил САИДЗОДА, “ҶТ”
Кафили зиндагии осуда Ҷавоне аз марди хирадманд пурсид: - Шумо чӣ гуна хушбахтии оиларо нигоҳ доштед? Бо ҳамсари худ меҳрубонед ва тамоми мардум барои маслиҳат ба шумо муроҷиат мекунанд. Сирри ин хушбахтиҳо чист? Хирадманд табассум намуд ва ҳамсари худро даъват кард. Ба утоқ бонуи зебо ва хандонрӯ ворид шуд. - Бале, азизам, - гуфт зан. - Меҳрубон, хамири ширинӣ омода бикун. - Ба чашм, - гуфт зан. Баъди 20 дақиқа зан бо хамири ширинии омоданамудааш вориди утоқ шуд. - Ба хамири омодашуда равғани зард ва чормағзҳое, ки барои зодрӯзи писарамон нигоҳ доштаем, илова бикун. - Хуб шудааст, - гуфт зан. Баъди 10 дақиқа боз бону вориди утоқ шуд ва мард гуфт: - Ба хамир, инчунин, регу лой илова кун ва шириниро бипаз. - Ба чашм, - гуфт зан ва берун шуд. Чунин фармонбардории зан меҳмонро дар ҳайрат гузошт. Баъди чанд дақиқа зан бо ширинии пухтааш ҳозир шуд. Мард гуфт: - Албатта, мо онро истеъмол намекунем ва бирав ин шириниро ба ҳайвонҳо бидеҳ, то бихӯранд. Зан итоаткорона аз хона берун шуд. Меҳмон тасмим гирифт, ки ин амали мардро дар хона ба анҷом диҳад. Вақте вориди хона шуд, хандаи ҳамсараш ба гӯшаш расид, ки бо дӯстонаш бозии рӯимизӣ мекарданд. Ҷавон ҳамсарашро ба назди худ хонд, вале зан дар ҷавоб гуфт, ки банд аст. Ҷавон бо ғазаб бори дигар ҳамсарашро даъват кард. Баъди даҳ дақиқа ҳамсари ҷавон назди шавҳар ҳозир шуд. - Ба ту чӣ лозим? - гуфт зан. - Хамир омода кун! - Магар ҳуш дорӣ, ман кори дигаре надорам? – ба ғазаб омад зан. - Хамир омода кун, гуфтам! Баъди ним соат ҳамсари ҷавон бо ғазаб аз омода шудани хамир хабар дод. - Ба хамир чормағз ва равғани зард омехта кун. - Магар фаромӯш кардӣ, фардо хоҳарам тӯй дорад ва чормағзро барои омода намудани ширинии тӯй мондаам. - Ҳар чизе гуфтам, ба сомон расон! Зан ба хамир қисме аз чормағзро илова кард ва назди ҳамсар ҳозир шуд. - Инак ба хамир регу лой илова карда бипаз. Зан шавҳарашро барои исроф шудани маҳсулот дашном дода берун шуд. Баъди дақиқае зан ширинии омодашударо ба рӯи миз бо ғазаб гузошт ва ба шавҳар гуфт:
- Акнун бихӯр, то бубинам. Вале шавҳар гуфт: - Инро бурда ба ҳайвонот бидеҳ. - Медони чӣ? - гуфт зан, - бирав ва худат ҳайвонҳоро хӯрок бидеҳ. Чанд рӯз ҳамсари ҷавон ӯро масхара карда, ин амали мардро ба меҳмонон қисса мекард. Ҷавон тасмим гирифт, ки бори дигар ба назди марди хирадманд биравад. Бирафт ва дар бикуфт ва ба хирадманд гуфт: - Чаро ҳамсари шумо тамоми суханононатонро ба ҷо овард, вале ҳамсари ман то ҳол маро масхара мекунад. - Ин кори саҳл нест. Ман ба ҳамсарам фармон намедиҳам, балки бо меҳрубонӣ ҳарф мезанам. Ҳамсарам кафили зиндагии осудаи ман аст. - Шояд ҳамсари дигаре бигирам? - Ту фикр мекунӣ, ин осонтарин роҳи ҳалли мушкил аст. Шумо бояд бо ҳамсарат эҳтиром намудани ягдигарро омӯзед ва мард бояд ҳамеша дар сафи аввал бошад, то ҳамасрашро хушбахт кунад. - Вале ман чизеро барои ӯ дареғ намедорам, гуфт ҷавон. Хирадманд гуфт: - Пас магар ӯ хушбахт аст? Ту хушбахтӣ? Шумоку оиларо барои дӯст доштан ва эҳтиром, ғамхорӣ намудан нисбат ба ягдигар бунёд намудед. Вале баракс ҷанҷол мекунед ва ягдигаро таъна ва маломат мезанед. Ҷавон ба фикр фурӯ рафт ва ба хонааш раҳсипор шуд. Дар роҳ гули садбаргро дид. Айнан ҳамон садбарге, ки замоне мехост бо ҳамсараш розӣ дил кунад ва ҳар рӯз барояш туҳфа мекард. Вале бори охир кай ба ҳамсараш гули садбарг тӯҳфа кардааст, ёд надошт. Гули садбаргро гирифта ба хона рафт. Дар хона ҳама хоб буданд. Ҷавон нахост ҳамасарашро нороҳат кунад ва гулро болои болинаш гузош. Субҳ бори аввал ҷавон субҳонаи омодашударо дид ва ҳамсарашро мисли солҳои аввали оиладорӣ ба оғӯш гирифта бӯсид. Акнун кӯшиш мекард вақти бештарро бо ҳамсараш гузаронад ва ӯро хушбахт гардонад. Вале ҳамсараш низ дар ҷавоб хӯрокҳои дӯстдоштаи ҷавонро омода мекард, ба ғазаб намеомад ва бо чеҳраи кушода ӯро интизор мешуд. Аз байн чанд сол гузашт ва рӯзе дари хонаи онҳоро ҷавоне куфт. Дарро сохибхона боз намуда, рӯ ба рӯяш ҷавонеро дид, ки аз ӯ сирри хушбахтии оилаашро пурсидан мехост. Ҷавон илова кард, ки ҳамеша бо ҳамсар ҷанҷол мекунанд ва ҳеҷ ягдигарфаҳмӣ надоранд ва гуфт, ки ҳамсараш тамоми дороияшонро бемаврид масраф мекунад. “Китобҳои зиёде мутолиа кардам, вале мушкили оилаамро осон карда натавонистам”, - мегуфт ҷавон. Соҳибхона табассум намуд ва ба ҷавон гуфт: - Марҳамат ҷавони нағз, ба хонаи мо меҳмон шав. Ҳамсарам ширинӣ омода мекунад. Таҳияи Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
www.javonon.tj
- Ало, салом дадаҷон... - Салом писарам... - Шумо дар куҷо, дада? - Дар дӯкони китобфурӯшӣ, ба ту кадом китоб лозим? - Ало, дада овозатонро хуб намешунавам... агар шумо маро шунавед, бароям филми “Пулод Алемдор” харед. Серияи наваш баромадаст. Ҳа, дада, ало, ало... баъд барои модарам низ филмҳои “Садбарги сиёҳ”-у “Фирорӣ”-ву “Хушдомани золим”-ро фаромӯш накунед. Ягон филми дигари ҳиндӣ ҳам бошад овардан гиред... - Писарҷон, ман ба ту беҳтарин китобҳоро харидорӣ кардам, ки хонда, дар оянда одами баобрӯй шавӣ... - Гуд, гуд, гуд... Чеҳраи Ҷӯрабек тағйир ёфта, худ ба худ гуфт: “Китоб, китоб! Безор карданд, мактаб меравӣ, китоб, хона меоӣ, боз китоб. О, кай “кино тамошо кун” мегӯянд? Кай мегӯянд, ки “диски нав овардам” ё кай “маҳ, писарам, пула гиру кинои “Пулод Алемдор” бихар” мегуфта бошанд!? Падар низ худ ба худ зери лаб мегуфт: “Телефонашро хомуш кард чӣ бало?”.. ... Ҷурабек: - Модарҷон, ба ман пул диҳед. Модар: - Пулро чӣ кор мекунӣ? Ҷурабек: - Дар дӯкони Шаҳбоз филмҳои нави “Садбарги сиёҳ”, “Фирорӣ”, “Хушдомани золим” ва боз чанд клипи нав омадааст. Модар: - Падарат аз шаҳр омада истодааст, ман ба ӯ худам гуфтам ҳамаи филмҳои навро меорад. Ҷурабек: - Э модарҷон, ту падарамро медонӣ-ку вай дар ҳаёташ ба ману ту диск намехарад! Модар: - Парво накун, писарҷон! Падарат, ки наовард, баъд худам ба ту мехарам... Инро гуфта, модар Ҷурабекро сахт ба оғӯш гирифту навозиш кард... Худ қазоват кунед, писар соати 21-и шаб аз пеши падару модар хеста, ба хонаи ҳамсоя барои гирифтани кино ё ягон консерт меравад... Падар: - Писарам, дар ин бевақтии шаб куҷо меравӣ? Ҷурабек:
E-mail: javonontj@mail.ru
Дада, филми “Пулод Алемдор” биёред
7
www.javonon.tj
E-mail: javonontj@mail.ru
8
БАРОИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
Аз як ташкилот занг зада хоҳиш карданд, ки дар чорабиниашон оид ба мавзӯи худшиносӣ ширкат варзам. Розӣ шудам. Вале баъди чанд лаҳза ҳисси кунҷкобиам боло гирифту ба кӯчаҳои шаҳр баромадам ва тақрибан дар ҳар 100 қадам аз одамони пешомада хоҳиш намудам, ки фикр ва фаҳмишашонро оид ба худшиносӣ бигӯянд. Дар роҳи Қӯрғонтеппа – Душанбе аз ҳамсафарон ва дар маркази ноҳияҳои Хуросону Рӯдакӣ аз роҳравон ҳам ҳамин хоҳишро кардам. Шумораи умумии пурсидашудагон 43 нафарро ташкил дод, синнашон аз 20 то 52 буд. Ҳамаи онҳо танҳо донистани миллат, ному насаби худ, рӯзу моҳ ва соли таваллуд, ҳамчунин донистани номи волидайнро худшиносӣ гуфтанд. Аз инҳо фақат як нафар ҷавони 28сола маънидод кард, ки донистани бобою бибиҳо ва бобокалону бибикалонҳо ҳам худшиносӣ аст. Аммо на ба он маъное, ки танҳо ному насабашонро донем, балки ба он маъно, ки онҳо дар замони худ чӣ нақше доштаанду барои ояндагон чӣ боқӣ гузоштаанд.
он 43 нафари пурсидаам аз рӯйи тамоман кундзеҳниашон, нодонию нофаҳмиашон нест, балки аз он аст, ки онҳо ба маънию мантиқи ин мафҳумҳо сарфаҳм намераванд, зеро ин чизҳоро ба эшон касе нафаҳмондааст, нагуфтааст, таълим надодааст. Барои ҳақ будан ё на-
Самимӣ мегӯям, ки ҷавоби пурсидашудагон хурсандам накард. Вале, шубҳаамро ба вуҷуд овард: «Наход аз 43 нафар, ақаллан як нафар ҷавоби саҳеҳ дода натавонанд? Шояд фаҳмиши худам нодуруст аст? Шояд ин мафҳумҳоро худам ғалат мефаҳмам?» Ин андеша саволҳои дигарро дар мағзам ба вуҷуд овард: умуман «худшиносӣ» ва «худношиносӣ» чист ва зери ин мафҳумҳо мо чиро бояд фаҳмем? Шахси худшинос чӣ гуна бояд бошаду шахси худношинос чӣ гуна? Байни ин ду нафар чӣ фарқиятҳо мавҷуд бояд бошанд? Ҳамин андешаҳо дар сар омадам ба чорабинӣ. Вале аз гуфтаҳои иштирокчиёнаш қаноатбахш нашудам. Зеро бештарашон дар бораи оқибатҳои нангини худношиносӣ гуфтанд, гила карданду эрод гирифтанд, ки одамон, алалхусус ҷавонон худшинос нестанд. Аммо, ҳеҷ кас шарҳу эзоҳ надод, ки худи «худшиносӣ» ё «худношиносӣ» чӣ гуфтанӣ гап аст. Ҳеҷ кас маънии ин мафҳумҳоро накушод ва нагуфту нафаҳмонд, ки чӣ гуна одамро худшиносу чӣ гуна одамро худношинос номидан мумкин. Ҳеҷ кас ба ёд наовард, ки пеш аз худшинос шудан, аввал донистану фаҳмидан лозим, ки ин худшиносиаш чӣ асту худношиносиаш чӣ. Аз раванди чорабинӣ ба хулоса омадам, ки ҷавобҳои носаҳеҳи
будани ин хулосаам назарпурсиро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе идома дода, бо 55 нафри дигар ҳамсуҳбат шудам, ки хонандагони мактаб, донишҷӯён, зиёиён, ронандаҳо, роҳсозон, фурӯшандаҳо буданд. Синну солашон аз 16 то 65. Хулосаам дуруст баромад. Аксари мардум маънии мафҳумҳои «худшиносӣ» ва «худношиносӣ»-ро дарк намекунанд. Муддаои ман аз гуфтаҳои боло: пеш аз он ки дар бораи худшиносӣ ва худношиносӣ чизеро бигӯем, чӣ будани онро, чӣ маънӣ доштанашро ба мардум, алалхусус ба толибилмон фаҳмонем. Омӯзонем, ки чӣ гуна одамро худшиносу чӣ гуна одамро худношинос номидан мумкин. Талқин кунем, ки одам чӣ кор кунад ё чиҳоро бояд донад, то худшинос шавад. Камина тасмим гирифтам, ки дар ҳамин ҷода як кӯшише кунам ва андешаю фаҳмиши худро атрофи ин масъала пешниҳод намоям. Вале, онро ба касе бор карданӣ нестам. Агар ба нафаре хуш ояд, қабул мекунад, хуш наояд, ихтиёр дорад. Ҳаргиз даъво надорам, ки фаҳмиши ман дуруст аст. Он танҳо як иқдомест, ки аз рӯи хайрхоҳӣ манзури хонанда мегардад. Инак, чӣ гуна одам худшиносу чӣ гуна одам худношинос аст? Шахси худшинос, пеш аз ҳама худро эҳтиром мекунад. Қадру қимат ва мақому манзалати худро медонад.
Ҳунару дониш ва таъриху фарҳанги халқу миллаташро меомӯзад. Урфу одату расму оини аҷдодиашро аз бар мекунад ва беҳтарини онҳоро қабул намуда, арҷ мегузорад, дар ҳаёти худ истифода бурда, ҳатто ривоҷ медиҳад. Донистани ана ҳамин чизҳо яке аз зинаҳои аввали худши-
гарон бор мекунад. Ӯ намедонад, ки аз куҷо омадаасту ба куҷо меравад. Намедонад, ки рисолати омаданаш чист. Аз он ки маҳз одам офарида шудааст, шукрона намекунад. Рисолати одам офарида шуданашро намедонад. Шахси худношинос тавре ки бояд аз худ огоҳӣ надорад. Қудрату
Худшиносӣ чист ва худношинос кист? Пеш аз инро пурсидан, аввал одамонро омӯзондан лозим
носии инсон мешавад ва воситае мегардад, ки дигарон ӯро бишносанду эҳтиром кунанд. Ин боис мешаваду одам ҳис мекунад, ки дар ҷомеа ягон нақше доштааст. Одаме, ки ҳамин зинаро намегузарад, вай то андозаи зарурӣ худшинос шуда наметавонад. Зеро зинаҳои дигари худшиносӣ маҳз аз ҳамин зина оғоз меёбанд. Масалан, зинаи ифтихор аз Ватан ва дӯстдории Ватан, ки аз донистани ана ҳамон таъриху фарҳанги халқу миллат, урфу одату расму оини аҷдодӣ, дуруст истифодабарию арҷгузорӣ ва равнақдиҳии онҳо сарчашма мегирад. Одаме, ки ин чизҳоро медонаду дар вуҷудаш ҳазм мекунад, ҳамеша омода аст аз худ ва аз виҷдонаш бипурсад: «Ҷон ба фидои Ватан ман накунам, кӣ мекунад?» Ин гуна одам ҳамеша омода аст, ки бар ҳимояи Ватан бархезад ва ҳатто агар лозим ояд, ҷонашро қурбон кунад. Ин аст яке аз рукнҳои асосии худшиносӣ. Фарде, ки аққалан ҳамин чизҳоро медонаду арҷ мегузорад, ӯро худшинос номидан мумкин. Акнун, дар бораи худношиносӣ. Ҳофизи бузург фармудааст: «Ҳар он ки беҳунар афтад, назар ба айб кунад». Шахси худношинос айбҷӯ, бахил, гапчин, тарсу, беҷуръат, бенангу номус, беирода мешавад. Шахси худношинос нисбат ба ҷамъият, Ватан, халқу миллат бетафовут аст. Вай ҳамеша масъулиятро ба гардани ди-
қобилият, донишу малака, ҷасорату маҳорати худро намедонад. Дуруст сарфаҳм намеравад, ки дар ҷомеа чи нақше дорад ва ё дошта метавонад. Шахси худношинос ҳатто Худоро намешиносад. Ӯ бозичаи дасти дигарон мешавад. Ба одамоне, ки чунин сифатҳоро дороянд, эътимод кардану аз онҳо амалҳои некро интизор шудан саҳеҳ нест. Зеро чунин одамон дар аксар маврид носипосӣ мекунанд, намак хӯрда намакдонро мешикананд. Худношиносӣ, садди мурувату раҳму шавқат аст, роҳ ба ҷаҳолат, ба қабоҳат, ба касорат ва хиёнат аст. Шахси худношинос ҳаргиз шамъе намешавад, ки «Худ бисӯзад, то базми дигарон афрӯзад». Шахси худношинос, ба таъбири Алимуҳаммад Муродӣ, ҳамчун «дархте намегардад, ки сари хеш дар офтоб гузораду соябони сари дигарон шавад». Теғ ба ҷисми Ватани хеш кашидан, амалҳои иғвоангезию ифротгароӣ доштан, ҳамроҳгардӣ бо гурӯҳҳои моҷароҷӯ, пеш аз ҳама аз худношиносӣ сар мезанад. Зеро чуноне, ки ишора кардам, худношиносӣ ин худоношиносӣ аст. Одами худоношинос ҷоҳил аст ва хешро ба ҳар варта мезанад. Ӯ ҳаргиз дар ғами бахти мардум ва ободию шукуфоии кишвар намешавад. Чӣ бояд кард, ки одамон дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия ёбанду
ба камол расанд? Дар ин маврид он чизеро мегӯям, ки маҷозан гаҳвораи худшиносӣ номидан мумкин. Инсон аслан иборат аст аз тан ва рӯҳ. Бино ба гуфтаи донишмандон тақрибан аз 5 як ҳиссаи мавҷудияти инсонро рӯҳ ташкил мекунад. Ҳам тан ва ҳам рӯҳ парвариш мехоҳанд. Лекин парвариши рӯҳ муҳимтар аст нисбат ба парвариши тан. Барои хуб парвариш ёфтани рӯҳ чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама зикри Худо, андешаи ростию росткорӣ, омӯзиши илму маърифат, дар сайру саёҳат будан, неку бадро санҷидану донистан, хондан, дидан, саъю талош варзидан ва монанди инҳо. Аммо афсӯс, ки дар мо на ҳамеша чунин аст, махсусан дар мавриди хондан. Бино ба маълумоте, ки дастраси каминаанд, дар Аврупо ба ҳисоби миёна як нафар дар як сол 35 китоб мехонад. Дар дунёи ислом бошад, дар як сол 80 нафар як китоб. Оё инро парвариши рӯҳ гуфтан мумкин аст? Оё ин вазъият дар ҷумҳурии худамон беҳтар аст? Инро касе ҳисоб накардааст ва дар гумон аст, ки ягон замоне ҳисоб мекарда бошанд. Хуб аст, агар ба ҳисоби миёна аққалан 10 нафар сокини ҷумҳуриамон дар як сол як китоб бихонанд. Аммо, ба ин кафолат нест. Дар хусуси ба театр нарафтан бошад, хомӯш мемонам. Ҳол он ки маҳз китобу театр дар шумули дастрастарин ва асоситарин манбаъҳои худшиносӣ мебошанд. Шояд маҳз ба ҳамин хотир Руссияи подшоҳӣ дар қатори аввалин корҳое, ки дар Туркистон ва Бухоро кард, кушодани театр буд. Дар омади гап таъкид мекунам, ки дар Самарқанд театри аввалинро «Ибратхона» мегуфтаанд. Аҷоиб номи мувофиқу часпанда ва мантиқӣ! Барои он ки одамон дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия ёбанду ба камол расанд, пеш аз ҳама кори тарбияи оилавиро қавӣ кардан лозим. Ба фоидаи кор мешавад, агар давлат дар ин масъала ба оилаҳо кӯмакҳои моддӣ расонад, алалхусус дар маълумотноккунии модарон. Баъд, ба кори таълиму тарбияи мактабҳо ҷиддӣ муносибат кардан даркор. Дар навбати аввал бояд нақши омӯзгор, обрӯи ӯ дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Он гоҳ омӯзгорони донишманду пуртаҷриба ба мактабҳо меоянд ва бо дили гарму шавқи баланд фаъолият мекунанд. Пасон, роҳу усулеро ёфтан лозим, ки мардум, алалхусус ҷавонон рӯ ба китоб биёранд. Барои ин хуб мешавад, ки чун дар солҳои шӯравӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар ин ҷабҳа ҳам масъулият дошта бошанд. Пешвои миллат, роҳбари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкиде доранд: «Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот аст». Чун ин тавр аст, мо бояд ба ин муқаддасот, яъне китоб рӯ орем. «Чунин гуфт, пайғамбари ҳақгӯй, Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». Дониш, бахусус донишҳои Ватану ватандорӣ асосан дар китобанд. Пас, мо бояд таъкидҳои Сарвари кишвар ва пайғамбар (с)-ро иҷро кунем ва бештар ба китоб рӯ орем. Ин воситаи муҳимтарин ва самараноктарин дар ҷодаи на танҳо худшиносӣ, балки ватаншиносию ҷомеашиносӣ ва мардумшиносию дунёшиносӣ ҳам мешавад. Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ
Дар ин замина Сарвари давлат ба тамоми сохторҳои марбута ва аҳли ҷомеа дастур дод, ки ба ҷавонон бештар таваҷҷуҳ намоянд. Имрӯз макотиби олии кишварро низ зарур аст, ки ба таълим ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳӣ бештар диққат диҳанд. Дар ин мавзӯъ бо дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шарифхӯҷа Ҳасанов ҳамсуҳбат шудем. Ба тозагӣ китоби Шарифхӯҷа Ҳасанов бо ҳаммуаллифии Анзурат Ашӯрова таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз чоп баромад. Саволи нахустин ҳам ба ҳамин мавзӯъ дахл дорад, яъне назари эшон ба сиёсати давлатии ҷавонон. Сиёсати давлатии ҷавонон самти стратегии давлатро дар таъмини тараққиёти иҷтимоӣ–иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон инъикос намуда, ба баланд гаштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, эҳтиром ба таъриху фарҳанги кишвар ва ҳалқиятҳои дигар, бо риоя кардани ҳуқуқ ва озодии инсону шаҳрванд нигаронида шудааст. Мақсади асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ ба амал овардан ва устувор гардонидани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ барои ҷавонон мебошад. Масъалаи дар ҷавонони кишвар ташаккул додани идея ва шуури сиёсӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз дар шароити кунунӣ маҳсуб меё-
Таваҷҷуҳ ба ҷавонон – кафолати ояндаи дурахшон бад. Пеш аз ҳама бояд сари ин проблема биандешем, ки дар давраи хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо, барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳонӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсию динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан, муттаҳид бошем ва барои ҳифзи манфиатҳои миллии давлати худ зиракиро аз даст надиҳем. Бояд гуфт, ки тарбияи ватандӯстии ҷавонон рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки дар ин самт дар кишвар “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонон” амал мекард. Дар кишвари мо 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки қувваи пешбарандаи имрӯзу фардои кишвар мебошанд. Шаҳодати ин гуфтаҳо мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар
Президенти мамлакат аз воқеаҳои кишварҳои Шарқи наздик, аз ҷумла Сурия ёдовар шуд, ки мутаассифона баъзе ҷавонони моро ба коми худ кашидааст... - Мутаассифона, ин масъала ҷиддӣ буда, боиси нооромии як қатор кишварҳо гардидааст. Президенти мамлакат зимни андешаронӣ бевосита ба омилҳои воқеаҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар баҳои воқеӣ дод. Дар ин замина таъкид шуд, ки ҷавонон кӯшиш бар он намоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба суханҳои бофтаю ғаразноки бадбахтоне, ки аз номи ислом баромад карда, ояндаи гӯё дурахшонро дар куштори инсонҳои дигар тасаввур мекунанд, гӯш наандозанд. Дар мавриди пешгирии ин раванди номатлуб бояд тадбир андешем ва нагузорем, ки сафи чунин гумроҳон афзоиш ёбад. - Ба андешаи шумо он на-
донатонро накушед, зеро мо ҳанӯз дар батни модар онҳоро рӯзӣ медиҳем». Вақте ки нобуд кардани гӯштпораи нав ба руҳ расидаро Худованд мамнуъ медонад, пас инсонеро куштан магар гуноҳи бузург нест? Яке аз омилҳои асосии майли иддае аз ҷавонон ба ақидаҳои бегона ва ифротгароӣ холигии фазои иттилоотӣ дар байни онҳо, паст будани донишҳои динӣ ва дунявӣ, надоштани фарҳанги сиёсӣ ва донишҳои ҳуқуқӣ мебошад. - «Солҳои охир истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва мубодилаи иттилоот тавассути расонаҳои электронӣ ниҳоят васеъ гардидааст. Ҳарчанд ин раванд ба рушди зеҳнӣ ва ташаккули тафаккури аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, ба таври мусбат мусоидат карда истодааст, вале аз ҷониби дигар, омили пайвастани баъзе ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ гардидааст», - таъ-
таърихи 26 июни соли 2015 ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки аксари ҳозирини толор ҷавонон буданд. Сарвари давлат ҳанӯз дар ҷашни 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буд, ки яке аз самтҳои асосии давлатдориамон рӯ овардан ба ҷавонон аст. Ҳангоми суханронӣ
фароне, ки дар Сурия қарор доранд, киҳоянд ва бо чӣ сабаб ба ин роҳ рафтаанд? - Банда ба он назарам, ки аксари онҳое, ки дар нооромиҳои Сурия иштирок доранд, саводи кофӣ надошта, афродеанд, ки аз тарбия комилан дур мондаанд. Исломи азиз дини поку хайрхоҳ аст ва Худованд дар “Қуръон”-и маҷид мефармояд: «Ба ҳар гуна сабабҳо фарзан-
кид намуд Президенти мамлакат. Роҷеъ ба ин масъала, яъне таъсири воситаҳои иттилоотӣ ба ҷавонон чӣ андеша доред? - Воқеан, дар даврони ҳозира яке аз манбаъҳои асосие, ки ба шаҳрвандон, махсусан ба ҷавонон таъсири бештар дорад, вуруди технологияҳои нав ба ҷомеа, аз ҷумла дастрасии васеъ ба интернет мебо-
9
шад. Табиист, ки дар шароити ҳозира интернет ҳамчун манбаи иттилоотии аз ҳама арзишноктарин ба шумор меравад, вале на ҳар гуна иттилоот ба арзишҳои миллӣ, шаҳрвандӣ ва давлатӣ созгор аст. Иттилооте ҳаст, ки барои пойдории арзишҳои миллӣ ва давлатӣ хатарнок буда, ба тарбияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Имрӯз дар ҷаҳон давлат ва ё ҷомеаеро пайдо кардан номумкин аст, ки дар он таъсири интернет набошад. Ҳамин тариқ, фазои интернет имрӯз воситаи асосиест, ки ба фаъолияти сиёсии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон таъсир мегузорад ва он метавонад манфӣ ва ё мусбат бошад. Таъсири манфии иттилооти интернетӣ дар он зоҳир меёбад, ки бо тарғиби иттилооти номатлуб дар ҷаҳонбинии ҷавонони мо хатари ҷиддӣ ворид намуда, ба тарбияи маънавии онҳо зарар мерасонад. Дар натиҷа онҳо метавонанд ба дасисаҳои гуногуни қувваҳои ифротӣ дода шаванд. - Дар чунин айёми пуртазод ва масъулиятнок таълиму тарбия дар Донишгоҳи давлатии Данғара чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? - Тарбияи насли наврас ва ҷавон яке аз омилҳои муҳимтарини рушду такомули ҷомеа маҳсуб меёбад. Бинобар ин, ҳайати устодони донишгоҳ ба таълиму тарбияи донишҷӯён таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Тамоми корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ дар донишгоҳ тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ сурат мегирад. Нашри китобҳои дарсиву воситаҳои таълимӣ барои донишҷӯён яке аз вазифаҳои муҳими устодон ба шумор рафта, барои баланд бардоштани савияи дониши толибилмон заминаи хубе фароҳам меорад, ки дар ин самт мо дастовардҳои зиёд дорем. Имкони таҳия ва нашри китоби мо - «Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатии ҷавонон» низ далели ин гуфтаҳост. Ин китоб таҳлили самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дар тарбияи воқеии ҷавонон дар бар мегирад. Дар раванди таълим ва корҳои тарбиявӣ бо назардошти тақозои замон ҳар чӣ бештар донишҷӯёнро бо донишҳои имрӯза бархурдор менамоем, роҳҳои манфиатбахши техникаю технологияи навро нишон медиҳем, барои самаранок истифода бурдани вақтҳои холиашон ҳар гуна чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ ва варзишӣ ташкил менамоем. Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА
E-mail: javonontj@mail.ru
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҷеъ ба аҳамияти ваҳдати миллӣ ва зарурати пойдории он ҳарф зада, ба ҷавонон рӯ оварда чунин гуфт: “Ман ба ҷавонони қавиирода ва бонангу номуси Ватан, ки насли ояндасози давлат ва миллат мебошанд, муроҷиат менамоям, ки ояндаи кишвар бо дасти шумо бунёд хоҳад шуд. Шумо бояд ин Ватанро сидқан ва мисли ҷон дӯст доред, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо оред, онро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кунед ва барои ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоед. Ман ба азму иродаи шумо ва тамоми ҷавонони мамлакат бовар дорам ва медонам, ки аз уҳдаи ин рисолату вазифаи бошараф сарбаландона мебароед».
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
www.javonon.tj
ҲАМСУҲБАТИ “ҶАВОНОН...”
E-mail: javonontj@mail.ru
10
ДИН ВА ҶОМЕА Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти ҳизби сиёсии исломӣ дар шароити давлати миллӣ метавонад мушкилоти ҷиддии амниятӣ ба вуҷуд оварад. Моҳияти ин масъала дар он аст, ки дар замони муосир давлатҳо ҳамчун давлатҳои миллии дунявӣ ташкил ёфта, дар муносибатҳои байналмилалӣ маҳз ҳамчун воҳиди мустақили сиёсӣ ва давлати миллӣ иштирок менамоянд. Дар шароити Тоҷикистон ин аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ ва таърихӣ буда, ҳифз ва рушди давлатдории миллӣ аз вазифаҳои таърихии мо ба ҳисоб меравад. Айни замон ислом моҳиятан дини фаромиллӣ буда, бо марзи давлат ва ё миллате маҳдуд намешавад. Бинобар ин бо вуҷуди мавҷудияти давлатҳои гуногун, ташкилоту ҳизбу ҳаракату созмонҳои исломӣ моҳияти фаромиллӣ гирифта, ҳамчун организмҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд. Онҳо аз усули «давлатҳои гуногун, вале уммати ягона» истифода бурда, ҳадафу вазифаҳои худро дар сатҳи тамоми олами ислом мегузоранд. Масалан, созмони «Ихвону-л-муслимин»-и Миср, ки зоҳиран як созмони сиёсию динии мисрӣ мебошад, дар асл ба ҳудуди давлати Миср маҳдуд нашуда, дар бисёр давлатҳои ҷаҳон шохаву шуъбаҳо дорад. Имрӯз бисёре аз давлатҳои арабӣ, аз ҷумла Урдун, Арабистони Саудӣ, Алҷазоир, Тунис, Амороти Муттаҳидаи Араб, Сурия, Либия ва ғайра бо шохаҳои ихвониёни худ, ки зери нуфузи ихвониёни мисрӣ ташаккул ёфтаанд, мушкилоти ҷиддӣ доранд. Ин гуна фаъолияти фаромарзӣ ва эътироф надоштани марзҳои сиёсии давлатҳои мустақилро дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои дигари исломӣ низ дидан мукин аст, ки мисоли равшани онҳо «Ал-Қоида», «Ҳизби таҳрир», «Ҷамоати таблиғ ва даъват», «Ҳизбуллоҳ», «Толибон», «ДИИШ»,
НИГОҲИ ДИГАР
www.javonon.tj
МАВҚЕИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
Имрӯз дар ҷомеа кам нестанд нафароне, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар назди оила вазифаҳои бар дӯш доштаашонро ба хубӣ иҷро менамоянд. Вале дар баробари ин, нафароне низ ёфт мешаванд, ки масъулияти хешро дар назди оила иҷро намекунанду бар замми ин дағалона ҳарф мезананд. Дар мардуми мо андарзе ҳаст, ки мегӯянд: “Сухани хуб морро аз хонааш мебарорад”. Ин гуфта шояд ба ҳақиқат он қадар наздик набошад, вале он дорои ҳикмат ва мантиқ аст. Бубинед, дар шароити имрӯза инсоне, ки муомилаи хуб дорад ва нисбат ба атрофиён самимӣ аст, ӯро ҳама эҳтиром мекунанд. Агар баракси ҳол бошад, ҳама аз ӯ гурезон мешавад. Таҷрибаҳо нишон додаанд, он кӯдаке бештар инкишоф меёбад, ки волидон дар хона муҳити солими руҳӣ фароҳам оваранд ва худашон дар меҳнати содиқона намунаи ибратанд. Ҳар гоҳе падар бо фарзандаш сухан мегӯяд, бояд калимаҳои хуби ибратбахшро ба забон орад, на дағалу дашномро. Агар дар вақти сухан гуфтан доим калимаҳои ғайриахлоқиро ба забон меоварда бошад, пас яқинан метавон гуфт, ки дар оянда фарзанди ӯ низ чунин ҳарф хоҳад зад. Дар баробари ин баъзе нафарон барои тарбия намудан аз усули ҷазо истифода мебаранд, ки хеле хатарнок аст. - Дағалона ҳарф задан ба психологияи мухотаб, хусусан агар кӯдак бошад, таъсири манфӣ мерасонад. Барои он ки нутқи кӯдак аз ҳолати баёни фикре, ки дар оила мавҷуд аст, шакл мегирад. Ҳар маротибае, ки кӯдакро сухани қабеҳ мегӯед, барои иҷро накардани ягон
Мушкили амниятии фаъолияти ҲНИТ дар чист?
«Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва ғайра мебошанд. Тавре дида мешавад, моҳияти фаромиллӣ доштан на танҳо хоси ташкилоти экстремистию террористӣ, балки хоси тамоми ташкилоти сиёсии исломӣ мебошад. Албатта, дар бораи ҳизби сиёсии динӣ дар Тоҷикистон бояд гуфт, ки ин ҳизб пас аз оғози фаъолияти расмӣ дар соли 1999 Конститутсияи Тоҷикистонро расман эътироф намуда, дар Оиннома фаъолияташро бо марзҳои Тоҷикистон маҳдуд эълон намуд. Аммо ин эътироф ва эъломи расмӣ наметавонад моҳияти як созмони сиёсии исломиро тағйир дода, онро аз моҳияти исломӣ ва фаромиллии худ берун барорад. Бинобар ин, ҳизби сиёсии динӣ дар Тоҷикистон низ метавонад дар мавридҳои мушаххас ҳамчун ҳалқае аз ҳаракати глобалии исломӣ амал намуда, маҳз дар руҳия ва самти манфиатҳои ин неруҳо фаъолият барад. Ҷамъ шудани намояндагони бонуфузи ҳаракатҳои байналмилалии исломӣ дар анҷуманҳо ва баъ-
зе чорабиниҳои дигари сиёсии ҲНИТ ва иштироку узвияти ин ҳизб дар як силсила иттиҳодияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалии ҳизбу ҳаркатҳои сиёсии исломӣ, аз ҷумла, Маҷмааи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, Ҷунбиши бедории исломӣ, Иттиҳоди ҳизбҳои сиёсии исломӣ, Иттиҳоди вакилони порлумонии исломӣ нишон медиҳад, ки пайвандҳои байналмилалии исломии ин ҳизб ба тадриҷ қавӣ мешаванд. Ҳассосияти ин масъала дар он аст, ки дар амалияи сиёсӣ манфиатҳои миллӣ ва манфиатҳои байналмилалӣ на ҳамеша ба ҳамдигар мувофиқат менамоянд. Бинобар ин, саволи ҷиддӣ пеш меояд, ки дар чунин лаҳзаҳо ҳизби сиёсии динӣ ҳамчун намояндаи кадом неру амал мекунад? Ҳамчун намояндаи «уммати исломӣ» ва ё намояндаи давлати миллии тоҷикон? Дар лаҳзаи интихоби ҳассос, чунин ҳизб дар ҷониби иттиҳоди ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ меистад ва ё дар ҷониби давлати миллӣ? Шояд ин интихоб дар коғаз ва дар сухан осон бошад, вале дар амал барои ҳизби сиёсии динӣ мушкил хоҳад буд, зеро чунин ҳизбҳо ба тадриҷ ба унсури таркибии ҳаракати ҷаҳонии исломӣ табдил мешаванд ва аз баҳри манфиатҳои он гузашта наметавонанд. Ҳамин тавр, ҳизби сиёсии динӣ ба як «дасти хориҷӣ» ва ба як канали ба дохили кишвар ворид шудани манфиатҳои берунӣ табдил шуда метавонад ва ин барои давлатҳои мустақили миллӣ таҳдиди бузурги ҳаётист.
Хусусан, дар шароити Тоҷикистон, ки ҳизби сиёсии динӣ аз пухтагии кофии сиёсӣ бархурдор нест ва роҳбарони он шахсият ва ҷойгоҳи баланди сиёсӣ ва динӣ надоранд, чунин ҳизб ба осонӣ зери таъсири ҳаракатҳои бонуфузу ботаҷрибаи хориҷӣ қарор гирифта метавонад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мушоҳида шуд, ки ҲНИТ ба осонӣ ба оғӯши «бародарони калони исломӣ» даромад. Бинобар ин, дар масъалаи фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ дар шароити давлати миллӣ бояд дар назар гирифт, ки дар сурати бартарият ёфтани руҳия ва арзишҳои ҳаракати байналмилалии исломӣ дар руҳияи ин ҳизб, он метавонад ба як канали ҷиддии нуфузи хориҷӣ ва ба як омили таҳдид ба амнияти миллӣ табдил шавад. Табиист, ки як давлати огоҳи миллӣ наметавонад ин масъаларо сарфи назар намояд. Ҳамин тавр, баррасии ҷанбаи амниятии фаъолияти ҲНИТ дар шароити давлатдории миллӣ нишон медиҳад, ки ин масъала метавонад дар оянда бӯҳронҳои ҷиддиеро дар пай дошта бошад. Бинобар ин, масъалаи машруияти фаъолияти як ҳизби сиёсӣ бояд на танҳо дар асоси «иҷозати қонунӣ», балки бо назардошти тамоми ҷанбаҳои сиёсӣ ва амниятии масъала ва манфиатҳои миллӣ муайян гардад. Қонунмандии мавҷудияти як ҳизби сиёсӣ маҳз дар ҳоле таъмин мегардад, ки фаъолияти он ба манфиати миллӣ мутобиқ буда, ба истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ таҳдид эҷод накунад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки мутаассифона, бо сабаби ҳадафҳои глобалӣ доштани ҳаракатҳои байналмилалии исломӣ, фаъолияти ташкилот ё ҳизби сиёсии динӣ наметавонад ба нафъи амният ва манфиатҳои давлати миллӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. М. ҲАСАНОВ, коршиноси масъалаҳои амниятӣ
Муносибати хуб - нисфи тарбия Ба нақлиёти ҷамъиятӣ нишаста, ба самти маҳаллаи 102 равон будам. Мусофирбар пуродам буду мусофирон маълум, ки аз кор ба хона мерафтанд ва ҳамагӣ хаставу афгор менамуданд. Дар роҳ телефони мобилии ронанда садо баровард. Ӯ гӯшакро бардошта, “лаббай” гӯён ба суҳбат пардохт. Чун имрӯзҳо масъалаи муошират, хусусан дар телнфонҳои мобилӣ бисёр нигаронкунанда аст, хостам таваҷҷуҳ кунам, ки ронанда бо кадом лаҳн суҳбат мекунад. Аммо баракси интизори ман ронанда ончунон ором ва бо як лаҳни зебои тоҷикона ҳарф мезад, ки пай бурдам, на ман, балки дигар мусофирон ҳам мутаваҷҷеҳ шудаанд. Дар оҳанги гуфтораш меҳру самимият эҳсос мешуд. Маълум гардид, ки бо писараш ҳарф зада истодааст. Ҳар дафъа “бачаҷон”, “хуб бачаҷон”, “офарин бачаҷон” гуфта суҳбат мекард. Мумкин набуд, ки аз ин ҳолат кас мутассир нашавад. Ба дил аҳсан хондам ба падаре, ки бо фарзандаш чунин самимона муошират мекунад. Воқеан, чунин нафарон кам нестанд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки баъзе аз волидайн ҳар вақте ки фарзанд ҳамроҳашон суҳбат карданӣ мешавад, бо овози баланду норозиёна суҳбат мекунанд. Чунин манзараро ҳамаи мо борҳо дидаему мушоҳида намудаем. Вале аз оқибати он наандешидаем, ки бо чӣ меанҷомад. кор дашном медиҳед ва ё мезанед, ин дар кӯдак одат мешавад ва маротибаи дигар то дашном надиҳед, назанед, ӯ корро иҷро намекунад. Барои он ки ба ҳамин чиз одат кардааст. Тасири бади дигараш ин аст, ки калимаҳои қабеҳ дар шахс хусусиятҳои манфиро шакл медиҳанд. Масалан, вақте волидайн фарзандашро ду маротиба бесавод гӯяд, ҳамин чиз то андозае кӯдакро рӯҳафтода намуда, маротибаи сеюму чорум кӯдак худашро ҳамчун нафари бесаводу бетарбия эҳсос менамояд, кӯшиш мекунад, ки мувофиқи гуфтаҳои падару модараш бошад, ки ин хеле нигаронкунанда аст, - мегӯяд равоншинос Мадина Шарифова. Воқеан, ин чиз дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҷой дорад ва нафаре нест, ки шоҳиди чунин манзараҳо нашуда бошад. Бояд зикр кард, ки
муомилаи хуб метавонад, шахсро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Ба андешаи М. Шарифова, хусусиятҳои психологии шахс то синни наврасӣ шакл мегирад. То ин синну сол кӯдак дарои базаи нигоҳдошти хусусиятҳои мусбату манфист. Вақте ки то ба синфҳои болоӣ мерасад, аллакай вай интихоб мекунад, ки хусусиятҳои хубро истифода барад ва ё бадро. Таъсирасонии асосӣ то синни наврасӣ аст. Муносибати хуб нисфи тарбия аст. Чунки вақте дар бораи як рафтори нодурусташ кӯдакро ба хубӣ мефаҳмонед, маротибаи дигар аллакай ӯ медонад, ки ин чиз хатост онро такрор намекунад. Дар баробари ин, муносибати хуб таъсири амиқ мерасонад. Барои он ки то синну соли наврасӣ падару модар шахсони намунавианд барои фарзанд. Ҳар рафторе, ки
падару модар мекунад, кӯдак кӯшиш менамояд, ки онро дар худ такрор кунад. Бинобар ин, чӣ суханҳое, ки дар доираи оила мегӯянд, ҳамон чиз дар шахсият ва рафтори кӯдак дарҷ мегардад. Чунин хулоса метавон кард, ки муносибати хубу суханони нек дар самти тарбияи шахс беҳтарин усул мебошад. Ҳар нафар бояд дар рафтору гуфтораш аз хислату хусусиятҳои накӯ истифода барад, то дар ҳаёти оилавӣ ва ҳам ҷамъиятӣ намунаи ибрат бошад. Дар зимн дағалона ҳарф задан чизеро ҳал наменамояд, балки мушкилро дучанд меафзояд. Пас, чизеро бояд ба худ гирифт, ки моро баҳри пешрафт таҳрик диҳад, на ин ки моро ба бозистодан маҷбур намояд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
ҶАВОНОН ВА ЗАМОНИ МУОСИР
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
11 E-mail: javonontj@mail.ru
150-СОЛАГИИ ШОИР НАҚИБХОНИ ТУҒРАЛ
Сурат ва сирати аслии Туғрал Ман онро аз китоби «Марги роҳбалад…»-и Шераки Ориён дарёфтам
Рӯзгор ва осори шоири рангинхаёли охири асри ХIХ ва ибтидои қарни ХХ бо кӯшиш ва заҳмати зиёди Шераки Ориён пешкаш гардидааст. Нависанда хонандаи худро аз асрори он ганҷинаи маъонӣ, яъне рӯзгору осори шоири тӯфонниҳод Туғрал ошно месозад. Пажуҳишгар ҳақ аст, ки зикр кардааст: «зиндагӣ ва атвори нотакрори Туғрал бояд ба сомону тартиби муайян кашида мешуд билохир», ки дар ин равия мусанниф фидокории зиёд зоҳир намуда, мушикофиҳои бисёр ба харҷ додааст. Муаллиф дар асоси маъхазҳо китобашро офарида, ки онҳо манбаи пурэътимод шуморида мешаванд ва хосатан инҳоро касоне навишта ё нақл намуда, ки ҳамзамону ҳамнишину дӯстони наздику ҷонии худи Туғрал будаанд. Пас чаро шак овард ба истифодаи чунин маъхазҳо, ки баъзеҳо шакокӣ кардан бихоҳанд доири ҳамин?… Албатта пиромуни шахсони бузург сухану ривоятҳо пайдо мешаванд, ки аслӣ бошанд ва ё рамзӣ ва онҳо аз насл ба насл мегузаранд, вале рӯзе фано ёфтанашон ҳам мумкин аст. Зеро мутаассифона солҳои охир қиссагӯӣ ва қиссашунавӣ ба охир мерасад ё қариб аз байн меравад. Насли қиссагӯву қиссашунав, яъне калонсол ҳамасола шуморааш кам мегардад ва насли муосир, аксар, тоқати шунидани саргузашту ҳарфи таърихро надорад. Аз ин боис хизмати Шераки Ориён боз ҳамин бошад, ки ба қиссаву ривоятҳои таърихиву фолклорӣ ва асливу рамзӣ умри дубораву тулонӣ бахшид. Истифодаи ривояту рӯйдодҳои собиқ ва таҳлилу тадқиқи ҳаматарафа ба нависанда имкон додааст симою сирати аслии Туғрали эҷодгарро кашида, олами ботинӣ ва зоҳирии шоирро бо ҷилоҳои тоза пешорӯи хонанда рӯшан бисозад. Муаллиф китобро ба қисматҳо ҷудо намуда, сарлавҳа ё унвонҳо гузоштааст ва ин имкон додааст, хонанда ба мавзӯҳои навбатии китоб диқиқона ворид шуда битавонад, хулоса бароварданаш осонтар гардад. Зернавишти ҳар сарлавҳа, яъне ҳар қисматро метавон як асари мустақилу кӯчаки ёддоштӣ ё хулосавӣ ё тасвирӣ ё таҳлилӣ биангошт оид ба рӯзгору осори шоир. Ин китобро
хонда ман шоири шӯридадил Туғралро рӯшантар бидидам ва даркаш кардам ва дӯсттараш доштам. Хонанда аз ин китоби пурмӯҳтаво ошно мешавад бо гурезаи наврас, яъне Нақибхони шакоку нотарс, ёвари ҳамомчӣ шудани вай, интихоби тахаллус, яъне Туғрали шоир лақаб гирифтанаш, таҳсил дар мадраса, саховатмандиву баъд дасти тиҳӣ монданаш, тӯҳмату бӯҳтонҳо диданаш, идомаи рӯзгораш дар Самарқанд, андешаи рақибон, шубҳаю гумон, байтбараку шеърхонӣ, мулоқоташ ба губернатори аъзам, дидори падар, пазмонии модар, дарёфти арӯс, умедвории тифл, доро шуданаш муввақатан ва пасон поёни давлату савлаташ расидан, нияти нашри китобаш ва мадади дӯсташ Муҳаммадқулии тарҷумони Панҷекатӣ, ҳасуду кинаи рақибон доири ин, эрод ва тӯҳматҳои номардона, бандиву ҳабсӣ шуданаш, инқилобу балво, дар ниҳоят кушта шудани шоири нодирагуфтор бо тӯҳмату дасисаи бегонагон ва хоса фитнаи худиҳои содданамои муғамбир ва пасон тақдири ному шонаш, китобу осораш ва то фидокороне дар роҳи эмин доштани осори боқимондаи ӯ талош доштан ва монанди ин, ки ҳама ба тасвири маънибору мантиқи таҳлилгарона ва пур аз бозёфтҳои адабӣ ва маънавӣ кашида шуда. Ин ҳама дар бораи шоири тӯфонниҳоди печидарӯзгор бошад, ки саргузашташ ҳам тӯфони дигар шуда. Яъне ҳамон шоиру ринде, ки дар ҳаққаш олими диқиқназар ва беҳамто Носирҷон Маъсумӣ чунин хулоса намудааст: «Нақибхони Туғрал як шахси олуфтарафтори неккирдор, тундмиҷози мулоҳизакор, ҳозирҷавоби тезхотир, шакоку нотарс, фаррохдасти назарбаланд ва донишманди худписанде буда…» Хислатҳои як шоири озодадилу озодаафкор ва ринду шӯридадил дар китоби «Марги роҳбалад, ё муаммои кушта шудани Туғрал» оқилона ва ҳунармандона ва моҳирона ба риштаи тасвир кашида шуда. Нашр ва дастрасии ин китоб ҳамчун барги сабзи дилнишин бошад ба ҷашни 150-солагии шоири печидақисмат ва нотакрору ширинсухан ва беҳамто Маъруфи ҲИСОМ, пажуҳишгар
Некӣ бувад ёдгор Омилҳои косташавии ахлоқи ҷавонон аз нигоҳи онҳо Ҷомеа бо суръат пеш меравад. Анвои технологияи нав рӯз то рӯз меафзояд ва ҷавонон истифодаи онро хеле зуд ёд мегиранд. Шумораи нашриёту матбаа низ дар кишвар нисбат ба солҳои пеш афзуда, ҳар сол китобҳои хушсифати таълимию бадеии зиёд нашр мешаванд. Теъдоди китобхонаҳо низ ба маротиб бештар шудааст. Аммо бо вуҷуди ин афзоишу пешрафт ахлоқи ҷавонони кишвари мо нигаронкунанда боқӣ мондааст. Чаро? Алфози қабеҳеро, ки ҷавонону наврасон имрӯз ҳангоми ба якдигар муроҷиат кардан истифода мебаранд, ҳама шоҳид шудаву шунидааст. Қабеҳгӯиву бадахлоқӣ гӯё ба ҳазлу мутоибаи маъмулии онҳо табдил ёфтааст. Шубҳа нест, ки даст ба ҷиноят задани ҷавонон маҳз аз бадахлоқӣ сар мешавад. Албатта, бисёриҳо имрӯз яке аз сабабҳои асосии ахлоқи паст доштани ҷавононро ба тарбияи нодуруст фаро гирифтани онҳо аз ҷониби падару модар вобаста медонанд. Вале мо хостем худи ҷавононро бипурсем, ки дар ин хусус чӣ андеша доранд. Диловар Тоҳиров, донишҷӯи
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур косташавии ахлоқи ҷавононро ба паст будани маърифату шуурнокии онҳо вобаста дониста, мегӯяд: “Агар волидон заррае ҳам бошад тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал намоянду аз хурдиаш дар тарбияи фарзанд беаҳамиятӣ накунанд, ҷавон ё наврас, албатта, соҳиби ахлоқи ҳамида мегардад”. - Яке аз сабабҳои паст будани ахлоқи ҷавонон аз китоб ва китобхонӣ дур мондани онҳост. Барои чӣ маҳз китобхонӣ? Чунки имрӯз технологияи гуногуне, ки дастраси ҷавонон аст, тавонист байни ҷавонон ва китобхонаҳо ва ё китобхонӣ фосила гузорад. Китоб ки яке аз воситаҳои расонидани ғизои маънавӣ ба инсон мебошад, дур шудани ҷавонон аз он, ҳамзамон дур шудан аз ғизои маънавист. Ғизои маънавӣ ахлоқ аст, одоб аст, одамгарист. Шахс, ки бе ғизои маънавӣ монд, яъне, беахлоқ, беодоб ва дур аз одамгарӣ мемонад...”, - мегӯяд Барно Ёрова ном ҷавон. Ҷавони дигар Илҳом Юнусов сабабҳои косташавии ахлоқи ҷавононро дар истифодаи нодурусти интернет ва сомонаҳои интернетӣ шарҳ медиҳад: “Ин ки имрӯз технология бо суръат тараққӣ дорад, хуб аст. Аммо бадии кор он аст, ки на ҳама ҷавонон аз он дурусту баманфиат истифода мебаранд. Ин ҳолат бошад, ба ахлоқи эшон таъсири манфӣ гузоштааст”. Ҳамсуҳбати дигарамон Чаманоро Сангинова оқибати
бадахлоқии ҷавононро барои онҳо бад арзёбӣ карда, бетарафии ҷомеаро сабаб медонад. Ӯ мегӯяд: “Ҷомеа ҳар қадар пеш равад ҳам, дар ҳама давру замон муносибати хуб ва хушгуфторӣ миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ ҳамеша боқӣ мемонад. Бетарафии аҳли ҷомеа аз омилҳои бадахлоқии баъзе аз ҷавонон аст. Имрӯз калонсолон шоҳиди муоширати бади ду ҷавони ҳамсину сол мешаванду нодида гирифта, нисбат ба ҳодиса бетарафӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар мушоҳида мешавад, ки имрӯз қисми зиёди ҷавонони мо гӯши суханшунав надошта, чунин вонамуд мекунанд, ки ба насиҳат ниёз надоранд...” Воқеан, ахлоқи накӯ инсонро маҳбубу соҳибэҳтиром мегардонад. Фирдавсии бузург, ки асари безаволаш моломоли панду насиҳат аст, мегӯяд: “Намонад ҳаме неку бад пойдор, Ҳамон беҳтар ки некӣ бувад ёдгор”. Бале, умр зуд мегузарад ва мо танҳо одобамонро нишон мемонему ахлоқи накӯямонро. Беҳтар аст, рӯ ба хушахлоқӣ биёрему ба эҳтироми якдигар, чунки, бешубҳа, агар мо як чизи зебову як чизи безебро дидем, ҳатман зебояшро интихоб мекунем. Чунки зебояш дилкаш аст, чунки зебоӣ ҳамеша ба ҳар кас маъқул меаояд. Пас, мо ҳам кӯшиш кунем, ки ахлоқамонро зебо гардонем, аз ахлоқи нозебо даст кашем, то маъқбули ҳамагон ва соҳиби эҳтиром гардем. Фарзона ИСМОИЛОВА, “ҶТ”
www.javonon.tj
Тавассути китоби нависандаи маҳбуб Шераки Ориён «Марги роҳбалад, ё муаммои кушта шудани Туғрал», ки нашриёти «Ашӯриён» бо банду басту ороишоти арзанда ба табъ расондааст, хонанда аз сурат ва сирати аслии шоир ва ринде чун Нақибхони Туғрал бо тарзи комилу амиқ ошно мегардад.
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
E-mail: javonontj@mail.ru
“Истиқлол” – ғолиби мусобиқа ба хотираи Султон Мирзоев
8-11 октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи анъанавии футбол ба хотираи Мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон Султон Мирзоев миёни наврасони соли таваллудашон 1999 доир гашт.
Бохти Тоҷикистон аз Урдун
Дар мусобиқа 8 даста дар ду гурӯҳ иштирок карданд. Ба гурӯҳи “А” «Истиқлол» (Душанбе), «Исфара» (Исфара), «Монтажник» (Тараз, Қазоқистон), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва ба гурӯҳи «В» дастаҳои тими мунтахаби наврасони кишвар (U14), «Ош» (Қирғизистон), МҶМОВ (Душанбе) ва «Хатлон-2» (Восеъ) дохил буданд.
Дар бозии финалӣ дастаи “Истиқлол” бар тими “Монтажник”-и Тараз бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад, наврасони МҶМОВ тими мунтахаби наврасони то 14-солаи кишварро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Баъд аз анҷоми бозии финалӣ бозингарони беҳтарин маълум
гаштанд: Максим Негода («Монтажник», Қазоқистон) – беҳтарин дарвозабон, Зариф Музаффаров («Истиқлол») – беҳтарин ҳимоятгар, Эмомалии Аҳмадҷон (тими наврасони Тоҷикистон, U-14) – беҳтарин нимҳимоятгар ва Шуҳрат Султонов (МҶМОВ) – беҳтарин ҳамлагар-нишонзан (10 тӯб).
Тими миллии футболи кишвар дар марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон-2018 сеюм бозиро шоми дирӯз – 13 октябр бар ғолиби гурӯҳи “В” – тими Урдун бо ҳисоби 0:3 бохт. Бозӣ дар варзишгоҳи байналмилалии Уммон доир гашт. Қисми аввал бе гол хотима ёфт. Мизбонон дар қисми дуюм се тӯб вориди дарвозаи Алишер Туйчиев карданд. Дар бозии дигари гурӯҳи “В” тими Қирғизистон дар майдони худ бар дастаи Бангладеш бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Баъд аз шаш давр дар ҷадвали гурӯҳи “В” Урдун бо 13 хол пешсаф аст. Дар ҷои дуюм бо 9 хол ғолиби Ҷоми Осиё-2015 тими Австралия қарор дорад. Ҷои сеюмро Қирғизистон бо 8 хол ишғол кардааст. Тоҷикистон, ки 2 хол дорад, дар ҷои чорум ва Бангладеш бо 1
хол дар ҷои охир мақом гирифтаанд. Бозиҳои даври ҳафтум 12 ноябр баргузор мешаванд. Дар ин рӯз тими миллии кишвар дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо дастаи Бангладеш вомехӯрад. Австралия бошад, дастаи Қирғизистонро қабул мекунад. Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек (Қирғизистон) даври панҷуми марҳилаи дуюми интихобии чемпионати ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё миёни тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон доир гашта, мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.
Шуҷоати наврасон дар Мастчоҳ
Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ чанде пеш дар ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба ёдбуди Мирзоҳаким Умедов, яке аз поягузорони соҳаи варзиш дар ноҳия, Мураббии шоистаи варзиши мамлакат мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо байни наврасони соли таваллудашон 2001-2004 доир гашт.
www.javonon.tj
Муовини раиси ноҳия Мавлуда Баҳриддинзода, ки дар мусобиқа иштирок дошт, дар хусуси саҳми шоистаи Мирзоҳаким Умедов дар рушди варзиш чунин иброз намуд: “Корномаи зиндагӣ, хизматҳои арзанда ва сифатҳои неки марҳум Мирзоҳаким Умедов барои наврасону ҷавонон шоистаи омӯзиш ва мояи ифтихору пайравӣ мебошад. Ин марди ҷасуру диловар ва фидоии варзиш пас аз хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ аз соли 1972 то охири умр дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6, 17 ва Мактаби варзишии бачагонаи ноҳия ҳамчун муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва устоди варзиш пурсамар фаъолият намуда, дар баробари ин дар чандин мусобиқаҳо аз руйи намудҳои гуногуни варзиш ғолиб шуда, шарафи сокинони ноҳияро баланд бардоштааст”. Дар мусобиқа 273 паҳлавони наврас дар ҳайати 16 даста, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳру навоҳии вилояти Суғд – Хуҷанд, Истиқлол, Чкалов, Исфара,
Фаррухи Салим қаҳрамони Осиё
Фаррухи Салим дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо байни ҷавонон (Junior Asian Judo Championships 2015), ки 11-12 октябр дар Бангкоки Тайланд баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид. Вай дар вазни -90 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ Ботир Хоҷамуҳаммадови туркманро шикаст дод. Дар мусобиқа 168 варзишгар (98 писар ва 70 духтар) аз 23 кишвар иштирок доштанд. Тоҷикистонро 3 гӯштингир дар сабқати ҷавонон намояндагӣ карданд. Дар ҳисоби даставӣ Ҷопон бо 14 медал (12 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ғолиб шуд. Кореяи Шимолӣ бо 4 медал (1-3-0) ҷойи дуюм ва Тайван бо 6 медал (1-1-4) ҷойи сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло мақоми 5-умро соҳиб шуд.
Ғончӣ, Куҳистони Мастчоҳ иштирок доштанд. Дар натиҷаи нишон додани маҳорату паҳлавонӣ ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа муайян гардиданд. Ҳамин тавр, аз рӯи намуди гӯштини дзюдо байни наврасони синну солашон 2001-2002 дар вазни 28 кило Олимбек Нусратов (Мастчоҳ-2), вазни 32 кило Абдулло Мирзоев (Душанбе), вазни 35 кило Муҳаммадсолеҳ Қувватов (НТМ), вазни 38 кило Хайём Обидзода (Мастчоҳ-2), вазни 60 кило Аҳмадҷон Қурбонзода (Хатлон), вазни 66 кило Шарифхоҷа Маҳмадов (Хуҷанд), вазни аз 66 кило зиёд Ибодулло Боқиев (Куҳистони Мастчоҳ) ғолиб омаданд Ғолибон бо медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Дар маҷмуъ дар байни дастаҳо дастаи ноҳияи Мастчоҳ бо гирифтани 14 медали тилло, 12 нуқра ва 16 биринҷӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин бора Саидҷаъфар Азизов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ хабар дод.
ҲУНАР
Он вақтҳо аксар ҷавонони водии Қаротегин ҳамчун коргари мавсимӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мерафтанд. Тақдир ҳам бо чанд рафиқи худ ба шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафт ва дар заводи пахтатозакунӣ ба кор даромад. Ӯ пахтаи аз пунба тозашударо той мебаст. Чун ин касбро хуб аз худ карду бо ҳунари волояш мумтоз гашт, директори завод ӯро бригадир таъйин намуд. Тобистон пахта тамом шуд ва коргарони мавсимиро ҷавоб доданд. Дар як гӯшаи хушманзари шаҳраки Гулистон барои кӯдакон боғчаи бачагона месохтанд. Ҳангоми деворҳои онро бардоштан борҳо Тақдир ба чӣ гуна сохта шудани он ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Чун дар завод кораш ба охир расиду бекор монд, боз ба назди ҳамон боғча омад. Чанд нафар барои бомпӯш намудану дар ҳавлии он сохтани хоначаҳои махсус барои бозии кӯдакон маслиҳат доштанд. Тақдир суханони онҳоро шунид ва вақте фаҳмид, ки ба устои чӯбтарош ниёз доранд, гуфт: - Ако, ман устои чӯбтарош ва дуредгарам, ин бинои шуморо бисёр зебо пӯшонида метавонам. Саркор ба гуфтаи ҷавон мароқ зоҳир намуд ва аз чи гуна пӯшондани он пурсон шуд. Тақдир тартиби иҷро намудани кори худро ба ӯ фаҳмонд. Чунин иҷрои кор саркорро хуш омад ва фаҳмид, ки ҷавон беҳуда даъво накарда будааст. Бинобар он, пурсид: - Барои иҷрои ин кор ба ту чӣ лозим аст? - Масолеҳи сохтмонӣ ва як дастгоҳи харротӣ, то ман тавонам ҳам дару тиреза тарошаму ҳам бому пешдолон ва хоначаҳои назди ҳавлиро ба таъби дили худ бунёд созам. Дастгоҳи харротиро оварданд ва Тақдир бо дӯстонаш корро сар кард. Дар байни ду моҳ корро ба охир расонд ва ширхоргоҳи сохтаи ӯ беҳтарин кӯдакистони шаҳри Гулистон дониста шуд. Ба ӯ бар замми пули ваъдагӣ мукофот доданд ва дастгоҳи харротӣ туҳфа карданд. Ӯ дастгоҳашро ба деҳа овард ва чанд муддат ба ҷуз дару тиреза мухпар, нонросткун ва табақ метарошиду бо ин ҳунари волои худ рӯз мегузаронд. Соли аввали сар задани ҷанги
- Ин ҳунари ночизи ман сабаб шуд, ки шаш бор бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрам ва аз тарафи ӯ ҳунари ман сутуда шавад. Вохӯрии аввали ман бо Сарвари давлат дар ноҳияи Рашт иттифоқ афтод. Дар ноҳия Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешуд ва ман аз ҳисоби ҷамоати деҳоти Комсомолобод дар ин ҷашн иштирок доштам. Дар қатори дигар ҳунармандон дастранҷи худро, ки аз табақу табақча, асалгирак, шакаргирак, лаълии дутабақа ва ғайраҳо иборат буд, ба намоиш гузоштам. Президент аз растаи ҳунармандон гузашта, ба дастранҷи устоҳо мароқ зоҳиркунон ба назди ман омад. Зарфҳои сохтаи ман диққати ӯро ҷалб карданд ва дар назди ман истод. Ман аз шаҳомати ин бузургмард худро гум кардам. Ӯ бо ман чӣ гуфту ман чӣ ҷавоб додам, дар ёдам нест. Фақат ҳаминаш ба ёдам мондааст, ӯ фармуд: “Дастҳоят дар-
осорхонаи ноҳия баред ва музди онро бо мукофоташ ба ӯ бидиҳед”. Табақро ба осорхона бурданд ва ба ман 2000 сомонӣ доданд, ки он вақт ин маблағи калон буд. Бори сеюм, дар намоише, ки
шидашударо дар табақ гузошта, ба Сарвари давлат медодам, то ба Д. Медведев туҳфа мекард. То ҳол ҳар вақте ин ҳодиса ба ёдам расад, шармам меояд. Бори чорум, дар поёни пули
дро набинад, усто” ва маро дуо дод. Бори дуюм соли 2006 дар ноҳияи Нуробод вохурдем. Чун пештара, ман зарфҳои сохтаи худро ба намоиш гузошта будам. Бар замми чизҳои пешина табақи калони зебое тарошида будам, ки қутри он 1,2 метрро ташкил медод ва барои бардоштани он аз ду тарафаш занҷир насб карда будам, ки ба табақ ҳусни дигаре мефузуд. Сарвари давлат ба асбобу зарфҳои аз чӯб сохтаи устоҳо наззоракунон ба наздам омад ва маро шинохту истод. Маро пурсупос намуд ва ба он табақи калони тарошидаам таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, ба мутасаддиёни ноҳия фармоиш дод: “Ин табақи тарошидаи усторо ба
дар шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи бинои Тоҷикматлубот баргузор гардида буд, бо Президенти кишвар вохӯрдам. Мо - ҳунармандон колои худро ба намоиш гузошта будем. Ногоҳ дидам, ки Сарвари давлат бо собиқ Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев асбобу зарфҳои аз чӯб сохтаи устоҳоро тамошокунон ба тарафи ман меояд. Чун ба назди ман расид, аҳволпурсӣ намуд. Д. Медведов бошад, гулдоне, ки аз чӯби тут тарошида будам ва дар ниҳояти зебоӣ буд, ба даст гирифт ва ба наззораи он машғул гашт. Пас аз кадом чӯб тарошида шудани онро пурсид, ман ҷавоб додам, ки аз чӯби тут. Аз афташ ин дарахтро ба ёд оварда натавонист, ки аз чигунагии дарахти он пурсон шуд. Ман дар ҷавоб гуфтам, ин дарахтест, ки мо барги онро ба кирмак мехӯронем ва пилла истеҳсол менамоем. “Ҳа, акнун фаҳмидам”, - гуфт ва гулдонро ба ҷояш монда, роҳи худро идома доданд. Онҳо то охири раста рафта боз ба ҳамон роҳашон баргаштанд ва Д. Медведев дубора ба зарфҳои тарошидаи ман мароқ зоҳир кард. Табақе, ки дар он чор қошуқ гузошта шуда буду онро нафис тарошида будам, дар рӯяш нақши панҷ ҳарф офаридам, ки он калимаи “Табақ”-ро ташкил медод. Д. Медведев он калимаро хонда, аз ман пурсид: “Ин табақ аст”? Гуфтам: оре. Аз кадом чӯб онро тарошидаӣ? - боз пурсид ӯ. Гуфтам: “аз чӯби чормағз ва шумо онро чормағзи юнонӣ мегӯед”. Аз кадом чӯб тарошида шудани қошуқҳоро низ пурсид ва ман ҷавоб додам, ки аз чормағз. Ӯ табақро низ ба ҷояш гузошту ба роҳи омадаашон баргаштанд. Рости гап, барои як табақтароши одӣ бо президентони ду кишвар сухан гуфтан ва ба саволҳои онҳо ҷавоб додан кори осон набуд. Ман худро тамоман гум карда будам. Чун онҳо аз назди ман рафтанд, баъд хатои худро ҳис кардам. Ман бояд он гулдони аз чӯби тут таро-
бозори “Баракат”, аз тарафи чапи дарёи Душанбе ва бори панҷум, дар ноҳияи Данғара ҳангоми ҷашни иди Наврӯз ва бори шашум дар шаҳри Кӯлоб ҳангоми вохӯрии Президенти кишвар бо мардуми ин марзу бум бо Сарвари давлат вохӯрдам. Дар ҳамаи ин вохӯриҳо Президент аз аҳволи ман пурсон мешуду “дастонат дардро набинад, усто” мегуфт. Ин гуфта барои ман беҳтар аз ганҷе буду ба ман рӯҳу илҳоми тоза мебахшид. Ҳоло ҳам ҳар зарферо, ки тарошиданӣ мешавам, гумон мекунам Президенти ҷумҳурӣ ба ин кори ман наззора карда истодааст ва ман онро аз зарфҳои пешина зеботар метарошам. Дар ноҳияи Кӯлоб баъди таърифи Сарвари давлат мӯйсафеде ба назди зарфҳои тарошидаи ман омад ва онҳоро як-як ба даст гирифта аз назар гузарониду боз ба ҷойҳояшон гузошт ва куҷоӣ будани маро пурсон шуд. Ман аз ноҳияи Нуробод будани худро изҳор кардам. Ӯ гуфт: “Ман аз ин ҷо гузаштанӣ будам. Вақте Ҷаноби Олӣ туро таъриф намуд, хостам маҳсули меҳнати туро аз наздик бинам. Зеро ман Ҷаноби Олиро хуб мешиносам ва ӯ ҳар касро таъриф намекунад. Маро ҳафт пуштам устои табақтарош гузаштааст ва шогирдон дораму аксари устоҳои вилоёту ноҳияҳои ҷумҳуриро мешиносам ва зарфҳои тарошидаи онҳоро дидаам. Вале ҳамчунон зебову нафисе, ки ту тарошидаӣ, ман то ҳол дар ҳеҷ ҷо надидаам. Ман ҳам ба ҳунари ту тан додам ва мегӯям: “Ҳеҷ гоҳ дастонат дардро набинад”. Имрӯзҳо усто Тақдир дар ноҳия ба тарбияи шогирдон машғул аст. Ӯ ҳунари худро ба шогирдон омӯзонда, орзу дорад, ки аққалан дар ҳар ҷамоати деҳоти ноҳия як шогирде дошта бошаду ин шогирд чун ҳунарманди асил ба мардум хизмат намояд.
E-mail: javonontj@mail.ru
шаҳрвандӣ, ки дар ноҳия зиндагии мардум мушкил шуд, дигар ба чизҳои истеҳсолкардаи ӯ касе мароқ зоҳир намекард. Ночор барои мардикорӣ ба Федератсияи Русия рафт. Дар шаҳри Новокузнетски вилояти Кемерово 14 сол фаъолият намуд. Дар он ҷо ширкате таъсис дод бо номи “Леспромпроект”. Соли 2006 ҷиянаш Нурмаҳмад, ки дар шаҳри Красноярск мардикор буд, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид. Ӯ ба шаҳри Красноярск рафт ва ҷасади ҷиянашро ба воситаи самолёт ба ноҳия овард. Баъд аз ин дигар ба Русия нарафт ва соли 2008 дар ноҳия дукони тахтабурӣ ташкил намуд. Барои аз чӯб тахта буридан аз деҳоти гирду атроф корафтодагон меомаданд. Баъди чанд моҳ корхонаи усто Тақдир дар ноҳия маъруф гашт. Ин сабаб шуд, ки аз ноҳияҳои ҳамсоя низ барои коркарди чӯбҳояшон ба корхонаи ӯ меомаданд. Баъдтар маълум гашт, ки кор-
13
Дастони пурэъҷоз
карди чӯб мавсимӣ будааст. Аз моҳи ноябр то фарорасии баҳор кор дар дукони ӯ қатъ мегардид. Барои муддати зиёд бекор намондан дар маркази собиқи ноҳияи Нуробод дукони табақтарошӣ бунёд намуд. Дар корхонааш ба ҷуз табақ ба тарошидани лаълиҳои чӯбин, асалгирак, шакаргирак, лаълии дутабақа, гулдон, зарф барои меваҷот, донагӣ ва сабзавот, ғӯрак (ҳован) ва ғайра сар кард. Ин зарфҳои бениҳоят зебо тарошида ва ороишдодаи усто Тақдир аз ҳунари волои ӯ ҳикоят ва худи ӯро ҳамчун беҳтарин устои ноҳия муаррифӣ менамуд. Ӯ аз иштироки худ дар ҷашну маросимҳои пуршукуҳ ёдовар шуда, чунин мегӯяд:
Ҳалимҷон ҲУСЕЙНОВ
www.javonon.tj
Тақдир соли 1981 баъд аз хизмати аскарӣ дар деҳа зист ва ба падараш, ки устои чӯбтарош буду хонаҳои ҳамдеҳагонашро бомпӯш мекард, ёрӣ мерасонд. Аз падар нозукиҳои ин касбро омӯхт, вале диққати ӯро касби дуредгарӣ бештар ҷалб менамуд. Баъди каме шогирдӣ ин касбро ҳам аз худ намуд ва ба тарошидани дару тиреза сар кард.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
14 E-mail: javonontj@mail.ru
Файзимади НАЗАР
Оила
Алиакбари САФАР
Нахоҳам беватан бошам Ғамам не, бекафан мирам, нахоҳам беватан бошам, Ба ҳар дашту даман лабташнаи оби Ватан бошам. Нахоҳам беватан бошам, Нахоҳам беватан бошам. Чу шеъри Рӯдакӣ аз тору пудам нағма мехезад, Саропо пур зи ҳар як панди пирони куҳан бошам. Нахоҳам беватан бошам. Ҳама оҳи фалак дар навҳаҳои чангу най дидам, Ба назми пурнишоти Мавлавӣ дар анҷуман бошам. Нахоҳам беватан бошам. Ба лаб номат, ба дил меҳрат, Ватан, умре Ба табъи шод чун шоҳаншаҳи мулки Яман бошам. Нахоҳам беватан бошам.
Диёрам Ба ҳар як навдаи хору ба ҳар як панҷаи хокат, Ба ҳар сангу ба ҳар ганҷу ба ҳар як чашмаи покат, Ба ҳар кӯҳи баланди нуқрафоми сар ба афлокат, Ба ҳар як луқмаи нону ба ҳар марди баидрокат, Туро ман дӯст медорам, диёри ваҳдатободам. Ба дил дарёи Вахши номдорат хуш наво дорад, Зарафшони гулафшонат ба амвоҷаш шифо дорад, Бубин лаъли Бадахшонат, диёри сабзи Хатлонат, Ба қалби поки ҳар инсон чу кони ганҷ ҷо дорад, Туро ман дӯст медорам, диёри ваҳдатободам.
Дареғ! Навҳае сари ҷангҳои террористии ҷаҳони имрӯз Гиряҳои сангро дидам, дареғ. Хандаи найрангро дидам, дареғ. Обрӯ аз шишаи номус рехт, Қасди соғарҷангро дидам, дареғ. Дар ҷабини навҷавонон бармаҳал, Сархати ожангро дидам, дареғ. Ҷангро нодида ҷанговар шудам, Мурдани фарҳангро дидам, дареғ. Зангие оинаро бишкасту гуфт: «Бори дигар зангро дидам, дареғ. Занг, яъне чист, медонӣ ту ҳам, Чеҳраи афрангро дидам, дареғ». Каҷкулаҳчингизро дар даври нав, Боз Темурлангро дидам, дареғ. Ҷуз бахуноғуштагӣ ранге намонд, Ман куҷо «Аржанг»-ро дидам? Дареғ. Шири модар сурх шуд з-овози тир: Бори дигар ҷангро дидам, дареғ!
Ёру рақиб www.javonon.tj
АДАБИЁТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
Борҳо бастам камар дар мотами ёру рақиб, Бори дигар дида чашмони нами ёру рақиб. Рӯзи хурсандӣ набудам гарчи ман дар ёдашон, Рӯзи сахтӣ будаам ман ҳамдами ёру рақиб. Аз вафо кам дидаму ҷабру ҷафо бисёртар, Ман ба дил бисёр гуфтам он ками ёру рақиб. Рӯзи маргамро дуо карданду ҳоло зиндаам, Бо умеди рӯзгори хуррами ёру рақиб. Зиндагӣ кардем ғофил аз ғами сад зиндае, Зиндае кай мехурад дарду ғами ёру рақиб?! Бузургмеҳри БАҲОДУР
Эй арӯси гулҷамоли оила, Алҳазар, аз бадгисоли оила. Хостгорият кунад домод низ, Бахт ҳам хандад ба соли оила. Тӯй ҳам барпову ҳам алъон шавад, Тахти ту тахти ҷиболи оила. Пургул андар навбаҳори орзуст, Боғи пур аз навниҳоли оила. Ҷаҳд кун бо боварии комилат, Дар пайи касби камоли оила. Оҷили кори савобу хайр бош, Бартараф зӣ аз вуболи оила. Тиккаашро шав нигаҳдор аз ҳаром, Зикка паз нони ҳалоли оила. Бош бо бешу камаш қоиммақом, Дар ҷавоби ҳар саволи оила. Бо ҳама ин оламе барҳам хӯрад, Гар расад рӯзе заволи оила...
Мезанад Фарди ҷафокардаро ҳаққи вафо мезанад, Марди хатокардаро каффи дуо мезанад. Бош бирешимасар кирмсифат пилларо, Шахси дағалпешаро барқу бало мезанад. Нону намакхӯрдаро, гимди намак бурдаро, Пос надорад агар, нони шумо мезанад. Шодии арвоҳ агар ёди ниё кардан аст, Ёд наёрандаро руҳи ниё мезанад. Гар ғами мо шеърсо аз таҳи дил рӯ зада, Ҳарки дилаш таҳ кашад, дар дили мо мезанад. Ҳарки ба худ омад ар, аҷри мудомаш расад, Ҳарки зи худ меравад, ӯро Худо мезанад... Ҳамроҳи АВЛИЁПУР
Рубоӣ Салом, эй деҳаи озодаи ман, Макони дилписанди ҳафт пуштам. Салом, эй кӯҳҳои сар ба афлок Салом, эй дашти паҳнову дуруштам. Салом, эй рӯдаки бедори деҳа, Ягона манбаи рӯзии мардум. Ту медонӣ, ки ман чун санги испед Ба ќаърат кӯдакиро кардаам гум. Салом, эй мӯйсафедони сари кат, Салом, эй нозирони поку хушгил. Аз он шодам, кунун ҳам мешиносед Маро чун баччаи Мавлои хушдил. Салом, эй роҳаки танги бари кӯҳ, Раҳи пурпечу пурсангу пур аз хор. Ба ёдат ҳаст, шеъри авваламро Навиштам дар кафат бо пои хуншор. Салом, эй дӯстони мактабиям, Салом, эй сокинони ёди ширин. Кунун ҳам баччагӣ аз пушти парта Ба сӯям мезнад фарёди ширин.
Дуруд
Дуруди ман дуруди ориёна, Дуруди ман дуруди тоҷикона. Дуруди ман ба нафъи халқи кишвар, Дуруди ман дуруди ҷовидона.
Тоҷикистон
Тоҷикистон-меҳани ободи ман, Тоҷикистон давлати озоди ман. Дар фазои поки беҳамтои ту, Чун ситора ман мунаввар гаштаам.
Модар
Модарам бошад чароғи хонадон, Нест ҳамчун модарам кас меҳрубон. Модарам бошад азизу бемисол, Дӯст дорам модарамро беҳ зи ҷон.
Шаҳри ман
Дӯст дорам шаҳри озодам туро, Дӯст дорам шаҳри ободам туро. Дӯст дорам, дӯст дорам, дӯст, дӯст, Манбаи илҳому эҷодам туро. Дилафрӯз Зафарзода Хонандаи синфи 5, МТМУ №91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фазлиддини НАСРИДИН, хонандаи синфи 11 МТМУ №53 ноҳияи Восеъ
Ба модарам
Ман садои аллат аз кӯҳсорон бишнавам, Аз навои дилписанди чашмасорон бишнавам. Аз бароям бӯи ту беҳтар бувад аз бӯи гул, Зиндаву ҷовид мон, як умр дар паҳлӯи гул. Мерасад дастат ба дасти моҳу хуршед аз замин Ҳастӣ волотар бароям модар, аз арши барин, Мепарастам ман туро баъди Худо, ай модарам, Меҳри покатро ба қалбам доимо мепарварам.
Эй ватан
Хизмататро ман ба ҷо орам Ватан, Пок хоҳам сохт хокат з-Аҳриман. Дар самоят сулҳро мепарварам, Эй азизам, эй Ватан, эй модарам.
15 E-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
www.javonon.tj
ВАРЗИШИ АҚЛ
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
E-mail: javonontj@mail.ru
16
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №41, (9415), 15 октябри соли 2015
Як истакон шир Ятимбача Ховард Келлӣ, ки бениҳоят камбизоат буд, аз субҳ то шом ҳар гуна ашёи рӯзғорро хона ба хона бурда мефурӯхт, то зиндагиашро пеш барад. Як рӯз хеле гурусна монда буд ва дар ҷайбаш ҳатто як тангае ҳам наёфт, то ягон хӯрданӣ бихарад. Аз шиддати гуруснагӣ мақсад гузошт, ки ба наздиктарин хона рафта, хӯрдание мепурсад. Аммо аз ин кор хеле шарм дошта, худро сарзаниш намуд. Чун таъсири гуруснагӣ бештар шуд, ноилоҷ ба дари хонае рафт. Занги дарро зер кард. “Агар хӯрок диҳанд - хуб, надиҳанд ҳеҷ гап не…” гуфт худ ба худ. Баъди ду-се маротиба зангро зер кардан, духтари соҳибҷамоле дарро кушод. Ховард ӯро дида, худро “гум кард”. Аз духтар шармида, мақсадашро фаромӯш кард. Ниҳоят, дар ҳаяҷон монда, дили нохоҳам пурсид: - Хоҳиш мекунам, ба ман як истакон об диҳед. Ранги заъфарони писаракро дида, духтар пай бурд, ки ӯ гурусна аст. Сипас, аз хона як истаконро пури шир карда баровард ва ба ӯ дод. Ховард ширро нӯшида, пурсид: - Ба шумо чанд пул доданам лозим?
- Ҳеҷ, - ҳалимона ҷавоб дод духтари соҳибҷамол ва афзуд: – Модарам насиҳат карда буд, ки ҳаргиз барои некиат подош маталаб. - Пас, барои некиатон ташаккури зиёд, гуфт Ховард. Акнун Ховард худро ҳам ҷисман, ҳам руҳан хубтар ҳис мекард. Бовар дошт, то он даме, ки чунин шахсони хайрхоҳ дар рӯйи олам вуҷуд доранд, умед ба зиндагӣ ҳаст! ... Аз байн чанд сол гузашт. Зане ба бемории вазнин гирифтор шуд. Духтурони ноҳия баъди кӯшиши зиёд чун илоҷашро наёфтанд, занро ба беморхонаи шаҳр равон карданд, то мутахассисони ботаҷриба машварат дода, табобаташро муайян кунанд. Миёни духтурони ботаҷриба, ки барои машварат ба бемории зан ҷамъ шуда буданд, духтури номдор Ховард Келлӣ низ ҳузур дошт. Вақте Ховард маълумотномаи бемор ва аз кадом ноҳия будани ӯро шунид, тозон ба ошёнаи дуюм, ҳамон ҷое, ки бемор бистарӣ буд, равон шуд. Духтур оҳиста ба нази вай даромада, аз наздик назар карда, занро шинохт. Ӯ ҳамон духтари соҳибҷамоле буд, ки солҳо пеш ба вай як истакони пур шир дода буд. Занро, ки ҳамон
пагоҳӣ аз роҳи дур оварда буданд, монда шуда хобаш бурда буд. Баъд аз омӯзиши таърихи бемории зан ва натиҷаи санҷиши духтурон Ховард ғамгин шуд. “Вай дар ҳолати марг аст!” - бо худ гуфт Келлӣ. Духтур ба ҳуҷраи кориаш баргашта, то дер хомӯш нишаст. Ӯ андеша мекард. Дар бораи зан, дар хусуси нотавонии худ, ки ба ин зани замоне барояш некикарда мадад расонида наметавонад. Ҳар қадар бештар фикр мекард, ҳамон қадар иродааш қавӣ мегашт. Баъди дурудароз фикр кардан аз ҷояш хеста ба худ гуфт: “Не! Ман барои аз қабзаи марг раҳондани ин зан тамоми қувваамро сарф мекунам. Ҳама корро мекунам, то ӯ сиҳат ёбад!” Аз ҳамон рӯз сар карда, духтур Ховард ба бемор диққати махсус медодагӣ шуд. Ниҳоят, баъди муборизаи мураккаби ҳаштмоҳа ӯ тавонист бемории шадидро табобат кунад. Ҳаёти зани ҷавон акнун бехатар буд. Келлӣ аз муҳосиботи беморхона хоҳиш намуд, ки маблағи барои табобати зан масрафшударо ба ӯ супоранд. Воқеан, вақте масрафро ҳисоб карда ба Ховард доданд, маблағи ҳангуфте барои табобати зан харҷ шуда буд. Чунки табобат тӯлонӣ буду беморӣ вазнин ва натиҷа мусбат. Духтур бо қалам рӯи коғазе, ки масрафи табобат дарҷ ёфта буд, чизе навишта, ба муҳосиб дод, ки акнун бурда ба зан супорад. Зан коғази масрафи табобатро аз дасти муҳосиб гирифта, аз тарс онро хондан намехост. Чун бовар дошт, ки барои табобаташ бояд маблағи калон пардозад. Меандешид, ки барои пардохти ин маблағ бояд то охири умраш кор кунад. Зан ноилоҷ коғазро кушод, чун муҳосиб ҳанӯз дар утоқ буду мунтазир. Бо кушодани коғаз аввалин чизе ба чашмаш бархурд, ҳамон навиштаи духтур буд: “Пардохт карда шуд”. Дар поёни коғаз чунин навиштаҷоте ҳам буд: “Тамоми масрафи табобататон бо як истакони пури шир пардохт карда шуд! Духтур Х. Келлӣ”. Аз чашмони зан ашки шодӣ рехт. Ӯ аз сидқи дил ба духтур миннатдорӣ баён кард. Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ
ОБУНА - 2016
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
www.javonon.tj
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Муаллима аз Салим мепурсад: - Калон шудӣ, чӣ мешавӣ? Салим: - Падарам дар кони тилло кор мекунад. Ҳар рӯз ба хона тилло меорад. Мактабро ки тамом кардам, он тиллоҳоро мефурӯшам ва миллионер мешавам. Баъд зан мегираму аз сару рӯяш тилло мерезам. Барои занам қасри боҳашамат месозам! Муаллима: - Хеле хуб, бишин. Канӣ, Шуҳратҷон аз ҷой хеста ба ман гӯй, ки калон шудӣ, чӣ мешавӣ? Шуҳрат: - Ман зани Салим мешавам!
*** Зану шавҳар барои тарбияи писарашон робот мехаранд, ки гапи дурӯғро фаҳмида, дурӯғгӯро зуд ҷазо медиҳад. Иттифоқан, он рӯз писар аз мактаб дер меояд. Падар: - Куҷо будӣ? Писар: - Дарси иловагӣ доштем. Робот писарро як шаппотӣ мезанад. Падар: - Ана, дидӣ. Дуруғгӯӣ хуб нест. Ман, масалан, ҳеч гоҳ дурӯғ намегӯям. Робот омада, падарро ҳам шаппотӣ мезанад. Зан хандида: - Хуб шудӣ! Чаро дурӯғ мегӯӣ? Охир вай писари ту аст. Робот ба пешонии зан мушт мефарорад...
*** Мард ба ҳамсараш: - Агар бори дигар ба лаҳзаи мулоқоти авваламон бармегаштем... Зан: - Чиро иваз мекардӣ? Мард: - Ба он мулоқот намеомадам.
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
Лутфи ҷавонӣ
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби
масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Бахтовар АМИНЗОДА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Саодат ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Суғд), Фарзона ИСМОИЛОВА, (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).
Шартномаи хариду фурӯш, таҳти рақами ХТ0380471, ки дар идораи ноториалии ноҳияи Қубодиён ба номи Хурамов Каримҷон ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонӣ, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Абдулҳаев Фарҳод Холмуҳаммадович, донишҷӯи ихтисоси 24010200, додааст, эътибор надорад. Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигии №0487929, ки 20.01.2008 таҳти рақами 8883 дар Кумитаи замини ноҳияи Қубодиён ба номи Рӯзибоев Хайрулло ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи рақами 112356, ки МТМУ №42-и ноҳияи Қубодиён соли 1992 ба Маметов Абдураҳмон додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи рақами 0583614, ки МТМУ №42-и ноҳияи Қубодиён соли 2012 ба Гулмуродов Исломбег додааст, эътибор надорад.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901-06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7620 нусха ба нашр расид.
•
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»