№42 (9416), 22 октябри соли 2015
1
Омодагии ҳарбӣ беҳбудӣ металабад
Рустами замони мо САҲИФАИ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» ҲАРБӢ ҶАВОНОН ВА ХИЗМАТИ
3
САҲИФАИ
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
е-mail: javonontj@mail.ru
№42, (9416), 22 октябри соли 2015/ e-mail: javonontj@mail.ru/ www.javonon.tj/ аз 5.04.1930 нашр мешавад
ҶАВОНОНИ ҚАҲРАМОН
6
САҲИФАИ
ҲАФТ РӮЗ 15.10.2015 Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Белорус оғоз гардида, то 18 октябр идома ёфт. 16.10.2015 Ҷавонони фаъоли кишвар дар доираи сафар ба Федератсияи Русия ба ноҳияи Рамешковскии вилояти Твер ташриф оварда, бо роҳбарияти ноҳияи мазкур ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҷо фаъолият мекунанд, вохӯрданд. 17.10.2015 Сафири Тоҷикистон дар Австрия Исматулло Насриддинов ба маркази маъмурии замини федералии Каринтия - шаҳри Клагенфурт – бародаршаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дод. Зимни мулоқот бо Президенти органи қонунбарор “Ландтаг”-и замини федералии
Карития Райнҳард Роҳр имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила бо Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Ландтаги замини федералии Каринтия мавриди баррасӣ қарор гирифт. 18.10.2015 Сарвари давлат дар шаҳри Панҷакент ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии “Рукнобод”, ки аз тарафи ширкати чинии “Броадтек” сохта шудааст, оғози расмӣ бахшид. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 75,0 ҳазор тонна маъдан буда, ба маблағи 10 миллион сомонӣ хокаи қалъагӣ ва мис истеҳсол менамояд. 19.10.2015 Муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук мулоқот кард.
4
Марҳабо Ҷабборӣ ба Олга Гаврук, ки фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба поён расидааст, барои мусоидат ба густариши ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон арзи сипос намуд. 20.10.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бузургтарин иншооти энергетикӣ - зеристгоҳи барқии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ намуд. Он то 25 фоизи шаҳри Хуҷандро бо барқи хушсифат таъмин карда, талафоти техникии нерӯи барқ коҳиш хоҳад ёфт.
www.javonon.tj
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Фолбинҳо минбаъд маҳбас мешаванд!
21.10.2015 Бо мақсади тарғиб ва ҷалби донишҷӯён ба китобу китобхона дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Биёед ба китобхона меравем» доир гардид.
е-mail: javonontj@mail.ru
2
ОБОДОНӢ
РУШДИ ТУРИЗМ
Ба чор ширкати нави туристӣ иҷозатномаи фаъолият дода шуд
Соҳаи туризм дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, ташкилоти АСТЕД 16 октябри соли равон дар меҳмонхонаи “Серена-Душанбе” дар мавзӯи “Туризми дар ҷомеа асосёфта дар Осиёи Марказӣ: Пешбарандагони эҳтимолӣ барои рушди минтақавӣ ва ҳамгироӣ” конфронс доир гардид.
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент
18 октябр бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент мавриди истифода қарор гирифт. Дарозии умумии роҳ 112,6 дар бораи ҳадафҳои Ҳукумати километрро ташкил дода, мамлакат дар самти бунёди корҳои сохтмонӣ моҳи октя- роҳҳои таъиноти минтақавию бри соли 2012 оғоз гардида буд. байналмилалӣ, аҳамияти роҳҳо Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъ- барои пешрафти соҳаҳо ва миру навсозиро ширкати чинии рушди иқтисодиёт андешаронӣ “Сансиян Бейсин” бо ҷалби му- кард. тахассисону роҳсозони маҳаллӣ, Мавриди зикр аст, ки давоми ки беш аз 80% шумораи умумии солҳои соҳибистиқлолии мамкоргаронро ташкил медиҳанд, лакат Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди иҷро кардааст. роҳҳои ҷавобгӯи стандартҳои Президенти мамлакат ҷаҳониро ба роҳ мондааст, ки зимни мулоқот бо роҳсозон аҳамияти муҳими стратегӣ добарои иҷрои хуби корҳои рад. сохтмонӣ изҳори сипос карда,
Ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғрал
18 октябр Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи назди пайкараи Нақибхон Туғрал Маҷмааи таърихӣфарҳангии ин шоири маъруфи тоҷикро, ки ба ифтихори 150-солагии ӯ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.
www.javonon.tj
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
Дар ин чорабинӣ гурӯҳи калони аҳли илму адаб, фарҳанг, маориф ва пайвандони шоир иштирок доштанд. Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ аз тарафи идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд навсозӣ шудааст. Арзиши умумии иншоот 5 миллион сомонӣ буда, маҷмаа аз оромгоҳи шоир, фаввора, муҷассамаи барқади шоир ва айвони бо усули меъмории миллӣ кандакоришуда иборат аст. Дар рӯ ба рӯи Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал манзили истиқоматии шоир қарор дорад, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамчун хона-музейи шоир пурра азнавсозӣ шудааст. Дар ин ҷо сару либос ва дигар ашёи рӯзгори Нақибхон Туғрал ҳифз шуда, осорхонаи зинда барои сокинон ва сайёҳони хориҷӣ мебошад.
Сарвари бахши сиёсати Иттиҳоди Аврупо Маркс Салонса иброз дошт, ки мамолики Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистон бо манзараҳои зебо ва мардуми меҳмонавоз барои сайёҳон қобили таваҷҷуҳанд. Дар сурати афзудани теъдоди сайёҳон дар Тоҷикистон барои ҷавонон ҷойҳои корӣ пайдо мешавад. Аз ин рӯ, дар ин минтақа хадамоти туризмро такмил бояд дод. Ҳамчунин, фазои соҳибкориро беҳтар намудан лозим. - Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ гузаронидани тренингҳо ва чопи тавсияҳо зарур аст, - гуфт Салонса. – Зеро хизматрасонии босифат яке аз омилҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар мебошад. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирокчиёни конфронсро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки соҳаи туризм дар маркази диққати роҳбарияти кишвар қарор дорад. - Дар 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 240 566 нафар сайёҳ ташриф оварданд, ки баландтарин натиҷа дар 5 соли охир аст, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. – Ин самараи сиёсати дарҳои кушод, ҳамдигарфаҳмӣ, тафоҳум, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ширкатҳои туристӣ мебошад. Аз ташрифи сайёҳон ба мамлакат дар 9 моҳи соли равон ба буҷаи кишвар 120 миллион доллар ворид шуд. Аҳтам Абдуллозода изҳори умед кард, ки то охири сол ин рақам боз ҳам бештар хоҳад гашт. Тайи 9 моҳи соли равон баҳри муаррифии миллат дар дохилу хориҷи мамлакат 167 чорабинӣ доир гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 64% зиёд аст. - Ҳанӯз дар таъсиси инфрасохтори туризм ва тарбияи кадрҳои баландихтисос баъзе камбудиҳо ҷой доранд, - гуфт А. Абдуллозода. – Бояд ходимони меҳмонхона, кормандони соҳаи пазандагӣ, роҳбаладонро дар сатҳи баланд тайёр кунем. Бо мақсади огоҳшавии ҷавонон аз фарҳангу таърихи кишвар мақсад дорем туризми дохилиро ривоҷ диҳем. Муваффақияти мо дар ҳамкории мост. Намояндаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер дар бораи аҳамияти туризм дар рушди иқтисодиёт сухан карда гуфт, ки дар ибтидои асри ХХ як гурӯҳ ҷавонони Швейтсария сайёҳонеро, ки аз Англия омада буданд, ба сайри кӯҳсор мебурданд. Рафта-рафта теъдоди сайёҳон зиёд шуд ва соҳаи сайёҳӣ имрӯз дар иқтисодиёти Швейтсария ва дигар кишварҳо мавқеи сазоворро ишғол менамояд. - Ман дар Непал шоҳиди он будам, ки теъдоди зиёди корхонаҳои хурду миёна ба шарофати туризм
рушду нумӯ кардаанд, - гуфт Мюллер. – Дар Қирғизистон низ соҳаи туризм боиси бо ҷои кор таъмин шудани ҳазорон нафар ҷавон гардид. Ҳамоҳангсози техникии Барномаи “Роҳи Абрешим”-и Созмони ҷаҳонии туризм Ҷоҳанна Девин изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар масири “Роҳи Абрешим” мавқеи сазовор дорад. Ин кишвари зебоманзар як долони муҳим дар масири Барномаи “Роҳи Абрешим” мебошад.
Имрӯз дар Тоҷикистон 90 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд, ки 50 ширкат бо содирот ва 40 ширкат ба воридоти сайёҳон машғуланд. Ифтитоҳи меҳмонхонаҳои бренди машҳур, аз қабили “Ҳаят-реҷенси”, “Серена” ва “Шератон” имкони хизматрасонии беҳтарро фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имкони беҳтари қабулу гусели мусофирон фароҳам омад. Барои хизматрасонӣ ба
Бо мақсади муаррифии ин барнома ба наздикӣ роҳнамое бо чанд забон чоп хоҳад шуд. Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мавзӯи “Туризм дар масири Шоҳроҳи Абрешим дар Тоҷикистон: Имкониятҳо ва соҳаҳо барои ҳамкорӣ” маърӯза намуд. - Тоҷикистон аз соли 2007 узви Созмони ҷаҳонии туристӣ мебошад, - гуфт Ризо Назарзода. – Дар ҷумҳурӣ барои рушди соҳа тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ фароҳам аст. Ҳоло дар мамлакат се минтақаи сайёҳӣ – Варзоб, Ромит ва Балҷувон амал мекунад. Барои интихоби боз чор минтақаи сайёҳӣ корҳои омӯзишӣ идома дорад. Бо мақсади ҷалби сайёҳон то ин дам як қатор чорабиниҳо амалӣ шуданд. Чунончи, аз соли 2008 маблағи раводиди ҷумҳурӣ аз 100 доллари пештара ба 25 доллар поён фароварда шуд. Намояндагони 81 мамлакат дар се фурудгоҳи байналмилалии мамлакат метавонанд аз равзанаҳои консулӣ раводиди Тоҷикистонро дастрас намоянд.
сайёҳон фурудгоҳи мазкур 2 чархболи нав дастрас кардааст. Ҳоло дар кишвар теъдоди меҳмонхонаҳои типи нав (“Ҳомстей”, “Гестҳаус”) аз 100 адад зиёдтар мебошанд. - Ҳоло дар 10 мактаби олии кишвар мутахассисони соҳаи туризму хизматрасонӣ омода карда мешаванд, - гуфт Ризо Назарзода. – Аммо ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб намудани онҳо суст ба роҳ монда шудааст. Ҳарчанд Тоҷикистон дорои захираҳои бойи туристӣ бошад ҳам, муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқи мақсад ба роҳ монда нашудааст. Имсол 3000-солагии Ҳисори Шодмон таҷлил мегардад. Ин боз як имконият баҳри муаррифии таъриху фарҳанги ғании мардуми тоҷик аст. Дар гузашта Корвонсаройи Қалъаи Ҳисор яке аз марказҳои муҳими тиҷоратии Шоҳроҳи Абрешим ба шумор мерафт. Дар конфронс ба намояндагони чор ширкати туристӣ – “Магниум”, “Вояж-тур”, “Транс-авиа экспресс” ва “Про-тур” иҷозатномаи фаъолият супурда шуд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
ҶАВОНОНИ ҚАҲРАМОН
Дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мардум ба кору бори осоишта ва доимии худ, ҳарчи тезтар ба итмом расидани ин даргириҳоро орзу доштанд. Шахсоне, ки азизону пайвандонашон дар сафи кормандони сохторҳои қудратӣ буданд, шабу рӯз дуои ҷону тани онҳоро мекарданд. Писарамакам майор Холназар Бобоев, ки дар вазифаи муовини командири ротаи 4-уми таъиноти махсуси ВКД адои вазифа мекунад, низ дар қатори ҳазорон ҷавонмарди баору номус дар ин даргириҳо иштирок ва дар дараи Ромит қарор дошт. 16 сентябр аз аҳволаш хабардор шудан хоста, аз ӯ ҳолу аҳвол пурсидам. Ҷавоб дод, ки шукри Худо дурустам ва то ин хоинони миллатро нест накунем, тинҷу осуда намегардем. Ман дар овози ӯ ҷавонмардиву ватанпарварии як афсари тоҷикро ҳис карда, болидам. Аммо аз овози ғамолуди ӯ ди-
Рустами замони мо
Ӯ баҳри Ватан ҷон нисор кард
лам осуда набуд ва аз ӯ пурсидам: - Хол, барои чӣ овозат ғамгину хаста аст? Ӯ баъди каме хомӯшӣ суханро давом дода гуфт, - Рустамро паронданд… - Кадом Рустамро? - Амакиевро, - инро гуфту дигар гап зада натавонист. Ростӣ аз ин хабари нохуш хеле ғамгин шудам. Рустамро ман аз соли 1993 мешинохтам. Маълум шуд, ки Рустам шоми 15 сентябр дар мавзеи Гусгеви дараи Ромит аз ҷониби хоинони ватанфурӯш номардона кушта шудааст. Аз рӯи нақли шоҳидон Рустам барои беҳуда нобуд нашудани сарбозону афсарон хостааст бо эшони Ҷунайд гуфтушунид кунад, то онҳо силоҳро гузошта, таслим шаванду хуни ноҳақ рехта нашавад. Аммо эшони Ҷунайди чашмонаш хун гирифта ва аз ваъдаҳои дурӯғини ҳоҷӣ Ҳалим фиребхурда, Рустамро зери борони тир мегирад. Нияти Рустам ҷони ӯву ҳаммаслакони фиребхурдаашро аз марги муфоҷо
халос кардан буд. Аммо сад афсӯс, ки риштаи умри Рустам ва дар баробари ӯ риштаи умри 14 нафар сарбози сарсупурдаи миллат дар ин амалиёт канда шуд. Инчунин аз гурӯҳи ҷиноятпешаи ҳоҷӣ Ҳалим ҳамроҳи ӯ 27 нафар ҷони худро бохта, зиёда аз 139 нафари дигар бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ дастгир шуданд. Моҳи июли соли 1993 баъди хатми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ маро бо даъвати коммиссариати ҳарбӣ ба Вазорати дифоъ ба кор қабул намуданд. Ман интизори фармон будам. Як рӯз хостам аз писари тағоям Фахриддин, ки ба Коллеҷи олии ҳарбӣ (ҳоло Донишкадаи олии ҳарбӣ) ҳуҷҷат супорида буд, хабар гирам. Ба саҳни майдони варзишии коллеҷ, ки пур аз ҷавонони либоси ҳарбипӯш буд, наздик шудам. Аз яке Фахриддинро пурсидам. Ӯ Фахриддинро мешинохтааст ва ба ҷустуҷӯяш ба хобгоҳ даромад. Баъди чанде Фахриддин бо ҳамсинфаш Илҳом (ҳоло ҳар ду бо
рутбаи полковникӣ дар Вазорати мудофиа дар мансабҳои гуногун фаъолият доранд), ки якҷоя ба коллеҷ ҳуҷҷат супорида буданд, наздам омаданд. Мо рӯи сабзазор нишаста, байни ҳам суҳбат доштем, ки як гурӯҳи дигари курсантон ба мо наздик шуданд. Онҳо омада, даст дода салом карда, рӯи сабза паҳлӯи мо нишастанд. Суҳбат авҷ гирифт. Фахриддин ба яке аз онҳо, ки паҳлавонҷусса менамуд, муроҷиат намуда пурсид: - Бобоев, Одинамадов ба ту кӣ мешавад? - Амакам. Чӣ буд? - Ба ин кас падарашон,- ба ман ишора карда гуфт ӯ. - Чӣ хел? - ҳайрон пурсид Бобоев. - Аз худаш пурс, - гуфт Фахриддин. - Ба ман устод мешавад, - гуфт ҷавони харобу дарозе, ки дар паҳлӯи Бобоев нишаста буд. - Чӣ хел устод? - пурсидам ман. - Вақте ки овозаи кушода шудани мактаби ҳарбӣ ба ноҳияи мо расид, падару модарам маро ба ин ҷо ташвиқ намуданд. Ман дудила будам ва барои хотири волидайнро шод намудан ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб рафтам. Дар он ҷо полковник Темур Одинамадовро бо либосҳои шинами афсарӣ дидам. Муносибату рафтори ӯро дида тасаввуротам дар бораи ҳарбиён тамоман дигар шуд. Дар кӯчаҳо бедодгариву рафтори ноҷои боевикҳои либоси ҳарбӣ дар бар ба ҷони ҳама зада буд. Дар вақти санҷиш низ полковник Одинамадов ба мо ёрии расонд, хатову камбудиҳои моро ислоҳ менамуд. Мо ҳама ба қавле шогирдони ӯ ҳастем. Яъне, полковник Одинамадов устоди аввалини ман ва аксар ҷавонони дар ин ҷо ҳузурдошта ба ҳисоб меравад. - Яке аз ташкилкунандагони ин коллеҷи ҳарбӣ низ ба шумор меравад, - илова кард ҷавони дигар. Чунин суханонро дар бораи падарам шунида, хеле шод шудам ва аз ҷавони аввалӣ пурсидам: - Мебахшӣ бародар, номат чӣ? - Номам Рустам, - ҷавоб дод ӯ. - Амакиев, - гуфт ҷавони дигар, ки Хуршед ном дошт. Ин аввалин шиносоии мо бо Рустам Амакиев буд. Баъди як моҳ, яъне августи ҳамон сол либоси ҳарбӣ дар тан, бо рутбаи лейтенант дар Коллеҷи олии
3
ҳарбӣ дар вазифаи хабарнигори калони ҳарбӣ ба фаъолият сар кардам. Кору фаъолияти мо, ки ба шуъбаи сиёсӣ дахл дошт, ба хизмати аскарону курсантон зич алоқаманд буд. Моҳҳои октябрноябри ҳамон сол коллеҷи олии ҳарбии кишвар як гурӯҳи курсантони худро барои идомаи таҳсил Федератсияи Русия фиристод. Роҳбарияти коллеҷ фаъолияти маро дида ва ба ман бовар намуд ва роҳбарии гурӯҳи курсантонеро, ки ба Донишгоҳи ҳарбии фармондеҳии нерӯҳои десанти ҳавоии шаҳри Рязани Русия барои идомаи таҳсил мерафтанд, ба зимаам во гузошт. Дар шаҳри Рязан бачаҳои тоҷикро ҳаматарафа санҷида, имтиҳон гирифта, баъд ба донишгоҳи десантӣ қабул мекарданд. Рустам, ки дониши кофӣ дошт, тамоми санҷишҳоро бемамониат гузашта, ба дигар рафиқонаш низ ёрии худро дареғ намедошт. Аз 29 нафар ҷавонписари тоҷик 22 нафараш санҷишу имтиҳонҳоро гузашта, курсанти ин донишгоҳ шуданд. Соли 1997 Рустам Амакиев бо диплом ва сару либоси десантӣ ва рутбаи лейтенантӣ бо рафиқони ҳамсабақаш ба Тоҷикистони азиз омада, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, аз он рӯз хизмати Ватан-модарро содиқона ба ҷо меовард. Он замон чунин кадрҳо барои Тоҷикистони соҳибистиқлол чун обу ҳаво зарур буданд. Буданд нафароне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат хонда, барои маоши баланд ба дигар ҷо ба кор гузаштанд, ҳатто ба дигар давлатҳо рафтанд. Аммо Рустаму рафиқонаш ба ҳама сахтиҳо нигоҳ накарда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон фаъолиятро идома доданд. То фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тайин шудан, Рустам дар вазифаҳои гуногуни Вазорати дифоъ фаъолият намудааст. Дар давоми фаъолият аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо медалҳои «Ҷасорат», «Шараф» дараҷаи 2, ва «Барои хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Баъди қаҳрамонона ҳалок шудан дар дараи Ромит бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Рустам Амакиев рутбаи генерал-майор ва медали «Спитамен» дараҷаи 1 дода шуд. Хотираи нек, қаҳрамонию далерии фарзандони баору номуси миллат, ки барои халқу ватан ҷони худро бохтаанд, ҳеҷ гоҳ аз ёди ҳамватанон берун нахоҳад шуд. Рустам Амакиев низ дар ёди ҳамагон ҷовидон хоҳад буд.
е-mail: javonontj@mail.ru
Фазои тинҷу ороми ҷумҳуриро, ки мардуми саодатмандаш дар арафаи таҷлили 24-умин солгарди истиқлолияти он қарор доштанд, 4 сентябр ҳамлаи ногаҳонӣ ва ноҷавонмардонаи гурӯҳи хоинони ватанфурӯш халалдор сохт. Амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ ба муқобили гурӯҳи ҷиноятпеша зиёда аз 10 шабонарӯз давом кард. Асосан, гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, ки бо лақаби ҳоҷӣ Ҳалим машҳур буд, баъди шабохуни ноҷавонмардонаи худ ба ШКД-и шаҳри Ваҳдат ва гурӯҳи навбатдории Вазорати корҳои дохила зуд ҷониби дараи Ромит раҳсипор гашта, дар ҷойҳои касногузар камин гирифтанд. Ин дара бобати гузаронидани амалиёти ҳарбӣ чун минтақаи вазнину ноқулай аз ҷониби мутахассисон эътироф шудааст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
Ашрафҷон ОДИНАМАДОВ
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
Гурӯҳи 18-нафараи ҷавонони фаъол, ки ба хотири шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Руссия қарор доранд, бо кормандони корхонаи “Тоҷиктекстил”-и вилояти Твер мулоқот карданд.
Он бо ташаббуси Тоҷиддин Замонов ташкил ёфта, айни ҳол шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба духтани либосҳои гуногун машғул мебошанд. Ҷавонон, ҳамчунин аз корхонаи дузандагии “Беркут плюс”-и вилоят, ки зери сарпарастии соҳибкори
тоҷик Комрон Ғаюров фаъолият мекунад, дидан намуданд. Дар ин корхона аксаран занон ва ҷавонони тоҷик ба кор таъмин гаштаанд. Зимни вохӯриҳо гурӯҳи корӣ доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ
ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ суҳбат карданд. Кормандони коргоҳҳо изҳор доштанд, гарчанде аз Ватан дур ҳам бошанд, хонаи умеди онҳо Тоҷикистон аст ва аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар пуштибонӣ менамоянд.
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амрбекзода Ҳабибулло қайд кард, ки дар замони муосир маҳз муттаҳидӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии ҳар як тоҷикистонӣ омили муассир дар ободию гулгулшукуфоии Ватан мебошад.
www.javonon.tj
Мулоқоти ҷавонон бо муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Твер
е-mail: javonontj@mail.ru
4
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
Манзумаи ФИРӮЗ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Сеҳру ҷоду аз мавзуъҳоест, ки дер боз мавриди баҳсу мунозираҳо қарор дорад. Ҳарчанд дар мазамматаш борҳо садо баланд шуда, дар шабакаҳои телевезионӣ ва матбуоти даврӣ зиёд интиқод гардидааст, аммо ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондааст. Баръакс шумораи соҳирон дар ҷомеа ба маротиб афзудааст, чунки онҳо аксаран худро табиб муаррифӣ карда, озодона фаъолият мебаранд. Вале ҳар номе, ки ба худ надиҳанд, мардум ҳамчун “фолбин” ё “мулло”-яшон мешиносанд...
ҷоду ва фолбинӣ машғуланд, бо моддаи қаллобӣ ба ҷавобгарӣ муҷозот мешуданд, барои он ки сеҳру ҷоду ба гурӯҳи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дохил буд. Дар ин ҳол бештари фолбину ҷодугарҳо тибқи моддаи мазкур бо ҷарима халос меёфтанд. Вале баъди тасдиқи тағйиру иловаҳо акнун ин афрод паси панҷара мераванд. Замира Каримова шоҳиди ҳодисае мешавад, ки дар зери дарахт ҷавондухтароне заминро кофта чизеро гӯр мекунанд ва баъд аз рафтани онҳо Замира он ҷоро аз назар гузаронида, дар зери дарахт қулфи баста бо калидро меёбад. Дар бадани қулф бо ҳарфҳои барои Замира номаълум чизе навишта шудааст. Ҳамсуҳбатамон мегӯяд қулфро аз дохили чоҳ гирифта бо калид мекушояд ва ба канали назди хонааш мепартояд. Вале мегӯяд рӯзи дигар низ ҷавондухтарон ин қулфи гӯркардаашонро хабар мегиранд ва онро наёфта саросема аз ҷойи ҳодиса мераванд. Инчунин ба гуфтаи шоҳидон, бори аввал нест, ки занону духтарони ношинос чунин амалҳоро ба ҷо меоранд ва бо сеҳру ҷоду хонаи касеро вайрон ва дигареро гирифтори беморӣ мекунанд. Ин амали нопок кормандони
намекунанд. Кам нафароне пайдо мешаванд, ки дари ин тоифаро накӯбанд. Ҳатто ҳастанд нафароне, ки номи фолбинро нашунидаанд, вале маҷбуранд ба даргоҳи фитнаву фиребашон раванд. Сабзина Комронова, сокини пойтахт низ аз ҷумлаи афродест, ки ба сеҳру ҷоду ва дигар амалҳо бовар надорад, вале имрӯз ба хотири фарзанди ҷавонаш паси дари фолбин навбат мепояд. Мавсуф бо алам қисса мекунад, ки фарзандаш ҳамеша бемор асту асабонӣ ва ягон духтур дардашро даво набахшид. Сабзинаро ҳамсояаш маслиҳат медиҳад, ки гӯё фарзандаш аз таъсири сеҳру ҷоду ба ин ҳолат гирифтор аст ва рафъи мушкилаш ҳам дар дасти фолбин аст. Ин зан мегӯяд, ба назди фолбин омадааст, вале бовар надорад, ки мушкилаш ҳал мегардад... Баъди пахши наворҳои видеоӣ ва боздошт гардидани “мулло”ҳои зинокор дар шабакаҳои телевизионӣ бовар пайдо намудем, ки сафи ин афрод коҳиш ёфта, минбаъд касе аз шаҳрвандон ба назди фолбинҳо намераванд. Вале ҳайҳот, ки хушбоварӣ кардаем. Гарчанде масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ҳангоми боздошти фолбину ҷодугарҳо ба аҳолӣ муроҷиат
Фолбинҳо минбаъд маҳбас мешаванд!
www.javonon.tj
Ё чаро эътимоди мардум ба фолбину ҷодугар ҳанӯз қавист? Мушоҳида мешавад, мардум аз ҳиллаву найранги ҷодугарон бехабар дар ҳолати беморӣ ва дучор шудан ба мушкиле ба онҳо муроҷиат мекунанд, гӯё корафтодаҳо кушоиш ёфта, бемориашон рафъ мешавад. Хеле аламовар аст, ки то ҳол мардум ба сеҳргарон бовар дошта, аз рафтан ба назди онҳо худдорӣ намекунанд. Дар ҳоле ки бархе аз чунин “табибҳо” бо роҳи фиреб, табобати ғайрианъанавӣ, тумордиҳӣ ва дуохонӣ ҷиноятҳои зиддиахлоқиро нисбат ба шахсони роҳгумзада раво дида, маблағи муайян ҳам талаб мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештар занон ба ин тоифа эътиқод доранд. Чун имрӯз мебинем тамоми кори худро бо дуо ва туморҳои фолбин оғоз мекунанд ва супориши онҳоро низ ба ҷо меоранд. Шоҳиди он ҳастем, ки сеҳргарон барои тамоми муштариёни худ суханони монанд мегӯянд ва барои 20 нафар бо як дуо оби дам ё испанд медиҳанд, ки мушкили ҳар яке гуногун аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Кодекси ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид намуда, ба парлумон пешниҳод намудааст, ки тибқи он фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дар кишвар ҷиноят ҳисобида мешавад. Акнун бо роҳ ёфтани банди наве ба Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарӣ барои сеҳру ҷоду шадид мегардад. Яъне ҷодугарон аз 3 то 7 сол аз озодӣ маҳрум мегарданд. Таври маълум, то ин дам афроде, ки ба сеҳру
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро низ ба ташвиш овардааст. Дар нишасти матбуотие раиси кумитаи мазкур Хайриддин Абдураҳимов бо нигаронӣ ва таассуф гуфт, кормандонаш ҳангоми тоза намудани кӯлҳо аз дохили об қуфлҳои бастаи зиёде пайдо намудаанд, ки як телешкаи мошини боркашро пур кардааст. Ин амал, яъне қуфл партофтани сокинон ба кӯл, ки бешак аз рӯи эътиқодашон ба фолбину ҷодугарҳо сурат гирифтааст, нанговару дилхарош аст. Имрӯз мардум аз сеҳргарон ва ҷодугарон ба қавле “метарсанд”, вале боз ҳам роҳи манзили ин бехабаронро фаромӯш
мекарданд, ки ба онҳо рӯ наоранд, зеро онҳо қаллоб ва фиребгаре беш нестанд. Вале бархе мардуми роҳгумзада ё хурофотӣ ҳарфи мақомотро эътибор надода, мегуфтанд: “Ин “туҳмат” ва “подстава”-и навбатист нисбат ба “табибҳо”. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ ба ном “муллоҳо”-и дастгиршуда бештари маврид бо роҳи фолбиниву дуохонӣ, сеҳру ҷоду ба дардмандон даво мебахшанд ва аз оҷизии муштариён истифода бурда, ба онҳо дастдарозӣ низ мекунанд, ки гуё ба хотири сиҳатӣ ва бартараф гардидани мушкили онҳо будааст. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки мардуми мо то андозае содда ва зудбоваранд. Ҳатто ин соддагиву зудбоварӣ ба ҳаддест, ки гоҳо лӯлизанон низ мардумро “фолат бинам” гуфта ба дом меафкананд. Ин манзараҳо дар бозорҳо бештар ба чашм мерасад. Занон даври лӯлизан гирд омада, бо навбат қисматашонро фаҳмиданӣ мешаванд. Хуб мешуд, ки ҷойи он ки ба ҳузури фолбину ҷодугар равем, ба духтурони касбӣ ва равоншиносон муроҷиат кунем. Ҳалли мушкиламонро аз Яздони пок талаб намоем... Гарм будани бозори фолбину сеҳргарон дар ҳолест ки дини мубини ислом фолбину ҷодугарро лаънат карда, рафтан ба назди онҳо ва эътиқод ба амалҳояшонро ҳам гуноҳи кабира ва ширк унвон мекунад.
Хайём айёш набуд!
Мутаассифона русҳо Хайёмро айёш муаррифӣ мекунанд То имрӯз чеҳраи маъруфу мондагоре чун Хайём дар арсаи ҷаҳон надорем. Аз таърих ба мо маълум мешавад, ки лофу газофи мутаассибон ба сари Хайём будаасту то имрӯз ҳаст. Аммо ин ҳама даъвоҳои беасос баръакс озодагиву номи ӯро бештар вирди забонҳо кардааст. Ба вижа, шуҳрати афкори фалсафӣ ва рубоиёти Хайём дар Аврупову Амрико қабл аз асри 17 оғоз шуда, имрӯз ягон забони зиндаи дунё намондааст, ки рубоиёти Хайём ба он забон тарҷума нашуда бошад. Дар ин моваро, тарҷумаҳои англисии рубоиёташ дар Англия ва ИМА аз назари зебоӣ ва тасвирҳо дар шумори зеботарин китобҳои чопии дунёст.
Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ аз номи Хайём ҷор задании бархе аз шоиракону чалафайласуфони аз байни мардумони Осиёи Миёна, Русия ва Қофқоз баромада, боиси иншои ин матлаб гашт. Бо аксу ангораҳои фаҳш оро додани рубоиёти ба русӣ тарҷумашудаи Хайём масъалаи аввал бошад, масъалаи муҳими дигар аз номи Хайём навишта таблиғ намудани гуфтору ҷумлаҳои «файласуфона» ва «олимона» аст. Мутаассифона, дар маҷмуаҳои рубоиёти Хайём, ки дар Русия интишор меёбанд, мазмунҳои ирфониву шеърҳои мармузи ӯро идрок накарда, вобаста ба мазмунҳои иҷтимоии баъзе аз рубоиҳояш саҳифаҳои китобро бо аксҳои занони урён ва ҳолатҳои сархушиву шаҳватзадагии мардон оро медиҳанд. Минётураҳои нозуку рамзноки шарқиёнаро сарфи назар мекунанд. Ин касон кӯшиш ба он доранд, ки Хайёми файласуф, ринд ва сӯфиву орифмашрабро чеҳраи сирф иҷтимоӣ бахшанд. Гӯё, ки Хайём як умр сари сабӯву соғар ва мутрибу дилбар парвона будаву айшу нӯши мудом дошта. Ҳол он ки Хайёми Нишопурӣ дар бузургиву азамати илм бо ибни Синову Абурайҳони Берунӣ паҳлу мезанад. Ҳанӯз соли 1917 дар пешгуфтори китоби «Рубоиёт»-и Хайём, ки дар Лондон рӯи чопро дид, олими англис Чарлз Хорн ба ин маънӣ навишта буд: «Мутаассифона, аксарияти хонандагони Ғарб Хайёмро чун шоири шаҳватпараст ва майхора қабул доранд, ки гӯё ӯ танҳо саргарми лаззати индунёӣ будааст. Ин аз назари муносибат ва дарки ҷойгоҳи ирфон тамоман нодуруст аст. Ғарбиён бо назари шахсии худ ӯро қазоват мекунанд. Аммо агар мо Хайёмро шинохтанӣ шавем, бояд ба матнҳои асили шарқӣ ва мардуми Шарқ муроҷиат намоем. Барои аксари мардуми Ғарб ғайриоддӣ аст донистани назария ва фаласафаи Хайём, ки ӯ сирф шоири диёнатпешаест. Тасвирҳои вино ва ишқе, ки ӯ тавсиф мекунад, ҳама маъно ва мазмунҳои классикӣ ва ирфонӣ доранд…» Бо ҳамин мазмун, ин адабиётшиноси англис кӯшиш мекунад, ба хонандаи Мағриб ирфони диниву мазҳабии Умари Хайёмро фаҳмонад ва дар тасаввури онҳо чеҳраи ҳақиқии Хаёми орифро ҷилва диҳад. Аммо чунин нафарони хушфаҳм афсӯс, ки ангуштшуморанд. Таваҷҷуҳ кунед ба ин гуфтаҳои дар саҳифаҳои интернетӣ, ки баъзеашон дар аксҳо инъикос ёфтаанд ва дар зерашон ному насаби Умари Хайём аст: «Мумкин аст бероҳа намудани марди оиладор, мумкин аст бероҳа намудани марди соҳиби маъшуқа, аммо наметавон бероҳа кард мардеро, ки зани дӯстдошта дорад», «Муҳаббат дар оғоз ҳамеша нарм асту навозишкор. Ба ёд оварданаш низ инчунин. Дӯст доштан, дард аст. Ва ҳарисӣ ба якдигар. Ва ранҷу азоб асту озор додани ҳамдигар»… (аз забони русӣ тарҷума шуд). Ин ва дигар гуфтаҳои пучу бемағзу ношоиста ҳаргиз аз Хайём несту ба ӯ нисбат ҳам надорад. Умари Хайём як нафар аз чеҳраҳои тобноки давру замонҳост, ки ҳаргиз сари масоили сабуки иҷтимоӣ нагашта ва ҳамеша дар пажӯҳишу ҷустуҷӯи ҷирмҳои осмонӣ, сохтани тақвим, устурлоб ва дигар корномаҳои илмиву бунёдӣ будааст. Пас, чеҳраи ҳақиқии Хаёмро шинохта, танҳо ба осору ашъори интиқодии ӯ муроҷиат кардани хонандаро хоҳиш дорем: Ҳар кас, ки бихост озода шавад, Хайёмсифат марди худодода шавад. Хайём бидонаду бихонад, кофист, Шарт аст магар, пайи хуми бода шавад?! Бузургмеҳри БАҲОДУР, магистри Академияи илмҳои Тоҷикистон
НАЗАРИ ХОНАНДА
Мирзоалӣ АБДУРАШИД, декани ДДТТ: - Пеш аз ҳама таблиғотро бояд дуруст ба роҳ монем. Видеороликҳои мавзеъҳои таърихӣ, минтақаҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, он ҷойҳоеро, ки сайёҳон таассуроти нав пайдо карда метавонанд, таҳия намоем. Инчунин барои ҷалби бештари сайёҳон мебояд сатҳи хизматрасониро баланд бардорем. Ҳарчанд нисбат ба солҳои пеш хуб шуда бошад ҳам, вале нархнома барои сайёҳон дандоншикан аст. Балки нисбат ба дигар кишварҳо шояд нарху наво дар мо арзонтар бошад, аммо ба хизматрасониҳоямон мувофиқ нестанд. Мутассифона, дар расонаҳои иттилоотӣ, матбуоти даврӣ дар бораи маконҳои ҷолибу саёҳатиамон маълумот хеле кам аст. Ҳол он ки ширкатҳо аз пахшу нашри маълумоти даркорӣ дар бораи мавзеъҳои туристии кишвар бояд манфиатдор бошанд. Ҳарчанд солҳои охир шумораи онҳое, ки шавқу ҳаваси дидани Тоҷикистонро доранд зиёд шудааст, вале ҳанӯз қаноаткунанда нест. Чунки Тоҷикистони мо як сарзамини хурраму барои сайёҳӣ мусоид аст. Зафарҷон АБДУЛЛОЕВ, муаллими ДДТТ: - Барои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ имкониятҳои васеъ вуҷуд доранд. Яъне иқлим, табиати зебои кишвар барои ин мувофиқ аст, аммо дар ин самт ҳанӯз камбудиҳо ҳастанд. Аввал, камбуди тарғибот. Тарғиботи дурусту самимӣ яке аз роҳҳоест, ки туристонро ҷалб мекунад ва сохторе, ки дар ин самт сару кор дорад, бояд ҳар гуна роликҳо, буклетҳо таҳия намоянд. Сомонаҳои махсуси интернетиро ҳам роандозӣ кардан ба маврид аст.
5
Пӯшида нест, ки туризм ба иқтисоди кишварҳо таъсири амиқ мерасонад. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии туристӣ соли 2014 теъдоди туристон дар ҷаҳон ба 1 миллиарду 133 миллион нафар расида, туризми ҷаҳонӣ соли сипаришуда 1,5 триллион доллар фоида овардааст. Мувофиқи пешгӯии ташкилоти мазкур соли 2015 теъдоди сайёҳон дар ҷаҳон 3-4 фоиз меафзояд. Дар ҳамин ҳол аз мусоҳибон пурсидем:
Барои ҷалби бештари сайёҳон чӣ бояд кард? Ин метавонад ба туристони хориҷӣ кӯмак бошад.
Осимӣ ДАМДОРОВ, донишҷӯи факултаи туризми ДДОТ: - Барои диққати сайёҳонро ҷалб кардан аввал бояд соҳаи хизматрасонӣ бо сифати баланд ба роҳ монда шавад. Чунки вақте сайёҳон ба Тоҷикистон меоянд, бояд шикоят надошта бошанд. Мутассифона, имрӯз соҳаи хизматрасонӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Барои ҳамин аввалтар аз ҳама бояд чунин кард, ки сифати хизматрасонӣ баланд бардошта шавад. Хизматрасонии хуб хоҳ-нохоҳ диққатро ҷалб мекунад.
Шаҳриёр ҚУРБОНОВ, магистри ДДОТ: - Агар рафтуомад бо сарҳади мову Узбекистон озод бошад, зиёда аз 30 фоизи сайёҳоне, ки ба дидани Самарқанду Бухоро меоянд, аз Тоҷикистон низ дидан мекунанд. Чунки тамаддуни қадимии минтақа дар ҳудуди Фарғона, Ҳисор, ҳудудҳои Вахшу Хатлон доман паҳн карда буд, ки дидани онҳо барои хориҷӣ ҷолиб аст. Минтақаи Осиёи Миёнаро як минтақаи геополитикӣ ном мебаранд. Масалан, солҳо
боз бо ҷанг рӯ ба рӯ будани ҳамсояи мо – Афғонистон монеи туристон шуда метавонад. Барои бештар омадани сайёҳон ба минтақа, аз ҷумла ба кишвари мо тинҷ будани вазъ дар давлатҳои ҳамсояамон муҳим аст. Сайфиаллоҳ НОСИРОВ, донишҷӯ: - Асосан барои ҷалби туристон аввал бояд амнияти онҳоро таъмин намоем. Чунки солҳои гузашта вақте сайёҳони хориҷӣ ба ноҳияи Варзоб сафар карданд, ҷавонони тоҷик дучархаи онҳоро рабуда буданд. Чунин амалҳо метавонад монеи омадани сайёҳон ба Тоҷикистон бошад.
Абдуддин САМИЕВ, декани факултети географияи ДДОТ: - Масъалаи ҷалби туристон яке аз масъалаҳои доғи рӯз аст. Дар ҳамин мавсими сипаригашта ба ҷумҳурии мо ҳамагӣ 200 ҳазор нафар, ба ҷумҳуриҳои ҳамсояи мо бошад, зиёда аз 1 миллион турист омадаанд, ки ин барои мо бояд мояи нигаронӣ бошад. Албатта, вақте мо паҳлуҳои гуногуни масъалаи ҷалби ту-
е-mail: javonontj@mail.ru
Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
ристонро таҳлил мекунем, якчанд омили таъсиррасон пеш меоянд. Пеш аз ҳама омили амниятӣ. Ҳодисаҳое, ки соли гузашта ва имсол дар ҷумҳурӣ шуданд ба омадурафти туристон беасар набуд. Чунки ҳар як ҳодиса дарҳол тариқи интернет, тариқи воситаҳои ахбори омма ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон ирсол мешавад. Ҳатто расонаҳои баъзе кишварҳо ин ҳодисаҳоро аз будаш зиёд нишон медиҳанд, ки метавонад сайёҳонро ба ташвиш орад. Яъне агар сайёҳон мақсади сафар дошта бошанд, худдорӣ мекунанд. Масъалаи дигар инфрасохтор аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мо аз ҷиҳати инфарасохтори соҳаи туризм дар мавқеи аз сад ҳам поён қарор дорем. Яъне Тоҷикистон баъди 100 давлат меистад. Аз 140 давлати узви Созмони ҷаҳонии туристӣ дар ҷойи 114 меистад, ки ин ҳам, албатта як омили таъсиррасон аст. Дар ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Масалан, бунёди роҳҳо, бунёди меҳмонхонаҳо... Ин ҳама, албатта, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд, лекин дар баробари ин дигар зерсохторҳои соҳа ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Чунки вақте мо дар самти Душанбе-Хуҷанд, ДушанбеКӯлоб-Хоруғ, Турсунзода-Душанбе, Панҷи поён ва дигар роҳҳои ҷумҳурӣ сафар мекунем, мебинем, ки оддитарин инфрасохтор мавҷуд нест. Барои сайёҳон пеш аз ҳама мавҷуд будани хоҷатхона ва ҳамом дар ҳамин самт бисёр муҳим аст. Лекин мутаассифона дар роҳҳои мо ин шароит нест.
ҲАМКОРӢ
Тақвияти ҳамкориҳо бо СУТ
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бо Ҷоҳанна Девин, координатори техникӣ, намояндаи Барномаи рушди Шоҳроҳи Абрешими Созмони умумиҷаҳонии туристӣ, мулоқот кард. намудани онҳо нақши Созмони умумиҷаҳонии туристӣ калон аст. Аҳтам Абдуллозода аз намояндаи ин созмон даъват ба амал овард, ки дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабкаҳои байналмилалии телевизионӣ ва ҳамзамон буклету брошюраҳо мусоидат намоянд. Хонум Ҷоҳанна Девин дар навбати худ аз ҳамкории Тоҷикистон бо СУТ изҳори ҳавасмандӣ карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон барои ин созмони байналмилалӣ хеле муҳим мебошад. Ӯ изҳор намуд, ки СУТ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон конфронсҳои зиёди байналмилалиро доир менамояд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ хеле муфид мебошанд. Аз ин рӯ, аз роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ даъват
ба амал овард, ки соли оянда дар конфронсҳои ба нақшагирифтаи созмон иштирок намоянд. Аҳтам Абдуллозода қайд намуд, ки ҳар сол дар Тоҷикистон низ конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ дар самти сайёҳӣ доир мегарданд ва пешниҳод карда шуд, то конфронси байналмилалии сайёҳӣ, ки соли оянда дар кишвар доир мегардад, дар нақшаи кории ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ворид карда шавад. Ҷоҳанна Девин аз ин иқдом ҷонибдорӣ карда, изҳор дошт, ки дар сурати пешниҳод намудани маводҳои зарурӣ вобаста ба конфронс ва ошноӣ онҳо низ омодаанд, ки дар баргузории ин конфронс саҳм бигиранд. Инчунин, Аҳтам Абдуллозода аз хонум Девин даъват кард,
ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба Тоҷикистон омада, бо анъанаҳои миллӣ, фарҳангу тамаддун ва имкониятҳои сайёҳии кишвар бештар огоҳ гарданд. Вобаста ба пешниҳоди дигари раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути СУТ, Ҷоҳанна Девин таъкид дошт, ки дар 4 соли оянда шабакаи телевизиони байналмилалии “National Geografic” ва ширкати “Nicon” тасмим гирифтаанд, ки аз кишварҳои гуногун боздид карда, филҳои ҳуҷҷатӣ бо на-
зардошти имкониятҳои сайёҳиро ба навор гиранд. Ӯ гуфт, кӯшиш мекунад, ки дар доираи ин лоиҳа Тоҷикистонро дар мадди аввал қарор дода, барои таҳияи филм пешниҳод намояд. Ҷонибҳо, инчунин, атрофи ҳамкориҳои бештар дар соҳаи сайёҳӣ, бозомузии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани малакаи касбии роҳбаладҳо, омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва дигар масъалаҳои мавриди назар табодули афкор намуданд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии туристӣ дар самти соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аҳтам Абдуллозода нахуст Ҷоҳанна Девинро барои ташриф ва иштирок дар конфронси байналмилалии туристӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, хушомадед гуфта, изҳор намуд, аз ҳамкории мутақобилан судманд бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ хушбин мебошанд. Таъкид карда шуд, ки барои боз ҳам рушду инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон нақши созмон хеле калон аст. Аз ин рӯ, ҷонибҳо хостори тақвият додани ҳамокориҳои бештар шуданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дорои имкониятҳои зиёди туристӣ мебошад ва барои муаррифӣ
е-mail: javonontj@mail.ru
6
ҶАВОНОН ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
кадр ҷой дорад. Яъне ҳозир дар таълимгоҳҳо муаллими Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, фанни омодагии дифои ҳарбӣ “Ҷавонони Тоҷикистон” намерасад. Ба ҷойи онҳо муалимони фанҳои забони русӣ, физика ва технология аз фанни мазкур дарс мегузаранд. БиноПрократураи ВМКБ ва зертобеони он ҷиҳати бар ин хонандагони макотиб аз
таҳкими волоияти қонун дар самти даъват ба хизмати ҳарбӣ, инъикоси масоили мубрам вобаста ба омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар идораву таълимгоҳҳои шаҳру навоҳӣ санҷишҳо гузаронданд. Мақсад ошкор ва ҳал кардани монеаҳо дар таълимгоҳҳои ибтидоии ҳарбӣ номбар шуд. Атрофи натиҷаи таҳлилу санҷишҳои анҷомшуда бо ёрдамчии калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи дуюм оид ба назорати иҷрои қонунҳо вобаста ба ноболиғону ҷавонон Ғуломзода Сафармурод мусоҳиб шудем.
Лутфан бигӯед, ки санҷишҳои прокурорӣ кадом мушкилиҳоро ошкор карданд? - Санҷиш дар ҳамбастагӣ бо прокуророни шаҳру навоҳӣ, мувофиқи банди 3 нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят барои соли 2015 гузаронида шуд. Мақсад назорати амалишавии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” буда, масъалаи омодагӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмат дар соли қаблӣ ва панҷ моҳи соли ҷорӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Санҷиш маълум кард, ки аз тарафи раиси ВМКБ комиссияи бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ сари вақт таъсис дода шуда, дар ҳайати он ҳамаи аъзо ва духтурони соҳавӣ фаъолият доранд. Феълан чунин комиссия дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мавҷуд аст. Ҳангоми тафтишот аён гашт, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят проблемаи норасоии
ҳарбӣ дар маркази вилоят ва ноҳияи Ванҷ намерасад, ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ин манотиқ бо шуъбаҳои маориф, комиссариати ҳарбиву бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар назди макотиби умумӣ тайёрии ҳарбии ҷавононро мегу-
таби хусусӣ ва литсейи Оғохон мавҷуданд, дар бештари ин таълимгоҳҳо дар самти норасоии кадр аз фанни таълимии номбаршуда монеа эҷод шудааст. Ҳамзамон базаи лавозимоти хониш ва таҷҳизоти таълимӣ ба талаботи замон мувофиқ нест. Ба ҷуз аз мактаби президентӣ, ки дорои ҳамаи шароит мебошад. - Дар самти баргузории машғулиятҳои саҳроие, ки солҳои охир дар вилоят мегузаранд, чӣ назар доред? - Тайи солҳои 2014-2015 аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои ташкилу гузаронидани машғулиятҳои серӯзаи таълимии саҳроӣ бояд маблағи муайян ҷудо мешуд. Яъне он аз суратҳисоби харҷномаи хадамоти методӣ гирифта мешавад ва ин машғулиятҳо дар деҳот баргузор мегарданд. Аммо таҳлилҳои прокурорӣ нишон доданд, ки то рӯзи санҷиш аз ин маблағҳо нишоне ҳам набуд. Азбаски заминаи тайёрии
заронанд. Дар ноҳияи Ишкошим ташкилоти мазкур дорои як муассисаи таълимист. Он барои хоҷагии халқ ва қӯшунҳои ҳарбӣ ронанда тайёр мекунад. Аз соли гузашта то имрӯз ташкилот умуман 180 нафарро ба омӯзиш ҷалб кардааст. Яъне ин омӯзиш бевосита аз ҳисоби маблағҳои худи таълимгирандагон сурат гирифта буд. Ҷиҳати бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ ва гузаронидани чорабиниҳои тиббии даъватшавандагон аз ҷониби мақомоти маҳаллии ноҳияи Ишкошим маблағи нокифоя ҷудо гардид. Яъне аз тарафи роҳбарони мақомоти тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии ноҳия оид ба маблағи иловагӣ ба мақомоти иҷроия ҳатто дархост ҳам пешниҳод нашудааст. Чунин тасмимгирӣ аз муносибати бепарвоёнаи масъулини мақомоти ваколатдор гувоҳӣ медиҳад. Ҳол он ки имсол дар ноҳияи мазкур 295 нафар ҷавон аз қайди ибтидоии ҳарбӣ гузаштаанд. Аз ин теъдод 73 нафар ҳамчун бемор
Омодагии ҳарбӣ беҳбудӣ металабад фанни омодагии дифои ҳарбӣ дониши даркорӣ намегиранд. Ҳоло дар ноҳияи Рӯшон таълимдиҳии фанни мазкур дар 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монда шудааст. Аз 28 омӯзгоре, ки дар таълимгоҳҳои мазкур фаъолият мекунанд, танҳо 14 нафараш афсарон ҳастанд. Дигар омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ дорои маълумоти олӣ мебо-
АЗ ҶАВОНОН БА ҶАВОНОН
www.javonon.tj
шанд, вале рутбаи ҳарбии афсарӣ надоранд. Инчунин синфхонаҳо аз воситаҳои аёние, ки барои тадриси фан чун обу ҳаво заруранд, пурра таъмин нестанд. Агарчи дар шаҳри Хоруғ ҳамагӣ 11 муассисаи таҳсилоти умумӣ, мактаби президентӣ, мак-
Ҳар халқу миллате, ки умеди тараққиёту пешрафтро дорад ба ҷавонон такя мекунад. Зеро ҷавонон ҳамчун нерӯи бузург барои пешравӣ ва тараққиёти ҳар халқу миллат дар ҳар давру замон нақши бориз доранд. Ин моро ба он водор месозад, ки ҷавононро дар рӯҳияи маънавию ахлоқӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ ва арзишҳои волои миллӣ тарбият намоем. Имрӯзҳо гурӯҳу доираҳои манфиатхоҳ аз нерӯи ҷавонони гумроҳу камсавод истифода намуда, онҳоро бо баҳонаи “ҷиҳод” ва
пазируфта шуда, ба табобат ниёз доранд. - Дар маҷмуъ, аз санҷишҳо чӣ хулоса бароварда шуд? Оё минбаъд оид ба мушкилот тадбирҳо дида мешаванд? - Бояд гуфт, ки дар баробари корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдор оид ба омода намудани ҷавонон ба хизмат дар маҳаллаҳои маркази вилоят низ монеаҳо ҷой доранд. Баҳри бартараф намудани онҳо ва беҳтаргардонии омодагиву сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бояд ғайрат намуд. Яъне қабл аз ҳама камомади маблағ барои ташхису табобати наврасону ҷавононе, ки бояд муолиҷа шаванд, ҷой дорад. Буҷаи маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои вилоят барои ҳалли он қонеъкунанда нест. Инчунин толорҳои варзишӣ, бошишгоҳҳои кӯдакону наврасон, клубҳои варзишӣ-техникӣ, ки дар самти омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақши муҳим доранд, дар баъзе навоҳӣ маҳз ҳамин манбаъҳои таълимиву фароғатӣ намерасанд. Вобаста ба камбудиҳои ошкоргардида алъон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чораҷӯӣ карда мешавад. Асбаски масоили мазкур дар назди раҳбарони шаҳру ноҳияҳо, шуъбаҳои маориф баррасӣ шуданд, монеаҳоро бояд ҳарчи тезтар бартараф кунем, то ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда тавонем. Қайд намудан ҷоиз аст, ки имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Чунки Ҳукумати кишвар шароити хизматчиёни ҳарбиро дар ҳамаи ҷузъу томҳо ва қисмҳои низомӣ беҳтар гардондааст. Феълан ҳамаи роҳбарони қисматҳо хатмкардаи мактабҳои олии ҳарбӣ мебошанд. Ҳоло хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бевосита таҳти назорати вижаи мақомоти ваколатдор қарор дорад ва набояд аз хусуси ҳолатҳои ғайриоинномавии солҳои қаблӣ ҳарф зад. Алъон падару модари хизматчиён худашон имконияти пурра доранд, ки аз зисту шароити фарзандон дар қисмҳои ҳарбӣ воқиф гарданд. Ҳоло вазъи зиндагӣ, захираву имконот ва беҳзистии сарбозону афсарони кишвар комилан тақвият ёфтааст.
Тарбияи ҷавонон ҷиддият мехоҳад
“шаҳодат” ба доми ғафлат ва макру ҳиллаи хеш мекашанд. Ин барои ҳар миллате мояи бадбахтист. Чун ҷавонон ояндаи давлату миллат номбар мешаванд, бояд ҳамвора ҷиҳати соҳибмаърифату худогоҳ тарбия намуданашон ҷаҳду талош кард. Зеро бехирад ва гумроҳии ҷавонон зиён ба ҷомеа мебошад. Ояндаи давлату миллатамонро мо танҳо бо илму дониш, касбу ҳунар ва дар ин асос тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу ботаҷриба обод карда метавонему бас. Барои ин зарур аст, ки муассисоҳову сохторҳи масъули ҷамъият, балки тамоми ҷомеа ба тарбияи ҷавонон ҷиддӣ машғул
шаванд. На бояд ягон ҷавон дар рӯҳияи ноумедӣ камол ёбад. Чун аксари онҳое, ки ба доми фиреби манфиатхоҳон меафтанд, аз сари ноумедиву камандешагӣ меафтанд... Ҷавонон ҳам дар навбати худ бояд ҷиддӣ хонанд, дониш омӯзанд, то бо ҳамсолонашон аз гӯшаҳои дигари дунё ҳамқадам бошанд. Ватану миллатро дӯст доранд ва ба ҳифзи он ҳамеша содиқ бимонанд. Зеро ҷаҳони муосир пур аз таззод аст ва фитнаву бозиҳои зиёд дорад. Ватанро дӯст доштан ва муқаддасоти онро ҳифз намудан моро аз нобудӣ ва ҳалокат мераҳонад.
Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш ҷавононро қувваи бузург арзёбӣ карда, таъкид медоранд, ки ба ин қишри ҷамъият бояд пайваста ғамхорӣ карда шавад, то аз гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ пешгирӣ шавад. Бояд ҳар як ҷавони тоҷик дарк кунад, ки мо як Ватан дорем, ки бояд ба ҷон азизаш дорем ва дар ҳифзу ҳимояташ асло сар напечем... Неъматуллоҳ ИЗЗАТОВ, донишҷӯи ДИТ ба номи Имоми Аъзам
ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН
Соҳаи тандурустӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти мамлакат қарор дошта, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд мекунад. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳост, ки сифати хизматрасонӣ сол то сол беҳтар мегардад. Суҳбати мо бо менеҷери сохторҳои госпиталии ноҳияи Ҷиликӯл Ниёзмамад Қурбонов дар ҳамин мавзуъ сурат гирифт.
Мусоҳиб Оламгул АМОНБЕКОВА
С. ШУКРУЛЛОЕВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Сиёсати дугонаи абарқудратҳо, ба вижа Амрико, Аврупо ва Русия дар қиболи буҳрони Сурия боиси зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ гардид, ки ҳоло, ба ибораи мардумӣ, «тару хушк»-ро баробар месӯзад. Агар қабл аз зуҳури ДИИШ мушкили Амрико бо ҳукумати Башор Асад дар Сурия буд, акнун ин мушкилот печидатар шудааст ва бархурди абарқудратҳо дар ин минтақа ба хубӣ эҳсос мешавад.
Баъди он ки Русия ба нуқтаҳои ҷойгиршавии гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод, Амрико ва ҳамтоёнаш ин амалкарди Русияро мавриди интиқод қарор доданд. Ҳукумати Туркия Русияро дар нақзи фазои ҳавоияш айбдор карда, изҳор дошт, ки агар Русия ба ин хотима надиҳад, дӯсти муҳимеро чун Анқара аз даст хоҳад дод. Аммо вақте мушакҳои Русия бори дигар фазои ҳавоии Туркияро нақз кард, Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон изҳор дошт, ки
аз харидории гази Русия даст мекашад. Русия иддао карда буд, ки ба муқобили ДИИШ мубориза мебарад ва ҳадафи ҳамлаҳояш асосан, гурӯҳи террористии ДИИШ буданд. Аммо Амрико ва ҳамтоёнаш ба интиқоди амалкарди Русия пардохтанд, ки ин далел ба печидатар шудани буҳрони Сурия ва доман паҳн кардани он ба дигар минтақаҳои ҷаҳон аст. Ин хатар ҳар рӯз аз ҷониби кишварҳои абарқудрат бузург нишон дода мешавад. Масалан, Русия як моҳи охир нигарони он аст, ки ҳаракати террористии ДИИШ фаъолияти тахрибкоронаашро ба минтақаҳои таҳти нуфузи ин кишвар интиқол надиҳад. Маълумоти хадамоти амниятии кишварҳое, аз қабили Афғонистон, ки аз пайдоиши гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар хабар медиҳанд, гувоҳ бар ин аст, ки хатари гурӯҳи террористӣ рӯз аз рӯз бештар мешавад. Вале суоли матраҳ дар назди коршиносон ин аст, ки ДИИШ чаро ин қадар қувват гирифта, доманаи ҳаракатҳои худро аз марзи Сурия ва Ироқ ба хориҷ аз он кӯч медиҳад? Иддае бо истинод ба баъзе маълумот гурӯҳи террористии ДИИШ-ро сохтаи Амрико ва кишварҳои аврупоӣ медонанд, ки ҳадафаш ноором сохтани минтақаҳои таҳти нуфузи Русия аст. Ба андешаи онҳо Амрико ва шариконаш мехоҳанд, беназмиро ба кишварҳои таҳти нуфузи Русия кашида, онро заиф гардонанд. Бо он ки коршиносон чу-
нин фарзияҳоро матраҳ мекунанд, аммо дар амал маълум аст, ки тамоми кишварҳо, ба вижа абарқудратҳо - Русия, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ба муқобили ин гурӯҳи террористӣ эътилоф ташкил кардаанд ва маҳви онро мехоҳанд. Ҳамлаҳои ҳавоии Амрико, Фаронса ва ахиран Русия далели ин гуфтаҳост. Баъди зарбаҳои ҳавоии Русия фаъолияти террористии ДИИШ камтар шудааст. Ба гузориши бархе хабаргузориҳои ҷаҳонӣ минтақаҳое, ки таҳти назорати ин гурӯҳ қарор доштанд, ба дасти нерӯҳои давлатии Сурия гузаштанд. Ин хабарҳо аз он паём медиҳад, ки агар абарқудратҳо ба таври ҷиддӣ ба муқобили ДИИШ мубориза баранд, ин гурӯҳ аз байн меравад. Аммо баҳси абарқудратҳо бар сари манофеашон вазъро бештар буҳронӣ кардааст. Нигаронии Русия дар мавриди сироят кардани ноамниҳо ба минтақаи Осиёи Миёна ин нуктаро возеҳ мекунад, ки бархурди манофеи абарқудратҳо метавонад ҳар минтақаро ба коми ноамнӣ тела диҳад. Бояд таъкид кард, ки ДИИШ ҳаракати ваҳшатафкани террористӣ аст ва ҳар рӯзу соат аз кушторҳои ваҳшатафкани он хабаргузориҳо гузориш медиҳанд. Масалан, дар хабари нави расонаҳо шакли нави куштори инсонҳо иттилоъ дода шуд, ки хеле бераҳмона ва даҳшатовар мебошад. Ин гурӯҳ саратон аст. Чун шеваи амалкардаш далел бар он аст, ки кораш қатлу куштору даҳшатафканист. Аз ин рӯ, бояд пеш аз ҳама абарқудратҳо сари маҳви он ба мувофиқа оянд.
www.javonon.tj
- Мегуфтед, ки вазъи муассисаҳои тандурустии ноҳия ва таъминот бо кадрҳо чӣ гуна аст? - Боиси хушнудист, ки соли равон бо кӯмаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як бунгоҳи саломатӣ ва як маркази саломатии деҳотӣ сохта шуд. Айни ҳол дар ноҳияи Ҷиликӯл Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатӣ, Маркази назорати давлатии санитарӣ, эпидемологӣ (МНДСЭ), Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази бемориҳои пӯст ва сироятии ҷинсӣ, 4 беморхонаи рақамӣ, маркази саломатии шаҳрак, 14 маркази саломатии деҳотӣ, 31 бунгоҳи саломатӣ, маркази эмгузаронӣ ва Маркази мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД фаъолият мекунанд. Имрӯз ба аҳолии ноҳия 805 нафар корманди тиб хизмат мерасонанд. Аз онҳо 122 нафараш соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Шумораи кормандони миёнаи тиб дар ноҳия 340 нафар ва кормандони хурди тиб 218 нафарро ташкил медиҳанд. - Солҳои пеш бинобар набудани нақлиёт ва дигар шароит аксар занон дар хона таваллуд мекарданд, ки эҳтимолияти хатар зиёд буд. Алҳол вазъ дар ин самт чӣ гуна аст? - Дар 9 моҳи соли равон дар ноҳия 2665 нафар тифл ба дунё омадааст, ки 2618 нафар дар таваллудхона ва 47 нафар дар хона таваллуд шудаанд. Соли гузашта аз 2457 нафар таваллудшудагон 75 нафарашон дар хона таваллуд шуда буданд. Тавре мебинед, дар натиҷаи зиёд бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ шумораи дар хона таваллудшудагон кам шудааст. Ҳоло дар ҳар деҳа мутахассисон мавҷуданд, ки дар сурати зарурат ва набудани фурсату шароит таваллуд дар ҳузури онҳо сурат мегирад. - Яке аз роҳҳои пешгирии бемориҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Мақомоти тандурустии ноҳия дар ин самт чӣ тадбирҳоро амалӣ месозанд? - Кормандони соҳа дар тамоми бунгоҳу марказҳои саломатии ноҳия оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ба аҳолӣ маълумот медиҳанд. Дар гӯшаҳову рӯзномаҳои девории муассисаҳои тандурустӣ ва рӯзномаи ноҳиявӣ маслиҳати мутахассисон пешкаш мешавад. Дар мулоқот бо сокинони маҳаллаву деҳаҳо роҷеъ ба оқибатҳои нохуш, нашъамандию майпарастӣ ва тамокукашӣ, пешгирӣ ва роҳҳои наҷот ёфтан аз ин одатҳои бадро мефаҳмонем. То ин дам дар ноҳия 44 нафар беморони
нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд. Дар тарғиби тарзи ҳаёти солим варзиш нақши муҳим мебозад. Илми тиб исбот намудааст, ки аксар бемориҳо аз камҳаракатӣ сар мезананд. Дар ноҳияи мо дучархасаворӣ нисбат ба дигар ноҳияҳо бештар маъмул аст. Ҳатто бонувони зиёдеро дучор меоем, ки бо дучарха ба ҷои кору таҳсил ё аёдати наздикон мераванд. Дучархаронони ноҳия ҳамеша дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ яке аз ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд. Чанде пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд дучархасаворони навраси ноҳия Мадина Ҳайдарова ҷои дуюм ва Наҷмиддини Нуриддин ҷои сеюмро сазовор гаштанд. - Ҳолати бақайдгирии касалиҳои сирояткунанда дар ноҳия чӣ гуна аст? - Шукр мегӯем, ки 2 сол боз дар ноҳия ягон нафар гирифтори бемории домана ба қайд гирифта нашудааст. Дар 9 моҳи соли 2014 ҳамагӣ як нафар бемори исҳоли хунин ба қайд гирифта шуда буд, имсол ягон ҳолат ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 311 нафар дучори бемориҳои шадиди рӯдаю меъда (дарунрав) шуда буданд, имсол 94 нафар гирифтор шуданд. Соли сипаришуда 550 нафар дар 9 моҳ гирифтори бемориҳои шадиди роҳи нафас шуданд, имсол 311 нафар. Порсол 16 ҳодисаи бруселлёз ба қайд гирифта шуда буд, имсол як ҳодиса қайд шудааст. Хуб аст, ки маърифати тиббии мардум сол то сол баланд мешавад. Дар ин бобат нақши матбуот низ хеле зиёд аст. Чунончи дар аксар шумораҳои рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» маслиҳатҳои осонфаҳми тиббӣ ба табъ мерасанд. Ҳамчунин дар ҳафтаномаи «Ёрии таъҷилӣ» ва маҷаллаи «Даво» низ маълумоти зиёди тиббӣ оммафаҳм баён шудаанд. - Дар кори муассисаҳои тандурустии ноҳия чӣ мушкилиҳо ҷой доранд? - Аз 31 бунгоҳи саломатии ноҳия 3 бунгоҳи саломатӣ (Тоҷикобод, «Сулаймон-ата», «Минг-чуқур») ҳоло дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ҳамчунин аз 14 маркази саломатии деҳот яктояш бе иморат аст. Кормандони МСД «Дружба» фаъолияташонро дар хонаҳо бурда истодаанд. Агар маблағ пайдо шаваду ин бунгоҳу марказҳои саломатӣ таъмиру бозсозӣ шаванд, боз теъдоди зиёди сокинони ноҳия аз хизматрасонии нисбатан босифат баҳравар хоҳанд шуд.
Абарқудратҳо чаро ДИИШро аз байн намебаранд?
7 е-mail: javonontj@mail.ru
Бемориҳои сироятӣ кам шудааст
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
МУСОҲИБИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
Дар арафаи баргузории Кунгураи байналмилалии олимони ҷаҳон ва 45-солагии таъсисёбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо ректори донишкада, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шодӣ Сафаров ҳамсуҳбат шудем. - Устоди гиромӣ, Шодӣ Асомуродович, албатта, ин 45 сол дар назди таърих умри тӯлонӣ нест, вале барои ғояҳои варзиши миллат донишкада то як андоза тавонист асолати миллии худро дар омода кардани мутахассисон иҷро намояд. Назари Шумо дар ин маврид чист? - Воқеан, тӯли чилу панҷ соли фаъолияти хеш беш аз 25 ҳазор нафар ин боргоҳро хатм карда, дар тарбияи насли наврас ва такомули соҳаҳои тарбияи ҷисмонӣ нақши арзанда гузошта, ба он шукуҳи ҷаҳонӣ бахшида истодаанд. - Дар ҳашт соли фаъолиятатон ба ҳайси сарвари ин боргоҳи таълимӣ вазъи варзиш, раванди кори таълиму тарбия, ҳатто дарсазхудкунӣ ва иштироки фаъолонаи шогирдони донишкада ба куллӣ дигар гаштааст. Ин ҳама чӣ тавр даст дод? - Ташаккур ба таваҷҷуҳатон. Агар мақоми донишкада панҷ сол қабл дар зинаи даҳум қарор мегирифт, аз соли 2011 ба зинаи шашум баромад. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки шумораи кафедраҳои тахассусӣ аз 10 адади солҳои қаблӣ ба 16 адад расид. Имрӯз хушбахтона, аз кӯмаку дастгирӣ, таблиғу ташвиқот, пешниҳоду таклифот ва ихтирооту кашфиёт аҳли илм ва устодони донишкада дар рақобатҳои илмӣ, табъу нашри китобҳои таълимӣ, барномаҳои ихтисосӣ, таълифи маҷмӯаю мақолоти илмӣ, дар як саф бо дигар муассисаҳои олии кишвар қарор гирифтаанд. Давоми ҳашт соли охир ҳашт китоби тозатаълифи дарсии «Тарбияи ҷисмонӣ» барои толибилмони аз синфҳои ибтидоӣ то синфҳои XI (муаллифон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ш. Сафаров, ва дотсентон Л. А. Губанова ва Д. Каримова) бо теъдоди басо калон ба нашр расиданд. Китоби тозаи устоди донишкада Наим Исмоилов барои хонандагони литсейҳо, коллеҷҳо ва қисмҳои низомӣ бо номи «Омодагии дифои ҳарбӣ» бо теъдоди 150000 нусха аз чоп баромад. Дар остонаи рӯзҳои мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли варзиш китоби ректори донишкада Ш. Сафаров ва ёвари ӯ М. Шамсиддинов «Варзиш - саҳнаи нангу номус» ба хонандагон пешкаш гардид. Яъне ба муваффақиятҳо ноил гаштани донишкада ба заҳмати шабонарӯзии аҳли кормандони он вобаста аст. - Мехостем чанд сухан аз боби ғамхориҳои маъмурият нисбат ба варзишгарони бомаҳорат, ғолибони сабқатҳои
байналмилалӣ низ бигӯед? - Ҳоло 142 нафар донишҷӯёни донишкада узвҳои комилҳуқуқу пайвастаи дастаҳои яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 15 ихтисос ва соҳа маҳсуб меёбанд. Бо фармони махсуси садорати донишкада аъзои дастаҳои яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои унвонҳои Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, дараҷаҳои байналмилалӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо қарори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ду сол қабл дар бахши аввал ҳамчун имтиёз, тариқи
суҳбатҳои озод ва ройгон ба донишкада қабул мешуданд. Духтарон ҳам аз ин имтиёз пурра бархурдор буданд. Аммо мутаассифона шакли ҷадиди таҳсилоти тестӣ моро муваззаф намудааст, ки дар раванди қабул каме тағйирот ворид гардад. Яъне масъалаи қабулро Маркази миллии тестӣ ба уҳда дорад. Эҳтироми самимии садорати донишкада нисбат ба варзишгарони бомаҳорат, ғолибони мусобиқаҳо, ҷоизадорон он қадар боло рафтааст, ки давоми сол 22 нафар чунин варзишгарон аз
тариқи шартномаи иқтисодӣ ба тарзи буҷавӣ гузаронида шуданд. Ба ин ҳайат беҳтарин паҳлавонон Шералӣ Бозоров (дзю-до), Муҳаммад Абдураҳмонов (самбо), Шералӣ Достиев (бокс), Мавзуна Чориева (бокс), Абдурауф Мӯсоев (варзиши сабук), Юсуф Сафовуддинов (бокс), Низомиддин Сангов (варзиши вазнин), собиқ хатмкардаҳо Умеда Ҷӯраева, Наргис Неъматуллоева, Нодира Мирзоева, Хисрави Иқболшоҳ, Азизбек Гулов, Зарриншои Азиз, Мурод Тӯйчиев (гӯштини юнонӣрӯмӣ), Зоиршоҳ Пиров, Абубакр
корномаҳои варзишӣ басо хушоянд ҳам ҳастанд. Ба ҳама маълум аст, ки шогирди мо Мавзуна Чориева дар Бозиҳои олимпии соли 2012 соҳиби медали бириҷӣ гашт. Имрӯз донишкада бо ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ, чунончи ба Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Ганҷина Ҳабибуллоева, ғолиби Бозиҳои Осиё, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Шерзод Нормуродов, ғолиби мусобиқаҳои ҷаҳон ва ҷумҳурӣ, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Бахтиёр Аб-
“Кунгура роҳҳои ҳалли
Ба ифтихори кунгураи навбатии байналхалқии донишҷӯён ва Зоҳиров (самбо), Фарҳод Куралов (варзиши сабук) ва ғолиби секаратаи мусобиқаҳои ҷаҳон Акмалиддин Каримов дохил мешуданд. - Тавассути расонаҳои хабарӣ шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки тайи ду соли охир аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ 70 нафар ғолиби сабқатҳои ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, универсиадаю мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба андозаи 17 ҳазор сомонӣ бо мукофоти пулӣ ҳавасманд шудаанд... - Бале, аз 15 нафар иштирокчии Бозиҳои олимпии солҳои 2008, 2012, ки дар давлатҳои Чин ва Британияи Кабир баромад карданд, 11 нафараш дастпарварони донишкадаи мо буданд. Маъмурият муваззаф аст, ки натиҷаи баланди варзиширо қадр кунад. Илова бар ин барои ғолибони сабқатҳои олимпӣ, ҷаҳон, универсиадаҳои байналмилалӣ ва Бозиҳои Осиё аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, аз фонди Президенти ҷумҳурӣ маблағҳои хеле баланд пешниҳод шудааст. Барҳақ, ин амали хайр як навъ ғамхорӣ ба варзишгарон аст. Маҳз аз ҳамин хотир ташвиқу таблиғи саривақтии ин ҳама
дуллоев, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаҳои ҷаҳон, ғолиби мусобиқаи Осиё ва ҷумҳурӣ, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Беҳрӯз Набиев, ғолиби мусобиқаи ҷаҳон, барандаи ҷоизаи нуқраи сабқати ҷаҳонӣ, ғолиби Бозиҳои Осиё, сабқатҳои байналхалқӣ ва ҷумҳурӣ, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Лола Лиситса (ҳама аз намуди якҳарбаи шарқӣ) ва даҳҳо тани дигар ифтихор менамояд. Инчунин, Меҳроҷиддин Каримов давоми таҳсил дар донишкада муваффақиятҳои назаррасро соҳиб гашт. Ӯ барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон буда, иштирокчии Универсиадаи ҷавонон ва донишҷӯён дар шаҳри Қазон (2013) мебошад, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ дар риштаи бокс ва дигар инъомҳо гардидааст. - Ба назари Шумо пояи варзиши миллӣ имрӯз то куҷо устувор аст? - Сӣ сол муқаддам бозиҳои миллии ниёгон, аз қабили шатранҷ, чавгони болои алаф, тӯби дастӣ, гурзандозӣ, гӯштини миллӣ, гӯштини зурхонаӣ ва дастхобонӣ он қадар рушд доштанд, ки дар рақобат бозингарони намудҳои маъмули футболу волейбол, дзюдо, гимнастика, самбои мардона ва варзиши сабук рашку ҳасад мебурданд. Дар он солҳо устодони басо ҳамадону мутахассисони воқеан ҳам доно ва дӯстдори касб, аз қабили Михаил Арнолдович Тер-Казарян (футбол), Абдулло Муродов (баскетбол), Гайсина Рима Борисовна (волейбол), Тулиген Худойбердиев (гурзандоз), Тошмурод Мустафоқулов, Виктор Петров Данилович, Лухтан Г.С. (гимнастҳо), Андрей Василевич Шепел (дучархаронӣ), Ҳаким Ҳалимов, Арапенко Аркадий Иванонвич, Виталий Накашов ва Улмас Воҳидович дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳратёр буданд. Мо бар он назарем, ки ин намудҳои варзишро фаъол гардонем. Ин масъала дар мадди назари банда ва ноиби ректор оид ба варзиш, номзади илмҳои таърих С. Баҳриддинов қарор дошта, ҷидду ҷаҳдро ба он равона карда истодаем, ки соҳаҳои мазкур чун солиёни пешин дар нумӯъ бошанд. Хушбахтона, та-
МУСОҲИБИ “ҶАВОНОН...”
9
ба расмият шинохтаанд. Мо аз ин ифтихормандем. Ба сифати раиси донишкада аллакай дар шаш кунгураи байналхалқии мактабҳои олии ҷаҳон иштирок карда, аз боби «Варзиши умумидонишгоҳӣ: инкишоф ва рушди миллат» маърӯзаҳо кардаам. Чор сол пайиҳам, яъне солҳои таҳсили 2011-2012, 2012-2013, 2014 ду кунгураи илмии байналмилалиро бо иштироки бевоситаи намояндагони беш аз 40 донишгоҳу донишкадаи олии ҷаҳон дар кишварамон доир намудем. Дар он олимони ҷавону
е-mail: javonontj@mail.ru
вонистем, ки намуди волейболро на танҳо байни чил мактаби олии касбӣ, балки дар саросари мамлакат ҳамчун ғолиби ягона пешсаф гардонем. Тими волейболи донишкада панҷ соли охир пайи ҳам ғолиби мусобиқаҳои ҷумҳурӣ мегарданд. Дар ин соҳа устоди ҷавон, вале болаёқат Ҳусейн Давлатов саҳми басо бориз дорад. Имрӯз як зумра варзишгарони ҷавону умедбахше ба камол мерасанд, ки шарафу обрӯи варзиши кишварро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя карда, Парчами давлатиро боло
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
мушкилотро муайян мекунад”
олимони ҷаҳон “Варзиши донишгоҳӣ: рушд ва нумӯи умумимиллии он” аҳли назари варзиш маърӯза карданд. Давоми ду рӯз олимон аз Китобхонаи миллӣ, Осорхона, дараҳои зебоманзари Варзоб, мавзеи тамошобоби Искандаркӯл ва Ҳафткӯли овозадор сафар карда, бо таассуроти баланд баргаштанд. Боиси хушнудист, ки 22 октябри соли равон Кунгураи V Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии ҷаҳон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов баргузор мегардад. Ба хотири он ки ин тадбири воқеан ҳам сиёсию
таърихӣ, фарҳангию варзишӣ ва маорифпарварона дар сатҳи олӣ баргузор гардад, дар донишкада ва ҳамзамон дар сатҳи Ҳукумати мамлакат, зери васояти Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода Кумитаи тадорукот таъсис ёфтааст. Олимону муҳаққиқони собиқадор, коршиносони маъруф ва ҷавонони болаёқату умедбахши соҳаи тарзи ҳаёти солим ба кишвари ҳамешабаҳори мо ташриф оварда, бо сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи давлату ҳукумат, дастовардҳои ҷолиби мактабу маориф ва махсусан раванди таълими варзишии мо аз наздик ошно
мегарданд. Ҳадафи ин тадбир, қабл аз ҳама солимии миллат буда, олимону муҳаққиқони ҷавон масоили инкишофи соҳаро матраҳ ва роҳҳои ҳалли мушкилотро муайян месозанд. Кунгура ва иштирокдорони он ба гурӯҳҳои илмӣ раддабандӣ шуда, дар сохтор ва зергурӯҳҳо машварати илмӣ меороянд. Бо ҳамтоёни тоҷики худ сари масоили мубрами варзиши миллӣ, хусусиятҳои гуногунпаҳлӯи он табодули назар намуда, баҳри боз ҳам беҳбуд бахшидани варзиши миллӣ, дастуру тавсияҳои муфид
хоҳанд дод ва табодули таҷриба ҳосил хоҳанд кард. - Иштирок дар чунин кунгураҳои илмӣ дар такмил ва рушди донишкада чӣ нақше бозида метавонад? - Ман дар давлатҳои Молдова, Чин, Муғулистон, Белорус, Арманистон, Русия, Қазоқистон, Булғористону Украина будам. Ҳамчун иштирокчии конгресси байналхалқии илмӣ табодули таҷриба намуда, бо ҳаёти варзишии донишҷӯёни мактабҳои олии ин кишварҳо, майдонҳои машқу тамрин, зисту маишати шогирдони мактабҳои олии онҳо аз наздик ошно гардида, бисёр тадбиру навгониҳои онҳоро давоми ҳашт соли роҳбариам дар донишкада амалӣ кардам. Барои он ки дастаи яккачини волейболбозони донишкада панҷ сол боз дар миқёси мамлакат унвони фахрии ғолибиятро соҳиб мешавад, барояшон маркази нави машқӣ сохтем. Ҳоло дар шафати ин майдон сохтмони анборхонаи варзишӣ, гармоба ва утоқҳои иваз кардани либосҳо идома дорад. - Боварӣ дорем, ки бо кӯмаку дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Вазорати маориф ва илм солҳои наздик мо ба шуҳрати пештара хоҳем расид... - Имрӯз беш аз чаҳор варзишгоҳ ва майдонҳои машқии ҳозиразамон дар мамлакат фаъоланд. Дар ин бобат мо, аҳли назари варзиш, ба Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос мегӯем. Давоми панҷ сол дар ҳама шаҳру ноҳияҳо анқариб тамоми шароити машқ ва такмили маҳорат фароҳам омадааст. Аз ҳамин боис ман ба сифати раиси Ассосиатсияи донишҷӯёни варзишдӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони кунгураи мазкур пешниҳод менамоям, ки мусобиқаи бокси Осиё-2016 ва мусобиқаи ҷаҳонии донишҷӯёнро дар соли 2018 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе баргузор гарданд. Мусоҳиб Бахтиёр КАМОЛОВ
www.javonon.tj
мебардоранд. Масалан, собиқ донишҷӯи донишкада, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Шералӣ Достиев барандаи ҷоизаи мусобиқаи ҷаҳон дар Чин (соли 2005), ғолиби мусобиқаи ҷаҳон байни донишҷӯён дар Қазоқистон (соли 2006), барандаи ҷоми шоҳи Тайланд (соли 2007), барандаи ҷоми Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон (соли 2008), иштирокчии Бозиҳои олимпӣ (солҳои 2004, 2008) дар Юнон ва Чин яке аз онҳост. Чунин зафарҳои варзиширо дастаҳои камонварон, якҳарбачиёни шарқӣ, волейболбозон, паҳлавонони самбо ва гӯштини миллӣ низ ба даст овардаанд. Ҳоло донишкада дорои 16 кафедра, 5 факултет, 68 синфхона, 3 синфхонаи компютерӣ, 8 толори машқӣ, 12 варзишгоҳ ва майдончаҳои тамринӣ буда, аз соли нави таҳсил довталабони нахустинро ба шуъбаҳои воқеанигори варзиш, менеҷмент ва сайёҳӣ, бозиҳои миллӣ қабул намуд. Воқеан ҳам дар таърихи 45-солаи донишкада бори нахуст кушодани факултети сайёҳии куҳӣ ва воқеанигори варзиш муяссар гашт, ки намунаи ибрат мебошад. Имрӯз дар кафедраҳои тахассусӣ як нафар доктори илм, профессор, 4 нафар дотсент, 12 номзади илм, 8 унвонҷӯ, 167 устоду мутахассисон кору фаъолияти пурсамар доранд. Теъдоди умумии шогирдони донишкада ба 5638 нафар расидааст. Донишкада дорои Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва шуъба дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд буда, онҳо низ дар пешрафту такомул ва тарбияву камолоти варзишгарони умедбахшу ояндадор саҳми арзанда мегузоранд. - Робитаву ҳамкориҳо бо макотиби олии касбии давлатҳои дигар ва ширкати фаъолонаи донишкада дар созмону сабқат ва равобити байналмилалӣ чӣ гуна аст? - Соли 2007 донишкада ба узвияти Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии касбии ҷаҳон шомил гардида, дар як радиф бо 55 мактаби олии варзишии сайёра донишкадаро чун макон ва пойгоҳи муқаддаси тайёр кардани варзишгарони бомаҳорати касбӣ
е-mail: javonontj@mail.ru
10
озон зиёнбортар аст. Ба гуфтаи мушовири милСайфиддин СУННАТӢ, лии Барнома оид ба энерге“Ҷавонони Тоҷикистон” тика ва ҳифзи муҳити зисти Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Хуршед Ҳусайнов Пешрафти илму фреонҳо ба қабатҳои болоии атмосфера баромада, дучори технология аз як тараф таҷзияи фотохимиявӣ мегарданд зиндагии одамонро ва оксиди хлор ҳосил мекунанд, саҳлу осон карда ки озонро босуръат вайрон мебошад, аз тарафи дигар кунад. Олимон муқаррар намубоиси ифлосии ҳаво, даанд, ки партови ҳавопаймоҳои фавқуссадо боиси вайрон гардифарсудашавии замин, дани 10% қабати озони атмосфера камшавии захираҳои шуда метавонад. Як маротиба сар оби тоза ва пайдошавии додани киштии кайҳонии “Шатл” сӯрохиҳо дар қабати бошад, камаш 10 миллион тонна азон гардид. Бадшавии озонро нобуд месозад.
вазъи экологӣ дар бисёр кишварҳо боиси афзоиши бемориҳои сироятӣ, роҳи нафас, саратон ва ба дунё омадани атфоли носолим гаштааст.
Яке аз проблемаҳое, ки сабаби ташвиши олимону экологҳо гаштааст, тунукшавии қабати азон мебошад. Ҳанӯз солҳои 80уми асри ХХ як гурӯҳ муҳаққиқон муайян карданд, ки дар болои Антарктида дар майдони 7-10 миллион километри мураббаъ миқдори озон тақрибан 50% кам гардидааст. Муқаррар карда шуд, ки дар атмосфера пайдо шудани фреон (хлорфторкарбон)-ҳо яке аз омилҳои асосии вайроншавии озон мегаштааст.
www.javonon.tj
ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
ФРЕОН – ДУШМАНИ ОЗОН Аз даврони мактабхонӣ ба ҳар яки мо маълум аст, ки бо шарофати атмосфера дар сайёраи мо ҳаёт ба вуҷуд омада, инкишоф ёфт. Атмосфера аз қабатҳои гуногун иборат мебошад. Қабати озон дар стратосфера ҷой гирифта, одамон ва мавҷудоти зиндаро аз шуои ултрабунафши офтоб ҳифз мекунад. Озон аз молекулаҳои сеатомаи оксиген иборат буда, дар баландии 12-50 км аз сатҳи Замин паҳн шудааст. Пардаи озон тақрибан аз 3 миллиард тонна газ иборат аст, ки қисми зиёди он дар баландии 20-25 км ҷой гирифтааст. - Ба фазо сар додани мушакҳои кайҳонӣ, парвози ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳои реактивӣ дар қабатҳои болоии атмосфера, санҷиши силоҳҳои ядроӣ ва термоядроӣ, аз байн рафтани миллионҳо гектар ҷангалзор, истифодаи оммавии фреонҳо дар техника, парфюмера ва ашёи рӯзгор сабабгори асосии вайроншавии қабати озон ба шумор мераванд, - мегӯяд устоди Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисор Валӣ Ҳамроқулов. – Моддаҳои вайронкунандаи озон (МВО) безаҳр, дарнагиранда, истеҳсолашон ғайримураккаб буда, дар зарфҳои аэрозолдор (хушбӯкунандаҳои ҳаво, дезодорантҳо), моеъҳои сардкунандаи яхдону кондитсионерҳо, маҳлулкунандаҳо (тетрахлорметан, метилхлороформ, метилбромид) ва истеҳсоли заҳрхимикатҳо истифода мешаванд. Аз метилбромид бром хориҷ мешавад, ки нисбат ба хлор 30-60 маротиба барои
бемориҳои сироятиро зиёд мекунад. РОҲҲОИ ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН Соли 1971 тақрибан дар як вақт дар маҷаллаҳои илмӣ мақолаҳои Пол Крутсен ва Гаролд Ҷонстон оид ба таъсири партови муҳаррикҳои реактивии авиатсияи фавқуссадо ба қабати озон аз чоп баромаданд. Ҳангоми парвози чунин ҳавопаймоҳо миқдори зиёди газҳои ихроҷшудае, ки дар таркибашон молекулаҳои об ва оксиди нитроген доранд, ба ҳаво паҳн мешаванд. Ҳангоми якҷоя шудани молекулаҳои озон бо молекулаҳои оксид ва дуоксиди нитроген молекулаҳо ва атомҳои
гар гуфтушунидҳои бисёрҷониба оид ба масъалаи аз гардиш баровардани моддаҳои вайронкунандаи озон баргузор гардиданд. Канада, ИМА, Норвегия, Финландия, Австралия ва Судон ба хулоса омаданд, ки халосӣ аз чунин вазъият ин хобондани истеҳсол ва маҳдудияти назарраси истифодаи онҳо мебошад. Барои ба амал баровардани тадбирҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ доир ба муҳофизати озони стратосфера дар чаҳорчӯбаи Конвенсияи Вена оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон санад тартиб дода, моҳи сентябри соли 1987 дар шаҳри Монреали Канада ба имзо расонда шуд. Ба туфайли чораҳои андешидашуда
Озонро ҳифз кунем Нагузорем, ки қабати ҳаётбахш хароб шавад
- Пайвастагиҳое, ки дар баллонҳои сӯхторхомӯшкунӣ, зимни истеҳсоли истаконҳои полистиролӣ ва бастабандии маҳсулоти хӯрокии нимтайёр истифода мебаранд, аз ҷумлаи вайронкунандаҳои қабати озон ба шумор мераванд, - мегӯяд Хуршед Ҳусайнов. – Вайроншавии қабати озон дар атмосфераи Замин ба зиёдшавии селаи нурҳои ултрабунафш ба сатҳи замин оварда мерасонад, ки барои тамоми мавҷудоти зинда хатарнок мебошад. Олимони соҳаи тиб муайян кардаанд, ки ҳамагӣ 1% камшавии миқдори озон боиси 2-4% зиёд гардидани бемории саратони пӯст мегардад. Танҳо дар ИМА солона қариб 200 000 нафар ба бемории саратони пӯст гирифтор мешаванд. - Вайроншавии қабати озон боиси зиёдшавии бемориҳои чашм, алалхусус катаракта, инчунин саратони пӯст гашта, масуният (иммунитет)-ро заиф мекунад, - мегӯяд номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ. – Қариб тамоми ҳодисаҳои саратони пӯст дар он қисматҳои бадан рӯй медиҳанд, ки бештар зери таъсири нурҳои Офтоб қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, заифшавии масунияти бадан хавфи гирифторӣ ба ҳар гуна
оксиген вайрон мешаванд. Дар айни замон шумораи молекулаҳои оксидҳои нитроген боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, дар натиҷаи фаъолияти инсон миқдори оксидҳои нитроген тадриҷан зиёд гардида, метавонад ба дараҷае расад, ки мувозинати таҷаммӯи озонро паст намояд. Ҳамин тавр, Крутсен ва Ҷонстон аввалин шуда, савол ба миён гузоштанд, ки то кадом андоза инсоният метавонад дар ояндаи наздик ба қабати озон зарари ҷиддӣ расонад. Баъд аз се сол олимони амрикоӣ Молина ва Реуленд диққати аҳли ҷомеаро ба имконияти вайроншавии ангезавии озон аз тарафи атомҳои хлор ва молекулаҳои оксидҳои хлор ҷалб намуданд. Исбот карда шуд, ки як атоми хлор ва як молекулаи оксиди хлор пеш аз он ки қабати озонро тарк кунад ё ба дигар ҷузъҳои таркибии атмосфера вокуниш нишон диҳад, то 10 ҳазор молекулаи озонро нобуд месозад. Ин аз суръати озонро вайрон кардани молекулаҳои оксиди нитроген тақрибан 6 маротиба зиёдтар аст. Соли 1985 дар Вена конфронсе даъват карда шуд, ки иштирокчиёни он вазифадор шуданд оид ба ҳифзи қабати озон тадбирҳо андешанд. Пас аз як сол бори ди-
истеҳсоли моддаҳои вайронкунандаи озон дар ҷаҳон нисбат ба соли 1986 зиёда аз 85% кам гардид. НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИГОҲ ДОШТАНИ ҚАБАТИ ОЗОН Соли 1992 дар Копенгаген ба Протоколи Монреал ислоҳ дароварда шуд. Он тамоми давлатҳои Моддаи 2-ро уҳдадор намуд, ки истифодаи гидрохлорфторкарбонро ба 35% аз сатҳи заминшавии соли 2004 ва 65% аз ин сатҳ дар соли 2010 то 90% дар соли 2015 ва то 99,5% дар соли 2020 кам намуда, ниҳоят ба пурра қатъ намудани истифодаи онҳо дар соли 2030 оварда расонад. - Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1995 ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон, 13 ноябри соли 1997 бошад, ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва Тасҳеҳи Лондон ҳамроҳ гардид, - мегӯяд муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Шамс Назаров. – Бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 1998 оид ба таҳияи Барномаи миллии мамлакат ҷиҳати ҳифзи қабати озон аз ҳисоби олимон, мутахассисони варзида ва намояндаго-
ни вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ ташкил шуд. Гурӯҳи корӣ таҳияи Барномаи Миллиро бомуваффақият ба анҷом расонд ва дар охири соли 1999 он аз тарафи Шӯрои Фонди Глобалии Экологӣ қабул гашт. Ба гуфтаи роҳбари лоиҳаи “Мусоидат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо оид ба босуръат даст кашидан аз истифодаи гидрохлорфторкарбонҳо дар минтақаҳои давлатҳо бо иқтисодиёти гузариш” Мирзоҳайдар Исоев ягона маводи вайронкунандаи қабати озон дар Тоҷикистон ин гидрохлорфторкарбонҳо мебошанд, ки пурра дар шакли Фреон-22 пешниҳод гардида, барои хизматрасонии системаи ҳавотозакунӣ ва таҷҳизоти хунуккунӣ (яхдон) истифода мешаванд. Натиҷаҳои таҳқиқоти гузаронидашуда нишон доданд, ки соли 2013 истифодаи воқеии гидрохлорфторкарбонҳо дар ҷумҳурӣ 42,5 тоннаро ташкил дод, ки пурра барои хизматрасонии таҷҳизот, ки дар таркибашон моддаҳои мазкур мавҷуданд, истифода бурда шудаанд. Мувофиқи ҳисобҳо 75% истифодабарӣ ба таҷҳизоти ҳавотозакунӣ рост меояд. Директори Маркази миллии “Ҳифзи қабати озон”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдукарим Қурбонов мегӯяд, ки бо мақсади фароҳам овардани афкори ҷомеа баҳри ҳифзи қабати озон то ин дам як қатор семинарҳо бо донишҷӯёни макотиби олӣ, муаллимони макотиби миёна ва кормандони соҳаи ҳифзи табиат гузаронида шуд. - Мо ба аҳли ҷомеа мефаҳмонем, ки афканишоти Офтоб барои онҳо хатари калон дорад ва метавонад ба пиршавии пеш аз муҳлат ва саратони пӯст бурда расонад, - мегӯяд Абдукарим Қурбонов. – Таъсири барзиёди офтоб, инчунин метавонад боиси бемориҳои дигаре гардад, ки дар организми инсон ҳангоми муддатҳои тӯлонӣ зери радиатсияи офтоб истодан пайдо мешаванд. Маълум аст, ки нурҳои ултробунафш метавонад ба бемориҳои гуногуни чашм ва нобиноӣ бурда расонад. Абдукарим Қурбонов яке аз роҳҳои кам кардани ихроҷи моддаҳои вайронкунандаи озонро дар гузаштан ба технологияҳои алтернативӣ ва дарки ҷанбаҳои сарфаи нерӯи барқи таҷҳизоти замонавӣ медонад. Ҳоло дар аэрозолҳо баъзе корхонаҳо омехтаи пропан-бутанро истифода мебаранд, ки ивазкунандаи хуби хлорфторкарбонҳо мебошанд. Имрӯз як ивазкунандаи фреон аммиак ба шумор меравад, вале он заҳрнок буда, аз баъзе ҷиҳатҳо нисбат ба фреон ақиб мемонад. Аз ин рӯ, зимни харидани яхдон эҳтиёт бояд шуд. Зеро фреонҳо то вақте ки дар дохили зарфи маҳкам ҷой гиранд, бехатар мебошанд, вале ҳамин ки берун шуданд, ба қабати озон ҳамла мекунанд. Ҳар яки мо метавонем бо даст кашидан аз истифодаи фреонҳо ва аэрозолҳо дар пешгирии тунукшавии қабати озон ҳисса гузорем.
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
Нашъамандӣ зуҳуроти номатлубест, ки оқибаташ ба ҷуз марг ва хонавайронӣ нест. Хусусан агар як ҷавон мубталои нашъамандӣ бошад, ҷамъияте дар хатар аст… Дар иртибот ба вазъи нашъамандон ва тадбирҳо ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ дар кишвар бо Хушвахт Ҳасанов, директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ суҳбат намудем. - Муҳтарам, Хушвахт Ҳасанов, аввал мехостам дар бораи характери бемории нашъамандӣ ва зарари он ба соломатии инсон ба хонандагон маълумот диҳед? - Нашъамандӣ бемории вазнин буда, сабабаш истеъмоли ғайритиббии маводи нашъадор мебошад. Нашъамандӣ дар байни ҷавонон оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Аз як тараф дар оила боиси номуназзамӣ, ғаму ғуссаи аҳли оила ва пайвандон бошад, аз тарафи дигар хатар ба ҷомеа аст, чунки солимии ҷомеа аз солимии ҳар фарди он ибтидо мегирад. Дар баробари ин, оқибатҳои нашъамандиро метавон чунин ёдовар шуд: ҷавонии талафёфта, орзуҳои амалинагашта, тақдири шикаста, тифли рӯҳану ҷисман маъюб, бемориҳои сироятии вазнин, пирӣ ва ғаму андӯҳи падару модарон, ҷиноятҳои мудҳиш, ки аксар баҳри дарёфти маводи нашъа содир мешаванд. Аслан бемории нашъамандӣ табиати хос дорад. То вақте ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ҷой дорад, имконияти гирифторшавии ҷомеа ба бемории нашъамандӣ мавҷуд аст. - Теъдоди истеъмолкунандагони маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ чӣ қадар аст ва ҳар сол кам мешавад ё зиёд? - Агар ба омори расмии вазъи имрӯзаи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ назар афканем, мебинем, ки тайи солҳои охир паҳншавии бемории нашъамандӣ то андозае дар кишвар коҳиш ёфтааст. Ин гувоҳи он аст, ки тайи солҳои охир тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла мақомот ва сохторҳои марбута фаъолияти ҳамоҳангшуда ва дастаҷамъона доранд. Айни замон шумораи умумии на-
11
Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ Тамоми тадбирҳои Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ баҳри татбиқи ин мақол нигаронда шудааст
шъамандон дар ҷумҳурӣ тибқи омори расмӣ дар 9 моҳи соли 2015 ба 7226 нафар баробар мебошад. Мутаассифона, аз ин шумора қариб 2,6 фоизаш занон ҳастанд. Аз шумораи умумии истеъмолкунандагони маводи нашъадор ба ҳамин давра 63,7 фоизро истеъмолкунандагони тазриқӣ (шахсоне, ки маводи нашъадорро тавассути сӯзандору истеъмол менамоянд) ташкил медиҳанд. Маҳз ана ҳамин ҳолат моро хеле нигарон кардааст. - Соли 2015 ба охир мерасад, марказ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ дар миқёси ҷумҳурӣ чӣ корҳоро ба анҷом расонд? - Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ аз сохторҳоест, ки Ҳукумати кишвар дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади омӯзиши вазъи нашъамандӣ ва пешгирии он, инчунин, муайян намудани ҳолат ва баҳодиҳии вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ таъсис додааст. Аз тарафи мутахассисони марказ дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа пайваста чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотӣ роҳандозӣ мешавад. Аз ҷумла, соли равон дар байни аҳолӣ вохӯрӣ-семинарҳо сурат гирифтанд, ки натиҷаи мусбат дода истодааст. Соли равон зиёда аз 125 вохӯрӣ дар қаламрави кишвар баргузор шуда, дар онҳо беш аз 50 ҳазор нафар иштирок намуданд. Ин танҳо
ҳамон чорабиниҳое мебошанд, ки дар намуди вохӯрӣ ва семинарҳо доир гаштанд. Чорабиниҳои мазкур дар маҳаллаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ, инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат пайваста доир мегарданд. Мақсади асосии гузаронидани чорабиниҳо бохабар кардани ҷомеа аз оқибатҳои нашъамандӣ мебошад. Марказ дар шабакаи интернет сомона дорад (www.mmmpn.tj), ки тамоми маълумот, санадҳои меъёриро ҷой намудаем, ниёзмандон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода баранд. Дар тӯли беш аз як соли фаъолияти сомона муайян гашт, ки наздики як миллион хонанда ба он ворид шуда, аз матолибаш истифода мебаранд. Инчунин бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ миёни мардум, ба хусус бо гурӯҳҳои гуногуни осебпазир аз ҷониби мутахассисони марказ маводи итилоотии «Роҳи дуруст ё тарки одат», «Нашъамандӣ аз нигоҳи ислом», «Қоидаҳои асосии пешгирии нашъамандӣ дар байни занҳо» (дастурамал барои кормандони тиб) ва «Чӣ тавр кӯдакони худро аз нашъамандӣ ҳимоя намуд?» омода ва нашр шудаанд. - Ҳар сол 26 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи маводи нашъадор қайд мегардад. Ба ин хотир чӣ корҳо амалӣ мегарданд? - Соли 1987 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 26 июн ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи маводи нашъадор эълон шуд. Аз солҳои аввали истиқлолият дар кишвари мо низ ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба он аз тарафи сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чорабиниҳои оммавӣ доир мешаванд. Махсусан, аз ҷониби маркази мо имсол дар боғи Ирам чорабинӣ доир гардид. Инчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз тарафи марказ озмуни расмкашӣ байни хонандагон баргузор шуд. Бояд зикр кард, ки чорабинии асосие, ки ҳар сол мо мегузаронем, дар намуди аксия дар ин ё он боғи шаҳри Душанбе мебошад. Муҳтавои ҳамаи ин чорабиниҳо ба оқибатҳое, ки аз истеъмоли маводи нашъадор пайдо мешаванд, нигаронида шудааст. Чорабиниҳое, ки аз тарафи вазорат ва марказ роҳандозӣ шудааст, татбиқи мақоли халқии “Илоҷи воқеа
пеш аз вуқуъ” мебошад, то ки мардум аз оқибатҳои нашъамандӣ огоҳ гарданду роҳи солимро интихоб намоянд. - Амалишавии “Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017” чӣ гуна ҷараён дорад? - Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари пайхас кардани зуҳуроти нашъамандиву нашъаҷаллобӣ Ҳукумати кишвар сиёсати дурустро роҳандозӣ намудааст. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳо, қарорҳо ва барномаҳои миллӣ ба тасвиб расиданд. То имрӯз дар ҷумҳурӣ як қатор барномаҳои сатҳи давлатӣ дар самти пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ амалӣ гашт. Имрӯз барномаи миллие, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар ба тасвиб расидаасту мавриди амал қарор дорад, “Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017” мебошад. Ин як чорабинии мушаххаси барномарезишуда, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар самти коҳиш додани паҳншавии бемории нашъамандӣ ва баландбардории хизматрасонии соҳаи наркологӣ вобаста ба табобату барқарорсозии беморони нашъаманд равона гардидааст. Яъне табобат ва баргардонидани шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ ба зиндагии солим. - Дар як сол барои пешгирии нашъамандӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ аз буҷа ва грантҳо ҷудо мешавад? - Вобаста ба маблағгузории соҳа ҳаминро бояд гуфт, ки қариб кулли чорабиниҳое, ки дар самти пешгирии паҳншавӣ ва табобату барқарорсозии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст, зиёда аз 80 фисади он аз буҷаи ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ мебошад. Якчанд маротиба аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ низ кӯмакҳое дастрас гардид. Аз қабили кӯмакҳо барои омӯзонидани мутахассисон, барои муҷҷаҳаз гардонидани марказҳои наркологӣ бо таҷҳизоти навтарин. Аз ҳиссаи умумӣ тахминан 15-20 фисади хароҷоте, ки дар ин самт масраф мешавад, бо дастгирии ташкилотҳои кӯмакрасон аст.
е-mail: javonontj@mail.ru
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
ҲАМКОРӢ
15 октябр Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, гурӯҳи филмбардоронро, ки аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт. Аҳтам Абдуллозода меҳмононро ба Тоҷикистони афтобӣ хушомадед гуфта, роҷеъ ба имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ маълумот дод. Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва мавзеъҳои таърихию диданӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ аллакай эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, аз гурӯҳи филмбардорон даъват карда шуд, ки тавассути хатсайри омодагардида аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ба мисли Қалъаи Ҳисор, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, водии Зарафшон, Вилояти
Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чашмаҳои шифобахш дидан намоянд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки барои ошноии бештар аз фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик, суруду мусиқиҳои классикию халқӣ гурӯҳи филмбардорон дар барномаҳои фарҳангӣ, ки дар Боғи Ирам доир мегарданд, иштирок кунанд. Дар навбати худ гурӯҳи филмбардорон аз Аморати Муттаҳидаи Араб бо роҳбарии Алӣ Асалум, ки ҳамзамон роҳбарии ширкати телевизиони “Акс Алӣ”-ро бар уҳда до-
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Арабҳо дар бораи Тоҷикистон филм таҳия мекунанд
рад, аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон барои онҳо хеле муҳим аст. Зеро қабл аз омадан Тоҷикистонро дӯст доштаанд. Алӣ Асалум мақсад аз сафари худ ба Тоҷикистонро шиносоии наздик бо фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва санъати тоҷикон арзёбӣ намуд. Гурӯҳи филмбардорони арабӣ ба бештар аз 77 давлати дунё сафар карда, роҷеъ ба соҳаи сайёҳӣ ва анъанаву фарҳанги милии кишварҳо филмҳои гуногун таҳия кардаанд. Дар доираи ин сафар ин гурӯҳ тасмим гирифтааст, ки роҷеъ ба фарҳангу тамаддун ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон филм омода намояд. Филми мазкур дар шабкаи телевизионии “Акс Алӣ”-и Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар бештар аз 20 давлати дунё тамошобин дорад, пахш карда мешавад.
12 Ифтитоҳи майдончаи футбол барои маъюбон
е-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
ВАРЗИШ
20 октябр, дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалов шинос шуда, дар ифтитоҳи майдончаи футболи хурди ин муассиса иштирок намуд. Сохтмони майдончаи футбол аввали моҳи август оғоз шуда буд. Баъд аз ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ, Сарвари мамлакат бо гурӯҳи маъюбони варзишгар сурат гирифта, бо онҳо футбол бозӣ кард. Президенти кишвар ба роҳбарияти Федератсияи футболи мамлакат барои ташаббусашон дар сохтмони ин иншооти варзишӣ изҳори сипос карда, ба онҳо барои минбаъд ҳам бо ҷамъияти маъюбон ҳамкорӣ намудан дастурҳо дод.
«Истиқлол» дар финали Ҷоми КФО
Даври финалии Ҷоми КФО-2015 31 октябр дар варзишгоҳи марказии пойтахт доир мегардад.
Ин тасмим замоне гирифта шуд, ки Федератсияи байналмилалии футбол Ассотсиатсияи футболи Кувайтро аз ҳамаи бозиҳои байналмилалӣ маҳрум кард. Сабаб дахолати мақомоти ин кишвар ба кори ташкилотҳои варзишӣ мебошад. Бо маҳрум кардани тими миллии Кувайт клубҳои ин кишвар низ наметавонанд дар бозиҳое, ки зери сарпарастии Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё мегузаранд, иштирок кунанд. Бозиҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми КФО-2015, ки 20-21 октябр миёни дастаҳои “Ҷоҳор
Дарул Такзим” (Малайзия) – “Қудсия” (Кувайт) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон) – СК “Кувайт” (Кувайт) бояд доир мегардид, барҳам дода шуд. Акнун қаҳрамони секаратаи кишвар – тими “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ҷоҳор Дарул Такзим”-и Малайзия пеш аз муҳлат ба даври финали Ҷоми КФО-2015 роҳ ёфтанд. Бозии ҳалкунанда 31 октябр дар Душанбе баргузор мешавад. Маблағи ҷоизаҳои Ҷоми КФО 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва барои ҷои дуюм 250 ҳазор доллар супурда мешавад.
www.javonon.tj
Оғози марҳилаи ниҳоии Чемпионати мамлакат байни наврасон
Дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон байни наврасони солҳои тавалудашон 1998-1999 оғоз ёфт. Барои соҳиб шудан ба унвони чемпионӣ дар ин синну сол, ҳашт даста дар марҳилаи пешакӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, вориди рақобат шуданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Истиқлол», МҶМОВ, инчунин мактабҳои варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Норак шомиланд. Гурӯҳи «В»-и мусобиқаро дастаҳои футболи мактабҳои варзишии кӯдакону наврасони шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Восеъ, Шаҳринав ва дастаи «Адидас»-и Душанбе ташкил мекунанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои нимниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқа 23 октябр баргузор мешаванд.
Пирӯзии “Вахш” бар “Далерон”
Шанбеи гузашта ду бозии даври понздаҳуми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа тими “Вахш” дастаи “Далерон-Уротеппа”-ро қабул кард. Тақдири бозӣ дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ ҳал шуд. Голи ғолибиятро Муҳаммадҷони Ҳасан, бозингари дастаи “Вахш” зад. Дар бозии марказии давр миёни дастаҳои “Хайр” ва “Регар-ТадАЗ” ғолиб маълум нашуд. Мухлисон дар ин дидор шоҳиди гол нашуданд – 0:0.
Ҷои чоруми «Умед» дар мусобиқаи “Тӯби чармин”
Дастаи “Умед”-и Душанбе дар панҷумин мусобиқаи байналмилалии футбол “Тӯби чармин” дар Геленҷики Краснодар (Русия) ҷои чорумро сазовор шуд. Тавре Увайдо Давлатбеков, ноиби навраси кишвар бозиро бо “Нефтраиси Федератсияи футболи Душан- чи” бохт – 0:3. Вале шогирдони Набе ба сомонаи расмии Федератсияи сим Набиев дар чор бозии дигар бар футболи Тоҷикистон хабар додааст, дастаҳои “Гудаута” – 7:3, “Спиру Хадар мусобиқа, ки 13-18 октябр баргу- рет” – 1:0, “Пулс” – 1:0 ва “Надежда” зор шуд, 11 даста аз Руссия, Абхази- – 2:0 ғолиб омада, дар гурӯҳ бо 12 хол стон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Мол- мақоми дуюмро ишғол кард. дова, Тоҷикистон ва Осетияи Ҷанубӣ Тибқи низомномаи мусобиқа ширкат карданд. Тоҷикистонро тими дастаҳои ҷои аввали гурӯҳҳо ба фи“Умед”-и Душанбе, барандаи Ҷоми нал баромада, дастаҳое, ки ҷои дуДушанбе миёни дастаҳои маҳаллаҳо, юмро сазовор гаштаанд, барои ҷои ки дар доираи лоиҳаи “Футбол сеюм талош карданд. Тими “Умед” ба назди шумо меояд” доир гашт, дар бозӣ барои медалҳои биринҷӣ намояндагӣ кард. бо дастаи “Луч” (Чапаев, вилояти Тибқи қуръапартоӣ “Умед” Самара) қувва озмуда, бо ҳисоби 2:3 ҳамроҳи дастаҳои “Нефтчи” (Боку, мағлуб гашт. Озарбойҷон), “Пулс” (Якутия), “НаДар мусобиқаи “Тӯби чармин” дадежда” (Краснодар), “Спиру Харет” стаи “Нефтчи”-и Озарбойҷон, ки дар (Молдова) ва “Гудаута” (Гудаута, Абха- финал тими “Барсалан”-и Осетияи зия) ба гурӯҳи “В” дохил гашт. Ҷанубиро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод, Дар бозии аввал футболбозони ғолиб омад.
ВАРЗИШ
6-10 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии исломии Эрон мусобиқаи Осиё оид ба варзиши зӯрхонаӣ ва паҳлавонӣ баргузор гашт. Дар он тими миллии кишварамон дар ҳайати 6 варзишгар иштирок намуданд. Мусобиқа дар сатҳи баланд доир гардида, Тоҷикистон аз намуди паҳлавонӣ дар байни дигар кишварҳо бо гирифтани як медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд. Фарҳод Анақулов дар вазни беш аз 90 кило ҳарифонашро мағлуб намуда, барандаи медали тилло гашт. Дар вазни 50-60 кило дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Назаралӣ Абубакр бо медали нуқра ва дар вазни 60-70 кило мураббии Федератсияи варзишҳои зӯрхонаи шаҳри Душанбе Каримзоди Муҳаммадкарим бо медали бириҷӣ ба Ватан баргаштанд. Бахшида ба ин пирӯзии варзишгарони тоҷик бо Сулаймон Абдулвоҳидов, раиси Федерасияи варзишҳои зӯрхонаи кишвар, ноиби президенди Федирасияи байналмилалии намудҳои варзиши зӯрхонаӣ ва ғолибони мусобиқа суҳбат оростем. - Имрӯз иштирок ва ҳунарнамоии варзшгарони намудҳои варзиши зӯрхонаи тоҷик дар мусобиқаҳои берун аз кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад? - Аз замони ташкилёбии федератсия (1995) то имрӯз дар муддати кӯтоҳ ин на-
13
Паҳлавонӣ - хислати рустамона муди варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд кардааст. Ин ҳама самараи истиқлолияти кишвар мебошад. Мо метавонем дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ аз ин намуди варзиш кишварамонро муаррифӣ намоем. Тоҷикистонро бо варзишгаронаш дар сатҳи байналмилалӣ аз ҳисоби даставӣ дар зинаи дуюм, баъди Эрон мешиносанд. Намуди гӯштини паҳлавонӣ дар онҳо нисбат ба Тоҷикистон қадима ва пешрафта мебошад. Вале варзишгарони мо тавонистанд бо ҳунар ва малакаи баланди варзишӣ мавқеи худро байни дигар дастаҳо мустаҳакам намоянд. - Шавқу рағбат ва диди ҷавонон ба ин намуди варзиш чӣ гуна аст? - Намудҳои варзиши зӯрхонаӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар навъҳои варзиш ҷавон аст. Имрӯз дар толори мо ҷавонону наврасони зиёд таҳти роҳбарии се мураббӣ дар чор баст тамрин мекунанд. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ ин варзиши суннатӣ фаъолият дорад. Шавқу рағбати ҷавонон дар ин ришта зиёд аст. Ин намуди варзиш хоси ҷавононе мебошад, ки дорои бозувони қавӣ ҳастанд. Ин нишонаҳо дар ҷавонони тоҷик зиёд ба назар мерасад. Варзишгарони мо табиатан аз ҷиҳати ҷисмонӣ ба гӯштини паҳлавонӣ мувофиқанд. Баъди дастовардҳои солҳои охир дар сатҳи байналмилалӣ, сафи ҷавонони кишвар ба гӯштини паҳлавонӣ рӯз аз рӯз зиёд гашта истодааст. - Варзишгарони тоҷикро аз ин намуди варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ чӣ гуна мешиносанд? - Дар арсаи ҷаҳонӣ ҳарифи пурқуввати Тоҷикистон варзишгарони Эрон мебошанд. Натиҷаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки варзишгарони тоҷик дар қатори беҳтарин варзишгарони ҷаҳон қарор доранд. Баъди чунин дастовардҳо варзишгарони моро ҳамчун ҳарифони асосӣ ва ҳассос қабул мекунанд. Зеро паҳлавонони мо дар аксари вазнҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Ҳамин шинохти варзишгарон ва муаррифии кишвар дар сатҳи ҷаҳон аст, ки Федератсияи байналмиллалии варзишҳои зӯрхонаӣ имсол аз 12 то 18 феврал Ҷоми ҷаҳонро дар Тоҷикистон гузаронд. Тими мо дар ватани худ бори ди-
гар малакаи баланди варзишии худро нишон дод. - Дарстоварди имсолаи мусобиқоти Осиёиро нисбат ба солҳои пеш чӣ гуна баҳо медиҳед? - Соли 2008 дар Боку ва 2012 дар Бангладеш тими мо аз ҳисоби даставӣ сазовори ҷои сеюм гардид, аммо медали тилло надоштем. Дар ин мусобиқа варзишгарони мо дар намуди гӯштини паҳлавонӣ соҳиби медал гаштанд. Фарҳод Анақулов дар вазни сангин, аз 96 кило боло сазовори медали тилло гардид. Мо дар ҳисоби даставӣ барои ҷои аввал имконияти хуб доштем. Мутаассифона, Наврӯз Арабов варзишгари ботаҷрибаи мо бо сабаби бад шудани вазъи саломатиаш натавонист муҳорибаро давом диҳад. Ин боис гардид, ки мо ҷои сеюмро ишғол намоем. Фурсати муносибро истифода бурда, миннатдории худро ба Ҳукумати кишвар, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши зӯрхонаӣ баён медорам. Имрӯз барои варзишгарони мо тамоми шароит муҳаёст. Айни замон бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА толори варзишӣ бо стандарти байналмилалӣ сохта истодаем, ки метавонем мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро дар кишвар гузаронем. Нақша дорем дар ифтитоҳи ин толор як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ доир намоем. Варзишгарон баъди чемпионати Осиё барои мусобиқаи дарпешистода тайёрии ҷиддӣ мебинанд. Кӯшиш мекунем, ки паҳлавонони мо натиҷаҳои назарасро соҳиб шаванд. Зимнан, бо Фарҳод Анақулов, дастпарвари мактаби маҳорати олии варзишӣ, ки ахиран бо медали тилло ба Ватан баргашт, Назаралӣ Абубакр ва Каримзоди Муҳаммадкарим ҳамсуҳбат шудем. Фарҳод ғолибияташро туҳфае барои мардуми тоҷик унвон карда, гуфт: - Ин мусобиқа дар ҳаёти варзишии ман хотирмон буд. Пеш аз мусобиқа мо тайёрии ҳамаҷониба дидем. Ман варзишгари эрониро ҳарифи асосии худ меҳисобидам. Зеро дар Ҷоми ҷаҳон, ки дар Душанбе доир шуда буд, дар финал аз варзишгари эронӣ мағлуб
www.javonon.tj
шудам. Мо дилшикаста нашудем, ҳамроҳи устодон бештар тамрин кардем. Ҳарифи аввалинам аз Ҳиндустон буд, ки давоми як дақиқа мағлубаш намудам. Бо варзишгари тайландӣ низ дасболо шудам. Дар финал боз насиби дидор бо варзишгари эронӣ будааст. Ӯ қаҳрамони секаратаи Эрон аст, аммо ба ман муяссар гашт, ки ғолиб оям. - Шумо ба гӯштини тарзи озод машғулед. Аз намуди паҳлавонӣ ҳунарнамоӣ кардан мушкил набуд? - Мушкил набуд. Зеро усулҳои ин ду намуди гӯштин қариб якхелаанд. Тарзи холдиҳии онҳо низ ба ҳамдигар монанд аст. Танҳо фарқ дар либоспӯшии онҳост. Дар гӯштини паҳлавонӣ шорти дароз илова мешавад. Агар варзишгаре, ки дар гӯштини тарзи озод маҳорати баланд дошта бошаду тарзу усулҳоро хуб фаҳмад, ҳунарнамоӣ дар гӯштини паҳлавонӣ барояш мушкил намешавад. - Ҳоло ба кадом мусобиқа тайёрӣ дида истодаед? Аз намуди гӯштини тарзи озод, ки намуди олимпӣ мебошад. Кӯшиш дорам роҳхат ба Бозиҳои олимпиро ба даст орам. Дар намуди паҳлавонӣ кӯшиш мекунам, қаҳрамони ҷаҳон шавам. Назаралӣ Абубакр: - Пеш аз ҳама миннатдории худро ба Ҳукумати кишвар, Федератсияи варзишҳои зӯрхонаӣ мерасонам, ки ба мусобиқа сафарбарамон кард. Як сабаби муваффақияти тими мо дар он буд, ки як ҳафта пеш аз оғози мусобиқа ба шаҳри Табрез сафар намудем. Дар ин муддат тавонистем тамринҳои худро бо дигар варзишгарон якҷо гузаронем. Ҳар яки мо ҳарифони худро омӯхтем. Бо се ҳарифам дастболо гашта, дар давраи финалӣ аз варзишгари Эрон мағлуб гашта, сазовори ҷои дуюм гардидам. Вале ин натиҷа маро қаноатбахш намекунад. Минбаъд мекӯшам, то ба қуллаҳои баландтар ноил гардам. Каримзоди Муҳаммадкарим: - Мусобиқа дар сатҳи олӣ гузашт. Бо ҳарифони пурқувват мо куқваозмоӣ намудем. Таҷрибаи ман барои ҷои якум камтар буд. Ман миннадорам, аз Ҳукумати кишвар, федератсияи намудҳои гӯштини зӯрхонаӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки моро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар менамоянд. Хатоҳое, ки дар мусобиқа содир намудем аз пайи ислоҳи онҳо шудем. Кӯшиш мекунем, ки дар мусобиқаҳои дарпешистода сазовори боварии Ҳукумати кишвар ва муаррифгари давлату миллат бошем.
е-mail: javonontj@mail.ru
Шодихони НАЗАР, “Ҷавонони Тоҷикистон”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
14
АДАБИЁТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
Рӯзи якуми таҳсил. Мудири кафедра, ҷавонмарди қоматбаланди зебоандом бо қадамҳои устувор ба синфхона даромада салом дод. Донишҷӯён бо ҳар гуна овоз ҷавоб гардонданд. Ӯ ба миз наздик шуда, ҷузвдонашро болои он гузошт. Зевар аз дохили халта рӯзномаи «Маориф ва маданият»-ро бароварда, саҳифаи даркориро кушод… - Чӣ хел ин рӯзнома ба дастат афтод? - бо ҳайрат пурсид модар. - Муаллима илтимос кард, ки дафтари синфро ба хонаи омӯзгорон барам. Бурдам. Болои миз ҳамин рӯзнома мехобид. Варақ задам ва ин мубоҳисаро хонда ба ёдам омад, ки шабҳо… Нури шамъ танҳо кунҷи хонаро равшанӣ мебахшид. Сарвар сандуқи чӯбиро кушод. Китоби кӯҳнаеро рӯи даст гирифт. Аз қабати он расмеро баровард. - Очаҷон, расми кист? - ин лаҳзаро духтар аз таги курпа наззора дошт. Аз саволи ногаҳонӣ модар такон хӯрд. Вай сирри ишқи наврасиашро кушоданӣ набуд. Дақиқаҳо пуразоб мегузаштанд. - Чандин сол аст, ки шоҳиди ин манзараам, - гуфту Зевар худро болои курпа гирифт. - Амирбек аст, ин ҷавон, - овози модар ларзид. Лаҳзае сукут ихтиёр карду пасон суханашро давом дод. Бист сол аст, ки зиндагӣ моро ба ҳар тараф партофтааст… - Шуморо барои дохил шудан ба курси якуми факултаи филологияи тоҷики донишгоҳ табрик мегӯям. Тибқи қоида ман бояд бо ҳар яки шумо шинос шавам. Инак, … Табарова Зевар Нуриддиновна! - Ман, - донишҷӯ аз сафи пеш қомат боло кард. Ҷавонмард сар аз дафтари синф бардошта, чашм ба толибилм дӯхт. Худоё, худовандо! Қаду қомати боло, рӯи чун кулча гулгун, чашмони шаҳло, кокулҳои ҷингила, лабони чун ғунчаи гул, нигоҳи оташбор. Охир, ин Сарвар… Амирбек ҳаросон ба дари синфхона наздик шуда, ба чапу рост нигоҳ кард. Касеро надид. Оҳиста дарро кушод. Сарвар сар ба зер ба китоб дода шуда, садои ғиҷҷироси дарро нашунид. Ӯ беовоз болои сари духтар рост шуд ва мактуби чорқатро болои парта гузошт. Сарвар аз ҳайрат сар аз китоб бардошта, ба ҷавон нигарист. Вай чашмонашро аз нигоҳи саволомези духтар гурезонд. Баъд гӯё ӯро касе таъқиб мекарда бошад, ки ба тарафи дар давид… Амирбек шах монд. Карахтиаш хеле давом кард. Аҳли толор ба миш-миш даромад. Китоби донишҷӯе болои фарш афтид ва ин ҳолат Амирбекро ба худ овард. Дафтари синфро болои миз гузошта, шитобон аз дар баромад. Шарикдарсон Зеварро печониданд. Духтар ба саволҳои бешумори ҳамкурсон бо аломати «намедонам» китф боло кашида, давоми қиссаи модарро ба ёд овард… Модар суратро ба духтараш дароз кард. Зевар расмро гирифта, шамъро пеш кашид. - Ҷавони зебо будааст, - духтар аз сурат чашм канда наметавонист. - Маъқул шуд, - маълум набуд, ки модар таъна мезад ва ё ҳиссиёти ботинии худро баён мекард. - Ҳамаи
авлоди Салом ҳамин тавр базебанд. Аз ин хотир тағоят Сайдулло ба Моҳсафар часпида буд… - Моҳсафарҷоне! Мурумтаю хурумта! Медонӣ, ки ма тура сахт дӯст медорум. Тура ба занӣ мегирум. - Чашмонам парида истодаанд, - духтар абрӯвонашро гиреҳ баст. - То зани туи майзадаи шилпуқ шудана худамро ба заҳбур мепартом. Моҳсафар хост, ки аз бари Сайдуллои шумрӯ гузарад. Ҷавон аз банди дасташ дошт. - Ба осмон бароӣ, ба за-
рӯҳӣ қарор дорад. Хомӯширо афзал донист. Пас аз сукути бардавом Амирбек сар бардошт. Нигоҳаш хаёлманд. - Ба Сарвар монанд. Ҳатто овозаш ҳам, - як оҳанги ҳазин ва пурдарде дар гуфтори Амирбек ҳис карда мешуд. Азим рамуз бардошт, ки дили дӯсташ менолад ва хаёлаш дар парвоз аст… Дастаи ҳаваскорони санъати мактаб бахшида ба рӯзи 8-уми март консерт медод. Дар саҳна Сарвар
рушанӣ андозад. - Ду соли ишқварзӣ чун насими пагоҳӣ сабук бигзашт, - Азим аз тори овозаш дарк намуд, ки қалби дӯсташ лабрез аз эҳсосу хотираҳои ширин аст. - Аз Сибир, аз сохтмон баргашта, зиндагиро бо оҳанги дигар дарёфтам. Ӯро шавҳар дода буданд.
Зариф ҒУЛОМ, нависанда
Ишқи меросӣ ҲИКОЯ
мин дароӣ ҳам зани ма мешавӣ, фаҳмидӣ! Моҳсафар ҳарчанд муқовимат карда бошад ҳам, аз чанголи гирои Сайдуллои сархуш раҳо наёфт. Талошҳои Гулҳарам низ натиҷа надоданд. Амирбеки аз говпойӣ баргашта ба ёрӣ шитофта, бо говрона ба сари авбош кӯфт. - Сар деҳ, апаамро! Ба хубӣ сар деҳ! Ҳоло падарамро гирифта меорам. Он гоҳ… - Э, дафъ ша! - бонг зад Сайдулло ва ба қафаси синаи бача як лагад фаровард. Аз зарба Амирбек ба ҷӯйбор афтид. Гулҳарам фиғон бардошта бачаро аз об кашида баровард. Доду фарёдро шунида одамон ба ҷойи ҳодиса давиданд. Марде Амирбеки беҳушро сари даст бардошт. - Ба фикрам қабурғааш шикастааст. Таъҷилан ба беморхона бурдан лозим. Дигарон бо азоб Моҳсафарро аз Сайдулло ҷудо карданд. Духтар ба сари Амирбек давид. - Ин ҳайвони бешох додарама кушт. Худованд кай ҷони ин бадмастро мегирифта бошад?.. Азим мудири кафедраро сар ба зер дид. Амирбек пешонаашро бо кафи даст гузошта, бошиддат нафас мекашид. Азим пай бурд, ки сардораш дар ҳолати ҳаяҷони баланди
суруди «Муҳаббат»-ро бо овози ҷаззоб ва маҳорати махсус иҷро мекард. Муҳаббат бахти хандонӣ, Муҳаббат нури чашмонӣ. Набошад зиндагӣ бе ту, Муҳаббат дар танам ҷонӣ… Гӯё дар саҳна Шоиста Муллоҷонова ҳунарнамоӣ дошт. Амирбек ҳушу гӯш шуда, чашм аз духтари рухсорасурху ҷингиламӯй наканда, ба тунгиву тумакҳои шарикдарсаш эътибор намедод. Икром тоқат накарда, аз китфаш кашид. - Чӣ, ақлу ҳушатро гум кардӣ? Ё ба Сарвар ошиқ шудӣ? Хез! Бозии волейбол сар шуд. Рафтем! - Исто, - дасташро кашид Амирбек. - Як дам тоқат кун. Ба овози форами духтар гӯш андоз. Сурудро чӣ тавр моҳирона иҷро карда истодааст. - Ҳа, маълум, - Икром ба сӯи дар гом бардошт. - Ин духтар ба ту маъқул шудааст. Нишастан гир. Ман рафтам. Агар даста бозиро бой дод, ҳама айб дар гардани туст. - Ба ҷону ҳолам намондӣ, - бо дили нохоҳам Амирбек низ аз ҷой хест. То аз толор баромадан чандин бор баргашта, ба қади барнои духтар нигарист… - Кӣ, дӯстам? - ба ҳар ҳол Азим хост, ки мудир ба ин гуфтораш
- Киро? - Азим тоқат накарда овоз баланд кард. - Равшантар гап занед? - Сарварро! - Амирбек аз нав сар болои кафи даст гирифт. - Барои ман муаммо буд, ки ҳамаи он қавлу қасам куҷо шуд? Паймону вафодорӣ дар куҷо монд? - Худро ба даст гиред, - ба дилдорӣ гузашт Азим. - Шояд сабаби асосноке ба миён омада буд? - Моҳи чордаҳрӯза дар дили шаб чеҳранамоӣ мекард. Ман дар ҷойи мулоқот, ба садои шилдироси оби равон гӯш дода, ба саволҳоям ҷавоб меҷустам. Сояе болои сарам пайдо шуд. Ба вохӯрӣ ба ҷойи Сарвар бародараш омада буд ва ӯ бо истеҳзо ба гап даромад. - Қасосамро гирифтам, - бо заҳрханда суханашро оғоз бахшид Сайдулло. - Моҳсафарро аз ман гурезондед, ман низ чорае ҷустам, то ки шумо бо ҳам напайвандед. - Ту палид, чӣ кор кардӣ? - парида аз гиребонаш гирифтам. - Тамошо кун, - Сайдулло суратеро ба дастам дода, ҳамон замон ғайб зад. Ба расм нигоҳ карда донистам, ки Сарвар гуноҳе надорад. Амирбек ғаладони мизро кушод. Суратро бароварда ба Азим дароз кард. - Ана, ҳамон сурат. - Оҳ, нобакоре! Оҳ, қаллобе! - Азим ба сурат менигаристу хашму ғазабашро фурӯ шинонда наметавонист. - О, ин расми раққоса Зулайхо-ку. Акси шумою раққосаро моҳирона часпондаанд. Ҳатто мутахассис сохтакории онро муайян карда наметавонад. Пасон дасташро болои китфи дӯсташ гузошт. Биё, ба гузашта салавот. Ана, ҳамон духтари ба Сарвар монандро ба занӣ гиред. - Эъ, шумо чиҳо гуфта истодаед? - Амирбек дасти Азимро аз болои китфаш ба як сӯ партофт. - Масхара мекунед! Охир, ман чил солааму вай аз ман бист сол хурд. Баъд, ҷамоат, донишҷӯён ва дар охир муаллимони кафедраю омӯзгорони факулта чӣ мегӯянд? Амирбек таваққуф кард. Аз ҷой хеста дар дафтари корӣ ба гардиш даромад. Ба хотир овард, ки чанд сол пеш бо фитнаи Алии аризабоз Расулиро муҳокима карда буданд. Дар рӯ ба рӯи ҳамкораш истода суханашро давом дод. - Ин ҳам дарди гузаро. Агар ин овоза ба гӯши Алии фитнагар
расад-чӣ? Вай ҳамон замон ба ҳамаи мақомот мактуби бе имзо навишта, ба тамоми олам ҷор мезанад, ки фалонӣ - бисмадонӣ шогирди худро ба занӣ гирифтааст. Агар дар ёд дошта бошед, дили Расулӣ аз дасти ҳамин тӯҳматгар кафид. - Такрор мекунам: осуда бошед! Ин фикрҳоро лоақал аз саратон дур андозед, - Азим дӯсташро ба оромӣ даъват намуд. - Дар ҳар сурат мехостам, ки боз ба ишқи наврасиам баргардам, - эҳсосоти қалбашро аён намуд Амирбек, - Ин андеша ҳамвора сарамро ба дард меоварад. Азим ба насиҳат гузашт, то ки дӯсташ аз ҳама гуна фикру андеша сарфи назар намояд. - Азизам, вақтҳои охир хеле асабонӣ менамоед. Маслиҳат медиҳам, ба рухсатӣ рафта, каме асабҳоятонро ором кунед. - Худам ҳам дар ҳамин фикру хаёлам,- китф боло кашид Амирбек. - Вале мумкин солҳои ба танҳоӣ гузарондаам таъсир расонида бошад, ки хеле беҷуръат гаштаам. Охир, ман дар ин муддат бо китоб ва илм сару кор доштам. Аз тарафи дигар зиндагӣ ба пешорӯи кас муаммоҳои номуайяне меовардааст. Ба назарам чунин менамояд, ки ишқ баъзан ба дили кас тарсу ваҳмро ҷой медиҳад. Ин дунёро ҳеҷ нафаҳмидам. Ҳоло дар чорсӯ қарор дорам ва намедонам, ки аробаамро ба кадом тараф кашам. Аҳволам чӣ мешуда бошад?.. Зевар дар кӯчаи шаҳр танҳо қадам мезаду саргузашти модарашро ба хотир меовард… Модар сар ба сукут бурд. Он хотирот чун навори кино аз пеши назараш гузашт. - Нома гӯё сеҳру ҷодуе буд, ки метарсид ба он даст расонад. Ҳайрону карахт буд. Ҳолати бехудияш хеле давом кард. Ғалоғулаи ҳамсинфон ӯро ба худ овард. Ҳадаҳа мактубро ба даруни китоб монд. Ба хона омаданашро надонист. Охир, вай духтари 16-сола бори нахуст мактуби ошиқӣ гирифта буд. Кунҷи хилвате кофта, як илоҷ карда номаро хонд. Чизеро сарфаҳм нарафт. Маротибаи дуюм ва сеюм қироат намуд. Пас аз бори даҳум хонданаш ба калимаҳои сеҳрноку рӯҳбахш сарфаҳм мерафтагӣ шуд. Ангор донист, ки дар ҳаёт, дар зиндагӣ ҳарфҳои муқаддаси ишқ, муҳаббат, меҳр, дӯстӣ, садоқат, қавлу вафодорӣ будааст. Номаро мехонду акнун дарк мекард, ки ӯ мурчамиён, садафдандон, абрӯкамон ва парию ҳури биҳишт будааст. Давида дар назди оинаи қадбин худро муоина ва ба ҳақиқат будани суханони Амирбек бовар кард. Сарвар аз ҷояш хеста, ба назди духтараш омада нишаст ва ба нақли қисса гузашт. - Амирбек донишҷӯ шуда ба шаҳр рафт. Зуд-зуд ба хона меомад ва мо пинҳонӣ вохӯрию мулоқот гузаронида, нақшаи ҳаёти ояндаамонро мекашидем. Ду сол чун парвози парасту бигзашт. Ман синфи даҳумро хатм кардаму Амирбекро дар таътили тобистона ба Сибир, ба сохтмони зарбдори умумииттифоқӣ сафарбар карданд. Модар каме хомӯшӣ ихтиёр карду пасон думболаи суханашро гирифт. (Давом дорад)
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
Раги хунгард
Марра дар пойга (русї)
Фасли сол
Намояндаи амир
Шањри калонтарини Канада
Бинанда
Асбоби зарбї
Бењтарин
Дарё дар Осиёи Миёна
Унвон барои нафари њаљкарда
Касе ўро намешиносад
Бале Аз зону болои пой
Бегемот
Тими футболи ш. Брюссел (Белгия)
Аспирин ...
СММ бо забони русї
Рўзи истироњат
Асъори миллии Венгрия
... Аљрам, овозхони араб
Шоири бузурги немис
Љонишини шахси якуми танњо Гиёњ ранги ќошу мижгон
Боќадр, ба дил наздик
Ороиш, зевар
Кўмак
Шоира ... Кенљаева
Таъриф Роњбари рўњонї
Фармони автомобил
Муќобили тар
Чўбчаи даргиранда Сангреза, ќум
Ранљ, шиканља, азоб Њарфи арабї
Мошинчаи боркашони анборњо
Сила, мењрубонї
Фасли сол
Рус (лањљ.) Мутахассиси касалии саратон
Шањри ќадимаи арманњо
Муќобили стерео
Коркуни дорухона
Садои зоѓ
Лионел …, футболбози бењтарини љањон
www.javonon.tj
… Сайнаков овозхон
Оддї
Садои гўсфанд «Оњиста»и эронї
Зирак, доно
Хо Ши …, собиќ доњии Ветнам
Узви ќафои њайвоноти мўњрадор
«Орёл и …», барномаи ТВ ФР
Камранг
Орзую умед
Худро ба марг маљбур кардан
«Ихтиёр дар дасти ...»
Падар (лањља)
Гўшлаќќа
... Љалил, адиби тољик
Њаракати моњї
Н (лотинї)
Дарёи љорї аз Чин ба Ќазоќистон
Њодисаи ѓайричашмдошт
«Падар» ба лањљаи Дарвоз
Нўшокии љавї
Ангушти нишондињанда
Монанд, мисл
Асари илмии донишљў
... Пикассо, рассом
Холї, мањрум
Фармон
… Деол, актрисаи њиндї
Ошкор
Љинси муќобили зан
Камар
Сами ..., овозхон
Тайёр, омода
Яке аз аломатњои китобатї
Шабакаи ТВ Маркази синамои Њиндустон
Мурѓи афсонавии кўњи Ќоф
Љанг
Соњиби телефон (русї)
Камол …, шоири тољик
Апаи Фарзонаи Хуршед
«Нашавад, ки…», «Худо накунад…»
Пойтахти Белгия Содда
… Халилов, ширинкор
Маркази вилоят дар Русия
Яке аз динњои љањонї
Механизатор
е-mail: javonontj@mail.ru
Дўстї барои ќањрї будагон
15
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №42 (9416), 22 октябри соли 2015
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Табибон ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: “Духтури Худодод, духтури Худо худаш медонад ва духтури Худо нишон надиҳад”.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
***
Зан: - Ҷонакам, мехоҳам бо ту дуру дароз ва хушу хурсанд зиндагӣ намоям. Мард: - Азизам, агар ту хушу хурсанд зиндагӣ кунӣ, ман умри дароз намебинам.
*** Муҳоҷири меҳнатие дар Русия чанд моҳ кор пайдо карда наметавонад. Як рӯз барои дарди дилашро ба об гуфтан лаби дарёи Волга меравад. Ногоҳ чашмаш ба шасти моҳигирии дохили об меафтад. Онро мебардорад, мебинад дохилаш моҳичаи тиллоист. Моҳӣ илтиҷо мекунад: - Маро накуш, чӣ хоҳише дорӣ, иҷро мекунам. Мард мегӯяд: - Барои ман як бинои 200-ошёна бошад, ки танҳо худам онро андова кунам...
АНДАРЗ
Кори «босифат» Усто, ки тамоми ҳаёташро дар сохтмон, махсусан, дар сохтани биноҳои баландошёна ва хонаҳои истиқоматӣ гузаронида буд, бо рафтани синну солаш, ки акнун мадораш кам гашта буд, қарор медиҳад ба истеъфо равад.
www.javonon.tj
- Мехоҳам фаъолияти худро ба охир расонам ва ба нафақа бароям, - гуфт ба роҳбари ширкат, устои солхурда. Боқимондаи умри худро ҳамроҳи ҳамсарам ба тарбияи наберагон мебахшам. Хуҷаини ширкат намехост аз чунин устои ботаҷриба маҳрум шавад. - Тағо, ба шумо як пешниҳод дорам. Хуб мешавад, агар пеш аз рафтанатон як хонаи дигарро месохтед. Баъд аз он ширкат шуморо бо тантана ба нафақа мефиристад, изҳор намуд роҳбар. Усто ба ин пешниҳод розӣ шуд. Тибқи нақша вай барои як оилаи хурд хонаи истиқоматӣ месохт. Сохтмони хона оғоз шуд… Устои солхурда, хонаро саросемавор месохт, чунки зудтар ба нафақа баромадан мехост. Ҳангоми сохтмон ба нозукиҳои кор диққат намедод. Аз аввалин дукон маводи пастсифатро харидорӣ мекард, чунки бо он хонаро дар муҳлати кӯтоҳ сохтан мумкин буд. Бо чунин рафтор вай эҳсос мекард, ки корашро хуб иҷро накарда истодааст, аммо худро бо чунин суханон тасалло медод: “Ин охирин кори ман аст ва чанде пас ба нафақа Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
мебароям. Агар кор бесифат ҳам бошад, барои он ба касе ҳисобот додан лозим намешавад”. Чун сохтмони хонаро ба охир мерасонад, роҳбари ширкатро даъват мекунад, то хонаро супорад. Роҳбар баъди аз назар гузаронидани хонаи сохташуда, ба усто мегӯяд: - Тағо, ин хона аз шумост. Ана, калидашро гиред ва кӯчатонро биёреду зиндагӣ кунед. Ҳуҷҷатҳои хона тайёр шуда истодааст. Ин тӯҳфаи ширкат барои меҳнати чандинсолаатон аст. Усто баъди гирифтани калиди хона худро ноҳинҷор эҳсос мекунад ва аз чунин рафтор назди роҳбар, аз шарм сурх мешавад. Дигарон аз иқдоми неки роҳбарияти ширкат барои қадр кардани устои ботаҷриба каф мекуфтанд, усторо муборакбодӣ мекарданд. Сабаби сурх шудани вайро аз тӯҳфаи ар-
*** Масте дорухона даромада, мегӯяд: - Нон дорӣ? Фурӯшанда: - Ака, ин ҷо дорухона аст, на нонвойхона. Маст бо қаҳр фурӯшандаро як мушт зада, мебарояд. Рӯзи дигар боз ба дорухона омада, нон мепурсад. Фурӯшанда: - Акаҷон, агар бемор бошӣ, дору медиҳам, аммо нон надорем. Маст як мушти дигар ба чашми фурӯшанда зада, мебарояд. Рӯзи сеюм боз ҳамон ҳолат. Фурӯшанда, ки аз тарси мушт хӯрдан бо худ нон оварда буд, онро ба маст дароз мекунад. Аммо маст ба рӯяш боз мушт мефурорад. Фурӯшанда бо ғазаб: - Инаш барои чӣ? Маст: - Ду рӯз омада нон пурсидам, нон будаасту ту надодӣ...
зандаи роҳбар меҳисобиданд, аммо марди солхӯрда аз кори кардаи худ пӯшаймон шуда буд. Акнун маҷбур буд, ки дар хонаи бесифат сохтааш худ зиндагӣ кунад… Қайд: Ҳамаи мо ба масобаи устоем. Зиндагиамонро ончунон месозем, ки устои бинокор пеш аз рафтанаш ба нафақа. Мо барои сохтани ин хона чандон ҷаҳд намекунем, чун андеша дорем, ки натиҷаи ин сохтмон чандон муҳим нест. “Заҳмати зиёд кашидан чаро?” - мегӯем. Вале баъд мефаҳмем дар хонае, ки сохтем, худамон зиндагонӣ мекунем. Яъне, ҳар амале мо имрӯз анҷом медиҳем, маъное дорад. Хонае, ки имрӯз месозем, фардо худ дар он хурсандӣ хоҳем кард. Пас, биёед корамонро босифат анҷом диҳем! Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (коти-
би масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО (муҳаррири шӯъбаи иттилоъ ва сиёсат), Наврӯз
ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Бахтовар АМИНЗОДА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Саодат ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Суғд), Фарзона ИСМОИЛОВА, (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).
*** Зане деги ҳамсояашро металбаду баъди ду рӯз ҳамроҳ бо он дегчае оварда ба ҳамсоя медиҳад ва мегӯяд: - Дегатон зоид, ин бачааш. Ҳамсоя хурсанд шуда дегҳоро мегирад. Зан баъди чанд рӯз дубора барои дег меояд, аммо ин бор бо гузашти чанд ҳафта онро барнамегардонад. Ҳамсоя дегашро суроғ мекунад. Зан мегӯяд: - Дегатон мурд. Ҳамсоя: - Ҳеҷ гоҳ нашунидаам, ки дег ҳам мурда бошад. Зан: - Магар шунида будӣ, ки дег мезояд?! •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7880 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»