НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№41 (9467), 13 октябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
РУШДИ ВАРЗИШ
Ислом ба зоти худ надорад айбе...
Аввалин медали олимпиро ҷудокорон овардаанд
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
РУШДИ САЙЁҲӢ
Пешвои миллат
- муаррифгари Тоҷикистон дар ҷаҳон
ҲАФТ РӮЗ 06.10.2016 Дар даромадгоҳи бинои Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бо иштироки донишҷӯёни Коллеҷи рассомии шаҳри Душанбе ва кормандони маҷаллаву рӯзномаҳо ба муносибати 90-солагии маҷаллаи «Хорпуштак» таҳти унвони «Мастер-класс» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. 07.10.2016 Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат намуд. Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон Президенти давлати Русияро бо таманниёти беҳтарин ва самимият бо зодрӯзаш табрик намуд. Зикр гардид, ки фаъолияти мақсадноки муштарак дар самти таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Русия ҷавобгӯи ҳадафҳои бунёдии мардумони ду кишвар буда, омили суботу амнияти минтақавӣ мебошад. 08.10.2016 Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва
сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Амфитеатри «Боғи Ирам»-и пойтахт бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили фарҳангии “Гулчини сурудҳои ватандӯстона” доир гардид. 09.10.2016 Аз рӯи натиҷаи озмуни ҷаҳонии «Сад макони беҳтарини сайёҳӣ», ки дар шаҳри Любляниеи Словения баргузор шуд, кӯҳҳои Помир ба номгӯи минтақаҳои тамошобоби сайёҳии ҷаҳон ворид гардид. Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ ду мавзеъ яке Юрмала дар кишвари Латвия ва дигаре кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба ин унвон сазовор гаштаанд. 10.10.2016 Дар доираи барномаи миллии “Рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо мақсади ҷилавгирии наврасону ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаркатҳои террористию экстемистӣ, салафия,
хурофотпарастию ифротгароӣ мизи мудаввар доир шуд. 11.10.2016 Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар 2-юмин Саммити муколамаи ҳамкории Осиё, ки дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд баргузор гардид, суханронӣ намуда саҳми онро дар рушди ҳамкории мутақобила байни кишварҳои қитъаи Осиё муҳим арзёбӣ кард. 12.10.2016 Даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори сол- 2016» дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки ғолибони даври якум баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 16 нафар довталаб иштирок карда, аз рӯи шартҳои озмун ҳунарнамоӣ намуданд. Аҳдия Фарухзода, муаллимаи МТМУ №12, деҳаи Искодар ғолиби даври ноҳиявии озмуни «Омӯзгори сол-2016» интихоб гардид. Ба муаллими МТМУ № 6, шаҳраки Зарафшон Садирхон Носиров ҷойи дуюм ва ба муаллимаи МТМУ №44, деҳаи Рарз Нигора Бобоева ҷои сеюмро муносиб донистанд.
2
Машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар Суғд
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
АХБОРИ ҲАФТА
Иштирокчиёни асосии намоишгоҳи “Китоби Душанбе” ҷавонон буданд 7-9 октябр дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир гардид. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳангоми ифтитоҳи намоишгоҳ иброз дошт, ки ин чорабинии пуршукӯҳ татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Бо омодагии ҳамаҷониба муаррифӣ намудани маҳсули эҷоди адибону ноширон аз як ҷониб самараи таваҷҷуҳ, мусоидат ва ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бошад, аз ҷониби дигар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии нашри китоб дар заминаи таҳкими ҳамкориҳои судманди кишвар бо ҷумҳуриҳои хориҷист. Намоишгоҳ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи асосӣ ба маъраз гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият, тарғибу ташвиқи мероси адабии халқи тоҷик, шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад. – Бо шарофати истиқлолият барои ноширони кишвар шароиту имкониятҳо фароҳам омадааст, ки мунтазам дар намоишгоҳои байналмилалии китоб иштирок намуда, дастовардҳои худро манзури оламиён гардониданд. Зимнан тибқи даъвати дӯстони хориҷиамон ҳар сол муассисаҳои нашриявии “Адиб”, “Ирфон”, “Адабиёти бачагона”, “Эр-граф” ва шоиру нависандагони шинохтаамон дар намоишгоҳи байналмилалии “Китоб ва санъати полиграфии Шоҳроҳи бузурги Абрешим” дар кишвари Қазоқистон, “Нависанда ва замон” дар Ҷумҳурии Белорус ва дигар намоишҳои кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, бо намоиши намунаҳо аз китобҳои арзишманди худ обрую нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 313 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чопӣ ва 70 нашриёт фаъолият доранд. Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо адабиёти тозанашр ҳаракати Корвони китоб нақши муассир мебозад, - гуфт Шамсиддин Орумбекзода. Дар намоишгоҳ ноширони дохилу хориҷи кишвар ва намояндагони 10 давлат, аз қабили Руссия, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Туркия, Фаронса, ШМА, Олмон, Озарбойҷон, Туркманистон маҳсули чопии худро ба тамошо гузоштанд. Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар суханрониаш, аз ҷумла гуфт: “Чорабинии имрӯза ҷашни хоса аст. Фараҳбахш аст, ки аксари иштирокчиёни намоишгоҳ наврасон ва ҷавононанд. Ин далели ояндаи дурахшони китоб ва илму маърифат ба ҳисоб меравад. Шумораи зиёди ҷавонон ба илму маърифат таваҷҷуҳи махсус доранд. Ин фақат намоишгоҳ нест, балки як донишгоҳ ва як сабақи бузург аст, барои ҷавононе, ки ояндаи худро месозанд”. Дар доираи намоишгоҳи “Китоби Душанбе” конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаи табъу нашр дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, директори Саридораи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” конференсияро ифтитоҳ бахшида, таъкид сохт, ки дар 25 соли ахир он чизе, ки дар ҷумҳурӣ дар соҳаи табъу нашр ба даст омадааст, агар ба солҳои аввали истиқлол муқоиса кунем, аз замин то осмон тафовут дорад.
Сироҷиддин Икромӣ, директори КВД “Таъминот ва савдои китоб”, дар мавзуи “Китоб ва харидор: ҳолат ва дурнамои таъминот ва фурӯши китоб” маърӯза намуда, гуфт, ки ду давра, яъне омодасозӣ ва дастрасозии китоб ба ҳамдигар иртиботи ногусастанӣ доранд. Бо корбурди сифати ба талабот ҷавобгӯ дар мавриди роҳандозии даври якум, яъне ба чоп расондани китоб барои босамар сурат гирифтани давраи дуюм, яъне дастрасозии он ба хонанда шароити мусоид фароҳам меояд. Коҳишёбии савдои китоб дар кишвар барои касе пӯшида нест. Баъзе аз коршиносони соҳа дар мавриди ин масъала бар он ақидаанд, ки нархи китобҳо гарон буда, ба киссаи мардум мувофиқ нест. Шояд то як андоза чунин ҳам бошад. Сабаби то ҷое гарон гардидани нархи китобҳо бо теъдоди ниҳоят кам ба нашр расидани онҳост. Маълум аст, ки дар чопи китоб адади нашр ҳар қадар зиёд шавад, нархаш ҳам ҳамон қадар арзон мешавад. – Мутаассифона, дар кишвари мо китобҳо аз 200 то 10001500 нусха ба нашр мерасанд, ки барои 8 миллион аҳолӣ кам аст, - афзуд С. Икромӣ. - Таҳлилҳо нишон дод, ки нархи китоб сабаби ругардонии ниёзмандон аз китоб нест. Чаро ки ҳар як хона камаш ду-се телефони мобилӣ дорад. Ба маврид медонам бигӯям, ки пас аз 50-100 сол мардум ба китобу китобхонӣ ҳатман рӯ меоранд. Ба ин чиз эътимод дорам. Зеро мардуми мо аз қадим бофарҳангу тамаддунофар буд. Аз ин рӯ, аз сардии бозори китоб ноширони мо бояд рӯҳафтода нашаванд, балки барои нашри китобҳои хуб бо дилгармӣ кор кунанд. Дар рӯзи охир ғолибони озмуни «Беҳтарин китоб» аз рӯи се номгӯ: “Бадеият ва мазмун”, “Ороиш ва сифат” ва “Асари илмӣ” эълон шуд. Дар озмун 41 асар аз 8 нашриёт иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамон аз байни онҳо ба 10 асари беҳтарин ҷойҳои ифтихориро сазовор донист. Дар номгӯи «Беҳтарин ороиш, сифат ва банду баст» нашриёт ва китобҳои зерин сазовори ҷой гардиданд: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бо китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» - ҷои аввал, “Ганҷ-нашриёт” бо «Китоби сурхи Тоҷикистон» - ҷои дуюм ва нашриёти «Адиб» бо китоби «Шеърборон» - ҷои сеюм. Дар номгӯи «Беҳтарин мазмун ва бадеият» бошад, ҷойи аввал насиби ду асар: – «Пайғоми Истиқлол» (нашриёти «Адиб») ва “Девон”-и Фарзонаи Хуҷандӣ (нашриёти «Ношир») дониста шуд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро асари «Ба хона меҳмон омад»-и Муҳаммад Ғоиб (Муассисаи нашриявии “Адабиёти бачагона”) ва «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ (нашриёти “Ношир”) соҳиб гардиданд. Дар номгӯи «Беҳтарин китоби илмӣ» бошад, асарҳои зерин соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: Нашриёти «Ирфон» бо асари «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Эмомалӣ Раҳмон ҷои аввал, нашриёти «Истеъдод» бо китоби «Бенавое дар навои най»-и Салими Хатлонӣ - ҷои дуюм ва “Ганҷ-нашриёт” бо асари «Унсурулмаолии Кайковус дар бораи хирад»-и С. Ятимов - ҷои сеюм.
3-6 октябри соли равон дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд даври ҷумҳуриявии машврати адибони ҷавон баргузор шуд. Дар маросими кушодашавии машварат субҳи рӯзи сеюми октябр дар Кохи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам ва адибони шинохта Гулназар, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Низом Қосим, Фарзона, Атахон Сайфуллоев, Аҳматҷони Раҳматзод, Ато Мирхоҷа, Парда Ҳабиб, Акбари Абдулло ва дигарон иштирок намуданд. Раҳматзода Рустам аз дастовардҳои эҷодии адибони вилояти Суғд дар замони истиқлолият, аз мақому манзалати адибон дар назди давлату ҳукумат ва ҷомеа, аз рисолати адибон дар назди халқу миллат ва илму адаб, пешрафти ҷомеа, таъсиргузории онҳо ба ахлоқу одоби инсонҳо ёдовар шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳадаф аз баргузории машварати адибони ҷавони ҷумҳуриро чунин маънидод кард: - Давлалту Ҳукумати мамлакат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса дорад, аз ҷумла ба ҷавонони эҷодкор. Баргузории машваратҳои ноҳиявию вилоятии адибони ҷавон низ ҷузъи ҳамин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба ояндаи неки адибони ҷавон аст. Ҳадафи асосии машвартҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дарёфти истеъдодҳои тозаи адабиёт аст. Дар рафти машварати омӯзишӣ кӯшиш менамоем, ки ба омӯзиши осори адибони навроҳ ҷиддӣ машғул шавем ва истеъдодҳои воқеиро ба роҳи адабиёт сафарбар намоем. Сипас, машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ, ки дар он беш аз 70 нафар адиби ҷавон иштирок доштанд, дар бахшҳои назм, наср, нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, публитсистика, адабиёти бачагона ва адабиёти ӯзбекзабон ба кори худ шуруъ кард. Дар ҳайати роҳбарон ва аъзои ҳар бахш шоирону нависандагон, адабиётшиносон ва публитсистони варзида дохил буданд. Чунончи бахши назм дар шуъбаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо роҳбарии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва ҳайати шоирон Фарзона, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Озарахш, Суруш, Адибаи Хуҷандӣ, Нуралии Нурзод идома ёфт. Бахши наср бошад, дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо роҳбарии муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ва ҳайати нависандагон Муҳиддин Хоҷазод, Маъруф Бобоҷон, Анвар Олим, Аюб Кенҷа ҷараён гирифт. Машварат 6 октябр кори худро ҷамъбаст кард, ки аз он дар бахши назм Фирдавси Аъзам, Бобаки Суғдӣ, Эҳсон Раҷабӣ, Муҳриддин Сабурӣ, Насим Қурбонзода, Бузургмеҳри Баҳодур, Шодӣ Шарифниё, Бузургмеҳри Ҳаким ва Дурдонаи Зафар ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод ва китобашон ба нашр тавсия шуд. Дар бахши наср бошад, китоби Башир Усмон, Одили Нозир, Фариштаи Назар, Малоҳат Собирзода аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба нашр тавсия шуда, Башир Усмон, Одили Нозир ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод шуданд. Раиси ИНТ Низом Қосим афзуд, ки эҳтимоли ба узвият пазируфтани 10 адиби ҷавон вуҷуд дорад. Инчунин, даҳ маҷмӯаи назму наср ва як маҷмӯаи дастаҷамъонаи навиштаҳои ҳамаи иштирокчиён интишор хоҳад шуд. Дар интиҳои машварат муроҷиатномаи ҷавонони эҷодкор ҳамчун арзи сипос ба роҳбарияти ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии пайвастаашон аз насли ҷавон, хоса ҷавонони эҷодкор садо дод.
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
ВМКБ нақшаи даъватро 82 фоиз иҷро кард 10 октябр дар "Қасри Арбоб"-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд маросими “Нонгазон” баргузор гардид, ки беш аз якуним ҳазор сарбоз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ гусел карда шуд. Дар он Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳру навоҳии вилоят, падару модарон, собиқадорони меҳнат, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳҳои маркази вилоят иштирок доштанд. Ин соли дуюм аст, ки маросими гусели ҷавонони суғдӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Амфитеатри "Қасри Арбоб" бошукӯҳ доир мешавад. Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилояти Суғд ба 63 фоиз расидааст. Дар рӯзҳои аввали даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Зафарободи вилояти
М. УСМОНОВ, “ҶТ”
Суғд нақшаи даъват ба иҷро расида, ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов низ ба иҷро наздик шудаанд. Ичунин, дар даҳ рӯзи аввал Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро 82 фоиз иҷро кардааст. Ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Рӯшони ин вилоят нақшаро пурра иҷро кардаанд. Вилояти Хатлон нақшаро 47 фоиз иҷро кардааст, аз ҷумла ноҳияҳои Носири Хусрав, Балҷувон ва Шамсиддин Шоҳин аз иҷрои пурраи нақша хабар додаанд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъват ба 38 фоиз ва пойтахт бошад ба 28 фоиз расидааст. Дар умум 50 фоизи нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш дар 10 рӯз иҷро гардидааст. Бояд гуфт, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз 1 октябр шуруъ шудааст ва то 31 ноябр идома меёбад.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
3
55555 сомонии навбатӣ ба Дилшод Назаров
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
Қадрдонии қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров идома дорад.
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Дилшод Назаров ҳоло дар вазорату идораҳо, мактаҳои оливу миёна бо аҳолӣ мулоқот мекунад. Вохӯрии навбатӣ бо иштироки мутахассисони соҳаи варзиш, мухлисон ва журналистон 8 октябр дар спорт-бари “Истиқлол” баргузор шуд. Дар анҷом директори генералии ширкати “Формула 55” Неъмат Ҷалолиддинов ба қаҳрамони олимпӣ дар ҳаҷми 55555 сомонӣ сертификат дод. Дигар варзишгарон низ аз ҷониби ин ширкат ба хотири рушди варзиш мукофотонида шуданд.
УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ
Ҷудочиёни кишвар дар Гран-прии Тошканд бе медал монданд Паҳлавонони кишвар дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки 6-8 октябр дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд баргузор шуд, бе медал монданд.
Мусовии тими ҷавонони кишвар бо ҳамсолонашон аз Ветнам Дар доираи омодагӣ ба чемпионати Осиё-2016 тими футболи ҷавонони кишвар (U-19) дар Қатар бо ҳамсолонашон аз Ветнам бозии рафиқона гузаронданд.
Дар ин мусобиқа, ки байни мардону занон дар ҳафт вазн сурат гирифт, 135 варзишгар (81 мард ва 54 зан) аз 15 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар - Баҳодур Ҳалимов, Асадулло Тоҳиров (-66 кг), Шамоили Ҷаҳонгир, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён, Муртазо Аминов (-90 кг), Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов (-100 кг) дохил буданд.
Комроншоҳ ва Саидҷалол ҷойҳои 5-умро соҳиб шуданд. Комроншоҳ баъди пирӯзӣ дар даври муқаддамотӣ бар Зиё Намозов (Озарбойҷон) ба нимфинал баромад. Вале дар даври нимниҳоӣ аз Давронбек Сатторов (Узбекистон) шикаст хӯрд. Комроншоҳ баъдан барои медали биринҷӣ аз Магомед Магомедов (Русия) мағлуб гашта, мақоми 5-умро соҳиб шуд. Саидҷалол бошад, пас аз ғалаба дар дав-
ри аввал бар Бекмурод Олтибоев (Узбекистон), дар даври нимниҳоӣ аз Ҷалил Шукуров (Озарбойҷон) шикаст хӯрд. Баъдан қувваозмоиро барои медали биринҷӣ бар Виктор Демяненко (Қазоқистон) бохт. Дар ҳисоби даставӣ дастаи мунтахаби Узбекистон бо 6 медали тилло, 3 нуқра ва 11 биринҷӣ соҳиби ҷойи аввал шуд. Қазоқистон (3-2-5) ҷойи дуюм ва Русия (3-2-4) ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Вохӯрӣ 9 октябр дар варзишгоҳи “Вақра” доир гашта, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Ин охирин вохӯрии рафиқанаи тими мунтахабаи ҷавонони то 19-солаи мамлакат оид ба футбол пеш аз чемпионати Осиё2016, ки 13-30 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад, буд. Дар ин чемпионат тими ҷавонони кишвар дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбекистон (15 октябр), Чин (18 октябр) ва Авсралия (21 октябр) вомехурад.
Ду бозии рафиқонаи тими миллии кишвар дар моҳи ноябр Дар доираи омодагӣ ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 тими миллии кишвар дар моҳи ноябр бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Афғонистон бозии рафиқона мегузаронад. 9 ноябр дастаи мунтахаби футболи кишвар бо мунтахаби Туркманистон, ки айни ҳол дар рейтинги Федератсияи байналмилалии футбол дар ҷои 116-ум аст, вомехӯрад. Вохӯрии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 17:00 оғоз мегардад. Баъд аз 4 рӯз – 13 ноябр мунтахаби кишвар дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ тими Афғонистонро, ки дар рейтинги FIFA дар ҷои 149-ум аст, қабул мекунад. Оғози бозӣ – 16:00. Дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Афғонистон мисли тими миллии кишвари мо иштирокчии даври интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда шуруъ мешавад, мебошанд.
“Пента-трик”-и Манучеҳр Ҷалилов дар бозӣ миёни “Истиқлол” - “Парвоз” Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи даври ҳаждаҳуми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бар дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 8:2 ғалаба кард. Манучеҳр Ҷалилов дар ҳайати тими ғолиб Бозиҳои даври 16-ум 15-16 октябр баргузор 5 гол зада, ҳисоби голҳояшро дар чемпионати мешаванд. Дар ин давр “Истиқлол” бо “Регаримсола ба 20 расонд. ТадАЗ”, “Парвоз” бо “Хуҷанд”, КМВА «Помир» бо Акнун барои унвони қаҳрамониро соҳиб «Хайр», «Вахш» бо «Ҳосилот» ва «Равшан» бо шудан “Истиқлол”-ро зарур аст, ки дар се бозии «Барқчӣ» вомехӯранд. боқимонда 4 хол ба даст орад.
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Ҳосилот” (Фархор) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) КМВА “Помир” (Душанбе) “Барқчӣ” (Душанбе) “Хайр” (Ваҳдат) “Вахш” (Қурғонтеппа) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Равшан” (Кӯлоб) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)
Б 15 14 13 14 13 14 14 14 14 15
Ғ 11 8 7 7 6 5 5 5 2 1
М 3 4 2 2 2 4 3 1 3 2
Б
1 2 4 5 5 5 7 8 9 12
Т-Т 54-17 28-13 30-14 19-11 20-18 20-22 19-28 13-31 15-36 12-40
Х 36 28 23 23 20 19 18 16 9 5
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
Сипари боъэтимоди Ватан
НАМУНАИ ИБРАТ
Ӯ яке аз сипарҳоест, ки баҳри ҳимояи Ватан бардамонаву устуворона қадам ниҳодааст. Нафарест, ки санги сӯи Ватан партофташударо бозмегардонаду аз тири адӯ парвое надорад. Аз нигоҳи ин ҷавони нектолеъ ҳарфҳои муҳаббат ба Ватан, садоқат ба марзу буми кишвар ва нияти ихтиёрӣ ба ҳимояи Ватани худ рафтани ҳар ҷавонмарди баору номусро хондан мумкин аст.
Беҳрӯз нақл мекунад, чӣ тавр пеш аз худ бо азми қавию иродаи мустаҳкам ду бародараш ба хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданду ӯ низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо роҳи тайкардаи бародарон рафт. «Медонед, сабаби асосии ҳанӯз даъватнома нагирифта хизмати ҳарбиро ихтиёр кардани мо – фарзандон падар мебошанд, ки кишвари офтобрӯяи Тоҷикистонро аз ҷону дил дӯст медоранд. Ҳар рӯз суҳбати оилавии мо, асосан дар мавзӯи ватанпарварӣ ҷараён дошт. Азбаски дӯстдори каломи бадеъ ҳастанд, китобу рӯзнома ва маҷаллаҳое, ки меоранд, пур аз ҳарфҳои ватандӯстиву хештаншиносист. Махсусан, навиштаҳои хабарнигорон дар бораи ҷавонони ҷасуру фидокор, ки калимаи Ватан ҳамеша вирди забонашон буду баҳри ҳимояи он ҳатто ҷонашонро дареғ намедоштанд, писанди хонадони мо мегашт, мутолиаи он фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия мекард», - иброз дошт модари Беҳрӯз Манзурахон Одиева. Аз он хотир, ки қиблагоҳи Беҳрӯз Рустамxон Одизода ҳамкасбу ҳамқалами ман аст, ба хубӣ мешиносам. Замоне буд, ӯ ҳам дар хизмати ҳарбӣ қарор дошт. Қарзи фарзандии худро дар шаҳри Темиртауи Ҷумҳурии Қазоқистон адо кард. (Он вақтҳо чун дигар давлатҳо Тоҷикистону Қазоқистон ҳам дар таркиби Иттифоқи Шӯравӣ қарор доштанд). Маҳз қалби покизаву сухани ширин доштанаш Рустамxонро солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум (алҳол Гулистон) муаррифӣ намуда, ӯ тавонист дарозои фаъолияти корӣ тамоми кӯшишу ғайраташро баҳри гул-гулшукуфии Тоҷикистони мустақил равона намояд. Ҳайати эҷодии нашрияи шаҳрии «Соҳил», ки алҳол сармуҳаррираш Рустамxон мебошад, кӯшиш доранд, ки мавзӯи
ватанпарастӣ дар саҳифаҳои рӯзнома ҷои махсусро доро бошад. Азбаски ҳангоми суҳбат бо Беҳрӯз фаҳмидам, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ тарбия намудани фарзандон саҳми модари хонадон Манзурахон бениҳоят калон аст, аз он кас пурсон шудам, ки оё писари чоруми оила - Шодрeзро, ки алҳол хонандаи мактаб аст, ба хизмати ҳарбӣ мефиристад? - Албатта! Шодрeз низ аз ҳоло орзу дорад, ки ҳарчи зудтар либоси сарбозӣ ба тан дошта бошад. Ҳангоме ки писаронам дар хизмати ҳарбӣ буданд, онҳоро ниҳоят пазмон мешудам. Охир кадом модар пазмони ҷигаргӯшаи худ нашавад? Лекин бо андешаи тинҷиву осудагии Ватан водор мешавем, ки барои сафарбар намудани писаронамон мусоидат кунем. Хаёлотам сӯи солҳое, ки ҳар се писари Рустамxон ихтиёрӣ Меҳани худро муҳофизат карданд, парвоз намуд. Рафторxон ҳанӯз замоне (солҳои 1995-1997) хизмати ҳарбиро ихтиёр намуд, ки Тоҷикистон дар вартаи ноадолатиҳои замона азият мекашид. Ӯ дар яке аз қисмҳои ҳарбии минтақаҳои сарҳадӣ - шаҳраки Олтинтопкан (ҳозира Зарнисор) хизмат кард. Яке аз қисмҳои ҳарбии Бадахшони кӯҳиву шаҳри Хоруғ тӯли ду сол шоҳписари дуюм - Фарухxонро обутоб дод. Ду ҷавонмард бо сари баланд ба назди волидон баргаштанд. Раҳматномаву сипосномаҳои аз командирон омада сари Рустамxону Манзурахонро ба осмон расонд. Нақли ҳикояву воқеаҳои бародаронаш дар бораи зиндагии ҳарбиён Беҳрӯзро мутаассир сохта, мехост ҳарчи зудтар хатми дабистон кунаду аскари боэътимоди Ватан шавад. Ҷавонписари шуҷоъ аз рӯзҳои аввали хизмати аскарӣ на танҳо дар байни ҳамсолон, балки дар тамоми қисми низомӣ шинохта шуд. Супоришҳои аз ҷониби
командирон додашударо бечунучаро ва саривақт иҷро мекард. Дар корбасти яроқ ва ҷанги тан ба тан кам касон ба ӯ баробар шуда метавонист. Дар муддати кӯтоҳ Беҳрӯз тавонист чашмрабои ҳарбиён бошад. Маҳфилҳои адабӣ, чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ дигар бе иштироки ин ҷавонмарди шеърдону нуктасанҷ намегузашт. Ҳамагон ӯро ба ҳайси ровии хушсадо, шеърхону китобдӯст эҳтиром мекарданд. Шеърҳои бисёри дар бораи Ватан, Модар, Падар азхудкардааш, аз ҳама муҳим, бо лаҳни шевову сухани бурро қироат карданаш ҳамхизматонашро мафтун мегардонд ва онҳоро боз ҳам барои дӯст доштану муҳофизат кардани диёри худ талқин мекард. Рустамxон бошад, қисмати на фақат писари худ, балки барои дӯстдори Ватан будан ғайрати чандкарата доштану рӯҳбаланд сохтани ҳамхизматони фарзандашро низ фикр мекард. Беихтиёр андешаи ба хабаргирии хизматчиёни ҳарбӣ рафтану бо аҳволу шароити зисти онҳо огаҳ шудан ба сараш омад. Ҳамту намеравад, балки бо азму иродаи қавӣ ҷавонписаронро ба пайроҳаи рости зиндагӣ ҳидоятгар мешавад. Хулоса, Рустамҷон Одизода баъди маслиҳату машварат бо аҳли хонавода ба Душанбе рафтанӣ шуд. Се-чор нафар не, балки дар ҳайати 20 нафар ва бо ансамбли оилавӣ. - Дар гурӯҳамон на танҳо хешовандоне, ки дар ноҳияи Ашту шаҳри Гулистон зиндагӣ доштанд, буданд, балки шахсони обрӯманди диёр, ки овозаашон то ҷумҳурӣ ва аз он берун рафта буд, арбоби давлатӣ Назмиддин Мирзоев, профессор, доктори илмҳои техникӣ, шодравон Абдуқаҳҳор Турсунов сарварӣ мекарданд, - ба ёд меорад сафари фаромӯшношуданиро ба қисми низомӣ Рустамxон Одизода. Меҳмонони суғдиро худи командири қисми ҳарбӣ Рустам Амакиев (руҳаш шод бод!) пешвоз гирифт. Баъди намоиши ҳунарии хешовандони Беҳрӯзу суҳбати самимии онҳо командир миннатдории шахсӣ баён кард. «Ба қисми ҳарбии мо падару модарони зиёд меоянд. Аммо маротибаи аввал аст, ки барои дидорбинии як аскар гурӯҳи калони ансамбли оилавӣ хабаргири мо бошанд. Ташрифи шумо, бахусус барномаҳои рангини ҳунармандон, консерту суханҳои пурҳикмату самимӣ на танҳо аскарони мо, балки тамоми атрофиёнро рӯҳи тоза бахшид», гуфта буд Рустам Амакиев. Ҳамчунин, полковник Абулфайз Салимов, ки командири бевоситаи Беҳрӯз маҳсуб меёфт, миннатдорӣ баён дошт. - Ту албатта бояд хонӣ, мефаҳмӣ, хондани ту
ҳатмист. Дар ин кор худам ба ту ёрӣ мерасонам, - мегуфт Рустам Амакиев. Ҳайфову дареғо, ки чунин инсон бармаҳал аз дасти инсонҳои нопок кушта шуд… Беҳрӯз суханашро давом дода натавониста ба андеша афтод. Ман бошам, ҳарфе ба забон наоварда, ба симои ғамолудаи ӯ назар афкандам. Намехоҳам, ки дарёи андешаҳояшро халалдор созам. Пас аз гузашти 4-5 дақиқа худи ҷавонписар воқеаҳои моҳи сентябри соли гузашта рухдодаро ба хотир овард. Дар бораи амалҳои ваҳшиёнаи дастаи хиёнаткорон бо сардории Абдуҳалим Назарзода ва нафаронеро, ки савганди ватандориро шикаста, ба он хиёнат кардаанд, нақл мекарду чашмони шарорабораш пур аз оташи нафрат буд. Дар мубориза бар зидди дастаи хиёнаткорон Беҳрӯз ҳам иштирок дошт. Ӯ ва ҳамяроқонаш сар то по мусаллаҳ хиёнаткоронро то дараи Ромит таъқиб кардаанд. - Бо шунидани хабари марги Рустам Амакиев вуҷудам гӯё оташ гирифт. Ҳеҷ бовар надоштам, ки чунин командири ҳалиму меҳрубон ва ҷонфидои халқ дигар дар байни мо нест. Командирро ҳамагон дӯстдор будем, аммо ту ғамгин мабош, Рустам-ако барои Ватан ҳалок шуд, - мегуфт яке аз командирони хурд барои тасаллои дилам. Суханҳои он касро мешунидаму эҳсоси қасосгирӣ дар вуҷудам аланга мезад. Мехостам, ҳар нафареро, ки сӯи командирамон тир кушодааст, ҷазо диҳам... Беҳрӯз аз хизмати ҳарбӣ бо рутбаи старшина баргашт. Маросими пешвози сарбози ҷонфидо аз ҷониби омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии №48-и ноҳияи Ашт бошукӯҳ ҷараён гирифт. Аз нақлу ҳикоятҳои сарбоз дар замири ҳар хонандаи ин дабистон эҳсоси ифтихори миллию ватандорӣ, меҳанпарастию худогоҳӣ боло мегирифт. Айни ҳол ӯ ба ҳайси муҳофиз дар Хадамоти «Муҳофиз»-и Шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Гулистон фаъолият дорад ва байни ҳамкорон соҳибобрӯ аст. Дар баробари ин, донишҷӯи шуъбаи ғоибонаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров мебошад. Банда бо Беҳрӯз хайрбод гуфтаму андешае маро тарк намекунад: Беҳрӯз баринҳо ҳар куҷое, ки бошанд ва дар кадом касбе, ки фаъолият намоянд, пеш аз ҳама ба ҳимояи Ватан бармехезанд. Аз ҳама пеш! Уринбой УСМОНОВ, рӯзноманигор
5
Ҷавонон дар ҳар давру замон ҳам боиси тавсиф ва ҳам маломату интиқод қарор мегиранд. Дар замони мо низ, ҳарчанд Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса доранд, аммо ҳастанд нафароне, ки аз фаъолияти ҷавонон, кору пайкорашон норозиянд. Аз мусоҳибон пурсидем:
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”
Ҷавонон дар ҷомеа чӣ мавқеъ доранд?
Саидшо АКРАМОВ, ҷарроҳ: - Ҷавонон он гоҳ метавонанд ба нерӯи пурзӯри ҷомеа табдил ёбанд, ки агар маърифатнок, донишманд, хушахлоқ, соҳибкасб бошанд. Ғафлатзадагӣ, каммаърифатӣ, ахлоқи заиф, камдонишӣ, соҳибкасб набудан, андешаи озод надоштан омилҳое мебошанд, ки номи ҷавононро доғдор мегардонанд ва саҳми онҳоро дар пешрафти ҷомеа коҳиш медиҳанд. Мо масъалаи миқдорро ҳал кардем, яъне донишгоҳҳои зиёд таъсис додем, вале дар бораи сифати таълиму тарбия дар донишгоҳу донишкадаҳо камтар андеша кардаем. Бинобар ҳамин имрӯз моро зарур аст, ки бештар ба сифатнокии фаъолияти мактабҳои олӣ ва дар мактаби миёна ба омӯзиши илмҳои дақиқ зиёдтар аҳмият диҳем.
МУШОҲИДА Мардуми аксар кишварҳои ҷаҳон театрро саҳнаи зиндагӣ, тамошои намоишҳои театриро манбаи маърифат мешуморанд. Театр барояшон макони тафреҳу ахлоқу андеша аст ва дар саҳнаҳо маънии зиндагии худро меҷӯянду дармеёбанд.
Самандар АБДУЛЛОЕВ, директори КВД "Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон": - Ҷавонон дар ҷамъият мавқеи хоси худашонро пайдо кардаанд, кору фаъолият мекунанд, саҳмашон дар рушди Ватан ба назар мерасад ва дар фикри беҳбудию гул-гулшукуфии Тоҷикистон мебошанд. Албатта, омилҳои даст задани ҷавонон ба кирдорҳои ношоям низ ба назар мерасад. Ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои ватандӯстию хештаншиносӣ ва оммавию варзишӣ, инчунин дар баробари рушди устовори Тоҷикистон ташкили корхонаҳои саноатӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонон масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли онҳо метавонад ба пешравии ҷавонон мусоидат кунад.
Султон САФАРОВ, соҳибкор: - Ҷавонон барои ҷомеа на танҳо оянда, балки имрӯзи он низ ба шумор мераванд. Агар ҷомеа ба манзалаи як қасре бошад, бетардид, ҷавонон таҳкурсӣ ва аркони асосии он ба ҳисоб мераванд. Ё, агар ҷомеаро ба мошине ташбеҳ диҳем, муҳаррик ва пешбарандаи он ҳамин ҷавонон мебошанд. Ҳама пешрафту сукути ҷомеа дар тамоми абъоду шуъуни ҳастиаш қабл аз ҳама марбут ба кайфияти вазъи ахлоқӣ ва иҷтимоиву маърифатии ҷавонони он ҷомеа мебошад. Ҷавонони аз лиҳози ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва донишу маърифати чи дунявӣ ва чи динӣ мусаллаҳ гарави субот ва пешрафти ҷомеа мебошанд. Дар муқобили ин, афроди дур аз маърифат ва аз лиҳози ахлоқ носолим барои ҷомеа дарди сар ва боиси ноамнӣ мегарданд.
НОИЛАИ АБДУФАТТОҲ
Ҷамолиддин ҚАҲҲОРОВ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: - Ҷавонони лаёқатманд ифтихори мо ҳастанд. Имрӯз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба донишу касбомӯзии ҷавонон бомаврид мебошад. Ҷавонон, ки касбу ҳунару ахлоқи ҳамида дошта бошанд, он гоҳ бо онҳо кору фаъолият кардан хуш аст. Шахсони бовариноки ҷомеа мегарданд. Барои дуруст тарбия намудани чунин ҷавонон саҳми оила калон аст. Аммо, на танҳо ҷомеа, муассисаҳои таьлимӣ, ҷамъиятҳою созмонҳо низ саҳмгузор бояд бошанд. Танҳо бо оила ин масьаларо ҳал намудан душвор мебошад. Зеро муҳит таьсир мерасонад. Пеш аз ҳама, бояд ба ҷавонон асли дину расму оинҳо, анъанаҳои миллӣ ва худшиносию худогаҳиро омӯзонд. Арзишҳои миллию давлатиро муаррифӣ намуд. Фалсафаи онҳоро ба ҷавонон ошкор намуд.
Театр ҷои беадабон нест Чанде қабл ҳамроҳи ҳамкорон ба тамошои намоиши “Шабе дур аз Ватан”, ки дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузошта шуд, рафтем. Нақшҳоро ҳунармандони шинохта Абдулмуъмин Шарифӣ ва Моҳпайкар Ёрова бозиданд. Дар намоиш як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бо омӯзгоронашон низ иштирок доштанд. Аз рафтори беадабонаи донишҷӯён маълум буд, ки онҳоро маҷбуран ба театр овардаанд. Онҳо аз аввал то охири намоиш ҳар гуна луқмаҳои бемаънӣ, мисли “ҳе бача, свет мурд”, “и мард девона шудай, худша мепартоя”, “чӣ иқа нола мекуна”, “ҳе бача, худта бардор” мепартофтанд. Эҳсос мегардид, ки ин амали ношоиста ба рӯҳияи ҳунармандон бетаъсир намемонад. Ҳарчанд ба онҳо гуфтанд, ки халал нарасонанд, аммо онҳо гӯё намешуниданд. Як гурӯҳи дигар аз байни намоиш баромада рафтанд, ки беодобии маҳз буд. Чунин рафторро дида, ба худ гуфтам: “Омӯзгорони оянда... Насли наврас аз чунин омӯзгорон сабақ хоҳанд омӯхт, мутаассифона...”
Аз ин бармеояд, ки театр барои ҳама нест, аз ҷумла барои онҳое, ки тарбия надидаанд, барои иддае аз ҷавононе, ки онҳоро зӯран ба тамошои намоишҳои театрӣ меоранд ва онҳо ба ҷойи ором нишастану гӯш кардану лаззат бурдан, беадабӣ мекунанд. Мутаассифона, завқи баъзе ҷавонон ба он сатҳе нест, ки худашон барои ба театр омадан талош кунанд. Театр тасвир нест, синамо нест, лаҳзаи зинда аст. Театр манбаи ахлоқ аст ва ҷавонони мо ин нуктаро ҳанӯз дарк накардаанд. Театр макони аҳли завқу дарк аст, на ҷойи бебасару бехабарон. Ҳар намоиши театрӣ як китоб аст. Дар замони шӯравӣ дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ кӯдакону наврасонро ба тамошои филму асарҳои саҳнавӣ омода месохтанд. Дар замирашон нисбат ба арзишҳои волои инсонӣ ва фарҳангу ҳунар тухми муҳаббат мекоштанд. Имрӯз камтаваҷҷуҳии ҷавонон ба намоишҳои театрӣ танҳо мушкили аҳли ҳунар нест, он проблемаи ҷомеа аст. Дар ин ҳол набояд фаромӯш кунем, ки ҷавонони мо дар замони таҳаввулоти азими илмиву фарҳангӣ
ва бархӯрди бесобиқаи тамаддунҳои башарӣ умр ба сар мебаранд. Ин нукта дар Паёми имсолаи Президенти ҷумҳурӣ низ хеле равшан баён шудааст: “Замони мо замони ниҳоят мураккаб ва печидаи таърихи башарӣ, замони зуҳури неруҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва зуҳуроти дигари номатлуб низ мебошад”. Мо бояд ба воситаи фарҳанг, ки ғизои ақл асту театр то андозае рисолати фароҳамоварии чунин ғизоро дорад, ҷавононро аз таъсири ин зуҳурот ҳифз намоем. Ғизои маънавӣ барои инсон, хусусан ҷавонон муҳимтар аз ғизои моддист ва норасоияш мағзҳоро пуч мекунад, низоми ҷомеаро барҳам мезанад, аз ин нигоҳ бояд он мавриди истеъмоли умум қарор гирад. Тавре ки устод Убайдуллои Раҷаб гуфтааст: “Театр оина аст, оинае, ки ҳама неку бадро бидуни истисно инъикос мекунад, акси моро ба мо нишон медиҳад. Имрӯз мардум ба оина нигаристанро фаромӯш кардааст, ки ба театр намеояд. Майл
ба тамошои асарҳои саҳнавӣ надоштани зумрае аз мардум ва ё ҷавонон нишони бефарҳангии онҳо нест ва “бинанда театрро намефаҳмад” гуфтан ҳам иштибоҳ аст. Касе ки ба театр меояд, аз намоишҳои он таассуроте мебардорад. Театр озмоишгоҳи рӯҳи инсон аст. Инсон дар ин ё он ҳодиса чӣ гуна амал мекунад, чӣ гуна муносибат мекунад, дар ин ё он давра чӣ гуна ниёзмандиҳо дорад, он чизе, ки ба эҳсосу андешаи инсон вобаста асту онро на ҳамеша баён карда метавонад, инсон ба воситаи намоишномаи театрӣ ифшо месозад”. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Ислом ба зоти худ надорад айбе...
МАНУЧЕҲР ҲАМИДОВ
Асри 21-ро асри илму техника, рушди бесобиқаи зеҳнӣ ва асри навоварӣ унвон кардаанд. Аммо аз ибтидои ин аср зуҳуроти номатлуб, чун терроризму экстремизм авҷ гирифта, ҷаҳонро ба таҳлука ва одамонро ба тарсу ҳарос оварда, ҳамчун вабои аср ба проблемаи №1-и ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар натиҷаи авҷгирии амалҳои террористӣ дар гӯшаву канори дунё аз тарафи баъзе нафарони «даъвои мусулмонидошта», ки дар асл фитрати инсонӣ надоранд, дар зеҳни мардум ислом чун дини террористӣ ва мусулмон ҳамчун террорист шакл гирифтааст. Кор ба ҳадде расидааст, ки дар кишварҳои Аврупову Амрико аз фарди мусулмон, новобаста аз миллату нажод ва кӣ буданаш «қади аҷал» метарсанд. Дар ҳоле, ки ислом душмани терроризм аст. Яке аз бадбахтиҳои дигар он аст, ки гуруҳҳои ифротӣ бо истифода аз барномаҳои махсуси психологӣ ва нозукиҳои динӣ сафи худро аз ҳисоби ҷавонон ва шахсони заифирода зиёд кардан доранд. Тавассути васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар хатари мудҳиши терроризму экстремизм, оқибатҳои фалокатбори он ва гардолудшавии фазои ободу ороми давлатҳои алоҳида инъикос мегарданд. Рӯзе нест, ки дар ягон давлати дунё аз таркиш, марги одамон ва дигар амалҳои террористию экстремистӣ хабаре набошад. Дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон терроризму экстремизм яке аз хатарҳои асосӣ ба амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳсуб меёбад ва барои муқовимат бар зидди он давлат тамоми тадбирҳои заруриро андешида, фаъолона мубориза бурда истодааст. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои ҷаҳонӣ, ҳатто аз минбари СММ баромад карда, таъкид намуданд, ки террорист дину мазҳаб ва Ватану миллат надорад. Ин зуҳуроти номатлуб проблемаи тамоми ҷаҳон аст ва бар зидди он ҳама бояд мубориза баранд. Гурӯҳу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистӣ дошта ва роҳбарону аъзои онҳо худро ҳамчун мусулмони комил, пок, ҳақиқатпараст, адолатпарвар, ҳомии дин ва пошандаи тухми некӣ муаррифӣ карда, ақли дигаронро дуздида онҳоро гумроҳ намуда, бо даъвати гӯё «ҷиҳод» ба сафи худ
шомил месозанд. Дар ҳоле ки разилтарин, бадтарин, пасттарин ва нопоктарини нопоконанд. Ҷиҳод аслан чизи дигар аст, ки Худованд дар Қуръони маҷид моҳияту мақсади онро баёну муқаррар намудааст. Он ба терроризму экстремизм ҳеҷ рабте надошту надорад. Барои дарки амиқи он тафсири Қуръон, ҳадисҳои пайғамбар (с) ва дигар ҳуҷҷату далелҳои зиёде мавҷуданд ва ба пуррагӣ исбот мекунанд, ки терроризму экстремизм аз ислом набуда, мусулмон террорист нест. Ислом динест, ки аз замони зуҳураш одамонро ба некӣ, илму адаб, поктинатӣ, ростқавлӣ, сулҳу дӯстӣ, якдилӣ, баробарҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзу ҳимояи он, донистани қадри якдигар, волоияти ҳуқуқ, некӣ ба ҳамдигар дар корҳои накӯ, пойдории оила, таълиму тарбияи дуруст ва ахлоқи ҳамида даъват карда, дар самти пешгирии ҳуқуқпоймолкуниҳо, ҷорӣ кардани тартибот, ҳимояи ҳуқуқи зану кӯдак ва шахсони ниёзманд, дур сохтани одамон аз ҷиноят, пешгирии қатлу куштор ва ҷудоӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ислом инсонро чун мавҷудоти олимақом чунин тарбия мекунад, ки меҳрубону бошафқат шуда, нисбат ба наздикони худ ва ҳатто бегонагон беғаразона накӯӣ менамояд. Афсӯс, ки баъзе аз мо ин сифатҳоро фаромӯш кардаем. Ислом муъҷизаофар аст. Ҳақиқат ва покиро инъикос менамояд. Инсонро, новобаста аз миллату нажод, ҷинс, ранги пӯст, молу мулк, илму дониш ва вазъи иҷтимоӣ баробарҳуқуқ эълон кардааст ва ба сиёсат ҳеҷ рабте надорад. Ислом риштаҳои кандаро пайванд, дардҳоро даво, захмҳоро шифо бахшида, ба ноумедон умеди фардои дурахшон медиҳад. Ин гуфтаҳо куҷо мемонанду терроризму экстремизм куҷо? Пас, чӣ хел дидаву дониста, баъзе аз моро гумроҳ карда, ба сафи худ шомил кардаанд? Қатлу куштори бесабаб, ки зери косаи он ҳадафҳои сиёсӣ ва сарватғундории абарқудратҳо ниҳон аст, ҷиҳод аст магар? Чӣ тавр дар фитнаи онҳо мо дода мешавем? Бояд ҳар яки мо ин нозукиҳоро сарфаҳм равем. Дар ҳадисе омадааст, ки ҷавоне ба назди Ҳазрати Муҳаммад (с) омада, дархост мекунад: “Мехоҳам ба ҷиҳод равам”. Пайғамбар мепурсад, ки “оё падару модар дорӣ?” Ҷавон мегӯяд: “Оре, падару модар дорам”. Расули Аллоҳ фармуд: “Рав хидмати падару модаратро ба ҷо биёр”. Имрӯз бошад мо чиро мебинем? Модари бечорае, ки чандин шаҳру давлатҳову сарҳадҳоро убур карда, ба ҷустуҷӯи фарзанди худ ба Сурия рафта буд, аз тири силоҳи дасти фарзанди нохалафи палидаш дар рӯзи равшан ва ҳузури зиёди одамон бераҳмона ба қатл расонида шуд. Навори ин ваҳшониёт, ки фарзанд бо силоҳи худ модарашро мепаронад, дар саҳифаҳои интернетӣ чарх мезаду дили ҳазорҳо каси дигарро гум мезанонд. Модаре, ки биҳиштро зери пойи ӯ гуфтаанд, аз дасти фарзанди нохалаф, ки ба дидани ӯ омада буд, кушта гардид. Магар ҳамин аст ҷиҳод? Ҳамчунин, фармудаанд, ки агар ҷиҳод кардан хоҳӣ, аввал бар нафси худ ҷиҳод кун. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгарои террористӣ
бениҳоят зиёд буда, ба ҳар гӯшаи дунё доман паҳн карда тухми зулму ҷаҳолат мекоранд. Аз рӯйхати хеле калони гурӯҳҳои террористӣ маъмултарини онҳо гурӯҳҳои террористии «Ал-Қоида», «Бокко-Ҳаром», «Толибон», «Давлати исломӣ» мебошанд, ки кору фаъолияти асосии онҳо қатлу куштор, таркиш, вайронкорӣ, ғоратгарӣ ва ба сари мардуми бечора бадбахтӣ овардан аст. Аз ин миён номи гурӯҳи «Давлати исломӣ» бисёр ҳам хандаовар менамояд. Гурӯҳе, ки ҷуз бадбахтиву ваҳшоният дигар чизеро намедонад, кӯдаку пиронсол, занону маъюбон ва бенавоёнро бераҳмона ба қатл мерасонад, худро «Давлати исломӣ» ном ниҳодааст. Магар хандаовар нест?! Ҳар инсони соҳибақл хуб медонад, ки дар паси пардаи чунин ҳаракату гурӯҳҳо ва раҳбарони онҳо киҳо истодаанд? Ба ҳамагон, албатта ашхосе, ки мантиқан фикр мекунанд маълум аст, ки сарпарастони ин гурӯҳҳо киҳо ҳастанд? Ҳамаи мо хуб медонем ва ҳоҷат ба ном овардани онҳо нест. Як фирк кунед, чандин тан нафароне, ки ҳама касу ҳама чизи худро тарк карда ба кӯҳ баромада, ба даст силоҳ гирифта ба харобкорӣ даст мезананд, аз куҷо дар он чӯлу биёбон, адиру кӯҳҳои барои зист номувофиқ маводи хӯрока, пӯшока, пойафзол, дигар намуд таҷҳизотро пайдо мекунанд? Аз куҷо онҳо силоҳу яроқҳои оташфишон, техникаи ҷангӣ, воситаҳои таркиш меёбанд? Аз куҷо маблағҳои калон ба даст меоранд? Албатта, касе онҳоро дастгирӣ дорад ва бисёр хуб. Решаи онҳо ҳеҷ хушк нашуда истодааст. Баръакс, як бехашонро шиканӣ, ба дигар тараф реша медавонанд. Вагарна, наход давлатҳои абарқудрати дунё, созмонҳои бонуфуз чанд гурӯҳи террористӣ ва чанд тан террористро несту нобуд карда натавонанд? Ҳодисаҳои охир нишон медиҳанд, ки амалишавии сенарияҳои абарқудратҳо дар кишварҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ дар гузашта хеле пешрафта, ба монанди Ироқ, Лубнон, Миср, Яман, Тунис, Афғонистон, Украина, Покистон ва Сурия, ки бисёр фазои тинҷу ором дошта мардум зиндагии осудаву хуш доштанд, имрӯзҳо ба сарсониву саргардонӣ, ғаму андӯҳ гирифторанд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳама ҳолат ва дар муносибат бо ҳама кас бодиққату эҳтиёткор бошем. Ҷумҳурии Тоҷикистон як маротиба шароби талхи чунин ҳодисаҳоро чашидааст. Вале таҳдиди хатари терроризму экстремизм ҳанӯз ҳам боқист. Яке аз ҳамсоязанҳои маҳаллаамон, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гуреза аст, боре бо дарду ҳасрат аз хотираи сарди худ ёдовар шуда гуфт, ки вақте дар хиёбон таркиш ба амал омад дидам, ки хуни инсон монанди оби ҷӯй аз баландиҳо ба сӯи пастхамиҳои роҳу кӯчаҳо мерехт. Ҷасадҳои одамон, баъзе пора-пора, баъзе сӯхта, баъзеи дигар дар ҳолати сӯхтан дар ҳар тарафи хиёбон ба назар мерасид. Худо чунин рӯзро нишон надиҳад. Пас, маълум мешавад, ки террористон на ҳомии дин, балки қотилони мардуми мусулмон мебошанд. Онҳо монанди малахҳое ҳастанд, ки зироати киштзори дунёро хароб мекунанд. Ба сафи онҳо шомил гаштан дидаву дониста барои худ қабр кан-
дан аст. Солҳои охир дар байни гурӯҳҳои террористӣ нақши ДИИШ хеле назаррас аст, ки пай дар пай бо таркишу кушторҳои ваҳшиёна ном баровардааст. Ҳадафи онҳо гӯё барқарор ва таъсис додани Хилофати исломӣ мебошад. Ба қатори ин харобкунандагони давр мардуми зиёде аз давлатҳои мусулмонӣ ва ҳатто ғайримусулмонӣ шомил гаштаанд. Сабаби ба сафи ин гурӯҳҳо шомил шудани ҷавононро гуногун шарҳ медиҳанд. Баъзе нафарон бо исрор мегӯянд, ки сабаби асосии пайвастани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ сатҳи пасти иқтисодӣ ва камбизоатӣ мебошад. Лекин дар миёни онҳо нафароне низ ҳастанд, ки аз лиҳози молиявӣ хеле сарватманд буданд. Баъзеҳо бар онанд, ки сабаб дар бесаводӣ ва ахлоқи пасти ҷавонон аст, аммо дар миёни онҳо шахсоне ҳам ҳастанд, ки ҳатто маълумоти олӣ ва ахлоқу рафтори хуби инсонӣ доштанд. Гурӯҳе бар он ақидаанд, ки сабаб дар минталитети шарқиёна, ақидаи қуҳна доштани мардуми Осиё мебошад, вале аз миёни шаҳрвандони худи Аврупо низ дар қатори гурӯҳҳои ифротӣ, алалхусус гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» кам нестанд, ки худро дар ин роҳ ҳалок кардаанд. Дигар омилҳоро низ мисол меоранд, аммо гумон мекунам, ки сабаби асосӣ дар надонистани ҷавҳари аслии дину мазҳаб, Қуръону суннат, дуруст сарфаҳм нарафтани фармудаҳои Худованд ва ба ҳам омехта кардани қонуну қоидаҳои шариат, ба миён омадани равияҳои сохтаи ҷудоиандоз, сатҳи пасти шуурнокӣ, зудбоварӣ ва таҳлилу дақиқ накардани амалҳои худ, инчунин фитнаандозии баъзе аз кишварҳои абарқудрати манфиатхоҳ мебошад. Ба таври дигар, мо - ҷавонон ва ҳатто баъзе калонсолон ба таври кофӣ на илми дунявӣ ва на илми диниро намедонем, аммо дар фатво додан ҳама тайёрем, ки ин заифии мо ҳаст. Аз заифии мо бошад онҳо нақша тарҳрезӣ намуда миёни мо фитна андохта, моро бо ҳам мешӯронанд ва бар зидди худи мо ба қавли худ «ҳомии дин» метарошанд. Донишмандиву шуурнокӣ ду силоҳи азиме аст, ки моро аз хатари терроризму экстремизм ҳифз карда метавонанд, албатта, агар онҳоро мо дуруст, ба манфиат истифода барем. Аз ин рӯ, ба омӯхтани илми замон пардохта, ба воқеият бо чашми хирад назар бояд кунем. Боиси қайд аст, ки Худованд аввалин ояти Қуръонро бо хитоби “Иқра” (Бихон!) нозил намуд, ки бесабаб нест. Офаридгори мо ҳазрати Муҳаммад (с) ва тамоми бандагонашро ба хондан даъват намуд. Ҳар фарди қобилиятноку соҳибхирадро зарур аст, ки аз тамоми роҳу воситаҳо истифода бурда, илм омӯзад ва худро ҳамчун шахси комил обутоб диҳад. На ин ки ба фиреби фитнагарон дода шуда, ба даст силоҳ гирифта бо бародарони худ ҷанг эълон намояд. Моро зарур аст, ки ба найранги фитнагарон дода нашуда, аз ин хатари мудҳиши замон дур бошем ва барои мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизм дастаҷамъона, фаъолона ва далерона мубориза барем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки: Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.
Чӣ беморонро ба Ҳиндустон мебарад? Аз рӯйи маълумоти омор соли 2014 бо мақсади табобат 3 миллион нафар ба Тайланд, 880 ҳазор нафар ба Малайзия, 630 ҳазор нафар ба Сингапур, 550 ҳазор нафар ба ШМА, 440 ҳазор ба Туркия ва 270 ҳазор нафар ба Ҳиндустон барои табобат рафтаанд. Алҳол бозори хизматрасонии тиббӣ дар ҷаҳон солона ба 43 миллиард доллар расида, ҳарсола 15-18 % меафзояд. Коршиносон чунин меҳисобанд, ки то соли 2020 ин рақам 90 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз ҷиҳати суръати афзоиши туризми табобатӣ Ҳиндустон мақоми намоёнро ишғол мекунад. Миёни 270 ҳазор сайёҳе, ки соли 2014 бо мақсади табобат ба Ҳиндустон рафтаанд, аксариятро шаҳрвандони ШМА, Британияи Кабир, Олмон, Чин, Шри Ланка ва Бангладеш ташкил медиҳанд. Чӣ беморонро аз дигар кишварҳо ба сайри Ҳиндустон мебарад? Гап дар сари он ки дар баробари хизматрасонии босифат табобат дар беморхонаю марказҳои тиббии Ҳиндустон арзон меафтад. Масалан, агар нархи ҷарроҳии рагҳои қалб дар ШМА 130 000 доллар бошад, дар Ҳиндустон ҷарроҳии мазкур ҳамагӣ 7000 доллар мешавад. Давраи муолиҷаи бемории гепатити “С” дар ШМА 80 ҳазор доллар ва дар Ҳиндустон 900 доллар арзиш дорад. Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Александр Кадашин, ки дер боз аз дорую давоҳои ҳиндустонӣ истифода мебарад, дар мусоҳиба бо хабарнигори «gazeta.ru» чунин гуфтааст: “Тайи 15-20 соли охир Ҳиндустон дар бисёр соҳаҳо, алалхусус соҳаи тиб ба пешравӣ ноил гардид. Сол то сол шумораи «фабрикаҳои саломатӣ» (марказҳои тандурустӣ) босуръат меафзояд. Мутахассисони ҳиндустонӣ дар машҳуртарин муассисаҳои тиббии Аврупои Ғарбӣ ва Амрико кор мекунанд. Доруҳое, ки ман дар Федератсияи Русия бо 1800-2800 рубл мехаридам, дар Ҳиндустон бо 150 рубл мехарам”. Дар аксар муассисаҳои тиббии замонавии Ҳиндустон маркази саратоншиносӣ, косметология, ташхисгоҳу лаборатория ва таваллудхона паҳлӯи ҳам ҷой гирифтаанд. Расо 15 сол пеш доктор Парвиндер Сингҳ, ки солҳои зиёд дар ШМА ба ҳайси духтур кор мекард, дар шимоли Ҳиндустон беморхонаи хусусиашро ифтитоҳ намуд. Ҳоло дар шабакаи беморхонаҳои «Фортис»-и ӯ 65 муассисаи тиббӣ фаъолият мекунад. Дар ин беморхонаҳо ба як қатор мизоҷони камбизоат кӯмаки ройгони тиббӣ расонида мешавад. Ҳамин тавр, мутахассисони беморхонаҳои машҳури “Fortis” дар Бангалор, Пажуҳишгоҳи дилшиносии Осиё дар Мумбай, шабакаи беморхонҳои “Apollo”, “Escorts Heart Institutе”, “Max Healthcare” ва ғайра бо нишон додани касбияти баланд ҳазорон бемори мамолики хориҷиро муолиҷа кардаанд. Аксар табибони ҳиндӣ дар клиникаҳои маъруфи Ғарб ихтисоси худро такмил додаанд. Дар шифохонаҳои Ҳиндустон муосиртарин таҷҳизоти тиббиро дидан мумкин аст. Илова бар ин, фазои меҳмоннавозии Ҳиндустон, ки ватани йога, аюрведа ва тибби давраи бостонӣ мебошад, беморонро ба шифоёбӣ дилгарму умедвор месозад. Ҳамаи табибони ҳиндустонӣ англисиро чун забони дуюм медонанд. Дар сурати зарурат беморонро бо тарҷумон таъмин месозанд. Табибони ҳиндустонӣ дар самтҳои ҷарроҳии кушодаи дил, кардиологияи кӯдак, протезкунии банду буғумҳои зонуву миён, ҷарроҳиҳои пластикӣ, муолиҷаи саратону бемориҳои устухон ва ғайра ном баровардаанд. Як ҷиҳати хуби шифохонаҳои Ҳиндустон дар он аст, ки бемор дурудароз интизори ҷарроҳӣ намеистад. Ба бемор дар ҳама ҳолат ёрии таъҷилии тиббӣ расонида мешавад. Бемороне, ки ба Ҳиндустон барои табобат меоянд, метавонанд дар як вақт бо ёдгориҳои таърихии «Кишвари афсонаҳо» ошно гарданд. Вазорати туризми Ҳиндустон тасмим гирифтааст, ки то соли 2018 теъдоди сайёҳони хориҷиеро, ки бо мақсади табобат меоянд, ба 1 миллион нафар расонад. Соли 2013 даромади Ҳиндустон аз соҳаи туризм 18 миллиард долларро ташкил дода буд. Дар назар аст, ки ин рақам соли равон қариб 2 баробар бештар шавад. С. САЙФИДДИН P.S. Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаи оби маъданӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадом хосияти шифобахшӣ доранд. Шоҳамбарӣ (Ҳисор), Хоҷаоби гарм (Варзоб), Аксигон (Ваҳдат), Зонг, Авҷ, Гармчашма, Бибӣ Фотимаи Заҳро (Ишкошим), Вездара (Шуғнон), Чилучорчашма (Носири Хусрав) ва ғайра аз ҳамин қабил буда, ба бемориҳои зиёде давоянд. Бо тарғиб намудани чашмаҳои оби гарму маъданӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар беморхонаҳо метавон туризми табобатиро дар Тоҷикистон вусъат бахшид. Бояд Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ мисли ҳамтоёни ҳиндустонии худ дар ин бобат бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамкории зичро ба роҳ монад.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
РУШДИ САЙЁҲӢ
11 октбяр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Пешвои миллат - асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ” конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар он Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, Холиқназар Худобердӣ, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, Қиёмиддин Миралиён, вакили МН МО, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода мекунанд, ширкат варзиданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар суханронӣ иброз дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар заминаи аҳду талошҳои пайваста, содиқона ва собитқадамонаи Пешвоил миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо сайёҳӣ низ ба маротиб рушд ёфта, Тоҷикистон соҳибистиқлол ҳамчун биҳишти рӯи замин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. “Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 25 соли соҳибистиқлолӣ ба 56 давлати дунё 244 маротиба, аз ҷумла 96 маротиба ба 10 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 38 маротиба ба 17 давлати Аврупо, 14 маротиба ба ШМА, 1 маротиба ба Бразилия, 6 маротиба ба 5 давлати қитъаи Африқо ва 87 маротиба ба 22 давлати Осиё сафарҳои корӣ анҷом дода, Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати осоишта, дорои таърихи бою маданияти баланд, фарҳанги волою гузаштаи пурғановат муаррифӣ намуд. Дар самти рушди туризми дохилӣ ва таъмини амнияти саросарӣ бошад, Пешвои миллат 63 маротиба ба ВМКБ, 263 маротиба ба вилояти Суғд, 276 маротиба ба вилояти Хатлон ва 146 маротиба ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, дар маҷмуъ 748 маротиба дар 25 сол ба тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намудааст”, - гуфт дар идомаи суханаш А. Абдуллозода. Зикр гардид, ки аз моҳи июни соли 2016 бошад, тартиби электронии раводиди Тоҷикистон баҳри таъмини ташрифоти бештари сайёҳон ба кишвар оғоз гардида, айни замон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди туризми дохилӣ” қарор дорад. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг дар мавзӯи “Пешвои миллат - наҷотбахши таъриху фарҳанги миллӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар ду даҳсола” маърӯза карда, қайд намуд: “Фарҳанг қосиди сиёсатҳои бузургу кӯчак дар имрӯзу гузаштаи сиёсатҳои ҷаҳонист. Фарҳанг империяву давлатҳоро сохтааст ва муддатҳо чун як омили бақои онҳо дониста мешавад. Рисолати ин қосиди созандаву ифодагарро роҳбари дурандеш дар нахустин рӯзҳои сари қудрат қарор доштан кашф намуд ва роҳнамои миллат бо қадрдонӣ намудани фарҳангу маданияти халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувор гузошт. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён оғози тасмимҳои бузурги фарҳангии Пешвои миллат буд. Дар як давраи мушкили бӯҳронӣ бо баргузории ин чорабинии фарҳангӣ Пешвои миллат тавонист, ки мо - тоҷиконро чун молики фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояду фарҳанги башарпарваронаи халқи моро дар ҷаҳон муаррифӣ кунад. Маҳз бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат беш аз 2000 ёдгории таърихӣ эъмор шуда истодаанд ва намунаи беҳтарини онҳо қалъаҳои Ҳулбук ва Ҳисор мебошанд, ки хушбахтона теъдоди зиёди сайёҳон аллакай онҳоро чун ҷойҳои дӯстдоштатарин ва тамошобоб эътироф намудаанд”. Гуфта шуд, шаҳри Дунхуани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун шаҳри ёдгориҳои таърихӣ эътироф гардидааст, ки сайёҳон бештар ба он ҷо мераванд. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурии мо низ теъдоди зиёди чунин ёдгориҳои таърихӣ вуҷуд дорад. Пешниҳод шуд, ки Ҳукумати мамлакат яке аз шаҳрҳои қадимиро чун шаҳри ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ эълон намояд. Дар фарҷом иштирокчиёни конфронс намоиши китобҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводи иттилоотӣ ва китобҳои нашршудаи муассисаҳои олии таълимиро вобаста ба сайёҳӣ тамошо карданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Пешвои миллат - муаррифгари Тоҷикистон дар ҷаҳон
Солҳои охир дар ҷаҳон туризми табобатӣ вусъат пайдо кардааст. Шаҳрвандони мамолики гуногун ба хотири муолиҷаи арзону босифат ҳазорон километрро тай карда, меҳмони кишвари дигар мешаванд.
7
8
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
РУШДИ ВАРЗИШ
Аввалин медали олимпиро ҷудокорон овардаанд
ШОДИХОНИ НАЗАР
Ҷудо яке аз гӯштинҳои маъмул миёни ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро ин гӯштини мардуми Корея бо гӯштини миллии тоҷикӣ монандӣ дорад. Ҳамин ба ҳам наздикбуданҳост, ки гӯштини ҷудо дар 25 соли Истиқлолияти Тоҷикистон нисбат ба дигар намудҳои варзиш зиёдтар рушд намуд. Солҳои пеш ин намуди гӯштинро дар Тоҷикистон ҳамагон “дзюдо” ном мебурданд. Тайи ду-се соли охир ин намуди гӯштин миёни мутахассисони соҳа бо номи ҷудо ном бурда мешавад. Мутахассисони соҳаи варзиш дар Тоҷикистон бар он назаранд, ки аксар усулҳои ин намуди гӯштин аз гӯштини миллии мардуми тоҷик гирифта шудааст. Ҳарчанд гӯштини миллии тоҷикӣ вориди Бозиҳои олимпӣ нест, аммо дар кишвари мо дар тӯю маъракаҳо ва ҷашнҳои миллӣ мусобиқаҳо оид ба гӯштини миллӣ доир мешаванд ва миёни мардум маҳбубияти хоса дорад.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ нисбат ба гӯштини ҷудо намуди самбо маъмултар буд. Зеро дар ин ришта мардуми тоҷик Қаҳрамони ҷаҳон, ки баъдан унвони ҷаҳонпаҳлавон ба номи ӯ ҳамроҳ гардид, Саидмуъмин Раҳимовро дорад. Ҳарчанд дар баробари дигар гӯштинҳо дар Тоҷикистон ҷудо омӯзонида мешуду мутахассисони соҳа дар ин ришта заҳматҳои зиёд мекашиданд, вале миёни мардум маҳбубият надошт. Зеро мардум ин гӯштинро гӯштини миллии тоҷикӣ ном мебурданд. Баъди соҳибистиқлолии кишвар паҳлавонони тоҷик аз ин намуди гӯштин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок мекарданд ва ба як қатор ҷоизаҳо низ мушарраф гардиданд. Вале ҳамоно ин намуди гӯштин миёни аҳолӣ мавқеъ пайдо намекард. Баъдан чеҳраҳои варзиши даврони истиқлолият бо маҳорату малака ва дастовардҳои чашмрас ҷудоро миёни ҷавонони тоҷик пурра муаррифӣ карданд. Намунаи яке аз онҳо Расул Боқиев буд. Расул ҷудоро мисли оне ки шодравон Саидмуъмин Раҳимов самборо муаррифӣ намуд, ба хурду бузург шиносонд. Расул Боқиев бо маҳорати худ дар чемпионати ҷаҳон дар Рео-де-Жанейрои Бразилия соли 2007 мақоми сеюмро касб намуд. Тактикаю маҳорате, ки Расул дар ин мусобиқа нишон дод, дар баробари муаррифии ҷудои тоҷик худи ӯ ситораи ҷудои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Баъди ин мусобиқа ВАО-и варзишии ҷаҳон сари маҳорати паҳлавони тоҷик ҳарф мезаданд. Дар ролику матолиби таблиғотии ҷудо Расул мавқеи хоса пайдо намуд. Баъди ин дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба ҷудо зиёд гардид ва як қатор дастовардҳои назаррас ба даст омад. Тоҷикистон ягона давлате мебошад, ки варзишгаронаш гӯштини ҷудоро ба тавру усули ба худашон хос меомӯзанд. Дар ҳунарнамоии паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ усулҳое истифода мегарданд, ки хоси гӯштини миллии тоҷикӣ аст ва ин бартарияти варзишгарони тоҷик мебошад. Натиҷаи бадастовардаи ҷавонону наврасони тоҷик дар ин ришта аз аксар давлатҳои пасошӯравӣ фарқкунанда мебошад. Нурулло Лоиқов, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, зимни суҳбат бо мамнунияти хоса ин дастовардҳоро самараи истиқлол арзёбӣ намуд. “Беҳтарин дастоварди миллати тоҷик на танҳо дар ҷудо,
балки дар соҳаи варзиш истиқлолият аст. Пеш аз натиҷа иштирок меистад, агар истиқлолият намебуд, натиҷа намешуд. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки ба ин дастовардҳо ноил гардидем. Пеш аз Истиқлолият чунин имконият набуд. Барои иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мебоист, ки узви дастаи Иттиҳоди Шӯравӣ бошӣ ва аъзо шудан ба ин тим кори осон набуд. Аз тамоми намудҳои гӯштине, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд, танҳо як нафар - устод Саидмуъмин Раҳимов шомили дастаи Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ӯ ҳам баъди ду бор қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қаҳрамони халқҳои ИҶШС шудан узви тими яккачин гардиду ҳаққи иштирок дар чемпионати ҷаҳонро ба даст оварда, қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ беҳисоб аст. Ин дар ҳолест, ки аксари онҳо соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд, дар чемпионатҳои ҷаҳону Осиё, Ҷоми ҷаҳон, гран-приҳо ва олимпиадаҳо”. Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил соли 1994 дар Бозиҳои Осиё баромад намуданд. Дар ин мусобиқа ҷудокори тоҷик Хайруло Назриев соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки онро метавон аввалин медали Бозиҳои осиёии мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуд. Баъдан, соли 1995 дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор гардид, тими ҷудокорони тоҷик иштирок намуда, соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд. Дар вазни бузург Саидаҳтам Раҳимов (писари ҷаҳонпаҳлавон Саидмумин Раҳимов) ва дар вазни мутлақ Нурулло Лоиқов медалҳои биринҷиро ба гардан овехтанд. - Ҷудокорони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар аввалин роҳхати Бозиҳои олимпӣ, аввалин медали Бозиҳои Осиё ва аввалин медали Олимпиадаро ба даст овардаанд, ки барои ҳар як ҷудокор ифтихор аст. Аввалин роҳхатҳои олимпиро дар замони истиқлолият соли 1995 варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Деҳлӣ баргузор гардид, Сайидаҳтам Раҳимов, Хайрулло Назриев ва Рустам Боқиев ба даст оварданд ва аввалин медали олимпиро соли 2008 дар Пекин Расул Боқиев ба Тоҷикистон овард, - гуфт Нурулло
Лоиқов. Ба хотири ҷудокорони тоҷик давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон борҳо парафшону Суруди миллӣ танинандоз гардидааст. Расул Боқиев, ки имрӯзҳо миёни мутассадиёни соҳаи ҷудои ҷаҳон ҳамчун ситора ном бурда мешавад, дар чандин мусобиқаиҳои байналмилалӣ ҷоизадор гардидааст, ки беҳтаринҳояш инҳо мебошанд: - медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008; - медали биринҷии чемпионати ҷаҳон (Бразилия-2007); - ғолиби Ҷоми ҷаҳон (солҳои 2007, 2010, 2011, 2012); - қаҳрамони ҷудои Русия дар вазни -73 килло (соли 2009). Варзишгари дигари машҳур Комроншоҳи Устопириён низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст: - Қаҳрамони Осиё-2016; - ҷои аввал дар Ҷоми Аврупо (соли 2013, Киев); - ҷои сеюм дар Ҷоми Владимир Путин (2013, Хасавюрти Доғистон); - ҷои сеюм дар Гран-прии Алмаато (Қазоқистон, 2013); - ҷои сеюм дар Гран-прии Тошканд (Узбекистон, 2013); - ҷои дуюм дар Ҷоми Осиё (Тайван, 2014); - ҷои панҷум дар Бозиҳои XVII Осиё (Инчони Кореяи Ҷанубӣ, 2014); - ҷои аввал дар Гран-прии Остона (Қазоқистон, 2014); - ҷои сеюм дар чемпионати Осиё (Кувайт, 2015); - ҷои дуюм дар Ҷоми Осиё (Тайван, 2015); - ҷои панҷум дар чемпионати ҷаҳон (Остона, 2015), - ҷои дуюм дар Гран-прии Тошканд (Узбекистон, 2015); - иштирокчии Бозиҳои олимпии Рио-2016. Паҳлавони дигари тоҷик Муҳаммад Абдураҳмонов бошад, дар Ҷоми ҷаҳон соли 2011 дар Алмаато (Қазоқистон) ҷойи панҷум, дар Бозиҳои XVI Осиё дар Гуанҷоу (Чин, 2010) ва Бозиҳои XVII Осиё дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, 2014) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Тошканд (Узбекистон, 2014) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷойи аввалро ишғол кардааст. Ду бор барандаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон (2014 ва 2015) гардида, як маротиба (2013) ҷойи дуюмро гирифтааст. Инчунин ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои Саидмуъмин Раҳимов (2014) мебошад. Миёни наврасон бошад, ҷудокорони кишвар дар чемпионатҳои Осиё қаҳрамон гардиданд: дар чемпионати ҷаҳон Хуршед Маҷидов мақоми сеюмро касб намуд ва дар Ҷоми ҷаҳон ҷоизадорони зиёд ба воя расиданд, ки аз миёни онҳо ҳамчун ситора Хуршед Маҷидов, Фаррухи Салим, Саидҷалол Саидов муаррифӣ гардидаанд. Олимпиада қуллаи баланди варзиш маҳсуб меёбад Ҷудокорони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ аз шаш олимпиадае, ки баргузор гардид дар чортои он намоянда доштанд ва онҳо ҷудои тоҷикро миёни дигар давлатҳо муаррифӣ карда, соҳиби як медали биринҷӣ гардидаанд. Дар Олимпиадаи Атлант-1996, ки Тоҷикистон аввалин бор ҳамчун давлати соҳибистиқлол иштирок намуд, се нафар: Сайидаҳтам Раҳимов, Хайрулло Назриев, Рустам Боқиев бо роҳбарии мураббиашон Нурулло Лоиқов иштирок намуданд. Дар Олим-
9
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли равон, таҳти №723 бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардид. Ӯ яке аз ҷавонони зодаи даврони истиқлолият мебошад. Аз соли 2010 то имрӯз миллати тоҷикро дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ муаррифӣ ва Парчами Тоҷикистон ба ифтихораш борҳо парафшон гардидааст. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳо ба Комроншоҳ гуфтанд: «Дар вақти қувваозмоӣ фикр кунед, ки дар пушти Шумо ҳашт миллион тоҷикистонӣ истодаанд». Ин суханони рӯҳбаландкунандаи Пешвои миллат доимо дар гӯшу ҳуши ин паҳлавон садо медиҳад. Бо кӯшишҳои шабонарӯзӣ дар кишвар ва хориҷ холҳои лозимаро ба даст оварду соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио-деЖанейрои Бразил гардид. Аз бохти ӯ дар ин мусобиқа хафа шудему дилшикаста не. Баъди бозгашт Комроншоҳ машқу тамринро пурзӯртар кард. Маслиҳат шуда буд, ки рӯзи 20 сентябр ӯро хонадор мекунанд. Дар он рӯзҳо Пешвои миллат ҳамаи иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро дар қатори Дилшод Назарови қаҳрамон ба ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе даъват намуданд. Баъди ҷамъомад намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар Комроншоҳро ба мусобиқаи калони ҷашнӣ оид ба гӯштини миллӣ, ки 17 сентябр дар Душанбе барпо мешуд, даъват карданд. Ин мусобиқа нишон дод, ки бохти ӯ дар олимпиада тасодуфӣ будааст. Комроншоҳ дар вазни мутлақ ҳарифони худро бо усулҳои зебои гӯштини миллии тоҷикӣ мағлуб кар-
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
РУШДИ ВАРЗИШ
да, соҳиби медали тилло ва шоҳҷоизаи мусобиқа - мошини сабукрави “Мерседес” гардид. Баъди бозгашт тӯйи хонадоршавии Комроншоҳ барпо шуд. Дар маърака устодон Исмати Абдулло, Муҳаммадшариф Сулаймонов, Аҳтам Раҷабов, Нурулло Лоиқов, Маҳмуди Абдулло ва аз шаҳри Москва мураббиаш В. Елчанинов иштирок намуданд. Инчунин, ҳузури як гурӯҳ паҳлавонони тоҷик бо сарварии Парвиз Собиров ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба маърака рӯҳи нав бахшид, ки аз дӯстиву рафоқати паҳлавонон гувоҳӣ медиҳад. Ба ман рафтори Саидҷалолпаҳлавон хеле хуш омад. Тариқи телевизор дидам, ки дар вохӯрии ниҳоии мусобиқаи гӯштини миллӣ ӯ ҷиддӣ бо Комроншоҳ қувваозмоӣ кард. Баъди бохт гумон кардам, ки ӯ дигар бо Комроншоҳ гап намезанад. Лекин дар маросими тӯй ӯ шоҳиди домод буд. Ин аст натиҷаи Истиқлолият ва ваҳдати миллии тоҷикон.
Ин ҷо месазад дар бораи ҷавонмарди дигари тоҷик, ки саховатмандиву бунёдкорӣ пешаи ӯст, сухан ронем. Ин шахси накӯкору хоксор Муҳаммадраҳим Шарифов, директори ҶДММ «Суғдроҳ» мебошад. Ин шахси саховатпеша мухлиси ашадии Комроншоҳ буда, аз ғалабаҳои ӯ шод гардида, ваъда додааст, кӯчае, ки Комроншоҳ зиндагӣ мекунад, мумфарш мекунанд. Пеш аз тӯйи хонадоршавии Комроншоҳ М. Шарифов техникаҳои даркориро оварда, ба кор оғоз намуданд. Аз кӯчаи марказии деҳа то хонаи Комроншоҳ, қариб 1 километр роҳ, мумфарш карда шуд. Бояд қайд кард, ки барои ҷавонмарди ҳақиқӣ шудани Комроншоҳ нақши падараш Устои Устопир, бародараш Фаридун, дуои мӯйсафедон ва ёриву дастгирии давлату сарпарастон хеле бузург аст. Болтумуҳаммади УСТОПИР, Аълочии маорифи Тоҷикистон
Натиҷаи ваҳдат дар рафтори паҳлавонон
пиадаи Сидней-2000 ҷудокорони тоҷик ҳаққи иштирокро аз даст доданд, зеро ягон варзишгари тоҷик натавонист ба ин маъракаи бузурги варзишӣ роҳхат ба даст оранд. Олимпиадаи XXVIII-уми тобистона дар Афина низ бе иштироки ҷудокорони тоҷик баргузор гардид. Пекин-2008 барои ҷудои кишвар хотирмон буд. Қатори дигар намудҳои варзиш ҷудокорони тоҷик се намоянда дошт - Неъмат Арсонқулов, Шералӣ Бозоров ва Расул Боқиев. Дар ин олимпиада Расул Боқиев медали биринҷиро ба гардан овехт. Олимпичиёни кишвар дар Лондон-2012 бо худ ду ҷудокор - Расул Боқиев ва Парвиз Собировро бурданд, ки Расул мақоми ҳафтумро ишғол намуд. Дар Рио-2016 боз ду варзишгари тоҷик - Муҳаммад Абдураҳмонов ва Комроншоҳи Устопириён иштирок намуданд, ки мутаассифона ҳар ду дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд. Ба Олимпиадаи Токио-2020, ба гуфтаи Нурулло Лоиқов, президенти Федератсияи ҷудо чеҳраҳои нав, ки то ин вақт шомили ҳайати наврасону ҷавонон буданд, омодагӣ мебинанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар иқдомҳоеро барои ҷудокорони тоҷик роҳандозӣ намуд, ки барои рушди ин соҳа заминаи мусоид фароҳам овард. Яке аз иқдомҳои бузург таъсиси Ҷоми Президети Тоҷикистон оид ба ҷудо мебошад. Ин мусобиқаи байналмилалӣ ҳар сол 5-уми октябр баргузор мешавад, ки беҳтаринҳои ҷаҳонро ба ҳам меорад. Дар чорумин мусобиқа, ки 5 октябр дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, 45 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Белорус, Италия, Непал, Куба, Озорбойҷон, Покистон, Русия, Ӯзбекистон, Украина, Ҷопон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Аз миёни онҳо ба паҳлавони украинӣ Станислав Бандаренко муяссар гардид, ки соҳиби ҷом шавад. Аз рӯи таҳлилҳои мутахасисони соҳа ин мусобиқаи байналмилалӣ дар сатҳи баланд доир мегардад. Баъди ғолиб шудани паҳлавони украинӣ миёни мухлисони варзиши кишвар сару садоҳо паҳн шуд, ки мо иштироки ситораҳои ҷудои тоҷикро дар ин мусобиқа мушоҳида накардем. Нурулло Лоиқов сабабашро чунин шарҳ дод: “Чорумин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир гардид. Дар ин мусобиқа паҳлавонони боқувват, иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ ташриф оварданд. Ҷоми Президенти Тоҷикистон ягона мусобиқаи байналмилалӣ аст, ки тамоми хароҷот аз ҳисоби худи мизбонон мешавад. Мусобиқа барои варзишгарони вазнашон аз 100 кило боло буд. Комроншоҳи Устопириён дар 90 кило гӯштин мегирад ва ин варзиш дар оянда барои мо даркор аст. Муҳаммад Абдураҳмонов бошад, баъд аз олимпиада дар табобат аст, то ҳол тамринро оғоз накардааст”. Дар такя ба таҳлилҳои мутахасисони соҳаи варзиш ояндаи гӯштини ҷудо дар кишвар дурахшон аст. Зеро имрӯз шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд ва танҳо меҳнати софдилона мебояду бас. Нурулло Лоиқов ояндаи ҷудои тоҷикро чунин шарҳ дод: - Аз қадим мардуми тоҷик дӯстдори гӯштин аст. Таҳкурсии ҷудо гӯштини миллии тоҷикӣ аст. Тамоми мусобиқаҳое, ки дар ҷашни Наврӯз аз намуди гӯштини тоҷикӣ баргузор мешаванд, ҷудокорони мо иштирок мекунанд ва барои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ пурра обутоб меёбанд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар гӯштин тараққӣ ёфта истодааст. Толорҳои мо пур аз чеҳраҳои нав аст, ки дар оянда бо маҳорату малакаи худ ҷудои тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ аз ин ҳам зиёд муаррифӣ хоҳанд кард.
10
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
“Мехоҳам ҷоизаи “Оскар”-ро ба даст орам!”
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
“Гулбонуи Наврӯзӣ” ба ҷавонон ҳунар меомӯзад
СОҲИБКАСБ Филмро саҳнае аз зиндагии инсонҳо маънидод менамоянд. Зеро дар он тамоми шебу фарози зиндагӣ мисли оина пешкаши бинанда гардонида мешавад. То чи андоза он ба бинанда таъсир мерасонад, аз ҳунарнамоии қаҳрамонҳои филм вобаста аст. Дар ин росто нафаре муваффақ шуда метавонад, ки дорои маҳорат ва истеъдоди ҳунармандист. Чунки шахси бемаҳорату камистеъдод ҳеҷ гоҳ наметавонад, ки нақшофарӣ кунаду писанди тамошобин гардад. Дар ин росто ҷавонон низ бо иродаи мустаҳкам равонаанду то андозае ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаву нақшофарӣ кардаанд. Ҷавоне, ки бо иштирок дар чандин филмҳо маҳорату истеъдоди худро сайқал додааст, Қандил Тоиров мебошад. Қандил Тоиров хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, зодаи ноҳияи Рашт мебошад. Айни ҳол дар театри “Аҳорун” ба номи Муҳаммадҷон Қосимов фаъолият дорад. Омадан замон ба шуъбаи актёрӣ доим мекӯшид, то дар филме нақш офараду орзуи даврони кӯдакии хешро амалӣ намояд. Бо ин мақсад доим талош мекард, то тамоми нозукиҳои пешаашро омӯзаду ҳунарманди хуб гардад. Ҳамин ҷустуҷӯҳояш буданд, ки барои офаридани нақш ба филмҳо даъваташ намуданд. Ҳангоми нақшофарӣ худро хушбахт меҳисобид, ки орзуи ширини даврони хурдсолиаш ҷомаи амал пӯшидааст. Қандил Тоиров, инчунин бунёдгузори фестивали “Навсоз” мебошад. Бо ин ҳунарманди ҷавон суҳбате доштем, ки фишурдааш пешкаш мегардад.
- Сабаби интихоби роҳи ҳунармандӣ чист? - Аслан интихоби роҳи мазкур аз даврони кӯдакиам маншаъ мегирад. Дар хурдӣ орзуҳои бисёре доштам, ки яке аз онҳо ҳунарманд шудан буд. Хушбахтона, ин орзуям маро тарк нагуфт ва имрӯз маро дар оғӯши хеш доштааст. Аз ин ки имрӯз ба ҳайси як ҳунарманди ҷавон дар майдони ҳунар қадам ниҳода истодаам, хеле хурсандам. - То имрӯз дар кадом филмҳо нақш офаридаед? - Вақте ки дар курси аввали Донишкадаи фарҳанг ва санъат таҳсил мекардем, як гурӯҳ ҷавонон ҷамъ шуда бо коргардонҳо ҳамкориро ба роҳ мондем. Дар натиҷаи ҳамкорӣ ва талошҳои зиёд филмеро бо номи “Қассос” рӯйи навор овардем. Гарчанде ки имрӯз он филмро мебинему камбудиҳои бисёреро дар он меёбем, аммо он дар вақташ барои мо - ҷавонони навроҳ таҷрибавӣ буду бароямон таҷрибаи хубе дод. Ин аввалин филме буд, ки дар он нақшофарӣ кардам. Баъдан дар чандин филмҳои дигар иштирок намуда таҷрибаи зиёд гирифтам. Дар давоми донишҷӯӣ бо “Тоҷикфилм” ҳамкорӣ доштам. Чанд вақт пеш дар филми “Миллиардер”, ки аз ҷониби “Тоҷикфилм” ба навор гирифта шуд, нақши адвокатро иҷро намудам. Филм бисёрсериягӣ мебошад. Як қисмаш сабт гардид. Умедворам, ки писанди тамошобин мегардад. Дар филми “Муаллим” ба ҳайси ёрдамчии коргардон фаъолият намудам. - Ҳунарманд шудан чӣ талабот дорад? - Ҳунарманд шуданро мо дар ибтидо осон меҳисобидем. Аммо баъдан дарк намудем, ки дар ин роҳ муваффақ шудан осон набуда, мушкил асту заҳматталаб. Дар воқеъ, нони ҳунармандиро хурдан осон нест. Бисёр чизҳоро дарк намекардем. Вале дар давоми таҳсилу ҷустуҷӯҳо ва ворид шудан ба дунёи ҳунар оҳиста-оҳиста дарк намудем, ки ҳунармандӣ кори ҳар кас нест. Ҳунармандӣ истеъдод аст, чунки бе истеъдод намешавад. Аммо аз ҳама рукни асосие, ки ҳунармандӣ талаб мекунад, меҳнату заҳмат аст. - Шумо бунёдгузори Фестивали “Навсоз” ҳастед. Чӣ водоратон кард, то чунин як кинофестивалро созмон диҳед ва ин иқдом чӣ натиҷа дод? - Аз соли 2014 як гурӯҳ ҷавонон ҷамъ шудем ва тасмим гирифтем, ки барои дастгирии ҷавонон фестивалеро ташкил намоем, то онҳо тавонанд, ки маҳсули эҷодии худро ба намоиш гузоранд. Он дар соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ доир гардид. Ҳамчунин, кинофестивали “Навсоз” ҳамчун ташкилот ба қайд гирифта шуд, ки банда айни ҳол ба ҳайси муовини директори ин ташкилот фаъолият намуда истодаам. Бисёр шодам, ки бори нахуст он бо тантана баргузор шуд. Яке аз комёбиҳои фестивал дар он буд, ки он дар таърихи синамо бори нахуст буд. Намояндагони кишвари Эрон дар фестивал иштирок намуда, ба он баҳои баланд доданд ва гуфтанд, ки ин филмҳоро барои муаррифӣ ҳатман ба Ватани худ даъват менамоянд. Ин албатта, комёбии фестивал аст ва дар оянда аз ин ҳам муваффақтар хоҳад шуд. - Дар роҳи ҳунармандӣ киро устоди хеш меҳисобед? - Дар ибтидо ба ҳамаи устодон миннатдорӣ баён мекунам, ки таълим доданду нозукиҳои гуногуни соҳаро омӯхтанд. Агар устодон намешуданд, мо ба чизе ноил намегардидем. Дар донишкада устод Ҳошим Гадоев ба мо таълим до-
Ҳар миллату халқият урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дорад ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунад, тарғиб ва арҷгузорӣ менамояд. Миллати куҳанбунёди мо низ фарҳанги бойи қадима дорад ва бо он ифтихор менамояд.
данд. Бештари нозукиҳои ҳунарро аз он кас омӯхтам, ки бароям аввалин устод мебошанд. Нафари дигаре, ки дар ташаккул ёфтани тахайюлоти ҳунарии ман саҳми ниҳоят калон доранд, устод Нозим Меликов ба ҳисоб меравад. - Назари Шумо вобаста ба вазъи имрӯзаи синамои тоҷик чӣ гуна аст? - Он имрӯз хеле дар сатҳи паст аст. Филмҳои ҳаваскорон хеле зиёд шудааст, ки ин албатта, хуб аст. Вале аз болои онҳо бояд назорати қатъӣ бошад. Агар назорати қатъӣ набошад филми хуб ба миён намеояд. Барои он ки имрӯз филми хубу диданӣ рӯйи навор биёяд ҳунармандон, коргардонҳо бояд муттаҳид шавем. Ин мушкилӣ мушкилии мост, на мушкилии бинанда. Мушкилӣ дар он аст, ки наметавонем тамошобинро ҷалб намоем. Майдони имрӯзи синамои тоҷик холӣ аст. Ба ин хотир имрӯз филму сериалҳои туркиву эронӣ таваҷҷуҳи мардуми моро ҷалб кардааст. - Ояндаи синамои тоҷикро чӣ гуна мебинед? - “Тоҷикфилм” имрӯз ҳама гуна таҷҳизотро овардааст. Роҳбарияти “Тоҷикфилм” ҳам нафароне, ки дар ин ҷода коре карданианд, хеле дастгирӣ менамояд. Агар таваҷҷуҳ ба ин соҳа боз ҳам бештар шаваду аз сабти ҳар гуна филмҳои ғайристандартӣ пешгирӣ карда шавад, бо боварӣ гуфта метавонам, ки ояндаи синамои мо хуб хоҳад шуд. Таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ низ ба ин соҳа хуб аст. Синамои ҳар давлат муаррифгари ҳамон кишвар аст. Бовар дорам, ки синамои тоҷик низ рушд менамояду соҳиби баландтарин ҷоиза дар соҳаи кино – ҷоизаи “Оскар” мегардад. Ҳамчун ҳунарманд яке аз орзуҳои ман ин аст, ки ҷоизаи “Оскар”-ро ба даст орам. - Баҳри рушди ҳунари худ чӣ нақшаҳо доред ва тавсияи Шумо ба ҷавононе, ки ҳунарманд шуданианд? - Ба ҳайси коргардон низ фаъолият карда истодаам. Ду филм дорам, ки онро мехоҳам дар соли оянда ба навор гирам. Яке “Тақдир”, дигаре “Симхор” унвон доранд. Ҳамчун ҳунарманд мехоҳам, ки баҳри рушду нумӯи соҳаи синамо саҳми худро гузорам. Ба ҷавононе, ки ҳунарманд шуданианд, тавсия медиҳам, ки пеш аз ҳама бояд ҳушёр бошанд ва меҳнатӣ. Зеро ин роҳ заҳматталаб аст. Ҷавононе, ки ба ин соҳа ба хотири пул меоянд хубтараш, ки наоянд. Ҳунармандӣ танҳо ҳунари асил талаб менамояду талоши зиёд. Агар ин чизҳо бошанд, пас ҳунарманд муваффақ аст. Дар баробари ин, вақте инсон ба ишқи ҳақиқии касб мерасад дар он сурат ҳатман ба комёбиҳо ноил мешавад;
Мо - насли имрӯза ин комёбии беназирро аз гузаштагон қабул намудаем ва вазифаи аввалини хеш мешуморем, ки онро сайқал диҳем, арҷгузорӣ ва тарғибу ташвиқ намоем. Мо бояд барои баланд бардоштани фарҳанги зебоипарастию худшиносии миллӣ, бедор намудани завқу таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавон ба маданияти баланди либосдӯзиву либоспӯшӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу маданияти ниёгон, рушди зеҳну афкори ҷавонон ба ҳунарҳои муосиру зебо, тарроҳии либосҳо, пешгирии тақлидкорӣ аз урфу одатҳои ба фарҳангу арзишҳои миллии мо бегона, дастгириву ҳавасмандгардонии тарроҳон дар ин самт ва пос доштани фарҳанги либоспӯшӣ миёни насли ҷавон корҳои таблиғотиро пурзӯр намоем. Дар ин ҷода дар қатори сохторҳои давлатӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ саҳми арзанда ва босазо мегузоранд. Ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи гурӯҳи занони Қаратоғ”-и шаҳри Турсунзода яке аз чунин ташкилотҳо мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ чанд муддатест дар ин самт фаъолият бурда истодааст. Соли ҷорӣ ташкилот лоиҳаи “Рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон ва паст намудани сатҳи бекорӣ”-ро тарҳрезӣ намуда, барои баррасӣ ва дастгирӣ ба Комиссияи танзим ва ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва хушбахтона мавриди дастгирӣ қарор ёфт. Мақсади лоиҳа тарғиби соҳибкорӣ, касбомӯзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст намудани шиддати бекорӣ, баланд бардоштани фарҳанги зебоипарастию худшиносии миллӣ, бедор намудани завқу таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавон ба маданияти баланди либосдӯзиву либоспӯшӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу маданияти ниёгон, рушди зеҳну афкори ҷавонон ба ҳунарҳои муосир, тарроҳии либосҳо, пешгирии тақлидкорӣ аз урфу одатҳои ба фарҳангу арзишҳои миллии мо бегона, дастгириву ҳавасмандгардонии тарроҳон дар ин самт ва пос доштани фарҳанги либоспӯшӣ мебошад. Дар доираи татбиқи лоиҳа Маркази омӯзишӣ ва истеҳсолии “Гулбонуи Наврӯзӣ” таъсис дода мешавад. Аз ташкил намудани марказ давоми татбиқи лоиҳа 48 нафар духтар соҳиби касбҳои дӯзандагӣ ва тарроҳӣ мегарданд, асосҳои фаъолияти соҳибкориро аз худ менамоянд ва дар амалӣ намудани мақсадҳои лоиҳа саҳми босазо мегузоранд. Чанде пеш дар толори маҷлисгоҳи Гимназияи хусусии “Ворисони Сино”-и шаҳри Турсунзода оид ба муаррифии лоиҳаи мазкур суҳбати гирди миз доир гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сарвари Ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи гурӯҳи занони Қаратоғ” Гулбону Наврӯзова кушода, лоиҳаро муаррифӣ кард. Сипас, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, маориф, агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва ҷавонони фаъол баромад намуда, лоиҳаро муҳим ва саривақтӣ шумориданд ва иброз намуданд, ки дар татбиқи он фаъолона ширкат меварзанд. Дар рӯзҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси марказ туҳфаи арзандаест ба ҷавонони шаҳри Турсунзода. Умедворем, ки маркази навтаъсис барои касбомӯзии ҷавонон, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, паст намудани сатҳи бекорӣ, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷавонон, фарҳанги зебоипарастию худшиносии миллӣ, бедор намудани завқу таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавон ба маданияти баланди либосдӯзиву либоспӯшӣ, пешгирии тақлидкорӣ аз урфу одатҳои ба фарҳангу арзишҳои миллии мо бегона саҳми босазо мегузорад. Гулиёри ФАЙЗ, корманди шуъбаи ҶСК “Соҳибкорбонк” дар шаҳри Турсунзода
Аъзои фирории ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайваста изҳороту баёнияи беасос омода карда, ҳангома сохтанӣ мешуданд. Ҳамаи ин танҳо ба хотири худро сафед кардан ва ҳақиқатро пинҳон доштан буд.
Сабаби асосии худкушии мардум ҳамин аст Вақтҳои охир дар кишвар худкушии, хусусан ҷавонон бисёр ба чашм мерасад. То ҳол мавридҳо ва сабабҳои ин рафтори мардум пурра таҳқиқ нашудааст. Чандин назарҳо дар мавриди даст ба худкушӣ задани ҷавонон вуҷуд дорад. Худкушӣ яке аз мушкилоти ҷомеа мебошад. Омӯзиши ин масъала бисёр печида аст. Мушкил дар он аст, ки худкушиҳо дар шакли категориявӣ ба вуҷуд меоянд. Фарқиятҳое вуҷуд доранд, ки ин тафовутҳо сабаби мушкил шудани омӯзиши худкушӣ мебошад. Худкушиҳо дар байни кӯдакон, ҷавонон, пиронсолон, занҳо ва мардон ба назар мерасад. Хусусиятҳои психологӣ ва физиологии ҳар категорияи одамон аз якдигар фарқ мекунанд. Мушкили асосӣ дар ҳамин аст. Олимон дар мавриди сабабҳои худкушӣ ақидаҳои гуногун доранд. Аммо то ҳол ягон олим дақиқ ва ба шакли конкрет нагуфтааст, ки сабаби асосии худкушӣ кадом аст. Ҳар донишманд аз назари ҷараёни фикрие, ки онро пайравӣ мекунад, ба ин проблема баҳо медиҳад. Дар омӯзиши ин проблема олимони соҳаҳои физиология, тиб, равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ибрози ақида мекунанд. Як гурӯҳи олимон дар чунин ақида ҳастанд, ки сабаби даст ба худкушӣ задани инсон мушкилоти фикрӣ ва зеҳнӣ аст. Олимони дигар ақида доранд, ки сабаби даст ба худкушӣ задани инсон муҳити иҷтимоӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ мебошанд. Яке аз дигар омилҳои даст ба худкушӣ задан қарздор будан аз бонк мебошад. Дар Тоҷикистон амалҳои даст ба худкушӣ задани одамон зиёд ба чашм мерасад. Сабабҳо гуногунанд. Яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задани одамон ишқи ноком аст. Ҳангоме ки ба издивоҷи дилдодагон аз тарафи волидайн розигӣ дода намешавад, онҳо метавонанд даст ба худкушӣ зананд. Сабаби дигари даст ба худкушӣ задан латукӯб, таҳқир ва фишори аз андоза зиёд нисбат ба келини хонавода мебошад. Баъзеҳо дар натиҷаи афсурдагӣ низ даст ба худкушӣ мезананд. Афсурдагӣ ҳолатест, ки кас нафари дӯстдошта ва наздики худро аз даст медиҳад. Инсони наздик ба мисли зан, шавҳар ва фар-
занд. Ҳолати дигари даст ба худкушӣ задан муносибатҳои печидаи байни инсонҳо мебошад. Масалан, баъзан ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки дар хонаводаҳо муносибатҳои хатарноки байни хоҳари шавҳар ва келин ба ин сабаб мешаванд. Сабабҳои асосии худкушӣ дар байни ҷавонони то 25-сола инҳо мебошанд: - дахолати падару модар ба зиндагонии оилаҳои ҷавон; - ҷанҷолҳои оилавии байни хонаводаҳои зану шавҳар; - хиёнати оилавӣ; - бемории соматикӣ ё маюъбӣ; - издивоҷи маҷбурӣ; - ишқ, издивоҷ, рашк. Хулоса, сабабҳои даст ба худкушӣ задани одамон гуногунанд. Ҳамаи сабабҳое, ки дар боло ишора шуданд, ба як масъала мебарад: набудани саодат ва хушбахтӣ дар зиндагии шахсии ҳамон гурӯҳи инсонҳо. Сабаби дигар кризиси инсондӯстӣ дар байни одамон мебошад. Сабабҳои ваҳшоният, қатл ва даст ба худкушӣ задани инсонҳо, набудани саодат ва хушбахтӣ дар зиндагии шахсиашон аст. Инсон барои саодатманд будан ва саодатманд шудан дар зиндагӣ ҳама чизро таҳаммул карда зиндагӣ мекунад. Аммо ҳангоме ба хулосае мерасад, ки дигар ӯ хушбахт ва саодатманд нест ва дар оянда ҳам буда наметавонад, даст ба худкушӣ мезанад. Чунки ӯ тасмим мегирад, ки бояд саодат ва хушбахтӣ асоси зиндагии ӯро ташкил диҳад. Инсон то вақте ки саодатманд аст, худро зинда ҳисоб мекунад. Ба назари аксари муҳаққиқон, ҷаҳони мо буҳрони сахти арзишҳои мусбати инсонӣ ва инсондӯстиро аз сар мегузаронад. Дар худкушиҳои замони мо бояд саҳми ин буҳронро фаромӯш накунем.
Дидавар БЕКЗОДА
Рустам РАҲИМОВ
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
МИНБАРИ АНДЕША
Андешаи баду маънии хом
Кризиси инсондӯстӣ
Ин бор сомонаи тундгарои «Паём.нет»-и ТЭТ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба зодрӯзи шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ ва таърихӣ часпидааст. Ҳарчанд ба ҳамагон маълум аст, ки ин сомонаи ифротӣ аз ҷониби давлатҳои маблағгузори наҳзат таъсис дода шудааст, вале он таҳти унвони «Паёми табрикотии «Паём.нет» ба Эмомалӣ Раҳмон» матлаберо интишор дода, диққати ҳамаи касонеро, ки ба қадри озодии ин марзу бум мерасанд ва ободии икшварро мехоҳанд, ба он равона кардан мехоҳад, ки то гумроҳ созад ва аз давлату миллат дур шуда ба онҳо пайравӣ намоянд. Танҳо давлату ҳукумат қодир аст, ки озодӣ ва эҳтиёҷоти мардумро таъмин намояд. Аммо онҳо берун аз кишвар, берун аз ҳақиқат ва берун аз иродаи мардум мубориза мебаранд. Муборизаи номардона ва чоплусона. Бо айбҳои бофтаю сохта ва бедалел ҳарф мезананд, вале беадолатию қонуншиканиҳои аз тарафи худ содиршударо пинҳон медоранд. Дар мавод буҳтон, иғво, худсафедкунӣ, худҳимоякунӣ, худхоҳӣ ҷой дорад. Онҳо дурӯғ мегӯянд ва дурӯғро обу ранг мебахшанд, то ҳақиқат аз мардум пинҳон монад. Аммо намедонанд, ки дурӯғ дер ё зуд ошкор мегардад. Ин ҳизб борҳо миёни халқ шарманда шудааст ва аз он ҳам бадтар шармандатар хоҳад шуд. Наҳзатиҳо худ шарбати муъҷизадори озодиро начашидаанд ва ҳеҷ гоҳ намехоҳанд халқи тоҷик шарбати озодии ба даст омадаро бичашад. Онҳо озодӣ гуфта, мехоҳанд озодии мардуми тоҷикро бо ресмони муҳтоҷӣ, беҳуқуқӣ, зулм ва истисмор бубанданд. Ҳақиқатеро, ки надидаанд, ба он баҳо доданӣ мешаванд, вале баҳои онҳо баҳои дурӯғин аст. Эътимод ба нафс барои муваффақиятҳову пешравии ҳар инсон заминаи хубест, вале вақте он бо дигар эҳсосоти манфии инсон махлут мешавад, на танҳо аз комёбиҳо дур, балки барои ҷомеа зиёновар хоҳад буд. Бахусус, агар он дар пояҳои баланди ниятҳо, ба монанди ҳокимиятхоҳиву қудратталабӣ истифода гардад. Чунин як эҳсосоти махлутшударо дар рафтору кирдори Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Онҳо то ба имрӯз эътимод ба нафси худро бо ниятҳои ғаразнок пайвастаанд. Маврид ба зикр аст, ки ҲНИТ худро дар ҷомеа ҳамчун як ҳизби исломӣ, талқингари ғояҳои ислом ва пуштибони аркони он меҳисобад. Лекин мушоҳида мешавад, ки рукни асосии дини мубини ислом парҳез аз дурӯғ гуфтан ва кибру мансабталошӣ дар фаъолияти ин ҳизб бештар зоҳир мегардад. Чунки ин ҳизб аз оғоз, солҳои навадуми асри гузашта танҳо ба хотири сари қудрат омадани намояндагони як маҳал аз худ дарак дод ва бо зоҳир шудани худ вазъро дар кишвар ноором ва Тоҷикистони воҳидро ба маҳалҳову минтақаҳо қисмат кард. Аз ин нуқтаи назар, мебоист, ки масъулини ТЭТ ҲНИТ дигар ҳарфе ба лаб наоранд. Зеро аз он рӯзе, ки ин ҳизб арзи вуҷуд кард, ба сари давлату миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёдеро овард, ки то ҳол ҷиҳатҳои манфии он ба ҷомеа таъсиргузор аст. Сарчашмаи тамоми бадбахтиҳои он солҳо, сар карда аз бародаркушӣ, муҳоҷирати пирону кӯдакону занон ба Афғонистон ва гуруснаю ташна ҳалок гардидани ашхоси бегуноҳ, вайрону валангор сохтани кишвар, зери таъсири хориҷиён гузоштани низоми идораи давлат маҳз бо пайдо шудани ҳамин Ҳизби ифротии наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз ёфт ва то имрӯз, ҳарчанд ки заъифу нотавон аст, бо истифода аз дини мубини ислом мехоҳад мардумро ба гумроҳӣ бикашад ва манфиатҳои ғаразноки худро пиёда созад. Аз ин бармеояд, ки ин ҳизб ҳадафи ягонаи худ - ишғоли қудратро бо ҳар роҳ, бахусус дар ниқоби ислом ва кӯмакҳои хоҷагони хориҷӣ ба даст овардан асту бас. Дар ин сурат, ин ҳизб ҳизб нест, балки танҳо гурӯҳи манфиатхоҳест, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои худ манфитаҳои ғаразноки гурӯҳҳову созмонҳои алоҳидаро амалӣ менамояд. Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ шаъну шарафи дар арсаи байналхалқӣ ба даст овардаи кишварро бо аъмоли хиёнаткорона ва фосиқона паст мезанад, вале боз нашармида худро канор мегираду бегуноҳ меҳисобад ва бори маломатро ба дигарон мезанад.
11
ФАРҲАНГИ ҶАВОНОН Оила маконест, ки он ҷо фарзанд ба воя мерасад. Одобу ахлоқ, рафтор, тарзи гуфтор, ҳурмати калонсолону меҳрубонӣ нишон додан ба рафиқон ва дилсӯз буданро кӯдак аз оила меомӯзад.
Муҳаббат, рафтору гуфтори нек Беҳтарин василаи тарбияи фарзанд Тарбияи асосии фарзанд ба волидон вобастааст. Ҳар ҳаракат, тарзи муомила суханҳои пасту баланде, ки падару модар назди кӯдаки хурдсол мегӯянд ва гӯё вай чизеро сарфаҳм намеравад, хато мекунанд. Кӯдак ба ҳама кирдори атрофиён, хусусан волидон диққат зоҳир намуда, маҳз мувофиқи дидаю шунидааш дар оянда рафтор хоҳад кард. Дағалии падару модар ба рӯҳияи кӯдак таъсир расонида, тарбияаш душвор мегардад. Пас волидон дар ин маврид худро сафед карда, мактаб ё ҷомеаро гунаҳкор мешуморанд. Аз ҳакиме пурсиданд: Ба одам чӣ зарур аст? Гуфт: Ақл Гуфтанд: Агар он ноқис бошад? Гуфт: Адаб Гуфтанд: Гар аз он ҳам бехабар бошад? Гуфт: Пас, мурдан илоҷи ӯст. Ақлу адаб дар оила пойдор набошад, вой бар ҳоли кӯдакони ноболиғе, ки оянда танҳо бадгуфториро медонанд.
Афсӯс, ки чунин манзараҳои таъсирбахши зеҳни кӯдак ҳаррӯза дар оилаҳо ба назар мерасад, ки дар натиҷа кӯдак бадҷаҳл мешавад. Дар кӯчаҳои пойтахт ҷавонону наврасони аз тарбия дурмонда кам нестанд. Корашон оворагардию дарсгурезист. Сухани некро намедонанд. Дар назди биноҳои истиқоматӣ, кӯчаву бозор, дохили нақлиёт бо садои баланд суханҳои қабеҳ ба забон оварда, табъи дигаронро хира месозанд. Агар шахсе онҳоро насиҳат кунаду роҳи дуруст нишон диҳад аз карда сад бор пушаймон мешавад. Ончунон бадзабон шудаанд, ки сухани хуб ба онҳо дигар таъсир намебахшад. Чунин оилаҳои нуқсондор дар ҷомеа ба зуҳури ҷараёнҳои иҷтимоии нолозим ва зараровар сабаб мегардад. Аз ин рӯ, ҷомеа ба оилаи солим ниёз дорад. Чи қадаре, ки оилаҳо мустаҳкаму тарбияёфта бошанд, ба фоидаи ҷомеа мебошад. Мамлакате, ки оилаи солим надошта бошад ҳеҷ гоҳ ба пешравиҳо ноил намегардад. Саъдии бузург фармудааст:
Ақлу давлат қарини якдигаранд. Ҳар киро ақл нест, давлат нест. Барои тарбияи дурусти фарзандон падару модар бояд нисбати якдигар боэҳтиром бошанд ва дар назди кӯдакон ҳаргиз бадгӯӣ накунанд. Сардори оила бояд доим нармгуфтор бошад ва нагузорад, ки касе сухани бад ба забон орад. Падар бояд ба ҳамсар ва фарзандон дар корҳояшон кӯмак расонад. Агарчи ин кор ба падар душвор бошад ҳам, барои кӯдаке, ки оянда оила бунёд мекунад таҷрибаи хуб мешавад. Дар зеҳнаш ва оянда ӯ низ рафтори волидайнро такрор мекунад. Муҳимтарин роҳ барои муваффақ шудан дар тарбияи кӯдак муҳаббат, рафтору гуфтори неки волидайн ба ҳисоб меравад. Волидайне, ки ин роҳро пеша намудаанду дар назди фарзандон ғавғову бадгӯӣ намекунанд, насли онҳо бофарҳанг ба воя расида, дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Насиба НАЗАРЗОДА, рассом
Фалак танҳо дард нест
ХУРШЕД МАВЛОНОВ
- Рӯзи фалакро бароятон табрик мегӯем. - Саломат бошед. Ба шумо ва ба ҳамаи ҳамватанон ин рӯз муборак бошад. - Доир ба махсусиятҳои жанри фалак чанд сухан мегуфтед? - Боиси хушрӯзист, ки имрӯз фалак дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳамин сабаб шудаасту имрӯзҳо тамоми ҷанбаҳои пайдоиш ва хусусиятҳои ин жанр ба таври пурра омӯхта шудаанд. Албатта, ҳеҷ як жанр, хоҳ мусиқӣ бошад, хоҳ дигар, бе хусусияти хос буда наметавонад. Масалан, ҳангоми иҷрои фалак бо шеваҳои гуногун хусусиятҳои он маълум мегардад. Хусусиятҳои шеваи иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасад ва матни сурудҳо вобаста ба хусусиятҳои фонотекии тарзи гӯиши гуногун таркиб меёбанд. Ё бо номҳо ва тарзи истифодаи шеърҳо. Гирем фалаки Афғонистонро. Фалак дар Афғонистон бо номҳои чорбайтӣ, сангардӣ, кӯчабоғӣ, шамолӣ маълуму маъруф мебошад. Дар Эрон бошад, фалак бо номҳои фарёд, фироқӣ, чорпорӣ, каллафарёд маъмул аст. Бояд гуфт, ки фалак яке аз жанрҳои мушкилтарини соҳаи мусиқӣ мебошад. Чунки бо дил хонда мешавад. Ҳар ҳунарманд аз уҳдаи фалакхонӣ баромада наметавонад. Бисёр ҳунармандон хостгори ин ҳастанд, аммо аз баҳраш баромада наметавонанд. Ҳарчанд фалак имрӯз ба чанд равия ҷудо мешавад, аммо ҳама аз як ҷо маншаъ мегиранд. - Шумо аз равияҳои фалак гуфтед. Имрӯз чанд намуди фалак ҳаст? - Ба таври мушаххас намедонам, ки чанд намуди фалак аст. Ҳаст фалаки роғӣ, қаландарӣ, даштӣ. Як намуди дигарро ҳам баъзеҳо ворид кардаанд - фалаки бунгак. Аммо ин фалак нест. Дирӯз дар телевизор дидам, як нафар инро ҳам ба қатори дигар намудҳои фалак дохил намуд. Вақте ба иҷроиши он назар афканем, дилхоҳ нафар фалаки бунгакро месарояд. Масалан, модарон дар сари гаҳвора ба ҷои алла истифода мебаранд. Ҳангоми иҷро аз овози баланд шуруъ мекунанд, дар охир ба овози паст ба анҷом мерасонанд. Аммо фалаки асил ин тавр нест, балки бар хилофи он аст. - Фалак асосан бо кадом асбобҳои мусиқӣ хонда мешавад? - Фалакро бо асбобҳои бепарда мехонанд. Ин асбобҳо аз нозуктарин ва душвортарин намуди асбобҳо ба ҳисоб мераванд. Ба монанди думбраву ғиҷак. Ҳастанд нафароне, ки бо асбобҳои бопарда мехонанд. Аммо ҳамон лаҳни ширине, ки дар асбобҳои бепарда эҳсос мешавад, дар дигар намуди асбобҳо эҳсос намешавад. - Пайдоиши фалак аз куҷо сарчашма мегирад? - Аз он ки фалак бисёр таърихи қадима дорад, махсусан гуфта наметонем, ки аз куҷо баромадааст. Ҳатто пайдоиши онро ба давраи Зардушт нисбат медиҳанд. Аз он ки ин жанр сирф халқӣ аст, пайдоиши онро аз замони ба ҳам
Ноҳияи Ёвон пешсаф мешавад
1 2 3 4 5 6 7 омадани инсон метавонем арзёбӣ намоем. - Дар ташаккул ва нумӯи жанри фалак саҳми Одина Ҳошим - падари Шумо хеле калон аст. То ҷое ӯро “Падари фалак” низ мегӯянд. - Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан дар солҳои 70-уми асри гузашта дар ягон саҳна фалакхонӣ роиҷ набуд. Он вақт фалакро ҳамчун равияи псимистӣ ва ё сӯфигӣ мегуфтанд. Аз ин рӯ, намегузоштанд, ки фалак миёни мардум паҳн шавад. Ҳамин фикрҳо ва монеаҳо маҳз бо ташаббуси Одина Ҳошим барканор карда шуданд. Алаккай дар солҳои 1983-1985 ҷашнҳои фалак дар шаҳри Кӯлоб гузаронида мешуд. Ҳатто озмунҳои фалакхони беҳтарин доир мегардид. Ба ҳамин васила падарам фалакхонҳоро аз тамоми манотиқи кишвар даъват менамуд. Аз солҳои 1966-1967 Одина Ҳошим дар бойгонии радио сабтҳои фалаки роғӣ доранд. Дар замоне, ки фалак қариб нест шуда буд. - Чунин ақидае мавҷуд аст, ки танҳо шеърҳои дорои сӯзу гудозу ғам марбути фалак мебошанд. Яъне, бояд танҳо ҳамин гуна шеърҳо ҳангоми иҷрои фалак хонда шаванд... - Ин хатои маҳз аст. Мо низ дар ин масъала баҳсҳо доштем. Фалак танҳо дард нест. Фалакҳои шодиёна ҳам ҳаст. Сӯзу гудоз, ғарибӣ, умуан дар ҳама ҳолат фалак хонда мешавад. Ё фалакҳои қаландарӣ. Ин гуна фалак танҳо хоси мотам мебошад, ки дар ҳоли ҳозир қариб дида намешавад. Масалан, ҳамин дубайтӣ ба он хос аст: Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд, Ёрони маро ягон-ягон омаду бурд. Падари ман дар солҳои 60-ум аз ғазалҳои Ҳофиз, Саъдӣ, Камол, Хусрав, умуман аз адабиёти классикон ба таври фаровон истифода мекард. Масалан, аз Хусрави Деҳлавӣ ғазали “Рафтӣ аз чашму дар дил ҳасрати рӯят бимонд”-ро хондааст. Ман таъкид карданиям, ки бояд мо дар фалак аз ғазалҳо истифода кунем. Имрӯз дар як рубоӣ фалакро ҷо кардан хатост. Ин як хизмати хирсона ба фалак аст. - Аслан бояд мавзӯи фалак чӣ бошад? - Шеъри фалак мавзӯи хос надорад. Боз ҳам такрор мекунам, ки дар ғарибӣ, ошиқӣ, мотамдор низ ба вазъияти худ метавонанд фалак сароянд. - Саромадони фалаки тоҷик киҳоянд? Бобохалил Одинаев, Ҳошим Қосимов, Мақсуми Шакур, Раҷабмад Холов, Одина Ҳошим ва баъд ин тараф Давлтманд Холов, Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасанов ва ғайраҳо. - Ҳоло жанри фалак дар кадом ҳолат қарор дорад? - Албатта, ҳолати фалакро бояд тамошобин ва шунаванда муайян намояд. Лекин маҳбубият ба ин жанр дар миёни халқ хеле зиёд аст. Шумо худ шоҳид ҳастед, имрӯз маъракае нест, ки дар он ҷо фалакхонӣ нашавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз сатҳи жанри фалак ниҳоят боло аст.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4
Шаҳр, ноҳия
Мудири бахш
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азизов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ
Ҷамъи овозҳо
МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН”
Овозҳо дар ҳафта
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.
№
12
ОЗМУН
Фалак чун жанри мусиқии суннатии мардуми тоҷик аз замонҳои куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намудааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Фармони Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 10 октябр ҳамчун Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад. Доир ба вижагиҳои жанри фалак суҳбате доштем, бо фалаксарои машҳури кишвар Раҳматуллои Ҳошим.
2 10
4 145
7
120 24
97 5 48
1 121 40
90 40
66
3 66 15
58
3 5 75 52 2 2 13 2 2 99 12 43
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) __________________ ____________________________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда ______________________________________________
Майнӯшӣ на танҳо беобрӯ мекунад...
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”
Тибқи тадқиқоти олимон майнӯшӣ метавонад ба саломатии инсони ноболиғ хатари ҷиддӣ ворид созад. Мириам Шнайдер иброз доштааст, ки тадқиқот фақат синну сол ва аз кадом вақт ба майнӯшӣ шуруъ кардани ноболиғонро муайян намуд. Агар шахс аз наврасӣ ба истеъмоли машрубот машғул шавад, пас дар оянда ба майнӯшии зиёд роҳ медиҳад ва оҳистаоҳиста одат карда, ҳар рӯз аз машруботи спиртӣ истифода
мебарад. Волидон бояд фарзандони худро нагузоранд ки ба нӯшидани май одат кунанд. Майнӯшӣ на танҳо инсонро беобрӯ мекунад, балки ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ дорад. Юсуф АБДУРАҲМОНОВ, табиби оилавӣ
Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат калонтарин дар ҷумҳурӣ Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар миқёси ҷумҳурӣ калонтарин коллеҷ буда, аз рӯи чор ихтисос - ҳамшираи тиббӣ, момодоягӣ, лабараторӣ, санитарию-беҳдоштӣ кадр тайёр мекунад. Дар давоми фаъолияти чандинсола зиёда аз ҳазор муттахасиси соҳаи тиб тайёр кардааст, ки онҳо дар гӯшаю канори кишварамон ба мардум хизмат мерасонанд. Роҳбарии коллеҷро номзади илмҳои тиб, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмад Муродов бар зима дорад. Имсол Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдатро 675 нафар аз рӯи чор ихтисос хатм намуда, бо роҳхат ба кори доимӣ рафтанд. Тавре директори Коллеҷи тиббӣ Маҳмад Муродов иброз намуд, имсол 28 нафар бо дипломи аъло коллеҷро хатм намуда, 36 нафар ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуданд. 5 нафар аз ҳисоби духтарон ҳоло дар Федератсияи Русия мехонанд. Соли гузашта 610 довталаб аз ноҳияҳои тобеи марказ, аз ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Мастчоҳ, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дохил шуданд, ки 455 нафараш духтарон мебошанд, аз ҷумла 3 нафар ятим бори аввал аз
Кӯҳистони Мастчоҳ омаданд, ки ройгон таҳсил доранд. - Дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Коллеҷи тиббиро аз таъмири асосӣ бароварда, навсозӣ кардем. Коллеҷ бо мизу курсиҳо, компютеру принтерҳо муҷҷаҳаз гардонида шуд, ки донишҷӯён савияи донишу малакаашонро баланд мебардоранд. Чанде пеш ба ифтихори ҷашни муқаддаси 25умин солгарди Истиқлолияти кишвар дар Коллеҷи тиббӣ бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон дар мавзӯи “Ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон” конфронс доир гардид, - гуфт директори коллеҷ. Ҳокими САФАР
Дар ҷаҳон истеъмоли тамоку яке аз хатарҳои асосӣ барои инсонҳо мебошад. Ин омил ҳарсола сабабгори марги зиёда аз 6 миллион нафар мегардад, ки беш аз 5 миллион ҳолат дар байни истеъмокунандагон, ҳамчунин беш аз 500 000 шахсони гирифторони таъсири дуди тамоку ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳар 6 сония аз таъсир ва истеъмоли тамоку як нафар ба ҳалокат мерасад. Дар саросари олам қариб 77% аз шумораи зиёда аз 1 миллиард истеъмолкунандагони тамоку дар кишварҳои даромади иқтисодиашон миёна ва паст умр ба сар мебаранд, ки бо сабаби тамокукашӣ гирифтори бемориҳои аз тамоку пайдошуда ва ба марг расонанда мегарданд. Зиёде аз истеъмолкунандагони тамоку пеш аз муҳлат мефавтанд. Дар асри 20 тамоку сабабгори беш аз 100 миллион ҳолати марги одамон гардидааст. Вале ба ақидаи олимону коршиносон, агар ин тамоюл нигоҳ дошта шавад, чунин шумора дар асри 21 то ба 1 миллиард расиданаш аз эҳтимол дур нест. Тадқиқот исбот намуд, ки агар шумораи ҳалокшудагонро аз ҳисоби бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, бемории сил, оризаҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд, фалокати садамаҳои нақлиётӣ, ҳодисаҳои худкушӣ ва кушторро дар якҷодягӣ ҷамъ оварем, ба шумораи нафароне, ки аз зарари носу сигор мефавтанд, баробар намешавад. Шахсоне, ки носу сигор мекашанд, гумон мекунанд, ки асабашон ором, хотирашон ҷамъ ва ҳамаи мушкилоти зиндагиашон ҳал мешавад. Аммо дар воқеъ ин тавр нест. Истифодаи тамоку вобастагиро ба вуҷуд меорад, яъне кашидани тамоку одат мешавад, одати бисёр сахту ҳалокатовар, ки тарки он кори бисёр душвор аст. Имрӯз мутаассифона баъзе занон низ ба тамоку майлу рағбат доранд ва аз ин маҳсулоти заҳрнок истифода мебаранд. Бояд донист, ки агар модар ё падар носу сигор истеъмол кунанд, фарзанди ояндаи онҳо дар батни модар осеб мебинад ва дар баъзе ҳолатҳо тамоку сабаби марги бармаҳали тифли навзод мегардад. Тифлоне, ки волидонашон тамоку истифода мебаранд, аксар вақт носолим ба дунё меоянд. Муҳаққиқон исбот намудаанд, ки тамокукашӣ занонро ба безурётӣ низ мубтало месозад, бар замми ин, онҳоро ба бемориҳои илтиҳоби узвҳои занона гирифтор мекунонад. Барои муваффақ шудан дар пешгирии тамоку бояд мо ҳама якҷо мутаҳид шавем ва иродаи қавӣ дошта бошем. Чунки саломатии мо ба худи мо вобаста аст ва набояд ин неъмати бебаҳоро дар зиндагӣ аз даст диҳем ва зери хатар гузорем. Фахриддин ОТАМУРОДОВ,
дармоншиноси Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор
Тамоку - сабаби марги бармаҳали тифли навзод
Бархе волидон ба фарзандони ноболиғашон чандон аҳамият намедиҳанд ва чунин ақида доранд, ки агар фарзанди ноболиғашон таҳти назорати онҳо каме машруботи спиртӣ истеъмол намояд, ҷеҷ зарар надорад, балки метавонад назари ӯро дар оянда нисбат ба машруботи спиртӣ дигар созад. Вале олимон исбот намуданд, ки баръакс, агар ноболиғ дар наврасӣ ба нӯшидани машруботи спиртӣ машғул гардад, пас дар оянда аз ин чиз дил канда наметавонад ва рӯз аз рӯз бештару зиёдтар ба нӯшидан одат мекунад. Тадқиқот дар миёни 283 навраси ноболиғ гузаронида шуда, ба чунин хулоса овард. Роҳбари илмии тадқиқот
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
Имрӯз дар майдони адабиёт нафароне қадам ниҳода истодаанд, ки бо дарки баланди масъулият дар назди виҷдон талош менамоянд, то бо осори хеш баҳри инкишофи соҳа саҳмгузор бошанд.
Нависанда бояд ҳақиқатро нависад
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
Шодӣ Раҷабзод аз нафароне мебошад, ки дар пайи ҷустуҷӯҳои зиёд, мутолиаи пайваста ва соҳиб гардидани таҷрибаи рӯзгор пеши худ мақсад мегузорад, ки ба майдони адабиёт қадам гузораду аз фазои беохири он нафас гирад. – Барои нависандаи ҳақиқӣ шудан се омил нақши асосӣ мебозад: истеъдод, омӯзишу мутолиаи бардавом ва таҷрибаи зиндагӣ, - мегӯяд Ш. Раҷабзод. - Ман аз навиштан дида, бештар мутолиа мекунам. Таҷрибаи зиёде андухтаам. Омӯзгорӣ дар мактаби деҳа, хизмати аскарӣ, азобу мушкилоти даврони ҷанги шаҳрвандӣ, тиҷорату савдо, кор дар сохтмонҳои гуногун, меҳнати тоқатфарсо дар корхонаи хиштрезӣ ва ниҳоят муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия. Чун ҳамаи ин ранҷу азобҳоро паси сар намудаам, он лавҳаю лаҳзаҳои зиндагии вазнинро, ки ибратбахшанд, ба риштаи тасвир мекашам. Китоби нахустини нависанда зери унвони “Растагорӣ” ба нашр расид. Дар он ҳикояву очерк ва новеллаҳои то ин дам иншонамудааш гирдоварӣ шудаанд. Ӯ кӯшиш намудааст, ки дигаргуниҳоро дар мисоли зиндагии деҳот ва деҳотиён дар ҳикоя, новелла ва очеркҳояш бо тамоми шебу фарозҳо ва мушкилиҳояш ҳақиқатнигорона нишон диҳад. – Нависанда бояд ҳақиқатро нависад, аз воқеияти зиндагӣ дур наравад ё худро канор нагирад. Кулли нависандагон дар ҳамин меҳвар чарх задаанд, вале то куҷо муваффақ ва комёб шудаанд, ба ҳунару истеъдоди онҳо вобастааст. Ба андешаи ман, дар нависандагӣ сермутолиа будани соҳибқалам шарт аст. Имрӯз сафи шоирону нависандагон хеле зиёд гардидааст. Ин хуб аст ё бад вақт нишон медиҳад. Вале вақте аз нависандагони ҷавон ва ҳатто баркамол, ки соҳиби 3-4 маҷмӯа ё китоб мебошанд, пурсон мегардӣ, ки осори устод С. Айнӣ, аз ҷумла “Марги судхӯр” ва “Ёддоштҳо”-ро мутолиа кардаед, бо аломати инкор сар меҷунбонанд. Чӣ расад ба осори Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ф. Муҳаммадиев
ва дигарон. Адабиёти ҷаҳонро нахонда, чӣ тавр метавон дар қаламкашӣ пеш рафт? Не, намешавад. Осори А. Чехов, Балзак, Гюго ва дигар бисёр нависандагони хориҷиро наомӯхта, асари ҷолиб, дилангез ва муассир офаридан, ноимкон аст, - афзуд ӯ. Шодӣ Раҷабзод ба адабиёт дер ворид гардид. Аниқтараш дар синни панҷоҳсолагӣ. Ӯ гуфт: “Ба адабиёт дертар ворид гардиданам маънои онро надорад, ки дер кардаам. Ҳар нависанда дар синну соли гуногун ба адабиёт қадам мениҳад. Соҳиби як китоб бо номи “Растагорӣ” ҳастам. Пешгуфтори китоб ба қалами донишманд, мунаққиди забардаст Абдунабӣ Сатторзода тааллуқ дорад. Вақте ки бо тавсия ва пешниҳоди ҳамкорон маҷмӯа банду баст шуда, ба чоп тайёр шуд, дар ҷустуҷӯи адибу адабиётшиносе афтодам, ки ба он сарсухан бинвисад. Буданд адибон, аммо серкориашонро далел оварда, аз ин амал парҳез мекунанд. Тасодуфан дар як мулоқот устоди бисёр гиромӣ Абдунабӣ Сатторзодаро вохӯрдам. Арзи матлаб намудам. “Биёред, ҳикояҳотонро мехонем. Мебинем, таҳлил мекунем”, - гуфтанд устод. Дастнависҳоро бурдам. Пас аз ду ҳафта устод хабар доданд, ки “маҷмуаро хондам, пешгуфтор ҳам тайёр. Биёед, суҳбат мекунем”. Аз имтиҳони устод гузаштам, ки исботи он сарсухани навиштаи он кас мебошанд. Аммо ман ба таърифу ситоишҳо дода намешавам. Ин ҳама оғози кор аст”. Абдунабӣ Сатторзода дар пешгуфтори китоби “Растагорӣ” навиштааст: “Аз мутолиаи ҳикояву новеллаҳои Шодӣ Раҷабзод ба хубӣ равшан аст, ки ӯ ҳамчун фарзанди деҳа таълим гирифта, баъдан дар он муаллимӣ кардааст, аз зиндагии деҳа ва деҳотиён ва мушкилоти онҳо огоҳии комил дорад ва дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат шарики шодиву ғами онҳост. Ба назар мерасад, ки аксарияти ҳикояву новеллаҳои ӯ асоси воқеӣ ва ё ангезаи воқеӣ доранд. Ӯ бо шарофати мушоҳидакори дақиқназар бу-
дан, ки яке аз сифатҳои зарурӣ барои нависандагӣ мебошад, он ҳодисаву воқеаҳо ва шахсияту чеҳраҳои воқеиро аз зиндагӣ ба рӯи дафтари ҳунар кӯчондааст”. Ӯ ба василаи иншои ҳикояҳои “Арафаи ид”, “Растагорӣ”, “Шикаст” ва ғайра он афкореро талқин кардан мехоҳад, ки ҷавонон, умуман насли навраси имрӯз аз азобу машаққатҳо наҳаросанд, соҳибиродаю тавонманд, дӯстдори Ватан ва хештаншиносу соҳибмаърифат бошанд. Ба таъкиди ӯ ҳадафи адабиёти асил ва осори мондагори бадеӣ дар ҳама давру замонҳо тарбияи инсон будааст. Дар ҷомеаи муосир низ ҳамин мақсадро адибони ҳақиқатнигор пайгирӣ мекунанд. Умуман, адабиёт дар ҳаёти инсон нақши бениҳоят созгор дорад. Вақте шахс дӯстдорӣ ададбиёт асту пайваста аз китобҳои бадеӣ саҳифагардонӣ менамояд, ҳатман аз рафторҳои накӯи қаҳрамонҳо ва аз сабақи ҳаёт, ки ҳамеша дар саҳфаҳои адабиёт аз он тасвир мегардад, ибрат мегирад. Нафаре, ки дӯстдори адабиёт аст, шахси бомаърифату донишманд мебошад. Чунки инсон тавассути мутолиа ҳам маърифат меомӯзаду ҳам соҳиби дониш мегардад. Пас месазад, то дӯстдори адабиёт бошему ҷаҳони ботинии хешро равшан созем. Айни ҳол ба эҷоди дигар ҳикояҳо машғул буда, ҳамзамон дар болои се повест кор карда истодааст. Яке дар хусуси муҳоҷират, дигаре дар бораи падар ва сеюмӣ воқеаҳои талхи замони ҷанги дохилӣ мебошад. Мехоҳад ҳар сеи онро омода сохта, пешкаши хонандаи хушзавқ гардонад. Китоби дуюми ҳикояҳояшро бо номи “Ғамкушта” ба чоп омода намуда истода, пайи навиштани ҳикояҳову новеллаҳои бешуморе андармон аст, ки тарҳи мавзуъ ва муҳтавояшонро дар худ пухта расонидааст. – Имрӯзҳо дар бораи каммутолиагӣ ва дар умум аз мутолиа дур мондани ҷавонон зиёд мегӯянд. Воқеан, дар ҷомеаи мо фарҳанги мутолиаи осори бадеӣ ва илмӣ рушд наёфтааст. Дар ин ҷода аввал омӯзгорону устодон нақши бузург мебозанд. Дуюм, китобхонаҳо, хусусан китобхонаҳои мактабӣ. Китобхонаҳо бояд бо асарҳои адибони машҳури ҷаҳон дар баробари адабиёти классикии форсу тоҷик таъмин бошанд. Сеюм, нақши худи адибон дар тарғиби китобҳои бадеӣ ва маърифати мутолиа бояд муассир бошад. Хонандаи маърифатманди имрӯз бояд ҳама гуна асарҳоро бетартибона мутолиа накунад. Аз ин рӯ, агар мутолиа огоҳона сурат гирад, беҳтар аст, - гуфт дар интиҳои суҳбат Шодӣ Раҷабзод. Б. ҚАЮМЗОД, “ҶТ”
Муҳаббат Эй ҳаҷри ҷигархори муҳаббат, В-эй аҷри гирифтори муҳаббат. Имкон, ки надодиям бари ёр Хушбахтии бисёри муҳаббат. Шуд баҳру бар андар назарам тор Бебаҳра зи анвори муҳаббат. Лахти дили ман зи туст абгор, Эй захми сари хори муҳаббат!... Бо ин ҳама кай намоям инкор, Эъҷози ҳама кори муҳаббат? Бо ин ҳама нашмарам зи идбор, Ҳар лаҳзаи изҳори муҳаббат. Бо ин ҳама ҷон нагашт зинҳор, Ошуфтаву нофори муҳаббат. Гарчи кушиям ба ҷумла озор, Монам фақат осори муҳаббат...
Ҷавонӣ Эй ишқи ҷаридаи ҷавонӣ, Сармашқи қасидаи ҷавонӣ. Омӯхтаам бар табу тобат, Бо дарди кашидаи ҷавонӣ. Аз хӯйи разила кардиям дур, То хулқи ҳамидаи ҷавонӣ. То ҳол вале ба хобам орӣ, Аз бахти надидаи ҷавонӣ. Ҷуз доғ ба дил на ёдгорест, Аз ҳаҷр падидаи ҷавонӣ. Ҷуз насяи ваъдаҳои ӯ нест, Аз нақди расидаи ҷавонӣ. Зоҳир шуда пириҳом акнун, Аз қадди хамидаи ҷавонӣ. Берангии рӯзгорам омад, Аз ранги паридаи ҷавонӣ. Ҳам талхии назъи ҷон расида, Аз шаҳди чашидаи ҷавонӣ. Гар низ чакомаест, ин аст, Аз ашки чакидаи ҷавонӣ... Файзимади НАЗАР, муаллими МТМУ №56-и шаҳри Ваҳдат
15
Номи Душанбе ба шарафи Сталин
Ноз ва ѓамзаи зан
Савдогар
Пашша
Тими футболи Русия
… Ба Исоев, ќитъаи журОсиё налиспайти ТВ васт «Сааст фина»
«Дўст гўяд табарвор, душман гўяд …»
Дар Эрон шоњ буд, дар Бухоро - ?
... у анљом
Пойтахти Голландия
Дар даруни сигор
«Одеколон» ба тољикї
Бањсу гуфтугў
Растании табобатї
Ба забон овардан
Ба русї – ќад, ба тољ. њаќиќат
Шакли кўтоњи номи Маргарита
Ќалъаи амир
Бародари падар
Ронандае, ки мошинашро даст бардошта “меќапанд”
Њаёт
Номи шоколад ва сайёра (русї)
САНҶИШИ ДОНИШ
…Каримова, сароянда
Шоњ ва сарлашкари бузурги маќдунї
Низомии …, шоири классик
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
Забони давлатии Покистон
Кори хаттии хонандаи мактаб
Дўкони рўзномафурўшї (русї)
Бачаи буз
…и Ѓафурзод, сароянда
Аз зону болои пой
Мутахассиси забону адабиёт
Нам Пањлўи тези корду алмос
Харљи бењуда
Вобаста, доир Чанбараки мошин (русї)
Мурѓи бахти афсонавї
«Вай» ба русї
Зидмаънои «нодон»
Боксёри номии асри 20 Муњаммад …
Тири соат
Фазои беохир, кайњон
Маљаллаи сканвордњо Оњанпора дар таги суми асп
Чиркин Хушдоман
Њисобдони идора (тољ.)
Зеб, њусн
Хокаи сафед дар ошхона
Беѓам, беташвиш
Ња, оре
Чини рўй, нишонаи пиршавї Ќисми аз гардан болои љисм
Ќабзаи садбаргњо
Дўстон …, љонї ё забонї мешаванд
Тоза, зулол
Бозрасии автомобилї
Рекс, Хайбар ё Тузик Касе, ки мўи пурпечутоб дорад
Алебастри тољикї
Сари мех ё чўб
Пули «оњанї»
Ширкати «… - Мобайл»
... Маликов, сарояндаи рус
Бародари калонї
3600 сония
Њарфи алифбои арабї
«Майл…»- љойи смс-нависї
…и Кароматулло, овозхон
Сифр (русї)
Роуэн Аткинсон – мистер …
… Фозилов, овозхон
Номи пурраи Толик
Сканворд
Апаи Фарзонаи хуршед
… Толстой, адиби рус
16
СЕҲРИ ХОМА
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ
Сирри оилаи хушбахт
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №41 (9467), 13.10.2016
Дузд қулфи дари хонаро шикастанӣ мешавад, ки аз баландгӯяки дар садо мебарояд: - Салом! Шуморо системаи “Хонаи ҳушманд” шодбош мегӯяд. Тавре маълум шуд, шумо қулфи хонаро шикастаниед. Аммо заҳмат накашед. Ман хуҷаинамро дӯст намедорам, ӯ бо ман бад муносибат мекунад, барои ҳамин ман дарро мекушоям! Дар кушода мешавад. Дузд дар ҳолати шок мемонад. Боз ҳамон садо: - Халтаи назди дарро гиред, ҳамаи чизҳои даркорӣ ҳамонҷост. Соҳибхона тасмим гирифтааст, ба сафар барояд. Зудтар гиред! Ман чип дорам, ки ба таври автоматӣ баъд аз 1 дақиқа милисаро ҷеғ мезанад. Дузд халтаро мегираду мисли тир мегурезад... Баъд аз се соат соҳибхона бармегардад. Садо: - Салом, хуҷаин! Партов бароварда шуд!
Ду хона. Дар якеаш шабонарӯз моҷарову доду фиғон, дар дигараш оромӣ. Боз зану шавҳар хархаша бардоштанд. Зан ба шавҳараш гуфт: “Ту ягон вақт аз хонаи ҳамсоя ягон садои баланд, хархаша шунидаӣ, не. Рафта бин, канӣ, онҳо чӣ хел зиндагӣ мекунанд?” Мард дуртар аз тирезаи хонаи ҳамсоя назорат кард. Дар ин хона ҳар кас кори худашро мекунад. Зан дар ошхона асту мард сари миз чизе менависад. Телефон занг мезанад. Мард вақте хост гӯшии телефонро гирад, кӯзаи гул афтоду шикаст. Зуд хам шуда шишапораҳоро чидан гирифт. Зан аз ошхона давида омад ва дар чидани шишапораҳо кӯмак кард. Мард ба занаш гуфт: “Бубахш азизам, ҳангоми ба телефон наздик шудан ногоҳ ба кӯзаи гул расидам ва он афтоду шикаст”. “Не, азизам, ман гунаҳкорам, ки кӯзаро дар ҷои номуфиқ мондам”, - гуфт зан. Онҳо якдигарро бӯсиданд, шишапораҳоро ҷамъ карда гирифтанд ва ҳар кас аз пайи кори худ шуд. Мард ба хонааш баргашт. Ҳамсараш пурсид, “сирри он хонаи оромро донистӣ?” - Ҳа фаҳмидам. Дар он хона зану шавҳар ҳар ду гунаҳкоранд, мо ҳар ду бошем, ҳамеша ҳақ ҳастем.
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
МЕҲРОБ АЗИМОВ
***
Таҳияи У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
Зан ба дугонааш дар бораи шавҳараш: - Ӯ ҳаст – ман хӯрок мепазам, ӯ либос мепӯшад – ман мешӯям, ӯ мепартояд – ман ҷамъ мекунам. Ман бе ӯ чӣ кор мекардам...
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!
ОБУНА - 2017
Дустрӯякони ман - Воҳидҷону Самирҷон бо ҷашни фархундаи мавлудатон шуморо сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар оянда ҳамеша муваффақ бошед. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароятон умри дарозро арзонӣ диҳад!
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 80 сомонӣ - барои шаш моҳ - 42 сомонӣ - барои се моҳ - 23 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
Сар сабзу бадан саломату чеҳра ба нур, Иқбол ба каф, ба сина шодиву сурур. Ёрон ба канору зодрӯзат хушрӯз, Эй бор Худо, чашми бад аз руи ту дур. Бо эҳтиром, модар ва холаи соҳибҷашнҳо Ноила
ЭЪЛОН
ГУМШУДА
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857. Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).
Як даста ҳуҷҷат (шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, таллон), ки ба сокини шаҳри Ваҳдат Муҳидинов Зиёдулло Ризоевич, соли таваллудаш 22.08.1994 тааллуқ дорад, гум шудааст. Аз ҳар касе, ки ин ҳуҷҷатҳоро ёфтааст, хоҳиш карда мешавад, ки баргардонад. Тел: 907112711.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6550 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»