Ҷавонони Тоҷикистон, №42, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН

Мукофот ва тавсияи Пешвои миллат ба футболбозони наврас

№42 (9572), 18/10/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе 2018 саҳифаи 4 Кӯдакон беному нишон мешаванд. Гунаҳгор кист? саҳифаи

5

саҳифаи

6

Бистсолагӣ

Афзоиши ҷаримабандӣ барои маҳсулоти пастсифат саҳифаи

7

Тоҷикистон ба рӯйхати довталабони “Беҳтарин дастаи рушдёфтаи Осиё” шомил гашт саҳифаи 8 “Паймони миллӣ” хиёнати навбатӣ ба миллат

Дуруст аст, ки аз беаҳамиятии волидон ин падидаи номатлуб дар ҷомеа зиёд шудааст ва баъди муддате фарзандонашон пайдо мегарданд, ки ё ба оворагардӣ машғуланд ё аз хона фирор намудаанд. Аммо имрӯз кафолат дода намешавад, ки вақте хурдсол ё наврасе танҳо ба кӯча барояд дубора ба манзилаш баргардад. Вале барои таъмини амнияти онҳо бояд милитсия саҳми арзандаи худро гузорад. Имрӯз агар як тоифа дар нопадид гардидани кӯдакон волидонро гунаҳгор мекунанд, вале он афроде, ки даст ба ҷиноят мезанад барои худ роҳҳои махсуси ҷалби кӯдаконро доранд. Сару садоҳои ваҳмангез ва мухталифе низ вирди забонҳо аз қасди рабудани кӯдакон зиёд ба гӯш мерасад. Яке аз онҳо ҳодисаи ваҳмангезе, ки соли 2013 ҳамаро ба ваҳм афканд, ин аз наздикии маркази тиҷоратии “Садбарг” гум шудаанди Малика ва Сабина Араловҳост, ки фарзандони ду бародар буданд.

саҳифаи

13


2

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

Мукофот ва тавсияи Пешвои миллат ба футболбозони наврас 11 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби наврасони то 16 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштаанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд. Иқдоми шоистае, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аъзои ин даста амалӣ гардид, аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд. Зимни суҳбат бо футболбозон нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварди мунтахабро дар Чемпионати Осиё ба Федератсияи футболи кишвар, ба варзишгарон ва ба мардуми ҷумҳурӣ муборакбод гуфтанд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки нишондоди наврасон дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург аст ва ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар ва заҳмати содиқонаи худи футболбозон мебошад, ки дар як чорабинии бузурги варзишӣ бо натиҷаҳои арзанда ба Ватан баргаштанд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар байни 45 дастаи олам сазовори ҷойи

дуюм гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан, ин шарафи бузург аст ва ҳам боз як омили муаррифии давлату миллат ва болоравии обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад. Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввал ва интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби то 16- сола дар тамоми кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз 16-ум то 29-уми сентябри соли 2017 баргузор гардида буд. Чемпионати Осиё оид ба футбол байни наврасони то 16- сола дар ду марҳила бо иштироки 45 кишвари қитъаи Осиё баргузор гардид. Марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё байни наврасон моҳҳои сентябр-октябри соли ҷорӣ дар кишвари Малайзия бо иштироки 16 кишвари қитъаи Осиё баргузор гардида, тими мунтахаби Тоҷикистон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дод. Варзишгарони тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардида, ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17 сола, ки

13 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд. Сохтмони биноҳо дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ карда мешавад. Баъди гузоштани санги асос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян бо лоиҳаҳои сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлу-

соли 2019 дар кишвари Перу баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. Дар ҳақиқат дастоварди дастаи мунтахаби наврасони то 16 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё оид ба футбол руҳияи мардуми шарафманди тоҷикро боло бардошта, дар дили наврасон шавқу ҳавасро нисбат ба ин бозии оламшумул бедор кард. Аксари кулли мардуми ҷумҳурӣ бозиҳои ниҳоиро тамошо карда, ба дастаи дӯстдоштаи худ мухлисӣ карданд. Дар охири суҳбат Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар футболбозони наврасро бо дастоварди арзандаашон муборакбод гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки наврасони ҷумҳурӣ бо садоқати баланд, масъулият ва машқу тамринҳо дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар кишвари Перу бо ғалаба ба Ватан бармегарданд ва бори дигар шарафи кишварро дар арсаи олам ҳимоя менамоянд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

мон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад. Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя барои 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст

ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои

назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад. Дар ошёнаҳои бинои Ҳукумат толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта мешавад. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад. Дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигор мувофиқ сохта мешавад. Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода мешавад. Баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳои сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят карданд.


Машқҳои ВМКБ: Озмуни “Бонуи беҳтарин” пагоҳирӯзӣ дар Хоруғ доир гашт

ВМКБ

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев (ДДХ) миёни донишҷӯёну ҷавонон озмуни “Бонуи беҳтарин” баргузор гардид. Озмун бо ташаббуси Шуъбаи кор бо ҷавонони назди донишгоҳ доир шуда, ғолибон ба тариқи зайл муайян гаштанд: 1 - Шоҳаламова Анҷуман, донишҷӯи курси 4 – и факултаи филологияи ДДХ 2 - Давлатбегим Шукрихудоева, донишҷӯи курси 2 – и факултаи педагогии ДДХ 3 - Мирзоева Шоира, донишҷӯи курси 3 – и факултаи биологияи ДДХ Ба ғолибон аз тарафи шуъба ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гашт.

Бо ширкати зиёда аз 70 нафар ҷавонону сокинони шаҳри Хоруғ дар боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳр машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шуданд. Тавре мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков иттилоъ дод, тамринҳо бо ибтикори бахш роҳандозӣ шуда, дар он кормандони сохторҳои маҳаллӣ низ ширкат доштанд. Чунин машқҳо то оғози фасли сармо дар ҳамаи маҳаллаҳои Хоруғ баргузор мегарданд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

ХАТЛОН

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуд. Пас аз суханрониҳо иштирокчиёни ҷашни мазкур аз намоиш-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар доираи тантанаҳои идонаи ҷашни Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон аз ҷониби деҳқонону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ороста шуда буд, дидан намуданд.

Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе Дар муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи фестивали байналмилалии “Чакан” бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттифоқи ҳунарамндони Тоҷикистон таҳти сарпарасти Президенти Федератсияи футбол муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба “Соли рушди

сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намоиш-фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон баргузор гардид. Инчунин, оид ба дизайн, сифати маҳсулот, омода намудани маҳсулотҳои ба талаботи бозор ҷавобгӯ, омӯзиши таҷрибаи мутахассисон аз кишварҳои ИМА, Эстония, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Украина, баргузор гардид. Муниса ДОДОВА, “ҶТ”

ШНТМ

Бахшида ба ҷашни Меҳргон

Дар ноҳияи Рашт аз тарафи ихтиёриёни фаъоли Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия чорабинии фарҳангӣ, бахшида ба ҷашни Меҳргон гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур барномаҳои фарҳангӣ ҷараён гирифта, хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар васфи ҷашни аҷдодӣ шеърҳо қироат намуданд. Ҳунармандони шаҳр, деҳқонон ва кишоварзон маҳсулоти гуногун ва ҳунарҳои худро пешкаши мардум гардониданд.

Иқдоми неки ихтиёриён Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ихтиёриён иқдоми некеро баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии норасоии масунияти бадан роҳандозӣ намуданд. Онҳо бо ҷавонон вохӯрӣ гузаронда, аз оқибатҳои ногувори ин вабои аср ба эшон маълумот доданд: - Метавон гуфт, ки саломатии ҳар як инсон

аз худи ӯ вобастааст, - изҳор дошт мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ. – Аз ин рӯ эҳтиёткор ва ҳушёр бошем, то ин ки ягон беморӣ ба мо таҳдид накунад. Иқдоми роҳандозишуда маҳз ба ин хотир ҷараён гирифт. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”

Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, ба аҳли эҷоди ин муассисаи нав барору комёбиҳо таманно намуданд. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки аз ин пас со-

кинони минтақаи Кӯлоб метавонанд аз хизмати ин радио ҳамаҷонибаю босамар истифода намоянд. Дар баробари ин даъват намуд, ки ба кори радио қабл аз ҳама хабарнигорони варзида ва хатмкунандагони факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷалб карда шаванд.

Ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

Таҷлили ҷашни Меҳргон ти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идора, кумитаҳо ва ҳазорон нафар шаҳрвандон иштирок ва онро дар фазои сулҳу ороми Ватан истиқбол намуданд. Абудҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи чорабинӣ меҳмонон ва иштирокдоронро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат

“Радиои Кӯлоб” рӯи мавҷ баромад

Дар шаҳри Кӯлоб, санаи 14 октябр, радиои минтақавӣ зери унвони “Радиои Кӯлоб” ба фаъолияти хеш оғоз намуд. Зимни ба истифода додани “Радиои Кӯлоб” Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва

ДУШАНБЕ

Дар шаҳри Душанбе иди Меҳргон чун яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳувияти миллии тоҷикон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид. Тантанаҳои идонаи ҷашни Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳр баргузор гардида, дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президен-

3

АХБОРИ ҲАФТА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб бо донишҷӯёни коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Вохӯрӣ бо мақсади ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

гузаронида шуда, дар он беш аз 200 нафар донишҷӯ иштирок намуданд. Зимни вохӯрӣ маърӯзачиён оид ба қарзи ватандорӣ ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ суханронӣ намуданд. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”

СУҒД

Мо ҷавонон зидди бемории ВНМО/БПНМ Бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии ноҳияи Спитамен оид ба мубориза бар зидди бемориҳои сироятии хавфнок аз қабили ВНМО/БПНМ аксияи тарғиботӣ доир гардид.

Аксияи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, пешгирии онҳо аз бемориҳои сироятии ҷинсӣ баргузор гардида, дар рафти он ба сокинон ва ҷавонони ноҳия беш аз 300 адад варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

Ҷавонон - ҳимоятгар ва ҳифзкунандаи фарҳанги миллӣ

Зери ин унвон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзои Шӯрои Иттиҳоди ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон, намояндагони РВКД дар вилояти Суғд, Прокуратура, ходимони дин ва ҷавонони фаъол мизи мудаввар баргузор гардид. Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сипас, дар идомаи чорабинӣ мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, роҳбари Маркази

фарҳангӣ-омўзишии “Томирис” Раъно Ҷумъаева, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва ноболиғони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Баҳром Саидзода ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол бо ҳамсол” Парвина Сулаймонӣ дар мавзуъҳои раванди тарбияи ватандӯстӣ, пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон маърӯзаҳо намуда, иброз доштанд, ки бояд ҷавонон аз ҳама гуна хатарҳо худро дур нигоҳ доранд ва муҳофизи фарҳангу тамаддуни миллии хеш бошанд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”


4 15 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди ҷашни “Рӯзи соҳибкорон” таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид. Қабл аз оғози форуми мазкур намоиши молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар истеҳсолкунандагон молу маҳсулоти худро ба тамошои иштирокчиён манзур гардониданд. Дар форум намояндагони мақомоти қонунгузории кишвар, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагони

РӮЗИ СОҲИБКОРОН

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушди муқими Тоҷикистон, соҳибкорони бурунмарзӣ (диаспораҳо) сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони ширкатҳо аз 21 кишвари олам ва соҳибкорони ватанӣ, маҷмуан зиёда аз 2000 нафар иштирок намуданд. Маросими расмии форум бо сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ

- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар он ҷанбаъҳои муҳимтарини соҳаи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла, рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавии иқтисодиёт, рушди иқтисодиёти рақамӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ, зарурати саъю кӯшишҳои бештари якҷояи

ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри истифодаи оқилонаи имконият ва захираҳои мавҷуда, нақши равандҳои муосири иқтисодӣ дар баланд бардоштани самаранокии натиҷаҳои фаъолият тавассути таъмини шаффофият, сифат ва тавсеаи номгӯи молу хизматрасониҳо ва дар маҷмӯъ, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ матраҳ карда шуданд. Инчунин дар бахши ифтитоҳии форум директори минтақавии

Аҳтам Абдуллозода: Дар ҷумҳурӣ 51 ҳазор соҳибкори ҷавон фаъолият мекунад Нимаи дуюм рӯзи 15 октябри соли 2018 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони "Рушди сармоягузориву соҳибкорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ" ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар панели якум, ки таҳти унвони "Баланд бардоштани рақобат дар соҳибкорӣ бо истифодаи технологияи муосир: "Старт - ап"- ҳо ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон" унвон дошт, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар мавзӯи “Дастгирӣ ва омодасозии соҳибкорони ҷавон асоси муваффақият дар рушди иқтисодиёти кишвар дар замони муосир” суханронӣ намуд. Ба андешаи раиси кумита дар замони муосир дастгирӣ ва омодасозии соҳибкорони ҷавон асоси муваффақият дар рушди иқтисодиёти кишвар маҳсуб ёфта, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳо, фаъолияти соҳибкориро ҳамчун самти афзалиятноки

иқтисодӣ қарор дода, вобаста ба рушди он ҳамарӯза иқдомҳои созандаву дурбинонаро амалӣ менамояд: “Вобаста ба марҳилаи навини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, хусусан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ва бо назардошти он ки фаъолияти соҳибкорӣ яке аз рукнҳои асосии рушди иқтисодиёт ва воситаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ба ҳисоб меравад, самаранок истифода бурдани нерӯи созандаи ҷавонон ниҳоят муҳим аст. Дар Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ҷавонони мамлакат ҳамчун асоси манфиатҳои миллию давлатӣ, яке аз омилҳои таъмини рушди давлат ва ҷомеа, захираи асосии меҳнатии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд. Сиёсати давлатии ҷавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионӣ ва истеҳсолӣ, инъикоскунандаи нерӯи меҳнатӣ ва эҷодии ҷавонон арзёбӣ гардида, ҷиҳати татбиқи он амалӣ намудани чорабиниҳои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббуси ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифатии байналмилалӣ, инкишоф ва навоварӣ (рушд ва инноватсия) аз ҷумлаи афзалиятҳо дар самти мазкур муайян гардидаанд, - гуфт зимни суханронии хеш Аҳтам Абдуллозода. Ба гуфтаи мавсуф ҳоло аз 189 ҳазор соҳибкори инфиродӣ, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, 51 ҳазор нафари онҳоро

ҷавонон ташкил медиҳанд: - Бояд гуфт, ки солҳои охир дастгирии давлатии ҷавонони соҳибкор тадриҷан афзоиш ёфта, бо ин мақсад танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳии мамлакат ба соҳибкорони ҷавон беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Аз ин бармеояд, ки имрӯз ҷавонони мо ба соҳибкориву тиҷорат шавқу рағбати зиёд доранд. Маҳз замони соҳибистиқлолӣ ва фазои мусоиди соҳибкорӣ имкон фароҳам овард, ки ҷавонон дар ин самт муваффақ гарданд,- идома дод А. Абдуллозода. “Ҷавонони Тоҷикистон”

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн, президенти ширкати кореягии “Сеул Мачинери” ҷаноби Вон Ҳии Ким, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, ноиби президенти ширкати фаронсавии “Файвс Груп” ҷаноби Жан Франсуа Легран ва директори минтақавии корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон хонум Кассандра Колберт баромад намудаанд. Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои форум, мувофиқаҳои бадастомада ва созишномаҳои дар доираи он баимзорасида ба таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин қавӣ гардонидани иродаи ҳамбастагӣ дар самти истифодаи якҷоя ва самараноки имкониятҳоямон мусоидат хоҳанд кард. Дар фарҷом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили чорумин солгарди “Рӯзи соҳибкорон”-ро барои соҳибкорон муборакбод гуфта, ба аҳли нишаст фаъолияти пурсамар ва барору комёбиҳо орзу намуданд.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

Масъалаи беному нишон шудани кӯдакон яке аз ҳассостарин мушкилиҳо ва яке аз пурсарусадотарин мавзӯъҳои ҷомеаи кунунӣ ба шумор меравад. Чун солҳои охир бенишон гардидани кӯдакон дар кишвар афзуда, ташвишу ҳароси волидон аз ин хусус ба мушоҳида мерасад. Ва ин хатар имрӯз ҳам кӯдаконро таҳдид мекунад. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли равон 235 ноболиғ дар саросари кишвар гум шудаанд, ки баъзе аз онҳо то ҳол бенишон мебошанд. Ба гуфтаи мақомот аз миёни 235 нафар гумшудагон 231 нафари онҳо пайдо гардида, тақдири 4 нафар ҳанӯз маълум нест ва ҷустуҷӯяшон идома дорад. Соҳибназарон дар гум шудани кӯдакон аслан калонсолонро гунаҳгор меҳисобанд ва андеша доранд, ки аз беаҳамиятии онҳо кӯдакон роҳи хонаи худро гум мекунанд ва баъдан аз дигар хиёбонҳо пайдо мешаванд ё тамоман бенишон мегарданд. Баъди бедарак шудани кӯдакон аз он ҳарф мезананд, ки ӯро нафарони ношинос бо мошини сиёҳшиша каноре бурданд. Пас имрӯз хиёбонҳо пур аз автомашинаҳои сиёҳшиша ва кӯдакон аст. Яъне ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки ҳар кӯдак ё навраси тоҷик метавонад қурбони амали кӯдакрабоӣ гардад. Тавре мушоҳида мегардад, имрӯз бештар волидайн фарзандони худро дар кӯча беназорат гузошта, нисбати онҳо беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Ин пӯшида нест ва ҳар яке аз мо ҳамарӯза бо беназорат будани онҳо рӯ ба рӯ мегардем. Ҳамчунин ҳангоми дар кӯча бозӣ намудани хурдсолон таъкиду насиҳат мекунанд, ки “бо нафари бегона ҳамсӯҳбат нашаванд, агар ношиносе барои нишастан ба мошинаш даъват кунад, гурезанд...” ва мисоли инҳо. Вале барои он тоифаи одамоне, ки ба рабудани хурдсолон даст мезананд ин як василаи хеле хуби “шикор” аст. Чун онҳо бе ягон душворӣ кӯдак ё наврасро роми худ мегардонанд. Равоншинос Муҳаббат Эмомназарова, мегӯяд ба ин амали номатлуб аслан нафароне даст мезананд, ки аз ҷиҳати равонӣ хусусияти протсеси психикиашон фаъол нест. Ва онҳо шояд

МУЛОҲИЗА ба ҳолати хусусияти эмотсионалии ваҳшиёти шаҳвонӣ гирифтор бошанд, чун онҳо бо талаботи ҷисми худ худро қонеъ гардонида наметавонанд ва ба ҳамин корҳо даст мезнанд. Ин гуна нафарон одамоне мебошанд, ки аз хурдӣ ба онҳо тарбияи нодуруст дода шудааст ё умуман аз тарбия дур мондаанд. “Худи ҳамин таваллуди тифл аз батни модар бояд мақсаднок бошад. Вақте тифлро бе мақсад ба дунё меорем ва ба тарбияи ӯ аҳамият надиҳем, ӯ ба ҳар роҳи номатлуб рафтанаш мумкин аст. Ҳатто дар психология гуфта шудааст, ки инсон бадтарин махлуқи рӯи замин буда, ба ҳама кор қодир аст, агар таълиму тарбия дуруст надошта бошад”, - таъкид мекунад равоншинос. Ҳамсӯҳбатамон Саида, ки худ фарзанди хурдсол дорад, бенишон гардидани кӯдакон ӯро нигарон кардааст ва кӯшиш ме-

дар ҳолати шок қарор гирифт. “Зан бо овози баланд маро садо кард. Ва аз ман пурсид ба боғча меравам? Бале, гуфтам. Ӯ бе ягон тарсу ҳарос хоҳиш кард, ки фарзанди хурдсолашро, ки 4 ё 5-сола аст ҳамроҳ ба боғча барам. Зан гапашро давом дод: “ – Эээ, апа, ҳамин ки аз дарвозаи боғча дарояд, ӯ роҳша дигар медонад”. Бубинед, зани тоҷик то куҷо сода ё бепарвост, ки роҳнамоии фарзанди худро ба як нафари бегона бовар мекунад. Аз он намеандешад, ки шояд баъдан ҷигарбандаш бенишон шавад. Дар он ҳолат киро гунаҳкор мекарда бошад?. Зани ношиносро, ки фарзандашро то дари боғча ҳамроҳӣ мекард? Ё рафтори худро? Инчунин, баъди ба милитсия муроҷиат намудан агар кӯдаки онҳо дер пайдо гардад ҳатман аз он шиква мекунад, ки аз дасти кормандони мақомот

ки вақте кӯдак ба дунё овардем, бояд то синни 18 солагӣ аз пайи назорати ӯ бошем. То даме, ки роҳи худро пайдо накунад, ӯ ба чизе водор шуда наметавонанд”. Ба ақидаи коршиносон дар оилаҳо бояд бо кӯдак муошират ва муносибати хуб барпо намуд то ба чунин ҳолат гирифтор нашаванд. Асосан ин амал дар оилаҳое, ки падар оилаи дигар дошта модар хусусияти кӯчагардӣ дорад дида мешавад. Ана ҳамин нафар водор мешавад касеро бидуздад ё ҳарфи дурӯғ бигӯяд. Чун аз хурдсолӣ ягон ҷиҳати хусусияти фаъолиро аз падару модар ва ҷомеа надидааст. “Бубинед як рӯзи ҳолати руҳии нофаъол одамро ба касалӣ водор мекунад. Ва ин тоифаи одамон ҳама рӯз ба ҳамин ҳолат гирифтор буда, худро шахси фаъолу солим ҳис карда наметавонанд. Оилаҳое, ки бо-

кунад фарзандашро бе назорат нагузорад. Ба андешаи ӯ бештари маврид модароне, ки ба хурдсолон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, хонашин буда, барои он ки дар рафти анҷом додани кори хона фарзандон ба онҳо халал нарасонанд, аз дар берунашон мекунанд ва онҳо соатҳо дар кӯча машғули бозианд. Саида аз он нақл мекунад, ки вақте фарзандашро ба боғча мебурд, зане ӯро аз долони манзилаш садо кард. Ҳамсӯҳбатамон гуфт, вақте мақсади занро фаҳмид

ҳеҷ коре намеояд. Гарчанде таъмини амнияти ҳар шаҳрванд вазифаи милитсия аст, аммо дар ин ҳолат волидон гунаҳгоранду халос. Хонум Муҳаббат низ аз рафтори модарон нигаронӣ карда, изҳор намуд, ки метавонад даҳҳо мисолҳо аз ҳаёт биёрад, ки модарон аз кӯдак халосӣ меҷӯянд. Ӯ гуфт модарон худ дар хона нишаста, фарзандашонро ба кӯча мефиристанд ва нисбат ба кӯдакон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. “Онҳо бояд донанд,

маърифат ҳастанд ба фарзандон ҳамеша таъкид мекунанд, ки бо ношиносе суҳбат накунанд ё ҳамроҳаш нараванд ва онҳо зуд қабул мекунанд. Аммо оилаҳое, ки таҳсилдида нестанд, бояд ҳатман ба фарзандонашон фаъолиятҳои мақсаднокро фаҳмонанд. Вақте ҳар рӯз ҳамин хусусиятро такрор ба такрор мегӯем, ба психикаи кӯдак ҷо мегирад... Барои пешгирии кӯдакдуздӣ ҳатман падару модарон аз донишҳои психологӣ бохабар бошанд ва ба фарзанда-

Кӯдакон беному нишон мешаванд. Гунаҳгор кист?

5 шон онро фаҳмонда тавонанд”, - мегӯяд равоншинос Муҳаббат Эмомназарова. Зулфия Нуралиева, танзимгари барномаи хадамоти ҷустуҷӯи Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон аст, ки барои ҷустуҷӯи оилаҳое, ки наздиконашонро гум кардаанд, кӯмак мерасонад. Ба гуфтаи бону Зулфия ба кӯдакдуздӣ одамони носолим ва бо мақсадҳои нопок даст мезананд. Вале мавсуф мегӯяд то имрӯз оилае аз бенишон гардидани фарзанди хурдсол ба онҳо муроҷиат накардааст. Ва асосан оилаҳое ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бедарак шудаанд ва маълум мешавад, ки баъзе дар маҳбас қарор доранд, бархе дигар бо сабаби моҷароҳои оилавӣ аз худ дарак намедиҳанд. Маълум аст, ки шахси солим ҳеҷ гоҳ ба одамрабоӣ даст намезанад , танҳо барои расидан ба мақсади нопоки худ ба ин амали нанговар қодир аст. Ба гуфтаи коршиносон одамрабоӣ имрӯз дар ҷаҳон ба тиҷорате табдил шудааст, ки ҳадаф фурӯхтани узви бадани онҳо мебошад. Ҳамсуҳбатамон Анаҳита, ки дар ноҳияи Фирдавӣ иқомат мекунад ва ба чунин ҳодиса рӯ ба рӯ гардидааст гуфт, “дар мағоза ҳамроҳи писарчаи 2-солаам ба харидани хӯрокворӣ машғул будам ва кӯдак талош кард то ӯро аз оғӯшам поин фарорам. Поин шуд ва ҳар сӯ медавид. Дар мағоза, ки назди бинои истиқоматии мост ҳама савдогарон ӯро хуб мешиносанд. Кӯдак якбора истод ва ба сӯи дари асосӣ, рост истода буд, табассум мекард. Ҳисси кунҷковиям боло гирифт ва оҳиста аз як канор назора мекардам, ки бо кӣ механдад. Марди қоматбаланди кулоҳдор (кулоҳаш то ҳадде поин буд, ки рӯи мард наменамуд) бо ишора кӯдакро ҷониби худ мехонд. Кӯдак қадам мемонад, вале вақте ман бо овози баланд “шумо кистед?” гуфтам, мард якбора гурехт”. Дуруст аст, ки аз беаҳамиятии волидон ин падидаи номатлуб дар ҷомеа зиёд шудааст ва баъди муддате фарзандонашон пайдо мегарданд, ки ё ба оворагардӣ машғуланд ё аз хона фирор намудаанд. Имрӯз агар як тоифа дар нопадид гардидани кӯдакон волидонро гунаҳгор мекунанд, вале он афроде, ки даст ба ҷиноят мезанад, барои худ роҳҳои махсуси ҷалби кӯдаконро доранд. Сару садоҳои ваҳмангез ва мухталифе низ вирди забонҳо аз қасди рабудани кӯдакон зиёд ба гӯш мерасад. Яке аз онҳо ҳодисаи ваҳмангезе, ки соли 2013 ҳамаро ба ваҳм афканд, ин аз наздикии маркази тиҷоратии “Садбарг” гум шудани Малика ва Сабина Араловҳост, ки фарзандони ду бародар буданд. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”


6 Парихон дар яке аз бонкҳои кишвар мудири шуъба мебошад. Метавон гуфт, як зани коргар ва муваффақ аст. Азбаски сариштакор асту захира карда метавонад, тавонист, ки дар давоми чанд соли корӣ ҳам соҳиби хона шаваду ҳам соҳиби мошини сабукрав. Ҳоло ният дорад дар Варзоб ё ягон гӯшаи дигаре аз атрофи Душанбе қитъаи замин харида, истироҳатгоҳи тобистона бунёд кунад. Азбаски каме дертар издивоҷ кард, ҳоло соҳиби фарзанд нест... Мурод 35-сола аст. Мегӯяд, ҳанӯз аз солҳои охири мактабхонияш дар як ширкат кор мекунад. Танҳо як мошини сабукрав дорад. Ду чизро бештар дӯст медорад: сайру гашт ва хӯрданро. Қариб аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро дидааст. Баъзан, агар хумори сихкабобаш гирад, мебинед, ки дар Хуҷанд аст. То ҳол оиладор нест ва пули ёфтаашро барои хӯрдану гаштан истифода мебарад. Дар бораи пасандоз бошад ҳанӯз фикр накардааст. Ҳасан ҳамин сол ба 43 даромад. Дар мактаб аълохон будааст. Вале ба донишгоҳ надаромад. Зеро майлаш ба тиҷорат ва корчалонӣ буд. Дар вақташ аз падар як миқдор маблағ гирифта, дар як ҷои муносиб (ба қавле серодам) дӯкон кушод. Аз он ки ҳам дӯконаш дар ҷои нағз, ҳам худаш маҳсулоти босифат мефурӯшад, илова бар ин як ҷавони кушодачеҳраи хандонрӯст, пули нағз кор мекунад. Рӯзе дар дӯкон бо як духтар шинос шуда, пас аз муддати кӯтоҳе оила барпо мекунад. Пеш аз оиладор шудан тамоми диққаташро ба духтар мебахшад ва кори дӯконро ба дараҷаи

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

ХУДСОЗӢ дуюм мегузорад. Пас аз издивоҷ мувозинаташ каме вайрон мешавад. Зеро ҳамсараш ҳаёти рафоҳ ва пурнишотро бештар дӯст медошт ва талаб мекард, ки барояш чунину чунон таҳия кунад. Дар байни шаш моҳ муфлис ва қарздор мемонад. Бо ин ҳол ба завҷааш даркор намешавад ва зан ӯро тарк мекунад. Азбаски ҳама чизашро аз даст дода буд, дигар ба осонӣ корашро ба низом дароварда наметавонад. Ҳоло дар дӯкони як тоҷири шиносаш ба ҳайси фурӯшанда кор мекунад. Рӯзгорашро бо қаноат

аст, талабгорони зиёде дошт, лекин вай “дар оиладорӣ саросема намешавам” гуфта номзади дилхоҳашро интизор шуд. Вақте ба Душанбе баргашт дар як ширкат ба кор даромад. Аз ҳисоби даромадҳояш маблағ ҷамъ карда, манзили иқоматӣ харид. Мутаассифона, интизориаш дар хусуси домоди зебо, доро ва хуб ӯро ноумед гардонд. Зеро то чанд синну солаш рафтан гирифт, талабгоронаш кам шуданд. Воҳид дар мактаби миёна ба бозии шоҳмот шавқи зиёд

дохт. Ҳоло ӯ мактаби алоҳидаи худро дорад, ки ба шавқмандон шоҳмот ёд медиҳад. Оиладор шуда, соҳиби фарзанд ҳам ҳаст. Чун дигарон, албатта, ӯ ҳам мушкилоти худашро дорад. Вале то чилсолагиаш соҳиби оила, хонаву мошин ва ҷои кори дилхоҳ гаштааст. Сахӣ баробари мактабро тамом кардан тасмим мегирад, ки алоҳида зиндагӣ кунад. Бо ин мақсад аз ноҳия ба пойтахт омада, ба як ширкате, ки аз хориҷа молҳои атторӣ ворид мекард, ба кор медарояд. Дар ширкат

Бистсолагӣ

тасмимҳое, ки дар ин син мегирем шаклгирии рӯзгори минбаъдаамонро муайян месозанд

ва дар як хонаи иҷора пеш мебарад. Замира бошад, 40-сола аст. Ӯ дар курси сеюми донишгоҳ мехонд, ки имкони идомаи таҳсил дар Олмонро ба даст овард. Ду сол дар Олмон хонд, мутахассис шуда ба ватан баргашт. Азбаски духтари соҳибҷамол

дошт. Пас аз хатми мактаб ҳам аз ин бозӣ дил наканд. Ӯ навовар нест дар бозӣ, балки маҳз аз рӯи амалу усулҳои азёдкардааш рақибонашро мағлуб месозад. Баъди донишгоҳро тамом кардан чанде кор ҷуст. Сипас ба як курси бозии шоҳмот муаллим шуда ба фаъолият пар-

дар зинаҳои гуногун кор мекунад. Фаҳмишу заковаташ роҷеъ ба кор хуб аст. Аллакай дар 23-солагӣ бо ин махсусият аз дигарон фарқ мекунад. Ин ҷиҳатро дида роҳбарият ҳам мехоҳад, ки ӯро ба вазифаи ҷойнишини директори ширкат таъин кунад. Вале Сахӣ, ки маълумоти олӣ

Фазои кишвар набояд ғуборолуд бошад Мутаасифона, ҷавонони мо имрӯз дидаю дониста бо роҳу воситаҳои гуногун ба гурӯҳҳое, ки на дин, на мазҳаб ва на миллат доранд, шомил мешаванд. Равоншиносон бар он ақидаанд, ки сабабҳояш ин дур мондан аз таълим, надоштани саводи кофии илмӣ ва динӣ мебошад. Сабаби дигарашро дар истифодаи нодурусти сомонаҳои интернетӣ мешуморанд. Мувофиқи маълумотҳо, аксарият тавассути сомонаҳои интернетӣ, ба гурӯҳҳои махсуси тарғиботӣ, ки бо номҳои гуногуни исломӣ амал мекунанд шомил шуда, ба доми ифротгароён афтодаанд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротгароию тахрибкорӣ созмонҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро

миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Дар натиҷаи амалиёти террористии онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта мешавад, кӯдакон бесарпаноҳ мешаванду занон ба ҳалокат мерасанд. Дар олами Шарқ агар ба умқи таърих назар афканем мебинем, ки низоъҳои мазҳабӣ боиси харобиҳои хеле зиёд гардидаанд. Олимону донишмандон, шоирону файласуфон ҳамеша муқобили низоъҳо буданд. Коршиносон ба он назаранд, ки ба доми террористон бештар ҷавонони муҳоҷир ва ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла, барои ҷалби мардуми минтақаи Осиёи марказӣ

сомонаҳои мухталифи интернетӣ василаи асосӣ мебошанд. Дар шабакаи интернетӣ, сомонаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва таблиғотӣ шинохтани чунин мубаллиғон душвор нест. Афроде, ки ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд, худро бо номҳои марбут ба ислом муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила диққати ҷавононро ба худ ҷалб месозанд. Он ҷавононе, ки ҳушёриву зиракиро аз даст додаанд, саранҷом гӯш ба каломи муғризону нокасон мениҳанд ва рӯзгори худро тангу тор месозанд. Сулҳи тоҷикон, ки асоси дастовардҳои имрӯзаи мост, осон ба даст наомадааст ва хидмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ

нагирифтаасту диплом надорад, ин барои ба вазифаи баландтар гузаштанаш монеъ мешавад. Роҳбарият маслиҳат медиҳад, ки ӯ ба шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ даромада таҳсил кунад. Ҳоло ӯ ҳам таҳсил дораду ҳам кор. Имсол донишгоҳро тамом карданист... ...Дар ин саргузаштҳо дида мешавад, ки инсонҳо он қарору тасмимоте, ки дар 20-солагиашон гирифтаанд, ба зиндагии 15-20 соли минбаъдаашон, ҳатто ба тамоми ҳаёташон бетаъсир намондааст. Парихон дар бонк ба ҳайси мудири шуъба ба кор даромад, аммо оиладориро ки ба таъхир гузошт, ҳоло дар андеша аст, ки соҳиби фарзанд мешавад ё не. Лек соҳибмаълумот буданаш ӯро то ба мудирии шуъба дар бонк расондааст. Мурод ки то 35-солагӣ пасандоз накардааст, ҳоло ба фикри он мебошд, ки аз кадом ҳисоб оиладор шавад. Ӯ корашро хуб иҷро мекунад, аз ин лиҳоз маҳбуби ҳамкорон аст. Ҳасани аз дӯкон маҳрумгаштаю пушаймон аз он ки солҳои пеш ба ҷои тиҷорат мактаби олӣ ва ба ҷои як зан, зани дигареро интихоб накардааст, афсӯс мехурад. “Оҳу воҳ” гуфтан ҳам дигар барояш фоида надорад. Замираи соҳибҷамол ҳам афсӯс мехӯрад, ки кош на ҷавони дорову ниҳоят зеборо мунтазир мешуд, балки ягон ҷавони миёнаву хушахлоқро хуш карда хонадор мешуд. Воҳиди шоҳмотбоз ҳоло ба мақоми устодӣ расидааст, устоди шоҳмот. Ва ин барои таъмини маишати зиндагиаш ёрӣ мерасонад. Сахӣ бо вуҷуди он ки маълумоти олӣ надошт дар бистусесолагӣ аз кораш мамнун буд. Вале базудӣ аҳамияти маълумоти оливу зарурати санади донишгоҳро фаҳмид... Албатта, инсон ҳар чи кошт, ҳамонро медаравад. Вале тухму донаҳое, ки дар бистсолагӣ кошта мешаванд, маъмулан ба тамоми ҳаёти минбаъда таъсиррасон аст... Башир УСМОН, “ҶТ”

Раҳмон асту мо бояд ба қадри он бирасему нагузорем, ки фазои он пардаи ғубор дошта бошад. Имрӯзҳо мамлакатҳои ҳамсоя аз тинҷию оромии миллату давлати мо ҳарф мезананду ҳасад мебаранд. Аз ин лиҳоз бояд шукргузор аз он бошем, ки дар чунин як давлати тинҷу обод ва зебо умр ба сар мебарем. Имрӯз вақти он расидааст, ки дар масъалаи хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза ва ҳушёрию зиракии наврасон ба масъалаи гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ эътибор дода, методҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон бештар ба роҳ монем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузорем, ки нохалафон ба кишвари биҳиштосои мо халал ворид кунанд. Ф.САЙФУДДИНОВ, сардори маркази истеъдодҳои ҷавони ДДК


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018 Моҳбибӣ Қаюмова яке аз он нафаронест, ки бештари вақт ҳангоми харидории маҳсулоти хӯрокворӣ ба таърихи барориш ва сифати он аҳамият медиҳаду ҳамеша маҳсулоти босифат ва муҳлати истеъмолашон нагузаштаро харидорӣ менамояд. Зимни суҳбат ӯ гуфт: “Ростӣ, ба ин чиз аз ибтидо огоҳам, ки маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузашта ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад. Бинобар ин, вақте ки ба бозор ва ё мағозаҳо меравам, аввалан ба муҳлатнокии онҳо эътибор медиҳам ва мехарам. Ҳар нафар низ бояд ба ин чиз аҳамият диҳаду саломатии худу атрофиёнашро дар хатар нагузорад”. Воқеан, яке аз мушкилоте, ки дар баробари андешидани чораҳои зарурӣ ҳамеша ҷой дорад, ин дар фурӯш будани маҳсулоти муҳлаташон гузашта ва пастсифат мебошад, ки боиси нигаронист. Зеро ба саломатии инсон хатарнок аст. Аз мушоҳида бармеояд, ки бо вуҷуди тарғибу ташвиқ дар ин самт то ҳол баъзе аз сокинон дар вақти харидории маҳсулот ба муҳлати истифодаи он ва сифати маҳсулот диққат намедиҳанд ва агар диққат ҳам диҳанд, шуморашон хеле кам ва ангуштшумор аст. Атрофи ин масъала гарчанде пеш аз ин матлабҳо нашру пешкаши аҳолӣ шуда бошанд ҳам, вале бори дигар таваҷҷуҳ намудан ба он айни муддаост. Зеро дар шароити имрӯза нафаре нест, ки рӯзе аз мағозаҳои хӯрокворӣ чизе нахарад, чунки дар ҷараёни фаъолияти ҳаррӯза лозим аст, ки баҳри қонеъ гардонидани талаботи хеш чизҳои лозимиро харидорӣ намоем. Ҳар як истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки аз маҳсулоти мавриди ниёзаш, ки тару тоза ва аз ҷиҳати стандартӣ истеъмолиянд, истифода барад. Аммо баъзан ин ҳуқуқи онҳоро баъзе аз субъектҳои хоҷагидор поймол менамоянду маҳсулотҳои ғайристандартиро ба фурӯш мегузоранд. Бино ба иттилои Агентии Тоҷикстандарт, дар самти назорати бозори истеъмолӣ (нозироти савдо, натиҷаи ташхис дар озмоишгоҳҳо) дар ин давра фаъолияти соҳа тақвият дода шуда, ҷиҳати ҳимояи он аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, дар якҷоягӣ бо мақомоти

НИГОҲИ ДИГАР

Афзоиши ҷаримабандӣ барои маҳсулоти пастсифат

ё чаро он ба ҷои коҳиш афзоиш ёфтааст?! ҳифзи ҳуқуқ дар нуҳ моҳи соли 2018 ба миқдори 1 879 115 кило маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ ошкор гардид, ки аз ин 1 027 918 кило аз рӯи сифат ва бехатарӣ, 851 197 кило аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯй набуданд. Дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии Тоҷикстандарт аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 934 118 кило маҳсулоти гӯштӣ, 28 317 кило равғани растанӣ, 2 837 кило маҳсулоти макаронӣ, 76 104 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 44 172 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 117 645 кило маҳсулоти қаннодӣ, 92 157 дона қандакҳои хитойӣ, 5 918 кило маҳсулоти ширӣ, 5 305 кило консерваҳо, 59 010 кило чой, какао, қаҳва, 127 714 кило иловагиҳои ғизоӣ, 136 167 кило қанду набот, 300 кило чарбуи чорво, 5200 кило меваю сабзавот, 795 334 дона тухми мурғ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуда, нисбати субъектҳои хоҷагидор тибқи тартиби муқарраргардида чораҳои маъмурӣ, дар шакли ҷаримабандӣ андешида шуданд. Аз ин бармеояд, ки то ҳол мушкилоти маҳсулотҳои ғайристандартӣ ҷой дорад, ки суханони боло далели ин гуфтаҳост. Чун ҳар мушкилоте, ки ба вуҷуд меояд, ҳалли он дар баробари сохторҳои дахлдор ба шаҳрвандон низ то андозае вобастагӣ дорад. Маҳсулоте, ки

муҳлати истеъмолашон гузаштаасту пастсифат мебошанд, яке аз онҳост. Агар ҳар шаҳрванд ҳуқуқҳои истеъмолии худро донаду ҳангоми харидории маҳсулот ба сифат муҳлати истифодаи он диққат намояду баъдан онро харидорӣ кунад, метавон гуфт, ки ин мушкилӣ қисман ҳал шудааст. Барои ба чунин натиҷа расидан, пеш аз ҳама маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардоштан лозим аст. Дар робита ба ин Қадамзода Сабоҳат, сокини пойтахт андеша дорад, ки эътибор додан ҳангоми харидории дилхоҳ маҳсулот яке аз роҳҳои коҳишёбии маҳсулоти ғайристандартист. “Чун бештар ман аз маҳсулоти ширӣ харидорӣ менамоям, ҳамеша қабл аз харидан, ба таърихи истеъмоли он назар карда, сифати онро диққат медиҳам. Агар он босифату муҳлаташ нагузашта бошад, баъдан онро мехарам. Чунки дар ҳолати беэътиноӣ намудан нисбати ин гуна маҳсулот, он метавонад, ки ба саломатии мо зиён орад”, - гуфт Қадамзода С. Дар ин радиф ҳастанд нафароне, ки ҳангоми харидорӣ ба сифат ва санаи бароришу муҳлати истифодаи маҳсулот эътибор надода, харидорӣ менамоянд, вале бехабар аз он ки ба саломатии хеш зарар харидаанд. Чун дар боло ёдовар гардидем, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор маҳсулоти зиёди ғайристандартӣ ошкору мусодира гардидааст, пас таваҷҷуҳ бояд ба он равона карда шавад,

ки онҳое чунин маҳсулотҳоро ба бозори истеъмолӣ ворид месозанд, субъектҳои хоҷагидор, яъне соҳибкоронанд. Пас, дар ин росто бояд пеш аз ҳама соҳибкорон масъулият эҳсос намоянду маҳсулотҳои пастсифатро харидорӣ ва ба фуруш нагузоранд. Зеро дар натиҷаи истеъмоли дилхоҳ навъи он зарар ба саломатии инсонҳост. Дар баробари аз ҷониби масъулин ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур андешида шудани чораҳои дахлдор пеш аз ҳама соҳибкоронро зарур аст, ки қабл аз баровардани маҳсулоти хеш ба фурӯш солимии аҳолиро андешанду маҳсулоти тару тоза ва истеъмолиро пешкаши мизоҷон намоянд. Зимнан, масъулини Агентии Тоҷикстандарт мегӯянд, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок дар доираи ҳамкориҳо бо мақомоти давлатии назоратӣ дар ин самт, аз ҷумла Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъсиси гурӯҳҳои корӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонида, аз натиҷаи он мунтазам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ маълумот манзур карда шудааст. Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба пешгирии воридоти маҳсулоти

7 ба саломатӣ хатарнок ва таъмини рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ дар ҷаласаҳои Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 4717 ҳолат, ба маблағи умумии 1 232 550 сомонӣ ҷарима таъин карда шуда, маблағҳо ба буҷаи давлатӣ пардохт гардиданд, ки ҳаҷми умумии маблағи ҷаримаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 200 ҳазор сомонӣ (нуҳмоҳаи соли 2017 – 991,2 ҳазор сомонӣ) зиёд мебошад. Зиёд гардидани ҷаримаҳо дар самти вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон далели он аст, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои дахлдор мушкилоти мазкур на ин ки коҳиш ёфтааст, балки дар ҳоли афзоиш қарор дораду дар ин самт корро боз ҳам ҷоннок бояд кард. Аз ин рӯ, ҳар маҳсулоте, ки пастсифат асту муҳлати истеъмолаш гузашта, он ҳатман зарар дорад. Пас, барои он ки чунин мушкилот ба миён наояду маҳсулотҳои ғайристандартӣ ба бозору мағозаҳо роҳ наёбанд, назорати ҳамешагии сохторҳои дахлдор лозим аст. Инчунин, дар ин росто бояд фурӯшандаҳо масъулият дарк намоянду барои солимии ҷомеа аз савдои ҳар гуна маҳсулоти ғайриистеъмолӣ даст кашида, дар рушди савдои дохилӣ ва иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошанд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

Ду медали биринҷии паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон Дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 12-14 октябр дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон доир гашт, ду варзишгари тоҷик соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Медалҳоро Аминҷон Холов дар вазни то 48 кило ва Сомон Сангов дар вазни -52кило миёни ҷавонон ба даст оварданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар – Анушервон Шарифзода (то 48кило), Саидраҳмон Абдуллоев (то 60кило), Разавӣ Навбаҳоров (то 65кило), Шердил Алмосов (то 75кило)

миёни наврасон, Аминҷон Холов (то 48 кило), Сомон Сангов (то 52кило), Олим Назриев (то 62 кило), Субҳон Юсуфов (то 68 кг), Амирҷони Насимҷон (то 100кило) ва Шарифҷон Назриев (без аз 100кило) миёни ҷавонон муаррифӣ намуданд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар дар мусобиқа беш аз 250 варзишгар аз 36 кишвари дунё иштирок карданд.

Тоҷикистон ба рӯйхати довталабони “Беҳтарин дастаи рушдёфтаи Осиё” шомил гашт Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Медали нуқраи Бежан Варзишгари тоҷик Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон, ки дар Буэнос- Айреси Аргентина ҷараён дорад, дар намуди тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр, дар ҳайати даставии омехта сазовори медали нуқра шуд. Ҳамдастаи Бежан дар рақобатҳои даставӣ варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер буд. Ин ҷуфт дар финал аз ҷуфти Кирил Киров (Булғористон) / Ванесса Сигер (Олмон) бо ҳисоби 3:10 шикаст хурд. Ҷои сеюмро ҷуфти Дмитро Ҳонта (Украина) / Андреа Викториа Ибарра Миранда (Мексика) ишғол кард. Ёдовар мешавем, ки дар 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон, ки 7 октябр дар Буэнос-Айреси Аргентина оғоз шуд, 3 варзишгари Тоҷикистон иштирок доранд: Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ), Анастасия Тюрина (шиноварӣ). Дар рақобатҳои инфиродӣ варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал гарданд. Қувваозмоиҳо то 18 октябр идома меёбанд. То имрӯз дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Русия бо 37 медал (22 тилло, 9 нуқра, 6 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст. Маҷористон бо 20 медал (12-53) дар зинаи дуюм, Ҷопон бо 24 медал (9-6-9) дар зинаи сеюм қарор доранд. Умуман, варзишгарони 72 давлат соҳиби медали олимпӣ гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки рӯзҳои 19 - 20 ноябр дар Банкок конференсия бахшида ба саноати варзишӣ доир мегардад, ки он ҷо Конфедератсияи футболи Осиё номи беҳтарин лигаи футболи Осиёро эълон хоҳад кард. Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон довталаби унвони “Беҳтарин дастаи рушдкардаи Осиё” мебошад. Ҳамзамон ба ин унвон лигаи футболи Ҳиндустон, Индонезия, Иордания, Сингапур, Ветнам, Бутана, Гуама, Қирғизистон ва Филиппин низ шомиланд. Садбарги РАҲМИДДИН, “ҶТ”

Мақоми дуюми Тоҷикистон дар Ҷоми Бангабанду Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии иҷрокунандаи сармураббӣ Алишер Тухтаев дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми тиллоии Бангабанду”, ки дар Бангладеш ба анҷом расид, ҷои дуюмро ишғол кард. Дар бозии финалӣ тими миллии мо аз дастаи мунтахаби Фаластин шикаст хурд. Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ мусовӣ 0:0 анҷом ёфт. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи фаластиниҳо хандид – 4:3. Дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми тиллоии Бангабанду”, ки аз 1 то 12 октябр дар Бангладеш ҷараён дошт, тими миллии Тоҷикистон 4 бозӣ анҷом дод. Дар даври гурӯҳӣ мунтахаби кишвари мо бар дастаи Непал ғалаба карда (2:0), аз тими Фаластин шикаст хурд (0:2). Дар нимфинал мунтахаби

Тоҷикистон бар тими Филиппин пирӯз гардид (2:0). Дар маросими ҷоизасупорӣ тими мунтахаби Тоҷикистон дар баробари медалҳои нуқра соҳиби ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 25000 доллар гардид. Ба тими ғолиб 50000 доллар тақдим шуд. Кумитаи тадорукот дарвозабони Тоҷикистон Рустам Ризоевро беҳтарин дарвозабони мусобиқа, ҳамлагари тими Тоҷикистон Комрон Турсуновро бо ду гол беҳтарин нишонзан эътироф кард.

Медали биринҷии Сулаймони Ҷамшед Сулаймони Ҷамшед, дзюдочии тоҷик дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018, ки дар Буэнос - Айреси Аргентина ҷараён дорад, дар ҳисоби даставӣ сазовори медали биринҷӣ шуд. 10 октябр дар рӯзи чоруми мусобиқаи дзюдо қувваозмоиҳои даставии омехта баргузор шуд. Варзишгарон ба 13 даста тақсим шуда, бо номи шаҳрҳое, ки мизбони Бозиҳои олимпӣ буданд, номгузорӣ шуданд. Варзишгари тоҷик Сулаймони Ҷамшед, ки дар рақобатҳои

инфиродӣ дар вазни то 66 кило ҷои нуҳумро ишғол карда буд, дар ҳайати дастаи “Рио-де-Жанейро” ҳамроҳ бо варзишгарони Косово (Эрза Муминовиқ), Туркманистон (Милана Чоригулиева), Алҷазоир (Ёсамин Ҷиллаб), Словения (Метка Лобник), Қирғизистон (Султон Жени-

шебов), Русия (Абрек Нагучев), Бурунди (Флери Нихозеко) ҷои сеюмро сазовор шуд. Дар ҳайати даставӣ тими “Пекин” ҷои аввалро ишғол намуд. Дастаи “Афина” ҷои дуюм, дастаҳои “Риоде-Жанейро” ва “Лондон” зинаи сеюмро сазовор шуданд.


АНДЕША

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

Аз 20 сентябр то 7 октябр 16-умин ҷоми Осиё оид ба футбол миёни наврасони то 16-сола дар кишвари Малайзия доир гашт. Дар ин мусобиқа тими мунтахаби кишвари мо ширкат намуда, медалҳои нуқра ва роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) дар Перуро ба даст овард. Ин комёбӣ дар таърихи футболи кишвар зери роҳбарии Зайниддин Раҳимов сурат гирифт. Мо бо Зайниддин Раҳимов сармураббии тими мунтахаби наврасони 16-солаи кишвар суҳбат доштем. - Устод, комёбии тими наврасонро ба Шумо бори дигар муборакбод мегӯем ва мехостем барои хонандагон каме аз таҷрибаатон маълумот диҳед. - Ташаккур. Ман ҳам ин комёбиро ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон муборакбод мегӯям. Бояд гуфт, ман ба футбол аз овони кӯдакӣ пайваст шудаам. Вақте хурдсол будам шавқу рағбати футболбозӣ дар дилам бисёр ҷӯш мезад. Ҳарчанд падарам мехостанд ман ҳунарманд (навозанда) шавам, аммо ҳама вақт аз мактаби мусиқӣ фирор карда ба варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб мерафтам. Оҳиста – оҳиста вориди майдони сабз гардидем. Маҳмадшариф Шарипов мураббии даста хост моро аз рӯи як барномаи футбол ҷиддӣ омода намуда, ҳамчун футболбози касбӣ ба воя расонад. Ва баъдан бо даста ба чанд шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда, тамрин ва бозиҳои дӯстона анҷом медодем. Соли 1986 пас аз хатми хизмати ҳарбӣ ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб пайвастам ва аз ҳамон сол қадамҳои нахустини фаъолияти мураббигиямро низ оғоз кардам. Дар баробари футболбозӣ боз наврасонро тарбия менамудем. Соли 1988 ба дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа гузаштам. Ин даста дар лигаи дуюми Иттиҳоди Шӯравӣ бозӣ менамуд. Пас аз ин дар дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор ва “Помир”-и Душанбе ҳамчун футболбоз фаъолият намудаам. Чанд сол мешавад сармураббӣ шуда кор мекунед? - Мураббигиро аз давраи футболбозӣ оғоз намудаам. Дар он вақт ҳамеша ба кори мураббиён аҳамият медодам, ки барои омода намудани футболбозон аз кадом роҳҳо истифода мебаранд. Баъди хотимаи кариераи футболбозиам соли 1998-99 ёрдамчии сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб таъин гардидам. Пасон соли 2004-ум ёрдамчии сармураббии тими мунтахаби кишвар. Аз соли 2010 фаъолиятамро дар тими 16-солаҳои кишвар оғоз намудам.

шасти матбуотӣ ба сармураббии дастаи Ҷопон гуфтам, ки ту омода шав мо дар финал бо ту рӯ ба рӯ мегардем. Вақте бозии ниҳоӣ оғоз мегардид, тими Ҷопон аз мо пеш ба майдон баромаданд ва сармураббии ҷопонӣ, ки аз ман 30-метр дур буд маро диду наздам омада гуфт, ки гуфтаи ту амалӣ шуд. Ҳама диданд, ки тоҷикон марҳила ба марҳила дар футбол пурзӯр мегардад. Пеш аз мусобиқа бачаҳоро аз ҷиҳати усулӣ ва техникӣ омода намудем ва танҳо каме мушкилот аз ҷиҳати физикӣ ба бачаҳо боқӣ монда буд, ки ин камбудӣ дар рафти бозиҳои Ҷоми Осиё маълум гардид. Ҳатто вақте дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштем, он кас иброз доштанд, ки ман аз аввал то охир ҳамаи

Зайниддин Раҳимов: Футбол ҳавою ҳавас не, касб аст! Аввал ҳамчун ёвари сармураббӣ ва аз соли 2014 ба ҳайси сармураббии то 16-солаҳои ҷумҳурӣ кор мекунам. - Барои роҳхат гирифтан ба чемпионати Осиё дастаи 16-солаҳо кадом роҳҳоро тай намуд? - Аввал ташаккури худро ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мерасонам, ки барои роҳхат гирифтани наврасон ба чемпионати Осиё тамоми имкониятҳоро истифода намуда, ҳамаҷониба дастаро дастгирӣ карданд. Ҳамаи футболбозонро дар як даста, тими “Локомотив Помир”-и Душанбе ҷамъ овардем ва ин даста дар лигаи якуми кишвар баромад намуда истодааст. Ин усул барои якдигарфаҳмии футболбозон фоидаи калон овард. Зеро мо дар як мавсим вохӯриҳои бисёр анҷом додем. Масалан барои аз ҷиҳати тактикӣ омода шудани ҳар як даста, онҳо бояд дар як сол зиёда аз 60 маротиба бозӣ намоянд, ки даста ин реҷаро иҷро кард. Сафарҳои берун аз кишвар барои таҷрибаи футболбозон низ таъсири калон расонид. Футболбозони наврас пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар якчанд мусобиқа берун аз кишвар - дар Ҷопон, Сербия, Русия - ширкат намуданд. Албатта ҳар қадар, ки бо футболбозон дар мусобиқаҳои берун аз кишвар сабқат намоянд, ҳамон қадар таҷрибаи футболбозиашон бой мегардад. Бачаҳо то марҳилаи интихоби Ҷоми Осиё2018 то қадри имкон аз ҷиҳати тактикиву техникӣ омода шуда буданд. - Аз бозиҳои интихобии ҷоми Осиё то даври ниҳоӣ дар даста чӣ дигаргунӣ ба амал омад? - Вақте дастаи мунтахаби наврасони 16-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ рақобат намуд, ҳамчун ғолиби гурӯҳи “В” ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳхат гирифт. Дар рафти рақобатҳо бароям маълум гардид, ки ба футболбозони даста каме таҷриба намерасад. Аз ин лиҳоз ба Федератсия муроҷиат намудем, ки бозиҳои 16-солаҳоро дар берун аз кишвар зиёдтар анҷом диҳем. Ба киш-

вар барои анҷом додани бозиҳои рафиқона давлатҳои пурқувватро даъват намоем. Баъди марҳилаи интихобии ҷоми Осиё дастаи Уммон ба кишвар омад ва бо ин тим ду бозии рафиқона баргузор кардем. Пасон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии футбол миёни наврасон, ба Сербия сафар кардем. Дар ин мусобиқа се дидор бо мунтахабҳои Сербия (1-1), Урдун (2-1) ва Ҳиндустон (2-4) анҷом дода, соҳиби медали нуқра гардидем. Ин рақобатҳо бенатиҷа намонд, албатта барои таҷрибаи футболбозон таъсири худро расонид... - Йоширо Морияма, сармураббии тими мунтахаби Ҷопон пас аз бозии финалӣ ба бозингарони хатти ҳамлаи Тоҷикистон баҳои баланд дод. Шумо дар ин бобат чӣ гуфтаниед? - Вазифаи аввали мо дар ҷоми Осиё аз гурӯҳ баромадан буд, ки ба он муяссар шудем. Раҳмат ба он мухлисоне, ки моро ҳама вақт дастгирӣ менамуданд. Қадами дуюми мо роҳхат гирифтан ба чемпионати ҷаҳон буд, хушбахтона он чизеро, ки ба бачаҳо мегуфтам, иҷро карданд. Пеш аз ҳар як бозӣ ба бачаҳо мегуфтам, ки барои амалӣ гаштани орзуҳоямон як қадами дигар монд, вақте мо роҳхат ба чемпионати ҷаҳон гирифтем, футболбозон шӯхиомез мегуфтанд, ки муаллим қадамҳо тамом шуд... Ман гуфтам, ки не бачаҳо 15 сантиметри дигар мондааст. Ва вақте ба финал баромадем ба онҳо гуфтам, ки 5 сантиметр боқӣ мондааст, имрӯз он фурсате расидааст, ки бо тамоми қувва малакаамонро нишон диҳем. Бори дигар ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки Тоҷикистон новобаста аз давлати ҷавон буданаш ба ҳама кор қодир аст. - Дастпарварони тими Ҷопон дар ин мусобиқа бо шогирдони Шумо ду маротиба рӯ ба рӯ гашт ва рақобати аввал дар гурӯҳ мусовӣ (0-0) хотима ёфт. Дар финал бошад 0-1, барои ғалабаи бачаҳо чӣ намерасид? - Дар бозии гурӯҳӣ вақте аз тими Малайзия мағлуб гардидем, дар ни-

бозиҳои шуморо тамошо мекардам. Барои ғалаба каме қувваи шумо нарасид. Рости вақте ман ин суханҳоро аз забони роҳбари давлат шунидам, бовар кунед, бисёр шод шудам. Аз он ки Президенти кишвар бо вуҷуди корҳои муҳими давлатдорӣ вақт ёфта бозии бачаҳоро тамошо кардаанд ва боз камбудиҳои моро низ ёдовар шуданд. - Воқеан, футболбозони мо новобаста аз синну сол дар дақиқаҳои охири рақобатҳояшон аз ҷиҳати ҷисмонӣ заъф дошта, ба мушкил дучор мегарданд. Ҳамчун мутахассис ҳалли инро дар чӣ мебинед? - Вақте дар даврони Шуравӣ футболбоз дар ягон варзишгоҳ машқ мекард, пас аз тамринҳо ба ӯ барои хӯрокхӯриаш варақаи махсус (талон) медоданд. Агар ин усулро бори дигар аз нав барқарор намоянд, фикр мекунам мушкилии физикии варзишгар аз байн меравад. Вақте шогирд шикамаш сер бошад, мо метавонем баъди ҳар як машқ бо ӯ машқҳои гуногуни ҷисмонӣ намоем. Баъзан футболбоз 10 дақиқа бозӣ накарда дар замин мешинад, сабабро мепурсӣ ё саҳар чой нахурдааст ё ягон хӯроки ғизонокиаш паст истеъмол намудааст. Ман пешниҳод мекунам, ки ин усул дар мактабҳои варзишӣ барқарор гардад. Албатта мо наметавонем яку якбора ҳамаи онҳоро бо хӯрокҳои калориядор таъмин намоем. Оҳиста-оҳиста дар аввал мурабби 10 -15 нафар варзишгарони беҳтаринро интихоб менамояд ва ин ҳам вобаста ба шароиташон... - Шогирдони шумо якумин шуда медалҳои нуқраи Ҷоми Осиёро ба кишвар оварданд. Чунин пешвозгириро интизор будед? - Соли 2006 футболбозони навраси кишвар дар чемпионати Осиё мақоми сеюмро касб намуда буданд. Мо ҳаракат намудем, як зина болотар бароем ва медали нуқраро соҳиб шудем. Албатта, пеш аз омадан хабардор шуда будем, ки моро дар Тоҷикистон 15 ҳазор мухлис интизор аст, аммо тахмин накарда будем, ки

9 новобаста аз боришоти борон моро чунин пешвоз мегиранд. Ростӣ, вақте вориди фурӯдгоҳ шудем, бевосита моро Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, пешвоз гирифт, ки ин як ифтихор аст. Бовар кунед, аз ҳаяҷон дар чашмонам об ҳалқа зад, вақте ба ман сухан доданд аз хурсандӣ чӣ гуфтанамро надонистам. Ман барои ин самимияту гармии истиқбол бисёр миннатдорам. Бар иловаи мухлисони Тоҷикистон аз тоҷикони муқими Амрикову Аврупо низ паёмҳои табрикӣ дастрас кардем, ки барои ҳамааш изҳори сипос мекунем. - Фуболбозони дастаро чӣ гуна баҳо медиҳед? Бо ин ҳайат дар Ҷоми ҷаҳон муваффақ шудан мумкин аст? - Ман ин гапро дар нишасти матбуотӣ гуфта будам, ки агар барои футболбозони даста аз баҳои панҷ боло ягон рақами дигар мебуд медодам. Он чизе ки пеши бачаҳо гузошта буд, пурра анҷом доданд. Минбаъд, ҳаракат мекунем, ки бо ин даста дар ҷоми ҷаҳон муваффақ шавем. - Омодагиҳоро барои Ҷоми ҷаҳон аз кай оғоз мекунед ва дар ин самт чӣ нақшаҳо доред? - Бо Федератсия нақша кашидем, ки охири моҳи ноябр барои анҷом додани мусобиқаи байналмилалӣ ба Дубай сафар кунем. Дар ин ҷо чор дастаи пурқувват - Англия, Испания ва Арабистони Саудӣ бо мо вомехӯранд. Инро бинед, ки солҳои пеш дастаи Тоҷикистонро кам ба мусобиқаҳои байналмилалӣ даъват менамуданд. Вақте диданд, ки дастаи тоҷикон рӯз ба рӯз пешрафта истодаанд, моро ба ҳамаи мусобиқаҳо даъват мекунанд. - Ба Ҷоми ҷаҳон бо ҳамин ҳайат меравед ё онро дигар мекунед? Барои Ҷоми ҷаҳон ҳайати дастаро каме дигаргун мекунам. Чи хеле, ки дидед дар бозиҳо Рустам ё Ислом бисёр ҳаракати тез доштанд ба ман чунин футболбозон зарур аст. Хатти ҳимояро каме дигаргун мекунам. Ҳадди ақал 4 нафар иваз мешавад. - Ҳамчун мутахассис рушди футболи кишварро дар кадом сатҳ баҳо медиҳед? - Дар кишвар футбол ба таври олӣ рӯ ба тараққӣ овардааст. Роҳбарияти ФФТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тамоми шароитро муҳайё карда истодаанд. Ҳамасола майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо бунёд гардида истодааст. Танҳо моро зарур аст, ки барои ба даст овардани орзуҳо каме меҳнат кунем. - Мо ба Шумо ва ҳайати даста муваффақиятҳои нав ба нав орзу мекунем. Бовар дорем, ки шарафу обрӯи давлату миллатро боз ҳам баландтар мебароред. - Ташаккур барои ин таманниёти самимона. Мо ҳам кӯшиш мекунем, ки ба боварии мардуми шарифи ҷумҳурӣ ва мухлисони азиз сазовор бошем. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”


10

ҶОМЕА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

Ба тифлон гармӣ диҳем... Солҳои тӯлонист, ки бо кӯдакон сарукор дорам. Доимо як суол дар майнаам пайдо шуда маро ором намегузорад. Чаро волидон тифлони хурдсоли худро ба хонаи кӯдакон месупоранд? Охир чӣ хушбахтист барои модар, вақте мебинад тифлаш камол ёфта, аввалин қадамҳояшро мегузорад. Афсӯс чунин ҳолатро онҳо намебинанд. Зеро тифли хешро ба хонаи кӯдакон супурдаанд... Аксар модароне, ки фарзандони хурдсоли худро ба чунин муассисаҳо месупоранд, танҳоянд. Чунин ҳолатҳо асосан пас аз оиладории номуваффақ рӯй медиҳад. Модари ҷавон маҷбур аст, ба манзили волидон баргардад. Волидон онҳоро ноилоҷ қабул доранд. Лек аксар вақт шарт мегузоранд, бояд ӯ тифлашро ба тарбияи падар ё хонаи кӯдакон супорад. Модари зор маҷбур аст, тифлашро ба хонаи кӯдакон супорад ва худ мекӯшад кор ёбад. То ин ки баъдан ба худ сарпаноҳ ёбад. Волидонро низ фаҳмидан лозим. Онҳо асосан бо як нафақа рӯз гузаронда, имкони сариштаи фарзанд ва набераро надоранд. Ҳамин тавр, тифл ба хонаи кӯдакон меафтад. Дар оғоз ба муҳит мутобиқ шуда, дар якҷоягӣ бо дигарон зистан одат мекунад. Бо онҳое, ки чун вай партофта шудаанд. Ҳамин тавр, дар манзиле ба воя мерасад, ки барояш хонаи худӣ мешавад. Дар ин ҷо барои кӯдакон тамоми шароитҳо муҳайёст. Ҷойхоби тозаю озода, таомҳои серғизо, сайругашт пайваста дар ҳавои кушод, машқҳои гуногун. Кӯдакони мо хеле кунҷков, шӯху беқароранд. Ҳамин ки доштани қошуқро ба даст ёд гирифта, мустақилона ба роҳравӣ дароянд, мекӯшанд ба мураббиҳо ёрӣ расонанд. Ҳар субҳ дасту рӯи онҳоро шӯста, дуруст тоза намудани дандонҳоро барояшон ёд медиҳам. Хулоса мураббиҳо саъй доранд ба хурдсолон тамоми маҳорату дониши худро омӯзонда, ба онҳо бештар вақт ҷудо намоянд. Дар бораашон бештар ғамхорӣ зоҳир созанд. Аммо ҳамаи ин меҳру гармии модарро гирифта наметавонад. Ба модарони ҷавон муроҷиат намуда, бисёр хоҳиш доштам, ки тифлони хурдсоли хешро ба хонаи кӯдакон насупоранд. Зеро ҳарчанд ин ҷо ҳама гуна шароит муҳайёст, лек ба кӯдакон меҳру навозиши модарӣ намерасад. Як нигоҳ ба чашмони тифлакон кофист, ки мо илтиҷои онҳоро эҳсос намоем: “Очаҷон, маро танҳо нагузор...” Замира ҲОМИДОВА, мураббии хонаи кӯдакони рақами 2-юми пойтахт

Нақши омӯзгор дар рушди ҷомеа Мактабу маориф, илму ирфон, маърифат ва дониш дар ҳама давру замон дар таърихи инсоният мақоми шоистаро касб намуда, дар пешрафти ҷомеа, дар роҳи рушду нумӯи иҷтимоию иқтисодӣ ва зеҳнию ақлонии ҳар як миллати мутамаддин ва худогоҳ мавқеъ ва манзалати хосса дорад. Онро метавон қуллаи баландтарин ва авҷи аълои пешрафти маънавӣ ва дастоварди пурарзиши инсоният номид. Дарвоқеъ, танҳо миллати босавод метавонад, ки насли соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони арзандаи давронро ба воя расонад. Барои он ки ин ҳама тадбирҳои хайру савоб ва наҷиб пиёда гарданд, ба нақшу заҳмат ва манзалати омӯзгор, он марди хирад ва равшанзамире, ки олами тираю торро бо ҳарорати қалби меҳрофаринаш нуру зиё мебахшад, барҳақ бирасем. Ба умқи зиндагию маишат, кору пайкораш агар баҳои сазовор диҳем, пас маҳсули эҷоди ӯ, ки аз тарбияву камолоти марифатомӯзӣ ба шогирдон аст, дучанд боло меравад. Бешубҳа, омӯзгори асил он ҳама меҳру самимияти саршорашро танҳо бедареғ ба шогирдон мебахшаду ифтихор аз меҳри пеша мегӯяд. Зеро омӯзгор - устод дорои дили бузург аст. Чунин бузургдилӣ танҳо ба ашхосе даст медиҳад, ки тамоми умр ва ҳастии хешро фидои мактабу маориф ва омӯзиши шогирдон намуда, аз гузашти умр барака мебардо-

ранд. Ана, маҳз чунин ашхосро фидоиёни соҳа, пешоҳангони мактабу маориф мегӯянд. Омӯзгор дар дили шаб дар паси мизи корӣ нишаста сабақашро такрор ба такрор бо андарзу ривоятҳои ҷадид оинапардозӣ карда, дар хилваткардаи шаб алфози соддаю сараро аз абиёти бою ғаниямон гулчин менамояд, чунки якранг ва қолабӣ баён кардани матлабу мақсад хост ва қабули толибилми кунунӣ нест. Ба ибораи дигар, дар ин роҳ омӯзгор барои дарёфти ҳар як ибора, ҳар як ҷумла, фикри тому ақоиди ҷолиб, калимоти ҷадид аз хуни дил кам мекунад. Ана, барои чӣ ӯро унвон муаллим , устод ва омӯзгор аст. Ҷавонон набояд фаромӯш созанд, ки меъморе, ки нахустин хишти илму дониш, фазлу адаб, маънию маърифатро дар бинои муҳташам ва олами даҳри маънӣ мениҳад, маҳз устод аст. Аз ин рӯ, ба дараҷаи камолот расидани илму дониш ва фазлу адаби ҳар як шогирд ифтихор ва таманнои бузургест барои устод, ки ӯ дар симои шогирд самари меҳнат ва ранҷу машаққати бардавоми муаллимии хешро мебинад ва аз ӯ меболад. Гарчанде дар аввал маориф ҳамчун як мафҳуми маҳдуд ба назар расад ҳам, вале дар асл маҳз соҳаи маориф дар пешрафти кулли дигар соҳаҳо нақши калидӣ дорад. Агар ба ҷомеаи мутамаддини пешрафтаи Ғарб нигарем, бароямон аён

Сафари бобарору умедбахш Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуб бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар намуда, аз вазъи зисту зиндагии сокинони вилоят ошноӣ пайдо намуданд. Дар доираи сафари кории хеш муҳтарам Ҷаноби Олӣ 15 сентябр дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот ороста, ба масъулони мақомоти маҳаллии вилоят ҷиҳати афзун гардонидани дастоварҳои рушди иқтисодиву

иҷтимоӣ ва ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандии вилоят ҷиҳати муборизаи дастаҷамъона бурдан супориш доданд. Дар ин радиф Пешвои миллат иброз доштанд, ки “пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии он мақсаду мароми ҳар яки мо буда, иҷрои ин рисолати таърихӣ танҳо бо роҳи муттаҳидиву сарҷамъии халқи тоҷик ва заҳмати созандаи тамоми мардум муяссар мегардад”. Дар симои мардуми Бадахшон бо ин суханони ҳикматомӯз Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз тамоми мардуми шарифи киш-

вар даъват ба амал оварданд, ки бо ибрат аз таҷрибаи талхи таърихи замони ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳидиву сарҷамъиро вазифаи хеш қарор дода, баҳри таҳкими сулҳу субот, якдиливу якмаромӣ ҳамчун фарзандони як оилаи тифоқ ҷаҳду талош намуда, ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани азиз кӯшишҳои хешро равона созем. Мутаассифона, гумроҳону тангназароне ба мисли фарзандони нохалафи миллат Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубзода ва дигарон, ки аз пешрафту шукуфоии Ватани азиз чашми дидан надоранд, вобаста ба сафари Пешвои миллат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон бо чашми бад нигариста, таъкидҳои созандаву некбинонаи Роҳбари давлатро бо андешаи ғаразолуди худ ва фитрати пасти хеш баҳогузорӣ мекунанд. Дар робита ба ин, ба хоинон ва бадхоҳони миллат муроҷиат намуда, иброз медорем, ки Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз кори худро аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат, ободониву созандагӣ оғоз намуда, дар саргаҳи сиёсати хирадмандонаи хеш таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини кишварро ҳамчун ҳадафи олии стратегии кишвар қарор додаанд ва имрӯзҳо баҳри пойдориву таҳкими ин арзишҳои олӣ ҷаҳду талош ва қадамҳои устувору баҳодурона гузошта истодаанд. Ва

мегардад, ки ба ин зинаҳои баланд онҳо маҳз тавассути илму маориф дастёб гаштаанд. Боиси хурсандист, ки дар давоми 27 соли даврони соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бобати рушди маориф, чун як соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷуҳи махусус зоҳир карда шуд ва дар натиҷа ба нишондиҳандаҳои муайян низ ноил шудем. Дар интиҳо ҳамчун омӯзгор зикр карданиям, ки имрӯз ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд. Зеро ҷавонони бомаърифату устувор ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Зимнан, ҷавони муваффақ нафарест, ки роҳу равиши хешро дар зиндагӣ дорад, мақсаду ҳадафи муайянеро пайгирӣ мекунад. Ба ибораи дигар, ҷавонон бояд бо истифода аз ҳама гуна шароити муосир пайгири касби муайян гарданд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонанд ба қуллаҳои баланди муваффақият бирасанд. Маҳз бо истифода аз зиракии сиёсӣ, донишҳои иқтисодӣ ва доштани шуури кофӣ ҷавонони кишвари мо нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азизи хеш буда метавонанд. Қурбоналӣ САИДОВ, омӯзгори Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

барои расидан ба иҷрои ин ҳадафи дурнигарона дар Тоҷикистони азизу муқаддас ҳамагон дар атрофи Пешвои миллат мутаҳтид гардида, бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан кору фаъолият мебарем. Аз ин рӯ, ба тангназарону нотавонбинон муроҷиат менамоем, ки касе ва ё гурӯҳе дигар ҷавонони тоҷикро бо барангехтани фитнаву кина гумроҳ карда наметавонад, зеро ҷавонон ҳамчун ҳалқаҳои занҷир дар атрофи Пешвои ҷавонпарвари хеш муттаҳид гардида, Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зебо мегардонанд. Мамнур НУРЗОДА, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон


Пайрави падар

Падари Муҳаммадҷон – Юлдош-ака дар ноҳияи Шаҳритус унвони паҳлавонӣ дошта, ялею гарданкаше бар он кас дастболо нагардида буд. Писар аз овони хурдсолию навҷавонӣ тарзи гӯштии миллиро аз падар меомӯхт. Қабл аз он ки падар ба ӯ сабақҳои гӯштиро омӯзад, рӯзномаи мактабии Муҳаммадҷонро дақиқан аз назар мегузаронд. - Аз тамоми фанҳое, ки дар мактаб муаллимон ба ту дарс медиҳанд, -таъкид менамуд падар,- бояд баҳоҳои хубу аъло бигирӣ, баъд ман иҷозат медиҳам, ки бо варзиш машғул шавӣ. Ҳамин тавр Муҳаммадҷон ҳамвора кӯшиш менамуд, ки дар мактаб аълохон бошад. Ҳақиқатан ҳам вай аз ҷумлаи аълохонони мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳияи Шаҳритус ҳисоб меёфт. Тадриҷан ӯ дар варзиш ҳам соҳиби маҳорат гардида, сол ба сол пайваста обутоб меёфт ва ҳунари гӯштии самборо ёд мегирифт. Муҳаммадҷон гӯштии миллиро аз падар меомӯхту дар самбо устоди ӯ муаллими варзиши мактаб Худойназар Ҳаитов буд. Ҳамин тавр ин ҷавон, ки варзишро дӯст медошт, дар тамоми мусобиқаҳои ноҳиявӣ пирӯзӣ ба даст меовард. Ҳатто якчанд маротиба дар мусобиқаҳои гӯштингирии сатҳи вилоятӣ ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол намуд.

11

ЧЕҲРАИ ОШНО

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

Муҳаммадҷон мувофиқи амри падар таҳсили мактаби миёнаро бомуваффақият анҷом дода, ба шуъбаи молия ва қарзи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ дохил шуд. Дар шаҳри Душанбе имконияти бо варзиш машғул гардидан хеле васеъ буд. Муҳаммадҷон баробари таҳсили хубу аъло дар донишгоҳ бо варзиш низ ҷиддан машғул мешуд. - Устоди аввалини ман дар тарзи гӯштии самбо Исмат Абдуллоев аст,-ҳикоя мекунад Муҳаммадҷон,-ман аз ин устоди моҳир ва сахтгир бисёр нозукиҳои гӯштии самборо омӯхтаам. Бинобар ин номи устоди худро ҳамеша бо ҳурмату эҳтироми зиёд ба забон меорам. Ҳангоми донишҷӯ буданам, яъне солҳои ҳафтодуми асри гузашта боре дар пойтахти ҷумҳурии азизамон мусобиқаи гӯштии самбо ташкил гардид, ки дар он паҳлавонони ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ ширкат доштанд.

Ҳамин тавр ман бо паҳлавони аз шаҳри Бухоро омада Алишер Саидов гӯштин гирифтам. Вай аз ман 5 кило вазнинтар буд. Бо вуҷуди ин афзалияти ӯ ман ин паҳлавони бухороиро дар дақиқаҳои аввалини часпу талошамон бар замин афтонидам ва пирӯзӣ ба даст авардам. Ин ғалабаи худро ба устодам Исмат Абдуллоев бахшидам. Он кас аз ман бениҳоят хурсанд шуданд ва дастони маро самимона фишурда, гуфтанд: “Орзуи ман ҳамин ки доимо дастболо бошӣ! Барои ин машқу тамринро муттасил бояд давом диҳӣ!” Муҳаммадҷон тибқи фармудаи устоди худ мудом бо тамрин машғул мегардид. Вай аз қаҳрамонони ҷаҳон Саидмуъмин Раҳимов, паҳламонони номвар Худойназар Боқиев, Аҳтам Раҷабов низ сабақҳои гӯштии самборо омӯхтааст. Ба шарофати ҳамин тамринҳо ва сабақҳои паҳлавонони номвар Муҳаммадҷон Ҷӯрақулов дар би-

Ронандагони тезҳаракат ва волидони бепарво Садамаи нақлиётӣ имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон дар қатори дигар масъалаҳо мушкили муҳими рӯз аст. Чун дар натиҷа ҳазорҳо ҳазор одамон ҳалок ва ними он ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд. Мудом масъулони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ба ронандагон иброз медоранд, ки вақте сари чамбарак мешинанд, ҳамеша эҳтиёткор бошанд. Зеро, агар ранонда беаҳамиятӣ зоҳир намояд, метавон ба ягон нохӯшӣ рӯ ба рӯ гардад. Ҳамакнун бо оғоз гардидани соли хониш чунин садамаҳо ба маротиб зиёд мегарданд. Тибқи мушоҳида имрӯз бештари хонандагони макотиби миёна танҳо роҳи мошингардро убур мекунанд. Ҳатто каме дер мондан аз соати дарсӣ кӯшиши аз роҳ зудтар гузаштанро мекунанд ва ба чароғак аҳамияте намедиҳанд. Дар натиҷа ноболиғ зери чархи автомашина мемонад ё ронанда барои зер накардани ӯ ба мушкил дучор мегардад. Чунин ҳодисаҳо кам нестанд.

Вақте кӯдак дар синфи аввал таҳсил мекунад ва бе роҳнамоии волидон ё нафари аз ӯ бузург аз роҳ мегузарад, дар ин ҳолат ҳар ҳодиса рух доданаш мумкин. Дар маҳаллаи Зарафшон аз беаҳамиятии модарон, ки саргарми суҳбат аз роҳи мошингард мегузаштанд, хонандагони хурдсол якбора суръати роҳ гаштани худро зиёд карда, ба роҳ медаванд. Дар натиҷа сабукраве як кӯдакро каме тела медиҳад, ва ӯ ба замин меафтад. Ронандаи автомашина, ки ин рафторро интизор набуд, якбора бозистод. Модари кӯдак якбора бо овози баланд ва дашномҳои қабеҳ ба ронанда ҳамла кард. Ронанда, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя мекард ба сухани зан ҷавобе надода зуд кӯдакро ба беморхона бурд. Гарчанде кӯдак ҳатто захме набардошт. Бубинед, дар ин ҳодиса киро метавон гунаҳкор кард? Ҳатман модарро. Ӯ чунон саргарми суҳбат, гӯё пушти тирезаи хонааш нишаста бо ҳамсояҳо ғайбат дорад.

сёр мусобиқаҳо ҳарифонро мағлуб сохта, соҳиби ҷойҳои аввал ва медалҳои тилло гардидааст. Соли 1975 унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба гӯштии самборо ба даст овард. Муҳаммадҷон инчунин ба унвони ифтихории “Устоди варзиши ИҶШС” сазовор мебошад. Ӯ соҳиби боз як медал гаштааст, ки он таърихи хоссае дорад. ... Ин воқеа дар солҳои донишҷӯ будани ӯ ба вуқуъ пайваста буд. Боре ӯ дар таътил падару модар ва хешовандонро хабар гирифта, тавассути автобус ба Душанбе бармегашт. Дар роҳ автобус вайрон шуд. Ронанда ва ёвари ӯ хеле ҷунбуҷул карданд., Муҳаммадҷон ҳам ба онҳо мададгорӣ намуд. Ба ҳамин минвол барои таъмири нақлиёт фурсати зиёде гузашт ва рӯз бегоҳ шуду оҳиста- оҳиста ҳаво торик гардид. Аксари мусофирон аз хастаҳолӣ дар нишастгоҳ хобида буданд, автобус бо душворӣ ҳаракат карда, ба домани ағбаи Фахробод расид. Дар ҳамин вақт бо кадом иллате автобусро якбора оташ фаро гирифт. Забонаҳои оташ ҳам аз поён ҳам аз болои автобус намоён гардиданд. Муҳаммадҷон дар курсии пеш нишаста буд, ӯ дарҳол аз ҷояш барҷаста, бо як дасташ шахси дар паҳлуяш бударо бардошт ва бо дасти дигар дари автобусро кушод. Вай одами наҷотдодаро дар берун гузошта, боз фавран бо ду дасташ ду нафари дигарро аз даруни оташ халос кард. Ҳамин тавр Муҳаммадҷон то ба кӯмак омадани ронанда ва ёвари ӯ қариб нисфи мусофиронро наҷот дод. Ба дастони Муҳаммадҷон оташ расид ва баъзе қисматҳои

Шояд аз хотир баровард, ки ӯ бояд фарзанди хурдсолашро аз роҳи мошингард гузаронда ба мактаб мебурд. Дар ҳолатҳои зиёд ронандаро дар пахш намудани пиёдагард гунаҳкор мекунем. Чун дар ҳолати рондани автомашина бо суръати тез, дар ҳолати мастӣ ё идора накардани воситаи нақлиёт онҳо пиёдагардонро зер мекунанд, ки дар натиҷа ҷароҳат бардошта, баъзан ба ҳалокат мерасанд. Вале ин масъулиятро бояд волидон ба хуби дарк намоянд, ки аз беаҳамиятии онҳо фарзандони ноболиғашон ба садама дучор мегардад. Тибқи мушоҳидаҳо дар қисме аз гузаргоҳҳои шаҳри Душанбе ҳолати гузаштани пиёдагардону воситаҳои нақлиёт ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешавад. Ин гуна манзараҳо дар гузаргоҳҳои пеши чароғакҳои «Олами китоб», бозорҳои «Саховат», «Корвон» ба назар мерасад. Пиёдагардон ронандаҳоро ва ронандаҳо пиёдагардонро гунаҳкор мекунанд. Мушаххас нест, ки дар рух додани чунин ҳодисаҳо кӣ гунаҳкори асосист. Гарчанде дар ин роҳҳои автомабилгард камераҳои назоратӣ насб гардида бошад ҳам, ронандагон ба чароғакҳо чандон аҳамият намедиҳанд. Худи пиёдагардон низ аз роҳҳои зеризаминӣ истифода накардаю, кӯшиш мекунанд дар ҳолати набудани ав-

либосаш сӯхта дуд бароварданд, вале ӯ ин ҷойҳои сӯхтаро ба оринҷаш пахш менамуду кӯшиш мекард, ки ягон нафар осеб набинад ва ҳамагон аз минтақаи хатар дур бошанд. Вақте мусофирон аз автобуси оташгирифта наҷот ёфтанд, маълум шуд, ки аз ин сӯхтор Муҳаммадҷон бисёртар осеб дида будааст. Нозирони бозрасии автомобил ба ӯ пешниҳод намуданд, ки бо мошини онҳо ба шифохона равад. Муҳаммадҷон ташаккур баён намуда, таъкид кард, ки аввал бояд пиронсолону кӯдакон ба шифохона интиқол биёбанд... Медале, ки Муҳаммадҷон Юлдошевич Ҷӯрақулов барои наҷоти одамон аз сӯхтор гирифтааст, ба ҳамин воқеа иртибот дорад... Муҳаммадҷон пас аз хатми донишгоҳ дар вазифаҳои раиси “Амонатбонк” ва идораи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус солҳо бенуқсон фаъолият намуд. Сипас дар муассисаи фонди нафақаи ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон ба муддати тӯлонӣ хидмат карда, бо фармони раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадзода бо ифтихорнома ва унвони “Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ” сарфароз гардонида шудааст. Дирӯз дар бораи накӯкории навбатии Муҳаммадҷон Ҷӯрақулов аз ноҳияи Шаҳритус хушхубар расид. Паҳлавони соҳаи гӯштини самбо, Устоди варзиши ИҶШС М. Ҷӯрақулов барои таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44-и ноҳия маблағи 6 ҳазор долларро сарф кардааст. Ӯ дар таъмири дигар таълимгоҳҳо ва роҳу пулҳо низ олиҳимматӣ зоҳир намудааст. Бахтиёр МУРТАЗО, рӯзноманигор

томашина роҳро убур намоянд, ки дар ин ҳолат ба садама дучор мегарданд. Бештари маврид ин ҳолатро ноболиғон вайрон мекунанд, ки дар танҳоӣ аз роҳҳои мошингард мегузаранд. Дар натиҷа волидони “бепарво” аз ронандагон гила мекунанд, гарчанде гунаҳгори асосӣ худи онҳоянд, чун фарзандашонро ҳамроҳӣ накарданд. Ронандагоне, ки камераҳои назоратиро аҳамият намедиҳанд ва худсарона суръати ҳаракатро тез мекунанду ба садама дучор мегарданд, низ мисли волидони бепарвоянд. Таҳлилҳо ва ҳисоботи омории ҳодисаҳои роҳу нақлиёт нишон медиҳад, ки аксари ҳодисаҳои роҳу нақлиёт маҳз дар ҳолати аз меъёри муқаррарӣ тез рондан ба вуқуъ мепайвандад. Волидони муҳтарам низ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро» хуб бояд мутолиа намоянд. Чун қонуни мазкур муҳимияти масъалаи мазкурро бозгӯ намуда, масъулияти волидайнро дар муваффақ гаштан ба тарбияи дурусти фарзандон бештар месозад. Падару модаронро мебояд масъулияти бар дӯш доштаашонро эҳсос намоянд ва нагузоранд, ки фарзандони онҳо бемаҳал оламро падруд намоянд. Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”


12 САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

Шерозбофӣ Шерозбофӣ аз ҳунарҳои анъанавии бонувон буда, онро ҷиякбофӣ низ меноманд. Шероз ё ҷияк наворест, ки аз риштаҳои бофташуда, ба болои он нақшҳои гуногун дӯхта мешавад.

инсон ва нишонаи озодагӣ аст. Барои куртаро хуб дарзмол намудан танҳо кӯшиш кам аст. Бояд тарзи дарзмол намудани либосҳо ва аз ҳама муҳим, усули дурусти мунтазами амалро бояд донист. Ҳангоми дарзмол намудан ба дастурҳои дар дарзмолбуда аҳамият диҳед. - Дар бораи ороиши мӯй ва пардози рӯй ба ҷавондухтаорн чӣ маслиҳат медиҳед? - Тарзи ороиши муй ва пардози чеҳра ҳангоми ба ягон маърака, чорабинӣ рафтан ба сару либос аҳамият дода ба он мувофиқ бояд мӯй ва рӯйро оро додан лозим. Масалан, ба либоси миллии тоҷикӣ атлас ё чакан мӯйи сар набояд парешон бошад, балки мӯйҳоро аз пушти сар бофтан даркор. Чанде пас озмуни ҷумҳурвӣ доир гардида, беҳтарин донишҷӯдухтарон ғолиб дониста хоҳанд шуд.

Шерозбофӣ як навъ ҳунари анъанавии мардумист, ки то ба имрӯз дар баъзе навоҳоии кишвар боқӣ мондааст. Ҷараёни бофтани шероз аз риштаҳои рангоранг дар дӯкони махсус сурат мегирад. Шероз аз риштаҳои сурху сиёҳ аз 3 то 5 рах бофта мешавад. Нақши серахаро “секука” ё “кирмак” ва 5 рахаро “чашми булбулак” меноманд. Дар шерозбофӣ нақшҳои ислимӣ, занҷира, тасвири гулу мева, моҳу ситора ва ғайра ба назар мерасад. Нақшҳоро дар ҷо-ҷои шероз дар масофаи муайян ба воситаи риштаҳои ранга анҷом медоданд. Шероз қаблан яке аз ашёҳои муҳим барои ҳар наварӯс ё зан буд, ки онро ба гиребони курта, гирди ҷомаю тоқӣ пайваст мекарданд. Ҳунари шерозбофӣ дар байни занони тоҷик маъмул буд, аммо бо пайдо шудани шерозҳои замонавӣ истифодаи маҳсулоти маҳаллӣ маҳдуд гардид. Аз ин хотир анъанаи шерозбофӣ аз байн рафт. Бино ба таъкиди ҳунарманд Мавзуна Ризоева ҳунарҳои мардумӣ шомили фаъолияти ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, як рукни фарҳанги миллист. Бинобар ин мебояд нисбати ин пеша таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Бояд қайд кард, ки ҳунарҳои мардумии тоҷикон бешумор буда, омӯхтан ва тарғибу ташвиқ намудани моҳияти онҳо дар байни омма ва оламиён яке аз самтҳои фаъолияти китобдорон дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои моддию маънави мардуми шарифамонро ба саҳми аҳли олам расонем. Тавонем нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ идома диҳем. Ба андешаи ҳунарманди дигар Салима Каримова, ҳунари шерозбофӣ зебо ва хушсифат аз маҳорат ва эҷодкории ҳунарманд, ки касбашро дӯст медорад, вобастааст. Бояд гуфт, ки ҳунару ҳунармандӣ, ашёву маҳсулоти касбӣ муаррифгари таърихи куҳани ҳар як милату халқият мебошад. Бо мақсади эҳё, рушд ва муаррифии ҳунарҳои миллии тоҷикон, ки давоми чанд соли охир баъзеи онҳо қариб ба гӯшаи фаромушӣ рафта буданд, боз аз сари нав эҳё гардиданд. Дар баробари ҳунари шерозбофӣ садҳо ҳунари дигар низ ҳастанд, ки имрӯз мо бояд онҳоро эҳё созему ба наслҳои минбаъда мерос гузорем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ ифодагари фарҳанги миллист.

Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”

Муниса ДОДОВА, “ҶТ”

Озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни ҷумҳуриявии "Ҷавондухтари ҳунарманди сол" - ро дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба роҳ монадааст. Мақсад аз баргузори озмун арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, эҳё намудани ҳунарҳои дастӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона оиладорӣ ва инчунин тарбия намудани онҳо ҳамчун як бонуи асили тоҷик. Дар хобгоҳи рақами 2-и Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон даври якуми озмун сурат гирифт. Донишҷӯйдухтарон аз чор факултети донишгоҳ дар озмун иштирок намуда, аз ҷониби ҳайати коминсия беҳтаринҳо барои иштирок дар даври дуюми озмун интихоб гардиданд. Севинч Абдуллоева яке аз иштирокчиёни озмун, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфт, мегуяд: “Агар дар озмун ғолиб ҳам намеомадам, руҳафтода намешудам чунки зан бояд соҳибҳунар бошад, на ба хотири ҷоиза ё сазовори шуҳрату ном. Зан бояд боилму бофарҳанг босавод ва панҷ панҷааш ҳунар бошад.” Ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии

молия ва иқтисоди Тоҷикистон боз як даври аввали озмуни мазкур ҷараён гирифт. Дар он донишҷӯйдухтарони донишгоҳ ширкат варзида, ҳунару истеъдодҳои худро муаррифӣ намуданд. Дар даври ниҳоии озмун, ки миёни донишҷӯдухтари муассисаҳои олии кишвар доир мегардад, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро Намуна Ғафурова ва Нилуфар Раҳимзода муаррифӣ хоҳанд кард. Намуна Ғафурова, донишҷӯи курси дуюми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, ки шартоҳи озмунро ба хуби дар вақти муаяншуда ба анҷом расонд. Ӯ сару либос ва ороишоти миллиро ба намоиш оварда, маҳсули ҳунари худро ба ҳозирин нишон дод. - Дарзмоли куртаро чӣ гуна бояд анҷом дод? – мепурсам аз ӯ. - Куртаи дарзмолшуда намунаи муҳими дараҷаи сару либоси марду занҳост. Он ҳамчун варақаи боздиди

Муолиҷа бо усули саёҳат Яке аз муҳимтарин сарватҳои табии ватани мо обҳои маъдании он маҳсуб меёбад, ки замина баҳри рушди сайёҳии муолиҷавӣ ба ҳисоб меравад. Шумораи умумии чашмаҳои маъданӣ дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 200 ададро ташкил медиҳад. Ҳар яки ин чашмаҳо аз рӯи таркиб, сохт ва хусусиятҳои химиявӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар ин замина, саёҳати муолиҷавӣ аз дигар намудҳои сайёҳат фарқкунанда мебошад. Дар ин маврид дар қатори дигар чашмаҳои шифобахши минтақаҳои гуногуни кишварамон истироҳатгоҳи Хоҷа Обигарм дар ноҳияи Варзоб хеле мувофиқ аст. Ҳамин аст, ки солҳои охир ба осоишгоҳи маз-

кур садҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ барои истироҳату табобат меоянд. Хусусан, барои табобати бемориҳои буғумдарду устухон Хоҷа Обигарм хеле бамаврид аст. Аз ҷониби дигар, мавқеи ҷойгиршавии осоишгоҳи мазкур, дар дараи Варзоб ва дар масофаи наздик аз пойтахт, ки дарвозаи асосии воридшавии сайёҳон ба кишвар мебошад, имкон фароҳам овардааст, ки осоишгоҳи мазкур пайваста серодам бошад. Бояд зикр намуд, ки истироҳатгоҳҳои кишвари мо вобаста ба соҳаи пешгирифтаи худ аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан, агар ҳадаф танҳо истироҳат бошад, осоишгоҳи «Баҳористон» беҳтар аст. Агар мақсад табобати узвҳои дарунӣ бошад, ҳеҷ осоишгоҳ ба

«Шоҳамбарӣ» баробар шуда наметавонад. Ё ин ки чашмаҳои шифобахши минтақаҳои Бадахшон хусусиятҳои хоси табобатии бемориҳои гуногунро доранд. Умуман, чашмаҳои нисбатан машҳури кишварамон Хоҷа Обигарм, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, гармчашмаи Калтуч, чашмаҳои маъдании Анзоб ва Гармчашма, инчунин чашмаҳои обашон гарму хунуки Чилучорчашма, Яшилкул, Қизилработ, Чилондӣ ба шумор мераванд. Дар заминаи ин чашмаҳо то имрӯз якчанд осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо бунёд шудаанд, ки албатта ҳам барои аҳолии маҳаллӣ ва ҳам ҷалби сайёҳони хориҷӣ аҳамияти калонро доро мебошанд. Вале тавре аз таҳлили коршиносон бармеояд, ҳанӯз на ҳама имкониятҳои табо-

батии ин чашмаҳо пурра истифода шудаанд. Тавре аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, дар заминаи чашмаҳои маъданӣ, осоишгоҳ ва хонаҳои истироҳатии бузург сохтан мумкин аст. Мисол, “Корловы Вары” дар Чехия, “Малманш” дар Руминия, “Схолтуда” ва “Баржоми” дар Гурҷистон хеле машҳуранд... Умуман, тавре аз таҳлили боло бармеояд, дар кишварамон шароитҳо барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ мавҷуд аст. Барои рушди бештари он мо-сокинон бояд чӣ кор кунем? Сайёҳӣ чун соҳаи фаъолият аз тарафи инсонҳо эҷод шудааст ва дар навбати аввал меҳмоннавозиро тақозо менамояд. Яъне ҳеҷ захираи дигаре наметавонад эҳсоси меҳмоннавозиро иваз намояд. Ҳамин тавр, маданияти баланди пешвозу хизматрасониву одоби муоширату умуман муносибату ҳар кирдору рафтори мо шарти асосии ҷалби сайёҳон аст.

Хурсандиовар аст, ки мардуми мо табиатан меҳмондӯстанд ва ин анъанаро мо бояд ҳамеша пос дорему такмил диҳем. Дар мавриди рушди сайёҳӣ дар мисоли давлати Туркия як нуктаро ёдовар шудан бомаврид аст. Ҳукумати ин кишвар таи солҳои 1990-2000 ба соҳаи сайёҳӣ беш аз се миллиард доллар сарф намуд. Дар натиҷа ин мамлакатро ҳар сол аз 15 то 20 миллион сайёҳ дидан мекунанд ва даромади соф аз соҳа соле аз 8 то ба 10 миллиард доллар мерасад. Тавре зикр шуд, дар кишварамон барои рушди сайёҳӣ шароитҳо мавҷуд аст. Соли равонро эълон намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба густариши соҳа, албатта таъсири мусбӣ мерасонад. Соҳибназар РАЗЗОҚОВ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Варзоб


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

“Паймони миллӣ” хиёнати навбатӣ ба миллат Имрӯзҳо дар як қатор сомонаҳои ивғоангез, хусусан шабакаҳои иҷтимоии фитнагарони наҳзатӣ ва дигар ҳаммаслакони онҳо доири таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон дар Варшава сухан меравад. Ҳизбу созмонҳои мамнӯъ ТТЭ ҲНИ, Анҷумани Озодандешон, Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна боз як созмони террористиро тавлид намуданд. Ба ақидаи онҳо мақсад аз ташкили созмон ин муқобилият бо беқонунӣ ва беадолатӣ, нокоромадӣ ва каҷрафториҳо, зарурати ислоҳоти решаӣ дар баробари рушди таҳдидҳо ба кишвар ба хотири фасоди саросарии мақомоти давлатӣ, масъулияти худ дар баробари насли ҳозир ва ояндаи Тоҷикистон гӯён намояндагони на ин ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, балки хоинону ванатфурӯшон, хунхорону террористон, ивғоангезону ифротгароён дар зер имзои худро гузоштанд. Ба мо маълум аст, ки мақсад аз ташкили ин Паймони миллии Тоҷикистон боз иснод овардан ба номи Тоҷикистон мебошад. Хуб мешуд, Шумо хоинони Ватан номи Тоҷикистонро он ҷо ҳамроҳ намекардед. Ҳадафи асосии ташкили ин Паймон ба худ хоҷагону маблағгузорони навро пайдо намудан аст. Ҳол он ки Шумо на парвои миллату на парвои Ватанро доред, балки зери зулмоти хоҷагони хеш барои ба даст овардани маблағу сарфи он дар амалҳои зишт машғулед. Ман ҳамчун як ҷавон барои таъсис ёфтани ташкилоти наве аз ҷониби Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва ТТЭ ҲНИ бо номи “Паймони миллӣ” дар шаҳри Варшава норизоии худро иброз медорам. Фаъолияти ин созмони хоинон ва душманони миллатро маҳкум намуда, ба онҳо ва пуштибону хоҷагони хориҷиашон зуд ё дер аз байн рафтанашонро огоҳ месозам. Зеро душманӣ ва хиёнат ба халқ яке аз амалҳои зишттарин маҳсуб меёбад. Инчунин раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирии хоину ватанфурӯш интихоб гардидааст. Акнун ба дигар аъзои фаъоли ин гурӯҳи тозатаъсиси террористон боре таваҷҷуҳ созед: Абдусаттор Бобоев, Шоҳнаими Карим, Шамсиддин Саидов, Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, Саидюнуси Истаравшанӣ, Шарофиддин Гадоев, Илҳомҷон Ёқубов ва Равшани Темуриён мебошанд. Ба назар хандаовар аст. Аз ҷамъ омадани ин шахсон ва таъсиси ин гурӯҳ ягон манфиате ба мардум нест. Аммо аламовараш он аст, ки баъзе афроди ҷомеаи моро ба худ ҷалб месозанду ба гумроҳӣ мебаранд. Дар нишасти солонаи Варшава ин чор созмони террористӣ ширкат варзиданд. Дар нишаст Кабириву Илҳоми хоину ватанфурӯш бо кӯмаки хоҷагонашон суханронӣ намуданд. Ҳайфи он дақиқаҳое, ки вақти пурқимати дигар иштирокдоронро гирифтанд. Онҳо дар нишаст маҳз суханҳои дурӯғину бофта нисбати Тоҷикистон гуфтанд. Имрӯзҳо миллати тоҷик чун гузашта бори дигар мехоҳад, гуноҳи шумо золимону хоинонро бахшад. Аммо қалбу чашми хунхору гуруснаи шуморо пардаҳои равғании хоҷагонатон гирифтаасту на парвои миллату на парвои модару зану фарзандонатонро доред. Мақоле ҳаст «Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу». Ин мақоли халқӣ аз амалҳои номардонаи шумо дарак медиҳад. Зеро наздикону пайвандонатон дар ғами ҷони шумову шумо дар ғами манфиати худу хоҷагонатон ҳастед. Лоиқ ТӮЙЧИЕВ, сокини ноҳияи Деваштич

13

Расонаи наҳзатӣ барномаи телевизиониеро мадди назар қарор дода, дар доираи матлаби навбатӣ рўйи масъалаи силоҳ дар Бадахшон тамаркуз намуда, чанд мулоҳизаи хушке манзур намуд. Дар ин замина, чанд нуктаи иҷмолӣ ироа медорем:

“Назария”-и нави наҳзатӣ дар ростои барномаи телевизионӣ 1.Пахши барномаи телевизионие, ки аз ҷониби масъулини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рўйи навор омада, боиси нигаронии наҳзатиёни террорист гаштааст, саривақтӣ мебошад, чунки мардуми Тоҷикистон бояд донанд, ки қазия чӣ аст ва дар садри он кадом гурўҳҳои ҷиноӣ қарор доранд? Агар чунин барномаҳо рўйи навор наоянд ва қазияи силоҳбадастон дар Бадахшон рўшан нашавад, мардум ва табақаҳои иҷтимоӣ дар нисбати чораандешиҳои давлат ва сохторҳои қудратӣ гумони бад мекунанд. Ин аст, ки тавассути телевизион фош сохтани амалҳои ҷиноятӣ ва авомили сар задани ҷиноятҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ амри зарурист. 2.Масъалаи хариду фурўши силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷумлаи масоили муҳимест, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он сари он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд ва давлатҳо дар асоси эътилофу иттиҳодҳо ин масъалаи муҳимро, ки ба решаҳои давлатдории миллӣ ва умуман, ҳар навъ давлатдорӣ зарбаи муҳлик мезанад, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аз ин ҷост, ки давлати Тоҷикистон ва мақомоти марбутаи давлатӣ хариду фурўши силоҳ ва гардидши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар манотиқи ҷумҳурӣ пайгирӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз минтақаҳои муҳими ҷуғрофиест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя ҳамсарҳад кардааст. Аз ин лиҳоз, сохторҳои марбутаи давлатӣ масъалаи силоҳро дар ин минтақа, ки миёни гурўҳҳои ҷинояткор радду бадал мешавад, мавриди бозбинӣ қарор медиҳанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда аз имконоти қудратӣ,

фаннӣ-техникӣ, интизомӣ ва ҳуқуқӣ истифода мебаранд. Дар ин ягон ҷойи айб нест ва ҳар кишвар ва давлате аз ин усули муқаррарӣ корбаст менамояд. Барои наҳзат ва доираҳои наҳзатӣ ин масъала ҳассос менамояд ва онро, бо назардошти манофеи сиёсӣ ва мафкуравии худ дар расонаҳо интишор медиҳанд, то ҳадафҳои худро дар минтақа машрўият бубахшанд. Ҳама ҳангомаи наҳзатӣ дар ҳамин чанд ҳадафи пучу бемаънӣ ниҳон аст. 3.Гап сари ин аст, ки Сарвари давлат ба ҳеҷ ваҷҳ, мардуми Бадахшонро миннат накардаанд, баръакс, ба мақомдорони Бадахшон дастур додаанд, ки бо мардум бошанд, аз мардум дурӣ наҷўянд, дар хидмати мардум қарор бигиранд ва билохира мардумро кумак намоянд. Илова бар ин, Сарвари давлат масъалаи силоҳро, ки дар дасти гурўҳҳои ҷинояткори дохилӣ мебошад, бардоштанд ва аз мақомоти қудратӣ хостанд, то масъаларо ҷиддӣ пайгирӣ намуда, пеши роҳи ҷинояткориро дар минтақа бигиранд. Ин буд ҳадаф ва на чизе дигар, ки наҳзат онро ба унвони ҳиллаи сиёсӣ ва шаръии худ мавриди баррасӣ қарор додаааст ва аз он ҳангома месозад. Воқеан, силоҳ дар дасти гурўҳҳои ҷинояткор аст, на дар дасти мардум ва мақомоти дахлдори давлатӣ муваззафанд, ки сари масъала ҷиддӣ тамаркуз намоянд ва чораҳои фаврӣҷустуҷўйӣ ва амалӣ андешида, гурўҳҳои яроқноки дохилиро, ки ба ҷинояткорӣ даст мезананд, хунсо кунанд. 4.Масъалаи силоҳ ва гардиши ғайриқонунии он аз тарафи гурўҳҳои ҷинояткор ба минтақа масъалаи муҳимест, ки КДАМ онро ҷиддӣ пайгирӣ карда, дар асоси далелҳои муътамад барномаи телевизионӣ пахш кар-

дааст. Маълум аст, ки КДАМ ҳама далелҳои мувассақе, ки дар даст дорад, наметавонад пешниҳод намояд. Ба ин этикаи ҳирфавӣ иҷозат намедиҳад. Далелҳои мувассақ ҳатман дар ҷойи даркорӣ манзур мегарданд. Аммо барои бинандагони телевизион чунин навъи ахбори мухтасар ва зарурӣ басанда аст, то вазъро дар минтақа дарк кунанд ва дар ин замина ба сўйитафоҳумот роҳ надиҳанд. Он чи ки муаллифони матолиби наҳзатӣ дар заминаи муташанниҷ сохтани вазъият дар Бадахшон мегўянд, дурўғе беш нест. Муҳимтар аз ҳама, барои КДАМ мушкил сохтани авзоъ дар минтақа тавассути роҳандозӣ намудани тавзеаҳо чӣ зарурат дорад? Ҳеҷ. Ин гуна заруратро ТТЭ ҲНИ дорад, то аз он ба манфиати худ истифода намояд ва дар расонаҳои хориҷӣ шўру валвала андозад. Аммо ба ин ҳадафи шум нахоҳад расид, чунки мардуми шарифи Бадахшон ин навъ иғвоҳоро зиёд дидаву шунидааст. 5.Наҳзат назарияи наверо дар заминаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақаи Бадахшон бофта, пардохтааст, ки тибқи он ким-кадом гурўҳи трансмиллӣ мехоҳад дар он ҷо хатти интиқоли маводи мухаддирро боз намоянд . Аз ин рў, ноором сохтани минтақаро аз ҳадафҳои стратегӣ мешуморад. Ин навъ назарияҳои фиребо ба худи наҳзат иртибот мегиранд ва онҳо таҷрибаи интиқоли маводи мухаддирро дар замони будубош дар Афғонистон хуб андўхта, баъдан дар ҷараёни фаъолияти сифоиза такмил додаанд. Ин аст, ки наҳзатиён чунин назарияро, ки дар фаъолияти ҳизбию сиёсиашон таҷриба кардаанд, дар кори тими қудратии давлатӣ ҳам татбиқ кардан мехоҳанд. Вале бенатиҷа. Фаридуни ОРИЁӢ, таҳлилгар

√ ЭЪЛОН АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБИ ХОЛИИ САРМУТАХАССИСИ БАХШИ КАДРҲО ВА КОРГУЗОРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Талаботи тахассусӣ барои довталабон: -таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, омӯзгорӣ, психологӣ, сотсиологӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, гуманитарӣ, технологияҳои муосири электронӣ; -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; -донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медароранд.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Маоши мансабӣ 1035 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ. Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансаби мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ ва сомонаи Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: -аризаи шахсӣ ба номи директори Аген-

тии хизмати давлатӣ; -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6); -тарҷумаи ҳол; -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; -маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038); -нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда; -маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк; -нусхаи шиноснома; -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне,

ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд). Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар воситаҳои ахбори омма дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд. Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/факс: 22402-74, почтаи электронӣ: info@ahd.tj, Нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj Бахши кадрҳо ва коргузории Агентии хизмати давлатӣ


14 Пас аз фавти Нодираи ғӯрамарг қомати падару модари бе ҳамон ҳам обу адо шудаи ӯ боз ҳам хам зад ва дар ниҳонхонаи қалби афсурдаи онҳо доғи нави ҷигарсӯзе падид омад. Гуландомдухтари наварӯс дар баҳори бистудуюми зиндагиаш дунёи фониро падруд гуфту дар дилу дидаи аҳли байташ ҳамчун муғчаи ношукуфтае абадан боқӣ монд. Дарду доғи марги Нодира бобову бибии солхӯрдаашро низ ба ҷаннат-ул-маъво бурд… Аз рӯи урфу одат чун маросими соли рафтагонро ба ҷо оварданд, волидайн баҳри адои қарзи худ назди марҳума, яъне холабачаи Нодира-Манзураро ба бародари дуюмаш арӯс карда овардан, дасту доман бар заданд ва аз пайи кор шуданд. Чун ин васияти пешазмаргиву хоҳиши ҳамешагии ҷигарбандашон буд, барои иҷрои он ҳеҷ гуна таъхирро раво намедиданд ва баҳри шод кардани хотири неки ӯ ҳамаи кори аз дасташон меомадаро мекарданд. Тӯй маъмулан бо шодиву хурсандии пиру ҷавон ва навхонадорон гузашта, маросимҳои баъдина бо тартибу равиши худ барпо шуданд. Зиндагӣ боз ба ҷараёни пешина ворид гашта, ҳаёти мустақили арӯсу домоди нав оғоз ёфт. Аслан Манзураро бо дили нохоҳам арӯс карда оварданд, зеро ӯ бо ин хонавода риштаи оилавӣ дошта бошад ҳам, то ба ҳадде касе дӯсташ намедошт, вале ба хотири рӯҳи Нодираро безобита накардан бо ӯ муомилаи хуш мекарданд. Ду моҳи аввалини хонадорӣ сипари шуду нағмаву дутори келину домод оҳиста ба навозиш даромад. Акнун байни онҳо тез-тез гурбаи сиёҳ давида гаппаррониву гапгузарониҳо рух медод. Дар аввал бо насиҳату васият оташи мухолифонро зуд хомӯш мекарданд, вале чун кор ба маншаву кашма-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

МАЪРИФАТАФРӮЗ

Хонасӯз не, чароғи хонадон аст

Зани зишт ва бад дар дунё асло вуҷуд надорад, танҳо бархе заноне ҳастанд, ки наметавонанд худро зебо ҷилва диҳанд.

Қисса

каш ва ба рӯи ҳамдигар давида дашному ҳақоратҳои обдор задании ҳамсарон расид, маҷбуран дастбагиребононро аз ҳамдигар ҷудо мекарданд. Ихлоси аҳли хонавода аз “арӯси замонавӣ” монд. Кор то ҷое рафт, ки кӯдаки дар батни Манзура бударо аз “бегона” гуфта дар маҳал ду-ду гап карданд ва худи ӯ ранҷида ба хонаи модар баргашт. Баъди ин воқеа танбӯру найи модару бобову бибии Манзура якбора тасфида чунон ба навозиш даромад, ки Даврону волидонашро ба қавле ба як нӯл зад. Амаки Насиму холаи Омина як бому ду ҳавоии қудоҳоро дида ангушти ҳайрат газиданд ва бори аввал кию чӣ будани хешовандони наздики худро бо чашми сар диданд. Вале аллакай дер шуда буд, қудоҳо гарду чанги деҳаро ба фалак бардошта ҳай суханпардозиҳо карданд, ки

бе ҳеҷ шакку шубҳа ҳанги аҳли деҳа канд. Дашному ҳақоратҳои гӯшношунаву таҳқирҳои ҷинсӣ чунон ба сари Даврон борид, ки мислу монандашро дар гӯшаи хаёл ҳам надошт… Инак моҳи дуюм аст, ки Даврон аз ҳамсараш ҷудо зиндагӣ мекунаду ба фарзанди “бегона” нафақапулӣ медиҳад ва дасту дилаш аз одаму олам тамоман хунук шудааст. Аз ҳафт маҳалли ин гуна хешовандону оиладорӣ безор буда, то ба ҳол ҳайрон аст, ки чаро кор то ба ин дараҷа расид. Чаро пошхӯрии оилаашро ҳис карду онро пешгирӣ карда натавонист. Вале мардум як мақоли аҷибе дорад: “Дарахти макри зан сад реша дорад, фалак аз дасти зан андеша дорад”. Бале, ҳазор илмро об карда хӯрда мешаваду аммо занро не. Ин асрори ғайб аст. Ва шояд ҳамин асрори ғайб

буд, ки Манзураву Даврон аз сари нав “хонаи душман сӯзад” гуфта “қӯшапир” шуданду қудоҳо бошанд “кали мурдашӯ”. Кӯдаки “бегона” ҳам зуд аз они худӣ шуду модару бобову бибии Манзура баъди ҳамин қадар дӯғу даранг бо баҳонаи муборакбодӣ рӯйро зери қафо монда боз меҳмони ин хонадон шуданд. Хандаву шодӣ дар ин даргоҳ боз танинандоз гашт. Вале шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил будааст. Дили Даврон аз ин гуна хешовандони беору номус хунук шуда буд ва ӯ натавонист, ки ин ҷурми онҳоро бубахшад. Акнун ҳар дафъае, ки меҳмонони олиқадр по бар кошонаи Даврон мемонанд, ӯ ҳамеша дар хона нест ва ба куҷое рафтааст. Вай намехоҳад рӯйи манфури меҳмонони “бахосият”-ро бубинад… Аҷаб шебу фарозҳо дорад

Худшиносии миллӣ омили пешрафти давлатдорист Худшиносии миллӣ дар шароити имрӯзаи муносибатҳо, ки омили зарурӣ дар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, якпорчагии давлат, сатҳи мавзуни муносибатҳо байни умумиятҳои миллӣ ва комилии истиқлолияти давлатӣ баҳисоб меравад, таваҷҷуҳи аксари муҳаққиқони илмҳои сиёсӣ ва таҳлилгарони онро ба худ ҷалб намудааст. Таҷрибаи давлатдории аксари кишварҳои олам шаҳодат медиҳад, ки дар раванди ташаккули давлати миллӣ дарёфти истиқлолияти комили сиёсии давлатӣ ва пойдории ҳуввияти миллӣ нақш ва ҷойгоҳи худшиносии миллӣ хеле баланд ва назаррас мебошад. Аз ин ҷост, ки масъалаи худшиносии миллӣ дар ҳар давру замон чун масъалаи муҳиму зарурӣ ва пурарзиш дар ҳаёти сиёсии

ҷомеа боқӣ мемонад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунанд: “Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад”. Олимону муҳаққиқон худшиносиро василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа медонанд. Чи гунае ки равоншинос М. Давлатов мегуяд: “Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои

асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид”. Дар шароити имрӯзаи давлатдорӣ, ки Тоҷикитон дар баробари дигар давлатҳои мутамаддини олам сохти давлати миллиро ихтиёрдорӣ намудааст, мақоми худшиносии миллӣ дар ташаккул ва инкишофи он мавқеи муайянкунандаро соҳиб аст. Махсусан дар даврони муосири инкишофи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон худшиносии миллӣ метавонад омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, истиқлолияти комили кишвар, ҳолати мавзуни муносибатҳо дар ҷомеъа байни умумиятҳои этникӣ ва мавқеи муайянкунандагии кишвар дар низоми муносибатҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар баробари дигар субъектҳои

Напалеон Бонапарт ин зиндагӣ. Баъзан дар лаби ҷар мустаҳкам меистиву дар роҳи рост меафтӣ. Ва баъзан аз қаъри дара эмин мебароиву дар ҳамворӣ барнамехезӣ. Ҳамаи ин подоши амалҳои мо-инсонҳост. Дар ин ҷо ҳеҷ ҷурми рӯзгор нест. Касе намедонад, ки пагоҳ ӯро чи рӯзе интизор аст, аз ин рӯ, бояд имрӯз чунон амал кард, ки фардо боиси сархамӣ нагардад. Баъзан чароғи рӯзгор ҳай ҷилваҳое мекунад, ки даҳони кас во мешаваду барои тағйири онҳо қудрати инсон намерасад. Дӯстро бо душману ҷафокашро бо ҷафокор, хиёнаткорро бо ҷабрдидаву дӯздро бо ғоратшуда чунон рӯбарӯву ҳамтақдир мекунад, ки ҳеҷ ҷои гурез нест. Танҳо ниқоби шарму ҳаёро ба рӯй мекашиву то ҷон дар рамақ будан чунон мезиҳӣ, ки дар ду зиндагӣ ҳам ҳеҷ интизораш набудӣ. Аз ин рӯ, чи хеле, ки дар халқ мегӯянд, “савори шутур боши ҳам аз дур андеша кун”. Ҳар сухан, ҳар амал, ҳар ҳаракат метавонад барои кас ҳам тақдирҷунбон бошад ва ҳам тақдирвайрон. Танҳо аз мо вобаста аст, ки онро мо бо кадом мақсад ва бо чи ният амалӣ мекунем. Хоҳ зан бошаду хоҳ мард тақдири ҳар кас дар дасти худи ӯст. Зан ҳам мисли аҷузае нест, ки хоҳад обод мекунаду нахоҳад вайрон. Ӯ пеш аз ҳама инсон ва офаранда аст. Зан сароғози ҳамаи оғозҳост. Вале ӯро чуноне ки ҳаст бояд ҳамон тавр пазироӣ кунем ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо орем. Баъд мебинем, ки ӯ ҳеҷ офаткушову хонасӯз нест, балки чароғи хонадон асту соябони фарзандон. Амонҷон МАМАДҶОНОВ

муносибатҳои байналхалқӣ бошад. Ба хотири дастрасӣ ба доираи ин навъи муносибатҳо зарурати дарки амиқ ва тавсифи пурраи масъалаҳои асосии рушди давлати миллӣ ва ташхиси пешомади давлатдорӣ ба миён омадааст, ки инкишофи худшиносии миллии омма аҳамияти муҳим пайдо менамояд. Ҳамин тариқ худшиносии миллӣ омили меҳвар дар рушди давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, боиси ташаккули ҳуввияти миллӣ ва якпорчагии миллату давлати тозаистиқлоли мо мегардад. Моро лозим аст, дар ташаккули худшиносии миллӣ, новобаста ба мансубияти этникӣ муносибати объективона пеша намуда, ифтихор аз ҳувияти шаҳрвандӣ намоем ва барои рушди давлатӣ миллиамон саҳмгузор бошем. Худшиносии миллиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузошта, нагузорем, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо занад. Аъзам ҚОДИРОВ, омӯзгори МТМУ № 46, шаҳри Ваҳдат


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018 Тоҷикистони биҳиштосои мо дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва арзишҳои бемонанди табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ иқтидори воқеӣ дорад. Дар ин радиф табиати зебою нотакрор, мавзеъҳои хушбоду ҳаво, гиёҳу чашмаҳои шифобахши ВМКБ барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ метавонанд мусоидат кунанд. Бахусус, туризми экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикор ва туризми фарҳангӣ дар ин ҷо бахшҳои ояндадор маҳсуб меёбанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Бадахшон яке аз ҷойҳои сайёҳии кишвари азизамон ба ҳисоб меравад. Ман худ зодаи вилоят ҳастам дар таътили тобистона ба назди волидайн рафтам. Дар роҳ бо ду сайёҳ вохӯрдам. Сайёҳон аз кишвари Полша буданд. Онҳо худ бо якдигар бо забони русӣ ҳарф мезаданд. Аммо маълум буд, ки русиро хуб намедонанд. Ба наздашон рафта, бо забони англисӣ сӯҳбат кардам ва аз онҳо

НАВҚАЛАМ Бадахшон - мавзеи сайёҳӣ

пурсидам шумо барои чӣ маҳз Тоҷикистонро барои саёҳат интихоб кардед? -Вақте ки мо дар кишварамон будем, аз онҳое, ки сайру сайёҳат мекарданд, пурсон шудем, ки барои сайёҳат кадом кишвари дунё хубтараст. Онҳо Тоҷикистонро тавсия доданд. Дар ҳақиқат дидем, ки кишвари зебо будааст. Вақте сухан атрофи саёҳату сайёҳӣ дар Тоҷикистон меравад, нахуст Бадахшон пеши назар меояд. Ин муҳобот не, воқеияти рӯз аст. Воқеияте, ки сайёҳону меҳмонони ба Бадахшони серобу хушманзара ташрифоварда бо чашми сар дидаву бо самимият тасдиқ намудаанд. Сокинони ВМКБ дорои ҳунарҳои мардумии ба худ хос буда, хусусан ҳунарҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, муҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, намадрезӣ, қолину адрасбофӣ, ресандагӣ, попурзанӣ, кӯрпаву кӯрпачадӯзӣ, ҳамёндӯзӣ, ҷомадӯзӣ нисбатан паҳнгардида ба ҳисоб мераванд. Дар байни мардон бештар ҳунарҳои кандакорӣ, чӯбтарошӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ ривоҷ ёфтааст. Сокинони Вилоят бо санъати баланди

хӯрокпазӣ овозадоранд. Дар ин ҷо, аз гиёҳҳои шифобахши хӯрданибоб шакароб, қурутоб, оши палов, ширбиринҷ, ҳадир, ширбат ва ғайра омода менамоянд. - Яке аз тадбирҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани маҳсулоти косибону ҳунармандон мебошад. Ин тадбир бо мақсади ҳавасмандсозии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди

15 ҳунарҳои мардумӣ андешида шудааст. Бе шубҳа, ин ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ва поягузори рушди ин соҳаҳо буда, раванди инкишофи онҳо дар солҳои минбаъда давом ёфта, хусусияти ҳамешагӣ пайдо мекунад ва дар ояндаи наздик Ватани маҳбубамонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад дод. Алишер САИДҚАДАМОВ, донишҷӯи ДМТ

КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД Дастгоҳи марказии Кумита 1. Мудири Бахши ҳоҷагидории Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 1088 сомонӣ 2. Сармутахассиси Раёсати тарбият ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 988 сомонӣ 3. Сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумита– 1 ҷой маоши мансабӣ 988 сомонӣ 4. Мутахассиси пешбари Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 806 сомонӣ 5. Мутахассиси пешбари Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 860 сомонӣ Вилояти Хатлон 1. Мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон 1 ҷой, маоши мансабӣ 911,20 сомонӣ 2. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон–1 ҷой, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ 3 сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фархор - 1 ҷой, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ 4. сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Вахш - 1 ҷой, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ 5. сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ховалинг - 1 ҷой, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ 6. сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун - 1 ҷой, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ 7. сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ёвон - 1 ҷой, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ 8. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритуз ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ. 9.Мутахассиси пешбар Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ. 10. мутахассиси пешбари Бахши кор бо

ҷавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ. 11. мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ховалинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ. 12. мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Носири Хусрав – 1 ҷой, маоши мансабӣ 546 сомонӣ. 13. мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ. Вилояти Суғд 1 Сар мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бўстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 988 сомонӣ 2 мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 1 ҷой, маоши мансабӣ 811, 20 сомонӣ 3 Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ. 4. мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Спитамен 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 1.мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ 1 ҷой, маоши мансабӣ 991, 70 сомонӣ 2.Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Дарвоз– 1 ҷой, маоши мансабӣ 811,20 сомонӣ 3. мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шуғнон 1 ҷой, маоши мансабӣ 811, 20 сомонӣ Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1. мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун -1 ҷой, маоши мансабӣ 696,80 сомонӣ 2. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ваҳдат -1 ҷой, маоши мансабӣ 852,80 сомонӣ 3. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Тоҷикобод -1

ҷой, маоши мансабӣ 811, 20 сомонӣ 4. мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рашт -1 ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ 5. мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода -1 ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ 6. мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор -1 ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ шаҳри Душанбе 1.мутахассиси пешбари Бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе -1 ҷой, маоши мансабӣ 765,60 сомонӣ 2. мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомони шаҳри Душанбе -1 ҷой, маоши мансабӣ 665,60 сомонӣ Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми 3х4 ; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; -маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 036 УЕ муқар-раргардида; - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН) - маълумотнома (справка-объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Барои мансаби сардори Шуъба таҳсилоти олии касбӣ; - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кадрҳо ва корҳои махсус), телефон: 236-41-87, 235-10-23 Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №42 (9572), 18.10.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома

√ АНДАРЗ

АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

Пайванд

Собир як поси шаб «Оча! Очаҷон!..» гӯён аз хоб бедор шуд. Чашмонаш тар. Рӯи бистар нишаст ва хоби дидаашро ба ёд овард. Модараш дар як биёбони сӯзон қарор дошту аз ташнагӣ даҳонаш хушк шуда буд. Ба атроф имдодталабона менигарист. Об мехост. Лек касе набуд обаш диҳад. Аз дур модарашро медид, лек наздаш рафта наметавонист. Дилаш сӯхт барои модари ташна. Ҳар қадар мекӯшид, аммо ёрои ҳаракат надошт. Гӯё дар ҷояш мехкӯб шуда буд. Танҳо коре, ки аз дасташ меомад фарёд кашидан буд. “Оча, очаҷон! Ҳозир ман аз ин банд раҳо шуда обат мебарам, очаҷон! – руҳбаланд мекард модарашро ҷавон. – Ҳозир, очаҷон, ҳозир...” Ме-

гуфту ин тараф он тараф зӯр мезад, вале муваффақ намешуд. Ва ба ночории худу ба ҳоли модар мегирист. Вақте ҷавон аз хоб бедор шуд ақрабаки соат болои рақами ду меистод. Дар ин ҳиссаи шаб ба модар занг зада наметавонист ӯ. Субҳро интизор шудан лозим буд. - Чи ҳол доред, очаҷон? Саломатиатон хуб аст? – пурсид Собир аз модар саҳари барвақт дар телефон. - Шукр, бачам, хубам ман... Худат созӣ? – пурсид модар аз ҷигарбандаш. - Ҳа, очаҷон, созам. Гуфтам саҳар қати як аҳволатона пурсам. Нағз хоб кардед имшаб? - Имшаб каме таб доштам. Таби баланд... Даҳонам қоқ шуда, мадорам рафт. Дар хона падару

додарат низ хоб буданд. Лек дилам намешуд, бедорашон кунам. Ҳар ду ҳам рӯзона кор мераванд, бегоҳ хаставу афгор бармегарданд. Беш аз як соат ин тараф он тараф мегаштам, то кадоме аз онҳо бедор шаваду об ё чой диҳад. Бедор намешуданд. Ночор падаратро бедор кардам. Зуд аз ҷо боло шуда, ба пиёлае чой овард. Ҳини пиёларо ба дастам додан гармиро эҳсос кард, магар ки даст ба пешониам бурд. Фаҳмид ки таби сахт дорам. Беқарор шуд. Дору овард. Бечора то дами саҳар бароям саргардонӣ кашид. Кай хобам бурдааст, нафаҳмидам. Вақте бедор шудам падарат ҳоло ҳам болои сарам бедор менишаст. Собир ором, вале андешаманд ба суханҳои модар гӯш мекард. Чашмонаш пуроб буданд... Башир УСМОН, “ҶТ”

√ ОБУНА-2019

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

ЧИНОР ИМОМОВ

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Рӯбоҳ пӯсташро иваз мекунаду рафторашро не. ******** Подабони хуб пашми гусфандро метарошад на пӯсташро. ******** Ҳар ки суханчинонро сарзаниш намекунад, ситоишгари онҳост. Светоний Инсон барои инсон бояд муқаддасот бошад. ******** Ҳар касе ки дар ҳама ҷост дар ҳеҷ куҷо нест. ******** Қисмат ҳеҷ чизро ба касе абадӣ намедиҳад. ******** Ногузириро шарафмандона таҳаммул кун. ******** Зиндагиро на барои тӯлонӣ буданаш, балки ҳамчун масал барои мазмунаш қадр мекунанд. ******** Дарозии умр муҳим не, балки бошарафона зистан муҳим аст. ******** Одам то зинда аст, бо умед бояд зиндагӣ кунад. ******** Вақте инсон намедонад ба кадом роҳ биравад, ҳеҷ як боде ҳамсафари ӯ нахоҳад шуд. ******** Чун ҳоло имконият доред, хушҳолона зиндагӣ кунед. ******** Инсоне, ки танҳо дар бораи худ фикр мекунаду пайваста дар ҳама ҷо манфиат меҷӯяд, хушбахт буда наметавонад. Агар барои худ зистан мехоҳӣ, барои дигарон бизӣ. ******** Ҳеҷ гоҳ хушбахт нашумор нафареро, ки мутеи хушбахтиҳои фавқулодда аст. Сенекаи хурдӣ Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

√ СӮГВОРӢ Давлатов Абдураҳмон Ҳакимович Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли кормандони он ба кулли пайвандон ва фарзандони Давлатов Абдураҳмон Ҳакимович бинобар сабаби фавти ногаҳонӣ изҳори тасаллият менамояд. Давлатов Абдураҳмон Ҳакимович соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири Бахши хоҷагидорӣ ифои вазифа менамуд. Мавсуф соли 1983 Донишгоҳи давлатии педагогии Тоҷикистон ва соли 1991 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, аз солҳои 2000 то 2011 дар ҶДММ “Фарёд” кор ва фаъолият намуда, аз моҳи майи соли 2015 ба ҳайси мудири Бахши хоҷагидории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ифои вазифа менамуд. Дар тули фаъолияти корӣ дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо иродаи мустаҳкам, ташаббусҳои наҷиб, содиқона ва софдилона фаъолият намуда, миёни кормандон мақому мазалати махсусеро касб намуда буд. Рӯҳат шод ва хонаи охирататон обод бошад, ҳамкорӣ азиз!

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Шаҳло ЭШОНОВА Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

√ ЭЪЛОН Муҳри муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46-и ноҳияи Қубодиён бинобар гум шудан эътибор надорад. Шиноснома, ки онро ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт соли 2008 ба Ҳуснигул Воҳидова додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Номаи камол, ки онро МТМУ № 40, ноҳияи Маркази (ҳоло Фирдавси)-и шаҳри Душанбе соли 1999 ба Ҳасанова Малоҳат Салоҳиддиновна додааст, бинобор гум шудан эътибор надорад. Билети донишҷӯӣ, ки онро Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 2017 ба Муҳаммад Раҳимов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шиносномаи техникии манзил таҳти рақами 22850, ки онро КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Ҳисор соли 2015 ба Зебо Табарова, сокини шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Нуробод додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонӣ, ки онро ДДТТ соли 2016 ба Сомонӣ Хоҷаев додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3932 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.